Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
АХБОРИ РӮЗ
Интиқоди Сарвазир аз ҷараёни корҳои роҳсозон Охири ҳафтаи сипаришуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон шинос шуд.
№4 (9378), 22 январи соли 2015
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
e-mail: javonontj@mail.ru
www.javonon.tj
НИГАРОНӢ
Сарвазир сифати иҷрои корҳо дар баъзе қитъаҳои роҳро мавриди интиқоди шадид қарор дода, аз шахсони масъул талаб кард, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин камбудиҳоро бартараф созанд. Ба роҳбарони корхонаҳои машғули амалисозии лоиҳаи мазкур ҷиҳати анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии роҳ ва мавриди истифода қарор додани иншоот аввали моҳи июни соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якуми таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км. аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км. аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дар бар мегирад. Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд.
“Фароз” гази моеъро арзонтар мекунад Ширкати «Фароз», яке аз воридкунандагони маводи сӯзишвории нафтӣ ба кишвар, маҳсулоти нафтиашро арзонтар ба фурӯш мебарорад.
Ҷангҳои мактабӣ
Ё чаро ҷавонон барои ҳифзи мактабу маҳаллаашон ҷонашонро дареғ намедоранд, аммо ба муҳофизати Ватан намераванд?
Ширкат бо истеҳсолкунандагони сӯзишвории нафтии давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Русия шартномаҳои ҳамкории мутақобила дошта, ҳар лаҳза ҳангоми поён рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ, метавонад бо арзиши пасттар сӯзишворӣ дастрас намояд. Вобаста ба талаботи аҳолӣ ба гази моеъ ширкат чанде пеш нархи чаканаи гази моеъро аз 3 сомонию 20 дирам ба 2 сомонию 50 дирам барои як литр коҳиш дод. Ширкат боз тасмим гирифт, ки нархи чаканаи гази моеъро аз 2,50 сомонӣ то 1,90 сомонӣ барои як литр коҳиш диҳад.
Саҳифаи
12
ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД-2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
1
АФСӮС
Вакили парлумон Суҳроб Шарифов моро тарк гуфт Суҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пас аз беморӣ дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе дар 52-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ҷамъомади видоъ бо сиёсатмадор ва олим Суҳроб Шарифов, ки 20 январ назди манзилаш баргузор шуд, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хешону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд. - Тоҷикистон бо фарзандаи арзанди худ, ки метавон ӯро сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ номид, худоҳофизӣ мекунад, - қайд кард Ш. Зуҳуров. - Давоми зиёда аз се соли кор дар парлумон, Суҳроб Шарифов дар сам-
ти қонунофарӣ, соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар бахшҳо фаъолона саҳмгузорӣ намуда, миёни ҳамтоёнаш аз обрӯву нуфузи хоса бархӯрдор буд. Ҷасади марҳум дар оромгоҳи совхози Варзоби ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд. Шарифов Суҳроб Ибронович 18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав, факултаи фалсафа, доктори илмҳои сиёсӣ мебошад. Солҳои 1988-1990 ба ҳайси
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
омӯзгори фалсафа дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1990-1993 унвонҷӯи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав буд. Солҳои 1993-1998 ҳамчун корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав кор кард. Солҳои 1998-2001 мудирии шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ ва солҳои 2005-2011 директории ин Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги марказро бар уҳда дошт. Се соли Суҳроб Шарифов сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони охир вакили Маҷлиси намояндагони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. Маҷлиси Олӣ буд.
ДАСТОВАРД
ТУРИЗМ
Медали тиллои Меҳрубон дар олимпиадаи ҷаҳонӣ
Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҷавонон... бо ҷавонони ВМКБ Гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Руслан Шодиков, муовини раиси кумита, 15 январи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Зимни сафар намояндагони кумита бо ҷавонони касбу кори гуногун зимни суҳбату вохурӣ ва нишастҳо мавзуъҳои мубориза ба муқобили ҳар гуна амалҳои зишт, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, пешгирии воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, терроризму экстремизм, тарғиби тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳадаф аз ин сафар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ,
маърифати сиёсии ҷавонон, шиносоӣ бо вазъи буду бош ва хизмати сарҳадбонон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарғибу ташвиқи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баррасии имкониятҳои мавҷудаи соҳаи туризм ва ҷалби бештари сайёҳон барои беҳтар намудани сифати зиндагии мардум, ҳамзамон, дидорбинии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус, маъюбон мебошад. Суҳбату мулоқот аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, то 22 январ дар дигар шаҳру навоҳӣ идома меёбад.
МУЛОҚОТ
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон хоса аст 20 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷавонони фаъол мулоқот кард. Дар он Солеҳа Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат дошт. Қ. Миралиев аз давраҳои аввал ва мушкили соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардид. Қайд шуд, ки дар муддати кутоҳ мо соҳиби истиқлолияти комил ва давлати азизу маҳбуб гаштем. Махсусан, имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи
2
хоса зоҳир мегардад. Имкониятҳо ва шароити хуб барои таҳсилу кори ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Зимни мулоқот ба интихоби дурусти касб таваҷҷуҳ карда шуд. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд дар интихоби касб
саросема нашаванд, зеро бо интихоби дурусти касб онҳо замина ба ҳаёти ояндаи хешро мегузоранд. Дар ин бора Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Намояндагони Тоҷикистон иборат аз хонандагони литсейҳои президентӣ, литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ва гимназияи “Ҳотам ва ПВ” дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои физикаю риёзӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гашт, ҳафт медал ба даст оварданд. Дар олимпиада 393 хонанда дар ҳайати 58 даста ширкат доштанд. Меҳрубон Тураев, хонандаи синфи 11-и гимназияи “Ҳотам ва ПВ” соҳиби медали тилло гашт. Диловар Маҳмудов, хонандаи дигари ин гимназия ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуд. Як нишони нуқра ва чор биринҷӣ насиби хонандагони литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ гардид. Хонандагоне, ки дар ин олимпиада ба гирифтани медал сазовор шуданд, имкони таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон, аз ҷумла, донишгоҳи ба номи Назарбоевро пайдо карданд. Ин бори дуюм аст, ки мактаббачагони тоҷик дар ин олимпиадаи бонуфуз сазовори медали тилло мегарданд. Бори аввал медали тиллоро барои Тоҷикистон 5 сол қабл хонандаи гимназияи “Ҳотам ва ПВ” Афзали Беҳрӯз ба даст оварда буд, ки ҳоло дар магистратураи Донишгоҳи технологияҳои информатсионӣ, механика ва оптикаи шаҳри Санкт-Петербург таҳсил карда, ҳамзамон, дар ширкати “Яндекс” кор мекунад.
Китоби Николас доир ба Тоҷикистон Сайёҳи фаронсавӣ Николас Пернот, ки чанд муддат дар Тоҷикистон зиндагӣ карда буд, доир ба кишвари мо китоб навишт. Он «Тоҷикистон. Мардум ва табиат» ном дошта, фарогири аксҳои зебоест, ки инъикосгари ҳаёти рӯзмарраи мардуми кӯҳистони тоҷик аст. Китоб аз 112 саҳифа иборат буда, бо забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ иншо гаштааст. Николас нақша дорад, ки китоби худро бо арзиши 25 евро ба хоҳишмандони кулли гӯшаҳои ҷаҳон бифиристад. Ҳамзамон, Николас бо ис-
тифода аз аксҳои бардоштаи худ тақвими «Тоҷикистон2015»-ро интишор намуда, онро ба маблағи 15 евро тавассути интернет ба фурӯш гузоштааст. Николас мегӯяд, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дӯстдоштатарин кишвар барояш ҳисоб меёбад. Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
ДСХ соли 2014 12 мутахассиси туризм омода кард “Соли 2014 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро 12 нафар бо ихтисоси туризм хатм намуда, 8 нафарашон дар ширкатҳои туристии кишвар ба кор шуруъ кардаанд”, - иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотии донишкадаи мазкур. Зикр гардид, ки аз 4 нафар донишҷӯи дигари ихтисоси туризм яке ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва се тани дигар ба хориҷи кишвар рафтанд. Диловар Қодиров, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо нигаронӣ изҳор дошт, ки соли гузашта аз 805 нафар довталаб, ки тибқи нақша бояд қабул мешуданд, танҳо 343 нафар қабул шудааст. Ин рақам ба 42,6 дарсади нақша баробар буда қонеъкунанда нест. Д. Қодиров сабаби аз нақша кам қабул шудани донишҷӯёнро ба он вобаста донист, ки соли 2014 қабул ба макотиби олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ сурат гирифт, ки на ҳама ба ин усул омода буданд. Аммо мавсуф қабул ба макотиби олиро аз тариқи Маркази миллии тестӣ талаботи рӯз ҳисобида, афзуд, ки ин раванд объективона қабул шудани донишҷӯёнро ба донишгоҳҳо таъмин намуда, фасодро аз байн мебарад. М. УСМОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
АДЛИЯ
СОХТМОН
Вазорати адлия 9132 бекор кардани ақди никоҳро ба қайд гирифтааст
Дар Душанбе манзил арзон шудааст
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи мамлакат, 21 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаришуда идораҳои нотариалии сабти асноди ҳолати давлатӣ 600 262 амалиёти нотариалиро ба расмият даровардаанд, ки ба буҷаи давлат 47 030 747 сомонӣ ворид гардид. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 278 806 сомонӣ зиёд мебошад.
Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ 14 январи соли равон гуфт, ки ҳоло нархи як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ 600 доллари амрикоист. Ҳол он ки солҳои пеш ин рақам бештар буд. Чанд соли охир дар намои биноҳо пешравиҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. - Аз ҷониби Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон ҳангоми аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои сохтмони иншоот масъалаҳои истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ бо технологияҳои сарфакунандаи захираҳо ва энергия дар асоси масолеҳи баландсифат, ҳифзи гармӣ, қонеъгардонии талаботи аҳолӣ бо манзили истиқоматии дастрас ва гуногундараҷа бо ҳузуру ҳаловат (комфорт), ҳуҷраю ошхонаҳои масоҳаташон калон ва ташнобу ғуслхонаҳои васеъ, инчунин, бо назардошти энергия самаранокии биноҳо мавриди амал қарор дорад, - гуфт Абдувалӣ Комилзода. - Имрӯз дар бисёр хонаҳо дутоӣ телевизор, гармкунаки барқӣ, обгармкунак (термекс)-и барқӣ ва дигар таҷҳизоти барқии рӯзғорро дидан мумкин. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки биноҳои навсохт бо таҷҳизоти барқи офтобӣ ва обгармкунаки офтобӣ муҷаҳҳаз бошанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли таҷҳизоти офтобӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ба роҳ мондани таҷҳизоти офтобии ватанӣ умед аст, ки бисёр хонавода ва корхонаҳо бо барқи автономӣ таъмин мешаванд. Ҳоло дар ноҳияи Фархор мактабе бо чунин усул барқу гармӣ медиҳад. Соли гузашта, аз ҷониби кумита чор озмуни кушоди лоиҳаҳои беҳтарини иншооти шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ бо истифода аз усулҳои миллӣ бо ташкили намоишгоҳи лоиҳаҳои намунавӣ семинари илмӣамалӣ барзузор шуд. Ба гуфтаи Абдувалӣ Комилзода ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо такмили фаъолияти лоиҳакашиву меъморӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъмори-
Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 513 310 санад, аз ҷумла, 231 834 сабти таваллуд, 71 589 сабти таваллуди мӯҳлаташ гузашта, 32 210 сабти вафот, 1015 сабти вафоти муҳлаташ гузашта, 95 478 сабти никоҳ (193 адад шаҳрванди хориҷӣ), 9 132 сабти бекор кардани ақди никоҳ (28 адад хориҷӣ), 33 251 сабти муқаррар намудани
падарӣ, 1 296 сабти фарзандхонӣ, 37 505 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба қайд гирифта шуданд. Вазир иброз дошт, ки ба Вазорати адлия ва сохторҳои он 74 535 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2013 6714 адад зиёд аст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ХИЗМАТРАСОНӢ
«Тоҷикматлубот» 1200 тонна бештар муҳсулот захира кардааст Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2014-2015» тамоми имкониятҳоро истифода бурда, нақшаҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми чорворо ба пуррагӣ иҷро намуд. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ дар фасли сармо ва пешгирии болоравии нархҳо 29 359 тонна маҳсулот захира шуд. Дар маҷмуъ, нисбат ба соли 2013 захираи муҳсулот 1200 тонна зиёд мебошад. Гулнора Кокова, муовини раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2014 барои нигоҳ доштани меваю сабзавот дар Ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара сардхона бо ғунҷоиши 350 тонна ва дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна ба истифода дода шуд. - Соли сипаришуда ба хориҷи кишвар 12 090 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, - гуфт Гулнора Кокова. - Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои саноатӣ аз тарафи корхонаҳои истеҳсолии кооператсияи матлубот, шарикони боэътимод ҷӯстуҷӯ намуда, бо онҳо ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда мешавад. Имрӯз дар тобеияти «Тоҷикматлубот» 44 бозори ҳаррӯза, 18 бозори якрӯза, 21 бозори чорво, дар муҷмуъ, 83 бозор мавҷуд аст. Аз инҳо 4 бозор – “Рузивай”, “Ҳуироғӣ”, “Тем” ва “Ишкошим” наздимарзианд. Дар назар аст, ки оянда бозори “Рузивай”-и ноҳияи Дарвоз ҳаррӯза ва бозорҳои боқимонда дурӯза шаванд. Соли равон мувофиқи нақша 50 дӯкон, 5 сартарошхона, 8 бағоҷхона, 22 нуқтаи техникӣ, марказҳои дилерӣ ва мубодилаи асъор сохта мешаванд. Ба ҷои тарозуҳои сангӣ тоҷирон бо тарозуҳои электронӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба ҷои аробаҳои шаклу андозаашон гуногун аробаҳои стандартӣ дар бозорҳо хизмат хоҳанд расонд. Ҳамчунин, тоҷирон бо сару либоси махсус, масалан, гӯштфурушон бо либоси сиёҳ, фурушандагони маҳсулоти саноатӣ бо либоси кабуд ва нону ширфурӯшону қанодон бо либоси сафед таъмин мегарданд. - Бозор симои шаҳру маҳалла аст, - афзуд Гулнора Кокова. - Аз ин рӯ, ба тозагӣ ва низому тартиби бозорҳо таваҷҷуҳи бештар хоҳад шуд. Дар назди бозорҳо мошинсарой сохта мешаванд, то муштариён дучори мушкилӣ нагарданд. Соли 2014 дар Ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода сехҳои нонпазӣ, қаннодӣ ва мебелбарорӣ, дар Ваҳдат сехҳои истеҳсоли нон, қаннодӣ ва хишти сементӣ, ноҳияи Шаҳринав сехи қаннодӣ, Файзобод ва Варзоб сехҳои дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар корхонаи истеҳсоли болопӯши пашмини ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара дар асоси дархости аҳолӣ истеҳсоли болопушҳо аз нахи пахта низ ба роҳ монда шуд. Тайи соли сипаришуда музди меҳнати кормандони соҳа 15 дарсад афзоиш ёфта, 1612 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
Бо баракати афзоиши суръати сохтмони биноҳои баландошёна нархи хона дар шаҳри Душанбе рӯ ба арзоншавӣ дорад. ву лоиҳакашӣ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати мемории ниёгон мебошад. Бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавон кумита ҳамкориро бо факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст. Ҳоло 5 нафар донишҷӯи факултаи мазкур дар устохонаи Пажуҳишгоҳи «Шаҳрофар» аз устодони собиқадор таҷриба меомӯзанд. Мутахассисони кумита соли гузашта дар Ҷопон ва Олмон ихтисоси худро такмил дода, намояндагони кумита дар ҷумҳуриҳои Белорус, Арабистони Саудӣ, Қатар ва ғайра сафарҳои корӣ доштанд. Фоидаи сохтмони тавақуфгоҳҳои бисёрошёна аз фоидаи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дида бештар аст. Вале имрӯз соҳибкорони ватанӣ ба ин масъала кам таваҷҷуҳ доранд. Шояд оянда соҳибкорон ба ин нуқта низ таваҷҷуҳ карда, роҳҳои шаҳрҳоро сабукӣ бахшанд.
МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ, ШУҒЛ
38 911 нафар соҳиби ҷои кор шуданд Соли 2014 тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 38 911 нафар шаҳрванди бекор ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар асоси 201 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4685 нафар бо кори ҷамъиятӣ ва 18226 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълимии касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касб фаро гирифта шуданд.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатӣ соли сипаришуда аз ҷумҳурӣ 834058 нафар шаҳрванди мамлакат ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки 670 806 нафари онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Соли 2013 ин рақам 698 823 нафарро ташкил медод. Аксар муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Федератсияи Русия (660 947 нафар), Қазоқистон (4729 нафар), Қирғизистон (1301 нафар) ва дигар давлатҳо (1121 нафар)
сафар кардаанд. - Соли сипаришуда дар асоси нақшаҳои бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқшуда дар мамлакат 644 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 279 оилаи муҳоҷирони экологӣ дар ҷойҳои нави зист қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакҳои яквақта таъмин гардиданд, ки 100 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад, - гуфт Сумангул Тағойзода. - Дар ин муддат ба 2127 нафар зану духтари бекор дар ҳаҷми 7 миллиону 204 ҳазору 681 сомонӣ ва ба 1410 нафар ҷавони бекор ба андозаи 4
миллиону 777 ҳазор 714 сомонӣ кӯмаки молиявӣ пардохт гардид, ки дар муқоиса ба соли 2013 аз ҳисоби занон 237 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 53 нафар зиёд мебошад. Бо мақсади ташкили низоми муташакилонаи бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар дар сохтори вазорат Муассиаи давлатии «Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа» таъсис дода шуд. Ин муассиса бо корхона ва муассисаҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати бо кортаъминкунии муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумурӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон, ки ба таври расмӣ дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, робитаҳои устувор ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Имрӯз дар системаи вазорат 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуда, аз рӯи 14 самт ва 94 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамоянд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
3
ҲИФЗИ ҲУҚУҚ
ШАҲРДОРӢ
150,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд Соли сипаришуда дар шаҳри Душанбе 150,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода шуд, ки нисбат ба соли 2013 74,2 фоиз бештар мебошад. Дар ин бора Насрулло Хайруллоев, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе 16 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҷинояткории ҷавонону ноболиғон бештар гардидааст Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ 16 январ зикр кард, ки соли 2014 дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 352 (2013-18336) ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 17 ҳазору 498-тои он ошкор гардид. Cатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87,7 (соли 2013-86,7) фоизро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 116 нафар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дастгир шуданд, ки аз тарафи онҳо 338 ҷиноят содир гардидааст. Ҳамчунин, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 5 амали террористӣ пешгирӣ шуда, як ҷинояти террористӣ ошкор гардид. Аз гардиши ғайриқонунии мухаддарот 6 тоннаву 213 (2013 6686) кило маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 2 тоннаву 806 (2013 - 3015) кило ё 45 фоизро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира намудаанд. Соли 2014 7 ҳазору 279 (2013 - 7176) нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин давра 20 ҷиноят бо иштироки 28 нафар дар самти қочоқи металҳо ва сангҳои қиматбаҳо муайян ва ошкор шуд, ки аз онҳо ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ сангу металҳои қиматбаҳо мусодира гардид. Дар натиҷаи гузаронидани
чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, ҳамкории самаранок бо аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 1302 (2013 1080) силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира шуд. Ҳамзамон, 83 ҳолати ғайриқонунӣ додани таълимоти динӣ, инчунин, 282 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян ва ошкор гардид. Дар соли сипаригашта аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 6191 (ноболиғон 800 (2013 - 725), ҷавонон - 5341 (2013 - 4898) ҷиноят содир гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Дар миқёси ҷумҳурӣ 550 (2013 - 568) ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки 95 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Соли гузашта дар натиҷаи 1514 (2013-1466) садамаи нақлиётӣ 446 нафар ҳалок (2013-472) ва 1746 (2013-1605) кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар натиҷаи 1335 (2013-1358) ҳодисаи сӯхтори бақайдгирифташуда 29 нафар (2013-30) ҳалок гардидаанд.
Ба гуфтаи ӯ соли сипаригардида дар шаҳри Душанбе ба маблағи 1103,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2013 (бо нархҳои муқоисавӣ) 120,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар саноати истихроҷ ҳаҷми исетҳсолот 6,8 миллион сомонӣ, саноати коркард 906,6 миллион сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об 190,1 миллион сомониро ташкил додааст. Истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизоти барқӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, нассоҷӣ ва дузандагӣ коҳиш ёфтааст. - Соли 2014 158 корхона (60,1 фоиз) сатҳи истеҳсолотро нисбат ба соли 2013 баланд бардоштанд. 29 корхона ё 11,0 фоиз аз шумораи умумӣ кор накарданд. Хароҷоти буҷети пойтахт ба андозаи 89,7 фоиз иҷро гардидааст. Аз ҷумла, ба рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ 70,9 фоиз, соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия - 0,8, маориф - 14,2 ва нагаҳдории тандурустӣ 8,6 фоизи маблағҳо сарф карда шуд, - афзуд Н. Хайруллоев.
ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА
Соли 2014 112 нафар ҳангоми оббозӣ вафот кардаанд Абдусаттор Хушвахтов, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 15 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаригардида дар ҳудуди ҷумҳурӣ 67 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст.
Гарчанде дар ин давра шумораи ҳолатҳои фавқулодда, ҳаҷми хисорот кам гардида бошад, вале бар асари офатҳои табиӣ
31 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд, ки нисбат ба соли 2013 20 нафар зиёд аст. Дар 29 ҳолати фавқулоддаи
табиӣ зарар муайян шуд, ки 41 миллиону 504 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Ин шумора соли 2013 63 миллиону 950 ҳазору 800 сомонӣ буд. Инчунин, номбурда иброз дошт, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарё ва кӯлҳо 112 нафар (то 10-сола - 22 нафар (17 нафар мард), аз 10 то 17-сола - 15 нафар (14 нафар мард), аз 18-сола боло 69 нафар (57 нафар мард) ва 6 нафари дигари синну солашон намаълум) ҳалок гардидаанд. Мутобиқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ, соли гузашта аз 300 хоҷагии ба нақша гирифташуда 221 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехафв кӯчонида шуданд, аз ҷумла, ВМКБ - 35 хоҷагӣ, вилояти Суғд - 46, Хатлон - 97 ва НТҶ - 43 хоҷагӣ. Ҳамаи хоҷагиҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд, - афзуд А. Хушвахтов.
БЕҲДОШТИ ЗАМИН
Фонди беҳдошти мелиоративии замин бояд таъсис ёбад Ҳасанзода Ҳомид Усмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 19 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки бояд “Фонди беҳдошти мелиоративии замин” таъсис ёбад ва чунин таклифу пешниҳод аз тарафи агентӣ ба дигар ниҳодҳо ирсол шудааст. Он дар оянда фақат барои беҳдошти замин ва барқарорсозии он метавонад фаъолият намояд. Фонд аз ҳисоби 85 дарсад ҷуброни маблағҳое, ки аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо мешавад, фаъолият хоҳад кард. Ҳамзамон, сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ метавонанд ба он
4
маблағ ҷудо намоянд. - Фонд метавонад дар оянда вазъи мелиоративии заминҳоро беҳтар намояд. Заминҳои вазъи мелиоративиашон бад бояд аз истифода берун набошанд. Ин заминҳо дар истифодаанд, аммо дар баъзе маврид ва дар баъзе ҷойҳо аз ҳисоби ин заминҳо ҳосилнокӣ пасттар аст. Дар кишвар аз
ҳисоби ғайриқаноатбахш будани ҳолати мелиоративӣ то 4 ҳазор гектар замини шуранокиашон баланд истифода намешаванд. Заминҳое ҳастанд, ки ҳолати мелиоративиашонро бад мегӯянд, лекин ҳосилнокиашон баланд аст, - афзуд директори агентӣ. Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
АНДОЗ
«Барқи тоҷик» - қарздори рақами як - Соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 102,8 фоиз таъмин гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. – Ҳамин тавр, ба ҷойи 6 миллиарду 923,5 милллион сомонии пешбинишуда ба буҷа 7 миллиарду 117,1 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Тибқи тартиби судӣ маҷбуран рӯёндани бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо 1082 аризаи даъвогӣ ба маблағи умумии 993,5 миллион сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ ва умумӣ қарор ёфта, оид ба ба фоидаи буҷет рӯёндани 766,1 миллион сомонӣ қарор бароварда шуд. Ҳоло дар мақомоти андоз бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин маврид андозсупоран-
дагон аз утоқи корӣ, манзили зист, умуман, аз ҷойи дилхоҳ метавонанд ба шабакаи интернет пайваст гардида, эъломияҳои хешро пешниҳод намоянд. - Барои андозсупорандагоне, ки чунин имкониятро доро нестанд, дар нозироти андозҳои як қатор навоҳӣ утоқҳои махсус – терминалҳо кушода шудааст, - гуфт Н. Давлатов. – Дар терминалҳо тамоми шароит мавҷуд буда, нозирони алоҳида барои кӯмак расондан ба ҳоҷатмандон вобаста шудаанд. Минбаъд, батадриҷ чунин тар-
зи хизматрасонӣ дар ҳама ҷо ба роҳ монда хоҳад шуд. Раиси Кумитаи андоз ба масъалаи қарздорҳо дар назди мақомоти андоз дахл намуда, иброз дошт, ки дар ин ҷода Ширкати саҳомию холдингии «Барқи тоҷик» «пешсаф» мебошад. - То якуми декабри соли гузашта қарзи ширкати «Барки тоҷик» 135,5 миллион сомониро ташкил додааст, - иброз дошт Н. Давлатов.
