ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
javonon.tj
1
НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №48 (9578), 29/11/2018
e-mail: javonontj@mail.ru
Марги хомӯш саҳифаи
4
Пайравони Пешвои миллатем саҳифаи 5 Саёҳати рӯзноманигорон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ҳуҷҷат - кафолати бокирагӣ?!
саҳифаи
6
саҳифаи
7
Аз дарвозабонӣ то доварӣ саҳифаи
Парчам - сарвати муқаддаси маънавии ҷомеа
Ҷавониро чи тавр бояд истифода кард?
Имрӯз шояд ягона марзе, ки муҳофизат карданаш душвор аст, марзи иттилоот бошад. Зеро иттилоот ба майна ва шуури инсон кор дорад. Ва муҳофизат кардани шуури одамон ҳам кори чандон осон нест. Ин дар ҳолест, ки сели ахбори аз берун ба фазои ин ё он давлат воридшаванда иттилои бесамту беҳадаф нест. Онҳоро ниҳодҳои алоҳида бо ҳадафу миқдори муайян паҳну интишор мекунанд. Зеро медонанд, ки “иттилоот ин ҳокимият аст”. Ва ҳар ки иттилои бештар дорад, қудрати идора кардан дорад, қудрати ба даст гирифтани шуури дигаронро соҳиб аст. ...Аҷиб ин аст, ки на метавон “ахбор ҳадафноку ғаразнок будааст” гуфта, худро тамоман дар инзиво ва гӯшаи бехабарӣ шинонд, на метавон аз таъсири бади сели ахбори ғаразноку ҳадафнок эмин монд. Худо нигоҳ дорад, вагарна ба манқурту роҳгумзадае табдил ёфтан бисёр осон гаштааст.
саҳифаи
9
11
2
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ
Парчам - сарвати муқаддаси маънавии ҷомеа Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Ҳамватанони азиз! Ҳар сол бисту чоруми ноябр дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин ҷашни фархунда ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, орзуманди он ҳастам, ки Парчами давлатии мо дар фазои орому осудаи мамлакат ҳамеша роҳнамову роҳкушои мардуми шарафмандамон ба сӯи ояндаи неку осуда бошад. Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад. Сокинони заҳматқарину созандаи мо ба ин дастоварди бузург таҳти парчами парафшони давлати соҳибистиқлоламон ноил гардиданд ва ин иншооти бузурги асрро бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва умед ба фардои боз ҳам ободу пешрафтаи ватани азизамон бунёд карда истодаанд. Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд. Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон бо ин, барафрохта шудани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон дар гӯшаву канораҳои гуногуни кишварамон гувоҳӣ медиҳад. Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд. Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем. Итминон дорам, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо парафшонии Парчами давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми ҳамватанонамон самимона табрик мегӯям, ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллӣ орзу менамоям!
Мулоқот бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов 20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад. Дар оғози суҳбат Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки “ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардумони тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз бо шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон
ҚАБУЛИ ЭЪТИМОДНОМА АЗ 12 САФИРИ НАВ 20 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ - Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму
амалӣ гардид”. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои мо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд. Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитариро муҳим шуморида, онро воситаи асосии баҳамоии мардумони дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод карданд. Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ, аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд, зарур шумурда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. Дар такя ба он мо бо ҳамаи кишварҳои хориҷии дуру наздик муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои ҳавзаи
минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтика, бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва бо кишварҳои фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд. Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд. www.president.tj
ВМКБ
Парчам – таҷассумгари умеду ормонҳои миллӣ
Зери ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев (ДДХ) конференсияи илмӣ – амалӣ доир гашт. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова, декани факултети таърих ва ҳуқуқ Лола Назархудоева, мудири шуъбаи илм ва инноватсия Ҳабиба Элназарова ва дигар устодону донишҷӯён ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш Т. Содатқадамова аз ҷумла чунин
гуфт: “Ливои миллии мо нишонаи соҳибихтиёрии давлат, аломати соҳибватан будани ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад. Парчами давлатӣ таҷассумгари хусусиятҳои таърихӣ, нишони давлатдории гузаштаи тоҷикон инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва ормонҳои тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад. Барои хурду бузурги мамлакат Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот, тимсоли Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ буда, мардумро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят мекунад”. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳар як сокини
Тоҷикистонро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд. Дар идомаи конференсия профессори донишгоҳ Элбон Ҳоҷибеков, номзади илмҳои таърих Гулмоҳ Сафдарқулова, донишҷӯи курси якуми шуъбаи таърихи ДДХ Туйхон Саидзод дар мавзуъҳои “Парчамҳои таърихии Тоҷикистон”, “Парчами соҳибистиқлоли Тоҷикистон” ва “Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолӣ” маърӯза намуданд.
Силсилачорабиниҳо дар Ванҷ Бахшида ба Иди Парчам масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ дар МТМУ – и № 4 ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев бо ҷавонони идораю муассисаҳои ноҳия ва хонандагони мактаб мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба арзиш ва муҳиммияти рукнҳои асосии давлатдорӣ, таърихи Парчам, Дирафши (штандарт) президентӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ маълумот дода шуд. Ҳамчунин байни идораю муассисаҳои ноҳия ва сохторҳои қудратӣ мусобиқаи футбол доир
гашт, ки дар он ҳашт даста байни ҳам рақобат карданд. Мувофиқи натиҷаҳои даври ниҳоӣ тими “Бахши ҷавонон” ҷойи якумро ишғол намуда, ғолиби мусобиқа шуд. Зинаҳои дуюму сеюм бошад, насиби дастаҳои “ШВКД” ва “Хадамоти оташнишонӣ” гардиданд. Дар фарҷом аз тарафи бахш ба ғолибон мукофотпулӣ, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гашт. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
ДУШАНБЕ
Парчам – рамзи шарафмандии давлатдории миллӣ Зери ин шиор, 24 ноябр дар шаҳри Душанбе бхшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Ҷамъомад бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он , намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии мамлакат, варзишгарон – ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии мамлакат ба иштирокчиён қироат намуд. Ҳамзамон муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ
3
АХБОРИ ҲАФТА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
ҳамагонро табрик намуда, иброз дошт, ки сокинону пойтахт ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат барои ободии шаҳр заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи он талош хоҳанд кард. Дар охири чорабинӣ Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ муроҷиатномаи иштирокчиёни ҷамъомадро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуд: «Мо наврасон, ҷавонон ва варзишгарон дар Ватани маҳбуби худ ба туфайли сиёсати некбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи созандагиву бунёдкорӣ ворид гардидем. Дар ин марҳилаи нав вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ беш аз пеш саҳмгузор бошем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои истиқлолияти давлатиро ҳарчи бештар тарғиб намуда, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбият гирем ва хислатҳои неки инсониро тараннум созем». Бахшида ба ин рӯзи фархунда дар майдони боғи «Парчами миллӣ» беш аз 8 ҳазор нафар қишри гуногуни ҷомеа ҷамъ омада, ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангиро тамошо намуданд.
Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши ҷавонон доир гардид Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба муносибати ба кор даромадани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва Рӯзи Парчам таҳти унвони “Тоҷикистон, Пешво, Парчам, Роғун” ҳамоиши ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҳамоиши ҷавонон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихор доштан аз давлатдории навин мебошад. Бо истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун”, ки барои ҳар як фарди худшиносу худогоҳ мояи ифтихор аст, сатҳи зиндагии мардуми тоҷик беҳ гардида, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон ба зиндагии шоиста ноил мегардад. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тарбия намудани ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ арзёбӣ шуд. “ҶТ”
ХАТЛОН
Намоиши ҳунарҳои дастӣ дар шаҳри Бохтар
Бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчам бо иштироки занон ва ҷавондухтарони фаъоли шаҳр намоиши ҳунарҳои дастӣ баргузор гардид. Дар он занони фаъолу ҳунарманди шаҳри Бохтар маҳсули
дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Гуфта шуд, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуда, имрӯз дар гӯшаву канори шаҳр ва маҳаллаҳо марказҳои дӯхти либосҳои миллӣ ва омӯзиши дигар ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст.
Ришваситонӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар мавзӯи муқовимат бо коррупия суҳбати гирди миз доир гардид. Чорабинӣ бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо коррупия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баргузор шуда, дар он намояндагони Агентии Раёсати мубориза бар зидди коррупсия, Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо
ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок доштанд. Зимни суханрониҳо зикр гардид, ки ришваситонӣ як зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб меравад ва масъулини соҳаи кор бо ҷавонон вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ бо ҷалби волонтёрон корҳои ташвиқотиро миёни аҳолӣ ҷоннок намоянд. Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ, “ҶТ”
СУҒД
Конибодом: Вохӯрӣ бо сарбозону афсарон
Бахшида ба Рӯзи Парчам аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом дар қисми ҳарбии 04080 – и шаҳр бо сарбозону афсарон вохӯрӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва пос доштани рамзҳои давлатӣ суханронӣ
намуда, таъкид доштанд, ки бояд ҳар як нафар рамзҳои давлатиро эҳтиром намояду баҳри ҳифзи он камари ҳиммат бандад. Пас аз чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ҳудуди шаҳр аз ҷониби волонтёрон аксияи тақсимоти парчам ба роҳ монда шуд.
Исфара: Ташрифи 25 287 сайёҳ дар нуҳ моҳ Ба шаҳри Исфара дар давоми нуҳ моҳи соли равон 25 287 сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат, боздид аз минтақаҳои таърихӣ ва истироҳату табобат ташриф овардаанд. Гуфта мешавад, ки сайёҳони хориҷӣ асосан аз Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Австрия, Шветсия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ба ин шаҳр омадаанд.
Бино ба маълумоти масъулин бо назардошти нақши соҳаи сайёҳӣ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Исфара харитаи ҳунарҳои мардумӣ таҳия гардида, дар нуҳ моҳи сипаришуда 8 маротиба намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шудааст. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”
4
МАВЗӮИ РӮЗ
√
26 НОЯБР РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИТТИЛООТ БУД
Муҳофизати мушкили марзи иттилоот
Дар ҳаёти мо инсонҳо ҳар сония он қадар рӯйдоде ба амал меояд, ки ҳадду ҳисобаш гум. Ба ибораи дигар имрӯз инсоният зери борони иттилоот мондааст. Ин бошад ду ҳолатро ба миён овардааст: якум, инсонҳо аз дидану шунидани ахбори зиёд нисбат ба он беаҳамият шудаанд. Барои мисол, дигар аз ҳалокати кӯдакони бешумор дар натиҷаи бомбаборониҳо дар гӯшаҳои олам дар вуҷудашон сӯзишро эҳсос намекунанд. Беҳис шудааст инсоният. Дуюм, агарчи таваҷҷуҳ накунад ва ё худ як нигоҳи сарсарӣ ҳам дошта бошад, таҳти таъсиру “идораи” иттилоот қарор дорад. Ин ҳолат, албатта, ғайри ихтиёри мо ба амал меояд. Яъне мо мехоҳем ё не касе ё касоне мехоҳанд, ки мо ба рӯйдодҳо аз даричаи мехостаи онҳо назар кунем, ба ҳодисаҳо чунон баҳо диҳем, ки ба дили онҳо бошад. Албатта, инсон мавҷуди бешуур нест, дар натиҷаи каме майна об кардану нӯги риштаҳоро ёфта ба ҳам пайвастан ба асли масъала сарфаҳм рафта метавонад, манзараи асосиро диданаш мумкин. Вале ин аз инсон таҳаммул, идрок ва ҳавсала талаб мекунад. Истифодаи ҳар се (таҳаммул, идрок ва ҳавсала) дар як вақт, аз як тараф, каме душвор менамояд. Аз ҷониби дигар сели ахбор, чуноне ки зикр шуд, ҳар сония тавлид ва рӯи ҳам ҷамъ шуда истодааст... Зимнан, ҷаҳонишавие, ки имрӯз ба як истилоҳи маъмул табдил гаштаву сари ҳар қадам ва дар ҳар маҳфил шунида мешавад, пеш аз ҳама ба се соҳа бештар таъсир кардааст: соҳаи низомӣ, саноат ва иттилоот. Характери ҷаҳонӣ гирифтани иттилоот он вақт бештар маъмул гашт, ки дастрасӣ ба шабакаи интернет осон шуд, технологияи рақамӣ рушд кард, шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба ҳаёти инсонҳо ворид гаштанд. Яъне, воситаҳои номбурда имкон доданд, ки одамон аз хонаашон берун нарафта дар бораи рӯйдодҳои гуногун маълумот дошта бошанд. Дар ин миён назорати иттилоот каме кори душвор гаштааст. Хусусан, ахборе, ки аз тариқи интернет паҳн мегардад. Зеро дар интернет манбаъҳое ҳам мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо иттилои нодуруст, ифротӣ ва ғаразнок кам нест. Ва ин идора кардани одамон ва ба даст гирифтани шуури онҳоро аз ҷониби гурӯҳу марказҳои алоҳида мумкин гардондааст. Имрӯз шояд ягона марзе, ки муҳофизат карданаш душвор аст, марзи иттилоот бошад. Зеро иттилоот ба майна ва шуури инсон кор дорад. Ва муҳофизат кардани шуури одамон ҳам кори чандон осон нест. Ин дар ҳолест, ки сели ахбори аз берун ба фазои ин ё он давлат воридшаванда иттилои бесамту беҳадаф нест. Онҳоро ниҳодҳои алоҳида бо ҳадафу миқдори муайян паҳну интишор мекунанд. Зеро медонанд, ки “иттилоот ин ҳокимият аст”. Ва ҳар ки иттилои бештар дорад, қудрати идора кардан дорад, қудрати ба даст гирифтани шуури дигаронро соҳиб аст. ...Аҷиб ин аст, ки на метавон “ахбор ҳадафноку ғаразнок” гуфта, худро тамоман дар инзиво ва гӯшаи бехабарӣ шинонд, на метавон аз таъсири бади он эмин монд. Худо нигоҳ дорад, вагарна ба манқурту роҳгумзадае табдил ёфтан бисёр осон гаштааст... Маҳмудҷон УСМОН, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
√
1 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ВНМО
омилҳоест, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудан баъзан сабаби асосии он мебошад. Баъзан шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданду аз ташхиси тиббӣ мегузаранд аз сироят ёфтанашон ба беморӣ огоҳӣ меёбанд. Инчунин ба бемории норасоии масунияти одам гирифтор шудан дар кишвар хеле нигаронкунанда буда, ин беморӣ ба хомӯшӣ ҷавононро сироят мекунад. Бештари ин ҷавонон муҳоҷироне мебошанд, ки баъди ба ватан баргаштан оила барпо мекунанд, ки дар натиҷа ҳамсафари ҳаёти худро низ сироят менамояд. Аммо пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила ин омили сироятёбӣ то андозае коҳиш ёфт, зеро навхонадорон пеш аз издивоҷ аз
Марги хомӯш Мунаввар 56 сол дораду мубталои бемории ВНМО мебошад. Ӯ тақрибан се сол аст аз бемориаш огаҳӣ пайдо кардааст. Тавре дар суҳбат иброз намуд, бемориро ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан “харидааст”. Ин мард, ки хеле лоғару заиф менамояд, ҳатто дар фикраш набуд, ки баъди якбора бемор шуданаш аз духтур хабари ба чунин беморӣ гирифтор шуданашро мефаҳмад. Баъди огоҳӣ ёфтан як муддат ба кадом беморӣ мубтало буданашро ба оилааш намегӯяду дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО гузошта мешавад. Ӯ ҳарос дошт ва хеле метарсид, ки мисли вақтҳои пештара дигар ӯро қабул намекунанд ва аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Ба назди духтур ҳамеша танҳо мерафт ва намегузошт нафаре аз оилааш бо ӯ биравад. Дар танҳоӣ ранҷ мекашиду сирро ба касе намегуфт. Аммо рӯзе беморияш якбора авҷ мегирад ва бо пои равон наметавонад то дари беморхона биравад. Писараш ӯро маҷбуран ба духтур мебарад. Дар роҳ мард ночор беморияшро ба писараш қисса мекунад. Писар, ки фарзанди бузурги хонадон аст, баъди шунидани номи ин бемории даҳшатовар якбора худро бад ҳис мекунад. Вале бо вуҷуди ин падарро тасалло медиҳад ва дилпур мекунад, ки ӯ шифо хоҳад ёфт. Баъди дар беморхона бистарӣ шуданаш, наздиконаш, ки ба айёдаташ меомаданд, аз беморияш огоҳ мешаванд, аммо чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё аз он хабар надоранд. Хуллас, имрӯз 4 сол мешавад, ки Мунаввар бо ин беморӣ мубориза мебарад ва то ҳол бо кадом роҳ сироят ёфтанашро намедонад. Аммо қатъиян мегӯяд, ки беморияш баъди баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ якбора авҷ гирифт ва шояд дар он ҷо сироят ёфта бошад. Дар ҷомеаи кунунӣ кам нестанд нафароне, ки бемориашонро пинҳон намуда, баъзан афроди солимро низ сироят мекунанд. Яке аз ин нафарон сокини ноҳияи Шаҳритус муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВНМО барои як сол равонаи зиндон карда шуд. Ин зан дар моҳи майи соли ҷорӣ боздошт ва парвандаи ӯ моҳи июл ба додгоҳ ирсол гашта буд. Ин зан бо вуҷуди огоҳӣ доштан аз беморияш бо чанд мард ҳамхоба гардида, дар натиҷа мардонро низ сироят мекунад. Муҳоҷирати меҳнатӣ низ яке аз он
