Ҷавонони Тоҷикистон, №48 (9474), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№48 (9474), 1 декабри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АХБОРИ ҲАФТА

 ДУНЁИ ВАРЗИШ

Иштироки Пешвои миллат дар Саммити оби Будапешт

Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

 СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”

Ба равоншинос эҳтиёҷ дорем

 ҲАФТ РӮЗ 24.11.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил шуд. Аз ҷумла сокинон ва меҳмонони пойтахт Рӯзи Парчами давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати беандоза дар саҳни Боғи Парчами миллӣ таҷлил намуданд. Дар ҷамъомади идона устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат намуданд. 25.11.2016 Дар Наврӯзгоҳи пойтахт 10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд «Диёри ҳусн» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» ифтитоҳ гардид. Дар ҷашнвора зиёда аз 150 ҳунарманд аз давлатҳои гуногун маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. 26.11.2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Раиси Шӯрои Ва-

зирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус дар робита ба марги пешвои Куба Фидел Кастро Рус барқияи тасаллият ирсол намуд.

Тоҷикистон дидан кард.

27.11.2016 Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе дар 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С. Пушкин, ки дар шаҳри Маскави Руссия баргузор шуд, соҳиби шоҳҷоизаи гардид. Дар олимпиада хонандагони 29 давлат иштирок доштанд.

29.11.2016 Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» семинар баргузор гардид. Дар семинар масоили муҳими соҳаҳои туризм, алоқа, маснуоти саноати бофандагӣ, фарматсевтика ва туризми тиббӣ, соҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои бонкӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

28.11.2016 Дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид, ки дар он амири ин шаҳр Файсал ибни Бандар ибни Абдулазиз иштирок намуда, аз намунаҳои дастовардҳои Тоҷикистон тӯли Истиқлолият ва ҳунарҳои мардумии

30.11.2016 Дар шаҳри Будапешти Маҷористон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқот кард. Зимни суҳбат самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

АХБОРИ ҲАФТА

Иштироки Пешвои миллат дар Саммити оби Будапешт 28-уми ноябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок кард.

Саммит бо суханронии Президенти Маҷористон Янош Адер ва Паёми видеоии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз гардида, сипас дар ҳузури иштирокчиёни он Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуд. Сарвари давлат изҳор дошт, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда, бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари

ҷаҳон Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст. Дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд. Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали

муҳими башардӯстона арзёбӣ кард. Аз нигоҳи Сарвари давлат ин ташаббус заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд. Бо назардошти ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро барои таҳкими ҳамгироӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об, пешгирии хавфи сар задани бӯҳронҳои обиву хатари тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об ҷалб намуд. Дар охир Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Саммити оби Будапештро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои вобаста ба об дар ҷаҳони муосир арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин тадбир боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои сайёра дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об хоҳад шуд.

Ҳунармандони тоҷик ба намоишгоҳи “Ambiente-2017” омода мешаванд Моҳи феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳунармандии “Ambiente” доир мегардад. Тоҷикистон дар он бори сеюм иштирок хоҳад кард. Габриэла Бёрде, мушовири байналмилалии Маркази тиҷорати байналмилалӣ доир ба тарроҳӣ ва рушди маҳсулоти ҳунармандӣ, ки 22-26-уми ноябр дар Тоҷикистон қарор дошт, бо иштирокдорони ояндаи намоишгоҳи Франкфурт машғулиятҳои машваратии инфиродӣ доир кард. Дар ҷараёни сафараш, бону Бёрде бо намунаҳои маҳсулоте, ки ширкатҳо барои намоишгоҳ омода кардаанд, шинос шуд ва барои беҳтар намудани онҳо тавсияҳо дод. Ин дуюмин сафари Габриэла Бёрде ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буд, ки бо ҳадафи ёрӣ ба иштирокдорони “Ambiente” ҷиҳати омодагӣ ба намоишгоҳ сурат гирифт. Хонум Бёрде дар моҳи июни соли ҷорӣ низ аз Тоҷикистон бо ҳадафи интихоби ширкатҳои ҳамкор ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи Франкфурт боздид карда буд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Маҷористон дар ҳоли афзоиш аст Дар шаҳри Будапешт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити об бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот кард. Президенти мамлакат дар оғози суҳбат қайд намуд, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав - “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт” ва изҳори боварӣ кард, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун аъзои фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард. Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар 7 санади ҳамкорӣ асос ёфта, ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат низ тамоюли болоравӣ дорад. Аз идомаи судбахш ва густариши бештари муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоту созмонҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда шуд. Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии аҳамияти минтақавию байналмилалидошта табодули назар карда, дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар табиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуданд. Ҳамчунин рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосиру сармояи хориҷӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки доираи сармоягузорону тоҷирони Маҷористон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард. Ҷиҳати рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид. Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоият пазируфта шуд.


ВМКБ: Баррасии масоили ҳалталаби варзишӣ

Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон Варзишгарони кишвар дар Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-до соҳиби ду медали тилло шуданд. Дар мусобиқа, ки дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор шуд, беш аз 800 варзишгар аз 30 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа миёни наврасону калонсолон сурат гирифт. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ду варзишгар аз вилояти Суғд намояндагӣ карданд. Далер Баротов дар сабқати варзишгарони синашон аз 18-сола боло дар вазни -60 кило ғолиб шуд. Алишер Қаюмов бошад, байни наврасони 14-15-сола дар вазни +70 кило мақоми аввалро ишғол кард. Ҳар ду варзишгар дар чемпионати Осиё, ки дар Индонезия барпо мегардад, иштирок мекунанд.

Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Шиносоӣ бо низомномаи муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши бандҳои он» семинари омӯзишӣ баргузор гашт. Дар семинар Саидраҳмон Раҳмонов, директори Муассисаи давлатии «Хонаи ҷумҳуриявии методӣ», Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Зайнулло Эмомалиев, муовини директор оид ба таълими мактаби теннис, мураббиён ва сарварони мактабҳои варзишии ВМКБ иштирок намуданд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Ризо Раҳматшоев зимни сухани ифтитоҳӣ аз дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба оммавӣ гардондани варзиш ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли заҳмату талоши Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол теъдоди варзишгоҳҳои замонавӣ, маҷмааю коплекс ва толору майдончаҳои варзишӣ дар вилоят зиёд шудааст. - Итминон аст, ки татбиқи низомномаи муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нав барои рушди минбаъдаи муассисаҳои варзишии вилоят ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат менамояд, – гуфт Р. Раҳматшоев. Носир Бозоров аз рушди варзиш дар ВМКБ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки омодагии хуби варзишгарони вилоят ба мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ солҳои охир воқеан мушоҳида мегардад ва ба имзо расидани низомномаи мазкур як такони ҷиддие барои тарбияи кардрҳои нав хоҳад шуд. “Тағйироту иловаҳое, ки нисбат ба рушди варзиш, намудҳои олимпиву ғайриолимпӣ дар низомнома дарҷ гардидаанд, интихоби дурусти мутахассисони соҳа аст ва онҳо аз нигоҳи назариявию таҷрибавӣ ҳам асоснок шудаанд”, - афзуд Н. Бозоров. Дар қисмати дигари семинар масъалаҳои ҳалталаби самти варзиши вилоят миёни иштирокдорон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳар сол дар навбати аввал маҳз камбуди маблағ боис мегардад ва варзишгарони бомаҳорат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида наметавонанд. Ҳамчунин масъулини соҳаи варзиши ВМКБ изҳори таассуф намуданд, ки солиёни зиёд аст баъзе толорҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа, Ишкошим рӯи таъмирро надидаанд ва айни ҳол дар ҳолати ногувор қарор доранд. Дар фарҷом сарварони мактабҳои варзишӣ ва мураббиён ба пурсишҳои худ аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ посухҳои мувофиқ гирифтанд. Таъкид гардид, ки минбаъд барои масъулини соҳа лозим меояд, то тариқи мактубҳои саҳеҳу равшан оид ба масоили ҷойдошта ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муроҷиат намоянд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

3

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ДУНЁИ ВАРЗИШ

УМАРАЛӢ САФАРАЛӢ

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 9 зина боло рафт Тими миллии футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги нави FIFA беҳтар кард. Ин муваффақият баъд аз ғалаба бар тимҳои миллии Туркманистон (3:0) ва Афғонистон (1:0) ба даст омад. Дар рейтинги нави FIFA, ки 24 ноябр пахш шуд, тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 131-ум қарор гирифтааст. Тими миллии футболи кишвар 231 хол ба даст овардааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 4 хол зиёд аст. Дар муқоиса ба рейтинги моҳи октябр тими миллии мо 9 зина боло рафтааст – аз ҷои 140 ба 131. Миёни тимҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро 4 зина беҳтар карда, акнун дар ҷои 20-ум аст. Дар Осиё мисли қабл Эрон дар мақоми аввал аст (дар ҷаҳон 30-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои дуюм (37ум дар ҷаҳон) ва Ҷопон дар ҷои сеюм (45-ум дар ҷаҳон) қарор доранд. Дар ҷаҳон Аргентина дар ҷои аввал аст. Бразил дар мақоми дуюм ва Олмон дар мақоми сеюманд.

Ҷавонони пойтахт ғолиби мусобиқаи футбол ба хотираи Ислом Маҳмадшоев шуданд 25 ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни ҷавонони соли таваллудашон 1999 ба хотираи собиқ котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев бо ғалабаи тими Душанбе-2 ба анҷом расид. Дар мусобиқа 5 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, ШНТМ, Хатлон-1 ва Хатлон-2 ширкат карданд. Мусобиқа ба таври даврӣ дар як давр баргузор шуд. Дар натиҷаи 4 бозӣ тими Душанбе-2, ки аз бозингарони ҷавони “Истиқлол” таркиб ёфта буд, холҳои бештарро

сазовор гаштанд. Дастаи Юсуф Рабиев дар се бозӣ ғалаба карда, як вохуриро мусовӣ анҷом дод. Медалҳои нуқра насиби дастаи Душанбе-1 гашт (8 хол), медалҳои биринҷиро бошад, футболбозони тими Хатлон-2 (4 хол) соҳиб шуданд.

Чемпионати Тоҷикистон-2017 1 март оғоз мешавад 29 ноябр дар Федератсияи футболи мамлакат бо иштироки роҳбарон ва сармураббиёни клубҳои лигаи олӣ ҷаласа баргузор шуд. Намояндагони клубҳо бо тарзи баргузории чемпионати оянда, масъалаҳои иҷозатнома гирифтани дастаҳо ва мавсими нави футболи мамлакат ошно шуданд. Роҳбари Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов лоиҳаи ҷадвали чемпионати Тоҷикистон2017-ро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ мавсими ояндаи футболи мамлакат бо бозӣ барои Абарҷоми Тоҷикистон оғоз меёбад. Барои Абарҷом қаҳрамони имсолаи мамлакат – “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемпионат – дастаи “Ҳосилот”-и Фархор 25 феврал рақобат мекунанд. Чемпионати 26-уми мамлакат бо иштироки 8 даста дар се марҳала баргузор мешавад. Он рӯзи аввали фасли баҳор оғоз ва то 22 октябр идома меёбад. Дар чемпионат-2017 дастаҳо дар 21 давр бозӣ мекунанд. Тибқи нақшаи ЛФТ, бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон 29 октябр доир мешавад. Алишер Урунов гуфт, ки барои иштирок дар чемпионати оянда клубҳое роҳ дода мешаванд, ки аз тартиби иҷозатномадиҳии ҳатмӣ гузаранд.

Аввалин мусобиқаи гуштини тоҷикӣ дар Маскав 27-уми ноябр дар Қасри варзиши ба номи Иван Яригини шаҳри Маскави Русия аввалин мусобиқаи байни миллатҳо оид ба гуштин миёни бузургсолон баргузор шуд. Ин мусобиқа бо ибтикори ду ташкилоти ҷамъиятӣ - «Нур» ва «Помир» барпо гардид. Мусобиқа бо ширкати 140 паҳлавон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ки дар шаҳру вилояти Маскав, Қазон, Твер ва Ярославли Русия кору истиқомат мекунанд, дар 9 вазн баргузор шуд. Мусобиқаи гуштингирӣ моҳи март бахшида ба Иди байналмилалии “Наврӯз” дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия бо иштироки боз ҳам бештари алоқамандони гуштини миллии тоҷикӣ дар назар аст.


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ҲАМОИШ

Иттилоъ қудрат аст

ХУРШЕД ХОВАРӢ

Ҳар касе онро зери назар дорад, ҷаҳонро идора мекунад 25-уми ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистика таҳти унвони “Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он олимону коршиносон, устодону донишҷӯёни ДМТ, меҳмонон аз дохилу хориҷ, номояндагони ВАО иштирок доштанд.

- Мақсад аз баргузории конфронси мазкур матраҳ сохтани фазои ба тезӣ тағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва бархурдҳои ҷаҳонист, ки дар ин баробар ВАО-и Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар бо мушкилиҳо мувоҷеҳ аст ва дар рақобате, ки дар бозори иттилоотӣ аст, ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегардад, - гуфт декани факултатети журналистика Саъдӣ Маҳдӣ. Зикр гардид, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди глобализатсия ва бархурди тамаддунҳо ҷараён дорад. Дар ин баробар, дар миёни аксар кишварҳо ҷанги иттилоотӣ идома хоҳад кард, ки ин таъсиргузорӣ тариқи ВАО ба афкори омма мебошад. Табиист, ки алайҳи Тоҷикистон низ набардҳои иттилоотие аз ҷониби кишварҳои абарқудрат ва ҳамсояҳо равона мегарданд. Бояд ВАО-и тоҷик низ дар ин набардҳои иттилоотӣ муқовиматкунанда бошад. Ислом Каримов, собиқ Президенти Ӯзбекистон гуфта буд: «Имрӯз касе, ки расонаҳои хабариро таҳти назорат дорад, фазои иттилоотиро назорат мекунад. Аз ин тариқ ба дигарон нуфуз ва ҷаҳонро ҳукмронӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо бисёр заиф мондаем”. Дар амалӣ кардани ҳадафҳои геополитикӣ нақши воситаҳои ахбори омма зиёд аст. Зеро тавассути ВАО таъсири иттилоъ ба ташаккули инсон ва тафаккури он самараноктар сурат мегирад. Инсон дар тӯли ҳаёт бо таъсири иттилои ба ӯ расида ташаккул меёбад. Тафаккури инсон чунин сохта шудааст, ки вай иттилоъро қабул карда, бо таъсири вай дар баъзе ҳолат куллан тағйир меёбад. Ин дар ҳолест, ки як иттилоъ созанда асту иттилои дигар сӯзанда. Иттилои созанда нерӯи пешбаранда дорад. Иттилои дурӯғ ва барои тахрибкорӣ истифодашаванда метавонад ҷомеаро аз раванди табиии инкишоф берун кунад. - Фазои иттилоотӣ доираест, ки дар ин ё он дараҷа фазои ҷаҳони воқеиро фаро мегирад ва он маҷмӯи натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсон аст. Қисматҳои асосии фазои иттилоотиро захираҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъсири иттилоотӣ ва сохтори иттилоотӣ ташкил медиҳад. Фазои иттилоотӣ яклухтиву якпорчагиро талаб мекунад. Дар таҷрибаи амалии ВАО-и ватанӣ омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки якпорчагии фазои итти-

САЪДӢ МАҲДӢ

ЗИННАТУЛЛО ИСМОИЛЗОДА

лоотии кишварҳоро таҳдид мекунанд ва гардиши озоди ахборро халалдор менамоянд. Бархе аз нашрияҳо баъзан хостаҳои муассисони худро сарфи назар месозанд ва бештар аз рӯи талаботи аудитория амал менамоянд. Манфиатҳои молиявӣ дар ҳолатҳои алоҳида ахбореро дар гардиш қарор медиҳанд, ки манфиати ягон ҷониберо ифода намесозад ва бо пуштибонии ҷониби сеюм тафриқа ва тақсимшавии фазои иттилоотиро ба вуҷуд меоранд. Мавқеъгириҳои сиёсии ғайриинтизор ин фазоро тира сохта, ҳолатҳои пурхавфу гуногуни ба ҷомеа маълумро ба миён меоранд. Дар фазои иттилоотӣ мавзӯъҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоӣ ва амсоли он ҳар кадом ба тарзи худ гардишу ҷараён мегиранд ва таҳаввулу тағиротро ба миён меоранд, - қайд намуд Бахтиёр Қутбиддинов, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ. Мушовири вазири корҳои хориҷӣ Абдуғаффори Камол қайд кард: “Ибораи машҳуре, ки ҳанӯз дар асри ХХ гуфта шуда буд, ки “касе иттилоъро дар даст дорад, дунёро дар даст хоҳад дошт” имрӯз бештар худро намоён мекунад ва агар дар гузашта мегуфтанд, ки расонаҳо ё иттилоот воситаи асосии пешбарии ҷанг аст, имрӯз иттилоъ худи ҷанг гардидааст. Ҳар қадар, ки аҳамият болотар меравад, маънову мафҳум низ боло хоҳад рафт. Пайдоиши мафҳумҳои дипломатияи иттилоотӣ, ҷанги иттилоотӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегиранд. Барои мисол, Русия соли 2008 ҷанги иттилоотиро бо Гурҷистон бохт, ки пасон тамоми сайёра маҳкумаш карданд, ки инро дар худи Кремл ҳам қабул медоранд. Пас, русҳо тариқи як барномарезии махсус дар қатори сомонаҳои интернетию расонаҳои дохилӣ се шабакаи телевизионии хориҷиро таъсис доданд, ки имрӯз ҷойгоҳи бисёр болоро дар фазои расонаҳои ҷаҳонӣ ишғол мекунанд. Чанд рӯз пеш парлумони Аврупо ба ин вокуниш нишон дод, ки ҳар нафари аврупоие аз тариқи расонаҳои русӣ баромад мекунад, мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт. Ав-

БАХТИЁР ҚУТБИДДИНОВ

АБДУҒАФФОРИ КАМОЛ

рупо аз бомбаҳои атомӣ, киштиҳои зериобӣ ва мушакҳои қорапаймои Русия он қадар ҳарос надорад, ки аз силоҳи иттилоотии онҳо. Ин маънии силоҳи пурқудрат будани иттилоъ аст”. Гуфта шуд, ки дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта рақобати геополитикӣ тадриҷан аз рукни ҳарбӣ-иқтисодӣ ба истифодаи ВАО дар рақобат ва ба баҳси пайдо кардани бартарӣ дар бозори геополитикии ҷаҳон пайдо гардид ва ВАО ҳам ҳамчун як рукни ифодакунандаи манфиатҳои геополитикии ин ё он кишвар зуҳур намуд. Ҳамин буд, ки қудрати сухан ва қудрати тасвиру наворе, ки ВАО дошт, аз қудрати ҳарбӣ ва блокҳои ҳарбие, ки сохта мешуданд, болотар арзёбӣ гардид ва ин боиси он шуд, ки таваҷҷуҳ ва маблағгузорӣ ба ВАО дар ин мамлакатҳо хеле зиёд шавад ва абарқудратҳои ҷаҳон пеш аз ҳама маблағгузориҳои худро ба он хотир равона намоянд, ки манфиатҳои худро дар ин ё он минтақаи ҷаҳон пиёда созанд. Зимни суҳбат раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода иброз дошт, ки айни замон дар кишвар бештар аз 200 нашрия ва зиёда аз 64 ташкилоти телевизиониву радиоӣ фаъолият доранд, ки мавзуъҳои вобаста ба манфиатҳои геополитикӣ ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар онҳо инъикос меёбанд. Дар баробари манфиатҳои геополитикӣ дар масъалаҳои умдае, ки ба давлату ҳукумати Тоҷикистон ва манфиати он тааллуқ доштанд, нашрияҳои Тоҷикистон сарфи назар аз шакли ташкили онҳо ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ пуштибонӣ мекунанд. Дар масъалаҳое, ки вобаста ба вазъи сиёсии Осиёи Марказӣ ва таҳримҳое, ки алайҳи Тоҷикистон аз сӯи баъзе кишварҳои Осиё Миёна сурат мегирифтанд, муттаҳидии расонаҳои Тоҷикистон имконияти онро фароҳам овард, ки дар зеҳни аудитория (хонанда, бинанда ва шунавандаи ВАО) шинохти манфиатҳои миллӣ дар баробари манфиатҳои геополитикӣ ба вуҷуд ояд.


