НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№47 (9473), 24 ноябри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
АХБОРИ ҲАФТА
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Ҳадафи асосӣ - таъмини некӯаҳволии мардум
Парвиз Собиров чемпиони ҷаҳон
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Парчам рамзи озодии миллат аст Паёми табрии Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавонону варзишгарони гиромӣ! Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои тутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи Мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз! милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст. муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешаҲар яки шуморо ман ба муносибати Рӯзи Зери Парчам мардони садоқатманд, вад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бебок ва ростқавлу баномус гирд меоПарчами миллии Тоҷикистон имрҳз дар табрик гуфта, ба шумо сари баланд, янд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ бамуваффақият ва барори зиндагӣ хоҳонам. нерӯҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба кор- рафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо Парчам яке аз рамзҳои муҳими давла- зор ҷадал менамояд. Парчам дар тӯли мебошад. ти соҳибистиқлол ба шумор меравад. Аз ин садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ рӯ, Тоҷикистон пас аз ба истиқлоли давлатӣ гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу ар- ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли расидан Парчами худро дар соли 1992 кони давлатдории онҳо мақому манзалати тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи қабул намуд. Зеро Парчам барои таҳкими пурарҷ доштааст. Вақте ки ба таърихи гу- фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузур до- заштаи халқамон назар меандозем, возеҳ фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, шта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонони мо саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами милхоса қоиланд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати лии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро Дар баробари Нишон, Артиш ва пули мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзамиллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому лат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянбаёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъ- арчгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва да мерос мегузоранд. икоскунандаи сарватҳои маънавию моддии фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз Бигзор, Парчами давлатӣ, ки файзи миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии мебошад, зеро Парчам дар баробари Консти- тоҷик аст, то абад партавфишон бошад!
Таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар мешавад
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
АХБОРИ ҲАФТА
18 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар чаҳорчӯбаи боздиди корӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ ошноӣ пайдо карданд.
Неругоҳи барқи обии Сарбанд дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд. Давоми фаъолияти тӯлонии худ неругоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншоот 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад. Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат барои беҳтар намудани соҳаи энергетика, тамоми чораҳо андешида шуда, бо ҷалби сармояи байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш сомон ёфт. Дар ҳамин замина бо Бонки Рушди Осиё оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавиаш 3 сол муҳлат дорад. Президенти мамлакат ас-
нои шиносоӣ бо кори иншоот ва ҷараёни татбиқи лоиҳа, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки тадбирҳои барқарорсозӣ дар ин неругоҳ ба таври матлуб ба роҳ монда шавад. Тавре хабар дода шуд, дар Неругоҳи барқи обии Сарбанд 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад. Роҳбари давлат баъд аз ошноӣ дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои лавҳаи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ бардошта, ба оғози ин тадбир асос гузоштанд. Пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шуд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд. Дар ҷараёни боздиди кории худ Пешвои миллат дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки “дар соли таҷлили биступанҷсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супоридани садҳо иншооти иқтисодиву
иҷтимоӣ ва оғози бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла инфраструктураи гидроэнергетикӣ гувоҳи равшани таҳкими заминаҳои рушди иқтисодии кишвари соҳибихтиёрамон ва қадамҳои устувори халқамон ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошад”. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд, бо вуҷуди имкониятҳои азими гидроэнергетикие, ки кишвари мо дорад, ҳоло танҳо панҷ фоизи онҳоро истифода бурда истодаем. Солҳои тӯлонӣ мардум ва соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон танқисӣ мекашанд. Барои рафъи ин мушкилӣ ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти азиму стратегии кишвар - нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва таҷдиду азнавсозии иншооти дигари энергетикӣ вусъати тоза пайдо карда, ҳадафи асосӣ пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо нерӯи барқ дар тамоми фаслҳои сол мебошад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба истифода дода шудааст. Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт
чорумин иншооти калони энергетикии кишвар мебошад, ки он солҳои 60 - уми асри гузашта аз ҷумлаи калонтарин иншооти барқии минтақа ба шумор мерафт. Дар нерӯгоҳи мазкур дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду азнавсозӣ анҷом нашудааст. Бо сабаби аз кор мондани низоми назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 1994 агрегати дуюм қисман зери об монда буд.
Ҳадафи асосӣ - таъмини некӯаҳволии мардум Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 ноябр зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхона санги асос гузоштанд. Нахуст Президенти мамлакат бо тоб додани мурватҳо ба марҳилаи якуми таъмиру таҷдиди корхона оғоз бахшиданд.
Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард. Айни замон дар корхонаи мазкур қариб 1000 нафар коргар ба қайд гирифта шудааст. Корхонаи мазкур барои хоҷагии халқ карбамид, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон барои саноати сабуки хурокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ барои хоҷагиҳои чорвопарварӣ истеҳсол мекунад. Дар корхона ба ғайр аз ин боз коргоҳҳои ёрирасони таъмири механикӣ, таъмири таҷҳизотҳои барқӣ, барқтаъминкунӣ,
асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика, нақлиётӣ, сохтмону таъмирӣ, шӯъбаи марказонидашудаи назорати техникӣ ва ташхисгоҳи санитарӣ мавҷуд аст. Маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Украина, Маҷористон, Лаҳистон, Словакия ва Руминия низ содирот карда шудааст. Баъди шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолии корхона барои оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи мазкур санги асос гузошта шуд. Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизотҳои технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолии аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳила
анҷом меёбад. Марҳилаи якум лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии 320 ҳазор тонна дар 1 сол ба нақша гирифта шудааст. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир шуда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа якуним солро ташкил медод. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки лоиҳаи мазкурро сармоягузорӣ мекунад, дастур доданд, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонида, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Супориш дода шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд. Марҳилаи дуюми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии истеҳсолии 500 ҳазор тонна 1 солро фаро гирифта, дар масоҳати 45 гектар замин бунёд мегардад. Маблағ барои сохтмони марҳилаи дуюми корхона 325 миллион долларро ташкил дода, сарфи солонаи ангишт 500 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Дар корхона ҳоло 140 нафар машғули кор мебошанд ва баъди ба фаъолияти пурра оғоз намудан то 2 ҳазору 800 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Сарвари кишвар зимни суханронӣ дар назди кормандон ва сокинони шаҳр иброз доштанд, ки “ҳарчи зудтар ба фаъолият шурӯъ кардани корхона ва истифодаи пурраву самараноки иқтидорҳои истеҳсолии он метаво-
Роҳбари давлат дар фарҷоми суханронӣ иброз намуданд, ки “баробари дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани таҷдиду барқарорсозии ин нерӯгоҳ ва амалисозии дигар лоиҳаҳои энергетикии кишвар мушкилоти норасоии нерӯи барқ дар мамлакат пурра ҳаллу фасл шуда, истиқлолияти энергетикии мамлакат таъмин мегардад ва заминаи боэътимоди рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат гузошта мешавад.
над талаботи соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои азотӣ пурра таъмин карда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ такони ҷиддӣ бахшад”. Лозим ба ёдоварист, бо таъсири омилҳои гуногун, бахусус, камбуди гази табиӣ баъзе корхонаҳои кишвар ба мушкилот рӯбарӯ гардида буданд. Аз ҷумла, фаъолияти корхонаи “Азот”, ки барои соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим аст, аз соли 2011 қатъ гардид. Дар давоми солҳои тӯлоние, ки корхона фаъолият надошт, то ба ҳол хоҷагиҳои мамлакат карбамидро пурра аз кишваҳои хориҷӣ бо нархҳои гарон ворид карда истодаанд. Чунин вазъ имкон намедиҳад, ки соҳаи кишоварзии мамлакат сари вақт бо нурии минералӣ таъмин гардад ва мунтазам рушд намояд. Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки бо мақсади таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои азотӣ дар қатори бунёди корхонаҳои нави соҳаи маъдан, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, тавассути ҷалби сармояи мустақим истеҳсоли нуриҳои азотиро низ ҳарчи зудтар ба роҳ монад. Талаботи солонаи соҳаи кишоварзии кишвари мо ба нуриҳои азотӣ 350 ҳазор тонна мебошад. Баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани корхона, илова ба таъмини пурраи талаботи кишвар ба нуриҳои азотӣ, имконияти содироти онҳо низ пайдо мешавад. Тибқи маълумот танҳо дар солҳои 20142015 аз хориҷа 160 ҳазор тонна нурии азотӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ (зиёда аз 50 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст. Дар охири суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.
3
Парвиз Собиров - чемпиони ҷаҳон Дар мусобиқаи Қаҳрамонии Ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships-2016), ки дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи ИМА ҷараён дорад, Парвиз Собиров соҳиби медали тилло гашт.
Рақобат барои Ҷоми Исмоили Сомонӣ дар Данғара 27 ноябр дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди муҳорибаҳои омехта барои дарёфти 5-умин Ҷоми Исмоили Сомонӣ баргузор мегардад. Дар он Тоҷикистонро 9 нафар, аз ҷумла Худойдод Раҳмонов, Сиёвуш Шарипов, Умед Ҳамроев ва Муин Ғафуров намояндагӣ мекунанд. Барои шоҳҷоиза варзишгари тоҷик Худойдод Раҳмонов бо Моез Брендаои бразилиягӣ рақобат мекунанд. Инчунин дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони Конго, Африқо, Бразилия, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Миср дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибоҳои беқоида барои дарёфти Ҷоми Исмоили Сомонӣ аз соли 2012 таъсис ёфта, имсол варзишгарон барои панҷумин Ҷом миёни ҳам мубориза мебаранд.
Парвиз дар вазни то 100 кило дар гуруҳи М2 баромад намуда, ба ҳамаи ҳарифонаш пирӯз шуд. Ӯ то даври ниҳоӣ бар Грегори Каусеро (Фаронса), Венер Мелло (Бразилия) ва Дамиан Оҳара (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) ғолиб шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Парвиз дар қувваозмоии ниҳоӣ варзишгари Фаронса Яник Лавиалеро шикаст дода, унвони чемпиони ҷаҳонро
соҳиб гардид. Рӯзҳои 18-20 дар гуруҳи М3 Тоҷикистонро боз чаҳор варзишгар - Алишер Аламов (M3, -73 кг), Ҷавҳаршо Ёқубов (M3, -81 кг), Мирзо Абдуллоев (M4, -100 кг), Бозоралӣ Маҳмудов (M5, -100 кг). намояндагӣ карданд, ки аз миёни онҳо танҳо Алишер Аламов мақоми ҳафтумро ишғол намуд. Дар ҳисоби умумидаставӣ
мунтахаби Тоҷикистон бо ишғоли як медали тилло ва ҷойи ҳафтум мақоми 25-умро ишғол намуд. Тими Фаронса бо гирифтани 42 медал – 17 тилло, 11 нуқра ва 14 биринҷӣ ҷойи аввал , мунтахаби ИМА бо касби 40 медал -12 тилло, 7 нуқра, 21 биринҷӣ мақоми дуюм ва Бразилия бо 40 медал- 9 тилло, 13 нуқра ва 18 биринҷӣ ҷойи сеюумро соҳиб гаштанд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ДУНЁИ ВАРЗИШ
ШОДИХОНИ НАЗАР
Айкидои тоҷик 20 сола шуд 19 ноябр дар варзишгоҳи «Тоҷварз»-и шаҳри Душанбе 20 солагии Федератсияи айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар он аввалин раиси Федератсияи айкидо ва ҳамзамон асосгузори ин намуди варзиш дар Тоҷикистон Абдумумин Давлатов иштирок намуд. А.Давлатов бо намояндаи сафорати Ҷопон Ишии Киёше ва намояндаи сафорати Федератсияи Русия Наталия Капула ба тарзи тамринҳою дастовардҳои варзишгарони айкидои тоҷик ошно гардида, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият таманно намуданд. Дар баробари айкидо инчунин дастовардҳои варзишгарон аз рӯи намуди ушу, ҷеткундо ва таэквандо ба ҳозирин пешниҳод гардида, мутахассисони соҳа доир ба имконияту тавоноии ҷавонони тоҷик, майлу шавқи онҳо ба ин навъи варзиш ва ояндаи варзишҳои якҳарба дар Тоҷикистон суҳбат намуданд. Федератсияи айкидо дар Тоҷикистон соли 1996 аз ҷониби Абдумумин Давлатов, устоди ин риштаи варзиш расман таъсис ёфта, то имрӯз се роҳбар иваз намудааст.
Абдумумин Давлатов аз замони таъсисёбӣ то соли 2007, аз соли 2007 то 2011 Муҳаббат Бегматов ва аз соли 2011 то инҷониб бошад роҳбарии Федератсияро Абдулазиз Шарипов ба зима доранд.
Иштироки бонувони тоҷик дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 Тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон бори нахуст дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 расман ширкат меварзад.
Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми КФО-2017 муайян мешавад Қуръакашии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 (Конфедератсияи футболи Осиё) 13 декабри соли равон лар Куала-Лампур баргузор мегардад. Дар ин маракаи варзишӣ рақибони қаҳрамони шашкаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе муайян мегардад. Аз Тоҷикистон дар ин маросим иштироки намояндаҳои тими
“Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор дар назар аст. Тими “Ҳосилот”-и Фархор бошад, рақобатҳоро дар сабқати Ҷоми КФО2017 аз даври плейофф оғозъ мекунад.
Бозиҳои мазкур 3 -12 апрел доир мешаванд. Қатори бонувони Тоҷикистон ҳамчунин тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Ветнам, Урдун, Мянма, Тайбейи Чин, Ӯзбекистон, Филиппин, Гонконг, Лубнон, Баҳрайн, Эрон, Ҳиндустон, Фаластин, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея, Гуам, Ироқ, Сингапур, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат меварзанд. Мунтахаби бонувони Урдун
бошад, новобаста ба натиҷаҳои бозиҳои интихобӣ, ҳамчун мизбони Чемпионати Осиё -2018 дар бозиҳои ниҳоӣ ширкат меварзад. Қуръакашии бозиҳо 20-уми январ дар пойтахти Урдун-шаҳри Уммон гузаронида мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ се гуруҳ аз 5 даста ва як гуруҳ аз 6 даста иборат аст. Аз ҳар гуруҳ дастаи ғолиб ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегирад. Бозиҳои интихобӣ бошад, дар
кишварҳои Ветнам, Фаластин ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея гузаронида мешаванд. Ба ғайр аз мизбони мусобиқа -дастаи мунтахаби Урдун ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 се дастаи пурқуввати кишварҳои ОсиёЯпония, Австралия ва Чин, ки дар Чемпионати Осиё дар соли 2014 се зинаи аввалро ишғол кардаанд, мустақиман роҳхат ба даст овардаанд.
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
МАВЗӮИ ДОИМӢ
Фаҳмидани омилҳои ифротгароӣ таҳқиқоти бештарро мехоҳад
ҲАСАН АЗИЗОВ
18 ноябр дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар ва Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо дастгоҳи Кумитаи иҷрояи маркази Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши волонтёрон ва омӯзгорон дар ҳалли проблемаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он масъулини соҳа, олимону коршиносон, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, волонтёрон ва ҷавонони фаъол ширкат доштанд.
