Ҷавонони Тоҷикистон, №49 (9475), 2016

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№49 (9475), 8 декабри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 АХБОРИ ҲАФТА

 ҲАМОИШ

Пешвои миллат Шавкат Мирзиёевро табрик гуфт

Волонтёрӣ касби пуршараф аст

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

 СУҲБАТИ “ҶАВОНОН...”

Роҳҳои мубориза такмилталаб аст

 ҲАФТ РӮЗ 1.12.2016 Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чех Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Чех Милош Земан мулоқот кард. Миёни ду кишвар ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 2.12.2016 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - дар ҷаласаи солонааш дар Адис-Адеба, пойтахти кишвари африқоии Эфиопия оши палавро ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид кард. 3.12.2016 Дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил шуд. Ин ҷашн аз тарафи СММ эълон гаштааст. Дар ҷумҳурӣ мутобиқи барномаҳои давлатӣ ба маъюбон шаклҳои муқарраргардидаи хизматрасониҳои тиббӣ ва таъминоти доруворӣ ба таври ройгон пешниҳод гардида, тамоми маъюбоне, ки дар марказҳои саломатӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷониби

табибон бо муоина ва ташхиси тиббию иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд. 4.12.2016 Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Аҳамияти стратегии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баргузор гашт. Таъкид гардид, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баҳри баланд бардоштани мавқеи кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад. 5.12.2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат анҷом доданд. Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурна-

мои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд. 6.12.2016 Шоир ва журналисти шинохтаи кишвар Мирзо Файзалӣ дар 74-солагӣ аз олам даргузашт. Мирзо Файзалӣ 9 майи соли 1942 дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда чанд муддат котиби масъули рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» (ҳозира «Набзи Файзобод») ва беш аз даҳ сол мудири шуъбаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак», солҳои 1993-2010 сармуҳаррири рӯзномаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат буд. Баъд аз ба нафақа баромадан раисии бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дошт. Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. 7.12.2016 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи мақомоти молия таҷлил шуд.


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

АХБОРИ ҲАФТА

Пешвои миллат Шавкат Мирзиёевро табрик гуфт

4 декабр дар Қасри афсарони шаҳри Душанбе бо иштироки Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар доир шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

Даъвати ҷавонон ба артиш 13 рӯз пеш аз муҳлат ба анҷом расид

«Мӯҳтарам Шавкат Миромонович, дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам. Интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст. Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд. Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок

миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд. Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо масъ-

улияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем. Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам».

Таваҷҷуҳ ба маъюбон вазифаи ҳар фард аст 3-юми декабр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин” бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангӣ-варзишӣ таҳти унвони “Ҳаёти солим интихоби мост!” доир гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳозиринро аз номи кулли ҷавонон ва варзишгарони кишвар бо Рӯзи байналмилалии маъюбон табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат аст, ки дар кишвар ҷиҳати кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии маъюбон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” қабул гардида, баҳри баланд бардоштани имконияту қобилият ва беҳдошти тавонбахшии маъюбон таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. - Дар Тоҷикистон маъюбон ҳамчун қишри ҷудоношавандаи ҷомеаи мо ба шумор рафта, онҳо низ метавонанд бо кору пайкори созандаву содиқонаашон дар рушду тараққиёти кишвар ҳиссагузор бошанд, гуфт А. Абдуллозода. Аз варзишгарони имконияташон маҳдуд, ба мисли Акмал Қодиров, Қаҳрамон Муратбоев, Сурайё Қодирова, Адолат Хоҷамқулова, Рухшона Назарова

ва дигарон ном гирифта шуд, ки бо ҳисси ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ ва матонату мардонагӣ зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Баъди маросими расмии чорабинӣ бо иштироки варзишгарони имконияташон маҳдуд аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мусобиқаҳои махсус аз рӯи намудҳои баскетбол, тенниси рӯи миз ва варзиши сабук баргузор гардид. Дар сабқат варзишгарон маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, барои таваҷҷуҳ ва имконтияти иштирок дар чунин чорабиниҳо ба Ҳукумату Давлат изҳори миннатдорӣ намуданд. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби аъзои Ташкилоти ҷамъиятии маъюбон барои тамошобинон ҳамчунин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо сурудани таронаҳо дар васфи Ватан-Модар, дӯстиву рафоқат ва Истиқлолияти, давлатӣ рақсу намоиши бозиҳои варзишӣ пешкаш гардид. Ба ғолибон медал, диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

“Ало, салом модарҷон, туро дӯст медорам!” Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва бузург доштани модар, инчунин боз ҳам зиёдтар кардани меҳри наврасону ҷавонон ба модар Аксияи тарбиявӣ таҳти унвони “Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!”–ро баргузор менамояд. Мақсади асосии баргузории аксия дар замири ҷавонон муқаддас ниҳон доштани мақому манзалати волидайн ва ҳамеша масъул будан дар нигоҳубини онҳо мебошад. Масъулин ва волонтёрони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе сайр намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод менамоянд, ки ба модарашон занг зада, аз муҳаббат ва дӯстории худ нисбат ба онҳо, бо ибораи зебои “Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!” хотири онҳоро шод гардонанд. Аксияи мазкур бори аввал аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳёҳӣ баргузор карда шуда, то охири ҳафта идома мекунад.

Азим Иброҳим иброз дошт: “Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба соли гузашта 13 рӯз пеш аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо ифтихори баланду масъулияти ватандорӣ ва ҳисси ватандӯстӣ муносибат намуданд”. Муовини Сарвазир комиссияҳои даъвати тирамоҳии ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Зафаробод ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Носири Хисрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон, ки нақшаи даъватро дар даҳрӯзаи аввал таъмин намуданд, инчунин ба комиссияҳои даъвати ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд, шаҳрҳои Сарбанд ва Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, шаҳри Роғун ва ноҳияи Сангворро ҷиҳати дар даҳрӯзаи дуюм иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ бо “Раҳматнома” қадрдонӣ намуд. Тибқи таҳлилҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои даъватии шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳритусу Ховалинг барои ташкил ва гузаронидани даъвати тирамоҳӣ маблағгузорӣ карда нашудаанд, ки барои дер иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ сабаб гардидааст. Бо нигаронӣ гуфта шуд, ки гарчанде нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2016 ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро гардида бошад ҳам, мушкилиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ҳалли худро тақозо менамоянд. Дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Лахш, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Нуробод, Варзоб ва Рӯдакӣ бинобар сабаби дар асоси талаботи қонун ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ба роҳ намондани корҳо иҷроиши нақшаи даъват ғайриқаноатбахш аст. Фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Фархор, Вахш, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон чандон муваффақ набуданд. - Омодагӣ барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ифодакунандаи муносибати самимона ба Модар-Ватан аст. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои мушахасу мақсаднокро роҳандозӣ намоянд, - афзуд Азим Иброҳим. Дар фарҷом ба сохторҳои қудратӣ дастур дода шуд, ки ба масъалаи таъмини либосу хӯроки наваскарон ва ташкили шароити мусоид барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ диққати ҷиддӣ дода шавад, чунки ин омилҳо дар баланд бардоштани завқи ҷавонон барои адои хизмат ва ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


3

4-5 декабри соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи ҷавононон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (КҶВС) як қатор чорабиниҳо баргузор шуд.

ҲАМОИШ

омода карда мешавад ва аз ин пас волонтёрон бо либосҳои ягона ба мардум хизмат мекунанд. Бегоҳи 4 декабр иштирокдорони ҳамоиш дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов намоиши “Замоне барои ишқ”-ро диданд. Шоми ҳамин рӯз бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, волонтёрон ва ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон “Шоми дӯстӣ” доир гардид, ки дар он аз ҷониби волонтёрон барномаи театрӣ пешкаш гардид. Субҳи 5 декабр бошад, дар Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, волонтёрон, гирандагони стипендияи президентӣ ва ҷавонони фаъол ширкат доир шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси КҶВС бори дигар ҳамаи волонтёронро бо ҷашнашон шодбош намуда, барои саҳм гузоштанашон дар баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣмаърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. “Фаъолияти волонтёрӣ яке аз рафтори бисёр наҷиби инсонӣ аст, ки аз ҳар шахс таҳаммул, баҳогузорӣ ва дарки амиқи масъалаҳоро талаб мекунад. Волонтёрҳо нерӯи инсонӣ, қувваи ҷисмонӣ, маҳорату малака ва иқтидори моддию молиявиашонро ба нафъи халқу миллат ва барои бартарафсозии мушкилоти ҷомеа равона менамоянд”, - афзуд А. Абдуллозода. Гуфта шуд, ки дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ, ВМКБ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон саҳми волонтёрон хеле калон аст. Дар чорабинӣ ба чанд нафар волонтёри фаъол “Сипоснома” тақдим карда шуд. Инчунин, ба гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ шаҳодатнома ва маблағи стипендия дода шуд. Ба волонтёрони фаъоли синнашон аз 18-сола боло, ки бо хоҳиши худ ба сафи ҲХДТ шомил гардида буданд, шаҳодатномаи узвият супорида шуд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки айни ҳол дар ҷараёни бақайдгирии фаъолияти волонтёрӣ қарор дорад, тасмим гирифтааст, ки соли 2017 ба ҳар нафаре, ки ба доираи волонтёрон дохил мешавад, шаҳодатнома ва дафтарчаи волонтёрӣ диҳад. Бо дарназардошти он волонтёрон аз тамоми имтиёзҳои ҳуқуқӣ, ки қонун пешбинӣ намудааст, баҳравар мегарданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Миралиён Қиёмиддин низ волонтёронро табрик гуфт. - Дар фазои ИДМ Тоҷикистон дуюмин кишваре мебошад, ки заминаи қонунии бевоситаи фаолияти волонтёриро қабул кардааст. Ба ҳукми қонун даромадани чунин як фаъолият беҳуда нест. Кишвари моро ҳафтод дарсад ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар арсаи ҷаҳон фаъолияти волонтёрӣ маҳз бо истифода аз қувваи ҷавонон пеш бурда мешавад. Волонтёрон ду мақсад доранд: 1. Такмили малака ва дониши худ. 2. Хизмати хайрхоҳона ба ҷомеа, - гуфт М. Қиёмиддин. Аз соли 1985 бо пешниҳоди Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар давлатҳои аъзои ин ниҳод ҳар сол 5 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил карда мешавад. Калимаи “волонтёр” аз лотинӣ гирифта шуда, маънои “ихтиёрӣ”-ро дорад. Дар забони тоҷикӣ муродифи ин калима “ризокорӣ”, “соҳибихтиёр” мебошад. Ҳаракати волонтёрӣ дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ба роҳ монда шудааст. Зимнан фаъолияти волонтёрӣ даромад ё саҳми худро дар пешрафти иқтисодиёти кишварҳо низ мегузорад. Арзиши хизмати волонтёрӣ дар сатҳи ҷаҳон соли 2015 23,5 доллар/соатро ташкил медод. Ҳамин ченак собит мекунад, ки хизмати волонтёрҳо дар

рушди иқтисодиёти кишварҳо зиёд гардида истодааст. Яъне, ба воситаи волонтёрҳо на танҳо мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад, балки иқтисодиёт низ пеш бурда мешавад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти Корпоратсияи хизматрасонии миллӣ ва ҷамъиятии ИМА дар ин кишвар соли 2014 62 миллиону 800 ҳазор нафар ба фаъолияти волонтёрӣ машғул гардида, 184 млрд доллар ба иқтисодиёти кишварашон даромад овардаанд. Ҳамин рақам дар соли 2012 ба 175 млрд доллар мерасад. 7,9 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Британияи Кабирро хизмати волонтёрӣ ташкил медиҳад, ки ба ҳудуди 65 млрд доллар дар як сол баробар аст. Дигар нуқтаи муҳим ин аст, ки яке институҳои фаъоли демократия ҷомеаи шаҳрвандист. Зимнан институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари оила ва дигар ниҳодҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода дар Аврупо ташкилотҳои ғайридавлатии варзишӣ хеле пешрафта ҳастанд. Мутобиқи маълумоти Иттиҳодияи Аврупо 86 фоизи воҳидҳои кории кулубҳои варзиширо волонтёрон ва ҳамагӣ 14 фоизи онро кормандони штатӣ ташкил медиҳад. Шодихони НАЗАР, Хуршед МАВЛОНОВ, Шералӣ ҶАЛОЛОВ, “ҶТ”

Волонтёрӣ касби пуршараф аст

Субҳи 4 декабр дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вохӯрии волонтёрони ҷумҳурӣ бо Аҳтам Абдуллозода, раиси КҶВС доир гардид. А. Абдуллозода оид аз дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, волонтёронро бо рӯзи идашон табрик намуд. Ба ҳар яки онҳо меҳнати содиқона таманно кард. - Шумо хушбахттарин ҷавононе мебошед, ки Пешвои миллат махсус ба шумо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Дар ягон мамлакати дунё мисли Тоҷикистон ҷавонон дастгирию дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор надоранд. Мо бояд сазовори ин ғамхориҳо бошем. Волонтёрӣ касби пуршараф аст. Ин як зинаи омӯзиши ҳар яки шумо барои оянда дар сохторҳои қудратӣ кор карданатон ба шумор меравад. Шумо ба воситаи ин касб набзи ҷомеаро мефаҳмед. Шумо бояд бо рафтор ва одоби намунаатон дар миёни ҷомеа фарқкунанда бошед. Шумо дасти як пирро дар кӯча мегиред, як кӯдакро аз роҳи мошингард мегузаронед, як амали хайри ройгон баҳри нотавоне ихтиёрӣ анҷом медиҳед, ин аст хизмати шумо дар назди миллат, афзуд Аҳтам Абдуллозода. Салимзода Каримҷон, роҳбари кулуби волонтёрон зимни баромади хеш таъкид намуд, хайрхоҳӣ, амали нек кардан ё ҳаракати волонтёрӣ дар замони муосир чизи нав нест. Зеро миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамеша бо роҳи ҳашар ва дар якҷоягӣ баҳри ободии деҳу дастгирии хонаводаҳои ниёзманду бепарастор ё камбизоат дасти ёрӣ дароз мекарданд. Ҳаракати волонтёрӣ дар тамоми ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва дар Тоҷикистон бошад ин раванд аз соли 2000 ба қайд гирифта шудааст. Дар ИМА 62 милион нафар ба волонтёрӣ машғуланд, ки 13,7% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Дар моҳи августи соли ҷорӣ теъдоди волонтёрони назди КҶВС 14 нафарро ташкил медод. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари волонтёрон имрӯз ин рақам ба 115 нафар расидааст. Сипас, роҳбарони волонтёрони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои Рашту Ҳисор оид ба фаъолияташон ҳисобот доданд. Гуфта шуд, ки тибқи таҳлилҳо фаъолияти волонтёрӣ дар ВМКБ нисбатан хуб ба роҳ монда шудааст, ки аз таҷрибаи волонтёрони ин минтақа дигарон ҳам истифода намоянд. Дар суҳбат таъкид гардид, ки дар наздиктарин фурсат барои волонтёрон либоси махсуси ягона

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

НИГОҲИ ДИГАР

Гузоштани насаб ба фарзанд ҳаққи волидон аст

ШОДИХОНИ НАЗАР

Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисмати зиёди аҳолии ҷаҳонро ба шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс инчунин муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сол аз сол фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои миллӣ, ки замони муайяне дар ҳоли нестшавӣ қарор доштанду ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ дода намешуд, барқарор шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон бо талаби замон ва таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ дар номҳои мардуми тоҷик нишонаҳои забони русӣ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар насаб пасвандҳои “ов”, “ова” ва “ович”-у “овна”, ки хоси забони русӣ аст часпонда мешуд. Ин талаботи замон буд ва Ҳукумати кишвар низ баъди соҳибистиқлолӣ баҳри ҳифзи анъанаҳо ва расму русуми миллӣ пардохтанд, ки қатори онҳо масъалаи номгузории тоҷикӣ ҳам шомил шуд. Ин иқдом, ки асоси дифоъ аз масъалаҳои миллиро дар бар мегирад, аввалин бор соли 2007 аз ҷониби Президенти кишвар роҳандозӣ гардид. Пешвои миллат аз аввалинҳо шуда, ному насабашро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намуд. Аз баҳори соли 2007 мардуми равшанфикру дорои ҳиси миллӣ ба гузоштани номҳои тоҷикӣ ва гирифтани пасвандҳои “ов”, “ова”, “ович”-у “овна” аз ному насабашон оғоз карданд. Вале ин иқдом ба таври ихтиёрӣ ба роҳ монда шуда буд. Соли 2016 баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ин иқдом ҳукми қонунӣ гирифт. Пасвандҳои "зод"-у "зода" ва "он"-у "иён", ки хоси забони тоҷикӣ ва миллати қадимаи тоҷик аст, ҷои пасвандҳои русиро гирифт. Инчунин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба қайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ба хотири ҳифзи масъалаҳои миллӣ ва ҷорӣ намудани номҳои тоҷикӣ чанд тағйирот низ ба амал омад. Тибқи ин тағйиру иловаҳо ба кӯдакон гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, “аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамояд” манъ карда шуд. Солҳои охир миёни мардуми тоҷик ин гуна номҳо зиёд буд ва дар ҳоли рушд қарор дошт. Илова бар ин, банди иловагардида ба қонуни мазкур ба манфиати масъалаҳои миллӣ мебошад, ки аз ҳар нигоҳ хуб аст. Аммо дар баробари ин мушкили дигаре низ ҷой дорад, ки бояд сари он андеша намуд. Аксари оилаҳои ҷавон дар кишвар баъди шаҳодатномагирӣ барои фарзандони хурдсолашон бо асабҳои харобу норозигии зиёд аз идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бармегарданд. Мушкил дар он аст, ки ҳангоми

шаҳодатномадиҳӣ бар асоси кадом банди қонуне дар номи фарзанди онҳо исми бобои кӯдак ҷой дода намешавад, ки ин масъала вақтҳои охир миёни корафтода ва кормандони идораҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ хархашаи зиёдро ба бор меорад. Аксар оилаҳои ҷавон бар он назаранд, ки насаби онҳо аз бобои падар ва ё бобокалони падарашон омадаасту онҳо аллакай кӣ будани онро намедонанд ва мехоҳанд, ки ҷои исми бобокалони падарашонро номи бобои кӯдак гирад. Аммо кормандони аксар идораҳои бақайдгирии ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо сабабҳои барои корафтодагон номаълум ин имконро ба онҳо намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар қисми 4-и моддаи

мегузорад, бояд он ном тоҷикӣ ва зебанда бошад. Барои мисол, дигар наметавон номи фарзанд ё набераро Теша, Табар, Санг ё Сангалӣ гузошт. Ин номҳо дигар дар рӯйхати китоби номҳо вуҷуд надоранд. Бадӣ дар он аст, ки падар наметавонад, ки барои фарзанди худ насаби падарашро гузорад. Масъулини сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зимни гирифтани шаҳодатномаи таваллуд мегӯянд, ки қонун дигар иҷозат намедиҳад, ки мо аз номи падари падар (очество) барои насаби фарзанд истифода кунем. Ба назари банда ин хеле бад аст. Барои мисол, ман дигар наметавонам, ки барои фарзандонам насаби дилхоҳамро гузорам. Ин чӣ хел мешавад, ки фарзандони ман насаби бобояшон-

20-уми қонуни мазкур гуфта шудааст: “Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози “-ӣ”, “-зод”, “-зода”, “-он”, “-ён”, “-иён”, “-ёр”, “-ниё”, “-фар” ташаккул ёбад. Насаби шахс, ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад”. Барои мисол, писар Амирҳамза, падараш Ҳасан ва бобояш Талабшо бо сабаби он ки насаби падари кӯдак Азизов аст, дар насаби кӯдак номи бобокалони падараш ҷо меёбаду исми бобояш не. Илова намудани номи бобои худи кӯдак дар насабаш муқобили тағйироти иловашудаи қонун нест. Бар акси ҳол дар ин шакл - Талабшозода Амирҳамзаи Ҳасан пурра тоҷикона ва ба талаботи қонуни мазкур мувофиқ аст. Аз чи бошад, ки аксар кормандони идораҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ ин имкониятро ба падару модари кӯдак намедиҳанд. Саъдӣ Ғоибов – сокини пойтахт, ки бевосита худ ба ин ҳолат дучор шудааст, чунин мегӯяд: “Дар мавриди ном ва номгузорӣ ҳаминро гуфтаниам, ки имрӯз аз як ҷиҳат хуб шудааст, аз ҷониби дигар бад. Ҷиҳати хубиаш дар он аст, ки имрӯз дар мавриди номгузорӣ ҳар шахсе, ки ба наберааш ё фарзандаш ном

