Намоиши донишу ҳунари хонандагон
Кунҷковии кӯдакон бад аст?
№47, (9421), 26 ноябри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
№47 (9421), 26 ноябри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
ДАСТОВАРДИ ҶАВОНОН
Акмалиддин як дақиқа қаҳрамони ҷаҳон буд
ҲАФТ РӮЗ 19.11.2015 Бо ибтикори Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом” баргузор шуд. 20.11.2015 Дар Чин албоми “Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созанда” муаррифӣ гардид. Он аз 300 саҳифа иборат буда, 500 акси таърихии Президенти кишварро фаро гирифтааст. 21.11.2015 Миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.
22.11.2015 Дар Кохи “Лоҳутӣ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа байни факултаҳои Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр маҳфили сиёсию фарҳангии “Зарифон» таҳти унвони «Ҷавонон зидди экстремизм ва ифротгароӣ» ҷамъбаст гардид. 23.11.2015 Бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин
вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ҷаласаи Шӯрои амният баргузор гардид. 24.11.2015 Бо иштироки Сарвари давлат дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ҷашни идона бахшида ба Рӯзи парчам доир гардид.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВАРЗИШ
25.11.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар “Комбинати металлургии Тоҷикистон”, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд. Корҳои лоиҳакашӣ ва оғози бунёди Комбинати металургии Тоҷикистон соли 2011 шуруъ гардида, то имрӯз беш аз 95 фисади корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ анҷом дода шудаанд.
2 Қадами навбатии Кумитаи ҷавонон... дар самти пешгирии хариду фурӯши одам
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳфили минтақавии ҷавонон оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон таъсис ёфт. Маҳфил, ки дар доираи маблағҳои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 фаъолият хоҳад кард, метавонад заминаи мусоидеро ҷиҳати дастрасии иттилооти муфиду саривақтӣ ба ҷомеа, алалхусус ҷавонон муҳайё гардонад. Он барои расидан ба ин ҳадафҳои гузошташуда бо компютер, принтер, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар лавозимоти дафтардорию иттилоотӣ таъмин гардид. Боиси қайд аст, ки барои фаъолияти самараноки маҳфил утоқи алоҳидаи корӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳайё гардид. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сатторзода Хуршед ва дигар масъулини кумита бо 20 нафар ихтиёрии аъзои маҳфил суҳбат ороста, оид ба мақсад, вазифаҳо, самтҳои фаъолият ва дурнамои маҳфил маълумот дода, нақши онҳоро оид ба иттилоотнок гардидани ҳамсолонашон баланд арзёбӣ намуданд.
Рушди маориф дар даврони истиқлолият
www.javonon.tj
23 ноябри соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” ба пешвози 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони “Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият” баргузор гардид.
Дар оғози конфронс профессор Нодир Одилов дар хусуси худшиносии миллӣ сухан карда, нақши маорифро дар ҳифзи ҳувияти миллию хештаншиносӣ муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда таъкид намуд, ки миллатҳои зиёде дар давраи таърих бинобар бетаваҷҷуҳӣ ба фарҳангу хотираи таърихиашон забонашонро гум кардаанд. Нодир Одилов “Шоҳнома”-и Фирдавсиро тимсоли худшиносии миллӣ ва ҳайкали хотираи таърихии мардуми мо номид. Дар оғози асри ХХ душманони миллати тоҷик ҳатто мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Аммо устод Айнӣ бо навиштани китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик” муште ба даҳони душманон зада, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро бори дигар исбот намуд. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев дар мавзӯи “Рушди маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият” маърӯза намуда, таъкид кард, ки дар ин муддат 182
қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф ба тасвиб расида, сол то сол ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёд мешавад. Чунончи, барои соли 2016 ба соҳаи маориф ҷудо кардани 3 миллиарду 145,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 17 дарсади буҷаи мамлакатро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ 183 бинои таълимии дорои 27 181 ҷои нишаст бо сарфи 217,1 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки соли 2016 боз 200 бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тайи 24 соли истиқлолият шумораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 657 адад зиёд шуд. Раҳматулло Мирбобоев таъкид намуд, ки то давраи соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ягон мактаби типи нав набуд. Ҳоло теъдоди мактабҳои типи нав 161 ададро ташкил медиҳад. Тӯли ин солҳо хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби 771 медал
гаштанд. Ғолибони озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ дар макотиби олии мамолики хориҷӣ бе имтиҳон дохил шуда, ройгон таҳсил мекунанд. Дар конфронс, инчунин китоби “Маориф – гарави пешравии ҷомеа” муаррифӣ шуд. Профессор Шариф Исрофилниё доир ба китоби мазкур андешаҳои худро баён дошта, иброз намуд, ки ин асар ба тамаддуни қадимаи мо равшанӣ меандозад. Дар китоб оид ба хизматҳои маорифпарвари тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар худшиносии миллӣ ва тарғиби маорифпарварӣ маълумот дода шудааст. Профессор Олимҷон Ҳоҷимуродов гуфт, ки интихоби ин чор шахсияти сарсупурдаи миллат тасодуфӣ нест. Дар ҳақиқат Донишу Айнӣ, Ғафурову Турсунзода дар ташаккули ҳувияти мардуми тоҷик хизмати арзанда кардаанд. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
АХБОРИ ҲАФТА
Парчам барои миллат ахтар, барои лашкар қудрат аст
Дар қисмҳои ҳарбии 0535-и Вазорати корҳои дохилӣ ва 01123-и Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Хоруғ муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода бо афсарону сарбозон мулоқот карданд. Онҳоро дар вохӯриҳо намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ ҳамроҳӣ намуданд. Зимни суханронӣ Ато Мирхоҷа ҳозиринро ба Рӯзи парчам шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳар як фарди ватанпарвар аз парчами худ бояд бо самимияти хоса ифтихор намояд. Яъне он барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Эҳтироми парчамро ҳамчун рамзи миллату давлатдорӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва шарафу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда бояд талқин кард. Зикр гардид, ки маҳз дар ин давраи беқарории дунё зуҳурёбии зуҳуроти ифротгароиву экстримизм зиракиву ҳушёрии ҳайати шахсии афсарону сарбозон қабл аз ҳама зарур аст. Онҳо бояд ба ҳамаи таҳдидҳои дохиливу берунии муосир омодагии саривақтӣ дошта бошанд. Барои ҳимоя аз ҳар ваҷаб замин ва ҳар кафи хоки ватани маҳбуб набояд дар канор бошанд. Зулфия Давлатзода, аз хусуси шуҷоат ва далерии хизматчиён ёдовар шуда, гуфт, ки маҳз бо шарофати онҳо пайваста сулҳу суботи кишвар таҳъмин аст. “Хизматчиёни низомӣ шермардонанду ҳамаи мо бо онҳо ифтихор дорем. Сарбозон бояд хидмати аскариро бомуваффақият адо намоянду дар хотир дошта бошанд, ки онҳоро волидон ва пайвандону наздикон ҳамеша интизоранд”. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Ҳамкории Кумитаи ҷавонон... бо Вазорати маориф
Миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар асоси созишнома дар заминаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис ёфта, ба ин васила робитаи онҳо бо мақомоти давлатӣ мустаҳкам мегардад. Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ шуъбаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъсис ёфта, бо созмонҳои «Ахтарон» ва «Ворисони Сомонӣ» ҳамкорӣ хоҳад кард. Кумита фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олии касбиро дар амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва таъсирбахш дастгирӣ менамояд. Ба имзо расонидани созишнома иқдоми ҷиддии Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти пешбурди фаъолияти якҷоя дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
21 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар толори шӯрои олимони донишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи фосилавӣ (онлайнӣ) таҳти шиори “Ҳифзи муқаддасоти миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев, донишҷӯёну устодони донишгоҳ ва аъзои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта” аз давлатҳои Русия, Ҳоланд ва Белорус перомуни нақш ва вазифаҳои Парчам дар замони муосир ибрози назар намуданд. Нуралӣ Шоев аз сиёсати дарҳои кушод ёдовар шуда, арз кард, ки имрӯз ҷавонони саодатманди диёр ба тамоми гӯшаю канори дунё рафта, аз пайи таҳсили илм мешаванд. Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои он тарғибгари нерӯи зеҳнии кишваранд ва ҳаминро ба назар гирифта, дар донишгоҳ “Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо” амал мекунад, ки ба он ҷавонони дар дохил ва хориҷбуда метавонанд лоиҳаҳои худро пешкаш намоянд.
ИҚТИСОД Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон сол то сол густариш меёбад. Агар соли 2009 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамзабон 127,7 милллион долларро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2014 ба 228,3 миллион доллар расид. Дар афзоиши ҳаҷми робитаҳои иқтисодӣ нақши намоишгоҳҳо бузург аст.
- Мо боз ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил менамоянд, умеди калон дорем ва маҳз онҳо метавонанд, ки ҷумҳурии азизамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Ҷавононе, ки имрӯз дар дохили кишвар аз пайи таҳсили илманд, хушбахттарин насли ҷомеа мебошанд, ки дар даст яке аз зеботарин парачами рӯи дуён - Парчами Тоҷикистонро мебардоранд. Ҷавонон татбиқкунандаи орзу ва амалҳои пешгирифтаи Ҳукумат ва Сарвари давлат мебошанд, - афзуд ректори донишгоҳ. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокчиёнро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, орзуи онро намуд, ки доимо парчам дар ҳавои софу беғубори кишвар парафшон бошад. - Парчам нангу номуси ватандорист, ки
дар саргаҳи ҳифзи Ватан ё дипломатия ва ё дар ҷодаи варзиш мураррифгари давлат ва миллат мебошад. Раиси кумита ба он умед баст, ки бо таъсиси намояндагиҳои “Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷ таҳсилдошта” сатҳи ҳамкориҳо бо донишгоҳҳову донишкадаҳои хориҷ васеъ мегардад. Пешравӣ, ободонӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикиситон маҳз аз фаъолияти минбаъдаи ҷавонон вобастагии калон дорад ва ҷавононро мебояд, ки аз пайи омӯзиши илм бошанд ва ба Ватан баргашта, ободӣ ва рушди давлатро таъмин намоянд. Директори департаменти муносибатҳои байналмилали Донишгоҳи технологии шаҳри Брянски Федератсияи Русия Наталя Пономарёва низ ҷавонону донишҷӯён ва мардуми шарифи тоҷикро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд ва бо
хушнудӣ зикр кард, ки фаъолияту омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар ин даргоҳи илму фан намунавӣ мебошад. “Донишҷӯён тоҷик ба душвориҳои зиёди таълим нигоҳ накарда, аз пайи ҷустуҷӯ ва кашфиётанд. Аллакай чанд донишҷӯи тоҷик бо ихтирои худ дар донишгоҳ ном баровардаанд. Наталя Пономарёва фаъолияти босамари донишҷӯёни тоҷикро фоли нек хонд ва ба ҳамкориҳои самарабахши минбаъдаи миёни донишгоҳҳои кишвар бо Донишгоҳи технологии шаҳри Брянск умед баст. Дар конфронс, ки тариқи фосилавӣ (онлайн) ҷараён дошт, аспиранти донишгоҳи шаҳри Томски Федератсия Русия Нозимҷон Бобоев суханронӣ карда, иброз дошт: “Дар шаҳри Томск миёни дигар парчамҳои дунё парчами мо низ афрохта шудааст, ки аз ин дида барои ман шарафи бузург нест”. Шуъбаи таълими Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии шаҳри Брянски Федератсияи Русия ба ифоқа расиданд, ки баъди хатми донишгоҳ ба “Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳо” оянд ва якҷо бо донишҷӯёни тоҷик лоиҳаҳои мукаммалро омода созанд.
Намоиши маҳсулоти 50 ширкати эронӣ дар “Кохи Борбад” мояндагии 50 ширкату корхонаи Эрон фаъолият мекунанд, ки боиси тавлиди ҷойҳои нави корӣ гардид. Соли гузашта ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Эрон 63,9 миллион доллар ва ҳаҷми воридот аз Эрон 164 миллион долларро ташкил дод. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта, ришта, алюминий, хушкмева содирот мешавад. Аз Эрон тоҷирон ба Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, сохтмон, технологияи муосир, васоити шуяндагӣ ва ғайра меоранд. Намояндаи Сафорати ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Ҳошимӣ иброз дошт, ки соли ҷорӣ то ин дам
дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Душанбе намоишгоҳҳои ҶИЭ баргузор шуда буданд. Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои ошно шудани соҳибкорони ду кишвар бо зарфиятҳои ҳамдигар шароит фароҳам меоранд. Намояндаи ширкати «Саноат ва маъдан»-и устони Хуросони Разавӣ Ризо Садрзода гуфт, ки ба намоишгоҳи “IRAN EXPO-2015” намояндагони 50 ширкату корхона, ассотсиатсия ва кооперативҳо аз шаҳрҳои Теҳрон, Хуросони Разавӣ, Мозандарон, Машҳад, Тӯс, Исфаҳон ва дигар музофоти Эрон омаданд.
