НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№45 (9471), 10 ноябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
РУШДИ МАҲАЛ
ДАЪВАТ - 2016
Саҳми соҳибкорон дар ободии Ҳисор
Нақшаи даъват қариб иҷро шуд
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
МАВЗӮИ РӮЗ
Вақте ҷавонон ба «Ҳеллоуин» рӯ меоранд...
ҲАФТ РӮЗ 3.11.2016 Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок намуд. 4.11.2016 Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Словакия доир шуд. 5.11.2016 Дар толори Иттифоқи нависандаго-
ни Тоҷикистон бо иштироки адибон ва дӯстдорони шеъру суруд маҳфили шеъри Бозор Собир доир гардид. 6.11.2016 Дар кишвар Рӯзи Констиутсия бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Бисту ду сол муқаддам - 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 7.11.2016 Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки аҳли ҳунар Рӯзи театри тоҷик таҷлил гардид. Ба ин муносибат ба як гурӯҳ ходимо-
ни соҳа мукофот ва унвонҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ тақдим гардид. 8.11.2016 Дар иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бори нахуст дар назди мардум савганд ёд карданд. 9.11.2016 Дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди фашизм ва нажодпарастӣ ҷашн гирифта шуд. Ин рӯз бо ибтикори Шабакаи байналмилалӣ бар зидди нажодпарастӣ - UNITED, ки беш аз 500 ташкилотро аз 49 давлати ҷаҳон ба ҳам мепайвандад, эълон шудааст.
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад
АХБОРИ ҲАФТА
Паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия Ҳамватанони азиз! 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 22 сол сипарӣ мегардад. Бинобар ин, ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати ин санаи воқеан таърихӣ табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям. Имсол Рӯзи Конститутсия ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки мардуми сарбаланди кишвар онро ҳамчун ҷашни муқаддаси таърихӣ бо дастовардҳои арзанда ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол намуданд, рост омад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ба даст овар¬дани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибис¬тиқ¬лола¬мон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳоки¬мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид. Дар Конститутсия таъмини соҳиб¬их¬¬¬тиёрӣ, истиқ¬ллият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок¬ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид. Аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво¬рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Бо дарназардошти он ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд. Бояд гуфт, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс-тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик¬ инъикос ёфтаанд. Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд. Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид. Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд. Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Раванду рӯйдодҳои замони муосир тақозо мекунанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дар маҷмӯъ, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳо ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар¬ҳуқуқӣ ҳамеша кӯшиш намояд. Зеро дар шароити пуртаззоди дунёи имрӯза ва таъсири торафт афзояндаи равандҳои ҷаҳонишавӣ мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгириф¬таи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем. Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад. Дар ин роҳ ба ҳар яки шумо, ҳамватанони азиз, рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдко¬рона минбаъд низ илҳомбахши зиндагии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар хоҳанд буд. Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ, бахту саодат ва сарфарозии поянда орзу менамоям. Ҳамеша саломату сарфароз бошед, ҳамватанони азиз!
Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсози миллат 4 ноябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи мамлакат бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони “Конститутсия - санади муқаддасу тақдирсози миллат” мизи мудаввар доир гардид. Дар он Миралиён Қиёмиддин, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони Суди Конститутсионӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, олимони ҷавон ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар иштирокчиён вобаста ба аҳамият ва муҳимияти ин санади олии ҳуқуқӣ суханронӣ ва маърӯзаҳо намуданд.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки “Конститутсия санади бунёдиву созандае аст, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонон ҳуқуқи худро мешиносанд ва аз он баҳрвар гардидаанд. Таҳаввулоте, ки дар беҳдошти ҳаёти ҷавонони кишвар ба миён омадааст, аз қабили қабул гардидани қонуни кишвар “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Кон-
сепсияи миллии сиёсати ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, барномаи вусъатдори давлатии ҷавонон ва ғайра маншаъ ва маънии худро аз Конститутсия гирифтаанд” Ёдовар бояд шуд, ки доир гардидани чунин мизҳои мудаввар дар тадбиқ ва риояи ин санади олии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Бунёди мактаби нав дар Куҳрӯд Ба муносибати 22-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Куҳрӯди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ мактаби наву замонавии таҳсилоти умумӣ №38 барои 340 хонанда ифтитоҳ ёфт. Мактаб бо тамоми таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷҷаҳаз буда, аз тарафи сохтмончиёни маҳаллӣ дар муддати як сол сохта ба истифода дода шудааст. Дар маросими кушодашавии мактаби нави таҳсилоти умумӣ роҳбарияти ноҳияи Айнӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илм, хонандагону омӯзгорон ва сокинони ноҳия иштирок карданд. Намояндаи ноҳия хонандагону омӯзгоронро барои кушодавии мактаби наву замонавӣ таҳният гуфта иброз дошт, ки ин беҳтарин тӯҳфа барои сокинони деҳаи Куҳрӯд дар Рӯзи Конститутсия мебошад. Толиб ФОЗИЛОВ, “ҶТ”
3
Номаи президенти ФИФА ба Рустами Эмомалӣ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Ҷозеф Инфантино, президенти Федератсияи байналмилалии Футбол (ФИФА) бо ирсоли як нома ба Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанберо барои пирӯзӣ дар мусобиқаи Тоҷикистон табрик кардааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2016 насиби “Истиқлол” шуд
ШОДИХОНИ НАЗАР
Тими “Истиқлол”-и Душанбе бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол шуд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии “Истиқлол” Инфантино дар номааш таъкид намудааст: “Табрикоти шахсии маро ба дастаи “Истиқлол” барои ғолибияташ дар мусобиқоти Тоҷикистон расонед. Дар ҳақиқат футбол мактаби ҳаётист ва ман бовар дорам, ки барои ҳама, махсусан ҷавонон ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам иҷтимоӣ метавонад манфиатовар бошад. Барои ҳамин аз ҳамаи онҳое, ки дар дастаи “Истиқлол” кор мекунанд, даъват менамоям, барои фаъолият дар сафи пеш ва муваффақият корро идома диҳанд”. Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе баъди пирӯзӣ бо тими “Барқчӣ” (5:1) унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон-2016 –ро ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки тими “Истиқлол”-и Душанбе аз замони таъсисёбӣ (ноябри соли 2007 ) маротибаи панҷум аст, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф мегардад. Ин тим соли 2015 соҳиби медалҳои нуқраи Конфедератсияи футболи Осиё гардида буд. Инчунин барандаи Ҷоми Президенти АФК дар соли 2012, барандаи Ҷоми байналмилалии Баҳористон - 2014, 2015 мебошад.
ВМКБ: Мусобиқаи волейбол ба истиқболи рӯзи Конститутсия Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бозии волейбол миёни ҷавондухтарони то синни 22 –сола оғоз ёфт. Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хоруғ роҳнадозӣ шуда, дар он 6 даста миёни ҳам рақобат карданд: 1) Коллеҷи тиббии марказӣ 2) Донишгоҳи давлатии Хоруғ 3) Мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 2 4) Омӯзишгоҳи № 8 5) Мактаби варзишии Хоруғ 6) Ноҳияи Шуғнон Мувофиқи тавзеҳоти сардовари сабқати мазкур Ёдгор Фезов, дар маҷмӯъ зиёда аз 65 нафар вазишгарони бомаҳорат дар мусобиқа иштирок доштаанд, ки гузаронидани чунин мусобиқаҳои ҷашнӣ барои тақвият бахшидани тарзи ҳаёти солим ва рушди бозии волейбол байни ҷавондухтарон замина фароҳам меорад.
“Истиқлол” барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дар соли 2016 санаи 5 ноябр дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархорро мағлуб намуда соҳиби ҷом гардид. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Нимаи аввали бозӣ мусовӣ 2:2 хотима ёфт. Ҳисобро Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани тими “Истиқлол” дар дақиқаи 13 боз намуда, голи ҷавобии меҳмононро Иброҳим Рабимов
дар дақиқаи 33 ба самар расонид. Баъди чор дақиқа ба лигионери дастаи “Истиқлол” Мусо Содиқ муяссар гардид, ки голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи рақиб намояд. Ҳамлагари “Истиқлол” Манучер Ҷалилов дар дақиқаи 44 ҳисобро баробар намуд. Қисми дуюм бидуни гол ҷамбаст шуд. Дастаҳо ду қисми дигари бозиро, ки 15 дақиқаӣ сардовар Баҳром Саъдуллоев таъин кард, би-
дуни гол ҷамбаст намуданд. Дар охир бо задани зарбаҳои 11 метра тими “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 (ҳисоби умуӣ 5:4) соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2016 гардид. Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол аз соли 1992 инҷониб баргузор мегардад, ки даҳ даста сазовори Ҷом гардидаанд. Миёни онҳо тимҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” шаш маротибагӣ соҳиби ҷом шудаанд.
ВМ – соҳиби ҷойи аввал 4 ноябр бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бахшида ба 22-солагии Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тақвияти маҳорати варзишии сарбозону афсарон бозиҳои варзишии сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он сарбозон аз рӯйи намудҳои гуштини миллӣ (дар 6 вазн), вазнбардорӣ,турниккашӣ, давидан (ба масофаи 3 километр) ва бандкашӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи Вазорати мудофиа бо холҳои бештар соҳиби ҷойи якум, дастаи Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ мақоми дуюм ва Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар фарҷоми мусобиқа Махкамбой Гулов, масъули Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи кишвар табрик намуда, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва медал тақдим карда шуд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ҳаким Фузайлов: Вазифаи асосии мо баромадан ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё аст 8 ноябр дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас» нишасти хабарӣ бо сармурабии тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Ҳаким Фузайлов, сармурабии дастаи мунтахаби Тоҷикистон қайд намуд, ки ин бозӣ барои тими мо муҳим аст ва даста омода мешавад ба бозиҳои Ҷоми Осиё . Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мақсди асосии мо ба бозиҳои финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтан аст. Бозии охирини тими рақибро, ки бо мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек баргузор гардид тамошо намудем, дастаи Туркманистон бозингарони хуб дорад ва мо маълумоти кофӣ дар бораи бозингарон ва тактикаи рақиб гирифтем мегуяд,-Ҳаким Фузайлов сармурабии тими мунтахаби Тоҷикистон. Сармурабии тими мунтахаби Туркманистон Аманқлич Қочумов бинобар сабаби бемор шудан дар
нишасти хабарӣ ширкат наварзид ва ба ҷои ӯ ёварӣ сармураби иштирок намуд. Ёдовар мешавем, ки 9 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегар-
дад. Ин ду даста ҳафт маротиба бо ҳам вохӯрда, ду маротиба тими Тоҷикистон ва се маротиба тими Туркманистон ғолиб шудаанд, ду бозии дигар мусови анҷом ёфтагааст. Шаҳбози Асомиддин, “ҶТ””
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
МАВЗӮИ РӮЗ
Вақте ҷавонон ба «Ҳеллоуин» рӯ меоранд...
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Фарҳанги ҳеҷ кишвар дар алоҳидагӣ рушд карда наметавонад. Фарҳанг дар ҳама мамлакатҳои рӯи ҷаҳон дар натиҷаи бархурд пешрафт мекунад. Ба он навгониҳо ворид мешавад. Аммо дар ин росто пос доштани арзишҳои миллӣ дар мадди аввал меистад. Яъне, набояд бо ворид шудан ба фарҳанги дигарон фарҳанги худро аз даст диҳем ва ё онро куллан дигар намоем. Ҳамчунин, ҳар урфу одат ва ё фарҳанге, ки аз дигарон ба мо ворид мешавад, пеш аз ҳама бояд мавриди омӯзиш қарор гирад, то ҷанбаъҳои хубу бади онро дарк намуда, баъдан ҷиҳатҳои фоиданокашро мавриди амал қарор диҳем.
