javononi tojikiston/#49/2015

Page 1

Уфти ҳавопаймои “Су-24” ва “ҷанги” Туркияву Русия

 ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

1

Манучеҳр Ҷалилов – футболбози соли 2015

е-mail: javonontj@mail.ru

№49, (9423), 10 декабри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад

 НАБЗИ ҶАҲОН

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

 ҲАФТ РӮЗ 03.12.2015 Дар Театри давлатии академӣ-драмавии Лоҳутӣ бо ибтикори Раёсати ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Фонди махсуси маъюбони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил шуд. Аз ҷониби ин ташкилот ба маъюбон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. 04.12.2015 Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бо хонандагони МТМУ рақами 25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мулоқот карда, оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, бемориҳои сироятии ВНМО, пешгирӣ ва паст намудани зӯроварии хонаводагӣ маълумот доданд.

05.12.2015 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс Картер мулоқот карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдорро баррассӣ карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, аз ҷумла навсозии НБО «Норак» зоҳир карда шуд. 06.12.2015 Бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии “Зебунисо” мавриди истифода қарор гирифт, ки барои 150 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. 07.12.2015 Дар кишвар заминларза рух дод, ки мар-

казаш водии Бартанги ВМКБ гуфта шуд. Дар натиҷаи заминҷунбии 7-балла 600 манзили сокинон пурра ва 100 хонаи дигар қисман хароб шудааст. 08.12.2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо заминларзаи 7 декабр бо раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияи вилоят суҳбати телефонӣ анҷом дода, супориш дод, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию либос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

www.javonon.tj

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 МАВЗӮИ РӮЗ

09.12.2015 Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил шуд.


2 Ифтитоҳи Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии “Ҳаёт”

е-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

АХБОРИ ҲАФТА

6 декабр дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии “Ҳаёт” мавриди истифода қарор гирифт. Дар саҳни ҳавлии он парки обии болопӯшидаи замонавӣ сохта хоҳад шуд, ки дар ҳамаи фаслҳои сол истифода мешавад. Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии “Ҳаёт”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба меъёрҳои хизматрасонии дараҷаи 5 ситора сохта шуда, дар Тоҷикистон беҳамто аст. Дар марказ наздики 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Мавриди зикр аст, ки марказ шабонарӯзӣ фаъолият карда, имкон аст дар 24 соат 2000 нафар мизоҷ аз хизматрасонии сатҳи баланд дар он баҳравар гарданд. Дар ошёнаҳои аз якум то

панҷум тамоми шароит барои мардону занон муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якум унсурҳои беҳтарини ҳамомҳои финӣ, русӣ, туркӣ бо буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзи оби хунук ва ҳуҷраи барфӣ барои салқиншавӣ баъд аз баромадан аз буғхонаҳои дорои ҳарорати баланд, ҳавзҳои хурду калони зиёд барои шиноварӣ ва масҳи гуногуни зериобӣ ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳази масҳи бадан ҷойгиранд. Ҳаммоми махсуси марокашӣ, ки бо завқу салиқаи баланд барои мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст, басо ҷолибу диданӣ ва дилкашу зебо ва ҳам дорои шароити беҳтарин барои шустушӯй, оббозӣ, масҳи бадан ва истироҳату фароғати тану ҷон аст.

Дар ошёнаҳои дигари марказ толорҳои гуногуни масҳи бадан фитнес, сақозанӣ ё билярд, тенниси рӯи миз, толори махсус барои бозии электронии голф тавассути онлайн бозиҳои - 3Д голф ва ошхона бо хизматрасонии тарзи шведӣ ҷойгиранд. Ҳангоми шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар Маркази солимгардонию тавонбахшии “Ҳаёт” Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори бинокорон ва иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки чунин иншоот дар мамлакат оянда бештар мешаванд, то ки дар онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонону сайёҳони хориҷӣ имкони истироҳату фароғати сатҳи баланд дошта бошанд.

Аввалин ҷаласаи Комиссияи Ҷоизаи Президент доир шуд

www.javonon.tj

7 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ, ҷаласаи шӯро доир гашт. Дар он аъзои шӯро, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату идораҳо ва федератсияҳои варзишӣ ширкат доштанд. Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иброз дошт, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол ба сол рушд карда истодааст, ки боиси хушнудист. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оид ба иҷрои Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 маърӯза карда, аз ҷумла гуфт: - Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳо қабул ва амалӣ намуда, кӯшиш дорад, баҳри мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми шароити заруриро фароҳам оварад. Аз ҷумла тайи панҷ соли охир 1381 адад иншооти варзишӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ сохта шуд. Инчунин, 1059 адад иншооти варзишӣ таъмиру тармим гардид. Бо супориш ва ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин Маркази омодагии олимпӣ таъсис ёфт. Инчунин, ҷиҳати таъсиси курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳия гардида, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Раиси кумита тазаккур дод, ки дар ин давра аз ҷониби кумита 256 нафар варзишгар, аз ҷумла, 23 нафар бонувон ба 58 чорабинии байналмилалӣ сафарбар шуданд. Варзишгарон ҳам давоми

нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 499 медал, аз ҷумла, 163 тилло, 155 нуқра ва 181 биринҷӣ гаштанд. Боиси хушнудист, ки ба даст овардани шумораи медалҳо аз рӯйи намудҳои варзиши олимпи ба тадриҷ зиёд шудааст. Сол ба сол баргузории чорабиниҳои варзишӣ бештар ва сатҳу сифати он беҳтар гардидааст. Масалан, дар соли ҷорӣ дар кишвар бисёр мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ доир шуд, ки дар он 8957 нафар варзишгар, аз ҷумла, 1741 нафар бонувон иштирок доштанд, ки нисбат ба соли 2014 2188 нафар варзишгар, аз ҷумла 695 нафар бону зиёд аст. А. Абдуллозода бо хушнудӣ зикр кард, ки соли 2015 баҳри ҳавасмандии варзишгарони бомаҳорат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба имзо расид. Вобаста ба ин дар раванди

сафарбаркунӣ ва хулосабарорӣ аз натиҷаи иштироки варзишгарон дар хориҷи кишвар маълум гардид, ки 20 нафар варзишгар меъёрҳои ҷоизаи мазкурро иҷро намуда, ба ҷоизаи Президент пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла: 1. Дилшод Назаров, барандаи ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Чин; 2. Мавзуна Чориева, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё оид ба бокс дар Чин; 3. Шоира Зулқарнаева, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё оид ба бокс дар Чин; 4. Ҷаҳон Қурбонов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё оид ба бокс дар Чин; 5. Хуршед Маҷидов, барандаи ҷойи якум дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Чин ва ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон; 6. Аҳмадҷон Саидов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни наврасон; 7. Фаррухи Салим, барандаи ҷойи аввал дар чемпионати Осиё

оид ба дзюдо байни ҷавонон; 8. Муҳаммадраҳим С., барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо байни наврасон; 9. Багутенко Малика, барандаи ҷойи якум дар чемпионати Осиё оид ба тирпаронӣ байни ҷавонон; 10. Шаҳриёр Даминов, барандаи ҷойи якум дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ байни ҷавонон; 11. Сабрина Ҷӯраева, барандаи ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи машқҳои инфиродӣ оид ба таэквандо (ITF); 12. Баҳромҷон Гадоев, барандаи ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF); 13. Масрур Сатторов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринг оид ба таэквандо (ITF); 14. Алишер Ахмедов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринг оид ба таэквандо (ITF) ва ҷойи сеюм аз рӯйи спаринги даставӣ; 15. Муҳаммадҷон Наимов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринг оид ба таэквандо (ITF) ва ҷойи сеюм аз рӯйи спаринги даставӣ; 16. Зиёратшоҳ Шамолов, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринги даставӣ оид ба таэквандо (ITF); 17. Далер Тураев, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринги даставӣ оид ба таэквандо (ITF); 18. Беҳрӯз Набиев, барандаи ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринги даставӣ оид ба таэквандо (ITF); 19. Садриддин Яқубов, ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи спаринги даставӣ оид ба таэквандо (ITF);

20. Набимуҳаммад Хоркашов, барандаи ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш; 21. Акмалиддин Каримов, барандаи ҷойи дуюм дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш. Ёдовар мешавем, ки тибқи меъёрҳои Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ барои медали тилло – 300 000 сомонӣ, нуқра – 250 000 ва биринҷӣ – 200 000 сомонӣ хоҳанд гирифт. Варзишгароне, ки аз Бозиҳои Осиё медали тилло меоранд, бо 150 000 сомонӣ, нуқра – 100 000 ва биринҷӣ 50 000 сомонӣ сарфароз мегарданд. Барои медали тиллои универсиадаи умумиҷаҳонӣ 50 000 сомонӣ, нуқра – 40 000 ва барои медали биринҷӣ 30 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ (чемпионати ҷаҳон – тилло – 200 000, нуқра – 150 000, биринҷӣ – 100 000, чемпионати осиё – 75 000, 50 000, 25 000) ва мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ (чемпионати ҷаҳон бо иштироки варзишгарони на камтар аз 70 давлат – тилло – 50 000, нуқра – 40 000, биринҷӣ – 30 000, чемпионати Осиё бо иштироки варзишгарони на камтар аз 30 давлат – тилло – 25 000, нуқра – 20 000, биринҷӣ – 15 000) дарёфт мекунанд. Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соли 2016 тасдиқ шуд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


МУШКИЛИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

Ҳарчанд хабарҳои ба ҳалокат расидан ё худкушӣ кардани одамонро дар ҳолати мастиашон тақрибан ҳар рӯз мутолиа мекунам, вале гумон доштам, ки дар ҷомеаи мо нафарони ба хотири нӯшокии спиртӣ ҳамсар ва фарзандонашонро латукӯб намуда, аз хона берун мекунанд, кам гаштаанд. Вале манзараеро, ки дар низди истгоҳи Сирк дидам, то ҳол фаромӯш карда наметавонам.

Манзумаи ФИРӮЗ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

ба бемориҳои саратон ва сироз гирифтор мешаванд, ки ба тамоми ҷомеа таъсир мерасонад. Машрубот рӯҳан ва ҷисман ба инсон зарар расонида, дар оила боиси шиканҷаи наздикон мегардад ва бештари садамаҳои нақлиёт ва ҷиноятҳои гуногун аз таъсири машрубот ба амал меоянд. Мирзошариф Одинаев, мутахассиси соҳа мегӯяд, барои пешгирии бемории майзадагӣ доруи “Тетуран” пешниҳод мешавад, ки дар зери пӯсти бемор гузошта мешавад. Доруи мазкур хосиятҳои худро дорад. Масалан, дар инсон дилбеҳузурӣ, қай кардан ва баландшавии фишори хун намоён мешавад. Шахсе, ки ба шаробнӯшӣ машғул аст, тарсида дигар шароб истеъмол намекунад”. Таманно, ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки чанд маротиба шавҳараш табобат гирифт аммо шаробнӯширо бас накрдааст. “Аз дасти шаробнӯшиаш дигар безор шудем ӯро ба Маркази наркологӣ барои табобат бурдем. Чанд вақт табобат гирифт ва беҳтар шуд. Бародарони шавҳарам ба ӯ гуфтанд, ки дигар шароб нанӯшад духтурон дар бадани ӯ доруи махсуси зиддӣ майнӯшӣ гузоштаанд, ки метавонад ҳангоми истеъмоли шароб фавтад. Аз миён ним сол гузашт ва боз нӯшиданро оғоз кард. Баъдан муайян шуд, ки дар бадани ӯ дору нагузоштаанд”. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин охирин марҳилаи табобати беморони майзада будааст. Дар муҳлати муайяншуда агар бемор нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намояд, доруи мазкур хуни беморро таҳрик медиҳад ва кори узвҳои асосии бемор, ба монанди дил, гурда, ҷигар, нафас ва мағзи сари ӯро зери фишор нигоҳ медоранд, ки истеъмоли шароб метавонад шахсро ба бемориҳои гуногун дучор кунад. Ягона илоҷ муборизаи оқилона бар зидди майзадагист ва бо тамоми ҳастии худ бояд бикӯшем, ки сафи чунин афродро дар ҷомеа коҳиш дода, онҳоро ба зиндагии осуда ҳидоят намоем. Бигзор дигарбора барои “барори кор” ва “таманиёт” қадаҳ боло накунем ва ҷавононро низ ба ин амал одат накунонем. Нагузорем, ки аз арзишҳои муқаддаси динӣ, одаму одамгарӣ канор монда, побанди шароб гардем.

Ба назари ҷомеашинос Умеда Ахмедова, ҳар амали худкушӣ бо сабабу омили муайян сурат гирифта, яке аз сабабҳои худкушӣ кардани одамон надоштани донишҳои дурусти динӣ мебошад. “Вақте инсон имон дорад, гузашта аз ин имони комил дорад, ҳеҷ гоҳ ба ҷони худ, ки амонат аз Худованд аст, қасд намекунад, яъне амонатро хиёнат намекунад. Масалан, баъзеҳо бо сабабҳои муайян қарздор мешаванд ва қарзро пардохт карда наметавонанду роҳи халосиро дар худкушӣ мебинанд, ки ин ҳам аз мукаммал набудани имон аст”. Худкушӣ аз нигоҳи дини мубини Ислом гуноҳи кабира мебошад. Равонпизишкон мегӯянд, бештари худкушиҳо дар синни аввали ҷавонӣ рӯй медиҳад. Чун дар ин давра организми инсон дар инкишофи номутаносиб қарор дорад. Яъне ҷисм калон мешаваду имкониятҳои ақлию психологӣ не. Маҳз ҳамин номутаносибӣ боиси ба вуҷуд омадани ҳолатҳои гуногуни манфии рӯҳӣ мешавад. Баъдан ҷавонон дигар аз ҳамин ҳолат баромаданашон душвор аст. - Ҳаёт саросар аз пастию баландиҳо, нокомию комёбиҳо, хушҳолию ғамгиниҳо иборат аст ва инсон дар ин баҳри пурмоҷаро бояд тавассути ақлу заковат ва донишу маърифат шиноварӣ карда, ба соҳил саломат барояд. Дар зиндагӣ ҳадаф доштан муҳим аст, чунки инсони беҳадаф маънии зиндагиро дарк карда наметавонад. Агар аз шахси ба ҷони худ қасдкарда пурсида шавад, ки чаро ба ин кор даст мезанад, ҷавобаш ҳамин мешавад, ки зиндагӣ барои ӯ дигар маъно надорад”, - мегӯяд равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов. Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ соли 2014 550 сокини кишвар даст ба худкушӣ задаанд. Ҳарчанд ин омор дар муқоиса ба соле қабл 18 маврид камтар бошад ҳам, ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дар шаш моҳи соли равон дар натиҷаи ҳодисаҳои худкушӣ 265 нафар фавтида, 61 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. (Яъне амали 61 нафар дар рафти даст задан ба худкушӣ пешгирӣ шудааст.) Аз 326 нафар шахсони соли равон даст ба худкушӣ зада 64 нафарро ноболиғон ва 83 нафарро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд. Ба иддаои равонпизишкон, мавориди худкушии мардон аз занон ва занон аз ноболиғон аз ҳам фарқ доштааст. Мардон аксаран бо сабаби таъмин карда натавонистани хонавода аз лиҳози иқтисодӣ ва мушкили нодорӣ, бонувон бошанд, асосан бар асари хушунат ва зӯроварии оилавӣ, ноболиғон бо сабаби фишорҳои равонӣ ва муносибати бадхашмонаи бузургсолон даст ба худкушӣ мезадаанд. Аз нигоҳи олимони дунё худкушӣ рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқию иҷтимоии равонии шахс ба ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд. Яъне инсонро мушкиле пеш меояд, ки барои ҳалли он чорае намебинад ва ба ноумедӣ гирифтор шуда, дар натиҷа даст ба худкушӣ мезанад. Ҷанбаи равонии худкушӣ, пеш аз ҳама маъюсӣ ва ноумедист. Боиси нигаронист, ки солҳои охир шумораи нафарони даст ба худкушӣ зада дар ҳоли афзоиш буда, дар баъзе кишварҳои ҷаҳон он ба яке аз проблемаҳои асосӣ мубаддал гардида истодааст. Бино ба омори расмии ҷаҳонӣ кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи баланди худкушӣ ба мушоҳида мерасад, инҳоянд: Чин - 300 ҳазор нафар дар як сол, Ҳинд - 160 ҳазор, Амрико - 37 ҳазор, Русия - 30 ҳазор, Ҷопон - 30 ҳазор ва Фаронса - 16 ҳазор кас. Гарчанде дар ҷумҳурии мо шумори нафарони даст ба худкушизада нисбат ба кишварҳои боло зиёд нест, вале бо вуҷуди ин нигаронкунанда аст. Бинобар ин ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдор барои пеши роҳи ин амалро гирифтан тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз 1 июли соли 2004 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ” ба тасвиб расид. - Барои пешгирии худкушӣ машваратҳои психологӣ гирифтан лозим. Мардум бояд маърифати баланд дошта бошанд. Аксари нафароне, ки ба мушкилоти ҳаётӣ рӯ ба рӯ мешаванд, роҳи халосиро дар худкушӣ мебинанд. Дар кишварҳои Ғарб, вақте як нафар ба мушкилот гирифтор мешавад, ҳатман ба равоншинос муроҷиат менамояд. Васоити ахбори омма метавонад, яке аз роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бошад. Тавассути таблиғу ташвиқ ба мардум метавон таъсири манфии онро фаҳмонд, чунки имрӯз таъсири васоити ахбори омма ба мардум бениҳоят зиёд аст, - мегӯяд ҷомеашинос Умеда Ахмедова. Ба назари равоншинос Алиаҳмад Ёраҳмадов яке аз роҳҳои пешгирӣ ин аст, ки вақте чунин ҳодиса дар маконе рӯй медиҳад, дарҳол бояд дар он ҷо фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад, то дигарон амали зишт будани худкуширо дарк намоянд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар ҳамин фасли сармо субҳи барвақт зани бузургсолтар ва ҷавондухтаре, ки бо пироҳани тунук дуртар аз истгоҳ меистоданд, аз ғояти сардии ҳаво ранги рӯйяшон кабуд гашта буду меларзиданд. Ҳар роҳгузар ба онҳо бо ҳайрат менигарист, вале онҳо гӯё чизеро пайхас намекарданд оҳиста-оҳиста қадам зада аз назди мардум дур мешуданд. Нигоҳашон басе имдодталаб буд. Суҳбат кардем. Маълум гашт, ки аз саробони хона шиканҷа дида, дар кӯча мондаанд ва маблағ барои роҳкиро надоранд. Мард ҳамсар ва духтари бузурги худро дар ҳолати мастии зиёд латукӯб карда, аз хона пеш мекунад. Зан Таманно Асадоваи 48-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, 16 сол боз бо шавҳари майзада зиндагӣ мекунад. Яъне баъди зиндагии осудаи 9-сола тақрибан 16 сол мешавад, ки шавҳараш ба майнӯшӣ дода шудааст. Фаразндони Таманно аллакай ба воя расидаанд. Номбурда мегӯяд, “ман 3 фарзанд дорам - 1 духтар ва 2 писар. Фарзандонам ба воя расидаанд ва бояд онҳоро оиладор кунам. Аз дасти падари майхораашон ҳар ҷое барои бачаҳо хостгорӣ равам, рад мекунанд. Чанд маротиба барои писарам ба хостгорӣ рафтам, аммо баъди маълумот гирифтан дар бораи оилаи мо хостгории маро рад карданд. Писари калонам ба Маскав ба муҳоҷират рафт ва бо зани рус оиладор шуд. Ман ҳамроҳи духтари 25-сола ва писари 8-солаам рӯзи хуш надорем. Шавҳарам ба хона ҳамеша маст меояд ва латукӯбамон мекунад”. Сабабҳои асосии ба майнӯшӣ гирифтор шудани сокинонро таҳлилгарон дар камбудиҳои оилавӣ, носозгории замон, хиёнати пайвандон, номардиҳои зиндагӣ, надоштани ҷойи кори муносиб ва муҳит медонанд. Сабабҳи субъективӣ бошад, ҳангоми истифодаи машрубот майзадагон худро гӯё ором эҳсос мекунанд ва муддати муайян аз ғаму дард дур мешаванд. Зоҳиран чунин менамояд, ки байни мардум истеъмоли шароб “фарҳанг” шудааст ва маъракаҳо

