Ҷавонони Тоҷикистон, №43, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №43 (9573), 25/10/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Пиш-пиш мегум, “пишкако”-и дарара... саҳифаи

4

Хизматчиёни ҳарбӣ ҷоннисорӣ мекунанд... саҳифаи

5

Дар ҳастии мо нақши абад монда китоб... саҳифаи

6

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ! саҳифаи

7

Дарвозабон ними даста аст

Сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

саҳифаи

Қарзи фарзандӣ

Тавре масъулони раёсати САҲШ-и ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳанд, аксари ноболиғоне, ки оила барпо мекунанд, аз 16-сола болоанд, аммо тибқи қонунгузории кишвар онҳо ҳанӯз ашхоси ба балоғат нарасида маҳсуб меёбанд. Додгоҳ бо дарназардошти вазъи душвори оилавӣ (ятим мондан ва ё бемории волидон) ба никоҳи онҳо розигӣ медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар соли 2017 мақомоти судии Тоҷикистон ба таври истисно ба 800 нафар ноболиғ иҷозати оиладоршавӣ доданд. Зуҳуроти нангини издивоҷи духтарони ноболиғ, бо вуҷуди эътирозу норозигӣ ва манъи қонун то ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо идома дорад. Волидони духтарони ноболиғ боре ҳам андешаи таҳсили фарзандашонро накарда, танҳо дар фикри онанд, ки зудтар онҳоро ба хонаи “бахт” гусел намоянд. Ҳатто барои он ки издивоҷи ноболиғонро тобиши қонунӣ диҳанд, ба суд муроҷиат намуда, расман иҷозат ҳам мепурсанд, ки қонуншикание ҷой надорад. Аммо магар қонуни виҷдони худашон ба онҳо иҷозат медиҳад, ки зиндагии ширини фарзанди хурдсолашонро, ки андеша накарда, ба хонаи бахт гусел мекунанд, аммо дар асл онҳоро ба чоҳи азобу машаққат мепартоянд, талх кунанд? Ҷойи шак нест, ки чунин оилаҳо умри тӯлоние намебинанду ба зудӣ пош мехӯранд.

саҳифаи

9

12


2 Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-МеҳрободМаданиятро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд - Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад. Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, қубурҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой-МеҳрободМаданият, ки дар татбиқи яке се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст. Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди ДеҳмойМеҳробод-Маданият 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст. Масофаи умумии пулҳои навсохташуда ва таҷдидшуда дар қитъаи роҳи Деҳмой-МеҳрободМаданият зиёда аз 160 метрро ташкил дода, ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ давоми ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-МеҳрободМаданият марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди ХуҷандИсфара пурра амалӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат ба бунёдгарони роҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд. Сарвари давлат ҳамчунин масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қитъаи роҳи

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

Сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Субҳи рӯзи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. мошингарди Деҳмой-МеҳрободМаданият муваззаф намуданд. ИФТИТОҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хиост” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Майдони Парчами давлатӣ дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст, ки барои сайругашти сокинон макони мувофиқу дилфиреб аст. Акнун дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро боло ва ҳисси меҳандӯстии сокинонро тақвият мебахшад. АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ УСТОД САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БӮСТОН Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Муҷассамаи наву барқади Садриддин Айнӣ бо баландии 5 метр қомат афрохта, пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ҳайкалтарош Рустам Маҷидов буда, мақсад аз гузоштани он арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахти шоҳбулут шинониданд. Иттилоъ дода шуд, ки Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замин доман паҳн карда, яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ҳангоми навсозии ин иншоот бештар аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Хабар дода шуд, ки барои анҷоми босифати тадбирҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузоштани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Бӯстон даромадгоҳҳо ё дарвозаҳои асосии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст. Дар ин ҷо 3 фаввора, амфитеатр бо

300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад нишасткурсиҳо, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алахусус кӯдакон бунёд ва васлу насб гардидаанд. Сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ гӯшаи китобхона ва намоиши ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон бунёд шуд. Дар ин мавзеи истироҳатӣ кӯдакону наврасон ҳамчунин метавонанд дар баробари гузаронидани фароғати хуб ба омӯзиш низ ҷалб гарданд. Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд. Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ” ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ 23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018 давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон ду гармхонаи навро ифтитоҳ карданд. Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 - ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли дарахтони зардолу шинонида шуд. Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ карда шуд. Дар ин ҷо бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Рӯзҳои охир боғдорон даҳ тонна анорро ҷамъоварӣ ва дар сардхона захира кардаанд. 20 тонна ангури навъи “тоифӣ” низ захира шуда, ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар масоҳати 0,35 гектар се кули навро ба истифода доданд. Дар он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи пешонағафси сиёҳ ва ало, зағорамоҳӣ ва амури сафед сар дода шуд. Табиати Тоҷикистон барои кишти дилхоҳ зироат ва парвариши ҳайвоноту паррандаҳои гуногун дар ҳама фаслҳои сол мувофиқ аст. Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Моҳипарварӣ низ дар кишвар яке аз соҳаҳои манфиатовар ва камхарҷ ба шумор рафта, моҳипарварон аз ҳисоби даромади он сатҳи зиндагии худ ва шароити хоҷагиҳоро беҳтар менамоянд. Баъди сар додани моҳиҳо ва шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд. www.prezident.tj


Роштқалъа: Рамзи мардонагиву шуҷоат Нақшаи даъват

Ҷавонон ҳимоятгари мероси ниёгон

ВМКБ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ бо хонандагони МТМУ – и № 4 мулоқот карданд. Масрур Ғайратов, мудири бахш гуфт, ки вохӯрӣ дар асоси нақша - чорабиниҳо рӯи кор омада, дар он моҳиятан мавзӯъҳои худшиносии ҷавонону наврасон, аз худ нишон додани ҳушёрии сиёсӣ, асолати меҳанпарастӣ ва рамзи мардонагиву шуҷоат, хизмати модар – Ватану муқаддас донистани ин қарзи фарзандии хеш, таҳкими Артиши миллӣ ва ҷузъу томҳои низомии мамлакат дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ баррасӣ шуданд. М. Ғайратов афзуд, ки толибилмон моҳияти суҳбатро бо дарки масъулияти баланд ва ифтихор аз давлату ватандорӣ пазируфта, ваъда доданд, то дар оянда баҳри гулгулшикуфӣ, пешрафт ва суботи Тоҷикистон талошҳои воқеӣ менамоянд. Феълан вохӯриҳои марбут дар ҳамаи мактабҳои ноҳия ба роҳ монда шудаанд.

100 фоиз иҷро гашт

Ноҳияи Роштқалъа ҳам дар баробари дигар шаҳру навоҳии ВМКБ нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро 100 фисад иҷро кард. Дар ин бора Зуҳро Муллоҳукматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш хабар дода гуфт, ки рӯзҳои охир сафи ихтиёриён зиёд буда, ҳамчунин ҷалби ҷавонон тариқи мулоқотҳои судманд бо волидони онҳо низ сурат гирифт. Ҳамин тариқ, Роштқалъа аз байни шаҳру ноҳияҳои вилоят шашумин шуда, нақшаро пурра иҷро намуд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Форуми хизматчиёни ҳарбии ҷавон ва ҷавонони синни даъватӣ доир мегардад

ДУШАНБЕ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30уми октябр то 1-уми ноябр “Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбии ҷавон ва ҷавонони синни даъватӣ” баргузор мегардад. Дар он иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генералону собиқадорони соҳа, афсарону сарбозон, волонтёрони ҷавон ва воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар назар аст. Тибқи нақша форуми мазкур 30 октябр бо садо додани Су-

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

руди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Инчунин баромадҳои сарбозони қисми низомӣ, ки ӯҳдадориҳои ҳарбияшонро иҷро намудаанд, волидайни сарбозон ва ҷавонони фаъол шунида мешавад. Мақсад аз баргузории ин Форум пеш аз ҳама тақвият бахшидан ба донишу малака ва таҷрибаи касбии хизматчиёни ҷавон ва бедор намудани ҳисси баланди ватандўстӣ дар за-

мири ҷавонони синни даъватӣ мебошад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Ёдовар мешавем, ки “Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбии ҷавон ва ҷавонони синни даъватӣ” дар ҷумҳурӣ бори аввал гузаронида мешавад.

Ифтитоҳи бозиҳои донишҷӯён дар шаҳри Душанбе 20 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо” маросими ифтитоҳи даври дуюми мусобиқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар оғоз баъди ворид шудани ҳайати доварон ва мураббиён ба толор дастаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иборат аз намудҳои бокс миёни мардон ва занон, гӯштинҳои миллӣ, тарзи озод, самбо, дзюдо, варзиши сабук байни мардон ва занон ва волейбол байни писарон ва духтарон ба навбат зери мусиқиҳои ватандӯстона саф оростанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Прези-

денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рӯз аз рӯз рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Тадбирҳои зарурӣ дар ин самт руйи кор омада, ҳар яки моро рӯҳбаланд мегардонад ва бунёд гардидани наздики 100 иншооти варзишӣ дар пойтахт танҳо дар соли 2018 шаҳодат аз гуфтаҳои болост. Баъди садо додани Суруди миллии Тоҷикистон мусобиқаҳои шаҳри Душанбе байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе кушода эълон гардид. Даври дуюми мусобиқаҳо дар толору иншоотҳои гуногуни шаҳри Душанбе аз 20 октябр то 31 октябр идома меёбад ва дастаҳои ғолиб дар алоҳидагӣ аз ҳар як намуди варзиш ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.

Муниса ДОДОВА, “ҶТ”

ХАТЛОН

Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ҷиҳати рушд бахшидан ба соҳаи туризми дохилӣ як гурӯҳ волонтёрони назди Раёсат ва ҷавонони фаъоли минтақаи Бохтар бо саёҳати якрӯза ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ сафар намуданд. Сараввал ҷавонон дар ноҳияи Восеъ аз қалъаи таърихии

“Ҳулбук” дидан намуда, сипас ба таърихи нигораву мусаввараҳои осорхонаи ба номи “Ҳулбук” ошно гардиданд. Дар ин сафар саёҳаткунандагон аз Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Осохонаҳои Кӯлоб ва муҷассамаи 2700 – солагии Кӯлоб” боздид намуда, инчунин ҷавонон зиёрати Алломаи Машриқзамин Мир

Сайид Алии Ҳамадониро ба ҷо оварданд. Пас аз саёҳат дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ амалӣ таҳти унвони “Ҷавонон ҳимоятгари мероси ниёгон” доир гардида, гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкили ин саёҳат огоҳ намудани насли ҷавон аз таърихи пурғановати аҷдодони миллати тоҷик мебошад.

Ҷавонон бар зидди ВНМО Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон бар зидди ВНМО» доир шуд. Масъулин зимни суханрониҳо иброз доштанд, ки ВНМО бемории сироятӣ буда, ба саломатии ҷомеа хатари бузург дошта, ҷавонон аз ин вабои аср бояд худро дур нигоҳ доранд. Зеро тибқи маълумоти Барномаи СММ оид ба мубориза алайҳи ВНМО ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз ВНМО сироят меёбад, ки тақрибан 50 фоизи

онро нафарони аз синни 16 то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон қариб 60 млн нафар одамон аз ВНМО сироят ёфтаанд, ки аз ин шумора 20 млн нафарашон ба ҳалокат расидаанд. Дар идома гуфта шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 814 ҳодисаи сироятёбӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 566 нафар мардон ва 248 нафараш занон мебошад.

Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”

СУҒД

Баргузории аксияҳои ватандӯстӣ дар Хуҷанд Дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи волонтёрон аксияҳои ватандӯстӣ таҳти унвони “Ба муҳофизати Ватан омодаем”, “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” ва “Барои Тоҷикистон хизмат мекунем!” гузаронида шуд. Дар доираи аксияи мазкур во-

лонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд варақаҳои таблиғотӣташвиқотиро дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ тақсим намуда, бо ҷавонон оиди зарурати хизмати Модар-Ватан сӯҳбат намуданд.

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон Аз 10 то 20-уми октябр, дар шаҳри Конибодом байни 20 дастаи ташкилоту идораҳои шаҳр мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Мусобиқаҳои мазкур дар майдончаҳои варзишии муосир бо ҷалби васеи ҷавонону ҳаводорони ин навъи варзиш ба роҳ монда шуда, пас аз қувваозмоиҳо ҷои ав-

вал насиби дастаи “Имрон”- и шаҳр гардид. Дар қисмати ҷамъбастии мусобиқа Дилшод Ҷураев, ноиби Президенти Федератсияи футболи Точикистон иштирок намуда, ғолибонро бо тӯҳфаву ифтихорномаҳои Федератсия сарфароз гардониданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”

ШНТМ Дар ноҳияи Файзобод мусобиқаи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ байни дастаҳои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои ноҳия баргузор гардид. Тибқи иттилоъ, 36 даста дар мусобиқаҳои футбол ва 16 даста дар мусобиқаҳои волейбол бо ҳам қувва озмуданд.

Баргузории мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми вазир Аз рӯи ҷамъбасти бозиҳои волейбол ҷойи якум насиби дастаи ҷамоати деҳоти Мискинобод гардид. Дастаҳои ШВКД-и ноҳия ҷои дуюм дастаи ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои намуди футболи хурд бошад, дастаи ҷамоати деҳоти Мискинобод ҷои якум, дастаи шаҳраки Файзобод ҷои дуюм ва дастаҳои кӯчаҳои ба номи Розиқзода ва А. Ҷомӣ ҷои сеюмро

ишғол намуданд. Ба ғолибон Ҷоми вазири корҳои дохилӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”


4 Гузаштагонамон гуфтаанд, ки “Мусиқӣ рӯҳро навозиш мекунад”. Бигузор чунин бошад. Аммо ба худ меандешам, ки “охир бо кадом мусиқӣ имрӯзҳо рӯҳамро навозишу қалбу ҷонамро таскин бахшам?” Кӣ сурудҳои орому таскинбахшро дар хонаву корхона, дӯконҳои фиттафурӯшӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ёд кардааст? Шояд баъзеҳо не, аммо бовар дорам, аксарият сахт пазмони шунидани чунин сурудҳо гаштаанд. Мутаассифона, имрӯҳо метавон дар ҳар макон худро дар тӯйхонаву тарабхона тасаввур кард. Дигар на корманди дӯкони фиттафурӯшӣ, на ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ парвои нафари аз кор баргаштаи хаста ё зани дардманду азодорро надорад. Ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ базми тӯёнаи сарояндаеро баланд кардаву дар ҳавои он чандин чароғакро сурх мегузарад ва дигар парвои онро надорад, ки дар дохили нақлиёташ кӣ бо чӣ рӯҳия нишастааст. Аҷабо, чӣ кайфияти баде! Хайр инро як сӯ гузорем. Мо ба бефарҳангии баъзе ронандаву фурӯшандаи дукони фиттафурӯшӣ кор надорем. Аммо асли масъала ба он рабт мегирад, ки имрӯз сарояндагони мо аз касбият канор рафтаву худро ба тӯю маъракаҳо задаанд. Кӣ парвои шеъри баланд ва оҳанги хубро кунад? Ба қавли Момаи Баргигул ва Бобои Файз “Думбразан ҳам як шуда, дойразан ҳам як шуда”. Сарояндае замоне бо оромӣ шашмақому фалак мехонд, имрӯз бо шуру шавқ рӯ оварда ба сароиши таронаҳои тӯёна. Агар аз ин қабил сарояндаҳо бипурсӣ, ки чанд соли охир чӣ сурудеро дар жанри худат эҷод кардӣ, шояд забонаш лол монад. Кӣ чӣ андеша дорад, он мавқеи ӯст. Аммо медонам бисёриҳо ҳамчун роғибони санъати хуб аз шунидани ин қабил мусиқиҳо сахт хаста шудаанд. Воқеан чаро таронаҳои тоҷик хусусияти тӯёна гирифтаанд? Сабаб чист, ки сарояндаҳо аз касбият дур шуда, ҳама думболи тӯю маъракаҳоро гирифтаанд? Омили рӯ овардани онҳо ба ин қабил суруд чист? Пахши бемавқеи сурудҳои тӯёнаро дар кӯчаву бозор ва нақлиёти ҷамъиятӣ бояд кӣ мазаммат кунад? Бешак сабаби аслии сароиши таронаҳои тӯёна набудани роҳҳои дигари даромад дар сарояндагони тоҷик мебошад. Дар ин самт сарояндаҳо миёни ҳам рақобат карда, бо сабту наворбардории базмороии худ ва гузоштани рақами телефон дар зери навор кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи беш-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

