Ҷавонони Тоҷикистон, №42 (9468), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№42 (9468), 20 октябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АХБОРИ ҲАФТА

 ҚАДРДОНӢ

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза аст

Тақдими ҷоизаи Асрорӣ ба ду корманди “ҶТ”

 МАВЗӮИ РӮЗ

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

“Давлати исломӣ” фитна аст

 ҲАФТ РӮЗ 13.10.2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Президенти Арманистон Серж Саргсян мулоқот кард. Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардиданд. 14.10.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи соҳибкор таҷлил шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бо ширкати Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» баргузор шуд. 15.10.2016 Дар Боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаи фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.

16.10.2016 Рӯзи кинои тоҷик. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе 7-умин Синамобазми байналмилалии “Дидор” оғоз шуд. Ҷашнвораи имсолаи “Дидор” ба гиромидошти хотираи коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст. 17.10.2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара таҳсили илм ва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот намуд. Аз ҷавонон даъват карда шуд, ки бо истифода аз донишҳои худ дар бораи талаботи воқеии дини мубини ислом ба қадри имкону қудрат дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи пешгирии ҷавонону наврасони ноогоҳ аз гумроҳию фирефташавӣ ва гирифтор шудан ба доми

ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ саҳми намоёну арзанда гузоранд. 18.10.2016 Дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Узбекистон иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оғоз гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Аслов ширкат кард. Шиори имсолаи ҷаласа «Таъсис ва шукуфоӣ — роҳ ба сӯи сулҳ ва созандагӣ» буд. 19.10.2016 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон Эдгарс Бондарс мулоқот кард. Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва фарҳанг, инчунин омӯзиши имкониятҳои ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.


2

Духтарони босавод – ҷомеаву хона обод!

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

13 октябр бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» Рӯзи байналхалқии духтаракон таҳти уновони «Духтарони босавод – ҷомеаву хона обод!» таҷлил карда шуд.

АХБОРИ ҲАФТА

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб қарор дорад 14 октябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар нишаст роҳбарони давлатҳои аъзои СААД - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев иштирок карданд. Масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии шӯро нахуст дар мулоқоти хосаи роҳбарони ҳайатҳо ва сипас дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар кори ҳамоиш аз ҷумла масоили марбут ба Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ барои то соли 2025 ва тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар

зидди терроризм мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати муборизаи муштараку беамонро бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизму зӯроварӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои СААД-ро ба масоили авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, махсусан вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ҷалб сохт. Бо таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон боиси афзоиши хатару таҳдидҳои муосир

гардида, амнияту суботи минтақаро халалдор менамояд. Зарурати муборизаи дастаҷамъона ба муқобили зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳонро махсус таъкид намуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ягонаи худ дар сафи пеши ин мубориза қарор дорад ва дар ин самт аз мувофиқаҳои дар доираи СААД бадастомада ҷонибдорӣ менамояд. Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Изҳороти муштараки Сарони давлатҳои узви созмон доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа қабул шуда, як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.

Тақдими ҷоизаи ба номи Асрорӣ ба ду хабарнигори “Ҷавонони Тоҷикистон” 17 октябр дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ ва Воҳид Асрорӣ барои соли 2015 ба ғолибон супорида шуд. Ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2015 дар бахши радио ба Шарифи Мисайзод пас аз марг дода шуд. Ҷоизаро дар бахши телевизион муҳаррири ТВ “Ҷаҳоннамо” Исматулло Азизов, дар бахши илм муаллими Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон Шариф Муллоев ва дар бахши матбуот Муҳаммадалӣ Мақсадулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Чархи гардун”, Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон”, Абдулмаҷид Бобоҷониён ва Ҳасан Юсуфи Файзбахш сазовор шуданд. Ҷоизаи ИЖТ ба номи Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ ин навбат насиби Хуршед Мавлонов, магистри соли якуми ДМТ ва Гулбаҳор Раҳмонова, донишҷӯйи курси чоруми факултети журналистикаи ДМТ (ҳар ду ҳамзамон хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”) гардид. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барандагони ҷоизаро таҳният гуфта, қайд кард: “Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 25 соли Истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ВАО корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Имрӯз тамоми вазорату кумитаҳо нашрияҳои худро доранд, ки тавассути онҳо воқеаву рӯйдодҳои ҳаррӯзаи Тоҷикистон инъикос мегардад”. Дар фарҷом Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмуни ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутиро барои соли 2016 эълон карда, иброз дошт, ки қабули ҳуҷҷатҳо то 4 феврали соли 2017 идома меёбад. Ҳамчунин, ИЖТ ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис додааст, ки он ба касоне, ки ВАО-ро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд, супорида мешавад. Дар доираи маҳфили ҷоизасупорӣ дар даромадгоҳи театри Лоҳутӣ намоиши маҷаллаву рӯзномаҳо доир гашт. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Амирбекзода Ҳабубулло, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз дошт, ки аз соли 2012 11 октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи духтаракон таҷлил карда мешавад ва имрӯз низ бо мақсади тарғибу таҳкими фарҳанги миллӣ ва дастгирии таҳсилоти духтарон, ҳамзамон нигаронидани диққати ҷомеа ба зарурати ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи духтарон ва васеъ намудани имкониятҳои маърифатию ҷамъиятии онҳо ин чорабинӣ доир мегардад. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон озмунҳо, аз қабили омода намудани хӯрокҳои миллӣ, шириниҳо, бозии шоҳмот, намоиши либосҳои миллӣ ва машқҳои варзишӣ сурат гирифт. Дар охир ба 20 ҷавондухтари фаъол туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақдим гардид. Бояд қайд кард, ки 19 декабри соли 2011 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 11 октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтаракон эълон кард. Ш. ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Пойгоҳи зилзиласанҷии "Симиганҷ" аз нав ба кор даромад Пойгоҳи зилзиласанҷии "Симиганҷ", ки баъди 25 сол бо сармояи Ҳукумати мамлакат барқарор шуд, яке аз пойгоҳҳои нодири ҷаҳон шумурда мешавад. Он дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, ба гуфтаи масъулони Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Тоҷикистон, ба ҷуз аз сабти доимии зилзила, ҳамчунин, ҳама гуна рӯйдоду ҳаракатҳои хурдтаринро дар табиат бо дақиқ кардани ҷойи ҳодиса ба қайд мегирад. Таҷҳизоти нави пойгоҳи "Симиганҷ", ки бо харҷи як миллион сомонӣ аз Амрикову Канада оварда шудааст, дар туннели садметрӣ ҷойгир аст. Як ҳафта ин пойгоҳ ба таври озмоишӣ фаъолият дошт ва ҳоло зилзилаҳои хурду бузурги кураи Заминро ба таври онлайн нишон медиҳад. Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, мудири Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи кишвар мегӯяд, пойгоҳ метавонад, тамоми ҳаракатҳоеро, ки дар замин рух медиҳад, сабт кунад. "Ҳатто қадаме, ки мо мезанем, ба қайд мегирад. Рафтуомади мошинҳо, ҳаракати тармаҳо, ҳамаи ҳаракатҳои табиатро ба қайд мегирад. Як сония вақт лозим аст, ки аз ин дастгоҳ ба компютери аввали нақб маълумот расад ва аз он ҷо ба хадамоти геофизикӣ ва дигар сохторҳое, ки лозим аст, равона шавад", - афзуд ӯ. Ҳамаи таҷҳизоти пойгоҳ шабонарӯзӣ ба таври худкор бо нерӯи барқ кор мекунанд. Дар сурати қатъ шудани барқ батареяҳое, ки дар онҳо насб шудаанд, метавонанд ин дастгоҳро то як сол бо нерӯи барқ таъмин кунанд.


3

Душанбе - ғолиби мусобиқаи теннис

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

14-18 октябр дар Корти тенниси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни калонсолон доир гашт.

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Дар мусобиқа 40 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Аз рӯи холҳо дастаи шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқа дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби вилояти Суғд ва ҷойи сеюм насиби вилояти Хатлон гардид. Рақобати инфиродӣ байни писарон: 1. Фаридуни Баҳодур (Душанбе). 2. Мунир Баҳодурхоҷаев (Суғд). 3. Фирӯз Муҳиддинов (Душанбе). Рақобати инфиродӣ байни бонувон: 1. Анастасия Турсунова (Душанбе). 2. Нодира Мулоҷонова (Душанбе). 3. Камила Муллоева (Душанбе). Рақобати ҷуфтӣ байни писарон: 1. Анвар Раҳматов, Эраҷ Бафоев (Душанбе). 2. Далер Қурбонов, Фаридуни Баҳодур (Душанбе). 3. Мирҳусейн Яҳёев, Қосим Раҷабмуродов (Душанбе). Рақобати ҷуфтӣ байни бонувон: 1. Нодира Мулоҷонова, Камила Муллоева (Душанбе). 2. Анастасия Турсунова, Мария Никитюк (Душанбе). 3. Рамина Муллоева, Юля Макашина (Душанбе). Ба ғолибон медал ва тӯҳфаҳои хотравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақдим карда шуд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Чемпионати Осиё-2016: Ғалабаи тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин Тими мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол 15 октябр дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии чемпионати Осиё2016, ки дар Баҳрайн ҷараён дорад, дар гурӯҳи “D” аз тими ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Дар бозии дигари гурӯҳ Австралия бар Чин пирӯз шуд – 1:0. Дар бозӣ бо Узбекистон футболбозони ҷавони кишвар дар дақиқаи 20-ум ҳисобро кушоданд. Капитани даста Кароматулло Саидов бо сар тӯбро вориди дарвозаи тими ҳариф кард. Қисми аввал бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Дастаи ҳариф дар қисми дуюм ду гол зад. Дар дақиқаи 67 Саидҷамол Давлатҷонов ҳисобро баробар кард. Баъд аз 5 дақиқа бозингари дигари тими ҷавонони Узбекистон Ҷасурбек Ҳасанов голи ғолибиятро зад. 18 октябр, тими футболи ҷавонони кишвар бо ҳамсолонашон аз Чин ба майдон баромада, бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи сеюм Эҳсони Панҷшанбе кушод. Голи дуюмро дар дақиқаи 65 Нуриддин Ҳамроқулов зад. Бозии дигари гурӯҳ миёни Узбекистон – Австралия бо ғалабаи узбекистониҳо анҷом ёфт – 3:2. Дар даври охирин бошад, 21 октябр ҳарифи тими ҷавонони кишвар Австралия мебошад. Ҳисоби мусовӣ ба тими ҷавонони кишвар имкон медиҳад аз гурӯҳ барояд. Натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳҳо дар ду давр: Гурӯҳи “А” Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3 Баҳрайн – Арабистони Саудӣ – 3:2 Арабистони Саудӣ – Тайланд – 4:0

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1 Гурӯҳи “В” Кореяи Шимолӣ – Ветнам – 1:2 АМА – Ироқ – 0:1 Ветнам – АМА – 1:1 Ироқ – Кореяи Шимолӣ – 4:0 Гурӯҳи “С” Қатар – Эрон – 1:1 Ҷопон – Яман – 3:0 Эрон – Ҷопон – 0:0 Яман – Қатар – 0:1 Баъд аз натиҷагирии ду давр новобаста аз натиҷаи бозии охирин дастаҳои мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “А”), Ироқ (гурӯҳи “В”) ва Узбекистон (гурӯҳи ) “D” ба даври дигар роҳ ёфтанд. Тибқи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин барои медалҳо муборизаро идома медиҳанд. Дар чемпионат, ҳамчунин ба чемпионати ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ чор роҳхат дода мешавад. Агар Кореяи Ҷанубӣ дар чоргонаи аввал ҷой гирад, пас дастае, ки мақоми панҷумро сазовор мегардад, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон мешавад.

Як қадам то қаҳрамонии «Истиқлол» Дар бозии марказии даври шонздаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ тими “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

ВМКБ: ғолиби тенниси рӯи миз муайян гардид Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ дар таълимгоҳи №7 ба номи Шоҷон Шонаврӯзов мусобиқаи вилоятӣ аз намуди тенниси рӯи миз доир гашт. Дар он варзишгарон дар ҳайати 6 дастаи мардона ва 4 дастаи занона - Хоруғ, Хоруғ-1, Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Хоруғ-2 миёни ҳам рақобат намуданд. Аз рӯи холҳои даври ниҳоӣ дастаҳои Рӯшону Хоруғ-1 бар ҳарифон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардиданд. Ҷои сеюм насиби дастаи Шуғнон гардид. Ба ғолибон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Ҳисобро дар дақиқаи 38-ум легионери узбекистонии “Регар” Санҷар Баротов кушод. “Истиқлол” дар қисми дуюм рафти бозиро ба даст гирифта, ба дарвозаи ҳариф 3 гол зад. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дэвид Мавутор ба ҳадаф расонданд. То анҷоми чемпионат ду даври дигар монд. Барои унвони қаҳрамониро ба даст овардан “Истиқлол”-ро лозим аст як хол гирад. Дар бозии дигари даври шонздаҳум дастаи “Хуҷанд” ба дарвозаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду голи беҷавоб зад. Муаллифи ҳар ду гол Дилшод Бозоров аст. Дастаи “Ҳосилот” ба “Вахш” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Ду голро Комил Саидов, як голро Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расонданд. Вохурӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир” ва “Хайр” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи футболбози тими артиш Шодибек Ғаффоров бозингари тими меҳмон Умед Азизов бо гол ҷавоб гардонд. Дар даври 17-ум, ки 22-23 октябр баргузор мешавад, «Хуҷанд» бо КМВА «Помир», «Ҳосилот» бо «Равшан», «Хайр» бо «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Парвоз» вомехӯранд.

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Ҳосилот” (Фархор) КМВА “Помир” (Душанбе) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Барқчӣ” (Душанбе) “Хайр” (Ваҳдат) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Равшан” (Кӯлоб) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Б 16 15 15 14 13 15 15 15 14 16

Ғ 12 9 7 7 6 5 6 5 2 1

М 3 4 3 2 2 5 1 3 3 2

Б 1 2 5 5 5 5 8 7 9 13

Т-Т 57-18 31-13 20-12 31-17 20-18 21-23 17-31 19-31 15-36 12-44

Х 39 31 24 23 20 20 19 18 9 5


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

МАВЗӮИ ДОИМӢ

Филмҳои тасвирӣ ба ҷоӣ суруди “алла”?

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Мо дар бунёди ҷомеаи нав қарор дорем. Ояндаи ин ҷомеаро афроде метавонанд бунёд кунанд, ки аз нуқтаи назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ солим бошанд. Омилҳои гуногун метавонанд боиси инкишофи насли наврас шаванд ва ё баръакс боиси суст шудани раванди бевосита ташаккулёбии онҳо гардад. Дар ҳама давру замон масъалаи тарбияи кӯдакон дар мадди аввал меистад. Дар руҳияи инсони хуб ва ё бад, интихоби дину оин, шинохти атроф, эҳтироми дигарон ва монанди инро маҳз ба инсон дар кӯдакӣ меомӯзонад. Тайи чанд соли охир баъзе падару модарон худро аз тарбияи кӯдакон дур гирифта, онҳоро бо роҳу усулҳои гуногун ба воя мерасонанд. Масалан, барои нигоҳубин кӯдакро ба дигар кас медиҳанд, тарбияро хоси боғча дониста, таваҷҷуҳ кам зоҳир мекунанд, кӯдаконро бо филмҳои тасвирӣ одат мекунонанд ва монанди ин. Аммо дар ин миён аз ҳама зуҳуроти номатлуб ва барои кӯдакон зиёновар тамошои пайвастаи филмҳои тасвирӣ мебошад. Дар кишвари мо филмҳои тасвирии истеҳсоли ватанӣ ниҳоят кам аст. Қариб ки дида намешавад. Аз ҳамин хотир аксарияти филмҳои тасвирӣ аз хориҷи кишвар меоянд. Қисмате аз онҳо бо тарҷумаи забони тоҷикӣ ва қисмате бо забони русӣ пешкаш гардидаанд. Филмҳои тасвирӣ албатта, ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ мегардонад. Дар заминаи тамошои онҳо кӯдакон ба хондани китоб майл мекунанд, барои омӯхтани забони модарӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд. Ташаккули эҳсосоти кӯдакон ба калонсолон вобаста аст, ки то чӣ андоза ба онҳо беҳтарин воситаҳоро пешкаш менамоянд. Агар ғизо ҷисми кӯдакро рушд бахшад, тарбияи дуруст маънавиёти ӯро ташаккул медиҳад. Агар филмҳои тасвирӣ хуб ва тарбиякунанда бошанд, дар ташаккули маънавиёти кӯдакон нақши муҳим мебозанд. Дар замони мо дунёи маънавии кӯдак аввалан, аз суруди “алла”, сониян, аз тамошои филми тасвирӣ оғоз мегардад. Имрӯзҳо кам нафароне ҳастанд, ки дар бораи ҳақиқати ниҳонии филмҳои тасвирие, ки аз дигар кишварҳо вориди Тоҷикистон мешаванд, фикр кунанд. Албатта, вақте ки мо филмҳои тасвириро мебинем, онҳо онгунае сохта шудаанд, ки ба кӯдакон писанд меоянд ва онҳоро зуд ҷалб мекунанд. Вале бояд донист, ки на ҳама чиз, ки ба кӯдак маъқул аст, фоидаовар мебошад. Бо шарофати ташаккул ва пешрафи соҳаи техника ва технология қариб ҳар рӯз як филми тасвирӣ ба тамшобинони хурдсол пешкаш мегардад. Имрӯз волидон бояд донанд, ки фарзандонашон дар телевизор чиро мебинанд. Мо медонем, ки филмҳои тасвирӣ аз расмҳои зиёд ба вуҷуд меоянд. Вақте ба кадрҳо назар афканем, онҳо зуд-зуд дигар мешаванд. Равоншиносон муайян кардаанд, ки вақте ки кӯдак ба филмҳои тасвирӣ зиёд дода шавад, ба бемории логонервоз (тарзи нодуруст суханронӣ кардан) гирифтор мешавад. Ҳоло каме ба таҳлили яке аз филмҳои тасвирӣ,

