ДУНЁИ ВАРЗИШ
Ҳар кас ҳунарманд шуда наметавонад
Мессӣ беҳтарин футболбози сайёра
НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№04 (9482), 26 январи соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
АСРОРИ ҲУНАР
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Солномаи Пешвои миллат - 2016
ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА
ИСКАНДАРКӮЛ
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Солномаи Пешвои миллат - 2016 Идома аз шумораи гузашта Тантанаҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабиниҳои Сайри гули лола ва Корвони наврӯзӣ анҷом ёфтанд. Дар давоми сол, ҳамчунин сафарҳои кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон анҷом дода шуданд. Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Роҳбари давлат моҳи апрел чорабиниҳои ифтитоҳи мактаби нав, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон ва боғчаи бачагона, дар моҳи август Корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», оғози сохтмони мактаби нав барои 680 хонанда ва моҳи сентябр ифтитоҳи Корхонаи азими истеҳсоли криоллит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор баргузор шуданд. Моҳи апрел дар шаҳри Норак Гимназияи давлатӣ, ду мактаби нав, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО “Норак” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Моҳҳои май ва август Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат дар расми ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна, бинои нозироти андози шаҳр, Корхонаи металлҳои рангаи «Покрӯд», фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ва қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Пешвои миллат дар намоишгоҳи деҳоти Ромит бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш шинос шуда, бо вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромит ошноӣ пайдо карданд. Дар ин соли ҷашнӣ, ҳамчунин дар моҳи июн сафари кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвоз Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, як зумра иншооти мактабу маориф ва фарҳанг, нозироти андоз, Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроия, маҷмааҳои варзишӣ ва хаттҳои оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони биноҳои 12-ошёна дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ва мактаби нав дар ноҳияи Ишкошим оғоз бахшиданд. Бо иштироки Сарвари давлат, ҳамчунин дар вилоят
тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, Президенти мамлакат дар расми гузашти низомӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ширкат варзиданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим дидан карда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Бояд таъкид кард, ки моҳи сентябр Президенти мамлакат, ҳамчунин ба ноҳияи Дарвоз сафар карда, дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт як варзишгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони мактаби нав барои 450 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд. Сипас дар ҳамин ноҳия Роҳбари давлат дар расми аз нав ба фаъолият оғоз кардани Қисми низомии 02011 Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок карда, аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварданд. Охирҳои моҳи июл Президенти ҷумҳурӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти муҳими таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ мактаби нав, бинои шуъбаи маориф, нозироти андоз ва хати нави оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифта, Сарвари давлат аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва намоиши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд. Ба ноҳияи Варзоб Сарвари давлат дар соли 2016 се маротиба сафар карда, ду маротиба дар расми ифтитоҳи иншооти наву замонавии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ва маротибаи дигар дар Намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат иштирок карданд. Дар ин ноҳия моҳи июл бори аввал намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои чорводорон ва занбӯри асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба маъраз гузошта шуд. Зимни боздиди кории Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб дар моҳи август меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва
иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон
оид ба намудҳои варзиши зимистона мавриди истифода қарор дода шуданд. Охири моҳи декабр дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» бо иштироки бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Умуман дар соли 2016 бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ба пуррагӣ навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт. Моҳи август сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои
Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бобарору самарабахш ва фарогири иштирок дар
чорабиниҳои ифтитоҳи иншооти нав, оғози сохтмони иншооти дигар ва чорабиниҳои фарҳангии ҷашнӣ анҷом ёфт. Дар ин рӯзҳои хотирмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Сарвари давлат дар тантанаҳои идонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намоиши театрии аҳли фарҳанги вилоят иборат буд, иштирок карда, шодию нишоти сокинони шарафманди вилоятро бо ҳузури худ афзунтар намуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки моҳи ноябри соли 2016 Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ташриф бурда, дар шаҳри Сарбанд ба корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ва марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» оғози расмӣ бахшиданд. Охири моҳи август дар таърихи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаи саноати нассоҷии мамлакат таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ - Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии «Ҷунтай-Данғара СинСилу текстил» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир мебошад. Ҳамчунин Сарвари давлат дар ин ноҳия Донишгоҳи давлатии Данғара ва як Маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони Меҳмонхонаи муосири «Дарё2015», бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Беморхонаи бисёрсоҳавӣ санги асос гузоштанд. Дар ноҳияи Данғара Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири капиталӣ ифтитоҳ ёфт. Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан барқарор карда шуд. Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст. (Давом дорад)
Барои тарбияи наврасон тамоми сохторҳо масъуланд Дар бадахлоқ тарбия ёфтани наврасон ва ҷавонон аз ҳама бештар кормандони соҳаҳои қудратӣ айбдоранд. Барои хушахлоқ тарбия ёфтани наврасон бояд тамоми сохторҳои ҷомеа кор баранд, ин танҳо вазифаи волидон нест. Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ баён кард.Гуфта шуд, ки соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 756 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 693-тои онро ноболиғон содир намудаанд. Ба таъкиди номбурда, гарчанде ин рақам нисбат ба соли 2015 49 ҳолат кам аст, аммо то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони ВКД сафи шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ коҳиш ёфтааст. “Ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, асосан нафароне шомил мешаванд, ки саводи кофӣ ва ҷойи кор надоранд ё мавқеи худро дар ҷомеа пайдо карда наметавонанд”, иброз дошт вазир.
√ ПУРСИШИ
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигор:
Суҳроби Ваҳҳоб,
директори мактаби №13-и ноҳияи Тоҷикобод:
“ҶТ”
Дар вайрон шудани ахлоқи ҷомеа кӣ гунаҳкор аст? - Ба фикри ман дар вайрон шудани ахлоқи ҷомеа пеш аз ҳама худи ҷомеа гунаҳкор аст. Зеро ба назар чунин мерасад, ки аҳли ҷомеа имрӯз хеле бетараф аст. Дар хотир дорам, солҳои пеш чи гуна калонсонлон ба ҳар як рафтори нодурусти хурдсолону ҷавонон эрод мегирифтанд, онҳоро насиҳат мекарданд ва ба роҳи рост ҳидоят менамуданд. Мо дар бачагӣ ва ҷавонӣ, вақте аз худ калонсолтарро медидем, кӯшиш мекардем ягон сухани ноҷо нагӯем ва рафтори нодуруст накунем. Имрӯз бошад, чунин таҷриба хеле кам ба назар мерасад ва ҳатто, агар насиҳат кунем ҳам, на ҳама ба насиҳат гӯш медиҳад. Чанд вақт пеш аз назди ҳайкали Абӯалӣ Сино мегузаштем, ки як гурӯҳ хонандаҳои синфҳои болоии мактаб аз наздамон гузаштанд. Маълум буд, ки аз дарс ҷавоб шудаанд. Якдигарро бо овози баланд чунон ҳақоратҳои қабеҳ медоданд, ки ҳар шунаванда ҳатман барояшон лаънат мехонд ва аз наздашон дур мешуд, вале онҳо парво надоштанду шарм ҳам намекарданд. Мо онҳоро нигоҳ дошта, гуфтем: “Ин рафторатон хуб нест, бачаҳо. Шумо ҳар якатон хоҳар доред, модар доред. Барои ҳамин, бояд эҳтироми модару хоҳарро ба ҷо оварда, нисбат ба модару хоҳари якдигар чунин таҳқиру ҳақоратро раво набинед”. Ҳама насиҳати моро оромона гӯш карданд ва як нафар калонтарашон ба ҳамроҳонаш гуфт: “Амак рост мегӯяд. Мо бояд ба насиҳаташ гӯш кунем”. Агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, вақте мо рафтори нодурусти ҷавононро мебинем, дар ҷояш онҳоро нигоҳ дошта, ба дурустӣ хатоиашонро фаҳмонем, ба рафторашон эрод гирем ва роҳи дурустро барояшон нишон диҳем, боварӣ дорам, ки ислоҳ мешаванд. Агар ҳама бетарафӣ изҳор кунем, он гоҳ ҳам бар зарари ҷамъияту ҳам бар зарари ҷавонон анҷом хоҳад ёфт. Дуюм, мактаб бояд дар ин масъала сахтгир бошад. Зеро дар айни замон қисмати зиёди падарон дар муҳоҷират қарор доранду тарбияи асосии насли наврас ба дӯши мактаб вогузор шудааст. - Омилҳои вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гуногунанд. Кӯдак дар оила тарбияи аввалро мегирад. Агар оила аз назари ахлоқӣ солим набошад, тифл аз назари ахлоқӣ ба чолиш дучор мешавад. Пас аз оила омили бузургтарине, ки метавонад дар хушахлоқӣ ва ё бадахлоқии ҷомеа таъсири манфӣ ва ё мусбат бигзорад, муҳите мебошад, ки моро фаро гирифтааст. Ҳамчунин, мактаб. Дигар ин ки омилҳои берунии таъсиррасон дар вайрон кардани ҷомеа метавонанд таъсири бузург бирасонанд. Тарбияи падару модар ва муҳити фарҳангӣ ва ахлоқие, ки афродро дар оғӯши худ мепарварад, метавонанд боиси хушахлоқӣ ва ё бадахлоқии ҷомеа бошанд. Дар ҷомеаи суннатии гузаштаи мо барои ҳар як тифл як зумра муқаррароте ба назар гирифта шуда буд, ки барои сохтани зербинои ахлоқӣ ва равонии ҳар кӯдак таъсири бузург мегузоштанд. Гузаштан аз ҳадди ин муқаррарот, ки дар қолаби барномаҳои таълимии ғайрирасмӣ ва расмӣ мавҷуд буданд, барои соҳибони ин барномаҳои тарбиявии хонаводагӣ бонги изтироб ва хатар буд. Ахлоқ, адаб, ки бештари маврид дар ҷомеаи фарҳангии суннатии мо ҳамроҳ бо шарм ёдовар мешуд, аз шароити аслии тарбияти атфол буд. Ба ҳар сурат, фарҳанги миллӣ ва динии мо ин суннати собитро дошт. Аллома Иқбол мефармояд: Надорам он мусулмонзодаро дӯст, Ки дар дониш фузуду аз адаб кост. Яъне дар ҷомеаи суннати гузаштаи мо шарти аввал барои ҳар нафаре адаб ва ахлоқ буд ва пас аз он донишу дигар чизҳо.
√ ИХТИРОИ
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ҶАВОНОН
Дар баробари дигар соҳаҳо имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи тиб низ хеле назаррас буда, махсусан ҷавонон дар ин роҳ ба ихтироъкориву навоварӣ машғуланд. Атобой Собиров, яке аз чунин ҷавонон аст, ки то имрӯз дар соҳаи интихобнамудааш ба муваффақиятҳои гуногун ноил гардидааст.
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Навоварӣ дар соҳаи тиб Атобой Собиров соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, то соли 2012 дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и донишгоҳ магистратураро дар самти ҷарроҳӣ гузашта, онро низ бо дипломи аъло ба анҷом расонидааст. Баъди хатми магистратура ба аспирантура дохил шуда, соли 2015 рисолаи илмииашро дар мавзӯи «Аломат, ташхис ва табобати ҷарроҳии эхинококкози зеридиафрагмавии ҷигар» пеш аз муҳлат дифоъ намуда, номзади илмҳои тиб гаштааст. Дар давоми таҳсил дар аспирантура мутассадии бахши ҷарроҳии «Ҷамъияти олимони ҷавон»-и донишгоҳро бар уҳда дошт. Иштирокчӣ ва маърӯзачии фаъоли конфронсҳои илмӣамалии соҳаи тандурустӣ мебошад. Инчунин, ба ҳайси ассистент дар «Маркази таълимию тамринӣ» дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе кор ва фаъолият кардааст. Ӯ аз айёми таҳсил дар аспирантура то ҳол бо роҳбарии устодаш Ф. Маҳмадов ба 8 патент барои ихтироот ноил гаштааст, ки инҳоянд: 1. Тарзи табобати каминвазивии абсаи аппендикулярӣ; 2. Усули табобати лапароскопии перитонити аппендикулярӣ; 3. Тарзи табобати беморони дар ҳолати ғайри ҷарроҳӣ ҷойдоштаи; зардпармаи механикӣ ва холангити фассодии сабабаш омосӣ; 4. Тарзи ташхиси тафриқавии маҷроҳои талхагузари берун аз ҷигарӣ ҳангоми холесистэктомияи лапароскопии талхадони «душвор» 5. Тарзи табобати абсаҳои зеридиафрагмавӣ ва зериҷигарӣ; 6. Тарзи коркарди изи талхадон ҳангоми холесистэктомияи
√ НАЗАРИ
лапароскопии «душвор» дар беморони серози ҷигар; 7. Тарзи пешгирии осеби ятрогении маҷрои талхагузари дохил ва берун аз ҷигар ҳангоми холесистэктомияи лапароскопии «душвор»; 8. Тарзи ташхиси барвақтии ултросадоии хессаи аппендикулярӣ. Вай тарзу усулҳои табобатии ихтироънамудаи худро шарҳ дода, баён намуд, ки яке аз усулҳои ихтироънамудааш табобати лапароскопии перитонити аппендикулярӣ мебошад. Усули таботати каминвазивии перитонити аппендикулярӣ, ки обиятгардонии ковокии абса таҳти назорати ултрасадо гузаронида шуда, ковокии абса бо маҳлули антисептикии декасан шӯста мешавад, ки барои беҳтаргардонии натиҷаҳои табобати ҷарроҳӣ имконият меофарад. Тарзи табобати беморони дар ҳолати ғайриҷарроҳӣ ҷойдоштаи зардпармаи
механикӣ ва холангити фассодии сабабаш омосӣ усули табобати беморони бо зардпармаи механикии сабабашон омос бо аломатҳои холангити фасодӣ, ки ҷарроҳиашон ғайриимкон аст, мебошад. Нештарзанӣ ва обият намудани маҷроҳои талхагузар таҳти назорати ултрасонография амалиёти якмарҳилагии маҷроҳои талхагузар ба воситаи пӯсту ҷигар таҳти назорати ултрасонография гузаронида шуда, барои аз оризаҳои вазнини дохил ва баъди ҷарроҳӣ эмин шудан шароит меофарад, ки ҳамзамон натиҷаи табобати ҷарроҳии ин гуна беморонро беҳтар мегардонад. - Аслан ихтирооти мо ба ҷарроҳии узвҳои ковокии батн равона карда шудааст. Албатта мисли ҳамагуна ихтироот, мақсади асосии мо баҳри беҳтар намудан ва баланд бардоштани сифати табобати беморон ва сиҳатмандии онҳо равона карда шудааст, - мегӯяд Атобой.
ХОНАНДА
Ман дар шумораи гузаштаи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” матлаберо бо номи “Ҳаводори ҷавоҳирот” хондам. Мушоҳидаеро ки муаллиф ба тасвир додааст, ба ман бисёр таъсир кард. Махсусан, саволи “мақсади ин духтари зебо чӣ буд? Ҳадафаш ҷавоҳирот буд ё фурӯшандаи тилло ва ё ин рафтореро, ки ӯ кард ба шаъни духтари тоҷик мезебад ё не?” Воқеан ин рафтору амалеро, ки ин духар кардааст, ба шаъни духтари тоҷик намезебад. Вай барои нафсаш шуда шаъну шарафи бонуи тоҷикро паст кардааст. Ин гуна духтарон на танҳо дар мағозаҳои ҷавоҳирот, балки дар дигар ҷойҳо ҳам ба мушоҳида мерасанд. Фарангис ИСМАТОВА, донишҷӯ
4
МУЪМИНОБОД: Роҳпаймоӣ таҳти унвони “Тоҷикистон. Президент. Ҷавонон”
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
√ СОЛИ
20-уми январ дар ноҳияи Муъминобод бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ифтихори Соли ҷавонон бо иштироки беш аз 900 нафар зери шиори «Тоҷикистон. Президент. Ҷавонон» роҳпаймоии ҷавонон доир гашт. Дар доираи раҳпаймоӣ оид ба қатъномаи “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ бо ҷавонон суҳбатҳо гузаронида шуд.
2017 - СОЛИ ҶАВОНОН
Дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас мавқеи хосаро доро буда, маҳз ҳамин таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон буд, ки соли 1997 барои инкишоф ва пешравии маънавиёти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Аз соли 1998 23 майи ҳар сол дар қаламрави кишвари азизамон Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин қадршиносӣ далолат бар он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза мақоми ҷавонон рӯз аз рӯз боло рафта, нигоҳи Давлату Ҳукумат ба ин қувваи пешбарандаи ҷомеа, ҳамчун такягоҳи бузург афзун мегардад. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Тоҷикистон дар соли 2016 иқдоми дигари Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат буда, робитаи бевоситаи ҷавононро бо Сарвари давлат таъмин менамояд.
Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки таъсиси шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ
Тоҷикистон» ҷараён гирифт. Баргузории озмунҳои ноҳиявӣ таҳти унвони «Фарҳанги оиладории ҷавонон», Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ҳамоиши ҷавонон, баргузории мусобиқаи ҷавонон оид ба шоҳмот, дави миллӣ, аёдати ҷавонони маҷруҳу камбизоат ва имконияташон маҳдуд дар доираи нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ба роҳ монда шуданд. Дар қатори таш-
ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017-ро дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон карданд. Соли 2016 дар ноҳияи Деваштич таҳти шиори «Мо ҷавонон - пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
кили озмуну вохӯриҳо аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар арафаи санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо ташкили мусобиқаҳои варзишӣ низ ба роҳ монда мешавад. Махсусан, ташкили мусобиқаи варзишӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи варзишгарон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон буданд. Аз ҷониби Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузории маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон», «Ғунчаҳои санъ-
ДЕВАШТИЧ: вохӯрии раиси ноҳия бо ҷавонон ат», маҳфили «Родмардони Ватан», маҳфили доимоамалкунандаи “Кадбону” таҳти унвони “Қалъаи боэътимод оилаам” аз қабили чорабиниҳоест, ки ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон нигаронида шудааст. Бахшида ба Соли ҷавонон дар ноҳия тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Бо ҳамин мақсад дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич вохӯрии раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам бо ҷавонон баргузор гардид. Раиси ноҳия дар суханронии худ қайд намуд, изҳори умед карда мешавад, ки кӯшишу ғайрати Шумо - ҷавонон ба шарафи Соли ҷавонон дучанд мегардад. Ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои фархунда, оид ба вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободонӣ комёбиҳо ҳамроҳатон бод. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷавонон лаёқат, ташаббус, истеъдод, маҳорат, илму дониш, иродаи матин баҳри расидан ба қуллаҳои мурод дар роҳи бунёдкориву созандагӣ ва ободии кишвари азизамон чашми умед дорад. Аз номи ҷавонон Дилфу-
ҚӮРҒОНТЕППА: Ҳамоиши ҷавонон ба ифтихори Соли ҷавонон 21 январи соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба ифтихори Соли ҷавонон ва қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 20182028» аз ҷониби СММ ҳамоиш баргузор шуд. Муовини аввали раиси вилоят К. Ҳакимзода ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ф. Абдуллоева ҷамъомадагонро ба муносибати Соли ҷавонон табрик намуданд. Қайд шуд, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар доимо ба нерӯи ҷавонон дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии кишвар такя менамояд. Барои беҳбуди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди демократикунонии кишвар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Имрӯз кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳон бетараф нест. Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба ҳалли масъалаҳои норасоии об, махсусан оби ошомиданӣ дар сайёра чандин чорабиниҳо, симпозиуму конфронсҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд. Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» низ идомаи иқдомҳои роҳбарияти Тоҷикистон вобаста ба ин масъала мебошад. Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби волонтёрони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ҷамъомадагон маводҳои иттилоотӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» тақсим карда шуд. Дар фарҷом ҷавонон дар канори теппаи «Қурғон» ниҳолҳои дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинониданд.