МАВЗӮИ РӮЗ

Пиш-пиш мегум, “пишкако”-и дарара... ё чашмандозе ба касбияти баъзе “ҳунармандон” тар муштарӣ пайдо созанд. Ҳатто маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик, чун Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Фирӯза Ҳафизова, Зулайхо Маҳмадшоева ва дигару дигар бо сабти базмороҳои бисёрдақиқагӣ “маъруф” гаштаанд. Ҳусейн Шарипов, навозанда ва овозхони ҷавон чунин андеша дорад, ки имрӯз бештари сарояндаҳои тоҷик баҳри исботи он ки онҳо маҳорати хуби тӯйгузаронӣ доранд, ба ингуна сурудҳо рӯ овардаанд. Чуноне ӯ мегӯяд: “Дар ҳоле, ки ҳунармандони пешин, Одина Ҳошим, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Кароматуллоҳи Қурбон, Нигина Раупова бе пешниҳоди сабти таронаҳои тӯёнаи худ пайваста ба маъракаҳои мардум даъват мешуданд. Ҳунарманди ҳирфаиро бе гӯш кардани базморояш дар фитаву интернет ба тӯю маъракаҳо даъват мекунанд. Зарурат нест, ки бо сабти таронаҳои тӯёна ба мардум исбот намоӣ, ки “ман тӯй гузаронида метавонам”. Сарояндаҳо имрӯз таҳти унвони “попурӣ”, ки дар ҷодаи мусиқӣ суруди сеқисмаро гӯянд, ба мардум исбот карданӣ мешаванд, ки онҳо сарояндаи тӯёободкун ҳастанд”. Дирӯз, дар “Youtube” навореро доир ба нарху навои сарояндаҳои тӯйгарди тоҷик тамошо кардам. То куҷо ҳақиқат дораду то куҷо не, инро ба муаллифи навор (шабакаи “БА ФИКР”) ҳавола мекунем, аммо дар ин навор гуфта мешавад, ки Қадами Қурбон аз 300 то 500, Бобораҷаб аз 400 то 600, Рустами Нур аз 600 то 1200, Сангалӣ Мирзоев аз 700 то 1000,

Зафар Аюбӣ аз 700 то 1000, Фариддуни Хуршед аз 900 то 1500, Валиҷон Азиз аз 1500 то 2300, Садриддини Наҷмиддин аз 2800 то 4000, Фирӯза Ҳафизоа аз 700 то 1500, Фарзонаи Хуршед аз 1200 то 2400, Нигина Амонқулова аз 1800 то 3300 ва Шабнами Сурайё аз 2800 то 5200 доллар барои гузаронидани як тӯй давоми се соат мегиранд. Вақте ин маблағи ҳангуфтро бе дарди миён, давоми се соат онҳо аз худ кунанд, то замоне касе ба онҳо муқобилият накунад, чӣ парвои нестшавии фарҳану мусиқӣ ва хароб кардани асаби мардумро доранд? Балки дилхоҳ шеърро оҳанги “базморо” баста мехонанд: Ҷон бачаи нағмагар, Ҷомаи махмал ба бар. Кошкӣ шави астарш, Ғамза кнм дар барш. Ин мисраҳо аз суруди базморои Ситораи Кароматулло мебошанд. Ӯ бо маҳорати хуби шашмақомсароӣ ба ҷодаи санъати тоҷик ворид шуд. Аммо чандест аз нағмаҳои ким-кадом бачаи нағмагару ҷилва кардани астар қисса мекунад. Мо ку ҷилваи астарро надидаем: Меваи дилм хомай, Ин дилакм дар домай. Оҳ чӣ кнм, ки ёрм, Кафтараки ҳар бомай. Мо ҳаргиз мухолифи пешниҳоди сурудҳои тӯёна нестем, вале чун баъзе аз сарояндагон мақоли “Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд”-ро сарфи назар кардаву аз касбият дур мешаванд, басо дилгиркунанда аст. Як сабаби рушд накардани жанрҳои миллӣ шашмақому фалак дар он

аст, ки имрӯз шашмақомхон мақом намесарояду фалаксаро фалак. Шояд баъзан кам будани маош сарояндаҳоро маҷбур мекунад, ки ба сабку услубашон хусусияти тӯёна бахшанд. Аммо месазад, ки сарояндаҳо баъзан барои рушди овозхонии касбӣ дар кишвар ба зиндагии мушкилу кампайса каме ҳам бошад тоқат намоянд. Мушоҳида мешавад, ки баъзе овозхонҳои моро на роҳи кампулӣ балки ҳирси доштани мошинҳои гаронқимат ба ғалатхонию тӯёнаҳои сабуки подарҳаво маҷбур месозад: Сидот-сидот мекнм азизам, Дздида нигот мекнм азизам, Агар биёй ба наздам э азизам, Ҷонма фидот мекнм азизам. Фарҳоди Дарё, сарояндаи маҳбуби афғон дар мусоҳибааш гуфтааст, ки аз ҳад зиёд шудани овозхон ба ҷашнҳои арӯсӣ ва пайваста эҷод кардани таронаҳои тӯёна боиси рушд накардани касбияти ҳунарманд мешавад. Овозхонҳо овораи тӯю маъракаҳо шуда, оқибат умрашон мегузараду аз худ чизе боқӣ намемонанд: “Аз баски дар аксар кишварҳои Осиёи Миёна сарояндаҳо бо дигар роҳҳо имконияти пул ба даст оварданро надоранд, маҷбур мешаванд, ки рӯ биёранд ба тӯёнахонӣ. Мо бузургтарин ҳунармандонро дар тӯйҳо аз даст додем. Онҳо метавонистанд, ки сурудҳои мондагоре аз худ боқӣ гузоранд. Бояд ҳунарманди тӯйрав ҷудо бошаду ҳунарманди касбӣ ҷудо,”-афзуда буд ин ҳунарманди мумтоз. Очама мегум атам таксӣ мезана, Кӯлобу Дшанбею Данғара мезана. Литсензияву ГАИ-ра дилша ёфтайе, Ӯ маст шидай, қатии мо гап намезана. Очама мегум, очама мегумееееееее Мисраъҳои боло баёнгари онанд, ки баъзе сарояндаҳо на барои рушди санъати мусиқӣ, балки барои тӯйҳо кӯр-кӯрона суруд месароянд ва худ гоҳе суруд эҷод мекунанд. Рӯзноманигор, Фирӯз Комилов ин андешаро тақвият дода мегӯяд: “Сарвати моддӣ муваққатист, дер намепояд. Аммо сарвати маънавии ҳунарманд, ки он сурудаҳои пурмазмунаш мебошанд, мондагор ва солҳо боқӣ мемонанд. Мисли таронаҳои марғуби Аҳмад Зоҳир”. Дунёи савдо бигзарад, Андӯҳи дилҳо бигзарад... Ҳамчун замини бекарон, Некӣ бимонад ҷовидон.

Чӣ зебо, чӣ дилнишин, чӣ гуворо ва чӣ таскинбахш месарояд Далер Назар. Бовар дорам, асрҳои аср ин мисраъҳо бо овози форами ин сарояндаи маҳбуб ҷовидонӣ хоҳанд шуд. Аммо чаро ин сарояндаҳои тӯйгард намеандешанд, ки аз касбият дур нашудани Далер Назар ӯро камбағалу гумном не, балки машҳури ҷаҳон гардонид. Фақр ҳеҷ гоҳ ёри ҳунарманди воқеӣ намешавад. Зеро сарвати ӯ суруду тарона ва оҳангҳои пурмазмунест, ки пешниҳоди аҳли зиё намудааст. Сурудҳои рақсӣ бояд бошанд. Аммо ҳар услубро салиқаест. Чаро дигар Аҳмад Зоҳир, Кароматуллоҳи Қурбон, Одина Ҳошими нав пайдо намешавад? Чаро чизе нав ба санъат ворид намекунад, ки то ояндагон бо сурудаҳои онҳо нозанд? Чаро сурудҳои Одина Ҳошиму Аҳмад Зоҳирро сад даъфа гӯш кунем, хаста ва дилгир намешавем? Ай дил, ай дил, ай дилме, Ай ғамакот бемор шидай дилме... Мисраъ не, ҳарзае аз суруди тӯёна аст. На овозе, на овое, на навое. Сад ҳайфи санъати тоҷик, ба ин қабил сарояндаҳо! Чаро ин сарояндаҳо чунин менигоранд, ки барои матнҳои сурудҳои тӯёна на вазн лозим асту на маънию на қофия. Чӣ, онҳо фикр мекунанд, ки дар тӯй ба матнҳои сароидаашон касе диққат намедиҳад? Бадбахтона агар дар ин базмороҳои аксари сарояндаҳои тоҷик мантиқу маъно ва таносуби суханро бо заррабин ҷустуҷӯ намоем, пайдо карда наметавонем. Балки онҳоро лабрез аз алфози фаҳшу қабеҳ дармеёбем. Шояд “пиш-пиш” гуфтанҳои “сароянда”- и кӯчагие бо номи Қадами Қурбон ба пишакҳои қади дара ба аксари тӯйбошиҳо писанд бошад, ки ӯ пайваста ба даст тапончаву камон гирифта, ба эҷоди сурудҳои фашҳ машғул аст: Пиш-пиш мегум, пшкакои дарара, Ёр мегирм дхтари Сарчшмара... Чӣ завқи пасте. Бузургони санъати мусиқии тоҷик барои пешбурд ва муаррифии санъати мусиқии тоҷик кушишҳо ба қиммати ҷон намудаанд. Рисолаҳои “Китобул-мусиқӣ-ал-кабир” Абӯнасри Форобӣ, “Қитоб-уш-шифо”, “Китоб-ун-наҷот”, “Рисола фил-мусиқӣ” қисматҳои алоҳидаи “Донишнома”-и Абӯалӣ ибни Сино, “Рисола-уш-шарафия” ва “Китоб-ул-адвор”-и Абдулмӯъмин Саифиуддини Урмавӣ, “Рисолаи мусиқӣ”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳо асари дигарро метавон дар бораи тамаддуни мусиқии тоҷик ном бурд. Аммо “Хар чӣ донад хӯрдани қанду набот”... Нуқта намегузорем. Ҳатман перомуни дигар паҳлӯҳои ин масъала шумораи баъдӣ равшанӣ меандозем. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”, Бахтиёр РАҲМОНИЁН, рӯзноманигор


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

ФОРУМ

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд Қабл аз ҳама, Шумоёнро барои иштирок дар Форуми хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки бори аввал дар ҷумҳуриамон баргузор мегардад, хайрамақдам мегӯям! Бояд қайд намоям, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо мақсади тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз 1 марти соли равон Ҳукумати мамлакат Қарорро “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022” қабул намуд. Чорабинии имрӯза низ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат ва баҳри амалигардонии барномаи мазкур баргузор гардида истодааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “...имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, аз он ҷумла, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат намуда, дар пешрафти иқтисоди миллӣ, таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳиссаи назарраси худро гузошта истодаанд”. Ғамхориҳои пайваста, таваҷҷуҳи зиёд ва эълон намудани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Соли ҷавонон, бори дигар аз сиёсати хирадмандона ва ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Бояд ёдовар шуд, ки Артиши миллӣ, яке аз ҷузъҳои давлатдории навини тоҷикон буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни намояндагони халқҳои гуногунмиллати Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Дар давраҳои бениҳоят вазнин талошу муборизаҳо барои пешгирии парокандашавии кишвар, давраи озмоишу имтиҳонҳои ҷиддӣ Артиши миллӣ таъсис ёфт. Имрӯз Артиши миллӣ, ки дар сафҳои он асосан ҷавонон адои хизмат менамоянд, ба як қувваи боэътимод, сипари сулҳу субот ва кафили зиндагии осоиштаи мардум табдил ёфтааст. Истилоҳи “вазифаи муқаддас” ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан аз муқаддасоти Ватан бармеояд. Ватан ба сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд буда, ба алоқаи имрӯзаи сокинони кишвар бо ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештараи ниёгонамон ишора мекунад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи ҳудуди ҷуғрофӣ, ҳимоя ва истифодаи оқилонаву самараноки боигариҳои фарҳангию табииро пешбинӣ менамояд. Ватан маънои давлати миллӣ, ҳудуди ташаккулу инкишофи

анъанаҳои давлатдории миллӣ ва пуштибонӣ аз онҳоро дар назар дорад. Ҳисси ватаншиносӣ дар Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ ифода ёфтааст. Дар шароити имрӯза, яъне вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва хатарҳои терроризму экстремизм нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаи муқаддаси Шумо ҷавонон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида, дар фазои дӯстию бародарӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар адои хизмат менамоянд. Меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ҳамаи онҳоро сарҷамъ намуда, тӯли чанд муддат паҳлӯ ба паҳлӯ аз мактаби родмардиву ҷасурӣ сабақи зиндагӣ меомӯзанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бештар аз 87 фоиз ҷавонон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва номуси баланди миллӣ адои хизмат менамоянд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ қувваҳое ҳастанд, ки аз нерӯи бузурги ҷавонон истифода бурда, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноку нопоки худ истифода мебаранд. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо ташвиш зикр намуданд: “...Яке аз омилҳои густариш пайдо намудани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияи муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, омода ва роҳбарӣ намудани онҳо ба амалҳои харобкорона маҳсуб мешавад”. Барои он ки ҷавонон воқеан ҳам тақдири ояндаи миллатро ба даст гиранд, истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз карда тавонанд, бояд ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ дошта бошанд. Бо ин мақсад, мо бояд корро дар самти тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ба таври муассир ба роҳ монда, ҳамкориро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми вазорату кумитаҳо ва ташкилоту созмонҳо вусъат диҳем. Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон, аз он ҷумла, афсарону сарбозон талаб мекунад, онҳо ба халқу Ватан ба Президенти кишвар ва Савганди ҳарбии худ ва ба хоки муқаддаси Ватан содиқ бошанд ва агар лозим шавад, бар ивазаш ҷони худро дареғ надоранд. Бо ин мақсад, дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа шароитҳои

хуби хизмату истироҳат ва азхуд намудани малакаю маҳорати касбӣ фароҳам оварда шудааст. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ва қадрдонӣ нисбат ба таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ, эҳтироми расму оин ва забони халқу миллатҳои дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғиби мунтазами ватандорию ватанпарастӣ ва ифтихормандӣ аз зиндагии осоиштаи ҷомеа ва тарғиби доимии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати мудофиа сиёсати дурандешонаи Пешвои миллатро оиди дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ҳамеша ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, баҳри дар сатҳи баланд татбиқ намудани он дар оянда низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар махсус таъкид гардид: “Бигзор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад”. Шумо хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони бонангу номуси мамлакат набояд фаромӯш созед, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ба зиммаи Артиши миллӣ вогузор карда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва нерӯву малакаи касбии худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии сокинони кишвар равона намоем. Хотирнишон менамоям, ки Шумо ҷавонон бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаамон сабақи мардонагӣ гирифта, дар баробари нишон додани садоқат ба Ватан, инчунин аз таърихи миллати худ огоҳ ва зираку ҳушёр бошед. Ҳисси ватандӯстӣ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир мебошад. Боварии комил дорам, ки афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ ба Савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ адо мекунанд. Ба Шумоён саодатмандӣ, тани сиҳат ва ба кори Форум комёбиҳои беназир орзумандам.

Шералӣ МИРЗО, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 Хизматчиёни ҳарбӣ ҷоннисорӣ мекунанд...

