Терминалҳои вайрони “Тоҷиксодиротбонк”-ро бояд кӣ таъмир кунад?
“Истиқлол” сазовори ҷои дуюм дар Ҷоми КФО2015
№44, (9418), 5 ноябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
НИГАРОНӢ
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
ҲАФТ РӮЗ 29.10.2015 Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” намоиши молҳои истеҳсоли Покистон шуруъ шуд. Дар он беш аз 25 ширкати Покистон маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Сафорати Покистон дар Душанбе, инчунин соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ширкат доштанд. 30.10.2015 Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд. Роҳбарони ҳайатҳо беш аз бист масъалаи марбут ба ҳамкории байни кишварҳои иттиҳодро баррасӣ намуданд ва дар асоси онҳо қарорҳои марбута ба имзо расониданд. 31.10.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба садамаи ҳавопаймо, ки боиси марги беш аз 200 нафар мусофир гашт, барқияи тасаллият ирсол намуд.
хи Сарқонуни кишвар ва моҳияти он сухан гуфта, созандагию ободкориро маҳсули сулҳу субот ва волоияти қонунҳо, ки аз сарқонун сарчашма мегиранд, маънидод намуд.
01.11.2015 33 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хабар доданд. Нақшаи даъват то имрӯз дар вилояти Хатлон 99, ВМКБ - 95, Суғд - 88, НТМ – 73 ва дар шаҳри Душанбе 86 дарсад иҷро шудааст. Умуман, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ ба 89 фисад баробар шуд.
03.11.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керриро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
02.11.2015 Дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Биёед, ба китобхона равем» чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Директори китобхона Сайфиддин Назарзода оид ба таъри-
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳдудияти барқ кай барҳам мехӯрад?
04.11.2015 Дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” ба муносибати Рӯзи Конститутсия чорабинӣ баргузор шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳозиринро шодбош гуфта, аз таърихи Сарқонун ва нақши он дар рушди кишвар ёдовар шуд.
АЗ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ 2 Саҳми милитсия дар рушди кишвар калон аст Эҳтиром гузоштан Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ба Конститутсия назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи милитсия омили осоиштагист
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 ноябр Рӯзи милитсия таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳайати кормандони мақомоти корҳои дохилиро, ки аксар ҷавонон мебошанд, шодбош мегӯям ва дар кори пурмасъулияти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ барояшон барор мехоҳам. Саҳми кормандони сохторҳои қудратӣ, хусусан милитсия дар рушди кишвар бениҳоят калон аст. Чун ҳар гуна пешрафту шукуфоӣ дар натиҷаи суботу оромии давлат ба даст меояд. Ҳифзи суботу оромии ҷомеа бошад, дар дасти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Чанде пеш Тоҷикистон ба феҳрасти 10 кишвари дунё, ки гаштугузори шабона дар он хавфнок нест, шомил шуд, ки боиси ифтихори кормандони милитсия аст. Ин феҳрастро Маркази таҳлилии “Gallup” дар пайи як назарпурсӣ тартиб додааст. Дар ин назарсанҷӣ, ки барои муайян кардани ҳолати бехатарии гаштугузори шабона анҷом шудааст, 142 ҳазор нафар аз 141 кишвар пурсида шудаанд. 83 дарсади пурсидашудаҳо аз Тоҷикистон гаштугузори шабонаро бехатар арзёбӣ кардаанд.
Чун кормандони мақомоти корҳои дохилӣ масъули ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳастанд, ҳангоми мубориза бо гурӯҳу афроди силоҳбадаст, мутаассифона талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад. Тавре ҳамагон медонем, чанде пеш дар мубориза бо гурӯҳи силоҳбадаст зери роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода 12 нафар корманди милистсия, ки асосан ҷавонон буданд, ҷон бохтанд. Ин ҷоннисорӣ баҳри осудагии мардуми кишвар буд, ки ҳаргиз фаромуш намешавад. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи милитсия 10 ноябри соли гузашта таъкид карда буданд, ки “мардум дар симои милитсия намояндаи давлатро мебинад ва бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамояд. Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд”. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша бо мақомоти корҳои дохилӣ омодаи ҳамкорӣ аст. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳост, ки барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ дар шаҳру вилоятҳои кишвар вохӯриҳо баргузор шуданд. Ҳамчунин, ихтиёриёни ҷавон доим дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ қарор доранд. Аз ҷумла, ҳар сол 150 нафар донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ бо кор таъмин мегарданд. Дар арафа ва рӯзҳи таҷлили иду ҷашнҳо 1500 нафар донишҷӯ дар баробари кормандони милистия баҳри ҳифзи тартибот дар хизматанд. Даҳҳо нафар варзишгари машҳур узви клуби “Динамо”-и вазорат мебошанд. Умуман, аз ин баъд низ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тайёр аст баҳри пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, нашъаҷаллобию дигар амалҳои зишт бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ кунад. Бори дигар кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, орзуманди саломатию сарбаландӣ ва комгории онҳо ҳастам. Ҳамаи онҳое, ки дар мубориза бо ҷинояткорон ҷон бохтаанд, ҷояшон ҷаннат ва хонаи охираташон обод бод!
Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Ҳар сол дар мамлакат 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар ҳар давлат конститутсия шакли олии зуҳуроти ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар давраҳои дигаргунсозиҳои ҷомеа баҳри таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳила ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қабул мешавад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз конститутсияи пештара истифода мебурданд. Мардуми Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати худро қабул кард. Дар моддаи 1-и Конститутсия таъкид шудааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин омилҳои амнияту осоиштагӣ ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Тавре Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандони мо, насли ояндаи миллат дар рӯҳияи эҳтироми қонунҳо, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёбанд”. Моро лозим аст, ки гузаштаи на чандон дурро фаромӯш накунем. Қабули Конститутсия барои кишвари тозаистиқлоли мо, ки аз ҷанги дохилӣ хаста шуда буд, роҳи пойдории қонуну риояи ҳуқуқи инсонро боз кард. Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати орому осоишта мубаддал гардид. Боварӣ дорем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи зудтар ба се ҳадафи асосии стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳем гашт. Тамоми сокинони кишвар, алалхусус ҷавонони саодатманди кишварро бо 21-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ муборакбод гуфта, ба онҳо рӯзгори босафо ва хуррамию осоиштагӣ таманно мекунем.
Медалҳои нуқра муборак, “Истиқлол”!
Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иштироки фаъолонаи дастаи “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2015
www.javonon.tj
Ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанберо, бо шумули футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти даста, инчунин мухлисони бозии футболи мамлакатро барои иштироки фаъолона дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 ва мақоми дуюми ин мусобиқаи
бонуфузи қораи Осиёро сазовор гаштанашон самимона шодбош мегӯям. Ин дастовард дар таърихи футболи кишвар нахустин аст. То чанд соли пеш клубҳои футболи кишвар дар мусобиқоти сатҳи пасттари КФО иштирок мекарданд.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш буд, ки имрӯз тимҳои кишвар дар мусобиқоти бонуфуз бо дастаҳои пурқуввати қораи Осиё рақобат мекунанд. “Истиқлол” клуби ҷавон аст. Он соли 2007 таъсис ёфт. Бо саба-
би ба роҳ мондани коргузории хуб ва ҷалби мутахассисон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз замони таъсис инак чорум маротиба мешавад, ки қаҳрамони футболи мамлакат мегардад. Бо Фармони Президенти мам-
лакат соли 2014 дар кишвар Соли оммавияти футбол эълон гардид. Ба ин муносибат Федератсияи футболи кишвар дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё чорабиниҳои зиёдеро амалӣ карданд. Аз ҷумла дар тамоми минтақаҳои кишвар фестивали футболи кӯдакону наврасон доир гашта, ҳазорон нафар писаракону духтаракон ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ ҷалб шуданд. Дар яке аз ин фестивалҳо дар шаҳри Қайроққум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карда буд. Ҳамин дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат буд, ки клубҳои футболи кишвар рушд карданд ва соли сеюм аст, ки дар Ҷоми КФО иштирок доранд. Ба даври финалӣ расидани дастаи “Истиқлол” бисёр як дастоварди бузург аст. Бори дигар ҳайати дастаи “Истиқлол” ва мухлисони футболро таҳният мегӯям ва умед дорем, ки солҳои наздик клубҳои кишварро дар Лигаи чемпионҳои Осиё мебинем. Ба пеш, ба сӯи қуллаҳои баланд!
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
нагирад, мебинед, ки Афғонистон ҳам барои “ҷолибсозӣ” ба он кашида мешавад.
данд, бе розигии онҳо нерӯҳои байналмилалӣ натавонистанд барои сарнагун кардани режими Башор Асад ба Сурия дароянд. Зимнан, дар боло гуфтем, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайвастани шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро нигарон кардааст. Ин буд, ки 30 сентябри соли равон барои дастгирии Башор Асад артиши Русия ба хоки ин кишвар даромад ва ба пойгоҳҳои ДИИШ зарбаҳои ҷонкоҳ зад. Мақсади ба Сурия фиристодани нерӯҳои ҳарбияшро Русия кӯмак ба ҳукумати Башор Асад, яъне маҳви ДИИШ ва ба ҳамин васила коҳиш додан ё пеши роҳи ифротишавии шаҳрвандони худ ва
Афғонистон интиқол ёфтани “Толибон” ва гурӯҳҳои дигари радикалиро лоиҳаи муштараки ИМА ном мебаранд, ки бо дасти Покистон ва сармояи Арабистони Саудӣ ва Қатар амалӣ мешавад. Чунончи Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд, Абдулкарими Хуррам, собиқ раиси маъмурияти Ҳомид Карзай, доктор Рангин Додфар, собиқ мушовири Ҳомид Карзай ва чанде дигарон истисно намедонанд, ки нооромӣ дар шимоли Афғонистон кори дасти беруна аст. Аҳмад Валӣ Масъуд гуфтааст, “ба шимоли Афғонистон интиқол додани “Толибон” кори саҳл нест ва барои ин кор сармояи гарон масраф шудааст. Ин сармоя, та-
кишвар мақсад дорад ва ҳамин ки манфиатҳояшон бо ҳам рост намомад, ба якдигар мушкил эҷод мекунанд”. (хабаргузории “Афғонистон”) Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳукумати “Толибон”-ро эътироф карда буд. Ин ҳаракатро сарапаратӣ карданаш кори нав нест. Вале ҳамлаҳои ахири “Толибон”-ро махфиёна сарпарстӣ карданаш шояд ба хотири дарди сар эҷод кардан барои Русия бошад. Чун Арабистони Саудӣ ҳам намехоҳад Сурияро Башор Асад идора кунад. Аз Башор Асад дастгирӣ кардани Русия бегумон Арабистони Саудиро хуш наомадааст. Яъне, гуфтан мумкин, ки
шаҳрвандони кишварҳои шарикаш (Осиёи Марказӣ) маънидод кард. Ин амали Русия ИМА-ро чандон хуш наомад. Дар пайи зарбаҳои артиши Русия ба қаламрави таҳти контроли ДИИШ, зуд хабари ба дасти ҳаракати “Толибон” гузаштани вилояти Қундузи Афғонистон расид, ки як вилояти шимолии Афғонистон аст. Яъне ҳам дар он ҷо нуфузи ғайрипаштунҳо бештар аст, ҳам ин вилоят ба сарҳади Тоҷикистон наздик. Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллии Афғонистон гуфтааст, ки ҳамлаи “Толибон” ба Қундуз навъе посух ба вуруди нерӯҳои Русия ба Сурия аст. “Яъне амрикоиҳо ба русҳо гуфтанд, ки мо метавонем дар ҷои дигар ба шумо мушкил эҷод кунем. Дар ҳамин рӯзҳое, ки нерӯҳои Русия ба Сурия ворид шуданд, ҷанг дар шимоли Афғонистон шиддат гирифт”, - иброз доштааст Л. Пидром. Бисёре аз сиёсатмадорони Афғонистон ба шимоли
биист, ки аз хориҷ ворид мешавад. Вагарна гумон аст, ки худи “Толибон” ва ё онҳое, ки дар сафи ин ҳаракат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд, тавони мустақилона амал кардан дошта бошанд. Маълум аст, ки кишварҳои “сарпараст” мақсадҳои калон доранд. Онҳо бе ягон мақсад барои чанд толиби бесавод пул сарф намекунанд. Ҳар
ҳоло Афғонистон то хеле вақт нуқтаи доғ ва картаи муҳим барои давлатҳои бузург боқӣ мемонад. Вале сухани муҳимро дар робита ба нооромиҳои ахир Аҳмад Валӣ Масъуд гуфтааст: “Ягон кишвар набояд терроризмро ҳамчун унсури мубориза ба рақиби худ истифода барад. Чунки терроризм ба ягон давлат дӯст шуда наметавонад”.
Вақте бозӣ бузург аст...
Афғонистон ва бузургу “тавоно” нишон додани гурӯҳҳои радикалие, ки аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиву Қафқоз дар Афғонистон ҷамъ шудаанд, дар баробари нигарон кардани кишварҳои ҳамсарҳад, инчунин барои Русия ва Чин ҳамеша дарди сар аст. Инро ки рақибони ҳар ду абарқудрати Осиё хеле хуб медонанд, ҳар гоҳ лозим донистанд ба хости худашон истифода мебаранд. Вагарна наход дар 14 соли будубоши ИМА-ву дигар нерӯҳои Ғарб дар Афғонистон не сулҳро таъмин кардану не терроризму маводи мухадираро коҳиш додан мумкин набошад? Бояд гуфт, Русия, Чин ва Эрон се давлате буданд, ки аз ибтидои саршавии низоъ дар Сурия барои вуруди нерӯҳои байналмилалӣ ба хоки ин кишвар зид баромаданд. Яъне вэто гузоштанд. Азбаски ҳар се ҳам кишварҳои дар арсаи байналмилалӣ соҳиби сухан бу-
P.S: Дар силсилафилми русии “Ҷанги милисаҳо” пораи аҷибе ҳаст. Вақте қаҳрамони филм - майори милиса Шилов, ки шахси ҳалолкору ростқавл аст, решаи ҷиноёти вазнинро дар шаҳр кофта-кофта меравад мефаҳмад, ки он ба яке аз генералҳои милиса рафта мерасад. Генерал шахсест, ки ҳар дам ба тобеонаш, аз ҷумла ба майор Шилов аз ростиву ҳалолкорӣ гап мезанад. Дар натиҷа маълум мекунанд, ки генерал ҳам ба қочоқи маводи мухаддир даст дорад, ҳам ба куштору фурӯши аслиҳа ва ҷиноёти дигар. Майори милиса ҳайрон шуда аз роҳбараш мепурсад: - Чи хел мешавад, ки генерал, нафари болои сари ҳамаи мо роҳбар, ба ин гуна кор даст занад? Роҳбар ҷавоб медиҳад: - Вақте бозӣ бузург аст, ҳама чиро интизор шудан мумкин!
www.javonon.tj
Давлатҳои бузург дар ҳар гӯшаи дунё фоидаи худро суроғ мекунанд. Манфиаташон ки ба ҳам бархурд ё хостаҳояшон мувофиқ наомад, ҳамон лаҳза низоъ мехезад. Низоъ авҷ мегирад ва борони зулму тааддӣ ба сари мардуми осоишта мерезад. Дар Украина ҳамин хел шуд. Як гурӯҳ аз мардуми ин кишвар мехост давлат ба Иттиҳоди Аврупо дарояд, ба Ғарб майл кунад. Яъне ба Амрико. Гурӯҳи дигар ва асосан ҳукумати Украина мехост бо Русия бошад. Ғарбгароҳоро ИМА таҳрик мекард, ҳукуматро Русия. Русия намехост Украинаро аз даст бидиҳад. ИМА манфиатдор буд, ки Украина аз итоати Русия берун шуда, кишвари “демократӣ” шавад. Яъне ҳар ду ҷониб мехост ба хостаи худ ноил гардад. Аз манфиатталошии онҳо мардуми зиёд қир гашт. Дар ин задухӯрд Русия Қримро гирифт. Ба ақидаи таҳлилгарон ИМА дар ғазаб шуд, чун ин бозиро бохт... Дар Ховари Миёна ҳам талоши давлатҳои бузург барои манфиатҳояшон идома дорад. Хусусан, дар Сурияву Ироқ. ИМА, Исроил, Арабистони Саудӣ, Туркия ва чанд кишвари дигар аз аввали низоъҳо намехоҳанд Сурияро Башор Асад идора кунад. Русия, Эрон ҳоло ҳам ҷонибдори Башор Асаданд. Албатта, ҷонибдорони Башор Асад ӯро на “барои чашму қоши зебояш” тарафдоранд. Онҳо ҳам фоидаи худашонро доранд. Сиёсатмадорони Исроил изҳор дошта буданд, ки барои ба як масъалаи байналмилалӣ табдил додани низои Ховари Миёна стратегияи “Хонаи занбӯр”-ро тартиб додаанд. Мақсади стратегияи “Хонаи занбӯр” аз тамоми гӯшаву канори дунё, бахусус аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ховари Миёна овардани ҷангиён аст. Ин нақша амалӣ гашт. Ҳоло аз ҳар кишвари шӯравии собиқ дар Сурияву Ироқ дастикам 500-нафарӣ меҷанганд. Ин ҳолат дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро ҳам нигарон кардааст... Албатта, ба Сурия ҷалб кардани ҷангиён аз кишварҳои гу-
3 е-mail: javonontj@mail.ru
ногуни дунё нақшаи барвақт андешидашуда мебошад ва қадам Башир УСМОНОВ, ба қадам Лоиҳаи “Ховари Миёнаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Бузург”-ро амалӣ мегардонад. Лоиҳаи “Ховари Миёнаи Бузург” сенарияи таҳти контрол гирифтани 73 фоизи захираи нафти Ҷаҳони имрӯз ба аст; Сенаряи аз Африқои масобаи бозигоҳест, ҷаҳон Шимолӣ сар карда то Халиҷи ки Афғонистон дар Форс, ки кишварҳои мусулмоннишинанд, ба сари қудрат овардани он яке аз муҳраҳо низоми Ғарб аст; Инчунин сенава ё картаҳои муҳим рияи пора кардани давлатҳои Ховари Миёна ва дар ҳамин радиф ҳар замон барои таъсиси давлати Курдистон бо рангоранг шудани назардошти манфиати Исроил ва бозӣ истифода Ғарб мебошад. Дар ин гирудор муҳимияти мешавад. Бозӣ дар Афғонистон дар чист? Бояд кадом гӯшае сурат гуфт, суръат додани нооромӣ дар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
4
зиёда аз 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин алҳол фақат Сайфиддин СУННАТӢ, 6-7 дарсади он истифода бурда ме“Ҷавонони Тоҷикистон” шаваду халос. Тоҷикистон аз рӯи бузургии ҳаҷми захираи манбаъҳои энергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-ум ва Ҳар сол бо омадани аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои якумро ишғол мавсими хазонрез то фарорасии баҳор мавзӯи мекунад. Ҳукумати мамлакат барои маҳдудияти барқ ва истифодаи манбаъҳои азими кай аз байн рафтани гидроэнергетикӣ чун воситаи қонеъ он аз ҳама бештар гардонидани талаботи мамлакат ба мавриди мулоҳизаронии нерӯи барқ заҳмати зиёд мекашад
сокинони мамлакат қарор мегирад. Аз ин рӯ ҳамагон ҳарчи зудтар хоҳони ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар мебошанд.
