НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№43 (9469), 27 октябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ
ОЗМУН
Пешвои миллат – асосгузори соҳаи сайёҳии Тоҷикистон
Мадина Дилоева “Донишҷӯи сол” шуд
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Барои расидан ба истиқлолияти энерегетикӣ роҳ кутоҳ мондааст
ҲАФТ РӮЗ 20.10.2016 Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. Гуфта шуд, ки соли 2015 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 580,4 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод, ки он 17,1% аз нишондоди соли 2014 кам мебошад. 21.10.2016 Филми «Коса»- и «Суғдсинамо» ва намоиши «Суди девонагон»-и Театри давлатии Конибодом дар нахустин фестивали «Open Central Asia Internetional Arts», ки дар шаҳри Лондони Британия баргузор шуд, соҳиби ҷоиза гаштанд. 22.10.2016 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» шинос шуд. Сарвазир аз шоҳканали асосии таъминкунандаи ноҳия бо об ва рафти татбиқи лоиҳаи обёрии заминҳо дар марҳилаҳои якум ва дуюм дидан карда, барои таъмини иҷроиши пурра ва босифату саривақтии лоиҳа роҳбарони
вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуд. Дар доираи татбиқи лоиҳа дар се марҳила обёрии наздик ба се ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст. 23.10.2016 Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба қатори панҷгонаи иншооти беназири саноатии ҷаҳон дохил шуд. Муаллифони раддабандии иншооти ғайриоддии саноатӣ Нерӯгоҳи “Норак”-ро барои баландтарин сарбанд (300 метр) сазовори ҷои намоён донистаанд. Дар рейтинг, ҳамчунин иншооти зерин дохил шуданд: “Statfjord-B” дар баҳри шимолӣ, корхонаи истеҳсоли гази “Troll A”, бинои “NASA Vehicle Assembly Building” дар иёлати Флоридаи ШМА ва “Meyer Werft”-и Олмон. 24.10.2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов мулоқот кард. Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти
иқтидору имкониятҳои нерӯҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд. 25.10.2016 Дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои баҳсноки забони воситаҳои ахбори омма» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он мавзӯъҳои «Таҳаввулоти грамматикӣ дар воситаҳои ахбори омма», «Баъзе нуқсони маводи тарҷумавӣ дар забони матбуот», «Рушди барномаҳои фарҳангиву фароғатии радиои «Тоҷикистон» дар даврони истиқлол», «Баррасии забони ВАО-и иттиҳодиявии Тоҷикистон дар замони истиқлол», «Масъалаи содагии забони тоҷикӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ва «Ғалатҳои имлоӣ ва забонӣ дар барномаҳои телевизион» баррасӣ шуданд. 26.07.2016 Дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол ғолиби чемпионати мамлакат миёни наврасони соли таваллудашон 1999-2000 гардид. Ин даста дар финал тими “Истиқлол”-ро шикаст дод – 2:0. Ҷои сеюм насиби дастаи “Суғд-1” гардид.
2
Таъсиси Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон
АХБОРИ ҲАФТА
Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Сохтмони Маркази ҷавонони Шаҳринав дар арафаи анҷомёбист 20 октябр, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо рафти корҳои сохтмонии Маркази ҷавонон дар ноҳияи Шаҳринав шинос шуд. А. Абдуллозода аз гирду атроф ва дохили Маркази ҷавонон дидан намуда, барои бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои марказ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маълум гардид, ки айни замон дар синфхонаву утоқҳои корӣ ва толори маҷлисгоҳ корҳои ороишӣ идома ёфта, он рӯзҳои наздик ба итмом мерасад. Бояд қайд кард, ки сохтмони Маркази ҷавонон тавваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон ба ҳисоб рафта, баҳри имрӯзу фардои дурахшони ҷавонон равона гардидааст. Марказ аз ду ошиёна ва таҳхона иброат буда, дорои утоқҳои корӣ, синфҳои забономӯзӣ, толори маҷлисгоҳ, утоқҳои маҳфилҳои зебоипарастӣ, ихтиёриён ва ғайра мебошад.
Д. Гулмаҳмадзода иброз дошт: “Имрӯз роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба нерӯ ва тавонмандии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, чунки насли наврасу ҷавон қисми зиёди аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Бе иштироки фаъолонаи онҳо мо наметавонем ба натиҷаҳои назаррасу дилхоҳ дар давлатдориамон соҳиб гардем. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони мо дар корбарию коргузорӣ кушиш менамоянд, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда гузоранд”. Дар шӯро масъалаҳои ҳаёти ҷавонон , хусусан зиёдшавии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, фаъол набудани баъзе ҷавонон дар ҷомеа, бегонапарастӣ ва таассуб ба фарҳанги бегона, майли кам ба илмомӯзиву ихтироот ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят ба масъули соҳа ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Супориш шуд, ки барои таъсиси шуъбаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида, барои ташкили маҳфилҳои гуногуни илмӣ, забономӯзӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва ба ин васила барои истифодаи нерӯи ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар мусоидат намоянд. Аз ҷониби ҷавонони вилоят барои ҷоннок кардани кори шӯро дархосту пешниҳодҳо карда, нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон барои семоҳаи охири соли 2016 қабул гардид.
ВМКБ нақшаи даъвати ҳарбиро қариб иҷро кард
Дар 25 рӯзи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ нақша беш аз 81 дарсад иҷро гардида, то кунун дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо низоми муайян идома дорад. Тибқи маълумоти мавҷуд, ин маърака дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 98 фоиз иҷро гардида, миёни минтақаҳои кишвар дар сафи пеш аст. Вилояти Суғд нақшаро 88 фоиз, Хатлон 85 фоиз, ноҳияҳои тобеи кишвар 70 фоиз ва шаҳри Душанбе 68 фоиз иҷро кардаанд.
Сол ба сол афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб мушоҳида мегардад. Ваҷҳи асосии афзудани шумораи ихтиёриён ба беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ марбут аст. Имрӯз ҷавонони зиёди шуҷоъ ҳастанд, ки баъди гирифтани аввалин даъватнома ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир гардида, пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фиристода мешаванд. Фаридун Маҳмадалиев, роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиа, ҷараёни даъвати ҷавононро дар зарфи чанд соли охир мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт: “Робитаи комиссариатҳои ҳарбӣ бо макотиби таҳсилоти умумӣ ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ, ки ахиран дар сатҳи хуб қарор гирифтааст, яке аз омилҳои дигари ба осонӣ ҷалб намудани ҷавонон ба хизмат дар артиш аст. Гузашта аз ин, Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, тавсеаи ҳисси ватандӯстӣ
дар ниҳоди ҷавонон бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, муассисаҳои таълимии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохторҳои низомии кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар ҳақиқат, имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад. Дигар ин ки моҳияти ватандорӣ, ҳимояи марзу бум, рӯзгори осоишта ва сулҳу ваҳдати миллиро имрӯз аҳли ҷомеа, бахусус падару модар, сарбозон ва насли ҷавон хуб дарк кардаанд, ки фарзандони худро барои хизмат дар артиш мефиристанд. Чанд сол пеш волидон намехостанд, ки фарзандонашон ба хизмат раванд, барои он ки шароит на он қадар хуб буд. Аммо имрӯз шароити қисмҳои ҳарбиро ба чашми худ дида, бедудилагӣ ва дуои нек фарзандонро равон мекунанд. Имрӯз Вазорати мудофиа чунин имкон додааст, ки волидони ҷавонон қабл аз рафтани фарзандонашон ба хизмат аз вазъи қисмҳои ҳарбие, ки дар он адои вазифа хоҳанд кард, дидан карда, бо шароити зисти онҳо аз наздик шинос мешаванд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар нафари бонанг буда, инчунин, артиш мактаби мардонагӣ, далерӣ, тавонмандӣ ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, месазад, ки ҳар нафари солимтану солимақл барои адои қарзи фарзандиаш ҷидду ҷаҳд намояд. Хизмат дар ин баробар шараф аст, шарафе, ки на ба ҳар кас муяссар мешавад, чунки ба хизмат ҷавонмарде даъват мешавад, ки аз нигоҳи ҷисмониву рӯҳӣ солим буда, марзу буми аҷдодиро ҳимоя карда метавонад.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Нашъамандӣ шахсро беобрӯ мекунад 25 октябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саӣёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Таъсири машваратҳои психологӣ дар пешгирии нашъамандӣ» суҳбати гирди миз доир гардид. Дар он зиёда аз 40 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок доштанд. Иброҳим Мирзоев, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки нашъа чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобругӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳимати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста, шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд. Зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи имрӯза нашъамандӣ мебошад. Ба ин кор бештар наврасону ҷавонон даст мезананд, ки боиси нигаронист. Зебо Қодирова, намояндаи вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавзӯи “Омилҳои рӯҳӣ яке аз сабабҳои барангезандаи бемории нашъамандӣ” маърӯза карда, зикр намуд: “Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷруҳ мегардонад. Имрӯз касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабаби дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қимате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблағ онҳо тамоми дороии хонаашонро мефурӯшанд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мешаванд. Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меорад ва гулҳои аз ин бӯстон сар ба авҷ кашида, пажмурдаву помол мегарданд. Иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад”. Сипас, Наимҷон Мирзораҳимов, роҳбари ТҶҶ “Насли ҷавони Тоҷикистон” доир ба “Машваратҳои психологӣ ба нашъамандон омили аввалиндараҷа дар пешгири нашъамандӣ”, Меҳриддин Холов, намояндаи МД “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ” дар мавзӯи “Таъсири баргузории чорабиниҳои иттилоотноккунонӣ аз оқибатҳои сӯйистеъмоли маводи нашъадор ва пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ба аҳолӣ” маърӯза карданд. Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”
3
Тими ҷавонони Тоҷикистон: то орзу як қадам нарасид
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Тими ҷавонони мамлакат оид ба футбол (U-19) шоми 24 октябр – дар даври чорякфинали чемпионати Осиё-2016 аз тими ҷавонони Ҷопон бо ҳисоби 0:4 шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт. Новобаста ба ин баромади тими ҷавонони кишвар дар мусобиқа қаноаткунанда буд. Тибқи қуръапартоӣ дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ба гурӯҳи пурқувват афтод. Дар гурӯҳ бо як бохт аз Узбекистон (1:2), як ғалаба бар Чин (2:0) ва як мусовӣ бо Австралия (0:0) ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Ҷопон, Эрон, Аарабистони Саудӣ ва Ветнам ба даври нимфинали чемпионати Осиё-2016 ва чемпионати ҷаҳон – 2017 (Кореяи Ҷанубӣ) роҳ ёфтанд. Дар нимфинали чемпионати Осиё-2016 Ҷопон бо Ветнам ва Эрон бо Арабистони Саудӣ барои медалҳо рақобат мекунанд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Манама барои тими ҷавонони кишвар сеюм ба ҳисоб меравад. Қаблан тими ҷавонони кишвар дар чемпионати Осиё2006 (Ҳиндустон) ва 2008 (Арабистони Саудӣ) ширкат карда, аммо аз гурӯҳ набаромада буд. Ин навбат тими ҷавонони Тоҷикистон дар ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини Осиё ҷой гирифт, ки натиҷаи хуб аст.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ
Як қадами дигари «Ҳосилот» барои медалҳои нуқра Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар даври ҳамдаҳуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба дарвозаи “Равшан”-и Кӯлоб 4 голи беҷавоб зада, барои ба даст овардани медалҳои нуқра қадами устувор гузошт. Ҳар чор гол дар қисми дуюми вохӯрӣ зада шуд. Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 50 ҳисобро кушод. Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 72, Комил Саидов дар дақиқаи 82 ва Хайрулло Азимов дар дақиқаи 87 се голи дигар заданд. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат низ дар майдони худ бар тими “Вахш”-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 66 Парвиз Ҳомидов зад. Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Парвоз” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 13 бозингари тими мизбон Комрон Турсунов кушод. Баъд аз се дақиқа бозингари “Парвоз” Хур-
Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 4 зина боло рафт Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA), ки 20 октябр нашр шуд, дар ҷои 140 қарор гирифтааст. Тими миллии кишвар моҳи гузашта дар мақоми 144 буд. Тими миллии кишвар 227 хол ба даст овардааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 7 хол зиёд аст. Як моҳи охир тими мунтахаби футболи мамлакат бо тими миллии Фаластин бозии дӯстона анҷом дод (3:3). Миёни давлатҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон мисли пеш дар ҷои 24-ум аст. Дар Осиё Эрон дар ҷои ав-
вал мебошад (ҷои 27 дар ҷаҳон), Австралия дар ҷои дуюм (ҷои 40 дар ҷаҳон), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои сеюм (ҷои 44 дар ҷаҳон) қарор доранд. Дар ҷои аввали рейтинги ҷаҳон тими мунтахаби Аргентина қарор дорад. Олмон дар ҷои дуюм, Бразилия дар мақоми сеюманд. Белгияву Колумбия дар
панҷгонаи аввал ҷой гирифтаанд. Моҳи ноябр дастаи мунтахаби футболи кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (9 ноябр) ва Афғонистон (13 ноябр) бозиҳои рафиқона мегузаронад. Ҳар ду вохурӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.
Ғалабаи тими футзали Тоҷикистон бар Қирғизистон 24 октябр дар комплекси варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон бозии рафиқона миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон оид ба футзал баргузор гашт. Бозӣ бо ғалабаи футзалчиёни кишвар ба анҷом расид – 6:3. Дар ҳайати тими футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров се гол зад. Собирҷон Гула-
ков, Холид Сабуров ва Фирӯз Сангов якголӣ заданд. Ин дастаҳо дар “Шоҳин” боз ду бозии дигар мекунанд.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Ҳосилот» (Фархор) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА «Помир» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Барқчӣ» (Душанбе) «Вахш» (Қурғонтеппа) «Равшан» (Кӯлоб) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
шед Воҳидов ба дарвозаи дастааш гол зад. Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 24 голи сеюми “Регар”-ро зад. Ду голи тими меҳмонро Ғафур Мадаминов ба ҳадаф расонд. Дар бозии охирони давр «Хуҷанд» дастаи КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду голи хуҷандиҳоро Дилшод Бозоров, голи дастаи артишро Вайсиддин Сафаров заданд. Дар даври ҳаждаҳум, 30 октябр баргузор мешавад, КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ», «Вахш» – «Хуҷанд», «Равшан» – «Хайр» ва «Барқчӣ» – «Ҳосилот» вомехӯранд.
Б 16 16 15 16 16 16 13 16 15 17
Ғ 12 10 8 7 6 7 6 5 2 1
М 3 4 2 3 5 1 2 3 3 2
Б 1 2 5 6 5 8 5 8 10 14
Т-Т 57-18 35-13 34-19 21-14 22-23 19-32 20-18 19-32 15-40 14-47
Х 39 34 26 24 23 22 20 18 9 5
FIFA ба ҳар федератсияи миллии футбол 4 млрд. долларӣ медиҳад Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) дар даҳ соли оянда барои рушди варзиши рақами 1-и ҷаҳон ба 211 федератсияи миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 4 миллиард долларӣ медиҳад. Ба иттилои сомонаи то 60 дарсад афзудааст. вад. Ба ман фарқ надорасмии FIFA, ин тасмим Ҳамчунин, роҳбарияти рад, ки кистанд онҳо. Мо дар ҷаласаи охири феде- Федератсияи байналми- ислоҳот гузаронда, корро ратсия, ки дар шаҳри Сюр- лалии футбол иброз дошт, шаффоф ба роҳ мондем рихи Швейтсария доир ки дар фикри тағйири ва ба пеш ҳаракат хоҳем гашт, гирифта шуд. Зикр номи созмон ва кӯчондани кард. Гузашта дар гузашта шуд, ки шумораи умумии қароргоҳаш аз Швейтса- монд. Мо саҳифаро гарбозингарон, мураббиён, рия ҳастанд. дондем", - гуфтааст президоварон ва мухлисони "Қувваҳое ҳастанд, ки денти FIFA Ҷаннӣ Инфанфутбол дар ҷаҳон аз 45 намехоҳанд тағйирот ша- тино.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
МАВЗӮИ ДОИМӢ
ДИИШ душмани занҳост
ШАҲЛО ЭШОНОВА
Вақте Худо тан офарид, Аз барги гул зан офарид.