Яке аз ҷашнҳои мамолики Ғарб, ки тайи чанд соли охир дар кишвари мо таҷлил мешавад ва ҳаводорони зиёде ҳам ёфтааст, «Ҳеллоуин» мебошад. Дар бораи пайдоиши он андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, ки қабилаҳои ҷазираи Британия, Ирландия ва як қисмати Фаронса миҳимтарин иди худ “Самайн”-ро ҳар сол 31 октябр ҷашн мегирифтанд. Онҳо шаби базмии “Самайн”-ро яке аз воқеаҳои даҳшатноки сол медонистанд. Ақида доштанд, ки дар ин шаб парда байни инсонҳо ва соҳирон бардошта мешавад. Ба қавле онҳо метавонанд ба ҷаҳони ҳамдигар дар ин шаб ворид шаванд. Нишонаҳои пайдоиши ин ҷашн асосан аз ҳамин шаби “Самайн” сарчашма мегирад. Баъд аз зуҳури дини насронӣ дар ҷазираҳои Британия ва Ирландия дар байни мардум нишонаҳои ин ҷашн ҳамоно боқӣ монд. Дар соли 835 бо қарори руҳонӣ (Папаи Рим) Григори IV дар маъбадҳои ғарбӣ рӯзи 1 ноябр Рӯзи тамоми муқаддасот эълон гардид ва ҳамасола ин рӯзро ботантана ҷашн мегирифтанд. Як рӯз пеш аз он бошад, яъне 31 октябр рӯзи «All Haltows Eve» ё «Halloween» ном гирифт, ки маънояш як рӯз пеш аз Рӯзи тамоми муқаддасот мебошад. Аз он ки таърихи ҷашни эълонкардаи роҳиб ва як рӯзи қабли он ба ҷашни “Самайн” рост омада буд, бисёри мардум онро давоми ин ҷашн фикр карданд. Фикрашон танҳо ҳамин буд, ки ҷашни “Самайн” аз нав зинда шудааст, аммо «Ҳеллоуин» ҳангоми ҷашн гирифтан ба куллӣ аз “Самайн” фарқ дошт. Зеро дар он роҳибон танҳо аз чизҳо ва рӯзҳои муқаддас ёд мекарданд. Фарқи калон дар он аст, ки ҷашни “Самайн” пеш аз дини насронӣ буд. Онро қабилаҳои ҷазираи Британия, Ирландия ва як қисмати Фаронса, аммо «Ҳеллоуин»-ро бошад, роҳибони насронӣ ҷашн мегирифтанд. Дар аввал «Ҳеллоуин» дар Амрико дида намешуд. Онро аввалин маротиба муҳоҷирони ирландӣ ва шотландӣ ба Амрико оварданд. Дар ин кишвари пуриқтидор «Ҳеллоуин»ба зудӣ рушд кард ва аз он ҷо ба ҳамаи кишварҳои англисзабон паҳн гашт. «Ҳеллоуин» рафта-рафта ба як иди замонавӣ мубаддал гардид. Ҳоло он дар Амрико,
Британияи Кабир, умуман кишварҳои англисзабон ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо ин рӯз дар ин кишварҳо рӯзи истироҳатӣ эълон нагардидааст. Ҳамин тариқ, «Ҳеллоуин» дар охирҳои асри XX ба як қатор кишварҳои бо ИМА ҳамфарҳанг ҳам роҳ ёфт. Онро дар кишварҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Австралия, Зеландияи Нав ва дигар давлатҳои ҷазиравӣ ба таври ғайрирасмӣ ҷашн мегиранд. Чанд сол қабл он вориди Русия шуда, аз он ҷо ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳ ёфт. «Ҳеллоуин» аслан миёни ҷавонони кӯчагард ҷашн гирифта мешуд. Аз он ки “Самайн” ва «Ҳеллоуин» ба ҳам омезиш ёфтанд, дигар муҳимтарин унсури ҷашни «Ҳеллоуин» пӯшидани либоси ваҳмангез, сохтани қандилҳои аҷиб аз каду ва турб, ҳамчунин тарсонидани якдигар ба шумор мерафт. Аз ҳамон вақт ҳадафи ҷашнгирандагони «Ҳеллоуин» муайян гардид. Онҳо дар даруни ин сабзавот оташ ва ё шамъ фурӯзон карда, паҳлӯҳояшро сӯрох мекунанд, то ки аз ин сӯрохиҳо равшании шамъ ҳайратовар намудор шавад. Ҳол он ки дар «Ҳеллоуин»-и ҳақиқӣ бо либосҳои махсус аз саҳар то бегоҳ руҳониёни дини насронӣ бо бадӣ мубориза мебурданд ва дар охир либосҳои худро оташ мезаданд. Яъне, дар пиндорашон ин буд, ки бо ин амал некӣ ба бадӣ ғолиб омадааст. Ҳамин тавр, «Ҳеллоуин» дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ таҷлили густурда пайдо кард. Сол аз сол таҷлили бошукӯҳи «Ҳеллоуин» норозигии зиёдро ба бор овард. Чунки дар он ашё, либосҳо ва расмҳои ваҳмангез зиёд шудан гирифт. Ахиран таҷлили густурдаи «Ҳеллоуин» дар мактабу донишгоҳҳои Русия нигаронии вазорати маорифи ин кишварро ба бор оварда буд. Ин ниҳоди Русия аз хонандагон хоста буд, ки дигар онро таҷлил накунанд. Ҳамчунин, синоди калисои провославии Русия низ ин ҷашнро шайтонӣ ва бар зидди дин унвон карда, аз пайравонаш хоста буд онро таҷлил накунанд. Ҷашни «Ҳеллоуин» тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон низ ба
таври ғайрирасмӣ ҷашн гирифта мешавад. Он дар кишвари мо ғолибан миёни гурӯҳи ҷавонони марказнишини пойтахт ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардаанд ва ё дар созмонҳои байналмилалӣ фаъолият доранд, ҷашн гирифта мешавад. Онҳо дар дискоклубу марказҳои дилхушӣ бо либосу ниқобҳои мухталифи ваҳмангез ва қаҳрамонҳои афсонаҳо, аз ҷумла бо ҷомаи “Вампир”-у “Аҷузакапмир” «Ҳеллоуин»-ро таҷлил мекунанд. Аз он ки онро як гурӯҳи кӯчаки ҷавонон ҷашн мегиранд, қисми зиёди мардум ба таҷлили он мухолифанд. Дар кишвари мо рӯҳониён ва гурӯҳи зиёди ҷавонон ин иди аслан ғарбиро мухолиф ба расму оинҳои динӣ ва милливу суннатӣ медонанд. Воқеан, нигаронкунанда аст, ки бо оҳистаоҳиста зиёд шудани ҷашнгирандагон ин ҷашн метавонад тавсеа ёбад ва ҷавонон ба ҷашну маросимҳои бегона рӯ биёранд. Дар кишвари мо ба далели маҳдуд будани доираи ҷашнгирандагони «Ҳеллоуин» то ҳол вокунишҳои расмӣ ба бор наёмадааст. Маъмулан бо боздошти чанде аз ҷашнгирандагонаш аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хулоса мешавад. Аммо дар маҳфилҳои алоҳида аз ин ҷашн интиқодҳо садо медиҳанд. Ҷавонони тоҷик, хоса нафароне, ки «Ҳеллоуин»-ро ҷашн мегиранд, аз куҷо пайдо шудан ва умуман мафҳуму ҳадафи ҷашнгирии онро намедонанд. Чунончи Диловар Ҷабборов, як тан аз ҷавонон, ки соли ҷорӣ «Ҳеллоуин»-ро ҷашн гирифтааст чунин мешуморад, ки он ба ягон дину оин ва арзишҳои миллӣ алоқаманд нест. Чанде қабл ширкати “Walmart”ро барои ҷашни «Ҳеллоуин» ба нажодпарастӣ ва таҳқир мутаҳам карда буданд. Дар остонаи ҷашни «Ҳеллоуин» ё иди чеҳраву симоҳои ваҳшатафкан ширкати “Walmart” ба нархи 40 доллар сару либосеро бо номи «Паштун Папа» ба фурӯш баровард, ки онро истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нажодпарастӣ, тавҳин, масхара ва исломбадбини маънидод карда буданд. Ҳамчунин, чанд сол пеш яке аз ширкаткунандагони «Ҳеллоуин» ба қасри салтанати Бритониё бо сару либоси Усома бин Лодан омада, посбонҳои кохро ба ташвиш мононда буд. Назири ин гуна ҳодисаҳо аз ҷашни “Ҳеллоуин” садҳост, ки аз носозгор будани он ба мардум хабар медиҳад. Аз ҷиҳати равонӣ низ «Ҳеллоуин» ба шахс таъсир мерасонад. Хун ва ё захмҳоро дар бадан намоиш додан, аз қоидаҳои асосии ин ҷашн шудааст. Пештар одамон дар «Ҳеллоуин» ба сар ниқоби кадугӣ мекашиданд, ҳоло бошад, он ба ниқобҳои даҳшатовар, бо хуну теғ мубаддал гардидааст. Ба мо маълум аст, ки бадию ғорат, куштору хунрезӣ аз хислатҳои номатлуб ба ҳисоб мераванд, ҳоло бошад дар ин ҷашн аъмоли мазкур аз қоидаҳои асосии бозӣ маҳсуб мешавад. Метавон гуфт, ки тақлид кардани ҷавонон ба фарҳангу ҷашнҳои бегона, ба гунаи мисол ба «Ҳеллоуин» аз вуҷуди як халои фарҳангӣ ё беназорат мондани чанд ҷавон дар кишвар хабар медиҳад. Аз ин рӯ, месазад, ки Вазорати фарҳанг ҷиҳати манъ кардани ин ҷашн чора андешад. Бояд мо кӯшиш кунем, ки ҷавонон аз фарҳанг, урфу одати миллии худамон пайравӣ кунад. Зеро пос доштани фарҳангу оинамон дар оянда ба ҷавонон вобастагии зиёд дорад.
5
Ҳарчанд театр як макони хуби фарҳангӣ, минбари андеша ва ғанигардонандаи маънавиёт аст, имрӯзҳо аз холӣ будани толорҳои он зиёд шиква мекунанд. Хоса ба театр нарафтани ҷавонон аз масъалаҳои нигаронкунандаи рӯз гаштааст. Дар робита ба ин масъала аз мусоҳибон пурсидем:
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
Театр ба мо чӣ медиҳад? Фаррух ҚУРБОНИЕВ, донишҷӯ: - Театр аз бахшҳои умдаи фарҳанги ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Он зиндагии моро акс мекунад. Инсонро ба худшиносиву худогоҳӣ раҳнамо мешавад. Он яке аз воситаҳои хуби таъсиррасонӣ ба мафкураи инсон аст.
Фаридуншоҳ ИБРОҲИМЗОДА, ҳунарманд: - Театр тарбиятгар аст. Баъзе бинандаҳое ҳастанд, ки меҳри волидайн, шафқати онҳоро дуруст дарк намекунанд. Вале агар саҳнаҳои театриро дар мавзӯҳои барояшон даркнопазир тамошо кунанд, назарашон дигар мешавад.
Бахтиёр ФАЙЗИЗОДА, сокини ноҳияи Панҷ: - Театр ба инсони бомаърифат маънавиёт медиҳад. Ба воситаи театр мо метавонем фарҳангу тамаддуни худро дар дохилу хориҷи кишвар муаррифӣ намоем. Модоме ки театр муаррифгари фарҳанг ва афзояндаи маънавиёт бошад, пас он барои ҷавонон ҳамчун обу ҳаво зарур аст.
Хусрав ШОҲСАИДОВ, рӯзноманигор: - Театр саҳнаест, ки он ҷо ҳама чиз зинда сурат мегиранд. Ба инсон ин хеле муҳим аст, ки зиндагӣ, хулқу атвор ва рафтору гуфтори худро бо чашм бубинад ва барои ислоҳ шуданаш кӯшиш намояд. Ин имкониятро танҳо театр ба мо медиҳад. Театр моро месозад, ислоҳ мекунад ва меомӯзонад.
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Фурқати НИЗОМ, корманди ТВ “Сафина”: - Ҳар тағйироту дигаргуние, ки дар зиндагии ман ба миён омад, аз таъсири театр буд. Бартарияти театр аз филму намоишҳои телевизионӣ дар он аст, ки мо бо ҳунарманд дар толор як ҷо нафас мекашем ва дарди қаҳрамонро ҳис мекунем. Кайфияти тамошои театр низ дар ҳамин аст.
Ҷавони муваффақ ва орзуҳои ҷавонӣ Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи бузургу сарвати гаронарзиш ба шумор мераванд. Бинобар ин, бо истифода аз зиракии сиёсӣ, донишҳои иқтисодӣ ва доштани шуури кофии динию мазҳабӣ ҷавонони кишвари мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азизи хеш буда метавонанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” омадааст, ки гурӯҳи иҷтимоӣ, демографие ҷавон ҳисобида мешаванд, ки шахсони синни аз 14 то 30-сола бошанд. Ин аз нигоҳи шахсоне аст, ки муваззафанд, то қонуне эҷод кунанд ва дар доираи қонун аҳдофи як ҳукумати сирф миллиро пиёда намоянд. Аммо метавон ҷавониро аз нигоҳи маънавию иҷтимоӣ низ шарҳ дод. Аз ин нигоҳ шахсеро месазад ҷавон ҳисобид ва бар ӯ умед баст, ки нигоҳи тозаву иштиёқи беандозае ба як зиндагии ошиқонаю оқилона дорад. Пайваста гом мебардорад ба сӯи муваффақият ва ормонҳои нав ба нав ва шикастан дар роҳи муваффақиятро бурдборӣ меҳисобад. Зиндагии худро ба мазрааи набардҳои муваффақона мубаддал мекунад ва таслим нагаштан дар зиндагиро шиори аслии хеш қарор медиҳад. Ҷавонӣ ба шиносномаю шаҳодатномаи таваллуд асос намеёбад, балки ҷавон касе аст, ки дорои сифатҳои зикргардида бошад. Ҳар касеро шулаи умед дар қалбаш хомӯш гардидаасту ормонаш аз даст рафта бошад ва эҳсос кунад, ки дигар умеду орзуе дар зиндагӣ барояш боқӣ намондааст, пас ӯ қадам ба кӯчаи фартутӣ ниҳодааст, ҳарчанд дар синни 16-солагӣ ба сар мебарад. Ҳар касе, ки қалби пур аз ҷӯш ва шӯру шар дошта бошаду орзуву ормонҳои рангине дар вуҷудаш туғён занад ва бо чобукию далерие ба сӯи муваффақият қадам бардорад, пас ҷавон аст, ҳарчанд мӯйҳои сараш сафед гашта бошанд. Пешвои миллат дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар чунин қайд карда буданд: “Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи дастовардҳои беназир мебошад.” Воқеан, яке аз масъалаи ҷиддии ҳаёти имрӯзаи ҷавонони мо, ки барои ноил шудан ба муваффақиятҳояшон монеаи ҷиддӣ гаштааст, пайвастшавии бархе аз онҳо ба ҳизбу харакатҳои мамнуъ мебошад. Сари ин масъала бояд ҳар як ҷавони солимақлу бомаърифат ан-
деша намояд, ки аз шомил шудан ба ҳар навъ гурӯҳҳои ифротӣ чӣ чизе ба даст меоранд ва чӣ паёмаде онҳоро интизор аст?! Магар ин ҳама метавонад аз арзишҳои айёми ҷавонӣ болотар истад? Ягона ҷавоб ба ин савол ҳамин аст, ки “На!”. Оқибати чунин кор танҳо пушаймонӣ асту халос ва фикр мекунам барои ҷавонон танҳо орзу кардани созандагӣ ин худ як арзиши гаронбаҳост, ки бояд ба қадраш расид. Зимнан, ҷавони муваффақ нафарест, ки роҳу равиши хешро дар зиндагӣ дорад, мақсаду ҳадафи муайянеро пайгирӣ мекунад ва дар шароити ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва ба пояи мақсад расидану эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба касби муайяне ҷалб гардидани онҳо мебошад. Ҷавонон бояд бо истифода аз ҳама гуна шароити муосир пайгири касби муайяне гарданд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонанд ба қуллаҳои баланди муваффақият бирасанд.
Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Нақшаи даъват қариб иҷро шуд
Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 30 рӯз сипарӣ гашт ва то ин дам дар ҷумҳурӣ иҷрои нақша ба 89 фоиз баробар шудааст. Чунончи дар вилояти Суғд 92%, дар вилояти Хатлон 94%, дар ВМКБ 100%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 95% ва дар комиссариятҳои ҳарбии чор ноҳияи пойтахт 77% иҷро шудааст. То ҳол 68 шаҳру ноҳияи мамлакат, 35 комиссарияти ҳарбӣ ва мақомоти масъули вобастаи давлатии даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гузориш додаанд. Хотиррасон мекунем, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли 2016 оғоз гардида, фаъолияти комиссияҳои даъватӣ то 30- юми ноябри соли ҷорӣ идома меёбад. Ҳ. ТАЛАБШОҲ, “ҶТ”
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ифротишавии ҷомеа ба нафъи кист?