Ё модар танҳо барои он модар нест, ки таваллуд мекунад

Ман бар он андешаам, ки волидайн дар овони кӯдакию наврасӣ дар замири фарзандони худ раҳм, шафқат, меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ барин сифатҳои волои инсониро хуб парвариш надодаанд, ба онҳо маънию мантиқи асосӣ ва аслии мафҳумҳои «модар» ва «падар»-ро жарф нафаҳмондаанд ва натиҷа он шудааст, ки фарзандон ин мафҳумҳои муқаддасро дар маънии бисёр танг мефаҳмидагӣ шудаанд. Масалан, дар натиҷаи як пурсиши хеле маҳдуди ман чунин муайян шуд: ба саволи «Модарро чаро модар мегӯянд?» ҳамаи пурсидашудагон ҷавоб доданд: «Барои он ки ӯ моро таваллуд кардааст, шир додааст, гаҳвораамонро ҷунбондааст». Аз ин беш қариб ки чизе нагуфтанд. Ба пурсиши «Чаро модарон ин корҳоро кардаанд ва минбаъд ҳам мекунанд?» ҷавоб доданд: «Ин корро барои худашон кардаанду мекунанд. Якум, вазифаашон ҳамин аст, дуюм, барои он мекунанд, ки дастёру ёрдамчӣ дошта бошанд». Дар хусуси падарон бошад, гуфтанд: «Ӯ моро барои он мехӯронаду мепӯшонад, ки фардо дар овони пириаш мо ҳам ӯро пӯшонему хӯронем, яъне ӯ ҳам ин корро барои худаш мекунад». Ана, ҳамин қадар аст фаҳмиши пурсидашудагон нисбат ба нақши модарии модарон ва нақши падарии падарон, то ҳамин дараҷа аст дарки маънию мантиқи вожаҳои муқаддаси «модар» ва «падар» аз ҷониби мардум, алалхусус ҷавонону наврасон, ки аксарияти пурсидашудагон буданд. Лекин, инро айби онҳо пиндоштан саҳеҳ нест. Ба гумони ман пеш аз ҳама айби худи падару модар ва бобою бибиҳо, баъд айби мактаб аст. Зеро ба кӯдак аз хурдиаш ва дар овони наврасию ҷавониаш нақши аслӣ ва азалии падару модарро талқин накардаанду нафаҳмондаанд ва дар мағз андар мағзи ҷонаш ҷой накунондаанд. Дар натиҷа онҳо бо ақли худ танҳо ҳамин қадар фаҳмида тавонистаанду халос. Бигзор ба иззати нафси касе нарасад. Ман модару падаронеро, ки фарзандонашон нақши онҳоро ҳамин қадар мефаҳманд, хушбахт намешуморам. Бовар кунед, ин гуна падару модарон шӯрбахтанд. Вале,

шӯрбахттар аз онҳо худи фарзандонашон ҳастанд, ки нақши волидайни хешро танҳо дар он фаҳмидаанд, ки онҳо гӯё ба хотири зарурати худ фарзандонро ба дунё меоранд. Оё бо чунин дараҷаи фаҳмиш дар дили фарзанд, алалхусус дар дили писар нисбат ба волидайн раҳм, шафқат, меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ, иззату эҳтиром пайдо мешавад? Дар гумон аст. Аммо яқин, ки дарахти анчари бераҳмию бешафқатии фарзандон нисбат ба волидайни пиру барҷомонда, ҳамчунин даст кашидан аз нигоҳубини онҳо ва ба хонаҳои пиронсолон, гӯё чун бекас бурда партофтанашон аз ҳамин ҷо об мехӯрад. Дар асл нақши модар ва падар чист? Чанд ишорае ки атрофи ҳамин масъала менигорам, дар қиёс нисбат ба хирмани кӯҳосои ранҷҳои мекашидаи онҳо ба қадри як донаи арзан ҳам нестанд. Кифоя аст, бигӯям, ки агар модар ва падар заҳмат накашанду ранҷ набаранд, фарзанд ҳаргиз сифату хислати инсонӣ намегирад ва танҳо дар сурат инсон мешаваду дар сират аз ҳайвон кам фарқ мекунад. Инак, ба қадри донае аз хирман ё қатрае аз баҳр дар нисбати заҳмат, азобу машақат ва маҳрумиятҳои модар мегӯям, ки ба хотири фарзанд ба худ раво мебинад: аз замоне ки модар ҳомила мешавад, дар тамоми бадани ӯ таҳаввулот, яъне тағйироту дигаргуниҳои ҷиддӣ пайдо шудан мегиранд. Ин раванд ба мавҷудияти тифли оянда мувофиқшавии организми модар мебошад. Таҳаввулот тамоми аъзои бадани модарро фаро мегирад ва аз лаҳзаи ҷанин будан то замони ба дунё омадани тифл тӯл мекашад, ки давомнокиаш нуҳ моҳу нуҳ рӯз аст. Дар раванди ана ҳамин нуҳ моҳу нуҳ рӯз модарон чи азобҳое, чи мушкилиҳое, чи маҳрумиятҳоеро аз сар мегузаронанд, танҳо худашон медонанду Худо. Зеро он раванд барои атрофиён, ҳатто барои шавҳараш ноаён мегузарад. Аммо барои модар дарду азоби давомноку ҷонкоҳ аст, мисли дарди дандон, ки аксар маврид дар симои шахс аён намешавад, аммо мағз андар мағзи ҷонашро фаро мегираду азоб медиҳад. Алалхусус, дар замони дар батн будани фарзанд модарон маҳрумиятҳои зиёдро аз сар мегузаронанд, ҳатто то андозае, ки вақти гирифтории худ ба ягон беморӣ, дорую дармонро истифода намебаранд. Баъди таваллуди тифл низ ҳамин тавр мекунанд. Онҳо бим менамоянд, ки доруи мехӯрдагию дармони мегирифтагиашон мабодо ба тифли батнашон ва ё тифли ширхораашон зараре нарасонад. Эй, бародарону хоҳарон! Ба ҷуз аз модар боз кӣ қодир аст ба ин гуна худқурбонкуниҳо?! Барои модари ҳомила аз ҳама мушкил дарди таваллуди фарзанд аст. Раванди ба зоидан омодашавии организм рагу пайвандҳои ӯ ба дарди ҷонкоҳ медароянд, то андозае ки модар тобу тоқатро гум мекунад ва ҳатто аз ҳуш меравад. Кам нестанд мисолҳое, ки модарон дар раванди таваллуд ҷони худро аз даст додаанд, вале фарзандро зинда ба дунё овардаанд. Боз мешавад, ки то замони ба дунё омадани фарзанд ҳоли аксар модарон аз

таъсири дарду хастагӣ шабеҳи ҳоли мурдагон мешавад ва танҳо ба хотири фарзанди ба дунё овардаашон онҳо худро зинда нигоҳ медоранд. Ин гуна ҳолатро дар байни халқ «бо марг даст ба гиребоншавии модарон» мегӯянд, ки заррае муболиға надорад. Атрофи раванди таваллудкунии модарон андеша ронда ман ба чунин хулоса омадам: вақти таваллуди фарзанд зиндамонии модар баробари «мурда-мурда зистани» ӯст. Хулосаи шумо чӣ гуна бошад? Эй кош, ташвишу азобу маҳрумиятҳои модарон баъди таваллуд шудани фарзанд камтар мешуд! Афсус, ки баръакс, даҳчанд зиёд мешаванд. «Чӣ хӯрам, ки ширам зиёдтару серғизотар шавад?» «Чӣ хел кунам, ки хӯроки хӯрдаам ба тифлам зарар нарасонад?» «Мабодо вақти макондан синаам даҳону бинии тифламро маҳкам карда нафасгираш накунад?» «Худоё, ширам дар сина турш шуда ишкамчаи тифлакамро дард накунонад!» Ин ва ба ҳаминҳо монанд бисёр саволу андешаҳои дигар ҳеҷ гоҳ майнаи модарони тифли ширхорадоштаро тарк намекунанд. Зиёда аз ин, вақти як сулфаи тифл ва ё танҳо «сарам дард мекунад» гуфтани фарзанд модар аз худ бе худ мешавад. Ин лаҳза агар худ бемор бошад, тамоми дардҳояшро фаромӯш мекунад ва танҳо дарди фарзандашро эҳсос менамояд. Яъне, ки як дарди фарзанд сад дарди ӯ мешавад. Аз рӯйи фаросат мегӯям, як шаби бехоб сари гаҳвораи тифл нишастани модар, баробари садҳо шаби бехобии мо - мардон аст. Садҳо шаби бехобӣ? Ин ташбеҳ ҳеҷ аст ва ягон қимате надорад пеши гуфтаи ҳазорон бор барҳақи шоир: Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. Ташвиши модарон бо ҳамин тамом намешавад. Аксари онҳо махсусан деҳотиён, ҳамарӯза «даруни чор девори баланди сахти тақдир» аз пайи кору бори хона ва ташвиши фарзандону гову моланд. Машғули говбонию оғилрӯбӣ, таппаккунию ҷамъоварии ҳезум, ҷомашӯию тозаю озода нигоҳ доштани ҳавлию хона ва боз ба ҳаминҳо монанд чандин корҳои хурду бузурги дигар «вазифаи» ҳамешагии онҳост. Баъзеашон ҳатто дар давоми солу моҳҳо имконияти аз ҳавлӣ баромадан надоранд. Онҳо аз субҳи содиқ, яъне аз лаҳзаи аз хоб хестанашон (агар хоби онҳоро хоб номидан мумкин бошад) то вақти ба ҷойгоҳи хоб даромадан пайваста ҷумбуҷӯл карда, корҳои рӯзгорро пеш мебаранд. Хулоса, корҳое, ки зан – модар вақти пухту паз, нигоҳубини кӯдакон, шустушӯйи сару тан ва либоси онҳо мекунад, осон нест, махсусан дар ҳоли мактабхон буданашон. Омодакунии либоси худ, либоси шавҳар, дигар аъзои оила, махсусан лаҳзаи пеш аз ба кор рафтани онҳо ташвиш, заҳмат ва вақти зиёди модарро талаб мекунад. Корҳои дигаре ки зан - модар дар хона, дар саҳро, дар замини назди ҳавлӣ, дар фаъолияти обчакорӣ,

ҳангоми дарав ва дигар корҳои вобаста ба ҷамъоварии ғаллаю дона ва ғайраю ҳоказо иҷро мекунад, низ каму сабук нестанд. Модари бечора ба болои ҳамаи ин, боз нозу нузи шавҳарро мебардорад, хизмати меҳмонҳои ӯ ва меҳмонҳои худашро ба ҷо меорад. Ташвишу изтироб, сӯзу гудоз ва азоби мекашидагии зан – модар вақти бемории фарзанд, шавҳар ва дигар наздикон - чӣ? Самимӣ мегӯям. Тасвир кардани ҳамин гуна ва ба ҳаминҳо монанд эҳсосоти зан – модар, барои шахсан ман он қадар кори осон нест. Ҳамаи ин ва ба ҳаминҳо монанд чандин кору бор ва амалҳои дигарро, азобу мушкилию маҳрумиятҳои зиёдро зан – модар маҳз ба хотири фарзандон ва осоиштагии онҳо мекунаду аз сар мегузаронад. Агар гап танҳо дар бораи худаш бошад, ӯ як сару як тани қоқашро бо нуги сӯзан ҳам уҳда карда метавонад. Айнан ҳамин сухану ҳамин нигоштаҳо ба падар низ тааллуқ доранд. Аз ин рӯ, ҳамчун як қаламкаш, зиёӣ ва пири рӯзгордида бо камоли масъулият таъкид мекунам, ки нақш ва вазифаи модар танҳо таваллуд кардани фарзанд, шир додан ва ҷунбондани гаҳвораи ӯ нест. Вай ин корро танҳо барои худаш ҳам намекунад, балки рисолати худододиаш ҳамин аст. Ӯ ин корро барои давом додани ҳаёти инсонӣ ва боқӣ мондани насли инсон мекунад, яъне барои худи фарзанд. Биноан, аз онҳое ки падару модари худро беқадрӣ карда, бурда дар хонаҳои бекасон партофтаанд ё партофтанианд, хоҳиш дорам андеша кунанд ки: - Бо ин киштаи хеш фардо чӣ медараванд? - Ҳамон модар ё падари пирашон чӣ қадар нон мехӯрду мехӯрад ва боз чанд рӯзи дигари нонхӯриаш мондааст? - Он падар ё модари пирашон то чӣ андоза ҷояшонро «танг» мекарду мекунад ва чанд рӯзи дигари чунин «ҷойтангкуниаш» мондааст? - Худо накарда, фардо фарзандон ба худашон ҳамин гуна амалро раво бинанд, чӣ мешавад? Дар охир барои ҳамин бародарону хоҳарон таъкид мекунам: рафтору гуфтору кирдор дар нисбати падару модар мисли кишт кардан аст. «Ҳарчи киштӣ, ҳамон даравӣ, ҳарчи гуфтӣ, ҳамон шунавӣ». Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

МАВЗӮИ РӮЗ

Модар чаро модар аст?

Солҳои охир бисёр мушоҳида мешавад, ки фарзандон аз нигоҳубини волидайни пиру барҷомондаи худ рӯ метобанд ва онҳоро бо сад баҳона мебаранду маскуни хонаҳои пиронсолон мегардонанд, дар ҳоле ки таъиноти аслии ин муассисаҳо барои одамони бекасу кӯй аст. Ҳатто воқеаҳое ҳам шудаанд, ки фарзандон онҳоро лату кӯб кардаанд ё ба қатл расондаанд. Чаро? Ҷавоби саҳеҳ ва аниқу якҷонибаи ин савол вуҷуд надорад.