Дар ҳақиқат зан махлуқест, заифу нозук ва дар баробари ин матину пурбардошт ва қавиирода. Беҳуда нест, ки ҳар тири аз камон ҷаста қабл аз ҳама синаи модарро сӯрох ва қалби модарро захмин месозад. Барои зан-модар, новобаста аз миллату нажод, туҳфаи беҳтарини Худованд осудагии хонавода ва хушбахтии фарзандон аст. Замоне буд, ки зани тоҷик овораву саргардон ва дур аз ёру диёр буду аз фироқи фарзандон ранҷ мекашид. Тақдир ба сари фарзанди тоҷик кулфатҳое оварда буд сангину таҳаммулнопазир. Дар алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ хонаи зани тоҷик месӯхту ӯ ҷонсарак ҷигаргӯшаҳои кайҳо шаҳидшудаи худро меҷуст. Имрӯз низ зиёданд чунин модарони чашминтизори фарзандгумкарда, ки то нафасҳои вопасин ба марги фарзанд бовар кардан намехоҳанд. Имрӯз дар аксар мамолики шарқи мусалмонӣ занону духтарон зери фишорҳои сиёсиву поймол гаштани ҳуқуқу манфиатҳои мазҳабӣ умр ба сар мебаранд. Ҷангу ҷидоли харобиовар дар Сурия ва кишварҳои ҳамсарҳади он ҳазорон занони мусулмонро хонавайрон ва дучори хушунату зӯроварӣ намудааст. Ҳар рӯз дар майдонҳои аз доғи хуни мардуми бегуноҳ лолагуни сарзаминҳои Ироқу Сурия садҳо нафар зан аз дасти золимони силоҳбадаст ба қатл расонида мешаванд. Вазъи ноороми минтақа занони Ироқу Сурияро водор намудаст, ки хонаву дари хешро тарк карда, ба неруҳои низомӣ пайванданд ва алайҳи душманони миллату мазҳаби худ биҷанганд. Тайи чанд соли охир аз ҷониби гурӯҳҳои ҷангхоҳи ифротӣ садҳо нафар зани бегуноҳ ба қатл расонида шудаву аксари онҳо ба ғуломӣ гирифта шудаанд. Аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аъмоли чунин гурӯҳҳои ифротӣ бо номи «Қатли оми башар» эътироф гардидааст. Ҳаррӯза тавассути расонаҳои хабарии олам занону духтарони зиёдеро мушоҳида менамоем,
ки дар сангарҳо камин гирифта, дар радифи мардон бар зидди ин хунхорон ба мубориза бархостаанд. Мо тавассути васоити ахбори омма аз сарнавишти талхи ин занон огаҳӣ меёбем, ки хеле риққатовару фоҷиавианд. Имрӯз онҳо силоҳ ба даст гирифтаанд, то қасоси модарону хоҳарони аз дасти он гурӯҳҳои хунхор кушташудаи худро бигиранд. Бо вуҷуди он ки созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ин фоҷиаҳои зиддиинсониро маҳкум менамоянд, занони ин кишварҳо зери шиканҷа ва азияти ҳамешагӣ қарор доранд. Занҳои ин давлатҳои мусулмонӣ аз одитарин ҳуқуқҳои инсонӣ маҳруманду аъзои гурӯҳҳои ҷангҷӯ онҳоро чун мол мефурӯшанд ва чун ғулом истифода мебаранд. Занҳое, ки аз зулму асорат ва хушунати даҳшатбори ин одамсуратони дарандасират ҷон ба саломат бурдаву дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ёфтаанд, бо як ҷаҳон ҳасрату дилрешӣ рӯзҳои ба сарашон омадаро ҳикоят мекунанд. Шоҳидон тасдиқ намудаанд, ки як духтараки 12-сола, ки муддати зиёд мавриди таҳқиру таҷовуз ва хушунати бепоёни террористони таҷовузкор қарор гирифта буд, ба соҳиби яке аз фоҳишахонаҳо бо нархи 30 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта шуд. Духтари дигар, ки ӯ низ ба синни камолот нарасида буд, ба намояндаҳои созмонҳои наҷотдиҳӣ нақл кардааст, ки ҳар боре нафаре ӯро таҷовуз мекард, баъдан ба тоату ибодат машғул мешуд. «Ман ба ӯ мегуфтам, ки рафтори ӯ нисбат ба ман хеле нораво ва даҳшатбор аст ва чунин амалро Худо намебахшад. Аммо ӯ мегуфт, ки чунин амал иҷозат дода шудааст ва «ҳалол» аст». - Таҷовуз силоҳи асосии онҳо алайҳи занон маҳсуб меёбад, гуфта буд зимни баромади худ духтари мусулмонтабори эронӣ Надиа Мурод Баси дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ. – Духтароне, ки мавриди таҷовузи ин гурӯҳҳо қарор мегиранд, минбаъд наметавонанд рӯзгори орому муқаррарӣ дошта бошанд, баъди ин ягон мард, ба онҳо хонадор шудан як тараф истад, ҳатто даст расондан низ намехоҳад. ДИИШ занҳоро ба луқмаҳои гӯште дар даҳони ин гургсуратон табдил додааст, ки хоҳанд фурӯ мебаранд, хоҳанд чун мол беибо харидуфурӯш мекунанд. Ин террористони одамхор занҳоеро, ки аз муошират бо онҳо саркашӣ ва муқобилат менамоянд, дарҳол ба қатл мерасонанд. Масалан, дар давоми як моҳи соли
гузашта онҳо дар шаҳри Мосули Ироқ 837 занро бераҳмона ба қатл расониданд. Садҳо зани дигар барои раҳо шудан аз чунин хориву зиллат даст ба худкушӣ мезананд. Духтари 19-сола бо номи Ҷилан дар шаҳри Мосули Ироқ ба таҳқиру хушунати террористон тоб наоварда, ба худкушӣ даст зад. Қиссаи як зани бадбахти курдро, ки аз ҷабру зулми душманони мусулмон раҳо ёфтаву бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон пайваста буд, ҳама дар ёд доранд. Ӯ таъкид менамуд, ки ҷабру зулм ва хушунатеро, ки аз ҷониби террористони гурӯҳҳои ифротӣ ба ӯ таҳмил шудааст, ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард. Ин аст, ки ин зани фаъол ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуд. Муносибат бо занҳо баёнгари хислат ва хусусиятҳои ҳар қавму миллат мебошад. Тайи чанд соли охир, ки минтақаҳои Сурияву Ироқ ба маркази қатлу куштор, ғорату таҷовуз ва хунрезиҳои шадид табдил ёфтааст, аз ҳама бештар занҳои ин минтақа осеб мебардоранд. Дар қиёс бо дигар занҳои ҷасорати занҳои курд хеле назаррасу боиси тавсиф аст. Имрӯз онҳо дар доманакӯҳҳо камин гирифта, силоҳ ба даст алайҳи низомиёни гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд. Онҳо асло худро ҳақиру нотавон ва дастнигари дигарон намешуморанд. Курдҳо аз зумраи халқиятҳоеанд, ки давлату истиқлолият надоранд ва дар марзи чор давлати Шарқи Наздик - Ироқ, Эрон, Туркия ва Сурия умр ба сар мебаранд. Курдҳо аз қавмҳои озодандеш маҳсуб меёбанд. Озодии занҳои курдро касе масдуд карда наметавонад. Занҳои курд хеле қавииродаву матин ва соҳиби ҷасорати хосае мебошанд. Барояшон хиёнату танфурӯшӣ аз амалҳои сахт, нангину ношоиста ба шумор меравад ва онҳо асло намегузоранд, касе ба иззати нафсашон расидаву онҳоро таҳқир намояд. Ҷасорату қаҳрамонии зани яке аз сарлашкарони қабилаи Курдистон Фотима Раш вирди забонҳост. Вақте шавҳари Фотимаро бо ҳукми султони турк маҳкуми зиндон намуданд, Фотима уҳдадории шавҳарашро ба зима гирифт. Барои аз зиндон раҳо сохтани шавҳараш, ки оқибат муяссараш гардид, ӯ бо сесад нафар ҷангиёни силоҳбадаст ба Истанбул лашкар кашид. Яке аз маҷаллаҳои олмонӣ расми ин зани ҷасурро дар муқоваи аввал ҷой дода, ба он “Шери Курдистон” ном ниҳода буд. “Таслим шудан ба зулму золимон ва тараҳҳум ба онҳо кори мо нест”, - мегӯянд бо як овоз ин занҳои майдони набард. Барои онҳо дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудан беҳ аз ғуломиву бандагист. Имрӯз дар ҳайати қӯшунҳои расмии низомии Курдистон – пешмаргҳо дар қатори мардон садҳо занони шуҷоъ низ шомил буда, барои ҳуқуқу озодиҳои худ мубориза мебаранд. Ба ақидаи рӯзноманигорон сарбозони аз ҳама шуҷоъ ва диловар дар отрядҳои худмуҳофизатии занона фаъолият менамоянд, ки ҳанӯз аз соли 2012 таъсис дода шудаанд. Марги сарбоз дар майдони ҷанг воқеаи муқаррарист, аммо агар ин сарбоз зан бошад... Пас, вой бар ҳоли насли башар! Эйлем Оташ, ин зани турк аз зумраи он занҳои шуҷоест, ки таслими марг шуду таслими душман не. Ӯ
баъди хатми таҳсил ба даст силоҳ гирифта, бар зидди террористони ДИИШ ба муҳориба бархост. Ӯ аз зумраи ихтиёриёни турк буд, ки ба Курдистони Сурия омада, ба ҳайати неруҳои муттаҳидаи наҷотдиҳанда, ки алайҳи ДИИШ дар Туркия ташкил шуда буд, шомил гардид. Имрӯз аз ин духтари қурбонии зулму тааддии замони муосир бо некӣ ёд мекунанд. Зани шуҷои дигар бо номи Насрин Абдулло, роҳбари баталёни халқии худмуҳофизатии занона, зимни суҳбат бо яке аз хабарнигорони фаронсавӣ доир ба муборизаи худ алайҳи террористони давлати исломӣ сухан ронда, ДИИШ-ро “Артиши ҷасадҳои зинда” номида буд. – Онҳо мақсаду мароми аниқ надоранд, - мегӯяд ӯ. – Нақшаи ягонаи онҳо “шаҳид шудану дохили ҷаннат гаштан” аст. Мақсади мо бошад, на танҳо наҷот додани занҳои курд, балки наҷот додани ояндаи башарият мебошад. Ба андешаи Насрин отрядҳои занона на гурӯҳҳои зарбарасон, балки гурӯҳҳои худмуҳофизатӣ буда, шумори аъзои онҳо рӯз ба рӯз меафзояд. Баталёни онҳо аз соли 2013 фаъолият дошта, дар ҳайати он занҳои халқияту миллатҳои дигари мухталиф низ ихтиёрӣ адои хизмат менамоянд. ДИИШ пеш аз ҳама душмани занҳо аст. Барои аъзои он занҳо ашёе беш нестанд. Онҳо барои худ бисёрникоҳӣ, таҷовузу хушунат ва қатлу куштори занҳоро воҷиб мешуморанд. - Танҳо занҳо метавонанд кафили сулҳу оромӣ дар ҷаҳон гарданд, - меафзояд хонум Насрин, - Вақте зан дар радифи мардҳо силоҳ ба даст гирифта, меҷангад, ӯ кафили низоми давлатдорӣ буда метавонад. Низоми давлатдорӣ бошад, дар пояи сулҳу осоиштагӣ бунёд хоҳад ёфт. ДИИШ дар асл чизи боарзише нест. Мо бошем, дар ҳақиқат ҳам мехоҳем, ки он низомеро аз байн бубарем, ки мардҳо дар он афзалият доранд. Қисми зиёди ин занони майдони ҷанг фирориёни асорати гурӯҳҳои ДИИШ буда, дар размгоҳҳо ҳамеша дар ҳоли омодабоши ҷангӣ қарор доранд. Онҳо ҳар рӯз дар марказҳои омӯзишии низомӣ ва идеологӣ тамрин мекунанд. Онҳо ба сардиҳои зимистону гармои тоқатфарсои тобистон нигоҳ накарда, ҳамеша омодаи ҷанганд, то хонаву дари худро аз чанги душман муҳофизат намоянд. Ин занон силоҳ дар даст аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки ҳарчи зудтар онҳоро аз балоҳои ба сарашон омада раҳо созад. Муборизаи ин занон баёнгари он аст, ки пиндори озодиву истиқлолият қабл аз ҳама дар дилу дидаи модарон ҷой мегирад. Модарон бояд дар саросари олам дур аз хушунат ва ҷангу хунрезӣ бошанд. Чун новобаста аз миллату нажод ва дину оин онҳо модаранд ва офарандаи инсон. Хушбахтона, имрӯз занону модарони тоҷик аз ҳама гуна хушунату зӯроварӣ ва ҷангу хунрезӣ озоданду дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ умр ба сар мебаранд, бӯйи борут ва садои тиру туфанг хотири онҳоро мушавваш намесозад. Бигзор ба бахти модари тоҷик, фазои Ватани маҳбуби мо ҳамеша софу беғубор ва қалбҳои мардуми он орӣ аз ғаму ғурбат бошад!
Барои рушди туризм чӣ бояд кард? Инкишофи туризм ва меҳмоннавозӣ дар шароити муосир бо захираҳои табиӣ‚ иҷтимоӣ, иқтисодӣ‚ фарҳангӣ, таърихӣ ва захираҳои меҳнатӣ асос ёфтааст. Туризм ҳамчун соҳаи фаъолият аз тарафи инсонҳо барои инсонҳо эҷод шудааст ва танҳо меҳмоннавозиро тақозо дорад. Хушбахтона, ҳеҷ захираи дигаре наметавонад эҳсоси меҳмоннавозие, ки мо дорем, иваз намояд. Ин аст, ки захираи асосии инкишофи туризм инсон ва қобилияти ӯ мебошад.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ
Мавриди зикр аст, ки туризми байналмилалӣ дар ҳамин сол ба Аврупо $509 млрд., ИМА $177 млрд., Испания $65 млрд. ва Чин $57 млрд. даромад ба даст овард., ки 30% содироти хизматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд, ки онро ҳамчун манбаи устувори иқтисодӣ инъикос менамояд. Хушбахтона, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи аҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ, соҳаи сайёҳӣ низ дар 25 соли мустақилият ва соҳибихтиёрии хеш ба маротиб рушд ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун кишвари кашфношуда ва гӯшае аз биҳишти рӯи замин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Қайд кардан зарур аст, ки 244 сафари бевоситаи Пешвои миллат ба 56 давлати дунё, аз ҷумла 96 маротиба ба 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 38 маротиба ба 17 давлати Аврупо, 14 маротиба ба ИМА, 1 маротиба ба давлати Бразилия, 6 маротиба ба 5 давлати қитъаи Африқо ва 87 маротиба ба 22 давлати Осиё, ба рушди туризми байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистони муосир ҳамчун мамлакати осоишта, дорои таърихи бою маданияти баланд ва фарҳанги волою гузаштаи пурғановат мусоидат намуд. Дар самти рушди туризми дохилӣ ва таъмини амнияти сартосарӣ бошад, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 63 маротиба ба ВМКБ, 263 маротиба ба вилояти Суғд, 276 маротиба ба вилояти Хатлон ва 146 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, дар маҷмуъ 748 маротиба дар 25 сол ба 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намудааст. Ин кӯшишу талошҳои Пешвои миллат, ки асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, ба он мусоидат намуд, ки 2000 км. роҳ, 240 купрӯк, 30 км. нақбҳои мошингузар, 2100 корхонаи саноатӣ бо пешниҳоди 140 навъи маҳсулоти истеҳсолӣ, 63 миллиард сомонӣ ҷалби сармоягузорӣ ё худ 8,1 миллиард доллари амрикоӣ, ки
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
РУШДИ САЙЁҲӢ
АҲТАМ АБДУЛЛОЗОДА, аз ин 27,5 миллиард сармояи мустақим мебошад, ҷалб ва амалӣ гардида, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд. Дар ин давра дар самти ташаккули заминаҳои меъёрӣҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти устувори соҳа 30 санади қонунгузорӣ, 21 адад созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ, 4 миллиону 574 ҳазор сомонӣ раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар заминаи барномаҳои миллӣ, эълони 5 адад ёдгории таърихиву фарҳангӣ ҳамчун мероси таърихиву фарҳангии Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, пешниҳоди тартиби соддаи воридшавии сайёҳон ба шаҳрвандони 81 давлати дунё, тартиби бераводид бо 11 кишвари ҷаҳон, фаъолияти 30 намояндагии дипломатӣ дар хориҷи кишвар, 3 фурудгоҳи байналмилалӣ, 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ, 3 меҳмонхонаи бренди байналмилалии 5-ситорадор, 67 санаторияву курорт, 158 меҳмонхона бо 7000 кати хоб, 3 маркази иттилотии сайёҳӣ, тартиби пешниҳоди раводиди электронӣ, аъзогии комилҳуқуқ дар Созмони умумҷаҳонии сайёҳӣ (2007, 2016 - 2 маротиба ташрифи Котиби генералии ин созмон ба Тоҷикистон), фаъолияти 107 субъекти хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ (ширкатҳои сайёҳӣ), таҷдиди базаи лижарониву сайёҳии “Сафед-Дара” ва бунёди Маркази байналмилалии сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ, баргузории Экспидитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ, Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим, омода гардидани мутахассисони соҳа дар зиёда аз 10 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси мамлакат ва ташрифи нишондиҳандаи балантарини сайёҳон - 414 ҳазор аз 100 давлати дунё ба кишвар, маҳз ба он равона гардидааст, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад. Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2020, зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд. Бо назардошти барқароршавии иқтисодиёти
ҷаҳонӣ баъди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ соли 2015 ва давраи миёнамуҳлат Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷараёни зиёдшавии туристони хориҷиро ба ҷумҳурӣ дар доираи 5% пешгӯӣ намуда, нишондиҳандаҳои туризми дохилӣ дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2016–2017 ба сатҳи 0,5% зиёд хоҳад шуд. Бо назардошти баланд шудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони ватанӣ бошад, зиёдшавии сафари туристии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа дар сатҳи 3% дар назар дошта шудааст. Хушбахтона, бо эътироф аз талошҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди туристон, сомонаи интернетии “Globe Spots”, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ (дар соли 2014), нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic”, (рӯзи 28 феврали соли 2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё, маҷаллаи ТОП – 100 дар соли 2015, 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллати Муттаҳид дуюмин кишваре, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба фаъолияти дурандешонаи ӯ дар мустаҳкам кардани мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари мусоид барои сайёҳон, рушди инфрасохтори он, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва пешниҳод намудани хизматрасонии муносиб ба сайёҳон дар оянда низ чораҳои судманд меандешад.
раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат – асосгузори соҳаи сайёҳии Тоҷикистон
Хусусиятҳои захираҳои инсонӣ дар туризм ва меҳмоннавозӣ чунинанд: 1) Одамон ба соҳаи туризм меоянд‚ онҳо барои худтатбиқкунӣ интизори кӯмаканд. Бештар онҳоро хислати саноат‚ афзалиятҳои моддӣ‚ карйера ҷалб менамояд. 2) Дар фарқият бо мошин ва ашёи хом аксуламали инсонҳо ба идоракунӣ эҳсосӣ ва хирадмандона аст. Муносибат бо инсонҳо ниҳоят муҳим мебошад. 3) Одамон нисбат ба дигар захираҳо қобилияти худтакмилёбӣ ва худинкишофёбӣ доранд ва таҷрибадор, касбӣ мешаванд. Чанд ҷанбаи асосии муносибат ба корманд барои такмили фаъолияти ӯро пешниҳод менамоем: - инсонҳоро ҳамчун захира баррасӣ намоед‚ на чун хароҷоти маош; - кори гурӯҳиро пуштибонӣ намоед‚ ҳангоми татбиқи стратегияи инкишофи ширкат тамоми кормандонро ҳавасманд созед; - вохӯриҳо ташкил намоед‚ то коргаронро дар иҷрои бизнес-вазифаҳои ҷорӣ танзим карда тавонед; - барномаҳои омӯзиширо барои кормандон, махсусан, дар самти боло бурдани сифати хизматрасониҳо муназзам такрор кунед; - барои бардоштани сатҳи касбият омӯзиш ва омодагии кормандонро нафақат дар соати корӣ‚ балки ҳангоми истироҳат низ гузаронед; - қобилият ба омӯзишро арзёбӣ намоед‚ то бубинед‚ то чӣ андоза коргарон ба проблемаҳои кор сарфаҳм мераванд. Корманди баландихтисос ва таълимдида сатҳи касбияти ширкатро дар назари истеъмолкунандагон боло мебардорад ва ба сифати баланди хизматрасонӣ ёрӣ мерасонад. Ин ашхос бештар бо сайёҳон робита доранд. Бинобар ин дар чашми меҳмонон онҳо «чеҳра»-и ширкатанд. Дар хориҷа чунин гурӯҳи кормандонро бо истилоҳи «фронт-офис» ё «фронт-лайн» муттаҳид месозанд. Бечунучаро ин кормандон нерӯи асосии зарбавии «фронт-офис»-и ширкат мебошанд ва қобилияти онҳо дар бовар кунондани мизоҷ ба амният ва ҷолибияти саёҳат ҳалкунанда аст. Бархӯрди муосир барои идоракунии кормандон дар шакли зерин анҷом меёбад: бо истифода аз имконоти кадрии мухталиф роҳбар бояд барои кормандони худ чунин салоҳият: «метавонам»‚ «медонам», «мехоҳам» дониш‚ малака, мақсадро диҳад, зеро ояндаи онҳо ба иҷрои мақсадҳо мусоидат мекунанд. Ҳангоми идоракунии кормандон усули менеҷмент ва объект (Management by Objectives) васеъ истифода бурда мешавад. Ин усул имкон медиҳад‚ ки банақшагирӣ ва назоратро муттаҳид созем. Хусусиятҳои идоракунии кормандонро дар муассисаҳои туристӣ‚ ки сохторҳои ташкилотии гуногун доранд‚ баррасӣ менамоем. Оҷонсии туристӣ. Аз нуқтаи назари идоракунии кормандон дар сурати маҳдудияти захираҳои инсонӣ 10-20 нафар тими босамар аст. Вобаста ба ин технологияи қабули кормандон ва усулҳои ташхиси равоншиносӣ аҳамияти муҳимро касб менамояд. Ғайр аз ин‚ рушди карйера ва касбии кормандон тавассути системаи такмили ихтисос‚ коромӯзӣ - гарави инкишоф‚ афзоиши эътибор ва мутобиқан устувории иқтисодии тамоми оҷонсӣ мебошад. Зимнан, меҳмонхонаи муосир бо тарабхона‚ майдончаҳо, толорҳои варзишӣ‚ гармоба, ҳавзҳо, хадамоти коммуникатсионӣ, хизмати маишӣ‚ бюрои туристӣ ва хадамоти ташкили конфронсҳо комплекси қавитаринест‚ ки бо шумори бештари кормандон дар назар аст ва муошират бо мизоҷонро дар сатҳи аввал қарор медиҳад. Масъалаҳои таъмини робитаи баръакс тавассути гузаронидани саволу ҷавоби иҷтимоии мизоҷон‚ такмили фарҳанги корпоративӣ‚ пайдо намудани эҳсоси садоқат ба ширкат дар кормандон‚ таҳкими хоҳиши фаъолияти тӯлонӣ ва эҳсоси муносибати баробари эҳтиромомез дар ҳар мавқеъ ниҳоят муҳим аст. Ҳамин тавр‚ барои фаъолияти босамар ва рақобатпазир қобилияти худинкишофӣ ва мутобиқшаванда бо шароити ивазшавандаи бозори беруна‚ қаноатмандкунии тамоми ниёзҳои истеъмолкунандагон бояд ба «идоракунӣ»-и захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва аз методҳои муосир оқилона истифода бурда шавад.
5
Туризм, ё сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳои алоҳида ба ҳисоб рафта, соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон даромади умумӣ (экспорт) аз туризми байналмилалӣ ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки 10% ММД ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ташрифи сайёҳони байналмилалӣ 4% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. нафар расид.
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
«Комсомол…» мураббиам буд, «Ҷавонон…» сарпарастам шуд
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Мегӯянд, ки фарзанди садсола ҳам пеши волидайн кӯдак аст. Яъне, волидайн то дами вопасин дар ғами фарзандонанд, новобаста ба синну соли онҳо. Боз мегӯянд, ки ҳатто шогирди ба баландтарин мартабаҳо расида ҳам пеши устоди хеш шогирд аст. Яъне, устод мисли падару модар аз дастовардҳои шогирдаш меболаду аз норасоию камбудиҳояш ғусса мехӯрад. Маҳз ҳамин тавр буданашро ҳаёт бисёр исбот кардааст. Ҳаёт боз исбот намудааст, ки на танҳо одамони мушаххас, балки идораю ташкилот ва коллективҳои меҳнатӣ ҳам ҳамин гуна нақшро дошта метавонанд. Масалан, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») дар нисбати камина ҳамин гуна мақомро дошту дорад.
Мо - наврасони солҳои 60уми асри пор ҳамзамон бо ҳамин рӯзнома калон гаштаем, аз ҳамин рӯзнома сабақ гирифтаем ва роҳу равиши зиндагӣ омӯхтаем. Шахсан худам аз 14-солагӣ ба он обуна будам ва маълумоти бароям заруриро бо шавқ мехондаму завқ мебурдам. Чакидаҳои хомаам низ асосан дар ҳамин рӯзнома чоп мешуданд ва то кунун чоп мешаванд. Маҳз бо назардошти ҳамин дар шуғли қаламкашии хеш ин нашрияро яке аз мураббиҳо – устодони аввалин ва асосӣ медонам. Замонҳои наврасию ҷавонии мо хондани китобу рӯзномаҳо расму одат буд ва ҳар нафари саводнок қариб ки ҳамеша бо худ як китоб ё чанд газетаро гирифта мегашт. Дар роҳ, дар мошин ва дар ҳар куҷое, ки андак имкон меёфт, ҳатман чизе мехонд. Рӯзномае, ки мо - толибилмони синфҳои болоӣ мехондем, ҳамон «Комсомоли Тоҷикистон» буд. Обуна будан ба ин газета ва мутолиа карданаш яке аз вазифаҳои асосии хонандагони синфҳои болоӣ ҳисоб мешуд, зеро нақшаи тарбияи беруназсинфии мактаб ҳамин гуна талабот дошт. Дар баробари ин, обуна будан ба ин газета ва хондани он яке аз ченакҳои асосии баҳодиҳии фаъол будани хонанда ҳисоб мешуд. Роҳбарони синфҳо, муовини директори мактаб оид ба корҳои тарбия, кумитаи комсомол корро тарзе роҳандозӣ карда буданд, ки хонандагон аз обуна будан ба ин газета ва хондани он ифтихор мекарданд. Талабае, ки ба ин газета обуна набуд ва онро мутолиа намекард, ба сафи толибилмони фаъол дохил намешуд. Яке аз шартҳои асосии ба сафи комсомол дохил гаштани хонандагон ҳам маҳз обуна будан ба ин рӯзнома ва мутолиа кардани он буд. Бинобар ин, масъулини мактаб кӯшиш мекарданд, ки хонандагони фаъоли ба синни 14 расидаро ба ин газета обуна кунонанд, зеро бе ин ҳуҷҷатҳояшро барои ба сафи комсомол дохил шудан ҳатто қабул намекарданд. Лаҳзаи ба сафи комсомол дохил шуданамро хуб дар ёд дорам. Ҳангоми суҳбат Котиби аввали Кумитаи комсомоли ноҳияи Ҳисор Заррагул Муродова шахсан аз ман пурсида буд, ки оё ба газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» обуна ҳастам ва онро мехонам? Баъдтар ман дар мактаб котиби ташкилоти ибтидоии комсомол интихоб шудам ва ин газетаро дастури асосии фаъолиятам қарор додам. Маводҳои барои худамон ва ҳаёти комсомолиамон заруратдоштаи онро дар байни аъзои комсомол муҳокима мекардем. Аъзои фаъоли комсомол ҳафтае як маротиба дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ шарҳи мухтасари муҳимтарин маводҳои онро пешкаши хонандагону омӯзгорон мегардонданд, онҳое ки нутқи равон ва овози хуш доштанд,
шеърҳои дар он нашршударо аз ёд карда, бо тариқи бадеӣ пешкаши ҳаммактабон менамуданд. Мо кӯшиш мекардем, ки ҳамроҳ бо ин газета қадам занем ва то андозае ки лозим аст, худро ба мазмуни мақолаҳои он мувофиқ гардонем. Дар замонҳои донишҷӯӣ ва фаъолияти кориам низ ин рӯзнома ҳамрозу ҳамдами ҳамешагӣ ва ҳатто роҳбаладам буд. Аз ҳамин ҷост, ки то кунун онро дӯст медорам, бо он ҳамкорӣ менамоям ва нигоштаҳоямро бештар ба он пешкаш мекунам ва бештари хонандагони асарҳоям низ хонандагони ҳамин нашрия ҳастанд. Болотар ишора кардам, ки «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») бароям дар мақоми устодонест, ки дар нисбати шогирдони хеш, ҳатто шогирдони солмандашон кӯмаку маслиҳат ва дастгирии хешро дареғ намедоранд, камбудию дастовардҳои онҳоро барҳақ камбудию дастовардҳои хеш медонанд. Маҳз, ана, ҳамин устоди наврасию ҷавониям - «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаққам як ғамхорие содир намуд, ки онро дар шаби хобам ҳам дида наметавонистам. Яъне, ҳамин рӯзнома каминаро ба озмуни довталабони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кард ва чӣ мегӯед, ки ғолибият ҳам насибам гашт. Лекин ин ғолибиятро сирф ғолибияти худ намешуморам. Он ғолибияти устоди солҳои наврасию ҷавониам - «Ҷавонони Тоҷикистон» низ ҳаст. Аммо… Аммояш ин ки, агар Худованд замони солмандиам дар симои як нафар устоди забардасти сухан, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо бароям роҳнамою роҳбаладе намедод, сазовори Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ шудан куҷо, ки ҳатто ягон мақолаи ҷиддӣ ҳам навишта наметавонистам. Гап сари он аст, ки ҳанӯз аз охири солҳои 80-уми асри гузашта чанд «бузурги» сатҳи вилоятӣ дасту диламро аз коғазу қалам канда карда буданд ва агар гӯям, ки барои навиштани ягон чизи арзанда тамоман имкониятам намедоданд, ҳеҷ муболиға намешавад. Бо корсозии Худованд, баҳори соли 2013 устод Кароматуллоҳи Мирзо маро аз нав кашф карданд, аниқтараш чун қаламкаш аз нав зинда намуданд ва ба сари коғазу қалам оварданд. Маҳз суханони падаронаи ҳамонвақтаи устод ва маслиҳату кӯмакҳои минбаъдаашон сабаб шуду мақолаҳо, очерку қиссаҳо ва чанд китоб навишта ба нашр расонидам. Хулоса Кароматуллоҳи Мирзо устоди замони бузургсолиам шуданд. Аз ин рӯ устоди азизро низ шарики барҳақи ин ҷоизаи сазоворшудаам медонам, гарчи он кас ба ягон хел ҷоизаю мукофот эҳтиёҷ надоранд. Барандаи чунин ҷоиза будан барои ман на танҳо шодию хурсандӣ ва ифтихор, инчунин масъулият ва уҳдадорӣ ҳам ҳаст. Он водорам мекунад, ки боз ҳам хубтар нависам ва чизҳоеро рӯйи коғаз оварам, ки ҷавобгӯи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Сарвари муаззами он бошанд, мардумро ба ҳам наздиктар, дӯстию бародариро қавитар, халқро дар атрофи Роҳбари кишвар муттаҳидтар намоянд, дар дили шаҳрвандон эҳсоси ватандорӣ ва хештаншиносиро бедор созанд ва пурқувват гардонанд. Аз Худованд умед дорам, ки чунин имкониятро бароям муҳайё месозад.
