ЧТ ,
javonon.tj
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №45 (9575), 08/11/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Асоси пешрафти рӯзафзун Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия Ҳамватанони азиз! Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту чор сол пур мешавад. Тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Бисту чор сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифо-
даи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид. Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад. Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт. Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муд-
дати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд. Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд. Бисту чор соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз
имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд. Бори дигар ҳамаи сокинони Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни санади тақдирсоз муборак бошад, ҳамватанони азиз!
2
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд. Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Президенти мамлакат зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд. Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дорои 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷхизоти таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои дуюми Коллеҷи тиббӣ 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҷараёни таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Коллеҷи тиббӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯй ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷои нишаст мебошад. Толори варзишии Коллеҷи тиббӣ бо 240 ҷой нишаст дорои шароити арзандаи машқу тамрин буда, ошхона барои зиёда аз 200 ҷои нишаст дар хизмати донишҷӯён қарор дорад. Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара баробари мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави таълимӣ имкониятҳо барои ҷалби донишҷӯён ба таҳсил торафт васеъ мегардад. Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ намуданд ва онҳоро барои омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. ИФТИТОҲИ МТМУ №27 ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ПАРКАМЧИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи
Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд. Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраи барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, он бо тамоми шароити зарурии тиббӣ ва мутахасисони кордону ботаҷриба таъмин мебошад. Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаи мазкурро намунаи ибрат ва амали хайрхоҳона маънидод намуда, табибону мутахассисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии сокинон ҳидоят намуданд. Дар шафати Маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд. Бинои нави таълимӣ 3 - ошёна буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ буда, аз соли 1930 то соли 1968 - ум ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7-сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштани мактаб, барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае гардид, зеро бо ин васила аз пештара дида имконияти таҳсил дар деҳот фарохтар шуду шароит низ хубтар гаштанд. Акунун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои куҳнаи мактаб ба як иншооти наву замонавӣ табдил дода шуд. Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони
соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд. То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгорони ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд. Баъди ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд. Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мактаб ва маркази саломатиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпешаи ноҳия барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии диёри хеш, изҳори сипос карданд. БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ИСТЕҲСОЛӢ - ТИҶОРАТИИ “РАҲМОН ФУТУР” Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии Раҳмон Футур шинос шуданд. Майдони умумии хоҷагӣ дар маҷмӯъ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғул мебошанд. Майдони боғоти хоҷаги имрӯз тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он асосан ниҳоли дарахтони меваҳояш ба содирот нигаронидашуда шинонида шудааст. Аз ин майдон 25 гектараш боғи интенсивӣ мебошад ва дар он 10 намуди ниҳоли дарахтони себ шинонида шудааст. 75 гектари дигарашро бошад, ниҳоли дарахтони зардолу, олу, гелос ва нок ташкил медиҳад. Қаблан дар ин ҷо ангурбоғ
буд ва аз он давоми солҳои охир гирифтани ҳосил ғайриимкон гашта, рӯ ба нестшавӣ оварда буд. Дар доираи иҷрои ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 дар ин мавзеъ бунёди боғ оғоз гардид. Ҳоло дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар Кооперативи тиҷоратӣ истеҳсолии “Раҳмон Футур” 90 нафар бо ҷои кор таъмин гаштаанд. Ҳамчунин дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи меваҳояш содиротӣ дар майдони 100 гектар оғоз гардид. Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангури навъи ҳусайнии сиёҳу сафед шинонида, ба кишоварзон дар самти амалӣ намудани ин иқдоми нек барору комёбӣ орзу карданд. Ҳамчунин дар ин ҷо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи бонувони ҳунарманд бошад, намунаҳои таомҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни нон омодаву пешниҳод карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолӣ тиҷоратии “Раҳмон Футур” аз 10 то 15 тоннагӣ ҳосили бодом, олу ва нок ҷамъоварӣ карда шуд. Обёрии майдони боғот бо истифода аз ду пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз аллакай аз майдони умумии хоҷаги тақрибан 70 фоизи он ба ҳосил даромадааст. Ҳамчунин ояндаи наздик дар ҳамин ҷо бо мақсади захира кардани ҳосили боғот барои 2 ҳазор тонна мева сардхона сохта мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, кишоварзонро барои идомаи заҳмати пайваста, таъмини рушди дучанди соҳа ва ҳамин гуна бунёду нигоҳубини боғҳои намунавӣ ҳидоят намуданд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018 ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “МУОСИР” Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи муштараки “Муосир” дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, он аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд. Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки “Муосир” 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад. Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидааст. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда шуда, дар назди иншооти мавҷуда дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат гузаштан аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт. www.president.tj
Бар зидди фасод якҷоя мубориза бояд бурд ВМКБ
Бо мақсади аз байн будани омилҳои коррупсионӣ ва пурзур кардани муқовимат зидди фасод масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хоруғ силсиламулоқотҳоро бо кормандони ҷавони як қатор идораву муассисаҳои шаҳр роҳандозӣ намудаанд. Дар ин бора мудири бахш Имомёрбек Имомёрбеков иттилоъ дода афзуд, ки чунин як мизи гирд таҳти унвони “Масъалаи коррупсия ва оқибатҳои он” бо иштироки кормандони бахшу мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомии шаҳр доир шуда, зимни чорабинӣ масоили роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар рафти кору фаъолият, сари вақт ба инобат гирифтани зуҳуротҳои порагирӣ, содиқ будан нисбати кори хеш ва ғайра мавриди баҳс қарор гирифтанд. Чунин вохӯриҳо бо масъулини идораҳои шаҳр дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ идома доранд.
Мусобиқаи шоҳмотбозӣ байни наврасон Ба истиқболи 24 - солагии Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Дар он наврасони муассисаҳои варзишӣ байни ҳам рақобат карда, ғолибон аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ифтихорномаю мукофотпулӣ қадр карда шуда, беҳтаринҳо роҳхат ба мусобиқаи вилоятиро ба даст оварданд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Форуми илмии донишҷӯён оид ба сайёҳӣ
ДУШАНБЕ
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 9-10 ноябри соли ҷорӣ нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор мегардад. Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон гузаронида мешавад, ки дар он намояндагон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Форуми мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ доир гардида, дар доираи он як қатор озмунҳо, аз ҷумла намоиши беҳтарини сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, акси беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва беҳтарин рӯнамоӣ ҷамъбаст гардида, ҳамзамон барои меҳмонони аз минтақаҳо омада саёҳати шоми Душанбе ташкил карда мешавад.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни Конференсия иштирочиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла, «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии
ШНТМ
Тоҷикистон – «Бахтнома» – и миллат аст», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарчашмаи асосии ҳуқуқии пойдории давлати дунявӣ дар кишвар», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиктистон ва рушди падидаҳои назорати прокурорӣ ва адолати судӣ», «Хусусиятҳо ва аҳамияти юридикии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
маърӯза намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни баромади хеш таъкид намуд, ки мақсади баргузории конференсияи мазкур-пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт мебошад. “ҶТ”
Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд
Дар ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар радифи сохтмонҳое, ки аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешаванд, соҳибкорон низ дар пешрафту ободии ноҳия саҳми назаррас доранд. Айни ҳол сохтмони устохона дар назди муассисаи №17 ва сохтмони кӯдакистони “Парасту” идома дошта, сехи коркарди тунука ва маҳсулоти оҳанӣ дар деҳаи Шаҳристон ва коргоҳи нонпазӣ дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шудаанд. Ҳамчунин, сохтмони бинои дуошёнаи шаба-
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
каи барқ дар маркази ноҳия, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ ба анҷом расида, дар истифода қарор доранд. Бинои идораи суди ноҳия низ дар рӯзи ҷашни истиқлолият сохта, ба истифода дода шуд. Дар боғи фарҳангии маркази ноҳия корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Инчунин, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№2, 27, 42, 5 адад майдончаи варзишии замонавӣ дар маркази ҷамоатҳои деҳот, хаммом дар ҷамоати М. Шогадоев ба нақша гирифта шудаанд. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои ноҳияро боз ҳам зеботар ва сатҳи зиндагонии сокинонро беҳтар намояд. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
Конститутсия – баёнгари адолату озодӣ
ХАТЛОН
Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Қубодиён конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Конститутсия – баёнгари адолату озодӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс маърузачиён зимни баромади хеш дар бораи конститутсия суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад.
Аз ҷониби масъулин ҳамчунин вобаста ба нақши ҷавонон дар таҳкими ин санади муҳим суханронӣ сурат гирифта, дар охир ба 10 нафар ҷавони фаъоли ноҳия сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон супорида шуд.
Семинари омӯзишӣ оид ба занҳои сарвар Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Занҳои сарвар” баргузор гардид. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, дар семенари омӯзишӣ ширкат варзида, оид ба нақши занони сарвар дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар изҳори андеша намуданд. Дар семинар бонувони дар
ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти минтақаву вилоят фаъолияткунанда, иштирок намуданд. Ба шунавандагони семинар гурӯҳи мутахассисони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назарявию амалӣ гузаронида, дар фарҷоми семинар ба иштирокчиён сертификат дода шуд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
Мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол миёни донишҷӯён Дар толори варзишии “Коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ”-и ноҳияи Б.Ғафуров мусобиқаи вилояти Суғд оид ба намуди волейбол миёни (писарон) донишҷӯëни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят гузаронида шуд. Мусобиқа бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни донишҷӯëн, тарғиби тарзи ҳаëти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва омода намудани дастаи мунтахаби донишҷӯëни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят доир гардида, дар он донишҷӯëн байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Пас аз қувваозмоиҳо ҷои якум насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ҷои дуюм насиби дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиëсати Тоҷикистон ва ҷои сеюм насиби дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ гардида, ба ғолибон медал ва диплом супорида шуд.
Мусобиқаи футбол миёни духтарон Дар майдони варзишии футболи Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он 12 даста иштирок на-
муд. Дар бозии ниҳоӣ пас аз қувваозмоӣ ҷои якумро дастаи духтаронаи футболбозони гимназияи №24, ҷои дуюмро дастаи МТМУ №11 ва ҷои сеюмро дастаи МТМУ №8 соҳиб гардида, ба ғолибон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмии вилояти Суғд Ҷом, медал ва ифтихорнома тақдим гардид Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4
ҲАМОИШИ ИЛМӢ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Конститутсия ва рушди фарҳанг Бахшида ба рӯзи Конститутсия, 5 ноябр, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣтаҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг бо иштироки васеи ходимони илмӣ, кормандони Пажӯҳишгоҳ ва намояндагони ВАО таҳти унвони “Конститутсия ва рушди фарҳанги миллӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Конститутсия – дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар, 5-уми ноябр, бахшида ба рӯзи Конститутсия дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Конститутсия ва ҷавонон: имкониятҳои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ” баргузор гардид. Дар конференсия Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва инчунин намояндагон аз Суди конститутсионӣ, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Донишгоҳи миллӣ иштироку суханронӣ намуданд. Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни суханронии хеш дар ибтидо кулли ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсия муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд намуданд: “Мо аз соли 1994 то инҷониб Рӯзи Конститутсияро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Албатта, конститутсияи мо яке аз конститутсияҳои беҳтарине мебошад, ки дар миёни дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ маҳз бо назардошти дар боби дуюм ҷойгир кардани арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва такяи бештар кардан ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа, имрӯз ҳамчун конститутсияи беҳтарин ҷойи панҷумро дар миёни тамоми конститутсияҳои олам ишғол намудааст”. Таъкид гардид, ки бо ворид гардидани таъғйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар имкониятҳои фарох барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ фароҳам оварда шудааст. Давлати имрӯзаи мо дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ дар тӯли солҳои истиқлолият ба натиҷаҳои муайян муваффақ гаштааст, ки онҳо дар беҳтаргардонии фазои демократии мамлакат инъикос мегарданд.