Мизи мудавваре, ки 30 октябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ баргузор гардид, ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда, “Иқтисод ва энергетика: дурнамои ҳамбастагӣ” ном дошт. Чорабинии мазкур бо ҳамдастии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир гардид. Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки ҳарчанд маҳдудияти интиқоли барқ барои сокинони мамлакат як қатор душвориҳоро пеш орад ҳам, вобаста ба хусусияти системаи энергетикии мамлакат ин тадбир феълан зарур аст. Зеро бо фаро расидани мавсими сармо маҷрои оби дарёи Вахш кам мешавад ва нерӯгоҳҳои мавҷударо лозим меояд, ки аз захираи оби обанбори Норак истифода намоянд. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки нерӯи барқи мавҷударо самаранок ва сарфакорона истифода намоем. Самаранок истифода бурдани барқ низ фарҳанг аст. Намояндаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Тошпӯлод Рабиев иброз дошт, ки истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Захираи умумии солонаи иқтидори энергияи барқи обӣ дар мамлакат
www.javonon.tj
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Гирифтани маошу нафақапулӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ яке аз талаботи низоми бонкии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар кишварҳои пешрафта бонкҳо барои ҷалби муштариёни бештар сифати хизматрасониро беҳтар гардонида, ҳар гуна имтиёзот пешкаш менамоянд. Дар ҷумҳурии мо дар ин ҷода фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” шоистаи таҳсин аст. Натиҷаи хизматрасонии хуби кормандони бонк аст, ки дар 6 моҳи соли равон теъдоди дорандагони бонки мазкур ба 739 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 бештар аз 300 ҳазор нафар, яъне 71 фоиз зиёд мебошад. Мутаассифона, чунин хизматрасонии босифатро дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” намебинем. Ман чанд сол боз маошамро та-
зиёдтар аст, - гуфт Т. Рабиев. – Дар натиҷаи гузаштан ба лампаҳои каммасраф тайи 5 соли охир ба ҳисоби миёна соле 3,2 миллиард кВт/соат нерӯи барқ сарфа гардид. Дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Д. Давлатшоев иброз дошт, ки сарфа гардидани 3,2 миллиард кВт/соат андаке муболиға аст. Зеро аз нерӯи барқи солона истеҳсолшаванда ҳамагӣ 15-20% барои рӯшноӣ сарф мешавад. Ҳоло дар мамлакат соле
чанд кишвар ба роҳ монда шавад, - гуфт Т. Валаматзода. – Ҳамчунин тавлиди газ аз ангиштсангро зиёд намуда, корҳои иктишофиро бо мақсади дарёфти конҳои нефту газ идома бояд дод. Дар масъалаи дипломатияи обу энергетика бошад, аз вазъи худсафедкунӣ ба ҳолати ҳимояи манфиатҳои стратегии худ гузаштан лозим. Бунёди корхонаҳои истеҳсоли сӯзишворӣ низ моро ба ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ наздик месозад. Агар НБО “Роғун” сохта нашавад, қисми
то 20 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад. Норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон дар мамлакат 4-4,5 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба истифода додани НБО “Роғун” ин норасоӣ аз байн хоҳад рафт. Коршиноси МТС Темур Валаматзода истиқлолияти энергетикиро яке аз шартҳои муҳимтарини амнияти мамлакат ҳисобида таъкид намуд, ки дар баробари таъмин будан бо манбаъҳои энергетикӣ арзиши муътадил доштани он низ муҳим аст. - Бо мақсади ба як ширкат ё кишвар побанд набудан зарур аст, ки воридоти нафту газ аз як-
зиёди обанбори Норакро лой зер карда, ба тунели обкашии Данғара хавфи маҳкам шудан таҳдид хоҳад кард. Аз ин ба соҳаи кишоварзии ноҳия зарари калон хоҳад расид. Устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Алфия Аҳророва таъкид намуд, ки ҳар тобистон бинобар набудани имконияти содироти нерӯи барқ як қисми об дар нерӯгоҳҳои дарёи Вахш беҳуда сар дода мешавад. Агар ба ҷои беҳуда сар додани об нархи барқро арзонтар намуда, ба истифодабарандагони худӣ интиқол диҳем, самараи иқтисодии он бештар хоҳад шуд. Ҳоло 98% нерӯи барқи Тоҷикистон
Маҳдудияти барқ кай барҳам мехӯрад? ва ҳамчунин ният дорад, ки ҳаҷми содироти онро ба хориҷ афзун намояд. Алҳол нерӯгоҳи “Норак” калонтарин НБО-и кишвар ба ҳисоб рафта, иқтидораш ба 3000 мегаватт мерасад. Солона ба қадри бештар аз 11 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Моҳи июли соли 2009 чархаи сеюми нерӯгоҳ иваз карда шуд ва ин иқтидори мавҷудаи нерӯгоҳро 160 мВт зиёд намуда, эътимоднокии онро афзуд. - Президенти мамлакат қайд карда буданд, ки истифодаи лампаҳои каммасрафи замонавӣ харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунад ва илова бар ин муҳлати кори онҳо 8-10 маротиба
дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Оянда ҳиссаи тавлиди барқ аз офтобу шамол, энергияи дарёҳои хурд, инчунин истеҳсоли биогаз ва сарфаи энергияро зиёд бояд кард. Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Б. Абдураҳимов изҳор намуд, ки истеҳсоли ангиштсанг дар ҷумҳурӣ торафт меафзояд. Аз ҳама бештар ангиштро дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, “Ширкати алюминийи тоҷик” ва корхонаҳои сементбарорӣ истифода мебаранд. Талаботи ҳақиқӣ нисбат ба ангишт дар ҷумҳурӣ соле ба 825 000 тонна баробар аст. Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли ангиштсанг ба 871 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 185% зиёд аст. Воридоти ангиштсанг аз хориҷи мамлакат торафт кам мешавад. Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ С. Сафаров аз он изҳори ташвиш намуд, ки талафоти техникии барқ нисбат ба соли 1990 10-18% зиёд шуд. Бо мақсади кам кардани талафоти техникӣ солҳои охир ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти муосири танзиму интиқоли нерӯи барқ ворид мегардад. Ба истифода додани лоиҳаи хеле дурандешона – хати интиқоли барқи 500 кВ-и Ҷануб-Шимол системаи энеретикии мамлакатро муттаҳид намуд. Хатти интиқоли барқи 220 кВ “Лолазор – Хатлон” бошад, як қисмати кишварро бо барқи хушсифат таъмин карда, боиси камшавии талафоти техникии нерӯи барқ гардид. Иштирокчиёни мизи мудаввар таъкид намуданд, ки маърифати сарфакорона истифодабарии барқро миёни сокинони мамлакат тарғиб бояд кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ саъю талош дорад, ки солҳои наздик норасоии барқро барҳам дода, ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардад. Амалишавии лоиҳаи “CASA-1000” низ иқтидори содиротии ҷумҳуриро афзун намуда, ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Терминалҳои вайрони “Тоҷиксодиротбонк”ро кӣ бояд соз кунад? вассути бонки мазкур мегирам. Кам ҳолатҳое шудааст, ки рӯзи аввали моҳ маошамро бе мушкилӣ, аз терминали дилхоҳам гирифта бошам. Масалан, рӯзи 3 ноябр ба филиали бонки мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (рӯ ба рӯи бозори гӯштфурӯшии маҳаллаи Яккачинор) рафтам. Дар даромадгоҳи он бо ҳарфҳои калон навишта буданд, ки “терминал ва посттерминал кор намекунанд”. Рӯзҳои 2-3 ноябр дар филиали минтақавии дар ноҳияи Ҳисорбуда низ ҳарду терминали мавҷуда кор намекарданд. Дар экрани терминале, ки дар
даромадгоҳи МИҲД-и ноҳия насб шуда буд, ду рӯз пайҳам чунин навиштаҷот мактуб буд: “Гузариш ба реҷаи супервизор. Мунтазир шавед”. Тасаввур кунед, ки шахсе субҳ ба назди ин терминал омада, онро хонаду бовар карда, мунтазир шавад. Чӣ қадар вақту торҳои асабашро бой хоҳад дод? Дар назди ин терминал боз терминали “Спитаменбонк” мавҷуд аст. Ҷавоне бо корти “Тоҷиксодиротбонк” аз он 100 сомонӣ пул гирифт. Вақте бақияи пулашро нигоҳ кард, ҳуш аз сараш парид. 28 сомонияш барои хизматрасонӣ рафта буд. 3 ноябр терминали воқеъ
дар кӯчаи Шевченкои пойтахт мавҷудбуда низ кор намекард. Хайрият, ки посттерминали он кор мекарду тавассути пешкаш намудани ҳуҷҷат имкони гирифтани маблағ мавҷуд буд. Вақте муштариён бовар карда, хизматрасонии бонкро интихоб мекунанд, сазовори боварӣ бояд буд. Яъне терминалҳои вайронро мутахассисон саривақт соз кунанд. Вагарна ба хотири гирифтани маош вақту маблағи зиёд сарф карда, сарсон шудан касро аз чунин хизматрасонӣ дилсард месозад. С. АБӮИСМОИЛ, “ҶТ”
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
Сад бор чен куну баъд бибур
Омилҳои вайроншавии оилаҳо аз назари ҷавонон Оила ва оиладорӣ яке аз рукнҳои асосии ҷомеа мебошад, зеро солимӣ ва устувории оила асоси солимӣ ва устувории ҷомеа ба шумор меравад. Оила на танҳо пйванди ду хонавода, балки бунёдгузори як шаҷараи бузург шуда метавонад. Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо инро андеша намекунанд ва пас аз як ё ду соли хонадорӣ оилаҳои онҳо пош мехӯрад, ки ба сард шудани муносибати ду хонавода, бепадар ва ё бемодар мондани фарзандон боис мегардад.
Фарзона ИСМОИЛОВА, “ҶТ”
Мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад. Ба иттилои Вазорати мудофиа то имрӯз беш аз 70 дарсади нақша иҷро шудааст. Аммо ба назар мерасад ҷавононе ҳастанд, ки аз қарзи фарзандии худ назди Ватан – хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Аз мусоҳибонамон пурсидем, ки:
Чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ дурӣ меҷӯянд?
Амруллоҳи НИЗОМ, Рӯзноманигор: - Дар кишвар ҳар сол ду маротиба дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳ аз хизмати ҳарбӣ расонаҳо бештар ба мардум иттилоъ медиҳанд. Ин хидмати расонаҳо замоне анҷом дода мешавад, ки ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Аммо таҷриба нишон додааст, ки анҷоми ҳама кору хидматрасонӣ ба тарғиботу ташвиқоти дуруст ва саривақтӣ ниёзманд аст. Бар илова, расонаҳои кишвар дар аксар маврид вақте дар бораи хизмати ҳарбӣ матлаб омода мекунанд, ки ҳодисаи нохуше дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ сурат гирифта бошад. Ин ҷо ман ду омилро метавонам зикр кунам, яке сари вақт иттилои дуруст ва тарғибкунанда ба ҷавонон, дуюм, вуҷуди фазои носолими расонаӣ дар раванди даъват ба Қувваҳои мусаллаҳ. Ҳоло як чизро кӯшоду равшан бояд зикр кард, вақте аксари даъватшудагон мусалмонтарбор ҳастанд, соле чанд маротиба агар ҳамин даъват тавассути имомхатибони кишвар ва аз минбарҳои масоҷид садо диҳад, ҳеҷ бадие нахоҳад дошт ва бар илова агар имомхатибон ин даъватро аз нигоҳи омӯзишаҳои динӣ ба мардум шарҳ диҳанд, он гоҳ мо натиҷаи мусбатро хоҳем дид. Мустафо СОБИРОВ, донишҷӯ: - Сабабҳои аз хизмати ҳарбӣ дурӣ ҷустани ҷавонон азобу шиканҷа аст. Ин боис мегардад, ки ҷавонон аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ рӯ гардонда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Вале азобу машаққате, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҷавонон аз сар мегузаронанд аз азоби хизмати ҳарбӣ камтар нест. Адои хизмати ҳарбӣ барои ҳар шахси ватандӯст қарз аст. Хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагист. Дар ин мактаб ҷавонон обу тоб ёфта, муҳаббаташон нисбат ба ВатанМодар бештар мегардад. Дар давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо накарда бошанд, ба донишгоҳ ё ба ҷойи кор таъмин карда намешаванд. Агар ин қонун дар кишвари мо низ ҷорӣ шавад, бовар дорам ҳама ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд ва ин масъала ҳал мегардад. Маҳмаддалӣ МИРЗОЕВ, сокини ноҳияи Файзобод: - Дурӣ ҷустан аз хизмати ҳарбӣ сабабҳои гуногун дорад. Бархе нафарон аз табақаи болоӣ буда, ба хизмати ҳарбӣ намераванд. Бархе дигар ҷавонон сабабашро дар латукӯб шудани сарбозон мебинанд. Аммо
имрӯзҳо хизмати ҳарбиро ҷавонон аз табақаҳои миёна адо мекунанд. Ман ҳам тайи 2 сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмати ҳарбӣ намудам ва мактаби мардонагӣ ва мушкилотро дидам. Як чизро бояд қайд кунам, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби мардонагист. Нафаре, ки хизмат карда бошад, ба қадри ҳама чиз мерасад ва эҳтиром мегузорад. Махсусан ба қадри падару модару зану фарзанд мерасанд. Ҷавони тоҷик ба хотири наздикон ва ватани азиз аз хизмати ҳарбӣ набояд саркашӣ намояд. Мо ҷавонон ҳимоятгари Ватан ва ояндаи миллатем. Ин Ватани азиз ба ҷавонони шуҷоъ ниёз дорад ва мо бояд ҳамеша барои дифои он омода бошем. Фотима ИШОНҚУЛОВА, донишҷӯ: - Бештари ҷавонон мегӯянд дар хизмати ҳарбӣ бо азобу шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд. Ин қабил амалҳои нангин ҷавононро дилсард мегардонад. Аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бархе аз ҷавонон ба муҳоҷират мераванд ва иддае ҳам пинҳон мешаванд. Бесабаб дар урфият намегӯянд, ки “то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад”. Яъне ҳамон ҷавононе, ки аз хизмат рафтан метарсанд, шояд ягон асос дошта бошанд. Кадом волидайн мехоҳад, ки фарзандаш ба хизмати ҳарбӣ рафта аз онҷо маъюб баргардад? Бинобар ин, бояд комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷавонон машварат доир намоянд, то тарси ҷавононро бартараф кунанд. Барои бедор кардани шавқи хизмат дар дили ҷавонон зарур аст, ки мушкилиҳои мавҷуда, яъне латукӯби сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ҷой надошта бошад. Танҳо дар ин сурат ҷавонон бо дили гарм ба артиш мераванд. Амирҷон ДАВЛАТОВ, афсари Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Мурғоб: - Аз хизмати ҳарбӣ дурӣ ҷустани ҷавонон сабабҳои гуногун дорад. Махсусан сарбозоне, ки аз хизмати ҳарбӣ бармегарданд, ба дӯстону наздикон маълумоти бардурӯғ медиҳанд, ки гӯё ба онҳо хӯроки нағзу либоси гарм намедиҳанд. Ҷавонони имрӯза нисфи зиёдашон рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Вақте савол мегузорем, ки чаро хизмат намеравӣ, мегӯяд, шумо як бор қисми ҳарбӣ равед, бубинед, ки ягон бачаи сарватманду пулдор хизмат мекунад? Ҳар сарбозе, ки хизмат мекунад, ҳатман аз оилаи деҳқону камбағал мебошад. Дар байни эшон ягон писари курсинишину пулдор ба назар намерасад. Ҷавонон ин гуна сабабҳоро баҳона карда, аз хизмати Модар-Ватан, ки қарзи ҳар як шаҳрванд аст, худро канор мегиранд.