за Ағолиқова, Зилола Зиёева ҳамшираи шафқати КАТС-и ноҳия, Ҳасанбой Ёқубзода - варзишгар, Олимҷон Саидов - афсари аз хизмати ҳарбӣ баргашта, Шаҳзода Шарипова, Райҳона Акрамова, Рамиз Холов - гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия баромад намуда, миннатдории самимии ҷавононро барои дастгирии пайваста ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд. Имрӯз дар ноҳия 23 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия мебошанд. Сафи ҷавонони эҷодкор низ афзуда, 7 нафари онҳо иштирокчии курс-конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ мебошанд. Соли 2016 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, соҳиби 94 медал, аз ҷумла, 23 медали тилло, 27 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ шуданд. Дар ноҳия 5 нафар ҷавон дар вазифаҳои роҳбарӣ кору фаъолият менамоянд. Дар соҳаи маориф 1109 нафар, тандурустӣ 286 нафар ҷавон фаъолият дошта, барои рушди ноҳия саҳми назаррас гузошта истодаанд. Айни замон аз ноҳия дар кишварҳои хориҷи кишвар зиёда аз 200 нафар дар ихтисосҳои гуногун таҳсили илм менамоянд. Беш аз 500 нафар ҷавони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандиро ба ҷо меоранд ва аксарияташон аълочии хизмати ҳарбӣ мебошанд. Баъд аз чорабинӣ мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бунафша Қутбиддинова ва гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия ба аёдати ҷавонони маъюб ва имконияташон маҳдуд рафтанд. Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХТД дар ноҳияи Деваштич
5
Пиёз – маҳсулоти №1-и содиротӣ Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ, зимни нишасти матбуотӣ соли сипаригардидаро бобарор хонда, таъкид намуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсолот афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 суръати афзоиш 5,2%-ро ташкил медиҳад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмуъ 178 843 тонна, аз он сабзавот – 100 071 тонна, меваи тару тоза - 26924 тонна, меваи хушк - 41 229 тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Чин, Афғонистон содирот карда шуд. Дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ пиёз ҳиссаи асосӣ дошт, ки ҳаҷми содироти он ба 98840 тонна баробар гардид.
√ МУШКИЛОТИ
ҲАСАН АЗИЗОВ
ҶАВОНОН
Бекорӣ – мушкили асосии ҷавонон
Соли 2016 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ камтар мебошад. Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 20-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд. Ӯ афзуд, ки соли сипаришуда 22 шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёран аз сафи ДИ хориҷ шуда, ба Ватан баргаштаанд. Дар маҷмӯъ, теъдоди нафароне, ки то ҳол аз ДИ баргаштаанд, 80 нафарро ташкил медиҳанд, ки бештари онҳо ҷавонон мебошанд. Боиси хурсандист, ки пайвастшавии сокинони кишвар ба сафи ДИ ва дигар гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва радикализм кам шудааст. Аммо ин шумора ҳоло ҳам нигаронкунанда мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд соли охир корҳои зиёде барои пешгирии пайвастани сокинон, хусусан ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ амалӣ намуд. Дар ин ҷода то андозае муваффақ ҳам шуд. Вале ба ин наметавон қаноатманд шуд. Яке аз сабабҳои шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ин гуруҳҳо бекорӣ ё ба кор таъмин нашудани онҳо мебошад. Бекории ҷавонон яке аз мушкилоти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ мекунад, ба сохторҳои марбута супоришҳои қатъӣ медиҳад, вале бо вуҷуди ҳама чораҷӯиҳо боз ҳам ин масъала доғ мемонад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки намояндагони гурӯҳҳои манфиатхоҳ шахсони пуртаҷриба ва корчалоне ҳастанд, ки аз ин ҳолатҳо хуб истифода мекунанд. Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ чанде қабл дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2016 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 119 709 нафар муроҷиат намуданд, ки 77 349 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 51 299 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта ба 32308 нафар ҷавон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тасаввур кунед, ин қадар ҷавонон вақте бекор монанд, чӣ мешавад? Ин омори расмӣ аст, ғайрирасмиаш ҳисоби дақиқ надорад. Бо назардошти проблемаҳои ҳаёти ҷавонон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кард, то барои ҳалли масъалаҳо ҳамаҷониба кӯшиш карда шавад. Мисоли равшан он аст, ки Президенти кишвар соли 2015-ро Соли оила эълон кард, то пеши роҳи ҷудошавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ гирифта шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 2015 дар кишвар шумораи ҷудошавии оилаҳо нисбат ба дигар солҳо камтар гардид. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин, шумораи занонеро, ки ба танфурӯшӣ даст задаанд, ошкор намуд. Тибқи иттилои ӯ, соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯш ба қайд гирифта шудааст, ки 9 нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Магар ин худ гувоҳи он нест, ки аксарияти онҳо аз бекорӣ ба чунин амали нангин даст мезананд? Шояд дигар сабабҳо низ ҳастанд, аммо дар аввал бекорӣ меистад. Бархе аз онҳо аз оилаи худ ҷудо мешаванд, дар хонаи падар аз ҷониби янга зери таҳқир қарор мегиранд. Чунин рафтор маҷбур мекунад, ки аз паси коре шаванд, аммо... пайдо нагардидани кори мувофиқ сабаби фиреб хӯрдани онҳо мегардад. Дигар ин ки падару модар фарзанди худро соҳиби ҳамсар мекунанд, баъди як-ду сол маҷбур мешавад, кор карда, зиндагии худ ва ҳамсарашро алоҳида пеш барад. Барои ин рӯзҳои дароз кор меҷӯяд, аммо пайдо намекунад ва аз ин хаста шуда, роҳ ба сӯйи муҳоҷират пеш мегиранд ё ба дигар корҳо даст мезананд. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соли 2016 аз ҷумҳурӣ 517308 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Дар баробари ин соли гузашта ба сохтори дахлдори вазорат вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират 98 490 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кардаанд. Магар ҳамаи ин гувоҳи он нест, ки аксарияти онҳо барои кор пайдо кардан маҷбур ба муҳоҷират рӯй меоранд? Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки онҳо ба дигар кишварҳо рафта ҷойи кор пайдо мекунанд ё не? Имрӯз мо дар бозорҳои мардикорон ҷавононеро мебинем, ки аз субҳ то шом дар сармову гармо корфармоҳоро интизор ҳастанд, то коре кунанду рӯзи худро гузаронанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки шумораи ҷинояткорон аз ҳисоби нафарони ҷое кор намекардагӣ меафзояд. Шахс, ки бекор монд, ба сараш андешаҳои гуногун меояду ба корҳои ношоиста даст мезанад. Умед мекунем, дар Соли ҷавонон Ҳукумати кишвар бештар ба мушкилоти ҷавонон, хусусан бекорӣ диққат медиҳад ва сафи ҷавонони бекор то қадри имкон кам мегардад.
√ ХОСИЯТҲОИ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ЯК ҶАВОН
Исроф
Дурӣ аз он сабаби баракат мегардад! Як махсусияти ҷомеаи мо ин аст, ки ҳар чизи нав ё бо тамасхур қабул карда мешавад ё бо эътироз. Масалан, ба мо, ки одат кардаем мусофиркашро ҳар ҷое рост омад, интизор ва савор шавем, агар гӯянд: “Шаҳрвандони муҳтарам, минбаъд нақлиётро танҳо дар истгоҳ интизор шавед”, намефорад. Бо норизоӣ мегӯем: “Ку ҳавсала, ки боз 50-100 қадам тай карда то истгоҳ равем?!” Ё агар касеро бинем, ки дар масъалаи истифодаи маблағ боэҳтиёт муносибат карда, кӯшиш дорад ба исроф роҳ надиҳад, мегӯемаш: “Хеле одами хасису “мурда” будааст!” Ҳол он ки ба исроф роҳ надодан маънони “мурда” буданро надорад...
“Сарфа кардан”, “танзим намудан”, “самаранок истифода бурдан” ё ба қавли умум “эконом кардан” аз амалҳоеанд, ки ҳарчанд дар натиҷа хубанд, вале бештари вақт соҳиби ин амалҳо ба истеҳзои дигарон рӯ ба рӯ мешаванд. Аксари мо аз тангдастӣ, камии маош ва ба рӯзгорамон нокифоя будани он шикоят мекунем, аммо дар баробари ин ончунон сермасрафу серхароҷотем, ки зарурати аввалияамон бо зарурати ғайриаввалия даромехтааст. Яъне сарриштаи истифодаи дуруст ва танзимро аз даст дода, боз шиква аз бенавоӣ мекунем. Ин дар ҳолест ки қаноат беҳтарин хислат аст ва ҳар ки аз он баҳравар аст, не миннат мекашад, не ранҷурӣ мебинад. Дар ин боб устоди адаб Саъдӣ бисёр зебо ҳикояте дорад: Ҳотами Тойро гуфтанд: - Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ? Гуфт: - Бале. Рӯзе чиҳил уштур қурбонӣ карда будам умарои арабро. Пас ба гӯшаи саҳрое ба ҳоҷате берун рафта будам. Хорканеро дидам пушта фароҳам оварда. Гуфтамаш: - Бар меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар суфраи ӯ гирд омадаанд? Гуфт: Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад. Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад. Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам... Бешубҳа, дар ҳама давру замон, хоса дар шароити ҳозира, ки дар ҷаҳон зуд-зуд буҳронҳои сохтаи иқтисодӣ ба миён оварда мешаванд, сарфакор будан бамаврид ва фоидаовар аст. Алалхусус барои як ҷавон, ки нав донишгоҳро хатм карда, мутахассис мешавад ва ба муассисае ба кор медарояд, сарфакорӣ хеле дархур аст. Зеро дар зинаҳои минбаъдаи ҳаёташ ба мисли оила ба ҳараҷу мараҷ ва бенавоӣ рӯ ба рӯ намешавад. Ҳар қадар ба сарфакорӣ барвақт шуруъ кунем, ҳамон
андоза беҳтар аст. Зеро пеши зарарро ҳар қадар барвақттар бигирем, ҳамон қадар ба фоидаи мост. Зимнан, дар ҷомеаи мо исрофкорӣ ва бенизом амал кардан замоне хеле авҷ гирифта буд, ки Ҳукумати кишвар зарур донист, Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро қабул намояд. Қонуни мазкур бисёр ба маврид буд ва ҳоло ҳам аҳамияташ гум нашудааст. Агар ба табиати қонун ва ба мақсади қабули он нигоҳ кунем, мебинем, ки маҳз замоне рӯи кор омад, ки ҷомеа ба исрофи беҳад роҳ медод, хурофотпарастӣ ривоҷ ёфта буд... Дар Қуръони муъҷизулбаён ҳам ба инсонҳо таъкид шудааст, ки: “Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф накунед!” “Ба исроф роҳ надеҳ” ё “қаноатпеша бош” гуфтан маънои онро надорад, ки кор накун, соҳиби сарват нашав, не. Балки ҳарчи мехоҳӣ соҳиб шав, вале истифодаашро танзим намо, чаро ки аз истифодаи ноҷо ва бемаврид бебаракатӣ сар мезанад. Худованд ҳам бар ивази неъматҳояш аз инсонҳо танҳо шукр мехоҳад. Исроф бошад, хилофи шукр аст ва ба таври ҳасратовар хор доштани неъмат мебошад. Ҳол он ки иқтисод ё сарфакорӣ ҳамзамон эҳтиром нисбат ба неъмат, сабаби баракат, мадори сиҳат дар бадан ва наҷот аз гадоии модию маънавист. Исроф бошад, азбаски аз ин ҳикматҳо маҳрум аст, натиҷаҳои ваҳмоваре дар пай дорад. Пас, барои насли ҷавон ҳар қадар, ки иффату ҳаё доштан зарурати зиндагист, сарфакору дар муқовимат будан бо исроф низ муҳим аст. Чаро ки бо сарфакорӣ кас аз муҳтоҷиву тангдастӣ дур мегардад. Аз муҳтоҷӣ дур гаштан худ ба навъе мояи хушҳолист. Пас, ба хотири хушҳол будан намесазад, ки аз исроф даст кашем? Зимнан, исроф на танҳо марбут ба мол аст, балки истифодаи ноҷои ҳама чиз исроф дониста мешавад. Барои як ҷавон қиматтарин ганҷ ҷавонист, ки дар сурати истифодаи нодуруст ва танзим нашудан исроф мешавад. Ҷавонӣ, ки исроф шуд, яъне бефоида сипарӣ шуд, ба ҳеҷ қимате наметавон онро пас гардонд. Баракси ин амалҳои шоистае, ки инсон дар айёми ҷавониаш анҷом медиҳад, самарашро дар вақташ набинад ҳам, дар пиронсолӣ ҳатман хоҳад дид. Масалан, агар илм андӯхт, аз дониш ба маънои томаш бархӯрдор гашт, метавонад дами пирӣ осуда бошад. Зеро андӯхтаҳояш ба дардаш мехуранд. Истифодаи ноҷои вақт ҳам бадтарини исроф ҳисобида мешавад. Ҷавонон бояд инро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд. Ё саломатии мо низ ганҷи нодирест, ки танҳо ба қадраш замони аз даст рафтан мерасем. Пас, вақти бо мо будани саломатӣ бояд онро ҳам исроф накунем. Яъне барои ҳифзаш ба варзиш ё обутоби бадан машғул шавем. Ниҳояти сухан, аз кадом паҳлуе, ки нигоҳ накунем, дур шудан аз исроф мояи сиҳатӣ, муваффақияту комёбӣ ва баракат аст. Пас, барои бенасиб нашудан аз баракат бояд бо исроф дар ҷанг бошем!
Башир УСМОН, “ҶТ”
6
Нақшаи андоз соли 2016 101 дарсад иҷро шуд
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
БАРОИ ҶАВОНОН
Соли 2016 нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 6 млрд. 985,4 млн сомонӣ ба буҷет зиёда аз 7 млрд. 53,0 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 67,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли сипаригардида, аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти 1883 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида, ба маблағи 1 млрд. 75,7 млн сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳоро ошкор карданд ва 638,7 млн. сомонияш ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба маблағҳои дар соли 2015 аз ҳисоби санҷишҳо ба буҷети давлатӣ воридшуда 211 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
√ ГУЗАШТИ
ХУРШЕД ХОВАРӢ
Худшиносӣ камолоти маънавии инсон аст
Академики Академияи умумиҷаҳонии илмҳои маҷмааҳои амниятӣ, аввалин доктори илм ва профессор дар соҳаи табъу нашри тоҷик, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, дорандаи Ордени дараҷаи олии “Ситораи тиллоӣ”-и ВАНКБ, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва муаллифи зиёда аз 60 китоби илмиву бадеӣ Қодиров Карим Собирович дар роҳи зиндагӣ ба ятимии худ нигоҳ накарда, бо машаққату ранҷҳои зиёд тавонистааст ба муваффакиятҳои зиёде ноил гардад. Аз хурдӣ меҳрубонӣ ва дасти навозиши волидонашро эҳсос накарда, қаҳтию гуруснагиҳоро бо ранҷу азоб пушти сар намудааст.
√ СОЛҲОЕ,
АЙЁМ
- Айёми аз даст додани волидон дар тифлӣ чӣ эҳсосоте Шуморо фаро гирифта буд? - Ман он рӯзгору ҳасрати марги падарро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Хуб дар ёд дорам, ки пас аз ба хок супурдани падарам хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба хонаҳояшон рафтанд. Касе дигар дар фикри оилаи мо набуд. Дар хонаи тор мо чор фарзанди ятим бо модари маъюбамон мондем, ки ҳатто нони хӯрданӣ ҳам надоштем. Баъд аз чанде модарам низ аз дунё гузаштанд ва ҳаёти ман дар кӯчаи сарбастае қарор гирифт. Гарчанд хурд будам, пас аз таҳсили мактаб, барои таъмин намудани оила пода мепоидаму шабона хирманкӯбӣ мекардам. Чун дар хонаи амакам зиндагӣ мекардем, ин ҳама гӯё дар назари амакаму завҷааш ҳеҷ буд. Барои аз ин варта баромадан роҳи халосиро танҳо дар фирор аз наздикону зодгоҳи азизам медидам. Чунин ҳам воқеъ гашт. Мубориза барои ҳаёт маро аз Муъмино-
бод ба Қӯрғонтеппа овард. Дар ин ҷо ҳамчун мардикор хиштрезӣ мекардам. Чанд муддат бо чунин ҳол умр ба сар бурдам. Чун ягона орзуям таҳсили касб кардану соҳибмаълумот гаштан буд, пас аз он ба шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтам. - Ҷавонии хешро дар чӣ рӯзгоре паси сар намудед? - Дар шаҳри Душанбе ба Омӯзишгоҳи роҳи оҳан дохил шуда, таҳсил намудам. Ҳангоми таҳсил маро ҳамроҳи 5 нафар аз ҷавонони кишвар ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣполиграфии шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия барои таҳсил дар соҳаи полиграфӣ роҳхат доданд. Ин айём барои ман беҳтарин ва ширинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ буд. Ман дар ин айём аз “ғуломӣ” гӯё ба “озодии мутлақ” расида будам. Дар вуҷудам эҳсоси худшиносиву инсон буданро дарк мекардам. Дар ҳамин айём ҳис намудам, ки инсон агар хоҳад метавонад ба баландтарин қуллаҳо расад. Ба
қавле аз доираи танги фикрронӣ берун шудаву ба олами фаррохи инсонӣ ворид гардидам. Ин сафар ба рӯям роҳи муваффақиятҳоро кушод. Хушбахтона, банда дар ин шаҳр соли 1960 таҳсилро ба итмом расонида дар Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе ба кор шуруъ намудам. Пасон таҳсили олиро оғоз намудаву оҳистаоҳиста роҳи илмро пеш гирифтам. - Ҷавонон барои расидан ба муваффақият ва дарҳол роҳ ёфтан ба зинаҳои боло ва пулдор шудан кӯшиш менамоянд. Ба андешаи Шумо, чӣ гуна ҷавон сиёсатмадор шуда метавонад? - Ҳар нафаре, ки кунҷе нишаста аз сиёсат ҳарф мезанад ва ё дар ҷамъе аз сиёсат мегӯяд, наметавон ӯро ҳамчун сиёсатдону сиёсатшинос ва сисёсатмадор номид. Зеро сиёсатмадорӣ мушкилтарин пешае мебошад, ки аз ашхоси ба ин кор вобаста аз як тараф донишу малакаи бузург, аз тарафи дигар қобилият, маҳорат ва истеъдодро талаб менамояд. Сиёсатмадор тақдири давлату миллатро бояд ҳал намояд. Барои ин доштани маълумоти олӣ кифоя нест. Ҳар лаҳза дониш андӯхтан лозим. Сиёсатмадорон ангуштшуморанд. Ҷавононе, ки мехоҳанд аз кӯчаи сиёсатмадорӣ убур намоянд, онҳоро лозим аст пайваста аз пайи донишу пажӯҳиш бошанд. Ҳамон ҷавоне метавонад сиёсатмадори хуб гардад, ки донишҳои хуби ҷамъиятиву сиёсӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ ва ғайраҳоро доро бошад. - Вобаста ба масъалаи худшиносии ҷавонон чӣ назар доред? - Яке аз масъалаҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ дарки амиқи равандҳои харобиовари замони муосир аст, ки барои пешгирии он бояд ба сатҳи баланди худшиносии миллӣ ноил гашт. Дар илми муосир ин нукта эътирофшуда мебошад, ки худшиносӣ маҳсули сатҳи баланди рушди инсон ва миллату ҷамъият аст. Худшиносӣ дараҷаи муайяни камолоти маънавии инсон мебошад. Таърихи худро пурра донистан
КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...
