Аввалин Лагери омӯзишии ҷавонон дар “Ширкент”
Медали тиллои Акмалиддин Каримов дар Ҷоми ҷаҳон
№43, (9417), 29 октябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
ҶАШН
ҲАФТ РӮЗ 22.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд. 23.10.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд дар робита ба бархӯрди автобӯси мусофиркаш бо мошини боркаш, ки беш аз 40 нафар ҳалок гаштанд, барқияи тасаллият ирсол намуд. 24.10.2015 Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ бо сафари
расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Зимни музокироти расмии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, миёни ду кишвар 8 созишномаи нав ба имзо расид. 25.10.2015 24 ширкати туристии кишвар баъд аз гузаштани курси омӯзишӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалии соҳаи туризм Марлон Ван Хи аз Ҳолланд, соҳиби шаҳодатномаи “Travellife” гардиданд. Шаҳодатномаи мазкур ба ширкатҳои туристии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба шабакаи ширкатҳои муваффақ ва устувор дар хизматрасонии туристии Аврупо ворид гарда, имкониятҳои туристӣ ва хатсайрҳои туристии кишварро онлайн муаррифӣ кунанд.
26.10.2015 Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври шонздаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба дарвозаи дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Б. Ғафуров 8 голи беҷавоб зад. 27.10.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар робита ба Рӯзи истиқлолияти ин кишвар барқияи табрикӣ фиристод.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар варзишгоҳи нав
28.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар робита ба иди миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
2 Аввалин Лагери омӯзишии ҷавонон дар “Ширкент”
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
23-26 октябр дар урдугоҳи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода нахустин Лагери ҷумҳуриявии "Мактаби омӯзиши ҷавонони фаъол” доир гардид.
www.javonon.tj
Лагер бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор шуда, беш аз 70 нафар гирандагони стипендияи Президенти кишвар ҷалб шудаанд. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Турсунзода иштирок карданд. Гуфта шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баргузории чунин чорабиниҳо дар ин замина баргузор мегарданд. Ҳамзамон, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ карда шуд. Ба ширкаткунандагони лагер тибқи барнома раисони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ А. Абдуллозода, кор бо занон ва оила М. Хидирзода, забон ва истилоҳот Г. Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагон Қ. Миралиён ва дигарон дар робита ба тақвияти малакаҳои сарварӣ машғулият гузаронданд. Дар доираи лагер чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Шоми дӯстӣ», рақсу суруд ва озмунҳои шеърхонӣ, иншои беҳтарин, лоиҳаи беҳтарин баргузор шуданд.
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Аз рӯи таҳлилҳои ҷаҳонӣ гурӯҳи тундгарои ДИИШ ҳар моҳ 1400 маводи таблиғотиро ба сомонаҳои интернетӣ ва дигар васоити иттилоотӣ ҷой медиҳанд. Дар ҳамин ҳол қариб 80 фисади ҷавонону наврасони кишварамон аз интернет истифода мебаранд. Дар ин раванд ифротгароён ҳам нерӯи азими ташвиқотиро устувор мекунанд. Ба ибораи дигар экстремистон барои гумроҳ кардан ва шустушӯи мағзҳои наслҳои имрӯзу фардо ҳама роҳҳоро ба кор мебаранд.
аҷдодӣ ҷавонон бояд ҳамаҷониба талош кунанд. Манучеҳр Сафаров, корманди Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят тавзеҳ дод, ки азбаски ВМКБ дар наздиктарин фосилаи сарҳадӣ бо кишвари Афғонистон аст, таҳдид ба вазъи тинҷу осудаи ҷумҳуриамон бевосита аз он сурат мегирад. Яъне ноором боқӣ мондани вазъияти феълии ҳамсоякишвар, идома ёфтани муқовиматҳои созмонҳои террористии «Ал-қоида», «Толибон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ансоруллоҳ» ва ҳамзамон «Давлати исломии Ироқу Шом» дар шимоли Афғонистон ба суботи Тоҷикистон хавфи ҷиддиро эҷод мекунад. Муборизаҳои мусаллаҳона ва амалиёти низомӣ, ки беш аз 30 сол дар Афғонистон идома доранд, ба вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварамон бевосита асар мекунанд. Масъулини Раёсати КДАМ-и вилоят нуқтаи муҳимро шарҳ доданд, ки ҳоло гурӯҳҳои «Толибон» пас аз кушодашавии роҳҳои пиёдагарди кӯҳӣ нақшаҳои гузарондани амалиёти густурдаи террористиро дар ноҳияҳои наздимар-
омада, бо баҳонаи таҳсил дар мадорис ҷавононро барои гирифтани таълимоти террористӣ ба давлатҳои хориҷа интиқол медиҳанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ муайян шудааст, ки чанде пеш чор нафар сокини ҷамоати деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ ба сафи гурӯҳи «Толибон» ҳамроҳ шуда, дар амалиёти ҷангӣ дар хоки Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Паҳлӯи вижагии масъала агарчӣ ба гурӯҳҳои тундгаро шомил шудани ҷавонон аст, қаблан шумораи гаравиши ҷавонони ВМКБ ба он чандон беш набуд. Вале феълан бо тавзеҳоти дақиқи раёсати мазкур аз ҳисоби сокинони вилоят, хусусан ноҳияи Ванҷ 35 нафар ба гурӯҳи террористии ДИИШ дохил шуда, бар зидди ҳукуматҳои конститутсионии мамолики Суриву Ироқ, Афғонистон ва Покистон ҷангида истодаанд. Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилоят Пайша Усмонов низ изҳори нигаронӣ кард, ки воқеан гаравиши ҷавонон ба гурӯҳхои ифротӣ вақтҳои охир афзоиш ёфта, ба ин маҳз беназоратии падару модар, масъулини соҳаи маорифи ВМКБ ва
зии Тоҷикистон ва ташкил намудани пойгоҳҳои худро доранд. Ҳоло дар ноҳияҳои назди ҳудуди ВМКБ аз ҷумла Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Моҳимай, Нусай, Шикай ва Куфоб ҳаракати гурӯҳҳои мазкур ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи тавзеҳоти Раёсати КДАМ ҳоло аз ҳисоби сокинони ВМКБ дар мадрасаҳои кишварҳои хориҷ 196 нафар толибилм таълимоти мазҳабӣ мегиранд. Аз теъдоди онҳо бошандагони шаҳри Хоруғ панҷ нафар, навоҳии Ванҷ - 113, Ишкошим се нафар, Дарвоз - 15 ва Шуғнону Рӯшон якнафариро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 144 нафар ба вилоят баргардонида шуда, 27 нафар то ҳол дар кишварҳои исломӣ қарор доранд. Зикр гардид, ки дар марказҳои таълимии хориҷӣ баробари таълимоти динӣ гирифтан, ҳамчунин барои ҷавонон тарзу усулҳои муносибат бо моддаҳои тарканда омӯхта мешавад. Инчунин ифротгароён онҳоро аз намудҳои ҳархелаи силоҳ ва якҳарбаҳои шарқӣ баҳравар месозанд. Яъне ин ба он оварда расонд, ки ҷамъияту созмонҳои алоҳидае рӯи кор
Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонону наврасон боис гаштааст. Роҳбари намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров, изҳори таассуф намуд, ки маҳз чанд соли охир зуҳуроти тундгароӣ дар ҷаҳон реша давондааст. Ба гуфтаи ӯ дар баробари он ки мардуми осоиштаи кишварҳои шарқӣ гуреза шудаанду тӯъмаи ваҳшонияти экстремистон қарор гирифтанд, чанд тан аз ҳамкасбон рӯзноманигорон ҳам баҳри инъикоси воқеияти ин доғи рӯз дар мамолики мазкур ба ҳалокат расиданд. Дар кори машварат ҳозирин лозим донистанд, ки пеш аз ҳама тамоми табақаҳои ҷомеа бояд паёмадҳои ин зуҳуроти номатлубро пурра дарк намоянд ва ҳарчи зудтар барои ислоҳи он ғайрат намоянд. Ҳамчунин муҳим аст ҷойгоҳи муаллимону устодони омӯзишгоҳҳоро, ки дар баланд бардоштани завқи маънавӣ нақши аввалиндараҷа доранд, ба мавқеи қаблан доштаашон баргардонд. Вагарна фаъолияти гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ дар кишвар бештар хоҳад гашт.
ВМКБ: баррасии майли ҷавонон ба ифротгароӣ
Омӯзиши сохторҳои қудратии ВМКБ оид ба вазъияти байни ҷавонон нишон додааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонони навоҳии Ванҷу Дарвоз ба масоили мазҳабӣ бештар шудааст. Яъне давоми 24 соли истиқлолият бисёре аз ҳамватанон дар мамолики исломӣ, аз қабили Покистону Эрон, Миср, Яман, Арабистони Саудӣ ва ғайра макотиби диниро хатм намуда, ба ҷарёну равияҳои барои ҷумҳурии мо бегонаву хатарнок гаравидаанд. Дар иртибот бо ин масъалаи мубрам дар маркази ВМКБ бо иштироки васеи роҳбарону намояндагон, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ суҳбати мизи мудаввар доир гашт. Дар он мавзӯи «Ифротгароии ҷавонон, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Муовини раиси ҲХДТ, профессор Раъно Бобоҷониён зимни суханронӣ таъкид дошт, ки феълан лозим аст шакли коргузориро дар самти масоили мазкур тақвият дода, барои тарбияи аслии ҷавонон усулҳои маънавии судмандро ба кор барем. Баъзе равандҳои таълимие, ки ҳатто таърихан аз даврони шӯравӣ омадаанду моҳияти хуби таблиғотӣ доштанд, дар ҳолати кунунӣ ҳам бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Яъне барои садди роҳ шудани зуҳуроти тундгароӣ ва баланд бардоштани маърифату худшиносӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷалб шаванд. Инчунин, ҳар фардро лозим аст, ки масъулияти комилеро вобаста ба чунин масъалаҳо эҳсос кунад. Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердива ишора кард, ки ягона заминаи муқтадире, ки бояд ҷавонон бар он такя намоянд зиракии сиёсӣ ва мақоми худро нигоҳ доштан дар пешрафти ҷаҳони муосир аст. Ҳамзамон барои гиромидошти урфу одат ва суннатҳои
РУШДИ ТУРИЗМ
хонандагони синфи 8-и мактаби №87-и шаҳри Душанбе, намояндагони ширкати “Скай-тур” ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Пеш аз оғози семинар мизбонон меҳмононро ба сайри Қалъаи бостонии Ҳисор бурданд.
ҶАШН ЯК НАВЪ ТАБЛИҒ АСТ - Таҷлили 3000-солагии Ҳисор, ки 4 октябри соли 2011 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, боиси ободии ин диёри бостонӣ гардид, гуфт Хайрулло Давлатов, мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳисор. – Эълони ҷашни мазкур, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дастгирӣ ёфт, боиси таваҷҷуҳи бештари сайёҳон ба ин куҳандиёр гардид. Яъне таҷлили 3000-солагии Ҳисор як навъ таблиғ барои ҷалби сайёҳон низ мебошад. Аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор бахшида ба ҷашн буклет оид ба мухтасари таърихи Ҳисор ва
мешавад. Чунончӣ, ба наздикӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳисор дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ” симпозиуми байналмилалӣ доир гардид, ки дар он аз 10 мамлакат меҳмонон ширкат доштанд. ДОХИЛШАВИИ ФАКУЛТАИ ТУРИЗМ ОСОН АСТ? Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, гуфт, ки ҳадаф аз ташкили сайру саёҳат ошно шудан бо хизматрасонӣ буд. - Бо либосҳои миллӣ, карнаю сурнай пешвоз гирифтани меҳмонон яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон мебошад, - гуфт Ризо Назарзода. – Сайёҳ пеш аз ҳама ба тарзи қабули мизбон, сифати хизматрасонӣ таваҷҷуҳ мекунад. Агар меҳмонхона аз ҷиҳати сохт зебо бошаду кормандони он чеҳраи кушодаву забони ширин
лака ҳосил хоҳед кард. Бояд шумо ҳамеша омодаи роҳбаладӣ кардан ба сайёҳон бошед. Мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Фазлиддин Қодиров дар тақвияти суханони Ризо Назарзода гуфт, ки мутаҳаррики асосии пешбарандаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мутахассис (кадр) мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳояшон оид ба истифодаи мақсадноки иқтидорҳои туристии кишвар ба хотири пешбурди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъкид мекунанд, - гуфт Фазлиддин Қодиров. – Аз ин рӯ, Консепсияи нави мукаммали тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм дар мамлакат зарур аст. Мардуми мо фарҳанги хоси меҳмонпазироии шарқиёна дорад, ки ҷаҳон онро эътироф мекунад. Барои он ки интизории мо дар роҳи меҳмон
надошта бошанд, сайёҳ майли дигарбора ба ин ҷо омаданро намекунад. Имрӯз дар Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ манзараҳои зебои табиӣ, обҳои гарму маъдании шифобахш, меҳмонхонаҳо мавҷуданд, вале сифати хизматрасонӣ ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. - Мутаассифона, интихоби касб барои баъзеҳо ҳанӯз стихиявӣ аст, - гуфт Ризо Назарзода. – Иддае аз падару модарон ба фарзанди худ тавсия медиҳанд, ки “ба факултаи “туризм” рав, довталабаш кам асту дохилшавиаш осон”. Бо чунин таваккалӣ рафтан кас мутахассис намешавад. Барои мутахассиси хуб шудан бояд дар дил ба он касб меҳр доштан лозим. Мутахассиси соҳаи туризм бояд таъриху фарҳанги диёри худ ва 2-3 забони хориҷиро хуб донад. Касоне, ки тасодуфан соҳиби диплом гаштаанд, ҷои кор намеёбанду роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Ризо Назарзода аз таҷрибаи кишварҳои дар соҳаи туризм пешрафта, мисли Малайзия, Туркия, Тунис ва Кения маълумот дода, таъкид намуд, ки як бурди ин кишварҳо дар баробари доштани манзараҳои табиӣ дорои потенсиали пурқуввати кадрӣ будан низ мебошад. Муовини раиси кумита дар бораи манфиати рушди туризми дохилӣ сухан карда, аз донишҷӯён хост, ки дар ин самт фаъол бошанд. - Шумо роҳбаладиро аз аҳли хонавода ва дӯстони худ шуруъ кунед, - гуфт Ризо Назарзода. - Як рӯзи истироҳатӣ дастаҷамъона ба як гӯшаи таърихӣ ё зебоманзараи диёрамон рафта, дар бораи он маълумот диҳед. Баъди 2-3 бор роҳбаладӣ кардан, таҷрибаю ма-
(турист) тӯл накашад, хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳар як иншооти туристиро самаранок истифода барем. Ф. Қодиров таъкид намуд, ки мутахассис бояд донишу малакаи худро пайваста такмил диҳад. Зеро бархе аз сайёҳони хориҷӣ дар баъзе аз мавридҳо нисбат ба роҳбаладон маълумоти бештар доранд. Сардори департамент оид ба туризми дохилии ширкати сайёҳии “Скай-тур” Нозимҷон Комилов, ки 7 забонро медонад, ба донишҷӯён дар бобати таҳсилаш дар Олмон ва чӣ тавр тавассути озмун ба кор қабул шуданаш маълумот дод. - Агар кас дар ҳама кор азми дурусту саъйи комил дошта бошад, ба мақсадаш мерасад,- гуфт Нозимҷон Комилов. – Ҳар қадаре, ки мутахассиси соҳаи туризм бештар забонҳои хориҷиро донад, ҳамон қадар ба манфиати кор аст. Масалан, бо ҳар олмонӣ ё фаронсавию испанӣ бо забони худашон суҳбат намоӣ, ҳамон қадар бештар қаноатманд хоҳанд шуд. Устоди Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Исмоил Раҳмонов гуфт, ки асоси соҳибкориро хизматрасонӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, риояи одоби муошират дар самти хизматрасонии соҳаи туризм хеле муҳим аст. Бо рушди соҳаи туризм ҳунарҳои мардумӣ низ рушд ёфта, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мешавад. Ризо Назарзода пешниҳод кард, ки аз ҳисоби донишҷӯён як гурӯҳи бистнафараи роҳбаладони ихтиёрӣ таъсис дода шавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин семинарҳо таконе баҳри пешравии бахши хизматрасонӣ дар соҳаи туризм хоҳад шуд.