Яке аз чунин дастовардҳои муҳимро метавон қабули конститутсия номид, ки он дар ҳалли чандин масъалаҳо ва вазифаҳои дар назди худ гузоштаи давлатамон мусоидат намуда, натиҷа ҳамин буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шуда, айни ҳол зиёда аз 130 давлати дунё расман онро эътироф намудааст. Зимни баромади хеш иштирокчиёни дигар вобаста ба нақши ин санади тақдирсоз суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар конститутсияи кишвар, ки 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз тарафи худи мардум қабул карда шудааст, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки ин падида ба арзишҳои умумибашарӣ ва санадҳои байналмилалӣ, хусусан Эъломияи ҳуқуқи башар такя мекунад. Сафаралии Далер, яке аз иштирокчиёни конференсия дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии қабули конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ” маъруза намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳо ва имкониятҳоро нисбати ҷавонон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё намудааст. Аз ҷумла, моддаҳои 28 ва 29 конститутсия ба ҷавонон, махсусан ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти озоди иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва
идораи давлатиро кафолат медиҳад. Пас, ҷавононро мебояд ки аз ин ҳуқуқҳои кафолатдодаи конститутсия самаранок истифода бурда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзанд”. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсозу имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳу бунёдкор ва ваҳдатталаби Тоҷикистон баромад намуда, маҳсули замони соҳибистиқлолии миллат ва кишвари азизамон мебошад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар дар такмили шакли идоракунии давлат ва низоми давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот, якпорчагии ватан ва осоиши ҳаёти мардум саҳми беандоза дорад. Пешвои миллат доир ба нақши конститутсия гуфтаанд, ки қабули конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсӣ мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад. Дар интиҳои конференсия миёни иштирокчиён ва масъулин суҳбати озод сурат гирифта, ҳар яке вобаста ба нақши калиди доштани санади сарнавиштсози миллат – конститутсия ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки ҷавонон бояд дар таҳкими ин санади муҳим ва қонуни асосӣ талош намоянду саҳми худро ҳамчун шаҳрвандони фаъоли кишвар дар рушду нумуъи ватани азизамон – Тоҷикистон гузоранд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳ, зимни суханони ифтитоҳии хеш Конститутсияро яке аз асоситарин дастовардҳо дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик унвон карда, онро ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар арзёбӣ кард. “Пеш аз ҳама қабули ин сарчашмаи қонун моро ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид сохт, ваҳдати сиёсии халқро таъмин намуд, роҳи ояндаи ҳастии мо–бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ва ягонаро, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, роҳбаладӣ намуд. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Қабули Конститутсия агар, аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст”, - гуфт дар идомаи суханронии хеш Шариф Комилзода. Профессор Мурод Муродов дар мавзуи “Кафолати озодии сухан ва табъу нашр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза карда, ин ҳуҷҷати тақдирсозро заминаи асосӣ дар рушди минбаъдаи фарҳангу ҳунар ва озодии матбуот дар кишвар маънидод намуд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки маҳз Конститутсия сабабгори ба вуҷуд омадани як зумра қонунҳои вобаста ба матбуот ва дигар ВАО гардид. “Бешак Конститутсияи кунунӣ замина фароҳам овард, ки мо қонунҳое амсоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” ва амсоли инҳо қабул ва мавриди истифода қарор гиранд”. Ӯ дар идомаи маърузааш таъкид кард, ки Конститутсия дар баланд бардоштани арзишҳои маънавии ҷомеа нақши калидӣ бозида, дар пешрафти соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва илм хизмати шоён кардааст. Мурод Муродов гуфт: “Мо айни ҳол осори классикон ва муосиронро дар силсилаи “Ахтарони адаб” таҳия карда истодаем ва дар ин силсила-китобҳо баъзе маводҳое таҳия мешаванд, ки дар замони Шуравӣ умуман гуфтану навиштан ва паҳн кардани онҳо мамнуъ буд. Масалан Мавлоноро ба ҷуз чанд муҳаққиқ касе намешинохт ва ин аз кафолатҳои додаи Конститутсия доир ба рушди фарҳангу маънавиёт аст”. Фирдавс Шарифзода, номзади илмҳои таърих, дар маърӯзаи худ доир ба “Нақши Конститутсия дар рушди қонунгузории соҳаи фарҳанг” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия барои оромии мардум ва пойдории сулҳу суботи кишвар ва боло бурдани фарҳангу маънавиёт саҳми калонро мебозад. Аз ин хотир мебояд барои гиромидошти он, ки воқеан арзиши олиро соҳиб аст, пайваста талош варзем. Дар хотима миёни маърӯзачиён ва иштирокдорони мизи мудаввар суолу ҷавоб сурат гирифта, сипас китобҳои тозанашр доир ба конститутсия намоиш дода шуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз демократитарин конститутсияҳои дунё мебошад, зеро меъёрҳои он моҳияти ҳокимияти демократиро мушаххас намудааст. Масалан, моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кардааст. Соҳибихтиёрӣ (аз калимаи фаронсавии souverainete– ҳокимияти олӣ) маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар сиёсати хориҷӣ – тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳон мустақилона муайян менамояд. Доир ба мафҳуми «соҳибихтиёрии халқ» чунин гуфтан мумкин аст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ буда, ҳокимияти худро бевосита (дар асоси райъпурсӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
6 НОЯБР – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсия – шакли олии ифодаи ҳуқуқи инсон Тоҷикистон давлати демократӣ буда, манбаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон халқи вай мебошад. Истилоҳи “ҳокимият” ё “ҳокимияти халқ” қобилияти ба самти зарурӣ таъсир расониданро ифода мекунад. Ҳокимияти давлатӣ назар ба ҳизбӣ, истеҳсолӣ, динӣ, хонаводагӣ ва ғайра хусусияти ҳамагонӣ дорад (яъне, мардумеро, ки дар ҳудуди давлат зиндагӣ мекунанд фаро мегирад), универсалӣ аст (яъне, метавонад ҳар гуна масоили иҷтимоиро танзим намояд), бо ёрии механизми давлатӣ амалӣ карда мешавад ва механизми махсуси таъмини он яъне, дастгоҳи маҷбурсозиро дар ихтиёр дорад. Дap давлати демократӣ худи халқ ҳал менамояд, ки дар раванди интихоботи озод масъулиятро ба кӣ вогузор намояд ва бовар кунанд. Ҳамчунин, давлати демократӣ бо меъёри тақсими ҳокимият асос ёфта, ки мутобиқи он барои таъмини озодиҳои шаҳрвандон вазифаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ - қонунгузор, иҷроия ва судиро бояд мақомоти мухталиф, ки аз ҳамдигар вобаста нестанд, вале бо ҳам фаъолият намуда, ҳамдигарро пурра мекунанд, анҷом бидиҳанд. Хусусияти дигари муҳими давлати демократӣ имкон додан ба гуно-
гунандешии идеологӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ мебошад. Мутобиқи он эълону тарғиби ҳар гуна ғоя, ба ғайр аз он ғояҳое, ки ба хусумати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ё сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ғайра даъват мекунанд, имконнопазир аст. Конститутсияи демократӣ вазифадор аст, ки ташкили сохторҳои ғайриконститутсионии ҳокимият, гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, аз ҷумла ташкилотҳои экстремистиро манъ намояд. Рушди ҷомеа, зарурати танзими муносибатҳои чамъиятӣ ба он овард, ки шаклҳои олии ифодаи озодиҳои мардум бояд қонун бошад. Вале на ҳамаи қонунҳоро ҳуқуқӣ ҳисобидан мумкин аст ва танҳо он қонун ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад, ки меъёрҳои ҳуқуқро (мисли адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқуқии шаҳрвандон, ягонагии ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инсондустӣ, демократизм ва монанди инҳо)-ро таҷассум менамояд. Қонунҳо бояд бо риояи расмиё-
ти муайян, ки имкони аз ҷонибҳои мухталиф арзёбӣ карда мешаванд ва ба хатогӣ роҳ дода нашавад, қабул гарданд. Эҳтироми қонун хусусияти ҷудонопазири давлати ҳуқуқбунёд, хосияти шуур ва рафтори ҳамаи шаҳрвандон аст. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ба ҳеҷ як дину мазҳаб афзалият дода намешавад. Дар Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз он, ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Давлати ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ до-
5
рад, як конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар ҷумҳурӣ низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Хусусияти дигари давлати ягона ҳамин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ягона дорад. Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азму иродаи мардуми онро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлатро эълон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионӣ ташаккул ёфтаанд. Фирӯза РАҲИМОВА, сармутахассиси раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамо Рӯзи шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ, бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ба ин муносибат ҳамасола рӯзи 6 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана қайд карда мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ дарвоқеъ таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва сиёсӣ муайян шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Баъдан дар таърихи 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳамаи онҳо ба манфиати халқ, арзишҳои миллию давлатӣ буда, асосҳои воқеию қонунӣ доранд. Агар ба таърихи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо нигоҳи таҳқиқ нигарем мебинем, ки ҳамаи пешрафту даставардҳои бузурги мо асосан ба давраи пас аз қабули Конститутсияи навин рост меоянд. Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барбод рафтани нақшаҳои бадхоҳони миллату давлат, истиқрори сулҳу ваҳдати комил, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти хиз-
мату хотироти қаҳрамонҳои миллат, ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, таъсиси парлумони касбӣ, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бузургтарин неъматҳои даврони амал намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки албатта, тавассути сиёсати оқилонаю созандаи ҳомии Конститутсия ва арзишҳои конститутсионӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пеш-
вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби тоҷикистониён гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври дақиқ риоя намуда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳони зудтағйирёбанда нагузорем, ки касеву чизе ба асосҳои сохтори конститутсионии мо таҳдид кунад ва ояндаи мову насли моро тира созад. Акобир ИЗЗАТУЛЛОЗОДА, прокурори ноҳияи Мастчоҳ
6
ҶОМЕА
Сокини пойтахт будан ифтихор аст, аммо... Ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, пеш аз ҳама, кӯчаву хиёбонҳо, майдону гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ, бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва муомилаи сокинони пойтахтро дидаву омӯхта, аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати мо баҳо медиҳад. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон қайд намуда буданд, ки «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд». Қомат рост кардани биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, бунёди боғҳо ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, чаманзору гулгаштҳо пойтахти тоҷикон - Душанберо имрӯз ба яке аз шаҳрҳои зеботарин табдил додааст. Ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт вусъат ёфта истодаанд. Аз ҷумла, яке аз ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар 3 соли оянда пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт - роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад. Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо, шинондани гулҳо, бунёди чаманзор, тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар пойтахт ҷараён доранд. Ин ободӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Субҳи солеҳ, ҳангоме ки сокинони пойтахт ҳанӯз дар хоби нозанд, кормандони муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба тозаву ороста намудани кӯчаву хиёбонҳои он машғуланд. Барои хуррамгардонии пойтахт ҳамаи мо масъулият дорем. Гарчанде одобу ахлоқ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт имрӯз рӯ ба беҳбудӣ овардааст, ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки бо рафтору кирдори ношоиста ба шаъни сокини пойтахт нанг оварда, фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинии моро
коста мегардонанд. Бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 28 декабри соли 2000 «Маромномаи сокини пойтахт» ва 16 октябри соли 2008 «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» қабул гардида буданд. Дар санадҳои мазкур омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин, дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад. Асосҳои ҳуқуқии онро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар кӯча, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, корхонаву муассиса, боғҳо, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ва дар ин ҳолат ҳозир шудан, кашидани носу сигор, инчунин, аз соати 23:00 то 6:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст. Ҳамчунин, таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсад таъйиннагардида, бунёд ва гузоштани гаражҳо барои мошинҳои шахсӣ бидуни қарори раиси шаҳри Душанбе ва насби радиошунавонию карнайҳои радио дар биноҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву шоҳроҳҳо мамнӯъ мебошад. Тавре ба мушоҳида мерасад, баъзе сокинони пойтахт ба рафтори ношоистаи фарзандонашон, ки аз ҷумла, ба поймол намудани майсазорон, гулу буттаҳо, шикастани дарахтон, корношоям гардондани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани атрофи биноҳои истиқоматӣ даст мезананд, муносибати бепарвоёна доранд. Дар пойтахт соли равон аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зиёда аз 76 адад майдончаҳои варзишӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Хабаргузории arabic.rt.com хабар дод, ки ҳунарпешаи машҳури бритонӣ, Кира Найтли духтари сесолаашро аз тамошои филмҳои тасвирии студияи маъруфи “Дисней” манъ кардааст. Ӯ махсусан филмҳои “Синдерелло” ва “Белоснежка”-и студияи мазкурро, ки яке соли 37-ум ва дигаре соли 50-уми асри гузашта тавлид гардида, то имрӯз дар маърази тамошои кӯдакони олам қарор доранд, тахрибгари афкор ва ахлоқу рафтори кӯдакон арзёбӣ кардааст. Ӯ даъво ба амал овардааст, ки дар филмҳои картонии мазкур мавқеи зан нодуруст нишон дода шуда, арзишҳои ахлоқӣ поймол гардидаанд. Ба ақидаи номбурда агар дар филми Синдерелло зан дар ҳаёт нотавон нишон дода шуда бошад, “Белоснежка” дар майнаи кӯдакон фикрҳои хато ва дар кирдори онҳо ахлоқи нодурустро ҷой медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳунарпешаи мазкур дар филмҳои ширкати Дисней иҷрои нақш кардааст.
бунёд гардиданд. Мақсад аз бунёди ин иншооти варзишӣ таъмин намудани шароит барои ба варзиш ҷалб намудани насли наврас ва истироҳати бофароғати онҳо мебошад. Инчунин, тибқи нақша дар муддати се сол боз 80 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифодаи сокинон дода мешавад. - Мутаассифона, ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе наврасону кӯдакон ба таҷҳизоту ашёи ин майдончаҳои варзишӣ муносибати беэҳтиётона намуда, онҳоро шикаставу корношоям намудаанд. Масалан, ба арғунчакҳо, ки барои бозии кӯдакони хурдсол муайян шудааст, наврасони 16 - 17 - сола се - чор нафарӣ савор мешаванд, ки ин боиси корношоям гардидани онҳо мегардад. Инчунин, дар вақти бозӣ дар ин майдончаҳо озор додани кӯдакони хурдсол аз ҷониби наврасон низ ба мушоҳида мерасад. Волидайн ва омӯзгорони пойтахтро зарур аст, ки тартиб ва қоидаи рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар ин майдончаҳои варзиширо ба онҳо омӯзонанд, - гуфт Алишер Саидов сокини шаҳри Душанбе. Ҳолати муҳими дигар ин амали ноҷои баъзе истиқоматкунандагони биноҳои дар шоҳроҳҳо воқеъ гардида мебошад, ки либосҳои худро берун аз хона овезон менамоянд. Ин гуна амал ғайриахлоқӣ буда, ба косташавии ҳусни зебои шаҳр оварда мерасонад. Мувофиқи нишондоди «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва ба таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд. Сокини пойтахт будан ифтихори бузург аст. Аз ин рӯ, ҳар сокини пойтахт бояд ба қадри заҳмати сангини масъулони шаҳрдорӣ расанд. Зеро тозаву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки ҳама дар якҷоягӣ онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта, поймолу хароб гарданд. Фаромӯш насозем, ки тозагии шаҳр аз тозагии кӯчаву маҳалли зисти ҳар яки мо оғоз мешавад. Пас, моро мебояд, ҳар гӯшаву канори Ватанро чун хонаи зисти худ дониста, ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки фарҳангу тамаддуни воло дорем.
Дар айни ҳол сомонаи al-jazirah.com вобаста ба ин мавзуъ аз натиҷаи пажӯҳиши илмии мутахассисони мисрӣ хабар нашр кард. Пажӯҳиши илмии онҳо доир ба филмҳои тасвирӣ ва таъсири онҳо ба кӯдакон амалӣ гардидааст. Онҳо пас аз омӯзиш натиҷа ҳосил намудаанд, ки тамошои филмҳои тасвирӣ боиси хушунат ва амалҳои ҷиноии наврасон мегардад. Таҳқиқот нишон додааст, ки 45 фоиз кирдору рафтори наврасон тавассути мушоҳидаи филмҳои тасвирӣ касб мешавад. Кӯдакони аз 2 сола то панҷ сола, ки дар ин синни ҳассос пайваста чунин филмҳоро тамошо мекунанд, хушунату зӯроварӣ ва амалҳои ҷиноятиро дар худ намоиш медиҳанд, ки баъдтар ислоҳи он душвор ва баъзан номумкин мегардад. Онҳо чунин кӯдаконро бо наврасоне, ки камтар филмҳои тасвириро тамошо мекунанд, муқоиса намудаанд, ки дар рафтору кирдор миёни ду гурӯҳ фарқи бузург будааст. Таҳқиқот исбот мекунад, ки 29 дарсади филмҳои тасвирии имрӯза хушунату зӯровариро тарғиб намуда, 23 дарсад масъалаҳои ҷинсиро ташвиқ мекунанд, ки асосан мушоҳидаи он барои кӯдакон мамнуъ мебошад. Дар замони муосир ҳаёти кӯдакону наврасонро бидуни тамошои филмҳои тасвирӣ, тасаввур карда намешавад. Мушоҳидаи чунин филмҳо ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии онҳо гаштааст. Мутаассифона, волидон барои масъулият ва ташвиши кӯдаконро кам кардан, онҳоро ба тамошои филмҳои тасвирӣ машғул месозанд. Онҳо розӣ ҳастанд, ки соатҳои тӯлонӣ кӯдаконашон аз назди телевизор нахезанд, муҳим он ки онҳоро ба ташвиш наоранд. Аммо аз пасманзари ин амали хеш андеша намекунанд, ки дар синни булуғ фарзандон мушкилоти ҷиддиро болои онҳо меоранд. Ҷомеашиноси тоҷик Аҳлиддин Садриддин гарчанде фоидаи тамошои филмҳои тасвириро инкор намекунад, аммо зарари онро бештар медонад. Ӯ дар сӯҳбат бо мо чунин иброз дошт: “Мо дар замони ҷаҳонишавӣ зиндагӣ мекунем ва кӯдаконро аз тамошои филмҳои тасвирӣ пурра боз дошта наметавонем. Ба ғайр аз ин агар филмҳои тасвирӣ истеҳсоли ватанӣ, бо забони шевои тоҷикӣ ва дар чаҳорчӯби ахлоқи ҳамида бошанд, аз манфиат холӣ буда наметавонанд. Масалан, кӯдакон забони адабиро ёд мегиранд ва арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ дар кирдори онҳо ба вуҷуд меояд. Ин фоидаҳо ба меъёр тааллуқ доранд, ки дар як шабонарӯз набояд аз ду соат бештар тамошо кунанд ва он ҳам пайваста не, балки пароканда бошад, яъне дар миён танаффус анҷом ёбад. Аммо, филмҳои тасвирии имрӯза зотан носолим буда, риоя нагардидани меъёру қоидаҳо дар ин самт боиси зарари бештар гардидааст. Махсусан кӯдаконро ба хушунату зӯроварӣ бурда, ба ҷанбаи равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин тафаккури онҳоро маҳдуд сохта, малакаи ташаббускории кӯдаконро кам мекунад”. Марҷона модари ду писар, ки ҳангоми харидории фиттаҳо ба ӯ рӯ ба рӯ гардидем, мегӯяд, писарони ӯ дар як шабонарӯз то панҷ шаш соат филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд. Ба гуфти ӯ ин амал аз тифлии онҳо оғоз гардидааст, ки ҳамакнун дар манъи он оҷиз мондааст. “Ҳозир кӯшиш мекунам, то писаронам тамошои филмҳои тасвириро камтар кунанд, лекин фикр мекунам дер шудааст. Агар телевизионро хомӯш карданӣ шавам, онҳо монеъ мешаванд ва дар сурати исрор варзиданам ба хашму ғазаб омада, ашёи хонаро мешикананд. Ин мушкилест, ки бештари модарону падарон ба он гирифторанд. Аз онҳо хоҳиш мекунам, ки кӯдаконро аз синни тифлӣ назорат кунанд, то ба ин ҳол нарасанд”.Малоҳат ҷавондухтари дигаре ҳамроҳи писари панҷсолааш ба суҳбати мо ҳамроҳ гардид. Ӯ низ аз ин боб шикоят кард. Ба қавли ӯ писараш дар як шабонарӯз то 8 соат филми тасвирӣ тамошо мекардааст. Малоҳат то пайхас кардани зарари он бетаваҷҷуҳ будааст, аммо ҳозир фикри дигар дорад. Ӯ мегӯяд: “Мушкилӣ дар он аст, ки писари ман суханон ва қаҳрамонони филмҳоро тақлид мекунад. Дар ҳама ҷо худ ба худ ҳарф мезанад, ҳангоми бозӣ суханҳои хушунатомезро ба забон меорад. Масалан, мегӯяд “Туро мекушам, туро пора месозам” ва ғайра. Инчунин дар хобаш суханони филмро бо садои баланд такрор мекунад, ки маро дар ҳақиқат ба ташвиш овардааст”. Таъкид бояд кард, ки падару модарон дар ин самт масъули асосӣ буда, вазифадоранд, то ин ҷараёнро зери назорати худ бигиранд. Дар харидории фиттаҳо ва интихоби шабакаҳои махсуси филмҳои тасвирӣ бетаваҷҷуҳ набошанд. Ҳамчунон, мутахассисони соҳа пешниҳод мекунанд, ки ширкатҳо ва студияҳои филмсозӣ бояд филмҳои ватаниро, ки дар партави ахлоқу одоби ҳамида ва фарҳанги бою ғановатманди миллати тоҷик истеҳсол мегарданд, бештар рӯи кор оранд. Мақомоти дахлдор, хосса Вазорати фарҳанг бояд ин қазияро зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Махсусан филмҳои тасвирие, ки аз хориҷи кишвар ворид мегарданд ва ба забони кӯчагӣ бозгардон шуда, ба фарҳанги миллӣ латма мезананд, маҳдуд сохта шаванд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
Қадриддин ИСОЕВ
Филмҳои тасвирӣ омили хушунати кӯдакон
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Бино ба мушоҳидаҳо солҳои охир истифодаи нақлиёти сиёҳшиша дар кишвар зиёд ба назар расида, ронандагони нақлиёти мусофиркаш низ кӯшиш мекунанд, то шишаҳои автомашинаи худро сиёҳ кунанд. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ахиран ҷиҳати манъи автомашинаҳои мусофиркаши сиёҳшиша расман ба Ҳукумати кишвар мактуб пешниҳод намудааст. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдорӣ ҳангоми суҳбат гуфт, ки сабаби асосии манъи мошинҳои сиёҳшиша таъмини амнияти бехатарии мусофирон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад. Ба гуфтаи мавсуф, дар сурати қабули пешниҳоди раиси шаҳр истифодаи шишаҳои торик дар тамоми намуди нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ, яъне автобус, микроавтобус ва таксиҳои атрофи пойтахт манъ мегардад. Гарчанде ин пешниҳод то ҳол расман қабул нагардидааст, аммо аллакай дар ҳудуди пойтахт нигаронии ронандагон ба чашм мерасанд. Ромис, ронандаи нақлиёти мусофиркаш, ки дар ширкати “Рахш таксӣ” фаъолият мекунаду оинаҳои мошинаш сиёҳ нестанд, дар суҳбат изҳор дошт, ки муштариҳои ин ширкат бештар автомашинаҳои сиёҳшишаро хуш доранду танҳо аз онҳо истифода мебаранд. Мавсуф бо таассуф қисса кард, ки чанд маротиба барои бурдани муштарӣ ба ҷойи лозима рафтааст, аммо баъди дидани автомашина аз хизматрасонии мошинаш даст кашидаанд, ки сабаб надоштани шишаҳои сиёҳи автомашина будааст. Ӯ гуфт: “чанд маротиба ба ин ҳолат рӯ ба рӯ гардидаам, ки муштарӣ даъват мекунад, то ӯро ҷойи лозима бо автомашина барам, вале баъди дидани мошинам савор намешуданд.
