javononi tojikiston/#48/2015

Page 1

Ҷавониро ба бангу нашъа нафрӯш!

Қайиқрониро зинда мегардонам

№48, (9422), 3 декабри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

1 е-mail: javonontj@mail.ru

 МУШКИЛИ ҶАВОНОН

“Истиқлол” бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

 ҲАФТ РӮЗ 26.11.2015 Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати парлумонии кишвар таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иштирок намуд. 27.11.2015 Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳ ва толори варзишӣ, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буд, мавриди истифода қарор гирифт. Толори варзишӣ ба талаботи замон мувофиқ буда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Шӯҳрат Илмаминов бо харҷи беш аз 40 000 доллари амрикоӣ таҷҳизонида шудааст. 28.11.2015 Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба

пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар дар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» баргузор гашт. 29.11.2015 Дар шаҳри Чкалов коргоҳи дӯзандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он беш аз 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд. 30.11.2015 Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин «Гузаргоҳи сабз» ба фаъолият оғоз намуд. Ин имкон фароҳам меорад, ки додугирифти тарафайн барои вуруд ва судури маҳсулоти кишоварзӣ байни ду кишвар беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин барои

вуруди маҳсулоти кишоварзии тезвайроншаванда ва маҳсулоти ситрусӣ ба вилояти Бадахшон имконияти зуд азназаргузаронии гумрукӣ пешбинӣ шудааст. 01.12.2015 Дар шаҳри Душанбе Конфронси IV оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар мавзӯи “Натиҷа ва дурнамои ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни конфронс миёни Тоҷикистон ва Русия ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мавриди рушд ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расиданд.

www.javonon.tj

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ВАРЗИШ

02.12.2015 Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг кӯпруки дарозиаш 130 метр, ки деҳаҳои Токак ва Даҳани Шолро бо ҳам мепайвандад, ба истифода дода шуд.


е-mail: javonontj@mail.ru

2

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Дар 30 сол 1000 пирях нобуд шудааст

www.javonon.tj

29 ноябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар кард.

Шоми ҳамон рӯз дар шаҳри Париж Сарвари давлат бо ноиби Раиси ширкати “Airbus” Силвер Дэлонэ мулоқот карда, оид ба имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша намуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо ноиби аввали Президенти ширкати “Тотал” Майкл Боррел вохӯрд. Сарвари давлат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард. Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд. Инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. 30 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конфронси 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт. Дар кори конфронс сарони беш аз 150 давлат иштирок доштанд. Ба рӯзномаи конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кӯмак ба кишварҳои рӯ ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки нишасти имрӯза идомаи талошҳои пайгиронаи кишварҳо дар самти ташаккули низоми муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ бо мақсади пешгирӣ аз он, андешидани чораҳо барои коҳиш додани раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйири он мебошад. Зикр шуд, ки ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам но-

чиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Тазаккур дода шуд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ин кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, зеро 60% оби минтақа аз пиряхҳои ин ҷо сарчашма мегиранд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: "Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст". Ба иттилои Сарвари давлат ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин зуҳурот ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолии Тоҷикистон ва иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд. Ҳолати кунунии муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ бо сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ дар ин росто фаъолона ҳамкорӣ менамояд. - Кишвари мо, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ,

мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Бо дарназардошти аҳамияти ҷаҳонии рушди энергияи таҷдидшаванда Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, бо истифода аз захираҳои фаровони обии худ, ба роҳ мондани ҳамкории шаффофи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир омили муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим меҳисобад. Сарвари давлат таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва дастаҷамъона барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад. Дар он санад бо назардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани ҳамкории фаро-

КОНФРОНС

гир миёни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, идомаи муколамаи ҷонибҳои манфиатдор, рушди энергияи таҷдидшаванда ва иҷрои чораҳои ҳамгироёна дар раванди тағйири иқлим омилҳои муассири дастрасӣ ба ҳадафҳои аслӣ шуморида мешаванд. Президенти мамлакат дар ҷамъбасти суханронии худ изҳори умед кард, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд низ дареғ намедоранд ва дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад. Дар ҳошияи Конфронси 21уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим Сарвари давлат бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот кард. Президенти мамлакат дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд. "Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти иқтисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем", - изҳор

дошт Абдулмалик Саллол. Доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд. Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд. 1 декабр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз Фаронса ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия рафт. Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат ба ин давлати аврупоӣ вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Сарвари давлат, аз ҷумла бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ мулоқот карда, масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд. “Тоҷикистон хоҳони ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад", - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо фаъолияту ҳамкории механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд. Аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноат карда шуд. Дар суҳбат инчунин доир ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, энергетика, равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои ҳамкорӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Дар мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск бошад, ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд.


БАРОИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

3

Миннатдории Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба иштирокчиёни роҳпаймоии ҷавонон

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди диёр, барои иштироки фаъолона дар раҳпаймоии осоишта, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, изҳори сипос менамояд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат маҳз бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон ба даст омадааст. Дар ин асно, имрӯз ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ ша-

Ҳар замоне, ки сухан аз боби Ватану ватандорӣ равад, аввалин сухане, ки ба хотири ман мерасад, ду мисраи зерин аст: Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ватаншиносӣ аз худшиносист Муҳим он аст, ки зиндагӣ кунад. Ин гуна афродро «беватан» ҳам, ки гӯянд, таъсираш намекунад, агар кунад ҳам на он қадар, ҳамон ҳам дар пиронсолӣ. Тамоми мардуми худшинос ватанпарвар мешаванд. Ватанпарварӣ танҳо он нест, ки онро дӯст дорию эҳтиром кунӣ. Ватанпарварӣ ин парваридани таъриху фарҳанги халқу миллат, урфу одату расму оини аҷдодӣ, арҷ гузоштану дар ҳаёти худ истифода бурдани онҳо ва ҳатто ривоҷу равнақ доданашон мебошад. Донистани авлоду аҷдодон, бузургони халқу миллат низ шомили ватанпарварӣ аст. Шахси худшинос Ватанро бо тамоми дастоварду мувофақияташ, бо тамоми камбудию норасоиҳояш мепарастад. Нидои ҳамешагии дили шахсе, ки худшиносу ватанпарвар аст, чунин мебошад: «Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст». Ин гуна одам ҳамеша омода аст, ки бар ҳимояи Ватан бархезад ва ҳатто агар лозим ояд, ҷонашро қурбон кунад. Дар қаъри дили ин гуна одам ҳамеша чунин садо маҳфуз мебошад ва дар зарурат ҳатман рӯ мезананд: «Ҷон ба фидои Ватан ман накунам, кӣ мекунад?»

Шахсони худшиносу ватандор ба таъбири Алимуҳаммад Муродӣ ҳамчун «дархтон сари хеш дар офтоб мегузоранд, то соябони сари дигарон шаванд». Ин гуна одамон «Худ месӯзанд, то базми дигарон афрӯзанд». Аммо фардоне, ки худшинос нестанд, ватандӯст шуда наметавонанд. Дер ё зуд теғ ба ҷисми Ватан мезананд, амалҳои иғвоангезию ифротгароӣ мекунанд, бегонапарастӣ намуда, ба гурӯҳҳои моҷароҷӯ ҳамроҳ мешаванд. Худношиносӣ ин худоношиносӣ аст. Одами худоношинос ҷоҳил мешавад ва хешро ба ҳар варта мезанад. Ӯ ҳаргиз дар ғами Ватан, бахти мардум ва ободию шукуфоии кишвару миллат намешавад. Ҳофизи бузургвор фармудааст: «Ҳар он ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад». Шахси худношинос, яъне оне, ки нисбат ба халқу Ватани хеш бетафовут аст, айбҷӯ, бахил, гапчин, бенангу номус мешавад. Ба одамоне, ки чунин хислатҳоро дороянд, эътимод кардану аз онҳо амалҳои некро интизор шудан саҳеҳ нест. Зеро чунин одамон дар аксар маврид носипосӣ мекунанд, намак хӯрда намакдон мешикананд. Барои он ки одамон дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ тарбия ёбанду ба камол расанд, пеш аз ҳама кори тарбияи оилавиро қавӣ кардан лозим. Ба фоидаи кор мешавад, агар давлат дар ин масъала роҳашро ёфта, ба оилаҳо кӯмакҳои моддӣ

расонад, алалхусус дар маълумотноккунии модарон. Баъд, ба кори таълиму тарбияи мактабҳо ҷиддӣ муносибат кардан даркор. Дар навбати аввал бояд нақши омӯзгор, обрӯйи ӯ дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Он гоҳ омӯзгорони донишманду пуртаҷриба ба мактабҳо меоянд ва бо дили гарму шавқи баланд фаъолият мекунанд. Пасон, роҳу усулеро ёфтан лозим, ки мардум, алалхусус ҷавонон рӯ ба китоб биёранд. Барои ин хуб мешавад, ки чун

дар солҳои шӯравӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ин ҷабҳа ҳам масъулият дошта бошанд. Сарвари Ватани азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доранд: «Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот аст». Чун ин тавр аст, мо бояд ба ин муқаддасот, яъне китоб рӯ орем? «Чунин гуфт, пайғамбари ҳақгӯй, зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Дониш, бахусус донишҳои Ватану ватандорӣ асосан дар китобанд. Пас, мо бояд таъкиди Сарвари кишвар ва Пайғамбар (с)-ро иҷро кунем ва бештар ба китоб рӯ орем. Ин воситаи муҳимтарин ва самараноктарин дар фаъолияти Ватану ватандорӣ мегардад. Дар ин масъала нақши театр ҳам кам нест. Вале мутаассифона мо аз имкониятҳои театр хеле кам истифода мебарем. Нигоштаҳои хешро бо мисраҳои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ки саросар ишқи Ватану ватандорианд, ҷамъбаст мекунам. Тоҷикистон, Модари пири манӣ, Ҷони ман бодо фидойи номи ту. Боз иншо мекунам шеъри дигар, Шеъри ман чун ҷони ман – инъоми ту. Қиссаи фарзанду Модар гуфтаанд, Номи Модар чун қасам фаҳмидаам. Дар бузургиҳои ту эй кишварам, Ман бузургиҳои Модар дидаам. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

www.javonon.tj

Вақте, мепурсанд, ки «Ватандорӣ чист» ман бе ягон андеша мегӯям, ки ватандорӣ, пеш аз ҳама масъулият аст, баъд ифтихор. Масъулияташ дӯсд доштан, обод гардондан ва ҳимоя намудан, ифтихораш - соҳиби маҳз ҳамин гуна Ватани зебо будан. Ватане, ки бо зебоиҳояш, авҷу барораш ва шукуфтанҳояш, бо кӯҳу қуллаҳои осмонбӯсу водиҳои зархезаш, талу пӯштаҳои ҳамешабаҳораш, мардуми сарбаланду поктинату овозадораш, дарёҳои пурталотуму боғоти пурмевааш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Эҳсосоти дӯстдории Ватанро аз хӯрдӣ, аз замоне, ки кӯдак андаке сухан гуфтан ва роҳ гаштанро ёд мегирад, омӯзондан лозим. Аввалин чизи медидагии ӯ, аввалин қадами мегузоштагиаш ва аввалин сухани мегуфтагиаш дар Ватан оғоз меёбад. Фақат инро вай сарфаҳм намеравад. Бояд, ки волидайн ва дигар калонсолони оила инро ба вай фаҳмонанд. Масалан, онҳое, ки ба бачаҳои худ дарахтон, ҷӯйборчаи об, парандагон, сабзаю гулу гиёҳҳоро шинос мекунанд, бо ин амали хеш аввалин эҳсосоти ватандӯстии фарзандонро бедор менамоянд ва дар ҷодаи худшиносию ватаншиносии ояндаи онҳо таҳкурсии уствор мегузоранд. Дар ин маврид «Кӯдак намефаҳмад» гуфта андеша кардан хатост. Кӯдак ҳама чизи медидагии худро мефаҳмад, фақат бо таври худ. Он чизеро, ки як бор дид, ба зеҳнаш мегирад ва бори дигар дидан мехоҳад. Чун андаке маъниро мефаҳмидагӣ шуд, ба ӯ талқин кардан лозим, ки Ватан ин падару модар, акаю хоҳарон, бобою бибиҳо, ҳамон дарахтону ҷуйчаю парандаҳо - ҳама дар якҷоягӣ Ватан ҳастанд. Ҳамин минвол оҳистаю ноаён таваҷҷуҳи кӯдак ба ин чизҳо ҷалб мегардад, ба онҳо одат мекунад. Агар рӯзе онҳоро набинад, пазмон мешавад ва майли баромада дидан мекунад. Ҳамин тавр, оҳистаю номаълум меҳри кӯдак нисбат ба ин чизҳо бедор мегардад, ки ин оғози дӯстдории Ватан аст. Минбаъд дар боғчаю мактаб, дар кӯча, дар шаҳру деҳот, дар иҳотаи наздикон ва ҳамсинну солҳояш ин меҳр васеътару фарохтар афзудан мегирад, ин раванд метавонад тамоми умр идома ёбад. Лекин, агар одам аз хурдсолӣ дар ҳамин рӯҳия тарбия наёфта бошад, вай нисбат ба Ватану ватандорӣ кӯрдил мешавад. Ватан барои ӯ як чизи бефарқ шуда мемонад. Барои ӯ муҳим нест, ки дар куҷо зиндагӣ мекунад.

роити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ, фазои ором ва тинҷиву осоиштагӣ кафолат дода шудааст. Таҷлили ботантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ, баргузории роҳпаймоии осоишта бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавон нишонаи сулҳ, ваҳдат, истиқлолият ва муҳаббату садоқат ба ин миллату Ватан аст. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва арзи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос буда, арҷ гузоштан ба он вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мову Шумост. Иштироки фаъоли ҷавонон дар раҳпаймоӣ нишони

ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан аст. Барои муносибати самимонаатон ба арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани муқаддасоти давлатӣ, иштироки фаъолона дар раҳпаймоӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, миннатдорӣ баён менамоем. Таҷлили ботантанаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист. Умедворем, ки мо - ҷавонон дар асоси сарҷамъиву муттаҳидӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда илму касб меомӯзем ва Ватани маҳбуби худро минбаъд низ ободу зебо мегардонем.

е-mail: javonontj@mail.ru

Дар асоси эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ Ватанро обод мекунем


е-mail: javonontj@mail.ru

4

МУҲИТИ ЗИСТ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Яке аз унсурҳои муҳими ҳаёт ҳаво мебошад. Агар об бошад, бе ғизо инсон метавонад 5 ҳафта зиндагӣ кунад, бе об аз ҳама зиёд 5 рӯз тоқат мекунад, аммо бе ҳаво 5 дақиқа зиндагӣ карда наметавонад. Саломатии инсон аз бисёр ҷиҳат ба сифати ҳавое, ки нафас мекашад, сахт вобастагӣ дорад. Сол то сол бинобар зиёд шудани аҳолӣ ва рушди саноату афзоиши нақлиёт проблемаи ифлосшавии ҳавои атмосфера боз ҳам ҷиддитар мегардад. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маркази захиравии Орхус ва Маркази Орхус дар шаҳри Турсунзода семинари навбатии журналистони соҳаи экология дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Журналистон аввал ба фаъолияти Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ошно шуданд. Бояд гуфт, ки шуъбаи мазкур яке аз фаъолтарин шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Танҳо соли равон аз ҷониби ин шуъба чор маълумотномаи ранга оид ба ҳифзи табиат нашр шуд. Тавре сардори шуъба Исломиддин Солиев изҳор намуд, дар ноҳия баргузории аксияҳои “Тозагии маҳал” ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни баргузории чунин аксияҳо тавассути ҳашар кӯчаю маҳалҳо, ҷӯю заҳбурҳо, гирду атрофи иншооту муассисаҳо аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ тоза шуда, ниҳолҳои гулу буттаҳои гуногун шинонда мешаванд. - Кормандони шуъбаи мо баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо миёни сокинони маҳаллӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, гуфт И. Солиев. – Ҳарсола аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” мегузаронем. Ҳифзи муҳити зист ва муносибати оқилонаи инсоният нисбат ба табиату захираҳои он омили асосии баланд бардоштани дараҷаи сатҳи зиндагии худи ода-

Нақлиёт ҳаворо ифлос мекунад мон мегардад.