www.javonon.tj
Албатта, ба сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон наметавон яктарафа баҳогузорӣ кард. Зеро агар сабаби оилавайронии як нафар вазъи иқтисодӣ бошад, аз дигаре сатҳи пасти маърифатнокӣ, аз сеюми дахолати волидону аз чорумӣ хиёнати ҳамсар ё шавҳар аст. Яъне омилҳо гуногунанд. Хостем мавзуро аз назари худи ҷавонон баррасӣ кунем. Бо ин мақсад чанд ҷавони синну солу касбу кори гуногунро савол додем, ки: “Сабаби асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар чист?” Ба андешаи Насимҷон Саидов паст будани шароити иқтисодӣ метавонад ба оилавайронӣ сабаб шавад. Аммо оилаҳое ҳам ҳастанд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкил надоранд, вале солиму устувор нестанд. Аз ин бармеояд, ки сабабу омилҳо барои ҳар оила ҳар хел аст. Яъне мушкилиҳои хоси ҳамон оила боис мешавад, ки оила вайрон шавад. - Вақте духтар шавҳар мекунаду ба хонаи хусуру хушдоман меравад, вазифаи аввалиндараҷаи шавҳар тарбияи зан, яъне ба ӯ фаҳмонидани роҳу равиши хонаводаашон мебошад. Зан низ дар навбати худ бояд ба шавҳар итоат кунаду шавҳар ва аъзои хонаводаи ӯро эҳтиром намояд. Зану шавҳари ҷавон бояд ҳуқуқҳои якдигарро донанд ва риоя кунанд, то ки байнашон якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад. Якдигарфаҳмӣ асоси устувории оила аст. Агар дар оила якдигарфаҳмӣ набошад, пас оила солим нест ва ин метавонад ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон оварда расонад, - иброз дошт Зулайхои Турахон. Амрулло Нозимов, ҳамсуҳбати дигари мо чунин ақида дорад: “Имрӯз ҷавонони мо кӯшиш мекунанд донишгоҳро ба охир нарасонида хонадор шаванд, ки нодуруст аст. Баъдан дахолати волидони шавҳар ба оилаҳои ҷавон зиёд ба назар мерасад. Баъзан хушдоманҳо гӯё аъзои комиссияанду келинҳо имтиҳонсупоранда. Вақте аз “имтиҳон” нагузаштанд, ба келин дод мезананд, ки аксар вақт ҷавондухтарон ба чунин муносибат тоб оварда наметавонанд. Ин чиз дар оила хушунатро ба вуҷуд оварда, боиси парешонии оилаҳо ва билохира сабаби пошхӯрии оилаҳо мешавад”. Соҳиба Қодироваи 22-сола ду сол мешавад, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст. Соҳиби як фарзанд мебошад. Ба назари ӯ дар аксар оилаҳои ҷавон рашки ноҷо ва аз ҳад зиёд метавонад боиси пошхӯрии оилаҳои ҷавон гардад. “Боварӣ надоштан ба ҳамдигар ва шубҳа кардан аз ҳар як амали ҳамсар боиси сард шудани муносибатҳо мешавад. Ба андешаи ман он чи ки оилавайроншавиро бештар кардааст, хиёнат ҳаст. Масалан, сабаби оилавайронии ман хиёнат буд. Шавҳарам одатҳои ноҷои зиёд дошт. Арақ менӯшид, ягон ҷо кор намекард. Зиёд рашк мекард ва хеле инҷиқ буд. Ман ба ин ҳама тоқат мекардам, аммо аз ман пинҳонӣ зани дигар гирифтааст. Бо вуҷуди шароити пасти иқтисодӣ зани дуюмашро низ ба хона овард, ки боиси вайронии оила шуд, - иброз дошт Соҳиба. Маълум гардид, ки ҳар яке аз ҳамсуҳбатон вобаста ба дарку фаҳмиш ва донишу ҷаҳонбинӣ сабаби зиёдшавии оилавайрониро гуногун маънидод мекунанд. Аммо новобаста ба он ки сабабҳо мухталифанд, агар дар бунёди оила ҳар ҷавон аз рӯи мақоли “Сад бор чен куну як бор бур” амал кунад беҳтар аст. Яъне қабл аз оиладор шудан садбор андеша кунаду баъд амал.
5 е-mail: javonontj@mail.ru
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МУШКИЛИ ДОИМӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Рӯзе дар дохили нақлиёти мусофирбар тасодуфан шоҳиди суҳбати ду ҷавон шудам. Ҷавонон донишҷӯ буданд. Аввал каме дар бораи имтиҳону санҷишҳо сухан ронданду сипас мавзӯи суҳбати онҳо тағйир ёфт. Яке аз онҳо гуфт, мушкиле пеш омадаасту дар ҳолати хеле ногувор қарор дорад ва аз дуюмӣ машварат мехост. “Мушкил ин аст, ки - гуфт ҷавони аввалӣ, - номзадам шарт гузоштааст Сари калобаамро гум кардааму намедонам чӣ кор кунам”. “Чӣ шарт будааст?”ҳайрон шуда пурсид дуюмӣ. “Ӯ носкашиамро фаҳмида, тамоман аз ман рӯй гардонид. Ҳоло ки рӯзи тӯйро аниқ намудаем, мегӯяд ё маро интихоб кун ё носро. Ман ӯро беҳад дӯст медорам. Вале аз кӯдакиам нос мекашаму аз ин одат низ даст кашида наметавонам. Ту бигӯ, чӣ кор кунам?” Ҷавони дуюм бепарвоёна даст афшонда гуфт: ”Ҳеҷ қисса набудааст-ку, парто ҳамон носи зормондаро”. “Ту тасаввур карда наметавонӣ, ки чӣ гуна ин душвор аст. Ман борҳо санҷидаам, аммо бенатиҷа...” – гуфта ҷавон ба фикр фурӯ рафт... Суҳбати ҷавонон маро ба андеша водор сохт. Наход ҳамин як одати манфур боиси он гардад, ки дар интихоби миёни он ва ҳамсари оянда, ки боз дӯстдошта низ ҳаст, одам ба чунин дудилагӣ ва ноилоҷӣ мувоҷеҳ гардад? Воқеан, носкашӣ чист: одат, рағбат ё беморӣ? Ман бо ин суол ба чанде аз шаҳрвандон муроҷиат намудам. Посухҳо гуногун буданд. Занҳо: “Як маводи хеле нафратовари дилбеҳузуркунанда аст”, “Шахсе, ки нос мекашад, мисли ҳайвон аст”, “Ҳамин чизи ифлосу ғайрисанитариро ба даҳон мегиранду боз мегӯянд, ки ҷону тан роҳат мекунад, ман инро намефаҳмам...”, “Аз ҳама нафратовараш ин аст, ки миёни мардум, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ онро туф мекунанд, ки аз доираи одоб берун аст”, “Одати бад аст”, “Беморӣ аст”, “Нос додари хурдии нашъа аст”, ”Ҳам ба даҳон гирифтану ҳам пеши назари ҳама туф кардани он нишонаи бемаданиятӣ ва бемаърифатист”, “Танҳо ашхоси сустирода нос мекашанд”...
Мардҳо: “Намедонам ин чист, аммо борҳо кӯшиш кардам носкаширо партоям, аммо натавонистам”, “Як дарди бедаво”, “Дарду андуҳ ва мусибатро сабук месозад”, “Нос арзонтар аст нисбат ба сигор...”, “Намедонам, аз носкашҳо пурсед”, “Ҳамин занҳо ба носкашии мо чӣ кор доранд?”... Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ ба ин суол чунин посух дод: “Носкашӣ дар феҳрасти бемориҳои нашъамандӣ бо номи "насовая наркомания" дохил мешавад. Он нашъамандии сабук ҳисобида шуда, вобастагии равонӣ меорад. Аз 10 соли умр 2 солро кӯтоҳ мекунад, тез пир мекунад, дандонҳоро мерезонад, баранге-
ни зебову боҳашамате кушода мешаваду ҷавони олуфтаи хушсарулибосе сарашро берун карда, нос туф мекунад, ки бешак ҳар бинандаи ин манзара то охири рӯз бо табъи хира ва иштиҳои баста мегардад. Илова бар ин, аз даҳон, бадан сару либоси шахсе, ки нос истеъмол мекунад, бӯйи баду ғализе меояд, ки сабаби нороҳатии атрофиён мегардад. Дар баъзе аз сарчашмаҳо омадааст, ки моддаи асосии таркиби ин мавод тамоку аст. Дар таркиби нос ғайр аз тамоку оҳак ва хокистар низ мавҷуд аст. Аз нос танҳо шахсоне истифода мекунанд, ки иродаи суст ва асабҳои заиф доранд. Илова бар ин, чунин ашхос
Ё ман, ё нос...
кунанда дорад; - умрро кӯтоҳ месозад; - аз ҷумлаи хоҳишоти нафсонист, ки дар Қуръон низ мавриди мазаммат қарор гирифтааст; - исроф аст ва исроф аз ҳаромкардаҳои Худованд аст; - муҷиби нороҳатӣ, канораҷӯӣ ва ҳазар кардани атрофиён мегардад; - барангезандаи бемориҳое аз қабили саръ ва саратон аст; - сабабгори фаромӯшхотирӣ мегардад; - маводи ғайрисанитарӣ аст... Ашхоси сустирода ҳангоми асабоният худро ба даст гирифта натавониста, ба носу сигор ва дигар намуди машрубот рӯ мео-
ё тарки одат амри маҳол аст?
зандаи бемориҳои меъда ва рӯда, ҳамчунин барангезандаи бемории саратон аст”. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе қариб 80 фоизи мардону ҷавонон нос мекашанд. Дар деҳот шояд ин нишондод аз 90 фоиз ҳам бештар бошад. Ба кадом кӯчаву паскӯча, роҳу хиёбонҳо нигаред, ҳатман доғи носи туфкарда ба назар мерасад, ки хеле нороҳаткунанда ва ногувор аст. Ҳатто дар идораву корхонаҳои давлатии бонуфуз низ аксари кормандон нос мекашанду беибо хоҳ даруни сатилҳои ахлотпарто, хоҳ дар кунҷҳои роҳраву тирезаҳо онро туф мекунанд. Баъзеҳо ҳатто сари худро аз тиреза берун кардаву гӯё “бомаърифатӣ нишон дода” онро ба кӯча туф мекунанд. Ё дар роҳҳо шоҳиди чунин манзара мегардем, ки дари моши-
майл ба маводи масткунанда ва мастиовар доранду ба хотири пурра дода нашудан ба чунин одатҳо аз ин лаззати зудгузару зиёновар истифода мекунанд. Вале бояд дар хотир дошт, ки нос низ камтар аз ҳеҷ гуна маводи нашъаовар несту носкаш ҳамон майзадаву нашъаманд аст. Аз ҳама лиҳоз истеъмоли нос барои инсон ноҷоиз аст. Он аз майлу рағбат ва кунҷковӣ шуруъ шуда, тадриҷан ба одат табдил меёбаду тану ҷони инсонро мубталои беморӣ мегардонад. Беморие, ки давояш на дар дасти ягон табиб, балки дар дасти худи ҳамон шахси носкаш аст. Бо истифода аз далелҳо чанд хусусияти носро дар зер оварда, қазоват намуданро ба хонанда во мегузорем: - ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ дорад; - бӯйи бад ва дилбеҳузур-
ранд, ки баъзан тарки ин одат дар ҳақиқат ҳам амри маҳол мегардад. Боре як шинос саргузашти мардеро қисса намуд, ки то охири умри ҳамсараш азоби тоқатшиканеро таҳаммул намудааст. Ҳамсараш аз носкашии пинҳонии шавҳар огоҳ шуда, бо ҷиддият исрор менамояд, ки ӯ ин одатро партояд. Мард борҳо кӯшиш мекунад, вале бенатиҷа. Ҳамин тариқ, солҳо сипарӣ мешаванду зан безор аз ҷон шуда, ду нафар шоҳидро оварда, мардро маҷбур месозад, барои дигарбора носро ба даст нагирифтан савганд ёд кунад. Мард “агар носро ба даҳон гирам, занам се талоқ” гуфта, қасам ёд мекунад. Албатта, барои марди мусулмон шикастани қасам хеле сангин аст ва он мард солҳои зиёд бо ҳар роҳу восита аз истеъмоли нос худдорӣ мекунад, аммо тавре худи ӯ иброз медорад, азобе доштааст таҳаммулнопазир... Мард дар муҳоҷират қарор дошту рӯзе ҳангоми кори сохтмон ба ӯ хабар мерасад, ки ҳамсараш вафот кардааст. Мард аз болои сохтмони нотамом ҷаҳида ба сӯи ҳамкораш медаваду халтаи носашро аз кисааш чанг зада, як миқдор ба даҳон меандозаду мегӯяд: “Худоё, маро бубахш, чӣ қадар ман ин рӯзро интизор будам...” Бо манзури огаҳии бештар бо чанд гурӯҳи ҷавонон дар вақту соатҳои гуногун ҳамсуҳбат гардидем. Нахуст чизи таассуфовар ва мавриди таваҷҷуҳ ҳамин аст, ки аз панҷ нафар ҳатман се ё чор нафар нос мекашанд. “Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ бо талқину ташвиқи
як рафиқам ман ба носкашӣ шуруъ намудам, - гуфт Лоиқҷон Туйчиев, сокини ноҳияи Ғончӣ. – Вале бо гузашти вақт дарк кардам, ин одати бадест, ки аз он дил кандан душвор мегардад. Мақсад гузоштам, ки ин одати бадро аз худ дур созам ва хушбахтона бароям муяссар гардид. Инак ду сол боз носро ба даҳон нагирифтаам. Агар шахс иродаи қавӣ ва ақли солим дошта бошад, ба осонӣ метавонад худро аз ин одати баду ногувор раҳо созад. Қурбоналӣ Бобоев, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд, ӯ чанд сол боз сигор мекашад: - Талабот ба чунин мавод мисли талаботи организм ба ғизо ва ё об мебошад. Агар ҳамарӯза аз он истифода накунам, худро мисле ки нопурраву гуруснаву ташна эҳсос мекунам. Вале истеъмоли чунин маводро ба ягон кас тавсия намедиҳам. Чаро шумо нос намекашед? – ин суол нахуст ҷавони ҳамсуҳбатамро, ки аз ҷумлаи аққалият миёни носкашҳову тамокукашҳо буд, ҳайрон намуд. Ғолибҷон Раҳмонов, сокини ноҳияи Ховалинг, мегӯяд, бо он сабаб носу сигор намекашад, ки ба ин мавод на ниёз дораду на ҳавас. - Ман намефаҳмам, ки чаро аксари ҷавонон ба ин маводи зиёновар майл мекунанд, - мегӯяд Ғолибҷон, - аз буйи бади даҳони носкашҳо ва дандонҳои зардшудаи онҳо ғаши кас меояд. Ман бовар дорам, ки дар дунё нафареро пайдо кардан душвор аст, ки дар бораи як зарра нафъи ин мавод сухане гуфта ё далеле оварда тавонад. Бузурге бамаврид фармудааст: “Ҳайвоноту парандагон ба гиёҳи тамоку наздик намешаванд, чунки зиёни тамокуро дарк мекунанд. Аммо инсон бо вуҷуди ақлу дониш ва фаросате ки дорад, ин гиёҳи палид ва зарарнокро мавриди истифода қарор медиҳад". Бешак, ҷойгоҳи инсон бояд болотар аз ҷойгоҳи ҳама махлуқоти дигари олам бошад. Пас, биёед, дар олами инсонӣ зиста, аз табиати ғайриинсонӣ парҳезкор бошем, зеро ки парҳезкорӣ аз ҳама гуна аъмоли зишту ногувор қабл аз ҳама хоси инсон аст. Вақте мо ба фаросат дарк месозем, ки амали нохушоянду нописанде содир мекунем, барои ислоҳ шудан имконияте дошта метавонем, аммо агар имкони дарк кардан низ надошта бошем, пас хуш ба ҳоли ҳамон ҳайвоноту парандагон, ки Худованд барояшон қобилияти дарки зиён ва парҳезкориро додааст.
www.javonon.tj
МАСЛИҲАТ
Пиронро азиз бидорем
Пирони рӯзгордидаву тарҷрибаи зиндагӣ омӯхта роҳбару роҳнамои мо ҳастанд. Онҳо ҳамеша саъй мекунанд, ки ахлоқи ҳамида дар ҷомеа пойдор бошад. Инчунин насли наврас бо омӯхтани илмҳои давр қуллаҳои навинро фатҳ бикунанду ба дастовардҳои назарррас ноил бигарданд.