бе он намегузарад. Яъне бо он мефахрем, вале аз зарари он намеандешем. Мутаассифона, барои пешгирӣ аз майхорагӣ ва кӯмак ба онҳое, ки ба ин дард гирифторанд, камтар чораҷӯӣ мешавад. Ҳол он ки инсон дар ҳолати мастӣ ба тамоми корҳои бад қодир аст. Ҳатто метавонад фарзанд ва ҳамсари худро ба қатл бирасонад ё дигар амалҳои ғайриинсониро нисбаташон раво бинад. Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷиноятҳои дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифташуда дар кишвар зиёданд. Тибқи иттилои ин ниҳод зимни гузаронидани чорабиниҳои опреативӣ-ҷустуҷӯйи кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қасд ба куштор дастгир намуданд. Тавре муайян шудааст, номбурда 29 ноябр дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан ба ҳамсараш, зани 24-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ якчанд маротиба ба бадани ҳамсараш задааст. Пасон бо мақсади худкушӣ бо корди дасташ ба қафаси синаи худ низ зада, дар натиҷа зану шавҳар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Дар ҷаҳон нафарони зиёде аз майнӯшӣ азият мекашанд. Роҳҳои табобати ин беморӣ низ гуногун арзёбӣ мешавад. Мутаассифона онҳое, ки ба ин беморӣ дода шудаанд, иродаи заиф ки доранд, баъд аз табобат такроран ба шароб рӯ меоранд, ки баъзан истеъмоли зиёди май ба марг оварда мерасонад. Гуфта мешавад, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 5 миллиард нафар нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад. Тадқиқот муайян намуд, ки дар Тоҷикистон камтарин нишондоди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар ҷаҳон аз бемориҳои СПИД, сил ва истеъмоли маводи мухаддир дида, фавти афроди майнӯш бештар будааст. Коршиносон изҳор намудаанд, ки 5,9 фоизи сабаби фавти одамон дар ҷаҳон бевосита ба истеъмоли машрубот вобаста аст. Табибон бар онанд, ки дар ҳолати истеъмоли зиёди машрубот инсон

Ба худкушӣ даст задани одамон аз зуҳуроти нангини ҷаҳони имрӯз аст. Ҳар сол дар ҷаҳон як миллион нафар ба ҷони худ қасд карда, ба ҳолакат мерасанд. Ба қавли коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, агар соли 1998 худкушӣ 1,8 фоизи фавти умумии аҳолии дунёро дар бар мегирифт, он соли 2020 ба 2,4 фоиз хоҳад расид. Тибқи омори ҷаҳонӣ ҳар рӯз дар дунё 160 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Агар онро ба 366 рӯзи як сол ҳисоб намоем, ба 58 миллиону 560 ҳазор нафар баробар мешавад...

е-mail: javonontj@mail.ru

Мастӣ ҳам ҳадде дорад…

Ба ҷони худ раҳм кунед!

3


е-mail: javonontj@mail.ru

4

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

минатдории худро ба Эмомалӣ Раҳмон, пешвои миллат ва асосгузори сулҳ мерасонам, ки моро мисли фарзандони хеш ба воя расониданд. Мо ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос намекунем. Дар назди худ мақсад гузоштаам, ки баъди хатми коллеҷ, дар сафи Қувваҳои Мусалаҳ фаъолият намоям. Мисли он ҷавонмардоне, ки дар сарҳад шабу рӯз бедорхобӣ мекашанд, то мо ором хобем, хизмат мекунам. Кӯшиш мекунам, ки сазовори номи ҷавонмарди ин Ватан бошам”.

Шодихони НАЗАР, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз намегузорад, ки ятимон ва кӯдакони бепарастор, шахсони пиронсолу барҷомонда ва маъюбону муҳтоҷон хору зор шаванд, худро дар зиндагӣ яккаву танҳо, бепарастор ва беҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар барои беҳтару хубтар намудани шароити тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ятимон ва кӯдакони бепарастор тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз 12 январи соли 2008, тибқи амри Президенти мамлакат дар баробари маблағҳое, ки аз буҷети давлат барои таъминоти мактаб-интернатҳо пешбинӣ мешаванд, ҳамчунин вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба ҳайси сарпараст барои расонидани кӯмаки доимӣ ба ятимону бепарасторон ва муассисаҳои итернатию хонаҳои бепарасторон вазифадор карда шудаанд. Хайру саховат, дастгирию навозиши бепарасторону ятимон яке аз хислатҳои мусалмонӣ ба ҳисоб меравад. Худованд дар сураи “Нисо”, ояти 36 мефармояд: «Ба падару модар, хешону ҳамнишинони наздик, ятимону гадоён ва мусофирон накӯкорӣ кунед!». Такя ба ин фармудаҳои Парвардигор бузургон дар бобати меҳрубонию дастгирии ҳамдигар чунин гуфтаанд: «Дилеро ба даст овардан бароба-

“Мо танҳо нестем!” ри тавофи хонаи Худо кардан аст». Дасгирии ятимону барҷомондагон вазифаи ҳар як фарди мусалмон аст. Дасти ёрие, ки ҷониби ятимон дароз карда мешавад, беподош намемонад. Зеро Худованд дар сураи “Анъом” мефармояд: “Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош медиҳем”. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳри амалӣ намудани амри Президенти кишвар дар бораи сарпарастии ҷавонони бепарастору камбизоат чораҳои зарурӣ андешида, ёрии ҳамаҷонибаи худро ба ҷавонони ятиму барҷомонда мерасонад. Шабрин Артур, Бахтиёр Соҳибназаров, Сиёвуш Назаров ва Януш Суюнов симои падару модари худро дар хотир надоранд. Онҳо дар мактаб-интернати №1-и ноҳияи Сино ба воя расидаанд. Навозишу меҳрубонии Ҳукумати кишвар онҳоро то дараҷаи ҷавонмардӣ расонд. Навозиши падару модарро аз муаллимону тарбиятдиҳандагони мактаб-интернат гирифтанду мисли фарзандони як модар ба

воя расиданд. Онҳо то ҳол набудани падару модарро эҳсос накардаанд. Зеро Ҳукумати кишвар барои онҳо нақши падару модарро мебозад. Айни ҳол дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил доранд. Ин ятимон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар байни дигар таҳсилгирандагони коллеҷ бо рафтору одоби намунавӣ фарқ мекунанд. Рӯзе, ки мо ба суроғи ин ҷавонон рафтем, онҳо дар тамрин буданд. То аз тамрин баргаштани онҳо мо аз донишҷӯёни хобгоҳ дар бораи хислату рафторои онҳо пурсон шудем. Ҳама мегуфтанд, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо гашта наметавонанд. Бо ҳамин хислат байни дигар ҷавонон муаррифӣ гаштаанд. Баъди ҳозир шудан ба хобгоҳ суҳбати мо аз суоли ҳамеша якҷо будани онҳо оғоз гардид. Шабрин Артур: “Ман аз замоне, ки худро мешиносам, дар мактаб-интернати №1 бо ҳамин дӯстонам будам. Мо мисли бародарони як оила, дар як муҳит ба

 ВАО

Мушкилот ва дурнамои журналистикаи чандрасонаӣ www.javonon.tj

4 декабри соли равон дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо” баргузор гашт. Дустмурод Бобоев, дотсенти ДМТ иброз дошт, ки аввалин маротиба истилоҳи “бисёррасонаӣ” (мултимедия)-ро соли 1965 Боб Голдштейн истифода бурд. Ӯ ин истилоҳро барои шоу-барномаи худ, ки ҷадвали барнома аз мусиқӣ, ороиши барқӣ ва филм иборат буд, ба кор бурд. Номбурда изҳор дошт, ки журналистикаи бисёррасонаӣ шакли муқарраршудаи маводи

журналистӣ, моли расонавие, ки ба як матн мутааллиқ буда, дар худ якчанд қолаб: акс, видео, матн, ҷадвал ва интерактивро дар бар мегирад. Дар конфронс, инчунин, профессор Мурод Муродов, раиси ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, директори генералии ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур, профессор Ҷовид Муқим, Саидмуъмин Мардонов,

аспиранти ДМТ ва дигарон доир ба проблемаҳои таълими касбӣ дар шароити шаклгирии журналистикаи чандрасонаӣ, мушкилоти рушди журналистикаи чандрасонаӣ ва муаммоҳои таъсири мутақобилаи сомонаҳои интернетӣ ба нашрияҳои чопӣ дар Тоҷикистон маърӯза намуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

воя расидем. Инҳо бародаронам мебошанду муаллимон падару модарам. Мо дар беҳтарин муҳит тарбия ёфтем. Вақте ки дар мактаб-интернат таҳсил менамудем, Сарвари давлат бевосита худашон ба назди мо меомаданду аз аҳволи мо пурсон мешуданд. Дар иду ҷашнҳо намояндагонашонро равон мекарданд, то аз аҳволи мо огаҳӣ пайдо кунанд. Баъди хатми мактаб-интернат мо ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дохил шудем. Дар коллеҷ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Тамоми шароит барои мо ройгон фароҳам оварда шудааст. Мо то ҳол худро танҳо эҳсос накардаем. Баъд аз дарс дар клуби “Истиқлол” байни ҷавонон дар ҳайати эҳтиётии даста тамрин мекунам. Кӯшиш мекунам дар оянда ба некиҳое, ки давлат барои мо ятимон кардааст, сазовор бошам. Муарифгари миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон хоҳам шуд”. Бахтиёр Соҳибназаров: “Ман ин фурсатро истифода намуда,

Сиёвуш Назаров: “Мактабинтернат бароям мисли хонаи падару модар аст. Рӯзҳои истироҳат барои дидани дӯстон меравам. Муаллимонам меҳри падару модарро ба ман додаанд. Онҳоро зуд-зуд пазмон мешавам. Баъди дохил шудани мо ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дӯстонам, ки дар мактаб-интернат таҳсил мекунанд, мақсад гузоштаанд, ки назди мо меоянд. Мо мисли бародарем, аз ҳамдигар ҷудо шудан бароямон мушкил аст. Вақте ба назди онҳо меравам, шавқу рағбати зиёд ба соҳаи варзиш ва ҳарбӣ доранд. Ман бисёр мехостам, ки дарсҳои ҳарбӣ ва варзишӣ дар мактаб-интернат зиёдтар таълим дода шавад. Шояд аз миёни ятимон ҳам беҳтарин варзишгарону низомиён ба воя расанд”. Януш Суюнов: “Минадори худро ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мерасонам, ки аз аҳволи мо дар коллеҷ пайваста хабар мегиранд. Мо чор бародар аз ҳамдигар ҷудо гашта наметавонем. Аз байни мо Артур шомили бошгоҳи футболи “Истиқлол” аст. Шавқу рағбати мо ҳам ба футбол зиёд мебошад. Умедворем, ки ба ҳайати тими ҷавонони “Истиқлол” шомил мешавем. Мо зиёд мехоҳем, ки дар як тим бозӣ кунем. То имрӯз, тамоми нозҳои моро Ҳукумати кишвар мисли фарзанди эркаи хона бардоштааст. Боварӣ дорем, ки ин орзуямон ҳам амалӣ мегардад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ин некиҳои миллату давлат ҷавоби сазовор гардонем”.


ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“

Болоравии қурби долларро чӣ тавр боз дорем? Мир НИЁЗОВ, бонкдор: - Аслан қурби доларро Бонки миллӣ муайян мекунад. Бояд дар нуқтаҳои хариди қурби асъор аз 682 сомонӣ боло ва фурӯши он аз 684 сомонӣ зиёд набошад. Хариду фурӯш бояд қонунӣ бошад ва агар нафаре берун аз қонун амал кунад, дастгир мешавад ва ба ҷазову ҷарима маҳкум мегардад. Барои он ки қурби доллар поён равад, бояд маҳсулоти дохилиро зиёд кард. Агар заводу фабрикаҳо кор карда, маҳсулоти ватанӣ истеҳсол ва дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш барояд, дар ин ҳолат қурби доллар худ аз худ паст мешавад. Масалан, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки истеҳсолоти хуб дорад, ба онҳо болоравию пастшавии қурби доллар таъсир намерасонад. Дар ҷумҳурии мо истеҳсолот ки суст аст, баландшавии қурби долларро наметавон пешгирӣ кард. Мустафо ҶОНАЛОЕВ, иқтисодчӣ: - Бояд Бонки миллӣ талаботи дохилиро ба доллар барҳам диҳад. Курси долларе, ки Бонки миллӣ муайян кардааст, агар онро бо асъори худӣ, яъне сомонӣ қабул кунем, талаботи дохили нисбат ба доллар кам мешавад. Омили дигар муҳоҷирати меҳнатист. Агар раванди муҳоҷират коҳиш ёбад, воридоти маблағ камтар шуда, ин ба гардиши фабрикаҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳам ба раванди беқурбшавии пул таъсир мерасонад... Шуъбаи матбуот ва тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон: - Пӯшида нест, ки дар чанд рӯзи гузашта вазъи бозори дохилии асъор ноустувор гашта, қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ якбора баланд шуд. Идома ёфтани

буҳрони сиёсӣ - иқтисодӣ ва ноустувории молявӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар шарикони кишварамон ва мамлакатҳои ҳамсарҳад таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, алалхусус ба бозори асъори дохилӣ расонида истодааст. Масалан, тибқи таҳлилҳои охир аз оғози сол то 4 декабри соли равон қурби расмии сомонӣ аз 5,3074 сомонӣ то ба 6,7637 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 27,4% коҳиш ёфтааст. Қурби нақдии доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то ба 7,18 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ё 31,3 фоиз баланд шудааст. Танҳо бо як таваҷҷуҳи рӯякӣ ва қиёс кардани рақамҳои поён метавон дарк кард, ки бо вуҷуди доштани иқтисодиёти пуриқтидор, захираҳои калони тиллоию асъорӣ ва истифодаи онҳо ҳангоми ба миён омадани фишорҳои қурбӣ, дар соли 2015 аксари асъорҳои миллии давлатҳои дунё нисбат ба доллари ИМА беқурб шудаанд. Аз ҷумла дар ин давра қурбҳои евро ба андозаи 12,4%, рубли русӣ 12,7%, тангаи қазоқӣ 68,6%, рубли белорусӣ 51,5%, юани чинӣ 2,9% ва йени ҷопонӣ 3,1% коҳиш ёфтаанд. Бонки милли Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағирёбии муътадилии қурб як қатор чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Тайи бештар аз як ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои кории муштарак бо мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ назорати ҳамарӯзаи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ анҷом дода истодааст. Дар натиҷа, то имрӯз нисбат ба 38 нафар корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ парвандаҳо кушода шуда, аз моликони онҳо - бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии амонатии хурд ҷаримаҳои калон ситонида шуданд. Бо мақсади ҷорӣ карданӣ тартиби нави анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ то охири соли ҷорӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилотҳои қарзӣ, дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк анҷом дода мешавад.