...то мардум хоби ором дошта бошад 27 сол муқаддам миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, ки орзуи чандинсолааш буд. Аммо бадхоҳону бадтинатон ин гавҳари ноёбро нодида гирифта, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъияти дохилии кишварро ноором гардониданд. Ин нооромиҳо рӯз то рӯз доман паҳн карда, ҳазорҳо хонаро валангору садҳо одамонро аз зиндагӣ маҳрум гардониданд. То ҷое давлати навтаъсиси мо ба коми нобудӣ расида буд. Дар он давраи ҳассос ва бениҳоят мураккаб сохтори идоракунии давлатӣ хеле заиф буд. Барои бартараф намудани ин вазъияти мураккаб ва ором намудани фазои кишвар, ҳимояи марзу бум зарурати ташкили мақоми мустаҳкаме, ки оромии давлат ва амнияти мардумро таъмин карда тавонад, ба миён омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Токистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри ин қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун гардонида, ҳисси гиромидошти ҳар ваҷаб хоки Ватанро дар ниҳоди онҳо ҷо намуд. Ба касе пӯшида нест, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баъди Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфт ва дар ин ниҳоди қудратӣ корро аз сифр оғоз карданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ вуҷуд надошт. Норасоии мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҳис мешуду аз лиҳози молиявӣ танқисии шадид мекашидем. Ба ин ҳама нигоҳ накарда диловарони шуҷои Ватан тавонистанд, ки роҳи пурпечутоберо тай намуда, ҳама мушкилотро паси сар кунанд ва ҳолати амниятии кишварро ба таври бояду шояд муътадил созанд. Дар ин давра марҳила ба марҳила баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон, такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд. Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат бо раҳнамоиву ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар канори омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир аҳамияти махсус равона намуда истодааст. Дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба он оварда расонид, ки вақте аз дилхоҳ қисми ҳарбӣ дидан кунем, аён мегардад, ки дар онҳо низоми ҳарбӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол мустаҳкам намудани руҳияи низомии афсарону сарбозон, ҳифзи арзишҳои ватандорӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ дар меҳвари асосии корҳои тарбиявӣ ва принсипи асосии кормандони ниҳодҳои ҳарбӣ қарор гирифтааст. Раванди адои хизмати ҳарбӣ бидуни душворӣ ҷараён гирифта, сарбозон бо камоли хушнудӣ хизмати Модар-Ватанро паси сар менамоянд. Бояд гуфт қисми низомӣ мактаби тарбия, ҷасорату мардонагӣ ва дӯстию рафоқат аст. Ҳар нафаре, ки ин мактабро пушти сар мекунад, дар оянда инсони баркамол ва посдорандаи арзишҳои Ватан хоҳад шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қисмҳои ҳарбӣ майдону толорҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, ҳуҷраи дидорбинӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ ба таври хушсохту замонавӣ бино шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд ва шароити хизматрасонӣ ба афсарону сарбозон дар сатҳи олист. Шароити будубош, машғулиятҳои тактикӣ ва амалии хизматчиёни ҳарбӣ ҷавобгӯи талаботи низоми ҳарбӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ инчунин вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Метавон гуфт, ки имрӯз барои адои хизмат дар ҳама қисму воҳидҳои низомии кишвар шароит дар сатҳи баланд муҳайёст. Ин имкон медиҳад, то ҷавонони кишвар барои дифои Ватан-Модар камари ҳиммат банданд ва сарбозу сарсупурдаи ин марзу бум бошанд. Хушнуд аз он бояд шуд, ки сол аз сол бо дарки меҳварии сиёсати ҷавонпаваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон родмардони роҳи Ватан ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳозир шуда, бо ҷону дил барои адои хизмат омодаанд. Ин шумор беш аз пеш афзоиш ёфта, баёнгари он аст, ки ҷавонони бономуси кишвар мехоҳанд, бо иродаи матин, ҳушёрию зиракӣ, ҳисси баланди ватандорӣ, барои ором нигоҳ доштани фазои Ватан, осуда хобидани модарону хоҳарон, зара-зара хоки Ватани маҳбубамонро бо қимати ҷон ҳифз намоянд. Имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии бо хизмати софдилонаву садоқатмандона дар амри ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини оромиву суботи саросарӣ саҳми шоиста гузошта, шуҷоатмандиву матонати онҳо ба бовариву эътимоди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардида истодааст. Бо бовари комил метавон мегуфт, ки ҷавонони бонангу ори кишвар минбаъд низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ба савганди ҳарбӣ, интизоми намунавӣ, ҳамчун фарзандони далеру шуҷои Ватан баҳри ҳимояи марзу буми муқаддаси он ҷаҳду талоши бештар хоҳанд намуд. Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


6

КИТОБХОНАИ ҶАВОНОН

Миллати тоҷик аз ибтидои ҳастии хеш ба китобу китобдорӣ пайванди ҳамешагӣ дошта, дар тӯли таърих ин пайвандии беинтиҳо боз ҳам таҳким ёфта, то ба мо омада расидааст. Ҳамин аст, ки китоб дар ҳаёти ҳар яки мо дорои ҷойгоҳи махсус буда, он пулест, ки инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолият низ бо дарки муҳимияти ин нукта Ҳукумати кишвар баҳри рушди соҳаи китобу китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, тадбирҳои гуногуне дар ин самт амалӣ гардиданд ва дар кишвар макони бузурги маънавӣ Китобхонаи миллӣ сохта ба истифода дода шуд. Имрӯз дар гӯшаи дурдасттарини кишвар китобхонаҳо фаъолият менамоянд, ки он аз миллати китобдӯсту китобдор будани мо шаҳодат медиҳад. Ҳар сол дар кишвар аз ҷониби сохторҳои дахлдор ҷиҳати рушди соҳаи китобу китобдорӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад, ки ҳадаф аз он рушди соҳа ва муаррифии ин соҳаи муҳими маърифатомӯз дар арсаи ҷаҳонист. Дар доираи чунин тадбирҳо ҳар сол дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” гузаронида мешавад, ки он бозгукунандаи дар кадом вазъ қарор доштани соҳа ва муаррифии дастовардҳо дар ин самт мебошад. Имсол низ Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” маротибаи ҳаштум аз 18 то 20 октябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар” доир гардид, ки ҳаводорону дӯстдорони китобро вирди ҳам овард. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии “Китоби Душанбе”ро ифтитоҳ бахшида, тамоми иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам намуда, иброз доштанд: “Маҳз аҳли фарҳанг баҳри ба наслҳои оянда бегазанд расонидани арзишҳои маънавии гузаштагон талош варзида, анъанаҳои таърихии миллатро зинда нигоҳ медорад ва сайқал медиҳад. Бо ин каломи раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханони худ ифтитоҳ бахшида дар ин рӯзи фархунда изҳори умед мекунам, ки ноширон ва аҳли адабу ирфони кишвар ва кулли ашхосе, ки бо беҳтарин неъмат – китоб сару кор доранд, рисолати таърихии худро дар бобати пайваста зинда нигоҳ доштани

Дар ҳастии мо нақши абад монда китоб... мероси пурғановати аҷдодиямон, ки пеш аз ҳама тавассути китоб ва эҷоди асарҳои баландмазмун амалӣ мешавад, бо ифтихори миллӣ ба ҷо меоранд. Ҳамаи шумо хуб медонед, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар пойтахти кишвари азизамон бахшида ба “Рӯзи китоб” ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ҷониби мақомоти олии кишвар ва кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта мешавад ва дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон бо мамоликҳои қарину дӯсту бародар нақши созгоре мебозад”. “Тамоми дастовардҳои инсоният тӯли қарнҳо маҳз дар хазинаи китоб ба таври эътимодбахш нигоҳ дошта мешавад. Хизматеро ки китоб дар инъикос ва ҳифзи таърих адо мекунад, ҳеҷ як шакли чопии электронӣ иваз карда наметавонад. Хушбахтона, дар хонадони тамоми наслҳои тоҷикон аз даврони ориён то имрӯз китоб беҳтарин нигора маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда соҳаи китобу китобдорӣ дар кишвар рушд ёфта, хазинаҳои китобхонаҳои шаҳру деҳот аз китобҳои тозанашр мунтазам ғанӣ мегарданд. Ноширони кишвар ҳамасола теъдоди адабиёти бадеӣ, илмию оммавӣ ва таълимиро ба табъ расонида, талаботи бо китоб доштаи хонандагонро пайваста қонеъ мегардонанд ва дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат меварзанд. Имрӯз намояндагони мамлакатҳои ба мо дӯсту қарин аз Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Фаронса, Амрико, Ҳиндустон, Туркия ва дигар намояндагон дар кишваре, ки китоб хеле гиромӣ мебошад, хурду бузург ба он арҷ мегузоранд, дар намоишгоҳ чун сафирони сулҳу маърифат ширкат меварзанд”, таъкид намуд Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг дар идомаи суханронии хеш. Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо хоҳишмандон чи дар хона, коргоҳ ва ҷомеа ба китоб дастрасӣ доранду онро ҳамеша аниси кунҷи танҳоиву фуруғи субҳи доноӣ медонанд. Пас аз оғози Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии “Китоби Душанбе” дӯстдорону ҳаводорони китоб ба ҳар гӯшаи омоданамудаи нашриётҳои ватанию хориҷӣ рафта, китобҳои дилписандаи худро ҷӯё мешуданд. Намоишгоҳи мазкур дар воқеъ, ба иди ҳақиқии китоб мубаддал гардида буд. Гулназар Келдӣ, шоири халқии

Тоҷикистон, яке аз иштирокчиёни намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” андешаҳояшро доир ба нақши китоб чунин иброз доштанд: “Дар ҳастии мо нақши абад монда китоб, Бо раҳми адуи бехирад монда китоб. Аз давлати дигарон камон мондаву тир, Аз давлати тоҷикон санад монда китоб. Мо миллати китобдор, китобнавис ва китобхон ҳастему аз китоб чизи бузургтаре нест. Тамоми бузургони дунё гуфтаанд, ки бузургтарин кашфиёти одамизод ин ба вуҷуд овардани алифбо ва ба воситаи алифбо китоб нашр кардан ва ба ин китобҳо шодиву ғаму армони худро дарҷ кардан аст. Агар китоб намебуд мо аз куҷо медонистем, ки Хайём мегуфт: “Абр омаду боз ба сари сабза гирист, Бебодаи армуғон намебояд зист”. Аз китоб чизи муқаддастаре нест. Аз ин рӯ, китобро дӯст доред. Шумо ба ҳамдигар китоб тақдим намоед. Зеро китоб раҳнамои мост”. Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохиливу хориҷӣ ва намояндагон аз кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркия, Фаронса, Ҳиндустон, Афғонистон ва ИМА иштирок намуда, маҳсули чопии худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ба таъкиди масъулин мақсад аз баргузор намудани Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”, қабл аз ҳама, саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи табъу нашри кишвар буда, инчунин рушди ҳамкориҳои ноширони тоҷик бо ноширони кишварҳои хориҷӣ ва ба ин васила муаррифии муассисаҳои нашриявии ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. “Тамошобинон аз намоишгоҳи имрӯза хеле хушнуданд. Ман фикр мекунам, ки баргузории ҳамин гуна намоишҳо на фақат дар рушди соҳаи китобдорию ҷалби ҷавонон ба китобдӯстӣ, инчунин он дар рушди дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону дигар кишварҳо ва байни ноширони ватанию хориҷӣ, дар самти рушди муносибатҳои фарҳангию маърифатӣ миёни давлатҳо як заминаи мусоидро фароҳам меорад. Имрӯз, ки мардуми тоҷик бо ифтихори миллӣ ба китобхонӣ рӯ овардаанд, баргузории ана ҳамин гуна намоишгоҳҳо метавонад, ки боз ҳам дар рушди китобдорӣ як заминаи хеле мусоидро фароҳам оварад”, - иброз дошт Орифӣ Озар Баҳромзода, корманди вазорати фарҳанг. Дар воқеъ, баргузории чунин

чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ боиси рушди соҳа гардида, ноширони дохиливу хориҷиро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳа таҳрик медиҳад, то баҳри хонандагон ва дӯстодорони махзани маънавӣ – китоб боз ҳам фаъолияти назаррас намоянду китобҳои босифатро рӯи чоп биёранд. Ҳамчунин дар ин рӯз ноширони ватанӣ иқдом нишон дода, маҳсули чопии хешро бо панҷоҳ дарсад тахфиф ба фуруш бароварданд, ки яке аз чунин ноширон, раиси ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии (ТҶБ) “Истиқбол” Ла-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

тофат Кенҷаева мебошад. Аз ин иқдом иштирокчиёни намоишгоҳ хушнуд гардида, китобҳои мавриди назари хешро харидорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии “Китоби Душанбе”, ки тӯли се рӯз, аз 18 то 20 октябр, дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, инчунин чорабиниҳои дигар – конфронси илмӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи китоби анъанавӣ дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ”, маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва мубодилаи афкори ноширони ватанию хориҷӣ ва озмуни “Қироати шеъру тарона дар васфи ватану диёр” бо иштироки хонандагони мактабҳо баргузор гардиданд, ки дар умум хубу хотирмон буданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Дар мавзӯи издивоҷи ноболиғон зиёд гуфтаву навиштанд, вале афсӯс гӯши фарёдшунав нест ва ин масъала ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст. Не волидони духтаракони ноболиғ ба сари инсоф омаданду не афроди зангир нафси шаҳвониашонро идора карда тавонистанд. Яъне издивоҷи ноболиғон дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ба суд расмӣ гашта, дар ҳолати ятимӣ ва бемории волидон ба хонадоршавии онҳо “иҷозат” дода мешавад. Инчунин, гуфта мешавад, ки аксари нафароне, ки суд барои хонадоршавии онҳо иҷозат додааст, аз 16-сола боло буда, ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд. Тавре масъулони раёсати САҲШ-и ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳанд, аксари ноболиғоне, ки оила барпо мекунанд, аз 16-сола болоанд, аммо тибқи қонунгузории кишвар онҳо ҳанӯз ашхоси ба балоғат нарасида маҳсуб меёбанд. Додгоҳ бо дарназардошти вазъи душвори оилавӣ (ятим мондан ва ё бемории волидон) ба никоҳи онҳо розигӣ медиҳад. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар соли 2017 мақомоти судии Тоҷикистон ба таври истисно ба 800 нафар ноболиғ иҷозати оиладоршавӣ доданд. Зуҳуроти нангини издивоҷи духтарони ноболиғ, бо вуҷуди эътирозу норозигӣ ва манъи қонун то ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо идома дорад. Волидони духтарони ноболиғ боре ҳам андешаи таҳсили фарзандашонро накарда, танҳо дар фикри онанд, ки зудтар онҳоро ба хонаи “бахт” гусел намоянд. Ҳатто барои он ки издивоҷи ноболиғонро тобиши қонунӣ диҳанд, ба суд муроҷиат намуда, расман иҷозат ҳам мепурсанд, ки қонуншикание ҷой надорад. Аммо магар қонуни виҷдони худашон ба онҳо иҷозат медиҳад, ки зиндагии ширини фарзанди хурдсолашонро, ки

НИГОҲИ ДИГАР андеша накарда, ба хонаи бахт гусел мекунанд, аммо дар асл онҳоро ба чоҳи азобу машаққат мепартоянд, талх кунанд? Ҷойи шак нест, ки чунин оилаҳо умри тӯлоние намебинанду ба зудӣ пош мехӯранд. Ҳуқуқшинос, Қаюм Юсуфов дар мавриди иҷозат гирифтани ноболиғон барои издивоҷ мегӯяд, ки: “Тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 13) синни ақди никоҳ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. “ҚҶТ 21.07.2010 №613”. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни ақди никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба муҳлати на бештар аз як сол поин барад. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқоматии шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. “ҚҶТ 21.07.2010 №613”. Ҳамчунин, мавсуф илова намуд, ки ин ҳолат тибқи талаботи қонун сурат мегирад ва ягон қонуншиканӣ ҷой надорад. Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эмансипатсия низ пешбинӣ карда шудааст. Агар ноболиғон то ба

кишвар зимни суҳбат дар нишасти хабарӣ издивоҷи ноболиғонро маҳкум карда, гуфта буд, ки ноболиғон барои никоҳ ва оиладорӣ омода нестанд. Дар ҳолати иҷозати издивоҷи ноболиғон аз ҷониби додгоҳ ҳисси ин ноболиғон бояд ба назар гирифта шавад. Ба гуфтаи мавсуф, бо волидон ва ноболиғон равоншиносон бояд машварат ва маслиҳатҳои муфид гузаронанд: “Дар Кумитаи кор бо занон утоқи равоншинос фаъол аст ва волидон ва ҷавонон метавонанд муроҷиат намоянд. Ноболиғон ё ҷавонон дар давраи гузариш қарор доранд ва дар байни онҳо фаҳмондадиҳӣ ба таври орому маҳин гузаронида шавад. Дар ин давраи хеле мушкил барояшон дар вақти муносибати ҷиддӣ ва тунд метавонанд ба худкушӣ ва дигар амалҳо даст зананд”. Камтаҷрибагӣ ва надонистани одитарин муносибати заношӯӣ баъди зиндагии кӯтоҳ аксаран оилаҳои ноболиғонро пош медиҳад. Баъд аз он, ҷавон дар нимароҳи зиндагӣ бо надоштани дониши казоӣ ва ҳуҷҷати таҳсил дар хонаи падар низ зери таъна ва хушунати наздикон қарор мегирад. Танҳо баъди пош хӯрдан ё зери хушунат мондани фарзанд волидон аз иштибоҳи кардаи худ пушай-

мои мардум мешавад. Аммо аз зиндагие, ки ҳамеша зери хушунат ва баъдан дар зиндагӣ танҳо шудан бо фарзандон магар дар хонаи падар бо обрӯ будан хубтар нест? Дар миёни мардум чунин андешаҳо низ ҷой дорад, ки духтар аз хонаи падар берун шуд, бегона мешавад, яъне дигар он эҳтироме, ки қабл аз издивоҷ ба ӯ доштанд, аз байн меравад. Ин андешаҳо бошанд, ба он оварда мерасонанд, ки дар баъзе ҳолат духтарон ҳангоми пошхӯрии оилаашон ё кӯчагард мешаванд, ё ба худкушӣ даст мезананд. Равоншинос Заррина Кенҷаева мегӯяд, ба онҳо муроҷиати духтарони ноболиғ, ки оилаи онҳо вайрон шуда, зери хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд, хеле зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ бештари маврид мардон кӯшиш мекунанд, ки бо духтарони дар синну соли 1617- сола издивоҷ кунанд, вале оқибат духтарон зери таҷовузи онҳо мемонанд: “Баъзан духтарони ноболиғ ба ҳадде аз зиндагӣ дилсард мегарданд, ки ба худкушӣ моил мешаванд,”мегӯяд ин равоншинос. Ҳамасола дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Тавре расонаи Кумитаи кор бо занон ва оила менависад, дар Тоҷикистон 497 мавриди худку-

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ!