Барои сайёҳ сифати хизматрасонӣ муҳим аст
сохта шуд, масҷиди сангин мебошад, ки дар гузари Кулоҳдӯзони шаҳри Ҳисор сохта шудааст. Мақбараи Махдуми Аъзам аз 3 бино иборат аст. Бинои аввал ҳамчун масҷиди гузари Шакарӣ дар асри Х сохта шуд. Ду гӯрхонае, ки дар он ҷо мавҷуд аст, яке аз Шайх Ҷунайдуллоҳи Ҳисорӣ, дигаре аз Хоҷа Муҳаммади Хевагӣ мебошад. Яке дар асри ХIII ва дигаре дар асри XVI сохта шудааст. Ширкаткунандагони семинар, ҳамчунин ба Осорхонаи таърихии
ёдгориҳои таърихии он таҳия шудааст, ки ба иштирокчиёни семинар тақдим гашт. - Мо буклет ва харитаи ёдгориҳои таърихии Ҳисорро бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бо теъдоди 15000 нусха омода кардем, ки ба меҳмонони ҷашн туҳфа карда мешавад, - гуфт мудири бахш Отаҷон Ниёзов. – Ҳар ҳафта вобаста ба ин ҷашни таърихӣ чорабиние доир мегардад, ки боиси баланд шудани ғурури миллӣ ва хештаншиносии ҳамватанонамон
www.javonon.tj
САЙРЕ БА ҚАЪРИ АСРҲО Директори Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор Зикрулло Ҷобиров дар бораи таърихи бунёди Қалъаи Ҳисор ва тамаддуни Ҳисори Шодмон ба ҳозирин иттилоъ дод. - Ҳисори Шодмон мулки бостонӣ буда, дар паҳнои таърих бо номҳои Шумон, Шамон, Шодмон, Ҳисори Шодмон, водии Ҳисор маъруф буд, - гуфт Зикрулло Ҷобиров. - Марзу буми он дар ҳудуди кишварҳои асотирии Пешдодиёну Каёниён ва Ҳамоварон воқеъ дар Мовароуннаҳри Тӯронзамин ба ҳайати давлатҳои таърихӣ ва дар замони худ муқтадири Тахористон, Бохтар, Ҳахоманишиён, Селевкия, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Тоҳириён, Ашкониён, Ҳайтолиён, Сомониён, Қарахониён, Ғазнавиён, Салчуқиён, Қарахитоиён, Хоразмшоҳиён, Муғулон, Шайбониён, Аштархониён, Манғитиён ва Шӯроҳо шомил буд. Яке аз ҷиҳатҳои таърихии Ҳисор дар он аст, ки соли 1924 дар назди дарвозаи Арки Қалъаи Ҳисор бори аввал ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуда буд. Аксари ашёи қадимаи аз ин мулки бостонӣ дарёфтшуда таърихи 6-7-ҳазорсола дорад. Дар ин қалъаи бостонӣ ҳукумати Бухорои Шарқӣ ҷой гирифта, он аз “Қароргоҳи мир”, “Уштурхона” ва “Аскархона” иборат буд. - Шаҳри бостонии Ҳисор ба масофаи 10 километр бо девор иҳота шуда буд, ки баландии он 5 метр ва паҳнояш 4,5 метрро ташкил медод, – гуфт Зикрулло Ҷобиров. – Миршаб бо фойтун атрофи шаҳрро назорат мекард. Шаҳр 4 дарвоза дошт. Аз ҷануб
Ҳисор рафта, бо экспонатҳои он, ки ба давраҳои тоисломӣ, асрҳои миёна ва давраи шӯравӣ мансубанд, ошно шуданд.
3 е-mail: javonontj@mail.ru
дарвозаи “Шакарӣ”, ки дар он кӯча бештар қаннодон зиндагӣ Сайфиддин СУННАТӢ, мекарданд. Аз Шарқ дарвозаи “Ҷавонони Тоҷикистон” “Хоки сафед” ва аз Ғарб дарвозаи “Чангоб” буд. Дарвозаи чорум “Чашмаи моҳиён” ном Бо ташаббуси дошт. Дар Регистони Ҳисор бозори Кумитаи ҷавонон, калоне буд. Бо сабаби калонии варзиш ва сайёҳии назди бозор дар атрофи он 5 корвонҲукумати ҷумҳурӣ 23 сарой сохта буданд, ки дар онҳо октябри соли равон дар тоҷирон мезистанд. Қалъаи Ҳисор Қалъаи бостонии Ҳисор 2500 сол қабл сохта шуда, теппаи онро дастӣ бунёд кардаанд. Арк семинари омӯзишӣ маҳсули ёдгории асрҳои XVI-XVII оид ба масъалаҳои мебошад. Аз ҷумлаи ёдгориҳои рушди самараноки таърихии ин ҷо Масҷиди сангин туризм баргузор (асри VIII), Мақбараи Хоҷа Махгардид. Дар он устодону думи Аъзам (асри X-XVI), Мадрасаи кӯҳна (асри XVI) ва Мадрасаи донишҷӯёни бахши нав (асрҳои XVII-XVIII) ба шумор туризми Донишгоҳи мераванд. Мувофиқи дастхати тиҷоратии Тоҷикистон китоби “Салоти Масъудӣ” ва “Таъва Донишкадаи рихи Табарӣ” яке аз қадимтарин соҳибкорӣ ва хизмат, масҷидҳое, ки дар Мовароуннаҳр
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Саргузашти як нашъаманд
ин амалро иҷро намоям, аммо рад кардам. “Ту тарсончак, ба Манзумаи ФИРӮЗ, дӯстонат бовар намекунӣ, бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамин аҳволат ба хизмати ҳарбӣ рафтаӣ”, - гуфта маро масхара карданд. Ман ба ҷаҳл омада, Нашъамандӣ яке коғазро аз дасташ гирифта каме аз аз бемориҳоест, ки онро фурӯ бурдам. Дигар чизеро табобаташ ба бемор эҳсос накардам. Саҳар бедор шудам дар ҷойгоҳи хобам. Ҳайрон шусахт вобаста аст. Беҳуда дам, ки дӯстонам кай аз хона рафнашъамандиро вабои таанд. Тамоми устухонҳои баданам аср нагуфтаанд. Чун ин дард мекард”. беморӣ ҷомеаро заиф Сорбон дар аввал аз маводи гардонида, онҳоро марг нашъа будани он огоҳӣ надоштааст. Ӯ, ки акнун маззаи онро чатаҳдид мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, шумораи шида буд, чанд маротибаи дигар аз ин заҳр истеъмол кард. Баъди нашъамандон имрӯз шаш моҳ хоҳарони ӯ аз героин исдар ҷумҳурӣ зиёда аз 7 теъмол кардани бародарашон огоҳ ҳазор нафарро ташкил мешаванд. Ӯро сарзаниш карда, ба шаҳри Душанбе, ба хонаи хоҳари медиҳад, ки бештари муътодон дар пойтахт ба бузургашон фиристоданд. Хоҳараш ӯро ба шаҳри Маскав фиристод. қайд гирифта шудааст. Дар Маскав ҳамроҳи ҳоҳари дигаҲоло то 36 фисади ин раш, ки бо шавҳараш кор мекард, маризонро афроди аз зиндагӣ кард ва ҳамеша таҳти назорат буд. Бемориро аз вуҷудаш 18 то 30 ва ҳудуди 65 бадар намуд. Ду сол дар шаҳри фисадро нафарони аз Маскав кор карда, дар ҳамсоягии 35 то 45-сола ташкил хонаи падар замин харид. Баъди ду медиҳанд. сол ба Ватан баргашт. Ҳамроҳи падар ба сохтмони хона машғул шуд. Яке аз ин афрод Сорбон Саидов - Боз ҳамон қиссаи пешина. Дар мебошад, ки дар 22-солагӣ аввалин тӯйи ҳамсинфамон ба ман шароб маротиба бо хоҳиши дӯстон нашъа доданд. Масту беҳол шудам. Дар истеъмол мекунад ва мубталои ҳолати беҳушӣ боз ба ман нашъа беморӣ мегардад. Ӯ қисса мекунад, додаанд. Ин маротиба мехостам ки падару модараш аз ҳам ҷудо дигар истеъмол накунам, аммо зиндагӣ карда, дар дусолагӣ модар баданам дард мекард. Чанд маромаротибаи дуюм хонадор мешавад. тиба аз хонаи падар косаву пиёла, Сорбон дар тарбияи марди дигар телевизор ва қолини навро дуздида мемонад. Оилаи аввали ин мард, ки ба ҳамон дӯстам, ки ба ман нашъа Сорбон ӯро падар мегуфт, ҳангоми дода буд, бо нашъа иваз намудам. таваллуди писар аз олам гузашта, Дигар барои фурӯш аз хона чизе баъди ду рӯз тифл низ даргузашта- намеёфтам ва бангдона истеъмол аст, аммо 7 духтар дошт. Мард Сор- мекардам, аммо маро қонеъ намебонро низ дар баробари духтарони кард. Ман аз оилаи табақаи миёна худ тарбия мекард ва ҳамчун писар будам, вале дӯстонам, ки ба ин амал дӯсташ медошт. сару кор доштанд, аз оилаҳои боСорбон мегӯяд, ки «шашсола- давлат буданд, ки қолин ва пиёлаи гиро пур кардам ва падарам маро ман барои онҳо арзише надошт. ба мактабе, ки худ омӯзгор буд, Танҳо барои масхара кардан маро бурд. Дар тайёр кардани дарсҳоям ба ин бало гирифтор намуданд. Баҳамеша кӯмак мекард ва меҳрубону родарам аз ин кори ман огоҳ шуда, ҳалим буд. Баъди хатми мактаби ба падарам қисса мекунад. Падар миёна ба хизмати ҳарбӣ рафтам. бо ман суҳбат кард. Бори дигар аз Ҳангоми адои хизмат ба ман нома хоҳаронам хоҳиш намуд, ки маро ба оварданд, ки модарам аз дунё гузаштааст. Аз хизмати ҳарбӣ бо сари баланд ба деҳа баргаштам. Дар деҳа одати аҷиб буд. Ҳар нафаре аз хизмати ҳарбӣ ба хона баргардад, барои дӯстони худ шабнишинӣ мекунад. Ман низ ин анъанаро бо кӯмаки падар ва хоҳаронам барпо намудам. Дӯстонам дар назарам тамоман одамони дигар менамуданд. Баъди дақиқае як дӯстам аз кисааш чизеро бароварда, ба дигарон нигоҳ карда, «омодаед?» гуфт. Ҳама бо як овоз “бале” гуфтанд. Баъдан аз даруни коғаз монанди орд чизи сафеде баровард, ки ҳама як маротибаӣ онро фурӯ мебурданд. Аз ман низ хоҳиш намуданд,
28 ОКТЯБР - РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТУРКМАНИСТОН
Маскав равон кунанд. Ба Душанбе омадам. Хоҳари бузургам намегузошт, ки ман танҳо ба кӯча бароям. Хеле сахтгирӣ мекард. Ҳатто рӯзе ба ман гуфт, ки “агар бори дигар ба ин кор даст занӣ, дигар аз мо ёд накун”. Вале ман бе падару хоҳаронам зиста наметавонистам. Аммо чора надоштам, чун баданамро дарди ҷонкоҳ фаро мегирифт. Ақлам кор намекард. Ба хотири суханони хоҳарам ҳама дардҳоямро тоқат кардам. Дар муҳоҷират кору фаъолият карда, сохтмони хонаамро ба анҷом расонидам. Барои даст кашидан аз ин амал ба ман хоҳаронам кӯмак карданд. Боре ба духтур муроҷиат накардам, табибони ман хоҳаронам буданд. Вақте аз ин корам наздиконам огоҳ шуданд, маро сарзаниш накарда, балки бо ман оромона суҳбат карданд. Шояд дар ҳолати муроҷиат карданам ба духтур ин бемории ман рафъ намегардид. Вале хеле шодам, ки бо қалами хеш тақдирамро дигар намудам ва меҳрубонӣ ва орзуҳои азизонамро барбод надодам. Тақрибан шаш сол мешавад, ки дар паҳлӯи падар ва хоҳаронам ҳамроҳи зану кӯдаконам зиндагии осуда дорам, - гуфт Сорбон. Хоҳари бузурги Сорбон, ки ҳамеша ӯро назорат мекард, зимни суҳбат гуфт, «бовар надоштам Сорбон аз ин кор даст кашад. Аммо сухани охирине, ки ба ӯ гуфтам, сахт таъсираш кард ва кӯшиш кард бо нафароне, ки ӯро ба чунин роҳ бурданд, дӯстии худро қатъ кунад”. Сабрина, ҳамсари Сорбон мегӯяд, «ҳеҷ бовар надорам, ки шавҳарам дар гузашта ба нашъамандӣ даст задааст. Ҳангоми дар шаҳри Маскав кор кардан шавҳарам бо касе дӯстӣ намекард. Аммо ҳамеша ёдовар мешуд, нафароне, ки 2 соли ҳаётамро сӯзонданд, бадтарин рӯзашон мисли рӯзҳои сангине бигзарад, ки бароям раво диданд». Бемории нашъа метавонад одамизодро аз зиндагии осуда бенасиб гардонад ва тамоми давлату сарват, шарафи инсонӣ ва наздикони худро фаромӯш намуда, худ низ ба гӯшаи фаромӯшӣ равад.
Дуюмин кишвари бузурги Осиёи Марказӣ
Ҳар сол мардуми Туркмнистон 28 октябрро чун Рӯзи истиқлолият ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Туркманистон аз нахустин давраҳои соҳибистиқлолӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои ҳасанаро ба роҳ мондааст. Ин кишвари хайрхоҳ, ки сиёсати бетарафиро интихоб кардааст, миёнаи солҳои 90-ум мизбони гуфтушуниди сулҳи миёни тоҷикон буд. Соли равон дар ин мамлакати ба мо дӯст Соли нейтралитет эълон шудааст. Тайи 20 соли охир, ки Туркманистон статуси бетарафиро гирифтааст, дар ин кишвар тағйироти бузурге дар тамоми соҳаҳо ба амал омад. Соли 2014 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Туркманистон 10,3% афзуд.