НИГОҲИ ДИГАР
Аз байн рафтани мошинҳои сиёҳшиша бехатарии мусофиронро таъмин мекунад
Онҳо дубора ба ширкат тамос мегирифтанд ва мошини сиёҳшишаро фармоиш медоданд. Бештар ин мусофирон духтарон ё занони ҷавонанд, ки аз мошинҳои шишасиёҳ истифода мебаранд. Ба чӣ хотир бошад, ки аз мошинҳои торик хушашон меояд ва ронандагон низ барои бештар намудани муштариён аз шишаҳои сиёҳ истифода мебаранд”. Имрӯз кам нестанд нафароне, ки аз хизматрасонии автомашинаҳое, ки шишаҳои сиёҳ доранд истифода намебаранд. Ин нафарон кӯшиш мекунанд, ки аз нақлиёти мусофиркаше истифода баранд, ки роҳат ва рушан бошанд. Ҳангоми суҳбат бо чанд нафар маълум гардид, ки онҳо дар танҳоӣ аз хизматрасонии чунин мошинҳо ҳеҷ гоҳ истифода намебаранд ва худро дар мошини бо шишаҳои муқаррарӣ бароҳат эҳсос мекунанд. Ҳамсуҳбатамон Гулру, яке аз он нафаронест, ки аз худравҳои дорои шишаҳои сиёҳ истифода намебарад. Мавсуф гуфт, ки иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе хеле хубу саривақтӣ аст, чун касе намедонад, пушти он тирезаҳои торик чӣ гапу хабар аст. Гарчанде ҳеҷ шиквае нашунидааст. Бону Гулру илова мекунад, ки автомашинаҳои сиёҳшиша дохилашон хеле дилгиркунанда буда, шахс худро нороҳат эҳсос мекунад ва то расидан ба ҷойи лозима чандин андешаҳо дар сар чарх мезанад. Гарчанде мушкиле пеш намеояду ба роҳат сафар мекунӣ. “Ҳамеша
кӯшиш мекунам, ки ба нақлиёти мусофиркаши бо шишаҳои оддӣ савор шавам. Ҳатто дар ҳолати дер мондан аз кори лозима ба нақлиёти бо шишаҳои сиёҳ намешинам. Намедонам тарс аз чӣ бошад, ки ҳеҷ одат накардам ба ин намуди нақлиёт савор шавам. Шояд синну солам то ҷое расида бошад, ки ҳатто дидани чунин мошинҳоро намехоҳам”. Р о н а н д а г о н и автомашинаҳои мусофиркаш ба хотири ҷалби муштариён шишаҳои мошини худро сиёҳ мекунанд, аммо бештари ҷавонон оинаи мошинҳои шахсии худро ба он хотир сиёҳ мекунанд, ки худро дар чашми дигарон ҷиддӣ ва босалобат вонамуд созанд. Ва бо ин роҳ такаббур ва худнамоӣ кунанд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки ҷавонони дорои чунин мошинҳо қоидаи роҳро дағалона вайрон мекунанд. Онҳо аз шишаҳои сиёҳ суистифода намуда, мусиқии гӯшхарошро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баланд гӯш мекунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд. Назар, яке аз ҷавононест, ки оинаи автомашинаашро ҳар соле бо маблағи зиёд сиёҳ мекунад ва сабабашро зеботар гардидани мошинаш медонад. Вале номбурда имрӯз пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ мекунаду худ низ омода аст, оинаи мошинашро ба шакли муқаррарӣ дарорад. Ҳамчунин Назар бар он андеша аст, ки хуб мешуд тамоми мошинҳое, ки дорои шишаи сиёҳ ҳастанд, дар дохили шаҳр аз байн баранд.
Танҳо мошинҳои корхонаҳои давлатӣ бо чунин тарзи оина дар хиёбонҳои шаҳр дида шаванд, ки бо шишаҳои сиёҳашон аз дигар нақлиёт фарқ кунанд. Дар ҳақиқат пешниҳоди хеле хуб аст, ки дохили шаҳр аз автомашинаҳои сиёҳшиша тоза карда шавад. Танҳо кормандони сохторҳои давлатӣ аз онҳо истифода баранду халос. Баъдан вақте ин кор амалӣ шавад, дигар мардум низ бароҳат мешаванд ва дигар нафаре аз он ҳарос намекунад, ки пушти тирезаҳои торик чӣ гапу хабар аст. Ҳамчунин модарон, ки ҳамеша аз автомашинаҳои сиёҳшиша нигаронӣ мекарданд, аз ин пас амн мешаванд. Яъне вақте кӯдакон бенишон мешуданд ҳатман мегуфтанд, ки бо мошини сиёҳшиша каноре бурда шуд ва кӣ будани нафарони дохили нақлиёт дида намешуд. Баъди ин пешниҳод шояд ин амали номатлуб низ дар ҷомеа ба пуррагӣ несту нопадид гардад. Феълан маълум нест, ки Ҳукумати кишвар ба тасмими шаҳрдорӣ чӣ посух медиҳад, вале ронандагоне, ки тоза шишаҳои автомашинаи худро сиёҳ кардаанд, хеле нороҳату нигаронанд. Чун ҳам муштариёнашонро аз даст медиҳанд ва ҳам маблағе, ки барои сиёҳ кардани шишаи мошинашон супоридаанд, зери суол мемонад. Аммо Усмонзода, сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ҳолати қабул гардидани қарор ронандагон аз оинаи сиёҳ бояд даст бикашанд. Бештари ронандагон ба
7 пуррагӣ аз байн бурдани тирезаҳои сиёҳро қабул надоранд. Яке аз чунин ронандагон Хуршед зимни суҳбат гуфт: “дар системаи демократӣ набояд ба ҳар як чизи ҷузъӣ аз ҷониби давлат ниҳодҳои марбутаи он соҳа бидуни пурсиши андешаи аҳолӣ тасмим бигирем. Сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ як ҳуқуқи шаҳрвандон бояд ба онҳо вогузор карда шавад. Барои сиёҳ кардани шишаи мошин меъёрҳои қонунгузорӣ муайянанд. Пас, дахолати аз ин зиёдтар ба манфиат нахоҳад буд. Масалан, маро ҳеҷ касе наметавонад гӯяд, ки тирезаи хонаатро пардапӯш накун. Он моликияти ман аст ва дар дохилаш ҳамсару фарзандони ман ба сар мебаранд. Ва мошин ҳам айнан мисли ҳамин аст. Набояд ҳамагонро намоиш диҳам, ки ман дар дохили он бо кӣ сафар мекунам. Чӣ гунае, ки дар Конститутсия омадааст, “Манзили шахс дахлнопазир аст”, ин ҳам бояд дахлнопазир бошад”. Хулоса, бино бар таъкиди ҳамсуҳбатон хуб мешуд Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодаи автомашинаҳои сиёҳшиша меъёри муайянеро қабул мекард. Яъне агар тирезаҳои сиёҳ ба пуррагӣ аз байн бурда нашаванд, пас тирезаи пеши автомашина муқаррарӣ ва тирезаҳои паси мошин сиёҳ карда шаванд. Ҳамчунин агар ин андешаи ронандагон мадди назар қарор гирад, маблағи иҷозат барои он низ 70 % коҳиш дода шавад, ки ҳар ронанда тавонад оинаи паси худрави худро тира кунад ва ба буҷҷаи давлат фоидаи бештаре ворид шавад. Шишаи сиёҳи мошин аз соли 1995 дар кишвар мамнӯъ буд ва соли 2009 парлумон иҷозат дод, ки ронандагон бар ивази супоридани маблағ ба буҷаи давлат ба миқдори аз 2500 то 3100 сомонӣ шишаҳои худрави худро сиёҳ кунанд. Манзумаи Фирӯз, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Осиё-2020: Рақибони Тоҷикистон маълум шуданд 7-уми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони то 23-сола доир шуд. Дастаи мунтахаби то 23-солаҳои Тоҷикистон тибқи қуръакашӣ дар гурӯҳи “F” бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон (мизбони мусобиқа), Ҳиндустон ва Покистон рақобат мекунанд. Марҳилаи интихобӣ аз 22 то 26-уми марти соли 2019 ҷараён гирифта, дар он 44 дастаи қора дар 11 гурӯҳ сабқат менамоянд: 6 гурӯҳ аз минтақаи Ғарб ва 5 гурӯҳ аз минтақаи Шарқ. Мувофиқи натиҷаҳои даври интихобӣ, ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 даста, ки дар гурӯҳҳо нишондоди беҳтарин доранд, ба финали чемпионати Осиё роҳхат мегиранд. Даври финалии чемпионат аз 8 то 26уми январи соли 2020 дар ҷумҳурии Тайланд баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 ба бозиҳои тобистонаи Олимпӣ-2020, ки дар Токио мегузаад, роҳ меёбанд. Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 23-сола чунин аст: Минтақаи Ғарб: Минтақаи Шарқ: Гурӯҳи “А”: Қатар (мизбон), Уммон, Непал, Группа “G”: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, СингаАфғонистон. пур, Муғулистон (мизбон). Гурӯҳи “В”: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), БанГруппа “Н”: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, гладеш, Шри-Ланка. Камбоҷа (мизбон), Тайбеи Чин. Гурӯҳи “С”: Ироқ, Эрон (мизбон) Туркманистон, Группа “I”: Ҷопон, Мянма (мизбон), Тимори Яман. Шарқӣ, Макао. Гурӯҳи “D”: Арабистони Саудӣ (мизбон), АМА, Группа “J”: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, ФиЛубнон, Ҷазираҳои Малдив. липпин. Гурӯҳи “Е”: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт Группа “К”: Ветнам (мизбон), Таиланд, Индоне(мизбон) зия, Бруней. Гурӯҳи “F”: Ӯзбекистон (мизбон), Ҳиндустон, Тоҷикистон, Покистон. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
Саидҷалол Саидов қаҳрамони Ҷоми Осиё шуд Дар шаҳри Актауви Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори ду медал гардиданд. Мусобиқаи мазкур 3-4 ноябр, бо иштироки 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар сурат гирифт. Саидҷалол Саидов, паҳлавони шинохтаи кишвар дар вазни -100 кило сазовори медали тилло ва Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кило медали нуқраро ба гардан овехтанд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.
ЧҶ : Тоҷикистонро 10 паҳлавон муаррифӣ мекунанд Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон 9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия баргузор мегардад. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи Вазни -82кг – Зафар ОЛИМШОЕВ миллии олимпии кишвар дар мусобиқаи Вазни -90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН мазкур варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон баВазни -100кг – Муҳаммадризо рои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмӯъ миёни ҚУРБОНЗОДА мардон, 9 маҷмӯъ миёни бонувон, 9 маҷмӯъ дар самбои размӣ) мубориза мебаранд. Самбои размӣ: Дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар Вазни -62кг – Сорбон ЛАТИФОВ ҳайати 10 нафар – 8 нафар дар самбои Вазни -68кг – Умед МУҲИДДИНОВ варзишӣ, 2 нафар дар самбои размӣ муайФедератсияи байналмилалии самбо ян гардид. дар чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳонро дар Самбои варзишӣ: ҳаҷми 216 000 доллари ИМА тасдиқ кард. Вазни -52кг – Ҷомии ҲАСАН Варзишгароне, ки сазовори медал мегарВазни -57кг – Акмалиддин КАРИМОВ данд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд: Вазни -62кг – Хушқадам ХУСРАВОВ Ҷои 1 – 3000 доллари ИМА Вазни -68кг – Мустафо ҲАСАНОВ Ҷои 2 – 2000 доллари ИМА Вазни -74кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА Ҷои 3 – 1500 доллари ИМА
Хайёмиддин бошад, дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хӯрд. Аз ҷумҳурии мо Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок кард, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд. Тоҷикистон бо ду медал дар ҳисоби даставӣ баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар Сочи варзишгари маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Рушду инкишоф додан ва дар байни табақаҳои васеи омма густариш бахшидани варзиш яке аз ҷанбаъҳои муҳими демократикунонии ҳаёти ҷомеа мебошад. Чунки он бевосита ба ҷалби одамон барои ширкати фаъолона дар зиндагии ҷамъиятӣ мусоидат мекунад. Ҳаматарафа ҷисман тараққӣ додани ҷомеа вазифаи муҳимтарини ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Варзиш ба инсон зебоӣ, доноӣ ва зиракӣ мебахшад. Бо варзиш метавон эҳсоси ватандӯстиро баён намуд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, аксарияти намудҳои варзишӣ тахассуси барвақтиро талаб мекунад. Масалан ба гимнастика, рақси рӯи ях ва оббозӣ дар синну соли 5-6 фаро гирифта мешаванд. Фаъолияти варзишии кӯдак ҳам барои волидайн ва ҳам барои худаш ҷиҳати афзалиятдошта гардида, тамоми маҷроиҳаёти онҳо ба низоми машқ тобеъ мешавад. Маҳз ҳамин тавр, хислати “оҳанини варзишӣ» обутоб меёбад. Кадом чиз ҳоло кӯдакро ба ҳаракат меорад ва чӣ маҷбур месозад, ки вазнинии ҳаррӯзаро ба дӯши худ бигирад? Оё шумо орзу доред, ки парчамбардори Тоҷикистон дар мусобиқаҳои бонуфуз бошед? Оё дилатон метапад? Метапад, аммо на ҳамаатонро имкон медиҳад, ки ҳаракат кунед, талош намоед ва маҳорати худро бисанҷед.
