Ҷавонони Тоҷикистон, №44 (9470), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№44 (9470), 3 ноябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

 ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Конститутсия - имконияти фаррох барои ҷавонон

Чаро бояд иваз шуд?

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

 АХБОРИ ҲАФТА

Бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз шуд

 ТАБРИКОТ

Эҳтиром ба Конститутсия омили устувории давлат аст Табрикоти Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҳар сол дар мамлакат 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Конститутсия барои ҳар давлат шакли олии падидаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар давраҳои гуногун, баҳри таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳила ба марҳилаи сифатан нави инкишоф қабул мешавад. Мардуми Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати худро қабул кард. То ин вақт ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз конститутсияи пештара истифода мебурданд. Вобаста ба пешрафти ҷомеа ва бо дарназардошти дигаргуншавии рӯзафзуни зиндагии соки-

нони кишвар зарурат пеш омад, то 3 маротиба, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ҷумҳурӣ тағйирот ворид карда шавад. Хусусан, тағйироти охирини воридшуда асосан барои насли ҷавон нигаронида шуда буд. Ин тағйиротҳо барои ҷавонони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам намуд. Синни номзад ба президентӣ дар ҷумҳурӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва судяҳо 30 муайян шудааст. Ин аз ғамхории навбатии хусусан Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин омилҳои амнияту осоиштагӣ ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Хусусан дар замоне, ки вазъи

ҷаҳон номусоид аст, пойбанди қонун будан аз ҳар вақти дигар дида манфиатноктар аст. Моро лозим аст, ки гузаштаи на чандон дурро фаромӯш накунем. Қабули Конститутсия барои кишвари тозаистиқлоли мо, ки аз ҷанги дохилӣ хаста шуда буд, роҳи пойдории қонуну риояи ҳуқуқи инсонро боз кард. Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати орому осоишта мубаддал гардид. Боварӣ дорем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи зудтар ба се ҳадафи асосии стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ноил хоҳем гашт. Дар воқеъ, Конститутсияи мо ифодагари ормону омоли мардуми тоҷик аст ва он аз фарҳанги

пурғановату таърихи қадимаи миллат сарчашма мегирад. Мо ифтихор дорем, ки тамоми арзишҳои милливу башардӯстиамон имрӯз эҳё шудааст ва онҳо дар муҳимтарин санадҳои давлатдорӣ, аз ҷумла дар Конститутсияи мамлакат ҳамчун меъёр пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, вазифаи ҷавонон ва кулли мардуми кишвар ин аст, ки ин меъёрҳоро сармашқи зиндагиву кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва барои поймол нашудани он ҳамеша талош варзанд. Тамоми сокинони кишвар, алалхусус ҷавонону варзишгарони саодатманди кишварро бо 22-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони азиз муборакбод гуфта, ба онҳо рӯзгори босафо ва хуррамию осоиштагӣ таманно мекунем.


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

Бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз шуд

АХБОРИ ҲАФТА

29 октябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барпо шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гурӯҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди нерӯгоҳ, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва

ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти ҷумҳурӣ ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Оғози корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА 1000, таҷдиди Нерӯгоҳи барқии обии “Норак”, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи “Лолазор - Хатлон”, зеристгоҳи барқии “Хатлон”, хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаватт аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон

ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт/соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст. Айни замон дар ин иншооти муҳими аср қариб 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, зиёда аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар гардидааст. Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчунин бо рафти корҳо дар нақбҳои обпарто аз наздик шинос шуда, ҷараёни тавассути нақбҳои обпарто ба берун баромада, аз он тарафи сарбанд боз дар дарёи Вахш ба маҷрои пешина ҷорӣ шудани обро мушоҳида кард. Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 2018 нерӯгоҳи “Роғун” ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз мекунад. Нури Роғун ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ворид шуда, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону мутахассисон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқот кард. Дар оғоз Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони киш-

варро бо оғози корҳои бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфта, ин санаро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон маънидод кард. Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Сарвари давлат таъкид дошт, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” роҳи асосии расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба аҳамияту афзалияти нерӯгоҳи “Роғун” таъкид намуд, ки иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунад. Президенти мамлакат зикр кард, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсоя ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. Халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондааст, - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умедворӣ кард, ки тамоми масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.


3

Ҷоми Тоҷикистон: “Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар финал

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Дар финали ҶомиТоҷикистон-2016 оид ба футбол 5 ноябр дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” бо ҳам вомехӯранд. Бозии ҷавобии даври нимфинал миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Аз ҳисоби ғалаба дар хона (4:0) дастаи шаҳри Душанбе ба даври финал баромад. “Ҳосилот”-и Фархор бошад, ин навбат низ бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. (Бозии аввал – 4:2). “Истиқлол” ва “Ҳосилот” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон вомехӯранд. Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии "Истиқлол” таъин шуд Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. М. Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари тими овозадори “Помир”, ки моҳи июли соли 2015 аз мақоми сармураббигӣ истеъфо дод, 31-уми октябр барои се сол бо дастаи “Истиқлол” шартнома баст. Ӯ баъди анҷоми мавсими футболи имсола фаъолияташро оғоз мекунад. Муҳсин Муҳаммадиев дар ин мақом Никола Лазаревич, мутахассиси 38-солаи сербиягиро иваз намуд.

«Истиқлол» панҷум маротиба чемпиони Тоҷикистон шуд

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 17-уми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими “Барқчӣ”-и Душанбе бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда, новобаста аз натиҷаи бозии охир унвони қаҳрамониро ба даст овард. Ҳисобро дар дақиқаҳои нуҳуми бозӣ футболбози “Истиқлол” Ҷаҳонгир Алиев кушод. Ҳамдастааш Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 23 ҳисобро афзуд. Дар дақиқаи 49 боз ҳам Ҷаҳонгир Алиев гол зада, ҳисобро ба 3:0 расонд. Ду голи дигари тими ғолибро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Дилшод Восиев заданд. Як голи “Барқчӣ”-ро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиаи 80 ба ҳадаф расонд.

ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

Баъд аз ин дастаи “Истиқлол” пеш аз муҳлат панҷум маротиба дар таърихи мавҷудияташ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ин дастаи шаҳри Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 низ қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд. 30 октябр се бозии даври ҳаждаҳуми чемпионати мамлакат доир гаштанд. Дар ҳар се бозӣ меҳмонон ғалаба карданд. Дастаи КМВА “Помир” аз “Ре-

ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Ҳосилот” (Фархор) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) “Хуҷанд” (Хуҷанд) КМВА “Помир” (Душанбе) “Барқчӣ” (Душанбе) “Вахш” (Қурғонтеппа) “Равшан” (Кӯлоб) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)

Б 17 16 16 17 17 17 14 17 16 17

Ғ 13 10 9 7 8 7 6 5 2 1

гар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голро дар дақиқаи 65 Аҳтам Ҳамроқулов зад. Дар бозии дигар тими “Хайр” дар меҳмонӣ дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Дар ҳайати тими ғолиб ду голро Муҳсинҷон Парпиев, як голро Далер Шарифов заданд. Голи “Равшан”-ро аз пеналтӣ Далер Шоҳмуродов ба ҳадаф расонд. “Вахш” дар майдони худаш аз тими “Хуҷанд” шикаст хурд – 1:2.

М 3 4 2 5 1 3 2 3 3 2

Б 1 2 5 5 8 7 6 9 11 14

Т-Т 62-19 35-13 35-19 25-24 21-33 21-15 21-23 20-34 16-43 14-47

Х 42 34 29 26 25 24 20 18 9 5

Дар Душанбе даври финалии “Тӯби чармин” идома дорад 1 ноябр дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуривии шаҳри Душанбе даври ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии “Тӯби чармин” миёни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 оғоз шуд. Дар мусобиқа 8 даста – ғолибони даври минтақавӣ дар ду гурӯҳ иштирок мекунанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои МТМУ №12-и Душанбе, Гимназияи №4-и Хуҷанд, МТМУ №10-и Шаҳринав ва МТМУ №2-и Кӯлоб дохил шуданд. Гурӯҳи “В” бошад, аз дастаҳои МТМУ №78-и Душанбе, Гимназияи Истаравшан, МТМУ №139-и Ваҳдат ва МТМУ №1-и Панҷ таркиб ёфтааст. Аз ҳар ду гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо барои ҷои сеюм ва якум 5 ноябр баргузор мешаванд. Бозиҳои ду давр баргузор шуданд. Дар даври аввал МТМУ №12-и Душанбе аз МТМУ №2-и Кӯлоб (0:1) шикаст хурда, бозӣ миёни дастаҳои Гимназияи №4-и Хуҷанд ва МТМУ №10-и Шаҳринав мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. МТМУ №10-и Шаҳринав дар даври дуюм низ бо МТМУ №2-и Кӯлоб баробар бозӣ карданд – 1:1. Гимназияи №4-и Хуҷанд бошад, бар тими МТМУ №12-и Душанбе бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб шуд. Дар гурӯҳи “Б” МТМУ №78-и Душанбе аз МТМУ №1-и Панҷ бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд. Гимназияи Истаравшан бар тими МТМУ №139-и Ваҳдат ғалаба кард. Дар даври дуюм низ МТМУ №1-и Панҷ ба дарвозаи МТМУ №139-и Ваҳдат 2 голи беҷавоб, Гимназияи Истаравшан бошад, ба дарвозаи МТМУ №78-и Душанбе 4 голи беҷавоб заданд.

Марҳилаи интихобии ЧО-2017 дар гурӯҳи “В” бо ғалабаи Узбекистон анҷом ёфт Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” анҷом ёфт. Барои роҳхати ягона ба даври финалии чемпионат дар ин гурӯҳ футболбоздухтарони Тоҷикистон, Узбекистон, Тайбэйи Чин ва Ҳонконг талош карданд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Тоҷикистон ва Ҳоконг вориди майдон шуданд. Дар шаҳри Душанбе доир гаштанд. дар мусобиқа 6 бозӣ дақиқаи 70 Чун Пуй Ки аз пеналтӣ гол зада, ғалабаи сурат гирифт. Бозии охирин 31 октябр барпо шуд. дастаашро таъмин кард. Дар бозии ниҳоӣ дастаи футболи занонаи УзҲамин тариқ, дастаи футболи духтаронаи Узбебекистон ва Тайбэйи Чин бо ҳам вохурданд. Барои кистон ғолиби марҳилаи интихобии чемпионати баромадан ба даври финалии чемпионати Осиё- Осиё-2017 дар гурӯҳи “В” гардид. Футболбоздухта2017 ба футболбоздухтарони узбекистонӣ ғалаба рони Узбекистон дар ҳар се бозӣ ғалаба карда, ба зарур буд, ба футболбоздухтарони тайбэйӣ ҳисоби даври финалии ЧО-2017, ки дар Чин доир мегармусовӣ басандагӣ мекард. Тақдири бозиро голи за- дад, роҳхат гирифтанд. Дастаи Тайбэйи Чин бо 6 даи бозингари Узбекистон Мафтуна Панҷиева аз хол ҷои дуюмро сазовор гаштанд. Мақоми сеюм бо зарбаи 11-метра дар дақиқаи 26 ҳал кард. 3 хол насиби дастаи Ҳонконг гашт. Тоҷикистон бе Дар бозии дигар футболбоздухтарони ҷавони хол дар ҷои чорум қарор гирифт.


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ҷавонон ботаҳаммул бошанд

САОДАТ ИСМОИЛӢ

- Зиндагӣ аз оғоз маро ба душвориҳои зиёд ва ба рӯзҳои вазнини пурдарду алам рӯ ба рӯ сохт. Чархи фалак ман ва бародарамро дар 3-солагӣ аз падар ва дар 8-солагӣ аз модар ҷудо кард. Барои ду кӯдаки хурдсол бе волидайн тарбия ёфта, ба камол расидан душвор буд. Тарбияи моро баъди даргузашти волидон модаркалон ва тағоҳоям бар уҳда доштанд. Барои паси сар намудани вазнинии зиндагӣ сабр намудам ва пайваста илм омӯхтам. Соли 2007 баъди хатми мактаби миёна ба ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров тариқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ дохил шудам, - нақл кард Маҳфуза Тӯрабекова.

Маҳфуза солҳои донишҷӯияшро ба хотир оварда гуфт: “Таҳсил дар донишгоҳ бароям аз ҳар тараф дарси зиндагӣ буд. Дар озмунҳо иштирок мекардам, аз ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ бисёр хурсанд мешудам. Ин буд, ки соли 2012 ба гирифтани стипендияи раиси вилоят мушарраф шудам. Худи ҳамон сол донишгоҳро бо дипломи аъло муваффақона хатм кардам”. Ба андешаи Маҳфуза, зиндагӣ барои ҳар шахс ҳар гуна аст. Замони донишҷӯӣ нафареро вохӯрд, ки бо амри тақдир нобино буду санъатдӯст. Он кас Абдумалик ном дорад. “Мо бо ҳам дӯст шудем, аммо Абдумалик ҳамеша мегуфт туро ҳамсари ояндаи худ дидан мехоҳам. Шабе хоб дидам, ки ҳамсафари ҳаётам ба ман китоби “Қуръон” дод. Баъди ин қарор додам, ки бояд дар зиндагӣ дасти ҳамин нафарро гирам”, - гуфт Маҳфуза. 9-уми декабри соли 2012 онҳо оиладор шуданд ва ҳоло як фарзанд доранд. Баъди барпо намудани оила зиндагиро дар шаҳри Хуҷанд идома доданд, зеро Абдумалик донишҷӯи факултаи санъати ДДХ мебошад. Солҳои аввали оиладорӣ бо сабаби надоштани манзили истиқоматӣ дар шаҳр ду сол иҷоранишин буданд. Сардиҳои зимистон ва иҷорапулӣ азияташон медод. “Ман барои пойдории оила ва муҳаббат нисбат ба шавҳарам ба ҳама мушкилиҳо ва камбудии зиндагӣ тоқат кардам, - афзуд Маҳфуза. – Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд чанд маротиба барои бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани оилаамон муроҷиат кардем, зеро ниёз ба кӯмак доштем. Моро дар хобгоҳи №2 ДДХ ҷой карданд. Дар хобгоҳ ду сол зиндагӣ кардем”. Соли ҷорӣ, дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳри Хуҷанд ба чанд оилаи ниёзманди ҷавон хонаи истиқоматӣ тақдим карда шуд, аз ҷумла ба оилаи Абдумалик ва Маҳфуза ҳам. 14-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қалиди хонаи якҳуҷрагиро, ки дорои шароити хуби ҳозиразамон аст, ба онҳо тақдим намуданд. “Аз ин ғамхории падаронаи Пешвои миллат, ки ҳамеша ниёзмандон ва ҷавононро дастгирӣ мекунанд, бисёр хурсанд ҳастем”, - мегӯяд ҳамсуҳбатам. Абдумалик Турсунов ҳоло дар ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” кор мекунад. Дутор ва чангро навохта метавонад. Баробари навохтан суруд ҳам месарояд. Айни ҳол навохтани асбоби танбӯрро меомӯзад. - Ба ҷавонон гуфтаниам, ки дар зиндагӣ бо таҳаммул бошанд. Пайваста илм омӯзанд, вақти худро сарфи корҳои беҳуда насозанд. Имрӯз ҷавонони мо бо сабаби ҷой доштани мушкилии кӯчак оилаи худро вайрон месозанд, ки ин иштибоҳи бузург аст, - гуфт дар охир Маҳфуза Тӯрабекова.