ТАЪСИРИ КОРХОНАИ АЛЮМИНБАРОРӢ БА МУҲИТ Баъзан аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорони ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон сару садоҳое баланд мешавад, ки гӯё дуди КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ба боғу токзори кишоварзони ӯзбек зарар мекарда бошад. Вале зимни ошноӣ бо токзори хоҷагии “Ватан”-и шаҳри Турсунзода аён шуд, ки ин гапҳо асос надоранд. Хоҷагӣ боғи ботаникиро мемонад. Сарвари хоҷагӣ Неъматулло Усмонов дар майдони як гектар ниҳолхона бунёд кардааст, ки дар он ниҳолҳои санавбар, тӯс, шоҳбулут, себ, арча, юка (буттаи хордор), нахли мавз (банан) ва ғайра хуб нашъунамо доранд. Агар дуди корхонаи алюминбарорӣ зарар мекард, магар ман чунин боғ бунёд карда метавонистам? – мегӯяд Ҳоҷӣ Неъма-

се моҳ тавассути лабораторияи сайёр ҳолати ҳавои атмосферии КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” санҷида мешавад. Ҳудуди муҳофизатии корхона 2-15 километрро дар бар мегирад. Мутахассисон тавассути таҷҳизоти махсус 8-9 намуди партов, мисли фториди гидроген, оксидҳои карбон, оксиди нитроген, дуоксиди сулфур ва ғуборро чен мекунанд. Илова бар ин, дар корхонаи алюминбарорӣ лабораторияи саноатӣ ҳаст, ки ба таври доимӣ ихроҷи партовҳои саноатиро назорат мекунад. Мутахассисони кумита ва сардори лабораторияи саноатии корхонаи алюминбарорӣ Абдуғаффор Абдуллоев дар ҳузури рӯзноманигорон ҳолати ҳавои атмосферӣ ва радиатсияи боғи Ҳоҷӣ Неъматулло Усмоновро тавассути газоанализатори ГАНК-4 санҷиданд. Ташхис нишон дод, ки ғализнокии дуоксиди карбон аз меъёр 20 маротиба кам будааст. Дуоксиди сулфур бошад, аз

оварда, токзорро обёрӣ намудааст. Тамошои токзори сарсабз ба кас фараҳ мебахшад. Чанде пеш Сарвари давлат зимни боздид аз токзори мазкур изҳори хушҳолӣ карда, ба ин боғдори ботаҷриба барои чунин ташаббусаш арзи сипос намуд. - Дар хоҷагии мо 106 нафар кор мекунанд, - гуфт Ҳоҷӣ Неъматулло. – Ҳоло ҳама ба ҷамъоварии ангур машғуланд. Ғайр аз бозорҳои ҷумҳурӣ ангури токзори моро ба Федератсияи Русия низ мебаранд. Бо мақсади пешгирии талафшавии ҳосил имсол барои нигоҳдории 500 тонна як сардхона сохтем. Солҳои пеш ангурро бо усули бобоӣ нигоҳ медоштем. Барои нигоҳ доштани ҳосили мавҷуда дигар усули кӯҳна ба кор намеравад. Ҳоҷӣ Неъматулло Усмонов иброз дошт, ки ғайр аз бунёди сардхона, инчунин истеҳсоли мавиз аз ин ангурҳои хуштаъмро ба роҳ мондан лозим. Ҳамчунин, метавон аз ангурҳои лазиз шарбат ва

тулло. – Имсол шукри Худо, токзор аз ҳарсола бештар ҳосил дод. Ин хӯшаҳои пурраву калони ангур аз он далолат мекунанд, ки ҳавои ин ҷо барои боғу токпарварӣ мусоид аст. Директори Маркази илмии “Табиат” Темур Назаров ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки сифати баланди ангур индикатори биологӣ аст. Яъне, мо хӯшаҳои беосеби ангурро дида, ба хулосае маоем, ки ҳавои ин мавзеъ аз ҳар гуна олудагиҳо пок будааст. Сардори Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Эгамбердӣ Рустамов гуфт, ки ҳар

меъёр 1000 маротиба кам аст. Меъёри иҷозатдодаи радиатсия 0,45 микрорентген/сония мебошад. Дар боғи мазкур ин нишондод 0,15 м/сро ташкил дод, ки аз меъёр се маротиба кам аст. - Аз ташхис бармеояд, ки дар ин мавзеъ ҳаво тозаю беғубор буда, таъсири ҳама намуди партовҳои корхона аз меъёр кам мебошад, гуфт Эгамбердӣ Рустамов. Қобили қайд аст, ки писари Ҳоҷӣ Неъматулло Расулҷон Усмонов дар майдони 105 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ӯ дар майдони 60 гектар замини солҳо бекорхобидаю беоб токзор бунёд кардааст. Тавассути қубур об

ширинӣ тайёр кард. Баъди боридани барфу борон дигар нигоҳдории ангур мушкил мешавад. Аз ин рӯ бунёди корхонаи консерваю шарбатбарорӣ зарур аст. - Агар замин самаранок истифода шавад, сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад,- мегӯяд Ҳоҷӣ Неъматулло Усмонов. – Ман ҳайронам, ки баъзеҳо замин доранду дар дигар кишварҳо азоби муҳоҷират мекашанд. Агар дар замин дуруст меҳнат кунед, соле ду ҳосили хуби сабзавот мегиред. Ҳоло аз бисёр ноҳияҳо таҷрибаи Ҳоҷӣ Неъматуллоро омӯхта, усули пешқадами бунёди боғу токзорро дар минтақаи худ

амалӣ карда истодаанд.

ИФЛОСКУНАНДАҲОИ АСОСИИ ҲАВО Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зист Муҳаммадсодиқ Мусаммиров гуфт, ки айни замон дар мамлакат ду манбаи асосии ифлоскунандаи ҳаво: доимӣ ва ҳаракаткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Ба манбаъҳои доимӣ корхонаҳои саноатӣ ва ба манбаъҳои ҳаракаткунанда ҳама гуна воситаи нақлиёти муҳаррикдор дохил мешаванд. - Тақрибан 70 дарсади ихроҷи партовҳо ба ҳаво аз ҳамин ҳисоб ба вуҷуд меояд, - гуфт М. Мусаммиров. – Ихроҷи корхонаҳои саноатӣ бошад, 30 дарсади афкандани партов ба ҳаворо ташкил медиҳад. Ҷумҳурии мо асосан аз баландкӯҳҳо иборат буда, тақрибан 93 дарсади онро кӯҳҳо ва 7 дарсадашро ҳамвориҳо ишғол менамоянд. Ин гуна мавқеъгирии релефӣ барои тоза нигоҳ доштани ҳаво дар фазои атмосфера таъсири мусбат мерасонад. Бузургтарин корхонаҳои саноатии мамлакат Ширкати алюминийи тоҷик, Маркази барқу гармидиҳӣ-2, корхонаҳои сементбарорӣ ва корхонаҳои коркарди сангҳои кӯҳӣ мебошанд. - Бо пешрафти иқтисодиёт корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар онҳо полоиш (филтр)-ҳо, ки ҷабиши ифлоскунандаҳо 98-99 дарсадро ташкил мекунанд, насб шудааст, - гуфт М. Мусаммиров. – Дар корхонаҳои номбурда тибқи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда оид ба иҷрои барномаҳои экологӣ маблағҳои муайян ҷудо гардида, ҳарсола барои кам кардани партовҳо ба ҳавои атмосфера чорабиниҳо гузаронида мешавад. Бо мақсади кам кардани ихроҷи партовҳои воситаҳои нақлиёт аксар мошинҳо ба сӯзишвории алтернативӣ гузаштаанд. Исломиддин Солиев ба хабарнигорон изҳор намуд, ки бо пайдо шудани имконияти молиявӣ электромобил дастрас намуда, ба сокинони шаҳр бартариҳои онро тарғиб хоҳанд кард. Ин намуди нақлиёт алҳол дар мамолики Аврупо, махсусан Олмон, Фаронса ва Англия маъмул гашта, дар пешгирии ихроҷи газҳои парникӣ нақши муҳим мебозад.

www.javonon.tj

 ТУРИЗМ

Панҷ ширкат соҳиби иҷозатномаи фаъолияти туристӣ гардиданд Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади рушди туризми дохилӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ба панҷ ширкати нави туристӣ иҷозатномаи фаъолият дод. Дар замони муосир соҳаи туризм яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳо ва равобити судманди байни мардумони кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд. Бо дарназардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии киш-

вар, Ҳукумати ҷумҳурӣ туризмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон эълон намудааст. Зеро рушди туризм дар кишвар пеш аз ҳама ба беҳбуди иқтисодиёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

Ном ба инсон чӣ таъсир дорад? Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Мирзоалӣ АЛИЕВ, равоншинос: - Ном аз рӯзи аввал ҳамсафари инсон аст. Бинобар ин, барои инсон муҳим ва арзишнок мебошад. Бо ному насаб даъват кардани шахс эътироф кардани инсон мебошад. Ҳар як инсон талабот дорад, ки эътирофаш кунанд. Бо ному насаб даъват кардани инсон, ба қавли Дейл Карнегӣ, аз волотарин оҳангҳоест, ки ба гӯши шунаванда мерасад. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки номи инсон ҳар қадаре ки зебо бошад, ҳангоми талаффуз ҳамон қадар роҳатафзо, оромкунанда ва ҷалбкунанда мебошад. Падару модарро лозим аст, ки ба фарзандон номҳое гузоранд, ки боиси хушнудии онҳо шавад ва мутобиқ ба хусусияти миллӣ бошад. Ба қавли Имом Ғаззолӣ, шахс дар гузоштани ном бояд аҳамият диҳад. Чун ҳангоме ки фарзанд ба синни худшиносӣ мерасад, ба ин чизҳо аҳамият медиҳад. Кӯдак аз номи худ набояд дар ҷомеа шармсор гардад. Пас, номҳоеро гузоштан мумкин, ки онҳо дар худ маъноҳои хубро ниҳон дошта бошанд.

Холиддин МАТИНОВ, раиси созмони ҷавонони ДИТ ба номи Имоми Аъзам: - Дар ҳақиқат, ном яке аз неъматҳои бузургтарини Парвардигор ба ҳисоб меравад. Вақте тифл таваллуд мешавад,

Ҳар сангу гуле гавҳари ноёб нагардад, Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест. Яъне, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки номи пайғамбарону донишмандонро доранд, лекин аз нигоҳи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хеле дуранд. Барои ҳамин, дар ин ҷо одобу ахлоқ муҳим мебошад. Мирзоҳусайни БАДАЛИПУР, фарҳангшинос: - Яке аз масъалаҳои ташкилкунандаи ҳувияти инсон номи ӯст. То кадом сатҳу андоза ном ба зиндагӣ ва кору фаъолияти инсон таъсир мерасонад, ба худи ӯ вобаста аст. Дар фарҳанги номгузории миллати мо ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои муҳиму меҳварист. Мо вазифадорем, ки ба фарзандон номи накӯ гузорем. Мо - мардуми Ориё аз қаддимулаём дар фарҳанги хонадорӣ ва фарҳанги рӯзгордорӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ додаем. Бисёр вақт фарзанди нав таваллудшударо вобаста ба ягон воқеаву ҳодиса ва масъалаи дар ҳаёт рӯйдода ном мегузоранд. Ба монанди номҳои гушхароши Табару Сангу Ҷоруб ва номи ҳайвоноту меваҷот. Вале шубҳа нест, ки вақте инсон ба балоғат мерасаду дар ҷомеа кору мавқеъ меёбад, номи бемазмунаш боиси хиҷолати ӯ мегардад. Ҳукмиддин CАФАРОВ, муаллими ДМТ: - Равоншиносони Ғарб мегӯянд, ки ном метавонад барои соҳибаш нақши сарнавиштсоз дошта бошад ва аз ҳамин хотир, аксарият бо нияти некиву ояндаи ҷигарбандашон бо эҳтиёт исм интихоб мекунанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, ки тарафдори анъанаи дар гузашта маъмули ба номи ашёи табииву хонагӣ номгузорӣ кардани тифл нест, чунки рӯҳияву эҳсоси ин шахс аз кӯдакӣ шикаста мешаваду метавонад ба мавқеи ӯ дар миёни мардум таъсир гузорад. Вале тавре таърих борҳо собит кардааст, дар ниҳояти амр шахсияти инсонро на номи ӯ, балки хулқу рафтораш ташаккул медиҳад. Яъне, аз ду соҳиби як ном яке метавонад шоири обрӯманди миллат бошаду дигаре ҷинояткори ашаддии давр.

 ҲАМКОРӢ

Ҳиндустон ба созишномаи сегона ҳамроҳ мешавад

Сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасад 30 ноябри соли равон бо гурӯҳи намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ мулоқот кард. Бираҷа Прасад рӯзноманигоронро “чашму гӯши ҷомеа” номида, хоҳони мусоидат дар таҳкими робитаҳои Ҳиндустону Тоҷикистон шуд.

- Мардуми тоҷику ҳиндро фарҳангу таърихи наздик ба ҳам мепайвандад,- гуфт Бираҷа Прасад. – Имрӯз Тоҷикистону Ҳиндустон шарики стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Дар бисёр масоили сиёсӣ мо бо Тоҷикистон назари муштарак дорем. Мо хоҳони тақвияти ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо ҳастем. Ҳиндустон дар таҷдиди фурудгоҳи низомии “Айнӣ”, нерӯгоҳи барқи обии “Варзоб”, бунёди меҳмонхонаи “Шератон”, беморхонаи “Дӯстӣ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа саҳми бузург дорад. Тавре сафир таъкид намуд, ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт зиёданд. Яке аз монеаҳои рушди тиҷорат миёни ду кишвар набудани роҳ аст. Ҳиндустон мақсад дорад, ки тавассути шаҳрҳои Чобаҳор ва Бандари Аббоси Эрон ба Тоҷикистон интиқоли борро ба роҳ монад. Ҳамчунин Ҳиндустон ният дорад ба Созишномаи сегонаи Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ҳамроҳ шавад. Имрӯз Ҳиндустон баъди ИМА ва Чин Ҳиндустон сеюмин кишвари бузурги иқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳиндустон яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ зуд рушдёбанда мебошад ва мантиқан дуруст аст, ки муносибатҳои ин иқтисодиёти бузург бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хуб ба роҳ монда шаванд. Сафир инчунин зикр намуд, ки ғайр аз соҳаҳои ҳидроэнергетикаю кишоварзӣ Ҳиндустон метавонад дар истеҳсол ва коркарди пӯсту маҳсулоти чармӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Дар ҷавоб ба саволҳои рӯзноманигорон, Ҷаноби Бираҷа Прасад иттилоъ дод, ки ширкатҳои зиёди Ҳиндустон ба бисёр кишварҳо манбаҳои барқароршавандаи энергияро, ба мисоли таҷҳизотҳои аз офтоб ва шамол тавлидкунандаи барқ, содир мекунад. Чунин таҷҳизотро дар минтақаҳои сершамоли Тоҷикистон насб кардан боиси таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли сармо хоҳад шуд. Ҳамчунин дар Ҳиндустон истеҳсоли сӯзишвории алтернативӣ аз растаниҳо ба роҳ монда шудааст. Ин боиси пешгирии ифлосшавии ҳаво мегардад. Ҳиндустон инчунин ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун аз қабили илм ва технологияҳои иттилоотӣ пеш бурданист. Мо тасмим гирифтаем, ки робитаҳои зичи фарҳангиро ба роҳ монем ва ҳаракат мекунем, ки аз Ҳиндустон гурӯҳҳои фарҳангиро ба Тоҷикистон даъват намоем ва инчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон равон кардани Гурӯҳҳои фарҳангии Тоҷикистонро ба Ҳиндустон дархост кунем.- гуфт Бираҷа Прасад. Сафири Ҳиндустон ҳамчунин дар бораи нақши туризм дар таҳкими муносибатҳои ду кишвари дӯст алоҳида сухан кард. Хушбахтона, миёни Душанбе ва Деҳлӣ хатсайри ҳавоӣ вуҷуд дорад. Ба ин восита хоҳишмандони дидани Ҳиндустон ва Тоҷикистон метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар дар фурсати дилхоҳашон сафар кунанд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Моҳира МИРЗОЕВА, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ: - Ин ки гӯё ном ба инсон таъсир мерасонад ва ҳар омаду ноомади рӯзгор маҳз ба он вобаста аст, тасаввуроти нодуруст аст. Ин тасаввуроти мардум аз бемаърифатӣ ва ҷаҳонбинии танги онҳо ба вуҷуд омадааст. Борҳо мушоҳида кардаем, ки одамон номи зебо доранд, ки маънои писандидаву некро ифода мекунанд, аммо хислату характери онҳо акси номашон аст. Инро ҳам мушоҳида намудаем, ки номи як гурӯҳи одамон ба гуфтору рафторашон мувофиқ аст. Ба андешаи мо сабаби ин дар тарбияи накӯ ва шоистаи онҳо ниҳон аст. Агар волидайни муҳтарам бар замми номи хуб гузоштан фарзандонро тарбияи хуб ҳам мекарданд, нуран алонур мешуд. Дар мавриди гузоштани ном ҳаминро гуфтаниям, ки дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ чунон калимаҳои хушоянду дилписанд вуҷуд доранд, ки ифодакунандаи маъноҳои матлубанд. Бинобар ин, хуб мешуд, ки аз дурдонаҳои забони ноби тоҷикӣ баҳра бардошта, фарзандонамонро дар рӯҳияи фазилатҳои неки инсонӣ тарбия намоем.

яке аз вазифаҳои волидайн аст, ки ба ӯ номи нек гузоранд. Чунки дар ҳадисҳои Паёмбари акрам омадааст, ки рӯзи қиёмат шуморо бо номҳоятон ва номҳои падаратон даъват мекунанд. Пас, номҳои наку гузоред. Баъзеҳо ба фарзандонашон номҳои донишмандон ва шахсиятҳои таърихиро мегузоранд, то фарзандонашон мисли онҳо донишманд гарданд, вале ин хатост. Бояд қайд кард, ки ном ба одобу ахлоқи инсон таъсир намерасонад, муҳим тарбия аст. Агар кас тарбияи хуб дошта бошад, ном ба ӯ таъсир намерасонад. Орифи машҳур Шамси Табрезӣ мефармояд:

5 е-mail: javonontj@mail.ru

Номи зебову хушоҳанг барои инсон василаи шарофат ва сарбаландист. Волидон бояд кӯшиш кунанд, то ба фарзандон номи зебо, муносиб ва мазмундор гузоранд. Дар мавриди таъсир доштани ном ба хислату рафтори шахс зиёд мегӯянд. Ин навбат аз мусоҳибон пурсидем:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

6

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Моҳи ноябри соли 1985 ӯ ба комиссариати ҳарбии яке аз ноҳияҳои пойтахт рафт, то барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС қабулаш кунанд. Кормандони комиссариати ҳарбӣ ҷавони навхати кӯтоҳқадро дида, бо ҳайрат ба якдигар менигаристанд. Мазмун, чӣ гуна ӯ бо ин ҷуссаи хурд даъвои хизмати аскарӣ мекунад? Вале азми ҷавон қатъӣ буд. Аз ташхис гузашт ва ба зудӣ ба шаҳри Тошканд фиристода шуд. Дар Тошканд ҳамроҳи ҷавонони дигаре, ки аз кишварҳои шӯравӣ ҷамъ омада буданд, шаш моҳ тамрин дида, тактикаи ҷангиро омӯхта, оғози фасли зимистони соли 1985 ба Афғонистон рафтанд ва инак аз он замон 30 сол сипарӣ шуд...