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Маъдангудозӣ дар Саразм Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон ва омӯзишу таҳқиқи ёдгориҳои таърихӣ саҳифаҳои нав дар таърихи тамаддуни башарият боз мешаванд, ки яке аз ёдгориҳои беҳамтои кишварамон - Саразм намунаи барҷастаи он мебошад. Саразм, ки то нимаи дуюми қарни 20-ум аз назари коршиносон дар канор монда буд, имрӯз ба объекти рақами яки таҳқиқотии бостоншиносону муаррихони ватанию хориҷӣ қарор гирифтааст. Деҳшаҳри Саразм дар 15-километрии қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент воқеъ гардидааст. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ аз соли 1976 бо роҳбарии А. Исҳоқов оғоз ёфта буд. Мавриди зикр аст, ки таҳқиқоти ин мавзеъ баъди он шуруъ гардид, ки тақрибан соли 1970 аз ҷониби деҳқоне бо номи Ашӯралӣ Тайлонов ҳангоми кишти замин табари биринҷие ёфт мешавад. Пажӯҳиши коршиносони ватанию хориҷӣ ёдгории нодири таърихии Саразмро мансуби давраи энеолит ва биринҷӣ донистаанд. Дар бораи давраҳои таърихии Саразм миёни олимон ақидаҳо гуногунанд, вале аксаран бо назардошти таҳлилҳои радиоуглеродӣ чор давраи пайдарҳамии ҳодисаҳоро муайян намудаанд. Дар асари илмии бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов - «Саразм» (Душанбе, нашриёти «Дониш», 1991) низ ин чор давра ба тариқи зайл оварда шудаанд: Саразм: давраи 1 – солҳои 3500-3200 то милод; Саразм: давраи 2 – солҳои 3200-2900 то милод; Саразм: давраи 3 – солҳои 2900-2700 то милод; Саразм: давраи 4 – солҳои 2700-2000 то милод; Ин санаҳои давраҳои таърихии Саразми бостон дар озмоишгоҳҳои замонавии Амрико, Фаронса, Олмон ва Русия низ муайян гардидаанд. Бузургтарин дастоварди саразмиён маъдангудозӣ аст, ки аз тамаддуни баланди замони худ бархурдор будани ин сарзамин гувоҳ медиҳад. Инсон бо маъдани мис бори нахуст дар асри санг шинос гардида буд. Дар он замон ӯ бо мақсади сайқал додани олоти сангии худ тасодуфан бо миси табиӣ бархӯрд ва пиндошт, ки он ҳам як навъе аз санг аст. Аммо вақте хост, ки бо усули сохтани асбобҳои сангӣ аз миси табиӣ олот созад, маълум шуд, ки мис ба мисли санг пора нагардида, меёзад ва аз он олоти теғадори буранда тайёр намешавад. Баъдтар инсон тадриҷан донишу таҷрибаро касб намуда, тавассути гудохтани маъдан барқарор кардани мисро аз худ кард. Мис дар ҳарорати 1083 дараҷа гудохта мешавад ва барои чунин гудозиш шуълаи гулхан ё оташдони одӣ кофӣ буд. Ҳамин тавр кӯраҳои маъдангудозӣ пайдо шуданд. Истеҳсоли ашёи мисӣ ба тариқи гудозиши маъдани мис дар ҳазораи VII-VI-и то милод оғоз ёфт. Ихтирои фулуз дар таърихи инсоният инқилобе буд. Дар ҳудуди Осиёи Миёна қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгории энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазораи IV-и то милод Саразми Панҷакент ба яке аз марказҳои бузурги фулузгудозии қадими Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тилло, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол мешуданд. Кӯраҳои фулузгудозӣ ва ороишоти мисӣ, ки дар Саразм кашф шудаанд, ба ин гувоҳӣ медиҳанд. Дар асри биринҷӣ Саразм яке аз бузургтарин марказҳои маъдангудозӣ ва фулузсозӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Дар ин ҷо маҳсулоти зиёди аз мис, биринҷӣ, сурб, нуқра ва тилло сохташуда, аслиҳа, ороишоти зиёди аз сангҳои қиматбаҳо ва садафи баҳрӣ, рехтагариҳои коркардшудаи сафолӣ ва кулолии бо нақшу нигор, ғаллакӯбак ва ғайра, ки ба ҳазораи IV ва II-и то эраи мо тааллуқ доранд, инчунин, пораҳои қолаби рехтагарӣ, кураҳои маъдангудозӣ, хованҳои бузург (зарфҳои сангин барои куфтан) ва болғаҳо барои майдакунии маъдан, маснуоти металлӣ дар шакли табар, ханҷарҳо, кордҳо, сарсӯзан, шастҳои моҳидорӣ, ороишот ва ғайраҳо пайдо гардиданд. Сокинони он бо қабилаҳои кишоварзии аҳди қадимаи Афғонистон, Эрону Балуҷистон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намудаанд, ки инро ёдгориҳои бадастомадаи мадании Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистон, дар самти шимол, ёдгориҳои маданияти Калтаманори соҳилҳои баҳри Арал ва маданияти Афанасовои ҷануби Сибир собит месозанд. Таҳқиқот дар Саразм аз солҳои 70-ум оғоз шудааст ва аз соли 2010 ҳар сол намояндагони ЮНЕСКО дар Саразми бостон корҳои кофтуковӣ ва таҳқиқотӣ мебаранд. Тӯли чанд сол аст, ки бостоншиносони фаронсавӣ тибқи шартномаи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиниосӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса дар Саразм кор мебаранд. 31 июли соли 2010 дар иҷлосияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор шуд, Саразм ҳамчун ёдгории нодири таърихии ҷавобгӯ ба меъёрҳои илмию фарҳангии байналмилалӣ (мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, фарҳанги баланди коркарди металлҳои ранга, ташаккули фарҳанги кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ) ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид. Ёдгории таърихию фарҳангии Сарзамро омӯзиш, пажуҳиш ва ковишҳои фарогиртар интизоранд ва шубҳае нест, ки ин ганҷинаи камназири кишвари мо, ки бар соҳибтамаддуну бостонӣ будани миллатамон гувоҳ ва санади муътамад аст, бозёфтҳои нодири нав ба навро рӯнамо мекунад, ки оламиёнро мутаҳайир хоҳанд сохт.
Мафтун ҚИМАТШОЕВ, мутахассиси шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон
7
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол2016»-ро ҷамъбаст кард.
Меҳргон аз зовияи рассом Меҳргон яке аз идҳои кадимест, ки дар қатори Наврӯз ва Сада умри ҳазорсола дорад. Исботи умри дароз доштани ин ҷашнҳо аз китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бармеояд. Агар ҷашни Сада сад рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил шавад, иди Наврӯз дар фасли баҳор, айёми зиндашавии табиат қайд карда мешавад. Меҳргон бошад, дар фасли тирамоҳ, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил. Хостам ҳамчун рассом Меҳргонро бо истифода аз рангҳо тасвир кунам. Саъй намудам, то ҳама рангҳоеро, ки дар ин фасл хос аст, бо тасвир ифода кунам. Қариб тамоми рангҳоро истифода бурдам: ранги зард, бунафш, сурх, ҷигарӣ, сабз, ва кабудро. Ба ҷамъоварии ҳосил аслан мардон машғул мешаванд. Ҳарчанд занону духтаронро ҳам ҳангоми чидани ҳосил дар саҳро дидан мумкин. Бинобар ин, мо низ тасмим гирифтем, ки дар тасвир мардонро нишон диҳем, вале онҳоро на вақти кор, балки ҳангоми ҷашн гирифтани иди аждодӣ тасвир намоем. Масалан марде рост истода думра дар даст ва ду нафари дигар дар ҷой нишаста доира менавозанд. Дар миёна дастархон ҳаст, аммо ин дастархон аз дастархони маъмулӣ фарқ мекунад, зеро дар боғ ва болои ҳарсангҳо мисли ороиши саҳна тасвир шудааст. Чунки он ҷо филмбардорӣ ҳам ҷараён дорад. Барои идона шудани дастархон гулдон ҳам гузоштем. Ду мард куҳансол бошад болои кат нишастаю аз ҳунарнамоии санъаткорон ҳаловат мебаранд. Ин саҳнаро ду марди дигар низ болои миз нишаста тамошо доранд. Онҳо хеле хушҳоланд, зеро ду хурсандиро якҷо ҷашн мегиранд. Яъне, онҳо ҳам аз хуб шудани ҳосил ва ҳам аз таҷлили иди Меҳргон шодмонанд. Бояд зикр кард, ки макони баргузории ҷашн Боғи Ирами пойтахт аст. Атрофи ҳозиринро дарахтони куҳансол, ки бо шоху баргҳои васеъпаҳнгаштаи худ ҳусни боғ ва идгоҳро зеб медиҳанд, иҳота кардаанд.
Меҳроб АЗИМОВ, “ҶТ”
МАҲИНБОНУ ШАРИФОВА
ИННА ЁРИСОВА
ЗАРНИГОР ҶӮРАЕВА
СУБҲОНҚУЛ СУБҲОНҚУЛОВ
Доварон ва мухлисони синамо 80 филмро тамошо карданд. Доварон дар ҳайати Низом Қосим аз Тоҷикистон, Латика Падгаонкар аз Ҳиндустон ва Ризо Киёниён аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари шоҳҷоиза ҷоизаи «Мунаққидони кинои тоҷик»-ро ба филми «Қарзи падар» аз Қирғизистон (муаллифони филм Дастан Жапарн-улу ва Бақит Муқул) доданд. Ҷоизаи «Ҷавонӣ талош ба сӯи ташаккулёбӣ» ба филми Қасида Гулмаконӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо номи «Муроқибат аз ҷунос» сазовор дониста шуд. Ҷоизаи «Беҳтарин филми тоҷикӣ»-ро бошад, ба филми «Мушкилкушо»-и Умедшо Мирзоширинов тақдим намуданд. Ҷоизаи байналмилалии Кинофестивали «Дидор» ба филми «Ҷашни бузург»-и коргардони шинохтаи Арманистон Рубен Геворгянс лоиқ дониста шуд. Филми мазкур аз оқибатҳои ҷанг, тақдири ду писарбачаи дар майдони ҷанг танҳомонда - яке арманӣ ва дигаре озарбойҷонӣ нақл мекунад. Шоҳҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳмуддат ба филми коргардон Николай Котяш (Федератсияи Русия) бо номи «Ҳар якум» тақдим карда шуд.
ДИЛНОРА АМОНОВА
Дар шаҳри Душанбе Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» баргузор шуд. Аз байни 22 филми баланди достонӣ доварон филми коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудӣ «Чанд метри мукааб ишқ»-ро сазовор ба Шоҳҷоиза эълон карданд. Маросими анҷоми расмии кинофестивал дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Ҳайати ҳакамон аз рӯйи шартҳои худмуаррифӣ бо истифодаи усулҳои наву замонавӣ (слайд-презентатсияҳо), саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва навиштани кори хаттӣ бо забони давлатӣ дар мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон ҷойи якумро ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мадина Дилоева муносиб донистанд. Се ҷойи дуюм ба Маҳинбону Шарифова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Зарнигор Ҷӯраева, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, Дилнора Амонова, донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисод ва ду ҷойи сеюм ба Инна Ёрисова, донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов ва Субҳонқул Субҳонқулов, донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон насиб гардид. Ғолибон бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ғолибонро таҳният гуфта, иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо имкон медиҳад, истеъдодҳои нав дар ҳар ҷода кашф шаванд: “Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд”. Ёдовар мешавем, ки озмун дар ду марҳила сурат гирифт. Марҳилаи якуми он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир гардида, дар он беш аз 200 нафар донишҷӯ ширкат варзиданд. Ҳамин тавр, пас аз ҷамъбасти марҳилаи аввал беҳтаринҳо, яъне 17 нафар дар даври ниҳоӣ иштирок намуданд. - Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад, - гуфт Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.
ОЗМУН
ҲАСАН АЗИЗОВ
Мадина Дилоева “Донишҷӯи сол” шуд
Шоҳҷоизаи «Дидор» насиби «Чанд метри мукааб ишқ» шуд
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Барои расидан ба истиқлолияти Кишвари мо баъд аз истиқлолият ба даст овардан ба мушкилиҳои зиёд дучор гардид. Маълум аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи иқтисодӣ амал мекард ва он баъд аз пошхурии ИҶШС аз байн рафт. Махсусан соҳаи энергетика. Дар баробари ин, хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид. Тоҷикистон пеш аз ҳама дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодиро ба миён гузошт. Бо дарназардошти ҳамин, Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ. Барои пешрафти иқтисодиёти кишвар моро зарур буд, ки ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарчи зудтар ноил гардем. Роҳбари давлат низ борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, кӯшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расид. Ҳамин буд, ки дар ин муддат, давлату ҳукумат ва миллати сарбаланди тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар хонадони
тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои зерин ноил гардид. Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА татбиқ гардид. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км) «ТоҷикистонАфғонистон» (116 км), «Хуҷанд–Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км) ва «Геран-Румӣ» (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба шумор мераванд. Илова бар ин, дигар иншооти муҳими соҳа, ба монанди сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (300 МВт), хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Қайроққум-Суғд”, «Айнӣ-Рӯдакӣ», хати интиқоли барқи 110 кВ НБО “Хоруғ” – НБО “Помир”, зеристгоҳҳои барқии «Геран-2» ва «Қайроққум» дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор гирифтани дигар иншооти нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Себзор” (10 МВт), татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони нерӯгоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб», нерӯгоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Айнӣ”, “Санобод”, «Нуробод-1», «Нуробод-2», таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200 км) ва лоиҳаи “САSA-1000” (252 км), барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220/500 кВ «Равшан», «Румӣ», «Бойғозӣ», «Регар», ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати нерӯи барқ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ гардидааст. Аз солҳои 2000-ум рушди босуръати соҳаи энергетика ба хубӣ мушоҳида мегардад. Ҳукумати кишвар дар доираи имконият лоиҳаҳои гуногунро амалӣ гардонид, ки дар натиҷа иқтидори энергетикии кишвар ба 6300 мВт расид. Ин нишондод дар солҳои 2000-ум ба 5000
мВт баробар буд. Дар нақша аст, ки иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 ба 10000 мВт расонда шавад. Албатта, барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи неруи барқ
табдил додани кишвар баробари сохтмони неругоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
энерегетикӣ роҳ кутоҳ мондааст миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон изҳор доштанд, ки: «Ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои
саноатӣ ҳаҷми зарурии неруи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад. Сохтмону таҷдиди иншооти энергети-
кии банақшагирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад». Ба назар мерасад, ки кишварамон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мемонад. Ин аст, ки сол то сол лимити барқ дар фасли сармо беҳтар мегардад. Агар ду-се соли пеш аҳолии кишвар дар шабонарӯз 6-7 соат барқ доштанд, соли гузашта он ба 13-15 соат баробар буд. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли неруи барқ соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 17 миллиарду 134 миллион кВт/ соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 706,1 миллион кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 дарсадро ташкил медиҳад. Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги нерӯи об буда, дар ҳолати истифодаи пурраи он дар ояндаи наздик метавонад ба давлатҳои ҳамсоя нерӯи барқро ба андозаи боз ҳам зиёд интиқол дода, вазъияти молиявии худро ба маротиб беҳ намояд. Бояд қайд намуд, ки барои ноил шудан ба ин ҳама пешравиҳо саҳми мутахассисони соҳаи энергетика дар кишвар ниҳоят калон мебошад. Барои ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикии мамлакат кадрҳои баландихтисоси соҳаи энергетика басо заруранд. Дар ҷумҳурӣ донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои махсус барои таёр кардани мутахассисони ҷавон дар соҳаи энергетика фаолият мекунанд. Аз ҷумла дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ факултети энергетикӣ аз рӯзи ташкилёбии донишгоҳ (соли 1956) арзи вуҷуд дорад. Ҳоло вобаста ба талаботи иқтисодиёт ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати кишвар дар самти энергетика ва тайёр намудани мутахассисон дар ин самт факултет мутахассисонро аз рӯи даҳ ихтисос омода менамояд. Дар як давр дар факултети мазкур 1300 нафар таҳсил мекунанд. Чуноне декани факулултет Рустам Ҷалилов иброз дошт, тайёр намудани муҳандисон дар факултет таълимию илмӣ мебошад. Анъанаҳои тайёр намудани таҳкурсиҳои таълимии муҳандисиро факултет ҳифз намуда, мутахассисонро ҷавобгӯ бо замона тайёр менамояд. Аз рӯзи таъсисёбиаш то имрӯз факултетро зиёда аз 9000 нафар хатм намудаанд. Таълими хуби донишгоҳ имрӯз нишон медиҳад, ки кишвари мо ба мутахассисони беруна ниёз
надорад. Хатмкунандаҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи вазорату корхонаҳо, ба монанди Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХБ “Барқи тоҷик”, ҶСК “Телерадиоком”, “Ширкати алюминии тоҷик” ва ғайраҳо кору фаъолият доранд. Ҳамзамон хатмкунандагони факултет дар хориҷи наздику дур ба монанди Русия, Ӯзбекистон, ИМА, Олмон, Шведсия, Британия, Зеландияи Нав ва ғайраҳо кор карда истодаанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон метавонад, бо ҷалби мутахассисони худӣ, мушкилиҳои энергетикиро ҳалу фасл намояд. Имрӯзҳо мутахассисони ҷавон ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аз сӯи корхонаҳо ҷалб карда мешавад. Албатта, танҳо он вақт мо бо дастовардҳои назаррас дар соҳаи энергетика дастёб мегардем, ки мутахассисони баландпоя дар соҳаи мазкур тарбият ёфта, дар рушди устувори он саҳм гузоранд. Чононе Р. Ҷалилов қайд намуд: “Донишҷӯён ҳангоми таҳсил дар нерӯгоҳҳо таҷриба меомӯзанд. Аз лаёқат ва кордонии балани онҳост, ки дарҳол аз сӯи масъулин ба кор ҷалб карда мешаванд”. Соли 2015 мутахассисони ҷавони донишгоҳи мазкур дар Федератсияи Русия соҳиби сертификати аккредитатсияи байналмиллалӣ ва нишони сифати EUR-FCE гардиданд. Ин имкон медиҳад, ки онҳо дар 14 давлати Аврупо ба монанди Олмон, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Испания, Белгия ва ғайра кору фаъолият намоянд. Албатта, маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат имрӯз ҷавонон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми бориз гузошта истодаанд. Соҳибистиқлолии кишвар ба ҷавонон даст додааст, ки онҳо дар ҷомеа дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла энергетика кору фолият намуда, барои вусъат ёфтани соҳаи мазкур ва дар роҳи беҳтар намудани зиндагии аҳолии мамлакат ва таъмини мардум бо нерӯи барқ қадамҳои боз ҳам устувортар гузоранд. Умуман тибқи маълумот имрӯз беш аз 30 дарсади кормандони соҳаи энергетикаро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки беҳтар гардидани сатҳи зисту зиндагии мардум, рушди бонизоми соҳаҳои мухталифи кишвар дар замони муосир ба соҳаи энергетика вобастагии зич дорад. Он рӯз нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ пурра бардошта мешавад. Ин дурнамо ва ояндабиниро дар талошҳои имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ва сол то сол беҳтар гардидани таъмини аҳолӣ бо неруи барқ дидан мумкин аст.