ташхиси тиббӣ гузашта, аз вазъи саломатии хеш огаҳ мегарданд. Ба таври мисол соли 2017 аз миёни 104 974 нафари аз ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ гузашта, 22 нафар гирифтори бемории ВНМО муайян шудааст. Бояд қайд кард, ки ВНМО бемории музмин буда, аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад. Имрӯз бошад баъзе нафарон роҳҳои содаи гирифтор шудан ба ин ваборо намедонанд ва бо як иштибоҳи кӯчак метавонанд ҷони худро дар хатар гузоранд. Тавре медонем бемории мазкур бо роҳҳо ва омилҳои гуногун метавонад одамро сироят бикунад ва ҳар як фард бояд аз онҳо огаҳӣ дошта бошад. Ба ақидаи коршиносон макони аслии сироятёбӣ ба ин беморӣ пас аз муҳоҷират беморхона, дармонгоҳҳои стоматологӣ ва кошонаҳои ҳусн мебошад. Чун беморӣ метавонад аз беаҳамиятии табибон, дандонпизишкон ва сартарошон паҳн гардад. Ахиран Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала диққати махсус зоҳир карда, рӯзи 1-уми сентябр зимни суҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ пешниҳод кард, ки кормандони корхонаҳои мазкур, ки боиси сирояти сокинон мегарданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, масъалаи мазкур ҳарчи зудтар ба Кодекси ҷиноӣ ворид гардад. Тавре Президент дар суҳбаташон қайд карданд, “дар аксар муассисаҳои хусусии табобати дандон меъёрҳои соҳаи тандурустӣ риоя намешавад. Қисми зиёди утоқу таҷҳизоти онҳо ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқат намекунад. Чунин вазъ боиси ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудани одамоне мегардад, ки ба чунин муассисаҳо муроҷиат мекунанд”. Дилшод Сайбурҳонов, муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)” дар суҳбат гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатии солҳои охир низ дар афзун гардидани бемории ВНМО
нақши бузург дорад. Ҳамчунин сироят ёфтан ба беморӣ тавассути алоқаи ҷинсӣ, ки зиёда аз 55 фоизи ҳолатро ташкил медиҳад. Баъдан тавассути роҳи тазриқӣ (истифода аз сӯзандору), ки асосан ҳангоми истифодаи маводҳои мухаддир дар байни нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, имкон дорад. Нашъамандӣ яке аз омилҳои асосиест, ки ба паҳн шудани ин сироят дар ҷумҳурӣ сабаб шудааст. Инчунин шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ низ метавонад сарчашмаи сироятёбии ВНМО бошанд. Солҳои пешин асосан роҳи гузариши ВНМО дар Тоҷикистон роҳи тазриқӣ буд, ки беш аз 80 фоизро ташкил мекард. Аз соли 2004 инҷониб ин роҳ коҳиш ёфт ва айни замон зиёда аз 20 фоизро дар бар мегирад. Сайбурҳонов инчунин илова кард, ки вабои вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, дердавомкунанда ва дар организм дербоқимонанда мебошад ва аз организм берун намебарояд. Ба гуфтаи мавсуф, беморӣ ба пуррагӣ аз организми одам нобуд намешавад. Танҳо агар сари вақт онро табобат кунад метавонад сарбории вирусиро дар организм паст намояд. Яъне вирусҳо кам гашта, то ҳолати номуайянӣ оварда мерасонад. “Агар нафари бемор табобати зиддиретровирусиро гирад, метавонад, ки мисли шахсони солим ба пуррагӣ дар ҷамъият кору фаъолият намояду умри дароз бубинад. Ҳастанд нафароне, ки бо ин вирус муддати беш аз бист сол зист доранд”. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба вируси норасоии масунияти одам олуда мешудаанд. Ба иттилои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)” то моҳи ноябри соли равон 8026 беморони ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта (7094) 932 нафар зиёд аст. Ҳар рӯз дар ҷаҳон 5 ҳазор нафар аз бемории норасоии масъунияти одам сироят меёбад. Айни ҳол шумораи гирифторони ин беморӣ 30 миллион нафар буда, солона бар асари ин беморӣ 6 миллион нафар мефавтанд. Бо мақсади боло бурдани маърифати аҳолӣ дар кори мубориза алайҳи ВНМО ва дастгирии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, аз соли 1988 инҷониб дар саросари ҷаҳон 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти одам қайд карда мешавад. Бемории мазкур дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба қайд гирифта шуда, бо гузашти солҳо афзоиши шумораи он Ҳукумати кишварро нигарон карда, ҷиҳати пешгирии он даҳҳо барнома қабул гардидааст. Ахиран барномае, ки қабул гардид, ин “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” мебошад, ки он аз шаш самти афзалиятнок иборат буда, масъалаҳои пешгирии сироят, тесткунонӣ, табобат ва нигаҳбонии беморон, беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба онро дар бар гирифтааст. Ҳадафи асосии барнома то соли 2020 паст кардани шумораи сироятёфтагон мебошад. Манзумаи ФИРӮЗ “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Бахшида ба гиромидошти Рӯзи Президент ва ҷашни Парчами миллӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем”, аз 21 то 25-уми ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати ҳарчи хубтар огоҳӣ пайдо кардани ҷавонон аз арзишҳои миллӣ ва қадршиносии эшон аз хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат нисбати ҷавонон дар истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, лагери ҷумҳуриявии омӯзишии ҷавонони фаъол доир гардид. Ҷавонони фаъол аз минтақаҳои гуногуни кишвар субҳи рӯзи 21-уми ноябр дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳам омаданд. Пеш аз сафар Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумита ба ҷавонон барои сафар ва истироҳат комёбӣ таманно намуда, аз ҷумла афзуд: “Яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити тамоюли ҷомеа ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон бо мақсади иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ташкили лагерҳои фароғатӣ ва омӯзишӣ маҳсуб меёбад. Ташкили чунин чорабиниҳо бо иштироки наврасону ҷавонони фаъоли кишвар аз тадбирҳои муҳим ҷиҳати болидахотирӣ, ташаккули малака, такмили дониш, ташкили фароғат, дӯстиву рафоқат ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Инчунин, созмон додани чунин лагерҳои фароғатию маърифатӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат амалӣ мешаванд ва ҷавононро мебояд дар ин росто шукргузор бошанду дар баробари ин ғамхориҳо аз ҳарвақта дида беҳтар донишу ҷаҳонбиниашонро такмил диҳанд”. Дар воқеъ ташкили чунин чорабиниҳо дар таҳкими дӯстию ҳамдилии ҷавонони ҷумҳурӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ин иқдом дар шароити тамоюли ҷомеа саривақтӣ буда, дар асл ба баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳамчун омили таъсирбахш муҳим мебошад. Он имкон медиҳад, ки ҷавонони фаъол дар фазои ҳамдилӣ зери шиори муттаҳидӣ, дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ҷамъ омада, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукрона намоянд. Лагер шароити мусоид оид ба табодули таҷриба,
ЛАГЕР
5
Пайравони Пешвои миллатем
шиносоӣ, фароғат, саёҳат ва таҳкими дӯстиро миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар такмил бахшида, дар умум, ҷиҳати иштироки ҷавонони кишвар дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон заминаҳои муассир фароҳам меорад. Нимаи дуюми рӯз корвони ҷавонон ба истироҳатгоҳи “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” расиданд. Онҳоро роҳбарияти истироҳатгоҳ бо хушнудӣ ва эҳтироми хосса истиқбол намуда, изҳор доштанд, ки баҳри фароғати ҷавонон тамоми шароити лозимаро муҳайё хоҳанд кард. Шоми ҳамин рӯз дар толори фарҳангии муассиса тренинги омӯзишӣ-фарҳангӣ баргузор гашт. Дар қисмати аввали он бо тарзи наву ҷолиб иштирокдорони лагер бо ҳам шинос гардиданд. Дар қисмати омӯзишӣ бошад, ба иштирокчиён раванди баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарзи ташкили он омӯзонида шуд. Дар ин тренинг иштирокчиён, ки 50 нафарро ташкил медоданд, ба шаш гурӯҳ ҷудо шуда, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир намуданд. Ҳар як иштирокчӣ маҳорат ва ҳунари худро ба якдигар намоиш дода, шомро хотирмону дилнишин гузарониданд. Кушодашавии расмии лагер рӯзи 22-юми ноябр, пас аз машқҳои пагоҳирӯзӣ ва хӯроки субҳгоҳӣ оғоз шуд. Зимни кушодашавии расмӣ Абдулазиз Абдуллозода, роҳбари гурӯҳ ҷавононро барои лоиқ гаштанашон ба чунин истироҳатгоҳҳо ва ҳамчун ҷавонони фаъол эътироф гардиданашон аз ҷониби ҷомеа табрик намуда, инчунин, даъват ба амал овард, ки барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани истироҳату фароғат ҳиссагузор бошанд. Пас аз ифтитоҳи расмӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти ҷавонон” тренинги дигари омӯзишӣ, ки барои насли наврас ва ҷавон басо аҳамиятнок аст, оғоз гардид. Дар ҷараёни омӯзиш А. Абдуллозода перомуни
мавзӯи тренинг суханронӣ намуда, ҷавононро барои қадршиносу худогоҳ ва пайравони асили Пешвои миллат будан даъват кард. Дар лагер семинарҳои омӯзишии гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида шуда, ҳамзамон чорабиниҳои зиёде оид ба тарзи ҳаёти солим, интихоби фарҳанги миллӣ, ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ, боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон, рушди малакаҳои зеҳнӣ ва равнақ бахшидан ба фаъолияти волонтёрӣ ҳамчунин якчанд бозиҳои зеҳнӣ, ки барои заковатмандии ҷавонон кӯмак мерасонанд, баргузор гардиданд. Дар рӯзи чоруми сафар иштирокчиёни лагер маконҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷандро тамошо карданд, ки ин барои худшиносии миллии эшон зарур мебошад. Алалхусус, иштирокчиён муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”-ро, ки дар таърихи навини миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дошт, диданд. Сипас боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар идома осорхонаи шаҳри Хуҷандро тамошо карданд. Иштирокчиёни лагер аз ин гуна иқдомҳо изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки он барои дар саросари кишвар пайдо намудани дӯстону рафиқон заминаи хуб гузошт. Ба андешаи Муҳаммадҷони Абдувоҳид - ёрдамчии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз иштирокдорони фаъоли лагер буд, лагери омӯзишии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” ба мақсадҳое, ки дар назди худ дошт, ноил гардид ва тавонист, ки дар кашф ва рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии ҷавонони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ нақши муассир гузорад. “Ташкил ва баргузории лагери ҷумҳуриявӣ ғамхории Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон аст. Ман, миннатдории самимиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ку-
митаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилкунандагони лагери мазкур баён менамоям. Ин сафар заминаи мусоид фароҳам овард, ки мо ба вилояти Суғд барои фароғату истироҳат биёем ва дӯстии худро бо ҷавонони кишвар мустаҳкам созем. Ҳамчунин, малакаву донишамонро сайқал дода, дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем. Итминони комил дорам, ки ташкил ва баргузор намудани лагерҳои омӯзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони кишвар дар оянда низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд”, - гуфт Муҳаммадҷони Абдувоҳид. Ба андешаи Нурбибӣ Бобоева, иштиркочии дигари лагер аз шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо ҷавонони Точикистон насли хушбахти замонанд. Ӯ мегуяд: “Барои ҳар як ҷавони тоҷик шароити хуб муҳайё гаштааст, иқдому ташаббусҳои ҷолиб роҳандозӣ шудааст. Ташкил кардани лагери ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҷавонони фаъол аз он ҷумла аст. Ман худро яке аз ҷавонони хушбахт меҳисобам,
зеро дар қатори дигар ҷавонони фаъол дар ин фароғатгоҳ иштирок доштам. Ин иқдом замина барои пайдоиши дӯстиву рафоқат гардид. Дар рафти лагер хурсандии ҳар як ҷавон ҳадду канор надошт. Яъне, як ҳафтаи фаромӯшнашаванда ва пур аз шодӣ доштем ин ҷо”. Омина Рустамова, хонандаи мактаб, волонтёри Бахши ҷавонони шаҳри Кӯлоб аз он қаноатманд аст, ки тавассути ин лагер бо ҷавонони зиёде шинос шуда, дӯстони зиёд пайдо кард. Ӯ мегӯяд, ташкили чунин лагерҳо барои ҳамчун шахсият инкишоф ёфтани ҷавонон замина мегузорад. “Имрӯзҳо Пешвои миллат баҳри ҷавонон қариб дар тамоми соҳаҳо шароити лозимаро фароҳам оварда истодаанд, - иброз дошт Тоҷиддин Раҳмонқулов, стипендианти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. - Дар лагери чоррӯзаи истироҳатӣ, ки мо қарор доштем, метавонам бо боварӣ изҳор дорам, ки мо – ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам муттаҳид кард ва як фазои холӣ аз кинаву кудуратро ба мо бахшид. Мо низ дар партави ин сиёсат аз он меболем, ки хушбахттарин насл ҳастем ва ғамхориҳои Роҳбарияти олии мамлакат ба мо равона гаштааст”. Иштирокчиёни лагер дар рӯзи панҷуми сафар, 25-уми ноябр, озими пойтахт гардида, зимни мулоқот бо Шоҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таассуроти худро баён карда, ба дастандаркорони лагер изҳори миннатдорӣ намуданд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ” Душанбе – Ҷаббор Расулов – Хуҷанд – Душанбе
6
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
САЙЁҲӢ
Имрӯз дар ҷаҳон сайёҳӣ баробари дигар соҳаҳои муҳим аз сердаромадтарин соҳаҳо ба шумор рафта, аз ин ҳисоб кишварҳои пешрафтаву туристии ҷаҳон солона миллионҳо доллар ба даст меоранд. Ҳар лаҳзаву соат кишварҳои гуногуни ҷаҳон талош бар он менамоянд, ки ҳар чӣ бештар сайёҳони хориҷиро ба кишвари худ ҷалб намоянду аз ин ҳисоб даромади иқтисодӣ ба даст оранд. Бо дарки ин нуктаҳои муҳим аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи сайёҳӣ Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, инфрасохтори заруриро дар ин самт муҳайё сохта, имрӯз ширкатҳои гуногуни сайёҳӣ фаъолият мебаранд ва муҳимтар аз ҳама баҳри рушди соҳа бо ибтикори Ҳукумати мамлакат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар таъсис дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки соҳаи сайёҳӣ давоми солҳои охир яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт ба шумор рафта, дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ мусоидат намуда, ба иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад. Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ба масъалаи инкишофи соҳаи сайёҳӣ ва танзими давлатии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Зеро маҳз Президенти ҷумҳурӣ ҳамчун муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълони сиёсати “дарҳои боз” равобити байналмилалии мамлакатро тақвият бахшиданд ва ин сиёсат имрӯз низ бо муваффақият идома дорад. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро чун яке аз давлатҳои орому осуда ва зебоманзар мешиносанд. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аз моҳи июни соли 2016 бошад, тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Дар ин замина сохтори навтаъсиси соҳа Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати рушду инкишоф ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳии кишвар пайваста чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд. Чунин як иқдом бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ, санаи 23 ноябр, таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориент Адвентур” баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани
Саёҳати рӯзноманигорон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар саёҳати як гурӯҳ рӯзноманигорон ба шаҳри Ҳисор ташкил карда шуд. Тибқи барнома саёҳат аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, рӯзноманигорон аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҳисор дидан намуданд. Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, зимни гусели рӯзноманигорон ба шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин як иқдом муаррифии мавзеъҳои сайёҳии кишвар буда, дар ин росто бояд рӯзноманигорон барои ба самъи мардум расонидани иттилооти муайяну дақиқ оид ба ҷойҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳӣ фаъолият намоянд. Чун сафари мазкур бахшида ба Рӯзи Парчам роҳандозӣ гардида буд, масъулин зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон Парчами миллӣ дар маркази шаҳр, анқариби Қасри милат ва наздики Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландие, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Он баландтарин ва пуршукуҳтарин парчами рӯи замин буда, ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардидааст. “Барои мо тоҷикон, ки аз халқҳои куҳанбунёди олам ҳастем, ин парчам на танҳо аз ҷиҳати қадафрозиву паҳноварӣ дар дунё баландтарину бузургтарин аст, барои мо шаъну шукуҳу қимати ин парчам дар дунё аз ҳама баландтарин мебошад. Меҳри мардум ба ин ливои муқаддас, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва умуман арзишҳои маънавии миллист рӯз ба рӯз бештару беҳтар намудор мегардад. Қобили тазаккур аст, ки дар хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тамошои боғи Парчами миллӣ ҷой дода шудааст, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин макони назаррабо ташриф меоранд”, иброз доштанд масъулини Кумитаи