ро надошта бошанд? Дар ин миён, номи падари ман аз миёни авлод гум мешавад. Гарчанде кормандони сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, ки фарзанд метавонад, баъди 18-солагӣ насаби худро иваз кунад. Ин кори дубора мешавад. Агар хуб мебуд, ки барои гирифтани насаб, ҳар шахс озод мебуд”. Имрӯзҳо аксар кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба суол ё даъвои шаҳрвандон як ҷавоб медиҳанд - “Фарзанд баъди 18-солагӣ метавонад худаш насабашро иваз намояд”. Ин дар ҳолест, ки кӯдак то 18-солагӣ дар чандин ҷо ба қайд гирифта мешавад ва соҳиби чанд ҳуҷҷат мегардад, ки бевосита ба номи шахс вобастагии зич доранд. Баъди ба синни ҳаждаҳ расидан барои ивази ном шаҳрвандро зарур аст, ки чанд кори дигарро анҷом диҳад. Дар баробари ин, аксар ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванд то 18-солагӣ соҳиб шудааст, бо номи аввала боқӣ мемонанд ва танҳо ҳуҷҷате пешниҳод мешавад, ки иваз кардани номро шаҳодат медиҳад. Забоншинос Баҳриддин Камоллидинов оид ба ин мавзӯъ нигаронӣ намуда, таъкид кард: “Гузоштани ном ба фарзанд то 18-солагӣ ҳаққи асосии падару модар аст. Номгузорӣ бояд дар асоси тавсияи хонавода сурат гирад. Падар кист, фарзанд кист, ин ҷиҳатҳо бояд ҳатман ба на-

зар гирифта шаванд ва қолабҳо рост биёянд. Мардуми тоҷик аз аввал ба фарзанд номҳои зебои тоҷикона мемонданд. Ин “ову”, “ович” баъдан пайдо шуд. Масалан, ман рӯзи тавваллуд ва ному насабамро намедонистам. Вақте нав ба мактаб рафтам, падарам дар фронт буданд. Муаллим аз ман пурсид, “бачаи кӣ шумо?. Гуфтам бачаи Камолиддин. “Набошад, шумо Камолиддинов” гуфта ба қайд гирифт ва насаби ман ҳамин хел монд. Баъд аз он ки худамро шинохтам, аз миёни ҳуҷҷатҳои падарам шаҳодатномаи таваллудамро пайдо кардам. Дар шаҳодатнома падарам ба ман номи тозаи тоҷикӣ гузошта будаанд - Баҳриддинҷон Юсуфӣ. Айни ҳол ки аксар оилаҳои ҷавон мехоҳанд ба кӯдак бо номи бобояш насаб гузоранд, бояд ягон монеа ҷой надошта бошад”. Дар ҳоле ки фарзанд ба 18 дарояду ному насабашро иваз накунад (зеро ин кори дубора аст ва на ҳар кас ба ин роҳ медиҳад) дар ҷомеа ва авлод номи бобои кӯдак нест мешавад. Ҷомеашинос Сангин Гулов ин раванди коргузориро як хараҷу мараҷи зиёдатӣ арзёбӣ намуд: - Ном яке аз арзишҳое аст, ки ҳар инсон ба он ҳамчун ҳуқуқи модарзодӣ, фитрӣ соҳиб аст. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон бо боло рафтани худогоҳии миллӣ ва бо шарофати истиқлолият имконият фароҳам омад, ки шаҳрвандон мувофиқи хости худашон, бо назардошти арзишҳои миллӣ ному насаб гиранд. Намунаи баланд дар ин самт рафтори худи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо мебинем, ки ин раванд рӯз то рӯз бештар шуда истодааст ва аксари кӯдакон бо ному насаби тоҷикӣ ҳуҷҷат мегиранд. Аммо дар ин роҳ баъзе монеаҳои сунъӣ ҷой доранд. Масалан, дар вақти тағйири ном бисёриҳо ба номи бобокалони худ ё бобои бобояшон насаб доштанд ва ин вазифаи мақомоти қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ аст, ки бояд инро ислоҳ кунанд ва мувофиқи хостаи шаҳрвандон ба онҳо ному насаб диҳанд. Бахусус, дар додани насаб хоҳиши шаҳрванд ба инобат гирифта шавад. Қонунгузорӣ барои ин ягон монеа нагузоштааст. Мутаассифона, дар амал мебинем, ки баъзе кормандони мақомоти дахлдор вазифаи худро дуруст намедонанд ва дар назди шаҳрвандон чунин мушкилӣ мегузоранд. Кӯдак таваллуд шуд, падару модари ӯ ҳақ доранд, ки насаби муайянеро барои фарзандашон интихоб намоянд ва оне ки баъди 18-солагӣ фарзанд бо хоҳиши худаш дуюмбора ҳуҷҷат мекунад, ин як хараҷу мараҷ ва ҳуҷҷатбозии зиёдатӣ аст, ки барои шаҳрванд мушкили зиёдро ба бор меорад. Роҳи аз ҳама осони масъала дар он аст, ки ба падару модар имкон диҳанд, то насаби фарзанди худро интихоб кунанд”. Дар замони ҷаҳонишавӣ пуштибонӣ аз фарҳангу ҳувият ва арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои асосӣ барои пойдорию муаррифии миллат ба шумор меравад. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар бо шаҳрвандони худогоҳаш барои тоҷику тоҷикона будани миллат корҳои зиёдеро анҷом доданд ва дода истодаанд. Дар масъалаи гузоштани номи тоҷикӣ низ кори хайре ба анҷом расонида шуд ва дар ин самт танҳо ба волидайн имкон додан мебояду бас.


Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, ба сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртибот пайдо кардаанд. Айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳанги миллат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон Ӯ тасмим дорад, ки баъд аз хатми донишгоҳ ба деҳа рафта, бо барпо кардани як маърака номашро иваз кунад. Мегӯяд “эълон мекунам, ки аз ин пас маро ба ҷои Гургалӣ Толибшоҳ хитоб кунанд”. Падару модари Гургалӣ мегӯянд, ин номро рамзӣ ва аз рӯи эътиқод ба писарашон мондаанд. Чуноне падари Гургалӣ нақл кард: “Қабл аз Гургалӣ чор писарам аз дунё гузаштанд. Ҳар вақте занам соҳиби фарзанд мешуд, баъди чанд моҳ аз олам мегузаштанд. Вақте Гургалӣ ба дунё омад, ба ман гуфтанд, ки ӯро аз даҳони гург гузаронаму номашро Гургалӣ бимонам. Дар аввал ман ба ин бовар накардам. Аз он ки чор писарамро пеш аз ин аз даст дода будам, маҷбур шудам, ки ин амалро иҷро кунам. Намедонам тасодуф буд ё ҳақиқат, ки писарам зинда монд”. Ҳар падару модар барои тарбия ва ба воя расонидани фарзанд дар назди худ чанд вазифа доранд, ки яке аз онҳо номи хубу нек гузоштан мебошад. Номгузорӣ бошад, аз ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ҳар падару модар сарчашма мегирад. Ба ин маънӣ ки ном бояд ифодагари ҳаёт, умеду орзу, хоҳиш, табъу завқ, рӯҳия ва маърифати фарзанд бошад. Дар миёни мардуми тоҷик гузоштани номи хуб яке аз вазифаҳои асосӣ дониста мешавад. Аз қадим мардуми тоҷик номро яке аз арзишҳои мардумӣ, нажодӣ ва фарҳангии худ мешумориданд. Баъд аз ҳуҷуми арабҳо, аз асри ҳафт ин тараф мардум ба гузоштани номҳои арабӣ, мисли Муҳаммад, Умар, Усмон, Ҳайдар, Алӣ, Абдуллоҳ, Абураҳмон бештар таваҷҷуҳ карданд. Чуноне Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и худ аз ин вазъ огоҳ кардааст: Чу бо дор минбар баробар шавад, Ҳама шаҳр Абубакру Умар шавад. Бехабар аз ин имрӯз иддае аз волидон ҳастанд, ки ба маънию мазмуни номҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Балки ҳарчи бештар кӯшиш мекунанд, ки номҳои хоси арабиро ба фарзандонашон гузоранд. Масалан, зиёд номҳое ҳастанд, ки вақте шарҳи онҳоро аз луғат мебинем, ба

назар бисёр зишт мерасанд. Асад шер, Аваз - иваз кардан, Абуҳурайра - падари гурбаҳо, Адҳам - тира, сиёҳ, Анӯш - бемарг, Бурҳон - далел, ҳуҷҷат, факт, Ғоиб - аз чашм дур, Зайнаб - номи дарахт ва монанди ин аз ҷумлаи онҳост. Ба гуфтаи Ҷалолиддин Хомӯшӣ , сармутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар ном гузоштан муҳим нест, ки он аз кадом забон аст. Балки он бояд ифодакунандаи ягон маънои хуб бошад: “Имрӯз на танҳо дар миёни мо, балки дар миёни мардуми ғайритоҷик низ дида мешавад, ки номҳояшон маънои зишт доранд. Масалан, имрӯзҳо мебинем, ки дар миёни русҳо номҳои Медвед, Кабан, Волк ва монанди ин ҳастанд. Агар ба ҳамин нуқта зеҳн монем, Паёбари худо (с.а.с) дар боби номгузорӣ фармудаанд, ки “беҳтарин номҳо номҳое мебошанд, ки дар аввалашон “абд” ё ин ки “ҳамд” дошта бошанд”. Агар рафту дигар ном низ гузорем, ба шарти он ки дорои маъноҳои хуб бошанд, боке надорад”, - мегӯяд Ҷ. Хомӯшӣ. Дар дини мубини ислом низ номи хуб гузоштан ба фарзандон яке аз вазифаҳои асосӣ назди волидайн ба шумор меравад. Ҷалолиддин Хомӯшӣ мегӯяд: “Волидон бояд дар интихоби номи фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд. Бояд номҳои беҳтарини маънодорро гузоранд. Дар дини ислом масъалаи ном гузоштан ба фарзанд ҷойгоҳи махсус дорад. Яке аз вазоифи волидон ин аст, ки ба фарзанд номи нек гузоранд. Бубинед, ҳатто дар вақти издивоҷ ҳам таъкид мешавад, ки ҳамсаре интихоб кунед, ки забонзада набошад. Яъне ин ҷо ишора ба он мешавад, ки бо забони бад, ба номи фарзандон доғ эҷод кунад. Аз ҳамин ҷо бар меояд, ки масъалаи ном гузоштан бисёр ҳассос мебошад. Мо медонем, ки ҳар яки моро дар маҳшаргоҳ бо номи худамон хитоб мекунанд. Бояд номе дошт, ки ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар охират хиҷолатзада нашавем. Паёмбари худо (с.а.с) низ гуфтаанд, ки “Ҳар нафареро, ки шумо ном мегузоред, барои ӯ насибе аз номаш ҳаст”. Пас, бояд номҳои нек гузошт”. Донишманди маъруф Абулфайзи

Байҳақӣ дар асари машҳураш “Таърихи Байҳақӣ” роҷеъ ба интихоби номи хуб ва зебо чунин менигорад: “Бар худовандгон ва падарон беш аз он бошад, ки бандагону фарзандони хешро номҳои наку ва босазо арзонӣ доранд, ба ин вақт ки эшон дар ҷаҳон пайдо оянд”. Насриддини Тӯсӣ дар “Ахлоқи Носирӣ” чунин мефармояд, ки “Чун фарзанд дар вуҷуд ояд, ибтидо тасмия (номгузорӣ)-и ӯ бояд кард ва ба номи неку, чӣ агар номе номувоффиқ бар ӯ ниҳанд, муддати умр аз он нохушдил бошад”. Расул Ғамзатов дар асари машҳури худ “Доғистони ман” дар боби номгузорӣ меорад, ки “...номи духтар бояд монанди шуълаи ахтар зебо ё чун гули бӯстон раъно бошад. Дар номи мард бояд садои шамшер ва ҳикмати китоб таҷассум ёбад”. Дар аввалҳо миёни мардуми мо як анъанаи бад буд, ки волидон номгузории фарзанди худро ба кулли аз дӯши худ дур карда буданд. Онро ба бобокалон ва модаркалони тифл ё нафарони донишманд ва порсои атроф ҳавола мекарданд. Онҳо бо истифода аз китобҳои махсус ва девонҳои шоирони гузашта, махсусан Ҳофиз ба тифли навзод ном мегузоштанд. Имрӯзҳо ба ин ҳама панду андарзҳо чандон аҳамият дода намешавад. Яъне, ҳангоми номгузорӣ на ба маъно, балки ба ҳолат назар меафкананд. Масалан, агар фарзанд дар рӯзи ид таваллуд шавад, ба ӯ Идибек, Идимо, Идигул, дар сафар таваллуд шавад, Сафар, Сафаргул, дар рӯзҳои ҳафта таваллуд шавад, Чоршанбе, Ҷумъа, Шанбе ном мегузоранд. Ё номҳои ашёву ҷонварон, ба мисли Табар, Нордона, Сафол, Теша, Санг, Хоркаш, Гург номгузорӣ мекунанд, ки бисёр зишт ба назар мерасад. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ин замина низ корҳои созанда ба анҷом расидааст. Бахусус Қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ҳамчунин таълифи як қатор фарҳанг ва номвожаҳо, аз қабили “Фарҳанги ном”-и Фарзона Саидумрон, “Фарҳанги номвожаҳои форсии тоҷикӣ”-и Январ Шукурӣ, таҳияи Энсиклопедияи номҳо аз рӯи номҳои тоҷикӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва монанди ин имрӯз имкон медиҳад, волидон дар гузоштани номи хуб ба фарзандонашон танқисӣ накашанд. Бо истифода аз ин номвожаҳо барои фарзанди худ номи нек, баландмазмун ва бомаъно гузоранд. Чунончи олими шинохта Б. Тилавов мегӯяд: “Исми зебою пурмазмун, соддаву латиф, салису диловез хотири касро навозиш медиҳад, ба дилҳо завқу сурур ва ба кас рӯҳи тоза, ҳаловат ва илҳом мебахшад. Номи неку баланд соҳибашро ба корҳои неку наҷиб раҳнамун карда, ӯро водор менамояд, ки ба баландии исмаш шоиста ва муносиб бошад, номи некашро бо амри хайру шоистаи худ зиндаву ҷовид гардонад”.

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

ОРМОНИ МИЛЛӢ

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

Номи хуб ними ҳусн аст

Гургалӣ дар курси чорум мехонад. Мегӯяд, ки ҳар вақте аз журнали синф муаллимҳо номашро мехонанд, худашро нороҳат ҳис карда, дар хиҷолат мемонад. “Дар деҳа ба маънии номам чандон аҳамият намедодам. Ҳамдеҳагонам низ барои номам боре чизе нагуфтаанд. Аммо вақте ба шаҳр омадам, як мушкили асосӣ бароям номам шуд. Дар вақти аз дафтари синф хондани номҳо ҳамкурсҳоям бо нигоҳи аҷиб ба ман менигаранд. Гӯё онҳо гутфанианд, ки “ин қадар ном кам буд, ки ба ту як номи ҳайвони дарандаро гузтоштаанд?” Ҳатто як ҳамсабақам аз ман пурсид, ки “Гургалӣ, ту ин қадар писари зебо ва хуб ҳастӣ, чаро туро Гургалӣ ном гузоштаанд?” Ман бошам, айбро ба сари волидонам бор кардам”, мегӯяд Гургалӣ.


6

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ин ноз ба хонаи падар бояд кард

ШАҲЛО ЭШОНОВА

Дунё талабӣ, азми сафар бояд кард, Уқбо талабӣ, оҳи саҳар бояд кард. Дунё талабию боз уқбо талабӣ? Ин ноз ба хонаи падар бояд кард. Имрӯзҳо ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон баъди ба ҳадафҳои ғаразноки худ нарасидан аз ҳудуди ҷумҳурӣ фирор намуда, дар кишварҳои бегона минбарҳои хасакиеро аз абас гуфтану ҳарзагӯиву пархошҷӯӣ созмон додааст. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо, сомонаи «паём.нет» аст, ки ҳамарӯза бо беҳудагӯиҳои хеш ба мағзшӯии мардум машғул аст. Онҳо ҳанӯз бар он боваранд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон мардуми раҳгумзадаи солҳои 90-уми қарни гузаштаанд ва онҳо метавонанд бо жожхоиҳои худ бори дигар онҳоро гӯл бизананд. Вале не, ҳаргиз чунин нест. Мо шаҳди озодию истиқлолро чашидаем, шукуҳи осмони мусаффои Ватанро дидаем ва барои ояндаи пурсаодат гом мебардорем ва ба он ёвагӯён гӯшрас мекунем, ки он чӣ мегӯед, ба касоне гӯед, ки шуморо нашносад. Мутаассифона, онҳо аз кӣ будани худ фаромӯш сохтаанд ва ба мағлуб шудани худ тан намедиҳанд, ноҷавонмардона аз пушти шонаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки Ватани онҳо низ ҳаст, носазо мегӯянд ва ин оромию суботи ҷомеаро, ки тайи 25 сол идома дорад, барҳам задан мехоҳанд. Мисоли онҳо ба ин монанд аст, ки: Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад, Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад. Ба масал ин «исломгароён» аз гуфтаҳои Аллоҳ таъоло (ҷ) дар ояти 10, сураи «Муҷодала» фаромӯш кардаанд, ки мефармояд: «Ҷуз ин нест, ки роз гуфтани бад аз кори шайтон аст, то муъминонро андуҳгин кунад ва ба онҳо ҳеҷ зиёне намерасонад, магар ба иродаи Худо». Воқеан, «офтоб омад далели офтоб»: масири тайкардаи Тоҷикистони ҷавон, ки 25 солро дар бар мегирад, он қадар пуршебу фароз аст, ки ҳеҷ нафаре ба чунин рушду равнақ ёфтани он бовар надошт. Нотавонбинон ҳаргиз гумон надоштанд, ки Тоҷикистон на танҳо дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё мавқеи боризу намоёнеро ишғол менамояд ва бо пешниҳоди абармардони ин миллат масоили глобалии дунявӣ ҳаллу фасл хоҳад гардид. Ҳамчунин, гумон надоштанд, ки забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузтарини дунё садо медиҳад ва аксари давлатҳои дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф менамоянд. Тоҷикистони азиз дар ин муддат ба ҳадафҳои стратегии худ комёб гардида, дар роҳи таҳкими сулҳу салоҳ ва якпорчагии миллат, берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор бардоштааст. Дар фазои сулҳу салоҳ зистани мардум аз бузургтарин неъматҳое маҳсуб мегардад, ки бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст… Ҳамаи ин ва зиёда аз ин дастоварду комёбӣ, ки Худованд ба миллати тоҷик арзонӣ доштааст, ба чашми ин назартангон ночиз менамояд ва ин «исломгароён» ҳеҷ гоҳ шукри Худовандро барои ин неъмати бузург ба ҷо намеоранд. Кош онҳо медонистанд, ки: Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест, Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест. Дақиқан, давлат ва дин ду мафҳуми ба ҳамдигар мухолифанд, ки аввалӣ агар ба пешрафту ривоҷи дунёи воқеӣ вобаста бошад, дуюмӣ барои таҳияи тӯшаи охират аст бар ивази амалҳои нек, мардумдӯстдорӣ, раиятпарварӣ ва умуман дар хизмати халқ будан. Бо қатъият метавон гуфт, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ нуфузи зиёде касб намуда, барои рушду ривоҷи он давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро муҳайё гардонида буд. Иҷозат додани фаъолияти ҳизби исломӣ худ далели он аст, ки Давлати Тоҷикистон ба дини мубини ислом нигоҳи гарм дорад. Вале, мутаассифона, ин ҳама некназарӣ ба он оварда расонд, ки роҳбарони ҳизби мазкур дар фикри мубҳами барҳам додани ин давлат ва аз байн бурдани осудагиву оромии мардум гардиданд. Тарроҳии нақшаи ташкили табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли гузашта мисоли рушани афкори ғосибона ва ғаразноки ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Ин гуна кирдори ғосибона ва ноҷавонмардона гуфтаҳои Раббулиззатро дар Қуръони карим ба ёд меорад, ки чунин аст: «Шайтон бар онҳо ғолиб омадааст, пас аз хотири онҳо ёд кардани Худоро фаромӯш сохтааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки албатта ҳизби шайтон зиёнкоронанд» (ояти 19, сураи «Муҷодала»).

