«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
Тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ
Террори нозанини Аврупо
№46 (9420), 19 ноябри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
№46, (9420), 19 ноябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
МУСОҲИБА
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!
ҲАФТ РӮЗ 12.11.2015 Зимни сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон миёни ду кишвар 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 13.11.2015 Дар намояндагии Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «Московский институт стали сплавов» (Донишкадаи пӯлоду хӯлаи Маскав) Форуми IV хатмкунандагони донишкадаҳои олии Русия ва шӯравии сокини Тоҷикистон баргузор гардид. 14.11.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд дар робита ба амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни Париж, ки 129 сокини осоишта ба ҳалокат расид, барқияи тасаллият ирсол намуд.
15.11.2015 Бахшида ба Соли оила дар шаҳри Конибодом таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” бо иштироки оилаҳои беҳтарину намунавӣ, фаъолон, бонувони рӯзгордидаву соҳибҳунар ва оилаҳои ҷавон озмун-маҳфил доир гардид. 16.11.2015 Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ гурӯҳи намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 2711-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ воқеъ дар ноҳияи Дарвоз мулоқот карданд. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳамаи дастовардҳои ноилгардидаи халқи тоҷик зери Парчами давлатӣ, ки мояи ифтихор ва сарбаландии мост ва рамзи ғолибияти миллат бар фазои тираи нофаҳмиву ноамнии кишвар аст, ба даст омадааст. 17.11.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии
Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми муҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд. 18.11.2015 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои «Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018»-ро қабул намуданд. Ҳамчунин, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” баррасӣ ва қабул, лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» тасдиқ шуд.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶАШН
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
2
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
АЗ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон Суратгузориш аз роҳпаймоии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчам
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 14 ноябр дар Боғи Ирами пойтахт бахшида ба Рӯзи Парчам роҳпаймоии ҷавонон доир гардид. Дар чорабинӣ, ҳамчунин дастовардҳои зерсохторҳои кумита ба намоиш гузошта шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаши меҳмонони боғ гардид.
МУШКИЛИ РӮЗ
Мо аз ҳамбастагии миллат, пойдории сулҳу ваҳдат, ободкорию созандагӣ зиёд ҳарф мезанем. Вале мутаассифона, боз ҳам паст будани завқу салиқа, заиф будани саводи динӣ ва дунявии ҷавонон барҷаста эҳсос мешавад. Баъзан оддитарин рафтору кирдори онҳо дар кӯчаву бозор, нақлиёту дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ин гуфтаҳоро собит месозад. Чаро ҷавонони мо бо ҳақорат гап мезананд? Мегӯянд, ҳақорат ва таҳқир кардани шарафу шахсияти нафаре кори заифон ва ҳақирон аст. Бешак, ҳақорат ҳамон таҳқир аст. Таҳқири шахсият, таҳқири нангу номус, расидан ба иззати нафси ҳамдигар, ки мутаассифона, танҳо хоси инсон аст. Инсони ҳақир, инсони оҷиз, инсони ноогоҳу худношинос... Боре мақолаеро дар хусуси супориши устоди Донишгоҳи миллӣ ба донишҷуён мутолиа намудам, ки он маро ба андеша водор кард. Муаллиф менавишт, ки устод дар чаҳорчӯбаи дарси фолклоршиносӣ ва гирд овардани истилоҳот донишҷӯёнро ба бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт фиристод, то ки онҳо ҳақоратҳои тоҷикиро навишта гиранд, вале донишҷӯён бо дасти холӣ баргаштанд. Онҳо ба суоли устод, ки “Чаро бо дасти холӣ баргаштед?” ҷавоб доданд, ки ҳақоратҳо то андозае қабеҳ ва пур аз фаҳш буданд, ки рӯи коғаз оварданашон ғайриимкон буд. Аксари онҳо ба унвони модарону хоҳарон. Дар ҳақиқат ҳақоратҳои қабеҳе, ки кӯдакону наврасон ба унвони волидони якдигар мегӯянд, шунавандаро ба даҳшат меоранд. Воқеан, чаро мардум бо ҳақорат сухан мекунанд? Ба ин суоли мо Марямбону Солеҳова, мураббии яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, чунин посух дод: “Мақолеро аз калонсолон зиёд шунидаам, ки мегуфтанд,
3
“шахс агар субҳ вақти аз хона берун шудан бо одами неку хайрхоҳ рӯ ба рӯ ояду сухани хуш бишнавад, он рӯз барояш рӯзи бобарор ва бобаракат хоҳад шуд. Баракс, вақте шахси баддилу баддаҳонеро вомехӯред, он рӯз то бегоҳ бо табъи хира мегардеду корҳоятон бебарор мешаванд”. Бешубҳа, субҳ аз хоб хеста, кас мехоҳад сухани хушу руҳнавозе шунавад. Аммо аксар вақт дар кӯчаву дохили нақлиёт ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз даҳони мардум дашному ҳақоратҳои болохонадорро шунида, сари кас ба дард меояд. Дар чунин ҳолатҳо мехоҳӣ кар бошиву чизеро нашунавӣ”. Баъзан дар дохили нақлиёт шоҳиди ҳақоратҳои “намакин”-и ронандаҳое мегардем, ки на аз ҳузури занону модарон парво доранду на аз ҳузури кӯдакону наврасон. Ронандаҳои дигарро, ки аз ӯ пеш мегузаранду ба хатое роҳ медиҳанд, бешармона ва бо суханони пур аз фаҳш дашном медиҳанд.
штани забон аз беҳтарин фазилатҳои инсонист. “Забон тарҷумони дил аст”, - гуфтаанд. Ба инсон нахуст аз рӯи забону рафтораш баҳо дода мешавад. Озору маъсияти дигар узвҳо маҳз бо хатои як узв, яъне забон ба вуҷуд меояд. Масалан, як нафари кӯтоҳандеш каси дигарро дашном медиҳад. Шахси ҳақоратшунида ба ғазаб омада, ӯро латукӯб менамояд. Дар натиҷа бо айби забон якчанд узви дигар осеб мебинанд. Пас, эмин мондани дигар узвҳо ба забон вобаста аст. Баъзан ҳақорату дашном аз забони кормандони мақомоти давлатӣ низ садо медиҳад, ки онро роҳбарон нисбат ба зердастон истифода мекунанд. Хоса дар муоширати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва низомиён ҳақорат ба ҳукми анъана даромада, оддитарин муносибат дар байни онҳо аз тариқи ҳақорат сурат мегирад. Аммо агар забони инсон аз хурдсолӣ ба ҳақорату даш-
аз ин хушҳол гашта, ба атрофиён бо ифтихор мегӯяд: “Дидед, писари ман ҳақоратро ёд гирифтааст”. Агар ин падар ба ҷои он ҳақорат ба писар як ҳарфи хуб ва ё як ояи Қуръон омӯзад, фардо ин ниҳоли парвардааш меваи ширин ба бор меораду қабл аз ҳама падари ӯ таҳсин мешунавад. Беҳуда нест, ки агар аз рафтор ё гуфтори ноҷоизи шахсе нороҳат шавем, қабл аз ҳама беихтиёр ин суолро ба забон меорем: “Падари ӯ кӣ бошад?” ва ё дар ҳолати баракс қаноатмандона мегӯем: “Раҳмат бар падараш”… Вақте дар оила падару модар бо ҳам гапгузаронӣ кардаву аз суханони зишту қабеҳ истифода мекунанд, он алфози қабеҳ дар зеҳни кӯдак ҷой мегираду ӯ чунин алфозро ҳамчун суханони муқаррарӣ қабул ва истифода мекунад. Тарбияи кӯдак мисли хишти аввали иморат аст, ки агар аз ибтидо каҷ гузошта шавад, то охир каҷ меравад. Ба андешаи коршиносон ҳар ҷомеае, ки
Аҷибаш ин ки ин суханони зишту дағали онҳоро мусофирони дар дохили мошин нишаста мешунаванд, на он мухотабҳои “гунаҳкор”. Баъзеҳо мегӯянд, ки шахс барои паст кардани қаҳру ғазаб ва асабонияти зиёд аз дашному ҳақорат истифода менамояд ва гӯё ин як навъ таскин бахшидан ба асабҳо бошад. Аммо аксар вақт шоҳиди он мегардем, ки ҷавоне, ё наврасе барои дурустии фикри худро ба ҳамсуҳбаташ собит сохтан аз чунон ҳақоратҳое истифода менамояд, ки ба ягон чаҳорчӯбаи ахлоқ намеғунҷанд. Танҳо баъди шунидани “қасам”-и ӯ гӯё рафиқаш ба суханаш боварӣ ҳосил мекунад. Дар яке аз ҳадисҳои Пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: “Гуфтори нарм занҷири дилҳост”. Покиза нигоҳ до-
ном одат карда бошад, ба кадом мансабу мартабае нарасад, ҳангоми асабоният беихтиёр боз онҳоро ба забон меорад. Чӣ бояд кард, то фарзандони мо аз хурдсолӣ аз ҳақорату дашном ва суханҳои қабеҳу нофорам ҳазар кунанду оддитарин одоби муоширатро омӯзанд? Кӯдакон мисли тутиянд. Ҳарчи мешунаванду мебинанд, бе он ки маънояшро дарк намоянд, онро айнан такрор мекунанд. Аз ин рӯ, волидонро мебояд, ки дар ҳузури фарзандон суханони зиштро ба забон наоранду аз дашному ҳақорати якдигар ва аъзои оила ва ҳатто бегонагон худдорӣ намоянд. Мутаассифона, волидоне ҳастанд, ки аз хатои фарзанди хеш на изҳори нигаронӣ, балки хушҳолӣ мекунанд. Масалан, писари хурдсол дар ҳузури падар ҳақоратеро ба забон меораду падар
буҳрони сиёсӣ ё ҷангро аз сар мегузаронад, дар он чунин зуҳуроти манфӣ рушд мекунад ва ҷои эҳтирому шафқатро бераҳмиву беэҳтиромӣ ва ҷои сухани нармро сухани дурушт ё ҳақорат мегирад. Вале дар марҳилаҳои минбаъда бояд ҷомеа аз пайи ислоҳи он биравад. Мардуми мо низ аз низоъ ва муноқишаҳои дохилӣ хеле фосила гирифтааст. Чун ҳама муомилоти мо тавассути забон сурат мегирад, пас, месазад, ки забони худ аз алфози қабеҳу нофорам покиза нигоҳ дорему фарзандонро низ дар рӯҳияи зебоипарастиву зебоишиносӣ тарбия намоем. Фаромӯш насозем, ки Мавлавии бузург фармудааст:
е-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Он суханҳои чу мору каждумат...
Он суханҳои чу мору каждумат, Мору каждум гашта мегирад думат.
ЭЪЛОН
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои “Варзишгари беҳтарини сол”, “Мураббии беҳтарини сол”, “Мактаби варзишии беҳтарини сол”, “Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол” ва “Беҳтарин иншооти варзишии сол”-ро эълон менамояд: Шартҳо барои озмуни “Варзишгари беҳтарини сол”: - аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ ба дастоварди баланди варзишӣ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар давоми сол ноил гардидаанд; - меъёри баланди варзиширо иҷро намудаанд; - одоби баланди варзишӣ доранд. Шартҳо барои озмуни “Мураббии беҳтарини сол”: - донистан ва риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш; - натиҷаи бадастовардаи дастпарварони мураббӣ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ (бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ, бозиҳои осиёӣ, Бозиҳои донишҷӯён, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва ҷумҳурӣ); - қобилияти ташкилотчигӣ, корҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва омӯзишии мураббӣ; - иштирок дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ; - таҳияву нашри матолиби методӣ низ дар сурати мавҷудият ба инобат гирифта мешавад.
Шартҳо барои озмуни “Беҳтарин иншооти варзишии сол”: - риояи стандартҳои байналмилаии иншооти сохташуда; - риояи ҳолати санитарию гигиенӣ ва бехатарии иншоот; - истифодаи самараноки иншооти варзишӣ; - корҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ; - тайёр намудани шароити тамрини варзишгарони касбӣ; - тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим; - дастрасии истифодаи оммавӣ. Ҳуҷҷатҳо то 1 декабри соли 2015 дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 қабул мешаванд.
www.javonon.tj
Шартҳо барои озмуни “Мактаби варзишии беҳтарини сол”: - дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ мондани фаъолияти мактаби варзишӣ; - натиҷаҳои бадастовардаи дастпарварони мактаби варзишӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ (бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, бозиҳои донишҷӯён чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, ҷумҳурӣ ва мусобиқаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд); - корҳои ташкилотӣ, оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва омӯзишии маъмурияти мактаби варзишӣ; - иштирок дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ; - таҳияву нашри матолиби методӣ.
Шартҳо барои озмуни “Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол”: - риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш, аз ҷумла риояи иҷрои талаботи уҳдадориҳои Федератсияи миллии варзишӣ; - натиҷаи бадастовардаи дастпарварони Федератсияи миллии варзишӣ дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ (бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ, бозиҳои осиёӣ, Бозиҳои донишҷӯён, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва ҷумҳурӣ); - корҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва омӯзишии Федератсияи миллии варзишӣ; - иштирок дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ; - инъикоси фаъолияти Федератсияи миллии варзишӣ; - таҳияву нашри матолиби методӣ низ дар сурати мавҷудият ба инобат гирифта мешавад.
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
НИГАРОНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Манзумаи ФИРӮЗ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Модар олитарин манбаи саодати хонаводагист, ки барои тавлиду ба воя расондани фарзанд фидокориҳои зиёд мекунад. Дастони пурмеҳру қалби бузурги модар аст, ки ҳамеша навозишгари кӯдак ва дар зиндагӣ мададрасони ӯст. Модар аст, ки тифл домони ӯро барои худ аввалин макон ва муҳити амн ихтиёр мекунад. Модар бузург аст, ки фарде наметавонад тифлро аз ӯ ҷудо бикунад. Чун мебинем ҳангоми пош хӯрдани оилаҳо низ фарзандон домони модар мегиранд ва танҳо бо ӯ зистан мехоҳанд. Вале вақтҳои охир гумонбар шудани модарон ба кушта шудани тифлон, фурӯхтан ва даст кашидан аз меваи зиндагии худ бешак фоҷиаи гушношунид ва нангин аст. Вақте мешунавем модар тифли худро барои маблағи ночизе ба касе мефурӯшад ё бо роҳҳои гуногун аз тифли худ халос мешавад, хеле дарднок аст. Фоҷиае, ки модар бо се тифлаш худро ба дарё андохта, худ саломат ва тифлонаш вафот мекунанд, вирди забонҳо буд ва мардум ба зан лаънат мехонданд. Вале моҳе нагузашта буд, ки дар ноҳияи Вахш низ зане бо се фарзандаш худро ба дарё афканд, ки тифлони ӯ низ ҳалок шуда, худ зинда монд. Сабаби худкушии аввалро мақомот рашки модари тифлон нисбат ба шавҳар ва дуюмиро бемори руҳӣ будани зан арзёбӣ карданд. Ҳанӯз аз ин хабарҳои даҳшатнок хонанда ба худ наомада буд, ки боз хабари кушта шудани тифли навзод дар ҳоҷатхонаи манзили истиқоматӣ аз ҷониби модар паҳн гашт. Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, моҳи сипаришуда сокини 34-солаи ноҳияи Муъминобод бо иттиҳоми ба қатл расонидани фарзандаш дастгир шуд. Тавре гуфта мешавад, ин зани бешавҳар тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш партофта, ба ҳалокат расонидааст. Ҳоло нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши қазия идома дорад. Ин дуюмин чунин ҳодиса дар соли ҷорист. Чанде қабл зани 28-солаи ноҳияи Ҳисор низ тифли навзоди худро дар дохили ҳоҷатхона кушта буд. Аз мутолиаи чунин хабарҳо дар зеҳни кас суол пайдо мешавад, ки зан магар тифлро барои ба қатл расонидан таваллуд кардааст? Агар тифл барояш мояи шармандагӣ бошад, пас чаро
ӯро нуҳ моҳ дар батнаш нигоҳ дошт? Чаро аз ҳомила шудан худро ҳифз накард? Чаро фарзанди худро ба як василаи тиҷорат табдил дода, фурӯхт? Чӣ мушкиле ӯро пеш омадааст, ки ба чунин амали нобахшиданӣ даст зад? Ин суолҳое ҳастанд, ки ҳамеша беҷавоб боқӣ ҳоҳанд монд ва агар ҷавоб ҳам дошта бошанд, танҳо бемори руҳӣ ё шароити вазнини оилавист. Яъне агар зан тифлашро ба фурӯш мебарорад, маънои мушкили моливу иқтисодӣ доштани оилаи ӯро дорад. Вале маблағи ночизе, ки бар ивази тифл мегирад, шояд барои як рӯза зиндагӣ кифоя кунад. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон кӯдакон ба як василаи тиҷорат табдил ёфтаанд. Моҳи сипаришуда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри
гар оқибатҳои вазнин гардида бошад, аз 12 то 15 сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад. Вале аҷиб ин аст, ки то имрӯз нафаре аз мардон ё шавҳарони ин занонро гунаҳкор накардааст ва нахоҳанд кард. Равоншиносон бар онанд, заноне, ки ба чунин амалҳои зишт қодиранд, худ дар оилаи носолим ба воя расида, бо роҳҳои гуногун раҳо шудан аз тифл барояшон мушкиле надорад. Равоншинос Маҳмуд Кабирӣ иброз медорад, ки аксари чунин занон мубталои бемориҳои руҳианд. Сабаби солҳои зиёд афзоиш ёфтани чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби занон набудани мутахассисон ва дониши кофӣ надоштани мардум аст. Онҳо дар ҳолати ба мушкилӣ дучор шудан ба кӣ муроҷиат намуданро намедонанд. Вале мавсуф илова мекунад, ки дар содир намудани чунин
Чаро танҳо занонро гунаҳкор мекунем, магар ин ҷазоҳо ба мардон дахл надоранд?” Тавре мебинем, дар масъалаҳои мазкур бештари маврид занон гунаҳкор буда, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чун мардон ҳамеша дар хонаводаи тоҷик ҳаққанд, сухани ҳақ мегӯянд ва нафаре онҳоро гунаҳкор намекунад. Ба андешаи бархе аз мардум гӯё бештари маврид он заноне, ки шавҳари қонуниву мусалмонӣ надоранд ва пинҳонӣ аз хонаводаи худ бо мард муносибатҳои маҳрамона доранд, даст ба куштори тифли худ мезананд. Шунидани хабари бе шавҳар ҳомиладор ё тавлид шудани тифл барои волидони духтар шармандагӣ ва фоҷиа аст, ки зан то таваллуд “бачапартоӣ” мекунад ё бо дигар усул аз тифли батнаш роҳи халосӣ меҷӯяд. Чун медонем
Ба ақидаи мавсуф, аз назари дини мубини ислом исқоти ҳамл ва ё бо роҳҳои дигар ба қатл расонидани тифл гуноҳи кабира маҳсуб меёбад. “Баъзе занон аз нотавонӣ ва ноуҳдабароӣ ба хотири эътироз ба шавҳари худ фарзандонашонро дар дарё ғарқ намуда, ба қатл расониданд. Аз ҷониби дигар, баъзе занҳои сабукпой, ки таълими муаллим ва волидайн дар онҳо таъсир накардааст, бо мардони беномуси шаҳватӣ ҳамбистар гашта, ҳомиладор мегарданд. Ин тоифа занони бемурувват баъди таваллуд, тифли худро дар халоҷо (ҳоҷатхона) ва ё партовгоҳҳо партофта ба қатл мерасонанд, ки дар шариат ҷазои қотил қатл аст”. Таҳлилгарони масоили динӣ бар онанд, мардоне, ки хушбахтии худро дар зино ва лаззатҷӯӣ аз занон мебинанд, муҷрим ҳастанд, зеро омили бадбахтии онҳо маҳз
дар ҳолати тавлиди тифли беникоҳ хонаводаи зан дубора ӯро ба манзили худ роҳ намедиҳанд. Вале гап сари он аст, бештари заноне, ки бе никоҳи мусалмонӣ ё қонунӣ бордор мешаванд, ба доми фиреби мардоне меафтанд, ки ба чунин корҳо қодиранд. Ба чунин фиребҳо рӯ ба рӯ шудани духтарон низ аз камсаводӣ ва содалавҳии онҳост. Абдуллои Муҳаққиқ, коршиноси масоили динӣ, низ амалҳои мардони шаҳватиро, ки омили ҷиноят содир намудани занон мегарданд ва онҳоро дар нимароҳи зиндагӣ шармсору ҷинояткор мекунанд, маҳкум намуда, мегӯяд ин мардон бояд ҷазо бинанд. Набояд онҳо қадру манзалати бонуи мусалмони тоҷикро дар ҷомеа паст зананд, чун субъекти асосии ҷиноят содир намудани занони беҷогард, пеш аз ҳама мардони даюс ва ҷавонони шаҳватпарастанд.