рушди сайёҳӣ. Гурӯҳи рӯзноманигоронро дар даромадгоҳи қалъаи Ҳисор бо нону намак пешвоз гирифта, роҳбалади ин макони таърихию сайёҳӣ ба меҳмонон доир ба давраҳои таърихии қалъаи мазкур маълумот дода, ҳар яке аз ҳуҷраҳои боқимондаи таърихиро ва дар он чи мавҷуд буданашро муаррифӣ намуд. Зимни муаррифии ин мавзеи тамошобоби Ватан гуфта шуд, ки дар баробари дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар шаҳри Ҳисор низ дорои имкониятҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад. Ин аст, ки сол то сол боздиди сайёҳон аз ин минтақаи хушбоду ҳаво, ки як гӯшаи хурраму зебои Тоҷикистони азиз аст, рӯ ба афзоиш дорад. Яке аз мавзеъҳое, ки дар шаҳри Ҳисор бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷист, “Мамнуъгоҳи таърихӣфарҳангии Ҳисор”, яъне қалъаи Ҳисор мебошад. Имрӯз фаъолияти Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор” аз рӯи нақшаи солона бо танзими муайян ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор” шуъбаҳои фонду мардумшиносӣ, тармиму барқарорсозӣ, меъморию рассомӣ, таъриху бостоншиносӣ ва осорхонаи таърихӣ барои босамар омӯхтани таъриху фарҳанги мардум, ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои меъморию таърихӣ фаъолият мекунанд. Мамнуъгоҳи мазкур аз нав тармиму таъмир гардидааст, ки писанди ҳар бинанда мебошад. Қобили зикр аст, ки нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳӣ хеле бузург буда, то имрӯз Пешвои миллат аллакай Тоҷикистонро ҳамчун давлати сайёҳӣ ва кишвари амнтарин тавонистанд, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Таъсис ёфтани Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва эълон гардидани “Соли рушди
сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намунаи олии таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба соҳаи сайёҳист. Дар ин радиф баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ, эътироф гардидани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, аъзо гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ва рушди сайёҳии дохилӣ, эътироф гардидани баъзе минтақаҳои кишвар ҳамчун минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ боиси ба вуҷуд омадани сиёсати ҳуқуқии сайёҳӣ дар кишвар гардид. Имрӯз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор меравад. Саёҳати якрӯзаи рӯзноманигорон ба шаҳри Ҳисор хубу хотирмон сипарӣ гардида, бо баёни таассуротҳои сафар дар боғи Парчами миллӣ ба анҷом расид. Дар назди ин муқаддасоти миллӣ масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ таассуроти аҳли гурӯҳро оид ба сафар пурсон гардиданд, ки ҳама дар ҷавоб аз хуб будани иқдоми мазкур дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки аз саёҳати якрӯза маълумоти бештареро доир ба мавзеи сафарнамудаи хеш соҳиб гардиданд. Нилуфари Нуриддин, хабарнигори радиои “Овози тоҷик” аз нафароне буд, ки бори аввал ба таври пурра аз макони сайёҳии қалъаи Ҳисор дидан намуд. Ӯ иброз дошт: “Бароям боиси хурсандист, ки аз қалъаи Ҳисор дидан намудаму аз таърихи он огаҳ гардидам. Қабл аз омадан ба ин макони таърихию сайёҳӣ дар бораи он шунида будам. Аммо вақте худ онро аз наздик мебинед, он бароятон таассуроти дигар мебахшад. Хеле хуб буд, ки дар доираи иқдоми пешгирифтаи масъулини соҳаи сайёҳӣ бо ҳампешагони хеш ба ин макони таърихии кишварамон сафар кардаму аз он дидан намудам”. Ба қавли масъулин бештару беҳтар тарғибу ташвиқ гардидани имкониятҳои мавҷудаи сайёҳӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори омма барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистони офтобрӯя ва меҳмоннавоз заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар воқеъ, имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рӯ ба рушд буда, далели ин гуфтаҳо бунёд гардидани меҳмонхонаҳои гуногуни мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ, зиёд гардидани мавзеъҳои тамошобоби сайёҳӣ ва рушду такмил ёфтани инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи мазкур мебошад. Теъдоди сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, дар ҳоли афзоиш буда, сол то сол теъдоди онҳо меафзояд ва танҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 527 ҳазор нафар сайёҳ аз 135 кишвари ҷаҳон ворид гардидааст, ки ин худ бозгӯи рӯ ба рушд будани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар дониста мешавад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018 Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон баҳси бокирагии духтарон ва ба ин далел хонавайрон шудани ҷуфтҳои ҷавон ҳодисаи камназир нест ва бокира будани духтар яке аз меъёрҳои қадима арзёбӣ гардида, покдомании духтарон қабул шудааст. Бинобар ин, мардум ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва хоссае доранд. Бо вуҷуди ин ҷавононе ҳастанд, ки дидаю дониста бегуноҳии ҳамсарони худро мавриди шубҳа қарор дода, пас аз шаби аввали висол бо тӯҳматҳои дурӯғин онҳоро ба хонаи волидонашон бо таънаю маломат гусел мекунанд. Маъмулан бозгашти духтар барои гӯё бокира набудан ба хонаи волидон барои аҳли оила хеле сахту нанговар аст. Ва на ҳамеша ба суханони духтаронашон бовар мекунанд, ки дар бештари маврид духтарон зери маломат ва таънаи хонавода ва атрофиён қарор мегиранд. Солҳои охир шумори чунин моҷароҳои сари номус то ҳадде расидааст, ки ба як ҳодисаи маъмулӣ бадал гаштааст. Ҳатто бо маъқул накардани арус домод метавонад ӯро бо бокира набуданаш таҳдиду сарзаниш кунад. Бештари мардум бар он назаранд, ки маҷбурӣ оиладор кардани писарон эшонро ба ин кор водор мекунад ва бархеи дигар мегӯянд, ки рафтори духтарон боис гаштааст, ки номуси онҳо мавриди шубҳа қарор бигирад. Ба хотири коҳиши ин амали нанговар бархе аз коршиносони экспертизаи додгоҳӣ ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд, ки арӯсу домод ташхиси қабл аз издивоҷро гузаранд. Чун бештари маврид сабаби асосиии пошхӯрии оиларо дар бокира набудани духтарон медонанд. Оморҳо низ нишон медиҳанд, ки 30 фисади оилаҳои ҷавон, ки аз ҳам мепошанд ё духтар бокира нест ё домод майзада, наъшаманд ё гирифтори дигар бемориҳои сироятист. Гарчанде бархе ин масъаларо ҳассос ва нозук мепиндоранд, ки ба иззати нафси духтарон мерасад, ахиран ин пешниҳод ба Кодекси оилаи Тоҷикистон соли 2016 ворид гардид. Меҳрона, (номи шартӣ) як ҷавонзани тоҷик, ки ӯ низ баъди тӯяш ба чунин тӯҳмат гирифтор шудааст, зимни сӯҳбат бо мо ҳодисаи ба сараш омадаро, чунин шарҳ дод: “Баъди шаби аввали арӯсӣ, маро бо тӯҳмати он ки гӯё бокира набошам, ба хонаи модарам баргардониданд, ҳарчанд ман пеш аз
НИГОҲИ ДИГАР
Ҳуҷҷат - кафолати бокирагӣ?! ва ё чӣ ҷавононро ба туҳмати ҳамсарон водор мекунад?
тӯям аз ташхиси духтурон гузаштам ва ба дастам як санад низ дода буданд”. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд ба онҳо санади ташхисро нишон додааст, вале онҳо бовар накарданд ва баҳона пеш оварданд, ки ӯ санадро харидааст. “Ҳатто маро ба назди табибони ошнои худ бурданд, то маро аз назар гузаронанд”. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, баъд аз тасдиқ гаштани покдомании ман собиқ шавҳарам иқрор кард, ки бо ман хонадор шудан намехост ва барои маҷбур карданаш хостааст аз волидонаш қасос гирад. Мавриди зикр аст, ки гарчанде қарор дар бораи санҷиши бокирагии духтарон пеш аз туйи арӯсиву домодӣ барои пешгирии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва ба падидаҳои нохуш оварда расонидани эшон қабул гардида бошад ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баръакс теъдоди ҷудошавии оилаҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст. Чанде пеш коршиносони СММ низ бо нашри матлабе даъват ба амал оварда буданд, ки бояд санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надошта бошад, бояд хотима дода шавад. Бино ба таъкиди ин созмон санҷиши бакорат як ҳолати бисёр таҳқиромез буда, он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Саодат Меъроҷовна, гинеколог, мутахассиси клиникаи “Гулдаста” мегӯяд, ки ҷавонписарон, ки ҳамсари ояндаи худро қабул надоранд, ғайр аз тӯҳмат дигар ҳеҷ гуноҳи онҳоро ёфта наметавонанд ва бештари вақт аз чунин “фишанг” истифода мекунанд. Номбурда гуфт, ки духтаронро
ҳамеша ба он гунаҳгор мекунанд, ки бо нафаре ҳамхоба шуда номуси худро ҳифз карда натавонистаанд. Аммо гап сари он аст, ки бештари ҷавононе, ки арӯсони худро дар бокира набуданашон туҳмат мекунанду духтурон онро тасдиқ намекунанд, худ сарфаҳм намераванд. На ҳама вақт “бероҳагӣ” сабаби аз даст додани бакорат мегардад. Балки дар аксари маврид духтарон дорои пардаи бакорати модарзодӣ ҳастанд, ки писарон онро намефаҳманд ва онро фаҳмонидан низ барояшон бисёр мушкил аст. Дар ин ҳолат мо кӯшиш менамоем, ки ба ҷавонписарон тариқи фаҳмондадиҳӣ ин мушкилро ҳал намоем, ки он ба ҷудошавии оилаҳо нарасад. Аммо ӯ илова намуд, ки дар баъзе ҳолатҳо то фаҳмондани вазъият оилаҳои ҷавон бо сардории калонсолон аллакай ҷангу ҷанҷол мебардоранд ва кор охир ба ҷудо гардидани оилаҳои ҷавон мерасад, ки ин аз сабукфикрии ҷавонписарон аст. Ва чунин ҳодисаҳо ҳамарӯза ба чашм мерасад”. Мавсуф илова мекунад, ки то се моҳи издивоҷ имкони фаҳмидани бокира будани зан имконпазир аст чунки пайи ҷароҳат боқӣ мемонад. Номбурда қисса кард, ки ҳатто бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки ба хотири нофаҳмӣ байни келину хушдоман зани ҷавонро ба ин гуноҳ муттаҳам карданд. “Баъди ду моҳи зиндагӣ занро оварда, ба нодухтарӣ муттаҳам карданд. Ҳоло он ки ҷавонзан ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорад ва ҳафтаҳои аввали тӯй нағз зиндагӣ карда шикоят ҳам надоштанд. Вале ба хотири норозигии хушдоман, ӯ келинро ба ин айб муттаҳам мекунад. Ҳарчанд ҷавонмард аз занаш розӣ аст ва мегӯяд бо ҳамсараш зиндагӣ кардан мехоҳад, вале модараш
пофишорӣ мекунад, ки арӯсро аз ташхис гузаронед, чун бовар дорам духтар набуд”. Тоҷикистон, ки ҷомеаи суннатист бокира будани духтар пеш аз издивоҷ нишонаи покдоманӣ ва шарти ҳатмӣ қабул гаштааст. Дар сурати ифшои ба истилоҳ “нодухтарӣ”-и арӯс, шавҳару хешовандонаш ӯро аз хона берун мекунанд. Ин гуна духтарҳо маъмулан дар хонаи волидон ҳам зиндагии осуда надоранд ва мояи шармандагии авлод ба шумор мераванд. Ин барои ҷавондухтарон бисёр масъалаи ҳассос буда, дар аксар мавридҳо бештари гирифторони туҳмат сари номус даст ба худкушӣ мезананд. Тасдиқи ин гуфтаҳо Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола буд, ки баъди 40 рӯзи арӯсиаш даст ба худкушӣ зад. Ӯ дар як пайғоми пеш аз маргаш навишта буд, ки аз шаби аввали баъди арӯсӣ мавриди шубҳаи шавҳар қарор гирифт ва пайваста латукӯб ва таҳқир мешуд. Сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшов, аз нигоҳи дини ислом оид ба масъала қайд намуд, ки ҳар чизе, ки дар вуҷуди инсон офарида шудааст, аз ҷумла пардаи бакорат беҳикмат нест. “Аз нигоҳи дини мубини Ислом дар давраҳои пеш агар чунин ҷанҷолу хархаша ба миён меомад, аз ҷониби занҳои солхӯрда ҳаллу фасли худро меёфт. Аммо агар масъалаи туҳмат сар мезаду он масъалаи шубҳа кардан бошад, дар Ислом ба тарзи умум омадааст”. Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки агар рафту мард ҳамсари худро мавриди тӯҳмат қарор диҳад, барои резонидани обурӯйи ӯ талош кунад, албатта ӯ бе ҷазо намемонад. Дар қонуни дунявӣ агар муҷозот наома-
7 да бошад ҳам, Худованд беҷазо намемонад ӯ албатта аз наздикони худ ё аз бастагони худ ин амалро мебинад. Ҷамолиддин Хомӯшов, дар посух ба саволи он ки чӣ ҷавононро ба ин амали нангин водор мекунад, мегӯяд, дар шароити кунунӣ бо ҷавонон суҳбат кардан бисёр мушкил аст, чунки як шароите аст, ки ҳар нафаре, ки набошад хоҳ ҷониби духтар бошад хоҳ ҷониби писар, мегӯянд ҳамаашро ман худам мефаҳмам. Ба гуфтаи ӯ имрӯз як вазъияте ҳаст, ки мардум бо интернету бо дигар воситаҳо сару кор доранд ва қариб, ки аз тамоми аҳволи шахсияти инсон, нозукиҳои сирру асрори инсон бохабаранд. “Албатта Худо нохоста агар ҳамин хел ҳам бошаду инсон инро рафъ кунаду гуноҳи он занро пӯшонад, Худованд дар рӯзи қиёмат як гуноҳи бузурги ӯро мепӯшонад. Мутаассифона буданд нафароне, ки ба раёсати мо муроҷиат мекунанд ва мегӯянд, ки вақте мо издивоҷ кардем, ҳамсарам чунин айб дошт ва имрӯз мо соҳиби 3-4 фарзандем, вале ҳамон азиятро то имрӯз рӯҳан мекашам”. Ҷ. Хомӯшов гуфт, ки пардаи бакорат натанҳо бо алоқаи ҷинсӣ, инчунин бо сабаби ҷасту хез, бо сабаби ҷароҳати беморӣ ё ин ки боло рафтани синну сол метавонад, ки аз даст равад. Тавре Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва судӣ иттилоъ медиҳад, “танҳо дар 6 моҳи соли 2018 пас аз тӯй 22 шавҳар бо Мавриди зикр аст, ки гарчанде қарор дар бораи санҷиши бокирагии духтарон пеш аз туйи арӯсиву домодӣ барои пешгирии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ва ба падидаҳои нохуш оварда расонидани эшон қабул гардида бошад ҳам, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баръакс теъдоди ҷудошавии оилаҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта истодааст. ҳадафи муайян намудани бокирагии арӯсони ҷавонашон муроҷиат кардаанд”. Бо дарназардошти чунин баҳсҳо ҳоло бисёр духтарон талош мекунанд пеш аз арӯсӣ аз назари табибон гузашта, сертификати бокирагиро бигиранд ва ба қавле, омода ва мусаллаҳ шуда по ба хонаи бахт гузоранд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҷомеаи мусулмонтабор буда, бокирагии духтар омили муҳим барои ҳар як духтар маҳсуб меёбад. Вале мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсон торафт дарднок мешавад. Тавре ки мутахассисон дар боло зикр карданд, пардаи бакорат танҳо бо роҳи ҳамхобагӣ аз даст намеравад, балки сабабҳои табиию модарзодӣ низ вуҷуд доштааст. Барои ҳамин домодҳои ҷавонро мебояд пеш аз оне ки ҳамсаронашонро мавриди шиканҷа қарор дода, шармандавор аз хона ронанд, аввал сабабҳояшро муайян кунанд. Садбарги РАҲМИДДИН, “ҶТ”
8
НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Медали нуқраи Сабрина аз Чемпионати Осиёи Ғарбӣ Дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ аз рӯи намуди шоҳмот Сабрина Абророва, шоҳмотбоздухтари 12-солаи кишвар мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Дар Токио Ассамблеяи генералии АКМО шуруъ гардид 28 ноябр дар шаҳри Токиои Ҷопон Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (АКМО) шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 намоянда аз 206 кумитаи олимпӣ иштирок доранд. Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои Абдуллозода Муҳаммадшо муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Абдуллозода Аҳтам дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии АКМО бо намояндагони кумитаҳои олимпии дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ як қатор мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Федератсияи ҷудои Осиё Убайд Ал-Анзӣ масъалаи рушди варзиши ҷудо, дар суҳбат бо роҳбарони барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ Памела Випонд ва Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон масъалаи иҷроиши барномаҳо ҷиҳати дастгирии варзишгарони тоҷик ва дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон ва Узбекистон масъалаи ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Инчунин, ба хотири омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” дар Сахалини Федератсияи Руссия, бо намояндагони Кумитаи тадорукоти бозиҳо мулоқот баргузор гардид. Натиҷагирӣ аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018, Бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018, омодагӣ ба аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ дар Сан-Диегои ШМА дар соли 2019, интихоби президенти АКМО дар давраи то соли 2022, муовинони президент, комиссия ахлоқ, гузориши Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг, муаррифи муддаиёни мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026, гузориш оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, Гузориши кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024, ЛосАнҷелес-2028, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон Лозанна-2020 аз масъалаҳои асосии ҷаласаи дурӯзаи Ассамблеяи генералии Асотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ мебошанд.