ВАРЗИШ ВА КӮДАКОН
Вақте пайваста машқ мекунем... Ҷои тааҷҷуб нест, ки асри бисту як, асри комёбиҳои навини варзиши замони муосир мегардад. То чи андоза намудҳои варзиши муосир фоида меорад, ин масъалаи махсус аст. Назариячии машҳури соҳаи варзиш дар олам Н. И. Пономарёв мефармояд: “Варзиш ин институти иҷтимоии тарбиявиест, ки дар он мусобиқа амал карда, натиҷаҳои баланди варзишӣ арзиш доранд…» Варзиши касбӣ, ки ба манфиатҳои тиҷоратӣ вобастагӣ дорад, сарчашмаи асосии мавҷудияти варзишгарон аст. Варзиши олимпӣ, ки анъанаҳои баланди инсонпарварӣ дорад, мафкураҳои олимпиро дар амал татбиқ менамояд. Чи тавре ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, дар тарбияи варзишгар сотсиализатсияи нахустине, ки аз ҷониби оила амалӣ кунонида мешавад, мавқеи ҳалкунанда дорад. Сарчашмаи таъсирот, ҳавасмандии шахсии оила дар боби машғулияти мувафаққиятноки варзиши фарзандони онҳо мебошад. Вобаста ба сатҳи обрӯи ҳар як волидайн нерӯи таъсироти оилавӣ ба фарзанд паст ва ё баланд мегардад. Маҳз сотсиализатсияи нахустин, ба раванди равнақу ривоҷи шахсияти варзишгар тамоюлҳои мухталифро муҳайё месозад. Худи «ман-ро кӯдак ба воситаи қабул намудани фарҳанг ва муоширати аъзои оила, ки онро иҳота кардааст, бино мекунад. Маҳз оила воситаи алоқамандии фарзанд ба дигар бахшҳо ва фаҳмиши олам, умуман то барқарорсозии муносибатҳо дар мактаб ва ё дар даста ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, дар оила намуди сохтори рафтори оянда, хислат ва ҳамбастагии варзишгар ба ҳаёти шахсии худ оғоз меёбад. Мақсадҳои асосии варзишгарон ҳамчун қоида амалӣ мегардад, ки солҳои бисёри умри худро ба варзиш бахшидаанд, пушаймон нестанд ва ин амали худро дуруст мешуморанд. Барои мукаммал намудани системаҳои мусобиқаҳои варзишӣ нарм намудани шароитҳои муборизаҳои варзишӣ, кор карда баромадани қоидаҳои махсуси мусобиқавӣ, башардӯстии варзиш, ҳимоя намудани варзишгар бо назардошти хусусияти биологӣ –иҷтимоӣ ва мақоме, ки вай дар ҷомеа дорад, зарур аст. Шахс дар баробари идеали рӯҳпарварӣ ва таълиму тарбияи накӯ гирифтан, бояд ба саодати воқеӣ ба ҳам дӯст бошанд, дӯстиву меҳру муҳаббатро ба якдигар талқин намоянд. Дар бозиҳои варзишӣ дӯстӣ ва адолат дар ҷои аввал меистад. Оне, ки адолат надорад ва ба инсон дӯстӣ намекунад
ӯ аз доираи инсонӣ берун аст. Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон шиори «Варзиш- қосиди сулҳ», «Варзиш дӯстист!», «Варзиш инсонҳоро ба ҳам мепайвандад» дар мисоли панҷ ҳалқа (рамзи панҷ қитъа) ва ғайраҳо дӯстӣ, муошират ва рафту омади одамонро ба мулки якдигар мепайвандад. Бешубҳа, агар тарзи ҳаёти солим ба ҳар хонадон наздик бошад, ҷавонону наврасон аз ҳама амалҳои ношоям парҳез менамоянд. Варзиш дар ҳақиқат дар ҳаёти инсон нақши калон дорад. Тарбияи ҷисмонӣ ва солимии инсон низ ба нигоҳубин ва назорати волидон вобастагии қавӣ дорад, зеро инсон аввал ҳаракатҳои оддии ҷисмониро дар аёми наврасӣ дар оила аз модар меомӯзад. Иштироки фаъолонаи оила дар ҳаракатҳои ҷисмонӣ–оммавӣ, мақсаднок иҷро намудани восита ва шаклҳои гуногуни маданияти ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти ҳаррӯза дар замони мо ба як шакли муайян даромадааст. Таъсири мактаб на фақат аз кор бо падару модарон иборат аст, балки худи хонандагонро барои дарсҳои мустақилонаи ҳаёт бояд омода намояд. Инҳо омӯзиши маҷмӯи машқҳои гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, обутобёбии ҷисмонӣ, машқҳои мураккаби ҷисмонӣ, иҷроиши вазифаҳои хонагӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ, гузаронидани машқҳои мустақилона барои супоридани меъёрҳои таълимӣ мебошанд. Оила ва мактаб дар амал бояд ягона бошанд, вобаста ба ҳамин шартҳо тарбияи
кӯдакон натиҷаи мусбӣ медиҳад. Ҳам падару модарон ва ҳам мактаб корҳои худфаъолиятӣмашқии кӯдаконро бояд ташкил намоянд, баҳо диҳанд ва барои инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонию маҳорати варзишии онҳо ғамхорӣ намоянд. Аз ҳамин ҷост, ки бо маслиҳати падару модарон, муаллимон ва мураббиён насли наврас фаъолона дар чорабиниҳо иштирок менамоянд. Аз тарафи дигар, муносибати онҳо ба маданияти ҷисмонӣ дар оила, ин асбоби аёнии зинда барои кӯдакон мебошад. Инро бояд ҳар як падару модар донанд. Маданияти ҷисмонии хонандагон дар оила ин равиши дуру дароз ва душвор мебошад, ки аз падару модарон дониши муайян, истодагарӣ, маҳорат ва иштироки фаъолонаро талаб мекунад. Ба шаклҳои реҷаи маданияти ҷисмонӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мактаббачагон дохил мешаванд: А) гимнастикаи пагоҳирӯзии беҳдоштӣ; Б) обутобдиҳии бадан ва худмаҳскунӣ; В) лаҳзаҳои машқи ҷисмонӣ; Г) истироҳати фаъол ва сайругашт дар ҳавои кушод дар вақти холӣ ва берун аз дарсҳо (бозиҳои серҳаракат); Д) давидан бо либоси сабуки варзишӣ, машқҳо барои инкишофёбии мушакҳо, сайругашти бегоҳирӯзӣ. Вазифаи асосӣ дар вақти иҷрои ин машқҳо пешгирии камҳаракатии хун дар организм, тамрини пайвандҳо ва мушакҳо, фаъол гардонидани фаъолияти кори дил, системаи органҳои
9
дарунӣ мебошанд. Дар баробари ҳамин, машқҳои ҳаррӯзаи 15-20 дақиқагӣ имконият медиҳанд, ки барои беҳбудии инкишофи ҷисмонии хонандагон, мукаммалкунии қаду қомат ва дигар қобилиятҳои ҷисмонии хонандагон натиҷаҳо ба даст оварда шаванд. Сол аз сол кӯдакон мустақилона миқдори такрори машқҳоро аз худ мекунанд ва кори хуби мушакҳо ва пайвандҳоро дарк менамоянд. Ҳисси дарккунии машқҳои пагоҳирӯзӣ, ба монанди оббозӣ дар ҳавз, дарё ва ҷӯйҳо дида мешавад. Оби хунук баданро бардам, боқувват ва тоза мекунад ва аз пӯст ба системаи асаб набзро мебарад. Хулоса, нақши тарбияи ҷисмонӣ дар солим тарбия ёфтани насли наврас хеле бузург аст. Ҳамин тавр, тадбири бештари нигоҳдории тандурустӣ, ин ба варзиш машғул будан , сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб аст. Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирзобоқӣ ШАРИПОВ, ёвари ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, дотсент Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов
10
АНДЕША
Сокинони Деваштич ба 30-солагии истиқлолият омода мешаванд Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарину ватандӯсти кишвари маҳбубамон ташаббусҳои хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат камари ҳиммату саховатро беш аз пеш мустаҳкамтар бастаанд. Мавриди тазаккур ва боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҳамин роҳ вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ баҳри баланд гардидани иҷтимоиёту иқтисодиёти аҳолии мамлакат ва боз ҳам афзудани обрӯву нуфузи Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ 19-уми декабри соли 2017 Фармони хешро таҳти №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расониданд. Мардуми ноҳияи Деваштич низ аз ин санади таърихӣ ва аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар руҳу илҳом гирифта, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани макону диёри хеш корҳои бунёдкориву навсозиро оғоз намудаанд. Алалхусус дар мулоқоте, ки бо намояндагони ҷомеаи кишвар санаи моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ду нафар сокинони фаъоли ноҳия (Садрӣ Файзиев ва Ҳусайн Мӯсозода) ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки дар қатори дигар мардуми шарафманди диёр дар гузоштани хишти ободиҳои истиқлолият ҳиссагузор гардида, маҳсули саховатмандии хешро барои ноҳияву мардуми он бебозгашт хоҳанд дод. Инак, муддати на он қадар тӯлоние паси сар шуду зодагони бунёдкору бо нангу номус чун ҳамешагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар баҳри насли ояндаи хеш бо дасткушодию ҳимматбаландӣ ба шукуфонии Ватани хеш рӯй овардаанд. Ҳатто саховатпешагоне, низ ба майдони бузурги
ободиҳои истиқлолият ворид гардиданд, ки аз ҳисоби маблағҳои худ барои наслҳои имрӯзу оянда иншоотҳои таъиноти гуногуни заруриро бунёд гузошта, барои баҳрабардорӣ месупоранд, ин ҳам бошад аз ҷониби соҳибкор Файзиев Садрӣ сохта ба истифода додани бинои нави беморхонаи 4-ошёна бо таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ба маблағи зиёда аз шаш миллион сомонӣ дар деҳаи Далён, аз ҷониби Ҳусайн Мӯсозода бунёд намудани роҳи нақлиётии Мӯрияк ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ, бунёду ба истифода додани бинои таваллудхона барои 10 кат аз ҷониби Мирзоҳаким Калонов дар деҳаи Росровут ба маблағи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби соҳибкор Абдуллоев Тӯйчӣ таъмири муассисаи таълимии миёнаи умумии №13-и деҳаи Зарнисор ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ва Фозилова Маҳтоб, ки аз ҳисоби маблағҳои сафари ҳаҷ пули мошингузарро барои мардуми деҳаи Метк сохта ба истифода супориданд. Ҳамзамон мавриди таваҷҷуҳ аст, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар миқёси ҷумҳурӣ тариқи ҳашар дар бунёд намудани ин ё он иншооту биноҳо шӯҳратёр гардида, ҳоло низ пешсафиро аз даст надода, ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатӣ 4 синфхонаи иловагиро барои 120 нафар хонанда дар назди Гимназияи №3-и деҳаи Далёни Боло, 6 синфхонаи иловагиро барои 150 хонанда дар назди МТМУ №27-и деҳаи Метк, 5 синфхонаи иловагиро барои 150 хонанда дар назди МТМУ №46-и деҳаи Овчӣ, 20 синфхонаи иловагиро дар назди МТМУ №8-и деҳаи Далёни Боло барои 320 нафар хонанда ва бунгоҳи тиббиро дар деҳаи Анборғоз тариқи ҳашар сохта ба истифода месупоранд. Чунин сарҷамъии сокинон гувоҳи он аст, ки аъзои баору ватандори ҷомеа аз ояндаи неки насли наврасаш бетараф набуда, пайрави ташаббусҳои ободкорию созандаи Роҳбари хирадманди Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, бобати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, сокинони ноҳия низ фаъол буда, истиқоматкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Далёни Боло, Ваҳдат, Росровут ва Исмоили Сомонӣ зиёда аз даҳҳо километр роҳҳои байнидеҳавию ҷамоавиро аз таъмири ҷорӣ бароварда, мумфаршу регпӯш намуданд. Ободию бунёдкориҳои фавқуззикр, ки дар миқёси ноҳияи Деваштич дар 8 моҳи соли ҷорӣ рӯи кор омаданд, қатрае буданд баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чунин ташаббускорию сарҷамъии мардуми ноҳия низ аз эътибори дақиқназаронаи роҳбарияти олии кишвар дур намонда, инчунин дар ноҳия зиёда аз 40 лоиҳа бо маблағгузории давлатӣ ба маблағи наздик ба 250 миллион сомонӣ мавриди амалишавӣ қарор доранд, ки то ҷашни пуршукӯҳи таърихии миллию давлатӣ туҳфаи беназиру беҳтаринест барои сокинони ватандӯсту ободгари ноҳияи зебоманзари Деваштич. Ниҳоят, пешравиҳои воқеие, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакату аҳолӣ нигаронида шудаанд, аз фаъолияти самараноки давлату Ҳукумат ва ҳамраъйии шаҳрвандону ҷавонмардони бунёдкор бо сиёсати Роҳбарияти олии мамлакат дарак медиҳад. Бояд қотеъона ҷаҳд намоем, то ки сафи ғамхорони миллату давлат афзун гардида, барои наслҳои оянда Ватани зебову шукуфон ба мерос гузошта шавад. То он ки душманони давлату миллат ва давлатҳои ба ном «дӯст» бинанду шоҳиди он гарданд, ки Ваҳдати миллии сокинон шикастнопазир аст, Истиқлолияти давлатӣ абадан пояндаву устувор аст, мардуми шарафманду хештаншиноси Тоҷикистон дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулиятшинос аст ва сиёсати роҳбарияти олии кишвар сиёсати намунавию ҷадиду беҳтарин аст. Комрон ИСМОИЛЗОДА, ноҳияи Деваштич
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
(дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё ва фаъолони шаҳри Хуҷанд (24.10.2018)
Таваҷҷуҳ ба маориф – таваҷҷуҳ ба ояндаи дурахшон Дар ҳамаи давру замонҳо давлату миллате, ки рӯ ба илму маориф оварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, дар амри болоравии сатҳи дониш, ғанӣ гардидани иқтисодиёти давлат, таҳкими шохаҳои ҳокимияти он, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, дар ҳаёти осоишта умр ба сар бурдан ва раҳоӣ аз падидаҳои номатлуби ба ҷомеа хатарнок комёб мегардад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама ҳолат илмро аз ҳама муҳимтарин ва заруртарин омил дар ҳаёти инсон шуморида, ҳар фард ҳамчун роҳнамо дар зиндагӣ ва кору фаъолият васеъ истифода мебарад. Рӯзи 24-уми октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ва дар маросими ифтитоҳи бинои Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил дар назди аҳли зиё ва фаъолони шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, баробари зикр намудани дастовардҳои соҳаи маориф ва илм таъкид сохтанд, ки «Ман дар сиёсати худ соҳаи маориф ва илми кишварро дар мадди аввал гузоштаам. Аз ин лиҳоз, ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар ҳар сафари кориам дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор медиҳам. Зеро Тоҷикистон ва ягон мамлакати дунё бе илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба муваффақиятҳо ноил гардида наметавонад». Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва иқдомҳои шоистаи Президенти мамлакат аз як ҷониб барои рушди босуботи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум таъсири мусбӣ расонад аз ҷониби дигар барои решакан намудани падидаҳои манфии ҷомеа низ хизмат менамояд. Зеро маҳз тавассути донишандӯзӣ, ҳастиву нестии ҳаёт, пешрафт аз нокомӣ, равшанӣ аз торикӣ, дӯст аз душман ва некӣ аз бадӣ фарқ карда мешавад. Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби оммаи васеи мардум ба китобхонию донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ҷидду ҷаҳди пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, дар таърихи начандони дури Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳе боло бардоштанд, ки ҷавонону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълиму тарбия: кӯдакистонҳо, мактабҳои маълумоти миёна ва донишгоҳҳо сабақ гиранд. Имрӯз дар Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил додааст, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» фаъолияти ҳамаи зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва донишгоҳҳои олии кишварро назорат ва ба танзим медарорад. Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди илм ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани ҳар як сокинони он нигаронида шудааст, ки сол аз сол нуфузи бештар пайдо менамояд. Дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили ин соҳа хеле хуб арзёбӣ гардида, зикр намуданд, ки «Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои 3400 нафар хонанда ба маблағи умумии 325 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша то охири соли равон дар вилоят боз 47 иншооти нави соҳаи маориф бо муҳайё сохтани 7 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад». Таваҷҷуҳ намудани сарвари давлат ба рушди илму маърифат дар замони муосири Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки аз мардуми бофарҳанг, махсусан, ҷавонони даврони истиқлол умедҳои калон доранд. Дар ҳама ҳолат ҷавононро ҳидоят менамоянд то ки онҳо аз таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ва мутафаккирони барҷастаи он огоҳ ва аз мероси ғаноманди онҳо бархурдор бошанд, шоҳасарҳои бузурги тарбиявию ахлоқии тоҷику форсро дар таҷрибаи ҳаётӣ ва кору фаъолияти хеш васеъ истифода намоянд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маориф ва дигар соҳаҳои афзалияноки ҷомеа нақши пешбарандаву созгор гузоранд. Дар маҷмуъ, сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва дастуру супоришҳояшон дар назди мақомоти давлативу муассисаҳои таълимӣ ва аҳли зиёву фаъолони шаҳри Хуҷанд ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бетаъсир нахоҳад монд ва моро ҳамчун узви ҷомеа бори дигар водор месозад, ки масъулияти бузурги таълиму тарбия ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимиро дар кишвар бар дӯш гирифта, барои иҷрои ин рисолат дар назди давлат ва ҷомеа хизмати шоиста намоем. Фаридун ҲОДИБОЕВ, номзади илмҳои фалсафа, сардори Маркази иттилоот ва таҳлили МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