Ё чаро падару модар бармаҳал аз масъулияти доштаашон халос шудан мехоҳанд? синни 18-солагӣ расидан никоҳ банданд, онҳо дорои ҳуқуқҳои пурра мегарданд. Яъне пеш аз муҳлат дорои қобилияти амалкардан мешаванд. Аммо Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати

мон мешаванду таъбири “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”-ро пеши назар меоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки волидон баъзан аз он ҳарос мекунанд, ки шояд фарзандашон номи “пирдухтар”ро мегирад ва он гоҳ ангуштна-

шии занон дар соли 2017 ба қайд гирифта шудааст. Ба навиштаи расонаи ин ниҳод дар соли 2017 дар кишвар ду ҳазору 100 мавриди ҷудошавии хонаводаҳо сабт шудааст, ки бояд иллати ин падида мавриди баррасӣ қарор гирад. Созмонҳои мудофеи

7 ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон низ масъалаи худкушии занонро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Ҷомеашиносон бошанд, осонтарин роҳи издивоҷи бармаҳалро дар никоҳи мусалмонӣ мебинанд. Ҷойи баҳс нест ва ҳар яки мо инро хуб медонем ва ҳамарӯза ин хабарро мешунавем. Ва доир ба ин масъала борҳо барои нақзи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд. Ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки волидон барои никоҳи фарзанди ноболиғ ба мақомоти САҲШ муроҷиат накарда, танҳо бо роҳи никоҳи мусалмонӣ онҳоро ба хонаи шавҳар гусел мекунанд. Ин амали онҳо фардо ба худашон дард меорад, чун баъди ҷудо шудани оила онҳо барои гирифтани алимент ва амволи фарзандашон ба ҷое даъво карда наметавонанд. Даъвои онҳо бошад дигар зарурат ҳам надорад, чун рушноиву ширинии ҳаёти фарзандашонро ба як торикие табдил доданд, ки дубора аз он берун шудан мушкил асту мушкил. Вақте барои издивоҷи ноболиғон иҷозат сурат мегирад, бояд дар назар гирифт, ки аксари ин издивоҷҳо ба нохушӣ анҷом мепазиранд ва оқибати бисёре аз онҳо ҳатто ба марг мерасад. Аз ин рӯ, ҳангоми додани иҷозат ба издивоҷи барвақтӣ ин паҳлӯи масъала бояд сарфи назар нашавад. Беҳтар мебуд, агар пеш аз вайроншавии оилаҳое, ки бо духтарҳои ноболиғ сурат гирифтаасту оқибаташ пушаймониву надомат ва ангушт ба дандон гирифтан аст, андеша карда, онҳоро хононем, соҳибмаълумот созем, баъд ба ҳаёти мустақил гусел кунем. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Ҷавонони Тоҷикистон Чемпионати Осиёро бо ғалаба оғоз карданд Тими мунтахаби ҷавонони кишвар 20 октябр дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 дастаи ҷавонони Чинро мағлуб намуда, (1:0) се имтиёзро соҳиб шудаанд. Ягона голи дидорро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 77-ум ба самар расонид. Баъди ин пирӯзӣ шогирдони Мубин Эргашев бо се имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи "D" мавқеъ гирифт.

Шаҳриёр Даминов қаҳрамони Осиё шуд 22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон иттилоъ доданд, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қаиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд. Шаҳриёр, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд. Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, то 25 октябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

Бидуни истироҳат машқу тамрин намудан ва ё пас аз тамринҳои гуногун истироҳат накардан, ғайриимкон аст. Умуман, барои барқарор намудани нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ истироҳат дар ҳаёти ҳар шахс нақши муҳимро дорост. Ин аст, ки имрӯз сокинони сайёра баҳри рафъи хастагии хеш ва истироҳати хубу хотирмон ба гӯшаҳои гуногуни олам сафар менамоянд. Дар баробари оне, ки сайру гашт ва тамошои ҷойҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ ҷузъе аз истироҳат бошад, қисми муҳими он ин таъмин будан бо меҳмонхонаҳои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонист. Имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё меҳмонхонаҳои дорои шароитҳои созгори сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият менамоянд, ки дар самти истироҳати сокинон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёду ба истифода додани меҳмонхонаҳои мувофиқ ба талаботҳои байналмилалӣ тадбирҳои гуногун амалӣ гардида, то имрӯз садҳо меҳмонхона сохта шудаву мавриди истифода қарор доранд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ баробари дигар меҳмонхонаҳо меҳмонхонаи “Варзиш” низ фаъолияти назаррас намуда, он баъди таъмиру азнавсозӣ дубора ба кори худ оғоз намуд. Меҳмонхонаи “Варзиш” дар шакли муосир ва мувофиқи талаботи замона таъмир шуда, шабонарӯзӣ барои қабули меҳмонони

Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур мунтахабҳои Арабистони Саудӣ ва Малайзия вориди майдон шуданд ва арабҳо бо ҳисоби 2:1 ҳарифашонро шикаст доданд.

Чемпионати Осиё-2018: то 4/1 финал як қадами дигар Дастаи яккачини ҷавонони кишвар дар доираи бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бозии дуюми худро бо дастаи Малайзия баргузор намуд, ки он бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт. Ин дидор 23-юми октябр дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабагаи”-и шаҳри Бекаси Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд. Бозӣ барои шогирдони Мубин Эргашев, бисёр пуршиддат ва душвор ҷараён гирифт. Дар дақиқаи 11-ум футболбози малайзиягӣ Муҳаммад Ҳодӣ Фаядҳ тӯби нахустинро вориди дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев карда, дастаашро пешсаф намуд. Пас аз 23 дақиқа, ҷавонони тоҷик бо зарбаи 11-метра ҳисобро баробар намуданд. Тӯбро капитани даста Эҳсони Панҷшанбе ба нишон

расонд. Дар дақиқаи иловагии қисми аввали бозӣ (45+1) голи дуюми дастаи Тоҷикистонро Далер Ёдгоров ба номи худ сабт намуд. Қисми дуюм барои дастаи ҷавонони Тоҷикистон нобарор хотима ёфт. Дар дақиқаи 55-уми бозӣ сардовар ҷониби дарвозаи дастаи кишварамон зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Пас аз партофти зарбаи ҷаримавии Набил Ҳаким Бухорӣ тӯб ба пойи ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов бархӯрда, вориди дарвоза гардид. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 2-2 ба поён расид. Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар гурӯҳи "D" дастаи миллии ҷавонони Арабистони Судӣ бо шаш хол дар ҷойи аввал мебошад. Тими ҷавонони Тоҷикистон бо чор

имтиёз дар ҷойи дуюм ва тими Малайзия бо як хол дар мақоми сеюм қарор дорад. Дастаи Чин бидуни имтиёз дар ҷадвал мавқеи охиррро соҳиб шудааст. Дастаи мунтахаби ҷавонони мо дар бозии сеюми гурӯҳи "D" рӯзи 26-уми октябр тими Арабистони Саудиро қабул мекунад. Барои футболбозони тоҷик ин рақобат ҳалталаб маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, ки чемпионати Осиё-2018, миёни ҷавонони то 19сола, аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар ҷумҳурии Индонезия баргузор мегирад. Чор дастаи беҳтарини мусобиқа ба Ҷоми ҷаҳон-2019, ки дар Лаҳистон доир мегардад, роҳхат мегиранд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”

Истироҳат мехоҳед? Пас, марҳамат ба меҳмонхонаи “Варзиш”

дохилию хориҷӣ омода буда, ба мизоҷон дар сатҳи олӣ хизмат расонида мешавад. Меҳмонхонаи “Варзиш” бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, сарпарастони ватанӣ сохта шудааст. Дар меҳмонхона ба меҳмононе, ки ба варзиш алоқамандии зич дошта, ҳамеша дар фикри саломатии худ мебошанд, шароит фароҳам шудааст, то ба варзиш машғул шаванд. Меҳмонхонаи “Варзиш” дар шаҳраки варзишӣ бунёд ёфта, меҳмонон метавонанд, дар баробари фароғат субҳи барвақт дар Варзишгоҳи марказӣ ба обутоби бадан машғул шуда, дар қасри теннис маҳорати теннисбозии худро сайқал диҳанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд давоми истироҳат машқ кунанд, дар ҳудуди 50 метр аз назди меҳмонхона толори варзишӣ мавҷуд аст. Инчунин толорҳои гӯштину ҳавзҳои шиноварӣ, майдонҳои хурду бузурги футбол дар иҳотаи меҳмонхонаи “Варзиш” мебошанд. Аз субҳ то шом меҳмонхонаи “Варзиш” меҳмононро бо барномаҳои ҷолибу хотирмон банд намуда, баҳри роҳату фароғаташон мекӯшад. Дар ин ҷо меҳмонон

давоми рӯз шоҳиди бозиҳои оид ба футбол мешаванд. Инчунин барои рафъ кардани хастагиашон ба меҳмонон - онҳое, ки давоми рӯз аз намудҳои гуногуни варзиш хаста шудаанд, дар масофаи 30-40 метр аз пушти меҳмонхона боғи фарҳангию-фароғатии “Ҷавонон” бунёд ёфтааст. Меҳмонон метавонанд шомгоҳон ройгон дар ин боғи зебои навбунёд, ки бо нақшу нигори миллӣ ва шароити байналмилалӣ сохта шудааст, фароғат намоянд. Дар меҳмонхонаи “Варзиш” то 200 нафар меҳмон дар як вақт ба истироҳат фаро гирифта шуда, барои мизоҷон 10 ҳуҷраи истироҳатии дараҷаи олӣ, 24 соат фаъолият намуда, инчунин 26 утоқи дараҷаи миёна дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Меҳмонони меҳмонхонаи “Варзиш” дар се вақт (наҳорӣ, нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ) аз таомҳои болаззати меҳмонхона метавонанд баҳра баранд. Агар мехоҳед, ки дар баробари таъмин будан бо меҳмонхонаи замонавӣ боз ба варзиш машғул шавед, агар мехоҳед, ки дар баробари истироҳату варзиш намудан, аз тамъи таомҳои лазиз ҳаловат баред, пас ба меҳмонхонаи “Варзиш” биёед. Зеро ин хостаҳои шуморо меҳмонхонаи “Варзиш” қаноат хоҳад кард.

Суроғаи меҳмонхонаи “Варзиш”: ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 45. Маълумоти бештарро метавонед, тариқи телефони 378806038 ба даст оред.


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

“Кореягиҳо футболбозони пуртаҷрибаанд. Маҳорати хуби зарбазанӣ доранд. Аммо ман ҳар як зарбаи онҳоро дида чолокона ба он тараф ҳаракат менамудам. Дидам, ки ҳариф ба кунҷи дарвоза тӯбро равон кард, худро ба он тараф андохта, зарбаро бартараф намудам. Ин лаҳзаҳоро кайҳост, ки орзу доштам. Моро дар пеш рақобатҳои бузург интизор аст, танҳо барои ғалаба бояд ба майдон ворид шуд,”-мегӯяд Муҳриддин Ҳасанов дарвозабони навраси тоҷик. Ҳарчанд тими мунтахаби 16-солаҳои кишвар дар рақобати аввал ноком гардида бошанд ҳам, аз гурӯҳ дар зинаи дуюм ба даври минбаъда роҳ ёфтанд. Ғалабаи даври чорякниҳоӣ барояшон бо мушкилӣ ба даст омад. Дарвозабон дар ин дидор маҳорату малакаи баланд нишондода, ду зарбаи 11-метраи футболбозони тими мунтахаби Кореяи Шимолиро баргардонид. Он вазифае, ки дар пеши даста гузошта буд ба пуррагӣ иҷро гардид. Акнун онҳоро соли 2019 дастаҳои пурқуввати ҷаҳон дар Перу интизоранд. Аз шикастҳои пай дар пайи дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои байналмилалӣ нуфӯзи футболи тоҷик барои ҳарифони берунӣ поён фаромад. Аммо ҳеҷ каси онҳо аз наврасони тоҷик ингуна бозии ҷаззобу диданиро интизор набуданд. Ояндагони футболи тоҷик ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварданд. Алалхусус дарвозабони кишвар яке аз бозингарони хафнок барояшон ба ҳисоб мерафт. Дар даври нимниҳоӣ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ рӯ ба рӯи наврасони кишвар қарор гирифтанд. Барои роҳ ёфтан ба даври финалӣ пеши онҳоро танҳо як девори дигар баста буд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ 1-1 ба поён расид. Ҳар ду ҷониб шаштои силсила зарбаҳои 11-метраро ба ҳадаф расониданд. Дарвозабони кишвар Муҳриддин Ҳасанов самти тӯби рақибро пайхас кард ва дар баргардонидани он муваффақ шуд. Ҳаводорони футболи тоҷик ин

9 кашфи дарвозабонҳои наврас ва ҷавони ҷумҳурӣ мушкилии дарвозабонон дар дастаи мунтахаб аз миён меравад”,-мегӯяд ӯ. Футбол бозии даставӣ мебошад. Барои қаҳрамон гардидан ҳамаи ҳайат бояд талош варзанд. Аммо дар баробари инҳо тақдири асосии рақобатро дарвозабон ҳал мекунад. Метавон гуфт, ки агар дарвозабон ба иштибоҳои нобахшиданӣ даст занад, на Салоҳи мисриву на Мессии аргентинӣ наметавонанд ба даста комёбӣ биёранд. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ба чунин дарвозабонони ҷавону боистеъдод, умеди калон баста, андеша дорад, ки барои ҳамчун дарвозабони ҳирфавӣ гардидан, Муҳриддинро зарур аст дар ҳолати имкон шудан ба дастаҳои футболи давлатҳои хориҷа гузариш намояд. Барои бештар ба воя расонидани чунин дарвозабонони олӣ мақомотҳои дахлдоро мебояд дар кишвар мактабҳои махсуси дарвозабонӣ таъсис диҳанд:

Дарвозабон ними даста аст дастовардро кайҳо интизор буданд. Аз соли 2006 инҷониб футболбозони мо наметавонистанд, ба ин зинаи ифтихорӣ бароянд. Дар Ҷоми Осиё-2018 футболбозони навраси ҷумҳурӣ сазовори медали нуқра гардида, обрӯ ва шарафи миллат ва футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Бояд гуфт барои ба чунин натиҷа даст ёфтан нақши дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов бисёр бузург буд. Зеро маҳз ӯ бо ҳушёрию чолокӣ ва дараҷаи баланди касбӣ аксарияти ҳамлаҳои ҳарифро бартараф намуд. Муҳриддин чигуна ба олами футбол пайвастанаш ва чаро ҳамлагар ё ҳимоятгар нею маҳз дарвозабон шуданашро чунин иброз медорад: “Вақте 10-сола будам, бештар бозиҳои “Реал Мадрид”-и Испанияро тамошо мекардам ва аз миёни футболбозони даста бароям дарвозабон Икер Касиляс бисёр маъқул буд. Бозиҳои ӯро дида ба дастаи “Парвоз”-и шаҳри Хуҷанд омада, ҳамчун дарвозабон тамринро шуруъ кардам”. Муҳриддин то ҳол дар ин даста ба ҳайси дарвозабони асосӣ фаъолият дорад. Ба тими мунтахаби кишвар бошад пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё шомил шудааст. Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи наврасони кишвар ин дарвозабонро чунин баҳо дод: “Барои ба даста дарвозабони мувофиқ ёфтан хело машаққат кашидем. Ман ҳамчун сармураббӣ дарк менамоям, ки дарвозабон ними даста аст. Чи-

хеле ки худи шумо шоҳид гардидед, дар мусобиқа чанд маротиба моро аз мағлубият наҷот дод. Ҳама вақт аз Муҳриддин хоҳиш мекардам, ки дар вақти иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ ба ҳамдастаҳояш кӯмак намояд. Ман хурсандам, ки дар ҳар як зарбаҳои кунҷӣ, ки ба дарвозаи мо зада мешуд, ӯ ҳамеша вазифаашро ба хубӣ иҷро мекард. Муҳриддин чунин машқу тамринҳояшро идома диҳад, умед аст, ки яке аз дарвозабонҳои муваффақ мешавад”. Парвизи Маҳмадамин шореҳи ТВ “Варзиш” маҳорату малакаи дарвозабонии Муҳриддин Ҳасоновро ба дарвозабони машҳури олмонӣ Мануэл Нойер қиёс менамояд:- Баъзе аз мутахассисон дар он назаранд, ки дарвозабони муосир бояд дар ҳолатҳои ба амаломада вокуниши тез нишон диҳад,-мегӯяд Парвиз. - Ва дигаре аз мутахассисон мегуянд, ки барои дарвозабони муосир ин доштани қаду қомати баланд ва дастони дароз муҳим аст, то ин ки тавонад ҳолатҳои душворро бартараф намояд. Аммо ман дар ҳамин замина боз як чизи дигарро мехоҳам ишора кунам. Фикр мекунам ин чиз шояд муҳимтар аз ҳама бошад барои дарвозабонони муосир. Дарвозабон бояд мавқеи дурустро интихоб намояд, агар чанде қаду қомати ӯ баланд ҳам набошад, амали тез ҳам надошта бошад, вале агар дарвозабон мавқеи дурустро интихоб кунад, доимо муваффақ мегардад. Бозиҳои Муҳриддинро дар чемпионати Осиё-2018 тамошо на-