Ортиқи Қодир, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон: - Ман дар даврони бачагиҳоям чандин орзуву ормонҳоро дар дил мепарваридам. Вақте, ки аз кӯчаҳои деҳи мо ягон мошин чангу ғуборро ба ҳаво баланд бардошта, мегузашт (дар он замон мошин ҳам кам буд), ҳатман орзу мекардам, ки ронанда мешавам. Вақте ягон тайёраву ҳавопайморо дар осмон медидам, орзуи ҳавонавардиву ҳавонавард шудан дар дилам пайдо мешуд. Агар мабодо ягон раис ё нафари дигарро, ки дар
ҷомеа қадру манзалате доштанд, медидам, ҳатман орзуи мисли онҳо шуданро мекардам. Тақрибан дар синфи 7 ё 8 мехондам, ки як гуруҳ донишҷуёни ДМТ барои ҷамъоварии фолклор ба деҳаи мо омаданд. Як нафар муаллиме ҳамроҳи онҳо буд, ки ба мактаб омада, бо хонандагон суолу ҷавоб намуд. Ман ба чанд саволи он муаллим ҷавоб додам ва ӯ маро тавсия дод, ки баъди хатми мактаби деҳа
бояд ҳатман ба факултаи шарқшиносӣ дохил шавам. Ин тавсияи ӯ дар зеҳни ман маскан гирифту аз ин пас ягона орзуи ман шарқшинос шудан буд. Чун мактаби миёнаро ба итмом расонда, ба донишгоҳ ҳуҷҷатсупорӣ омадам, ҳуҷҷатҳои маро қабул накарданд. Сабаб он буд, ки ман дар номаи камолам аз забонҳои хориҷӣ баҳо надоштам. Ин орзуи наврасиам низ амалӣ нагардид ва ман рӯ ба санъат овардам.
ва худшинос будан пояи давлатро қавӣ мегардонад. Аз ин рӯ пешрафти устувори ҷомеа ва таҳкими асосҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва дарки амиқи худшиносии миллии мардум, махсусан, насли ҷавонро тақозо менамояд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо насли ҷавон дар масъалаи худшиносӣ ба зинаҳои хеле боло расидаанд, яъне худшиносии миллиро дар ҷойи аввал мегузоранд. - Ба андешаи Шумо ҳамчун сиёсатмадор омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ чист? - Бояд гуфт, ки дар замони муосир яроқу аслиҳаҳои наве рушд намудаанд, ки ҷои тиру туфанг ва тӯпу танкро гирифтаанд. Ин гуна аслиҳаро провокатсия мегӯянд. Имрӯз қариб тамоми мамолики ҷаҳонро ҷанги иттилоотӣ фаро гирифта, ки ин таъсиргузорӣ тариқи ВАО ба афкори омма мебошад. Маҳз яке аз сабабҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ аз ҷаҳони иттилоот дур мондан ва надоштани донишҳои дар боло зикргардида мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротиву террористӣ қувваи бузурги ҷавонон ба ҳисоб меравад. Яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ва шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ бо ҳадафҳои муғризона мебошад. Ин гуна созмонҳо бо паҳн кардани наворҳои таблиғотӣ ба мафкураи ҷавонон таъсир расонида тарафдорони худро бо чунин усулҳо зиёд менамоянд, ки ба ояндаи ҳар давлату миллат зиёновар аст. Албатта замон замони техника ва технология аст, вале набояд онро бар зарар истифода бурд. Ҷавонони моро лизим аст, ки ҳамеша шукр гӯянд ва дар пойдории давлати азизи хеш саҳми арзанда дошта бошанд. Ман аминам, ки дар ҳеҷ давраи таърихӣ миллати тоҷик чунин худшиносиву худогоҳӣ ва истиқлолияти комилро доро набуд.
Истифодабарандагони об 75,3 млн. сомонӣ қарздоранд
Аз ҷониби истифодабарандагони об ба маблағи 45,0 млн. сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки 61 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 4,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро дар бобати обрасонӣ ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд ҳам, вале хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд. Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи қарз аз ин ҳисоб 27,6 млн. сомонӣ ва бо назардошти қарзи солҳои пешин 75,3 млн. сомониро ташкил менамояд. Ба таъкиди номбурда, бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 19,48 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 5,3 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.
√ АСРОРИ
ҲУНАР
Ҳар кас ҳунарманд шуда наметавонад Сарояндагӣ аз зумраи ҳунарҳоест, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо то ба имрӯз омада расидааст. Дар ҳар давру замон нафарони қобилиятноку дорои маҳорати баланд ба ин касб машғул мешуданд. Исбот шудааст, ки на ҳар кас дар ин роҳ муваффақ шудааст.
Имрӯз нафароне, ки дар ҷодаи сурудхонӣ пайи эҷод қарор дошта, комёбу муаррифӣ гаштаву писандаи ҳамагон гардида бошанд, ангуштшуморанд. Яке аз ҳунармандоне, ки дар роҳи мазкур муваффақ асту машҳур, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонист. Вақте аз ҳамсуҳбати хеш доир ба муваффақияташ пурсон шудем, иброз дошт, ки ҳар ҳунарро, вақте инсон интихоб менамояд, бояд ки аз уҳдаи он баромада тавонад. Сирре, ки инсон маҳбубият пайдо менамояду дӯстдори халқ мегардад, ин танҳо аз рӯйи меҳнати ҳалол ва заҳматҳои шабонарӯзиаш мебошад. Мардум ҳамин хел аст, ки бояд фақат барои онҳо чизҳои нав эҷод карда, сурудҳои нав ба навро пешниҳод созед. Агар эҷодкори ҳақиқӣ бошаду санъаташро дӯст дорад, ҳатман маҳбубият пайдо менамояд. Шахсе, ки ҳунарманди асил шуданист, меҳнат намуданаш даркор. – Бо ду роҳ метавонед машҳур шавед. Якум, бо роҳи пешниҳоди чизҳои сабук, чунки мардуми мо чизҳои сабук, ба монанди сурудҳои ҳаҷвиро тез мепазиранд. Роҳи дигараш ин аст, ки шумо метавонед бо сурудҳои баландмазмун, шеърҳо аз классикон ва шоирони имрӯзаро интихоб карда, ба мардум расонед. Ҳар шеъру суруд бояд рӯзгори ҳамон мардумро дар бар гирад. Мардум ҳамон чизи хондашударо дарк кунад, ки ин суруд дар васфи ман гуфта шудааст. Мо бояд тавассути шеъру сурудҳоямон мардумро тарбия намоем. Ман шукр мегӯям, ки қариб дар ҳамаи мавзуъҳо таронаву суруд хондаам. Сурудҳои хондаам албатта шунавандаи худашро ёфтаасту ба дарди нафаре ҳамдам гардидааст. Зиндагӣ худ дард аст ва шоире ҳам гуфтааст ки: Гар ба дил дарде набошад,
То рӯхи зарде набошад... Зиндагӣ маъно надорад. Асоси ҳамаи сурудҳову васф карданҳои мо зиндагӣ аст. Мо ҳамеша ҳаракат мекунем, ки дар кадом лаҳзае, ки набошад, баҳри мардум чизи хубе эҷод намоему пешкаш, - мегӯяд Х. Зарафшонӣ. Турсуной Ҷабборова пайваста таронаҳои ин ҳунармандро мешунавад. Вақте суол намудем, ки чаро маҳз сурудҳои Хосияти Зарафшониро меписандад, чунин посух дод: – Садои Хосияти Зарафшонӣ бароям хеле писанд аст. Ҳар сурудашро тарзе пешкаши шунаванда менамояд, ки ҳатман ба қалб мерасад. Садои хуб дорад ва дар баробари ин оҳангу шеърҳои баландмазмунро интихоб намуда, пешкаш месозад. Сурудҳои ӯ ба кас рӯҳи тоза мебахшанд ва шахсро тарбия менамоянд. - Ҳунар чист ҳунарманд кист? - Ҳар кас ҳунарманд шуда наметавонад. Ҳунарманд бояд барои ҳунари худашро сайқал додану онро ба авҷи фалак расондан зиёд талош намояд. Меҳнату бисёр машқ накунед, ҳунарманд шуда наметавонед. Масалан, меравед, як шеърро аз хориҷиҳо гирифта мехонед, ба мисли баъзе ҳунармандони ҷавони имрӯза, бигзор дар ибтидо чунин бошад, лекин роҳу равиши худро ёфтан даркор. Ба мисли устодони санъати мо ки мактаби худашонро доранд. Ман ҳам шогирди Ҷурабек Муродов ҳастам ва фахр менамоям, ки аз устод шеър интихоб карданро, байни мардум гаштану сухан гуфтанро омӯхтем. Ҳунарро вақте Худо дод, онро ҳифз кардан даркор. - Имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба санъат бештар гардида истодааст. Вобаста ба ҳунари сарояндагони ҷавон чӣ назар доред? - Ҳунармандон ва ё сарояндагони имрӯза бисёрашон, бовар кунед, чӣ мехонанд, сурудҳоро аз куҷо мегиранд ва ё худашон
менависанд, ки фаҳмида намешавад. Ман аз як чиз меранҷам, ки имрӯз куҷоро нигоҳ мекунанд нафароне, ки ба ҳамин корҳо вобастаанд. Ҳозир осон шудааст, синтезаторро мемонану хонда рафтан мегиранд. Чизе ки бошад, мегӯянд эстрада. Лекин эстрада меҳнати зиёд талаб мекунад. Он чизҳое, ки ҷавонони мо мехонанд, инро ба кӣ меомӯзонед дар оянда? Бинобар ин, бояд зери назорат бошад. Солҳои пеш ҳар як суруди моро махсус ҳунармандон ва шоирон буданд, ки аз назар мегузарониданду маънояшро мефаҳмиданд ва баъд иҷозат медоданд, ки мо онро сабт намоем. То иҷозат намедоданд, мо сурудро сабт карда наметавонистем. Бинобар ин, чунин чизҳоро пешгирӣ мекард. Ҳоло ҷавонон ду-се суруди бемазмунро агар хонад, насли хурдсол алаккай ёд мегираду ҳамин хел тарбия меёбад. Ҷавонон чизе гӯянд, хурдсолон меомӯзанд. Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш дорам, ки шеърҳои пурмазмун хонанд. - Ҳунарманд кадом вақт худро муваффақ меҳисобад? - Ҳунарманди асил ҳеҷ вақт муваффақ намешавад. Барои он ки чӣ қадар меҳнат мекунед, ба мардум муаррифӣ мешаведу мардум шуморо дӯст медорад, лекин боз фикр мекунед, он чизе ки ба мардум бояд расонед, ҳамон чиз нест. Рӯз аз рӯз чӣ қадар меҳнат накунед, боз чизҳои нав ба нав пайдо мешаванд, ки шумо ҳоло онро ба мардум расонда натавонистаед. Ҳунару санъат беохир аст. Агар ҳунарманде гӯяд, ки тамом, хизматамро кардаму дигар кор намекунам, фикр мекунам, ки вай дар байни мардум мурда бошад. Аз ин рӯ, ҳунарманд то охирин нафас бояд эҷод намояд. Чунки булбул то ҷон дорад, аз хондан намемонад. Ҳунарманди асил ҳам ҳамин хел аст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
√ МАСЛИҲАТИ
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
“ҶТ”
Аксари ҷавонон гумон мекунанд, дар мактаби олӣ навиштан камтар буда, вақти зиёдашонро бо дилхушӣ мегузаронанд. Аммо чунин нест. Агар шумо андеша дошта бошед, ки НОИЛАИ АБДУФАТТОҲ навиштани конспект дар донишгоҳ кори зарурӣ нест, хатои калон мекунед. Табиист, ки дафтари шуморо муаллим дар донишгоҳ намесанҷад, вале шумо бояд худатон донед, ки бе конспект шумо таҳсил карда наметавонед. Маълумоти заруриро дар китоб ё интернет ҳамеша пайдо кардан ғайриимкон аст. Бо ҳамин сабаб ба шумо лозим аст, ки муаллимро бо диққат гӯш карда, лексиҳояшро конспект кунед, зеро барои имтиҳонсупорӣ зарур мегардад.
Тарзи навиштани конспект Чанд қоидаи соддаи навиштани конспект мавҷуд аст: 1. Кӯтоҳ навиштани калимаҳо. Вақте муаллим дар бораи ягон масъала дуру дароз суҳбат мекунад, ба шумо зарур меояд, ки фикри асосиашро фаҳмед ва онро ба таври мухтасар нависед. Масалан, муаллим дар бораи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чизе мегӯяд. Ба шумо лозим аст, ки унвони мазкурро мухтасар ИДМ нависед. Калимаҳои мухтасаркардашуда стандартӣ мебошанд, яъне агар минбаъд онҳоро дар матни навиштаатон дучор оед, маънояшонро мефаҳмед. 2. Охири калимаҳои навиштаатон дар аксари мавридҳо ба мазмуни чизи навиштаатон таъсир намерасонанд. Бо ҳамин сабаб, шумо метавонед охири калимаҳоро мухтасар нависед. Эҳтиёт шавед ва калимаҳоро аз ҳад зиёд кӯтоҳ нанависед, зеро баъд аз гузаштани чанд муддат шумо эҳтимол онҳоро хонда натавонед. 3. Ибораи номи мавзӯъро метавонед ба аббревиатура табдил диҳед, яъне фақат ҳарфҳои аввалашро нависед. Масалан, «Системаи сиёсии давлатҳои ИДМ»-ро “СС дав-ҳои ИДМ”. Ҳам кӯтоҳ, ҳам фаҳмост. 4. Дар математика мо мудом аз калимаҳои кӯтоҳкардашуда истифода мебарем. Барои чӣ ҳамин таҷрибаро дар иқтисодиёт, ки пур аз рақаму формулаҳо аст, истифода накунем? Агар шумо тарзи кӯтоҳкунии калимаҳоро худатон ёд гиред, он гоҳ аз формулаҳои дигарон истифода намебаред. Вале формулаҳоро ҳам аз ҳад зиёд кутоҳ накунед, зеро ҳамсабақонатон онҳоро фаҳмида наметавонанд. 5. Баъзан муаллим лексияашро пароканда мехонад, эҳтимол ҷойҳои муҳими мавзӯъро фаромӯш мекунад. Дар натиҷа, конспекти шумо ҳам ба як чизи ноҳамвору нофаҳмо табдил меёбад. Бо мақсади ба чунин камбудӣ роҳ надодан баъд аз ҳар сархат фосила гузоред. Муаллим шояд чизи фаромӯшкардаашро такроран мегӯяд ва дар ҳамон фосилаи гузоштаатон онро менависед. 6. Дар мактаб ба мо ҳамеша мегуф-
танд, ки дафтари паҳлӯҳояш майдони холидошта хуб аст. Гуфтан лозим аст, ки дар ҳақиқат дар паҳлӯҳои саҳифаҳо бо хат ҷудо кардани майдон хуб аст, зеро майдони холии саҳифаҳо барои навиштани ҳар гуна ёддошт зарур аст. Масалан, шумо чӣ гуфтани муаллимро намефаҳмед. Дар ин ҳолат дар қафои ҳамон ҷумла дар майдони холӣ ишора мегузоред ва чизи нафаҳмидаатонро аз муаллим мепурсед. Агар муаллим ягон фикри бисёр муҳим гуфта бошад, дар қафои ҳамон фикр дар майдони холӣ аломати хитоб мегузоред, зеро дар вақти зарурӣ онро ба осонӣ пайдо карда метавонед. 7. Маълумотро паси ҳам навиштан хуб нест, зеро вақти хондан эҳтимол онро нафаҳмед. Бо ҳамин сабаб ҳар иттилоъро аз сатри нав нависед. Вақти ба имтиҳон тайёрӣ дидан ин кор ба шумо кӯмак мерасонад ва хато намекунед. 8. Агар шумо ботинан рассом бошед, ин ҳунаратонро пинҳон накунед. Маҳз дар ҳамон майдонҳои бо хат ҷудошудаи саҳифаҳо расм кашед, зеро расми кашидаатон барои дар хотир мондани иттилооти муҳим кӯмак мерасонад. 9. Баъзе донишҷӯён бо мақсади аз ҳам ҷудо кардани маводи зарурӣ аз қаламҳои ранга истифода мебаранд. Қайд кардан лозим аст, ки усули мазкур ҳаргиз нафъ надорад, дар баъзе маврид ҳатто хотири донишҷӯро парешон месозад. Маслиҳат он аст, ки ҳангоми навиштани конспект аз қаламҳои ранга худдорӣ кунед. Агар ба шумо чизеро ҷудо кардан лозим бошад, зери он хат кашед кофист. 10. Ҳамаи дарсҳои курсро дар як дафтар конспект кардан лозим нест, зеро вақти ба имтиҳон тайёрӣ дидан дар байни мавзӯъҳои гуногуни фанҳои гуногун роҳгум мезанед. Беҳтараш барои ҳар фан як дафтари алоҳида гиред. Боз як маслиҳати муҳим. Баъд аз имтиҳонро супоридан конспектатонро напартоед. Аввалан, ҳамон мавод эҳтимол ба худатон ягон вақти дигар зарур мешавад, масалан, ҳангоми кор ё аттестатсия дар ҷои кор. Ё онро метавонед ба донишҷӯи дигар фурӯшед.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Тими ҷавонони кишвар мусобиқаи Гранаткинро бо ғалаба ба анҷом расонд Тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-18) бозиҳояшро дар мусобиқаи байналмилалии футбол ба хотираи аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин бо ғалаба бар тими ҷавонони Ҳиндустон (1:0) барои ҷои 15-ум ба анҷом расонд. Голи ягонаро дар ин дидор нимҳимоятгари тими “Вахш” Умарҷон Шарифов зад. Ҳамин тариқ тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқа ба хотираи Гранаткин шаш бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ шогирдони Виталий Левченко бар тими Юнон ғалаба карда (1:0), аз дастаи Булғористон шикаст хурданд (0:1) ва бозиро бо тими ҷавонони Эстония мусовӣ анҷом доданд (1:1). Дар бозиҳо барои ҷойҳои 9-16-ум футболбозони ҷавони кишвар ду маротиба дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бозиро бохтанд: аввал Белорус (6:7), баъдан Литва (4:5). Руссия дар финал тими Қазоқистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Тими Санкт-Петербург бар дастаи Юнон ғалаба карда (4:2), ҷои сеюмро ба даст овард.