5


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Бемориҳои музмини шуш табобатнашаванда аст

ҲАСАН АЗИЗОВ

Ҳар сол 18 ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои музмини шуш таҷлил мешавад. Он соли 2003 бо ибтикори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва ширкати “Ташаббуси глобалӣ оид ба мубориза бо бемориҳои музмини шуш” байни ҳафтаи дуюм ва сеюми моҳи ноябр ҷашн гирифта мешуд. Аммо соли 2015 ин рӯз ба 18 ноябр гузаронида шуд. Дар доираи ин рӯз аз ҷониби СҶТ корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Дар тамоми ҷаҳон мутахассисон ташхисҳои тиббӣ ройгон гузаронида, байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. Мақсад аз баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои музмини шуш коҳиш додани фавт байни аҳолии ҷаҳон аз бемории мазкур, кам кардани шумораи гирифторони ин беморӣ ва паст кардани сатҳи ҳолатҳои нави бемориҳои шуш мебошад, чунки бемориҳои музмуни шуш яке аз бемориҳои дар ҳоли рушд қарордошта мебошад, ки шумораи афзоиши фавт бештар ба чашм мерасад. Имрӯз дар ҷаҳон ҳар панҷ дақиқа пас, аз ин беморӣ 100 нафар мефавтад. Айни ҳол дар ҷаҳон тибқи иттилои СҶТ аз бемориҳои музмини шуш беш аз 210 миллион нафар одамон азият мекашанд, ки наздики 90 фоизи фавтидани он дар давлатҳои рушднакарда, дар ҳоли рушдёфта ва миёна рост меояд. Ба гуфтаи СҶТ соли 2020 бемориҳои музмини шуш ба зинаи панҷуми бемориҳои сироятии табобатнашавандаи глобалии ҷаҳон, ки ба фавт оварда мерасонад, дохил мешавад. Соли 2030 бошад ба зинаи сеюм мебарояд, мегӯяд директор Институти илиӣ-тадқиқотии Пулмонологӣ, академик Александр Чучалин. Имрӯз ин бемориҳо дар зинаи чорум қарор доранд, ки таҳдид ба саломатии аҳолии дунё мебошад. Сабабҳои асосии вусъат ёфтани ин беморӣ кашидани сигор, дуди сигор, ғализии ҳаво ва сари вақт табобат накардани шамолхӯрӣ арзёбӣ мешавад. Табибон бар он назаранд, ки дар тамоми олам истеъмоли тамоку яке аз хатарҳои хеле калон барои саломатии инсонҳо мебошад. Ин омил ҳамасола сабабгори марги қариб 6 миллион одам мегардад, ки аз ин шумора беш аз 5 миллион нафарашон дар байни истеъмолкунандагони кунунӣ ва собиқ истеъмолкунандагони тамоку, ҳамчунин беш аз 600 000 шахсони гирифтори таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст. Рустам Шамсиддинов, муовини директори Маркази саломатии шаҳри Душанбе вобаста ба бемориҳои музмини шуш дар яке аз суҳбатҳои худ ба радиои «Ховар» чунин гуфта буд: «Бемориҳои музмини шуш дар натиҷаи табобат накардан ва ё тӯл кашидани бемориҳои роҳи нафас пайдо мешаванд. Бемориҳои музмини шуш муолиҷанашаванда буда, бемор дар тӯли ҳаёт бояд пайваста таҳти назорати духтур бошад ва аз доруҳо истифода баранд. Бемориҳои роҳи нафас бештар дар фасли тирамоҳу зимистон авҷ мегиранд. Барои ҳамин пешгирии бемориҳои шамолхӯриву роҳи нафас кӯдакону калонсолон бояд роҳҳои пешгирикунандаи бемориро риоя кунанд». Ӯ таъкид менамояд, ки дар боғчаю мактаб мураббияву муаллимон нисбат ба кӯдакон набояд беаҳамият бошанд. Дар мавсими сард бояд аз нӯшокиҳои газнок ва

обҳои хунук худдорӣ ва ба қоидаҳои санитарӣ риоя кард. Ҳангоми сардии ҳаво бояд либоси мувофиқи мавсим пӯшид. Хеле хуб мешуд, агар мардум аз харидории маҳсулоти тезтайёр, ки дар берун нигоҳ дошта мешаванд ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй нестанд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми зоҳиршавии нишонаҳои аввали шамолхӯрӣ бояд ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат кард. - Мардуми мо як хислати бад доранд, ки ҳангоми бемор шудан ба худмуолиҷа машғул мешаванд. Пас аз 7-10 рӯз, вақте ки беморӣ вазнин мегардад, баъд ба духтур муроҷиат мекунанд. Чунин беаҳамиятӣ низ ба бемориҳои музмини шуш оварда мерасонад. Инчунин истифодаи доруҳои гуногун низ ҳолати беморро метавонад бад намояд, зеро организми ҳар шахс гуногун буда, ба ҳар нафар доруҳои алоҳида таъсир мерасонанд. Бемориҳои музмини шуш табобатнашавандаанд, вале табобати дуруст имкон медиҳад вусъати беморӣ пешгирӣ шавад,-меафзояд Р. Шамсиддинов. Тибқи пешгӯиҳои мутахассисони соҳаи тиб, агар солҳои наздик барои пешгирии ин беморӣ тадбирҳои зарурӣ андешида нашаванд, дар даҳ соли оянда миқдори фавт аз ин беморӣ беш аз 30 фисад меафзояд. Дар ҳамин ҳол Тахмина Меликова, мудири шуъбаи бемориҳои шуши Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб қайд кард, ки соли 2015 дар шуъбаи бемориҳои шуши кӯдакон ва калонсолони беморхонаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (Қараболо) 1355 нафар бемориҳои илтиҳобии шадиди шуш ба қайд гирифта шудааст, ки 723 нафарашро аз 1 то 14 сола ва 632 нафарашро аз 14 - сола боло ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли равон бошад, ин шумора 1204 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин аз 1 - сола то 14 - сола 693 нафар ва аз 14 - сола боло 511 нафар мебошад. Т. Меликова сабабҳои рушди бемориҳои шуш дар Тоҷикистонро ин дуруст истеъмол накардани хӯрок, чанги дарахти чанор, зиёд шудани нақлиёт сари вақт муроҷиат накардани шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан, муҳоҷирати меҳнатӣ, бемории зуком ва амсоли инҳо мебошад. Бадии кор дар он аст, ки шаҳрвандони ба бемории зуком наонқадар диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бемории зуком ин худ вирус аст, агар онро сари вақт табобат накунӣ он вазнин мешавад ва ба бемории шуш оварда мерасонад. Номбурда афзуд, ки барои пешгирии ин бемориҳо пеш аз ҳама бояд шаҳрвандон хӯроки болаззати витаминдорро бештар истеъмол намоянд. Сар задани аксарияти бемориҳо ин истеъмол накардан хӯрокӣ дурусту витаминдор мебошад. Агар дар як беморхонаи кишвар ин қадар бемориҳои шуш ба қайд гирифта шуда бошад, пас маълум мегардад, ки дар ҷумҳурии мо ҳам шумораи ин намуди бемориҳо зиёд аст ва ҳатто дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.

Ларза ба ҷои ханда дар филармония Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ханда ва табассум боиси рафъи хастагӣ мешавад ва сурати одамро зебо месозад. Инчунин ханда таҳаммули дардҳои ҷисмониро осонтар месозад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки 5 дақиқа хандаи аз таҳти дил муҷиби панҷ соат таскини дард мешавад. Бо дидани рекламае, ки дар оинаи нилгун нишон медоданд, хеле хурсанд шудем. Дар он гуфта мешуд, ки “27 ноябр, соати 16:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон театр студияи “Коно, Гулбаҳор ва Доно” бо номи “101 кило ханда” доир мегардад. Гурӯҳи “Ғарибшо” ҳамчун меҳмон дар он баромад мекунад”. Ин гуна намоишҳо, ки хеле кам баргузор мешаванд, мухлисони зиёд доранд. Мо ҳам тасмим гирифтем, барномаро тамошо кунем. Хонаводаи мо, ки мухлиси ҳаҷву ханда ҳастанд, ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, соати 15:30 ҳамроҳи апаам ба Филармонияи давлатӣ расидем. Чипта харидорӣ карда, дохил даромада, ҷойҳоямонро гирифтем. Толор пур аз тамошобин буд. Маълум мешавад, ки бисёре аз мухлисон барвақттар аз мо омадаанд. Дар толори хунуки филармония боз ним соати дигар интизор шудем. Ҳеҷ не ки барнома оғоз шавад. Дар ҳоле ки бояд барнома соати 16:00 оғоз мешуд, вале бо кадом сабабе соати 17 барномаро оғоз намуданд. Аҳли толор, ки ташнаи ханда буданд, бо кафкӯбӣ онҳоро пешвоз гирифтанд. Тақрибан як соати барнома гузашта буд, ки барқ хомӯш шуд. Толори филармония ба торикистон табдил ёфт. Гумон кардем, ки дарҳол масъулини он барқро дар гиронда, давоми барномаро пешкаш мекунанд. Аммо мутаассифона дар ин даргоҳи муқаддас на генератор вуҷуд доштаасту на касе парвои бебарқиро дошт. Ҳамин тавр, ним соат зиёдтар мо интизори барқ шудем. Хайрият, ки тамошобинон телефонҳои мобилӣ доштанду равшанӣ медоданд, то кӯдакону наврасон натарсида аз толор берун шаванд. Мардум шикояткунон ба берун баромаданд. Дар ҳоле ки билетро бо нархи 30, 50 ва ҳатто 60 сомонӣ харида буданд. Масъулини чорабинӣ бояд баромад карда, барномаро ба таъхир мегузоштанд ва мегуфтанд, касоне, ки чипта доранд, пагоҳ омада, давоми барномаро тамошо кунанд. Чунки мардум аз нони даҳонашон зада, билет харидорӣ кардаанд. Дар ин давраи буҳрони иқтисодӣ 50-60 ва ё 30 сомонӣ пули кам нест. Вале ин хел нашуд. Мо ҳам аз хунукӣ ларзида, маҷбур шудем баъди ним соати интизорӣ аз толор бароем. Ба гуфти Имом Содиқ (а) «Хушҳол кардани муъмин аз 10 ҳаҷ боарзиштар аст». Аммо хафа кардани муъминон чӣ? Басгул САФАРЗОДА, “ҶТ”


Дар саҳни бино дӯсти Аноҳита Зиёдулло танҳо бозӣ мекард. Беназир ба ӯ муроҷиат карда гуфт, ки дастпӯшакҳояшро пӯшида ояд, то ҳамроҳи Аноҳита бозӣ кунанд. Ҳар ду тайи ним соат бозӣ карданд. Орзуи барфаксозӣ карданд. Зиёд кӯшиш карданд, боз аз атроф сатили бекораро ёфта, чунон умеди созандагиашон боло гирифта, бо талошу пешниҳоду ғояву кӯмаки якдигар ҳама роҳҳои ҳадди қобилияту ҷаҳонбиниашонро истифодаву тай карданд, муяссар нашуданд. Аноҳита ноумед модарашро чун ҳамешагӣ барои имдод садо кард. Беназир барои ягона духтараш, ки ҳамеша омода аст бузургтарину муҳимтарин нақшаву корҳояшро мавқуф гузорад, барои барфисозӣ поин фуромад. Дид, ки дар ҳақиқат барф хушк асту барои чизе сохтан часпиданӣ надорад. Кӯдаконро дилдиҳиву дилпур кард, ки айб дар барф аст, на дар шумо, доночаҳо. Ду ҳамсоязани хонанишин - Мавзуна ва Раҳимахон ба самти муқобил мерафтанд. Яке ба Аноҳита шӯхиомез гуфт: “Очат бекор мондаст?” Дигарӣ аз Беназир пурсид, ки “Барфбозӣ дорӣ?” Беназир ба онҳо ҷавоби мувофиқ медоду бо кӯшиши зиёд умеду хоҳиши кӯдаконро амалӣ кардан мехост. Маро ин ҳолат пеши назар як субҳи пурдаҳшати зимистони соли 1995-умро овард. Дар он рӯзҳои сарду хароб пайи як бурда нон аз ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба пойтахт ҳамроҳи духтарчаи 10-солаам меомадем. Он рӯз ман бо ду сумкаи пури нон пеш-пеш мерафтаму як сумкаи нисбатан хурд дар дасти духтарам аз ақиб меомад. Пойафзоли резиниаш пуроб шудаву саропо ба ларзаву гирён оварда будаш.

Як истгоҳ дасту пояшро дар кафи дастон соиш додаму бо ҳастии нафас гармӣ бахшидам, вале ягона илоҷ танҳо суръати ҳаракатро сӯи хона зиёд кардан, ки буд, ҷигарсӯхтаву даступохурда равон шудам, то кӯдак пайравӣ кунад. Ногоҳ садои дилхарош кард, дарҳол баргашта бинам, саге мӯзаашро бо дандон дошта мекашад. Хун ба сарам зад, чунон бо ваҳшати ғазаб ба ӯ дармеафтидам, ки пора-порааш кунам, гурехт. Хонандаи азиз, он духтарчаи 10-сола ҳамин Беназирам буд, ки алҳол паси тиреза баъди 21 сол барои духтараш боҷаҳд барфак месохт. Ман дар он ҷаҳди дастон ҳам алами кӯдакиаш хондам, ки мисли олами кӯдакони дигари он замон берангу бӯй ва бисёр талху сангин буд ва ҳам натиҷаи дарси андӯхтаи таърихи бевосита ҳаёти пуррангаш буд, ки як ҷаҳон муҳаббатро то решаҳои ҷонаш нисбат ба фарзанд ҳосил додаву шукронаву санохониро ба шароити имрӯзи осудаву пурнеъмат. Маро дарку фаҳмиш ҳамин гуна бурд пешу қафо, вале ҷаҳди ӯ бозгӯи аҷаб дунёе буд, муассиртару пурмаънӣ. Садои пурғулғулаи шодиву сурури кӯдакон ба худ овардам. Бинам барфак сохта шудааст, бисёр бузургу зебо. Анаҳита бо дӯсташ ҷаҳидаву хурсанд аз баргу шохаҳои хазонрехта даҳону бинӣ ва чашму мӯй меороянд. Беназир, ки аз дасти нияту корҳои зиёди кориву хонагӣ ҳар дақиқаву соати рӯзашро аз рӯйи нақша самаранок сипарӣ мекунад, аллакай дар пасам косаву табақи ношторо мешуст. Паси шиша хурӯши кӯдакон торафт зиёд шуд, нигарам, аллакай сафи онҳо хеле афзудааст. Мушоҳидаамро идома додам. Чанд кӯдак хоҳишу кӯшиши зиёди шикастани барфакро карданд, вале аз ҳароси назорати модари Аноҳита муяссар нагаштанд. Дар он миён писари бузургтаре, тахмин 10-11-сола хост ба он идеяҳои худро ҷорӣ кунад, ба барфак аз барф гӯш созад, вале Аноҳита ба ин розӣ намешуд. Ду-се писари дигарро ба сохтани барфаки нав ҷалб карду бо ҳамон сатили бекора зиёда аз як соат зиёд қувва сарф карданд. Модари яке аз духтарони гурӯҳи дигар - Шоистамо ногоҳ ба майдон бошаст ворид шуда, барфаки бачаҳоро бо ҷурми шикастани барфаки духтарон бо лагад барҳам зада, дашномкунону

таҳкирзанон бозпас нопадид шуд. Азбаски кӯдакон зиёд буданду бо назардошти синну сол, ҷинс ва пайвандӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда буданд, шикастани барфаки духтаронро мушоҳида накардам, вале аз ин рафтори зани корманд хиҷолатманду ваҳшатзада гаштам. Дар он миён духтари лоғараку кабудгаштааш ба чашм хӯрд, ки бедастпӯш ларзону ҳаросон сарсони бозӣ буд. Се фарзанди Раҳимахон низ дар он миён бедастпӯш бозӣ мекарданд. Пештар ба онҳо чашмам хӯрда буд, ки бо ҳавасу умед аз барфаки Аноҳита дидану ламсидан мекарданд ва чун майдон шавқу ранг гирифт, дар гурӯҳи ҳамсолонашон маъюсонаву пархошгар пайвастанд. Ҳол он ки Раҳимахон бо чанд модари ин кӯдакон дар як гӯшаи дигари майдон чун ҳамешагӣ баҳонаи кӯдакон дар беруну пушт сӯи кӯдакон суҳбати гарму дарозе доштанд. Аз фаҳмишу рафтори Раҳимахону Шоистамо бо он суолу амали соддалавҳонаашон ва ҳоли бисёр ногувору дардноки фарзандонашон ғарқи андеша гаштам. Аз ин ду зан, ки яке бемаълумоту дигарӣ маълумотдору корманд буд, бардошти якхелаи нафратовар бурдан бароям гарон уфтод. Барои ҳар хонандаи соҳибназари ин сатрҳо низ яқин маълум аст. Вале таассуф он аст, ки ба ин монанд ҳодисаҳои кӯтоҳназарии нанговар зиёданд дар ҷомеа, ки моро дар ин шароити арзандаи шукру муҳаббат ва рӯ ба сӯи худшиносиву худафрӯзӣ бетараф намегузорад. Агарчи ҳолату ҷаҳонбинии онҳоро фаҳмидан мумкин, вале бар ҳеҷ ваҷҳ дар ин шакл қабул кардан ҷоиз нест. Чун ин воқеияти мушоҳидаҳоро шабеҳи ғизои тавонбахшу хушҳазми маънавӣ ба аҳли истеъмолгарони закӣ нисор месозам, дигар ҷои суханбозиву маъниофарӣ намебинам. Баъди солҳои бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ноилоҷ тавассути Воситаҳои ахбори омма шеъру тарона ва насиҳату андарз мехондем, ку- нун дар вартаи ҷаҳонишавию а с р и

илму техника танҳо иқдому ташаббускорӣ қудрат дошта метавонад. Ҷомеаи мо, ки хушбахтона имрӯз дар роҳи пешрафту саодат ҷавонҳои ҳушманду бофаҳме ба миён меорад, дар ин майдон низ аз он зумра зуҳур кард. Писари тахмин 19-20-солае барои додараш барфак дуруст кард, ки назди он кӯдаконро бо телефони дастиаш сурат гирифт. Кӯдакони дигар бо ёрии кӯдакони бузургтар барфакҳои зебо офариданд. Аз шавқи бозиву ҳарорати офтоб сарпӯшу гарданпечҳояшонро ба сару рӯи барфакҳояшон мекашиданду рангорангиҳову хушҳолиҳо табъамро болида сохт. Беназир Аноҳитаро ба хӯроки нисфирузӣ фарёд карду ӯро тибқи реҷаи рӯзаш хобонд. Ман акнун бо иштиҳо хӯрок мехӯрдаму 5-соатаи мушоҳидаҳоямро таҳлил мекардам. Ба Беназир аз мушоҳидаи як рӯзи дигари гармиҳои қароқи тобистон ҳам иқрораш гаштам, ки зери тафси офтоб ҳавзчаи оббозӣ гузошта буду ҳам назорату муҳаббати духтарчааш мекарду ҳам дугонаву дӯстони ӯро бо мақсади устувориву афзояндагии рафоқаташон ба оббозӣ иҷозат медод. Пасон дар хона аз сараш гулобиоби ширгарм (аз маргансовка) мерехту ӯро мехобонд. Аноҳита аз чунин рӯзҳои пурбораш, эҳтироми тамоми кӯдакони кӯча нисбаташ ва комгориву комрониҳояшро зиёд бошавқу қаноатмандӣ бароям нақл кардааст. Тӯли 40 соли фаъолияти омӯзгорӣ ба чунин масъалаҳо зиёд зеҳн мемонаму дар тарбияи насли худу ҷомеа якрангу баробар тадбир меҷӯям. Инро донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ хеле хуб медонанду мегӯянду мефахранд. Бо чашидани шаҳди зиёди ғолибиятамон дар ҳар мусобиқаҳои варзишии ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ин муносибат, муҳаббат ва қаноат ҳосил шудааст. Ягона орзуи инсониву виҷдони омӯзгориам дар роҳи рушди фарзандони диёрам низ камолоти солиму солеҳи маънавии онҳост, ки ҳар яки мо - шоҳидони давру солхӯрдаву нонхӯрдаву мағзи расидаи ин миллат вазифадорем! Гулазор САРФАРОЗОВ, Аълочии маорифи Тоҷикистон

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

МИНБАРИ АНДЕША

Насли ниёзманди меҳр

Имсол сардиҳо барвақт, аз 15-уми ноябр сар шуд. Субҳи 26-уми ноябр бошад, барф дар Душанбе ним метр борид. Вале мисле, ки муҳаббати табиат ба табақаи нигарону беғаши замин – кӯдакон бошад, маҳз рӯзи истироҳат рост омаду хеле офтобӣ шуд. Дар меҳмонии духтари хурдиам Беназир будам. Набераи 6-солаам Аноҳита бо дидани манзараи дилхуруши берун аз шодӣ либосҳояшро намедонист чӣ хел пӯшад. Беназир ӯро гармакак пӯшонида, берун фиристоду аз пешайвони хона назораташ кард.