- Ширкатҳои эронӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, масолеҳи сохтмонӣ, заргарӣ, косметикиву атриёт, мошинсозӣ ва таҷҳизоти барқиро пешкаш намуданд, - гуфт Ризо Садрзода. - Мо пеш аз ба намоишгоҳ омадан талаботи бозори Тоҷикистонро омӯхтем. Масалан, ширкати «Неон Электроник» таҷҳизоте овардааст, ки метавонад дар мавсими тобистон барқро захира кунад ва дар фасли сармо барқ диҳад. Захираи барқ метавонад то 6 моҳ бирасад. Ин дастгоҳ барои ширкатҳои мобилӣ хеле қулай аст. Зимни баргузории намоишгоҳ Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Гурӯҳи соҳибкорони Эронӣ бо намояндагони минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Сохтани корхонаҳои муштарак дар ин минтақаҳо имкон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон ва масрафоти гумрукӣ пешгирӣ шуда, дар Тоҷикистон бо нархи нисбатан арзон маҳсулот истеҳсол ша-
вад. Ҳамчунин, ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, боиси баландшавии некӯаҳволии сокинони кишвар мегардад. Мудири омили ширкати “Хушноми Хуросон” Амир Баракати Муъминӣ иброз дошт, ки ширкати мазкур лӯлаҳои пластикӣ истеҳсол мекунад, ки сифати баланд дошта, барои интиқоли об, коррез, газ, хати барқи зеризаминӣ истифода мешавад. Маҳсулоти “Хушноми Хуросон” ба Ироқ, Афғонистон, Туркманистон ва Тоҷикистон содирот мешавад. Ширкати “Бозаргонии Ховарӣ” 50 сол боз мошинҳои кишоварзӣ истеҳсол мекунад. Мудир омили ширкат Амини Ховарӣ гуфт, техникаи кишоварзии ширкат ба Узбекистону Судон, Гурҷистону Ироқ, Афғонистон ва ғайра содир мешавад. Дар Тоҷикистон мошинҳои кишоварзии ширкати мазкур тавассути корхонаи “ТоҷИрон” ба фурӯш гузошта шудааст. Намоишгоҳи “IRAN EXPO-2015” нисбат ба намоишгоҳҳои собиқ номгӯи бештари маҳсулот ва шумораи зиёди бинандагон дошт.
www.javonon.tj
21-24 ноябри соли равон дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи навбатии Ҷумҳурии Исломии Эрон “IRAN EXPO-2015” баргузор гардид. Дар нишасти матбуотие, ки дар арафаи баргузории намоишгоҳ баргузор шуд, Асомиддин Ризоев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ба афзоиши робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баҳои баланд дод. Ӯ таъкид намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон на-
Ҷавонони тоҷик дар хориҷ намунаанд
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Бахтовар АМИНЗОДА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Кӯдак дар солҳои аввали ҳаёти худ ҳар гуна маълумотро аз падару модар мегирад. Кӯдакони кунҷков дар як рӯз ба волидони худ зиёда аз 400 маротиба савол медодаанд. Тибқи як тадқиқоти мутахассисон волидонро мебояд, ки дар муддати як сол ба ҳисоби миёна ба 105120 саволи кӯдакон посух бигӯянд. Олимон зиёда аз 2000 волидонеро, ки кӯдакони аз 2 то 10сола доранд, пурсида, ба хулосае омаданд, ки кӯдакони 4-сола аз ҳама кунҷков мебошанд. Онҳо дар як рӯз зиёда аз 390 маротиба, яъне дар тӯли 12,5 соат (то лаҳзаи хобиданашон) тақрибан дар ҳар ду дақиқа як маротиба савол медиҳанд. Ин тадқиқот ҳамчунин нишон додааст, ки кӯдакон дар маҷмуъ 288 маротиба аз волидон талаб мекунанд, ки ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд ва чунин “саволборон” аксар вақт дар лаҳзаҳои хӯрокхӯрӣ ва ба сайругашту мағоза рафтан сурат мегирад. Кӯдакон бештар саволҳои худро ба модар медиҳанд, 24 фоизи ин кӯдакон бар он боваранд, ки падар аз дусар ба ҳамаи саволҳои онҳо ҷавоби қонеъкунанда намедиҳад ва боз 75 фоизи онҳо мегӯянд, ки ба падарашон савол дода наметавонанд, чунки падар мунтазам дар кор аст. Баъзан волидон ҳазломез мегӯянд: “Оё медонед, кӯдакон бештар ба модар кадом саволҳоро медиҳанду ба падар кадом саволҳоро? Ба модар: “Чаро ранги осмон кабуд аст?”, “Чаро парандаҳо парвоз мекунанд?”, “Мо ин субҳ чӣ мехӯрем?”, “Куртаи сафеди ман дар куҷост?”, “Ман ба дӯстам дар зодрӯзаш чӣ туҳфа кунам?” ва ғайраҳо. Ба падар: “Падарҷон, модарам канӣ?” Имрӯз ҳаққонияти ин суханони ҳазломезро низ олимон собит сохтаанд. Онҳо аниқ намудаанд, ки 82 фоизи кӯдакон бо саволҳои худ ба модарон муроҷиат мекунанд. Зеро ҳар нафари чорум аз онҳо медонад, ки падар дар ҳар ҳолат боз ба модар муроҷиат хоҳад кард. Духтарчаҳои 4-сола аз кунҷковтарин кӯдакҳо маҳсуб ёфта, дар як рӯз зиёда аз 400 маротиба савол медиҳанд. Пурсиши ҳазорҳо модарон маълум намудааст, ки модар дар як рӯз 12,5 соат вақти худро танҳо барои ҷавоб
додан ба саволҳои кӯдакон сарф менамояд. Бо мурури замон ҷавоб додан ба ҳама саволҳои ин “Чарогӯяк”-ҳо мушкил мегардад. 82 фоизи модарон иқрор шудаанд, ки баъзан ба саволи кӯдаки худ чӣ ҷавоб доданашонро намедонанд. Бо гузашти вақт “саволборон”-и кӯдакон низ камтар шудан мегирад. Масалан, навраси 9-сола дар як рӯз танҳо 144 савол медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки мактаббачаҳо манбаъҳои дигари дарёфти иттилоъро пайдо мекунанду аллакай ба саволҳои худ аз китобҳо, аз интернет, аз муаллимону ҳамсолон посух меҷӯянд. Оё кунҷковии кӯдакона ҳамон шавқу рағбат ба донистани илму дониш аст ва ё чизи дигар? Кӯдакон бо саволҳои бешумори худ аз қабили “Чӣ?”, “Барои чӣ?”, “Канӣ?”, “Аз куҷо?”, “Ин чист?”, “Кай?”, “Чӣ хел?” ва ғайраҳо калонсолонро безобита мекунанд. Воли-
дода, бепарвоёна мегӯянд: “Бисёр донӣ, зуд пир мешавӣ”, “Бас кун!” ... Кӯдак аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ба дунёи ӯро иҳотанамуда таваҷҷуҳ менамояд. Аввал ҳар гуна ашёҳои хурд диққати ӯро ҷалб месозанд, сипас тадриҷан ӯ ба суратҳо, қиёфаи одамон, бозичаҳо, садои мусиқӣ, парандаҳо ва монанди инҳо мароқ зоҳир мекунад. Аксари кӯдакон бозичаҳоро мешикананд ва дар чунин ҳолат ба сарзанишу маломати сахти волидон дучор мешаванд. “Ин корат нодуруст аст!” мегӯянд онҳо, вале намедонанд, ки ин аз зиёд будани ҳисси кунҷковии кӯдак сурат мегирад. Чунин танбеҳи волидон ба рушди минбаъдаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Волидон ба мутахассисону равоншиносон муроҷиат карда мегӯянд, ки дар чунин давра бо кӯдакон чӣ гуна бояд муомила кард. Баъзеҳо маслиҳат медиҳанд, ки ба “саволборон”-и кӯдакон чан-
сибат ба ташаккулёбии шахсияти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Равоншиносон мегӯянд, ба саволҳои кӯдакон шарт нест, ки бо мафҳуму таъбирҳои душворфаҳму фалсафӣ ҷавоб гӯем. Ҳамчунин, ба саволҳои кӯдакон ҳеҷ гоҳ сарсарӣ рафтор кардан ва ё ҷавоби ҳазломез додан мумкин нест. Ҷавоб бояд ҳақиқати реалӣ дошта бошад, вале он бояд барои бача фаҳмо ва дастрас бошад, чунки хоҳ нохоҳ минбаъд ӯ ба ин саволҳо дучор меояд ва агар падару модар ҷавоби нодуруст дода бошанд, ин ошкор ва боварии ӯ нисбат ба падару модар коста мегардад. Ҷавобро бо суханони оддиву барои кӯдак фаҳмо шарҳу эзоҳ додан басанда аст ва набояд ба кӯдак дурӯғ бигӯем. Зеро кӯдак вақте ба воя мерасаду асли воқеаро мефаҳмад, эҳтироми худро нисбат ба волидон гум мекунад. Ҳолатҳое мешавад, ки волидон
асту барои онҳо не?” Ана, ҳамин “Мумкин нест” озодии кӯдаконро маҳв месозаду ҷаҳонбиниашонро маҳдуд. Вақте мо бо кӯдак чунин рафтор мекунем, майлу хоҳишҳои ӯро барбод медиҳем ва аз таъсири ин кӯдак нисбат ба ҳодисаву воқеаҳои атроф бепарво мегардад. Ба кӯдакон ҳадяҳои ногаҳонӣ ва хушҳолкунанда бахшидан хеле муҳим аст. Ривояте ҳаст, ки гоҳо Пайғамбари ислом (с) барои ибрози лутф ва муҳаббат ба кӯдакон ҳадяҳо медод. Ӯ оҳуеро, ки марди аъробӣ барояш дода буд, ба Ҳазрати Ҳасан (а) ҳадя кард. Ҳамчунин нақл шудааст, ки ӯ гарданбанди қиматбаҳои худро ба Амома – набераи духтарии худ ҳадя намуд ва аз хушҳолии онҳо лаззат мебурд. Аксар вақт калонсолон рафтори кӯдакони кунҷковро, ки дар бораи ҳама чиз маълумот доштан мехоҳанд, маҳкум мекунанд ва
кӯдакро танбеҳ медиҳанду сарзаниш мекунанд, вале ӯ ба гуноҳи худ сарфаҳм намеравад. Масалан, “Ба сими барқ даст расондан мумкин нест”, “Корд ва қайчиву сӯзанро ба даст нагир”, “Ба чойники гарм даст нарасон”, “Гугирдро дарнагирон” мегӯему намефаҳмонем, ки чаро ӯро аз ин амалҳо манъ мекунем. Вақте кӯдак мебинад, ки худи волидон озодона ин амалҳоро иҷро мекунанд, ҳисси кунҷковиаш боло гирифта, дар набудани волидон онҳоро “месанҷад”. Мисоли дигар. Қабл аз меҳмонӣ рафтан ба ҷое ба кӯдак мефаҳмонем, ки ба таому хӯрданиҳои болои дастархон даст расондан мумкин нест, вале худамон бепарвоёна хӯрдан мегирем. Чунин амал низ ҳисси кунҷковии кӯдаконро бедор месозад ва саволе дар майнаашон пайдо мешавад, ки “Чаро барои волидон мумкин
ҳатто онҳоро бетарбия низ меноманд. Баръакс, ба кӯдакони орому соките, ки дар як гӯшае нишаста, ба чизе рағбат зоҳир намекунанд, таҳсину офарин мехонанд. Оё кунҷковии кӯдакону наврасон нишонаи тарбияи нодуруст аст ва ё баръакс, ташаккули дурусти ҷаҳонбинии онҳо? - Ҳисси кунҷковии кӯдак ба рушди минбаъдаи шавқу завқи илмомӯзии ӯ мусоидат менамояд, - мегӯяд омӯзгори собиқадор Фозил Назаров. - Волидонро мебояд, ки ба ин ҳиссиёти ӯ бетараф набуда, онро рушд диҳанд. Ба ҳар як саволи онҳо оромона ва дуруст бояд посух дод, зеро ҳар як ҷавоби ашхоси калонсол, хоса волидони кӯдак дар зеҳни ӯ ҳамешагӣ нақш мебандад. Баъзан волидон ва калонсолон барои ҷони худро аз саволҳои кӯдакон халос кардан аз вожаҳои “Бисёр маҳмадоноӣ накун”, “Калон шавӣ, баъд мефаҳмӣ” ва монанди инҳо истифода мекунанд. Кӯдакони кунҷков бошанд, инро як ҷиҳати манфии хислати худ қабул кардаву оҳиста-оҳиста дамдузду одамгурез мешаванд. Муносибати калонсолон, қабул ва дарк кардани дунёи кӯдаконаи онҳо, дастгирӣ кардани шавқу рағбат ва манфиатҳои онҳо барои хурдсолон аҳамияти хеле муҳим дорад. Аз ин рӯ, волидонро мебояд, ки дар андешаронӣ ва интихоби фарзандон ба онҳо кӯмак расонанд ва онҳоро ҳавасманд гардонанд. Ҳамроҳи онҳо тамошо кардани филмҳои тасвирӣ, хондани афсонаҳо ва ҳар гуна китобҳои шавқовари кӯдакона, бо онҳо сайругашту бозӣ кардан ҷиҳати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии онҳо хеле мусоидат менамояд. Агар ҳамроҳи онҳо рафтори қаҳрамонҳои китобу филмҳо ва рафтори дигар ҳамсолонро муҳокима намоед, андешаҳои онҳоро дар бораи ҳама чизи дар гирду атроф рӯйдода пурсед ва ба инобат гиред, ин барои инкишофи афкору қобилияти зеҳнии кӯдак хеле муфид аст.
Кунҷковии кӯдакон бад аст?
дон аксар вақт аз саволҳои зиёди бачаҳо сарашонро бо даст дошта, аз чунин саволборони онҳо роҳи халосӣ меҷӯянд. Бо вуҷуди он ки ин хусусияти хоси давраи синнусолии кӯдакону наврасон ба ҳамаи мо маълум аст, боз ҳам ҳангоми боридани борони саволҳо аз ҷониби кӯдакон – “чарогӯякҳо” худро ором нигоҳ доштан на ба ҳар кас муяссар мешавад ва ба назар мерасад, ки ба ҳама саволҳои онҳо оромона посухҳои мувофиқ додан ғайриимкон аст. Аксари калонсолон барои ба саволҳои сершумори кӯдакон ҷавоб додан қариб ки вақти зиёдатӣ надоранд. Аммо нафароне ҳастанд, ки босаброна ба саволҳои кӯдакон ҷавоб медиҳанду ҳатто ба китобу дигар сарчашмаҳо рӯ меоранд, бархе дигарашон ба онҳо аҳамият на-
дон таваҷҷуҳи зиёд намудан даркор нест, бархе андеша доранд, ки бояд ба ҳама саволҳои кӯдак посух бидиҳем, зеро ин барои ташаккули ӯ ҳамчун шахсият зарур аст. Дар ин давра бояд бештар бо кӯдакон суҳбат намоем, онҳоро ба сайругашт ва тамошои манзараҳои табиат барем. Ин омилҳо кӯдаконро ба волидон қарин ва муносибаташонро ошкорову самимӣ мегардонад. Кӯдак то охири рӯз интизор мешавад, то волидонаш ба хона биёянду ӯ ҳамчун ашхоси эътимодноки худ аз онҳо ба саволҳояш ҷавоб бигирад. Вале падар ё модар хастагии рӯзонаро дар ҷои кор баҳона карда, “Рав, ман вақт надорам” гуфта кӯдакро аз худ дур мекунанд. Ё ба сараш дод зада “Шилқинӣ накун, безор кардӣ” мегӯянд. Чунин рафтору муно-
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
Алишер ҶӮРАЕВ, профессори ДДОТ: - Аксари талабаҳои мактаби миёна бе тайёрӣ ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд. Баъд аз системаи нави қабул, яъне маркази ягонаи тестӣ тағйирот ба назар мерасад, вале маълум аст, ки муаллимони мактаби миёна ба шогирдон кам аҳамият медиҳанд. Вақте онҳо дар мактаби олӣ таҳсили худро идома додан мехоҳанд, чандон дониши хуб надоранд. Мақсад танҳо диплом гирифтан асту халос. Яъне 60-70 фоизи онҳо барои диплом мехонанд на барои сайқал додани дониш. Сабаби мутахассис нашудани ҷавонон дониши кофӣ надоштани онҳост. Муқаддам ТУРАЕВА, муаллими ДДТТ: - Сабаби мутахассис нашудани хатмкунандагон дар он аст, ки ҳангоми таҳсил дар мактаб онҳо ба хониш аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир намешаванд, хунукназарона рафтор мекунанд. Мутахассис шудан ё нашудани ҷавонон бештар сар мезанад аз оила, аз боғча, мактаби миёна ва баъд мактаби олӣ. Вақте ки инсон касби худро дӯст дошт, кӯшиш ме-
5
Ҳар сол мактабҳои олиро ҳазорҳо нафар хатм мекунанд. Аз онҳо як теъдодашон ба муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ роҳ ёфта, кор мекунанд, аммо теъдоди зиёде ё кор намеёбанд ё сабаб пеш мегузоранд, ки кор ёфтаанд, вале маошаш кам аст. Дар ҳамин ҳол муассисаҳо аз он шикоят мекунанд, ки хатмкардаҳои макотиби олӣ дониши даркорӣ надошта, ба талаботи корфармо ҷавобгӯ нестанд. Мо аз мусоҳибон пурсидем:
Чаро ҳар хатмкардаи мактаби олӣ мутахассис намешавад? кунад, ки аз паси таҳсил шаваду ба як мартабаи баланд бирасад. Ин ба шавқу завқи ҳар як инсон вобастагии калон дорад.