- Мақсади мизи мудаввар омӯзишу фаъол намудани волонтёрону муаллимони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасону ҷавонон вобаста ба шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ мебошад, -гуфт Дилноза Аҳмадзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Мавсуф саҳми омӯзгорону волонтёронро барои пешгири намудани наврасону ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб зарурӣ ҳисобида қайд кард, ки “ҳар як омӯзгор ва волонтёри огоҳ метавонад зимни дарсҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳои худ ба садҳо наврасу ҷавони дигар хавфу хатари экстремизму терроризмро фаҳмонда, онҳоро аз фиребу найранги ифротиён огоҳ менамоянд ва бо ин амали худ барои таъмини суботу амният ва зиндагии осоишта дар кишвари азизамон саҳм мегузоранд”. Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вобаста ба шомилшваии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ иброз дошт, ки “вақтҳои охир мову шумо шоҳиди зуҳуроти иҷтимоӣ, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Қабл аз ҳама бояд андеша намоем, ки омилҳои асосии майли иддае аз ҷавонон ба ифротгароӣ кадомҳоянд?”. Тавре изҳор гардид, омили нахустини гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба миён омадани холигии идеологӣ дар маҳал миёни ҷавонон аст. Собит шудааст, ки дар ҳар ҷое холигии идеологӣ ба вуҷуд меояд, ҷои он холигиро идеяҳои нав ишғол менамоянд. Дар натиҷа боварии ҷавонон нисбат ба идеяҳои низоми давлатдорӣ заиф мегардад ва онҳо ба идеологияи бегона мегараванд. Инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан сӯи чизе меравад, ки ҳамеша фаъол аст. Омили дувум паст будани донишҳои дунявӣ, надоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ аст, ҳарчанд имрӯз қонунгузории мамлакат имкониятҳои ниҳоят фарохро барои ҷавонон фароҳам овардааст, аз ҷумла ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир менамояд, то онҳо аз тамоми зинаҳои маълумот истифода бурда тавонанд. Омили сеюм ба костагии маърифати динӣ ва бесаводии динӣ, аз ҷумла мазҳабӣ рабт дорад. Зоҳиран ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ барои ислом “хидмат мекунанд”, аммо дар асл онҳо душманони ислом ва мусулмононанд. Омили ҷаҳорум фарогири масоили иқтисодиву иҷтимоист. Ташкилоту ҳизбҳои ифротгаро ва дигар созмонҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисонашон пайваста маблағгузорӣ мегарданд ва бо ин роҳ ҷавонони бекорро моили худ месозанд. Дар радифи омилҳои дигар метавон камфаъолиятии ниҳодҳои иттилоотиро омили панҷуми рушди ифротгароӣ шумурд, зеро мардум , хусусан ҷавонон дар бораи моҳият ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро иттилои кофӣ надоранд.
Ба гуфти А. Хонов “омили ниҳоӣ беадолатӣ ва фасоди иҷтимоист. Ҷавонон қишри ниҳоят ҳассос ва дорои романтизм мебошанд. Онҳо ҳангоми мушоҳидаи хурдтарин омил, аз қабили коррупсия, дурӯғи калонсолон ва умуман иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демократӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо нисбат ба фардои ҷомеа бовариро аз даст медиҳанд ва майл ба дигар ҷониб менамоянд. Ҳамин гуна нобоварӣ боиси пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳатто ба қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ даст задани ҷавонон мегардад”. Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар робита ба роҳҳои муосири пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни ҷавонон изҳор намуд, ки : “Мушкилоти ифротгароӣ ва тундгароӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ва ин танҳо мушкилоти Тоҷикистон нест. Раванди ҷаҳонишавӣ барои умумӣ гаштани тамоми намуд таҳдиду хатарҳо мусоидат кардааст. Ифротгароӣ ва тундгароӣ мушкилоти маҷмӯӣ аст. Зеро дар он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа аст, барои ифротгаро шудани як нафар мусоидат мекунад. Яъне мо агар дар самти пешгирии ҳамин омил иқдоме карданӣ бошем, пас бояд чораҳои маҷмӯиро бояд рӯйи даст гирем... Яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ идеяҳои ҳамвазн ва беҳтар аз ғояи ифротӣ барои ҷавонон ба таври амалӣ бояд пешниҳод карда шавад. Барои ин ки ин масъала пеш аз ҳама муборизаи ақидативу мафкураҳо аст. Дигар омил ин бегонашавии ҳувиятӣ мебошад. Бегонашавии ҳувиятӣ ин боло рафтани эҳсоси бегонапарастӣ дар ҷомеа мебошад. Яъне шароит фароҳам овардан барои инқирози ҳувиятӣ, ки дар натиҷа як инсон барои анъанаву суннатҳо ва меъёрҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар як ҷомеа қабулшудааст, онро комилан инкор мекунад. Масалан, ҳамасола мо шоҳиди он мешавем, ки дар арафаи таҷлили иди Наврӯз дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернет баҳсҳо перомуни ҳамин ид сар мезанад. Як теъдоди нафароне ҳастанд, ки мегӯянд, ки ин ид иди мост ва ё он аз элементҳои динӣ ҷудо аст ва ин иди Зардуштӣ аст ва онро мо бояд қайд накунем. Мутаасифона, имрӯз бархе шаҳрвандони кишвар бо тафаккури бисёр пасту ифротӣ бо аслҳои ҳувиятии худ мубориза мебаранд. Вақте ки ҷавон ба назари ҳувиятӣ рӯ ба рӯ мешавад, аз вай сохтани шахси террорист ё экстремист хело осон мешавад, зеро вай ба ҳар чизе, ки аз ин баъд гуфта мешавад ба он бовар мекунад. Бинобар ҳамин яке аз роҳҳои бисёр ҷиддӣ ва усулии пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ ин паст намудани сатҳи бегонашавии ҳувиятӣ ва ё инқирози ҳувиятӣ аст, ки барои ба партови иҷтимоӣ мубаддал нашудани наврасону ҷавонон ва умуман шаҳрвандон таъсири бисёр ҷиддӣ мерасонад”. Шералӣ Ризоён зимни маърӯзааш афзуд, ки “омили дигар дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ пешниҳод намудани алтернативаи зеҳнӣ ё интелектуалӣ барои наврсону ҷавонон аст. Имрӯз мо, мутаассифона, дар самти таҳия ва пешниҳоди продуктҳо ё иқдомҳои интелектуалӣ
барои наврасону ҷавонон иқдомҳоро хело кам мушоҳида мекунем. Дар баробари бозиҳое, ки тарғибкунандаи ҷаҳлу ҷаҳолату инсонбадбинӣ дида мешавад, даҳҳо барномаҳо ё бозиҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ба воситаи он барои боло рафтани зеҳнияти ҷавонон, васеъ кардани имкониятҳои онҳо ва умуман офаридани шароит барои рушди солими онҳо имконпазир аст. Барои наврасону ҷавонон, бозиҳои компютериро офаридан лозим, ки дар он ҷаҳлу ҷаҳолат камтар бошаду дӯстиву рафоқат бештар дида шавад”. Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон ҳамчун инструменти сиёсатгузориҳои кишварҳои абарқудрату манфиатдор истифода мешавад. Дар кишвари мо он созмон ё гурӯҳе, ки экстремистиву террористӣ эълон шудаанд, бештари онҳо заминаи дохилӣ надоранд, онҳо ғояҳое ҳастанд, ки ба ҷумҳурии мо интиқол дода шудаанд. Ба гуфти иштирокчиён яке аз роҳҳои бисёр ҷиддӣ ва муосири пешгирии ин зуҳурот васеъ намудани абзори нерӯи нарми ватанӣ ва миллӣ мебошад. Мавлон Мухторов, намояндаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати кишвар сабаби ифротӣ шудани ҷавононро ба муҳити носозгори оилавӣ вобаста медонад: “Вақте ки падар ё модар дар оила майзада ё мубталои маводи мухаддир аст, дар он оила муҳити солимро интизор шудан амри маҳол мебошад. Ё ин ки падар ва ҳатто модар ба сабаби сафари муҳоҷирати меҳнатӣ 5-10 сол фарзандро аз падарию модарӣ ва тарбияи худашон дур мегузоранд ва фарзандашон ба муҳити носозгор ворид мешавад. Аз фарзанди ин гуна оила муҳити солим ва ахлоқи ҳамидаро ҳеҷ интизор шудан мумкин нест. Бешубҳа, аз ин гуна оилаҳои муҳити носолимдошта фарзанди мактабгурез, носфурӯш, салафанфурӯш, талбанда, мошиншӯи сари роҳ, дузд ва авбош ба воя мерасад ва билохира аз тоифаи наврасону ҷавонон шахси ифротиро интизор шудан мумкин аст. Бинобар ин тарбияи дурусти фарзанд бояд аз оила шуруъ шавад. Назорати доимӣ аз болои фарзанд бояд вазифаи ҳамешагии падару модар бошад. Дар ин вақт дар оила фарзанди солим ва нофеи падару модар ва ҷомеа ба воя мерасад. Зумраи дигари туъмаи қулайи эммисарҳои хориҷӣ шахсоне мебошанд, ки бо сабабе дохили зиндон шудаанду пас аз адои муҳлати маҳбусӣ дар кӯча мондаанд. Ин зумраи одамони муҳтоҷу имдодталаб низ барои онҳо луқмаи тайёр аст. Ҳамзамон, яке аз роҳҳои шомилшавии наврасону ҷавонон ин компютерхонаҳо, бозиҳои компютерӣ, тамошои бозиҳои фаҳш, ки дар онҳо ҷангу одамкушӣ ва ғайра дида мешавад. Ҳангоми бозӣ ва ё тамошои ин гуна филмҳо корҳои бадро меомӯзанд”. Иштирокчиёни ин ҳамоиши илмӣ барои фаҳмидани сабабҳои воқеии гароиши иддае аз ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологиро бо ҷалби коршиносон тақозои рӯз медонанд. Ба андешаи онҳо натиҷаҳои тадқиқот барои таҳрезии барнома ва нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои пайдоиши ифротгароӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй дорад, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро роҳандозӣ намояд. Мо инро дар таҷрибаи давлатдории худ борҳо мушоҳида намудаем. Барои ҳамин дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки наврасону ҷавонон бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҷавонон дар маҷмуъ рӯдҳои сершумореро мемонанд. Агар ин неру пурсамар ва мақсаднок истифода гардад, ҳаёт сарсабзу шукуфон мешавад. Вагарна ин рӯдҳоро ба селоба мубаддал мекунанд, ки он ҷуз харобиву вайронӣ бор намеорад.
Толеънома - номае, ки дар он чигунагии толеъ навишта мешавад. Онро китоби таъбири толеъ ҳам мегӯянд. Муаллифи он гӯё аз тақдиру толеи мо бохабар аст ва онро пешакӣ ба мо гуфтан мехоҳад. Аммо масъала бовар доштани ҷомеа ба толеъномаҳо аст. Имрӯзҳо мо бо нафароне вомехӯрем, ки онҳо пурра ба толеъномаҳо бовар доранд. Бархе дигар мегӯянд, нафари мусалмон набояд ба пешгӯии толеъномаҳо бовар дошта бошанд. Доир ба ин мавзуъ аз мусоҳибон пурсидем:
Оё ба толеънома бовар доред?
Муҳаммади Истам, сокини пойтахт: Не, бовар надорам. Толеъномаҳо, ки дар ҳафтаномаҳо чоп мешавад, газофе беш нестанд ва агар онро дигар нашр накунанду ҷояшро бо матолиби арзишманд пур кунанд, хуб мешуд. Ин албатта, назари шахсии банда аст. Чунки толеънома як навъи фолбинист! Ҳар мусалмони огаҳ бояд донад, ки дар дини маҳбуби ислом фолбинӣ ҷоиз нест ва ҳар ки назди фолкушо равад, бар худ гуноҳ харидааст. Чаро гуноҳ? Бад-он ки:
Мирзошоҳ Ватаншоҳ, рӯзноманигор: - Ба ҳар гуна толеъномаву пешгӯии сатҳӣ боварӣ надорам. Вале ба пешгӯиҳо ва толеъномаҳое, ки ба ситорашиносӣ (астрология) - ҳаракати Офтобу Маҳтобу Сайёраҳо ва мавқеияти онҳо нисбат ба Замини мо асос ёфта ва таҷрибаи ҳазорсолаи башарро инъикос менамояд, эътимоду боварӣ дорам.
Асрори азалро на ту дониву на ман, В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман...
Алишер Зарифӣ, хабарнигори озодагон: - Аслан ба чунин чизҳое, ки толеи инсонҳоро пешгӯи мекунанд, он қадар таваҷҷӯҳ надорам. Ҳастанд инсонҳое, ки пешгӯии толеънома ба кору амалҳои ҳамонрӯзаашон мутобиқат мекунаду ба он эътиқод ва боварӣ пайдо мекунанд. Ин ҳаққи онҳост ва ман намегӯям, ки кори дуруст ё хато кардаанд. Вале ман мехом зикр кунам, ки танҳо Худованд қодир аст, ки тақдир ва толеи бандагонашро донад. Ҳастанд масъалаҳое, ки имрӯз бо назардошти рушди илму технологияи муосир, пешгӯишаванда ҳасатанд ва ба онҳо мешавад эътимод кард, вале толеънома чандон қобили эътимод нест.
Шаҳодат Давлатова, донишҷӯ: - Ба толеъномаҳо бовар надорам, танҳо ба тақдир боварӣ дорам. Ин пешгӯиҳо ҳамааш сафсатае беш нест. Қаламе, ки қазову қадарро навишт, дигар қобиляти навиштан ва таҳриру аз нав навиштанро надорад. Китобе, ки дар он тақдир сабт шудааст, кайҳост, ки пӯшида шудааст.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ Маълум аст, ки имрӯзҳо ҷомаеи ҷаҳониро гурӯҳҳои ифротгарои бо ном исломии баъзе кишварҳо, ба монанди Ироқу Сурия, нигарон намудааст ва бештари аъзои ин гурӯҳҳоро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки мафкураи маҳдуд дошта, аз асолати аслӣ дур ва мункири аслу насаб ва Ватану модари хеш ҳастанд. Маҳз ин амалҳои номатлуб барои ҷомеа ва махсусун, ҷавонону наврасони солимақл боиси ташвиш ва хатарзо буда, сабабҳои шомил шудани онҳоро мебояд ҷустуҷӯ ва ҳамзамон тавассути фаҳмондадиҳӣ заиф гардонд.
Бояд гуфт, ки таҳлилу мушоҳидаҳои шахсони алоҳидаи ҷомеа оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбҳои мухталифу гурӯҳҳои ифротгароӣ гуногунҷабҳа баён гардидаанд ва аксарият бар он ақидаанд, ки сатҳи илму дониш ва маърифати дунявии бархе аз ҷавонон дар ҳолати паст ва костагӣ қарор дорад. Ин қазияҳои номатлуб, албатта, аз дур мондани наврасону ҷавонон аз мактабу маърифат ва суст будани назорат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва оила шаҳодат медиҳад. Ҳеҷ яке аз волидон ҳаргиз намехоҳад, ки фарзандаш дар зиндагӣ ба шаъну шарафи онҳо доғе биёраду ба ҷони ҷавони худ хатаре эҷод созад. Вале “Як ноогоҳӣ ҳазор огоҳиро барбод медиҳад”-гуфтаанд. Бинобар ин, назорати мунтазами волидон зарур ва ҳатмист. Агар ҳар як кор бамаврид
Некбахти Саидзод, магистранти ДМТ: - Толеънома ин муаян кардани хислатҳои инсон аз рӯи ситораҳо мебошад. Аксарият ба толеънома бовар доранд ва ҷустуҷӯ мекунанд, ки кай шумораи навбатиаш нашр мешавад, аммо ман тамоман ба толеънома бовар надорам, агар сарнавишти инсонҳо ба дасти ситораҳо бошанд ва гуруҳи ситорашиносон онро пешгӯӣ кунанд, чаро зиндагии хеш ва ё нафаре, ки ба мушкилӣ гирифтор мегардад, дигар хел намекунад ва ё пешгирӣ карда наметавонанд? Толеъномае, ки имрӯз нашр карда мешавад на аз ГОРОСКОП аст, на аз рӯи ситораҳо!Агар муқоиса кунем, нашри як моҳ то моҳи дигар ё ҳатто ҳафтае - ҳамааш як аст, ҳатто як-ду ҷумлаашро дигар мекунанд, ки ҳамон ҳам аз нашрҳои пешинаанд. Масалан, муаллифоне, ки масъули навиштани толеъномаанд, магар бо ягон ситорашинос ҳамкорӣ доранд? Аввал ин саволро ба худ диҳед, баъдан ҷавоб гардонед. Албатта, не! Шояд ситорашиносро ҳам надонанд. Аммо толеъномаро нашр мекунанд. Хуласи калом, ҳама сарнавиштро ман танҳо аз тақдири худовандӣ мебинам.