ки тайи чанд соли охир диққати кӯдаконро ҷалб кардааст, мепардозем. “Маша ва Хирс”-ро (Маша и Медвед) қариб нафаре нест, ки надонад. Ин филми тасвирӣ тайи чанд сол аст, ки дар нуқтаҳои дискфурӯшии кишвар гардиш мехурад. На танҳо кӯдакон, балки калонсолҳо низ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. Яъне, волидон ин филми тасвириро бо фарзандонашон якҷо тамошо мекунанд. Аммо то куҷо ин филм ба ояндаи кӯдаконашон фоидаовар аст, боре фикр кардаанд? Мо дар қисмати аввали ин филми тасвирӣ мебинем, ки ҳангоми омадани Маша, гӯё туфон ё ягон офати табиии дигар меомада бошад, ки ҳама пинҳон мешаванд. Аз аввал амалҳои духтарак манфӣ ва бар зидди воқеаҳои табиат мебошанд. Дар ҳаёти реалӣ кӯдакон нисбат ба ҳайвонот бисёр самимӣ ҳастанд. Аммо муаллифи ин филми тасвирӣ ин воқеиятро аз миён бурдааст. Балки амалҳои Машаи хурдакак танҳо ба ранҷу азоб додани ҳайвонҳо равона карда шудааст. Ё вақте ки Маша ба хонаи Хирс меояд, ҳангоми хӯрокхурӣ ҳамеша дар ҷои ӯ мешинад. Ин амал ҳатман таъсирашро ба кӯдак мерасонад. Кӯдак аз ин тасвир чӣ хабари махфӣ мегирад? Ӯ фикр мекунад, ки дар ин дунё ҳама озод аст. Чизе ки дилат хост, ба ҳамон амал мекунӣ. Муаллифони ин филми тасвирӣ, дар нақши Маша ягон зара меҳру дилсӯзиро ҷо накардаанд. Бо вуҷуди он ки пайваста ҳамаро озор медиҳад, аммо аз ин дилмонда намешавад. Кӯдакон аз он чӣ мегиранд? Мо медонем, ки муҳит ва нафарони дар он буда ҳатман ба кӯдак таъсир мерасонанд. Кӯдакон бошанд, дунёи худро дар асоси зиндагии қаҳрамонҳои медидаи худ бунёд мекунанд. Агар қаҳрамони кӯдак Маша шавад, пас ӯ дар оянда як нафари вайронкор ва худхоҳ ба воя мерасад. Ин мисоли ягона нест. Монанди ин филми тасвирӣ садҳои дигар ҳаст, ки ба кӯдакон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Равоншинос Маҳмадулло Давлатов бар он ақида аст, ки барои назорат ва пахши филмҳои тасвирӣ як сохтори марбутае бояд мавҷуд бошад, ки ҳатман ҳангоми намоиш додани ин ё он филми тасвирӣ ба мазмуну мундариҷаи он эътибор диҳад: “Агар мо филмҳои тасвириро ба тариқи умумӣ гирем, бояд ҳадаф ва мазмуни онҳо як чиз бошад: ҷисман ва руҳан тарбия карданӣ бинанда. Махсусан, кӯдакон. Агар дар ҳақиқат муҳтавои филм зӯроварона бошад, зулму ситамро тарғиб намояд, дар онҳо ҷангу ҷидолу моҷароҳо бошад, он гоҳ кӯдак дар асоси қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ эталон (намуна) меҷӯяд. Зеро кӯдакон эътиқоди на он қадар устувори ахлоқӣ доранд. Ҳамин тариқ, тарзи рафтор, гуфтор, ҳаркату амали онҳоро дар ҳаёти худ истифода мебаранд. Ба ин васила шахсият, ахлоқ, симои маънавии онҳо коста мегардад. Мунтазам дидани моҷароҳои гуногун, ҳарбу зарб, умуман

муносибатҳои бераҳмона ба кӯдак сахт таъсир мерасонанд. Образҳои гуногуни хаёлие, ки вуҷуд доранд, дар кӯдакон хоби даҳшатнокро ба вуҷуд меорад. Ҳамин сабаб мешаваду кӯдакон дар шаби хобашон метарсанд, дар ҷояшон тар мекунанд, лакнати забон пайдо мекунанд”, - меӯяд равоншинос. Чизи дигар, ки имрӯз нигаронкунанд аст, тарҷумаи пастсифат ва кӯчагӣ буданӣ филмҳои тасвирӣ мебошад. Филмҳои тасвирӣ бояд бо забони адабӣ тарҷума шаванд. Вақте ки кӯдакон филмҳои тасвириро бо дигар забон тамошо мекунад, онро намефаҳмад ва бештари вақт бо ҳамин сабаб ба имою ишораи он таваҷҷуҳ мекунад. Нафароне ёфт мешаванд, ки тамошои филмҳои тасвириро бо дигар забон фоидавар меҳисобанд. Онҳо фикр мекунанд, ки филми тасвирӣ барои кӯдакон як роҳи хуби забономӯзист. Аммо вақте ки кӯдак забони модарии худро дуруст намедонад, пас аз куҷо забони ғайрро меомӯзад? Баръакс вайроншавии лаҳни кӯдак ба амал меояд. Аммо қисме мехоҳанд фарзандонашон филмҳои тасвириро бо забони тоҷикӣ тамошо кунанд, аммо филмҳои тасвирии хуби тоҷикӣ қариб ки нестанд. Бошанд ҳам ҳаваскорона ба талаботи забони адабӣ ҷавобгӯ нестанд, онҳо бо сифати хеле паст ва бо лаҳҷаи маҳал тарҷума шудаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, бояд филмҳои хуби тасвириро бо забони тоҷикӣ тарҷума намоем. Омӯхтани забони модарӣ қадами нахустин ва муҳимтарин барои кӯдакон аст, ки худро шиносанд. Имрӯз шабакаҳои телевизонӣ ҳам ба ин масъала бояд диққати махсус диҳанд. Ба воситаи телевизион метавонем филмҳои хуби тасвириро барои кӯдакон пешкаш намоем. Албатта, бо забони адабӣ. Ин паёмад метавонад, дунёро ба кӯдакон ба воситаи забони модариашон шиносонад. Ҳангоми тамошо кӯдакон қаҳрамони филмҳои тасвириро тануманд ё фарбеҳ дида, худро хиҷолатзада эҳсос мекунанд. Кӯдакон худро дар ҷойи қаҳрамони афсонавии филмҳои тасвирӣ тасаввур мекунанд. Ҳамзамон монанд ба қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ бо истеъмоли нушоба ё ғизо телевизор тамошо мекунанд. Кӯдакон ба ҳаракатҳои гуногуни қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ бовар мекунанд. Ҷаҳидану гурехтан, ҷангу хархашаи онҳо ба кӯдакон писанд аст. Аз ҳамин хотир худро пайваста ба онҳо монанд мекунанд. Раҳматуллои Рамазон, сокини пойтахт мегӯяд, “вақте ки ба хонаи апаам меравам, кӯдаконаш дар ҳол

худро ба қаҳрамонҳои филмҳои тасвирии тамошокардаашон монанд мекунанд. Масалан мегӯянд, “ман “Бетмен”-ам ё “Халк”-ам”. Ба ҳеҷ кас дигар таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳатто бо падару модарашон пайваста орзуи қаҳрамони чунин филмҳо буданашро мегӯянд”. Гулҷамол Раҳматова, духтури оилавист. Ӯ аз нигоҳи тиб тамошои филмҳои тасвирии хубро ба кӯдакон фоидаовар медонад: “Филми тасвирӣ сарчашмаи хуби ахборот буда, барои инкишофи кӯдак хизмат мекунад. Кӯдакон дар худ диди ақлонӣ ва образӣ доранд. Умуман мумкин нест, ки онҳоро аз чизи дӯстдошаашон манъ мекунем”. Тамошои зиёди телевизор ба солимии кӯдак зарар расонида, руҳан ӯро камқувват мекунад. Зиёд тамошо кардани кӯдак ба биноии ӯ зарар карда, оҳиста-оҳиста ба кӯршавӣ мерасонад. Чунки тамошои зиёди телевизор кӯдакро аз сайругашт дар ҳавои тоза ва бозӣ боз медорад. Сокини дигари пойтахт Раҷаб Аминов чунин мегӯяд: “Тайи чанд сол аст, ки кӯдакон қаҳрамонҳои филмҳои тасвириро барои худ идеал гирифтаанд. Ҳоло онҳо афсонаро аз ҳақиқат фарқ намекунанд. Филмҳои замони шӯравӣ табиятгар буданд. Агар ҳоло ҳам мо барои тарбияи кӯдаконамон аз онҳо истифода намоем, хато намекунем”. Воқеан филмҳои тасвирии чанд соли охирро бо замони шӯравӣ муқоиса намеоем, бисёр фарқиятҳо мавҷуд аст. Онҳоро пеш аз ҳама барои тарбияи ҷомеа омода мекарданд. Дар онҳо ду қувва - некӣ ва бадӣ буд, ки пайваста некӣ бар бадӣ ғолиб меояд. Дар онҳо барои амалҳои бад ҳамеша ҷазо медоданд. Чӣ бояд кард, ки таваҷҷуҳи кӯдакон бештар ба филмҳои тасвирие равона карда шавад, ки ба фоидаи маънавии онҳо бошад? Бояд шабакаҳои телевизионӣ бо назардошти синну сол ва махсусиятҳои психологӣ филмҳои тасвирӣ офаранд. Албатта, дар ҳама гуна филмҳо муборизаи некию бадӣ ҳаст ва ин зарур мебошад. Аммо инро бояд тарзе пешниҳод кард, ки боиси зарбаи равонӣ гирифтани кӯдакон нашавад. Ба гуфтаи равоншинос М. Давлатов, кӯдаконро бояд тавре тарбия намоем, ки қобилияти маънифаҳмӣ дар онҳо пайдо шавад: “Ҷангу хунрезӣ дар филмҳо мазмуни асосӣ нест. Мо назоратро аз ҳамин ҷо шуруъ накардаем. Нагуфтем, ки “писарам, мазмуни ҳамин филм чӣ буд ва чӣ гирифтӣ?” Ба мисли китобҳои бадеӣ, филмҳои тасвирӣ низ мазмуну ҳадаф доранд. Яъне, аз ибтидо агар гӯем, “фарзандам, куштору хунрезӣ амалҳои бад ҳастанд, инро набину онро бубин”. Кӯдак талош дорад, аммо мо бояд роҳи ӯро муайян кунем. Хоси давраи кӯдакӣ бозӣ, филмҳои тасвирӣ ва афсонаҳост. Аз ин олам мо онҳоро маҳрум карда наметавонем. Вале, бозӣ бояд бозии хуб, афсона афсонаи хуб ва филми тасвирӣ ҳам бояд хуб бошад. Агар ҳамин тавр муносибат кунем, бурд мекунем”. Равоншиносон муайян кардаанд, ки давраи 2-3-солагӣ давраи аз ҳама асосии ташаккули ахлоқӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар ҳамин давра ба мазмуни филмҳои тасвирӣ таваҷҷуҳ накунем, шахсияти агрессивӣзолимиро ба ҷамъият пешкаш мекунем. Роҳи дигари пешгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд кардани шумораи филмҳои тасвирии хуб ва дорои ҷанбаҳои ахлоқӣ бо забони модарист.


5

Зарар доштани шароб ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Тибқи омори ҷаҳонӣ ҳар сол дар дунё аз шароб беш аз 3 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд. Дар ҷомеаи мо низ шаробнӯшон кам нестанд. Хусусан ин одати бад дар миёни ҷавонон бештар шудааст. Мо аз мусоҳибон пурсидем, ки:

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”

Сабаби шаробнӯшии ҷавонон дар чист?

Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ, донишҷӯ: - Ба фикри ман ин ду сабаб дошта метавонад: яке гирифтори мушкили равонӣ будани шахс, дигаре аз рӯи ҳавас. Ҷавононе, ки дар зиндагӣ ҳамеша нокоманд ва ё бо мушкилии ба назари худашон бузурге рӯ ба рӯ шудаанд, майл ба шаробнӯшӣ мекунанд. Чунин ҷавононро ба истилоҳе сустирода ҳам мегӯянд. Дуюм, вақте гурӯҳи ҷавонон дар маҳфиле ҷамъ мешаванд, миёнашон ҳатман нафарони шаробнӯш ҳам ҳастанд, ки ҷавонҳои шароб наменушидагиро ё маҷбур мекунанд ва ё онҳо худашон ба шаробнӯшон тақлид карда менӯшанд. Ин омили дуюм аст, ки аз рӯи ҳавас ё тақлид шуруъ шуда, рафта-рафта ба одат табдил меёбад. Як қабилаи ҳиндуёни Амрико мардуми орому осудатарини сайёраи Замин маҳсуб меёбанд. Онҳо гоҳ-гоҳе то 20-30 дақиқа мехобанду аз ҳама бештар ду маротиба дар як рӯз хӯрок мехӯранд, ҳамеша механданду одамони боқимондаро махлуқоти “майнаашон беҷо” меноманд. Ҳолати хушбахтӣ барои ин одамон, ки ҳамагӣ 300-400 нафарро ташкил медиҳанд, ҳамон таҳкурсии устувори зиндагӣ – эътимоду боварӣ аст, ки мушкили зиёдеро дар пай дорад. Аммо дар қиёс бо ин қабилаи ҳиндуёне, ки бо вуҷуди умри дарозу хуштолеии худ қобилияти шарҳу эзоҳ додани мафҳуми хушбахтиро надоранд, беҳтарин мутафаккирони башарият бо тамоми қувва баҳри он талош намудаанд, ки ин ҳолати аҷибро муайяну мушаххас намоянд.

Самандар АБДУЛЛОЕВ, директори КВД "Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон": - Имрӯз майли ҷавонон ба шаробнӯшию майзадагӣ ба назар мерасад, ки аз пастии маънавиёт ва бедонишии онҳо маншаъ мегирад. Азбаски иродаашон суст аст ва худашонро идора карда наметавонанд, ба шаробнӯшӣ ва дигар омилҳои номатлуб даст мезананд. дар қатори табақаи ҷавонони номбурда боз ҷавонони дорои қобилияти хуби даркнамоӣ, эҳсосот, донишандӯзӣ, дорои маърифту ахлоқ низ ба амали шаробнӯшӣ даст задаанд. Онҳо шароити нағз доранд ва барои шароб маблағ сарф карданро зиён намеҳисобанд.

Аълохуҷа СУРХОВ, омӯзгор аз ноҳияи Ёвон: - Шаробнӯшӣ зуҳуроти бадест, ки ҷавонон онро аз калонсолон ёд мегиранд. Ин мариз бештар дар шаҳрҳо паҳн шудааст! Волидайн қабл аз ҳама дар пешгирии ин мариз намунаи ибрат бошанд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба ин роҳ раванд.

Фирдавс ҒАФУРЗОДА, роҳбари гурӯҳи ҷавонони ташаббускор дар шаҳри Норак: - Баъзе аз ҷавонон худашон намедонанд, ки барои чи шароб менӯшанд. Баъзеашон “барои вақтхушӣ менӯшем” мегӯянд, лекин касе надидааст, ки шароб вақти нафареро хуш карда бошад. Нӯшидани шароб ва истеъмоли маводи мухаддир ҷавононро бештар ба худкушӣ тела медиҳад. Аз ҷониби дигар, беш аз навад дарсади аҳолии кишвари мо мусулмонанд. Вале имрӯз бо вуҷуди аз ислом хабар доштан ҷавонон шароб менӯшанд. Инчунин, тиб кайҳо исбот кардааст, ки шароб ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад. Вале бо вуҷуди ин дар ҷомеа майхорагиву нашъамандӣ дар авҷ аст.

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Фазлиддин ХОҶАЕВ, рузноманигор: - Гӯё бекорҳо зиёд шуда ва барои фаромӯш намудани дарди сарашон ҷуръа–ҷуръа нӯш мекунанд. Воқеан сатҳи бекориро миёни ҷавонон наметавон нодида гирифт. Аммо яке аз сабабҳои аслӣ боз ҳамон таассуб аст, ки иродаи ҷавононро чун “пой дар лой” мелағжонад. Ҳавасу ҳавасбозии номуносиб дардест, ки “баҳонаҳо” ба вуҷуд меорад. Ҳамон даъвои “бекорӣ” яке аз чунин баҳонаҳост. Зеро агар баҳона набуд, ҷавони бекор аз куҷо пул ёфт ва шароб нушид? Дуздид? Қарз гирифт? Чунин ҳолатҳо низ рух медиҳанд, аммо бовар дорам, ки кам. Тассуби ҷавононро барои шаробнӯшӣ омили асосӣ медонам.