мардон мебошанд. Инчунин барои чунин мардон ва ҷавонон, ки омили аслии ҳомиладоршавии занон мегарданд, аз ҷониби шариат ҷазо таъин шудааст. Абдулло Муҳаққиқ мегӯяд: “Ҷавонон набояд заминаҳои фоҳишагароии духтаронро муҳайё намуда, онҳоро гирифтори ҳазорон мусибат ва дарду ранҷ намоянд. Набояд духтаронро бо фиребу найранг ба худ ром кунанд. Аз Худо битарсанд ва ба зино наздик нашаванд”. Тавре мушоҳида мешавад, гӯё чунин занон ва мардон зери аносири манфии фарҳанги ғарбӣ монда, покӣ ва назофати шарқиёнаро фаромӯш карда бошанд. Тақлиди кӯркӯронаи ин тоифаи мардум шикастани иззат ва эҳтироми зан, модар дар ҷомеаи мо гаштааст. Гарчанде дар ҷомеи кунунӣ занону духтарон медонанд, ки шахси мусалмон набояд бидуни никоҳи шаръӣ ҳомиладор гардад, вале боз ҳам ба ин роҳ медиҳанду роҳи халосиро дар қатли тифлакони бегуноҳ мебинанд. Агар чунин занон заррае дар қалби худ меҳри модарӣ дошта бошанд, аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Чунин ҳодисаҳо омилҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ доранд ва волидонро мебояд фарзандони худро босавод, ботамкину бофаросат тарбият кунанд, то ба доми фиреби “гургони дупо” наафтанд. Чун муносибати байни фарзанду модар муносибатест, ки дар оянда ба бунёди хислату хӯйи кӯдак замина мегузорад ва рафтору кирдори волидон ба кӯдак беътаъсир намемонад. Равоншиносон мегӯянд, ки муносибат байни модару кӯдак дар айёми ҳомиладорӣ оғоз ёфта, баъди таваллуд боз ҳам афзун мегардад. Аввалин нафаре, ки тифл ӯро дӯст медорад ва бо ӯ муносибат барқарор мекунад, модари ӯст. Пас занону духтарон низ бикӯшанд ҳамеша оилаи солим барпо намоянд ва ба тифли худ меҳрубон бошанд. Чун вақте тифл дар батни модар пайдо мегардад, ЗИСТАН МЕХОҲАД.
Онҳо зистан мехоҳанд!
Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир шуд. Зан тифли навзодашро ба зани 27-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз зани дигаре тифли худро ба маблағи 1500 сомонӣ мефурӯшад, ки нисбат ба онҳо парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Қаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос, дар суҳбат иброз дошт, ки тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 130,1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурӯши одамон бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо муқаррар шудааст. Инчунин тибқи талаботи қисми 2, агар одамфурӯшӣ такроран аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ нисбат ба 2 ё зиёда шахс ба амал ояд, ба муҳлати аз 8 то 12 сол ҷазо муқаррар шудааст. Тибқи талаботи қисми 3, агар боиси марг ва ё ди-
ҷиноятҳо на танҳо занон, балки мардон низ ганаҳкоранд. Мунавваршоҳ Ниёзов, нафақахӯр ва сокини пойтахт, ҳамеша аз шунидани хабарҳои каҷрафтории духтарон, куштори тифлон, фурӯши онҳо ва гунаҳкор будани занон нигаронӣ мекунад. Мавсуф илова мекунад, ки дар чунин қазияҳо на танҳо занон, балки мардон низ гунаҳкоранд. “Имрӯз танҳо занонро сабукпо мегӯему изҳори нигаронӣ мекунем, ки онҳо тифли худро мефурӯшанд. Аммо ҷурм дар мардон ва ҷавонон низ ҳаст, ки онҳо дузанагиро барои худ муд мешуморанд. Агар зиндагӣ бо зан хуб ба роҳ монда нашавад, ин мардон аз онҳо ҷудо мешаванд ва баъдан занон бачапарто мешаванд ё ба дигар корҳо даст мезананд. Имрӯз мардон сабукпо шудаанд, ки зану духтари мардумро бо чашми шаҳват менигаранд ва аввал шуда гаппартоӣ мекунанд.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...”
Соҳибистиқлолии кишвар, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ба болоравии сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик мусоидат намуд. Ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа васеъ гардид, соҳибкорию тиҷорат рушд ёфт. Корхонаҳои хусусию муштарак ва давлатӣ бунёд гардидаву ба фаъолият пардохтанд. Ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд. Зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ омили ғанӣ гардидани буҷети кишвар хоҳад шуд. Ғановатмандии буҷети кишвар боиси зиндагии роҳату осудагии мардум мешавад.
Ободии Ватан ва рӯзгори осудаву ширинии умр ба фаъолияти пайвастаю самаранок ва амали содиқонаи ҳар шаҳрванду соҳибкор ва субъектҳои хоҷагидор вобастагӣ дорад. Ҳамчун корманди масъули Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои асосии сари вақт иҷро нашудани нақшаи андози иҷтимоиро дар он мебинам, ки аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шаванд ҳам, мутаассифона андози иҷтимоӣ ба таври зарурӣ ва сари вақт пардохт намегардад. Ҳамчунин музди миёнаи моҳонаи коргарон дар як ҳолат ва бетағйир нигоҳ дошта мешавад. Ҳатто дар баъзе корхонаҳои ғайрибуҷетӣ музди миёнаи коргарон аз ҳади аққали музди меҳнат камтар аст, ки дар чунин вазъ ғанӣ гардонидани буҷети андози иҷтимоӣ ғайриимкон аст. Дигар ин ки манбаъҳои нави андозбандӣ ба таври саҳеҳ нишон дода намешаванд. Аз ҷониби корфармо низ дар ин масъала баъзан саҳлангориҳо мушоҳида мешаванд, ки мувофиқи он музди меҳнати коргарони кироя хеле ночиз аст. Бешак ин ҳолат боиси кам шудани ҳаҷми пардохти андоз мегардад. Аз тарафи корхонаҳои ғайрибуҷетии алоҳида бо мақсади канораҷӯӣ аз андозбандӣ музди меҳнати коргарони кироя ба таври аниқ нишон дода намешавад. Ба андешаи ман, чунин ашхос ба қисмату рӯзгори пирони солхӯрдаю маъюбоне, ки дар хонаҳои пиронсолону мактаб-интернатҳои махсус, аз ҳисоби давлат парасторӣ мешаванд, бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ҳол он ки гиромӣ доштани ашхоси солхӯрдаву эҳтиёҷманд ва мададгории бечорагону бенавоён қарзи инсонии ҳар як шахси соҳибдилу хайрхоҳ аст. Дар ёд дорам замони шуравӣ дар ҷумҳуриамон танҳо як хонаи пиронсолон мавҷуд буд, ки дар он, аксаран намояндагони дигар халқу миллатҳоро дидан мумкин буд. Ба хонаи пиронсолон бурдани хешу табори солхӯрдаву бесаробонмондаро, ҳатто хешовандони дуру ҳаммаҳаллаву ҳамдеҳагон низ раво намедиданд, ор медонистанд. Онҳо намегузоштанд, ки ин пирони ранҷуру эҳтиёҷмандро ба хонаи пиронсолон супоранду тамоми умр зери бори маломати наслҳои минбаъда монанд. Меҳру муҳаббати самимӣ ва покизасириштии азалӣ намегузошт, ки ҳатто ҳаммилаташонро ба хонаи пиронсолон супоранд. Ҳама аҳли деҳу маҳалла нисбат ба бекасону муҳтоҷон дилсӯзу ғамхор ва мунису мададгор буданд. То дами вопасин ӯро хуб нигоҳубин мекарданду баъди вафоташ ҳамеша бо некӣ ёд меоварданд. Яъне, аҳли карам ба қадри қудрату тавон дасти сахо мекушоданду қалбҳояшон саршори меҳру самимият ва хоксориву наҷобати баланди инсонӣ буд. Дар зикри ин гуна ашхос суханваре фармудааст: Дурдастонро ба эҳсон шод кардан ҳиммат аст, В-арна ҳар нахле ба пойи худ самар меафганад.
Тоир ШОМУДИНОВ, сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ дар шаҳри Душанбе
Парчами Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 24 ноябри соли 1994 қабул гардидааст. Ба хотири эҳтироми парчам ҳар сол ин санаро мардуми Тоҷикистон таҷлил мекунад. Ба ин муносибат чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир мегарданд, ки муҳтавояшон баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва гиромӣ доштани рамзҳои давлатист. Аз мусоҳибон пурсидем:
Муқаддасоти миллӣ барои шумо чӣ арзиш доранд? Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Саъдӣ МАҲДӢ, устоди ДМТ: Албатта, муқаддасоти миллӣ бояд барои ҳар фарди ватандӯст арзишманд бошанд. Зеро ҳар кишвару миллатро аз рӯйи муқаддасоташ мешиносанд. Пеш аз оне ки сухан дар бораи муқаддасоти миллӣ, ба мисли парчам равад, бояд мо донем, ки решаи ин калима чист ва аз куҷо пайдо шудааст. Дирафш, дурафш ё дарафш ва феъли дирафшидан ба маънии дурахшидан, барқ задан ва алвонҷ хӯрдан ҳамреша буда, бо вожаҳои дур(р)фишону дуррафшон таносуби шаклӣ дорад. Чун аз маъхазҳо бармеояд, ки дурафши ковиёнӣ ғарқи дурру гуҳар буд, пеши назар алвонҷ хурдан бо ҳама зебу ороиш ва дурру гуҳараш ҳар ду маъно ҷилвагар мешавад. Маҷозан «дирафшӣ кардан» маънии худро ангуштнамову машҳур кардан аст. Мутаассифона, ин гуна маҷозҳои сермаъно, ки дар илми имрӯз воҳиди фразеологӣ ном доранд, аз истифодаи ом берун афтодаанд. Байрақ, алам, роят, ливо, парчам ва дурафш ба ҳамдигар муродифанд. Ғолибан ба ҳар вожа нангарем, берун аз маънои дурахшидану машҳур шудану дидан нест. Бояд гуфт, ки лашкар ҳангоми набард чашм доим тарафи парчами афрошта буд, то дилпур бошад, ки қалби лашкар устувор аст. Аз ин рӯ, қисмати зиёди лашкариён вазифадор буданд, ки аз он муҳофизат кунанд. Барафроштагии парчам нишони ғалаба ва дилпурии сипоҳ маҳсуб меёфт. Парчам дар Фарҳанги забони тоҷикӣ “Пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд” омадааст. Аз ин ҷо киноя аз зулфи ёр низ гуфта мешавад. Аз шарҳи фарҳанг бармеояд, ки он ҷузъе аз байрақ будааст. Аммо ба ақидаи мо вожаи Парчам аз калимаи ниҳоят машҳур, ки ҳатто ба забони русӣ гузаштааст, яъне парча – пораи матоъ ё ашёи дигар пайдо шудааст. Аз ин шаш вожа чортоаш арабӣ буда, танҳо парчам ва дирафш аслии тоҷикианд. Дар ин силсилаи муродифот то замони истиқлолият вожаи арабии байрақ аз ҷиҳати серистифода будан чун сарсилсила маҳсуб мешуд. Шукр,
баъди истиқлол ва қабул намудани Нишону Парчам вожаи зебои аслии тоҷикии Парчам серистифода шуд ва ҷои калимаи арабии байрақро соҳиб гашт.
Насиба КӮЧАРОВА, муаллими ДМТ: - Муқаддасоти миллӣ арзиши баландро қоиланд, Ҳар давлату миллатро ба воситаи муқаддасоти миллиаш мешиносанд. Хусусан парчами кишвар мисле ки шиносномаи он аст. Дар баробари парчам, инчунин дигар арзишҳои миллиамон муаррифгари мост ва дар навбати худ мо ба воситаи парчаму нишон давлат ва миллатамонро муаррифӣ мекунем, ки мо тоҷикему аз Тоҷикистонем. Имрӯз ҷавонони мо парчамбардори миллати мо гардидаанд ва ҳар мусобиқаи варзишие, ки варзишгарони мо дар хориҷи кишвар мегузаронанду ғолиб меоянд, ҳатман парчами кишвар боло бардошта мешавад, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.
Шоҳназар ҚОСИМОВ, донишҷӯ: Гиромӣ д о ш т а н и муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар фарди кишвар аст. Парчам, ки ҳамчун яке аз муқаддасот ва рамзи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, эҳтиромаш ҳатмист. Он рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат мебошад. Имрӯз парчам мисли дигар рамзҳои давлатӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Ҳар як кишвару миллатро бо муқаддасоти миллиаш мешиносанд, аз ҷумла Тоҷикистонро. Бинобар ин, муқаддастои миллӣ барои мо азизанд. Заринаи ҒАЙРАТ, донишҷӯ: - Аз таърих медонем, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол г а р д и д а н марҳилаҳои гуногуниро паси сар намудааст. Пас аз мустақил шудан Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ – Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кард, ки ҳамзамон муқаддастои миллии мо дониста шуданд. Чунончи, Парчами давлатӣ рамзи истиқлолияти дав-
лат аст. Он тамсилгари Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз муқаддас аст ва мо - шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадорем, ки муқаддасоти миллиамонро азиз бидорем. Яъне муқаддасоти миллӣ барои ман ҳамчун як шаҳрванд арзиши баланд доранд.
Шаҳноза ҚУРБОНОВА, донишҷӯ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки муқаддасоти миллианд, бароям арзишманд мебошанд. Кӯшиш мекунам, ки дар эҳтиромашон саҳлангорӣ накунам. Ҳусайн МАҲМУДОВ, донишҷӯ: Албатта, Парчам, Нишон ва рамзҳои дигари давлатӣ аз муққадасоти ҳар кишваранд. Хусусан, рамзи ҳастии ҳар давлат парчами он мебошад. Гузаштагони мо аз азал парчам доштанд. Яъне муқаддасоти бузурге чун парчами давлат барои мо - тоҷикон бегона нест. Пас он бояд барои мо арзиши баланд дошта бошад. Хусусан эҳтироми парчам аз хурдӣ бояд дар зеҳни насли ҷавон нақш бандад ва ҷавонон дар сиришти худ муҳаббат ва эҳтиром ба парчам ва дигар муқаддасоти миллиро парвариш намоянд. Зарина ШОРАМАТОВА, донишҷӯ: -Муқаддасоти миллӣ бароям хеле арзишманданд. Махсусан Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо - тоҷикон мебошад. Парчам рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ ба ҳисоб меравад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо соҳиби парчами миллиамон шудем. Парафшонии парчам дар ҳар гӯшае баёнгари мавҷудияти миллат ва давлат аст. Парчам дар рӯзҳои ҷашн чун рамзи саодату сарбаландии миллати тоҷик дар хиёбонҳои марказии шаҳр ва пештоқи муассисаву идораҳо ҷило дода, мардум меҳру муҳаббати самимии худро нисбат ба он ва дигар арзишҳои миллӣ изҳор медоранд.
www.javonon.tj
Айни замон дар мамлакат чандин хонаи пиронсолон таъсис ёфтааст ва давлат барои нигоҳубини пиронсолону маҷруҳон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ҷашну маросими миллӣ барои болидаруҳиву шод гардонидани хотирашон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, вале ин ҳама ҷои меҳру муҳаббати фарзандӣ ва суҳбату дилсӯзии хешу пайвандонро гирифта наметавонад. Аз ин рӯ, ҳарчи бештар ба аёдату ҳолпурсии онҳо рафтани хешу пайвандон амали хайру наҷибаст. Аз азал мардуми мо бо хайру эҳсон ва мададгориву дастгирии худ шуҳратёр гаштаанд. Сари вақту ба таври шаффоф супоридани андози иҷтимоӣ дастгириву мададгории онҳоест, ки ба кӯмаку ғамхорӣ ниёз доранд. Алҳол, ки фасли баҳори умр ва нафосату шукуфоии ҷавонист, бо амали неку кори хайре ғами пирону эҳтиёҷмандонро бояд хӯрд. Пардохтани андози иҷтимоӣ аз тарафи корфармоёну соҳибкорон қадами боварибахшест дар ин роҳ.
