ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН
Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ
№44 (9574), 01/11/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Яке аз фарзанд безору дигаре ба нохуни ӯ зор... саҳифаи
5
саҳифаи
6
Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ
Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстист саҳифаи
Бо онҳо ифтихор дорем саҳифаи
Коррупсия - зуҳуроти номатлуб саҳифаи
7 9
11
Ҳар як иқдоми Пешвои миллат зарур ва саривақтист
Ҳарчанд ки ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон боиси қурбонии зиёд ва хисороти ниҳоят вазнин гардид, вале ин нақшаи шуми душманони миллати мо барбод рафт ва тири хоинони Тоҷикистон хок хӯрд... Имрӯз дахолати берунаи харобкоронаву тақдирсӯзе, ки беш аз ду даҳсола қабл дар Тоҷикистони мо сурат гирифта буд, дар чандин кишвари Шарқи Наздик ва Миёна ва дигар минтақаҳои дунё, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар амалӣ гардида, дар натиҷа садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар ба тарки манзили зисту ватани худ маҷбур шудаанд.
саҳифаи
15
2 30 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст “Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нуҳ моҳи соли 2018 таҳлил намуда, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018, татбиқи мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд. Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои давлатӣ барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши содироти молу маҳсулот, роҳандозии фаъолияти самаранок дар самти
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Иттилоия истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, дода шуд Дар кори маҷлис Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2020 - 2021 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2020 - 2021 гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ бо мақсади дар амал татбиқ кардани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ
кардани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт, таҳия гардидааст. Сипас дар кори маҷлис масъала Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Лоиҳаи қарори мазкур барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ворид кардани иншооти зарурӣ ба он баъди аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ манзур кардани таклифу пешниҳодот, таҳия карда шудааст.
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд. Таъкид гардид, ки аз руи таҳлилҳо солҳои охир истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, дар он саҳми соҳаҳои истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хом ва кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2018 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти вилоят 107 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 110 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми онҳо мутаносибан ба 12,8 ва 8,1 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Дар вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2018 ба 5,6 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 6,6 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 4,4 миллиард сомонӣ ё 7,6 фоиз ва чорводорӣ 1,2 миллиард сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили
пахта, мева ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка, вазифадор карда шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи солҳои 2016-2017 қисми зиёди лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 20162020 ба нақша гирифташуда аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст. Тибқи маълумот дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар баробари дастовардҳо дар бахшҳои алоҳида камбудиҳо низ ба назар мерасанд ва Сарвари давлат барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Вазифаҳои дигар ҳамчунин вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, кишту кори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” гузориши раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади эҳё, ҳифз, рушди мероси фарҳангӣ, анъанаҳои таърихии санъати ҳунармандӣ, қонеъ гардонидани талабот ба маснуот ва маҳсулоти ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои рушди ҳунармандӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок карда, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои омӯзишӣ касбу ҳунарҳои мардумиро таъсис диҳанд. Дастурҳои дигар барои эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дода шуд. Дар кори маҷлис баъди муҳоқима хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Аъзои ҳукумати Ҷумҳурии
корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа, дода шуд. Дар нуҳ моҳи соли 2018 аз 614 корхонаи саноатӣ 100 корхона ё аз шумораи умумӣ 17 фоиз бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст. Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки доир ба фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳои дахлдор андешанд. Дастурҳои дигар доир ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияҳои муосир ва диверсификатсияи истеҳсолоту содирот, дода шуд. Дар асоси нақшаи ободониву бунёдкории шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 6000 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо боиси фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон ва боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо мегарданд. Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ супориш дода шуд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои ҳозиразамон, санъати баланди меъморӣ, сари вақт ва босифат таъмин созанд. Зимни баромади худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаҳои рушди минбаъдаи шаҳру ноҳияҳо, беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз ҷумла пешрафти соҳаи сайёҳӣ,
Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” - ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар кори маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 ва Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023 муҳокима карда шуд. Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маводи сухт ва озуқа, омодагии иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар фасли сармо, ҷамъоварии беталафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, супоришҳои мушаххас доданд.
таъмин намудани амният, суботу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар қаламрави вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, сохторҳои марбутаро барои пешрафти кор дар ин самтҳо ва ислоҳи камбудиҳо, волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, вазифадор карданд. Супоришҳо ҳамчунин доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сухт дар давраи зимистонгузаронӣ, дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Дар машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми нуҳ моҳи соли 2018, рафти татбиқи супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд. Дар охири кори машварат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат баҳри пешбурди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд. www.president.tj
Роштқалъа: Ванҷ: Мусобиқа Ҷавонон бо кор таъ- миёни ҷавонони ҷамоатҳо мин мешаванд ВМКБ
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Роштқалъа дар ҳамкорӣ бо намояндагии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ барои 30 нафар ҷавонони ноҳия семинари омӯзишӣ гузаронид. Семинар дар мавзӯи “Омода намудани лоиҳаҳои муваффақи бизнесӣ” дар доираи нақша - чорабиниҳои бахш, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуданд, рӯи кор омада, дар он инчунин перомуни ҳунарҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, челонгарӣ ва ғайра ба ҷавонон маълумоти иловагӣ дода шуд. Зуҳро Муллоҳукматова, мудири бахш гуфт, ки дар ҷамъбасти семинар ҷавонон анкетаҳоро пур карда, баъди қабул гардидани лоиҳаҳои бизнесӣ онҳо муддати се моҳ дар донишгоҳи мазкур ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва беҳтаринҳо дар оянда бо ҷои кор таъмин хоҳанд гашт.
ДУШАНБЕ
хотима ёфт
Мусобиқаи волейбол дар ҷамоати Маҳмадулло Абдуллоев миёни ҷавонони ноҳияи Ванҷ анҷом ёфт. Ҳамин тавр, аз байни шаш ҷамоат Язғулом ҷои аввал ва Ҷовидону Рованд зинаҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Ғолибонро мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Масрур Ғайратов бо ифтихорномаю мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард. Ёдовар мешавем, ки мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи пеш оғоз гардида буд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Фестивали “Оши палав” баргузор мегардад
Рӯзи 10 ноябр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрдори Душанбе дар Боғи фарҳанги шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории Фестивал муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари
ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Тибқи иттилои коршиносони тоҷик, дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз 50 навъи палав оварда шудааст ва палави тоҷикӣ
аз палавҳои эронӣ, туркӣ ва ҳиндуӣ фарқ мекунад. Ҳоло ошпазони касбии тоҷик 130 навъи палавро пухта метавонанд. Бояд гуфт, ки баргузории Фестивали «Оши палав» дар густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги Оши палав мусоидат мекунад.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ ва бозии футбол миёни ҷавонон Дар шаҳри Душанбе бо иштироки волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷавонони шаҳр машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ
дар боғи навбунёди ба номи Аҳмади Дониш доир гардида, ба таъкиди масъулин ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ба ин васила солиму бардам нигоҳ доштани саломатии хеш мебошад.
Пас аз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон бозии дӯстонаи футбол миёни ҷавонон ва волонтёрон баргузор гардид. Муниса ДОДОВА, “ҶТ”
Турсунзода: иштироки бонувон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ ШНТМ
Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки рӯзи шанбе дар майдони марказии шаҳри Турсунзода гузаронида шуд, беш аз 170 нафар (50 нафар бонувон) иштирок намуданд.
Дар сартосари ноҳия бошад, 1200 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд, ки аз ин 250 нафарро занон ташкил медиҳад.
Файзобод: вохӯрӣ бо ҷавонон Дар асоси нақша - чорабиниҳои муштараки Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ноҳиявии КДАМ дар 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои касбии таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин дар мавзуъҳои пешгирии
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии насли ҷавон аз бемориҳои ВНМО, даъвати ҷавонписарон ба хизмати Ватан-Модар, баромад намуда, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
Хатлон: Иштироки 6380 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ
ХАТЛОН
Санаи 27 октябр бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар асоси Нақшаи баргузории
чорабиниҳои оммавӣ варзишӣ ва солимгардонӣ баргузор гардида, тибқи иттиллои Раёсат дар назди 28 майдон ва гулгашту хиёбонҳои 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуданд. Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ зиёда аз 6380
нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Аз ин шумора 1400 нафарро бонувон ташкил карда, 2080 нафар дастпарварони мактабҳои варзишӣ, 2330 нафар сокинону ҷавонон ва 1970 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо буданд.
Норак: вохӯрии намояндагони КҶВ бо ҷавонони шаҳр Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Норак оид ба пешгирии ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хавфнок миёни ҷавонони шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Раёсат дар якҷоягӣ бо масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Норак баромад намуда, ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро паст кардани
сатҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ унвон карданд. Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон масъалаи хатари терроризм дар ҳоли баррасӣ аст ва даъвати ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, тарғиби суннатҳои неки ниёгон, пос доштани осори гаронарзиши гузаштагон вазифаи ҷонии ҳар як инсони комил аст.
Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
Суғд: 214 зинаи ифтихории хонандагон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ ва як қатор олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ба таъкиди масъулин, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандагони вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардида, инчунин дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ бошад, 214 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд.
Мастчоҳ: 3 медали тиллои паҳлавонон аз мусобиқаи байналмилалӣ
Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо байни наврасон, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, аз худ маҳорати баланд нишон дода, 3 медали тилло ба даст оварданд. Варзишгарони муваффақшудаи ноҳия дар ин мусобиқа – Тошов Муҳаммадиқбол, Мирсоқиев Эҳсон, Мустафо Аюбӣ ва Амонов
Анварҷон мебошанд, ки 3 нишони тилло ва 1 биринҷиро соҳиб шуданд. Ғолибони мусобиқаро дар маркази ноҳияи Мастчоҳ теъдоди зиёди дӯстдорони варзиш ва масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуда, пирӯзиро ба қаҳрамонҳо табрик гуфтанд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Нахустфоруми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ Нахустин маротиба дар кишвар форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти шиори “Пайравони Пешвои миллатем” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Форум бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиаи кишвар рӯзҳои 30-31 октябри соли 2018 бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, генералону собиқадорони соҳа, афсарону сарбозон, иштирокчиёни форум, волонтёрон гузаронида шуд.
Субҳи 30 октябр қабл аз кушодашавии қисмати расмии форум бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати мудофиа дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта шуд. Қисмати расмии чорабиниро дар толорои бинои марказии Вазорати мудофиа вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо ифтитоҳ намуда, мақсад аз баргузории форумро тақвият бахшидани донишу малака, таҷрибаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳию ватанпарастии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ арзёбӣ намуд. Вазири мудофиа дар суханронии худ зикр намуд, ки ғамхориҳои пайваста, таваҷҷуҳи зиёд ва эълон намудани соли 2017 дар кишвар ҳамчун Соли ҷавонон аз сиёсати хирадмандона ва ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон ба ҳисоб меравад: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ қувваҳое ҳастанд, ки аз нерӯи бузурги ҷавонон истифода бурда, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноку нопоки худ истифода мебаранд. Барои он ки ҷавонон тақдири ояндаи миллатро ба даст гиранд, Истиқлолияти давлатиро ҳифз карда тавонанд, бояд ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ дошта бо-
шанд. Ба ин мақсад мо бояд корро дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ба таври муассир ба роҳ монда, ҳамкориро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, тамоми вазорату кумитаҳо ва ташкилоту созмонҳо боз ҳам тақвият диҳем. Дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат оид ба баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон, аз он ҷумла аз афсарону сарбозон талаб мекунад, ки онҳо ба халқу Ватан, ба Президенти кишвар, ба савганди ҳарбии худ ва ба хоки муқаддасти Ватан содиқ бошанд ва барои он ҷаонашонро дареғ надоранд,”гуфт вазири мудофиа. Шарифзода Фирӯз, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Тоҷикистонро аз ҷиҳати аҳолӣ ба яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб дониста, қайд намуд: “Ҷавон будани аҳолӣ нерӯи бузург аст. Ин нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа аз солҳои аввали истиқлолият ифодагари ифтихори миллӣ ва шукргузор аз истиқлолияти давлат мебошад. Ояндаи давлату миллати мо ба насли ҷавон мансуб буда, онҳо умеду такягоҳи давлат мебошанд. Ҷавонон бояд сазовори боварии Пешвои миллат гашта, саҳми арзандаи худро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни Ватани азизамон гузоранд. Дар нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромии кишвар саҳм гузоранд. Имрӯз ки нахустин форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъвати таҳти шиори “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор гашта истодааст, бовари комил дорем, ки он барои шиносоии ҷавонон аз ҳаёти воқеии сарбозону афсарон ва баҳри рӯҳбаланд намудани хизматчиёни ҷавон ва ҷавонони синни даъватӣ мусоидат менамояд”. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Аҳтам Абдуллозода баргузории форумро дар марҳилаи сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати модар-Ватан рамзӣ хонда, иброз дошт: “Чорабиниҳое, ки дар форум баргузор мегарданд, дар замири ҳар як иштирокчӣ ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва меҳандӯстию ватанпарастиро бедор месозад”. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар идомаи баромади худ аз ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти кишвар баҳри насли ҷавон ёдовар шуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Дар системаи давлатдории навини дунё ин қадар меҳру муҳаббате, ки Роҳбари давлат нисбати ҷавонон дорад, маҳз дар Тоҷикистон аст.