ҲАСАН АЗИЗОВ
Ё чаро қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ ҳанӯз терроризмро дастгирӣ мекунанд? Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҳти унвони «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату сохторҳои қудратӣ, олимону мутахассисон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент зимни суханрониаш дар мавзӯи “Вазъи ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он” иброз дошт, ки вазъи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2015 беҳтар нашудааст. Наметавон гуфт, ки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ камари тундгароиву ифротгариро комилан шикаста тавонистаанд. “Масалан, тибқи маълумоти расмӣ 394 сокини вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ки аз ин 24 нафарашон ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандони ноболиғашон мебошанд. Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 нафар роҳбар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои диниву экстремистӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Инчунин, нисбати 16 имомхатиб ва дигар ходимони масҷидҳои вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар маҷмуъ соли 2015 109 нафар сокинони вилояти Суғд бо иттиҳоми пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро боздошт гардидаанд. Дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара нисбати 74 нафар сокини шаҳру деҳоти он барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятии хусусиятҳои экстремистӣ ва террористидошта 43 адад парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст”,- афзуд ӯ. Номбурда изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли равон 50 сокини вилояти Хатлон ба ҳаракатҳои мумнуи салафия пайвастаанд, ки дар миёни онҳо як зан аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Дар маҷмуъ аз Хатлон дар сафи созмони “Давлати исломӣ” ва Сурияву Ироқ 210 нафар меҷанганд. Дар Тоҷикистон ин рақам аз 1100 нафар гузаштааст. Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар мавзӯи “Таҳаввули ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар шароити муосир: баъзе масъалаҳои шинохти он” чунин иброз дошт: “Ин падида дар муҳити пасошӯравӣ ва қаламрави густариши дини ислом вежагиҳои фарқкунандаи худро дорад ва давраи таҳрикёфтаи он бо пушхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Ин раванд бо болоравии андешаҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгарои исломӣ оварда расонид. Ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта, дар миёни муътақидони дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам раванди эҳё ва ривоҷи бесобиқаи динӣ гирифт. Ин ҳолат на танҳо ба фурӯпошии пояҳои идеологии як давлати абарқудрат, балки ба барҳам хӯрдани сиёсати дуқутбаи ҷаҳонӣ ва пайдо шудани бозингарони нав дар фазои геополитикии ҷаҳон алоқаманд буд. Муваққатан ба вуҷуд омадани холигии идеологӣ ва фарҳанги бемеҳварӣ дар муҳити сиёсии як идда давлатҳои мансуб
ба дину эътиқодҳои гуногун водор кард, ки мардум барои пайдо кардани ҷаҳонбинии нав ба арзишҳо ва муқаддасоти динӣ муроҷиат намояд”. Ӯ гуфт, дар шароити муосир мо воқеан эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои роҳандозии сиёсати худ ҳанӯз аз тактикаи дастгирии молиявию низомӣ, ҷангҳои диниву мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигоҳдории ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашидаанд. Идома ёфтани ин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҳама гуна ҷомеаҳои мусулмонӣ таъсиргузор шудааст ва ҳар лаҳза метавонад суботи ҷомеаро халалдор созад. Ф. Баротзода дар робита ба ин мавзӯи ҳассос ба эътибор гирифтани матлабҳои зеринро муҳим донист: “Якум, бояд эътироф намуд, ки арзишҳои динӣ ба таркиби андешаи миллии тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Фарҳанги ахлоқӣтарбиявии ниёкони пурифтихори моро берун аз ҳузури аносири динӣ тасаввур кардан номумкин аст. Дуюм, таҳлилҳои коршиносӣ дар шинохти омилҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон чунин натиҷагирӣ шудааст: Омилҳои иқтисодӣ. Идомаи бӯҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти молу коло ва хизматрасониҳо, дар натиҷа паст шудани сатҳи зиндагии мардум, баста шудани корхонаҳо ва афзоиши бекорӣ; Омилҳои сиёсӣ. Бӯҳрони ҳокимияти сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада, ки дар афзоиши пархошҷӯйи бар зидди ақидаҳои мухолифин аз як тараф ва нотавонӣ дар ҳифзи азму субот дар ҷомеа аз ҷониби дигар зоҳир машаванд. Набудани фазои солими ҳуқуқӣ ба он оварда расондааст, ки мардум ба амали ҳукми қонун ҳам кам бовар мекунанд. Омилҳои иҷтимоӣ. Афзоиши табақабандии нобаробарии иҷтимоии мардум, ки дар пайдо шудани як гурӯҳи соҳиби дороии аз ҳад зиёд ба гурӯҳи бенавоёни ноком барои пешбурди зиндагӣ ифода меёбад ва ташаккули синфи миёнаро зери суол меандозад; Омилҳои маънавӣ. Касод ва фурӯпошии маънавӣ дар сатҳи ҷомеа ва фард. Безамонӣ ва бемеҳварии идеологӣ, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва халалпазирӣ дучор мешаванд”. Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС вобаста ба мавзӯи “Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он” маърӯза карда зикр намуд, ки дар кишвари мо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баъд аз солҳои 2000-ум рушд карданд ва то имрӯз раванди таҳкимёбии онҳо идома дорад. Ризоён гуфт, бо вуҷуди ин имрӯз дар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд мушкилот дида мешавад. Аз ҷумла, шинохт ва эътирофи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. “Мафҳуми
ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аксарияти сокинони ҷумҳурӣ ҳанӯз ноошно боқӣ мондааст. Дар бораи мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ коршиносони соҳа маълумоти муайяну тафсирҳои классикӣ доранд. Лекин мардуми оддӣ доир ба мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилои дақиқ надоранд. Вақте мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аксарият нофаҳмо аст, ба унсур ё элементи худӣ мубаддал шудани он дар заминаи таҳаввули ҳувият ё таҳкими ҳувият бисёр мушкил аст. Мушкили дигар фаъолияти заифи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар аст. Зеро дар вақти таҳқиқоте, ки дар бораи хусусиятҳои шинохти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон моҳҳои май-августи соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд аз шаҳрвандон, кормандони мақомоти маҳаллӣ, фаъолони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми таҳқиқот вобаста ба заифии институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсида шуд маълум гардид, ки баъзе ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз грант то грант фаъолият мекунанд ва вақте маблағгузорӣ тамом мешавад, комилан фаъолияташон суст мегузарад. Дар робита чанд омиле ҳаст, ки барои рушди фаъолияти бештари ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷомеа метавонад нақш дошта бошад: -дар доираи қонунгозорӣ фароҳам овардани фазо ва имконият барои фаъолияти озоди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; -таваҷҷуҳ намудан ба рушди ниҳодҳои анъанавии ҷомеаи шаҳрвандӣ; -ҷустуҷӯ аз пластҳои фарҳанги миллӣ; -мустаҳкам намудани маблағгузории дохилии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; -монеа нагаштан ба ҷалби маблағгузориҳои хориҷа барои фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; -боло бурдани фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон; -дар сиёсати усулии давлатӣ эътирофи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун як ниҳоди мусоидаткунанда барои татбиқи дурусти сиёсати давлатӣ; -ба худӣ ва бегона ҷудо накардани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; - қабули стратегияи рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ”. Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон зимни баромадаш дар мавзӯи “Нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар муқобила бо тафаккури ифротии динии муосир” чунин гуфт: “Пеш аз ҳама Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мақоми намояндагӣ, коршиносиву машваратӣ ва ҳамоҳангсози равандҳои сиёсии Тоҷикистон мебошад. Айни замон дар Шӯрои ҷамъиятӣ 85 ташкилотӣ ҷамъиятӣ ва 6 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, ки аҳдномаи ризояти Тоҷикистонро ба имзо расо-
нидаанд. Ғайр аз он аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ақалиятҳои миллӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки муқими Тоҷикистонанд. Ин ташкилотҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ уҳдадориҳои муайянеро ба худ мегиранд. Яке аз вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ таҳлили вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он рӯй медиҳанд, мебошанд. Ин кор аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ ба таври доимӣ сурат мегирад. Ифротгароӣ ва тундгароии динӣ хатари ҷиддии ҷомеаи чаҳони имрӯз ба ҳисоб меравад ва ба ҷомеаи мо ҳам хатари худро расонида истодааст. Барои ҳамин бевосита Шӯрои ҷамъиятӣ ба омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи ин масъла машғул аст”. Нуриддин Қаршибоев, директори Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Тоҷикистон” баромад карда гуфт, ки аз фаъолияти расонаҳои мустақил қаноатманд нест. “Сабаб ин аст, ки баъзе аз журналистон мавзӯъро хуб дарк намекунанд ва дар инъикоси он малакаи кофӣ надоранд. Аслан дар инъикоси мавзӯи тундгароӣ дар расонаҳои Тоҷикистон бештар маводи иттилоотӣ, яъне хабару гузоришҳое, ки хусусияти иттилоотӣ доранд зиёдтаранд, вале маводи таҳлилӣ гоҳ-гоҳ ба назар мерасад, ки ин ҳам бошад аз натиҷаи конфронсҳо дар доираи ин ё он лоиҳаҳо мебошад”. Зикр гардид, ки гӯруҳи ифротии ба ном “Давлати исломӣ” дар ду соли ҳокимияташ бар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддиинсониро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди осорхонаҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро бо табару зоғнӯлу арраҳои барқӣ мешикастанд ва китобу мусаввараву нигораҳоро пора мекарданд. Ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт, зеро онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошуриён ҳамчунон ҳифз шуда буд, бо тамоми воситаҳо хароб карданд. Умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият бо рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти ин гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Дар фарҷом аз тарафи мутахассисисону коршиносон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва олимону донишмандон барои пешгирии ин амали номатлуб, хусусан байни ҷавонон, андешаҳои судманд ва мушаххас иброз гардид.
Ҳамгироии иҷтимоӣ чун соири падидаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар раванди рушду такомул қарор дорад. Лиҳозо дар ҳар ҷомеа ҳамеша талабот ба фаҳмиши ҳам шакл ва ҳам мазмуни дигаргуниҳое арзи вуҷуд мекунад, ки ҳамгироии иҷтимоӣ гирифторашон мегардад. Фаҳмиши комилан созгори ин тағйирот ба ҷомеа барои саривақт ва самаранок ҳал кардани мушкилот ва равона сохтани фаъолмандии одамону ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба хотири расидан ба аҳдофи матраҳкардаи рушди устувор имконият фароҳам меорад. Тоҷикистон феълан дар баъзе ҷиҳатҳо дар чунин ҳол қарор дорад, зеро агар аҳдофу масъалаҳои пештар ба миён ниҳодашуда баҳри расидан ба ҳамгироии иҷтимоӣ хидмат карда бошанд, ҳоло ислоҳ кардани аҳдофу масоил, ба онҳо бахшидани маънии навро тақозо менамояд. Ин ба наздиксозии аҳдофу масоили ваҳдати иҷтимоии ҷомеа ба талаботу манофеии воқеии аъзои он, ки таҳкими пояҳои тартиботи ҷамъиятӣ умуман вобаста ба он ҳаст, имконият муҳайё месозад. Бад-ин тариқ, ин мубрамияти пажӯҳиши мушкилии ба миён гузошташударо дар контексти тағйироти ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон дар ҳамин марҳилаи рушди он муайян менамояд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ дар тӯли солҳои истиқлолият бӯҳронҳои шадиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро аз сар гузаронида аст. Ба ин мушкилиҳо боз он чи зам мегардид, ки дар он тафриқаи қавии амволӣ, инчунин зиддиятҳои доиман шиддатёбандаи ҷаҳонбинӣ миёни наслҳо, синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Дар иртибот ба ин масъала ҷустуҷӯи роҳҳои ба қадри имконият муайян кардани аҳдофу вазоифи ба раванди ҳамбастагии ҷамъиятӣ мусоидаткунанда ҳарчи бештар муҳим мегардад. Мушкилаи алоқаманд бо он ин аст, ки чи тавр дар ин раванд созиши оқилонаи миёни ҷомеапазирӣ ва мухторияти инсони ҷудогонаро бояд нигоҳ дошт. Мисолҳо аз муноқишоти иҷтимоӣ-сиёсӣ (бавежа дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ) нишон медиҳад, ки кӯшишҳои ба сотсиум (иҷтимоъ) маҷбуран таҳмил кардани аҳдофу арзишҳои умумӣ метавонад ба пахши мабдаъҳои шахсиятӣ, беэътиноӣ ба онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ анҷом пазирад. Ваҳдати ба тарзҳои номашрӯъ бадастомада қодир аст ба заволи мафкуравию сиёсии ҷомеа бурда расонад. Ҳамин ғоят метавонад барои ҷомеае фоҷиабор бошад, ки дар он меъёру принсипҳои тартиботи иҷтимоии ба танзиму назорати ҳаёти одамон имконият фароҳамсозанда аз байн мераванд. Фароҳамоварии шароит на фақат барои созиш додани одамон дар иҷтимоъ, балки барои мутаҳиднамоии он бо мақсади коркарди аҳдоф, арзишҳои иҷтимоӣ ва иродаи умумии иҷтимоӣ низ зарур аст. Бад-ин минвол, метавон ҳадс зад, ки ҳанӯз ба Тоҷикистон дарёфти беҳтарин натиҷаи ҳалли амалии проблемаи ваҳдати иҷтимоӣ ва озодии инсон муяссар нашудааст. Ин ҳолат дар дараҷаи бештар ба он иллатест, ки ин мушкилот мавриди тааммули (рефлексияи) боистании назариявӣ қарор наёфтааст. Дар иртибот ба ин омӯзиши чи сохторӣ ва чи вазифавии он шаклҳои ваҳдат мубрам мегардад, ки ба туфайлашон тарафҳои гуногуни озодиро дар иҷтимоъ нигоҳ доштан
метавон. Барои баррасии муваффақонаи ин мушкила ва дарёфти роҳҳои ҳали он татбиқи муносибати фалсафӣ ба масъала мувофиқи матлаб аст, зеро он ба омӯзиши ҷомеа ҳамчун низоми мураккабу ҳамзамон мувозин имконият фароҳам меорад. Дар ин маврид бояд ба назар дошт, ки низоми иҷтимоӣ аз аносири ҷудогона-одамон иборат аст, ки бояд барои худ озодии нисбиро дар чорчӯбаи ҳамин томияти мувозин таъмин намоянд. Муҳтавои омӯзиши тарзҳои мухталифи ҳамгироии аносири ҷамъиятӣ дар дохили иҷтимоъ иборат аз он аст, ки он устуворӣ, пӯёӣ (ҳаракатмандӣ) ва қобилият ба рушдро соҳиб бошад. Бояд қайд намуд, ки яке аз принсипҳои умда дар ташаккули ваҳдати иҷтимои тоҷик принсипи ҳамзистӣ бар мабнои баҳамёрмандии ихтиёрист, ки зиддиятҳои миёни коллективизм ва фардогароӣ (индивидуализм)-ро сабуктар мегардонад, инчунин ба пайдоиши адолати иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Бинобар ин, дар фаҳмиши ормонҳои ҷамъиятӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ аҳамиятнок аст, ки тарзҳои диалектикӣ, системанок, таърихӣ, сохторӣ ва функсионалии тавсифи баҳамтаъсирасонии инсон ва иҷтимоъро дар бар мегирад. Зинаи ибтидоии ваҳдати ҷомеа ваҳдатест, ки бар механизмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи асос ёфтааст. Шакли минбаъдаи иттиҳоди ҷамъиятӣ бо ошкор ва маърифат кардани асосҳои арзишии кулли иҷтимоъ муносибат дорад. Ваҳдати ҷамъиятӣ-сиёсии алоқаманд бо тарзҳои ақлгароёнаи фаъолияти ҳаётӣ ва ҷонибдори силсиламаротиби иҷтимоии устувор метавонад фақат характери муваққатӣ дошта бошад, агар шароит барои пайдоиши ваҳдати арзишию маънавии ҷамъиятӣ мавҷуд набошанд. Чунин натиҷагирӣ барои ба сифати баробараҳмият дида баромадани асосҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ ва маънавӣ-ахлоқии ваҳдати ҷамъиятӣ имконият фароҳам меорад. Диловар ХОЛНАЗАРОВ, унвонҷӯи АИ ҶТ
Агар хушҳолӣ маънои шодӣ ва хурсандиро дорад, пас ин хушҳолӣ чӣ гуна ба вуҷуд меояд? Фикр дорам, ки хушҳолӣ ба дарку фаҳмиш вобаста аст. Ба дарк кардан... Дарки, масалан, ҳастии ҳаво, мавҷудияти як манзараи зебои табиат, мавҷудияти тамоми узвҳои бадан ва ё қисме аз онҳо... Хушҳолӣ ҳамзамон мушоҳида кардани ҳолати аҷибу ғарибест. Масалан, мебинед, ки дар миёнаи роҳи калон дучархае бо мошинҳои “бодпои” хориҷӣ пойга дорад... Ва ё дар роҳ рафта истода тасаввур мекунед, ки шуморо бо сангпуште дар мусобиқаи тезравӣ мондаанд... Ё ин ки мутолиаи китоби ҷолибе метавонад боиси хушҳолӣ гардад. Суҳбат бо дӯсти дерин ҳам... Хушҳолӣ дар маҷмуъ ба фараҳёб шудани кас, ба қаноатмандӣ ва шукрпазир будани ӯ алоқаманд аст. Ба он ки ӯ ҳастиро дарк мекунад, мебинад ва аз он шукргузор аст. Инсонҳое ҳам ҳастанд, ки бо вуҷуди дар атрофашон будани омилҳои зиёди хастакунанда, хушҳолиашонро нигоҳ медоранд. Чаро ки ба ҳама чиз хушбинанд ва умед доранд. Сарчшмаи дуюми хушҳолӣ нисбат ба оянда умедвор будан аст. Агар ҳоло шароит муносиб нест, вале умедвор будан ба он ки дар оянда метавонад беҳтар гардад, инсонро хушҳол нигоҳ медорад. Барои онҳое, ки рӯзи истироҳатро дӯст медоранд, баъд аз нисфирӯзи ҷумъа вақти хушҳолкунанда аст. Зеро баъд аз чанд соат вақти истироҳат фаро мерасад. Ба ибораи дигар агар як инсони муқаррарӣ хушҳолиро танҳо бо гузашти ҳафта дарёбад, барои инсони ғайримуқаррарӣ ва умедвор ҳар лаҳза метавонад боиси хушҳолиаш гардад. Инсонҳое ҳам ҳастанд, ки хушҳолиро ниқоб карда ба рӯй кашидаанд. Ин зумра агарчӣ андарун хун бигиряд ҳам, ба ояндаи дурахшон умедвор набошад ҳам, барои худро ба дигарон нерӯманду устувор нишон додан хушҳол менамояд. Вале онҳо хушҳол не, тақлидгари хушҳолиянд. Онҳое, ки ба оянда умед доранд, аз самими дил хушҳоланд. Сарчашмаи сеюми хушҳолӣ, ки мо пешниҳод мекунем, шояд ба бисёриҳо писанд набошад ва он худбоварист. Бале, бовар доштан ба худ! Миёни худбоварӣ, ки ба хотир ғуруру сахтиро меорад ва хушҳолӣ, ки баракси он нармтар аст, чи иртиботе буда метавонад? Агар хушҳолӣ лаҳзаҳои шодиву фараҳбори зиндагӣ бошад ва умед боварӣ ба хушҳолие бошад, ки дар оянда зиндагӣ хоҳем кард, пас худбоварӣ қобилияти ба даст овардани ҳамон хушбахтӣ дар оянда аст. Худбоварӣ онест, ки ин ҷумларо ба мо талқин мекунад: “Ман метавонам дар зиндагӣ ба чизҳое ноил шавам, ки боиси хушҳолии ман гарданд!” Агар чунин бошад, пас се сарчашмаи хушҳолӣ ин шукр кардан, умед ва худбоварист... Бешубҳа, хушҳолие, ки аз ин се сарчашма об мехӯрад, доимӣ ва самимӣ аст. Ва албатта, хушҳолие, ки бар асари моддаҳои сархушкунанда ҳосил мешавад аз хушҳолие, ки аз шукру умеду худбоварӣ сарчашма мегирад, аз лиҳози сифат ва пойдорӣ хеле фарқ дорад. Хушҳолие, ки вобастаи моддаҳои сархушкунанда аст, дар ҳамон моддаҳо маҳдуд мемонад. Вале хушҳолии вобаста ба шукру умеду худбоварӣ устувор аст. Пас, барои ҳамеша хушҳол будан месазад, ки шукр кард, бо умед буд ва боварӣ ба худро қавӣ гардонд.