Дар замони таҳаввулоти ҳассоси олам ва маҷрои нозуки гароиши инсоният ба ҷараёну эътиқодҳои мухталиф, ҳамзамон эъмори иҷбории ҳар гуна созмону ихтилофоти динӣ, дар баъзе аз кишварҳо, андешаро сари сарнавишти инсоният пас аз ин кашмакашиҳои даҳшатбор мушкил мекунад. Дар ҳассостарин нуқоти олам, алалхусус кишварҳои мусалмоннишин ва қавму қабилаҳои эътиқодманд ба ислом зуҳури равияҳои ифротӣ хатарноктарин зуҳурот маҳсуб мешавад. Ин амал на танҳо дар кишварҳои эътиқодманд ба кешу мазҳаб, ҳамзамон дар тамоми кунҷу канори олам зуҳуроти манфӣ эътироф шудааст.

Чаро ҷавонон ифротӣ мешаванд? Замоне, ки ифрот аз марзи эътиқод ва ҳақиқат убур мекунад, инсоният аз куҷо то ба куҷо роҳ мепаймояд? Чаро ифрот пайдо мешавад, ки дар пайи худ бадбахтиро тавлид месозад? Ин суолҳо кайҳост соҳибназаронро ба андеша водор кардааст. Африқо. Дар ин қораи олам инсонҳои аз нигоҳи сатҳи иҷтимоӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии мухталиф умр ба сар мебаранд. Сарватмандтарин давлат аз рӯи харита дар ҳамин қитъа пайдо мешаваду камбағалтарин мардум низ дар ин сарзамин зиндагӣ доранд. Мухолифат ва ҷангҳои шадид миёни гурӯҳҳо, зуҳури ҷараёнҳои ифротӣ, ноадолатии иҷтимоӣ ва мухталифияти сатҳи зиндагӣ, мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ, куштори даҳшатбор, нангинтарин рафтори инсонӣ ва ваҳшатноктарин амалҳои мардумӣ маҳз дар ин қораи олам ба мушоҳида мерасанд. Ҳамзамон шикасти қомати илму фарҳанг ва маърифати инсонӣ низ дар ин ҷой макон дорад. Агар аз як ҷониб чунин вазъи нигаронкунандаи давлатҳои Африқо ва умуман занҷираи давлатҳои мусулмоннишини ин сарзаминро бозии пасипардагии сиёсатбозони ҷаҳон номем, пас чаро қолаби маърифат ва пайкараи дониши дуниявӣ дар ин кишварҳо шикастаасту ифрот зуҳур мекунад? Чаро ин қитъа дар ҳалқаи низоу кашмакашиҳо мондаву тамоми зуҳуроти тиббию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ аз ин ҷо бармехезанд? Шуруъ аз 6-уми ноябри соли 2015 ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» дар қисми шарқии Сурия фаъолияти тамоми мактабҳоро бастанд. Аз рӯи иттилои расонаҳои хабарӣ, онҳо қасди ташкили мактабҳои исломӣ аз рӯи барномаҳои таълимии шариат ва тадриси асри 6-ро доранд. Ифротгароён дар баъзе аз музофоти дурдаст иҷборан ин низоми таълимиро роҳандозӣ кардаанд. Тақдири беш аз 200 толиба дар Нигерия, ки тахрибкорони гурӯҳи ифротии «Боко Ҳаром» ба асорат гирифта буданд, аз моҳи апрели 2015 норӯшан монд ва шуруъ аз 1-уми ноябри ҳамон сол онҳоро иҷборан ба силоҳбадастон ба шавҳар доданд. Ин гурӯҳи силоҳбадаст то ҳол аз аъмоли ба асорат гирифтани занону кӯдакон, алалхусус духтарони ҷавон даст намебардоранд. Акнун суоле пайдо мешавад. Пас аз гузашти чунин санаи тираи таърих барои мардуми ин сарза-

мини осебпазир, сарнавишти насли ифротзадаи он чӣ мешавад? Яке аз омилҳои зуҳури ифрот ва ифротгароиро соҳибназарон дар масофаи холии инсон то ба маърифатнокӣ медонанд. Яъне, замоне, ки инсон аз илму амали дунавият дур мешавад, даст ба кори дигар ва эътиқод ба иродаи эҳсос медиҳад. Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва демокративу дунявӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар роҳи расидан ба рушду тараққиёт пеш меравад. Қонунҳои давлати мо талқингари роҳи ҷилавгирӣ аз ифрот ва амалҳои номатлуби иҷтимоӣ буда, ба ҳар шаҳрванди мамлакат фаъолияти озоди зиндагӣ, эътиқод ва озодии виҷдонро додааст. Аммо бар хилофи ин озодиҳо тоифае аз ҷавонони тоҷик ба ин неъматҳои кафолатдодаи қонун дар фазои давлати озоди миллӣ хати батлон мекашанд ва рӯй ба ифроту даст ба ифротгароӣ мезананд. Чаро як ҷавоне, ки дар давлати озоду ором ва дар фазои амну субот нафас мекашад, майл ба ифрот ва ҷалб ба равияҳои мамнуи ифротгароӣ мешавад? Чаро масири ҳисси миллатдӯстиро эҳсоси таассубгароӣ ишғол мекунад? Ҷаҳонро наметавон ҷузъ-ҷузъ аз зуҳуроти номатлуби ифротомез, ки паёмадҳои сангинро дорад, наҷот дод. Зеро терроризм ва ифротгароиро наметавон бо истифода аз силоҳ ва ё зӯроварӣ решакан кард. Зеро таҷрибаи зӯроварӣ бар сари ифрот натиҷаи назаррас надорад. Акнун боз пайи ҳам саволҳои дигаре пайдо мешаванд, ки чӣ гуна метавон андешаҳои миллатдӯстиву миллатгароиро дар ботини ҷавонон таҳрик дод, то онҳо аз гаравидан ба равияҳои ифротӣ дурӣ ҷуянд? Дар низоми кашмакашҳои ҷаҳон ва ихтилофоти сарду ҷушон инсоният бо аз даст додани як лаҳзаи ҳушёрӣ метавонад дучори сангинтарин офатҳои иҷтимоӣ шавад. Аз ин рӯ, ҳушёрӣ ва зиракиву худшиносӣ метавонад, яке аз омилҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ шавад. Зеро маҳз ифрот аст, ки кӯдакону наврасон ва ҷавонони як қораи бузург талхиҳои зиндагиро мечашанд ва дар як рӯзгори тираи зиндагӣ умр ба сар мебаранд. Барои мо озодиву субот ва оромии ин кишвари озод беҳтарин неъмат аст ва бояд дар фикри рушди шахсият ва дониши комил бошем, то насли ояндаи тоҷик созанда бошаду ҷомеаи орому беҷанг ва бенизоъ бунёд созад. Аҳмад ФУЗАЙЛ


баландихтисоси идоракунанда ва амалисозии фаъолияти илмӣтадқиқотӣ дар соҳаи иқтисодиёт мебошад. Номбурда идоракунии молиявиро ҳамчун асоси пешрафти иқтисодиёт арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки танҳо тавассути кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба дар ин самт метавон ба коёбиҳо ноил гардид. Ӯ даъват кард, ки барои табодули таҷриба дар самти идоракунии молияи давлатӣ бояд шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад. Сироҷиддин Икромӣ, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ нақши соҳибкориро дар пешрафти иқтисодиёт муҳим арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт: “Дар кишваре, ки иқтисодиёт аз рӯи қонунҳои бозорӣ амал мекунад, бояд фаъолияти соҳибкорӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Бесабаб нест, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба самти фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат санадҳои меъёрии зиёде қабул гардиданд, ки мутобиқи онҳо барои таҳкими соҳибкорӣ заминаи хуби ҳуқуқӣ омода гардидааст. Ҷиҳати дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва идораҳои дахлдор як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд”. Дар мавриди самарабахшии фаъолияти бонкӣ ва нақши он дар рушди босуботи иқтисоди мамлакат андешаҳои судманд иброз гардиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 18 бонк фаъолият карда истодаанд, ки 7 адади он бо иштироки сармояи хориҷӣ амал мекунанд. Барои дастгирии соҳибкорӣ дар кишвар ба шаҳрвандон додани қарзҳои дарозмуддат, муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳо, сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ, роҳандозии шаклҳои муосири амалиёти бонкӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонкҳо ҳисобида шуданд. - Сармоягузории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 15,1 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, - гуфт С. Икромӣ. - Ин нишондиҳандаи хуб буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи соҳибкорон, сармоягузорони хориҷӣ ба ҷумҳурии мо зиёд аст ва имконияти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон васеъ. Номбурда аз олимону мутахассони дохил ва хориҷи кишвар даъват кард, ки ҳамкориҳоро таҳким бахшида, ҳангоми тадқиқоти илмӣ аз нишондиҳандаҳои Бонки миллӣ пурсамар истифода намоянд.

Конфронсро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ ва аз саҳми Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии соҳаи туризм ёдовар шуда изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни туризм имкониятҳои фаровон дорад. Ҳарчанд дар ин бахш аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба назар мерасанд, вале ин басанда нест, зеро дар баробари туризми содиротӣ бояд туризми воридотӣ низ рушд ёбад. Дар самти тарбияи кадрҳои тахассусманд низ чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғуланд то бозори меҳнатро бо кадрҳои лаёқатманди рақобатпазир таъмин созанд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар мадди аввал аст. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар мавзӯи «Туризми Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» баромад кард. Ӯ қайд намуд, ки дар соли 2015 дар ҷаҳон аз ҳисоби туризм 1,5 триллион доллар маблағ ба даст омадааст, ки баробари 10% маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон мебошад. Имрӯз ҳар 16-ум ҷойи кории сайёра ба соҳаи сайёҳӣ рост меояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беш аз 30 санади меъёрию ҳуқуқӣ барои танзими сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм қабул гардидаанд, ки барои рушди ин соҳа мусоидат менамояд. Сокинони 81 кишвари дунё метавонанд аз се фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон соҳиби раводид шаванд. Ба наздикӣ раводиди электронӣ ҷорӣ гардид. Ин иқдомҳо сафари хориҷиёнро ба кишвари мо бамаротиб осонтар менамоянд. Тоҷикистон хусусан дар самти туризми экологӣ, тиббӣ, фарҳангӣ-таърихӣ имкониятҳои фаровон дошта, борҳо ҳамчун кишвари зеботарин ва мусоид барои сайёҳон дар ҷаҳон эътироф гашта, дар раддабандиҳо дар мақомҳои аввал қарор гирифтааст. Соли 2017 бошад, бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ соли туризми устувор эълон гаштааст. - Афзалиятҳои ба рушди туризм мусоидаткунанда дар кишвар туризми экологӣ, имконияти дар чор фасли сол қабул кардани сайёҳон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Шоҳроҳи бузурги Абрешим аст, - гуфт дар охир Ризо Назарзода. Регина Гаутлина - коршиноси соҳаи туризм, ки Ҷумҳурии Қирғизистонро намояндагӣ мекунад, изҳор дошт, ки тӯли шаш моҳ аст дар Тоҷикистон фаъолият мебарад ва ба ояндаи дурахшони туризми кишвар некбин аст. Ба гуфтаи номбурда, афзалияти асосии туризми Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ҷойҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ дар тамоми минтақаҳои он ба назар мерасанд ва аз махсусиятҳои нодири табиӣ бархӯрдоранд. Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Раҷабалӣ Турсунзода дар мавзӯи «Варзоб минтақаи сайёҳӣ: мушкилот ва дурнамо» маърӯза кард. Изҳор дошт, ки диёри зебоманзараи Варзоб дорои захираҳои фаровони туристӣ буда, дар ҳудуди он 145 намуд растании шифобахш мерӯяд. Чашмаҳои маъдании он низ барои рушди туризми тиббӣ мусоидат менамояд. Пас аз эълон шудани Варзоб ҳамчун минтақаи туристӣ дар самти туризм тадбирҳои зиёд андешида шуд. Айни замон дар ноҳияи Варзоб беш аз 460 минтақаи истироҳатӣ ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд. Раиси Ассотсиатсияи мададгор ба ташкилотҳои туристии Тоҷикистон Фаттоҳ Файзуллоев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Рустам Қудратов низ дар баромади хеш бобати афзалият ва зарурати рушди туризм ибрози назар намуданд. Баъдан Холназар Муҳаббатов, профессори кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Зарурати рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Иван Самсон, коршиноси хориҷии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, профессори Донишгоҳи Гренобл (Фаронса) ва Мисқола Абдуллоева, роҳбари Ширкати сайёҳии «Orom-Trevel» дар мавзӯи «Рушди туризми дохилӣ дар заминаи соҳибкории хурду миёна» баромадҳои пурмазмун карданд. Аз ҷумла Иван Самсон модели рушди туризмро дар давлати Швейтсария мисол оварда, самтҳои дар кишвари мо амалишаванда, аз қабили агротуризм, ташкили инфрасохтори махсус ва истифодаи захираҳоро муҳим шуморид. Пас аз анҷоми маърузаҳо маҳфили саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт. Р. Назарзода ба роҳбарияти ДМИТ пешниҳод кард, ки барои ворид намудани Донишкада ба Анҷумани мактабҳои олии туризми назди Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Мадриди Испания аст, дархост пешниҳод намояд. Зеро ин ташкилот барои баланд бардоштани малакаи касбомӯзии муҳассилини риштаи туризм имкониятҳои васеъ дорад.

Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Машҳура АБДУЛЛОЕВА

1-2 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, Лот 1» дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс меҳмонон аз Федератсияи Русия, Фаронса, Қазоқистон, олимону мутахассисон ва намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин омӯзгорон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат иштирок намуданд. Аз рӯи бахшҳои алоҳида масъалаҳои пешрафти муносибатҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони иқтисодӣ, раванди буҷетӣ ва ояндабинӣ дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ, идоракунии молияи давлатӣ ҳамчун асоси пешрафти бахши молиявии иқтисодиёт, низоми хазинадорӣ ва идоракунии молияи давлатӣ, механизми андозбандии ҳавасмандкунии рушди устувори иқтисодиёт, фондҳои мақсадноки байнидавлатӣ ва бисёрҷониба дар рушди устувори иқтисодиёт, ҳукумати электронӣ ва шаффофияти раванди буҷетӣ, стандартҳои муосири аудит, микро ва макроиқтисодиёт ва бахши ҷамъиятӣ, молияи маҳаллӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. А. Солеҳзода - ректори ДМИТ қайд намуд: “Ҳадаф аз баргузории конфронс муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Донишкадаи молия ва иқтисод ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар самти идоракунии молияи давлатӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ мебошад. Баргузории чунин як чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ барои рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ дар кишвари мо аз манфиат холӣ нахоҳад буд”. Номбурда ҳамкориҳои Донишкадаро бо муассисаҳои ҳамсони кишварҳои хориҷ судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки “Буҳрони молиявӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ қабл аз ҳама ба фаъолияти низоми идоракунии молияи давлатӣ таъсир мегузорад. Шароити кунунии иқтисодии мамлакат тақозо мекунад, ки оид ба истифодаи мақсадноки захираҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва табиии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони дохилӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари буҳрони ҷаҳонии молиявӣ зарурат ба амал омад, ки сарчашмаи даромади буҷа аз ҳисоби аҳолӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар манбаъҳо таъмин карда шавад. Аз ҷониби идораҳои дахлдори кишвар баҳри баланд бардоштани самаранокии тақсимоти захираҳои молиявӣ, сифатнокии хизматрасониҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии барномаҳои ҳукуматии дар ин самт қабулгардида чораҳои мушаххас андешида шуданд”. Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди соҳибкории хурду миё-

на дар мамлакат ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шудааст, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат дода шудааст. Инчунин бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд фақат дар соли 2015 ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 7 млрд. сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 26 фоиз зиёд аст. Дар тӯли 10 соли охир дар кишвар беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 19 млрд. сомонӣ амалӣ шудааст. Танҳо соли 2015 беш аз 7,5 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 млрд. сомонии онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад. Ясмин Гуэдар, сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро дар самти муомилоти бонкӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ барои ҳар ду ҷониб судманд ҳисобида, изҳор дошт, ки дар ин самт табодули таҷриба ва такмили донишу малака самараи хуб хоҳад дод. - Яке аз усулҳои ҳамкорӣ, ки ба рушди бемайлони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ замина мегузорад, ҳамкории иқтисодӣ мебошад, - гуфт Мачей Мадалински, роҳбари ҳамкориҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. – Таҳияи барномаҳо дар ин самт, дастгирии молиявӣ, аудити дохилӣ ва дар ин замина баланд бардоштани донишу малакаи кормандон, ҳамчунин ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба фаъолияти молиявӣ, иштироки онҳо дар ҳалли масоили марбут ба рушди устувори иқтисодиёт ҳамеша бояд дар мадди назари масъулини соҳа қарор дошта бошад. Бо ин мақсад гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки барои амалӣ кардани барномаҳои омӯзишӣ дар кишварҳои хориҷ муваззаф гардидаанд. Дар ин замина таъсиси як донишкадаи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба масоили иқтисодӣ дар назар дошта шудааст, ки ба амалисозии сиёсати иқтисодӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Сергей Тагор - ходими илмии Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар мавзӯи «Рушди тадқиқоти илмӣ ва маблағҳои давлатӣ дар академия» баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки вазифаи асосии Академияи хоҷагии халқ ва хадамоти давлатии назди Президенти Русия тайёр намудани кадрҳои

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

РУШДИ САЙЁҲӢ

Баррасии масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ дар ДМИТ

Рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

3 декабр бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти номи «Муаммоҳои инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид. Дар он олимону муҳаққиқон, коршиноси маҳҳалӣ ва хориҷии соҳаи сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои марбута иштирок карданд.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

СУҲБАТИ “ҶАВОНОН”

Мушкилоти ифротгароӣ ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо ифротгароӣ ва тундгароиро ҳамчун мушкилоти маҷмӯӣ (комплексная проблема) мешиносанд. Зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа ҳаст, барои ифротгаро шудани як нафар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи мо ҳам бар зидди он бояд системанок ва домӣ бошад. Дар робита ба ин масъала ва роҳҳои муосири мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ бо Шералӣ Ризоён, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар суҳбат намудем.