мудем ва чизи муҳиме, ки дар ӯ буд, ин ҳамон дуруст пайхас кардани самти иҷроиши зарбаҳои 11-метра буд. Аз ин нигоҳ онро метавон ба солҳои ҷавонии Мануэл Нойер муқоиса кард. Бобо Холмуродзода, шореҳи дигари тоҷик дарвозабони навраси кишвар Муҳриддин Ҳасановро яке аз чеҳраҳои ояндаи футболи тоҷик номида, гуфт, ки пас аз он ки дастаи наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар чемпионати Осиё барандаи медалҳои биринҷӣ шуданду соли 2007 дар чемпионати ҷаҳон баромад намуданд, он ҷо ҳам кашфи дарвозабонҳо хуб ба назар мерасид: “Махсусан Фаррух Бердиев аз дастаи “Парвоз”, Миралӣ Муродов аз тими “Динамо”-и Душанбе ва умуман инҳо чеҳраҳое буданд, ки баъдан метавонистанд фаъолияти хуби дарвозабониро дар Тоҷикистон ривоҷ диҳанд. Мутаассифона ин дарвозабонҳо дар идомаи фаъолияти худ натавонистанд ба мақсади худ бирасанд. Пас аз солҳои 2008 то оғози соли 2015 мушкилоти асосии дастаи тими мунтахаб ин набудани дарвозабони ҳирфавӣ ва бомароҳат буд. Хушбахтона дар чемпионати Осиё-2018 Муҳриддин Ҳасанов бо маҳорати бениҳоят хуб дастаашро дар мусобиқоти қоравӣ кӯмак кард ва ман фикр мекунам, ки бо чунин дарвозабонони наврас мо ба ояндаи хуб умед мебандем. Муҳриддин дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, аз кашфи дарвозабонони ҳирфавии кишвар дарак дод. Мо умед мебандем, ки бо

“Дар бозиҳои чемпионати Осиё-2018 барои даста саҳми дарвозабони наврас Муҳриддин хело зиёд буд. Ӯ натанҳо дар силсилазарбаҳои 11-метра, балки дар рафти бозӣ низ маҳорати баланд нишон медод. Дар бозӣ бо Кореяи Ҷанубӣ тавонист чанд имкониятҳои хавфнокро бартараф намояд. Дар дақиқаҳои охири рақобат ду футболбози кореягӣ бо Муҳриддин рӯ ба рӯ баромаданд, аммо дарвозабони мо чусту чолокӣ нишон дода, аз дарвозааш баромад ва ин ҳоларо бартараф намуд. Дарвозабони тими наврасони кишвар фикр мекунам миёни 16-солаҳои Осиё беҳтарин дарвозабон буд,”-иброз дошт Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев. Муҳриддин Ҳасанов, ки айни ҳол дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дорад, тамоми қувваю қудраташро барои Ҷоми ҷаҳон ҷамъ намуда истодааст. Ният дорад, ки дар ин мусобиқа зинаҳои фахриро касб намуда, пас аз он ба дастаҳои футболи ҷаҳонӣ гузариш намояд: “Ба дастаҳои аврупо гузариш кардан орзуи ман аст. Мехоҳам таҷрибаи дарвозабониямро дар давлатҳои пешрафта сайқал дода, дар бозиҳои мунтахаб номи кишвар ва Парчами давлати худро боло бардорам”. Мо умед дорем, ки дарвозабони навраси тоҷик ба орзуҳои хеш зина ба зина расида, бо маҳорати баланди дарвозабонӣ футболи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО

Ёддоште бобати солимӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии миллатро-солимии давлат меномад. Маҳз туфайли ғамхориҳои падаронаи фарзонамарди миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи беморхонаву таълимгоҳҳо, коллеҷу бунгоҳҳои тиббӣ, дорухонаҳо, табибони баландихтисос, асбобу лавозимоти муосири ташхису табобати беморон рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Мутаассифона, дар баробари ин ҳама шумораи бемориҳои қанд, табларза, фишорбаландӣ, зиёдшавии намак, дарди меъдаю руда, саратон, пайдошавии санг дар узвҳо, аз кор мондани дилу гурда, варами ҷигар, безурётӣ ва чураи сутунмуҳра зиёд шудан дорад. Нафарони зиёд аз ин бемориҳо азият мекашанд. Ба андешаи ин ҷониб яке аз сабабҳои пайдошавии ин бемориҳо пеш аз ҳама истеъмоли ғизоҳои ғайритабиӣ ва муҳлати истеъмолашон гузашта мебошад. Солҳои пеш шумораи беморхонаву ташхисгоҳҳо ва асбобҳои дақиқи ташхисӣ чандон зиёд набуд, аммо сафи беморон кам буд. Ёд дорам як духтур ба аҳолии аз се то ҳафт деҳа хизмати тиббӣ мерасонд. Он вақтҳо одамон бештар аз бемориҳои гул ва обпартояк мефавтиданд. Шукрона, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат ин бемориҳо аз байн рафтанд. Он солҳо одамон аз обҳои зулолу шифобахши чашмаву рудҳои ватани азизамон истифода мебурданд, на аз нӯшокиҳои газдору ғайритабиӣ. Он давра бештари хӯрокҳоро бо шир тайёр менамуданд. Зеро ба гуфтаи Луқмони Ҳаким шир беҳтарин ғизо барои инсон аст. Бонуҳои он замон бо маҳсулотҳои ширӣ таомҳои зеринро омода менамуданд: Кочӣ, Отала, Чанголӣ, Ширкаду, Қурутоб, Ширравған,Фатирмаска, Ширчой, Рубич, Нишоста, Таҳмол, Қалама, Ширбиринҷ, Биринҷова, Умоч, Гардсӯз, Оши Туппа ва Оши Бурида. Мардум дар деҳот ин ғизоҳоро бо аҳли оилаашон мудом истеъмол мекарданд. Ин таомҳо парҳезӣ ба ҳисоб мерафтанд. Афсӯс ҳоло дар аксари ошхонаҳо чунин таомҳоро пешниҳод карда наметавонанд ва ё дар бораи чунин ғизоҳо тасаввурот надоранд. Он солҳо бо дастоз аз гандум хӯрокҳои гуногун тайёр мекарданд, ки аз орди ҳозира ба куллӣ фарқ дошт. Нонаш пуршираю бомазза буду муддати як ҳафта хушк намешуд. Имрӯз сабаб дар чи бошад, ки дар рӯзи дуюм нон хушк мешавад. Мардум пеш вақт аз гиёҳҳои шифобахш фаровон истифода мебурданд. Онҳоро дар баъзе ғизоҳои ширӣ, чакаю ҷурғот ва шакароб омехта мекарданд ва ё хушконда Оши Туппа, Оши Бурида, Биринҷова, Ҳалилов, Гандумкӯча, Далда ва дигар таомҳои лазизу ғизоноки миллиро тайёр менамуданд. Ров, Кокутӣ, Рошак, Ҷамилак, Чукрӣ, Пиёзбарги кӯҳӣ, Ҷоқла, Гашнич, Қоқу, Чойкаҳак, Шибит, Зара-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Вақте нашъаманд ҳарф мезанад... Имрон 38 сол дорад ва ҳар рӯз барои табобат ба дармонгоҳи нашъамандӣ меравад. Ҳангоми сӯҳбат қисса кард, ки се сол мешавад аз истеъмоли нашъа даст кашидааст. Ӯ чанд сол мубталои ин беморӣ гардида буд ва модар талош мекард ӯро оиладор кунад. Мутаассифона, аз хостгорон ҳамеша сухани рад мешунид. Чун ҳеҷ модаре намехост бахти духтарашро бо нафари наъшаманд барбод диҳад. Солҳо мегузашт ва Имрон танҳо бо мақсади пайдо кардани маводи дилхушкунанда зиндагӣ мекард. Борҳо ба модар мегуфт, ки дигар ин маводро истеъмол намекунад, аммо субҳ боз ба кофтукоби он оғоз мекард.

лаф, Шамбут, Райҳон, Роҳдавак, Ҳолмон, Модел, Ҷоҷи, Пудина, Печак, Хоч,Кавар, ва Торон аз ҷумлаи он гиёҳҳои шифобахше буданд, ки одамон аз онҳо фаровон истеъмол мекарданд. .Мардуми он замон либосҳояшонро аз матоъҳои суф, пахтагӣ ва пиллагӣ тайёр менамуданд, на аз матоъҳои сунъӣ. Палос ва болину бистарашон низ сунъӣ набуд. Хонаҳояшон на аз рангу бори кимиёвӣ, балки одӣ аз гил ва чӯбу тахта сохтаю оро дода мешуд. Худашонро на бо асбобҳои барқӣ, балки ба воситаи алови ҳезум дар оташдон ва сандалӣ гарм мекарданд, ки тамоми дардҳо , аз ҷумла сармозадагиро аз буғум ва устухонҳо берун мекард. Пойпушҳояшон на аз рахтҳои сунъӣ, балки аз пусти хоси ҳайвонот тайёр мешуд. Зану мард ба корҳои хоҷагӣ ба пуррагӣ машғул буданд. Занҳо баробари мардҳо кор мекарданд. Кори ҷисмонӣ барои саломатӣ ва инкишофи бадан аҳамияти калон дошт. Зану марди онвақта бисёр ҳам бардаму боқувват ва солим буданд. Бо сабаби истифода бурдани таомҳои миллӣ ва гиёҳҳои шифобахш одамон он замон ба бемориҳои зиёд гирифтор намешуданд. Бинобар ин, истифодаи ғизои солимро ба шумо тавсия медиҳам. Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани имсоли 2018 бесабаб нест ва аз ин рӯ, ҳунарҳои мардумиро фаромӯш набояд кард. Порае аз эҷоди Боймуроди Зуҳур Субҳгаҳ баъди намозам, Шир менӯшам дамодам. Аз барои солимиам Чукрию торон бикобам. Бахшадам рӯҳу тавоне, Шакаробу қурутобам. Ташнагиро бишканад зуд, Обои нуқратобам. Хастагиро дур созад Сайри дашту кӯҳсорам. Дардро бахшад шифо бас, Шамбуту қоқую ровам. Ҳар чизе, ки рӯяд аз хок, Малҳами ҳар дард донам. Гарчи дар ҳафтоду ҳафтам, Пир не, ҳоло ҷавонам. Боймуроди ЗУҲУР

“Модарам ҳамеша зораву илтиҷо мекарду мегуфт, писарҷон дунё ба умед аст, ҳама дард даво дорад, кӯшиш бикун аз ин дард раҳо ёбӣ. - Шабҳои дароз фикр мекардам чи гуна аз ин вабо даст кашам, аммо наметавонистам. Як субҳи барвақт, барои пайдо кардани доруи дардам (ҳероин) мерафтам. Дар роҳ ҳамсинфамро ҳамроҳи кӯдаконаш вохӯрдам. Ба онҳо нигаристаму хеле дар ҳолати ногувор худро ҳис кардам. Ба худ мегуфтам агар ман оиладор мебудам имрӯз бо фарзандон дар кӯча қадам мегузоштам. Ӯ бо ибрози ин суханҳо каме таваққуф намуда, сипас ба нутқи хеш идома дода гуфт: “Аз ҳамон рӯз дар пеши худ мақсад гузоштам, ки дигар ин маводро истеъмол намекунам”. Ахиран Имрон барои гирифтани табобат аз наздиконаш кӯмак хост ва ҳамсар низ барояш пайдо шуд. Оиладор шуда, барои табобат ба Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ меравад. Баъди 8 соли истифодаи маводҳои мухаддир тарки одат барояш хеле мушкил буд. Аммо ӯ мубориза бурд, чун табобат аз худи бемор хело

вобастагӣ дорад. “Давраи табобат тӯлонист. Аз 1 моҳ то 3 сол. То 1 моҳ талаби маводи ҳашиш дар организми нашъаманд боқӣ мемонад. Вай бояд то охир истодагарӣ кунад. Баъди он ки нашъаманд 3 соли дигар маводи мухаддир истеъмол накард, гуфта метавонем, ки вай шифо ёфтааст. Айниҳол барои ман як қадами дигар, то озод шудан аз ин амали бад мондааст. Ман ба ҷавононе, ки ба ин дард гирифторанд гуфтаниям, ки чи хеле ба ин мавод даст задед, ҳамон хел даст кашед. Ихтиёрӣ ба ин касалӣ гирифтор шудем, ихтиёрӣ метавон аз он ҷудо шуд»-иброз дошт Имрон. Давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардум мушкилоти ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳанги ҷамъият монеа эҷод намуда истодааст. Чораҳои андешидашуда оид ба дастур, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, аз ҷумла бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб ба такмил ва таҷдид ниёз доранд. Дар айни замон зарурати омўзиши илман асоснок, гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ дар

байни аҳолӣ барои муайян намудани сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот ва андешидани чораҳои мушаххас ба миён омадааст. Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунанда, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро то ба марг мерасонад. Имрӯзҳо миёни мубталоён ҷавонон низ ба назар мерасад. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо хотири айшу ишрат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Дар даҳ соли охир шумораи нашъамондон ҳудуди 20,6% коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумотҳо, айни ҳол шумораи умумии нашъамондон дар кишвар 6888 нафарро ташкил медиҳад. Коршиносон яке аз сабабҳои ба ин беморӣ мубтало гардидани ҷавононро аз беаҳмиятии падару модар ва риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” арзёбӣ мекунанд.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”

Махаллас Мухаллас растании бисёрсола буда, ба оилаи мехчагулон дохил мешавад. Он дар тиб васеъ истифода шуда, ба сифати дору қисми рӯйизаминии онро дар давраи гулкунӣ истифода мебаранд. Таркиби химиявии мухаллас аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст. Ин растанӣ хосиятҳои қиматбаҳои шифобахшӣ дошта, бисёр касалиҳоро даво мебахшад. Дар тиби халқӣ қисми рӯизаминӣ ва зеризаминии мухалласро истифода мебаранд. Растаниро барои касалиҳои меъда, истифода бурда, ба кори меъдаю рудаҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Равандҳои мубодилавиро тезонда, барои дарди ҷигар ҳам истифода мешавад. Ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ гардонида, фишори баланди хунро паст мегардонад. Ба рагҳо низ таъсири мусбат мерасонад. Бо истифода аз мухаллас ҳиссиёти хавотирӣ ва ангезандагӣ гум мешавад. Нерӯи ҳаётиро баъд аз сарбории рӯҳӣ барқарор менамояд, ба системаи асаб таъсири оромкунанда мебахшад. Фаромӯшхотириро аз байн бурда, зеҳнро тез мегардонад. Дар натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯйи сар пеш аз вақт сафед гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад. Биноии чашмро хуб мекунад. Барои муоличаи бефарзандӣ, беҳтаршавии қувваи мардон истифода бурда мешавад. Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ, ҳатто омадани ҳайзро ҳам бозмедорад. Моддаҳои таркиби мухаллас қобилияти танзими назорати микдори кандро дар беморони мубталои ин беморӣ низ дорад. Инчунин таъсири ҷавон нигоҳ доштани ҷисми инсонро дорост. Рагкашии баъди кори вазнини ҷисмониро мегирад. Ҳангоми бемории роҳи нафас ёрӣ мерасонад. Сабзиши ҳуҷайраҳои саратонро суст мекунад. Мухаллас ба барқароршавии

организм баъди табобат ёрӣ мерасонад. Зарарёбии пардаи луобиро мегирад. Ҳамчунин хосияти оромкунанда дошта, таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад. Дамхӯраи қисми рӯизаминии мухалласро дар тибби халқӣ барои дарди пойҳо истифода мебаранд. Мардуми Тоҷикистон аз мухаллас қиём тайёр менамоянд, ки таъсираш нисбати дамхура баландтар аст. Бидуни қисми рӯи заминӣ решаи мухалласро гирифта ҷушонида барои паст намудани фишори хун истифода мекунанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки хосиятҳои шифобахшии мухаллас муддати дароз нигоҳ дошта мешавад. Б. ШАРИПОВА, аспиранти соли дуюми Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ зербинои он халалдор шуд ва дар натиҷаи нобасомониҳову кашмакашҳо раванди бунёдкориву созандагӣ ба таъхир афтод. Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати нав шоҳиди он гаштем, ки ватани мо марҳила ба марҳила ба давраи нави бунёдкорӣ ва ободонӣ раҳнамун аст. Албатта, барои як давлате, ки тоза аз мушкилоти ҷанг раҳоӣ ёфта буд, тарҳҳои ҷадидро рӯи даст гирифтан хеле мушкил ба назар мерасид. Вале Ҳукумати Тоҷикистон бо барномаҳои нави созандагиву бунёдкории худ тавонист, ки дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба фатҳи қуллаи мақсуд расад. Новобаста ба ин таҳрик ва амалҳои назаррас, дар ҷомеаи муосир, мо ба гурӯҳҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки арз ва мудовои таъсиромез доранд ва бо ихтилофи таққалубомезу фитнаангезии хеш ҳаёти ороми ҷомеаи навини моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳои манфур халалдор месозанд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав, минҷумла ТТЭ ҲНИ яке аз омилҳои ташаннуҷ дар ватани мост ва бо чунин табоюнназарӣ дар бисёр ҳолатҳо раванди давлатдории моро халалдор мекунад ва фалокат ба бор меорад. Эшон дар расонаҳои мухталифи хабарӣ, радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ ҳамеша саъй ба паст задани пояҳои давлатдории мо доранд, ба ҷодаҳои