Абдураҳмон БАРФИЕВ, ҷомеашинос: Барои он ҳама хатмкунандаҳои мактаби олӣ мутахассис намешаванд, ки ҳангоми таҳсил ба китобхонию илмомӯзӣ кам рӯ меоранд. Вақте дар донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ амал мекарданд, бисёри ҷавонон ба хотири кафедраи ҳарбӣ дохил мешуданд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо кам ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба хотири илм омӯхтан таҳсил кунанд. Нисфи зиёдашон ба хотири диплом таҳсил мекунанд. Як омили дигар ин аст: ҷавон мебинад, ки ҳамсояаш ё ягон шиносаш мактаби олиро бо баҳои хубу аъло хатм кардаасту дар зиндагӣ муваффақ нашудааст. Баракси ин мебинад, ҳамсабақи ӯ нафаре буд, ки номашро навишта наметавонист, яъне дониши даркорӣ надошт, вале соҳиби вазифа аст, мошини қимат ва хонаву дар дораду зиндагии осуда. Ин ҳақиқати зиндагии имрӯза, бешубҳа барои
Басгули ИБРОҲИМ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Моҳрӯза Эркаева дар курси якуми факултаи муҳандисӣ-технологӣ машғули илмомӯзист. Вай барои таҳсил аз ноҳияи Ашт омадааст. - Ба донишкада мувофиқи квотаи Президент дохил шудам, - гуфт вай зимни
Файзигул ШАРИФОВА, декани ДДОТ: - Сабаб шояд дар он бошад, ки дар мактабҳои миёна хонандагонро ба касбҳои гуногун тарбияву омода намекунанд. Агар ҳар як хонандаро вақти таҳсил дар мактаби миёна шавқу завқаш муайян карда шавад ва ба ҳамон соҳае, ки таваҷҷуҳ дорад, раҳнамоӣ гардад, бовар ҳаст, ки аз мактаби олӣ соҳибкасбу ихтисосманд шуда мебарояд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки хонандаи мо синфи 11-ро хатм мекунаду тавсияи волидон ё хешу таборро гирифта, як касберо интихоб мекунад, ки дар борааш не маълумот дораду не шавқу ҳавас. Маҳз чунин муносибат сабаб мешавад, ки хатмкардаҳои макотиби олӣ мутахассис намегарданд. Муқбил МАРИНШОЕВ, омӯзгори ДДТТ: - Дуруст аст, ки бештари хатмкунандагони макотиби олӣ диплом мегиранду мутахассиси хуб нестанд. Бисёри онҳо таҳкурсии хуб надоранд, яъне дар мактаби миёна он
қадар саводи хуб намегиранд. Баъд донишгоҳ меоянд, ки фоида надорад. Дар панҷ соли донишгоҳ бе азми дуруст ба чизе ноил намешаванд. Кӯшиш мекунанд, ки ягон чиз мутолиа намуда, мутахассис шаванд. Вале баъзеашон ҳатто навишта наметавонанд. Дигар сабабаш он аст, ки касбро барои онҳо дигарон интихоб мекунанд, на худашон.
Раҳматулло РАУФОВ, омӯзгори ДДОТ: Дар муддати кор бисёртар бо ҷавононе вомехӯрем, ки маҷбур таҳсил мекунанд. Вақте бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем, мегӯянд, ки “Дили ман ба дигар ҷо буд, фалон касбро дӯст медоштам, аммо волидонам салоҳ надиданд, ки ман ба ҷойи мехостаи худ дохил шавам”. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигараш он аст, ки бачаҳои мо аксаран намехонанд ё рӯяки таҳсил мекунанд. Имсол курсҳои якум агар 30 дарсад
Духтарони донишҷӯ суҳбат. - Шароити таҳсил дар ин ҷо хеле хуб буда, муносибати устодон нисбат ба мо, донишҷӯён басо самимист. Аз рӯйи ихтисос оянда ба истеҳсол ва коркарди соҳаи растанипарварӣ шуғл меварзам. Тамоми духтарони аз деҳот омада бо хобгоҳ таъмин мебошанд. - Вақтҳои холиро ҳамроҳи дигар духтарон чӣ тавр мегузаронед? – мепурсам аз Моҳрӯза. - Вақти холии мо, донишҷӯдухтарон асосан ба омӯхтан ва омодагӣ ба машғулиятҳо мегузарад. Зеро мо барои таҳсил омадаем. Аксар вақти холии худро дар китобхонаи донишкада ва китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ мегуза-
ронем. Инчунин, ҳамроҳи ҳамкурсон ба тамошои шаҳр мебароем. Шаҳри Хуҷанд - маркази маъмурию фарҳангии вилояти Суғд хеле зебою дилрабост. Гоҳо ба театр ҳам рафта, олами маънивии худро ғанӣ мегардонем. Ба ҳамсолон, хусусан, ҷавондухтароне, ки чандон ҳавсалаи илм омӯхтан надоранд, маслиҳат медиҳам, ҳатман илм омӯзанд, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Зеро мо - ҷавононро ояндаи миллат меҳисобанд. Ҳамчунин, дар шароити кунунии пешрафти илму техника бе дониш ва омӯхтани ҳунар дар ягон соҳа фаъолият намудан душвор аст. Мехоҳам дар оянда донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гар-
ҳамчун донишҷӯ қабул шаванд, 70 дарсадашон қабул шуда наметавонад. Бештари хатмкунандагони мактабҳои миёна аз хизмати ҳарбӣ гурехта, маҷбур таҳсил карда истодаанд. Омили асосии таъсиррасон волидонанду мактаб. Дар аввал ба таҳсили фарзандон бепарвоӣ мекунем, баъд маҷбур ба ихтисосҳои барои худамон писанд дохил шуданашонро мехоҳем ва бачаҳо маҷбур таҳсил мекунанд. Пас аз куҷо мутахассис гарданд? Мунаввара АБДУЛЛОЕВА, ҷомеашинос: - Сабаб бесаводии онҳост. Вақте донишҷӯ мактаби олиро тамом мекунад, дар бораи ихтисосаш тасаввуроту саводи кофӣ надорад, пас шарм мекунад ба ягон ташкилоту корхона рафта кор кунад. Ба худашон бовар надоранд. Ҷавононе ҳам ҳастанд, ки болаёқатанд ва бо баҳои аъло донишгоҳро хатм кардаанд, вале ҷойи кор намеёбанд. Ин ҳам сабаб дорад. Яке аз сабабҳо ин аст, ки нафарони камсавод бо шиносу восита ба кор роҳ меёбанд ва ҷой барои мутахассисон ё комилан танг мешавад ё умуман намешавад.
дида, барои халқу ватанам хидмати шоиста кунам. Гуландом Раҳмонова аз ноҳияи Ғончӣ барои таҳсил омадааст. Ӯ низ чун Моҳрӯза Эркаева дар курси якум таҳсил дорад. - Бо ихтисоси тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ ҳунар меомӯзам, - нақл кард ӯ. - Ин касб интихоби худам аст. Чунки аз айёми наврасӣ ба ин пеша шавқ доштам. Дар вақти холӣ бештар ба китобхонӣ машғул мешавам. Ман ҳам мисли Моҳрӯза ба духтароне, ки аз таҳсил дур мондаанд, маслиҳат медиҳам, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳиби ягон касб шаванд. - Ман Сайҳуна Аҳрорзода, аз ноҳияи Ашт барои таҳсил омадаам, - иброз дошт мусоҳиби дигарамон. – Дар факултаи муҳандисӣ-технологӣ бо ихтисоси моделерӣ таҳсил дорам. Ваъда медиҳам, ки донишкадаро бомуваффақият хатм карда, баҳри гул-гулшукуфии ватани азизам саҳм гузорам. Ҳамеша шукронаи ин сарзамини биҳиштосо ва тинҷу оромро мекунам. Баҳри илмомӯзии мо тамоми шароит муҳайёст. Аз устодон, бахусус декани факултаамон Д. Сангинова хеле миннатдорам, ки барои мо - духтарони деҳот тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Ҳамин тавр, аз суҳбат бо як гурӯҳ духтарони донишҷӯ маълум гардид, ки онҳо бо хоҳиши худ фарогири таҳсил шуда, мехоҳанд касбу ҳунар омӯзанд. Баъдан бо меҳнати ҳалол дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
www.javonon.tj
Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба таҳсил ва илмомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон корҳои ҷолиберо ба сомон мерасонад. Дар ин ҷода махсусан саъю кӯшишҳо барои ҷалби духтарон аз деҳоти дурдасти кӯҳистон шоёни таҳсин аст. Хабарнигорамон бо як зумра чунин духтарон, ки ҳоло дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунанд, вохӯрда, оид ба таҳсил, ҳаёти донишҷӯии онҳо суҳбат намуд.
ҷавон “дарс” мегардад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
6
ДАСТОВАРДИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
Намоиши донишу ҳунари хонандагон
21 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ шогирдони Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” донишу маҳорати худро намоиш доданд.
Математика варзиши ақл аст
www.javonon.tj
Чанде пеш дар шаҳри Бангкоки Тайланд олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика доир гардид. Дар он аз 20 кишвар қариб 300 нафар хонанда ширкат доштанд.
Тоҷикистонро дар ин олимпиада 12 нафар хонанда аз Литсейи президентӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ” ва литсейи ба номи Оғохон намояндагӣ карданд. Хонандаи синфи 7-и гимназияинтернати “Ҳотам ва ПВ” Далер Пиров дониши аъло нишон дода, соҳиби медали нуқра гардид. Ҳаммактабони ӯ Шоҳрух Исоматов, Глеб Петухов, Умед Икромов ва Бахтовар Ҳотамов сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. Хонандагони литсейи ба номи Оғохон Муҳаммадшариф Исмоилов ва Баҳром Саидашуров низ медали биринҷӣ ба даст оварданд. Мо бо Далер Пиров вохӯрда, аз ӯ дар бораи олимпиадаи мазкур ва ҷараёни таҳсилаш пурсон шудем. - Далер, пеш аз ҳама медали нуқраро бароят муборакбод мегӯем! Мехостем каме дар бораи чӣ гуна гузаштани олимпиада маълумот диҳӣ. - Дар ин олимпиада аз ҷумҳуриҳои Чин, Тайланд, Қазоқистон, Тайван, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайра дастаҳои пурқувват ширкат намуданд. Машқу муодилаҳо бо забони англисӣ буданд. Аз ин рӯ на танҳо математика, балки забони англисиро хуб донистан лозим меомад. Дар даври якум барои ҳалли 25 машқ ҳамагӣ як соат вақт ҷудо карда буданд. Дар даври дуюм бошад, барои ҳалли 13 машқи мураккаб 1,5 соат ва дар даври сеюм 2 соат ҷудо намуданд. Ман то тавонистам машқу муодилаҳоро ҳал намудам. Барои гирифтани ҷои якум ба ман ҳамагӣ 8 хол нарасид. Ба ҳар ҳол мо аз он шодем, ки дастаи Тоҷикистон миёни чунин тимҳои боқувват соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардид. - Аз кай ба математика шавқу ҳавас пайдо намудӣ? - Ман то синфи 4 дар гимназияи “Кафолат” таҳсил мекардам. Муаллимаи фанни математикаамон Алина Леоневна таваҷҷуҳи маро ба ин фан ҷалб намуд. Аз синфи 5 дар гимназияи “Ҳотам ва ПВ” моро муаллимаи фанни математикаамон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста, омӯзгори категорияи олӣ Галина Обидова дарс медиҳанд ва дар як вақт он кас роҳбари синфамон мебошанд. Шогирдони Галина Ғуломовна дар бисёр озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуда, сазовори ҷоиза гаштаанд. Он кас ҳар мавзуъро тавре мефаҳмонанд, ки шогирдон хеле хуб мефаҳманд. Муаллима фикри ҳар яки моро оид ба ҳалли мисолу масъалаҳо пурсида, ба мо мустақилият медиҳанд. Математикаро варзиши ақл гуфтаанд. Баъзан як мисол чанд роҳи ҳал дорад. Ҳалли он аз кас эҷодкорӣ талаб мекунад. Муаллима ба мо эҷодкор буданро талқин менамоянд. - Ғайр аз математика боз ба кадом фанҳо бештар таваҷҷуҳ дорӣ? - Ман бештар фанҳои дақиқ, мисли информатика, физика ва химияро меписандам. Ба таъриху география низ таваҷҷуҳ дорам. Имрӯз, ки робитаҳо бо хориҷа густариш ёфтааст, донистани забони англисӣ низ муҳим аст. Мо дар гимназия аксари фанҳоро бо забони русӣ меомӯзем. - Дар пеш боз ягон озмуну олимпиада ҳаст? - Ҳафтаи гузашта барои роҳхат ба олимпиадаи ба номи Жаутиков, ки дар Қазоқистон доир мегардад, имтиҳон супурдем. Ҳамчунин, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ омодагӣ мебинем. Соли гузашта дар олимпиадаи миёни гимназияҳо ҷои аввалро ишғол карда будам. Кӯшиш мекунам, ки ғолибиятро аз даст надиҳам. Албатта сол то сол ба ҳар фан доираи саволҳо васеъ ва мушкилтар мешавад, вале ман ба гуфтаи устодонам Галина Обидоваю Олим Пирмуҳаммадов амал карда, боварӣ дорам, ки ҳар гуна мушкилиро паси сар менамоям. - Ба кадом намуди варзиш машғул ҳастӣ? - Шоҳмотбозиро дӯст медорам. Ҳамроҳи ҳамсинфонам волейболу футбол бозӣ мекунем. - Оянда кӣ шудан мехоҳӣ? - Ростӣ ба хулосаи аниқ наомадаам. Вале ба ҳар ҳол ихтисоси ояндаам бо математикаю информатика, умуман фанҳои дақиқ пайваст хоҳад буд. Мусоҳиб С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Намоиш бозгӯи он буд, ки наврасон рӯҳияи солиму созанда доранд ва бо дастони моҳири хеш намунае аз ҳунарҳои мардумиро низ созмон додаанд. Нигоҳи хонандагон ба масъалаҳои мубрами рӯз, чун сарфаи нерӯи барқ, даст кашидан аз истифодаи маҳсулоти ғайритабиӣ, ба таври айнӣ собит намудани зарари тамоку ва монанди инҳо гувоҳи он буд, ки онҳо дар рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеа бетараф нестанд. Директори литсей Насимҷон Туманов зимни сухани ифтитоҳӣ, аз ҷумла қайд намуд: «Арҷ гузоштан ва муқаддас донистани Парчам масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон, мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад». Қайд гардид, ки то имрӯз хонандагони литсей дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба дастовардҳои илмии назаррас ноил гардидаанд, аз ҷумла, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 245 медал (31 тило,
54 нуқра, 160 биринҷӣ) ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 220 медал (61 тило, 90 нуқра, 69 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Муовини вазири маориф ва илми мамлакат Фатҳиддин Усмонов дастовардҳои замони истиқлолиятро аз фазои сулҳу осоиш ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон донист. Муовини раиси ноҳияи Сино Насим Насриддинов
таъкид намуд, ки ҷавонон бояд ба илму маърифат рӯ оварда, аз ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дурӣ ҷӯянд. Сипас, меҳмонон ва волидайни хонандагон аз намоиши донишу ҳунари шогирдон дидан намуданд. Дар он 165 хонанда бо 88 лоиҳаи илмӣ ва намоишӣ иштирок доштанд, ки кори онҳо аз тарафи меҳмонон баҳои баланд гирифт.