Рушди ҷомеа ба илмҳои техникӣ вобаста аст
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Ҳамдам Назаров, имрӯз дар курси сеюми факултети энергетика таҳсил дорад. То замони ба донишгоҳ омадан, пайваста бо тавсияҳои устодаш Бачабек Атобеков ба ихтироъкорӣ машғул мегардид. Ҳамин буд, ки дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намудаву сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуд. Дар донишгоҳ бошад, зери роҳбарии Исфандиёр Тураҳасанов лоиҳаи чанд барномаи навро тарҳрезӣ намуд. – Имрӯз дар баробари омӯзиши соҳаи энергетика бештар кӯшиш намуда истодаам, ки дар самти барномасозӣ фаъолияти хубтар нишон диҳам. Зеро мақсади ман низ дар самти барномасозӣ ихтироот намудан аст. Тайи чанд муддат аст, ки пайи таҳияи “Маҷмӯи барномаҳои муҳандисӣ” машғул мебошам. Ин барнома дорои чанд функсия мебошад. Хусусан дар соҳаи энергетика барои ҳисобу китоб бениҳоят манфиатнок аст. Барои ҳисоби баъзе аз шумораҳо дар соҳаи мазкур бисёр асбобҳо лозим мегарданд. Ман кӯшиш кардам, то дар барномаи худ ҳамаи ин чизҳоро ҷой диҳам ва хушбахтам, ки ин кӯшишам беҳуда нарафту як барномаи хуберо сохтам, - гуфт Ҳамдам. То имрӯз барномаҳои “Маҷмӯи тест”, “Луғати электронӣ-техникӣ”, “Маҷмӯи барномаҳои муҳандисӣ” ва “Реҷаи кори муҳаррики синхронӣ”ро ихтироъ намудааст. “Маҷмӯи тест” саволҳои тестиро дар бар мегирад, ки он даҳ намуди савол дорад. “Луғати электронӣ-техникӣ” бошад, дарбаргирандаи тарҷумаи терминҳои техникист. – Имрӯз аз тарафи донишгоҳ дастгирӣ меёбем, - афзуд Ҳамдам Назаров. - Дар бисёр озмунҳое, ки байни ихтироъкорони донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мегардад, барои иштирок мусоидат менамоянд. Бахусус соли гузашта дар донишгоҳ конференсияи байналмилалӣ, ки байни аспирантону унвонҷӯён ва донишҷӯён баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардидам. Барои ба ин роҳ рафтан, касе тавсия надодааст. Ба назари ӯ, ҳар нафар бояд худаш роҳеро интихоб намояд, ки нисбат ба он таваҷҷуҳи махсус дошта бошад. Дар ин сурат комёбӣ насибамон мегардад. Беҳуда интихоби дурусти касбро
Ноҳияи Ёвон пеш гузашт 1 2 3 4 5 6 7
нисфи комёбӣ наномидаанд. – Барои ихтироъкор шудан, аввалан шавқу рағбат ва баъдан донишҳои назариявии соҳаи техникӣ меистад. Чунки бе дониш ягон пешравӣ ба вуҷуд намеояд. Дар баробари ин, донистани забони англисӣ ва русӣ барои ихтироъкор муҳим мебошад. Зеро барои сохтани барномае моро лозим аст, ба ғайр аз донишҳои доштаи худ боз аз донишҳои интернетӣ истифода намоем. Заҳмату меҳнат аз ҳама чизи асосӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Муҳаббату самимият нисбат ба пешаи дӯстдошта агар бошад, пас ҳатман калиди комёбиҳо бо мост, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Роҷеъ ба илмомӯзии ҷавонон сухан карда таъкид намуд, ки “Як проблемаи асосие, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо пайдо шудааст, истифодаи ғайрисамараноки шабакаи ҷаҳонии интернет мебошад. Бисёри ҷавонон барои омӯхтани илм аз он истифода намекунанд. Интернет беҳтарин василаи донишомӯзист, ба шарте ки онро мақсаднок истифода намоем. Бисёри мавод ва китобҳои илмиро маҳз аз интернет дастрас менамоем. Бе истифода аз маълумоти интернетӣ имрӯз коре нест, ки сурат гирад”. Мутаассиф аз он аст, ки шумораи ҷавонони ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳдошта дар ҳоли коҳишёбист. Имрӯз бештари ҷавонон на ба илмҳои техникӣ, балки ба илмҳои гуманитарӣ рӯ овардаанд. Мебояд имрӯз ҷавонон бештар рӯ ба илмҳои дақиқ оранд, зеро рушди ҷомеа ба илмҳои техникӣ низ вобастагӣ дорад. - Ихтироъкорон бояд ҳам аз тарафи устодон, донишгоҳ ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёбанд, иброз дошт Ҳ. Назаров. – Чунки тавассути дастгириҳо ихтироъкорон метавонанд, бештару хубтар кор кунанд. Имрӯз дар олами илму техника кашфиёте ба амал омада истодааст, ки ҳайратоваранд. Дар кишварҳои мутараққӣ рушди технологияҳои навтарин дар дараҷаи бисёр хуб қарор дорад. Рӯзе нест, ки як навгоние дар ин ҷода ба миён наояд. Бинобар ин, ҷавононро лозим аст, баҳри рушди илму техника ва сохтану ихтироъ намудан тамоми талошу заҳмати хешро равона созему дар роҳи мазкур навгониҳоро ба вуҷуд орем. Ҳар рӯзро бо ҷустуҷӯи донишҳои нав сипарӣ менамояд. Ба дарс меояду пас аз он роҳ пеш мегирад сӯи китобхона. Бо мақсаде, ки чизи тозаеро аз бар намояду аз навгониҳо огоҳ шавад.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ 167 БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Ҳамдам дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар Дарвоз умр ба сар мебурду дар фазои беғубори ин минтақаи хушбоду ҳаво илм меомӯхт. Дар мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳия мекӯшид, то бештар ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ намояду донишҳои нав ба навро аз худ кунад. Ба тағйироти охири олами техника ва технологияҳои нав назар карда, вуҷудашро эҳсосе фаро мегирифт, то мисли дигар ихтироъкорон бошаду дар олами илму техника чизе ихтироъ намудаву ба номи худ сабт кунад. Ҳадафи мазкур ӯро билохира ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ овард.
ОЗМУН
№
10
СОҲИБКАСБ
2 10
87
4 145
287 24
97 5 48
1 121 40
205 90 3 66
61
111 3 5 94 52 2 2 13 2 2
17
99 12 60
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
Ҷаҳони муосир дар ҳоли рушд қарор дорад. Ҳар рӯз тавассути ВАО ҳодисаҳои зиёдеро мебинем, ки ба ҳаёти миллионҳо кӯдак алоқаманданд. Аксари ин ҳодисаҳо ба марги кӯдакон оварда мерасонад. Яъне онҳо бе ҳеҷ сабаб қурбони амалҳои терористӣ мегарданд, ки наметавонад моро бетараф гузорад. Дар давлатҳои ҷангзада қишри осебпазири ҷомеа занон ва кӯдакон мебошанд. Онҳо ба пуррагӣ наметавонанд худро аз хатарҳо муҳофизат намоянд. Дар натиҷа, ба ҷуз ранҷ, азоб, машаққат дигар амалеро намебинанд. Ин ҳама табъиз алайҳи ҷомеа дар кишварҳои ҷангзада ба инкишофи пурраи кӯдак таъсири манфӣ мегузорад. Кӯдаконе, ки дар кишварҳои ҷангзада зиндагӣ доранд, ҳаёти осоишта надоранд ва маълум нест то фардо зиндаанд ё не. Касе кафолати солимӣ ва ё зинда мондани онҳоро дода наметавонад. Ин низоъҳои геополитикии ҷаҳони муосир имкониятҳои онҳоро танг мекунад. Хусусан қитъаи Африқо маконест барои фаъолияти ноустувори кӯдакони сайёра. Аз 10 кӯдаки рӯи дунё нуҳ нафар дар ҳолати гуруснагӣ зиндагӣ менамоянд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар қитъаи Африқо ҳар сол кӯдакон бо сабабҳои норасоии оби ошомиданӣ, шароити номусоиди зиндагӣ, авҷи бемориҳои гузаранда ба ҳалокат мерасанд. Агар баҳри таъмини шароити мусоиди зиндагии онҳо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон якҷоя талош варзанд, метавонанд пеши ин ҳодисаҳоро гиранд. Дар ҳама ҳолат набояд имкониятҳои кӯдаконро маҳдуд кард, зеро дар ҳолати пешгирӣ накардан аз табъиз ва хушунат алайҳи кӯдакон ҳудуди 70 миллион кӯдак то расидан ба синни панҷсолагӣ мефавтанд, аз ҷумла 3,6 миллион кӯдакон то соли 2030 дар натиҷаи ин гуна мушкилиҳо ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз ҷумла беш аз 60 миллион кӯдак аз таҳсил дар мактаб дур хоҳанд монд. Ин нобаробариҳо ва таҳдидҳо алайҳи кӯдакони аз нақзи ҳуқуқи ҳар кӯдак дида бештар зарар ворид мекунанд ва ояндаи кӯдаконро зери хатар қарор медиҳад. Камбудиҳо ва нобаробариҳо аз насл ба насл мегузаранд ва суботи ҷомеа ва ҳатто амнияти миллатҳоро халалдор месозанд. Имрӯз мо имкон дорем, ки давраҳои такроршавандаи байнинаслии нокомиву маҳрумиятро ба давраҳои некӯаҳволӣ ва хушбахтӣ табдил диҳем, агар мо барои кӯдакони хонаводаҳои камбизоат имконияти одилонаро дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва ҳифзи онҳо аз хатарҳо таъмин созем, то онҳо дар оянда тавонанд ба кӯдакон ёрии аввалиндараҷа расонанд. Ҳамин тавр на танҳо ҳаёти онҳо беҳтар хоҳад шуд, балки ҷомеа ба маънои том тараққӣ хоҳад кард. Мутахассисон ва коршиносон таҳаввулот ва тағийрёбии ҷаҳонро пайгирӣ карда, ба хулосае омаданд, ки агар равандҳои 15 соли охир дар давоми 15 соли оянда низ идома кунанд, пас то соли 2030 тақрибан 167 миллион кӯдак дар шароити фақри шадид зиндагӣ хоҳанд кард. Бино ба омори пешниҳоднамудаи Комиссиариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили гурезаҳо, то соли 2015 ҳадди ақал 60 миллион нафар бо сабабҳои низоъ ва хушунат хонаҳои худро тарк кардаанд, ки нисфи онҳоро кӯдакони ноболиғ ташкил медиҳад. Шумораи кӯдаконе, ки соҳиби низоъҳои тӯлонӣ шудаанд, аксаран дар ҷумҳуриҳои исломӣ, монанди Сурия, Ироқ ва Афғонистон зиндагӣ менамоянд. Вобаста ба таъмин ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасон хушбахтона, дар Тоҷикистон, ки узви ҷудонопазии ҷомеаи ҷаҳонист, корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Ҳукумати мамлакат ба хубӣ дарк менамояд, ки ояндаи миллату давлат наврасонанд. Барои дуруст тарбия намудани наврасон аз имрӯз замина бояд гузошт то онҳо тавонанд дар оянда номбардори давлату миллат гарданд. Дар ин робита Фирӯза Раҳматбекова, таҳлилгар оид ба ҳукуқҳои кӯдакон зикр кард, ки бояд ҳар кӯдак садо баланд карда тавонад. Садое, ки бо он мақсади худро ифшо созад. Агар имконият фарохтар ва бештар ба кӯдакон дода шавад, онҳо ҳадди ақал дарди дили худро иброз карда метавонанд. Яъне чӣ гуфтан ва чӣ хел зиндагӣ карданашонро инъикос мекунанд. Агар ба кӯдакон имконият диҳем, ки онҳо тарзи корашонро аз хурдӣ худашон интихоб кунанд, паст метавон ба ояндаи кӯдак умед баст.
Нуринисо ҶАЛИЛОВА, донишҷӯ
Бо расидани асри технологӣ ва пешравии техникӣ интизор мерафт, ки шахс ҳамчун фарди ҷомеа вақти бештаре пайдо мекунад, то ба камолоти башарӣ даст ёбад. Лекин бо гузашти даврон инсон аз пеш дида бештар овораи машғулиятҳои беохири ҳаррӯза гардида, ҳатто ба олами воқеияш бегонатар мешавад. Зеро дастовардҳои технологӣ кори инсонро дар ҷомеаи муосир рӯз аз рӯз осон намуда, ҳамзамон ӯро ба одатҳои зиёде мубтало месозад. Ба ин қабил одатҳо алкоголизм, нашъамандӣ ва тобеъшавӣ ба ҷиҳоз ва муҳити виртуаливу рақамиро (интернет, бозиҳои компютериву мобилӣ) илова кардан мумкин аст. Хусусан дар ҷавононе, ки ояндаи миллат ҳастанд, ин намуди одатҳои манфӣ торафт афзуда истодаанд. Ҳол он ки ҷавонон бояд бештар ба корҳои хубу фоидабахш майл кунанд. Бешубҳа, кашфи шабакаи интернет яке аз дастовардҳои муҳими ҷомеаи муосир аст, аммо ба монанди ҳар неъмате дар истифодабарии он ҳам меъёри эътидолро бояд нигоҳ дошт. Яъне аз ҳад набояд гузашт. Азбаски беш 70 фисади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, хостем аз донишҷӯён пурсем, ки аз интернет чӣ гуна ва чӣ миқдор истифода мекунанд. Мо аз баррасӣ намудани ин мавзуъ, ки ба соҳаи равоншиносӣ робитаи зич дорад, ҳолати равонии як зумра донишҷӯёнро низ дар бобати тобеият ба интернет фаҳмидан хостем. Тобеият як навъ талаботи гиребонгирест, ки бинобар он як қатор амал ва рафторҳо ба таври доимӣ ва такроран новобаста ба натиҷаҳои манфии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба ҷо оварда мешаванд. Коршиносони соҳа муайян кардаанд, ки дар як шабонарӯз беш аз 6 соат истифодабарии ҳар намуди шабака ва имкониятҳои интернет метавонад ба тобеияти интернетӣ оварда расонад. Тобеияти интернетӣ ба ду намуд тақсим шудааст: А) Тобеият ба бозиҳои он-лайн; Б) Тобеият ба сомонаҳои иҷтимоӣ; Бинобар иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли 2015 шумораи истифодабарандагони интернет ба 3,2 млрд расидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки 10% (320 миллион нафар) аз теъдоди умумӣ гирифтори тобеияти интернетӣ мебошанд. Интернет имрӯз яке аз воситаҳои таъсиррасон ба шуур ва рафтори ҷавонон арзёбӣ мегардад. Чунин ҳолатро метавон дар мамолики дунё, ки дастрасӣ ба интернет қулайтар аст, мушоҳида намуд. Рӯзе нест, ки дар сархатҳои иттилоотӣ хабаре набошад, ки нафаре бо сабаби тобеият ба интернет оилаашро барбод додааст ва ё дар сари монитори компютер бо сабаби аз ҳад зиёд вақт гузаронидан дар бозиҳои он-лайн фавтидааст. Ҳамин тавр ҷавони 20-солаи бритониёӣ баъд аз 12 соати вақтгузаронии бефосила бо бозиҳои он-лайн фавтидааст. Ҳамчунин марди 33-сола дар шаҳри Пекин баъд аз 27 рӯзи вақтгузаронии бефосила дар интернет-кафе оқибат аз олам даргузаштааст. Дар доираи таҳқиқот оид ба иситифодабарии интернет миёни ҷавонони кишвар, пурсишномаи хусусие ташкил кардем. Ҳамин тавр аз 100 нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки 83 нафари онҳо синну соли аз 18 то 22-ро ташкил медоданд, саволҳои зайл пурсида шуданд: - Шумо чандсола ҳастед? - Дар муддати як шабонарӯз чанд соат вақти худро дар интернет мегузаронед? - Кадом сайтҳоро бештар истифода мебаред? - То чӣ андоза интернет ба кори шумо робита дорад? - Агар дар давоми рӯз вақти истифодабарии интернетиатонро ба як соат фароред, вақти боқимондаро чӣ тавр фоиданоктар метавон танзим кард? Дар натиҷаи пурсиш маълум гардид, ки
88%-и донишҷӯёни тоҷик аз 3 то 5 соат ва 12%-и донишҷӯён бошанд беш аз 6 соати вақташонро дар шабакаҳои интернетӣ мегузаронанд. Ҳамчунин маълум гардид, ки 34%-и донишҷӯён вақти интернетиро дар шабакаҳои тафреҳӣ гузаронида, 62% бештари вақтро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди “Одноклассники”, “ВКонтакте”, “Фейсбук” ва хизматрасониҳои паёмфиристӣ ҳамчун “Вайбер” сарф мекунанд. 4%-и боқимондаи пурсидашудагон бештари вақташонро дар шабакаҳои хабарӣ-иттилоотӣ мегузаронанд. Маълум мегардад, ки аксари корбарони ҷавони шабакаи интернет вақти гарони хешро бештар дар сомонаҳои тафреҳӣ ва иҷтимоӣ мегузаронанд. Ҳарчанд мумкин аст, дар баробари вақтгузаронии виртуалӣ ин замони гаронро барои боз ҳам такмил додани илму дониш истифода бурд. Гуфтан мумкин аст, ки истифодабарандагони интернет аз нигоҳи суханварӣ фаъол нестанд. Чунки диққати шахс бештар ҷиҳати навишт ва хониш равона карда мешавад. Вера Степоненко, сардори Институти забоншиносӣ ва фарҳангшиносии назди Донишгоҳи давлатии Москва қайд мекунад, ки яке аз сабабҳои вайроншавии фарҳанги суханварӣ, зиёд истифода бурдани интернет мебошад. Зеро майнаи сари одам маълумоти воридшударо ба гунаи код, аломату ишораҳо дар худ сабт мекунад. Хусусан ҳангоми паёмфиристӣ ва мактубирсолкунӣ бештар аз аломатҳои навъи “эможи” (рамзу суратҳо) истифода бурда шаванд, бо гузашти замон ифодаи фикр дар майнаи сар ҳамон тариқ шакл мегирад. Ҳар вақте ки шахс мехоҳад изҳори фикр кунад, пеши назараш калима неву аломатҳову ишораҳо пайдо мешаванд. Ин ҳолат баёни равони фикрро бо калимаҳо халалдор месозад. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки аз 100 20 нафари ҷавонон ҳангоми набудани интернет бо варзиш машғул шудан мехоҳанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки яке аз чораҳои муассир ҷиҳати наҷот ёфтан аз тобеияти интернет обутоби бадан ва тамринҳои ҷисмонӣ мебошад. Дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар барои чунин машғулиятҳои ҷисмонӣ майдончаҳои варзишӣ зиёданд. Ҳамчунин, саҳми падару модар дар тарбияи насли наврас ва оилаи солим муҳим аст. Пӯшида нест, ки оила пояи асосии ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин рӯ давлате, ки соҳиби оилаҳои солим аст, дар он ҷомеаи солим ташаккул меёбад. Нақши оилаи солим ва муҳити хонавода барои табобати тобеият ба интернет метавонад фактори ҳалкунанда бошад. Ҳарчанд ҳоло шумораи чунин ҷавонон дар кишвари мо зиёд нестанд, вале беаҳамиятии институтҳои иҷтимоӣ ва худи ҷомеа метавонад бо гузашти замон ин мушкилро афзун гардонад. Дар навбати худ ҳолати мазкур метавонад дар оянда пояи зеҳнӣ-ақлонӣ ва касбии ҷомеаро хароб созад. Пӯшида нест, ки дар таълим ва тарбияи шахсият аҳамияти адаб афзалият дорад. Чӣ тавре дар фарҳанги мо ҳар рафтор ва гуфтор дар чаҳорчӯбаи адаб сурат мегирад, истифодабарии шабакаи интернет ва вақтгузаронӣ низ бояд дар доираи адаб сурат гирад.