Таҷрибаи ҷавондӯстдории Пешвои муаззами миллат бесобиқа аст. Ин як шарафи бузург барои ҷавонон аст ва ҳар лаҳзаи онро бояд бо самар истифода намоянду ҳар дам шукргузорӣ аз ин неъмат кунанд”. Дар фарҷом як қатор иштирокчиёни форум аз ҷониби Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома, ифтихорнома ва медалҳои ҷашнӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
Чанде пеш расонаҳои кишвар дар бораи навзоде, ки аз кӯча ёфт шуд ва модаре, ки аз надоштани шароит мехост 6 фарзанди худро ба ятимхона супорад, матлаб нашр намуданд ва он сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Ин мавзӯест, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бархе бар он назаранд, ки тангдастӣ ва танҳоӣ занҳо ва умуман оилаҳоро ба ин кор водор мекунад, қисми дигари ҷомеа бар онанд, ки бидуни никоҳ таваллуд гаштани тифл боис гаштааст, ки навзодонро ба кӯча ё хона интернатҳо месупоранд. СӮИСТИФОДАИ ОИЛАҲО АЗ ЯТИМХОНАҲО Баҳсҳо атрофи ин мавзӯи доғ зиёд аст, вале чӣ бояд кард, то садди роҳи ин ҳама гирифта шавад ва фарзандон назди модарони хеш ва дар оилаҳои солим ба воя расанд? Ёрдамчии ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Азиз Солиев мегӯяд, ки дар аксари ятимхонаҳо аз ятимони кул дида, кӯдакони нимятим ё камбизоат зиёдтар ҷой карда шудаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ ятимхонаҳо барои бархе аз оилаҳо як чизи тайёр шудааст, ки фарзанди худро меоранд ва ба уҳдаи давлат мепартоянду дигар онро суроғ намекунанд. Ҳоло он ки бояд ҳар як кӯдак тибқи хулосаи Комиссияҳо оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки маҳалли зист ба ятимхона ҷалб карда шавад. Мавсуф зикр намуд, ки он кӯдаконе, ки аз оилаҳои камбизоат ба ятимхонаҳо ҷалб карда мешаванд, мӯҳлатнок аст. Яъне то як андоза хуб гардидани вазъи он оилаҳо, кӯдаконашон дар ятимхонаҳо мемонад: «Вале тавре ба назар мерасад, ин оилаҳо аз ин чиз сӯистифода намуда, кӯдаконашонро ба ятимхонаҳо то як муҳлати муайян ҷой мекунанд, вале дигар онҳоро суроғ намекунанд. Вақте ки кӯдак ба балоғат мерасад, баъдан ба суроғи кӯдак мебароянд». Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки давлат имкони ҳамаи кӯдакони ятим, нимятим ва камбизоатро зери сарпарастии худ гирифтанро надорад. Барои ҳамин муқаррар карда шудааст, ки ятимхона барои ятимон ва нимятимон аст. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки дар як ятимхона ҳамагӣ як нафар ятими кул аст, боқимонда ҳама нимятиманд. - Барои ҳамин иқдомеро пеш гирифтанд, ки онро дар забони ҳуқуқ институтзиализатсия меноманд, ки тибқи он бояд кӯдак дар оила тарбият гирад. Мо ҳоло бо ҳамин принсип рафта истодаем. Лекин дар таҷриба ҳастанд ҳолатҳое, ки падару модар дар маҳбасанд ё дар муҳоҷиратанд ва ба ғайр аз онҳо кӯдак дигар саробон надорад, дар ин ҳолат мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як кӯдак ба таври инфиродӣ дида баромада шавад. Як роҳи ҳалли он пайдо шавад ва кӯдак дар нимароҳ ва ё бетарбия намонад.- илова намуд А. Солиев.
МУЛОҲИЗА Мавсуф гуфт, ки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид чор принсипи бунёдӣ дорад, ки яке аз онҳо ин «Манфиати беҳтарин кӯдак» ном гирифтааст, ки тибқи он дар баъзе ҳолат муассиса нисбат ба оилае, ки вай ба он бармегардад, хубтар аст. Мисоли ин ҳамонест, ки як зан бо 6 кӯдакаш дар шароити бади иқтисодиву иҷтимоӣ зиндагӣ менамуд. Хушбахтона, онҳо соҳиби хона ва ҷои зист гардиданд. Ба гуфтаи ӯ принсипи СММ дар ҳолати ин кӯдакон амал мекунад. Яъне гарчанде ки онҳо модар доранд, вале хубтар аст, ки онҳо дар шароити беҳтар бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар муассисаҳои интернатӣ ҷой карда шаванд, чунки дар он
сол пеш маълум гардида буд ва он кӯдаконро амакаш аз Русия омада ба хонаи худаш бурда ҷой карда буд. Вале бо кадом сабабҳое онҳо баргашта дар он ҳолат зиндагиро давом доданд. ПАДАРОН БА ЧАВОБГАРӢ КАШИДА ШАВАНД Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки бештари вақт оилаҳои ҷавон, ки барои бунёду нигаҳдории оила аз диди равониву иҷтимоӣ омода нестанд ва ё онҳое, ки вазъи иҷтимоии хуб надоранд, кӯдакони худро мепартоянд ва ё ба ятимхонаҳо месупоранд. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки дар ҳолати дар кӯча мондани кӯдак ва ё ба ятимхона тариқи ғайриқонунӣ ҷалб кардани кӯдакон бояд саробони онҳо дар назди қонун барои
ди сар мешаванд ва кори аз ҳама осон аз онҳо бо ҳамин роҳ халос шудан аст. Номбурда мегӯяд, ки ин ҷо таъкидро танҳо ба модарон ҳавола кардан асли беадолатӣ ва хомии ҷомеа аст. Мо аз модар он қурбониеро талаб менамоем, ки ӯ қудрати онро надорад. Зеро ба ӯ ҳангоми тарбия касе малакаҳои заруриро надодааст ва танҳо тавассути масъулияти модарӣ ҳамаи мушкилоти зиндагиро ҳал кардан имкон надорад. Дар мавриди он ки оё аз нигоҳи психологӣ мешавад он модарон ва оилаҳоеро, ки кӯдакони худро мепартоянд, бемор гуфт, номбурда мегӯяд, ки муҳаббати модарӣ махсусияти ғаризавӣ дорад. Яъне он ё ҳаст, ё нест. Набудани ғариза,
Яке аз фарзанд безору дигаре ба нохуни ӯ зор...
Ё чӣ бояд кард, то фарзандон назди модарони хеш ва дар оилаҳои солим ба воя расанд?
ҷо давлат онҳоро зери паноҳи худ мегирад ва онҳоро тарбия менамояд. А. Солиев барои бесарпаноҳ нагаштани кӯдакон пешниҳод намуд, то вазъи ҳар як тифл ба таври инфиродӣ баррасӣ карда шавад ва баъдан онҳо ба ятимхонаҳо ҷалб гарданд: “Вақте ки мо ҳамаи онҳоро якбора аз инернатҳо мебарорем, дар кӯча мемонанд ва оянда ба корҳои ношоиста даст мезананд. Барои ҳамин пешниҳод мекардам, ки ваъзи зиндагии ҳар як кӯдак вақте ки ба ятимхона ҷалб карда мешавад, ба таври инфиродӣ баррасӣ карда шавад. Яъне бояд муайян намуд, ки он муҳите, ки кӯдак зиндагӣ мекунад, чӣ гуна аст, оё бобову бибӣ, дигар аъзои оила дорад, шароиташ чӣ гуна аст? Оё ӯро нигоҳубин карда метавонанд ё не?!” Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳолати Зуҳро Сайфуллоева, ки чанд рӯз пеш расонаӣ карда шуд, ҳанӯз ду
беаҳамиятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҷомеашинос ва психологи тоҷик Марям Давлатова бар он назар аст, ки ҷомеаи муосир чанд буҳрони тӯлониро пайваста паси сар карда истодааст. Оила бахши аз ҳама осебпазири ҷомеа аст, зеро ҳомии мушаххас надорад, ҳарчанд қонунҳои мо онро гӯё ҳифз мекунанд. Дар асл ин ҷо ҳам қонунҳо осонакак қабул мешаванд, вале татбиқ карданашон кори бештаре мехоҳад, вале таваҷҷӯҳи мо дар ин маврид аслан кофӣ нест. Тавре мавсуф мегӯяд, кӯдакон осебпазиртарин қишри ҷомеаанд ва ҳангоме ки оила бунёди қавӣ надорад, ҳам волидони ҷавон ва ҳам волидони онҳо барои бунёду нигаҳдории оила аз диди равониву иҷтимоӣ омода нестанд, камтарин масъалаи иқтисодӣ метавонад сад мушкили бузургро пеш биёварад. Табиист, ки кӯдакон барои ин гуна оилаҳои хомпаз дар-
ё дертар бедор шудани он маънои бемории равониро надорад. Мавсуф гуфт, ки албатта агар ин модарон бихоҳанд, ки кӯмаки равонӣ гиранд, кори хубе мешавад. Шояд ба саволҳои мушкили худ ҷавоб бигиранд ва роҳи зиндагияшонро пайдо кунанд. Вале ҳар ойина барои тарбияи фарзанд махсусан бахши иқтисодии он падарон ва ақрабои онҳо бештар уҳдадоранд ва ҷомеа бояд иҷрои қарзи иҷтимоиву иқтисодияшонро назди фарзандон қатъан талаб намоянд. Дар ин замина М. Давлатова пешниҳод намуд, то падароне, ки боис мешаванд кӯдакон дар кӯча ё хона - интернатҳо монанд, ба чавобгарӣ кашида шаванд: “Падарони фарзандбезор ва хешу таборонашон, ки ба ин мусоидат мекунанд, бояд ба ҷазо кашида шаванд, то ки фарзандон зиндаятим набошанд ва ба ятимхонаҳо равона нашаванд. Модаронро бо кӯдаконашон танҳо нагузоред. Ба
5 онҳо аз ҳама ҷониб кумак кардан лозим. Танҳо дар ин сурат метавонем аз онҳо кадом як амали табъи дили худамонро талаб намоем. Вагарна ҳатто додани ин савол аз рӯйи мантиқ ва инсоф нест”. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 73 ятимхона фаъол аст, ки то ин тағйирот даҳ ҳазор хонандаро ба тарбия фаро гирифта буданд. Бино ба як гузориш “Оид ба риояи эъломияи ҳуқуқи кӯдак”, ки аз сӯи созмонҳои кор бо кӯдакон соле пеш таҳия шуда буд, аз шумори умумии наврасоне, ки дар ятимхонаҳо тарбия мегиранд, танҳо 304 нафар ятими кул ва ҳудуди 3 ҳазор нафар нимятиманд ва боқимонда кӯдакон зиндаятим мебошанд. ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАСТГИРИИ ЧУНИН ОИЛАҲО Ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксаран мусалмон мебошанд, дар асоси қавоини динӣ ҳифзу ҳимояи кӯдак яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи оила ба ҳисоб меравад. Пас, суоле ба миён меояд, ки ислом дар мавриди оилаҳое ки фарзанди худро мепартоянд, чӣ мегӯяд? Сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов оид ба ин масъала қайд намуд, ки модароне, ки фарзандони худро бидуни эҳтиёҷот ва ё худсарона мепартоянд, аз нигоҳи шариат онҳоро оқи фарзанд мегӯянд. Онҳо дар назди Худованд масъулияти ниҳоят бузургро доранд ва Худованд чӣ ҷазое, ки барои онҳо мувофиқ бинад, онро мегиранд. Ба гуфтаи ӯ аз нигоҳи ахлоқӣ ва минталитети тоҷикона низ онҳоро модар ном бурдан дуруст нест. Чунки таваллуд кардани фарзанд дар ихтиёри худи модар аст. Ҳатто падар ҳаққи ҷабр карданро надорад, ки зан фарзанддор шавад. Чунки ҳамаи азобу машаққатҳо ба модар аст ва таваллуди тифл ҳам ҳаққи модар аст. Хулоса, бо шунидани он ки як модаре фарзанди худро дар кӯча мепартояд, шахс ба умқи андеша фурӯ меравад. Чунки имрӯз дар баробари он ки яке аз фарзанд безор аст, дигаре ба нохуни ӯ зор ва саввумӣ аз тангдастӣ фироқи фарзандро мепазирад. Фарзанд бузургтарин неъмати Худованд ва беҳтарин ҳадяи зиндагист. Модар будан бузургтарин ифтихор аст, ки мутаассифона на ҳар зан дарк мекардааст. Вале дар мавриди модароне, ки шароити зиндагӣ маҷбур мекунад фарзандонро аз худ дур кунанд, мушоҳидаҳо нишон дод, ки инсонҳои хайрхоҳу саховатпеша кам нестанд, ки пеши роҳи парокандагии фарзанду модарро бигиранд дар мисоли Зуҳро Сайфуллоева ва шаш фарзанди ӯ. Шояд беҳтар мебуд ин воситаи кӯмаки дастаҷамъонаро ба як фонди ҷамъиятии хайриявии махсуси кӯмаки оилаҳо ташкил медодем?! Садбарги РАҲМИДДИН,”ҶТ”
6
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
МАВЗӮИ МУҲИМ
Наврасону ҷавонон давомдиҳандагони кору пайкор, фарҳангу маънавиёт ва соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб мераванд. Бо дарки муҳиммияти ин масъала имрӯз дар кишвар ҷиҳати илмомӯзии наврасон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаааст, то онҳо омӯзанду соҳибилму соҳибтахассус гарданд ва саҳмгузор дар пешрафти меҳан бошанд. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе наврасон ва махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ҳастанд, ки ба қадри ин ҳама имконоту шароит нарасида, ба оворагардию корҳои беҳуда машғул мешаванд, ки дар натиҷа манфиате ба худ нагирифта, баръакс замони созандагии худро аз даст медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати рафъи мушкилоти мазкур аз ҷониби идораҳои гуногуни давлатӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, то андозае дар самти пешгирии мушкилоти мазкур саҳми худро мегузоранд. Дар баробари дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ҷиҳати пешгирии оворагардӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар чорабинии махсус гузаронида мешавад. Имсол низ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таълиму тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби замони муосир, дар замири наврасон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба ин васила аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ ҷалб намудани онҳо семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ” гузаронида шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, семи-
Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ нари мазкурро ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, “дар соли аввале, ки чунин чорабинӣ гузаронида шуд, иштирокчиёни он ба дигарон бовар намекарданд ва аз ҳадафи баргузории чунин семинар нафаҳмиданд. Вақте ду-се рӯз ҳамроҳашон кор намудем, онҳо дарк намуданд, ки дар зиндагӣ хато кардаанд. Вақте инсон мефаҳмад, ки хато кардаистодааст, сари вақт мушкилиҳояшро бартараф карда метавонад”. Раиси Кумита дар идомаи суханронии хеш доир ба оқибатҳои нохуши рафторҳои нодурусти баъзе наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки бояд онҳо аз фурсати ҷавонӣ самаранок истифода намоянду тарзи нодурусти рафтори худро тарк созанд ва роҳи солиму орӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубро пеша созанду ба қадри волидони хеш бирасанд, ки баҳри онҳо тамоми саъйи худро дареғ намедоранд. Агар онҳо аз ҳамин рӯз иқдом намоянду тарки одатҳои дурушт созанд, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда дорои зиндагии хубу шоиста хоҳанд гашт. Зеро ҳар як кор аз худи инсон вобастагии калон дорад. Бо таассуф зикр гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар аз тарафи 734 нафар наврасону ҷавонон ҷиноят содир гардидааст. Дар пайи ин ҷиноятҳои ҷавонон 734 оила ба ғаму андуҳ дучор гардидаанд, ки ин хеле нигаронкунанда аст. Ҷавонон бо ин рафторҳои нохуби худ волидонро рӯҳшикаста намуда,