Чаро бояд иваз шуд?

Инсонҳое ҳастанд, ки иддао доранд асло дигар намешаванд ва бо ин ифтихор ҳам мекунанд. Бархе дигар дар ҳақиқат тағйир намеёбанд, дигар намешаванд. Чанде аз дӯстонро пурсидем, ки “Оё инсон дигар шавад ё нашавад?” Ҷавоби ҳамагии онҳо чунин буд: албатта, бояд дигар шавад. Бале, инсон бояд дигар шавад, зеро дигар нашуда рушд кардан номумкин аст. Бо дарназардошти ҳодисаҳои азсаргузаронидааш бояд нигоҳи инсон ба олам дигар шавад, балки пешрафт кунад, ҳатто рафтору хислатҳояш низ тағйир ёбанд. Бо оғози ҳар соли нав ё оғози соли нави таҳсил... агар нисбат ба соли гузашта нигоҳу биниши мо дигар нашуда бошад, нисбат ба як соли пеш рафторамон тағйир наёфта бошад, пас мо чизе наомӯхтаем. Худи омӯзиш ҳам танҳо соҳиби маълумот шудан нест, балки дар натиҷаи маълумоти гирифта тағйири рафторҳои мост.

Онҳое, ки даъво мекунанд: “ман дигар нашудам” ё “дигар намешавам” як навъ гирифтори якравӣ ва побанди худхоҳии хешанд. Ҳол он ки дигар шудани инсон ногузир аст, хоҳ ба самти мусбат, хоҳ ба самти манфӣ. Аз ҷониби дигар, дар ҳоле ки атрофиёнамон иваз мешаванд, яксон мондани мо яке аз мушкилиҳои асосии ин масъала аст. Барои мутобиқ ва ҳамоҳанг будан бо атрофиёнамон, балки барои муносибати дурустро ба роҳ мондан бо онҳо, моро ҳам зарур меояд, ки баробари онҳо рафторамонро дигар кунем. Вақте мегӯем, ки инсон бояд дигар шавад, албатта, манзур он нест, ки инсон арзишҳояшро дигар кунад. Яъне, як нафаре, ки дар гузашта инсони хубу хайрхоҳ буд, бо дигар шуданаш агар ба як нобакори гузаро табдил ёбад, ин аз дигаршавӣ дида, ақибравӣ аст. Яъне ба пеш не, ба қафо рафтан аст. Дигаршавӣ он аст, ки арзишҳоямон ҳамоне буданд мемонанд, вале нигоҳамон ба муҳити атроф, ба олам ва вокунишамон ба ҳодисаҳои рӯзгор тағйир меёбад. Ҳади аққал бояд ҳамин хел бошад. Агар дигар нашудем, чӣ? Дигар нашудем, яъне ба сӯи пешрафт ки майл накардем, ба мисли картошкаи пӯсида хоҳем буд. Масалан, дигаршавии картошка: онро аз пӯсташ тоза кардан маънои ба хӯроки болаззате табдил ёфтани онро дорад. Картошка аввал пӯст канда мешавад, пора карда мешавад, пӯхта мешавад ё ба об андохта ҷӯшонда мешавад, дар ниҳоят барои хӯриши лазизе омода карда мешавад. Хоҳ он хӯриш бирён бошад, хоҳ хӯроки обдор.

Аммо ҳар навъе ки набошад, картошка ҳамоно картошка боқӣ мондааст, балки болаззаттар шудааст. Ана, ба ҳамин монанд, маърифат ҳам дар натиҷаи дигаршавии инсон афзудани лаззати ӯст. Агар инсон ҳам ба монанди картошка коркард шуда, мукаммал шуда, болаззат нагардад, яъне чи тавре ки ҳаст, ҳамон хел истодан гирад, пас боз ҳам ба монанди картошка ба пӯсидан сар мекунад. Картошкаҳое, ки дигар намешаванд, яъне барои хӯрише истифода намешаванд, ниҳоят пӯсида вайрон мегарданд, корношоям мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар, агар дар ҳаёти мо дигаршавӣ ё тағйирёбӣ набошад, дар ҳақиқат мо то поёни умрамон белаззату бе кайфият хоҳем зиндагӣ кард. Зиндагиамон маъное ҳосил нахоҳад кард. Яке аз амалҳои оқилона вобаста ба дигаршавӣ он аст, ки мо чиҳоро дигар карданамонро нағз таҳлил карда бароем, дар ҳамин роҳ кор кунем. Ҳатто аз ҳама хубаш метавонад ин бошад, ки бо атрофиён, аҳли оила, онҳое, ки моро самимона дӯст медоранд, рафтору муносибатамонро ташхис намоем. Чӣ гуна дигар шавем? Албатта, ҷавоби ин савол метавонад гуногун, вале сода набошад. Ба ҳар сурат ба назари мо дар ин бобат формулаи асосӣ шояд он бошад, ки аввал фикрамонро, пасон рафторамонро дигар кунем. Қадами сеюм дар ин роҳ дигар шудани натиҷаҳои бадастовардаи мост. Пас, агар мо мехоҳем, ки ба самти мусбат дигар шавем, бояд рӯи фикррониамон кор кунем.

М. УСМОНОВ, “ҶТ”

Хизматрасонӣ ба сайёҳон дар сатҳи олӣ бошад Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар меҳмонхонаи “Истиқлол”-и пойтахт курси омӯзишӣ барои кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, осоишгоҳҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар соҳаи туризм оғоз гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чорабиниро оғоз бахшида, иброз дошт, ки баргузории курси мазкур эҳтиёҷоти бисёр шадиди бозори сайёҳии Тоҷикистон ба хизматрасонии сатҳи баланд мебошад. - Раванди босуръати рушди муносибатҳои иқтисодӣ, махсусан дар бозори сайёҳӣ моро водор менамояд, ки ба хотири таъмини рақобатпазирӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ба хотири беҳтар сохтани кор ва ҳамзамон аз нигоҳи касбӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир муаррифӣ кардани низоми кори сайёҳӣ дар кишварамон сатҳ ва сифати хизматрасониро баланд бардорем. Проблемаҳое, ки имрӯз фарогири кори мо аст, пеш аз ҳама набудани хизматрасонии муносиб ба шарикони ҳамкор ва махсусан ба сайёҳоне, ки ба кишвари мо ворид мегарданд, мебошад. Сайёҳ вақте вориди Тоҷикистон мешавад, бояд унсурҳои шаҳрвандии хизматрасонӣ, шуруъ аз хизматрасонии мусофиркашӣ, қабули меҳмон дар даҳлези меҳмонхона, пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба намудҳои хизматрасонӣ дар дохили меҳмонхона то пешниҳоди хизматрасонӣ дар рӯзи холигии сайёҳ дар сатҳи баланд бошанд. Ҳамаи ин ҳолатҳое ҳастанд, ки мо бояд чораандешӣ кунем. Аз хизматрасонии хубу босифат оянда инкишоф ёфтани соҳаи сайёҳӣ ва батадриҷ зиёд шудани шумораи сайёҳон вобастагии калон дорад, - гуфт А. Абдуллозода. Гуфта шуд, ки дар замони имрӯза хизматрасонӣ ва маркетинг ҳамрадиф шудаанд. Бо истифода аз элементҳои муосири маркетингӣ мо метавонем намудҳои хизматрасониамонро якчанд моҳ пеш аз шуруъ шудани мавсим ба фурӯш барорем. - Мо бояд зинаҳои оддитарини пешниҳоди хизматрасониро ба шахсоне, ки дар иншооти хизматрасонӣ кору фаъолият мекунанд, омӯзонем. Роҳбарони иншооти хизматрасонӣ ҳеҷ набошад дар як моҳ ду маротиба курсҳои омӯзиширо барои кормандон, мутахассисони ширкаташон гузаронанд. Ҳар қадаре, ки мо сатҳ ва сифати хизматрасониро баланд кунем, обрӯву эътибори соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон баланд мегардад. Эҳтимолияти аз нав ва ба тариқи такрорӣ боздиди сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд мегардад ва аз ҳама муҳим эътимоди шарикони мо дар хориҷа баланд мегардад, афзуд А. Абдуллозода. Сипас, Назарзода Ризо, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Туйғун Каримов, роҳбари Маркази инкишоф ва дастгирии омӯзиши касбии “Мактаби миллии меҳмондорӣ”, Ситора Набиева, роҳбари ширкати сайёҳии “Тоҷикистон-тревел”, Сулҳия Ҳайдарова, менеҷери меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” дар мавзӯъҳои “Имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ дар рушди туризми Тоҷикистон”, “Тайёрии кадрҳои касбӣ дар соҳаи туризм ва меҳмондорӣ”, “Роҳбалади касбӣ ва нақши ӯ дар муаррифии кишвар” ва “Тарзи дурусти ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба меҳмонон ҳангоми қабул ва гусел” баромад карданд. Дар фарҷоми рӯзи аввали омӯзиш оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда байни иштирокдорон муҳокимарониҳо сурат гирифт. Курси омӯзишӣ то 3 октябр идома дошт.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


Ҷаҳонгардӣ ё туризм аз рӯзгори пешин барои пешрафти ҷомеа аҳамият дошт. Онро метавон чун намуди фаъолияти тафреҳӣмеҳнатии инсон, аз замоне ки таърих бо пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳо оғоз меёбад, мансуб донист. Дар ҳар давраи таърихӣ чунин шаклҳои фаъолияти одамон дида мешавад, ки ба гунае зери категорияи туризм дохил аст. 22%-и қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегиранд, мусоидат менамояд. Аз ҷумла, Боғи миллии Тоҷикистон бо экосистемаи нодири табиӣ ва ҳайвоноту набототи гуногун ҷолиби диққати туристони хориҷӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мавқеи хоса дар рушди туризми кишвар ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҷудо гардидааст. Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад. Дар доираи сафарҳои бевоситаи Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, ифтитоҳи имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ аз ҷойҳои кашфношуда ва асотирии табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рӯзҳои охир ба баррасии таҳияи хатсайри нави Душанбе – Ромит – Канаск – Душанбе ва Душанбе – Сангвор – Сағирдашт – Душанбе оғоз намуд. КАНАСК Мавзеи сайёҳии Канаск дар қисмати шимолу шарқи шаҳри Ваҳдат, дар баландии 2400-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 км дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад. Заминҳои мавзеи Канаск як тарафаш то сарҳади ноҳияҳои Рашту Нуробод ва тарафи дигараш то ноҳияи Айнӣ рафта мерасад. Дар ин мавзеъ то солҳои 1950-1960-и асри гузашта мардум зиндагӣ доштанд. Баъдан ба хотири ободонии минтақаи Вахш сокинони ин мавзеъро муҳоҷир намуданд. Агарчӣ аз маҳалли аҳолинишин дигар нишоне нест, вале мавзеъ номи куҳнаву таърихии худро гум накард. Мавриди зикр аст, ки вобаста ба худи номи ин мавзеъ, яъне Канаск ривоятҳои зиёде мавҷуд мебошад. Дар баъзе ривоятҳо ва сухани халқ гуфта мешавад, ки ин мавзеъ аз номи гиёҳ ё алафи зироатии наск, ҷиҳати бисёр буданаш ва дар баъзе маъхазҳои дигар ҷиҳати бою серҳосил будани сокинони ин мавзеъ, ки гӯё зиёда аз 90 сол дар он зиндагӣ мекарданд, номгузорӣ шудааст. Иқлими мавзеи Канаск басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо буда, заминҳояш дар ду фасли сол – баҳору тобистон сабзпӯшу гуҳаррез мебошад. Ин мавзеъро макони гиёҳҳои шифобахш, чашмаҳои

мусаффо номидан мумкин аст. Ҳамчунин, аз пуҳлӯи он рӯди сарду шухе бомаром ҷорист. Муъҷизаовар он аст, ки дар як гӯшаи ин мавзеъ чашмаи сард ва дар гӯшаи дигари он чашмаи гарм ҷӯш зада мебароянд, ки барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. То солҳои 1982 барои ба ин мавзеъ расидан роҳи автомобилгард вуҷуд надошт. Бо дастгирии роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ барои кушодани роҳ ба мавзеи Канаск тадбирҳо андешида шуд. Бо кушода шудани роҳ ин мавзеъ барои истифодабарандагон басо муфидтару дастрас гардид. Майдони умумии мавзеи мазкур 44 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Маврид ба ёдоварист, ки барои рушди соҳаи картошкапарварӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст. Имсол дар заминҳои мавзеи Канаск аз тарафи ҶДММ «Диамант К» дар майдони 63 га, ҳамчунин аз тарафи чанде аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20 га замин кишти картошка ба роҳ монда шудааст. Соли 2016 дар маҷмуъ дар ин мавзеъ дар 83 гектар картошка парвариш кардаанд. Айни замон дар ин мавзеъ зиёда аз 50 ҳазор сар чорвои калону майдаи шохдор ҷойгир гашта, бо ин васила 210 нафар шаҳрванд бо шуғли чорводорӣ фаъолият мекунанд. Сад нафар сокини шаҳри Ваҳдат бо 400 нафар ёрдамчӣ ба нигоҳубини 10 ҳазор оилаи занбӯри асал машғуланд. Фаровонии гулу гиёҳҳои шофобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид мебошад. Имсол занбӯрпарварон тасмим гирифтанд, ки дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳур, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри зиёд намудани хаҷми асал дар амал татбиқ намуда, аз ин мавзеъ зиёда аз 160 тонна асал ҷамъоварӣ намоянд. Соли 2015 занбӯрпарварони шаҳри Ваҳдат 233,7 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин шумораро ба 250 тонна расонанд. САҒИРДАШТ Мавзеи сайёҳии Сағирдашт дар қисмати ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, дар баландии 2500 метр, дар масофаи 50 километр аз маркази ноҳия ҷойгир буда, ба ноҳияи Санг-

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

РУШДИ САЙЁҲӢ

РИЗО НАЗАРЗОДА,

муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Канаск ва Сағирдашт: кашфношуда ва асотирӣ