ва сари вақт, бахусус кори таълиму тарбия дар оила, иҷро карда шавад, самараи дилхоҳ ба даст меояд, ё ба қавле “Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд”, исботи равшантари гуфтаҳои болост. Акнун дар ин росто қазоватро ба худи волидони муҳтарам вогузор менамоем. Омили дигаре, ки ҷавононро дар зери таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳои бегона қарор медиҳад, ин хурофот ё хурофотпарастӣ, яъне асли воқеаҳо, махсусан, асли воқеаҳои диниро нодуруст дарк намудан маҳсуб меёбад. Зеро маърифати динии баъзеи ҷавонон заиф ва пурнуқсон буда, дар аксарияти мавридҳо байни масоили одитарини хурофот ва дин тавофут гузошта наметавонанд, ки ин ақидаҳои ботилро ба вуҷуд меорад. Агар онҳо ақидаи дуруст ҳосил намоянд, пас аниқтар дарк менамоянд, ки дини мубини ислом оромиву осудагӣ ва покиву поктинатиро тарғиб намуда, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаву мухталиф ва ифротгарову хуро-
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН”
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Холиқназар Чуъмаев, журналист: - Не, ман ба талеъномаҳо бовар надорам. Вақте дар нашрияи «Ману Ту» кор мекардам, гоҳ- гоҳ онҳоро худам менавиштам. Вақте бо такя ба зиндагӣ толеъномаро менависем, ҳатман ду се ҳолате мешавад, ки ба зиндагии баъзе аз ашхос дуруст меояд ва мегӯянд, “Ана, дидӣ, рост баромад?” Доир ба ин мавзуъ як ҳолати воқеиро мехоҳам зикр кунам: Духтарам пойафзоли зимистона харидан мехост. Гуфтам, каме сабр кун, маош ки шуд, пули пойафзолро ҳатман чудо мекунам. Ҳамин тавр ваъдаи ман ду – се ҳафта тӯл кашид. Дирӯз чанде аз нашрияҳоро ба хона овардам. Духтарам баъди варақ задани чанд саҳифаи нашрияи "Оила" бо овози баланд, хурсандона гуфт: “Дадаҷон, шодиёна диҳед, ин ҳафта маош мегирифтаед”. Гуфтам: “Аз куҷо фаҳмидӣ?” Ӯ саҳифаи кушодашудаи газетаи «Оила»-ро ба ман нишон дода гуфт: “Ана, дидед, дар толеъномаи "Оила" гуфта шудааст, ки ин ҳафта шумо ба хона пул меоред”. Барои он ки духтарам ноумед нашаваду «Оила»ро дурӯғгӯ набарорад, маҷбур шудам, он бегоҳ барои пойафзоли зимистонааш пул ҷудо кунам.
фотпарастро мамнуъ мешуморад. Хулоса, масъалаи хурофотпарастӣ ва маърифати костаи донишҳои динию дунявӣ дар ҷомеаи муосир вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, волидон бояд раванди дурусти таълиму тарбияро дар оила пурзӯр намоянд, то ҳар гуна ақидаҳои ботил дар тафаккури фарзандон ҷойгир нашаванд ва ин ҳам ба мақоли “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ“ мусоидат менамояд. Инчунин, мо - ҷавонон ва наврасонро лозим меояд, ки пеш аз ҳама донишҳои мукаммалу зиракии сиёсӣ дошта бошем ва дар ин масъала нозукбину нуктасанҷ буда, эҳтиёткорона амал намоем, то ки аз шомил гардидан ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намуда, дар фозои орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон зиндагӣ карданро муҳимтарин амал ва арзиши олӣ шуморем.
Р. ХОЛНАЗАРОВ, омӯзгори МТМУ №12, ш. Душанбе
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Арҷгузорӣ ба Парчам - эҳтироми арзишҳои миллӣ Ҳамасола санаи 24 ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Зеро Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои гуногун ва набарду муборизаҳои онҳо баҳри истиқлолу озодӣ шинохта мешавад.
Парчам-рукни муҳими давлатдорӣ
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
Парчами давлатӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз он аз мавҷудияти миллату давлат дарак медиҳад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳо дониста мешуд. Дар аввал парчамро бо расмҳои ҳайвонот ва яроқу аслиҳа тасвир менамуданд. Агар дар ҷанг байрақ гум мешуд ва ё ба дасти душман меафтид, маънии мағлуб шуданро дошт. Ҳамчунин мардум онро дар сарзамини худ барои мубориза баҳри озодӣ истифода менамуданд. Ҳама ҳифзу ҷоннисориҳо аз он шаҳодат медод, ки ин рамз барои онҳо хеле муқаддас аст. Дар сарчашмаҳои қадимтарин роҷеъ ба ливо, алам, парчам, дирафш, ки рамзи давлатдории ориёиён маҳсуб мешавад, маълумоти зиёд мавҷуд аст. Халқи тоҷтик аз қадим дар парчами худ нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии худро инъикос мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки дар он роҳи таърихии тайкарда ва дигар аломатҳои ифодакунандаи давлатдорӣ таҷассум ёбанд. Парчам дар таърих минбаъд бо номҳои байрақ ва ливо низ ифода мешуд. Парчамдорӣ барои аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Сосониён расм шуда буд. Халқи тоҷик якумин халқест, ки дирафш ё худ парчамро ба шумори рамзҳои давлатдорӣ дохил кардааст. Ҳамин аст, ки аввалин дирафши миллати тоҷикон ин дирафши ковиён аст. Мо аз чигунагии он аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург воқиф ҳастем. Чӣ тавр Коваи оҳангар дар вақти бар зидди қувваи бадӣ ғолиб омаданаш чарминаи пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда, баъди мағлуб намудани Заҳок ғолибияти худро бо тартиби бардоштани дирафш ба халқ нишон дод. Сипас, Коваи оҳангар бо ба даст овардани давлат, Фаридунро ба тахт нишонд. Фаридун низ ин иқдоми Коваро идома дода, ба дирафши Ковиён як ситораи дорои чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх, бунафшдорро илова намуда, аз ҳамон давра ин ҷониб мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гаштанд. Дар тӯли таърих халқу миллати тоҷик ин рамзи муқаддасро ҳамеша ҳифз мекарданд. Бо вуҷуди дигар шудани рангу рамзҳои он, Парчами тоҷик ҳамеша фоли неку нияти хуб дошту дорад. Солҳои аввали истиқлолият ба даст овардан ва барафрохтани ин рамзи давлатӣ осон набуд. Дар он замони ноамнӣ баробари ҳал кардани як қаттор масъалаҳои муҳим, аз ҷумлаи истиқрори сулҳ, авфи гуноҳи иштирокдорони муноқишаҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, мушаххас намудани самтҳои рушди кишвар, барафрохтани Парчам низ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор мерафт. Халқи тоҷик он ҳама монеаҳоро паси сар намуд. Исбот шуд, ки тоҷикон бо до-
штани рамзу муқаддасоти миллӣ яке аз қадимтарин миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон ба ҷаҳон Парчами худро нишон доду ягонагии худро эълон кард. Парчами давлатии мо дар заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст. Барои омода намудани Парчами миллии аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ истифода намудаанд. Баъд аз ҳама омӯзишҳо, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ қабул гардид. Натиҷаи пешниҳод ва талошҳои олимони фарҳанги кишвар буд, ки имрӯз ин рамзи муқаддас тамоми арзишҳои таърихию муосири кишварро дар бар мегирад. Имрӯз Парчами миллӣ чун рамзи муҳими давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро он як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат мебошад. Бешак, Парчами давлатӣ барои мотоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату якмаромӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин васила барои баланд бардоштани хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллию ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Ин рамзи муқаддас имрӯз моро водор мекунад, ки онро ҳамчун нишони муҳими давлатдорӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳо ба ҷо орем. Қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба насли навин талқин намоем.
Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон буданд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Рангҳои парчам бошад, баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, бахту саодати абадӣ ва сарсабзиву шукуфоии ҳамешагии кишвари ҳамешабаҳори мо мебошанд. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар дар болои парчам ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ва мо ифтихор дорем, ки ин муваффақият тавассути Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба руҳу равони Куруши Кабир ва Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ муқаннаъву Восеъ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рангинкамон болои сари мо парафшон аст. Зери ин Парчам ва оҳанги Суруди миллӣ бо танини оҳанги Ваҳдат дӯстони худро истиқбол мегирем. Бигзор, то ҷовидон таҷаммули Ливои мо бо таронаи миллат ҳамнаво, нишон аз пояндагӣ ва соябони рисолати давлату миллат бошад. Рӯзи Парчами давлатӣ барои тамоми ҳамватанон мубораку фархунда бошад. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат танҳо ба хотири онҳо Парчами давлат дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта мешавад. Баланд шудани парчами кишвар баландии қадру манзалати миллат дар арсаи ҷаҳон ва сарбаландии мардуми он мебошад. Бо мақсади ҳимояи шарафу номуси миллат варзишгарон арақи ҷабин мерезанд, то парчами кишвар миёни халқиятҳои ҷаҳон парафшон гардад. Варзишгарони тоҷик парчамеро, ки ифодагари сирф нишонаҳои миллӣ аст, 24 ноябри соли 1994 соҳиб гардиданд. Аз соли 1994 инҷониб варзишгарони тоҷикро бо парчами худ дар арсаи ҷаҳон мешиносанд. Аз ин пеш ҳангоми дар ҳоли пирӯзии варзишгарони тоҷик парчаме боло мерафт, ки аз матои сурх иборат буд ва дар рӯи тарафи чапи он бо ҳарфҳои зарҳалӣ «CSS
ки А.Абдувалиев тоҷик буду аз номи Тоҷикистон баромад мекард. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парчамро бӯсида, сипас ба иҷрои вазифа иқдом намуд. Ин эҳтироми Сарвари тозаинтихобшуда ба Парчами миллиамон буд, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат варзишгарони тоҷик дар муддати кӯтоҳ ба шароиту нооромиҳои кишвар нигоҳ накарда, баҳри муаррифии парчами наву миллати бузург камари ҳиммат бастанд. Худи ҳамон сол варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё баромад намуданд. Дар ин мусобиқа ҷудокори тоҷик Хайруло Назриев соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки онро метавон аввалин медали Бозиҳои осиёии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ
Tocikiston» ( Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) навишта шуда буд. Баъдан бо қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон ба парчам, дар кунҷи тарафи чап расми досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо тоҷикӣ ва русӣ «CSS Tocikiston, Таджикская ССР» тасвири навро илова карданд. Соли 1938 калимаи «Cumhurija» ба калимаи «Respublika» иваз карда шуд ва дар парчам низ тағйирот ворид шуд. Ин тағйиротҳо ба варзишгарон имкони бо ҳамон нишона муаррифӣ гаштанро аз байн мебурд. Пирӯзии варзишгарони кишвар пирӯзии мардуми Иттиҳоди шӯравӣ буд, вале масъалаҳои миллию ғуруру ифтихори варзишгарони тоҷик на ба таври зарурӣ ҳимоя мешуд. Баъди соҳибистиқлолӣ, аниқтараш охирҳои соли 1994 варзишгарони кишвар ба нишони махсуси худ ё ба қавли дигар, бо бренди нав баҳри муаррифии кишвари навтаъсисашон сӯи муваффақият қадам ниҳоданд. Дар парчами варзишгарони тоҷик ҷои досту болғаро тоҷ гирифт, ки нишона аз тоҷдории ин миллати баруманд мебошад. Имрӯз, бешубҳа, парчам бе варзишгар ва варзишгар бе парчам маъное надоранд. Зеро ин ду дар навбати худ муаррифгари якдигаранд. Вақте дар олимпиадаи Барселона-1992 фарзанди тоҷик Андрей Абдувалиев аз намуди гурзандозӣ медали тиллоро ба гардан овехт, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва дар ин маракаи муҳими варзишӣ варзишгарони тоҷик бе парчам иштирок намуданд. Ин сабаби он гаштааст, ки то ҳол касе медали тиллои ин варзишгарро бо пурагӣ моли Ватани худ ҳисобида наметавонад. Ҳарчанд,
намуд, ки дар ин мусобиқа Парчами кишвар дар зинаи сеюм парафшон гардид. Баъдан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, роҳхати чемпионатҳои ҷаҳонро ба даст меоварданд. Дар чемпионати ҷаҳон аз намудҳои варзиши ғайри олимпӣ ба монанди гӯштини самбо, таэквандо, гӯштини кураш ва дигар намудҳо Парчами кишвар дар зинаҳои ифтихорӣ парафшон гардид. Аз намуди самбо Набимуҳаммад Хоркашов, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов ва дигарон парчами кишварро дар чемпионати ҷаҳон парафшон намуданд. Аз намуди Таэквандо ИТФ бошад Далер Тураев, Сабина Тураева, Фотима, Зуҳро Холоваҳо, Баҳром Гадоев ва даҳҳо таэквандочиён ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфта, Парчами кишварро дар мақомҳои аввал боло бардоштаанд. Олимпиада ки қуллаи баланди варзиш маҳсуб меёбад, парафшонии Парчами кишвар дар он масъулияти бузурге шуд бар души варзишгарони тоҷик. Зеро бо беҳ гардидани шароитҳои фароҳамомада ва рушди варзиш дар кишвар варзишгарони тоҷик рақобатро бо варзишгарони садрнишини ҷаҳон оғоз намуда, баҳри парафшонии Парчам дар олимпиада талош мекарданд. Вале ин кори осон набуд ва ба зудӣ ин орзуи варзишгарони тоҷик амалӣ намегардид. Ҳарчанд дар олимпиадаҳои Атлант-1996, Сидней-2000, Афина-2004 варзишгарони тоҷик талош намуда роҳхат ба даст меоварданд, вале ба онҳо муяссар намегардид, ки Парчами мамлакатро дар олимпиада парафшон намоянд. Баъди парафрохтани Парчам дар чемпионатҳои