хизматашро тамом карда баргашт. Ӯ омаду баъди ду сол ман рафтам. Дар рафтан ягон зарра ноумедӣ надоштам. Зеро медонистам, ки бо амри Ватан меравам. Он вақт Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон меҷангид ва ҳар ҷавони ба синни аскарӣ расида хизмат дар Афғонистонро қарзи худ медонист... Хайриддин дар гурӯҳи таъиноти махсус хизмат кардааст. Пулемётчик будааст. Ҳарчанд қомати паст дошт, аммо лоғар набуд. Тавони бардоштани пулемётро, ки 13-14 килост, дошт. Баракси вай ҷавонони ҳамхизматаш қоматбаланду бузургҷусса буданд. Аммо аслиҳаи ҷангиашон ҳамагӣ чор-панҷ кило вазн дошт. Ҳарчанд тасаввури хизмат ё ҷанг дар Афғонистон мисли та-

Соли 1978 вазъият дар Афғонистон ноором шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ҳис кард, ки ҳукумати коммунистии Афғонистон дар хатар аст ва қарор дод ба имдодаш бирасад. Соли 1979 артиши шӯравӣ ба Афғонистон даромад. Даромад, вале ба зудӣ баромада натавонист. Балки 10 сол дар он гирдоб дармонд. Даромадани шӯравӣ ба Афғонистон дуруст буд ё не, масъалаи дигар аст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар қатори садҳо тан аз ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикбачаҳо низ даст пеши бар гирифта, бо фармони Ватан ба ҷанг рафтанд. Хайриддин Ёров аз ҷумлаи онҳоест, ки ду соли хизмати аскариро дар Афғонистон сипарӣ кардааст. Хайриддин аз он солҳо бо ҳасрат ёд карда мегӯяд: - Бародарам соли 1981 ба Афғонистон рафт ва соли 1983

саввури ҷанги солҳои 1941-1945 ваҳим набошад ҳам, ҷавонони тоҷик ба ҷанг рафтанашонро хуб дарк мекарданд ва медонистанд, ки эҳтимоли зинда барнагаштанашон низ вуҷуд дорад. Соли 1985 аз Тоҷикистон 120 нафар тоҷикбачаҳои дигар низ ҳамроҳи Хайриддин ба Кобул рафта, сипас ба шаҳру вилоёти дигари Афғонистон тақсим шуда буданд. - Ба ҳар гӯшаи Афғонистон, ки пойгоҳҳои низомии шӯравӣ мавҷуд буд, тақсим шудем. Аз Кобул тавассути чархбол моро ба вилояти Кунар бурданд. Хеле мушкил буд ду соли хизмат дар Афғонистон. Чунинам менамуд, ки ду соли хизмати аскарии ман дохили хандақ гузаштааст... Дар рӯ ба рӯи мо армияи сарсахти Гулбиддин Ҳикматёр меҷангид. Нерӯҳои Ҳикматёр ҳарчанд теъдодашон беш буд, вале чандон

Хайриддин Ёров:

Фармони Ватанро иҷро мекардем! бақувват набуданд. Чун танҳо рӯзона зарба мезаданд. Вале вақте техникаву лавозимоти нав дастрас карданд, шабона ҳам зарба мезадагӣ шуданд, - мегӯяд Хайриддин. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки дар баталёни иктишофӣ (ГРУ) хизмат кардааст. Зеро ин баталён яке аз бахшҳои асосии низомӣ ва муҳими шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Давоми ду соли хизматаш се дафъа маҷруҳ шуда, аз панҷаи марг раҳо ёфтааст. Се дафъа дар наздаш мина таркида, ҳамхизматонаш бархе маҷруҳ ва чанд тани дигар ба ҳалокат расидаанд, аммо дар қисматаш зинда ба Ватан баргаштан будааст, ки осеби ҷиддӣ надида хизматашро ба анҷом расондааст. Хайриддин Ёров баъд аз анҷоми хизмати аскарӣ дар Тоҷикистон чанд муддат ҳамчун

корманди милиса фаъолият доштааст. Ҳоло ӯ марди синнаш ба панҷоҳ расидаи гармчеҳра ва ҳамешахандонест. Ба мӯйи сараш ҳам аллакай сафедӣ дамидааст. Баракси андешаи маъмули “ҳар кӣ дар ҷанги Афғонистон ширкат доштааст, асабиву оташин аст” Хайриддин Ёров хеле ботамкину ором мебошад. “Пушаймон нестед, аз он ки дар ҷанги Афғонистон ширкат доштед?”, - мепурсам аз ӯ. - Мо асосан хизмати аскариро ба ҷо овардем. Фармони Ватанро иҷро кардем. Пушаймон бояд он мақомдороне шуда бошанд, ки иштибоҳро содир карданд, на аскарони қаторӣ. Он ҷанг, албатта, як нақшае буд, ки моҳирона кашида шуда. Аҷаб ҳиллае карданд. Ба афғон аслиҳа доданд, ки шумо ватанатонро ҳимоя кунед, ба шӯравӣ гуфтанд, ки шумо чӣ шиштаед, ҳукумати коммунистии

Афғонистон аз байн меравад. Азбаски Иттиҳоди Шӯравӣ ҳомии комунизм дар он давра буд, бетараф наистод. Бетараф наистод, аммо тарафдориаш дарди сараш гушт. Вале баракси амрикоиҳо ва дигар ғарбиҳо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон танҳо ҷанг намекард, ки инро худи ҳамон муҷоҳидини афғон ҳам борҳо таъкид кардаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд, ки Шӯравӣ душмани номард набуд. Дар Афғонистон ҷанг ҳам мекард, вале ба корҳои бунёдӣ низ машғул буд. Сохтмон дуруст мекард... Дар мавриди зарур будан ё набудани ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон мегӯяд: - Иштироки Шӯравӣ даркор буд. Чун ин ҷо бозии калон мерафт. Бозӣ миёни ИМА-ву шариконаш ва Шӯравӣ. Ба Шӯравӣ хабар расид, ки ИМА давоми 72 соати охир нияти даромадан ба Ағонистонро дорад. Ин хабар аз кӣ ва чӣ гуна расидааст, номаълум. Аммо ҳаминаш маълум аст, ки он хабар дурӯғ, балки як найранг будааст, то Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирдоби ваҳиме гирифтор шавад. Мақсад заиф сохтан ва ниҳоят шикастани пояҳои Шӯравӣ, буд ки муваффақ шуданд. Хайриддин Ёров қисса мекунад, ки ду тағояш солҳои 19411945 ба ҷанг алайҳи фашизми гитлерӣ рафта, бенишон шудаанд. Сипас, ӯву бародараш дар ҷанги Афғонистон ширкат доштанд ва ҳоло замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ду фарзандаш ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати Модар-Ватанро анҷом додаанд. Таъкид медорад, ки имрӯз бояд шарафи хизмат дар артиш ба ҳамон андозае, ки замони шӯравӣ буд, боло бардошта шавад. Он солҳо ҷавонони тоҷик аз рафтан ба ҷанг барои Ватан канор намеистоданд. Имрӯз ҷавонон хоҳиши рафтан ба аскарӣ надоранд. Дар бораи чӣ гуна мактаб будани хизмати аскарӣ ҳоҷати гуфтан нест. Вале бояд коре кард, ки тарс аз вуҷуди ҷавонон берун шавад, онҳо бо дили гарм, бо хоҳиши тамом ба аскарӣ бираванд. Дар ин сурат ватандӯстии ҳақиқиро дар дили ҷавонон метавон ҷо кард. Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

 ҲАМКОРӢ

Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия таҷрибаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро меомӯзад

www.javonon.tj

Як ҳайат аз намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии узви Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат имрӯз, 30 ноябр ба Малайзия сафар кард. Ин сафари омӯзишӣ то 4 декабр давом мекунад. Сафари омӯзишии ӽайат ёрии зарурӣ ва саривақтиро барои омодагӣ ба оғози корҳои Кумитаи миллӣ, инчунин, имконияти шинос шудан бо таҷрибаӽои ин кишвари пешрафтаро таъмин менамояд. Барномаи сафари омӯзишӣ вохӯриҳо дар сатҳи баланд бо намояндагони кумитаи ҳамсони Малайзия, инчунин бо мақомоти расмӣ, ниӽодӽои танзимкунанда ва бахши хусусӣ доир ба масоили соддагардонии расмиёти тиҷоратро дар бар мегирад. Ҳайати Тоҷикистон аз муассисаӽои

асосӣ, гузаргоӽӽои сарӽадиву бандарӣ ва сохторҳои транзитӣ дидан хоӽад кард. - Мо боварӣ дорем, ки шиносоӣ бо мақомот ва сохторҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангсозии онҳо дар Малайзия, ки ба ӽайси яке аз муваффақтарин кишварӽои ҷаҳон дар мавриди татбиқи TFC маълум аст, ба мо кӯмак хоӽад намуд, то фаъолияти кумитаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро дар кишвар беҳтар амалӣ кунем, рисолати худро дар соддагардонӣ ва идораи тиҷорат беҳтар

амалӣ гардонем, инчунин хизматрасонии беҳтари содиротӣ ва воридотиро таъмин намоем, - мегӯяд Иноятулло Қосимов, сардори шуъбаи СҶТ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо. Гилес Чаппелл, намояндаи Шуъбаи соддагардонии расмиёти савдо ва сиёсати тиҷорати Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Женева, ки ҳайати Тоҷикистонро дар Малайзия ҳамроҳӣ мекунад, тафсилоти барномаи ин сафари омӯзиширо чунин бозгӯ кард: «Ӽайати Тоҷикистон аз

ҷумла бо таҷрибаи Малайзия дар таъсиси равзанаи ягона ва фаъолияти нуқтаҳои маълумотдиӽӣ шинос хоӽад шуд, бо роҳбарияти як қатор сохторҳои асосии Малайзия, ба монанди Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати ин кишвар, Федератсияи истеҳсолкунандагони Малайзия, Корпоратсияи рушди савдои берунаи Малайзия, Раёсати гумруки шоҳигарии Малайзия ва Маҷмааи гумрукӣ ва назорати муҳоҷират дар Ҷоӽор мулоқот хоӽад кард. Дар рафти вохӯриҳо таваҷҷуӽи махсус ба ҳамкориӽои расмӣ ва ҳамоҳангсозиӽо байни масъулони гуногуни соддагардонии расмиёти тиҷорат дар Малайзия равона хоӽад шуд. Меҳмонон аз Тоҷикистон, инчунин, бо истифода аз пардохтӽои электронӣ, идоракунии қаблӣ ва кор бо ӽамоӽангсозонии расмӣ шинос хоӽанд шуд ва ба гузаргоӽӽои сарӽадӣ ва бандарии байни Малайзия ва Сингапур сафар хоӽанд кард».


МУШКИЛИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

7

Ё чаро мушкилоти мусофирбарӣ бартараф намешаванд?

Ҷавониро ба бангу нашъа нафрӯш! Чӣ донову чӣ зебову чӣ гӯё буд, аммо зуд, Ба нодонӣ, ба ҳайронӣ, ба сарсонӣ ҷавонӣ рафт.

Ба ҳамааш худам гунаҳкор. Сад афсӯс, ки ҷавонӣ рафт. Ба нодонӣ, ба сарсонӣ, ба ҳайронӣ. Аз ҳама аламовар ҳамин аст, ки - афзуд ӯ, - дар зиндагиам танҳо мондам, не зан дораму не фарзанд. Ҳамсинфонамро бо фарзандонашон мебинам аламам дучанд мешавад. Дар танҳоӣ зор-зор мегирям, ба худам нафрат дорам. Баъзан ҳамсолонамро аз дур мебинаму роҳи гурезро меҷӯям, намехоҳам бо касе вохӯрам, аз худам шарм медорам, аммо дигар илоҷе нест. Ҳарфҳои Шаҳзодро шунида, ба андеша рафтам. Наход чорае набошад, ки ӯву ҷавонони мисли ӯро аз ин роҳ баргардонд. - Ғамгин нашав, - гуфтам ба Шаҳзод. - Дардат шифоёбанда аст, о вай саратон нест-ку! Ҳамсояи мо Хайлобек дарди аз ин ҳам вазнинтар дошт. Қариб бист сол аз ин дард азият кашид. Тамоми чизу чораи хонаашро фурӯхта, дору харид. Оқибат чӣ шуд? Оилааш вайрону зану фарзандонаш дар ба дар гаштанд. Модари бечорааш ба ин ҳама тоқат накард. Армонҳои дар дил доштаашро бо худ ба гӯр бурд. Хайлобек бо дастгирии дӯстони ҷониаш, аз ин балои азим халос хӯрд. Хонаву дарашро обод кард, фарзандонашро ба ҳам овард ва акнун зиндагии осоишта дорад. Ҳоло илоҷу тадбир дар дасти худи туст. Он, пеш аз ҳама, ба ирода, нангу номус, футуввату ҷавонмардии ту вобаста аст. Пас аз ин гуфтаҳои ман дар ниҳонхонаи чашми Шаҳзод шуълаи умед барқ зад. Аз чеҳраи рангпаридаву ба табассум моилаш ҳувайдо буд, ки дар дилаш нияти оғоз кардани зиндагии нав пайдо шудааст. Ба ӯ иродаву тавфиқ мехоҳам. Гуландом МИРЗОЕВА, нозири назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии РАНМН дар ВМКБ, лейтенанти калон

Бояд гуфт, ин соҳа агарчи дар навоҳии дигари кишвар ба як ниМашҳур ИМОМНАЗАРОВ, зоми муайян дароварда шуда бо“Ҷавонони Тоҷикистон” шад ҳам, дар ВМКБ оид ба танзиму ҳаракати нақлиёти мусофирбар, яъне ҳамон воситаи нақлиёте, ки дар хатсайрҳо фаъолият мекунанд, на танҳо камбудиҳо дида мешавад, балки тадриҷан мушкилот дар ин самт бештару бештар мегардад. Феълан масъулин ба ҷои он ки садди роҳи чунин масъалаи таъхирнопазир шаванду аз ҳарф ба амал гузаранд, яке дигареро айбдор карда гаштааст. Мушкилоти соҳаи нақлиёт борҳо назди роҳбарияти вилоят низ баррасӣ шудааст, аммо ҳол ҳамонест, ки буд. Дар шаҳри Хоруғ хатсайрҳои асосии автомобилгард, яъне “3” ва “1” мувофиқи бурди тендерӣ ба ҶДММ “Алитехникс” ва “АТП – 51” вогузор шуданд. Хатсайри якум, ки ба ҶДММ “Алитехникс” тааллуқ дорад, аксари нақлиёти мусофиркаш - “тангемҳояш” то нуқтаи муқарраршуда ҳаракат доранд. Аммо дар хасайри “3”, ки ба “АТП – 51” мутааллиқ аст, аксари ронандагоне, ки ҷавонҳоянд, мусофиронро ба нуқтаи таъйиншуда намерасонанд. Ронандагони хатсайрҳои мазкур бар онанд, ки автомашинаҳо аз ҷониби эшон харидорӣ шуда, моликияти шахсияшон аст. Яъне, худашон шоҳу табъашон вазир аст. Гӯё касе ба онҳо ҳақ додааст, ки мусофирро дар нимаи роҳ аз мошин фуроранд. Ба ибораи дигар бетартибии ҳаракат дар роҳро пеша намудаанду чизе нагӯем беасар аст. Мошинҳо моли онҳову хатсайрҳо ҳам! Таҷассумёбии фарҳангдориву маданият аз марказҳо маншаъ мегирад. Агар ба масъалаи мусофиркашонӣ назар афканем, муносибати маданӣ бо мусофир ҳам як намуди фарҳанг аст. Аммо пурсише барои баъзе ронандагони хатсайрҳои маркази вилоят аст, ки оё муомилаи онҳо бо мусофирон барои худи эшон қобили қабул аст?! Аз чи бошад, ки фақат ба нафъи худ кор карда мусофирро дар нимаи роҳ монда, то охири хатсайр намераванд. Чаро мусофиронро лаби об ташна мебаранду ташна меоваранд? То кай хилофи виҷдон амал мекунанд? Албатта танбашавии аз ҳад беруни нақлиёти мусофирбар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ боис гардидааст, ки ҳамарӯза бесарусомониҳои нақлиёт аз он ҷо авҷ гиранд. Яъне ин дар ҳолест, ки бештари васоити нақлиёти мусофирбари вилоят то кунун ҳам таваққуфгоҳи муайян надошта, пайваста аз ҷое ба ҷое кӯчонда мешаванд. Зимнан масъулини Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт бо дигар сохторҳои марбута тасмим гирифтанд, ки истгоҳи хатсайр Рӯшон – Хоруғро назди бозори хӯрокворӣ ҷойгир кунанд. Агарчи он қаблан дар назди бозори “20-солагии Истиқлолият” мавқеъ дошт. Хатсайри Шуғнон – Хоруғро, ки аз канори чапи дарёи Ғунд мавҷуд аст, ба маҳаллаи Хоруғи боло баранд. Ҳамчунин, ният доранд хатсайри Роштқалъа – Хоруғро дар мавзеи Бархоруғ ҷо ба ҷо намоянд, ки аввал он дар маҳаллаи А. Абдураҳмонов буд. Вале ҳоло бошад истгоҳи ин хатсайр бо пофишории маскунони ноҳияи Роштқалъа муваққатан дар маҳаллаи “Заводи нон” қарор дорад. Суол ба миён меояд, ки оё воқеан автомашинаҳои хатсайрҳои мазкур сабабгори танбашавии нақлиёт дар маркази вилоят шуданд?! Чаро ки қаблан ғайр аз истгоҳи Шуғнон ҷои боқимонда хатсайрҳои ноҳиявӣ на дохили майдончаи терминал буду на дар наздики он. Яъне онҳо аз хатсайриҳои Хоруғ фосилаи муайян доштанду ба бозори марказӣ, ки маҳз танбашавӣ дар ин мавзеъ сурат мегирад, дахолат накарданд. Дар ин бора сардори шуъбаи нозиротии Хадамоти танзими нақлиёт дар вилоят Алифбек Алифбеков ҳам гуфт, ки иллати роҳбандӣ ва бетартибиҳои нақлиёт назди бозор бо айби ронандагони хатсайриҳои марказист. Он ҳатто муддатҳое баъди нисфирӯзӣ ҳам ҷараён дорад. Аммо аз чи бошад, ки дигаргуниҳо доимо дар хатсайрҳои ноҳиявӣ амалӣ мегарданду ба ҳамон ҷода устувор ҳам карда намешаванд?! Умуман, чунин бемасъулиятӣ пайваста аз ҷониби масъулини ҳаракати нақлиёти вилоят ба назар мерасад. Онҳо ё автомашинаҳоро бо истгоҳи доимӣ таъмин намекунанд ё вазифаи хешро ба гардани дигар сохторҳо бор мекунанд. Бинобар ин, теъдоде аз мусофирон, бошандагони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва хатсайри “3” то ҳол аз он қаноатманд нестанд. Ҳозир агар фарде, ки сокини муқимии вилоят набошад, ё агар ӯ сайёҳе ҳасту ба ҷамоату деҳоти навоҳӣ коре дошта бошад, барояш лозим меояд, ки нахуст бошандаи ин ё он деҳотро пайдо кунаду суроғаи истгоҳҳои ноҳиявиро аз ӯ пурсон шавад. Вагарна ба хотири ҷустуҷуӣ истгоҳҳо одами ношинос хеле овора хоҳад шуд. Пас маъсулонро мебояд, ки ин мушкилро нодида нагиранд ва ҳарчи зутар аз паси ислоҳи он гарданд.