Саноати ҷаҳонгардӣ ва саёҳат дар аҷдодони мо аз замонҳои бисёр қадим пайдо шудааст. Инсон дар тӯли таҳаввулоти (эволютсия)-и иҷтимоиаш ба дарки олами атроф ва кашфи сарзаминҳои нав барои рушди тиҷорат, фатҳ ва аз худ кардани заминҳои нав, кашфи манбаъҳо ва дастрасӣ ба роҳҳои нави нақлиёт шавқу рағбат дошт. Дар аксари одамон майли дидани мавзеъҳо, кишварҳо ва шиносоӣ бо ҳаёт ва расму оини халқҳои дигар вуҷуд дорад. Тавре маълум аст, кишвари мо низ дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин объектҳои туристӣ ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷаро дорад. Аз ин рӯ, тараққиёти туризм бояд бештар ба зуҳуроти нави ҳудудҳои ташрифоварӣ гузарад. Чун манотиқи расмшудаи бозори туристии ҷаҳонӣ аллакай амалан ба ҳадди имконоти рекреатсионӣ рафта расидааст. Вобаста ба ин зикр бояд кард, ки Тоҷикистон ҳам аллакай имконоти беҳамтои ишғоли ҷои худро дар бозори туристии ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва интизор меравад, ки ин тамоюли мусбат ҳифз хоҳад шуд. Мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби теъдоди зиёди туристони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби туристони хориҷӣ афзалият ба навъҳои туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад. Дар ин ҷараён бо дарназардошти хусусиятҳои хоси табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар ва дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони соҳа, самтҳои зерини туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок эълон гаштаанд: - кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳию варзишӣ ва экологӣ; - туризми таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ; - туризми табобатӣ ва санаторию курортӣ; - қайиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ (рафтинг); - лижатозии кӯҳӣ. Дар ин ҷода, ба рушди минбаъдаи туризми экологӣ дар Тоҷикистон имконоти ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз

вор ҳамсарҳад мебошад. Ҷамоати деҳоти Сағирдашт соли 1936 ташкил ёфта, дорои 17 деҳа, дар ҷамъи 734 хоҷагӣ бо шумораи 5578 нафар аҳолӣ мебошад. Аҳолии деҳот асосан ба чорводорӣ ва зироаткорӣ, инчунин дар қисмати поёнӣ бо боғдорӣ ва сабзавоткорӣ машғул мебошанд. Ҷамоат дорои беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ дар деҳаи Қалъаиҳусайн, 9 бунгоҳи тиббӣ, 15 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, як хонаи фарҳанг, 3 клуб, 5 китобхона, филиали бонкҳои «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Сағирдашт, шуъбаи алоқа, 4 нуқтаи алоқаи телефонҳои мобилӣ, 5 нуқтаи шабакаи пахши телевизион, зеристгоҳи барқӣ, фурудгоҳ, шуъбачаи ШВКД дар ҷамоат, намояндагии идора ва бахшҳои амният, бойторӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хоҷагии ҷангал, муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда, ёрӣ ба пиронсолон, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 16 нуқтаи тиҷоратӣ, 2 корхонаи истеҳсоли тилло - «Таком-голд» ва «Шимшо», инчунин корхонаи истеҳсоли ангишти ВТИ «Помир» мебошад. Дар даврони истиқлолият, аниқтараш аз соли 2000-ум инҷониб 10 муассисаи таълимӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 1 марказӣ саломатӣ, 2 толори варзишӣ, хатҳои телефони мобилӣ аз нав бунёд гардида, 7 муассисаи таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. То имрӯз барои раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳо ва лоиҳаҳои зиёди инфросохториву ислоҳотӣ амалӣ карда шудаанд. Мавҷудияти шоҳроҳҳои нақлиётӣ барои пешрафти минтақҳои кишвар имконияти васеъ фароҳам меоваранд. Ин аст, ки сохтмони роҳи автомобилгарди Лаби ҷарТавлидара- Қалъаихум тавассути маркази ҷамоат метавонад баҳри пешрафти тамоми соҳаҳо мусоидат кунад. Минтақаи Сағирадашт барои сохтани базаи лижаронӣ ва ба ин васила ҷалб намудани сайёҳон дар фасли зимистон бисёр мусоид аст. Бо дарназардошти имконият ва захираҳои сайёҳии ин митақаҳои асотирӣ ва кашфношуда, рушди намудҳои зерини туризм ва афзалиятнок, аз қабили асотирӣ ва табиати зинда, кашфношуда, агросайёҳӣ, велотур, мототур, муолиҷавӣ-табобатӣ (5 чашмаи гарм), туризми кӯҳию варзишӣ, туризми лижатозии куҳӣ, экологӣ ва барқароркунии саломатӣ, шикор ва рафтинг ба мақсад мувофиқ аст. Айни замон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани роҳ ва ҳаракати ҳамагуна нақлиёт ба ин мавзеъҳо тадбирҳои муайян аншедида шуда, корҳои васеъкунии роҳ оғоз гардидааст. Қобили қайд аст, ки аз соли 2017 бо пешниҳоди хатсайрҳои мукаммал, ширкатҳои сайёҳии кишвар хизматрасониро барои боздиди сайёҳони чи дохиливу чи хориҷӣ аз ин мавзеъҳои асотирӣ оғоз менамоянд.


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

“Брейк-данс” дигар рақси кӯчагӣ нест

ҲАСАН АЗИЗОВ

Аз 8 то 29 октябр бо иқдоми КВД «Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нахустин Фестивали рақси варзишӣ «АРТ ДЭНС» таҳти унвони «Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» баргузор гардид. Фестивал дар чор қисмат – “Дабстеп”, «Хип-Хоп», «Брейк данс» ва рақси омехта доир шуд, ки дар он 500 раққоси ҷавони кишвар иштирок намуда, ҳунари волои худро нишон доданд. - Мақсад аз баргузории фестивал муаррифӣ намудани истеъдодҳои ҷавон, ки маҳорат ва қобилияти рақсҳои муосир ва варзишӣ доранд, мебошад. Инчунин, тавассути барномаи фестивали рақси варзишӣ дар байни ҷавонон тарзи ҳаёти солим, пешгирии гаравиши онҳо ба зуҳуроти номатлуб, ба монандӣ ҷинояткорӣ, экстремизм ва нашъамандӣ, баланд бардоштани малака ва табодули таҷриба байни иштирокчиён ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба варзиш, ба корҳои манфиатбахш буд”, - гуфт Илҳом Юнусов, роҳбари КВД «Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно». - Ман ҳамчун тамошобин дар ҳама давраҳои фестивал иштирок кардам ва ҳеҷ бовар надоштам, ки он дар чунин сатҳи баланд мегузарад. Мухлисони рақси варзишӣ ё муосир ҳам дар ватани азизи мо - Тоҷикистон хеле зиёд будаанд. Тӯли 4 ҳафтае, ки фестивал баргузор гардид, толори “Ориёно” пур аз ҳаводорони ин намуди санъат буд”, - гуфт Сивуш Ниёзов, ки 45 сол дорад. Солҳои охир рақси варзишӣ ё муосир байни наврасону ҷавонон маъруфияти хос пайдо кардааст. Дӯстдорони он дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Душанбе бениҳоят зиёданд. Ҳатто ҷавондухтарон ба чунин рақсҳо таваҷҷуҳ пайдо кардаанд. Ҷавонони мо ин рақсҳо, хусусан, рақси “Брейк-данс”-ро хеле хуб қабул кардаанд. “Брейк-данс” як навъи рақси варзишӣ ё муосир мебошад, ки дар Тоҷикистон на он қадар таърихи тӯлонӣ дорад. Аввалҳои соли 2000-ум дар кӯчаҳои пойтахт ҷавононеро мушоҳида кардан мумкин буд, ки таҳти мусиқии баланд бо навбат дар майдонча ҳаракатҳои акробатии ба рақс монандро иҷро мекарданд. Фирдавси Абдулло, яке аз

дӯстдорони рақси муосир бар он ақида аст, ки “Брейк-данс” варзиш, санъат ва рақс аст. Он одамро ба фикр кардану эҷод кардан водор мекунад ва пеш аз ҳама, ба саломатии инсон фоида дорад. “Брейкданс”, рэп, графитти ва диҷейинг ҷузъе аз фарҳанги "хип-хоп" мебошад. Он аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар кӯчаҳои Ню-Йорки Амрико миёни фарзандони қишри камбизоати аҳолӣ пайдо шуд, ки имкони дар толорҳои варзишӣ тамрин карданро надоштанд. Вале ин навъи рақс ё варзиш бо гузашти замон маъруфият пайдо карда, аз шуғли кӯчагии як қишри ҷомеа ба шуғли писандидаи "бачаҳои шаҳрӣ" табдил ёфт. Ин навъи рақсҳо бештар чусту чолокӣ, мушакҳои пурқувват ва ҷисми обутобёфтаро талаб мекунанд. Шахсоне, ки ба ин намуди рақс машғуланд, дорои қомати зебо ва ҳаракатҳои мавзунанд, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд. Онҳо дар ҳама ҳолат худро озоду роҳат эҳсос мекунанд. Аз ҳама муҳим, саломатии худро ҳифз мекунанд”, - мегӯяд Фирдавс. Брейк-данс яке аз қисматҳои санъат аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳама намуди санъате, ки дар дунёд пайдо мешаваду рушд мекунад, он ҳатман ба Тоҷикистон ҳам меояд ва дӯстдорону ҳаводорони худро пайдо мекунад. Бигзор чунин намуди санъат бошад, аммо дар чорчӯбаи қонун ва ҳадду меъёр. Агар аз меъёр гузарад, бемаънӣ мешавад ва шаъну шарафи худро гум мекунад. Дигар ин ки машғул шудан ба рақси муосир наврасону ҷавононро аз қаллобӣ, нашъамандӣ, бекоргардӣ ва ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ дур месозад. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ин намуди рақс ба фарҳанги мо бегона аст ва метавонад ба он латма ворид созад. Аммо мо агар фикри фарҳанги худро кунем, пас фикри наврасону ҷавононро кӣ мекунад? Хуб медонем, ки 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Агар онҳоро ба

ҳоли худ гузорем, дар андешаашон набошем, дар оянда кӣ ва ё чӣ мешаванд...? Искандар Раҷабов, директор ва роҳбари бадеии ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” ба номи Ғаффор Валаматзода вобаста ба рақси варзишӣ чунин назар дорад: “Рақси варзишӣ имрӯз дар ҷаҳон бениҳоят машҳур аст. Таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба он хеле зиёд аст. Ман ҳам шод ҳастам, ки ҷавонони тоҷик ба ин намуди рақс шавқи зиёд доранд. Имрӯз замона ҳаминро талаб мекунад, ки ғайр аз рақсҳои миллӣ ё маҳаллии худ барои халқи мо, хусусан ҷавонон рақсҳои ҳозиразамони аврупоӣ ба монанди “Хип-хоп”, “Брейк-данс”, “Арт-данс”, “модерн” (рақсҳои классикиро ба тарзи муосир иҷро кардан) лозим аст. Ин фарҳанги моро ҳеҷ вақт коста намекунад, чунки рақсҳои халқии худамон ҷойи махсуси худро доранд. Рақси муосир ё варзишӣ низ мисли рақсҳои тоҷикона мусиқӣ ва ҳаракатҳои хос дорад. Имрӯз мо мусиқиҳои тоҷиконае дорем, ки ба рақси аврупоӣ ё муосир мувофиқат мекунад. Дигар ин ки аз ин чиз роҳи гурез ҳам нест, чунки наврасону ҷавонон худ ба ин майл доранд ва онҳоро касе маҷбур накардааст. Санъат чизе нест, ки онро маҷбурӣ ба қалби касе ҷой кунем. Бисёр хуб мешуд, ки дар ягон ҷой, маслан маркази ҷавонон маҳфилҳои рақси ғарбӣ, сурудхонии ҳозиразамон ташкил шавад. Наврасону ҷавонон ба ҷойи беҳуда гаштану ба корҳои ношоям даст задан, ба он ҷо раванду вақти худро гузаронанд. Инчунин, бояд як гурӯҳи рақсии муосир (ғарбию варзишӣ) ташкил ва ба барномаҳои консертии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҷалб шавад. Ба ансамбли мо бисёр ҷавонон барои омӯхтани рақсҳои муосир муроҷиат мекунанд, аммо мо онҳоро қабул карда наметавонем, чунки ансамбли мо танҳо рақсҳои классикиро меомӯзонад”. Воқеан, дар Тоҷикистон барои гурӯҳи ҷавононе, ки ба рақси муосир майл доранд, шароит фароҳам нест. Барои онҳо бояд ҷойи махсус барои тамрин сохта шавад. Имрӯз ҷавонони мо бештар дар ҷойҳое тамрин мекунанд, ки он ҷо ҳама бетону асфалт аст. Вақти афтидан мумкин аст, худро захмӣ намоянд. Аз ҷониби дигар, маъмурони Театри опера ва балет, ансамблҳои рақсӣ, Сирки давлатӣ имкон доранд, ин ҳавасмандонро ҷалб намоянд, зеро ҷавононе, ки ба ин навъи рақс машғул ҳастанд, пеш аз ҳама солим ва ба ҳама кор қодиранд, чун варзишгаранд. Шуҳрат Ҷалилов, ҷавони раққос минатдории худро ба Ку-

митаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва КВД “Ориёно” барои гузаронидани озмуни рақсҳои варзишии “Арт-Данс” расонида, мегӯяд: “Ман се сол мешавад, ки ба рақси муосир машғул ҳастам. Шавқи ман ба ин намуди рақс пас аз тамошои видеоклипҳои хориҷӣ ба "Брейкданс", “Хип-хоп”, “Арт-данс” ва амсоли ин пайдо шуд. Ман нисбат ба рақси варзишӣ эҳтироми зиёд дорам ва онро бениҳоят дӯст медорам. Мо ҳамроҳи дӯстон баъд аз дарс “Брейк-данс” ва “ХипХоп” мерақсем. Ин машғулияти ҳаррӯзаи мост. Агар ҳар рӯз ин намуди рақсро такрор накунӣ, аз хотир мебарояд, чунки дар он бештар ҳаракатҳои акробатӣ ва варзишӣ мавҷуд аст. Аслан, ин намуди рақс варзиш аст. Масалан, ҳангоми рақс ҳаракатҳои акробатӣ, ҳамчунин бо сар тоб хӯрдан, ҷаҳидану худро ба замин партофтан, ҳунари дарки мусиқиро доштану мувофиқ ба он ҳаракат кардан, тавони фикру эҷод кардани ҳаракатҳои наву ҷолиб доштанро меомӯзем. Баъзеҳо ба ин навъи рақс рӯ меоранд, аммо баъди як-ду моҳ, вақте диданд, ки мушкил аст, аз баҳраш мегузаранд. Онро дар як ё ду моҳ аз худ кардан ғайриимкон аст. Як ҳаракатро дар ним сол ё як сол аз худ кардан мумкин аст". Дар шаҳри Душанбе Федератсияи рақсҳои варзишӣ фаъолият мекунад, ки ба наврасону ҷавонони дӯстдорони рақсҳои муосир ё варзишӣ, ба монанди “Аэробика”, “Хип-хоп”, “Брейк-данс”, рақсҳои арабӣ, Амрикои Лотинӣ, “Танго” ва ғайра омӯзиш медиҳад. Федератсияи рақсҳои варзишии Тоҷикистон дар асоси студияи рақсии "Қарни нав" ташкил ёфтааст. Дар он 150-200 нафар хоҳишмандони синну соли мухталиф бар ивази аз 100 то 200 сомонӣ рақсҳои гуногуни муосирро меомӯзанд. Анастасия Бутенко дар Федератсияи рақсҳои варзишӣ ба ҳайси мураббӣ кор мекунад. Вай мегӯяд: "Вақте мо таълими рақсҳои варзишӣ ё муосирро шуруъ кардем, хоҳишмандон чандон зиёд набуданд. Аммо бо гузашти сол ҳаводорони ин намуди рақсҳо аз ҳисоби наврасону ҷавонон зиёд шудан гирифт. Ҳоло ин рақсҳо талабгорони зиёд доранд. Дар баробари ин бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар кишвар озмунҳои рақсҳои муосир гузаронида мешавад, ки ин барои боз ҳам муаррифӣ ва ҷалб кардани дӯстдорони ин намуди санъат роли калон мебозад. Солҳои охир бештар бонувони миёнсол ба федератсия меоянд ва ба рақс машғул мешаванд. Махсусан ба рақси арабӣ, чунки ин намуди рақс шахсро хароб мекунад”. Анастасия ба саволи “Рақси муосир шахсро бадахлоқу беодоб мекунад?” чунин посух дод: “Ман ба ин ақида куллан розӣ нестам. Рақс баръакс шахсро бомаърифат ва боодоб мекунад. Ман тӯли чанд соле, ки дар федератсия машқ медиҳам, мушоҳида кардам, ки наврасону ҷавононе, ки ба рақс машғул ҳастанд, хушмуомила, боодоб ва хушрафторанд, нисбат ба ҷавононе, ки дар кӯчаҳо бекор мегарданд. Онҳо дар ин ҷо пеш аз ҳама ҳурмат кардани калонсолон, эҳтироми якдигарро меомӯзанд”.