Туфайли ҳидояти бевоситаи онҳо мо аз асрори зиёди рӯзгор воқиф мегардем. Аз андарзҳои онҳо бештар дарёфтем, ки ин Ва-
танро ба ҷону дил дӯст бидорем, сарзамини аҷдодиро муҳофиз бошем. Дар пайи ободии диёри азиз нерӯву тавонмандии хешро
дареғ надорем... Пирон ба эҳтироми мо, суханони хӯшу муносибати неки мо ниёз надоранд. Вале мо худ ниёзмандем, ки эшонро эҳтиром кунем ва қадру манзалаташонро ҳамеша баланд дорем. Шоир барҳақ фармудааст: Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз, То азизи дигарон гардӣ ту низ. Абубакр ВАТАНИЕВ, хонандаи мактаби миёнаи №52-и н. Исмоли Сомонӣ
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Тадриҷан рушд ёфтани соҳаи варзиш имконият дод, ки варзишгарони ВМКБ дар мусобиқаҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Дар соҳаи туризми вилоят низ дигаргуниҳои куллие рӯи кор омаданд. Атрофи ин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят бо сардори он Расо Раҷабов ҳамсуҳбат шудем. - Пайванди дӯстиву рафоқат миёни ҷавонону наврасони минтақаҳои гуногуни кишвар, ки тайи соли равон бо сафар ба ВМКБ, вилояти Суғд амалӣ гашт, иқдоми наҷиби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд. Бигӯед, ки барои равобити ҷавонон дар вилоят боз кадом корҳо сомон дода шуданд? - Бале, қобили таъкид аст, ки дар ин раванд чанде пеш маҳфили фарҳангии ҳаваскорони ҷавон таҳти унвони “Шоми дустӣ” дар марказ ва баъзе навоҳии вилоят гузаронида шуд. Он воқеан ҳам дар сатҳи баланд доир гашт. Маҳфил гувоҳи он буд, ки ҷавонони ВМКБ дар пешбурди сиёсати давлат бетараф набуда, баҳри сулҳу суботи он талош доранд. Худи ҷавонон ҳам мароқ зоҳир карданд, ки шумораи чунин чорабиниҳо дар ви-
7
Қарокӯл сайёҳонро ҷалб мекунад
лоят бештар шавад. Ба наздикӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ ба маркази вилоят 300 нафар ҷавон ташриф оварданд. Аз онҳо 150 нафар аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 150 нафари дигар аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ буданд. Агарчи ин ҳамоиши ҷавонон дар вилоят муддати чанд рӯзе буд, вале боиси хуррамӣ аст, ки ҳамаи онҳо бо як дилгармии хоса якдигарро истиқбол гирифтанд. Худи ҷавонони мо иқрор шу-
ни варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ маблағи 75760 сомонӣ масраф гардид. Яъне он барои будубоши варзишгароне, ки аз намудҳои шоҳмот, бокс, варзиши сабук, дастхобонӣ, гӯштини самбо, волейбол, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, таэквандо (ИТФ) баромад намуданд, сарф шуд. Варзишгарони вилоят дар 24 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 101 медал (25 тилло, 35 нуқра, 41 биринҷӣ) ба даст оварданд. Инчунин дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ са-
- Албатта дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти мо камбудиҳо низ ҷой дорад. Пеш аз ҳама камбуди маблағ. Маҳз ҳамин масъала садди роҳ мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо наметавонем сари вақт варзишгаронро ҳангоми ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастгирӣ кунем. - Тавре иттилоъ дорем, дар самти сайёҳӣ ноҳияи Мурғоб ҳам тадриҷан ба мавзеи сайёҳӣ мубаддал гаштаст? - Бале, соли дуюм аст, ки дар кӯли Қаракӯли ноҳияи Мурғоб
данд, ки аз ин рӯйдод хурсандии онҳо ҳадду канор надошт. - Соҳаи варзиш дар ноҳия дар кадом сатҳ аст? - Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3045 нафар варзишгар фаъолият мекунанд. Аз ҷумла 607 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. То кунун барои сафарбар намуда-
зовори 15 медал гаштанд, ки ҳафт медал тилло мебошад. Чанде қабл дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс 4 нафар варзишгари вилоят соҳиби медали тилло гардида, ду нафари дигар медали биринҷӣ ва як нафар сазовори медали нуқра гаштанд. - Дар фаъолияти раёсат кадом норасоиҳо мавҷуданд?
мусобиқаи қайиқронии “Боми ҷаҳон” ё “Regatta in Roof of the World” баргузор мегардад. Дар он намояндагону сайёҳони мамолики Англия, Олмон, Швейтсария ширкат ва қувваозмоӣ намуданд. Фикр мекунам ин як имконияти муҳими иқтисодӣ барои ҷумҳуриамон аст. Яъне бо ин рекорди ҷаҳонӣ гузоштан дар Қарокӯл метаво-
нем сайёҳони бештареро ҷалб созем. Дар баландтарин кӯли қобили қайиқронӣ шумораи чунин мусобиқотро афзун кунем. Дар ояндаи наздик роҳбари мусобиқаи мазкур Тонни Нелсон нақша дорад онро ҳамчун сабқати байналмилалии экстремалӣ бо фарогирии теъдоди бештари варзишгарон доир кунад. - Ҳоло зуҳуроти номатлуби нашъамандӣ аз масоили рӯз аст. Дар робита ба пешгирии чунин ҳаводис байни ҷавонон чӣ тадбир дидед? - Дар ин самт бо наврасону ҷавонон пайваста суҳбату вохӯриҳо доир мекунем. Аммо чунин мушкилот ҷиддияти бештареро тақозо доранд. Чанд рӯз қабл дар Мактаби президентии Хоруғ тариқи ҳамкориҳои тарафайни Агентии назорати маводи нашъовар ва ташкилоти “Волонтёр” озмуни “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Дар он қариб ҳамаи хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳр иштирок доштанд. Гарчанде тариқи мусаввара бошад ҳам, аммо толибилмон масъалаи рӯзро ба дараҷае инъикос намуданд, ки аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт. Дар фарҷом бо хонандагон перомуни проблемаи мазкур суҳбати ошкоро доир намудем. Ба хотири садди роҳ шудани ин зуҳурот ба онҳо маълумоти лозимаро дастрас намудем. Тибқи нақшаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Бадахшон дар тамоми таълимгоҳҳои вилоят боздиду вохӯриҳо дар мавзӯи “Нашъамандӣ ва пешгирии маводи мухаддир” баргузор мегардад.
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
ИХТИРОЪ
Масъулиятшинос
“Китоби гӯё”
Бо ташаббуси корманди бахши фарҳанги шаҳри Роғун Фарзона Ҳақназарова дар толори бахши фарҳанг гӯшаҳои гуногун ташкил шудааст. Да гӯшаи “Фарзанди хуб” расмҳои оилаҳои беҳтарини шаҳр, машғулиятҳо дар мактаб, суҳбати волидон ба фарзандон, тарзи ҳаёти солими ҷомеа ва ғайра гирд оварда шудааст.
Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун
Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон амали хонандаи синфи 11 литтсейи инноватсионии Душанбе Сунатулло Қосимов муаррифӣ гардид. Номбурда Сарқонуни ҷумҳуриро дар шакли “Китоби гӯё” гардондааст, ки барои нобиноён ва нафарони аз хондани китоб оҷиз, кӯмаки хубе мебошад.
Сунатулло Қосимов зимни муаррифии “Китоби гӯё” изҳор дошт, ки дар оянда ният дорад китобҳои дигари барои маъюбон зарурро низ дар шакли савтӣ таҳия созад. Махсусияти “Китоби гӯё” ин аст, ки бо пахши тугмаҳои брайлӣ ба кор медарояд. Истифодабароанда метавонад онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба воситаи гӯшмонак истифода барад. “Китоби гӯё”-ро 20-30 дақиқа бо қувваи барқ қувват дода, 12-13 соат кор фармудан мумкин аст. Ихтирои Суннатулло гувоҳи он аст, ки миёни наврасону ҷавонони мо ҳам нафарони ихтироъкор ёфт мешаванд, танҳо зарур аст, ки онҳоро кӯмаку дастгирӣ намоем. Агар Сунатулло Қосимов минбаъд зимни таҳияи ин гуна китобҳо аз овози ровиёни хушовоз ҳамкорӣ кунад, бовар ҳаст майлу рағбати хонандаҳоро бештар ҷалб карда метавонад. Мо орзуи онро дорем, ки сафи ин гуна ихтирокорони ҷавон дар Тоҷикистони азизамон бисиёр шаваду фахри давлату миллати соҳибтаммаддунамон гарданд. Исмоил САИДЗОДА, корманди шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии КМТ
www.javonon.tj
- Мақсад аз ташкили чунин гӯшаҳо пешгирии бунёди оилаҳои ҷавон бар асоси решаҳои хешутаборист,- мегӯяд Фарзона Ҳақназорва. Бояд оилаҳое барпо шаванд, ки дар хонадони онҳо фарзандони солим ба воя расанд. Фарзона Ҳақназарова ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ рафта, дар бораи Соли оила, бобати баргузории оила, никоҳи хешутаборӣ - бадбахтии оила, фарзанди солим тарбия кунем ва ғайра суҳбату вохӯриҳои судманд доир мекунад. Илова бар он, зимни баргузории чунин
чорабиниҳо ӯ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳозирин маълумот дода, падару модаронро барои риояи қонуни мазкур даъват менамояд. Фарзона Ҳақназарова хатмкардаи донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнӣ буда, солҳои аввали кориаш ба таълиму тарбияи хонандагон пардохт. Шогирдонро ба ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, омӯхтани илму дониш, меҳнати ҳалол талқин менамуд. Зеро сарвату мансаб ба қадри донишу маърифат, китобхонию илмомӯзӣ баробар шуда наметавонад. Номбурда тавонист тӯли панҷ соли омӯзгорӣ шогирдонро ба омӯхтани илм талқин намояд. Натиҷаи заҳмати пайваста ва ҳисси масъулиятшиносӣ буд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ӯро ба вазифаи коргузори бахши фарҳанг ба кор фиристод. Чун масъулиятшинос ин корманди ҷавон дар баргузории ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъолона дорад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Бо қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 заминаи ҳуқуқии сохтмони давлати ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуданд. Эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат ҳисобида шуд.
www.javonon.tj
Мутобиқи моддаи 5-и Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Мутобиқи моддаи 14-и Кониститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Кониститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Шашуми ноябри соли 1994 оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои ҷадиди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Кониститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати Қонуни олии кишвар қабул гардид. Бояд таъкид намуд, ки оғози
Аз қабули Сарқонуни давлати Тоҷикистон 21 сол пур шуд. Ин давра барои халқи тоҷик як марҳилаи тақдирсоз, дарк ва шинохти худ ҳамчун миллат, гузаштан аз санҷишҳои бениҳоят вазнин, бунёди давлат, гузоштани заминаҳои давлатдории навин, боло рафтани ҳисси худшиносию худогоҳии халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Қабули Конститутсия низоми қонунҳоро мураттаб гардонида, мундариҷаи онҳоро ба талаботи замон мувофиқ кард. Конститутсия муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакило-
6 НОЯБР – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ таҳаввулоти кониститутсионии кишвар бо дигаргуниҳои сиёсие, ки бо бозсозии охири солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90уми асри гузашта шуруъ шуда буд, алоқаманд аст. Ҳанӯз 23 августи соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Кониститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қарор қабул намуда буд, аммо ба комиссияи мазкур муяссар нашуд, ки дар ин замина кори назаррасеро анҷом диҳад. Кониститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақозо ме-
намояд. Давлати соҳибистиқлол бояд соҳиби Кониститутсия бошад. Таърих нишон дод, ки мавҷудияти Кониститутсия ҳанӯз нишони озодии комил ва сохибихтиёрӣ набудааст. Чунончи дар давраи Иттиҳоди Шӯравии РСС Тоҷикистон панҷ маротиба Сарқонун қабул карда шуд, вале давлат тобеъ боқӣ монд. Дар Кониститутсия бо санадҳои меъёрӣ, озодии комили давлат, соҳибихтиёрӣ ва озодии инсон дақиқ зикр мешавад, ки хеле муҳим аст. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон моҳияту ҷавҳари ин андешаро чунин ифода намудааст: «Пеш аз он ки номи миллат ва забони он таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронида, ташаккул
ёбад, тоҷикон тӯли асрҳо барои истиқлолият ва ҳувияти худ бо аҷнабиён муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ бурдаанд». Бояд қайд кард, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар дар сатҳи кониститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9-и Кониститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст. “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. 26 сентябри соли 1999 ва бори дуюм 22 июни
Инсон арзиши олист
соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумиҳалқӣ ба Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд. Аз ин рӯ, дуруст аст, ки Кониститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он дар муқаррар намудани ҳадду марзи салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Тавре Сарқонун муқаррар намудааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Ҳамзамон бо ин, Кониститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. Бо дарназардошти ин амр Кониститутсияи Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти кониститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Бинобар ин, омилҳои мазкур тақозо менамоянд, ки намояндагони мақомоти судӣ дар иҷрои салоҳиятҳои хизматии худ муқаррароти кониститутсионии кафолати ҳифзи судӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муасисаҳоро ҳамаҷониба таъмин менамояд. Шуҳрат САИДЗОДА, сармутахассиси шуъбаи омор ва ҷамбастии амалияи судии Раёсати судҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарқонун - сарнавишти миллат
ни худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад. Конститутсияи кишвар аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Бори нахуст асоси Конститутсияро ақидаи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ташкил намуд. Мувофиқи моддаи аввали Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар он барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Таҳиягари пояҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва Конститутсия инсон мебошад. Дар ҳар сатр, ҳар моддаи Конститутсия Ватан-инсон ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои ҳаёти он нақш ёфтааст. Шаҳрвандон
сарфи назар аз миллату нажод, ҷинсу забон, ақоиди динӣ, сиёсию иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк дар назди қонун баробаранд. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ҳолати шаҳрвандӣ дар Конститутсияи Тоҷикистон муайян гашта, ба ҳар кас имкон медиҳад, ки озодона дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ширкат варзад. Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ арзёбӣ намуд, ки ин барномаи ҷорӣ ва стратегияи давлат аст. Бо ин Ҳукумати Тоҷикистон барои дар ҳамаи соҳаи хоҷагии халқ ба амал баровардани фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ муҳайё сохт. Қабул гардидани Конститутсия дар таърихи давлати навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сарна-
вишсоз буд. Ҳар қадар, мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур равем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хариди халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба бақои миллат ва давлат асос гузоштанд, аҳсан мегӯем. Имрӯзҳо, ки дар арафаи 21умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор
диҳем ва арзишҳои онро ҳифз намоем. Ҳаёти рӯзафзун аз мо таъмини волоияти қонун ва эҳтироми онро талаб мекунад. Иҷрои талаботи Конститутсия, риоя ва татбиқи Қонуни асосӣ вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва кулли шаҳрвандон мебошад. Барои он ки мо бояд пешрав бошем, мақому мавқеи худро дар олам нигоҳ дошта тавонем, бояд ба арзишҳои беҳтарини башар арҷ гузорем. Насли наврасро чунон тарбия кунем, ки дар асоси қонун зистан ва дар доираи он фаъолият карданро ёд гирад. Эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо бояд меъёри ҳаёти ҳар як инсони комил бошад. Равшан РАҲИМӢ, хонандаи синфи 10, Литсейи президентӣ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Воқеан ҳам Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷомеаро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ, мафкуравӣ, гуногунҳизбӣ, озодии виҷдон, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат таъмин сохтааст. Дар Конститутсияи мо баробарӣ дар назди қонун сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарҳуқуқии занон ва мардон, озодии сухан, нашр ва истифода аз воситаҳои ахбори умум ҳамчун аслҳои муҳим пазируфта шудаанд. Инчунин, ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё
Давлат - ҳомии дин пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар шаклҳои гуногун ифода меёбад. Он аз муайян намудани муносибати шахс ба дин то ба ташкили иттиҳодияҳои диниро фаро мегирад. Дар назар чунин менамояд, ки қабл аз ҳама, озодии эътиқод дар шакли пайравӣ кардан ва ё накардан аз дин пешбинӣ шудааст, аммо дар асл ин паҳнои меъёр бениҳоят васеъ буда, танҳо дар доираи пайравӣ кардан ва ё накардан не, балки масъалаи умуман эътироф накардани эътиқоди диниро низ фаро мегирад. Яъне шахс на ба ҳамон як дин, балки ба ҳамаи динҳо боварӣ надорад, дар чунин ҳолат шахс умуман аз озодии эътиқод берун буда, дар асоси муносибати озодона ба виҷдон такя намуда, боварии худро ба арзиши дигаре тавъам медорад. Озодона муайян намудани муносибати шахс нисбат ба дин аз мазмуни моддаи якуми Конститутсия, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст, сарчашма мегирад. Зеро дунявият маънои онро дорад, ки дар ҳудуди давлат ягон дин мавқеи роҳбарикунандаро ишғол намекунад, ягон навъи мафкура бартарӣ надорад. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ба динхонӣ ва ё тарғиби гаравидан ба дин дар шаклҳои сабук ва дар доираи берун аз нафарони эътиқодманд озод аст, вале он набояд ба омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, гумроҳнамоӣ ва дигар усулҳои ғайриоқилона такя намояд. Ба динхонӣ дар шак-
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгӯи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, дар Конститутсияҳои давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст.