Дар таърих исбот шудааст, ки ҷавонон аксаран бо сатҳи баланди қобилияти сафарбарӣ, фаъолнокии зеҳнӣ ва саломатӣ аз дигар гурӯҳҳои аҳолӣ фарқ мекунанд. Ҳамон фаъолнокии зеҳнӣ ва ҳисси ватандӯсти буд, ки дар солҳои 1941 – 1945 комсомолдухтарони тоҷик ҳисси ватандӯстии худро нишон додаанд. 22 июни соли 1941 дар таърихи башарият «рӯзи сиёҳ» буд. Он рӯз Германияи гитлерӣ аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карда, мехост зиндагии осоиштаи мардуми советиро ноором созад. Дар қатори писарону ҷавонмардон комсомолдухтарони тоҷик ҳам баҳри мубориза бар зидди фашистон баромаданд. Онҳо чи дар майдони ҷанг ва чи дар ақибгоҳ шуҷоату диловарӣ нишон дода, рӯзи ғалабаро наздик мекарданд. Дар яке аз рӯзхои авали ҷанг ба комиссариати ҳарбии шаҳри Сталинобод 700 аризаи ихтиёрӣ омад, 700 ариза дар як рӯз, ки қариб 200-тои онро занону духтарон, комсомолони тоҷик навишта шуда буданд. Мазмуни аризаи 19 нафар донишҷӯёни институти педагогӣ чунин буд: «Душмани тамоми инсоният - фашистони Германия ба хоки мо ҳамла оварданд. Мо донишҷӯёни институти педагогӣ

11

ҶОМЕА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Табоюнназарӣ зиндагиномаи имрӯзаи мо интиқоди беасос мегиранд. Ҳанӯз аз айёми дури даврони шӯравӣ, дақиқтараш аз соли 1973-юм сар карда, ҳаракати «Наҳзати исломӣ» дар ватани мо арзи вуҷуд карда буд, ки ду самти асосии фаъолияти корӣ, яке тарғиби идеяҳои фундаметалистии исломӣ ва дигаре тарбияи мардумро дар руҳияи исломгароӣ дар бар мегирифт. Дар маъракаҳо ва дигар ҷамъомадҳои мардумӣ пинҳонӣ ва баъзан рӯйи рост идеяҳои гуногуни исломиро тарғиб мекарданд ва мо шоҳиди он гаштем, ки тарғиби онҳо дар солҳои 70-ум ва 90-уми асри гузашта чӣ гуна натиҷаҳои номатлуберо ба бор овард. Мусаллам аст, ки шаклгирӣ ва омилу сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ТТЭ ҲНИ ва сардамдорону пайравонаш буданд, ки то имрӯз ҳазорон асноду рақамҳое мавҷуданд, ки ин воқеиятро тасдиқ менамоянд. Яке аз асноди хеле бомаврид он аст, ки чун дар дигар кишварҳои мусалмоннишини собиқ шӯравӣ ҳизби динӣ вуҷуд надошт, интиқолӣ қудрат ба оромиш сурат гирифт, вале мутаассифона вуҷуди ҳамин гуна ҳизб Тоҷикистонро ба хоку хун кашида, солҳои навадум кишварро дар ҳоли нобудӣ қарор дод. Қариб 20 сол ҲНИ дар Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо маблағгузории сарпарастони хориҷӣ фаъолият кард. Соли 2015 ин аҳдофи шуму хиёнаткори ҲНИ, ки ҳадафи табаддулоти давлатиро доштанд, таҳрикот ва мақсади азозилпешагии онҳо ба мардуми Тоҷикистон ба таври шоиста намоён гардид. Ин таҷовузпешагон роҳи фирорро

гирифта, дар кишварҳои сарпарасти терроризм пинҳон шуданд. Аммо қабл аз ин таҳаввулот миёни аъзои фаъолу раҳбарони ТТЭ ҲНИ як машварати пинҳоние доир ба ин масъала ва дурнамои фаъолияти ҳизбӣсиёсӣ ва ҳарбӣ-низомии ҲНИ ба амал омадааст, ки мубоҳисаву мунозараҳои зиёде дар пай доштааст. ТТЭ ҲНИ баъд аз фирори шармандавор бар «кулбаи охират»-и худро дар зоҳир паноҳандаи сиёсӣ нишон дода, дар асл аз дили Аврупо истода, шохаи низомии худро дар Ховари миёна ба таҳрик андохта, барои ҷилавгирӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ва муаррифӣ нашудани меҳани азизамон чун кишвари шоиставу сулҳмеҳвар аъмоли диверсионии худро роҳандозӣ карда, мехоҳанд бо қатлу куштор ва террору озори инсонҳо кишварро ноором муаррифӣ намоянд. Воқеаи террористии бар дучархасаворони хориҷӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ки ба шаҳодати 4 хориҷӣ боис гардид, далели ин гуфтаҳост. Иддае аз роҳбарони ин ташкилоти террористӣ чунин мақсад доштанд, ки мустақиман бар Ҳукумати Тоҷикистон, ниҳодҳои калидии чун Вазоратҳои корҳои дохила, Мудофиа, Кумитаҳои амният, сарҳадот, гумрук, телевизион ва радио, биноҳои фурӯдгоҳ, роҳи оҳан ва монанди ин ба чанд нуктаи калидии давлат ҳамла намоянд, аммо иддаи дигар бо он ки тавони низомии муқовимат дар муқобили ниҳодҳои давлатиро надоранд, пешниҳод намудаанд, ки ин равандро аз тариқи ҷангҳои вайронкорӣ анҷом диҳанд. Роҳбарону саркардагони наҳзат

хуб дарк кардаанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон ба таври собиқ (солҳои 199097) онҳоро эҳтиром намекунанд ва ба онҳо эҳтирому эътиқод надоранд. Ҳатто размандагони собиқашон низ ба наҳзатиҳо бовар надоштанд. Ин воқеият раёсати наҳзатро водор намуд, ки ҷавонони навроҳу содаро ба корҳои низомӣ ҷалб намоянд. Маҳз ин ҳолат боис гардид, ки сар аз соли 2013 сафарбарсозии ҷавонони тоҷик ба ҳалқаҳои террористию экстримистии кишварҳои хориҷа роҳандозӣ шавад ва дар як муддати кӯтоҳ сели ҷавонони хомандеш ба майдонҳои набарди кишварҳои Ховари миёна ва Афғонистон ҷалб шуданд. ТТЭ ҲНИ бо таъсиси шохаи низомии худ дар хориҷи кишвар мехост, ки баъд аз интихоботи соли 2015 бо панҷаи қавӣ вориди корзори сиёсӣ шуда, дар ҳолати лозим иддаеро аз дохил ва қисми дигарро аз беруни сарҳад ба ғасби ҳокимият равона намояд. Вале дар ҳар ду маврид ТТЭ ҲНИ муваффақ ба аъмолу аҳдофи худ нашуд. Яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бошарафи инсонӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад ва мо ҳамагон баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб – ифротгароию ҷудоихоҳӣ, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ, дар доираи қонун мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро боз ҳам мустаҳкаму қавӣ гардонем. Эҳёи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти сиёсии кишвар муҳимтарин дастоварди тоҷикон дар тӯли ҳазор соли охир аст ва ҳимояву таҳким бахшидани он қарзи ҳар инсони миллатдӯсту ватанпарвар аст. Маманазар НУРОВ, Мисралӣ ДЕНДЕГИЕВ, ассистентони кафедраи бонкии ДДМИТ

Мактаби камолот ва мардонагӣ ё чӣ тавр комсомолдухтарони тоҷик солҳои ҷанг корнамоиҳо нишон додаанд хоҳишмандем, ки аз ҳайати мо дружинаи санитарӣ ташкил карда, ба фронт фиристода шавад. Қавл медиҳем, ки бо душман баробари мардони шуҷоъ меҷангем». Ҷаннат Раҳимова, комсомолдухтари тоҷик дар задухӯрдҳои Украина дар қатори мардон қаҳрамонона иштирок кардааст. Барои хизматҳои шоён ва иҷрои бомуваффақияти супоришҳои ҳарбӣ дар давраи ҷанг ӯ ба унвони лейтенанти хурд соҳиб шудааст. Тоҷикдухтари дигар узви комсомоли ленинӣ, Саодат Алибоева чунин навишта буд: «Хоҳишмандам, маро ба сафи армияи сурх қабул намоед. Ман нишони ГТО-и дараҷаи якум дорам, аъзои ВЛКСМ ва аз соли 1940 дар соҳаи радиотехника мутахассис мебошам». Хоҳиши ӯро комиссариати ҳарбӣ қонеъ гардонд. Ӯ дар ҷабҳаҳои ҷанг зидди Германия ва Японияи миллитаристӣ қаҳрамонона ҷангидааст. Дар ҳамон солҳо аз деҳоти Тоҷикистон дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда-

ни духтарон хеле душвор буд. Аммо комсомолдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова, аз деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент, ки дар институти хоҷагии қишлоқ дар курси охир таҳсил менамуд, ихтиёран ариза дода, барои озодии ватан ба майдони ҷанг рафт. Номи Ойгул Муҳаммадҷонова дар солҳои ҷанг бо 97 парвози ҷангӣ маълуму машҳур шуд. «Мессерҳо» - и душман ба ӯ ҳуҷум карданд. Ана, дар ҳамин лаҳза Ойгул аз имтиҳон гузашт. Ӯ қаҳрамонона бо тири нишонраси пулемёти худ самолёти қиркунандаи душманро зада ғалтонд. Баъд самолёти дуюм ҳам афтод. Дар ин муҳориба тирандози экипажи Ойгул ҳалок гардид. Ба китфи худи ӯ низ тир расида буд. Парвози аввалини Ойгул чунин ба анҷом расид. Барои ин корнамоӣ комсомолдухтари тоҷикро бо ордени Ленин сарфароз намуданд. Вай 97 маротиба дар ҷанги ҳавоӣ иштирок карда, қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст, ки то абад барои ҷавонони мо ҳам намуна ва ҳам ибрат аст.

Инчунин комсомолдухтарони Тоҷикистон Р. Ёқубова, Н. Умарова, Ф. Колесникова, С. Ниёзова, Е. Локшина ва садҳо дигарон дар майдони ҷанг ҳамроҳи мардони шуҷоъ мардонавор меҷангиданд. Саҳифаҳои ҳаёти ҷангии комсомолдухтари хуҷандӣ Инъомаҷон Қурбонова низ дар набардҳо рангин аст. Нахустин муҳорибае, ки Инъомҷон Курбонова дар он иштирок дошт, ин задухӯрд барои аз дасти фашистон озод намудани шаҳри Маскав буд. Сонитар дар озод намудани шаҳри қаҳрамон, ки дар таърих хеле машҳур аст, яъне Сталинград қаҳрамониҳои зиёд нишон додааст. Вай ҳамчун разведкачии моҳир аз болои Сталинград 20 маротиба парвози ҳавоӣ карда, ба штаби марказии ҳарбӣ маълумоти дақиқ расондааст. Хизматҳои ҷангии ин комсомолдухтари шуҷоу диловари тоҷик бо орденҳои Ситораи сурх, Ҷанги ватании дараҷаи 1 ва медалҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамин тавр, ташкилоти комсомоли ленинӣ як мактаби тар-

бияи камолоти ҷавонони шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҷавонони шаҳру деҳоти Панҷакенти бостонӣ дар арафаи ҷашни 100- садсолагии комсомол, яъне ҷавонон баҳри болобарии сатҳи эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти ватандорӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир, пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он, фаъолнокӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои маъракаи бузурги бунёдкориву созандагӣ ва ҷалби теъдоди ҳар чи бештари ҷавонон ба раванди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саъю талош хоҳанд кард. Мадинабону РАҲИМОВА, устоди кафедраи таърих, бостоншиносӣ ва мероси ниёгони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент


12

ХИЗМАТ БА ВАТАН

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Рамзи шуҷоату мардонагӣ Хизмат ба халқ, ҳифзи Ватан ва гиромӣ доштани ҳар ваҷаб хоки он ҷасорат ва шуҷоати мардонагиро мехоҳад. Воқеан, кори ҳар кас нест, ки ҷони худро дар ивази як мушт хоки Ватан ба гарав монад. Ин амал танҳо аз ҷониби онҳое падид меояд, ки Ватанро бо модар баробар дониста, меҳри ҳардуро дар як сатр мемонанд. Хуш аст, ки дар кишвари мо тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, он дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Модари тоҷик аз кӯдакӣ дар шуури тифлони худ ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзаминро бедор намуда, ҳифз ва хизмат намудан баҳри онро вазифаи аввалиндараҷаи онҳо маънидод мекунанд. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!”. Ҷавонони бонанги кишвар имрӯзҳо ин рисолатро ба пуррагӣ дарк намудаанд. Ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид шудани ҷавонон, бо дилу нияти нек хизмат намудан ба Ватан, сол аз сол зиёд шудани теъдоди ихтиёриён ва пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъват, далели ин гуфтаҳост. Ё 112 фисад иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисоли барҷаста шуда метавонад. Масъулини ВМКБ хушнуд аз онанд, ки тайи солҳои охир шумораи ихтиёриёни хизмат дар сафи Артиши Миллӣ афзуда, даъвати маҷбурии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз байн рафтааст. Бино ба таъкиди Тоҳир Абдулваҳҳобов, муовини коммисари ҳарбии ВМКБ оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ “ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала зарур аст, аз боби мушкилоти ҷалби ихтиёриён ҳарф зад. Яъне имрӯз агар дар сатҳи вилоят ҳарф занем, даъвати иҷборӣ вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, сол аз сол тамоюли қабули довталабон ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ҳам зиёд шуда, анқариб 90 фисади ҷавонони синни даъватӣ тариқи он мегузаранд. Ҳамчунин, баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ теъдоде аз ҷавонони вилоят ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, солҳо дар кишвари Русия мемонанд. Аммо теъдоди ҷавонони хоҳиши ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ихтиёрӣ ҳозир мешуда низ кам нестанд, ки ин хушнудкунанда аст”. Зуҳро Муллоҳукматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа, афзудани шумораи ихтиёриёнро аз таъкидҳои доимии Сарвари давлат дониста, гуфт: “Сабабҳои афзудани ихтиёриён ин таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат доир ба ҳифзу гиромидошти Ватан ва хизмат ба он, ҷалби ҷавонон тариқи мулоқотҳои судманд бо волидони онҳо мебошад. Имрӯз ҷавонон бо дарки муҳиммияти хизмат дар сафи артиш талош варзида, софдилонаву содиқона хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодаанд”. Дар тақвияти андешаҳои Зуҳро Муллоҳукматова, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалқа, Мамадризо Алимшоев, номзади илмҳои таърих ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев таъкид намуд, ки роҳҳои гуногуни ҷалби бештари ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ мавҷуданд. Аммо дар ин росто пеш аз ҳама бояд суҳбату вохӯриҳои мақсаднокро кор фармуд. Ӯ дар идома афзуд: “Дар баробари мулоқот намудан бо наврасону ҷавонон ва донишҷӯён, инчунин лозим аст, ки онҳоро аз шароиту имконоти сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва ғайра пайваста баҳраманд сохт”. Зимнан ҳамаи мо дар назди халқу Ватан вазифадорем, ки сулҳу ваҳдатро пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Родмардонеро парвариш кунем, ки бо хизмати хубу намунавӣ, Ватанро ҳифз намоянд . Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки “Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!”ро шиори виҷдонии худ қарор дода, ҷавононеро ба воя расонем, ки бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он кӯшанд, ки мамлакатамон орому осоишта, гулбоғи меҳнату зиндагӣ осуда, роҳати пирони рӯзгордида ва дунёи беғашу ғами кӯдакон гардад. Хуршед МАВЛОН, Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

Қарзи фарзандӣ Боиси ифтихор аст, ки фарзандони шарофатманди миллати тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон муҳофизати Ватан, анъанаҳои асили миллӣ ва ҳувияти таърихии худро ҳифз намуда, бо душманон муборизаҳои беамон мебурданд ва аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медоданд. Корнамоиҳои Спитамени диловар, Деваштичи ватандӯст, Темурмалики сафшикан ва Восеи шуҷоъ, ки парчами озодиву истиқлолиятро баланд афрохта, дар миёни ҳазорон марди далер ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро бедор мекарданд, баъди садсолаҳо низ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ боқӣ мемонад. Ва ё ин ки ҷонфидоиҳои насли бузурги мо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, шуҷоату мардонагӣ ба¬рои насли ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона маҳсуб меёбад. Дар ин маврид Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои қаҳрамононаи насли бузургро бо камоли ифтихор ёдовар шуда, мегӯянд: «Мо имрӯз ҳам бо гузашти даҳсолаҳо бо камоли ифтихор номи қаҳрамонон ва фидокорони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар мешавем, хотираи онҳоро пос медорем. Ягон муҳорибае набуд, ки дар он тоҷикон ҳамроҳи намояндагони миллатҳои дигар иштирок накарда бошанд. Маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, сазовори таҳсин аст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 72 нафар фарзанди Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ шудаанд ва 17 нафар ҳамдиёри мо бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд. Қаҳрамонии онҳо ҳамеша ифтихори халқи тоҷик ва илҳомбахши Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд».