- Шуморо ба ҷашни 60-солагии ин боргоҳи илму маърифат самимона муборакбод мегӯем. Албатта, дар назди таърих ин муддати кам нест. Хоҳишмандем, доир ба дирӯзу имрӯзи донишгоҳ, бурду бохти он ба хонандаи мо чанд маълумот диҳед. - Ташаккур, боиси хушнудист, ки ҷашни 60-солагии Донишгоҳи техникии кишвар ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ рост омад. Агар ба таърихи рушди донишгоҳ дар муддати 60 сол назар андозем, онро ба ду марҳила ҷудо кардан метавон, ки марҳилаи аввал фаъолияти донишгоҳ дар замони шӯравӣ ва марҳилаи дуюм дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад. Донишгоҳ соли 1956 ҳамчун Институти политехникии Сталинобод бо мақсади таъмини талаботи хоҷагии баъдиҷангии мамлакат бо кадрҳои муҳандисӣ таъсис ёфт. Институт соли аввал дар 3 факултет аз рӯи 8 ихтисос 200 нафар донишҷӯро қабул намуд. Вазъи таълим дар оғоз хеле душвор буд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз таҷрибаи омодасозии мутахассисони муҳандисӣ вуҷуд надошт. Устодон, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти таълимӣ намерасиданд. Бинои донишгоҳ низ барои идораи маъмурӣ сохта шудаву барои ташкили раванди таълим чандон мувофиқ набуд. Вале бо талошҳои роҳбарияти ҳамонвақтаи донишгоҳ ва нахустин ректори он устод Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ мушкилиҳо пайдарҳам бартараф ва низоми таълим ба танзим дароварда шуд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар вазъи таълиму тадрис ва ҳамзамон таъминоти моддиву маишии он тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳамасола гурӯҳҳои пурраи академӣ ва шумораи муайяни донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ва идомаи таҳсил ба ин ё он муассисаи таълимии шаҳрҳои ИҶШС фиристода мешуданд. Бояд гуфт, ки чунин шакли ҳамкорӣ хеле самаранок буда, то имрӯз дар донишгоҳ идома меёбад. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод ба Институти политехникии Тоҷикистон ивази ном кард. Дар солҳои навадуми қарни гузашта ин муассисаи таълимӣ яке аз муассисаҳои асосии таҳсилоти олии касбии омодакунандаи кадрҳои муҳандисӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақа маҳсуб меёфт ва дар он ғайр аз шаҳрвандони ИҶШС инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик низ таҳсил менамуданд. Ногуфта намонад, ки аксари дастовардҳо ва рушди бемайлони донишгоҳ бо номи ректори нахустини он академик Муҳаммад Осимӣ сахт марбут аст. Оғози марҳилаи дуюми фаъолияти донишгоҳ, гарчанде бо ҷангҳои шаҳрвандӣ ва нооромиҳо дар кишвар оғоз гардид, вале кормандони ин даргоҳ бо суботу матонати хоса заҳмат кашида, нагузоштанд, ки ҳатто як рӯз фаъолияти донишгоҳ қатъ гардад. Институти политехникӣ соли 1992 ҳамчун Университети техникии Тоҷикистон ва

аз соли 1997 ба хотири гиромидошти ректори нахустини он ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ тағйири ном кард. - Тавре медонем, он замон соҳаҳои нави иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони дорои ихтисосҳои наву замонавиро тақозо менамуд. Барои татбиқи ин ҳадафҳо кадом корҳо анҷом дода шуданд? - Дар ин давра дар донишгоҳ илова ба ихтисосҳои қаблӣ омодакунии мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои наву замонавӣ – “Иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо”, “Менеҷменти истеҳсолӣ”, “Металлургияи фулузоти ранга”, “Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ”, “Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо”, “Ташхис ва идораи амволи ғайриманқул” ба роҳ монда шуд. Дар сохтори донишгоҳ низ тағйирот ворид шуда, коллеҷу литсейҳо таъсис дода шуданд, ки имрӯз пурсамар фаъолият намуда, барои соҳаҳои гуногуни

иқтисодиёти кишвар мутахассис омода мекунанд. Ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вохӯрии ӯ бо кормандону донишҷӯён бахшида ба 50-солагии таъсисёбии донишгоҳ оғози марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти донишгоҳ гардид. Дар ин давра бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуд. Ҳоло дар донишгоҳ факултетҳои энергетика, сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои инноватсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, инчунин Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, Литсейи техникӣ, Маркази такмили ихтисос ва хизматрасонии машваратӣ фаъолият менамоянд. - Шароити иҷтимоиву иқтисодии кормандон ва донишҷӯён дар кадом сатҳ карор дорад? - Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии кормандону донишҷӯён аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Ғайр аз таъмиру тармими хобгоҳҳо ва биноҳои таълимӣ имрӯз қисмати зиёди озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, пояи моддӣтехникии таълим мустаҳкам карда шудааст. Китобхонаи электронӣ сохта шуда, синфхонаҳои компютерӣ бо зиёда аз 1250 компютери ба шабакаи интернет пайваст, 75 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз пешкаши донишҷӯён гардида, заминаи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар худи донишгоҳ сохтани таҷҳизоти замонавии озмоишию таълимӣ ба роҳ монда шудааст. - Гузаштан ба низоми нави таълим то куҷо ба баланд шудани сатҳу сифати таълим мусоидат карда метавонад?

- Донишгоҳ пайваста шаклу усулҳои замонавии таълим ва таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилотии ҷаҳонро омӯхта, барои сатҳу сифати омодакунии мутахассисонро беҳтар ва ба талаботи бозори минтақавию ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир шудани мутахассисони донишгоҳ талош менамояд. Дар ин самт донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таълим (баклавр+магистр) гузашта, низоми кредитии таълимро ҷорӣ намуд. Барои шинос шудан бо таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилотии ҷаҳон аз имконияти лоиҳаҳои байналмилалии “Темпус” ва “Эразмус мундус”, донишгоҳҳои шабакавии СҲШ ва ИДМ, созишномаҳои ҳамкориҳои дутарафаю бисёртарафа бо донишгоҳу донишкадаҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон истифода менамояд. Донишгоҳ аъзои қариб 10 иттиҳодия ва ташкилотҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буда, бо зиёда аз 100 маркази илмию таълимии кишварҳои гуногун шартномаи ҳамкориҳои дутарафа имзо намудааст. Вақтҳои охир тарзи нав - усули муштараки омодакунии мутахассисон васеъ ҷорӣ шуда истодааст. Масалан, донишҷӯ метавонад дар як вақт дар ду донишгоҳи ҳамкори барномаҳои таълимиашон мувофиқашуда таҳсил намуда, соҳиби дипломи ду донишгоҳ ва ё соҳиби дипломи як донишгоҳу шаҳодатномаи донишгоҳи дигар шавад. Донишгоҳи техникӣ ҳамчун донишгоҳи базавии соҳаҳои энергетика, технологияи иттилоотӣ, технологияи мошинсозӣ дар доираи фаъолияти донишгоҳҳои шабакавии СҲШ ва ИДМ бо чанд донишгоҳ чунин усули омодакунии мутахассисонро ба роҳ мондааст. - Робитаи донишгоҳ бо дигар ташкилоту муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст? - Ҳар сол дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба меҳмонони олиқадр аз кишварҳои хориҷ ба донишгоҳ ташриф оварда, шартномаҳои судмандро ҷиҳати рушди фаъолияти донишгоҳ ба имзо мерасонанд. Масалан, бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон бо маблағи як миллион доллари америкоӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳи замонавие дар соҳаи мошинсозӣ сохта шудааст, ки ҳоло дар минтақа беҳтарин аст. Ҳамчунин барои дастрас намудани компютери фавқулқобилият ва таъсиси маркази бозомӯзии мутахассисони техникӣ ҷудо намудани зиёда аз 3,5 миллион доллари ШМА аз тарафи Ҳукумати Ҳиндустон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба имзо расонида шудаанд. Ғайр аз ин, ду ихтисоси донишгоҳ – лоиҳакашии биноҳо ва иншоот (зинаи бакалавр) ва стансияҳои электрикӣ (зинаи магистр) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ барои солҳои 2015-2020 шуданд. - Доир ба самараҳои фаъолияти факултети муштараки донишгоҳҳои техникии Тоҷикистону Белорус чанд сухан мегуфтед. - Дар донишгоҳ аз соли 2012 факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ амал менамояд, ки дар он донишҷӯён ду соли аввал дар Душанбе ва 3-4 соли боқимонда дар Минск таҳсил намуда, соҳиби дипломи Донишгоҳи миллии техникии Белорус мешаванд. Аллакай зиёда аз 100 нафар донишҷӯи ин факултет дар шаҳри Минск таҳсил карда истодаанд. Имсол боз як чунин факултети муштарак бо Академияи нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шуд. - Имруз ҷомеаи ҷаҳониро хавфу хатарҳое, аз қабили терроризму экстремизм ба таҳлука андохтаасту дар гирдоби ин офатҳо аксаран ҷавонон дармемонанд. Барои ҳарчи бештар ба илму донишомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон аз кадом роҳу усулҳои таъсирбахш истифода мешавад?

- Раёсати донишгоҳ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки хатмкардагони донишгоҳ дар баробари омӯхтани донишҳои касбӣ ҳамчун шахсиятҳои худшиносу ватандӯст ба воя расанд, сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд, аз майл намудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву экстремистӣ худдорӣ намоянд, алайҳи ҳар гуна гурӯҳҳои террористию маҳалгаро мубориза баранд, сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро содиқона ҳифз намоянд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо мудом чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, илмию таълимӣ, фарҳангию варзишӣ амалӣ карда мешаванд. Барои машғулиятҳои беруназдарсии донишҷӯён 4 толор ва майдончаҳои варзишӣ, даҳҳо маҳфили фарҳангӣ, варзишӣ ва илмию ихтироъкорӣ фаъолият менамоянд. - Оид ба дастовардҳои варзишии донишҷӯён чӣ гуфта метавонед? - Барои фаъолиятҳои варзишӣтандурустӣ ва ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯён дар донишгоҳ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар байни донишҷӯёни донишгоҳ қаҳрамонҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, барандагони ҷойҳои намоёни мусобиқаҳои байналмилалӣ, устодони варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Аз соли 1979 дар донишгоҳ клуби варзишии «Политехник» фаъолият менамояд. Тими варзишии донишгоҳ борҳо дар мусобиқаҳои гуногуни шаҳрию ҷумҳуриявӣ баромад намуда, ғолиб баромадааст. Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки тими футболи донишгоҳ соли 1972 ба дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ноил гардида, борҳо қаҳрамони сол ва барандаи ҷойҳои намоёни мусобиқаҳои Тоҷикистон оид ба футбол гардидааст. Тими мунтахаби донишгоҳ борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла дар мусобиқаҳои Созмони байналмилалии варзишии донишҷӯён ва Созмони байналмилалии варзишии донишҷӯёни Осиё фаъолона ширкат намуда, ба дарёфти ҷойҳои намоён сазовор гардидааст. - Таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба кору фаъолияти ҷавонон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа зиёд аст. Шумо, ки ҳаррӯза бо ин қишри ҷомеа сарукор доред, ба кору пайкор ва ҷаҳду талоши онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед? - Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Ин аст, ки боварӣ ва эътимоди роҳбарияти кишвар низ ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёдтар мешавад. Донишҷӯён, олимони ҷавони донишгоҳ пайваста дар фестивалҳо, ҳамоишҳо, аксияҳо, роҳпаймоӣ, озмунҳо ва мизҳои мудаввар, ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд, фаъолона иштирок намуда, соҳиби дипломҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо гаштаанд. Ҳар сол дар миёни донишҷӯён дар арафаи иди Наврӯз ва рӯзи Конститутсия озмуни ихтироъкорони ҷавон гузаронида мешавад. Чанде аз олимони ҷавон, аз ҷумла Муродалӣ Сангов, Сафаралӣ Гадоев, Абубакр Насриддинов, Наргис Ғаниева, Фурқат Пиров, Дилшод Равшанов дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом дода, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон гаштанд. Аз ҷумлаи дастовардҳои дигари назарраси ҷавонони донишгоҳ ин аст, ки онҳо дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” соҳиби ҷойи аввал, дар озмуни “Ихтироъкорони ҷавон” соҳиби дипломи дараҷаи аввал, дар фестивали “Таронаи донишҷӯ” сазовори ҷойи сеюм ва дар бозиҳои донишҷӯёни Осиё оид ба бокс соҳиби медали тилло гаштанд. Ба қавли Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд”.

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

МАОРИФ

ШАҲЛО ЭШОНОВА

ДТТ ҳатто як рӯз аз фаъолият боз намонд

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ яке аз муассисаҳои таҳсилоти давлатии олии касбӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, таҳсил дар 8 факултаи донишгоҳ аз рӯи 55 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар донишгоҳ 12 000 нафар донишҷӯ таҳсил ва қариб 500 нафар омӯзгор кору фаъолият менамоянд. Дар арафаи ҷашни 60-солагии ин донишгоҳи бонуфузи кишвар суҳбате оростем бо Ашӯров Ашӯр Нуруллоевич, муовини ректор оид ба тарбия, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.