Далер ҶАББОРОВ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Ҷавонон дар чангаки интернет
Нисфи гурезаҳои Ховари Миёна кӯдаконанд
Ё чӣ гуна аксари истифодабарандагон вобастаи интернет шуда мондаанд?
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Арақи ҷабине, ки шараф меорад
ВАРЗИШ
Хонандагони Мактаби президентии ноҳияи Данғара дар толори барҳовою замонавӣ дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаранд. Ин ҷо барои толибилмон тамоми шароит муҳайё аст. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълим Ҳақназар Асомиддин гӯшае нишаста, чашм аз ҷавонон намеканад. Муаллими варзиш писарону духтаронро тақсим намуда, худ низ ғарқи арақи ҷабин баробари онҳо тамрин мекунад. Садои дар муаллимро ба худ меорад.
- Муаллим Ҳақназар, ин ҷо нишаста ҷавониро ба ёд меорӣ? - мегӯяд Сайфиддин Ғафуров, муаллими фанни омодагии дифои ҳарбӣ. - Биё, ин ҷо шин, дӯстам, – таклиф мекунад Ҳ. Асо. - Истиқлолият неъмати худодод аст барои мардуми тоҷик. Бин, писарон чи хел зебоянду олуфта. Ин манзараро дида, солҳои талабагии муаллими варзиш Дӯстмурод Қаҳҳоров пеши назарам омад. Шогирди мо ҷавон асту дар касбаш содиқ. Рӯз то бегоҳ ҳамроҳи талабаҳо ғарқи арақи ҷабин меҳнат мекунад. Аз хӯрдӣ дар ин роҳ содиқ буд. Замоне ки талабаи мактаб буд, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Барои тамрин ин гуна шароит набуд. Талабаҳо дар гарду чанг олуда дарси тарбияи ҷисмониро меомӯханд. Рӯзҳои боронӣ бо сабаби набудани толор дарсро дар синфхонаҳо мегузаштанд. Дӯсмурод бо беқарорию чолокиаш миёни дигарон фарқ мекард. Бо ҳамсинфонаш гӯштингирӣ мекард. Чандин маротиба тағояш Қурбоналиро дар роҳ дошта мегуфтам, ки Дӯстмурод ба варзиш шавқи зиёд дорад, ба ягон толор баред, баъди дарсҳо тамрин кунад, аз ӯ варзишгари хуб мебарояд. Баъдан худи ӯ инро на танҳо ба тағояш, балки ба тамоми деҳа исбот кард. Дар маъракаи гӯштингирӣ, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид, бо маҳорату малаки баланд ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Дӯстмурод ба ҳамаи паҳлавононе, ки ҳамроҳи мураббиёнашон омада буданд, дастболо шуд. Аз ҳамон лаҳза фаъолияти варзишии шогирди мо оғоз гардиду ӯро ҳамагон ҳамчун варзишгар эътироф карданд. Баъди маъракаи гӯштингирӣ тағояш Қурбоналӣ Кароматуллоев ӯро ба толори варзишӣ бурд. Дӯстмурод аз ин пас дар тамоми мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод, ки намуди олимпист, иштирок мекард. Ҳамин меҳру муҳаббат ба варзиш буд, ки солҳои талабагӣ унвони номзад ба Устоди варзишро ба даст овард. Дар баробари оне ки берун аз кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, дар тамоми мусобиқаҳои наврӯзӣ муаррифгари деҳаи Саричашма буд... Дӯстмурод баъди хатми мактаби ми-
ёнаи таҳсилоти умумии №7-и ноҳияи Данғара, соли 2004 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил гардида, дар спартакиадаи донишҷӯён мақоми дуюмро касб намуд. Давоми як соли тамрин дар ҳайати дастаи яккачини кишвар аз намуди гӯштини тарзи озод Дӯстмурод Қаҳҳоров соли 2006 чемпиони Тоҷикистон шуд. Ӯро мебоист, ки барои парафшонии парчами кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ гирад. Баъди чемпиони ҷумҳурӣ гардидан соли 2006 дар чемпионати Осиё, дар шаҳри Доҳаи Қатар иштирок намуд. Соли 2007 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Москва медали биринҷиро ба гардан овехта, роҳхат ба чемпионати ҷаҳонро гирифт. Дӯстмурод дар чемпионати ҷаҳон, ки соли 2007 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, бо варзишгари Рус, қаҳрамони ҷаҳон Алан Дудаев қувваозмоӣ намуда, барои мақоми сеюм мусобиқаро бохт. Ҳарчанд мусобиқаро бохта бошад ҳам, ҳунару маҳорати варзишии паҳлавони тоҷик аз мадди назари коршиносони ҷаҳонӣ дур намонд. Ситоди мураббиёни гӯштини тарзи озоди давлати Шведсия Дӯстмуродро ба ҳайси мураббии гӯштини тарзи озод ба кишварашон даъват намуданд. Ӯ давоми ду сол (2010-2012) ба наврасони шведӣ дарс мегуфту пайваста нозукиҳои ин намуди гӯштинро аз мутахассисони кордону ботаҷриба меомӯхт. Дӯстмурод баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳияи Данғара аз намуди гӯштини тарзи озод ба ҷавонон таълим медод. Давоми фаъолияташ пайваста аз коршиносону мутахассисони соҳаи варзиши давлати Шведсия нозукиҳои ин касбро омӯхт. Баъди таъсиси Мактаби президентӣ дар ноҳияи Данғара Дӯстмурод ба хотири омода намудани ҷавонону наврасон ба ҳайси мураббии гӯштини тарзи озод соли 2012 ба кор оғоз кард. Ӯ дар Мактаби президентӣ қатори дигар намудҳои варзиши сабук маҳфили гӯштини тарзи озодро ба роҳ мондааст, ки давоми 5 соли фаъолияташ даспарварон дар мусобиқаҳои ҷумҳурию байналмилалӣ зинаҳои ифтихориро касб намудаанд. Шоҳрух Сайдалиев, дастпарвари Мактаби президентӣ баъди ишғоли ҷои аввал дар мусобиқаи ноҳиявию вилоятӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳуриявро соҳиб гашта, миёни наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ соли 2013 мақоми дуюмро касб намуд. Соли 2014 Муҳиддин Худойдодов ҷои дуюм, Шерхон Қаҳҳоров ва Суҳроб Кароматуллоев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон мақоми сеюмро ишғол намуданд. Барои варзишгарони маҳфили гӯштини тарзи озод дар Мактаби президентии ноҳияи Данғара соли 2015 хотирмон буд. Зеро дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ шогирдони Дустмурод Қаҳҳоров се медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Инҳо Шердили Ҳакимзод, Саймуҳаммад Ҳасанов, Муҳиддин Худойдодов (мақоми аввал), Шерхон Қаҳҳоров (зинаи дуюм) мебошанд. Соли 2016 шогирдони Дустмурод ба мусобиқаи байналмилалӣ роҳ ёфтанд. Парвиз Тоиров, навраси ин даргоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни 23 кило медали биринҷиро ба гардан овехт. Инчунин, худи ҳамин сол дар сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувват Холов Шердили Ҳакимзод дар вазни 26 кило ва Саймуҳаммад Ҳасанов дар вазни 38 кило медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Дӯстмурод Қаҳҳоров, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ин муваффақиятҳоро самараи истиқлолияти кишвар арзёбӣ мекунад. - Натиҷаи истиқлолияти кишвар аст, ки мо давоми фаъолияти кориамон ба ин дастовардҳо ноил гардидем. Замони наврасии мо ин гуна шароитҳо барои тамрин муҳайё набуд. Натиҷаи тинҷию амонист,
ки варзишгарони навраси мо на танҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, балки аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бо медал ба Ватан баргашта, шарафи кишварамонро ҳимоя мекунанд. Ҷавонони кишвар аксар табиатан обутобёфтаанд ва ин бартарият барои ғолиб гардидани онҳо сабаб мегардад. Намуди гӯштини тарзи озод, ки шомили бозиҳои олимпӣ аст, барои ҳар варзишгаре, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ифтихор аст. Аз ин рӯ, мо кӯшиш карда истодаем, ҷавононе, ки дар Мактаби президентӣ тамрин мекунанд, бо натиҷаҳои баланди варзишӣ ин даргоҳро хатм намуда, оянда варзишро давом дода, кишварамонро дар сатҳи Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ намоянд. Дӯстмурод аз дастовардҳои варзишии солҳои охир дар кишвар ифтихор намуда, варзиши кишварро дар ҳоли ҳозир рушднамуда арзёбӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо парчами кишварро баланд мебардоранду миллату давлатро муаррифӣ мекунанд, ифтихори на танҳо варзишгарон, балки ифтихори миллати сарбаланди тоҷик аст. Пеш барои варзишгарони мо шароити мусоид барои омода шудан муҳайё набуд. Имрӯз бо шарофати истиқлолият ва ғамхории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иншооту толорҳои наву муосир ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ бунёд гардидааст ва барои дастовард танҳо заҳмат мебояду бас. “Ман қатори дигар мураббиён хушбахтам, ки баъди сохта шудани Мактаби президентӣ Сарвари кишвар бовар карда толори наву замонавии ин даргоҳро ба мо супориданд ва мо бо дуои онҳо тамрини нахустини худро соли 2012 дар толори нав оғоз намудем. Кӯшиш мекунем, ки чеҳраҳои нави варзишро омода намуда, ба бовари Ҳукумати кишвар сазовор бошем”, - мегӯяд Д. Қаҳҳоров. Дӯстмурод тамоми дастовардҳои варзишгарони кишварро самараи истиқлолият арзёбӣ намуда, ҷоизадорону иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро хушбахтарин варзишгарони замони истиқлол ҳисобида, ояндаи варзиши кишварро дурахшон баҳогузорӣ мекунад: “Дастоварди Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик барои миллати тоҷик дар арафи ҷашни 25-солагии Истиқлолият туҳфаи бебаҳо буд. Ӯ ҷаҳонро қоил, миллатро муаррифӣ ва мардуми тоҷикро сарбаланд кард. Ин аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ нест. Акнун оғоз шуд. Иқдомҳое, ки солҳои охир барои рушди варзиш аз ҷониби Пешвои варзишпарварамон гирифта шуд, самараашро олимпиадаҳои дарпешистода ҳатман медиҳад. Ҷоизаи Президенти кишвар барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ як масъулияти дигарро бар дӯши варзишгарону мураббиён зам намуд. Онҳо талош мекунанд, ки ба ин ғамхории Пешвои миллат ҷавоби арзанда гардонанд. Аз таҷрибае, ки дораму дар якчанд машқҳои дастаҷамии давлатҳои Аврупо иштирок намудаам, метавон гуфт, ки дар панҷ соли оянда Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешрафтаи варзиши ҷаҳон мегардад. Акнун чеҳраҳои варзишии замони истиқлол барои муаррифии миллат ба майдони набард қадам мениҳанд ва мо ба онҳо бовар дорем”. Айни ҳол Дӯстмурод бо шогирдонаш баҳри иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд. -Ин талошҳою арақи ҷабин рехтанҳо бе натиҷа намемонад, дӯстам Сайфиддин, - мегӯяд Ҳақназар Асомиддин, омӯзгори ботаҷриба, ки Дӯстмуродро аз замони кӯдакӣ таълим додаю имрӯз бо шогирди ҷавонаш миёни омӯзгорон ифтихор мекунад.
Алишер ҲАЛИМОВ, ҷонишини директори Мактаби президентӣ дар ноҳияи Данғара оид ба таълим
13
«Бузургворон» оё ҳақиқатан сокитанд?
