Ҷавонони Тоҷикистон, №46 (9472), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№46 (9472), 17 ноябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

 ҲАМОИШИ ҶАВОНОН

Эмомалӣ Раҳмон Президенти варзишпарвар

Аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон шодем

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

 16 НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи Президент иди миллии мост

Рӯзи Президент ҳадяи таърих аст Паёми табрикотии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад! Ҷавонону варзишгарони сарбаланди кишвар! Саҳифаҳои таърих гувоҳи он аст, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳӣ, тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуд. Дар таърихи навини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебо-

шад, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдорӣ, балки эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки мо соҳиби давлат шудему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтем. Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси тоҷик, махсусан ҷавонону варзишгарони саодатманду сарбаланди тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд. Боиси тазаккур аст, ки қатъи назар аз вазъи душвори давраи гузариш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои мил-

лат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидан ва мавқеи хоса пайдо намудан онҳо дар ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан мебошад. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадяи таърих аст, ки онро бояд гиромӣ дошт. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба кулли мардуми тоҷик муборак бошад.


2

Эмомалӣ Раҳмон: Рассомон қосиди сулҳу дустӣ ҳастанд

АХБОРИ ҲАФТА

11 ноябри соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

Қадрдонии кормандони ВКД аз ҷониби Пешвои миллат 10 ноябр Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда моҳи июни соли 2013 оғоз гардида буд. Барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмуъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат мебошад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба чанд оилаи хуштолеъи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалокгардида калиди хонаҳоро тақдим карданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматӣ санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ

ҳусни оғоз бахшиданд. Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавбгӯ ба талабот бунёд кардани бинои нави истиқоматӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд. Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ - Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз бо рутбаи махсуси навбатии Генерал - майори милитсия сарфароз гардонда шуд. Зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъми-

ни амният ҳидоят намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои беҳдошти шароити иҷтимоии оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва бо манзили зист таъмин кардани онҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо манзилҳои хуштарҳу замонавии истиқоматӣ бунёду ба истифода дода шудааст. Баҳри таъмини шароити мусоиди кору хизмат бошад, аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар идораҳои маъмурӣ, омӯзишгоҳҳо, майдонҳои муосири машқу тамрин бо тамоми таҷҳизоти низомию варзишӣ, ҳамчунин осоишгоҳҳои замонавӣ бунёд шудааст, ки кормандон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.

Як маҷмааи бузурги варзишии дигар бунёд мешавад Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид ба амал оварданд. Маҷмааи варзишии мазкур аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд. Бинои Муассиса давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар дастуру ҳидоят ва супоришҳои судманду мушаххас доданд.

Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ба ин хотир ин макон ба таври идона ороста шуда буд. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузошта буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани табрикотӣ таъкид намуданд, ки рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки иштирокчиён бо истифода аз фурсати мусоид аз манзараҳои рангини Тоҷикистон, аз ҷумла зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои мухталифи диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд. Роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён ба меҳмони олиқадр барои ширкат дар ин чорабинӣ изҳори сипос карда, аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қосиди сулҳу ваҳдати нопайдоканори тоҷикон армуғони хотиравӣ як мусаввараи нодир тақдим намуд. Дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра супорида шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифтанд. Пешвои миллат сипас дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»-ро расман ифтитоҳ намуда бо ҳунару санъати волои рассомон ва намунаи офаридаҳои онҳо аз наздик шинос шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногуни дунё аз Осорхонаи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, боздид ба амал оварданд.

Аксари ҷавонон ихтиёрӣ омадаанд Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи мамлкат нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ то 15-уми ноябр 98% иҷро шудааст. Дар 46 рӯзи даъват вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кардаанд. Танҳо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаро 92% иҷро намудааст. - Хурсандиовар он аст, ки бештари ҷавонони синни даъватӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ омадаанд ва аз “облава” имсол сухане ё шикояте ба Вазорат ворид нашуд. Ин ҳама аз он

шаҳодат медиҳад, ки хизмат дар Артиши миллӣ нисбати солҳои пеш бо тадриҷ хуб шудааст. Агар ба омор диққат диҳем, маълум мегардад, ки ҷараёни сафарбарии ҷавонон ба Артиш дар муқоиса бо мавсимҳои гузашта хело беҳтар шудааст. Чанд сол пеш ҷавонон аз мавҷуд набудани шароити буду бош ва таъмини маводи ғизоӣ дар қисмҳои низомӣ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекарданд, аммо хуш-

бахтона, имрӯз дар ҳамаи қисмҳои низомии Артиши миллӣ шароити хуби хизмат ва сари вақт бо маводи зарурии ғизоӣ таъмин намудани сарбозон фароҳам аст.афзуд Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар. Воқеан, сабаби афзудани шумораи ихтиёриён ба беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ,

дурӯст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ марбут аст. Сокинони ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе - Ҳумайни Раҷабов, Наврӯзали Холов, Садриддин Мирзоев, Маъруф Гулов, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омадаанд ҳангоми суҳбат зикр намуданд, ки “Ин сарзамин Ватани мост, мо онро бояд ҳимоя кунем. Бояд мо - ҷавонони бонангу номус нагузорем, ки ягон ифротиву хоин тинҷиву оромии миллати моро халалдор намоянд. Бояд бар зидди ин гуна шахсон мубориза бурда, Ватани азизи хешро ҳифзу ҳимоя намоем”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


3

Шашумин ғалабаи футболбозони тоҷик бар тими Афғонистон

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

13 ноябар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозии дӯстона анҷом дод.

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Дар ин дидор футболбозони тоҷик бар ҳарифони худ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Ягона голи ин вохӯриро Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими Тоҷикистон дар дақиқаи 74 ба ҳадаф расонд. Бозии дӯстонаи тимҳои Тоҷикистону Афғонистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 баргузор гардид. Бозии мазкур бо иштироки 13 000 мухлис баргузор гардид. Ин шашумин бозӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Афғонистон буд. Шаш бозӣ бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфтааст. Дастаҳо бо чунин ҳайат ба майдон баромаданд: Тоҷикистон: Алишер Додов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 83), Нозим Бобоҷонов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 54), Искандар Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 42), Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев (Бахтиёр Чориев, 86), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 86), Мӯҳсинҷон Парпиев (Сиёвуш Асроров, 54). Афғонистон: Увайс Азизӣ, Алихил Абоссин, Амин Ҳасан, Саидхони Масеҳ, Зубайр Амирӣ, Файсал Шаиста (Шарифи Амируддин, 86), Нуруллоҳ Амирӣ (Задран Нур, 66),Ҷамоли Муҷиб (Мустафо Озодзой, 80), Аҳмад Ораш Ҳотифӣ, Милод Салом, Тоҳир Каничка (Фардин Ҳакимӣ, 80). Огоҳонида шуданд: Мӯҳсинҷон Парпиев, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон), Алихил Абоссин, Аҳмад Ораш Ҳотифӣ, Саидхони Масеҳ, Амируддин Шарифӣ (Афғонистон). Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон: - Бозии дӯстона: Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0, 9 ноябри соли 2005, Душанбе; - Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ: Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0, 3 августи соли 2008, Ҳайдаробод, Ҳиндустон. - Бозии дӯстона: Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0, 17 ноябри соли 2010, Душанбе; - Бозии дӯстона: Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2, 4 июни соли 2013, Қӯрғонтеппа; - Бозии дӯстона: Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0, 4 майи соли 2014, Душанбе; - Бозии дӯстона: Тоҷикистон– Афғонистон – 1:0, 13 ноябри соли 2016.

Се медали биринҷии самбочиён 11-13 ноябр дар шаҳри Софияи Булғористон чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди самбо баргузор гардид. Дар он 8 варзишгари тоҷик- Ҷомии Ҳасан (52), Акмалиддин Каримов (-57), Хушқадам Хусравов (-62), Мустафо Ҳасанов (-68), Ҳамроз Раҷабов (74), Зафар Олимшоев (-82) Комроншоҳи Устопириён(90 ) ва Шамшод Абдуллоев (-100) кило иштирок намуда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд. Медалҳои биринҷиро Ҷомии Ҳасан дар вазни то 52 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 74 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба ватан оварданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 80 давлати дунё иштирок намуда, аз рӯи 9 вазн, оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои рамзӣ миёни мардон қувваозмоӣ наму-

данд. Паҳлавонони тоҷик Тоҷикистонро аз намуди самбои варзишӣ миёни мардон муаррифӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Марокаш баргузор гардид, варзишагрони тоҷик ду медали нуқра ба даст оварда буданд. Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило ва Набимуҳаммад Хоркашов дар вазни 100 кило медалҳои нуқраро соҳиб шуда буданд. Баъди қаҳрамони ҷаҳон гардидани Саидмуъмин Раҳимов соли 1975 дар шаҳри Мински Беларусия, то ҳол самбочиёни кишвар медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро миёни калонсолон ба даст наовардаанд.

ШОДИХОНИ НАЗАР

КФ “Истиқлол” ба сарпарастон ва ВАО миннатдорӣ байён намуд Дар меҳмонхонаи «Hyatt regency»-и пойтахт маросими расмии супоридани медалҳои тиллои Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Ҷоми чемпионӣ баргузор гардид. Ҳар ду ин ҷоизаҳо ба КФ «Истиқлол»-и Душанбе супорида шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ дучор гаштааст. Қаҳрамони «Истиқлол» барои дастгирӣ ва роҳбарони Кумитаи ҷавонон, вар- Тоҷикистон дар мавсими Футбол - саҳмгузорӣ ба сарпарастон ва зиш ва сайёҳии назди Ҳукумати 2016 ба дарвозаи ҳарифон 67 тӯб намояндагони ВАО дар мавсими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФФТ, сарпа- зада, аз дарвозааш 20 тӯб гирифта, соли 2016 минатдории худро баён растон, меҳмонон ва намояндаго- 45 холро соҳиб гардидааст. карда, ба онҳо ифтихорномаву ни ВАО ширкат намуданд. Ҳайати дуюми ҷавонони ҷоизаҳо ҳадя намуд. Гуфта шуд, ки тими «Истиқлол»-и «Истиқлол» низ дар мубориза баЁдрас мешавем, ки тими Душанбе дар мавсими Футбол- рои медалҳо аз ҳамаи дастаҳо пеш «Истиқлол» дар мавсими футболи 2016 аз 18 вохӯрӣ 14 ғалаба кар- гузашта, соҳиби ҷои аввал шуд. соли 2017 бо сармураббии тозада, се бозиро мусовӣ анҷом дода- Ҳайати дуюми ҷавонон ҳам бо ме- интихобаш Мӯҳсин Муҳаммадиев аст. Танҳо дар як вохӯрӣ бо дастаи дал ва Ҷом сарфароз гардиданд. рақобатҳоро оғоз мекунад. «Равшан”-и Кӯлоб ба мағлубият Дар охир роҳбарияти КФ

Пирӯзии тими Тоҷикистон бар Туркманистон Шоми 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Туркманистон бозии рафиқона анҷом дод. Дар ин дидор мунтахаби Тоҷикистон ба дарво- кандар Ҷалилов (Эраҷ Раҷабов, 88), Нуриддин заи меҳмонон 3 голи беҷавоб заданд. Давронов (Фаридун Шарифов, 89), Фатҳулло Манучер Ҷалилов, ҳамлагари тими мунтахаби Фатҳуллоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 63), Нозим Тоҷикистон хетт-рик намуда, се голро ба номи худ Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 76), Парвизҷон Умармуҳр зад. Голҳо дар дақиқаи 35, 39 ва 60 вориди боев (Муҳсинҷон Парпиев, 83), Ҷаҳонгир Эргашев, дарвозаи меҳмонон гардид. Манучеҳр Ҷалилов (Бахтиёр Чориев, 69). Дастаҳо бо баргузории вохӯрии рафиқона Туркманистон: Маммет Оразмухаммедов (Бамаҳорати худро баҳри бозиҳои интихобии Чемпи- тир Гелдиев, 46), Бегли Мередов (Сердаралӣ Атаев, онати Осиё санҷиданд. Ин нуқтаро Ҳаким Фузайлов 84), Шохрат Суюнов, Мекан Сапаров, Арсланмурат дар нишасти матбуотие, ки пеш аз бозӣ баргузор Аманов, Бахтияр Хоҷаахмедов, Сулейман Мухадов гардида буд, таъкид намуда иброз дошт, ки “ин бозӣ (Вахит Оразсахедов, 66), Сердар Аннаоразов, Артур барои тими мо муҳим аст ва даста омода меша- Геворкян, Иля Тамуркин, Элман Тагаев (Гуванч Абивад ба бозиҳои Ҷоми Осиё. Мақсди асосии мо ба лов, 66). бозиҳои финалии Ҷоми Осиё роҳхат гирифтан аст”. Огоҳӣ: Ҷаҳонгир Алиев (Тоҷикистон), Элман ТагаЁдовар мешавем, ки ин бозии ҳаштуми дастаҳои ев, Арсланмурат Аманов (Туркманистон). мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар 24 соли Аз майдон ронда шуд: Ҷаҳонгир Эргашев охир буд. Аз ҳашт бозӣ дар сетояш футболбозони (Тоҷикистон), 90+4 корти зарди 2-юм. туркман ғолиб омада, се бозии дигар бо пирӯзии Довар дар майдон: Денис Измайлов футболбозони тоҷик анҷом ёфта, ду бозӣ мусовӣ (Қазоқистон). шудааст. Ёварони сардовар: Санҷар Искаков, Самат ТерБозии рафиқона: геусизов (Қазоқистон). Тоҷикистон — Туркманистон 3:0. Довари эҳтиётӣ: Александр Алиев (Қазоқистон). Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Сиёвуш АсКомиссари вохӯрӣ: Азизҷон Достиев роров, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Ис- (Тоҷикистон).