ДАЪВАТ - 2015
Савганди садоқат ба Ватан
... Ман барои садоқат ба халқи худ, Сарвари ҷумҳурӣ савганд ёд мекунам... Сарбози бошараф, боинтизом, далер ва ҳушёр бошам... Қасам мехӯрам, ки то охирин нафас ба халқи худ содиқ бошам, Ватанро мардонавор муҳофизат намоям, ҳама душвориҳову маҳрумиятҳои хизмати ҳарбиро моҳирона паси сар намоям... Агар ман ин қасами тантанавори худро шиканам, бигузор ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор шавам.
Ин суханҳоест, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу барои ҳар як наваскар хотирмону нишотбахш аз забони онҳо бо самимияти хоса садо медиҳад. Маросими савганди ҳарбие, ки 24 ноябри соли равон дар майдони сафороии қисми ҳарбии 45045-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, барои наваскарон санаи хотирмону фаромушношуданӣ буд. Сарбозони навдаъватшуда баъди аз худ намудани тартибу низом ва талаботи хизмати ҳарбӣ дар маркази таълимии кумита дар рӯзи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ савганди садоқат ба Ватанро ба забон оварданд. Баъди садо додани Суруди миллӣ сарбозони далеру шуҷоъ, ҳомиёни минбаъдаи марзу бум зери навои руҳнавози мусиқии мутантан бо қадамҳои устувору дилпуронаи низомӣ барои савганд ёд кардан ба майдон ворид шуданд. Командири қисми ҳарбӣ, подполковник Фазлиддин Назаров сарбозони ҷавонро бо фарорасии маросими тантанавии қабули савганди ҳарбӣ, ки дар ҳаёти ин ҷавонони бонангу ори миллат воқеаи фаромӯшнопазир ва муҳим ба шумор ме-
равад, табрик гуфта, дар риояи талаботи ин санади муҳими низомӣ ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд ва аз онҳо даъват кард, ки ҳамеша ба савганди худ содиқ монанд ва сазовори боварӣ будани худро бо хизмати софдилонаву намунавӣ собит созанд. Наваскарон бо амри командирони худ як-як аз саф баромада, бо қадамҳои устувори низомӣ ва бо қатъияту ҷиддияти махсус матни савганди ҳарбиро қироат мекарданд. Ҳар як ҳарфу сатри савганди низомӣ аз забони ин наваскарон мутантану бурро садо дода, ба маросим шукуҳи хоса мебахшид. Волидон ба чеҳраҳои гулгун, сару либоси шинаму ороста, қадамзании бонизом ва симои ҷиддиву қаноатманди фарзандони хеш зеҳн монда, изҳори шодмонӣ ва шукргузорӣ мекарданд. - Ман писарамро дар либоси низомӣ қариб ки нашинохтам, - бо ҳаяҷон гуфт падари сарбози қаторӣ Ҷалолиддин Мирзоев, ки аз ноҳияи Тоҷикобод барои иштирок дар ин чорабинии муҳим ташриф оварда буд. - Ифтихор мекунам, ки фарзандам дар қатори садҳо ҷавони баору номуси Ватан пайи хизмати Модар-Ватан камар бастааст. Шукр мекунам, ки фарзандони мо дар ватани худамон хизмати ҳарбиро адо мекунанду мо имкон дорем, сари ҳар чанд вақт ба дидорбинии онҳо рафта, аз ҳолу аҳволашон бохабар бошем. Савганди ҳарбӣ савганди садоқат ба Ватан буда, барои иҷрои бомуваффақият ва саривақтии вазифаҳои ҷангӣ ва ҳимояи бошарафонаи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси ватани азиз бар дӯши сарбоз масъулияти ҷиддиеро вогузор менамояд. Ин санади муҳим эҳтиром ба арзишҳои баланди инсонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба шумор рафта, садоқати ҳар як ҷавонмардро ба давлату миллат нишон медиҳад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
МУШКИЛИ РӮЗ
Маълум аст, ки ҳар чизеро мешавад ҳам дар роҳи мусбат кор фармуд, ҳам дар роҳи манфӣ. Масалан, компютер метавонад хеле амалиёту корҳои муфидеро анҷом диҳад. Дар навбати худ метавонад ба як воситае табдил ёбад, ки мағзу майнаи наврасонро хароб, онҳоро ба нафари бераҳму ваҳшӣ мубаддал созад... Мо вақте компютер мегӯем, дар мадди аввал шабакаи интернет пеши назарамон меояд. Вале паҳлӯи дигари он бозиҳои компютерӣ низ ҳастанд, ки наметавон нодида гирифт. Баъзе бозиҳои компютерӣ ҳиссиёти кӯдаконро нест мекунад. Шояд бозиҳои фоидаовар ҳам бошанд, аммо хеле каманд. Аз ин нуқтаи назар, вақте фарзанди худро назди компютер мешинонем, ба онҳо бозиҳоеро бояд гузорем, ки аз қабл худ интихоб ва безарар буданашонро муайян намудаем. Бисёр мешавад, ки волидон аз рӯи меҳру шафқат ё дӯстдорӣ “фарзандам компютерро ёд гирад” гуфта барояш компютер мехаранд, вале
Технологияи муосир ва ахлоқи насли наврас баъди муддати муайян мебинанд, ки фарзандашон компютерро тавре ки волидон интизор доштанд, истифода набурда истодааст. Ё рӯзи дароз ба бозиҳои компютерӣ машғул аст ва ё ба ҳар гуна саҳифаҳои интернетие, ки ахлоқи кӯдакро вайрон мекунанд, ворид мешавад. Ин ҳолатро дида волидон дарҳол ё сими ноқилро канда мегиранд ва ё ягон ҷиҳози дигари компютерро пинҳон мекунанд, то ки фарзандашон дигар бозӣ накунад ва ё дигар вориди саҳифаҳои ахлоқвайронкунандаи интернетӣ нагардад. Ин ҳолат, албатта, аз ночорӣ аст. Падар ё модар азбаски дигар намедонад чи тавр пеши роҳи ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани писрашро бигирад, ба ин кор маҷбур шудааст. Агар чораи дигар ҳам биандешад, аллакай дер кардааст.
дар рӯзҳои дарсиат аз он истифода намебарӣ. Яъне, аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа ҳаққи истифодаи онро надорӣ. Агар бозӣ кардан хоҳӣ, он бозиҳоеро хоҳӣ бозӣ кард, ки ман ё падарат барои ту интихоб мекунем. Агар ба ин шартҳо розӣ бошӣ, мо омодаем компютер бихарем.” Вақте ба кӯдак пешакӣ чунин шарту қоидаҳо мегузорем, боз риоя шуданашонро ҳам талаб карданамон зарур аст. Мешавад бисёр ҳолатҳое, ки кӯдакон дар аввал ба шарту қоидаҳои муайянкардаи волидон розӣ мешаванд, вале баъди он ки компютер ба хона “омад”, онҳоро риоя намекунанд. Барои чунин ҳолат рух надодан агар лозим бошад, қоидаҳоро ба таври хаттӣ бояд навишт ва розигии кӯдакро ҳам ба таври хаттӣ гирифт, дар ин сурат кӯдак наметавонад, эътироз кунад.
мекунад ва давоми рӯз вақти холӣ дорад, дар ин сурат аз ҳама зиёд метавон ба вай ним соат ё 45 дақиқа иҷозат дод, ки давоми ҳафта ба компютер нишинад. Охирҳои ҳафта бояд кӯдак чӣ кор кунад? Охирҳои ҳафта, яъне рӯзҳои истироҳат мешавад, ки ба ӯ вақти бештар дод, то аз компютер истифода барад, вале бозиҳои компютериро ҳатман бояд дар якҷоягӣ интихоб кунед. На ин ки дар ин хусус кӯдакро ихтиёр ба дасти худаш бошад. Чунки бозиҳои компютерие, ки дар онҳо шиддату зӯроварӣ бештар аст, метавонад ба инкишофи равонии кӯдак таъсири ҷиддӣ расонад. Тасаввур кунед, дар бозиҳое, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, кӯдак дар даст силоҳ рақибашро мекушад. Кӯшиш мекунад, ки ӯро паронда мағлуб созад. Ин, ал-
Бинобар ин, зарур аст ки волидон пеш аз он ки ба фарзандашон компютер мехаранд, ба онҳо шарту қоидаҳои муайянро ҷорӣ кунанд. Масалан, “Писарам ё духтарам, мо ба хона компютер мехарем, аммо он дар ҳуҷраи ту не, балки дар ҳуҷраи калон меистад. Инчунин, ту
Шарти аз ҳама асосӣ бояд ҳамон бошад, ки фарзанди мактабхони мову шумо дар рӯзҳои дарсиаш ҳаргиз аз компютер истифода набарад, аммо фарз кардем, ки фарзандатон баъди аз дарс омадан зуд пайи иҷрои вазифаи хонагиаш мешавад ва дарсҳояшро тайёр
батта, дар ҳаёти воқеӣ як ба як таҷассум намеёбад, яъне, кӯдак дар бозӣ “одам” кушт гуфта, дар ҳаёти воқеӣ ҳам ба ин даст намезанад, аммо дар виҷдони вай як сардӣ, як дуруштӣ ба миён меояд. Дар виҷдони кӯдак нармӣ ва раҳму шафқат оҳиста-оҳиста мурдан
7 е-mail: javonontj@mail.ru
Имрӯз мо шоҳиди рушди босуръати техника ва технология ҳастем. Ин раванд чунон бошиддат идома дорад, ки касро дар ҳайрат нагузошта наметавонад. Албатта, пайдо шудани ҳар гуна воситаҳои техникӣ ба хотири осон гардондани кори инсон аст. Вале дар навбати худ он ба ҳаёти мо бетаъсир намемонад. Мутаассифона, ҳар қадар ки технология бештар мешавад, ҳамон андоза ахлоқи насли наврас ва ҷавонон коста мегардад. Аслан, агар мантиқӣ баҳо диҳем, ба косташавии ахлоқи насли наврасу ҷавонони мо технологияи замона айбдор нест. Балки иллат дар истифодаи нодурусти он аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
мегирад. Дар бозӣ ба ваҷд омада, мехоҳад рақибашро бикушад, якеро бо мошин зада пахш кунад, ана ҳамин эҳсоси ба дигарон зарар расонда, ғолибияти худро таъмин кардан метавонад тадриҷан кӯдакро беҳиссу бе виҷдон гардонад. Бо гузашти вақт аллакай ба як кӯдаки ҷангараву зараррасон табдил меёбад. Дар солҳои баъдӣ ҳам, вақте ӯ аллакай аз марҳилаи наврасӣ ба ҷавонӣ қадам мезанад, ҳамон эҳсоси сардӣ ва дағаливу хашин будан дар вай боқӣ мемонад, балки тадриҷан бештар мешавад. Яъне, як омили бераҳму тундгаро ё радикалӣ шудани ҷавонони мо ҳанӯз аз ҳамон давраи кӯдакӣ маншаъ мегирад. Аз замоне, ки волидон ба кӯдак компютер ва дигар техникаи муосирро хариданд, вале назорат накарданд, ки ӯ онҳоро чӣ тавр истифода мебарад... Имсол бо пешниҳоду фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли оила эълон гашт. Давоми як сол шоҳид шудем, ки телевизиону радио маҷаллоту рӯзномаҳо аз муҳимияти пойдории оила суҳбат карданд. Ин албатта беасар набуд, хабарҳои хушҳолкунандае расиданд, ки имсол нисбат ба солҳои гузашта сафи вайроншавии оилаҳо камтар шудааст. Шояд вақти он расидааст, ки як солеро ҳам ба тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавонон ихтисос диҳем. Агар солеро дар тамоми ҷумҳурӣ “Соли тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавонон” эълон кунем, умед аст, ки ахлоқи насли ҷавони мо беҳтар гашта, онҳо дар баробари техникаву технологияи муосир ба фарҳангу маънавиёт ҳам рӯ меоранд ва худшиносиву худогоҳии эшон бештар мегардад. Муҳаббат ШАРИПОВА, омӯзгори гимназияи №53-и шаҳри Душанбе
СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА
Савганди оиладорӣ зуд фаромӯш мешавад Оила яке аз рукнҳои асосии пойдевории давлату миллат аст. Бунёди оила на танҳо робитаи байни ду шахсро дар бар мегирад, балки ин робитаҳо рафта-рафта ба ҷамъият алоқаманд шуда, дар маҷмуъ синфҳо, гурӯҳҳо ва давлатро ташкил мекунанд. Дар панҷ даҳсолаи гузашта аз байн рафтани оилаҳо бисёр назаррас буд. Барои пеши роҳи ин масъаларо гирифтан Президенти кишвар соли 2015-ро Соли оила эълон кард. рафта дар муҳоҷират солҳои зиёд мемонанду зану фарзандонро фаромӯш мекунанд. Ниҳоят онҳо дар кишвари бегона оилаҳои дигар созмон дода, аз оилаҳои аслиашон батамом ҷудо мешаванд. Дар натиҷа, зан бесаробон монда, фарзандон бе падар бо сахтиву мушкилии зиёд ба воя мерасанд... Инчунин, мушоҳида мешавад, ки мардум то ҳол андеша доранд, ки фарзандашон бояд бо духтари таҳсилдида оиладор нашавад ва онеро барояш арӯс мекунанд, ки не дуруст таҳсил кардаасту не маълумоти даркорӣ дорад. Ин дар ҳолест ки
ҷавонписарон майли бо духтари таҳсилдида оила бунёд карданро доранд, то дар зиндагӣ ягдигарфаҳмӣ мавҷуд бошаду фарзандон босавод ба воя расанд, вале иддае аз волидон садди роҳи интихобу хоҳиши фарзандонашон мешаванд. Яъне ҷавонон бештари вақт бо хоҳиши калонсолони оила издивоҷ мекунанд, вале мебинед, ки ин оила низ ба зудӣ пароканда мешавад. Чунки бо хости ҷавон сурат нагирифтааст. Ҳамчунин, бештари вақт волидон аз фарзандон тақозо мекунанд, ки бо хешдухтари онҳо оила бунёд бикунанд, вале аз
Зарина ШОРАҲМАТОВА, донишҷӯи ДМТ
www.javonon.tj
Масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол аз сол меафзояд, бо чанд сабаб рух медиҳад. Яке бармаҳал издивоҷ кардани ҷавонон. Ҳам духтарону ҳам писарҳо, ки барвақт издивоҷ мекунанд, бар асари бетаҷрибагӣ ва омодагии дуруст надоштан ба ҳаёти оилавӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Инчунин, муҳоҷирати меҳнатӣ низ сабабгори вайроншавии оилаҳо мегардад. Гарчанде дар ибтидо ҷавонон аз сахтии зиндагӣ рӯ ба ҳиҷрат оварда, мехоҳанд рӯзгори худу оилаҳояшонро сомон бахшанд, вале рафта-
оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ бехабаранд ва баъди муноқишае байни навхонадорон ду оила бо ҳам душман мешаванд... Чизи дигаре, ки боиси вайроншавии оилаҳо мегардад, бесабру тоқат, якраву худхоҳ будани навхонадорон аст. Онҳо бо ҳар сухани хурду реза дар зиндагӣ якдигарро меранҷонанд ва бо ҳам ҷанҷол мекунанд. Сипас ҷавонзан шавҳаршро таънаю маломат, ҷавон бошад ҳамсарашро латукӯб мекунад. Корашон ба кашокашу ба суд мерасад ва мебинед, ки боз як ҷуфте пароканда шуду тифлаконе ятим гаштанд ва тире ба ҷисми ҷомеа халид. Ҳол он ки оиладорӣ амри муқаддас аст ва ҳифзу нигаҳдошти он ҳам ба андозаи қудсияташ муҳим мебошад. Вақти бастани ақди никоҳ ҷавонон савганд ёд мекунанд, аммо онро хеле зуд фаромӯш мекунанд ва мешикананд...