таърих ба манфиати миллат, оромии кишвар ва ягонагии рушди бамароми он хизмат кардааст, ҳуқуқи пос доштани хотираи асосгузори мазҳабро доранд. Мисол, Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар маънидодкунии талаботи моддаи 18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ изҳор менамояд, ки эътироф намудани ягон дин ба сифати дини расмӣ ва ё давлатӣ худ ба худ мухолифи талаботи моддаи 18 нест. Аммо чунин эътирофнамоӣ набояд ба ҳуқуқҳои дар паймон муқарраршуда, аз ҷумла дар моддаҳои 18 ва 27 пешбинишуда зарар расонад. Аз ин нуқтаи назар дар қисмати муқаддимавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, ягон гуна зиддият ба талаботи озодии виҷдон ва паймонҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофкарда надорад. Ҳуқуқи дар танҳоӣ ва ё дастаҷамъӣ пайравӣ намудан аз дин ҳаққи мустақил аст, ки шакли амалӣ гаштани муносибати инсонро ба дин муқаррар мекунад. Дар ин ҷо равшан муайян шудааст, ки онҳо метавонанд аз дин пайравӣ кунанд ва ё накунанд. Яъне онҳо озод буда, ихтиёр доранд дар шакли алоҳида ва ё дастаҷамъона аз дине пайравӣ кунанд ё накунанд. Дастаҷамъона гуфтан ҳуқуқи шахсро барои шомил шудан ба иттиҳодияҳое мефаҳмонад, ки дар паҳнои дине таъсис дода шуда,
берун аз ҷаҳонбинии динӣ қарор доранд. Ҳатто мутобиқи қисми 1 моддаи 28 Конститусия онҳо метавонанд ҳизбҳои характери динӣ ва атеистидошта ташкил кунанд. Яъне ҳуқуқи пайравӣ кардан ба дину оин дар ҳудуди ҷумҳурӣ озод буда, одамон метавонанд дар танҳоӣ ва ё дастаҷамъӣ ин ҳуқуқашонро амалӣ намоянд. Ин муқаррароти Конститутсия муҳимтарин ҳуқуқи инсонро ба озодии виҷдон дар алоҳидагӣ ва ё дастаҷамъӣ таъмин менамояд. Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки зарурати якҷоя амалӣ намудани озодии виҷдон ба миён меояд. Аз ин сабаб Конститутсия ба шаҳрвандон имконият додааст, ки якҷоя эътиқодоти динии худро амалӣ созанд. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар маросим ва расму оинҳои динӣ муқаррар шудааст. Тибқи он ҳар шахс дар ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд. Ҳуқуқ доштан яъне имконият доштан аст. Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст. Мо ба якдигар бовар мекунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро мебинем. Ваъда медиҳем, ки ба хусумат ва дубора авҷ гирифтани мухолифат роҳ намедиҳем. Дилноза АҲМАДЗОДА, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Конститутсия - омили пешрафти давлат дастгоҳи давлат ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо барои раҳо ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд. Дар Конститутсияи кишвар ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст, зеро 34 моддаи Конститутсия фарогири ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” номгузорӣ карда шудааст боби дуюми Конститутсия, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои ҳуқуқии маҳдуднамоии он, муайян намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти ҳимояи давлат қарор доштани шаҳрвандони бурунмарзӣ, баробарҳуқуқии ҳама дар назди қонун ва суд новобаста аз мансубият, ҳаққи зиндагӣ доштани ҳар як инсон ва кафолати судии онҳо, эҳтимолияти бегуноҳӣ, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдида, дахлнопазир будани манзили шахс, таъмини маҳрамияти мукотиба ва суҳбатҳои телефонии шахс, ҳуқуқ ба мусофират ва ҳуқуқи шинос шудан бо ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс дахл доранд, озодии виҷдон ва эътиқоди
динӣ, ҳуқуқи дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат варзидан, аз ҷумла ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқ ба муттаҳид шудан, ҳуқуқ ба озодии сухан ва манъ будани сензураи давлатӣ, ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомотҳои давлатӣ, ҳуқуқ ба моликият ва гузоштани мерос, кафолати озодона ташкил ва бунёд намудани оила, принсипи якканикоҳӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, кафолати баробарии музди меҳнат барои иҷрои якхелаи кор ва манъ будани меҳнати маҷбурӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, пиронсолӣ ва маҳрум шудан аз сарпараст, ҳуқуқи озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ширкат варзидан, ҳуқуқ ба таҳсил ва вазифаҳои шахс дар бобати риояи қонунҳо, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи табиат, додани андоз ва дигар пардохтҳо, низоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ва маҳдуднашаванда будани ҳуқуқ ва озодиҳои дар моддаҳои 16,17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28 дар Конститутсия пешбинигардида аз ҷумлаи он меъёрҳои конститутсионие ба ҳисоб мераванд, ки дар боби дуюми Конститутсия гирд омадаанд. Мутобиқи Конститутсия “Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин
ва таъмини падару модар масъуланд”. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин меъёри конститутсионӣ бо ташаббуси Президенти кишвар лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба муҳокимаронии халқ пешниҳод гардида, дар асоси фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои халқи Тоҷикистон қонун тартиб дода шуда, 2 августи соли 2012 аз ҷониби Парламенти кишвар қабул гашт. Хулоса 10 боб ва 100 моддаи Конститутсия фарогири тамоми арзишҳои байналмиллалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуи деринаи халқ мебошанд. Мо ҳеҷ гоҳ ранҷу заҳматҳои фарзандони фарзонаи халқро, ки дар роҳи бунёди сохтори конститусионӣ ҷони худро дареғ надошта, хизматхои шоиста кардаанд ва ҳамчунин он нафаронеро, ки дар ин роҳ қурбон гаштаанд, фаромӯш нахоҳем кард. 21-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! Саидҷаъфар АЗИЗОВ, Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии н. Мастчоҳ Шаҳбоз ГУЛОВ, аспиранти ДМТ
www.javonon.tj
Қабул шудани рамзҳои давлатӣ, ки аз муқаддасоти ҳар як давлату миллат мебошад ва нишон аз давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, маҳз ба шарофати ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гардида, бо қабули Сарқонуни кишвар дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам гашт. Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии қабул шудани рамзҳои давлатиро ба назар гирифта Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуд, ки: “Тоҷикистон ҳамчунин соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ гардид, ки инҳо волотарин рамзҳои истиқлолияти кишвари мо мебошанд. Шояд ин падидаҳо аз нигоҳи аввал оддию содда ҷилва кунанд, вале дар қиёс бо он ки дар чи варта будем, аз куҷо оғоз кардем, ҳар кадоме аз ин рӯйдодҳо аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ пайдо мекунанд”. Конститутсияи навини ҷумҳурӣ он нуқтаро эътироф намуд, ки асоси ҳуқуқии ҷомеаи нав, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсия давлатро зери ҳукмронии ҳуқуқ тобеъ намуда, фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият,
ли нишон додани ҷанбаҳои мусбати оини хеш ва дастовардҳо манъ нест, вале дар ин замина таҳқир намудани оини дигар, нодуруст нишон додани эътиқодоти динӣ ва ҷараёнҳои гуногун аст. Касе ҳақ надорад дурустӣ ва ё нодурустии ҷаҳонбинии дини дигарро баррасӣ намуда, ба қадру манзалат ва шахсияти пайравони он иснод биёрад. Диндорӣ ва эътиқодмандӣ кори шахсии ҳар инсон аст. Дар Тоҷикистон соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудан ва нишон додани пайравии мардуми Тоҷикистон ба ин мазҳаб хилофи Конститутсия ва озодии эътиқод нест. Зеро гиромидошти бузургдошти ин шахсияти бузург танҳо ба хотири андешаҳои ақидатӣ ва динию мазҳабии ӯ нест. Пеш аз ҳама Абӯҳанифа фарзанди миллати тоҷик аст, дигар ин ки вай дар нигоҳ доштани асолати фарҳанги мо хизматҳои шоиста кардааст, сеюм ин ки нақши вай дар такмили илми ҳуқуқшиносии ақлӣ бениҳоят бузург будааст. Ин далелҳои басанда аст, ки шахсияти ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат қадршиносӣ гардад. Илова бар ин нақши мазҳаби ӯ дар таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо бениҳоят бузург будааст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва пайрави ҳамин мазҳаб будани аксари шаҳрвандони кишвар гиромидошти асосгузори он ба ягон талаботи озодии виҷдон хилоф нест. Ҳамчунин кишваре, ки дар он аксари шаҳрвандонаш пайрави як мазҳаб ва ё оине ҳастанд, ки он дар
9 е-mail: javonontj@mail.ru
“Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башар эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем”. Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гашт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
10
Инак мӯй аз хамир ҷудо шуд. Намоиши наворҳои расмӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ шоми 26 октябр тасдиқ кард, ки пушти амалиёти террористии собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва сарварони он меистанд ва на танҳо ҳидоятгари маънавӣ балки пуштибони молии ин гурӯҳ низ будаанд. Шахсони наздики Муҳиддин Кабирӣ дар бораи алоқаи Назарзода бо ҲНИТ ва бевосита ба ӯ додани як миллиону дусад ҳазор доллари ИМА аз ҷониби Тиллозода Руҳуллои Муҳиддин – писари Муҳиддин Кабирӣ ба ниҳодҳои марбута хабар доданд.
Ҷаҳони имрӯзро дар баробари пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар дастовардҳои илмиву техникӣ, кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо низ домангир шудааст, ки боиси хавотирист. Аз тариқи ВАО ҳар рӯз бохабар мегардем, ки Сурия ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубтало гардидааст… Яъне, қисмате аз аҳолӣ аз ҳукумати Башор Асад норозӣ буда, рафтани ӯро тақозо доранд, на камтар аз ин хоҳони онанд, ки Башор Асад ягона роҳбарест, ки метавонад ба Сурия пешравӣ ва нуфуз оварад. Дар мавриде, ки аҳолӣ ба ду қисмати муқобил тақсим мешаванд, хоҳ-нохоҳ нооромиҳо дар пеш аст.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Шояд дахолати иддае аз ҳамсояҳо ва абарқудратҳо ҳам бошад, ки чунин ҳолат дар ин давлат рух дод?! Ду давлат - Русия ва ИМА ва чанде аз абарқудратҳо дар мавриди низои Сурия ихтилофи назар доранд… Ин ҳама печдарпечиҳо ба ҳам гиреҳ хурда, Сурияро ноором сохтаанд. Дар баробари нофаҳмиҳои дохилӣ ва дахолати берунӣ боз як дарди сар – гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба ин кишвар сар халонидааст, ки оташи ҷангро боз зиёдтар аланга додааст. Маълум нест, ки ин гурӯҳ чӣ мақсад дорад. Алайҳи ин давлати бемакон қувваи сарсахте зарур аст. Ин қувва метавонад ҷомеаи
Чеҳраи аслии М.Кабирӣ маълум шуд Ин далел тарафҳои зиёди қазияҳои номаълумро боз намуд. Пеш аз ҳама парда аз рӯи иллати сафари Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар баъди мағлубияти миёншикани ҲНИТ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва тасмими мондани ӯ дар хоки бегона бардошта шуд. Маълум гардид, ки ин шикаст умедҳои наҳзатиҳову таҳрикдиҳандагони берунаашонро оид ба барқарор сохтани шариати исломӣ дар Тоҷикистон тавассути роҳҳои қонунӣ барбод дод. Кабирӣ бо амри “хоҷагони маънавиаш” аз роҳи охирин истифода бурданӣ шуд. Расидан ба чавкии ҳукуматдорӣ тавассути зери по кардани ҷасадҳои дар хоку хун жӯлидаи ҳамдиёрону ҳамватанон. Мехост бори дигар талошеро биозмояд, ки солҳои 90-уми асри 20 пирони наҳзатиаш пеш гирифта буданд. Қазия ошкор кард, ки Му-
хиддин Кабирӣ дар асл он шахси ботамкин, ботаҳаммул, босавод ва фурӯтану хушгуфтор нест, ки ҳамеша бо чунин симо худро дар назди ҷомеа ҷилва медод. Ҳамаи ин танҳо ба хотири моилсозии мардуми аз сиёсат бехабар ба шахсияти худу ҳизбаш будааст. Чун амбитсияҳои сиёсиаш дарҳам шикастанд, чеҳраи аслиаш маълум шуд. Чеҳрае, ки ба ҳама кор омода аст. Тайёр аст ҳашт миллион ҳаммиллаташро қурбон кунаду ин сарзаминро ғуломи ғайр гардонад. Тавре аён шуд, Муҳиддин Кабирӣ баҳри амалӣ сохтани ниятҳои сиёҳаш ҳатто ба фарзандону наздикони худ раҳм надоштааст. Онҳоро дидаю дониста ба ҷиноятҳое тела додааст, ки ҳатто бо ҷазо наметавон шуст. Ҷиноёт дар муқобили Ватан ва миллати худ. Бубинед, баҳри иҷрои корҳои
асосӣ - маблағгузории гурӯҳи террористӣ, писараш Руҳуллоро истифода бурдааст. Бори аввал нест, ки номи Руҳулло дар қайди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар алоқамандӣ бо содир кардани ҷиноят рӯ мезанад. Соли 2012 номбурда сокини 12-солаи шаҳри Ваҳдатро бо мошинаш зер карда ба ҳалокат расонд. Аммо Кабирӣ, ки он замон дар курсии вакилии парлумони кишвар менишаст, писари нохалафашро аз посухгӯӣ дар назди қонун берун кашид. Ӯ меҳри падарии худро намоиш доду падару модари навраси ҷавонмаргро бо ғаму кулфат ва қалбҳои барои якумра сӯзон боқӣ гузошт. Кабирӣ се сол пеш фарзандашро аз ҷавобгӯии ин ҷиноят раҳониду имрӯз ба содир кардани сангинтарин ҷиноят водор сохт. Аз ҳамин ҷо хулоса метавон кард, агар ӯ фарзанди лахти ҷигарашро ба чунин пайроҳаи хато раҳнамун
созад, пас Ватану миллат барояш чӣ қадар манзалат доранд? Тири душмани оромию осудагии миллати тоҷик бори дигар хок хӯрд. Камондорон дар симои Кабирию ёрони террористаш шарманда шуданду нест гаштанду нобуд. Албатта, акнун номбурда ба микрофони зиндаи он кишвару гурӯҳҳое мубаддал хоҳад шуд, ки то имрӯз ба ҳайси пешвои ҲНИТ истифодааш мекарданд. Бо нишондоду амри онҳо аз дуриҳои дур санги маломату ҳақоратро ба сари Ватани худ хоҳад рехт. Мисли чанд беватану мазҳабфурӯше, ки то имрӯз чунин корҳоро иҷро мекунанд. Вале ин суханон ба шуури мардуми ҳушёргаштаву сабақҳои воқеии ҳаётро омӯхта то кадам андоза кора хоҳад кард? Албатта, ҳеҷ. Мисле, ки саг меҷакаду корвон меравад.
аввалтар аз ҳама дар дифои Ватани азизи худ, марзу буми он камар банданд. Аксари ҷавонон бо фиреб ба ин давлат ғариб шудаанд. Яъне, якеро “зиндагии хуб” ваъда кардаанд, дигареро “кори серравған”. Вале маълум гаштааст, ки ҳамааш дурӯғ будаасту макри шайтонӣ. Ҳар ҷавони тоҷик бояд бидонад, ки болотару волотар аз Ватан дар дунё чизи муқаддастаре нест. Барои ин ҳар ҷавони тоҷик бояд зираку доно, пурқувват, босавод, соҳибилм ва ватандӯсту миллатхоҳ бошад, то ҳар нохалафе ӯро гӯл зада натавонад. Аз рафтан ба ин ҷангҳои бемаънӣ танҳо ҷони ҷавони худро дар хатар мегузоред ва падару модар, наздикону хешу табори худро дилхуну сархам мекунед. Фоидаи дигаре нест… Агар ба шарте аз ҷавонони тоҷик ҳар касе ҳам ба ин ҷангҳо
як Ватани маҳбуб доред, ки исмаш Тоҷикистон аст, барои ин Ватан ва ин миллати сарбаланд, ки макони падару модар, хешу ақрабо, ёру дӯст ва наздикони шумост, хизмат намоеду қаҳрамонӣ, то дар зиндагӣ маҳбуби ҳамагон бошед. Дар ватане, ки муваққатан кору зиндагӣ мекунед, эҳтиром қойил бошед, коратонро ҳалол ва аз рӯйи виҷдон сомон бидиҳед ва пули ҳалоли кафӣ ба шумо насиб мегардад...” Агар ҳар ҷавони тоҷик соҳибмаълумот бошад, ба ҳар фирефтаи бепоя бовар намекунад ва ба ин роҳи хато намеравад. Танҳо дониш ва боз дониш моро аз ин вартаҳо раҳо мекунаду бас! Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳама шароит ва имкониятҳоро барои ҳама, бахусус ҷавонон муҳайё кардааст, ки истифода накардан аз онҳо гуноҳ аст. Ҳодисаҳои охири кишвар (4-16 сентябр) мардуми моро ба ташвиш овард ва ин бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҷавонони ноогаҳеро, ки фиреби иддае аз душманони миллати тоҷикро гӯш дода, авзои ороми моро ноором кардан мехоҳанд, бифаҳмонем дасисаҳои бебунёд моро ба хушбахтӣ намебаранд! Ин ҳодисаҳо рӯшан сохтанд, ки миёни мо ҳанӯз афроди мансабпараст, худхоҳ ва ғуломи хоҷагони хориҷӣ кам набудаанд ва мақсади касифашон ҳам рӯйи об баромад. Барои ин афрод болотар аз ин муқаддасо ВАТАН, МОДАР, МИЛЛАТ нафси бад будааст. Умед дорем, ки ҳар ҷавони мо имрӯз дар талоши ободии кишвари хеш асту мекӯшад, ки соҳиби донишҳои замонавӣ бошад. Агар Ватан обод асту пешрафта ва орому осуда, ҳар бошандаи ин сарзамини соҳибистиқлол хушбахту сарбаланд хоҳад буд!