√ ИСТЕЪДОДҲОИ ШОДИХОНИ НАЗАР
ҶАВОН
Ҷисми хурду ҷасорати бузург
- Вақте дар назди худ мақсад гузоштам, ки ба хотири муаррифии миллату давлат ба варзиш машғул мешавам, падару модарам розӣ шуданд. Аммо иддае аз одамон сабаб гардиданд, ки маро як ноумедӣ фаро гирифт. Дар назди худам, падару модарам мегуфтанд, ки барои духтар тамрин зебанда нест, духтарро чию тамринаш чӣ. Баъдан ба гапи онҳо одат кардаму мақсад гузоштам, ки бояд худро чунон муаррифӣ намоям, ки барои дигарон намуна бошам ва сафи духтарон дар толори варзишӣ зиёд гардад. Аввалин шахсе, ки дунболи ман вориди толори варзишӣ гашт, хоҳарам буд ва оҳистаоҳиста ба шахсоне, ки дар симои духтар варзишгарро дида наметавонистанд, фаҳмонидем, ки духтарон ҳам қатори писарон вазифадоранд, ки барои обурӯи миллату давлатро бардоштан миёни дигар халқиятҳо ба варзиш машғул шаванд, - мегуяд Сафия Исмоилова. Сафия ҳамагӣ 18 сол дорад. Давоми се сол мешавад, ки дар намуди таэквандо ИТФ тамрин мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба намуди варзиши муҳорибаҳои якҳарбаи шарқӣ шавқу рағбати зиёд дошт ва ҳамин буд, ки ӯ дар пешаи интихобкардааш муваффақ шуд ва миёни варзишгарону мураббиён ҳамчун як варзишгари касбӣ шинохта шуд. “Дар оилаи мо ягон варзишгар набуд. Вақте ки дар хурдсолӣ филмҳои Ҷеки Чанро тамошо мекардам, шавқи варзишгар шудан дар дилам пайдо шуд. Бо сабаби он ки дар оила чор нафар духтар будем ва дар наздикиҳои хонаамон толори варзишӣ набуд, падарам нагузоштанд, ки аз хурдӣ тамрин карданро оғоз кунам. Вақте ки дар ноҳияи Шаҳринав маҷмааи варзишӣ ифтитоҳ ёфт, баҳси ману падарам хотима ёфт ва ман қадамҳои нахустини худро соли 2014 ба толори варзишӣ ниҳодам”, - ба ёд овард Сафия. Сафия баъди се моҳи тамрин дар мусобиқаҳо маҳорати баланд нишон дода, шомили дастаи яккачини ноҳия гардид. Акнун барои ин духтари ҷавон имкони дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ иштирок кардан фароҳам омад. Ӯ баъди қаҳрамони ҷумҳурӣ гардидан, тамрин ва муҳорибаҳои вазнинро пушти сар намуд а , роҳхат ба чемпиоанти ҷаҳонро ба даст овард: “То чемпионати ҷаҳон рафтан рӯзҳои душворро пушти сар кардам, дар баробари тамринҳои зиёд миёни оила ва мураббиям нофаҳмиҳо ба миён омад. Мураббиям таъкид мекарданд, ки дар чемпионати ҷаҳон дар вазни 40 кило баромад кунам. Ман барои вазнамро тағйир надодан кам мехӯрдаму зиёд тамрин мекардам. Падару модарам бо-
шанд, ҳар замон таъкид мекарданд, ки зиёд ғизо истеъмол карда, вазн гирам. Дар миёна монда будам ва чанд бор варзишро тарк карданӣ шудам. Вале орзуҳои кӯдакиям намегузошт, ки аз варзиш канор равам ва ҳамин тавр чемпионати ҷаҳонро бо муваффақият гузаронидам, ки бароям фаромӯшнашуданист”. Чемпионати ҷаҳон соли 2016 дар шаҳри Андралияи Италия бо иштироки зиёда аз 50 давлати дунё баргузор гардид. Сафия дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 40 кило қувваозмоӣ намуда, дар давраи ниҳоӣ аз варзишгари Корея мусобиқаро бохт ва соҳиби медали нуқра шуд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 50 кишвари ҷаҳон мақоми чорумро касб намуд. Ин мусобиқа дар ҳаёти варзишии Сафия хотирмон ба ҳисоб меравад. - Ин аввалин мусобиқае буд, ки ман Тоҷикистонро миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кардам. Ҳаяҷону эҳсосотам зиёд буд. Бисёр мехостам, ки парчами кишварро дар зинаи якум парафшон намоям. Аммо дар даври ниҳоӣ таҷрибаи варзишиам камӣ кард. Ҳарифони ботаҷриба зиёд буданд, бо онҳо муҳорибаҳои шадидро пушти сар намудам. Аз ин пас барои мақоми аввали чемпионати ҷаҳон мубориза мебарам, - мегуяд С. Исмоилова. Баъди пурра ошонӣ пайдо намудан ба ин намуди варзиш, варзишгари муваффақи таэквандо ИТФ Сабина Тураеваро дар зиндагӣ идеал интихоб намуда, баҳри амалӣ гардидани орзуҳояш ҷаҳду талош мекунад: “Зинаҳои мушкил дар пеш аст ва барои паси сар намудани онҳо заҳматҳои зиёд лозим. Тасмим гирифтам аз ин баъд дар вазни 52 кило Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намоям. Дар ин вазн дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ҳарифони ботаҷриба зиёд аст ва бар онҳо ғолиб баромадан машақатҳои зиёдро талаб мекунад. Орзуи ягонаам ҳамин аст, ки парчами кишварро дар зинаи якуми чемпионати ҷаҳон парафшон намоям”. Сафия Исмоилова дар баробари варзишгари фаъол будан, миёни ҳансинфон намуна аст. Гирандаи стипендияи Президенти ҷумҳурӣ мебошад. Нақша дорад, баъд аз хатми мактаби миёна б а факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон дохил шавад. Зимни суҳбат таъкид намуд, ки дар ягон ҳолат нияти варзишро тарк кардан надорад ва дар варзиш боқӣ мемонад.
Ҷадвали даври интихобии Ҷоми Осиё2018 миёни бонувон тасдиқ шуд Тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби бонувони Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ ва АМА бозӣ мекунад. Даври интихобии гурӯҳи “А” 3-12 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозии аввали тими бонувони мо таҳти роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов 3 апрел бо тими бонувони Ироқ доир мегардад. Дар натиҷаи қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 дастаҳо ба ҷор гурӯҳ тақсим шуданд – 3 гурӯҳи панҷдастаӣ, як гурӯҳи шашдастаӣ. Дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Ҳонконг, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ дар гурӯҳи “В”, Тайланд, Тайбэйи Чин, Лубнон, Фаластин, Гуам дар гурӯҳи “С” ва Ветнам, Мянма, Эрон, Сурия ва Сингапур дар гурӯҳи “D” барои роҳхат ба даври финалӣ рақобат мекунанд. Тими мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбон дар даври финалии Ҷоми Осиё-2018 иштирок мекунад. Дар сурати дар даври интихобӣ дар гурӯҳи “А” ҷои аввалро сазовор шавад, дастае, ки ҷои дуюмро ишғол мекунад, соҳиби роҳхат мегардад. Ба даври финалӣ ғолибони чор гурӯҳ роҳхат мегиранд. Ҳамчунин, тими Урдун ва се дастаи беҳтарини чемпионати охирини Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир гашта буд, дар даври финалӣ ширкат мекунанд. Инҳо дастаҳои Ҷопон, Австралия ва Чин мебошанд.
Ҷоми Осиё-2019: Тоҷикистон, Филиппин, Яман, Непал дар як гурӯҳ Дар натиҷаи қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 23 январ доир гашт, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" афтод. Дар даври финалии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, бори аввал 24 даста ширкат мекунанд. 12 даста, аллакай маълуманд. Инҳо дастаҳои даври сеюми интихобии ЧҶ-2018 - Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Узбекистон, Ироқ, Қатар, Сурия, Тайланд, Чин, Арабистони Саудӣ ва АМА мебошанд. барои 12 роҳхати дигар 24 даста талош мекунанд. Дар натиҷаи қуръакашии имрӯза дастаҳо ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври финалӣ роҳхат мегиранд. Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳояшро дар
даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 28 март оғоз мекунад. Дар ин рӯз тими миллии мо дар меҳмонӣ бо дастаи Яман вомехурад. Дар даври дуюм 13 июн шогирдони Ҳаким Фузайлов дар майдони худ тими Филиппинро қабул мекунанд. Даври сеюм, ки 5 сентябр ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби Тоҷикистон ба меҳмонии напалиҳо меравад. Дар даври чорум 10 октябр Непал ба Тоҷикистон меҳмонӣ меояд. 14 ноябр дар даври панҷум тими миллии футболи кишвар Яманро қабул мекунад ва дар даври охирон шашум 27 марти соли 2018 дар меҳмонӣ бо Филиппин вомехурад.
НАТИҶАИ ҚУРЪАКАШИИ ДАВРИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2019 Гурӯҳи «А»: Қирғизистон, Ҳиндустон, Мянма, Макао. Гурӯҳи «В»: ҶХДК, Ҳонконг, Лубнон, Малайзия. Гурӯҳи «С»: Урдун, Ветнам, Афғонистон, Камбоҷа. Гурӯҳи «D»: Уммон, Фаластин, Малдив, Бутан. Гурӯҳи «E»: Баҳрайн, Туркманистон, Тайбэйи Чин, Сингапур. Гурӯҳи «F»: Филиппин, ТОҶИКИСТОН, Яман, Непал.
9
Ду бохти «Истиқлол» дар Анталияи Туркия Чемпиони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, ки машғулиятҳои тамриниву машқиашро имрӯзҳо дар Анталияи Туркия мегузаронад, 23 январ дуюм бозии санҷишиашро доир кард.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
Ҳарифи навбатии тими Душанбе клуби футболи “Қайсар”-и Қазоқистон буд. “Истиқлол” ҳисобро кушод, аммо дар ниҳоят бозиро бо ҳисоби 1:3 бохт. Дар бозии аввали санҷишӣ “Истиқлол” аз дастаи “Интер”-и Озарбойҷон шикаст хурда буд – 1:2. Сеюм бозии санҷишии чемпиони Тоҷикистон 26 январ бо дастаи “Пандурий”-и Руминия ба нақша гирифта шудааст.
√ МАЙДОНИ
ДУНЁИ ВАРЗИШ
САБЗ
Мессӣ - беҳтарин футболбози сайёра “Сару садоҳои зиёде оид ба пайдо шудани бозингари боистеъдод дар Академияи футболи “Барселона” паҳн гардид ва мо роҳ пеш гирифтем ба варзишгоҳ то аз наздик бозии ӯро назора намоем. Ёд дорам, ки дар яке аз вохӯриҳо Мессӣ дар 14 дақиқаи аввали бозӣ 4 тӯбро вориди дарвозаи рақиб намуд. Табиист, ки мо хостем вай доимӣ ба дастаи мо бипайвандад. Ҳангоме ки ӯ ба синни 16 расид, “Барселона” бо Мессӣ аввалин қарордоди ғайрирасмӣ имзо намуд”, - мегӯяд собиқ президенти клуби “Барселона” (2003-2010) Жоан Лапорта. Лионел Андрес Мессӣ 24 июни соли 1987 дар шаҳри Росариои Аргентина ба дунё омадааст. Падараш Хорхе Горатсио Мессӣ дар яке аз корхонаи металлургӣ кор мекард. Модараш Мария Селия Мессӣ дар вақтҳои холигӣ ба фаррошӣ машғул буд. Дар оила ба ғайр аз Мессӣ бародаронаш Радриго, Матиас ва хоҳарзодааш Мария зиндагӣ мекарданд. Бори нахуст Лиоро бибиаш Селиа ба тамрин бурд ва ба домодаш Хорхе тавсия дод, ки Мессиро ба дастаи ҳаводорон ҳамроҳ намояд. Месси футболро дар панҷсолагиаш дар дастаи ҳаводорони “Грандола” оғоз намуд. Имрӯз Мессӣ ҳамеша баъди ба дарвозаи ҳариф задани гол сӯи осмон нигоҳ мекунад. Ӯ сабаби ин амалашро шарҳ дода гуфтааст: “Ман голҳоямро ба бибиям мебахшам. Маҳз ӯ ба падарам тавсия дод, то маро ба машқҳои футбол барад. Ӯ даргузашт ва намебинад, ки ман то куҷо расидам”. Соли 1995 ӯ ҳамчун бозингари касбӣ дар дастаи “Невеллс Олд Бойс” бозиашро шуруъ намуд ва соли 1997 бо ин даста ғолиби Ҷоми дӯстии Перу гардид. Баъд аз ташхис дар 11-солагиаш маълум намуданд, ки Мессӣ ба бемории рушди гармон (инкишоф наёфтани бадан) гирифтор шудааст. Барои барқарор намудани саломатии Лио ҳар моҳ 900 долари амрикоӣ зарур буд, аммо клуб имкони пардохти ин маблағро надошт.
Хушбахтона менеҷер машҳури дастаи “Барселона” Хосе Мария Могела аз бемории Мессӣ огаҳӣ ёфт. Хосе Мария мегӯяд: “Ман дар бораи Мессӣ аз шиносони худам, ки ҳамроҳам бо футболбозони дигари аргентинӣ дар мактаби “Марка” кор менамуданд, маълумот пайдо намудам. Онҳо сабти бозиҳои Мессиро ба ман фиристоданд ва ман дидам, ки ӯ то чи андоза боистеъдод аст. Натиҷаи бозии нишондодаи ин навраси 12-13-сола он замон хеле ҳайратовар буд ва “Барселона” ниҳоят ба қароре омад, ки ӯро ба ҳайати худ гирад”. Карлес Рексач, мураббии мактаби махсуси варзишӣ дар ёддоштҳояш менависад: “Мо ҳамроҳи Мессӣ, бародар ва падари ӯ дар қаҳвахона будем. Наздамон варақ набуд, аз ин рӯ қарордодро рӯи салфеткаи оддӣ навиштем”. Шубҳае нест, ки он салфетка гаронтарин дар ҷаҳон бошад, зеро он ба Мессӣ солона то 60 000 евро даромад овард. Лионел Мессӣ дар 13-солагиаш ба дастаи ҷавонони «Барселона» пайваст. Дар нахустин бозии худ 4 гол вориди дарвозаи рақиб намуд. Дар ҳамон
мавсим дар 30 бозӣ 37 гол зад. Мессӣ дар кӯтоҳтарин вақт тавонист ба дастаи захиравии “Барселона” дохил шавад. Мессӣ ба майдон нахустин бор дар ҳайати асосии “Барселона” 17 ноябри соли 2003 дар бозии дӯстона бо “Порто” баромад. Дар бозии расмӣ Мессӣ 16 октябри соли 2004 ба муқобили “Эспанола” баромад намуд ва бозӣ бо ғолибияти каталониягиҳо (1:0) ба анҷом расид. Мессӣ дар бозӣ ба муқобили “Албасет” голи нахустини худро дар саҳифаи таърихаш навишт. Ин гол баъд аз партофти бозингари машҳури он замон Роналдино анҷом ёфт ва дар таърихи дастаи “Барселона” хурдтарин бозингар дониста шуд. Дар он вақт Мессӣ 17 солу 10 моҳу 7 рӯз дошт. Роналдино дар яке аз ёдоштҳояш мегӯяд: “Ёд дорам, мо барои тамошои бозии ӯ ба академия меомадем, сипас вай ба ҳайати асосии даста пайваст. Бозии аввалини ӯро дар хотир дорам, зеро Мессӣ аввалини голи худро пас аз партофти ман вориди дарвозаи рақиб намуд. Ӯ рафиқи
беҳтарини ман аст”. Дар он солҳо ситораи асосии дастаи “Барселона” Роналдино буд. Мессӣ ба тадриҷ ба майдон ворид гардида, миёни мухлисон шуҳрат пайдо мекард. Ӯ яке аз дастпарварони академияи футболи Барселона (Ла Масия) буд. Роналдино ва Райкард (сармураббии Барселона 2003-2008) дар ин раванд нақши бориз доштанд. Лио қадам ба қадам пеш мерафт. 7 декабри соли 2004 ба Мессӣ мушараф гашт, ки дар бозии Лигаи қаҳрамонҳо ширкат намояд ва он рӯз ӯ бо дастаи “Шахтёр”-и Донетск бозӣ намуд, аммо дар ин рақобат дастаи “Шахтёр” бо ҳисоби 2:0 ғолиб баромад. Мессӣ соли 2004 дар яке аз мусоҳибаҳояш мегӯяд, ки “Барселона” ин мавсим бисёр ҳам пурқувват аст ва метавонад ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Даста дар пеш бозиҳои зиёд дорад, ин имкон
медиҳад, то футболбозони тозакоре мисли ман дар ҳайати асосӣ вориди майдон шаванд. Соли 2005 Мессӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Аргентина дар чемпионати Амрикои Ҷанубӣ ширкат намуда, роҳхат ба чемпионати ҷаҳонро ба даст оварданд. Дар Ҷоми ҷаҳон 6 гол ба дарвозаи ҳарифон ворид намуд ва дастаи мунтахаби ҷавонони Аргентина ғолиб омад. Дар мавсими 2006/2007 Мессӣ дар Лигаи Испания бозии бузург нишон дод. Дар бозии “Эл класико” ба
дарвозаи “Реал” тавонист 3 гол занад (3:3). Кори Мессӣ дар Лигаи қаҳрамонҳо соли 2006 омад накард. Бо сабаби лат бардоштанаш ӯ дар финали Лигаи қаҳрамонҳо бар муқобили “Арсенал” ба майдон набаромад. Тими мунтахаби Аргентина бошад, дар марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2006 аз Олмон шикаст хурд. Тибқи одат дар Аргентина футболбози ҷавону умедбахш ҳатман ба Диего Марадона муқоиса карда мешавад. Мессӣ низ истисно набуд. Соли 2007 дар феҳристи довталабони “Тӯби тиллоӣ” мақоми сеюмро касб намуд. Аргентиниҳо ҳарчи бештар ӯро ба Марадона муқоиса мекарданд, пас аз чанд вақт дар нимфинали Ҷоми Испания дар бозӣ бо “Хетафе” Мессӣ “голи аслӣ”-и Диего Марадонаро, ки соли 1986 зада буд, такрор намуд. Тақрибан аз ҳамон масофае, ки Марадона ҳаракат намуд, ҳаракат кард, ба ҳамон масофа (62 метр)-е, ки давида буд, давид, ҳамон теъдод ҳарифон (ҳамроҳ бо дарвозабон 6 кас)-ро фиреб дод, ҳамчунин, ба тарафи рости бурҷи дарвоза тохт... Мессӣ дасто-
варди дуюми Марадона - бо дасташ ба дарвозаи ҳариф гол заданро ҳам такрор кардааст (ба дарвозаи “Эспанол”). Аммо худи Мессӣ гуфтааст: “Ман талош мекунам, ки аз баробарсозиҳо бо Марадона бигурезам, зеро барои ман ҳеҷ касе мисли вай нест”. Мессӣ аз соли 2003 дар дастаи “Барселона” ҳамагӣ 635 бозӣ анҷом дода, ба дарвозаи рақибон 523 гол задааст. Бо дастаи “Барселона” то имрӯз чор бор ҷоми Лигаи қаҳрамонҳо (2005/2006, 2008/2009, 2010/2011, 2014/2015), ҳашт бор унвони қаҳрамонии премери Испания (2004/2005, 2005/2006, 2008/2009, 2009/2010, 2010/2011, 2012/2013, 2014/2015, 2015/2016), чор бор Ҷоми Испания (2008/2009, 2011/2012, 2014/2015, 2015/2016), ҳафт бор
ШАҲБОЗИ АСОМИДДИН
Абарҷоми Испания (2005, 2006, 2009, 2010, 2011, 2013, 2016), се бор Абарҷоми Аврупо (2009, 2011, 2015) ва се бор чемпионати ҷаҳон миёни клубҳо (2009, 2011, 2015)-ро сазовор гардидааст. Беҳтарин зарбазани Лигаи чемпионҳо (2008/2009, 2009/2010, 2010/2011, 2011/2012, 2014/2015) шинохта шудааст. Ягона футболбоз дар таърих аст, ки панҷ маротиба (чор маротибааш пайи ҳам) беҳтарин зарбазани Лигаи қаҳрамонҳо шудааст. Беҳтарин зарбазани чемпионати Испания (2009/2010, 2011/2012, 2012/2013) буда, солҳои 2005, 2007-2013, 2015 беҳтарин бозингари сол дар Аргентина эътироф гардидааст. Солҳои 2007, 2009, 2010, 2011 ва 2016 беҳтарин бозингари чемпионати Испания эълон шуд. Соли 2009 ҳамчун беҳтарин бозигари Аврупо ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ва ҳамчун беҳтарин бозингари ҷаҳон ҷоизаи “Тӯби брилиантӣ”ро гирифт (аз рӯи версияи FIFA). Беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2010 (аввалин ҷоизадори “Тӯби тиллоии FIFA”, ҷоизаи муштараки “France Footbal" ва FIFA) мебошад. Соли 2011 Мессӣ беҳтарин бозингари Аврупо (аввалин ҷоизадори беҳтарин бозингари сол дар Аврупо) ва ҷоизадори “Тӯби тиллоӣ” шуд. Соли 2012 нахустин бозингаре шуд, ки “Тӯби тиллоӣ”-ро се маротиба гирифт. Ҷоизадори секаратаи “Бутсии тиллоӣ” (2010, 2012, 2013) мебошад. Соли 2013 ӯ чорумин “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шуд ва соли 2015 маротибаи панҷум онро ба даст овард. Соли сипаришуда хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи футболи Аврупо - UEFA Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 унвон карданд. Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ – CIES, соли 2017 Лионел Мессӣ яке аз сегонаи гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда, қимати ӯ 170,5 миллион евроро ташкил медиҳад (соли гузашта 220 миллион евро). Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш ин рейтингро аз рӯи ҳунарнамоӣ, дастовард, синну сол, шартномаҳо ва ғайраҳо баҳогузорӣ кардааст.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН
Ҳадаф - таъмини ҳаёти шоистаи сокинон Мақсади асосии фаъолияти Давлату Ҳукумат, тамоми чорабинию тадбирҳо, қабули қонунҳо, стратегияву барномаҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат таъмини рушди босуботи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад, - гуфта шуд аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом. Аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов зикр намуд, ки дар нимаи моҳи январ пурра аз байн бардоштани маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо нурӯи барқ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ торафт наздик мешавад ва баъди ба кор даромадани нахустин агрегати НБО-и “Роғун” дар соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад.