6 НОЯБР – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Санади тақдирсоз
Конститутсия (моддаҳои 93-97) муқаррар шудааст. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ танҳо дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд. Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 5-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдорро амалӣ менамояд. Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калон дошта, бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст. Дар марҳилаи муосир маҳз дар натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони ин мақомот дар марҳилаи тақдирсози ҷумҳурии соҳибихтиёри мо, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа қонуният
Имсол мо 24-солагии онро ҷашн мегирем. Ин сана барои мардуми мо, чун санаи таърихӣ сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Қаблан мо дорои чунин санад будем. Аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд. Танҳо пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии давлати мухтори тоҷикон ба миён омад. Масалан, бори аввал дар масири таърих баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи
қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмист. Яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолатҳо бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад. Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ҳаст ва хоҳад монд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Бо мақсади назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон мақомоти прокуратура таъсис дода шудааст. Ҳолати ҳуқуқии ин мақомот дар боби нуҳуми
Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик чун таркиби ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тӯли мавҷудияти хеш дар таркиби чандин давлатҳои бузургу кӯчак зиндагӣ намуда, аз пайи ҳалли ормону орзуҳои хеш буд ва ин орзуву омолаш дар дастуру маҷмӯи девону ҳуқуқномаҳо зикр мегардид. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони шӯравӣ панҷ маротиба конститутсияҳо қабул шуда буданд. Ниҳоят бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи мустақили давлатдории хешро муайян ва Конститутсияи худро чун дурнамои давлатдорӣ қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ дарвоқеъ таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буд. Бори аввал дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститусия он нуктаро эътироф намуд, ки асоси ҳуқуқии ҷомеаи нав, пеш аз ҳама ҳуқуқи озидиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Конститутсия ҳуқуқи озидиҳои инсонро арзиши олӣ муқаррар намуд.
Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурияти риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Эмомалӣ Раҳмон
11
ҳамчун ифодагар, нишондиҳандаи сатҳи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи нишондодҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилот, муассиса, корхонаҳо, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо эътироф ва таъмин шудааст. Риоя, иҷро ва татбиқи дурусту одилонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, унсурҳои дохилии амалигардии меъёрҳои ҳуқуқӣ, нишондод ва талаботҳои ҳуқуқӣ мавқеи худро ишғол кардаанд, ки дар ягонагӣ меҳвари принсипи қонуният ва мавзӯи асосии назорати прокурориро ташкил додаанд. Воқеан дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисо-
лати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 24 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Умуман, таърихи начандон дурамон собит намуд, ки қабули Конститусия ва роҳи интихобнамудаи мардуми кишвар бо роҳбарии ҳомии Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст будааст. Тавре ҳамагон шоҳидем, бо ташаббус ва сиёсати башардӯстонаи Сарвари хирадманди давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф шудаанд, дар ҳаёт татбиқи худро ёфтаанд.
Пас, эҳтироми Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номус, ватанпарастии ҳар як шаҳрванд нахуст дар эҳтироми шахс ба Конститутсия муайян карда мешавад. Туфайли ҳамин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистон асос гузошта шудааст.
Баҳодур КАСИРЗОДА, сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе
Кафили рушди ҷомеаи адолатпарвар Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият даровард ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Он ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид. Конститутсия муқаррар намуд, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, муқаррар намуд. Он роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори устувори давлат мебошад, ки дар худ арзишҳои пазируфтаи умумиинсонӣ, асосҳои барҷастаи
бунёдӣ ва сохтори давлатдориро возеҳу равшан таҷассум кардааст. Баландтарин арзиши бани башар ин шинохтани озодии инсону истиқлоли ӯст, ки дар Қонуни асосии мо пурҷило инъикос ёфтааст. Конститутсия соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровард. Ҳуқуқбунёдӣ ва демократия бошад ҷавҳар ва мақсади ниҳоии чунин давлат аст. Давлати ҳуқуқбунёд маънояш ба ҳуқуқ ниёзманду вобаста будани онро мефаҳмонад. Давлат танҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки Конститутсия ва қонунҳои ба он мутобиқ муқаррар кардаанд, бояд амал намояд. Умуман, чунин давлате вуҷуд надорад, ки он ба қонуну тартибот ва қоидаҳои ҳуқуқӣ эҳтиёҷ надошта бошад, ба хусус давлати ҳуқуқбунёд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ, қонун ва пеш аз ҳама Қонуни асосии мамлакат, ки манбаи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, бояд бечунучаро волоият дошта бошад ва ин волоият риоя, таъмин ва ҳифз карданро тақозо дорад.
Мавлон ШАРИФОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
12
6 НОЯБР – РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсияи кунунӣ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва манфиатоварӣ нисбати дигар Конститутсияҳое, ки дар даврони Шӯравӣ қабул гардиданд, моҳияти адолатхоҳӣ ва ватандўстӣ дошта, бештар барои ҳимояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст.
Конститутсия – баёнгари адолату озодӣ
Дар давоми 24 соли мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия, халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Аз ин нуқтаи назар, тамоми дастовадҳое, ки тўли 24 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлатӣ мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи ҳамешагии халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт, ки дар ин роҳ кўшишҳое низ амалӣ карда мешуданд. Ҳанўз дар аҳди Ҳахоманишинҳо дар қарни панҷуми пеш аз мелод Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир вуҷуд дошт, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт. Ба ибораи дигар, ҳар як халқ ҳамон Конститутсия дорад, ки ба он сазовор аст. Аз ин нуқтаи назар, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлатӣ Сомониён барпо гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, дахлнопазирии ҳудуди давлати Тоҷикистон, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намуданд. Аз ин рў, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки ҷомеа организ-
ми том ва доимо дар ҳолати рушд буда, механизмҳои таъминкунандаи фаъолияти он мунтазам баҳри фаъолияти самараноки худ дар доираи қонуниятҳои муайяни иҷтимоӣ талаботҳои навро ба пеш мегузорад. Иҷрои ин талаботҳо қодиранд мавҷудияти ҷомеаро тақвит бахшида, ба рушди муносибатҳо ва равандҳои иҷтимоии он нерўи тоза бахшанд. Қобили қайд аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун нерўи ояндасоз назар дошта, пайваста таъкид менамояд, ки «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро соҳиб шаванд». Ин суханони Пешвои миллат дар ҳар қадам баҳри тақвият бахшидан ва фаъолу самаранок истифода бурдани нерӯи ҷавонон баҳри ободкорию созандагӣ равона карда шудааст. Шинохти чеҳраи ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ имконияти медиҳад, то дар симои ў як нафар ояндасозеро бинем, ки масъулияти ватандориро ба дўш гирифта, муваззаф на танҳо барои шукуфоии имрўз, балки баҳри ояндаи дурахшони фардо низ мебошад. Ин ҳама дастгириҳо тақозо менамояд, ки мо насли калонсол роҳнамои содиқу беозори онҳо бошем, зеро баъзан мешавад, ки бо эродҳои беасоси худ, рўҳияи онҳоро коста гардонида, эҳсоси нобовариро дар вуҷудашон ҷой мекунем. Бо ворид кардани таъғиру иловаҳо дар моддаҳои 49 ва 65, ки дар таҳрири нав пешниҳод шуда буд, муқаррар мекунад, ки «Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва сини ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад». Маълум мешавад, ки меъёри амалкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сини 25 соларо пешбинӣ намудааст. Аз ин рў, маълум мегардад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ҷавони ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ менамояд, ки имрўз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда дар сатҳи вилояти Хатлон нисбати солҳои қабли зиёд гардидааст, ки ин теъдод то ин давра 296 нафарро ташкил менамояд. Бояд ҳаминро қайд кард, ки таҷлили Рўзи Конститутсияи кишвар ин нишонаи эҳтирому эътирофи давлату миллат нисбати ин шиносномаи миллат ва ё бахтномаи давлат унвон гирифтааст. Сайёра МАҲМАДОВА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
Конститутсия яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст. Бо шарофати қабули Конститутсияи Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули конститутсия давраи нав ба амал омад. Дар натиҷа, 6-ноябри соли 1994 ин Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.
Инак Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мам-
лакат ба вуҷуд овард. Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардид. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд. Мо, ҷавонони саодатманди кишвари азизамонро мебояд барои боз ҳам гул-гул шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Нагузорем,ки нохалафе бар ин диёр, ин сарзамини биҳиштосо хавфу хатаре ворид намояд. Азамҷон РАФИҚЗОДА, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии ДДМИТ
Ҳимоятгари манфиатҳои мардум 6-ноябри соли 2018 ба фаъолияти волотарин ва муҳимтарин санади ҳуқуқии мамлакатамон - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол пур шуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таввасути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Бо бовари метавон гуфт, ки ҳама он дигаргуниҳои мусбие,ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ба амал омадаанд, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайри имкон буд. Маҳз бо мақсади аниқтару мушаххастар намудани роҳҳои таърихӣ бо назардошти равандҳои нави инкишофи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи кишвар солҳои 1999, 2003 ва 2016 се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гаштанд. Хусусияти аз ҳамма мӯҳим ва ҷолиби ин Конститутсия дар он аст, ки бо ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст. На фард ё гурӯҳи алоҳида, балки шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ тамоми халқи мамлакат тибқи Конститутсия пояи иҷтимоии онро ташкил медиҳанд. Бино ба маълумоти коршиносони Созмони амнияту ҳамкори дар Аврупо Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА эътироф шудааст. Бояд тазаккур дод, ки калонтарин боби Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳуқуқу озоди, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном гирифтааст ва аз моддаи 14 то 47 –ро дар бар мегирад. Моддаи аввали ин боби Конститутсия (моддаи 14 ) чунин садо медиҳад:“Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳукуқи байналмилалие,ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ма мақомоти худидоракунии маҳаллиро муаян мекунад ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шахрванд танҳо ба мақсадӣ таъмин ва озодиҳои дигарон,тартиботи ҷамъияти, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, фитри ва дахлнопазир будани ҳуқуқҳояшро еътироф намуда онҳоро маҳаки муаянсозандаи фаъолияти давлат мешиносад. Илова бар ин меъёрҳои конститутсионӣ бахшида ба хуқуқҳои инсон мустаъқиман амал мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки чунин меъёрҳо асоси ҳалли ҳамагуна кори ҳуқуқи шуда метавонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке баромадҳояшон, бахшида ба рӯзи Конститутсия, чунин қайд намуда буданд: “Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеъаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳарчи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад”. Гузашта аз ин Конститутсияи соли 1994 аз ҳамма бештар вазифаи муттаҳидгардониро ба иҷро расонид. Конститутсияи Тоҷикистон дар марҳилаи хеле ҳасосӣ сиёсиву иҷтимоӣ қабул шуда, ба марказе табдил ёфт, ки дар меҳвари он қувваҳои солими ҷомеъа падидаи нодири асри ХХ-фархангӣ сулҳи тоҷиконро эҷод ва дар амал татбиқ намуданд. Воқеъан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як санади дорои меъёрҳои олии ҳуқуқи буда, ба пешрафти ҳаёти ҷомеъа, таъмини ҳукуқу озодиҳои инсон ҳифзи давлат, пешрафту тараққии соҳаҳои гуногуни кишвар мусоидат намуд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи меъёрҳои ин санади тақдирсози миллат вазифаи ҳар як фарди солимақли ватани азизамон мебошад. Т. НАҶМИДДИНОВ, Н. ЗАРИПОВ, омӯзгорони ДДОТ ба номи С. Айнӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
13
E - MAIL: javonontj@mail.ru
Вой аламои флешмоб
Худованд ба ҳар як инсон вобаста ба ақлу идрок ва тавонмандиаш маснад ва мақом медиҳад. Мақоли аспро наъл задаанд, қурбоқа ҳам пояшро бардоштааст, аз ин зовия рӯи кор омадааст. Коршиносон эътироф кардаанд, ки чизе барои мағрибӣ хушоянд аст, барои машриқӣ баробар ба марг мебошад. Мутаассифона, кабиримаобони “аврупоишуда”, ки Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз онҳост, ба умқи гуфтаи зер сарфаҳм нарафтаву намераванд. Ин аст, ки бо доир намудани ба ном флешмоб барои озодии Ҷунайдулло Худоёров (муътақидам, ки М. Садриддини бахтбаргашта ва хурофотзада маънии вожаи флешмоб ва рисолати онро таври бояду шояд намедонад) худро хандахариш кард.