Конститутсия - имконияти фаррох барои ҷавонон

8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

БАХТОВАР КАРИМЗОДА

“Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон пас аз он ки 9-уми сентябри соли 1991 соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гашт, ташкил, таъсис ва қабули рукнҳои муҳими давлатӣ пеш омад. Ин ҳам дар вазъияте сурат бояд мегирифт, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Хираду андешаи солим ғалаба кард ва дар солҳои аввали ин давра рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ, ба монанди Парчам, Нишон ва Артиши миллӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз масъалаҳои муҳими дигар қабули конститутсияи нав, ки ба сохти нави давлатдории миллии мо мувофиқ бошад, ба шумор мерафт. Дар даврони шӯравӣ ҳарчанд дар баробари Конститутсияи ИҶШС конститутсияҳои ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ амал мекард, вале дар асл кишварҳо ба Конститутсияи ягона итоат мекарданд, ки ба манфиатҳои давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол созгор набуд. Аз ин рӯ, бо соҳибихтиёр гардидан Тоҷикистон ба бӯҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва зарурати қабули конститутсияи нав пеш омад, ки бояд тамоми муносибатҳои давлатдории миллиро ба танзим дароварда метавонист. Дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шуд ва он 6 ноябри соли 1994 бо ҷонибдории кулли мардуми кишвар қабул гардид. Ба ин минвол Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Роҳу равиши зиндагӣ ва тартибу усули рушди конститутсионии 22 соли пас аз қабули Конститутсия бори дигар собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар берун аз чорчӯбаи Конститутсия наметавонад, ки орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Дар ин муддат дигаргуниҳои бузурги бунёдӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар таҳкими давлатдории нави миллии мо қадами ҷиддӣ ба шумор меравад. Ҳамин конститутсия имконият дод, ки Тоҷикистон ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад. Дар давоми 22 сол ба Конститут-

сияи Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Агар зарурати такмили Конститутсия дар соли 1999ум дарёфти консепсия ва ноил шудан ба ваҳдату ризоияти умум маънидод мешавад, пас таъғйиру иловаҳо ба Конститутсия дар соли 2003-юм аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ дошт. Марҳилаи сеюми ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки 22 майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ифодагари оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ мебошад. Дар таркиби ин тағйиру иловаҳо дар баробари дигар самту соҳаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҷавонон ҳам диққати бештар дода шудааст ва барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат шароити номаҳдуд ва баробар фароҳам овардааст: 1. Қисмати муҳими тағйиру иловаҳо идомаи мантиқии пиёдашавии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии ҷавонон аст, зеро дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чи гуна ба ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаву бунёдкор аввалан бовар карда мешавад ва баъдан, дар асоси ин бовар дастгириҳои беназир сурат мегиранд. Замоне ба иқтидори ин нерӯ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намегардид ва ба хуни гарми ҷавонӣ бовар набуд. Вале аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлол ба ҷавонон – ояндасозони давлати миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, барои тарбияи дурусти онҳо, истифодаи самараноки нерӯи ҷавонӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд, ки имрӯзҳо мо натиҷаҳои онро мебинем. Қабули барномаҳои давлатии беҳбудбахшӣ ба раванди босуръати рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти ҷавонон, фароҳамсозии шароит ва имкониятҳо барои таҳсили озодона дар дохил ва хориҷи кишвар ба хотири ҳамқадами замон будан, таъини онҳо ба мансабҳои масъули давлативу ҷамъиятиро метавон аз ҷумлаи чунин тадбирҳо донист; 2. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатарҳои зиёде таҳдид мекунанд, ки терроризму экстремизм аз пурзӯртарину асосии ин хатарҳо маҳсуб мешавад. Хоҷагони

онҳо, яъне кишварҳои абарқудрат аз дини ислом сӯистифода намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Чуноне ки Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон мехост чунин ҳадафҳоро дар Тоҷикистони азизамон амалӣ намояд. Тоҷикистон, мардуми тоҷик ҳамеша зидди ин гуна гурӯҳҳои тундраву ҷаллод буду ҳаст ва дар ин росто дар мавқеаш устувор мемонад. Барои асоси қонунӣ ёфтани ин андеша ва исботи мавқеи устувори Тоҷикистон дар ростои дини ислом ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд дар кишвар таъсиси ҳизби характери динидошта қатъиян манъ аст. Ин ҷасорату иродае ҳаст, ки на ҳар давлату миллат онро изҳор карда метавонад; 3. Яке аз тағйироти хеле муҳим манъ кардани душаҳрвандӣ барои мансабдорони давлатӣ мебошад. Тибқи тағйиру иловаҳои воридшуда минбаъд ҳар шаҳванде, ки дар баробари Тоҷикистон шаҳрвандии дигар кишварро соҳиб аст, наметавонад дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият намояд. Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи давлатӣ ва амнияти давлат вобаста аст. Ин меъёрҳо талаб менамоянд, ки ҳар нафар бояд шарафу номуси миллат ва давлати худро ҳифз намояд, ба умеди хоҷагони хориҷиаш нашавад. Чуноне собиқ муовини вазири мудофиа Ҳоҷиҳалим Назарзода ба умеди хоҷагони хориҷиаш шуда, номусу шарафи ватандориашро фурӯхт, ба давлат хиёнат намуд, вале хушбахтона ба ҳадаф нарасид; 4. Рушди устувори Тоҷикистони азиз тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Тағйирот ба Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Тавре медонем, ҳадафи асосии Ҳукмати кишвар таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Яъне, Конститутсия ва дигар қонунҳо догма нест, балки баробари зиндагиамон такмил дода мешавад, ки воқеиятҳоро ба таври реалӣ инъикос ва муқаррар менамоянд;

5. Конститутсия зодаи Истиқлол буда, ҳамқадами насли ҷавон аст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки дар рушди кишвар боз ҳам фаъол бошанд, зиракии баланди сиёсӣ нишон диҳанд ва саҳмашонро дар таҳкиму такмили асосҳои конститутсионӣ, мукаммалу самаранок гардонидани рушди демократия бигзоранд. Чунки фароҳам овардани шароит аз як тараф масъулияти калон ҳам дорад. Ҷавонон бояд ба қадри ин дастгириҳо бирасанд ва барои ободу шукуфоии боз ҳам бештари давлати миллии хеш бо истифода аз чунин имкониятҳо талош варзида, дар амалигардии ҳадафҳои бузургу стратегии Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб гузоранд; 6. Тағйироти аз ҳама муҳим барои ҷавонон аз синни 35 ба 30–солагӣ поён фуровардани синну соли номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе мебошад. Имрӯз беш аз 70 фисади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне, тасмими ворид кардани ин тағйирот бесабаб нест. Барои эътирофи ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа иродаи на ҳар нафар имкон медиҳад. Аммо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷавононро ҳамчун нерӯи муқтадир эътироф менамоянд, балки бо онҳо ифтихор дошта, дар такя ба ҷавонон ҳадафҳои бузурги давлатдории миллиамонро амалӣ карда истодаанд. Дигар барои ҷавонон ягон маҳдудият нест. Танҳо талаб карда мешавад, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, дониш андӯзанд, шарафу номуси шахсӣ, миллӣ ва давлатиро ҳифзу эҳтиром намоянд, нисбат ба ояндаи Ватан бетараф набошанд. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Конститутсия на танҳо раванди рушд, балки ҷараёни ташаккули афкори сиёсии ҷомеаро муайян намуд. Имрӯз гуногунандешӣ, фаъолияти ҳизбу созмонҳои гуногун дар ҷомеа самараи ҳамон Конститутсия аст, ки мардуми тоҷик тариқи раъйпурсӣ қабул намуд ва 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз ин сана 22 сол сипарӣ мешавад. Ин сана ба кулли ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад!

Конститутсия истиқлолиятро таҳким бахшид «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад». Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9 сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бино бар ин, комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи

овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар райъпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии

ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид. Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие,


Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд». Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асо-

си сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин

ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд. Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо

низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба - 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мав-

риди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта аст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад. Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

Меҳрафзун ДАВЛАТОВ, донишҷӯи соли 4-уми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

Б. КАСИРЗОДА, муфаттиши Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия

Конститутсия - санади тақдирсози миллат

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Чи хеле ба мо маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам,

санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Бо мақсади назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон мақомоти прокуратура таъсис дода шуд. Ҳолати ҳуқуқии ин мақомот дар боби нуҳи Конститутсия (моддаҳои 93-97) муқаррар шудааст. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ танҳо дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд. Дар як вақт бо истифода аз ин ваколат Прокурори генералӣ бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фармонҳо, амрҳо ва дастурамалҳои соҳавии худро баҳри риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона кардааст. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдорро амалӣ менамояд. Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калон дошта, бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 22 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Садоқат ба касб касро муваффақ месозад

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ

Сино Саидов, ҷавони ҳунарманде мебошад, ки аз хурдӣ баҳри сароянда шудан азму талош менамояд. 23 декабри соли 1997 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст. Соли 2015 ба шуъбаи сурудхонии халқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳол дар курси дуюм таҳсил дорад. Садои марғуладору гӯшнавози ҳунармандонро бо шавқу завқи беандоза шунида, ҳаловат мебурду мафтуни таронаву сурудҳои мардумӣ мегардид. Барои баъзе нафарон шояд шунидан ва сидқан диққат додан ба ин ҳунар он қадар муҳим набошад, вале ӯ онро чун дурдонае азиз медонисту ҳамеша ба он таваҷҷуҳ дошт. Вақте як суруд тариқи радио ва ё телевизион садо медод, пас аз ба итмом расидан ӯ ҳамонро замзамакунон худро хеле хушҳол дармеёфт. Дар баробари шунидану эътироф намудани ҳама гуна таронаҳои санъаткорони соҳибмавқеъ бештар ба садои ҳунарманд Содиқ Холов диққати бисёртар медод. Ҳар замон сурудҳои ӯро шунида, ғоибона худро шогирди ӯ мешуморид. Сино бисёр мехост, то ин ҳунармандро боре аз наздик бубинаду шогирдаш шавад. Аммо ҳеҷ вақт ин гуна имконият барояш даст намедод. Вақте мешунид, ки устоди ғоибонааш дар фалон деҳи наздик барои гузаронидани маҳфили тӯёнае омадааст, дарҳол ба он ҷо мерафту бо шунидани таронаҳо ва таваҷҷуҳ ба садои ҳунарманд як чизи тозае меомӯхт. Ниҳоят рӯзе барояш имконият фароҳам омад, ки бо ҳунарманди мавриди таваҷҷуҳаш вохӯрад. Пас аз вохӯрӣ хоҳиши ба шогирдӣ гирифтанашро пешниҳод намуд. Содиқ Холов мегӯяд, бояд таронаеро сароӣ. Ӯ ки дер боз чунин лаҳзаи муносибро интизор буд, бо шӯру шавқ ва меҳру муҳаббати беохир таронаеро замзама намуд. Хеле эҳсосӣ буд, ки оё ба шогирдӣ пазируфта мешавад ё на. Пас аз сароидани суруд Содиқ Холов ба ӯ менигараду худро ба мисле ки писандаш наомада бошад, намудор месозад. Ин манзараро дида, ӯ каме дилсард мегардад, ки шояд сурудро он қадар хуб иҷро накард. Ин ҳолати ӯро устодаш эҳсос карда, дасти ӯро фишурда мегӯяд, ки овози хуб доред ва ман туро ба шогирдӣ қабул менамоям. Зеро бо ин садоят дар оянда метавонӣ сарояндаи хуб шавӣ. Сино Саидов аз ҳамон рӯз машқ мекарду ҳунарашро такмил медод. Ба назди устодаш мерафт ва тавсияҳои нав мегирифт. Дар тамоми маҳфилҳои мактаб хеле фаъол гардид. Чорабиние набуд, ки бе сурудхонии ӯ барпо гардад. Пас аз сароидани суруд утодону хонандагон ба истеъдодаш каф мекӯфтанду офаринаш мехонданд. Сино дар донишкада бар замми оне ки овозашро сайқал диҳад, навохтани асбобҳои мусиқиро низ машқ мекунад. Дарк намуд, ки ҳар нафари равонаи ин роҳ бояд аз уҳдаи навохтани асбобе барояд. Аввалин асбобе, ки ба навохтанаш шуруъ кард, рубоб буд. Ӯ медонист, ки садои дилнавозу ҷонбахши ин асбоби мардумӣ ба рӯҳи шахс оромиву накҳати нотакрор мебахшад. Омӯхтан пас, дигар ҳангоми машқи суруд ҳам месароиду ҳам менавохт. Пас аз ба пуррагӣ аз бар намудани нозукиҳои навозиши рубоб ба омӯхтани дойиразанӣ машғул шуд. Сарояндагӣ мекард ва акнун бошад, навозандагиро ҳам аз худ намудаву оҳанги дилхоҳашро менавозаду месарояд. Бо дарсҳои донишкада қаноат накарда, ҳамкориро бо устодон низ ба роҳ монд. Бо ҳунармандон Содиқ Холов ва Шараф Қурбон ҳамеша баҳри рушди ҳунару амалӣ гардидани орзуҳои замони кӯдакиаш дар иртибот аст. Ӯ дигар дар хона тани танҳо суруд намехонд, балки дар маҳфил ва базмҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекарду аҳсану офарин мешунид. Сарфароз аст, ки ба фатҳи қуллаи мақсадҳояш наздиктар мегардад. Ӯ бовар надошт, ки то ба ин дараҷа муваффақу комёб мегардад. Зеро амалишавии онҳо барояш хеле гарон буд. Сино дар маҳфилҳои донишгоҳӣ низ фаъол аст. Ба ояндаи ҳунари худ боварӣ дорад. Мақсад дорад, ки донишкадаро бо муваффақият хатм намояду дар ҷодаи сарояндагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Мо низ умедворем, ки ӯ ба ҳадаф мерасаду саҳми худро дар рушди санъати миллӣ мегузорад.