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
МИНБАРИ АНДЕША
МАҲМУДҶОН УСМОНОВ
Се сарчашмаи хушҳолӣ
Ҳамгироии иҷтимоӣ ва омилҳои он
Хушҳолӣ дар худ нерӯи мусбате дорад ва ҳар ки хушҳол аст, онро ба дигарон ҳам эҳдо мекунад. Ин ки инсони хушҳолро зуд ғамгин карда наметавонед, аз зӯрии ҳамон нерӯ бармеояд. Ҳатто ин нерӯ қодир аст, ки мисли бемории гузаранда дар як он дигаронро ҳам сироят кунад. Оне, ки мастона қаҳқаҳа мезанад, метавонад ба қаҳ-қаҳа задани дигарон ҳам сабаб шавад, ҳади ақал метавонад табассуме дар чеҳраи атрофиён падид орад. Ба ин ҳолат аз ҳама беҳтар донишҷӯён ошноянд. Агар аз миёнашон яке хушҳол бошад, зуд хушҳол шудани донишҷӯёни дигар ҳам мумкин. Аз ин нуқтаи назар донишҷӯён бисёр нафарони хушбахтанд, ки ҳар чи метавонад боиси ханда, табассум ва ҳатто қаҳ-қаҳаи осмонкафи онҳо гардад.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
РУШДИ МАҲАЛ
Субҳи 5-уми ноябри соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба шаҳри бостонии Ҳисор ташриф оварданд. Сокинони шаҳр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд.
мазкур соли 2015 оғоз гардида, соли равон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст. Бинои наву замонавии боғчаи бачагона дар шаҳри Ҳисор бо маблағи умумии 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Ҳисор арзёбӣ карданд. Бо ифтитоҳи ин муассиса 40 нафар сокини шаҳр имкон пайдо карданд, ки бо ҷойи кор ва маоши то 1200 сомонӣ таъмин гарданд. Кӯдакистони "Табассум" аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 3 ҳазору 991 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Дар ин муассисаи томактабӣ тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Дар ин муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ русӣ ва англисӣ ба роҳ
соҳибкор Қараев Салоҳиддин сохта шудааст. Иншоот аз 4 ошёна иборат буда, он дар масоҳати 930 метри мураббаъ бунёд ёфтааст ва масоҳати бино бошад 344,4 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмониро дар марказ соли 2014 оғоз намудаанд. Мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос дар зарфи ду сол тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи тарҳрезишуда ба анҷом расонанд. Арзиши умумии Марказ дар асоси лоиҳа 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ошёнаи якум кошонаи ҳусн, мағоза ва қаҳвахона ташкил гардида, дар ошёнаи дуюм маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм толори варзишӣ фаъолият мекунад. Айни замон дар маркази мазкур 26 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо ба кор даромадани тарабхона дар таҳхонаи бино, ҳамоми замонавӣ
монда шудааст. Боғчаи "Табассум" аз 14 синфхона, 2 толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ, толори мусиқӣ, толори рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона, инчунин 5 айвонча иборат буда, тибқи лоиҳаи ҶДММ "Сармоя -Лоиҳа" бунёд ёфтааст. Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони Ватани худ бошанд. Нақшаҳо ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум ва ба маротиб баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон дар шаҳри Ҳисор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Зимни сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як маркази бузурги хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз тарафи
дар ошёнаи чорум ва боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолият дар ояндаи наздик шумораи кормандон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Сарвари давлат бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази зебову боҳашамати хизматрасониро барои сокинони шаҳри бостонии Ҳисор туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида таъкид доштанд, ки маҳз ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ, пойдории сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ боис гашт, ки мо – мардуми созандаву ободкори тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардем. Дар доираи сафари корӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов» шинос шуд. Дар асоси лоиҳа корҳои сохтмонӣ бо арзиши умумии 10 млн. 834 ҳазор сомонӣ соли ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати умумии бино 14 ҳазору 274 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар фермаи мазкур 240 сар модагови ширдеҳ ва 410 сар ғуноҷини зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешавад, ки аз нутфаи зоти Голштини олмонӣ дурага шуда, ба иқлими Тоҷикистон тобовар гардонида шудаанд. Тавре иттилоъ дода мешавад, маҳсулнокии шир дар соли 2012 агар ба 800 литр баробар бошад, пас дар соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3500 литр расидааст. Маҳсулоти ферма ба Комбинати шири шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Фермаи мазкур барои душидани чорво технологияи ҳозиразамони аврупоиро ворид намудааст, ки қувваи ками меҳнатиро талаб намуда, дар як баст 32 говро медушад. Агар пеш барои 32 гов як говҷуш беш аз як соат вақт сарф мекард, пас имрӯз дар давоми 10 то 15 дақиқа ин кор анҷом дода мешавад. Ҳамзамон шири истеҳсолшуда тавассути дастгоҳи махсус ба яхдон ворид шуда, пас аз сард кардан ба шаҳри Душанбе равона карда мешавад, ки баҳри таъмини сифати маҳсулот имконияти бештар медиҳад. Дар фермаи мазкур беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, маоши коргарон зиёда аз 1000 сомониро ташкил медиҳад ва бо хуроки гарм низ таъмин карда мешаванд. Барои баланд бардоштани малакаи коргарон олимон аз хориҷ низ даъват карда шуда тарзу усули нигоҳубини чорво омӯзонида мешавад. Роҳбарияти фермаи мазкур нақша доранд, ки дар оян-
Саҳми соҳибкорон Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот”, ки аз панҷ ошёна ва таваққуфгоҳ иборат аст, оғози расмӣ бахшиданд. Ин иншоот аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Абдуҳаким Усмонов бунёд ёфта, дар он айни замон 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба қавли соҳибкор, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, соли равон ба анҷом расид. Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои 30 ҳуҷра буда, барои хизматрасонии 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Маблағи лоиҳавии меҳмонхона 10 миллион сомонӣ муайян шуда буд, вале бо сабаби анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ аз тарафи худи соҳибкор он нисбатан арзонтар бунёд шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хизматрасонии меҳмонхона ошноӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва иқдоми
соҳибкорро ибратбахш маънидод карданд. Инчунин Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои тарабхона бо 200 ҷои нишаст ва толори маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст мебошад. Дар толори барҳавои тарабхонаи меҳмонхона, инчунин тӯйи суннатии 50 нафар ва хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон доир карда шуд. Сарвари давлат ҳини табрикоти писарбачаҳо ва ҷуфтҳои ҷавони навхонадор, ташаббуси мазкурро амри башардӯстона арзёбӣ карда, ба соҳибҷашнҳо хушбахтӣ таманно намуданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар расми ифтитоҳи Кӯдакистони «Табассум» иштирок карданд. Кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 220 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд ҳадафҳои давлату ҳукумати кишварро дар самти бештару беҳтар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия пиёда месозад. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Темур Алиев бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
РУШДИ МАҲАЛ
дар ободии Ҳисор даи наздик бо насбу васли технологияи ҳозирамон коркарди шири истеҳсол мешударро ба роҳ монда сокинони шаҳри Ҳисор ва шаҳри Душанберо бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созанд. Дар доираи ин сафар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи Корпоратсияи “Баракат” аз наздик шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2016 хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангури хуштамъ истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. Дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат тайёр намудаанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба боғдорони пуртаҷрибаи Корпоратсияи Баракат барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд доданд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ Комбинати металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар майдони умумии 15 гектар замин бунёд шуда, барои корҳои сохтмониву васлкунӣ 250 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар рафти бунёди корхона низдики 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Комбинати металлургии тоҷик аз 6 сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи тайёрии истеҳсолот, рехтагарӣ, ҳаллоҷӣ, пойгоҳи азоти оксигенӣ, пойгоҳи насос ва зеристгоҳи 100 мегавата иборат аст. Аз рӯйи нишондодҳои лоиҳавӣ корхона соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад. Солҳои оянда имкон аст, ки ин шумора то ба 200 ҳазор тонна расонда шавад. Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лулаҳои
оҳании гуногуншакл, қубурҳои қутрашон гуногун ва дигар хулаҳои оҳанӣ истеҳсол мешавад. Дар корхона таҷҳизоти навтарин аз Русия ворид ва насб карда шудааст. Корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 милиметраро ба роҳ мемонад. Дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳои кони Шоҳқадамбулоқи вилояти Суғд ашёи хом ворид намуда, дар ҷойи кони мазкур корхонаи ғанигардонии маъдан бунёд кунанд. Бо ифтитоҳи комбинати металлургӣ дар навбати аввал 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд, ки маоши миёнаи онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли дигар маҳсулоти оҳанӣ шумораи коргарону мутахассисон ба беш аз 1500 нафар мерасад. Айни замон Комбинати металлургии тоҷик яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Корхонаи мазкур дар раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо маҳсулоти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб мегузорад. Пас аз ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Иброз шуд, ки соли 2015 барои мардуми Ҳисор пурфайзу бобарор ва соли таърихӣ буд. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори 3000 - солагии Ҳисори бостон ва баҳри мақоми шаҳрро соҳиб шудани Ҳисор корҳои муҳим, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ амалӣ гардид. Имсол бошад, дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр иншооти нави таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки дар иҷрои он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯсту бонанги шаҳри Ҳисорро назаррас маънидод карданд. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги саноатии Комбинати металлургии тоҷик баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоӣ ба беҳдошти сатҳи
зиндагии сокинон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт. Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумат соли 2015 бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ корхонаҳои саноатии мамлакат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 11 фоиз афзоиш дода, ба маблағи қариб 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид намуданд, ки ба хотири рушди иқтисодиёт, ободу зебо гардонидани сарзамин ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум чунин тадбирҳом созандагиву бунёдкорӣ минбаъд низ вусъат дода мешаванд. Дар охири мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки минбаъд ҳам тавассути воридоти технологияҳои муосир ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии кишварро таъмин намоянд.
Таҳия аз president.tj
Умедҷон Аҳмадҷонов, дар оилае чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ки ҳама ба касби табибӣ машғуланд. Аз хурдӣ медид, ки чи тавр волидон бо муҳаббати махсус дар ин ҷода заҳмат мекашанд.