МАОРИФ
ФАРҲАНГ
Шумораи донишҷӯёни ДТТ 25 дарсад кам гардид Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайати 200 макотиби олии бетарини кишварҳои ИДМ ворид шуда, дар ин рӯйхат мақоми 151-ро соҳиб шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ 15 январ Нуралӣ Шоев, ректори донишгоҳи мазкур ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Дар донишгоҳ айни ҳол беш аз 4400 нафар донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта бори нахуст
донишҷӯёни ду зинаи таҳсил – курсҳои чору панҷ донишгоҳро хатм намуданд. Аз ин лиҳоз, теъдоди донишҷӯён то 25 фоиз кам гардид. Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори меҳнат мавқеи сазоворро соҳиб гардид. Аттестатсияи умумии донишҷӯён қабл аз оғози сессияҳо оид ба ҷавобгӯ будани онҳо ба 7 талаботи рақобатпазирӣ, ки тавассути маркази мазкур сурат гирифт, бобати баланд бардоштани сифати таҳсилот таъсири ҷиддӣ расонд. Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маркази рушди зеҳнӣ ва дастгирии истеъдодҳоро ба роҳ монд. Мақсад аз ташкили ин марказ дарёфт, дастгирӣ ва сайқали маҳорати истеъдодҳои ҷавон аст. - Дар донишгоҳи мо санҷишҳои фосилавӣ ва супурдани имтиҳонҳо зимни сессияҳо хаттӣ ба роҳ монда мешавад, - гуфт Нуралӣ Шоев. – Санҷишҳои фосилавӣ омодагии донишҷӯёнро ба сессияҳои дарпешистода муайян месозад. Аз рӯйи ҷамъбасти санҷишҳо ва холҳои бадастовардаи донишҷӯён метавон хулоса намуд, ки онҳо ба гирифтани кадом баҳо сазовор мебошанд. Супурдани имтиҳонҳои хаттӣ, ки дар рафти онҳо ғайр аз устодон намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ чун нозир ширкат мекунанд, пас аз супурдани имтиҳон донишҷӯ ба он имзо ва муҳр гузошта мешавад. Баъди анҷоми чунин корҳо ба савияи дониши донишҷӯ устодон баҳо мегузоранд. Фикр мекунам, дар ин маврид пеши роҳи ҳама гуна амалҳои номатлуб гирифта мешавад.
Китобхонаи электронӣ ва фаъолияти Маркази тестӣ Аҳли устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бобати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир, афзоиш додани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи кишвар корҳои назаррас ба сомон мерасонанд. - Дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ вуҷуд дошта, фаъолияти пурсамар дорад, - гуфт М. Шарифов, ректори донишгоҳ. – Он дорои ду толори мутолиа бо 60 ҷойи нишаст буда, бо китобхонаҳои маъруфи макотиби олии кишварҳои олам пайваст мебошад. Миқдори китобҳои электронӣ 62097 нусхаро дар бар гирифта, дар хизмати донишҷӯён қарор доранд. Дар донишгоҳ Маркази тестӣ фаъолият дошта, бо 100 компютери замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Компютерҳо ба шабакаи беноқил ва ба хазинаи маълумот дар донишгоҳ пайваст мебошанд. Нимсолаи якуми соли таҳсили 2014-2015 дар донишгоҳ аз 164 фанни таълимӣ санҷиш ва имтиҳонот аз тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд. Тавре сарвари донишгоҳ М. Шарифов шарҳ дод, бо чунин тарз ба роҳ мондани санҷишу имтиҳонот, пеш аз ҳама, ба шаффофияти баргузории он кафолат дода метавонад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
аввалин муассисаи олист, ки дар он низоми кредитии таҳсил ба роҳ монда шудааст.
Бозёфти ширхӯраҳои атфол аз Султонобод Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаригардида кормандони ин ниҳод ба як қатор комёбиҳо ноил гардиданд.
Аз ҷумла, як қатор муассисаҳои фарҳангӣ таъмиру тармим гардида, музди меҳнати кормандони соҳа то андозае баланд бардошта шуд. Баргузории озмуни ҳарсолаи «Парасту» байни театрҳои касбии кишвар боиси дарёфти истеъдодҳои нав ба нав мегардад. Вазир вобаста ба масъалаи фаъолияти ҳофизони ҷудогона, ки сурудҳои бемазмунро дар ҳар гуна студия сабт намуда, пешкаши омма мегардонанд, чунин гуфт: - Мутаассифона, мувофиқи қонунгузорӣ айни замон санаде вуҷуд надорад, ки пеши роҳи ин гуна хараҷу мараҷҳо гирифта шавад. Ин аст, ки бисёр ҳофизон фаъолияти ҷудогона дошта, ба бинандаю шунаванда сурудҳое пешниҳод мекунанд, ки маънои дуруст надоранд. Завқи зебопарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавононро коста месозанд. Зеро сурудҳои ин қабил ҳофизон аз мадди назари шӯроҳои бадеӣ дур мемонанд. Сари ин масъала мо андеша дорем, шояд санаде таҳия шавад, ки ба ҳамаи ин хотима бахшад. Вазир, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносон аз мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ чанд адад ширхӯраи тифлон дарёфт шуд. - Дар ҳайати бостоншиносон кормандони вазорати мо низ ширкат доштанд, - гуфт вазир. – Мувофиқи маълумот ин ширхӯраҳо ба давраи пешазисломӣ мансуб буда, аз дигар ҷой интиқол ёфтаанд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
5
ХИЗМАТРАСОНӢ
Яке аз навгониҳои фараҳбахши соли сипаришуда ба истифода додани терминали нави мусофирбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳсуб меёбад. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ мо бо чанд нафар мусофире, ки аз ҳавопаймои хатсайри СантПетербург-Душабе фуруд омадаанд, мусоҳиб шудем. Онҳо ба хушнудӣ аз сатҳу сифати хизматрасонии терминали нав изҳори қаноатмандӣ карданд. Чун дафъаҳои гузашта ин маротиба низ нишасти матбуотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо экскурсия оғоз ёфт. Рустам Холиқов, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ҷаҳонгир Бобоев, менеҷери калони «Терминали 1», Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сардори дафтари матбуоти фурудгоҳ хабарнигоронро ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таҷҳизоти терминали нав ошно карданд. ТАФТИШИ БАҒОҶ ДАР 5 САТҲ Мусофир пеш аз парвоз ҳатман аз қайд мегузарад. Тамоми нуқтаҳои бақайдгирии «Терминали 1» бо системаи «Вандерландер»-и Ҳолланд кор мекунанд. Мусофир шиносномаи биометриашро пешниҳод намуда, дар ним дақиқа аз қайд мегузарад. Барои супоридани бағоҷ ҳамагӣ 3 дақиқа сарф мешавад. Бағоҷ набояд аз 35 килло зиёд бошад. Барои интиқоли бағоҷи зиёда аз 35 килло ҳуҷраи махсус аст. Бағоҷ дар 5 давра аз тафтиши бехатарӣ мегузарад. Пеш аз ҳама, таҷҳизот масъалаи бехатарии бағоҷро мебинад. Агар дар сатҳи якум ягон ашёи шубҳаовар дида нашуд, кормандони амнияти авиатсионӣ ва гумрук дар давраи дуюм бағоҷро тавассути таҷҳизоти кампютерӣ аз назар мегузаронанд. Агар дар бағоҷ ягон чизи шубҳанок дарёфт шавад, мусофирро даъват мекунанд ва дар ҳузури ӯ бағоҷро кушода мебинанд. Терминал бо системаи машҳуртарини дунё «Распискан систем» кор мекунад. Таҷҳизоти муосир ҳар бағоҷро аз чор тараф нишон медиҳад. Мувофиқи хоҳиши мусофир бағоҷаш бастабандӣ карда мешавад. Бастабандии як бағоҷ 10
ФБД: Сатҳу сифати хизматрасонӣ баланд гаштааст
сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо фурудгоҳи дигар кишварҳо арзон аст. Дар ошёнаи якуми терминал хонаи модар ва кӯдак мавҷуд аст, ки 24 соат фаъол мебошад. Дар ин ҷо духтури навбатдор фаъолият мекунад. Барои мусофирони имконияташон маҳдуд лифт ва ташноби махсус ҷудо шудааст. Тибқи шартнома аз ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот техник UTair-лизинг Россия» амбулифт (лифти амбулаторӣ барои хизматрасонии маъюбон) дастрас гардидааст, ки мувофиқи мақсад истифода мешавад. Вақте мусофир аз қайд гузашта, бағоҷро супурд, тавассути зинапояи барқӣ (экскалатор) ба ошёнаи дуюм мебарояд. Терминал бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳаз аст, ки ба беҳтар шудани сатҳи бехатарии фурудгоҳ ва пешгирии коррупсия мусоидат мекунад. ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АВРУПОВУ ҶОПОН Дар ошёнаи дуюми терминал гузаргоҳи гумрукӣ ва сарҳадӣ мавҷуд аст. Абдуҷаббор Ҳақназаров, сардори дидбонгоҳи назорати гумрукӣ ба хабарнигорон чунин гуфт: Мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ мусофироне, ки маблағи зиёда аз 3000 доллари амрикоӣ доранд, эъломияи гумрукӣ пур карда, аз назорат мегузаранд. Барои бо