Умед ихтисос не, муомила дорад Пештар, вақте касе аз хусуси курорту санатория гап мезад, таърифу тавсиф мекард, ҳайрон мешудам ва дар дил мегуфтам, ки хонаю ҷо ва падару модарро монда, кӯҳистони салқину дилкашу дилфиреб ва ёру рафиқонро гузошта, инҳо чаро он ҷо мерафта бошанд? Аммо як-ду сол аст, ки барои истироҳату фароғат ва то дараҷае барқарор намудани саломатӣ баъди меҳнати дурударозу якрангу дилбазан ва як андоза дурӣ аз муҳити пурғавғою пурташвиши шаҳр барои як муддати кутоҳ ба осоишгоҳу фароғатгоҳҳо меравам. Аввалҳо худамро бемор ҳис намекардам ва ин корро барои як андоза дигар кардани боду ҳаво, муҳити зиндагӣ ва муошират ба роҳ монда будам. Инчунин донистан мехостам, ки кадом осоишгоҳу фароғатгоҳҳои Тоҷикистон дар куҷоянду, чӣ гуна хизматрасонӣ ва ғайра доранд. Бо илтифоту дастгирии вазир ва ташвиқи ҳолдонҳо ба «Баҳористон» рафтам. Ба он ҷо рафтан хеле осон аст. Хоҳ аз шаҳр меоӣ, хоҳ аз ноҳия, хоҳ аз Ашт меоӣ, хоҳ аз Рашт, марҳамат, хеле мувофиқ. Нақлиёти махсус фаровону нархҳояш ҳам арзон, аз рӯйи инсоф. Ҳама ҷо тозаю озода, об зада руфтагӣ. Як барги дайдуе ҳам намебинӣ. Моҳи август бошад ҳам, гулҳои рангубаранги тару тоза шукуфта гулистон барин. Дар ҳақиқат баҳористон. Ҷойи хобу шарту шароит ба дараҷаи аъло, ҳеҷ шикояте нест. Махсусан ба ман бо як низоми карточкаи электронӣ ба роҳ мон-

дани хизматгузорӣ хеле писанд омад. Аз кушодани дари ҳуҷраатон то ошхона, махсусан дар вақту соати муайян омада, табобат гирифтан одамро орому қаноатманд мекунад. Навбати дурудароз, бетартибӣ, норизоӣ, овоз баланд кардан нест. Ба ҳар ҳол дар ҳама ҷо муносибату муомилаи инсон ба инсон дар навбати авввал аст. Дар баробари он ки дар ҳама ҷо чунин муносибату муоширати самимӣ ҳукмфармост, ин аз рӯйи танҳо хизмат ва вазифа ҳам нест, балки табиатан чунин аст, таваҷҷуҳи маро муносибати як ҷавони одию коргар ҷалб намуд. Умедҷон Султонов. 27-уми апрели соли 1993 таваллуд шудааст. Синфи 9-уми ММТУ №14-и шаҳри Гулистонро соли 2009-ум хатм намудааст. Орзуи беҳёр ва парастор шудан доштааст. Падараш 43 сол муҳандис шуда кор кардааст. Модараш хонашин. Умедҷон фарзанди яккаю ягонаи онҳост. Оиладор аст. Ду духтар дорад – яке сесола дигаре дусола. Дар «Баҳористон» аз соли 2014-ум кор мекунад. Соли 2015 бо «Ифтихорнома»-и маъмурияти осоишгоҳ сарфароз гардидааст. Аҷаб ҷавони меҳрубон, хушсухан, самимӣ аст. Мегӯяд ки аз аввал ҳамин тавр аст. Модараш ҳамеша таъкид менамудааст, ки бо ҳама хуб муомила кунад, дӯғ назанад. «Дигарон низ мисли ту одаманд», - мегуфтааст. Бо ҳамкорон ва муштариён аҷаб муносибате мекунад… «Дилоромбучча» - ба ҳамшираи шафқат ҳамин тавр муроҷиат менамояд. Агар каси одатнакарда ӯро

шунавад, мисли он аст, ки ба кӯдакон муомила карда истода бошад. Пурсидам, ки чойро баъди табобати бо муми гарм - сӯзон кӣ фармудааст? Чунки инро дар “Ҳоҷаобигарм” ҳам дида будам. Гуфт, ки ҳамин тартиб аст. Ин чӣ гуна чой аст ва таркибаш чӣ дорад? Ҳарчанд медонистам, пурсидам. Гуфт, ки зирабо. Аввал гумон кардам, ки ӯ дақиқ медонад, ки он чист. Аммо фаҳмидам, ки ӯ зверабойро ҳамин тавр гуфтааст. Аҷиб. Пурсидам, ки гиёҳчойро кӣ ва аз куҷо меоранд? Осоишгоҳ таъмин мекардааст. Шояд аз он фурӯшандаҳое, ки ҳар замон дар назди ошхонаи осоишгоҳ пайдо мешаванд, харидорӣ мекарда бошанд? Аз чойкаҳак, ҳулбӯй, райҳон ва ҷамбили кӯҳӣ таҳия кардаанд. Аз кӯҳистон меовардаанд. «Хуш омадед, акоҷон, нури дида тоҷи сар...» мешунавед ҳамеша аз ӯ, вақте ки барои табобат наздаш медароед. Агар мабодо банд бошад, аз ҳуҷраи кораш баромада: «Акоҷон (амакҷон, муаллимҷон), як дамак меистед?» мегӯяд. «Акоҷон, бувоҷон, амакҷон» ҳамеша муроҷиати ӯ чунин аст. («Укоҷон» набуд, чунки аз ӯ хурдон барои табобат бо муми кӯҳӣ ҳанӯз намеоянд). Ӯ дар шуъбаи мардонаи дармонбахшӣ ва табобат бо муми кӯҳӣ кор мекунад. Нутқаш бурро, фаҳмою шунаво, аз таҳти дил, самимӣ, бо лутфу меҳрубонӣ, адабӣ суҳбат мекунад. Аз суҳбаташ фаҳмидан душвор нест, ки саводи махсуси ихтисосӣ ҳам надорад. Аммо хеле ҳушёр, зирак, доно ва дилсофу самимӣ. Ҳамагӣ кораш муми сиёҳи гармро ба ҷое, ки пизишкон таъйин кардаанд, вобаста ба ҷои дард чун дармон бастан, печондан аст. Кӯрпаҳои се фароғатгоҳи пештар рафтаам, мебахшед, чиркину безеб ва дилнокашу ҳазарӣ буданд. Аммо ин ҷо тозаю озода. Ним соат бо дили пуру хотири ҷамъу эҳсоси тозагию озодагӣ ва саломатӣ роҳат мекунед аз марҳами баста ва суханони меҳрубонона ва чун марҳами ҷонҳои Умедҷони 23-сола. Нуруллои МИРЗОМУҲАММАД


КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 852,80 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 4. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 576 сомонӣ. ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 1. Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 733,20 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) - маълумотнома (справка-объективка). Талабот барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Тамос: 236-41-87, 235-1023. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

Мудири бахш

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 70 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ 217 БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин 18 БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷамъи овозҳо

Шаҳр, ноҳия

2 10

87

4 215

504 24

97 5 48

1 121 58

205 90 3 66 111 3 5 94 52 2 2 13 2 2 99 12 60

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ОЗМУН

Ноҳияи Ёвон пешсаф аст

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 991,70 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ. 8. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ.

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 806 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ - 806 сомонӣ.

Овозҳо дар ҳафта

Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ВАРЗИШ

Ҷудо гӯштини миллӣ нест

ШОДИХОНИ НАЗАР

Гӯштини миллӣ ва ҷудо бо нозукиҳои худ омӯзонида шаванд Мутахасисиони соҳаи варзиш дар кишвар бар он назаранд, ки гӯштини ҷудо бо гӯштини миллии тоҷикӣ тавъам аст. Инро сабаби муваффақияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ меҳисобанд. Ин ду намуди гӯштин аз ҷиҳати усулу тактика тарзи доштану баҳогузориҳо қариб ки як аст. Вале баъзе нозукиҳое доранд, ки мутахассисони гӯштини ҷудои тоҷик сари ин бояд андеш кунанд. Гӯштини ҷудо шомили Бозиҳои олимпӣ аст ва варзишгарони тоҷик ҳам ба ин намуд таваҷҷуҳи махсус доранд. Дар олимпиадаҳо Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки қатори дигар намудҳои варзиш намояндагони худро дар риштаи ҷудо дошта бошад. Хушбахтона, ҷудокорони тоҷик то имрӯз медали биринҷии Бозиҳои олимпиро аз рӯи ин намуди варзиш ба Ватан овардаанд, ки ба номи Расул Боқиев муҳр зада шудааст. Барои равнақ ёфтани ҷудо дар кишвар шуруъ аз соли 2013 мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад ва дар он паҳлавонони маъруфи ҷаҳон иштирок мекунанд. Имсол, 5 октябр чорумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид. Баъди талошҳои варзишгарон Ҷом насиби гӯштингири украинӣ Станислав Бандаренко гашт. Ҳарчанд аз 45 варзишгари иштирокчӣ аксариятро варзишгарони тоҷик ташкил медод, аммо онҳо натавонистанд хотири ҳаводорони ҷудои кишварро шод гардонанд. Аксар варзишгарони ҷудокори тоҷик эҳтиёҷ ба омӯзиш доранд. Инро худи онҳо дар мусобиқаи зикргардида исбот намуданд. Дар ҳунарнамоии онҳо мушоҳида мешуд, ки аз нозукиҳои ин намуди гӯштин пурра огоҳ нестанд. Бахусус, дар ҳолати партерӣ кор кардан. Аксар варзишгарони мо дар ин мусобиқа муҳорибаҳоро аз ҳолати партерӣ ба бохт ҷамбаст намуданд. Дар гӯштини миллии тоҷикӣ баъди зонуи варзишгар ба замин расидан сабқат қатъ мегардад ва варзишгарон аз нав муҳорибаро оғоз мекунанд. Варзишгарони тоҷик, ки аксар зери таъсири гӯштини миллӣ ба воя расидаанд, дар гӯштини ҷудо ҳам баъди расидани зонуи ҳариф сабқатро қатъ мекунанд ва имкониятҳои мусоиди усулҳои партериро истифода намебаранд. Ҳангоми дар ҳолати партерӣ қарор гирифтан, онҳо дар ҳимоя заифанд. Ин амали онҳо барои варзишгарони дигар имконият фароҳам меорад, ки варзишгарони тоҷикро буғӣ кунанд ва ё онҳоро ба тахтапуш хобонда, сонияи муайян нигоҳ доранд, ки ин усулҳо ипон ё ғолибияти соф ҳисобида мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки паҳлавонони тоҷик бо устодонашон ҳангоми тамрин бо услҳои гӯштини

миллии тоҷикӣ тамрин мекунанду аз нозукиҳои ҷудо ба таври кофӣ огаҳӣ надоранд. Мутахассисони соҳа ва мураббиёнро мебояд дар машқҳои дастаҷамъӣ зиёд иштирок намуда, нозукиҳои ин намуди гӯштинро, ки шомили Бозиҳои олимпист, зиёдтар омӯзанд. Станислав Бандаренко, варзишгари украинӣ баъди Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудоро ба даст овардан дар сомонаи “judoinfo.kiev. ua» аз дӯстдории мардуми тоҷик нисбат ба гӯштин ҳарф зада, таъкид намудааст, “ман бори аввал дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудам ва бисёр шод баргаштам. Дар мусобиқа зиёда аз 20 ҳазор тамошобин барои тамошо ҷамъ омаданд. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик гӯштинро нағз мебинанд. Мусобиқа дар фазои кушод то соати 21 идома ёфт. Гилеми варзишӣ тар мешуд ва онро тоза мекарданд. Мусобиқа бисёр шавқовар ва хотирмон гузашт. Варзишгарони ботаҷрибаи ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Ман бори аввал чунин мухлисию дӯстдории мардумро нисбат ба гӯштин дидам”. Чанде пеш панҷ нафар мутахасисону мураббиёни гӯштини ҷудои Ҷопон барои машқҳои фаҳмондадиҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни баромад тариқи ТВ “Варзиш” мутахассиси ҷопонӣ таъкид намуд, ки ин намуди гӯштин дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ омӯзонида намешавад ва варзишгарони тоҷик аз нозукиҳои ҷудо пурра огоҳ нестанд. Аксар мутахасисони соҳа сабаби мағлубияти варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳои сатҳӣ байналмилалӣ надоштани таҷрибаи кофӣ дар ин намуди гӯштин арзёбӣ мекунанд. Вақти он расидааст, ки Федератсияи гӯштини миллии тоҷикиро дар кишвар фаъол намуда, гӯштини миллиро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоему ҷудоро дар кишвар бо нозукиҳои худ ба варзишгарон омӯзонем. Ё мураббиёне, ки ба омода намудани варзишгарони тоҷик аз намуди ҷудо машғуланд, сари ин камбудиҳо андеша намоянд. Зеро қариб 70 фисади варзишгарони мо ба гӯштини миллӣ такя намуда, 50 фоиз барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз намуди ҷудо омодаанд. Танҳо баъди ислоҳи ин нозукиҳо ва пурра омӯзонидани нозукиҳои ҷудо ба паҳлавонон аз онҳо метавон натиҷа интизор шуд.

Варзиш иродаи мустаҳкам талаб мекунад Ба наздикӣ дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ ва муай-тай баргузор гардид. Се нафар шогирдони мактаби варзишии шаҳри Ҳисор аз ин мусобиқа бо медали тилло баргаштанд. Мо бо яке аз ғолибони ин мусобиқа, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-и шаҳри Ҳисор Файзиддин Давлатов мусоҳиб шудем. - Файзиддин, чаро дигар намуди варзиш нею маҳз самбои муҳорибавӣ ва муай-тайро интихоб намудӣ? - Вақте ман дар синфҳои поёнӣ таҳсил мекардам, акоям Тоҷиддин дар толори варзишии «Авитсенна»-и шаҳри Ҳисор машқ мекард. Ӯ машқҳои аз устод омӯхтаашро дар хона такрор менамуд. Ба ҳаракатҳои ӯ нигариста ман ҳам орзу мекардам, ки мисли вай шавам. Бародарам шавқу ҳаваси ба назар гирифта, маро ба мактаби варзишии шаҳри Ҳисор бурд. Инак, чанд сол боз таҳти роҳбарии мураббӣ Ғайратшоҳ Сиддиқов машқ мекунам. - То ин дам дар чанд мусобиқа ширкат варзидаӣ? - Моҳи апрели соли 2014 дар мусобиқаи кушоди Осиё оид ба самбои муҳорибавӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, сазовори ҷои якум гардидам. Соли гузашта дар шаҳри Кеши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷои сеюмро гирифтам. Дар шаҳри Шимкент бошад, дар нимфинал ҳарифонро аз Қазоқистон ва дар финал намояндаи Узбекистонро мағлуб карда, сазовори медали тилло гаштам. Мехоҳам ба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода миннатдории худу ҳамдастаҳоямро баён намоям. Бо сарпарастии он кас мо - се нафар ба Қазоқистон рафта, ҳарсеямон дар гурӯҳҳои худ миёни ҷавонон, наврасон ва кӯдакон медали тилло ба даст овардем. - Самбои муҳорибавӣ аз дигар намудҳои варзиши размӣ чӣ фарқ дорад? - Яке аз самбочиёни машҳури шӯравӣ Анатолий Харлампиев гуфта буд: «Самбои муҳорибавӣ силоҳи ноаён аст, ки ҳамеша бо шумост». Гӯштини самбо солҳои сиюми асри гузашта пайдо шуда, баъзе усулҳояш ба гӯштини миллии тоҷикӣ шабоҳат дорад. Маънои самбо «самооборона без оружия», яъне «худро бе силоҳ муҳофизат кардан» мебошад. Дар самбои муҳорибавӣ ба ҳариф бо дасту по зарба задан, ӯро нафасгир кардан иҷозат аст. Ҳадафи ниҳоӣ бо усули дилхоҳ мағлуб кардани ҳариф мебошад. Дар самбои муҳорибавӣ нисбат ба самбои классикӣ хавфи ҷароҳат бардоштан зиёдтар аст. - Пас чаро маҳз самбои муҳорибавиро интихоб кардӣ? - Дар ин намуди варзиш усулҳои самбо, дзю-до, яккаҳарбаҳои японӣ, бокс ва ғайра бо ҳам омезиш ёфтааст. Дар сурати зарурат ба дигар намуди варзиш гузаштан осон аст. Чор сол пеш, вақте падарам аз олам гузаштанд, бароям хеле мушкил буд. Ҳоло ба бародарам Тоҷиддин сипос мегӯям, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор маро ба мактаби варзишӣ бурд, то бекор нагашта, дар ҳалқаи ҳамсолонам андаке ғаму ғуссаи ҷудоӣ аз падарро дур созам. Варзиш шуғли одамони ҳавасбоз нест. Он аз варзишгар иродаи мустаҳкам талаб мекунад. Агар кас дар наздаш ҳадафи муайян гузошта, барои ноил шудан кӯшиш кунад, ба мақсад мерасад. - Дар пеш чӣ мақсад гузоштаӣ? - Мехоҳам дар баробари самбои муҳорибавӣ ба бокс низ машғул шавам. Зеро бокс намуди варзиши олимпӣ аст. Мақсад дорам, ки ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфта, шарафи варзиши кишварро муаррифӣ кунам. Тоҷикистон ифтихори ҳар яки мост. Яке бо машғул шудан ба кишоварзӣ, дигаре саноат, сеюмӣ бо илму технология дар пешрафти кишвар саҳм мегузорад. Варзишгарон бошанд, бо дастовардҳои худ шуҳрати мамлакатро баланд мебардоранд. Ман ҳам мехоҳам яке аз онҳо бошам. Мусоҳиб С. САЙФИДДИН