5

 НИГАРОНӢ

“Ҷиҳод”-и ДИИШ бо дасти душманон сурат мегирад Таҳдиду хатари терроризму ифротгароӣ аз ҳар вақт дида бештар шудааст. Терроризм маънои даҳшат, зӯроварӣ, тарсу воҳимаро дошта, моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат овардан ва зӯровариву ситам дар ҳар давру замон ҳамчун воситаи муборизаи сиёсии гурӯҳҳои гуногуни иртиҷоӣ вуҷуд дошт. Аммо, яке аз хусусиятҳои имрӯзаи терроризми байнахалқӣ аз он иборат аст, ки он мутаассифона, дар зери ниқоби дини муқаддаси ислом ба амал бароварда мешавад, ки аслан ба ислом ягон рабте надорад.

Ҷ. ШАРИПОВ, декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

www.javonon.tj

Имрӯз тамоми гурӯҳҳои террористӣ гӯё мусулмонанду арзишҳои диниро ҳимоя мекунанд, чунончи гурӯҳи террористи ба ном “Давлати исломӣ”, ки дар қаламрави Шому Ироқ фаъолиятҳои даҳшатовар мебарад, амалиёти ҷинояткоронаи худро ҳамчун “ҷиҳод” маънидод мекунад, ки доғдор кардани дини мубин буда, маълум аст, ки бо дасти душманон сурат мегирад. Мафҳуми “экстремизм” аз маҷмӯи ғояҳо, таълимоту доктринаҳои сиёсӣ ва амалу фаъолияти радикалие таркиб ёфтааст, ки асосан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Экстремизми сиёсӣ ҳама гуна низоми сиёсию ҳуқуқиро сарфи назар намуда, новобаста ба меъёрҳои эътирофшуда фаъолияти хешро ҳақ мебарорад. Дигарандеширо инкор менамояд ва фақат арзишҳои мафкуравии хешро меписандад. Бо шиорҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона симои хаёлии душманро офарида одамонро ба саркашӣ ва шаклҳои дигари эътирози сиёсӣ даъват менамояд. Дар мавриди зарурӣ даст ба сӯиқасд мезанад. Ба гаравгирии ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кушторҳои сиёсӣ, ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз қувват гирифтани ҷараёнҳои экстремистӣ дарак медиҳад. Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар зиддиятҳои гурӯҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла давлатҳоеро, ки аксари аҳолиашон мусулмонҳо мебошанд, ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки иштирокчиёни чунин муноқишаҳо дар бисёр маврид ҷавонон буда, бо ҳаракатҳои зиддиинсонӣ на ба як ё ду давлати ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонанд, балки ба тамоми сайёра хатар доранд. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд, ки ин мардуми тоҷикро низ бетараф гузошта наметавонад, зеро дар чунин муноқишаҳои мазҳабӣ айни ҳол дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон

аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон шумораи зиёди ҷавонон ширкат доранд. Пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар солҳои охир ба омилҳои зерин вобастагӣ дорад: - Омилҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ. Яъне, гурӯҳи муайяни ҷавононе, ки дар чунин ҳизбу ҳаракатҳо иштирок мекунанд, шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ниҳоят паст дошта, аз қонунгузории давлати худ воқиф нестанд ва кирдори ҷиноии худро, ки боиси марги дигар инсонҳо мегардад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ баҳо дода наметавонанд ва дар натиҷа, нуфузи давлати худро аз ҷиҳати сиёсӣ дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон коста мегардонанд. Чунин ҷавонон аксаран ҳисси миллӣ ва хештаншиносии комил низ надошта, ба анъанаҳои неки аҷдодони худ арҷ гузошта наметавонанд. - Омилҳои динӣ. Пайвастани ҷавононро аз рӯи омили мазкур ба чанд гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: а) маълумоти пурраи динӣ надоштан ва воқиф набудан аз асли Ислом (яъне, надонистани Қуръон, ҳадис ва аҳкоми шариати исломӣ); б) таҳсили ғайриқонунӣ ва нодурусти исломӣ дар муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷие, ки кирдорҳои террористӣ ва экстремистиро дар асоси сармояи хориҷии маҳз ба ин мақсадҳо ҷудошуда тарғиб менамоянд; в) дар рӯҳияи ҷавонон тарғиб намудани идеологияи нодуруст, аз ҷумла тафсири нодурусти оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбари ислом (с) ва фатвоҳои уламои ислом оид ба ҷиҳод. - Омили иҷтимоӣ. Пайвастшавӣ аз рӯи омили мазкур дар он зоҳир мегардад, ки бархе аз ҷавонон бо сабаби мавқеи иҷтимоии худро дар байни аъзои ҷамъият муайян карда натавонистан, инчунин бо сабаби заифии ақл ва ё дар кофтукови ҷиноӣ қарор доштанашон ҳаёти минбаъдаи худро дар чунин гурӯҳҳои ҷиноӣ мебинанд. Ҳамзамон баъзеи онҳо аз мафкураи тангу надоштани ҷаҳонбинии илмӣ мавқеи худро дар ҷомеа аз даст медиҳанд. Ҳар гуна рафторро кӯр-кӯрона қабул мекунанд ва тобеи фикрҳои дигарон, ё худ одамони норизо аз ҷомеа мегарданд. Насли имрӯз баъзан ба мушкилиҳои рӯзгор ва сахтиҳои зиндагӣ тобовар нашуда, аз каме ноҷурӣ зуд мавқеи иҷтимои хешро тағйир медиҳанд. Аз нигоҳи равонӣ бошад, ташаккул наёфтани иродаи мустаҳкам ва дар муҳити маърифатӣ қарор нагирифтани ҷавонон аст. - Омили иттилоотӣ. Маҳз тавассути сомонаҳои иттилоотии тарғибгари кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ шумораи зиёди ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гаравидаанд. Шахсони манфиатҷӯ тавассути чунин сомонаҳо ҷавонони ноогоҳро бо ваъдаҳо дар бораи ҷои кори арзанда ва маблағҳои калон ҷалб намуда, сипас онҳоро ба амалиёти мусаллаҳона ба давлатҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон интиқол медиҳанд.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ду ҳафтаи охир қурби доллар дар ҷумҳурӣ башиддат боло рафт. Ба ҳадде, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, ки тибқи фармони Бонки миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” кишвар иваз кардани асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор манъ гашта, чанде аз саррофон барои хилофи нишондод амал кардан ҷарима шуданд. Ба хотири муътадил гаштани вазъ ҳоло асъори хориҷӣ танҳо дар шуъбаҳои бонкҳо иваз карда мешавад. Зимнан мусоҳибонро пурсидем:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МАОРИФ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

“Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам!” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин суханонро замоне гуфта буданд, ки аз нобасомониҳои рӯзгор ва қариб фалаҷ гардидани кори мактабу маориф бисёре аз муаллимон барои таъмини рӯзгори аҳли байт рӯ ба тиҷорату муҳоҷират меоаварданд. Музди меҳнати начандон кифояткунанда, ки он ҳам саривақт пардохт намегардид, шароити тоқатфарсову дилбазани мактабҳо, беҳавсалагию дарсгурезии шогирдон, қариб канда шудани алоқаву ҳамкории мактабу волидайн аз сабабҳои асосии рух додани чунин ҳолат маҳсуб мешуд.

www.javonon.tj

Хушбахтона, ҳамин сухани возеҳу равшан ва таъкиди қотеъонаи Сарвари давлат вазъиятро комилан дигаргун намуд. Ҳукумати мамлакат, масъулини соҳа, аҳли ҷомеа ба мактабу маориф бо дидаи ибрат назар карданд. Аз он вақт то кунун дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар мактабҳои замонавӣ бунёд ва бо воситаву таҷҳизот навтарин муҷаҳаз шуданд. Компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфта, ҳоло дар арафаи анҷомёбист. Олимони маъруфамон барномаҳои ҷолиби таълимӣ сохта, мувофиқи талаботи Консепсияи мактаби миллӣ китобҳои дарсӣ навиштанд, ки чопи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар асоси тендер бар роҳ монда шуда, сол аз сол бадошту хушсифаттар мегарданд. Кор дар самти интишори китобҳои нави дарсӣ то ба дараҷаест, ки дар саҳифаҳои аввали онҳо Президенти кишвар бо сухани раҳнамо ба толибилмон муроҷиат намуда, соядаст гузоштаанд. Ҳамин аст, ки аҳли маориф имрӯзҳо бо дасту дили гарм ва масъулиятшиносии баланд меҳнат карда, ҷидду ҷаҳд доранд, ки шогирдони хешро бо донишҳои замони муосир мусаллаҳ намоянд, дар замирашон тозаҷӯиву тозагӯӣ парваранд, ояндасозони ҳақиқии ҷомеаро ба воя расонанд. Ғайр аз хеле боло рафтани сифати таълиму тарбия, чораву тадбирҳои зиёде, ки дар мактабҳо рӯи кор меоянд, маҳз ба ҳамин мақсад нигаронида шудаанд. Ҷои баҳс нест, ки китоби дарсӣ васоитест, ки хонанда маълумоти заруриро оид ба ин ё он фан тавассути он дармеёбад, аз рӯи он ба дарс омода мешавад. Вале нуран алонур мешуд, ки шогирдони мо дар боби одаму оламдарккунӣ дониши аз китоби дарсӣ фарохтаре дошта бошанд. Яъне, ҷавоби як суолро чун тӯтӣ яксон не, бо тарзу вариантҳои гуногуни қобили қабул баён карда тавонанд. Барои ба ин мақсад комёб гардидан китобҳои бадеӣ, адабиёти шавқовари аз доираи дарсҳо берун хеле муфид аст.

2х2 5 ҳам мешавад Шавқу рағбати хонандаро ба китоби бадеӣ ё китобҳои шавқовари илмӣ-оммавӣ ҷалб кардан аз муҳимтарин уҳдадориҳои муаллим ба ҳисоб меравад. Масалан, муаллими математика ҳангоми дарс дар синфҳои болоӣ метавонад чун бозии шавқовар исбот созад, ки 2х2 на танҳо 4, балки 5 ҳам шуда метавонад. Ё омӯзгори фанни химия ғайр аз он чи дар китоби дарсӣ дода шудааст, боз дар бораи лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти Менделеев нақл кунад, чи завқи хубе меёбад хонанда. Бигирем, омӯзгори фанҳои физика ва астрономия ғайр аз рӯи он чи ки дар китоб аст, лаҳзае дарёфта, аз ҳаёти Сиолковский, Королёв, Гагарин, Леонов кӯтоҳак нақлҳои шавқовар мекунанд. Ана, завқбарии хонандаро нигаред! Аз адибони гузаштаву имрӯза шоир ё нависандае нест, ки ба сараш ҳодисаи аҷибу ғарибе наёмада бошад. Масалан, истироҳати дуру дарози шоҳ дар Бодғис, дилгир шуда ёди Ватани азиз - Бухоро кардани лашкару аҳли рикоб ва мушкилашонро бо қироати ғазали “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” осон кардани Одамушшуаро Рӯдакӣ, ки баъди он шоҳ ҳатто як кафшашро аз саросемагӣ напӯшида, рӯ ба Бухоро мениҳад. Ё ёде аз сафари якҷояи ду адиби бузург М. Турсунзода ва Р. Ғамзатов ба Эрону чун тарҷумон хидмат кардани устод Турсунзода… Ин гуна ҷузъиёти ҳидояткунанда дар адабиёти бадеӣ ва китобҳои илмӣ-оммавӣ, филмномаҳо беҳисобанд, ки дар ёд нигаҳ доштани онҳо кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, хуб мешавад, ки омӯзгор ҳамин гуна намунаҳоро дар дафтари хотираи хеш сабт кунад. Корро ҳамин хел ба роҳ монда, худ мушоҳида кунед, ки шогирдон ба хондани адабиёти иловагӣ чӣ қадар ҳавасманд мешаванд, китобгирӣ аз китобхонаи мактаб то

чи андоза меафзояд. Китобхонӣ, чуноне мегӯянд, ҳамту барои номаш набошад, китоби бадеиро шогирд бихонаду баъди ҳафта ё моҳе аз мундариҷаи он бипурсӣ, ҳарфе гуфта натавонад. Он гуна ки бузургон фармудаанд: Сад хона китоб хондию нест ба ёд, Бояд ки китобхона дар сина бувад. Барои ба каф овардани дури мақсуд мебояд маъмурияти мактабҳо бо китобхонаҳои оммавӣ, китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи миллӣ алоқа барқарор намоянд. Иштироки хонандагонро дар Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе", ки акнун анъанавӣ гардидааст, таъмин созанд. Бо шоирону нависандагон, олимон маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор намоянд. Бо муассисаҳои нашриявии кишвар, ки айни ҳол хеле афзудаанд, ҳамкорӣ дошта бошанд. Масалан, ба даст овардани силсилаи китобҳои "Ахтарони адаб" дар 50 ҷилд (ҳоло беш аз 30 ҷилдаш интишор ёфтааст) аз нашриёти "Адиб" ба дарёфтани гавҳари гаронбаҳо баробар аст. Ё бигирем силсилакитобҳои "Китобхонаи мактаб"-ро. Ҳар ҷилд аз ин китобҳо дастури раҳнамои беҳтарини омӯзгорону шогирдони онҳо дар раванди таълим мебошанд. Барои кӯдакони сини томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ихтиёр доштани силсилакитобчаҳои "Чистонҳо" (чопи нашриёти "Адабиёти бачагона" - 10 китобча) хеле муфид аст. Оид ба мавзӯи мавриди назар, агар бигӯям, ки миллати моро ҳамеша хираду заковат аз китобдориву китобхониву китобнависӣ ёру мададгор аст, Амрикои наве кашф нахоҳам кард. Ин чиз аз қадимулайём буд ва хушбахтона имрӯз ҳам

вуҷуд дорад. Дар ин бобат чӣ гуна ба китобхонаи шоҳӣ роҳ ёфтани Абӯалӣ ибни Синоро ба ёд овардан, андешаи моро тақвият мебахшад. Вобаста ба ин, мехоҳам ҳидояти хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар боби ба китобхонаҳои оммавӣ ё мактабу донишгоҳҳо ҳадя кардани китобҳо аз ҷониби одамони алоҳида ба ёд биёрам, ки аз ҷумлаи нахустинҳо шуда устоди шодравон Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ иқдом карда буданд. Дар рафи ҷевонҳои ҳамватанон ҳоло садҳо ҳазор китобҳои нодир маҳфузанд, ки ҳар яки онҳоро ба кофтан ҳам дарёфт кардан муҳол аст. Агар мактаб бо падару модарон алоқаи қавӣ дошта бошад, аз ин гуна туҳфаҳои гаронбаҳо бархурдор хоҳад шуд. Баробари таҳсил ба хондани китобҳои бадеӣ шавқу рағбат пайдо кардани хонандагон завқи зебоишиносии онҳоро бамаротиб боло бурда, ҷаҳонбиниашонро васеъ, забони гуфторашонро пухтаву шево ва салис мегардонад. Чунин шогирд, ҳар куҷое бошад, аз дониши худ боварӣ хоҳад дошт ва маҳз ҳамин дар роҳи расидан ба қуллаи мақсуд ӯро комёб мегардонад. Дар ин маврид ҳам Президенти мамлакат таъкидҳои зиёди раҳнамову ҳидояткунанда кардаанд, ки яке аз онҳоро ба сифати ҳусни анҷоми ин мақола барои хонандагони азиз меорам: "Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ ва Худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад". Барно САФАРОВА, директори МТМУ №63и шаҳри Душанбе

 ТАСМИМ

Кумитаи забон... номнома омода мекунад

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои миллиро таҳия мекунад, ки номгузории фарзандон бояд тибқи он сурат гирад. Он тоҷикӣ қабули рад ва

наздики 5 ҳазор номи ва ё номҳои мавриди ҳамагонро дар бар мегиволидайн ба фарзандона-

шон танҳо аз ҳамин дастур ном мегузоранд. Қаблан Вазорати адлия пешниҳод карда буд ба Қонун

“Дар бораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ” тағйирот ворид шавад ва дар номгузорӣ иловаҳои «мулло», «халифа», «тура», «хоҷа»,

«шайх», «амир» ва ғайра манъ гардад, зеро чунин иловаҳо ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа сабаб мешаванд.