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
ҶАШН
Парчамат партавафшон бод,
Суратгузориш аз роҳпаймоии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчам 24 ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе роҳпаймоии осоиштаи ҷавонон доир гашт. Парчамбардорон, ки 40000 нафарро ташкил медоданд, аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то майдони «Дӯстӣ» 6 километрро тай намуданд. Аз чеҳраи ҳар яки онҳо ҳувайдо буд, ки шукуфоиву сарсабзии Ватани азизамон орзуи ҳамешагии онҳост. Яке аз иштирокчиён Муҳаммад Муъминзода бо фараҳмандиву нишот андешаҳояшро чунин баён намуд: “Ман ҳамчун ҷавони зодаи истиқлол ифтихор дорам, ки давлати тозабунёди мо соҳиби Парчами миллӣ аст. Ҳамчун як дӯстдори Ватан Парчами давлатро ҳамчун муқаддасоти миллат мешиносам. Ҳар куҷое, ки равам, онро боло мебардорам. Парчам аст, ки моро ба воситаи он дар тамоми олам мешиносанд”. Парчами давлатӣ барои мо нишони бақои миллат, давлату Ватан ва ваҳдати миллӣ буда, он беҳтарин арзиши волои таърихиву фарҳангии халқамон ба ҳисоб меравад.
ҶАШН
Толиб ФОЗИЛОВ, суратгири “ҶТ”
9 е-mail: javonontj@mail.ru
Тоҷикистони азиз!
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
СОҲИБКАСБ
Солҳои нооромӣ дар кишвар Исматулло дар мактаби миёна таҳсил мекард. Мехост ҳарчи зудтар сулҳу субот дар Ватан ҳукмфармо бошад. Аз ноҳаққиҳои баъзе нафарон нисбат ба мардум ғамгин мешуд. Дар баробари онҳо гурӯҳеро низ медид, ки ба мардуми азиятдида кӯмак мерасонданд. Аз ин рафтори онҳо мардум ба ояндаи неку зиндагии шоиста умед мебастанд. Инҳо ҳарбиён буданд. Исматулло ҳамон замон пеши худ мақсад гузошт, ки дар оянда чунин либосҳоро ба бар намуда, баҳри халқу миллат содиқона хизмат менамояд. Ин орзуяш ҷомаи амал пӯшид.
Хизмат дар артиш муқаддас аст
www.javonon.tj
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Исматулло Абдуллоев соли 1986 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Баъд аз хатми синфи 9-и мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Ваҳдат ба литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи генерал-майор Тошмуҳаммадов дохил шуда, онро соли 2004 хатм кард. Донишкадаи олии фармондеҳи ҳарбии шаҳри Москави Федератсияи Русияро низ бо ихтисоси муҳандиси техникаи ҳарбӣ ва кашшофӣ хондааст. Аз моҳи июли соли 2009 дар вазифаҳои муаллими калони кафедраи тактикӣ, муаллими калони бахши тайёрии оташфишонӣ ва сардори бахши тайёрии оташфишонии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳисси миллиаш баланд, ки буд, ҳамеша болафшон будани Парчами Меҳанро дӯст медошт. Вақти дар Маскав таҳсил кардан мехост, ки дар назди дигарон дар дараҷаи аввал бошад. Дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамуд ва ба ифтихори пирӯзиҳояш парчами Тоҷикистон боло мешуд ва зери сояи он ваъда медод, ки ба Ватан бармегардаду баҳраш хизмат менамояд. Аз тарафи сардори кафедра, Вазорати мудофиа ва Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Муссалаҳ Эмомалӣ Раҳмон бо раҳматнома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Соли ҷорӣ барои фаъолияти босамар дар сафи Артиши миллӣ ба Исматулло рутбаи майор дода шуд. Бар ивази ин қадрдонӣ мехоҳад то охирин нафас баҳри
осоиштагии Меҳан дучанд хизмат намояду сазовори боварӣ бошад. - Баъзе нафарон мегӯянд, ки кор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ душвор аст. Ман шахсан душворӣ дидаам, душворие, ки ба кору фаъолиятам рабт доранд. Бисёре аз нафарон мегӯянд, ки “ин кабс душвор асту баъди ду соли хизмат ба дигар кор мегузарем”, вале таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки вақте ҳамчун афсар фаъолият менамоянд, даҳсолаҳо мегузарад, вале ин кори худро тарк намесозанд. Мегӯянд, ки “мо дар ин ҷо дӯстони нав пайдо намудему муҳити хуберо дарёфт кардем”. Агар касби худро нағз донӣ, ягон кор душворӣ надорад, мегӯяд Исматулло. Дар кафедраи ҳарбӣ ба шогирдон аз фанҳои тайёрии тактикӣ, оташфишонӣ, техникӣ ва оинномаҳои ҳарбӣ дарс мегӯяд. Ӯ барои нафароне, ки афсари хуб шуданианд, мегӯяд, бояд ин вазифаи муқаддасро содиқона ба ҷо биёранд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ кор намудан сарбаландӣ ва ҳимояи падару модар аст, ки мо ҳатман онро бояд софдилона баҳри сарзаминамон ба ҷо биёрем. Ба назари Исматулло Абдуллоев ҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, намедонанд, ки хизмат дар сафи артиш баҳри халқу миллати хеш чӣ қадар муқаддас аст. Овозаҳои дурӯғро мешунаванду ба хизмат намеоянд, ки нодуруст аст. Волидайн дар самти бедор сохтану фаҳмондани ҳисси ватандӯстӣ ба фарзандон вазифадоранд. – Ватан пораи қалби ман аст, ки барои ҳифзи он шабу рӯз ҳушёр ҳастам ва ҳар як ваҷаби онро ҳамчун гавҳараки чашм азиз медонаму ҷони худро баҳраш дареғ намедорам. Ватан меҳрест, ки мо онро дар қалбҳо ҷо намудаем, - афзуд Исматулло Абдуллоев.
Ҷавонони бо ёди Ватан Имрӯзҳо аксари ҷавонон ба таҳсил ва аз худ кардани илмҳои муосир дар кишвар камар бастаанд. Ҳамзамон беш аз 12 ҳазор нафар ҷавони лаёқатманди кишвар тавассути квотаи давлат дар хориҷ ба таҳсил машғуланд. Онҳо дар баробари таҳсил баҳри баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон талош меварзанд. Яке аз онҳо, ки дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст, Абдушариф Ҳомидов, магистри соли аввали Донишгоҳи давлатии шаҳри Томски Федератсияи Русия мебошад.
Абдушариф Ҳомидов дар факултаи иқтисодӣ ихтисоси стратегияи умумии менеҷментро меомӯзад. Ният дорад, ки баъд аз анҷоми таҳсил ба Тоҷикистон омада, баҳри пешрафти соҳаи иқтисод аз рӯи ихтисоси гирифтааш фаъолият намояд. Абдушариф тӯли фаъолияташ дар соҳаи варзиш ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Ӯ дорои унвони Устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод, номзад ба Устоди варзиши Русия оид ба самбои муҳорибавӣ, Устоди варзиши Русия оид ба ҷиуҷитсу, варзишгари касбӣ оид ба ҷанги тан ба тан, ғолиби мусобиқаи байналмилалии Русия ва Амрико оид ба панкратиони касбӣ мебошад. Ҳамчунин Абдушариф 4 карат чемпиони Томск оид ба самбои муҳорибавӣ ва 5 карат чемпиони Томск оид ба греплинг, як маротиба дар чемпионати ҷаҳону як маротиба дар чемпионати Авруосиё иштирок доштааст. Албатта ба чунин дастовард ноил гардидани як донишҷӯи тоҷик боиси таҳсин мебошад. Нозимҷон Бобоев олими ҷавонон аст. Ӯ фаъолияти илмии худро дар риштаи менеҷмент оғоз намуда, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил гаштааст. Нозимҷон дар факултаи молия ва қарз таҳсил кардааст. Дастовардҳояш дар донишгоҳ чашмрас буданд. Ӯ донишгоҳро ба дипломи сурх ба итмом расонд. Дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеи ӯ буд, ки барояш дарҳои нави илму маърифат кушода шуданд. Баъди хатми донишгоҳ Нозимҷон Бобоев аҳд кард, ки таҳсилро дар аспирантура идома диҳад. Ин хоҳиши ӯро аҳли оила дастгирӣ намуда, Нозимҷонро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсиям Русия фиристоданд. Ҳоло Нозимҷон аспиранти курси 3 мебошад. Нозимҷон дар се конфронси илмии умумирусиягӣ иштирок карда, натиҷаҳои тадқиқоти худро доир ба мавзӯи “Логистика ва бонкдорӣ” пешкаши олимону профессорҳои рус кардааст. Боиси шодмонист, ки Нозимҷон дар 2 конфронси сатҳи баланд беҳтарин маърӯзачӣ дониста шуда, бо диплом сарфароз гардидааст. Соли равон баъди хатми курси кӯтоҳмуддат ба Нозимҷон унвони “Логистик-менеҷер” аз тарафи устодони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсия Русия супорида шуд. Дар давоми се соли таҳсил дар Русия 6 мақолаи ӯ бо номҳои “Таҳлили логистикӣ ва ташаккули ҷараёни пули нақд”, “Таҳлили сохтори умумии хароҷот дар ташаккули ҷараёни молиявии бонк”, “Муносибати моддию техникӣ ба таҳлили ҷараёнҳои молиявии бонкҳои тиҷоратӣ”, “Муносибати логистикӣ ба маркетинги бонки тиҷоратӣ” ва “Сохтори хароҷотӣ дар таъмини молиявии ҷараёни моддӣ” бо забони русӣ ба хонандагон ва аҳли илм пешкаш гардидаанд. Инчунин чанд мақолаи дигари Нозимҷон Бобоев дар арафаи омодашавӣ ва таҳлил қарор дошта, рӯзҳои наздик нашр мешаванд. Нозимҷон дар чорабиниҳои миллии тоҷикон, ки дар шаҳри Томск баргузор мегарданд, иштирок намуда, барои муаррифии расму ойин ва анъанаҳои миллати тоҷик саъю талош меварзад. Хусусан дар чорабиниҳои Наврӯз, Рӯзи модар, таҷлили шаби Умари Хайём, Рӯзи ҷавонон саҳм доштааст. Нозимҷон миёни ҳамватанонамон, ки дар шаҳри Томск ҳамчун муҳоҷир кору фаъолият доранд, гоҳ-гоҳе корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Ба онҳо дар бораи чӣ тавр тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ оид ба муҳоҷират ва ҳодисаву воқеоти ҷаҳони муосир маълумот медиҳад. Бахтовар АМИНЗОДА “ҶТ”
Ҳайкали нави Восеъ дар Ховалинг
Дар арафаи Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ дар маркази ноҳияи Ховалинг Муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ бунёд ёфт. Ба иттилои Амир Саид Мункӣ, мудири осорхонаи ноҳияи Ховалинг, дарозии муҷассама, ки онро Алиҷон Бобошарафов ва Аюбҷон Нозимов, аъзои Иттифоқи рассомон ва Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон тайи 2,5 моҳ омода кардаанд, 5,15 метр буда, аз 400 кило мис иборат аст. - Дар муайян кардани синну сол, намуди нимпайкараҳои сохташудаи қаҳрамон, тарзи либоспӯшии хоси маҳал ва дигар нозукиҳои Восеъ Мирзозода Нурулло, раиси ноҳияи Ховалинг ва Ибодулло Ҳоҷизода, сармеъмори ноҳия кӯмак карданд, - иброз медоранд муҷассамасозон. Бу гуфтаи онҳо Муҷассамаи Восеъ дар ягон ҷойи дигар нусха надорад ва ин нахустин образ ва симост, ки ба зиндагиномаи қаҳрамони халқи тоҷик мувофиқ мебошад. Манзумаи ФИРӮЗ, “ҶТ”
НАБЗИ РӮЗ
Нахустин парчам дар Миср, Эрони қадим ва Чин пайдо гардидаанд. Парчамҳо то замони мо шаклу андозаи худро тағйир дода, дар замони муосир муаррификунандаи халқу миллат ва давлати дорои истиқлолияти комил шинохта мешавад. Аз ин рӯ, кишварҳо ба ин рамзи муқаддас боэҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрозии онро қонунан муайян кардаанд. Яке аз нишонаҳое, ки соҳибтахту соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро собит менамояд, парчам аст. Миллати тоҷик шаклҳои гуногуни давлатдориро паси сар кардааст, ки ба тағйирёбии шакли парчам бетаъсир намонд. Аз давраи Аморати Бухоро то Тоҷикистони соҳибистиқлол парчам борҳо шаклу намудашро иваз кардааст. Парчами Аморати Бухоро то 1 сентябри соли 1920 аз матои сабз ва дар рӯи он акси моҳтобу ситора ва аз поён панҷаи даст тасвир ёфта буд. Гирдогирди парчамро рахи зарди сурхчатоб, ки дар до-
Рангҳои парчам хоси ориёиҳост хилаш хатҳои ороишии сиёҳ дошт, зинат мебахшид. Баъди як сол намуди парчам тағйир ёфт. Парчами нав, ки аз 23 сентябри соли 1921 то 14 августи соли 1923 ба ҳайси муқаддасоти миллӣ ва парчами асосии Аморат ба ҳисоб мерафт, шакли худро дигар кард. Дар рӯи ин парчам ду рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шуда, рахи боло сабз ва рахи поён сурх буд. Дар мобайни парчам акси моҳу ситора аз боло ба поён тасвир ёфтааст. Баъди чанде ба он боз тағйирот ворид карда шуд. Ин парчам, ки аз 11 октябри соли 1923 то 19 сентя-
бри соли 1924 амал мекард, пурра ранги сурх дошт. Аломатҳои дар парчами қаблӣ ҷойдошта бо каме тағйирот дар он боқӣ монданд. Ҳамин тавр, аз соли 1924 то соли 1929 Тоҷикистон Парчами давлатӣ надошт. Зеро дар ин давра Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Узбекистон буд. 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил ёфта, ба таркиби ИҶШС дохил шуд ва парчами нав қабул намуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазируфта шуда, ранги сурх дошт.