Паёми Пешвои миллат - ҳуҷҷати рушдбахшандаи соҳаи сайёҳӣ Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Тамоюлҳои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бештар аз устувор гардонидани таваҷҷуҳи хоса ва танзими давлатии фаъолияти сайёҳӣ дар сатҳи умумимиллӣ, ки бо стратегияи муосири пешрафти хизматрасонии сайёҳӣ мувофиқ мебошад, вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳиро ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат шумурда, барои тараққиёти минбаъдаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Яке аз хусусиятҳои хоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-юми декабри соли 2016 ироа гардид дар он аст, ки ба соҳаи сайёҳӣ диққат махсус дода шуд. Бояд қайд кард, ки айни ҳол дар кишвар беш аз 35 санади меъёрии ҳуқуқӣ танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ қабул гардидааст, ки онҳо ба рушди соҳа шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар Паёми Пешвои миллат инчунин такид гардид, ки «Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». Дар ин замина бояд қайд намуд, ки дар асоси қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 27 феврали соли 2009, №122 (бо тағйиру иловаҳои 03.12.2012) беш аз 80 номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, муқаррар шудааст. Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд ба воситаи шартномаҳои дуҷониба тартиби соддаи гирифтани раводид ё дар асоси мутақобила рафтуомади бераводиди шаҳрвандони ду кишварро ба роҳ монанд. Соли 2015 нишондиҳандаҳои баландтарини воридоти сайёҳон ба кишвар сабт шуд. Агар соли 2014 зиёда аз 200 ҳазор сайёҳ ба ҷумҳурӣ ҷалб шуда бошад, дар соли 2015 шумораи сайёҳон ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар 206 917 000 доллари ИМА ворид гашт, ки нисбат ба соли 2014 94 дарсад зиёд мебошад. Дар пурсише, ки аз ҷониби нашриёти “The Independent” дар соли 2015 оид ба
кишвари бехатар барои гаштугузори шабона бо иштироки 142 ҳазор нафар аз 141 давлати дунё баргузор карда шуд, Тоҷикистон ҷойи ҳаштумро сазовор шуд. Яъне дар сатҳи ИДМ Тоҷикистон давлати аз нигоҳи таъмини бехатарии сайёҳон дар ҷойи аввал меистад. Пешвои миллат такид намуданд, “Зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад”. Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки корҳои зайл бояд ба анҷом расонида шаванд: 1. Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар самти сайёҳӣ, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ. Инфрасохтори сайёҳӣ маҷмӯи муносибатҳоест, ки дар асоси амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ аз ҷониби субъектони сайёҳӣ хизматрасонии ба сайёҳонро таъмин менамояд. Ба ҳайси обектҳои инфрасохтори сайёҳӣ меҳмонхонаҳо, комплексҳои сайёҳӣ, кемпингҳо, мотелҳо, истироҳатгоҳҳо, корхонаҳои хуроки умумӣ, нақлиёт, муассисаҳои фарҳанг, варзиш ва ғайра баромад мекунанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 инфрасохтори сайёҳии дорои ҷанбаҳои санаторию курортӣ бо назардошти меҳмонхонаҳо амал менамоянд, ки сатҳи фаъолияти аксари онҳо ба талаботи ташкили хизматрасонии муосир ҷавобгӯ намебошад. 2. Беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ. Масъалаи ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳамаи вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дахл дорад. Зеро дар замони муосир сатҳу сифати хизматрасонӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди давлат ва маданияти ҷомеа ба шумор меравад. 3. Густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар соҳаи сайёҳӣ. Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида барои шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз даромад барои соҳибкорони инфиродӣ озод карда шаванд. Барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд. 4. Омода кардани кадрҳои болаёқат. Дар ҷаҳон ба омода намудани мутахасисони соҳаи сайёҳӣ таваҷуҳи хоса дода мешавад. Масалан, дар Британияи Кабир - 37, Испания ва Италия - 28, Фаронса 22, ИМА – 22, Австралия – 16, Чин – 6, Ҷопон – 4 муассисаҳои таълимии тайёркунандаи мутахасисони соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Яке аз мушкилоте, ки дар
Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ монеа шудааст, ҷой надоштани кадрҳои дорои донишҳои муайяни ихтисосӣ мебошад. Барои бартараф кардани ин мушкилот зарур аст, ки корҳои зайл ба анҷом расонида шавад: қабул намудани класификатори ихтисос ва касбҳои соҳаи сайёҳӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат; коркарди дастурамали вазифавии кормандони инфрасохтори сайёҳӣ; омода намудани стандарти касбии кормандони инфрасохтори сайёҳӣ бо назардошти самтҳои нави ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ; коркарди низоми сертификатсияи кормандон, ки метавонад нисбати хатмкунандагони ҳамаи низомҳои таҳсилоти касбӣ тадбиқ карда шавад. 5. Дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис додани сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ. Таҷрибаи байналмилалии идоракунии соҳаи сайёҳӣ гувоҳи он аст, ки то ҳол чор модели танзими давлатии соҳаи сайёҳӣ амал мекунад: модели аввал таъсиси вазорати алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ; модели дуюм таъсиси мақомоти давлатӣ, ки танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ бо дигар соҳаҳои ҳамҷавор мебошад; модели сеюм таъсиси мақомоти алоҳидаи марказии соҳаи сайёҳӣ, ки бевосита ба Ҳукумат тобеъ мебошад; модели чорум зарур набудани мақомоти марказии идоракунии соҳаи сайёҳӣ. Дар натиҷаи таҳлили низоми танзими давлатии соҳаи сайёҳии 193 давлати дунё ба хулосае омадан мумкин аст, ки аз ҳама паҳнгаштатарин модели сеюм мебошад, яъне мавҷудияти мақомоти алоҳидаи марказии соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумат. 41% давлатҳои дунё дар асоси ин модел фаъолияти худро пеш мебаранд. Дар Тоҷикистон таъсиси Кумита оид ба рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст. Ба андешаи мо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар заминаи Паёми Пешвои миллат, инчунин ба анҷом расонидани корҳои зайл зарур мебошад: - қабул намудани Кодекси сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии айни ҳол амакунандаро дар худ фаро гирифта, барои ҳам сайёҳон ва ҳам субъектони хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ китоби руйимизӣ мегардад; - дар муассисаҳои таълимии кишвар дарс додани фанни ҳуқуқи сайёҳӣ, ки барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон кӯмак менамояд ва дар ташаккули фарҳанги меҳмоннавозӣ мусоидат мекунад; - дар назди мақомоти навтаъсиси соҳаи сайёҳӣ таъсис додани Маркази илмӣ-таълимӣ оид ба сайёҳӣ ва саёҳат, ки бо ҷалби мутахасисони соҳибунвони соҳаи сайёҳӣ тамоми мушкилоти соҳаи сайёҳии кишвар ошкор карда шуда, роҳҳои ҳалли он пешниҳод мегардад. Ин марказ инчунин бояд ба тамоми маълумоти пастзанандаи имиҷи сайёҳии Тоҷикистон вокуниш нишон диҳад; - таъсис додани Донишкадаи сайёҳӣ ва хизматрасонии иҷтимоию фарҳангӣ, ки дар заминаи он мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозор тайёр карда мешаванд; - ба тамоми субъектҳои сайёҳӣ ва мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ҷиҳати доштани сомона бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ. Ин амал имкон медиҳад, ки сайёҳон аз фаъолияти субъектҳои зикршуда огоҳ бошанд ва аз дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон тавасути интернет бохабар гарданд. Д. САНГИНОВ, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
22 декабри соли 2016 Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси олӣ ироа гардид. Паём фарогири андешаҳои созанда, таҳлили вазъи кунунии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ишораҳои мустақим ба масъалаҳои фарҳангу илм, тиҷорату иқтисод, рушди саноат ва сайёҳӣ, содагардонии тиҷорат ва аз байн бурдани бюрократияи идорӣ дар кишвар, масъалаҳои кишоварзӣ, занону бонувон ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеаи кунунии Тоҷикистон буд.
Паём - рисолаи ҳувиятсоз
Чанд мавзуҳои муҳим, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи бевосита намуданд, масъалаи ҷавонон ва вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон буд, ки тамоми масъалаҳои боло: ҳам тиҷорату саёҳат ва ҳам иқтисоду фарҳанг аз амнияти давлат ва рушди афкори ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Пешвои миллат аз ҷавонони кишвар ҳамчун «нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа» ёд намуда, онҳоро «ояндаи миллат ва давлат» номиданд. Президенти кишвар вобаста ба масъалаи ҷавонон махсус таъкид намуданд, ки «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад». Дар воқеъ, аз рӯзҳои аввали сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба масъалаи ҷавонон, вазъи зиндагию таҳсили ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзишу солимгардонии насли нав, фарогирии онҳо ба забономӯзӣ, ба таҳсил фаро гирифтан дар донишгоҳу донишкадаҳои дохилию хориҷӣ ва амсоли ин аз масъалаҳое мебошанд, ки Пешвои миллат ба онҳо таваҷҷуҳ менамуданд. То имрӯз натиҷаи ин дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва махсусан таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масоили ҷавонон намоён гардида, ҷавонон низ ба эътимоду боварии Пешвои миллат эътиқоди самимӣ ва талошу дастовардҳо дар соҳаҳои гуногун доранд. Ҳарсола ҷавонони кишвар ба садҳо донишкадаҳои мамолики пешрафтаи олам шомил шуда, дар масъалаҳои мухталиф ҳамчун намояндаи кишвари маҳбубамон баромад мекунанд. Дастболо гардидан дар сабқатҳои зеҳнию интеллектуалӣ, дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ, ноил шудан ба ихтирооти наву муосир, ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар, муборизаи шадиди ақлонию ҷисмонӣ бо душманони вертуалӣ ва воқеии давлату миллат ва фаъолияти пурсамар дар кули соҳаҳои рӯзмарраи кишвар аз зумраи посухҳои ҷавонон ба эътимод ва дастгириҳои Сарвари давлат мебошад. Президенти кишвар низ ин талоши ҷавононро дарк намуданд, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ ин нуктаро таъкид намуданд: «Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд». Ин ишора Сарвари давлат далолат аз шинохт ва таваҷҷуҳи ӯ ба ояндаи дурухшони насли ҷавони кишвар мебошад. Пешвои миллат новобаста аз вазъияти ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, серкорию серташвишии давлатӣ ба ҳар дастоварду музаффариятҳо ва шодию хушнудиҳои ҷавонон ҳамроҳ шуда, дастоварди ҷавононро дастоварди миллат ва хушнудии насли ҷавонро хушнудӣ ва мунавварии кишвар меҳисобанд. Маҳз ин мавқеъгириҳо буд, ки Пешвои миллат баъд аз музаффарияти Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 ӯро ба ҳузур пазируфт ва ба ӯ нишони давлатию мукофот тақдим намуд. Ин қадршиносӣ барои ҷавонони кишвар манбаи илҳому пайравӣ гардида, садҳо ҷавони дигар майл ба варзиш намуда, талошу заҳматро мояи расидан ба ҳадафҳои созанда медонанд. Иқдоми Пешвои миллат дар бораи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 боз ҳам ҷавонони мамлакатро руҳбаланду қавиирода намуд ва ҷавононро ифтихорманд гардонд, ки Пешвои миллат ба насли ҷавон ҳамчун идомадиҳандаи фаъолияти созандаи бузургони миллат ва посдорандаи арзишҳои сиёсию фарҳангии давлату кишвари Тоҷикистон медонанд. Ин иқдоми Пешвои миллат боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷавонони худогоҳу қавиирорда, боғуруру соҳибфарҳанги тоҷик аз Паёми Пешво истиқбол намуда, онро боиси рушд ва сарманшаи ғуруру ҳувияти хеш донистанд. Пешвои миллат низ маҳз ба ҷавонон ишора намуда, таъкид доштанд, ки «ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Дар воқеъ, мо низ аз Пешвои миллат ва мавқеъгириҳои он кас дар умури кишвар ва сатҳи ҷаҳон истиқбол намуда, ифтихор мекунем ва Паёми Пешворо на як паём, балки рисолаи ҳувиятсоз ва муайянкунандаи ояндаи дурахшони насли ҷавони кишвар медонем. Акмалшоҳ ҲАБИБУЛЛОЗОДА, узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
11
Суҳбати гирди мизи барандагони стипендия 18 январ дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Маҳфили стипендиантҳои ҷавон”-и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи «Мо - ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!» мизи мудаввар доир шуд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
Иштирокчиён тариқи манитор муроҷиатномаи Пешвои миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишварро дар бораи пурра бардоштани маҳдудияти барқ тамошо намуда, атрофи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат суҳбат карданд. Саъдулло Юсупов, роҳбари маҳфил аз иштирокчиён даъват ба амал овард, то тамоми ҷавонони сатҳи маҳал, хешовандону наздикон ва дӯстону рафиқонашонро ба истифодаи самаранокии барқ ташвиқ намоянд.
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
Истиқболи ҷавонон аз Соли ҷавонон
Саёҳати дӯстон (памфлет)
Аз пирамарде шунида будам, ки ду дӯст, агарчи бо ҳам қарину наздик бошанд ҳам, фикру ақида, рафтору кирдор ва ҳатто тарзи суханрониашон аз ҳамдигар фарқ мекунад. Малеҳо бо Қабеҳо аз хурдӣ бо ҳам аҳду паймони дӯстӣ баста буданду мактабро якҷо хатм карданд ва ҳатто ҳамроҳ дар як донишгоҳ ва дар хобгоҳ якҷо буданд. Аҳди дӯстии онҳо агарчи таърихи зиёд дошта бошад ҳам, аммо ҳеҷ фикрҳояшон мувофиқ намеомад. - Салом Қабеҳо! - Салом, салом, Малеҳо! - Мегӯям, ки имрӯз ба саёҳат бароем. Ту чӣ фикр дорӣ? - Баромадан бошад, мебароем, аммо боз табъам хира шуда бармегардем, Малеҳо, худат медонӣ-ку ман мисли ту сабр надорам. Хайр, ку бигӯ ба куҷо мебароем? - Ба саёҳати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон? - Бале дӯстам, имрӯз хубтар ва наздиктар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аниқтараш аз донишгоҳи худамон дидан менамоем. - Ман розӣ, аммо... - Чӣ “аммо”? - Саёҳатро аз бинои асосӣ оғоз мекунем. - “Аммо”-и ту ҳамин бошад, ман ҳам розӣ. Меравем. Бо эътирози бардавому тамомнашавандаи Қабеҳо ба бинои асосӣ расиданд ин ду рафиқ. - Дӯстам, Қабеҳо, навигариҳоро бин, шиору овезаҳоро бин, рӯз то рӯз ин макон зебо мешавад. - Оҳиста, оҳиста! Аз даҳонат об рехт, о бас аст ин қадар тавсиф. - Васф накардаам, танҳо аёнро мегӯям. - Васфу ситоишро як тараф гузор, Малеҳо. Ту беҳтараш ба ман бигӯ, ки ин донишҷӯён дар ин вақти дарсӣ берун аз дарс чӣ кор мекунанд? Чаро дар дарс нестанд? Чаро? Чаро? - О ин ду-се нафрро дар назар дошта бошӣ, мумкин ягон корашон баромадааст ё шояд бо ягон амри инсонӣ, ягон зарурате берун шуда бошанд ё гурусна монданд, ҳама кор шуданаш мумкин-ку?! - Боз коре кардӣ, ки гапатро гузарондӣ, рафиқ Малеҳо! Малеҳо мехост пас аз дидани бинои асосии ДМТ ба Шаҳраки донишҷӯён равад, аммо рафиқи қиёматиаш нагузошт. - Қабеҳо, биё якравӣ накарда равем. - Не, аввал ба биноҳои 7, 8 ва 9 меравем. Модоме ки дилат саёҳат хост ва барои саёҳат махсус донишгоҳро интихоб кардӣ, пас мо бояд ҳама биноҳои таълимии донишгоҳамонро аз назар гузаронем. - Меравем, бигзор гапи ту шавад, ҷаноби Қабеҳо. Ин ду сайёҳи донишгоҳи худ якбора дар назди пайкараи Садриддини Айнӣ шах шуда монданд. Махсусан, Қабеҳои айбҷӯ. “Биё, бача, Ваҳдат, бозори боло”, “акаҷон, мерай Ваҳдат, бозори боло”, “биё, мерем Ваҳдат, бозори боло, 4 сомонӣ” - Малеҳо, худаш чӣ гап?