Туркманистон баъди Қазоқистон аз ҷиҳати масоҳат дуюмин кишвари бузурги Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин сарзамин захираҳои бузурги нефту газ мавҷуд аст, ки ҳаҷми умумии захираҳои кашфшуда 72 миллиард тонна эквиваленти нефтро ташкил медиҳад. Бо мақсади тармими корхонаҳои соҳаи нефту газ то ин дам 1,6 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Захираи фаровони нефту газ ба Туркманистон имкон дод, ки тавассути нерӯгоҳҳои ҳароратӣ барқи зиёд тавлид карда, нерӯи барқи изофиро ба Афғонистону Эрон ва Туркия содир намояд. Дар баробари истиқлолияти энергетикӣ Туркманистон ба истиқлолияти озуқаворӣ низ ноил гардид. Имрӯз кишоварзони Туркманистон на танҳо ҷумҳуриро бо ғаллаи худӣ таъмин менамоянд, балки ба хориҷа низ мефурӯшанд. Истеҳсоли солонаи пахта дар мамлакат ба 1,5 миллион тонна расид. Туркманистон аз ҷиҳати захираи ашёи химиявӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар вилояти Лебап (лаби об) геологҳо кони сулфур, фосфат, намаксанг, намакҳои калий, оҳаксанг ва ғайраро ёфтаанд. Махсусан, кони ашёи химиявӣ дар Қарабоғ аз гул фаровон аст. Дар обҳои ин ҷо қариб 60 номгӯи элементҳои таблитсаи Менделеев мавҷуд аст. Дар шаҳри қадимаи Мари (Марв) сохтмони корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид идома дорад. Ин корхонаҳо бо технология ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гашта, иқтидори солонаашон ба 400 ҳазор тонна аммиак ва 640 ҳазор тонна карбамид хоҳад расид. Дар баробари пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ соҳаи туризм низ дар Туркманистон рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Ин бесабаб нест. Замоне шаҳрҳои қадимаи Нисо, Марв, Мисриён, Сарахс ва Деҳистони Туркманистон яке аз ободтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мерафтанд. Шаҳри Нисо дар 18-километрии Ашқобод (Ишқобод) ҷой гирифтааст. Таъсиси онро ба ҳазорсолаи то мелод нисбат медиҳанд. Дар шаҳри Нисои бостонӣ дарбори шоҳигарии Парфиён воқеъ буд. Дар шаҳри Деҳистон бошад, замоне саккоиҳо, массагетҳо ва яфтолиҳо зиндагӣ мекарданд. Шаҳрҳои мазкур ва пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод барои туристоне, ки ба ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳ доранд, мавзеъҳои ҷолиби диданӣ хоҳанд гашт. Шаҳри Ашқобод ҳанӯз соли 1901 36,5 ҳазор нафар аҳолӣ дошт, ки дар он бештар форсҳо, русҳо, арману тоторҳо зиндагӣ мекарданд. Ҳоло аҳолии он аз 600 ҳазор нафар зиёд буда, дар он намояндагони зиёда аз 100 миллат зиндагӣ мекунанд. Ашқобод шаҳри саноатӣ буда, дар гирду атрофи он 43 иншооти бузурги саноатӣ, 128 корхонаи миёна ва зиёда аз 1700 корхонаи хурд ҷой гирифтаанд. Аз майдони ҳавоии ба номи Туркманбошии Ашқобод ба шаҳрҳои Лондон, Франкфурти лаби Майн, Бирмингем, Бангкок (Тайланд), Деҳлӣ, Абу Дабӣ, Амритсар (Ҳиндустон), Пекин, Истанбул, Тошканд, Москва, Санкт-Петербург ва ғайра хатсайр ҳаст. Дар Ашқобод Қасри Туркманбошӣ, Кохи “Руҳият”, Муҷассамаи “Истиқлолият”, Осорхонаи миллӣ, меҳмонхонаҳои хуштарҳ, фаввораву гулгаштҳои зебо ҷолиби диққати сайёҳон мебошанд. Масҷиди Туркманбошӣ, ки дар 15-километрии Ашқобод қомат афрохтааст, аз мармари сафед бунёд ёфта, ба маблағи 100 миллион доллар сохта шудааст. Масоҳати умумии он 18000 метри мураббаъ буда, баландиаш ба 55 метр мерасад. Дар он дар як вақт 7000 нафар мард ва 3000 нафар занон намоз хонда метавонанд. Дар мақбараи назди масҷид ғайр аз нахустин Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов, инчунин падару модар ва ду бародараш, ки дар заминларзаи соли 1948 фавтида буданд, ҷой дода шудааст. Яке аз мавзеъҳои дидании Туркманистон Осорхонаи қолинҳои туркманӣ мебошад. Дар он намунаи беҳтарин қолинҳои ҳар давру замон гирд оварда шудааст. Қадимтарин қолин ба асри XVII мутааллиқ аст. Калонтарин қолини дунё бо номи “Асри тиллоии Сафармурод Туркманбошии Бузург”, ки масоҳаташ 301 метри мураббаъ ва вазнаш зиёда аз 1 тонна мебошад, нигоҳ дошта мешавад. То ҳол миёни Душанбеву Ашқобод хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ наёфтааст. Агар ин хатсайр кушода шавад, робитаҳои ду кишвари дӯст боз ҳам қавитар хоҳад гашт. Алишери САЙФИДДИН, донишҷӯи соли чоруми бахши туризми ДДОТ ба номи С. Айнӣ
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
5
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон” Табаралӣ НОЗИМ, психолог: - Пеш аз ҳама, якдигарнофаҳмӣ миёни ҳамсарон. Дар шахсияти ду ҷавон танҳо ду фард дар назар нест, балки пайванди ду оилаи бузургро дар назар дорем... Таваҷҷуҳ ба сомонаҳои интернет, тамошои шабакаҳои телевизионии хориҷӣ ва майли бархе ҷавонон ба зиндагии мамлакатҳои хориҷӣ ҳам яке аз сабабҳои дигари вайроншавии оилаҳои ҷавонон аст. Сабаби дигари вайроншавии оилаҳои ҷавон таҳсилдида набудани ҷавонон аст. Шахс агар соҳибмаълумот бошад, шояд ҳини тасмими ҷудошавиро гирифтан заррае тардиду худдорӣ мекард. Чун дар зиндагӣ бештар он нафароне шикаст мехӯранд, ки соҳибмаълумот нестанд. Бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббат ба зиндагӣ тарбия ва ба воя расонем. Ҷавонон муҳтоҷи тарбия ҳастанд. Оне, ки тарбияи хуб дорад, ба ҷамъият фоида меорад. Бетарбияро нафъаш ба касе намерасад. Адолат МИРЗОАЛИЕВА, омӯзгори ДДОТ: - Пеш аз он ки дар бораи вайроншавии оилаҳо ҳарф занем, бояд бигӯям, ки заминаи бунёди ин оилаҳо чӣ буд. Чӣ гуна ин оилаҳо бунёд шуданд ва чаро барҳам хӯрданд? Сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар кишвар пеш аз ҳама ба ҳаёти мустақилонаи ҳаёти оилавӣ омода набудани ҷавонон аст. Вақте ки
Сабаби вайроншавии оилаҳо чист? ҷавонписар ё ҷавондухтар касб надорад, ҳунар надорад аз нигоҳи иқтисодӣ худашро таъмин карда наметавонад, чӣ ниёзе ба бунёди оила дорад? Аксари оилаҳои имрӯз аз ҳисоби падару модарон бунёд мешаванд. Мутаассифона, мушоҳида мешавад, ки ҳам ҷониби духтар ҳам ҷониби писар дар вайрон шудани оила гунаҳкоранд. Пеш аз ҳама бояд ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фарзандаш ӯро ба ҳаёти ояндаи оила мутобиқ намояд. Яъне духтарашро ҳам аз ҷиҳати равонию ақлонӣ, ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Мутаассифона, як гурӯҳ духтароне, ки ба ҳаёти оилавӣ қадам мемонанд, аз оддитарин маданияти рӯзгордорӣ бехабаранд. Вақте оила барҳам мехӯрад, албатта пеш аз ҳама муносибатҳои байни ду оила вайрон мегардад. Баъдан ҳолати равонии ду ҷавон хеле бад мешавад. Яъне ду ҷавон зарбаи сахти равонӣ мегиранд. Агар яке аз онҳо дар зиндагӣ муваффақ шавад, ҳатман нафари дигараш дар зиндагӣ машаққати зиёд мекашад. Боз агар онҳо фарзанд дошта бошанд, мушкилашон дучанд мешавад. Иллати дигари пош хӯрдани оилаҳо ба зиндагӣ мутобиқ набудани ҷавонон аст. Ҷавонони имрӯз оиларо умуман муқаддас намедонанд. Ҳол он ки муқаддас нигоҳ доштани оила аз шартҳои асосии пойдории он аст. Ҳамзамон, анъанаи чандинсолаи мост. Ҷавонон вақте бовар ҳосил карданд, ки ба пойи худашон рост истода метавонанд, он гоҳ издивоҷ кунанд. Муҳиддин САИДОВ, мудири кафедраи психологияи ДДОТ:
- Сини ҷавон ба 18 ки расид, бояд барои оила барпо намудан омода бошад. Агар омода нест, омода шуда, баъд барои издивоҷ тасмим гирад. Омода кардани ҷавонон ба зиндагии мустақилона вазифаи бевоситаи падару модар аст, ки онҳоро барои ҳидоят ба ҳаёти мустақилона бо ҳамаи элементҳои зиндагӣ ошно кунанд. Яке аз элементҳо дониш додан аст. Вақте ки ҷавон донишманду соҳибмаълумот бошад, сарфаҳми зиндагиро меравад. Медонад, ки чи бояд кард. Инчунин аз муошират, муносибат бо якдигар ва сабабҳои дигар низ оила вайрон мешавад. Яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳо якравӣ ва такаббури духтарон мебошад. Онҳо мехоҳанд, танҳо бо шавҳарашон зиндагӣ кунанд. Намехоҳанд, хизмати хусуру хушдоманро бо ҷо оранд, ки оқибат ба вайроншавии оила мерасонад. Пеши роҳи хонавайроншавиро танҳо ҷавонон ва наздикони оила гирифта метавонанд. Фаришта РАҲМАТУЛЛОЕВА, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Файзобод: - Сабабҳои бекоршавии ақди никоҳ дар Тоҷикистон гуногун буда, аз ҳама маъмултарин бефарзандӣ, (фарзанд наёфтани ҷуфти ҷавон) нофаҳмиҳо байни ҷавонон, дахолати хусуру хушдоман, падару модар
ва хоҳарарусҳо, хиёнати ҳамсарон, ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, оиладор шудан бо шаҳрвандони хориҷа, сатҳи пасти маърифати оиладории ҷавондухтарон мебошад. Тибқи мушоҳида он никоҳҳое, ки дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон бекор гардидаанд, сабабашон бефарзандӣ мебошад. Ҳангоми бақайдгирии аризаи бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи якҷояи ҳамсарон барои пешгирии ҷудошавӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода мешавад, ки бисёриҳо аз аризаашон даст мекашанд. Давоми соли 2014 дар ноҳияи Файзобод 98 никоҳ бекор гардидааст. Тайи нуҳ моҳи соли равон бошад аз ҷониби Бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Файзобод 80 ақди никоҳ бекор шудааст. Аз никоҳҳои бекоргардида дар асоси ҳалномаи суд 69 нафар кӯдак ятим мондаанд, ки нисбат ба солҳои пеш афзудааст.
е-mail: javonontj@mail.ru
Имсол бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон гардид. Соли 2014 дар кишвар беш аз 9 ҳазор оила барҳам хурд, ки боиси нигаронӣ аст. Давоми сол аз ҷониби мақомот чорабиниҳои зиёде дар ин самт доир гаштанд. Ин навбат аз ҳамсуҳбатон пурсидем:
Гулчеҳра САЙФИДДИНОВА, унвонҷӯи ДМТ: - Яке аз сабабҳои вайрон шудани оилаҳо булҳавасии ҷавонон аст. Аксари онҳо оиладоршавиро ҳавас шуморида, тӯй мекунанд. Бо мурири замон дар рафти зиндагӣ муноқишаҳо сар зада, ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад. Бояд ҳар шахс пеш аз интихоби ҳамсар андешаи ояндаашро кунад. Зеро зиндагӣ бозича нест, ки имрӯз никоҳ бандию фардо бекораш кунӣ.
ҶОМЕА Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ду нафар хиёнаткору ватанфурӯш як номае нашр карданд. Абдумалик Абдуллоҷонов ва Додоҷони Атовулло. Ду нафаре, ки аллакай қисмате аз ҷомеаи тоҷик ҳатто вуҷуд доштани чунин ашхосро фаромӯш кардааст.
нади сарвазирӣ дар Тоҷикистон расид. Пӯшида нест, ки шикаста шудани сохтору низоми муайян дар ҳар марҳилаи таърихӣ, бар ивази арзишҳо боис мегардад ва дар ин росто Абумалик Абдуллоҷонови «корчалон», ки барои дуздии ҳаққи ҷамъияту давлат дар замони шӯравӣ бояд пушти панҷара менишаст, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ва тоза ба истиқлол расидани давлати тоҷикон, сарвати аз роҳи дуздӣ ба даст овардаашро таблиғ кард ва муваффақ шуд. Вале аз нахустин рӯзҳои сарвазириаш маълум шуд, ки аз илми иқтисод фарсахҳо дур аст, вале дар корчаллонию ҳаннотӣ назир надорад. Ӯ буд, ки аввалин шуда ба лоиҳаи сохтмони нақби «Истиқлол» муқобил баромад. Аз лоиҳаҳои «бузурги иқтисодиаш» танҳо кушодани хатсайри ҳавоии Душанбе - Лондон дар хотири мардум боқӣ мондааст, ки ҳамагӣ як дафъа сурат гирифту худ мусофири асосии он буд. Он ҳам ба манфиати шахсиаш нигаронида шуда буд. Интиқоли бойигариаш ба Ғарб ва боз наму-
дани ҳисобҳои бонкӣ. А. Абдуллоҷонов тӯли фаъолияташ ҳеҷ хидмате ба нафъи мардум накардааст. Баръакс ин «нобиғаи илми иқтисод» пешниҳоду пофишорӣ кард, ки Тоҷикистон ба истифодаи пули миллии худ нагузарад. Дар натиҷа маблағи ҳангуфти рубли ба истилоҳ «карахтшуда» аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ба Тоҷикистон рехт ва иқтисодиёти бе ин ҳам заифи кишварро ба нестӣ наздик овард. Танҳо ба хотири манфиати хеш дар ҳошияи бадбахтии ба сари мардум овардааш, Абдуллоҷонов аз ҳисоби амалиёти нопоки бонкиаш дар ин давра миллионҳои нав ёфт. Ӯро барои молу сарвати дуздидааш «наҳанги ҷумҳурӣ» лақаб доданд. Дар ҳамон айём як рӯзномаи ӯзбекзабон мақолае нашр намуд, ки тибқи он яке аз роҳбарони ҷумҳуриҳои ҳамсоя зимни ҷаласаи сарварони Ҳукуматҳои ИДМ ба Абдумалик Абдуллоҷонови ҳамхуну ҳамзабонаш хитоб карда гуфтааст: «То ба кай ба ғорати мардум идома медиҳӣ!? Ту дузди ҳақиқӣ ҳастӣ ва дар воқеаҳои
Тоҷикистон ҳиссаи ту аз ҳама бештар аст! Ту мардумро ғорат кардаӣ! Пулро ба мардуми бечора ва гурусна баргардон, ки шикамашро сер кунад». Лекин ҳамаи ин суханҳо ба Абдуллоҷонов таъсир надошт. Баръакс наҳанги носерам ният дошт тамоми Тоҷикистонро моли худ кунад, ба коми худ фурӯ барад. Ӯ номзадии худро ба маснади Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард. Маҳз иштироки Абдуллоҷонов дар интихобот роҳи пирӯзиро барои номзади дигар боз кард. Зеро мардум шахсияти садҳо маротиба беҳтару поктар аз қаллобу дузде чун Абдуллоҷоновро медид. Қадами навбатии гузоштаи Абдумалик Абдуллоҷонов аз қаллобию мардумфиребӣ сӯйи хиёнат буд. Хиёнат ба Ватане, ки хуни нофаш он ҷо рехта. Хиёнат ба миллате, ки ӯро парварда буду бо ҳама макру дасисаҳояш сарвари ҳукумати хеш баргузид. Хиёнат ба зодгоҳаш ва минтақае, ки тамоми наздикон, хешу табораш он ҷо иқомат доштанд. Ӯ
www.javonon.tj
Насли ҷавон нисбаташон қариб чизе намедонад. Дар бораи Додоҷони Атовулло, ҳарзаномаҳо, ахлоқи ғайриинсониаш ҷавонони мо тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ шояд каме огаҳӣ дошта бошанд. Ин ҷо муаллиф баъзе аз ҷузъиёти зиндагии ҳанноти номӣ Абдумалик Абдуллоҷоновро боз карданист. Номи А. Абдуллоҷонов аслан солҳои навадуми асри гузашта сари забонҳо гашт. Ҳамчун шахсе, ки дар давраи муайян бо фанду фиреб, қаҳрамонталошию ривоятбофиҳои чанд чоплусу косалесе дар гирди номаш то мас-
«Наҳанги ҷумҳурӣ» зинда аст?
соли 1998 бо дигар хиёнаткор, полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев пайваста, ҳамлаи яроқноки дастаи ӯро ба шимоли Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд. Зеро нақшаи ҷудо намудани шимоли Тоҷикистонро кашида буду худро савораи аспи сафед, ҳокими мутлақ, соҳиби ягонаи вилояти Суғд, вилояти аз ҳайати Тоҷикистон баромада тасаввур мекард. Аммо як вақте ба худ омаду дарёфт, ки ин ҳамаро дар хоб дидааст. Танҳо шикасти шармандавори Худойбердиеву дастааш воқеӣ буд. Дигар ҳақиқате, ки воқеӣ буд, зомин гаштани ин ду хиёнаткор дар хуни беш аз 220 нафар сокини дар шабохуни ноҷавонмардонаи Худойбердиев кушташуда мебошад. Ду чиз метавонанд инсонро ислоҳ кунанд: яке азоби виҷдону дигаре кунҷи зиндон. Дар виҷдондории Абдумалик Абдуллоҷонов шубҳа дорам, зеро дар лаҳзаҳои аз лиҳози иқтисодӣ сахттарин миллионҳоро аз ҳаққи ҷавону пир, сағиру кабири тоҷик дуздида, дар кишварҳои орому осудаи хориҷӣ айшу нӯш дорад. Лекин рӯзе ҳатман пушти зиндон хоҳад нишаст, агар то он рӯз бирасад. Сиёвуши ЁДГОР
е-mail: javonontj@mail.ru
6
Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Мо дар бораи ахлоқ ва рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ хеле зиёд ҳарф мезанем. Он андарзномаҳову асарҳои пандуахлоқие, ки дар адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо мавҷуданд, шояд дар осори ягон адибу олими дигари дунё вуҷуд надошта бошад. Аммо паст будани одобу ахлоқи инсонӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон боз ҳам ба назар мерасаду моро ба андеша водор месозад: чӣ бояд кард, то дар баробари рушду тараққии илму техника, ки ҳамарӯза оламро такон медиҳад, одобу аҳлоқ ва маданияти ҷавонони мо низ рушд намояд? Костагии ахлоқ аз куҷо сарчашма мегирад? Далелҳои дар зер оварда моро водор месозад чунин хулоса намоем, ки сарчашмаи ҳама бадбахтиҳои инсон бетарафист... Дар рафтору амали баъзе ҷавонон ҳанӯз аз овони наврасӣ як навъ тундгӯиву тундхӯӣ мушоҳида мешавад, ки дар сурати дахолат накардани калонсолон тадриҷан ташаккул ёфта, ба одат ва оқибат ба табиат табдил меёбад. Ҷанҷолу занозанӣ ва таҳдиду ҳақорати байниякдигарии ҷавонону наврасон, ки ҳамарӯза аз ҳар гӯшаву канори шаҳру деҳот ба чашму гӯш мерасаду мо худро кару гунг вонамуд сохта, бепарво гузашта меравем, оҳистаоҳиста онҳоро ба афроди сангдилу
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Тавре иттилоъ доред, раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш “Шӯрои милли кор бо ҷавонон”–ро таъсис дод, ки роҳбарии онро бевосита худи Президенти кишвар ба уҳда дорад. Ҳадаф аз таъсиси он саривақт ҳал намудани мушкилоти ҷавонон ва дастгириву фароҳам намудани шароити мусоид барои зисту фаъолияти ҷавонони мамлакат мебошад. Бо таъсиси ин шӯро бори дигар собит шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон қисмате аз рукнҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо маҳсуб мегардад ва нақшу мақоми ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад. Озар Орифӣ, мутахасиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонони Ку-
бераҳм ва зишткор, вале ба ибораи худи онҳо ба “шерони майдон” мубаддал мекунад. Вақте онҳо доираи чунин майдонҳоро васеъ кардану аз худ қаҳрамон сохтан мехоҳанд, мо сарҳоро бо даст доштаву ба худ суол медиҳем, ки “чаро ҷавонони мо думболи ақидаҳои тундгароёна мераванду дидаву дониста худро ба оғӯши марг меандозанд?” Бале, мо дар аксар маврид мавқеи бетарафиро афзалтар мешуморем, ҳол он ки бетарафӣ на танҳо бешарафӣ, балки гуноҳест кабира ва нобахшиданӣ... Як ҳодисае, ки чанде қабл шоҳиди тасодуфӣ ва бевоситааш будам, маро ба нигоштани ин сатрҳо водор сохт. Дар тангкӯчаи яке аз маҳаллаҳои пойтахт як тӯда
ри роҳгузарон аз паҳлуяшон хомӯш гузашта равам, аммо чашмам ба он писаре афтод, ки ба замин афтида буду чанд тан аз наврасони ба синну сол ва ҷисман низ бузургтар ӯро иҳота намуда, ба сару рӯй ва баданаш бо лагад бераҳмона мезаданд. Сару рӯй ва куртаи сафеди писар оғуштаи хун буду дигар маҷоли муқобилат нишон додан надошт. Аз дидани чунин манзараи бисёр нороҳаткунанда ва мудҳиш хун ба сарам заду сумкаамро ба дасти ҳамроҳам дода, худро ба даруни издиҳом задам. “Бас кунед” гуфта, писаракро аз ҷой хезондам. Ин дам чашмам ба чашми писари бузургҷуссае, ки аз афташ пешвои он тӯдаи бераҳм буд, бархурду як лаҳза худро гум кардам. Ҷавон бо
рафтанд. Ман писаракро бо писари дигаре ҳамроҳ намуда, ба самти дигар равон кардам ва танҳо ин замон анбуҳи зиёди одамони синну соли гуногунро мушоҳида намудам, ки яке бо шавқу завқ воқеаро ба дигарӣ нақл менамуду дигарӣ норозӣ буд ки аз ин “тамошои бепул” маҳрум гардидааст. Як нафар ҳатто аз ман суол намуд, ки ин писарак ба ман кӣ мешавад... Дар ҳақиқат, имрӯзҳо чунин воқеаҳо дар пеши назари мо зиёд рух медиҳанд, балки мо шоҳиди ҳодисаҳои аз ин нангинтар низ мегардем. Аммо аксар вақт таъбири «Ман ба касе кор намегирам, касе ба ман кор нагирад»-ро шиор мекунему бо чунин амали худ ба косташавии ахлоқи ҷомеа мусо-
чашмони хунгирифтаи калон кушода бо хашму ғазаби бепоён ба ман менигарист. Симои ӯ ҳайвони дарандаи гуруснаеро мемонд, ки сайдашро аз даҳонаш кандаанду омода аст, рақибашро пор-пора созад. Ман бори дигар ва ин дафъа бо ғазаб сӯяш дод зада “Дафъ шавед аз ин ҷо, ҳозир милисаро ҷеғ мезанам!” гуфтам ва танҳо баъди ин ӯ каме ба худ омада “рафтем” гуфта ба ҳамроҳонаш ишора намуд ва онҳо бо дили нохоҳам ва хеле муғамбирона каме дуртар
идат менамоем. Бовар дорам, ки фоҷеаи хунини ба сари Фархунда - духтари афғон омадаро ҳамаи мо дар хотир дорем, ки аз дасти ду-се ҷоҳили хуношом дар миёни издиҳоми одамон дар рӯзи равшан хеле бераҳмона кушта шуд. Маҳз бетарафии он издиҳоми ба ном инсону гузашта аз ин мусулмон буд, ки ба марги як нафар боис гардид. Инсони бетараф аз қабили гунаҳгортарин инсонҳост. Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст, Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст. Вақте шахс ба тақдири атрофиён бепарвоӣ зоҳир мекунад, пас ба тақдири худ низ бетафовут аст, вақте атрофиёнро дӯст намедораду эҳтиром намекунад, пас худро низ дӯст доштаву эҳтиром карда наметавонад. Як ҳамсуҳбати мо ба суоли “Бетарафӣ чист?” чунин посух дод: “Намедонам, бетарафӣ чист, аммо медонам, ки он аз кинаву адоват бадтар аст. Масалан, шахсеро, ки нисбаташ адовату бадбинӣ дорӣ, тадриҷан дӯст доштан мумкин аст, аммо агар нисбат ба шахсе бетараф бошӣ, ӯро дӯст дошта наметавонӣ”. Аз андешаҳои ин ҷавон хулоса кардан мумкин аст, ки вақте шахс ба воқеоту ҳодисаҳо ва ба тақдири
Агар хомӯш биншинӣ...