8

Абдураҳмон ХОНОВ:

мамлакат ва Пешвои сиёсии мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. - Ба андешаи Шумо, кадом омилҳое будаанд, ки боиси ба вуҷуд омадани проблемаи шомилшавии ҷавонони мо ба ҳизбу гуруҳҳои террористиву ифротгаро шуданд? - Ҷавонон дар чаҳорчӯби Конститутсия, ки бар асоси таҳлилҳои ҳамаҷониба ягона роҳи дуруст интихобнамуда бо дарназардошти хусусиятҳои милливу нажодӣ, урфу одат ва дину ойини мост, бояд фаъолият менамуданд. Аммо кадом омилҳо боис гардид, ки чунин як идеологияи мукаммал ва қавӣ аз ҷониби насли ҷавон, махсусан дар маҳалҳо нодида гирифта шуд? Сабаби нахустин дар расонида натавонистани идеологияи пурмуҳтавои давлат тавассути корҳои таблиғотӣ ва маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ дар сатҳи маҳалҳост. Замоне ки дар маҳалле холигии идеологӣ ба

ти ибтидоии динӣ мебошад. Мақсади наҷиби Сарвари давлат низ аз мунташир намудани китоби «Қуръон» ва тафсири он дар арафаи Иди Қурбон маҳз иборат аз шинохти дурусти дини ислом ва маҳви бесаводии мазҳабӣ буд. Ғояҳои аслии дини мубини ислом ва тамоми дину мазҳабҳои дигар бар асоси тафаккури инсондӯстона, эҳтиром ба ақидаи ҳамдигар, ҳамзистиву бародарӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа бунёд ёфтааст ва он ҳама гуна тундравӣ, бадбиниву хушунат ва ҷангу ҷидолро, ки ҳизбҳои ифротгаро таблиғ мекунанд, шадидан маҳкум менамояд. Ҳарчанд зоҳиран ҳизбу ҳаракатҳои тундрав барои ислом «хидмат мекунанд», аммо дар ҳақиқат онҳо душманони аввалиндараҷаи ислом ва мусулмононанд. Мардуми Тоҷикистон, ки соҳиби имони қавӣ, вале дар муқобили он саводи заифи мазҳабист, туъмаи хубе барои чунин гуруҳҳо ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, таҳия ва коркарди барномаи мушаххас дар бораи дин, ки роҳҳои муассири татбиқи потенсиали динӣ ба фо-

- Терроризму экстремизмро Шумо чӣ гуна шинохтед: онҳо чӣ гуна зуҳурот ҳастанд ва ба ҷомеаи ҷаҳон чӣ гуна хатарҳо дошта метавонанд? -Моҳияти асосии терроризмро дар сатҳи илмӣ ё байналмилалӣ то ҳозир мушаххас накардаанд. Яке аз мушкилоти асосии мубориза бар зидди терооризм ҳам то ҳол ба таври мушаххас муайян нашудани мафҳуми терроризм аст. Эътироф бояд намуд, ки абарқудратҳои ҷаҳон муборизаи зидди терроризмро мақсади асосии худ эълон карданд, вале то ҳол ҳатто кӯшиш ҳам накарданд, ки маҳфуми терроризмро барои ҷаҳониён як хел ташреҳ намоянд. Амрикоиҳо касеро, ки мухолифи андеша ва ё хостаҳои онҳо аст, террорист эълон менамоянд. Лекин бояд ин тавр набошад. Террорист ва терроризм дар сатҳи байналмилалӣ бо илм исбот карда шавад, ки террорист кӣ ҳасту терроризм чӣ аст? Имрӯз ҳар кас аз нуқтаи назари худ ва манфиати худ ба ин баҳо медиҳанд. Барои таъин намудан ва дар сатҳи ҷаҳон қабул намудани маҳфуми терроризм бояд миёни давлатҳои абарқудрат ваҳдати назар ба вуҷуд биёяд. Ба андешаи ман, вақте манфиатҳои милливу давлатиро, ки онҳо дар Конститутсия бо раъйу эътирофи шаҳрвандон мушаххас шудааст, касе вайрон кард, яъне хилофи арзишҳои милливу давлатӣ амал кард, ӯ террорист ё экстремист аст. Аммо мардуми мо азбаски маърифати ҳуқуқиашон бениҳоят паст аст, қонунро намедонанд, аз ин рӯ, ба ҳадди ифроту тафрит мераванд. Мутаассифона, имрӯз аксари мардум Конститутсияро намедонанд, баъзе зиёиён, олимон ва донишҷӯёни фаъол

вуҷуд меояд, ҷои он холигиро идеяҳои нав ишғол менамоянд. Дар натиҷа, боварии ҷавонон нисбат ба идеяҳои низоми давлатдорӣ заиф мегардад ва онҳо ба самти идеологияи вайронгари бегона кашонда мешаванд. Зеро инсон мавҷуди зинда аст ва табиатан, ба сӯи чизе меравад, ки ҳамеша фаъол ва дар ҳоли ҳаракат аст. - Чаро аз байни тамоми қишрҳои ҷомеа маҳз ҷавонон ҳадафи ин гуруҳҳо қарор гирифтаанд? - Сабабҳои гуногун вуҷуд дорад, аз ҷумла беадолатӣ, фасоди иҷтимоӣ масоили иқтисодиву иҷтимоӣ. Ташкилоту ҳизбҳои ифротгаро, аз қабили Ҳизби таҳрир, ҷунбиши «Салафия», ташкилоти ғайриисломии «Сонмин» ва дигар созмонҳои иртиҷоӣ аз тарафи муассисони хориҷиашон пайваста маблағгузорӣ мегарданд. Чаро масалан, Ҳизби таҳрир дар мамлакатҳои исломӣ тарафдор надорад, вале дар кишварҳои Осиёи Миёна сафи пайравонаш дар ҳоли афзоиш аст? Имрӯз дар байни ҷавонон теъдоди эҳтиёҷмандону бекорон зиёд гашта истодааст. Бинобар ин, дар доираи имконоти буҷаи ҷумҳурӣ фишангҳои амалӣ гардидани барномаҳои қабулгаштаи давлатиро, ба монанди «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ», хусусан, дар сатҳи маҳалҳо бояд хуб ба роҳ монд. Ҳамчунин, ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва додани қарзҳои бефоиз бар асоси рӯйхати тартибдодашуда дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо аз манфиат холӣ нест. Яке аз сабабҳои муҳими шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои иртиҷоӣ надоштани маърифа-

идаи ҷамъиятро муайян месозад, ба нафъи давлат хоҳад буд. Дар радифи сабабҳои дигар метавон маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро баршумурд. Бо вуҷуди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаи иттилооти ҷаҳони муосир аксари ҷавонони содаву зудбовар хабар надоранд, ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд? Онҳо чӣ ҳадафҳоеро дунбол мекунанд ва натиҷаи фаъолияти пайравони ҳизби мамнуъ бар зарари кӣ тамом мешавад? Дар ин замина чоп ва таблиғи дастуруламалҳо оид ба шинохти моҳияти ин гуна ташкилотҳо, суҳбатҳои доимии равшанфикрон тавассути расонаҳои хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд. - Шумо яке аз омилҳоро ба беадолатӣ ва фасоди иҷтимоӣ марбут донистед. Ҳамин омилро мехостем камтар равшантар мефаҳмондед? - Ҷавонон қишри бениҳоят ҳассос, баландпарвоз ва дорои романтизм мебошанд. Ҳангоми мушоҳидаи хурдтарин омили каҷравиву фасод, аз қабили коррупсия, дурӯғи калонсолон ва умуман, иҷро нашудани идеяҳои низоми давлатдории демократӣ аз ҷониби масъулин дар маҳалҳо, нисбат ба фардои ҷомеа бовариро аз даст медиҳанд ва эътиқоду боварашон зуд мешиканад. Ҳамин гуна нобоварӣ ва заъфи эътиқод ба ояндаи равшан боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва ҳатто даст ба ҷинояткориву худкушӣ заданашон ҳам мегардад. Ма-

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

СУҲБАТИ “ҶАВОНОН”

Шароити имрӯзаи зиндагии мо тақозо менамояд, ки ба омилҳо, зуҳурот ва рӯйдодҳо, аз қабили терроризму экстримизм, ки ҳаёти инсониятро доғдор намудаву ба суботу амнияти кишварҳо ва дар маҷмуъ ба ҳаёти инсоният таҳдид менамоянд, таваҷҷуҳ намуда, баҳри рафъи онҳо бояд роҳҳои ҳал ҷустуҷӯ намоем. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар сокини сайёра аст. Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд”. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди ин гуна зуҳурот дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва эътироф менамоянд. Чанде пеш дар Академияи илмҳои Тоҷикистон доир ба роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои террористиву ифротгаро ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣамалӣ доир шуд ва мо бо яке аз иштирокчиёни ин конфронс Абдураҳмон Хонов, раиси Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем.

Ба равоншинос медонанду халос. Қисми зиёди аҳолии кишвар аз муҳтавои асосии қонунҳои амалкунанда қариб ягон огаҳӣ надоранд. Ҷавонон қишри ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва азбаски донишу фаҳмиши онҳо комил нест, аз тарафи гуруҳҳои манфиатҷӯ сӯистифода мешаванд. Мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони то 30-сола 70%и аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас аз ин бармеояд, ки вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҳамин қисми асосии мамлакат – ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Ин ҷо саволе ба миён меояд: чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардуми хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва зуҳуроти шайтонӣ рӯбарӯ шуд? Мутафаккири бузург Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад». Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он ки аз ҷониби роҳбарияти олии


салан, як нафар ҷавон барои гирифтани замини хона ба ягон мақомоти давлатӣ корафтода мешавад. Ӯ бениҳоят эҳтиёҷманд аст. Ба кумитаи замини ноҳия дар асоси ариза муроҷиат мекунад. Ин мақом то “пора” ё “ставка”-и худро нагирад, кори он ҷавонро ҳал намекунад. Ҷавон, ки маблағи талабкардаи кумитаро надорад, аз ин ноумед мешавад. Дар асоси қонун ҳам талаб мекунад, аммо натиҷа намедиҳад. Ин гуна муносибат ҷавононро мешиканад. Мо вақте ки сиёсати давлату ҳукуматро ҳамчун ниҳоди сиёсӣ таблиғ мекунем, мегӯем, ки дар 25 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бениҳоят бузург ноил гаштем, аммо дар мақомоти давлатӣ зидди таблиғкардаи мо кор карда, ба порагирӣ даст мезананд, бадбахтӣ аст. Мутаассифона, мақомоти давлатӣ ин корро мекунанд, ки шахсро ғамнок мекунад. Аз хотир набарорем, ки ҳамаи инро мардум баҳо медиҳад. Ман метавонам садҳо мисол вобаста ба ноадолатии иҷтимоӣ биорам. Аммо барои аз байн бурдан ё кам кардани но-

номаи таълимӣ дар мактабу донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат омӯзонда шаванд, барои он ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти моро фаро мегиранд ва як дастур ё роҳнамои беҳтарин ба шумор мераванд. - Шумо яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоиро аз паст будани донишҳои диниву дунёвӣ, надоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҳисобидед. Аммо имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки дониши хуби диниву дунявӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ доранд, вале боз ҳам ба ин гуруҳҳо шомил шуда истодаанд...? - Ин ҳолат ҳам ҳаст, аммо хеле кам. Шахсе, ки дониши мукаммали ҳам диниву ҳам дунявию ҳам ҳуқуқӣ дошта бошад, ӯ ба ягон гуруҳ пайваст намешавад. - Чуноне ки огаҳ ҳастем, гуруҳҳои ифротӣ барои ҷалб кардани ҷавонон бештар аз равоншиносон истифода мебаранд. Имрӯз беш аз 10 ҳазор сомонаву саҳифаҳои иҷтимоӣ дар интернет ба мағзшӯии ҷавонон машғул ҳастанд. Агар тадқиқ карда баро-

ҳам бояд бошад. Дар баробари тоҷирони боқувват доштан, техиникаву технологияи замонавӣ доштан, мо бояд равоншиносу ҷомеашиносӣ ихтисосманд дошта бошем, ки онҳо набзи ҷомеаро донанду дарк кунанд ва ба мардум фаҳмонида тавонанд. - Ҳамчун як мутахассиси соҳа, ки солҳои зиёд дар мақомоти кор бо ҷавонон фаъолият доштед ва ҳамчун масъули як ниҳоди муҳими сиёсӣ фаъолият доред ва ҳамарӯза ин гуна масъалаҳоро пайгирӣ мекунед, мехостам пешниҳодҳои худро барои ҳалли ин масъала иброз намоед? Боз кадом корҳоро анҷом додан зарур аст, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро гирем? - Чанд роҳе ҳаст, ки фикр мекунам барои ҳалли ин мушкилот муассир мебошад: √ аз ҳама беҳтарин роҳи пешгирии ҷавонон аз ифротгаро шудан усули “ҳамсол ба ҳамсол” мебошад. Ҷавонони фаъол байни ҷавононе, ки аз илму тарбия дур мондаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ

хуб дода тавонанд. Имрӯз пеш аз ҳама мардуми мо, махсусан ҷавонон маърифати баланди сиёсиро бояд омӯзонд, чунки имрӯз ҷаҳон сиёсӣ шудааст. Агар мо фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошем, рӯйдодҳои сиёсии оламро нозукона баҳо дода метавонем. Нақши ВАО дар ҳамин масъала бисёр муҳим аст. Масалан, телевизион барномаҳои хуби сиёсиро ба роҳ монад, рӯзнома, ҳафтанома ва моҳномаҳо мавзуъҳои сиёсиро нозуконаву борикбинона бояд бештар шарҳу тафсир намоянд. Имрӯз қариб дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои кишвар факултаи филология ҳаст ва ҷавонон дар он таҳсил мекунанд. Аммо дар ҳама минтақаи кишвар зимоми сухан ва минбарҳо дар дасти нимчамуллоҳо аст. Пас, маълум мешавад, ки дар муассисаҳои олии мо филологи ҳақиқӣ тайёр намекунанд. Донишҷӯёне, ки факултаҳои филологиро хатм кардаанд, ҳатто 10 фоизи осори гузаштагонамонро намедонанд. Агар дар минтақаҳо филологҳои ҳақиқӣ байни сокинон мебуд,

адолатии иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бояд мардум худаш фаъол шавад, дониши хуби ҳуқуқӣ гиранд, нозукиҳои масъаларо хуб омӯзад. Аҳолӣ бояд ҳаққу ҳуқуқи худро талаб карда тавонанд. Ба воситаи мардум агар кори ношаффофи баъзе мақомоти давлатиро фош карда тавонем, дар ин ҳолат мубориза бо чунин мақомоти порагир хеле осон мешавад. - Фазои идеологиамон то кадом андоза дар хатар аст? Имрӯз дар фазои идеологии мо кадом камбудиҳо мушоҳида мешавад? - Вақте мо корҳои таблиғотӣ ё идеологиро ба роҳ мемонем, як ҳамоҳангию ҳамкорӣ байни мақомот бояд бошад. Ягон дастур ё як барномаи мушаххас аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия шавад, ки ҳадафи ягона дошта бошад. Ҳатто бояд ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба гуруҳҳои корӣ ҳамроҳ карда шаванд. Ҷомеаи мо шаҳрвандӣ аст ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт хеле нақши бориз дошта метавонанд. Барои паст кардани шиддати ифротгароӣ байни ҷавонон мавриди омӯзиши доимӣ қарор додани маърӯзаву суханрониҳои Пешвои миллат муҳим аст. Дар тамоми мулоқоту машварат ва паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои идеологӣ дар мадди аввал аст. Идеяву низоми давлатдориамон бисёр мукаммал аст. Аз ҷониби Президенти кишвар роҳи ояндаи мо барои садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо муайян шудааст: самт куҷо ҳасту ба куҷо бояд равем. Роҳе, ки имрӯз интихоб кардаем, тамоми ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳон дар ҳамин роҳанд. Барои ҳамин, пешниҳод мекунам, ки китобу маърӯзаҳои Пешвои миллат ҳамчун як бар-