Мусобиқаи мазкур16-23 ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид. Сабрина аз 7 холи имконпазир 5 хол ба даст овард. Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии кишвар дар чемпионат 300 шоҳмотбоз аз 11 давлат иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд. Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, дар сабқати шоҳмоти фаврӣ (рапид) миёни духтарони то 12-сола мақоми дуюмро ишғол кард. Дар ин мусобиқа, инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов натиҷаи нисбатан хуб нишон дод. Дар байни писарони то 14-сола ӯ сазовори ҷойи чорум гардид.
Кӯлоб: Ҷоми устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Шариф Саидов Барои дарёфти Ҷоми устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Шариф Саидов дар шаҳри Кўлоб сеюмин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини байни ҷавонони солҳои таввалудашон 1998-2001 миллӣ оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур бо ширкати варзишгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ, водии Рашт, вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ҷараён мегирад. Маврид ба ёдоварист, ки ин мусобика бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қадршиносии собиқадори гӯштини миллӣ дар Маҷмааи варзишии «Хадамоти алоқа»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб баргузор мегардад. Дар расми ифтитоҳи ин тадбири варзишӣ, кормандони мақомоти маҳаллӣ, собиқадорон, шогирдон ва мухлисони зиёди ин навъи варзиш ба ҳам омада саҳми ин собиқадори варзишро дар рушди намудҳои гу-
ногуни гӯштин ва тарбияи шогирдон дар соҳаҳои илму маориф низ басо муҳим арзёбӣ карданд. Мураббиёни гӯштини миллӣ иброз медоранд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар он варзишгарон аз тамоми гушаву канори мамлакат ба ҳам меоянд, омили хуби тайёр намудани паҳлавонон барои мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҷониби дигар имрўзҳо баҳри дар сатҳи байнамилалӣ муаррифӣ намудани ин навъи варзиши суннатӣ Федератсияи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ
Тоҷикистонро дар ЧҶ-2018 оид ба шиноварӣ 4 нафар муаррифӣ мекунад Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба шиноварӣ 11-16 декабр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати 5 нафар (4 варзишгар, 1 мураббӣ) тасдиқ шуд. Дар чемпионат иштироки 900 варзишгар аз 150 давлати ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 46 қувваозмоӣ миёни мардону бонувон барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Федератсияи байналмилалии шиноварӣ фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳон-2018-ро дар ҳаҷми 2070000 дол-
лари ИМА муқаррар кардааст, ки 1530000 доллараш барои мусобиқаҳои инфиродӣ ва 540000 доллар барои эстафета нигаронида шудааст. Тибқи низомнома барои 8 ҷои аввал ҷоизапулӣ дода мешавад: Ҷои 1: 10 000 доллари ИМА; Ҷои 2: 8 000 доллари ИМА; Ҷои 3: 7 000 доллари ИМА; Ҷои 4: 6 000 доллари ИМА; Ҷои 5: 5 000 доллари ИМА; Ҷои 6: 4 000 доллари ИМА; Ҷои 7: 3 000 доллари ИМА; Ҷои 8: 2 000 доллари ИМА. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар
чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2018. Ҳангжоу, Чин: Мадкамов Фахриддин (тарзи парвона – 50, 100 метр); Ишанов Олимҷон (пуштнокӣ – 50 метр, тарзи озод – 50 метр) Климик Карина (тарзи парвона – 50 метр, брасс – 50 метр) Тюрина Анастасия (тарзи озод – 50 метр, 100 метр) Сармураббӣ Алишер Чингизов Тақвими мусобиқаҳо бо иштироки варзишгарони тоҷик:
як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ менамояд, ки он ба дарёфти чеҳраҳои нави ин риштаи варзиш мусоидат мекунад. Дар сабқати имрўза дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе дастаҳои Хатлон-1 ва Хатлон -2 низ бо тайёрии хуб омада бо ба даст овардани ғолибият ба давраҳои баъдӣ роҳ ёфтанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамбасти мусобиқа ғолибон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат ва туҳфаҳои таъсиснамудаи дастандаркорон сарфароз мегарданд.
11 декабр 50м, брасс (бонувон) – Климик Карина 12 декабр 100м, тарзи озод (бонувон) – Тюрина Анастасия 100м, тарзи парвона (мардон) – Мадкамов Фахриддин 13 декабр 50м, тарзи парвона (бонувон) – Климик Карина 50м, пуштнокӣ (мардон) – Ишанов Олимҷон 50м, тарзи озод (мардон) – Ишанов Олимҷон 14 декабр 50м, тарзи парвона (мардон) – Мадкамов Фахриддин 15 декабр 50м, тарзи озод (бонувон) – Тюрина Анастасия
Футболро варзиши рақами якум дар ҷаҳон меҳисобанд ва барои оммавӣ гардидани он дар тамоми кишварҳо имконот фароҳам оварда мешаванд. Дар кишвари мо низ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои рушду оммавӣ гардидани ин намуди варзиш чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад. Барои такмил ёфтани малакаи футболбозон, саҳми доварони хуб низ муҳим аст. Зарур аст, ки доварони сатҳи байналмилалӣ омода карда шаванд. Албатта, Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба ин масъала бе таваҷҷуҳ нестанд ва аҳамияти онро хуб дарк мекунанд. Чунончи барои ҳалли ин мушкил доварони ҷавон ба курсҳои сатҳи олии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) фиристода мешаванд. Гулмуроди Саъдулло, довари ҷавони тоҷик чанде пеш марҳилаҳои санҷишии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол)-ро бо муваффақият гузашта, ба қатори беҳтарин доварони КФО дар соли 2019 шомил шуд. Гулмурод дуюмин довари тоҷик мебошад, ки ба қатори ҳакамони мумтози КФО шомил мегардад. Мо бо довари 27-солаи тоҷик Гулмуроди Саъдулло ҳамсуҳбат шудем. - Аввалан, Шуморо бо шомил шудан ба рӯйхати доварони қораи Осиё дар соли 2019 табрик мегӯем. Довар дар майдон нафарест, ки ба истилоҳ сафедро аз сиёҳ ҷудо мекунад. Як иштибоҳи ӯ метавонад, ба ҷараёни мусобиқа таъсири манфӣ расонад, андешаи Шумо оиди ин масъала. - Дар ҳақиқат доварӣ бисёр
9
МУСОҲИБА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Гулмуроди Саъдулло:
дар бозиҳои байналмилалӣ ба ба майдон мебароед. Дар рафти бозӣ бо футболбозон барои монеаҳоро бартараф намудан, чӣ корҳоро анҷом дода истодаед? - Дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ, донистани забони англисӣ аҳамияти калон дорад. Вақте дар ин бозиҳо ҳакамӣ мекунӣ, албатта ҳар футболбоз забони худро дорад ва моро зарур аст, ки барои фаҳмонидани баъзе масъалаҳо бо онҳо ба забони англисӣ гап занем. Масъалаи дигар ин аз уҳдаи бозӣ баромадан. Яъне он мавзӯҳое, ки дар рафти семинарҳо омӯзонида мешавад ва дигар қонунҳои футболро ба хубӣ истифода намудан лозим аст. - Имрӯз доварони Осиё барои дар сатҳи хуб баргузор гаштани мусобиқаҳо чӣ барномаҳои
кори душвор аст. Дар аввал ман дарвозабон будам ва бисёр мехостам дарвозабони касбӣ шуда дар дастаи мунтахаб бозӣ кунам. Мутаассифона, бо сабаби бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ чанд муддат аз футбол дур шуда, дигар ба майдон баргашта натавонистам. Баъди танаффуси тӯлонӣ, рӯзе як рафиқам пешниҳод кард, ки довар шавам. Зеро дар кишвар доварони сатҳи байналмилалӣ набуданд. Ман бошам забони англисиро хуб медонистам. Барои мани футболбоз дар аввал довар шудан хуш набуд. Ростӣ вақте омӯхтани курси довариро оғоз кардам, дар як муддати кӯтоҳ рағбатам ба ин касб бештар гардид. Ҳамин тавр, аз соли 2015 довариро нахуст дар бозӣ миёни дастаҳои наврасон шурӯъ карда, сипас ба Лигаи якум ва Лигаи олии футболи кишвар довар таъин шудам. - Барои шомил шудан ба ҳайати доварони беҳтарини КФО Осиё-2019 чӣ марҳилаҳоро пушти сар намудед? - Барои ноил шудан ба ин дастовард чаҳор марҳилаи санҷиширо пушти сар кардам. Аз соли 2017 дар Лигаи олии кишвар ба ҳайси сардовар ба майдон мебароям ва охири ҳамин сол бо дастгирии роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар барои гузаш-
навро омӯхта истодаанд? - Қоидаҳои бозӣ ҳар сол дар як ҷо намеистад, ба хотири ҷаззобтар намудани бозӣ ва бештар намудани шавқу ҳаваси мухлисон ба футбол навгониҳо ворид мешаванд. Аз ин сабаб, шуъбаи доварони ФФТ якҷо бо ФИФА ва КФО кӯшиш мекунад, ки ҳар он навгоние, ки дар футбол мешавад, дар амал татбиқ намуда, сифтаи футболи Осиёро баланд бардоранд. - Дар Осиё истифодаи барномаи кӯмак довар ё худ “VAR” дар кадом сатҳ қарор дорад ва истифодаи ин барнома дар бозӣ чӣ манфиат дошта метавонад? - То он ҷое, ки мо огаҳем, дар баъзе давлатҳои Осиё ба монанди Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар аллакай барномаи кӯмакдовар “VAR” истифода мешавад. Ва сабаби дер омадани ин барнома ба Осиё нархи гарони барнома аст ва на ҳар як давлат метавонад барномаро харидорӣ намояд. Дар ояндаи наздик ҳамаи давлатҳо ба ин ситема мегузаранд. Ҳамчун довар ман ин барномаро хеле хуб қабул дорам. Зеро доварӣ кори мушкил аст, ҳолатҳое мешавад, ки ҳолатҳои нобозӣ аз назар дур мемонад. Зеро дар футбол ҳодисаҳои ғайрибозӣ бисёр босуръат ҷараён мегирад. Аз ин лиҳоз, дар рафти бозӣ доварон ба
Аз дарвозабонӣ то доварӣ тани марҳилаи аввал ба шаҳри Куала-Лумпур сафар намудам. Марҳилаи аввал, ки аз баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ, забони англисӣ ва омодагии ҷисмонӣ иборат буд, моҳи октябри соли 2017 дар Малайзия доир шуд. Аз 41 нафар тахминан 15 кас ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтем. Шарти асосии марҳилаи дуюм доварӣ дар бозиҳои Лигаи олӣ буд. Нозир дар ин марҳила аз хориҷ омада, доварии моро назорат намуда, ба КФО гузориш менавишт. Онҳо баҳо монда, доваронро ба марҳилаи дигар мегузарониданд. Даври сеюмро низ бо муваффақият паси сар намудем. Даври чорум, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Малайзия баргузор гардид, дар давраҳои бозомӯзии ҳакамон “AFC Elite Referees Selection Course” ширкат намуда, аз имтиҳони фитнестест бомуваффақият гузаштам. Баъди гузаштани марҳилаҳои муқараршуда, се ҳафта пас аз хатми марҳилаи чорум ба ФФТ мактуб омад, ки довари тоҷик шомили доварони беҳтарини Осиё дар соли 2019 шуд. Насиб карда бошад аз оғози соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ё довари эҳтиётӣ ифои вазифа менамоям. - Ҳамчун узви доварони қораи Осиё, дар оянда Шумо
иштибоҳ роҳ медиҳанд. Дастае, ки ба мағлубият дучор мегардад, мегӯяд ки ин иштибоҳи довар қасдан буд ё бо ягон манфиат кор мекард. Вақте системаи “VAR” аст, довар бо кӯмаки ин барнома қарори худро мебарорад ва ягон нафар ба қарори ӯ эътироз карда наметавонад. Бисёриҳо мегӯянд, ки кӯмакдовар дар рафти бозӣ вақти зиёдро мегирад. Ман фикр дорам, ки ин барнома вақти зиёдро намегирад ва он дақиқаҳое, ки барои истифодаи ин система сарф мешавад довар дар охири қисми рақобат онро илова мекунад. -Аз нигоҳи Шумо ҳамчун довар футболи кишвар дар муқоиса ба футболи давлатҳои Осиё дар кадом сатҳ қарор дорад? -Футболи кишвар имрӯз хело дар сатҳи хуб қарор дорад ва инро наврасони кишвар чанде пеш дар Малайзия исбот намуданд. Ва футболбозони 19-солаи кишвар, ки дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Индонезия мағлуб шуданд, аз он дастаҳое шикаст хӯрданд, онҳо финалисти Чемпионанти Осиё шуданд. Мо бовар дорем, ки дар ояндаи наздик футболбозони мо дастовардҳои назаррас нишон медиҳанд. Дар солҳои охир Лигаи олӣ ва дигар лигаҳои кишвар хело рушд ёфтааст. Дар рафти бозӣ бачаҳо кӯшиш менамоянд, ки ба довар халал нарасонанд. Вақте футболбоз доварро халалдор намесозад, довар ба иштибоҳ камтар роҳ медиҳад. -Нақшаҳои то имрӯз амалӣ нагардида дар фаъолияти варзишиятон? -Чанд сол мешавад, ки ба доварӣ машғулам ва ҳоло бештари орзуҳоям амалӣ нагардидаанд. Орзуи тамоми доварон ин ҳакамӣ намудани бозиҳои Ҷоми ҷаҳон мебошад. Мехоҳам дар Ҷоми ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ кунам. - Мо ба Шумо муваффақиятҳои нав ба нав орзу мекунем. Бовар дорем, ки кишварамонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун довар муаррифӣ мекунед - Ташаккур барои таманниёт. Кӯшиш мекунам, ки миллати варзишдӯстамонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифгар бошам. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”
√ МУЛОҲИЗА
Носкашӣ бефарҳангист!