ҷавонону наврасон гирд омада, бо шавқу завқ қарсак зада, ду нафари дар байн бударо ба қавле шерак мекарданд. Онҳо яке паси дигар ”Бизан ӯро, бизан, канӣ бинем, кӣ зӯр...” гуфта, доду фарёд мебардоштанд. Аз сару либос ва сумкаҳои як тараф ғуншуда маълум буд, ки талабаҳои мактабанду бояд ба хонаҳо раванд, аммо чунин ба назар мерасид, ки гӯё ягон моли нодуруст тақсимшудае онҳоро ба хашм овардааст. Аввал “Аз бало ҳазар” гӯён ман хостам мисли акса-
инсонҳо аз ягон нуқтаи назар баҳо намедиҳаду ба онҳо таъсире низ расондан намехоҳад, пас зистанаш маъное надорад. Ҳаёти инсон бе ишқу муҳаббат, бе ғамхориву дилсӯзӣ ва таваҷҷуҳ тасаввурнопазир аст. Бо дарки ин ҳама ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон мавқеи бетарафиро ишғол намуд ва билохира мавқеи бетарафӣ умуман мавқеъ надоштан аст. “Ба ман фарқ надорад”, “Ин ба ман дахл надорад”, “Маро ба ҳолам гузоред”, “Ба ман халал нарасонед”. Ин суханонро бешак ҳар яки мо борҳо истифода кардаем. Равоншиносон бар он назаранд, ки аслан табиати инсон бештар ба оромӣ майл дорад ва ӯ аз мавқеи бетарафӣ ҳамчун як навъи силоҳ истифода менамояд. Аммо ин нуқсони асосии мо ва болотар аз ҳама костагии маданияти мо низ ҳаст. Ба рӯй ниқоби бетафовутӣ кашида, мо заифии худро ба намоиш мегузорем. Бетарафӣ нисбат ба як фарди кӯчактарини ҷомеа бетарафӣ нисбат ба ояндаи ҷомеа аст. Аз ҳама ҳолатҳои даҳшатноктарин дар ҳаёти инсон ин ҳолати бетарафист. Бадбахтона, мо дар ҷустуҷӯ ва дарёфт кардан, муҳокимаву маҳкум намудани гунаҳкорон ба қавле устухон надорем. Аввал фосила гирифта, мазза карда тамошо мекунему сипас “мутафаккирона” ба кофтукови гунаҳкорон шуруъ мекунем. Албатта дар сархати ин “гунаҳкорон” пеш аз ҳама мактабу волидонро мегузорем. Бешак, дар таълиму тарбия бояд саҳми мактаб ва волидон хеле бориз бошад. Аммо агар ҳар нафар дар ягон камбудиву нуқсони ҷомеа кабл аз ҳама худашро гунаҳкор ҳисобад ва барои аз байн бурдану аққалан каме коҳиш додани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад, мо ба осонӣ аз маризиҳое, аз қабили маҳалгароиву тафриқаандозӣ, фасодкориву бегонапарастӣ низ раҳоӣ меёфтем. Ин бошад, пеш аз ҳама аз донишу маърифат ва тафаккуру андешаи ҳар як фарди солимақл вобастагӣ дорад. Биёед, бетараф набошем, нагузорем, ки эҳсосҳоямон бимиранд, зеро мавқеи бетарафӣ садди роҳи афроди созандаву бунёдкор ва хушбин будани мо мегардад.
Шӯро мушкилоти ҷавононро ҳал мекунад митаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт таъсиси шӯро як муждаи навбатӣ аз ояндаи дурахшони ҷавонони мамлакат мебошад. Мақсади ба вуҷуд омадани Шӯро таҳлили вазъияту мушкилот ва пешрафту дастовардҳои ҷавонон, анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва пешниҳоди таклифҳо дар самти такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва бартараф кардани мушкилоти ҷавонон дар кишвар, омода намудани таклифҳо дар самти рушди ҳамкориҳои байнлмилалӣ, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати ташаккули заминаҳо барои таъмини манфиатҳои ҷавонон ва фаро гирифтани онҳо бо хизматрасониҳои
гуногуни алоқаманд ва худамалисозӣ дар шароити ҷомеаи муосир, анҷом додани корҳои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ ба мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо ҷавонон, таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон мебошад. Сиёсатшинос Кароматулло Қаландаров дар тақвияти фикри О. Орифӣ чунин гуфт: - Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо бо суръат тараққӣ карда истодааст, ба кадом соҳае назар афканем, як
пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Ба ин хотир ҷавононро зарур аст, ки ин ғамхориҳои Сарвари давлатро сарфи назар накарда, дар мавқеи худ содиқу устувор бошанд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ шомил нашаванд, баҳри ободиву шукуфоии ин сарзамини биҳиштосо саъю талош ва қувваи хешро равона созанд. Ҳар амали номатлубе, ки ба мушоҳида мерасад, маҳкум созанд. Лозим ба ёдоварист, ки низомнома ва ҳайати шӯро аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад. Маҷлиси шӯроро раиси шӯро ва ё бо супориши ӯ муовини раиси шӯро на камтар аз ду маротиба дар як сол мегузаронад. Дар ҳолатҳои зарурӣ маҷлиси ғайринавбатии шӯро баргузор хоҳад шуд.
Чуноне ки масъулини соҳа мегӯянд, таъсис ёфтани чунин шӯрои бонуфуз ба мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлау миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи созандаву ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мешиносанд ва эътироф шудани ин андеша аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳастанд. Ва ин муждаи навбатӣ далели муҳими ин гуфтаҳост! Иброҳим ЯТИМОВ, коромӯзи “ҶТ”
АЗ ҲАР БОБ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Дар марҳилаи кунунии пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш бунёду таҳкими заминаҳои методӣ ва иттилоотию аналитикӣ яке аз омилҳои муҳиму ҳалкунандаи ин сиёсат ба шумор меравад. Зеро таҳияи маводи методӣ баҳри баланд бардоштани имконияту дараҷаи кордонии ҳайати кадрии сиёсати давлатии ҷавонону варзиш мусоидат менамояд.
Баъди сарвари Муассисаи давлатии “Хонаи ҷумҳуриявии методӣ”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шудани мутахассиси варзида Сайраҳмон Раҳмонов кор дар самти таҳияи маводи методӣ хеле пеш рафт. Яке аз нахустин иқдоми ӯ ба ҳайси директори муассисаи мазкур таҳияи “Дафтари банақшагирии машғулиятҳои мураббиён” ба забони давлатӣ буд. То ин дам мураббиён аз журнали ба забони русӣ таҳияшуда истифода мебурданд. Ҳамчунин аз ҷониби ин муассиса барномаҳои таълимии машқиро барои маҳфилҳои мактабҳои варзишӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба забони давлатӣ барои 4 синну сол, бо нишондоди соатҳои машғулият ва нишондоди меъёрҳои тайёрии умумии ҷисмонӣ ва махсусро аз рӯи намудҳои футбол, баскетбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, юнону румӣ (классикӣ), дзю-до таҳияву тарҷума ва мураттаб намуда, барои омӯзишу баррасӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва федератсияҳои варзишӣ пешниҳод шудааст. То ин дам федератсияҳои футбол, баскетбол ва гӯштини миллӣ барномаҳои таълимӣ-машқиро пурра тасдиқу
ҷонибдорӣ кардаанд. Чанде пеш муассиса “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122016”-ро бо теъдоди 200 адад бо забонҳои тоҷикию русӣ нашр намуда, ба тамоми мактабҳои варзишӣ ва сохторҳои Кумита тақсим намуд. - Футбол аз маъмултарин намуди варзиши дӯстдоштаи сокинони сайёра маҳсуб ёфта, машқварзӣ дар он инкишофи ҳаматарафаи инсонро аз ҷиҳати ҷисмонӣ, зебоӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ таъмин менамояд,- мегӯяд Сайраҳмон Раҳмонов. – Солҳои охир бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон инкишофи футбол дар мамлакат ба назар мерасад. Амалӣ гардидани “Барномаи рушди футбол” дар беҳтару босифаттар гузаштани мусобиқаҳои минтақавию
мактабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда”, “Уҳдадориҳои мансабии ҳайати маъмурият”, “Тарификатсия, иловапулиҳо ва мақсаднок ҷудо намудани маблағи мактаб”, “Истифодаи мақсадноки фаъолияти мушовирон – методистон” доир гашта, мавриди писанди иштирокчиён қарор гирифтанд. - Мо ба намояндагони мактабҳои варзишӣ тавсия додем, ки бо машқварзон дар мавзуъҳои “Зарари ҷараёнҳои экстремистӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа”, “Риояи интизом аз ҷониби доварон, варзишгарон ва мураббиён” соатҳои тарбиявӣ гузаронанд,- мегӯяд Сайраҳмон Раҳмонов. – Варзишгар бояд ботамкину ботаҳаммул бошад ва эҳтироми рақибу довару мураббию мухлисонро ба ҷо орад. Ин нишонаи ҷавонмардист. Сайраҳмон Раҳмонов дар
ҷумҳуриявӣ ва баланд гаштани касбияти варзишгарон мусоидат мекунад. МД “Хонаи ҷумҳуриявии методӣ” бо сохторҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳо робитаи доимӣ дорад. Зимни баргузории семинарҳо фикру пешниҳодоти ширкаткунандагон ба инобат гирифта мешавад. Дар тӯли 3 моҳи охир дар ин гуна семинар – машваратҳо 337 нафар масъулони соҳаи варзиш аз тамоми ноҳияҳо ширкат варзиданд. Семинар – машваратҳои бозомӯзӣ дар мавзуъҳои “Ҳуҷҷати ягонаи
аксар ҷаласаҳои Кумита идеяву маслиҳатҳои ҷолиб пешниҳод мекунад. Номбурда таҷрибаи ҳамтоёнашро аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Белорус ва дигар кишварҳо омӯхта, таҷрибаи пешқадамро барои намуна пешниҳод мекунад. Умед аст, ки бо беҳтар шудани фаъолияти МД “Хонаи ҷумҳуриявии методӣ” натиҷаи кори мураббиёну машқварзони макотиби варзишии мамлакат низ чанд маротиба бештар мегардад. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
Таҳти ҳамин ном дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинӣ, ки ҳадафаш ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхона буд, зиёда аз 100 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштирок карданд. Сайфиддин Назарзода, директори китобхона, гуфт, «китобхона на хонаи дуюм, балки хонаи якуми донишҷӯён бояд шавад». Ӯ афзуд, ҷавонон фирефтаи суханҳои ширину бардурӯғи душманон нагардида, ба донишомӯзӣ машғул шаванд. Ташкилкунандагони чорабинӣ ният доранд дар оянда ба ин чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистонро ҷалб намоянд.
Оилаву мактаб – маҳаки тарбияи солим
Илми сотсиология оила ва маорифро яке аз институтҳои асосии ҷамъият мешиносад, ки дар ҳар давру замон барои беҳбудии ҷомеа хизмат кардаанд. Бузургон ҳам бесабаб оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, хишти нахустини бинои ҷомеа ва маорифро асоси пешрафти давлат ном набурдаанд...
Воқеан асри XXI асри пешрафти босуръати илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва бархурди тамаддунҳо буда, давлатҳои абарқудрат сиёсати ҷаҳонишавиро пеш гирифтаанд, аммо бо вуҷуди пешравиҳо ҷаҳон пуртазод буда, инсониятро ба масоили зиёди печида рӯ ба рӯ гардонидааст. Замони муосир водор месозад, ки ба созмони аввалияи ҷомеа - оила ва соҳаи калидии ҷомеа маориф аҳамияти бештар дода шавад. Бояд икрор шуд, ки солҳои охир аксари волидон ба тарбияи фарзанд, ки яке аз масъалаҳои асосии хоси оила мебошад, диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро афзуда, вайроншавии оилаҳо зиёд шудааст. Вазифаи аввалиндараҷаи волидайн фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода намудан, касбу ҳунарҳои рӯзгордориро ба духтарон омӯзонда, онҳоро дар руҳияи худшиносию тахаммулпазирӣ ба воя расондан аст, то фарзандон тавонанд роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд. Дар баробари оила дар тарбияи наслии худшинос, бофарҳанг, соҳибкасбу забондон, инчунин нақшу мақоми маориф назаррас аст, чун бузургон фармудаанд: Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати поянда хоҳи рӯй бар мактаб биёр. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушди тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, ин равандро пайваста идома медиҳад. Соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки кишвар ҳисобида шуда, барои рушди он ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо он далел, ки агар соли 1991 13 мактаби олӣ фаъолият мекард, имрӯз 38 муассисаи олӣ фаъол асту барои бахшҳои гуногуни мамлакат кадр тайёр мекунанд, аммо нигаронкунанда он аст, ки аксари кадрҳое, ки омода мешаванд ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд. Масъалаи дигар худмуайянкунии касбии ҷавонони мост, ки чандон ба мушоҳида намерасад, онҳо вобаста ба шавқу завқ не, баръакс вобаста ба нуфузи касб, тавсияи шиносон ё қисми зиёди писарбачаҳо барои нарафтан ба хизмати ҳарбӣ ин ё он касбро интихоб мекунанд, ки чандон натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад... Хурсандибахш аст, ки акнун нисбат ба чанд соли пеш мақоми омӯзгор андак-андак боло меравад. Имтиёзу имкониятҳое, ки солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба омӯзгорон додааст, гувоҳи ин гуфтаҳост. Омӯзгоронро ҳам мебояд бо шукргузорӣ аз фазои амнияти Тоҷикистон бо меҳнату, заҳматҳои ҳалолу софдилона камар банданд. Хулоса, оилаи солим дар ҳамкорӣ бо мактаб насли солимро тарбия мекунад. Яъне, аз дурустии тарбияти оилаву мактаб амнияту пойдории ҷомеа вобастагӣ дорад... Умеда АХМЕДОВА, устоди ДМТ
www.javonon.tj
“Биёед, ба китобхона меравем!”