Тарбияи дуруст ба кӯдакон Самари онро фардову пасфардо хоҳем дид Кӯдакони имрӯз ҷавонони фардо ва калонсолони пасфардо хоҳанд буд. Ҳар ҷомеае, ки ояндаи дурахшон ва осоиштаро таманно мекунад, бояд ба кӯдакон ё худ насли наврасаш аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намояд. Чуноне ки мегӯянд, пеш аз он ки ба ҳосили нағз умед бандад, деҳқонро аввал мебояд, ки донаки тухмиро дуруст ва тоза интихоб кунад. Онро аз ҳар гуна олудагиҳо пок созад, сипас дар замини нарму муносиб бикорад. Вале кор ба ин тамом намешавад. Баъди аз зери хок сар боло карданаш ҳам кишти деҳқон парваришу нигоҳубин мехоҳад. Бояд об дода шавад, аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза карда шавад, хуллас атрофаш озода бошад, то ки тухми коштаи ӯ нафаси озод кашида тавонаду солим қад боло кунад. Кӯдакони ҷомеаи мо ҳам ба ҳукми ҳамон донаки навкоштаи деҳқон мебошанд, ки баъд аз тавлиду роҳравак шудан ва гап заданро ёд гирифтан хуллас, баъд аз он ки сафеду сиёҳро фарқ мекардагӣ шуданд, бояд ба онҳо таваҷҷуҳи хосса дода шавад. Ба он шарте, ки агар мо аз ояндаи эшон интизориҳо дошта бошем ё худ агар мехоста бошем, ки кӯдакон фардо насле шаванд, ки барои ҷамъият даркор ва барои халқ хизматрасон гарданд, пас бояд ба ташаккули маънавии эшон бетараф набошем. Он гунае, ки деҳқон киштаи худро баъди аз замин сар боло карданаш маҷбур мешавад атрофашро поку тоза созад, мо ҳам бояд барои кӯдакон муҳити солиму созанда муҳайё намоем. Зеро парвариши дуруст дар муҳити дуруст, дар муҳити орӣ аз ғализиву зиштиҳо сурат мегирад. Хушбахтона, Ҳукумати мамлакати мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир карда, тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб медонад. Аз ин ҷо метавон гуфт, ки кӯдакони замони мо хело кӯдакони хушбату беназиранд, ки онҳоро давлату ҳукумат дар мадди назари худ қарор дода барояшон шароити муносибро муҳайё намудааст. Алалхусус, дар рӯзҳои ҷашну идҳои миллӣ дар ҳамаи боғчаҳои қаламрави ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо масъулони ҳукумат, шоиру нависандагон ва санъаткорон иштирок намуда, хотири кӯдаконро шод мегардонанд. Ин албатта, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат нисбати тарбияи кӯдакон – насли ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ҷиддист. Одатан дар боғчаҳои томактабии мо ду ид барои кӯдакони мо хос таҷлил карда мешавад. Яке Рӯзи дониш якуми сентябр, дигаре Рӯзи байналхалқии кӯдакон – якуми июн. Агар Рӯзи дониш барои қишри калонсол, онҳое ҳам ки донишомӯз ҳастанд, дахл дошта бошад, пас Рӯзи байналхалқии кӯдакон хос иди кӯдакон мебошад. Ба ин муносибат ҳар сол дар тамоми қаламрави ҷумҳурии азизамон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунанд ва кӯданону наврасонро ба ин санаи муҳим табрику шодбош намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегардонанд. Воқеан, худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модару мураббиро тарбиятгар ва раҳнамои кӯдак арзёбӣ намуда, ба ин ду тарбиятгари ҷомеа баҳои баланд медиҳанд. Вақте таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлкат ба кӯдакон - насли ояндаи кишвар бузург аст, пас ҳамаи мо аҳли ҷомеаро зарур мебошад, ки ба онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро имрӯз диққат додан ба тарбияву ташаккули ахлоқии кӯдакон фардову пасфардо натиҷа хоҳад овард. Монанди ҳамон кишти деҳқон. Умеда БЕГОВА, мудири ширхоргоҳкӯдакистони №4, ноҳияи И. Сомонӣ.
Иқболи беиқбол аз нафаре пуштибонӣ мекунад, ки мақомоти зидахл, аз ҷумла суд аъмоли нопокашро дар тарозуи қонун баркашида, ҷазои сазовор таъин намудааст. Сарфи назар аз тасдиқи худро ёфтани гуноҳҳои Худоёров, суди марҳилаи болоӣ шикояти касатсионӣ дар робита ба ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор ва ҳукмро бетағийр гузошт. Ин омил ду ҷанбаи қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш дорад. Аввалан, мақомоти марбута бо баррасии такрории ин парванда дар асоси шикояти касатсионӣ қонунмеҳвариро дар ҷомеаи Тоҷикистон собит карданд. Сониян, амалкарди М. Садриддин дар робита ба масъалаи зикршуда бори дигар аҳдофи нопок ва аз табори ҷинояткорон буданашонро ба маҳзари ом гузошт. Бегуфтугӯ, Иқболи беиқбол дар заминаи ироаву ибрози «назар» - и хеш, ки аслан барои ин нафар падидаи маъмулӣ ва амри муқаррарист, мехоҳад бори дигар худро ҳамчун чеҳраи хабарсоз расонаӣ кунад. Муътақидам, ки ҳадаф аз ин иқдом бори дигар аз худ «дарак» додан ҳамчун «ситораи тобнок»-и осмони сиёсат, ҷабрдида «тарошидан» аз
ҷинояткоре чун Ҷунайдулло аст, на чизи дигар… Ба ибораи дигар, «дарди кампир ғўза». Далели бебаҳс аст, ки М. Садриддин аз “роғиб”-они ҳангомасози наҳзатӣ маҳсуб мешавад, ки дар “амрҳои маъруф”-и худ аз тавҳиноти алайҳи давлат ва миллат аз дини ислом суиистифода мекунад. Барои кӯр ҳам ҳувайдост, ки ӯ тавҳину таҳқирро минҳайси тутии наҳзатӣ тибқи дастури роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Ин аст, ки “ба ҳама ош ҷурғот мешавад”, худро гоҳ дилсӯзи мардуми Бадахшон вонамуд карданисту гоҳи дигар иқтисодшиноси ҳамадон мепиндорад. Хурофотзадаҳое чун М. Садриддин, ки фаҳмишашон дар сатҳи поинтар аз асри миёна аст, ба исломи сиёсӣ, махсусан экстремизми динӣ гироиши таассубӣ доранд ва мекӯшанд, ҳар ибтикоре, ки аз назари нав таркиб ёфтааст, ба бидъат рабт диҳанд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки пайравони радикализми исломӣ аз ҳамин шева кор мегирад ва ҳар киро, ки озодандеш аст ва ё ин ки бо назароти рӯҳониёни динӣ-мазҳабӣ одитарин ихтилофи назарӣ ва усулӣ дорад, бебаркаш кофиру мулҳид
мехонад. Ин “аллома”-ҳо ҳарчанд худро “нофи замин” мепиндоранд, вале одитарин дониш ва биниши дунявиро надоранд, аз зовияи тангу тори мазҳабӣ ба кулли масоил менигаранд ва дар доираи хурофот қазоват ва “ҳукм” мекунанд. Рӯирост дурӯғ гуфтан ва иттиҳом задан муқтазои табиати чунин ашхос буда, “кӯзапуштро танҳо қабр рост мекунад”. Наҳзатиҳо, ки худ замоне то андозае эрка буданд, (манзур он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди доштани гузаштаи пурдоғ онҳо иҷозаи фаъолият дода буд) мехоҳанд касе пишаки тафриқаандозонеро амсоли Ҷунайдулло пишт нагӯяд. Кунун ба касе пӯшида нест, ки наҳзатиҳои террорист, ки дар хидмати динмадорони радикалӣ ва хоҷаҳои хориҷӣ аз режимҳои исломӣ қарор доранду то кунун мехоҳанд тафаккури ҷомеаро баробар ба манқуртҳо намоянд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки ин кӯшиши беҳуда аст, зеро минбаъд ягон нафар ба афсонапардозӣ ва сафсатапароканиҳои онҳо бовар намекунад! Аслиддин РАҲИМОВ, таҳлилгар
Маърифат бояд омӯхт Ҷавонӣ шояд беҳтарин лаҳзаҳои умри инсон бошад. Рости дар ҳамин давра роҳу равиши зиндагии инсон муайян мегардад. Вақто донистам, ки аз зодгоҳи бостонии банда - Панҷакент беш аз 30 нафар ҷавонон дар сафи қувваҳои ифротиянд, ростӣ худро гум кардам. Охир Спитамен, Деваштич ва ҳазорҳои дигар баҳри дифои Ватан ҷангидаанд, тамоми умр сипаҳсолорони Суғду Бохтар сари касе шамшер накашидаанд. Мардуми тоҷик дар тамоми замонаҳо фақат сохтаю бунёд карда ва некиву ҷавонмардиро асос гузоштаст. Солҳои 90 –ум қарни пешин мардум роҳгум зад. Ба суханҳои ину он мубаллиғ дода шуда, худро ба сафи ташкилоту ҳизбҳои гуногун заданд. Он вақт касе намедонист, ки ҷумҳуриро аз лаҳзаҳои фалокатбор ва парокандашавӣ кӣ бароварда метавонад. Ноумед шайтон гӯён, ҷавонони аз қайду басти идеологияи шӯравӣ раста ва аз ҳизби коммунист дилмонда худро ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мезаданд. Аммо агар дурустар назар афканему андеша кунем, «доҳиён»-и ҳаракатҳо боз ҳамон коммунистон буданд. Онҳо замони шӯравӣ мансабу маснад надоштанд ва пиёда мегаштанд. Басо «ғамхорон»-и
мардум пайдо шуданд. Ҳар касеро дави аспаш. Ҷавонони зудбовар ришу фаш монда, аз паси Саид Абдуллоҳи Нурӣ рафтанд, бархе ғояҳои демократиро пазируфтанду баъзе дигар аз растохезро. Аҷаб замоне шуд. Ҳар ки хешро наҷотбахши миллат медонисту корхона ғорат мешуд. Совхоз таракаю моликияти колхоз ба коми навтоҷикон мерафт. Аммо касе натавонист киштии ғарқшудаистодаи миллатро наҷот диҳад, ғайри Эмомалӣ Раҳмон. Имрӯз маро чизи дигаре ба андеша мегузорад. Чаро ҷавонони мо худро ғӯрамарг месозанд? Дар ҳоле ки замину об, ободонию фаровонӣ насиби онҳост. Барои таҳсил, омӯхтани касб ҳама шароит вуҷуд дорад. Сари ҳар қадам бозор, ошхона, тарабхона, тамоми нозу неъмати дунё муҳайёст. Ватан биҳишти рӯйи замин аст, аммо бархе фарзандони он дар Сурияю Ироқ ва Афғонистон одамкушӣ доранд. Чӣ бояд кард? Маърифатро боло бояд бурд. Вақте ки маърифат боло мегирад, инсон даст ба ҷиноят намезанад. Холмурод САФАРЗОДА, шаҳри Панҷакент
14 Сайрам бо латаи тар синаи говро тоза карду сатилро пеш кашида, ба дӯшидани шир оғоз намуд ва дар гӯш садои якмароми ба сатил рехтани шир ба андеша рафт. Соҳиби манзил аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, нахуст ҳамин говро харид. Барои тифлакон то ки ҳар пагоҳӣ шири тоза биошоманд. Баъдан ба нақша гирифт, ки гирди ҳавлӣ девор мебардорад ва дарвозаи оҳанин мешинонад ва бо ин мақсад чанд мошин регу санг оварда, пушти хона рехт. Пас аз анҷоми ин амалҳо мақсад гузошт, ки хатнасури бачаҳоро бодабдаба гузаронад. Аммо ба беморхона афтид. Касалиаш тааҷҷубовар. Номаш дар хотири кас намемонад. Талаффузаш душвор. Гузаранда. Аз ҳамин сабаб аз рӯзи якуми аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанаш косаю табақ ва аз ҳама асосӣ ҷойхобашро ҷудо кард. Мани нодон гумон кардам, ки мардакам хастаю монда шудааст, бигзор каме дам гирад. Бечора барои мо дар мусофирату ғарибӣ, Худо медонад, ки чӣ рӯзҳои вазнинеро паси сар кардааст. Табибон зуд омада, ба ҳама кунҷу бари хона дору пошиданд. Ману кӯдаконамро аз санҷиш гузарониданд. - Хайрият, нагузашта будааст, - гуфт табиб, зани меҳрубони миёнасол ва оҳи сабук кашид. Пас аз як ҳафта ҷасадашро оварданд ва тез гӯрониданд. Акнун ман мондаму ду тифлу ҳамин гови зард. Вақте сатил аз шир пур шуд, зан даҳони онро бо докаи сафед басту нардбонро ба дарахт рост кард. Бо зинапояҳо боло баромада, онро дар шохи тут овехт. Шир дар ҳавои салқин вайрон намешавад. Баъд нардбонро бурда, дар ҷояш гузошту ба хона даромада, дар бари Шарофу Шараф дароз кашид ва дере нагузашта ғанабаш бурд. Субҳ бо хониши мурғакон бедор шуд. Аз ҷойхоб хеста, ба оғил даромад. Зардакшоро (ба хотири шавҳари марҳумаш говашро ҳамин тавр меномид) ба саҳро ронд. - Рав, Зардакшо! Ба чарогоҳ рав ва бегоҳӣ бо синаи пури шир баргард. Вақте ки ба хотири пухтани шир сатилро аз шохи дарахт гирифт, ҳайрон монд. Шири сатил кам шуда буд. - Эҳтимол бухор шудагист, - аз дил гузаронд. Вале медонист, ки шир аслан бухор намешавад. Рӯзи дуюм ҳам ҳамин аҳвол рӯй дод. Ба ҳар ҳол рӯзи сеюм бо чӯбчае ченак кард ва субҳи навбатӣ пурра боварӣ ҳосил намуд, ки касе ширашро медуздад. Гумонаш ин кори бобои Шамс бошад. Чоли бедандон чанд бегоҳӣ болои теппача нишаста, маҳз ба дарахти туту сатил дида медӯхт. Вале гумонашро ботил шумурд. - Охир, мадори ин мӯйсафеди барҷомонда ба нардбон намерасад - ку. Не! Беҳуда ман аз ӯ гумонбар шудам. Каси дигар ба ин аъмоли зишт даст задагист. Қатъӣ қарор дод, ки шаб поида, дуздро дошта, шармандаю рӯсиёҳ мекунад. Шом дарро ба қадре нимроғ монд, ки сатил ба назараш менамуд. Барои эҳтиёт дар бараш калтаке гузошт. Шаб аз нисф гузашт. Моҳи мунир ба атроф нур мепошид. Дар ин гуна равшанӣ ҳатто китоб хондан мумкин буд. Барои он ки хоб ғалаба накунад, дар наздаш косаи обро гузошт ва чанд бор кафашро пур карда, ба рӯяш пошид. Атроф хомӯш буд, аз дур сурудхонии чир - чиракҳо ба гӯш мерасид. Ногоҳ аз таги дарахти тут чашмаш ба мори дарози сафед афтид, ки ба танаи дарахт часпид. Мор бо шитоб ба боло хазида лаҳзае пас худро ба сатил расонд ва сар аз таги дока дароварда, ба нӯшидани шир пардохт. Сайрам нахуст аз тарс дар ҷояш шах шуд. Ҳама он ғайрату ҷасораташ ба якборагӣ ғайб зад. Чӣ кор карданашро намедонист. Охир қарор дод, ки ақаллан хазандаро тарсонад. Чунки худи ӯ танҳо ин мори дарози бадҳайбатро кушта наметавонад. Ба ҳамин андеша калтакро гирифта, ба тарафи дарахт давид. - Ин туӣ, бадзот, чанд шаб аст, ки насибаи кӯдакони маро медуздӣ. Канӣ, поён фаро! Бо ҳамин калтак зада, каллаатро пачақ мекунам. Мор сар аз сатил баровард. - Ҳе, илоҳим, туъмаи ҷайраву уқоб шавӣ. Мор наҷунбида, дастафшонии занро наззора дошт. - Ҳа, тарсидӣ? Дигар куҷо ҳам мегурезӣ. Гурусна, ки мондӣ маҷбур мешавӣ, ба поён хазида фароӣ. Он гоҳ ба дастам меафтӣ. Сайрам ба назди кӯдаконаш баргашт. Чашм аз мор наканда қарор дод, ки субҳро интизор шавад. Он гоҳ мардумро ба ёрӣ ҷеғ зада, қасдашро