Шералӣ РИЗОЁН:

ифротӣ осебпазир бошанд, балки дар мулоқоту ҳамоишҳои масъулини кор бо ҷавонон бештар фаъолон ҷамъ мешаванд, нафароне, ки худ тарафдор ва зидди ифротгароиву тундгароӣ мубориза мебаранд ва онҳо каме иттилоъ ё зарурати пешгирии онро дарк мекунанд. Дуруст аст, ки барои такмили донишҳои онҳо чунин чорабиниҳо бояд гузаронида шавад. Вале роҳҳои мубориза ва интихоби аудитория такмилталаб аст. Дар маҷмуъ, ба роҳ мондани як силсила корҳое, ки барои пешгириву паст кардани сатҳи ин зуҳурот мусоидат кунад, бениҳоят муҳим аст. - Имрӯз кадом усулу методҳои нави мубориза ба зидди зуҳуротро пеш гирифтан мумкин аст, ки муассир бошад, натиҷаи беҳтар диҳад ва дар муқобили идеологияи ифротгароиву терроризм барои давраи дарозмуддат истодагарӣ карда тавонад? - Худи ифротгароӣ ва тренде, ки мо вобаста ба он мушоҳида мекунем, нишон медиҳад, ки ин масъала зеҳнӣ аст. Чунки бо истифода аз унсурҳои бисёр муассири ҳам иттилоърасонӣ, ҳам илмӣ-равоншиносӣ ҷавононро

ки ӯ зиндагӣ мекард, шакл мегирифт. Агар нафаре, ки ба ягон давлати дур сафар мекард, каме ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ ва завқи вай эҳтимол тағйир меёфт, чунки сафар кардан, аз пеш дидан барои вусъати андеша ва ҷаҳонбинӣ таъсир мерасонад. Лекин дастрас шудани технологияи муосири иттилоотӣ, фарогир шудани худи ҷомеаи иттилоотӣ манбаъҳои гуногуни таъсиррасон ба ҳувиятро ба вуҷуд овардааст. Масалан, аксари расонаҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, пеш аз ҳама ҳадаф ва мақсади муайян доранд, ки маблағгузор онро муайян кардааст ва онҳо мехоҳанд, ки имиҷи кишваре, ки аз он ҷо маблағгузорӣ мешавад, ба таври доимӣ ва мусбат баҳогузорӣ гардад. Масалан, дар радиои “Озодӣ” кам андар кам маълумоти манфӣ дар бораи худи Амрико аст ва ҳамзамон дар намояндагиҳои расонаҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар бораи Русия иттилооти манфӣ хеле кам аст, ё ин ки ВВС Британияи Кабирро ҳеҷ гоҳ танқид намекунад, чунки таъиноташон инҳо нестанд. Ин қоидаи табиӣ

ҷалб мекунанд. Вале иқдомҳое, ки зидди ҳамин унсурҳо равона шудааст, дар онҳо мо камтар элементҳои муассирро мушоҳида мекунем, ки ба афкори ҷавон таъсир расонад ва манфӣ будани терроризму экстремизмро собит кунад. Хеле кам маводҳои иттилоотӣ ҳастанд, ки дар зеҳн ҳамин гуна бинишро ба вуҷуд меоранд. Яъне, ин пеш аз ҳама пешниҳод ё муаррифӣ намудани як идея ё ягон ғоя мебошад, ки дар таносуб ва рақобат бо ғояҳои ифротӣ онҳоро нобуд кунад. Зеро терроризму экстремизмро, ки пеш аз ҳама худаш идея ҳаст, онро як идеяи дигари бисёр муваффақ ва ба таври касбӣ ташвиқ ё пешниҳодшуда метавонад шикаст диҳад. - Яъне, шикасти идея тавассути идея...? - Бале. Зеро мо мушоҳида мекунем, ки суханҳо ё баррасиҳое, ки дар матбуот ва ё дар мулоқоту нишастҳо сурат мегиранд, аксар вақт такрори ҳамон як гап аст, ки ДИИШ чӣ асту ба чӣ кор машғул аст. Имрӯз ҳама медонад, ки бо ин зуҳурот бояд мубориза бурд. Лекин бо кадом роҳҳо бояд мубориза барем? Мутаассифона, усулҳое, ки тариқи онҳо мубориза ба роҳ монда мешавад, хусусан муборизаро дар сатҳи иқдомҳои пешгирикунанда дар назар дорам: маҷлисҳо ва дигар чорабиниву корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз роҳу усулҳое, ки ифротгароҳо барои зиёд намудани сафи худ истифода мебаранд, ба ҳам тавъам ва дар як тавозун нестанд. Тундгароён бисёр хуб ва аз назари техникию технологиву иттилоотии масъала ғояи худро бисёр ҷолиб месозанд. Барои ҳамин, бисёр муҳим аст, ки андешаю ғояҳое, ки дар самти пешгирии ифротгароӣ истифода мешаванд, ҷолиб ва муассиру бо истифода аз воситаҳои муосири таъсиррасонии иттилоотӣ пешниҳод карда шаванд. - Шумо зимни яке аз суханрониҳои худ яке аз омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро ба бегонашавии ҳувиятӣ марбут донистед, мехостем ҳамин масъаларо равшантар фаҳмонед? - Масъалаи ҳувият дар замони ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоот бисёр калидӣ аст. Пештар манбаъҳои таъсиррасон ё омилҳои таъсиррасон ба ҳувияти як фард дар доираи ҷомеае,

аст. Инро як механизме номидан мумкин аст, ки давлат тариқи ВАО, агар ин як элементи таъсиррасонӣ ба ҳувият бошад, ба ҳамин восита имиҷи мусбат месозад. Инчунин, иқдомҳоро барои таъсир расондан ба ҳувияти дохилӣ иҷро мекунанд. - Мехостам, мафҳуми ҳувиятро ҳам сабуктар шарҳ диҳед. - Дар ин бора назарияву баҳсҳои зиёд вуҷуд доранд. Мафҳуми ҳувият ин кӣ будани худро донистан, эҳсос кардан. Яъне тамоми хусусият, унсурҳои табиӣ, ки ба инсон, ҳастӣ, андеша, завқу фарҳанги вай хос мебошад ва баробари ба дунё омаданаш соҳиби онҳо мегардад, ҳамаи ин маҷмуи ҳувияти миллиро ташкил медиҳад. Инчунин, ҳувият ба он арзишҳое, ки давлат пешниҳод мекунад ва вобаста ба ҷанбаи сиёсии масъала, ки шумо худро тавъам ба Тоҷикистон медонед, вобаста мебошад. Ин намунае ҳаст, ки ҳувияти давлатӣ ва ё шаҳрвандиро шакл медиҳад. Мисол, як нафар аз назари сиёсӣ худро ба Тоҷикистон тааллуқ медонад ва онро ҳамчун Ватан аз худ медонад. Ин талабот як заминаи бисёр муҳими ватанпарастӣ аст. Солҳои пеш тағйири ҳувият ё таъсир расондан ба ҳувияти як нафар тоҷикистонӣ, ҳатто дар деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон, қариб имкон надошт. Вале раванди ҷаҳонишавию фарогир шудани иттилоот ва ҳатто муҳоҷирати меҳнатӣ боис шудааст, ки дар суннату анъанаҳои миллати мо кам-кам тағйирот ворид шавад. Ин аст тағйир ёфтани элементҳои ҳувият. -Аз ин ҷо бармеояд, ки ифротгароӣ ҳам як навъи бегонашавии ҳувият аст. Вале то кадом андоза? - Ифротгароӣ ҳамчун бегонашавии ҳувият пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки барои нафари ифротишуда Тоҷикистон дигар ҳамчун Ватан арзиш надорад, арзишҳои ҳудуд, марз, миллат, нишонаҳои давлатӣ, якпорчагӣ ҳам аз байн мераванд. Аксари ифротиҳо, ки хусусияти мазҳабӣ доранд, онҳо барои бунёди як давлати теологӣ, теократӣ талош мекунанд ва барои онҳо сарҳаду рамзҳои давлатӣ унсурҳои беарзиш ҳастанд. Онҳо, пеш аз ҳама, бо мубориза кардан бо сохтори расмии ҷумҳурӣ мехоҳанд худи Тоҷикистонро аз байн баранд. Намунаи аз ҳама муҳиму ошкорои бегонашавии ҳувият дар он зоҳир меша-

Роҳҳои мубориза - Масъулини кор бо ҷавонони кишвар дар робита ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ роҳҳои гуногунро истифода мекунанд, вале ҳарчанд теъдоди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ кам шуда бошад ҳам, боз ҳам проблемма ҳалли худро намеёбад. Ҳоло ҳам ҷавононе ёфт мешаванд, ки ба ин гуна гурӯҳҳо майл доранд ва шомил шуда истодаанд. Ба андешаи Шумо, кадом роҳҳои дигари ҳалли ин масъала вуҷуд дорад? - Баррои пешгирии тундгароӣ ва ифротгароӣ дар кишвар чанде пеш як ҳуҷҷати бисёр муҳим - “Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020” қабул шуд. Дар ҳамин ҳуҷҷат зикр шудааст, ки ифротгароӣ як мушкилоти маҷмӯӣ аст. Маҷмӯӣ гуфта, гап дар бораи роҳҳо ва воситаҳои боло рафтани ифротгароӣ ва тундгароӣ меравад. Яъне, сабабҳои сар задани проблемаи мазкурро ҳам иқтисодӣ ва ҳам ба омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ, паст будани саводи диниву дунявӣ ва ғайра рабт медиҳанд. Лекин дар намунаҳо ё дар бораи он нафароне, ки ба ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудаанд ва бештар дар воситаҳои ахбори омма, ҳамоишу мулоқот мешунавем, ҳар нафар як навъ омили худашро дорад. Ҳастанд нафароне, ки дар оилаҳои аз назари моддӣ таъмин ба воя расидаанд, вале онҳо низ ифротӣ шудаанд. Инчунин, нафароне ҳастанд, ки сатҳи пасти зиндагӣ онҳоро водор кардааст, ки ифротӣ шаванд. Намунаҳо гуногунанд. Аммо худи ин мушкилот ба он хотир мушкилоти маҷмӯӣ аст, ки ба ғайр аз омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳоказо дар он мо боз омилҳои фикрӣ ва мафкуравиро низ мебинем. Яъне, маҷмӯи сабабҳое, ки дар натиҷа барои ифротгаро шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандон мусоидат мекунад. Агар ҳамин мушкилот, дар стратегияи миллии мо ҳамчун мушкилоти маҷмӯӣ муаррифӣ шудааст, пас тақозо мекунад, ки чораҳои пешгирикунанда низ маҷмӯӣ бошанд. - Мубориза бояд ҳам системанок ва ҳам доимӣ бошад, ҳамин тавр? - Бале, ба таври системанок ба роҳ мондани корҳо бисёр муҳим аст.

Дар яке аз ҳамоишҳои илмии МТС намоянда аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд изҳор дошт, ки чанд сол пеш дар деҳаи Чорқишлоқ сатҳи ифротгароӣ бисёр баланд буд, корҳои зиёди пешгирикунанда дар ин деҳа гузаронида шуд. Вале азбаски ба деҳаҳои дигари ноҳия таваҷҷуҳ камтар мешуд, дар соли равон як намунае баромадааст, ки дар деҳаи Чорқишлоқ теъдоди ифротгароён кам шудааст, аммо дар ҷамоати Навгилем баръакс, шумораашон афзудааст. Иқдом кардан вобаста ба пайдо шудани проблема ва равона кардани тамоми нерӯ барои ҳалли масъалаи мазкур дар як минтақа боиси ҳалли мушкилот намешавад, балки бояд иқдомҳои пешгирикунанда барои ба вуҷуд наомадани ҳамин проблема доимӣ ва системанок фаъолият кунанд. Аз ҷониби дигар, агар ҳамин гуна иқдомҳо ба таври касбӣ роҳандозӣ нашаванд, ин муборизаву тадбирандешиҳо натиҷаи манфӣ медиҳад. Ба он хотир ки элементҳои ифротиро дар ҳамин роҳи пешгирӣ баланд мекунад. Ин як навъ рекламаи ифротгароӣ мешавад. Яъне, таблиғоте, ки дар муқобили таблиғоти ифротиён истодагарӣ карда наметавонад, онро инкор ва мардумро қонеъ карда наметавонад, дар ин ҳолат аз ин гуна таблиғот нафси маънавию модии мардум сероб намегардад, дар ин ҳолат ин гуна чорабиниҳо натиҷаи баракс медиҳанд. Мардум ба андешаву афкори ифротгароён бартарият медиҳад. Таблиғоти мо аз таблиғоти тундгароён бояд бартарӣ дошта бошад. - Шумо гуфтан мехоҳед, ки имрӯз таблиғоту ташвиқоти гурӯҳҳои корӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба талаботи муосир мувофиқ нест. Аммо чӣ бояд кард? Дар ин ҷода кадом роҳҳои навро пеш гирифтан мумкин? - Аз рӯи як силсила иқдомҳо корҳои таблиғотие, ки вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ роҳандозӣ мешаванд ва мо ҳам дар онҳо иштирок мекунем, хулоса кардан мумкин аст, ки худи аудиторияи корҳои маърифатӣ низ такмилталаб аст. Зеро дар чорабиниҳое, ки вобаста ба тундгароиву ифротгароӣ мегузарад, хеле кам нафароне иштирок мекунанд, ки воқеан аз таъсири гурӯҳҳои


вад, ки ҳар сол дар арафаи таҷлили иди Наврӯз мо мушоҳида мекунем, ки баҳсҳо дар бораи миллӣ будан ва зарурати таҷлил намудани ин ҷашни аҷдодиамон оғоз мешавад ва шадид ҷараён мегирад. Мо медонем, ки Наврӯз қадимтарин ва муҳимтарин иди миллии мост. Наврӯз пеш аз пайдоиши дини ислом то имрӯз дар байни мардуми мо таҷлил мешавад. Маҳаби мо ҳанафия бо ин ҷашни аҷдодиамон тӯли 1400 сол ягон мухолифат надошт. Зери савол бурдани Наврӯз, пеш аз ҳама, бегонашавии ҳувият ё инкори ҳувияти аслии худ ва гузаштан ба ҳувияти дигарро нишон медиҳад. Ин гуна баҳсҳо дар бораи дигар ҷашнҳои давлатӣ ҳам, ки аз шӯравӣ ба мо мерос мондаанд, ба вуҷуд меояд. Дар ҷомеаҳое, ки дар раванди гузариш қарор доранд, бевосита бо назардошти баъзе аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, дар онҳо калавишҳои гуногуни шаҳрвандон ба назар мерасад ва муҳимияти масъала дар ҳамин аст. Давлатҳо ё қудратҳои манфиатдор тариқи

ки ҳукмфармо аст. Вале бо роҳи зӯрӣ дар амал татбиқ намудани ғоя аллакай терроризм аст. Бинобар ҳамин, тамоми он иқдомҳое, ки имрӯз дар кишвари мо барои пешгирии ифротгароиву тундгароӣ сурат мегирад, дар асоси Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ барои давраи то соли 2020 роҳандозӣ мешавад. Ин тадбир, пеш аз ҳама барои ба партови иҷтимоӣ ва бегонашавии ҳувият рӯ ба рӯ нашудани шаҳрвандони мо равона карда шудааст. - Аз андешаҳои Шумо чунин бармеояд, ки он роҳу усулҳое, ки имрӯз масъулин барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро истифода мекунанд, аллакай куҳна шудааст ва дар мубориза бо ин проблема бояд роҳу усулҳои нав роҳандозӣ шавад...? - Чунин натиҷагирӣ қисман нодуруст аст. Ман дар он андеша ҳастам, ки худи чорабиниҳое, ки пешгирикунанда ҳастанд, бояд аз назари ҳам тарзи баргузорӣ ва ҳам муҳтаво такмил дода шаванд. Дар

барои муаррифии имкониятҳо дар самти он корҳоро ба анҷом расонем. Зеро аз назари қонунгузорӣ, аз рӯи Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, Стратегияи вобаста ба сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, барномаҳое, ки қабул шудаанд ва ҳам дар қонунҳое, ки дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон ҳастанд, бисёр имкониятҳои аҷоиб гуфта шудааст. Мутобиқи он барои таъмини адолати иҷтимоӣ ба ҷавонон тамоми нуқтаҳо оварда шудааст, ки давлат кадом барномаҳо қабул кард, дар сатҳи маҳал бояд чӣ кор кард, вазорату идораҳои масъул бояд чӣ кор кунанд. Ин ҷо пеш аз ҳама як навъ ташвиқи худи Консепсия ва Стратегия байни ҷавонон зарур аст, чунки аксарияти ҷавонон аз муҳтавои ин ҳуҷҷатҳо хабар надоранд. Агар ҷавонон қонунро донанд, стратегия ва консепсияи сиёсати ҷавононро донанд, онҳо дар доираи ҳамин талаботу шароитҳо метавонанд ба нафароне, ки масъул ҳастанд, баъзе роҳҳоро барои беҳбудии фаъолияти худашон пешниҳод намоянд.

тавонад барои консентратсияи баланди фикрӣ ё мутамарказ шудани фикри наврасону ҷавонон шароит фароҳам орад. Ин бозӣ, албатта, дар дарозмуддат таъсири мусбат ба раванди ташаккули наврасону ҷавонон мерасонад. Имрӯз иқдомҳое, ки дар самти роҳҳои пешгирии муосир вобаста ба терроризму экстремизм роҳандозӣ мешаванд, натиҷаҳои аввалини он мумкин дар панҷсолаи минбаъда ба даст ояд. Яъне, баъди панҷ сол натиҷагирӣ мешавад. Дар самти мубориза бо ифротгароӣ иқдомҳои саривақтие, ки мо барои як ҳафта ё як моҳ пешбинӣ мекунем, онҳо наметавонанд натиҷаи бисёр ҷиддӣ барои дарозмуддат биёранд. Яъне, масъала сари ин аст, ки айни ҳол ин мушкилот дар мо ҳасту ҷавонон мо ба он рӯ ба рӯ шудаанд. Вале чӣ бояд кард, ки насли минбаъда, ки баъд аз панҷ ё даҳ сол рӯи саҳна меоёяд, аз ҳамин хатарҳо эмин бошанд? Иқдому чорабиниҳои мо насли ҷавонро бояд ҳамин гуна тарбия намоянд, то тамоман раванди дигар дар бай-

ба роҳ мондани кинофилмҳо, расонаҳои ахбори омма ва дигар унсурҳои таъсиррасони идеологӣ, барои тағйир додани ҳувият ё барои дигаргун намудани ҳувият иқдомҳо мекунанд. Вақте ки дар як нафар инқирози ҳувият пайдо мешавад, ӯ мисли як зарфи холӣ мешавад ва барои қабул намудани ҳама гуна маълумоти нав омода аст. Аз ин рӯ, бегонашавии ҳувият аз мушкилоти бисёр умда аст, зеро дар сурати боло рафтани он эҳтимолияти зиёди ба партови иҷтимоӣ мубаддал шудани шаҳрвандон ҳам вуҷуд дорад. - Мебахшед, “партови иҷтимоӣ”ро соддатар шарҳ медодед? - Шаҳрвандонеро партови иҷтимоӣ мегӯянд, ки аз гардиши васеи ҷомеа берун шудаанд. Яъне, нафароне, ки худро барои ҷомеа нолозим ҳисоб мекунанд ва ҷомеаи низ онҳоро нолозим меҳисобад. Агар ба теъдоди гурӯҳҳо ё ҷавонони осебпазире, ки ифротиву ҷинояткор шудаанд, нигоҳ кунем, аксари онҳо аз доираи шаҳрвандони ба партови иҷтимоӣ (моргинал) мубаддалшуда мебошанд. Нафаре, ки худро бегона ҳис мекунад, ё дар рӯҳияи ноумедӣ қарор дорад, рӯҳияи бисёр манфӣ дорад ва ё аз дунё дилаш мондааст. Ба доираи моргиналҳо ҳамчунин баъзе унмурҳои ҷомеаро низ ворид мекунанд, ки худро аз кул ҷудо мекунанд. Масалан, аз ҷиҳати манфӣ гӯем, дар ин гурӯҳ фоҳишаҳо ё нафароне ҳастанд, ки нисбат ба онҳо стигма ё сабаби дигар ҳаст, онҳо доимо дар ранҷ мебошанд. Вале муҳимтарин масъала дар он аст, ки ба партови иҷтимоӣ мубаддал шудан, як зуҳуроти бегонашавии ҳувият аст. Нафароне, ки ба партови иҷтимоӣ мубаддал шудаанд, онҳо метавонанд ифротӣ шаванд ва нафароне, ки аллакай ифротӣ шудаанд, онҳо низ ба таври автоматӣ ба партови иҷтимоӣ мубаддал мешаванд. Зеро онҳо аз гардиши васеи иҷтимоӣ берун мешаванд ва ба тариқи зӯрӣ мехоҳанд ғояи худро дар амал татбиқ кунанд, чунки экстремизм пеш аз ҳама зуҳуроти ғоявӣ аст, яъне, зиёдаравӣ кардан, қабул накардани маҷмӯи суннатҳое,