Насрулло, беш аз 10 сол аст, ки нос истифода мекунад. Носкашӣ барои ӯ одат шудаву дигар наметавонад, ки аз он даст кашад. Ӯ гуфт: “Ман ин маводро як маҳсулоти ба худ наздик мешуморам. Агар набошад, ман худамро бемор ҳис мекунам”. Носкашӣ дар ҷомеа аз ҷумлаи одатҳое дониста мешавад, ки дар ҳама ҷо бо шахсони ба он одат карда, вохӯрдан мумкин аст. Бино ба таҳлили муҳаққиқон шахси носкаши 35-сола нисбати ҳамсоли солимаш, ки нос намекашад, 7 сол камтар умр мебинад.
Шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ носи туфкардаро дида, хиратабъ мешаваду ба шаъни носкаш суханони носазо мегӯяд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу тамоку бошад, аз як сӯ қонуншиканӣ, аз дигар ҷониб бефарҳангист. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо сабаби тамокукашӣ ҳамасола дар ҷаҳон 6 миллион нафар мемиранд. Заҳри тамоку ба сар задани бемориҳои шуш, дилу рагҳо, саратон ва ғайра омил мешавад. Ин яке аз
даҳшатноктарин барои саломатии одамон мебошад. Дар ҷумҳурии мо теъдоди сигоркашу носкашҳо хеле зиёданд. Аслан ин ду чизи зарароварро воситаи “ғамбарориву кайфият” медонанд. Аз рӯйи ҳақиқат носу сигор баробари ба буҷаи оила зарар оварданашон одамро ба бемориҳое, ки дар боло зикарашон намудем, гирифтор менамоянд. Тибқи қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд карда шуда, фурӯши сигор ва нос дар назди муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ манъ мебошад. Бояд муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар дохили бинои маъмурии худ ҳуҷраи махсус ё ҷойи махсуси сигоркашӣ дошта бо-
шанд. Мутаассифона, ин таъкиди қонунро на дар ҳама ҷо риоя мекунанд. Ҳамчунин қонун муқаррар намудааст, ки ба истиснои ҷойҳои махсус ҷудокардашуда барои кашидани носу сигор ҷарима таъин шудааст. Умуман кашидани ин навъи тамокуҳо ба саломатӣ зарар дорад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо бояд худ ва наздиконамонро аз истифодаи маводи заҳрноки тамоку эҳтиёт намоем. Зеро саломатии ҳар як шахси комил дар дасти худаш аст ва табиби аввалиндараҷаи ҳар шахс худи ӯст. Пас, бояд роҳи дурустро интихоб намуду саломатии худро ҳифз кард. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”
10
ҶОМЕА
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Озори лафзӣ Мутаассифона имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо тавре ба мушоҳида мерасад, муносибати дур аз фарҳанги муошират миёни зумраи ҷавонон ва сокинон гуё ба ҳукми анъана даромадааст. Бо шунидани чунин гуфтор шунаванда, чӣ тасодуфӣ ва ё чӣ воқеӣ бошад, осеб мебинад. Гарчанде дар мактабу донишгоҳҳо ба машғулиятҳо бобати тарбияи одоби муоширати наврасону ҷавонон соатҳои зиёд бахшида шудааст ва ба ин васила ба ҷавонон нозукиҳои муносибат ва муоширатро миёни ҷомеа меомӯзонанд, аммо то ҳанӯз қисмате аз мо аз фарҳанги сухангӯӣ дуруст истифода карда наметавонем. Баъзе аз ҷавонони камхондаи мо бефарҳангии хешро ҳангоми суҳбат (гаппартоӣ) дар кучаву роҳрав бо душизае, ки ба ҷуз аз меҳрубониву навозиш чизи дигареро пазиро нест, бармало месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки пазироиши инсон ва муҳаббати ӯ аз ҷониби дигаре аз рӯйи сатҳи тарбия ва одоби муошират сурат мегирад. Аксаран ба назар мерасад, ки як гурӯҳ ҷавондухтарон ва ҷавонписарон дар роҳравҳо гирд омада, бо суҳбатҳои ғайриахлоқӣ ва гӯшхароши худ муҳити фарҳангиро ба маҷрои бетамизию расвоӣ мекашанд ва аз тарбияи одоб бенасиб будани хешро ба атрофиён бармало месозанд. Бобати қонуншиканӣ ва поймол намудани тартибот дар ҷомеа аз ҷониби сокинон, алалхусус ҷавонону худи ҳимоятгарони қонун ҳар қадаре, ки гуфтан хоҳем боз ҳам кам аст. Махсусан дар маконҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, майхонаҳо борҳо ба мушоҳида расидааст, ки қисман низомшиканон ноболиғону ҷавонон ва ҳатто кормандони низомии ноогоҳ аз масъулияти бар душ доштаашон пас аз чанд ҷуръа нӯшидани майи хуношом ва аз даст додани қувваи зеҳнӣ бо овози баланд дашном додани модарони якдигар ва бо ин аҳвол нишастан сари чанбари мошин, бо суръати баланд рондани нақлиёт ва бемавриду беист зер кардани сигнали мошин фароғати сукунатдоштагони маҳалро барҳам мезананд. Магар фароғат ин аст? Агар ин бошад, пас вой бар ҳоли мо барин ҷавонони модардору хоҳардор. Таассуфовар ин аст, ки чаро кормандони Вазорати корҳои дохилӣ инро нодида мегиранд? Шояд намехоҳанд аз рӯи низомшиканҳои майда-чуйда худро овора созанд. Дар интиҳо мехоҳам хонандаи закӣ ва низомипӯши боори меҳанро тариқи суханони пурҳикмат ҳушдор диҳам: “Дӯздӣ аз сӯзандӯздӣ ва ҷинояткори ашшадӣ аз ҷинояти майда оғоз меёбад.” Бахтовар ҚАЛАНДАРОВ, хабарнигор аз ноҳияи Муъминобод
Дар таърихи Тоҷикистони навин боз як саҳифаи дигар кушода гардид. Боз як ҷашни пуршукӯҳ бо номи ташаббускори он бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Орзую умеди деринаи мардум бо талошу ҷаҳди Пешвояш ҷомаи амал пушид. Чархаи аввалини НБО “Роғун” ба кор даромад, ки он меҳанро нурафшонӣ карда, халқро чун чароғи роҳнамо ба фардои боз ҳам дурахшону пурфайз роҳнамоӣ месозад. Қалбҳои мардум аз нури “Роғун” дучанд пурҳарорат мешаванд.
Ҳамоиши варзишгарон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Ҷавонон” ҳамоиши варзишгарон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда, дар он ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, муҳассилини Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва устодону мураббиёни муассисаҳои варзишии кишвар иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки дар зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар даврони истиқлолият рушд намуда, барои варзишгарон тамоми шароитҳои муосири варзишӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳз бо дастгириҳои Президенти кишвар то имрӯз варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, бо ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ Прачами меҳанро баланд бардоштаанд, ки ин боиси ифтихори мост. Дар идома таъкид гардид, ки варзишгарон парчамбардорони миллат буда, онҳо барои баланд бардоштани Парчами миллат дар арсаи ҷаҳон ҳамеша талош менамоянд. Мақсаду орзуи ҳар як варзишгар низ бояд ҳамин бошад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Парчами давлаташро баланд бардорад. Зеро Парчами меҳан нишони озодиву ваҳдат ва сулҳу суботи сартосарӣ буда, он муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад. Ҳар як сокини кишвар бояд баҳри ҳифз ва баланд бардоштани он талош намояд.
Меҳан нурафшон мешавад
Нури аввалини “Роғун” заминаҳои гузоштаи пешинаро баҳри рушди бемайлони меҳани азизамон боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Акнун инкишофу пешрафти Ватани маҳбубамон суръати наву тоза касб мекунад. Баҳри бунёди корхонаҳои азими саноатӣ шароит фароҳам меорад.. Нурҳои аввалини “Роғун” шуъла мепошанд. Роҳ
ба сӯи фардои нек, роҳи боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии мардум акнун дурахшонтару чароғон мегардад. Ин ҳама худ аз худ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин рӯзи таърихию фархунда Пешвои миллат заҳмат кашиданду талошҳо карданд, фидокориҳо намуданд, то ки бори дигар собит созанд, ки
ба ҳар як қавлу ваъдаву аҳди хеш устуворанд.Ҳамаи он ваъдаҳое, ки ба халқи худ додаанд, давра ба давра иҷро мекунанд. Акнун халқ бо роҳнамоии Пешвои муаззами худ бо нури “Роғун” дар роҳи пурнур устуворонатару боэътимодтар бо азму талоши суботкорию бунёдкорӣ баҳри фатҳу зафарҳои нав пеш мераванд, то ин ки диёри
хешро боз ҳам зеботару шукуфонтар ва пешрафтаву овозадор гардонанд. Халқи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманди худ бори дигар ба ҷаҳониён тоҷиконро ҳамчун халқи дорои фарҳангу тамаддуни кӯҳан ва бунёдкору созанда муаррифӣ намуданд. Ин ибтидои кори НБО “Роғун” аст. Аз паи ин агрегатҳои дигари ин нерӯгоҳи азими барқӣ ба кор хоҳанд даромад, диёрамон боз ҳам шукуфону обод хоҳад шуд. Аз баракати ин нерӯгоҳ даштҳои ташналаби мулкҳои ҳамсоя сероб хоҳанд шуд, аз нури он ҳамсояҳои мо низ баҳравар хоҳанд гашт. Ҳамаи ин нишони сулҳу суботи пойдор дар ҷомеа мебошад. Пас, ба қадри ин ҳама пешрафту тараққиёт бояд расиду саҳми худро дар рушди ин меҳан гузошт. Наҷмиддин РАҶАБОВ, докторанти институти умумиросиягӣ чорводории Федератсияи Россия
11
АНДЕША
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Ин суолест, ки ҳама ба он назари яксон надоранд. Аммо қисми бештари нафарон ҷавониро замони зудгузар ва хотирмон унвон менамоянду онро лаҳзаҳои барои ҳар шахс фаромушнашаванда ва бебозгашт медонанд. Ин гуфтаҳо дар воқеъ дурустанд. Чунки ҳама чиз дар ҷавонӣ ба даст меояд. Зеро ҷавонӣ айёми хубест барои омӯхтану аз худ намудани касбу ҳунар ва дигар илмҳо. Чун дар ин давра шахс фориғ аз ҳама гуна мушкилоти зиндагӣ мебошад ва метавонад, ки ин айёмро самаранок истифода барад, зеро дар дигар лаҳзаҳои умр фурсат пайдо намешавад, то ки аз пайи омӯзишу азхуднамоии касбу ҳунар гардед.
касбу ҳунар мегарданд, ки ояндаи дурахшоне онҳоро интизор аст. Аммо дар баробари ин бархе аз ҷавононе низ ҳастанд, ки ин даврони қиммати зиндагиашон-
ба муяссар мегардад. Бинобар ин месазад, ки давраи заррини умрро бо меҳнати ҳалол, аз бар кардани илму дониш, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, хоса, бо созан-
нок истифода барем, ҳар чи бештар некӣ кунем, хайрхоҳи мардумон бошем. Ба қавли бузургон амал кунем, ки гуфтаанд:
Ҳукумати кишвар имрӯз ба ҷавонон аҳамияти бузург медиҳад ва ояндаи миллати хешро дар симои ҷавонон мебинад. Ҳамин дастгириву ғамхориҳост, ки айни ҳол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷавонон кору фаъолият намуда, баҳри пешрафти соҳаи хеш ва ба ин васила ҷиҳати рушди меҳан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароитҳои маишию фарҳангӣ фароҳам оварда шудааст, то ҷавонон дар соҳаи илму маърифат ва техникаву техналогия ба камол расанду баҳри ободии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Бо дарки ин ҳама ғамхориҳо ҷавонони зиёде имрӯз аз имкониятҳо самранок истифода мебаранду соҳиби дониш ва
ро ба беҳудагардию фориғ аз илму ҳунар мегузаронанд, ки дар зиндагии ояндаашон ба душвориву мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида, аз ин ки дар вақташ дониш наомӯхтан, пушаймон мешаванд, ки он дигар суде надорад. Суоли матраҳ ин аст, ки ҷавониро чӣ тавр бояд истифода кард, то дар ҷомеа соҳиби мавқеъ бошему дар ҷодаи хеш муваффақ. Моҳира Мирзоева дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ дар ин маврид мегӯяд: “Ҷавониро “давраи тиллоии умри инсон” мегӯянд. Воқеан ҳам, чунин аст. Зеро дар ин вақт инсон дорои нерӯву тавон буда, имкони иҷрои ҳама гуна корҳоро дорад. Дар ҷавонӣ имкони зиёди омӯхтани илму дониш, ҳунар ва такмили маҳорат мавҷуд аст. Мегӯянд, ки умри инсон амонати Худованд аст ва як мароти-
дагиву бунёдкорӣ гузаронидан лозим аст. Агар инсон меҳнат накунад, ҳунар наомӯзад, дар вартаи ҷаҳолату нодонӣ меафтад. Ҷаҳолату нодонӣ шахсро ба сӯйи ноогоҳӣ, ҷаҳонношиносӣ, кӯйи ноумедӣ ва дар ниҳояти кор ба амалҳои ношоиста, ба мисли терроризм ва экстремизм мебарад. Терроризму экстремизм зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳони имрӯза аст, ки аксари ҷавононро аз падару модар, наздикон ҷудо карда, ба марг бурда мерасонад. На танҳо ин ҷавонон мемиранд, балки мардумони зиёдеро қурбони амалҳои зишти худ мегардонанд. Боре бибиам гуфта буданд, ки “солам ба ҷое расидааст, аммо мехоҳам, умри дароз бинам. Зеро зиндагӣ ширин аст, яъне пирон ҳам аз Худованд умри дароз металабанд”. Ин гуфтаҳо моро водор менамояд, ки ҳар як лаҳзаи умрро самара-
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Ҷавониро чӣ тавр бояд истифода кард?