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
НАСР аз мор ҳатман мегирад. Вақт кашол меёфт. Насими форам ва ё хасташавиаш таъсир расонд, ки хоб бар зан ғалаба кард ва ӯ модарашро дар хоб дид. - Духтарам, ба мори сафед зиён нарасон! Ҷонвар ҳеҷ гоҳ таҳқирро намебахшад. Сайрам ҳаросон ба боло нигарист. Мор ҳанӯз байни баргҳо пинҳон буд. - Биё, оштӣ шавем, - илтимос намуд Сайрам. - Туро ҳам фаҳмидан мумкин. Охир, дар ин саҳрои беҳосил чи ҳам ёфта мехӯрӣ. На қурбоққа ҳасту на тухми мурғу паранда. Фаро! Туро ба фарзандӣ қабул мекунам. Аз имрӯз номат Сафедак мешавад. Ба қатори фарзандонам ризқатро медиҳам. Фақат аз ту як илтимос, ки ба ману кӯдаконам зарар нарасон, - Сайрам калтакро дур партофт. Мор беовоз хазида ба поён фаромад. Бе тарсу ҳарос. Ба зан миннатдорона нигариста, ба сурохӣ даромада рафт. Акнун Сайрам ҳар бегоҳӣ як коса ширро назди сурохӣ мегузошт. Саҳар косаро холӣ дармеёфт. Зан дигар аз мор
муд. - Ҳамин ҷоро канам? - Сайрам бо даст давраро нишон дод. - Ту дар ҳамин ҷо маро интизор бош, - Сайрам аз ҷой хест. - Ман рафта бел меорам. Мор болои давра ҳалқа зад. Сайрам андешаманд ҷониби манзилаш равон гашт. Ба худ савол медод, ки чаро мор мехоҳад, маҳз ҳамин ҷоро кобам. Эҳтимол хазинае он ҷо пинҳон бошад? Баъди чанд бел хокро ба як тараф партофтан бастаи селофание баромад. Зуд онро кушода, пулҳои сабзи ҳалқапечро дид, ки бо ресмон печонида буданд. Зан аз ҳайрат дар ҷояш нишаст ва ҳаросон ба атроф чашм давонд. - Ин сарват ба соҳибаш насиб накардааст, магар ба ман насиб мекунад, - андешид вай ва бастаро ба ҷояш гузошт. Мор хазида бастаро бардошта, ба сӯи зан Зариф ҒУЛОМ
МОРИ САФЕД ҳикоя
ҳаросе надошт. Аз байн ду ҳафта гузашт. Бегоҳӣ Зардакшо аз чарогоҳ наомад. Сайрам то як поси шаб даври талу теппаҳои наздик говро кофт, аммо аз вай на пай буду на ҳайдар. Бо дили озурда ва табъи хира ба хона баргашт. Ҳазору як савол дар сараш чарх мезад. Дузд бурда бошад? Не, ин ҳеҷ мумкин нест. То ҳол дар деҳа касе ба говдуздӣ ном набаровардааст. Туъмаи даранда шуда бошад? Ин ҳам номумкин аст. Дар гирду атроф гургу хирсро бо чароғ кобед ҳам намеёбед. Мардум бо дили пур гову молашро ҳар пагоҳӣ ба саҳро меронад. Худро бо он тасаллӣ дод, ки кофтуковро рӯзи оянда идома медиҳад. Пагоҳӣ бо гиряи бачаи Ёр бедор шуд. - Шаб падарамро мор газид. Модарам шуморо ба ҷаноза ҷеғ мезанад. - Эҳ, бечорае, - Сайрам зуд рӯймоли сафедро ба сар кашид ва аз пушти Мустафои гирён равон шуд. Ҳавлии Ёр аз одам пур буд. Онҳо ҳодисаи шабонаро ба ҳар тарз шарҳ медоданд. - Дар деҳаи мо аслан мор набуд, - хулоса мебаровард раиси маҳалла. - Ин хазанда аз куҷо пайдо шуда бошад? Сайрам ба хонаи марҳум гузашт. Зани Ёр менолид. - Шаб аз бозори Чорсада гов харида, дер ба хона омад ва зуд ба оғил дароварда, чорпоро кушт. О, ин гови ширдеҳ будааст, чаро куштӣ, гуфта савол додам. Занак, гӯшташро пӯхта қайла бикун, - гуфт. Бачаҳо зимистон мазза карда мехӯранд. Гушти говро майда карда, дар чалакҳо ҷо кард. Аллакай як поси шаб гузашта буд. Акнун ба ҷойхоб даромада, дароз мекашам гӯям, мардакам «маро мор газид» гӯён фарёди ҷонкоҳ бароварда, аз ҷой парида хест ва чароғро дарҳол фурӯзон кард. Ҳарчанд хонаро тагурӯ кардем, хазандаро наёфтем. Пойи мардакро аз зону боло бо чилбур бастем. Дар деҳа табиб ки нест, субҳи барвақт варам карда, бо азоб ҷон дод… Сайрам ноаён ба оғил даромад. Пусту каллаи гови худашро шинохт. Хост, ки доду фарёд бардошта, мардумро аз кирдори зишти марҳум огоҳ намояд, аммо… Рӯ ҷониби талу теппаҳо овард ва рӯи теппае худро парӯ партофта, домони гиряро сар дод. Талх буд гиряи зан. Дасту бозӯ, тамоми баданаш меларзид. Навҳаи дилашро нигоҳ дошта натавонист. - Шавҳарам аз дунё гузашт. Говамро дуздиданд. Эй, фалаки каҷрафтор, ду кӯдакамро чи тавр мехӯронаму мепӯшонам. Ин чи қисмати талху ин чи тақдири бад? Ба китфаш расидани чизеро ҳис карда, бо азоб гардан тофт. Дар бараш мори сафед бо чашмони маҳзун меистод. Сафедак бо сараш тарафи шарқро нишон дод. - Аз қафоят равам? Мор ҷониби офтоббаро равон шуду Сайрам аз қафои хазанда рафт. Чанд талу теппаро гузаштанд. Болои теппачае мор истод. Бо думаш давра кашид ва бо сараш болои хок ишора на-
дароз кард. Бо думаш ишора кард, ки луларо кушояд. Сайрам риштаро канд. Пулҳо ба замин рехтанд ва аз байни онҳо поракоғазе баромад. Кушода чашм ба он давонда, ин ҷумларо хонд: - Касе агар ин маблағро ёбад, насибаш кунад. Поку пиҳил бахшидам. Барои охирати Муроди ятим як каф дуо кунад. Сайрам пулҳоро чида, ба кафи даст гирифт ва барои Муроди номурод бо алам гирист. Вай баръало ҳис намуд, ки ҷавон бо чи қадар азоб пул ба даст оварда будааст. Дар ҳаққи ҷавон дуо хонда, ба Сафедак нигарист. Мор хазида болои дасти зан баромад. Сайрам ашки чашмонашро пок карда, бо меҳр аз фукчаи сардаш бӯсид. - Акнун ман бо ин маблағ гови зард мехарам. Гирди ҳавлиямро девор бардошта, дарвозаи оҳанин мешинонам. Хатнасури фарзандонамро бо хурсандӣ мегузаронам… Шарфаи пойро шунида, мор ба даруни остини куртаи зан даромад. Бобои Шамс омада, дар рӯ ба рӯи Сайрам оҳу воҳкунон нишаст. - Мегум, духтарам, ин ҷоро канда дарахт мешинонӣ? - Ҳова, падар, - бо дили пур посух дод Сайрам. - Ниҳоли шаҳтут мешинонам. - Кори нек мекунӣ, духтарам, кори нек, мӯйсафед сӯи дашти Дулоназор, ки гандум корида буд, нигоҳи чашмони обравашро давонда, бо ҳасрат ба нақли қиссаи аз сар гузарондааш сар кард. - Ҳафтаи гузашта ба сари заминам рафтам. Дар пуштаи Пистазор ҷавони ношиноси ба хуну хок оғӯштаро дидам. Бечора кайҳо ҷон ба ҷаббор супорида будааст. Зеро даст ба пешониаш расонам аллакай сард буд. Баданаш аз зарбаҳои корд ғалберро мемонд. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Дар ҳаққи он ноинсофу бадкирдоре, ки ҷавонро ба ин ҳол оварда буд, дуои бад карда, ба ҳафт пушташ дашном фиристодам. Болои сараш як оят аз Қуръони маҷид хонда, бо сад азобу машаққат ба хок супоридам. Ба милиса муроҷиат карданро ба худ эб надидам. Дар хотират бошад, порсол бо туҳмати беваи Тӯйдӣ барои гум шудани мурғаш маро даҳ маротиба ба милисахона бурданд. Маблағи дар роҳ сарф кардаам ба нархи даҳ мурғ мерасид. Ҳарчанд ба тафтишгарон мегуфтам, ки гунаҳкор нестам ва
ин кампири шаттоҳ нисбати ман ғараз дорад, як милиса бовар намекард. Оқибат мурғи ин зани туҳматгар ёфт шуду ман аз ин моҷарои нангин халос шудам. Мурғи сабилмонда курк шуда, дар болои коҳдон чӯҷа мебаровардааст. То ҳол ин кампири ҷилоҷин аз ман узр напурсидааст. Мардумро ҳам даъват накардам. Овозаву дарвоза мешуд. Агар якеаш ба милиса муроҷаит мекард, дар бало мемондам. Мӯйсафед қадре ба фикр фурӯ рафт. Бо ангуштони харобаш риши тунукашро хорид. Аз кисаи ҷелакаш дастрӯймол бароварда, оби чашмонашро пок кард. - Гап дар бораи чӣ мерафт? - Мӯйсафед хеле пешона молида, пасон давоми қиссаашро ба хотир овард. - Ин дам аз дур садои нолише ба гӯшам расид. Пир шуда бошам ҳам, шунавоиям баҷост. Аз теппа гузашта, дар хамии Олучадара ду ҷавони тахминан 20 - 25 - соларо дидам, ки паҳлӯи ҳам мехобиданд. Ба онҳо наздик шуда, бӯи афъюнро ҳис кардам. Калонсолаш кайҳо мурда буд. Оне, ки ҷавонтар буд, ҳазён мегуфт. Аз суханони берабташ ҳамин қадар фаҳмидам, ки ин бадзотҳо бо фармони сардори нохалафашон ҷавонеро таъқиб менамоянд. Мехоҳанд, ки маблағи дар муҳоҷират ғун кардаашро кашида гиранд. Дар пушти ана ҳамон теппа ҷавонро дастгир мекунанд, - мӯйсафеди Шамс бо дасташ тарафи офтоббароро нишон дод. Сару либоси ҷавонро аз танаш мекашанд, аммо маблағро намеёбанд. Аз хашму ғазаб ба баданаш ҳашт корд мезананд. Дар хамии Олучадара аз алами барор нагирифтани амалиёт ва иҷро накардани супориши сардор афъюн истеъмол мекунанд ва хобашон мебарад. Дар охир ҷавони нашъаманд се бор такон хӯрда, ӯ низ аз думболи шарикаш ба охират сафар кард. Ҳангоми аз назар гузаронидани баданашон изи дандонҳои морро дидам. Ҳайрон шудам. Дар ин гӯшаю канор мор умуман вуҷуд надорад. Лекин нақли падари марҳумам ба ёдам расид. Раҳматӣ мегуфт, ки дар ҷое, ки шаҳтут ҳаст ҳатман мори сафед пайдо мешавад. Ва боз қисса мекард, ки дар ҷойи пайдо шудаи мори сафед морони дигар зуд он маконро тарк мекунанд. Ана, барои чи ман дар муқобили дарахти тут нишаста, дуру дароз онро ба мушоҳида мегирифтам. Пирамард қадре таваққуф намуда, нафасашро рост кард. Як оҳи чуқур кашида, думболи қиссаро гирифт. Ин шаб Ёрро мор газид. Тахмин мекунам, ки мори сафед дар ҳамин наздикиҳост. Ин ҷонвар одами бадро аз як чақрим мешиносад ва аз нияту мақсадаш огоҳ мебошад. Ёр одами нек набуд. Нашъаманди гузаро буд. Пайти муносиб ёфта, аз сарҳад гузашта аз афғонҳо нашъа мехарид. Баъзан - баъзан моли майдаи мардумро дуздида, пули аз фурӯши онҳо бадастовардаашро барои кайфияти худ сарф менамуд. Ана, ҳамин хел, духтарам. Зиндагӣ баъзан муаммоҳое пешниҳод мекунад, ки одамон аз пешгирӣ кардани он оҷизанд. - Ҳа, духтарам, шунидам, ки говатро гум кардаӣ? Ҷустуҷӯ кардӣ? Гумон мекунам, ки ин кори Ёри марҳум мебошад. Фақат ӯ ба чунин кирдори бад қодир буд. - Ҳама ҷоро кофтам, падар, - Сайрам мушоҳидаи худро ошкор накард. - Наёфтам. Э, бало ба пасаш. Дар кӯча намондаам. Ҳоло одамони нек бисёранд. Зарур шавад дасти ёрӣ дароз мекунанд. - Ҳа, рост гуфтӣ, духтарам. Ҳоло одамони нек бешуморанд. Хайр, ғам махӯр, - мӯйсафед аз ҷой хест. Домани ҷелакашро таконд. - Худованд шуморо бенасиб намемононад. Ризқи фарзандонатро ато мекунад. Ниҳоли тутро ҳатман шинон, духтарам. Ба шарофати он эҳтимол мори сафед пайдо шавад. Дар урфият мегӯянд, ки мори сафед бахти сафед меорад. Барои чунин хислатҳои некаш хеле камшумор мебошад. Аслан хонаҳои одамони наҷибро макони зист ихтиёр мекунад. Хуш бош! Ман рафтам. Қитъаи заминамро чарх занам. Мӯйсафед оҳиста - оҳиста аз зан дур шуд. Сайрам низ аз ҷояш хест. Белро ба даст гирифта, ба Сафедак муроҷиат намуд: - Рафтем, бахти сафеди ман. Бобои Шамс ҳақиқатро гуфт. Худованд моро бе насиб намононд. Ризқи тифлаконамро туфайли ту аллакай фиристод… Дар тасдиқи сухани зан хуршеди зарринтоб нурҳои ҳаловатбахши худро ба атроф саховатмандона мепошид.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018 Дар арафаи маъракаи ҳаҷравӣ назди дармонгоҳи марказӣ аз субҳ серодам гардида буд. Чандин зану марди миёнсолу куҳансол низ оғозу кори муассисаро интизорӣ доштанд. Маълум буд, ки нияти ҳаҷравӣ дошта, аз назорати тиббӣ бояд гузаранд. Аммо бар сару тан рӯймол ва чун халтаҳои дароз либос ба бар кардани нафароне аз онҳо боиси андеша шуд. Яъне ҳанӯз ба роҳи зиёрат набаромада, аллакай либосҳои махсус хоси ҳаҷро ба бар кардаанд.