Дар як гӯшаи он аз боло акси нишон низ тасвир ёфта буд. Ҳамин тавр, аз соли 1929 то соли 1953 парчам чанд маротиба тағйир ёфт. Дар ин давра ранги парчам сурх боқӣ монда, танҳо ба аломат ва навиштаҷоти он дигаргунӣ ворид мегардид. Миллати тоҷик марҳила ба марҳила роҳ ба сӯи худшиносӣ гирифта, дар сатҳи боло ҳам набошад, аз анъанаҳои миллӣ дифоъ менамуд. Парчаме, ки аз 20 марти 1953 то 9 сентябри 1991 амал мекард, рангҳои мувофиқ ба мардуми ориёинажодро дошт. Он
11
матои сурхе буд ба андозаи 1х2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Дар он замон ранги сафедро рамзи пахтакорӣ, саноати кишвар ва ранги сабзро рамзи маҳсулоти кишоварзӣ тафсир мекарданд. Пас аз барҳам хурдани давлати шӯравӣ Тоҷикистон мустақил гардида, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Тибқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Ин Парчам миллати тоҷикро ба ҷаҳониён мураррифӣ намуда, дар шинохти Тоҷикистон нақши калон гузошт. Аз ин рӯ, хулосаи худро бо як ҷумлаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем, ки таъкид намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.
е-mail: javonontj@mail.ru
Парчам аз замонҳои қадим ифодагари озодӣ ва мустақилияти сарзаминеро ифода менамуд. Таърихи он беш аз се ҳазор солро дар бар гирифта, нахуст ба ҳайси рамзи мубориза бо душманон дар адабиёт тасвир ёфтааст. Парчам матоъ ё аломате буд, ки ҷанговарон тавассути он лашкари худро ба ҳам меоварданд. Аскарон тавассути он душманро аз худиҳо фарқ карда, онро муқаддас медонистанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Шуҳрат САИДЗОДА, сармутахассиси Раёсати судҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗИ ҶАҲОН
Душанбе Париж мешуд агар... Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай дар даҳсолаи дуюми асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як марҳилаи бениҳоят муташанниҷ ворид гардид ва он ҳар лаҳза ба ҳаёти осоиштаи мардум латма ворид менамояд. Дар чунин шароит, ки нооромиҳо сайёраро ба коми худ кашидааст, як амали ноҷои кишварҳои абарқудрат мета-
вонад ба ҳаёти заминӣ хотима бахшад. Амалҳои ғайриинсоние, ки дар қалби Аврупо - Париж анҷом дода шуданд, идомаи нақшаҳои сиёсии бузурги “бархурди тамаддунҳо” ва “назарияи бесарусомонӣ” буда, агар пешгирӣ нашавад, аз ин ҳам даҳшатбортарин амалҳо рух медиҳанд. Бинобар ин, кишварҳои абарқудатро зарур аст, дар манотиқи ҷудогонаи олам, бахусус Ховари Миёна ва Африқо аз илму дониш кор гиранд ё онҳоро дар баробари хеш дар ин самт раҳнамун созанд. Махсусан, дар Ховари Миёна абарқудратҳоро лозим аст, то аз дину мазҳаб кор нагиранд... Ҳамин амвоҷи тафриқандозию бадбинӣ ва кофирхонию бадхоҳӣ буд, ки инсонҳоро ба муқобили ҳам шӯронид ва кишварҳоро ба сангарҳо нишонд. Амалҳои террористии пай дар пай, ки аз бомбагузориҳо дар варзишгоҳи “Стад де Франс”, тирандозӣ дар меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва инчунин, толори консертии “Батаклан” (дар он тақрибан 100 нафарро гаравгон гирифтанд) боиси марги 129 нафар ва захмӣ шудани беш аз 350 аф-
роди бегуноҳ шуданд, нишонаи олитарин ҳаракатҳои тундрави ба ном динӣ буд. Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, шумораи қурбониёни ин ҳамлаи ваҳшиёна ба шумораи қурбониёни ҳамлаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон муқоисашаванда буда, дар таърихи садсолаи охири Фаронса мудҳиштарин ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар баъд аз соли 1955 то имрӯз танҳо моҳи ноябри соли 2015 вазъияти фавқулодда эълон гардид, ки дар таърихи он чорум ҳолат мебошад. Ин амали ваҳшиёнаро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифтааст. Ҳамин “ҳимоятгарон”-и ислом буданд, ки шоми 13 ноябр дар қитъаҳои гуногуни Париж ҳамлаҳои ғайриинсониро содир намуданд. Ҳамин “дӯстдорон”-и ислом буданд, ки боиси марги садҳо инсонҳои бегуноҳу нооромии кишвари ободе чун Фаронса шуданд. Ҳадаф аз ин ҳамлаҳои ногаҳонӣ вайрон кардани фароғати мардум ва ноором сохтани авзои Аврупо буд, ки башарият он ҷойро ҳамчун демократитарин қитъаи олам медонистанд. Аввалин таркиш соати 21:16 дар назди
Номвар ҚУРБОНОВ
www.javonon.tj
Ҳамлаҳои пай дар пайи террористие, ки дар шаҳри Париж ва атрофи он 13 ноябр сурат гирифтанд, маротибаи дигар ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Ин амалҳои ваҳшиёна собит сохтанд, ки имрӯз таҳдидҳо ба инсоният муштарак гардида, барои ҳали онҳо бояд тамоми кишварҳои олам дастҷамъона мубориза баранд.
бузургтарин варзишгоҳи Фаронса “Стад де Франс” ба амал омад, ки дар он ҷо миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Олмон бозии футбол ҷараён дошт. Бозиро дар варзишгоҳ Президенти ин кишвар Франсуа Оланд ва вазирони корҳои хориҷии Фаронса ва Олмон Л. Фабиус ва Ф. Штайнмаейр тамошо доштанд. Баъд аз ин ду ҳодисаи мудҳиши дигар пайи ҳам (соати 21:20 ва 21:53) ба амал омаданд, ки боиси марги инсонҳои бегуноҳ гардиданд. Силсилаи ҳамлаҳои Париж ба ҳуҷумҳои сентябрии Ҳоҷӣ Ҳалим шабоҳат доштанд. Агар террористоне, ки ба Париж ҳуҷум карданд, мусалмонони “ноб”-и Мисру Сурия буданд, пас террористоне, ки ба Душанбею Ваҳдат ҳамла оварданд, мусалмонони “хуб”-и Тоҷикистон буданд. Акнун худи хонандаи гиромӣ, қазоват намояд, ки ҷиҳоди исломӣ инсонҳоро ба чунин аҳвол меорад ва ҳамин ҷиҳод боис мегардад то онҳо ҳамдигарро бад бинанд. Дар охир ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки агар амалҳои хиёнаткоронаи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо дастури роҳбарони ҲНИТ моҳи сентябр содир шуд, пешгирӣ намегашт, он гоҳ вазъияти Тоҷикистон ҳам имрӯзҳо мисли Фаронса мебуд.
ВАРЗИШ 12 Ифтитоҳи аввалин корти «Равшан» - барандаи медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон теннис дар Кӯлоб
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
20 ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло Корти теннис ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи он дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб ва беш аз 670 ҷавон ҳузур доштанд. Корти теннис бо маблағи 495 ҳазор сомонӣ бо 600 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохта шудааст. Дар дохили майдон таҷҳизоти варзишӣ насб карда шудаанд, ки боиси обутоб додани варзишгарон мегардад. Бояд қайд кард, ки чунин майдони теннис то ин муддат дар шаҳри Кӯлоб вуҷуд надошт ва дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ он ҳамчун
маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор гирифт. Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид дар ин майдон чорабиниҳои сатҳи баланд ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт. Ҳамчунин бо ибтикори Федератсияи футболи мамлакат дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 2 майдончаи футболи хурд ва 1 майдончаи волейбол идома дорад, ки моҳҳои наздик ба истифода дода мешаванд.
«Ҳосилот» ба лигаи олӣ роҳхат гирифт
Тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ғолиби лигаи якуми футболи кишвар гардида, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт.
www.javonon.tj
Дар даври 24-ум “Ҳосилот” дар майдони худ бар тими “Исфара” бо ҳисоби 7:1 ғолиб омад. Дар бозиҳои дигари давр “Эсхата” бар “Саройкамар” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, бозӣ миёни дастаҳои “Локомотив” – “Помир” ва “Канд” – “Панҷшер” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.
Мусобиқа дар доираи лоиҳаи “Сулҳ аз мо оғоз меёбад”
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар «Қасри Арбор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи кушод оид ба гӯштини камарбандӣ доир гардид. Мусобиқа байни ҷавонон ва калонсолони ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи лоиҳаи "Сулҳ аз мо оғоз меёбад" баргузор шуд. Тавре Олимҷон Зоҳидов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дод, дар мусобиқа 3 даста бо иштироки 40 варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 200 варзишгари вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар мусобиқа ҷои аввалро Назир Бердиев аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол намуд.
Тими “Равшан”-и Кӯлоб баъди ғалаба бар тими “Регар-ТадАЗ” дар даври охирини чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ барандаи медалҳои биринҷии мусобиқа шуд.
Ин бозӣ 22 ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои тими ғолибро легионерҳо Акуффо Гершон ва Ҳусейн Суҳробӣ заданд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 33 хол дар ҷои чорум қарор дорад. Тими “Истиқлол”, ки чанд давр пеш унвони қаҳрамониро соҳиб шуд, дар меҳмонӣ тими “Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи имсоларо, бо ҳисоби 7:1 шикаст дод. Манучеҳр Ҷалилов 3 гол, Бледа Родригес ду гол, Дилшод Восиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев якголӣ заданд. Бояд қайд кард, ки дар баробари “Истиқлол” асосан тими ҷавонони “Хуҷанд” ба майдон баромаданд. Бозингарони асосии ин даста бо сабаби чанд моҳ маош нагирифтан дар ин бозӣ ширкат надоштанд. КМВА “Помир”, тими дигари Душанбе низ бозии даври охирро бо ғалаба анҷом дод. Ин даста бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ду голро легионер Андох Наполеон, як голи дигарро ба дарвозаи ваҳдатиҳо Давронҷон Тухтасунов заданд. Тими “Барқи тоҷик” низ бар дастаи “Далерон” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ тими “Вахш”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин аввалин ғалабаи тими “Парвоз” дар мавсими имсола аст. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: ҶОЙ 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Равшан” (Кӯлоб) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) КМВА “Помир” (Душанбе) “Барқи тоҷик” (Душанбе) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров)
Б 18 18 18 18 18 18 18 18 18 18
Ғ 16 12 10 9 8 8 4 3 3 1
М 2 3 4 6 5 2 2 4 3 1
Б 0 3 4 3 5 8 12 11 12 16
Т-Т 69-5 34-21 37-26 31-14 21-26 18-22 17-32 11-34 16-36 6-44
Х 50 39 34 33 29 26 14 13 12 4
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 22 тӯб, Ҳусейн СӮҲРОБӢ («Равшан») – 18 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 9-тӯбӣ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 8 тӯб, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ») – 7 тӯб.