миёни дӯстону наздикон шармсор менамоянд. Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тамоми имконият ва инфрасохтори зарурӣ барои тарбияи дурусти насли наврас фароҳам оварда шудааст. Масъулини семинар вобаста ба мавзӯи мадди назар аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутаассифона баъзе падару модарон дар тарбияи фарзандон беаҳамияти зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа наврасону ҷавонон ба оворагардӣ машғул мешаванд. Оворагардии наврасону ҷавонон ташвишовар буда, он барои тарбияи дурусти наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ халал ворид месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пешқадамтарин давлати Осиё дар роҳи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа шинохта шуда, имрӯзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ин қишри ояндасоз таваҷҷуҳу ғамхориҳо зоҳир мегардад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуб ва пешгирии онҳо аз оворагардӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаистодааст. Дар семинари “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ”, ки тӯли се рӯз аз 24 то 26-уми октябр аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати
кишвар баргузор гардид, ба он 30 нафар наврасон ва ҷавононе, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул мебошанд, ҷалб гардида, дар муддати се рӯз ба онҳо семинарҳои омӯзишӣ, психологӣ – равонӣ ва ҳамзамон сайёҳати мавзеъҳои таърихию маданӣ, бозиҳои гуногуни илмию варзишӣ гузаронида шуд. Ба таъкиди масъулин семинари омӯзишии “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ”, ки соли дуввум аст, аз ҷониби Кумита бо мақсади пешгирии оворагардии ҷавонон доир мегардад, таҷриба нишон медиҳад, ки ба ин васила наврасону ҷавонон аз оворагардӣ ба донишандузӣ мепардозанд ва аз хатои хеш огаҳ гардида, роҳи дурустро интихоб менамоянд. Дар рӯзи сеюми семинари мазкур бо наврасону чавонони иштирокчӣ ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба фаъолияти волонтёрӣ Осим Раҷабов, волонтёри фаъоли Кумита дар атрофи “Фаъолияти волонтёрӣ: аз дастовард то муваффақият” суҳбати озод ороста, доир ба фаъолияти волонтёрӣ суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат гуфта шуд, ки фаъолияти волонтёрӣ айни ҳол дар тамоми рӯйи дунё барои ҷавонон мактаби бузурги бардошти таҷриба дониста шуда, ҷавононе, ки имрӯз фаъолияти волонтёрӣ менамоянд, онҳо метавонанд, ки худро дар дилхоҳ самт ва ё соҳа озмоиш созанд. Зеро волонтёрӣ дар ҳамаи самту соҳаҳо имкони бардошти маҳорату малакаи кордонӣ мебошад. Имрӯз дар кишвари мо низ фаъолияти волонтёрӣ
Оғози барномаи инноватсионии «Насли имконоти номаҳдуд» дар Тоҷикистон Дар Тоҷикистон озмуни тарҳрезии лоиҳаҳо миёни ҷавонони эҷодкору навовар барои беҳтар кардани таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои насли ҷавон оғоз мегардад. Ин озмун бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Созмондиҳандагони озмун аз ҷавонон ва наврасони синнусолашон аз 15 то 24-сола даъват менамоянд, то лоиҳаҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили ҷойдошта дар яке аз ин самтҳо пешниҳод созанд: 1. Чӣ гуна дастрасӣ ба донишу малакаҳоро барои а) ҷавонони дорои маъюбият; б) ҷавонон
аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон метавон беҳтар кард? 2. Чӣ гуна омодагии ҷавонони Тоҷикистонро ба талаботи муосири бозори меҳнат метавон беҳтар кард? Ҷавонон ва наврасон ба дастаҳои иборат аз 3 то 5 нафар муттаҳид шуда, ба воситаи торнамои Озмоишгоҳи инноватсионӣ – www.navovar.tj дархости онлайнии иштирок дар ин озмунро фиристода метавонанд. Дастаҳои ҷавонон баъди гузаштан аз даври интихобии озмун дар як тренинги омӯзишию амалӣ бо истифода аз усули «ПЕШСАФ» (UPSHIFT) иштирок мекунанд, ки он дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2018 дар Озмоишгоҳи
инноватсионии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур 5 лоиҳаи беҳтарин интихоб гардида, раванди татбиқи онҳо маблағгузорӣ ва роҳнамоӣ хоҳад шуд. Ташаббуси глобалии «Насли имконоти номаҳдуд» дар 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ мешавад. Баҳори соли 2019 лоиҳаҳои аз ҳар як кишвар интихобшуда бо мақсади муайянсозии пешниҳодоти беҳтарин мавриди баҳодиҳии як ҳайати коршиносони байнулмилалӣ қарор мегиранд. Ин лоиҳаҳо бо маблағгузории иловагӣ таъмин шуда, барои татбиқи васеи онҳо барномаи инфиродии роҳнамоӣ фароҳам мешавад. Иштирокдорони пирӯзшуда баҳри амалисо-
рӯз то рӯз рушду ташаккул ёфта, шумораи он ба ҳазорҳо нафар рафта мерасад. Бино ба оморҳо айни ҳол дар кишвари мо зиёда аз 4252 нафар ҷавонону наврасон ба ҳайси волонтёр кору фаъолият карда истодаанд, ки ин боиси ифтихор аст. Дар тӯли се рӯзи семинар инчунин бо иштирокчиён суҳбати озоди Абдуназаров Парвиз, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон дар атрофи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва Зубайдулло Маҳмадуллоев, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар атрофи эҳтироми волидайн ва калонсолон аз ҷониби наврасону ҷавонон доир гардид. Зимни суҳбатҳои мазкур гуфта шуд, ки риоя намудани тарзи ҳаёти солим ва пеш аз ҳама қоидаҳои он барои ҳар нафар муҳим мебошад. Зеро риояи он инсонро ҳамеша солим нигоҳ дошта, омили пешгирии гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳост. Инчунин ҳангоми суҳбат атрофи эҳтироми волидайн ва калонсолон аз ҷониби наврасону ҷавонон таъкид гардид, ки бояд ҳар ҷавон пеш аз ҳама эҳтироми волидон ва калонсолонро ба ҷо биёрад. Зеро гузаштагони мо ҳамеша дар нигоштаҳои хеш таъкид бар он намудаанд, ки шахс бояд нисбати дигарон соҳибэҳтиром бошаду ба қадри наздикони худ бирасад. Зеро ҳамаи ин барои ба қуллаҳои баланд рафта расидани шахс чун обу ҳаво зарур аст. Чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, суҳбату вохӯрӣ бо намояндагони идораҳои дахлдор, сайру саёҳати мавзеъҳои фарҳангию таърихии шаҳри Душанбе дар тӯли се рӯзи баргузории семинари мазкур ба иштирокчиён писанд омада, он чун роҳнамое онҳоро ба суи роҳи дуруст таҳрик дод. Дар охир ба иштирокчиёни семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ” гуфта шуд, ки ҳеҷ кору амали зишт оқибати хуб надошта, он танҳо ба ноумедӣ, дилсардӣ ва шикаст хурдан дар зиндагӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд тарки одату рафторҳои нодуруст намояду донишу илм омӯзад ва бо касбу ҳунари хеш зиндагии худу атрофиёнашро боз ҳам хубтару беҳтар созад ва ба ин васила саҳмгузор дар рушди ватани худ бошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
зии муваффақонаи ташаббуси глобалии «Насли имконоти номаҳдуд» мусоидат мекунанд, ки он як шарикии фарогир ва нав буда, зимни чорабинии сатҳи баланд дар иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи он то соли 2030 бо таҳсили босифат, касбомӯзӣ ва шуғли муносиб таъмин кардани ҳар як ҷавон мебошад. Айни замон дар ҷаҳон 1,8 миллиард нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд. «Насли имконоти номаҳдуд» бо такя ба дониши коршиносони ҷавон, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои бисёрҷониба, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба таҳсилот, рушди малакаҳо ва тавонмандсозии наврасон ва ҷавонон мусоидат мекунад. Тафсилоти бештар дар торнамои Озмоишгоҳи инноватсионӣ – www.navovar.tj Барои маълумоти иловагӣ, лутфан, тамос гиред: Шуҳрат Шарифов, Масъули иртибототи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, ssharipov@unicef.org, тел.: (+992) 93 914 40 10.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
НИГОҲИ ДИГАР
7
Ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстии сарбозон талаби замон
Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстист Дар доираи Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ, ки таҳти шиори “Пайравони Пешвои миллатем” рӯзи 31 октябр, дар боғи Ирам як чорабинии пуршукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори раёсати тарбия ва сиёсати Вазорати мудофиа генерал майор Дониёрзода Меҳваршо, мудирони бахшҳои ноҳиявии кор бо ҷавонон ва варзиш, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ, афсарону сарбозон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҷавонону волонтёрон иштирок карданд. Дар қисмати аввали чорабинӣ сарбозон маҳорати ҷангии худро ба намоиш гузошта, аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд. Дар қисмати дигар, ки аз суҳбат ва суханрониҳо иборат буд, қисме аз иштирокчиён баромад ва
маърӯзаҳо карданд. Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар суханронии худ зикр намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд,”гуфт дар идомаи суханронии хеш Дилноза Аҳмадзода. Генерал майор Дониёрзода Меҳваршо, сардори раёсати тарбия ва сиёсати Вазорати мудофиа саҳми
ҷавононро дар Артиши кишвар назаррас арзёбӣ карда, гуфт: “Воқеан ҳам, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, боиси ифтихор аст, ки имрўз ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан мубаддал гаштаанд. Дар давоми беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад”. Дар идома маросими савгандёдкунии як зумра наваскарон баргузор гардида, ҳамчунин аз ҷониби аҳли санъат барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Хуршед ХОВАРӢ “ҶТ”
Вақте мо Ватан ва давлат мегӯем, моро ифтихор фаро мегирад, ки мо ватандору давлатдор ҳастем. Ватани мову давлати мо Тоҷикистон аст. Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд ба таври ҳамеша аз ин неъмати бебаҳо шукргузорӣ кунему эҳсоси ифтихору масъулият намоем. Зеро миллатҳое бо нуфузи бештар аз ин неъмат бебаҳраанд. Ватандориву давлатдорӣ як паҳлӯи масъала асту ҳифзи он паҳлӯи дигар. Ва имрӯз ҳифзи марзу буми Ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлол бар уҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вогузошта шудааст.
Дар ин радиф мехоҳам аз як таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавам: “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд”. Оре, сарнавишт ва ояндаи миллату давлатамон, осудагиву оромии аҳли ҷомеа ба хизмати пуршараф ва далериву шуҷоати хизматчиёни ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Дар шароити муосири ҷаҳони пуртазод, хатарҳо ба ҳаёти осоиштаи инсоният, афзоиши ифротгароиву терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ масъулият ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бамаротиб меафзоянд. Ва иҷрои муваффақонаи ин вазифаҳоро хизмати шабонарӯзӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ таъмин карда метавонанд. Фарзанди ман Гулов Шаҳзод бо дуои неки падарам, ки 84 сол доранду хизмати ҳарбиро дар сафи Артиши шӯравӣ анҷом додаанд, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваст. Ман худам низ хизматро дар давраи донишҷӯйӣ дар
Флоти ҳарбиву баҳрӣ – Флоти Шимолӣ дар муддати 3 сол анҷом дода будам. Он замон ҷавонони кишвар аз зодгоҳ ҳазорон километр дуртар хизмат мекарданд. Шукри Истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз фарзандонамон дар Ватани соҳибистиқлоламон барои ҳифзи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандиро ба ҷо меоранд. Ман ҳам аз рӯи тақозои касбам чун журналист ва ҳамчун шахрванди кишвар ҳамеша ба вазъият ва шароитҳои сарбозон таваҷҷуҳ дорам, ба шогирдон – журналистони оянда дар ин бора табодули афкор мекунам. Таҷрибаи андӯхтаи Артиши миллии моро дар ин муддати кӯтоҳ метавон ба таҷрибаи садсола баробар донист. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо техникаи муосири ҳарбӣ, бинову иншоотҳои ба талабот ҷавобгӯй таъминанд. Мо дилпур ҳастем, ки иқтидори мудофиавии Ватанамон барои ҳифзи кишвар басандааст, ҳеч қуввае наметавонад марзу буми мо, оромиву суботи ҳаёти моро халалдор созад. Ва муҳимтар аз ҳама дар Қувваҳои Мусаллаҳ нерӯи кадрӣ – афсарони соҳибкасбу соҳибмаълумот хизмати содиқона ба ҷо меоранд ва дар тарбияи сарбозон дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, дар роҳи камолоти ҷисмониву маънавӣ ва касб аз худ кунии сарбозон нақши бориз доранд. Яъне, Артиши миллӣ як навъ мактаби мардонагиву шуҷоат, обутобёбии насли ҷавон, роҳнамоӣ ба ҳаёти минбаъда гардидааст. Таъминоти сарбозон бо сару либос, хӯрокворӣ ва дигар лавозимот дар сатҳи баланд ба таври бояд ва зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Мо – шаҳрвандон бояд фаромӯш накунем, ки як лаҳза бепарвоӣ дар ҳифзи Ватан ин баробари хиёнат ба сарнавишти Давлату Миллат ва ояндагонамон аст. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати мудофиа, шахсан вазири мудофиа, генерал-полковник Шералӣ Мирзо барои фароҳам овардани шароити сазовори хизмати ҳарбӣ аз номи падару модарони сарбозон изҳори сипос менамоям. Ва ба ҳайати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар иҷрои рисолати шарафмандонаашон саломативу барорӣ таманно дорам. Сангин ГУЛОВ, устоди ДМТ
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
7 медали қаиқронони кишвар дар Самарқанд Аз 20 то 25 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё аз рӯи намуди қайиқронӣ баргузор гардид.