Тозароҳи соҳаи тиб
Ӯ 16 марти соли 1994 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Пас аз рафтан ба мактаби миёна аз синфи панҷум сар карда таҳсилашро дар литсейи рақами 1-и шаҳр идома медиҳад. Соли 2012 пеш аз имтиҳонҳои қабул бахши омодагиро гузаронида, сипас худи ҳамин сол ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ба факултети умумитиббӣ дохил мегардад. Ҳоло курси чорум аст. - Модарам ки худ духтур буданд, беморони бисёре наздашон меомаданд. Чунин ҳолатҳоро тамошо мекардаму вуҷудамро як ҳиссе фаро мегирифт, ки ман ҳам бояд табиб шаваму ба беморон ёрӣ расонам. Гарчанде дигарон мегуфтанд, ки инро не, балки дигар пешаро интихоб намо, вале ман роҳи мазкурро барои худ мувофиқ донистам. Зеро аз ҳамон хурдӣ дар шараёнҳои ман шавқу завқи роҳи мазкур ҷо гирифта буд. Ин буд, ки имрӯз дар соҳаи мавриди назар таҳсил намуда истодаему дар пеш мақсадҳои зиёде дорем. Ҳамааш ҳатман маҳз дар заминаи ҷаҳду талош амалӣ хоҳад шуд, - иброз медорад Умедҷон Аҳмадҷонов. Ӯ мегӯяд, соҳаи тиб аз дигар пешаҳо тафовут дорад. Умед андеша дорад, ки барои табиби хуб шудан бояд ҳар нафари равонаи ин роҳ аз рӯзҳои аввал вақташро самаранок истифода барад. - Дар баробари таҳсил бештар кӯшиш менамоям, ки бо амалия сару кор гирам. Зеро бисёр чизҳое ҳастанд, ки маҳз дар натиҷаи ба амалия машғул шудан онҳоро хубтар
Ноҳияи Ёвон пешсаф аст
меомӯзиву мефаҳмӣ. То имрӯз дар чандин муассисаҳои тиббӣ таҷрибаомӯзӣ намудаам. Махсусан, дар маркази саратоншиносии шаҳри Қурғонтеппа, таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе ва чанд ҷои дигар. Аз ҳамаи донишҳое, ки дар соҳаи тиб мавҷуданд, бояд баҳравар шуд. Зеро он ҳамеша ба мо лозим мешавад. Нафаре ки назарияро бо амалия пайванд месозад, ӯ метавонад, ки то ба ҷое рафта расад, - бо боварӣ афзуд Умедҷон. Дар ин ҷода бародарашро устоди хеш меҳисобад. Зеро бисёр чизҳоро аз ӯ омӯхта, дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ ширкат варзидааст. Яке аз ҳадафҳояш низ ин аст, ки ҳамчун табиби ҷарроҳ комёб гардад. Аммо имрӯз дар самти аслии хеш, ки дилшиносист, таҳсил дорад. - Имрӯз таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тиб хеле хуб аст, - иброз дошт У. Аҳмадҷонов. – Ҳар сол чандин марказҳои саломатии нав ба истифода дода мешавад. Ин гувоҳ аз он аст, ки соҳаи мазкур рушд дорад. Ояндаи тибби мо дурахшон аст. Ва онро тавре дидан мехоҳам, ки беморони мо ба хориҷи кишвар нею, балки аз дигар кишварҳо ба ҷумҳурии мо баҳри муолиҷа биёянд. Бо мақсади он ки дар оянда мутахассиси хубе гардад, доимо пайи омӯзиш аст. Дар ин роҳи пурзаҳмат ба мутахассиси ҷавон барор хоҳонем.
Рӯнамоии китоби шашҷилдаи “Шашмақом” 8 ноябри соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом», «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» ва барномаи ҳунарии сарояндагони санъати мақомхонӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, адибон, ҳунармандон ва дӯстдорони санъати шашмақом иштирок доштанд. Дар доираи рӯнамоии китобҳои мазкур китобҳои тозанашри ноширони корхонаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба намоиши гузошта шуд. Ҳасан АЗИЗОВ ҶТ
1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр 68 БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз 38 БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
№
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
Овозҳо дар ҳафта
10
СОҲИБКАСБ
2 10
87
4 215
504 24
97 5 48
1 189 58 38
205 90 3 66
60
171
20
3 5 114 52 2 2 13 2 2 99 12 60
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
Норгила ва зиёни он
Маълум гардид, ки дастгоҳи калян чандон мураккаб нест ва кори филтри онро об иҷро мекунад. Калянро аксари дудкашҳо ҳамчун маводи безарар мепиндоранд ва миёни ҷавонон хеле маъмулу маъруф буда, паҳншуда аст. Дӯстдорони калян бар он назаранд, ки калян ба печкорӣ (привыкание) сабаб намешавад, аммо чунин нест. Чунонки тамоку (табак) дорои никотин аст ва консентратсияи он дар як қуттии 50-грамма ба 0,05% баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки дар қуттии 50-грамма 25 мг никотин вуҷуд дорад. Як қуттӣ барои 4 маротиба тайёркунӣ кофист. Аз ин рӯ, ба як маротиба кашидани калян 6,25 мг никотин рост меояд, дар ҳоле ки сигор дорои танҳо 0,8 мг никотин аст. Ин нишон медиҳад, ки никотини калян 7,5 баробар зиёд мебошад. Никотин навъи алкалоидест, ки дар таркиби тамоку мавҷуд буда, дорои таъсири невротоксикии қавӣ ва печкорӣ аст. Аз ин лиҳоз бештари тамомукашон наметавонанд ин одаташонро партоянд. Тавре ки ҳисоб кардем, миқдори никотин дар калян нисбат ба сигор 7,5 маротиба зиёд аст. Дар ин ҳолат тарафдорон ва истифодабарандагони калян фавран аз филтри муъҷизавӣ хотиррасон мешаванд, аммо ақидае, ки тамоми никотин дар об полида мешавад, аз ҳақиқат дур аст. Зеро сигор ҳам филтр дорад. Илова бар ин об на он қадар филтри хуб аст, хусусан барои дуд, шояд об ақалан 10%-и дуди аз он гузаштаро меполонид, ин хуб мешуд. Олимони амрикоӣ нишон доданд, ки дуди калян дорои миқдори зиёди маводи зараровар аст ва об наметавонад онро безарар гардонад. Ин тадқиқотро олимони Маркази Саратоншиносии Олмон низ тасдиқ кардаанд. Ҷавононе, ки сигор намекашанд ҳангоми гоҳ-гоҳ кашидани калян метавонанд ба сигоркашӣ ҳам даст зананд. Чунки ногаҳон зарурати калянкашӣ ба миён меояд ва ҳангоми дастнорас будани он инсон барои бартараф наму-
дани стресс ва “истироҳат кардан” ба сигоркашӣ майл мекунад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ як қатор таҷрибаҳо анҷом дода исбот кард, ки норгила (калян) тобеият ба вуҷуд меорад ва ба организми инсон маводи зараррасон аст. Ҳатто кашидани гоҳ-гоҳ ва кӯтоҳмуддати он низ метавонад инсонро ба кашидани сигори оддӣ маҷбур созад. Таҳлилҳои солҳои охир чунин натиҷа додаанд: - ҳангоми 1 маротиба калянкашӣ 30 мл дуд ба шуши инсон фурӯ меравад, ин дар ҳолест, ки дар пастсифаттарин сигор чунин нишондод танҳо ба 2 мл баробар аст; - ҳангоми истифодаи калян ба шуши инсон бо дуд натанҳо никотин, балки дигар моддаҳои зараррасон низ фурӯ меравад. Масалан: Бензапирен, антрасен, формалдегидҳо, асеталдегид, кролеин, бензол, оксиди нитроген, металҳои вазнин (арсен, хром, сурб) ва оксиди карбон. Бензапирен - кансерогени (оварандаи саратон) синфи 1-ум. Бензапирен дар натиҷаи сӯзонидани тамоми намуди ҷисмҳо (сахт, моеъ, газ) ҳосил мешавад. Ҳатто миқдори ками бензопирем барои организми инсон хеле хатарнок аст, чунки он хосияти кумулятсионӣ дорад, яъне метавонад дар организм ҷамъ шавад. Махсусан бензопирен тамокукашонро ба саратони шуш оварда мерасонад. Илова бар ин бензопирен хосияти мутагенӣ дорад, метавонад мутатсияи КДН-ро ба вуҷуд орад. Оксиди карбон, ки дар натиҷаи сӯхтани ангишт ва тамоку (табак) ба вуҷуд меоянд, ҳангоми истифодаи калян ба шуши инсон фурӯ меравад. Оксиди карбон аз оксиген дида ба ҳемоглобин беҳтар пайваст мешавад, бинобар ин дар тамокукаш (калянкаш) гипоксия (камшавии миқдори оксиген дар хун) ба вуҷуд меояд ва миқдори оксиди карбон низ дар хуни дудкаш нисбат ба ҳолати доимӣ 8 маротиба меафзояд. Инчунин дар организм идораи барорефлексӣ (дар идораи фишори артериявӣ иштирок мекунад) ва вазифаи худидоракунии дил зарар меёбанд. Дигар узвҳо низ чун мағзи сар, ҷигар, гурдаҳо, мушакҳо ва бофтаҳои дигар аз камбудии оксиген танқисӣ мекашанд. Тавре маълум аст, дастгоҳи калянро дар як вақт чанд нафар истифода мебаранд, ки ин аз эҳтимол дур нест, ки калянкашон ба бемориҳои сироятии тавассути луоби даҳон сироятшаванда, гирифтор мешаванд. Истифодаи калян сабаби гирифторшавӣ ба чунин бемориҳо мешавад: Саратони шуш, бемориҳои дилу раг, саратони лабҳо, бемориҳои сироятӣ: сил, герпес ва гепатит. Хатари калян (норгила) ошкор аст ва дар натиҷаи тадқиқотҳои зиёд исбот шудааст. Ҷавонони ҳушманд, ин маълумотро дар хотир доред ва саломатии худро ҳифз намоед! Ҳусниддин ТАҒАЙҚУЛОВ, коромӯзи “ҶТ”
Масалан, дар хонаҳои мо аз телефони мобилӣ то компютеру ноутбук, ҷиҳози чопиву телевизорҳои тунукшиша дида мешаванд. Ҳамчунин дар муассисаҳоямон анвои гуногуни техника, аз қабили компютер, сканер, принтер, ва телефонҳои мобиливу корӣ мавҷуданд, ки пайваста истифода мебарем. Имрӯз бе ин техникаҳо тасаввур кардани зиндагии инсон қариб номумкин шудааст. Таҷҳизоти муосир бегуфтугӯ кори моро осон ва вақтамонро сарфа мекунанд. Илова бар ин ба пешравии иқтисодиёти кишварҳо мусоидат менамоянд. (Бо истифода аз техникаҳои муосир фабрикаву корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолияташонро беҳтар ба роҳ мемонанд). Вале мисли ҳар маҳсули дигари ақли инсон техникаву таҷҳизоти рақамӣ низ аз зарар орӣ нестанд. Агар мо дар истифодаи онҳо аз меъёр гузарем ва ё истифодаашонро дуруст ба роҳ намонем, пеш аз ҳама ба саломатии мо осеб мерасад. Чунончи: а) биноии чашмонамон суст мегардад; б) дарди миён, сар ва мушакҳои организмамон пайдо мешавад. Вале аз ҳама ташвишовар он аст, ки ҳар қадар таҷҳизоти рақамӣ ба хонаҳои мо бештар роҳ ёбад, ҳамон андоза моро зиёдтар танбал мегардонад. Бинобар ин бояд ҷомеа ба рақамишавӣ мутобиқ шавад, балки аз техникаву технологияи муосир баманфиат, дуруст ва самаронок истифода бурданро омӯзад. Танҳо дар ин сурат аз мағлуб шудан ба ин “дев”-и аср муваффақ мешавем. Маҳинбону ХОҶАЕВА, донишҷӯи факултаи журналистика, ДМТ
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Ба “дев”-и аср мағлуб нашавем!
Норгила ё ба истилоҳи маъмулаш “калян” зарфест, ки дуди тамокуро нарм ва хунук менамояд. Онро барои полоиши дуд ва мазагирии он бо об, шароб ва ё дигар моеъ пур менамоянд. Дар зарфи обдори калян як қубур (трубка) пайваст шудааст, ки тавассути он дуд ба зери об рафта, ба воситаи қубури дигар ба сатҳи об ва пас аз он ба шуши тамокукаш фурӯ меравад. Калян дар Ҳиндустон ихтироъ шуда, пас дар байни мусалмонон паҳн шудааст.
Бо суръат рушд кардани технологияи муосир ва ба хонаву коргоҳи мо роҳ ёфтани ҷиҳозӣ рақамӣ амри ногузир шудааст. Имрӯз дигар аз кӯдаки 3-4-сола то бузургсолони 70-80-сола аз ҷиҳози рақамӣ истифода мебаранд.
“Бад аст” гӯем, хуб мешавад? Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа медонанд. Ободию шукуфоии кишвар низ ба ин насл вобастагии амиқ дорад. Аммо аз чӣ бошад, ки баъзан вақт калонсолон ба ҷавонон бо хусумат менигаранд. Баъзе аз калонсолон ҷавонони асри навро аз хондану мутолиа кардан дур медонанд. Яъне, дар тасаввурашон ин аст, ки ин насл вақти худро бо телефон ва ё истифодаи зиёди интернет мегузаронанд. Ҷавононро ба он гунаҳкор мекунанд, ки онҳо ба театр ва китобхона, ки макони илму маънавиёт аст, кам мераванд ё аслан намераванд. Ё рӯзномаҳоро намехонанд... Воқеан, дуруст аст, ки имрӯзҳо ҷавонони мо аз китобхонаву театр андак дур мондаанд. Шояд нафароне низ пайдо шаванд, ки боре китобхона нарафтаанд, нисбати нашрияҳои даврӣ бетаваҷҷанд. Аммо ҳар чиз сабабу омилҳои худро дорад. Калонсолон набояд ин давраро ба замони худ ба муқоиса гиранд. Масалан, дар замони шӯравӣ сомонаҳои интернетӣ набуд. Ҳамчунин таҷҳизоти ба мисли телефону планшету ноутбукҳо низ вуҷуд надошт. Шароит онҳоро водор мекард, ки роҳи театру китобхонаро пеш гиранд ва ё рӯзномаву маҷаллаҳоро бо худ гардонанд. Имрӯз яке аз сабабҳои ба китобхона нарафтани ҷавонон маҳз пешрафти техникаву технология мебошад. Ҳамин чиз имрӯз ба ҷавонон даст додааст, ки онҳо дигар вақти худро сарфа карда, аз макони зисти худ мавод ва ё китоби мехостаашро дастрас намояд. Доир ба нарафтани ҷавонон ба театр ҳаминро бояд гуфт, ки имрӯз намоишномаҳои диданӣ камтаранд. Он чи ҳам, ки бо номи намоишнома ҳаст, талаботи ҷавонони имрӯзро қонеъ намекунад. Даъвати ман аз ҳамаи он калонсолон ин аст, ки роҳу равиши зиндагиро, инсондӯстиро, маърифату китобдӯстиро, миллатдӯстӣ ва дӯст доштани маънавиётро ба онҳо омӯзанд. Нагӯянд, ки фалонӣ зиёнкору бесавод аст, зеро бад гуфтан чораи кор нест.
Неъмат САЛИМӢ, донишҷӯи ДМТ
12
Проблемаи камшавии об
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”
Маслиҳат барои ҷавонон
Худро чӣ гуна ташаккул диҳем?