7
ҷаҳон аз намуди варзишҳои ҶАВОНОНИ олимпӣ варзишгарон Дилшод НаТОҶИКИСТОН, №47 (9473), заров, Расул Боқиев, Мавзуна Чо24.11.2016 риева, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммад Абдураҳмонов, Хуршед ИСТИҚЛОЛИЯТ Маҷидов, Фирӯз Ёқубов, Баҳодур ВА ҶАВОНОН Қодиров, Искандари Рустам, Фарҳод Анақуллов ва даҳои дигар ба хотири парафрохтани Парчами кишвар дар олимпиада ҳадаф гузоштанду тамрин мекарданд. Соли 2007 Парчами кишвар дар чепионати ҷаҳон дар Бразилия аз намуди ҷудо дар зинаи сеюм парафшон гардид. Ин аввалин натиҷа аз намуди ҷудо буд, ки Расул Боқиев соҳиб гардид ва даҳҳо намудҳои дигари варзиш, ки шомили бозиҳои олимпӣ буданд, натиҷаи ҷаҳонию осиёӣ ба даст оварданд. Вале ҳадафи варзишгарон парафшонии Парчами кишвар дар аввали зинаҳои олимпиада буд. Ин имкон ба ҷудокори тоҷик Расул Боқиев даст дод ва бори нахуст Парчами Тоҷикистон дар олимпиадаи Пекин-2008 дар зинаи сеюм парафшон гардид. Баъди ду рӯз ба варзишгари дигари тоҷик Юсуф Абдусаломов имкон даст дод, ки аз намуди гӯштини тарзи озод соҳиби медали нуқра гардад ва Парчами кишвар дар олимпиада (Пекин-2008) дар зинаи дуюм парафшон намояд. Олимпиадаи Пекин-2008 дар таърихи варзиши кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, зеро Парчами Тоҷикистонро дар олимпиада шинохтанд. Баъди Пекин-2008 миёни варзишгарони кишвар як ҳадаф қарор гирифт - Парчами кишварро дар олимпиада дар зинаи якум парафшон намудану медали тиллои олимпиро ба гардан овехтан. Дар олимпиадаи Лондон-2012 ин орзуи варзишгарони тоҷик амалӣ нагардид ва онҳо бо як медали биринҷии Мавзуна Чориева(аз намуди бокс) ба Ватан баргаштанд. Давоми чор чол то олимпиада садҳо маротиба Парчами кишвар ба хотири варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳон парафшон гардид, ки ин аз рушди варзиш дар кишвар дарак медиҳад. Мо сари дастоварди наврасони кишвар намеистем, зеро ба хотири ин наврасон, ки ҳама зодаи истиқлоланд, Парчами давлат давоми сол ду маротиба нисбати калонсолон зиёд парафшон мешавад. Танҳо дар 9 моҳи соли 2016 Парчами Тоҷикистон ба хотири варзишгаронаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 201 маротиба баланд бардошта шудааст, ки аз ин шумора 55 маротиба дар зинаи аввал, 71 маротиба дар зинаи дуюм, 75 маротиба дар зинаи сеюм мебошад. Ҳадафи варзишгарони тоҷик баъди касби медали биринҷию нуқра нишони тиллои бозиҳои олимпӣ ва парафшонии Парчам дар мақоми аввал буд. Ин шарафи бузург ба гурзандоз Дилшод Назаров дар Рио-2016 даст дод. Ӯ гурзро ба масофаи 78,68 ҳаво дода, соҳиби медали тиллои Бозиҳои XXI тобистонаи олимпӣ гардид. Баъди ҳаво додани гурз якумин кореро, ки Дилшод Назаров анҷом дод, наъракашон ҷониби ҷуздонаш давид ва ин амали ӯ ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Мардуми сайёра интизорӣ мекашиданд, ки чемпион бо чӣ хурсандии худро ифода мекунад. Дилшод аз ҷуздон Парчамро бароварда болои сар намуд ва назди мухлисон наъразанон Парчами кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дилшод бо ин амалаш бори дигар исбот намуд, ки варзишгар бе Парчам ва парчам беварзишгар ҳеҷанд. Иди Парчам муборак, ҳамватанони азиз! Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Парчаму варзишгар муаррифгари якдигаранд
Дишод Назаров: “Шиорам дар зиндагӣ ҳамин аст, ки он дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшон бимонад”. Мавзуна Чориева: “Лаҳзаи фаромушнашавада дар ҳаёти варзишиям ҳамон буд, ки ман онро дар олимпиада баровардам ва аз ҳайяҷону шодӣ гоҳе бар алвонҷхӯрии он менигаристаму гоҳе ангуштонамро дар шакли иттифоқӣ мефишурдам”. Расул Боқиев: “Ба хотири болоравии он ҷаҳду талош мекунем”. Комроншоҳи Устопириён: “Олимпиада танҳо ба хотири иштирок намеравам. Кушиш мекунам, ки бо баланд шудани он сари мардуми тоҷикро баланд намоям”. Акмалиддин Каримов: “Орзуи ягонаам ҳамин аст, ки дар чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон онро аз дигарон баланд бардорам”. Набимуҳаммад Хоркашов: “Вақте он ба хотири ту баланд бардошта мешавад, он эҳсосро гуфтан мушкил аст, тано эҳсос кардан даркор”. Хушқадам Хусравов: “Вақте он боло бардошта мешуд беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ мегашт”. Фирӯз Ёқубов: “Вақте он боло бардошта мешаваду ҳамагон аз ҷой бармехезанд, он лаҳзаро аз ҳама зиёд худи варзишгар ва мухлисоне, ки дар он ҷо иштирок доранд бештар дарк мекунанд”. Баҳодур Қодиров: “Соли 2010 дар якумин олимпиадаи наврасон сония нарасид, ки онро дар зинаи аввал боло бардорам”. Муин Ғафуров: “Ба хотири болоравии он ҳамеша талош мекунам. Он ҳамзамон муаррифгари ман ва миллати ман аст ва ман ҳангоми муҳориба бо шортие баромад мекунам, ки бо он нақшу нигор дода шудааст”. Барои аксар аҷиб менамояд, ки он чӣ бошад, ки варзишгарон барояш ин қадар заҳмат мекашанду орзуҳо мекунанд. Он матои росткунҷаест, ки дар рӯяш се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии он 1:2 аст, ки онро Парчам ном мебаранд. Ҳамзамон ин матои росткунҷаро яке аз рамзҳои давлатӣ ҳам меноманд. Дар пушти ин мато обру, ҳисси миллӣ, ғурури миллӣ, шаъну шараф, ифтихор, нуфус ва эътибори зиёда аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон меистад. Бо дидани ин мато ифтихор ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Агар ба таърихи парчамдории Тоҷикон назар афканем, дар таърихи миллат парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчамдории миллати тоҷик аз замони Сосониён, баъд аз он ки Коваи оҳангар пешдомани чармиашро байрақ карда, ба муқобили душманон ҷанг эълон кард, расм шуд. Аз қадим парчам рамзи сарҷамъӣ ва дифои шаъну шарафи ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳозир ин истилоҳ миёни варзишгарон моҳияти худро гум накардааст. Танҳо дар ҳолати пирӯзии варзишгарон ин рамзи муқаддас боло бардошта мешавад. Варзишгарон миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ягона шахсоне мебошанд, ки баъди сафарҳои Президенти
8
Дар ин замина, муаллиф таъкиди сиёсати давлатро, ки мақсад аз он тарбия ва комил сохтани шахс, аз гумроҳӣ раҳонидани қишрҳои осебпазири ҷомеа, махсусан ҷавононро мадди назар дорад, таҷассум кардааст. Дар манзума тараннуми озодиву ободӣ ва хурсандиву шодӣ, барҳақ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Қаҳрамони асар - дараҷаи олии тавоноӣ, умқи фаҳм, идрок ва андешаи ин Шахсияти Бузурги Таърихӣ ба қалам дода мешавад. Чунин арҷгузорӣ муҳраҳои андешаи шоирро дар кулли манзума, бо ифодаҳои бадеӣ ва шево, бо ҳам мепайвандад. Дониши андӯхта ва фитрии Ӯ нисбат ба қонунияти равандҳои ҷамъиятӣ, таҷрибаи пурмашаққати мактаби зиндагӣ дар роҳи миллатофаринӣ ва давлатсозӣ, ҳамакнун ба Ӯ имкон медиҳад, бисёре аз ҳодисаҳои таҳдидомези ҷомеаро амиқ пешбинӣ кунад. Ба хотири эмин нигоҳ доштани кишвар аз
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри ту дар дил, Ҳаққо, ки бувад тоати ӯ зоеъу ботил. (Ҳофиз) Адабиёт воситаи муҳимтарини инъикоси воқеият мебошад. Тавассути ин абзори аҳамиятнок, ки инсоният дар давоми ҳаёти бошууронаи худ рӯйи кор овардааст, асрҳои аср онро сайқал додааст, мукаммал гардонидааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадқиқ, таҳқиқоти таърихӣ амиқ баҳогузорӣ ва пешкаши ҷомеа мегарданд. Ҳамзамон, тафаккури адабӣ он воситаи маънавие мебошад, ки ба ҳақиқат аз нуқтаи назари истилоҳ ва мафҳумҳои бадеӣ наздик мешавад. Замоне ки воситаҳои дигари тадқиқу тафсир дар арҷгузории воқеият, ҷараёни дарки ҳастӣ, инъикоси паҳлуҳои гуногуни реалият мушкилӣ мекашанд, сухани бадеӣ онро ба уҳдаи худ мегирад. М а ҳ з ба ҳамин хотир, хаёли бадеӣ "воситаи мукаммали дарки воқеият" (В. Шеллинг) номида шудааст. Беҳтарин асаре, ки инсон офаридааст, дар бораи худи Инсон аст. Дар он кӯшишҳо, бурду бохтҳо, саранҷом дастовардҳо - фаъолияти Инсон, манзалати ин бузургтарин, мукаммалтарин офаридаи табиат дар ҷойи аввал меистад. Ба андешаи Аристотел, "Ҳаёт - амал (enerjeia) аст. Амал ҳаёт аст" (Аристотель. Сочинения в четырех томах. Том 4, М., "Мысль", 1983, с. 31). Берун аз фаъолият, Аристотел наметавонад таъиноти одамро тасаввур кунад. "Олитарин таъиноти инсон, хушбахтӣ овардан, некӣ офаридан аст" (ниг. ҳамон ҷо, саҳ. 31). Вақте ки Арасту дар бораи шахсияти бузург андеша меронад, мунтазам нисбати хамин ду истилоҳ таваҷҷуҳи хонандаро сидқан ҷалб карданӣ мешавад: "фаъолият" ва "некӯкорӣ". Маълум аст, ки бани Одам аз нафаси аввал то охир банди амал аст. Аммо Аристотел мафтуни Инсонест, ки амалаш бо некӣ, накӯкорӣ, судмандӣ барои Инсон ва Инсоният тавъам мебошад: "Олитарин накӯӣ, агар он бо олитарин шакли фаъолият - накӯкорӣ мутаносиб бошад, камоли қаноатмандӣ ва хушбахтӣ аст" (ҳамон ҷо, саҳ. 32). Адабиёти тоҷик ҳамчун далели муътамад, яке аз қадимтарин халқҳо будани миллати моро нишон медиҳад. Анъана, урфу одат, ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур, муносибат ба Ватан, ҷомеа, оламу оламиён ва ҳаводис, навъи муассири таърихнигори ин миллати қадимӣ мебошанд. Беҳтарин рӯйдодҳои таърихи миллати тоҷик дар адабиёти илмӣ ва албатта, бадеии хаттию шифоҳӣ, аз аср ба аср гузашта, то ба мо расидаанд. Ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуури миллии мо ва ҳамчун натиҷа, ба муайянкунии мавқеъ ва тасмимгириҳои сиёсии миллат таъсиргузор будаанд. Ҳамин тариқ, адабиёт яке аз муҳимтарин омилҳои хештаншиносӣ, шаклгирии шуури сиёсӣ, истиқлолияти давлати миллии мо маҳсуб мегардад. Маҳз тавассути каломи бадеӣ миллат аз ватанхоҳӣ, қаҳрамонӣ, ҷонфидоии бузургтарин фарзандони хеш огоҳ шудааст. Спитамен, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо абармардони дигар тавассути таҳқиқи таърихнависон, образҳои офаридаи шоирон ва худи мардум дар ёдҳо нақш бастаанд. Миллати куҳанбунёдро дар муқобили селоб ва офатҳои таърих, ҳамчун кохи бегазанд ҳифз кардаанд. Некӯкориро Аристотел бо истилоҳи "eydaimonia" ифода кардааст, ки "ey" - "некӣ" ва "daimon" маънои "худовандӣ"-ро дорад. Чун Худованд ҳама вақт пуштибони амали
нек ва шахсиятҳои нексиришт аст, ба ёди онҳост. Инсон ҳам дар фикри Худованди Бузург аст. Аммо "Онон, ки талабгори Худоед, Худоед, Берун зи шумо нест, Шумоед, Шумоед" (Ҷалолиддини Балхӣ). Тафаккури Инсон доимо ба он дакка мехӯрад, ки Инсони нек беҳтарин сифатҳои Худовандиро дорост. Худованд барои Инсон аст. Яъне Осмон ба хотири Замин арзи вуҷудият мекунад. Ин андешаи малакутиро таҷрибаи инсонӣ дар номгузории фарзанди хеш ва топонимика ҳам барҷаста инъикос кардааст. Достони "Дар ситоиши Пешвои Миллат" аз ҷумлаи манзумаҳоест, ки ба фаъолияти яке аз бузургтарин абармардони асри ХХI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Асар қисмате аз корнамоиҳои ин Шахсияти воқеан таърихиро тавассути имконоти бадеӣ тасвир намудааст. Роҳи тайкардаи ӯро тӯли 25 соли давлатдорӣ, ба тарзи муъҷаз, дар доираи 55 байт, ба риштаи назм кашидааст. Достон бо матлаи Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ, Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ. оғоз мегардад. Дастоварде, ки аз ҳама бештар таваҷҷуҳи шоирро ҷалб намудааст, муносибати Қаҳрамони ӯ ба тақдири таърихии миллати тоҷик мебошад. Таҳлили сарнавишти басо мураккаб ва фоҷеабори Тоҷикистон муаллифро муътақид сохтааст, ки яке аз сабабҳои аслии парешонии онро омили хориҷӣ шуморад. Ва раҳоӣ бахшидани давлатро аз мақсади нопоки аҷнабиён хизмати ҷонфидоёнаи Роҳбари Муаззами Миллат медонад: Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо, Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ. Ҳамзамон, муаллиф эҳсос мекунад, ки хурофотпарастӣ ва ҳамчун натиҷаи он гумроҳшавии як қишри ҷомеа, аз таҳдидҳои ҷиддӣ дар муқобили амну осоиши мардум мебошад. Ин тоифа бештар руҳияи бегонапарастӣ дорад. Душманони дохилу хориҷи давлати миллӣ аз онҳо ҳадафмандона, ба манфиати худ суистифода мекунанд. Амали эшон ҳамчун "қасди бадхоҳона" ва "нияти фаъолона сабаби амалкардест тавассути роҳу восита, ки қисман субъективӣ аст... мустақиман ба воқеияти мавҷуда муассир мебошад. Аз байн бурдани чунин сабаб, мунҷар ба маҳсули воқеияти ғайримустақим хоҳад буд" (В.Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Том 2. М., 1973, с. 167). Дар ин амал, шоир таъкиди он нуқтаро ба инобат гирифтааст, ки Қаҳрамони ӯ ҳамзамон барои ҳифзи эътиқоди анъанавӣ заҳамот, ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст: Хурофотӣ кунад тарғиби дину мазҳаби дигар, Зи реша қасди бадхоҳон бисӯзонӣ, ту меарзӣ. Муаллиф талошҳои шабонарӯзии Қаҳрамони достонро дар хусуси даъват ба рафтори ватанхоҳона, ҳамчун шахсияти барҷастае бо "дили ҳамдард ва ёри маслиҳатбин", ки "истеҳзори ҳар аҳли диле ҳаст" (таъбирҳо аз Ҳофиз) ва падарона ба ислоҳи рафтори ҳар фарди мувоҷеҳ ба мушкилот мекӯшад, арҷгузорӣ менамояд: Бигӯӣ даъвати ифротиён хавфу хатар дорад, Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.