- Чӣ хел “чӣ гап”? Ба ман ин тавр нигоҳ накун. Магар аз дасти ман коре меояд, барои хомӯшии инҷоро таъмин кардан? - Ман туро нагуфтаам, ки ин таксиҳоро аз инҷо пеш кун, танҳо хоҳишам аз ту ин аст, ки маро гузор назди ин таксиҳо рафта, роҳи хомӯшона мусофир ёфтанро фаҳмонам, ҳам корашон осон мешавад ва ҳам донишҷӯёни инҷо таҳсил мекарда аққалан мавзӯи дарсро фаҳмида метавонанд. Магар ҳамин садои маркази савдои “Садбарг” басанда нест, ки боз инҳо доду мағал доранд. Ба онҳояш нигар! Нигар ба он тарафи роҳ! “Биё, бача, Сирк, Султони Кабир, Чилушаш, Саховат, Корвон...” - Қабеҳо, дӯстам, аҳамият надеҳ, инҳо ҳам зиндагӣ доранд, инҳо ҳам озод ҳастанд ба мисли ману ту. - Ту худатро доно метарошӣ, ҷаноби Малеҳо, аммо нисфи мана фаҳмиш надорӣ! Озодӣ нест ин! Ба озодии дигарон халал расондан аз кай боз озодӣ шудааст? - Хайр, бас аст акнун. Биё, ба “Шаҳраки донишҷӯён” меравем. - Ҳоло ман дар бораи инҷо гапамро тамом накардам, исто куҷо давида истодаӣ? - Дав, дав, Қабеҳо, автобуси 8 омад! - Эээ намондӣ, ки намондӣ... Дар автобус табъи ҳар ду ҳам хира буд, зеро Қабеҳо чизҳое медид, ки тамоман ба ӯ писанд намеомад ва ҳар дидаашро, ҳар нозу нузашро, ҳар эътирозашро ба дӯсташ Малеҳо мегуфт ва дар натиҷа табъи ҳарду хира мегашт. - Боз омаданд... Ин талбандаҳоро ба фикри ту кӣ бояд назорат кунад, Малеҳо? - Ин мушкили муваққатист... - Мо - донишҷӯ худамон нони хурдан намеёбем, дар хобгоҳ ташнаву гурусна зиндагӣ мекунем, инҳо аз ҳама узвҳои баданат меқапанд, ки як сомонӣ деҳ! Охир, сари роҳи сарватмандро гир, наход пеши донишҷӯро гирӣ?! - Ин ҳал мешавад, ғам нахур дӯстам! - Кошкӣ, кошкӣ ҳал мешуд. - Қабеҳо, ту худат медонӣ-ку аксарияти факултаҳои донишгоҳ дар ҳамин шаҳраканд ва фикр дорам ҳамаи ин факултаҳоро об барин азёд медонӣ. Биё, беҳтраш ба ошхона рафта, ягон дами гарм мехурем. - Намешавад, аввал Ҷазираро, ба гуфти ту “Шаҳраки донишҷӯён”-ро тагу рӯ карда, ба қавли баъзеҳо “аз ғирбол мегузаронем” пасон меравем ошхона. - Куҷояшро мебинӣ ту, бас кун айбҷӯиро, айб аст ин корат рафтем, ки ман сахт гуруснаам. - Намондӣ, ки намондӣ... - Қабеҳо, ошхонаи “Ориёно”-ро дидӣ, дар 3 сомонӣ сер шудам. - Вале ман сер нашудам. - Биё мон ту, ҳама вақт норозӣ ҳастӣ, аз ҳама чиз, ҳатто аз ҳаёт ҳам! Ман имрӯз ба тамошо баромадам, яъне ба асаборомкунӣ, ба саёҳат, аммо ту саёҳатамро заҳр ва асабҳоямро хароб кардӣ!!! Ҳафизулло ТОҲИРӢ, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
Боиси ифтихори ҷавонони зодаи истиқлолият аст, ки бо ташаббусҳои созандаи худ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ дар рушду нумуъ ва амнияту оромии ҷомеа саҳми арзанда гузошта, сазовори боварии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ иброз дошт, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама
“Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”. Аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2016) хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”. Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат бо ихлосу муҳаббати беандоза иброз гардид, ки “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад”. Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мо ҷавононро руҳбаланд намуд. Мо - насли ҷавон ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои давлат ва ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана ваъда медиҳем, ки ин
солро бо якдилию меҳру муҳаббат, натиҷаҳои дилхоҳ ва дастовардҳои назаррас сипарӣ менамоем. Мо - насли даврони соҳибистиқлолии кишвар якҷо дар раванди таҷдиди ҷомеа, бахусус ҳифзи арзишҳои миллӣ такони ҷиддӣ бахшида, зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои ҷиддӣ мегузорем. Мо - ҷавонон бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллатро аз худ намуда, сармашқи ҳаррӯзаи кори худ қарор медиҳем ва барои дар амал татбиқ намудани он кӯшишу маҳорати хешро равона месозем. Эмомалӣ НАБИЕВ, донишҷӯи курси 5-уми факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДҚ
Паёми роҳкушои ҷавонон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар баҳри ҷалби бештари ҷавонон ба илмҳои дақиқ, омӯхтани технологияҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ намуданд. Дастуру супоришҳои дар Паём дарҷнамудаи Пешвои миллат ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ба сохторҳои масъули давлатӣ метавонад муҳимтарин воситаи беҳбуд бахшидани фазои ихтироъкориву навовариҳои техникӣ бошад. Ба фаъолият шуруъ намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон соли неке дар ҳаёти худ меҳисобиданд, аммо эълон намудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат намунаи бузургтарин таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба ин қишри ҷомеа мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар асри пешрафти бе майлони технология давлатҳое, ки ба нерӯи инсонӣ такя карда, маърифати зеҳнии ҷомеаи худро ҳамчун як сарвати миллӣ ҳимоя намуда, барои тавсеабахшиву дар истеҳсолот қарор додани он талош менамоянд, ба комёбиҳои бузург ноил хоҳанд гашт. Мақсад аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба васеъгардонии нерӯи инсонӣ дар кишвар рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Пӯшида нест, ки дар ташаккулдиҳии нерӯи инсонӣ метавон ҳама қишри ҷомеаро фаро гирифт, аммо ҷалби бештари ҷавонон дар рафти татбиқи чунин тадбирҳо метавонад муфидтар бошад. Зеро ҷавонони кишвар қобилияти бештари фаъолнокшавиро доро буда, дидгоҳи наза-
риёти онҳо мувофиқи замон ба вуҷуд меояд ва аксар вақт мавриди корбурд қарор додани қобилиятнокии ҷавонон самараҳои бештар медиҳад. Дар замони бемайлони ихтироъкориву навовариҳои техникӣ ва эҳсоси вазъи мушкилу дурнамои кишвари мо аз дастёбӣ ба чунин навовариҳо пешниҳоди дигари Пешвои миллат ҷиҳати таъсиси Маркази таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ хеле зарур аст. Албата баъди ба фаъолият шуруъ намудани ин марказ имкониятҳои тозае ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонон ба технологияву инноватсия фароҳам меояд, ки ин ҳам як василаи хеле муҳим дар ташаккули маърифати зеҳнии техникии ҷавонон ва рӯйдоди фараҳбахши ҳаёти онҳо метавонад бошад. Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон Паёми роҳкушои ҷавонон номид. Дар посух ба чунин ғамғориҳо мо - ҷавонони номбардори миллат назди Пешвои миллат ва Ватани азизамон масъулияту қарзҳои зиёдеро бар дӯш дорем. Бояд барои иҷрои рисолати худ аз ҳар вақти дигар дида бештар кӯшиш намоем. Алишер НАЗАРЗОДА, раиси Созмони ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
√ МАЪЛУМОТИ
Соли 1961. Леонид Рогозов - духтур ва ҷарроҳи ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар экспедитсияи Арктика. Баъд аз дарди зиёд ночор худашро ҷарроҳӣ мекунад.
√ РОҲ ШАҲЛО ЭШОНОВА
“ҶТ”
√ ПУРСИШИ
БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ
“Новобаста аз синну сол имконоти худро маҳдуд насозед”
Айни замон аксари наврасону ҷавононро андешаи чӣ гуна соҳиби пул шудану чӣ гуна сарватманд шудан машғул медорад. Роҳу усулҳои он хеле зиёданд. Хоса тавассути интернет. Саргузашти Эшли Коллз, ин ҷавондухтари муваффақ, собит месозад, ки шахс дар ҳама гуна синну сол, новобаста аз миллату нажод, табақаи иҷтимоӣ, маълумот ва доираи фаъолият метавонад соҳиби моликияту сарват ва шуҳрати ҷаҳонӣ гардад. Эшли Коллз, ин духтари амрикоӣ ҳанӯз дар 17-солагӣ ба ҷаҳониён изҳор намуд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ на танҳо метавон маблағҳои иловагӣ ба даст овард, балки дар муҳлати на бештар аз 3 сол метавон миллионер шуд. Эшли ба графика (ҳуруфот) ва дизайн (зебосозӣ) шавқу рағбати беандоза дошт. Танҳо барои худ расм кашидану лавҳаҳо таҳия намудан ба назараш амали дилгиркунанда менамуд. Ин буд, ки соли 2004, дар синни 14 аз модараш 8 доллар гирифта, сомонаи шахсии худро бо номи “Whateverlife” боз намуд ва дар он ҷо расму тасвирҳои худро ҷо кард. Ин саҳифаи тиҷоратӣ набуд, балки бештар ба толори намоишии дизайнери ҷавон шабоҳат дошт. Нахуст Эшли ҳар гуна қолибҳои хаёлпарастона месохт, ки дар шабакаи иҷтимоии “MySpace” ҳаводорони зиёд пайдо намуданд. Рангҳои гулобӣ, кайфияти хаёлпарастона, дилчаҳо, мисраҳои ҷолиб аз ҳар гуна сурудҳои машҳур таваҷҷуҳи мактаббачаҳоро ҷалб месохтанд. Эшли ҳамчунин ба сифати бонус ба муштариёни сомона дар хусуси чӣ гуна дар саҳифаҳои худ ҷойгир кардани қолибҳо маслиҳатҳои муфид медод. Ин буд, ки Эшли дар як муҳлати кутоҳ дар миёни наварасон маъруфият пайдо намуд. Тадриҷан ба сомонаи ӯ, ки аллакай дар як рӯз 1 000 000 муштарӣ ворид мегашт, эълону рекламадиҳандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Чун он замон
ин беҳтарин макони ташвиқи молҳо барои наврасон буд. Нархи нахустин баннери рекламавӣ, ки дар саҳифаи ӯ ҷо дода шуд, 2700 доллар, дуюмаш - 5000 ва сеюмаш 10 000 долларро ташкил дод. Эшли Коллз баъди 3 сол аллакай дар сомонаи худ ҳамасола ба маблағи 1 млн. доллар пул кор мекард. Дар радифи таблиғгарон ширкатҳои бонуфуз низ ба Эшли бо дархости харидорӣ намудани сомонааш муроҷиат мекарданд. Масалан, яке аз чунин ширкатҳо ба духтар ба ивази сомонааш 1,5 миллион доллар пешниҳод намуд. Илова бар ин, таклиф намуд, ки мошини дилхоҳашро бо нархи граонтарин барояш харидорӣ хоҳад кард. Эшли ин таклифро рад намуд, чун хуб медонист, ки дар шароити кунунӣ миқёси рушди сомонаи ӯ то ҳаддест, ки миллион даромади рӯзмарраи ин талабаи дирӯзаи мактаб мебошад. Ӯ барои худ аз ҳисоби даромадаш ҳар гуна мошинро низ харидорӣ карда метавонист. Эшли дар авҷи комёбиву муваффақият таҳсилро тарк карда, пурра ба ташаккул додани сомонаи худ дода шуд. Ӯ бо нархи 250 000 доллар барои худ хонаи зебое харидорӣ намуда, модарашро бо ҷои кори даромаднок таъмин намуд, инчунин се нафар дӯстонашро бо ҷои кор таъмин кард, ки айни замон ба ҷои худаш на танҳо барои “MySpace”, балки барои дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ қолибҳо таҳия месозанд. Ғайр аз ин, дар сомонаи Эшли имрӯз рӯйкашҳоро барои телефонҳои мобилӣ пайдо кардан мумкин аст. Аз хазинаи сомона қариб 5000 қолибҳои дизайнерии аслиро нусхабардорӣ кардан мумкин аст, ки аксари онҳо их-
тирои худи Эшли мебошанд. Асрори муваффақияти ин духтари ҷавон дар чист? 1. Стив Ҷобс, муҳандис ва соҳибкори маъруфи амрикоӣ мегӯяд: “... Барои ноил шудан ба комёбӣ шахс бояд ба кори дилхоҳи худ машғул шуда, саргармӣ ва шавқу завқи ҳаққониро ҷустуҷӯ кунад ва оламро ба самти хубӣ тағйир бидиҳад. Чун усули ягонаи беҳтар сохтани шуғли худ сидқан дӯст доштани он аст”. Эшли Коллз шуғли дӯстдошта дошту истеъдоди баланди дарки зебоисозӣ. Ин барои расидан ба ҳадафҳояш кӯмакаш намуд”. 2. Эшли хизматрасониҳои ройгонро пешниҳоди муштариён намуд (нахуст ӯ барои саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маблағ намегирифт). Ин барояш имкон фароҳам сохт, то сомонаи ӯ миёни наврасон, ки одатан маблағҳои шахсӣ надоранд, дар муҳлати кутоҳ шуҳрат пайдо намояд. 3. Садоқат ба кори худ. Масъалаи он ки оё дар авҷи шуҳрат тарк кардани таҳсил дуруст буд ё не, инчунин рад кардани 1,5 миллион доллар бар ивази сомона аз ҷониби ин ҷавондухтар мавзӯи баҳси тӯлонист. Аммо бурҳони қотеъ ин аст, ки чунин иқдомот ба ин ҷавондухтари муваффақ имкон фароҳам овард, то дар роҳи интихобнамудааш устуворона гом ниҳода, ҳам соҳиби шуҳрат ва ҳам соҳиби моликияти беандоза гардад. Эшли намунаи як нафари (навраси) одиест, ки ғайричашмдошти худ ба шахси муваффақе табдил ёфтааст. Танҳо боварӣ ба худ, садоқату дилбастагӣ ба кори худ метавонад ҳар гуна раҳнаварди роҳи орзуҳоро беосеб ба соҳили мақсуд бирасонад.