www.javonon.tj

Ин байти устод Лоиқро ҷавонмарде, ки пеш-пеши мо мерафт, бо овози баланд замзама мекард. Ба ӯ наздик шуда пурсидам: - Шаҳзод, аҳволат хуб аст? Ба сӯям як чашм давонду боз «Ҷавонӣ рафт, эй сабзина, медонӣ, ҷавонӣ рафт», - гӯён ба роҳаш идома дод. Вақте дубора ба сӯям нигоҳ кард, дидам, ки чашмонаш пури обанд. Ба ӯ чӣ шуда бошад? Давида наздаш рафтам. Сарашро аз замин набардошта, “5-10 сомонӣ қарз намедиҳӣ, пагоҳ бармегардонам”, гуфт. Пас аз чанд сония, мисли он ки ба худ омад, «бубахшед маро, хоҳаракам, бубахшед» - гӯён аз дил оҳи сард баровард. Афсӯс хӯрд, ки ҷавониаш беҳуда гузашт, давраҳои мактабхониашро ба ёд овард. - Ёд дорӣ, вақте дар мактаби миёна таҳсил мекар¬дем, ту хурдакак будӣ, тахмин дар синфи 2 ё 3 мехондӣ. Дар вақти танаффуси калон ба назди ошхона рафта, аз ману акаат пул мегирифтӣ. Ману акаат рафиқони ҷонӣ будем. Агар пул намедодем гиря мекардӣ, хандид акаи Шаҳзод. - Он рӯзҳои хубу нотакрор ноаён гузаштанд. Ман Шаҳзодро, воқеан аз овони мактабхонӣ мешиносам. Як ҷавони қоматбаланди қошпайванд, бо мижаҳои сиёҳи дароз ва мӯйҳои пасти ҷилодор аз дигарон фарқ мекард. Ҷавони зебо ва доно буд. Падараш - амаки Даврон дар байни ҳамсояҳо ва хешу табор обрӯю эътибори калон дошт. Тарзи рафтору гуфторашро ҳама меписандид. Шаҳзод бисёр китоб мехонд, сардори синф буд. Дар ҳамаи олимпиадаҳо, чӣ мактабӣ ва чӣ шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён мегардид. Пас аз хатми мактаб падараш аз олам даргузашт. Шаҳзод баъди вафоти падар аз хона намебаромад,

бо касе ҳамсуҳбат намешуд. Аз ҳамсояҳо фаҳмидем, ки ба дарди сар гирифтор шудааст. Чанд маротиба дар беморхона хоб рафт. Аҳволаш хеле беҳтар шуда бошад ҳам, рафтораш тамоман дигар гашт. Ба хона мисли пештара дар вақташ намеомад, то ниcфи шаб бо рафиқони наваш дар кӯчаҳо мегашт. Бори охир бо Шаҳзод дар назди хонаашон вохӯрда, пурсидам, ки ба ту чӣ шуд, ки рафторат тамоман дигар шудааст? - Вақте падарам аз олам гузашт, фикр кардам, ки бо ҳамин дунё ба охир расид. Куҷо рафтан ва чӣ кор карданамро намедонистам. Рӯзи аз беморхона ҷавоб шудан бо як шиносам вохӯрдам. Хеле суҳбат кардем. Пурсид, ки дар беморхона чӣ кор мекардӣ? Ба ӯ гуфтам, ки сарам дард мекард, табобат гирифтам. Вай «дарди бахайр будааст, табобат мекунем» - гуфта ба ман қуттиеро дароз кард. Маслиҳат дод, ки «вақте сарат дард кард, аз қуттӣ камтар дору гирифта истеъмол кун, дард ҷобаҷо мемонад». Ҳамин тавр, гуфтам ку, ба дарде гирифтор шудам, ки бе дору як рӯз ҳам зиндагӣ карда наметавонам. Рӯзҳои аввал шиносам доруро ба ман бепул медод, баъд дид, ки дигар бе дору рӯзам намегузарад, гуфт: - Ака, ман он чизе ки барои дарди сари ту лозим аст, бо пул мехарам. Бе пул ба ту ин хел кайфро кӣ ташкил мекунад? Ана ҳамин хел, хоҳар, ман ба ин дард мубтало шудам. Бас карда наметавонам, чунки дигар кайф не, дардро ҳис мекардам. Агар доруро дар вақташ истеъмол накунам, тамоми аъзои баданам месӯзад. Аз Шаҳзод пурсидам, ки ягон бор ба духтур муроҷиат кардӣ? Вай ба ин пурсиши ман посух надод ва рост ба чашмонам нигариста гуфт: - Ман ҳам мисли дигарон орзуву ҳавас дорам, мехоҳам зану фарзанд дошта бошам, зиндагии хушу хуррамона ба сар барем.

Шубҳа нест, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ оварда, фаъолияти соҳаи хизматрасонӣ андак-андак рушд кард. Аммо ягона соҳае, ки дар тамоми манотиқи кишвар, хоса ВМКБ рӯи беҳбудиро надидааст, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонист.

е-mail: javonontj@mail.ru

ВМКБ: Беназмиҳои нақлиёт меафзояд


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

МАОРИФ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Имсол аз таъсису фаъолияти яке аз муассисаҳои соҳаи санъату фарҳанги кишвар - Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов 70 сол пур шуд. Суҳбати мо бо директори ин муассиса Баҳодур Яхшиев роҳи тайнамуда ва фаъолияти имрӯзи онро барои хонандаҳои рӯзнома рӯшан хохад кард. - Нақши ин даргоҳро дар тарбияи фарҳангиву ҳунарии ҷавонон ва мутахассисони соҳа чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Коллеҷи санъат аз аввалин мактабҳои соҳавист. Агар саҳифаҳои китоби 70 соли мавҷудияту фаъолияташро варақгардон кунем, саҳму нақшашро дар тарбияи ҳунармандони касбӣ ва рушду нумӯи соҳаи санъату фарҳанг баланду босазо меёбем. Имрӯз ҳам дар пайи иҷрои рисолаташ – тарбияи ҷавонони дӯстдору дилбастаи санъат ва мутахассисони хуби соҳаи фарҳангу ҳунар аст. - Албатта, мояи ифтихори ҳар даргоҳи таълимӣ ва устодони он дастпарварони комёбу муваффақанд. Дар ин радиф кадом шогирдону дастпарварони коллеҷро ном гирифта метавонед? - Шогирдону дастпарварони комёбу муваффақи ин даргоҳи санъату ҳунар зиёданд, ки аксари онҳо ҳамчун овозхон ва мутрибону оҳангсозон бо сабку салиқаи хос ва маҳсули заҳмати хеш муаррифгари санъату ҳунар ва номбардори миллатамон дар оламанд. Аз зумраи онҳо Аҳмад Бобоқулов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев, Фирӯз Баҳор, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Толиб Шаҳидӣ, Қудратулло Яҳёев, Талабхӯҷа Сатторов, Зарина Миршакар, Ёқуб Сабзанов, Шарофиддин Сайфиддинов, Фаттоҳ Одинаев, Қудратулло Ҳикматов, Зулфиқор Зайниддинов, Саид Ҳамроев, Амон Ҳамдамов, Аъзам Солиев, Амирбек Мӯсоев, Геннадий Александров ва дигарон мебошанд, ки чандеашон баъди хатми мактаби олӣ ба ин боргоҳ баргашта ба шогирдон дарси ҳунар додаанд. - Аз ҳаёти имрӯзаи коллеҷ ва талошу тадбирҳоятон барои тарбия ва камолоти ҷавонон бигӯед. - Имрӯз Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ба як муассисаи аз ҳар ҷиҳат муҷаҳҳазу мукаммал ва замонавӣ табдил ёфтааст. Муассиса дорои нуҳ шуъба: “Мусиқишиносӣ”, “Фортепиано”, “Дирижёри хори академӣ”, “Асбобҳои тории оркестрӣ”, “Асбобҳои зарбӣнафасӣ”, “Асбобҳои халқӣ”, “Сурудхонии академӣ”, “Таронахонии халқӣ”, Режиссура (ороиши овоз) буда, муҳассилин дар онҳо чор

дарки баланди мусиқӣ,овози муносиб ва дигар талаботро дошта бошанд. Бо донистани ин талабот ва омӯзишу тамрини пайваста метавон дар роҳи ин ҳунарҳои зебо комёб шуд. - Аз фаъолияти бахши ҷавонони муассиса ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои гуногун чӣ гуфта метавонед? - Имрӯз дар коллеҷ бештар аз 300 нафар ҳунар меомӯзанд. Фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаро омӯзгори ҷавон Баҳром Назаров бар уҳда дошта, барои тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, дӯстию рафоқат ва дигар хулқу атвори шоиста

70 соли мактаби санъату ҳунар сол ба таҳсили рӯзона ва дар ҳафт шуъбааш ба таҳсили ғоибона фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯёни фаъолу намуна, онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, бо стипендия ва донишҷӯёни ятиму бепарастор ва камбизоат бо як вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Аксарияти хатмкардагони коллеҷ барои идомаи таҳсилу омӯзиш ба Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи фарҳанг ва санъат, боқимондааш барои кору фаъолият ба муассисаҳои фарҳангии кишвар фиристонда мешаванд. - Майлу рағбати ҷавонон нисбат ба жанрҳои овозхонии фалаку шашмақом чӣ гуна аст ва омӯзишу тарбияи шогирдон дар ин риштаҳо чӣ тавр роҳандозӣ

шудааст? - Мусиқии суннатии фалаку шашмақом хамчун мероси гаронбаҳои ҳунарӣ аз қадим то имрӯз маълуму машҳуранд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ икдоми неку наҷиби Президенти кишвар дар бораи ҳар сол таҷлил намудани рӯзҳои фалаку шашмақом ва тадбиру чораҳои андешидаи сохтору муассисаҳои фаҳангиву ҳунарӣ дар партави он, дар баробари таҳким ва рушду нумӯи фалаку шашмақом майлу рағбати ҷавононро ба омӯзишу иҷрои ин ҳунари овозхонӣ бештар кард. Фалаку шашмақом маҳорати баланду заҳмати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, мо кӯшиш мекунем, ба ин риштаҳо ҷавононеро фаро гирем, ки маҳорати хуб,

чораву тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Барои ҷавонон суҳбатҳо дар мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ободонии диёр, масъулияти шаҳрвандию маданияти шаҳрдорӣ, ҳуқуқи инсон, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар чорабиниҳои варзишиву сайёҳӣ мунтазам баргузор мекунанд. Онҳоро барои иштироки фаъолона дар корҳои ободонии пойтахт ва озмуну чорабиниҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ ҳидоят мекунанд. Самараи чунин кӯшишу ҳидоятҳо буд, ки имсол 6 нафар донишҷӯи коллеҷ дар озмуни байналмилалие, ки байни кишварҳои Тоҷикистон ва Покистону Амрико тавассути шабакаи интернет,

таҳти унвони “Фотожурналист” баргузор шуд, иштирок намуда, як нафар сазовори ҷойи дуюм ва 5 нафар соҳиби шаҳодатномаву сертификат гардиданд. Донишҷӯи курси сеюми шуъбаи сурудхонии академӣ Алиҷон Ғаффоров дар озмуни 18-уми минтақавии иҷрокунандагони романс, ки 19-20 октябр таҳти унвони “Казахская романсиада” дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва лауреати ин озмуни бонуфуз гардид. Дар ин самт боз сафарҳои туристӣ анҷом медиҳанд. Донишҷӯёнро ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор бурда, ба мавҷудияти ин ёдгории таърихӣ ошно намуданд. Шуъбаи кор бо ҷавонони коллеҷ барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии ноҳия, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ, ки моҳи майи соли равон баргузор шуд, бо “Ифтихорнома”-и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мукофотонида шуд. Дар баробари таълим ба тарбия низ диққати ҷиддӣ медиҳем. Дар ин самт қисми тарбия ва шуъбаи ҷавонон як ҷо бо мудирони шуъбаҳо ва нозирони қисми таълим рейдҳои муштарак гузаронида, ҳар як амали номатлуби донишҷӯён, аз қабили дер омадан ба дарсҳо, риоя накардани либоси ягона, истифодаи телефонҳои мобилӣ, бе лавозимоти таълим дар дарсҳо нишастан, ҳуқуқвайронкунӣ ва ғайраро пешгирӣ мекунанд. Барои баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон низ чораҳои зарурӣ мебинем, зеро маърифати баланди сиёсию ҳуқуқӣ метавонад ҷавононро аз бисёр амалҳои номатлуб нигоҳ дорад. Ҳамеша кӯшиш дорем, ки дар муассиса як муҳити мусоиди таълиму тарбия, як фазои форами фарҳангиву ҳунарӣ фароҳам бошад. Суҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ


МАОРИФ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

9

Хизматҳои маорифпарварон дар ислоҳи мактаб Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва омили пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ мактабу маориф ба шумор меравад. Пешрафти ҳар давлат ба сиёсати дурандешона дар самти мактабу маориф вобастагии калон дорад.

Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятӣ – байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” чанде пеш нашриёти “Маориф” китоберо бо номи “Маориф – гарави пешравии ҷомеа” аз чоп баровард. Китоби мазкур мақолаҳои олимони шинохта Ҷамшед Ҷӯрабоев, Аламхон Кӯчаров, Сайфуллоҳи Муллоҷон ва Атахон Сайфуллоев оид ба андешаҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода бобати мактабу маорифро дар бар мегирад. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Нуриддин Саид дар муқаддимаи китоб таъкид намудааст, ки мактабу маориф дар шароити кунунии рушду ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи таълимию иттилоотӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми меҳвариро соҳиб аст. - Таҷрибаи таърихии ниёкони мо аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳияи низоми муташаккили омӯзишу парвариш ҳанӯз аз аҳди бостон ибтидо гирифта, новобаста ба авзои сиёсӣ, ивазшавии сулолаву низоми давлатдорӣ, ғасбу ғорати аҷнабиён ва кӯчиён пайваста сайқал хӯрда, рисолати азалии худро дар назди ҷомеаи башарӣ бо парвариши чеҳраҳои мондагор, рушди илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ муваффақона иҷро намудааст, – навиштааст Нуриддин Саид. – Табиати азалии маърифатхоҳии тоҷикон дар давраи нави таърихӣ, махсусан сохтмони ҷомеаи шӯравӣ бори дигар зоҳир ёфт. Тоҷикон, новобаста ба маҳдудиятҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодиву молиявӣ ва дахолату фишори ҳаракату равияҳои гуногун, дар як гӯшаи

ақибмондаи Бухорои Шарқӣ инқилоби фарҳангиро анҷом дода, низоми нав ва ҳозиразамони мактабу маорифро бунёд карданд. Китоби “Маориф – гарави пешравии ҷомеа”, ки дар партави асарҳои чор тан аз бузургони илму адаби миллат – Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода таълиф шудааст, барои хонандаи имрӯзаи тоҷик саривақтӣ ва мувофиқ ба талаботи ҷомеа мебошад. Агар Аҳмади Дониш ғояҳои асосии мактабу маорифро дар шакли назариявӣ бунёд карда бошад, устод Айнӣ хишти аввалини бинои онро гузошт, Бобоҷон Ғафуров татбиқи онро то сатҳи сиёсат ва донишгоҳу академия боло бурд ва Мирзо Турсунзода бо ашъори баландмазмуни худ дар дили мардум тухми маърифат кошт. Доктори илмҳои таърих Ҷамшед Ҷӯрабоев дар мақолааш зери унвони “Андешаҳои маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии Аҳмад Махдуми Дониш” зикр намудааст, ки ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна ба муқобили ҷаҳолат, зулму истибдод, таассуби динӣ, беадолатии иҷтимоӣ, маҳдудияти миллӣ, қафомонии маънавӣ ва ахлоқи вайрони доираҳои ҳукмрон ва дигар равандҳои номатлуби ҳаёт дар нимаи дуюми асри XIХ ба вуҷуд омад. Маркази он шаҳри бостонии Бухоро ва асосгузори он мутафаккири забардасти халқи тоҷик Аҳмади Дониш ба шумор меравад. Маорифпарварӣ ҳамчун ҷараёни пешқадами афкори сиёсию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии халқи тоҷик тадриҷан густариш ёфт ва тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Аз чорчӯби миллӣ берун баромада, ба равияи байналмилалӣ табдил ёфт. - Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ ақида доштанд, ки агар аз муассисаҳои давлатӣ маъмурони золиму нодон хориҷ карда шаванд ва дар идораҳои давлатӣ “низому зокун” (“закон”, қонун) ҳукмфармо шавад, ҳаёти мардуми заҳматкаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, ҷомеа пеш меравад, ободию осудагӣ мешавад. Ин аст, ки маорифпарварон баробари ташвиқу тарғиби илм, техника ва фарҳанги русӣ ва аврупоӣ арзишҳои маънавии меросии Шарқро низ тарғиб менамуданд. Ҳамаи маорифпарварони тоҷик мусулмон буданд. Дар фаъолияти худ

исломи расмиро риоя менамуданд, аммо мутаассиб набуданд, – навиштааст Ҷамшед Ҷӯрабоев. Муаллиф дар бораи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки ин шахси донишманду пешқадам аз ин сафарҳо таҷрибаи зиёди илмию фарҳангӣ бардошт. Аҳмади Дониш симои барҷастаи мунавваре буд, ки дар натиҷаи омӯзиши илму адаб ва фарҳанги миллӣ ва бардоштҳои маънавӣ аз ҳаёти Аврупо мактаби эҷодии худро ба вуҷуд овард ва ба пояҳои баланди рушд расонид. Пас аз ин сафарҳо дар олами фикру андешаҳои Аҳмади Дониш тағйироти куллӣ ба амал омада, дар ақидаҳои сиёсию иҷтимоии ӯ инқилоби бузург рух дод. Ба гуфтаи Дониш нобаробарии иҷтимоии одамон дар ҷомеа боиси ҳар гуна низоъҳо мегардад. Ӯ чунин ақида дорад, ки барои ҳифзи моликияти одамон аз дузду роҳзанон, қаллобон ва дигар нохалафони ҷамъият гурӯҳи махсуси одамон бо роҳбарии подшоҳ ташкил карда шуда, хароҷоти ин гурӯҳ ба зиммаи аҳли ҷомеа вогузор шавад. Аҳмади Дониш махсус таъкид менамояд, ки ҳангоми интихобу таъини мансабдорон сарвари давлат бояд қобилияту дониш, истеъдод ва хислати шахсро ба эътибор гирад. Доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кӯчаров дар китоби “Маориф – гарави пешравии ҷомеа” фаъолияти омӯзгории Садриддин Айниро

мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст. Устод Айнӣ як қисмати муҳими умри бобаракати хешро ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи фарзандони халқи азизаш сарф намуда, дар рушду нумуъ ва густариши фарҳанги миллии халқҳои тоҷику ӯзбек хизмати арзандаю бедареғ намудааст. Чунончи, соли 1908 Садриддин Айнӣ, ки ҳамеша “орзуи ислоҳи макотибу мадорис дар хотираш нохун мезад”, бо Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ба Самарқанд рафта, ба муаллим ва баъзе талабагони мактаби усули нав суҳбат мекунанд ва бо ҷону дил аз пайи дар Бухоро созмон додани мактаби усули савтияи тоҷикӣ мешаванд. Мактаби усули ҷадиди тоҷикӣ дар Бухоро дар андак муддат шуҳрати зиёд пайдо кард ва шумораи талабагонаш ба 30 нафар расид. Талаботи аҳолии Бухоро, махсусан табақаҳои камбизоат, ки 8-10 сол дар мактаби куҳна хонда, соҳиби хатту савод нашуда буданд, ба ин мактаб зиёд мешавад. Аз ин рӯ, дар мактаб бахши шабона ташкил намуданд, ки дар он шахсони 20-30-сола қабул шуда, тайи 40-50 рӯз ба онҳо хондану навиштан ёд дода мешуд. Устод Айнӣ дар таъсиси мактаби нав фаъолона ширкат варзида, китобҳое бо номҳои “Тартил-улҚуръон”, “Таҳзиб-ус-сибён” ва “Заруриёти диния”-ро навишта, дастраси талабагони мактабҳои ҷадидия гардонд. Дар қисми якуми “Таҳзиб-ус-сибён” устод Айнӣ оид ба хислатҳои бача, падару модар, устод – муаллим, мактаб ва синфи аввал маълумоти мухтасар медиҳад, ки аз ин ишораҳо назари ислоҳотхоҳии ӯ оид ба мактаб ва таълиму тарбия басо равшан маълум мешавад. Масалан, дар фасли “Мактаб чӣ гуна бояд бошад?” омадааст: “Мактаб бояд ба ҷойи васеи хушҳаво бино ёфта бошад. Фазояш софу покиза бошад. Заминаш берутубату бетааффун бошад. Шогирдони мактаб ба 4 синф тақсим шаванд. Ҳар синф бо шарикони худ ба ҷойи худ нишинанд. Ба кори худ машғул бошанд. Ба сабақи худ саъй кунанд”. Шеърҳои ба мактаб ва талабагони мактаб бахшидаи устод Айнӣ чун намунаи назми нави пандуахлоқӣ дорои аҳамияти зиёди таълимиву тарбиявӣ мебошанд ва ҳоло ҳам саҳифаҳои китобҳои дарсиро оро дода, ба омӯзгорону талабагон таъсири эстетикӣ мерасонанд. Китоби “Маориф – гарави пешравии ҷомеа” барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаи маориф, омӯзгорон, падару модарон, муҳассилину донишҷӯён, умуман доираи васеи хонандагон муфид буда, дар шинохти андешаҳои маорифпарварону ислоҳотхоҳони маъруфи тоҷик кӯмак мерасонад.

е-mail: javonontj@mail.ru

 КИТОБИЁТ

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

 РУШДИ ТУРИЗМ

Омӯзиши мутахассисони соҳаи сайёҳӣ аз таҷрибаи Чин Дар шаҳри Хайкоуи Чин мутахассисони соҳаи туризм аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба семинари омӯзишии 20-рӯза ҷалб гардиданд. ну докторон аз муассисаҳои олии Хайнан дарс мегӯянд. Ҳамчунин бо мақсади мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони ширкатҳои туристӣ, сохторҳои давлатӣ ва мутахассион вохӯриҳо баргузор шуданд. Дар рӯзҳои аввал тариқи дастгоҳҳои наворпахшкунанда имкониятҳои туристии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Табиати зебову нотакрор, мавзеъҳои зи-

ёди таърихӣ, боду ҳавои тоза ва чашмаҳои мусаффои Тоҷикистон ба иштирокчиён писанд омад. Ба онҳо харита ва видеороликҳои сайёҳии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Бояд ёдовар гашт, ки Провинсияи Хайнани Чин минтақаи туризми байналмилалӣ эътироф гаштааст. Ҳарсола миллионҳо нафар сайёҳ ин ҷо барои истироҳат меоянд.

www.javonon.tj

Аз Тоҷикистон дар чорабинии мазкур, ки то 30 ноябр идома меёбад, ду нафар, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайҳии вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев ва мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хоҷабегим Назармамадова иштирок доранд. Ба иштирокчиён профессоро-


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

Равоншинос будан табиб будан аст! Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Равоншиносӣ соҳаест, ки шахси дорои он тамоми характеру хусусиятҳои нафарони атрофро мефаҳмаду медонад ва баҳри бартараф сохтани мушкилиҳои баамаломада роҳ нишон медиҳад. Дар кишварҳои Ғарб, вақте як нафар ба нофаҳмие дучор меояд, дарҳол ба назди равоншинос мераваду барои бартараф сохтани нофаҳмӣ ва ё мушкилот аз ӯ маслиҳат мегирад. Онҳо муроҷиат ба ровоншиносро як навъ раҳоӣ аз душвориҳо меҳисобанд.

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Дар ҷумҳурии мо низ кам нестанд нафароне, ки барои равоншиноси хуб шудан ва хизмат намудан ба аҳолӣ талош меварзанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сол то сол нақш ва мавқеи равоншиносӣ дар байни дигар пешаву соҳаҳо ҷойи худро ёфта, дар ҳоли рушд аст. Мадина Шарифова, зодаи шаҳри Ваҳдат вақти дар мактаби миёна хондан азм кард, ки психолог мешавад. Бо ин мақсад соли 2000 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло хатм кард. Пас аз се соли кор дар кафедраи психологияи ДМТ ба аспирантура дохил шуд. Барои боз ҳам сайқал додани донишаш тариқи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ “Дурахшандагон” Донишгоҳи давлатии шаҳри Санк Петербурги Русияро низ ба итмом расонда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Хусусиятҳои этномадании тасвири субъективии ҳаёт” дифоъ менамояд. Соли 2013 ба Ватан баргашта, то ҳол дар кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси муаллими калон кору фаъолият дорад. - Равоншинос будан душвор аст. Аз он нуктаи назар, ки 10 нафар як мушкилро 10 хел баҳо медиҳанд. Бинобар ин, бо ҳар нафар муносибат кардан даркор. Дар баробари ин ҳар як шахс нозук асту табъи ҳар кас гуногун. Ҳар нафарро фаҳмидану вобаста ба қобилияту имконияту фаҳмишаш муносибат намудан осон нест. Масалан иқтисодчӣ танҳо кори худашро мекунад. Аммо психолог бо тамоми табақаҳои ҷомеа сару кор дорад: аз хурдсол то пиронсолӣ. Ҳамаи инро ба эътибор гирифтану ба роҳ мондан душвор аст. Дар баробари донишҳои назариявӣ, таҷрибаи зиёд лозим аст, мегӯяд Мадина. Равоншинос пеш аз ҳама худро бояд ҳамчун шахсият тарбия кунад. Он бояд барои дигарон намуна бошад. Ҷавононе, ки ин касбро интихоб

карданианд, дар оянда на танҳо ба худашон, балки ба ҷомеа ва фарзандонашон манфиат меоранд. Равоншиносӣ дар баробари ҳуқуқшиносӣ ва табибӣ яке аз се ихтисосе аст, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Мадина дар вақти хонандаи мактаби миёна будан дар чандин озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст. Дар овони донишҷӯӣ бошад, соли панҷуми таҳсил дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ихтисоси психология иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардидааст. Соли гузашта барои фаъолияти хубу босамар дар соҳаи маориф ва дар самти таълиму тарбияи донишҷӯён аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ифтихорнома қадрдонӣ шудааст. Чунин муваффақиятҳояш буданд, ки имрӯз сазовори эҳтироми шогирдон асту барои нағз аз худ намудани илми равоншиносӣ ба донишҷӯён аз сидқ дарс мегӯяд. - Яке аз шартҳои асосии ҷомеаи солим рӯҳияи солим доштани аҳолист.

Рӯҳияи солим тавассути психология ба даст меояд. Шахс пеш аз он ки ҳуқуқшинос ва ё муаллим шавад, бояд аз нуқтаи назари рӯҳӣ солим бошад. Новобаста ба касбу кор донистани психология хуб аст. Равоншинос будан табиб будан аст. Бисёр хуб мешуд, ки ҳар кас психологияро медонист. Дар сатҳи ибтидоӣ ҳам бошад. Ин боис мегардад, ки дар ҷомеа ҷангу ҷидол ва нофаҳмиҳо камтар ба амал оянд, - афзуд Мадина Шарифова. Ӯ андеша дорад, ки барои инсони комил шудан ҳар нафарро лозим аст, ки пеши худ мақсад гузорад. Дар баробари ин, қувваи иродавие даркор аст, ки шахсро барои амалӣ гардидани ниятҳояш таҳрик диҳад. Дар ҳамин ҳолат аз нуқтаи назари равонӣ шахс бояд худашро рӯҳбаланд ва дастгирӣ карда тавонад. Дар баробари ҳамаи ин, кӯшишҳо нақши асосиро мебозанд, ки бидуни онҳо ҳеҷ кас коре карда наметавонад.

Қиёмиддин - барандаи ҷоизаи «Аввалин ҳамкориҳо» Бахтовар АМИНЗОДА, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Чанде пеш дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими ҷоизасупории «Аввалин ҳамкориҳо» барои олимони ҷавон дар соҳаи туризм баргузор гардид. Дар он номзадии олими ҷавони тоҷик Қиёмиддин Саидов дастгирӣ ёфт. Ба барандаи ҷоиза 100 000 рубли русӣ тақдид шуд. Қиёмиддин Саидов соли 1983 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии ДМТ фаъолияташро ба ҳайси ассистент оғоз намуд. Аз соли 2009 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия иҷрои вазифа менамояд. - Шуморо барои ба даст овардани ҷоизаи байналмилалии “Аввалин ҳамкориҳо” дар соҳаи туризм табрик мегӯем. Дар бораи ҷоиза маълумот медодед? - Ҷоизаи байналмилалии “Аввалин ҳамкориҳо”-ро соли 2008 Шӯро оид ба ҳамкории гуманитарии созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис додааст. Он ҳар сол ба олимони ҷавон дар соҳаҳои муайян тақдим мегардад. Аз рӯзи таъсисёбиаш ба олимони соҳаҳои гуногун - шоирон, муаллимон, мутахассисон оид ба нигоҳдории муҷассамаҳои фарҳангию таърихӣ, варзишгарон, экологҳо ва дигарон супорида шудааст. Имсол ҷоиза ба олимону мутахассисони соҳаи туризм тақдим гардид. - Ҷоизаро танҳо Шумо соҳиб шудед? - Ҷоизаи мазкур ба ҷуз банда насиби 6 тани дигар гашт, ки онҳо аз Федератсияи Русия, Белорус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Чор нафар аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба озмун номнавис шуда будем ва аз миёни онҳо маро сазовор донистанд. Ҷоизаро солҳои қабл кормандони тиб ва шоирони ҷавони кишвар соҳиб гардида буданд, вале дар соҳаи туризм он бори аввал насиби ман гардид. - Ба озмун чӣ хел роҳ ёфтед?

- Даври аввали озмун дар дохили кишвар сурат гирифта, беҳтаринҳоро ба ҷоиза пешниҳод карданд. Дастовардҳои бандаро дар соҳаи туризм ба назар гирифта, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номзадии маро арзанда ҳисобид. Барои ба даст овардани ҷоиза муборизаҳо ва талошҳои зиёд миёни донишҷӯён ва олимони соҳаи туризм дида мешуд. Ҳарчанд тайёрии ҷиддӣ дида будам, вале бовар надоштам, ки номзадии ман мегузарад. - Туризми кишварро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Соҳаи туризм имрӯз яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб мешавад. Давлатҳое ҳастанд, ки аксарияти даромади худро аз ҳисоби туризм ба даст меоранд, монанди Кипр, Туркия, Мисру Малайзия... Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тараққиёти ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Имрӯз соҳаи туризми мо дар баробари дигар давлатҳо ба талаботи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ҷавобгӯ шуда истодааст. Сатҳи хизматрасонӣ беҳтар мешавад. Соҳаи туризми кишвар ҳамқадами туризми минтақа аст... - Ҳамқадам будани туризми кишварро бо туризми минтақа чӣ гуна маънидод мекунед? - Вазъи соҳаи туризми даҳ сол қаблро бо имрӯза қиёс мекунем. Дар гузашта барои ба даст овардани раводид миёни давлатҳо, туристонро лозим буд то моҳҳо талош кунанд. Имрӯз ин ҳолат то дараҷае сабук гаштааст. Турист, вақте дохили мамлакат мегардад, дар аэропорт соҳиби раводид мешавад. Солҳои охир меҳмонхонаҳои панҷситорадор сохта шуд, ки аз ташаккули соҳаи туризм гувоҳӣ медиҳад. Кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизматрасонӣ ба туристон зиёд шудаанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ ба давлатҳои пешқадам рафта дар конфронсҳои сатҳи баланд иштирок менамоянд ва аз он ҷо бо бардошти баланди маънавӣ омада, кӯшиш манамоянд таҷрибаҳои кишварҳои муваффақро дар Ватан амалӣ намоянд. Ин албатта барои ташаккули соҳаи туризм мусоидат менамояд. Пешниҳод дорам, ки ҳарчи бештар кадрҳои ҷавонро ба ин соҳа ҷалб ва онҳоро ба курсҳои кӯттоҳмуддат равон кунем. Мутахассисони соҳаи туризм на танҳо сухани хуш дошта бошанд, балки бо урфу одату маданияти шаҳрвандони дигар кишварҳо ошно бошанд. Бешубҳа, соҳаи туризм дар кишвар тадриҷан рушд мекунад, вале моро зарур аст, бештар ба минтақаҳои саёҳии дурдасти ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ кунем. Хатсайрҳои туристӣ кушоем.