«Рӯйхат номҳои арабиро иҷозат медиҳад, аммо танҳо номҳое, ки маъмулӣ шудаву дар гузаштаи таърихии мо истифода гардидаанд», - гуфтааст Абдураҳим Зулфониён, як масъули Кумитаи забон ва истилоҳот. Ба гуфтаи ӯ, ин навоварӣ ба ақалиятҳои миллие, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, дахл нахоҳад дошт.


МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

7

соҳили чапи дарёи Вахш воқеъ будааст, мо - кормандони осорхона ва рӯзноманигорони номбурда тахмин кардем, ки (танҳо тахмин) шояд Леваканди қадима шаҳри Қӯрғонтеппаи имрӯза бошад. Ин тахмин дар ҷамъомадҳои шаҳрию вилоятӣ иброз гардид ва расонаӣ шуд. Ана, баъди ҳамин мардуми Қӯрғонтеппаю навоҳии атроф ва ҳатто роҳбарону ходимони идораҳои вилоятӣ бо вожаи Леваканд каму беш ошноӣ пайдо карданд ва онро ба забон мегирифтагӣ шуданд. То ин вақт ин вожа фақат дар китобҳои таърихӣ буд. Аммо, мардуми ҳангомаҷӯи аз асли воқеа бехабар ин тахминро ҳақиқат пиндошта, Левакандро унвони қадимии шаҳри Қӯрғонтеппа донистанд. Баъдтар ду чиз сабаб шуду байни мо - ходимони осорхона фарзияи дигар ба миён омад:

ҳам ҷонибдорӣ карда буданд. Азбаски тадқиқот хусусияти ҳамешагӣ дошт, баъдтар боз фарзияҳои дигар пайдо шуданд. Сабаб он буд, ки моро номушаххасии дар кадом мавзеи соҳили чапи Вахшоб будани ин шаҳри қадимӣ ором намегузошт. Ин дафъа ба доираи фарзияамон маҳалаи Қавунтеппаи ҷамоати ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар (ҳоло ҳудуди совхози Файзали Саидов), ки 4-6 км шимолу ғарбтари шаҳри Қӯрғонтеппа ва деҳаи Қизилюлдузи ҷамоати Авангарди ҳамин ноҳия, ки дар масофаи 4 км шимолу шарқтари шаҳри Қӯрғонтеппа воқеанд, фарогир шуданд. Зеро дар мавзеи аввалӣ теппаи калони қадимӣ ва дар дуюми хумҳои хеле зиёд ва калон-калон пайдо шуданд. Илова бар ин, рӯзноманигор Қиёмиддин Сатторӣ баъди 4-5 сол, дар асоси

аз ибтидо форсӣ-тоҷикист ва кайҳо боз хусусияти байналхалқӣ касб кардаанд. Масалан, дар Ӯзбекистон шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Тошқӯрғон, Қумқӯрғон ва Тоштеппа ҳастанд. Чанд мавзее дар Русия бо номи Курган мавҷуд аст. Қариб дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрону Туркия ҳастанд мавзеъҳое, ки решаашон аз вожаҳои «қӯрғон» ва «теппа» мебошанд. 3. Тахмин меравад, ки маънии Леваканд ҳамагӣ шуда «шаҳри лаби об» аст. Дар баробари ин, ҳамин мафҳум барои аксарияти мардум ноошност. Бо ин сабаб он наметавонад, ки ифтихори шаҳрвандонро бедор созад. Қӯрғонтеппа бошад, баръакс, аллакай мояи ифтихори тамоми Тоҷикистон аст. Онро медонанд, арҷ мегузоранд ва дӯст медоранд. Пас, чӣ зарурату эҳтиёҷ барои

саҳви таърихӣ рух намедиҳад. Дуюм, Сарбанд ҳамчун номи шаҳр маънии жарф надорад. Ин мафҳум аз он баромадааст, ки ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта, дар лаби дарёи Вахш сарбанди канали калони Вахшро месохтанд ва ҷойи шаҳри Сарбанди имрӯза чун мавзеи зисти сохтмончиён хизмат мекард. Аз он замон то миёнаи солҳои 50-уми асри гузашта ин шаҳрро «Галавной» (ба маънии «главное сооружение» – иншооти асосӣ, сарбанд) ном мебурданд. Аз 30-юми декабри 1956 номаш Калининобод шуд. Номи Сарбандро бошад, ибтидои солҳои 90уми асри XX гирифт. Агар ба ин шаҳр номи Леваканд дода шавад, воқеан боиси ифтихормандии тамоми мардуми мо мегардад. Зеро ҳам номи шаҳри қадимӣ зинда мешаваду ҳам як шаҳри ҷавон номи зебою таърихӣ мегирад. Аз

Камина поягузори осорхонаи қӯрғонтеппагии таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ҳастам ва тайи 10 сол, аз соли 1980 то соли 1989 роҳбарии ин махзани таърих ва илму маърифатро бар дӯш доштам. Мо - ходимони илмии осорхона, бо фаъолону ҷамоатчиёнамон дар масъалаи омӯзиши таърихи вилоят, алалхусус, шаҳри Қӯрғонтеппа корҳои зиёдро ба анҷом расонидем. Аз ҷумла, бо олимону таърихшиносони варзидаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ дар алоқамандии зич кор мекардем. Алалхусус, таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, бостоншиноси пуртаҷриба, В. С. Соловев, ки аз ҷониби пажӯҳишгоҳи таърихи АФ Тоҷикистон мушовири илмии осорхонаи мо таъин шуда буд, корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ ва ковишҳои бостоншиносиро роҳандозӣ кардем. Ба ҷуз ин, рӯзноманигори варзида Қиёмиддин Сатторӣ, рӯзноманигор ва адиби шинохта Пиримқул Сатторӣ ва боз чанд нафар таърихдӯстони дигар бо таври ҷиддӣ аз пайи омӯзиши таърихи вилоят шуданд. Азбаски дар осорҳои таърихӣ бо ҳар шакл гуфта мешуд, ки шаҳри Леваканд дар

шаҳри Леваканди қадим шояд мавзеи туркманнишини Лебаби ноҳияи Ҷилликӯл бошад. Сабаби якум, ҳамон маълумоти дар сарчашмаҳои таърихӣ омада буд, ки Леваканд дар соҳили чапи Вахшоб аст ва дуюм худи ойконими «Лебаб». Ойконими «Лебаб» шакли тағйирёфтаи мафҳуми тоҷикии «Лаби об» аст. (Бо талаффузи туркманҳо «леби аб» ва бозҳам кутоҳтаршудаи «лебаб»). Ана, аз ҳамин мантиқ андеша ронда, мо ба ин фарзия омада будем. Зеро маълумоти дар соҳили (дар лаби) чапи Вахшоб ҷойгир будани Леваканд худ аз худ маънои ҳамон ойконими Лебаб (лаби об, лабоб)-ро ифода мекард. Қисми дуюми ойконими Леваканд, яъне «канд» маънии шаҳрро дорад. Агар ба шарҳи болотар омадаи «лебаб» такя кунем, пас, имкон дорад, ки қисми якуми вожаи Леваканд - «лева», шакли дигаргаштаи мафҳумҳои «лебаб» (леби аб), «лабоб» (лаби об), «лавоб» (лави об) бошанд. Дар ин маврид андешаи он ки ойконими «Леваканд» шакли вайроншудаи «Лабобканд» (шаҳри лаби об) ё «Лавобканд» (шаҳри лави об) ҳастанд, эҳтимолияти дурустӣ доранд. Яъне, Леваканд шаҳри лаби об гуфтани гап аст. Ин фарзияҳои моро мушовирамон В. С. Соловев

нигоштаҳои академик В. В. Бартолд фарзияи нисбатан асоснок пешниҳод кард, ки шаҳри Леваканди қадим дар наздикии деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара воқеъ аст. Хулоса, то кунун касе аниқ муайян накардааст, ки шаҳри Леваканди қадим дар кадом мавзеи соҳили чапи дарёи Вахш аст. Танҳо аниқ аст, ки он шомили Хуттал (Хуталон), яъне вилояти Хатлони имрӯза будааст. Чизи дигарро ҳам мушаххас гуфтан мумкин: Леваканди қадим дар соҳили чапи дарёи имрӯзаи Вахш, дар ҳудуди аз НБО-и «Сангтуда-1» то маҳали туркманнишини Лебаби ноҳияи Ҷилликӯл воқеъ будааст. Бо дарназардошти ҳамин андешаҳо, ивазкунии номи Қӯрғонтеппаро ба Леваканд ман саҳеҳ намешуморам. Дуруст мешавад, ки номи ҳозираи ин шаҳр мондан гирад. Чаро? 1. Сарчашмаҳои таърихӣ далолат мекунанд, ки ин шаҳр ҳанӯз дар асри VII, яъне 1400 сол пеш аз ин вуҷуд доштааст. Баъдтар дар натиҷаи истилои аҷнабиён вайрон шуда, дар ибтидои асри XVII аз нав барқарор гаштааст. 2. Вожаи Қӯрғонтеппа аз ду ҷузъ «қӯрғон» ва «теппа» таркиб ёфтааст. Ман асосҳои комил дорам, бигӯям, ки ҳар ду вожа ҳам

ивазкунии номи ин шаҳри 1400сола? Агар мақсад зинда гардонидани ойконими «Леваканд» бошад, бисёр саҳеҳ ва хеле манфиатбахш мешавад, ҳатто ба таърих мувофиқат мекунад, агар онро ба ҷойи номи шаҳри Сарбанд гузорем. Аввал барои он ки бино ба нигоштаҳои рӯзноманигор Қиёмиддин Сатторӣ, бостоншиноси машҳур В. В. Бартолд ҷойи Левакандро наздикиҳои деҳаи Сангтуда гуфта будааст. Сангтуда бошад, ҳамшафати шаҳри Сарбанд аст ва роҳи асосиаш аз ҳудуди ин шаҳр мегузарад. Яъне, дар ҳолати иваз кардани Сарбанд бо Леваканд

ҳама асосиаш, ба шаҳри Сарбанд гузошта шудани номи Леваканд аз ҷиҳати маънии таърихию луғавӣ бисёр мувофиқ мешавад. Охир, агар Леваканд «шаҳри лаби об» гуфтани гап бошад, пас мавзеи ҷойгиршавии Сарбанд худ лаби об аст.

е-mail: javonontj@mail.ru

Овоза шудааст, ки гӯё номи шаҳри Қӯрғонтеппаро Леваканд мекунанд. Чаро ва бо чӣ асос? Камина қарзи шаҳрвандии худ донистам, ки нисбат ба ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ бетараф набошам. Ман бо тақозои вазифа ва шуғли хеш аз охири солҳои 70-уми қарни гузашта то имрӯз нисбат ба таърихи диёрамон, аз ҷумла таърихи номҳои ҷуғрофии водиҳои Вахшу Ҳисор хеле омӯзишҳо бурдаам. Натиҷаҳои бадастомада ҳуқуқи маънавиам медиҳанд, ки атрофи номҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла Қӯрғонтеппа ибрози андеша намоям.

Қӯрғонтеппа ё Леваканд?

PS: Ивазкунии номҳои ноҳияҳои Ҳисор, Вахш, Ҷилликӯл ва дарёҳои Вахшу Панҷ ҳам таҳлил талаб мекунад. Чунки ҳар яке маънии бисёр бойи таърихӣ доранд ва мояи ифтихор мебошанд. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ

 ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

Баъзан шахсонеро дучор меоем, ки фоидаи яклаҳзаинаро ба назар гирифта, оқибати кори худро андеша намекунанд. Ҳол он ки умри фиребу дурӯғ кӯтоҳ аст.

Сокини пойтахт Шариф Гадоев рӯзе дар назди бозори “Саховат” ба боварии шаҳрванд Т.Ф. даромада, бо фиреб ба вай ваъда дод, ки дар 20 рӯз шиносномаи миллиашро нав карда, муҳлати шиносномаи хориҷиашро тамдид менамояд. Бо ин

баҳона аз ӯ 920 сомонӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намуд. Дафъаи дигар бо роҳи фиреб аз шаҳрванд М.Қ 540 сомонӣ гирифта, истифода бурд. Бори дигар ба боварии ҷабрдида М.З. даромада, худро бо фиреб корманди милитсия номида, аз ӯ 5178 сомонӣ ситонид. Ш. Гадоев бо баҳонаи баргардонидани маблағи мазкур “имрӯзу фардо”-гӯён домани ҷабрдидаҳоро бо чормағзи пуч пур мекард. Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кирдори Ш. Гадоевро бо моддаи 247, қисми

2, бандҳои “а, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд пешбинӣ мекунад, маҳкум намуд. Моддаи 247, қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоҳои ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодиро бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни онро пешбинӣ менамояд. Азбаски Ш. Гадоев ягон мансаби муайянро ишғол накарда, ба фаъолияти муайян машғул нест, суд нисбат ба ӯ таъин накардани ҷазои ило-

Н. ШУКУРЗОДА, мувоини раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

www.javonon.tj

Моли ғайр насиб намекунад

вагиро доир намуда, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян нолозим шумурд. Суд ба Ш. Гадоев ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба ҳашт ҳазор сомонӣ) бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро таъин намуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки моли ғайр ба кас насиб намекунад. Аз ин рӯ, инсон набояд дар фикри фиребу қаллобӣ бошад, балки бо роҳи ҳалол зистанро шиори худ созад.


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

8

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас, пешвои миллӣ будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.

зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақил тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали истиқлолият ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб

Технологияи муосири сиёсӣ қудрати онро дорад, ки бо шеваҳои гуногуни шахсиятсозию шахсиятсӯзӣ, шахсеро дар чашми мардум бузург ё хурд ҷилва диҳад. Аммо таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки чеҳраҳои сунъии таблиғотию расонаӣ бо гузашти андак замон аз байн мераванд ва дар бекарони таърих нопадид мегарданд. Аммо, баръакси ин, чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад, то замони бақои ин миллату давлат ҳамчун арзиш, намуна ва қаҳрамон ҷовидона боқӣ мемонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як ҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардум қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии ӯро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чи ҷойгоҳ ва чи арзише дорад. Зеро, имрӯз вақте дар бораи масири тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон дар марҳилаи пурпечутоби истиқлолият сухан меравад, бешубҳа симои ин шахсият пеши назар меояд. Албатта, комёбиҳои ин миллат ва кишвар зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳила кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ масиреро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба пешвои миллии худ дар чист. Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон

шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Аз ин хотир, баробари бар дӯш гирифтани масъулияти сарварии кишвар ӯ барномаи кории тайёршудае надошт, зеро вақте хонаи инсон оташ мегирад, дигар фурсати барномарезӣ нест. Яъне, дар чунин ҳолат барномаи аввалин хомӯш кардани оташ, наҷот додани хона ва аҳли хонавода мебошад. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эмин доштани миллат аз парокандагию бадбахтӣ. Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми мо донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад. Дар қадами дуюм, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд. Дар он рӯзҳо ҳатто пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва рамзии худро қариб аз даст дода буд. Дар натиҷа, на танҳо мардуми одӣ ва донишҷӯён, балки зиёиёну фарҳангиёне, ки даҳҳо сол дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, Душанберо ноумедона тарк намуда, ба маҳаллу зодгоҳи бобоии худ баргаштанд. Ҳамин тавр, хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона пеш омада буд. Хушбахтона, ба шарофати иродаи ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гашта, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ин дастоварди дигарест, ки номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва пешвои миллат ҷовидона мегардонад. Ҳамчун қадами сеюм Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Барои он ки вазъияти онрӯзаи давлатдории Тоҷикистонро дуруст ба ёд орем, аз гузориши раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ

Пешвои миллӣ будани Акбаршоҳ Искандаров дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ иқтибос меорем, ки гуфта буд: «Имрӯз дар кишвар органҳои конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд… Агар ин вазъият идома ёбад, хатари он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон умуман нест шавад». Ҳоло бисёриҳо дар шароити орому осудаи имрӯза даъвои вазирию кабирӣ ва роҳбарию сарварӣ доранд, вале дар он рӯзҳо, ки кишвар дар коми оташ месӯхт, иддае ба ояндаи Тоҷикистон бовар надошта, ҳатто ба вазифаи вазирӣ розӣ намешуданд… Вазифаи сарварии давлат ҳам ба чанд нафар аз шахсиятҳои муътабари кишвар ҳамон рӯзҳо пешниҳод шуда буд, вале ҳамаи онҳо аз тарси ҷони худ ин масъулиятро бар дӯш нагирифтанд. Дар он рӯзҳо на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксарияти минтақаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра фалаҷ гашта буданд, ки барқарорсозии онҳо кори осон набуд. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин замон тавонист, ки мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдорӣ гашт. Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чи дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд. Дастовард ё қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд

ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд. Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард. Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд. Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бемаънӣ ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорҳо макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо, корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд. Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Чор дастоварди зикршуда боис гаштанд, ки заруратҳои ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин гашта, масъалаи наҷоти миллӣ ҳалли худро ёбад. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ ҳалли муносиб пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми Эмомалӣ Раҳмон, балки дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон буд. Масъалаи пешвои миллӣ ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зе-