халқ мустаҳкам шудааст, бо ин қаноат намекунад, доимо мекӯшад, ки давра ба давра аҳволи мардумашро беҳтар кунад. Ба ислоҳот мекӯшад. Ин нуқтаро шоир ба риштаи назм мекашад: Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд, Фузун гардид файзи кори деҳқонӣ, ту меарзӣ. Ҳар он ки "лофи ақл мезанад", ҷавҳари адлу инсоф дар вуҷудаш эҳсоси бартарият дорад ва аз "аҳли риёву ҳарифони дағо" фосила мегирад, бояд "даст рӯйи дили пок бигзорад" (Ҳофиз) ва эътироф намояд: ақл на ба он қодир буд, то тасаввур намояд: лаҳзае мерасад, ки мардуми мотамзадаи тоҷик аз: "сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб" (Ҳофиз) раҳоӣ ёбад, дар пайи созандагӣ афтад, ҷода созад, нақб кобад, барқ офарад. Шоир ба ишора аз ин менигорад: Хати барномаат шуд барқу нақбу
Достони Баъзе андешаҳо ба манзумаи Ниҳонӣ "Дар ситоиши хатарҳо, арсаи вақт чораҷӯӣ намояд: Бувад як хислатат дарки ҳама рафтори номатлуб, Аз ин ашхоси номатлуб Меҳанро нигаҳбонӣ, ту меарзӣ. Ҳамзамон, шоир саъю талоши ҷонфидоёнаи Қаҳрамонашро барои ҳимояи марзу буми кишвар ёдрас месозад. Ҳамчун асосгузори Артиши Миллӣ ӯро васф менамояд. Сипари дар замони мушкилӣ сохтаашро кафили сулҳ, комронии Меҳану миллат ба қалам медиҳад: Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ, Ба кишвар шуд кафили сулҳу армонӣ, ту меарзӣ. Аз барҷастатарин аркони манзума, тасвири фидокории Қаҳрамони асар дар раҳоӣ бахшидани миллат аз бесарусомонӣ, фақру дармондагӣ, зиллату гуруснагӣ ва хавфи бандагӣ мебошад. Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон шуданд. Сарвари Давлат сарвару сарпарасти бепарасторон гашт. Ба хотири осудагӣ бо оне, ки фиреби ҷанг дошт, ҷон коҳонд, сулҳ ангошт: Ятиму бекасу бесарпарастонро падар гаштӣ, Парастори сағирону кабиронӣ, ту меарзӣ. Барои нишон додани симои барҷастаи Қаҳрамони худ муаллиф самтҳои барои давлатдории миллӣ ҳаётан муҳимми фаъолияти Ӯро тараннум мекунад. "Ҷисму ҷон"-и ҷамъияти сохтаи ин Шахсияти Бузурги таърихиро, то ҳадди имкон, ба хонанда тафсир менамояд. Таваҷҷуҳи шоирро, қабл аз ҳама, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҷалб менамоянд. Илми шинохти ҷамъият исбот кардааст, вобаста ба он ки ҳукумати ҳар ҷомеа, дар сиёсати рӯзмарра ва амали хеш некӯаҳволии кадом табақаро беҳтару хубтар таъмин мекунад, маҳз ва фақат дар пайвастагӣ бо ҳамин омил, дараҷаи мардумӣ будани он ҳукумат арҷгузорӣ мешавад. Муаллифи асар ба ин суол зина ба зина, дар муносибат ба ҳар қисмати ҷомеа посух медиҳад. Чун ҳафтод дар сади мардуми мо дар деҳот рӯзгор мебаранд ва зиндагии эшон аз замин вобастагӣ дорад, дар манзума ба тарзи мантиқӣ, шоирона, ишораи дақиқ ба эҳёи кишоварзӣ мегардад, ки ба хотири дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аз чанги гуруснагиву марг раҳонидани мардум равона шуда буд: Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг, Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ. Аммо Қаҳрамони асар чун ҷавонмарди асил, марди кордон, ки бозуяш дар хидмати
роҳу озуқа, Ба кишвар аз ту шуд файзу фаровонӣ, ту меарзӣ. Муаллифи нуктасанҷ ба коргоҳи ҳастии имрӯзу фардои диёраш маҳз тавассути дидгоҳи Қаҳрамони атобахши миллаташ менигарад, барҳақ, бо дили пур, Ӯро Наққош ва Меъмори Даврони Созандагии кишвараш ном мебарад. Чун Пешвои Бузурги Миллат бо сухани саршор аз бӯйи вафо, мужда ва навиде аз ояндаи дурахшони кишвар мерасонад, ки "Тоҷикистони азиз саноатӣ хоҳад шуд!", ба оламиён эълом медорад: Саноат нақшаи ояндаи созандагӣ бошад, Ба он наққош ё меъмор, ё ҳам ину ҳам онӣ, ту меарзӣ. Замони истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти ниҳоят сангини ба таври сунъӣ эҷодгашта, бо кӯшишу эҳтимоми бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давраи воқеан таърихии рушди мактабу маориф, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа маҳсуб мегардад. Замони шӯравӣ бо ҳазорон афзалияти воқеӣ дар риштаи маориф, чунин собиқаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои давлатдории миллиро дар дохил ва хориҷи мамлакат надошт. Дошта ҳам наметавонист. Таъкиди ҳамарӯзаи сарвари давлат, ки илм, маориф, касбомӯзӣ ягона воситаи раҳоии миллати тоҷик аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзу оянда мебошанд, ба дилу дидаи мардум ҷо гаштааст. Қаҳрамони достон тавоноии миллатро аз доноии ӯ вобаста медонад: Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ, Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ. Муаллифи асар, ки ҷуръати тасвири корномаи Қаҳрамони Бузурги Миллатро кардааст, бо масъулияти том зарур мешуморад, симои қаҳрамонашро тавассути ниҳоят амиқ омӯхтан, фаҳмида гирифтан, аз бар намудан, таҳлил ва баҳогузорӣ кардани таърихи халқи куҳанбунёдаш боз ҳам эътиқодмандона тафсир намояд. Маҳз дар ҳамин асно, аз ҷониби Пешвои Бузурги Миллат офаридани асарҳои ниҳоят арзишманди таърихӣ ёдоварӣ карда мешавад. Тавре ба назар мерасад, методи таърихии тадқиқ, ки муҳимтарин раванд ва зуҳуроти воқеоти даврони пешин, қонунияти пайдоиш, таззод ва инкишофи онро муайян месозад ва барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти имрӯз, экстраполятсияи он дар замони оянда роҳнамоӣ мекунад, яке аз рукнҳои фаъолияти Қаҳрамони асар мебошад: Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда, Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ. Муаллиф тавассути каломи бадеӣ тасвири он маъниро пешкаши хонандагон кар-
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН
ҷавонмардӣ Пешвои Миллат", ҳафтаномаи "Тоҷикистон", №45 (1191), 09.11.2016 дааст, ки чӣ тавр Қаҳрамони ӯ роли шахсро дар таърих аз муҳимтарин омил мешуморад. Дарк менамояд, шахсияте, ки ҳастиашро аз тақдири миллат ва Ватани хеш ногусастанӣ медонад, баръакс худро дар назди таърих масъул меҳисобад, барои истиқлолият ва рушди миллӣ хидматҳои фаромӯшнашаванда карда метавонад. Тавассути номвар ва абадӣ гардонидани чунин шахсиятҳо, миллате, ки маҳз бо ҷонбозиҳои онон ба рӯзи нек, некномӣ ва соҳибдавлатӣ расидааст, бо кӯшиш ва эҳтимоми Роҳбари Давлат ҷовидон гардонида шудаанд. Бо дарназардошти чунин ва аз ин ҳам зиёдтар қаҳрамониҳо ба маъраз гузоштан, халқи намаксипоси кишвараш Худи Ӯро аз Қаҳрамонони даврони навин ва Пешвои абадии хеш интихоб кардааст: Бузургонро бузургон зинда медоранд, мегӯянд, Шарафманде миёни ин бузургонӣ, ту меарзӣ. Муаллифи асар саҳфаеро аз таърихи фоҷеабори давлати мо ёдовар шудан мехоҳад: сарфи назар аз он ки дар минтақаи бузург забону адаби мардуми тоҷик мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буд, номбар кардан, ҳамчун намунаи волои рафтори ҷамъиятӣ ҷилвагар намудани қаҳрамонони миллии тоҷик ба манфиати доираҳои сиёсии роҳбарони давру замон набуд. Пешвои Бузурги Миллат эҳёгари корномаи миллати хеш, ба хотири намунагузории рафтори ватанпарастонаи ин бузургон дар назди халқу миллат мебошад. Чунин рафтори ҷавонмардона, зодаи истиқлолияти сиёсии миллату Ватани мост, ки Қаҳрамони асар аз асосгузорони он аст: Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд қисмат, Зи сидқ эҳёнамои қаҳрамононӣ, ту меарзӣ.
Ҳамчунон, дар асар заҳматҳои Қаҳрамони достон оид ба эҳё намудани иду анъанаҳои миллӣ, ки аз арзишҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ мебошанд, бо ифтихор васф карда мешавад. Қаҳрамонӣ, мусаллам аст, корномаи шахсони бузурге мебошад, ки барои миллату Ватани худ ҷонфидоиҳо кардаанд. Ин азхудгузаштанҳо ба ҳазорҳо достон меарзад. "Халқе, ки қаҳрамон надорад, қатъан бадбахт хоҳад буд". Аммо "қаҳрамонӣ" мафҳуми ҷамъбастшуда, хулосавӣ мебошад. Ба тафсири мантиқии сохторӣ (структуравӣ) ниёз дорад. Муаллифи асар, то ҳадди имкон, чунин талошро низ ба харҷ додааст. Тавассути васфи сифатҳои олии Шахсияти бузурги таърихӣ, ки дар қаҳрамониҳои бемислу монанди Ӯ - дар ҳар як амали садоқатмандонааш нисбати миллат ва Вата-
ни азизаш тӯли чоряк аср таҷассум ёфтаанд, кӯшидааст нигоштаҳои худро тақвият бахшад. Таваҷҷуҳи муаллиф ба ин мавзӯъ одӣ нест. Сифати шахсият, ки онро характер (тинат, сират, ирода) гуфтаанд, аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар тамоми давру замон таваҷҷуҳи олимони бузурги дунёро ба худ ҷалб кардааст. Зеро таърих чизе нест, ба ғайр аз амали мақсаднок роҳандозикардаи одамон. Омӯзиши Инсон омӯзиши характери ӯст. "Ба характер, пеш аз ҳама, ҳамон қисмати шаклии неру, ки инсонро дар масири интихобкардааш мустаҳкам нигоҳ медорад, намегузорад, ки ӯ дар ин ҷода бозистад, мақсаду мароми худро амалӣ месозад ва дар ҳама ҳолат бо худаш маслиҳат мекунад, мансуб мебошад" (В.Ф. Гегель, "Энциклопедия философских наук". Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 7). Сифати шахсони таърихӣ, қаҳрамонони асил ҳамчун офтобест, ки бо фидокорию ҷоннисорӣ намунаи олии рафторҳои ватанхоҳонаро дар ҳолатҳои барои Ватану Миллат фавқулода хатарнок, аммо ҳаётан муҳим, ба намоиш мегузорад. Амали қаҳрамонона, мардумро низ ба ваҳдат, ягонагӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ сафарбар менамояд: "Инсони соҳиби характер ба дигарон таъсири хуб мерасонад. Онҳо ба ӯ эътиқодманд мешаванд, зеро медонанд, ки бо кӣ сару кор доранд." (В.Ф. Гегель, "Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8). Албатта, бузургии характер, аз ҷиҳати муҳтаво ва мундариҷа, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ зуҳур меёбад. Мақсадҳои барои давлату миллат тақдирсоз, ҳаргиз имкони амалӣ шуданро надоранд, агар ин нақшаҳо дар ихтиёри сифатҳои олии ҷавонмардонаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ набошанд. Ва сифати шахсияти бузург он аст, ки воқеан, дар амал тасдиқи худро ба намоиш мегузорад, ошкор месозад, исбот менамояд. Ба тасдиқи ин назария, яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XIX-и Ғарб, В.Ф. Гегел, ки афкораш сардафтари фалсафаи дунё гаштааст, таъкид месозад: "Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои олӣ, Инсон дар худаш характери бузургро кашф мекунад, ки ӯро барои дигарон ҳамчун машъал, роҳнамо муаррифӣ менамояд" (В.Ф. Гегель, "Энциклопедия философских наук". Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8). Ба ҳамин хотир шоир таъкид месозад: Далериву шуҷоат хоса мансуби ҷавонмардист, Қавидил, боҷасорат марди майдонӣ, ту меарзӣ. Ё ин ки: Фидои ин Ватан, ин сарзамин гуфтӣ шудан бояд, Ҳалолат бод худ аз ҷонфидоёнӣ, ту меарзӣ.
Дар манзума сухандонӣ ва суханварии Қаҳрамони асар бо эҳсоси баланди ҳақиқатнигорӣ тараннум карда мешаванд. "Ман нобиғаро аз он мешиносам ва эътироф мекунам, ки ӯ чӣ тавр бо лафзи модарӣ афкорашро баён месозад" (Б. Наполлеон). Воқеан, сухандонӣ, суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст. Суҳбати Қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа - кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзӯъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани руҳияи қишрҳои гуногун - аъзо ва авзои ҷомеа, шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи Ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Ба Қаҳрамони асар муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун "муродбахши дили беқарори мардум", "аниси хотири умедворон" ва "ғамгусори" (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли Ӯ ва дар пайравии Ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад. Воқеан, ба иловаи қаҳрамониҳое, ки Пешвои Миллат дар роҳи Сулҳу Ваҳдат, таъмини амнияту осоиши мардуми азиятдидаи хеш кардааст, ҳамчунон тавонистааст бо истеъдоди фавқулодаи фитрӣ ва тавони Сухан ҳазорҳо мушкилро осон намояд. Ин корро дар тӯли таърих ва рӯзгори носозгори имрӯзи ҷаҳон, ҳазорон "лашкари даъвои гетиситонидошта"-и олам ҳам натавонист кардан. Суханварии Пешвои Бузурги Миллати пурифтихор лоиқи ҳамду сано аст: Шоир ҷаҳон гирифту ба теғи забон гирифт, Оре, ҷаҳон ба теғи забон метавон гирифт. Бигрифт бо тавони сухан он чӣ подшоҳ, Бо теғи тезу лашкари гетиситон гирифт. (М. Иқбол)
Муаллифи манзума таърихи фоҷеабори миллатро хуб аз бар кардааст. Дастовард, бурду бохти шоҳони гузаштаро мунсифона мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбӣ қарор додааст. Маълум аст, аз дастовардҳои онон меболад. Аммо аз бохташон, ки ба фоҷеаҳои зиёди миллӣ анҷом ёфтааст, нороҳат мегардад. Ба қиёси фаъолияти чорякасраи ҷонфидоиву корнамоии Қаҳрамони худ нисбат ба он замон мепардозад: ӯро ҳисси
баланди ифтихор, қаноатмандӣ фаро мегирад, ки маҳз бо ҳузури Ӯ "навиди фатҳу башорат ба меҳр", "ҷаҳон ба коми дил, миллат ба авҷи моҳ расид" (таъбирҳо аз Ҳофиз). Бо забони хеш эътиқодмандона мегӯяд: Барои тоҷикони рӯи олам такягоҳ гаштӣ, Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ. Шоири забардаст Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр (1906-1988) даҳсолаҳо гаштаву баргашта, бо диди амиқи илм, фаҳми дақиқи назм ва мантиқи замони Фирдавсии поксиришт, ба омӯзиши "Шоҳнома"-и безавол шуғл меварзад. Назди шоире, ки баъди заҳматҳои ҷонкоҳона ба тӯли зиёда аз сӣ сол, ба ҷаҳониён навид додааст: "Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!", сари таъзим фуруд меорад. Бо диди фалсафӣ, шоирона, ба асли масъалаи шоҳасар назари хешро ҳамчун хулосаи таҳқиқи анҷомдодааш, бо ғурури мутантани ватанхоҳона аз фарзанди барӯманди миллаташ, эълом медорад: Аё Фирдавсиё, сеҳрофарино, эй бузургустод, Чу ту устоди маъниофарин кас надорад ёд. Надонам Рустаму рӯинтане будаст худ ё на. Ту будӣ, ҳарчи будӣ Рустаму рӯинтан афсона, Аҷам то зинда бошад, номи ту вирди забон дорад. Ба ҷон миннатпазири туст, эй ҷон, то ки ҷон дорад.
Воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад, рӯинтани аслии миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни бузургтарин қаҳрамонони асарҳои илмӣ - таърихӣ Симои Пешвои Миллат ифтихори ҳамасрони Ӯст. Ҳамчунон, намунаи пайравӣ ва меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост. Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ дар партави корномаи Пешвои Миллат, аз аркони ниҳоят аҳамиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ - зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳимме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад. Муаллифи достони "Дар ситоиши Пешвои Миллат" бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ, хонандаро ба дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ба хотири имрӯз ва фардои пурсаодати миллат даъват мекунад. Мантиқи васфи Пешвои Бузурги Миллат дар манзума, бо садои дили ҳазорон пиру ҷавони кишвари саодатмандаш ҳамовоз аст: Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем, Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ. С. ЯТИМОВ
Худро чӣ гуна ташаккул диҳем?