Сурия рафтанро фаромӯш кун! Ва ё ҷони ҷавони худро дар хатар нагузоред! байналмилалӣ, пеш аз ҳама Русияву ИМА бошад. Зеро агар ин ду давлати абарқудрат ҳамфикр бошанд, дар муддати кӯтоҳ ин гурӯҳ, ки шумораи яроқбадастонаш маълум нест чи миқдоранд, саркӯб хоҳад шуд. Хуб шуд, ки Русия ба ин иқдом оғоз кард ва ба террористон нишон доданист, ки дунё бесоҳиб нест, бар сари зӯре зӯртар ҳаст ва бо бомбандозҳои худ ифротиёнро дар гурез овардааст. Чӣ боис шуда, ки ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳрвандони дигар давлатҳо низ ҳамроҳ мегарданд?! Маълум аст, ки дар дунё ҳеҷ бандае намехоҳад, худашро бе сабаб қурбон кунад. Ба ин набардҳои бемақсад ва шум низ ҷавонон аксар бо сабабҳои гуногун гирифтор мегарданд: аз бекорӣ, фире-
би миёнаравҳо, нафси бебаркаш, бесаводӣ, ноогоҳӣ, гӯё “шаҳид шудан”, бо зӯрӣ ва омилҳои дигаре, ки ҷавононро ба ин доми бало гирифтор месозанд. Шояд ихтиёриёни ин ҷангҳои бемаънӣ зиёд набошанд, вале яқин аст, ки аксар фиребхӯрдагонанд, ки аз гирифтор шудан ба ин доми бало умре пушаймонанд. Мешунавем, ки гӯё дар дастаҳои яроқбадасти ба ном “давлати исломӣ” ҷавонони тоҷик ё тоҷикистонӣ низ шомил шудаанд. Мо намехоҳем, ки як ҷавони тоҷик ҳам бе сабаб дар ҳар ҷанги дохилии бемаънӣ ва ё берунӣ иштирок кунад ва қурбон гардад. Хусусан, дар ҷангҳои зидди давлати қонунии Сурия. Бигузор мардуми ин кишвар худаш тақдирашро ҳал намоянд. Ҷавонони тоҷик бошанд,
ба қавле ихтиёран рафта бошад, ӯ бегумон бесавод будаасту меҳр ба падару модари худ надоштааст, ё оне, ки ватанфурӯш асту ҷояш ояд бо пули пучаку ночизе хиёнат мекунад. Аксари ба ин доми бало афтодаҳо ашхосе мебошанд, ки бо роҳи фереб ва найрангу зӯрӣ ба ин ҷангҳо бурда шудаанд. Ихтиёрӣ бошад, ҳеҷ кас ҷонашро дар хатар намегузорад! Дар давраҳое, ки муқобили террористон Русия ва чанд давлати дигар муқобилат мекунанд, ҷавонони мо бояд Сурия рафтанро фаромӯш кунанд ва ҷони ҷавони худро дар хатар нагузоранд. Мо ва пеш аз ҳама ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия бояд ҷавонони муҳоҷири меҳнатиамонро зери назар ва нигаҳбонӣ қарор дода, ба онҳо бифаҳмонанд, ки “Шумо
Амруллоҳи ҚУРБОН
Н. НУРУЛЛО, рӯзноманигор
7 НОЯБР - РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
М. Турсунзодаро низ хатм карда, ҳоло дар Театри давлатии ҷавонон Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, ба номи М. Воҳидов фаъолият до“Ҷавонони Тоҷикистон” рад. - Дар ҷодаи санъат ва ҳунармандӣ устоди нахустинам НоАсалу Эҳсон якдигарро зим Меликов мебошад. Устоди дидӯст медоранд. Мехоҳанд гарам Моҳпайкар Ёрова. Умуман аз ҳарчи зудтар тӯй карда, ба ҳамаи онҳое, ки ба ман нозукиҳои висол бирасанд. Эҳсон фикр ин касбро омӯхтанд миннатдорам, – кард, ки барои баргузории мегӯяд Саёҳат Боева. тӯй пули зиёд лозим аст. Аз ин Аввалин намоишномае, ки дар рӯ, бо ҳар роҳу восита маблағ он Саёҳат нақш офарид, “Баҳори пайдо кардан мехоҳад. Аз ин 15-ум” ном дорад. Дар ин намокори ӯ падараш ва номзадаш иш нақши духтари немисро боАсал розӣ нестанд. Барои ба зид ва онро ҳеҷ гоҳ аз ёд намедаст овардани маблағ Эҳсон барорад. Соли 2012 дар аввалин мошини падарашро низ Ҷашнвора-озмуни ҳунармандони мефурӯшад. Падар дар ғазаб ҷавон “Нигоҳи нав” дар намоишшуда, шӯр барпо мекунад. номаи “Хирс” нақш бозида, соҳиби Писараш ин суханҳоро диплом гардид. Соли ҷорӣ низ дар гӯё намешунаваду кори озмуни мазкур дар се намоишнохудро давом медиҳад. Ин ма: “Ману ман”, “Қатли орзуҳо” ва ҳолатро дида, падар аз хона “Дарси бераҳмона”, ҳамчунин дар баромада меравад. Асал низ намоишҳои “Кош бача будаме” дар дарк менамояд, ки ин тавр таҳияи Абдулмумин Шарифӣ ва зиндагӣ кардан мумкин нест. “Шоҳномаи Фирдавсӣ” низ нақш Ба кирдорҳои номатлуби офаридааст. Айни ҳол ба намоиши номзадаш тоб наоварда, аз “Бойи золим”, аз рӯи асари Шодӣ хонадор шудан бо Эҳсон даст Солеҳ омодагӣ мебинад. Дар он нақши Мошонгулро ба ӯ бовар кармекашад. даанд. Вақте дар саҳна нашқ меофаИн нақл порае аз намоиши “Сареву савдое” мебошад, ки Теа- раду тамошобинон бо кафкубӣ три давлатии ҷавонон ба номи М. истиқболаш мегиранд худро хеле Воҳидов бахшида ба “Соли оила” хушбахт меҳисобад, ин ба ӯ илҳом мебахшад. таҳия карда аст. Чун ҷавонони имрӯза ба теНақши Асалро дар намоиш ҳунарманди ҷавон Саёҳат Боева атр хеле кам мераванд, сабабашро бозӣ мекунад. Баъд аз анҷоми на- ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. Ба намоиш аз дастгирии бинандагон ба зари Саёҳат Боева, театр ба шахс ҳаяҷон омада гирист. Ӯ нақшашро ғизои маънавӣ ва маърифат мебахшад. Одами бемаърифат ба олами хеле самимона иҷро кард. Саёҳат яке аз ҷавонтарин ҷиноят зудтар ворид мешавад, чунҳунармандони театр мебошад. Ин ки барои ӯ муқаддасот вуҷуд надомуваффақият ба ӯ осон даст надо- рад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ба театр дааст. Кор дар театр-студияи “Ошно” раванд. Маҳз кӯшишу ғайрати доимӣ замони мактаби миёна хондан, имкон дод, ки рӯйи саҳнаи ҳунар баро- аст, ки инсонро ба қуллаи мақсуд яд. Бо хоҳиши модараш ба коллеҷи мерасонад ва Саёҳат Боева низ тиббӣ дохил гардида онро бо яке аз ҷавонони ҳунарманд аст, ки муваффақият хатм намуд, вале дар баҳри такмили ҳунараш заҳмат мезамираш меҳри саҳнаву театр ҷӯш кашад ва мекӯшад, ки нақшаҳояш мезад. Ин буд, ки Донишкадаи дав- амалӣ бигарданду дар саҳнаи телатии санъати Тоҷикистон ба номи атр доим бо тамошобин бошад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Театр маърифат мебахшад
11
Эҷодкори ҷавону навовар Соли 2010 ба Театри ҷумҳуриявии русии драма ва мазҳакаи ба номи Пушкини шаҳри Чкалов тариқи роҳхат донишҷӯи факултаи санъати Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Челябински Федератсияи Русия барои омода сохтани кори дипломӣ ҳозир шуд. Баъди муаррифӣ маълум шуд, ки ин донишҷӯи хушқаду қомат, хушгуфтору хушрафтор Суҳроб Шехов аст.
дони ҷавон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ба даст овард. Соли 2012 меҳнати пурмаҳсул, азму талоши қавӣ, маҳорати баланди ҳунармандӣ ва иштироки фаъолонаи Суҳроб Шеховро дар чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ ва вилоятӣ ба назар гирифта Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид. Соли 2015 намоиши С. Шехов “Блиндаж” аз рӯи асари В. Ткачёв дар Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2015” аз ҷониби тамошобинон ва коршиносони соҳаи театр хуб пазироӣ гардида, ҳунарманди театр Р. Раҳматуллоева ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона”-ро ноил гашт. Имрӯзҳо Суҳроб на танҳо дар театр фаъолият мекунад, балки дар тарбияи ҳунармандони ҷавон низ саҳм дорад. Дар мактаби санъати ба номи Ш. Алифови шаҳри Чкалов шуъбаи актёрӣ ташкил намуда, наврасонро аз хусусиятҳои аҷиби касби актёрӣ ва омӯзонидани маҳорати актёрӣ дарс медиҳад. Ғайр аз ин Раёсати фарҳанги вилояти Суғд маҳорати касбии С. Шеховро ба назар гирифта баргузор намудани чанд барномаи чорабиниҳои фарҳангии вилоятро бар дӯши ӯ вогузоштаанд, ки аз иҷрояшон бо сарбаландӣ баромадааст. Чунончӣ, чорабинии вилоятӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар “Амфитеатр”-и Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чорабинии вилоятии “Гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ” таҳти роҳбарии ӯ гузаштанд. Суҳроб Шехов ҳоло ҷавон аст. 28 сол дорад. Вале тамоми қувва, дониш ва таҷрибаашро баҳри рушди соҳаи театр ва хусусан тарбияи насли наврас равона кардааст. Нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорад. Нақшаҳои амалишаванда. Нарзулло ШАРИПОВ, саркоргадони Театри ҷумҳуриявии русии драма ва мазҳакаи ба номи Пушкини шаҳри Чкалов
www.javonon.tj
Дар мактаби миёнаи №3-и шаҳри Конибодом таҳсил карда, ҳамзамон дар студияи навраси Театри ба номи Тӯҳфа Фозилова ба фаъолият оғоз намуд. Ба фаъолияти эҷодӣ машғул шудани ӯ бесабаб набуд. Дар аксари чорабиниҳои фарҳангии мактаб фаъолона баромад мекард. Ҳангоми ба студияи навраси театр шомил шудан, таҳти назорат ва таълимоти роҳбари бадеӣ Юнусалӣ Эргашев маҳорати худро сайқал дода, ба қароре омад, ки ихтисоси коргардон ва ҳунарманди театр буданро, ки мақсаду мароми ӯ буд, пешаи худ мекунад. Иҷрои чандин нақшро ба ӯ вобаста карданд, ки бо сарбаландӣ аз уҳдааш баромад. Баъди хатми мактаби миёна соли 2005 бо роҳхат ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода рафт. Пас аз як соли таҳсил тариқи квота ба шуъбаи коргардони театри факултаи театрии Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Челябински Федератсияи Русия сафарбар шуд. Онро соли 2011 бомуваффақият хатм кард. Маъмурият ва ҳайати эҷодии театр Суҳробро бо хушнудӣ қабул намуда, барояш шароит муҳайё намуданд, то корашро таҳия созад. Бо пешниҳоди саркоргардони театр ӯро ба ҳайси ёрдамчии коргардон ба кор қабул намуда, беш аз он нақши асосӣ – Алеко дар намоишномаи “Лӯлиён”, аз
рӯи асари А. С. Пушкин бар дӯши ӯ гузошта шуд. Ҳамзамон дар таҳияи намоишномаи мустақил – кори дипломии худ – “Тавбашикан” аз рӯи асари Ҷ. Қуддус кор карда, дар муҳлати кӯтоҳ онро рӯи саҳна овард. Ин намоиш соли 2011 барои иштирок дар Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – “Парасту -2011” пешниҳод шуд. Баъди муҳокима ва баҳои ҳакамон коргардони ҷавон С. Шехов ҷоизаи “Беҳтарин намоиши коргардонӣ”-ро сазовор гардид. Бо ҳамин намоиш дар шаҳри Челябинск кори дипломиашро бомуваффақият ҳимоя намуд ва қарор дод, ки ҳатман ба Театри ҷумҳуриявии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. С. Пушкин бозгашта, фаъолияташро идома медиҳад. Ҳоло Суҳроб Шехов дар театри мазкур ба ҳайси коргардон ва ҳунарманд фаъолият дорад. Чандин намоишномаи ҷолиб таҳия намуд: “Бахт”-и Л. Разумовская, “Гарданбанд ва номзад”-и Ш. Солеҳ, “Зебаки ширинкор”-и Ш. Қиёмов, “Мотами сафед”-и Бен Алфред Моузли, “Ҳоли падар хуб аст”-и М. Куновская, “Блиндаж”-и В. Ткачёв ва чанд намоишномаву барномаҳои солинавӣ. Соли 2012 дар шаҳри Душанбе Фестивали ҳунармандони ҷавон “Нигоҳи нав” багузор гардид. Барои иштирок дар ин фестивал намоишномаи ӯ “Бахт” аз рӯи асари Л. Разумовская тариқи интихобӣ дохил шуд. Аз рӯи ҷамъбасти баргузории фестивал Суҳроб Шехов сазовори ҷоизаи “Беҳтарин коргардон”-ро ноил гашт. Ҳунарманди театр Раъно Раҳматуллоева низ бо иштирок дар ин намоишнома ва ҳунари беҳамтои худ сазовори ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гашт. Соли 2013 Суҳроб Шехов бо ҳунармандони Театри мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ҳамкорӣ намуда, намоиши “Гарданбанд ва номзад”-и Ш. Солеҳро таҳия кард ва дар Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2013” сазовори ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” гардид. Соли 2013 барои таҳияи намоиши бачагона “Зебаки ширинкор” аз рӯи асари Ш. Қиёмов ҷоизаи “Беҳтарин коргар-
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
Ҳайати тими миллии кишвар барои бозӣ бо Бангладеш эълон шуд
Ситоди мураббиёни тими миллии кишвар оид ба футбол таҳти сарварии Мубин Эргашев ҳайати дастаро барои даври ҳафтуми марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 бо тими Бангладеш эълон кард.
Дастгирии иқдоми Президент
Ширкати ҶСП “Оби зулол” иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати инкишофи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба варзиш ҳамаҷониба дастгирӣ карда, аз 15 июн то 31 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Чкалови вилояти Суғд Аксияи “Тарзи ҳаёти солим”-ро ба роҳ монд.
Мубин Эргашев ба ин бозӣ 23 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Легионерҳо ҳимоятгар Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев (“Газовик”, Руссия) бо сабаби мащрум шуданашон дар ин бозӣ ширкат карда наметавонанд. Ба ҷои онҳо ду бозингари тими ҷавонони кишвар, ки ба финали чемпионати Осиё-2016 роҳ ёфтанд, даъват гардиданд. Онҳо Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаров мебошанд. Омодагӣ барои бозӣ бо Бангладеш 7 ноябр шуруъ мегардад. Ёдовар мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳалаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Бангладеш панҷшанбеи оянда – 12 ноябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 17:00. Баъд аз шаш давр дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи “В” тими миллии Урдун бо 13 хол аз 15 холи имконпазир пешсаф аст. Австралия бо 9 хол дар
мақоми дуюм, Қирғизистон бо 8 хол дар ҷои сеюм, Тоҷикистон бо 2 хол дар ҷои чорум ва Бангладеш бо 1 хол дар ҷои охир қарор доранд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Бангладеш: Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Туйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»). Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (ҳар ду аз «Вахш»), Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов (ҳар ду аз «Хуҷанд»). Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»). Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).
Шарт ин буд, ки хоҳишмандон бояд сарпӯшҳои нӯшокиҳои ташнашикани Ширкати ҶСП “Оби зулол”-ро ба қадри имкон ҷамъоварӣ намоянд. Ҳарки сарпӯши зиёдтар пешниҳод мекард, соҳиби ҷоиза мегашт. Ёдовар мешавем, ки дар аксияи мазкур 11 ҷоиза пешниҳод шуда буд. Абдулҳабиб Матинов, масъули аксия дар шаҳри Душанбе мақсади иқдомашонро чунин шарҳ дод. - Мо кормандони ҶСП “Оби зулол”-ро иқдоми саривақтии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба гузаронидани ин аксия водор кард ва тасмим гирифтем онро мустақиман дар шаҳрҳои Душанбе ва Чкалов роҳандозӣ намоем. Дар аксия, ки дар пойтахти кишвар доир гашт, хоҳишмандон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат доштанд. Ба беҳтаринҳо ҷоизаҳо, аз қабили велосипед, тренажёр, ҷузвдони варзишӣ, сару либосӣ варзишӣ ва лавозимоти гуногуни варзишӣ тақдим шуд. Кормандони ширкат Лола Ризоева, Гулшан Ахмедова, Абдуманнон Маҳмудов, Аюбҷон Мирахмедов, Шамсиддин Расулов ва Сайлолиддин Расулов ба иштирокчиён фаъолона хизмат расониданд. То имрӯз нисфи ҷоизаҳоро ба соҳибонашон тақдим шуда, боқимонда то поёни сол супурда хоҳанд шуд. Мукофотгирандагон Саидакбар Сайдалиев, Ғиёсиддин Ёров, Умед Раҳмонов, Ҷамол Юнусов, Наталя Тоирова, Валентина Кривичкова ва Светлана Снегурова аз иқдоми хуби роҳбарияти Ширкати ҶСП “Оби зулол” изҳори хушнудӣ карда, миннатдорӣ баён доштанд.
Талабшо ХОЛИҚЗОД
Медалҳои сеюми тиллои шогирдони МҶМОВ www.javonon.tj
Баъд аз пирӯзӣ дар чемпионатҳои Тоҷикистон миёни наврасони соли таваллудашон 1998-1999 ва 2000-2001 мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол (МҶМОВ) дар чемпионати мамлакат миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 низ ғолиб шуданд. Дар мусобиқа ҳашт дастаи беҳтарини ҷумҳурӣ дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Аз ҳар ду гурӯҳ дудастаӣ барои медалҳо мубориза бурданд. Дар бозии аввали даври нимфинал шогирдони мактаби варзишии кӯдакону наврасони (МВКН) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳринав вохӯрданд. Вақти асосӣ ғолибро муайян накард – 1:1. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра наврасони вилояти Суғд маҳорати баланд нишон доданд – 3:2. Дар бозии дигари
нимфинал шогирдони МҶМОВ ҳамсолонашонро аз Гимназияи Истаравшан бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм МВКН Шаҳринав ба дарвозаи шогирдони Гимназияи Истаравшан 1 голи беҷавоб заданд. Медалҳои тилло насиби МҶМОВ шуд. Ин даста дар бозии финалӣ бар тими наврасони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиб омад. Вақти асосӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт, аммо дар задани пеналтӣ бахт ба рӯи душанбегиҳо хандид – 4:3.