Боиси хурсандист, ки имрӯз низ аксари ҷавононамон дарк намудаанд, ки ҳимояи ВатанМодар ин иҷрои шоистаи қарзи шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои конститутсионӣ аст. Имрӯз аксари ҷавонони боору номуси кишвар, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ, шарафи ҳарбиро муқаддас медонанд, ки ин гувоҳи ба анъанаҳои гузаштагонамон ва ормонҳои олии он садоқати зиёд доштани онҳо аст. Албатта, ин гуна ҷавонон шуури баланди ватандӯстӣ ва ҳиссиёти баланди муҳаббат ба Ватани худро дороянд. Бояд зикр намуд, ки Артиши миллии кишвар имрӯз рисолати бар зимма доштаашро сарбаландона иҷро дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҳарбӣ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тамоми чораҳоро амалӣ месозад. Воқеан, тайёр будан барои иҷрои ӯҳдадории ҳарбиро манфиатҳои Ватан талаб мекунад. Илова ба ин, дар шароити имрӯза тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз ҳар вақта бештар аҳамияти махсусро пайдо намудааст. Зеро танҳо шахси ватандӯст метавонад Ватанро дифоъ намояд. Ба ибораи дигар, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд. Имрӯз бо як ифтихормандӣ, бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ садҳо нафар ҷавонон хоҳиши дар сафи Артиши миллӣ кор карданро доранд. Ба ибораи дигар касби боифтихори афсарӣ, хизмат ба Ватанро барои худ шарафи бузург мешуморанд, ки ин падидаи беҳтарин дар шароити соҳибистиклолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар мавриди муносибати ҷавонони кишвар низ ба хизмати ҳарбӣ бо як хушнудӣ месазад зикр намуд, ки тӯли солҳои охир ҳамасола дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ садҳо нафар ҷавонони кишвар омодагии худро ба ба хизмати Ватан-Модар изҳор медоранд, ки падидаи неку шоистаи таҳсин аст. Тавре шоҳидем, имрӯзҳо давраи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар гӯшаву канори кишвар бо як рӯҳияи баланд баргузории чорабиниҳои зиёд, аз қабили “Рӯзи даъватшаванда”, “Муҳофизи Ватан”, бо ба роҳ мондани маҳфилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию мубоҳисавӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои мазкур натичаҳои дилхоҳ медиҳад. Аброр НОРМАТОВ, афсар, омӯзгори кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018 Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд. Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният ба кор шуруъ намуд. Бояд зикр кард, ки ба ҳолати то 16-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Айёмбеков Толиб Абдураҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад автомати Калашников, 3 адад Пулемёт, 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад таппонча, 11 адад карабин, 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм мавод тарканда мусодира карда шуд. Бо вуҷуди мусодира гардидани ин миқдор силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз ин лиҳоз, Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ супорида шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад. Дар ҳамин давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз, ки сокинони шарафманди вилоят роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро пайгирӣ намуда истодаанд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон намуданд. Рӯзи 2 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба

E - MAIL: javonontj@mail.ru ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶТ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид. Дар натиҷаи амалиёт ва задухурди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони Автомати Калашников ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи героин, 13 кг маводи нашъадори навъи ҳашиш ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид. Нисбати далели мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ бо модаҳои 195, қисми 2, 200, қисми 4, 289 қисми 3, 335 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Яке аз таъкидҳои асосии Сарвари давлат ин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намуда-

Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 18 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид. Нисбати 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бо маблаги 136663 сомонӣ ситонида шуд. Боиси қайд аст, ки аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, 210 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза

ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Ба ҳамин монанд, 15-октябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мавзеи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21010», рақами қайди транзитии давлатиаш «М 00-10 ТҶ 07» таҳти идораи шаҳрванд Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, хонаи №15 ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар постгоҳи зикршуда ба талаби қонунии корманди милитсия итоат накарда, мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд. Ҳангоми кӯшиши пешгирии фирори воситаи нақлиёт, Бодуров Навоӣ Шолиевич автомашинаи таҳти идораашро ба муқобили корманди милитсия равона карда, ӯро мезанад ва ба масофаи 300 метр кашола карда мебарад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ронандаи авто-

13

ти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳанд кард. Ҳамчунин, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ посухи сазовор дода мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузорро риоя намекунанд, дар ҳамаи дидбонгоҳҳо таҷҳизотҳои сабти навор (видеорегистратор) насб карда мешаванд. Наворҳои оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Тибқи маълумотҳои

Натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравӣ

ни ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, 14 нафари онҳо, аз ҷумла Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фирӯз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некрӯз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф, Раҳматов Фирӯз Муҳаббатович ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович ихтиёран бо аризаи худ иқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд. Ба ҷинояткороне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи пешбинигардидаи қонун истифода карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд.

намуданд. Дар баробари ин, то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба саломатӣ ва ҳаёти сокинони осоиштаи шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд. Рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бинобар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич, Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи

машинаи мазкур Бодуров Навоӣ Шолиевич ва ҳаммаслакони ӯ Давлатҷонов Амид Миликшоевич, санаи таваллудаш 9 январи соли 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, хонаи №58, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пештар бо моддаи 201 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Мазоров Мақсад Атоназарович, санаи таваллудаш 27 августи соли 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи «50-солагии Хоруғ», оиладор, соҳиби 4 фарзанд, пештар бо моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Давлатов Фахриддин Қамарович, санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, хонаи №23 ва Айёмбеков Абдураҳмон Оқилович, санаи таваллудаш 11 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Айёмбеков, хонаи №4 барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия боздошт гардиданд. Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки шахсони боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд. Ситод бо тамоми қотеъият таъкид мекунад, ки ин дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амния-

санҷидашудаи ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони сода ва гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо-“сходка”-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ГМҶ дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд. Вобаста ба ин, Ситоди муштарак бо тамоми қотеъият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад. Ҳамзамон, иншоотҳое, ки дар онҷо чунин “сходка”-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи чунин иншоотҳо, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддастарини ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар аст. Маҳз тавассути ин амал мо метавонем садоқати худро ба Ватан, миллат ва халқи худ тасдиқ намоем. Мутаассифона, ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятӣ монда, аз хизмат дар сафи ҚМ ҶТ даст мекашанд. Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар ВМКБ 100 % иҷро намуд. Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ


14

МАЪРИФАТАФРӮЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

Меҳргон - ҷашни мардумӣ Меҳргон яке аз идҳои қадимаи мардуми ориёинажод аст, ки маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон аз нав эҳё ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори идҳои Сада ва Наврӯз ҳамчун иди миллӣ шинохта шуд. Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода менамояд. Дар адабиёти гузаштагон ин калима, инчунин ҳаммаънои офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Гузаштагони мо - ориёиҳо ва бохтарию суғдиҳо ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро — «Худои офтоб» ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст: Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бияфзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон. Меҳргон ва ҷашни он мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайра аз қадим идҳои миллии мардуми ориёинажод будааст ва ба ягон дин тааллуқ надорад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфтааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Доир ба ҷашни Меҳргон инчунин дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумотҳои фаровон боқӣ мондааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд. Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишора шудааст. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Заҳҳок ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде бо номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чанд ҳазор сола дорад. Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузарониданд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштанд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ мепӯшиданд. Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон меваи анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон бо фаро расидани иди Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгузорон сару либос ва чизу чораҳои зимистона медодаанд. Ҷашни Меҳргон, ки дар даврони қадим, махсусан дар аҳди Сосониён, хеле тараққӣ кард, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин ид шаклан тағйир ёфт. Фасли тирамоҳ дар бисёр ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, маъракаҳо бо номи «Иди ҳосилот» гузаронида мешуданд. Аз қадим меҳнаткашони деҳкадаҳо бо фарорасии Меҳргон ҳашарҳо ташкил менамуданд, хонаҳоро тоза мекарданд. Тавре ки пирамардони бузургсол нақл менамоянд, мардум дар гузашта пас аз ҷамъоварии ҳосил дар меҳмонхонаҳо, сайргоҳҳо, дар бозорҳо хурсандӣ мекарданд. Аз ҳосили ба даст овардаи худ ғизоҳо пухта ҳамдигарро зиёфат менамуданд, ки ин оин имрӯзҳо низ ба назар мерасад. На фақат дар адабиёт, балки дар мусиқӣ низ ишораҳо ба ин ҷашн ба назар мерасад. Масалан, дар гузашта бо номи Меҳргон оҳангҳои зиёде сохтаанд. Аз ҷумла Низомӣ Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» аз сӣ оҳанги Борбад ёдовар мешавад, ки яке аз онҳо «Меҳргонӣ» ном дорад. Ҳамчунин оҳангҳои «Меҳргони хурд» ва «Меҳргони бузург» низ дар замонҳои пешин шуҳрат доштааст. Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад. Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми Меҳрмоҳро рӯзи Меҳр меномиданд ва одатан ҷашни Меҳргон дар ҳамин рӯз таҷлил мешуд. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ҷашни Меҳргон бо шарофати Истиқлолият умри дубора пайдо намуда, ҳукми иди миллиро дорад. Дар сатҳи мамлакат таҷлили он бо ташкили намоишгоҳҳои дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, қадрдонӣ намудани пешқадамони истеҳсолот, барпо намудани озмунҳои гуногуни соҳавӣ, фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ мувофиқи матлаб мебошад. Ҳокимҷон ҲАБИБОВ, курсанти Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даре миёни маргу зиндагӣ Ин воқеа бист сол пеш рӯй дода буд. Аммо Гуланор онро бо тамоми ҷузъиёташ, мисли он ки гӯё ҳамагӣ якчанд соат пеш рух дода бошад, дар хотир дорад. Гуланор ва дугонааш Оиша таътили зимистонаро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Волидон ба хонумҳои «калон»-и ёздаҳсола иҷозат доданд, мустақилона ба сайругашти шаҳр бароянд. Ва онҳо пешакӣ завқ мебурданд аз он ки орзуи деринаашон амалӣ мегардаду аз тамошои боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр баҳра бардошта, дар мағозаҳову марказҳои савдо сайругашт хоҳанд кард... Бо оғоз ёфтани таътил ҳамёнҳои худро аз пулҳои пасандоз намудаашон пур намуда, ба амалисозии барномаи истироҳативу фароғатии худ шуруъ карданд. Бовиқор чиптаҳои худро дар автобусу троллейбус нишон медоданду бо ифтихор дар боғҳо ва марказҳои хушҳолӣ чипта мехариданд. Онҳоро аз сардиҳои зимистон парво набуд. Дунё ба назарашон олами афсонавиеро мемонду танҳо саргузаштҳои аҷибу шавқовар ва хотирмонро мунтазир буданд. Шояд аз

ҳамин сабаб он рӯз хостанд роҳашонро кӯтоҳ намоянд ва ба тангкӯчае тоб хӯрданду бо роҳи байни хонаҳо равон шуданд. Андармони суҳбат пай набурданд, ки ба роҳи ношинос баромадаанд. Оиша Гуланорро аз нақл боздошта (ӯ дар бораи сагчаи аҷиби холааш бо шавқ қисса мекард), гуфт: “Гӯш кун, ба фикрам мо роҳро гум кардем”. Гуланор ба гирду атроф назар афканд. Атрофро пардаи нозуки торикӣ фаро мегирифт. Ҷо-ҷо иморатҳои нимсохти азим ва бисёрошёна ба назар расид. Назди биноҳои навсохт рӯшноӣ дида намешуд. Аз пушти биноҳо бошад, гулгаште воқеъ гардида буд. Дар гирду атроф ҷонзоде наменамуд. - Ман метарсам, - бо тарсу ҳарос гуфт Оиша. – Ба назарам ин ҷо даҳшатнок менамояд... - Хап шин, мо ягон хел роҳро гум накардаем, - хандида гуфт Гуланор ва тахминан як самтро нишон дод: - Бояд ба он тараф равем. Ба қарибӣ Худо хоҳад, ба хона мерасем! – ва бо садои ларзон, дар ҳоле ки асло намехост, дугонааш тарсашро пай барад, илова намуд: - Давидем! Баъдан Гуланор фаҳмид, ки сагҳо маҳз ба давидани одамон сахт эътино мекардаанд. Агар онҳо намедавиданд, шояд ҳеҷ воқеа рух намедод. Саг аз чуқурии торике ҷаҳида баромаду бошиддат аккос зада, аз қафои онҳо дартоз шуд. Садояш чунон баланду ваҳмнок буд, ки аз ҳама масофаҳои дур ҳам онро шунидан мумкин буд. Гуланор бо тамоми қувва ба пеш тохта, ҷониби Оиша нидо кард: “Ақиб намон!” То даромадгоҳи бинои наҷотбахш ҳамагӣ даҳ метр боқӣ монда буд. Гуланор бо чунон суръати баланд онро тай намуд. Гумон мерафт, ҳатто

варзишгарони тездави ҷаҳон ҳам он масофаро дар чунин муҳлат тай карда наметавонистанд. Ӯ ба ақиб нигоҳ намекард, то бубинад, ки Оиша низ аз пушт медавад ё не (ин ҳайвон ғайр аз қобилияти бо тамоми суръат давидан тамоми эҳсосоти дигари онҳоро фалаҷ карда буд). Сипас... Бист сол боз Гуланор ба худ суол медиҳад, ки чӣ гуна тавонист, ба даромадгоҳи бино даромада, аз пушташ дарро бошиддат пӯшад? Ва ба ин суол то ҳол ҷавоб ёфта наметавонад. Намедонист, ки чӣ гуна ва чаро чунин рафтор кард? Ҳамин тавр, дастонаш беихтиёр ҳаракат карда, дар пӯшида шудааст. Қулфи дар қарсос заду Гуланор наҷот ёфт. Ва танҳо баъди ду сония фаҳмид, ки Оиша дар берун мондааст! Баъди лаҳзае садои чирроси духтар баланд шуд. Он чунон даҳшатнок буд, ки ҳанӯз дар хобаш ба гӯшаш расида, бо ҳарос бедораш месозад. Ва он замон аккоси саг ба ғуррос табдил ёфт. - Оиша!!! – фарёд зад Гуланор ва дарро ба самти худ сахт кашид. Аммо кушода намешуд. Чизе дар қулф дармонда буд. Ӯ бо пойҳояш ба дар кӯфта, дод мезад ва гиря мекард. Аммо бенатиҷа... Ҳине сокинони бино фарёду шавқунро шунида, поин омада ва дарро кушода берун баромаданд, аллакай дер шуда буд. Баъдан ба Гуланор фаҳмонданд, ки Оиша аз газидани саг нафавтидааст. Балки дилкаф шудааст. Ӯ аз даҳшат фавтида буд. Он даре, ки ба рӯяш пӯшида шуд, даре буд, миёни маргу зиндагӣ... Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