рин бисёр муҳим аст: Якум, масъалаи пешвои миллиро набояд бо зуҳуроти манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯ ба рӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар айни замон, ин «пешвоён» ҳамдигарро умуман эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷеаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро бар дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми нерӯҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури пешвои миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад. Сеюм, набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи куҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад. Зеро, аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксар давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайян намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Амрикои демократӣ ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ бо-


МАВЗӮИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

9

тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд. Қадам ё дастоварди бунёдии ҳафтуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Манзур, пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра мебошад. Бале, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо пеш аз ҳама, аҳамияти иртиботию иқтисодӣ доранд ва ин нақши худро иҷро карда истодаанд. Вале ёд дорем, ки дар оғози ин барномаҳои азим баъзеҳо

ёриҳои хайрияи башардӯстона кайҳо гузаштааст. Марҳалаи сеюм, ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ буд, ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба давлат муяссар шуд, ки аз сохти хоҷагидории куҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он деҳқон ба соҳиби воқеии замин табдил гашта, худ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳавасманд гардид. Хулоса, ҳар касе, чи мутахассис ва чи шаҳрванди одӣ, вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-ум, балки ҳатто бо 10 ё 5 соли пештар боинсофона муқоиса намояд, биду-

марҳалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарорсозии пойдеворҳои худшиносии миллӣ як зарурати бисёр муҳими ҳам миллию таърихӣ ва ҳам давлатию сиёсӣ буд. Аз тарафи дигар, ҳамаи ин иқдомҳо барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ватандорӣ таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳадафи ниҳоии ин иқдомҳо иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ, ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ бирасад. Ин масъала аҳамияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фикрии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фикрии миллатро

Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз рӯшан нест, истилоҳи «давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Гоҳо бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар ҳеҷ кас ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад. Бинобар ин, имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари рӯҳи

эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад. Панҷум, яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад. Тавре зикр шуд, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дастоварди шашум ва бисёр ҳаётии Тоҷикистон зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз аввалин рӯз аз тарафи роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт шуд. Дар ин муддат ба давлати мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти порлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, асли озодии виҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад. Ҳамчунин, дар ин давра давлат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон

маънидорона мепурсиданд, дар ҳоле ки кишвар мушкилоти ҷиддитари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба бунёди чунин роҳҳо ва воситаҳои иртиботии гаронқимат чӣ ҳоҷат аст? Вале, вақте ин роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта мешуданд, Эмомалӣ Раҳмон дар замири худ илова бар ҳадафи иқтисодӣ, як барномаи бисёр ҷиддитар аз роҳсозию нақбканӣ дошт: ӯ, пеш аз ҳама, онро дар назар дошт, ки ин роҳҳо ва ин нақбҳо чун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати ягона табдил медиҳанд. Зеро, кишваре, ки минтақаҳои он бо ҳамдигар соле дар тӯли 6 моҳ робита надошта бошад, кишваре, ки мардуми он дар тӯли солҳо натавонад ба минтақаҳои дигари кишвар сафар кунад, чӣ гуна метавонад ваҳдати худро ҳифз намояд? Маҳз робитаи доимӣ ва рафтуомади ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз сатҳи деҳаҳою маҳалҳою минтақаҳо берун оварда, дар сатҳи миллати ягона ташаккул медиҳад. Дастоварди ҳаштум дар он буд, ки дар ин давра ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, то соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз бӯҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. Ин раванд дар се марҳала анҷом ёфт: Марҳалаи якум, таъмини фаврии мардум бо маводи ғизоӣ, сарпаноҳ ва эҳтиёҷоти аввалия буд. Дар рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон баъзе минтақаҳои кишвар бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, дар минтақаҳои дигари кишвар низ таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар пойтахти кишвар мардум рӯзҳои дароз барои нон навбат меистоданд. Дар чунин вазъият барномаи аввалиндараҷаи Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи гуруснагӣ ва талафоти мардум буд, ки хушбахтона, бо муваффақият амалӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла лозим омад, ки 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шавад. Мардуми деҳот онро ҳамчун «замини президентӣ» хуб дар ёд доранд. Марҳалаи дуюм, раҳоии мардум аз фақру камбизоатӣ буд. Ин кор иҷрои барномаҳои ҷиддии давлатиро тақозо мекард, ки муҳимтарини онҳо татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз ҳудуди 90% то зери 30% коҳиш дода шуд. Бале, имрӯз низ мо қишри камбизоат дорем, вале акнун камбизоатӣ ҳолати умумии ҷомеаи мо нест ва давраи зиндагии мардум бо

ни шак эътироф хоҳад кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат аз марҳалаи барқарорсозӣ пурра гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Бояд эътироф намуд, ки барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ҳанӯз корҳои зиёде дар пеш аст. Вале, дар айни замон, бо камоли масъулият метавон гуфт, ки чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бунёдӣ мебошад. Дастоварди бунёдии нуҳум дар он ифода мегардад, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Тайи ин давра ӯ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин давра ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пурра эҳё намуда, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин созад. Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Бо ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи ӯ симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур унвони баландтарин - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар раванди эҳёи худогоҳии миллӣ баъзеҳо эътироз доштанд, ки давлат беш аз ҳад ба гузашта рӯй оварда, «сиёсати таърихгаро»-ро пеш гирифтааст. Вале, дар ҳоле ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то ҳадде дур карда шуда буд,

низ эҳё намуд, ки ин як дастоварди меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад. Қадами устувор ё дастоварди бунёдии дигар дар он буд, ки талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳанӯз дар аввалин муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд. Сиёсати «Дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад. Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Шояд зикр кардан кофӣ бошад, ки маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Имрӯз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои даҳсолаи оянда мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан, дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки, хушбахтона, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Ин дастовардҳо ба он маъност, ки зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт.

бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷеаи миллатамон, дар баробари рӯҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз намудем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди Ватан ва пешвои миллат. Акнун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо назардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмудае дошта бошад. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас, пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки пешвои миллӣ будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан.

е-mail: javonontj@mail.ru

шад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Русия ва ё нақши таъйинкунандаи Нурсултон Назарбоевро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз сифати демократӣ маҳрум накардааст. Чорум, бисёр муҳим аст, ки масъалаи лидери сиёсии миллат бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

www.javonon.tj

Ҳаким А.Р., сиёсатшинос, бознашр аз АМИТ «Ховар», 26.11.2015


е-mail: javonontj@mail.ru

10

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

 СОҲИБКАСБ

Мушкилиҳо тавассути меҳнат осон мегарданд

Вақте дигаронро медид, ки бо ифтихору фараҳмандӣ дар бораи пешае сухан меронанду бо ҳисси аҷибе дар бораи соҳаашон ҳарф мезананд, орзу мекард, то ба касби дӯстдоштааш бирасад. Ин орзу ӯро таҳрик медод, ки пайваста дар омӯзишу мутолиа бошад. Замоне, ки мактаби миёнаро хатм намуду навбат ба интихоби пешае расид, ӯ бе ягон дудилагӣ иқтисодчӣ шуданро ба худ муносиб донист. Дар баробари дигар донишҷӯён ӯ низ соҳаашро бо диққат омӯхту тамоми нозукиҳои онро аз бар намуд. Чизеро ки намефаҳмид, аз устодон пурсид ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш кӯшиш мекард. Ин ҳама заҳматҳояш буданд, ки имрӯз дар соҳаи интихобкардааш фаъолият дорад. Кордониашро ба назар гирифта, ӯро ба ҳайси муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии КИМ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб намуданд.

www.javonon.tj

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон” Зулфиқор Гулаҳмадов 6 апрели соли 1988 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Синфи нуҳуми МТМУ №27 ва Коллеҷи техникии ба номи Ютака Акинои ноҳияро хатм кардааст. Дар баробари таҳсил солҳои 2004-2005 дар Осорхонаи миллии ноҳия ба ҳайси роҳбалад ва масъули техникӣ фаъолият намудааст. Соли 2005 ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 ба итмом расонидааст. Аз моҳи октябри соли 2010 то соли 2012 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот, аз моҳи майи соли 2013 ба ҳайси мутахассиси бахши омор ва бақайдгир ва аз моҳи январи соли 2014 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият намуд. Аз 10 марти соли ҷорӣ вазифаи муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур кор мекунад. - Иқтисод барои он аст, ки раванди зиндагии худро медонӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза истифода мебарӣ. Дониши мукаммал доштан лозим, то ба ҳайси иқтисодчӣ туро шиносанду дар масъалае аз ту ҳамчу донандаи соҳа маслиҳат гиранд, - мегӯяд Зулфиқор Гулаҳмадов. Вақте бори аввал ба кор меояд, барояш он қадар мушкил набуд, зеро ба касбаш меҳру шавқ дошт. Вақте бо мушкиле дучор меомад, аз собиқадорон ва кормандон маслиҳат мегирифт. Ба андешаи ӯ агар шахс пеши худ мақсад гузорад, ки фалон корро мекунад, ҳатман онро ба анҷом расонида метавонад, чунки аввал шавқ асту дуюм мақсад. Дар дунё соҳае нест, ки мушкилӣ надошта бошад. Ҳамаи мушкилиҳо тавассути меҳнат, таҷриба ва кӯшиши доимӣ осон мегарданд. Дар баробари ин, чун давраи мо давраи иқтисоди бозорӣ аст, донистани иқтисодиёт ба манфиат мебошад, зеро ҳаррӯза зиндагии мо бо ин соҳа пайвастагии хоса дошта, сатҳи иқтисодии мо аз то кадом андоза доштани донишҳои иқтисодӣ вобаста мебошад. Дар вақти хонандаи мактаб будан дар чандин озмунҳо ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Аз вақте ки дар ин сохтори ҷамъиятӣ кору фаъолияти худро ба роҳ монд, дар озмунҳо ва омӯзишҳои махсус иштирок намуда, сазовори сертификат ва дипломҳо гаштааст. Ҳамаи ин натиҷаи интихоби дурусти пешааш мебошад. - Хушбахтии инсон дар дасти худи

ӯст, - мегӯяд Зулфиқор Гулаҳмадов. - Ба ҷавононе, ки соҳаи иқтисодиро интихоб карданианд, тавсия медиҳам, ки аз ҳозир доимо дар пайи омӯзиши вазъи иқтисодии кишвар бошанд, чунки яке аз самтҳои муваффақияти ҳар шахс аз мушоҳида, таҷриба ва доим дар такопӯ будани ӯ сарчашма мегирад. Дар вақти интихоби ин ё он соҳа саҳлангорӣ ба кор намеравад. Масалан имрӯз мегӯед, ки “фалон соҳаро интихоб менамояму дар оянда меомӯзам”. Ин комилан хатост, зеро агар дар вақташ нисбат ба он пеша шавқу завқе надошта бошед, пас яқинан бояд дар хотир гирифт, ки дар оянда ҳеҷ гоҳ комёб намегардед. Инро вақт даҳҳо маротиба собит кардааст. Зулфиқор дар ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар самти баланд бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон саҳм мегузорад. Ба гуфтаи ӯ баъзе ҷавонони мо намефаҳманд, ки сиёсат чист. “Дар ҳамаи вохӯриҳое, ки дар маҳаллаҳо мегузаронем, доир ба сиёсат, зарурат ва нақши он дар ҷомеа ба ҷавонон маълумот медиҳем. Агар сиёсати оила хуб бошад, он оила хушбахт ва давлату кишваре, ки дар он сиёсати созанда ҷорӣ бошад, пас он кишвар ободу зебо ва устувор мегардад. – Вазъи иқтисодии кишвари мо, ки давлати ҷавон мебошад, хеле хуб аст. Чуноне аз таърих медонем, давлатҳо дар тули чандин сол пурқудрату аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам мегарданд. Ҷумҳурии мо низ дар қатори дигар давлатҳои рӯ ба рушд сол то сол инкишоф ёфта, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Ҳамаи бунёдкориҳое, ки дар кишвари мо шуда истодаанду идома доранд, аз иқтисодиёт сарчашма мегиранд”, - афзуд Зулфиқор. Ӯ ният дорад, ки ба аспирантура дохил гардида, дар соҳаи иқтисодиёт тадқиқоти илмӣ анҷом диҳад, зеро ба гуфтаи ӯ, мо бояд ба талаботи замон мувофиқ гардему баҳри пешрафту шукуфоии Меҳани биҳиштосо саҳми арзанда гузорем.

 МУРАББИЁНИ ҶАВОНОН

Меҳроин

Умр гар хуш гузарад зиндагии Хизр кам аст, В-арна нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Барои Саодатбону меҳнат беҳтарин тафреҳ ва истироҳат аст. Ормону орзуяш зиндагии хизрона аст. Расо шаст сол аз арсаи меҳнат, заҳмату талош берун нест. Яке аз нахустин занони кӯҳистон - номзади улуми иқтисодӣ Саодат Соҳибназарова баъди хатми Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханови шаҳри Москва васлгари риштаи илм ва касби кишоварзӣ гардид. Аслан дар ин марказ садҳо доктори илм ва даҳҳо зани меҳнатқарин кор кардаанд. Аммо мо - кормандони марказ аз хизматҳои шоён, мартабаи инсоншиносӣ, дилсӯзии ин зани покифат хомуш будан наметавонем. Мунтазири ҷашну солрузҳои мудаввар низ нахоҳем шуд. Табиатан мураббии дилсӯзи мо Саодат Соҳибназарова хоксору фурутан буда, дар мавридаш тавсифу таҳниятро қабул надорад. Дорои илму маърифати баланд буда, дар соҳаи илми иқтисод ва ҷорӣ намудани коркардҳои илмӣ дар истеҳсолот ҳиссаи калон дорад. Дар давоми 48 соли фаъолияти илмиаш ба масъалаи ҷорӣ намудани ташаккулёбии механизми хоҷагидорӣ, гузарондани ислоҳоти иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ, коркарди рушди устувори хоҷагии қишлоқ, танзими сектори аграрӣ аз ҷониби давлат, ҳаллу фасли қарзҳои пахтакорӣ, таъмини рушди босифати иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва ҳаллу фасли проблемаҳои амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаи худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли худӣ машғул аст. Аз рӯи ҳамаи ин масъалаҳо аз ҷониби ӯ ба дастгоҳи иҷроияи Президент ва ташкилотҳои дахлдор тавсияҳо ва пешниҳодҳои мушаххас мунтазам манзур мешуданд. Дар давраи аввали бозсозӣ ва мутобиқи қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи бартараф кардани зарароварии хоҷагиҳои минтақаи кӯҳистон», аз соли 1986 аз тарафи ӯ бори аввал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозорӣ ҷорӣ гардиданд, ки мақсад баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳавасмандкунонии моддии деҳқонон барои натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолот буд, ки дар натиҷаи ба пуррагӣ такмил додани соҳаи идоракунӣ ва барҳам додани усулҳои экстенсивии хоҷагидорӣ пурра ба даст омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1988 ин таҷрибаҳоро омӯхта, ба онҳо баҳои баланд дод ва барои ҷорӣ кардан дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавсия дод. Масалан, таҷрибаи совхози Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод дар боби ҷорӣ кардани шаклҳои пешқадами хоҷагидорӣ 30 августи соли 1988 дар ҷаласаи клуби корҳои амалӣ КМ ПК Тоҷикистон баҳои баланд гирифт. Инчунин, 22 феврали соли 1989 котиби якуми ПК Тоҷикистон Қ. Маҳкамов таҷрибаи кории ӯро дар колхози Россияи ноҳияи Рудакӣ шахсан қабул кард ва барои тасдиқ ба Бюрои КМ ПК Тоҷикистон пешкаш кард. Аз рӯи ин таҷрибаҳо мунтазам семинар ва конфронсҳои ноҳиявӣ, минатақавӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мешуданд. Натиҷаи таҷрибаҳояш чандин маротиба аз ҷониби ВАО-и марказии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ тавсия дода мешуданд. Дар давоми зиёда аз 10 сол бо Институти умумииттифоқии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ҳамкорӣ мекард ва дар кори конфронсҳои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок дошт. Соли 1980 тарҳи барномаи омданамуди ӯ “Мувофиқ гардондани истеҳсоли хӯроки чорво бо сохти намунавии иқтисодию математикӣ барои анҷом додани сохтмони навбати аввали иттиҳодияи агросаноатии «Ховалинг» дар Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми аввалро гирфт. Ба ин хотир ӯро дар гурӯҳи кории Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ барои таҳия ва пешниҳоди тавсияномаҳо баҳри Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ шомил намуданд. Нахустин бор солҳои 1986-1990 аз тарафи ӯ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ падидаҳои муносибатҳои бозорӣ (иҷора, системаи чек ва пулии назорат аз болои хароҷот ва баробаркунии ҳисоб, пардохти музди меҳнат аз рӯи даромади умумӣ ва дигарҳо) ҷорӣ шудаанд. Худи ҳамон сол низомномаи методӣ барои ташкил кардани хоҳагии деҳқонӣ таҳия гардид. Марҳилаи дуюми фаъолияти меҳнатии Саодат Соҳибназарова ба даврони Истиқлолияти давллатӣ рост меояд. Замоне ки аз воҳима ва тарс аҳли илм тарки касб карданд, ӯ бештар ба пажӯҳиш машғул гардид. Дар асоси тавсияҳои ӯ соли 1992 барои ташкил кардани корхонаҳои иҷоравӣ дар хоҳагии қишлоқ Барномаи тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 1996-2000 тасдиқ шуд. Пажӯҳишҳои дақиқи ӯ дар ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои соҳаи пахтакорӣ соли 2008, таҳияи Барномаи амнияти озуқаворӣ барои давраи то соли 2015 аз тарафи иқтисодшиносон чун кашфиёти нави илмӣ шинохта шуданд. Бо иштироки фаъолонаи Соҳибназарова Барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015, Барномаи ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар солҳои 2004-2012 таҳия гардиданд. Дар маҷмуъ, оид ба иқтисод ва ояндабинии Тоҷикистон зиёда аз 60 рисола, мақола ва тавсияҳо ба нашр расидаанд. Дар 5 соли охир хеле кам нафароне пайдо мешавад, ки ихтиёрӣ ба нафақа бароянд. Аризаи бори даҳум навиштаи ӯро собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Бобохон Маҳмадов имзо гузошта, ӯро дар фазои мутантан ба истироҳат гусел намуданд. Дар 50 сол 200 шогирд тарбия намуд. Барои ӯ нишони Мурабии шоистаи ҷавонон, ки 35 сол қабл дар Кремл тақдим намудаанд, аз ҳамаи мукофотҳо азизу муътабар аст. Ҳоло низ ӯро дар утоқҳои Марказ тадқиқоти сратегии назди Президент ҳар рӯз мебинем. Бе кӯмаки ин зани коршинос ва мураббии моҳир гиреҳҳои иқтисоди кишварро боз кардан мушкил аст. Сайфулло САФАРОВ, Раҳим ШОДИЕВ


НАБЗИ ҶАҲОН

“ҲИЗБИ АДОЛАТ ВА РУШД” ВА ХОВАРИ МИЁНА “Ҳизби адолат ва рушд”, ки ҳоло дар Туркия ҳизби ҳоким аст, соли 2001 аз ҷониби Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъсис ёфтааст.