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Посух ба матлаби фармоишии охунди Истаравшанӣ
Маро навиштаву андешаҳои рӯбаҳмиҷозонаи шахси дигаре, ки дар солҳои охир ба сифати хизматгузори яке аз кишварҳои ҳамзабону ба истилоҳ дӯсти нохунакиамон ҷон меканад, бо исми Саидюнуси Истаравшанӣ, пушти компютер нишонд. Номбурда конфронси САҲА-ро бо обуранги бадеӣ ва ҳатто истифодаи истилоҳоти лирикӣ ончунон ба шавқу завқ ба риштаи наср мекашад, ки гӯё дар ин нишаст осмону заминро ба ҳам часпонида бошанд. Ҳамоно қаламашро ҷониби маҷрои дигар кашидаву мегӯяд: «Бо навиштани ин матлаб мехостем сирри ғайбати чанд бузургворонро кашф кунам ва онро ба дигарон бирасонам, то роҳравон ва мухлисону пайравонашон донанд, ки аз пушти кӣ ва ба куҷо мераванд? Дар айни замон роҳи интихобкардаи кӣ дуруст аст: аз пайравони роҳрав ё аз раҳбарони хомӯш? Як идда аз раҳбарони сокитро аз саркардаҳои ҲНИТ ба мисли ҷанобон Муҳаммадҷони Нурӣ, Сайидиброҳими Назар, Қамариддини Афзалӣ, Эшони Давлатхоҷа, Эшони Абдусаттор ва чанд каси дигарро мо худамон рӯйхат кардем». Аҷиб аст. Агар ин «бузургворон» дар масхарабозии Варшава ширкат накарданд, пас он ҷо кӣ буд? Иддае аз пешвоёни наҳзат дар маҳбасхона, боқимондагонаш ба қавли охунди истаравшанӣ «сокит», пас онҳое, ки аз номи наҳзат сухан мекарданд, киҳо буданд? Мантиқан аз ин ҷо метавон бардошт кард, ки ҲНИТ моли хонаводагии Муҳиддин Кабирӣ шудааст. Чун дар Варшава писаронаш аз номи наҳзат ширкату баромад доштанду бародарзодагону хоҳарзодагону хусурзодагону домоду язнаву ин қабил хешовандонаш. Дуруст, як-ду нафар раҳгумзадае мисли Илҳом Ёқубов ҳам буданд, ки ҳоло аз ғояти пушаймонӣ намедонанд худро ба кадом як сӯрохӣ зананд. Додоҷон Атовуллоев бошад, маълум аст. Ҳарчанд касе ба суроғаш нарасид ва ӯро напурсид, ба умеди боз чанд рӯзи дигареро аз ҳисоби чойпулии САҲА пушти сар кардан, худро то Варшава расонд. Ӯ дар байни чанд ҷавонаки раҳгум чуғзи пиреро мемонд, ки бо болу пари афсурдаю хамида ҳарчанд гуфтанӣ мешуд «мо ҳам ҳастем», касе садояшро намешунид. Чун он ҷо ҳар касе аз пайи баланд кардани садои худ буд. Садоҳо танҳо як
ҳадаф доштанд: муаррифӣ кардани хеш ҳамчун мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон то заминаро барои гирифтани иҷозати буду бош ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупо бигиранд. Боқӣ ҳама фасона буду халос. Акнун чанд ҳарфе дар бораи «бузургворони сокит». Оё онҳо дар ҳақиқат сокит буданд? Оё онҳо дар ҳидояту ташкили он қазия дасте надоштанд? Мазҳабгурехтаи мо худро оқилу дигаронро содда мепиндорад. Зеро ҳаминро барояш тӯли зиёда аз бист сол омӯхтаанд. Он «бузургворон»-и охунди истаравшанӣ, ки ба таъбираш «сокит» нишастаанд, маълум аст дар ҳамон кишвари ҳамзабону «дӯст»-и мо паноҳ бурдаанд ва он қадар «ором»-у «сокит» ҳам нестанд. Агар бошанд ҳам, дастур ҳамин аст. Чаро аз байни онҳо чанд нафар баргузидаю ба Варшава фиристода шуданд? Истаравшанӣ нисбат ба онҳо хомӯш аст. Зеро дастур ҳамин буд. Аммо аз ҷониби дигар, агар каме ба умқи масъала жарфтар равем, яқин мегардад, ки Саидюнуси Истаравшаниро аз сукуту вовайлои наҳзатиҳо ва гурӯҳакҳои якка ё бисту анд чандон парвое ҳам нест. Ӯ ба қавли худу хоҷагонаш «дорад» супориш иҷро мекунад. Таҳти навои кӣ рақс кардани Истаравшанӣ дигар ба касе пӯшида нест. Оне ки «бузургворони сокит» зери боли супоришдиҳандагони матлаби Истаравшанӣ қарор доранд, мисли об рӯшан аст. Танҳо тавассути навиштаи охунд онҳо расониданианд, ки қисмати наҳзатиёни дар кишварашон паноҳбурда, гӯё дигар амалан дар ҳеҷ иқдоме алайҳи давлату миллати худ шарик нестанд ва ин кишвар низ дигар ба чунин корҳо даст намезанад. Ваъдаҳое, ки борҳо додаву шикаста шуданд. Агар сокитҳо ҳақиқатан гуноҳи худро дарк кардаанд, чаро аз пайроҳаи хиёнат худро канор кашидаву ба Ватан барнамегарданд? Ҷое, ки касе ба онҳо кор нахоҳад гирифт. Вале агар мемонанд, бигузор бидонанд, ки ҳамдиёрони асолатбохта ва мазҳабфурӯше, чун Истаравшанӣ ва хоҷагони ӯ онҳоро боз ҷониби чоҳе мебаранд, ки аллакай ду бор бурда буданд.
Мизроби МУЗАФФАР, таҳлилгар
Омӯзгори бетарбия ва авбош Шояд ин якум бор аст, ки омӯзгор - тарбиятгари насли наврасро дар мизи ҷиноятии суд мебинем. Дар зоҳир ӯ бад наменамояд. Аммо дар ботинаш сиёҳиҳо бештар будаанд. Каримов Рустам Мирзоевич хатмкардаи факултаи забони англисии Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ аст. Ҳоло раиси созмони талабагӣ. Муаллими МТМУ №2-и ноҳияи Муъминобод. 6 соат дар ин таълимгоҳ ва 6 соати дигар дар мактаби №48 дарс дорад. Рустам бо Парвона Каримова хонадор шуду аз чи бошад, ки ситораашон бо ҳам рост наомад. Забони бади Рустами омӯзгор нешҳои заҳрнокашро пайваста ба ҳамсараш мезад. Вале ба ин қаноат накард. Чун Парвона низ омӯзгор аст, рӯзи 14 июни соли равон, соатҳои 11 Рустам Мирзоев дар даҳлези мактаби №2 бо ӯ ҷангу ҷанҷол бардошт. Назди дигар ҳамкорон Парвонаро зери лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона, беэҳтиромона вайрон намуд. Бо
ин амали ноҷавонмардонааш оромии муаллимон ва талабагонро Рустами тарбиятгари бетарбия халалдор сохт. Дар натиҷаи лату кӯб Парвона осебҳои ҷисмонӣ бардошт. Акнун хонандагон аз ин гуна раиси созмон чӣ ибрат мегиранд? Суди ноҳиявӣ нисбат ба муштзӯрии Рустам Каримов парвандаи ҷиноятӣ кушод. Ӯ бо моддаи 237 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, дар толори суд сурху сафед шуду аз рафтораш пушаймонӣ кард. Аммо ҳар амали бадро подошест. Бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятӣ ба Рустам Каримов ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 4 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Акнун қазоват кунед, ки чунин шахс ҳуқуқи маънавии таълиму тарбияи фарзандони мову шуморо дорад? Ба ин амалҳои Рустам Каримов бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва кор бо оила, маънавиёт, шуъбаи маориф, маъмурияти таълимгоҳи №2 чӣ баҳо медода бошанд? Наход дар ҷомеаи солим чунин амалҳои нангин рух диҳанд? Оё дар худи хонаводаи онҳо оромию солимӣ, эҳтирому ҳурмати якдигар ҳукмфармоӣ дорад? Ин саволҳоеанд, ки аҳли ҷамоатчии ҷомеаи моро бояд ором нагузоранд. На ҳар дипломдор олим, тарбиятгар, ибратманди дигарон шуда метавонад. Н. ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод
Дар баробари дигар муқаддасоти нуфӯзофари миллӣ варзиш ягона воситаест, ки бо қувваи бозу ва эҳсоси табиии инсонӣ давлат ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Дар шароити имрӯза варзиш риштаҳои гуногуни касбию оммавӣ ва олимпию ғайриолимпӣ дорад, ки мувофиқан самт ва шаклҳои фаъолияти худро муайян месозад. Аммо ришта ва ё раванди маъмул ва пурталоши варзиш намудест, ки давлатро на танҳо аз рӯи ишғоли ҷойи намоён тавассути мусобиқаҳо муаррифӣ менамояд, балки аз умқи таърих, тамаддун ва фарҳанги миллӣ ташаккул ёфта, ҳамрадифи номи миллат аст. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: “Дар баробари вусъат ёфтани намудҳои гуногуни варзиши ҷаҳонӣ дар кишвар аксари намудҳои варзиши миллӣ ҳам ҷоннок мегарданд, ки мо инро ҳангоми баргузории ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мушоҳида менамоем”. Яъне, агар намуди муқаррарии варзиш миллат ва давлатро танҳо ҳангоми ва ё дар ҷараёни мусобиқа бо назардошти ишғол намудани ҷойи намоён муаррифӣ намояд, пас варзиши миллӣ муаррифгари доимии миллат ва давлат мебошад. Мисол, гӯштини ҷудо новобаста аз ишитироки намоядаи Ҷопон дар ҳар мусобиқа ва умуман дар ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи варзишгар Ҷопонро ҳамчун тавлидкунандаи ҳамин намуди варзиш муаррифӣ менамояд. Дар ҳамин асно, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон маҳз бо ҳидояту дастурҳои ғамхорона ва дурнамои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки фарҳанги ниёкони худро дубора эҳё намояд. Нақши Пешвои миллат барои баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми варзиш, аз ҷумла, намудҳои варзиши миллӣ бахусус, гӯштини миллӣ, ки таърихи чандинасра дорад, басо назаррас ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати баланд бардоштани мақоми ин намуди варзиш соли 1993 бори нахуст чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намуди гӯштини миллӣ доир гардид, ки ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол доир мешавад. Соли 1997 барои қадрдонӣ намудани заҳматҳои мураббиёни соҳаи гӯштини миллӣ иловапулӣ барои натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардид, ки таваҷҷуҳ ва меҳрубонии бевоситаи Пешвои миллатро ба намудҳои варзиши миллӣ инъикос менамояд. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ, ки бештар бахшида ба санаҳои таърихӣ баргузор мегарданд, аз мавқеи хосаашон ба намудҳои варзиши миллӣ посух медиҳад. Гӯштини миллӣ хоси миллати тоҷик буда, аз асрҳои пеш – чи тавре аз “Шоҳнома”-и безаволи А. Фирдавсӣ маълум мегардад, дар арсаи ҷаҳонӣ роиҷ мебошад. Манбаи дигари инъикоскунандаи ин далели таърихӣ Иди байналмилалии Наврӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо муқаддам то имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Яке аз арзишҳои муҳим, маросими маъмул ва ҷолиби ин ҷашнвора баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла гӯштин мебошад. Бо ҳамин мақсад, яъне эҳтиром гузоштан ва эҳё кардани арзишҳои фарҳангию варзишии миллӣ бо ташаббуси як қатор давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Ин шароит агар аз як тараф имкон диҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд, аз тарафи дигар имконияти муносибест дар роҳи эҳё намудан ва равнақ додани намудҳои варзиши миллӣ, ба монанди гӯштини миллӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, дастхобонӣ, аспдавонӣ ва ғайра. Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар самти оммавигардонии варзишҳои миллӣ тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла 326 маҳфили гӯштини миллӣ бо фарогирии 3943 нафар амал менамоянд. Дар вилояти Хатлон шумораи маҳфилҳои гӯштини миллӣ ба 145 расидааст, ки дар он 1764 нафар наварсону ҷавонон нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзанд. Рушди ин риштаи варзиш дар ВМКБ бо 37 гурӯҳи гӯштини миллӣ ва 429 варзишгар таъмин шудааст. Дар вилояти Суғд ҷиҳати таҳкими гӯштини миллӣ 51 гурӯҳ таъсис ёфтааст, ки дар он 608 наврасу ҷавон ба тамрин машғул мебошанд. Ҷиҳати рушди гӯштини миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 80 гурӯҳ таъсис гардидаанд, ки дар онҳо 1012 наврасу ҷавон ҳар рӯз машқ мекунанд. Дар шаҳри Душанбе бошад, 13 гурӯҳ 130 нафарро фаро гирифтааст. Ин ҳама рақамҳо бори дигар собит месозанд, ки воқеан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парастор ва эҳёгари варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ мебошанд ва дар пайи боз кардани дари толорҳои нав ба рӯи варзишгарон заҳмат мекашанд. Зубайдулло МАҲМАДУЛЛОЕВ, мудири Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Гӯштини миллӣ ҳамрадифи номи миллат аст
Конфронси САҲА дар Варшава чеҳраи аслии ба ном мухолифини имрӯзаро нишон дод. Онҳо аз чанд тани ватанбезору бегонапараст, наздикону пайвандони Муҳиддин Кабирӣ ва як иддаи кӯчаке, ки аз гурӯҳи сиёсӣ дида ба авбошони кӯчагард наздиктаранд, иборат буданд. Худи наҳзатиҳо ҳам қойиланд, ки маҳз ҳамин гурӯҳак онҳоро дар назди хоҷагони роҳнамою супоришгарашон аз САҲА дар ҳолати ногувор монданд. Вале мақсад аз таълифи ин сатрҳо онҳо нестанд. Нисбат ба он шармандаҳои дари бори аҷнабӣ ҳарфе навиштан ҳайф кардани вақти қимат асту халос.
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Он рӯз абрӣ буд…
ТУРДИАЛӢ БОЙБОБОЕВ
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта) Сафар дар биёбони хаёл гом мезад. Фикрҳо радду бадал мешуданд. Ба хулосае омадан мушкил мегардид. Фикри тоза пайдо шавад, онро фикри дигар рад месохт. Ӯ миёни хаёлҳо баъзан хешро гум мекард. «Наход ӯ то охири умр зиштхӯю инҷиқ монад? – таҳаммул менамуд ҷавон. – Рафта-рафта ба худ меомадагист? Охир, бадр бе нуқсону зар беайбу гул бехор нестку! Фарзанддор гардад ҳам, хислаташ тағйир намеёфта бошад? Эҳ, замин сахту осмон баланд! Дар ин лаҳзаи сангин мисраҳои пурмуҳтавои зерин ёдаш омад: Агар ҳанзал хурӣ, аз дасти хушхӯй, Беҳ аз ширинӣ аз дасти туршхӯй. Чӣ бояд кард, ба ҳамсарӣ қабул намоям ё на? Волидонаш аз уҳдаи тарбияи дуруст набаромада бошанд, магар мо метавонем? Аз Худованд мадад мепурсем, то ки ӯ дар хонадони мо бо ҳама ҳамфикр шавад!». - Ман розӣ, - изҳор намуд Сафар. – Дар хонадони мо, ки дурандешанд, он рафторҳои нозебро бо гузашти вақт аз хеш дур месозед. Иншоаллоҳ, ҳамчун оилаи намунавӣ ном мебарорем. - Ташаккур, то имкон ҳаст, кӯшиш мекунам, – бо сари хам ва шарму ҳаё ҳарф зад Ҷамила. – Аз банда хатоӣ рух диҳад, сари вақт ислоҳ менамоед, хуб? - Хуб, азизам, – бо сари баланд ваъда дод ҷавон ва ба мақсад ворид гардид. – Барои шуморо ба ман банд кардан ба манзилатон рӯзҳои наздик одам мефиристам. Розӣ ҳастед? - Ихтиёратон, – гӯён аз шарм лаб газид духтар. – Шумо шаҳ-ку. - Шуд, азизам, гапу кор пухт, – аз посухи духтар болид Сафар. – Ба волидон пешакӣ фаҳмонед-дия, намояндаҳои моро интизор шаванд. Ту гулу ман хор, ки пайвастаем, Бе гулу бе хор набошад чаман. Мунтазири хурсандӣ будан ҳам хурсандист. Духтардорон он қадар зиёд интизор нашуданд. Пас аз се
рӯз онҳо меҳмононро пазироӣ намуданд. Гап-гап карданд, маслиҳат намуданд, розӣ шуданд, рӯзи тӯй ҳам аниқ гардид. Алҳисоб, тӯй барпо гашт. Он табъи дил анҷом ёфт. Зиндагии арӯсу домод шуруъ шуд. Хонадони шаҳ моҳҳо тӯйхонаро мемонд. Хушию хурсандӣ ҳукмрон буд. Аз миён шаш моҳ сипарӣ шуд. Рӯзе Ҷамила аз шодмонӣ Сафарро сахт оғӯш карду аз рухсораҳояш бӯсид ва бо андак ҳаё сар поён намуду: - Ҳомилаам, – паст-паст ҳарф зад. – Барои ҳамин худамро ким-чӣ хел ҳис мекунам. - Ваҳ, наход? – гӯён аз шодӣ се карат қад-қад парид Сафар ва Ҷамиларо сахт оғӯш кашида, бӯсид. – Табрик, азизам, табрик. Хуршеди ҳамал рӯят, дарёи асал хӯят! Худо хоҳад, дере нагузашта Шумо модару банда падар мешавем. ...Аз байн чор сол гузашт. Дар ин айём Ҷамила оҳиста-оҳиста тағйир ёфт. Тарки одат амри маҳол, гуфтагӣ барин, зиштхӯиашро афзун намуд. Ду кӯдак: як писару як духтар ба дунё оварда бошад ҳам, тундхӯиашро намепартофт. Дар муомила бо хусуру хушдоман, ҳатто бо шавҳар, дурушт буд, хешро боло мегирифту дигаронро нодида. Дар иззату икром, иҷрои корҳои хона бо ҳар ду пой мелангид. Гоҳ-гоҳ гургоштӣ ба вуқуъ мепайваст дар хонадон. Сафар барои ислоҳи ҷурм занро насиҳат менамуд, роҳҳои беҳбудиро мефаҳмонд. Вай нуқсашро ба гардан мегирифт, вале хешро ислоҳ карда наметавонист. Охир, наход ӯ бо ин рафтораш бузургманишӣ кунад? Хуллас, аҷаб хислате дошт Ҷамила. Боз ҳунари нозебе дошт Ҷамила: дуздию қаллобӣ. Ӯ молҳои хонаашро бароварда, дар маҳаллаҳои дуртар аз манзилаш мефурӯхт. Ҳол он ки ба ин эҳтиёҷ набуд. Зиндагии оила дар дараҷаи муқаррарӣ, яъне хуб, қарор дошт. Хӯи бад дар табиате, ки нишаст, Наравад то ба вақти марг аз даст. Сафар дар ноҳияе дар сафари хидматӣ буд. Аз тариқи телефон
ҳоли зану фарзандонашро зуд-зуд мепурсид, воқиф мешуд, хотирҷамъ мегашт. Хушдоманаш Марҳамат бо фарзандонаш арӯсу набераҳояшро нигаҳбонӣ менамуданд, то ки азият накашанд. Боре миёни писару духтарчааш ғавғо хест. Фарёди духтарчааш баланд шуд. Ҷамила зуд рафта писарашро кӯфту: - Зиндаятим, хоҳаратро ин қадар азоб медиҳӣ, - гуфт ва афзуд. – Мисли додот хунхорӣ-а? Як ту не, бо додот мур. Хайрият ин дуои бадро соҳибони хонадон нашуниданд, вагарна аз оташ аланга бармехест. - Имрӯз Сафар телефон кард ё не? – бегоҳӣ аз келин пурсид хушдоманаш Марҳамат. – Гӯй, аз тую фарзандонат хавотир нашавад, мо ҳастем. - Не, накард, – бо димоғи сӯхтаю ранги парида, ки дар чашмонаш оташаки кабудфоми хашму ғазаб аланга мезад, посух дод келин. – Мурад, мурдаша биёранд. - Ҳай-ҳай, ин тавр нагӯй, духтарам, – ба ҷои сӯхтан ба насиҳат гузашт Марҳамат. – Наход мурдани шавҳаратро хоҳӣ? Аз ман, модарат, шарм накардӣ? - Аз ту? – кирми рашк дар дили ақлрамида хона карду ба ту-ту гузашт. – Ту модар не, хушдоман. Марҳамат аз ин гапҳои беҳаёи арӯсаш хиҷолат кашид, ҳатто замин накафид, ки дарояду дигар суханони таҳқиромези келини хирасарашро нашунавад. - Чӣ гап, ин қадар ҳаёҳу, – пурсид шавҳараш Абдуҷалил аз занаш. – Қиёмат наздик-чӣ? Марҳамат бо сари хам ва авзои беҷо назди шавҳар рафту: - Ҳеҷ гап не, додош, – гуфт оҳиста ва сирро пӯшонд. – Байни худ маслиҳат кардем. Сафар аз мусофират баргашт. Зан варо бо табъи хира ва абрӯвони мисли уқоб овезонаш пешвоз гирифт. Муомилааш хунук буд. Дилаш бухс мекард. Чӣ гуфтанашро намедонист… Зи бахт рӯй турш карда пеши ёри азиз, Марав, ки айш бар ӯ низ талх гардонӣ.