Дар воқеъ, имрӯз барои илмомӯзии насли наврас тамоми шароитҳо фароҳам мебошад. Тамоми мактабу муассисаҳои олии кишвар бо техникаву технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардидаанд, ки барои наврасону ҷавонон заминаи хубест ҷиҳати омӯхтани илмҳои замони муосир. Дар ин росто танҳо ҷавононро мебояд талош баҳри соҳибмаърифату соҳибкасб гардидан намоянд. Ёғибекзода Нушервон, донишҷӯи ДМТ давраи ҷавониро давраи ноёби умри инсон медонад. Ӯ зимни суҳбат гуфт: “Агар дар ҳамин овон тавонем, ки аз худ шахсияте ё нафаре нафърасон ба ҷомеа созем,
пас саодатмандии умрро дарёфтем, агар не, пас рисолати инсониро анҷом надодаем. Ҳар соати даврони ҷавониро бояд барои заминагузорӣ ба оянда сарф кард. Яъне ҷавонон бояд бо омӯхтану азхудкунии илму касбу ҳунар барои сазовор зистан ва пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеа талош намояд. Шахсан ман аз руйи ҳамин принсип барои расидан ба ҳадафҳоям кӯшиш дорам. Албатта ин роҳ одӣ нест ва монеаҳои зиёдеро дар пай дорад. Аммо ҳамаи садду монеаҳоро метавон бо иродаи мустаҳкам бартараф кард”. Тамоми шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик сарфи назар аз хуб набудани вазъияту воқеаҳои замони худ пайи омӯхтану аз худ намудани илмҳои замонаашон буданд. Дар мисоли чеҳраи намоёни адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки овони ҷавониашро бо фоҷиаву мушкилоти зиёд гузаронидааст ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар сахттарин шароити мадрасаҳои Бухоро дар омӯхтани илмҳои замонааш саъй кардааст, ки имрӯз мо ӯро чун алома, шоир ва нависандаи машҳур медонему осорашро меомӯзем ва меболем, ки миллати мо дорои чунин шахсияти бузург аст. Ба таъкиди ҳамсуҳбатон низ барои дар зиндагӣ ҷойгоҳи махсусеро пайдо намудану дар ҷодае комёб гардидан, танҳо ва танҳо аз даврони ҷавонӣ, ки онро бузургон замони сохтани худ унвон кардаанд, истифода бояд кард. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд дар чӣ вазъе, ки набошад, пайи омӯзишу аз худ намудани илму ҳунар гардем. Бояд ҳамеша арзиши вақти худро донему беҳтарин даврони зиндагиамонро ба беҳудагардию каҷрафторӣ харҷ накунем. Ҳамаи имкониятҳо дар ҷавонӣ ба даст меояд ва чуноне гуфтаанд: “Илм дар ҷавонӣ нақш бар санг аст”. Акобир ШАРИФОВ, донишҷӯи курси 2 факултети журналистикаи ДМТ
√ ЭЪЛОН АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБИ ХОЛИИ САРМУТАХАССИСИ БАХШИ КАДРҲО ВА КОРГУЗОРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Талаботи тахассусӣ барои довталабон: - таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ (хизмати давлатӣ); -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; - донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд; - малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми
татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 846 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ. Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансаби мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: -аризаи шахсӣ ба номи директори
Агентии хизмати давлатӣ; -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); -тарҷумаи ҳол; -нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; -маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038); -нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; -эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулк; -нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/ факс:(992 37)224-02-74, почтаи электронӣ: info@ahd.tj, Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj. Бахши кадрҳо ва коргузории Агентии хизмати давлатӣ
12
ҶАВОНОН ВА ИЛМ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Сафи олимони ҷавонро бояд афзоиш дод Фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмию озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯиву навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ, ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимоӣ ва амсоли онҳо тадбирҳое мебошанд, ки Сарвари муаззами давлатамон дар назди ҷавонон гузоштаанд. Бо ин роҳ Пешвои миллат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонону пешрафти ҷомеа хизмат менамояд, таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва дар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои зарурӣ барои ҷавонон муҳайё карда шудааст. Давлати соҳибистиқлол бе кадрҳои баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазир рушд карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб, Пешвои миллат дар он ақидаанд, ки таълиму тарбияи насли ҷавон вазифаи муҳиму масъулиятнок аст. Руҳияи тарбияи ҷавонон ба сифатҳои иҷтимоию сиёсии онҳо вобаста аст. Девори устувори истиқрори қасри миллиро ҷавонон бояд бардоранд. Рӯ ба илм овардану ҳисси хештаншиносии миллиро дар худ бедор кардан, аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими ҷавонони саодатманди диёр маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, илму дониш, маърифати тавоноии саодатманд бояд ба меъёрҳои башарӣ мувофиқат кунад. Барои ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, пешраф-
ти техникаю технологии нав, қабл аз ҳама, дониши васеъ зарур аст. Яке аз мушкилоти асосии ҷавонони имрӯза паст шудани ахлоқи онҳо, ба инобат нагирифтани дастовардҳо ва кашфиётҳои илмию назариявӣ дар муносибат ба илм ва донишмандон мебошад. Мушоҳида ва таҳлили вазъи имрӯзаи муассисаҳои илмӣ ва корхонаю ташкилотҳо метавонанд шоҳиди асосии ин талафот ва аз байн рафтани олимони насли ҷавон бошад. Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки солҳои охир гаравидани ҷавонон ба илм ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаҳои илмӣ ва олӣ кам ва суст гардидааст. Нафароне, ки имрӯз илми тоҷикро муаррифӣ менамоянд, синну солашон ба ҷое расидаанд. Чунин ҳолат масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва майли кам доштани ҷавонон ба илмро нишон медиҳад. Чунин раванд масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ ва хавфи аз байн рафтани насли миёнаи олимонро дар ҷумҳурӣ ба миён овардааст. Пешравии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба илм вобастагӣ дорад. Мутобиқи маълумоти оморӣ 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Лекин имрӯз ҷавонон хеле кам ба корҳои илмӣ машғул шуда истодаанд. Бинобар ин дар нигоҳдории иқтидори илмии мамлакат ва аз байн бурдани пиршавии олимон ҷавонон нақш мебозанд. Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми садаи гузашта аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ як давраи мушкил ва карахтӣ нисбати илм дида мешуд. Имрӯз бошад, бо дастгирии Ҳукумати кишвар маблағгузорӣ барои иҷрои корҳои ил-
мию тадқиқотӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол то сол зиёд шуда истодааст. Агар солҳои 2000-ум маблағгузорӣ барои соҳаи илм 1 млн. 155 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2014 ин нишондиҳанда ба 38 млн. сомонӣ расонида шуд. Аз ин хотир, барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд ҷавонон ба илм рӯй биоранд ва ҷойи олимоне, ки синну солашон ба ҷойи муайяне расидаанд, пурра намуда, нерӯи илмии мамлакатро ғанӣ гардонанд. Самараи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз дар ДДМИТ, ки худ зодаи замони истиқлолият аст, зиёда аз 25 нафар устодони ҷавони унвондор кору фаъолият мекунанд. Дар зеҳни миллати тоҷик илмдӯстӣ аз азал вуҷуд дошт ва ҷавонони имрӯза онро чун пештара аз нав эҳё намуда, илми тоҷикро яке аз парчамбардорони илми муосири ҷаҳонӣ мегардонанд. Зеро ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик ба мисли Абубакри Розӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд, хуб медонанд. Муҳимаш он аст, ки ҷавонони имрӯза бо илми муосири худ барои зиндагии осудаю хушҳолонаи оянда заминаи устувор, азму иродаи созандагӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиштагиро ба вуҷуд оваранд.
Мо дар шароити ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Дар шароите, ки фарҳангу русум ва одобу ахлоқи мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳарбӣ таво-
но фарҳангу таърих ва арзишҳои миллии халқҳои хурду кӯчакро, новобаста аз куҳан буданашон, маҳв месозанд. Илова бар ин, дар ҷаҳони муосир нерӯ ва ниҳодҳое мавҷуданд, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ натанҳо ҷангу ҷидол, ифротгароӣ, терроризмро тарғибу ташвиқ мекунанд, балки ба ҳар роҳ онҳоро дастгирӣ менамоянд. Тавассути ахбори умум суханпардозӣ намудани намояндагони гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез мисли “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва ғайраҳо ин кӯшишест, баҳри ноором сохтани ҷомеа ва ба низоъҳои иҷтимоӣ кашидани он. Дар чунин шароити мураккаби замони муосир таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бо
Соли 2018 баҳри ҷавонон боз рушду нумуи нав бахшид ва дар таҳкими ҳуқуқҳои сиёсии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои судманд андешида шуданд. Аз ҷумла, бо пешбарии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони ҷавон ҳайати парламентии ҷавонони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, мунтазам дар ҳамоишҳои байналмилалӣ, бахусус ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуда, дар ҷараёни ташаккул ва рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию маънавии ҷавонони мамлакатҳои фазои ИДМ саҳмгузоранд. Чунончи, аз 17 то 21 октябри соли равон ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии ИДМ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Миралиён ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб Д. Сангинов иштирок ва баромад намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар баробари иштирок дар ҷаласаи навбатии ассамблеяи мазкур, ҳамчунин дар конфронси байналмилалии «Сармоягузорӣ ба ҷавонон» ширкат намуданд. Дар ин конфронс аз 35 давлати дунё ҳайатҳои расмӣ бо теъдоди 200 нафар ширкат доштанд. Иштироки намояндагони ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла вакилони маҳалии вакилони халқи шаҳру ноҳияи кишвар дар чорабиниҳои зикршуда иқдоми дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, роҳнамоии ҷавонони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва воқиф намудани онҳо аз масъалаҳои ҷаҳонишавӣ мебошад. Мо ҷавонон доимо татбиқкунандаи иқдомҳои накӯ, дастуру ҳидоятҳо ва пайрави Пешвои миллат мебошем ва қодирем дар сатҳи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуда, кишвари маҳбубамонро муаррифӣ созем.
Амрулло НУРАЛИЗОДА, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ
Гузаштаи пурифтихор мояи ибрат аст Яке аз масъалаҳои муҳимтари ҷаҳони муосир ҳифзи асолати фарҳангию миллӣ дар шароити ҷаҳонишавист, ки мавҷудияти маънавии ҳар халқу миллат аз он вобаста аст. Ба ибораи равон худшиносии миллӣ натанҳо маълумот, балки пос доштани таъриху фарҳанг, расму оин, забону ҳунар, дин ва дигар арзишҳои таърихиву фарҳангист.
Вакилони ҷавон
роҳи боло бурдани худшиносии миллӣ, нақши аввалиндараҷаро касб мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки аз беэҳтиётӣ ва огаҳ набудан аз гузаштаи хеш давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Бешубҳа, яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ забони адабии тоҷикӣ мебошад. Маҳз ба воситаи ҳамин забон бузургони илму адаби мо эҷод намуда, дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Исми мубораки Имоми Аъзам, Абӯмуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Абӯали ини Сино ва боз садҳо бузугони илму ирфон ва сиёсатро ном бурдан мумкин аст, ки ҳамеша аз паси мақому мартаба ва нуфузи забони модарӣ буданд.
Худшиносии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ бояд ба он равона карда шавад, ки симои миллат, суннатҳои давлатдорӣ ва расму оини аҷдодӣ ҳар чи бештар ташаккул ёбанд. Дар ин самт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби “Авесто”, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000– солагии шаҳри Ҳисор, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 1000-солагии Носири Хисрав, 650-солагии шоир ва орифи шаҳир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100-солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров, 1310-солагии Имоми Аъзам, Абӯҳанифа нишонаи дурахшони эҳтиром гузоштан ба таърихи
Дониёр САНГИНОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангии он ба шумор меравад. Бояд хотиррасон кард, ки маҳз ҳамин ҷашнвораҳо то дараҷае ҷомеаи моро бо мероси маънавию фарҳангии худ шинос, ҳисси ифтихори миллиро бедор ва барои ваҳдати миллӣ мусоидат намуд. Воқеан ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Ифтихор аз гузаштаи таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро таърихи фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Насимҷон ЗАРИФОВ, аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
E - MAIL: javonontj@mail.ru
13
Офтобро бо доман пӯшониданианд
Минбари овозхонҳои дайду ва бемаърифатро кӣ мебандад?! Росташ, навиштаҳои рӯзноманигорон Хуршед Мавлонов ва Бахтиёр Раҳмониёнро дар саҳ. 4 – и рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (шумораи 25.102018) бо сарлавҳаи “Пиш – пиш мегум , «пишако» - и дарара...” - ро хондам ва бисёр малул ҳам шудам, ки чаро пеши роҳи ҳофизони бемаърифатро намегиранд. Умуман, пеши роҳи чунин ҳофизони дайду ва аз нангу номуси миллӣ дур, аз худшиносию ифтихори миллӣ садҳо фарсах ақибмондаро гирифтан лозим. Охир, ин зумра ҳофизон, ки базму мусиқии маъракаҳои мардумро таъмин мекунанду ба мардум бояд ғизои маънавӣ бахшида, дар ниҳоди сомеонашон аз бузургтаборию санъати бузурги тоҷикон чизе дода тавонанд, баръакс санъати волою қадимаи миллатро масхара дошта, онро хандахариш мекунанд. Воқеан онҳо ҷинояткоранд. Ҷинояткор бояд ҷазо бигирад. Аҷибаш ин ки чунин сурудҳои дар шаъни миллат ва санъати миллат таҳқиромезонаро дар фиттаҳо сабт намуда, дар кӯчаю бозор ва дӯконҳои фиттафурӯшӣ озод мефурӯшанд. Аз ин лиҳоз аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як фарди тоҷик эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки чунин ҳофизони худхоҳу аз миллату аз фарҳанги миллат дур бударо ҷаримаи калон (ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ) бубанданд ва агар такрор шавад, бигузор барои беэҳтиромӣ ба миллат, ба забони миллат, ба фарҳанги миллат ба суд дода шаванд. Баъдан, ҳамон дӯкондоре, ки чунин фиттаҳоро паҳн мекунад, низ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Наход, истода тамошо кунем, ки санъат ва фарҳанги моро ким кадом як бешарафи худхоҳ ба хотири пул масхара кунад. А. МАҶИДЗОДА, сокини н. Фархор
Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро дигарбора ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ворид кард. Иттилои мазкур ду рӯз қабл расонаӣ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки наҳзатиҳои террорист ва дигар ашхоси “ҳавасманд” онро ливо кунанд... Таҳиягарони гузориш ва “таъкид” кардаанд, ки соли 2017 дар Тоҷикистон таъқиби афрод бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳи “Салафия” идома ёфт ва як рӯҳонии калисои протестантӣ ва узви гурӯҳи “Шоҳидони Яҳво”, пушти панҷара рафтанд. Аҷаб ғамхорие! Илова бар ин, “бузургон” ба Ҳукумати ИМА машварат додаанд, ки “Тоҷикистонро ба анҷоми ислоҳоти ҷиддӣ дар заминаи беҳбуди вазъи озодиҳои мазҳабӣ водор кунад”. “Дилсӯзон”-и мавриди назар аз болои он “нигаронӣ” кардаанд, ки “Соли 2017 назорат аз фаъолиятҳои мазҳабӣ афзоиш ёфт ва мақомот ин навбат аломатҳои мазҳабӣ будани шахс, мисли доштани риш, пӯшидани ҳиҷоб, баргузории зиёфатҳои марбут ба арӯсиву маъракаи азоро зери назорат гирифтанд”. “Офарин” ана инро таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ мегӯянд! Маротибаи аввал нест, ки дар раддабандии баъзе ташкилотҳои мазҳакаофар ва ҳангоми ибрози назари кордорони баъзе сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон дар робита ба озодиҳои динӣ вазъи феълии кишвар чунин баҳогузорӣ шудааст. Хулоса ин аст, ки дар аксари маврид ин омил аз ҷониби як идда ташкилоту созмонҳо суиистифода шуда истодааст. Бигузор масъулини онҳо дар мавриди сиёсати Ҳукумати мамлакат андешаҳои танқидомезро дар заминаи риояи муқаррароти мавҷуда бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи онҳост ва касе ба ин нафарони “озодандеш” монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз ”раддабандӣ” ва таҳмили андешаҳои муғризона ҳаргиз қобили қабул нест. Шоҳиди он ҳастем, ки давоми чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қудрату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Боиси нигаронӣ ва таассуфи ҳар фарди мусалмон бояд бошад, ки аксари ҳолат ба ”осиёб”-и чунин давлатҳову гурӯҳҳо маҳз кишварҳои мусалмонӣ “об рехта истодаанд”. Барои мисол, дар нооромиҳои Либия, Миср, Сурия ва таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисли Давлати исломии Ироқу Шом маблағгузории як қатор давлатҳои мусалмон ”нақши муассир” дорад. Кор ҳатто то ҷое расидааст, ки давлатҳои исломӣ дар ”лоиҳа”-ҳои аз ҷониби давлатҳои ғарбӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ”амалигардида” нақши маблағгузорро иҷро намуданд. Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки дар чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусалмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухо-
лифати мазҳабӣ рабт доранд. Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои мусалмонӣ ва ашхоси пайрави дини ислом мебошанд. Мебояд сари он ҷиддӣ андешем, ки чаро чунин аст? Дар навбати аввал зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии ”ҳадафрас” шудани тасмимоти беруна шудааст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯйи манфиатҳояшонро гирифтаанд, ба қавли Аллома Иқбол бобати он, ки ”мусалмон фоқамасту ҷандапӯш аст”, муътақиданд ва аз ин омил таври густурда истифода намуда истодаанд. Сониян, имрӯзҳо дар кишварҳои мусалмоннишин миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, ба таври шадид ҷараён дорад. Чунин ҳолат ”табъи дил”-и манфиатбардорон буда, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Ахиран, мо бояд дарк намоем, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Агар мардум ин омилҳоро мадди назар дошта бошанд, он гоҳ амнияти давлату миллат низ халалнопазир аст. Ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ хуб медонанд, ки на дар ҳама ҳолат демократияи Аврупо он демократияе аст, ки роҳбарияти давлатҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои” муваззафгардида” тарғиб,талқин ва таҳмил менамоянд. Масъулони ташкилоту созмонҳои зиддахл ва кордори муваққатии сафорате, ки кишвари моро” кишвари ноозод” ва озодиҳои динӣ дар онро “маҳдуд” арзёбӣ кардаанд, чаро намегўянд, ки бо кадом сабаб ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст? Чаро шарҳ намедиҳанд, ки дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд “арҷгузорӣ” намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ “роҳ намедиҳанд”, ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд? Чаро пажўҳиши давоми 3 соли охир анҷомдодаи нашрияи британии “The Telegraph”-ро ба эътибор намегиранд, ки тибқи он сатҳи диндории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баландтарин – 85 фоиз арзёбӣ шудааст. Магар бо мавҷудияти “маҳдудиятҳои динӣ” чунин нишондиҳанда ҳосил мешавад? Посухи “қолабӣ”-и онҳо, аз қабили “озодии дин яке аз рукнҳои умда ва принсипи асосии демократияи мо маҳсуб меёбад. Мо ба ин ақидаем, ки ҳифзи озодии дин аз ҷониби Ҳукумат ба бунёди давлати боз ҳам устувортару босубот мусоидат мекунад”, аллакай бароям маълум аст. Вале ба зеҳн андешаи дигар меояд. Ҳавасманд набудани як идда “дўстон” аз кишварҳои пешрафта ба омили болотар зикршуда ба сабабҳои зерин рабт дорад: Замоне ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Табиист, ки дар ин ҳолат тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин
мамлакатҳо барои амалисозиии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад. Бегуфтугў, чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки як идда давлатҳо мехоҳанд, ки мусалмонон таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба “шарофат”-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд. Аз ҷониби дигар таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳои номатлуб падидаи маъмул хоҳад буд. Барои тақвияти андеша ва мукаммал шудани матлаб аксар адабиёти ба дин рабтдоштаро мутолиа кардаам. “Амрикои нав кашф намекунам” агар гўям, ки “дин” дар онҳо ба маънои нерӯи эзидӣ, виҷдони марди некўкор, ё бозшиносии некӣ омадааст. Хеле ҷолиб аст, ки форсҳо ин вожаро ҳамчун синоними виҷдон истифода мебурдаанд. Далелҳо аз он ҳокианд, ки арабҳо ин вожаро аз забони форсӣ - тоҷикӣ рабуданд ва дар ин замина калимаҳои адён, диёнат, тадаюн, мутамаддинро “ихтироъ” кардаанд.Дар бораи таърихи динҳо маълумот хеле зиёд аст. Барои мисол, митроизм ва зартуштӣ динҳои куҳантарин буда, таърихи 8 - 10-ҳазорсола доранд. Муҳимтар аз ҳама, ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, талқин мегардад, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчўбаи ахлоқӣ ва ё ба гуфтаи аврупоиён, кодекси ахлоқӣ нигоҳ доранд ва аз гунаҳкорӣ бим дошта бошанд. Динҳо ин арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз паёмадҳои гуноҳ талқин мекунанд. Банда бо андешае ҳамфикрам, ки ин арзишҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба ҳам муқобил гузошт, баръакс, онҳоро тибқи талаботи замон ва манфиатҳои миллӣ вусъат бояд бахшид. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панҷҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд. Бидуни баҳс ҳар фарди мусалмон ба дини мубини ислом чун ба як сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳониву ахлоқӣ эҳтиром мегузорад, зеро ислом ба яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо табдил ёфтаву ин раванд муттасил аст. Мушкили дигар дар он зоҳир мегардад, ки баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд. Дар маҷмӯъ, ин созмону ташкилотҳо, аз ҷумла Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико бо чунин “раддабандӣ”-ашон “офтобро бо доман пўшониданианд!” Алиҷон САФАРОВ, таҳлилгар
14 Маорифпарварони намоёни он давр Аҳмади Дониш, Возеҳ ва Шоҳин, ки ба муқобили решаҳои нобаробарии иҷтимоӣ, махсусан Аҳмади Дониш, мубориза бурданд ва мазмуни асосии ҳамлаҳои маънавии худро ба муқобили ҳамин шарорату бадӣ нигаронидаанд. Аммо муҳаққиқон ва шоиру нависандагони дигар иллату нуқсонҳои намоёни ҷамъияти замонашонро танқид карда, разолату фурӯмоягиҳои синфи дороро ҳар яке ба андозаи гуногун фошофош мазаммат карда бошанд ҳам, ҳадафи танқиду ҳамлаҳои онҳо асоси шарорату бадӣ, асоси истибдод набуд. Аз ин сабаб ғайр аз Аҳмади Дониш, Возеҳ ва Шоҳин шоиру нависанда¬гони дигарро маорифпарвар номидан ва тамоми равияи пешқадами адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷикро адабиёти маорифпарварӣ донистан аз ҳақиқати таърихӣ дур аст. Ба ин маънӣ масъалаи услуб ба методи эҷодӣ низ вобаста аст, ки ин масъала ва нисбати таърихи адабиёти классикии тоҷик, мутаассифона, ниҳоят кам омӯхта шудааст. Дар вақти таҳлили ҳаёти адабии нимаи дувуми асри XIX, махсусан дар вақти тавсифи услуби адабии ин давр гоҳо изҳори ақида мекунанд, ки гӯё дар адабиёти равияи пешқадами ин давр реализми танқидӣ вуҷуд дошта бошад. Асоси ин фикр ба он қарор гирифтааст, ки дар эҷодиёти намояндагони ин адабиёт, танқиди замон ва ғояҳои зидди сохти куҳна инъикос гардида буд. Нодурустии ин фикр равшан аст. Зеро танқиди иллатҳои иҷтимоӣ ва ғояҳои зиддидиниву куҳна нафақат дар адабиёти асри XIX, балки дар адабиёти асрҳои пешина ҳам вуҷуд дошт. Тарзи реалистии тасвир, аз нуқтаи назари инъикоси воқеъият ба ҳақиқати ҳаёт наздик будани адабиёт ва асарҳои ҷудогонаи адабӣ ҳанӯз он “реализме” нест, ки мо вайро ҳамчун истилоҳи адабӣ ва ифодаи методи эҷодӣ маҳсули давраи мазкур, дурусттараш маҳсули асри XIX, маҳсули адабиёти мамлакатҳои Ғарб ва Русия медонем. Аммо дар услуби эҷодии маорифпарварони ин давр назар ба адабиёти классикӣ оё дигаргуние ба вуҷуд омад? Албатта, чунин дигаргунӣ дар равияи эҷодии адабиёт, чӣ дар назм ва чӣ дар наср ба вуҷуд омад. Ин дигаргунӣ дар тағйироти зоҳирии шакли адабӣ камтар содир шудааст. Аммо дар байни услуб ва равияи тасвири бадеии адабиёти ин давр ва адабиёти классикӣ тафовути куллие вуҷуд дошт. Зеро шакли зоҳирии адабиёт дар жанрҳои адабӣ ва намудҳои гуногуни он содир мегашт, ки аз ин ҷиҳат дар адабиёти ин давр тағйироти намоёне дида намешуд. Бинобар ин, мо дар ин ҷо пеш аз он ки тағйироти услуб ва равияи тасвири бадеиро аз назар гузаронем, дар бораи жанрҳои адабие, ки дар насру назми ин давр бештар маъмул буд, сухан мекунем.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
ТАҲҚИҚ Насри бадеӣ дар нимаи дувуми асри XIX бештар бо унсурҳои гоҳо кам ва гоҳо бисёри фалсафӣ ва таърихӣ тараққӣ мекард. Дар “Савонеҳ-ул-масолик”-и Возеҳ унсурҳои таърихӣ, дар баъзе бобҳои ба тарзи асарҳои бадеӣ навишта шудаи “Наводир-улвақоеъ” унсурҳои фалсафӣ вуҷуд доштанд. Ин сабку услуб ҳарчанд бо анъанаҳои насри классикии форсу тоҷик алоқае дошт, онро тақлиди маҳз гуфтан
фалсафӣ ва сиёсию бадеии худ низ дар инкишофи реализми маорифпарварӣ таъсири бузурге гузошт. Қаҳрамонҳои асарҳои бадеии ӯ (марди аҷамӣ, ҳоҷии сайёд) монанди “Канҳид”-и Волтер дар мамлакатҳои гуногун, дар шароитҳои гуногун, гоҳ ба тарзи романтикӣ, гоҳ ба равияи реалистӣ тасвир шудаанд. Дар фаъолияти адабии Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин ва Возеҳу Савдо ба вуҷуд
ба кинояҳои тезу тунд танқид ва мазаммат намудааст. Чунончи, ӯ дар аввали ҳикояти Фаромӯшхона (“аз “Наво-дир-улвақоеъ”) нодонӣ ва маҳдудияти фикрии табақаи ашроф ва аҳли “илму дини” Бухороро ба ин кинояҳои талх тасвир намудааст. Вақте ки ҷавони ҷаҳондида дар пеши уламои Бухоро аз шаҳрҳои Фарангу Рус ҳикоят ме-кунад, онҳо дар ғазаб мешаванд: “Аҳли маҷлис... чун ин суханон шуни-
Адибон ва ақидаҳои эшон
Маорифпарварӣ дар адабиёти тоҷики асри XIX ва ибтидои асри XX
хатост. Зеро дар “Савонеҳ-улмасолик”-и Возеҳ, ки аз рӯи сохти умумӣ ба “Сафарнома”-и Носири Хисрав монанд аст, рӯҳи замон ва масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии он давр инъикос ёфтааст. Дар насри бадеии ин давр баъзе жанрҳои наве ба вуҷуд омаданд, ки мо намунаи онро пеш аз ин дар адабиёти классикии форсу тоҷик намедидем. Ҳикоятҳои фалсафӣ-реалистии Аҳмади Дониш аз “Наводир-улвақоеъ”, “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шамсиддини Шоҳин, «Ақоид-уннисо»-и Возеҳ, “Музҳикот”-и Савдо жанрҳои наве буданд, ки дар насри бадеии он давр ба вуҷуд омаданд. Агар ба таърихи аморати Бухоро назар намоем, тамоми уламои расмӣ ва идеологҳои барҷастаи мафкураи ислом аз ин ҷасорат ва интиқоди Аҳмади Дониш ба даҳшат афтода, ӯро ба “куфру бидъат” айбдор мекарданд. Мирзо Абдуалазими Шаръӣ - яке аз олимони пешқадами он давр, вақте ки дар тазкирааш Аҳмади Донишро аз чунин “таънаҳо”-и уламову мударрисон ҳимоя мекунад, ҳамин ҳамлаҳои ошкору ниҳони иртиҷоъпарастони замони худро дар назар дошт. Аҳмади Дониш ба воситаи асарҳои бадеӣ, таърихию-
овардани образҳои реалии мардуми одӣ дар симои мулло Хол ва Шукурбек барои инкишофи реализми маорифпарварии он давр нақши калоне бозид. Қаҳрамонҳои Аҳмади Дониш ҳарчанд ба таври муъҷаз тасвир ёфта бошанд ҳам, аммо дар симои ин қаҳрамонҳо, дар мазмуни ин ҳикояҳо маънои бу¬зурги иҷтимоӣ, қувваи аҳли меҳнат ба муқобили зулму истисмор ва беадолатӣ таҷассум ёфтааст. Ба ҳамин тариқа, фаъолияти маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ тамоюлоти реалистии осори онҳо ба адабиёти он давр таъсири намоёне расонд. Ба вуҷуд омадани “Ақоид-ун-нисо”, “Савонеҳ-ул-масолик”-и Возеҳ, “Бадоеъ-ус-саноеъ”-и Шоҳин бешак таъсири тамоюлоти реалистии асарҳои адабии фалсафии Аҳмади Дониш буд. Ҳатто дар “Туҳфаи дӯстон”-и Шоҳин, ки зоҳиран дар рӯҳи маснавиҳои ахлоқии классикӣ таълиф шудааст, ба дараҷаи зиёде равияи реалистии тасвири зиндагӣ дида мешавад. Аҳмади Дониш махсусан дар асарҳои адабию фалсафӣ ва адабию сиёсиаш ғафлатзадагии табақаи ашроф, таассубу ҷаҳолати уламои дин ва таъсири нафратангези тамоми тартиботи схоластикии таълими мадрасаро
даанд, cap бардоштанд ва барошуфтанд. Раги гардан бархост ва баҳсу ғулғула хост, ки «ҳай-ҳай чӣ мегуӣ ва чӣ ҳарза мепӯӣ? Ва ғайр аз ин замин, ки мо дар онем, ҷаҳоне мебошад ва ҷуз ин само, ки дар самти мост, ба дигар ҷо осмоне Фаранг чист? Ва Хито куҷо ва Ҳаллух кадом ва тотор кӣ ва Макка чӣ? Оё ин номҳову маконҳо дар хориҷ вуҷуде доранд ва касе ба онҳо расидаву дида? ...Назар ба заъми ту ғайр аз ин шаҳру қишлоқ, ки мо дар онем, шаҳре бошад, ки ту дар он рафтаӣ, боре баршумур, ки ба куҷо расидаӣ ва чӣ дидаӣ?” ва ғайра. Муаллиф ҳам дар “Наводирул-вақоеъ” ва ҳам дар асарҳои дигар ҳаҷвияҳои худро ба ҳамин тарзи киноя сохтааст. Чунин усули тасвири киноявӣ ё бо таъсири Аҳмади Дониш ё ба таври мустақил дар эҷодиёти Савдо, Возеҳ ва Шоҳин низ мавқеи калон пайдо кард. “Музҳикот”-и Савдо, “Ақоид-ун-нисо”-и Возеҳ, “Бадоеъус-саноеъ”-и Шоҳин ба ҳамин усули киноявӣ навишта шудаанд. Дар ташаккули афкори маорифпарваронаи Шамсиддин Шоҳин нақш ва мавқеи асари Аҳмади Дониш “Наводир-улвақоеъ” назаррас аст, зеро баъди мутолиаи ин китоб дар васфи Дониш қасидаи мадҳи Аҳмад Махдуми Дониш иншо гардида буд, ки