Қории маъруфи “Қуръон” дар «бачабозӣ» муттаҳам шуд

Сухангӯи дафтари қувваи қазоияи Эрон Муҳсини Эжаӣ охири ҳафтаи гузашта гуфт, чаҳор нафар алайҳи Саиди Тӯсии 46сола шикоят кардаанд. Вай яке аз иттиҳомоти Тӯсиро "ташвиқ ба фасод" номид ва гуфт, ки дар аввал дар ин маврид қарори манъи таъқиб содир шуда буд, аммо додгоҳ ин қарорро бекор кардааст. Вай афзуд, парвандаи ин қории маъруф барои машварат ба яке аз қозиҳои бодиёнат ва ботаҷриба супурда шудааст. Ин мақоми қувваи қазоияи Эрон дар айни ҳол гуфт, "ахбору матолибе, ки дар мавриди ин парванда мунташир шуд, ҷурми қобили таъқиб аст ва аммо исботи бархе аз иттиҳомот кори мушкил аст. Мумкин аст, ҳақ бо даъвогарон бошад, вале исботашон мушкил аст". Яке аз даъвогарон гуфтааст, ки Саиди Тӯсӣ ду бор ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Ба қавли ин даъвогар, ин ҳодиса тақрибан панҷ-шаш соли пеш, замоне ки 12-13 сол дошт, иттифоқ афтода буд. Ин даъвогар, ба қавли худаш, ба хотири беобрӯ нашудани хонаводаи рӯҳонӣ исмашро ошкор накардааст, вале гуфтааст, дар айёми наврасӣ ба назди Саиди Тӯсӣ рафта ва бовар дошт, ки мисли ӯ донандагони “Қуръон” барояш ёрӣ хоҳанд дод. Вай мегӯяд, Тӯсӣ дар ҷараёни тадрис “саволҳои беҷо” медод ва як рӯз бо баҳонаи онки ҳаво гарм аст, ӯро ба ҳаммоми умумӣ бурда, дар он ҷо ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Ин шикояткунанда гуфтааст,

то чанд сол ба хотири беобрӯ накардани худу хонаводааш дар ин бора лаб фурӯ баста буд, вале вақте фаҳмид, мисли ӯ ҷавонҳои дигар "қурбонии нафси Тӯсӣ" шудаанд, дар ин бора шикоят кард. “Аз ин ҳодисаҳо панҷ ё панҷуним сол мегузарад. Вале мебинем, ки ҳукумат алайҳи ӯ кадом коре накардааст”, - таъкид дошт даъвогар. Ӯ гуфт, бо даъвогарони дигар ба додгоҳ чанд далели қонеъкунанда, аз ҷумла ду номаи Саиди Тӯсиро пешниҳод кардаанд. Баъди пайдо шудани хабари даст доштани қории маъруф дар озору азияти ҷинсӣ миёни тарафдорону мухолифонаш баҳси доғе барпо шуд. Яке аз корбарони хабаргузории “Исно” аз хонандагон хостааст, ки ба ин бовар накунанд. Аммо яке корбарони “Твиттер” бо писханд навиштааст, ки “баргузории консертҳо бо ҳадафҳои Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст, аммо таҷовузи шогирдоне, ки “Қуръон” меомӯзанд, бо талаботи тарбияи исломӣ мувофиқ аст”. Бознашр аз «Озодӣ», 27-уми октябри соли 2016

Истиқлолият, ки беҳтарин неъмат аст, бе ваҳдати миллӣ устувор нест. Ваҳдат пояи зиндагии хушбахтона, рӯзгори осудаи мардум, дӯстиву рафоқат, нишону фарҳангу маданият ва пойдевори давлат буда, мардумро ба оянда, ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад.

М. Кабирӣ дар пайи пайса бо кӯмаки хоҷагон манфиатҳои дигар ҷонибҳоро бароварда гардониданӣ шуда, дур аз ёру диёр пинҳону ошкоро умр ба сар мебарад. На аз ватан ёд мекунанду на аз падару модар ва на аз хешу ақрабон ва аниқ аст, ки то ҳол низ аз волидайни хеш ёде ҳам накардааст. Баръакси гуфтаҳои волидайн бо якравиву бадфеъливу бадгуфторӣ доғи оила ва хешу табор гардид. Бародарону хоҳарон аз рафтору кирдори фарзанди нохалаф азоби шадиди равонӣ мекашанд. Муҳиддин Кабирӣ на танҳо сабаби озори як хонавода шудааст, балки кулли мардум аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Падари М. Кабирӣ Тилло Кабиров ҳанӯз замони дар қайди ҳаёт будан пайваста ба писараш муроҷиат карда мегуфт, ки вай насиҳатҳои ӯро фаромӯш карда, ба роҳи бад рафтааст. Борҳо падар аз писари саркаш хост, то аз хиёнаткорӣ нисбат ба ватан ва дӯстон даст кашад. Вале писари гапнодаро насиҳати падару бародаронашро ба гӯш нагирифт. Чунки меҳри пулпарастиву молпарастӣ дар дили вай рӯз то рӯз зиёд мешуд ва аз кирдори бадаш тамоми оила ва хешовандон дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Ҳоло бошад, дар дуриҳои дур раёсати фирории ТЭТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабари даргузашти Тилло Кабиров, падари Муҳиддин Кабириро шунида, гӯё андуҳгин ва ғамгин гашта бошанд. Фирориҳои наҳзатӣ марҳум Т. Кабировро инсони наҷиб, меҳнаткаш, хоксор ва меҳрубон баҳо додаанд: «Марҳум намунаи як инсони комил, аҳли фазл ва моломол аз хулқи накуву азхудгузарӣ буданд». Аммо аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо боазаматии ин мардро шикаст. Агар Кабирӣ аз гуфтаҳои падар сабақ мегирифт, то ин вақт хеле дигаргун мешуд ва одами дидадарову пуртамкин гардида, ба падару модар эҳтиром мегузошт. Ӯ азобу уқубатро ба сари падару

хонавода ва наздиконаш намеовард. Падари Муҳиддин Кабирӣ – Тилло Кабиров зиндагии сангин дошт. Аз аъмоли нохалафонаи писар ба бемори саратон гирифтор шуд ва зиндагӣ рӯз то рӯз барояш мушкилтар мегашт. Аммо фарзанд доғи оила шуда, дар кишварҳои аврупоӣ ғуломвор барои хоҷагони хориҷиаш хизмат мекард ва падари хешро фаромӯш сохт. Падар бо ҳамин доғи фарзанди хиёнаткор ҷаҳони фониро падрӯд гуфт. Вале М. Кабириро, ки он қадар ҳирси пулу мол боло гирифт, ҳатто натавонист дар ҷанозаи падар иштирок кунад. М. Кабирӣ бештар аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ ҷонибдорӣ намуда, танҳо ба хотири иғвоангезӣ аъмоли зиштро пеша кардааст. Вобаста ба мавқеъ ва имконият оилаи худ, замини худ, ҳастии худро иваз намуд. Кабирӣ ҳамон хиёнаткоре ҳаст, ки ба халқ, ба миллат, ба зану фарзанд, ба Ватан-Модар хиёнат кард. Падар низ бо сад дарду алам дар миёни ҷомеа, ёру дӯстон ин ҳарфҳоро мешунид ва дигар дурӯғгӯиву хиёнаткории фарзандаш - Муҳиддинро дидан намехост.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Доғи падар

Муҳаммади Гандумнажод, маъруф ба Саиди Тӯсӣ, яке аз қориёни маъруфи байналмилалии “Қуръон”, ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам шудааст. Теъдоде аз шогирдони ӯ эълон карданд, ки дар чанд соли қабл аз тарафи ӯ мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор гирифта, даъвояшон дар гузашта бе ҷавоб монда буд.

Роҳбари ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ чанд моҳ қабл аз амалӣ кардани нақшаи табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 Тоҷикистонро тарк карда, давлатҳои хориҷаро макони ҳамешагии истиқомати худ қарор дод. Ин аъмоли зишту манфур ва тири сияҳи ба ҳадаф нарасида барои аз байн бурдани сулҳу оромӣ равона шуда буд. Душмани миллат ба ҳадафи нопоки худ нарасида, тарки Ватан кард ва дарди равонии онро падари маризу барҷомондааш Тилло Кабиров кашид, ки фарзанди нохалаф оромии ӯро барбод дод ва ҳамаи ин рафтори фарзанди саркаш боис гашт, ки падари ранҷдида бо ҷаҳони фонӣ падрӯд гӯяд.

С. ОРИЁНФАР

Ваҳдат - таҷассумгари хирад Воқеан ҳам дар замони парешониву пурошӯб барои мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол фарзанди баруманде аз миёни миллат пайдо шуд, ки ба қавли хеш роҳнамову сарвар гардид ва мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонд ва кишваро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Парчами ваҳдат ва ҳамдилиро парафшон намуд. Ваҳдату ягонагии мардум асоси ояндаи неку дурахшони ҳар кишвар буда, маҳз бо ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот ҷомеа пешрафт намуда, тараққӣ мекунад.

Акнун, ки ваҳдату субот дар ҷомеа пойдор аст, барои зиндагии беҳтару шоиста моро зарур аст, ки донишу ҳунар омӯзем. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаю баргашта таъкид месозанд, ки ояндаи ин давлат ин миллат дар дасти ҷавонон аст ва мо бояд барои озодию ободии Ватани азизамон ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия намуда, кадрҳое омода намоем, ки барои пешрафти

ин ҷомеа саҳми арзанда гузошта тавонанд. Имрӯзҳо дар кишварамон ҷавонони зиёде ҳастанд, ки бо ҳунару маҳорату истеъдоди худ дар арсаи байналмиллалӣ номбардори Тоҷикистон гардидаанд. Ҳамаи дастоварҳои мо аз пойдор будани сулҳу ваҳдат ва якдилӣ насибамон гаштааст. Диловари РОЗИҚ, донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи исломии Тоҷикистон


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Эй ҳамватан, бедор бош

АЛИМУҲАММАД МУРОДӢ

Ин қадар ширин бихандӣ

Ин қадар ширин бихандӣ, Ин қадар ширин битобӣ, Ошноӣ, ношиносӣ, Кистӣ, рӯъёӣ, хобӣ? Аз диёри ёд ойӣ, К-ин қадар бар дил қаринӣ, Ин қадар шириннамоӣ, Нозанинӣ, нозанинӣ. Рӯҳи як ишқи шаҳидӣ, Ёди як эҳсоси покӣ. Хунбаҳо мехоҳӣ аз ман, Хунбаҳо аз мушти хоке.

Эй ҳамватан

Душман чӣ мекорад? Низо, Моро чӣ месозад ? Ҷудо. Кишташ чӣ бор орад ? Бало, Эй ҳамватан, бедор бош. Ӯ дӯстрӯ, ту дӯстҷӯ. Ӯ ҳилладон, ту содахӯ, Заҳр аст дар ҳар қанди ӯ, Эй ҳамватан, бедор бош. Гаҳ ёру ёвар мешавад, Гоҳе бародар мешавад, Мор аст, аждар мешавад, Эй ҳамватан, бедор бош. Иғвои мову ман кунад, Моро ба мо душман кунад, Коре чу Оҳарман кунад, Эй ҳамватан, бедор бош. Чун гард боло мешавад, Бар дидаат ҷо мешавад, Бахтат таги по мешавад, Эй ҳамватан, бедор бош.

Шиноси ношинос

Чӣ қадар ту ношиносӣ, Чӣ қадар ту ошноӣ, Ту чӣ сон балои ҷонӣ, ки чу дӯст менамоӣ, Ту ки аҳримантаборӣ, Ту, ки деву дадқаторӣ, Ба диёри дил чӣ оӣ, Ба диёри рӯшноӣ. Ба Худо, ғами сабилӣ, зи ту хиратар надидам, Ки зи дар биронамат гар, зи тиреза медороӣ.

Орази қоматбаланди тануманд дар дасти рост тӯби волейбол ва дар дасти чап тӯби баскетбол ба толори варзиш даромад. Шогирдони ветнамӣ дар ду тарафи девор саф кашида буданд. «Онҳо низ чун чиниҳо қадпаст будаанд» - аз дил гузаронд ва ба қатори духтарон чашм дӯхт. Дувоздаҳ нафар бо назари ҳайрату кунҷковӣ ба устоди варзиш менигаристанд. Ба ғайр аз духтари охирин. Ӯ назар ба ҳамҷинсонаш хурдҷусаю резапайкар менамуд. Гарданашро каме ба тарафи чап гирифтаву танҳо ба фарш нигоҳ мекард. Духтараки ғайриодӣ… Чорҷӯй. Авули Бешкаппа. Бегоҳӣ. Хуршеди оламоро нурҳои охирини худро ҷамъу гирд намуда, ба оламу одам видоъ карданӣ буд. Амонгелдӣ болои кат дароз кашида, дар наздаш тоқии бо мурури замон куҳнаю арақзадаашро дар пешаш гузошта, гӯё бо он суҳбат дошт. - Писарам! Баъди хизмати сарбозӣ ҳарчанд хостем, ки саратро ҷуфт кунем, гардан нафуровардӣ. Ду пойро дар як мӯза андохта, талаб кардӣ, ки ба донишгоҳ меравӣ. Ана, мактаби олиро низ ба субут расондӣ. Боз чӣ баҳона пеш меорӣ? Ораз сар ба зер гирифта, дарди дили қиблагоҳашро хомӯшона гӯш медод. - Ману модарат пир шудем. Поямон ба лаби гӯр. Аққалан дилат ба модарат сӯзад. Ба ӯ дастёр лозим. Аз ҷунбуҷули рӯзгор аз субҳ то шом ба ҳоле меояд. Агар ягон духтарро таги чашм карда бошӣ, гӯй.