5 е-mail: javonontj@mail.ru
Дор пиронро азиз!
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
6
САФАРДИДА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Аввалаш дар шумораи гузашта ҚАЛЪАНАК Дӯстам Ҷумъахон Алимӣ, ки рисолаи докториаш “Ҷойномҳо (ё топонимҳо)-и ҳавзаи дарёи Сурхоб” аст ва тамоми деҳаҳои Сари Хосорро дара ба дара гашта, таҳқиқ намудааст, дар шарҳи деҳаи Қалъанак чунин гуфт: “Ин ҷо замини ҳамвор ниҳоят кам аст, дар он ҷое, ки гандум мекоранд, мардум гандуми коридашударо дарза карда, ниҳоят бо эҳтиёт ғанак мекунанд. Ду навъи ғанак аст: 1) калғанак – яъне хушаҳоро тарафи дарун монда тал мекунанд, бо мақсади аз ҳуҷуми гунҷишкон эҳтиёт намудан. Азбаски хушаҳо тарафи дарунанд, аз дур мисли кал метобад, ки он калғанак шудааст; 2) курғанак – яъне хӯшаҳоро тарафи берун тал мекунанд. Ана, номи Қалъанак аз ҳамин вожаи аввал – калғанак аст». 1-1,5 км болотар аз шаршара деҳаи Қалъанак – зодгоҳи падару бобоҳоям. Зодгоҳи падарӣ. Беихтиёр ин мисраъҳои Есенин (дар тарҷумаи Бозор Собир) ба хотир мерасад.:
деҳаи Санги Кулула), Домуллои Дашти Ангора (яъне Домулло Саъдулло), Домуллои Пушти Боғ (яъне Домулло Сабз). Ҳамин тавр бобои моро, ки номаш Муҳаммадалӣ буд, низ Домуллои Қалъанак мегуфтанд. Домулло мехост дониши андӯхтаашро ба фарзандону ҳамшаҳриҳояш биомӯзад, вале репрессияи сталинӣ то Сари Хосор ҳам омад. Домулло дар қатори даҳҳо донишмандони дигар дар ғору пуштаҳо паноҳ бурданд. Ҳазорон ҷилд китобҳои чопи сангӣ – чопи Қуқанд (Когон) аз бими сӯзонидан дар ғору калфҳо ва зери шахҳои касмагузар пинҳон
шудааст, ки тарҷумаашро ин ҷо меорем: “Ва он вақт ки Мӯсо барои қавми худ об хост, пас гуфтем: “Бо асои худ сангро бизан!” Пас, аз санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ҳар қавм обхӯрди худро бидонист. (Гуфтем:) Аз рӯзии Худо бихӯред ва биошомед ва дар замин табоҳикунон аз ҳад магузаред”. Дар паҳлуи чашма санги паҳни аҷибе мисли ҷойнамоз гузошта шудааст, ки домулло дар болои он бе гузоштани ягон матои дигар намоз мехондааст. Усто Махдуми Исмон гирди ин сангро бетон гирифта, навиштаҷотеро бо сабти соли таваллуд ва вафоти домулло дар
ҳам ҷудо кард. УАЗ-469 моро то намози шом ба Тавалғон расонд. ДЕҲИ ТАВАЛҒОН Ягона сокини ин деҳа Соҳибназар – бародари бобои Зариф бо аҳлу оилааш ин ҷо тобистон мегузаронанд. Зимистон дар ин деҳа касе нест. Маънии Тавалғонро, ки ин ном асли суғдиву бохтарӣ дорад, муайян карда натавонистем. Дар деҳи Тавалғон як чанори бузурге ҳаст, ки дар зераш суфаест. Бобои Зариф нақл кард, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тамошои шаршара омада, маҳз барои истироҳат ҳамин деҳа, зери
www.javonon.tj
ДОМУЛЛОИ ҚАЛЪАНАК Бобои мо, домуллои Қалъанак баъди тахмин 20 соли таҳсил ва хатми мадрасаи Мири Араби Бухоро соли 1929 (соли ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба зодгоҳ бармегардад. Ӯ бисёр шахси донишманд ва соҳибкаромот будааст. Мардуми Сари Хосор аз рӯи эҳтиром номи домуллоҳоро намегиранд. Онҳоро бо номи деҳаашон ёд мекунанд, мисли Махдуми Санги Кулула (яъне аз
АСПИРИНГОН – ҶОИ АСПОНИ ХУТАЛӢ Мегӯянд замоне ин ҷо аспони хуталиро парвариш мекардаанд,
Сари Хосор – як гӯшаи биҳишт
ки Аспирингон аз ҳамин ҷо маънӣ мегирад. Ман тахмин 20 сол пеш ҳамроҳи ҳамсинфонам то Аспирингон омада будем ва дар назди чашмае истироҳат кардем. Аммо ҳоло Аспирингон тамоман дигар гаштааст. Хонаҳо низ шаклан зебову хуштарҳ ба чашм мерасиданд. Дар Аспирингон хонаи хоҳари бобои Зариф будааст. Дар ин ҷо низ моро хуш пазироӣ намуданд. Ин ҷо як-ду соат дам гирифта, ба тарафи Шайдон роҳро идома додем.
Хонадони падарӣ омадаам, Деҳаро менигарам бетоб аст. Тумани ҷингиламӯи хуршед, Дар паси бому дари ӯ хоб аст. Азбаски ин ҷо дар як рӯз мошин тақрибан намеояд ё кам меояд, базӯр роҳро ёфтем ва то Қалъанак расидем. Воқеан дар сангоби якхела шахс мисле, ки дар биёбон аст. Дар деҳи Қалъанак ҳамагӣ ду буна бо 7-10 одам зиндагӣ мекунанд. Бунаи бобои Ғаффори 90-сола, писарамаки падарам бо зану духтараш ва бунаи мулло Ҳомид, ки зимистон ҳам дар деҳа мемонад. Писаронашон аз ноҳияи Ҳамадонӣ меоянду як-ду ҳафта истода бармегарданд. Баъди бозсозии Горбачёв солҳои 90-уми асри гузашта дар гирду атрофи дара чандин хонаҳо сохта шуда, мардум зиёд барои зисту обод намудани ватани бобоӣ омаданд, вале шароити сахти кӯҳистон ва зимистони сард имкон надод, ки истанд. Ин ҷо асосан ҷои тобистонгузаронӣ аст. Мошин ин ҷо кам меояд ва аз деҳаи қариб беодам ду-се нафар бо дидани мошин ба пешвозамон баромаданд. Деҳи Қалъанак бо мақбара ё қадамҷои сохташудаи амакам – махдуми Исмон, бо гунбази хурди зебо ва чашмаи гирдаш сангчидашудаи Бобо, ки аз рӯи нақли бобои Ғаффор Домуллои Қалъанакӣ онро бо каромот дар пеши чашмаш баровардааст, машҳур аст.
нест. Ҳамин тавр, дар зери шаршара то нисфирӯзӣ оббозӣ намудем. Ба роҳ баромадем ва ба сероҳаи азими Сурхоб расидем. Сурхоб ин мавзеъро хеле васеъ кардааст. Тарафи чап роҳи Ховалинг тавассути деҳоти Рӯи Об ва ағбаи ҳавлноки Говкӯҳ, тарафи пеш роҳи Шайдон, дар паҳлуи чапи ин сероҳаи селраҳаи азим дар дараи зебое деҳи Аспирингон афтодааст.
карда шуданд. Ин то солҳои ҶБВ давом кард. Шукр, ки мардуми соҳибэҳтироми Сари Хосор домуллоҳои худро нафурӯхтанд ва ба дасти чекистҳо надоданд. Зеро ин мардум ҳеҷ вақт хиёнаткор набуд ва хоинонро чашми дидан надорад. Сари Хосорро солҳои коллективонидани хоҷагии қишлоқ – соли 1950 пурра ба таҳдаштҳо – Кангурту Данғараву Кӯлобу Восеву Ҳамадониву Фархору Панҷ кӯчониданд. Домулло бо аҳли хонаводааш ба хоҷагии ба номи Шаталов (ҳоло С. Зарифов), деҳаи Сиёв (ҳоло Саричашма) омада, ҳамин ҷо муқимӣ шуданд. Домулло соли 1952 дар ҳамин ҷо аз олам чашм пӯшида, дар қабристони Хуҷағоиби Кӯлоб мадфун аст. ЧАШМАИ БОБО Акнун бармегардем ба чашмаи Бобо дар деҳаи Қалъанак. Мо - фарзандон онро “чашмаи Бобо-м” ва дар вақти муроҷиат ба худиҳо онро “чашмаи Бобо-т” мегӯем. Масалан: “Аз чашмаи бобо-т об хӯрдӣ?” Дар болои ин чашма дар баданаи кӯҳ ояти 60-ум аз сураи Бақара бо хатти арабӣ навишта
болои мармар часпонидааст. Мо ҳам дар болои ин санги таърихӣ намози аср хондем. Дар суфраи таги тут соате нишастем, хӯроки ин ҷо асосан гӯшти қайла аст, ки хӯрдем ва бархостем, то торик нашуда, худро дар Тавалғон расонем. Бобои Ғаффор нақл кард, ки шабҳо хирс ва хукҳо ба поёни дара мефароянд. Воқеан, Сари Хосор ҷоест, ки ҳайвонҳои зиёде аз қабили гургу санҷобу самуру хирсу хуку рубоҳу шағол ва даҳҳо намуди хазандаву паранда дорад. Шояд будани инҳо аз он сабаб аст, ки ин ҷо одамон кам зиндагӣ мекунанд ва техникаву тараққиёт то ин ҷо ҳоло нарасидааст. Деҳаи болои Қалъанак Барманак ном дорад, ки деҳи Тавалғон дар рӯ ба рӯи ин ду деҳ афтодааст. Вақти боронҳои сел алоқаи байни ду тарафи соҳили Сурхоб канда мешавад. Баъди Барманак, Дарозпитов, Оби Чангон ва баъд Дашти Ангора - охири Сари Хосор аст. Баъди Дашти Ангора, мегӯянд, Тавилдара сар мешавад. Солҳои пеш аз инқилоб ин мардум бо ҳам дар рафтуомад ва додугирифт зиндагӣ мекарданд, ки коллективонидани сталинӣ онҳоро ба якборагӣ аз
ҳамин чинорро интихоб намудааст. Бобои Зариф бо як эҳсосот вохӯрии худро бо Сарвари давлат нақл кард, ки чӣ гуна Президент бо ӯ дар як табақ хӯрок хӯрдааст. Зеро онҳо замони шӯравӣ ҳамкор будаанд. Бобои Зариф нақл кард, ки дар сохтмони масҷиди Шаҳидон Президент ба онҳо кӯмак намудааст. Соҳибназари меҳмоннавоз дар такудав буд. Ӯ ҳунарманд аст. Дар хонааш дастгоҳи офтобии барқӣ доштааст, ки фурӯзонаки махсусе тамоми шаб рушноӣ медод. Инчунин қуввагире барои захирадони телефонҳо фароҳам буд, ки моро хеле хурсанд кард. Ман, ки мавҷи телефонам кор намекард, вале дар он мусиқиҳо ва сурудҳои Акашариф Ҷӯраеву Одина Ҳошимро гоҳ-гоҳ монда, табъи ҳозиринро болида мегардонидам, аз ин дастгоҳи электрикии офтобӣ истифода намудам. Саҳар то соати 10 дам гирифта, нияти баргаштан ба шаршараро намудем. Зеро шаршара ҷое нест, ки бо як бор дидан сер шавӣ. Ҳамин тавр бо роҳи омадаамон қафо баргаштем. Дар шаршара имрӯз ҳам одамони зиёде омада буданд. Ин ҷо ҳеҷ гоҳ бе одам
ҶОЙНОМҲОИ ЗЕБО Ҳамин тавр роҳравон аз Бобои Зариф номи ҳар деҳаеву ҳар дараеро мепурсидем. Он ҷо бо чунин ҷойномҳо вохӯрдам: Дашти Ангора, Чангон ё Оби Чангон, Тавалғон, Дарозпитов, Барманак, Қалъанак, Пушти Боғ, Муллоконӣ, Гандара, Оби Гугирд, Дашти Ёқубӣ ё Дашти Шӯро, Мулкихо, Согунӣ, Дошмандӣ.... Дар ин миён дараҳои зиёде аз ду тараф мебароянд, ки ҳар яке номи сирф тоҷикӣ ва таърихӣ доранд. Бо вожаи Дашт дар Сари Хосор чунин ҷойномхо дида мешавад: Дашти Ангора, Дашти Ёқубӣ, ки солҳои шӯравӣ ба Дашти Шӯро табдили ном кард ва Даштаро, ки бо чанорҳои куҳанаш машҳур аст. Азбаски Сари Хосор куҳистон аст, андак ҳамвориро дашт номидаанд, ки сабаби пайдоиши ин топонимҳо гаштааст. Деҳаи Вераҳ – зодгоҳи Муфтӣ Зокир, ки дар замони Амир Олимхон қозии Бухоро буд. Бо як сухани ӯ амир андози заминро аз Сари Хосор бардошт. Яъне Сари Хосор дар замони Амир Олимхон аз андози замин озод буд. Ҳамин тариқ, то аср ба Шайдон расидем. Шаб дар Шаҳидон дар хонаи фарзанди бобои Зариф – Юсуф мондем. Юсуф, ки худаш шахсан мошини ГАЗ-66 дорад, ваъда кард, ки саҳар моро то Балҷувон мерасонад. Чунин мизбонро аз куҷо меёбед: ҳам меҳмондориат кунанду ҳам роҳилаатро таъмин! Саҳари барвақт дар муддати 2-2,5 соат ба Балҷувон омадем. Ин ҷо сафаргуфтори худро ба охир мерасонем. Умед мекунем, солҳои наздик Сари Хосор ҷои дӯстдоштаи сайёҳон мегардад. Саъдӣ МАҲДӢ, муаллими ДМТ
МУСОҲИБА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
7
Мусоҳиба бо Масъуди Миршоҳӣ, раиси Анҷумани Рудакӣ сару гардани мардум мерезад. Ё ҳама арабҳо, ки Фаронса меоянд, мошинҳои 2-миллиондоллара доранд. Аз куҷо? Аз пули ҳаҷи шумо. Подшоҳи Арабистони Саудӣ бо 600 нафар меояд ва 2 км соҳили баҳрро барои истироҳат ду ҳафта бо харҷи 60-70 млн доллар банд мекунад. Мардум бояд фикр кунанд, ки пули онҳо куҷо меравад. Хонаи Худо бояд маҷҷонӣ (бепул, ройгон) бошад. Агар Худо дар биёбони араб нафтро фаровон кардааст, чаро Арабистони Саудӣ намегӯяд, ки биёед хонаи Худоро бе пул зиёрат кунед? Агар як сенти пулатон камӣ кунад, шуморо аз он ҷо бармегардонанд. - Дар қаламрави Тоҷикистон мисли Анҷумани Рӯдакӣ, ҳаст Бунёди ба номи Имом Хумайнӣ, ҳаст Анҷумани Рӯдакии дигар, ҳаст Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мисли ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ, ҳаст ҷоизаи ба номи Имом Хумайнӣ. Чӣ фарқияте миёни корҳои Шумо ҳаст? Чӣ махсусияте ҳаст, ки шуморо муттаҳид ё баръакс фарқ мекунонад? - Ба куллӣ фарқ дорад. Аслан ман намехоҳам, ки кори мо бо кори онҳо муқоиса шавад, аммо чун шумо суол кардед, маҷбурам ҷавоб диҳам. Он корҳое, ки мо мекунем, дар асоси хоставу талаботи шумо сурат мегирад. Мисол мегӯянд, ки компютер лозим аст, мо инро анҷом медиҳем, аммо дигар аз пайи он намегардем. Он чиз чӣ гуна истифода бояд шавад, кори мо нест. Маркази Хумайнӣ ва Ройзанӣ барои тарвиҷи инқилоби исломӣ роҳандозӣ шудааст. Мо дар Аврупо бо онҳо муборизаи шадид мебарем. Бунёди Хумайнӣ дар ҳама ҷо донаҳои ҷосусӣ мекорад. Мисол, дар Хуҷанд, мардумро ҷоиза медиҳад, махсусан, адибонро, аммо дар ҳамин шабу рӯз дар Эрон шоиру нависандаро барои 20-25 сол зиндонӣ мекунанд. Умедворам, ки дар оянда сарварони ин мамлакат пеши роҳи онҳоро мегирад. Инҳо меоянд ин ҷо ҷашнҳо мегузаронанд ва мегӯянд, ки мӯйҳои духтарони шуморо набояд бачаҳоятон бинанд, инҳо бояд ҳиҷобашонро риоя кунанд… Мо ибтидо ин ҷо омадем, Анҷумани Рӯдакӣ сохтем, онҳо ҳам омаданду Анҷумани Рӯдакӣ сохтанд ва дӯсти қадимии моро масъули ин анҷуман карданд. Дар Порис анҷумани фарҳанги Эрон доштем. Онҳо омаданд ва дар ҳамон ҷо, дар канораш хонаи фарҳанги Эронро мустақар карданд. Чун мо ин ҷо ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ сохтем, онҳо меоянду ҷоизаи Хумайнӣ ташкил мекунанд. Ман бидуни воҳима мегӯям, бунёди Хумайнӣ меояд, ҳамкорӣ мекунад ва билохира мегӯяд, ки ҷашни Наврӯз ҷашни динӣ нест, куфр аст. Ё ба як адиб ҷоиза медиҳад, ки дар бори Оятуллоҳ Мутаҳарӣ мақола менависад. Онҳо ҳаминро мехоҳанд, дигар коре надоранд. Барномаи давлати Эрон ва Имом Хумайнӣ мехоҳанд Инқилоби Эрон ҷорӣ гардад. Онҳо сабру таҳаммул ва буҷа доранд. - Шояд ба ин дараҷа сахт гирифтани онҳо ғалат бошад? - Ман як мисол меорам. Онҳо мехоҳанд бигӯянд, ки Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз Кашмир аст, Хумайнии мо ҳам аз Кашмир. Ҳоло мебинед, чор рӯзи дигар ҳатман як оғо Кашмир меравад, мегардад ва мегӯяд, ки Ҳамадонӣ ва насли Хумайнӣ хешу таборанд, ҷаддашон дар як хона мезистанд, инҳо ду се рӯз пас мегӯянд, ки онҳо бародари хунианд, мақсадашон ин аст. Онҳо беҳуда мақбараи Ҳамадонӣ намесозанд. Мехоҳанд бо адибон равобити бисёрсола барқарор кунанд ва заминаи инқилоби исломиро фароҳам оваранд. - Баъзе ашхос гумон доранд, ки Анҷумани шумо ҳам барои тарғиби ғояҳои Зардуштӣ фаъолият дорад? - Ин чизро муллоҳои шумо шояд гӯянд. Наврӯз пеш аз Зардушт вуҷуд дошт, Меҳргону Обпошон ҳам. Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам ҷоҳил буд, мисли ДИИШ мардумро мекушт, вале Садаро ҷашн мегирифт. Корҳое, ки мо мекунем, рабте ба Зардушт ва дин надорад. Бояд донед, шахсоне, ки аслан барои рушди фарҳанги мо кор мекунанд ё аслан бедин ҳастанд ё воқеан зардуштӣ, аммо онҳо ҳеҷ вақт намегӯянд, ки мо ин ҷо оему оташгоҳ дуруст кунем. Мисол фарҳангсарои Истаравшан чӣ иртибот ба дин дорад? Таълимоти одии зардуштӣ: гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек ҳам як чизи одӣ аст, ки аз расму русуми қадими ориёиҳо тариқи андарзномаҳо ба мо мондааст. Мисол, дар Балх ҳам андарзномаҳои зиёде буд, чун мардум напазируфтанд, онҳоро ҳадис ном гузоштанд ва