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

Дар симои ҳар зан фоҳишаро дидан аблаҳист

МУШОҲИДАИ “ҶАВОНОН”

Шоми 10 ноябр аз кор дертар баромадам. Тақрибан соат 18 буд. Дар истгоҳи НАЗДИ Сирки давлатӣ интизори нақлиёт будам, ки наздам як духтари тахминан 16-17 сола омад. Эҳсос мегардид, ки меларзад. Ранги рӯяш низ аз тарс сафед шуда буд. Бо овози ларзон хоҳиш кард: -Акаҷон, мумкин аст, ман дар назди шумо истам? Ман дар сонияи аввал каме карахт шуда надонистам, ки чӣ ҷавоб диҳам, аммо зуд ба худ омада “албатта” гуфтам ва аз ӯ сабаби парешонҳолиашро пурсидам. Дар ҷавоб бо сараш ба мошини гаронбаҳои хориҷӣ, ки каме дуртар аз истгоҳ меистод, ишора намуда гуфт: -Ин мошин 15 дақиқа мешавад, ки аз паси ман аст. Ронандаи аҳмақ маро маҷбур карда истодааст, ки ба мошинаш бишинам. Ҳатто ӯро дашном ҳам додам, аммо гӯш намекунад ва суханони фаҳш мегӯяд. Саросема ба сӯи мошин нигоҳ кардам, то ки рақамҳояшро навишта гирам. Аммо ронанда чизеро дарк кард, ки босуръат ҳаракат намуд. Танҳо ҳаминашро дидам, ки тамғаи мошин BMW буд ва ранги сиёҳ дошт. Мутаассифона, рақамҳои онро пурра дида натавонистам. Вақте мошин рафт, духтарак оҳи сабук кашиду ба ман чунон миннатдорӣ кард, ки гӯё ӯро аз марг наҷот дода бошам. Аз суҳбати кӯтоҳ маълум гардид, ки ӯ Сабоҳат ном дошта, хонандаи синфи 10, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт будааст. Баъд аз он ки духтарак рафт, худ ба худ гуфтам, ки бадбахтона, баъзе аз ашхоси тангназар ҳамин ки соҳиби мошини гаронбаҳои хориҷӣ шуд, дар симои ҳар духтар ё зане, ки бо сабабҳои гуногун бегоҳ ё дертари он дар рӯи раҳ интизори нақлиёти мусофирбар аст, бероҳаву фоҳишаро мебинанд. Фаҳмашон намерасад, ки зарурати рӯзгор, корҳои идорӣ ва монанди ин маҷбур мекунад, ки хонумҳо дертар ба хона раванд ва рӯзе чунин ҳолат ба хоҳару ҳамсари онҳо низ рӯх медиҳад. Дар ҳақиқат имрӯз чунин амалҳои зишти баъзе мардон бештар ба чашм мерасад ва чунин мисолҳоро зиёд овардан мумкин аст. Онҳо чунон фосиқ шудаанд, ки эҳтиром ба занро аз даст додаанд. Бо чунин амалҳои аҳмақонаашон имрӯз ҷомеаро касод кардаанд. Бархеи онҳо шарм надошта, рӯзи равшан дар назди бонувон нақлиёти худро нигоҳ дошта, бо суханони таҳқиромез ва баъзан каломи ширину маккоронаи худ онҳоро бо мақсади қонеъ кардани нафси ҳароми хеш даъват мекунанд. ...Инсон мавҷудест, пур аз зиддият, хубиҳову бадиҳо, дӯстиҳову душманиҳо, ахлоқи ҳамидаву ноҷо. Дар арсаи таърих инсонҳое ба дунё омадаанд, чун паёмбарону расулон, шоҳону сарватмандон, олимону адибон, ки ҳамаи онҳоро зан-модар ба дунё овардааст. Зан нишони покиву иффат ва ростиву озодагист. Зан сафобахшандаи рӯҳ ва ҷилодиҳандаи хонадон аст. Баракати зиндагӣ аз вуҷуди ӯст. Дар манзиле, ки зан нест, он сарду бетароват аст. Маҳз зан аст, ки манзили моро обод медораду зиндагиро ширину гуворо месозад. Пас, чаро мардоне, ки ба ин амали бад даст мезананд, ба қадри зани тоҷик, ки боиффатарин зани дунё ба ҳисоб меравад, намерасанд ва бо чунин корҳои бади худ номи духтари тоҷикро паст мезананд? Барои ҳамин, мардони азиз, пеш аз ҳама шумо қадри зан, махсусан зани тоҷикро бидонед. Фаромӯш накунед, ки занро Худованд боарзиштар аз сангҳои қимматбаҳо офаридааст, ки онҳо дар сари роҳ ва дар маърази тамошои ҳама қарор надоранд, хеле ноёбу азиз ҳастанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Биёед, бемор намешавем! Инсонҳо маъмулан ба худ ҳадаф мегузоранд, ки кариера кунанд, сарватманд шаванд... аммо кам касоне ҳастанд, ки ҳадаф гузоранд, ки “ман кӯшиш мекунам, то бемор нашавам”. Ба назари мо инсон бояд дар хусуси бемор нашудан ҳам ҳадаф дошта бошад. Бемор нашудан ба маънои он, ки давоми як сол бистарӣ нашуда, аз грип эмин монда, аз табу гулӯдард ранҷ накашида, рӯзҳои солимбудаамонро ҳарчи бештар афзоем. Агар имкон бошад 365 рӯз худро аз бемориҳои болозикршуда дур нигоҳ дорем. Оё чунин шуданаш имкон дорад? Набояд, чандон душвор ё номумкин бошад. Танҳо месазад, ки ба чанд нукта диққат дод. Масалан, либосро ба фаслҳои сол мувофиқ пӯшид, ба тозагӣ риоя кард, хӯрокамонро дуруст интихоб намуд, миқдори хӯрокро кам кард ва вобаста ба солим мондан китобҳои заруриро мутолиа намуд. Дар баробари ин асабро хуб нигоҳ доштан, машғулиятҳои ҷисмониро афзудан, хушҳол будан ва барои хушҳолӣ сабабу василаҳо ҷустан, бо аъзои оила муомилаи хуб намудан, дӯстӣ варзидан, истифодаи маблағро дуруст ба роҳ мондан, яъне ба қадри кӯрпа по дароз кардан барин масъалаҳоро ҳам аҳамият додан даркор. Дар масъалаи хӯрок... Мо ба маҳсулоти гӯштӣ бештар таваҷҷуҳ дорем. Ҳол он ки агар ғизои гӯштиро кам карда, ба ҷои он меваи тару тозаро бартарият диҳем, ба тавсияҳои бузургон гӯш дода ба камхӯрӣ одат кунем, аз ғизоҳои ба қавле “химикат” то қадри имкон худдорӣ намоем, метавон аз хатари фарбеҳшавӣ ё гирифторшавӣ

ба баъзе бемориҳо эмин монд. Ба қоидаҳои тозагӣ риоя карда, дасту тану дандонҳоро шустан ҳам метавонад чанде аз бемориҳоро пешгирӣ кунад. Ҳини либоспӯшӣ аз “зебо намоям”, “сабук гардам” (бисёриҳо барои он, ки либоси ғафс дар зимистон вазнин аст, пӯшиданашро хуш надоранд) дида, ба худро муҳофизат карданамон диққат диҳем беҳтар аст. Дар мо, мутаассифона, фарҳанги китобхонӣ ба ҳадде заифу беҷон гаштааст, ки мурдан дорад. Вале агар ҳар моҳ шахс вобаста ба саломатиаш як китоб мехонд, масъалаи саломат мондан аз зеҳнаш дур намемонд ва дар атрофи ин масъала фикр мекард. Гузашта аз ин, китоберо хонда тамом кардан ба кас ҳаловат ва оромиш мебахшад. Яке аз сабабҳои асосии бемориҳо муносибат ё робита нодуруст бо атрофиён аст. Агар муносибат ё робита хуб нест, зуд бемор шудан мумкин. Зеро аз муносибатҳои носолим асабоният, рӯҳафтодагӣ ба миён омада, боис ба бемориҳои дигар мешавад. Бинобар ин зарур аст, ки бо атрофиён ва аҳли оилаамон василаҳои муносибати дуруст, ширину гуворо ба роҳ монданро пайдо кунем. Дӯстони хуб доштан ҳам аз манфиат холӣ нест. Яке аз сабабҳои ассии ба даст овардани нишоту болидахотирӣ он аст, ки бо дӯстонамон суҳбату шӯхиҳо намоем, ҳар гуна бозиҳои шавқангезро ба роҳ монем...

Зимнан, проблемаҳои вобаста ба саломатӣ ба вазъи иқтисодӣ ҳам сахт алоқаманд аст, балки сарчашмаи асосиашон масоили молиявист. Онҳое, ки маошашон ҳеҷ бо сарфу харҷашон мувофиқ намеояд ва қарзҳояшон тамомшавӣ надоранд, бо сабаби стресси зиёд бемор шуданашон эҳтимол дорад. Барои ҳамин ҳар чи зудтар бояд қарзҳоямонро пардохт кунем, аз пайи дарёфт ё худ беҳтар гардонидани корҳо шуда, меҳнат кунем. Яке аз он чизҳое, ки солимии баданро таъмин мекунад, ба варзиш машғул шудан аст. Агар ба варзиш машғул намешавем, пас ба ҷои кор бо дучарха рафтан ҳам беҳтар аст. Гоҳо дар шишту хез, ҳатто пӯшидани ҷуробашон азоб кашидани пиронсолонро дида, хеле ғамгин мешавам. Барои инсон намоз гузоштан фоидаҳи зиёд дорад, ки яке аз онҳо ба саломатӣ вобаста аст. Ҳар хаму рост шудан худаш навъе машғулият ё гимнастикаест, ки ҳам руҳи кас об мехӯраду ҳам ҷисмаш. Агар мо барои “Бемор нашудан” ҳадаф гузорем, ин ғайриинтизори мо ба зиндагиамон низому тартиб ворид карда, барои ба даст овардани солимӣ дар якчанд самт кӯмак мерасонад ва талқин менамояд, ки ҳангоми интихоб бештар ба натиҷа диққат диҳем. Пас месазад, ки дар зиндагӣ чунин ҳадаф ҳам дошт... М. УСМОН, “ҶТ”

Марде майхора ва зане бечора - Занак, имрӯз пули шаробро намедиҳӣ? - Ҳоло чизе нафурӯхтаам. Дар ин субҳи барвақт пул аз куҷо ёбам? - Ту гапро намефаҳмӣ? Аз куҷо ёфтану наёфтанаш кори ту, ба ман бошад пул даркор! - Ҳаво сард аст, харидор нест. - Ин зани бефаҳмро бин, боз гап ҳам мегардонад.- гуфт марди майзада ба зане, ки дар роҳи назди бозори “Деҳқон” либосҳои куҳна мефурӯхт. Занак аз тарси шавҳари майхорааш ба зани дар барашбуда рӯ оварду зорикунон каме пул қарз хост. Он зан бо дили нохоҳам ғурғуркунон якчанд сомонӣ дароз кард. Зан пулро гирифта ба шавҳараш дод. Аз афташ пул кам буд, ки мард дар ғазаб шуда, ба ҳамсараш ҳамла намуду ӯро лату кӯб кард ва молҳои наздаш бударо ба ҳарсу ҳавола доду ҳақораткунон рафт... Ин манзараи ҳузновари дилхарош одамонро дар гирду атрофи зан ҷамъ намуд. Ҳамаи онҳо хомӯш ба ин саҳна менигаристанд. Касе ҷуръат намекард, ки ин зани азобкашидаро аз зери лату кӯби шавҳар халос

кунад. Зан ё аз сардии ҳаво буд ва ё аз тарси шавҳараш, дирдир меларзид. Ӯ ашкашро тоза карда, ба ҷамъкунии молҳояш шуруъ намуд. Аз чеҳраи зан маълум буд, ки дар зиндагиаш зиёд ранҷу машаққат кашидаасту ҳоло ҳам озор мебинад. Зеро ки рангаш зарду чеҳрааш хаста менамуд. Баъдан диққати маро суҳбати ӯ бо зани ҳампаҳлуяш ҷалб намуд. Аз суҳбаташон маълум гардид, ки зан соҳиби се фарзанди хурдсол аст. Пули савдояшро ба шавҳараш медиҳад, ки солҳо гирифтори майнӯшист. Ин зан ба хотири пардохти қарзҳои шавҳару хӯронидани кӯдаконаш дар сари роҳу назди биноҳо либосҳои куҳна мефурӯшад. Ду

фарзанди хурдсолашро фарзанди калонияш, ки 12 сол дорад, нигоҳубин мекунад... ...Имрӯз шароб сабаби аз даст додани хушбахтии оилае гаштааст. Шароб боис гардид, то фарзанде интизор бошад, ки “кай падарам аз нӯшидани шароб даст мекашаду бароямон сарпаноҳ мегардад? Кай модарам аз зери латукӯби падарам халос мешавад? Кай оилаи мо сарҷамъ мешаваду хушбахт зиндагӣ мекунем?” Насле, ки дар чунин муҳит ба воя мерасад ва тарбияи дурустро надидааст, аз ӯ чӣ гуна акфкору рафтору гуфтори неку солимро интизор шудан мумкин аст? Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”


5

Миллати сарбаланди тоҷик дар арафаи таҷлили Рӯзи Президент қарор дорад. Дар ин рӯзи наку доир гардидани силсилаи чорабиниҳои мухталиф шаҳодати эҳтироми бузурги миллат нисбат ба ҳодиву раҳкушову раҳнамо, наҷотбахшу адолатпарвар, Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбарони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, олимону муҳаққиқон ва дар маҷмуъ ҳама тоҷикистонӣ аз ин рӯз болида гашта, фикру таманниётҳои хешро иброз медоранд:

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Худ фидо дар роҳи паймон кардааст…

Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Пешвои миллат тамоми ноустувориҳоро бо руҳияи баланди хештаншиносӣ таҳаммул карда, дар доираи зиракии сиёсӣ, бо сарварони гурӯҳҳои тундрав роҳи созишро пеш гирифт. Суханрониаш аз минбари Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дили мардумро ба рӯзгори неку осуда ва саодатмандию фирӯзи гарм намуд. Миллат эътимоди қаввӣ пайдо кард, ки ин шахсият Ватанро аз нобуди раҳо мебахшад, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз нав месозад. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданаш, дар шоҳроҳи иқдомҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ ва ба миён овардани ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ қадамҳои устувор гузошт. Сулҳу ваҳдати милли ва арзишҳои муқаддаси ватандориро дар дохил ва хориҷи мамлакат аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфӯз ҳифзу ҳимоя карда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар гуфтугӯи тамаддунҳо алорағми бархурдҳои сиёсиву фарҳангӣ саҳми арзандаву ибратомӯз гузошт. Дар тафаккури оламиён як мақоми бозёфти нодири таърихӣ шинохта шуд. Ин аст, ки дар донишкадаҳои дипломатии бонуфӯзи дунё сулҳу ваҳдати Тоҷикистон маъбаду манбаи таҷрибаомӯзӣ қарор гирифта аст. Барои миллати тамаддунофари тоҷик рӯзи мавридшиносиву мавқеъпазирӣ, Рӯзи Президенти кишварро муборак мегӯям.

Миралиён Қиёмиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Аввалан, тамоми тоҷикистониёнро аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният менамоям. Ба даст овардани чунин як нишондиҳандаи муҳим барои миллат ва халқи Тоҷикистон кӯшишу талошҳои хело зиёдро талаб намуд. Ташаббус гардидани лоиҳаи Қонуни кишвар ва илова намудан ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” вобаста ба эълон доштани Рӯзи Президент 16 ноябр аз ҷониби ҷавонон басо рамзист. Зеро кишвари азизи мо дар сартосари ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад ва имрӯз синну соли миёнаи аҳолии мо биступанҷро ташкил медиҳад. Аз назари иқтисодӣ низ яке аз бойгариҳои асосӣ ва сарвати муътамад сарвати инсонӣ мебошад. Мувофиқан чунин як сарватро Тоҷикистон доро аст. Лоиҳаи тағйироти мазкур, ки бевосита аз ҷониби ҷавонон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи пешниҳод гардид, дар ин ҷода бояд изҳори сипос намоем. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2016 маъқул дониста шудааст. Албатта, то ин ҷониб тибқи тартиби муқарраргардида дар сатҳи вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳо мувофиқа гардид. Бо Қарори Шӯрои олии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ 4 апрели соли 2016 барои хулоса ба кумитаҳои МН ва дигар ниҳодҳои дахлдор пешниҳод гарид ва 15 апрели соли 2016 аз ҷониби МН МО ҶТ қабул гардид ва 14 майи соли 2016 ба имзо расонда шуд.