риро писандиданд. Хусусан, вақте дар Миср “Ихвон-ул-муслимин” ба сари қудрат омад, дар бунёди ҳукумат пурра ба дастурҳои “Ҳизби адолат ва рушд”-и Туркия такя мекард. Вақте соли 1979 дар Эрон инқилоби исломӣ ғалаба кард, оламиён исломро ҳамчун дини даҳшат ва инқилобҷӯ пазируфтанд. Мусулмонон гумон карданд, ки роҳи ягонаи таблиғи ислом бо ба даст гирифтани силоҳ ва алайҳи абарқудратони ғарбӣ ҷангидан ба роҳ монда мешавад. Ин ҳолат исломи радикалиро ба бор овард. Ҳоло дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳҳои террористии “Ал-Қоида”, “Боко ҳаром”, “Аш-Шубоб” ва ДИИШ, ки идеологияашон ваҳҳобия-салафия аст “муаррифӣ” мешавад. Соли равон сиёсатшиноси турк Абдураҳмон Карслӣ дар барномаи телевизионие иддао намуд, ки “Ҳизби адолат ва рушд”

ва сарчашмаҳои онро эҳтиром кунад. Бо Ғарб дар низоъ будан ба манфиати мо нест ва Ғарб ҳам наметавонад доим Ховари Миёнаро зери султаи хеш нигоҳ дорад. Пеши роҳи ифроткориҳои Исроил бояд гирифта шавад. Захираҳои минтақа бояд одилона тақсим гарданд…” Маълум аст, ки абарқудратон - ИМА, Британия ва Исроил амнияти минтақаро чандон хостгор нестанд. Барои онҳо муҳим аст, ки манфиатҳояшон зери амният бошаду дар минтақа ҳар гунае хостанд, амал кунанд. Аз гутфаҳои коршиносон маълум мегардад, ки Ғарб роҳи зери султаи хеш нигоҳ доштани минтақаро дар таъсиси ҳизбҳои худӣ пайдо кардааст... Чун дар Туркия командае ба таъсиси ҳизб розӣ мешаванд, “демократ”-ҳои ИМА, Британия ва Исроил ба онҳо се таклиф пеш мегузоранд: 1. Мо шуморо дар давлататон

ҲАДАФ - ИСЛОМИ АСИЛ! Ноябри соли равон сарвазири Исроил Бенёмин Нетаняҳу дар рафти баромадаш дар Қудс зикр кард, ки: “Чанд соли робитаҳои иқтисодиямон бо Туркия дар сатҳи олӣ қарор дорад. Дар хусуси вазъи Сурия ҳам бо Туркия ҳамфикрем”. Баъд аз суқути ҳавопаймои Русия, дар аксар нашрияҳои русӣ оид ба тиҷорати сӯзишворӣ, ширкати киштиронӣ ва беморхонаи наздисарҳадие, ки ба террористон хизмат мерасонаду ба фарзандони президенти Туркия Билол Эрдуғон ва Сумайя Эрдуғон тааллуқ доранд, хабарҳо нашр шуд. Аз ин метавон ба хулоса расид, ки ҳоло ҳукумати Туркия амнияти Исроилро дар минтақа таъмин кардаасту барои татбиқи Лоиҳаи Ховари Миёнаи Бузург талош дорад… Вазъи кунунии Ховари Миёна ҳоло шабеҳи асрҳои X-XI аст. Дар он давра алайҳи дини ислом аз ҷониби Ватикан фатвое бароварда шуд, ки

лоиҳаи махсуси давлатҳои ИМА, Британияи Кабир ва Исроил аст. Алӣ Булач, рӯзноманигори турк дар мақолааш оид ба ин масъала чунин навиштааст: “Аз соли 1998 амрикоиҳо бо мо зуд-зуд дар тамос мешуданд. Ҳайатҳои зиёде омада мерафтанд. Дар рафти зиёратҳои мазкур аз мо мепурсиданд, ки оё дар Туркия, эҳтимоли ба сари қудрат овардани гурӯҳи заминаи динидошта имкон дорад ё не? Ба онҳо ҷавоб медодам, ки ҳоло Туркия ба як давраи нав қадам мезанад. Дар ин давра сиёсатмадорони мутадайин бештар фаъоланд. Масъалаҳои имрӯзаамонро бо зеҳнияти кӯҳна ҳал кардан имкон надорад. Чӣ тавре раванди сиёсии минтақа тағйир меёбад, Туркия ҳам бояд тағйир ёбад. Ғарб бояд арзишҳои маънавии мусулмонони минтақаро, худи ислом

қудрати сиёсӣ медиҳем; 2. Ҳар монеае, ки дар ин раванд пайдо мешавад, бартараф мекунем; 3. Ба пуррагӣ шуморо бо сармояи лозима таъмин мекунем. Аммо “ҳизбсозҳо”, яъне донорҳо бар ивази “хизматҳо”яшон се шарт ҳам мегузоранд. Се шарте, ки донистанашон барои дуруст воқиф шудан аз вазъи феълии Ховари Миёна ва Осиё ба ҳар нафар кӯмак мерасонад: 1. Бехатарӣ ва амнияти Исроилро дар минтақа таъмин ва ҳар монеаи пешомадаро бартараф мекунед; 2. Дар амалӣ гаштани Лоиҳаи Ховари Миёнаи Бузург кӯмак мерасонед; 3. Дар тафсир ва шарҳи ҷадиди дини ислом барои оламиён моро кӯмак мекунед. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рафти вохӯриҳои мазкур ба президенти кунунии Туркия мақоми ҳамраисӣ дар Лоиҳаи Ховари Миёнаи Бузург таклиф шудааст. Аз ин рӯ, ҳоло Эрдуғон барои ҳифзи мақоми ҳамраисӣ талош дорад. Ӯ мудом дар мадди аввал манфиатҳои сиёсии хешро пеш гузошта будааст. Ҳарчанд зоҳиран мутадайину ҳомии ислом дар Ховари Миёна талаққӣ меёбад. Ҳамин тариқ, “Ҳизби адолат ва рушд” бо сардории Раҷаб Тайиб Эрдуғон таъсис ёфта, бозиҳои зиёде алайҳи дини мубин ва мардуми минтақа сурат мегиранд. Агарчи зоҳиран ҳукумати феълӣ дар Туркия алайҳи Исроил баромад мекунаду ин кишварро лаънат мехонад, аммо дар асл тамоми монеаҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки бар зидди манофеи Исроил буданд, ветои худро истифода бурда аз байн бардошатааст…

бояд мусулмонон нест карда шаванд. Ҳамин тавр ҳамлаи салибдорон мавҷ-мавҷ болои мусулмонон оғоз ёфту то имрӯз идома дорад. Ҷорҷ Буш, собиқ президенти ИМА ҳангоми вохӯрӣ бо пешвои Фаластин Маҳмуд Аббос чунин гуфта буд: “Ман ин вазифаро аз Худо гирифтам. Афғонистон ва Ироқро барои Ӯ забт кардам. Ҳамин тавр мо алайҳи мусулмонон ҳамлаи 9-уми салибдоронро оғоз намудем”. Ҳоло Попи Рим Франсис ба минтақаҳои гуногуни олам сафарҳо тартиб дода, дар ҳар маҳал оид ба сар задани Ҷанги 3-юми Ҷаҳон сухан меронад. Аз ин суханон ва рафтори сиёсии Ғарб бармеояд, ки бозии асосӣ барои аз байн бурдани исломи ноб мераваду захираҳову неъматҳои минтақа танҳо ғанимати ин ҳамлаҳоянд. Эҳтимол харитаи Ховари Миёна ба куллӣ иваз шавад. Чун ин нуктаро Кондолиза Райс, собиқ вазири корҳои хориҷаи ИМА дар мусоҳибае ба нашрияи “Washington Post” ҳанӯз соли 2007 таъкид карда буд. “Сараввал ҳудудҳои кунунии Туркия ва ибтидо аз Марокаш то Халиҷи Форс бояд сарҳадҳои 22 кишвари минтақа тағйир ёбанд”. Имрӯз Ғарб исломи радикалӣ ва исломи сиёсиро дастгирӣ намуда, алайҳи исломи асил ҷанг эълон кардааст. Дар ин набард худи мусулмонони фиребхӯрдаро моҳирона истифода мебарад. Дастгирӣ аз пайравони исломи радикалӣ, яъне ваҳҳобӣ-салафиҳо ба нафъи абарқудратҳост. Чун дар ин ҳолат ғасби захираҳои Ховари Миёна ва дунё қулайтар мегардад. Тақдири Ховари Миёна ба тақдири тамоми олам алоқаманд аст. Ҳоло ин минтақа ба ҳавзаи бузурги террористие табдил шудааст, ки “саг соҳибашро намеёбад” …

Уфти ҳавопаймои “Су-24” ва “ҷанги” Туркияву Русия

Солҳои 2002, 2007, 2011, июни 2015 ва ноябри 2015 раъйи бештари мардумро ба даст оварда, зимоми кишварро тайи сездаҳ соли охир дар даст дорад. Вақте соли 2003 ҳизби мазкур бо сарварии Эрдуғон ба сари қудрат омад, аксарият гумон карданд, ки акнун Туркия аз сохтори дунявии далватдорӣ ба сохтори шаръӣ-исломӣ хоҳад гузашт. Дар ибтидо ин гароиш самар дод. Ин замоне буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо буҳрони иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекард, аммо иқтисоди Туркия баръакс беҳтар мегашт ва аз буҳрон бо осеби камтар берун омад. Ин дастовард ба мутадайин будани ҳукумати Туркия рабт дода мешуд. Кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, ки аксар давлатҳои мусулмоннишинанду ошӯбҳои “баҳори араб”-ро аз сар гузаронида буданд, чунин сохти давлатдо-

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Зимнан, суқути ҳавопаймои русӣ ҳам НАТО-ро нигарон кард, ҳам ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳарчанд расонаҳои хабарӣ ва сиёсатмадорони ҳар ду кишвар якдигарро бо лаҳни шадид интиқод мекунанд, аммо ҳақиқати ҳол чист, касе аниқ гуфта наметавонад. Туркия мегӯяд мо фазои ҳавоии хешро ҳимоя кардем, Русия мегӯяд, ҳавопаймои моро дар фазои ҳавоии Сурия заданд. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони сиёсати ҷаҳон истисно намедонанд, ки эҳтимол сенарияи суқути ҳавопаймои русӣ дар ҳамоиши Гурӯҳи 20 (G-20), ки ноябри соли равон дар Анталияи Туркия доир шуд, зимни вохӯрии сарони ду давлат тарҳрезӣ шуда бошад. Бояд зикр кард, дар шароите, ки Туркия гирифтори моҷароҳои гуногуни дохиливу хориҷист, суқути ҳавопаймои «СУ-24» ва тира шудани муносиботи ду давлат зоҳиран вазъи Туркияро боз ҳам печидатар мегардонад. Ҳарчанд Анқара кӯшиш дорад, муносибаташро бо Маскав барқарор созад, аммо Путин то ҳол ба дархости Эрдуғон барои мулоқот ҷавоби мусбат надодааст. Ҳоло Маскав робитаҳои низомӣ, тиҷоратӣ ва туристиашро бо Анқара марҳила ба марҳила қатъ кардан дорад. Аз ҳолати баамаломада ҳам шаҳрвандони Туркия дар Русия ва ҳам шаҳрвандони Русия дар Туркия нигаронанд. Чун дар сиёсат касе ва ҳодисае тасодуфӣ нест ва ҳама дар пайи манфиатҳои худанд, пас суқути ҳавопаймо низ набояд чандон ғайричашмдошт бошад. Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтимол суқути ҳавопаймо ҳам ба нафъи Туркия ва ҳам ба нафъи Русия бошад. Инчунин он метавонад ба сифати сенарияе барои ба марҳилаи баъдӣ гузаштани тақсимоти Ховари Миёна хизмат кунад. Бурди Путин аз суқути ҳавопаймо инҳо шуда метавонанд: Путин метавонад ба ин васила диққати мардуми кишварашро аз вазъи ногувори бӯҳрони иқтисодии Русия ба дигар тараф савқ диҳад, пояшро дар қаламрави Сурия боз ҳам устувортар гузорад, ҳузури дарозмуддаташро дар минтақаи Хова-

ри Миёна таъмин кунад, чун ҷо ба ҷо кардани нерӯҳои ҳарбии Русия дар Ховари Миёна тавонмандии ин кишварро алайҳи кишварҳои Ғарб бештар мегардонад. Иловатан, Русия флоти баҳриашро тақвият дода, аз ҳузураш дар минтақа ба рақибони худ дарак медиҳад... Бурди Эрдуғон ин метавонад бошад, ки ӯ бо сахтгирияш нисбат ба Русия обрӯи рехтаашро дар назди мардуми кишвараш, инчунин дар назди ҷомеаи Ғарб аз нав ба даст оварда, ғалабаашро дар интихоботи ояндаи президентӣ аз ҳоло таъмин сохта, теъдоди курсиҳоро дар парлумони Туркия барои ҳизбаш афзояд...

11 е-mail: javonontj@mail.ru

23 ноябри соли равон нерӯҳои ҳарбии Туркия ҳавопаймои “Су-24”-и Русияро бо иддаои нақзи ҳудуди ҳавоиашон сарозер намуданд. Ин ҳодиса ба равобити ду кишвар хеле сахт таъсир кард. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, “моро аз пушт корд заданд”. Дар пайи ин ҳодиса равобити тиҷоратӣ, хусусан воридоти маҳсулоту меваҷоти Туркия ба қаламрави Русия қатъ гашта, Русия рафтуомади шаҳрвандонашро ҳамчун турист ба Туркия манъ кард.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015


12 Манучеҳр Ҷалилов – футболбози сол

ВАРЗИШ

е-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

4 декабр дар меҳмонхонаи “Hyat Regency”-и пойтахт маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи мамлакат доир гашт. Беҳтарин футболбози сол Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе дониста шуд.