боз ки қабул накарданд, гуфтанд онҳоро ҳазрати Муҳаммад гуфтааст. Аслан худи зардуштиҳо дӯст намедоранд, ки касе ба мазҳаби онҳо дарояд. Ман инро бо он сабаб мегӯям, ки муллоҳои шумо роҳат бошад. - Чаро муллоҳо? Гуноҳи онҳо дар чист? - Ба хотири он ки агар шумо ҷашни Фитр гиред, саҳми мулло мерасад, агар қурбонӣ кунед, саҳми мулло мерасад, агар дар Эрон мардум бизананд сари синаи худ, ки Ошуро шудааст, саҳми мулло мерасад, мардум бигирянд, мулло саҳм мегирад. Аммо мардум ҷашни миллиро истиқбол гирад, саҳми мулло нест, Меҳргон ҷашн гиред, саҳми мулло нест. Аммо, агар гӯед, ки саҳми шумо ин қадар аст, мулло онро ҳалол мекунад. - Шумо ба чӣ ишора мекунед? - Ман як мисол меорам. Дар Эрон мардум як одат дорад, ки қандро дар чой намеандозанд. Онҳо қандро дар чой тар мекунанд ва онро мехӯранд. Сабаби ин боз ҳам як мулло аст. Дар як шаҳри Эрон корхонаи қанд буд. Соҳиби он, ки ҳамеша дуои муллоро дошт, ҳамеша ба мулло қанд мефиристод. Чун он соҳибмулк мурд, ба корхона соҳиби нав омад ва ҳеҷ лозиме надид, ки ба мулло қанд фиристад. Он мулло масҷид омад ва фатво дод, ки қанд ҳаром аст. Мардум муддати мадиде қанд намехаранд. Раиси корхона аз ин ба ташвиш меояд. Баъдан ба ӯ мегӯянд, ки мулло ҳамеша саҳм мегирифт, чун саҳми ӯро бастед, ӯ қандро ҳаром гуфт. Соҳиби корхона боз саҳми муллоро бардошт ва пешаш бурд. Мулло дар масҷид гуфт, ки қанд ҳалол аст. Пурсиданд, чаро то дирӯз ҳаром буду имрӯз ҳалол? Ӯ гуфт, ки қандро, ки ба даст мегиред, аввал ба об занед, баъд ба даҳон андозед, ҳалол мешавад. Ана андешаи мардуми мо ба чунин тарз шакл гирифта. Агар саҳмашро гирифт, ҳалол, агар не, ҳаром. Агар мардумро гирёнд ҳалол, гар саҳмашро нагирифт, ташкил мекунад ДИИШ. - Чӣ метавонад ҷойгузини хурофот ва гароишҳои мазҳабӣ бошад? - Фарҳанг. Мардум бояд бо хирадмандӣ дар мазҳаб пеш раванд ё бояд ҳунар ва варзиш ҷойгузини мазҳаб шавад, ки ҷавонон аз хурофот дур шаванд. - Устод, мо мехостем андешаи Шуморо атрофи як масъалаи пурсарусадои солҳои охири ҷомеаи Тоҷикистон бипурсем. Ин ҳам мавзӯи бозгашт ба хати ниёгон аст. Баъзе аз зиёиёни мо ду пойро ба як мӯза андохта исрор мекунанд, ки мо бояд аз хати сирилик даст кашида, ба хати арабиасоси форсӣ рӯй орем. Шумо чӣ андеша доред? - Ман фикр мекунам, ҳар бор ки хате дар кишваре иваз шавад, мардум ҳамон рӯз бесавод мешавад. Аммо омӯхтани хат ба касе зарар надорад. Чӣ ишкол дорад, ки ҳар одам ҳам хати сиррилик, ҳам ниёкон хонад. Агар баргаштан хоҳед, бояд ба паҳлавӣ баргардем, аммо ин корро касе намекунад. Агар ҳам касе тасмими бозгашт ба хатро гирифт, ин як намуд хиёнат ё зулм барои тоҷикистониён хоҳад шуд. - Нахустшиносоии Шумо бо Тоҷикистон ва фарҳанги мардуми тоҷик чӣ гуна сурат гирифт? - Ман аслан эронии машҳадӣ ҳастам, мутаввалиди Нишопур. Дар ҷавонӣ дӯст доштам, ки тариқи радио тарона гӯш кунам. Як рӯз соати нӯҳи вақти Эрон гӯши радиоро тоб медодам, ки садои хонуме баланд шуд: «Салом, ин ҷо Душанбе». Шаби дигар дар ҳамин вақт радиоро тоб додам, боз ҳамин «Ин ҷо Душанбе». Шаби сеюм ҳам. Аз падар пурсидам, ки чаро имрӯз чоршанбе асту ин хонум душанбе мегӯяд? Падарам гуфт, ки ин шаҳр аст, пойтахти Сомониён. Пурсидам: «Чаро Душанбе?” Ӯ гуфт: «Он ҷо ҳар душанбе бозор мешудааст». Аз ҳамон замон, ки ман фаҳмидам, пойтахти Сомониён ин ҷост, диққати маро Душанбе ҷалб кард. Кофтуков кардам. Тоҷикистон барои эрониён ҳамон андоза муқаддаст аст, мисле, ки одамони мазҳабӣ ба давлатҳои араб эҳтиром доранд. Вақте мо Анҷумани Рӯдакиро таъсис додем, дар Аврупо Тоҷикистонро касе намешинохт ва ман як китоб нашр кардам бо номи «Тоҷикистон». Баъди ин ҳам, солҳои 2002- 2004 дар ҳамадастӣ бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ду китоб нашр кардам бо номи «Ҷусторҳо дар забон, адаб ва фарҳанги Тоҷикистон». - Аслан, самти фаъолияти шумо фарҳанг ва эҳёи фарҳанги бостон аст? - Бале. Дигар самти коре, ки дар сар то сари
дунё анҷом медиҳем, ин пажӯҳиш дар самти фарҳанги бостон ва ниёгон, бидуни назардошти марзи сиёсӣ мебошад. Ҳадафамон ба ҷомеаи ҷаҳон нишон додан аст, ки Тоҷикистон мисли Афғонистон нест, Тоҷикистон дигар аст, ин ҷо ҳам ашхоси фарҳехтаву фарҳангии зиёд дорад. Чун мо дар Афғонистон бисёр мехостем, корҳоеро пеш барем, аммо бо сабабҳои маълум нашуд. Мо коре, ки дар Афғонистон кардем, ин ҳам дар тӯли 4 сол 6 мактаби якҷояи духтаронаву бачагонаро кушодем. Ин кӯмаке аз ҷониби мо буд барои духтарони зери чодар, ки мактаб намераванд. Барномаи фарохеро бо номи «Чеҳраи пинҳони зани Афғонистон» ташкил кардем. Ман маҷмӯаи шеърҳои занони афғонро ҷамъоварӣ карда, бо унвони «Шеъри занони Афғонистон» нашр кардам, ки бо инглисиву фаронсавӣ ҳам тарҷумаву нашр шуд. Ин маҷмӯа далели он буд, ки ин занони зери чодари афғон, ки ҳатто аз нури Хуршед баҳравар нестанд, одамони фарҳехтаву тавоно ҳастанд, бесаводу ваҳшӣ нестанд, инҳо касонеанд, ки базӯр ин чодарро ба рӯяшон кашидаанд ва мо тавонистем фарёд ва интизориҳои ин занонро ба гӯши ҷаҳониён бирасонем. - Дар дигар кишварҳо ҳам чунин барномаҳо роҳандозӣ мешавад? - Ҷомеаи форсизабон ба таҳаллука афтодааст, ки забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро маҳдуд мешавад. Ман худам он ҷо сафар кардам, ҳама мардум бо тоҷикӣ гап мезананд, аммо давлат ҳама чизро маҳдуд кардааст. Зимни сафар ба Самарқанду Бухорову Бойсун, ки ҳама тоҷику тоҷикзабонанд, маро бо лаҳни тоҷикӣ «Хуш омадед ба сарзамини бобоиятон» истиқбол мегирифтанд. Баъди сафар монанди Афғонистон, маҷмӯаи шеъри бонувони Ӯзбекистонро бо номи «Дури дарӣ дар Самарқанду Бухоро» ҷамъоварӣ ва мунташир кардам. Ҳанӯз интернет, ки ҳаст, бояд забони тоҷикӣ он ҷо тарвиҷ шавад. - Шумо ҳамкориҳои зиёди фарҳангӣ бо Тоҷикистон доред, дар риштаи иқтисод чӣ? - Мутаассифона, мушкилот дар ин самт ҷой дорад. Мисоле меорам: роҳбари як ширкати шведсиягии бонуфузи бандсозӣ, ки домодаш эронӣ буд, ба мо тамос гирифт. Мо мехоҳем бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем ва наздики 100 млн доллар барои бандсозӣ дар як қисмати Тоҷикистон маблағ ҷудо карда, барқ истеҳсол намояд. Аммо дар Тоҷикистон баъзан намедонанд, дар баробари лоиҳаҳо чи хел тасмим гиранд, маблағро аз худ кунанд. Ман протоколи садубандсозиро гирифта омадам ва ба масъулин арза кардам. Аммо масъулин барои муайян кардани макони бандсозӣ, то ки ширкат он ҷо қарор гирад, шаш моҳ корро кашол доданд ва билохира ба қарори мушаххас омада натавонистанд. Дӯстони мо гуфтанд, ки ин иртибот бисёр кунд аст, чун барои як пурсише, ки давлат бояд дар 24 соат ҷавоб диҳад, шаш моҳ тӯл кашид. Он ширкат маблағашро дар Аргентина банд кард. Ҳамин тавр тоҷикон як маблағи калони аз осмон афтодаро, баргашта ба осмон доданд. Мо бисёр вақт дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавем. Барои мо соату дақиқа вақт ҳисоб мешавад, аммо ин ҷо коре, ки дар як соат анҷом меёбад, моҳҳову солҳо думбола мекашад, ки ин сабки кории мо нест. Мусоҳибон Шариф ҲАМДАМПУР, Одили НОЗИР Бознашр аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, №43, 29.10.2015
www.javonon.tj
- Боре аз хонуми сураткаше, ки муддати зиёд дар Тоҷикистон будубош дорад, пурсидам: “Фарқ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чист?” Хонум гуфт: “Ҳукумати Эрон динӣ ва хурофотист, аммо мардумаш фарҳангӣ, Ҳукумати Тоҷикистон демократӣ ва дунявист, аммо мардумаш динӣ ва хурофотӣ…” Ин сухани хонуми сураткаш гумон дорем аз воқеият дур аст. - Ин гуфтаи хонум ҳақиқат дорад. Воқеан ҳукумати Эрон исломист. Ба наздикӣ як шоирро 20 сол зиндонӣ карданд, ба хотири як афсонааш. Аммо мардуми Эрон фарҳангӣ ҳастанд. Дар Эрон мазҳаб бори сангинест, аммо мардум зери он ҳар коре ки хоҳад, мекунад. Махсусан, хонумҳои эронӣ бар зидди зулму истибдод шадидан мубориза мебаранд. Ҷавонони эронӣ ҳам хеле фарҳангӣ ҳастанд. Бо кӯмаки бевоситаи ман онҳо дар Париж Анҷумани «Ҷашни байналмиллалии Наврӯз»-ро ташкил карданд. Ҳамасола дар маркази Париж панҷ рӯз чорабинӣ мегузаронанд, барнома дуруст мекунанд. Дар гузаронидани ин чорабинӣ тамоми эрониҳои Аврупо ширкат меваразанд, даст мегиранд, аммо як афғон ё як тоҷик на ширкат мекунад на дастгирӣ. Агар ҳам ягон тоҷик ширкат кард, кораш дар гӯшаи майдон истодан ва ба рӯзноманигорон ҳамсуҳбат шудан аст. Дар мавриди Тоҷикистон, мардум воқеан зери таъсири хурофот мондааст. Ман мефаҳмам, шумо нав аз зери истибдоди шӯравӣ наҷот ёфтед. Гарчанд, агар шӯравӣ намебуд, тақдири шумо имрӯз мисли Афғонистон мешуд. Мардуми эронинажод меъдаи калон дорад, ҳама чизро ҳазм мекунад. Ба ин сарзамин ҷангҷӯҳо омаданд, Шорухмирзо ҳам омаду Улуғбек ҳам, аммо натавонситанд ба фарҳнги ин мардум сарпӯш гузоранд. Баръакс, худашон дар такя ба фарҳанги ориёиҳо қомат рост карданд. Улуғбек, то замоне ки дар дасти эрониҳо буд, ситорашинос буд, вақте ба дасти худашон афтод, аз ҷониби писараш кушта шуд. Онҳо бо сари худашон ҳеҷ гоҳ рушд намекунанд, пеш намераванд. Ҳатто арабҳо ҳам бе мо пеш намерафтанд. Аммо, мутаассифона, имрӯз мардуми бесавод зери таъсири онҳо монданд. Мисли ҳамин, мазҳабиён монеи рушди эронинажодон шуданд. Эрон мамлакате буд, ки бо Аврупо таъна мезад, ба чӣ ҳол уфтод, сад сол қафо монд. Тоҷикон ҳам зери таъсири мазҳабиён мондаанд. Агар дақиқ назар андозед, дар Сурияву Лубнону Либиё ҳеҷ арабе вуҷуд надорад, аммо онҳо, ки тамоми оинҳои бостониашонро аз даст додаанд, мисол дар Миср, бо доштани он ҳама Аҳромҳо ва тамаддуни пеш аз милод думболи як хар ҳастанд ва ҳеҷ асолат надоранд. Мо бо кӯшиши фарҳехтагонамон ҳеҷ гоҳ хору залил нашудем, аммо як суриягии бадбахт, ки араб нест, ба унвони як араб рӯзаш сиёҳ аст. Мо ҳам агар аз асолатҳоямон дур шавем, араб мешавем, чун мазҳабӣ ҳастем, чизе беш аз Сурия нахоҳем шуд. Суриягиҳо бисёр мардуми босавод ҳастанд ва сатҳи саводашон аз тоҷикҳо ба маротиб баландтар аст. Аммо ҳозир дарбадаранд. Тамоми барномаҳое, ки муллоҳои шумо ин ҷо роҳандозӣ мекунанд, қадам мондан ба тақдири Сурия аст. Инҳо мардуми бисёр хавфнок ҳастанд. Масҷиде, ки арабҳо дар Исломобод сохатанд, сабаб шуд, ки ду кишвар - Покистону Ҳиндустон 40 сол боз дар ҷанг биҷӯшанд. Масҷиде, ки дар Душанбе бунёд мекунанд, ба ҳамин бало гирифтор мекунад. Агар замони пеш аз ин ҷо панҷ ҳазор ба ҳаҷ мерафтанд, бо сохтани масҷид панҷоҳ ҳазор мераванд ва панҷ миллион пули нақди шумо, ки хориҷи кишваратон мешавад, ба панҷоҳ миллион мерасад. Агар ин мабалғҳоро дар мамлакати худатон сарф кунанд, бубинед чӣ қадар пешравӣ мешавад. Онҳо аз дунболи муштарӣ мегарданд. - Ҳастанд кишварҳое, ки аз ҳисоби ҳоҷиёнашон фисаде аз Арабистони Саудӣ бихоҳанд? - Ҳаст, Эрон. Эрон мегӯяд, ки агар ин хонаи Худост, бояд мисли Ватикан шавад. Ватикан беморхона месозад, мактаб месозад, аммо дар ҳеҷ куҷо калисо намесозад. Пули Ватикан кӯмакпулӣ мешавад, дору мешавад, ваксина мешавад, аммо аз Макка харҷи истироҳати шайхҳо. Мо дар Фаронса, дар як ҷашн ширкат кардем. Бачаи араб, ки пули ҳаҷи шуморо мегирад, як бутили 5-ҳазордоллараи шампонро ба хонанда (ҳофиз) медиҳад. Хонанда, онро мекушояду ба
е-mail: javonontj@mail.ru
Тоҷикони хурофотӣ ва эрониёни фарҳангӣ
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки инсоният ҳамчун нишони давлатдорӣ ва ҳастии халқу миллат рамз ва нишонаҳоро эҷод ва қабул намудаанд. Дар рамзҳои давлатӣ асосан эҳтирому эътиқоди миллиро ба рангҳо, ки ҳар яки онҳо ифодакунандаи таъриху тамаддуни куҳани аҷдодӣ мебошанд, мушоҳида мекунем. Инчунин дар баробари давлатҳо ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, динӣ парчам доранд. Имрӯз парчами давлатӣ зиннатбахши сари синаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ зиннатбахши кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои маъмурӣ, рӯи мизи зиёда аз 17 000 хизматчии давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад. Вақте сухан аз таърихи парчамдории тоҷикон равад, пеш аз ҳама Коваи оҳангар пеши назар меояд, ки муборизаи ӯ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ фасеҳ баён шудааст. Коваи оҳангар ба зулму истибдод тоб наоварда, пешдомани чармии худро дирафш кард ва халқи мазлумро ба мубориза даъват намуд. Боло бардоштани парчами Кова бо мақсади тасарруфи мансаб ва сарват набуд, балки барои муттаҳид кардани мардум зери як рамзи муқаддас буд. Парчами Кова, ки онро “Дирафши Ковиён” ном мебаранд, танҳо барои оғози муборизаи озодихоҳӣ боло шуда буд. Аз ҳамон вақт парчам чун рамзи озодӣ, давлатдории аҷдодони мо қабул шудааст. Дирафши Ковиён баъдтар парчами давлатии Сосониён (224-651) интихоб шуд. Дирафши Кова аз чарм буда, дорои се ранг - сурх, зард, бунафш буд. Ба қавли Фирдавсӣ, Дирафши Ковиён ҳангоми шӯриши мардум бо сардории Коваи оҳангар бар зиди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова ин дирафшро ба назди Фаридун овард ва бо 4 ситораи тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, матои алвон, зард ва бунафш зебу ороиш дод ва “Дирафши Ковиён”-аш ном гузошт. Аввалин тасвири парчами аҷдодони мо дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум, асрҳои 2-1 то милод тасвир шудааст. Дар он саҳнаи муҳорибаи сипоҳи давлати Ҳахоманишиён зери сарварии Дорои III бо лашкари Искандар дар соли 333 то милод акс ёфтааст. Дар асрҳои 3-2 то милод қабилаҳои
Парчам – рамзи озодию давлатдорӣ Аз таърихи парчамдории тоҷикон
ориёинажод соҳиби рамзи худ буданд, ки онро “Меҳроб” ё “Фарри ориёӣ” меномиданд. Он рамзи хуршед, офтоб, покизагӣ ва нишонаи абадият буда, ишора ба чор унсур - об, хок, оташ ва ҳаво буд. Дигар аз парчамбардорони халқи тоҷик Абумуслим ба ҳисоб меравад. Ӯ бар зидди хонадони умавиҳо баромада, парчами худро бо ранги сиёҳ оро дод, ки ин
маънои зулму истибдоди ин сулола нисбат ба мардум ба шумор мерафт. Гарчанде парчам дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши муассире дошта бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон миллати мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. То соли 1929 дар тамоми ҳуҷҷатҳои
давлатӣ акси нишон ва парчами Узбекистон нақш ёфта буданд, чунки Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон ҷумҳурии мухтор буд. Соли 1929 ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард ва бори аввал дар таърих Тоҷикистон соҳиби парчам ва нишони давлатӣ гардид. 20 марти соли 1953 қарори Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба парчами РСС Тоҷикистон интишор ёфт, ки мувофиқи он матои парчам аз чор рахи уфуқӣ: рахи сабз даҳяк ва рахи сурх панҷяки байрақро мегирифт, ташкил ёфта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд. Масалан, ранги сурх - ифодаи анъана ва муборизаи инқилоби халқи шӯравӣ, ранги сафед - инкишофи пахтакорӣ ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот, ранги сабз аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ гувоҳӣ медоданд, ки то даврони истиқлолият боқӣ монданд. 12 ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ озмун эълон карда, низомномаро дар бораи беҳтарин акси Нишон ва Парчам қабул намуд, ки чунин талаботро доро буд: - Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд; - Парчам ва нишон бояд рангҳои миллӣ дошта, таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат намуда, пайвандгари наслҳо ва ба арзишҳои башарӣ мувофиқ бошанд. Инчунин қайд гардида буд, ки аз он принсипу аксҳое, ки дар Парчаму Нишони мо дар даврони шӯравӣ акс ёфта буданд, даст кашида шавад. Зеро ҷомеаи шӯравӣ арзишҳои маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоию синфӣ такя менамуд. Дар натиҷа, комиссияи босалоҳият иборат аз 20 нафар таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба он академикҳо Муҳаммадҷон Осимӣ, Раҳим Масов ва Фозил Тоҳиров шомил гардиданд. Ба комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи нишону парчам пешниҳод гардид.