НОИЛА ВОҲИДОВА
7 МАСЛИҲАТ БАРОИ ТАБДИЛ ЁФТАН БА ОДАМИ КОМИЛАН ХУБ:
1. Сӯҳбат бо худ. Бо худ дар бораи корҳо, андешаҳо, идеяҳои хуб гуфтугӯ кунед, гуфтугӯи худиатонро идора намоед, бикушед, ки дар гуфтугӯятон танҳо қарорҳои мусбате ҷой гиранд, ки амалӣ сохтани онҳо барои шумо имконпазир бошад. Масалан, ба худ гӯед, ки «Ман ҳамин корро мекунам», «Худамро дӯст медорам», «Худамро беҳтарин эҳсос мекунам», «Ман одами масъулиятнок ҳастам». Одамоне, ки дар ҳаёташон ба муваффақият ноил гаштаанд, мудом чунин фикр мекунанд. Равоншиносон мегӯянд, ки 95 фоизи ҳолати равонии одамро андешаи худаш дар бораи худаш муқаррар менамояд. Агар шумо бо худ дар бораи корҳои хуб андеша кунед, минбад ба таври автоматӣ ба одами некирода табдил меёбед. Фаромӯш накунед, ки ақлатон ҷойи холӣ нест. Ақл ҳаргиз бояд бекор набошад. Агар шумо ақлатонро бо андешаҳои мусбат пур накунед, он гоҳ ҷойи холимондаи онро андешаҳои манфӣ пур мекунанд; 2. Назари мусбат. Яке аз малакаҳои пурқуввати одам мақсади дарпешгузоштаи худ ва ҳадафҳои ба онҳо расидаатонро дида тавонистан аст. Ҳаётро тавре тасаввур кунед, ки гӯё ҳамеша рангину беғубор аст. Барои ба ин мақсад расидан дар назди худ вазифа гузоред, ки танҳо манзараи мусбати ҳаётро мебинед. Ҳамин тасаввурро мудом бо худ дошта бошед ва онро мудом такрор кунед. Қоидаи назари мусбат аз он оғоз меёбад, ки шумо ҳар чизи дар атрофатон баамаломадаро тавре тасаввур мекунед, ки он оғози амали хуб аст; 3. Одамони дидадаро. Интихоби муҳите, ки дар он зиндагонӣ мекунед, бо он мудом муошират ва якҷоя кор мекунед, ба эҳсосотатон нисбат ба омилҳои дигар бештар таъсир мерасонад. Гуфтугӯи худиатон ва андешаҳоятон бештар ба муҳити интихобкардаатон вобаста аст. Аз одамони баду золим дурӣ ҷӯед, чунки одамони бад манбаи нокомиҳо мебошанд; 4. Ғизои мусбати ақл. Тавре ки саломатиатон ба ғизоҳои хуб ниёз дорад, ақл низ ба андешаи хуб ниёз дорад. Китоб, рӯзномаву маҷаллаҳоеро мутолиа кунед, ки омӯзанда ва тарбиявӣ бошанд. Ақлатонро бо донишҳое ғанӣ гардонед, ки ба шумо илҳом мебахшанд. Мусиқии форам гӯш кунед, филмҳои тарбиявӣ тамошо кунед. Хулоса, ҳамон амалҳоеро анҷом диҳед, ки ба манфиати ақлатон бошанд ва донишҳоятонро афзун гардонанд; 5. Таҳсил ва рушди дуруст. Аксари одамон ҳаёташонро бо анҷом додани корҳои майдачуйда ва камарзиш сарф мекунанд. Баъзан бе пул ҳам зиндагӣ мекунанд. Маъмулан ҳар гуна боигарӣ ва сарват аз ягон хизмат шуруъ мегардад. Аксари одамоне, ки имрӯз соҳиби сармояи ҳангуфтанд, боре фаъолияташонро аз сифр оғоз карда буданд. Таҳсили муқаррарӣ, ки дар мактабҳо мегиред, барои дар ҳаётатон пешпо нахӯрдану пул ёфтан кӯмак мерасонад, вале худомӯзӣ манбаи сарватманд шуданатон аст. Вақте шумо худатон мустақилона ба омӯхтани донишҳо шуруъ мекунед, ба одами беҳтар табдил меёбед, фикру андешаҳоятон дигар мешаванд ва шумо ҳаётатонро худатон мустақилона идора мекунед. Минбаъд шуморо ояндаи дурахшон интизор аст; 6. Одатҳои дуруст ва солим. Дар бораи саломатии ҷисмониатон ғамхорӣ кунед. Дар наздатон вазифа гузоред, ки 80, 90 ё 100 сол умр дида, боз ҳам одами нерӯманд боқӣ мемонед. Хӯроки хубу бонизом ва машқҳои доимии ҷисмонӣ ба андешаҳо ва эҳсосоти шумо таъсири калон мегузоранд. Дар дунё зиста дар бораи фароғати хуш ҳам андеша кунед. Зеро фароғати хуш омили нерӯи тоза аст. Бинобар ҳамин, мизони байни кору истироҳатро пайдо кунед; 7. Интизории дуруст. Интизории дуруст усули беҳтарине аст, ки онро бо мақсади ба одами хубу дилписанд табдил ёфтан, расидан ба ҳадафҳои худ истифода бурдан мумкин аст. Интизориҳоятон ба муъҳизаҳои худатон табдил меёбанд. Мунтазир шавед, ки ба одами муваффақ табдил меёбед. Мунтазир бошед, ки одами маъруф мешавед. Мунтазир шавед, ки ба ҳадафҳоятон расида, барои худ тамоми хушиҳои ҳаётро таъмин мекунед. Вақте шумо ҳар натиҷаи хуберо интизор мешавед, ҳаргиз руҳафтода намегардед.
Ноҳияи Ҷ. Балхӣ пешсаф мешавад
1 2 3 4 5 6 7 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
Шаҳр, ноҳия
Мудири бахш
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторова Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 107 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар 15 БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ
Ҷамъи овозҳо
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”
Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
Овозҳо дар ҳафта
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ОЗМУН
№
10
Муваффақият ва хушбахтии шумо дар ҳаёт, пеш аз ҳама, ба худи шумо вобастааст. Хӯроки дуруст ба саломатӣ ва нерӯ мусоидат мекунад. Агар шумо хӯрокҳои гуногун, манфиатнок ва баландсифат истеъмол карда, аз маҳсулоти зараровар худдорӣ кунед, он гоҳ қувваатон дучан афзун мегардад, ҷисматон ба аксари бемориҳо тобовар гашта, беҳтар мехобед, худро солиму хушбахт эҳсос менамоед. Ғизои маънавӣ низ ба монанди ғизои моддӣ характер, шахсият ва тамоми хубиҳои ҳаётатонро муайян менамояд. Вақте шумо ақлатонро бо идеяҳо ва иттилооти хуб, китобу сӯҳбатҳо бо калонсолони хуб ғанӣ мегардонед, бештар ҳамчун шахси дидадаро ба воя мерасед, эътимодатон ба қувваю ғайрататон бештар мегардад, ҳисси шахси арзанда буданатонро баланд мебардоред. Вақте шумо малакаи ақли худро дуруст идора карданро омӯхта, эҳсосот ва андешаҳои манфиеро, ки пешравиатонро мушкил месохтанд, бартараф менамоед, он гоҳ шахсиятатон тағйир меёбад. Машқи ақл ба монанди машқи ҷисмонӣ аст. Бо кӯмаки таҳсил ва таҷриба шумо ба худатон баҳои дуруст дода, рӯҳияатонро мусбат месозед.
2 10
87
52 454
504 39
97 5 48
1 189 58 38
205 90 3 66 223
46
3 5 160 52 2 2 13 2 2 99 12 60
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
НАБЗИ ҶАҲОН
МАҲМУДҶОН УСМОНОВ
Гузашта аз ин, имрӯзҳо парлумони Туркия лоиҳаи як қонуни дигари нестандарҷаҳонро дар даст дорад ва қабул ҳам карданист. Қонун дар бораи аз ҷавобгарӣ озод кардани таҷовузгарон ё истисморгарони ҷинсӣ! Сарвари вакилони Ҳизби адолат ва рушд (ҲАР – ҳизби ҳоким) дар парлумони Туркия Меҳмет Муш гуфтааст, ки ин тасмими онҳо барои бесаробон намондани “қурбонӣ” аст. Қурбонӣ гуфта шахси таҷовузшударо дар назар доранд. “Агар фоил бо қурбонӣ издивоҷ кунад, метавонад аз ҷавобгарӣ озод бошад”- пешбинӣ мекунад лоиҳаи қонуни мазкур. Фоилаш ҳамон таҷовузгар, истисморгар аст. Яъне, дар ин кишвар қонуне рӯи кор омаданист, ки ба навъе таҷовуз ба номус ва истисмори ҷинсиро иҷозат медиҳад. Гуфта мешавад, ки алҳол дар Туркия 6 ҳазор кӯдакони ноболиғи истисмори ҷинсишуда ба қайд гирифта шуда, азоби ҷисмониву равонӣ мекашанд. Ин рақамҳои расмӣ мебошанд, вале азбаски ҷомеаи туркӣ ба маҳрамият ва номус диққати ҷиддӣ медиҳад, на ҳама қурбониён аз вазъи худ дарак додаанд. Аз ин рӯ тахмин меравад, ки теъдоди қурбониёни истисмори ҷинсӣ аз ин ҳам бешта аст. Муаллифони лоиҳаи қонун – ҳайати вакилони ҲАР дар парлумон тасмими худро бо он асоснок кардаанд, ки дин издивоҷи ноболиғеро, ки ҷисман омодааст, иҷозат медиҳад. Чун Туркия кишваре бо арзишҳои исломӣ шинохта шудааст ва аҳолии мусулмонаш ҳам кам нест, сиёсатмадоронаш дӯст медоранд, ки ҳар қарорашонро бо дин асоснок кунанд. Дар ин ҳолат ҳам чанг ба дин зада, беҳаёияшонро навъе пӯшонидан мехоҳанд. “Дин иҷозат медиҳад”, -мегӯянд, аммо намегӯянд, ки дар издивоҷ ва оиладорӣ шуур ва фаҳмиши оила муҳим аст, дарки он муҳим аст, на омодагии ҷинсӣ! Агар чунин қарор қабул гардад, “ахлоқи макиавеллистӣ” ҷомеаро фасод хоҳад кард. Минбаъд ҳар кӣ бо роҳи машруъ бо хостааш оиладор шуда натавонад, ба ҳадафаш бо роҳи ғайримашруъ мерасад. Ҳафтаи гузашта, 18 ноябр, дар он шабу рӯзе, ки дар Туркия баҳси лоиҳаи ин қонун идома дошт, дар Аврупо Рӯзи “Нест бод истисмори кӯдакон!” таҷлил гашт. Яъне, замоне ки Аврупои ғайримусулмон нақшаву барномаҳоеро алайҳи истисмори ноболиғон рӯи даст мегирифт, Маҷлиси миллии Туркияи мусулмонӣ барои ҳимояи таҷовузгарони кӯдакони ноболиғ талош дошт. Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки педо-
филия проблемаи тамоми дунёст. Бино ба тадқиқоте, ки дар 47 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо гузаронида шудааст, ҳар 70-85-ум кӯдаки ноболиғ мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегирад. Ва аз ҳама ҳузновараш ин аст, ки аксари истисморгарон амали хешро бо пардаи дин рӯпӯш мекунанд. Масалан, соли 2002 нашрияи “Boston Globe” дар натиҷаи таҳқиқоти журналистӣ муайян сохт, ки роҳибони зиёди католикӣ ба номуси кӯдакони ба калисо барои таълимгирӣ меомада таҷовуз мекардаанд. Ҳарчанд Ватикан аз ин разолат огоҳ буд, вале чорае намеандешид. Инак, аввалин бор дар таърихи башарият қонунӣ гардонидани разолат бо ташаббуси ҳизбе амалӣ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки чунин шуури паст аз идеологияи салафии ин зумра маншаъ мегирад. Зеро ҳамин амалро дар Нигерия ҳаракати террористии “Боко Ҳаром” низ ба худ раво мебинад. Солҳои зиёд боз расонаҳои хабарӣ аз одамрабоии ин “муҷоҳидони динӣ” маълумот медиҳанд. Чунончи, апрели соли 2014 террорситони “Боко Ҳаром” 276 нафар духтарони мактаби миёнаро рабуда, то ҳол аксари онҳоро ҳамчун каниз ва ғулом нигоҳ медоранд. Доир ба амалҳои ҳамсони ҷоҳилони ҳаракати террористии ба ном исломии ДИИШ ҳам зиёд гуфтаву навишта шудааст. Ҳарчанд шуури салафӣ дини мубини исломро бинобар меъёрҳои ғайриахлоқӣ ва манфиятҳои шахсияш маънидод кардан дорад, вале ҳар нафари соҳибмаълумот ба осонӣ дарк мекунад, ки мояи чунин идрокро ғайр аз шаҳвату ҷаҳолат дигар чизе ҳам ташкил намедиҳад. Гузашта аз ин, педофилия як навъ бемории рӯҳӣ аст. Онро бо ягон дини самовӣ марбут донистан ҳам ҷаҳолат аст. Зеро ҳеҷ як эътиқоди барҳақ истисмори ҷинсиро хоҳ он кӯдак бошад ва хоҳ шахси болиғ, ба ҳеҷ ваҷҳ напазируфтааст. Ҳоло башарият дар як замоне ба сар мебарад, ки назираш дар таърих мавҷуд набуд. Ҳарчанд чунин иллати иҷтимоӣ дар андак қавмҳои гузашта мушоҳида мешуд, вале имрӯз таназзули ахлоқӣ тамоми оламро ба коми худ фурӯ бурдан дорад. Баъзан кас аз худ суол накарда наметавонад, ки оё бо гузашти замон, то рафт тараққӣ ёфтани имкониятҳои технологӣ башарият боз ҳам ҷоҳилтар ва аз фарҳангу одамгарӣ фарсах-фарсах дур мешавад? Роҳи ягонаи наҷот аз ин марази саросарӣ танҳо ва танҳо баланд бардоштани сатҳи маърифат ва идрок нисбати арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад. Ҳар чӣ тезтар дар ин самт чораҳои ло-
зима андешида нашаванд, ҳамон андоза ҷомеа ҳувияти аслияшро аз даст медиҳад.
P.S.: Лоиҳаи мазкур бино бар сабаби раъйи даркорӣ нагирифтанаш ва эътирози зиёди занон дар кӯчаҳои Истанбул қабул нагашт. Ҳоло лоиҳа барои аз нав баррасӣ кардаи базпас гардида шудааст. Аммо сарвазири Туркия Биналӣ Ийлдирим гуфтааст, аз ин тарҳ даст намекашанд, балки кӯшиш мекунанд бо эътирозгарон ба ифоқа бирасанд. МАЪЛУМОТ БАРОИ АНДЕША: • Аз 1,8 миллиард аҳолии ҷавони дунё нисфаш духтаронанд. Аз ин теъдод 600 миллионаш дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд. 116 миллион духтари синни 15-25-сола ҳеҷ гоҳ мактаби миёнаро хатм карда наметавонад. Дар тамоми дунё 66 миллион духтарбача ягон маротиба ба мактаб нарафтааст. Духтарҳо ва занҳои аз 16-сола боло 90 дарсади даромадашонро барои оилаашон масраф мекунанд. Ин рақам дар писарон 30-40 фоизро ташкил медиҳад. • Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳар сеюм духтар барвақттар аз синни 18 издивоҷ мекунад. Агар ягон тағйирот рӯй надиҳад, то соли 2020 издивоҷи 142 миллион кӯдак сурат мегирад. Дар дунёе, ки ҳар лаҳза моил ба дигаргунӣ аст, ҳар духтаре, ки 7 сол таҳсил кардааст, 4 сол дертар издивоҷ карда, 2 кӯдак камтар ба дунё меорад. • Ҳар сол дар Русия ҳазорҳо ноболиғ ба истисмори ҷинсӣ рӯ ба рӯ шуда, 40 дарсади истисморгарони ҷинсии ноболиғон бекорон арзёбӣ мешаванд. • Бар асоси як тадқиқоти олмониҳо соли 2015, ки дар он 8718 мард бо ифшо накардани номашон ширкат кардаанд, чунин натиҷа ба даст омадааст: 5,5% мардон ба робитаи ҷинсӣ бо кӯдакон таваҷҷуҳ доштаанд; 4,1% фантазияи чунин робитаро дар сар доштааст; 0,1% ба таври истисноӣ ба ноболиғон таваҷҷуҳ доштааст; 1,7 % порнографияи кӯдаконро тамошо мекардаанд; 0,8% ба робитаи воқеии ҷинсӣ бо кӯдакон сару кор доштаанд; 0,7% бошад, ҳам порнографияи кӯдакона тамошо мекардаанд, ҳам ба робитаи ҷинсӣ бо ноболиғон машғул мешудаанд. • Тадқиқоти олмониҳо муайян кардааст, ки педофилия дар синну соли гуногун пайдо мешавад: аз 6 то 44сола, синни миёнаи оғози он 17-сола мебошад.
Вақте педофилҳо ҳимоят мешаванд...