Хушбахтӣ чист: подоши хизмат ва ё туҳфаи Худованд? Алфред Хичкок: Хушбахтӣ ҷушиши эҳсоси эҷодкорӣ ва офаринандагӣ аст. “Он фазои шаффофест орӣ аз ҳар гуна ташвишу изтироб. Ба андешаи ман нафрату адоват сарфи беҳудаи неру мебошад. Он самарае намедиҳад. Ман шахси ҳассосе ҳастам. Захми неши як сухани дуруште, ки аз шахси наздик мешунавам, тули чанд рӯз дар қалбам боқӣ мемонад. Ман медонам, ки мо танҳо инсонем, мо ҳама чунин эҳсосотро дарк мекунем ва онро эҳсосоти нохуш меномем, аммо вақте ин эҳсос аз қалб берун мешавад, ту ба пеш нигариста метавонӣ ва дар рӯ ба рӯят роҳи тозаву равшане намудор мешавад, ту ба он роҳ қадам мегузорӣ, то чизе биёфарӣ. Гумон мекунам, ин ҳамон ҳолати хушбахтӣ аст, ки ман барои тамоми умр мехоҳам аз он берун нашавам”. Айн Ренд: Хушбахтӣ саъю кӯшиши ба даст овардани чизе аст. “Ба андешаи ман шахс барои хушбахт будан ҳуқуқи комил дорад. Худи шахс бояд хушбахтиро ба даст биёрад, на ин ки интизор шавад, то дигарон ӯро хушбахт созанд. Барои ин эҳсоси шаъну эътибори шахсиро доро будан лозим. Вақте аз ту хоҳиши дӯст доштани касеро мекунанд, ту бояд онҳоро бе ягон далел, танҳо ба хотири буданашон дӯст дорӣ. Аммо ман гумон

мекунам, ки одамонро танҳо барои шаъну эътибор ва ё ягон аъмоли неки онҳо дӯст бояд дошт. Касе шуморо барои дӯст доштан маҷбур карда наметавонад. Шумо одамонро на баҳри он дӯст медоред, ки барои онҳо кореро анҷом додаед ва ё онҳо барои шумо кореро анҷом додаанд. Шумо одамонро барои шаъну эътиборе, ки худ мустақилона соҳиб гаштаанд, дӯст медоред. Шумо танҳо нафаронеро дӯст медоред, ки ин дӯстдориро арзандаанд”. Славой Жижек: Хушбахтӣ – чизе ки аслан ба шумо лозим нест. “Таҳлилҳои равонӣ нишон медиҳанд, ки лаҳзаҳое вуҷуд доранд, ки одамон хушбахтиро намехоҳанд. Ман гумон мекунам, ки ин хуб аст. Биёед, иқрор мешавем: агар шумо дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор доред, дигар дар хусуси хушбахтӣ фикр намекунед. Шумо ба ҳама гуна азобу уқубат ва талафот розӣ ҳастед. Баъзан олимон омодаанд, ки ҳангоми амалисозии тадқиқоти худ аз таъсири радиатсия бимиранд. Барои ман хушбахтӣ дараҷаи ахлоқ нест. Мо дар асл он чиро ки мехоҳем, ба даст овардан намехоҳем. Як саҳнаи зиндагиро пеши назар биёред: ман оиладорам, муносибати ман бо завҷаам хушку холӣ ва сард аст ва ман маъшуқа низ

дорам. Ман ҳамеша орзу мекунам, ки “Худоё, кошки завҷаи ман нест шавад (албатта, ман қотил будан намехоҳам, балки бо ягон роҳи дигар) ва ман ҳамроҳи маъшуқаи худ зиндагии навро оғоз намоям...” Медонед, ба андешаи равоншиносон аксари маврид дар чунин ҳолатҳо чӣ воқеа рух медиҳад? Баъди он ки зани шумо бо ягон сабаб баромада меравад, шумо маъшуқаи худро низ аз даст медиҳед. Баъди ин шумо дарк мекунед, он чизе ки шумо мехостед, умуман бо маъшуқа зистан нест, балки дар масофаи муайян нигоҳ доштани хоҳишҳои шумо ва орзу кардани онҳост. Дар асл мо он чизеро, ки орзу мекунем, онро соҳиб будан намехоҳем”. Эрих Фромм: “Хушҳолӣ аз кор хушҳолиест, ки ҳунармандони асримиёнагӣ эҳсос мекарданд. Ин хушҳолӣ аз шуурнокӣ аст. Кормандони касбие ҳастанд, ки чунин хушҳолиро зиёд дарк мекунанд. Роҳи ягонаи худбаҳодиҳии инсон бо дигарон қиёс намудани худ аст. Имрӯз хушбахтии ягона барои инсон эҳсоси қаноатмандӣ аз чизе аст, ки онро нисбат ба дигарон зиёдтар дорад. Хушбахтӣ дар асл чизест, ки робитаи ҳушмандона, ҳақиқӣ ва амиқро бо зиндагӣ, яъне бо одамон, бо табиат ва дарки онҳо ба вуҷуд меорад. Инсон

гоҳе хушбахт асту гоҳе эҳсоси ғаму ғусса менамояд. Муҳим андешаву афкори ӯст”. Экхарт Толле: Хушбахтӣ озод шудан аз чорчӯбаи худбинӣ ва хушбин будан аст “Ин ҷо на гузашта ва на оянда вуҷуд надорад ва он чизе ки ман гуфтан мехоҳам, “шинохти худ” аст. Аммо миёни ин “Мани калон”-у “Мани хурд” умумияте вуҷуд надорад. Вақте шумо шахси дигареро вомехӯред, моҳияти мавҷудияти ӯро дарк мекунед, эҳсос мекунед, ки ӯро мисли худ мешиносед. Ӯ шакли мушаххасе надорад, ӯ дар шакли дигар намудор мешавад, ки дар он худро мебинед. Шумо ӯро танҳо лаҳзае эҳсос карда метавонед, ки худро дарёбед ва он лаҳза шумо ҳама мавҷудотро, ҳама ашёҳоро мисли худ дӯст хоҳед дошт. Ин аст маънои ҳаққонии мафҳуми “муҳаббат”. Ин аст мисли худ шинохтани каси дигар. Шояд ин эътирофи ҳамон чизест, ки ман онро “ягонагӣ” ва“ваҳдат” меномам. Ин озод шудан аз худ ва зистан дар дунёи шахси дигар аст, на худро шабеҳи ӯ кардан. Ана, ҳамин ченак хушбахтии асил аст, ҳол он ки ин калима бароям чандон писанд нест, чунки он барои тасвири ин ҳолат хеле сатҳӣ аст”. Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

Чаро сӯистифодаи дин василаи таҳдид шудааст?

МАВЗӮИ РӮЗ

Дин дар давраҳои гуногуни рушди инсон хусусиятҳои асосии таълимоти имонро доштаву дорад. Аммо тафаккури гурӯҳҳои ифротгарои динӣ-мазҳабӣ ва созмонҳои экстремистӣ-террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миқёси ҷаҳон хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, ихтилофот байни динҳоро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло бошад, хусумати динӣ дар ҳолатҳои шадид дар шакли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ рӯ задааст. Зеро аксар зӯровариҳо ва рӯйдодҳои ахир аз ҷониби тундгароёни динӣ-мазҳабӣ маҳз бо дастгирии кишварҳои низоми исломӣ ва фиреби мамолики аврупоӣ пайдо мешаванд, ки дар ниҳоят ба инфиҷори ҷомеа оварда мерасонад. Бо вуҷуди ин, агар дар як сатҳи амиқтар дарк карда шавад, хусумат ва таъсири навсозии ҷомеаи исломӣ, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар асоси супориши баъзе давлатҳо амал мекунанд, ба ноором кардани ҷомеа равона шудааст. Аммо, дар баробари ин, қувваҳое ҳастанд, ки минтақаи Осиёи Марказиро ҳамчун манбаи «бозори бузург»-и ифротгароӣ барои барангехтани душманӣ миёни мусулмонҳо истифода карданӣ мешаванд. Аз ин нигоҳ, ифротгароии динӣ ба ҷаҳони ислом таъсири амиқи манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, маҳз муносибати дин бо терроризми исломӣ дар ҳамин ҷо сар мезанад. Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон бо сӯистифода аз ислом мунтазам барои ҷомеа хушунат ва таҳдидҳоро пеш оварда буд. Махсусан, зӯроварӣ, истифодаи яроқ аз унсурҳои асосии наҳзати тундгаро ҳисобида мешавад. Ҷаҳони ислом танҳо бо иродаи неки инсони ҳақиқӣ, самимият ва адолат асос ёфта, пеш меравад. Вале инро дар мисоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дидан ғайриимкон аст. Аслан, терроризм аз ислом дур буда, танҳо ягона воситае аст, ки гурӯҳҳои тундгарои исломӣ ҳамчун фишанг истифода мекунанд. Аммо дар ин ҷо мақсади наҳзат аз ислом равшан аст. Гурӯҳҳои ифротии динӣмазҳабӣ ақидаеро дар сар мепарваранд, ки набояд ягон давлати мусулмонӣ ҳамчун давлати мустақили дунявӣ вуҷуд дошта бошад. Созмонҳои террористии «ал-Қоида», «Давлати исломӣ» «Ҳизби таҳрир», «Бародарони мусалмон», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «аш-Шабоб», «Боко Ҳаром», «Ансоруллоҳ» динро барои худ ҳамчун омили таъсиррасон истифода мебаранд. Пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ин

андешаро созмони террористӣ ва экстремистии «Давлати исломӣ» роҳандозӣ кардан мехоҳад. Дар баробари ин, қувваҳои ифротии калаванда, ба монанди ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ин назар сахт марбут аст. Чунки ба таври ғайрирасмӣ назарияи бунёди «хилофати ягонаи исломӣ»-ро тарғиб менамояд. Ҳамчун як давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофат табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароёнаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Аъзои ифротии ТЭТ ҲНИТ барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз зӯроварию хушунат ба муқобили давлату миллат ва мардуми тоҷик истифода мекунанд. Ин фаҳмиши ғалати тундгароёни наҳзатӣ барои кулли башарият қобили қабул нест. Ҳарчанд наҳазтиҳо аз истифодаи дин бо роҳи зӯрӣ ҷомеа ва давлатро тарсонида, инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намуданӣ шаванд ҳам, касе қабул надорад. Бояд тазаккур дод, агар муборизаи беамони якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар воқеъ бар муқобили терроризму экстремизм равона гардад, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Аммо ҷонибдории созмонҳои хориҷӣ баръакси ҳақиқатро нишон медиҳад. Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ метавонад ҳарчи зудтар тундгароёнро аз байн бубарад ва шароити созгори зиндагӣ ба кулли башарият муҳайё созад. Рустам РАҲИМОВ

“Давлати исломӣ” фитна аст Ҳодисаи охири ҷаҳони ислом гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёде ба гурӯҳҳои ифротгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Бо камтарин роҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ ҳам худ ва ҳам зану фарзанди хешро ҷалб сахтаанд, ки боиси нигаронист. Маълум нест, ки ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ ба кадом мақсад зану фарзанди худро ба вартаи ҳалокат мекашанд. Бо густариши фаъолияти гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо ва бесуботиҳо ба амал меоянд. Дар хусуси хатари терроризм ба кишвари мо ва андешидани тадбирҳо дар робита ба пешгирии он суҳбат доштем бо Маҳбуба Камолова, корманди Маркази тадқиқоти стротегии назди Президенти кишвар. Тавре номбурда доир ба омилҳои ҳомилшавии ҷавонон ба ин гуна зуҳурот гуфт, “яке аз омилҳо паст будани дониши динӣ ва дунявии онҳо мебошад. Омили дигар шароити пасти моддии баъзе оилаҳост. Дигар омил мустаҳкам набудани рӯҳу равони ҷавонон мебошад. Яъне агар дониши сиёсӣ, динӣ, ҳуқуқии онҳо паст бошад, аллакай пай бурдан мумкин аст, ки чунин ҷавонон ҳадафи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шуда метавонанд, яъне туъмаи ин гурӯҳҳо мешаванд”. Ба назари мутахассисон ҳадафи гурӯҳҳои ифротӣ на пуштибонӣ ва ё густариши дини ислом аст, балки ин зуҳурот зери ниқоби дин манфиатҳои моддиву сиёсии худ ва муассисонашонро амалӣ мекунанд. “Ҳадафи асосии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» баръакси дину шариат мебошад, - афзуд ҳамсуҳбатамон. - Аъзо ва пайравони ҷинояткори ин ташкилот афроде ба шумор мераванд, ки бештарашон бемаърифат ҳастанд ва ба чунин аъмоли нангин даст мезананд. Имрӯз мубаллиғони хориҷӣ тариқи интернет ба рӯҳу равони ҷавонон таъсир мегузоранд. Дигар сабабе, ки метавонад омили ҷалби ҷавонон шавад, таъсири бевоситаи шабакаҳои интернетӣ мебошад, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз он хуб истифода бурда, тариқи ин шабакаҳо ба рӯҳу равони ҷавонон таъсир мегузоранд. Имрӯз бояд корҳои таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ дуруст ба роҳ монда шавад». Фаъолияти гурӯҳҳои ифротиву терористӣ, бахусус «Давлати исломӣ» мардуми сайёраро нигарон кардааст. Ҳатто бисёр аз рӯҳониёни маъруфи дунё, аз ҷумла, рӯҳониёни шинохтаи тоҷик «Давлати исломӣ»-ро фитна ва ҳадаф аз фаъолияташро низоъ андохтан дар байни мусалмонон номида, «ҷиҳод» будани ҷанги онҳо дар Сурияро рад кардаанд. Маҳбуба Камолова мегӯяд: «Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷойи заъфи ҳар ҷавонро медонанд. Вақте ки ҷавон мушкилоти моддиву иқтисодӣ дорад, ана ҳамон нуқтаи заъфи онро истифода бурда, барои чунин ҷавонон маблағҳои калон ваъда медиҳанд ва ҳангоме ки ҷавон ба ин гурӯҳҳо шомил мешавад, ягон маблағ ба даст намеоранд. Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ мутахассисони асилро ҷалб карда истодаанд, то хилофати худро мустаҳкам гардонанд. Барои ин гурӯҳҳо мутахассисон, аз ҷумла табибон, барномасозон, иқтисодшиносон лозим аст. Ҷавонони ноогоҳ аз ин ҳадафҳо туъмаи ин гурӯҳҳо шуда, дар муддати кутоҳ аз тарафи ин гурӯҳҳо кушта мешаванд. Ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру зирак бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар мубориза ба муқобили ин зуҳурот ҳамкории кишварҳо ва мақомоти мубориза бо гурӯҳҳои ифротиро хеле зарур аст. Боварӣ дорам, ки агар кишварҳо дар ягҷоягӣ кор баранд, ин вабои аср решакан мешавад. Дар якҷоягӣ бо мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор бурдан ва паҳн кардани видеову наворҳои ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоти Ватан хеле муҳим аст». Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки ягона роҳи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирии амалҳои террористӣ ба роҳ мондани таблиғоти густурда байни ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Мардум бояд дарк намояд, ки мубориза бо терроризм барои ҳифзи давлатдории миллӣ, барои наҷоти истиқлолияту дастовардҳои он ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Руқияи БОЙМАҲМАД, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ


Ҷавонони Хатлон маҳорати роҳбарӣ омӯхтанд Бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади мусоидат ба ҷавонон дар самти иштироки онҳо дар рушди кишвар ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар мавзӯи “Ташаккули маҳорати роҳбарӣ дар ҷавонон” , тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Дар он намояндагони воломақоми Ҳукумати кишвар, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ, коршиноси сатҳи ҷаҳонӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Назарзода Ризо, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба мавзӯъҳои “Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои кишвар” ва “Мавзеъҳои биҳиштосо ва кашфношуда дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз: дурнамои ҷалби сармоя ба онҳо” маърӯза карда, иброз дошт, ки дар соли 2015 даромади умумӣ (экспорт) аз туризми байналмилалӣ ба 1,5 триллион доллар ё 10 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон, ташрифи сайёҳони байналхалқӣ 4 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 миллиард нафар расидааст. 6 фоиз даромади умумиҷаҳонӣ, 7 фоиз сармояи ҷаҳонӣ, 11 фоизи харҷи истеъмолӣ, 5 фоиз воридоти андоз ва ҳар 16-умин лоиҳаи кор ба рушди соҳаи сайёҳӣ тааллуқ дорад. “Дар муқоиса бо давлатҳои абарқудрати дунё, ки имрӯз дар рушди соҳаи сайёҳӣ натиҷаи баланд ба даст овардаанд, дар мисоли давлатҳои Аврупо, ки дар соли 2015 аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ 509 миллиард доллар, ШМА 177 миллиард доллар, Испания 65 миллиард доллар ва Чин 57 миллиарди доллари амрикоӣ даромад ба даст овардаанд, ки 30 фоизи содироти хизматрасонии ҷаҳониро ташкил медиҳад”, - гуфт Ризо Назарзода. Гуфта шуд, ки соли 2015 дар кишвар нишондиҳандаи баландтарини ташрифи сайёҳон - 414 ҳазор нафар ба қайд гирифта шуд. Дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 16 ҳазор нафар бештар сайёҳон ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд. Агар то соли 2015 шаҳрвандони 59 давлати дунё ҳамчун сайёҳ аз Тоҷикистон боздид карда бошанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 100 давлат расид, ки ин ҳама гувоҳи рушд кардани туризм дар Тоҷикистон мебошад. Айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 107 ширкати сайёҳӣ фаъолият карда истодаанд, ки 50-тои он бо хатсайри содиротӣ, 57 ширкат бо хатсайри воридотӣ бо пешниҳоди 60 хатсайри дохилӣ имконият ва захираҳои сайёҳиро муаррифӣ карда истодаанд. Зикр гардид, ки табиати тозаи мавзеъҳои биҳиштосои Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз ба барқароркунии саломатӣ ва туризми экологӣ хеле мусоид аст.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