www.oftob.org
ШУМО, ПОСУХИ МО
Лавҳаю овезаҳо кай бо забони тоҷикӣ навишта мешаванд? Фурӯзон Исомиддинов, сокини ноҳияи Айнӣ: - Лафзи модарӣ муқаддас аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт. Дар қатори муқаддасот бартар аз лафзи модарӣ чизи дигаре нест. Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги дирӯзу имрӯз ва фардои миллати хеш мебошад. Мутаассифона, вақте аз деҳот ба пойтахти азизамон меҳмон мешавем, шоҳид мегардем, ки забони модарӣ ба таври бояду шояд қадр намешавад. Ба он маъно, ки вақте дар хиёбонҳои шаҳр гашту гузор мекунем, ағлаби навиштаҳо ба забонҳои бегонаанд. Масалан, “Jumanji”, “Glamour”, “Viviana”, “Balance”, “Taj Burger”, “LI-NING”, “Лимпопо”, “Атлант”, “Анситу”, “Ал-кувайт”, “Манно+”. Боварӣ дорам аксарияти ин навиштаҳо ҳатто ба соҳибмулкон фаҳмо нест. Ё дар қаҳвахонаҳо “Кафе”, нуқтаҳои шустушӯи нақлиётҳо “Автомойка”, меҳмонхонаҳо “Гостница” (Hotel) ва монанди ин гуна навиштаҳоро вомехӯрем, ки як кам аз нодидагӣ ва худнамоишдиҳӣ дарак медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” омадааст: “Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ навишта мешаванд”. Ҳаминро фаҳмидан мехостам, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси он ки қонун риоя намегардад ва ба хотири манъи гузоштани номҳои ғайр дар марказҳои савдо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои дилхушӣ ва ғайраҳо чӣ чораҳо андешида асту лавҳаю овезаҳо дар пойтахт кай пурра ба забони тоҷикӣ навишта мешаванд? Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот: - Ин мушкилии тамоми ҷомеа мебошад, ки соҳибмулкон ба номгузории тоҷикӣ аҳамият намедиҳанд. Бадбахтона, ба мо низ кам муроҷиат мекунанд. Албатта, Кумитаи забон ва истилоҳот дар чаҳорчӯбаи қонун ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин розӣ шуда наметавонад, ки номи лавҳаю овезаҳо ва марказҳо ба забони ғайр навишта шаванд. Мутаассифона, ин нафарон барои амалӣ гардидани мақсадашон воситабозиҳои зиёд мекунанд. Масалан, аввал ба мақомоти иҷроия, бахши иқтисод ва савдо барои гирифтани патент, бақайдгирӣ ва иҷозатгирӣ рафта, аз он ҷо ба равзанаи ягонаи Кумитаи андоз, аз он ҷо ба муассисаи рекламаи берунаи шаҳр барои ороиш мераванд. Хуллас ҳама корҳояшонро ҳал мекунанду баъд ба Кумитаи забон номаҳои ғайримеъёру ба талаботи санаду арзишҳои миллӣ ҷавобгӯ набударо мефиристанд. Ба хотири ҳамин, мо аз соли 2011 ба Ҳукумати кишвар ва бевоиста ба Президенти ҷумҳурӣ мактуб кардем. Дар асоси он ба тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, ки дар номгузории хурдтарин марказҳо, сар аз сартарошхона то ба тарабхонаву нуқтаҳои калони савдо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз ташкили ҳуқуқӣ бояд дар асоси моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бо Кумитаи забон ва истилоҳот мувофиқа кунанд. Чунки муқаррароти қонун таъин кардааст, ки номгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазорату идора сар карда то ташкилоту муассисаҳо бояд бо забони давлатӣ сурат гирад. Соли 2016 Кумитаи забон барои чунин қонуншиканиҳо 65 санаду огоҳиномаҳо таҳия намуд. Аз ин миён нисбат ба онҳое, ки кабудиҳоро бартараф накардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд. Аз он ки мо худ ҳаққи ҷарима ситониданро надорем, онҳоро ба прократураҳо ва ташкилоту муассисаҳо ирсол намудем. Прократура дар асоси ин санадҳо масъаларо баррасӣ намуда, ҷарима пешниҳод мекунад. Ин ҷаримаҳо бошад, барои шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳандаи ҳадди ақал ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 20 то 40 нишондиҳандаро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ҷиҳати пешгиирии он мо дар семоҳаи охири соли гузашта дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе комиссияи муваққатӣ таъсис додем, ки то имрӯз фаъолияти худро идома дода истодааст. Аз ҳисоби донишмандон, забоншиносон ва мутахассисони соҳа низ гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст. Хушбахтона зиёда аз сад номгӯи тарабхонаву ошхонаҳо бо ташаббусу иқдом ва рейдҳои Кумитаи забон ва истилоҳот ба забони тоҷикӣ иваз карда шуданд. Як нуқтаи дигарро бояд зикр кунам, ки саҳми телевизион низ дар бартараф намудани ин ин гуна истилоҳот калон аст. Чандин маротиба мо ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифода бурдани истилоҳот ва мафҳумҳои ғалат муроҷиат намудем. Вақте дар телевизион калимаҳо хато ва нодуруст нишон ё гуфта шаванд, он омиёна мешавад ва ҳама чунин истифода мебарад. Дар арафаи Соли нав мо ба Кумитаи телевизион ва радио ва ба Ҳукумати ноҳияи Варзоб барои эълону рекламаҳои барғалат мактуб фиристодем. Мо дар мактубамон барои эълону рекламаҳои барғалату хато ва бемантиқи мавзеи Сафед-Дара таъкид намудем, ки дар радифи “Гӯрдарав”-у “Амондара” ва “Кондара” бояд як калима бошад ва якҷоя навишта шавад – “Сафеддара”. Онро бошад, “Сафед-Дара” менависанд, ки дар забони тоҷикӣ куллан хато ва бемантиқ мебошад. Мо лоиҳаи Консепсияи сиёсати давлатии забон дар Тоҷикистонро барои даҳсола ба Ҳукумат пешниҳод намудем. Дар асоси ин консепсия мухолифатҳое, ки барои бартарии муқаддасоти миллии мо садди роҳ мешаванд, бартараф хоҳанд шуд. Умед дорем, ки дар наздиктарин фурсат ин мушкил бартараф мегардаду ҳама номҳо ва эълону рекламаҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд. Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru
Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Соли 2016 20 нафар дар офатҳои табиӣ ҷон бохтаанд Соли 2016 дар қаламрави кишвар 55 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла заминҷунбӣ, тармафуроӣ, сел, раъду барқ, тӯфону тундар ва жола, резиши санг, шамоли сахт ва фуромадани ярч. Рустам Шоҳиён, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти хабарӣ таъкид сохт, ки дар натиҷаи офатҳои табиии бақайдгирифташуда 20 нафар ҷони худро аз даст доданд (дар соли 2015 – 35 нафар). Ғайр аз ин, бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар соли 2016 1060 хонаи истиқоматӣ (101 хона пурра), майдонҳои кишт 12 936,98 га, 156 кӯпрук, 644,9 км роҳҳои мошингард зарар диданд. Ба хонаводаҳои зарардида аз ҳисоби буҷаи давлатӣ кӯмаки яквақта бо маблағи 4 миллиону 555 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 71 хона, аз ҷумлаи 101 хонаи бар асари офатҳои табиӣ пурра харобгардида аз нав сохта ба истифода дода шуд.
√ ЁДНОМА
Афсӯс, зи марги марди доно Марг барои одамӣ меъроҷ аст! “Ҳарки омад ба ҷаҳон, оқибаташ рафтанӣ аст», гуфтааст бузургворе. Вале гаронтару вазнинтар, даҳшатноктару пурсӯзтар аз марги ҷавонон чизе нест. Марг тири сӯзонест бар ҷигари аҳлу аёл ва пайвандони онҳое, ки бармаҳал ҳаётро падруд мегӯянду падару модар, хоҳару бародар, ҳамсару фарзандон, хешу таборон ва ёру дӯстонро умре доғдору мотамзада мекунанд. Хусусан, барои падару модар аз марги фарзанд вазнинтару сангинтар ва дилрештару ҷигарсӯзтар набуда ва нест. Ҳеҷ амали неке, ҳеҷ сухани хубе ва ҳеҷ дилбардорие доғу сӯзи фарзандро аз ҷигари сӯхтаю дили ғамгину мотамзадаи падару модар бароварда наметавонад, то он даме, ки ҷонро ба ҳақ насупурдааст. Соябегим Ғоибназарова ҳеҷ ба гӯшаи хотир оварда наметавонист, ки дар дами пирӣ ғамбодаи ҷудоӣ аз фарзандро мечашаду Шавкатҷони бо ноз парвардааш ӯро ҷигарбирёну сияҳпӯш ва мотамзадаю азодор мегардонад. Соябегим Ғоибназарова ва зиндаёд ҳамсараш Шамсмуҳаммад Шермамадов дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагии хушу хуррамонае доштанду ҳар се фарзанди худ – Замираю Шермамад ва Шавкатҷонро дар рӯҳияи илмомӯзию ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида доштан тарбия карда ба камол расонданд. Шавкатҷон, ки фарзанди кенҷагии оила буд, аз хурдӣ ба донишомӯзӣ майлу рағбат пайдо карда, ба китобхонӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Ҳангоми дар боғчаи бачагона буданаш бо ёрию дастгирии мураббия Малвина Павловна бозии шоҳмотро аз худ мекунад. Баъдан дар мактаби миёна ин ҳунарашро такмил медиҳаду дар лагери умумииттифоқии «Артек» ғолибият ба даст оварда, бо унвони «мурабии наврас оид ба шоҳмот» ва ифтихорномаю дипломҳо сарфароз гардонда мешавад. Мунтазам дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ғолибият ба даст меовард. Ҳамеша мегуфт: «Шарт нест, ки танҳо як мавзӯъро бидонӣ ва оид ба ин унвон бигирӣ, инсон бояд ҳама чизро бидонад». Афсӯс, ки умри кӯтоҳ дид. Дар айни камолоти ҷавонӣ, дар 47-солагӣ ин олами фониро падруд гуфт. Шавкатҷон Шермамадов умри худро сарфи хизмати халқу Ватан карда, дар қалби ҳазорон нафар маскан гирифт. Ҳанӯз дар синфи сеюм хонданаш достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро азбар карда буд. Хатмкардаи факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Хизмати ҳарбиро низ сарбаландона адо кардааст. Соли 1993 ӯро барои кор ба шуъбаи молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даъват мекунанду баъдан сарварии ин шуъбаро бар зиммааш мегузоранд. Ҷавони болаёқату кордон буданашро ба инобат гирифта, соли 1999 ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор даъваташ мекунанд. Соли 2003 бо ташкил ёфтани филиали бонки «Эсхата» дар пойтахт муовини директори ин бонк таъин мегардад. Аз соли 2006 то соли 2011 вазифаи муовини сардори Раёсати ҶСК «Бонки Рушди Тоҷикистон» ва «Спитаменбонк»-ро адо мекунад. Баъдан бо хоҳиши худаш аз ин вазифа озод шуда, ба Русия меравад. Аз марги нобаҳангоми Шавкатҷон на танҳо хешу ақрабо ва ёру дӯстон, балки онҳое, ки боре ҳамсуҳбаташ гардидаанд, афсӯс мехӯранду дар ҳаққаш дуои нек мекунанд. Алкозин Владимир, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилӣ аз шунидани марги нобаҳангоми Шавкат доду фиғон бардошта гуфт: «Бог ты мой, почему таких нужных людей быстро забираешь. Вед Шавкат нужен был для общества. Он нужен был здесь». Ё сардори яке аз сохтмонҳои Москва Рябов Владимир Илларионович ба апаи Соябегим мегӯяд: «Низкий поклон вам за воспитание сына Шавката. Таких как он уже нету на свете. Он у вас особенный». Марди армение мегӯяд: «Шавктжан, это мой, наш, он не только таджик, он божественней человек». Бале Шавкатҷон бо рафтори неку гуфтори нек ва пиндори нек на танҳо дар Ватан, балки берун аз марзи кишвар низ маҳбубият пайдо кард. Зиҳӣ тоҷике, ки номбардори халқу диёрат ҳастӣ, намунаи ибрати дигаронӣ. Якуми октябри соли 2016 баъд аз бемории ногаҳонӣ дили Шавкатҷон Шермамадов дар беморхонаи рақами 64-и шаҳри Маскав аз задан боз монд. Марги нобаҳангом зуд гиребогираш шуду ӯро ҳабдаҳ рӯз пеш аз расиданаш ба синни 47 даррабуд. Шавкатҷон аз дидаҳо рафту ба дилҳо ҷо гирифт. Шояд Ҳофизи лисонулғайб ин байтро дар ҳаққи чунин ҷавонмардони баору номус гуфтааст: Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ, Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост. Боқӣ даст ба дуо мебардорем ва мегӯем, ҷаннат ҷоят ва хонаи охиратат пурнур бод, Шавкатҷон! Ёдат ба хайр! Куйбек ШАРИФЗОДА, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ПОЧТАИ “ҶТ”
Даъвои беасос Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна баёнияҳову изҳорот ва матолиби беасос фазои сиёсии кишварро ғуборолуд гардонидан мехоҳад. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳо оҳанги таҳдиду таҳқир ба гӯш мерасад. Аз фаъолияти наҳзат ҳамагон ба хубӣ огоҳанд, ки чӣ ҳизбесту дар хизмати кадом ҷониб қарор дорад ва манфиати киро бароварда мегардонад. Тариқи расонаи интернетии «паём. нет» маводе бо номи «Афзоиши фишору шиканҷа болои зиндониёни сиёсии ҲНИТ дар Тоҷикистон» ба нашр расид, ки онро метавон чун хусумат ба ин давлату миллат маънидод кард. Он василаи ҷалби таваҷҷуҳи созмону муассисаҳои ҷаҳонист, ки ҲНИТ мехоҳад худро пешорӯи онҳо чун ҳизби ростин нишон дода, ҳар гуна амалҳои террористии худро зери пӯшиш қарор диҳад. Сомонаи мазкур мавриди таҳқиру
√ МУШКИЛИ
азият қарор додани ба ном аъзоёни сиёсии ҲНИТ-ро ҳангома мекунад, ки маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон зери фишору шиканҷаи шадид қарор гирифтаанд. Бино ба иттилои «паём.нет», «айни замон зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бахусус ва дар умум, тамоми зиндониҳои сиёсӣ ва ҷонибдорони онҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон рӯзона то 10 маротиба бозҷӯӣ ва дар ин рӯзҳои сарди замистон ҳудуди 10—12 соат дар майдон ва ҳавои сард нигаҳдорӣ (ҷазо дода) мешаванд». Ин сухан дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз қабл раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади расмии худ иброз дошта буд, дар кишвар ягон зиндонии сиёсӣ вуҷуд надорад. Ва ҳамаи ин хаёлбофие беш нест. Акнун наҳзатиҳо дар гузоришу номаҳои худ унвонии созмонҳои байналмилалӣ барои дифоъ аз худ ҳар гуна ҳазёну дурӯғ хоҳанд навишт. Чунин амалкард рафтори навбатии ҲНИТ аст, ки аз аҷнабиён мерос гирифтаанд. Пайравони фирории Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ иддаои онро дорад, ки «ин ҳама фишору шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ тавассути зиндонбонҳо бо супориши худи ҳукумат анҷом мешавад». Ин ёвагуиҳои наҳзатиҳост, ки дар сомонаҳои интернетии ба онҳо наздик ё ду-се нашрияе, ки ҲНИТ онҳоро ҳимояи молӣ мекунад, ба табъ мерасанд.
Қонуншиканиҳои ҳизб то ҳадде ошкоранд, ки дигар аз чашми мардум пинҳон намондаанд. Он чун ҳамешагӣ сӯистифода аз номи мардум, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони ношинос мекунад: «коршиносони мо бар ин назаранд, ки Ҳукумат дар ин шабу рӯз на танҳо аз мухолифони сиёсиаш дар ҳарос аст, балки аз рақибони дохилиаш дар дохили кишвар низ сахт метарсад. Ба ин хотир шиканҷаро болои ин зиндониёни сиёсии ҲНИТ афзоиш додааст, то чашми рақибонашро ҳам битарсонад». Дар матлаби «ҳақиқатҷуёни наҳзатӣ» мафҳуму ибораи ҳушдор ва ё инқилоби беранг дар кишвар дида мешавад. Садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситонӣ аст. ҲНИТ сиёсати сабру таҳаммулро на ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ пеш гирифта буд. Сабру таҳаммул ба хотири манофеи хусусӣ, ба хотири поянда мондани ҷоҳу ҷалол, тиҷорату дигар сарчашмаҳои пешбурди рӯзгор ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Дар маҷмӯъ, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳизбе буд, ки аз паси парда идора мешуд ва маблағгузору дастёри созмонҳои террористии байналхалқӣ буд ва аз хориҷ идора мешуд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекард. Ф. ФАРРУХЗОДА
ҶОМЕА
Баҳси 20 дирам аз байн меравад? Ҳангоми пагоҳирӯзӣ аз хоб бедор мешавед, давоми рӯз чӣ навъ анҷом мепазирад ба табъ ва муҳити атроф алоқамандии бевосита дорад. Шаҳрвандон ба роҳ мебароянд, лекин вақти ба нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои 1, 2, 25, 33 савор шудан дучори нооромӣ ва нофаҳмоиҳои пайиҳам то макони муайянгардида мешаванд, ки нархи ҳақонии роҳкиро чанд бошад? Ронандаҳо то нисфи роҳ ба ҷои 80 дирам 1 сомонӣ ва то охири роҳ ба ҷои 1,6 сомонӣ 2 сомонӣ мегиранду бақия намедиҳанд. Дар натиҷа, мусофирон норозигӣ баён намуда, бо ронандаҳо ва пулчинакҳо даъвоҳои шифоҳӣ карда, аз пагоҳирӯзӣ ҳам табъи худ ва ҳам табъи дигаронро хира месозанд. Дигар ҳолате, ки табъи болидаи мусофиронро хира месозад, аз меъёри муқарраршуда зиёд савор кардани мусофирон аст. Дар “Старекс”-ҳо курсиҳо барои се нафар пешбинӣ шудаанд, лекин пулчинакҳо ва ронандаҳо маҷбур чор нафар мешинонанд. Ронанда барои пули зиёд ҷамъ овардан, мусофир барои сари вақт ба ҷои таъиншуда расидан кӯшиш менамоянд ва ин кор чанд сол аст идома дорад. Ин муаммо ду роҳи ҳалли дуруст дорад: нахуст он, ки дорои чанд курсии нишаст будани микроавтобусро ронанда аниқ медонад. Ӯро зарур аст, ин талаботро риоя намояд. Дуюм он, ки мусофирон худашон бофарҳангӣ зоҳир намуда, бинанд, ки микроавтобус курсии холӣ надорад, савор нашаванд. Эҳтимол мусофирони гиромие ҳастанд, ки аз кор ё дарс дер монаданашонро сабаби ин қазия шуморанд, лекин хубаш 45 дақиқа аз хоби субҳ барвақт хестан даркор. Нигаронии дигаре, ки доғи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад, манбаи даромад шудани ин навъи хизматрасонист. Пештар нархи роҳкиро 20 дирам муқаррар карда шуда буд ва ронанда ба гирифтани 25 дирам ҷуръат намекард. Ин ҳолат таҳти назорати қатъии масъулин қарор дошт. Ронандаҳо, воситаи нақлиёти онҳо қабл аз оғози кор аз назорати техникӣ мегузаштанд ва аз сифати хизматрасонӣ шахсони алоҳида ҳавасманд гардонида мешуданд, ки ба дигарҳо дарси ибрат шавад. Ҳоло бошад курсиҳои шикаста, курсиҳои худсозе, ки ба кадом стандартҳои номаълум сохта шудаанд, кам нестанд. Нақлиёти ҷамъиятӣ - троллейбус ва автобусҳо бо чор ва панҷ тин ба аҳолӣ абонемент мефурӯхтанд, лекин қурби асъор бо таври муқаррар нигоҳ дошта мешуд. Ин маънои онро дошт, ки муқаддасоти миллӣ - пули миллӣ то 1-тини он ҳисобот ва пурсиш дошт. Ҳадафи хотирнишон намудани ин лаҳзаҳо аз он иборатанд, ки шаҳрвандони гиромӣ худашон хулоса намоянду кӯмакрасони ободии ҷомеаи худ гарданд.
Ҳолати дигаре, ки ислоҳи он ногузир мебошад, мусофиронро аз дохили микроавтобус фарёд кардан ҳатмӣ нест. Мусофирон, агар худашон хоҳиши рафтан дошта бошанд, бе фарёду доду мағал ҳам микроавтобуси даркориро қарор дода, мешинанд. Дар дохили микроавтобусҳо бо садои баланд суруд пахш кардан низ аз рӯи одоб нест. Ронандаҳое ҳастанд, ки чамбараки воситаи нақлиётро дошта, бо телефони мобилӣ дурудароз суҳбат мекунанд. Ин ҳолатҳо низ бояд бартараф шаванд. Ҷ. ШАРИПОВ P.S. Бо иваз шудани роҳбарияти шаҳри Душанбе, тибқи хабарҳо нақлиёти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад. Мо ҳам умед мебандем, ки ҷои “Старекс”-ҳое, ки ягон зарра ба стандартҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷавобгӯ нест, нақлиёти воқеии мусофиркаш мегиранд.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
√ КИТОБИ НАВ “Сафар ба шаҳри ёдҳо” Таҳти ҳамин ном китоби журналисти шинохта Ҳуринисо Ализода нашр шудааст. Китобро, ки аз таронаҳо таркиб ёфтааст, нашриёти “Русская литература” бо теъдоди 200 нусха чоп кардааст. Низом Қосим, муҳаррири маҷмуа дар пешгуфтор навиштааст, “Дар навиштаҳое, ки манзур шудаанд, ҷое фикре ҷолиб медурахшад, ҷое дилҷӯ образе ҷилва мекунад, ҷое ҷумлае чун сатре шеър истиқбол мешавад ва дар маҷмуъ муҳим он аст, ки касро фаро мегиранду ба андеша вомедоранд. Перомуни масъалаҳое ба андеша вомедоранд, ки муаллиф самимона ба андеша гирифтаву мехоҳад мавриди андешаи дигарон низ бошанд”.