Аз ин пешниҳодҳо тарҳи нишон ва парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарвари гурӯҳи кориро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев бар уҳда дошта, муаллифи аслии парчам бошад Маҳмадулло Сайдалиев буд. Парчам барои тасдиқ ва қабул ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давлатиро 24 ноябри соли 1992 қабул намуд. Барои таъмини заминаи ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ дар моддаи 3 Сарқонун чунин оварда шудааст: “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”. Дар вақти қабул намудан атрофи аксҳои нишон, рангҳои парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар сессия баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омаданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Парчами миллӣ дар шакли имрӯзааш бо се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид. Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷонфидоиҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед дар парчам ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ, тозагӣ, ҳаёт, абадият ва заволи зулмат ифода ёфтааст. Ранги сабз нишонаи саъю талош ва заҳмати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан мебошад, ки гузаштагони мо рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дар назар доштанд. Акси тоҷ бошад, рамзи соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузурги давлатдории куҳанро ифода мекунад. Чунки халқи тоҷик аз он қавмҳои тамаддунофаре ба шумор меравад, ки давлатҳои барумандро ба арсаи таърих овардаанд ва ҳаққи онҳост, ки имрӯз худро як халқи тоҷдор бидонанд. Аз ин сабаб акси тоҷ дар парчам ифодагари ҳамин ифтихори миллии мост. Дар хусуси ҳафт ситора бояд гуфт, ки ҳафт дар тафаккури мардуми мо шумораи бахосият шуморида шуда, олами ҳастиро ифода менамояд. Парчами давлатӣ дар шафати Қасри миллат қомат афрохта, аз шумори баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки 165 метр баландӣ дорад. Эҳтироми Парчам ҳамон вақт мардумӣ ва умумимиллӣ мегардад, ки агар бидуни расмият ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванд эҳтироми онро самимона ба ҷо орад. Барои дарки ин эҳтиром ва самимият бояд аз таърихи ин муқаддасоти миллӣ огоҳ буд. Манучеҳр МАҲМАДШОЕВ
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАЧАМ
Дар даврони аввали соҳибистиқлолӣ тӯли як сол дар Тоҷикистон парчами замони шӯравиро бо андак дигаргунӣ (бидуни ситораи панҷгӯша ва “досу болға”) истифода мебурданд. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Парчам дар шинохти миллат нақши муҳим гузошт
қабул гардид. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон, ки якдилона Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб гардид нахустин шуда, Парчами давлатиро бӯсид. Он вақт интихоби сарвари нав ва қабули Парчами миллӣ барои ҷумҳурии аз ҷанги дохилӣ азияткашидаи мо фоли нек гардид. “То як тоҷик берун аз Ватан қарор дорад, ман худамро ором ҳис карда наметавонам”, - гуфтани Сарвари давлат дар дили ҳазорон нафар сокинони мамлакат, ки аз ҳокимияти фалаҷгаштаю деҳу маҳалҳои сӯхтаю валангор ноумед шуда буданд, шуълаи умед афрӯхт. Сокинони мамлакат дар атрофи Сарвари дилсӯзи
мерафт. Дар он рӯз дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парчами сутунаш 171-метрӣ сохта шуд. Дарозии он 49,5 метр ва бараш 33 метрро ташкил дода, вазнаш ба 570 кило мерасад. Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009 бори аввал 24 ноябри ҳамон сол бо ташаббуси Роҳбари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ ҷашн гирифта шуд. Президенти мамлакат дар табрикоти худ бахшида ба нахустин таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ чунин таъкид намуданд: “Парчами имрӯзаи давлат яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти
миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Парчами давлатӣ нишонаи ватандорӣ ва соҳибистиқлолӣ буда, ҳисси худшиносии моро баланд мебардорад. Борҳо шоҳид шудаем, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зимни ба шарафи ғолибияти варзишгарони тоҷик баланд бардоштани парчами давлатӣ бисёриҳо ашки шодӣ мерезанд. Муҳассилини тоҷик ҳангоми дар озмунҳои байналмилалии фаннӣ ғолиб омаданашон Парчами давлатиро баланд бардошта, ҳамроҳи он акс мегиранд. Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистон кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар шинохти мамлакат нақши бузург гузошт. Муҳаббат ба Парчами давлатӣ ҳар яки моро ба меҳнати созанда ва ободии диёр роҳнамоӣ мекунад. Таманнои онро дорем, ки парчами мо ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ва ифтихори миллии мо доимо дар фазои сулҳу субот партавафшон бошад.
Раъно ИСКАНДАРЗОДА, судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия
Як нишони Ватан парчам аст Яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлоли мо Парчами давлатӣ ба шумор меравад. Чунончи, шоири ширинкаломи тоҷик Муҳаммад Ғоиб фармудааст: Як нишони Ватан парчам аст, Шаъну шони Ватан парчам аст. Қудрати лашкар аз парчам аст, Шавкати кишвар аз парчам аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии кишвар, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву бародарии халқҳои сокини мамлакатамон мебошад. Он, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қабул шуда буд, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос менамояд. Ранги сурхи парчам маънои мубориза барои озодӣ, шуҷоат ва мардонагиро дошта, истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Миллати мо аз қадим мубориз, озодихоҳ ва дорои фарҳанги қадим буд. Бисёр халқҳо ба ҳуҷуми аҷнабён тоб наоварда, забони модарӣ ва фарҳанги худро гум кардаанд. Аммо тоҷикон тӯли ҳазорсолаҳо ба ҳамлаҳои низомию фарҳангии душманон муқовимат нишон дода, забону фарҳанги ғании худро ҳифз намуданд.
Чунончи, кишваршиноси рус Н. Г. Павлов дар китоби “История Таджиков” соли 1915 чунин навиштааст: “Мо дар арафаи эҳёи нави ин миллати боистеъдод ва ҷонсахт – тоҷикон мебошем. То дами ин эҳё онҳо зиндагӣ не, балки ҳақирона рӯзгузаронӣ мекарданд ва ин фақру аҷз (оҷизӣ) оқибати се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва хонҳои Манғит ба онҳо расонидаанд. Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд. Кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо ҷон бигиранд”. Ранги сафед рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ ва ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёкони мо ҳамеша тозагӣ, поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ ва боинсофиро тарғиб менамуданд. Аз қадимулайём тоҷикон сафедиро рамзи покизагӣ ва ранги сиёҳро рамзи нопокиву бадбахтиҳо мешумурданд. Аз ин рӯ, вақте ҷавононро хонадор карданӣ шаванд, аввал “сафедӣ” мегирифтанд. Яъне, ришсафедон матои сафед пора карда, ба хешовандони арӯсу домод тақсим мекарданд. Зимни зиёрати хонаи Каъба бо матои сафед ба иҳром
медароянд. Ҳангоми ба манзили охират супурдан низ муъминро аз матои сафед кафан мекунанд. Ранги сабзи парчам рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори Тоҷикистон, сарсабзию хуррамии онро ифода мекунад. Дар миёни Парчами давлатии Тоҷикистон тоҷи ҳафтситорадори заррин таҷассум ёфтааст. Он нишонае аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон мебошад. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар, ҳафт ситора рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст. Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари таъриху рамзҳои давлатдории ниёконамон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми сокинони мамлакатамон мебошад. Бояд ҳар яки мо аз миллату давлати худ ифтихор дошта, муқаддасоти онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Хусрав ДАВЛАТЗОДА, раиси Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия
www.javonon.tj
Ба ҳар як шахси солимфикр Ватан мисли падару модар азиз аст. Зеро инсон дар канори Ватан ба воя мерасад, аз обу ҳавои он баҳра мегирад, аз меваи он ком ширин карда, аз манзараҳои зебояш лаззат мебарад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин гуфтаанд: “Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу манзалат аст. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст”.
мамлакат гирд омада, баҳри ободии диёр камар бастанд. Худшиносии миллӣ боло рафт. Парчами давлатӣ рамзи ифтихори ҳар як сокини кишвар гашт. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари парчами садҳо давлат дар назди Маҷмааи умумии СММ барафрохта шудааст. Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар қисмати рости Қасри Миллат баландтарин парчами дунё сохта шуд. Баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Вазни он ба 420 кило мерасад. То 23 сентябри соли 2014 Парчами Тоҷикистон баландтарин парчами дунё ба ҳисоб
9 е-mail: javonontj@mail.ru
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, миллати тоҷик аз қадим соҳиби давлат буда, маданияти баланди давлатсозию давлатдорӣ дошт. Аз достони “Коваи оҳангар”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба мо маълум аст, ки Кова ба хотири ҳимояи марзу бум ва фарзандону мардуми хеш муқобили душмани ғаддору хунхор бархоста, пешдомани чарминашро ҳамчун парчам (дирафш) истифода бурд. “Дирафши Ковиён” ҳамчун рамзи озодихоҳӣ ва мустақилият барои мардуми ориёнажод муқаддас гардид. Шоҳ Фаридун зимни ба тахти каён нишастан ин парчамро чун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ ва ғолиб омадани равшанӣ бар зулумот эътироф намуда, онро бо зару зевар зебу зинат дод.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
10
СОҲИБКАСБ
НАМУНАИ ИБРАТ
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд... Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Орзуҳо бисёранд, вале орзуи амалишаванда хеле каму ангуштшумор. Баъзан ҷавононе ҳастанд, ки бо вуҷуди таҳсил риштаи интихобкардаамро аз бар карда наметавонанду ба кори дигар мегузаранд, чунки меҳре нисбат ба касби хеш надоранд. Дар баробари ин ҷавононе низ ҳастанд, ки аз хурдӣ меҳри пешаеро дар дил мепарваранд ва баҳри соҳиб гардидан ба он ҷаҳду талош менамоянд. Дар натиҷа он ҳама заҳматҳои эшон самар меораду дар соҳаи худ яке аз муваффақҳо мегарданд. Соҳибкасби ин ҳафта рӯзноманигор Сабоҳат Қадамова мебошад.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Сабоҳат зодаи ноҳияи Шӯрообод аст. Вақте ӯ дар синфи ҳафтум мехонд, шавқу рағбаташ нисбат ба касби рӯзноманигорӣ пайдо мешавад. Аз ҳамон замон ба навиштани мақолаҳои хурд-хурди шогирдона шуруъ намуд. Дар ин самт модараш бештар ба ӯ кӯмак мерасонд. Маҳз бо дастгирии модараш аввалин матнҳои хешро рӯйи авроқи сафед овард. Аввалин мақолаи навиштааш дар бораи Ватан буд, ки онро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорад. Аз табиати нотакрори зодгоҳ илҳом мегирифт ва баҳри инъикос намудани зебоӣ ва боду ҳавои дилфиребу рӯҳбахши он доим кӯшиш менамуд. Ана, ҳамон зебоӣ ва назаррабоии ин гӯшаи Ватан ӯро водор месохт, то эҷод намояд. - Устоди ман дар ин ҷода Зубайд Раҳмон мебошанд, ки айни ҳол дар ноҳияанд. Бо он кас доим дар суҳбат ҳастему чизҳои лозимиро ба мо меомӯзанд. Устоди дигарам Ҳамроҳхон Дӯстов мебошанд, ки бисёр ба ман кӯмак намудаанд. Инсон барои ба зинаҳои баланд баромадан бояд роҳнамо дошта бошад. Нафаре лозим аст, ки туро барои хуб аз худ намудани пешаи интихобнамуда ҳидоят намояд. Зеро мегӯянд: “Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд”. Бинобар ин, ман аз эшон миннатдорам, ки маро роҳнамоӣ намуданд, - мегӯяд Сабоҳат Қадамова. Вақти таҳсил дар мактаби миёна ӯ бо рӯзномаи ноҳиявӣ “Насими Терай” ҳамкорӣ намуда, зери роҳбарии Зубайд Раҳмон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки сармуҳарририи онро бар уҳда дошт, беш аз 100 маводи гуногуни шогирдона навишт. Ҳамин боис гардид, ки пас аз хатми мактаби миёна роҳ сӯйи донишгоҳро пеш гирифт ва баҳри расидан ба орзуи хеш талош варзид. - Дар рӯзномаи ноҳия яке аз мақолаҳоям “Сангарҳои хунин” ном дошт, ки дар бораи як нафар аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан меравад. Мақолаи дигарам “Фотеҳони Терайзамин” буд, ки атрофи ду нафаре, ки аввалин шуда техникаи ғалладаравиро ба ноҳия ворид карда буданд, нақл мекунад. Инчунин дар бораи мудири китобхонаи мактабамон, ки ним аср бо як калид дари китобхонаро
мекушоду ба хонандагон китоб дастрас менамуд, очерк навиштам. Сармуҳаррири рӯзнома ба ман тавсияҳо медод, ки он маро хеле рӯҳбаланд месохт ва шавқу завқам нисбат ба ин касб боз ҳам бештар мегардид, - афзуд Сабоҳат Қадамова. Соли 2010 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро сарбаландона хатм намуд. Дар давраи донишҷӯӣ бо васоити ахбори омма, аз ҷумла бо шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” ва Агентии иттилоотии миллии Тоҷикистон “Ховар” ҳамкорӣ намуда, аз соли 2013 дар агентии мазкур баъди як моҳи таҷрибаомӯзӣ ба кор қабул шуд. Ду сол дар он ҷо фаъолият карда, дар мавзуъҳои гуногун хабару мақолаҳо навиштааст. Дар рӯзномаи “Имрӯз news” низ ҳангоми коромӯзӣ ба навиштани мақолаҳои таҳлилӣ машғул гардидааст. Ба гуфти ӯ, барои рӯзноманигори касбӣ шудан бояд факултаи журналистикаро хатм кард. Ҳар нафар метавонад эҷод намояд, аммо журналист буда наметавонад. Рӯзноманигорӣ ҳам касб асту ҳам истеъдод. Агар танҳо истеъдод бошаду дониши касбӣ набошад, мо фаъолиятамонро ба як самт равона карда наметавонем, зеро жанрҳову дигар хусусиятҳои соҳаро намедонем. Баръакс агар дорои ин касб бошиву шавқу завқ, яъне истеъдод набошад, пас эҷодкор нахоҳӣ шуд. Ҳар дуи ин дар