РУШДИ САЙЁҲӢ

ҲАСАН АЗИЗОВ Дар ин мавзеъҳо ба роҳ мондани туризми асотирӣ ва табиати зинда, кашфношуда, агросайёҳӣ, велотур, мототур, аспсаворӣ, човандозӣ, ва табобатӣ (5 чашмаи гарм), туризми куҳию варзишӣ, туризми лижатозии куҳӣ, экологӣ ва барқароркунии саломатӣ, шикор ва рафтинг ба мақсад мувофиқ мебошад. Нуъмон Абдуғаффорзода, роҳбари Шӯрои машваратии назди Президети Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мавзӯи “Ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ” маърӯза карда, вобаста ба афзалияти даромадҳои бахши туризм аз ҷумла қайд кард: “Қисми зиёди даромадҳо бо асъори хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, аз ҳар як доллари ба бахши туризм харҷшуда 70 сенти он даромади соф аст, ҳар 1 доллари дар бахши туризм сарфкардашуда 3 доллари дигарро дар сохторҳои алоқаманди бахши туризм ба вуҷуд меорад, ба ҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари сарфшуда дар бахши туристӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад, тақсимоти нисбатан баробари асъори хориҷиро ба роҳ мемонад, имконияти соҳибкорӣ барои ҳамагон мебошад”. Ба гуфтаи Н. Абдуғаффорзода, дар назди Котиботи Шӯрои машваратӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияташ барои таҳлил дар самтҳои мухталифи сайёҳӣ ва вазъи хизматрасониҳои сохторҳои сайёҳӣ равона карда шудааст. Гурӯҳи корӣ ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, Раёсати консулии Вазаорати корҳои хориҷӣ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии омор, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷиро мавриди санҷиш қарор дода, бо вазъи имрӯзаи онҳо аз наздик шинос шуд. Онҳо мавриди санҷиши худ бештар ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон диққат доданд: таҳия ва қабули Одобномаи кормандони фурудгоҳ, азнавсозӣ ва модернизатсияи техникаҳои хизматрасонии фурудгоҳ, омода намудани иттилоот барои бақайдгирии мусофирон бо се забон, ҷойгир намудани иттилоот оид ба маҳсулоти ширкатҳои туристӣ ва минтақаҳои туризми Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Ҳамчунин, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон

масъалаҳои аз нав таҷҳизонидани минтақаҳои назорати гумрукӣ дар фурудгоҳҳо, баҳогузории сатҳи тахассуснокии кормандони фурудгоҳҳо ва тариқи озмун ба кор қабул намудани онҳо, баланд бардоштани савияи забондонии кормандон, таҳия ва мавриди амал қарор додани санади дахлдор оид ба муносибати эҳтиромонаи кормандони мақомоти гумрук нисбат ба мусофирон ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ташкили курсҳои махсуси такмили ихтисос мавриди таҳлил қарор гирифт. Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи “Такмили заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ” маърӯза кард. “Дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ махсусан аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа дар маҷмуъ 30 санади қонунгузорӣ қабул гардид. Заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва инфрасохтори рушди соҳа, ки имрӯз татбиқкунандаи сиёсати давлат ҳастанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, ки се маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд ва айни замон маҳз дар асоси нақша-чорабиниҳои Шӯрои машаваратӣ қонун дар баррасии таҳия ва таҳрири нав қарор дорад. Инчунин, қонунҳое (кодексҳое), ки танзими муносибатҳоро дар соҳаи туризм бевосита ва ё бавосита фаро мегиранд: кодексҳои андоз, гумрук, қонунҳо “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи муҳити зист”, “Дар бораи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда”, “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”, “Дар бораи танзим ва назорати асъор”, “Дар бораи минтақаҳои куҳӣ”, “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо”, “Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера”, “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва ғайра. Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 20092019, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2010-2014 ва барои солҳои 2015-2017”. Дар чорабинӣ, ҳамчунин мавзуъҳои “Бренди байналмилалӣ: раванди ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон”, “Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон: барои чӣ Тоҷикистонро бояд дид?” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ

Дар рафти тренинг ба ҷавонон маълумоти муҳим вобаста ба паҳлӯҳои гуногуни рушди роҳбарӣ дар ҷавонон, аз ҷумла сифатҳои роҳбарӣ, мақсадгузорӣ ва вазифагузорӣ, роҳҳои расидан ба мақсад, истифодаи самараноки вақт ҳамчун усули рушди малакаҳои роҳбарӣ, усулҳои муошират ва суханварӣ, зинаҳои роҳбарӣ ва усулҳои ташаккули маҳорати роҳбарӣ ва ғайра омӯзонида шуд. Мавриди зикр аст, ки чунин имконоти васеи омӯзиш дар шаклҳои муосир маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон фароҳам гардидааст. Аз ҷониби дигар бартарият додан ба ҷавонон ҷиҳати иштирок дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамчун роҳбар таъин гардидани онҳо ба вазифаҳои масъулиятнок, нишондиҳандаи бовариву эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон мебошад. Ҷавонгардонии низоми идории соҳаҳои ҷомеа аз тадбирҳои мақсадноке мебошад, ки дар ҳошияи он ба манфитаи рушди кишвар нерӯи муассири ҷавононро таъмин менамояд. Бо мақсади самаранок таъмин намудани ин тадбири стратегӣ, дар навбати аввал зарурати ҳамаҷониба омода намудани ҷавонон, аз ҷумла омӯзонидани малака ва маҳорати роҳбарӣ дар онҳо афзалият пайдо кардааст. Татбиқ намудани чунин тренингҳо дар шароити феълӣ, дар асл метавонад дар рушди роҳбарӣ миёни ҷавонон заминаи мустаҳкам гузорад. Дар ҳошияи чунин омӯзишҳо имкон пайдо мегардад, ки сатҳи дониши ҷавонон баланд гардида, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо бо мақсади рушди ҷомеа самаранок истифода бурда шавад. Ҳамзамон ба иштироки онҳо дар чорабиниҳои хусусияти ҷамъиятидошта, ки самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардидааст, мусоидат менамояд. Дар умум, аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар тренинг 240 нафар ҷавон иштирок намуда, доир ба ташаккули маҳорати роҳбарӣ омӯзиш диданд. Лозим ба зикр ҳаст, ки тренинги мазкур бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 амалӣ гардид.

7

14-уми октябр, дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016, таҳти унвони “Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ”, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, дар баробари дигар соҳаҳо масоили соҳаи сайёҳӣ бо номи “Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд” низ баррасӣ шуд.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

МИНБАРИ АНДЕША

Марҳилаи нави бозӣ

МАҲМУДҶОН УСМОНОВ

Чаро Гулбиддин Ҳикматёр маҳз дар марҳилаи нави татбиқи “Лоиҳаи нави Ховари Миёнаи Бузург” лозим шуд? Тавре маълум аст, чанде пеш ҳукумати Афғонистон бо роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” Гулбиддин Ҳикматёр дар бораи қатъи ҷанг созишнома имзо кард. Ин созишнома Ҳикматёрро уҳдадор мекунад, ки Конститутсияи Афғонистонро эътироф кунад ва ҳама гуна робитаашро бо гурӯҳҳои террористӣ қатъ намояд. Ҳукумати Афғонистон ҳам дар навбати худ ба Ҳикматёр чанд имтиёз додааст, ки ҳаққи дахлнопазирӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҷомеаи байналмилалӣ ин лоиҳаи оштӣ миёни ҳукумат ва “Ҳизби исломии Афғонистон”-ро хуш қабул кард. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ҷонибдорӣ аз ин иқдоми ҳукумати Афғонистон аз тарафи бархе кишварҳои минтақа, ба мисли Русия, Эрон ва Ҳинд бо каме таъхир сурат гирифт. Масалан, ҷониби Русия ҳамон вақт изҳор дошт, ки ин созишнома барои бехатрии минтақа кӯмак карда наметавонад. Таваҷҷуҳи начандон гарми ин кишварҳо аз он боис ҳам буда метавонад, ки Маскав, Деҳлӣ ва Теҳрон нигаронанд, ки Ҳикматёр метавонад имтиёзи ба ӯ додаи Ҳукумати Афғонистонро бар хилофи манфиатҳои онҳо дар Афғонистон истифода барад. Ин дар ҳолест ки робитаи зич доштани Ҳикматёр бо Покистон ва Арабистони Саудӣ таъкид мешавад. Аз ҷониби дигар маълум аст, ки Арабистони Саудӣ бо Эрон чандон муносибати хуб надорад ва Покистон бо Ҳинд дар арафаи ҷанги навбатӣ қарор доранд. Ин нуктаро чанде пештар Рустамшоҳ Моманд, сафири собиқи Покистон дар Афғонистон зикр кардааст. Ӯ зимни мусоҳибае изҳор доштааст, ки бо фаъол гардидани Ҳикматёр Покистон мехоҳад, ки ба манфиатҳои Ҳинд дар Афғонистон зарба занад. Дар мавриди нигаронии Эрон ҳаминро бояд ёдрас шуд, ки бо омадани ҳаракати “Толибон” ба ҳукумати Афғонистон дар соли 1994 Гулбиддин Ҳикматёр ба Теҳрон фирор карда, чанде он ҷо монд. Вале баъдтар бо сабабҳои номаълум Эронро тарк кард ва кам-кам изҳороту баромадҳои зиддиэронӣ мекардагӣ шуд. Хусусан, ҳангоми нооромиҳо дар Яман комилан аз мавқеи зиддиэронӣ, яъне бо ҷонибдорӣ аз Арабистони Саудӣ баромад карда, гуфта буд, ки омодааст ба Яман сарбозонашро интиқол диҳад. Хавфи ҷониби Эрон аз фаъолшавии Ҳикматёр шояд аз он ҷиҳат ҳам бошад, ки ӯ метавонад мухолифаташро бо ин кишвар аз Кобул ҳам идома диҳад. Таҳлилгарон дар умум хавфи Русия, Эрон ва Ҳиндро ба он алоқаманд медонанд, ки бо омаданаш ба Кобул Ҳикматёр метавонад, мисли пештара тундгароёна рафтор кунад. Ин албатта, ба

он вобаста аст, ки то куҷо Ҳикматёр ба Конститутсияи Афғонистон эҳтиром мегузорад. Ҳарчанд қабули Конститутсия низ давоми 15 соли охир натавонист амниятро дар Афғонистон таъмин намояд. Масъалаи сулҳи ҳукумати Афғонистон бо роҳбари “Ҳизби исломии Афғонистон” андешаву нигарониҳои дигар низ дорад. Масалан, ба фаъолияти Гулбиддин Ҳикматёр дар гузашта нигариста метавон фаҳмид, ки ӯ ҳамеша шариконашро фурӯхта, балки ба онҳо хиёнат кардааст. Ҳар куҷое манфиати худро дидааст, ҳар ҷонибе, ки пурқувват ё ба қудрат наздик будааст, Гулбиддин Ҳикматёр бо онҳо ҳамкорӣ кардан хоста, иттифоқ бастааст. Вале бо гузашти вақти кӯтоҳе риштаи дӯстӣ бурида, бо дӯстонаш дар рақобат қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ӯро дар сиёсат, балки дар муборизаву муқовимат ҳамеша як чеҳраи духӯра, худхоҳ ва судҷӯ шинохтаанд. Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам дар бораи Гулбиддин Ҳикматёр чунин гуфта буд: “Гулбиддин тавре дар гузашта борҳо дида шудааст, ба ҳеҷ қавлу қароре побанд набуда ва фақат як орзу дорад: расидан ба қудрат ва ташкили конфедератсияи Покистон ва Афғонистон ба дастури истихбороти низомии Покистон. Номбурда вақте зери зарба қарор мегирад ва шикаст мехӯрад, аз оштию созиш ва баҳсу музокира суҳбат мекунад, замоне ки худро нерӯманд тасаввур мекунад, ба ҳамла ва таарруз мубодарат меварзад ва ҳеҷ гуна тардиде дар қатл, ғорат, барбодӣ ва оташборию қасоват нишон намедиҳад”. (Аз китоби “Марде устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур”) Вале масъалаи оштӣ бо Гулбиддин Ҳикматёр саволҳоеро дар зеҳн зинда медорад, ки чаро ӯ маҳз ҳамин вақт ба ёди ҳукумати Афғонистон (метавон Покистон ва Ғарб ҳам хонд) расид? Ҳарчанд ӯ дигар дар муқоиса бо “Толибон” чандон фаъол ба назар намерасид. Баъзе таҳлилгарон андеша доранд, ки ҳукумати зери роҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ чандон ҳукумати муваффақ набуда, бинобар ин барои тақвият додани вазни Ашраф Ғанӣ зарур шумориданд, ки Ҳикматёрро биёранд. Аз рӯи ин формула агар Ашраф Ғанӣ пурқувват шавад, пас бояд Абдуллоҳ заиф гардад. Аз ин бармеояд, ки ҳарчанд Абдуллоҳ бо исрор ва пофишорӣ баъд аз интихоботи гузаштаи раисҷумҳурии Афғонистон ба раёсати иҷроия роҳ ёфт, будани ӯро намехоҳанд. Андешаи дигар он аст, ки дар Афғонистон Ҳамид Карзай - собиқ раисҷумҳури Афғонистон кам-кам овоз баланд мекардагӣ шудааст. Хабарҳо, ҳатто аз таъсиси гурӯҳи алоҳида ва ҷамъоварии пайравонаш низ пахш гаштанд. Худи ӯ ҳам бо изҳору баёнҳои хос ба чанд маҳфил дар Кобул ҳозир шуд, вале ҷонибдорӣ наёфт. Чаро ки баёнияҳояш қавмгароёна ва яктарафа буданд. Бинобар ин, шояд хавфи қувват гирифтани Карзай ҳам водор кардааст, ки Гулбиддин Ҳикматёр пеш оварда шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳам Карзай ва ҳам Ҳикматёр паштутаборанд. Пас чаро зарур донистанд, ки Ҳикматёрро тарҷеҳ диҳанд? Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ҳукуматдорони афғон ва сарпарастонашон бар хилофи дастгириҳо ва кӯмакҳои Русия аз “Толибон” бо Гулбиддин Ҳикматёр, ки русбадбин аст, созиш карданд. Ба ҳар сурат қаробати Ҳикматёр бо ҳукумати Афғонистон, хусусан дар ҳамин шабу рӯзе, ки шимоли ин кишвар, вилояти Қундуз дар дасти “Толибон” аст, нақшаи дигари тарҳрезишуда мебошад. Хоса дар ҳамин шабу рӯзе, ки марҳалаи нави татбиқи “Лоиҳаи нави Ховари Миёнаи Бузург” оғоз шудан дорад ва он аз Халиҷи Форс то Покистону Ҳиндро фаро хоҳад гирифт.

Ҳаракат – асоси саломатӣ Донишмандон пайваста огоҳ мекунанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дуру дароз дар як ҷо нишастан ба саломатии инсон зарари дорад. Мутобиқи тадқиқоти илмӣ, одамоне, ки кори камҳаракатро афзал мешуморанд, бештар ба фарбеҳӣ мубтало мешаванд, дар онҳо хуруҷи шадиди бемориҳои дил зиёдтар ба мушоҳида мерасад ва ҳатто ба марг расиданашон мумкин. Муҳаққиқон гӯшзад мекунанд, ки ҷисм баъди чор соати беҳаракат нишастан аз нохушиву ноҷӯриҳои баамаломада моро ба таври хеш воқиф месозад. Ин ҳолатро тавзеҳ дода мегӯянд, генҳое, ки миқдори глюкоза ва чарбу равғанҳоро дар бадан танзим месозанд, бо сабаби дуру дароз ва беҳаракат нишастан тадриҷан аз фаъолият бозмемонанд. Инро ҳам бояд гуфт, ки кам нестанд одамоне, ки дар як вақту соати муайян варзиш мекунанд, вале агар онҳо низ баъд аз машқу варзиш дар як ҷо дуру дароз ва бетанаффус нишинанд, дер ё зуд бемориҳо ба тану ҷонашон таҳдид хоҳанд кард. Бинобар ин, ба қадри имкону шароит дар давоми рӯз машқҳои гуногуни ҷисмониро иҷро кардан, фаъолу серҳаракат будан шарти асосии мубориза бар зидди бемориҳост. Баъд аз сисолагӣ баъзе қисматҳои торҳои мушакӣ тадриҷан бо ҳуҷайраҳои чарбӣ омехта мегарданд. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки дар миёнсолӣ ҷараёнҳои мубодилавӣ дар организм суст мешаванд. Бар замми ин, аксар мардум бисёр кам ҳаракат мекунанд. Бо пайдо шудани компютеру технологияи нав камҳаракатӣ як бар чанд афзуд. Қаду қомати расо, андоми ҷавону зебо, устуворию мустаҳкамии узвҳои дилу рагҳоро танҳо ва танҳо машқу варзиш, риёзати бадан ҳифз намуда метавонад. Бахусус, велосипедсаворӣ, давидани начандон сахт, оббозӣ басо муфиду судманд мебошанд. Албатта, имкон на ҳамеша даст медиҳад, аз ин рӯ, дар як ҳафта ҳеҷ набошад се маротиба нимсоатӣ машқ намудан барои сиҳатии бадан фоидаи беандоза дорад. Пиёда гаштанро муҳаққиқон яке аз беҳтарин намуди варзиши бадан донистаанд. Он бояд ҷузъи ҷудонопазир ва муҳими рӯзу рӯзгори ҳар шахс бошад. Хубиаш он аст, ки роҳгардиро ҳамеша пурра ва комилан ба реҷаи рӯзи корӣ мутобиқ сохтан имкон дорад. Ба таври мисол, метавонем саҳар як қисми роҳи то ҷойи корро пиёда бигардем, ҳамин гуна баъди кор низ нисфи роҳро пиёда тай намудан мумкин аст. Танҳо як нуктаро бояд дар назар дошт, ки ин ҷо пиёдагардии тез дар назар дошта шудааст, на оҳиставу ором. Воқеан, ба ақидаи донишмандон тезу тунд гаштан ва давидан якхел миқдори баробари калорияро месӯзанд. Ба лифт савор шуданро фаромӯш созед, бо зинаҳо баромадану фаромаданро одат кунед. Фаъолу серҳаракат будан, ба ғайр он чи гуфта шуд, системаи масунияти бадан/иммунитет ва устухонҳоро қавӣ месозад, стрессро бартараф мекунад, пӯстро чандиру зебо мегардонад, эҳтимоли пайдоиши селлюлитро кам менамояд. Ҳеҷ чиз банду буғумҳоро мисли беҳаракатӣ, бефаъолиятӣ хароб намекунад, яъне аз кор намебарорад. Одамоне, ки мунтазам ба кори ҷисмонӣ машғуланд, серҳаракату чобуку фаъоланд, кам андар кам ба бемории буғумҳо гирифтор мешаванд. Зеро доиман дар ҳаракат будани мушакҳо ба организм ёрӣ мерасонад, ки ба муқобили пиршавӣ мубориза барад, пеши роҳи фарбеҳиро гирад, устуворию мустаҳкамии устухону буғумҳоро нигоҳ дорад ва ба ин васила дигар узвҳои ҳаётан муҳим низ солиму бардам бошанд. Мутахассисон гӯшзад мекунанд, ки хуб мешуд, агар варзиши субҳгоҳӣ бо масҳ ва ёзонидани буғумҳои дасту пой ба итмом расад. Ин ба гардиши хун дар бофтаҳои буғумҳо ва бартараф шудани эҳсоси дардҳо мусоидат мекунад. Барои нигоҳ доштани фаъолияти табиии ҷисм зарур аст, ки ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои бадан бо оксиген, моддаҳои ғизоӣ таъмин бошанд, инчунин аз бадан дажғолҳо (шлакҳо) хориҷ гарданд. Ин амал танҳо дар сурати ҳаракати мураттаби хун дар рагҳо таъмин мегардад. Аз ин рӯ, кас ҳар қадар бештар серҳаракат бошад, ҳамон андоза бештар хунро ба рагҳо тела медиҳад ва онро аз оксиген пур месозад. Дар мавриди машғул шудан ба варзиши бадан дар хун ва махсусан, дар ҳуҷайраҳо бошиддат боло рафтани ҷамъшавии кислотаҳо ба амал меояд, ки ин кислотаҳо душмани асосии микробу вирусҳои касалиовар мебошанд. Фирӯза ҚАЮМОВА, табиби оилавӣ