Аҷаб гардишҳое дорад рӯзгор, иддае барои аз дасташон нарафтани таноби манфиат сафедро рӯирост сиёҳ мегӯянд. Бархе туфи ба замин афкандаашонро бо забон пас мегиранд. Гурӯҳи дигар барои “исбот”-и қарорҳои аҷоибулғароиби худ ҳарфҳое мегӯянд, ки бо ба ёд оварданаш ё умре механдед ва ё аз ҳайрат даҳонатон боз мемонад. Масалан, тайи се соли охир коршиносони масоили сиёсати байналмилалӣ огоҳ мекарданд, ки ҳукумати Туркия бо сабаби тасвиби баъзе қарорҳои бепояаш сиёсати хориҷияшро хеле тираву хатчадор кардааст. Агар шумо каме ба ҳодисҳои як соли охири Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳ намуда бошед, намунаи бологуфтаҳоро ҳатман дучор меоед. Зеро дар давоми чанд моҳи охир ҳукумати Туркия барои маҳбасӣ гардонидани афроди “нолозим” аз маҳбасхонаҳои кишвар беш аз 10 ҳазор ҷинояткору фасодкорро озод кардааст. Илова ба ин барои таъини кадрҳои “худӣ” аз соҳаи маориф, амният ва ғайра - мақомоти умда, даҳҳо ҳазор нафар аҳли корро сабукдӯш намудааст. Ин ҳолат боис гашт, то сармоягузорони хориҷӣ тасмим бигиранд, соли 2017 бо ин кишвар доду гирифти иқтисодиро коҳиш диҳанд.
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Рӯзи рамзи давлатдорӣ
МЕҲРУБОН ИМОМОВА
Парчам ҳамчун рамзи сиёсӣ таърихиро дар худ фаро гирифта, таҷассумгари худшиносиву худогоҳӣ, баёнгари истиқлолият, сулҳу суббот дониста мешвад. Зеро аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, ки ҳар халқу миллат барои расидан ба ҳадафҳои худ зери ливое муттаҳид гашта, давлатдории худро бунёд гузоштанд. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёд дар тӯли таърих то ин ҷониб зери ливои худ муттаҳид шуда, сангарҳои таърихиро паси сар намудааст. Бояд гуфт, ки қабули парчами навини миллати тоҷик ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва гувоҳӣ аз давлатдории муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ, ки моҷарои дохили кишваро фаро гирифта буд, рост меояд. Аниқтараш моҳи ноябри соли 1992-юм дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу суббот, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар тарҳрезӣ мегардид, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон аз ҷумла парчам қабул карда шуд, ки моҳи ноябри соли 2009-ум бо фармони Сарвари давлат 24 ноябр ҳамчуни рӯзи қабули парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар ҷаҳони муосир тавассути парчам давлатҳо истиқлолияти худро муаррифӣ мекунанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар парчамҳои кишварҳои ҷаҳон дар фазои созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки боиси ифтихори тамоми миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Мулоқоти хонандагон бо адибон Чанде пеш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114-и ба номи Авғон Муллоеви даҳаи Диамон, ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мулоқоти хонандагон бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо ва шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ доир гардид. Гуландом Самадова, директори муассиса ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ аз осори нависандаи халқӣ Кароматулло Мирзоев ёдовар шуда иброз дошт, ки «то имрӯз асарҳои зиёди нависанда ба табъ расидаанд, ки ҳар кадом ба таври худ ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Яке аз вазифаҳои муқаддаси адабиёти даврони соҳибистиқлолӣ бедор кардани ҳофизаи таърихии миллат мебошад. Зеро бидуни шинохти гузашта бунёд намудани ҳаёти зебо ва бо итминони комил қадам задан ба сӯи фардои дурахшон аз имкон берун аст”. Нависандаи халқӣ Кароматулло Мирзо зимни баромади худ изҳор дошт, ки “китобхонӣ бояд ҷузъи муҳими тарбияи насли наврас бошад, чунки онҳо ҳангоми мутолиаи китоб дарси одобу ахлоқро омӯхта, барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебанданд, накӯкору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасанд: «Ҳаётро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тасаввур кардан мумкин нест. Китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсӯҳбати мувофиқ мебошад. Китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаву дониши донотарин доноёнро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, бояд шумо - наврасон, ба қадри китоб бирасед, вақти пурқимати худро
ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонед, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи шумо нагардад». Меҳмон Бахтӣ шоири халқӣ бо хушҳолӣ зикр кард: “Ман аз истиқболи гарму самимӣ ва хушҳолии хонандагону омӯзгорони ин даргоҳи илму адаб хело шод гаштам. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми мо ташнаи шеър ва дидори адибанд. Чунин муносибати гарму самимӣ ва дилбастагӣ ба шеър ба шоир руҳу илҳоми тоза мебахшад”. Дар охир хонандагони фаъоли ин даргоҳи илму маърифат аз эҷодиёти Кароматулло Мирзо ва Меҳмон Бахтӣ шеърҳо ва порчаҳо аз ҳикояву повестҳояш қироат намуда, ба иштирокчиён руҳияи хушҳолӣ бахшиданд. - Ман аз ин мулоқот бо шумо -
хонандагони азиз, хело шод гаштам, чунки дар чеҳраи якояки шумо хонандаи дӯстдоштаи худро мебинам. Порчаҳои қироатнамудаи шумо аз асарҳои навиштаи ман гувоҳи ин гуфтаҳост, - бо хушҳолӣ гуфт Нависандаи халқӣ Кароматулло Мирзо. Тавре омӯзгорон иброз доштанд, мулоқоти мазкур тавонист бори дигар хонандагон, омӯзгорон, волидайн ва аҳли адабро бо ҳам биёрад. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки чунин мулоқотҳо бо адибон бештар барпо гардад ва насли наврас бо онҳо аз наздик шинос шаванд. Чунки ин гуна вохуриҳо шавқи наврасонро ба адабиёт зиёдтар намда, онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстиву ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои милливу фарҳангӣ тарбия менамояд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Санадҳо - кафолати фаъолияти сайёҳӣ
Туризм аз рӯзгори пешин барои пешрафти ҷомеа аҳамият дошт. Онро метавон чун намуди фаъолияти тафреҳӣ-меҳнатии инсон аз замоне, ки таърих бо пайдоиш ва тараққиёти тамаддунҳо оғоз меёбад, мансуб донист. Он дар ташаккул ва тараққиёти тамаддуни ҷаҳонӣ, ба монанди тамаддунҳои маҳаллӣ, аз қадим нақши бузурге бозидааст. Саноати ҷаҳонгардӣ ва саёҳат дар аҷдоди мо аз замонҳои бисёр қадим пайдо шудааст. Инсон дар тӯли таҳаввулоти иҷтимоиаш ба дарки олами атроф ва кашфи сарзаминҳои нав барои рушди тиҷорат, фатҳ ва аз худ кардани заминҳои нав, кашфи манбаъҳо ва дастрасӣ ба роҳҳои нави нақлиёт шавқу рағбат дошт. Дар аксари одамон майли дидани мавзеъҳо, кишварҳо ва шиносоӣ бо ҳаёт ва расму оини халқҳои дигар вуҷуд дорад. Ҳамаи ин омили зуҳури шаклҳои гуногуни саёҳат гардид. Тибқи маълумоти омории Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар зарфи даҳ соли охир афзоиши ҳаҷми туризми байналмилалӣ мушоҳида мегардад. Рушди туризмро дар дилхоҳ давлат бе таъминоти базаи зарурии ҳуқуқӣ бунёди таҳкурсии қонунгузорӣ тасаввур намудан мумкин нест. Қобили тазаккур аст, ки кафолати баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ дар моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мутобиқи ин модда «Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». Асоси инкишофи иқтисодии ҷомеа иқтисодиёти бозоргонӣ мебошад. Ин муқаррароти конститутсионӣ муқаррароти заминавии базаи ҳуқуқӣ барои баамалбарории фаъолияти сайёҳӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ҳамзамон, қонунгузории сайёҳӣ маҷмӯи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқие мебошад, ки ба воситаи он муносибатҳои сайёҳӣ ба танзим дароварда мешавад. Низоми санадҳои меъёрии ҳукуқии батанзимдарорандаи фаъолияти сайёҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқ бошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ то ин дам маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки бевосита ба рушди туризм дар мамлакат мусоидат менамоянд. Ба онҳо пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи туризм", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дар бо-
раи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,"Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015- 2017", қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 3 майи соли 2014, №301, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 сентябри соли 2015, №564 ва монанди онҳо дохил мешаванд. Қабули меъёрҳои ҳуқуқии зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон базаи зарурии ҳуқуқии рушди туризм вуҷуд дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” 3 маротиба бо ташаббуси Кумита ва Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки барои беҳдошти фаъолият дар соҳа созгор мебошанд. Бо мақсади такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ корбарӣ шуда истодааст. Ҳоло сохторҳои давлатию хусусӣ барои рушди соҳаи туризм дар асоси қонунгузории амалкунанда ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷоя доранд, ки ин омили мусоидаткунанда марҳила ба марҳила барои ба раванди ҷаҳонии туризм шомил шудани давлатамон мегардад.
Абдукарим ҚУРБОНОВ, сармутахассиси Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Олег Егоров шаҳрванди Федератсияи Русия, сокини шаҳри Маскав, ҳамзамон донишҷӯи бахши чоруми Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав мебошад. Чанде пеш ин ҷавони сайёҳатдӯсти рус аз кишвари мо дидан кард. Ҳангоми суҳбат ӯ таассуроташро доир ба Тоҷикистони азиз чунин баён дошт: - Чун аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва диёри тоҷикон огаҳӣ доштам, дар дилам орзуву ҳаваси аз наздик ошно шудан бо он пайдо гардид. Бо ин ният ва бо мақсади омӯхтани забони тоҷикӣ, ки барои аз худ кардани он бисёр майлу рағбат дорам, ба Тоҷикистон омадам. Сайёҳатро ки дӯст медорам, пештар аз якчанд кишварҳои олам, аз қабили Британияи Кабир, Булғористон, Ҳиндустон, Белорусия дидан кардаам. Лекин, он гуна меҳмоннавозие, ки тоҷикон доранд, дар ягон давлати дигар мушоҳида намешуд. Дар ҳақиқат тоҷикон тавонистанд урфу одати маънавию милии хешро аз насл ба насл мерос монанд. Муҳаббате, ки тоҷикон ба меҳмон доранд, дар ҳеҷ як миллати дигар дида намешавад. Дастархони пур аз неъмати тоҷикӣ касро дар ҳайрат мегузорад. Чун сайёҳатам аз ноҳияи Фархор оғоз шуд, бовар ҳам намекардам, ки як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон ин қадар ҷои зебову замонавӣ бошад. Аз осорхонаи Фархор ва ҷойҳои таърихии он дидан кардам. Он ҷойҳо ниҳоят диққатҷалкунандаанд ва таърихи куҳан доштани миллати тоҷикро инъикос мекунанд. Бо чанде аз ҷавонони Фархор дар муддати кӯтоҳ мисли ёру бародар шудам, ки ин аз меҳмондӯстӣ ва эҳтироми хосаи онҳо ба сайёҳон дарак медиҳад. Бо бародарони фархории худ сайёҳатмаро идома додам. Минбаъд аз мавзеҳои таърихии Тоҷикистон- қалъаи Ҳулбук, оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ дидан карда, оиди таъриху тамаддуни халқи тоҷик тасаввуроти бештар пайдо кардам. Дар Тоҷикистон диққати маро бештар сару либоси миллӣ ва зебои тоҷикӣ ҷалб намуд. Дар ҳақиқат онҳо танҳо хоси тоҷикон мебошанд. Ин ҷо мардум бештар либосҳои миллии худро ба бар мекунанд, ки ин анъана дар дигар кишварҳо кам ба назар мерасад. Бемуҳобо мардуми шумо, махсусан занҳо бо тарзи либоспӯшӣ ва татбиқи анъанаҳои миллии худ метавонанд аз дигар миллатҳо фарқи зиёд дошта бошанд ва дигар сайёҳонро низ дар ҳайрат гузоранд. Тоҷикистон бисёр кишвари амну зебо аст. Ободкориву бунёдгарӣ дар кишвари шумо хуб идома дорад. Бешак, дар чанд соли наздик Тоҷикисон ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил меёбад. Барои тамошои Тоҷикистон ҳеҷ мушкилие пеш наомад. Ҳарчанд Тоҷикисон қадамҳои нахустини худро дар самти сайёҳӣ гузоштааст, лекин ин қадамҳо ниҳоят устувор ва бо муваффақ мебошанд. Кишвари офтобии шумо, бо ин ҳама манзарҳои дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, ҷойҳои таърихӣ, рӯду наҳрҳо, умуман бо ин ҳама имкониятҳои васеъ дар чандсолаи наздик дар соҳаи сайёҳӣ яке аз муваффақтарин кишварҳо мешавад. Ватани шумо сарзамини назаркардаи Худост. Шод ҳастам, ки дар як гӯшаи хотиротам манзараҳои дилнишини Тоҷикистон сабт ёфтааст. Аз ин рӯ, ба тамошои ин диёри офтобӣ агар имкон шуд, дубора сафар хоҳам кард. Сайдаҳмад ИСМОИЛОВ, рӯзноманигор
Онҳо мехоҳанд, бо таблиғи “ғояҳои исломӣ ва пуштибонӣ аз аркони он” мардумро фиреб диҳанд. Лекин амалу кирдори онҳо ҳамеша нишон медиҳад, ки ин ҳизб аз замони пайдоишаш танҳо барои як ҳадаф - расидан ба сари қудрат кӯшиш мекунаду халос. Қудратхоҳии ҳамин ҳизб буд, ки дар солҳои навадум кишвар ба минтақаҳо ҷудо шуд ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду аланга гирифт. Вале ҳамеша некӣ бар бадӣ ғолиб меояд ва далелаш шармандавор мағлуб гаштани ин аҳриманнажодон дар ин ҷанги таҳмилии бародаркуш мебошад. Бо ин ҳама русёҳӣ ва авомфиребӣ ҳамоно манфиатҳои маблағгузорони худро ҳатто бо қиммати ҷон ҳифз мекунанд ва мехоҳанд дар Тоҷикистон боз ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намоянд, албатта бо дастгирии хоҷагонашон. Бо ин амалҳо борҳо собит кардаанд ва кардаистодаанд, ки хизматгори ҳалқабагӯши хоҷагони худ ҳастанд ва аз онҳо канданӣ надоранд. Вақте ба сомонаи тундгарои ин ҳизби террористӣ сар мезанем мебинем, ки хабару гузоришҳои бардурӯғ ва хушомадгӯёна бо ишора кардани кадом як созмон ва ё ширакати номаълум гузошта шудаанд. Масалан, чанд хабару гузорише, ки рӯзи 17-уми моҳи ҷорӣ дар сомона гузошта шудаанд, далели ин гуфтаҳост. Чунин омадааст, ки “Тоҷикистон дар феҳрести кишварҳое омадааст, ки саёҳат хатарнок аст. Ширкатҳои сайёҳии International SOS ва Control Risks чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбакситон, Туркманистон ва Қирғизситонро ба феҳристи давлатҳое шомил намуд, ки саёҳат ба ин қаламрав бо хатарҳо тавъам аст.” ё “Тибқи як назарсанҷие, ки созмони Transparency International нашр кардааст, дар Тоҷикистон бештар аз ҳар кишваре пора медодаанд. Беш аз 50
дарсади пурсидашудагон иқрор кардаанд, ки дар ҳамин наздикӣ пора дода буданд”. Ин гуфта ва манбаҳои зикршуда дуруғ ва беасос будани суханҳои овардашударо ба таври возеҳ нишон медиҳад. Шумораи сайёҳон дар кишвари азизамон сол аз сол ба тадриҷ афзуда истодааст. Шароитҳои лозима низ дар сатҳи ҷавогӯ ба сайёҳон муҳайё карда шудааст. Вуруди ҳамарӯзаи сайёҳон худ далели гуфтаҳост. Ва ё аз пурсиши бедараки пурсишшавандагон доир ба додани пора. Дар ин матлабҳо мебинем, ки онҳо бо истифода аз бӯҳтон, дурӯғ, ҳимояи манфиати хоҷагони худ номи кишвару миллати моро ҳамеша ба пастӣ мебаранд. Бо суханҳои бедалел ва дурӯғҳои ҳангомадор мехоҳанд, диққати мардумро ба худ ҷалб созанд. Бо обу ранг додани дурӯғҳои худ мехоҳанд ҳақиқатро аз мардум дур намоянд. Вале имрӯз мардум ба таври дақиқ чеҳари аслӣ ва дурӯғини ҲНИТ ва пайравони онро шинохтааст. Мардуми саодатманди тоҷик имрӯз дарк кардааст, ки ин тундгароён ба ҷуз расидан ба хостаҳои худ дигар ҳадафе надоранд. Бо пахши ҳазорҳо хабару гузоришгунаҳои бемантиқ, муғризона ва дурӯғ дигар онҳо барои худ ҷойгоҳе нахоҳанд ёфт. Ба ҳамаи мо аён аст, ки онҳо манфиат гуфта пеш аз ҳама ҷайбҳову нафсҳои худро ба назар мегиранд. Миллати бедор ва ҳушёри тоҷик дигар ба ҳеҷ ваҷҳ гӯш ба чунин сафсатаву бӯҳтонҳо намедиҳад. Зеро кайҳо боз аъмоли бешарафонаи роҳбарону пайравони ҲНИТ ба ҳамаи мо маълум аст. Онҳо бо бегонапарастӣ пардаи номусу ҳаёро аз руӣ худ бадар карда, коре ҷуз хиёнат надоранд. Давлатбахт НАБИЕВА, муаллими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
Онҳо коре ҷуз хиёнат надоранд
Сайёҳи рус: Ватани шумо сарзамини назаркардаи Худост
Аъзои фирории ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз фирори худ, бо ёрии хоҷаҳои хориҷиашон сомонае бо номи “паём. нет” созмон дода, пйравонаш дар он пайваста изҳороту баёнияҳои беасос нашр мекунанд. Онҳо барои худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон намудан хабару гузоришҳои ҳангомаҷӯёна, муғризона ва бардурӯғро паҳн менамояд. Ҳайати “эҷодӣ”-и сомонаи мазкур худро донандаи ҳама соҳаҳо ҳисобида, аз худ пайваста диншинос, таҳлилгар, ҳуқуқшинос, сиёсатмадор метарошанд. Онҳо худро чунин вонамуд мекунанд, ки гӯиё пайваста дар ғами миллати тоҷиканд. Вале дар асл, агар ба таҳқиқ назар афканем мебинем, ки онҳо пайваста он манфиатҳоеро таблиғу ташвиқ мекунанд, ки ҳамагӣ бар зарари миллати мо мебошад. Ин пайравони ҳизби мамнуъ ва террористӣ ҳизби худро байни мардум ҳамчун ҳизби исломӣ муаррифӣ намуда, аз номи исломи ноб сӯистифода мекунанд.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
Парчами сулҳат баланд афрохтем
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Истиқлоли кишвар Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд. Парчами мо парфишон шуд, миллати мо шод шуд, Бо талоши Сарвари мо мулки мо обод шуд. Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд. Булбулон дар чаҳчаҳа, гулдухтарон рақсон шуданд, Тифлакони дӯстрӯ монанди гул хандон шуданд, Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.