НОИЛА ВОҲИДОВА
1. Барои худомӯзӣ иттилооти иловагӣ ҷустуҷӯ кунед. Низоми маорифи кишварҳо ҳанӯз ба таҳаввулоти дар ҷомеа баамаломада мутобиқ нашуда, кӯҳна мешавад. Бинобар ҳамин ҳамеша барои омӯхтани донишҳои нав омода бошед. 2. Кӯшиш кунед, ки бештар иттилои нав мутолиа кунед. Дар ҷавонӣ одамон барои мутолиаи адабиёти ташаккулдиҳандаи афкорашон вақти зиёд доранд, ақли ҷавонашон бошад иттилои навро ба осонӣ қабул карда, дар хотира нигоҳ медорад. 3. Шахсият бошед. Барои бархе роҳбарон оммаи камшуур бештар писанд аст, то ин ки идора кардани онҳо осон бошад. Ба истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо истеъмолкунандагони беирода бештар заруранд, то ин ки эҳтиёҷоти онҳоро бо осонӣ идора намоянд. Ҳаргиз ба доми фиреби онҳо наафтед. 4. Ба атрофатон таваҷҷуҳ намоед. Одамоне, ки бо онҳо шумо муошират мекунед, шуморо хушбахт, бадбахт ё ноумед, боақл ё аблаҳ, мақсаднок ё бемақсад ва амсоли онҳо карда метавонанд. Бо кӯмаки одамони атрофатон шумо инчунин ҳаёти хушбахтона дида, ба ҳадафҳои дар пешгузоштаатон мерасед. 5. Калонсолонро эҳтиром намоед. Калонсолон кулвори пур аз дониш, таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва пандомӯз доранд, ки ҳамаи онҳоро шумо эҳтимол ҳанӯз надошта бошед. 6. Ба одамоне аҳамият диҳед, ки дар ҳаёташон ба дастовардҳо ноил гаштаанд. Тарҷумаи ҳоли одамон манбаи идеяҳост. Одамони муваффақ метавонанд шуморо барои корҳои наву кашфиёти нав ҳидоят кунанд. Чунин одамон аксаран омодаанд, ки ба шумо дар бораи таҷриба ва донишҳояшон табодули назар кунанд. 7. Тарс душмани пешравист. Аз омӯхтани чизи нав, аз суҳбат бо одамони нав, аз ҳадафи нави дар пеш гузошта ва аз зистан наҳаросед, 8. Вақти таваккал кардан аст. Маҳз дар ҷавонӣ одамон метавонанд бештар таваккал кунанд, зеро онҳо ҳанӯз эҳтиёткориро намедонанд. Дар натиҷаи чунин таваккалҳо одам таҷрибаи наве меандузад, ки дар ҳаёти минбаъдааш ба вай зарур мегардад. Бинобар ҳамин, агар ба коре иқдом карданӣ бошед, маҳз дар ҷавониатон иқдом кунед. 9. Қадр намудани пулро омӯзед. Аллакай аз ҷавонӣ кӯшиш кунед, ки пулатонро беҳуда сарф накунед ва онро барои ҳаёти ояндаатон пасандоз намоед. Зеро пули худатон пасандозкарда дар дурнамо дастгиратон мегардад. Кӯшиш кунед, ки пулатонро барои оғоз намудани ягон намуди соҳибкорӣ пасандоз кунед. 10. Оламро дарк намоед. Таассурот, донишу малакаҳои нав гиред. Саёҳат кунед. Олами атрофатон ва зебоиҳои онро дӯст доред. 11. Ба нақшагириро омӯзед. Банақшагирӣ малакаи муҳим аст, ки ба шумо барои муайян намудани мақсадҳои дуруст ва расидан ба мақсад кӯмак мерасонад. 12. Саломатиатонро фаромӯш накунед. Дар ҷавонӣ одамон одатан ба саломатиашон камтар аҳамият медиҳанд ва дар бораи оқибатҳои он кам андеша мекунанд. Вале солҳо мегузаранду оқибатҳои одатҳои бад аз худ дарак медиҳанд. Он гоҳ шумо мефаҳмед, ки дар ҷавонӣ хато кардаед. Бинобар ҳамин аз кӯдакӣ ба хӯрок, одатҳои хуб ва машқи бадан аҳамият диҳед. 13. Мустақил буданро омӯзед. Худатон хӯрок пухтан, иҷрои корҳои майда-чуйдаро омӯзед. Инчунин мустақилона қарор қабул кардан ва барои ҳаёти худ масъул буданро. 14. Орзупарвар бошед. Ҳаргиз аз орзу кардани чизи хуб даст накашед, ба касе гӯш надиҳед, зеро ягон нафар ба шумо намегӯяд, ки аз осмон ба замин фуроед. Орзу кардан ҳатто ба манфиати одам аст. 15. Ба одамон халал нарасонед. То замоне, ки напурсанд, кӯшиш кунед, ки бо ихтиёри худ маслиҳатчии одамон нашавед. Зеро чунин рафтор метавонад боиси сард гаштани муносибати атрофиён бо шумо гардад. Ҳар нафар ҳаёти худ ва роҳи худашро дорост. Одамони камшумор одатҳо ва тарзи афкорашонро тағйир додан мехоҳанд. 16. Доно бошед. Нуқтаи назар ва мавқеи худатонро ҳимоя карданро омӯзед. Кӯшиш кунед, ки гуфторатон зебою форам бошад, рӯҳияи одамонро дарк кунед, кӯшиш кунед, ки мақсадро ба шунаванда дуруст расонед.
Ҷаҳони имрӯза дар баробари вомондан ба гирдоби кашмакашу низоъҳои сиёсӣ, ба хатарҳои экологӣ низ дучор гаштааст. Ин гуна хатарҳо инсониятро беш аз пеш нигарон кардааст. Мутаассифона, инсоният барои ҳалли мушкилоти худ торафт оҷизтару нотавон мегардад. Об яке аз сарватҳои муҳими табиӣ буда, норасоӣ ва истифодаи нодурсти он дар сайёра мушкилоти нав ба навро эҷод кардааст. Бо тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳои азими сайёра захираҳои обӣ рӯз аз рӯз кам мегардад. Дар садсолаи нав об на танҳо як сарвати табиӣ, балки ҳамчун яке аз маҳсулоти ниёзи аввалаи арзишманд мақоми хоса дорад. Об омили бархӯрди баҳсҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамзамон дипломатияи муътадили созанда гаштааст. Бино ба таҳлили коршиносон то соли 2025 агар проблемаи норасоии оби тоза ҳалли худро наёбад, наздики 3 млрд. сокинони сайёра ба шадидтарин мушкилот дучор гардида, қурбони норасоии оби ошомиданӣ мегарданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бо эълони даҳсолаи нави «Об баҳри рушди устувор» тавонист бори дигар қудратҳои ҷаҳониро андешаманди масоили об барои солҳои баъдӣ созад. Ин иқдомро коршиносон амри заруриву пешниҳоди саривақтӣ арзёбӣ мекунанд. Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ яке аз масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, таъминоти сайёра бо об яке аз ҳадафҳои асосии инсоният мебошад. Бо дарназардошти камшавии оби ошомиданӣ дар сайёра, проблемаи риоя нашудани нишондоди санадҳои байналмилалӣ дар робита ба истифодаи дарёҳои сарҳадгузар рӯи кор омадааст. Имрӯз 145 кишвари олам аз дарёҳои сарҳадгузар истифода карда, 21 кишвар дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар қарор доранд. Тоҷикистон дар минтақа давлатест, ки бо захираҳои бузурги обӣ ва пиряхҳои азимаш дар сафи аввал қарор дошта, бузургтарин иқтидори гедроэнергетикиро соҳиб аст. Дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 пирях мавҷуд аст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаи аслии оби Тоҷикистон ва 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти мавҷудаи умумиҷаҳонии норасии об ҳамеша
сайъу талош дорад, то дар мушкилоти марбут ба оби ошомидании на танҳо минтақа, балки сайёра низ нақши муҳим дошта бошад. Рушди саноат ва бунёди корхонаҳои азими кишварҳои минтақа мушкилоти экологӣ ва баҳсҳои сиёсиро ба бор овардааст. Аз сӯи дигар обшавии пиряхҳо ва кам шудани сатҳи оби дарёҳо паёмади ҷиддиро ба амал меорад. Агар қисме аз давлатҳои сайёра гузаштан ба иқтисоди безарарро амри ногузир донанд, барои кишварҳои рушдкардаи саноатӣ бошад, даст кашидан аз манфиатҳои иқтисодӣ талафотест, ки онро бар зарар медонанд. Аммо партовҳои газҳои гулхонаӣ мушкилии марбут ба иқлими сайёраро рӯз аз рӯз мураккабтар месозад. Коршиносон мегӯянд, Осиёи Марказӣ домангири баҳси ҷиддӣ дар ростои об аст. Бино ба маълумот дар ин минтақа истифодаи об мутобиқи декларатсияи «Нуқус» амалӣ мешавад. Тоҷикистон бо қарор доштанаш дар саргаҳи обҳои мусаффои минтақа мувофиқи ин декларатсия ҳуқуқи истифодаи 13,6 киллометри мураббаи обро аз дарёи Сир ва Аму дорад. Аммо Тоҷикистон миқдори ками оби муқарраргардидаро истифода мекунаду оби боқимонда ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя равон аст. Вале ҳамоно баҳри Аралро хушкшавӣ таҳдид дораду минтақаро хатарҳои дигари экологӣ думболагир аст. Агар оби дарёҳои Тоҷикистон то баҳри Арал нарасад, пас савол ба миён меояд, ки ба куҷо маҷро гирифтаанд? Тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои обӣ зарбаи шадид ба дурнамои иқтисоди сабз ва захираҳои ҳангуфти гедроэнергетикӣ мерасонад. Нақши Тоҷикистон барои пешгирӣ аз норасоии обу ҳушдор аз таҳдиди оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҷаҳонро водор ба масъулияти бештар дар ростои беҳдошти обу солимии инсоният мекунад. Зеро талоши имрӯза метавонад ҳаёти осоиштаи фардоро барои сокинони минтақа асос гузорад. Меҳрубон ИМОМОВА, "ҶТ"
Дарсҳои иловагӣ Омили муҳими пешгирии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ
Дар шароити кунунӣ дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол аз интернет фаровон истифода бурда мешавад. Он яке аз воситаҳои хуби дастрасӣ ба ҳар гуна маълумот аст. Устодони мактабҳои миёна ва олӣ, хонандагону донишҷӯён, олимону муҳаққиқон, хулоса нафарони хоҳишманд аз он ба таври дилхоҳ метавонанд истифода намоянд. Ашхоси манфиатҷӯ баръакс, интернетро чун воситаи амалисозии мақсадҳои нопоки худ истифода мебурдаанд. Маҳз тариқи интернет ҷавонони содаро ба доми худ афтонда, ба сафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб месозанд. Ҳоло мувофиқи маълумот беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, асосан ҷавонон ба сафҳои ДИИШ пайваста, дар мулкҳои бегона - Ироқу Сурия, ҳамчунин дар Афғонистон шомили гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ба қатлу ғорати мардуми бегуноҳ машғуланд. Маҳз «заҳмат»-и онҳост, даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ бехонумон гаштаю сарсону саргардон, худро ба кишварҳои дигар мерасонанд. Баҳри наҷоти худу наздикон ва пайвандон. Зиёда аз 300 нафар ҷавонони тоҷик, ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, аллакай баҳри амалӣ намудани мақсадҳои нопоки «хоҷагон»-и худ қурбон гардидаанд. Хоҷагон бошанд, эълон медоранд, ки ҷавонони фавтида шаҳид шудаанд. Маъзарат, охир чӣ тавр барои рехтани хуни мардуми бегуноҳ одам шаҳид мешудааст? Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир хеле мураккаб аст. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз ҷавонони гумроҳу ноогоҳ, аз номи Ислом дар ҳар гӯшаи олам кирдорҳои ношоями худро содир намуда, ба дини мубини Ислом бадномӣ меоранду халос. Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ фикр мекунам, саҳми омӯзгорон басо калон аст. Моро лозим аст, дар рӯҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбия ва ба воя расондани наврасону ҷавонон, ҳамчунин пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ дарсҳои иловагиро ҳар чи бештар ба роҳ монем. Дар чунин машғулиятҳо бо мисолҳои мушаххас ба наврасон фаҳмондан лозим, ки пайвастан ба чунин гурӯҳҳо танҳо бар зарари худи ҷавонон аст. Зеро беҳуда ҷони худро қурбони мақсадҳои ғаразноки ашхоси нопок месозанду халос. Аллакай бисёр чунин фиребхӯрдагон хатои худро фаҳмида ба Ватан баргаштаанд. Бештар ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагӣ дар ин самт имкон медиҳад, ҷавонону наврасон ба асли воқеа ҳар чи бештар сарфаҳм рафта, аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ намоянд. Балхияи МИРЗОПУР, омӯзгори МТМУ №71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Тоҳир Тоҳиров шахсӣ меҳнатдӯст аст Тоҳир Тоҳировро хурду калон, пиру барно ҳамчун мураббии ҷавон, шахси меҳнатдӯст, заҳматкаш мешиносанд ва ҳурмату эҳтиромаш мекунанд. Ин ҷавонмарди зиндадил як сол мешавад сарвари хоҷагии деҳқонии Кӯҳрӯдро ба уҳда дорад. Дар хоҷагӣ 13 дарахти зардолу, 2 дарахти себ, 8 га ғалладона ва дигар намудҳои зироатҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад ва ҳамаи онҳо ҳосили хуб медиҳанд. Вай шинондани дарахт ва нигоҳубини онро аз пири зиндадил ва кордон бобои Одина Нодиров, ки 95 сол дорад омӯхтааст. Ҳар сол ӯ дар фасли тирамоҳ ҳамроҳи наврасону ҷавонони деҳа ба сабз кардани боғҳо машғуланд. Писарони вай Шоҳрӯзу Некрӯз, ки Донишкадаи Технологиро бо сари баланд хатм кардаанд, бо падарашон дар боғ кор мекунанд. Дар баробари ин қадар кор ӯ боз ба парвариши занбури асал машғул аст. Тоҳир Тоҳиров зодаи деҳаи Куҳрӯди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ мебошад. Шоҳназар НОДИРОВ, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон
Бояд зикр кард, ки Макази омӣзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли таъсисаш июни соли 2014) маркази навбунёд буда, кушиш ба харҷ медиҳад, ки чунин бинишро дар ҷомеаи тоҷик ниҳодина созад. Ин марказ ҳоло даъвои онро надорад, ки ба тамоми мушкилоти имрӯзи ҷумҳурӣ расидагӣ мекунад. Зеро шинохти оянда кори сангину пурмасъулият буда, ба кӯшишҳои зиёд ва коршиносони варзида ниёз дорад. Аммо мо бо кӯшишҳои андаке бошад ҳам ин ниҳодро таъсис додем ва оҳиста-оҳиста ин ниҳод дар ҷомеа мақоми худро пайдо мекунад ва мо бовар дорем ки дар оянда ин ниҳод тавсеа меёбад ва барои пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат хоҳад кард. Аммо Шумо ки бо кирдорҳои зиддиватании худ берун аз ватан қарор доред, метавонед бо қисмате аз фаъолияти мо аз тариқи сомонаи «oyandasozi.tj» огоҳӣ пайдо кунед. Барои иттилои бештар аз илми ояндашиносӣ мехоҳам порае аз мақолаи файласуфи муосири тоҷик Ҳафиз Холиқзодаро барои хонандагони ин матлаб иқтибос кунам, ки аз ташаккули ин илм ба мо бозгӣӣ мекунад. Ин мақола дар асоси чанд сарчашмаи навтарини илмӣ, аз он ҷумла “Футурология. XXI век: бессмертие или глобальная катастрофа?”, “Философия общего дела” ва маҷмӯаи мақолаҳои 18 олим бо номи “The scinetific conquest of death” (“Пирӯзии илмӣ бар марг”) ва дар муқоиса бо адабиёти дигари ояндашиносӣ навишта шудааст. Футурология ё худ оянданигарии илмӣ соҳаест, ки татбиқи сенарияҳои гуногуни ояндаи инсонро меомӯзад ва баррасӣ мекунад. Он на фақат раванди таҳаввули ҳодисаҳо ва падидаҳоро дар оянда пешгӯӣ мекунад, балки бо истифода аз методу усулҳои илмӣ ба нақша гирифта, идорапазир месозад. Истилоҳи “футурология” дар миёнаи солҳои 40 уми асри гузашта аз тарафи профессори олмонӣ Осип Флехтҳайм (Ossip K. Flechtheim – 1909-1998) пешниҳод гардида, солҳои 1960 ум бо кӯшиши олими амрикоӣ Ҳерман Кан (Herman Kahn – 1922-1983) ва дигар олимон аз ширкати RAND ба соҳаи алоҳидаи илм табдил ёфт. Мақоми иҷтимоии олимон ва нафароне, ки дар бораи ҳақиқат ҳукм меронанд, барои онҳо танқид ва инкор шудани ҳақиқати хоси онҳо ба маънои инкор шудани мақоми иҷтимоӣ ва ҳатто ҳастии онҳо мебошад. Бинобар ин, барои ҳимояи ҳақиқатҳои худ онҳо мубориза мебаранд ва соҳаҳои алоҳидаи илмро ба васила ва майдони чунин мубориза табдил медиҳанд. Онҳо омода нестанд, ки мавқеъ ва ҳақиқатҳои маҳдуди соҳавии худро бознигарӣ кунанд. Ба ин гурӯҳ махсусан Домулло Саидюнуси Истаравшанӣ ва ҳаммаслакони ӯ шомилад, ки бо берӯиву таҳрифгарӣ гурӯҳе ё наҳзате ё давлатеро бадном сохта, аз худ мусичаи бегуноҳ тарошидаанд. Дар хулосаи ин матлаб, ки шояд борҳост, ки мо ба такрор мегӯем, ки мо ҳеҷ вақт ба зидди ягон дин мубориза намебарем ва дар оянда низ мубориза нахоҳем бурд, аз ҷумла ислом. Зеро динҳо воқеияти таърихӣ дошта, рисолати худро дар марҳилаҳои таърихӣ анҷом додаанд ва аммо шудааст, ки чандин маротиба аз номи динҳо пешвоёни динӣ ба мардуми худ хиёнат кардаанд ва имрӣз низ хиёнат кардан доранд, мисли Шумо ва ҳаммаслаконатон Ҳизби наҳзати ба ном исломии Тоҷикистон. Нуктаи муҳим ин аст, ки ҷаҳон бо ин пешрафтҳои техникиву технологӣ ноил гаштаасту мо бо ин донишҳои ночизи худ гиребонгири ҳамдигар ҳастем. Ин шеваҳои корбурдии мост, ки на худу донишҳои илмии худро тавсеа мебахшем ва на дигаронро низ бо ин донишҳои бепояву бетаҳқиқ намегузорем диду донишу ҷаҳонбинии илмиеро шиносанд ва ба камолоти шахсияти инсонии худ бирасанд. Ба ҳар ҳол умедворем агар худро наметавонем ислоҳ кунем монеи ислоҳи дигарон набошем. Бо умеди ҳусни тафоҳум ва рушди шахсияти солим. Ёрмуҳаммад НИЁЗӢ
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
Муддаъӣ фаҳми сухан намекунад
Тариқи васоити ахбори омма маводеро мутолиа намудам, ки он ҷо дар бораи ҷалб шудани ҷавонони тоҷик ба сафҳои ҳаракати ифротии ДИИШ сухан мерафт. Ҳамчунин маълум гардид, ки аксари ҷалбшудагон муҳоҷироне мебошанд, ки берун аз хориҷи кишвар, бахусус дар Русия кору фаъолият доранд. Рости гап, аз мутолиаи ин мавод сахт ба ҳайрат афтодам. Охир ба чунин ҷавонон чӣ намерасад, ки фирефтаи ваъдаҳои осмонии намояндагони ба ном «Давлати исломӣ» шуда, ҷони худро баҳри манфиати кадом ҷоҳу ҷалолхоҳон ба хатар меандозанд? Дар мулкҳои бегона худро беҳуда қурбон месозанд. Ҳамин тавр, як умр дар дили наздикону пайвандон доғ мегузоранд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки ҷалби қариб ҳамаи онҳо ба сафҳои ДИИШ тариқи интернет сурат гирифтааст.
Баъди хондани матлабе таҳти унвони Як тавсия барои “оянданигарон” аз тарафи Саидюнуси Истаравшанӣ - фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Маркази омӣзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИҶТ-ро бо туҳматҳои гушношунид бадном сохта, мехоҳанд байни ҷомеаи тоҷик тавтеаро роҳандозӣ кунад, ки кайҳост чеҳраи Шумо барин «шариатмадорон»-и худбохта ва аз худбегонаро ҷомеаи мусулмоннишини Тоҷикистон хуб мешиносад.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Ишқи духтари ветнамӣ
ЗАРИФ ҒУЛОМ
(ҳикояи воқеӣ)
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Ораз се рӯз боз ҷойи нишаст намеёфт. Симои духтари паризод аз пеши назар дур намешуд. Қалби пурэҳсосаш дар зери шӯои нурҳои офтоби муҳаббат чун реги биёбони Қароқум метафсид. Болои хараки паҳлӯи майдончаи теннис сар ба зер нишаста, чораи мулоқот меҷӯст. Дар наздаш омада нишастани Чоп - тарҷумони дуюмро ҳатто пайхас накард. - Дӯсти туркмани ман ба ҳалли мушкилоте ғутавар аст, - Чоп дасташро болои китфи варзишгар гузошт. - Шумо аз куҷо медонед, ки миллати ман туркман аст? - бо ҳайрат сар бардошт Ораз. - Дар бораи ҳамаи омӯзгорон ба мо кайҳо маълумоти муфассал пешкаш намудаанд, - бо табассум посух дод Чоп ва илова намуд. - Ҳатто медонам, ки Орази ошиқ дар бораи кӣ фикр меронад. - Дар бораи кӣ? - аз тааҷҷуб ҷавон аз ҷой хест. - Шин, - Чоп аз дасти варзишгар гирифта, ба тарфи худ кашид. - Дар бораи духтараки майдахелаки резапайкар. Ҳушдорат мекунам, ки Кам аллакай ҳар як қадами шумою он моҳпайкарро зери назорат гирифтааст. Ҷосусаш Туан чун соя ба Фу часпидагӣ. - Барои чӣ ҳамаи инро ба ман мегӯед? - Ораз ба қаҳр омада бошад ҳам аз таҳи дил хурсанд буд, ки номи духтар ба ӯ маълум гашт. - Ман ҳатто бо вай на вохӯрдааму на суҳбате доштам. - Азизам, баъзан нигоҳи чашмон ифшогари рози дил мебошад, - Чоп маънидорона хандид. - Барои ҳамин ҳушёр бош. - Хайр, гӯед, ки ман он духтараки ғайриодиро дӯст дошта метавонам? - беихтиёр ин савол аз даҳони Ораз баромад. - Барои духтарон ягон монеа эҷод накардаед? - Чаро не, - ҷиддӣ гуфт Чоп. - Ишқ сарҳаду миллат надорад. Масалан, зани ман аз қабилаи маои чиниҳост. Ҳамсари Кам аз қавми лао мебошад. Кишвари ман барои духтарон ҳеҷ гуна монеа бунёд накардааст. Фақат мо онҳоро насиҳат кардем, ки дар интихоби ҷавон ба иштибоҳ ва шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Баъдан, дар дили баъзе ҷавонон хислати бади миллӣ ҷой дорад. Онҳо мехоҳанд, ки духтарон танҳо ба ҷавонони миллати худ ба шавҳар бароянд. Магар ин хислат дар халқи туркман нест? - Мутаассифона, мо низ ба ин дард гирифторем, - афсӯс хӯрд Ораз. - Акнун, дӯстам, аз ҷоят хезу ба китобхона рав. Азизи дилат машғули китобхонист. Ораз аз ҷой парида, ҷониби китобхона давид. Китоберо аз раф гирифта, ба толор даромад. Фу дар мизи кунҷакӣ танҳо нишаста, ғарқи мутолиаи китоб буд. Ораз дар рӯ ба рӯ нишаста, салом дод. Духтар бо сарҷунбонӣ ҷавоб гардонд ва табассуми кӯтоҳе инъом намуд. - Бо шумо суҳбат кардан мумкин? чашм аз рӯи зебои духтар наканда са-
вол дод Ораз. Фу ангушт ба лаб бурд. Пасон бо ангушти ишоратиаш кунҷи дигари толорро нишон дод. Туан худро машғули китобхонӣ гирифта, чашм аз онҳо намеканд. Таъкиди Чоп ба хотири Ораз расид. Байни онҳо як муддат хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Дар сари Ораз ҳазорҳо фикр тӯғён дошт. Охир, ин чӣ хел мешавад? Дар муқобили духтари дӯстдошта қарор дораду рози дилашро гуфта наметавонад? Нохост илоҷе ба ёд омад. Шитобон аз ҷузвдон дафтарро бароварда, дар варақ навишт. - Аз рӯзи аввали дидор ақлу ҳушамро бой додаам. Тилисму ҷоду накарда бошед? - варақро ба тарафи духтар тела дод. Фу фарҳанги русӣ - ветнамиро пеш кашида, ба тарҷумаи калимаҳои сеҳрангез сар кард ва ҷавоб навишт. - Эҳтиёт бошед, боз девона нашавед. - Э, кош девона мешудам. Он гоҳ аз ҳеҷ чиз натарсида, худро ба оғӯши пурҳарорати шумо меафкандам, - Ораз навиштаашро ба Фу дароз кард. - Ба ишқи шумо бовар кунам? - чунин буд саволи духтар. - Озмуда бинед, - чашмони ҷавон чун барқ шӯъла мепошиданд. - Ин шаб не. Шаби оянда шуморо интизорам, - духтар ҷуръати ҷавонро санҷиданӣ шуд. - Рақами ҳуҷраатонро мегуфтед? - 312, - Фу дар варақ навишт. Ораз бол баровард. Варақро дар чашмонаш молида, онро ба ҷувздон андохт ва шитобон аз китобхона баромад. Фу ором менишаст. Туфони дар қалбаш тӯғёндоштаро, ки ба сони мавҷҳои рӯди Меконг дар хурӯш буд, бо зӯрии ирода фурӯ шинонда, бо қираи чашм дид, ки Туан низ ба берун давид… Садои кӯфтани тиреза посбонро аз хоб хезонд. Қулбобо чашмонашро молида, ба соат нигарист. Дарро кушода аз ҳайрат: - Ҳа, паҳлавон, тинҷӣ? Дар соати 12-и шаб чӣ гум кардаӣ? - Калиди ҳуҷраам дар хонаи муаллимон мондааст, - Ораз худро хиҷолатзада нишон дод ва бастаи шишаи шаробу ним кило ҳасибро болои мизи посбон гузошт. - Дар ҳаққи ман дуо кунед. - Худо барори корат диҳад, - посбон калиди хонаи муаллимонро ба дасти ҷавони шабгард дода таъкид намуд. - Тезтар ҷунб, ки ман гап нашунавам. Чаро ҷузвдонат ин қадар варам кардагӣ? - Аз мағозаи хӯрокворӣ ду нон харидам, - Ораз ҷузвдонро кушоданӣ шуд. - Лозим нест. Бовар кардам, - ва Қулбобо даст ба шишаи шароб бурд. - Пас аз дақиқае бармегардам, - гуфта Ораз дар торикии шаб ғайб зад. Бо шунидани садои кӯфтани дар қуввае беихтиёр Фуро аз кат бардошт. Ба ҷуръату ҷасорат ва ишқи Ораз ҳақиқатан бовар карда, худаш надонист, ки чӣ тавр ба дар наздик шуда, онро кушод ва ҷавонро ба оғӯш гирифт. Ин дам ҳис кард, ки оромиву гармии