Абдухолиқзода Лутфия, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар ҳақиқат ҳам имрӯзҳо мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои бисёр ҳам бонуфӯзи кишварамон - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, қарор дорем. Мо дидем, ки ин ҳам бо ташаббуси ҷавонон сурат гирифтааст. Боиси ифтихори тамоми ҷавонони тоҷик, тамоми миллати тоҷик аст, ки имрзӯҳо ҷавонони мо дар тамоми ҷамбаҳои ҳокимияти давлатӣ кору фаолият мекунанд. Мо ки масъулини самти тайёр намамудани мутахассисони соҳаҳои гуногун ҳастем, масъулияти зиёд бар дӯши ҳар як роҳбари муассисаҳои олӣ вогузор мебошад. Мо бояд натанҳо мутахассисони баландихтисосро тарбия намоем, балки ҷавонони соҳибдавлат ва ояндасозони миллатро ба ҷомеаи тоҷикон пешкаш кунем. Ҳар як кору фаолияте, ки имрӯзҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда мешавад, дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сурат мегирад. Чунки он ҳадафҳое, ки дар назди Кумита гузошта шудааст, ин пеш аз ҳама ҳадафҳои ҳар як донишгоҳу донишкада мебошад. Ин масъулияти баланде, ки дар назди мо Пешвои миллат вогузор кардааст, мо низ - роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо кӯшиш мекунем, ки аз ин масъулият бо сарбаландӣ бароем ва он ҷавононеро тарбия намоем, ки дар ҳақиқат ояндасозони миллат бошанд.

Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ: Имрӯз мо ба хуби шоҳиди дигаргуниҳо мешавам. Дар ин муддати кутоҳ, бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат мо мисолҳое дорем, ки бо давраи пеш аз истиқлол муқоиса кунем. Дар ҳафтод соли даврони шӯравӣ ин қадар пешравие, ки имрӯз дар Тоҷикистон мушоҳида мекунем, дида намешуд. Ҳатто даҳяки инро дида наметавонистем. Ин нақбу роҳ, стансияҳои электрикӣ ва бинҳои бисёрошиёна шояд дар ҳафтодсоли дигар дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохта намешуд. Чизи дигар таъсири сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба ҷавонон мебошад. Ёд дорам, дар солҳои 1996-97, ки дар ҷумҳурӣ ба таври комил оромӣ муҳайё нашуда буд, Пешвои миллат ба ҷалби ҷавонони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар барои таҳсил дар макотиби олӣ рӯ оварданд. Оҳистаоҳиста мақоми ҷавононро мустаҳкам карда, фаолияти онҳоро ба дараҷаи аъло расонданд. Масъулияти мо – роҳбарони муасиссаҳои олӣ аз он иборат аст, ки ҷавононро дар баробари тарбияи ватандӯстӣ касбҳои гуногунро омӯзонем, то ки фардо давлати моро ба хуби идора намоянд.

Муъминҷон Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: Мо ифтихор дорем, ки ташаббусҳои наҷиби Президенти кишвар имрӯзҳо аз ҷониби тамоми кишварҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Имрӯз ҳар як ҷавон аз он меболад, ки Президенти кишвар онҳоро нерӯи созанда ва ояндаи миллат меҳисобанд. Мо хушҳол аз он ҳастем, ки имрӯзҳо Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус барои рушди таҳсилоти олӣ равона кардаанд. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат аст, ки дар тамоми ҷаҳон намояндагони миллати тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфӯзи кишварҳои хориҷа таҳсил менамоянд. Он дастовардҳое, ки Тоҷикистон дорад, онро муаррифӣ мекунанд.


6

Аз миллати бедор бӯи вафо меояд

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

Он кист, аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад...

ШОДИХОНИ НАЗАР

15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд. Тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мешавад. Ёдовар мешавем, ки ин тағйирот ду сол пеш аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ибтикори ҷавонони фаъоли мамлакат пешниҳод шуда буд. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар, ки дар ҳама ҳолат пешниҳоду дархостҳои ҷавонони созандаи миллатро ба назар мегирад, ин пешниҳодро ҳам аз мадди назар дур намонд. Бо дохил шудани ин сана ба қатори рӯзҳои ҷашнӣ саҳми арзандаи Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории навини миллати тоҷик ва пойдории сулҳу субот бори дигар исбот шуд.

Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатию варзишӣ баргузор мешавад. Ин иқдоми саривақтист, зеро дар шинохти Пешвои миллат ва хизматҳои ӯ нақши бузург мебозад. Дар ин рӯз дар тамоми муассисаҳои мамлакат асарҳои Пешвои миллат ба намоиш гузошта мешавад, ки барои ошноӣ пайдо намудан бо хизматҳои Сарвари давлат баҳри сулҳу субот дар кишвар боз ҳам таккон мебахшад. Баъди ин иқдом метавон гуфт, ки бори дигар миллат хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллатро қадр намуд. Аз ҷониби дигар ба василаи ин рӯз мо метавонем ҷавон - ояндасозони кишварро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия намуда, дар атрофи сиёсати Роҳбари мамлакат муттаҳид намоем. Баъди пош хурдани Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон нав ба ҳайси давлати мустақил барои истиқлолият қадам мениҳод, ки душманони нотавонбин ҳадафҳояшонро дар мафкураи мардум пиёда сохтанд ва дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Агар Садриддин Айнӣ бо заҳмату кашмакашиҳо бо теғи қалам дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 миллатро аз вартаи нестшавӣ раҳонида бошад, дар анҷоми асри 20 ва ибтидои асри 21 Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ҷонбозиҳояш миллати парокандаро ба ҳам оварда давлати миллии моро бунёд кард. Чунки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ алакай нақшаи азбайнравии давлати навини тоҷикон аз ҷониби душманони миллат кашида шуда буд. Инро бояд ҳар як ҷавони кишвар дарк намоянд ва дар ҳама ҳолат дар интихоби ҳадафҳою андешаҳо манфиятҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Аз чӣ бошад, ки ба беҳ шудани шароити зиндагонӣ ва авҷ гирифтани корҳои ободониву созандагӣ дар кишвар нигоҳ накарда миёни ҷавонон ба назар мерасад шахсоне, ки ғурури миллияшон костаасту майл ба бегонапарасӣ доранд. Ин бас нест, ки тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ аз хочагони хориҷиашон намуда, сери ному расми хоинони ватан пинҳон шуда, санги маломат ба Ҳукумату Сарвари давлат мезананд. Аз ин рӯ, иқдоми таҷлили 16 ноябар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ҷавон ва бедор намудани ҳисси миллии онҳо саривақтист. Имрӯз аксар ҷавонони кишвар шаҳди истиқлол мечашанду он рӯзҳои мудҳишро бо чашми сар надидаанд. Бояд падару модарон барои бедор намудани ҳисси миллии фарзандон он рӯзҳоро ёд намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба миллату Сар-

вари худро дар ниҳоди онҳо бедор намоянд. Шайх Саъдии Шерозӣ беҳуда нагуфтааст: Агар қавмеро писандад Худой, Диҳад Хусрави одилу некрой. В-гар бихоҳад вайрон кунад оламе, Ниҳад мулк дар панҷаи золиме. Миллати тоҷикро Худованд писандидааст, ки чунин сарвари одилро барои ин миллат оварду миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшид. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо кам нестанд нотавонбинону хоиноне, ки миёни насли наврас бо андешаҳои беасос миллат будани тоҷикро рад месозанд ва ҷавононро ба роҳи ғалат бурда, дар афкори онҳо фарҳангу мафкураи бегонаро ҷой карданӣ мешаванд. Вале агар тоҷик миллат намебуд, то имрӯз арзи ҳастӣ намекард ва Тоҷикистон ном давлат миёни қатори тавлатҳои ҷаҳон вориди харита намешуд. Ба он нотавонбинон ҷавонони кишвар бояд бо далелҳои қатъӣ ҷавоб гӯянду бо донишу заковат ва қаҳрамониҳояшон дар арсаи байналмилалӣ исбот намоянд, ки мо меллати бузургем. Дастоварди имрӯзаи ҷавонон ва ба майдони сиёсат омадани ҷавонони ватандӯсту миллатдӯст, ки аз ғамхорӣ ва ибтикору дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ханҷар задан ба синаи душманону хоинони миллат аст. Душманону хоинони миллат имрӯз ҳарф аз ақибмондагӣ ва миллат набудани мардуми тоҷик зада, барои муқоиса давлатҳоеро ном мебаранд, ки садсолаҳо истиқлолият доранд. Албатта давлатҳоеро, ки ин хоинонро сарпарастӣ мекунад. Ин хоинон боре фикр намекунанд, ки сохтани давлати милламонро мо аз сифр шуруъ кардем ва он ҳоло ҳамагӣ 25 умри соҳибистиқлолӣ дорад. Ба болои ин зимоми давлатдории миллиамонро мо вақте ба даст гирифтем, ки дар буҷаи он чизе набуд. Ҳар шахс метавонад, аз баҳр дарё созад, аз дарё ҷӯй созад, аз ҷӯй боғу бӯстон бунёд кунад. Вале аз қатра дарё сохтан ин кори саҳлу осон нест. Ин кори онҳое ҳаст, ки аз ҷониби Парвардигор баргузидаанд ва чунин шахсиятҳои нотакрор дар садсолаҳову ҳатто ҳазорсолаҳо як ё ду тан офарида мешавад, ба мисли Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Лоиқи бузургвор ин маъниро хубтар фармудааст: Ҳар кас тавонад, баҳрро бо ҷуйҳо созад ҷудо, Он кист, аз дарёдилӣ як қатраро дарё кунад... Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҷавонони кишвар ва дар симои онҳо ба кулли мардуми Тоҷикистони азиз муборак бошад!

Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз хотираш рӯзҳои даҳшатбору даҳшатафкани рӯзҳои ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро намебарорад. То кунун, ҳар дақиқаву ҳар соат ёди он лаҳзаҳои даргир рӯи чашмони ҳар шаҳрванди худогоҳи ин миллат парда мепӯшонад. Ҳар ҳодисаи нохушу ногувори дигар кишварҳо боз ҳам моро таккон медиҳад, ки чанд соле муқаддам дар Ватани мо чӣ рух дода буд. Ҳанӯз ҳам занони ранҷдидаи солҳои хунину оташбор ва модароне, ки тифлакони худро зери он хоки сиёҳ гӯм карда буданд, аз хоби пурдаҳшат ва мағшуш аз ҷой мехезанд. Фикри осудагӣ як тараф, ҳатто хаёл ҳам ба гуши касе танбур наменавохт, ки рӯзе ин миллат обод мешавад. Хавфи нестшавию парокандагӣ болои ин миллат мисли борони сел меборид. Дар чор ҷониб фитна аланга мезад. Ҳамон фитнае, ки ба алангаи нестшавӣ ҳар сония ангишт мерезонд, то ки боз ҳам боло гирад. Нафаре, ки силоҳ ва тӯбу туфангро аз афсонаи бобоӣ шунида буд, акнун онро ба даст гирифта, шикори одам баромада буд. Фитнаву бедодӣ то ҷое паҳн шуда буд, ки симои бародарон дар назди якдигар душмани ҷонию имониро мемонд. Ончунон дилсёҳӣ дар ниҳоди мардум реша давонда буд, ки садои тифли гаҳвораро бо тири камон муқоиса карда наметавонистанд. Ҳеҷ кас дар гушаи хаёлаш фикри онро намекард, ки ин гаҳвораро холӣ кунам, фардо саробони ин марз кӣ мешавад. Бо таблу нағораи чанд бедодгари берунӣ рақси хун бо хун дар ҳаво ҷилва мекард. Гиряи мармузи модари бетифл гуши касеро намехарошид. Дигар гуристонҳо аз мурда безор буданд. Сияҳобҳову сияҳчалҳо “ҷамъомад”-и мурдаҳоро мемонд. Мардум дар тараддуди ёфтани сарпаноҳ буданд. Чор тараф садо бадар мекарданд. Додрас барои худ меҷустанд. Аммо ҳайҳот аз он ҳама “додрас”ҳо паи пое намонда буд. Садоҳо дар ҳаво муаллақ ва беҷавоб мемонд. Ҳамин асно буд, ки офтоби сулҳу салоҳ, меҳру дустӣ, оштию баҳамоӣ, инсону инсонгарӣ... рӯӣ кишвари азизамон нур пошид. Ба Ватан мардеро ҳадия кард, ки хати тақдири салоҳу саодати кишвар ба воситаи ӯ ирсол шуд. Ин марди шарфаманд Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Сари қадам ба миллати ҷангзада ваъда дод, ки “Ман ба шумо сулҳ меорам. То даме охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам, худро осуда намеҳисобам”: Дар рӯзи сахти кишвар, тазйиқ аз ҷудоӣ, Дар ҳоли ҷонфигорӣ аз дасти бенавоӣ, Дидем аз ту дармон, Эй ҷонфидои миллат, Ваҳҷи даҳои миллат! Воқеан сухане буд, ки дар як лаҳза ба дили ҳама дармон бахшид. Чунки дар чунин як рӯзгори сахт ба зудӣ ин аҳдро вафо карду ба кишвару миллати тоҷик сулҳу салоҳро овард. Ғами миллатро аз ҳама пеш ва беш ӯ пароканда кард. Ба мардум омӯзонид, ки барафроштани Парчам чӣ аст. Замоне ки дар баробари он сар фуруд овард ва ашкаш ҷорӣ шуд, ба мардум нишон дод, ки меҳри Ватан чӣ аст... Бо сарфарозӣ ва хушнудӣ имрӯз мебинем, ки ҳама нафарони худогоҳи кишвар ин ҳама заҳмату талошро ба тамоми вуҷуд дарк кардаанд. Шоҳиди заҳматҳои Пешвои миллат дар сари ҳар қадам мегардему бо тамоми ҳастӣ дастгири сиёсати пешгирифтаи ӯ мешавем. Дарк мекунем, ки танҳо бо хости Худо ва шарофати ӯ Парчами ин миллат умрбод дар ин сарзамин афрохта шуд. Ҳама бо ҳам ҷамъ шуда, якдилона таманно мекунем, ки Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон барои бахти кишвару миллат ва барои боз ҳам дурахшонтару зебо гардонидани Тоҷикистони азиз поянда бошанд. Бо як садо мегӯем: Мавҷи муҳит бо завқ ҳодист сӯйи армон, Ӯ мебарад хуҷиста аз шеваи ту фармон. Моро ту нигаҳбон, Эй нохудои миллат, Эй Пешвои миллат! Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


Аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон шодем

Он бо иштироки як қатор роҳбарони вазорату идораҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, олимони ҷавон ва намояндагони ҷавони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир шуд. Дар рафти ҳамоиш олимону муҳаққиқон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ оид ба пешниҳоди “Соли ҷавонон” ибрози ақида намуданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар Аҳтам Абдуллозода қайд намуд, ки “Дар асл СҲШ ҳамчун як созмони навтаъсис, дар арсаи байналмилалӣ дар як муддати кутоҳ бо фаолияти худ тавонист, ки барои тадбиқ ва амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни СММ дар ҳайёти давлатҳо нақши босазо гузорад. Фаолияти муташаккилона ва самарабахши ин созмон боиси он гардида истоадааст, ки имрӯз аксари давлатҳои абарқудрат таваҷҷуҳ ба фаолияти он кунанд”. Илова бар ин, дар Конференсияи мазкур намояндагон аз кишварҳои аъзои СҲШ баромад намуда, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани яке аз солҳои пешомад ҳамчун “Соли ҷавонон” ҳамаҷониба дастгирӣ намуда қайд карданд, ки иқдоми мазкур яке аз ташаббусҳои созандаи дигари Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Фарзона Идрисова, намоянда аз Ҷумҳурии Қазоқистон иброз дошт, ки “Қазоқистон яке аз ҷумҳуриҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки муносибатҳои дӯстона ва шарики боэътимод дар ҳама самтҳои ҳайётан муҳими кишварҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст, аз ҷумла дар самти кор бо ҷавонон. Имрӯз ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мо - ҷавонон имкон пайдо намудем, ки бо ҷавонони Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем ва барои пешрафти давлатҳоямон саҳмгузор бошем”. Саидҷон Юлдошев, намояндаи ҷавони Қирғизистон чунин мешуморад, ки имрӯзҳо дар Қирғизистон низ барои ҷавонон шароити хуб муҳаёст, аммо дар ин самт Тоҷикистон пешсаф аст: “Барои ҷавонон дар Тоҷикистон шароитҳои зиёд дида мешавад. Ман имрӯз дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таҳсил менамоям ва худ шоҳид мегардам, ки Пешвои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эҳтиром ва таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ман ҳамчун як ҷавон аз Ҷумҳурии Қирғизистон аз иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело шод шудам. Дар доираи ин пешниҳод мо - ҷавонон бори дигар метавонем, ки риштаҳои дӯстиро бо ҷавонони Тоҷикистон зиёд намоем ва дар табодули таҷриба ва ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфӯзи Тоиҷикстон таҳсил намоем”- афзӯд ӯ. Мавриди зикр аст, ки СҲШ дар заминаи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис ёфта аст. Солҳои 1996-97 байни Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон созишномаҳо дар бораи мустаҳкам намудани чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва кам намудани қувваҳои мусаллаҳ дар марз бо якдигар ба имзо расид, ки дар натиҷа “Панҷгонаи Шанхай” ташкил ёфт, ки он имрӯз ба яке аз созмонҳои бонуфӯзи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ҲАМОИШИ ҶАВОНОН

14 ноябр бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон пайрави боэътимоди Президент" конфронси илмӣ-амалӣ ва ҳамзамон намоиши китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ифтитоҳ Аламхон Қурбонов, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, иштирокдоронро ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳният гуфта иброз дошт, ки санаи 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Тавре номбурда афзуд, “тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкили бӯҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад”. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки “фарзанди шарафманд ва фарзонаи халқ Эмомалӣ Раҳмон вақте Роҳбари давлат интихоб гардиданд, ки давлати мо акнун истиқлолиятро ба даст оварда буд ва рӯзҳои вазнинро аз сар мегузаронд. Танҳо қадамҳои боварибахш ва далерию мардонагии Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро аз хавфу хатари парокандагӣ наҷот бахшид, халқро якҷоя намуд ва ба Ватани худ ҳазорон гурезаро баргардонд. Дар муддати хеле кӯтоҳ вайронаҳо обод ва иншоотҳои нав бунёд гардиданд. Ба ҳамаи дастовардҳо ва ба муваффақиятҳо ноил гардидани давлатамон ин натиҷаҳои меҳнат ва заҳмати Пешвои миллат мебошад, ки ӯ барои хизматҳои шоёни худ сазовори муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми халқи Тоҷикистон, ҳазорҳо ҳамватанони хориҷӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Дастоварди бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми 25 соли Истиқлолият Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои боварибахш сӯи фардои давлати демократӣ меравад ва

алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро бо давлатҳои зиёде ба роҳ мондааст. Ҳамин тавр, хизматҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки зери роҳбарии ӯ хавфи парокандагии Тоҷикистон аз байн рафта, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва ба сохтмони давлати нави Тоҷикон таҳкурсӣ гузошта шуд. Таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба инкишоф ва пешрафтаву рақобатпазир мубаддал гардид”. - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари қудрат омадан бештар дар фикри ҷавонон ва пайдо кардани мавқеи онҳо дар ҷомеа буданд. Мо инро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида карда метавонем. Қабули як қатор қонунҳо ҷиҳати беҳтар ва фароҳам намудани шароиту имкониятҳо барои ҷавонон, таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани барномаҳои давлативу миллӣ, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди танаффуси сесола эҳё шудани рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», 23 май эълон гардидани Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи “Дӯстии ҷавонон” ва дигар ташаббусҳо шаҳодати раднопазири тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои чандинкаратаи худ бо ҷавонон муҳимтарин муаммову проблемаҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ ва ҳал менамуданд. Ин вохӯриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид. Ҷавонони кишвар аз ҳар вохуриву мулоқот бо Ҷаноби Олӣ барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи татбиқ намудани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд, ки мо инро ба хубӣ ҳис мекунем.-зикр намуд Сайалӣ Шаҳобов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи И. Сомонӣ. Дар фарҷоми ҳамоиш доир ба қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар зарфи 25 соли истиқлолият барои ширкаткунандагон филми кӯтоҳмуддати ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуд.

ҲАСАН АЗИЗОВ

Ӯ барои хизматҳояш сазовори муҳаббат гардид

Рӯзи 15 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ҷавони мамлакат дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон Конфиренсияи илмию амалии байналмилалӣ таҳти унвони «Ташаббуси Соли ҷавонон дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай: таъсир ва манфиятнокии он дар ҳаёти ҷавонон” баргузор гардид.

7


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

ДОНИЁР САНГИНОВ,

Рӯзи Президент иди миллии мост

мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент.

Президент (калимаи лотинии praesidens, praesidentis - дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ президент дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ӯ функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд. Ба маънои расмӣ истилоҳи «президент» ҳангоми омода намудани Конститутсияи ИМА соли 1787 вақте, ки масъалаи номгузории шахси мансабдор, роҳбари интихобшудаи давлат пеш омад, мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар айни ҳол, президент рамзи муттаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ - ҳуқуқӣ омухта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмӯи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад, ки ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ аст. Таҳлили институти президентӣ дар кулли давлатҳои дунё нишон медиҳад, ки он дорои аломатҳои зерин аст: Президент шахси мансабдори интихобӣ аст; ӯ функсияи сарвари давлатро иҷро менамояд; ӯ Раиси ҳукумат аст; ӯ ба халқ содиқона хидмат менамояд. Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми олиро ишғол менамояд, ӯ субот ва муттасилии механизми ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад, намояндагии олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ баамал мебарорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад, Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад, Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад, ба қонунҳо имзо мегузорад, низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад, ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад, масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад, шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад ва ваколатҳои

дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд. Дар Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии Давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз барои мардуми Тоҷикистон рӯзи иди корӣ дониста мешавад. Заминаи таърихии ин ид иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки санаи 16-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд. Иҷлосияи мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикиситон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳилаи нав оғоз ёфт ва барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва беҳтар шудани дараҷаи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, давом додани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омад. Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо – ҷавонон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 25 соли истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид; қонунгузории миллии худро бунёд намуд; низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузорӣ ва суд ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуд; 15 санади авф қабул шуд ва муқаррароти онҳо ба зиёда аз 115 ҳазор нафар маҳкумшудагон, судшавандагон ва таҳти тафтиш қарордоштагон татбиқ гардиданд; сатҳи камбизоатиро то 31 фоиз паст намуд ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд; вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ беҳ гардид, ки дар натиҷа шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт; 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла 85 гимназия ва 65 литсей, 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 39 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд; маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 960 ҳазор сомонии соли 1991 ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ дар соли 2016 расонида шуд; барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 300 ҳазор оила, яъне ба зиёда

аз 7 миллион нафар шаҳрванд 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд ва барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти соҳа бо фармонҳои Президенти кишвар ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд ва ин иқдом имконият дод, ки талаботи аҳолӣ ба аксари маҳсулоти ниёзи аввал таъмин гардад; шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ ба 11,2 миллион расида, шумораи муштариёни интернет зиёда аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад; бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷабҳа ба роҳ монда шуд; музди меҳнати ҳадди ақал аз 3-17 сомонӣ соли 1991 то ба 400 сомонӣ дар соли 2016 баробар гардид; агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекарда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст; барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, аз ҷумла зиёда аз 1300 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба истифода дода шуд ва НБО Роғун ба иқтидори 3600 мегаватт ба истифода дода хоҳад шуд; дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд ва айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад; дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд; беш аз 190 километр роҳи оҳан бунёд гардид; дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ (баробар ба 8,1 миллиард доллари амрикоӣ) сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ (баробар ба сеюним миллиард доллари амрикоӣ) сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохтори дигар равона шудааст; бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст; суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт; бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ

аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст; дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардид ва айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст; 30 намояндагии дипломатии худро дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҷойгир намуд; ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад; ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд; бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст; се ташаббуси бузург дар соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”; инчунин соли 2016 ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидааст ва мавқеъ ва дидгоҳи худро дар амалияи сиёсӣ борҳо намоиш додааст. Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.


Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиши мамлакат аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар боис гардид, ки дар радифи дигар соҳаҳо, соҳаи варзиш ва ҷалбу фаъолияти варзишгарон коста гардад. Банда дар ин солҳо падари худро, ки корманди низомӣ буд, аз даст додам. Рӯзҳои вазнини зиндагӣ буд. Қатори ман кам набуданд варзишгароне, ки ба чунин ҳодиса рӯ ба рӯ шуданду тарки варзиш намуданд. Ҳукумати кишвар дар чунин ҳолатҳои душвор ҳам соҳаи варзиш ва варзишгаронашро бе соҳиб нагузошт. То ҳадди имкон варзишгаронро пуштибонӣ мекард, ки банда аз зумраи онҳо будам. Варзишгарони тоҷик ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати кишвар талош намуданд, ки бо як нангу ори тоҷикона Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд. Даврони пеш аз истиқлолият варзишгарони мо имкони хуби дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданро надоштанд. Зеро онҳоро зарур буд, ки барои иштирок ва роҳхат пайдо намудан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 15 давлати Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб намоянд. Дар баробари ин, барои сафарбар намудани варзишгарон ноадолатиҳо низ ба назар мерасид. Ин тарзи коргузорӣ як навъ рӯҳияи варзишгарони тоҷикро шикаста буд. Онҳо имкони муаррифии худ ва давлатро кам доштанд. Истиқлолият имкони асосии рушди варзиш ва кашфи чеҳраҳои нави варзиш дар кишвар шуд. Акнун варзишгарони тоҷикро зарур аст, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ

танҳо дар мусобиқаи чумҳуриявӣ ғолиб гардида, роҳхати ба бозиҳои байналмилалиро ба даст оранд. Ба ин васила варзишгарони мо тавонистанд, ки таҷрибаи варзишии худро бой гардонанд ва ҷиҳати парафшонии парчами Тоҷикистон натиҷаҳои назаррасро ҳам дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он соҳиб гарданд. Солҳои аввали истиқлолият мушкили асосии варзишгарони тоҷик набудани толорҳои варзишӣ ба ҳисоб мерафт. Варзишгарони тоҷик барои омода шудан барои мусобиқаҳои байналмилалӣ танқисӣ мекашиданд. Толорҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумат ва барқарор шудани амну субот дар кишвар ин мушкилии асосии варзишгарони тоҷикро дар кутоҳтарин муҳлат аз байн бурд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 8409 иншооти гуногуни варзишии муҷаҳҳаз бо лавозимоти замонавӣ фаъолият дорад , ки аз ин шумора 111 варзишгоҳ, 6130 майдончаи варзишӣ, 1585 толорҳо, 83 ҳавзҳои шиноварӣ ва 718 адад ин-

аз пуштибониву дастгириҳои беназири Пешвои миллат равона гардиданд. Баъди мулоқот дастоварди варзишгарони тоҷик ба маротиб зиёд гардида, дар як катор чорабиниҳои байналмилалӣ аз чемпионатҳои ҷаҳону Осиё то Бозиҳои Осиёиву олимпӣ миллату давлати азизи хешро байни дигар халқиятҳо муаррифӣ намуданд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар ба ин соҳа буд, ки давоми соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишии худ давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва номи худро дар хазинаи таърихи варзиши кишвар сабт намуданд. Инҳо Расул Боқиев, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Фарухи Салим чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Хуршед Маҷидов, ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Лагутенко Малика, чемпиони Осиё оид ба тирпаронӣ,

муқоиса кунем, пешрафти ин соҳаро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Давоми 70 соли Шӯравӣ шумораи медалҳои тиллои варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ агар 113-ро ташкил диҳад, давоми соҳибистиқлолӣ ин теъдод ба зиёда аз 160 расид. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 нишон ба даст овардаанд. Ин нишондод давоми соҳибистиқлолӣ ба 3546 расид. Олимпиада, ки қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аз соли 1996 ин ҷониб иштирок менамояд, ки то имрӯз аз шаш олимпиада 4 медал: 1 тилло, 2 нуқра ва як биринҷӣ ба даст омадааст. Ин дастовард дар муқоиса ба давлатҳои варзишаш рӯ ба инкишоф натиҷаи баланд арзёбӣ мегардад. Истиқлолияти кишвар ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо варзиш шароит фароҳам намуд, ки солҳои охир якқатор иқдомҳо барои рушди соҳа роҳандозӣ гардид. Иқдоме, ки варзишпарвар будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ

шооти махсуси варзишӣ мебошад. Агар ин натиҷаро бо солҳои пеш муқоиса кунем, ба куллӣ фарқкунанда аст. Замони хурдсолиамро ба ёд меорам, ки бо шавқу ҳаваси кӯдакона рағбати машқ карданро доштам, аммо шароити он вақта имкон намедод, зеро натанҳо толор, балки майдончаи маҳал барои бозии футбол мавҷуд набуд. Имрӯз сари ҳар қадам бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат ва соҳибкорони ватанӣ майдончаю толорҳои варзишӣ сохта шудааст ва пиру ҷавон дар вақтҳои холигӣ ба варзиш машғуланд, ки ин аз рушд ва оммавияти варзиш дар кишвар шаҳодат медиҳад. Баъди таъмин намудани варзишгарони кишвар бо комплексу иншооти муосиру замонавӣ Ҳукумати кишвар дар ин соҳа диққати ҷиддиро баҳри дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намудани миллату давлат равона сохт. Барои амалӣ намудани ин нақша соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо варзишгарони мамлакат мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот, ки банда бевосита иштирок доштам, тамоми паҳлуҳои соҳаи варзиш аз ҷониби Ҷаноби Олӣ таҳлил карда шуд. Мулоқот бори дигар собит сохт, ки соҳаи варзиш аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур нест ва варзишгари тоҷик бо камтарин дастовардаш назди Сарвари давлат ва миллати худ қадр дорад. Аз натиҷаи мулоқот бар дӯши ҳар як варзишгари тоҷик масъулияти бузург дучанд гардид. Акнун варзишгарон бо дили пур ба сӯи фатҳи қуллаи варзиш бо истифода