- Ҳой, Сафар, аз ин хона набароям намешавад, – бо хашму чашмони хуношом гуфт Ҷамила. –Тоқатам тоқ шуд. Алоҳида зиндагӣ кардан мехоҳам. - Ҳоло барвақт, азизам, – бо навозишу наботхӯӣ изҳор кард Сафар. – Камтар тоқат кун, ҳисобамонро ёбем, баъд ягон гап мешавад. - Ва илова кард: Ман чаро дил ба ту додам, ки дилам мешиканӣ? Ё чӣ кардам, ки нигаҳ боз ба ман менакунӣ? - Не, ман гапамро ду намекунам, - ду пойро ба як мӯза андохт ва аз гиребони шавҳар гирифт Ҷамила. – Пас талоқамро бидеҳ, дигар шавҳар мекунам, вассалом. - Эҳ, туро ҳеҷ кас аз ин хонадон баромада рав нагуфтааст, – ба аспи ғазаб савор шуд Сафар. – Пас чӣ менолӣ? Сабр кун! - Не, гуфтам, не! – якравӣ кард Ҷамила. – Агар нахоҳӣ, дар ҳамин ҷо аввал ду фарзандам, баъд худамро мекушам. Аз ин валвалаю талабу таҳдиди келин хусуру хушдоман ҳам огоҳ гаштанд. Беандешагию бадхӯии вай ҳамаро ҳайрон кард. Дар зарфи қариб чаҳор сол ӯ хешро ислоҳ нанамуд, баръакс девонаавзотар шуд. Зани бад дар сарои марди накӯ, Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ. - Бо ин девсират чӣ кор кунам? – аз волидон маслиҳат пурсид Сафар. – Рафтораш, зиштхӯиаш ҳеҷ не ки ислоҳ шавад. На шуморо эҳтиром мекунад ва на маро. Мудом дилаш ғамгин, хотираш ҳазин, танаш дар бало ва ҷонаш дар азоб. Ҳа, беҳуда нагуфтаанд: дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст! - Ихтиёр ба худат, бачам, – ба хулоса омада гуфтанд волидон. – Намешудагиаш намешудааст-дия, дареғо. Боз бин, биноро сохтан душвору ба замин яксон кардан осон. Он рӯз абрӣ буд, саҳоб ашкфишонӣ менамуд. Табъи Сафар аз табъи табиат ҳам хиратар гаштааст. Ниҳоят дар ҳамин ҳолат вай ҷавоби Ҷамиларо, ки борҳо талабу таҳдид кардааст, дод. Аз он рӯз се сол гузашт. Вале Ҷамила ҳанӯз дигар шавҳар накардааст. Ба гуфтаи мардум: саге варо бӯй намекашад. Зеро дар оилаи онҳо як Ҷамила не, балки ду хоҳари дигараш низ монанди ӯ ин бадбахтиро аз сар гузарондаанд. Бародараш бошад, зану фарзандонашро ба ҳоли худ гузоштаю солҳои дароз дар ким-кадом гӯшаи дунё бо зани хирасаре қарор дорад. Оваҳ, ин нишонаҳои бадбахтиро, ки мардумони маҳаллаю деҳа ҳам хуб огоҳанд, ба тинати фарзандон тарбиятгарони ҷоҳил – волидон, ки ҷафокоранду хӯи ваҳшигарӣ доранд, бор кардаанд! Чу инсонро набошад фазлу эҳсон, Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор? Ҳа, оё рӯзе мерасида бошад, ки онҳо ҳам мисли дигарон латифхӯю хушбахт гарданд? Эҳ, он тарафаш ба сарнавишти онону тарафи дигараш ба инояти Худованди азза ва ҷалла вобаста, вассалом. Алҳисоб Сафар аз дасти занҷафои сагвафо обу адо гашт, дареғо!.. Агар зи дасти ҷафо бар фалак равад бадхӯй, Зи дасти хӯи бади хеш дар бало бошад.
15
Ширинкори сирк Матои нимабрешими рах-рах
Шумо њозир чиро пур карда истодаед?
Ширинии сафеди миллї
Китоб барои суратњо
Шакли пурраи номи Шурик
Фарёд
… ди Каприо Тўр, ќапќон
Боксчидухтари тољик … Чориева
Почтаи машњури интернетї
Хуб, нек
«Ба гузашта …, ба оянда эњтиёт»
Гурўњи талабагони шарикдарс
...у ишрат … Ќаззофї собиќ роњбари Либия
Муќобили бадї
Сарояндаи тољик ... Исоев
Либоспўшї аз рўи он аст
Хўрдании хамирии гўштдор Оташ (лањљ.)
Кирдор, кор
Механизми одаммонанд
Сухани охирини ѓолиб дар шоњмот
Воњиди пули Япония
Касби Кова («Шоњнома»)
Љойи китобгузорї дар љевон
…-Йорк, шањр дар Америка «Хайр!»-и итолиёї, ќофия ба «какао»
Таг, зер Ин хазанда ваќти хатар дум мепартояд
Замин
Холї, мањрум
Гиёњи хушбўй, укроп
Дар он хун љорї аст
Мењмони доимии казино
Бо он мебўсанд
«Тикэ-тикэ кардї дили маро» месарояд
Суруд (лањљ.)
Обу њавои хоси њар минтаќа
... Пўлодї, њунарпеша
Ёфтани љавоби мисол … кардан
Нота
Навъи гўштин, ихтироъи русњо
Моњи дуюми тобистон
Киштзори тарбузу харбуза
Палто, шим ва курта
Ин дарё ба бањри Арал мерезад
Мошинро идора мекунад
Хуб
Бадќањр
... и Љомї, Борбад, Вањдат
Асбоб барои дидани чизњои хурдтарин
Шоњи Форси Ќадим
Императори љањонгири Фаронса
Асбоби чўббурї
Махлуќи калонљуссаи афсонавї
Ќисса, њикоя
Отряди махсуси милиса (русї)
Пайвандаки хилофї
Духтари калонї барои хурдињо
Тамѓаи автомашинаи немисї
Карамшўрбои русї
САНҶИШИ ДОНИШ
Яроќ, силоњ
Массаж
Подаи бузу гўсфанд
… Мањмадшоева, овозхон
Мори печони обї
Ду бари рў ва номи занона
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Реша аз 1600
Яке аз духтарњои Сурайё Ќосимова
Фосилаи байни дарсњо
Сканворд
Пирами... да (тољ.) Амонќулова, сарояндаи «Дар лаби Донишоб…» гоњи динї
Кактус ва садбарг доранд
Миќдори бештар
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Қадри зар заргар бидонад...
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №43 (9469), 27.10.2016
Падар аз духтараш пурсид: - Мадина, ту кадом дарсро дӯст медорӣ? - Дарси охиронро, дада!
Ҷавон ба назди марди ҳунарманд рафту гуфт: - Ман худро хеле бечораву нодаркор ҳис мекунам, то ҳадде ки дигар зистан намехоҳам. Хоҳишмандам, ба ман кӯмак кунед! Ҳунарманд ба ҷавон як назари сатҳӣ андохта, саросемавор ҷавоб дод: - Бубахш, ман ҳоло хеле серкорам ва ба ту кӯмаке карда наметавонам. Ман бояд фавран як кори хеле муҳимро анҷом бидиҳам, - ва баъди каме андеша кардан илова намуд - Аммо агар ту ба ман дар иҷрои ин корам ёрӣ расонӣ, пас ман низ бо қаноатмандӣ барои ҳалли мушкили ту кӯмак хоҳам кард. - Хуб шудааст, устод, - нимғурма гуфт ҷавон ва бо ҳасрат аз дил гузаронд, ки ин дафъа низ мушкили ӯро дуюмдараҷа ҳисобиданд. Ҳунарманд аз ангушти худ ангуштарини начандон калонеро, ки нигини он аз санги зебое сохта шуда буд, бароварда ба ҷавон дароз кард: - Ба асп савор шуда, ба бозор рав. Ман бояд ин ангуштаринро фавран фурӯшам ва қарзамро баргардонам. Кӯшиш кун, то онро бо нархи гаронтар фурӯшӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо арзиши камтар аз 1 тангаи тилло розӣ нашав. Ҷавон дар бозор ба ҳар тараф гашта, ангуштаринро ба тоҷирон нишон медод. Онҳо бо завқ ва ҳисси кунҷковӣ ба моли ӯ менигаристанд. Аммо вақте доир ба тангаи тилло мешуниданд, ҳамон замон ҳама шавқу рағбати онҳо нисбат ба ангуштарӣ гум мешуд. Танҳо як тоҷири куҳансол бо суханони нарм ба ӯ фаҳмонд, ки тангаи тилло арзиши хеле баланд аст ва ин ангуштарӣ ҳаргиз чунин арзиш дошта наметавонад, нархи ин ангуштарӣ танҳо ба 2 тангаи мисин ва ё ҳадди ақал ба 1 тангаи нуқрагин баробар буда метавонаду халос. Ҷавон ғамгин шуд ва ба асп савор шуда баргашт. Бо хотири мушавваш ба назди ҳунарманд расид: - Устод, ман супориши шуморо иҷро карда натавонистам, - сарафканда гуфт ӯ. – Ман ангуштариро бо арзиши як тангаи нуқра фурӯхта метавонистам, аммо шумо таъкид кардед, ки бо нархи камтар аз 1 тангаи тилло розӣ нашавам. Ин ангуштарин бошад, чунин арзиш надорад. - Ту айни ҳол хеле суханони пурарзиш гуфтӣ, писарам, - гуфт марди ҳунарманд. – Қабл аз он ки ангуштаринро фурӯшӣ, зарур аст, ки аввал арзиши аслии онро бидонӣ. Инро ба ғайр аз заргар кӣ беҳтар медонад? Ба назди заргар рав ва аз ӯ бипурс, ки барои ин ангуштарини мо чанд пул медиҳад. Ҷавон аз нав асп тозонда ба назди заргар рафт. Заргар ангуштаринро зери пурбин гузошта, дурудароз нигоҳ кард, сипас онро дар тарозучае баркашид ва оқибат ба ҷавон рӯ оварда, гуфт: - Ба устод бигӯ, ки айни ҳол ман барои ин ангуштарин аз 58 тангаи тилло зиёдтар дода наметавонам. Аммо агар ӯ ба ман вақт диҳад, ман каме дертар ин ангуштаринро бо нархи 70 тангаи тилло мехарам. - Ин ҷо шин, - баъди шунидани нақли пурҷӯшу хурӯши ҷавон гуфт ҳунарманд. – Дониста бош, писарам, ки ту мисли ана ҳамин ангуштарин ҳастӣ. Қиматбаҳо ва нодиру нотакрор. Баҳои туро танҳо нафаре медонад, ки туро воқеан хуб мешиносад. Пас, чаро ту дар бозорҳо гашта, мунтазир мешавӣ, ки кадом як ношиноси тасодуфӣ арзиши туро муайян кунад?
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Дар боғи ҳайвонот: - Оча, барои ман фил мехаред? - Баъд филро чӣ мехӯронем? - Ҳеч чиз. Ин ҷо навишта шудааст: “Ба фил хӯрок додан қатъиян манъ аст!”
***
Дар кӯдакистон. Мураббӣ барои пӯшонидани колготкии духтарча 5 дақиқа ҳаял мекунад. - Ин колготкии ман нест! – мегӯяд духтарак. Мураббӣ хомушона ҳамин қадар вақти дигарро барои баровардани колготки сарф мекунад. - Ин аз додарам аст, аммо модарам гоҳ-гоҳ онро ба ман ҳам мепӯшонад!
***
Суҳбати ду мард: - Писарат ин қадар зуд қадаш баланд шудааст, аз гӯшаш мекашӣ чӣ? - Не, фақат мониторро ҳар моҳ 5 сантиметр боло мебардорам.
***
Савол: - Чӣ мешавад, вақте “Челсӣ” ва “Милан” бо ҳам бозӣ кунанд? Ҷавоб: - Ду миллиарддор тамошо мекунанд, ки 22 миллиондор чӣ хел бозӣ мекунанд.
ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ таҳти №02/8343 бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковский-79/2, квартираи 29, ки 22.10.1990 дар бюрои техникии байниноҳиявии бақайдгирӣ бо рақами 3314 сабт шудааст ва шартномаи хариду фурӯши манзили номбурда миёни шаҳрвандон Евдакимова Александра Кондратевна ва Ҳакимов Ҳалим аз 11.08.1994 бинобар сабаби гум шуданашон эътибор надоранд.
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
ОБУНА - 2017
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ таҳти феҳристи 1Ш-952 бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Яккачинор-48/1, ки ба шаҳрванд Қосимова Миҷгона Каримовна тааллуқ дорад, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи №099391, ки МТМУ №9-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 1998 ба Давлатова Зуҳро додааст, эътибор надорад.
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
Билети донишҷӯии гумшудаи №7714, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли 2014 ба Ашӯров Фирӯз Сулаймонович додааст, эътибор надорад.
ХИЗМАТРАСОНИИ ҲУҚУҚӢ
Адвокат оид ба корҳои ҷиноятӣ ва ҳодисаҳои нақлиётӣ. Тамос: 985557305
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6459 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»