натиҷаи таҳқиқоти мо маълум шуд, ки пеш аз ҳама истифода шудани воситаҳои муосири иттилоотӣ барои ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ муассиртар аст. Зеро воситаҳои иттилоотӣ зеҳни инсонро барои қабули ин ё он конструкти иҷтимоӣ ҳамчун як рамзи сиёсӣ тайёр мекунад. Масалан, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” пайваста мақолаҳо дар бораи ватандӯстиву ватанпарастӣ менависад, ки зеҳни ҷавонон барои қабул ё густариши андашеи ватанпарастӣ омода бошанд. Ифротиҳо низ айнан ҳамин корро барои амалӣ намудани идеяву ҳадафҳои худашон анҷом медиҳанд. Яке аз ин масъалаҳои муҳим барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад. Имрӯз ифротиҳо кам, ё набудани адолати иҷтимоӣ ва ё осебпазир будани адолати иҷтимоиро барои собит намудани андешаи худ истифода мебаранд. Барои пешгирии рушди ифротгароӣ байни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон таъмини адолати иҷтимоӣ ё имкониятҳои баробар барои ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Агар ҳар рӯз вобаста ба терроризму экстремизм чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, конфронсу мулоқот гузаронида шаванд, даҳҳо мақолаҳои хуб дар бораи хатари онҳо дар рӯзномаҳо чоп шаванд, аммо дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ нуқсон бошад, тадбиру чораҳои андешидаи мо ба ҳадаф намерасад, чунки воқеияти гуфтаву навиштаҳои мо бояд аз шароите, ки дар воқеъ вуҷуд дорад, кам андар кам фарқ кунанд. Лекин масъала боз дар ҷои дигар аст. Албатта, истифодаи тафсири адолати иҷтимоӣ гуногун аст, ҳар кас вобаста ба ҳадафҳои худ масъалаи будан ё набудани адолати иҷтимоиро шарҳу тавзеҳ медиҳад. Табиист, ки нафаре аз метод ё усули пешниҳоди муваффақи иттилоот хуб истифода мекунад, метавонад ҳам будани адолати иҷтимоиро собит кунад ва ҳам набудани онро. Бинобар ин, дар ин самт усулу роҳҳои пешниҳоди мавод ё роҳҳои таҳияи матолиби иттилоотӣ як воситае ҳастанд, ки мо ба ҳамин роҳ барои татбиқи адолати иҷтимоӣ ё

Имрӯз вақти он расидааст, роҳҳое, ки барои ба вуҷуд овардани адолати иҷтимоӣ ё муаррифии адолати иҷтимоӣ дар кишвари мо бисёр муҳим ҳастанд, бештар ташвиқ карда шаванд. - Барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, ҳамчун воситаи муҳими пешгирии насли наврас аз гирифтор нашудан ба ин хатари азими сайёра чӣ бояд кард? - Барои ин пеш аз ҳама афкорсозии насли наврас ва ҷавон ҳамчун воситаи пешгирикунанда зарур аст. Дар самти боло бардоштани эҳсоси ватанпарастии шаҳрвандони мо аз фарҳангу адабиёти пурғановат бештар истифода кунем. Як силсила персонажҳои ҷиддие дорем, ки онҳо метавонанд ҳамчун модел барои насли наврас ва ҷавон муаррифӣ шаванд ва дар тарбияи онҳо нақши бориз дошта бошанд. Масалан, охирин моделе, ки ба таври бисёр густурда фазои иттилоотии Тоҷикистонро тағйир дод ва тамоми мардуми моро муттаҳид кард, дастоварди чемпиони Бозиҳои олимпӣ шудани гурзандози маъруф Дилшод Назаров мебошад. Худи феномени Дилшод ҳамчун миллати муваффақ муаррифӣ намудани тоҷикон аст. Ана, ҳамин гуна мисолҳо бояд бисёртар бошанд. Имрӯз ҷаҳонбинӣ ба таври гуногун бунёд карда мешавад, на танҳо бо баргузор кардани ҷаласаҳо. Пеш аз ҳама бояд корҳои амалӣ сурат гиранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбаташон бо зиёиён ду сол пеш супориш дода буданд, ки аз персонажҳои “Шоҳнома” барои насли наврас филмҳои тасвирӣ вобаста ба синну сол марҳила ба марҳила офарда шаванд, ки онҳо дар шуури худ эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихор аз Тоҷикистону тоҷикон, аз гузаштагони худро дошта бошанд ва ин иқдом як мотиватсияи бисёр ҷиддиро барои баъзе корҳо ба вуҷуд меорад. Барои пешгирӣ аз роҳҳои нодуруст боло бурдани ҷанбаи зеҳнии наврасону ҷавонон ҳам яке аз масъалаҳои муҳим аст. Яке аз роҳҳо метавонад рушди бозии шоҳмот бошад. Бозии шоҳмот ме-

ни ҷавонони оянда ба вуҷуд ояд. Худи ҳамин иқдомҳо ҳам пеш аз ҳама ба ҳамин самт равона аст, ки дар дарозмуддат сатҳи зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Мо як навъ масъунияти миллии худро нисбат ба ифротгароӣ ва тундгароӣ бо истифодаи моделҳои гуногун, хусусан бо моделҳои муосири иҷтимоӣ, пешниҳоди ҳирфаӣ дар матолиби иттилоотии расонаҳои ахбор, ки тавонад дар афкорсозӣ таъсири бисёр ҷиддӣ расонад, бояд тарҳрезӣ ва амалӣ намоем. Ҳамчунин, тарбияи ватанпарастии кӯдакону наврасонро аз боғчаву мактабҳои миёна оғоз кардан лозим. Ҳамин тариқ, рушди бозиҳои гуногуни интелектуалии миллӣ, пешниҳод намудани имкониятҳо барои рақобати ҷавонон, омода намудани онҳо барои таззоду хатарҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳаст хеле масъалаҳои муҳим ва чораҳои зарурӣ мебошанд. Аз ҳама асосӣ ташаккули худи инсони солим мебошад, ки дар самти мубориза ё пешгирии ифротгароӣ дар панҷсола ва даҳсолаи минбаъда ҳатман нақши худро дошта бошад. Таҷрибае, ки ҳоло дар мо ҳаст, бояд инро бозбинӣ кунем ва дар асоси ҳамин баъзе иқдомҳоро рӯи даст гирем, ки барои дар дарозмуддат барои паст намудан, барои масъунияти миллӣ пайдо шудан нисбат ба ҳамин мавзуъ мусоидат кунад. Тамоми иқдомҳо бояд бевосита барои дарозмуддат, ҷиҳати ба даст овардани қудрати сиёсӣ равона бошанд. Аз ҷониби Пешвои миллат идеяи “Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ватани ягонаи мо” пешниҳод шудааст, ки беҳтарин иддея барои мо - шаҳрвандон аст. Агар ҳамин идея ба таври касбӣ ва ба таври ҳирфаӣ бо усулу воситаҳои ҷолибтару навтар пешниҳод шавад, ман боварӣ дорам, ки пеши роҳи ифротгароиву тундагроиро метавон гирифт. Аммо имрӯз мо дар чӣ ҳолат қарор дорем? Бештари манбаъҳои афкорсози мо манбаъҳои беруна ҳастанд. Агар манбаъҳои дохилии мо ҳирфаӣ бошанд, албатта шаҳрвандон сарчашмаҳои берунии ахборро интихоб намекунанд, хусусан ҳангоми интихоби воситаҳои ахбори омма. Маводҳое, ки дар расонаҳои хабарии ҳам мустақил ва ҳам давлатӣ

такмилталаб аст

9

интишор мешаванд, дар тавозун ва дар рақобат бо расонаҳои ҶАВОНОНИ хориҷӣ бароТОҶИКИСТОН, бар шуда на№49 (9475), метавонанд. 08.12.2016 Моделҳое, ки расонаҳои СУҲБАТИ ахбори ом“ҶАВОНОН” маи дохилӣ истифода мебарад, бениҳоят куҳна шудааст. Бисёр муҳим аст, ки манбаъҳои дохилии шаклдиҳандаи афкор қавӣ карда шаванд. Пешниҳоди маводи ҳирфаӣ бо назардошти худи завқ, хоҳиш, хоставу эҳтиёҷи бинанда, шунаванда ва хонандаи потенсиалӣ бояд бошад. Ин тадбир баъдан барои ба вуҷуд омадани ғояву имкониятҳои нав барои рушди ҳамин соҳа мусоидат мекунад. Вақте ки мо дар бораи манбаъҳои дохилӣ ва берунӣ суҳбат мекунем, дуруст аст, ки агар шумо дар Душанбе ҳастеду дар як редаксияи калон кор мекунед ва хаёл мекунед, ки дар дохили ҳамин раванд ҳастед, аммо ҳангоме шумо ба шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар сафар мекунед, бо мардум суҳбат менамоеду номи ин ё он расонаро мепурсед, қисмати зиёди сокинон телевизионҳои берунаро номбар мекунанд. Дар як хонае, ки аҳволи иҷтимоии на он қадар хуб дорад, лекин дар болои бомаш антенаи моҳвораӣ насб шудааст. Ин худаш нишондиҳандаи ҳамин проблема аст. Нақши ВАО ҳамчун як воситаи афкорсоз бисёр муҳим аст. Мо, хушбахтона, тамоми имкониятҳои дохилиро барои ин дорем, танҳо зарур аст, ки дар сатҳи поёнӣ, дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ба ҳамин масъала бисёр таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ба он хотир ки онҳо ҳаррӯза бо шаҳрвандон сару кор мегиранд ва аз муносибати онҳо афкори созанда нисбат ба давлатдорӣ дар Тоҷикистон шакл мегирад. Ҷанбаи дигари муҳим тавозуни иттилооти мусбат ва манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Пур кардани шабакаи иҷтимоӣ бо иттилооти мусбат дар дарозмуддат барои ташаккули андешаи солим, рушди афкори инсон бисёр муҳим аст. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооте, ки хусусияти мусбат дорад, назар ба иттилооте, ки хусусияти манфӣ дорад, тавозуни ягона надоранд. Надонистани ҳамин гуна тавозун ҳам сабаб мешавад, ки дар сатҳи шуур ва ҳатто дар сатҳи таҳтушуури шаҳрвандон баъзе воқеиятҳое, ки дар дарозмуддат онро мехоҳанд ба воқеият табдил диҳанд, ҷой дода мешавад. Табиист, мақомоти масъули давлатӣ, ки бояд ҳамин соҳаро танзим кунанд, вобаста ба ҷавонон зарур аст баъзе иқдомҳоро рӯи даст гиранд. Зиёд будани иттилооти мусбат барои солим шудани афкори ҷомеа таъсир мерасонад. Реклама ё роликҳои кӯтоҳи иҷтимоии мусбат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, ҳарчанд ҳаҷми кам доранд, аммо таъсири бузург мерасонанд. Роликҳои кӯтоҳи иҷтимоӣ дар муддати кӯтоҳ барои тамошобин ё шунаванда як навъ андеша ё як навъ пешварзи худро пешниҳод мекунанд ва маҷбур мекунанд шумо ҳамин ҳақиқатро пазиред. Ин иқдомҳо хеле ҳирфаӣ, бо назардошти баъзе элементҳои психологӣ рӯи даст гирифта шудааст. - Барои суҳбати пурмуҳтаво минатдорем. - Саломат бошед. Мусоҳибон Бахтовар КАРИМЗОДА, Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


10

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Вазъи ихтироъкорӣ қонеъкунанда нест

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

 СОҲИБКАСБ Аҳмадҷон Раҳмонов ҷавонест, ки бо дарки баланди масъулият пайи он талош намуда истодааст, то дар рушди соҳаи худ саҳм гузорад. Ӯ соли 2005, баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дохил шуда, соли 2010 донишгоҳро аз рӯи ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ бо дипломи аъло хатм кард. Соли 2011 аспиранти Донишгоҳи давлатии техникии Марий Эли Федератсияи Русия гардида, 28 апрели соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Мустаҳкамӣ, мазбутӣ ва тарқишустувории болорҳои нобуридаи бетонӣ бо арматураи композитӣ армиронидашуда” дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии меъморию сохтмонии шаҳри Қазон бомуваффақият ҳимоя намуд. То имрӯз 27 мақолаи илмӣ, 5 патент барои ихтироот ва 3 дастури методӣ нашр намуда, даҳҳо маротиба дар конфронсҳои ҷумхуриявӣ, Русия ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳои худ баромад карда, бо дипломҳои дараҷаҳои дуюму сеюм, диплом барои мақолаи беҳтарин ва сертификатҳо барои иштирок дар конфоронсҳо сарафроз гардидааст. Дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраи «Конструксияҳои сохтмонӣ ва асосҳо»-и Донишгоҳи давлатии техникии Марий Эл дар мавзӯи «Истифодаи арматураи базалтӣ дар конструксияҳои сохтмонӣ, методикаи ҳисоби конструксияҳое, ки бо арматураи базалтӣ лоиҳакашӣ карда шудаанд» ширкат варзидааст. Аз соли 2010 ба ҳайси ассистент, аз соли 2015 муаллими калони кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ва аз моҳи сенябри соли 2016 сардори идораи корҳои илмӣтадқиқотии донишгоҳи номбурда фаъолият карда истодааст. Узви вобастаи Академияи муҳандисии ҷумҳурӣ мебошад. То имрӯз дар чандин озмунҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Бори охир соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон”, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳти шиори “Қадам ба сӯйи оянда” баргузор гардид, дар соҳаи сохтмон дар бахши ҷавонони аз бист то сисола ғолиби ҷойи аввал шуда, соҳиби дипломи дараҷаи 1 гардидааст. - Дар кишвари мо сохтмонҳо хеле зиёд аст. Дар бисёр ҳолат мо бо онҳо ҳамкорӣ менамоем. Мо - мутахассисони соҳа ҳаракат мекунем, ки конструксия ва элементҳои сохтмоние таҳия кунем, ки мутобиқ ба шароити кишварамон бошад. Навгониҳои соҳа хеле зиёд аст. Ҳар рӯз як хабари тоза пайдо мешаваду аз ихтироъ ва ё эҷоди идеяи наве иттилоъ медиҳад. Аз ин рӯ мо низ кӯшиш карда истодаем, ки ҳарчи бештар барои эҷод ва дар амал татбиқ намудани идеяҳои нав фаъолияти худро ба роҳ монем, - гуфт дар суҳбат Аҳмадҷон. - Ҳар пеша дорои талаботу нозукиҳои зиёдест. Касбе, ки интихоб кардаед, чӣ талаботу нозукӣ дорад? - Роҳи интихобкардаи мо хеле душвор аст. Чунки эҷод кардан дар як муддати муайян пайдо мешавад ва барои ҳар нафар 32 сония лозим аст, ки он идеяро рӯйи варақ орад. Идея дар ҳама гуна ҳолат пайдо мешавад. Идея вақти хӯрокхӯрӣ низ пайдо мешавад. Вақте шумо дар коратон бо шавқу завқи беандоза ҳаракат менамоед, дар пайи чунин муносибат ва ҷустуҷӯҳо идеяҳои нав худаш пайдо мешавад. Яке аз нозукияш ҳамин аст, ки мо бояд ҳамон илҳомро сари вақт истифода барем. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ишқи ҳақиқӣ нисбат ба касб метавонад, ки шахсро дар ин роҳ комёб гардонад.

Инчунин бояд гуфт, ки вақте идеяе тавлид мешавад, бояд омӯхт, ки он аз пештара дида чизи нав медиҳад ё не. Дар баробари ҳамаи ин бояд он рақобатпазир бошад. - Ҷумҳурии мо ба мутахассис ниёз дорад. Ба назари Шумо таваҷҷуҳи ҷавонон ба илму техника чӣ гуна аст? - Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон нисбат ба илм зиёд шуда истодааст. Махсусан дар самти сохтмон, ки мутахассис хеле кам аст, ҷавонони зиёде ҳастанд, ки баҳри омӯхтани ин пешаву мутахассиси хуб гардидан талош карда истодаанд. Махсусан дар соҳаи конструксияи сохтмон то истиқлолият нафаре рисолаи илмӣ дифоъ накарда буд. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз ҷавонон дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта, рисолаҳои илмӣ дифоъ карда истодаанд. Ин гувоҳии он аст, ки ҷавонон пайи илм камари ҳимат бастаанд. - Вобаста ба вазъи имрӯзаи ихтироъкорӣ дар байни ҷавонон чӣ андеша доред ва он дар асри илму техника қонеъкунанда ҳаст? - Ба назари ман қонеъкунанда нест. Мо бояд бисёртар кор кунем. Ҷавонони мо бояд бештар омӯзанду ҷаҳду талош намоянд. Дар донишгоҳ баҳри ҳавасманд гардонидани ҷавонони эҷодкор озмунҳо ташкил карда шудааст. Аз иштироки донишҷӯён дар он ва ба маъраз гузоштани маҳсули эҷодкардаашон гуфтан мумкин аст, ки онҳо шавқи зиёд доранд. Вале онро бояд боз ҳам васеътару хубтар гардонидан лозим. Зеро имрӯз дар рӯйи олам чунон навгониҳое ба амал омада истодааст, ки инсон бо дидани онҳо дар ҳайрат мемонад. Он ҳамаро дида гуфтан мумкин аст, ки агар инсон хоҳад, ҳатман муваффақ мегардад. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред ва тавсияи Шумо ба ҷавонони кишвар баҳри соҳибпеша гардидан чӣ гуна аст? - Мехоҳам, ки дар ҷодаи хеш ба дастовардҳои нав ноил гардам. Ман тайёр ҳастам, то тамоми кӯшишу маҳорати хешро баҳри ободии Ватани азизамон Тоҷикистон равона карда, ба пешрафти илму маориф, фарҳанги техникиву технологияи замонавӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон каме ҳам бошад саҳм гузорам. Ба ҷавонон ҳаминро иброз медорам, ки бояд онҳо имрӯз омӯзанду касберо аз бар намоянд. Чунки дар замони муосир бидуни пешае наметавон зист. Баъдан ҷавононро зарур аст, ки дар роҳи интихобнамудаашон қавӣ бошанд. Зеро кулли комёбиҳо маҳз дар натиҷаи иродаи қавӣ доштан ба даст меояд.