якҷоягӣ шахсро муваффақ месозад. Сабоҳат айни ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият дорад. Дар баробари кори идора ба эҷодиёт низ машғул мебошад. Ба андешаи ӯ, рӯзноманигорӣ касби пурмасъулият аст. Рӯзноманигорӣ оҷилиятро талаб мекунад. Ҳар кореро ки шахси дорои ин касб карданист, бояд онро сари вақт иҷро намояд. Дар вақти навиштани матн рӯзноманигор бояд ба хатоӣ роҳ надиҳад, зеро онро барои омма менависад. Рӯзноманигор ҳамеша дар байни мардум аст. Аз ин лиҳоз бояд ҳамавақт ҳам дар сухан ва ҳам дар рафтор эҳтиёткор бошад. Сабоҳат ҳуҷҷатҳояшро ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супоридааст ва дар мавзуи “Таъсири реклама ба ҷомеа” рисолаи номзадӣ менависад. Сабоҳат Қадамова аз соли 2011 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Нахустбонуи соҳибмаълумот аз Чилчанор Аксар адибу донишмандон дар васфи омӯзгор суханони гавҳарбор гуфта, “ҳаққи устодро аз падар беш” шумурдаанд. Ҳақиқатан дар босаводу соҳибҳунар шудани ҳар яки мо саҳми устодони меҳрубонамон хеле зиёд аст. Шоире фармудааст: То он ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад, Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад. Турдихон Маҷидова 40 сол боз ба касби пурзаҳмат, вале боифтихори омӯзгорӣ машғул аст. Ӯ зодаи деҳаи Чилчанори ноҳияи Ҳисор мебошад. Азбаски аҳолии деҳаашон кам буд, сокинони ин деҳа қисме дар деҳаи Муъминобод ва қисме дар деҳаи Ҷавонон мехонданд. Турдихон тӯли 10 сол 2 километр роҳро пиёда тай намуда, ба мактаби деҳаи Ҷавонон рафт. Аз устодони ботаҷриба Муҳаммадҷон Қаландаров, Роза Борисова, Раҳима Ғаниева, Неъматҷон Бекмуродов ва дигарон сабақ омӯхта, донишашро мукаммал намуд. Он солҳо талабот ба омӯзгорон зиёд буд. Турдихон ҳам ба ин пешаи боифтихор таваҷҷуҳ дошт. Аз ин рӯ соли 1971 ба факултаи химия-биологияи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуд. Ӯ аз деҳаи Чилчанор якумин духтаре буд, ки мактаби олӣ хонд. Донишкадаро соли 1976 хатм намуд. Ӯро мувофиқи роҳхат ба мактаби №70 (ҳоло 30)-и деҳаи Муъминобод фиристоданд. Турдихони ҷавон дар баробари дониши хуб доштанаш дидадарову соҳиби ахлоқи ҳамида буд. Аз ин рӯ ба зудӣ маҳбуби устодону хонандагони мактаб гашт. Хонандагони зиёде орзу мекарданд, ки роҳбари синфашон Турдихон Маҷидова бошад. Зеро ин муаллимаи ғамхор дар баробари додани таълиму тарбия бо ҳар як хонанда мисли дӯсти наздиктарин муносибат мекунад. - Турдихон Маҷидова аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки илми равоншиносиро хуб омӯхтааст, - мегӯяд раиси Иттифоқи касабаи мактаби миёнаи №30 ноҳияи Ҳисор Шаҳло Гулова. – Бо ҳар хонанда забон меёбад ва таваҷҷуҳи аҳли синфро ончунон ба мавзуъ ҷалб мекунад, ки хонандагон чӣ гуна гузаштани вақтро намефаҳманд. Омӯзгорони ҷавон дар дарсҳои муаллима ширкат варзида, аз таҷрибаи бояш баҳравар мешаванд. Дар фаъолияти кориаш Т. Маҷидова шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки иддае пайрави устоди худ шудаанд. Чунончи, номзади илмҳои химия Маъруф Баротов (корманди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ), Олим Юсуфов, Валиҷон Ҳамроқулов, Бахтиёри Фармонзода (устодони фанҳои химияву биология дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисор), Зокирҷон Парпиев (химик-муҳандиси Корхонаи винобарории пойтахт), Ғолибҷон Отахонов (директори корхонаи дорусозии “Тиб барои Шумо”-и шаҳри Душанбе) ва дигарон аз ҳамин ҷумлаанд. Бисёр шогирдон кӯшиш мекунанд, ки монанди ӯ дидадаро бошанд. Педагоги машҳури шӯравӣ А. С. Макаренко дар ҳаққи чунин омӯзгороне, ки рафторашон намунаи ибрат аст, гуфта буд: “Ба ҳангоми таъсиррасонии тарбиявӣ назар ба насиҳатгӯиҳои сершумори дилбазан намунаи ибрат будан беҳтар аст”. Турдихон Маҷидова забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва русиро мукаммал медонад. Дар хона ва ҳуҷраи кориаш маҷаллаҳои илмӣ-оммавии зиёде аз қабили “Химия в школе”, “Биология в школе”, “Илм ва ҳаёт”, “Фан ва Турмуш”, “Маорифи Ҳисор” ва “Масъалаҳои маориф” мавҷуданд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳар як навгонии илму фанро ба шогирдон расонад. Муаллима махсусан дар баланд бардоштани маърифати экологии шогирдони мактаб саҳми арзанда дорад. Борҳо дар хусуси пешгирии хазонсӯзӣ, зарари сӯзондани зарфҳои пластикӣ, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва манбаъҳои об дар соатҳои тарбиявӣ ва маҷлисҳои мактабӣ ба хонандагон маълумот додааст. Дар маъракаҳои гулу ниҳолшинонӣ муаллима намунаи ибрат ва маслиҳатчии шогирдон мебошад. Олими шинохта В. Ключевский гуфта буд: “Муаллими хуб ҳамон аст, ки ҳам касбашро дӯст медорад, ҳам шогирдонашро”. Турдихон Маҷидова аз ҷумлаи чунин омӯзгорон аст. Дар муддати фаъолияти бисёрсолааш бо ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сарфароз гардидааст. Арастуи Ҳаким гуфтааст: “Омӯзгорон аз волидон бартарӣ доранд. Волидон танҳо моро ба дунё меоранд, омӯзгорон бошанд, ҳаёти хушбахтона мебахшанд”. Турдихон Маҷидова аз он меболад, ки як умр ба касби пурифтихори омӯзгорӣ содиқ мондааст. Ӯ ҳар субҳ бо чеҳраи кушода ба мактаб, ба ин боргоҳи маърифат бо кулбори пур аз суханони меҳролуд ва илму фарҳанг омада, ба шогирдон сабақ меомӯзад. Ба умеде, ки онҳо фардо мутахассисони варзидаю соҳиби ахлоқи ҳамида ва маърифати баланд мешаванд.
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
террористӣ рӯ ба рӯ шуд. Баъди ҳамла ба маҷаллаи “Шарли Ҳебдо”, ки моҳи феврали соли равон рух дод, ин дуюмин даҳшатафканӣ дар Фаронса мебошад. Ҳамлаҳои террористиро, ки боиси ҳалокати 129 нафар гардид, гурӯҳи террористии ДИИШ ба уҳда гирифт. Дар пайи ин ҳаводис дар Фаронса се рӯз мотами миллӣ эълон шуд.
Путин дар интиҳои ҳамоиш ба роҳбарони кишварҳои аъзои G-20 доир ба шабакаҳои маблағгузори ДИИШ маълумот додааст. “Ба ҳамтоёни худ доир ба қочоқи нефт ва тиҷорати ғайриқонунии он аз сӯи террористон маълумот додам. Ба онҳо аксу манзараҳоеро нишон додам, ки аз баландӣ тариқи моҳвора бардошта шудаанд. Дар аксҳо мошинҳои ҳомили сӯзишворӣ, ки то даҳҳо километр тӯл кашидаанд, тасвир ёфтаанд”, гуфтааст президенти Русия. ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ФАРОНСА БА ДИИШ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД? Мануэл Валс, Сарвазири Фаронса, ду соат қабл аз он, ки дар Париж таркиш сурат гирифт, ба рӯзномаи “L’Opinion” чунин изҳор
ДИИШ меҷангад. Аз ин лиҳоз фаронсавиҳо эҳтимоли рух додани ҳамлаеро аз ҷониби ДИИШ ба кишварашон тахмин мекарданд. Имрӯз дигар Фаронса он Фаронсаи қаблӣ нест. Барои Париж, ки дар асри 20 ба як маркази ҷолиб табдил ёфта буду ҳамаро сӯи худ мекашид, акнун давраи нав оғоз ёфт. Чунки имрӯз Фаронса вориди набардест, ки то ҳол номаш маълум нест. Вориди ҷанге, ки танҳо тавассути артиш роҳандозӣ намешавад. Душман ҳам чандон даъвои заминталошӣ надорад ва барои моликияти махсусе мубориза намебарад. Чун душманест, ки миллат надорад. Яъне аз миллати муайян нест. Силоҳаш бошад, на тӯпу танк, балки бадани худи душман аст. Ҳар гоҳ хост, ҳар ҷо хост, худро метарконад. Ин душманон
доштааст: “Ҳар лаҳза бо ҳамлаи нави террористӣ рӯ ба рӯ шуданамон мумкин аст”. Манзур баъди ҳамлаҳои террористие, ки ба маҷаллаи “Шарли Ҳебдо” анҷом шуд, ҳар лаҳза таркиши наверо интизор шудан мумкин аст. Инро мақомдорони Фаронса медонистанд ва чашмдор буданд. Аммо чаро маҳз Фаронса? Чӣ паём доштанд ин ҳамлаҳои террористӣ? Бино ба иттилои расонаҳои фаронсавӣ, моҳи март як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Вилжюиф ва ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тулони Фаронса пешгирӣ шудааст. Тавре маълум аст, Фаронса дар се ҷабҳа – Ироқ, Мали ва Сурия алайҳи ДИИШ ва гурӯҳҳои дигари террористӣ мубориза мебарад. Илова бар ин, Фаронса яке аз кишварҳои фаъоли Аврупост, ки ҳамроҳ бо ИМА алайҳи
мисли ҳуҷайраҳои саратон зуд инкишоф меёбанд. Дар ҳама ҷоянд, вале ба ҳеҷ ҷо тааллуқ надоранд. Ҳоло як идеологияе дар ҷаҳон ташаккул ёфтан дорад, ки дунёро ба хубу бад, ба кофиру муъмин ҷудо мекунад. Пас бо чунин як душман Фаронса ва ҳар давлати дигар бояд чӣ гуна мубориза барад? Албатта, пеш аз ҳама мақсади душаманро сарфаҳм рафта! ДИИШ барои анҷоми таркишҳо Фаронсаро тасодуфан интихоб накардааст. Он бо ҳамлаҳои дар Париж анҷомдодааш нишон дод, ки аз як гурӯҳи ҷанганда дар Сурия ва Ироқ ба як гурӯҳе, ки дар ҳар ҷои ҷаҳон корашро анҷом медиҳад, табдил шуда метавонад. Нишон дод, ки дар ҳар гӯшае, ки хоҳад таркиш анҷом медиҳад. Ҳар гӯшаеро хост, ноором месозад. Дар куҷое маъқулаш омад, ба дили мардум даҳшат меафканад. Фаронса кишварест, ки дар Африқо ва Ховари Миёна алайҳи гурӯҳҳои радикалӣ амалиёт мебарад ва аз он кишварҳои аврупоист, ки нуфуси мусулмонаш зиёд аст. Мақсади ДИИШ, албатта, фатҳи Фаронса ва берун шудани ин кишвар аз ҷанги Сурия нест. Шояд ин ҳам бошад, вале мақсади аз ин фаротар дорад. Мақсад дорад ҷамъиятро дар ин кишвар террор кунад, ба самтҳо ҷудо созад, ҳукуматҳоро дар ҳолати ногувор қарор дода, ба ҳамин васила ба қабули қонунҳои ғайриоддӣ маҷбур намояд. Ин ҳамлаи дуюми ДИИШ ба Фаронса аст. Ҳамлаи аввал ҳамон “Шарли Ҳебдо” буд. Мақсади бори дуюм Фаронсаро ҳадафи ҳамла қарор додани гурӯҳи террористӣ муваффақ нашуданаш дар ҳамлаи аввалист. Ҳадафи ДИИШ, ки мехост бо ҳамлаи аввал ба он ноил гардад, 6 миллион аҳолии мусулмони Фаронсаро дар назари аҳолии дигари ин кишвар шумрӯ кардан буд. ДИИШ мехост ба ин васила дар Фаронса сиёсати зиддиисломӣ авҷ гирифта, қисми калони фаронсавиҳои мусулмон бо ҷомеа “бегона” шуда, қисми ками он ақидаи радикалиро ҷонибдор гарданд. Ҳамин тариқ, барои анҷоми ҳамлаҳои навбатӣ ҷавонони ихтиёрӣ ёфт мешаванд...
Террори нозанини Аврупо
нияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Канада, Чин, Мексика, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо. G-20 85 дарсади маҷмӯи маҳсулоти миллии ҷаҳон, 75 дарсади савдои ҷаҳон (бо шумули савдо дар дохили Иттиҳоди Аврупо) ва аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Он форум барои ҳамкорӣ ва машварат оид ба масоили вобаста ба системаи байналмилалии молия мебошад. G-20 то соли 2008 ягон саммит дар сатҳи баланд баргузор накарда буд. Шакли фаъолияти он то соли 2008 асосан вохӯрии ҳарсолаи вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказӣ буд. Маҳфили G-20 баъд аз буҳрони молие, ки соли 1990 Осиёро фаро гирифт, ташкил шудааст... Дар
хусусан ДИИШ авлавият пайдо кардааст. Аммо ҳарчанд лидерҳои кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват масъалаи ҷанги дохилии Сурия ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонро ёдрас шуда бошанд ҳам, ҳалокати 129 нафар дар Париж мавзӯъҳои дигарро зери соя қарор дод. Агарчи лидерҳои кишварҳои аъзои G-20 терроризм ва ДИИШро маҳкум кардаанд, вале ягон таклифи аниқ ҷиҳати мубориза ба онро ёдовар нашуданд. Ин буд, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин иддао кард, ки ба ДИИШ аз 40 кишвари дунё дастгирии моддӣ сурат мегирад, ки миёни онҳо аъзои G-20 ҳам қарор доранд. Аммо Президенти Русия исми ягон давлатро ном набурд. Бино ба иттилои хабаргузории “Спутник” Владимир
www.javonon.tj
Президенти Фаронса Франсуа Олланд гуфтааст, таркишҳои 13 ноябр, ки назирашон дар 70 соли охири кишвараш дида нашудааст, тарҳу ташкили ҷангест, ки аз берун, вале бо дастгирӣ аз дохили Фаронса роҳандозӣ шудааст. Ӯ ваъда додааст, ки кишвараш ҳатман интиқоми фавтидагонро мегирад. Олланд, ки мебоист дар ҳамоиши роҳбарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” (G-20) ширкат мекард, сафарашро қатъ кардааст. Террористон барои анҷоми ҳамлаҳои маргбор як варзишгоҳ, як толори консертӣ ва чор тарабхонаро интихоб карда, дар натиҷа 7 нафарашон худро таркондаанд. Яке аз онҳоро полиси Фаронса парондааст. Ҳоло даҳҳо ҳазор корманди ҳифзи ҳуқуқ дар ин кишвар дастандаркорони ҳамлаҳо ва онҳоеро, ки террористонро ёрӣ додаанд, ҷустуҷӯ доранд. Варзишгоҳе, ки макони таркиш қарор гирифт, 80 ҳазор ҷойи нишаст дошта, шоми ҷумъа (замони рух додани таркиш) дар он бозӣ миёни тимҳои Фаронса ва Олмон мегузашт. Таркиш дар се тарафи варзишгоҳ сурат гирифт, яъне террористони фидоӣ дар се гӯшаи варзишгоҳ худро ба ҳалокат расондаанд. Хабаргузории “Аssocifted Press” аз қавли яке аз шоҳидон, ки ҳангоми рух додани таркиш дар толори консертӣ будааст, менависад: “Ман дар ҳоле ки ба замин хобида будам, ду нафари онҳоро (террористонро) дидам. Чанд нафари дагарро танҳо садояшонро шунидам. Яке мегуфт: Ин гуноҳи Олланд аст...” Бояд гуфт, ҳаводиси 13 ноябри Париж мисли 11 сентябри Ню Йорк дар таърих бо ҳуруфи сиёҳ навишта шуданд. Дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар Париж муовини раҳбари нерӯҳои муттаҳидаи Эрон, генерал Масъуд Ҷазоирӣ изҳор дошт, ки франсузҳо сазои дастгириҳояшон аз ДИИШ ва гурӯҳҳои такфирии террористиро гирифтанд. Номбурда дар як изҳороти хаттӣ воқеаи рухдодаро шарҳ дода, чунин гуфтааст: “То он даме ки аврупоиҳо терроризми такфири-
ТЕРРОРИ ПАРИЖ МАВЗӮИ АСОСИИ G-20 ШУД Ду рӯз баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар Париж, 15-16 ноябр роҳбарони 20 кишвари ҷаҳон ҷиҳати иштирок дар “Ҳамоиши сарварони кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ” (G-20) ба шаҳри Анталияи Туркия рафтанд. Ба ин маҳфил 20 кишвар дохил аст, ки онҳоро Гурӯҳи 20 ё G-20 мегӯянд. Чунончи Австралия, Аргентина, Бразилия, Брита-
ибтидо G-7 буд, яъне 7 кишварро шомил буд. Баъд аз буҳрони иқтисодии соли 2008, ки таҳдиди ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон кард, гурӯҳ ба G-20 гузашт, яъне ба он давлатҳои дигар ҳам пайваст шуданд. Гурӯҳи 20 асосан сари масъалаҳои иқтисодии ҷаҳон суҳбат карда, тадбирҳои нигоҳ доштани курраи замин аз буҳрони иқтисодиро меандешад. Таҳлилгарони байналмилалӣ мегӯянд, эҳтимол имсол дар барномаи маҳфили G-20 ягон мавзӯи муҳим қарор дошт, ки барои таваҷҷуҳро ба дигар самт бурдан ҳамлаҳои Париж сурат гирифтанд. Дар рафти ҳамоиши дурӯзаи G-20 ҳам маълум гардид, ки дар он бештар мавзӯи муборизаи муштарак бар зидди терроризм,
11 е-mail: javonontj@mail.ru
ро кӯмак мекунанд, бояд интизори ҳолатҳои фавқулодда дар Башир УСМОНОВ, гӯшаҳои дигари кишварҳояшон “Ҷавонони Тоҷикистон” шаванд... Ҳоло ки тарроҳони ДИИШ шаҳди талхи терроризмро чашиданд, мебояд муборизаи воқеиро зидди терро13 ноябр Фаронса бо ризм ба роҳ монанд”. шаш ҳамлаи маргбори
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
12
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2016 роҳ ёфт
Тими миллии кишвар оид ба футболи толорӣ, ба чемпионати Осиё -2016 ки соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад, роҳ ёфт. 14-16 ноябр дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд марҳалаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он варзишгарони чор ҷумҳурии минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии мусобиқа, ки 16 ноябр баргу-
зор шуд, тими Тоҷикистон аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда, бо 4 хол мақоми дуюмро ишғол кард. Ҷои аввал насиби тими Қирғистон гардид, ки 5 хол ба даст овард. Афғонистон дар ҷои сеюм ва Туркманистон дар мақоми чорум ҷой гирифтанд. Тибқи низомнома ду даста аз гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд.