Дар чорабинӣ беҳтаринҳои дигар номинатсияҳо низ эълон гардида, дастаҳои ғолиби лигаҳои олӣ, якум, ҷавонон, лигаи футболи толорӣ ва дастаҳои собиқадорон бо медалҳо сарфароз гаштанд. Медалҳои тиллои чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ насиби дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гардид. Медалҳои нуқраро ҳайати дастаи “Хуҷанд” ва медалҳои биринҷиро ҳайати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба гардан овехтанд. ҶОИЗАДОРОНИ МАВСИМИ 2015: Беҳтарин бозингарони футболи кӯдакону наврасон: U-13. Файзиддин Наҷмов (МҶМОВ) U-15. Абдусамад Самадов (Хуҷанд) U-16. Шаҳром Самиев («Истиқлол») Беҳтарин мураббии кӯдакон – Асрор Шораҷабов (Истаравшан) Беҳтарин дарвозабони футзал — Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест») Беҳтарин бозингари футзал — Мансур Мамедбобоев («Газпром») Беҳтарин нишонзани лигаи футзали касбӣ — Фирӯз Сангов («Соро компания») Беҳтарин мураббии футзал — Муҳаммади Чархоб («ДИСИ Инвест») Беҳтарин футболбоз миёни бонувон — Гулсумбӣ Шарифова («Ласточка», Душанбе) Беҳтарин мураббии футболи бонувон — Раҳим Ризоматов («Вахш», Қӯрғонтеппа) Беҳтарин нишонзани дастаҳои ҷавонон — Амирҷон Сафаров («Истиқлол») – 25 тӯб Беҳтарин нишонзани лигаи аввал — Ҳусейнхон Ҷалолов («Эсхата») – 26 тӯб Беҳтарин довар — Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) Беҳтарин мураббӣ — Мубин Эргашев («Истиқлол») Беҳтарин легионери чемпионати мамлакат — Ҳусейни Суҳробӣ («Равшан») Беҳтарин дарвозабон — Никола Стошич («Истиқлол») Беҳтарин ҳимоятгар — Петро Ковалчук («Истиқлол») Беҳтарин нимҳимоятгар — Хуршед Маҳмудов («Истиқлол») Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ — Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 тӯб Дарёфти сол — Зиёвиддин Фузайлов («Истиқлол») Беҳтарин федератсияи минтақавӣ – Федератсияи футболи Душанбе Ҷоизаи «Fair play» — «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) Беҳтарин футболбози сол – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

 ДИҚҚАТ, ОЗМУН! КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ КУМИТА - Сармутахассиси Раёсати рушди туризм – 1 ҷой, маоши мансабӣ 855 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 697,50 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш – 1 ҷой, маоши мансабӣ 697,50 сомонӣ. ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ 738 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. - Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ 472,50 сомонӣ. - Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шӯрообод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ.

www.javonon.tj

ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ 854,55 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 702 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ МАРКАЗ 1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино – 1 ҷой, маоши мансабӣ 603 сомонӣ. 2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 576 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талабот барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23 Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

13

Дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Ҳамидов барандаи Ҷоми “СССР” гардид.

Лигаи олӣ “Ҳосилот”-ро интизор аст

Мусобиқаи анъанавии футбол миёни наврасони соли таваллудашон 2000-2001 бароия дарёфти Ҷоми ҳафтаномаи “СССР”, ки 30 ноябр оғоз ёфта буд, дирӯз – 3 декабр ба анҷом расид. Дар мусобиқа шаш даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд. Тибқи қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” дастаҳои МҶМОВ, мактаби фут-

боли Шариф Назаров ва тими “Равшан”-и Кӯлоб ва ба гурӯҳи “В” тимҳои “Истиқлол”, “Локомотив” ва “Фирӯз” ворид шуданд. Дар бозии финалӣ дастаҳои МҶМОВ ва Академияи “Истиқлол” бо ҳам вохӯрданд. Бозиро тими МҶМОВ бо ҳисоби 3:2 бурд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Равшан” бар “Локомотив” бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб

шуд. Баъд аз бозии финалӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гашт. Бозингарони беҳтарин низ эълон шуданд: Зайниддин Зидан (МФ Шариф Назаров), Фаррухи Гулмурод (“Фирӯз”), Ҳамза Аҳтамов (“Локомотив”), Ҳалимҷони Насим (“Равшан”), Исмоил Каримов (“Истиқлол”) ва Файзалӣ Ризоев (МҶМОВ).

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷоми ҳафтаномаи “СССР” насиби МҶМОВ шуд

Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум анҷом ёфт. Тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар ҷадвали мусобиқот бо 53 хол сазовори ҷои аввал ва барандаи медалҳои тилло гашта, ба лигаи олии мамлакат роҳхат гирифт. Дар комёбии бадастомада саҳми роҳбарон, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва хизмати арзандаи сармураббии даста Муҳаммад Ҳабибуллоев калон аст.

Мусоҳиб Абдураҳим МУТАЛЗОДА

Ҳарифони тими футзали кишвар маълум шуданд

Ҷадвали бозиҳои даври финалии чемпионати 14-уми Осиё-2016 оид ба футзал, ки 10-21 феврали соли оянда дар Узбекистон баргузор мегардад, тасдиқ шуд. Тими Тоҷикистон дар натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи “С” ворид шуда, дар аввалин бозӣ 11 феврал бо тими Тайланд вомехурад. Ин бозӣ соати 16:30 оғоз мегардад. 13 феврал дар муқобили Ветнам (оғози бозӣ – 19:00) ва 15 феврал муқобили Тайбейи Чин (оғози бозӣ – 19:00) ба майдон мебарояд. Дастаҳо дар чор гурӯҳи чордастаӣ қисмат шудаанд. Дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба даври чоряк-

финал роҳ меёбанд. Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври чорякфинал ҳарифи тими футзали Тоҷикистон яке аз дастаҳои гурӯҳи “D”, ки аз тимҳои Ҷопон, Австралия, Малайзия ва Қатар таркиб ёфтааст, хоҳад буд. Панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2016 оид ба футзал, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Беҳтаринҳои соҳаи варзиш 26 декабр эълон мешаванд

26 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе бо баргузории чорабинии тантанавӣ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаномаи «Варзиш-Спорт», Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Федератсияҳои миллии варзишӣ беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015 эълон хоҳанд шуд. Озмунҳои «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Федератсияи миллии варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Шаҳр ва ноҳияи беҳтарини варзишии сол» ва «Беҳтарин ВАО оид ба тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҷамъбаст мегарданд. Федератсияҳои миллии варзишӣ низ имконияти муаррифӣ кардани фаъолият ва қадрдонии ду нафар варзишгари беҳтаринашонро доранд.

www.javonon.tj

Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархор дар суҳбат бо мухбири рӯзномаи “Новый Хатлон” (23.02.2015) иброз дошта буд, ки “Ҳосилот” шуҳрати мост ва мо - мардуми Фархор бо он фахр мекунем. Ҳамин буд, ки бо дархости раиси ноҳия мураббии шинохтаи футбол Муҳаммад Ҳабибуллоев ба Фархор омада, тавонист дастаи “Ҳосилот”-ро дар қатори зӯртарин дастаҳои мамлакат ҷойгир кунад. “Ҳосилот” ба лигаи олии мамлакат роҳ ёфт. Акнун саволе мухлисонро ором намегузорад: Оё “Ҳосилот” дар лигаи олии мамлакат бозӣ мекунад? Барои дарёфти ҷавоб ба ин савол бо Муҳаммад Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Ҳосилот”, Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ ва Устоди варзиш суҳбат доштем. - Ба назари баъзе роҳбарони ноҳия гӯё ки дастаи “Ҳосилот” бо сабаби нарасидани маблағ дар лигаи олӣ баромад карда наметавонад. Ин дуруст аст? - Ростӣ, ман ҳис накардам. Ман бо таклиф ва дархости раиси ноҳия Раъно Раҳимзода ба Фархор омадам. Суҳбате ки бо раиси ноҳия доштам, бисёр самимӣ буд. Мақсад як, дастаро ба қатори дастаҳои пурқуввати лигаи олӣ баровардан. Ҳамин буд, ки корро бо дили гарм сар кардем ва то ҷое муваффақ гаштем. Албатта боварӣ дорам, ки “Ҳосилот” дар қатори дастаҳои пурқуввати мамлакат бозӣ мекунад. - Дар ҳолати дар лигаи олӣ бозӣ кардан, дастаи “Ҳосилот”-ро чӣ интизор аст? - Ҳаминро медонам, ки “Ҳосилот”-ро лигаи олии мамлакат интизор аст. Албатта мушкилиҳо дар пешанд. Вале ба гузаштаи начандон дури “Ҳосилот” назар кунем, он яке аз беҳтарин дастаҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ҳамрадифи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар лигаи дуюми ИҶШС бозӣ мекард. Вақти он расидааст, ки “Ҳосилот” дар қатори дастаҳои пурқуввати мамлакат ҷой гирад. Барои “Ҳосилот” ҳамаи шароит муҳайёст, майдони сабзи дорои 10 ҳазор ҷои нишаст ва мухлисони зиёд. Беҳуда нагуфтаанд, ки мухлис бозингари 12ум дар бозии футбол аст. “Ҳосилот” суратҳисоби даромади худро дорад, ки боварӣ дорам, мардуми баору номуси ноҳия дастаи дӯстдоштаи худро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд. - Оё ҳайати ҳозираи даста ба талаботи лигаи олӣ ҷавобгӯ аст ё футболбозони касбиро ба даста даъват карданиед? - Бозингарони касбӣ дар даста чун обу ҳаво заруранд. Вобаста ба шарту шароит лоақал 4-5 бозингари хубу ботаҷрибаро ба даста даъват карданием. - Федератсияи футболи мамлакат шуморо мураббии беҳтарин ва ҷоизадор эълом доштааст. Сухан дар бораи кадом ҷоизаҳо меравад? - Бо дастгирии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон такмили ихтисос кардам. Аз беҳтарин мураббиёни шинохтаи ин кишвари Аврупоӣ нозукиҳои футболро омӯхтам. Соли 2001 то 2012 дар дастаи “Регар ТадАЗ” (Турсунзода) ба ҳайси сармураббӣ кор ва фаъолият кардам. Дар ин муддат ҳамроҳи дастаи “Регар ТадАЗ” 6 карат қаҳрамони Тоҷикистон, 5 бор ба гирифтани ҷоми ҷумҳурӣ мушарраф гаштам ва 3 маротиба ҷоми Президенти КФО-ро соҳиб шудам. Соли гузашта бо дастаи навтаъсиси “Далерон”-и Уротеппа дар лигаи олии мамлакат ба гирифтани ҷои сеюм, имсол бошад, дар лигаи якум бо дастаи “Ҳосилот” ҷои аввал ва ба гирифтани медалҳои хурди тиллои таъсисдодаи Федератсияи ҷумҳурӣ мушарраф гаштам, ки ин ҳам ҷоиза аст. - Ба мухлисони дастаи “Ҳосилот” чӣ гуфтаниед? - Дастаи дӯстдоштаи худро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. Умед бар он банданд, ки “Ҳосилот” дар мавсими нави футбол, соли 2016 дар лигаи олии мамлакат бомуваффақият баромад хоҳад кард.


е-mail: javonontj@mail.ru

14

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

Бачаи хуни бинӣ ё подоши амал (қиссаи воқеӣ)

www.javonon.tj

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

- Шояд аз рӯйи раиси колхоз будани падараш мепарид, ё ҳамин хел тарбия дошт, ки мисли безориҳои кӯчагии шаҳрҳои калон бисёр шӯрапуштӣ мекард, - нафратангез ёдовар шуд Сафар. - Аз ин рӯ аксари мардум ӯро «бачаи хуни бинӣ» мегуфтанд, ҳанӯз сухани Сафар тамом нашуда, гапи ӯро бурид Ниёзбек. - Ӯ бо бачаҳо бозӣ намекард. Бачаҳо ҳам майли бо ӯ бозӣ карданро надоштанд ва ҳамеша аз ӯ дурӣ меҷустанд, - то андозае бо оҳанги бадбинӣ гуфт Тилабзода. - Бо ин сабаб на дар мактабу на дар қишлоқ ҷӯра надошт. Ҳамеша танҳо буд, - сухани Тилабзодаро тақвият дод Ниёзбек. - Хислати аз ҳама бадаш он буд, ки бачаҳои аз қишлоқи дигар, аз масофаи қариб 12 километр барои оби нӯшокӣ омадаро азобу шиканҷа медод. Ногаҳон аз паси дарахте баромада харҳояшонро метуронд, ки дар натиҷа онҳо аз хар меафтиданд ва ӯ қоҳ-қоҳ хандида аз ин амали хеш хурсандӣ мекард, - бо ҳамон оҳанги бадбинона гуфт Тилабзода. - Бовар кунед. Воқеан ӯ бачаи хуни бинӣ буд. Бо халачӯбе ба пушту пордуми он харҳо сих-сих карда, онҳоро метозонд, ки дар аксар маврид бачаҳои харсавор мувозинатро гум карда меафтиданд. Кӯзаҳояшон ҳам алвонҷ хӯрда - алвонҷ хӯрда ба замин меафтоданд ва ё ба дарахту деворе бархӯрда пора-пора мегаштанд, - низ бо нафрати ошкоро гуфт Одинамаҳмад. - Барои мо - бачаҳо бисёр ҳайратовар буд, ки ӯ аз чунин кору амали худ кайфият мебурд, махсусан дар ҳоле ки агар бачаҳо даруни хок ва обу лой меафтоданд, - бо эҳсоси бадбинӣ нисбат ба Ҳамаду бо эҳсоси шафқат нисбат ба бачаҳо гуфт Ниёзбек. - Ӯ махсусан аз шикастани кӯзаҳои пуроби дар пушти харҳо буда завқи зиёд мебурд. Ба ин хотир аз куҷое ногаҳон пайдо мешуду кӯзаҳои пуроби дар пушти харҳо бударо бо санг зада мешикаст. Аз якбора ба замин рехтани оби як кӯзаю ба замин афтода пора-пора шудани кӯзаи дигар хеле фараҳманд мегашт ва «қиҳ-қиҳ» механдид, - гӯё, ки ҳодиса худи ҳамон лаҳза пеши чашмонаш рух медода бошад, панҷаҳояшро ба зонувонаш зада, бо ҷозиба аз ҷой хест Одинамаҳмад ва ғазаболуд давом дод: - Аз гиря ва хорию зории бачаҳо бошад ба ваҷд меомад! - Кирдори бади дигараш он буд, ки ӯ камин гирифта, роҳи бачаҳои аз худ камқувваттари мактабравро мепоид, - ба хотир овард Сафар. Баробари наздикшавиашон, ягон нафари онҳоро дошта гарданашро зери каш мегирифту то кабуд шудан

буғӣ мекард. Ба ҷуз ин, ҳамин гуна бачаҳоро медошту сарҳояшонро бо ҳам ҷанг меандохт… - Ё пораи нони дар китобхалтаашон бударо бароварда пеши сагон мепартофт, агар сагон намебуданд, ба наҳри оби назди хонаашон ҳаво медод, - гуфтаҳои Сафарро тақвият дод Ниёзбек. - Аз китобхалтаи бачаҳо гирифтану дарондани китобу дафтарҳояшон, шикастани қаламу даруни пахтазори паҳлӯи роҳ ҳаво додани рангдонҳояшон шуғли зудзуд такроршавандаи ӯ буд, - ҳанӯз ҳам ғазабашро фурӯ нанишонда ва дар ҷояш нанишаста гуфт Одинамаҳмад. - Ман борҳо мушоҳида кардаам, ки бачаҳои ба сӯйи мошинаи мусофирбар шитоб доштаро меқапиду то хеле дур рафтани он машина дошта меистод ва аз чунин амали худ хурсанд мешуд. Ягон хел доду фиғони бачаҳо, эродгирии волидайну омӯзгорон ба ӯ таъсир намерасонид, - заҳрханда кард Тилабзода. - Ӯ аз кӯдакӣ шахси бахил, дилтанг ва нотавонбин буд. Аз дастоварду муваффақияти одамон ғам мехӯрд, дарун-дарун месӯхт ва ҳатто аз бухси дил бо чунин одамон даст ба гиребон мегашт, - ёдовар шуд Сафар. - Ӯ мошини «ЗИЛ» меронд, суханашро бо ханда омезиш дода, гуфт Ниёзбек. - Шом бо мошини давлатӣ ба хонааш меомаду субҳ мерафт. Ман ва Раҳматшоҳ дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекардем. Кори ҳар дуямон ҳам дар маркази ноҳия буд ва ҳар субҳ пойи пиёда аз дари корхонаи онҳо гузашта, ба кор мерафтем. Дилтангии мардро бинед, ки бо вуҷуди холӣ будани мошинаш, чангу хокро ба сари мо хезонда, аз барамон бо суръати баланд мегузашту моро савор намекард. - Ҳатто дар зимистон? – кунҷкобӣ намудам ман. - Ҳе, - заҳрханда кард Сафар. – Ҳатто дар зимистони қаҳратун, дар тобистони сӯзон, дар барфу борону жола ҳам ӯ касеро дар мошинаш савор намекард. - Чӣ, гумон мекунӣ, ки ӯ ҳоло ислоҳ шудааст? – саволомез ба Сафар нигариста пурсид Тилабзода. Не. Ҳоло ҳам дилаш пури бухс. Ҳоло ҳам аз нуги забонаш заҳр мечакад. Ягон маъракае нест, ки дар васфи касе сухани бад нагӯяду дили касеро наранҷонад. - Ба фикри ман ислоҳ шудааст, - гапро андаке кашиш дода гуфтам ман. - Э, биё монед, устод. Шумо ҳамеша «Ҷиҳати неки одамонро ҳам дида тавонистан лозим» мегӯеду ҳатто бадкирдортарин одамонро ҳам пуштибонӣ мекунед, - норозиёна эрод гирифт Одинамаҳмад. - Ман ҷиддӣ мегӯям. Ӯ ҳамин