Ҳуқуқи инсон аз ҳар арзиши дигар боло бошад Ҳар сол дар ҷаҳон 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1948 пас аз муҳокимаҳои зиёд Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид. Мақсад аз қабули чунин як эъломияи сатҳи ҷаҳонӣ ин буд, то дар ҳама гуна маврид ҳуқуқҳои инсон ҳифз ва риоя карда шавад. Дар эъломияи мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ба таҳсил, ба озодии баён ва дигар ҳуқуқҳо дарҷ гардидааст. Он нахустин санади таърихиест, ки дар тамоми кишварҳои рӯйи олам паҳн гардидааст ва Тоҷикистон низ, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист, ин санадро эътироф намудааст ва дар қонуни асосии кишвар низ ин меъёр зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаи 10-и Конститусияи ҷумҳурӣ омадааст: “...Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд...” Мутахассисон ва коршиносони соҳа қабули эъломияи мазкурро дар асри гузашта айни муддао арзёбӣ менамоянд. Чунки пеш аз қабули ин санад ҷомеаи ҷаҳонӣ ду ҳодисаи мудҳиш, яъне ду ҷанги ҷаҳониро аз сар гузаронида буд, ки дар натиҷаи он миллионҳо нафар ба ҳалокат расиданд. – Эъломияи умумии ҳуқуқи башар санадест, ки аз ҷониби давлатҳои зиёди дунё пас аз ба анҷом расидани ҷанги дуюми ҷаҳон қабул гардид. Ин эъломия тавонист дар ҳимояи шахсият ва ҳимояи аҳли башар як табаддулоти ҷиддиеро ба вуҷуд биёрад. Албатта инсон аз замоне, ки таваллуд мешавад, дорои ҳуқуқҳои зиёд аст. Он пеш аз ҳама ҳуқуқ ба зиндагӣ кардан дорад. Вақте сухан дар бораи ҳуқуқ ба зиндагӣ меравад, пеши назар инсонҳое меоянд, ки онҳо новобаста аз нажод, миллат ва қавм ҳуқуқҳои баробар доранд”, - иброз дошт сиёсатшинос Нуралӣ Шаъбонов. Ба назари номбурда Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба инсонҳо имконият дод, ки онҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон мубориза баранд ва ба ягон давлат, миллат ва ё нафаре имкон надод, ки ҳуқуқҳои онҳоро поймол созад. Ин ва дигар эъломияҳое, ки қабул карда шуданд, ҳамаи онҳо имкон доданд, ки қадру қимати инсон ва манзалати инсон дар ҷомеа эътироф гардад. Новобаста аз он ки он давлат пурқувват аст ва ё не, бояд ҳуқуқҳои инсонҳо поймол карда нашавад. Ҳуқуқҳои инсонҳо дар тарозуи манфиат баркашида нашавад. Ҳуқуқи инсон бояд аз ҳама гуна тарозу боло бошад ва қадру манзалати инсон нисбат ба дигар манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ болотар бошад ва инсон дар ҷойи аввал қарор гирад. Аз ин рӯ, бояд инсонро ҳамчун шахс эътироф кунанд ва аз ҳама гуна заърфиятҳое, ки дар ҷомеа асту душворӣ меорад, ҳимоя карда шавад. Меъёрҳои дар эъломия ҷойдошта баёнгари он аст, ки ҳамаи инсонҳо дорои ҳуқуқ буда, дар назди қонун баробаранд. Чуноне дар пешгуфтори он омадааст: “Эътирофи қадру қимат ба ҳамаи аҳли башар хос буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазири онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст”. – Оинномаи Созмони Милали Мутаҳҳид (СММ) нахустин санади байналхалқиест, ки ҳамкории давлатҳоро дар бахши эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба миён гузошт, - гуфт ҳуқуқшинос Исфандиёр Саидов. – Аммо дар оинномаи СММ номгӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар нагардида буд. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт санадеро таҳия ва коркард намояд, ки фарогири ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бошад. Моҳи феврали соли 1946 бо таъсиси комиссия оид ба ҳуқуқи инсон коркарди матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оғоз ёфт. Дар аввал комиссия хост як ҳуҷҷат оид ба ҳуқуҳои инсонро таҳия намояд. Вале баъдан ин иқдом се санадро дар худ фаро гирифт. Якум Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дуюм, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва сеюм, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Ба таъкиди Исфандиёр Саидов, таҳия ва коргарди лоиҳаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар як давраи мураккаб, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ду лагери ба ҳам мухолиф тақсим шуда буданд, ба вуҷуд омад. Намояндагони кишварҳои Ғарб тарафдори он буданд, ки эъломия фарогири назарияи фитрии ҳуқуқҳои инсон бошад. Дар он ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, шахсӣ ва сиёсӣ ҷойгир карда шавад. Аммо намояндагони кишварҳои шӯравӣ ҷой додани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро пайгирӣ мекарданд. Сарфи назар аз ин мухолифатҳо мавқеи ҳар ду ҷониб дар эъломия инъикос ёфтааст. Дар он ҳам ҳуқуқҳои фитрӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳам иҷтимою фарҳангӣ таҷассуми худро меёбад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар паҳншудатарин санадест, ки тибқи маълумот бо беш аз 300 забон тарҷума шудааст. Он аз пешгуфтор ва 30 модда иборат мебошад. Ба гуфти коршиносон, имрӯз меъёрҳои эъломия баъзан риоя намешавад. Мутаассифона, дар замони муосир ҳуқуқҳои баъзе халқу миллатҳои олам зери ҳимояи манфиатҳои миллатҳои дигар ва давлатҳои пурқувват поймол карда мешаванд. Маҳз бо истифода кардани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар он гурӯҳу давлатҳои пурқудрат мехоҳанд, ки манфиатҳои геополитикии худро ба роҳ монанд. Нуралӣ Шаъбонов дар ин робита чунин иброз дошт: Имрӯз дар кишварҳои шарқи наздику миёна, бахусус дар Афғонистон тайи 37 сол аст, ки ҷанги дохилӣ меравад. Дахолати давлатҳои беруна ба ин ҷанг хеле зиёд аст. Хоҳу нохоҳ ҳуқуқҳои мардуми Афғонистон поймол мешавад”. Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшинос Исфандиёр Саидов меафзояд, ки эъломия характери тавсиявӣ дорад. Дар баробари ин ки эъломия характери тавсиявиро дошта бошад ҳам, аммо садҳо кишварҳои дунё дар конститутсияҳои худ меъёрҳои онро инъикос кардаанд. Беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар конститутсияҳои худ ҳуқуқҳоеро ки эъломия эътироф кардааст, ҷойгир намудааст. Аз ҷумла ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра матни эъломия дар бахши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ба назар гирифта шудааст. Он ҳуқуқҳое, ки дар эъломия аст, дар боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон инъикос ёфтааст”. Аслан халқи тоҷик ҳанӯз дар давраи давлатдории Курӯши Кабир соҳиби эъломия буд. Бинобар ин, мо дар асоси эъломия тавонистем, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии мардуми худамонро дар асоси Конститутсия ба роҳ монем. Соҳибназарон нақши эъломияро дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамчун санади ҳуқуқӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нақши арзанда гузошт. Маҳз баъд аз қабули эъломия халқу миллатҳои гуногуни олам тақрибан дар тӯли 10–12 сол ба муборизаҳои озодихоҳии миллӣ даст заданд ва солҳои шастуми асри бист халқҳо аз зери зулми мустамликавӣ раҳо шуданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


 ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 92 БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторов а Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ 503 БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар 71 БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ Ҳусенов Муҳаммадтолиб

Ҷамъи овозҳо

Мудири бахш

2 10

847

52 454

1007 110

97 5 48

1 189 68 38

205

173

263

545

3 769

28

354

47

3 5 207 52 2

79

2 92 2 2

25

99 12 60 25

АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________

1. Вақт Вақт бо мурури гузаштани умр ҳар сол минбаъд тезтар мегузарад. Ду соли байни 18 ва 20 ба ду соли байни 28 ва 30 баробар нест. Ҳар қадаре, ки калонсол шавем, рӯзи мавлуд ва Соли нав ҳамон қадар зудтар фаро мерасанд. Бинобар ҳамин, ҷавононро зарур аст, ки андешаи вақти зиёд доштанро аз сар дур кунанд. Агар дар сар ягон нақшаи бузург дошта бошед, худи ҳозир онро шуруъ кунед. 2. Саломатӣ Саломатиро якбора аз даст медиҳед. Дар ҷавонӣ мо гумон мекунем, ки бемориҳо ботадриҷ хурӯҷ мекунанд ва ҳамеша аз самти нодурусти ҳаёт баромадан мумкин аст. Аммо чунин нест. Боре шумо солим ба хоб мераведу бемор аз хоб мехезед. Ҳаргиз ба дорую дармон ва табибон умед набандед, зеро ҷисми одам нозук аст. Як ҷойи беморатонро табобат мекунед, ҷойи дигар ба дард медарояд. Бемории ба назар ночиз ба бемории ҷиддӣ табдил меёбад. Бемориҳои куҳнашуда бошанд, комилан табобат намешаванд. Бинобар ҳамин, саломатиатонро ҳифз кунед. 3. Варзиш Ҳатман ба варзиш машғул шавед. Одами муосир ҳатто ҳисоби миёнаи борҳои ҷисмониро намебардорад. Бо ҳамин сабаб мушкили буғуму устухонҳо ба амал меояд. Рӯзе мерасаду шумо дар курсӣ ҳатто ним соат нишаста наметавонед. Акнун худатон андеша кунед, бо чунин вазъ то куҷо мерасед? 4. Нӯшокиҳои спиртӣ Беҳтараш нӯшокиҳои спиртдор истеъмол накунед, ё онҳоро то ҳадди имкон камтар истифода баред. Гап танҳо дар бораи зарари нӯшокии спиртдор намеравад. Шумо ба чунин нӯшокиҳо одат мекунед. Агар дар 20-солагиатон шаробнӯшӣ воситаи дилхушӣ бошад ва барои байни ҷомеа ворид шудан ба шумо кӯмак расонад, пас аз чанд сол ҳамааш баръакс мешавад. Шароб қимат мешавад, меъёри нӯшидан меафзояд, шароб боиси коҳиш ёфтани қувваи ҷисмонӣ мегардад, одамони хуб аз шумо дурӣ меҷӯянд. 5. Ғизо Ғизоҳо низ хубу бад мешаванд. Ғизоҳои тезтайёр, қаҳва ё чойи пастсифат, шириниҳо аз

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

зумраи ғизоҳое ҳастанд, ки ба саломатӣ таъсири бад мерасонанд. Маҳсулоти мазкур мунтазир мешаванд ва рӯзе дар намуди фарбеҳӣ, варамкунии рагҳои гардан ва дигар бемориҳо зуҳур мекунанд. Ҳамаи ин иллатҳо албатта нофораманд. 6. Таҳсилот Ҳанӯз, ки ҷавонед, таҳсил кунед. Диплом ҳамеша лозим мешавад. Агар дар баробари дар риштаи ҳуқуқ таҳсил намудан ба шумо омӯхтани касби барқчӣ лозим шавад, ҳаргиз аз он рӯй нагардонед. Гап танҳо дар бораи он намеравад, ки шумо дар ҷомеаи сармоядорӣ як имконияти иловагии пул кор кардан пайдо мекунед. Ҳаргиз чунин нест. Бо мурури гузаштани солҳо хотираи инсон заифтар мегардад ва дигар ба таҳсил ниёз надорад. Бо ҳамин сабаб то 30-солагӣ таҳсил кардан хубтар аст. 7. Таҷриба Бузурге навишааст: «Худро нафиребед, балки коре кунед, ки онро мехоҳед». Ҳаргиз худфиребӣ накунед. Зеро худфиребӣ боиси нороҳатии худатон мегардад. Ҳаргиз бо одамони аз худатон пурзӯртар қувва наозмоед. 8. Муносибат бо одамон, муҳаббат Дар ин бобат зиёд наандешед. Муҳаббат рӯзе худаш шуморо пайдо мекунад. Ҳар қадаре, ки бо одамон бештар муносибати хуб кунед, ҳамон қадар муҳаббати зиёдтар шуморо иҳота мекунад. 9. Бунёди оила Ба одаме, ки вайро ба таври сода дӯст медоред, оила барпо накунед. Зеро он муҳаббат набуда, шавқу рағбати ҷавонӣ аст. Вақте оила барпо кунед, ки ҷуфтатонро дар ҳақиқат дӯст медоред ва ӯ омода аст тамоми хушию нохушиҳои зиндагиро дар баробари шумо бар дӯши худ гирад. Агар чунин набошад, пас шумо бо ягон ният бо вай хонадор шудаед. 10. Пул То ҳадде, ки имконият доред, пулҳоятонро пасандоз кунед. Агар дар ҷавонӣ пулдор шавед, он гоҳ дар синну соли нисбатан калонсолтар шумо ҳар кори дилхоҳатонро анҷом дода метавонед. Муҳимаш, мушкил бошад ҳам, бо заҳмати худатон зистанро омӯзед.

МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”

НОИЛА ВОҲИДОВА

Ҷавониро азиз донед

1 2 3 4 5 6 7

Шаҳр, ноҳия

Овозҳо дар ҳафта

Ёвон Қурғонтеппаро гузашт

11

Ҷавониро давраи тиллоии умр мегӯянд. Медонед барои чӣ? Чун дар ин синну сол шахс ба ҳама кор қодир аст. Мутаассифона, баъзан мо хоста ё нохоста ба амалҳое даст мезанем, ки бар зарарамон ҳастанд. Ин чанд маслиҳатро пешкаш мекунем ва умед мебандем, ки дар зиндагиатон ба кор ояд.


12

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

МУШОҲИДАИ “ҶАВОНОН”

Ҳаво сард буд...

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

Ҳаво сард буд. Рафту омади мошинҳо оромиро халал мерасонд. Ҷавони дар истгоҳбуда зуд-зуд ба соат менигаристу ба ким кадом рақам такрор ба такрор занг мезад. Мунтазир буд, ки телефонашро бардоранд. Хеле парешон буданаш аз қиёфааш маълум буд. Гоҳ ба ин сӯ ва гоҳ ба сӯи дигари истгоҳ қадам мезад...

Ниҳоят, пас аз интизориҳо ба телефонаш ҷавоб гардонд: - Салом, ҷонам... Қариб ним соат мешавад интизорам, ки кай ба зангам ҷавоб медиҳӣ... Ҳамин тавр, ҷавон хеле тӯлонӣ бо маҳбубааш суҳбат кард. Ҳарфҳои зиёди меҳрбор гуфт, пазмон шуданашро, ӯро ёд карданашро таъкид кард. Ҳамеша фикраш ба духтар банд буданашро ёдрас шуд. Гуфт, тамоми хушиҳои зиндагиашро дар чашмони ӯ мебинад. Як лаҳза овози хушашро нашунавад, зиндагӣ барояш тираву тор менамояд... Аз оҳанги суҳбати ҷавон маълум гашт, ки бо маъшуқааш гап мезанад. Ин манзараи кӯчак маро, ки дар истгоҳ будам, бетараф нагузошту диққатамро ҷалб намуд. Муносибати хуб ва суҳбати самимии ҷавон хеле хушоянд буд. Ҷавон бо маъшуқааш хайру хуш карда буд, ки телефонаш боз садо дод: - Лаббай, оча. Ҳа, ман хубам. Не, ҳеҷ чиз нахӯрдаам. Майлаш, хайр, оча, ҳоло вақт надорам, баъд гап мезанем. Баъд худам занг мезанам, - бисёр сарду кӯтоҳ ҷавоб дод ҷавон ва ба автобус савор шуда рафт... Суҳбати кӯтоҳи писари ошиқу модари чашминтизораш маро хеле парешон кард. Ба худ гуфтам: “Наход бо модари худ чунин муомила кунӣ? Ин ҷавон чанд лаҳза барои оромии дили модараш вақтро дареғ дошт. Аммо бо духтари дӯстдоштааш қариб ним соат суҳбат кард. Бо вуҷуди садо баланд кардани ҷавон, модараш аз ӯ ҳолу аҳволашро пурсид. Аҷаб зотест, модар. Бо вуҷуди муомилаи бад кардан аз фарзанд намеранҷад. Ҳамеша дар фикраш чӣ хурдану чӣ пушидани фарзанд аст... Вале баъзе фарзандони нохалафу қадрношинос инро нодида мегиранд, ба қадраш намерасанд...” Бо ин фикру хаёлҳо аз он ҷо дур шудам. Худоё, ба ин турфа ҷавонон ақлу идроку фаросат насиб кун!

Касе ба мардумаш салоҳ намехоҳад, инсони комил нест Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ ва ба қадри Ватан-Модар расидани ҷавонон ва дарк намудани калимаҳои ҷиҳод, терроризму экстремизм, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мулоқот доир гардид. Дар чорабинӣ мушовири калони вазири корҳои дохилӣ, полковники милиса Бухоризода Мансур, аз хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии наврасон ва ҷавонон, майори милиса Фаррух Сафолов, лейтинанти калон М. Каримов, гурӯҳи “Пешоҳанг” иштирок намуданд. Музаффар Иззаттуллоев, намояндаи гурӯҳи “Пешоҳанг” қайд намуд, ҳар касе, ки аз ин сарзамин аз ин обу хок ношукрӣ мекунад ва барои мардуми худ, кишвараш салоҳро намехоҳад, ҳеҷ гоҳ инсони комил буда наметавонад. Дар вохӯрӣ ҳозирин филми «Сад пушаймонӣ аз Сурия»-ро тамошо карданд. Ҷавонон баъд аз тамошои он афсӯс хурданд, ки ҷавонон, бародарон ва хоҳарони мо дидаю дониста ба ваъдаҳои дурӯғи ифротгароён бовар намуда, худро қурбони ҷангҳои бемаънӣ мекунанд. Дар ин бора Салимзода Баҳрулло, мудири шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе хабар дод.

Китобҳое, ки нахондем “Ман нависанда нестам. Яъне ҳанӯз сад хона китоб нахондам. Шояд ёдовари воқеаҳои дардноки рӯзгор бошам. Ҳанӯз роҳ то дарку дарётфҳо дур асту дур. Аммо китобҳое, ки ман хондам, Шумо нахондед. Китобҳое, ки сурати муқовааш рангину зебост, аммо мазмунашон сояву рӯшани шабу рӯзон ҳамвора дар ҳаракат аст. Китобҳое бо муҳтавои ғамгин. Пиразане, ки нишастааст сари роҳ ва либосҳои куҳна мефурӯшад, зери офтоби сӯзон фурсаташ бухор мешавад, ба ҳар раҳгузар бо умед менигарад ва орзу мекунад: “Кош ин раҳгузар чизеро аз ман бихарад”. Сарнавишти ӯ яке аз ҳамон китобҳоест, ки Шумо нахондеду хонданӣ ҳам нестед. Пиразан замоне муаллимаи пешқадами як мактаби бонуфуз буд. Фарзандони халқро ва фарзандони худро таълиму тарбият медоду соҳиби эҳтироми халқ буд. Аммо фарзандонаш чун донаҳои гусастаи марҷон парешон шуданд. Яке Русия рафту дигаре Амрико. Гӯё ки модари меҳрубони худро фаромӯш карданд. Яке аз писарони меҳрубон ғамхори модар монд, то такягоҳи модари худ бошад, аммо... Ҳабсаш карданд бо тӯҳмати ноҷое... Яъне ба гуноҳе, ки сарватманде кард, бояд ба гуноҳи кардаи он фарди доро ин ҷавони содаву покиза ҷавоб бидиҳад. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, чунон то мурданат мезанем, ки на танҳо ин парвандаи ҷиноӣ, балки мурдаи Ленинро ба гардан мегирӣ, мегӯӣ Ленинро ман кушта будам... Оре чунин ҳам шуд. Пас аз як ду моҳи лату кӯби пайдарҳаму ҳамарӯза ҷавон нимҷону ниммурда, рӯҳшикаставу боваргумкарда, бекасу танҳо гуноҳеро, ки содир накарда буд, иқрор шуд, ки гуё ин ҷиноятро содир кардааст... Ин пиразан модари он ҷавон аст, ки барои дидани дидори фарзанди худ ин ҷост, ду-се колои кӯҳна мефурӯшад ва ду-се нон мехараду ба дидани фарзандаш ба маҳбас мешитобад. Бо роҳҳои печопечи пурсангу хори биёбон, ки дуртар аз шаҳр аст... Ман ин китоби фарсудаи ғамгинро хондам. ... Ин бонуи зебо, ки канори роҳ меравад, бо зеботарин либос ва олуфтатарин сару сурат шумо мешиносед? Ӯ аз русто аст. Ин ҳам як китобест. Ин арӯсакест, ки бо сад орзуву умед бо муҳаббат оила барпо кард ва бо баҳонаи камбизоатӣ ҳамсараш роҳи Русияро пеш гирифту дигар ҳамсари худро батамом аз ёд бурд. Пас аз ду-се паёмак ба теле-