Парчами мо Ба баландтарин парчами рӯи олам.
Парчами коваёнӣ Сафи ба саф бародарон, Ба зери боли парчамем. Ба ҳам ҳамеша дӯст, дӯст, Ба ҳам ҳамеша ҳамдамем.
Агар, ки нест парчамат, Ватан, ту бенишонаӣ. Ватан, Ватан, ба парчамат Ту зеби сад фасонаӣ.
Монанди гули чаман лаби хандонат, Бишкуфта ба рӯи шаддаи дандонат. Бо ёди рухат то ба саҳар бинвиштам, Як дафтари бӯсабайтии девонат.
Зи Кова парчам аст ёд, Барои халқ умрбод. Намози Сулҳ хондаем, Ба пои парчами мурод.
Зи Кова парчам аст ёд, Барои халқ умрбод. Намози Сулҳ хондаем, Ба пои парчами мурод.
Марзи Ватан
Ҷон Ватан, обу дони мо, Ҳастии мо, нишони мо. Ханда ба барг-барги гул, Нур ба дидагони мо. Ҳифз кунем хоки ту, Обу ҳавои поки ту. Ҳамчу ниҳол рустаем Аз дили нарми чоки ту. Пир куҷо? Ҷавон Ватан, Роҳати ҷисму ҷон Ватан. Сархати шеъри ноби ман, Сархати достон Ватан. Марзи Ватан макони мост, Ҷаннати ҷовидони мост. Устуни сабзи осмон Парчами гулфишони мост.
Хидмати Парчам Саф баста мо ҳамеша Бар даври парчам астем. Пайгири Оли Сомон, Шодем, бо ҳам астем. Парчам бувад ба мо дӯст, Парчам бувад ба мо ёр. Эй халқ, парчаматро Чун гавҳарак нигаҳ дор. Ҳар паҳлавон ба парчам Пар мезанад ба майдон. Монанди парчами хеш Зебост Тоҷикистон. Ҳафт ахтар асту як тоҷ Пурҷилва рӯи парчам. Ду дидаи муҳаббат Дорем сӯи парчам.
Аз ҷоми лабат шароби гулфомам деҳ, Дар зулфи шабат паноҳ аз шомам деҳ. Қалбам бирабуд чашми бодомии ту, Аз хонаи чашми хеш бодомам деҳ.
Барори кор, халқи ман, Ба парчамат равон туӣ. Ҳазорсолаҳо бизӣ, Зи насли ориён туӣ.
Аз чор сӯи шаҳр аст Чашми ҳама ба сӯяш. Хуршеду моҳ моланд Рӯи накӯ ба рӯяш.
Чун посбон ба по рост Рахшанда парчами мост. Фавворасон шабу рӯз Рақсанда парчами мост.
Лабони нӯши ту оби ҳаёт аст, Ба ширинӣ чу қанд асту набот аст. Лабони чун Арал хушкидаамро Лаби майгуни серобат наҷот аст. Биё, лаб бар лабонат монам, эй гул, Наво бишнида, ҳарфат хонам, эй гул. Лаби оҳанрабосонат лабамро Кашад, осуда гардад ҷонам, эй гул.
Марзи Ватан макони мост, Ҷаннати ҷовидони мост. Устуни сабзи осмон Парчами гулфишони мост.
Зеби замона парчам, Поянда ҳасту ҷовид. Озод пар заданҳош Бошад барои мо ид.
Дубайтӣ ва рубоиҳо
Зи Кова парчам аст ёд, Барои халқ умрбод. Намози Сулҳ хондаем, Ба пои парчами мурод.
Чун посбон ба по рост Рахшанда парчами мост. Фавворасон шабу рӯз Рақсанда парчами мост.
Чун посбон ба по рост Рахшанда парчами мост. Фавворасон шабу рӯз Рақсанда парчами мост.
Саъдулло ҲАЙДАРӢ
Тоҷикистон Тоҷикистон кишвари мо, ҷони мо, Курси нонат зеби дастархони мо. Қурти обатро зи Замзам фарқ нест, Гарди хокат сурмаи чашмони мо. Мо зи сангат қасри миллат сохтем, Парчами сулҳат баланд афрохтем. Ҳамрадифи Зӯҳраву Хуршеду моҳ Хешро аз ваҳдатат бишнохтем. Кӯҳҳои сарбаландат ҳар замон Нардбони мост сӯи осмон. Дар ҳақиқат, эй Ватан, эй сарнавишт, Бе ту моро нест ин ному нишон.
Парчами Тоҷикистон Парчамат ҳар дам парафшон, Тоҷикистони ҷавон, Парчами номусу нангу парчами озодагон. Ёдгори аҳли Сосон, то ба Сомон з-Ориён, Коваёна, рустамона, парчаме аз рафтагон. То бимонад миллати бас сарбаландам ҳар замон, Бихраду воломақому некандеши ҷаҳон, Зиндаву пояндадори суннати Нушервон. Базмҳову размҳову навҳаҳо ҳам дидааст, Дар зафарҳои хунин хуршедсон хандидааст. Ҳамраҳи Сӯҳроби ял дар хок ҳам ғалтидааст, Чун ниҳоли орзуҳо ӯ зи нав сабзидааст, То ба ин дам, ки ливои тоҷикон гардидааст, Парчамат ҳар дам парафшон, Тоҷикистони ҷавон Парчами номусу нангу парчами озодагон. Низом АБДУҶАЛИЛОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Њимояталабї, Китоби «зораю …» муќадда-
Офати табиї
Муќобили лалмї
Асбоби Кос- Бањр дар мусиќии та-... Осиё ѓарбї
Як хел захми пўст
Яроќи Калашников …у якуми март Наврўз
Хошок
Мошини Нависандаи хољагии инглис, муалќишлоќ лифи "Маугли"
Бе он Овозхони Русия футбол ... Сой намешавад
Нафас
Шайтон
Љангал дар Эрон
Њокими шањр
... Насафї, шоири классик
Тарс, дањшат
Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон
Њиссачаи
Миллат ифодакунандаи Асбоби дар Ќафќоз њайрат
Гулоб
Шањр-бандари машњури Њиндустон
Канали №1 дар Русия Таоми миллии тоторї
Давлати ќадим дар Африќо
«Љануб» ба истилоњи бањрчиён
чўбтарошї
Аз љинси лўбиё Одатшуда, муќаррарї
... Кошевой, "Гвардияи љавон"
Тайёраи љангии русї
Номи ќадимии Амударё Дору барои љароњат
Љумњурї дар Русия, пойтахташ Махачкала
Муаллифи "Духтари оташ"
Асбоби мусиќии тории калони секунљашакл
Хариду фурўши мол
Зоти тўтї
Монанд, мисл Тарабхонаи хурди эстрададори аврупої
Тунду тез, асабонї
Алав
Дар мактаб 45 даќ. аст
«... гањвора то гўр дониш биљўй»
Њадя, бахшиш
Мухтасари воњиди дарозї
Онњоро ба мактаб даъват мекунанд
Њарфи алифбои ниёгон
«…и кўдакон», маљалла
Парлумони Украина
Атоми заряднок
Баландии садо
Нота Авлодї, меросї
Њикояи Тургенев дар бораи сагча
Муќобили «динагї»
Маза
Кисабур
Ширеш
Ќатори нотањои мусиќї
Тамѓаи хокаи љомашўї
Аломати математикї
Ќиблагоњи пайѓамбар (с)
Номи зани Горбачёв
Тухми моњї (русї)
Рангубори рўи актёр
Сарњадбон
Хурмо … аз ансамбли «Гулшан»
Номи кўдаки рўзи ид таваллудшуда
Эътибор, иззат
Маркази вилоят дар Украина
Шањри ќадимаи арманї
Хонавода
Пешво, сарвар
Пайвандак Ранги ялаќќосии пойафзол
Нависанда ё шоир
Нидои мухлиси футбол Ќаторкўњ дар Амрикои Љанубї
Пойтахти Канада
Рада, ќатор дар замини кишт
Зидди ѓарб Баланд... и нитарин коњ, пардаи ањднома овоз
Ситам, зулм
Мошини њарбї
Яке аз шањрњои асосии Туркия
Доду фарёд
«Шарќ» ба истилоњи бањрчиён
... и Сомон
си зардуштиён
Максим ..., нависандаи рус
Мусиќии замонавии љавонон
Ноњияи Ѓарм имрўз
Шањри истироњатї дар Русия
Адади номаълум
Мавзеи шоњон дар назди Париж
Актрисаи њиндї
"Нафси бад - ... и љон"
... «Новости», расонаи хабарї
Азоб, шиканља Забони сунъї
Никулин -…Моргунов
Сарбози Бухоро
15
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
САНҶИШИ ДОНИШ
Сканворд
Њошим ..., актёр ва режиссёри тољик
"Мантиќ-... тайр"-и Аттор
Њиссачаи розигї
Mg, унсури кимиёвї
16
СЕҲРИ ХОМА
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Беморхона. Ҳамшираи шавқат ба духтур: -Духтур, бемори 7-ум палата аҳволаш дақиқа ба дақиқа бад шудаистодааст. Духтур бо ғазаб ба ҳамшира мегӯяд: - Чунин ноумедона гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт: Бемор аз ҳафтум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шудаистодааст. Рӯзи дигар ҳамшира бо овози оромона ба духтур мегӯяд: -Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки мурдааст…
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №47 (9473), 24.11.2016
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Барои чӣ ҷанг аст?! Суҳбат бо хонандагони синфи панҷум буд. Биступанҷ тан бо шавқ гӯш мекарданд, ки чӣ мегӯям. Ногаҳон духтари фаъоли гурӯҳ даст боло карда: “Муаллим, мумкин аст, як савол диҳам?”. Ҳарчанд мавзӯи мо ба ҳифзи табиат алоқа дошт, тамоман чизи дигар пурсид хонанда. - Мумкин - гуфтам ман, ба чашмони Нафиса нигариста. Духтарак, дар ҳоле ки дар чеҳрааш осори андӯҳ мушоҳида мешуд, пурсид: - Муаллим, барои чӣ дар дунё ҷанг аст? - Дар дунё ҷанг нест, куҷоро дар назар дорӣ? – пурсидамаш бо ҳайрат. - Не, муаллим, ҳар шаб вақте бо аҳли оила телевизиор тамошо мекунем, ҳама ҷо куштор аст. Ҳар шаб баранда мегӯяд, ки даҳҳо кӯдакону занони бегуноҳ мемиранд-ку? Фақат расми кӯдакони оғуштаи хунро нишон медиҳанд. Падарам мегӯяд, дар ин ҷангҳо фақат аҳолии беҳимоя кушта мешаванд. Муаллим, магар мардуми бегуноҳро ягон кас ҳимоя намекунад? Ба чашмони кӯдак нигариста гумон кардам, ки ин гуна суолҳо зиёд дорад. Гулӯямро буғз пур карду лаҳзае ба фикр рафтам. Хостам ин саволро фарёдзанон ба осмон бигӯям, ки тамоми саркардаҳои ҷанг бишнаванду қалбашон ба ларзиш ояд, агар қалб дошта бошанд! Аммо... - Нафиса мехоҳӣ дар дунё ҷанг набошад?- пурсидам аз хонанда. - Бале, муаллим, мехоҳам фақат гунаҳкорон ҷазо бинанду мардуми бегуноҳ ва кӯдакон шод зиндагӣ кунанд. Ҳамин вақт садои занг баланд шуд. Маъюсона синфхонаро тарк намудам. Ба Нафиса нигаристам, ки аллакай ба даву този худ машғул аст. Тӯли рӯз аз ҳар рӯзгордида девонавор савол мекардам: “Барои чӣ дар дунё ҷанг аст?!”
МЕҲРОБ АЗИМОВ
***
Марде болои хараки пеши дари ҳавлиаш мавиз хӯрда нишаста буд, ки як ҳамсояаш омада пурсид: -Ҳамсоя, чӣ хӯрдаистодаед? -Не, намешавад.- гуфт мард. -Ин чӣ хел ҷавоб?! -Ҷавоби дуруст. -гуфт мард. -Чи хел дуруст, ки аз гапатон ҳеҷ чиз фаҳмида намешавад? -Агар бисёр фаҳмидан хоҳӣ, мегӯям. Пурсидӣ, ки “чӣ мехӯрам”, агар ман мавиз гӯям, “камакак те” мегуфтӣ, ман мегуфтам“худаш кам” ту боз мегуфтӣ “ақалан ду донаяк”, ман “не, намешавад” мегуфтам. Барои ҳамин, ҷавобро кӯтоҳ карда “не, намешавад” гуфтаму мондам.
***
Олиме рӯи миз китоб паҳн карда, машғули навиштан буд. Писарчааш дид, ки падараш китобҳоро варақ зада, чизе менависад. -Падар, чӣ менависед?- гуфта пурсид. -Китоб,- чавоб дод олим. -Китобро аз рӯи китоб менависандмӣ?- боз пурсид бача. -Ҳа, писарам, -гуфт олим, – аз одам одам мерӯяду аз китоб китоб.
Исфандиёр НОСИРОВ, рӯзноманигор
ЭЪЛОН
ОБУНА - 2017
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Дипломи гумшудаи Маҷидова Гулнисо Абдуллоевна, ки соли 1990 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон додааст, эътибор надорад.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Шиносномаи гумшуда (А6317305), ки онро ШКД-и ноҳияи Сино 15.03.2011 ба шаҳрванд Раҳмонова Меҳриниссо Сангимуродовна додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
Иттиҳодияи волидон ва мураббиёни ширхӯргоҳи Кӯдакистони №18 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, фаъолияташро қатъ мекунад.
СӮГВОРӢ
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба сармуҳаррири нашрияи “ЩИТ” профессор Давлатхӯҷа НАЗИРОВ наисбати даргузашти БАРОДАРАШ изҳорӣ ҳамдардӣ намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6511 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»