Зулқайнарова Шоира ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Акмалиддин Каримов, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Комроншоҳи Устопириён, чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Шаҳриёр Даминов, чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Адам Исоқов, чемпиони Осиё байни наврасон аз намуди дзюдо ва инчунин дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ҷоизадори медали биринҷии чемпионатии Осиё гардидаанд, ин боиси ифтихори мардуми тоҷик аст. Ҳукумати мамлакат баҳри ояндаи варзиши кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 132 адад мактабҳои варзишӣ сохта ба истифода дод, ки ин маҷмааҳои варзишӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгу буда, варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ омода месозанд. Барои омода намудани варзишгарони ҷавон дар мактабҳои варзишии амалкунанда зиёда аз 1980 мураббӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумоти охирин шумораи умумии наврасону ҷавонони ба тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда дар ҷумҳурӣ 1310000 нафарро ташкил медиҳад. Ин далели он аст, ки дар оянда варзиши тоҷикро дастовардҳои бузург интизор аст. Ин тарзи коргузорӣ замина фароҳам овард, ки давоми солҳои истиқлолият дар соҳаи варзиш таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омад. Агар дастовардҳои варзишгарони тоҷикро давоми 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ ва 25 соли Итиқлолият

Раҳмонро бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ин таъсиси “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» буд. Банда аз номи ҳамаи варзишгарон барои таъсиси ин ҷоиза ба Сарвари давлат,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунам. Зеро ин иқдом барои рушди варзиши тоҷик нақши муҳим бозид ва дар оянда низ мебозад. Варзишгарони тоҷик баъди таъсиси ин Ҷоиза дубора соҳаи варзишро интихоб намуда, бо дасту дили гарм вориди сабқат гардида истодаанд. Онҳо аз ин пас метавонанд танҳо ба варзиш машғул шаванд ва муаррифгари давлату миллат бошанд. Давоми як соле, ки ин ҷоиза таъсис ёфт, натиҷаи нишондодаи варзишгарон дар сатҳи байналмилалӣ зиёд гардид. Дар як сол 21 варзишгари тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бо сари баланд баргашта, 24 декабри соли 2015 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-652 онҳо бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 673750 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Таъсиси чунин ҷоизаҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш буд, ки миллати тоҷик дар арафаи таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии худ соҳиби медали тиллои бозиҳои олимпӣ шуд. Ин аввалин медали тилло аз бозиҳои олимпӣ аст, вале охирон нест. Чунин дастгириҳое, ки дар соҳаи варзиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззамамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст, гуфтан мумкин аст, ки садҳо нишони тиллоии бозиҳои олимпӣ вориди хазинаи варзиши тоҷик мегардад.

9

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

ДИЛШОД НАЗАРОВ,

муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дорандаи медали тиллои бозиҳои тобистонаи XXXI олимпӣ – Рио- деЖанейро

Эмомалӣ Раҳмон - Президенти варзишпарвар

Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш ва мо - варзишгарон шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштироки хеш дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатмонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем.


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ҳисор: Шумораи сайёҳон рӯ ба афзоиш аст

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Дар баробари дигар минтақаҳои сайёиҳии кишвар шаҳри Ҳисор низ дорои имкониятҳои гуногуни туристӣ мебошад. Ин аст, ки сол то сол боздиди сайёҳон аз ин минтақаи хушбоду ҳаво, ки як гӯшаи хурраму зебои Тоҷикистони азиз аст, рӯ ба афзоиш дорад. Доир ба вазъи имрӯзаи соҳа дар шаҳр бо Отаҷон Ниёзов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор суҳбате доштем.

- Мегуфтед, ки вазъи имрӯзаи сайёҳӣ дар шаҳр чи гуна аст? - Ҳолати имрӯзаи туризм дар шаҳри Ҳисор хуб ба назар мерасад. Имрӯзҳо дар шаҳр сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф меоранд, ки ин далели дар ҳоли рушд қарор доштани соҳа мебошад. Сайёҳон ба шаҳр меоянд, то аз мавзеъҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ дидан намоянд. Инчунин иншооте, ки бахшида ба ҷашни 3000–солагии Ҳисор аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд, ҳусни шаҳрро боз ҳам афзун намудааст. Ин ҳама пешравӣ боис ба он гардидааст, то шумораи сайёҳон зиёд гардад. Вазъи имрӯзаи туризм умуман хеле хуб ва натиҷаовар аст. - То имрӯз чӣ қадар сайёҳ аз шаҳри Ҳисор дидан намуданд? - Нисбат ба солҳои пешин шумораи сайёҳони аз мавзеъҳои туристӣ диданкунанда зиёд гардида истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2016 ба Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихӣ – фарҳангии Ҳисор” 14 670 нафар меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф оварданд, ки аз ин 3486 нафар меҳмонон аз хориҷ, 11 184 нафар меҳмонони дохилӣ, ки бо хариди чипта вориди мамнуъгоҳ шуданд. Илова бар ин беш аз 60 000 нафар меҳмонон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар таърихи 22–юми сентябр бахшида ба ҷашни зодрӯзи Сардафтари адабиёти классики тоҷику форс А. Рӯдакӣ ба 2 800 нафар меҳмонон, ки аз ин 136 нафарашро меҳмонони хориҷӣ ташкил мекард, хизматрасонӣ карда шуд. - Шаҳри Ҳисор дорои имкониятҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад. Баҳри муаррифӣ намудани он то имрӯз чи гуна тадбирҳо андешида шуданд? - Ҳарчанд баҳри муаррифии минтақаҳои туристии шаҳр то имрӯз корҳои зиёдеро ба сомон расонидем, вале ин қаноатбахш нест. Имрӯз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дар якҷоягӣ бо “Мамнуъгоҳи таърихӣ – фарҳангии Ҳисор” тадбирҳои гуногун роҳандозӣ намудааст. Дар баробари ин ҷиҳати муаррифии ҷойҳои сайёҳии шаҳр маълумотномаҳо, дискҳо, видеороликҳо ва сомонаи интернетӣ ташкил карда шуданд, ки тавассути интернет ин видеороликҳо пешкаши ҷаҳониён мегардад, то онҳо бинанду баҳри сайру сайёҳат ба кишвари мо биёянд ва аз тамошои он ҳаловат баранд. - Аз санаи таҷлили 3000-солагии шаҳр то имрӯз дар риштаи туризм чи дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд? - Воқеан тавассути таҷлили ин ҷашн мо ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намудем, ки Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо мебошад. Дар пайи таҷлили ин саннаи муҳиму таърихӣ ҳусни шаҳр боз ҳам рангинтар гардид. Бахусус қомат афрохтани чойхонаи калонтарин дар шакли харбуза, майдони варзишӣ бо бист ҳазор ҷойи нишаст, ба истифода додани қасри фарҳангу китобхонаи шаҳрӣ боис ба он гардид, то соҳаи сайёҳӣ боз ҳам рушд намояд. Як натиҷаҳои хуб ин буд, ки шумораи сайёҳон рӯ ба афзоиш ниҳод. Ин албатта хуб аст. Имрӯзҳо ҳам роҳраву кӯчаҳо ва ҷойҳои истироҳатию таърихӣ ҳамеша дар ҳолати хуб қарор доранд ва ҳар як меҳмони воридгардидаро хуб пазироӣ менамоянд, то ин ки онҳо бо як рӯҳи болида ва хотироти рангин баргарданд. - Кадом навъи сайёҳӣ бештар рушд намуда истодааст: туризми дохилӣ ё хориҷӣ? - Дар шаҳр ҳар ду навъи туризм ба чашм мерасад. Ҳар яке аз сайёҳони хориҷӣ вақте ба ин ҷо меоянду ба

Чаро оилаҳо вайрон мешаванд? Пеш аз он ки дар бораи вайроншавии оилаҳо ҳарф занем, аввал бояд маълум кард, ки заминаи бунёди ин оилаҳо чӣ буд ва чаро барҳам хурданд? Сабаби пош хурдани оилаҳо дар кишвар пеш аз ҳама ба ҳаёти мустақилонаи ҳаёти оилавӣ омода набудани чавонон аст. Вақте ки ҷавонписар ё ҷавондухтар касб надорад, ҳунар надорад аз нигоҳи иқтисодӣ худашро таъмин карда наметавонад, чӣ ниёзе ба бунёди оила дорад? Аксари оилаҳои имрӯз аз ҳисоби падару модарон бунёд мешаванд. Ин гуфтаро бештари равоншиносони масоили оилавӣ таъкид мекунанд.

ҷойҳои таърихӣ сафар менамоянд, мо роҳбаладоне дорем, ки бо се забон барои меҳмонон хизмат мерасонанд. Пас аз тамошо бисёре аз сайёҳони хориҷӣ таассуроташонро бо як эҳсоси баланд баён менамоянд. Ин ҳама дарак аз он медиҳад, ки соҳа дар ҳоли инкишоф мебошад. - Кадом мавзеъҳо дар шаҳр бештар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст? - Яке аз мавзеъҳое, ки бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохилву хориҷист, “Мамнуъгоҳи таърихӣфарҳангии Ҳисор” мебошад. Имрӯз фаъолияти Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор” аз рӯи нақшаи солона бо танзими муайян ба роҳ монда шудааст. Кормандон аз рӯйи тахассуси шуъбавиашон кор карда истодаанд. Айни замон дар Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор” шуъбаҳои фонду мардумшиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, меъморию рассомӣ, таъриху бостоншиносӣ ва осорхонаи таърихӣ барои бо самар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум, ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои меъморию таърихӣ фаъолият мекунанд. Мамнуъгоҳи мазкур аз нав тармиму таъмир гардидааст, ки писанди ҳар бинанда мебошад. - То имрӯз баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр чи гуна чорабиниҳо роҳандозӣ шуданд? - Доир ба рушди соҳа пайваста вохӯриву чорабиниҳои махсус, мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа бо ҷавонон бештар мулоқотҳо барпо мегарданд. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо дар байни ҷавонон ин аст, ки онҳо аз минтақаҳои туристии шаҳр огаҳ гарданду ба дӯстону рафиқони худ, ки аз дигар минтақаҳои кишваранд, дар бораи ҷойҳои тамошобоби шаҳр маълумот диҳанду ба ин минтақа даъват намоянд. Дар баробари ин, имрӯз бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ намуда истодаем. - Таваҷҷуҳи ҳукумати шаҳр вобаста ба соҳаи туризм чи гуна аст ва барои рушди соҳа чи нақшаҳо доред? - Нисбати соҳаи сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳи ҳукумати шаҳр хеле хуб аст. Моро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд. Дар баробари ин, бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор кори мо ба роҳ монда шудааст. Дар оянда кӯшиш менамоем, ки баҳри боз ҳам рушд ёфтани соҳаҳои мазкур корҳои муайянро ба анҷом расонем ва ин соҳаро рушд бахшем.

Мутаассифона, ба чашм мерасад, ки барои пош хурдани оила ҳар ду тараф – ҳам мард ва ҳам зан гунаҳкоранд. Пеш аз ҳама бояд ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фарзандаш (духтараш) ӯро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Ҳамин холигоҳи тарбия дар як гурӯҳ духтарони ҷавон ба он боис шудааст, ки вақте онҳо ба ҳаёти оилавӣ қадам мегузоранд, аз оддитарин маданияти рӯзгордорӣ бехабаранд. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетасаввурот будан аз гардишҳои рӯзгору пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳои доманадор дар оилаҳо ва парокандашавии онҳо гаштааст. Агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд доштани онро фаромӯш набояд кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мегардонад. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксарияти ҷавонон ва мардони оиладор, бетаълим ва бетарбият мондани насли наврас, вуҷуд надоштани қонуни муайяне доир ба танзими хушунатҳои хонаводагӣ, надонистани ҳуқуқи зану шавҳар, набудани китобҳо ва курсҳои омӯзишӣ доир ба ахлоқи оиладорӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки пойдории оилаҳоро таҳдид мекунанд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи Ҷумҳурӣ шумораи талоқи оилаҳо ба 5 ҳазору 736 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 747 адад зиёд мебошад. Коршиносон сабаби зиёд ҷудо шудани оилаҳоро дар муҳоҷирати мардони тоҷик, телефонҳои мобилӣ, ақида ва ҷаҳонбинии духтарони ҳозираи тоҷик медонад. Аммо иддае аз коршиносон бар он ақидаанд, ки сабаби аслии зиёд шудани ҷудошавӣ сатҳи пасти

вазъи иқтисодӣ ва шароити сангини зиндагӣ низ ҳаст. Дахолати ноҷои баъзе волидон низ ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Олимони амрикоӣ дар тадқиқоти худ, ки муддати 8 сол дар 30 кишвари олам андешаҳои 620 ҳазор мардони аз 15 то 59-соларо омӯхтанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки мардони мусалмон назар ба пайравони динҳои дигар ба ҳамсарони худ содиқанд. Таҳқиқот нишон додааст, ки дар қиёс ба пайравони динҳои дигар мусалмонон бештар пойбанди риояи аҳкоми динӣ дар мавриди оила ва хонавода ҳастанд. Ҳамзамон бо ин, мусалмонон зиёдтар аз дигарон дар синну соли ҷавонӣ оила барпо мекунанд. Аслан нафаре, ки оиладор мешавад набояд оиларо ҳамчун воситаи татмини нафс бинад, балки дарк кунад, ки оила муассисаи муқаддас буда, дар он афроди ҷомеа ба воя мерасанд. Барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст. Пеш аз ташкил кардани оила тарафайн бояд хислату характери якдигарро донанд ва ҳамеша дар нишебу фарози зиндагӣ дастгирӣ ҳамдигар бошанд. Барои бунёд кардани оилаи мукаммал, бешубҳа, падару модар нақши муҳим дошта, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд фидокор бошанд, ҳамеша дар фикри дигарон бошанд, худпардаст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлӯи хуби воқеаро бинанд, сабур бошанд ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедорад. Дар баробари ин, волидайн бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ, қиморбозӣ, зинокорӣ ва дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки ин гуна аъмоли зишту гуноҳ мавҷуд бошад, он ҷо ҳузур, садоқат ва эътмод дида намешавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайвандии оила ва рафоқату дӯстии аҳли оила мегардад. Донистани ҳақу ҳуқуқи ҳамдигар низ барои устувор нигоҳ доштани оила муҳим аст.