фон ва арзи муштоқи баъди хомӯшии чандинсола номае навишт шавҳараш, ки: “Интизорам набош, зану фарзанд дорам, шаҳрванди Русия шудам, намеоям, ту ҳам аз пайи бахти худ бош”. Баъд оғоз шуд миннату иллати хушдоман, ки рӯзе кафши арӯси ҷавонро пеши пояш гузошт ва гуфт бирав, дигар киро ва чаро интизорӣ? Духтарак ба хонаи модар баргашт. Ҳама чиз иваз шуда буд: ба ҷои гармии меҳр сардиву бемеҳрӣ, ба ҷои сӯҳбатҳои гуворо хархашаву ҷанг. Чунин арӯсакони хонавайрон дар рустоҳо чи қадар зиёданд. Ин тифлакро намешиносед? На? Сарнавишти ӯ ҳам китоби хондаи ман аст. Рӯзе аз бинои баландошёна фиғон кашид: "Худро нобуд мекунам, сарозер меравам, безор шудам. Чанд сол аст муваззафи халос кардани ҷангу хархашаҳои беинтиҳои волидайн ҳастам. Ай, Худо, кош интихоби падару модар дар имконам буд, ки падари ғамхору дӯстдору меҳрубон ва модари орому дурандеш барои худ интихоб мекардам ва ин ранҷу озор бароям набуд. Кай ин дашному лату кӯб ба охир мерасад... Оре, падар ошиқ шуд ба духтаре ҳамсоли фарзандаш... ҷуз ёди он духтар чизе дар пеши чашму дунёи дилаш намонда. Дар назараш аҳли оилааш бад менамуданд, кош инҳо набуданду имкон буд издивоҷ бо он парирӯ. Лаънат ба ин гуна “ишқ” . Ман ин китобҳоро бо гиря мехонам ва мазмуну муҳтавои ин китобҳоро фаромӯш намекунам. Ҳар инсон ба назарам як китоби нохондаи мураккаб менамояд. Арӯсаки зебое, ки чашмони маҳзун дорад, резапайкаре нигоҳаш интишороти гиря аст. Оре имконаш намедиҳанд ба хости худ зиндагӣ кунад... имконаш намедиҳанд бист дақиқа бо худ бошаду андеша кунад. Зиндагӣ чун ҷӯйбор ба тезӣ мегузарад ва ин арӯсак садои зиндагиро намешунавад ва симои ӯро гуё намебинад. Рангҳову фаслҳо иваз мешаванд, ӯ ҳам... Ин нозукниҳолро гӯё модараш барои меҳнати сангин офаридааст. Аз соати чори субҳ то соати яки шаб бе танаффус кор кардан барномаи чандсоатаи корист? Аз ин кори сиёҳ корпартоӣ карда намешавад, инқилобу ошӯб ҳам, зеро натиҷааш хонавайронӣ мешаваду бас. Як ҷумла мегӯянд хоҷагонаш: “Ту барин духтар писарамба садто, ба ҳар тори мӯяш сад духтар”. Оре, фарҳанги оиладории бархе аз оилаҳо шояд

ҳанӯз дармонда дар замони ғуломдорист. Аммо зиндагӣ аз ин торикиҳо иборат нест. Зиндагиро худи мо имкони зиёд дорем ба офтобрӯя барем”. Саҳарбону ин ҷо ба навиштаи худ нукта гузошт ва андеша кард. Магар ин навиштаҳо, ки навиштам мешавад ба аҳли толор нақл кард? На. Бояд аз ин ҳақиқати талх чашм напӯшем. Ҳеҷ як ҳукумату давлат имкон надорад инсонро созад ва тақдири ӯро худовандона тағйир диҳад, ҳамеша нолидан аз ҳукумат нишони заифист, ҳар инсон ҳукумату давлати худ асту давлату ҳукумат муваззафи идора кардани қонуну низом, амният ва оромии кулли ҷомеа аст... Ҳанӯз чашмони Саҳарбону ба хоб гироиш надошт. Андешаҳои ҳамвора ба зеру забари ботини инсоният раҳ меҷӯсту раҳгум мезад. Мегӯем, ки ботини инсонро фаҳмидан душвор аст. На, ботини инсонро аз ҳар калимаву ҳарфи ӯ дарк кардан мумкин. Саҳарбону худро тамошобини сарнавишти инсонҳо медонист. Тамошобине, ки ҳеҷ коре барои ба рӯшанӣ кашидани ин сарнавиштҳоро надошт. Ҳарчанд хеле мехост. Оре, инсон хеле кӯчак асту нотавон дар баробари ин осмонҳои гирдгардон. Ҳатто ҳамин соати деворро наметавонад инсон идора кунад. Мо дар назди табиат кӯчакем, ҳарчанд метавонем дар як они воҳид табиатро харобу валангор кунем. Мо ки наметавонем як рӯзро дар умри худ биафзоем, аҷиб аст, ки метавонем риштаи умрҳоро, ки Худованд додааст, чун гаронбаҳотарин дороии инсон ба осонӣ гусаста намоем. Дар ботини инсоният торикӣ бештар аз рӯшанист, ба маротиб, чандин баробар бештар. Садҳо яроқ барои куштани ҳам ихтироъ кардаанд инсонҳо, аммо барои хушбахтии ҳамдигар шояд чизе камтар ихтироъ карда бошанд. Шояд имкон дошт илм, ки обҳои шӯри уқёнусҳоро ширин кунад ва бо роҳе ба биёбонҳои хушкида бирасонад, то ризқи башар басандаву расанда бошад. Аммо бештар афкори мо масруфи бадӣ кардан аст... Саҳарбону аз хаёлоти бесуду бесоҳиби худ хаста мешуд ва боз ҳам ба нақли саргузашти инсонҳо китобҳои хондаву нахондаи рӯзгор машғул мешуд. “Ман нависанда нестам. Ҳанӯз сад хона китоб нахондаам, ки он шарти нависандагист, аммо китобҳои андӯҳноки сарнавишти инсонҳоро ҳамарӯза мехонам...” Фариштаи НАЗАР, адиби ҷавон


Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист? Ҳангоми таҳсил дар мактаб ташаккул ва рушди забонии шахсияти наврас ба ҷо оварда мешавад. Баъд аз чанд сол онҳо узви ҷомеа хоҳанд шуд ва ба ташаккулёбӣ ва нигоҳдории меъёрҳои забон таъсири худро мерасонанд.

Маҳваш НАЗАРОВА, хонандаи синфи 11-и Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе

Ба ин мазлуми дар чорсӯи зиндагӣ бечора раҳми Худованд омад ва барояш сарвареро ато кард, ки дасташ бигирифту аз чоҳи зулмоту навмедӣ берун овард. Ба рӯяш дари бахту иқболро боз намуд. Барои он дари бахту иқбол мегӯям, ки дар тӯли давлатдории шӯравӣ ин миллатро маҳалу маҳалгароӣ аз ҳам дур сохта буд. Тоҷикистонро маҳалгароёни бедину бемазҳаб асосан ба се қисмат ҷудо карда буданд: шимолӣ, ҷанубӣ, бадахшонӣ. Банда, ки аз қисмати кӯҳистони ин сарзамин будам, борҳо нисбат ба худ калимаи «маҳаллӣ»-ро шунида ашки ҳасрат рехтаам. Ҳатто баъзе омӯзгорони унвондору бофарҳанг аз мо - донишҷӯён номи маҳаллу деҳа мепурсиданд. Ин кам буд, ки нотавонбинон байни донишҷӯписарони бадахшию хатлонӣ мунтазам хархашаю низоъ ташкил мекарданд. Ин ҳарфҳоро барои он ба қалам меорам, ки ин аҳвол он рӯзгор бароям бисёр дарднок буд. Ҳалли ин разолатро аз китобҳои бузургон меҷустам. Ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат гуфтаҳои бузургон таскинбахши мушкилоти одамӣ аст. Ман ҳам таскини дили реши худро дар мисраъҳои Зебуниссо дарёфтам: Навмед набояд шудан аз гардиши айём, Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст. Омад он субҳи деринтизори мо. Кинаю адоват, таҳқири ҳамдигару нофаҳмиҳои мо бартараф гардид. Ба диёри кӯҳанбунёди мо баҳори озодӣ омад. Насими саодат вазид. Нури илоҳӣ ҷилвагар шуд. Ҳангоме ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон шарафёб гашт, шодравон Лоиқ Шералӣ бо як ҳиссиёти баланди тоҷикона гуфтанд: Имоми ду тарафро мекунам табрик, Ки тоҷик мешавад наздик ба тоҷик. Тоҷик бо тоҷик наздику ҳамтан гардид. Дигар шимолию ҷанубӣ ва бадахшӣ намонд. Ҳама даст ба дасти ҳамдигар гузошта, хонаи сулҳу

ваҳдатро мустаҳкам намудем. Ашки шодӣ рухсораи ҳар як тоҷику тоҷикистониро бишуст. Ин ашк ғубори бадбинӣ, тафриқаандозиро аз байн бурд. Акнун ҳар як тоҷик бо Суғду Бадахшон Рашту Хатлон ва Ҳисори шодмон ифтихор дорад. Миёни ҳамаи минтақаҳои кишвар шоҳроҳи сулҳу дустӣ боз гардидааст. Имрӯз мебинам, ки мардуми сарбаланди Суғд бо бародарони ҳамхуни худ хатлонию раштӣ риштаҳои хешутаборӣ бастаанд. Ҳар як бадахшӣ азизи дилу дидаи хатлониву ҳисорӣ гаштааст ва аз ҳама барои ман хурсандиовар он аст, ки тӯли 20 сол аст калимаи «маҳаллӣ»-ро дар нисбати худ нашунидаам. Ҳамаи ин бахту иқбол бароям қиссаи «Қишлоқи тиллоӣ»-и адиби маҳбуби мо Мирсаид Миршакарро ба ёд меорад. Қаҳрамонони он қисса пас аз ҷустуҷӯйи зиёд қишлоқеро дарёфтанд, ки дар он ҷо насли инсон хушбахтона умр ба сар мебурд. Насли имрӯзаи мо он қишлоқро наёфтанд, балки онро худ дар зери роҳбарии Пешвои хеш сохтанд ва ҳар инсони соҳибақл медонад, ки байни ёфтан то сохтан чӣ фарқе ҳаст. Имрӯз, ки дар остонаи соли нави мелодӣ қарор дорем ва ин соли таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ аст, ба ҳамватанони хеш ваҳдати ҷовидониро таманно дорам. Мехоҳам, ки ҳеҷ фарде дучори маҳалгароӣ ва таҳқири маҳалгароён нагардад. Бошад, ки ҳамагон дар атрофи Пешвои тоҷикони ҷаҳон гирд омада, дар роҳи созандагиву офарандагӣ қадамҳои устувор гузорем.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”

ҲУСНИЯ ЗОКИРОВА,

омӯзгори МТМУ № 94 –и пойтахт

Сари баланди мо аз якдилист

Дар мамлакати мо ба тарбияи ҳисси ватандӯстии насли наврас аҳамияти зиёд дода мешавад. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърихи Ватан, забон ва фарҳанги миллӣ сарчашма мегирад». Ҷавонони мо ояндаи худро дурахшон мебинанд, вале дарк намекунанд, ки ояндаи дурахшони онҳо ба фарҳанги забондонӣ вобаста аст. Ҷавонони Тоҷикистон аксарияти аҳолии Ватанамонро ташкил медиҳанд. Ин ҷавононе ҳастанд, ки ҳоло ба воя нарасидаанд, вале кӯдак ҳам нестанд ва мақсади асосии онҳо омӯхтани касбу ҳунар мебошад. Ба ин гурӯҳ мактаббачагони аз синни 6-7 то 16-17-сола дохил мешаванд. Дар лексикаи ин гурӯҳ тағийроти зиёд мушоҳида карда мешавад. Ман, ки намояндаи насли наврас мебошам, дар назди худ вазифа гузоштам, то сабаби истифодаи калимаҳои ғайримеъёриро аз тарафи ҳамсолонам муайян карда, роҳҳои бартараф намудани ин зуҳуротро пайдо намоям. Бо ин мақсад бо роҳбари илмиам Б. Умарова тасмим гирифтем, лоиҳаеро дар мавзӯи «Истифодаи лексикаи ғайримеъёрӣ дар нутқи шифоҳии ҷавонон» таҳия намоем. Дар назди худ мақсаду вазифаҳои муайян гузоштем: 1. Гузаронидани таҳқиқи нутқи хонандагони мактабҳои шаҳр аз нуқтаи назари истифодаи лексикаи ғайримеъёр. 2. Муайян намудани сатҳи ташаккулёбии забони мактаббача, наврас, омӯзгор ва волидайн. Вазифаҳо: 1. Муайян намудани мафҳуми «Лексикаи ғайримеъёр дар нутқ». 2. Гузаронидани пурсиш миёни хонандагон бо мақсади муайян намудани калимаю ибораҳои лексикаи ғайримеъёре, ки бештар истифода мешаванд. 3. Ҷамъ намудани маводи лозимӣ барои омӯзиши ин масъала, коркард ва мураттаб намудани он. 4. Пайдо намудани хулосаю тавсияҳо оид ба кам намудани аз ҳад зиёди истифодаи ин гуна ибораҳо. Барои ба мақсад ноил шудан аввал адабиёти илмиро оид ба ин мавзуъ омӯхтам. Сипас, тасмим гирифтам, ки пурсиши анкетӣ гузаронам ва инчунин байни хонандагони синну соли гуногун мушоҳида намоям. Ҳангоми гузаронидани пурсиши анкетӣ ба хонандагон ҳамагӣ 4 савол пешниҳод гардид: 1. Ба фикри Шумо, нутқи гуфтугӯиатон аз нутқи адабӣ то чӣ андоза фарқият дорад? 2. Кадом калимаҳоро аз нутқи имрӯзаи ҷавонон Шумо дар нутқи худ истифода мебаред? 3. Шумо мехоҳед забони адабиро хуб донед? 4. Баҳри ин чӣ бояд кард? Мақсади чунин саволгузории мо муайян намудани сатҳи олоиши нутқи хонандагон ва то чӣ андоза наздик будани нутқи онҳо ба забони адабӣ буд. Баъд аз он ки ҷавобҳои саволи дуюмро дидам, маълум шуд, ки кадом калимаҳоро ҷавонон бештар дар нутқашон истифода мебаранд. “Девонашай” (олӣ аст), “Хари бадай” (аз ҳад зебо), “Гушот меҷунба” (дар ҳайрат мемонӣ), “Шери нарай” (ҷавонмард), “Тенҷай” (маъқул аст), “Ҳайвонай” (Мафтункунанда). Ба саволи «Шумо мехоҳед забони адабиро хуб донед?» чунин посух дода шуд: 1. Бале - 56% 2. Не - 44% Баҳри омӯхтани забони адабӣ чӣ бояд кард? (фикри хонандагон): - Вақт ва хоҳиш. - Хониши асарҳои бадеӣ. - Муошират бо ашхоси соҳибмаълумот. Истифодаи лексиксикаи ғайримеъёр дар нутқи хонандагон сабабҳои худро дорад. Мо аз хонандагон пурсон шудем ва чунин ҷавобҳоро гирифтем: - Замонавӣ аст - 32%. - Барои фарқ накардан аз ҳамсолон - 55%. - Барои нест кардани агрессия - 13%. Хулосаҳои мо чунин аст: - Ҳолати забондонии мактаббачагон бениҳоят бад аст. - Захираи луғавии хонандагон кам аст. - Ворид шудани жаргонҳо ба нутқи хонандагони имрӯза, даст кашидан аз хониши асарҳои бадеӣ. - Хонандагон вақти зиёди худро дар назди компютер мегузаронанд. Мо ояндаи Ватанем. Бояд забонамонро тоза нигоҳ дорем. Агар дар оянда хоҳем, ки соҳибҳунару соҳибкасб шавем, аз «Лексикаи ғайримеъёр» парҳез намоем.

Дар охири асри ХХ, баробари аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ фазои софу беғубори сарзамини бостонии моро абри сиёҳи кинаю адават, ҳамдигарбадбинию разолат фаро гирифта, борони ҷудоиандозию хонабардушӣ бар сари мардуми орому осоишта фурӯ рехт. Ин борон хонаҳои ободро ба вайрона мубаддал гардонида, киштзори умеди сокинонро валангор сохт. Дар таърихи халқи тоҷик калимаи муҳоҷиратро эҳё кард. Аввалин бор тоҷик Ватани азизу маҳбубашро ба коми оташ вогузошта, рӯ ба кишвари бегона овард. Худро ба коми аждаҳои афсонавии дарёи Панҷ афканд. Чӣ қадар сахтиву заҳматҳои тоқатфарсоро паси сар карда, худро дар хоки бегона дид ва дар ин хок ҷигарбандону азизони лоғаргаштаю саргардон, ваҳмзадаю зору ҳайронашро ба хок супорид. Мазоре бунёд кард бо номи «Мазори беватанони дар ёди Ватан». Рӯ ба Офаридгори хеш оварду мадад хост.


14

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”

Мулоқот

САҲОБ РАҶАБӢ

ҳикоя

- Фотима, Фотимаҷон, Фотимаи гули гандум, хез ҳамроҳам шав, берун мебаром. Фотима чашмонашро молида аз ҷой хест. Дар ҳоле ки тамоми вуҷудаш хоб буд. Ҳар ду бо нӯги пой аз дар берун шуданд. Падар - хоб. Аниқтараш хоб ҳам не. Бехоб шудааст ӯ. Се сол шуд, ки ба ин ҳол аст. Аз мурдани занаш инҷониб ранҷ мекашад. Дар хонааш ду духтари қадрас мондаанд. Осон нест, охир… - Фақат тез баргард, то рӯза гав назан, хов дорум, - Фотима рӯи хараки ҳавлӣ амонат нишаст. Имрӯз то вақти хоб Ҳурон бо хоҳараш – хоҳари роздонаш дарди дил кард. Ӯро бовар кунонд, ки фариштаҳо аз осмон барои ӯ бахт нозил кардаанд, Номаш - Сафдар. Имшаб бори аввал ба дидорбинӣ меояд. Фақат нимишабӣ. Аз тарси мардум. Аввали шаб Фотимаро хоб бурд. Аммо аппааш дақиқаю сония мешумурд. Ниҳоят соати саъд ҳам фаро расид. Хайрият, ки Фотима хест. «Духтараки бемалол аст, Худо бахташ диҳад. Барои ҳамин ҳам аз ҷонам бештар дӯсташ медорам, ба ҷои модарам ҳамрози ман аст, Фотимаи гули гандум» - роҳравон андеша мекард Ҳурон. Дар торикӣ пеши пояшро базӯр медид, тахминӣ пой мемонду чашмонаш дар синаи торикӣ дурахши саодати худро меҷустанд. Дар куҷо бошад, Сафдар? Омада бошад? - Ҳурон, ман ин ҷо! – садо баромад аз торикии пешорӯ. Духтар лаҳзае шах шуд. Ба атроф гӯш андохт. Оромӣ. Хомӯширо танҳо садои чир-чиракҳои дохили юнучқазори рӯи ҳавлӣ халалдор мекард. «Овози Сафдар» - гӯён далер шуд ва қадам пеш гузошт. Баъди чанд қадами башумор дасте аз оринҷаш дошт. Дилаш таҳ зад. «Манам, Сафдар» - ӯро ором кунонд чавон. Аммо куҷо оромӣ? Дилаш қариб буд, ки аз хонааш берун ҷаҳад. Ӯ чӣ кор кард? Чаро баромад? Пеши кӣ? Одаме, ки ҳеҷ гоҳ надидаасту нашинохтааст. Фақат бо телефон овози ширине моҳҳои дароз дар гӯши ӯ «варсоқӣ» мехонд. Мабодо, ки ӯро бадном кунад? Дигар илоҷи андеша ё пас гаштан набуд. Кошкӣ ҷавони арзанда бошад, чи хеле ки худашро бо телефон тавсиф мекарду Воҳид ҳам чунин мегуфт. Даҳҳо нафар ҳар рӯз аз кӯчаашон мегузаранд, ду чашм ба дарвозаи онҳо. - Дастата гир, - оҳиста худро қафо кашид духтар, - чӣ мехоҳӣ? Тезтар бигӯ, отам мебарояд.