шабу рӯзҳо ислоҳ шудааст ё аз пайи ислоҳшавӣ аст, - то андозае мӯйсафеди Ҳамадро «сафед» карданӣ шудам ман. - Устод, офтоб аз ҷониби қибла мебарояд мегуфтед, - бовар карданамон мумкин буд, - хандаомез луқма партофт Ниёзбек. - Рафиқони ӯзбек як мақол доранд: «Агар мол ба соҳибаш монанд нашавад, ҳаром мемурад». Ҳамад ҳам ҳаргиз ислоҳ намешавад. Зеро ӯ ба падари раисаш монанд аст. Ҳоло фарзандонаш ҳам ба худаш монанд шудаанд, - андаке рӯй турш карда гуфт Ниёзбек. - Суханони Ниёзбек дурустанд. Калонҳои мо мегуфтанд, ки падари худобехабари ӯ вақтҳои раисиаш хеле бедодгариҳо карда, ҷони мардумро ба лаб оварда будааст, - суханони Ниёзбекро тақвият дод Тилабзода. - Чӣ гуна бедодгариҳо? – ҳисси кунҷкобии ман боло гирифту пурсидам. - Падари ӯ дар замони худ бисёр раиси золим гузаштааст. Одамонро пешфукаи асп мекардааст, қамчинкорӣ менамудааст, қабеҳтарин суханҳоро мегуфтааст. - Дар солҳои «тройка»-и сталинӣ бошад, ҳатто ба қатл шудани ду нафар аз ҳамқишлоқиҳоямон маҳз ӯ сабаб гаштааст, - бо дард ва ғазаболуд гуфт Одинамаҳмад. - Бедодгариҳои ӯ махсусан дар солҳои ҷанги ватанӣ ва баъди он аз ҳад гузаштааст. Ӯ восита шуда, чандин аъзои колхози худро бегуноҳ ҳабс намудааст ва ё бадарға кардааст - бо нафрату надомат суханони Одинамаҳмадро боз ҳам пурқувваттар карда гуфт Ниёзбек. - Бачаҳо, мурдаро ғайбат намекунанд, - суханро андаке ба шӯхӣ печонида гуфтам ман. - Бачаҳо ғайбат не, сифат карда истодаанд. Афсус хӯрда истодаанд, ки дар симои мӯйсафеди Ҳамад мақоли «Себ аз дарахташ дур намеафтад» тасдиқи худро ёфтааст, - бо ман суханбозӣ намуд Тилабзода… Ман бо ҳамсӯҳбатон худоҳофизӣ намуда, рафтам ҷониби хона. Раҳораҳ тамоми суханони дар бемористон гуфтаи мӯйсафеди Ҳамад ва ёддоштҳои ҳамдеҳагон дар лавҳи хотирам такрор шуданд. Байни ҳамаи он фикрҳо аз ҳама муҳимаш фаҳмидаи мантиқии худи муйсафед буд, ки мақолеро нисбат ба худ мувофиқ дониста, ба забон овард: «Неши каждум на аз баҳри кин аст, баҳри он аст, ки хосияташ чунин аст». Баробари аз хаёлам гузаштани ҳамин фаҳмидаи мӯйсафед андаке хурсанд шудам. Зеро ки дар пиронсолӣ ҳам бошад, ӯ худро шинохтааст ва ба хеш баҳои ҳаққонӣ додааст. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда

БАРОИ ҶАВОНОН Нафаре, ки мехоҳем дар борааш сухан ронем, собиқ раиси колхози Правдаи ноҳияи Ҳамадонӣ, марҳум Нуриддин Зарифов мебошад, ки имрӯз номи некаш ҳамеша вирди забонҳост. Шахсе, ки тамоми умр манфиатҳои ҷомеаро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонист.

Некӣ ба ёдгор монд...

Нуриддин Зарифов аз зумраи шахсоне буд, ки мардуми ноҳия имрӯз ҳам бо номаш ифтихор мекунанд. Ӯ роҳбаре буд, ки рафтору гуфтор ва ҳатто муомилаю муносибаташ бо зердастон мардона буд. Роҳбари хеле хоксору меҳнатдӯст, хештаншиносу худогоҳ, миллатдӯсту ватандӯст буд. То нафаси охирин танҳо баҳри беҳбудии зиндагии мардуми ноҳия ва ҷомеа талош мекард. Нуриддин Зарифов соли 1938 дар деҳаи Розиёни ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, дар оилаи деҳқони миёнаҳол таваллуд шудааст. Соли 1956 мактаби миёнаи рақами №1-и ба номи В.И. Ленини ноҳияро ва соли 1962 Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанберо бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Данғара омада, аввал ба сифати омӯзгор, баъд ба ҳайси мудири бахши илм кор мекунад. Сипас, фаъолияташро ба журналистика мепайвандад. Аз соли 1966 то соли 1967 ҷонишини муҳаррир ва аз соли 1967 бо пешниҳоди Котиби якуми кумитаи партиявии ноҳия Анвар Назаров ҳамчун муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Навобод” (ҳоло “Симои Данғара”) кор мекунад. Хушбахтона, Нуриддин Зарифов аз зумраи муҳаррирони нотарсу ҷасур ва эҳтиёткор буд. Чун коркуни арзандаи ҳизб, ӯро соли 1971 роҳбарони ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба мактаби олии партиявии назди КМ КПСС ба шаҳри Москва фиристониданд. Баъд аз таҳсил КМ ПК Тоҷикистон ӯро мудири шуъбаи агитатсия ва пропаганда дар Кумитаи партиявӣ дар ноҳияи Москва таъин кард. Сипас аз соли 1973 то соли 1979 котиби Кумитаи партиявии ноҳия адои вазифа кардааст. Соли 1979 бо пешниҳоди Кумитаи партиявии ноҳияи Москва Нуриддин Зарифовро раиси правленияи колхози Москва таъин намуданд. Колхози Правда яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб мерафт. Мақсади асосии роҳбарони ҳукумати ноҳия, ҳарчи зудтар баромадани хоҷагӣ аз вартаи қафомонӣ буд. Ӯ ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва роҳбари кордону меҳнатдӯст тавонист бо истифода аз донишу малакаи бой, кордонии бемисл ва усулҳои роҳбарии оқилона, хоҷагии номбурдаро дар зарфи 2 сол ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия табдил диҳад. Аз ҳисоби даромади хоҷагӣ, дар ҳудуди колхоз хонаҳои типпи коттеҷӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, мактабу боғчаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, як меҳмонхона, як фермаи ширӣ-молӣ, як фермаи мурғпарварӣ сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин, ба масофаи 5 километр роҳҳои байни колхозӣ пурра асфалтпӯш карда шуданд. Тӯли солҳои 1990-1994 ӯ ба ҳайси муовини аввали раиси комиҷроияи ноҳияи Москва фаъолият дошт. Аз соли 1994 ҳукумати ноҳия ӯро ба вазифаи директори совхози ниҳолпарварии Чубек таъин намуд. Мавсуф то соли 2004, то рӯзи охири ҳаёташ дар ин вазифаи масъулиятнок кор карда, хизматҳои шоёни ӯ бо як қатор нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо даҳ медали хизматӣ, бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Мардуми ноҳия ӯро ҳамчун як ташкилотчии бомаҳорат, иқтисодчии хуб, шахси хирадманд, мураббии ғамхору мушфиқ, роҳбари ниҳоят меҳрубону серталаб мешинохтанд. Зеҳни тез дошту аз илмомӯзию бозомӯзӣ ҳеҷ намемонд. Ӯ се маълумоти олӣ дошт. Нуриддин Зарифов Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ҳамроҳ бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хатм кардааст. Ӯ дар хусуси оиладорӣ ва тарбияи фарзандон ҳам намунаи ибрат буд. Бо ҳамсари ғамхору меҳрубонаш Фариштамоҳ 11 фарзандро тарбия карда, ба камол расонидаанд. Нуриддин Зарифов аз соли 1966 то соли 2004-ум бетанаффус вакили халқ дар маҷлисҳои ноҳиявию вилоятӣ интихоб шудааст. Хизматҳои ӯ дар бунёду ободонии колхозу совхозҳо, мактабу беморхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии ноҳия хеле калон мебошад. Чунин афроди бузургдил, шикастнопазир, меҳнатзода, ки дуои неки халқро сазовор гаштааст, ҳамчун фидоии Ватан номаш то абад ҷовидонист. Сазовор аст ба эҳтирому арҷгузорӣ! Ба фикри банда, агар роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ягон мактаб ё хоҷагиро ба номи ин шахси абармарди замон номгузорӣ мекарданд, кори хайру савоб мешуд. Мардуми ноҳия ҳар сол дар арафаи маросими мардумӣ кору пайкори ӯро ба ёд меоранду қадрдонӣ мекунанд. Ҳамкорону шахсиятҳое, ки Нуриддин Зарифовро мешинохтанд, ҳар сол ба сари қабраш рафта, дар ҳаққаш дуои нек мекунанд. Магар мешавад, ки чунин марди наҷиб аз ёдҳо фаромӯш шавад? Холназар КАСИРОВ


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

Ватани Мессӣ

Ноҳия дар кишвар

Пасоянд

Логотип ФК "Истиқлол"

Бовари ба Худо

Замини кишт

Бандаки хабарӣ

... Гитлер

Агар (англисӣ) ... он аст, ки ба маълум расӣ.

Логотип ФК "Реал"

Милиметр (кӯтоҳ)

Зидмаънои гурусна

Лавозимот

Мулоқот Миллат дар Осиё

Нест шудан Дараҷаи аввали унвони илмӣ

Соф, тоза

Созмони Милали Муттаҳид (мухтасар)

Логотип ФК "Барселона"

Дарё дар Олмон

Ҷамъи асар

Васоити ахбори омма (кӯтоҳ)

Қалъаи амир

Исми Номи занонаи мардона русӣ

Дини мусулмонон

Тамғаи ҳавопаймои несткунанда

Пойтахти Арманистон

Зидмаънои ҳаст

Ишора– ҷонишин

Ту (русӣ)

Якумин

Повести С.Айнӣ Ҷонишини шахси якуми ҷамъ

Ҳеҷ гоҳ Сухани беҳуда

Хунук Узви мағзи сар

Шаҳр дар Фаронса

Нота

Собиқ футболбози Арсенал

Дидбон

Пайғамбар

Персонажи машҳур аз филми тасвирӣ

www.javonon.tj

Ҳоло ... Ҳарфи дуюми алифбои англисӣ

Логотип ФК "Арсенал"

Риштаи дарози борик аз мӯй

Чора дидан

Шамол

Насаби Навъи бисёрмева халқа

Пайвандак

Нота

Ҷонишин

Хуроки миллӣ

Олими бузурги тоҷик Ҳарфи 15-уми алифбои англисӣ

ПушайЗинат монӣ додан аз гуноҳ Маводи тарканда

Ҷонишини ишоратӣ

Мазаи тунду тез

Клуби футболи Кулоб

Олими физик

Пай, осор

Пешоянд

Бародари калонӣ

Ду ва зиёда калимаҳои мустақили бо ҳам алоқаманд

Исаак ...

Рӯзи ҷашн

Маърака

Узви дарунии инсон

Ду Осори понздаҳ манзуму мансур як ...

Рутба

Худо, Парвардигор

Пули яксолаи рӯзнома

Подош

Воҳиди ченкунии маълумот

Анҷом расондан

Навъи сабзавот

Ҳисобномаи Чӯбдаст пулӣ

Олати ҳезумшиканӣ

Вилояти кишвар

Пешоянд

Мактуб

Ишора

Қонеъ будан Маҳбас

Н2 О

Ситоиш

Асари бадеӣ

Навъи гул

Навиш– таҷот оиди ягон воқеа

Кулба

...и Бухоро

Шаҳраки барқӣ

Чеҳра

Шаҳр дар Ҷопон

Фасли хазонрез

100 сол

Ҷабр

Футболбози клуби Селта

Нидои мухлисони футбол

Сарояндаи Эронӣ

Муқобили зиёд

Ҳавзи сунъӣ

Навъи паранда

Элемент

Дарахт бо забони англисӣ

Дафтари қайд

Шод

Ҷои кори сартарош

е-mail: javonontj@mail.ru

Маҷалаии ҳаҷвии кишвар

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №49 (9423), 10 декабри соли 2015

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Ду рафиқ ба кинотеатр ба тамошои филми 3D рафтанд. Дар вақти тамошо якеашон дид, ки ҳайвони бадҳайбате ба тарафи тамошочиён медавад. Ӯ аз тарс зери курсӣ даромад. Рафиқаш гуфт: - Эҳ ҷӯра, шармандамон кардӣ, ин кино аст, охир! Рафиқаш гуфт: - Ману ту медонем ин кино аст, он ҳайвон аст аз куҷо медонад?

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

*** Шавҳар ба занаш: - Азизам, ту ин қадар зебо ҳастӣ! Зан: - Кош ту ҳам зебо мебудӣ, ки ман ҳам ҳамин хел мегуфтамат. Шавҳар: - Хайр, мисли ман дурӯғ гуфтан гир.

***

Афандӣ як рӯз то бегоҳ газета мехонад. Занаш мегӯяд: - Кош ман газета мешудам, аз ман чашм намекандӣ. Афандӣ мегӯяд: - Кош тақвим мешудӣ, ки ҳар сол ивазат мекардам.

 АНДАРЗ

Эътимод Лижарони машҳур Александр Билодо нахустин шуда ба марра мерасад ва аввалин коре, ки мекунад, аз байни тамошобинон бародараш Федерикоро, ки модарзод фалаҷ буд, ба оғӯш гирифта, ба майдон мебарорад ва аз шодии зиёд ва чашмони пурашк бӯсида, миннатдорӣ мекунад, чунки сабаби қаҳрамони ҷаҳон шудани вай бародараш Федерико мебошад.

Ҳар субҳ ман аз хоб бедор шуда, аз оина ба саҳни ҳавлӣ назар карда, дар фикр фурӯ мерафтам ва худ ба худ мегуфтам, ки имрӯз ба машқ намеравам, ҳеҷ гап не агар як рӯзи худро бе тамрин гузаронам… Аммо ҳамин ки ба бародари беморам менигаристам, ин фикрҳо ҳамон замон аз сарам дур мегашт ва ба тамрин мерафтам. Бародарам Федерико ба варзиш машғул шудани маро дида, шод ва баъзе вақт ғамгин мешуд ва ҳамеша ба ман мегуфт: - Ман имрӯз тамоми дороиямро фидо мекардам, то ки тану ҷисми солим дошта бошам ва шабу рӯзи худро ба варзиш гузаро-

нам. Ҳар рӯз дар марафонҳо ва мусобиқаҳои гуногун иштирок карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварда, дар ҳаёти худ боре қаҳрамони олимпии ҷаҳон шавам. Бародарам шабҳо хоб мебинад, ки ман қувваи фавқулоддаи худододӣ дорам ва борҳо қаҳрамони ҷаҳон ва олимпӣ мегардам. Барои ҳамин ман шабу рӯз тамрин менамоям, то дар мусобиқаҳо ғолиб оям ва орзуи бародари беморамро амалӣ гардонам. Ман медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба даст овардаам ва онро ҳеҷ кас аз ман гирифта наметавонад, аммо ба хотири бародарам Федерико кӯшиш кардам боз як бори дигар қаҳрамони ҷаҳон шавам, - гуфтааст лижарони машҳури дунё Александр Билодо.

*** Афандӣ харашро гум мекунад. Боғи ҳайвонот рафта, архарро мебинаду мегӯяд: - Э харе, либоси адидас пушидӣ, хаёл кардӣ намешиносамат?

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шартномаи гумшудаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ-79, кв. 26, ки ба шаҳрванд Сафаров Зиёрат Аскарович тааллуқ дошта, таҳти №23006 дар Идораи нотариалии ноҳияи Марказӣ (ҳоло И. Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе аз 03.06.1999 ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Дипломи гумшуда ба номи шаҳрванд Тоҷиев Салоҳиддин Ҷумъаевич, ки соли 1986 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии молия ва иқтисоди шаҳри Душанбе додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №0025753, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли 2004 ба Назаров Умар Абдусаломович додааст, эътибор надорад. Ҳар касе дипломро пайдо кардааст, баргардонад, мукофотонида мешавад. Тел: 935016999.

www.javonon.tj

Александр дар яке аз мусоҳибаҳои худ қайд мекунад: - Ман аз варзиш барвақт даст кашиданӣ будам, аммо бародарам Федерико намегузошт, ки чунин кунам. Ӯ ҳамеша бовар дошт, ки ман рӯзе ҳатман қаҳрамони ҷаҳон мешавам ва инро бароям такрор ба такрор мегуфт, то ки ман тарки варзиш накунам ба он меҳри зиёд пайдо карда, бештари вақти худро ба тамрин гузаронам. Барои ҳамин пирӯзии имрӯзаи худро, ки дар Ванкувер ба даст овардам, ба бародарам Федерико мебахшам. Ӯ маро маҷбур карда буд, ки дар ин мусобиқа иштирок варзам. Пас, ин ғалаба аз они ӯст. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА, (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

Дипломи гумшудаи №0111308, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 2012 ба Назаров Умар Абдусаломович додааст, эътибор надорад. Ҳар касе, пайдо кардааст, баргардонад, мукофотонида мешавад. Тел: 935016999

ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ

Соҳибкори инфиродӣ Шералиев Аминҷон Муянсарович (РМА 1320136857), ки 15.05.2015 дар Нозироти андози ноҳияи Рудакӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташаро қатъ мекунад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7820 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.