Қадрдонии ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи Осиё – 2018 қадрдонӣ шуданд. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар дар кори ҷаласа муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Абдуллозода Аҳтам, аъзои Кумитаи иҷроия ва ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 иштирок карданд. Дар оғози ҷаласа Шамсулло Соҳибов ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018-ро, ки аз 18 август то 2 сентябр дар давлати Индонезия баргузор шуд, табрик намуда, иброз дошт, ки Бозиҳои Осиё баъд аз Бозиҳои олимпӣ яке аз бонуфузтарин чорабинии варзишӣ мебошад. Қайд гардид, ки бо ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумита дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ҳайати 105 нафар ба бозиҳо сафарбар кард. Фақат аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпӣ барои сафарбар кардани 50 нафар варзишгарону мураббиён ва таъмини даста бо лавозимот ва либоси варзишӣ беш аз як миллион сомонӣ хароҷот карда шуд. Варзишгарони мо аз рӯи 17 намуди варзиш дар бозиҳо иштирок карда, ба гирифтани 7 медал – 4 нуқра, 3 биринҷӣ шарафёб шуданд. Медалҳои нуқраро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ, Шаҳриёр Даминов дар намуди қайиқронӣ, Беҳрӯз Хоҷазода дар намуди кураш, Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо, медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар намудҳои дзюдо ва самбо, Шакармамад Мирмамадов дар намуди дзюдо сазовор шуданд. Бо нигаронӣ қайд карда шуд, ки Федератсияи байналмилалии самбо варзишгари тоҷик Умед Ҳасанбековро барои истифодаи доруҳои мамнуъ (допинг) муттаҳам кардааст. Аз номи Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон, ки охири сол тақдим мешавад, ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё сипоснома ва мукофотпулӣ дода шуд. Барандагони медали нуқра дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт карданд. Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона, ишғоли ҷои дуюми тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи миллии олимпӣ сарфароз гардид. Аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии наврасонро, ки 6-18 октябр дар Буэнос Айреси Аргентина баргузор шуд, натиҷагирӣ карда, оид ба иштироки Тоҷикистон дар аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон, ки соли оянда дар Сан Диегои ИМА ба нақша гирифта шудааст, ҳамчунин, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои литсензионӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 муҳокимаронӣ намуданд. Рӯйхати варзишгарон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои омодагӣ ва ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар асоси натиҷаҳои нишондодаи як соли охири варзишгарон иваз карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки бо сабаби танишҳо миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ давоми як сол мо натавонистем ба се варзишгари ин намуд дастгирии молиявӣ расонем. Ҳамчунин, варзишгар-
духтар дар намуди каратэ Фарангис Баҳромзода бо сабаби ба шавҳар баромаданаш аз варзиш канор рафт ва маблағи ҷудошуда ба ӯ давоми як сол сухт. Ҳамин тариқ, бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ рӯйхати нави варзишгарон ҷиҳати дарёфти дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ шуд: 1. Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 1000 доллари ИМА; 2. Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 800 доллари ИМА; 3. Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) – 700 доллари ИМА; 4. Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) – 600 доллари ИМА; 5. Раҳимов Темур (дзюдо) – 500 доллари ИМА; 6. Боқиев Суҳроб (дзюдо) – 300 доллари ИМА; 7. Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) – 300 доллари ИМА; 8. Қаландарова Шоҳида (дзюдо) – 300 доллари ИМА; 9. Ҳалимова Моҳру (таеквондо) – 300 доллари ИМА; 10. Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА; 11. Гулсунбӣ Шарифова (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА; 12. Мунира Бобоҷонова (қайиқронӣ) – 200 доллари ИМА; 13. Саидҷон Гулов (гӯштини озод) – 200 доллари ИМА; 14. Мадина Мадкаримова (таеквондо) – 200 доллари ИМА; 15. Абдулҳаев Суҳроб (гӯштини юнонӣ-римӣ) – 200 доллари ИМА. Варзишгарони номбаршуда баъд аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз моҳи январи соли 2019 то сентябри соли 2020 ба гирифтани дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ мушарраф мешаванд. Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 7 медал гардиданд. Варзишгаронро дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи қайиқронӣ, хешу наздикон ва ҳаводорони варзиш истиқбол намуданд. Дар маросими истиқболи варзишгарон қайд гардид, ки варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаҳои 500 ва 1000 метр бо каноэи якнафарӣ ба гирифтани ду медали тилло мушарраф шуд. 5 медали биринҷиро варзишгарони мо дар қувваозмоиҳои даставӣ (чорнафарӣ) сазовор шуданд. Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаи 1000 метр Шаҳриёр Даминов, Мустафо Даминов, Иван Ковалев, Дилшод Ҷӯраев, дар масофаи 500 метр Шаҳриёр Даминов, Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов, Дилшод Ҷӯраев, миёни ҷавонони то 17-сола Мунира Бобоҷонова, Зумрат Пирназарова, Камила Пирназарова, Нозанин Лутфуллоева медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ду медали дигари биринҷиро варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё сазовор шуданд: дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафарӣ Абдусаттор Ғаффоров ва дар байдаркаи дунафарӣ Абдусаттор Ғафуров ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров.
“Истиқлол” маротибаи ҳафтум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд Бозии даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон-2018, 27 октябр миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “РегарТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Дар ин дидор “Истиқлол” бар тими “Регар-ТадАЗ” ғалаба кард, (1:0 ) дар таърихи мавҷудияташ маротибаи 7-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Голи ягонаро ҳамлагар Комрон Турсунов дар дақиқаи 60-уми бозӣ ба ҳадаф расонда, беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дониста шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ баъд аз вохӯрии ниҳоӣ Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ
Амирзода, ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва Алишер Урунов, ҳамчунин намояндаи расмии ширкати «Huawei» дар Тоҷикистон Суй Фэн ширкат намуданд. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2018 – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар баробари медали тилло ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30000 сомонӣ дарёфт кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, соҳиби медали нуқра ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 20000 сомонӣ гардид. “ҶТ”
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
Имрӯз қаҳрамонии футболбозони навраси тоҷик, ки дар Чемпионати Осиё оид ба футбол ба дастоварди намоёни варзишӣ ноил шуданд, вирди забони хурду калони кишвар, алалхусус мухлисони сершумори футбол гаштааст. Дар ҳар як гӯшаву канори кишвар аз ин дастоварди бузурги варзишии наврасони тоҷик, ки дар таърихи футболи тоҷик беназир аст, сухан мегӯянду ин комёбии нотакрор руҳияи мардуми шарафманди тоҷикро басо болида ва сафи мухлисону дӯсторони сершумори футболро дар кишварамон боз ҳам афзун намудааст. Дар ин сабқати қаҳрамонӣ қатори дигар ҳамдастагон ду нафар муҳассилини Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҷонибек Шарифов ва Шоҳрух Сангов дар ба даст овардани ғолибияти даста саҳми худро гузоштанд. Ҳамин буд, ки чун як навъ нишони қадрдонӣ ва истиқбол аз комёбии футболбозони навраси кишвар ба ифтихори ин ду футболбози умедбахш дар коллеҷи номбурда, чорабинии бошукӯҳу хотирмон сурат гирифт. Он рӯз шодиву хурсандии устодону шогирдони муассиса ҳаду канор надошт. Ҳар яке аз онҳо изҳори хурсандӣ менамуданд, ки ҳамсолони онҳо - муҳассилини Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҷонибек Шарифов ва Шоҳрух Сангов дар ин чорабинии бонуфӯз фаъолона ширкат варзида, барои ба даст овардани роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2019 баргузории он дар назар аст, саҳм гирифтанд... Дар мавриди муваффақияти футболбозони навраси тоҷик директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Бахтиёр Камолов андешаҳои худро чунин иброз доштанд: “Ин комёбии футболбозони дастаи мунтахаби футболи тоҷик умеди ҳазорон – ҳазор мухлисони кишварамонро ба ояндаи ин риштаи маъмули варзиш боз ҳам қавӣ гардонид. Бешубҳа, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футбол - дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, минҷумла муҳассилини Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
9
Бо онҳо ифтихор дорем - Ҷонибек Шарифову Шоҳрух Сангов ситораҳои футболи тоҷиканд. Онҳо дар таърихи футболи кишвар собит сохтанд, ки футболи тоҷик метавонад, дар сабқатҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ истодагарӣ намояд. Албатта, ин муваффақияти футболбозони тоҷик ва он ҳама дастовардҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ то имрӯз варзишгаронамон ба даст оварданд, пеш аз аз ҳама аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати варзиш аст. Танҳо тули чанд соли охир шоҳиди навгониҳои зиёд дар мисоли бунёди иншоотҳои зиёди бузурги муосири варзишӣ, оммавӣ гардонии варзиш дар байни аҳолӣ гардида истодаем. Таваҷҷуҳи хоссаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди футбол сол ба сол натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Комёбие, ки наврасонамон дар риштаи футбол ба даст оварданд, далели бебаҳси ин гуфтаҳост. Дар пешрафти соҳаи футболи кишвар, бобати омода намудани мураббиёну омӯзгорони риштаи футбол дар қатори дигар сохторҳои соҳа, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон низ масъулиятро ба зимма дорад ва дар ин замина бомаврид аст қайд намоем, ки солҳои зиёд аст, дар муассиса ихтисоси “Футбол” амал менамояд ва айни замон бисёр хатмкунандагони ихтисоси “Футбол”-и муассиса ба сифати мураббиёну омӯзгорон дар рушди футбол саҳм гузошта истодаанд. Ҷонибек Шарифову Шоҳрух Сангов низ айни замон муҳассилини ихтисоси “Футбол”-и Коллеҷ мебошанд
ва аз онҳо мо - устодон боз ҳам комёбиҳои навбатиро умедворем. Аллакай онҳо дар қатори ҳамдастагонашон ба дастоварди бузурги варзишӣ ноил гаштанд, бовар дорем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ин дастоварди худро идома дода, шарафи варзиши кишварамонро ҳимоя менамоянд. Ҳамзамон, зикр намудан бомаврид аст, ки сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов, ки чун мутахассиси варзидаи футбол бо ҳайати мураббиён барои ин комёбии даста саҳми назаррас гузоштанд, низ дастпарвари Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошанд”. Ҷонибеку Шоҳрух дар мавриди иштирокашон дар Чемпионати Осиё оид ба футбол иброз доштанд, ки сабқати мазкур барои дастаашон як имтиҳони бениҳоят ҷиддиву бузург буд. Тавре Ҷонибек Шарифов иброз дошт: “Албатта, орзуву нақшаи ҳар як варзишгар якест: ба натиҷаи ниҳоӣ дастёб гардидан. Мо –ҳама бачаҳо, ҳайати даста ҳангоми ба Малайзия сафар намудан дар назди худ як мақсад гузошта будем, ки ғолибиятро ба даст меорем. Ҳамзамон андеша мекардем, ки дар муқобиламон дастаҳои хело пурқуввати қураи Осиё қарор доранд. Хушбахтона, аъзои даста аз уҳдаи вазифаи дар наздашон гузошта баромаданд. Аввалан, таъкиду маслиҳатҳои муфиди ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов, аз ҷониби дигар дастгириҳои пайвастаи мухлисон, ки умедашон аз даста зиёд буд, ҳамон номуси ватандории хоси тоҷикона имкон дод, ки ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат ба даст орем. Бовар дорам, ки соли оянда бачаҳо дар Чемпионати ҷаҳон низ тамоми ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанду мухлисони
сершумори худро шод мегардонанд...” Шоҳрух Сангов бошад таассуроташро чунин иброз дошт, - Вақте мо аз Чемпионат бармегаштем, ба ростӣ бори дигар пай бурдем, ки то чи андоза ҳамдиёрон аз дастоварди мо шод гардидаанд. Аз фурӯдгоҳ оғоз намуда, дар тамоми кӯчаҳои марказии пойтахт моро масъулини соҳа, сокинони касбу кори гуногун, донишҷӯёну ҳамсабақон бо як хурсандии беандоза пешвоз гирифтанд. Ҳамаи ҳамон хастагиеро, ки аз давраи омодагӣ то баргузории Чемпионат бо худ доштем, ба якборагӣ фаромӯш намудем. Пазироии ҳайати даста бевосита аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ва сӯҳбати хосаашон ҳар як аъзои дастаро рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо роҳбарии воқеан шахси дилсӯзу сарпарасти мофутболбозон Рустам Эмомалӣ дар тамоми давраи омодагӣ ба чемпионат бароямон тамоми шароитҳоро муҳайё намуданд. Дар навбати худ, даста тавонист, бозии зебо нишон диҳад, гарчанде рақибонамон пуртаҷрибаву пурқувват буданд... Дастаи мунтахаби футболи кишвар бо бозии олии хеш тавонист собит намояд, ки имрӯз фут-