Мақсад – муаррифии давлат
Чанде пеш дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Парчам мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гашт. Дар он варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат доштанд. Эмомалӣ Мусофиров, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа соҳиби ҷойи аввал гардид. Ин бори аввал нест, ки ӯ дар намуди гӯштини миллӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардад. Дар чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзидааст. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2014 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор шуд. Эмомалӣ дар ин мусобиқа сазовори ҷойи дуюм гашт. Соли ҷорӣ бошад, дар ду мусобиқа - дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷавонон сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Айни ҳол Эмомалӣ Мусофиров зери роҳбарии мураббиёни шоистаи ҷумҳурӣ Хуршед Убайдуллоев ва Нусратулло Рауфов тамрин менамояд ва мақсади асосиаш ин аст, ки на танҳо дар дохил, балки дар мусобиқаҳои хориҷ аз кишвар низ ширкат намояд ва парчами давлатро баланд бардорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Ӯ як дақиқа
қаҳрамони ҷаҳон буд рӯякӣ интихоб накардаам. Ҳоло вақте ки ман ба мусобиқа меравам, аҳли оила назди оинаи нилгун нишаста шабакаҳои варзиширо тамошо мекунанд, то натиҷаи ширкати ман дар мусобиқаро зудтар шунаванд. - Давоми машғулиятат ба варзиш касе аз оила зид набаромад? - Албатта, бе ин намешавад. Вақте дар мусобиқаҳо ягон зарб мехурдам, модарам ғамгин шуда, норозигӣ баён мекард. Ин дар аввал буд. Ҳоло аҳли оила дастгирӣ мекунанд, то ман варзишро давом диҳам. Модарам пешам мақсад гузоштааст, ки аввал байни калонсолон қаҳрамони ҷаҳон шавам, баъд фикри бунёди оиларо кунам. Дуои модарам дар мусобиқаҳо тасалодиҳандаи ман мебошад. - Ба кӣ пайравӣ мекунед? - Дар ин ҷода идеал надорам. Лекин мусобиқаҳои устодонеро, ки дар ин соҳа таҷрибаи зиёд доранд, пайваста тамошо мекунам. Чизе ки бароям писанд омад, мегирам. Дар мавридҳое, ки мушкилӣ мекашам, аз устод Маҳмадшариф Сулаймонов кумак мепурсам. - Дар баробари варзиш ба дили шумо кадом касб наздиктар аст? - То ҳол дар бораи ягон касби дигар фикр накардаам. Ягон шуғли дӯстдошта ҳам надорам, ки ба он машғул шавам. Аз бозе, ки қаҳрамони ҷаҳон шуданро мақсад гузоштаам, ба ягон кори дигар машғул нестам. Пеш аз мусобиқаҳо ду вақт тамрин мекунам. Дар вақтҳои холӣ мусобиқаҳои ҷаҳониро тамошо мекунам. - Ҳарифи асосиатон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ кист? - Ман дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ҳарифи асосӣ надорам. Ҳарифе нест, ки
соати тамрин фаро расид, беихтиёр либосҳои варзиширо гирифта ба толор меравам. Тамрин мисли доруе дар ҷисми ман аст, ки рӯзе истеъмол накунам, худро роҳат ҳис намекунам. Дар ҳолатҳои дилшикаста шудан чанд рӯз ба тамрин намераваму истироҳат мекунам. Вақте хонагиҳо савол медиҳанд, ки “имрӯз ба тамрин намеравӣ?”, боз ҳамон шавқ пайдо мешаваду роҳ ҷониби макони ошно мегирам. - Ду маротиба дар чемпионати ҷаҳон байни калонсолон аз паҳлавони гурҷӣ Вахтангӣ Чидрашвилӣ дар давраи ниҳоӣ мусобиқаро бохтед... - Дар вохӯрии якум бо ин варзишгар аз ҷониби доварон нисбат ба ман ноадолатӣ сурат гирифт. Дар мусобиқаи дуюм, ки 13-15 ноябри имсол дар шаҳри Касабланкаи Марокаш доир гардид, дасти ман лат бардошт. Ман бо як даст бо ӯ қувваозмоӣ намуда, аз унвони қаҳрамони ҷаҳон бенасиб шудам. Байни варзишгарон ибораи “иқболи варзишӣ” маъмул аст. Ман то ба даври ниҳоӣ расидан варзишгарони ботаҷрибаро мағлуб намудам. Дар ду муҳорибае, ки ман бо паҳлавони гурҷӣ қувваозмоӣ намудам, тамоми нишонаҳое, ки дар варзишгар бояд бошад, дар ман мерасид. Таҷрибаи зиёди мусобиқаҳои ҷаҳонӣ доштам. Мутахассисони соҳа вохӯриҳои пешинро дида, пешгӯӣ мекарданд, ки ман бо ҳисоби бузург ҳарифамро мағлуб мекунам. Аммо ҳамон иқболи варзишӣ ба мо омад накарду аз қаҳрамон шудан бенасиб мондам. - Баъди ду бохт дар даври ниҳоӣ барои қаҳрамони ҷаҳон шудан боз муборизаро давом медиҳед? - Ман миннатдории худро ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мактаби маҳорати олии
варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин мерасонам, ки моро ба тамоми мусобиқаҳо сафарбар мекунанд. Дар гӯштини самбо ягон ҷоизае намондааст, ки соҳиб нагашта бошам, ба ҷуз қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон. Мақсади ҳар варзишгаре, ки дар ин намуди гӯштин тамрин мекунад, қаҳрамони ҷаҳон шудан аст. Зеро ин қуллаи ниҳоӣ ва баланди гӯштини самбо мебошад. Аз он ки ман ду маротиба дар даври ниҳоӣ мусобиқаро бохтам, дилмонда нестам. На танҳо мақсади ман, балки мақсади аҳли оилаи мост, ки як маротиба сазовори номи қаҳрамони ҷаҳон байни калонсолон шавам. Ман то ба ин мақсад расидан муборизаро давом медиҳам. - Хотирмонтарин мусобиқа дар ҳаёти варзишиатон кадом аст? - Баъди қаҳрамони ҷаҳон шудани устод Саидмуъмин Раҳимов дар соли 1975 чил сол мешавад, ки самбочиёни кишвар ба унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон мушараф нагаштаанд. Ман тӯли як дақиқа қаҳрамони ҷаҳон шудаам. Дар як дақиқа ман ба тамоми мақсаду ниятҳои дар пеш гузоштаам расидам. Ин ҳодиса соли 2012 буд. Дар чемпионати ҷаҳон бо паҳлавони Озарбойҷон Ислом Гасимов қувваозмоӣ намудам. Даври охир ба нафъи ман анҷом шуд ва ҳисоби холҳо се бар се шуд. Довари қазоқистонӣ дасти маро боло бардошта, қаҳрамони ҷаҳонро эълон кард. Хурсандии маро ҳадду канор набуд, тамоми дар толор нишастагиҳо маро қаҳрамони ҷаҳон эътироф карданд. Баъди як дақиқа маро дубора ба рӯи гилем даъват намуда, ғолибиятро ба паҳлавони Озарбойҷон доданд... Ҳарчанд он мусобиқа ба нафъи ман анҷом нашуд, вале аз ёдам ҳеҷ намера-
вад. - Чӣ бояд кард, то варзишгарони касбиро ба воя расонем? - Варзишгарон ду навъ мешаванд. Якум варзишгаре, ки барои саломатӣ тамрин мекунад, дуюм варзишгаре, ки ҷавонии худро фидо мекунад, то дар ҷаҳон парчами кишварро баланд бардорад. Варзишгари асил барои обрӯи миллату давлат худро фидои варзиш мекунад. Барои варзишгари касбиро омода намудан, пеш аз ҳама шароит муҳайё намудан лозим. Барои омода шудан дар чемпионатҳои ҷаҳон ба мусобиқаҳои дигар сафарбар намудан даркор. Беҳтаринҳоро дар як ҷо ҷамъ намудан лозим, то бо якдигар рақобат кунанд. То рақобат набошад, пешравӣ намешавад. Имрӯз нисбат ба солҳои пеш варзиши кишвар пеш рафтааст. Варзишгарони кишварро дар қатори беҳтарин варзишгарони ҷаҳон мешиносанд. Ин аз оммавияти варзиш дар кишвар дарак медиҳад. - Саҳми мураббиёни кишварро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мураббиёни тоҷик каманд. Ман намуди гӯштини самборо дар назар дорам. Набудани доварон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ накардани онҳо бо клубҳои байналмилалӣ дар баъзе маврид ба меҳнати варзишгарони мо таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб дар бисёр вохӯриҳои ҳалталаб нисбат ба варзишгарони мо ноҳаққӣ мешавад. Дар ин мавридҳо варзишгарони тоҷик ба қавле пуштибон надоранд. Агар шумораи доварони сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд бошанд, нисбат ба варзишгарони мо ноадолатӣ камтар сурат мегирад.
www.javonon.tj
мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар ҷашни Наврӯз оғоз кардааст. Бо вуҷуди он ки таълими варзишӣ надида буд, ҷасорати паҳлавонӣ нишон медод. Ӯро шавқу рағбати дар ниҳодаш нуҳуфта ба майдон мебаровард. Мутахассисони соҳаи варзиш аз ҷасорати ин кӯдаки хурдсол дар ҳайрат афтода буданд. Дар маҳфилҳо кафкубӣ намудани пирони маҳалла ба ҳунари ӯ, ҳаваси паҳлавон шуданро дар дилаш бештар мекард. Ҳоло 15 сол мешавад, ки тамрин мекунад. Спартакиадаи мактаббачагон аввалин мусобиқа буд, ки иштирок намуда, дар вазни 42 кило сазовори медали тилло гардид. Баъдан қаҳрамони Тоҷикистон байни ҷавонон ва калонсолон, қаҳрамони ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, панҷ маротиба қаҳрамони ҷоми ҷаҳон, чор маротиба қаҳрамони Осиё байни ҷавонону калонсолон, ду маротиба дар рейтинги ҷаҳонӣ беҳтарин варзишгари самбо, чор маротиба ҷоизадори медали нуқра ва биринҷии чемпионати ҷаҳон байни калонсолон, Устоди шоистаи варзиш оид ба гӯштини самбо гардид. Ин паҳлавоне, ки дар гӯштини самбо ба ҷуз қаҳрамони ҷаҳон шудан тамоми ҷоизаҳоро ба даст овардааст, Акмалиддин Каримов мебошад. Бо Акмалиддин оид ба фаъолияти варзишиаш суҳбат оростем.
пеш аз баромадан бо ӯ ба болои гилеми варзишӣ ҳарос дошта бошам. Варзишгароне, ки дар вазни ман қаҳрамони ҷаҳон шудаанд, борҳо онҳоро дар Ҷоми ҷаҳон, чемпионати Осиё ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мағлуб кардаам. Аз ҳунару маҳорати онҳо пура огоҳам. - Вақте дилшикаста мешавед, чӣ кор мекунед? - Ҳар варзишгарро баъди бохти мусобиқае, ки ба он тайёрии ҳамаҷониба мебинад, як навъ ноумедӣ фаро мегирад. Дар ҷодаи варзиш зери ягон шиор амал намекунам, ки баъди ба хотири овардани он дубора илҳом гирам. Намедонам шавқ аст ё чизи дигар, вақте маро ноумедӣ фаро мегираду мақсад мегузорам, ки то чанд муддат аз тамрин дур шавам, вақту
е-mail: javonontj@mail.ru
- Ба варзиш рӯ оварданатон чӣ гуна сурат гирифт? Шодихони НАЗАР, - Аз хурдсолӣ ба вар“Ҷавонони Тоҷикистон” зиш шавқ доштам. Дар оилаи мо ягон нафар ба варзиш машғул набуд. Хурд будам, дар мусобиқаҳои гӯштин ҳунарнамоӣ мекардам. Рафта-рафВарзишгарони асил та меҳри варзиш дар дилам зиёд бештар аз ду табақа гашт. Чанд маротиба аз аҳли оила хоҳиши ба тамрингоҳ рафтан кармерӯянд. Яке дар оилаи дам. Бародарам дар як мусобиқаи варзишгар ба воя гӯштин, ки бахшида ба Наврӯз мерасад, дигареро муҳит доир шуд, ҳунарнамоиамро дида, тарбия мекунад. Дар ҳар маро ба назди Маҳмадшариф ду ҳолат шавқу рағбат Сулаймонов, мураббии гӯштини самбо бурд. Дар аввал оилаамон нақши муҳим мебозад. Ҷавонеро, ки дар борааш ба варзиш машғул шуданамро чандон аҳамият намедод. Баъди ҳарф мезанем, муҳит дар мусобиқаҳои берун аз киштарбия намуд. Нахустин вар сазовори ҷоизаҳо гаштанам муҳорибаҳои худро аз фаҳмиданд, ки ман варзишро
13
е-mail: javonontj@mail.ru
14
ба назар мерасад. Он ҳам бо забони ғайр. Хуб мебуд, агар Толибшоҳи ДАВЛАТ, масъулини шабакаҳо, баху“Ҷавонони Тоҷикистон” сус “Баҳористон” ба масъалаи тарҷумаи филмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ ҳарчи зиёд Бахтиёр Каҳҳоров таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Намоиши чунин филмҳо, бахусус хатмкардаи факултаи дискҳое, ки дар дуконҳо фурӯхта меъмории Донишгоҳи мешаванд, ба олами ботинии техникии Тоҷикистон ва хурдсолон хоҳу нохоҳ таъсири факултаи коргардонии манфӣ мерасонанд. Донишкадаи шаҳри - Аз гуфтаҳои шумо аён аст, ки филмҳои тасвирӣ дар тарбиМаскав аст. Айни яи хурдсолон саҳми калон дозамон дар киностудияи ранд. “Тоҷикфилм” чун рассом - Бале, ҳамин тавр аст. Устод ва коргардони филмҳои Мирзо Турсунзода басо хуб гуфтасвирӣ фаъолият дорад. тааст: “Расми хуби тоҷиконро гум
Зимни суҳбат аз вазъи имрӯзаи офаридани филмҳои тасвирӣ ва саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас нақл кард.