А. Абдуллозода Алиҷони 7-соларо аёдат кард
Дар партави сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои бемор ва ниёзманд 16 ноябр раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва масъулини соҳаи варзиш ба аёдати варзишгари навраси тоҷик Алиҷон Маҳкамов, ки бемор аст, рафтанд. Зимни аёдат Аҳтам Абдуллозода аз наздик бо Алиҷон Маҳкамов суҳбат намуда, аз вазъи саломатии ӯ бохабар гардид. Аҳтам Абдуллозода аз дастовардҳои ин наврас, ки дар як давраи кутоҳ дар соҳаи варзиш ба даст овардааст, истиқбол намуда, изҳор дошт, ки чунин наврасон дар оянда парчамбардору номбардори кишвар мегарданд. Аҳтам Абдуллозода ба варзишгари навраси тоҷик, ки барои барқарор кардани саломатии худ ба гузаронидани ҷарроҳӣ ниёз дорад, кӯмаки якдафъаинаи молиявӣ расонд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар доираи имконият ба ин варзишгари наврас кӯмак карда мешавад. Саидмурод Маҳкамов, падари Алиҷон аз ин иқдоми пешгирифтаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар оянда писараш барои барафрохтани Парчами миллии Тоҷикистон тамоми кӯшишашро равона месозад. Алиҷон Маҳкамов, варзишгари навраси тоҷик 7 сол дошта, аз рӯи намуди гӯштини дзюдо машқ мекунад. Номбурда дар бештар аз 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Алиҷон аз сесолагӣ ба тамрин оғоз карда, аз худ маҳорати баланд нишон медиҳад. Тибқи иттиллои Саидмурод Маҳкамов, падари Алиҷон - ин варзишгари наврас ҳоло аз бемории саратон ранҷ кашида, ба табобат ниёз дорад.
Самбо: Акмалиддину Набимуҳаммад дар ҷаҳон дуюм шуданд www.javonon.tj
Набимуҳаммад Хоркашов ва Акмалиддин Каримов, паҳлавонони маъруфи кишвар, дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо медали нуқра ба даст оварданд. Мусобиқа 13-15 ноябр дар шаҳри Касабланкаи Марокаш доир гашт. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанге Чидрашвилӣ (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Дар вазни беш аз 100 кило Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенкои русиягӣ, ки маротибаи чорум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ба ҳайати тими мунтахаби кишвар оид ба самбои варзишӣ шаш гӯштингир - Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашов (беш аз 100 кг) ва оид ба самбои размӣ як нафар – Табрезшо Парпишоев (74 кг) – дохил буданд. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ ба ифтихори Рӯзи Парчам
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 1415 ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Парчам мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаҳо аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, дар маҷмуъ 157 нафар варзишгар иштирок намуданд. Мусобиқаро мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Манон Солиҳов ифтитоҳ бахшида, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба муқаддасот, хусу-
сан ба Парчами давлатӣ даъват кард. Варзишгарон аз рӯи 9 вазн бо ҳам қувваозмоӣ намуда, дар вазни то 55 кило Умарҷон Рамаев аз шаҳри Ваҳдат, вазни 60 кило – Муҳаммадҷон Баротов (аз дастаи “Хатлон-1”), вазни 66 кило – Баҳодур Ҳалимов (“Душанбе-2”), вазни 70 кило – Юсуф Каримов (Хатлон-2), вазни 75 кило – Ҳамроз Раҷабов аз Суғд, вазни 80 кило –
Эмомалӣ Мусофиров (“Душанбе-1”), вазни 90 кило - Исфандиёри Хайриддин (“Душанбе-2”), вазни 100 кило - Зиёратшоҳи Рустам (“Хатлон-2”) ва дар вазни +100 кило Баротҷон Наимов сазовори медалҳои тилло гардиданд. Дар ин бора Эраҷ Каримзода, мутахассси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод.
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
писарон муҳориба мекарду ғолиб меомад. Ӯ ба гапи дигарон аҳамият намедод, зеро дар назди худ мақсади калон гузошта буд. Бояд қаҳрамон шавад. Ӯ парчами кишварро дар олимпиадаи Лондон-2012 дар ҳоле мебардошт, ки куртаи чакан ба бар карда буд. Гӯё чаканро муаррифӣ мекард. Басе зебанда буд дар ӯ либоси миллӣ. Пасон оила барпо намуд. Духтарки дустрӯе ҳам ёфт. Ин бонуи идеал, ки зиндагиаш барои дигарон намунаи ибрат аст, Мавзуна Чориева мебошад. Бо Мавзуна атрофи зиндагӣ ва фаъолияташ суҳбат оростем.
Намехоҳам духтарам варзишгар шавад! сафар мекардем, бароям чунон менамуд, ки гуё ба дигар давлат сафар дорем. Дар он лаҳзаҳо чунон хурсанд мешудам, ки то ҳол ба ёд орам, дилам мешукуфад. - Оё аз рӯи ягон шиор амал мекунед? - Як навиштаи падарамро барои худ шиор қабул кардаам. Падарам пеш аз вафоташон тариқи sms ба ман навишта буданд, ки “Илтимос, варзишро напарто! То охир муборизаро давом деҳ! Ман ба ту бовар дорам!”. Ҳар вақте дилшикаста мешавам, ин навишта маро дубора вориди майдони муҳориба мекунад. - Баъди ба шавҳар баромаданатон сару садоҳо зиёд гардид, ки Мавзуна ба варзиш нуқта гузошт. Ин то куҷо ҳақиқат дошт? - Ин сару садоҳо баъди оила барпо намудан ва фарзанд ба дунё овардан байни мардум зиёд гашт. Бисёриҳо маро фаҳмида натавонистанд. Ман ҳеҷ гоҳ аз варзиш дур нашудаам. Танҳо аз мусобиқаҳо то тавлиди фарзанд дур будам. Чун тамрин кардан мумкин набуд. Дар ин муддат ҷанбаҳои назариявии боксро омӯхтам. Ман пайваста муҳорибаҳои варзишгарони ҷаҳонӣ Муҳаммад Алӣ, Майк Тайсон ва дигаронро тамошо мекардам. Баъди тавлиди фарзанд ба хотири мухлисони бокс ва мардуми
тоҷик дубора барои мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ омодагӣ гирифтам. Шукри Худованд боз ҷоизадори Осиё шудам. Вақте китфам зарб хурд, ба муҳорибаи навбатӣ баромадан мумкин набуд. Вале ба хотири он ки исбот созам ман ҳамон Мавзуна Чориева ҳастам ва аз варзиш дур нашудаам, муҳорибаро давом додам. - Баъди ҷоизадори Олимпиадаи Лондон шудан ба шавҳар баромадед. Хоҳиши худи шумо буд ё оила? - Бо шавҳарам чанд сол пеш аз Олимпиадаи Лондон-2012 номзад будем. Оилаи онҳо аз аввал барои тамрини ман розӣ буданд. Вақте ман барои олимпиада таёрӣ медидам, шавҳарам ҳам ба ман кӯмак мекарданд, то ман роҳхат ба олимпиадаро гирам. Бо амри тақдир ман дар Олимпиада иштирок кардам. Бо шавҳарам нақша гузоштем, ки баъд аз олимпиада оила барпо мекунем. Шукри Худованд имрӯз соҳиби як духтарча мебошем. - Ҳаёти оилавӣ, кору вазифаҳои дигаратон ба тамрини шумо мушкил эҷод намекунад? - Баракс, як нерӯи дигар мебахшад. Пеш аз оиладор шудан дар тамрин хаста шуда, ба хона бармегаштам. Ҳозир бошад дар баробари хастагию латхурданҳо
бо чеҳраи болида ҷониби хона мешитобам. Чун ҳис мекунед, ки дар хона шуморо касе интизор аст. Шахсе, ки воқеан дӯстдори касби худ аст, оилаю корҳои дигар садди роҳ намешаванд, балки кӯмак мерасонанд. - Берун аз варзиш худро дар кадом касб тасавур мекунед? - Мақоле ҳаст, ки “Ба як мард чил ҳунар кам аст”. Мо занон аз мардон камӣ надорем. Дар баробари варзишгар будан вакили шаҳрӣ аз ҲХДТ мебошам, дар ВКД ба ҳайси лейтенанти калон духтарони низомиро тамрин медиҳам. Лекин ин ҳамаро аз варзиш ба даст овардам. Берун аз варзиш худро тасаввур карда наметавонам. Бисёриҳо ба он назаранд, ки баъди синну сол ба ҷое расидан варзишро тарк кардан хуб аст. Вале ман бе варзиш худро бемор ҳис мекунам. Мо - варзишгарон аз муҳориба дур ҳам шавем, вале аз варзиш дур шуда наметавонем. Барои он ки варзиш дар рагу пайи мо ҷой шудааст. - Розӣ мешавед, ки фарзандатон ҳам варзишгар шавад? - Бисёриҳо ин саволро медиҳанд, аммо сабабашро намепурсанд. Ман кӯшиш мекунам, ки духтари ман дигар касбро интихоб кунад. Агар варзишро интихоб кард, намегузорам боксро инти-
www.javonon.tj
- Ба варзиш машғул шудан тасмими кӣ буд? - Тасмими падарам. Падарам худ ба варзиш машғул буданд. Ҳамеша орзу мекарданд, ки фарзандонаш варзишгар бошанд. Ман, ки фарзанди аввал дар оила будам, падар маро “писарам” гуфта хитоб мекарду ҳамеша ваъдаи ба толори варзишӣ бурданро менамуд. Вақте 6-сола шудам, падар маро ҳамроҳи худ ба толори варзишӣ бурд. Ба хотири падар ба варзиш машғул шудам ва барои номи падарро зинда гардонидан то ҳол кӯшиш карда истодаам. Аз интихоби кардаи падарам розиям. Ӯ интихоби дуруст кардааст, ки маро аз байни фарзандон бо дили пур ба ин пеша раҳнамоӣ намудааст. Ман то охирин нафас кӯшиш
Мавзуна Чориева:
хоб кунад. Шавқу рағбаташ нисбат ба варзиш зиёд бошад, бигзор ба дигар намуди варзиш машғул шавад, барои саломатиаш. Зеро он мушкилиҳою зарбхӯриҳое, ки дар бокс дидам, намехоҳам фарзанди ман ба онҳо рӯ ба рӯ шавад. - Вақте дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишвар парафшон мешавад, шуморо чӣ эҳсос фаро мегирад? - Соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон парчамбардори тими миллии Тоҷикистон маро бовар карданд, ки дар ҳаётам воқеаи нодир аст. Вақте парчам дар даст вориди толор шудам, эҳсосе маро фаро гирифт, ки онро тасвир карда намешавад. Варзишгарон барои парчамро парфшон кардан сахт талош мекунанд. Мо ба ҳамин мақсад сафар мекунем ба мусобиқаҳо. Вақте мақсад мегузорӣ ва он амалӣ мегардад, худатон фикр кунед, ки чӣ эҳсос шуморо фаро мегирад. Ман ҳамон лаҳза худро хушбахттарин бону эҳсос мекардам, ки парчами кишвари ман дар арсаи ҷаҳон парафшон мешавад. - Дастоварде, ки дар карйераатон доред, шуморо қаноатманд мекунад? - Ман аз он чи ки то ҳол ба даст овардам, розӣ ҳастам. Зеро дар Тоҷикистон аз ин намуди варзиш ягона зане будам, ки тамрин мекардам. Ман аз хурдӣ то ҳол дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҳарифи зан надорам. Баъди аз олимпиада баргаштани ман сафи ҷавондухтарон дар толорҳои варзишии кишвар зиёд гардид. Фикр мекардам дар солҳои дур занони тоҷик ба ин намуди варзиш машғул мешаванд. Имрӯз мебинам, ки чи тавр ҷавондухтарон бо дили гарм ба бокс машғул мешаванд. Ман гуфта метавонам, ки ҳамин гуна ҷараён гирад, дар солҳои наздик аз миёни бонувони тоҷик чемпионҳои олимпиада мебарояд. Чандин Мавзунаҳои дигар сабзида истодаанд, ки дар оянда муаррифгари миллату давлат мешаванд. - Аз нигоҳи Шумо барои тайёр намудани варзишгарони касбӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод? - Пеш аз ҳама, барои варзишгар шароити хуб фароҳам овардан лозим. Дар баробари давлат саҳибкорон ҳам варзишгаронро дастгирӣ намоянд хуб аст. Зеро варзишгари касбӣ ғайр аз варзиш ба дигар кор машғул нашавад беҳтар аст. Дар ин ҳолат варзишгари беҳтаринро омода кардан мумкин аст. Имрӯз нисбат ба солҳои гузашта шароити варзишгарон беҳтар шудааст. Мо ҳам бо тавсияи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар оянда нақша дорем, ки баъди ҷамъбасти карйераи варзишӣ ба омода намудани варзишгарони сатҳи касбӣ машғул шавем. - Ба ҷавонони кишвар чӣ гуфтаниед? - Ба варзиш машғул шаванд. Ман мехоҳам, ки ҳар як ҷавони кишвар дар соҳаҳои гуногун номбардори миллату давлат бошад. Падару модари онҳо ба мисли падару модарони мо фахр кунанд, ки модари чунин фарзанданд.