е-mail: javonontj@mail.ru
Тавсияҳои муфид ба машқварзон
7
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
ҶАШН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Дар доираи таҷлили ин ҷашни пурифтихор як қатор иншооти нави таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори ноҳия нахуст ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар ошёнаи якуми биноҳо маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши қолинҳо ҷой дода шудааст. Ин биноҳоро бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо бунёд кардаанд. Ҳар ду бино аз хонаҳои 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ иборат буда, барои 72 оила пешбинӣ гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ин ҷо аз тарафи бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо дар асоси лоиҳа 12 бинои истиқоматии дигар, як майдончаи варзишӣ ва як боғчаи кӯдакона низ сохта мешавад. Сарвари давлат ба ҳиммати бародарони соҳибкор барои ташаббусҳои созанда, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин бунёду мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз дошт, ки соҳибкорони ватандӯст минбаъд низ бо дастгирӣ аз сиёсати ояндасози роҳбарияти давлату ҳукумат иқдомҳои наҷиби худро идома медиҳанд. Ин соҳибкорон роҳи аз маркази ноҳия то қалъаи бостонии Ҳисорро, ки масофааш 25 километр аст, пурра мумфарш карданд. Дар навбати дуюм чойхонаи боҳашамати миллӣ, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад, мавриди истифода қарор гирифт. Чойхонаи миллӣ дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи “Баракат”, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид. Он, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад. Дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толор дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст. Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст. Оянда дар атрофи чойхона Боғи фарҳангу фароғат бунёд хоҳад ёфт. Дар кӯчаи Файзулло Абдулло-
ва кормандони дигар корхонаю муассисаҳо сару либосҳои шинами корӣ тайёр хоҳанд кард. Барои роҳ ёфтани маҳсулоти корхона ба бозори хориҷӣ соҳибкор бо яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва 90% маҳсулоти корхона ба кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон ва бархе аз дигар давлатҳо барои фурӯш бояд содирот шавад. Маркази хизматрасонии “Даҳбед”, ки соли гузашта ба кор оғоз намуда буд, дорои меҳмонхонаи замонавӣ, ошхона, маркази хизматрасонии бонкӣ, 75 нуқтаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор, корхонаи рангуборкунии матоъ ва коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ мебошад. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Шаҳринав” ва “Хонақоҳ” ҳусни оғоз бахшид. Барои пешгирии талафоти қувваи барқ ва танзими он дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ
Таҷҳизоти нав тариқи компютер идора карда шуда, дар сурати рух додани садама ҳангоми интиқоли барқ, он дар муҳлати кутоҳтарин муайян ва бартараф мегардад. Сипас, Сарвари давлат ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ситабр-Агро»-и ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, сардхонаи онро ба истифода дод. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ситабр-Агро» дар ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳия воқеъ буда, дорои 20 гектар замини обӣ мебошад. Дар ин ҷо кишоварзон асосан ба бунёди боғҳои интенсивӣ машғуланд. Дарозии сардхона 117 метр буда, паҳноияш 27 метрро дар бар мегирад ва имкони захира намудани 3 ҳазор тонна меваву сабзавотро дорад. Сардхона бо технологияи истеҳсоли Олмон бунёд гардидааст, ки дар он имкони нигоҳ доштани маҳсулоти тару тоза ба муҳлати як сол вуҷуд дорад. Президенти мамлакат нақши чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза
Таҷлили 3000-солагии
27 октябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон
еви шаҳраки Ҳисор як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хона, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Убайдуллоев бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бино дар ҷойи собиқ матбааи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он матбааи нав, толори арусӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон ҷойгир шудааст. Дар толори арӯсии “Садаф” барои гуларӯсон сару либоси милливу аврупоӣ, ки аз ҷониби тарроҳони тоҷик дӯхта шудаанд, пешниҳод гардидааст. Матбааи замонавӣ бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буда, имкони чопи китобу маҷалла, шиору овеза ва умуман тамоми намуди хизматрасониҳои типографиро дорад. Дар шафати ин бино аз ҷониби соҳибкори дигар Илҳомҷон На-
зруллоев як бинои баландошёнаи истиқоматии 6-ошёна бо таҳхонаву болохона бунёд гардидааст, ки дорои 20 хона ва маркази хизматарсонӣ аст. Дар маркази ноҳияи Ҳисор корхонаи дӯзандагии “Шарофат” ба фаъолият шуруъ кард, ки бузургтарин дар ноҳия буда, дорои беш аз 400 ҷойи корӣ барои занону духтарони маҳаллӣ мебошад. Зикр гардид, ки корхонаи мазкур дар заминаи маҷмааи хизматрасонии “Даҳбед” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Зиёев дар майдони як гектар доман густурдааст. Қайд шуд, ки корхона дар як шабонарӯз 150 то 200 ҷуфт либоси мактабӣ омода месозад ва дар як моҳ ин нишондод ба 4,5-5 ҳазор либосимактабӣ рост меояд. Дар баробари ин мутахассисони соҳа барои омӯзгорон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои калонро татбиқ менамояд. Дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2”, сохтмони зеристгоҳи барқии “Шаҳринав”, зеристгоҳи “Хонақоҳ” ва хатти интиқоли барқи 110-киловолта дар ноҳияи Ҳисор, бо маблағи 349 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқии “Шаҳринав” ва зеристгоҳи “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор кам кардани пурбории зеристгоҳҳои қаблан фаъолиятдошта мебошад. Истифодаи соддаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз бартариятҳои асосии ин дастгоҳҳо ба ҳисоб мераванд. Дастгоҳҳо бе тармим солҳои зиёд хизмат хоҳанд кард ва хароҷоти тармиму навсозӣ ба маротиб кам мешавад.
дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд. Барои дуруст истифода кардани технологияи воридшуда ва аз бар кардани тарзи захираи маҳсулот, хусусан мева дар сардхона мутахассисони ҷамъият дар хориҷи мамлакат курсҳои махсуси бозомӯзиро гузаштаанд. Сарвари давлат бо корҳои анҷомёфта ва ҷараёни барқарорсозии симои таърихии қалъаи Ҳисор низ бевосита шинос шуд. Тавре зикр гардид, қалъаи Ҳисор муҳимтарин иншооти ин ҷашни таърихӣ ба шумор меравад, зеро мавҷуд будани ин мамнӯъгоҳ аз таъриху фарҳанги бостону пурғановати шаҳрсозии водии Ҳисор ва умуман мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Тавре иттилоъ доданд, бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ таҳти
ҶАШН гардид, иштирок намуд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ нахуст ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва варзишгоҳи замонавиро, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор бунёд ёфтаанд, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои мардуми Ҳисори шодмон ва кулли Тоҷикистон маънидод намуд. Гуфта шуд, аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. - Ҳадафи мо аз таҷлили ин ҷашни фархунда аз як ҷиҳат ободу зебо гардонидан ва ба маркази муосири маъмуриву фарҳангӣ табдил додани ноҳияи Ҳисор бошад, аз тарафи дигар, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихиву фарҳангии пурарзиши он мебошад, - иброз дошт Президенти мамлакат. - Зеро мулки Ҳисор таъ-
9 е-mail: javonontj@mail.ru
назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвон, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд. Ҳамзамон дар ин ҷо олимони бостоншиносу таърихнигор бо ҳафриёту тадқиқоти илмию амалӣ машғуланд. Натиҷаи бозёфтҳои олимон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Қалъаи Ҳисор таърихи тӯлонӣ дошта, аз қарнҳои биринҷӣ маншаъ мегирад ва аз 9 қабати таърихӣ иборат аст. Президенти кишвар таъкид дошт, ки тамоми корҳо бояд бе расондани осеб ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ анҷом дода шаванд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Ҳисор дар варзишгоҳи нав 3000-солагии Ҳисори шодмон ҷашн гирифта шуд. рихи ниҳоят қадима дошта, кохи бегазанд ва намунаи маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва кишоварзиву ҳунармандии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Сипас бо иштироки аҳли ҳунар барномаи мукаммали театрӣ пешниҳод гардид. Қайд шуд, ки корҳои ободонии ноҳия ва деҳоти он минбаъд низ идома меёбанд ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат илова ба корҳои то ҳол иҷрошуда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ноҳияи Ҳисор як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ҳоло дар маркази ноҳия бунёди беморхонаи замонавӣ идома дорад, ки маблағи умумии он беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад ва имсол қисми якуми он бо тамоми шароити муосир ба истифода дода мешавад. Инчунин дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сохтмони беморхонаи ҳозиразамон оғоз гардидааст. “Мардуми водии Ҳисор на танҳо бо меҳнати бунёдкоронаашон шоистаи таҳсин мебошанд, балки дар рушди илму фарҳанг ва адабу ҳунари халқамон ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Дар ин водӣ даҳҳо нафар шоирону адибони маъруф умр ба сар бурда, анъанаҳои устувори адабиёти куҳани моро идома бахшидаанд. Қобили зикр аст, ки адибони водии Ҳисор дар асри XX низ дар рушди адабиёти навини тоҷик нақши назаррас бозидаанд. Махсусан, эҷодиёти фарзанди фарзонаи водии Ҳисор, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода намунаи
барҷастаи осори адабӣ ба шумор рафта, дар шеъру достонҳои ӯ масъалаҳои муҳими ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, олиҳиматӣ, вафодорӣ, зебоипарастӣ, ки ифодагари беҳтарин хислатҳои мардуми тоҷик ба шумор мераванд, воқеъбинона тасвир ёфтаанд”, гуфт Сарвари давлат. Президенти кишвар дар анҷоми суханронӣ ба идораҳои дахлдор супориш дод, ки то аввали соли 2016 барои ҳамчун шаҳр ба расмият даровардани Ҳисор чораҷӯӣ намоянд.
www.javonon.tj
Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи тоҷикон ва водии Ҳисор махсусан Қалъаи Ҳисор на танҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро ҷалб кардаанд. Нимаи дуюм рӯз Президенти ҷумҳурӣ варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, варзишгоҳ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расидааст. Варзишгоҳ бо маблағи бештар аз 42 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои шароити мусоид барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, машқу тамрин ва кору фаъолият мебошад. Минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешавад ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд. Дар ин иншооти муҳим, аз ҷумла утоқҳои корӣ барои доварон, ҷой барои истироҳат ва муолиҷаи варзишгарон, синфхонаи техникӣ, толор барои гузаронидани конфронси матбуотӣ, ҷойи либосивазкунӣ, ҳаммом ва дигар шароити мусоид мавҷуд мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар чорабинии сатҳи баланд, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор доир
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Воқеан, Литсейинтернати касбии махсуси маъюбон дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонони маюбу ятим нақши муассир дорад. Ин даргоҳ таърихи қариб 70-сола дорад. Соли 1948 ҳамчун мактабинтернат барои маъюбони ҶБВ таъсис ёфта, соли 1998 ба Литсей-интернати махсуси маъюбон, аз 3 марти 2007 ба Муассисаи давлатии “Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон” ва имрӯз бо номи Литсейи касбии махсуси маъюбон табдили ном кардааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин даргоҳи касбу ҳунар шароити мусоид ва фаъолияти босамар ба бор омад. Ҳоло муассисаи мазкур аз рӯи шаш ихтисос: системаи компютер ва интернет-технология, таъмири яхдон ва асбобҳои маишӣ, таъмири телевизор ва радио, дӯзанда, муҳосиб, пойафзолдуз мутахассис омода мекунад. Тибқи оиннома ба ин даргоҳ ҷавонони маъюбу ятим ва фарзандони маъюбони гурӯҳҳои 2-3 баъди хатми синфи 9 қабул гардида, дар баробари касбу ҳунар барномаи таълимии синфҳои 1011-ро ҳам аз бар мекунанд. Барои касбомӯзон ҷой хоб, се вақт хӯроки гарм, табобат ва дигар шароиту хизматрасониҳои ройгон фароҳам шудааст. Бо ташаббуси 28 нафар омӯзгор, ки аксараш дастпарварони ин даргоҳ буда, баъди хатми мактаби олӣ ба кор омадаанд, маҳфилҳои фаннӣ баргузор мегарданд, ки барои
“Дар низоми муассисаҳои иҷтимоӣ Муассисаи давлатии “Литсей-интернати касбии махсуси маъюбон” дар самти таълиму тарбия, касбомӯзӣ ва ба ҳаёти мустақилона роҳнамоӣ кардани шахсони имконияташон маҳдуд нақши калон дорад.” Эмомалӣ РАҲМОН
Даргоҳи умеди ҷавонони маъюб кашфи истеъдодҳо ва ташаккули маҳорату малакаи онҳо мусоидат мекунад. Аз ҷумла, тайи чанд сол аст, ки дастаи ҳунарии “Дилсӯз” бо роҳбарии сарояндаи хушсалиқа Муҳаррама Шарифова ва омӯзгор Алишер Ибодуллоев амал мекунад, ки борҳо ғолиби озмунҳои ҳунарӣ гаштааст. Дарсҳои тарбиявӣ низ ҳамеша зери назорати маъмурияти муассиса аст. Назорати хуб ва масъулиятшиносии ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Муҳиддин Додоҷонов ба болоравии сифати таълиму тарбия мусоидат кардааст. Имсол 28 нафар хатмкардаи муассиса ба донишгоҳҳои миллӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, тиббӣ
ва забонҳои кишвар дохил гардида, 205 нафари дигар аз шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯи литсей шуданд, ки ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо комилан ҳимоя мешавад. Робитаву ҳамкории муассиса бо волидони шогирдон дар сатҳи зарурист. Дар оғози соли нави таҳсил суҳбату мулоқот ва шиносоии падару модар бо маъмурияту кормандон ва шароити муассиса сурат мегирад ва муносибату робитаҳои судманд минбаъд миёни онҳо ва омӯзгорон идома меёбад, ки мақсад аз ин татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва тарбияи дурусти
муҳассилини муассиса мебошад. Ба тарбияи варзишии ин ҷавонон низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Омӯзгори варзиш Асадулло Назруллоев ҳамеша дар талоши ҷустуҷӯи тарбияву тамрини хуби варзишгарон ва дастоварду комёбиҳои варзишист. Имсол 10 варзишгари муассиса дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ аз рӯи тенниси рӯи миз, варзиши сабук ва шашкаю шоҳмот ширкат варзида, ду нафар ҷойи аввал ва як нафар ҷойи дуюмро сазовор шуданд. Дар маҷмӯъ, соли таҳсили 2014-2015 варзишгарони литсей дар мусобиқаҳои минтақавию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ 30 медали тилло, 35 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ ба даст оварданд. - Имрӯз камбуди мо танҳо ин аст, ки толори зимистонаи варзишӣ надорем, - мегӯяд Асадулло Назруллоев. - Дигар ҳама шароити варзишӣ фароҳам аст, умед дорем, ки ин гуна толорро ҳам фароҳам месозанд ва мо ба дастоварду пешравиҳои варзишии боз ҳам хубтар ноил мегардем. Таваҷҷуҳу дастгирии Сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа пайваста эҳсос мегардад. Аз ҷумла 28 декабри соли 2011 зимни мулоқоташ ба ҷавонони ин даргоҳ таъкид карда буд, ки: “Фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ худро танҳову носолим эҳсос накунед ва шукрона кунед, ки Худованд ба шумо ақли солим ва иродаи матин ато намудааст... Ҳеҷ як ятиму бепарастор ва шахси ниёзманд аз ғамхориву дастгириҳои доимии
МУШОҲИДА
Қарзи инсониро ба ҷо орем
www.javonon.tj
Зиндагӣ гӯё майдони мушкилиҳост. Инсон ҳеҷ вақт бе мушкилӣ ҳаёт ба сар набурдааст. Аммо дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди мушкилӣ, сахтӣ ва тангии зиндагӣ вақти хешро ба корҳои барои ояндаи миллат тақдирсоз сарф менамоянд. Ин нафарон чунин шиор доранд: “Хизмат ба халқу Ватан қарзи инсонии мост!” Дар баробари ин як чиз нигаронкунанда аст. Бисёриҳо танҳо як ақида доранд: коре карда маблағ ба даст биёранду зиндагиро пеш баранд. Дар ягон ҷо намешунавед, ки бигӯянд баҳри ояндаи ватану миллат то ҷон дар тан дорам, хизмат менамоям ва дар ҳар соҳае, ки фаъолият дорам, баҳри пешрафту шукуфоии он талош меварзам...
Чанд рӯз пеш гузорам ба боғи Устод Рӯдакӣ афтод. Чун ба “Шаҳраки донишҷӯён” мерафтам, хостам бо роҳи пиёдагард ба тарафи муқобили роҳ гузашта, ба автобуси хатсайри 8 савор шавам. Автобус дар истгоҳи Вазорати кишоварзӣ истода буд. Чароғак сурх буд, бояд мунтазир мешудам. Дар ин лаҳза назарам ба зани солхӯрдае афтод, ки бо либоси хоксорона ва борхалтае дар даст хастаҳолона ва оҳиста қадам монда, мехост ба автобус
савор шавад. Дар истгоҳ ғайри ӯ дигар касе наменамуд. Вақте ба назди автобус расиду хост савор шавад, дарҳои автобус баста шуданд. Инро дида бисёр табъам хира гашт. Чаро пиразанро бо вуҷуди пиронсолиаш савор накарданд. Шояд фикр карданд, ки пул надорад? Ба тарафи истгоҳ, ки зани солхӯрда меистод, равон шудам. Вақте ба наздаш расидам, ӯ бисёр таассуф мехӯрд, ки ба рағми пириаш ӯро нагузоштанд,
то ба нақлиёт савор шавад. Дар ҳоле ки нақлиёти ҷамъиятӣ бояд барои ҷамъият, хоса ба пиронсолон хизмат расонанд. Мутаассифона, ҳарчанд аз хизматрасонии пасти нақлиёти ҷамъиятӣ борҳо гуфтаанд, то ҳол ин мушкил ҳал нашудааст. Ин ҳодиса бозгӯи он аст, ки на ҳама шаҳрвандон дар соҳае, ки кору фаъолият менамоянд, содиқона ба халқу миллат хизмат мерасонанд. Баъд аз он ки зани солхӯрда, аз му-
давлату ҳукумат бебаҳра нахоҳад монд. Дар навбати худ, ҳар яки шумо бояд ҳамеша дар андешаи пайдо намудани мавқеи муносиб дар ҷомеа бошед ва ба таври возеҳ дарк намоед, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозед” Воқеан, ин маслиҳату роҳнамоиҳои Сарвари давлат машъали фурӯзонеро мемонад, ки бо фурӯғаш ҷавонони маъюбу ятимро ба сӯи ояндаи дурахшон мебарад. Қалби нозуки ин ҷавононро пеш аз ҳама лабрези орзуи хондану соҳиби касбу ҳунар шудан намуда, ба оянда умед мебахшад. Онҳо маҳз бо ҳамин орзуву ниятҳо ба ин ҷо меоянду касбу камолот ва кору рӯзгорашон аз ҳамин даргоҳи муқаддас оғоз мегирад. Имрӯз директори муассиса Мавлуда Шамсуллоева ва ҳайати омӯзгорон бо дарки масъулият ҳарфу ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар самти тарбияи босамари ин ҷавонон амалӣ мегардонанд. Ин бонуи дилсӯз, ки дар арафаи ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо нишони «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид, таълиму тарбияи ҷавонони маъюбу ятимро дуруст ба роҳ монда, кӯшиш дорад онҳо дили гарми саршор аз орзуҳо ва зиндагии рангин дошта бошанд. Илму дониш, касбу ҳунар омӯзанд, бо қадамҳои устувор дар ҳаёт фаъолу намуна бошанд. Ба қавли шоир “бечоравор пеши зиндагӣ гиря накунанд”-у роҳи дуруст ва мавқеи устувори хешро дар ҷомеа пайдо кунанд. Валиҷон БАЁНӢ
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон” носибати дурушти ронанда гиламанд шуд, ду ҷавоне, ки дар наздаш қарор доштанд, таксиеро нигоҳ дошта, занро савор карданд. Ӯ аз ҷавонон миннатдор шуда, аз Худо барояшон умри дароз хост. Зимнан, ҳарчанд рафтори ронандаи автобус боиси мазаммату накӯҳиш аст, дар ҳамин ҳол рафтори он ду ҷавон, ки нисбат ба зан хайрхоҳӣ карданд, шоёни таҳсин мебошад. Дар кадом шароите набошад, бояд мо қарзи инсониамонро ба ҷо биёрему омодаи кӯмак ба ниёзмандон бошем. Зеро як некие, ки мо ба дигарон мекунем, дучанд ба мо пас мегардад. Муҳим он нест, ки мо дар кадом касбу корем, муҳим он аст, ки аввалан чун инсон ба якдигар муносибат намоем ва ҳар лаҳза панди “Бани одам аъзои якдигаранд”-ро фаромӯш насозем!
ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯ
Тавре мушоҳида мекунем, дар пешрафти соҳаҳои саноату алоқа, энергетика ва тиб нақши илми физика хеле зиёд аст. Сол то сол илми тиб бо мусоидати навовариҳои олимони физика пеш рафта, дар муолиҷаи одамон сабукиҳои зиёде фароҳам меояд. Қариб ҳар асбоби тиббӣ ва таҷҳизоти ташхисӣ барои муайян кардани бемориҳо бинобар дастовардҳои илми физика сохта шудаанд.
Садҳо таҷҳизоте, ки олимони физик сохтаанд, ба табибон имкон медиҳад, ки бемориро аниқ муайян карда, роҳҳои муолиҷаашро ёбанд. Яке аз нахустин хизматҳои илми физика дар соҳаи тиб ихтирои шуои рентгенист, ки ба номи ихтироъгари он Вилгелм Рентген алоқаманд аст. Имрӯз табибон бо ёрии миқдори муайяни нурҳои рентгенӣ, бе мушкилӣ як қатор бемориҳоро аниқ карда, муолиҷаи самаранокро ба роҳ мемонанд. Ихтирои ултрасадо низ дар пешрафти соҳаи тиб нақши муҳим бозид. Ултрасадои дар илми тиб истифодашавандаро шартан ба ултрасадои интенсивнокиаш паст ва ултрасадои интенсивнокиаш баланд тақсим мекунанд. Вазифаи асосии истифодаи ултрасадои интенсивнокиаш паст гармкунии безарар, суръат бахшидан ба реаксияҳои физиологии муътадил ҳангоми муолиҷаи иллатҳо мебошад. Зимни интенсивнокии нисбатан баланд имкони вайроншавии интихобии бофтаҳо вуҷуд дорад. Ин усулро дар ҷарроҳии ултрасадоӣ истифода мебаранд. Ҷарроҳии ултрасадоӣ аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки дар мавзеъҳои маҳдуди бадан истифода бурда шуда, зудтаъсир мебошад ва талафёбии хунро пешгирӣ мекунад. Алалхусус усули мазкур зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳиҳои ҷигар, ҳароммағз, гурда, чашм ва мағзи сар самарабахш аст. Яке аз дигар хизматҳои илми физика дар пешрафти соҳаи тиб истифодаи рӯшноӣ дар табобат мебошад. Ин усули физиотерапия бо ёрии нурҳои инфрасурх
ё ултрабунафш таъсиррасонӣ ба ҷисмро дар бар мегирад. Тамоми таҷҳизоти оптикие, ки физикҳо ихтироъ кардаанд, дар тиб васеъ истифода бурда мешавад. Масалан, микроскоп аллакай дар охири асри XVII ба муҳаққиқон имкон дод, ки ҳаёти ҳуҷайра ва организми соддатаринҳоро омӯзанд. Имрӯз микроскопҳои оптикие истифода мешаванд, ки тасвирро аз 15 то 1000 маротиба калон мекунанд. Дар охирҳои асри ХХ физикҳо таҷҳизоти нави тиббӣ сохтанд, ки ба табибон барои муоинаи трахея, бронхҳо ва рӯда кӯмак мерасонад. Бо ёрии эндоскопия табиб метавонад ба ҷои захм моддаҳои табобатиро фиристода, хунравиро боздорад. Соли 1964 физикҳои шӯравӣ Н. Басов ва А. Прохоров барои ихтирои лазер сазовори ҷоизаи Нобел гардиданд. Аллакай ҳамон солҳо нурҳои лазериро дар амалиёти ҷарроҳӣ истифода мебурданд. Махсусан, таҷҳизоти лазерӣ дар амалиёти ҷарроҳии чашм васеъ истифода мешуд. Барои муолиҷаи наздикбинӣ ва дурбинӣ нурҳои лазерӣ бомуваффақият истифода мешаванд. Табибони бахши гӯшу гулӯю бинӣ (ЛОР) низ ҳангоми табобати синусит, шамолкашӣ, тимоқ, дарди гӯш (отит) ва хурроккашӣ аз технологияи лазерӣ истифода мебаранд. Усули дигари муолиҷа, ки аз илми физика маншаъ мегирад, табобат бо магнит аст. Бо ёрии майдони магнитии зудиаш паст ба бофтаҳои бемор таъсир расонида мешавад. Тавассути магнитшифоӣ бемориҳои шуш, меъда, буғумҳо, рагҳои пой ва ғайраро муолиҷа мекунанд. Ҳамчунин истифодаи радиагностика низ дар муолиҷаи беморон таъсирбахш аст. Масалан, барои ташхис ва муолиҷаи бемориҳои ғадуди сипаршакл изотопҳои радиоактивии йодро истифода мебаранд. Садҳо чунин мисолҳо овардан мумкин аст, ки чӣ гуна физика кори соҳаи тандурустиро осон намудааст. Илм дар як ҷо намеистад. Умед дорем, ки аз миёни шогирдони имрӯзаи муассисаҳои таълимии кишвар фардо садҳо олимону муҳаққиқони соҳаи физика баромада, дар пешрафти соҳаҳои гуногун ҳисса мегузаранд. Ҳусейн РАҲМОНОВ, муаллими Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор
11
СОҲИБКАСБ
Табиби ҳар шахс худи ӯст!
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд, ки “Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”.
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
биби ҳар шахс худи ӯст, на каси дигар. Бинобар ин, ба худ бештар аҳамият диҳеду саломатии хешро нигаҳ доред. Ҳамаи гуфтаҳои ӯро бемор бо таваҷҷуҳи хос мешуниду бо ҷунбонидани сар тасдиқаш мекард. - Табибӣ кори мушкил аст, зеро бо инсон сару кор мегиред. Нафаре аз дард ранҷ мекашад ва умедаш танҳо бар шумост. Агар нозукиву паҳлуҳои гуногуни соҳаро аз бар накарда бошед, пас чӣ гуна беморро табобат мекунед? – мегӯяд Шералӣ Қаландаров. - Дар ибтидо барои ман низ аз худ намудани ин касб душвор буд, вале дар натиҷаи пайваста омӯхтан он бароям осон гардид. Бояд зикр намоям, ки нафаре агар аз сидқи дил касби хешро дӯст дорад ва хеле хуб онро аз бар намояд, ҳамаи мушкилиҳо барои вай осон мегардад. Шералӣ ба ҷавононе, ки табиб шуданӣ ҳастанд, мегӯяд ба фанҳои дақиқ, аз қабили химияву физика диққати махсус диҳанд ва онро хуб аз бар намоянд, чунки пояи асосии ин касб аз ҳамин давра ибтидо мегирад.
www.javonon.tj
Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони ҷавону соҳибкасб кору фаъолият менамоянд. Бахусус дар соҳаи тандурустӣ. Айни замон ба кадом муассисаи тиббие, ки ворид шавед, шоҳид мегардед, ки дар ҳайати кормандони он ҷавонон низ ба табобат машғул ҳастанд. Ин қабил ҷовонон бо дарки баланди масъулият ба пешаи интихобнамудаашон содиқ буда, барои содиқона дар амал татбиқ намудани рисолати касбии хеш ҳаматарафа ҷаҳду талош менамоянд. Шералӣ Қаландаров, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ аз зумраи чунин ҷавонҳост. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2005) мебошад. 2 сол дар шаҳри Санк Петербурги Федератсияи Руссия ихтисосашро такмил додааст. Дар ин ҷо яку ним сол фаъолият ҳам доштааст. Пас аз бозгашт
ба Ватан дар Маркази саломатии ноҳияи Ҳисор, дар шуъбаи ҷароҳҳӣ ба ҳайси табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ ба аҳолӣ кумаки тиббӣ мерасонад. Дар риштаи интихобнамудааш яке аз муваффақҳост. Вақте ба суроғаш рафтем, паси дари утоқи кориаш чанд нафар интизори навбат буданд, то барои табобат маслиҳат гиранд. Аслан, ӯро дар ноҳия қариб ҳама мешиносанд. Бахусус, нафароне, ки ба дарди гӯш ва ё гулӯ гирифтор шуда бошанд. Чун ин дард азиятдиҳанда асту шахси гирифтор ба он як лаҳза ҳам ором намеистад, нафароне, ки паси дари утоқаш буданд, бетоқатона ин сӯву он сӯ қадам мезаданд, то ки каме ҳам бошад, аз шиддати дард раҳоӣ ёбанд. Вақте ба утоқи кориаш даромадем, ӯ машғули табобати беморе буду моро ба нишастан даъват кард. Ҳар замон бо суханони ширину рӯҳбахш бо бемор ҳамсуҳбат мешуд. Чӣ гунаву чӣ тарз шифо ёфтани бемории маризро фаҳмонда, мегуфт, ки та-
е-mail: javonontj@mail.ru
Саҳми физика дар пешрафти тиб
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
12 Медали тиллои Акмалиддин Каримов дар Ҷоми ҷаҳон
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Варзишгарони кишвар дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо, ки 20-22 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ба хотираи Асланбек Аслаханов доир гардид, соҳиби ду медал шуданд. Бино ба гуфтаи Маҳмадшариф Сулаймонов, мураббии самбо, варзишгарони машҳур Акмалиддин Каримов сазовори ҷои якум ва Хушқадам Хусравов сазовори ҷои сеюм гардиданд. Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило бар ҳамаи ҳарифон дастболо гардида, дар давраи ниҳоӣ варзишгари Қазоқистон, чор маротиба каҳрамони ҷаҳон Аимбек Байбакировро мағлуб намуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Хушқадами Хусрав бошад, дар вазни 62 кило бар ду ҳарифаш дасболо гашта, дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Русия шикаст хурда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 5 нафар муарифӣ намуданд.
Дастаи МҶМОВ боз қаҳрамон шуд
Дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳораташ олӣ оид ба футбол (МҶМОВ) ғолиби чемпионати мамлакат миёни ҷавонони соли таваллудашон 1998-1999 гардид. Мусобиқа 23 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ тими МҶМОВ бар дастаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони (МВКН) Шаҳринав бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар даври ниҳоии мусобиқа ҳашт даста дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Дар гурӯҳи “А” тими “Истиқлол” бо 7 хол ҷои аввал ва дастаи МВКН Норак бо шаш хол ҷои дуюмро ишғол карда,
ба даври нимфинал роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳи “В” МҶМОВ ва МВКН Шаҳринав дастаҳои пурқувваттар буданд. Дар нимфинал “Истиқлол” бо МВКН Шаҳринав вохӯрд. Вақти асосӣ бе гол анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи футболбозони ҷавони Шаҳринав хандид – 11:10. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ тими МҶМОВ ба дарвозаи МВКН Норак 3 голи беҷавоб зад.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм ҷавонони “Истиқлол” ҳамсолони норакиашонро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Дастаи МҶМОВ дуюм маротиба медалҳои тиллои чемпионат оид ба футболи ҷавононро соҳиб мегардад. Қаблан шогирдони МҶМОВ медалҳои тиллои чемпионати кишвар оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002-ро сазовор гашта буданд.
Таъсиси Маркази омодагии олимпӣ
www.javonon.tj
Дар шаҳри Хоруғ – маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин Маркази омодагии олимпӣ таъсис ёфт. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба мустаҳкам намудани базаи моддӣ - техникии соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инфрасохтори соҳа ва омодагии касбии варзишгарони кишвар барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи Маҷмааи бошукӯҳи варзишие, ки дар доираи сафари Президенти кишвар ба шаҳри Хоруғ 30 июли соли ҷорӣ ифтитоҳ гардид, гирифта шуд. Масоҳати умумии марказ зиёда аз 1 гектарро ташкил дода, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ барои сохтмон ва таҷҳизонидани он сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои яккачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва утоқҳои корӣ мебошад. Аз ҳама муҳим, сохта ба истифода додани ин маҷмааи варзишӣ ва дар заминаи он таъсис додани
Маркази омодагии олимпӣ барои аҳолӣ, махсусан ҷавонону варзишгарони Бадахшон имкон медиҳад, ки дар тамоми фасли сол ба варзиш машғул шуда, мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ ва ҳатто сатҳи байналмилалӣ дар он доир карда шаванд. Ҳавои софу мусоиди минтақа барои тамрин ва омодагии дастаҳои яккачини вилоят ва ҷумҳурӣ ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ хеле мусоид мебошад. Дар маҷмуъ дар қаламрави кишвар 5 маркази омодагии олимпӣ таъсис дода хоҳад шуд.
ВАРЗИШ
2016: Тоҷикистон мизбони мусобиқаи осиё оид ба бокс Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 октябр дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфоии миллат” баргузор гардид. Ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳори умед намуд, ки баррасиҳои илмӣ миёни олимони риштаи варзиш дар пешрафти соҳа нақши муҳим хоҳад гузошт.
- Боварӣ дорам, ки иштирокчиёни ин кунгураи байналмилалӣ аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар шуда, дар ривоҷу равнақи илми варзиш саҳм мегузоранд, – гуфт Ш. Сафаров. – Яке аз ҳадафҳои ин чорабинӣ гирифтани тавсияҳо баҳри сазовор доир намудани мусобиқаи Осиё байни донишҷӯёни макотиби олӣ мебошад, ки моҳи майи соли 2016 дар кишвари мо доир мегардад. Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Кайрат Закирянов аз пазироии гарми мизбонон изҳори сипос намуда гуфт: - Ман дафъаи чорум аст, ки меҳмони Тоҷикистони офтобӣ мешавам. Ҳар маротибае, ки ба ин ҷо меоям, шаҳри Душанберо зебову ободтар мебинам. Дирӯз мизбонон ба мо “Кохи Наврӯз”-ро нишон доданд. Чунин иншооти бошукуҳ мисли як муъҷиза аст, ки на ҳар кишвар онро дорад. Дар ду-се соли охир дар Тоҷикистон иншооти хуштарҳи варзишӣ сохта шудаанд, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд. Ман 17 сол боз дар соҳаи варзиши байналмилалӣ фаъолият мекунам. Бе муболиға гуфта метавонам, ки маҳз дар давраи ректории профессор Шодӣ Сафаров Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Маҳз бо ташаббуси Шодӣ Асомуродович пешниҳод шуд, ки моҳи майи соли 2016 дар Тоҷикистон мусобиқаи Осиё оид ба бокс байни донишҷӯёни макотиби олӣ баргузор гардад. Кайрат Закирянов ба Шодӣ Сафаров Ҷоми Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро супурд. Ҳамчунин Шодӣ Сафаров профессори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ереван гардид, ки Закирянов асноди тасдиқкунандаро ба Сафаров супурд. Котиби генералии Иттиҳоди донишҷӯёни Муғулистон, намояндаи Федератсияи Осиёии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (FISU) Дорҷсурен Ҷаргалсайхан, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст, аз суръати бунёди иншооти варзишӣ изҳори хушӣ карда гуфт: - Ба мо гуфтанд, ки тайи 4 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 2000 иншооти варзишӣ сохта шудааст. Ин шоистаи таҳсин аст. Зеро комёбии варзишгар ифтихори миллат буда, боиси баланд бардоштани Парчами давлат мегардад. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон номи Саидмуъмин Раҳимовро дорад. Ҳарифи С. Раҳимов дар финали чемпионати ҷаҳон варзишгари муғул Баймух буд. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров бошад ду соли хизмати аскариро дар Муғулистон сипарӣ кардааст. Боварӣ дорем, ки робитаи мо дар сатҳи донишкадаҳо низ хуб ба роҳ монда мешавад. Мо толорҳои варзишии Тоҷикистонро дидем. Дар ин ҷо боксчиёни варзида ва доварони сатҳи байналмилалӣ зиёданд. Аз ин рӯ умед мекунем, ки мусобиқаи дарпешистода дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Ин бозиҳо имкони хуби сайқал додани маҳорати варзишгарон мебошад. Чунончи, аз миёни иштирокчиёни Бозиҳои варзишии донишҷӯёни Қазон-2006 чор нафар дар Олимпиадаи Пекин-2008 медали олимпӣ ба даст оварданд. Раиси Федератсияи бокси ҷумҳурӣ Бобоҷон Маҳмадрасулов дар бораи имкониятҳои мавҷуда сухан ронда, меҳмононро бовар кунонд, ки мусобиқаи дарпешистода дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Зеро Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон сарварии Кумитаи миллии олимпиро бар уҳда дошта, ҳамеша баҳри рушди варзиш тадбирҳои муфид меандешад. Кайрат Закирянов аз намояндагони мақомоти варзишии кишвар даъват ба амал овард, ки соли 2017 ба Алма-ато ташриф оранд. Зеро ин шаҳри бузурги Қазоқистон мизбони Бозиҳои варзишии зимистона хоҳад гашт. - Ҳоло фурсат ҳаст, – гуфт Закирянов. – Хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон ба намудҳои зимистонаи варзиш низ таваҷҷуҳ намоянд. Зеро дар ин кишвари кӯҳистон барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш имконот мавҷуд аст. Шодӣ Сафаров изҳор намуд, ки мусобиқаи Осиё оид ба боксро дар сатҳи баланд баргузор хоҳанд кард. Зеро дар сурати хуб гузаштани ин мусобиқа имкон дорад Тоҷикистон соли 2018 мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба бокс гардад. С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
орзуи падарро амалӣ намуд. Баъди талошу машаққатҳои зиёд Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ, WCSF, қаҳрамони ҷаҳон аз намуди грепплинг, FILA, қаҳрамони ҷаҳон аз намуди муҳорибаҳои омехта (ММА, WKA), Устоди дараҷаи байналмилалӣ аз намуди самбои муҳорибавӣ гашт. Шуҷоату далерӣ ва маҳорати баланди Муин Ғафуровро хостем ба дӯстдорони варзиш муаррифӣ намоем.