www.javonon.tj
СУҲБАТИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
- Аз соли 1992 ба офаридани филмҳои тасвирӣ шуруъ намудам,- гуфт Бахтиёр Қаҳҳоров. - Зиёда аз даҳ филм офаридаам. Бештар аз рӯйи “Маснавӣ”-и безаволи Ҷалолиддини Балхӣ ва афсонаҳои халқи тоҷик. Айёми бачагию наврасиям тӯли даҳ сол дар мулки Афғонистон будам. Он замон падарам он ҷо ба сифати тарҷумон фаъолият дошт. Анъана, урфу одати мардуми афғон аз тоҷикон кам тафовут дорад. Ҳарчанд хурдсол будам, миёни афғонабачаҳо дӯстони зиёд доштам. Наздикӣ бо мардуми одӣ нисбат ба эҷоди халқӣ пайваста дар дилам меҳреро бедор мекард. Дар Тоҷикистон хурдсолон хеле зиёданд ва ояндаи мо маҳсуб меёбанд. Ба онҳо ҳар бештар таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Даврони шӯравӣ киностудияи “Союзмултфилм” махсус барои хурдсолону наврасон фаъолият дошт. Ин бузургтарин киностудия дар Аврупо ба шумор мерафт ва чун фронти идеологӣ амал мекард. Бо диди идеологияи шӯравӣ ба кӯдакону наврасон талқин мегардид, ки чӣ хуб асту чӣ бад Ҳамин тавр тифлон инро аз хурдӣ дарк менамуданд. Масалан, аз рӯи афсонаи адиби кӯдакон Чуковский – “Мойдодир” дар бораи писарбачаи чиркин филми тасвирӣ таҳия шуда буд ва кӯдакон онро тамошо намуда, мекӯшиданд, доимо тозаю озода бошанд. Ҳамин тавр, ҳар як филми тасвирӣ як ҷаҳон маъниро ифода намуда, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда дошт. Имрӯз ҳам бояд чунин бошад. Мутаассифона, агар ба мағоза ё дуконҳои дискфурӯшӣ ворид шавем, пай бурдан душвор нест, ки аксар филмҳои тасвирии барои кӯдакон пешбинишуда, моли бегона аст. Дар шабакаҳои телевизонӣ, бахусус “Баҳористон” ҳам вазъ чунин аст. Аксаран филмҳои тасвирии истеҳсоли хориҷӣ намоиш дода мешаванд. Агар гӯем, ки филмҳои хориҷӣ аз тарбия пурра холианд, чандон дуруст нест. Лек барои тамошобини хурдсоли тоҷик филмҳое пешкаш мешавад, ки он ҷо хушунат, зӯроварӣ бештар
ин ҳолат дар мо вуҷуд надорад. Баҳри ислоҳи вазъ шахсан худам таклиф пешниҳод карда будам. Афсӯс, касе аҳамият надод. Дар тамоми шабакҳои телевизонии кишвар ба масъалаи худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ доранд лек ин масъалаи муҳим, ки як ҷузъи худшиносии миллист, сарфи назар мегардад. Аз ин хотир барои тарбияи насли наврас идораҳои дахлдор, махсусан киностудияи “Тоҷикфилм” бояд пайваста саъй намояд, ки шумораи филмҳои тасвирии тоҷикӣ бештар шавад. Нахустин филми тасвирии тоҷикӣ соли 1980 омода шуда буд. Бо номи “Моҳичаи гулдор” ҳарчанд филмҳои тасвирии
Бахтиёр Қаҳҳоров:
ми тасвирӣ барои бачаҳо офаридаам. Филмҳои фармоишию таълимӣ бошад, беш аз панҷоҳ адад. Филмҳои офаридаам аҳёнаҳён дар шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш дода мешаванд. Лекин бештар дар хориҷа. Масалан, ҷопониҳо филми тасвирии “Хар”-ро харидорӣ карда буданд. Ин филм дар ҷашнвора, ки дар Куриёи Шимолӣ доир шуда буд, соҳиби ҷоиза гардид. Ман аз ҷонопиҳо пурсида будам, ки чаро маҳз ба филми ман таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд? Маълум гардид, ки дар Ҷопон як анъанаи хеле хуб маъмул будааст. Он ҷо аҳли оила сарҷамъ ба тамошои филмҳо мераванд. Аз ҷумла, ба
бо қалам. Ҳамин тавр метавон гуфт, филмҳои тасвирӣ дар тарбияи насли наврас саҳми босазо хоҳанд дошт. Чунки он як ҷузъ ё воситаи тарбия аст. Офаридани филмҳои тасвирӣ бошад, кори саҳл нест. Аз ҳунарманд мала-
“Филмҳои тасвирӣ воситаи хуби тарбияанд” макун”. Ин ҷо сухан дар бораи эҳтиром меравад. Агар инро мо ба тифлони худ наомӯзем, онҳо чӣ тавр эҳтироми калонсолонро ба ҷо меоранду меҳмоннавоз мешаванд? Яке аз роҳҳои тарбия маҳз тавассути филмҳои тасвирист. Ҳиндустон бобати истеҳсоли филмҳои бадеӣ дар ҷаҳон зинаи баландро соҳиб аст. Киночиёни ҳиндӣ хурдсолони хурдро ҳаргиз фаромӯш намесозанд. Барояшон пайваста филмҳои тасвирии тарбиявию таълимӣ омода месозанд. Бо забони худӣ. Ин чиз хеле муҳим аст. Филмбардорони ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон биступанҷ сол пеш филми тасвирии “Аллаи модар”-ро офарида буданд. Бо забони модарии худ. Чандин насли хурдсолон бо ин суруд ба хоб рафтааст. Дар русҳо ҳам чунин аст. Мутаассифона,
тоҷикӣ камшумор бошанд ҳам, чандин ҷоизаҳоро соҳиб гардидаанд. Яъне, мо аз дигарон кам нестем. Лекин имрӯз коре бояд кард, ки шумораи филмҳои тасвирии тоҷикӣ бештар бошад. То хурдсолони тоҷик назди оинаи нилгун маҳз филмҳои тасвирии истеҳсоли ватаниро тамошо намуда, тарбия ёбанд. Дар рӯҳияи худшиносии миллӣ. Зеро худшиносии миллӣ аз овони тифлию бачагӣ оғоз мегардад. Дар шароити кунунӣ барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишвар тариқи моҳвора ба тамоми олам паҳн мегардад. Пас хуб мебуд танҳо филмҳои тоҷикӣ намоиш дода шавад. Чунки филмҳои хориҷиро тариқи шабакаҳои дигар тамошо карда метавонанд. Камина тахминан даҳ фил-
тамошои филмҳои тасвирӣ. Ба ин васила мехоҳанд, бо фарҳанг, расму русуми халқу миллатҳои дигар низ шинос шаванд. - Шумо ҳам коргардон ва ҳам рассом ҳастед. Ба андешаи шумо рассоми филмҳои тасвирӣ чӣ гуна ҳиссиёт бояд дошта бошад? Бояд ҳатман ҳисси ҳунармандӣ, яъне актёрӣ дошта бошад. Масалан, расми духтаракеро меофарад ва тавонад, ки нозу карашмаи духтаронаи ӯро тасвир созад. Ё ин ки мӯйсафедеро тасвир месозад, ки асозанон равон аст. Хам шудан ва нигоҳи ӯро акс карда тавонад. Тасвири симо ва олами ботинии ҳар як расми офаридшуда аз рассоми филмҳои тасвирӣ маҳорати хеле баландро талаб дорад. Аз ин хотир, ӯ мисли ҳунарманд ҳамаи инро бояд таҷассум карда тавонад. Албатта,
каю дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати касбӣ тақозо дорад. Умуман дар кори тарбияи хурдсолон бояд тамоми ҷомеа масъулият ҳис намояд. Даврони шӯравӣ чунин буд ва имрӯз ҳам бояд чунин бошад. Аз тамоми воситаҳо самаранок истифода бурдан лозим. Филмҳои тасвирӣ ҳам ба ин қатор дохил аст. Ҳоло дар ҷомеи мо шавқ ба китобхонӣ хеле костааст. Хусусан байни наврасон. Одам ҳарчи бештар китоб хонад, ҷаҳонбинияш васеъ, олами ботинии ӯ рангин мегардад. Зеро китоб сарчашмаи илму маърифат, заковатмандии ҳар инсон аст. Тавассути филмҳои тасвирӣ метавон шавқи хурдсолонро ба китобхонӣ зиёд кард. Пас аз ин воситаи тарбияи насли наврас самаранок истифода бояд бурд.
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Шикастанафс
«Варзиш-…», њафтанома
Намоянда дар парлумон
Штати ИМА
…и айнан наќлшуда
Пойтахти Никарагуа
Хушдоман
Хў, одат
Яке аз номњои Худо
Чароѓи деворї (русї)
Бародари калон
Тамѓаи хокаи љомашўї
... Бусли, овозхони машњури њинд
Доруи зидди зањр
... и никоњ, ањднома «Шарќ» ба истилоњи бањрчиён
…и Ѓафурзод, сароянда
Шарики Эњсон дар сањна
Кўтоњумрї
Паррандаи шабгард
Иёлот дар ИМА
Модаркалон, бибї Олї, якум, дуюм дар футбол
Шармандагї
Додар (лањља)
Футболбози машњури бразилиягї
Бародари модар
Худо
Нидои мухлисони футбол
Дањ рўз
Зоти тўтї
Сањнаи сирк
Бахшидани гуноњ
Авиаконструктори Ту154
«Њарф»-и санъати мусиќї Шоир … Рањимзода
Ѓунљоиш
«…у хирољ» њафтаномаи Кумитаи андоз
Таќлидгар
Дилбастагии марду зан
www.javonon.tj
... Шарифї, овозхон
U, металли радиоактив Бемории гўш
Ќитъаи калонтарин
Ќасри шоњї дар Англия
Ќонуншиканї
Мубодила, бадал Санљидан, таљриба кардан
Оташ
Њуљра дар вагон
Сафар… - ќањрамони ЉБВ
Дарахти сояафкан
Гўштингир Расул …
Нопурра, анљомнаёфта
Даста, команда
Духтари калонї барои хурдињо
Њуљљат, далел
Инкишоф
Одами иллатдор
Љамъи «матлаб»
Закариёи ...
Хомўшї
Калиди автоматикии барќ
"... Ќонун", асари Сино
Бемории сироятї
Мустањкам, пойдор
Фарш – гўшти …
Азоб, шиканља
«Диёри …и мо» (гимн)
Рўйхати хўрокњо дар ошхона
Ќарн, садсола
Зидди «содда»
Адад, шумор
Зоти мори печон
Зоти тўтї
Маѓоза дар Амрико
Корманди соњибихтисос
Тўри моњигирии киштињо
… Шералї, шоир
Олат барои баркашї
Осмон
Гови корї
Бошишгоњи хон
Зиннатдињандаи дунё
Нафасбарории самтнок
Тамѓаи чой
Пойтахти давлат дар Осиё
Тамѓаи хамираи дандоншўї
Крахмал
Њошим …, актёри тољик
Аз худ намудан
Мўњтољ
е-mail: javonontj@mail.ru
Ба чашм наменамояд
Шўриш, балво
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №47 (9421), 26 ноябри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Афандӣ аз ошёнаи 8-ум берунро тамошо дорад. Як гадо аз поён фарёдаш мекунад. Вақте мефарояд, гадо мепурсад: - Нони қоқ дорӣ? Қаҳри Афандӣ меояду гадоро то 8-ум ошёна бароварда, мегӯяд: - Надорам!
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
***
Аз Афандӣ пурсиданд: - Чӣ хел киноро бад мебинӣ? Гуфтааст: - Киноҳои ҳиндиро. - Барои чӣ? - Барои он ки Ҷимиро ҳамин қадар мезананд, лекин сигареташ аз даҳанаш намеғалтад.
***
Салим: - Модар, имрӯз мураббӣ пурсид, ки оё ман дар оила яккаписарам? - Бале, писарҷон, ту барои мо яктоӣ. - Ман ҳам ҳамин хел гуфтам. Муаллима рӯ ба осмон карда, гуфт “Худоро шукр”!
***
Духтар ба модараш занг зада шикоят мекунад: - Очаҷон, ин шавҳари носипосам гречка хӯрдан намехоҳад. - Духтарҷон, зиқ нашав, ба вай фаҳмон, ки барои пӯхтанаш чӣ қадар кӯшиш кардӣ... - Эҳа, вайро боз пӯхтан даркор аст?
АНДАРЗ
Саҷда
www.javonon.tj
Хабари фоҷиабори садамаи нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар нишебии ағбаи Шаҳристон тавассути симо шунида, дар дилам алов рехт ва филфавр суҳбати шабонаи телефонии дӯстам Миршамшерро ба хотир овардам. - Пагоҳ, насиб карда бошад, бо ҳамкорон ба осоишгоҳи “Зумрад” меравам. Ҳангоми сафар аз нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” гузашта, манзараҳои зебою дилфиреби табиати диёрро тамошо хоҳам кард… Субҳи барвақт дарвозаи ҳавлиашро кушода, шоҳиди воқеаи аҷибе гаштам. Миршамшер дар назди саг зону зада, бо қошуқ ба ҳайвон хӯрок медод ва бо латтапорае лабу фукашро пок мекард ва ҳар дам бо дасташ сару рӯяшро навозиш менамуд. - Хоҷаи сагпараст шаведу монед, - ба ҷойи салом тааҷҷубамро ба забон овардам. – Ҳеҷ гоҳ дар назди посбони дарат тавозуъ карданатро надида будам. - Сабабашро қисса кунам? - даст барои вохӯрӣ дароз кард дӯстам. - Барои ҳамин ҳоло хурӯсҳо суруди субҳро нахонда дар пешорӯят истодаам, шодии дар дилам ҷӯшидаро ошкор кардам. - Субҳи дирӯз бо аҳли оилаам видоъ карда, борхалтаро сари китф партофта хостам, ки аз ҳавлӣ бароям, - мо болои кати рӯи ҳавлӣ паҳлӯи ҳам нишастем. – Полвон сари роҳамро гирифт. Ҳарчанд ӯро сиёсат карда, ба ҷояш бурда шинонам, гардан намефуровард. Тела дода, аз паҳлӯяш гузарам гӯям, аз лаби пиҷакам дошта рафтан намемонд. Дӯғу дарангам фоида набахшид. Ба сараш чанд калтак ҳам фаровардам. Аз Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
якравиаш даст намекашид. Кашмакашу мағали ману сагро шунида, хонавода ба берун баромада, сару либоси даридаю чиркину ифлоси маро дида, шах шуданд. Лаҳзае пас ҳамаашон ба саг часпиданд. Аз зарбу лат сару рӯю бадани саг пур аз захму яра ва хуншор шуда бошад ҳам, қайсариашро хотима намедод. Талошу ҷонбозиҳои онҳо ҳам бе фоида анҷомид. Маро як ҳолати карахтию пакарӣ фаро гирифт. Ин дам садои занги телефони дастиям маро ба худ овард. Ҳамсафаронам гӯшрас карданд, ки бо сабаби ба ваъдаам вафо накардан онҳо ба роҳ баромадаанду маро дар осоишгоҳ интизор мешаванд. Аз ҷаҳл ба шиками саг лагади обдоре задаму борхалтаро ба гӯшае ҳаво додам. Полвон ҳам баъди занги телефон гӯё аз баданаш иблис баро-
мада бошад, ором шуда рафта дар ҷояш дароз кашид. Ман бошам аз алам ҷойи нишаст намеёфтам. Ҳар боре ки ба ҳавлӣ баромада, аз назди Полвон гузарам, бо қаҳру ситеза сӯяш менигаристам. Баръакс, саг гӯё ҳодисае нашуда бошад, аз дидани ман ба ҷастухез даромада, хурсандиашро баръало намоиш медод. То бегоҳ ба чӣ кор андармон шуданамро надониста мондам. Шаб аз телевизор ҳодисаро аз ахбор шунида, шитобон ба берун давидам. Гардани сагро ба оғӯш кашида, аз кирдори худ бахшиш пурсидам ва қарор додам ба наҷотбахшам саҷда кунам… Қиссаи ибратомӯзи Полвонро шунида ман, ки аз кӯдакӣ нисбат ба ҳайвон ҳисси эҳтиром надоштам, зуд аз ҷоям парида сӯи бозори саг давидам. Аз дасти фурӯшанда кучукчаи сиёҳаки дӯстрӯякеро кашида гирифтам ва аз дил гузарондам: шояд ин сагбача низ рӯзе наҷотбахши ман шавад.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Номаи камоли гумшудаи №251746, ки МТМУ №41-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Ҷаборов Турдибек додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи силсилаи АБ262474, ки МТМУ №37-и ноҳияи Қубодиён соли 1987 ба Манон Асадов додааст, эътибор надорад.
Шиносномаи гумшудаи техникии №14 барои трактори МТЗ-80Х, соли барориши 2012, рақами заводии трактор 808153919, рақами заводии муҳаррик 751143, ки 16 марти соли 2013 БНДТК минтақаи №15 вилояти Хатлон ба сокини ноҳияи Носири Хусрав Аҳрор Қулматов додааст, эътибор надорад.
Зариф ҒУЛОМ, нависанда
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
- Ало, ёрии таъҷилӣ? Ба ман таъҷилан ёрӣ диҳед, баромада наметавонам! - Шумо дар куҷоед? - Ман дар “Facebook”.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).
МЕФУРӮШАМ
Вагон бо қуттиҳои занбӯри асал. Телефон барои тамос: 918 45 40 45
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7620 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»