е-mail: javonontj@mail.ru
мекунам, ки сазовори боварии падар бошам. Шодихони НАЗАР, - Аввал ба гӯштини тарзи “Ҷавонони Тоҷикистон” озод машғул будед. Чаро ба бокс гузаштед? - Падарам ба намуди гӯштини тарзи озод машғул буданд. Вақте Духтарке ҳамеша бо ман хурд будам, маро ҳамроҳ ба либоси мардона байни ин намуди гӯштин мебурданд. Баъписарон бозӣ мекард. ди обу тоб ёфтан дар ин намуди Аз наздикон сарзаниш варзиш падарам диданд, ки ман аз мешунид, то либосҳои нозукиҳои варзиш бохабар гаштахоси духтаронро пӯшад. му варзишро пешаи худ қарор додам. Ӯ интихобро ба худи ман гуОхир ҳарчанд бонуст, зошт: гӯштин ё бокс? Ман боксро дар худ хислатҳои интихоб намудам. Зеро аз хурдӣ мардонаро медид. дар кӯчаҳо бо писарон муштзанӣ Муштзанӣ мекард. Гоҳмекардам ва ин намуди варзиш аз гӯштин дида ба дили ман наздикгоҳ писарони деҳаро тар буд. латукӯб менамуд. Зеро - Хотирмонтарин лаҳзаҳои хислати муштзанӣ аз кӯдакиатон кадом аст? хурдӣ дар ниҳодаш - Дар даврони кӯдакӣ духтануҳуфта буд. Баъди рон лухтакбозӣ мекарданд. Ман бошам, лухтак надоштам. Лухтаки духтари қадрас шудан, ман дастпушакҳои варзишиам буд. бисёриҳо тавсияи ба шавҳар баромаданашро Ҳар гоҳе ки бо онҳо барои бозӣ мебаромадам, ҳатман бо писамедоданд. рон занозанӣ мекардам. Зеро ман Меандешиданд, ки шояд дугона надоштам. Ин лаҳзаҳое аст, ки даврони кӯдакиамро ба аз муштзанӣ канор хотир меорад. Аз ҳама лаҳзаи равад... фаромӯшнашаванда дар кӯдакӣ Дар ҷумҳурӣ ягона бароям ҳамин аст, ки вақте барои духтараке буд, ки бо мусобиқа ба шаҳри Қӯрғонтеппа
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
АДАБИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Субҳи содиқ ҷавон бо модараш хайру хуш намуда, ба роҳи калон баромад. Ӯ хаёлан бо зодгоҳаш-деҳи хурде, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбаланд воқеъ буд падруд гуфт ва дилаш ноором метапиду хавосаш парешон мешуд, ки оё аз имтиҳони мактаби олӣ гузашта метавонад ё не… Ҳанӯз 12 сол дошт, ки падараш ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд ва модари муштипар бо меҳнати сангину арақи ҷабин ӯро калон кард. Дар мактаб нағз мехонду устодон аз ӯ розӣ буданд. Баъди дарсҳо бошад, бузу бузғолаҳо ва ягона гӯсолаеро, ки тағояш тӯҳфа карда буд, пешандоз карда, ба саҳро мебурд. Ҷонваронро ба чаро сар дода, назди модар мешитофт. То ғуруби офтоб ба модар ёрӣ медоду як дарза алафи даравидаашро пушторакунон молҳояшро пешандоз карда, хона меомад. Тағояш, ки шахси саводнок буд, ҳар шом бо ӯ машғулият мегузаронд. Амакаш, ки дар ҳамсоягӣ мезист ва варзишгари номдор буд, ҳар пагоҳ бо ӯ машқи бадан мекард. Чи ҳунару малакае дошт, ба ҷавон ёд медод. Хуллас, чун мактабро хатм намуду мақсади дар шаҳр давом додани таҳсил кард, ҷавони тануманду баркамол ва ҳалиму боодоб шуда буд. Бо исрори тағо ва амакаш модар ба рафтани ӯ розӣ шуд. Бо муваффақият имтиҳон супурда донишҷӯи мактаби олӣ шуд. Ҳамчунин ба корхонае ба сифати коргар ва шабона ба ҳайси посбон ба кор даромад. Зеро мехост бо ин роҳ ба модараш ёрии моддӣ расонад. Хушахлоқ ки буд, дар корхона ҳама ӯро мешинохтанду ҳурмат мекарданд ва ҳамчун фарзанд дӯст медоштанд. Ӯ дар посбонхона мезист, ки аз ду ҳуҷра иборат буд. Мӯйсафеде, ки як рӯз пас ӯро иваз мекард, феълу атвори хубашро дида, фарзандвор дӯсташ дошт. Аз
хона барои ӯ ҳар гуна хӯрок меовард ва дар корҳо ба ӯ ёрӣ мерасонд, то вақт ёбаду дарсҳояшро аз худ кунад. Солҳои таҳсил чун мижа задан гузаштанд. Дар ин миён ҷавон ба духтаре дил баст. Духтар аз оилаи сарватманд буд. Падари духтарак соҳибкори бузург буду дар хориҷи кишвар корхонаҳои бузург дошт. Духтар ҳарчанд соҳибҷамолу зебо бо сарвати падар менозиду мағрур буд. Ин буд, ки басе эрка-
ву нозпарвар калон мешуд. Ҳар касро писанд намекард. Ҷавони шефта мекӯшид, ки бо кадом роҳе набошад дили ӯро ёбад… Дар ин муддат ҷавон дар корхона ба мартабаҳои боло расид. Ҳатто роҳбари ҳамон корхонае таъин шуд, ки чанд сол пеш коргари қаторӣ буду ҳам посбонаш. Дунё ҳам дигар гашт. Корхона шахсӣ шуду ӯ тавонист онро бихарад. Хуллас, одами давлатманд шуд, аммо сарвату дороӣ заррае
ӯро тағйир надод. Ҳамоне буд, ки буд. Балки меҳраш ба духтари дӯстдораш афзуд. Ҳарчанд нозу эркагии духтар низ бамаротиб афзун мегашт. Инак, ҷавон ҳама мушкилотро паси сар карда, ба муродаш расид. Рӯзи тӯй таъин шуд. Дар яке
Ашрафи АФЗАЛ, рӯзноманигор
ҶАВОНМАРДӢ ҳикоя
аз тарабхонаҳои машҳур бо харҷи калон базм орост. Аз зодгоҳи дурдасти кӯҳистон наздикону пайвандонро ба тӯй даъват кард. Базм дар хурӯш буд. Дугонаҳои арӯс як-як ба навхонадорон таманниёти ширин мекарданд. Ровӣ дар васфи модар суханҳои пурҳикмате аз бузургон қироат карда, модари домодро назди баландгӯяк хонд, то ба арӯсу домод дуову фотиҳа диҳад. Дар зери қарсаки ҳозирин модар сӯи саҳна роҳ гирифт. Пиразани нерӯи ҷавониашро зиндагӣ хӯрда, пичаҳои сафедгаштааш зери рӯймоли сафеди докааш намоён, дастони шахшӯли дар меҳнат обутобёфтаи худро молиш дода, бо қадамҳои устувор, зери нигоҳи кунҷковонаи меҳмонон бардамбардам қадам мезад. Чашмони ҷавон аз хурсандӣ медурахшиданд ва ӯ бо меҳр ба модар менигарист. Ӯ дар ин ҳолати болидаруҳӣ ҷониби арӯс нигоҳе афканд. Арӯси нозанину дилрабо бо дидани кампири лоғару офтобхӯрдаи деҳотӣ, рӯй турш карду абрӯ дарҳам кашид.
Ин нигоҳи дилбари танноз чун тире ба қалби ҷавон расид ва ӯро карахту ҳайратзада кард. Ӯ бо шаст аз ҷой хесту ҷониби модар рафт. Модар ҳанӯз фотиҳа надода, дид, ки писараш сӯи ӯ меояд. Писарро ба оғӯш кашиду бӯсид. Ҷавон баландгӯяк ба даст гирифта, рӯ ҷониби меҳмонон карду гуфт: - Ман модарамро мефурӯшам. Кӣ мехарад? … Аз ин рафтори ногаҳонии ҷавон ҳама ҳайратзада шуданд. Хомӯшӣ ҳукмрон гашт… Ба шунидаҳо ҳозирин бовар накарда, чашм аз домод намеканданд. Ҷавон гуфтаҳояшро такрор кард. Ҳеҷ кас ёрои сухан гуфтан надошт. Ниҳоят ҷавон афзуд: - Ман худам мехарам. Бо тамоми дороиям, бо ҷони ҷавонам, бо тамоми ҳастиям, - ва ҷавон дасти модарро бӯсиду ӯро ба оғӯш гирифт. Ӯ боз ба меҳмонон савол дод: - Духтарони зебо, кӣ мехоҳад ҳамсари ман бошад? Ҷиддӣ мегӯям. Аксари меҳмонони толор, ки духтарони ҷавон буданд, беихтиёр даст бардоштанд. Яке аз аввалинҳо шуда дугонаи арӯс, ки дар бари ӯ менишаст, даст боло кард. Ҷавон ин духтари шармгину хушрафторро аз рӯзҳои аввали шиносоӣ бо дилдодааш мешинохт. Ӯ ба толор чашм дӯхт ва баргашта ба арӯси зебову ҳайратзада муроҷиат кард: Ту дигар даркорам нестӣ! Арӯсе, ки аз дидани модари ман рӯй турш мекунад, қабулаш надорам... Ҷавон дугонаи арӯсро ба наздаш хонд. Дасти ӯро гирифта гуфт: - Агар розӣ бошӣ, келини модари ман шав. Ӯро ҳурмат кун, туро болои сар мебардорам… Хомӯшии толорро қарсаки пурмавҷи меҳмонон, ки ҳамаро бо чашми сар медиданд, фаро гирифт…
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМ Нуруллоҳи ОРИФ “Ҷавонони Тоҷикистон”
Амир Сайиди Мункӣ, шоир
Парчами баланд Эй парчами баландам, Ҳастӣ ба дил писандам. Оред саҷда сӯяш, Эй халқи арҷмандам.
www.javonon.tj
Бо се намуд рангат Зебандаӣ, зебанда, Аз тоқи осмон ҳам Тобандаӣ, тобанда. Эй парчами баландам, Ҳастӣ ба дил писандам. Оред саҷда сӯяш, Эй халқи арҷмандам. Дар сояи қади ту Шаҳри ман аст хуфта.
Парчам
Шаб то ба рӯз васфат Бар моҳ қисса гуфта. Эй парчами баландам, Ҳастӣ ба дил писандам. Оред саҷда сӯяш, Эй халқи арҷмандам. Дорӣ ба чор гӯша Уқобвор парвоз. Қадри ту пос дорем, Мо миллати сарафроз. Эй парчами баландам, Ҳастӣ ба дил писандам. Оред саҷда сӯяш, Эй халқи арҷмандам.
Ҷумъаи МИРЗО, рӯзноманигор
ЛИВОБАРДОР Хушо, эй Оли Сомонӣ, зи ту хушбахту пуршонем, Зи ту бо шаҳди Истиқлолу Ваҳдат шоду хандонем. Намеёбад газанд асло Ватан, ганҷат чу дар қалб аст, Ки мо ҳамчун варас дар ҳифзи мероси ниёгонем. Ҳар он авлоду аҷдоде ки аз мо рафт, дар ёд аст, Ки мо аз дудаи оритабору ҷадди Сомонем. Диёри гулбасар, рангат хазон дар дидаи кас нест, Пайи обод мондан, марзи сабзатро нигаҳбонем. Умедат аз тамоми қавми мо сарсабзии беш аст, Ба ин сарсабзиҳо аз сидқ содиқ бо дилу ҷонем. Ҳама бо ғайрату маърифату афкори фарҳангӣ, Ливобардори мулки нозанини Тоҷикистонем.
Эй мояи ифтихор, Парчам, Боло зи ҳама манор, Парчам. Ранги ту сафеду сурху сабз аст, Чун нақши гули баҳор, Парчам. Фахранд зи ту дар анҷуманҳо, Мардони ба нангу ор, Парчам. Аз қаъри ҳазорсола бар мо, Мондӣ ту ба ёдгор, Парчам. Чун Коваи қаҳрамони Тӯсӣ, Бахшида ба мо виқор, Парчам. Эй боиси иттиҳоди миллат , Дар гӯшаву ҳар канор, Парчам. Дар пояи туст гашта ҳалқа, Як не, ду не, сад ҳазор, Парчам. Дӣ халқ чу буд парча-парча, Додӣ ту ба мо мадор, Парчам. Бар чашм зиёву нур бахшӣ, Аз Ваҳдату аз Ҳисор, Парчам. Ҷовид чу номи Тоҷикистон, Боқист дар ин диёр, Парчам.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Тандурустї, сињатї
Дуруст кардан, бењтар кардан
…у осуда зиндагї кардан
Номи Ибн Сино
Роњрави пурпеч, ихтирои Дедал
Њайвони бисёрпои бањрї
Онро дар театр намоиш медињанд
Мубоњиса, мунозира
Шиму Фигураи …, геоли- метрї бос
Матои даруни либос – астар, болояш -?
Муќобили чашмгурусна
Бузкашї
шаймонї
Фароштурук, достак
Тўњфаи идона
Яке аз номњои Иблис
Дасту пои бењаракат дорад
Актёр ва варзишгар ...Ли
… Бобољон, шоири тољик
Сирри махфї
Давлат дар Африќо
Антоними «душвор»
Узви палатаи болоии парлумони ИМА
Асъори Литва
Раъду барќ, оташак
... Каренина аз асари Л. Толстой
Субњони …, овозхон
Капиталист
Эшон, вайњо
Наќши У. Раљаб дар филми «Муљассамаи ишќ»
Воњиди ченаки масоњати замин (4047 м)
Пойтахти давлати Босния
Дарё дар вилояти Архангелск;
«Шер» ба арабї
Нотавонї, сустї Шакли пурраи номи Оля
Ибодат
Тоза, шафоф
Вањдат, муттањидї
Завраќ Набард, љидол
Хамирпораи дар равѓан пухташуда Ихтисораи Љумњурии демократии Олмон (рус.)
Маркази вилоят дар Русия
Майдони ќиёмат Шањрбандари машњури Њиндустон
... Ниёзї, нависанда
…мат, яроќи оташфишон Рўи њамвори чизе
Ташкилоти љосусии Гитлер
Судхўр, фоизхўр
Андеша
Ноњия дар кишвар "... гунањ дар ин љањон кист, бигўй"
Дарё дар Хорватия
Мўй, кокул
Муфтхўр
Њотами ...
www.javonon.tj
Асосгузори адабиёти классикии форсу тољик
Муќобили «тўл»
Наргов
Равѓани гов
Дарё дар Басраи Ироќ , Евфрат ... Дункан, зављаи шоири рус С.Есенин
Мунтазир
Забони сунъї
Баъди он омин мегўянд
... и Маќдунї
Тамѓаи ќанди Русия
Аз њама азиз, баландќадр
…и Султон, овозхон
Тамѓаи автомат
... Николаев, дења, зодгоњи овозхони рус М. Турсунзода
… Степаненко, зани артист Е. Петросян Дарё дар Бошќирдистон
…- код, раќами рамзии сим-корт "... бубинед, љорўб дар дастам"
Тамѓа
Инсоф
Намак (ўзб.) ва кўли шўр дар Туркия
Шаппотї
Назир, баробар Партия
Яке аз «з»њои алифбои форсї
Худованд, Эзид
Газетаи «…ы и факты»
Њайратовар
Нависанда Садриддин ...
е-mail: javonontj@mail.ru
Мувофиќ, мутобиќ
Илми сагпарварї
Либоси варАфсўс, пузишї
Љурѓот
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №46 (9420), 19 ноябри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Зан ба шавҳари хасисаш: - Аз ту дилам монда истодааст. - Боз кадом пашша газид? - Баъди хонадоршавиамон ягон бор ҳам гул тақдим накардӣ. Ба фикрам мемураму гулдастаро намебинам. - Зиқ нашав, азизам! Агар мурдӣ, ба рӯи қабрат об пошида меистам, ки лолахасак барояд.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
*** Назди дукони гӯштфурушӣ нафарони зиёде дар навбат буданд. Қасоб ҳар якеро мутобиқи фармоишашон даъват мекард: Гусола кӣ буд? Гусфанд пеш биё! Ту гусфанд ҳастӣ? - Не ман гов.
*** Ҳар субҳ фикр мекунам, ки агар 5 дақиқаи дигар хоб кунам, аз хоб сер мешавам.
АНДАРЗ
Арзиши ҳақиқии ҳаёт Боре сиёсатмадори бузурги Ҳиндустон Гандиро барои суҳбат бо сарвазири Англия Черчил ба Англия даъват мекунанд. Ганди даъватро пазируфта, ба Лондон меравад. Аммо сарвазир ӯро қабул намекунад ва сабаби қабул накарданашро чунин баён медорад:
www.javonon.tj
- Ман шуморо бо ин сару либосе, ки доред, наметавонам барои суҳбат қабул кунам. Шумо мисли дигарон либоси расмӣ пӯшида, худро ба тартиб дароред. Этикаро бояд риоя кард. Ганди ҷавоб медиҳад: - Шумо, рафиқ Черчил, намояндаи Англия буда, вазъи иқтисодии онро муаррифӣ мекунед. Метавонед либосҳои рангоранги қиматбаҳо пӯшед, ин бароятон ягон мушкил надорад, чунки Ватани шумо сарватманд аст. Лекин ман аз Ҳиндустонам ва иқтисоди онро муаррифӣ мекунам. Пас ман бояд мисли ҳама мардуми Ҳиндустон бошам ва либосе монанди либоси мардуми кишварам ба бар кунам. Мо - ҳиндуҳо имкони чунин либос пӯшиданро надорем, чунки Ватанамон қашшоқ аст. Дар ҳақиқат он солҳо халқи Ҳиндустон бениҳоят камбағал буд. Ганди бошад, имкони либосҳои қиматбаҳо пӯшидан дошт, лекин вай ҳамчун шахси оддӣ ва мисли мардуми камбағали Ҳиндустон умр ба сар мебурд. Вай чунин тарзи зиндагиро интихоб Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
намуда буд. Ӯ либосҳои қиматбаҳое, ки дигар сарватмандони Ҳиндустон мепӯшиданд, ба бар намекард, балки куртаи дарозе аз матои сафеди оддӣ ва ба ҷойи пойафзол бошад, кафши оддӣ мепӯшид, ки аксари мардуми Ҳиндустон мепӯшиданд. Вале сарвазири Бритониё, аз сухани худ нагашта, чунин мегӯяд: - Агар худро ба тартиб дароварда, либоси расмӣ пӯшида наоед, ман шуморо қабул карда наметавонам. Ҳарчанд он суҳбат барои Ганди ва кишвараш муҳим буд, ӯ ноилоҷ суҳбат анҷом надода, ба Ҳиндустон бармегардад. Рафтори Гандиро халқи Ҳиндустон ситоиш ва дастгирӣ намуда, бо ӯ ҳамчун шахси ватандӯст фахр мекунанд. Аммо рафтори Черчил дар Бритониё боиси ғазабу маломати васеи мардум мегардад. Барои ҳамин, англисҳо маҷбур мешаванд, ки Гандиро дубора барои суҳбат даъват намоянд. Ин дафъа шарт намегузоранд, ки либосашро иваз карда биёяд. Яъне ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, қабул мекунанд.
Писар ба падараш, ки фарши хонаро тоза мекард: - Падар, дуруст аст, ки дар Шарқ мард то хонадор нашавад, занашро намешиносад? - Дар ҳамаи давлатҳо чунин аст, писарам.
Ҳангоми вохӯрӣ аввалин саволе, ки Ганди аз Черчил мепурсад, ин аст: - Шумо бо ман гап задан мехоҳед ё бо сару либосам? Черчил хомӯш меистад. Ганди суханашро давом медиҳад: - Шумо ба чизҳои майда чуйда аҳамияти бештар медиҳед. Албатта, шумо сарватманд ва корманди шоистаи давлатӣ буда, сиёсатмадори варзидаед, вале арзиши ҳақиқии ҳаётро дарк намекунед. Черчил аз ин суҳбат маълум мекунад, ки ҳарчанд Ганди як инсони бенаво, фақиру камбизоат намояд ҳам, дили бузург дорад. Дар ниҳоди ӯ ҷавҳраи олие ниҳон аст. Меандешад, ки Гандиро метавон пушти ҳафт қабат панҷара зиндонӣ кард, аммо наметавон руҳи ӯ, дили ӯ ва ниҳоят идеали ӯро ҳабс кард. “Метавон ба зоҳири ӯ (ҷисмаш) ғолиб шуд, аммо имкон надорад, ки ботини ӯро мағлуб гардонд.
*** Ҷавони 20-солае аз кӯча мегузашт, ки дар шишаи тирезаи тарабхона эълонро дид: “Хӯрокро Шумо хӯред, пулашро набераатон пардозад!” Эълон диққати ҷавонро ҷалб мекунад, ӯ ба тарабхона даромада мепурсад: - Дар ҳақиқат пули хӯрокро набераам пардохт мекунад? - Сад дар сад, ҷавони нағз! Ҷавон пушти мизе нишаста “меню”-ро ба даст гирифт ва ҳарчи дилаш мехост ба пешхизмат супориш дод. Вақти рафтан хайрухӯш карда, хост аз дар барояд, ки пешхизмат ҳисоберо ба дасташ дод: “200 сомонӣ...” навишта шуда буд дар он. - Ин чӣ аст, охир нагуфтед, ки ҳаққи хӯрокро аз ман намегиред?- бо ҳайрат пурсид ҷавон. - Бале, аз шумо намегирем. Ин пули хӯроки бобоятон аст!
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
ЭЪЛОН
МЕФУРӮШАМ Вагон бо қуттиҳои занбӯри асал ба фурӯш гузошта мешавад. Телефон барои тамос: 918 45 40 45 •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7670 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»