√ НАЗМ
√ НАСР
МО ҶАВОНОН
(Бахшида ба Соли ҷавонон) Мо ҷавонон, шодмонӣ мекунем, Қисса аз фасли ҷавонӣ мекунем. Дар диёре, ки зи Ваҳдат ёфт ранг, Шукр дар лаб, зиндагонӣ мекунем. Баҳри ҳифзи Меҳани овозадор Мисли Сарвар ҷонфишонӣ мекунем. Дида заҳматҳои бешашро ҳама, Меҳнаташро қадрдонӣ мекунем. Даст дода мо ба дасти Пешво, Аҳд бо ӯ ҷовидонӣ мекунем. Хештан бо илму фан ороста, Дар ҳунар бас кордонӣ мекунем. Панди Мафтун дар амал омӯхта, Шуҳрати кишвар ҷаҳонӣ мекунем. Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
ҚАТРАҲО Озодманиш касест, худ месӯзад, Бо риштаи васл пораҳо медӯзад. Дар шоми умеди ошно ё, ки рақиб Зинҳор чароғи ғам намеафрӯзад. Шеърам ба мисол ҳамчу фарзанди ман аст, Чун қатраи хун равон ба ҳар банди ман аст. Хурсандии ман аз он бувад, ҳамватанон, Фарзанди бананг решапайванди ман аст. Ҷаҳон аз чанги бадхоҳон раҳонед, Ба қисмат карданаш асло намонед. Заминрову замонро аз балоҳо Агар, ки ҳифз созед, қаҳрамонед. Меҳмон будаам шабе ба кошонаи дил, Ҳамвор намуда мӯй бо шонаи дил. Мӯям ба забони ҳолаш ин ҳарф суруд, К-аз шонаи ту раҳест то шонаи дил.
Муҳтоҷи навозиши падар Кӯдак баробари аз дарс ба хона баргаштан ба назди дари ҳуҷрае рафт, ки дар охири даҳлез воқеъ буд. Сипас, ба курсие, ки канори девор меистод баромада, аз қисмати шишагини дар ба дохил нигарист. Падараш чун ҳарвақта чанд шишаи шароб дар наздаш рӯи дивани фарсудае менишаст. Матои рӯи мизи пастаки назди падар аз лахчаҳои сигор ҷо-ҷо сӯрох шуда ранг бохта буд. Телевизор дар як кунҷи ҳуҷра мехонд, вале падар маҷоли ба он нигаристан надошт. Писарак ҳоло синфи якум мехонд, вале вазифааш - назорат кардани падарро сидқан иҷро менамуд. Чӣ гуна сидқан иҷро накунад, ки падараш мумкин аст сархуш гашта, сигори дасташро ё рӯи бистараш ё палоси хона афтонда, хонаро ба коми оташ диҳад. Ӯ танҳо аз болои дар ба падараш менигарист. Зеро агар ба дарун дарояд, сахт сарзаниш медид ва аз андуҳи зиёд ягон дарси онрӯзаашро тайёр карда наметавонист. Таъмини рӯзгори онҳо бар дӯши модараш буд. Ҳафтае ду-се рӯз ба рӯбучини идорае мерафт. Дар набудани модар писарак бо ҳассосияти махсус ба падараш таваҷҷуҳ менамуд. Соати деворӣ ба ӯ ҳар дам вақти иҷрои вазифаашро ёдрас мешуд. Ҳар понздаҳ дақиқа аз ҷой бархостан писаракро хуш наояд ҳам, ба хотири муҳаббати зиёде, ки нисбат ба падар дошт, ҳаргиз шикоят намекард. Ягона чизе, ки ӯро пайваста ғамгин мекард, ин буд, ки наметавонист ба назди падар рафта ӯро навозиш кунад. Падараш танҳо ҳангоми ҳоҷат аз ҳуҷрае, ки солҳост худро ҳабс кардааст, берун мешуд ва боз зуд бармегашт. Дар чунин лаҳзаҳо садои кушода шудани дарро шунида, писарак дарҳол худро ба даҳлез мегирифт ва интизори бо ӯ гап задани падар мешуд. Ҳатто, чунонки баъзан дар хобҳояш медид, нигарон меистод, ки падар ӯро навозиш кунад ва аз сару рӯяш бибӯсад. Вале аз падар се калима мешунид: “Ҳа, чӣ гап?” “Ҳеҷ чиз не, дадаҷон...” - мегуфт кӯдак бо табассум ва муҳаббату ҳаяҷонашро ҳамон лаҳза ба қаъри дилаш ҳабс мекард. Рӯзе аз дарс омаду мисли ҳарвақта курсиро назди дар гузошта, ба болояш баромад, то аз ҳоли падар хабар гирад. Як пояи курсӣ фарсуда шудааст магар ки, шикаст ва писарак бо ҳар ду даст аз тахтаи дар дошт. Метавонист дастонашро сар дода, беозор ба замин фурояд, лекин курсӣ чапа шуда мехобид ва агар ӯ дастонашро сар медод, ба рӯи он афтода, мумкин буд пояш ё ягон ҷои дигараш лат мехурд. Бинобар ин, дастонашро сар надода, овезон меистод писарак. Садои тақ-тақро шунида, падар берун баромад ва курсии афтодаро каноре тела дода, аз банди дасти писарак маҳкам дошт. - Дастатро сар деҳ! – бо ғазаб гуфт падар. - Парво накун, ман туро доштаам, намеафтӣ. Писарак гӯё падарашро намешунид, ки дастонашро сар намедод. - Сар деҳ, натарс! – такрор кард падар. - Туро хуб доштаам. Писарак ба овози танҳо ба худаш шунаво гуфт: - Не, дадаҷон, сар намедиҳам, охир ин бори аввал аст, ки аз дастам медорӣ.
Саъдулло ҲАЙДАРӢ
√ ОНҲО
√ КӢ
ЧӢ МЕХОНАД?
Номвар Қурбонов,
номзади илмҳои физикаю математика, омӯзгори факултети физикаи ДМТ “ПЕРВИЙ УЧИТЕЛ” (“Нахустин муаллим”) Повест Муаллиф: Чингиз Айтматов, нависандаи қирғиз Соли 1962 таълиф ёфтааст. “Нахустин муаллим” ба вазъи илму маориф, ҷаҳонбинии одамон ва бунёди сохти шӯравӣ дар кӯҳистони Қирғизистон бахшида шуда, аз ҳаёту фаъолияти яке аз нахустин муаллимон бо номи Дюшен ва духтарчаи бенавое (Олтиной), ки дар хонаи хешовандонаш умр ба сар мебурду баъдан ба дараҷаи доктори илмҳои фалсафа ва академикӣ расид, қисса мекунад. Дюшен пас аз хизмати ҳарбӣ баргаштан, дар деҳаи худ кӯшиш менамояд, ки мактабе бунёд кунаду кӯдаконро таълиму тарбия диҳад, вале тамоми аҳли деҳа ба муқобили ӯ баромада, ин кори ӯро ғайри шариати динӣ медонанд. Вале Дюшен бо азму иродаи қавӣ як иморати вайрону валангорро, ки саисхона ва аз деҳа хеле дур воқеъ буд, обод карда, нахустин мактабро бунёд менамояд. Ҳар субҳ хона ба хона гашта, кӯдаконро ба мактаб мебурд ва дар фасли сармо онҳоро аз даруни дарёча худаш мегузаронд. Дар байни ин кӯдакон аз ҳама калонтарашон Олтинойи бе касу бенаво буд...
√ СЕРФУРУШТАРИН
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
КИТОБИ ТОҶИКИСТОН Дар мағозаи «Олами китоб», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи бинои “Душанбе Плаза” китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-и Мансур Бобохонов серхаридортарин аст. «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»ро нашриёти «Маориф» аввалин маротиба соли 1999 дар хаҷми 463 саҳифа ва бори дуюм соли 2011 дар ҳаҷми 471 саҳифа нашр кардааст. Адади нашраш 1000 нусха.
ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД...
Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон Клемент Ҷадо Ӯ ХУДРО ҶЕВОН МЕПИНДОШТ Ҷадои ҷавон ба нависандагӣ шавқу ҳаваси зиёд дошт. Боре оилаи вай нависандаи машҳур Витолд Гомбровичро ба меҳмонӣ даъват карданд. Он вақт Ҷадо 15-сола буд. Гомбровичро дар хонаашон дида, ҷавон ба ҳаде мутаассир гашт, ки ҳамагӣ чанд калима гап зада тавонисту бас. Ӯ худро дар хонаи дарун маҳкам кард ва дар қатори ҷевони хона то рафтани меҳмон рост истод. Гӯё ӯ ҳам ҷевон шуда буд. Ҷадо минбаъд худро ҷевон тасаввур мекард ва тамоми умри хешро бо ҳамин тасаввур сипарӣ намуд. Вақте ӯро аз шавқу ҳаяҷони нависандагии замони кӯдакиаш хотиррасон мешуданд, мегуфт: “Ман худамро ҷевон тасаввур мекунам ва то он ҷое, ки бароям маълум аст, ҷевонҳо қобилияти навиштан надоранд!” Бешубҳа, Ҷадо аҷибтарини зумраи Бартлбиҳои адабиёт маҳсуб мешавад.
Роберт Валзер (1878 - 1956) СОДА, ВАЛЕ ҒАЙРИОДӢ Адиби швейдсар Валзер шояд аз зумраи адибҳое бошад, ки дар ҳаёт ба қаҳрамони тахайюлии асари “Бартлбии муншӣ” бештар шабоҳат доранд. Дар зиндагиаш гоҳо дар сари дастгоҳи фабрика кор кардааст, гоҳо котиби адвокат будааст, чанд муддат ба сифати корманди бонк фаъолият доштааст ва баъзан дар фабрикаи дӯзандагӣ ҳар гуна корҳои майдаро анҷом додааст. Вале дар баробари иҷрои ин корҳо боз фурсат ёфта, ба “Клуби нависандагӣ барои бекорон”, ки дар шаҳри Сюрих амал мекард, иштирок менамуд. Алорағми итоатнопазирии Бартлбӣ, итоати Валзер дунёбезорӣ ва инзивои ӯро ифода мекард. Валзер инкор ё шикояташро на бо тарк намудани нависандагӣ, балки бо ихтиёр намудани хомӯшӣ амалӣ гардонд. Аз ҳама зиёд орзу мекард, ки дигарон ӯро фаромӯш кунанд. 28 соли охири умри ӯ дар девонахона бо навиштан дар рӯи поракоғазҳо, ки ҳеҷ кас чи навиштанашро фаҳмида наметавонист, паси сар шудааст. Ҳерман Ҳессе дар бораи ин нависандаи сода ва дар айни замон ғайриодӣ чунин гуфта буд: “Агар Валзер сад ҳазор хонанда дошта бошад, дунё ба макони аз будаш ба маротиб зебое табдил меёбад”. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
РОБЕРТ ВАЛЗЕР
15
Дарахтбурӣ афзоиш ёфтааст Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар давоми соли 2016 аз ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда доир ба вайрон кардани талаботи Кодекси ҷангал ба миқдори 2051 санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб додааст, ки маблағи умумии 385,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Раҷабалӣ Шарифов, муовини аввали директори Агентии хоҷагии ҷангал гуфт, ки аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 1401 адад буриши дарахтон, 241 адад ҷамъоварии худсаронаи меваҳои хурданибоби ҷангал ва 177 адад шикори беиҷозат мебошад. Гуфта шуд, ки шумораи буриши дарахтон ва шикори ҳайвонот вақтҳои охир афзуда истодааст. Р. Шарифов сабаби аслии онро дар ҳамкорӣ накардани мурдум ва маоши пасти кормандони агентӣ арзёбӣ намуд. “Дар агентӣ 2846 нафар корманд ба таври доимӣ ва 7000 нафар тариқи шартнома кор мекунанд. Маоши миёнаи кормандони шартномавӣ 475 сомониро ташкил медиҳад, ки барои пешбурди корҳои муҳофизатӣ хеле кам аст”, - гуфт ӯ.
Кроссворди “Зарринтоҷ”
√ ОШХОНАИ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
РАНГОРАНГИИ “ҶТ”
“ҶТ”
Хӯриши “Ангуштари тиллоӣ” МАҲСУЛОТИ ЛОЗИМА БАРОИ 2-3 НАФАР: Картошка - 2 дона Помидор - 2 дона Бодиринг - 2 дона Тухми дар об ҷӯшонидашуда 2-3 дона Пиёз - 1 дона (ҳаҷман хурд) Каме кабудӣ ТАРЗИ ТАЙЁР НАМУДАН: Картошкаро тоза карда, ҳаҷман хурд ва дарозрӯя борик реза карда, каме намак илова ва дар равған бирён мекунем. Бодирингро чоркунҷа реза карда, ба лаълӣ мегузорем. Аз болои бодиринг помидорро низ чоркунҷа реза карда мегузорем. Каме намак мепошем. Тухмҳоро пуст карда, чоркунҷа реза ва ба болои бодирингу помидор мечинем. Каме кабудӣ мепошем. Пиёзро майда реза карда, дар об шуста мегирем, то тезиаш рафъ шавад. Баъдан ба болои дигар маҳсулотҳо мегузорем. Қабати болоии хӯришро бо картошкаҳои бирёншуда оро медиҳем.
√ МУҚОИСА КУНЕД Ҷавобҳои сканворди “Ҷавонӣ” Ҷ АЗ БОЛО БА ПОЁН 2. Бадан, тан, қаду қомат 3. Тиллоӣ, аз зар сохташуда 4. Шаҳрванди Осетия 5. Памперс бо тоҷикӣ 6. Растание, ки аз он либос тайёр мекунанд 7. Мақари Президенти Русия 11. Асбоби мусиқӣ 13. Як намуди маймун 14. Муаллим, таълимдиҳанда 16. Макони тоату ибодат 17. Раги калони хунгард 18. Навъи машҳури тайёра 19. Чарх ё қисми ҳаракаткунанда дар мошинҳо 26. Масъули тозагӣ дар коргоҳ 27. Чизи аз оҳан сохташуда 29. Як навъи расонаи хабарӣ 30. Гандумгун, сабзина (арабӣ) 31. Вазорат дар кишвар 32. Саргардон
АЗ ЧАП БА РОСТ 1. Яке аз рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон 6. Олоти сартарошӣ 8. Ғамгин, хаста... 9. Зарба бо русӣ 10. Бефара, монда 12. Рабт 13. Само 15. Молу мулк, дороӣ 17. Моддаи хушбӯй, ки дар атриёт истифода мешавад 20. ... насаб 21. Таҳаммул, тоқат 22. Орден дар Тоҷикистон 23. Ҳайвони ваҳшӣ 24. Авлодӣ, хонаводагӣ 25. Хаста, озурда 28. Фаши салла, дастаи мӯи тобида дар пешонӣ 32. Расм, русум 33. Нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷануби Тоҷикистон 34. Ҳамнишини шахсони бузург, ҳамнишин, ҳамдам 35. Моеи андак ғализ ва часпанда, ки баъзе ҳуҷайраҳои организми зинда аз худ ҷудо мекунанд 36. Қадимӣ, таърихӣ 37. Зиёраткунанда 38. Ҷумҳурии арабӣ дар ҷанубу ғарби Осиё
А Н Д И
А
О С И
В О
Р И С
О
Е
Л
О Б М О Н
Л И В О
Н А
В Х О Н А
Ӣ
А
Ҳ
А
А
С
Ё
В
А
О Ф Т О
Б
Ҳ О Л
М У Ҳ Т А Р
А М
О Б
О
С Е
А Й Н Ӣ А
Н И Д О
М А Ҳ С И
Л О Р Д
А Р Қ
А
Б А
Р
Ш
О Б О
К О
Р Ҷ
Р
А Ш И Д А Р
Ғ
В
У Д
А
Р
А С И Д
А Н О Р
О М У
Е Л И
Т А Р Ф
З
П О Р
С И
О Н
И М Д О Д
У Н У Н
А Ф З О Р
16
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №04 (9482), 26.01.2017
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ Ду девона канори ҳам нишаста буданд. Аввалӣ ба иллати тарошидани сараш аз сартарош гила дошт. Дуюмӣ гуфт: - Биё, чанд мех ба сарат бикӯбам, то ин бор, ки хост саратро битарошад, ё мошин кунад, мехҳо монеи кораш шаванд ва теғи мошини сартарошро аз кор биандозанд. Аввалӣ қабул кард ва сари худро омода нигаҳ дошт, вале дар муқобили кӯбидани ҳар мех аз ҷо мепарид. Рафиқаш пурсид: - Чаро аз ҷо мепарӣ, магар метарсӣ? Аввалӣ гуфт: - Метарсам, мабодо ҳангоми кӯбидани мехҳо болға даррафта, ба сарам бихурад.
Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...
√ АНДАРЗИ
Марде аз касе чизе бихост. Ӯро дашном дод. Гуфт: «Маро, ки рад мекунӣ, аз чӣ дашном медиҳӣ?» Гуфт: «Хуш надорам, ки дасти тиҳӣ равонат созам».
“ҶТ”
Ҳикмати баҳоҳои 5 ва 2 Духтаре дар мактаб баҳои панҷ ва духтари дуюм баҳои ду гирифтанд. Духтари аввал ҳангоми ба хона баргаштан аз шавқу шодмонии зиёд ҷастухезкунон мерафт ва ногаҳон афтиду пояш шикаст, дуюмӣ бошад, бо сари хамида роҳ мерафту ҳамёни пур аз пул ёфт. Андарз: Тамоми ҳодисаву воқеаҳое, ки дар ҳаёт рух медиҳанд, идомаи ҳодисаву воқеоти дигар мебошанд. Аз ин рӯ, набояд аз барори андак сархуш ва аз нобарорие руҳафтода шуд.
√ ЭЪЛОН
Маънии ҳаёт Девонае дар роҳ мерафт, ки аз рӯ ба рӯяш 7 нафар шахси донишманд пайдо шуданд. Девона аз онҳо пурсид: - Шумо хеле оқилу доно ҳастед! Бигӯед, маънии ҳаёт дар чист? Яке аз донишмандон аз роҳ бозистода, ба фаҳмондан шуруъ намуд. Шаш нафар донишманди дигар роҳи худро идома доданд. Дар роҳ бошад, ду девона боқӣ монд...
Оина
- Ман намефаҳмам: вақте ба назди камбағале меравӣ, ӯ бо чеҳраи кушода то қадри имкон кӯмак мерасонад. Аммо вақте ба назди сарватманде меравӣ, ӯ касеро намебинад. Наход ин танҳо барои пул бошад? - Ба тиреза нигоҳ кун. Чиро мебинӣ? - Зане бо кӯдакаш, аробаи пурбор... - Хуб. Акнун ба оина нигоҳ кун. Он ҷо чиро мебинӣ? - Дар оина чиро ҳам медидам? Танҳо худамро мебинам. - Инак: ҳам тиреза ва ҳам оина аз шиша сохта шудаанд. Ба оина танҳо каме сим илова мекунӣ ва аллакай танҳо худро мебинӣ.
ШУҲРАТ САЙНАКОВ
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
√ ОБУНА-2017
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Ниёзов Некрӯз Қодирович (РЯМ 2130036077), ки соли 2013 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Бобоев Сайвалӣ Тағаймуродович (РЯМ 2130003471), ки соли 2009 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар
JAVONON.TJ
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857. Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5102 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, в. Суғд).