 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

Ё дар бораи инсоне дардманд, вале бо руҳи солиму иродаи қавӣ

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур 48 БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 132 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

2 10

87

52 347

504 24

97 5 48

1 189 58 38

205 90 3 66

52

223 3 5 114 52 2 2 13 2 2 99 12 60

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________

Раҳимҷоне, ки ҳамагӣ чанд соле бо ӯ шиносу ҳамкор будам. Раҳимҷоне, ки ба дӯстон бо навозиш бо «ҷон» муроҷиат карданро хуш дошт ва худ ҳам ба он арзанда буд. Мо аз насле будем, ки аз солҳои мактабхонӣ ба рӯзноманигорӣ завқ доштем. Ҳамтоёни мо аз ҳар ноҳияе бо хабару мақолаҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, бахусус, рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» зуд-зуд баромад карда меистод, ҳарчанд аксаран ҳанӯз мактабхон будем. Якдигарро бо ному насаб ғоибона мешинохтему бас. Имзои «Р. Рафиев» аз ҳамон солҳо бароям ошност. Тақдир мо ду нафар ҳамкорро дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» вақте бо ҳам овард, ки мутаассифона, Раҳимҷони алакай хастаҳолу хастаҷоне аз дард ва гирудори зиндагӣ пешорӯям меистод. Бо вуҷуди ин, то вопасин нафасҳо дар рисолати рӯзноманигорӣ содиқ монд. Аз ҷумлаи дӯстони содиқи Раҳимҷон - Хайруллои Раҷабиён, ки дар рӯзҳои ахири умри Раҳимҷон ӯро ҳамроҳӣ дошт, нақл кард, ки шабе пеш аз маргаш бо вуҷуди тамоман ҳоли хуб надоштан ҳикояи тозаоғозашро ҷамъбаст ва нуқтаи охирини эҷоду ҳаёташро гӯё гузошт. Дар чопи китоби навбатии Раҳим бо номи «Ҳикояҳо» афсӯс, ки Хайрулло ҳамагӣ як-ду рӯзе дер карду муаллиф натавонист, ки онро бубинаду варақ занад. Китоби охирини шодравон бошад, ба сарпараст ниёз дорад. Бо маънои пурра фидоии кори худ буд Раҳимҷон. Ҳамин аст, ки тавонист мероси арзандаи адабиеро ба ёдгор монад. Маҷмӯаи қиссаю ҳикояҳои ӯ бо номҳои «Бӯи деҳа», «Бозгашт», «Дар хобу бедорӣ», «Чароғи давра», «Нони так-такӣ», «Дунёи фиреб», «Ҳикояҳо» оғоз аз соли 2003 чоп гардида, шурӯъ аз соли 2011 то вафот марҳум соле як китобашро аз чоп баровардааст, ки исботи гуфтаҳои болоянд. Нависанда дар онҳо хонандаро ба интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ, одаму одамгарӣ, меҳнатдӯстию илму ҳунаромӯзӣ даъват намудааст. Ҳамин буд, ки Раҳим Рафиев тавонист, ки ҷойгоҳи хосаеро миёни аҳли адаби кишвар ва ҳаводорони каломи бадеъ касб намояд. Сазовори узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ғолиби чандин озмунҳои матбуоти даврӣ гардад. Ногуфта намонад, ки ягона довталаби арзандаи озмуни имсолаи адабии раиси вилояти Хатлон мебошад, агарчи умр вафо накард. Боварӣ дорем, ки барои ғолиби озмун донистани ин ғолиби марг реҳлаташ монеъ намегардад, чунки ҷисман бо мо набошад ҳам асарҳояш бо мост. Шеваи сахтнависӣ ва ошкоргӯии Раҳим на ҳамаро писанд буд. Кӯмак чӣ ки, баъзан тоифаҳое аз ӯ бо ҳамин ваҷҳ аз рӯи эҳтиёт кор мегирифтанд. Вале ӯро аз ин ҳама парвое набуд, балки аз покизадилию ростгӯии худ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ЁДИ ҲАМПЕША

МИРЗО РУСТАМЗОДА

Ҷон доду инони ихтиёр не

1 2 3 4 5 6 7

Шаҳр, ноҳия

Овозҳо дар ҳафта

Ноҳияи Ҷ. Балхӣ пешсаф мешавад

қаноатмандӣ мекард. Китобҳо барои Раҳим фарзанди кенҷагиро мемонданд. Аз ҷигарбандон хотирҷамъ буд. Ба ҳар ҳол, роҳи худро дар зиндагӣ ёфта буданд. Боқӣ, ҳама ҳушу ёдаш ба асарҳояш банд буд. Ҳавлию ошёни хоксорона, вале дилу дар ва дастурхони кушода, хонаи ободу фарзандони солеҳ дошт Раҳимҷон. Агар ҳамин дарди зормонда гиребонашро сар медод, хушбахттарин инсон ҳисоб меёфт ӯ. Дер боз ҳолати изтирорангезе ҳамсафарам буд, ки хусусан, бо садо додани занги телефон бевақтиҳои шаб ё субҳи барвақтӣ, диламро ларзае фаро мегирифт. Субҳи барвақте як рӯз пеш аз вафоти Раҳимҷон, 3 ноябри соли 2016 соати 6:12 дақиқа телефонам садо дод. Навиштаҷоти рӯи шишаи телефон «РАҲИМ РАФЕЪЗОД» ба чашмам бархӯрд. Дилам таҳ кашид. Гуфтам, ки тамом. Даргузаштаасту ба ҷаноза хабарам доранд. Ғайри пиндорам аз он тарафи гӯшӣ лаҳни форами хоси Раҳимҷонро шунида, лаҳзае дар ҳайрат афтодам. Ҳам хурсанд шудам, ҳам хиҷолат. Хурсанд аз он ки гуфтори ӯ ба он вазъе, ки нисбат дода буданд, монанд набуд. Чун одами тамоман сиҳат меҳрубонона «Мирзоҷон» - гуфта, аз саломатии худаму аҳли байт ва кору борам пурсон шуд. Хиҷолат он буд, ки шахси бемор мани тансиҳатро ҳолпурсӣ дошт ва гӯр ташвишу корҳои рӯзгор шавад, ки натавонистем дер боз аз ҳоли ҳамдигар хабар гирем. Ниҳоят, хушҳолона гуфтам, ки Худоро шукр, ки ҳолаш хеле хуб шудааст ва ҳатман хабараш мегирем. Вале ман аз куҷо медонистам, ки ин охирин суҳбати мо будааст. Рӯзи дигар айнан дар ҳамон муҳлат хабари даргузашташро ба ман расониданд. Ҳатто пайвандонаш аз суҳбати телефонии як рӯз пеш аз марги ӯ бо ман дар ҳайрат буданд, ки бо вазъи доштаи ӯ ин ҳеҷ имкон надошт. Маҷбур шудам, ки сабти телефониро далел пеш орам. То ҳол дилам намешавад, ки занги онрӯзаро бардорам. Занги онрӯза, ки фаромӯшиаш даргумон аст, бори дигар инсони бузург будани Раҳимҷонро собиту сахт мутаассирам сохт. Аввалҳои баҳори соли 2014 думболи ҳам бародар ва модари бузургворамро аз даст додам. Фурсати зиёде ҳам надоштам, ки рафиқонро хабар намоям. Аммо...миёни омадагон Раҳимҷони аз куҷое хабарёфтаро дида, бори дигар ба одамияташ қоил шудам. Коҳишаш ҳам кардам, ки саломатии худаш хуб несту ташвиш кашидааст. Ҳамсари меҳрубону бовафои Раҳимҷон низ чун худаш ҷиддан дардманд аст. Гоҳо Раҳимҷон барои ҳаёти ҳамсараш ва гоҳо ҳамсараш барои ҳаёти ӯ якҷо бо фарзандон дар талош буданд. Чанд соле пеш Хайруллои Раҷабиён дурандешона якнусхагӣ аз як шеъри ниҳоят самимию заминии ба Раҳимҷон бахшидаи Саид Раҳмонро ба рафиқон тақсим карда дода буд, ки матлаъаш ин аст: Худовандо, Раҳимамро нигаҳ дорад, Ки дар дунё дигар додар надорам. Оре! Чун Раҳимҷон инсонҳое заминӣ, покизадилу покизарафтор, раҳмдилу ғамхори дӯстон ниҳоят кам андар кам аст. Вале дарди бераҳм ба Раҳимҷони ҳанӯз ҷавону раҳмдил раҳм накард. Чизе буд, набуд, ки аз бари мо Раҳимҷони бо чеҳраи нуронӣ ва хушсуханро бурд. Онеро, ки дар айни камолоти эҷодӣ, ширинии ҳаёт қарор дошт. Онеро, ки ҷон доду инони ихтиёр ба дасти дарди қотил не. Руҳат шоду манзили охиратат обод,бародар ва дӯсти гиромӣ!

11


12

 МИНБАРИ АНДЕША

Дар тарбияи фарзанд дуруштӣ накунем

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

Толори беварзишгар - хонаи бе тифл

ВАРЗИШ

Мавқеи оила дар тарбияи фарзанд борҳо расонаӣ шуда, дар ин боб мақолаву маърӯзаҳои зиёде нашр гаштааст. Гӯем, ки масъалаи асосии замонаи мо ҳам ҳаст хато нахоҳем кард. Ин талабот буд, ки соли 2015 – ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли оила намуда буданд. Барҳақ оила дар тарбияи кӯдак мақоми махсусеро ишғол мекунад.

14 ноябр Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин баъди таъмиру азнавсозӣ расман ба фаъолияти оғоз намуд. Дар рӯзи аввали фаъолияти он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок намуда, бо варзишгарону мураббиён суҳбати озод доир намуд. А. Абдуллозода зимни суханронӣ аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати соҳаи варзиш ва варзишгарон ёдовар шуда, маҷмааи варзишии замонавиро туҳфаи Пешвои миллат барои варзишгарон арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки варзишгарони кишвар, дар фасли сармо метавонанд тамринҳои худро бемамоният идома диҳанд. Зеро тамоми шароити лозима дар толор фароҳам оварда шудааст. - Воқеан ҳам толор бо шумо варзишгарон зебанда аст. Давоми 7 моҳе, ки дар толор таъмир мерафту мо аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан мекардем, ин толори бо ҳашамат сарду холӣ ва дилгиркунанда буд. Имрӯз шумо варзишгарони азиз бо тамринҳои худ ба толор ҳусни дигар зам намудед. Толори беварзишгар хонаи бетифлро мемонад. Дар ҷавоби ғамхориҳои Пешвои миллат аз мо танҳо меҳнати софдилона мебояду бас. Шумо бо меҳнати ҳалолатон метавонед муаррифгари миллат бошед,- иброз дошт А. Абдуллозода 10 ноябр Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин дидан намуд ва аз шароити фароҳамоварда барои варзишгарон ошно гардида, барои фаъолияти он иҷозат доданд. Маҷмааи мазкур аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гӯштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳамом ва системаи гармидиҳӣ иборат аст. Баъди аз таъмири асосӣ барои масъулин имкон фароҳам оварда шуд, ки аз ин пас дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шавад. Аҳтам Абдуллозода зимни суҳбати озод бо варзишгарон таъкид намуд, ки толор хонаи ҳар як варзишгари кишвар ба ҳисоб меравад ва онҳоро зарур аст, толорро ҳамчун хонаи худ тозаю озода нигоҳ доранд. Инчунин дар давоми суҳбат ба мураббиён гуфта шуд, ки варзишгаронро дар рӯҳияи ватандӯстию инсонгароӣ тарбия намоянд. Ҳамчун намуна аз одобу рафтор ва хислатҳои ҳамидаи Қаҳрамони XXXI бозиҳои тобистонаи олимпӣ, Дилшод Назаров ёдовар шуданд. Зикр шуд, ки зимни боздиди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд дода, инчунин супориш доданд, ки дар паҳлуи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ду толори замонавӣ, яке барои футбол ва дигаре барои намудҳои гӯштин дар кӯтоҳтарин муҳлат сохта шавад. Ёдовар мешавем, ки бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ таъмир карда шуд. Ш. НАЗАР, “ҶТ”

Оила сарчашмаест, ки кӯдак тавассути он таҷрибаи таърихию иҷтимоӣ ва таҷрибаи муносиботҳои ҳиссӣ ва хислатҳоро барои худ касб мекунад. Оила мактаби муҳими таълиму тарбия дар роҳи ба воя расонидани инсони солиму комил ба ҷомеа буда ва хоҳад монд. Вақте ки тифл таваллуд мешавад аз оғози ҳаёт ҳама он меъёрҳои зиндагиро, ки дар оила ҳукмфармост, меомӯзад. Ӯ аввалин таҷрибаи ҳаёти худро маҳз аз оила мегирад. Обрӯи падару модар дар ҷомеа ба тарбияи фарзанд таъсири калон мерасонад. Вазъи ногувори оила метавонад сарчашмаи асосии пайдоиши тарс дар вуҷуди кӯдак гардад. Кӯдакон тарбияи дурустро на танҳо аз суханони калонсолон, балки бештар аз рафторашон қабул мекунанд. Агар дар омӯзиши таълим ва тарбияи кӯдак ҳақиқатро аз таҷрибаи ҳаёт бештар истифода кунем, пас, кӯдак он комёбӣ ва нобарориҳои ҳаётро бо ақли худомӯхта, муқоиса карда, некро аз бад ҷудо намуда, вазифаи ба ӯ вобасташударо бо фикру андешаҳои тару тозаи худ, ки олам то ҳол аз он бехабар аст, меофарад. Аммо, мутаассифона, баъзе волидайн нисбати фарзандони

худ суханҳои пасту қабеҳ гуфта, онҳоро дар руҳия носолим ташаккул медиҳанд. Кӯдаки хурдсол аз модар, падар ва наздикони чунин суханҳои бадро шунида, онро ҷиддӣ қабул карда, ноумедӣ аз ҳаёт ва тақдири худ мекунад. Ӯ аз хурдсолӣ таваллуди худро ҳамчун хатои табиӣ шумурда, сабабгори ҳамаи он мушкилиҳо ва нобарориҳое, ки ба сари волидайн ва атрофиёнаш меоянд, худро мешуморад. Оқибат кӯдак метавонад бо чунин таассурот ба ҳисси худнобудкунӣ амал кунад. Агар ки ҳам ӯ қасди худкушӣ накард, пас маълум ки ӯ бо ҳамон дастур тарбия меёбад ва

дар оянда фарзандони худро бо чунин усул тарбия мекунад. Чунин усули тарбия аз ҷониби падару модарон қасдан намешавад, балки онҳо низ аз волидайни худ чунин тарбия гирифтаанд. Аксари олимон чунин мешуморанд, ки 30% рафтори тифл аз хун мегузарад ва 70% дигар ба таълиму тарбия бастагӣ дорад. Пас, маълум мегардад, ки рафтори кӯдак бештар ба таълиму тарбия вобаста аст. Пас кӯшиш намоем, ки дар тарбияи сазовори насли ояндасози миллату давлат саҳми дуруст гузорем.