Қурбонзода Насимбек 24 феврали соли 1991 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Айни ҳол дар докторантураи (PhD)-и ДДХ таҳсил дорад. Аз хурдӣ ба навиштани шеъру мақола майл дошта, нигоштаҳояшро дар матбуоти даврӣ ба нашр расонидааст. «Милоди оина» маҷмӯаи нахустини ӯст. Ин чанд шеър аз ҳамин китоб аст, ки пешкаш мегардад. Як роҳрав – мусофир дар кӯчаҳои борон, Бисёр мезанад сим ҳар як садои борон. Бас шеъри тар навишта дар рӯи дафтари хок, Як умр тоза монад ин мисраҳои борон. Сарсабзу тозарӯӣ будаст аз бароям Бо гиряҳои модар, бо гиряҳои борон. Сад ғам ба сар бидидам, як чашми тар надидам, Эй модари азизам, охир куҷоӣ? Борон! Рӯзе, ки дидаи ман хушкид, гиря созам Баҳрат ҳазор соле бо дидаҳои борон. *** Бе ёди дӯст сина муаттар намешавад Борон агар набуд, замин тар намешавад. Бо ӯ мунаввар аст шабу рӯзи зиндагӣ, Хуршед ҳам баробари модар намешавад. Чун об роҳ ҷуста ба дарё расидаем, Раҳрав мутеи сарвару раҳбар намешавад. Дилбурданист дигару дилпарварӣ дигар, Ҳар кас диле рабудаву дилбар намешавад. Ишқи ман, эй Ватан, зи барои ту буду бас, Чун меҳри модар аст, ки охар намешавад. Тақлидро ба назди ҳақиқат маҷол нест, «Ҳар к-ӯ Муҳаммад аст, паямбар намешавад»1. *** Дили ман пора, исён дорад имрӯз, Ки савдои Хуросон дорад имрӯз. Тамоми умр мегиряд, магӯед, Ки дарё чашми гирён дорад имрӯз. Дили нозук мабодо нашканандаш, Даруни сина пинҳон дорад имрӯз. Муросо ку миёни ҷону ҷонон? Наояд, чун ба тан ҷон дорад имрӯз. Аё Мавлои Румӣ бозбахшо, Ки ҳар девона девон дорад имрӯз. *** То вуҷудат зи арақ тар нашавад, Ҳеҷ гаҳ ёри ту дар бар нашавад. Нашавӣ пок ба мисли шабнам, Васли хуршед муяссар нашавад. Дили ман кабки дарии дари туст, Ҳеҷ гаҳ бар дари дигар нашавад.

Ҳамагӣ маҳви замонанд, вале, З-ин миён коғазу дафтар нашавад. Оҳ, шодоб зи борон ҳама ҷо, Лек бе рӯи ту дил тар нашавад. *** Дурӯза дами баҳор ранг аст, Дар фасли баҳор хор ранг аст. Наққошаки чирадасти зебост, Андар кафи навбаҳор ранг аст. Ҳаргиз нахӯрӣ фиреби зоҳир, Дидем ба пушти мор ранг аст. Бо ранг навишта мешавад шеър, Аз хома ба ёдгор ранг аст… *** Бидеҳ бар ман, бидеҳ ин ҷони дарё, Пур аз гавҳар чу он домони дарё. Ба рӯи ҳар касе боз аст доим, Ҳамехоҳам шавам ҳамхони дарё. Ҳамеша меравад бар ҷониби асл, Бидеҳ бар ман Худо, имони дарё. Ҳама рӯи дилаш бошад шиновар, Шавам ҳар лаҳзае ҳамсони дарё. Равам нону намак гардем бо ӯ, Шавам як умр ҳампаймони дарё. Аё модар! Азизу безаволӣ, Надида ҳеҷ кас поёни дарё. *** Бе ёр оташин аст имрӯз кори дида, Як чашма ашк бошад ҳар рӯз бори дида. Дар байни ошиқу дил ҳарфи баланд ҷо нест, Шуд гуфтугӯи эшон гуфтугузори дида. То дидааш бидидам аз дида рафт дида, Бе дидаи ту ҳастам ҳар рӯз зори дида. Ишқе ба дил набошад, маҳзун диле набошад, Мо эҳтиёҷ дорем бар чашмхори дида. Ёди туро фаромӯш аз дил наметавон кард, Ҷои ту ҷовидон аст андар диёри дида.

1. Моли Аъзами Хуҷаста

Ишқи духтари ветнамӣ (ҳикояи воқеӣ)

- Падар! - оҳиста ба гап даромад Ораз. Ин тобистон меъёри устоди варзишро дар риштаи гӯштини самбо ба даст овардам. Дар сабқати ҷумуриявӣ дар вазни худ ҷойи якумро гирифтам. Устодам аз натиҷаҳои бадастовардаам хурсанд. Маро барои иштирок дар олимпиадаи Маскав тайёр карда истодааст. Бо ҳамин мақсад дар Омӯзишгоҳи касбӣҳунарии рақами 1-и шаҳри Душанбе ба кор мононд. - Олимпиадаи Маскав кадом сол баргузор мегардад? - Амонгелдӣ суханони писарашро бо тамкини хоси туркманҳо гӯш мекард. - Соли 1980, - зуд посух дод Ораз. Мӯйсафед ангуштони қоқи дарозашро ба қат кардан даровард ва пас аз лабҷунбониҳо овоз баланд кард: - Уҳ-ҳу, ману модарат боз панҷ соли дигар интизор шавем? Дар ин муддат кӣ зиндаву кӣ мурда. - Падарҷон, ин тавр нагӯед, - овози Ораз ларзид. - Ҳоло шумою модарам бардаму бақувват. Аз авул барои кори хона хидматгоре меорам. - Ба ману модарат набера даркор,

мефаҳмӣ, - пирмард аз қаҳру ғазаб қомати харобу дарозашро рост кард. - Тифлро рӯи каф гираму ҳарорати баданашро ҳис кунам. Унвону ҷоизаатро ба сарам мезанам? Ба зангириат розӣ шав! - Ман зан намегирам, - қатъӣ ҷавоб дод Ораз. - Агар зан гирам, ӯ бояд духтари ғайриодӣ бошад. - Ғайриодӣ гуфтанат чӣ маъно дорад? мӯйсафед аз эътирози фарзанд наранҷид. Дар ҳамин синну сол ба падар қайсарӣ нишон дода буд. Духтари интихобкардаи падарро рад намуда, аз вилояти Марв Ойинаро дуздид. Таъқиб се рӯз давом кард. Амонгелдӣ таъқибгаронро ба биёбони Қароқум даровард ва шабона онҳоро фиреб дода, қад-қади дарёи Аму ба Чорҷӯй омад. Падар як моҳ бо ӯ гап назад. Пас аз омадани волидони Ойина тӯю тамошо гузаронида, аз гуноҳаш гузашт. - Маънояш ҳамин, ки ӯ маро сидқан дӯст дорад ва дили ман барои вай чун кабоби дар сих сӯзад, - ҷавоб гардонд Ораз. Мӯйсафед дигар чизе нагуфт. Ӯ даст афшонда аз ҷой хест. Ҷойнамозро гирифта, барои ибодат ба хона даромад…

Ба китф расидани дасте Оразро ба худ овард. Гардан тофта, марди гирдарӯеро бо табассуми нофорам дид. - Номи ман Кам. Вазифаам тарҷумаи гуфтаҳои шумост. Чӣ супориш медиҳед? - Духтарон волейбол бозӣ кунанду бачаҳо баскетбол, - ва Ораз тӯбҳоро ба дасти тарҷумон дод. Лаҳзае пас садои доду фарёд ва хандаву ғиреви бозингарон толорро пахш кард. Ораз рӯи курсӣ нишаста, чашм аз духтараки зебосанами ғайриодии ветнамӣ намеканд. Кам бошад, ҳолати руҳии ҷавонро зери назорат гирифта буд. Ӯ худаш кайҳо дар орзуи ба даст даровардани ин духтарак буд. Оқибат тоқат накарда Туанро, ки дар канор истода бозии ҳамкурсонашро тамошо дошт, бо имову ишора ба наздаш хонда ба гӯшаш чизе гуфт. Туан шубҳаомез ба Фу нигарист ва бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд… Зариф ҒУЛОМ, нависанда (давом дорад)


15

Мошини заминкан

Моњи якуми мактаб

"... ва Зўњро" (филм)

Љўрагї, дўстї

Баро- Номи даро- ќањрани мони боксёр афсоаз Укра- нањои русї ина

Президенти собиќи Украина

Ноњия дар Хатлон, Колхозободи собиќ

Ќавм, тоифа

Пуч, бемаънї

Гови корї

… Капур, актёри њиндї

Духтар дар рўзи тўяш

Шакли пурраи номи Оля

Пайрави ислом

Номи тољикии металли «чугун»

Азим, бузург

Уќёнус Гўштини љопонї

…дарё ва Сирдарё ба бањри Арал мерезанд

Ноњия дар вил. Суѓд

Гиёњ барои абрўкашї

САНҶИШИ ДОНИШ

Бахтиёр …, ширинкор

Мактабхобгоњ

Шарикї, мењнати якљоя

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

Забони давлатии Покистон

Њаммоми финї

Даррандаи холдор аз зоти гурба

…и Саидалї, овозхон

Миёнбанд, тасма

Холї, мањрум

Матои пахтагї

Рахш, Дулдул, Бутсефал њамчун њайвон

Лавозимоти тарканда зидди танку пиёдањо

Мошини …каш

Бозии Моддаи бурднок тарканда

«…-24», тамѓаи њавопаймо

Дигаргунї

...у ишрат

Ширинї аз мева

Каси дур аз ватан Киностудияи Тољикистон

Маљаллаи сканвордњо Мурољиат ба мардон дар Эрон

Яке аз чор ёрони пайѓамбар (с)

Антоними «вайрон», «хароб»

Каломи ѓайриманзум

Бадавлат

Наќлиёти даруни бозор Заводи автомобилбарории «Жигули»

Мори бузургтарини дунё

Номи мардона

Хизматгорзан

Нидо аз тарс

Тамѓаи тайёраи русї

Берун кашидан

…и бињї

Бозрасї барои назорати тартибот дар роњ

Ин гилемро кайкњо дўст медоранд

«... бошаду хуб бошад» (масал)

«Сигарет»-и тољикї

… Муњаммадљонов, актёр

Шикам, дарун

Тасдиќ бо далел

Асбоби суръатсанљи нозири роњ

... Саидова, сароянда

Кунд не

Навъи шафтолуи бемўяк

«Диёри …манди мо» (гимн)

Хонаи хоби сарбозон

Ношунаво

Њабиб ..., сароянда

Љумњурї дар Русия, пойтахташ Махачќалъа

Сканворд

Мўъмин …, шоири тољик

Амал, фаъолият

Нўшокии шоколадї


16

 СЕҲРИ ХОМА

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №44 (9470), 3.11.2016

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Муҳаббати ҳақиқӣ

Султон ба хонаи ҳамсоя меравад: - Холаҷон, модарам бемор шудааст, мураббои қулфинай лозим. - Ҳозир, бачам! Дар чӣ диҳам? - Ҳеч чиз, ман ҳамин ҷо мехӯрам!

Зане баъди чанд соли хонадорӣ фарзанд намеёбад. Хеле ранҷ мекашад. Рӯзе ӯ аз таваллудхона фарзанди зани дигареро медуздад ва онро ҳамчун фарзанди худ нигоҳубин ва тарбия мекунад. Баъд аз чанде модари воқеии тифл пайдо мешавад ва хоҳиш мекунад, ки кӯдакро ба ӯ баргардонад. Лекин зан розӣ намешавад ва худро модари ҳақиқии тифл медонад. Кор то суд мерасад. Суд баъд аз санҷишҳои тӯлонӣ роҳи ҳалли мушкилро пайдо карда натавониста, қарор мекунад: - Ҳукми он ки кадоме аз инҳо модари воқеии тифл аст, имконнопазир аст. Роҳи ягона ин аст, ки кӯдакро ба ду қисм ҷудо карда, ба ҳар ду зан медиҳем. Зане, ки модари воқеии кӯдак набуд, мегӯяд: - Ҳар қароре, ки шумо мебароред, ман розиам, бигзор ҳамон тавр шавад. Аммо модари аслии кӯдак бо шунидани ҳукми суд нидои ҷонсӯзе бароварда, мегӯяд: - Илтимос, кӯдакро ба ду қисм ҷудо накунед, бигзор ӯ фарзанди он зан бошад. Ман розиам, ки аз ӯ даст кашам. Судя қарор мекунад, ки кӯдакро ба ҳамон зане диҳед, ки ба хотири зинда монданаш аз вай даст мекашад. Зеро ӯ модари ҳақиқии кӯдак аст.

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

МЕҲРОБ АЗИМОВ

***

- Азизам, хоб кардӣ? - Не. - Хуб, пас рӯятро тарафи ман гардон. - Намехоҳам. Ту пиёз хӯрдаӣ. - Ту бошӣ нахуд хӯрда будӣ!!!

***

- Камбудии Шумо? - Камгапам. - Бурди Шумо? - Сергап нестам.

***

Зану мард дар ҷойгаҳ дароз кашида, ҳар ду ба сақфи хона нигоҳ доранд. Фикри зан: “Хомӯш аст. Гап задан намехоҳад. Шояд ягон таи дигар ёфтаасту маро дигар дӯст намедорад?” Фикри мард: “Эҳ паша. Паша дар сақф чӣ хел меистад?”

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шиносномаи техникии ҳавлӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ-13/9, квартираи 44, ки ба шаҳрванд Халифова Зарина Қурбоновна мутаалиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи А №6857496, ки ШВКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 14 ноябри соли 2011 ба шаҳрванд Аброров Хушнуд Саидхонович (соли таваллудаш 11.01.1984) додааст, эътибор надорад. Аттестати гумшудаи силсилаи БП №602619, ки МТМУ №50-и шаҳри Ҳисор соли 1979 ба Низомова Тавакал Маҳмудовна додааст, эътибор надорад.

Сангалӣ Мирзоев

 ОБУНА - 2017

Шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Раҳмонов Амирхон Аҳадович (РЯМ 0430170345), ки Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 12.05.2014 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Билети донишҷӯии гумшудаи №514622, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2014 ба Қосимзода Руҳуллои Зайниддин додааст, эътибор надорад.

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Раҳмонов Амирхон Аҳадович (РЯМ 0430170345), ки аз 12.05.2014 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Соҳибкори инфиродӣ Қурбонов Садриддин Мирзоевич (РМА 045192901), ки аз 30.01.2009 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6600 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.