ем, ҳар саҳифаи иҷтимоиро як равоншиноси ҳирфаӣ роҳандозӣ ва идора мекунад. Яъне, ба камиаш 10 ҳазор равоншиноси касбӣ ба ҷалби ҷавонон барои шомил кардан ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ фаъолона хизмат карда истодаанд, мағзшӯёне, ки тавассути дигар усулу принсипҳо корашонро пеш мебаранд, ҳисобашон гум аст, ҳеҷ кас онҳоро мушаххас карда наметавонад. Аммо ҷомеаи мо дар умум, аз надоштани равоншиносони касбӣ азоб мекашад, чунки шумораи онҳо ниҳоят кам аст. Мехостам дар ин бора андешаатонро гӯед: чаро то ҳол мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ надодаем? - Паҳлӯи нозуки масъаларо шумо бисёр хуб дарк кардед. Имрӯз мо дар ҷомеа равоншиносону ҷомеашиносони ботаҷриба ва касбӣ бояд дошта бошем, ки байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро бештар амалӣ намоянд. Кишвари мо солҳои охир ба равоншиносу ҷомеашинос бениҳоят эҳтиёҷ дорад. Ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳон аз нерӯи равоншиносону ҷомеашиносон бисёр хуб истифода мебаранд ва ҳамин тавр

гузаронанд, хусусан, дар бораи терроризму экстремизм. Касе ҷавонро ба монанди ҳамсолаш фаҳмида наметавонад. Масалан, ман фарзанди худро баробари дӯсташ, ки ҳамсолаш аст, хубтар фаҳмида наметавонам. Писарам тамоми розу дили худро на ба ман, балки ба дӯсташ мегӯяд. Ин қонуни нонавиштаи табиат аст, хоҳем нахоҳем чунин мешавад. Принсипи “ҳамсол ба ҳамсол”-ро чанд вақт шуд, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ мондааст, ки хеле хуб ва саривақтӣ мебошад. Чунин иқдом натиҷаи назаррас низ дода истодааст. Хуб мешавад, ки аз ин роҳ боз ҳам бештар истифода барем, ҷавонони ватандӯст байни ҳамсолонашон кор баранду пеши роҳи онҳоро аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иротиҷоӣ гиранд; √ ҷавонони мо баъзе масъалаҳоро баҳои сиёсӣ дода наметавонанд. Як воқеаи хурдакак ё рӯйдоди сиёсӣ, ки дар Амрико мешавад ё дар дигар кишвари Аврупо таъсираш ҳамон замон ба мо мерасад. Ҷавонони мо бояд ғурури баланди миллӣ дошта бошанд, рӯйдодҳои сиёсиро баҳои

онҳо ҳеҷ гоҳ лаҷоми сухан ё минбарро ба чалламуллоҳо намедоданд. Проблемаҳое, ки имрӯз дар хусуси онҳо баҳс рафта истодааст, аз ҷумла сатр бастан ё риш мондан, дар осори ҳамаи бузургони мо баррасӣ шудааст. Агар адабиётшиносон асарҳои гаронбаҳои гузаштагонамонро хуб донанду онро ҳазм карда бошанд ва байни сокинон ва махсусан ҷавонон талқин карда тавонанд, дар ин ҳолат фазо холӣ намемонад; √ имрӯз мақомоти масъули давлатие, ки дар минтақа фаъолият мекунанд, корашон бениҳоят суст аст. Масалан, чаро нозири минтақавӣ фақат дар ҳолати ҷиноят содир кардан ба деҳаҳо ва танҳо ба хотири доштани ҳамон ҷинояткор меравад? Онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ намераванду дар бораи қонунгозориҳои кишвар бо наврасону ҷавонон суҳбат намекунанд. Ҳамин ки қонун вайрон карда шуд, саросема дар ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд. Охир беҳуда нагуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Имрӯз вақти он расидааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон бештар карда шавад, то ки фазои идеологӣ пур гардад;

эҳтиёҷ дорем

9

√ ду тамоюли бисёр номатлуб байни ҶАВОНОНИ ҷавонон, ки ТОҶИКИСТОН, солҳои охир №48 (9474), бисёр реша 01.12.2016 давонда и с т о д а а с т, СУҲБАТИ “конфор“ҶАВОНОН” мизм” (роҳатталабӣ) ва “эгоизм” (худхоҳӣ) мебошад. Имрӯз ҷавони мо мехоҳад, ки бе меҳнату машаққат соҳиби як зиндагии бодабдабаву бошукуҳ шавад. Ин омили баде аст, ки бояд пешгирӣ карда шавад. Чунки имрӯз эмиссарҳои хориҷӣ барои шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ маблағи муфт пешниҳод менамоянд. Бархе ҷавонони содаи мо, ки роҳҳаттлабиро дӯст медоранд, ба ин ваъдаи дурӯғи эмиссарҳо бовар карда ворид гуруҳи ифротӣ мешаванд. Оё ягон кас имрӯз бе манфиат ба шахси дигар пул медиҳад? Албатта, не! Инҳо дардҳои ҷомеаи мо ҳастанд, ки ислоҳ мехоҳанд. Ин масъалаҳо дар мактабу коллеҷҳо ва донишогоҳу донишкадаҳо ҳангоми дарсҳои тарбиявӣ бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонда шавад. Вале имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ соатҳои тарбиявӣ як чизи нолозим шудааст, ягон барнома ё мавзӯи мушаххас нест, ки ҳангоми чунин дарсҳо ба ҷавонон фаҳмонанд. Бигзор соатҳои тарбиявӣ бештар ба шарҳи мавзуъҳои актуалии ҷомеа, хоҳ сиёсиву иқтисодӣ бошад ва ё иҷтимоиву фарҳангӣ, бахшида шавад, то ҷаҳонбиниву маърифати ҷавонон васеъ гардад. Имрӯз масъалаи терроризму экстремизм тамоми ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан ниҳодҳои қудратиро ба ташвиш овардааст. Онҳо барои пешгирии он байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, конфронсу мулоқоти рӯ ба рӯ ташкил мекунанд. Чуноне ки мушоҳида мешавад, ин усулҳо то дараҷае садди роҳи паҳншваии тундгароиву терроризмро дар кишвар гирифта метавонад, аммо чунин чорабиниҳо бояд дар байни шаҳрвандоне доир карда шаванд, ки аз таълиму тарбия дур мондаанд, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок намекунанд, худро аз ҷомеа канор гирифтаанд. Чунки онҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ниёзи бештар доранд. Масалан, имрӯз дар як минтақаи кишвар мулоқот бо ҷавонон гузаронида шавад, танҳо ҷавонони фаъолро ҷамъ меоранд ва ин ҳам бо толорҳои мақомоти ноҳия маҳдуд мемонад. Ҷавонони фаъол ба ин гуна муолоқот он қадар эҳтиёҷ надоранд, зеро онҳо аллакай хубу бадро шинохтаанд. Ин гуна суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо аҳолӣ, хусусан бо ҷавонон бояд дар деҳаҳо, ҳатто дар ҳар кӯчаву гузару маҳалла доир карда шавад. Ман бовар дорам, ки ин натиҷаи дилхоҳ медиҳад. - Барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво ташаккур! - Саломат бошед! Мусоҳибон Бахтовар КАРИМЗОДА, Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ватанро бо ифтихор дӯст бояд дошт

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Ӯро дар ҷои хизмат саргарми кор дарёфтам. Дар пайи иҷрои супориши ҷангӣ бо тобеъон машқу тамрин мегузаронд. Аз ҷиддият ва виқору салобате, ки дар симои зоҳириаш ҳувайдо буд, аён мегардид, ки ба касби пешанамудаи хеш муҳаббату дилбастагии зиёд дорад. Вожаҳои Ватан-Модар, сулҳу субот, озодиву истиқлол, ифтихори ватандорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ барояш арзиши бузург доранд. Аз пешрафту комёбиҳои халқу миллати худ меболаду бо дилу ҷон пайи хизмати софдилона баҳри ободии Ватани азизи худ мекӯшад. Дар ин ҷода худро комёб низ мешуморад. Подполковник Ҳафиззода Ҷамшед аз зумраи афсаронест, ки ҷасорати қавӣ ва иродаи шикастнопазир дорад. Хизматро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо амри дил интихоб намудааст. Суҳбати мо бо Ҳафиззода Ҷамшед сари мавзӯи муҳаббат ба Ватан, ба касбу кор, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу суботи кишвар сурат гирифт. - Чаро маҳз пешаи афсариро ихтиёр намудед, ин тақозои замон буд, ё хоҳиши волидон? - Дар оилае, ки ман ба воя расидаам, аксарият хизматчии ҳарбианд. Кору пайкори амакам генерал-майор Ҳафизов Ҳакимшоро барои худ омӯзанда меҳисобам. Падарам ҳамеша кӯшиш менамуд, то мо, фарзандонро аз хурдӣ дар рӯҳияи далериву мардонагӣ ва мушкилнописандӣ тарбия намояд. Кӯшиш намудаам, то аз тамоми илмҳои замона бархурдор бошам. Ман ҳамеша дар симои низомиён ашхоси матину қавиирода ва посбону ҳомии содиқу вафодори на танҳо оила ва наздикони худ, балки тамоми халқу миллатамро медидам. Аз ранҷу заҳмат, душворӣ ва маҳрумиятҳои тоқатшикани хизмати афсарӣ ҳанӯз аз хурдсолӣ огаҳ будам. Медонистам, ки роҳи интихобнамудаам ҳамвор набуда, шебу фарози зиёд дорад, ранҷу азоб ва ҷоннисориҳои ҳамешагиро тақозо мекунад, медонистам, ки ҳамеша бо тамоми ҳастӣ дар дифои Ватан будан ва барои ҳифзи ҳар як зарра хоки он сина сипар намудан рисолати асосии хизматчии ҳарбӣ буда, ҳамзамон ӯро қабл аз ҳама чун инсони комил ба камол мерасонад. Ин буд, ки беихтиёр тақдири минбаъдаи худро ба ин касб пайвастам. - Мафҳуми Ватан ва ватанпарастӣ аз нигоҳи Шумо? Киро метавон инсони ватандӯсту ватанпарвар номид? - Ватандорӣ мояи ифтихори ҳар фарди баору номус аст. Дар ҳама давру замон барои халқу миллати мо ватанпарастӣ яке аз арзишмандтарин муқаддасот ба ҳисоб рафта, гузаштагонамон оид ба тарбияи

ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба тамаддуни башар осори ҳикматбор ба мерос гузоштаанд. Ҳамин худшиносию худогоҳии миллат буд, ки ҳаводиси маргбори таърих натавонист моро аз байн барад, балки дар ҳама давру замон онҳое, ки ба сарамон теғ мекашиданд, ба тафаккури ҷаҳонсози ниёкони мо рӯ ба рӯ гашта, қурбони теғи обдори ҳикмату фазилат мешуданд. Осори таърихӣ аз қаҳрамонӣ ва шуҷоати халқи тоҷик дар мубориза ба муқобили Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темурланг ва дигар истилогарони аҷнабӣ шаҳодат медиҳанд. Мисраъҳои ҷовидонаи ватандӯстонаи Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳама давру замон роҳнамову роҳкушои мо буданду ҳастанд: Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. Тарбияи ватанпарварӣ маънои ташаккул додани инсонро дошта, ҳадафи он дар ниҳоди наврасону ҷавонон парваридани хислатҳои мардонагиву далерӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Беҳуда нест, ки хизмати ҳарбиро мактаби ҷавонмардӣ меноманд. Ҳар нафареро, ки аз сабақи ин мактаб бенасиб мемонад, ӯро ҷавонмарди асил ва инсони комил номидан нашояд. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро ҳамаҷониба обутоб дода, ба сахтиву мушкилот тобовар, матину қавиирода ва ба ҳамдигар содиқу вафодор тарбия менамояд. Ин аст, ки ҳар нафари аз ин мактаби ҷавонмардӣ таълимгирифта бешак инсони ватандӯсту ватанпарвар, озодандешу худшинос ба воя мерасад. - Ҳамагон аз рӯзгори сангини хизматчиёни ҳарбӣ дар солҳои нооромиҳои кишвар огаҳӣ дорем. Он замон бисёриҳо ба хотири осудагии шахсӣ тарки хизмати ҳарбӣ намуда, касбу кори худро тағйир доданд. Оё лаҳзаҳое буданд, ки дар сари Шумо низ андешаи тарк кардани ин пешаи ба қавле “хатарнок” пайдо шуда бошад? - Бале, чунин ҳолатҳо зиёд буданд. Мушкилоти пайдарпай, нокомиву маҳрумиятҳо ва бар замми ин вазъи ноороми кишвар дар солҳои навадуми қарни гузашта, ки солҳои зиёд осораш боқӣ монда буд, баъзан маро дилсард менамуду ба худ меандешидам, ки бояд касби дигареро интихоб кунам, то худ ва аъзои оилаам низ дар ҳоли оромишу осудагӣ бошем. Аммо бояд иқрор шавам, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ он замонҳо занҳое низ буданд, ки дар қатори мардҳо хизмат менамуданд. Вақте ба симои нозуку чеҳраи коҳидаи он занҳо, ки дар сармову гармо дар як саф бо мардҳо истода, барои ҳимояи марзу бум талош менамуданд, назар меандохтам, ҳама андешаҳоям ба куллӣ тағйир меёфт. Айб аст, ки зан дар майдони ҳарбу зарб ва корзор бошаду мард дар пайи дарёфти коре саҳлу осон ва бехатар, меандешидам ба худ. Иродаи занҳои шуҷоъ иродаи маро низ мустаҳкаму қавитар мегардонид ва бори дигар ба бузургии занмодар аҳсант мехондам. - Яке аз самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои низомӣ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон истифодаи кадом шарту усулҳо судмандтар аст? - Мақсад ва мазмуни тарби-

яи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба ҳимояи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Дар раванди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон субъектҳои тарбия - оила, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ бояд дар маҷмуъ низоми ягонаро ташкил диҳанд. Дар чунин маврид ҳадафи тарбия низ ягона буда метавонад. Сабаби пойдории ҳама гуна низомҳои идеологӣ мавҷудияти ҳадафи ягона аст. Дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳама субъектҳои тарбия дар якҷоягӣ бояд талош варзанд. Дӯст доштани Ватан, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба

дастовардҳои истиқлолият ва озодии кишвар аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ба туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо давлати воқеан муқтадиру тавоно бунёд кардан имконпазир мегардад. Барои дар ниҳоди ҷавонон тақвият додани ин арзишҳо моро лозим аст, ки ҳарчи бештар дар миёни ҷавонон корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ба роҳ монда, ҳар гуна суҳбату вохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат, бо волидон, намоишҳо, маҳфилҳои саволу ҷавоб, викторинаҳо, маҳфилҳои гуногуни адабию бадеӣ ташкил намоем. Ҳаводиси сиёсии ҷомеаи имрӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки бояд тамоми ҷомеа ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон рӯ биёрад, чун танҳо инсони ватандӯст метавонад аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиву мазҳабӣ сарфи назар карда, дар ҳимояи ҳадафҳои умумимиллӣ барои дифои марзу буми кишвар содиқона талош варзад. Дар ин росто хизматҳои арзандаи Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон шостаи таҳсин ва омӯзиш мебошад. Ӯ дар мавриди мудофиаи Ватан таъкид намудааст: “Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд”. Хизматчиёни ҳарбӣ дар таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллии кишварамон нақши барҷаста ва бузург доранд. Пойдорӣ ва устувории

пояҳои Артиши миллӣ ба тартибу низоми қатъии афсарону аскарон вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмии қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Барои он ки ин давлати соҳибистиқлол, ин марзу буми аҷдодӣ ва ин сарзамини воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони бояд бо эҳсоси гарми ифтихормандӣ онро дӯст дорем ва ба хотири ободиву шукуфоияш талош варзем. - Аз натиҷаҳои маъракаи имсолаи даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ бармеояд, ки сол то сол сафи ихтиёриён барои хизмат дар ҷузъу томҳои низомии кишвар меафзояд. Ба назари Шумо омилҳои ҳарчи бештар ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон кадомҳоянд? - Боиси хушнудист, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ҷавонони ихтиёрӣ ба Артиши миллӣ шомилшаванда хеле зиёд ба назар мерасанд. Ин бори дигар аз беҳтар шудани шароити хизмат ва будубоши сарбозон дар ҷузъу томҳо дарак медиҳад. Хушбахтона, дар ҳама ҷузъу томҳои низомии кишвар имрӯз барои хизмату истироҳати сарбозон ва таълиму тарбияи онҳо шароити лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо сари вақт бо хӯроки серғизо ва сару либоси мавсимӣ таъмин карда мешаванд. Албатта, хизмати ҳарбӣ бе мушкилӣ нест. Масалан, реҷаи қатъии рӯз, дар вақти муайян аз хоб бархостану дар муҳлати муайян либос пӯшидану дар муҳлати муайян хӯрок хӯрдан ва илова бар ин машқу тамринҳои мухталиф барои омодагии доимии ҷангӣ аз ҳар сарбоз ҳушёриву зиракӣ, чусту чолокӣ ва малакаву маҳорати баландро тақозо менамояд, ки мутобиқ шудан ба он дар назари аввал каме мушкил менамояд. Аммо бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии масъулони ҷузъу томҳои низомӣ ин сарбозон чунин мушкилотро дар як муддати кутоҳ паси сар менамоянд. Ҷалби сарбозон ба курсҳои омӯзишии сержантиву прапоршикӣ, дар иду ҷашнҳо ҳавасманд гардондани сарбозони фаъолу ташаббускор, мунтазам ташкил намудани вохӯриву мулоқот бо аҳли зиё, собиқадорони ҷангу меҳнат, вохӯриҳо бо волидону хешу ақрабои сарбозон эътимоду бовари онҳоро ба хизмат дучанд мегардонад. Дар доираи нақшаҳои алоҳида сари ҳар чанд вақт гузаронидани маҳфилу шабнишиниҳо, ташкили сайру саёҳат ба маҳалҳои таърихии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, таҳким бахшидани дӯстиву рафоқати байниҳамдигарии онҳо аз манфиат холӣ нест. - Шиори шумо дар зиндагӣ? -“Ба Президент, ба Ватан содиқона хизмат мекунам”. Ин шиори ман ва шиори тамоми низомиён, родмардони далеру шуҷои Ватан аст. Нидоест, ки борҳо ҳангоми ёд кардани савганди ҳарбӣ, савганди садоқат ба Ватан-Модар, ҳангоми иҷрои бомуваффақияти амру супоришҳои роҳбарият, ҳангоми разму пайкор дар майдонҳои набард, дар ҷаласаҳои расмӣ, ҳангоми ҳавасмандгардонии ҳайати шахсӣ аз забони ҳар як низомӣ бо қатъияту самимият ва дилпурона садо медиҳад. Ҳангоми ба забон овардани ин суханони пурифтихор бори дигар дарк мекунам, ки рисолати аслии ҳар ҷавонмард қабл аз ҳама бояд ҳифзи Ватан ва муқаддасоти он бошад.