«Истиқлол» чорум маротиба қаҳрамони мамлакат шуд
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бори чорум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Ин 1 ноябр, баъди бохти “Хуҷанд”, ки дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои дуюм аст, аз КМВА “Помир” маълум гашт. Дар бозии даври 16-уми чемпионати мамлакат оид ба футбол “Хуҷанд” дар меҳмонӣ аз КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозиҳои дигари ин давр низ баргузор гаштанд. Тими “Хайр” ба дарвозаи “Далерон-Уротеппа” 2 голи беҷавоб зад. “Вахш” дар меҳмонӣ аз тими “Равшан” шикаст хурд – 0:3. “Регар-ТадАЗ” дар меҳмонӣ “Барқи тоҷик”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Баъди ин пирӯзӣ дастаи шаҳри Турсунзода ба ҷои сеюм ҷадвали мусобиқа баромад.
ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Равшан” (Кӯлоб) “Хайр” (Ваҳдат) КМВА “Помир” (Душанбе) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 15 16 16 15 16 16 16 16 16 16
Ғ 14 11 8 9 8 8 3 3 2 0
1 3 6 2 4 4 3 2 4 1
М
Б
0 2 2 4 4 4 10 11 10 15
Т-Т 58-2 32-14 24-12 34-24 20-23 20-23 15-27 13-28 6-30 4-42
Х 43 36 30 29 28 28 12 11 10 1
ВАРЗИШ
Баъди маҳрум шудани Федератсияи футболи Кувайт аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дастаи “Истиқлол” тавонист пеш, аз муҳлат ба даври финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 роҳ ёбад. ФИФА бо сабаби он ки ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилотҳои варзишӣ дахолат мекард, тими миллӣ ва клубҳои ин кишварро аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Ҳамин тариқ, дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ҷаҳор Дорул Такзим”-и Малайзия, ки дар даври нимфинал бояд бо ду дастаи Давлати Кувайт вомехурданд, ба финал баромаданд. Бозии финалӣ 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи дастаи Малайзия ба анҷом расид. Голи ягонаро лигионери аргентинӣ Леандро Веласкес дар дақиқаи 23-юм ба самар расонд. Роҷеъ ба ин бозӣ ва дигар дастовардҳои дастаи “Истиқлол” бо сухангӯи кулуб Рустам Ҳакимов суҳбат кардем.
Мо барои муваффақиятҳои нав омодагӣ мегирем
Дар даври 8/1-финалӣ, мо дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро мағлуб намудем. Дар даври 4/1-финалӣ баъди ду бозӣ дастаи “Паҳанг”-и Малайзияро шикаст додем. Аз соли 2013 дастаҳои Тоҷикистон шомили Ҷоми КФО шуданд. Мутаассифона, ягон маротиба дастаҳои мо аз гурӯҳ намебаромаданд. Ин дар таърихи футболи тоҷик аввалин маротиба аст, ки мо финалисти ин мусобиқа шудем. Бовар доштем, ки соҳиби ҷом мешавем, аммо дар чанд бозие, ки анҷом додем, ноҳақии доварон ба назар мерасид. Дар финал ду голи бачаҳои моро қабул ва ду ҷаримаи 11-метраро ҳисоб накарданд. - Баъди чунин натиҷа бозингарон дар кадом ҳолат қарор доранд: хурсанданд ё руҳафтода? - Ин натиҷаи бад нест, вале бозингарон ин шабу рӯзҳо дар ҳолати бисёр вазнин қарор доранд. Онҳо баъди роҳ ёфтан ба даври финалӣ мақсади қаҳрамон шуданро дар назди худ гузошта буданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки футболбозони дастаи “Истиқлол” бисёр хаста шуда буданд. Мавсими имсолаи футбол барои онҳо мушкил гузашт. Дар як мавсим тимҳои боқуввати ҷаҳон то 40 бозӣ анҷом медиҳанд. Дастаи “Истиқлол” дар мавсими имсола зиёда аз 60 бозӣ анҷом дод. Айни
ҳол ҳамаи мутасаддиёну бозингарон ба муҳлати 20 рӯз дар рӯхсатии меҳнатӣ қарор доранд. Баъди рӯхсатӣ барои амалӣ гардидани мақсаду нақшаҳои нав корро давом медиҳем. Мо дилмонда нестем. Бовар дорем, ки ҳатман муваффақ мешавем. Футболбозони дастаи “Истиқлол” бурду бохтро чӣ гуна қабул карданд? - Барои ҳар даста ба бохт рӯ ба рӯ шудан душвор аст, вале футбол бе бохт намешавад. Футболбозони мо дар ҳар бохт бештар барои мухлисонашон фикр мекунанд, ки мо онҳоро хурсанд карда натавонистем. Кадом бозиеро, ки ба бохт анҷом диҳанд, тариқи расонаҳо аз мухлисон узр мепурсанд. Албатта, нисбат ба дигар бозиҳо бохти охирин вазнинтар буд. - Набудани равоншиносро дар кулуб бар зарари кор намеҳисобед? - Фикр мекунам будани равоншинос он қадар муҳим нест. Зеро бозингарони мо ҳама футболбозони касбӣ мебошанд. Таҷрибаи зиёди бозӣ доранд. Ин гуна ҳолатҳоро зиёд аз сар гузаронидаанд. Онҳо худро аз ҳолати ногувор бароварда метавонанд. - Оё дар нақша ҳаст дар мавсими нави футбол “Истиқлол”
лигионерҳои дигарро ба тим даъват кунад? - Албатта. Охири моҳи ноябр мавсими имсолаи футбол ба анҷом мерасад. Барои соли 2016 мо футболбозони дигарро ба даста даъват намуда, дастаро аз ҳисоби лигионерҳо боқувват мекунем. Ҳоло чанд бозингари ҷавону ботаҷрибаро санҷида истодаем. Азбаски ҳоло дар марҳалаи санҷишӣ қарор доранд, онҳоро номбар намекунам. Баъди анҷоми мавсим, онҳоро муаррифӣ хоҳем кард. - Бозии лигионерҳои даста роҳбарияти кулубро қаноатманд мекунад? - Бозии на ҳамаи онҳо қаноаткунанда аст. Ҳастанд бозингароне, ки мо аз бозии онҳо розӣ ҳастем, ҳастанд футболбозоне, ки бозиашон дар шароити ҳозир моро қаноатманд карда наметавонад. - Дар мавсими нав кулуби “Истиқлол” тасмим гирифтааст, ки ягон бозингари дастаро ба дигар кулубҳо интиқол диҳад? - Ин аз кулубҳое вобастагӣ дорад, ки ба мо муроҷиат мекунад. Кадом футболбози тоҷике, ки дар кулубҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекунад, обрӯи миллати тоҷик аст. Онҳо миллату давлатро муаррифӣ менамоянд. Мақсади ҳар яки мо пурра намудани тими миллии кишвар аз ҳисоби бозингарони ботаҷриба мебошад. Мо низ мехоҳем футболбозони мо дар дигар кулубҳои варзишӣ таҷриба гиранду тими миллии кишварро дар бозиҳои ҷаҳонӣ муарифӣ намоянд. Мо ягон монеа эҷод намекунем. - Барои ба натиҷаи назаррас ноил гардидани дастаи “Истиқлол” ба фикри шумо чӣ намерасад: мураббии хуб, лигионерҳои зиёд ё маблағгузории калон? - Он чи шумо номбар кардед, ҳамааш барои муваффақ шудани дастаи футбол даркор аст. Дар дастаи мо кор ба таври шабонарӯзӣ рафта истодааст ва ҳар кас вазифаи худро пурра ба анҷом мерасонад. Ҳамин тарзи коргузорӣ буд, ки мо
то ба ин натиҷаҳо расидем. Пеш аз ҳама ғамхории президенти клуб Шоҳрух Саидов нисбат ба бозингарон мебошад, ки ҳама бо дасту дили гарм корро пеш мебаранд. Бозингарони мо аз ҷиҳати маблағ танқисӣ намекашанд. Ҳамаи футболбозон варзишгарони касбианд. Ба ғайр аз ин касб ба ягон кори дигар машғул нестанд. Зиндагии худро аз ҳисоби футбол пеш мебаранд. - “Истиқлол” аз тимҳои кишвар ҳарифи асосӣ кадом дастаро меҳисобад? - Дастаҳое, ки барои “Истиқлол” ҳарифанд, “Регар –ТадАз”, “Хайр”, “Парвоз”, “Равшан” мебошанд, ки бо ин дастаҳо рақобат шадиду ҷолиб ҷараён мегирад. - “Истиқлол” муайян кард, ки дар Ҷоми КФО-2016 ҳарифи асосиаш кадом даста аст? - Ҳарифони пурқуввати дастаи мо дар Осиё “Ал-Қудсия”, “Кувайт” ва “Эрбил” мебошанд. Баъди оғози мавсими нави футбол даста тасмим гирифтааст, ки тамоми омодагиҳои худро барои мусобиқаҳои навбатӣ бигирад. Дар мавсими нав мо кӯшиш мекунем, ки дастаро дар сатҳи лозима ба мусобиқаи сатҳи баланди қораи Осиё - Ҷоми КФО омода созем. - Бисёриҳо бар он назаранд, ки “Истиқлол” аксар бозиҳои худро дар сафар ба бохт анҷом медиҳад. Сабаби инро дар чӣ мебинед? - Сабаби асосӣ дар боду ҳавои дигар давлатҳо мебошад. Дар мавсими имсола бозиҳое, ки дар сафар гузаронидем, дар иқлими он давлатҳо давидан як тараф истад, нафас кашидан мушкил аст. Дар бозӣ мухлисон ҳам нақши калон мебозанд. Дастаи мо дар қитъаи Осиё аз ҳисоби мухлисон дар зинаи аввал қарор дорад. Дар як бозии мо ба ҳисоби миёна 16 ҳазору 200 нафар рост меояд. Ман фурсати муносибро истифода намуда, ба тамоми мухлисони “Истиқлол” миннатдорӣ баён мекунам. Мо ваъда медиҳем, ки дар бозиҳои навбатӣ ҳам хотири онҳоро шод мегардонем. Ҷаҳду талош ва маҳорати баланди футболбозони “Истиқлол” президенти КФО Шайх Салмон ибни Иброҳим Ал-Халифаро низ бетараф нагузошт. Ӯ ба номи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нома ирсол намуда, сазовори ҷои дуюм гардидани “Истиқлол”-ро табрик кард, барои рушди футбол дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ таъкид намудааст, ки “Истиқлол” новобаста аз ҷавон будан соли 2012 Ҷоми президенти КФО-ро соҳиб гардида, дар муҳлати кӯтоҳ тавонист финалисти Ҷоми КФО гардад. “Ин ҷаҳду талошҳои шумо аз ҷониби роҳбарияти КФО қадрдонӣ мешавад. Чӣ мушкилоту норасоие, ки ҳаст, мо тайёрем барои “Истиқлол” муҳайё созем”, омадааст дар нома. Ёдовар мешавем, ки тими “Истиқлол” соли 2007 таъсис ёфта, аз соли 2008 дар лигаи якум ва аз соли 2009 дар лигаи олӣ бозӣ мекунад. Дар тӯли ҳашт соли фаъолияти худ даста чор маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардида, 4 маротиба Ҷоми Тоҷикистон ва 5 маротиба Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардааст.
www.javonon.tj
- Натиҷаи назарраси дастаи “Истиқлол” аз замони таъсисёбӣ то имрӯз кадом аст? - Дастаи “Истиқлол” дар дохили кишвар соҳиби тамоми ҷомҳо гардидааст. Соли 2012 мо Ҷоми президенти КФО-ро ба даст овардем. Дар сатҳи байналмилалӣ натиҷаи баланди мо финалисти Ҷоми КФО шуданамон буд. Имкони хуб доштем соҳиби ин ҷом шавем, аммо баъзе хатоҳо содир шуд ва мо бозиро бохтем. То финал рафтан кори осон набуд. 11 декабри соли 2014 дар Куала Лумпур қуръапартоӣ шуд. Ман намояндаи дастаи “Истиқлол” дар он ҷо иштирок кардам. Ба ҳама маълум аст, ки мо дар гурӯҳи пурқувваттарин дастаҳои қитъаи Осиё афтидем. Дар гурӯҳи мо қаҳрамони соли гузаштаи Ҷоми КФО “Ал-Қудсия”-и Кувайт ва финалисти ин ҷом дастаи “Эрбил”-и Ироқ буд. Ҳама ба мо писханд мезаданд, ки “Истиқлол” на танҳо аз гурӯҳаш намебарояд, балки ҳамаи бозиҳоро бо бохт анҷом медиҳад. Мо ба худамон бовар доштем. “Истиқлол” дар гурӯҳ якум шуд.