А. Убайдов

Мушкилии асосии соҳаи сайёҳӣ – набудани мутахассис Талабот ба соҳаи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ босуръат афзуда истодааст. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сарватҳои табиӣ ва фарҳангии кишварамонро пурра омӯхта, роҳҳои самаранок истифодабарии онҳоро бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ истифода бурданро аз худ намоем. Сарватҳои табиӣ ҳангоми интихоби ноҳияҳо барои сайёҳат нақши бузург мебозанд. Аксар сайёҳон ҳангоми интихоби мавзеъи сайёҳӣ иқлим, боигариҳои гуногуни олами набототу ҳайвонот, имкониятҳои табиӣ, мавзеъҳо барои машғули бозиҳои варзиширо бештар ба назар мегиранд. Ташкили ин ё он намуди фаъолияти сайёҳӣ ва омӯзиши хусусиятҳои табиӣ ва географӣ масъалаҳое мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ба ҳар як ноҳияи кишвар омӯзиши зиёдро талаб менамояд. Дар ВМКБ пеш аз ҳама барои ташкил намудани комплексҳои замонавии рақобатпазири сайёҳӣ, таъмин намудани имкониятҳои фаррох дар роҳи қонеъ намудани талаботи сайёҳон дар арсаи хизматрасониҳои туристӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ, дастгирии афзалиятноки туризми дохилӣ ва сайёҳии хориҷӣ, таъмини ҷалби устувори асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят талош меварзанд. Зикр кардан лозим аст, ки як қатор омилҳои объективӣ мавҷуданд, ки ба пойдорӣ ва рушди соҳаи туризм монеъ мешаванд. Инҳо пеш аз ҳама, норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳа ва менеҷменти заиф дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарсудашавии фондҳои асосӣ дар иншооти инфрасохтори

туристӣ, заифии корҳои таблиғоту ташвиқотӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ва вуҷуд надоштани механизми муайяни танзими ин соҳа мебошад. Қонунҳои мавҷуда доир ба минтақаҳои сарҳадӣ яке аз монеаҳои ҷиддии инкишофи туризми хориҷӣ мебошад. Ба роҳ мондани рухсатномадиҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ барои дохил шудан ба ҳудуди вилоят ва бақайдгирии онҳо яке аз омилҳои чунин сади роҳи инкишофи туризм дар вилоят аст. Барои ба фаъолияти дурусту мунтазами сайёҳӣ ва пиёда намудани мароми Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ, соҳаи туризми Бадахшон ба мутахассисон ва донандаи асрори ин минтақа, ки тавони намоиши ҷанбаъҳои диққатҷалбкунандаи онро дошта бошанд, эҳтиёҷи зиёд дорад. Аз мушоҳида бар меояд, ки имконияти ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ дар миқёси вилоят бо истифода аз ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит, бо шуғли муайян таъмин намудани аҳолии деҳот ва мусоидати он барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ такони ҷиддие мебошад.

Алимамад МУРОДМАМАДОВ, донишҷӯи ДДХ ба номи М.Назаршоев


Омилҳои косташавии муоширати ҷавонон кадом аст? Меҳроб Ҷумаев, устоди ДМТ, забоншинос: - Коста гардидани муоширати ҷавонон чанд омили объектививу субективӣ дорад. Дар шароити имрӯза гумон мекнам, ки омили аз ҳама муҳим ин фарҳангу маданияти хонаводагӣ ба шумор меравад. Агар фарзанд дар муҳити оила хуб тарбия ёбад, падару модар шароити хуб муҳайё кунанд, ҳамеша китоб хонанд, рӯзнома хонанд, боварии комил дорам, ки фарзандон ҳеҷ гоҳ дуруштзабонӣ намекунанд. Лекин бадбахтона баъд аз воқеаҳои навадум, фарҳанги оилавии мо ҳам коста гардид. Аз тарафи дигар хушбахтона, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунеро “Дар бораи масъулияти падару модар даор тарбияи фарзанд” қабул намуд, ки масъулияти худи волидайнро баланд мебардорад, то эшон дар тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир накунанд. Ғайр аз ин омилҳои дигаре ҳастанд, ки ба мактабу ҷомеа вобастаанд. Мактабу ҷомеа омилҳои дуюм ва сеюмдараҷа ба ҳисоб мераванд. Дар мактаб устодонро зарур аст, ки бисёртар ба ахлоқи хонандагон ба тарзи гуфтор, одобу рафтори онҳо диққат диҳанд. Кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки хонандагон аз синфи дуюм ва сеюм рӯ ба китобхонӣ оранд. Шахсан аз таҷрибаи худ мегӯям, ки дар лаҳзаи синфи ду ва се буданамон устод моро бурда, ба китобхонаи мактаб аъзо мекарданд. Бар замми ин ҳар ҳафта худи муаллим оварда ба мо китобҳои бачагона мододанд, мо мехондем ва байни синф табдил мешуданд. Фикр мекунам ин таҷрибаи беҳтарин аст, зеро ҳамин таҷриба боис гардид, ки мо рӯ ба китобу рӯзнома овардем. Агар устодон аз синфи ду ва се ханандагонро ба хондани китобҳои бачагона раҳнамо шаванд, баъдан оҳистаоҳиста мувофиқи синни онҳо китоби бадеӣ мутолиа намоянд аз беҳудагардӣ ва корҳои носавобе, ки оқибатҳои нохӯш доранд, даст кашанд, бовар дорам, ки косташавии одобу гуфтор ва рафтору муоширати ҷавонону наврасон пурра аз байн наравад ҳам, дар сатҳи ниҳоят кам ба чашм мерасад.

Миров Ф. С. корманди шӯъбаи сотсиологияи АИҶТ, ҷомеашинос: - Вақте мо муоширати ҷавонон мегӯем, на танҳо суҳбати рӯ ба рӯи онҳо бо якдигар, балки муоширати маҷозие, ки дар сайтҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, пеши назар меояд. Муоширати байни ҷавонон ба таври умумӣ дар ҳеҷ давру замон ба пуррагӣ коста нагардидааст. Танҳо воситаҳои нави техникаву технологие пайдо шудаанд, ки ба ҷавонон имконият медиҳанд, ки рӯзи дароз дар муошират бошанд. Ҷавонон бештари вақти хешро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Баъзе ҳолатҳо зарурат ба муоширати зинда надоранд. Аз ҳамин лиҳоз вақте ба муоширати зинда сару кор мегиранд, дар онҳо костагиҳо ба назар мерасад. Қариб ҳар рӯз мафҳумҳо ва калимаҳои нав дар муоширати байни ҷавонон ворид гардида истодааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки гарчанде сатҳи донишҳои динӣ ва дунявии ҷавонон баланд набошад ҳам, ҷаҳонбиниашон хеле васеъ аст, зеро ки аз ҳар воқеаву рӯйдоди дохил ва хориҷӣ кишвар хабардоранд. Солҳои пеш воқеаҳо зуд паҳн намешуданд, имрӯз бошад тавассути сайтҳои иҷтимоӣ қариб ки ҳама хабардор мешаванд. Калимаҳои наву истилотҳои дурушт низ таввасути сайтҳои иҷтимоӣ, зуд дар байни ҷавонон паҳн шуда ба як муд медарояд. Ва то як мудати дурудароз давом мекунад. Аз ин сабаб як омили коста гардидани муоширати ҷавонон технологияи муосири информатсионӣ мебошанд. Ҷомеа ҳам ба ташаккули маданияти муоширати ҷавонон боис мегардад. Солҳои пеш дар нақлиёти ҷамъиятӣ агар ҷавоне алфози қабеҳро сарф мекард, мавриди сарзаниши дигарон ва асосан калонсолон қарор мегирифт. Айни замон дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебинем, ки ҷавонону наврасон ибораҳоеро истифода мебаранд ва муоширати номақбул доранд, ҳеҷ кас дахолат накарда назорат ҳам намекунанд. Асосан барои бартараф кардани ин мушкили мебояд ҷавонон бештар ба маҳфилҳу клубҳо ва театр ҷалб карда шаванд, ки аз клубҳо ному нишон нест, ба театр бошад ҷавонон намераванд.

Аҳлиддини Садриддин, равоншинос: - Тифли навзод ҳаммонанди компютер холист, яъне вақте ки мо компютери нав мехарем ӯ ҳеҷ барнома надорад. Корфармо ҳар барномае ҷой кунад, компютер ҳам бар асоси он фаъолият мекунад. Мағзи сари тифл низ шабеҳи ҳамон дастгоҳ ё компютер аз ҳар гуна сухан ва фикр холист. Пас, падару модар аввалин касоне ҳастанд, ки тифли маъсум ё кӯдаки нав чашм ба дунёи ҳастӣ кушодаро аз рӯзи аввали зиндагӣ савқ ва шакл медиҳанд. Олимон мегӯянд, ки ҳамон гунае калонсол маълумотро қабул мекунад, кӯдак низ ҳамин хел қабул мекунад. Яъне дар қабули маълумот кӯдак ва калонсол баробаранд. Фарқияташ дар ин аст, ки кӯдак наметавонад маълумоти гирифтаашро истифода барад. Ба ҳамин хотир агар бо тифл бо садои дурурушт муошират кунем, зуд гиря мекунад. Аз ин бармеояд, ки тифли навзод таббасумро аз асабоният ҷудо карда метавонистааст. Пас, ҳар гуна муоширате, ки дар хона мешавад ба афрод ё кӯдаконе дар он ҷо зиндагӣ доранд, таъсири худро марасонад. Зеро ки волидайн нақши асосиро дар ояндаи кӯдак мебозанд. Воқеан ҳам зиндагии байни заношӯи аз баҳсу муноқишаҳо орӣ нест. Хуб мешуд, ки падару модар дар назди фарзанд масоили зиндагиро матраҳ насозанд. Он масоиле, ки боиси хархаша ва баланд шудани садои дурушт дар муошират байни ҳам мешавад, канор гузоранд, то фарзанд дарк накунад, ки хафагӣ ва норизогӣ байни падар ва модараш авҷ гирифтааст.

Банда дар тарбияи кӯдак ҳеҷ гоҳ суханҳои қабеҳро ба забон намеорам, ҳарчанд айбу гуноҳаш калон ҳам бошад. Муоширати хуш надоштани ҷавононро сабаб хуб тарбия наёфтани онҳо аз ҷониби волидон аст. Сарчашмаи дуруштзабонии фарзандон калонсолҳоянд. Назрихудо КАРИМОВ, коромӯзи “ҶТ”

Мавод саддарсад хонандаро ба иштибоҳ мекашад, чунки ба ҳақиқат баҳои воқеӣ намедиҳад ва танҳо дурӯғро дарҷ мекунад. Ба гуфти муаллифи ин матлаб “дар ҷомеъаи имрӯзи мо аксари мардум ғарибанд”. Мафҳуми ғарибро бузургони мо шарҳу тафсири дигар додаанд, ки дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин омадааст: «мусофир, дурафтода аз ватан, аз хонумон ҷудо, бе ёру диёр». Аммо сомонаи мазкур бо ғалату дағалии беҳад ғарибро касе меҳисобад, ки «дар байни хешу табор, ҷомеъаву ватани худ бошад, аммо ӯро набинанд ва ҳаққи ӯро бихӯранд». Пайравони ТЭТ ҲНИТ дар «паём.нет» ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои динӣ, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузоранд, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунанд, носазо мегӯянд ва мубориза мебаранд. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ доранд. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро зуд бо унвонҳои дигар маҳкум менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидатӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надоранд ва танҳо ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунанд. Аз ватан дурбудагони ТЭТ ҲНИТ ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман нисбат ба низоми давлатӣ эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дошта, дар муқобили онҳо қарор мегиранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеа ҳар кас бо роҳу воситаҳои гуногун баҳри ҳимояи манфиати давлату миллат кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале наҳзатиҳои фирорӣ бо интишори матлаби иғвоангез дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳо бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани давлату миллати тоҷик амал мекунанд. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва бо пайравӣ ба душманони миллати тоҷик зидди ҳақиқат баромад мекунанд. Ба фарҳангу ҳунар, ахлоқ ва ба расму оинҳои мардум бадбинӣ ва нафрат пайдо карда, рӯҳияи зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддунӣ доранд. Чуноне ки имрӯз аъзои “давлати исломӣ” бо ин афкори ғайриинсонӣ давлатҳои ободу зеборо бо тамаддуну фарҳанги ҳазорсолаашон хароб карда, инсониятро асири хостаҳои нафси ҳайвониашон кардаанд. Рустам Раҳимов

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Асирони нафси ҳайвонӣ

Муоширати хуб доштан, бо атрофиён муносибати самимӣ ва дилкаш ба роҳ мондан ҳамеша қобили таваҷҷуҳу лоиқи таҳсин аст, вале кори сода нест. Ба он маъно, ки аз дасти ҳар кас барнамеояд. Балки кам нафаронеро, хоса аз миёни ҷавонон имрӯз меёбед, ки нармсухану хушмуомила бошад. Кӯчаву хиёбонҳои мо аз ҷавононе, ки забонро хор карда, муоширатро дар сатҳи даркорӣ ба роҳ монда наметавонанд, пур аст. Бинобар ин мо аз ҳамсуҳбатонамон пурсидем, ки

Расонаҳои гурӯҳи фирориёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар таъсис дода шуда, мабалғгузорӣ мегарданд, ба таҳрифи ҳаводис даст мезананд. Воқеаҳои дохили Тоҷикистонро вобаста ба хоҳишу дархости мамолики маблағгузор ва душманони ин марзу бум шарҳу тасвир мекунанд, кулли гузоришу хабарҳояшон интиқодӣ ва зидди давлату миллати тоҷик мебошад. Яке аз чунин расонаҳо «паём. нет» аст, ки аз ҷониби давлатҳои исломии дуру наздик таъсис дода шуда, муқобили мардум тоҷик равона гардидааст. «Паём.нет» бештар бо таҳрифи факту санадҳо ва хабарҳои сохтаву бофта матолиб омода месозад. Масалан, таҳти унвони «Мардуми тоҷик дар кишвари худ ғарибанд!!!» маводе омода намуда, воқеиятро таҳриф ва бо дурӯғу буҳтони ногуфтанӣ рангубор медиҳад.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Пешво дорем, дорем ифтихор

НУРУЛЛОҲИ ОРИФ

Ифтихор

Сафар АМИРХОН

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор, Пешво дорем, дорем ифтихор. Бемалол аз заҳмати пайвастааш Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор. Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор. Мо Ватанрову Ватан моро бувад, Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор. Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез, Тоҷикистон, мулки мардони баор. Бо чунин як Пешвоят ҳеч гоҳ Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр.

Имдоди Пешво (Дар ду вазн) Шод зӣ, эй Пешво, ғамхори ҳар инсон туӣ, Дар тани миллат гирифта ҷой мисли ҷон туӣ. Халқ мегӯяд яко-як, бо ҳазорон ифтихор, Пешвои одилу бофазлу бовиҷдон туӣ. Хатарро аз Ватан рондӣ, саломат бош, Ғарибонро ба ҳам хондӣ, саломат бош. Ба ҳар як гӯшаи мулки аламдида Дарахти Сулҳ бишнондӣ, саломат бош. Ба ҳар фарди ватандӯст ошно ҳастӣ, Зи бадхоҳони миллат норизо ҳастӣ. Сари саҷҷодаи Ваҳдат абармардо, Ба ду дасти дуо рӯ бар Худо ҳастӣ. Худо бишнид розатро, ба ту пайваст, Ба ҳар роҳе, ки по мондӣ, бидодат даст. Ба як чиртак задан баҳ-баҳ, ҳалолат бод, Ҳазорон қуфлу занҷири аду бишкаст.

Тоҷикистон Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам. Сурмаи чашми дилам хоки дарат, Ҷигарам об хӯрад аз ҷигарат. Мефитам дар раҳи пурпечи ҳаёт Гар равам дур каме аз назарат. Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам.

Кафили Ваҳдат Барои Эмомалӣ Раҳмон Монанди ҳавои тираю боронӣ Қошу қавақи замона овезон буд, Аз доғи дилу ғами ҷудоӣ зи Ватан Хуноби сиришк дар сари мижгон буд.