матлааш чунин аст: Дидам “Наводир”-и туву аз сафаҳи ҳак, Кардам вақоеи ҳукамои гузашта ҳақ. Дар навбати худ Аҳмади Дониш низ ба ашъори рангину баландпарвози Шамсиддин Шоҳин баҳои баланд додааст. Ҳақиқатнигорӣ ва ҳақиқатдӯстиву баландсанъатӣ хоси ашъори ӯ ва хислати вай буданд. Дар баъзе сарчашмаҳои илмӣадабӣ, омадааст, ки дар шахсияти шоир “ғурур ва такаббурӣ” зиёд буд. Аммо дар баъзе тазкираҳо ин даъво рад карда мешаванд ва ӯро ҳамчун шоири маърифатдӯсту олимашраб қаламдод менамоянд. Шоир дар асл шахсони фозилтарини замонашро меписандид, ҳурмату эҳтиромашонро бар ҷой мегузошт. Мадҳияҳои ӯ ба Дониш, Савдо, Иноят, Зарир исботи гуфтаи болоянд. Инчунин дар тазкираҳои давр, аз ҷумла дар тазкираи Садри Зиё «Тазкират-уш-ашъор”, нисбати ин шоири ширинхаёл баҳои холисонае дода шудааст. Шамсиддин Шоҳин аз шахсони фозилест, ки тамоми умри худро дар муҳити дарбор гузаронидааст. Вай ҳамчун надими амир Абдулаҳад ҳамеша бо вай буд. Соли 1893 (дар баъзе маълумотҳо соли 1894) амир Абдулаҳад ба Қаршӣ сафар мекунад ва бо худ Шоҳинро низ ҳамроҳ мегирад. Азбаски ранҷуриву ғамгинӣ аз сабаби вафоти ҳамсараш, инчунин муҳити тоқатфарсои дарбор бар саломатии шоир асар карда буд ва солҳои охир аз дарди сил азият мекашид. Шоҳин дар ин сафар ба тамоми азобҳо тоб наёвард ва дар соли 1893 дар Қаршӣ вафот кард. Шоҳин гарчи умри кӯтоҳ (35 сол) дидааст, асарҳои бисёре аз худ мерос гузоштааст. Осори адабии ӯ қимату арзиши бадеии баландро молик аст, ӯ аз ҷумлаи шоиронест, ки дар шаклҳои анъанавии адабиёти классикӣ мазмунҳои наву фикрҳои мутараққии замонашро бомаҳорат корбаст кардааст. Мероси адабии Шоҳин дар шакли дастхат дар маҷмуаву намунаҳои адабиёт ва баёзҳои гуногун то ба мо омада расидаанд, ки бархе аз онҳо дар шӯъбаи дастхатҳои АИ Тоҷикистон маҳфузанд. Хулоса дар таърихи адабиёти тоҷик адабиёти нимаи дувуми асри XIX ва адабиёти ибтидои асри ХХ ҳамчун адабиёти маорифпарварӣ ва ё ада-биёти маорифпарварӣ - таҷаддудхоҳӣ номгӯӣ мешавад ва он моҳиятан як давраи нав аст. Дар ин давра як қатор дигаргуниҳое ба вуҷуд омаданд, ки моҳиятан ба манфиатҳои ҷамъият ва пешрафти ҳаёти инсоният нигаронида шуда буд. Толибшо НАҶМУДДИНОВ, омӯзгори факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Суҳроб ШАРОФУДДИНОВ, омӯзгори факултети таърихи ДМТ
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
Маҳрум аз навозиши волидон Фарзанд вақте ба дунё меояд аввал волидони худро мебинаду ба онҳо меҳр мебандад. Беҳтарин ва қиматтарин чизе, ки волидон ба фарзанди худ медиҳанд, меҳру муҳаббат аст. Дар ҳамсоягиамон духтаре ҳамсинну соли ман зиндагӣ мекунад. Солҳост, ки бо ҳам дӯст ҳастему мисли хоҳар шудаем. Рӯзе нест нолаҳои зори ин духтар, ки аз ботинаш берун мерезанд, ба гӯшам нарасад. Дар оила онҳо 5 нафаранд. Ӯ як хоҳар ва як бародар дорад. Баъзан аз вазъи оилаашон ба ман нақл мекунад. “Тӯли 20 соли ҳаёт силаи навозишкоронаи падару модар ва чеҳраи гарму хушҳоли онҳоро нисбати худам надидаам. Боре сухани хуш аз забонашон нашунидам. Дар дил алами зиёд дорам. Мегӯянд ба фарзанд хусусан ба духтар наздиктарин шахс ин модараш аст, ки дар ҳолатҳои бади зиндагӣ фарзандашро мефаҳмаду ҳамдарду дастёраш мешавад. Аммо ман чунон ба воя расидаам, ки шояд ятимон аз ман дида, зиёдтар меҳру муҳаббат дида бошанд. Баъзан дар бораи волидайн, махсусан, дар васфи модар дар шеърҳои шоирон ва қиссаҳо, ки меҳрубонии онҳоро васф мекунанд, мехонаму ҳайрон мешавам. Наход, ки меҳри падару модар ин қадар бузургу азиз бошад. Дар сурате, ки ман он меҳру муҳаббати падару модариро на дидаам ва на эҳсос кардаам”. Ҳар гоҳе, ки аз муносибати падару модараш бо чашмони ашколуд ба ман ҳикоят мекунад дилам реш-реш мегардад, зеро мисли ӯ ман аз меҳри модари маҳрум нестам. Сад шукр модари меҳрубону дилсӯзам барои он ки ману бародарам дар шароити хуб зиндагӣ кунем, ба сахтиву мушкилии ҳаёт нигоҳ накарда, моро ба воя расонд. Баъди
баркамол шуданамон ҳам меҳрашро то ҳол аз мо дареғ намедорад. Мутаассифона, шоҳиди муносибати ҳаррӯзаи падару модари ин духтар ҳастам. Рӯзе агар бо ҳамдигар ба ягонҷо рафтани мешудем ё ба хонаи мо омаданӣ мешуд, ҳатман падару модараш ӯро гирён сохта сарзаниш мекарданд. Ҳатто, дар назди ман падараш ӯро дашном дода, суханони қабеҳ мегуфт. Аз чӣ сабаб бошад, ки меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи худро онҳо бештар барои хоҳару бародараш равона кардаанд. Дар ҳоле, ки волидайн бояд дар байни фарзандон фарқ нагузорад. Агар замоне аз падараш барои харидани сару либос пул пурсон шавад, модараш бо як оҳанги тунд мегӯяд: “Барои кадом корҳоят мо ба ту боз пул диҳем. Аз дастат коре намеояд. Беҳтараш он пулро гирифта камбудии додар ё хоҳаратро ҳал кунем”. Ӯро барои якчанд сомоние, ки ҳанӯз надодаанд, табъашро хира мекарданд. Дар баробари ин ҳама мушкилӣ ӯ худро таскин дода, умед ба ояндаи нек дорад. Ягона нафароне, ки мо бо онҳо худамонро меёбему бо дуои некашон зиндаем падару модар мебошад. Мутаассифона, дар дунё будаанд чунин падару модарон. Гарчанде ки волидайн ба фарзанд чизе дода натавонад, боке надорад. Ҷойи он ҳама костагиҳоро метавонад як навозиши падару модар пур кунад. Шаҳодат АДИЛОВА, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
Нақши ҷавонон дар пешбурди ҷомеа Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Ҷавонон нерӯи созандаву иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ ва инчунин эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Имрӯзҳо вазъияти миллату кишвари мо новобаста аз баъзе пешравиҳо умуман вазнин аст ва ҷавонони тоҷик, ки агар шахсони синнашон аз 15 то 35-ро ба назар гирем, муттаасифона аз мактабу донишгоҳ дилсард гашта, дар кӯчаву бозорҳо мегарданд. Ё бештарашон ба ҳаёти сангини муҳоҷирати меҳнатӣ гаравгон гашта, аз оилаву фарзандон ва таҳсилу такмили ихтисос дур мондаанд. Ҳол он ки мувофиқи оморҳои расмӣ бештар аз нисфи аҳолии ҷумҳурӣ ва инчунин муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Вале агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷойи кори муносибе барои татбиқи илми худ дар ватан надошта бошанд, пас чи гуна миллат аз ҷавонони дилсарду
15
НАВҚАЛАМ
муҳоҷиру мардикораш умедвори ояндаи нек дошта бошад?. Албатта, дар ҳама кишварҳо ҳолат ва имкониятҳои дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавононаш гуногун аст ва агар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имконияти заруриро барои ҷавонон муҳайё карда натавониста бошад, мо худ онро бояд биёбем ё бисозем. Яъне, агар имконият ба сӯи мо наояд, мо ба сӯи имконият ҳаракат бикунем. Дар ҳоле, ки ҷавонон қувваи бузург ҳастанд, ин қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин, бо назардошти чунин ақидаҳо, ки ҷавонони тоҷик имрӯзҳо имконияти мувофиқ барои инкишофи илмиву касбӣ кам доранд ва онро бояд бештар кард ва танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамдастӣ мо қуввае гашта метавонем, ки имкониятҳои заруриро барои худ ва рушди ҷомеа биёрем, ба фикри мо тавсияи ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба хотири беҳбудии ҷавонон имрӯзҳо зарурати ҷиддӣ дорад. Бархилофи ин, бархе аз ҷавонони мо гумроҳ гашта,
ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил шуда, ба ваъдаҳои дурӯғини хоҷагони хориҷӣ фирефта гашта, дар сафҳои ифротиён ва гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтаанд. Ҷавонон бояд фирефтаи даъватҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд. Онҳо нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд ва бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад. Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кӯмак мекунад. Албина КУКАНБЕКОВА, донишҷӯ
Қоидаҳои зиндагии Лев Толстой Нависандаи бузурги рус Лев Тослстой дар синни 22-солагияш барои худ қонуну қоидаҳои ҳаётӣ тартиб медиҳад ва якумр онро иҷро мекунад. Ин дастурҳои ташаккулдиҳандаи ирода, фаъолмандӣ, хотира ва қобилияти ақлонӣ метавонад ба мову шумо низ фоидаи зиёд расонад. Ба ҳар гуна машаққати ҷисмонӣ тоб биёр, бикӯш азоб кашиданатро дигарон надонанд. *** Ҳар рӯз дар забоне, ки заифтар медонӣ, шеър аз ёд бикун. *** Мулке, ки дар даст дорӣ, аз даҳ як ҳиссаашро эҳсон намо. *** Даҳ баробар бой шуда равӣ ҳам, тарзи зиндагиятро тағйир надеҳ. *** Ба ҳар чиз ҳамаҷониба назар биафкан - ҳам нафъу ҳам зарарашро бубин. *** Ба гирифтани таҳсини одамонеро, ки худат намедонӣ ва хуш надорй, кӯшиш манамо. *** Ҳар субҳ нақшаи рӯз тартиб бидеҳ ва онро албатта иҷро бикун. *** Барои шуҳрат сарф-хароҷот макун. *** Барои худ то илоҷ дорӣ, бештар машғулот фикр карда биёб. *** Ба коре, ки як худат ба сомон расонда метавонӣ, ёвар маталаб. *** Ҳеч вақт ҳиссиётатро ошкор накун. *** Шахси наздикатро мисли худат дӯст дор, ду нафар наздикатро бошад аз худат ҳам бештар дӯст бидор. *** То илоҷ дорӣ, кам бихоб. *** Чизи зиёдатиятро барои худат не, барои ҷамъият истифода бубар. *** Барои некӣ кардан имкон биҷӯ. *** Хуб бош ва кӯшиш кун, хуб будани туро касе надонад. *** Ҳамаро як навъ дӯст бидор, аз ин муҳаббат худат низ дар канор намон. *** Барои муҳаббати халқ аз эҳсосҳои хурд даст бикаш. *** Чӣ қадар шароит бад бошад, ҳаракатро аз ҳамон андоза зиёдтар бикун. *** Ба чизе, ки дорӣ, қаноат бинмо. *** Кореро, ки сар кардӣ, ба охир нарасонда партофта марав. Таҳияи Юсуфҷон БЕРДИЕВ, донишҷӯи ДМТ
Андарзҳо Ҳаргиз се нафарро дар зиндагиат фаромуш макун. 1)Касе, ки дар сахтиҳо раҳоят кард. 2) Касе, ки дар сахтиҳо кӯмакат кард. 3) Касе, ки ба сахтиҳо гирифторат кард. Эй кош дӯстии инсонҳо мисли дӯстии чашм ва даст мешуданд, вақте даст захмин мешавад, чашм гиря мекунад, вақте чашм гиря кунад, даст ашкашро пок мекунад. Ҳар як нафар мехоҳад дӯсте дошта бошад, аммо ҳеҷ кас намехоҳад ба касе дӯст бошад. Инсон ҳама чиро ба андозаи шинохти худ дӯст медорад ва он чиро, ки намешиносад, душман меҳисобад. Одамҳо ҳамеша ниёз ба насиҳат надоранд, гоҳе ба он муҳтоҷанд - дасте, ки бигирад, гӯше, ки шунавад ва қалбе, ки онҳоро дарк кунад. Мисли соҳил ором бош, то мисли дарё беқарорат бошанд. Таҳияи Носирҷон ПИРМАТОВ, донишҷӯ
16
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №48 (9578), 29.11.2018
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Сеҳри хома
√ АНДАРЗ
Рози зиндагӣ
АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”
Духтари қадрасу зебои шоҳ бемор шуд. Дасту пояш аз кор монда, қобилияти шунавоӣ ва биноияш заиф гашт. Кӯшишҳои табибон бенатиҷа анҷом ёфт. Рӯзе мӯйсафеди нуронӣ ба қаср ташриф оварда, рози муолиҷаи шоҳдухтарро баён кард. Аҳли қаср барои ёрӣ расондан ва шоҳдухтарро шифо бахшидан, аз ӯ бисёр ва бо исрор хоҳиш намуданд. Мӯйсафед сабади аз навдаҳои бед бофта ва рӯяш бо матоъ пӯшондаро ба дасти бемор
дода изҳор дошт: “Сабадро бигир, ба чизи дар он буда ғамхорӣ намо, Худо хоҳад, шифо меёбӣ.” Шоҳдухтар саросема матоъро бардошт ва чизи даруни сабадро дида, аз ҳайрат шах шуда монд. Даруни сабад кӯдаки навзоди аз беморӣ хеле заиф, ки бо душворӣ нафас мегирифт, мехобид. Дар қалби шоҳдухтар ҳисси шафқат бедор шуд. Зӯран дарди баданашро пахш намуда, тифлро ба даст гирифт. Моҳҳо гузашта, шоҳдухтар
ба кӯдак парвона шуд. Ба ӯ ғизо дода, навозишаш мекард. Ҳамин тавр, ба тифл меҳр баста, дарди худро фаромӯш намуд. Худ шабҳо нахобида, ӯро парвариш мекард. Рӯзу моҳҳо сипарӣ гардид. Боре кӯдак хандакунон ба роҳ даромад. Шоҳдухтар аз шодӣ худро сабук ҳис намудаю дардашро батамом фаромӯш кард. Бо ин минвол ӯ тамоман шифо ёфт. Шарти ҳаёт чунин аст: ба касе меҳр диҳед меҳр меёбед, бахт бахшед саодатманд мешавед! Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
√ ОБУНА-2019
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
САЛОМАТШО МИРЗОЕВ
√ САЙҚАЛИ
АНДЕША
Умед ҳамеша некбин аст. ******** Барои мо ҳаминаш басанда, ки хоҳиш дошта бошем. ******** Дили нозукат аз санг нест. Барои Ватан метавон шарафро низ қурбон кард. Ақл бартар аз ҷасорат.
Тиббул Фабий
******** Дӯстон кам нестанд, фақат дӯстӣ нодир аст. ******** Номи «дӯст» ҳар рӯз садо медиҳад, вале садоқати дӯстӣ хеле кам. ******** Ба бегонагон чоплусӣ карда, худат аз он маҳрум мешавӣ. ******** Эҳтиёткоронро иштибоҳи дигарон баманфиат аст. ******** Ҳама гапро бишнав, вале дар бовар кардан шитоб накун. Федр Ҳамеша умедвор будану ҳеҷ гоҳ ноумед нашудан ин аст хусусияти инсони дорои дили бузург. Омаду дид ва пирӯз шуд. ******** Роҳи худро бо нерӯ бунёд кун. Таҷриба устоди ҳама.
Флор
********
******** Одамон ба чизе сахт бовар доранд, ки ба он орзуи бовар кардан доранд. Сезар Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1
И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
√ ЭЪЛОН Шартномаи харидуфурӯши манзили Азимҷонова Г. В., ки 7.12.2013 таҳти рақами №8ш – 7049 аз тарафи идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои ш. Душанбе дода шудааст, эътибор надорад.
ҶДММ “Солиҳсохтмон” (РЯМ 0210004695) воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барҳам мехӯрад. Арзу шикоятҳо муддати як моҳ қабул карда мешавад.
Шиносномаи гумшудаи Мусоев Маҳмуд Рабиевич, ки таърихи 3.11.2014 ШВКД ноҳияи Бохтар (ҳоло Кушониён) додааст, эътибор надорад.
Диплом бо силсилаи ЛВ ва рақами 445935, ки онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ соли 2000 ба Солихҷон Ҳокимов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ба номи Исломов Муродалӣ Кенҷаевич сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон, хонаи 51 бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
Шиноснома, ки онро ШВКД-и шаҳри Норак соли 2008 ба Шаҳрибону Алиева додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
Шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатӣ (сертификат)-и ҳуқуқи истифодабарии замин ба номи Исломов Муродалӣ Кенҷаевич сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон, хонаи 51 бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ба номи Ғафуров Хисрав, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шартномаи харидуфурӯши ҳавлӣ ба номи Ғафуров Хисрав сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Ҳуҷҷати ҳавлидорӣ, ки он дар идораи нотариалии шаҳри Ваҳдат соли 2013 ба қайд гирифта шуда, он ба Касиров Ҷӯрабек Мирзомиддинович тааллуқ дорад, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома, ки онро ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2005 ба Муҳамадӣ Ҳаловатов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Шиносномаи техникии манзил, ки онро идораи байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе соли 2002 ба шаҳрванд Ғалатмоҳ Эшонова, сокини Теппаҳои шарқӣ, маҳаллаи 15, хонаи рақами 112, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.
Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).
ТАМАННИЁТ Малика Билқиси азиз! Беш аз як сол аст, ки бо ҳам шинос гардида, оила барпо намудем. Умеди он дорам, ки рӯзгори ояндаамон чун имрӯз шоду хуррам идома ёфта, соҳиби нахли зиндагӣ, яъне фарзандон шавем. Дар зиндагӣ бароят хушиҳои ҳаёт, сари баланд, саломатии бардавом ва умри дарози пурбаракатро таманно дорам! Бо арзи эҳтиром ва таманниёти нек шаҳварат Абдулло. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3952 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»