Дар ҳақиқат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорон мактабҳои типи нав бунёд гаштаанду дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муассир мебозанд. Яке аз чунин мактабҳо гимназияи “Тоҷикистон” мебошад. Он ҳамчун аввалин муассисаи таълимии ғайридавлатӣ моҳи ноябри соли 1996 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. - Гимназия дар рӯзҳое ба кор сар кард, ки миллат аз сиёсатбозиҳову кашмакашҳои дохилӣ хаста гашта буду фарҳангу маориф қудрати бештари ба ҳам овардани халқи моро дошт ва ин яке аз ҳадафҳои гимназия ба ҳисоб мерафт. То ин ки мардум бештар ба маорифу фарҳанг рӯ оваранду ойини ваҳдату бародариро барпо созанд. “Тоҷикистон” ном гирифтани он ба ҳамин матлаб иртибот дошт, - мегӯяд Кимиё Қаҳҳорова, ки таӣи даҳ соли охир роҳбарии гимназияро ба дӯш дорад. Ин таълимгоҳ бо тасмими профессор Пӯлод Пулодов нахуст дар назди Донишгоҳи технологӣ таъсис ёфта, баъдан мустақил гаштааст. Гимназия тадрисро бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба миён гузоштааст ва дар асоси барномаи таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илм тасдиқгардида фаъолият дорад. Имрӯз зиёда аз панҷоҳ нафар омӯзгор дар ин таълимгоҳ ба тадрис машғуланд, ки зиёда аз 80 фоизашон маълумоти олӣ доранд. Тавассути баъзе компонентҳои барномаҳои таълимӣ аз синфи якум омӯзиши забони англисӣ, русӣ ва омӯзиши технологияҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Ин самт ва шеваи тадрис натиҷаҳо додааст ва аксар хатмкунандагони гимназия имрӯз дар соҳаи технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ соҳибкасб гардидаанд. Афзалияти дигари гимназия

дар он аст, ки таълим дар як баст ба роҳ монда шудааст. Хонандагони он бо нақлиёт ва дигар шароитҳои зарурии таълим таъминанд. То имрӯз гимназияро ҳафтсад нафар хатм кардаанд, ки аксари онҳо бо тахассуси олӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият доранду бархеи дигараш айни ҳол дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва берун аз он таҳсил доранд. Масалан, соли таҳсили 20152016 37 нафар гимназияро хатм намуданд, ки 21 нафари онҳо дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва 16 нафараш берун аз он дохил шуда, имрӯз ҳамчун донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ҳамасола хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ ширкат меварзанд ва бо гирифтани медалҳо обруву мақоми гимназия ва кишварро баланд мебардоранд. Яке аз иқдоми хуби гимназия робитаи зич бо волидайн мебошад. Воситаи муҳими алоқаи байни падару модарон ва гимназия журнали электронӣ ва сомонаи гимназия мебошад, ки дар дигар литсею гимназияҳо ва МТМУ-ҳо дида намешавад. Волидайн тариқи журналҳои электронӣ аз таҳсили ҳаррӯзаи фарзандонашон воқиф мешаванд. Дар журнали электронӣ омадану наомадан, дар дарсҳо иштирок кардану накардани хонандагон, инчунин баҳои гирифтаи онҳо дарҷ мешавад. Бо ин низом нуфузи гимназия сол то сол меафзояд. Волидайн аз фаъолияту кори омӯзгорон розӣ буда, пайваста ба гимназия дар ҳамкорӣ мебошанд. Дигар ин ки дар гимназия маҳфиле бо номи «Сӯҳбати рӯзи шанбе» амал менамояд, ки дар он беҳтарин олимону адибон, варзишгарону санъаткорон ва дигар собиқадорони соҳаҳои мухталиф ширкат менамоянд. Аз таҷрибаи рӯзгор, аз асрори илму дониш ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҳаёт бо хонандагон суҳбат меороянд ва бо ин

восита онҳоро бо таҳсили шоистаашон ба ватандӯстиву обод кардани диёр даъват менамоянд. Роҳбари гимназия дар суҳбат қайд кард, ки “гимназияи «Тоҷикистон» талабот ва қоидаҳои хос дорад. Бо тамоми имконот кӯшиш карда мешавад, ки хонанда ба таҳсил фаро гирифта шавад. Агар ин матлаб ҳосил нагашт, сарфи назар аз он ки гурӯҳҳо кам мешаванд ва ба бахши молиявии гимназия таъсири манфӣ мерасад, ин гуна «бачаи дарсгурезу коҳил» таҳсилашро дар ин даргоҳ идома дода наметавонад. Шукр, ки ин ҳолатҳо кам мебошанд ва тарбиягирандагони гимназия ҳамчун як омили рақобат дар байни ҳамдигар талош менамоянд, ки таҳсили аъло дошта бошанд. Хонандагони фаъол дар маҷлису нишастҳо бо ифтихорномаву раҳматномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Дар маҷлиси волидайн номи хонандагони фаъол ва падару модарони масъулиятнок зикр мешавад. Хонандагони синфҳои 2-11 тавассути супоридани имтиҳон аз фанҳои забони модариву математика ва забони хориҷӣ ба гимназия ворид гашта метавонанд. Албатта шакли таҳсили пулакӣ, ё шартномавӣ талаботи ҷомеаи сармоядорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад”. Бояд гуфт, дар гимназияи «Тоҷикистон» таҳсил бо тариқи шартномавӣ сурат мегирад. Қимати шартнома танҳо барои сарватмандон нигаронида нашудааст. Дар ин гимназия имкон доранд, ки бештар сатҳи миёнаи аҳолӣ фарзандони худро ба таҳсил фаро гиранд. Яъне нархи таҳсил гарон нест. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тарбиятгирандагони он аз гирифтани дониши кофӣ канор намемонанд. Паҳлӯи муҳими дигар он аст, ки бештари тарбиятгирандагони гимназия дар синфҳои болоӣ озодона бо забонҳои русиву англисӣ ҳарф мезананд. Гумон мекунем, ки муҳимтарин ҷузъиёти

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

таҳсил дар шароити имрӯза ҳамин паҳлӯ ба ҳисоб меравад. Зеро тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ҷавону навраси ҷӯяндаи имрӯза бояд ҳатман бо ду забон - англисиву русӣ ҳарф зада тавонад. Мақсади гимназия низ тарбияи хонандагони болаёқате мебошад, ки дар оянда тавонанд, бо донистани чанд забон бо кашфиёту донишҳои худ дар тараққиёти Ватан ҳиссагузор бошанд. Имрӯзҳо гимназия бистсолагии таъсиси худро таҷлил менамояд. Ҳамчун яке аз аввалин меваҳои истиқлол имрӯз дар ҷомеа мавқеи муайяни худро дарёфтааст. Хотиррасон бояд кард, ки таълимгоҳҳои шакли нав, пеш аз ҳама гимназияҳо дар Тоҷикистон унсурҳои таркибии бо ҳам алоқаманди мақсад, мазмун, маълумот, шаклҳои ташкилии кори таълиму тарбияро таҷассум мекунанд. Чунин таълимгоҳҳо дар сурате ташкил меёбанду тараққӣ мекунанд, ки яке аз хусусиятҳои номбаршуда дар заминаи маданияти миллӣ комилан мустақилона равнақ ёбад. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”

“Ҳадафи мо ба ҳам овардани мардум буд”

Гузариш ба иқтисоди бозорӣ, пешрафти илму техника, иттолоот ва технология зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин, ташаккули ҳарҷонибаи маҳорату малакаи онҳо ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияро тақозо мекунад. Аз ин хотир, таъсиси макотиби типи нав, чун гимназияву литсейҳо падидаи замон буда, ба омода кардани кадрҳои баландихтисос мусоидат хоҳад кард. Ҳадаф аз таъсиси гимназияву литсейҳо дастгирӣ ва мувофиқ ба талаботи замон ба камол расонидани хонандагони боистеъдоду болаёқат буда, кӯдакону наврасон ба ин намуди мактабҳо интихобан пазируфта мешаванд.


Ҳаҷв ба сарпараст ниёз дорад

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Сайфиддин Наврӯзов аз ҷавононе маҳсуб меёбад, ки бо иродаи қавӣ пайи ҳунари худ буда, барои ба қуллаи мақсуд расидан дар талош аст. Ҳангоме ки дар аввалин саҳначаҳо нақш меофарид, барояш каме мушкил буд. Махсусан аз бар намудану иҷро намудани суханони ҳаҷвию шӯхиомез. Чандин маротиба аз ҷониби устодон сарзаниш ҳам шунидааст. Вале пас аз гузашти чанде маҳорати худро устувортар намуда, мекӯшад, то дар иҷрои дигар вазифаҳои бар уҳдааш буда ба хатоӣ роҳ надиҳад. Ин ҳама таваҷҷуҳу кӯшиши пайвастааш буд, ки дар натиҷа талошҳояш самар доданду чун ҳаҷвнигори ҷавон ба воя расид. – Ҳар гоҳ ки ҳаҷвнигорони кишвар баромад менамуданд, дарҳол назди оинаи нилгун менишастаму ҳунарашонро тамошо карда, ҳам механдидаму ҳам шавқе дар дил ҷӯш мезад, то ман низ мисли онҳо бошам. Ба ғайр аз ин ба яке аз ҳаҷвнигорони машҳури ҷаҳон Чарл Чаплин низ таваҷҷуҳи махсус доштам. Ҳар ҳаракату ҳунарнамоии ин нафарро дида, илҳом мегирифтам”, - мегӯяд Сайфиддин. Аз замони таҳсил дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат бо ҳаҷвнигорон ҳамкорӣ намуда, ба ин васила ҳунарашро сайқал дода, дорои таҷриба гардидааст. – Ҳар соҳа талаботу нозукиҳо дорад, - мегӯяд ӯ. – Аммо нозукиҳое, ки соҳаи ҳаҷв дорад, фикр мекунам, ки дигар соҳаҳо надошта бошанд. Баъзе соҳаҳо ба ҳамдигар каме наздикӣ доранд. Вале ҳаҷву мутобиа дигар аст. Масалан, лаҳзае мешавад, ки бояд ба тарзи ҳаҷв нақши як девонаро, мастро ва ё ошиқи шайдоро бозӣ намоӣ. Ҳаҷвнигор бояд аз уҳдаи ҳамаи ин чизҳо барояд ва дар ҳама маврид тавонад, ки худро ба образ ворид созаду дар баробари ин тамошобинро хандонад. Ҳаҷвнигор бояд сухандон бошад”. Дар телевизион чанд маротиба чун ҳаҷвнигори ҷавон баро-

Ноҳияи Б. Ғафуров пешсаф шуд

мад намудааст. Барояш хеле аҷиб буд, вақте ки бори аввал рӯйи саҳна меомадаму ҳазлу шӯхӣ менамуд. Ҳунарнамоияш аз тарафи тамошобинон хуб пазироӣ гардида, устодаш Сироҷиддин Ашӯров ба ӯ боз ҳам маслиҳатҳои муфид медод. – Дар мавзуъҳое бештар мехоҳам кор кунам, ки он тарбиякунанда бошад. На ҳар мавзӯе, ки дар пайи ҳаҷв кардан, ҳеҷ чизе дар худ надошта бошад. Мавзуъҳои ба монанди ҳурмати калонсолон ва чи гуна дониш андӯхтанро дар ҳаҷвҳои худ бештар мехоҳам, ки ҷо диҳам. Айни ҳол бо телевизиони “Синамо” ҳамкорӣ мекунам ва нақша дорам, ки дар ин шабака барномаи ҳаҷвӣ омода намояму пешкаши бинандаи хушзавқ созам”, - иброз дошт Сайфиддин. Имрӯз пайи ташкил намудани гурӯҳи ҳаҷвӣ аст. Чанд нафар ҷавони ҳаҷвнигорро гирди ҳам овардааст. Бо талошу кӯшиш гурӯҳи худро бо номи “Сайф Чарлӣ” таъсис доданист. Мақсадҳои зиёд дораду барои амалӣ шуданашон дар такопуст. Мехоҳад гурӯҳаш барои мардум ҳаҷвҳои навтаринро пешкаш намояд. – Ҳаҷви имрӯзаи мо хуб аст. Зеро онро мардуми мо хуб қабул карда истодаанд, - афзуд С. Наврӯзов. – Аз ҳунарнамоии ҳар яке аз ҳаҷвнигоронамон ман чизе меомӯзам. Барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани ҳаҷв мо бояд дастгирӣ намоем. Зеро ҳаҷви имрӯзаи мо ба сарпараст ниёз дорад. Ба таъкиди ӯ, ҳадаф аз ҳаҷв кардан, на танҳо хандондан аст, балки тавассути он мушкилотеро баён намудан мебошад. Ҳаҷв низ мисли театру кино аз ҳаёти ҷомеа сухан мегӯяд. Пас, ҳар нафари равонаи ин роҳ бояд ин чизҳоро ба назар гираду дар фаъолияташ истифода намояд. Айни ҳол дар Театри “Лӯхтак” ба ҳайси ҳунарманд-ҳаҷвнигор фаъолият мекунад. Дар интиҳо роҷеъ ба масъалаи забономӯзӣ назарашро пурсон шудем. Дар посух гуфт: “Мо - ҳаҷвнигорон бояд забони хориҷиро донем. Зеро вақте забони хориҷиро донем, мо метавонем, ҳаҷви худро бо забони хориҷӣ дар дигар кишварҳо муаррифӣ намоем. Ин чиз дар шароити имрӯза бениҳоят муҳим мебошад. Ин нуктаро Пешвои миллат низ борҳо таъкид намудааанд, ки ҳар ҷавон бояд ду забони хориҷӣ омӯзад”.

1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

Шаҳр, ноҳия

Мудири бахш

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 87 БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон 115 БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

50

Ҷамъи овозҳо

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

Овозҳо дар ҳафта

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекард, доим дар маҳфилҳои мактабӣ фаъолона ширкат меварзиду ҳар гуна нақшҳои ҳаҷвиро иҷро менамуд. Аз он замон дар қалбаш дурри ҳунар нуҳуфтаву ӯро мафтун сохт. Ба ҳаҷвнигорони машҳури ҷумҳурӣ ва олам менигаристу худро намояндаи ин риштаи фараҳбахшанда меҳисобид ва ҳар замон онҳоро тақлидкунон дар назди оина ҳазлу мутоиба менамуд. Бо гуфтаҳои хеш механдиду хурсанд мешуд. Ин гуна ҷараён гирифтани вақт билохира ӯро ба соҳаи ҳаҷв раҳнамун сохт.

 ОЗМУН

10

 СОҲИБКАСБ

2 10

87

4 145

120 24

97 5 48

1 121 40

205 90 3 66

35

50

19

3 5 94 52 2 2 13 2 2 99 12 43

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________


Вақте ба донишгоҳ дохил шудам, ҳаваси омӯзиши забони чиниву шинохтани Чин аз дилам зудуда намегашт. Аз устоде дар ин бора маслиҳат пурсидам. Тавсия дод, ки ба «Маркази таълимӣ фарҳангии Конфутсий», ки дар ДМТ амал менамояд, муроҷиат намоям. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дар давоми камтар аз як сол баъзе чизҳоро вобаста ба ин забон омӯхтам. Дар ҳақиқат, забони чинӣ басо мураккабу аҷибест. Ба мо дар ин марказ устодони гуногуни дохиливу хориҷӣ дарс медоданд. Дар як муддати кутоҳ аз асрори зиёди бароям нави вобаста ба ин сарзамин огаҳ гаштам… Рӯзе як муаллимамон ба синф даромаду гуфт, ки ҳар нафаре хоҳиши сафари Чинро дорад, мо номнавис менамоем. Шарти ин сафари омӯзишӣ ҳамин буд, ки пардохти роҳкиро аз ҳисоби марказ набуд ва ҳамзамон хоҳишмандон бояд чанд санҷише ҷиҳати забондонӣ месупурданд. Ҳамин тавр, бо мусоидати раёсати ДМТ, ҳангоми таътили тобистона тариқи як барномаи истироҳативу омӯзишӣ ба ман муяссар гашт, ки зиёда аз бист рӯз дар ин кишвар бошам. Бо дуои волидайну наздикон мо - як гурӯҳ ҷавонони тоҷик тариқи ҳавопаймо роҳи ин кишварро пеш гирифтем. Нахуст мо дар шаҳри Урумчӣ қарор доштем. Моро аз фурудгоҳ тариқи автобусҳо ба донишгоҳи Синҷиан Шифан Даcуе (Xinjian Shifan Daxue) бурданд. Маркази будубоши мо ин донишгоҳ буд. Аз мамлакатҳои гуногун ҷавонон гирди ҳам омада будем. Бо забони англисиву чинӣ бо ҳам муколама менамудем. Дарсҳо ниҳоят шавқовару хотирмон мегузаштанд.