худ бурдани маблағи зиёда аз 10 000 доллар маълумотномаи махсус аз бонк гирифтан лозим. Дар он манбаи ба даст омадани маблағ дарҷ карда мешавад. Дар ошёнаи дуюм бо мақсади таъмини бехатарӣ дарҳои эҳтиётӣ мавҷуданд, ки танҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани сӯхтор ва ё ягон ҳодисаи фавқулодда автоматӣ боз мешаванд. Бо мақсади таъмини бардавоми терминал бо нерӯи барқ генератори эҳтиётии 500-киловолта насб шудааст, ки ҳангоми қатъи нерӯи барқ фавран ба кор медарояд. Пас аз назорати гумрукӣ мусофирон аз назорати сарҳадӣ мегузаранд. Пеш аз расидан ба ҳуҷраҳои кормандони сарҳад бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ «Мунтазир бошед!» навишта шудааст. Даҳ корманди сарҳад дар 5 ҳуҷра мусофиронро аз назорати сарҳадӣ мегузаронанд. Ҳар ҳуҷра бо 5 таҷҳизоти муосир ва телефон муҷаҳҳаз аст. Агар мусофир шубҳанок бошад, тавассути телефон кормандони хадамоти махсус омада, то муайян намудан дурустии асноди мусофир ӯро ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ мебаранд. Изолятор дар ошёнаи якум мавҷуд буда, бо бистару курсӣ муҷаҳҳаз аст. Баъд аз хати сарҳад гузаштан мусофирон ба толори интизории пеш аз парвоз мегузаранд. Дар толори мазкур тибқи
қоидаҳои байналмилалӣ мағозаи «Дютифри» дар хизмати мусофирон қарор дорад. «Дютифри»-и терминал маҳсулоти ширкати олмонии «Ҳайнеман» мебошад. Тамоми маҳсулоти он айнан мисли «Дютифри»-и шаҳри Франкфурт (Олмон) буда, дорои сифати баланд аст. Азбаски масофа аз Олмон ба Тоҷикистон дур аст, нархи маҳсулот низ бинобар изофа шудани хароҷоти роҳ андаке баландтар мебошад. Кормандони «Дютифри»-и терминал дар Олмон ихтисоси худро такмил додаанд. Бо эълони саворшавӣ ба хатсайри навбатӣ мусофирон аз охирин санҷиши чиптаву шиноснома гузашта, ба воситаи пулӣ ҳавоӣ аз ошёнаи дуюми терминал рост ба дохили ҳавопаймо мераванд. Таҷҳизоти тафтишкунандаи чипта ба таври автоматӣ мусофиронро ҳисоб мекунад. Агар ягон мусофири хатсайри эълоншуда аз санҷиши охирин гузашта бошад, кампютер нишон медиҳад, ки як ё ду нафар (бо ному насабашон) ҳанӯз ба ҳавопаймо савор нашудаанд. Дар ин сурат навбатдор системаи огоҳкуниро ба кор дароварда, мусофири деркардаро барои саворшавӣ даъват мекунад. Бист дақиқа пеш аз парвоз саворшавӣ хотима меёбад. Агар дар як вақт ҳавопаймое нишаста бошаду саворшавӣ ба ҳавопаймои дигар оғоз шуда бо-
шад, дар ин сурат ходимони терминал миёни долон девори чӯбини ҳаракаткунанда (чархдор) насб мекунанд, то мусофирон ба ҳам халал нарасонанд. Дар томоми ҳуҷраҳои терминал соати девории моҳвораӣ насб шудааст, ки хеле дақиқ кор мекунанд. Рафтуои мусофирон ва ҳаракати кормандони фурудгоҳ тавассути камераҳо назорат мешавад. Маркази бехатарии павозҳо бо халабонҳо робитаи мустаҳкам дорад. Агар дар ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан ё омодагӣ ба парвоз беморе бошад, халабон фавран ба марказ хабар медиҳад. Марказ шабонарӯз фаъолият мекунад. Рустам Холиқов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки болоравии сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо дар навбати аввал аз кадрҳои варзида вобастагӣ дорад. - Ҳадафи мо дар ин самт аз он иборат аст, ки кормандонро мутобиқи стратегияи рушди фурудгоҳ ва тибқи талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ омода намоем, - афзуд Рустам Холиқов. - Бо ин мақсад дар муассиса «Кодекси ахлоқи кормандони фурудгоҳ» қабул гардида, омӯзиши ҳарҷонибаи он ба роҳ монда шуд. Баҳри беҳтаргардонии сифати хизматрасониҳои фурудгоҳӣ барои кормандон курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва англисӣ ташкил шуд. Соли сипаришуда 3 нафар корманд дар Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт-Петербург, 16 нафар дар ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Португал таҷрибаи корбарӣ дар терминали навро омӯхтанд. Тибқи шартнома бо агентии «JICA» 4 нафар корманди фурудгоҳ дар Ҷопон курсҳои такмили ихтисосро хатм намуданд. Соли 2014 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,3 миллион нафар мусофир хизмат расонид. Вобаста ба нарасидан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон 2090 эрод ворид шуд, ки ҳамаи онҳо баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд.
КИШОВАРЗӢ
Майдони боғу токзор зиёд мешавад Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза, беҳдошти вазъи иқтисодии мардум, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар фасли зимистон соли 2014 дар майдони 87,49 гектар дар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавот ба роҳ монда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 24 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ майдони 39,24 гектар помидор, 24,25 бодиринг ва 23,90 гектарро сабзавот ташкил медиҳанд. То 21 декабри соли 2014 аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 146,8 тонна помидор, 79,2 тонна бодиринг ва 97,5 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири медиҳад. Тибқи барномаи нави рушди соҳа данд. Дар маҷмуъ, имрӯз ҳолати мелиоратикишоварзии ҷумҳурӣ 15 январ дар нишасти дар 5 соли минбаъда боз 30 000 гектар боғу вии 60 000 гектарро беҳтар намудан лозим мабуотӣ изҳор намуд, ки бо мақсади амалӣ токзори нав бунёд хоҳад ёфт. Дар мамлакат аст, то аз ин майдонҳо ҳосили дилхоҳ ба даст намудани Фармони Президенти мамлакат 137 000 гектар боғи куҳна мавҷуд аст, ки ояд. «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба онҳоро давра ба давра нав кардан лозим меДар соҳаи кишоварзӣ ҳамагӣ 17 барнорушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии ояд. Соли сипаришуда 31 000 гектар замин ма қабул шудааст, ки амалишавии онҳо боТоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то аз гардиши кишоварзӣ берун монд, - гуфт иси беҳтаршавии маҳсулот гаштааст. Масаоғози соли 2015 дар майдони 79,30 (106%) Сиҷоуддин Исроилов. - Аз ин 9000 гектар лан, соҳаи моҳипарварӣ солҳои охир рушд гектар боғу токзори нав бунёд шудааст. То замин бо сабаби норасоии об, қисми дигар карда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2015 ин рақам 53 000 гектарро ташкил бинобар шӯразанӣ аз кишту кор берун мон- аз 8 адад то 200 адад расид. Порсол нар-
6
хи як кило гулмоҳӣ дар супермаркетҳо 8090 сомонӣ буд. Ҳоло ин рақам 40 сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар зарфи як соли охир саршумори паранда дар вилояти Суғд 270000 сар зиёд шуд. Имрӯз қариб 90% тухми мурғ дар дукону мағозаҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти фабрикаҳои парандапарварии ватанӣ аст. Додани як қатор имтиёзот, ба монанди аз андозу боҷи гумрукӣ озод кардани хӯроки паранда, дастрасӣ бо барқ ва ғайра ба пешравии соҳа мусоидат кард. Соли 2014 истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ ба 1 миллиону 317,8 ҳазор тонна, сабзвот ба 1 миллиону 549,4 ҳазор тонна, полезиҳо ба 545,6 ҳазор тонна расид. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