маблағ ба даст меоред? - То ҳол ба хотири маблағ ба мусобиқа сафар накардаам. Ман дар аввал ба хотири амалӣ намудани орзуи падарам дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок мекардам. Баъди қаҳрамони ҷаҳон шудан ба хотири обрӯи миллату давалат ҳунарнамоӣ мекунам. Зеро ҳастанд одамони хайрхоҳу ватандӯст, ки то имрӯз моро дастгирӣ карда истодаанд. Шоҳрухҷон Саидов аз нафароне мебошад, ки дар ҳар як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва
аз мағлубияти варзишгари пешинаашон нисбат ба ман хусумат доштанд. Вақте ман барои салом даст дароз кардам, ӯ салом накард. Дар қисмати дуюм, ки ман ӯро мағлуб намудаму аз ҳаяҷон хурсандии худро дошта натавонистам, мухлисони доғистонӣ ин хурсандии маро қабул карда натавонистанду норозигӣ баён намуданд. Баъд аз муҳориба хатои худро фаҳмида, омада узр пурсиданд. Айни ҳол дар сомонаҳо ҳамчун варзишгари мусулмон гуфта, маро ҷонибдорӣ мекунанд. - Шояд барои ҳаводорони
ман ин фурсати муносибро истифода намуда миннатдориамро мерасонам. То ҳол ягон мусобиқае нашудааст, ки бо сабаби набудани маблағ мо иштирок накарда бошем. - Вақти холии худро чӣ гуна мегузаронед? Оё шуғли дӯстдоштае дар баробари варзиш доред? - Ман аз варзиш берун шуда наметавонам. Шуғли дӯстдоштаам бозии футбол аст. Ба воситаи футбол худро ором мекунам. Дар мусобиқаҳои берун аз кишвар барои он ки аз ҳаяҷони пеш аз мусобиқа худро монда накунам, кӯшиш мекунам то рӯзи мусобиқа ягон ҷои муносиб пайдо намуда, футбол бозӣ кунам. - Муҳорибаи шуморо бо варзишгари доғистонӣ дар сомонаи “Youtoobe” тамошо кардам. Пирӯзии Шумо норозигии мухлисони ҳарифро ба миён овард. Сабаб чӣ буд?
варзиш ва мухлисони Шумо аҷиб бошад, ки Муин баъди ин гуна дастовардҳо дар кӯчаю хиёбонҳо бо чӣ мегардад. Нақлиёти шахсӣ ё нақлиёти ҷамъиятӣ? - Ман бо хатсайр ба тамрингоҳ меравам. Вақте аз тамрин ё мусобиқае аз хориҷи кишвар бармегардам, қадам зада, шаҳрро тамошо мекунам. Бо зебоии кишвар худро бисёр роҳат ҳис мекунам. - Худро аз варзиш берун дар кадом касб тасаввур карда метавонед? - Ҳоло бе варзиш ягон маротиба худро тасаввур накардаам. Фикр намекунам, ки аз уҳдаи дигар касб ба хубӣ баромада тавонам. Агар синну солам ба ҷое расаду тамринро бас кунам, кӯшиш мекунам ба тарбияи шогирдон машғул шавам. - Оё гуфта метавонед, ки ба карйераатон дар чандсолагӣ хотима хоҳед гузошт? Ман бо ташкилоти “Ваннефсӣ” шартнома дорам. Ин ташкилоти осиёист. Дар он беҳтарин варзишгарони ҷаҳон баромад мекунанд. Хушбахтона, ман якумин ҷавони тоҷикам, ки аз ин намуди варзиш ба ташкилот шартнома дорам. Орзу дорам, ки дар ҳамин гуна ташкилотҳо варзишгарони мо зиёд аъзо шаванд. Зеро ин як роҳи осони муаррифии миллат дар ҷаҳон мебошад. Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки камарбанди Ваннефсиро ба Тоҷикистон биёрам. Ҳарчанд ин намуди варзиш ба Бозиҳои олимпӣ шомил нест. Лекин ин мусобиқае, ки мо мақсад гузоштаем дар он ширкат кунем, аз олимпиада ягон камӣ надорад. Зеро беҳтарин варзишгарони ҷаҳон ҷамъ меоянд. - Ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ доред? - Ба кадом намуди варзише, ки набошад машғул шаванду парчами кишварро дар сатҳи мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Хурсандии мо варзишгарон аст, ки вақте мо мебинем ба хотири як ҷавони кишвар дар арсаи ҷаҳон парчами кишвар парафшон мегардад. Мо аз ин ифтихор мекунем, ки бародарони мо муаррифгари давлату миллат дар ҷаҳонанд. Варзишгари касбӣ ҳам набошанд, барои солимии тану ҷонашон ба варзиш машғул шаванд.
“Муин TAJIK” - ифтихори тоҷикон
Баъзе нақшаҳои муҳим дорам. Фикри аз варзиш дур шуданро ба мақсади оила барпо кардан то ҳол накардаам. - Худо хоҳад дар оянда фарзанд меёбед. Фарзандатон ҳамин намуди варзишро интихоб кунад, розӣ мешавед? - Ман кӯшиш мекунам, ки фарзандам варзишгар шавад. Агар хости ман шавад, ӯро ба майдони футбол мебарам. Зеро зиёд мехоҳам, ки футболбоз бошад. Дар ҳоле ки муҳорибаҳои омех-
вари ман боло шавад. - Аз пешаи интихобнамудаатон пушаймон нашудаед? - Ин гуна ҳолат то ҳол ба ман рух надодааст. Баъзан аз тамрини зиёд монда мешавем, зеро барои омода шудан дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар як рӯз ду маротиба тамрин мекунем. Аз хастагии зиёд организми инсон ба истироҳат эҳтиёҷ пайдо мекунад. Дар ҳамин ҳолат варзишгар худро каме нороҳат ҳис мекунад. - Дар як муҳориба чӣ қадар
- Ман пеш аз ин мусобиқа бо варзишгари доғистонӣ, чор маротиба бо қаҳрамони ҷаҳон Курбан Гаҷиев, ки дар ҳаёти варзишии худ ягон бохт надошт, қувва озмуда будам. Мусобиқа барои Ҷоми ҷаҳон буд ва ман ӯро дар дуюм қисмати вохӯрӣ зада беҳуш кардам. Вақте мусобиқаи “Ҳуҷуми форсҳо” дар Ленинград шуд, маро қаҳрамони асосии мусобиқа эълон намуданд. Доғистониҳо варзишгари беҳтарини худ Магамед Абдуллоевро пешниҳод намуданд. Онҳо
www.javonon.tj
- Ба варзиш машғул шуданатон тасмими кӣ буд? - Орзуи падарам буд. Ман симои падарро чандон дар ёд надорам. Модарам, пайвандонам мегуфтанд, ки падарат туро “қаҳрамон” гуфта ном мебурд. Падарам орзуи зиёд мекардааст, ки зудтар калон шуда, варзишгар шавам. Тағоям Аҳтам Хокиров устоди ман аст. Ба ӯ низ таъкид карда гуфтааст, ки “Ман ҳастам ё не, писари маро ба тамрин мебарӣ!”. Ман хурд будам, ки Аҳтам Хокиров маро ба толори варзишӣ бурд... Аввал ба гӯштини тарзи озод машғул будам. Як муддат футбол бозӣ мекардам. Баъди ташкил шудани федератсияи муҳорибаҳои омехта, бо тавсияи Аҳтам Хокиров ба ин намуди варзиш гузаштам. - Киро дар зиндагӣ, хоса дар варзиш идеал меҳисобед? - Соли 2011 аз намуди муҳорибаҳои омехта барои дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқа доир гашт. Дар он Зуҳурбек Нурмаҳмадов яке аз варзишгарони номии Русияро мағлуб сохт. Ҳунарнамоии ӯро дида, ҳавасам ба ин намуди варзиш зиёд гашт. Баъд мақсад гузоштам, ки ба ин намуди варзиш ҷиддӣ машғул шавам ва то ҳол кӯшиш дорам ҳар ҳаракату нозукии ин риштаи варзишро аз Зуҳурбек омӯзам. Яъне ӯро дар зиндагӣ идеали худ қарор додам. Дар тамринҳо ҳар нофаҳмие шавад, аз Зуҳурбек мепурсам. Варзише, ки шумо машғулед, як андоза хатарнок аст. Аҳли оила ба интихобатон норозӣ нестанд? - Дар аввал зид набуданд. Баъди якта-нимта муҳорибаҳоямро аз тариқи оинаи нилгун тамошо кардан, модарам пеш аз ба
таро интихоб кунаду хоҳиши зиёд дошта бошад, розӣ мешавам. - Дар мусобиқаҳои берун аз кишвар, пеш аз ба майдон баромад шуморо чӣ эҳсос фаро мегирад? - Ҳар варзишгар ба умеди ғалаба ба майдон мебарояд. Ман ҳам пеш аз мусобиқа то ҳол фикри бохтро накардаам. Зеро дар ин намуди варзиш шуҷоату боварӣ ба худ дар ҷойи аввал меистад. Агар варзишгар тарсро дар дил ҷой кунад, 50 фоизи сабқатро аллакай бохтааст. Ман ҳамон лаҳзаро интизор мешавам, ки парчами киш-
е-mail: javonontj@mail.ru
мусобиқаҳо рафтанам назди устодам рафта мегӯянд: “Ман Шодихони НАЗАР, расми ҳарифи писарамро “Ҷавонони Тоҷикистон” дидам. Ӯ нисбат ба Муини ман калон аст, писари ман ҳоло хурд...” Устодам модаИмрӯз расонаҳои рамро ором карда, шароити мусобиқаро мефаҳмонанд. Ҳоло варзишии ҷаҳон дар модарам пеш аз мусобиқаҳо рафбораи варзишгаре зиёд тан дуо дода, мегӯянд: “Ба ту боҳарф мезананд, ки то вар дорам, писарам”. ҳол ба бохт рӯ ба рӯ - Шумо ҳоло оиладор нестед. нашудааст. Ӯро дар Агар оиладор шудед, варзишро давом медиҳед? ҷаҳон бо номи “Муин - Ба ин наздикиҳо мақсади TAJIK” мешиносанд. Ӯ оила барпо намудан надорам.
13
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
14
АДАБИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
(Аввалаш дар шумораи гузашта) - Ҳамон тобистон Сайдулло аз зиндон баромада, ӯ аввалин шуда дар ҳавлиамон хостгорони Амирбекро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифт. Падарам аслан ҷонибдори иқдоми Салом буд, то ки хусумати байни оилаҳоро бартараф кунад. Вале Сайдулло, ки ба шавҳар додани Моҳсафарро набахшида буд, ба меҳмонхона даромада таҳдид кард: - Агар хоҳарамро ба ҳамон фиси бинӣ ба занӣ диҳед, ин дафъа ҳатман ӯро мекушам. Хостгорон бо дили озурда аз хона баромада рафтанду ман бо чашмони гирён мондам. Падари касалмандам аз писари қайсару авбошаш метарсид. Сайдулло пас аз гусели меҳмонон ба наздам даромада, суратеро пешам партофт. - Аз касофатии ин сағира ман ба зиндон афтидам. Аз ин хотир ҳеҷ гоҳ розӣ намешавам, ки ту зани вай шавӣ. Баъд ана, ба ин расм нигар, ки Маҷнунат ба чӣ корҳо овора аст. Чашм ба сурат давондам. Ҳуш аз сарам парид. Дар он ҷавондухтаре дар соҳили кӯл Амирбекро ба оғӯш гирифта ва гӯё қасд кардагӣ барин ҳар ду ба рӯи ман таҳқиромез механдиданд. Ҷаҳон дар назарам хира гашт. Ҷаҳлу хашм ақламро тира кард. Хаёл кардам дар байни арасот мондам. Метарсидам, ки аз касе маслиҳат пурсам. Чанд рӯз мисли девона гаштам ва оқибат ба пешниҳоди падар розӣ шуда, ба як хеши дураш ба шавҳар баромада ба минтақаи Сангвор афтидам. Хонаро сукути бардавом пахш кард. Дар ин соат ду зан хомӯш буданд. Якеро гузаштаи дураш ба тазйиқ оварда бошад, дигаре анҷоми қиссаи ғамангезро интизор буд. - Очаҷон, гумон накардӣ, ки ҳамаи ин фитнаест? Модар ба саволи фарзанд ҷавоб нагардонд. Аслан, посух дода ҳам наметавонист. Кадом волидайн дар он давр дар синну соли духтараш ӯро ба шаҳр рафтан мемонд. Ҳоло ҷавонҳои ин замона ба ихтиёри худ. Беҳуда нагуфтаанд: наврӯид бало рӯид. - Оча, то ин муддат боре бо ҳам рӯ ба рӯ нашудед? Зевар суратро ноаён ба таги болишт тиққонд. - Сангвор куҷою пойтахт куҷо, - оҳи вазнин кашид Сарвар. - Баъди марги падарат, ки ҳамагӣ як сол зиндагӣ кардем, пиру кампирро танҳо гузошта наметавонистам. Аз тағоят, ки аз нав ба маҳкама кашида буданд, чизе пурсида намешуд. Аллакай об аз ҷӯй гузашт. Ӯ ба роҳи худ, ман бо зиндагии худ. Дигар ман ӯро гунаҳкор намеҳисобам. Акнун ягона орзуям ҳамин, ки ӯ хушбахт бошад. - Модарҷон, охир ту дар мактаби миёна хондӣ, - ором намегирифт Зевар. - Маълумоти миёна дорӣ. Чаро барои бахти худ талош накардӣ? - Маро ба бесаводӣ ва беҷуръатӣ сарзаниш кардан осон аст, - бо ҳасрат ҷавоб дод Сарвар. - Гуноҳи ман ҳамин ки дар сари қаҳру ғазаб таъҷилан ба шавҳар
баромадам… - Мавқеи зан дар достонҳои лирикии адибони классик чӣ тавр тасвир ёфтааст? - Амирбек Зеварро ба назди тахтаи синф хонд ва ин саволро дод. Зевар хомӯш буд. Амирбек аз як кунҷи синфхона ба кунҷи дигараш қадам мезад. Баъзе шарикдарсон барои аз ҳолати ногувор наҷот додани Зевар бо овози паст луқма мепартофтанд. Интизорӣ тӯл кашид. Ниҳоят занг зада шуда, ба ин ҳолати ногувор хотима бах-
- Ба фикрам ҳамин паризод кайҳо ба шумо дил бастааст, - аз пушти духтар нигоҳ карда гуфт Азим. - Пайхас накардаам, - худро ба нодонӣ зад мудири кафедра. - Дӯстам, муҷаррадӣ бас будагист, - ба насиҳат гузашт Азим. - Ҳоло айни пайташ. Бечора Олуфтамоҳ дар ишқат сӯхтаю пухта истодааст. Ба вай-ку ҳеҷ илтифоте надорӣ. Аққалан, ба ин кабки дарӣ раҳм кун. Баъд нашавад, ки аз ин ҷо ронда шавию аз он ҷо
Зевар аз таҳдиди зан натарсид. Зан ин саволро интизор набуд. Каме дасту по хӯрд. Алангаи оташи чашмонаш лаҳзае хомӯш гардид. Вале ӯ зуд худро ба даст гирифт ва аз нав ба ҳуҷум гузашт. - Кори ту набошад. Зану шавҳар ҳастем ва ё нестем ин ба ту дахл надорад. Чандин сол пеш
Зариф ҒУЛОМ, нависанда
Ишқи меросӣ ҲИКОЯ
шид. Муаллим гӯё ин ҳолатро мунтазир буд, ки шитобон ҷузвдон ва дафтари синфро гирифта, ҳатто ба духтар нигоҳ накарда аз синфхона баромад. Зевар ҳанӯз дар назди тахтаи синф рост меистод. Зуҳро давида китфашро таконд. - Ба ту чӣ шуд? Ошиқ-ку нашудаӣ? О, шаб дар ҳамин мавзӯъ ҳамаро қоил карда будӣ. Касал-ку нестӣ? Зевар чизе нагуфта, рафта ба ҷояш нишаст ва сар болои даст гузошта домони гиряро сар дод. Дугонаҳо барои тасаллодиҳӣ ӯро гирд карданд. Зуҳро баланд дод зад. - Халал нарасонед. Бигузор дилашро холӣ кунад. Рафтем, ба берун. Духтарон беовоз синфхонаро тарк карданд… Амирбек ба дафтари корӣ даромада, худро болои курсӣ партофт. - Ба худам ҳайрон, - зери лаб гуфт. - Ҳамин ки бо ин духтар вохӯрам, худамро бой медиҳам. Гӯё дар пешорӯям Сарвар истода бошад. Аҷиб! Ҳарчанд худамро маҷбур кунам, ки дар борааш фикр накунам, баръакс. Дақиқае нагузашта пай мебарам, ки тамоман ҳушу ёдам ба ӯ банд аст. Рӯзҳоро бо ҳазор оҳанг паси сар мекунам. Шаб бошад бо саду як наво овозу садояш маро ба ҳаяҷон меорад. Аз ғояти эҳсосоти баланд шабҳо ба моҳ роз мегӯям. Хаёл мекунам, ки бо ин роҳ ин паричеҳраи мавзунқомат навои дили беқарори маро мешунавад. Тарки вазифа кунам? Ё ҳеҷ набошад ба Донишгоҳи Хуҷанд гузарам? Касе дар кӯфт. Амирбек ба тарафи дар гардан тофт. - Дароед! Қомати Зевар дар чорчӯбаи дар намоён гашт. Ранги паридаи духтар ба ҳуснаш таровати дигар бахшида буд. Амирбек беихтиёр аз ҷой хест. - Шумо ба Сар..? - Ман духтари Сарварам, Зевар аз дохили китоб расми ҷавонии Амирбекро бароварда ба пешаш гузошт. - Ба ҷустуҷӯи шумо омадам… Ба дафтари корӣ ворид шудани Азим ба Зевар имконият надод, ки мақсадашро баён кунад. Ӯ тоб хӯрда аз дар баромад…