 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 668 БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторов а Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин 10 БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ Ҳусенов Муҳаммадтолиб

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

2 10

755

52 454

504 39

97 5 48

1 189 68 38

205 90 3 66

103

326 3 5 160 52 2 2 13 2 2

25

99 12 60 25

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________

Ҳамаи мо зиёд шунидаем, ки мутолиа фоидаовар аст. Лекин ин фоидаро маҳз бо кадом васила ба даст овардан мумкин? Бо истифода аз сарчашмаҳо 22 омилеро пайдо намудем, ки инсон танҳо дар натиҷаи мутолиа кардан ба даст меорад. 1. Мутолиа боиси камшавии изтироб мегардад. Барои дур шудан аз изтироб ба гӯш кардани мусиқӣ ва ё пиёдаравӣ майл мекунед? Аммо олимони Донишгоҳи Сассекс (Британияи Кабир) бар он ақидаанд, ки ба ҷойи ин хубтар аст ба мутолиа машғул шавед. Зеро хониш яке аз беҳтарин воситаҳои кам кардани изтироб мебошад. Ҳамагӣ 6 дақиқа мутолиа кардан ду-се маротиба дараҷаи стрессро коҳиш медиҳад. 2. Мутолиа бехобиро пешгирӣ мекунад. Хониш яке аз воситаҳои таъсирноктарини оромӣ ва омода шудан ба хоб аст. Дар вақти мутолиа майнаи инсон истироҳат мекунад. Телефон ва тамошои телевизор бошанд, баръакси ин ҳолат аст. 3. Мутолиа инсонро ҳассос мекунад. Дар вақти мутолиа бисёре аз хонандагон ҳамроҳи қахрамон сафар мекунанд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки ҳангоми ворид шудан ба адабиёти бадеӣ шахс дар ҳаёти воқеӣ низ ба инсонҳо ҳамдард шуданро меомӯзад ва эҳсосоташро мефаҳмад. 4. Мутолиа кори майнаи сари инсонро хуб мекунад. Олимони Донишгоҳи Эморӣ (ШМА) исбот кардаанд, ки баъди мутолиа дар тӯли чанд рӯз дараҷаи ақлонии инсон меафзояд. Муаллифони тадқиқот мегӯянд, ки хониш теъдоди ҳуҷайраҳои асабро зиёд мекунад. 5. Китобҳои худомӯз барои мубориза бар зидди рӯҳафтодагӣ мусоидат мекунад. Мувофиқи маълумоти тадқиқгарони шотландӣ, мутолиа барои табобати рӯҳафтодагии шахс таъсири назаррас дорад. Ба маризоне, ки китобҳои худомӯзиро пешниҳод кардаанд, баъд аз як сол назар ба маризоне, ки кӯмаки оддии духтуронро гирифтаанд. ҳолати рӯҳафтодагиашон коҳиш ёфтааст. 6. Мутолиа шахсро ҷаззобтар мекунад. Сатҳи баланди интелектуалии шумо диққати дигаронро бештар ҷалб мекунад. Имконияти идора карда тавонистани суҳбат дар мавзӯи дилхоҳ ва чун аллома ҷилва намудан дар вақти шиносоӣ ба шумо имконияти бештар медиҳад, то дигаронро ба худ ҷалб кунед. 7. Мутолиа ба инсон кӯмак мекунад, то дар зиндагӣ мақсади муайян гузорад ва мушкилотро паси сар намояд. Олимони Донишгоҳи Огайо (ШМА) пай бурдаанд, ки чӣ қадаре инсон китоб мехонад, ҳамон қадар худашро ба персонажҳои асар монанд (идентификатсия) мекунад ва тарзи рафтори ба ҳаёти онҳо мутобиқ мекунонад. Асаре, ки кас онро мутолиа мекунад, метавонад ӯро барои интихоби ишқи тамоми зиндагиаш кӯмак расонад. Монеаҳои ҳаётро бартараф намояд ва ё аз образҳо ибрат гирад. 8. Инсонҳое, ки мутолиа мекунанд, дар байни ҷамъият фаъоланд. Дар тадқиқоте, ки Фонди миллии санъати ШМА гузаронид, исбот шуд, ки ашхоси ба мутолиа сари кор дошта дар фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ саҳми бештар мегузоранд. 9. Мутолиа қувваи ҳофизаро қавитар мегардонад ва тафаккурро равшантар месозад. Дар вақти мутолиа майнаи сари инсон тамрин мекунад. Дар ҳар навбати мутолиа шахс воситаи нав барои дар хотир нигоҳ доштани иттилоотро месозад. 10. Мутолиа фонди луғавиро бой мегардонад. Ҳангоми мутолиа хонанда ба калимаҳое бар мехурад, ки дар гуфтугӯи ҳаррӯза онҳоро намешунавад. Агар дар матн калимаҳои бегона вохӯранд, шарт нест, ки ҳатман луғатро ҷустуҷӯ кунанд. Мутолиа на танҳо фонди луғавиро бой мегардонад, балки дониши умумиро низ баланд мебардорад. 11. Мутолиа ба маҳорати

нависандагӣ низ таъсир мерасонад. Чи тавре ки сабки мусиқӣ ба навозанда ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ таъсир мерасонад, сабки нависанда низ ба хонанда метавонад таъсир расонад. Дар рафти мутолиа шахс ба худ ногаҳон сабку усули нависандаро мегирад. 12. Одамони мутолиа мекардагӣ ҷисман инкишофёфтаанд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки шахсони мутолиакунанда ба худашон камтар фишори ҷисмонӣ меоранд, назар ба онҳое ки кам мутолиа мекунанд. Онҳо ҳатто дар толорҳои тамрини ҷисмонӣ ҳам фаъоланд ва машқҳоро хубтар дарк мекунанд. 13. Мутолиа барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ кӯмак мекунад. Батадриҷ мутолиа кардан ба инсон кӯмак мекунад, то маводи мехондаашро хубтар дарк намояд ва дар хотир нигоҳ дорад, махсусан ҳангоми омӯзиши забонҳои дигар. 14. Мутолиа ба инсон гӯш карда тавонистанро ёд медиҳад. Агар аҷиб ҳам намояд, мутолиа малакаи гӯш карда тавонистанро сайқал медиҳад ва инсонро таҳаммулпазир месозад. 15. Мутолиа маҳорати эҷодкориро инкишоф медиҳад. Вақте ки педогогони Донишгоҳи Обафеми Аволау (Нигерия) дар барномаи мактабии ибтидоӣ нақл аз рӯи расмро дохил карданд, пай бурданд, ки омехта шудани расм бо калимаҳо маҳорати кӯдаконро баланд мебардорад. Ҳамин тавр, китоб ҳам ба калонсолон таъсир мерасонад. 16. Мутолиа бемории фаромӯшхотириро пешгирӣ мекунад. Майнаи сари инсон чун дигар узвҳо ба мустаҳкамкунӣ ниёз дорад ва беҳтарин чора барои ин мутолиа аст. Тадқиқот нишон додаанд, ки хондан барои пешгирии бемории Алсгеймер хеле муфид аст. 17. Мутолиаи якҷоя муносибати волидонро бо фарзандон хуб мекунад. Равоншиносон исбот кардаанд, ки мутолиаи якҷоя робитаи махсусро миёни волидайн ва фарзандон барқарор мекунад. Ин шароит дар вақти тамошои телевизор ва ё дигар бозиҳо ҳеҷ вақт ба миён намеояд. 18. Мутолиа барои бартараф кардани мушкилиҳои иқтисодӣ кӯмак мекунад. Мувофиқи омори санҷидашуда ҳамагӣ 43 дарсади калонсолон дар сатҳи пасти саводнокӣ қарор доранд, ки фақирона зиндагӣ мекунанд. Ин гуна одамон дар байни саводнокон ҳамагӣ 4%-ро ташкил медиҳанд. 19. Кӯдаконе, ки мутолиа мекунанд, барномаи мактабӣ барояшон душвор нест. Тадқиқот нишон додаанд, ки кӯдакони зиёд мутолиа мекардагӣ дар мактаб на танҳо аз ҷиҳати грамматикӣ пешрафтаанд, балки математикаро ҳам хуб медонанд. 20. Мутолиа ҷинояткоронро аз ҷиноят боз медорад. Тавре яке аз тадқиқотҳо нишон дадааст, ҷинояткороне, ки дар маҳбас ба мутолиа машғул мешаванд, баъди озод шудан 30% камтар ҷиноят содир мекунанд. 21. Мутолиа шахсро сухангӯ мекунад. Ҳар қадаре ки нақли дигаронро бештар мехонед, ҳамон қадар барои шумо имконият пайдо мешавад, то дар бораи худатон нақли ҷолибтар кунед. Дар ин ҳол шумо иттилооти нолозимро аз лозима ҷудо карданро меомӯзед. 22. Мутолиа водор месозад, то инсон олами атрофро беҳтар кунад. Хонандагони фаъол се маротиб бештар ба хайрхоҳӣ ва фаъолияти волонтёрӣ (ихтиёрӣ) даст мезананд. Мутолиа шахсро водор месозад, то ба касоне, ки аҳволашон бад аст, ҳамдардӣ ва ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.

11

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Мутолиа интеллектро меафзояд

1 2 3 4 5 6 7

Шаҳр, ноҳия

Овозҳо дар ҳафта

Қурғонтеппа пешсаф шуд

22 манфиате, ки инсон дар натиҷаи мутолиа ба даст меорад


ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН

Рухшона шоҳдухтари суғдӣ ҳамсари кӣ буд?

ТОЛИБШОҲИ ДАВЛАТ

КАДР АЗ ФИЛМИ ИСКАНДАРИ МАКЕДОНӢ

12

Баҳори соли 329и то солшумории мелодӣ лашкари бешумор ва саропо мусаллаҳи юнону македониҳо бо сарварии Искандари Македонӣ муддати понздаҳ рӯз гузариши басо душворро анҷом дод. Онҳо аз шимоли Ҳинд кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯши Ҳиндукушро убур намуда, ба ҳудуди Осиёи Марказӣ даромаданд. Ҳадафи аввалини онҳо Самарқанди қадим қарор гирифт. Ба онҳо муаяссар гардид муқовимати шадиди суғдиёнро дарҳам шикаста, шаҳрро ба тасарруф дароранд. Дар шаҳр қисме аз ҷанговарони худро гузошта, Искандар ҳаракатро ба самти шарқ, водии Фарғона идома дод. Аммо сафар осон набуд. Мардуми озодипарасти минтақа ҳама якҷо ба по хеста, бо истилогарон муқовимати сахт нишон доданд.

Мубориза беш аз се сол идома ёфт. Маркази набардҳои халқӣ Самарқанд гардид. Илҳомбахши ҳаракатҳои озодихоҳона, қаҳрамони мардуми Осиёи Марказӣ, суғдии ғаюр Спитамен ба ҳисоб мерафт. Аммо бартарӣ дар ҷониби лашкари бешумори Искандар буд. Искандар бо лашкараш суғдиёнро батадриҷ ба даруни кӯҳсорон танг карда дароварданд. Дар шароити кӯҳистон бо мардуме, ки маҳз дар чунин шароит ба воя расидааст, мубориза бурдан кори саҳл набуд. Шароит имкон намедод, лашкари юнону македониҳо қувваҳои бешуморро истифода бурда, амалиёти ҳарбиро ба таври дилхоҳ роҳандозӣ намоянд. Илова бар он, суғдиён гӯё гӯш ба қимор буданд, чун гурӯҳҳои ҷудогона ва камшумори аҷнабиёнро дарёфт мекарданд, пурра несту нобуд месохтанд. Гарчанде Спитамен ба душман пайваста талафот мерасонд, аммо муборизаҳои дурудароз вазъи ӯ ва лашкариёнашро душвор мегардонд. Қувва торафт кам, ҳамчунин яроқу аслиҳа ва хӯрока коҳиш меёфт. Душман бошад, баръакс, пайваста бо қувваҳои нав, лавозимоти ҷангӣ ва хӯрока таъмин мегардид. Спитамени диловар бо лашкариёни вафодораш, ки хеле камшумор гардида буданд, ақибнишинӣ намуда, дар қалъаи «Харсанги суғдӣ» паноҳ ёфт. Қалъа дар нишебии қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷо гирифта буд. Аз ҷиҳати мавқеи ҷойгиршавӣ хеле дастнорас ба ҳисоб мерафт. Ду сол пас, баҳори соли 327 Искандар бо лашкари бешумораш қалъаи «Харсанги суғдӣ»ро ба муҳосира гирифт. Ҳарчанд забткорон онро ба муҳосира гирифта бошанд ҳам, истилои он кори саҳл набуд. Муҳофизатгарони он бо сарварии Спитамен қарор доданд, то нафаси охир бо душман биҷанганд. Муҳофизони қалъа ба таклифи юнону македониҳо бобати таслим шудан, бо як ғурур чунин посух доданд: «Бигузор Искандар ба худ сарбозони болдор пайдо намояд, то ин ки ӯро ба харсанг бароранд.» Чунин посухи бебоконаю нописандонаи суғдиёни диловар Искандари македониро аз худ бехуд кард. Охир, чӣ тавр мешавад? Ӯ, лашкаркаши тавоно ними ҷаҳонро забт кардааст. Ҳатто шоҳи форсҳо, Дорои сеюмро бо лашкари бешумо-

раш мағлуб гардонд. Аммо назди як гурӯҳи камшумори суғдиён оҷиз аст? Ба шароити кӯҳсор нигоҳ накарда, ба лашкариёнаш девонавор фармон дод, то ба фатҳи қалъаи «Харсанги суғдӣ» пардозанд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, ба онҳо муяссар гардид, аз пушти қалъа пайдо шаванд. Ҳамин тавр, муборизаи диловаронаи суғдиён бо сарварии Спитамени шуҷоъ қатъ гардид. Муҳофизони қалъа пас аз қатли сарвари диловари хеш Спитамен ночор таслим шуданд. Миёни асирон Рухшона, духтари шоҳи Суғд низ ҳузур дошт. Искандар духтарро бо чунин зебоӣ дида, мафтуни ӯ гардид. Пас нахост ӯро чун асир ранҷонад. Қарор дод бо вай хонадор шавад. Искандар бо ин амал ашрофони суғдиро ҷониби худ кашида, ҳукмронияшро дар мулки Суғд тавонист устувор намояд. Дар бораи қатли Спитамен фикру андешаҳо гуногун аст. Муаррихи қадим Квинт Куртсий ҳалокати Спитаменро чунин баён намудааст: «Спитамен ҳамсари худро бағоят дӯст медошт. Ҳамеша ӯро бо худ гирифта мебурд. Вай бошад, аз сарсониҳои пайваста дилгир шуда, ба Спитамен таклиф менамояд, ки ба раҳму шафқати Искандари ғолиб умед баста, таслим шавад. Спитамен дар посух маргро аз асорат авло медонад. Ҳангоми хоб ҳамсараш сари Спитаменро бурида, ҳамроҳи ғуломи худ ба бошгоҳи юнону македониҳо ҳозир мегардад. Сари ҳамсарашро ба Искандар месупорад.» Муарррихи дигари қадим Арриан фавти Спитаменро ба амали қабилаҳои форсзабонҳои кӯчӣ нисбат медиҳад. Ба ақидаи ин муаррих кӯчиҳо дар аввал корвони лавозимот ва хӯроки лашкари муқовиматгаронро ба яғмо мебаранд. Чун аз ҳаракати музаффаронаи лашкари Искандар дар биёбон огаҳ мегарданд, пешвои суғдиёни муборизро кушта, сарашро ба Искандар мефиристанд. Сайёҳи ҷаҳонгард Саидаҳмади Давлаҳмад, ки пайваста решаҳои қадимаи мардуми форсзабон, аз ҷумла тоҷиконро ҷустуҷӯ дорад, андешаи муаррих Квинт Куртсийро тарафдорӣ мекунад. – Куштори Спитамени диловар бо дасти занаш сурат гирифтааст, - мегӯяд Саидаҳмади Давлаҳмад. – Зани ӯ Рухшонаи зебосанам аст, ки

баъдан Искандар бо вай хонадор мешавад. Қатли Спитамен бо дасти Рухшона аз рӯи ҳавою ҳавас сурат нагирифтааст. Ин кор аз ноилоҷист. Мувофиқи маълумоти то даврони мо расида, пас аз он ки охирин қароргоҳи муборизон «Харсанги суғдӣ» аз ҷониби истилогарон фатҳ гардид, тамоми ёрони Спитамен ба қатл расонда шуданд. Дар сурати идомаи муқовимат низ суғдиён хоҳу нохоҳ ба ҳалокат мерасиданд. Рухшона бо сари буридаи Спитамен назди Искандар омад. Зебоии зан саркардаи юнону македониҳоро ба ҳайрат овард. Ҳамин тавр бо вай хонадор шуд. Издивоҷи оила байни Рухшонаю Искандар боис гардид, ки аз онҳо фарзанд ба дунё ояду баъдан дар идораи давлатдории юнону македониҳо ширкат варзад. Аз авлоди суғдиён. Дар бораи Искандари Македонӣ ва лашкаркашиҳои ӯ ба кишвари форсҳо синамогарони амрикоӣ ва ғарбӣ чанд филми ҳунарӣ офарида, дар яке аз филмҳо Рухшонаро духтари шоҳи форсҳо тасвир намудаанд. Баъзе таърихнигорон баръакс, ӯро духтари шоҳони бохтарӣ мепиндоранд. – Ақида дар бораи духтари шоҳони бохтарӣ ва форсҳо будани Рухшона хатост, - бо боварии том мегӯяд Саидаҳмади Давлаҳмад. – Вай танҳо шоҳдухтари суғдист, на шоҳони дигар. Марги Искандари Македонӣ дар соли 323 то солшумории милодӣ, боиси муноқиша байни саркардаҳои юнону македониҳо гардид. Барои тоҷу тахт ва ҷоҳу ҷалол. Дар натиҷаи кашмакашиҳо давлати бузурги таъсисдодаи Искандар ба қисматҳо ҷудо шуд. Соли 306 ҳудудҳои Бохтару Суғд ба ҳайати давлати Селевкидҳо ворид гардид. Давлат номи асосгузори худ Селевки 1-ро гирифтааст. Селевк падари Антиох маҳсуб ёфта, модараш Апана, духтари Спитамен мебошад. – Маҳз Апана саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, то ин ки минтақаи ҷангдидаю харобгашта дубора эҳё шавад, - нақлашро идома бахшида мегӯяд Саидаҳмади Давлаҳмад. – Антиох бошад, дар бунёди давлати Юнону Бохтарӣ, ки дар идораи он мардуми таҳҷо низ нақши зиёд дошт, ҳиссагузор аст. Рухшона низ дар таърих нақши муҳим аз худ гузоштааст. Ҳарчанд кушандаи шавҳари худ, муборизи диловар Спитамен маҳсуб ёбад ҳам.


Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Саволдиҳанда аз Маркази исломии Тоҷикистон пурсон мешавад, ки «аз дарс гурехта, ба адои намози ҷумъа равем, оё намозамон қабул мешавад?». Масъулини Маркази исломӣ дар посух мегӯянд: «Бародари гиромӣ, қабули намоз дар назди Худованд аст, лекин адо мешавад. Ногуфта намонад, ки чун барои шумо иҷозати ом нест, намози ҷумъа бар зиммаи шумо воҷиб намешавад. Шумо бояд ба ҷои намози ҷумъа намози пешин бихонед ва он ҳам дар вақти дарс набошад, чунки илм омӯхтан ҳам яке аз вазоифи зарурии инсон маҳсуб мешавад». Дин аз рӯи моҳияташ ягон бадие надорад. Он мактаби адабу ахлоқ аст. «Қуръон» худ маънои адабро дорад. Аз ин лиҳоз, давлат ҳомии асосии дину диндорон аст. Исботи он моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он чунин гуфта шудааст: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Дар моддаи 26 бошад, навишта шудааст, ки «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Аммо сомонаи «паём.нет» аввалан ҳақиқатро инкор мекунад ва аз номи уламои Аҳноф масъаларо ба ду гурӯҳ тақсим мекунад: «Шахсоне, ки қабл аз намози ҷумъа намози пешинро мехонанд ва агар донанд, ки намози ҷумъаро дармеёбанд. Агар шитофтанд ба намоз ва онро дарёфтанд, хеле хуб. Агар нарасиданд, пас намози зуҳрро қазо медоранд, яъне мегузоранд». «Таҳлилгарон»-и наҳзатӣ гуфтан мехоҳанд, ки агар намозро дарёфтед, хеле хуб, агар не қазо бигузоред. Боз бармегарданд сари ҳамон гуфтаи Маркази исломии Тоҷикистон. Бояд тазаккур дод, ки ҲНИТ аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ бо эҳсоси мардум кор мекард ва бо овардани калимаи ислом гумроҳонро ба давраи худ кашола менамуд. Дар

интихоботҳо эълон ҳам карда буд, ки хат задани калимаи ислом гуноҳи кабира аст. Он эътиқоду боваре, ки мардум ба ҲНИТ дошт, ба тамом аз байн рафт. Зеро аъзо ва пайравони ҲНИТ барои нафъи ҷомеа коре ба сомон нарасонданд. Балки «рӯҳониёни ҷоҳили ҲНИТ» дар маҳаллаҳо ба корҳое даст заданд, ки инсони комил ба он қодир нест. Инчунин, дар ин матлаб ба баргардонии ҷавонон аз мадориси ғайриқонунии динии кишварҳои арабӣ ва исломии минтақа дахолат намудаанд: «бозгардонидани ҳама ҷавононе, ки таҳсили исломӣ дар кишварҳои исломӣ дошта ва ба мушкил мувоҷеҳ кардани он ҳама». Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки ҲНИТ ҷонибдори баргардонии ҷавонони тоҷик аз мадрасаҳои динии ғайриқонунии давлатҳои исломӣ набуда, умедвори он буд, ки онҳо дар мамолики исломӣ ифротиву тундгаро бишаванд. Дар охир, фирориёни ҲНИТ нашармида ба Маркази исломӣ маслиҳат доданӣ мешаванд: «дар пайи ислоҳи он чи зикраш рафт, мегардед ва қарорҳои мусолиматомез қабул мекунед, ки онҳо бар салоҳи миллату кишвар бошанд». Аз равзанаи воқеияти зиндагӣ ба фаъолияти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ нигаристан нишон медиҳад, ки маҳз хатои ин ҳизб боиси талафоти ҷониву молӣ ва ба даҳсолаҳо ақиб рафтани вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гардид. Чун ҳарвақта роҳбари гуреза чанд расонаҳои дар хориҷ фаъолияткунандаро минбари пиёда намудани «ормонҳои худу ҳизб» карда, дигарбора вазъро муташшаниҷ мекунад. Маҳз ҳамин боиси дар хориҷа сукунат варзидани онҳо гардидааст. Ба назар мерасад, огоҳона ва барқасдона ин гурӯҳ ва чанд қудрати дигаре мехоҳанд, ки як низои хурд рух диҳад. Нақшаи кишварҳои ба ном исломӣ амалӣ шавад ва як гурӯҳи пасипардагӣ ва фурсатталаб, ҳамчун «наҷотдиҳандаи миллат» вазъиятро таҳти назорат гирад. Моҳияти танқиди ҲНИТ ҳамин аст. Рустам РАҲИМОВ, таҳлилгар

Чанде пештар назарам ба мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби наҳзат афтод, ки 4 сол муқаддам дар ҳафтаномаи «Азия Плюс» нашр шуда буд. Дар он рӯйрост иқрор шудааст, ки «…ошкор бояд гуфт, ки ҳоло дини мубини ислом ба ҲНИТ бештар хидмат карда истодааст ва умед дорем, ки ҳизби мо ҳам битавонад хидмати шоистае ба ислом ва мардуми кишвар намояд». Мантиқан аз ин ҷо бармеояд, ки имону эътиқоди Кабирӣ ва пайравони ӯ нисбат ба наҳзат, ки айни замон ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ дар Тоҷикистон эътироф гардидааст, болотар аз дини ислом будааст, ки онро дар хидмати ҳизб қарор дода буданд. То имрӯз Кабирӣ ва дигар ҷонибдоронаш ҳарчанд кӯшиш намудаанд, исбот кунанд, ки ҳизб манофеи исломро пуштибонӣ мекунад, заҳматашон барабас аст, зеро аввал ин ки дин ҳеҷ гоҳ ба ҳизб ниёз надоштааст ва надорад. Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта, ки мардуми бегуноҳ қурбон гаштанд, аз ҷонибдории андешаҳои зиддиконститутсионии ин ҳизб далолат мекунад. Аслан, тавре аз табиати наҳзату наҳзатиҳо маълум аст, доим тамоми ҳодисаҳое, ки дар кишвар сурат мегирад, зери таҳриф бурда андешаҳои муғризонаи худро талош менамоянд, ки барои дигарон таҳмил диҳанд. Ҳатто замоне, ки аз ҷониби бештари мардум дархости гирифтани калимаи ислом аз номи ҳизб шуд, роҳбарияти наҳзат комилан бар зидди ин гуна пешниҳод садо баланд кард. Зеро хуб медонист, ки бо гӯлзанӣ ва истифодаи ин калима, ҳазорҳо нафар ҷавони дур аз дарки сиёсат ва занони бесаводи хонашинро узви ҳизби худ гардонда буданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд мо дар боз доштани фаъолияти ин ҳизби хусусияти террористидошта ба таъхир роҳ додем, вале боз ҳам бояд шукр, ки нагузоштем аҳволи Тоҷикистонро мисли кишвари ҳамсояи мо - Афғонистон табдил диҳанд. Барои мисол, дар Афғонистони ҳамсоя, гарчанде низоми давлатӣ исломист, садҳо ҳизбу ҳаракату ҷамъиятҳо мавҷуданд, ки барои ҷалби мардуми бесавод ба сафҳои худ аз мафҳуми «исломӣ» истифода бурдаанд. Ҳар яке аз онҳо манфиатҳои умумимиллии кишварро як сӯ гузошта, бо шева ва ҳадафҳои худ гӯё исломро ҳимоят доранд, вале дар асл, барои расидан ба аҳдофи шахсию қавмию қабилаӣ ва пиёда намудани нақшаҳои пуштибонони хориҷии худ ҷангу ҷадал мекунанд. Исломиҳои тоҷик низ талош намуданд, ки ин ҷоро низ мисли Афғонистон ҷангзада намоянд, вале тирашон хок хурду ба мақсад нарасиданд. Тавре дар урфият мегӯянд, ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад. Новобаста ба он ки имрӯз наҳзатиҳо ин далелро инкор менамоянд, вале имрӯз онҳое, ки аз пушти ин ҳизби ифротӣ мераванд, дар ҳамон сатҳест, ки дар Афғонистон доранд. Воқеияти асл ин аст, ки мавҷудияти ин ҳизб аллакай мухолифат бо дини Худо буд ва хушбахтона аз шарри ин ҳизб мо тавонистем халосӣ ёбем. Баҳром ҚОДИРӢ, коршинос

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

Аз шарри ҲНИТ халосӣ ёфтан хушбахтӣ буд

Аъзои дар Аврупо овораи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳаммадиқболи Садриддин дар сомонаи «паём. нет», ки ба худи ҳизби наҳзати исломӣ тааллуқ дорад ва аз ҷониби кишварҳои бо ном исломӣ ба хотири бад нишон додани номи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ таъсис дода шудааст, дар мавриди посухи Маркази исломии Тоҷикистон вобаста ба намози хонандаҳои мактабу донишҷӯён ва воҷиб будан ва ё набудан, ки як корбари торнамои расмии маркази мазкур зикр кардааст, дахл намуда, онро аз нигоҳи худ ва бо манфиати шахсӣ ва гурӯҳӣ баҳо медиҳад. Гӯё хонандагони зиёде, ки шумораашон аз 100 гузаштааст, ба ин маънӣ: «Оё дар шариати ислом чунин иҷозат ҳаст, ки бо иллати донишҷӯ, коргари давлатӣ, хонандаи мактаб будан намози ҷумъа наравем?» суолеро ба торнамои «паём.нет»-и ҲНИТ ирсол намудаанд. Аслан, ба «паём. нет» суоле ворид нашудаву намешавад, ин танҳо аз посухи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда маншаъ мегирад.

Ба касе пӯшида нест, ки ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон доим аз дини мубини ислом ва аз эътиқоди динии мардум сӯистифода мебарад. Ҳанӯз аз солҳои аввали таъсиси, ин ҳизб чунин тактикаро пеш гирифта буд. Бояд ошкорро гуфт, ки наҳзатиҳо ҳақиқатан дини мубини исломро ба манфиати ҳизб истифода бурдаанду мебаранд.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

Домани кӯтоҳи ҷуръат

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

НИМСОЛАИ АВВАЛИ КУРСИ СЕЮМ Вақте ба курси сеюми донишгоҳ гузаштем, баъзе фанҳои таълимие пайдо шуданд, ки бо донишҷӯёни ихтисосҳои дигар якҷо мехондем. Дар яке аз ҳамин дарсҳо донишҷӯдухтаре аз гурӯҳи дигар паҳлӯям нишаст... ва ҷои мо минбаъд дар ҳама дарсҳои муштарак паҳлӯи якдигар шуд. Ман ӯро “Дӯсти беҳтаринам” мегуфтам. Вале ҳақиқати ҳол каме дигар буд: мӯйҳои сиёҳи ғуллӣ, чашмони мешии дурахшон ва шуълапошашро дида мехостам, ки тамоми умр ҳампаҳлӯям бошад. Чи кунам, ки он париваш ба ман он гуна наменигарист, ки ман ба вай... Боре аз ман дафтарамро хост, то мавзӯи дарси гузаштаро, ки бо сабаби иштирок надоштанаш нанавишта буд, рӯбардор кунад. Вақте дафтарамро ба дасташ медодам, чашм ба чашми якдигар омадем. Нигоҳи чашмони шаҳло ва лабханди нафиси духтарак гӯё аз нури меҳр ва самимият мунаввар гашта буд. Бисёр мехостам бидонад, ки ман ба ӯ танҳо чун як ҳамсабақ наменигарам. Зиёд дӯсташ медоштам, аммо инро ба вай ҷуръати гуфтан намекардам. Сабабашро намедонам, аммо шарм намегузошт. НИМСОЛАИ ДУЮМИ КУРСИ СЕЮМ Ним соли расо ҳангоми таҳсил мо паҳлӯи ҳам будем. Дар таътил аз ҳама бештар чашмони зебои ӯро ёд мекардам. Сӯзи фироқ гӯё андак-андак ба вуҷудам роҳ меёфт... Бо баҳонаи китобе хонаашон рафтам. Бо оилааш шинос шудам. Чашмони зебо, нигоҳи дилкаш ва ғамзаҳояшро аз модар мерос гирифта будааст, зеро як ба як шабоҳат доштанд. Ҳуҷраи махсусе барои дарстайёркунӣ доштааст: хурд, вале озодаву ботартиб. Ҳамсабақам аз давраи мактабхониаш одати ёддоштнависӣ дошта, хотираҳои ҳар солеро дар дафтари алоҳида қайд мекардааст. Ба дафтари сафедмуқовае бо акси гули лола дар кунҷаш хотираҳои курси сеюмро ёддошт менамуд. Ман он дафтари ғафсро ба даст гирифтам, вале медонистам, ки ҳаққи кушода хонданашро надорам. Аз он ҳам сахт нигарон будам, ки мабодо дохили дафтар ёддошти ошиқонае нисбат ба каси дигар бошад. Бинобар ин, ба ҷояш гузоштам... Охир, зиёд дӯсташ медоштам, аммо матлабамро ҷуръати гуфтан надоштам. Сабабашро намедонам, вале шарм ҷуръатамро мағлуб карда буд.

НИМСОЛАИ АВВАЛИ КУРСИ ЧОРУМ Бо духтари дӯстдорам паҳлӯи ҳам нишастаем. Ба чашмони шаҳлояш бо умед менигарам. Эй кош хонда метавонистам, андешаҳои ниҳони дили ӯро... Мо ҳарчанд паҳлӯ ба паҳлӯ нишастаем, вале аз чи бошад, гумон мекардам аз ман дуру дастнорас аст. Худоё, ин чӣ ранҷе буд. Гӯё мисли ақрабакҳои соат дар паҳлӯи ҳамем, аммо барои вақти дигар, барои замони тамоман дигар ҳаракат мекунем. Ман гӯё сонияҳоро мегардондам, вале ӯ баракси ман ботамкин ва оҳиста мерафт ва барои каме ҳам бошад ба ҷунбиш даромадани худ босуръат давидани маро мехост. Ҳоло ҳам дар сояи чашмонаш, он чашмони фаттону зебояш шуълаи умед меҷӯям. Худоё, ҳамин ки барои умедвор шудан ба чашмонаш менигарам, ҳолати аҷибе маро фаро мегирад, гӯё забонам мепечад, калимаҳо дар гулӯям дармемонанд. Ӯро бағоят дӯст медоштам, аммо ҷуръати ибрози ин матлаб дар ихтиёр надоштам. Сабабашро намедонам, шарм ҷуръатамро аз ман бурда буд. НИМСОЛАИ ДУЮМИ КУРСИ ЧОРУМ Як рӯз бо сабабе ба дарс ҳозир шуда натавонистам. Нимаи рӯз буд, ки телефони дастиам занг зад. Аз он тараф овози гирёни ӯро шунидам. Маро ба наздаш мехонд. Дарҳол худамро наздаш расондам. Рӯи курсии дарозе дар саҳни донишгоҳ нишаста буд. Гуфт, каме нотоб шудааст, бинобар ин танҳо мондан намехоҳад. Аз ҳамсабақаш Фотима, ки доим ҳамроҳ буданд, пурсидам. Вай имрӯз ба дарс наомада будааст. Медидам, ки он дӯсти беҳтаринро чи тавр вуҷудаш меларзад. Мехостам, дилашро кушояд, изтиробашро ошкоро баён кунад, аммо на. Хоҳиш кард, ки то хонаашон ҳамроҳаш равам. Раҳораҳ мерафтему ман ҳанӯз дар чашмони зебояш осори умед меҷустам. Ҷуръати ман пеши хомӯшӣ таслим шуда буд. Гӯё аз муҳаббате, ки нисбаташ дар дил дорам, лаб кушоям, меранҷад. Фикр мекардам, ки агар ин савдоро ошкор кунам, баробари ошкор шудан ба рӯяш хати сиёҳ мекашам. Вале бо вуҷуди ин хурсанд шудам, ки тавонистам чанд ҳарфи тасаллибахше барояш бигӯям. Барои ҳамааш – ҳам барои ҳамроҳаш то хонаашон омадан ва ҳам барои тасалло доданам – миннатдор шуд. Оҳ, чи қадар мехостам бидонад, ки ман варо фаротар аз як дӯст мехоҳам. Ӯро бағоят дӯст медоштам, аммо ҷуръати ибрози ин матлаб надоштам. Намедонам чаро, аммо медонам, ки шарм ҷуръатамро кушта буд. СОЛИ ОХИРИ ТАҲСИЛ Дар қатори се ҳамсабақи дигарамон ба ҳар дуи мо ҳам гирифтани дипломи аъло насиб гашт. Рӯзи тақдими дипломҳо дар толори донишгоҳ гирандагони дипломи аъло аз ҳама факултаҳо ҷамъ омаданд. Ҳангоми ба саҳна баромаданаш хеле зебо шуда буд, дар назар мисли фариштае менамуд, ки ба парвоз омадааст. Вақте вазири маорифи ҷумҳурӣ ба вай дипломашро месупурд, бо табассуми зебое дар чеҳрааш миннатдориашро баён намуд. Он рӯз дар хиёбонҳои шаҳр гаштугузор кардем. Аҷаб рӯзи хуше буд. Бегоҳ, вақте то хонаашон – он маҳаллаи ҳанӯз ҳам бароям азиз, гуселаш кардам, бисёр хушҳол менамуд. “Ин рӯзро бароям ба иди ҳақиқӣ табдил додӣ, хеле сипосгузорам аз ту”, - гуфт қаноатмандона. Худоё, чи қадар мехостам, ки мо насиби якдигар бошем. Вале ӯ ба ман на он тавре