“Истиқлол” сазовори ҷои дуюм дар Ҷоми КФО-2015
13 е-mail: javonontj@mail.ru
Шодихони НАЗАР, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
14
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Бобобек Каримов, марди азимҷусса, болобаланду қавиирода, дар либоси афсарӣ зебанда, шоистаи номи милисагӣ, соҳиби эҳтироми атрофиён, бо вуҷуди бузургиҳояш хеле хоксор, одамдӯст, меҳрубон, камгап, агар дар қайди ҳаёт мебуд, имсол ба синни 55 мерасид. Вале марг ба бузургию бечорагӣ, ба мансабдорию сарватмандӣ, ба хоксорию фурӯтанӣ кор надоштааст, аёну ноаён, гоҳу ногоҳ, дер ё зуд меояду аз гиребон медорад, бераҳмонаю “нармдилона” гулӯро мефишорад. Ҳайфи оламу одам! Ҳайфи умри ба пирӣ нарасида! Беҳуда намегӯянд, ки зиндагӣ ба касе вафо накардааст. Ҳарки подполковники милиса Бобобек Каримов, ин марди солорро дида бошад, магар мегуфт, ки дар 53-солагӣ аз олам меравад?! Аз олам мераваду зану фарзандон, ёру дӯстону ҳамкорони қаринашро аламию ҳасратӣ мегардонад. Бобобек шахсе буд барои атрофиён азизу муътабар. Марги ӯ дили фарзандони болиғу ноболиғашро реш кард. Духтари нозанинаш, ки соли аз дунё гузаштани падар дар синфи 10 мехонду имрӯз қадрас шуда, мунтазири арӯсӣ аст, аз падари ғамхори хеш ёдҳои ширин дорад. Падараш он қадар ба хондани фарзандон аҳамият медод, ки ҳамсояҳо ҳасад мебурданду аз ӯ ибрат мегирифтанд. Падар ният дошт, ки Шаҳлоро ба хондан мебараду соҳибмаълумот мегардонад. Афсӯс, ки орзую ҳавасҳояшро ба хок бурду духтар ормонҳои падарро ба ҷо оварда натавонист... Бобобек Каримов зодаи деҳаи Тахтиалифи ноҳияи Файзобод аст. Маълумоти синфи 10-ро дар таълимгоҳи рақами 8-и зодгоҳ гирифт. Аз ҷумлаи фаъолтарин хо-
нандагон буд. Бузургбародари омӯзгораш Ғаюрбек Тағойбеков аз давомоту дарсазхудкунии Бобобек бо шавқ ҳарф мезанад. “Ҳамаи фанҳоро аз бар мекарду хонданро дӯст медошт, - мегӯяд ӯ, - вале дар варзиш аз ҳамсинфонаш як сару гардан боло буд, худро ҷисман обу тоб медод. Аз ғайрату қобилияти Бобобек собиқ ҷонишини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Мирзо Ҷонов огоҳ шуду ӯро ба мактаби милитсия ҳидоят кард”. Солҳои 1983-1985 дар мактаби милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳсил кард. Фаъолияти меҳнатии ӯ вобаста ба ихтисоси гирифтааш аз вазифаи сардори қитъаи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсияи ноҳияи Ҷиргатол оғоз гардид. Муддати 7 сол дар ин
рифтан ҷони худрову фарзандонро дар хатар гузоштан буд. Ҳини ба вазифаи сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Роғун таъин шудан Бобобек Каримов 34 сол дошт, ки дар мансаби роҳбарӣ дар мақомоти милитсияи кишвар яке аз ҷавонтаринҳо маҳсуб мешуд. Ҷасорату далерӣ, таҳамулу сабурӣ тамоми мушкилоти пешомадаи роҳи Бобобек Каримовро барҳам мезаданд. Аз хусуси мушкилоти он даврон, хоса куштору қатли одамони бегуноҳ Бобобек Каримов бо афсӯсу надомат ёд мекард. Ду сол қабл аз маргаш, 26 декабр дар рӯзи ёдбуди куштори 43 нафар сокини Чашмасор бо Бобобек Каримов вохӯрда будем. Ин марди таҳамтан барои қурбониёни деҳа ашк рехт. Ӯ
ноҳия бенуқсон кор кард. Аз рӯйи хоксорию ҳалолкориаш дӯстону қадрдонҳои зиёд пайдо намуд. Муовини Бобобек Каримов дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Роғун, ҳоло корманди бонк Эмом Исоев нақл мекунад, ки даҳҳо нафар аз аҳолии ноҳияи Ҷиргатол дар роҳи сафар ба пойтахт ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Роғун даромада, аз Бобобек ҳолу аҳвол мепурсиданду меҳрубонӣ менамуданд. Мо ҳис мекардем, ки сардорамон воқеан ҳамчун марди хоксор миёни сокинони Ҷиргатол ба обрӯю манзалат соҳиб гардида, чун инсони ҳақиқӣ дар дили онҳо ҷой гирифта будааст. Бобобек Каримов аз Ҷиргатол соли 1988 ба мактаби олии милитсияи шаҳри Тошканд дохил шуд. Пас аз хатми донишкада (1991) вазифаи масъули сардори отряди таъиноти махсус, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноят, муовини сардори шуъбаи кор бо кадрҳои Вазорати корҳои дохилиро уҳда карда, соли 1997 сардори шуъбаи милитсияи шаҳри Роғун таъин шуд. Бояд зикр кард, ки ҳарчанд муноқишаҳои дохилии ҷумҳурӣ ба охир мерасиданду дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ қабул гардида буд, он солҳо бисёриҳо, аз ҷумлаи кормандони милиса, масъулияти роҳбариро бар уҳда намегирифтанд. Чунин масъулиятро ба дӯш ги-
ашкҳояшро поккунон гуфт: “Чӣ хуб шуд, ки марди таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҷангҷӯён об рехт, мухолифонро ба ифоқа овард, дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ ҷорӣ гардид”. Ин сухан аз забони шахсе ҷорӣ мешуд, ки барои артиши Ватан дар солҳои даргирӣ заҳмат кашида чандин шабро бехоб рӯз кард. Ҳарфҳои талху ширини ӯ аз ёд нарафтаанд... ...Дастаҳои мухолифин ба деҳаҳо даромада бедодгарӣ мекарданд, молу гови мардумро ба ғорат бурда, ҷавононро зӯран ба гурӯҳи худ шомил месохтанд. Борҳо бо дастаҳои Абдулло Раҳимов бо лақаби “Мулло Абдулло”, Ризвон Содиров дар деҳаҳои Тагоби Дегай, Сичироғ, Талхакчашма, Ҷавонӣ рӯ ба рӯ шудем. Дар муҳорибаҳо Абдусалом Мавлонов, Тағойбеки писари Асадулло кушта шуданд. Сардори милиса Бобобек Каримов онҳоро кафан кард. Мо якҷоя ҷасадҳоро ба хонаҳояшон бурдем. Нолаю шӯру ғиреви мардумро дидаю ҳамроҳи онҳо ашк рехтем... ...Дар як амалиёт бо гурӯҳи Ризвон Содиров, ки сардорашон “муаллим” (лақабаш) буд, тирпаронӣ оғоз шуд. Дар натиҷа “муаллим” ва нафари дигар ҳалок гардида ду кас дастгир шуданд. Баъди ин амалиёт 18 ҷиноят ошкор гардид. Ин гурӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод 13
Некиҳояш ӯро ёд мекунанд ҷиноят ва дар ҳудуди шаҳри Роғун 5 ҷинояти вазнин, аз ҷумла куштору дуздию ғоратгарӣ содир намуда будаанд. Сокинони шаҳри Роғун аз қонуншикании баъзе роҳбарон, дуздию ғоратгарии гурӯҳҳои алоҳида ба сардори шуъбаи корҳои дохилӣ Бобобек Каримов шикоят меоварданд. Мардуми одӣ дар симои кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ пушту паноҳи худро медиданд. Сардори шуъба Бобобек Каримов ягон арзро бенатиҷа намемонд. Ҳолатҳое мешуданд, ки ба дастгир кардани ҷинояткорон шахсан иштирок менамуд. Кушодани ҷинояти Маҳмурод Осқолов ва Аҳлиддин Ғафуров иштироки бевоситаи сардори шуъбаи корҳои дохилиро талаб намуд. Ҳар ду (М. Осқолов ва А. Ғафуров) ба дуздию ғоратгарӣ машғул буданд. Бобобек Каримов рӯзгори муфтхӯронаи онҳоро ошкор кард ва ҳар ду бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд. Воқеан, шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Роғун ҳини роҳбарии подполковник Бобобек Каримов солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба халқу Ватани хеш арзанда хизмат кард. Милитсияи шаҳр дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мустаҳкам шудани пояҳои давлат ва ривоҷу равнақи истиқлолият, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, пешгирӣ
кардан ва кушодани ҷиноятҳо, устувории амнияту оромӣ, сулҳу субот ҳиссаи калон гузоштанд. Қисме аз онҳо дар ин роҳ ҷони худро нисор карда, гурӯҳе ҷароҳат бардошта, касалманду бистарӣ гардиданд... Шуъбаи корҳои дохилии шаҳр, сокинони Роғун ному корнамоиҳои онҳоро фаромӯш намекунанд. Мардони ҳақиқӣ бо хислатҳои наҷибашон, бо кору пайкори шоистаашон дар дилҳо ҷо мегиранд, номашон ба такрор зикр мегардад. Бобобек Каримов умри зиёд надида бошад ҳам, ҳангоми кору фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба обрӯю ифтихор сазовор гардид. Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000), се медал, чандин ифтихорнома барои хизматҳои бенуқсон далели ҳамин гуфтаҳоянд. Бобобек Каримов қариб сӣ сол дар сафҳои милитсия кор карда сарбаландона ба нафақа баромад. Афсӯс, ки боди айёми фароғат тунд вазид, ӯро ба чоҳи беморӣ тела дод. Кӯшишҳои давоӣ самар набахшиданд. Имрӯз, баъди се соли маргаш аз ҳар касе, ки бо ӯ кор мекарду ҳамнишинаш буд, ё аз хизматҳои софдилонааш огаҳӣ дошт, дар борааш пурсон шавӣ, фақат некӣ мешунавӣ. Ҷӯрабек МУЪМИН
www.javonon.tj
ИСТЕЪДОД Баъди ташкил шудани Федератсияи муҳорибаҳои омехта дар кишвар, ҷавонони зиёд ба ин намуди варзиш машғул шуданд. Варзишгарони тоҷик дар кӯтоҳтарин муҳлат тавонистанд дар мусобиқаҳои берун аз кишвар муаррифгари миллату давлат бошанд. Ҷавононе, ки дар ин ришта ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд, заминаи варзишии худро аз намудҳои дигари гӯштин гирифтаанд. Абдухолиқ Азизов 14 сол мешавад, ки ба варзиш машғул аст. Ӯ дар оилаи варзишгар ба воя расидааст. Абдухолиқ шашсола буд, ки амакаш Қурбоналӣ Азизов, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз намуди гӯштини дзюдо, ӯро барои тамрин ба толори варзишӣ бурд. Абдухолиқ баъди як соли тамрин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини дзюдо бар се ҳарифаш дастболо гашта, са-
Абдухолиқ Азизов: Барои қаҳрамони ҷаҳон шудан мубориза мебарам зовори ҷойи дуюм гардид. Ин мусобиқа дар ҳаёти варзишгари ҷавон хотирмон ба ҳисоб меравад. Абдухолиқ баъди чор соли тамрин дар риштаи гӯштини дзюдо ба самбои муҳорибавӣ гузашт. Соли 2012 баъди чемпиони ҷумҳурӣ гаштан аз намуди самбои муҳорибавӣ, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тайёрии ҳамаҷониба медид. Соли 2012 дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар шаҳри Душанде доир шуд, Абдухолиқ дар вазни 62 кило сазовори ҷои якум гардид. 25 октябри соли 2013 мусобиқаи байналмилалӣ дар давлати Ингушистон доир гардид. Дар он Абдухолиқ
бар ду ҳарифаш аз давлатҳои Узбекистон ва Доғистон ғолиб омада, дар даври ниҳоӣ бо сабаби ҷароҳат бардоштан аз муҳориба даст кашида, ба гирифтани ҷойи дуюм қаноат кард. Ин варзишгари ҷавон тулӣ 14 соли фаъолияти варзишии худ панҷ маротиба қаҳрамони ҷумҳурӣ гардида, дар мусобиқаҳои берун аз кишвар сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҳоло донишҷӯи курси сеюми Донишкадаи тарбияи ҷисмоӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Ӯ ин дастовардҳояшро самараи меҳнати устодон арзёбӣ намуда, дар назди худ мақсад
гузоштааст, ки дар чемпионати ҷаҳон парчами кишварро дар зинаи якум парафшон намояд. Мо низ барои ин варзишгари ҷавон фатҳи қуллаҳои баланди варзиширо таманно мекунем. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
САЙҚАЛИ ХОТИРА Дунё, олам
Ҷоиз
Машқҳои бадан
Хушбахт
Пойтахти Арманистон
Ҳа (русӣ) Шакли дигари пешоянди аз
Ба анҷом расидан
Пойтахти Норвегия Шаҳр дар Перу
Маҳбуба, маъшуқа
Собиқ футболбози Бразилиягӣ
Авлод, насаб
ДАВЛАТМАНД ХОЛОВ
Пайвандак
1 Ҳимоятгари к/ф Бавария
Сантиметр (кӯтоҳ)
Мистер ...
Фаъолият
Комёбӣ
СММ (русӣ)
Он ки аз роҳе гузашта меравад
Ҷин
Садо, овоз
МАРАДОНА
2
Фарзанди азиз
Ҷонишин
Он ки ба нӯшидани об эҳтиёҷ дорад.
Исми мардона
Тал, пушта
Унсури химиявӣ
Бадафт
Тухми ғалла
Зиён
Рақси халқии португалӣ
Само
Баҳои бад дар мактаб
... и Саудӣ
Инсон
Суруд, тарона
Футболбози Волфсбург
Қаҳрамони латифаҳои халқӣ
Бозии рӯимизӣ
Чуқурӣ
Ниёгон
15 е-mail: javonontj@mail.ru
Субҳ, пагоҳӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Т уҳфаи идӣ
2
Ба ном
Зид-
Навозиш Падар кардан (лаҳҷавӣ) маънои
кӯҳна
Олими физик
Қасд, ирода
Яке аз давлатҳои пешрафтаи Аврупо
Хайр ва ...
Номи лотинӣ
Номус
Доно, огоҳ
Шамол
Ҳарфи алифбои арабӣ
Ҳиссачаи инкорӣ Раги хунгарди инсон
1
Аз чап ба рост: 2. Қатраҳои об, ки аз абр фурӯ мерезанд. 4. Федератсияи Россия (мухтасар.) 5. Пайвандаки пайвасткунанда. 6. Давлати қадимаи Тоҷикон. 9. Омма, халқ. 11. Шамс, хуршед. 15. Роҳат кардан. 16. Шаҳраки барқии кишвар. 18. Маҳрум аз қобилияти биноӣ. 21. Корманди намоёни соҳаҳои гуногун. 26. Суруд, нағма. 28. Бовари ба Худо. 30. Сардор, пешво. 32.Тира. 34. Бинои баланди сутунмонанди аз сангу хишт сохташуда. 36. Дору, дармон. 37. Манбаи ҳаёт.
Аз боло ба поён: 1. Ҷонишини ишоратӣ. 2. Дарёи бузурги шӯр. 3.Чеҳра, рух. 4. Нота 5. Вазнинии чизе, ки дар тарозу баркашида мешавад. 7. Муқобили тез. 8. Дуюмин шаҳри калонтарини Суғд. (ИСТАРАВШАН) 9.Ҷонвари обӣ. 10. Қисми ҳарбӣ,ки аз се взвод иборат аст. 12. ...ву 1 торо 13. Пешоянд. 14.Ҷонишин. 2 3 17.Ҷашн дар фасли баҳор. 19. Шаҳри қадимаи Тоҷикон. 20. Ноҳия дар водии Рашт 22. Иморат. 23. Ҳисобу китоб. 24. Олими физик. 25. Асосгузори давлати Сосони4 ён. 27. Осмон, само. (АРШ) 5 29. Ҳиссачаи инкорӣ.
6
7
8
9
12 13
15
14
16 21 27
17
18
22 23 24 28
40
29
30 31
37
38 43
42
41
48
46
45
49 50 54
51 55
56
57
31. Хироҷ. 33. Ҷовидон. 35. Шаҳд, ангубин. 38. Шаҳри қадима дар вилояти Хатлон 40.Чамъи хидмат. 41. ...и Шерозӣ. 46. Хонаи хурд. 47. ... Улуғзода. 50. Озмоиш, санҷиш. 51. Ҳаёт (юнонӣ). 55. Шабакаи телевизионии кишвар. 57. ... у Пак.
62
64
Аз чап ба рост:
47. Муаллифи Гулистон
2. Қатраҳои об, ки аз абр фурӯ мерезанд.
48. Яке аз ҳайвонҳои азимҷусса
13. Пешоянд. 14.Ҷонишин.
52
58
www.javonon.tj
60
59
63
33
36
53
61
20
32
44 47
19
25
34 35 39
39. Клуби футболи Қурғонтеппа 41. Шаҳри қадима,ки имсол 3000 сола шуд. 42. Зидмаънои нек. 43. Дарё дар Тоҷикистон. 44. Ноҳия дар минтақаи Кӯлоб 47. Муаллифи Гулистон 48. Яке аз ҳайвонҳои азимҷусса 51. Яке аз асарҳои Саъдии Шерозӣ. 54. Мамлакати аҳромҳо 56. 12 моҳ. 58. Маърифат, дониш. 59. ... Турсунзода. 60. Яке аз ағбаҳои кишвар. 61.Эҷод кардан. 62. Шаҳр дар вилояти Суғд. 63. Зидмаънои бисёр. 64. Дӯстон ....и якдигаранд. (ОИНА)
10 11
26
Навъи ғалла
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №44 (9418), 5 ноябри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Муаллима аз Ҳалим мепурсад: - Барои чӣ ба дарс дер кардӣ? - Дар роҳ ба ман роҳзанҳо ҳуҷум карданд. - Ягон чизатро гирифтанд? - Ҳа, дафтари вазифаи хонагиамро.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
- Ало, Шумо роҳбари синфи 5б? - Бале! - Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад. - Кӣ мепурсад? - Падари ман.
***
Салим: - Оча, ман ақламро аз кӣ мерос гирифтаам, аз Шумо ё аз падарам? Модар: - Аниқ аз падарат, аз ман дар ҷояш.
*** - Муаллимҷон, оё одамро барои ҳеҷ кор накарданаш ҷазо додан мумкин? - Не, ҳеҷ гоҳ! - Ман вазифаи хонагиамро иҷро накадаам.
ҲИКОЯ
Пушаймонӣ Падари Фирӯз аз назди сарвари мактаб, ки бо ҳам муносибати дӯстона доштанд, омад ва гуфт: - Вақтҳои охир чандон ҳаваси хондан надорӣ, мегӯянд. Намедонам ба ту чӣ шуд? Рӯзҳои аввал таъриф мекарданд. Ман хурсанд мешудам. Баъд дар дилам орзуи
донишҷӯ шудан ту рӯид. - Шумо ҳамеша аъло хондани моро талаб мекунед, - гуфт Фирӯз андак садояшро баландтар намуда. — Аммо намебинед, ки ман дар кадом ҳолат дарс тайёр мекунам? - Намефаҳмам!.. Шояд ягон чиз намерасад? - савол кард падараш, ки андак садояш
хаста метофт. - Фақат миз намерасад! - бо қаҳр ба шиква гузашт Фирӯз. — Дар рӯи замин дароз кашида, китоб мехонам. Китоб, ки наздик аст, ба чашм зарад дорад. Падараш дигар чизе нагуфт. Фирӯз бошад, дар баландии начандон бузурги пушти ҳавлӣ барои бозии футбол рафт. Дертар дид, ки падараш салларо дар миёни миз маҳкам баста, пуштора карда меорад. Зери бор қоматаш хамида буд. Дар назар хеле пир метофт. Ин лаҳза қадре дили Фирӯзро фишор овард. Ӯ аз шикваи худ пушаймон шуд.
*** Зиндагӣ якрангу дилгиркунанда бошад ҳам, вале маошаш хандаовар аст.
*** Коргар аз фаррош мепурсад: - Канӣ чанги болои миз? Ман он ҷо як рақами муҳимро сабт карда будам.
Ҷузвдон
www.javonon.tj
Дар саҳнаи мактаб ногаҳон садо баланд шуд: - Чархбол! Чархбол! Фирӯз, ки дарси охиринаш навакак анҷом ёфта буд, бо шунидани садо фавран дафтару китобашро дар ҷузвдони латтагӣ гузошту дар Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
қатори дигар бачаҳо ба шиддат сӯи хоначаи сафедак давид. Зеро дар даврони кӯдакӣ дар онҷо фуромадани чархболро шунида буд. Имрӯз дар назди хоначаи сафедак, ки дар майдончаи паҳлуи роҳ ҷо гирифта буду аз мактаб тақрибан се километр дурӣ дошт ва ҳар доим одамон бо мошин аз шаҳр гурӯҳ-гурӯҳ омда, дар хоначаи зеризаминӣ ноқилҳои телефон ва телеграфро месанҷиданд,баъди гузаштани панҷ сол чархбол фуруд омада буд. Фирӯз бошад, барои аз наздик дидани чархбол мехост сахт бидавад, аммо ҷузвдонаш халал мерасонд. Ӯ ба ҳавлӣ наздик шуд. Ҷузвдонашро ба сӯи хона партофта, суръати давиданашро тезонид. Ба хоначаи сафедак Фирӯз ҳамин, ки наздик шуд, чархбол парвоз кард. Ӯ онро аз наздик дида натавонист. Фақат дид, ки майсаҳои дар ҳавои чархбол бар замин хобида, базӯр сар мебардоранд. Баъд Фирӯз ғамгин ба хона расид. Дар ҷустуҷӯи ҷузвдонаш афтид, аммо пайдо накард. Модараш ҳам “надидам” гуфт. Фирӯз ба хоначаи саг наздик шуд. Ҷузвдонашро пора-пора ёфт. Панҷаҳои лойолуди саг дар рӯи китобу дафтар нақш баста буданд. Китоби таърихро дар зери панҷа ва фукаш гузошта, саг ба роҳат хоб мекард.
Таҳияи Беҳрӯзи АБДУАЛИМ
ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагии рақами 343467, ки мактаби ронандагии “Меҳанпараст”-и шаҳри Душанбе соли 2014 ба Қурбонов Баҳром додааст, эътибор надорад. Билети донишҷӯии №70, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2013 ба Қаюмзода Муслиҳиддин Шариф додааст, эътибор надорад.
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби
масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7700 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»