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

11

Чанде пеш ба аёдати оилае рафтем, ки се фарзандаш бар асари беморӣ фавтида, ду тани дигараш ранҷур аст. Модари хонадон, апаи Раҷабгул аз мақсади омадани мо огаҳӣ ёфта, аз сарнавишти панҷ фарзандаш бо оби дида нақл кард. - Худованд ба ман панҷ писару панҷ духтари гулрӯ дод. Ба онҳо ҳусну ҷамол, ақли расо насиб намуд. Ҳамаи онҳо солим ба дунё омаданд. Ин дарди бедармон намедонам аз куҷо ба онҳо ёр шуду риштаи умри се духтари азизам - Холисаю Зулҳияю Моҳлиқоҷонамро канд. Ҳар се нозанину меҳрубон буданд. Холисаҷонам дар 29-солагӣ баъди 17 соли беморӣ, Зулҳияҷон дар синни 27 баъди 14 соли беморӣ ва Моҳлиқоҷон дар 6-солагӣ баъди 2 соли беморӣ вафот карданд. Имрӯз ду писари дигарам Аҳтамҷони 35сола 17 сол ва Зурабҷони 32-сола 18 сол аст, ки беморанд, - қисса кард апаи Раҷабгул. “Дили кӣ барои ин ду шаҳбачаи паризоди ман намесӯзад?”, - бо ҳасрат гуфт модар писаронашро ба мо шинос карда. Воқеан, ранги зарду ранҷурии онҳоро мебинему дунё ба назар бефарқ мегардад. Аз диданашон дил реш-реш мешавад, намехоҳӣ азоби ҳар лаҳзаи онҳо, нолишашонро шунавӣ. Аммо модар шукрона ба ҷони фарзандонаш мекунаду барои шифо ёфтани ҷигарбандони худ лозим ояд ҷонашро дареғ намедорад. Аз обилаҳои дасту пойҳои варамкардаи модар пайдост, ки ӯ сари болини фарзандон ҳамроҳи ҳамсари азизаш - акаи Муқим шабзиндадорӣ мекашанд. Писарони ранҷури бистариашро ба қавле “мебардораду берун мебарорад, об медиҳад, навозиш мекунад...”. “Гуфтанд, ки манзили истиқоматиамонро иваз намоем, шояд фарзандонамон шифо ёбанд, - ёдовар мешавад модар. - Ҳазор раҳмат ба ҳукумати ноҳия, ки соли 2003 қитъаи замин ҷудо карданду мо ин хонаи хоксоронаро сохта, аз манзили падарии худ

ба ин ҷо омадем. Лек сад афсӯс, ки ивази хона низ ба дарди фарзандони мо даво нагардид. Худо чунин рӯзи сахтро бар сари ягон падару модар наорад. Аз ҳеҷ кас гила надорем. Ба хотири табобати Аҳтамҷону Зурабшоҳ хоҷагидорӣ мекунем. Аз ҳисоби маблағҳои дастранҷи худ зиндагиро пеш мебарем. Бар замми ин се писарам бо ҳамсарону фарзандонашон дар ҳамин хонаанд. Ба яке аз писаронам замин доданд. Лек аз набудани шароит имконияти сохтани хонаро надорем. Шукр,

инсонҳои нексиришту дардошно ҳамеша сарбаланду тансиҳат бошанд”. Бо Аҳтамҷону Зурабшоҳ, ки яке аз дигаре ситорагарму хушсухан буданд, дар алоҳидагӣ суҳбат доштем. Аҳтамҷон мактаби миёнаи рақами 22-и деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзободро соли 1997 хатм карда, нияти ба ДДМТ дохил шудан дошт. Дарди беамон нагузошт, ки ӯ мисли дигар ҳамсинфонаш шаҳди орзую ҳавасҳои ҷавониро бичашад. Аз зӯрии дард аз пойи равон монд. 17

Дуо дода гуфт, ки албатта шифо меёбам. Ҳафтае баъд раиси нави ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳамроҳи Раҷабзода Сайбинисо омаданд. Раисро дидаму он чеҳра ба ёдам омад. Ба ҳамон чеҳрае, ки дар хоб дидаю гуфтугӯ карда будам, монанд буд. Раис ваъда доданд, ки барои ману бародарам шароити дурусти манзил муҳайё месозанд. Худованд дуои ману бародари ранҷурамро нисбат ба чунин инсонҳои ғамхор қабул фармояд”. Зурабшоҳи 32-сола нисбат ба бародараш аз ранҷи беморӣ

Дили бузурги модар ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАНЗИЛИ МАХСУС БАРОИ АҲТАМҶОНУ ЗУРАБШОҲ БО ИШТИРОКИ РИЗО НАЗАРЗОДА, МУОВИНИ РАИСИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ ДАР МОҲИ ИЮЛИ СОЛИ РАВОН ки дар дунё ғайр аз одамоне, ки савори аспи ғуруру нописандианд, одамони раҳмдилу дастгири оилаҳои чун мо аламзада ҳастанд. Хоҳари Сайбӣ (манзур ҷонишини раиси ноҳия Раҷабзода Сайбинисо) солҳои раиси ҷамоат буданаш тез-тез аз ҳолу аҳволи мо хабар мегирифт. Духтари ғурамаргам Зулҳия, ки аз таъсири дарди беамон ҳамеша дар печутоб буд, бо дидани ӯ гӯё оромиш меёфт. Ба ӯ чун модар нозҳои фарзандона мекард. Аз ӯ ва раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ миннатдорам, ки барои фарзандони ман нияти як сарпаноҳ сохтан доранд. Писарони ранҷурам дар рӯзҳои сармо сахт дар азобанд. Онҳоро пуштора то берун бурдан душвор аст. Худашон низ дар чунин мавридҳо асабӣ мешаванд. Шароити тозагию озодагии онҳоро дар хона надорем. Дуо мекунам, ки чунин

сол боз роҳ намегардад. Аз фарзандони инсони шариф Дӯстмурод Ҳакимов изҳори миннатдорӣ карда мегӯяд: “Акаи Меъроҷиддин моро зуд-зуд хабаргирӣ меояд. Бо кӯмаки ӯ чанд маротиба табобат гирифтам. Сироҷиддини писари акаи Акбар як аробачаи худрав ҳадя намуд, ки то нафас боқист, аз ӯ миннатдорам. Зеро ба воситаи аробача ҳаракат карда, каме дардамро сабук ҳис мекунам. Ростӣ, аз бемории тӯлонӣ бисёр вақт аз ҳаёт дилгиру дилмондаю хаста мегардам. Имрӯз ягона таскинбахши қалбу давои дардамро дар мутолиаи Қуръони шариф медонам. Ояҳои ин Каломи шарифро хонда, муъҷизаеро интизорам, ки Худованд ба мани ранҷур шояд рӯзе шифо ато мефармояд. Ба наздикӣ мардеро дар хоб дидам, ки чеҳраи гарму нуронӣ дошт. Ӯ маро аёдат омаду сару рӯямро сила намуд.

хеле харобу чеҳрааш заъфаронӣ гардидааст. Афсӯс мехурад, ки касалӣ ба ӯ имкон надод, ки мактабро пурра тамом кунад. Мехост, ки таҳсилашро дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №24 давом дода, соҳибкасб шавад. Асабҳояш хароб шудаю бо ҳаяҷон сухан мегӯяд. “Худо хоҳад, додари мо сиҳат шуда дар хонаи нав тӯйи домодӣ меороему ҳама ҷамъ меоем” дигар сухане барои таскини тани ранҷури ӯ наёфта рӯҳбаланд карданаш хостам. Дигар ёрои чашмони маъюсу пурашк ва илтиҷоомези ӯро дидан накарда бо ӯ, ки дар бистари беморӣ базӯр такя мекард, худоҳофизӣ намудам. ... Қалам дар даст ба андеша меравам. Месазад сари таъзим фурӯд овард пеши модаре, ки вазнинии ҳаёт, марги фарзандону ранҷурии онҳоро дидаю қомат нашикастааст. Дар ҳақиқат, апаи

Раҷабгул тимсоли он модаронест, ки бузургони гузаштаамон модарро чун муаллим, мураббӣ, табибу ҳабиб, шахси мушфиқу меҳрубон, ғамгусору сарпараст, марҳаму нури дилу дида, зодаи ақлу фаросат, чароғ ва хазинаи маърифат, ҷаҳони ҷовидон, сутун ва файзу баракати хонадон, хушиҳои зиндагӣ ва барҳамдиҳандаи ғаму андуҳ, нооромию сахтиҳои зиндагӣ васф намудаанд, мебошад. Ин модари соҳиби дили бузург шукрона ба ҷони панҷ нафар фарзанди солиму ду шоҳписари ранҷури худ мекунад, ки ҳанӯз умед аз зиндагӣ доранд. Шукрона мекунад, ки дар зиндагӣ онҳоро одамони хайрхоҳу накӯкор дастгиранд. Воқеан, муҳимтарин аркони оини ҷавонмардӣ саховат ва шуҷоат аст: “Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта...” Умед дорем, ки ҷавонмардони саховатманди диёр ба Аҳтамҷону Зурабшоҳ дасти кӯмак мерасонанд. Воқеан 8 июли соли равон дар арафаи Рӯзи маъюбон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои соли рушди имкониятҳои туризми дохилӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода ба ноҳияи Файзобод омад. Мавсуф дар ҷараёни сафар Аҳтамҷон ва Зурабшоҳи маъюбро аёдат намуда, ба эшон кӯмаки молӣ расонд. Ҳамчунин, вақти аёдат ҳамроҳи муовини раиси ноҳия С. Раҷабзода хишти аввали биноро, ки мутобиқ ба ҳолати ҷисмонии Аҳтамҷон ва Зурабшоҳ ба нақша гирифта шудааст, гузошт. Вақти хиштгузорӣ Назарзода Ризо зикр кард, ки мо дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ якҷо бо ҷавонони ноҳияи Файзобод ширкат хоҳем кард ва ба қадри тавон кӯмаки моддиву маънавӣ хоҳем расонд. Ин шабу рӯз корҳои сохтмонӣ бо иштироки ҷавонони деҳа барои бинои мувофиқ барои маъюбон дар шафати манзили зисташон идома дорад. Умед мебандем, ки ҷавонони диёр дар ин кори хайру савоб дастҷамъона камари ҳиммат мебанданд.

е-mail: javonontj@mail.ru

 3 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН

Мунаввара ТАҒОЕВА, Собир РОЗИҚОВ, ноҳияи Файзобод

 ЭНЕРГЕТИКА

Ҷазирае, ки барқи офтобӣ содир мекунад Ҷазираи Пеллворм, ки дар баҳри Шимол ҷой гирифтааст, дар бобати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аз бисёр кишварҳо гузаштааст. Пас аз қабули Қонун дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия сокинони ҷазира ба “фермерҳои энергетикӣ” табдил ёфтанд. Қонуни мазкур барои фурӯши нерӯи барқи изофӣ ба фурӯшандагон як қатор имтиёзот дод. Инак тӯли 20 сол аст, ки сокинони ҷазира нерӯи барқи изофиашонро ба шабакаи давлатии барқ фурӯхта, ҳам пул кор мекунанду ҳам ба ҳифзи муҳити зист мусои-

дат менамоянд. Чиҳил оила дар як кооператив муттаҳид шуда, якчанд таҷҳизоти шамолӣ насб кардаанд, ки нерӯи барқи тавлиднамудаи ин нерӯгоҳҳо барои 400 оила басанда аст. Дар боми аксар сокинони ҷазира фотопанелҳои офтобӣ насб шудааст. Илова бар ин пеллвормиҳо корхонаи истеҳсоли биогаз доранд. Партовҳои

ишоварзӣ ва порӯи чорворо дар таҷҳизоти биогаз рехта, аз он гази метан мегиранд. Гази ҳосилшударо бошад барои пухтупаз ва тавлиди барқ тавассути генератор истифода мебаранд. Сокинони ҷазира ба туфайли истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳар сол ихроҷи 5500 тонна гази карбонатро ба атмосфера пешгирӣ мекунанд.

Ҳоло сокинони ҷазира тасмим гирифтаанд, ки аз автомобил даст кашида, ба электромобил гузаранд. Ин амал боиси сарфаи сӯзишворӣ ва боз ҳам бештар тозашавии ҳаво мегардад. Оянда барои гармкунии хонаҳо аз истифодаи маҳсулоти баҳрӣ даст кашиданианд. Агар ҳамаи нақшаҳо амалӣ шаванд, ҷазираи Пеллворм намунаи ибрати сокинони ҷаҳон дар бобати тоза нигоҳ доштани муҳити зист мегардад. С. САЙФИДДИН

www.javonon.tj

Ҳанӯз то садамаи нерӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон Олмон мақсад гузошта буд, ки аз нерӯи барқи атомӣ даст мекашад. Имрӯз дар ҷазираи Пеллворм нисбат ба талаботи аҳолии ҷазира се маротиба бештар барқ истеҳсол мешавад. Дар ин ҷазира на ширкатҳои калон, балки сокинони он саривақт манфиати манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дарк намуданд. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ҷазира нахустин панелҳои офтобӣ ва нерӯгоҳҳои шамолӣ пайдо шуда буданд. Аз ин рӯ ин ҷазираро “Ҷазираи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” ном карданд.


е-mail: javonontj@mail.ru

12

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Бек Хусравов:

“Истиқлол” бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Дари Маркази омодагии олимпӣ барои ҳама боз аст

28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-Тадаз”-и шаҳри Турсунзода доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии дастаи “Истиқлол” ба анҷом расид. Дар замони асосӣ ба дастаҳо муяссар нашуд, ки ҳисоби бозиро кушоянд. Дар ду қисми изофии 15-дақиқаӣ дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар дуголӣ заданд. Ғолиб тавассути силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян гардид. Футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 6:5 ғолиб омаданд. Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ҷомро ба дастаи ғолиб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супорид. Ҳамин тариқ, ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» бо медалҳои тилло ва дастаи «Регар-Тадаз» бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд. Ҳамчунин, Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” беҳтарин бозингари ин вохӯрӣ дониста шуда, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ғолибони V Ҷоми “Вастан”

28-29 ноябр дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Клуби варзишии “Вастан” панҷумин мусобиқаи кушод оид ба дзюдо байни наврасон барои дарёфти Ҷоми “Вастан” баргузор шуд. Дар он варзишгарони соли таваллуда- вар Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии шон 1998-2000-ум аз Афғонистон, Бело- Олимпиадаи Пекин-2008 ва устодаш Владирус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, мир Елчанинов, мураббии шоистаи Русия ва Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбе- Тоҷикистон, ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ширкистон, Украина, Ҷопон, Эрон ва Юнон ширкат кат доштанд. доштанд. Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн байни Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Аҳтам писарон ва дар ду вазн миёни духтарон ба Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (бава сайёҳӣ, Такаши Камада, сафири Ҷопон дар рои ҷойи аввал 300 доллар, барои ҷойи дуюм Тоҷикистон, Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби 150 доллар ва барои ҷойи сеюм 100 доллар) варзишии “Вастан” ба паҳлавонони наврас мукофотонида шуданд. Ҷом насиби варзишкомёбиҳо орзу карданд. гарони Клуби варзишии “Вастан”, ки бештари Дар мусобиқа дзюдочии машҳури киш- медалҳоро ба даст оварданд, гардид. Ғолибони панҷумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми “Вастан”: ПИСАРОН Вазни -46 кг 1. Маҳмадризо Қувватов (Тоҷикистон). 2. Оятулло Давлатов (Тоҷикистон). 3. Фаридун Мелибойзода (Тоҷикистон). 3. Фарорӯз Мирошоев (Тоҷикистон). Вазни -50 кг 1. Умед Асматуллоев (Тоҷикистон). 2. Аким Мамадназаров (Тоҷикистон). 3. Мустафо Валиев (Тоҷикистон). 3. Сорбони Илҳом (Тоҷикистон).

www.javonon.tj

Вазни -55 кг 1. Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон). 2. Каюмарс Норов (Тоҷикистон). 3. Сафаралӣ Қурбонбеков (Тоҷикистон). 3. Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон). Вазни -60 кг 1. Айболат Устубай (Қазоқистон). 2. Далер Қурбонҷонов (Тоҷикистон). 3. Дамир Абдеков (Қазоқистон). 3. Ҷамолиддин Абдуллоев (Тоҷикистон). Вазни -66 кг 1. Эраҷ Абдуллоев (Тоҷикистон). 2. Салман Рамихудоев (Тоҷикистон). 3. Кеворг Маникиян (Украина). 3. Шамоили Ҷаҳонгир (Тоҷикистон). Вазни -73 кг 1. Илҳомҷон Ҳофиззода (Тоҷикистон). 2. Александр Черкай (Украина).