Дарсҳои расмкашӣ, шеърхонӣ, рақси чинӣ, ушу ва ғайра ба мо хеле писанд буд. Ҳар гуна бозиҳои шавқовари дигар ташкил менамуданд, ки ҳар кадом ба сатҳи забондониву ҷаҳонбинии мо таъсир мегузошт. Баъди итмоми дарсҳо мо бекор набудем ва роҳбаладон моро ба мавзеъҳои таърихӣ ва гулгаштҳои бузурги шаҳр мебурданд. Дар ошхонаву тарабхонаҳо ба расму таомули ин мардум дар масъалаи анвои таомҳо шинос мегаштем. Ҳамчунин, бароямон маълум гашт, ки дар ин минтақа мардумоне зиндагӣ мекунанд, ки фарҳанги диниву эътиқодиашон ба мо наздикӣ дорад. Тамошои осорхонаи «Бо ви Гуан» (Bo Wu Guan) барои мо хеле фаромӯшнашаванда буд. Ин осорхонаи миллӣ таърихи ҳазорсолаҳои ин кишварро дар бар мегирад. Экспонатҳои гуногуни зиёд аз таърихи фарҳанги ғаниву қадимии Чин нақл мекунанд. Хулоса мебаровардем, ки чиниҳо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл ихтироъкору кашшоф будаанд. Ҳар гуна либосҳо, дастгоҳҳои истеҳсоли матоъ, силоҳҳои қадимӣ, амволи мухталифи рӯзгор ва амсоли он аз таърихи қадим доштани ин кишвар гувоҳӣ медоданд. Шомгоҳон моро ба сайругашт ба гулгаштҳои Ҳонг шанг гонг Янг, Ян ан гонг янг ва Ханху гонг янг мебурданд, ки бароямон як лаззати бузурги маънавӣ дошт. Ин гулгаштҳо тозаву озода ва сарсабзу шукуфон буда, маданияту фарҳанги баланди Чинро ифода менамоянд. Аз ин аҷибтару хотирмон барои мо сафар аз шаҳри Урумчӣ ба шаҳри Шанхай буд. Тариқи қатораи замонавӣ (электропоезд) муддати 38 соат мо роҳ сӯи Шанхай пеш гирифтем. Сафар тариқи қатора барои мо ҳаловат дошт. Аз наздик шаҳру рустоҳои чиниро медидем. Махсусан, сафар тариқи шаҳрҳои Гансу, Линтун ва Тсзянсу ба воситаи қатора ба мо имкон медод, ки аз зебоиҳои ин шаҳрҳо, аз биноҳои осмонбӯс ва дигар манзараҳои мафтункунанда аз наздик дидан намоем. Таваққуфи андак ҳам боис буд, ки мо аз дидани зебоиҳои ин шаҳрҳо бархурдор бошем. Баъд аз 38 соат мо ба шаҳри афсонавии Шанхай расидем. Ню-Йорки дуюм номидани ин

шаҳр бесабаб нест. Аз рӯи гуфтаи роҳбаладону баъзе муқимони он аксари биноҳо такрори қолаби шаҳри Ню-Йорки ШМА мебошанд. Дар ҳақиқат, вуҷуд доштани биноҳои баланди бисёрқабатаи бо санъати гуногун шишабандгашта бовари бинандаро бештар менамоянд. Чунин ба назар мерасад, ки ин шаҳрро техникаву технологияи замонавӣ идора менамояд. Рӯзи дуюм моро ба тамошои биное бурданд, ки 339 метр баландӣ дошт. Аз баландии ин бино аксар манзараҳои шаҳрро дидан мумкин буд. Ин шаҳр ҳамчун як маркази бузурги тиҷорати ҷаҳонӣ симои хос дорад. Боғу гулгаштҳои зиёд барои меҳмонону сокинон ороста аст. Боғи Хай янг гуан бо доштани ҳайвоноти обӣ моро ба ҳайрат овард. Дар он ҷо садҳо намуди ҳайвоноти баҳрӣ нигоҳ дошта мешуданд. Харчангу даҳҳо навъи моҳиҳо ва наҳангҳои баҳрӣ хеле диққатҷалбкунанда буданд. Дар ин боғ дар аквариумҳо ва ҳавзҳои сунъӣ хазандаҳои обиро медидем, ки дар бораи онҳо танҳо дар китобҳо хонда будем. Рӯзи дигар моро ба мавзее бурданд, ки Мадам Тюсад ном дошт. Мадам Тюсад ҷоест, ки олами афсонаҳоро ба ёд меорад. Қаҳрамонони маъруфи голливудӣ, шинохтатарин чеҳраҳои санъату фарҳанги башарият ва бузургтарин сиёсатмадорони имрӯзу гузаштаи ҷаҳониро чун як шабаҳи зинда дидан мумкин аст. Тариқи маникентҳо пайкараи томи онҳо таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамояд ва хаёл мекунед рӯ ба рӯи қаҳрамони маълуми зиндае қарор доред, ки то ин замон фақат аксашро медидед. Ин ҳунар боиси тавсиф аст ва ҳеҷ гумон намекунед, ки он пайкараҳо як чизи сохтаанд. Аз даҳҳо ҷойҳои таърихӣ ва марказҳои бузурги фарҳангӣ дидан намудем. Биноҳои боҳашамати донишгоҳҳоро медидем, ки дар онҳо садҳо ҳазор ҷавон дар пайи таҳсил овораанд. Таҳсил дар ин сарзамин хеле масъулияту таҳаммулро мехоҳад. Барои онҳо дониш ва омӯхтан мақсади аслӣ ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷату дипломро чандон суроғ наменамоянд. Зеро баъди соҳиб шудан ба як ихтисос масъалаи душвори дигар ёфтани ҷои кор аст ва онҳое ба осонӣ соҳиби ҷои кор гашта метавонанд,

ки донишу фаҳмиши қавӣ дошта бошанд. Дар ин сафари чандрӯза мо - ҷавонони тоҷику қирғизу қазоқ ҳама бо якдигар дӯст шудем. Дар бозгашт ба шаҳри Урумчӣ ҷамъбасти сафарамон дар базми дӯстии ҷавонони чанд кишвар хотирмону муассир буд. Дар ин базм суруд буду мусиқӣ буду рақс буду шеърхонӣ. Мо - ҷавонони миллатҳои гуногуни ҷаҳон бо забони чиниву англисӣ дар бораи дӯстии кишвари худ бо Чин ва сулҳу осоиши башарият ҳарф мегуфтем. Як навъ аҳде низ намудем, ки ин дӯстии худро дар доираи таҳсилу омӯзишҳо давомдор мегардонем. Дар ин сафари омӯзишӣ бисёр чизҳоро дарк намудему омӯхтем. Шаҳрҳои тозаву озода, маданияту фарҳанги баланд, шароити баланди таҳсилу омӯзиш ва ҳар кас овораву саргардон дар пайи кори худ - ин хосиятҳои мулки афсонавии Чин аст. Шукрона аз даврони истиқлолият менамоем, ки барои мо - ҷавонон тамоми дарҳо боз аст. Шукрона аз он менамоем, ки моро дар дигар кишварҳо эътироф кардаанд. Дар Чин даҳҳо ҷавонони тоҷикро медидем, ки ба таҳсили пайваста машғуланд. Бояд дар ин самт аз ҳамкориву мусоидатҳои давлату ҳукумати кишварамон таъкид намуд, ки дар баланд гаштани ҷаҳонбиниву донишҳои замонавии мо ҷавонон мусоидат менамояд. Дар ҳама сурат дар мадди аввал мо ватани худрову диёри худро дӯст медорем. Ин сафарҳову диданҳо ба мо танҳо як хулоса мебахшад, ки мо низ имкони ободу шукуфонтар сохтани ватанамонро дорем. Симои имрӯзаи Душанбешаҳр бо биноҳои қадафрохта ба шаҳрҳои бузурги ҷаҳон монандиҳо дорад, ки далели гуфтаи болост. Яъне дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудааст. Танҳо садоқату муҳаббат ва донишандӯзиву забондониву ҷаҳонбинии мо – ҷавонон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷ омили муҳими бунёди як кишвари пешрафта ба ҳисоб рафта метавонад, ки ба ин мутмаин ҳастем. Абдусалом ҚОДИРОВ, донишҷӯи соли дуюми ДМТ

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

РАҲОВАРД

Бо ҳавасҳои ҷавонӣ

Ҳангоми таҳсил дар Гимназияи «Тоҷикистон» устоди фанни ҷуғрофия ба мо, аз ҷумла дар бораи Ҷумҳурии Мардумии Чин маълумотҳои аҷиб медод. 15-20 фоизи аҳолии сайёраро ташкил кардани он, ҳудуди васеъ, иқтисодиёти бузург, технологияи пешрафта ва заҳматдӯстии сокинони он таваҷҷуҳи мо шогирдонро нисбат ба ин сарзамин меафзуд. Ҳаммарз будани ин абарқудрати иқтисодии ҷаҳон бо Тоҷикистон низ як омили таваҷҷуҳу завқи мо ба ҳисоб мерафт. Муаллимамон ба таври фарогир дар бораи бисёр кишварҳои ҷаҳон ба мо маълумот медоданду ҳадафи омӯзишу сафару дидан аз ин мулки афсонавӣ дар диламон бештар мегашт.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

ВАРЗИШ

Варзиши сабукро танҳо номаш сабук аст

ШОДИХОНИ НАЗАР

“Варзиши сабукро номаш “сабук” аст ва бо ҳамин шинохта шудааст. Дар асл омода шудан дар ин намудҳо кори саҳлу осон нест”. Ин гуфтаҳоро аксар мутахассисони соҳаи варзиши сабук ҷонибдорӣ мекунанд, алалхусус давлатҳои пасошуравӣ. Аз 46 намуди варзиши сабук, ки вориди бозиҳои олимпӣ аст, варзишгарони сайёра аз ин намудҳо барои ба даст овардани медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар олимпиадаҳои охир мушоҳида мешавад, ки миёни давлатҳои варзишашон дар сатҳи олӣ пешрафта рақобатҳо шадид мегузаранд.

Дар Тоҷикистон ҳам аз миёни 46 намуд ҳастанд намудҳое, ки миёни ҷавонон маъруф гардидаанд. Дар олимпиадаҳо варзишгарони тоҷик намояндагони ин намудро доранд. Гурзандозӣ шомили варзиши сабук аст. Тоҷикистонро аз ин намуд ҷаҳониён мешиносанду варзишгаронашро эътироф кардаанд. Дар Олимпиадаи Мадрид-1992 Андрей Абдувалиев варзишгари тоҷик аз намуди гурзандозӣ медали тиллоро ба гардан овехт. Бо сабабе ки Тоҷикистон нав истиқлолият ба даст оварда буд, варзишгарони тоҷик дар ҳайати тими давлатҳои ИДМ баромад намуданд. Дар олимпиадаҳои баъдӣ бошад, варзишгарони тоҷик аз намуди варзиши сабук шарафи кишварро ҳимоя мекарданд. Дар баробари мусобиқаҳои байналмилалӣ, дар се олимпиадаи охир гурзандози тоҷик Дилшод Назаров барои ҷаҳониён рақиби сарсахт аз Тоҷикистон шинохта шуда буд. Ҳарчанд ин варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мақомҳои ифтихориро касб менамуд, вале дар олимпиадаҳои Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 бахт ба рӯи ин гурзандози тоҷик намехандид. Бисёр рақибоне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ӯ шикаст мехурданд, Лондон-2012-ро ҷамбасти карйераи варзишии Дилшод Назаров арзёбӣ мекарданд. Вале ин рақиби пурзӯру тавоно ва ҳамзамон сарсахт барои варзишгарони сайёра аз мағлубиятҳо дилмонда набуду барои ҳадафи дар пеш гузоштааш қатори садрнишинони ҷаҳон дар набард буд. Дилшод Назаров дар Рио-де-Жанейро-2016 барои гурзандозони сайёра ҳарифи асосӣ буд, зеро ҳама ҳарифон аз таҷрибаи ӯ огаҳ буданд ва ҳамин таҷрибаи баланд ӯро қаҳрамони олимпӣ гардонд. Дилшод парчамро баланд, Суруди миллиро дар қитъаи Амрикои Лотинӣ танинандоз, миллатро хурсанд ва варзиши сабукро дар сатҳи олӣ муаррифӣ кард.

Баъд аз ин натиҷа, мутахассисони соҳаи варзиш таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба варзиши сабук диққати махсус диҳад, зеро имкони бештари ҷоизадор шудан дар олимпиадаҳо аз намудҳои варзиши сабук барои варзишгарони тоҷик беҳтар аст. Айни ҳол мебинем, ки варзиши сабуки кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад ва барои олимпиадаҳои баъдӣ мутахассисони соҳа чӣ нақшаҳо доранд. Ҳукумати кишвар баҳри ривоҷу равнақ ёфтани соҳа соли 2004 дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, оид ба варзиши сабукро таъсис дод. Баъди таъсиси ин мактаб таълими 46 намуди варзиши сабук, ки шомили бозиҳои олимпианд ба роҳ монда шуд. Метавон гуфт, ки аз 46 намуд на ҳамаи он дар кишвари мо барои ҷавонон муаррифӣ гардидаасту дар сатҳи зарурӣ омӯзонда мешавад. Рустам Абдуллоев, муовини директори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук сабаби асосии тариғиб нашудани аксар намудҳои варзиши сабукро дар нарасидани мутахассисону мураббиёни баландихтисос арзёбӣ намуд. “Мушкили асосӣ дар ин соҳа нарасидани мураббиёну мутахассион аст. Осон нест, барои мо ёфтани кадрҳои ҷавон барои ин намудҳои варзиш. Ҷалб мекунем, омада мебинанд, ки ин намудҳо вазнин аст, кор намекунанд. Ин намуди варзишро номаш сабук аст, дар асл вазнинтарин варзиш маҳсуб меёбад. Ҳамин ҳам мисли кори боғбон аст. Боғбон чи қадар меҳнат мекунад барои як навниҳол, баъдан аз мевааш баҳра мебарад. Мо мехоҳем, ки ҳамон ниҳолро калон кунем, аммо ба бисёр сабабҳо онҳо тоқат накарда тарк мекунанд ин намуди варзишро”. Сабаби асосии ҷалб нагардидани ҷавонон ба намудҳои варзиши сабук тарғиб нашудани он дар кишвар ва моҳияту муҳимияти ин варзиши сабукро нафаҳмонидан аст. Аз як ҷониб нарасидани мураббиён, аз ҷониби дигар шавқ надоштани ҷавонон ба ин намудҳо аст, ки аз 46 намуд танҳо якчанд намуди он барои ҷавонон ошно аст. Тарзи осон ва дурусти тарғиби намудҳои варзиши сабук нишондоди хуб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Барои мисол, гурзандозӣ нисбат ба дигар намудҳо дар Тоҷикистон барои омма ва ҷавонон ошно аст. Зеро мардуми тоҷик аз ин намуд қаҳрамон - Дилшод Назаров доранд ва Дилшод гурзандозиро барои пиру ҷавони кишвар муаррифӣ намуд. Мисли он ки ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов самбо ва Расул Боқиев ҷудоро барои мардум шиносонданд. - Варзиши сабук ба монанди футболу, гӯштин, бокс, таэквандо ва дигар намудҳо дар Тоҷикистон машҳур нест. Мураббиёни мо ҷустуҷӯ карда чеҳраҳои қобилиятнокро ҷалб мекунанд, лекин падару модари онҳо розӣ нестанд, ки фарзандашон ба варзиши сабук машғул шавад ё худи ҳамон ҷавон омада баъди ошноӣ пайдо кардан намехоҳад, ки идома диҳад. Барои ин мушкилиҳоро бартараф