ҳаловатбахше вуҷудашро фаро гирифта, ларзиши баданаш ба куҷое ғайб зад… Ба гӯши Туан овози хишир-хишир ва пичир-пичир расид. Акнун ба хотираш омад, ки онҳо барои мулоқот рӯи варақро сиёҳ карда будаанд. Саросема аз ҷой парида, ба дар наздик шуд. Садои бӯсобусии дилдодагонро шунид. Овози пасти духтар: - Саросема нашав, шитоб накун, тахмини Туанро тасдиқ намуд ва шитобон ба ошёнаи чорум баромад. - Наход?! - Кам баъди шунидани ахбори Туан ба чунин ҷуръати ҷавон бовар намекард. - Чӣ хел аз назди посбон гузаштааст? Бало ба пасаш. Ҳозир ҳар дуро шармандаю шармсор мекунем. Ту, Туан, бачаҳоро бедор кун! Кам дарро сахт кӯфт. Фу бо тарс ба Ораз нигарист. Ҷавон ангушт ба лаб бурд ва ҷаста аз ҷузвдон арғамчинро бароварда, ба лулаи гармидиҳанда баст ва ба гӯши Фу оҳиста гуфт: - Ту онҳоро ба гап андармон кун. Ба поён расидан баробар, бандро кушо ва баъд бигзор ба ҳуҷра дароянд. Духтар беовоз ба дар наздик шуда пурсид: - Кист? - Ин ман, Кам, - дӯғ зад тарҷумон. Дарро кушо! Кор баромад. - Ҳозир, - садо дод Фу. - Либосҳоямро пӯшам, - ва давида сар аз тиреза баровард. Ораз аллакай ба замин расида буд. Фу гиреҳи бандро кушода, онро ба берун ҳаво дод. Ораз арғамчинро ба ҷузвдон андохта, ҷониби дарвоза давид. Духтар тирезаро беовоз пӯшида, яктаҳро ба сари китф партофт. Ҷойхобро ба тартиб дароварда дарро кушод. Кам ӯро як тараф тела дода, нахуст хам шуда таги катро аз назар гузаронд. Касеро надида, ба тарафи ҷевон парид. Дарро шараққосзанон кушода, либосҳоро як сӯ ҳаво дод. Даруни ҷевон ҳеҷ кас набуд. Аз ғазаб ба сари соҳиби ҳуҷра дод зад. - Канӣ ӯ? - Кӣ? - худро ҳайратзада вонамуд кард духтар. - Худатро ба нодонӣ назан, - Кам аз аввала ҳам баландтар овоз баровард. Ораз ҳамин ҷо буд. - Ақлатон дар ҷояш, - хандид духтар. - Вай дар ин ҷо чӣ мекобад? - Маккорагӣ ба эбаш, - ором намегирифт Кам ва давида бо шаст тирезаро кушода ба поён назар кард. Касеро надида пурсишро давом дод. - Ӯ ҳоло ҳамин ҷо буд. - Баромада равед, - Фу ба ҳуҷум гузашт. - Набошад оид ба рафтори авбошонаатон маъмурияти омӯзишгоҳро огоҳ мекунам. Ин чӣ беодобию шармандагист? Кам, Туан ва ду ҷавони дигар ноилоҷ аз дар баромаданд. Тарҷумон аз ғояти хашму ғазаб намедонист, ки алами бохташро аз кӣ гирад. - Ман ишқварзии Ромеои туркманро ба ду манат намегирам. Ҳоло истад, ба сараш чӣ балоҳоеро биёрам. Имрӯз ё пагоҳ маъмурияти омӯзишгоҳ аз рӯи маълумоти ман кафши Ғарибро пеш мегузорад… Пас аз ду ҳафта Ораз аз шаҳри Боку баргашт. Бо ғалаба ва унвони устоди байналхалқии варзиш. Бегоҳӣ мошини дӯсташро киро карда, ба хобгоҳ омад. Дарро ба рӯяш До кушод. - Фу куҷост? - ҳайрон савол дод Ораз. - Ӯро ба Ханой бозпас фиристоданд, - овози До ғамангез садо дод. - Ин кори Кам будагист? - ҷавон мушташро гиреҳ баст. Маълумоту дархостҳои туҳматомезу иғвогаронаашро сафорат ба инобат гирифта қарор дод, ки дугонаи маро ба Ветнам фиристад, - дар чашмони духтар нам пайдо шуд. - Оҳ, Оразҷон! Агар медидӣ, ки Фу барои ту шуда чӣ маҳшаре ба по хезонд. Чун тимсоҳи дарёи Меконг ба сари Кам парида, ба рӯяш панҷа зад. Аз захми нохунҳои духтар ва аз шармандагӣ тарҷумон то ҳол аз ҳуҷрааш намебаро-
яд. Ман аз назди Оразам ба ҳеҷ куҷо намеравам гуфта, корди ошхонагиро гирифта, ба синаи Кам заданӣ шуд. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки аз куҷо дар ин духтараки майдахелаки резапайкар ин нерӯ аз куҷо пайдо шуд. Ана, ишқ ба инсон чӣ қудрате мебахшидааст. Агар дар ҳамин замон Чоп пайдо намешуд, кор ба хунрезӣ меанҷомид. Чоп аз дасти духтар дошта, оҳиста чизе гуфт. Баъди ин духтар ором шуд ва ба ғундоштани анҷомҳояш гузашт. Чоп ӯро то фурудгоҳ гусел намуд… Ораз анҷоми қисаро гӯш накарда, ба сӯи ошёнаи чорум давид ва бо як лагад дари ҳуҷраро кушода, аз пои Ками аз тарс рангпаридаю лундашуда гирифта, аз тиреза кашол кард. - Бигӯй, эй палид, бо ин кирдорат чӣ мехостӣ? Ва аз куҷо дар туи манфур ин қадар нафрат нисбат ба ишқи поки ману Фу пайдо шудааст? Гап зан, малъун! Ҳоло ба зер ҳавоят медиҳам, то ки ҳуҷайраҳои косахонаи сарат парешон шаванд. Гап зан! Кам доду фарёд бардошта, ҳамаро ба ёрӣ ҷеғ мезад. Хобгоҳ ба занбурхона табдил ёфт. Чирроси духтарону доду фарёди ҷавонони ветнамӣ ҳамаро ба по хезонд. Аз куҷое директори Омӯзишгоҳ Недошивина пайдо шуд. - Ҳой, Оразгелдӣ Амонгелдиевич! Ҷанҷоли байналхалқӣ нахезонда, аз амали авбошиат даст каш. Ту аз имрӯз эътиборан дигар дар омӯзишгоҳи ман кор намекунӣ. Ана, фармон! Камро ба ҳолаш гузору аз ин ҷо баромада рав! - Корат аз сарат монад, - Ораз бо дасти чап чанг зада коғазро гирифта, ғиҷим карда ба берун партофт. - Э, ту чӣ кор кардӣ? - мудири қисми илмӣ ба Ораз наздик шуд. - Ба фармон итоат карданат лозим ва таъҷилан ҳудуди омӯзишгоҳро бояд тарк бикунӣ. - Э, дафъ шав! - Ораз ба кундаи синаи Шмелев як лагади обдор фаровард. Шмелев ба пушт болои Недошивина ва ҳар ду баробар болои фарш гумбуросзанон афтиданд. Касе ба Хадамоти оташфишонӣ занг зад. Мошини сурхи рахдор бонгзанон ба саҳни ҳавлии омӯзишгоҳ зада даромад. Оташхомӯшкунакҳо зуд дар таги тирезаи Кам гилем кашиданд. Аз куҷое як даста нозирони тартиботи ҷамъиятӣ ҳозир шуданд. Кам ҳанӯз доду фарёд дошт. Ораз бошад, тарҷумонро ба чапу рост алвонҷ дода, ба сараш дӯғ мезад. Расиши дастеро ҳис карда, варзишгар бо хашм гардан тофт. Дар муқобилаш Чопро дида, каме ба худ омад. - Дӯстам, - бо меҳрубонӣ гуфт Чоп, барои як мурдор шуда, даст ба ҷиноят назан. Оид ба найрангҳои фосиқонаи ин аблаҳ сафоратро огоҳ карда будам. Ана, фармони аз кор рафтанаш ва мана чиптаи ба Ветнам баргаштанаш. Ман ҳозир ӯро бояд ба фурудгоҳ барам. Ин як. Дуюм, ба ту ваъда медиҳам, ки ба Ханой рафта, Фуро ба наздат меорам. Ангор ба маъшуқаат низ чунин паймон дода будам. Ораз бо як ҳаракати чолокона Камро болои кат ҳаво дода, дасти росташро ба тарафи Чоп дароз кард. - Қавли мардӣ! - Қавли мардӣ, - ва тарҷумон бо меҳр дасти паҳлавонро фишурд… Чорҷӯй. Авули Бешкаппа. Пагоҳӣ. Офтоб нурҳои ҳаловатбахши худро болои реги биёбони Қароқум мерехт. Мӯйсафеди Амонгелдӣ болои кат нишаста, сар ба сукут гирифта дар бораи тақдири писараш фикр меронд. Ҳамсараш дар паҳлуяш нишаста, ба андешаронии шавҳараш хомӯшона назора дошт. Ин дам дарвоза кушода шуда, Ораз аз дасти Фу дошта, ба ҳавлӣ даромад. Пирамард аз ҷояш нимхез шуда, ба ҳамсараш рӯй овард: - Агар духтари ғайриодияш ҳамин бошад, пас писарам гавҳаршинос будааст. - Падараш барин, - Ойина бо ифтихор ба фикри шавҳараш розӣ шуд. - Ҳаъ!? - маълум набуд, ки мӯйсафед ба гуфтаи занаш розӣ буд ва ё аз таърифи ҳамсараш мефахрид…
Тамѓаи њавопаймои америкої … кардан = аз ёд рафтан
15
Шиа ё суннї
Бозича Бар- Урф, би чї аст? одат
100 см
Доњии фашистони Олмон Аввал
Меваи ширини сафед ё сиёњ
Аппарати бонкї, ки пул медињад
Навъи себ
Буѓуми пой
Ќанот, пар Ашёи хом барои истењсоли бензин
Рўзи рафтаистода
Як гузаштани сўзану ришта Фарзанди зану марди гуногунмиллат
Чароѓаки рањнамо (русї)
Рўзи Пойисти- тахти роњат Япония
Мункар ва ...
Хуб
… Деол, ситораи кинои њиндї
Фируза Пойтахти …, сароянда Испания
Натрий - …и кимиёвї
Наќлиёти сабукрави шањрї
Саломат
Сињат, орї аз дард
Хотирот
Бародари падар
Безор аз чизе ё гапе
… Рай, ситораи кинои њиндї
Љойи майда кардани гандум
«Њоло …», филми тасвирї
Пешмузд (русї)
Пояи нињоли пахта
... Гибсон, актёр
Муњаббат, мењр
Шарм, њаё
Давом Њайвони хояндаи хурд
Паёмбари «Инљил»дор
Модар (лањља)
Кўмак
Асъори латишї
Гиря, фиѓон
Љонишини љамъ
Ќанди машњури шўравї
Њарфи арабї
Садо
«Миз» ба русї Донандаи илм
АИТ - Академияи …њои Тољикистон -
Номи аспи Рустам
Дуруст
Русї«где?», тољикї -?
Гўркунї
Бухори об дар осмон
Котиб, муншї
Ширинї барои чойнўшї
Фигураи геометрї
Абуали …-и Сино
Шишаи аксдињанда
Ваъда
Муќобили «љуфт»
Матои сафеди пахтагин
Сайидои ..., шоири классик
Зарбаи љаримавии …метра (футб.)
Ранги барг
Ваќте ки офтоб нур мепошад
Русї- восток, англ. – east, тољ.- ?
…-Клаус - Бобои Барфии америкої
Чор ё дучархаи ба асп басташуда
Юрист (тољикї)
Ноњия дар шимоли в. Суѓд
Дуто Х-и римї чанд аст?
Федератсияи байналхалќии футбол
Њайвони шохдори хонагї
… Исхоќова, шашмаќомсаро
Келин Асари "Мактаби ... "-и С. Айнї
Мухтасари номи кишвари араб
Моњи ша- Ранљ, шуми сол азоб
Дасти курта
Шикоят, баён Ќандина – зеби мизи идона
Хандаи бесадо
Аз аќиб якум Паноњгоњи самолётњо
САНҶИШИ ДОНИШ
Тухми моњї (русї)
Муќоби- Амали матемали «асир» тикї, х
Њарос
… Ѓафуров, муаллифи китоби «Тољикон»
Алфавит
Пањлўи тези корду алмос
… Пател, ситораи кинои њиндї
Тахаллуси сањнавии Бахтиёр Рањимов
Сканворд
…и Султон, сароянда
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
16
СЕҲРИ ХОМА
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №45 (9471), 10.11.2016
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Садбарги сурх
Марде хонаашро доирашакл сохт. Ҷурааш ҳайрон шуд: -Дӯстам барои чӣ хонаатро гирд сохтӣ? -Вақте ки ба сохтанаш сар кардам, хушдомонам пешам омада пурсид:«Дар хонаи шумо барои ман ҳам як кунҷак ёфт мешудагист?»
Дарёнаварде (маллоҳе) дар давраи хизмати сарбозӣ муддати зиёд аз духтаре, ки боре ҳам ӯро надида буд, тавассути паёмакҳо номаҳои ошиқона мегирифт. Духтар Садбарг ном дошт. Онҳо бо ҳам 3 сол мукотиба доштанд. Ҷавон ба номаҳо ва суханони меҳрбори духтар посух дода, оқибат дарк намуд, ки дигар бе ин номаҳо зиндагӣ карда наметавонад. Онҳо худ нафаҳмиданд, ки чӣ гуна якдигарро нодида, ба ҳам сахт дил бастанд. Баъди ба охир расидани муҳлати хизмат тасмим гирифтанд, ки дар вокзали марказии шаҳр соати ҳафти бегоҳ бо ҳам вомехӯранд. Садбарг навишт, ки дар гиребони куртааш гули садбарги сурх хоҳад гузошт. Ҷавон муддате ба фикр фурӯ рафт. Охир ӯ боре ҳам духтарро надида буд, ҳатто намедонист, ки ӯ чандсола аст ва умуман намедонист, ки зебо аст ё баднамуд, қоматбаланд аст ё қадпаст, лоғар аст ё фарбеҳ... Ӯ ба вокзали марказӣ расид ва расо соати ҳафт дар ҷои таъиншуда зане пайдо шуд, ки дар гиребонаш гули садбарги сурх часпонида шуда буд. Ин зан тақрибан шастсола менамуд. Дарёнавард метавонист ба ақиб баргашта, дарҳол он маҳалро тарк кунад, аммо ба зан нигариста, аз дил мегузаронд, ки ҳангоми дар баҳр, дур аз ёру диёр буданаш ин зан пайваста ба ӯ нома менавишт, дар иду ҷашнҳо нахустин шуда ӯро муборакбод мекард ва ба ин васила ӯро аз ғаму ғусса дур ва ба зиндагӣ дилгарм сохта буд. Не, набояд аз ӯ рӯ гардонид! Ва бо чунин андешаҳо ҷавон ба назди зан омада, даст дароз кард ва худашро муаррифӣ намуд. Ин замон зан ба ҷавон гуфт, ки ӯ саҳв кардааст. Садбарг дар пушти ӯ истодааст. Ҷавон ба ақиб баргашта, аз ҳайрат шах шуд. Духтар хеле зебо ва ҳамсоли худаш буд. Зани солхӯрда ба ҷавон гуфт, ки Садбарг аз ӯ хоҳиш намудааст, то ин гули садбарги сурхро як муддат дар гиребонаш часпонад. Агар бо дидани ӯ ҷавон ба ақиб баргашта равад, пас қиссаи муҳаббати онҳо поён меёбад. Аммо агар ҷавон ба назди зани солхӯрда омада, худро муаррифӣ кунад, пас ӯ Садбарги ҳақиқиро барояш нишон диҳад ва ҳама ҳақиқатро бигӯяд.
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
МЕҲРОБ АЗИМОВ
Сайфулло Сафаров
***
Духтар ба падараш гуфт: -Падарҷон, ман ба хонаи ҳамсинфам дарстайёркунӣ меравам. Падар: - Ҳеҷ куҷо намеравӣ! Духтар: - Барои чӣ? Падар: -18 сол пеш модарат ҳам ба хонаи мо дасртайёркунӣ омада буд, то ҳозир ҳаминҷост!
***
Афандӣ аз комиссариати ҳарбӣ шод мебарояд. Аз пешаш ганерал баромада мегӯяд: - Офарин! Ана ин хел шоду хурсанд ба аскарӣ рафтан даркор! Кай ба ҷои хизмат меравӣ, писарам?! - Рафиқ генерал маро ба хизмат намебаранд,-мегӯяд Афандӣ. - Барои чӣ? - Чи хел фаҳмонам? Ҳо ана он гунҷишкро дар шохи дарахт мебинед? - Ҳа. - Ман бошам тамоман намебинам.
***
Муаллим ба донишҷӯ савол медиҳад: -“Ман медавам”, “Ту медавӣ”, “Вай медавад”. Ин кадом замон аст? Донишҷӯ: - Замони “аблава”.
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
ОБУНА - 2017
***
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Мард ба занаш гуфт: - Ҳозир се пашшаро куштам. Дутоаш нар буд, яктоаш мода. - Аз куҷо фаҳмидӣ? - Дутоаш ба телевизор часпида футбол тамошо дошт, яктоаш ту барин пеши гӯшам вунг-вунг мекард.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
***
Афандӣ ба навбатдори меҳмонхона занг зада мегӯяд: - Ёрӣ диҳед, ман бо занам ҷанг шудам. Занам мегӯяд, ки худашро аз тиреза мепартояд! - Ин ба мо чӣ дахл дорад?-мегӯяд коркуни меҳмонхона. –Ба милиса занг занед. - Охир, барои чӣ тирезаатон кушода намешавад?!
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
***
- Ту бо BMW гашта, ба ман механдӣ, ки бо трамвай мегардам? Аммо медонӣ ки нархи трамвай 14 миллион доллар аст? •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6461 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»