монда. - Худаш он тараф истад, ҳатто номашро шунидан намехоҳам, бо зарда гуфт Амирбек. - Агар ба ихтиёри худам мебуд, барвақт аз кор мерондамаш. Афсӯс, ки хеши кадом соҳибмансаби донишгоҳ аст. Аз рӯзи аввали ба кор омаданаш ба ҳама эълон кардааст, ки гӯё кӯдакаш фарзанди ман бошад. Ҳол он ки ман ин зани бадахлоқро чандин маротиба дар кӯчаҳои шаҳр бо Сайдулло дидаам. Вай намедонад, ки ману Сайдулло дар як деҳа зиндагӣ доштем ва ин ҷинояткори ашаддӣ дар ҳаёти ман чӣ нақше бозидааст. Нисбат ба тавсияи дуюматон ҳоло чизе гуфта наметавонам, - ва Амирбек идомаи баҳсро доир ба Зевар зарур надонист. Ӯ қоматашро бардошта, аз дар баромад… Зевар чӣ тавр то ба назди бинои Осорхона омаданашро надонист. Сари роҳашро гирифтани зани тахминан 40-солаи ношинос ӯро аз ҳолати парешонӣ баровард. Саволомез ба ҳамҷинсаш нигарист ва дар чашмони осмонирангаш ифодаи нафрати беандозаро пайхас кард. Хост, ки худро як тараф гирад. Зан аз остини куртааш дошта, хашми дар вуҷудаш ҷӯшидаро ба забон овард. - Ман ба ин даргоҳ бори дигар омаданатро набинам. Туро, аҷузаи саҳроӣ, бо мани нозанини шаҳрӣ баробар шудан амри маҳол. Маро Олуфтамоҳ мегӯянд. Ту, тирмизак ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаӣ. Таъқид мекунам. Солҳои зиёдест, ки касеро ба ӯ наздик шудан намемонам. Аз ин хотир ӯро осуда гузор. Агар бори дигар туро дар назди вай бинам, шармсорат мекунам. - Кадом даргоҳ ва киро ман бояд безобита накунам? - Зевар нигоҳи чашмони аз ҳайрат калон кушодаашро аз рӯи зани кайҳо ҳусну тароваташро бой дода наканда пурсид. - Худатро ба нодонӣ назан, - бо ҳамон оҳанг давом дод зан. - Ҳоло дар назди кӣ будӣ? Ман бо чашмони сарам дидам, ки ту, духтари беҳаё, аз назди Амирбек баромадӣ. Аз пушти вай кашола шуданатро кайҳо медонам. Ман дар кафедраи Амирбекҷон ба ҳайси мутахассис кор мекунам ва мо кайҳо тақдирамонро бо ҳам пайвастаем. - Ва аллакай зану шавҳаред? -
бо мадади дӯстам аз ту барин як саҳроӣ халос шуда будам. Бо дастгирии як шиносам суратеро омода карда будам. Зевар барқосо қиссаи тағояшро ба хотир оварда, нафраташ якбора аланга гирифт. - Маълум мешавад, ки кайҳо бо ҷинояткорон муносибат доштаӣ? Дониста мон, ки ин дафъа макру фиребат ба кор намеравад. Ҳамаи ин талошҳоят аз ҳасад аст, зеро ки туро то ҳол касе сидқан дӯст надоштааст. - Охир, ту зан ҳастӣ, Олуфтамоҳ ба саволи духтар ҷавоб нагардонд ва самти сӯҳбатро ба дигар тараф гардонд, то ки дар дили ҳамсӯҳбаташ қадре ҳам бошад раҳм ҷой кунад, - ва бояд маро фаҳмӣ. Ман аз вай фарзанд дорам. - Балки кӯдаки Сайдулло будагист? - Зевар рост ба чашмони бе нури Олуфтамоҳ нигарист. - Ту аз куҷо медонӣ? - ранги зан парид. - Инро ба ту кӣ гуфт? - Офтобро бо доман пӯшида намешавад, - дар қаъри дили духтар хурсандӣ тантана дошт. - Кӯза баъзан аз сари чашма сиҳат барнамегардад. Ман аз дигар чиз дар ҳайратам. Чаро Амирбек то ҳол ту барин каждумро дар паҳлуяш нигоҳ доштааст? Ё бо тавсияи Сайдулло амал карда истодаӣ? - Не, не! - овози Олуфтамоҳ ларзид. - Аз бозе, ки Сайдулло маротибаи дуюм ба зиндон афтида дар кадом муноқишае иштирок карда ба ҳалокат расид, ман ба Амирбек часпидам. - Дурӯғу таҳдид ҳам ба эбаш, - Зевар аз ҷузвдон рӯзномаро бароварда ба дасти зан тиққонд. - Ана, дар ин рӯзнома бо ҳарфҳои сиёҳ дар коғази сафед навиштаанд, ки Амирбек айни замон муҷаррад мебошад. Акнун, холаи Олуфтамоҳи шаҳрӣ аз сари роҳи ман гум шавед. Ман он Сарвари соддалавҳ нестам, ки бо ҳар гуна макру ҳила бовар кунам. Барои ишқи меросиям ҷонбозӣ хоҳам кард. Зевар занро ба як тараф тела дода, роҳашро давом дод. Олуфтамоҳ карахт монда, гоҳ аз қафои Зевар нигоҳ мекарду гоҳ ба рӯзномаи дар дасташ буда… - Дарси имрӯзаамонро ба лирикаи Хайём мебахшем, - Амирбек бо чунин суханон ба донишҷӯён муроҷиат намуд. - Канӣ, кӣ ихтиё-
ран мехоҳад оид ба ин мавзӯъ фикрашро баён намояд? Зевар қомат боло кард. Ба тахтаи синф наздик шуд. Бурро гирифта, ин байтро навишт: Э, вой дар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз, туро рӯзе нест. Бурро ба ҷояш гузошт. Ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда аз дар баромад. Амирбек дарк намуд, ки донишҷӯ ӯро бо ин амалаш таъна зад. Осемасар аз қафояш давид. Дар роҳрав сари роҳашро гирифт. Духтар истод. Оҳиста сар бардошт. Дар чашмони шаҳлояш ашк чарх мезад. Лабони нозукаш мепариданд. Овозаш базӯр шунаво баромад. - Ман шуморо дӯст доштаам. Кайҳо! Аз давраи наврасӣ! Шабҳои дарози зимистон модарам танҳо дар бораи шумо қисса мегуфт. Сифатҳою хислатҳои некатонро борҳо шунида, ғоибона ба шумо дил бохта будам. Зевар каме худро дошт. Дасти Амирбекро болои кафи гармаш гузошт. Ба чашмони зебои ҷавонмард нигоҳ карда, охирин ҷумларо ба забон овард: - Муҳаббати шуморо аз модарам ба мерос гирифтаам. Шумо барои ман ягонаед, азизтарину гиромитарин ба шумор меравед. Шумо маҳбубтарин шахсед бароям. Тамоми зиндагии ман ба ҳастии шумо кайҳо омехтааст. … Чӣ кунам оҳ ки нақди дилу дин бохтаам, Рафтаам сангдилеро бути худ сохтаам. Ба назари Амирбек намуд, ки ҳарорати духтар тамоми баданашро сӯзонд. Ӯ ҳис кард, ки дунё тобиши дигар гирифт. Акнун дарк намуд, ки давраи танҳоияш хотима ёфт ва ба дилаш ба ҷойи ишқи фаромӯшшуда муҳаббати ҳақиқӣ ворид гардид. Худ аз худ калимаҳои дар қаъри дил тавлидшуда аз забонаш баромад: - Ишқи меросии туро чун бути муқаддас мепарастам… Ҳамин дам аз утоқи корӣ Олуфтамоҳ баромад. Ӯ Амирбеку Зеварро дар оғӯши ҳамдигар дида, дафтару китобҳояш аз дасташ болои фарш афтиданд. Бо дасташ дилашро дошта, барои он ки наафтад, ба девор такя кард… Нисфирӯзӣ. Офтоб саховатмандона нурҳои гармашро болои долу дарахтони дараи Чилдухтарон равона дошт. Мошини нави тамғаи «Жигули» аз кӯли Кабуд гузашта, ба тарафи чап тоб хурд. Муддате пас ба минтақаи Сангвор ворид шуда, дар деҳаи Заркамар назди ҳавлие омада истод. Аз хона Сарвари дар пичаҳояш сафедӣ дамида баромад. Ӯ аввал ба мусофирони аз мошин фаромада бо ҳайрат нигарист. Ҷуфти хушбахт аз дарвозаи чӯбин гузашта ба соҳибхона наздик шуд. Сарвар ҷавони гумкардаашро дар оғӯши духтараш дида, бо ҳисси гарми модарӣ ба сӯяшон парид…
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
15 е-mail: javonontj@mail.ru www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №43 (9417), 29 октябри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Духтурон дар девонахона омӯзиш мегузаронанд. Бояд девонаи нисбатан ҳушёреро сардори девонаҳо интихоб кунанд. Рӯзе мебинанд, ки девонае ба ҳавз меафтад ва девонаи дигар ӯро наҷот медиҳад. Духтурон девонаи наҷотгарро даъват карда мегӯянд: - Туро сардори девонаҳо таъин мекунем. Ҳоло бирав, он рафиқатро, ки наҷоташ додӣ, ин ҷо биёр, то ба ту ташаккур гӯяд. - Мебахшед, духтур ӯ омада наметавонад.- мегӯяд девона. - Чаро?- мепурсанд аз ӯ. - Ман ӯро овехтам, то ки хушк шавад.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
*** Хонаи марде оташ мегирад. Ҳамсояҳо ҷамъ мешаванд, аммо касе ёрои ба хонаи оташгирифтаистода даромадан надорад. Мард чун мебинад, касе ба имдодаш намерасад, худаш аввал кӯдаконашро, бори дуюм занашро ва дафъаи сеюм даромада, аз қаъри оташ дар як даст сагу дар дасти дигар гурбаашро наҷот медиҳад. Пасон боз се маротибаи дигар ба хонаи оташгирифта даромада, бо дасти холӣ мебарояд. Инро дида яке аз ҳамсояҳо мепурсад: - Чаро медароиву ягон ашёро набароварда дасти холӣ мебароӣ? - Хушдоман дар дарун аст. Даромада ҳолашро хабар гирифтам? *** Марди тоҷире дар дами марг аст. Ҳамсар ва фарзандонаш дар гирдаш ҷамъ шудаанд. Интизоранд, ки охирин васияташро ба пайвандон мегӯяд. Марди тоҷир бо чашмони пӯшида мепурсад: - Ҳамсари меҳрубонам, ҳаминҷоӣ? - Бале, азизам. - Писарҷонам, Салим, ту дар куҷоӣ? - Ҳаминҷоям, падарҷон. - Анварҷон, писарам ту чӣ? - Ман ҳам дар пешатон, падарҷон. - Духтараки зебои ман, Гулрӯ, ту ҳам ҳаминҷоӣ? - Бале, падарҷон. - Худо ҷазоятонро диҳад, ландаҳурҳо, ҳамаи шумо инҷоед, дар дӯкон кӣ меистад?
АНДАРЗ
Бетарафӣ
www.javonon.tj
- Оҳ, Ишқ! Ман чӣ қадар орзу дорам, ки мисли ту бошам! – бо шавқ гуфт Ҳавас. - Ту нисбат ба ман хеле тавонотарӣ. - Оё ту медонӣ, ки сирри тавоно будани ман дар чист? – пурсид Ишқ. - Ту барои одамон аз ҳама чиз муҳимтару заруртарӣ. - Не, азизам, ин нодуруст аст, - сари Ҳавасро сила намуда гуфт Ишқ. – Ман гуноҳу хатоҳоро бахшида метавонам. Ана ҳамин хусусият маро муътабар гардонидааст. - Ту Хиёнатро бахшида метавонӣ? - Бале, метавонам, чунки Хиёнат нишонаи нодонӣ аст, на нишонаи бадқасдиву бадниятӣ. - Ту Бевафоиро низ бахшида метавонӣ? - Албатта, Бевафоиро низ мебахшам, зеро одам ба нафаре бевафоӣ кардаву аз ӯ рӯ гардонда, имконияти муқоиса кардан ва дарёфтани роҳи беҳтару муфидтарро пайдо мекунад. - Оё ту Дурӯғро бахшида метавонӣ? - Дурӯғ назди ман заррае арзиш надорад, чунки он аксар вақт аз ноилоҷӣ, дарк кардани гуноҳи худ ва ё ба қасди наранҷондани касе зуҳур мекунад, ки ин нишондиҳандаи мусбат аст. - Аммо ақидаи ман дигар аст, охир одамони табиатан дурӯғгӯ зиёданд! - Албатта, ҳастанд, аммо онҳо ба ман ягон зарра иртиботе надоранд. Зеро онҳо дӯст дошта наметавонанд. - Ту боз кадом гуноҳҳоро бахшида метавонӣ? - Ман Қаҳрро бахшида метавонам, чунки он умри кутоҳ дорад. Инчунин Дағалиро мебахшам, чунки он аксар вақт ҳамсафари Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Озор аст ва Озорро бошад, пешбинӣ ва назорат кардан ғайриимкон аст ва ҳар шахс ба таври худ озурда мешавад. - Боз чӣ? - Ман боз Ранҷиш – хоҳари калонии Озорро бахшида метавонам, чунки онҳо аксаран яке аз дигаре сарчашма мегиранд. Ман инчунин Ноумедиро бахшида метавонам, ки аксар вақт Алам ӯро думболагир ва Алам қалбҳоро тоза мекунад. - Оҳ, Ишқ! Ту дар ҳақиқат аҷибӣ! Ту ҳамаро бахшида метавонӣ, ман бошам, ҳатто аз нахустин лаҳзаи санҷиш мисли гугирд дармегираму аланга мезанам! Ман ба ту ҳасад мебарам!!! - Ана, дар ин ҷо ту ноҳақӣ, азизам. Ҳеҷ касе ҳама чизро куллан бахшида наметавонад. Ҳатто Ишқ.
- Охир, худи ҳозир ту ба ман тамоман чизи дигарро қисса намудӣ!!! - Дуруст аст, чизе ки ман ба ту алҳол қисса кардам. Ман дар асл бахшида метавонам ва ин эҳсоси ман беинтиҳост. Аммо дар дунё чизе ҳаст, ки ҳатто Ишқ низ тавони таҳаммул ва авф кардани онро надорад. Зеро он ҳама эҳсосотро маҳв месозаду қалбу руҳро мехӯрад ва ба сӯи Ҳасрату Вайронӣ мекашонад. Он шахсро ба чунон дарде мубтало месозад, ки ҳатто муъҷизаи бузургтарин низ қудрати даво бахшидан ба ин дардро надорад. Он ҳаёти атрофиёнро заҳролуд намуда, онҳоро водор месозад, ки дар худ пинҳон шаванд. Он пуриқтидортар аз Хиёнату Бевафоӣ, бадтар аз Дурӯғу Қаҳр ва сангинтар аз Ранҷишу Озору Алам аст. Ту вақте онро дарк мекунӣ, ки бо он рӯ ба рӯ мегардӣ. Дар хотир дор. Ин душмани ашадии ҳама гуна эҳсосот – БЕТАРАФӢ аст. Ин дардест бедармон. Бетарафӣ фалаҷшавии руҳу ҷон аст. Таҳияи Э. Шаҳло, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби
масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО (муҳаррири шӯъбаи иттилоъ ва сиёсат), Шаҳло ЭШОНОВА,
Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №0278967, ки МТМУ рақами 36-и ноҳияи Қубодиён соли 2009 ба Шаҳлои Аҳрорхӯҷа додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи шаҳрванд Исфандиёри Хайриддин, соли таваллудаш 10.01.1995, ки соли 2009 ШКД-и ноҳияи Шӯрообод додааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Теппачаҳои Шарқӣ-14, қитъаи 164, ки ба шаҳрванд Абдужаборов Ҷ. С. Тааллуқ дорад, эътибор надорад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7670 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»