менигарист, ки ман ба вай. Хеле зиёд дӯсташ медоштам, аммо инро ба вай ҷуръати гуфтан надоштам. Худоё, наход ҳамин шарм буд, ки иҷозатам намедод. ...Аз хатми донишгоҳ ду сол сипарӣ шуд. Ҳоло ман дар маросими тӯй ҳастам. Тӯйи арӯсии духтари дӯстдорам. Вале домод ман нестам, балки ман дар қатори дигар даъватшудаҳо ба тӯй омадаам. Дӯсти беҳтаринам бари тахт басе зеботар шудааст... Ӯ як-як ба меҳмонон – ҳамсабақҳоямон барои иштирокашон бо ишораи сар миннатдорӣ кард. Ниҳоят бо он чашмони зебо ба ман нигарист, миcли дигарон маро ҳам ишораи “хушомадӣ” кард. Баробари чашм ба чашм бархурданамон аз худ бе худ шудам, боз маро ноумедӣ ба коми худ кашид. Буғз дар гулӯям гиреҳ хурд. Оби даҳонамро фурӯ бурдан душвор буд бароям. Сипас, чашмашро ҷониби меҳмони дигар гардонд. Оҳ, чи қадар орзу доштам, ки аз ман бошад. Инро зиёд мехостам, аммо барои гуфтанаш домани ҷуръатам кӯтоҳӣ мекард. Солҳои дигар ҳам зуд пушти сар шуданд. Аз хатми донишгоҳ акнун ҳафт сол гузашт. Як пагоҳӣ дар роҳ Фотимаро, дугонаи қарини он дӯсти беҳтаринамро вохӯрдам. Маро дида, ҳолати аҷибе фаро гирифт ҳамсабақамро. Баъди салому ҳолпурсӣ аз дӯстам пурсон шудам. Дидам, ки дар чеҳраи Фотима осори андуҳ соя гузошт, мушаваш гардид. Худашро ба зӯр ба даст гирифта, гуфт: - Азоб кашид... Хеле азоб кашид дар беморхона... – ӯ канда-канда ҳарф мезад ва ман ҳарчанд бетоқат мешудам, кӯшиш кардам, ки ба вай халал нарасонам, то гапашро гӯяд. – Шаш моҳ дар беморхона бистарӣ шуд... баъд... вафот кард... Бо шунидани ин ҳарф тамоми баданамро сардӣ пахш кард. Беҳису ёд шуда будам. Ҳамсабақам Фотима мегирист, оби чашмонаш рӯяшро мешуст... Ман карахту бемадор рӯ ба рӯи ӯ меистодам... Ҳафтае баъд, дар рӯзи иди қурбон ҳамроҳи як дӯст ба хонаашон фотиҳахонӣ рафтем. Он рӯз аз вафоташ якуним моҳ сипарӣ шуда буд. Модари бечорааш ғамдор буд, аламаш тоза буд, ҷигарпораашро аз даст дода буд. Вақте барои таслият наздаш рафтам, чашмонаш ғарқи об шуд... Дами рафтан модар наздам омаду як халтаи селлофаниро ба дастам дод. “Чанд рӯз пеш аз вафоташ дар беморхона хоҳиш кард, ки ин дафтарашро бо ҳар роҳу воситае ба ту расонам... Як моҳ боз фикр доштам, ки охирин хоҳиши худораҳматиро чи хел иҷро кунам. Хайрият, ки худат омадӣ”, - гуфт модар бо овози гиряолуд. Мо хайрухуш карда баромадем. Аз дарвоза берун шудаму ихтиёр аз даст додам, зуд халтаро кушодам: ҳамон дафтари муқовасафеди ёддоштҳояш буд, ки дар як кунҷаш тасвири гули лола дошт. Бароям хеле мароқовар буд, ки дӯсти беҳтаринам дар охирин рӯзҳои умраш ба ман чӣ паёме гузоштааст. Саҳифаҳои он дафтари акнун бароям азизро варақ мезадам, бо умеди он ки шояд ҳарфе барои ман бошад. Дар саҳифае зери номам ин сатрҳо дарҷ ёфта буданд: “Ба чашмонаш нигариста мехоҳам, ки насиби ман бошад. Мехоҳам бидонад, ки ӯ бароям болотар аз як дӯст аст. Бениҳоят дӯсташ медорам, аммо ҷуръати ба ӯ гуфтани матлаби диламро надорам. Шарм мекунам. Худоё, чӣ шавад, ки ҳамин пагоҳ “Ман туро дӯст медорам” бигӯяд...” Башир УСМОН, “ҶТ”

Нуруллоҳи ОРИФ

ГУЛПАРӢ Алвонҷ дода меравад Мӯро ба қад як гулпарӣ. Монад ба номи Ҳақ қасам, Пешаш хиҷил кабки дарӣ. Моҳӣ барин пурҷастухез Дар рӯдбори мӯ танаш. Ҳамчун нигин андар садаф Зебост холи гарданаш. Хоҳам қатори гулпарӣ Гардам ба оби рӯд ғарқ. Аз сеҳри ишқаш сӯхта, Бе ӯ манам дар дуд ғарқ.

ДИЛБАР Омад чу моҳ, дилбар, Гесусиёҳ, дилбар. Хандида кард хилват Сӯям нигоҳ, дилбар. Аз нур, нури рӯяш Равшан ҷаҳони дил гашт. Байти каҷи ду абрӯш Шеъри равони дил гашт. Аз майсазори чашмам Чун кабки ром мерафт. Шояд зи Миср гашта, Бар сайри Шом мерафт. Гуфтам, ки чист номат, Номаш ба ман намегуфт. Дар пештоқи қалбаш Ҷуфти анор мехуфт. Дил гашт дар тамошош Чун санг пора-пора. Аз кардаи чунин дӯст Ё Раб, маро чи чора?

БАНДИ ОҒӮШ Бимон, дар банди оғӯшат Мани афгор дам гирам. Пайи васфат ба дафтарҳо Ба дасти дил қалам гирам. Канори нарми туст, он ҷо, Ки аз мурдан раҳо ёбам. Зи бӯсобӯси рухсорат Ба дардам мӯмиё ёбам. Зи рухсорат чунон бӯсам, Ки мисли ғунча во гардӣ. Наӣ огаҳ, каме шояд, Ба шеърам ошно гардӣ. Манам бе ҳеч шак сайде, Ки дорам ҷо дар оғӯшат. Бихондам достони ишқ Ҳазорон бор дар гӯшат.

ГИТОРИ МАН Хон, эй гитори ман, Дар чанги ёри ман. Бар халқ қисса кун Аз рӯзгори ман. Дил сер кай шавад, Аз шаҳди нағмаҳот? Азму талошам ин-к, Сар барниҳам ба пот. Савдот мекунам Бо бӯсаҳо ба ёр. Ҳар рӯз, рӯз, рӯз, Беш аз ҳазор бор. Ман бе ту, эй гитор, Чун гунги ҳасратам. Бемори зиндагӣ, Ғарқи маломатам.


15

Нашъунамо, рушд …-Пух, ќањрамони мултфилм

Пораи матоъ

Намози рамазон (бо њарфи «в»)

Маршали бањрї

Шакли пурраи номи Вова

Танќиди тамасхуромез

Соатњо дастї, рўимизї, … мешаванд

Ресторан

Њашароти мењнатї

Як навъ телефони мобилї

Сулњи баъди љанг

Таг, зер

Номи парранда ва њаммаънои «кушода»

Инсоф

Аз он борон меборад

Хиёнатгар

Пойтахти Туркманистон

Моњи шашуми сол

Парранда - герби Русия

«Њаёт» ба забони юнонї

Ансамбли чоркаса

Миллати асосии кишвари ба мо њамсоя

Тамѓаи маргарин

Додар (лањљ.)

Номи лотинии њарфи «Н» «… - компания» - гурўњи ширинкорон

Диндор

Дар мо – вилоят, дар Амрико -… (русї)

Ќисми хона барои занњо дар ислом «Гар май бихўрї, ту бо …он хўр» (Хайём)

Шиновар

Меваи нопухта

Мустањкам, пойдор

Паррандаи уќобмонанд

Падар (лањља)

Љамъи Занбўр «ваќт»

Чўбдаст

Ќисми панљаи даст

Доимї, љовидонї

«Нияти нек ними …»

Талаба дар мактаб мехонад

Нанг, ор

Ѓизои чорво

Дарё дар Сибир

Виљдон АИТ - Академияи …њои Тољикистон -

Падар (лањља) Асбоби мусиќии электронии клавишдор

Танњо

Навиштаљоти китоб, текст

Ќанди зард

Бепоён, беандоза

Боќадр, ба дил наздик

Раќиби адвокат дар суд

«Корвон» ё «Саховат» дар Душанбе

Ту онро равї, вай туро мебарад

Алов

Озуќа, хўрок барои сафар

Адади хурдтарини дураќама

Дўстдоранда, дилбохта

Сабзавоти сурх

Сурат, тасвир

САНҶИШИ ДОНИШ

Номи русии Русия

Баба … аз афсонањои рус

Бањои 5

Талабкунанда

Кишвари араб, ватани Саддом Њусейн

Шоњи оќил аз «Шоњнома»

Гадо

Табрик

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

Абуалї …и Сино

… Гадо, иљрокунандаи наќши Суњроб

Дарахти сўзанбарг

Сканворд

Аловиддин …, актёри њаљвї

Номи падарњои Ленин ва Брежнев


16

 СЕҲРИ ХОМА

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Адовати наҷотбахш

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №48 (9474), 01.12.2016

- Ана ин хел вирус пештар надоштам! – гуфт домод, вақте ки назди компютер хушдоманашро дид.

Агар ту душман надорӣ, пас бадбахте беш нестӣ (Т. ФУЛЛЕР).

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

***

Сардор як нафар корманди муассисаро назди худ даъват карда гуфт, ки аз болои ӯ ариза навиштаанд, ки ӯ чанд зан дорад. - Ин тӯҳматро кӣ навиштааст? - гуфта ғавғо бардошт корманди муассиса. - Занатон! - ҷавоб дод сардор. - Кадомаш? - пурсид ӯ беихтиёр.

Душманонатонро дӯст доред, чунки онҳо барои шинохтани худ ва дигарон, барои ба сахтиҳо тобовар шудану назди мушкилиҳо сар нафаровардан ба шумо кӯмак менамоянд. Сокинони мамлакате ба хурофот ва тақдири азалӣ эътимоди зиёд доштанд. Он ҷо одати маъмулие роиҷ буд. Ба ҳар нафари ба марг маҳкумшуда пешниҳод мешуд, ки қуръа кашад. Дар дохили халтачае ду барг гузошта мешуд, ки яке навиштаҷоти «Ҳаёт» ва дуюмӣ навиштаҷоти «Марг» дошт. Агар шахси маҳкумшуда барги якумро мекашид, ӯро авф мекарданд. Агар барги дуюмро мекашид, ӯро дарҳол ба қатл мерасонданд. Ҳамин тариқ, дар дили ҳар маҳкумшуда то лаҳзаи охири умр шуълаяки умеде медурахшид. Иттифоқан марде ба амале манфиатнок камари ҳиммат баст ва кору бораш тадриҷан барор мегирифту равнақ меёфт. Аммо чун ҳамеша барору нобарориҳо пайи ҳам меоянд, ҳасудону бадхоҳоне пайдо шуданд, ки нахуст он шахсро бо туҳмату буҳтон зиндонӣ намуданд, сипас ба марг маҳкумаш карданд. Чун онҳо медонистанд, ки барои ҳар гунаҳкор имконияти зинда мондан вуҷуд дорад, онҳо бо роҳи пинҳонӣ аз дохили халта баргеро, ки навиштаҷоти «Ҳаёт» дошт, дуздиданд ва он ҷо барги дигареро андохтанд, ки он низ навиштаҷоти «Марг» дошт. Ҳамин тариқ, барои он шахс душманонаш имконияти зинда монданро барҳам доданд. Ӯ кадом баргеро, ки мегирифт, ӯро ҳукми қатл интизор буд. Аммо ин шахс дӯстоне низ дошт, ки аз ин кирдори душманон огаҳӣ ёфтаву ба зиндон ба назди ӯ омада, ҳама воқеиятро барояш ошкор намуданд. Ӯ акнун медонист, ки дар дохили халтача дуто барги «марговар» ӯро интизор аст. Дӯстонаш ба ӯ маслиҳат доданд, ки ҳамаро ба қозӣ нақл кунад ва талаб кунад, то халтачаҳои қуръадорро тафтиш кунанд. Аҷиб, ки он нафари маҳкумшуда аз ин хабар хурсанд шуд ва хоҳиш кард, ки ба касе дар ин хусус даҳон накушоянд ва илова кард, ки ана ҳамин ӯро наҷот хоҳад дод. Дӯстонаш бошанд, гумон карданд, ки пеш аз марг ақли ӯ тира шудааст, вале ӯ онҳоро розӣ кунонд, то хомӯш бошанд ва ин сирро пинҳон доранд. Рӯзи дигар он шахс қуръа кашиду… озод гардид. Ҳам дӯстону ҳам душманонаш, ки аз воқеият огаҳӣ доштанд, дар тааҷҷуб монданд: чӣ гуна ба ӯ муяссар гашт, ки аз чунин вазъияти мураккаб раҳоӣ ёбад? Он шахс чунин карда буд: баргро аз дохили халтача берун бароварда, онро нахонда, дарҳол фурӯ бурд. Қозӣ бошад, илоҷи дигаре наёфта, барги дар дохили халтача бударо бароварда, нигарист ва ба чунин хулоса омад: модоме ки дар ин ҷо «Марг» навишта шудааст, пас маълум мешавад, ки ин мард барги навиштаҷоти «Ҳаёт» доштаро гирифтааст. Ҳамин тариқ, душманон барои он мард марги ҳаққониро омода намуда, ғайри ихтиёр ӯро аз марг наҷот доданд.

МЕҲРОБ АЗИМОВ

***

Занги телефонӣ ба радио: - Ассалому алейкум! Ман имрӯз аз бозор ҳамёне ёфтам, ки дар дохилаш 200$, 1200 сомонӣ ва шиноснома бо номи Сангов Саид аст. Аз Шумо хоҳиш дорам, барои ӯ ягон мусиқии шӯх монед.

***

Аз як марди коргурез пурсиданд: - Айб нест, ки шумо соли дароз кор накарда, аз музди меҳнати занатон рӯз мегузаронед? Марди коргурез гуфт: - Парвардигор ризқи мани бечораро дар пешонии занам навишта бошад, гуноҳи ман чӣ?

***

- Оё ҷанги ҷаҳонӣ мешавад? - Не намешавад, аммо мубориза барои сулҳ чунон авҷ мегирад, ки ҳама ба хок яксон мешавем.

***

Зане ба духтур муроҷиат карда мегӯяд: - Вақтҳои охир ба писарам чизе шудааст. Рӯзи дароз дар назди хона нишаста қумбозӣ мекунад. - Ҳеҷ гап не, шумо ташвиш нашавед. Ҳамаи писарбачаҳо дар ин синну сол қумбозӣ мекунанд, - мегӯяд духтур. - Ман-ку ташвиш намешавам, лекин занаш мумкин аз хона баромада равад, - мегӯяд зан.

Андарз: набояд фаромӯш кард, ки агар шуморо душманону бадхоҳоне ҳаст, пас шумо арзандаи он ҳастед, ки ба шумо ҳасад баранд. Ҳама шахси боистеъдоду хуштолеъ ҳамеша ҳасудону бадхоҳон дорад, танҳо ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки онҳо соҳиби ҳама гуна истеъдод нестанд.

Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

 ОБУНА - 2017

 ЭЪЛОН

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Соҳибкори инфиродӣ Меликов Хайрулло (РЯМ 0330010617), ки аз 16.03.2010 дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Билети донишҷӯии №38216, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 2016 ба Ҳоҷиев Ойбек додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Соҳибкори инфиродӣ Раҳмонова Бибисоро Дӯстовна (РЯМ 20130001491), ки соли 2009 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Аттестати гумшудаи №7074, ки Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 5-и шаҳри Душанбе соли 1980 ба Мансурова Зулфира Шайхуровна додааст, эътибор надорад.

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6500 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.