Либоспӯшӣ ҳам бояд ҷолиб бошад Ҳангоми адои маросими ҳаҷ матои нодухта ба бар мекунанд, ки танҳо дар он макони муқаддас зарур дониста мешавад. Лекин баъди адои маракаи ҳаҷ низ аз тани қисме аз ҳоҷиён, алалхусус ҳоҷизанҳои мо намефарояд. Чи мавсими гарму чи мавсими сармо, дар хонаю дар саҳро, тӯйю мотам дар тани эшон мушоҳида мешавад. Ҳатто онҳе, ки ин ё он ҳоҷиро зиёрат намудаанд, дуо гирифта либоси сафед ба бар мекунанд. Дар асл мардуми ҳар як минтақа вобаста ба иқлими кишварашон либос мепӯшанд. Дар он табиати маҳал инъикос меёбад. Чунончӣ, ҷомаи зардӯзию беқасаб, тоқию рӯймол, куртаи атласу чакани миллии мо обшорон, гулу сабзаҳои диёрро ифода мекунанд. Мутаассифона, ба либоси миллӣ, аз ҷумла ба тоқии чоргулдори рамзи сарзамин доштани худ бефарқ гаштани мо боис шуда, ки ҷои онро каллапӯшҳои халтачамонанди чинӣ гирифтаааст. Мақсад аз пӯшидани тоқӣ, эминӣ аз нури офтоб, боду борон мебошад. Дар ин бобат тоқии миллиамон даҳчанд афзоишу бартарӣ дорад. Матои табиии он дар гармӣ сарро салқин нигоҳ дошта, ҳаворо хуб мегузаронад. Ҷомаи пахтагину беқасаб, куртаи атласу чакани матояш табиӣ ҳам ҳамин ин гуна хислатҳоро дорост. Илова бар он, мо ба меҳмонони хориҷии ба тамошои Тоҷикистони зебо омада, ба нишони меҳмоннавозӣ ва эҳтиром ҷомаю тоқӣ мепӯшонем. Беэътиборӣ ба либоси миллӣ, беҳурматӣ ба ҳунари мардумист. Мисоли равшан дар маҳал коҳиш ёфтани бозори маҳсулоти занони тоқидӯзи Истаравшан, ки ҳунари онҳо то ба Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон маълуму машҳур аст. Имрӯз аксаран ба ҷои тоқии миллӣ бештар каллапӯши истеҳсоли Чинро ба сар мегирем. Мақсад аз таҷрибаи фарҳанги либоспӯшӣ, ки Сарвари давлат ҳидоят намудааст, пӯшидани ҳамон либос бо дӯхту дӯзи қадима набуда, балки вобаста ба талаботи замон, ривоҷ додани ҳунарҳои бофандагию дӯзандагӣ, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли пиллаи абрешим ва дигар матоъҳои ашёи дохилӣ мебошад. Бо истиқболи меҳмон тозаю озода намудани хонаю ҷой анъанаи деринаи мардуми мост. Аз ин рӯ, барои хориҷиён нафақат манзараҳои табиат, мувофиқ ба он фарҳанги зистамон, аз ҷумла либоспӯшиямон ҳам бояд ҷолиб бошад.
Қадри вақт… Бобои Теша, пирамарди тақрибан 70-соларо дар маҳалла ҳама медонад. Дар кӯча зери дарахти чаноре, ки тақрибан ба умри мӯйсафед баробар аст, хараке сохта шуда буд. Вақтҳои охир бобои Теша бештари рӯзро болои ҳамон харак бо тасбеҳ гардондан мегузаронд. Як рӯз баъди аз хоб бедор шудан ба тиреза нигоҳ карда дидам, ки бобои Теша зери чанор нишастааст ва хеле ғамгин менамояд. Аз он ки мӯйсафед бисёр хушсуҳбат ва ҳамеша болидарӯҳ буд, хостам бо ӯ ҳамсуҳбат шавам ва фаҳмам, ки чаро парешонҳол аст. Бо ин мақсад ба наздаш рафтам. Баъди салому алейк аз падару модар ва дарсҳоям пурсон шуд. “Шукр, ҳама хуб аст,”- гуфтам. - Офарин писарам, нағз бихон. Кош ман ҳам як бори дигар мисли шумо ҷавон мешудаму аз ҷавониям бо самар истифода мебурдам, - бо чашмони обраваш ба ман нигариста гуфт мӯйсафед. Оҳанги гапаш ишора ба он мекарданд, ки дили бобои Теша пуралам аст. - Вақти мо гузашт, - идома дод ӯ. - Офтоби умри мо аллакай ба ғуруб наздик шудааст. Мо ҳам замоне гул будем. Рангу бӯ доштем. Гузашти вақт моро хору пажмурда кард. Насиҳати ман ин аст, ки вақтро ғанимат донед. Имрӯзу пагоҳ накунед. Ҳаёт як дам аст. Ҳоло ки ҷавонеду вақт доред, ҳама шароитҳо муҳаёст, хонед, илм омӯзед, таҷриба гиред. Вақтатонро
беҳуда сарф накунед. Гумон накунед, ки дар пеш рӯзҳои зиёд дореду ба ҳама хостаҳоятон мерасед. Пагоҳ ва пагоҳи дигар гуфта нагардед. Як вақт бедор мешавед, аллакай ба дами пирӣ расидаед. Инро аз таҷрибаи худ мегӯям. Ҳамин субҳ аз он ғамгин шудам, ки чаро умрамро бо самар нагузаронидам. Аз нерӯи ҷавониам ба таври комил истифода накардам. Ҳоло мехоҳам, ки дубора эҳё шавам, аммо афсӯс... Баъд аз суҳбат бо мӯйсафед ман азм кардам, ки вақтро самаранок истифода барам. Сафаралӣ СОЛИЕВ, донишҷӯи ДМТ
Бахтномаи миллат Ҳар сол мардуми тоҷик санаи шашуми ноябрро чун рӯзи Сарқонунии кишвар ботантана таҷлил мегирад. Ин санаи муборак пас аз соҳибистқлол гардидани мардуми тоҷик чун санади тақдирсоз маҳсуб меёбад. Зеро дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон сабт ёфтааст. Мо-насли даврони соҳибистиқлолӣ тавассути он имкониятҳое, ки дар бахтномаи миллат сабт ёфтааст, имкон пайдо намудем ба таҳсил фаро гирифта шавем. Ва пайваста шукрона мекунем, ки дар фазои тинҷу осуда, таҳсилро ба поён расонда, мувофиқи пешаи дӯстдошта, ба кору фаъолият пардозем. Ман омӯзгорам. Пас аз хатми мактаби олӣ, паҳлуи устодони дирӯза ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам. Чунин имконятҳоро маҳз Сарқонуни кишвар барои тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон кафолат медиҳад. Оғози солҳои навадуми асри гузашта, пас аз соҳибистиқлолӣ, бадбахтона мардуми тоҷик ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашида шуд. Ба бахти тоҷикистониён марде сари кор омад, ки тавонист ба ҷанг хотима бахшаду мардуми парешонгаштаро бо ҳам оварад. Ин марди шариф Президенти кунунии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пас аз раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданаш маҳз бо дархосту пайгирии ин марди наҷиб тарҳи лоиҳаи Конситутсияи навини мамлакат кор карда шуд. Ҳамин тавр, соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конситутсияи нав қабул гардид. Аз он давр солҳои зиёд паси сар шуданд. Чанд маротиба ба ин ҳуҷҷати муҳим тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Вале ҳамаи ин ба нафъи миллату кишвар, баҳри беҳбудии рӯзгори мардуми тоҷик аст. Бовар дорам ҳар як сокини Тоҷикистони азиз, аз таҷлили ин санаи муборак шод хоҳад гашт. Зеро он барҳақ қонуни бахтномаи тоҷикистониён аст.
Бунафша САТТОРОВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дар ҳаёт орзуҳое ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ намегарданд. Бо вуҷуди ин инсонҳо бисёр чиз мехоҳанд ва барои ба даст овардани он хостаҳои худ ҳамеша орзу мекунанд. Пулу мол, кор бо маоши баланд, хона, зани зебо, ҳамсари меҳрубон ва амсолӣ инро ҳамеша дар чархаи орзуҳои худ мечархонанд. Мехоҳанд, ки тамоми дунё зери пояшон бошад. Ва боз мехоҳанд, ки ҳамеша ҷавону ҷовидон бошанд.
15
НАВҚАЛАМ
Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ № 71-и ноҳияи Шоҳмансур
Муноҷот бо худ Аслан гирем, дар зиндагӣ мо аз неъматҳое бархурдорем, ки барои бисёриҳо орзуи аввалиндараҷаашон мебошад. Шояд иддае оромии ҳаёти моро танҳо тасаввур мекунанд. Гурӯҳи дигар обҳои мусаффои моро ганҷинае аз конҳои кашфношуда ҳисобанд. Бешак он тоифа низ кам нестанд, ки Ватан доштан барояшон то охири умр орзуи дастнорас боқӣ мемонад. Яъне орзу кардану бо орзу зистан як паҳлӯи ҳаёти мост, ки моро барои зистан таҳрик медиҳад ва баҳона медиҳад, ки мо бояд зиндагӣ кунем. Ман аз ин огоҳам ва медонам, ки як-як ҳамаи мо инсонҳо дар ҳаёт лоақал боре аз касе ранҷидаем ва ё касеро ранҷ до-
даем. Боре ҳам бошад аз дарду фироқ ва дурии касе ашк рехтаему будани касеро дар барамон ҳасрат кардаем. Дар аснои зистан зиёд во мехӯрем, ки инсонҳо ба хотири аз даст додани касе ба тамом аз ҳаёт даст шустаанд. Агар ба онҳо бо диққат нигоҳ кунем, пай мебарем, ки хандаҳояшон сунъиянд. Онҳо дар лаб ханда доранд, аммо нигоҳашон исбот мекунад, ки дилашон хонаи ғам аст. Чун дар хандаи онҳо ҳеҷ чиз инъикос намегардад, на шӯълае ҳасту на чароғе. Яъне, ҳамеша орзуи наранҷонидани касе ва дубора ба даст овардани аз даст додаамонро мекунем. Вақте азизтарин касонро аз даст медиҳем, бисёр мехоҳем,
ки бо ивази ҳамаи доштаҳоямон, молу сарват ва ҳатто қисме аз умри хеш онҳоро дақиқае ҳам бошад назди худ баргардонем, аммо наметавонем. Сад афсӯс, ки шахсони рафта дигар барнамегарданд. Аз онҳо ба мо танҳо хотираҳо мемонад. Хотираҳои гарму самимӣ, ки бори дигар он чашмҳо, симои шинос, нигоҳи гармро бинем, бори дигар он дастони хаставу нармро ламс кунем, бори дигар ҳис кунем, ки пурра ҳастем. Ва бадтар аз ин
зиндаҷудоист. Ин дардест, ки ҳар рӯз аз нав зинда мешавад. Чун ба қатори мурдаҳо дар ҳақи рӯҳи гузаштааш як каф дуо ҳам карда наметавонем. Хуллас, ҳаёт ҳамин тавр пур аз гирудор аст. Аммо бояд тавре кард, ки зист. Доштаҳоро қадр кунем. Дарк намоем, ки ҳама он чизе ки мо дорем, яқинан доштанашонро касе ҳамеша орзу мекунад. Гулноза АЛИМОВА, донишҷӯи ДМТ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №45 (9575), 08.11.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Ба қадри вақт бирас
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
Тоҷире миллионҳо доллар пул ҷамъ намуд. Ӯ акнун корро тарк сохта, хост ба сайри дунё барояд. Ҳанӯз ба қароре наомада, наздаш фариштаи аҷал пайдо шуд. Ӯ аз фаришта каме вақт пурсид: - Барои се рӯз зистанам имкон бидеҳ, сеяки дороиямро медиҳам.
Фаришта розӣ нашуд. - Хуб, ин тавр бошад, ду не, се миллион медиҳам! Ман барои аз зебоиҳо баҳраманд шудан ва бо оилаам якҷоя будан, ки аз сабаби серкорӣ кайҳо бо ҳам набудем, як рӯз вақт бидеҳ. Аммо қарори фаришта қатъӣ буд. Тоҷир барои ба писараш нома навиш-
Ибрате аз саг
Донишманде дар лаби ҳавз нишаста ба андеша рафта буд. Дид, ки саги ташнаи забонаш аз ҳалқаш берунҷастае чанд бор ба лаби ҳавз меояду даҳонашро ба об наздик оварда, лек об нанушида гурехта ба қафо меравад. Донишмандро ин ҳолат аҷиб менамояд. Бо диққат ба саг менигарад ва мефаҳмад, ки сахт ташна мондааст. Вале ба назди ҳавз омада акси худро дар об дида, метарсад. Аз ин лиҳоз ҳар дафъа об нахӯрда мегурезад. Ниҳоят ҷонвар дигар ба ташнагӣ тоб наоварда худро ба об ҳаво медиҳад. Азбаски акси худро ин дафъа намебинад, ба серӣ об менӯшад. Донишманд боз ҳам дар ғояти ҳайрату аҷобат ба ин
Бераҳмӣ аз сангдилию заифӣ сарчашма мегирад. ******** Пирӣ бемории табобатнашаванда аст. ******** Аз тарс пеш аз марг мурдан аблаҳист. ******** Марги хирадманд марги бадтар аз марг аст. ******** Хасис фақат дар сарфи вақт дасткушод аст. ******** Пирӣ ҳам лаззатҳои зиёд дорад, агар истифода карда тавонӣ. Сенекаи хурдӣ Ҳарчанд мо хомӯш бошем ҳам, вале корҳоямон баёнгаранд. ******** Сукут баробари эътироф аст. ******** Иштибоҳ хусусияти одамист. ******** Ҳама гуна неъмат соҳибашро хушбахт мегардонад. Сенекаи калонӣ Марги бошарафона беҳ аз шармандавор зистан.
******** Биёбон месозанду ҷаҳонаш ном мебаранд. ******** Дурӣ ҷозибаро меафзояд. ******** Ақлҳои боре тасхиршуда майли хурофот менамоянд. Татсит
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Таҳияи М.УСМОН
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН Замимаи дипломи Буриханова Марям Батировна ки ДСРТ (славяни) бо силсилаи № ВСА – 0967130 3029 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлӣ, ки ба шаҳрванд Абдуғаффор Сатторов, сокини кӯчаи Федина 6, ҳуҷраи 52, ноҳияи Синои пойтахт тааллуқ дошта, дар корхонаи байни ноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе соли 1994, таҳти рақами 44614 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад..
******** Ҳама чизи ношинос дар тасаввур олист.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
манзара нигариста, аз худ мепурсад: Ман аз ин чи ибрате гирифта метавонам? Ва сипас ба саволи худ ҷавоб мегӯяд: “Миёни инсон ва хостаҳои ӯ ҳамеша як монеаи асосӣ аст: тарсу ҳаросе, ки ӯ дар дил дорад. Агар ин тарсро мағлуб гардонд, пас ба хостаҳояш ба осонӣ мерасад.” Донишманд каме дигар ба фикр меравад ва мефаҳмад, ки аслан дарси ибрате, ки аз манзараи чанде пеш дидааш бардошт, ин нест. Балки бардошти ӯ чунин мешавад: “Дар саг ва ҳар махлуқи дигар ҳатман дарсҳое будааст, ки инсон, агарчи донишманд ҳам бошад, бояд биомӯзад!” ТАВСИЯ: Дар туву рӯзгори ту ҳам дарсу донишҳое ҳаст, ки ба дигарон зарур мебошанд, пас ба онҳо омӯзон!
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
АНДЕША
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
√ ОБУНА-2019
ФАТТОҲЗОДА САИДМУРОД САМАД
√ САЙҚАЛИ
тан як дақиқа вақт пурсид. Фаришта ба ӯ имкон дод. “Ба қадри вақт бирас, писарам, - навишт мард. - Ман бо миллионҳои дар давоми умр ҷамъ намудаам, ҳатто як соат вақтро ҳам харида натавонистам.”
Шартномаи хариду фурӯши манзил, ки ба шаҳрванд Абдуғаффор Сатторов, сокини кӯчаи Федина 6, ҳуҷраи 52, ноҳияи Синои пойтахт тааллуқ дошта, дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Душанбе соли 1994, таҳти рақами 803-609 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Синои пойтахт соли 2017 ба шаҳрванд Пирмадзода Шоҳрух Худойдод додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки онро Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино соли 2014 ба Нитеш Кумар додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Билети донишҷӯ, ки онро Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон соли 2018 ба Назаров Муслиҳиддин додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад Дипломи гумшуда (Е 460876), ки онро Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №55-и шаҳри Душанбе соли 1992 ба Наботова Маҳтоб Давлатовна додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшуда бо силсилаи А ва рақами 00084754, ки онро ШВКД-и ноҳияи Ишкошим соли 2015 ба Гулғунча Мирзомамадова додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3952 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»