3. Абдураҳим Муъминов (Тоҷикистон). 3. Хурсандмурод Раҳматов (Тоҷикистон). Вазни -81 кг 1. Ёқубҷон Назиров (Тоҷикистон). 2. Асилдар Магомедов (Украина). 3. Давлет Ахмедов (Қазоқистон). 3. Шерхон Тӯрабоев (Узбакистон). Вазни -90 кг 1. Шариф Назриев (Тоҷикистон). 2. Амирҷони Насим (Тоҷикистон). 3. Осимҷон Алиев (Тоҷикистон). 3. Сипеҳр Гуҳонченшандӣ (Эрон). Вазни +90 кг 1. Алӣ Парҳезгар (Эрон). 2. Димитрас Тусомитас (Ҷопон). 3. Муҳаммадбек Фарҳодов (Тоҷикистон). 3. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон). ДУХТАРОН Вазни -48 кг 1. Шукрона Қарчиева (Тоҷикистон). 2. Бибиҳамро Уроқова (Тоҷикистон). 3. Мулкия Рустамзод (Тоҷикистон). 3. Гулнур Гепарова (Тоҷикистон). Вазни -52 кг 1. Мирей Осаки (Ҷопон). 2. Мина Кобоҳаши (Ҷопон). 3. Кавабата Фу (Ҷопон). 3. Вада Кимика (Ҷопон).

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ВМКБ, шаҳри Хоруғ нахустин Маркази омодагии олимпӣ таъсис ёфта, моҳи октябр ба фаъолият оғоз намуд. Дар он бояд беҳтарин варзишгарон барои мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода шаванд. Ҳамчунин баҳри инкишофи тарзи ҳаёти солим наврасону ҷавонони вилоят аз он баҳра хоҳанд бурд. Дар ин бора бо сарвари Маҷмааи варзишӣ Бек Хусравов суҳбат кардем. - Аввалан ифтитоҳи Маҷмааи варзиширо ба шумо табрик мегӯем. Бигӯед, ки фаъолияти марказ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва умуман ҳозир кадом бозиҳои варзишӣ дар он баргузор мегарданд? - Қаблан дар маркази вилоят фақат макотиби комплекси варзишии наврасону кӯдакон фаъолият мекарданд, ки барои баргузории баъзе мусобиқаҳову чорабиниҳои варзишӣ имконият набуд. Ҳоло ки чунин як иншооти ҷавогӯи талабот дорем, ҳама гуна мусобиқаҳоро дар он баргузор мекунем. Феълан дар марказ бозиҳои варзишии футзал, тӯби дастӣ, волейбол, тенниси рӯи миз ва ғайра ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин гурӯҳҳои ғайриолимпӣ аз намудҳои шоҳмот, теквандо (ITF) ва гӯштини самбо дар маҷмаа ташкил шудаанд. Ҳафтаи гузашта муҳорибаи варзишии боксро доир кардем. Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи ВМКБ бори аввал ба мушоҳида расид, ки ин намуди варзиш ҳаводорони зиёд дорад. - Оё мурраббиёни марказ омодаанд, ки мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалиро дар вилоят қабул намоянд? - Айни ҳол дар худи вилоят мураббиёни шоиста дорем. Яке аз мураббиёни беҳтарини ҷумҳурӣ аз намуди теквандо, довари дараҷаи байналмилалӣ Вафо Алиназаров мебошад, ки чанде қабл дар кишвари Кореяи Ҷанубӣ маҳорати касбиашро тақвият дод. Номбурда ягона фардест, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба

ин мақом муваффақ гаштааст. Аз намуди гӯштини дзюдо Кишвар Шамиров ҳам аввалин довари дараҷаи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин аз намуди баскетбол Гадомамад Гадомамадов, ки дар ИМА маҳорати варзишӣ гирифтаст, аз мураббиёни пешқадаманд. Эътимоди комил дорем, ки бо чунин базаи варзишӣ имконият ҳаст муддати як ё ду сол ҳамаи варзишгаронро барои тими ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода намуда, сафи парчамбардорони кишварро бештар гардонем. - Умуман ҷалби ҷавонон ба варзиш дар қиёс бо солҳои пеш чӣ гуна аст? - Аз кушодашавии марказ нафақат варзишгарону мураббиён, ҷавону наврасон, балки ҳамаи табақаҳои аҳолии вилоят шоду фараҳманданд. Аз ҳар гӯшаву канори вилоят мардуми зиёд ҷамъ мешаванд. Ҳатто ҷавононе, ки қаблан оворагардӣ мекарданд, ҳоло ба обутоби бадан ва варзиш машғуланд. Дар навбати худ мо ҳам ҳамеша тайёр ҳастем, ки ба онҳо хизмат кунем. Дари марказ ба ҳамагон боз аст. Ҷойи пинҳон кардан нест, ки имрӯз баъзе ҷавонони вилоят зери таъсири қувваҳои дохиливу беруна қарор доранд. Ҳозир дар баробари тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим инчунин пеши худ ҳадаф гузоштем, ки ҷавононро аз ҳар гуна таассуб нигоҳ дорем. Бигузор онҳо роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда, аз гаравидан ба ҳар хел ҳаракатҳо худдорӣ кунанд. - Кадом норасоиҳо дар фаъолияти марказ ҷой дорад? - Проблемаи асосӣ дар он аст, ки баъзе таҷҳизоти варзишӣ, аз қабили дарвозаҳо барои футбол, тахтасипари баскетболбозӣ, лавозимоти гӯштини самбову тоталӣ ва ғайра то ҳол дастрас нашудаанд. Масалан, бо сабаби набудани шитҳои баскетбол варзишгарон танҳо техникаи омӯзиш ё бо тӯб кор карданро тамрин мекунанд, ки бешубҳа талаботи онҳоро қонеъ намекунад. Яъне ҳарчи зудтар онҳоро дарёфт кунем, ҳамон қадар фаъолиятамон хубтар роҳандозӣ мешавад. Мушкили дигар ин аст, ки боми маҷмаа ҷо-ҷо сурох шуда, ҳангоми боронгарӣ об мегузаронад. Рӯзҳои боронӣ толори асосии маҷмаа ва меҳмонхона ҳангоми боришот тар мешаванд. Мусоҳиб Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ“


ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Тоҷикистонро оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати каноэи яккаса дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гурӯҳи "В" мақоми аввалро сазовор гашта, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Даминов дар ҷамъбасти умумӣ мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.

Қайиқрониро

зинда мегардонам худро сарфакорона истифода бурда тавонад. Дар мусобиқаҳое, ки мо дар масофаи 1000 метр баромад мекунем, баъди тай намудани 600 метр аллакай нерӯи худро самаранок истифода бурда наметавонем. Чаро ки мо дар кӯлҳои калон қайиқ нарондаем. Дар фасли зимистон аз набудани ҷой танқисӣ мекашем. Маҷбур мешавем, ки тӯли се моҳ ба об надароему ба тамрини бадан, давидан машғул шавем. Барои он ки варзишгарони мо дар қатори беҳтарин қайиқронҳои ҷаҳон қарор гиранд, пеш аз мусобиқа беҳтар аст дар мамлакатҳои иқлимашон гарм тамрин кунанд.

Ин метавонад барои мутобиқ шуданашон ба боду ҳавои давлатҳои иқлимашон гарм мусоидат кунад. Зеро аксар мусобиқаҳои бонуфуз дар мамлакатҳои гарм доир мешаванд. - Варзишгарони тоҷикро дар ин риштаи варзиш чӣ гуна мешиносанд? - Баъди Иброҳим Ҳасанов аз ин намуди варзиш мо дастоварди назаррас надоштем дар сатҳи байналмилалӣ. Вақте ки дар Португалия дар масофаи 1000 метр дар гурӯҳи “В” сазоворӣ ҷои якум гардидам, байни калонсолон назари варзишгарони хориҷ нисбат ба мо дигар шуд. Онҳо моро рақиби

асосӣ ҳисобиданд. Дар давраи ниҳоӣ маро дар паҳлуи яке аз варзишгарони пуртаҷриба гузоштанд. Дар чемпионати Осиё, вақте сазовори ҷои якум гардидам, аллакай дигарон байни ҳам суҳбат мекарданд, ки дар масофаи 200 метр варзишгари тоҷик якум шуд. Ин, албатта бароям ифтихор аст. - Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мураббиёни тоҷик ҳам даъват мешаванд? - Айни ҳол мо мураббие надорем, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ доварӣ намояд. Аммо он мураббиёне, ки дар мусобиқаҳо доварӣ мекунанд, аксарашон дастпарварони мактаби қайиқронии тоҷик

www.javonon.tj

Шаҳриёр, аввало муваффақиятҳоро муборакбод мегӯем. Мегуфтед, ки чаро қайийрониро интихоб кардед? - Аз хурдӣ дар об бозӣ карданро меписандидам. Дар даврони кӯдакӣ орзуи шиновар шудан доштам. Бо сабаби он ки дар ноҳияи Фархор ин намуди варзиш вуҷуд надошт, имкон надоштам ягон намуди варзиши обиро интихоб кунам. Дар бораи қайиқронӣ тамоман тасавурот надоштам. Баъди ба шаҳри Душанбе омадани оилаамон дар ҳамсоягии мо Зоҳирҷон Набиев, мураббиям зиндагӣ мекунанд. Вақте ки онҳо барои тамрин мерафтанд, ман ба хотири оббозӣ бо онҳо ҳамроҳ мешудам. Оҳиста-оҳиста шавқу рағбатам ба қайиқронӣ пайдо шуд. Дар аввал барои қонеъ гардонидани завқ мерафтам. Бачаҳо маро ҳамроҳашон дар намуди байдарка, ки чанд нафар мешинанд, мегирифтанд. Вақте ҳунарнамоии маро мураббиям дид, ба намуди каноэи яккаса гузаронд. Ман дар кӯтоҳтарин муддат нозукиҳои ин намуди варзишро аз худ намудам. Баъди як ҳафтаи ба намуди каноэ машғул шуданам мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир гашт. Дар қайиқи дунафара бо Фирдавси Қаҳҳор нишаста, маҳорат нишон додем ва сазовори ҷои якум шудем. Дар якумин мусобиқаи иштирокнамудаам сазовори медал гаштам. Баъд аз он ба хотири дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кардан ба тамрин ҷиддӣ машғул шудам.

Шаҳриёр Даминов:

дар замони шӯравӣ мебошанд. Бо онҳо ҳамсуҳбат шудем. Онҳо дар даврони шӯравӣ рафта дар дигар кишварҳо мураббӣ шуда кору фаъолият доранд. Баъзе ҳарифоне пайдо шуд, ки падарашон як вақтҳо дар Тоҷикистон тамрин гирифтаанд. Баъди сазовори ҷои якум гардидан аз дастоварди мо ифтихор мекарданд. - Гуфтед, ки кӯлҳои мо ҷавобгӯи талабот нестанд. Он варзишгароне, ки аз мактаби қайиқронии Тоҷикистон гузаштаанд, ба монанди Иброҳим Ҳасанов, дар куҷо омодагӣ медиданд? - Онҳо дар кӯли Норак ва Сарбанд тамрин мекарданд. Айни ҳол барои мо пурра шароит фароҳам нашудааст, ки рафта дар он кӯлҳо тамрин гузаронем. Ман ин фурсати муносибро истифода бурда, миннатдориамро ба роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мерасонам, ки моро ба аксар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар менамоянд. Хуб мешуд барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва омода намудани варзишгарони касбӣ як кӯли ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӣ созанд. Агар чунин як шароит муҳайё шавад, ваъда медиҳем, ки тамоми фаслҳои сол аз мусобиқаҳо бо дастовард ба Ватан бармегардем. - Хотирмонтарин мусобиқа дар ҳаёти варзишиатон кадом аст? - Мусобиқаи хотирмон дар Палембанги Индонезия буд, ки дар байни мамлакатҳои қитъаи Осиё сазовори ҷои якум гардидам. Ин охирин мусобиқае буд, ки ман байни ҷавонон ҳунарнамоӣ кардам. Аз ин пас, дар мусобиқаҳо байни калонсолон иштирок мекунам, масъулият зиёд мешавад. Зеро байни калонсолон варзишгарони ботаҷрибаю собиқадор қувваозмоӣ мекунанд. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Мақсад гузоштаам, ки аз ин намуди варзиш Тоҷикистонро ба монанди Иброҳим Ҳасанов дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоям. Аз имрӯз оғоз карда, барои роҳхат гирифтан ба Олимпиадаи 2020, ки дар Токио баргузор мегардад, талош мекунам.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҳамин тавр, соли 2011 дар аввалин мусобиқаи берун аз Шодихони НАЗАР, кишвар, ки дар Эрон баргузор “Ҷавонони Тоҷикистон” гардид, сазовори ҷои дуюм гардидам. Ин дастовард барои ман бисёр натиҷаи хуб буд. 8 ноябр дар шаҳри Пеш аз ин ҳунарнамоӣ маро ҳиссиёте фаро гирифт, ки якумин Палембанги Индонезия маротиба иштирок дораму аз мусобиқаи Осиё оид ба мусобиқа бе натиҷа ба Ватан барқайиқронӣ доир гардид. мегардам. Яъне як каме маҳзун ва Шаҳриёр Даминов, ноумед шуда будам. Вале аҷиб ин қайиқрони тоҷик, дар буд, ки дар чеҳраи ҳарифони худ ягон зарра тарсу ноумедиро намеканоэи яккаса байни ҷавонон ба масофаи 200 дидам. Онҳо бо мақсади қаҳрамон шудан омада буданд. Гуфтам, ман метр мақоми аввалро ҳам бояд ба Ватан дасти холӣ баришғол кард. Дар он нагардам. мусобиқаи қитъавӣ - Дар куҷо тамрин мекунед? Барои қайиқронӣ ҷои махсус доварзишгарони 44 кишвар ширкат доштанд. рем? - Мо тамринҳоямонро дар Инчунин, Шаҳриёр Кӯли ҷавонон мегузаронем. ДаДаминови ҳаждаҳсола розии ин кӯл 600 метр аст. Барои имсол дар Португалия тайёр шудан дар мусобиқаҳо он ба стандарт ҷавобгӯ нест. Варзишмиёни 500 варзишгар гар дар қайиқронӣ бояд қувваи аз 56 кишвари ҷаҳон

13


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

14

ҶАВОНОН, ИБРАТ НАГИРЕД!

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

- Э, кош ҷавон мебудам, бе ақл мебудам. Синни шастучор-а, шастучор! Наход, инсоне, ки аз Пайғамбар (салаллоҳи алайҳи ва салам) як сол зиёдтар умр дидааст, чунин кирдорро ба худ раво бинад-а? Э, ҳайфи ман-е! Э, ҳайфи синну солам-е! Мӯйсафеди Ҳамад бистарии беморхона буд. Вақте ба аёдаташ омадам, ҳамин суханонро гуфту баъд бо андаке хитоб давом дод: - Худкардаро даво нест, ҷӯра. - Худкардаро даво нест? Маънии ин суханат чист? – бо эҳтиёт пурсидам. Ӯ оҳи дароз кашид, оҳ аз дилу ҷигар. Чунон оҳе, ки гӯё дилу ҷигараш об шуду рехт. Баъд сар хам кард, хеле андеша намуд. Пасон бо афсусу худнадоматкунӣ ва худсазодиҳӣ ба қисса оғоз кард: - Ҳоло ба 67 даромадаам. Се сол пеш бо мақсади обдиҳии ниҳолони картошка оби ҷӯйро сӯйи замини худ гардондам. Чанд лаҳза пас, мӯйсафеди хусурам садо кард: - Ҳамадбой, обро ба сӯйи замини худат гардондӣ-чӣ? - Ҳа, гардондам! Чӣ даъво дорӣ? – бо дағалӣ ҷавоб додам ман. - Домод, ягон соатаки дигар сабр мекардӣ, замини ман бо пуррагӣ об мехӯрд… - Э, ту ҳоло бояд зери хок бошӣ! Замин ва обёрии он ба ту чӣ лозим?! – боз ҳам дағалтар ва бо овози баландтар гуфтам ман. Мӯйсафеди хусурам, ки он замон 85 сол дошт, дигар чизе нагуфт. Хомӯш омаду обро ба сӯйи замини худаш гардонд. Ин лаҳза ман аз худ бехуд шудам, хешро тамоман идора карда натавонистам ва шитофтам ба назди ӯ. - Ту кистӣ? Ту кистӣ, ки оби маро мебандӣ?! – бо ҷаҳл дод задам ба сари хусурам. - Пеш аз ҳама бандаи Аллоҳ, баъд одам, сипас хусури ту, - бо оромӣ ҷавоб дод ӯ. - Хусур?!... Хусур?!... – бо ҷаҳли боз ҳам бештар ба сари мӯйсафед дод зада, бо пойи рост дар ақиби ӯ ду шатта задам. Ӯ, ки чунин рафтори маро чашмдор набуд, дар аввал гӯё шах шуд, баъд сар хам кард, сипас рӯйи замин нишаст. Ман бошам ба ӯ дигар аҳамият надода, машғули гардонидани об ба сӯйи замини худ шудам. Чанд лаҳза пас садои ҳиқ-ҳиқ гиристани мӯйсафедро шунида, бедардона сӯяш нигаристам. Ин замон ӯ бо дастонаш такя карда, хеле оҳиста ва бо эҳтиёт аз ҷояш хест, ду-се қадам гузошту рӯ ҷониби қибла гардонд ва панҷаҳояшро сӯйи осмон бардошт ва гиряолуд нидо кард: «Парвардигоро, пойи нафареро, ки задани шаттаро ба ман раво донист, хушк гардон!» ва даст ба рӯю риш бурда, омин кард. Ин лаҳза ҷаҳли ман дучанд афзуд ва давидам ба сари мӯйсафед. Аз кашталаш гирифтаму бо суханони қабеҳ ин тарафу он тараф таконаш додам. Онҳое, ки наздик ба мо дар заминҳои худ кор мекарданд, давида омада мӯйсафедро аз дастам раҳониданд. Ду нафар ӯро ба сӯйи хонааш бурданду ду нафари дигар маро сари заминам оварданд. Мӯйсафеди Ҳамад инро гуфту