НИГАРОНӢ Вақтҳои охир бо ҳар роҳу восита ҷавонон, махсусан, мактаббачагон байни ҳам ҷангу хархаша намуда, ҳам фазои ороми мактаб ва ҳам муҳити иҷтимоии мардумро ноором месозанд. Ин гуна ҷангҳо баъзан аз ду нафар ба ду синф, аз ду синф то ду мактаб ва ҳатто ба маҳаллаву минтақаву ноҳияҳо мепечад. Дар чунин ҷангҳо ҳолатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки мактаббачаҳо аз саломатии худ маҳрум шуда, дасту пой, сару гардан, чашму бинии худро маҷруҳ мекунанд. Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ рух медиҳанд, ки мактаббачаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин ҷангҳо аз ҷониби ҷавононону наврасон бо мақсади мавқеъгирӣ ва маснадхоҳии онҳо ва ё ба қавле, “авторитет” гардиданашон ба амал меояд. Калимаи “авторитет” низ бо дарки ҷавонон ба маъноҳои соҳиб шудани мавқеи махсус миёни ҳамсолон, ҳаммактабон, ҳаммаҳалагон ва ҳамшаҳриён мебошад. Шахси “авторитет” бошад, касест, ки ҳалли ҳамаи нофаҳмоиҳо, ҷангҳо миёни ҷавонон бар дӯши ӯст. Яъне, ҳама муаммои наврасону ҷавонон бояд аз мадди назари ӯ гузаронида шаванд. Ба қавли дигар, онҳо худро ба монанди “ШЕФ”-и русӣ ва ё “БОС”-и амрикоӣ тасаввур намуда, барои дар амал татбиқ шудани ин орзу ба созмон додани гурӯҳҳо аз ҳисоби ҳамсинфон, ҳамсолон ва ҳаммактабон иқдом мекунад. Ин аст, ки аксаран мактаббачаҳо барои “авторитет” шудан ва ё ақаллан тамғаи “чмо” нагирифтан дар чунин ҷангҳо ширкат мекунанд. Иштироки “фаъолона”-и наврасону ҷавонон дар ин гуна ҷангҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки унвони “авторитет” ё “зӯр”-ро соҳиб шаванд. Имрӯз дар баъзе мактабҳо, хонандагон ҳамчун мақомоти давлатӣ ба зинаҳо ҷудо шудаанд. Онҳо бо ҳам ҷангҳои титулиро ташкил мекунанд, ки ғолиб аз зинаи поёнӣ унвони зӯри синф, зӯри курс, зӯри мактаб, зӯри маҳалла ва ниҳоят, зӯри шаҳр ва ё ун-
вони “смотряший”-ро соҳиб мегардад. Аммо оқибатҳои асосии ин гуна ҷангҳо номушах-
Ҷангҳои мактабӣ
Ё чаро ҷавонон барои ҳифзи мактабу маҳаллаашон ҷонашонро дареғ намедоранд, аммо ба муҳофизати Ватан намераванд? хас мемонад, чунки дар баробари маргу мири хонандагон ҳам то ҳол ин масъала ҷиддӣ гирифта нашудаву чора намебинанд. Ҳол он ки бояд аз ин гуна ҷангҳои титулӣ аз муаллимон то сарварони мактабҳо, мудирони маориф, раёсатҳои маорифи ноҳияву шаҳру вилоятҳо пешгирӣ кунанд. Агар назорат аз тарафи масъулин ба роҳ монда нашавад, ин ҷангҳо метавонанд боиси талафоти бисёр гарданд ва ё минтақаҳои гуногуни пойтахт ба мисли филмҳои моҷароҷӯёнаи “Ноҳияи сенздаҳум” мубаддал шавад. Чаро мактаббача вақти дарс дар ҳар гуна ҷангҳо иштирок мекунад, кордзанию куштор ба амал меояд, аммо муаллимону падару модарон бехабаранд? Маълум мешавад, ки имрӯз тарбияи фарзандро дар мактаб ба зимаи падару модар мегузоранд, дар хона ба уҳдаи омӯзгор. Яъне, масъулияти тарбия муаллақ мондаву на падару модар ва на
КОНФРОНС
Маъюбонро масхара накунем 17 январи соли равон бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи “Инъикоси шахсони имконияташон маҳдуд дар ВАО” доир гашт. Зикр шуд, ки дар оинаи нилгун як ҷавонзани хориҷиеро намоиш доданд, ки ду даст надорад, аммо бо пойҳояш таом мепазад, мошин меронад, дузандагӣ мекунад, уребчаи кӯдакашро иваз мекунад. Афғонписареро низ ба навор гирифтаанд, ки ӯ ҳам ду даст надорад, аммо таҳорат мекунаду намоз мехонад, бо пойҳояш менависад. Маълум аст, ки сатҳи ВАО-и хориҷӣ то дараҷае пеш рафтааст. Онҳо ба мавзӯи шахсони имконияташон маҳдуд аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Аз иллати ҷисмонии онҳо сарфи назар мекунанд ва тавоноии онҳоро нишон медиҳанд, то ин қишри ҷомеа андеша накунанд, ки носолиманд. Онҳоро ба тавоноии худ дилпур мекунанд. Дар мо бошад, баръакс. Дар филму намоишҳо одамони имконияташон маҳдудро ҳаҷву масхара мекунем. Ба мисли филми «Донжуан» ё «Шӯхиҳои Аловуддин». Марде ба таксӣ менишинад ва бо забони тутала мегӯяд: “Ака, ҳай кун”. Ронанда ӯро як шапалоқ мезанад. Мард мегӯяд, “Чаро мезанӣ?”. Ронанда мегӯяд, “Забони маро масхара дорӣ”.
омӯзгорон масъулиятро дар чунин ҳолатҳо бар уҳда гирифтан намехоҳанд. Агар дурушт-
кишвар дар озмунҳои бонуфузтарини ҷаҳон, мисли Бозиҳои олимпӣ танҳо 3 медал дорему халос. Магар метавон ин ҳама ҷангҳоро қаҳрамонӣ унвон кард? Куҷоянд зӯрҳои мо? Агар онҳо ин қадар маҳорати варзишӣ дошта бошанд, чаро парчамбардори кишвари хеш намегарданд? Чаро дар марзи кишвар зидди душманони оромиву осудагии кишвар ҷанг намекунанд? Чаро зидди қочоқчиёни маводи мухаддир амал намекунанд? Агар мо худро дар воқеъ зӯру “сматрияший” медонем, пас, бояд сарҳади ватанро назорат, оромиву осудагии кишварро ҳимоят кунем. Соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд. Вале то ҳол омилҳоеро мебинем, ки на танҳо қонун поймол мешавад, балки нишондиҳанда он аст, ки қонун назоратро талаб мекунад. Характери ҷангҳои мактабӣ нишон медиҳад, ки мактаббачаҳо аз рӯи тафаккури гурӯҳӣ ва ё маҳаллӣ байни худ низоу пархош
Шахсони имконияташон маҳдуд дили нозуку зудранҷ доранд. Вақте дар телевизиони мо онҳоро ба навор мегиранд, мусиқии ғамангез садо медиҳад. Телевизион нолаҳои онҳоро пешкаши мардум мекунад, ҷиҳатҳои сусти онҳоро нишон медиҳад. Дар натиҷа, баъзеҳо бо назари паст ба онҳо нигоҳ мекунанд, баъзеҳо писханд мезананд, баъзеҳо ба риққат меоянд. Баъдан, онҳо гумон мекунанд, ки дар ҷомеа нодаркоранд, корношояманд. Ҳол он ки ин хел нест. Худованд ба онҳо қувваи бузурги равонӣ додааст ва онҳо аз баъзе шахсони солим дида, ҳассосу босамаранд, ҳам аз ҷиҳати фикрронӣ, ҳам аз ҷиҳати сухангӯӣ. Беҳтар мебуд, ки воситаҳои ахбори омма қудрату тавоноии онҳоро инъикос кунад. Мо бояд тавре бо онҳо рафтор кунем, ки табъашон болида шавад. Мо набояд ба онҳо писханд занем. Мо бояд қобилияти онҳоро дарк кунем, ки ба чӣ корҳо қодиранд, ҳунармандии онҳоро, тавоноии онҳоро, қобилиятнокии онҳоро намоиш диҳем, то ҳамқисматони онҳо дида, ибрат гиранд. М. ФАРШЕД “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
тар карда гӯем, педагогикаи асил ба кор бурда намешавад ва муаллим ҳамрози дили талаба буда наметавонад. Агар омӯзгор аз сири дили ҷавон огоҳ бошад, ҳаддалимкон маргу мири хонандагонро пешгирӣ кардан мумкин мешавад. Ҳол он ки хонанда дар ҷангҳо иштирок мекунаду омӯзгорон бо омилҳои гуногун дар дарс иштирок доштани хонандаро тасдиқ мекунанд. Яъне, бо дасти худ ҷавононро ба куштан медиҳанд. Ҷавон, ки як бор дар ин хел ҷангҳо иштирок карду ягон хел ҷазо надид, даст ба ҷиноёти сангину бузургтар мезанад, ки оқибат ҳам ба шаъну шарафи падару модар ва ҳам ба иззату икроми мактабу муассисаи таълимӣ латма ворид мекунад. Аҷобат дар он аст, ки рӯҳияи ҷавонону хонадагон имрӯз ба ҳикмати мардумии “хонашери майдонғариб” мубаддал гардидаву дар ватани худ байни ҳам ҷангу хархаша мекунанд, вале дар 23 соли истиқлолияти
мекунанд. Яъне, онҳо аз муҳаббати худ ба мактабу маҳаллаашон намехоҳанд, ки шаъну шарафи мактаб ва маҳаллаашонро поён бинанд. Вале ин ҳисси муҳаббат аз ҷониби равоншиносону омӯзгорон пурра кашф нашудаву ба роҳи дуруст равона нашудааст. Омӯзгоронро месазад, ки аз ҷамъияти ҷавонон дуруст истифода намоянд, то тафаккури гурӯҳии ҷавонон ба тафаккури миллӣ мубаддал шавад. Мо бояд кӯшиш кунем, ба мисли оне ки онҳо номи мактаби худу маҳаллаи худро ҳифз карданӣ мешаванд, ҳамон тавр Ватани азизи хешро муҳофизат намоянд ва талабгори сулҳу осоиштагӣ бошанд. Фирӯз ГУЛОВ, барандаи Стипендияи президентӣ
МАОРИФ
Нисфи донишҷӯён ба низоми кредитӣ омода нестанд Хуршедҷон Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, 20 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти Таълимгоҳ дар соли 2014 ба намояндагони ВАО маълумот дода, ёдрас шуд, ки дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ мавҷуданд. Мавсуф иброз дошт, яке аз камбудиҳои асосӣ дар сифати таҳсилот аст. Ҳарчанд давомоти донишҷӯён дар соли сипаришуда 85-95 дарсадро ташкил дод, аммо дараҷаи азхудкунӣ 85-87 дарсад буда, қаноаткунанда нест. Х. Зиёев таъкид кард, ки гузаштан ба низоми кредитии таҳсилот зарурати рӯз аст, аммо 50 дарсади донишҷӯёни макотиби олии кишвар ба ин низом омода нестанд, ки ба сифати таҳсилот беасар намемонад. «Талаботи низоми кредитӣ он аст, ки донишҷӯ танҳо дар вақти имтиҳонот не, балки пайваста бояд дар омӯзиш бошад», мегӯяд ректори донишкада.