боли Тоҷикистон метавонад, дар рақобатҳои сатҳи баланд на танҳо иштирок намояд, балки натиҷаи дилхоҳ ба даст орад. Ба маврид аст, барои муаррифии бештари ин ду футболбози моҳиру умедбахши кишварамон ба хонандагони рӯзнома илова намоем, ки ҳам Ҷонибек Шарифов ва ҳам Шоҳрух Сангов зодагони шаҳри Душанбе, аввалӣ хатмкардаи мактаби №43 ва дуюмӣ хатмкардаи мактаби №81 пойтахт мебошанд. Айни замон дар риштаи футболи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил менамоянд. Дар баробари ихтисоси футболро пеша намудан донишҷӯёни фаъоли коллеҷи номбурда мебошанд. Дар симои онҳо ва дигар ҳамтоёнашон бемуболиға метавон ояндаи футболи тоҷикро дид. Аз ҷониби дигар, пешаи Ҷонибеку Шоҳрух ва ҳамтоёнашон, роҳи пешакардаи онҳо ва ниҳоят ин комёбии беназири онҳо, ки аз меҳру муҳаббат, садоқату номус ва ватандорӣ сарчашма мегирад, намунаи олии ибрат барои ҳамсолонашон аст. Мавлон ШАРИФОВ, узви Конфедратсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистии Тоҷикистон
10
САЛОМАТӢ - ГАНҶИ БЕБАҲО
Мушоҳида мешавад, ки муддати чанд соли охир теъдоди кӯдаконе, ки бо бемории фишори баланди косахонаи мағзи сар таваллуд мешаванд, афзудааст. Ин бемориест, ки ба инкишофи ақлониву ҷисмонии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Модарони ҷавон бештар аз гиряи зиёд ва нооромии кӯдакони худ дар ташвишанд. Вақте онҳо ба духтурон муроҷиат мекунанд, аксаран як посух мешунаванд, фишори баланди дохили косахонаи мағзи сар. Чӣ боис мегардад, ки қисми бештари кӯдакон гирифтори ин беморӣ мешаванд ва оқибати ин беморӣ чист? Дар мавриди бемории мазкур, ки имрӯз зиёд ҷомеаро нигарон кардааст, сӯҳбате доштем бо Парасту Пирова, ки тӯли панҷ сол ба ҳайси табиби асабшиноси кӯдакон дар Маркази саломати №13-и шаҳри Душанбе кору фаолият мекунад. - Омилҳои асосии афзоиши фишорбаландӣ миёни тифлони хурдсолро шарҳ медодед? – Ҳанӯз дар батни модар кӯдак метавонад гирифтори ин гуна бемориҳо гардад. Касалиҳои ҷоғар, камхунӣ дар вақти ҳомиладорӣ ва гузаронидани зуком боиси таваллуд шудани кӯдакони гирифтори бемории фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар мегардад. Ҳамчунин ҳангоми таваллуд рагҳои борики хунгарди мағзи сар метавонанд зарб гирифта кафанд, ки бисёр
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
Фишорбаландӣ дар косахонаи сари кӯдакон Чаро он миёни тифлони навзод афзудааст? хавфнок аст. Агар дар ин ҳолат сари вақт ба духтур муроҷиат накунанд, зиёдшавии оби мағзи сар ба гидротсифалия яъне ки инкишоф наёфтани мағзи сар оварда мерасонад. Оқибати он даҳшатангез аст: фалаҷшавии дасту пойи кӯдак, фалаҷшавии асабҳои чашм, яъне каҷшавии чашм, камақлӣ ва ғайра. Аз ин рӯ, сари вақт аз назорати духтурон гузаронидани кӯдак хеле зарур аст, то зуд ва осон муолиҷа шаванд. - Бемории мазкур дар ҳоли афзоиш аст ё коҳиш? – Солҳои пеш низ беморӣ вуҷуд дошт, аммо назорат аз болои занҳои ҳомиладор хуб буд. Ҳоло бошад, назорат камтар аст ва ҳатто қисме аз занони деҳот беназорат мемонанд. Барои ҳамин ин беморӣ бештар дида мешавад. Баъдан, фосилаи байни таваллуд беҳад наздик аст ва модарон баробари ҳомиладор шудан аз назорати духтур намегузаранд, то огоҳ гарданд, ки ба кадом беморӣ гирифторанду он ба кӯдаки батнашон чӣ таъсире расонида метавонад. - Оё фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сари кӯдакро метавон пурра табобат кард? – Бале, агар волидон сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд, ба пуррагӣ метавон онро табобат кард. Аммо агар дертар муроҷиат кунанд, имкони панҷоҳ фисад табобатро доранд. Яъне бо гузашти сол табобати он душвор ва оҳистаоҳиста номумкин мегардад. - Нишонаҳои асосии беморӣ
чист? – Ин беморӣ дар ҳар намуд зуҳур меёбад. Ҳангоми гирифтор шудан ба беморӣ кӯдакон аз ҳад зиёд гиря мекунанд. Баъзан умуман гиря намекунанд. Аз ҳама муҳимаш кӯдак ҳамин ки таваллуд шуд, бояд таҳти назорати духтури минтақавӣ бошад. Нишонаҳои ин беморӣ чунинанд: гиря, қайдкунӣ, тез маҳкам шудани обаки калони сари кӯдак. Бояд гӯям, ки ҳам обаки калони сар ҳаст ва ҳам обаки хурди сар. Агар модарон бинанд, ки обаки калони сар хурд аст ё тез маҳкам мешавад, донанд, ки кӯдаки онҳо гирифтори бемории фишорбаландии косахонаи мағзи сар аст ва ин намуд кӯдакон қариб ки тамоман гиря намекунанд. Нишонаҳои дигараш: бетоқатшавии зиёди кӯдак, ҷойивазкунии сиёҳии чашмон, хуллас нишонаҳо зиёданд. - Асабонияти зиёди модар ҳангоми ҳомиладорӣ метавонад сабаби ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдак гардад? – Албатта, айни замон қисми бештари модарон гирифтори бемории ҷоғар ҳастанд, ки тез - тез асабонӣ шудан аломати ин беморист. Кӯдак ҳанӯз дар батни модар дорои эҳсоси баланд аст ва ҳама кори модар ба ӯ таъсири худро мерасонад. Дар вақти ҳомиладорӣ бояд ҳамеша эҳтиёткор бошем ва оромиро аз даст надиҳем. - Баъзан модарон ҳангоми ҳомиладорӣ наметавонанд, ки маҳсулоти ғизонок истеъмол
намоянд. Ин омил низ метавонад боиси пайдоиши беморӣ гардад? – Хӯроки модарони ҳомила масъалаи аз ҳама муҳим аст. Дар сурати норасоии ғизо на танҳо модар, балки кӯдак низ зарар мебинад. Лоғар таваллуд мешавад, ҳаракати дасту пойҳояш суст буда дер роҳ мегардад, дер гап мезанад. Яъне маълум, ки дар баробари ҷисм инкишофи мағзи сар низ заиф мешавад. Ба ин гуна модарон, агар ба мо муроҷиат кунанд аз ҷониби маркази саломатӣ ба таври ройгон маҳсулоти доруворӣ дода мешавад. - Бисёр шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки ба кишвар маҳсулотҳои хӯрокаи ғайритабиӣ барои тифлон ворид мегарданд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Истеъмоли чунин маҳсулотҳои хӯрока метавонанд боиси афзудани беморӣ гарданд? – Солҳои пеш мардум бештар маҳсулоти табиӣ истеъмол менамуданд, ҳоло маҳсулоти кимиёӣ зиёд шудааст. Ин таъсири хеле калон дорад. Ногуфта намонад, ки занҳо имрӯзҳо либосҳое мепӯшанд, ки ба саломатӣ ва пӯсти онҳо зарарнок аст. Ин омил низ сабаби пайдоиши бемориҳои асаби кӯдакон шуда метавонад. Дар шароити феълӣ таъсири ҳар гуна мавҷҳо хеле зиёд аст. Дар дасти ҳар нафар як ё ду телефон аст, ҳама компютеру дигар дастгоҳҳое мисли телевизор дорем, ки таъси-
Нишаст оиди дуруст истифода намудани антибиотикҳо
Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо бо иштироки намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст гуфта шуд, ки проблемаи устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва инчунин соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Дар сатҳи миллӣ аз тарафи гуруҳи кории байнисоҳавӣ, ки ҳама ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ворид шудаанд, бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Нақшаи амалии миллии байнисоҳавии стратегӣ ва амалиётӣ оид ба устувории доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2018-2022 таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имсол ба муносибати ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо аз кормандони соҳаи тандурустӣ даъват ба амал меоварад, ки пеши роҳи вусъат ёфтани устуворӣ ба доруҳои зидди микробҳоро дар муассисаҳои тандурустии Аврупо бигиранд ва дар ин амал аз тадбирҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексияҳо истифода баранд. Мутахассисон ҳамчунин зимни нишаст изҳор доштанд, ки риояи гигиенаи дастҳо, яъне шустани дастҳо бо собун ва ё худ истифодаи моеъе, ки дар асоси спирт тайёр шудааст, ин роҳи бисёр одӣ, вале тадбири бисёр муҳимест, ки имкон медиҳад, инкишофи инфексия пешгирӣ карда шавад, аз истифодаи антибиотикҳо наҷот ёбед ва самаранокии онҳо нигоҳ дошта шавад. “Ҳарчанд ки дар ин самт баъзе пешра-
вию муваффақиятҳоро мушоҳида мекунем, аммо моро лозим аст, ки ҳушёр бошем ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ки сатҳи устуворӣ ба антибиотикҳо паст карда шавад. Истифодаи оқилонаи антибиотикҳо ва стратегияи комплексии пешгирӣ ва назора-
ри мавҷҳои он низ зиёд мебошад. Модарони ҳомила то ҷое, ки имкон доранд, аз ин ҳама таъсирот худро дур бигиранд, беҳтар аст. –Оё тифл дар батни модар метавонад гирифтори бемории фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар гардад? – Бале, ҳар як рафтору кирдор, асабоният, хӯрокхӯриву либоспӯшӣ, кори вазнин, ҳатто истироҳати модар ба тифли батни ӯ таъсир мерасонад. - Баҳри пешгирӣ аз бемории фишорбаландӣ миёни кӯдакон ба волидон чӣ тавсия медиҳед? – Агар бемории зинаи аввал бошад, бо гузашти вақт беморӣ низ табобат мегардад. Аммо бештари беморон бояд табобат шаванд. Дар сурати табобат нашудан ҳолатҳои вазнин пеш меояд. Бемор дар аввал кам-кам гирифтори дарди сар мешавад ва вақте бузургтар шуда ба боғча ё мактаб меравад, дарди сар авҷ мегирад. Аммо волидон аҳамият намедиҳанд ва танҳо пас аз ба балоғат расидан ӯро барои муоина меоранд. Дар натиҷа маълум мешавад, ки кӯдак алаккай гирифтори омоси мағзи сар гаштааст. Вақте сабаби пайдоиши бемориро ҷӯстем, маълум шуд, ки ӯ ягон зарбаи сахт аз сар нахӯрда ҳангоми таваллуд рагҳои хунгарди мағзи сар зарба хӯрдаанду ҳамон вақт ба фишорбаландии дохили косахонаи мағзи сар мубтало шудааст. Бо гузашти солҳо ва табобат накардан, гирифтори осеби мағзи сар гашта, ба болои ин ҳоло гирифтори бемории рӯҳӣ шудааст. Агар дар кӯдакӣ ба духтурон муроҷиат мекарданд ба осонӣ табобат мешуд, аммо ҳоло табобати ӯ душвор ё қариб, ки номумкин аст. Аз ин хотир, ба волидон тавсия медиҳам, ки нисбат ба саломатии кӯдакони худ хеле боаҳамият бошанд, зеро солимии ояндаи ҷомеаи мо аз кӯдакони солими имрӯз вобаста аст. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”
ти инфексияҳо барои ҳамаи секторҳое, ки ба ҳифзи саломатӣ алоқаманд мебошанд, кори асосӣ-бунёдӣ ба шумор меравад”, изҳор дошт дар идомаи нишаст директори Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо доктор Андреа Аммон. Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи умумиҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо аз 12 то 18 ноябри соли 2018 идома меёбад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
11
ҶОМЕА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
Домани нопок ва гиребони дигарон
Дарё палид менашавад аз даҳони саг Пойдории давлат дар ҳар давру замон аз усули давлатдории сарвар, рӯҳияи озодихоҳу созандаи халқ ва ҷасорати фарзандони фарзонааш вобастагии қавӣ дошт. Халқ нерӯи худро дар роҳи ободониву созандагӣ ва пешрафту музаффариятҳо ҳамон вақт сарф карда метавонад, ки агар дар мамлакат фазои озоду осуда ҳукмфармо бошад, роҳбари оқилу адолатпарвареро бар сар дошта бошад ва ба ояндаи рӯзгори худу фарзандонаш бо чашми неку умедворӣ нигарад. Хушбахтона, халқи тоҷик, ки соҳиби давлату давлатдории беназир аст, дар ҷаҳони мутамаддин маҳз дар ҳамин рӯҳия зиндагӣ дорад, ки орзуву ормони деринаи ниёгонаш буд. Дур не, 27 сол муқаддам фазои сиёсие, ки Тоҷикистонро фаро гирифта буд, умедвории хурду бузурги миллатро аз ояндаи нек ба куллӣ барканд. Пас аз пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ ба сари халқи тоҷик нооромии сиёсӣ, бесарусомонӣ таҳмил дода шуд, ки ин дар пай ҷанги шаҳрвандии бародаркушро ба миён овард. Ҳазорон тоҷики соҳибватан аз диёри худ фирор карданд, ҳазорҳо сокини осоиштаву бегуноҳ кушта шуданд, давлати ободу осоишта ба як мулки харобу ҷангзада мубаддал гашт. Тақдири халқи тоҷикро муаррихону сиёсатшиносон фаноёфта қаламдод карданд ва ба салтанату давлатсозии тоҷикон муҳри завол гузоштан хостанд. Кас ба ояндаи халқу миллат ва сарзамини биҳиштие чун Тоҷикистон бо чашми ҳасрату таассуф менигарист, ки чигуна миллате бо ин ҳашамату тавоноӣ, бо ин қадар матонату шуҷоат ва доштани ҳазорҳо фарзандони фарзона метавонад ба вартаи нобудӣ равад. Аммо нерӯҳои бадсириште, ки аз худ мухолифини ҳукумат дарак медоданд ва ин ҳама кулфату сияҳрӯзиро ба сари халқи тоҷик оварда буданд, на парвои фирори мардумро доштанд ва на аз кушта шудани ҳамдиёрони бегуноҳашон андеша мекарданд. Чеҳраҳои маъруф: зиёиёну донишмандон, олимону табибон, рӯзноманигорону адибон, сиёсатмандону роҳбарони кордонро бо ҳар баҳона бераҳмона куштанд. Ба ибораи дигар, монеаҳое, ки дар роҳи расидан ба қудрат ва ғасби ҳокимият ба онҳо халал мерасониданд, аз байн бурданд. Дар муддати кӯтоҳ як давлати ободу рӯ ба инкишофро ба як кишвари харобу ҷангзада табдил доданд. Ҷиҳати нафратовари муносибати нерӯҳои мухолиф он буд, ки ин палидони бевиҷдон аз номи дини ислом сухан мекарданд ва бо истифодаи рукнҳои исломӣ худро дар назари мардум аз як тараф ҳақ нишон дода, аз тарафи дигар бо истифода аз имону эътиқоди динӣ халқро бар муқобили худи халқ ба мубориза мехонданд. Мардуми аз ин макру фитна бехабар дар натиҷа майдоннишиниҳоро ташкил кард ва даст ба ҷангу нооромӣ зад. Дар ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ миллат ба як сарвари тақдирсозу мубориз сахт ниёз дошт. Роҳбаре, ки бар ивази ҷони худ оромиву суботи рӯзгори мардумро бихарад. Роҳбаре, ки халқи парешони тоҷикро сарҷамъ намуда тавонад. Роҳбаре, ки хоки муқаддаси Ватанро аз ҷангу хунрезӣ пок созад. Роҳбаре, ки ояндаи дурахшони халқу сарзамини аҷдодияшро таъмин намояд. Роҳбаре, ки Тоҷикистонро аз нав бисозад! Ба бахти халқи тоҷик ҳамин гуна роҳбар аз байни мардум бархост, камари ҳиммати ҷавонмардӣ баст, дасти сулҳу ваҳдат ҷониби нобакорони мухолифин дароз кард, ҷанги хонумонсӯзро хотима бахшид, оромиву суботро дар фазои кишвараш таъмин кард, барои баргардонидани охирин гуреза ба Ватан қасам хӯрд ва ба гуфтааш вафо кард, аз як кишвари ҷангзадаву халқи парешон мамлакати ободу озод сохт, ки имрӯз халқи азизаш бар ивази ҳамаи ин ҷонбозиҳо ӯро Пешвои худ хондааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳофаринии тоҷиконро бо сарварии Пешвои миллат таҷрибаи нодири таърихӣ унвон карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу осоишта ва соҳибистиқлолу демократӣ пазируфтаанд. Он ки нерӯҳои мухолифини шағолсифат ва косалесони ҳаромхӯри онҳо зери чатри даридаи Муҳиддин Кабирӣ ҳамоно бо мақсади ноором сохтани ҷомеаи осудаи тоҷикон хобу хаёлҳои пӯсидаи расидан ба қудратро дар сар доранд ва дар кӯчаҳои Аврупо бо рӯзгори сагсифатона ва бо фитнаву дасисаҳои пуч ба танқиду бадномкуниҳои бенатиҷаи давлату миллат машғуланд, ҷуз ба худашон дигар ба ҳеҷ касе зарар надорад. Зеро маҷрои фаъолияти давлату миллат мисли дарёст ва ба қавли Қозизодаи Сиистон: ...Дарё палид менашавад аз даҳони саг! Алиҷон САФАРОВ, таҳлилгар
Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванд дарк намояд, ки аз давраи ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, таъмини озукавории мамлакат, таъмини ҷойҳои нави корӣ, дастгирии сохибкорӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳамасола зиёдшаваии буҷети давлатӣ ва музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияи донишҷуён зина ба зина боло меравад. Аммо хоинону ватанфурӯшони миллат, ки зодаву парвардаи хоки муқаддаси Тоҷикистонанд, дар хориҷ истода, бар муқобили давлату миллат ва арзишҳои милливу мазҳабии мо садо баланд мекунанд. Яке аз ин хоинони давлату миллат ва дину мазҳаб Муҳиддин Кабирист, ки новобаста аз шароити хуби муҳайёгардида дар кишвар ҳамоно дунболи татбиқи нақшаҳои кишварҳои ба ном дӯст рафта, ҳамакнун муқобили амнияти ҷандинсолае, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаст, мехоҳанд вазъро дар кишвар ноором созанд. Ба ҳама маълум гашт, дар вохӯрии намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Варшава, Кабириву ҳаммаслаконаш ба хотири манфиат муқобили дину мазҳаби хеш баромадаанд. Маълум аст, ки онҳо бо нишондоди ҷонибҳои мафиатхоҳ
қасд доранд, кишвари ободу осудаи моро дубора олудаи хоку хун карда, фарҳанги бегонаро ки ба мазҳабу дини мо ягон алоқамандие надорад, ҷорӣ созанд. Аммо боварӣ дорам, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Яке аз воқеаҳое, ки нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом додаанд, дар ягон мазҳаби ислом нест, то инсон ваҳшиёна ба қатл расонда шавад. Акнун, ки парда аз рӯи ҷинояту хиёнати Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон бардошта шуд, дигар домани нопоки худро дар гиребони дигарон пок кардан ғайри имкон аст. Мардум имрӯз дарк намудааст, ягон хоини миллат намехоҳад Тоҷикистони мо тинҷу ором бошад. Баръакс хоҷагони хориҷие мехоҳанд тавассути Муҳиддин Кабирӣ барин беҳуввиятон давлати моро мисли дигар кишварҳои ҷангзада, чун Ироқу Сурия ба хун оғушта кардаю мардумро беватан ва бесарпаноҳ намоянд. Дар ниҳоят ба ифротгароёну террористони наҳзатӣ тавсия дода мешавад, ки агар чашми хирад дошта бошанд, бояд дарк намоянд, давраи аврупоии шумоён ба охир хоҳад расид. Бинобар ин бояд як мақсади дурустро таҳия намуд. То ин ки ба нафъи миллату давлат бошад, на ба нафъи ҷони хеш. Ҳаким САНДАЛОВ, декани факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Коррупсия - зуҳуроти номатлуб Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Эмомалӣ РАҲМОН Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти комилан барои давлату ҷомеа зарарноке мебошад, ки ба раванди тараққиёт таъсир расонида, ба коҳиш ёфтанаш сабаб мегардад. Бинобар ин, он аз мушкилоти асосии замони муосир маҳсуб шуда, назди ҷомеаи ҷаҳон вазифаи муҳимеро пеш мегузорад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Ин буд, ки дар Тоҷикистон бо иқдоми, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартарафсозии такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, такмили шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ Агентии мубориза алайҳи коррупсия таъсис дода шуд. Барои мубориза алайҳи коррупсия фаъолияти дастҷамъона муҳим аст. Зеро мубориза бо коррупсия ва ҳар зуҳуроти манфии дигари ҷомеа ба рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат мекунад. Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд муқовимати шадидро дар ин самт ҳар як шаҳрванд ба роҳ монад, то дар ҳамҷоягӣ решакан намуда, боиси коҳишу поймолшавии ҳуқуқҳои хеш нагардем. Даст доштан дар пора гирифтан ва пешниҳод намудани пора ягон ҷиҳати сабуккунандаи ҷиноятро надорад. Зиндагии шоистаи мардумро танҳо ҳамон вақт ба даст меорем, ки агар дар доираи қонунҳои мавҷуда амал намоем. Таваҷҷӯҳи бештари солҳои охир нисбати бартарафкунии ҳолатҳои коррупсионӣ дарак аз он медиҳад, ки давлат барои беҳбудии ҳаёти мардум қадамҳои устувор дорад. Ва ҳар шахси соҳибвазифа бояд бо виҷдони пок ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз зуҳуротҳои коррупсионӣ саривақт эмин бошад. Абдумалик ҲОДИЕВ, муовини аввали Раиси ноҳияи Деваштич, раиси комиссиям ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди МИҲД-и ноҳияи Деваштич
12
ДИДГОҲ
Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти ливои музаффаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 27-умин солгарди истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд, ки тантанаҳои он то ҳанӯз идома доранд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафту инкишофи бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик муяссар гардид. Тавре, ки дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол ба нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем». Воқеан, асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқатро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳманд, дарк мекунанд. Тавре, ки вобаста ба мафҳум ва мазмуни суботи сиёсӣ ва аҳамияти ҳаётии он дар сарнавишти давлату миллат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад. Мо хуб дар хотир дорем, ки
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
Соли бузургдошти Имоми Аъзам, чопи Қуръони маҷид ва дигар осори арзишманди динӣ бо забони тоҷикӣ ва қабули қонунои миллӣ «Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои ҳалли бузургтарин мушкилоти умумиҷаҳонӣ ташаббус ва ибтикори хирадмандона зоҳир намудани Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ба мисли «Соли оби тоза», соли 2003, Даҳсолаи байналмиллалии Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи
Суботи сиёсӣ кафили зиндагии шоиста
дар он солҳо баъзе кишварҳо ба воситаи дастёрони худ, яъне роҳбарону фаъолони собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат – хоиноне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади хеш Ватан, миллат, таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд, мехостанд ба сари мардуми мо фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд. Ҳарчанд ки ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон боиси қурбонии зиёд ва хисороти ниҳоят вазнин гардид, вале ин нақшаи шуми душманони миллати мо барбод рафт ва тири хоинони Тоҷикистон хок хӯрд... Имрӯз дахолати берунаи харобкоронаву тақдирсӯзе, ки беш аз ду даҳсола қабл дар Тоҷикистони мо сурат гирифта буд, дар чандин кишвари Шарқи Наздик ва Миёна ва дигар минтақаҳои дунё, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар амалӣ гардида, дар натиҷа садҳо ҳазор одамони бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар ба тарки манзили зисту ватани худ маҷбур шудаанд. Дар чунин шароит ҳимояи сулҳу оромӣ ба масъалаи муҳимтарин, аввалиндараҷа ва ҳаётии сокинони сайёра табдил ёфта, аз ҷумла ҳар яки моро низ водор месозад, ки ба қадри суботи комили сиёсии Ватани азизи худ расем ва онро чун неъмати бебаҳои зиндагиамон ҳифз намоем». Туфайли таъмини суботи сиёсӣ кишвари мо ба дастоварду комёбиҳои беназир мушарраф гардид. Дар мамлакат раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъати бештар касб намуд. Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори хоса гардид. Талошу кӯшишҳои музаффаронаи раҳбарияти давлату
Ҳукумат дар заминаи рушди соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва махсусан татбиқи пайгиронаи се ҳадафи стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ самараҳои дилхоҳ дода истодаанд. Дар мамлакат сохтмони нерӯгоҳҳои барқию обии «Сангтӯда - 1» ва «Сангтӯда -2», нақбҳои Истиқлолу Озодӣ, Шаҳристон, пулҳои бузург рӯи дарёи Панҷ ва дигар силсиланерӯгоҳҳои хурд барои аҳолӣ бунёд карда шуд. Расо баъди 15 рӯз, яъне санаи 16-уми ноябри соли равон мову шумо ва тамоми мардуми шарифи мамлакат таҳти сарварии оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ба истифода додани агрегати нахустини кохии нуру саодат – Нерӯгоҳи барқию обии «Роғун» мегардем, ки ин олитарин ифтихори ватандорӣ ва шоистатарин дастоварди миллӣ дар заминаи суботи сиёсӣ мебошад. Гузашта аз ин, сохта ва мавриди истифода қарор гирифтани мактабҳо, варзишгоҳҳо, корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, марказҳои бузурги савдо, хонаҳои истиқоматӣ, таъсису фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди амонатию қарзӣ, тақвияти ислоҳот дар сохторҳои кишоварзӣ, молия, суд, фарҳангу маориф, зина ба зина боло бардоштани музди меҳнат, мавҷудияти матбуоти озод ва нашрияву нашриётҳои хусусӣ, воқеияти гуногунандешии сиёсӣ, бузургдошти ному хотираи нобиғаҳои илму фарҳанги миллат ва нашру паҳни осори онҳо, таваҷҷуҳ ба арзишҳои мазҳабӣ ва эҳёи анъанаву русуми миллию даст кашидан аз хурофот, дар мисоли таҷлили
об, соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва монанди ин номгӯи мухтасари дастоварду комёбиҳое мебошанд, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати суботи сиёсӣ ба даст овардааст. Аз шумори ин ҳама дастовардҳо таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушди устувори соҳаи маорифу фарҳанг ва ба ин васила ноил шудан ба истиқлолияти маънавӣ мақоми шоиста дорад. Давоми ин солҳо дар кишварамон раванди бунёду ба истифода додани ҳазорҳо муассисаҳои таълимии муосир густариш ёфта, барои дастгирию пуштибонии хонандагони соҳибистеъдоду лаёқатманд, тақвияти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорону мураббиён, рушди рӯзафзуни бахши хусусии соҳаи маориф пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад. Дар радифи рушди соҳаи маориф тайи бисту як соли таъмини суботи сиёсӣ соҳаи фарҳанг низ хеле рушду такомул ёфт. Дар ин давра фарҳанг ба як омили муаррификунандаи миллати тоҷик мубаддал гардида, бузургтарин чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда шуданд. Бо ҷаҳду талошҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дӯст мақоми байналхалқӣ гирифтани ҷашни Наврӯзи дилафрӯз, ки беҳтарин падидаи безаволи фарҳангии миллатамон дар давоми ҳазорсолаҳо мебошад, яке аз дастоварҳои шоистаи маданист. Сохта ба истифода додани биноҳои муҳташами Китобхонаву Осорхонаи миллӣ ва ба рӯйихати ҳифзи мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ёдгории Саразм, Шашмақом, Фалак ва Парки миллӣ ҳам аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги миллати тоҷик мебошанд.
Нақши тақдирсози суботи сиёсӣ дар беҳбудии ҳаёту рӯзгори мардуми ноҳия ва рушди иҷтимоию иқтисодии он хеле барҷаста мебошад. Маҳз бо шарофати суботи сиёсӣ имкон фароҳам гардид, ки дар партави дастгириҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехҳои истеҳсолӣ, мактабҳои замонавӣ ва дигар иншооти муосир сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолият ва сафари кории раиси вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ 4 муассисаи таълимӣ, 1 маркази саломатӣ ва 1 маркази бузурги хизматрасонӣ, дар маҷмуъ 33 иншоотро сохта ба истифода додем, ки арзиши умумии иншооти бунёдгардида 14 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ дар ноҳия беш аз 5000 хоҷагиҳои хурду калони деҳқонию фермерӣ таъсис ёфта, ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла пахта, гандум, зироатҳои равғандор ва полезиҳо сол аз сол афзуда истодааст. Ба истиқболи таҷлили фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тантанҳои умумии ҷашни ҷумҳуриявии 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 бо ҳидояти Пешвои миллат дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегардад раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар ин замина беш аз 300 иншооти мухталиф сохта ба истифода дода мешавад ва ба ин васила сатҳи некӯаҳволии рӯзгори мардум тадриҷан боло меравад. Ҳамаи ин бо шарофати суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст меояд. Танҳо мову шуморо лозим аст, бо меҳнати софдилонаи худ ин суботи сиёсиро таҳким ва тақвият бахшем, дар баробари иддаҳои пучу бебунёди хоинони миллат, ки чанде пеш ташкилоти ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис дода, дар кишварҳои аврупоӣ ба бадном кардани давлату миллат ва Ҳукумати мамлакат машғуланд, истодагарӣ кунем. Дар баробари чунин талоши хоинон, тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардаанд: «Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд». Ғайрат АЗИЗЗОДА, раиси ноҳияи Мастчоҳ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
САВГАНДЁДКУНИИ САРКАРДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
ТВ «Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ кардаанд, дар таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд. Бояд зикр кард, дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аймбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд. Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд. 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.