ҳиқ-ҳик гирист ва курпаро андаке боло кашид, пасон докаро кушода, нуги пояшро нишон дод. - Инро бубин. Тақрибан баъди як моҳи гузаштани ҳамон воқеа… Гиря гулӯгираш кард, нафасаш озод намебаромадагӣ шуд. Давоми суханашро баъди хеле гиристану дил холӣ кардан гуфта тавонист, ҳамонро ҳам канда-канда, оҳ кашида, нафас рост карда: - Ана, баъди як моҳи гузаш-

ҷӯра. Чуноне ки мебинӣ, пой аллакай ангушт надорад… Баъди инро гуфтан бо овоз гирист. Бисёр талх, бо дард ва бисёр дилобкунанда гирист. Аз таъсири гиря гулӯяш садои ҳуштакмонанд мебаровард, китфонаш баланду паст мешуд. Дилбардории ман ва чанд бемори ҳамутоқаш тасаллояш набахшид. Баъди хеле ҳукок зада гиристан гӯё дамаш дарун зад. Рӯяшро бо дастонаш

дард, пури алам, пури пушаймонӣ, пури гиря аст. Бале, шояд, ки ҳамин тавр ҳам буд. Аммо чӣ суд? Ӯ аз гиристан бозистод. Ба як кунҷаки утоқи хобаш андаке нигаристу баъд чашмашро аз он канда, сӯйи пояш дӯхт, сипас оҳиста ва канда-канда гуфт: Ҷӯраҷон. Поямро ба буриданку буриданд. Лекин кафолат намедиҳанд, ки бо ҳамин ин дард шифо меёфта бошад. Духту-

Бачаи хуни бинӣ ё подоши амал (қиссаи воқеӣ)

тани ҳамон воқеа ангуштони пойи ростам, яъне ҳамон пойе, ки мӯйсафедро зада будам, аввал биҷ-биҷ мекардагӣ шуданд, баъд дард мекарданд. Аввалҳо он қадар эътибор намедодам. Вале, баъди ду-се ҳафта чунон дард мекардагӣ шуданд, ки онро бо сухан фаҳмонида наметавонам. Дигар тобу тоқатам намонду ба духтур муроҷиат кардам. Онҳо дардамро некрози хушк (хушку нобудшавии бофтаҳо) гуфта, давоми ду сол аз пайи табобат шуданд. Вале ҷаҳду талошашон фоида набахшид. Ангуштон дар натиҷаи бо хун таъмин нашудан рӯз ба рӯз беҳис мешуданд, яъне хушк мегаштанд. Барои ҳамин ҳам, онҳо исрор карданд, ки агар ангуштонро набурранд, дард тамоми пойро фаро мегирад. Ана,

пӯшонда, худро беҳолона рӯйи ҷойгоҳ партофт. Пас, аз гузашти на чандон вақти зиёд боз ҷуссаашро бардошту гиряолуд гуфт: - Ҷӯраҷон. Бо сабаби ҳамин дард, ду сол боз ҳатто ба зиёрати Каъба рафта наметавонам, гарчи дар рӯйхат ҳастаму тамоми ҳуҷҷатҳо омодаанд. Дар номи Худо ҷонам. Оё ҷазои ба зиёрати Каъба рафта натавонистанам кофӣ набуд, ки боз ангуштони поямро хушк кард? Э, сазои сарам, ҷӯраҷон! Дуои мӯйсафеди хусурам гирифт. Мӯйсафед боз гирист. Боз мисли пештара ҳукок задаю китфонашро баланду паст карда ва аз гулӯяш садоҳои ҳуштакмонанд бароварда гирист. Ӯ мегиристу ман ба аҳволаш назар карда, гумон менамудам, ки дарунаш пури

рон мегӯянд, ки баъди бурридан ҳам он метавонад ҷониби зону ҳаракат кунад. Он гоҳ пойро аз зону, ё болотар аз он буриданашон лозим мешавад… - Сабаби аслии ба сари мӯйсафеди хусурат он қадар ҷаҳл кардану ҳатто ӯро бо шатта заданат чӣ буд? Охир, ҳеҷ мумкин нест, ки инсон танҳо барои гардонидани об, ба як марди солхӯрда, боз хусури худ он гуна рафтор кунад, - бо эҳтиёт ва мулоим пурсидам ман. - Бале, ҷӯра. Инсон он тавр намекунад. Вале, ман кардам. Пас, инсон нестам, танҳо суроби онам, - бо дарду ҳасрат ҷавоб дод ӯ. - Лекин, барои чӣ ин корро кардам? Худ намедонам. Шояд аз ҷоҳилӣ, шояд аз аблаҳӣ ё шояд аз хислати бадам. Мегӯянд-ку:

«Неши каждум на аз баҳри кин аст, баҳри он аст, ки хосияташ чунин аст» … … Ман бо ӯ хайру хуш карда, аз утоқи хобаш баромадам. Вале, табъам хира буд. Аз ким чизе хаста ва малул будам. Гӯё, ки дилам ғаш ё буғз дошт. Ғарқи андешаи гуфтаҳои ӯ ба деҳа расидаму бо чор нафар ҳамдеҳагон, ки зери якатути серсоя, дар хараки тахтагӣ чақ-чақ карда менишастанд, ҳамроҳ шудам. - Ҳа, устод, аз куҷоҳо гаштед? – баъди салому алейки даҳонию дастӣ пурсид Одинамаҳмад. - Ба беморхона рафта будам, барои хабаргирии мӯйсафеди Ҳамад. - Аҳволаш чӣ тавр? Мегӯянд, ки пояшро бурридаанд… - якбора ду саволро пайи ҳам кард Одинамаҳмад. - Пояшро не, ангуштони пояшро бурридаанд, - аниқтар карда гуфтам ман. - Хайр, барои мо колхозчиён пою ангушт ҳардуяш як чиз, хеле бепарвоёна луқма партофт Сафар. - Дар ҳар сурат ӯ чӣ ҳол дорад? – андаке бо хавотирӣ суол кард Ниёзбек. - Дар маҷмуъ ҳолаш бад нест, лекин бисёр рӯҳшикаста аст. Бештар мегиряд. - Хайр, устод, худатон нағз медонед, ки ҳар амалеро подоше ҳаст, - гапро ғоз дода оғоз намуд Тилабзода. Шояд, ки барои амалҳои содиркардааш Аллоҳ ҳамин гуна ҷазояш дода истодааст? - Ростӣ гап, ако, ман на амалҳояшро медонаму на кору кирдорашро. Алҳол танҳо аз бемории ӯ огоҳ ҳастаму халос. - Эҳ устод, устод. Шумо, ки аз аввал дар деҳаи мо набудед, воқеан аз бисёр чизҳо хабар надоред. Акаи Ҳамад дар асл як фарди шариатзада аст, - ҷиддӣ изҳор кард Одинамаҳмад. - Намефаҳмам, - андаке бо ҳайрат ва саволомез ба Одинамаҳмад нигариста гуфтам ман. - Албатта кори Худо аст. Лекин, ҳама мегӯянд, ки ӯро дуои хусураш гирифтааст. - Ӯ дар назди хусураш чӣ гуноҳ карда будааст? – пурсидам аз Одинамаҳмад. Вале, баробари пурсиданам гуфтаҳои худи мӯйсафеди Ҳамад аз лавҳи хотирам гузаштанд. Бо вуҷуди ин Одинамаҳмадро то охири суханаш гӯш кардам. Ӯ воқеаи қиссакардаи худи мӯйсафедро қариб айнан такрор кард. Баъд аз ин ҳамаи нишастагон ба гап даромаданд. Онҳо бо иштиёқ ва дар бисёр маврид бо оҳанги нафрат пайи ҳам гап мезаданд, сухани ҳамдигарро мебуриданд, тақвият медоданд, пуратар мекарданд: - Ӯ ҳанӯз аз кӯдакӣ қомати баланду ҷуссаи калон дошт. Фарбеҳу гӯштӣ буд, - гуфт Тилабзода. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда (Давом дорад)


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

«Водии …», филми туркї

Муќобили лалмї Коргоњи дорбозону акробатњо

Ќазо, таќдир

... Никулин, актёри рус

Адад

Кулоњи шоњ

Дудбаро

Нобудї

Сокит, хомўш

Гиёњи кўњии бањории хўрданї

Истироњатгоњи машњури бањри Сиёњ

Овоз

Нидо барои рондани пишак

Тасвир

Моњи дањуми сол

Яроќи калони чархдор

Каси гирён мерезад

Шўъбаи ... ва ѓоибона

Фигураи геометрї

Майдони теннис

Нуќтаи баланди мусиќї

Ноњия дар Бадахшон

Њикоя …Девган, актёри њиндї

Нигоњ кун!

Меваи сурхдона

www.javonon.tj

Хайр! (итолиёї)

Суруди опера

Меваи маъмул Мактаб, литсей, …

Олимхон ва Темурланг

Номи пурраи Толик

Ранги барг «Курсї» ба русї

Дудаш зукомро табобат мекунад

Номи маъмули русї

Њаќиќї

... Гиб- Месон, талли актёр сурх

Давлати хурдтарини љањон

Мухтасари гектар

Муќобили «бад»

Газетаи «…плюс»

«Њизб» ба русї

Њарфи «л» дар алифбои арабї

Ишора Гурба аз мултфилми машњури русї

Шишача барои дидани акси худ

Воњиди иќтидори барќ, Вт

Ќимат, нарх

…-Пух, ќањрамони мултфилм

Моњи сол Дандонтозакунаки суннатї

Љаноби љопонї

Роњи зеризаминї

Ќавли такрор накардани гуноњ

Адади калонтарин дар санги нардбозї

Љуфти домод

Љойи китобгузорї дар љевон

Тамокуи тагизабонї

Хокаи либосшўии маъруф

Тинљї, осоиштагї Њайвони калонтарини хушкї

Вай таъмир мекунад

Ѓизои хамирии бурида

Пойтахти Ќазоќистон

Тими футболи Италия

Моњии ба мор монанд

Њаёт, зиндагї

Пояи дарахт ва бутта

«Тўб»-и ширин дар полез

Њайвони даштии чаранда Як шањрамон «кони» ин маѓз аст

Базм (арўсї, хатна ва ѓ.)

Њиссаи нутќ

Додар (лањљ.)

Хан- Коѓаз аз мулло даи бар зидди бабесадо ло

Ќисми полк

Тими варзишии њарбиён (русї)

Номи духтар аз филми "Бандии Ќафќоз"

Рўзи одина

Воњиди пули Япония

Сазан, карп ё скумбрия

Роњи ќатора аз он иборат аст

Номи Иисус ба тољикї Моддаи кимиёвї, Na

«Эй, …» таронаи Т. Муњиддинов

Мактуби телефонї

Модари Муњаммад (с)

Гурусна не

Сигнали «Ёри дињед» аз киштї

Номи маъмули мардонаи русї

Пули Маккаю Мадина

Дастгиршуда, бандї

Ќувва, ќудрат

Воњиди вазн

Шакли кўтоњи номи Юрий

Як асбоби электронии офис

Эълони спектаклњои оянда

Сари мех ё чўб

Бале!

Алифбои иборат аз нуќтаю тире

е-mail: javonontj@mail.ru

Клубника (тољ.)

Навиштаљоти китоб, текст

Нотаи сеюм

Камони њафтранг дар осмон

Фазои беохир, кайњон

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №48 (9422), 3 декабри соли 2015

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Ҳалим ба аскарӣ меравад. Ҳангоми гусел модараш мегӯяд: - Бачаҷон, ҳамин ки расидӣ, зуд ба ман аз ҳолу аҳволат ва аз шароити хизмат хабар деҳ. Мактуб навис. Падараш: - Занак, ақлат дар ҷояш аст? О, писарат, агар он ҷоро бад гуфта нависад азобаш медиҳанд. Модар: Ҳааа, ин хел бошад мактубро агар бо ручкаи кабуд нависӣ, ман мефаҳмам, ки шароит нағз, агар бо ручкаи сурх навис, шароит бад... Ҳалим баъд аз як моҳи хизмат мактуб менависад: “Салом модарҷон. Ман хубам. Дар ин ҷо шароитҳо нағз, фақат як камбудӣ ҳаст. Ручкаи сурх нест...”

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Шарофат ба Салима: - Чаро ин қадар эҳсосӣ ҳастӣ? - Ба шавҳарам дар 23 феврал шасти муҳигирӣ туҳфа кардам. - Бисёр хуб. Ӯ 10 сол боз ҳар рӯзи истироҳат моҳигирӣ меравад. Чӣ бадӣ дорад? - Ӯ шастро бо чиликаш бозӣ доронда гуфт: “Ин чӣ аст?”

 АНДАРЗ

Ношто бо модар Шомгоҳон писар модарашро барои хӯрдани хӯроки шом ба тарабхона даъват кард. Азбаски модар пиру барҷомонда шуда буду дастонаш меларзид, ҳангоми тановули хӯрок косаи шӯрборо ба либосаш резонд. Боз коса аз дасташ афтиду садояш дар тарабхона шунида шуд. Баъзеҳо бо норозигӣ ба мизи ҷавону модараш менигаристанд, аммо писар худро ором нигоҳ дошта, ба модар ғамхорона муомила мекунад. Вай дасти модарашро гирифта ба ҷойи дастшӯӣ бурд. Либоси аз шӯрбо олудаи модарро тоза карда, айнаки чашмашро ба тартиб овард. Баъд маблағи хӯрокро пардохт намуда, бо модараш аз тараб-

***

Афандӣ бо тайёра ба Маскав меравад. Дар Маскав расида, мегӯяд: - Чор соат роҳ будаст. Аз ин тараф пиёда меравам.

хона баромада рафтанӣ буд, ки марди солхӯрдае аз писар пурсид: - Додар, оё фикр намекунед, ки дар ин ҷо чизеро гузошта меравед? Ҷавон як ба мизе, ки чанде пеш бо модараш нишаста буданд, назар афканду сипас қотеъона гуфт: - Не, ҷаноб, ягон чизам фаромӯш нашудааст. - Не. додарам, шумо ин ҷо беҳтарин чизеро гузошта меравед: дарси ибрат ба ҳар як писарро ва умеди оянда ба ҳар як модарро.

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №115510, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 2010 ба Ятимзода Шаҳло додааст, эътибор надорад.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Шаҳодатномаҳои гумшудаи силсилаи “Д”, “Е” оид ба хатми курси ронандагӣ аз 3 ноябри соли 1987, ки ба шаҳрванд Олимов Тағойназар Ҳикматович тааллуқ дорад, эътибор надоранд.

 МАСЛИҲАТ

Субҳ оби гарм нӯшед

www.javonon.tj

Аксари бемориҳо тавассути усулҳои содаву тӯли асрҳо санҷидашуда ба хубӣ ташхис ва муолиҷа шудаанд. Ҷопониҳо субҳ пеш аз наҳорӣ нӯшидани оби гарм ё ширгармро тавсия медиҳанд. Ин амал кори тамоми узвҳоро беҳтар сохта, касро солиму болидаруҳ месозад. Ин таҷрибаро охирин тадқиқоти илмӣ низ тасдиқ намудаанд. Тибқи иттилои табибони ҷопонӣ нӯшидани оби гарм дар шиками гурусна барои бемориҳои зерин манфиатнок аст: дарди сар, дарди устухонҳои бадан, илтиҳоби банду буғумҳо, саръ, зиққи нафас, менингит (илтиҳоби пардаҳои майна), бемориҳои гурда, фарбеҳӣ, илтиҳоби меъда, фишорбаландӣ, дарунравӣ, диабет, қабзият, ҳама навъҳои бемориҳои чашм, саратон, мушкилоти давраи ҳайз, бемориҳои гӯшу гулӯ. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Ҷопониҳо ҳар субҳ баъди аз хоб бедор шудан (қабл аз шустани дандонҳо) нӯшидани 4 пиёла оби гармро тавсия медиҳанд. Баъди шустани дандонҳо бошад, дар муддати 45 дақиқа дигар чизе нӯшидан лозим нест. Баъди наҳорӣ кардан дар муддати на камтар аз 2 соат аз нӯшидани ҳама навъи моеъот бояд худдорӣ намуд, чунки баъди истеъмоли хӯрок нӯшидани об ё ягон навъи дигари моеъот шираҳоро дар узвҳои ҳозима об карда, кори рӯдаҳоро халалдор месозад. Аввал миқдори ками обро истеъмол намуда, сипас оҳиста-оҳиста ҳаҷми онро зиёд намудан даркор. Натиҷаи табобат бо усули нӯшидани оби гарм ҳангоми мубталои бемории фишорбаландӣ дар муддати 30 рӯз, ҳангоми бемории илтиҳоби меъда дар муддати 10 рӯз ва ҳангоми диабет дар муддати 1 моҳ

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №329, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов соли 2013 ба Шарифхон Ҳусайнов додааст, эътибор надорад.

МЕҶУЯМ Шиносномаи шаҳрванди Молдова Раду Мария бо силсилаи АА0129261, соли таваллудаш 14.09.1991 гум шудааст. Ҳар нафаре пайдо кардааст, мукофотонида мешавад. Телефон барои тамос: 907 71 77 86

МЕФУРӮШАМ

Вагон бо қуттиҳои занбӯри асал. Телефон барои тамос: 918 45 40 45

маълум мешавад. Ин усул, ғайр аз он ки пешоброниро зиёд менамояд, таъсири манфӣ надорад. Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ, Бахтиҷамол РАҲИМЗОДА (муовинони котиби масъул).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7675 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.