15

НАВҚАЛАМ

Ташаккули маънавии кӯдакон

Ганҷинаи умри инсон Лаҳзаи аз донишҷӯ гардиданам хабардор шудам, маро ҳиси гуворо фаро гирифт. Аз он рӯз се сол сипарӣ гардид. Гӯё ба сони як миҷа задан. Чӣ қадар зудгузар аст, вақт. Мисле дирӯз буду ба имрӯз расидам. Гӯё дирӯз буд, ки вориди аудиторияи донишҷӯӣ шуда будам. Гоҳо ба худ савол медиҳам, ки баъди ин солу солҳои дигар чӣ чизе маро интизор аст? Одатан баҳри худро таскин ё шояд фиреб додан мегӯям, ки “барои сохтани худ омада шудам ин солҳо”. Вале оё дар ҳақиқат худро заррае ҳам бошад сохтаам? Ҷавоб додан ба ин савол барои на як ман, балки ҳар яки мо ҷавонон чандон осон нест. Иқрор бояд гашт, ки ҷавонӣ даврони хуррамии ҳаёт аст, ки бешак бо худ ҷунуниҳо дорад. Ҷавонӣ даврони шукуфтанҳову камолёфтанҳост, ки хеле зуду ноайён мегузарад. Ин ҳукм хулосаи ман нест. Балки онро аз бузургбародарони худ медонем. Насиҳати онҳо ва таъкидҳои пайвастаи онҳо моро водор мекунад, ки қиматтарин гавҳари даврони ҷавониро ҷӯё шавем. Ва савол диҳем ба худ, ки он гавҳар чист? Он гавҳару ганҷина вақти зудгузари ҳаёти мост, ки дар оғоз онро ишора кардам. Барои дарёфти ин ганҷина ва соҳибӣ ба он чӣ бояд кард? Пул, мол ва умуман дигар боигариҳо ҳатто ҷузъе аз он ганҷина низ нест. Чингизхони ғосиб нисфи як қитъаро тасарруф намуда буд. Тамоми умр ба тасарруфи мулку сарзаминҳо машғул буд. Ҳатто дар сафари ғосибона ҷони худро ба ҷонофарин таслим карда буд. Дар охирин нафасҳо ба суроғи ҳастиву ҷараёни умри худ андармон гашт, вале аллакай дер шуда буд. Ба тамоми нуқот одамонашро равон месохт, ки бо дорӯе барояш роҳи намурдану дарозумриро пайдо кунанд. Яқин буд, ки агар умр барои Чингизхон бозпас мегашт, ӯ ҳеҷ гоҳ ғосиб намешуд. Тамоми ғосибони сарватгадо ҳамин аҳволро доштанд ва ҳатто бо сахттарин аламҳо ганҷинаҳову сарватҳояшонро ба дигарон монда рафтанд. Ба андеша фурӯ меравам ва чунин як хулосае пайдо мешавад, ки қимати умри мо танҳо ба василаи тақсими дурусти вақт дар паи таҳсилу омӯхтан меафзояд. Дуруст аст, ки масъалаи молиявӣ дар рӯзгор ҳамеша моро водор менамояд, ки дар паи дарёфти ризқу рӯзӣ бошем. Зиндагӣ бидуни он рангин ҳам намешавад. Аммо чи хуб аст, ки агар он молу амвол ба дунболи мо равад, на мо ба дунболи он. Хеле зиёд дучор меоем, ки ҷавони донишҷӯи имрӯза дар курсии донишҷӯӣ нишаставу дар бораи мошинҳои қимату хонаҳои пурдабдабаи ояндааш фикр мекунад. Фикр не, ҳатто талош мекунад. Ҳамин аст, ки ӯ худро ба ҳар кӯ мезанад. Таҳсил канор мемонаду бозоршин мешавад. Ҳаваси пулу моли зиёд карда, ба мардикорӣ меравад. Дар ин роҳ бо кӣ ҳамнишин мешавад, дар таҳти таъсири кадом рӯҳия қарор мегирад, масъалаи чигилу печидаи дигар аст. Хуллас, давраи донишҷӯии ӯ тавре мегузарад, ки танҳо соҳиби як дипломи хушк мешавад. Бо “дипломи оливу каллаи холӣ” мехоҳад, ки дар истеҳсолот ҷои худро пайдо кунад. Аммо як чизро ин гуна ҷавонони ҳаваскор фаромӯш кардаанд, ки дар ҷомеаи сармоядорӣ ҳеҷ гоҳ бо дурӯғу фиребу беҳунарӣ наметавон, ки муваффақ гардид. Коргоҳ ва соҳиби коргоҳ пешравиро мехоҳанд ва намегузоранд, ки як беҳунари ғофилу фиребгар мавқеи онҳоро ноустувор гардонанд. Дар ҳамин фурсат андаке ақли солим кифоят мекунад, ки ин гуна ҷавон дарк намояд, ки ӯ фиреби вақтро хӯрдааст. Зеро ӯ дар аснои таҳсил ба худ ваъдаи фардоро медод ва бо фиребу дурӯғ аз таҳсил дур буд. Ӯ аз паи молу сарват рафта буд ва натавонист, ки молу сарватро аз паи худ равон созад. Донишу маърифат ҳар як фардро водор менамояд, ки ҳарис набошад. Ӯ ба ҳамон қадре зиндагӣ менамояд, ки ақалан баробари дигарон бошад. Ӯ молу сарватро ғуломи худ сохтааст, на молу сарват ӯро. Ӯ қадри умру вақтгузарониро медонад. Тавре зиндагӣ менамояд, ки озоррасон набошад. Некӯӣ кардан мехоҳад. Барои анҷоми ин некӯӣ тамоми умр донистану омӯхтан мехоҳад. Шояд ҳамин фард ганҷинаи умри худро шинохта бошад? Фаррух ҲАИТМУРОДЗОДА, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Мардуми ҷаҳонро имрӯз чунин андешаҳо ба ташвиш овардааст, ки “барои чӣ пешрафти илму техника ба инсоният ба ғайр аз шароити мусоид боз мушкилоти маънавӣ низ эҷод намудааст? Чаро офариниши технологияи нав инсониятро ба хатари нобудшави рӯ ба рӯ сохтааст?” Алберт Эйнштейн сабабгори ин ҳолатҳои даҳшатнокро ба костагии ахлоқи одамон мансуб медонад. Ба андешаи ӯ ҷанбаи рӯҳонию маънавии ҳаёти инсон аз таҳаввул боз мондааст, ки аз як чиҳат ба пешрафти илму техника марбут мебошад. Имрӯз дар мактаб дониши хонанда мавқеи асоси гирифтааст, на шахсияти ӯ. Кӯдак илмро аз худ кардааст, лекин дар аксари мавридҳо барои фикри худро озодона баён кардан душворӣ мекашад. Хонандаи мо чӣ дар давраи мактабхонӣ ва чӣ баъди хатми мактаб дониши гирифтаашонро дар ҳаёт пурра истифода бурда наметавонад. Тарбияи кӯдакон аз оила сарчашма меёбад. Аз падару модари худ тарбия гирифта, онҳоро ҳурмату эҳтиром менамоянд. Волидон аввалин омӯзгорони кӯдакони худ буда, муҳимтарин вазифаи онҳо пайдо кардани роҳу усулҳои самарабахш барои тарбия ва омӯзиши фарзандон мебошанд. Эшон дар тамоми ҷанбаҳои инкишофи кӯдак иштирок менамоянд. Бинобар ин, волидон бояд бо омӯзгорон ҳамчун шарик дар таълиму тарбияи кӯдакашон бошанд. Табиист, ки кӯдакон бо хусусиятҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо қобилияти гуногун доранд. Бо роҳҳо ва суръатҳои гуногун чизҳоро дар ҳаёт меомӯзанд. Барои ин дар ҳар як мактаб, муасисаҳои таълимии томактабӣ ба назар

гирифтани қобилияти аз худ кунӣ ва малкаи кӯдакон ба назар гирифта шавад ва тамоми шароит фароҳам оварда шавад, то ки кӯдакон бе ягон монеа омӯзанд ва ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ пурра рушд кунанд. Бахусус кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҳар ҷиҳат аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва усули якхела барои ҳамаи онҳо мувофиқ намеояд. Бинобар ҳамин омӯзгор-мураббӣ аз усулҳои гуногуни кор бояд истифода кунад. Тарбияи маърифатии шахс аз дониш ба миён меояд. Он яке аз сифатҳои ахлоқӣ ва маънавии миллатро ташаккул медиҳад. Ин раванд ба кӯдакон имконият медиҳад, ки фаъолияти омӯзиши мустақилона дошта бошанд. Кӯдакон намуди фаъолиятро

бо хоҳиши худ интихоб менамоянд ва омӯзгорон онро дастгирӣ намуда шароитро ба онҳо муҳайё месозанд. Омӯзиши фаъол ба кӯдакон имконият медиҳад, ки ба олами атроф мароқ зоҳир намоянд. Кӯдакон бо истифодаи маводҳо дар гӯшаҳои таълимӣ маҳорату малакаи фикрашонро ташаккул медиҳанд. Онҳо дар сурате бештар дониш мегиранд, ки агар аз фаъолиятҳо қаноатманд бошанд ва эҳсос кунанд, ки шавқу завқашон ба инобат гирифта мешавад. Агар мо дар хонандагон тарбияи зебопарастӣ, меҳнатдӯстӣ, тафаккури тарбияи масъулиятшиносиро омӯзонем, ин бурди ҷомеаи мо дар ҷомеаи башарӣ шуда метавонад. Ширин ИНОЯТОВА, донишҷӯи ДМТ

Сарвати бебаҳо Об сарчашмаи ҳаёт ва асоси зисту зиндагонии мавҷудоти зиндаву ғайри зинда мебошад. Об дар таърихи пайдоиши замин, ташаккулёбии иқлим ва пайдоиши ҳаёт дар кураи замин саҳми назаррас дорад ва дар ҳолати кам ё зиёд гаштани намудҳои об мувозинати табиат вайрон мегардад. Танзими ҳарорати сайёра низ ба об бастагӣ дорад. Дар ҳавои гарми тобистон уқёнусҳо аз се ду ҳиссаи гармӣ аз офтоб ба замин воридшавандаро дар худ фурӯ мебаранд ва ба ин васила намегузоранд, ки дар тобистон ҳарорат аз меъёр зиёд гарм шавад. Гармии тобистон таввасути ҷараёнҳои об ба қабатҳои поёни уқёнус фаромада захира мешавад. Ва ин гармиро дар фасли сармо уқёнус мунтазам аз худ хориҷ намуда ҳарорати сайёраро гарм мегардонад. Дар реаксияҳои киёвӣ об яке аз фаъолтарин модаҳо маҳсуб ёфта, ҳалкунандаи универсалӣ ҳисобида мешавад. Он мисли инсон қобиляти дарк карданро дорад. Ин қобиляти нодири обро аввалин бор олими Ҷопон Масарру Эмото дар соли 1983 кашф кардааст. Таҷрибаи гузаронидаи ӯ чунин будааст, ки вай дар ду шиша миқдори оби софро гирифта, дар руи шишаи якум ‘’сипос бар ту’’ ва дар шишаи дуюм ‘’ту девонаӣ’’ менависаду онҳоро ях мекунонад. Ҳангоми шишаҳоро ба зери заррабин гузоштанд мебинад, ки гулҳои шишаи якум шакли зебо ва шишаи дуюм шакли нозеб (безеб) доранд. Бовуҷуди оне, ки қисми зиёди заминро об ишғол намудааст, айни ҳол наздики 2 мил-

лиард нафар аҳолии чаҳон аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд. Тибқи арзёбиҳои институтҳои СММ айни замон ҳудуди 900 миллион нафар ба оби нушокии безарар дасрасӣ надоранд. Олимону коршиносон то соли 2030юм мушкилоти норасоии обро барои қариб 40% аҳолии ҷаҳон арзёбӣ менамоянд. Захираҳои обҳои ошомиданӣ ниҳоят маҳдуд буда ҳамаги 2,5%-и ҳаҷми умумии обҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Аввалин маротиба дар оғози асри ХХI дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи истифодабарӣ ва захирҳои об аз ҷониби Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои СММ ба сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳои пешниҳод намудаи роҳбарияти Тоҷикистонро оид ба эълон доштани cоли 2003 - “Соли оби тоза” cоли 2013 - “Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об” ва даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳайёт” солҳои 2005-2015 ва даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Аҳамияти ин пешниҳоди Пешвои миллатро мамлакатҳое эҳсос мекунанд, ки аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Фаррух БЕГИҶОНОВ, донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №43 (9573), 25.10.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Амалдор ва деҳқон ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

АСЛАМ АДҲАМ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Аз замин то ситораҳо роҳи осон мавҷуд нест. ******** Табиат дар ҳадди зарурӣ талаботи воқеиро қонеъ мегардонад. ******** Аз лаззатҳои имрӯза тарзе истифода намо, ки ба ояндагон зиён наорӣ. ******** Табиатро тағийр додан душвор аст. ******** Ҳаёт монои намоиши театрист муҳим он нест, ки он чи қадар давом мекунад, муҳим он аст ,ки то чи андоза хубу зебо анҷом мепазирад. ******** Хушҳол буданро биомӯз! ******** Онҳое, ки то мо зистаанд, корҳои зиёде карданд, вале чизеро анҷом надоданд. ******** Ҳарчанд бисёриҳо шоистаи рушноӣ нестанд, вале ҳамоно рӯз оғоз мешавад. ******** Меҳнат одамони бузургро меозмояд. ******** Инсон қобилиятҳояшро танҳо ҳангоми иҷрои коре эҳсос мекунад. ******** Нодонӣ воситаи бадест, барои раҳоӣ аз фалокат. ******** Дигаронро омӯзонда мо худ низ меомӯзем. ******** Асоси фалсафа илм дар бораи некию бадист. ******** Хирадмандӣ ақлҳоро аз такаббур озод мекунад. Сенекаи хурдӣ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Деҳқоне буд, ки тамоми умр дар заминҳои кишти худ меҳнат мекард. Боре ӯ дид, ки ҳосили кишташ пажмурда шудааст ва тасмим гирифт, ки ба заминаш пору андозад. Вақте дар роҳ бо ҷуволи пур аз пору мерафт, аз рӯ ба рӯяш шахси олуфтае намудор шуд. Ӯ амалдоре буд, ки бо сару либоси тозаву озода ботакаббур ва салобати зиёд қадам мезад ва дар гирду атрофи хеш чизеро пай намебурд. Ногаҳон амалдор ба деҳқон бархӯрд ва порӯи бӯйгин ҳамагӣ ба сару рӯяш пош хурд. Ҳарду бо ҳам ба муноқиша бархостанд ва аз якдигар товони зарар талаб мекарданд. Баҳсу мунозираи зиёд карданду ба хулоса ва мувофиқаи аниқе расида натавонистанд ва оқибат ба назди қозӣ рафтанд. - Ҷаноби қозӣ, - ба сухан шуруъ намуд деҳқон, - бо айби ана ҳамин одам тамоми поруи ман талаф ёфт. Ман акнун чӣ кор кунам? Аҳли оилаамро чӣ гуна сер кунам? Ман ин поруро барои ба заминам пошидан мебурдам, то ҳосили хуб ба даст биёрам. Акнун ҳосили ман пурра талаф меёбаду аҳли оилаи ман аз гуруснагӣ мемирад. Қозӣ арзи ӯро шунида, ба хулосае омад, ки суханони ӯ дурустанд. Сипас ӯ ба амалдор сухан дод. - Ба фикри шумо ин либоси нави

ман чанд пул арзиш дорад? – гуфт амалдор. - Имрӯз ин шахс сару либоси маро пурра ифлос ва корношоям кард. “Ҳа, - ба амалдор нигариста, аз дил гузаронд қозӣ, - дар ҳақиқат ҳам сару либоси ту гаронбаҳо аст. Ту маблағи зиёде сарф намудӣ, то бо карруфари зиёд қадам зада, худнамоӣ кунӣ. Ва инак мехоҳӣ, ки ин деҳқони бечора ба ту товон бидиҳад?” Аммо бо садои баланд чунин гуфт: - Бале, деҳқон бояд ба шумо товон пас бидиҳад. - Ман аз куҷо чунин маблағ пайдо мекунам? – ба ғазаб омад деҳқон. – Магар ман нагуфтам, ки ризқу рӯзии аҳли оилаи ман аз ҳисоби ҳосили ҳамон заминест, ки айни ҳол бе пору монда талаф меёбад? - Ин тавр бошад, ба рӯи ӯ 100 шаппотӣ бизан, - гуфт қозӣ ба амалдор. – Ва ин товони зарари ба ту расонда ҳисобида мешавад. Амалдор ба рӯи деҳқон шаппотӣ задан гирифт. Аммо вақте ҳисоби онҳо ба 82 расид, қозӣ ногаҳон пурсид: - Бозист, ту амалдори ҳарбӣ ҳастӣ, ё ғайриҳарбӣ? - Ҳарбӣ, - ҷавоб дод амалдор. - О-ҳо, - гуфт қозӣ, - танҳо амалдори ғайриҳарбӣ ҳуқуқи 100

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН

Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат соли 2015 ба Вайсидин Раҳмуддинов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯӣ, ки онро Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2018 ба Сироҷ Арбобов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт соли 2011 ба Анаҳита Бобомуллоева додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

шаппотӣ заданро дорад, барои ҳарбиён бошад, танҳо 50 шаппотӣ задан иҷозат дода шудааст. Ва ба деҳқон рӯй оварда пурсид: - Ту аллакай чанд шаппотӣ хӯрдӣ? - 82-то, - гуфт деҳқон. - Пас метавонӣ шаппотиҳои барзиёдро ба ӯ пас гардонӣ. Деҳқон хеле хурсанд шуда, ба рӯи амалдори олуфта 32 шаппотӣ зад. Ҳанӯз аз зарбаҳои аввал рухсораҳои амалдор суп-сурх шуда, варам карданд. Сипас ҳар кадоми онҳо ба хонаҳои худ рафтанд.

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3952 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.