Ҷамшеди Имомиддин ба назди сарвараш, тоҷир Хуршеди Бурҳон ҳозир шуд. Хуршед дар курсии мулоим рӯ бар тарафи тиреза нишаста буд. Ҷамшед баробари ворид шудан дар рӯи мизи сарвараш туфангро дида, дилаш таҳ кашид. Ӯ медонист, ки Хуршед ҳангоми маҷлис ба зердастонаш, агар дар ғазаб бошад, бо туфанг таҳдид мекард: гӯшакашро мекушод, нафареро ба нишон мегирифт, аммо забонакашро зер намекард. - Даъват карда будед? - оҳиста пурсид Ҷамшед. Хуршеди Бурҳон курсиро сахт тоб дод ва бо Хуршед рӯ ба рӯ шуд: - Кадом тарабхона ҳазор каса меғунҷонад? - Ягон маърака доштед? Хатнатӯйи писарама гузарониданӣ. - М-ман адвокати шумо ҳастам, - ба забон овард Ҷамшед,

ки садояш андаке ларзиш дошт. Шуморо аз ҳама гуна туҳмат бояд ҳимоя кунам ва дар баробари ин... намедонам, чӣ хел фаҳмонам... - Шаф-шафа мон, шафтолу гӯ! - гуфт Хуршед андак садояшро баландтар намуда. - Ба қонуншиканиҳо роҳ

- Ҳуронбӣ, Ҳуронбии ман! - Не, ҳозир Ҳурони ту нестам, - нимзавқ ҷавоб дод духтар. - Мешавӣ. Аниқтараш, мешавӣ? - Чум, насиб. - Бишав, аз ман бишав. Ман дӯстат медорам. Барои ту як лаҳза оромӣ надорам. Ба расми ту шабу рӯз рози дил мегӯям. Ман мафтуни ҷамоли туям. - Ту чӣ хел бошӣ? На расмата дидааму на дар торикӣ мебинамат. - Муносибам ба ту. Мо муносибем. Мулоқоти аввалин дер давом накард. Ҳамагӣ чанд дақиқаи башумор. Аммо ҳафтаҳои дуру дароз орому қарори Ҳуронро рабуд. Он шаб Фотимаи ба қавли худаш гули гандум дар ҷойхоб ӯро сахт оғӯш гирифта, саволборонаш мекард. «Баъд чӣ шуд? Ҷои аҷоибаша бигӯ!» - гӯён механдиду мепурсид. То ҳаде ки падараш аз хонаи дарун ғур-ғуркунон «хап шавед», гуфта амр кард. Байни Ҳурону Фотима тафриқае рух дод. Имшаб Ҳурон аз олами тасаввуроти наврасӣ ба олами ишқи ҳақиқӣ ва балоғат бебозгашт ворид шуда буд. Ба саволҳои Фотима ҷавоб медоду андеша мекард «ман чию ҷавобдиҳӣ чӣ? Ҳанӯз лаззати бӯсаю оғӯшро начашида»… Вақте ки нафаскашии бомарому осудаи Фотима аз бурдани хобаш дарак дод, Ҳурон ғарқи хаёлоте гашт, ки қабл аз ин ӯро ташвиш намедоданд. «Ин чӣ мулоқот буд? Ду даҳан сухани беҷуръатона. Ҳамсоядухтар Моҳлиқо гоҳо ба хонаи Ҳуронино гузашта, аз мулоқотҳои ҳаршабааш ҳарисона нақл мекард: - Ношукриш, серӣ надорад, мебӯсаду мебӯсад. Ҳамта оғӯшум мегира, ки агар очам бедор шуда бароя, мора ҷудо карда наметона… Ӯ калон аст. Қариб сисола, даст аз бахт кайҳо шустааст. Аз бӯсаю оғӯш сер, ҳарчанд ки бахташро ҳанӯз наёфтааст. Акнун мулоқот барин лаҳзаҳои нотакрору муқаддаси ҷавониро обу ранги шӯхӣ медиҳад. Ҳатто аз гардан поён доғҳои сиёҳи бӯсаҳои шаҳвониашро нишон медиҳад ва бо онҳо ифтихор мекунад, ба тавраш. Гӯё ки қаҳрамонӣ карда бошад. «Худо бигира ту ворӣ духтара! Ҳаминхелиҳо номи муҳаббатро бад кардаанд. Ин ишқ нест, ҳарисӣ аст, ҳаромӣ аст, чизи дигар аст» - аз дил гузаронд Ҳурон. – «Балки ҳозир ҳам Моҳлиқо дар оғӯши он булҳавас будагист. Дар пушти мактаб, ё дар каҳдони ҳамсояашон. Модараш гӯё намедонад. Дар кӯчаҳо духтари шумашро таъриф карда мегардад. Охир, одамон кару кӯр нестанд. Сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои ҳамон ҳам касе келинаш намекунад. Хок дар базебиш!». - Товба, товба, ғайбат шуд, - аз дил гузаронд Ҳурон, охир ӯ намозхон аст, Худоро мешиносадку. - Мабодо Сафдар ҳам танҳо мақсади вақтгузаронӣ дошта бошад? Не, не, набояд! Ҳурон ба ин кор ҳеҷ вақт роҳ намедиҳад. Дар ними шаб байте, ки ҳеҷ гоҳ ба он таваҷҷуҳ надошту ин деҳотидухтар онро ҳам намефаҳмид, метавонанд қадаме аз он берун гузоранд. Мани “гулхӯрак” агар қонуна фикр мекардам, соҳиби миллионҳо намешудам... - Ту акнун аз паси дарёфти тарабхонаи васею барҳаво шав, боз кондитсионер дошта бошад. - М-майлаш, - бо овози ларзон

беихтиёр ба ёдаш зад: «Инон зи куҷову ишқбозӣ зи куҷо, Ҳинду зи куҷо, занони тозӣ зи куҷо?» Воҳиди бебоку бало ин гапҳоро аз куҷо меёфта бошад? - нимтабассуме баъди аз дил гузарондани ин суханҳо даври лабони Ҳурон ҳамоил шуд. Воҳид ҳар гоҳ ин байтро дар ҳаққи Моҳлиқо мегуфт. Боз ҳам ҳамааш айби ҳамон Воҳид – писари тағояш. «Ман дар маркази ноҳия як рафиқ дорам, маълумоти олидор, ҷавони зебо, тануманд, муҳимаш он, ки боодобу бомаданият, ба наздикӣ аз таҳсили Москва баргашт, ояндадор!» - лоф мезад ӯ ва Ҳуронро ба ҷону ҳолаш намемонд: - Розӣ шав, туро шинос кунам, - илтиҷоомез гуфт Воҳид, - ту барои ман қариб хоҳар мешавӣ, Ҳуронаки ака. Метарсам, ки ҳайф нашавӣ, ба ин ҳусну ҷамол, ба ин латофату зебоӣ зани хуб мешавӣ. Бояд ҷуфти муносиб дошта бошӣ. Бояд ба дасти кадом девонаю дала наафтӣ, ки ман месӯзам. Ҳурон чизе нагуфта буд. На «ҳа», на «не». Воҳид он рӯз ҷаста аз қабати шишаи ҷевон расми Ҳуронро гирифта ба киса андохту роҳи марказро пеш гирифт. Ба Сафдар медиҳам, гуфт. - Вай дар шаҳр садҳо аз ман зеботарро дидааст. Назараш мегирифта бошад? Биё, беҳтараш расмро дар ҷояш мон. Аммо Воҳидро ба гап даровардан магар осон аст? Ӯ якрав, шӯх, сергап, вале покиза аст. Боз хаёли Ҳурон ба Сафдар банд шуд. Оид ба мулоқот хаёл кард. Аз соддагию бетаҷрибагии худ аранге табассум кард. Моҳлиқо чӣ? Мулоқоти маҳрамона барои ӯву «дӯстдор»-аш майдони тохтутоз шудааст. «Ман ҳаргиз ба чунин ҳол роҳ намедиҳам!» - қатъӣ дар дил қарор дод Ҳурон. Охир Сафдар гуфт-ку? «Дар забони миллати ман ишқ ин покизагист, Ҳарки ин маънӣ нафаҳмад, одами покиза нест». Шояд Сафдар ҳам ба умеди аввалин бӯсаю оғӯш бо ман омада буд? Аммо овора нашавад! Ман «палигон» нестам. Бӯсаю оғӯшро ман барои ӯ дареғ намедорам, аммо танҳо баъди тӯй… Сафдар моту мабҳути дилорое чун Ҳурон буд. Ӯ дар интихоби бахт хато накардааст. Вақту бевақт рӯбоиеро, ки аз забони ширини Ҳурон шунида буд, зам-зама мекард: Намак шӯрай ба захми тоза н-андоз, Маро куштӣ, ба шаҳр овоза н-андоз. Маро куштӣ, ба дасти худ кафан кун, Ба расми мардуми бегона н-андоз. Фариштаҳо, оре, фариштаҳо он шаб гӯё омин карда буданд. Як рӯз хостгорони Сафдар дари хонаи Ҳурониноро гирифтанд. Падар лаҳзае гаранг шуд, аммо донист, ки дари бахти духтараш кушода шудааст. Розӣ шуд. Фотимаи гули гандум ба нею нестони Ҳурон нигоҳ накарда, сӯзанӣ медӯхт, то ки рӯи лимӯзини апаашро рӯзи тӯй оро диҳад, армон шиканад. Орзӯи модарашро амалӣ кунад, ӯ дар гӯр қарор гирад.

ҷаста аз ҷо ҳест ва ба туфангча даст бурд. Аз тӯй панҷ рӯз гузашт. Хуршеди Бурҳон дар идора танҳо нишаста буд. Аз чӣ бошад, авзояш парешон метофт. Дар тақ-тақ шуд. Се нафар пасопеш ворид шуданд, Ҳамроҳи АВЛИЁПУР

Тоҷири Туфангдор ҳикоя

надиҳем. Зеро барои гузаронидани хатнатӯй 150 нафар муайян шудааст. - Қонун! Қонун!... боз ҳамон афсонаи дерина, - гуфт Хуршеди Бурҳон ва боз ба Ҷамшеди Имомиддин рӯ овард: - Дониста мон, қонуна барои “лошахӯракҳо” менависанд. Зеро онҳо дар дохили “чорчӯба” ҷо гирифтаанд ва на-

гуфт Ҷамшед ва боз пурсид: - дар масъалаи хӯ-ӯрок? - Хӯрок се намуд мешавад. Сеюмаш гӯшти танӯрӣ. Бо коняки арманӣ хурданаш хубтар. - Аз рӯи қонун фақат як хӯрок муайян шудааст! - Э, ту безор кардӣ бо ҳамун қонунҳоят! - Хуршеди Бурҳон

ки яке аз онҳо либоси шаҳрвандӣ ба тан дошту ду нафари дигар либоси низомӣ ва дар паҳлӯ туфангча. Марди аввалӣ ҳуҷҷаташро нишон дод ва гуфт, ки барои риоя накардани қонун, бо нозирон муносибати дағал ва дар баробари ин пешниҳоди пора айбдор дониста мешавад. Ҳоло бояд ҳамроҳи онҳо биравад.

- Аз шумо хоҳиш мекунам, гуфт Хуршеди Бурҳон ва садояш хеле хаста метофт. -Маро танҳо гузоред, сигор дуд кунам, баъд аз қафоятон меравам. - Мо наметавонем шуморо танҳо гузорем! - гуфт марди аввалӣ. – Дар ҳамин ҷо мо интизор мешавем, дуд кунед. Хуршеди Бурҳон сигорро дар лаб гузошт. Баъд аз кашак туфангро берун баровард. Нафарони низомӣ ҷаста аз ҷо хеста, ба туфанг даст бурданд. Хуршеди Бурҳон забонаки туфангро зер кард, аз нӯкаш оташ баромад. Ӯ сигорро дар дод. Низомиён ба якдигар нигаристанд ва бо нимтабассум дар ҷояшон нишастанд. Хуршед бошад, дар лаб сигор нафаси чуқуре кашид, баъд ба ҳаво пуф кард. Калобаи дуд дар пеши рӯяш лаҳзае муаллақ истод, баъд оҳистаоҳиста чун сарват аз назараш нопадид гашт.


15

«Болои сўхта …» (маќол) … кардан = аз ёд рафтан

... Аљрам, сарояндаи араб

Досзанї

Дафтари бањоњои талаба

Мањмудљон ..., наттоќ ва актёри тољик

«Љомаи бо… кўтоњ намеояд»

Љонишини шахси дуюм

Наттоќ, гўянда (русї)

Моњи толеънома

Онро ба њуљљат мезананд

Њазор метр

... Шарифї, сарояндаи тољик

Инкор

Ваъда

Дар таркиби себ бисёр аст

Љавоби телефонї

Њиссачаи инкорї

Муљассамаи …и Сомонї дар маркази Душанбе

Меваи маъмул

Аз он чўља Ахбор дар мебарояд ТВ Русия

Гуруњи навозандагон Ранљ, азият

Шањрњои … ва Мадина

Пойтахти Италия

Расиши лабњо

Соли равон

Ранги барг

Пўсти љав ё гандум

Норасої, гуноњ

Донандаи фалсафа

…Халилов, ширинкор

Шароб

Шикоят, баён

Тилло Сигнали «Ёри дињед» аз киштї Љои автобусњои байнишањрї (русї)

ИМА ба русї

Моњишўрбои русї

Фармонбардорї

Имом … Бухорї

Номи истењзоомез

... у зиннат

Њаќиќї

Тамом

Бењтар

Душмани Буратино дар афсона

Банд, ресмон дар калимаи «дорбоз»

«Мискин … орзуи дум кард»

«Ќибла»-и њайкалпарастон

«Икарус» ё «ПАЗ»

Номи дигари ќалами хокистарранг

Модари паёмбари Ислом (с)

Зинапоя

Ваќте ки офтоб нур мепошад

Алмоси аз дасти усто гузашта

…-84 – репсарои тољик

«Музей» ба тољикї

Дарё, ќисми калимаи «Мовароуннањр»

Мањбус

Маза, лаззат

Фигураи геометрї

Раќами т. мобилї чанд адад дорад?

Хоки биёбон, ќум

Њаљљи асѓар

Асбоби тории халќии русї

Асбоб барои нафаскашї дар зери об

Шинос

Ме... ваи Брежнев сурхдона

САНҶИШИ ДОНИШ

… Иброњимов (сароянда)

Сенбернар, чўпонї ё булдог - …и саг

Ањмад …, овозхони афѓон

Ќасри шоњон дар Њиндустон

Сканворд

…и Нурзод, сароянда

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

Андак тар


16

 СЕҲРИ ХОМА

Лутфи ҷавонӣ

 АНДАРЗ

Шоми хотирмони модар

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №49 (9475), 08.12.2016

Зан ба шавҳар: - Писарамон бузург шудааст, бояд занаш бидиҳем. Мард: «Алҳол чизе надорем». Зан: «Харро бифурӯш ва пулашро сарфи ин кор мекунем». Онҳо аз ин сухан гузаштанду матлаби дигаре пеш омад. Дар ин муддат писар зери лиҳоф бедор буд ва падару модар ба гумонашон, ки хоб аст. Андаке баъд писар чун дид, ки аз сухани зан додан ба сухани дигар рафтанд, падарашро садо заду гуфт: «Бобо, аз хар бигӯед!»

Баъд аз 12 соли хонадорӣ зан ба шавҳараш пешниҳод кард, ки зани дигарро ба хӯроки шом ва кино даъват кунад. Гуфт: “Ман туро дӯст медорам, вале медонам, ки зани дигаре низ дӯстат медорад ва мехоҳад вақташро бо ту гузаронад”. Зани дигар модари шавҳараш аст. Ӯ 19 сол боз танҳост. Мард бо сабаби серкорӣ ва нигоҳубини 3 фарзанд дер-дер модарашро хабар мегирифт. Ба модараш занг зад, то ӯро ба хӯроки шом ва кино даъват кунад. - Ягон ҳодиса шудааст, ту хубӣ? – дарҳол пурсид модар. Модари мард аз зумраи занҳоест, ки агар шаб занг занӣ, гумон мекунад ягон хабари бад аст. - Фикр кардам, агар каме вақтатро бо ман гузронӣ, хушҳол хоҳӣ шуд, - ҷавоб дод мард. Модар каме фикр карду гуфт: “Ман инро бисёр мехоҳам”. Мард рӯзи ҷумъа баъд аз кор ба хонаи модараш рафт. Каме асабӣ буд. Вақте мошинро назди дар нигоҳ дошт, дид, ки модараш назди дар истодааст ва мушоҳида кард, ки ӯ низ каме ҳаяҷон дорад. - Ман ба дӯстонам гуфтам, ки ин шомро бо писарам дар тарабхона мегузаронем, онҳо дар ҳайрат монданд, - вақти ба мошин нишастан гуфт модар. Онҳо ба тарабхона рафтанд. Шароиташ олӣ набуд, аммо зебо ва роҳат буд. Модар аз дасти писараш гирифт ва тарзе роҳ мерафт, ки мегуфтӣ шоҳзода аст. Вақте сари миз нишастанд, писарро лозим омад таомномаро барои модараш бихонад. Чашмони модар танҳо ҳарфҳои калонро медид. То нисф хонд, сарашро бардошта дид, ки модараш ба ӯ нигоҳ карда, даври лабонаш табассум чарх мезанад. - Вақте ту хурд будӣ, таомномаро ман мехондам, - гуфт. - Пас вақти он расидааст, ки қарзамро адо кунам, - гуфт писар. Вақти хӯрокхӯрӣ суҳбаташон тасфид. Ягон чизи махсус набуд. Фақат ҳодисаҳои охири зиндагиашонро нақл карданд. Чунон ба суҳбат дода шуданд, ки ба кино дер монданд. Мард модарашро ба хонааш расонд. Вақти хайрбод модараш гуфт: “Ман боз мехоҳам бо ту ба тарабхона равам. Фақат ин дафъа ман туро даъват мекунам”. - Шоматон чӣ хел гузашт? – пурсид ҳамсари мард. - Бисёр хуб. Аз он чӣ ки ман интизор доштам, хеле беҳтар, - ҷавоб дод мард. Баъд аз чанд рӯз модар вафот кард. Ҳодиса чунон ногаҳонӣ рух дод, ки мард натавонист барои модараш ягон коре кунад. Баъд аз чанд рӯзи дигар мард мактуб ва квитансияи пардохти тарабхонаро гирифт. Навишта шуда буд: “Ман пули хӯроки шоми дуюмамонро пешакӣ пардохтам. Ростӣ, бовар надорам, ки бо ту ба тарабхона рафта тавонам. Ба ҳар ҳол ман ҳаққи ду нафарро додам. Барои ту ва ҳамсарат. Гумон аст, ки тавонам ягон вақт фаҳмонам, ки барои ман он шоме, ки маро даъват кардӣ, чӣ қадар боарзиш буд. Писарам, дӯстат медорам!”

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

МЕҲРОБ АЗИМОВ

Кароматуллоҳ ҚУРБОН

***

Мард дар поёни намоз дуо кард, ки «Худоё, маро ба биҳишт бибар!». Пирзане дар он наздикӣ дуои ӯро шуниду гуфт: «Худоё, маро ҳам ба дуои ӯ шарик кун!». Мард нигоҳе ба ӯ карду гуфт: «Худоё, агар мехоҳӣ ӯро ҳам ба биҳишт бифиристӣ, пас, маро ба ҷаҳаннам бифирист!»

***

Марде бузургбинӣ занеро хостгорӣ карду дар таърифи худ мегуфт: «Ман мардеам мутаҳаммилу боркаш». Зан гуфт: «Рост мегӯӣ, агар мутаҳаммилу боркаш набудӣ, ин биниро чиҳил сол намекашидӣ».

***

Подшоҳе аз ҳозирони маҷлиси худ муаммое пурсид: «Он чист, ки порсол нарасиду имсол ҳам намерасад ва соли оянда ҳам нахоҳад расид?» Марде сипоҳӣ ҳозир буд ва гуфт: «Он маоши ман аст!»

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №14245, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2014 ба Алиматов Мирҷалол додааст, эътибор надорад.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ, “ҶТ”

 ОБУНА - 2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский-79/2, хонаи 29, ки бо номи Ҳакимов Ҳалим дар идораи сеюми нотариалии шаҳри Душанбе таҳти феҳристи №8Д3-644 аз 11.08.1994 ба расмият дароварда шудааст, эътибор надорад.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

Дафтари ҳавлидорӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ-27/2, хонаи 28, ки ба шаҳрванд Валиев Некрӯзшоҳ Ҷурахонович мутааллиқ аст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).

Шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Рӯдакӣ-172/2, хонаи 18, ки бо номи Ҳамроева София Абдулҳайевна ба расмият дароварда шудааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6461 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.