кардан мебояд, ки аз мактаби миёна сар кунем. Варзиши сабукро дар мактабҳои миёна бештар омӯзонему тарғиб кунем. Дар ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ варзиши сабук омӯзонида мешавад. Вале на ҳамаи онҳо қобили қабул ва дар шакли замонавию муосир омӯзонида мешаванд. Айни ҳол дар мактаби мо 13 мураббӣ ба 89 варзишгар дарс мегузаранд. Ба ин 89 варзишгар гурӯҳҳои захиравӣ ҳам шомиланд. Сабаби дигар ин аст, ки аз мактабҳои кӯдаконае, ки барои омӯзонидани ин намудҳои варзиш машғуланд, барои мо кадр пешниҳод намешавад. Танҳо аз донишкадаҳои вилоят ва шаҳрҳо варзишгароне, ки хатм мекунанду мехоҳанд, барои дастовард варзишро идома диҳанд, ба мактаби мо меоянд, - мегӯяд Рустам Абдуллоев. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ комплексҳои варзишии замонавӣ бунёд намудааст, ки дар аксари он аз 46 намуди варзиши сабук яке аз онҳо фаъолият мекунад. Аз миёни ин намудҳои варзиш давидан ва гурзандозӣ миёни ҷавонон маълуму машҳур асту қисмате аз ҷавонон майл ба ин намудҳо доранд. Натиҷаи инро олимпиадаи Рио-2016 муайян намуд. Тими олимпичиёни кишвар аз ин намудҳо намоянда доштанд. Масъулинро мебояд, ки барои оммавӣ гардонидани ин намудҳо ҷаҳду талош намоянд, зеро имрӯзҳо бо шарофати истиқлолият шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст ва барои муаррифӣ натиҷа мебояду бас. “Аз аввал дар намуди давидан ва гурзандозӣ мо барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгар доштем. Ҷавонон ҳам каму беш ба ин намудҳо шавқ доштанд. Барои тамрин меоянд ва мо метавонем, ки аз миёни онҳо чеҳраҳои навро пайдо кунем. Хушбахтона, баъди натиҷаи Дилшод Назаров талабот дар намуди гурзандозӣ бениҳоят зиёд гардидааст. Ҷавонони зиёд омада дар ин намуд машқ мекунанд. Дар баробари гурзандозӣ аз замони фаъолияти Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук натиҷаи нишондодаи варзишгарони мо дар намуди давидан ба масофаҳо аз 200 то 400 метр чашмрас аст. Соли 2012 дар масофи 100 ва 200 метр миёни занҳо ду рекорди Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз шудааст. Он рекордҳое, ки буд дар Тоҷикистон аз соли 1984 монда буданд. Дар масофаи 400 метр бошад, Проженка Александр соли 2014 рекорди Ҷумҳурии Тоҷикистонро шикаст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин намудҳо натиҷаи мо хубтар аст ва ҷавонон ҳам ба ин намудҳо шавқ доранд. Дар масофаҳои миёна, давидан ба монеаҳо бошад, варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизадор мешаванд”, - афзуд Р. Абдуллоев. Мутахасисони соҳаи варзиши сабук аз намуди давидан давоми фаъолияти Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук натиҷаи нишондодаи варзиш-

гарон Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр, Меҳрубон Шамсиддинов 1500 метр, Ғайрат Олимов, Алишер Пулатов дар 400 метр бо монеаҳоро дастоварди хуби хеш арзёбӣ намуда, дар мусобиқаҳои баъдӣ аз варзишгарони ҷавони худ Алишер Пулатов, иштирокчии чемпионати ҷаҳон байни наврасону ҷавонон, мақоми панҷуми чемпионати Осиё-2015 дар шаҳри Доҳаи Қатар ва дигарон натиҷаи назаррасро интизоранд. Аз намуди гурзандозӣ бошад, дар Олимпиадаи Токио-2020 умеди мутахасисони соҳа ба Абдурауф Мусоев, Зоир Шералиев ва варзишгардухтар Нуқра Некқадамова равона шудааст, ки метавон инҳоро чеҳраҳои нав дар олимпиадаҳои баъдӣ номид. Инчунин дар давоми чор сол тибқи нақшаи тарҳрезигардидаи мактаб, варзишгарони тоҷик эҳтимол дар давидан ба масофаи миёна ва марафон соҳиби роҳхат гарданд. Давоми сол варзишгарони соҳа вобаста ба имконияташон дар мусобиқаҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои ҳамсоя баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Мусобиқаи байналмилалие, ки варзишгарони тоҷик ҳамасола иштирок мекунанд, ба хотири Гусман Ҳасанов дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад ва мутахахсисон нақша доранд, ки аз ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ бо натиҷаи баланд ба Ватан баргарданд. Ҳукумати кишвар солҳои охир чанд иқдомеро барои рушди соҳаи варзиши сабук ба роҳ мондааст, ки барои инкишфи соҳа мусоидат мекунад. Ҳамасола гузаронидани марафони байлналмилалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт, Дави миллӣ аз зумраи онҳо мебошад. Мутахахсисони соҳа хушнуданд, ки солҳои охир мусобиқаҳо ба хотири ҷашну маросимҳо ба ғайр аз мусобиқаҳои ба нақшагирифтаашон гузаронида мешавад, ки барои омода шудани варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. давоми 11 соли охир мушкилиҳои зиёди соҳа бартараф гардид. Танҳо барои беҳтару хубтар омода шудани варзишгарон ва тарғиби намудҳои варзиши сабук месазад, ки мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ҷумҳуриамон гузаронида шаванд. Вале айни замон Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ки аксар мусобиқаҳо дар он доир мегардад, ба талабот пурра ҷавобгӯ нест. Коршиносон бар он назаранд, ки дар ҳоли бартарафшавии мушкилоти ҷойдошта мо метавонем мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар кишварамон гузаронем. То Токио-2020 чор соли дигар вақт аст ва мутахассисони соҳа имкон доранд, ки чеҳраҳои нав ва ҳамзамон аз 46 намуди варзиши сабук намудҳои дигарро барои ҷавонони кишвар тарғиб ва муаррифӣ намоянд. Диққати Ҳукумати кишвар ҳам ба варзиши сабук бештар равона шудааст ва мутахассисони соҳа низ барои натиҷаи навбатии олимпӣ ба умеданд. Дар чорсолаи баъдӣ кадом чеҳраҳо дар олимпиада ва кадом намудҳо Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, пайгирӣ мекунем.


Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо он шаклашро дигартар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллӣ, расму оин ва арзишҳои фарҳангӣ эҳё гардида, симои миллати куҳанбунёди тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ҳар давлату миллатро дар қатори рамзҳои давлатӣ бо арзишҳои миллӣ ва фарҳанги бою ғаниаш эътироф мекунанд. Бо иқдоми наҷиби Пешвои миллат барои эҳёи либосҳои миллӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат марказҳои омӯзишӣ, сехҳои чакандӯзию адрасбофӣ фаъолият доранд, ки аз як ҷиҳат агар барои ривоҷ додани истеҳсоли либосҳои миллӣ дар кишвар бошад, аз тарафи дигар фароҳам намудани ҷойҳои корӣ барои, махсусан ҷавондухтарон мебошад. Муттаассифона, имрӯз яке аз мушкилоте, ки дар байни ҷавонон пайдо шудааст, рӯ овардан ба фарҳанги дигар халқҳо мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки бегонапарстӣ мавқеи либоси миллиро коста гардонида, ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз мо – ҷавонон азбаски нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳастем, бояд ин мушкилотро ба хубӣ дарк намоем, бегонагароиву хурофотпарастиро аз байн бардошта, кӯшиш намоем, ки ҳамон адрасу атлас, чакану зардӯзии зебое, ки аз қадим гузаштагони мо ба бар менамуданду то имрӯз ин санъати бебаҳоро ба мо мерос гузоштаанд, арҷгузорӣ намуда, пос нигоҳ дорем. Имрӯз баъзе ҷавонони мо занеро, ки либоси миллӣ мепӯшад, «қишлоқӣ» ё ин ки аз замона қафомонда меҳисобанд. Шахсан барои ман либоси миллӣ мероси арзишмандест аз гузаштагон. Бобою модаркалонҳои мо тӯли асрҳо як либосро ба бар мекарданд ва ман онро чӣ хеле ки ҳаст, қабул дорам. Чи тавре ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар иброз доштанд, “вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”. Гуфтан мехоҳам, ки бояд ҳар ҷавони баору номуси кишвар, хусусан ҷавондухтаронро мебояд, ки ба либоси миллӣ арҷ гузошта, онро ба бар карда, муаррифгари давлату миллати худ бошанд. Маҳинабону ШАРИФОВА, донишҷӯи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Ба рушди хусусиятҳои инсонии кӯдак муносибати падару модар ва аъзои оилааш бо кӯдак ва бо якдигар таъсир мерасонад. Иштироки аъзои оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибати онҳо ба кор ва меҳнат кӯдакро ба зиндагӣ омода мекунад. Чи гунае ки имрӯз аъзои оилаи ӯ муносибат ба ҳаёту зиндагӣ дошта бошанд, фардо ӯ ин муносибатро муносибати муқаррарӣ меҳисобат, яъне фикр мекунад, ки бояд чунин бошад. Имрӯз тарбияи кӯдак, рушди маънавию, ҷисмонӣ, фарҳангӣ ва умуман рушди ӯ аз шароити моддии оила вобастагии калон дорад. Кӯдак ба сатҳи арзандаи зиндагӣ, ба хуроки гарм ва либоси зарӯрӣ, ҷои хоб, шароити хуби донишомӯзӣ, шиносоӣ бо техникаи ҳозиразамон, шароит барои иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, тарзи ҳаёти солим, машғулиятҳои варзишӣ ҳуқуқ дорад. Пеш аз он ки фарзанд дар оила таваллуд мешавад, мо бояд ҳамаи инро ба назар гирем. Дар оилаи носолиму нопурра вазъи кӯдак боз вазнинтар аст ва ин боиси вайроншавии як қатор ҳуқуқҳои дигари кӯдак мегардад. Пеш аз ҳама ҳуқуқи кӯдакон ва ҳаёту саломатии онҳо вайрон мешавад. Ояндаи ҳар давлат аз сатҳи ҳифзу парасторие, ки имрӯз нисбат ба кӯдакони худ дорад, аз таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо, аз шароите, ки барои рушди кӯдакон таъмин аст, вобаста мебошад. Давлат дар ин замина вазифаҳояшро асосан тариқи қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо фароҳам кардани шароити зарӯрӣ иқро мекунад. Дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакро пеш аз ҳама Конститутсия кафолат медихад. Қисми зиёди Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон бахшида шудааст. Кодекси меҳнат дар баробари пешбинии ҳуқуқи кӯдакон ба меҳнат сӯистифодаи онро пешгирӣ кардааст. Ҳарчанд дар натиҷаи сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шароити таъмини ҳуқуқҳои кӯдак қариб аз байн рафта буд, аммо имрӯз вазъият бакуллӣ беҳтар шудааст. Сатҳи мириши кӯдакон паст рафта, то дарҷаи имконпазир ҳуқуқ ба сатҳи арзандаи зиндагӣ, озод будан аз зӯроварии ҷисмонӣ, эҳтиром, шаъну шараф, озод будан аз шиканҷа, муносибати бераҳмона, саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмин аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, ки падару модар уҳдадоранд шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд. Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” гуфта мешавад, ки: «Омӯзгорон уҳдадоранд таълимгирандагонро аз амалҳои зӯроварии ҷисмонию равонӣ ҳифз намоянд». Инчунин муқаррар шудааст, ки омузгорон ва дигар касоне, ки дар соҳаи маориф масъуланд, ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, эътибори онҳоро паст назананд. Дар Кодекси ҷиноятӣ низ моддаҳои алоҳида, ки бо таъини ҷазо кирдорҳои ғайриқонуниро нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак манъ кардааст, мавҷуданд. Агар рушди танзими ҳуқуқиро таҳлил намоем, таъсиси Шӯрои байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар соли 1923 оғози фаъолияти ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳисобидан мумкин аст. Аммо сабаби 20 ноябр ҷашн гирифтани рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак каме дигар аст. Аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта Ассамблеяи генералии СММ оид ба ҷашн гирифтани рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак ба давлатҳои аъзои СММ тавсия дод. 20 ноябри соли 1959 Декларатсияи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак ва баъди 30 сол дар ҳамин рӯз Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул шудааст. Бояд гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак парчами худро дорад. Дар байни ранги сабз, ки нишони сарсабзӣ, рушд ва хуррамӣ аст, расми замин ҳамчун хонаи ягонаи тамоми кӯдакони рӯи замин кашида шуда, дар атрофи он расми кӯдакон бо рангҳои сурх, зард, кабуд, сиёҳ ва сафед даст ба даст кардаанд, ки маънии гуногунӣ ва таҳаммулпазирӣ аст. Бо назардошти гуфтаҳои боло ҷавононро пеш аз хонадоршавӣ бояд барои ҳаёти оилавӣ омода кунем, чунки аксар вақт ҷавонон ба зиндагии оилавӣ омода нестанд. Бинобар ин, вақте фарзанд таваллуд мешавад ва талабот барои таъмини оила рӯз то рӯз меафзояд, ҷавонон барои бартарафсозии онҳо омода нестанд ва ягона роҳи халосиро дар ҷудошавӣ мебинанд. М. САЛОҲИДДИНОВ, сармутахассиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Ҷавонон бояд омода бошанд

Миллатро бо фарҳанги ғаниаш эътироф мекунанд

Оила муҳити табииву муқаррариест барои кӯдак ва тарбияе, ки кӯдак аз падару модар мегирад, тӯли тамоми зиндагии ӯ нақш мегузорад. Оғози ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, маънавиёт, меъёрҳои рафтор, умуман тамоми сифатҳое, ки минбаъд ӯро ҳамчун инсон муаррифӣ мекунанд, аз оила сарчашма мегирад.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Он рӯз абрӣ буд…

ТУРДИАЛӢ БОЙБОБОЕВ

Бо оби замзаму кавсар сафед натвон кард, Гилеми бахти касеро, ки сиёҳ бофтаанд. Ҳофизи ШЕРОЗӢ

- Оча, вой, оча, аз ҷонам сер шудам! – ҳини чашмонаш аз косахонааш берун шудан ба модар муроҷиат намуд Ҷамила. – Ман худамро бояд кушам! Ҳо, роҳи дигар нест, оча! - О, духтарам, ту чиҳо мегӯӣ? – дасту пой гум карду ҳайкали зиндаро монд модар. – Мефаҳмӣ, чиҳо гуфта истодаӣ? Худоё, раҳм кун, ин чӣ бедодӣ-а? - Гапи бисёр ба хар бор! – кибр аз хашм хеста бошад ҳам хешро андак ба даст гирифт духтар. – Гуфтамку, дигар илоҷ надорам! – Ҳой, оча, агар ту маро нағз тарбия мекардӣ, мани сарсахт ба ин роҳ ҳаргиз намерафтам. Охир, ман мисли ваҳшӣ ба воя расидам. Ба бисёр одамон одамвор муносибат карда наметавонам. Ҳисси бадбиниам меҷӯшад. Ростӣ, ин амалҳои номатлуб аз ту ба ман гузаштааст. Ҳа, бовар намекунӣ, сироят кардааст! - Аз ман? – дасти ларзон ба гиребонаш бурд модар. – Ҳой, духтарам, дониста гап зан, набошад ширамро ба осмон медӯшам! Ба шири додаам розӣ намешавам, ақлрамида! Баъд медонӣ, бадбахттар мегардию ҷоят куҷо мешавад? Дӯзах, қабати поёнаш – Ҳутама! Ҳой: Морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ, бизанӣ, Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ. - Эҳ, вой-е, ҳам ғарию ҳам сарҳангӣ! – гӯён бо чашмони хуношом сар нафаровард Ҷамила. – Гапро дароз кардӣ, оча! Ман танҳо дар боби парвариш, яъне тарбия, гап задам. О, агар маро дуруст тарбия мекардӣ, бо шавҳарам, хусуру хушдоманам, фарзандҳошон ин қадар номуросо намешудам. Мани сарсахту зиштхӯ онҳоро мудом гӯё дар кӯраи оҳангарӣ ё пӯчоқи писта ҷой менамоям. Оташи сӯзони оҳашон бармалост. Дарк мекунам, ки пардаи сабри шавҳарам медарад. Вале хомӯширо афзалтар медонад. Паргорвор гирдам гашта маро ба оромӣ даъват менамояд, панд мехонад, то ба одам монанд гардам. Фаҳмидӣ, оча?