Ба қавли ректори Донишкадаи давлатии забонҳо барои таҳсилоти босифат се чиз лозим аст: «Масъулияти донишҷӯ, масъулияти омӯзгор ва дастури таълимии муосир». Дар посух ба ин суол, ки «Шикоят аз сифати пасти таҳсилот аслан баъди пошхӯрии шӯравӣ сар шуд ва то ҳол идома дорад, сабаб чист?» Х. Зиёев чунин
иброз дошт: - Донишҷӯи шӯравӣ зарурат ба кор кардан надошт. Стипендияе, ки мегирифт, барояш кифоя буд. Аммо донишҷӯи имрӯза зарурат ба кор кардан дорад. Вақте донишҷӯ кор мекунад, 6-7 соаташ мегузарад, ки ба омӯзиши ӯ халал мерасонад... М. УСМОНОВ, “ҶТ”
7
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ Дар ҳама давру замон пайгирию талаби қонунии манфиату ҳуқуқҳои инфиродиву ҷамъиятӣ аз ҷониби истеъмолкунанда, истеҳсолкунанда ва пешниҳодкунандагони кору хизматрасонӣ боиси рушди соҳа, махсусан, самаранокии муносибатҳои байниҳамдигарии инсонҳо шудааст. Ин аст, ки камбудию нуқсонҳои муомилотии байни афроди ҷомеа бо ташаккул ёфтани огоҳию маърифати тарафайн рафъ ва бори вазнини нобаробарӣ дар муомилоти байниҳамдигарӣ яксон тақсим шуда, адолати воқеӣ барои истеъмолкунанда, истеҳсолкунанда ва субъектҳои хизматрасон таъмин мегардад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чун қонунгузории амалкунандаи сатҳи ҷаҳонӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, қонунҳои амалкунандаи кишвар дар қатори имконияти хуб фароҳам овардан ба рушди истеҳсолоту хизматрасонӣ, ки барои ба даст овардани манфиатҳои иқтисодию молӣ, рушди тиҷорат ва ҳимоя аз ин табақаи муҳаррики пешрафту тараққиётро ифода менамояд, ҳамзамон, ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагонро низ аз мадди назар дур намонда, ҳуқуқҳои онҳоро дар қонунгузорӣ комилан пешбинӣ намудааст. Танзиму ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба он хотир аҳамият ва дар ҳама ҷову ҳама ҳолат авлавият дорад, ки тамоми афроди ҷомеа нисбат ба неъматҳои табиӣ ё истеҳсолӣ истеъмолкунанда ба ҳисоб меравад ва ҳамеша аз истифодаву дастрас шудани маҳсулоти босифат, аз назари экологиву бехатарӣ мувофиқ, инчунин, дигар хусусиятҳои қонеъкунандаи талабот ва мутобиқ ба завқашон истиқболу кӯшиши ба даст овардани онро менамоянд. Тамоми паҳлӯҳои ҳаётамон бо масъалаи истеъмоли анвои зиёди молу хизматрасонӣ алоқаманд буда, ҳар яки мо харидор ё супоришдиҳандаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, аз хариди як бастаи коғази оддӣ то қиматтарину пешрафтатарин воситаҳои техникӣ ё истифода аз нерӯи барқу гармӣ, об то баровардани партов аз муҳити зиндагиамон мебошем. Сифати ин маҳсулот ва кору хизматрасонӣ на танҳо қонеъкунандаи талаботи зиндагиамон, балки дар маҷмӯъ, кафолати саломатию бехатарии ҳаётамонро маънидод менамояд. Масоилу нозукиҳои муомилотии байни истеъмолкунанда ва пешниҳодкунандаи мол, кору хизматрасонӣ ба занҷираи ба ҳам пайванд дар зиндагии ҳарӯзаамон шабоҳат дорад. Маҳз ин хусусият дар ҷамъият
8
масъалаи пайгирӣ ва риояи меъёрҳое, ки муносибатҳои муомилотию додугирифти байни аъзои ҷомеаро таъмин мекунад ва ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мусоидат менамояд, шакл гирифта, рушд ёфтааст. Барои риоя ва таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ қонунҳои марбута мавриди амал қарор доранд ва тавре дар боло зикр намудем, тамоми паҳлӯҳои ҳимоя аз ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунадагон» аз муҳимтарин қонуни амалкунандаи ин бахши муҳим ба ҳисоб меравад, ки дар сархати он ҳимояи ҳуқуқи
давлатию ҷамъиятии ташкилшуда дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон аз зумраи онҳо мебошанд. Назорату муроҷиатҳои инфиродии истеъмокунандагон тавассути бевосита арз намудан ба пешниҳодкунандаи мол, инчунин, тавассути арз кардан ба сохторҳои дар боло зикргардида ва мақомоти тартиботи ҷамъиятӣ, судҳо ва мақомоти назорати риояи қонунгузорӣ ба ҳимоя шудани сифати кору хизматрасонӣ мусоидат менамояд. Омили дигаре, ки дар радифи муҳайё намудани шароити қонунгузорию таъсиррасониҳои
маҳсулот ва кору хизматрасонӣ, ки асосан истеҳсолкунандагону пешниҳодкунандагони он барои қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон ва ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ ноил гардидаанд, омили сабқат кардан ва ё ба истилоҳи иқтисодӣ рақобат нақши босазо дорад. Ченак ё меъёри комплексӣ дар баланд бардоштани сифат мавҷудияти рақобат дар дилхоҳ ҷомеаи босуръат пешрафткунанда мебошад. Рақобат на танҳо як стимули амалкунанда барои навоварӣ ва коҳиши хароҷот, балки рушди сифатноки иқтисодиёт мебошад. Иқтисоди бо меъёрҳои рақобат омехта барои истифодаи ҳадди аксар судманд аз захираҳо, рушди
11 моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013» дарҷ гардидааст, дар 11 моҳи соли соли 2014 саҳми сектори хусусӣ дар фароҳам овардани қисми даромади буҷети шаҳр ба 80,2 фоиз рост меояд ва барои идомаву устувории рушди иқтисоди Душанбе дар қатори ғанигардонии буҷет аз ҳисоби соҳибкории савдову хизматрасонӣ таваҷҷуҳ ва дастгирии бахши соҳибкории истеҳсолӣ аҳамияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд, ки алакай ба барномаҳои комплексии шаҳр ворид карда шудааст.