14
КИТОБХОНАИ ҶАВОНОН
- Китоб чист ва нақши он дар ҳаёти наврасону ҷавонон чӣ гуна аст? - Китобу китобхона ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон, шиносномаи донишу андеша ва тамаддуни миллатҳо буда, таърихи он ба тараққиёти хат, забон, адабиёт ва илму фарҳанг алоқаи зич дорад. Аз ин лиҳоз, мардуми олам бо арзи муҳаббату эҳтиром ин ганҷинаи маънавии ниёгонро дар хазинаҳои миллии хеш ҳифзу нигаҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯз ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Мардуми фарҳангпарвар ва ҳунардӯсти тоҷик дар эҷоди китобу китобхона миёни миллатҳо пешсафу пешрафта ба шумор меравад. Ин миллат дар ҳама давру замон рӯи дасташ китоб буд. Кору рӯзгорашро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшид. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбияву ҳидоят ва ташаккули шахсияти насли наврасу ҷавон бениҳоят бузург аст. Ин маъниро Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зикр кардаанд. Аз ҷумла, соли 2007 дар Паёмашон гуфта буданд, ки: «Табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст». - Мақоми Китобхонаи миллиро дар фазои фарҳангиву адабии кишвар ва нақши онро дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеаву рушди худшиносии мардум чӣ гуна арзёбӣ мекунед? -Китобхонаи миллии Тоҷикистон то имрӯз ҳамчун як боргоҳои бузурги илму маърифат ва рукни беназири фарҳанги миллӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва рушди худшиносии мардум нақши босазо мебозад. Имрӯз ин боргоҳи азими таъриху фарҳанг, ки рисолати аслиаш ҷамъоварию нигоҳдорӣ, коркард, дастраснамоӣ ба сарчашмаҳои иттилоотии гуногун, расонидани хадамоти китобдорию иттилоотӣ, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамида мебошад, дар дили хонандагон, бавижа наврасону ҷавонон ҳамчун макони муқаддас маъво гирифтааст. Ҳар рӯз беш аз 1575 ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 314813 нафар хонанда ба Китобхонаи миллӣ ташриф меоранд, ки теъдоди бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳад. Хонандагон аз толорҳои хониши анъанавӣ, соҳавӣ, кӯдакона, электронии бо адабиёти фаннӣ ва компютерҳои бо шабакаи Интернет пайвастшуда муҷаҳҳаз ва дигар шароиту имконоти зарурӣ пурсамар истифода мебаранд. Аз ибтидои соли 2014 сомонаи Китобхонаи миллӣ www. kmt.tj фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза зиёда аз 1500 нафар ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 301890 нафар бо истифода аз он аз навгониҳои соҳаи китобдорӣ баҳравар мегарданд. Китобхонаи миллӣ танҳо макони нигоҳдошти китоб набуда, балки як маркази илмӣ-маърифатӣ мебошад. Имрӯз сарватҳои фарҳангию дастхатҳои нодиртарини миллати мо дар саросари ҷаҳон парешонанд, зеро дар давраҳои таърихӣ юришҳои
Вобаста ба адбиёти бадеии даврони шӯравӣ бештар дархост аз тарафи наврасону ҷавонон ба осори Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Кароматулло Мирзо, Нуъмон Розиқ, Бобо Ҳоҷӣ, Наримон Бақозода ва дигарон ба назар мерасад. Наврасону ҷавонон дар ҷустуҷӯи китобҳои эшон ба китобхона омада, аз китобдорон дарёфти онҳоро хоҳиш менамоянд. Воқеан, китоби хуб ба тарғиб ниёз надорад, хонанда онро бе ягон маслиҳат, бе ягон таърифу тавсиф мехонад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хонандаи имрӯзи китобхона бештар ташнаи адабиёти соҳавӣ ва ҳам адабиёти бадеӣ мебошад. Адибоне, ки ба арсаи адабиёти бадеӣ қадам мондаанд, мисли
Таъсиси китобхонаҳои электронӣ зарур ва ногузир аст Суҳбат бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ғосибонаи аҷнабиён ба мероси фарҳангии мо газанди зиёде расонд. Китобхонаи миллӣ то қадри имкон ин осори парешони миллатро ҷамъоварӣ ва ба соҳибони худ муаррифӣ менамояд. Пас, шоиста ба зикр аст, ки Пешвои миллат бо бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон фарҳангу тамаддуни миллатро умри дубора бахшиданд. - Зимни суханрониҳои мутахассисону донишмандони соҳа зарурати таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва нақши муҳими онҳо бештар зикр мешавад. Шумо роҷеъ ба ин масъала чӣ гуна фикру андеша доред? -Албатта, дар шароити имрӯз мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифодабарии техникаву технологияи муосирро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш хеле муҳим ва саривақтӣ мешуморанд. Технологияи муосир имкон медиҳад, ки коркард ва паҳннамоии босифати иттилоъ бо суръати хеле баланд анҷом ёфта, ба ин васила истифодабарандагон ба маълумоти зарурӣ дар муддати хеле кӯтоҳ дастёб гарданд. Табиист, ки китобхона дар баробари дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамчун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он бояд ҳадафу самтҳои фаъолияташро ба эҳтиёҷоти ҷомеаи иттилоотӣ созгор намояд. Гузариш аз шаклҳо ва услубҳои анъанавии иттилоотрасонӣ ба шаклҳои муосир, барои китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ ногузир аст. Бо арзи вуҷуд кардани китобхонаҳои электронӣ дар баробари китобхонаҳои анъанавӣ, дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо, аз ҷумла коркард, таҳияи феҳристи электронӣ, таҳияи маводҳои гуногуни библиографӣ ва махсусан хизматрасонӣ ба хонандагон, тағийроти куллӣ ба амал омад. Китобхонаи электронӣ низоми нави дастёбӣ ба захираҳои иттилоотӣ буда, ба самаранокии хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат менамояд ва дар баробари китобхонаи анъанавӣ ба равндҳои хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбат мерасонад. - Агар китобхонаҳои электронӣ таъсис ёбанд, фаъолият ва мақому манзалати китобхонаҳои анъанавӣ
коста мешавад ё баръакс? -Бо ҷорӣ гардидани истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, ки ба таҳияи нашрҳои электронӣ машғуланд, китобҳои суннатӣ низ вуҷуд дошта метавонанд. Мавҷудияти захираҳои электронӣ ва китобҳои китобхона ҳоло солҳои тӯлонӣ давом мекунад, вале баъзе мушкилиҳоро ба амал меоварад. Технологияи иттилоотӣ фаъолияти аслии китобхонаҳоро дигаргун намекунад. Баръакс, онҳо барои ташаккули воқеии системаи китобхонаҳо кӯмак менамоянд ва дар натиҷа фаъолияти онҳо хусусияти махсусро мегирад. Дар раванди истифодаи технологияи иттилоотӣ эътибори китобхона ба унвони маркази иттилоотӣ дар ҷодаи бозори иттилоотӣ меафзояд. Хонандагон озодона дар реҷаи онлайн ба манобеи иттилоотии дигар китобхонаҳои кишвар ва ҷаҳон ворид мешаванд, ки чунин роҳ танҳо ба шакли электронӣ ҳаллу фасл мегардад. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки барои ба маркази иттилоотию фарҳангӣ табдил додани китобхона, барои худомӯзӣ, дастрасии иттилооти зарурӣ, тарбияи зебоипарастӣ шароит фароҳам ояд. Хуллас, таъсиси китобхонаҳои электронӣ зарур ва ногузир аст. - Муносибату муҳаббати наврасону ҷавонони даврони Истиқлолро ба китобхонаву китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? -Хонандаи имрӯз хонандаи солҳои пеш нест. Хонандае ҳаст, ки ба ҳама чиз эрод мегирад. Ҳам ба муоширату дониши китобдор ва ҳам ба офаридаи эҷодкор. Барои қаноатманд намудани эҳтиёҷоти хонандаи имрӯз бояд китобҳое нашр ва тавсия шаванд, ки дар баланд гардидани завқ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ нақш бозида тавонад. Агар имрӯз аз рӯи дархости хонандагон назар афканем, асосан адабиёти фаннӣ, соҳавӣ, аз ҷумла тиббӣ, илмҳои дақиқ, матбуоти даврӣ ва маводҳои электронӣ бештар дархост шуда, таваҷҷуҳ ба осори бадеӣ нисбатан камтар ба назар мерасад. Хонандаи имрӯз ба адабиёти классикии тоҷику форс, махсусан ба осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Мавлавиву Ҷомӣ, Бедилу Аҳмади Дониш мароқи зиёд зоҳир менамояд.
шахсиятҳои дар боло номбаршуда асарҳои хубу замонавӣ офаранд, чунки ташаккули шахсияти ояндаи ҷомеа аз овони хурдсоливу наврасии онҳо оғоз мешавад. Барои кӯдакону наврасон бояд китобҳое нашр шаванд, ки сифати хуби полиграфӣ ва ороишӣ дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошанд. - Бояд зикр кард, ки фаъолияти китобхона-муассисаи фарҳангии иттилоотиро бе ҷалби наврасону ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз наврасону ҷавонон метавонанд дар мувофиқу мутобиқ сохтани фаъолияти китобхонаҳо саҳмгузор бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид «ҷавононро ояндаи миллат ва ҷомеа» номида, барои гулгулшукуфоии сарзамини аҷдодиамон ва ҷалби онҳо дар ин амали созанда чунин маслиҳат додаанд: «Аз ҳоло онҳоро ба созандагӣ бояд таблиғ намуд, зеро фардо дер мешавад». - Доир ба вазъи китобхонаҳои музофотҳо, камбуду пешравиҳои онҳо ва таваҷҷуҳу китобхонии наврасону ҷавонони деҳотӣ чӣ гуфта метавонед? -Имрӯз тамоми китобхонаҳои вилоятӣ ва марказии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо технологияи муосири иттилоотӣ таъмин гардида, ҷараёни компютеркунонӣ ва пайвастшавии онҳо бо шабакаи глобалии интернет идома дорад. Дар фаъолияти баъзе китобхонаҳо як қатор пешравиҳо дар самтҳои пуррагардонии фонди китобӣ бо адабиёти тозанашр, истифодаи технологияи муосир дар баъзе самтҳои фаъолият, таъсиси китобхонаҳои электронии дохилӣ, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣмаърифатӣ, иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳо ба чашм мерасанд. Аммо дар аксари китобхонаҳои дигар дар ин низом мушкилоти зиёде мавҷуд аст. Дар бештари китобхонаҳо барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсиҳо, таҷҳизоти техникӣ маблағҳои ночиз ва умуман ҷудо карда намешаванд. Хазинаи аксари китобхонаҳо куҳна буда, бештарашон китобҳои
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018 солҳои 70-80-уми асри ХХ-ро дар бар мегирад, ки мазмунан куҳна шудаанд. Китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ва мактабӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама аз нарасидани кадрҳои баландихтисос, китобҳои тозанашр, таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, маблағҳои кам барои харидории парки технологии китобхонаҳо, набудани мустақилияти маблағгузорӣ (дар китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ), ҷавобгӯ набудани пояи моддӣ-техникии китобхона, набудани лабораторияҳои тармиму таъмири китобҳо, танқисӣ мекашанд. - Барои рафъи ин камбудиҳо ва ба талаботи истифодабаранда ҷавобгӯ будани китобхонаҳо ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳат медиҳед? - Барои он ки китобхонаҳо ба талаботи истифодабаранда ҷавобгӯ бошанд, зарур аст, ки ба онҳо ҳуқуқи истиқлолияти буҷетӣ дода шавад, ба китобхонаҳо бештар мутахассисони дорои маълумоти олии соҳавӣ ҷалб карда шавад, кормандони китобхонаҳо аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд, китобхонаҳо бо технологияи муосир таъмин ва ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст карда шаванд, ҳар китобхона дорои суроғаи электронии худ бошад, дар назди китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳои электронӣ таъсис дода шавад. - Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш зарурати беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ин соҳаро таъкид карда буданд. Роҷеъ ба ин масъала ва раванди татбиқи он чӣ гуфта метавонед? -Бале, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш вобаста ба масъалаи нарасидани кадрҳои соҳаи фарҳанг, махсусан дар соҳаи киобдорӣ, зарурати омода ва таҳия намудан кадрҳо ба сохтору ташкилотҳои Вазорати фарҳанги кишвар, вазифаҳои мушаххас доданд. Имрӯз сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замон ҷавобгӯро тақозо мекунад. Китобхонаҳои муосир ба мутахассисони касбӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбад, воридшавии технологияи муосир ва пайдо шудани барандаҳои нави иттилоотӣ, омилҳои муҳими он ба ҳисоб мераванд. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасогии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунад, ки ин боиси нигаронист. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст. Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ омода мекунанд, бояд ба талаботи ҷомеаи имрӯз мутобиқ ва ҳамоҳанг бошанд. Дар шароити имрӯз вазифаи Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо аз он иборат аст, ки ҳарҷи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифта, аз тариқи роҳнамоиҳои касбиятӣ завқу рағбати онҳоро ба китобу китобхонӣ бештар намоянд.