- Ҳо, фаҳмидам! – гӯён модар сукут варзид ва афзуд. – Айб фақат аз ман не. Ту худат бадхӯю гарданшаху талхгуфтор ба воя расидӣ. Ҳамчун фалак саркаш будӣ. Насиҳатҳоямро мешунидӣ, вале боз ҳамон рафтората такрор мекардӣ. Гӯшмолат медодам, ҳатто чанд маротиба шатта ҳам хӯрдӣ, аммо тағйир наёфтӣ. Баъди аз ҷавшани ҷон гузаштан ба худ мегуфтам: «Ин чӣ хел духтар-а? Забони морро меканад-е! Намедонам, калон шавад, ақлаш медаромада бошад?» Оваҳ, синнат қариб ба сӣ расид, вале ҳамон ҳастию ҳамон! Хайрият шавҳарат инсони комил будааст, набошад попӯши туи даррандахӯйро кайҳо пеш мегузошт! Хуллас, агар Худо инсонро ҷазо доданӣ бошад, аввал ақлашро мегирифтааст-дия. - Уҳ-ҳ, саросема нашав, оча! – бо рӯи пургиреҳ гапи модарро бурид Ҷамила. – Мегӯянд-ку: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳарчи дар дил дорад, бигӯяд». Ман ҳам ҳозир дарди диламро холӣ накунам, намешавад, оча! Имрӯз ё пагоҳ гуфтаат мешавад. Ба пешониам се талоқро часпонда, бо ду фарзандам аз манзилаш меронад, вассалом. Ҷойи пинҳон кардан нест, мани тундхӯй на ба хусурам ва на ба хушдоманам рӯз намедиҳам, фарзандонашонро рӯйи дидан надорам. Онҳо аз ин кирдори зиштам месӯзанд, вале чун шамъ тоқат мекунанд. О, мани ваҳшӣ ҳамин гуна хислат дорам, ки аз он дур шуда ё онро дигар карда наметавонам! Барои он дур шуда наметавонам, ки чунин тинати безебро аз ту омӯхтаам, оча. Волидони шавҳарам гӯсфандмиҷозанд. Маро дар чор соли хонадориам ягон бор сарзаниш накардаанд. Рафторҳоямро дидаю дониста лаб во наменамоянд. Ҳа, дар воқеъ, аз дуздию қаллобиам, ки дастам қалб аст, бохабар шуданд. Охир, чизу чораи хонаро кам-кам мефурӯхтам, пул мекардам. Боре хушдоманам аз ин феълам огоҳ гашта, насиҳат намуд, то ки ин зишткориро накунам. Хушдоманамро бо ту муқоиса карда наметавонам. Тафовут аз замин то осмон! Агар хулқи ӯ мисли хулқи ту мебуд, як моҳ ҳам хонадорӣ карда наметавонистам, оча, фаҳмо? - Ҳо, фаҳмо, Ҷамила, ба хонадони нағз рафта будӣ! – изҳори ақида намуд модар. – Ҳа, дидаю дониста туро ба он ҷо дода будем. Фақат як кунҷи дилам аз бароят сиёҳ буд. Ба худ мегуфтам: «Эркатулрафториаш ба зиндагиаш шояд латма занад». Дареғо, латма задааст. Вақти ноншиканон, яъне банд карданат, ба хушдоманшавандаат нимшӯхию нимҷиддӣ гуфта будам: «Қудоҷон, эҳтиёт мешавед-дия, келиншавандаатон камтар инҷиқ, тундхӯй. Банда то тавонистам тарбия кардам. Акнун худатон ба табъи худ тарбия мекунед-дия, то ки таҳаммулпазир гардад. Ҳа, соҳиби як-ду фарзанд шавад, худро ба даст мегирифтагист. Ҳамту не?» - Ба қудоҳотон гап нест, оча, – гуфту камтар хушҳол гашт Ҷамила. – Шавҳарам ҳам ҷони одам. Маро чунон дӯст медорад, ки… Маҷнуни афсонавӣ дар назди ӯ об хӯрад! Вале сабабгори асосии баъзе нохушиҳо - мани зиштхӯ. Дар хонадони ҳамсарам заррае ҷурме нест. Ҳама хушмуомилаю ширинсухананд. Аммо дар хонадони мо бошад, ҳама гапчину ғаммозу тундхӯю номуросо. Биноан ҳамин хулқи беҷо аз хурдӣ ба ман ёр шудааст. Оча, бо ин хӯи бад дар гӯр ба пурсиши Мункару Накир чӣ посух медода бошам?!... ...Онҳо дар гӯшаи майдони фарохи сабзу хуррами донишгоҳ ногаҳон вохӯрданд, шинос шуданд. Ҷавон чорпаҳлӯ, миёнақад, гандумгун буд, либосаш варо босалобат нишон медод. Духтар бошад, сарвқомат,

оҳугардан, қашангу зебо, моҳчеҳра, силсилазулфонаш дилкаш, пираҳани ҳарири зумуррадгунаш хеле мезебид. - Исми шарифи ман Сафар, – гӯён хешро муаррифӣ кард ҷавон. – Банда корманди ҳифзи ҳуқуқ. Ин ҷо барои хабаргирии додарам омадам, ӯ донишҷӯст. - Ман Ҷамила, – гуфту ба ҷавон даст дароз кард духтар. – Хатмкунандаи донишгоҳ, насиб бошад, рӯзноманигор мешавам. Ду даст, яке нарму гарми Ҷамилаи Баҳруллою дигаре пурқуввату серрагупайи Сафари Қобил дер муддат аз ҳам ҷудо нашуданд, гӯё васл гашта буданд. Ҷавон оҳиста ба духтар чашм дӯхт. Ӯ гармии оташи чашмони Ҷамиларо, ки аз сар то пойи Сафарро аз назар мегузаронд, барало ҳис кард. Он гармӣ набуд, гӯё сеҳр буд, ки Сафар ҳайкали зиндаро монд. - Ҳой, азизам, биёед, камтар қадам занем, - гуфт духтар ва аз нидои «азизам» хондан пардаи шарм чеҳраи гулгунашро пӯшонд. – Чӣ гуфтед? - Ба чашм! – гӯён ҷавон баробари духтар ба қадамзанӣ даромад ва дасти варо дошта илова кард. – Ҳушам аз дил мерабоию ақлам аз тан мебарӣ! - Ваҳ, аз шеъру шоирӣ ҳам бохабаред? – бо нозу карашма пурсид духтар. – Канӣ, як-ду мисраъ шеър қироат намоед-чӣ? Сафар ба чоҳи фикр даромад ва мисраъҳои зерро бо табассуми мафтункунанда замзама кард: Сарви равон надидаам ҷуз ту ба ҳеҷ кишваре, Ҳам нашунидаам, ки зод аз падарею модаре. - Баҳ, баҳ! – гуфт духтар аз шодӣ ва хешро ба ҷисми ҷавон ҷафстар кард. – Ин мисраъҳо дар ҳаққи кист? - О, дар ҳаққи кӣ мешуд? – ҷавон ҳалимона табассумкунон дастони духтарро бори дигар дошту нармнарм молидан гирифт, навозиш кард ва илова намуд. – Дар ҳаққи Шумодия, азизам! - Наход? – духтар чашми пурмеҳр дӯхт ба ҷавон. – Ба ман? Ташаккур! Вале бовар надорам. Охир, Шумо наход ҳанӯз маҳбубае надошта бошед? Мазмун, доред, аммо… - Ман ҳуқуқшиносам! – ҷиддӣ гуфт Сафар. – Хилофи қонун рафтор карда наметавонам. Бароям дурӯғ бегона аст. Ҳа, акнун бовар доред, ки маҳбубае надорам? - Бале, бовар кардам, – дудила посух дод Ҷамила. – Охир, аксар ҷавонҳои имрӯза гандумнамои ҷавфурӯшанд, яъне фиребгаранд, ба онҳо бовар кардан хеле мушкил. Чӣ гуфтед, ҷонам? Вафодорӣ мадор аз булбулон чашм, Ки ҳар дам бар гуле дигар сароянд. - Аҳсант, рост, – ба Ҷамила ҳамфикр шуд ва аз «ҷонам» гуфтан ба ҳаяҷон омад Сафар. – Фиребу дурӯғ хеле реша давондаанд, ки ҳисобашон гум. Алқисса, ҳушёр шудан, хулоса баровардан ва ба доми онҳо наафтодан беҳтар, вагарна тамоми умр кас хору залил мегардад. Ҳамту не, азизам? Ҳар ду дар пайраҳа қадамзанон кам-кам ба якдигар унс мегирифтанд, аз тапиши дилашон дарк менамуданд, ки дар як фикранд. Байнашон шуълаи муҳаббат пайдо мешуд, ҳарорати он торафт меафзуд. Дар сухан кардан баъзан лол мемонданд. Ҳарфҳоро гӯё бармекашиданд, то ки беҷо набароянд, дили якдигарро нахарошанд, озор надиҳанд. Дилороме, ки дорӣ дил дар ӯ банд, Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд! - Ҳо, ман ҳам дар ҳамин андеша!

– ниҳоят духтар ба хомӯшӣ хотима бахшид. – Барои хору залил нашудан Худованд иноят хоҳад кард. - Ба кӣ? – пурсид Сафар. – Ба Шумо? - Оре, ба ман, – бо дилпурӣ посух дод Ҷамила. – Боз ба кӣ мешуд? Сафар ин лаҳза Ҷамиларо ба оғӯш кашиду гуфт: «Аз лаъли лабат бидеҳ закоте» ва аз рухи гулгуни росташ бӯса гирифт. - Ваҳ, ин чӣ коратон? – аз оғӯши ҷавон дур нашуда, бо ишва пурсид духтар. – Шарму ҳаё куҷо шуд? Наход… - Чӣ, лаббай, чӣ гуфтед? – гӯён бо чолокӣ аз рухи чапаш ҳам бӯса ситонд Сафар. – Инаш маъқул? - ва афзуд: Сарви бӯстонӣ ту ё маҳ ё парӣ, Ё малак ё дафтари суратгарӣ? - Хайр, чӣ илоҷ, маъқул, – гуфт духтар ва аз оғӯши ҷавон раҳо наёфтаю пайт поида, аз ҳар ду рухи Сафар низ бӯса ситонд. – Ана, акнун баробар шудем. Ваҳ, ришатон расидааст. Хӯш, ҳар ду аз якдигар қарздор нестем. Чӣ гуфтед? - Чӣ мегуфтам, Шумо ба ман маъқул шудед, – ба чашмони хумори духтар ҷиддӣ назар дӯхту изҳор кард Сафар. – Эй рӯз, беҳ аз ҳазор солӣ! Надонам, банда ҳам ба Шумо маъқул шудаам ё на? Ту чун хуршед аз Машриқ бароӣ, Ҷаҳони бехабарро ҷон фиристӣ. - Гӯям ё нагӯям? – духтар суол карду рухаш лоларо монд ва канда-канда посух дод. – Шумо ҳам ба ман маъқул шудед! Филҷумла, Сафару Ҷамила дар як дидану тӯлонӣ суҳбат намудан ба якдигар унс пайдо карданд, маъқул шуданд. Баъд бо дили кашол хайрухуш намуда, аз пайи кори хеш гардиданд. Дар зарфи ду моҳи оянда чаҳор маротиба бо ҳам вохӯрданд, соатҳо гарм-гарм суҳбат оростанд, риштаи муҳаббатро ногусастанӣ карданд. Якдигарфаҳмӣ ба андозае ба вуқуъ пайваст. Сафар ду бор Ҷамиларо то манзилаш гусел намуд, ки аз ин духтар курта-курта гӯшт гирифт, шод шуд. Шукр мекард, ки табъи дилаш ҷавонеро ёфт… Рӯзе, ҳини гусел кардан, Ҷамила ба ҳаяҷон омад, бо меҳр ба Сафар чашм дӯхту беихтиёр ин мисраъҳоро замзама намуд: Шабҳои бе туям шаби гӯр аст дар хаёл, В-ар бе ту бомдод кунам, рӯзи маҳшар аст. Сафар ҳарфе назад. Танҳо варо оғӯш карду аз рухсораҳош бӯсид ва ба киштии хаёл савор шуд… Дилбохтаҳо боз ба дидори ҳамдигар шарафёб гаштанд. Муҳовара оғоз ёфт. Ҳар ду андак кушодатар ҳарф мезаданд. Сухани яке сухани дигареро қувват мебахшид. - Хӯш, агар розӣ бошед, ҳамсар мешавем, – аз заврақи андеша сар боло намуд Сафар. – Чӣ гуфтед, барои ин чӣ бояд кард? - Эҳ-ҳ, ин савдои мушкил, – духтар дасташро аз дасти ҷавон раҳо карду жарф оҳи оташин кашид ва афзуд. – Нағз, ситораамон ба якдигар мувофиқ афтод. Вале хислат, яъне тинатамон, ки чизи асосист, чӣ? Оё аз аввал то охир ҳамфикр мешуда бошем? Ростӣ, узр, ман кам-кам инҷиқ, ҳатто зиштхӯ, ҳини хашмгин шудан касеро намешиносам, эҳтиром ҳам намекунам. Намедонам, ин гуна хислати нозеб ба ман кай, чӣ хел ва аз куҷо часпидааст? Ман метарсам, ки арӯс шуда, ба хонадонатон раваму зуд-зуд кашмакашу хархаша байни шавҳару хусур ва хушдоману пайвандон рух диҳанд, мани тирабахту хирасарро аз хонадон меронед, вассалом! Баъд ман мисли ҳезуми тар бо азоб месӯзам! (Давом дорад)


15

Њайроншуда Афтодану хестан бо як калима

Моњи толеънома

Дарёи калонтарини Полша

Мусофиркаш ба љойи «Газел»

Бо симсим ѓорро кушод (афс.)

Халќпараст

Корвон

Зулфия ..., шоира

Њиссаи нутќ Мурѓи даштии шикорї

Ќатраќатра баромадан

Пойтахти давлат дар Аврупо

Асбоби ченкунандаи муќовимати љараёни барќ

Русї – «стой», англ.«stop», тољикї -?

Пойтахти кишвари «роњзанњои бањрии а. 21»

Муќобили «марг»

Бањра, њисса

САНҶИШИ ДОНИШ

…и Султон, сароянда

Ченаки англисии дарозї, 2,54 см

Гил, хоки тар Коргардони филмњои афсонавии шўравї

Намуд, сурат

Тахтаи дандонадор њамворкунаки шудгор

Миллат дар Осиё

«Ќолин»и резинї

Номувофиќ, номуносиб

Хатиби масљид

Шўриш, балво

Асари Бобољон Ѓафуров

Њарфи арабї

... Азизов, овозхон

Аз як забон ба дигар гардондан

Болопўши асп ва хар Шўришгар, балвогар «Бори ... ба манзил намерасад»

Рутубат, тарї

... ву ишора

Шафќат

... -де-Жанейро

Майдаи нон

Рўзи љашн Душворфањм

Зиёдшавї

Даво, дармон

... Нозимов, овозхон

Равшанзамир

... и барќи обии Норак Тамѓаи яроќи Калашников

Шакли кўтоњи Геннадий

Партия

Номи занонаи русї

Шарм

Љањон

Тори хона

Дўсти Винни-Пух, хар

Ашёи хом барои томат Равия дар ислом Матоъ аз пахта Таѓйироти куллї

Соф, тоза, холис, беѓаш

Паррандаи хурди синасурх

Муќобили хуб

Амрикоро баъди Колумб ёфт

Бале

Роњи ќатора аз он иборат аст

бемории шадиди рўда

«Хулиган» бо тољикї

Шоир Абулќосим ...

Кобра, гурза

Мањдудият дар интиќоли барќ

Меваи пешпазак

Кори ... хандаи рўз

Шоир ... Миршакар

Ширкати њавопаймоии Русия

Сканворд

Гўштингир Расул …

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

Жанри мусиќии ѓарбї


16

 СЕҲРИ ХОМА

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №42 (9468), 20.10.2016

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Се элак

Дар автобус: - Билети шумо? - Нест, а аз шумо? - Ман кондукторам! - Ман электрикам, пас бояд пули барқ насупорам?

Рӯзе як мард ба назди Суқрот омада пурсид: - Дӯсти ту дар бораи ту ба ман баъзе чизҳои аҷиб гуфт. Донистан мехоҳӣ? - Сабр кун, - гуфт Суқрот. – Қабл аз он ки чизе бигӯӣ, аввал суханони худро аз 3 элак гузарон. - Барои чӣ? – ҳайрон шуд он мард. - Ин роҳи дуруст аст, ҳоло худат мефаҳмӣ. Қабл аз гуфтани он суханҳо хуб фикр бояд кард ва суханони худро аз се элак бояд гузаронд. Элаки якум элаки ҳақиқат аст. Ту аниқ медонӣ, ки он суханҳо ҳақиқатанд? - Не, ман инро аниқ гуфта наметавонам, - худро гум карда гуфт мард. – Ман танҳо хостам, ки суханҳои аз каси дигар шунидаамро ба шумо нақл кунам. - Хуб, ту намедонӣ, ки он суханҳо ҳақиқат доранд ё не. Пас, элаки дуюмро мегирем, ки он элаки некӯӣ аст. Дар он суханҳое, ки ту ҳоло ба ман нақл кардан мехоҳӣ, ягон чизи хуб ҳаст ё не? - Не, - ҷавоб дод мард. – Баракс, ҳама суханони бад ҳастанд... - Хуб, мо инашро низ аниқ намудем, - гуфт Суқрот. – Маълум мешавад, ки ту ба ман чизи бадеро гуфтан мехоҳӣ. Инак, элаки сеюм – элаки манфиатро мегирем. Аз он маълумоте, ки алҳол ту ба ман нақл кардан мехоҳӣ, бароям манфиате мерасад ё не? Зарурати онро донистани ман вуҷуд дорад ё не? - Гумон мекунам, ки не, ба ин чандон зарурат нест. - Ана, акнун мо тамоми суханҳои туро аз элак гузарондем. Биё ҳар ду натиҷаашро аз назар мегузаронем. Маълум мешавад, дар суханҳое, ки ба ман гуфтан мехостӣ, на ҳақиқат вуҷуд дорад, на некӯӣ ва на манфиат. Пас, барои чӣ онҳоро ба забон биёрем?

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

МЕҲРОБ АЗИМОВ

***

Мақоли яҳудиҳо: Вақте мард наметавонад занро дӯст дорад, пас ҳар чи ки пеш омад, дӯст доштан мегирад: зодгоҳ, кор, ҳизб, иттифоқи касаба ё тушбера.

***

Духтар назди фолбин меравад: - Маро ду кас дӯст медоранд. Гӯед, ки хушбахтӣ насиби кадоми онҳо мешавад? Фолбин қартаҳоро тунук карда, сипас бодиққат ба духтар нигоҳ мекунад ва мегӯяд: - Хушбахтӣ насиби Шариф мешавад. - Урааа! Пас, ман ба Шариф ба шавҳар мебароям! - Не, ту зани Мурод мешавӣ.

***

Писар вақте фаҳмид, ки духтар аз аскарӣ баргаштани ӯро интизор аст, рафта шартнома баст.

Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

***

Дар бозии футбол яке аз мухлисон аз писарак мепурсад: - Аз куҷо пул ёфтӣ барои чунин билети гарон? - Падарам харид. - Худаш канӣ? - Дар хона. Билет кофта истодааст.

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

 ОБУНА - 2017

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №41013, ки Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 2011 ба Раҳмоналиев Талабиддин Камолович додааст, эътибор надорад.

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Аттестати гумшудаи силсилаи Н №093168, ки собиқ МТМУ №57-и ноҳияи Фрунзе (ҳоло Сино) соли 1992 ба Джалалитдинова Дилафрӯз додааст, эътибор надорад. Патенти соҳибкории Ҳасанов Маъмурҷон Мақсудҷонович бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи шаҳрванд Шоев Қандил Махмадрачабович (соли таваллудаш 17.06.1989), ки ШВКД Сино-1 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316254, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

ҲАМДАРДӢ

Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба модару кӯдаки вазорат Узакова Урунбиш Ҷӯрабоевна нисбат ба марги нобаҳангоми

ДОМОДАШ

ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва пайвандону наздиконаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6759 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.