Эй Пешвои миллат, Эй родмарди доно. Ҳастӣ ту бас мукаррам, Ҳастӣ ту бас тавоно. Рӯсурхии ту кардаст Рӯсурх ин Ватанро. Ҳамчун биҳишт гардонд Ин боғу ин чаманро. Эй Пешвои миллат, Эй родмарди доно. Ҳастӣ ту бас мукаррам, Ҳастӣ ту бас тавоно.

Пешвои миллат Нонат ҳалол бодо, Эй Пешвои миллат. З-он дам, ки сарварӣ ту, Миллат надид иллат. Хоби шабат паронда, Хидмат ба халқ кардӣ. Пай бурд ҳар як инсон, Бас беназир мардӣ. Аз ҷанг дур гаштем Бо азму бо талошат. Шабро шикаст додӣ, Бо ақли нурпошат. Чун туст чеҳрахандон, Имрӯз Тоҷикистон. Мо фахр бо ту дорем, Пайгири Оли Сомон.

Шукри Ваҳдат

Дод Ҳақ сарвари ғамхор ба ту, Ҳамдаму ёру мададгор ба ту. З-ибтидо шукри Худо то ба ҳанӯз Сарварат ҳаст вафодор ба ту.

Шукри Ваҳдат, мо ҳама пиру ҷавон Мулки худ бо кор зебо мекунем. Ханда бар лаб, дур аз тарсу ҳарос Дар ба рӯи дӯстон во мекунем.

Тоҷикистон, Ватанам, ҷон Ватанам, Бо ту шаҳд аст сухан дар даҳанам. Баҳри ободию сарсабзии ту Ҳамчу Фарҳод дили кӯҳ канам.

Дарси меҳнат, дарси Ваҳдат, дарси Сулҳ Дод бар мо Пешво, шодем мо. Нест моро кина дар дил ҳеч гоҳ, Аз азал халқи Худододем мо.

Пешвои миллат Эй Пешвои миллат, Эй родмарди доно. Ҳастӣ ту бас мукаррам, Ҳастӣ ту бас тавоно. Дониста пой мондӣ Дар шоҳроҳи қисмат. Кардӣ ту дар ҳақиқат Хидмат ба халқ, хидмат. Эй Пешвои миллат, Эй родмарди доно. Ҳастӣ ту бас мукаррам, Ҳастӣ ту бас тавоно. Раҳмат ба ҳафт пуштат Ғамхори миллат астӣ. Баҳри шукӯҳи кишвар Маҳкам камар бубастӣ.

Ваҳдати ҷовидро ҷовидтар Кард бояд, то Ватан ором бод. Гирди хони пур зи файзи орзу Халқро базму тараб ҳар шом бод.

Се рубоӣ Шукронаи Ҳақ, ки мулкам обод шудаст, Бар халқ насиб даври озод шудаст. Ин дил, ки нахуфта мекунад хидмати тан, Аз кори ҳалоли Пешво шод шудаст. *** Дар кишвари чун биҳишт шукрона кунам, Булбул бишавам, ба шохи гул лона кунам. То ин,ки сарам ба осмон дакка хурад, Бо килки ҳавас зулфи сухан шона кунам. *** Чун ман ҳама шукри бахти озод кунед, Хуб аст,зи ҳафт пуштатон ёд кунед. Бо меҳнати бас ҳалол, бе фанду фиреб Ин кишвари худ бештар обод кунед.

Чун парда гирифта пеши нури хуршед Абри сияҳи дарду алам ҳар соат. Аз ҳоли пареши мардуми ваҳмида Ду дасти дуо будем дар ҳар тоат. Печида ғубори пардаи дуди сияҳ Дар шохаи беду шаҳчанори лаби раҳ. Аз ҷаҳл ба дидаҳои хашмин додар Мекард ба додараш равон тири нигаҳ. Гӯё зи сари шохи дарахти ҳастӣ Хунобачакӣ ҳанӯз ҳам дошт давом... Сад шукр, кафили Сулҳу Ваҳдат омад, Аз меҳру вафо ба мо расонид паём.

Робия Холмирзо

Пешво Фару гавҳар аст лозим ва муҳаббати худоӣ, Ки расад яке ниҳоят ба мақоми пешвоӣ. Ба ҷуз аз вафову покӣ маталаб зи субҳи рӯшан, Ки зиёст асли мақсад зи рисолати зиёӣ.

Эй Пешвои мо Рағми фиребу ҳилатӣ, эй Пешвои мо, Зидди азобу зиллатӣ, эй Пешвои мо! Бас узви ифтихории тибби ҷаҳониӣ, Фотеҳ алайҳи иллатӣ, эй Пешвои мо! Воқиф зи вазъҳои замону ба ҳукми он, Сар то ба по фазилатӣ, эй Пешвои мо! Восил ба кори раҳбариву раҳнамоиҳо, Дар ҳар амал василатӣ, эй Пешвои мо! Подор ҳамчу ҷумлаи тахти ҷиболамон, Хушбахт дар ҷибиллатӣ, эй Пешвои мо! Милён қадар баландтарӣ аз мақомҳо, Маҳбуби халқу миллатӣ, эй Пешвои мо!

Сомонии сонӣ Аз бахт нишониӣ, Эмомалии Раҳмон, Дар тахти каёниӣ, Эмомалии Раҳмон! То рӯшаниҳо ҷамъаш дар маънии Ҷамшед аст, Ҷамшеди замониӣ, Эмомалии Раҳмон! Чун муътабарат номид исломи ҷаҳонӣ ҳам, Имоми ҷаҳониӣ, Эмомалии Раҳмон! Бар мозии Сомонӣ сомони навин дода, Сомонии сониӣ, Эмомалии Раҳмон! Ҳафт ахтари парчамро, ҳафт ахтари оламро, Чун саъди қирониӣ, Эмомалии Раҳмон! Ҳам баъди ҳазорон сол, шоҳест ар ин минвол, Дар адл чунониӣ, Эмомалии Раҳмон! Имрӯз паёматро хондем, к-аз оянда, Дар пайкрасониӣ, Эмомалии Раҳмон! То Файз равон дорад, номат ба забон орад, Дар шеър равониӣ, Эмомалии Раҳмон! Файзимади Назар, муаллими МТМУ №56-и ш. Ваҳдат


Аспирин ... ... Баччан, актёри њиндї

Радиоро ихтироъ кард

Пойтахт дар Африќо

Кина, душманї

Шармандагї

Пеша, шуѓл

Як миќдор пули наќд

Водї дар Ўзбакистон

Парламенти Дания

Моеъи техникии беранг

Туро ба манзил барад

«Ну, погоди!» – «… ист» (мултф.)

Гунањкори азим дар ислом

Розшунав

Муќобилмаънои нест

«ИМА» ба русї

Ноњия дар минтаќаи Кўлоб

Квартети эстрадии шведї

Аз гуноњ гузаштан

Доруи сурх барои љароњат

Дегдон

10084= Киштии кайњонии ИМА

Шефта, ошиќи волаву …

Садои зоѓ Ла ..., гулўгоњи байни Фаронсаю Британия

Гидрокарбонати натрий дар ошхона

Санги маъдании гаронбањо

Моњи оѓози таътили калон

…мат, яроќи оташфишон

Ранги лола

Тамѓаи автомат

Як навъ таоми миллї

Љавоби «не»

... Питт, актёри амрикої Сардори љанговарон

Муќобили «сулњ»

Фикр, андеша

Уќёнуси …и шимолї

Мурѓобї Картошкабирёни амрикої

…и Мањмуд, сароянда

Пайдоиш, ошкоршавї

Љуфт Наќш барои дар занак сањна

Ягона

Яке аз њарфњои «т»-и арабї

Эшон, вайњо

Матои нимабрешими рахрах

... Каримова (овозхон)

Як хел муаммо

Озмоянда, таљрибакунанда

Шираи кўкнор

... Ланка

Аз њама Шафќат кам

Бехудї аз хурсандї, ѓояти шавќ

Нота

Кунд не

Давлат ... дар Завќибеков, Амрикои Марказї њунарманд

Њол

Тахаллуси Ситсилия Хейфитс (зављаи Лоњутї)

Тўтии думдароз Обанбори табиї

САНҶИШИ ДОНИШ

Адиб Садриддин …

Кайфу сафо

Чењра, рухсор

Домоди паёмбар (с)

Холї, мањрум аз чизе

Мурдаи њайвон барои каргас

Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

Дилбар …, актрисаи тољик

Олї, баланд Чемпиони собиќи шоњмот аз Боку

Майдон, сањро

Асбоб барои фаршшўї Нўги овезони салла

Момо Br ,унсури кимиёвї

Балвогар

Сиришк

Каппаи аз хас сохташуда

Соатњои муайяни шабу рўз

Навъи ќањва

Персонажи "Зани оњанин"

15

Сканворд

… Падуконе, ситораи кинои њиндї

Сатри ...

Агар Худо хоњад

Тамѓаи хокаи либосшўї

… Улуѓзода, нависандаи тољик

Зинапояи њавопаймо Платон, файласуфи Юнони Ќадим


16

 СЕҲРИ ХОМА

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ Ҷуброн ХАЛИЛ, нависандаи Лубнон

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №46 (9472), 17.11.2016

Коркуни БДА ронандаеро манъ мекунад: - Шумо қоидаи бехатарии роҳро вайрон кардед. - Ҳа, дуруст, шояд имрӯз бахшед, чунки зодрӯз дорам. Нозир ба ҳуҷҷатҳо нигоҳ карда мебинад, дар ҳақиқат рӯзи таваллудаш будааст. -Табрик мекунам ва метавонам бубахшам, аммо бегоҳ мехоҳам, ки барои саломатиатон нӯшам.

Марги шоир ҳаёти ӯст

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Шаб болҳояшро рӯи шаҳр паҳн мекард, сармо бани Одамро аз бозоргоҳҳо меронд, онон дар лонаҳои хеш пинҳон мешуданд, вале бод менолид, ба сони навҳагаре рӯи мурдаи гӯрхонаҳои мармарӣ. Канори шаҳр, дар кулбаи ҳақиронаи тазъиқёфта аз кулоҳи гарони барф, дар кӯҳнабӯрёе, ки фақат бо милтироси хираи чароғе равшан мешуд, ҷавоне ҷон меканд. Ҷавон наздик расидани наҷотро аз завлонаҳои ҳаёт ҳис мекард, бо табассуми маҳзуне дар лабонаш маргро интизорӣ мекашид ва чеҳраи коҳидаашро нури умед фурӯзон менамуд. Ӯ шоир буд, барои дили мардумро бо ашъори шево хурсанд кардан таваллуд шуда буд, вале аз гуруснагӣ дар шаҳри зиндагон ва тавонгарон дармегузашт. Рӯҳи аълои ӯ, ки барои ҳаётро зеботар сохтан ба замин бо раҳмати ҳақтаолло фиристода шуда буд, қабл аз он ки лабхандаш занад, ҷаҳонро хайрбод мегуфт. Нафасгирии миранда заифтар мешуд ва наздаш танҳо чароғ буд, рафиқи бекасиҳояш ва варақҳои коғаз, ки рӯъёҳои дили шишаашро таҷассум мекарданд. Ҷавони миранда бақияи мадорашро, ки ба тарки абадулободи ӯ омода буд, ҷамъ кард ва дастонашро ба осмон бардошта, гӯё ки бо нигоҳ сақфи кулбаро шикофтану ахтарони паси абрҳо пинҳонро дидан мехоста бошад, чашмонашро калон кушода гуфт: “Эй марги зебо, биё наздам, зеро дилам аз интизор бемадор шудааст! Завлонаҳои ҷасадро пора-пора кун, аз кашиданаш монда шудаам ва маро аз онҳое раҳоӣ деҳ, ки барояшон бегонаам, зеро ман каломи фариштагонро ба забони одамӣ бармегардонам! Инсон маро инкор намуд ва ба фаромӯшӣ гузошт, чунки ман нахостам монанди ӯ бошам ва ба сарват ва фармонгузории нотавонон ҷаҳд накардам. Биё охир, эй марги ширин ва маро бубар, зеро ман ба дарди фарзандони ниёгони хеш намехӯрам! Маро ба синаи пурмуҳаббатат пахш бикун ва лабони бӯсаи модар, мучии хоҳар ва тамоси лабони дилбар надидаро бибӯс! Зудтар маро ба оғӯшат бигир, эй марги маҳбуб! Паҳлуи миранда шабаҳи зани пероҳани барфосо ва зебоии нестандарзамин дошта бо гулдастае аз савсани дар даштҳои осмон рӯянда пайдо шуд. Вай рӯи ҷавон фурӯ хамид ва ӯро оғӯш кашид, сипас пилкҳои чашмони варо ҷафс кард, то ки ӯ ба вай бо чашмони дил нигарад ва лабонашро бӯсида, дар онҳо табассуми шодӣ гузошт. Ва дар кулба чизе намонд, магар ғубор ва варақҳои коғази дар гӯшаҳои торик паҳну парешон. Солиёни зиёд аҳли ин шаҳр дар хоби гарони нобоварӣ ва фориғболӣ буданд, даме ки бедор шуданд ва шафақи донишро диданд, барои шоир муҷассамае боҷалол пай афканданд ва ҳамасола ба шарафи ӯ ҷашнҳо баргузор карданд. Дареғу дард, ки инсон ҷоҳил аст!

МЕҲРОБ АЗИМОВ

***

Аз толори суд. -Юнус, чаро вақти хондани ҳукм бояд аз ҷой хезӣ? -Чунки баъди ин дуру дароз шиштан даркор.

***

-Ман бисёр зани раҳмдил ҳастам. Масалан, субҳ ба талбанда 50 сомонӣ додам. -Воҳ! Шавҳарат ҳеҷ чиз нагуфт? -Дастамро бӯсида ташаккур гуфт, чунки талбанда худаш буд.

***

Мард ба духтараш: -Ин домодшаванда чӣ қадар даромад дорад? -Аҷоиб, падарҷон! Рӯзи аввали шиносшавиамон вай ҳам ҳамин саволро дар бораи шумо дода буд.

***

Боре Афандӣ пеш аз ба меҳмонӣ рафтан кафшҳои нав мехарад. То бегоҳ ба ҷои даъватшуда вақт бисёр буд, барои ҳамин Афандӣ бо бел ба ҷуфти заминаш шуруъ мекунад. Ногоҳ ба пои Афандӣ мехи калони зангзада мехалад. Аз пои хуншор ва дард Афандӣ нолишкунон мегўяд: -Хайрият, ки кафшҳои навамро напўшидам, набошад сӯрох шуда безеб мешуданд.

 ОБУНА - 2017

 ЭЪЛОН

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Дафтарчаи ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад-97/2, хонаи 52, ки ба шаҳрванд Зарипов Сафар мутааллиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи донишҷӯ Неъматов Айёмҷон Сарфарозович, ки Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ “Нури тиб” соли 2015 додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи донишҷӯ Худоёров Комилҷон Махмадиевич, ки Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ “Нури тиб” соли 2015 додааст, эътибор надорад.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Дипломи гумшудаи Давлатов Амирбек Маҳмадалиевич, ки соли 2011 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти рақами ДТО № 0076915 додааст, эътибор надорад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6461 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.