Мусоҳиб Валиҷон БАЁНӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
НАВҚАЛАМ
Иқтисод дар раванди ҷаҳонишавӣ
Бо суръати баланд рушд намудани соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва сиёсати ҷаҳонӣ давлатҳоро бо ҳам наздик менамояд ва ин наздикшавӣ ба пайдоиши падидаи нав, яъне ҷаҳонишавӣ оварда мерасонад. Дар шароити муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ хусусиятҳои махсусро касб намуда, тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷамъият ва давлатро фаро гирифтаааст. Ҷомеаи башарӣ раванди мазкурро танҳо дар ду даҳсолаи охир дарк намуд ва бо мақсади раҳоӣ ёфтан дар майдони ҷаҳонишавӣ сайъу кӯшиш доранд. Дигаргуниҳое, ки дар солҳои 70-уми асри XX дар як қатор давлатҳои Осиё ва Аврупо ба миён омад дар баробари пайдоиши дигар равандҳо, инчунин сабаби пайдоиши марҳилаи нав, ки онро ҷомеаи пасосаноатӣ ном мебаранд боис гардид. Ҷомеаи пасосаноатӣ омили асосии пайдоиши равандҳои ҷаҳонишавӣ дар қарни XX ба ҳисоб меравад. Аҳамияти муҳимро дар ин марҳила, дараҷаи баланди инкишофи техника ва технологияҳои замонавӣ мебозад. Маҳз марҳилаи мазкур, дар навбати худ ба пайдоиш ва авҷ гирфтани падидаи нав, яъне ҷаҳонишавӣ оварда расонд. Айни ҳол ҷаҳонишавӣ хислати дутарафаро касб намуда, метавонад дар оянда ба давлати муайяне табдил ёбад, ки аз давлатҳои дигар бо надоштани сарҳади муайян фарқ намояд. Яъне ҷаҳонишавӣ метавонад ба ҳудуд ва соҳибихтиёрии тамоми кишварҳо таъсир расонад ва онро дар ихтиёр дошта бошад. Дар айни ҳол ҷаҳонишавӣ ва равандҳои он аслан дар симои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрате, ки метавонанд таъсир ва идеологияи худро ба дигар давлатҳо расонанд, ифода меёбад. Аслан ҷаҳонишавӣ як падидае мебошад, ки ба таври табиӣ ва бо назардошти рушди технология пайдо шуда, ягон қувва наметавонад сади роҳи онро гирад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳои дохилии инкишофи кишвар аҳамияти байналмилалӣ пайдо менамояд ва мақоми воситаҳои коммуникатсионӣ тадриҷан меафзояд. Суръати тағйироти технологӣ, махсусан дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия дар раванди ҷаҳонишавии сиёсат таъсири фаъол мерасонад. Таъсири раванди мазкур, хусусияти комплексиро доро буда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, аз ҷумла иқтисодро фаро гирифтааст. Имрӯзҳо ошкоро мушоҳида мегардад, ки ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод барои баъзе кишварҳо манфиатовар буда, барои дигар кишварҳо акси он мебошад. Пас маълум мегардад, ки кишварҳое, ки аз ин раванд манфиатнок мебошанд, ташаббусҳои нав ба навро дар ин ҷода роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод дорои таъсири мусбӣ ва манфӣ мебошад. Аз ҷумла, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чунин имкониятҳоро фароҳам оварад: -афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва густариши тиҷорати байналмилалӣ байни кишварҳо; -воридшавии сармояи хориҷӣ ба
Ҷумҳурии Тоҷикистон; -коркарди захираҳои табиии коркарднашуда тавассути ширкатҳои байналмилалӣ; -воридшавии техника ва технологияҳои муосир бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати истеҳсолот; -ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тавассути ҳамкории байниҳамдигарии давлатҳо; -рақобати байналмилалӣ дар соҳаи мубодилаи мол, кор ва хизматрасонӣ; -васеъшавии имконият ва системаҳои иқтисодӣ; -дастёбии кишвар ба муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳама гуна бозорҳои байналмилалӣ. Зикр намудан муҳим аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳое, ки бештар ба содироти мол, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, на он қадар зиёд мавриди таъсири манфӣ қарор мегиранд. Ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди чунин имкониятҳои муфидаш, инчунин метавонад хатарҳои зиёдро дар соҳаи иқтисод ба миён гузорад ва маҳз тавассути он таъсири худро ба дигар соҳаҳо расонад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои ақибмонда ва рӯ ба рушд зери таъсири бевосита қарор дода мешаванд. Ба ақидаи муҳаққиқ Ю. Шишков ҷаҳонишавӣ давраи нав дар таърихи иқтисодии инсоният буд ва дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди ҷаҳонӣ, низоми ягонаи иқтисодӣ ташкил ёфта, давлати соҳибихтиёр ва иқтисоди миллӣ ба унсури ягонаи механизми иқтисоди ҷаҳонӣ табдил меёбад ва тақдири онҳо дар маҷмӯъ номаълум мегардад. Таъсири манфии ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисодиёт дар шаклҳои зерин ифода меёбад, аз ҷумла: -ашёи хом ва дигар захираҳои табиӣ аз ҷониби ширкатҳои байналмилалӣ мавриди истисмор қарор мегиранд; -нақши ширкатҳои миллӣ назар ба корпаратсияҳои байналмилалӣ маҳдуд мегарданд; -иқтисоди миллӣ ва соҳибихтиёрии давлат зери таъсири ширкатҳои ҷаҳонӣ қарор меёбад -заиф гардидани иқтисоди миллӣ назар ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба миён меояд; -буҳрони иқтисодӣ дар як минтақа таъсири худро ба минтақаи дигари олам мерасонад; -вобастагии иқтисодӣ байни давлатҳо ба миён меояд; -воҳиди пулии як давлат мавриди истифодаи васеъ дар дигар давлат қарор мегирад; -ҳисобаробаркуниҳои байналмилалӣ тавассути воҳиди пулии давлатҳои муайян, аз ҷумла доллар ва евро сурат мегирад. Ҳамин тавр ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таҳкими ҳамгироии минтақаҳо мусоидат намуда, умумигардонии меъёрҳо ва қоидаҳои ягонаи мубодилаи мол, кор ва хизматрасониро ба миён оварда ва ба пайдоиши бозорҳои ягонаи ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Далер САФАРАЛИЕВ, аспиранти ДМТ
15
Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Боиси ифтихор аст, ки кишвари мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи бойи ташаббусҳои гузаштаи ҷаҳонии вобаста ба захираҳои обро тайи понздаҳ соли охир сипарӣ менамояд.
Ҳар як иқдоми Пешвои миллат зарур ва саривақтист Ҳамаи ин талошҳои роҳбарияти мамлакат барои таҳияи барномаи нави рушди устувор, ки дар он захираҳои об мавқеи меҳвариро ишғол менамоянд, асоси мустаҳкаме гузоштааст. Хусусияти барномаи нави рушди устувор ин аст, ки захираҳои об дар он ҳамчун унсури асосии рушд эътироф гардидааст. Гуфтан мумкин аст, ки ноил шудан ба рушди устувор бе татбиқи мудирият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ғайриимкон мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳи пешгирифтаи кишвари мо барои татбиқи вазифа ва мақсадҳои нав дар соҳаи захираҳои об ҳамвору осон нест. Дар баробари ин моро зарур аст ба як қатор масъалаҳое, ки дар назди мо вазифаҳои иловагӣ ва дастҷамъонаро мегузоранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Дар ин замина, мо бояд омилҳоеро, ки чаҳорчуб ва имконоти ҳамкории ояндаро дар соҳаи захираҳои об муайян мекунанд, дар назар дошта бошем. Якум - тағйирёбии иқлим, ки ба микдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст ва кушишҳои моро барои ноил гардидан ба рушди устувор заиф месозад. Зеро давоми якчанд даҳсолаи охири асри 20 мо дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30 фоизи пиряхҳоро аз даст додем ва ин раванд босуръат идома дорад. Тибқи маълумоти маъхазҳои боэътимод танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шудааст. Аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба кайд гирифта шудааст, давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафта ва ин раванд босуръат идома дорад. Тайи солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим дар Точиқистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии марбут ба об мушоҳида мегардад, ки зарари моддиву маънавии зиёде ба бор меоранд. Офатҳои табиӣ инчунин кӯшишҳои моро барои расидан ба Хадафҳои рушди устувор заиф сохта, боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти бештар дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ мегардад. Дуюм - ин афзоиши аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об мебо-
шад, ки вазифаҳои нав ва мураккабро пеш меорад. Айни замон дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати зиёд афзоиш меёбад, ки ин, дар навбати худ, боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад. Шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад, ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад. Бо итминон метавон гуфт, ки ба таври васеъ ҷорӣ кардани равишҳои якҷояву алоқаманд дар идоракунии захираҳои об барои бехтар намудани механизмҳои мавҷуда дар соҳаи ҳамкории байнисоҳаҳо ва байниҳукуматӣ имкониятҳои наверо ба вуҷуд меорад. Сеюм - ин ҷанбаи гендерии масоили об аст, ки бояд дар назар гирифта шавад. Занон бояд ба раванди рушд бо тақвияти нақши онҳо дар идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об фаъолона ҷалб карда шаванд. Зеро истифодаи самаранок ва оқилонаи ин неъмати бебаҳо дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи чаҳонӣ ба онҳо сахт алоқамандӣ дорад. Ҷалби самараноки занон ба ин ҷараён кафолати дастовардҳои моро дар ҳалли масоили об ва умуман, ноилшавӣ ба рушди устувор таъмин месозад. Чорум — воситаҳои татбиқ, ки тавассути онҳо мо бояд нақшаҳо ва амалҳои худро таҳким бахшем. Яъне мақсад аз гуфтаҳои боло захираҳои инсониву молиявӣ, сармоягузорӣ ва технологияҳои пешқадам мебошад. Кишвари мо дар ин ҷода дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонидааст. Дар давоми 26 сол дар кишвар барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нушокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кӯмаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад. Панҷум - ин унсури фаромарзии ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки дар таъмини сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳо
нақши меҳварӣ мебозад. Ҳамкории самаранок метавонад василаи муассири тавсеа дар соҳаи об гардад ва норасоии иқтидори он метавонад хатари ҷиддӣ ва хароҷоти зиёдро ба вуҷуд оварда, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои махсур бо хушкӣ таъсири манфӣ расонад. Дар бисёр минтакаҳои ҷаҳон тақвияти иқхтидори институтсионалии ҳамкории байнисарҳадии обӣ ба рушди мутавозини ҳамаи кишварҳои соҳилӣ мусоидат мекунад. Ҳоло дар Осиёи Марказӣ раванди густариши ҳамгироии минтақавӣ фаъолона идома дорад, ки ба назари мо, бояд ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кумак намояд. Кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иктисодиёти сабз- маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои тадқидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз” сафарбар кардааст. Дар ҳоле, ки имрӯз зиёда аз 1 млрд, нафар аҳолии ҷаҳон аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд, ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти кишварро метавон зарур ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Зеро дар аксар кишварҳои олам норасоии оби нӯшокӣ ба проблемаи умумӣ табдил ёфта, дар баъзе кишварҳои Шарқи наздик аллакай омили сиёсӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди комилро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обҳои мусаффои ватан расида, онро эҳтиёткорона ва пурсамар истифода барад. Маҳмадятим АШӮРОВ, омӯзгори фанни ҷуғрофияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Данғара
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №44 (9574), 01.11.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
√ АНДАРЗ
Хавфу амнияти мушҳо Муши шаҳрӣ дар аснои сайру гашт ба назди муши саҳроӣ омад. Муши саҳроӣ ӯро бо чалғӯза, ҷав, чормағз ва дигар анвои хурданиҳо зиёфат кард. Муши шаҳрӣ гуфт: - Мебинам, ки ту, дӯстам, дар фақру нодорӣ зиндагӣ мекунӣ. Бо ман биё! Ман туро бо ғизоҳои болаззат таъмин мекунам. Муши шаҳрӣ ӯро ба як бинои бошукӯҳе раҳнамоӣ кард, ки макони зисташ он ҷо воқеъ буд. Онҳо ба анборе даромаданд, ки гӯшт, чарбу, ҳасиб, нон, панир ва дигар хӯрданиҳо фаровон буд. Муши шаҳрӣ гуфт: - Акнун чӣ қадаре дилат мехоҳад бихӯр ва шоду қаноатманд зиндагӣ кун! Ин гуна ғизоҳои фаровонро ҳар рӯз барои ман меоранд. Дар ҳамин лаҳза садои пойи
АНДЕША
Ғизои зиёдатӣ борикбинии ақлро халал мерасонад. ******** Агар хомӯшии дигаронро мехоҳӣ, хомӯш бош! ******** Ҳаркӣ хомӯш буда наметавонад, қобилияти сухангӯӣ низ надорад. ******** Фаровонии китоб андешаро парешон мекунад. ******** Ҳар чиро қонун иҷозат медиҳад, ҳаё манъ медорад. ******** Зарурат ҳамаи қонунҳоро мешиканад. ******** Ҳар ки аз гуноҳи кардааш пушаймон аст, он қариб гуноҳе надорад. ******** Аввалин шарти ислоҳшавӣ гуноҳи худро иқрор шудан аст. ******** Миёни гуноҳ кардан нахостану натавонистан фарқи калон аст. ******** Бадбахтӣ – фурсати муносиб барои хайрхоҳон. ******** Зистан – яъне мубориза бурдан. ******** Ҷасорат ташнаи хатар аст. ******** Оғози нобоварӣ қатъи дӯстӣ. ******** Тиллоро бо оташ, занро бо тилло, мардро тавассути зан меозмоянд. ******** Ҳар чи табиист, айб нест. ******** Ҳаёи аз даст рафта барнамегардад. Сенекаи хурдӣ Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
ро гуфтан мехоҳам: - Ту муши сарватманд дар шаҳр бимон ва чарбу ҳасиб хӯрдан бигир. Бигузор ман муши саҳроӣ, қашшоқона зиндагӣ кунаму ғизоям чалғӯза бошад. Вале бидон, ки ту дар ин ҷо лаҳзае ҳам аз соҳиби анбор, аз гурбаҳо ва аз банду домҳои ба қасди ҷонат гузошта дар амон нестӣ. Ҳамаи аҳли ин бинои бошукӯҳ душмани ту ҳастанд. Аммо ман заррае ҳам ташвишу нигаронӣ надорам дар маскани саҳроиям бе ҳарос умр ба сар мебарам... Дар хотир дошта бошед: Аз оби калон моҳиҳои калон сайд мекунанд, вале аз оби хурд моҳиҳои болаззат мегиранд. Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ
√ ОБУНА-2019
ҲОҶӢ СОДИҚ
√ САЙҚАЛИ
соҳиби анбор баланд, шуд ва ӯ бо калидҳо шарақ-шуруқкунон бо кушодани дарҳои таҳхона сар кард. Мушҳо аз тарсу ҳарос ба ҳар сӯ гурехтанд. Муши шаҳрӣ зуд сурохии деринаашро ёфта пинҳон шуд. Лекин муши саҳроӣ ҳайрону сарсон ва аз тарс дар куҷо пинҳон шуданашро намедонист. Ӯ ваҳшатзада ба девор часпида болову поён медавид. Замоне ки соҳиби анбор таҳхонаро тарк кард, муши шаҳрӣ аз сурохиаш берун баромад ва гуфт: - Акнун дигар ба мо ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. Муши саҳроӣ чунин посух дод: - Барои ту чунин гуфтан осон аст. Ту паноҳгоҳатро зуд ёфтӣ, дар ҳоле ки ман аз тарс қариб мурда будам. Ман ба ту нуқтаи назарам-
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Номаи камол таҳти рақами 055030, ки онро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) соли 1987 ба Неъмат Каримов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соли 2015 ба Фирӯз Қараев додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯӣ, ки онро Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 2017 ба Шералӣ Султонов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Ташкилоти ҷамъияти Кумитаи падару модарон ва мураббиёни ширхоргоҳкӯдакистони 144 РМА 040023442 барҳам мехӯрад. Муҳри ташкилоти ҷамъияти Кумитаи падару модарон ва мураббиёни ширхоргоҳкӯдакистони 144 бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии манзил, ки ба Мурод Раҷабов, сокини кӯчаи Нодира 83, ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
√ ЗОДРӮЗ
√ ЭЪЛОН
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
МУБОРАК
Дӯсти азиз, бародар ва ҳамсабақи гиромӣ Зикрулло Раҷабов. Туро ба муносибати зодрӯз, ин рӯзи фархундаву фаромӯшношуданӣ, ин рӯзе, ки модар бароят ҳаёт бахшидааст, самимона табрик ва таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароят тансиҳативу умри бобаракат, саодати ҳамешагӣ ва амалӣ гаштани кулли орзуву омолатро таманно дорам. Бигзор, барору комёбӣ ҳамеша ҳамсафару шодиву нишот ҳамроҳат бошад ва дар роҳи интихобнамуда ба қуллаҳои баланди мурод бирасӣ. Зодрӯз муборак! Бо орзуҳои нек Абунаср Раҳимов донишҷӯи соли чоруми ДМТ
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3932 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»