Рақобат сифатро беҳтар мекунад Аҳамияти маърифатнокии истеъмолкунандагон дар танзими босамари муносибатҳои муомилотӣ
истеъмолкунандагон ҳангоми хариди моли (кору хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб, барои ҳаёту саломатӣ бехатар ва тарзи татбиқи ҳимояи давлатию ҷамъиятии онро муайян менамояд. Дар ҳақиқат, дар шароити муосир масъулияти бисёр муҳимро метавон дар ибораи «сифат» арзёбӣ намуд. Сифати маҳсулот, сифати кору хизматрасонӣ, сифати татбиқи барномаҳои ободониву созандагӣ, сифати идоракунию истифодабарии захираҳои табииву неруи инсонӣ, ҳатто сифати хизматрасонии тиббӣ ё таълимию тарбиявӣ ва дар маҷмӯъ, тамоми омилҳое, ки ба сифати зиндагӣ алоқаманд мебошанд, бахши муҳиму масъулиятноки тамоми ниҳодҳое мебошанд, ки дар шакли хусусӣ, давлатӣ ё мушорикатӣ ба кору фаъолият, истеҳсол ва хизматрасонӣ машғул мебошанд. Аз ин рӯ, омилҳое ки ба баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ, истеҳсолот ва дар маҷмӯъ, хоставу ниёзҳои дар ҳаёт истеъмолшаванда замина мегузорад, ба таври равшан дар қонунгузории кишварамон дарҷ гардида, сохторҳои муайян барои назорат ва идоракунии ин бахши муҳим вобаста шудаанд, сохторҳои давлатии зиддиинҳисорӣ, сохторҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, сохторҳои алоҳидаи
қонунӣ боиси танзими самаранок дар муносибатҳои муомилотӣ мегардад, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон мебошад. Ба маърифати баланди ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, агар дар мадди аввал манфиатҳои худи истеъмолкунандагон сабаб шуда бошад, вале таҷрибаи рушду инкишофи ҷамъиятӣ собит намудааст, ки талош барои дастёбӣ ба фоидаҳои иқтисодӣ аз роҳи беҳтару хушсифат пешниҳод намудани истеҳсолот, кору хизматрасонӣ дар низоми иқтисоди бозорӣ низ нақши бориз доштааст. Зеро бо беҳтар шудани сифати дилхоҳ маҳсулот ё кору хизматрасонӣ на танҳо масъалаи бозоргир шудан ҳал мегардад, балки ба маърифати истеъмолкунанда дар шинохти сифати маҳсулот ва кору хизматрасонӣ кӯмак расонда, дарки талабот ё истифодаву дарёфти моли босифатро бедор месозад. Ба таври мисол, истифода аз рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ ва таблиғи хусусиятҳои фарқкунандаи он, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда барои ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ ва рушди фаъолияташ ба роҳ монда мешавад, ба тарзи ғайримустақим дар маълумотнокии истеъмолкунанда ба ҳуқуқҳои истеъмолию дарёфти моли босифат мусоидат менамояд. Дар беҳтар шудани сифати
истеҳсолот ва баланд бардоштани сифат дар тамоми хостаҳои инсон самт мегирад, на дар афзоиш ёфтани нарху қимат. Яъне, ҳамеша мавҷудияти рақобат ва таъмини рушди он ба баланд шудани сифати маҳсулот ва кору хизматрасонӣ боис гаштааст. Ин аст, ки сиёсати иқтисодии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишварамон барои ҳарчи бештару зудтар ба вуҷуд овардани рақобат дар истеҳсолот, кору хизматрасонӣ ва бо роҳи бартарафсозии заминаҳое, ки монеи рушди рақобат мегарданд, равона гардидааст. Марҳилаи 20-солаи ба тадриҷ ба низоми иқтисоди озоду бозорӣ гузаштани низоми иқтисодии кишвар, рушди рақобат ва пешрафти бозори бархе аз маҳсулот ва кору хизматрасониро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, ки аз ҷумла, бозори молу маҳсулоти техникию сохтмонӣ, бонкдориву хизматрасониҳои бонкӣ ва иртибототи алоқавию мобилӣ аз қабили онҳо мебошанд ва дар ин соҳаҳо идомаи рақобат ва талош барои ҷалби бештари муштариёну бо ин роҳ ба даст овардани фоидаҳои иқтисодӣ, ки бетардид барои ноил шудан ба он сифати мол ва кору хизматрасонӣ меҳвари аслии рақобатро ташкил медиҳад, мушоҳида мегардад. Рақобат меҳвари пешрафт ва таъмини рушди унсурҳои сифатии ҳаёт мебошад. Бонки умумиҷаҳонӣ соли 2015 дар қатори кишварҳои дорои шароити хуби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ Тоҷикистонро эълон намуд, ки шаҳодат аз имконоти хуби рушди рақобатро низ маънидод менамояд. Нишондиҳандаҳои иқтисодии шаҳри Душанбе низ бозгӯкунандаи рақобатмеҳварӣ ва рушди босуръати бахши хусусӣ мебошад. Натиҷаи тадбирҳои боло ба дастёбии дастоварди баланд дар иқтисодиёти пойтахт мебошад ва тавре дар Ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе «Оид ба иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар
Дар баробари омилҳои ба маърифаткунонии истеъмолкунандагон мусоидаткунанда, ки дар боло зикри онҳо рафт, ҳамзамон, зарурат ба дарки масъулият ва муносибати иддае аз истеъмолкунандагон дар риояи меъёрҳои муқарраргардидаи манфиатҳои дастаҷамъии истеъмолкунандагон низ зарурати хоса дорад. Тавре таҷрибаи санҷишҳо нишон медиҳанд, гоҳе хизматрасонии нисбатан камсифат дар бархе соҳаҳо, аз қабили сари вақт набаровардани партовҳои сахти маишӣ, тозагии гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ ва таъминот бо оби ошомидании доимӣ дар бархе нуқтаҳо, ки ҳамеша мояи нигаронии шаҳрдорӣ қарор мегирад ва иҷрои бесифати хизматрасониҳои мазкур дар саҳим будани тамоми истеъмолкунандагон аз кору хизматрасонӣ низ марбут мебошад, ки бо муносибати хунукназарона дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби иддае аз истеъмолкунандагон боис гардидааст. Ҳамчунин, дар бозори мол барои иҷозаи истеъмол ва дасрасгардонии маҳсулоти босифат ва бехатар, ки бархе ва шояд дар шароити босуръат тағйирёбии истеҳсолоти гуногуншакл, ки мураккабии таркиби сохти маҳсулотро на ҳама истеъмолкунандагон дарк менамоянд, нақши сохторҳои марбутаи таҳлилу тафтишкунандаи стандарти маҳсулот аз аҳамияти хоса бархурдор мебошад. Истеъмолкунандагон низ дар ошкор намудани маҳсулоти аз назари сифат номаълум, ки қонунгузорӣ барои пешгирии истеъмоли маҳсулоти мазкур монеаҳоеро аз қабили ҳатман доштани маълумот оид ба маҳсулот, таркиб ва хусусиятҳои он бо забони давлатӣ ё хориҷии барои мардум фаҳмо пешбинӣ намудааст, бояд фаъол буда, тавассути ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолии худ саҳим бошанд. Дилшод ҚУРБОНОВ, сардори Раёсати зиддинҳисории шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
НАБЗИ ҶАҲОН
Хизмати хирсона Амали террористии бародарон Кучиҳо маҷаллаеро, ки муфлис шудан дошт, ба по рост кард Ҳафтаи сипаришуда ҳамла ба маҷаллаи ҳаҷвии «Шарли Эбдо»-и Фаронса яке аз серхонандатарин хабарҳо дар олам маҳсуб мешуд. Зеро бе ягон огоҳӣ ва ғайриинтизор аз ҷониби бародарон Саид ва Шариф Кучиҳо ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифтан болои дафтари ин нашрияи ҳаҷвӣ-сиёсӣ оламро такон дод. Дар натиҷаи ин ҳамлаи тарҳрезишуда 12 ходими нашрия бо шумули 2 нафар муҳофиз ҷони худро аз даст доданд. Бародарон, ки бо нидои «Аллоҳу акбар» ба идораи рӯзнома ҳамла намуданд, баъд аз кирдори номардонаи худ аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Ҳукумати Фаронса дар кӯтоҳтарин фурсат барои дастгир намудани террористон зиёда аз 80 ҳазор сарбози қувваҳои мусаллаҳро равона намуд, ки ҷинояткорон дар 100-километрии Париж, шаҳраки Дамартон муҳосира ва дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Дар қатори бародарон Кучиҳо марди дигари сиёҳпӯст низ бо гаравгон гирифтани муштариёни мағозаи фурӯши ғизоҳои яҳудӣ ба полис ултиматум гузошт, ки бояд роҳ барои фирори бародарон муҳайё карда шавад. Марди сиёҳпӯст, ки узвияти худ дар созмони терористии «Давлати исломӣ»-ро ошкоро мегуфт, дар раванди гуфгугӯҳо бо полис чор нафар гаравгонро бо шумули як полисзан ба ҳалокат расонд ва худ низ безарар гардонда шуд. Бародарон аз таслимшавӣ сарпечӣ намуда, кирдори худро қассос барои нашри карикатураи Паёмбари ислом, ки соли 2012 аз ҷониби маҷалла сурат гирифта буд, маънидод карданд. Онҳо дар видеоҳо худро ходим ва ҳомии Паёмбари ислом муаррифӣ карда, амали худро ҷавоби сазовор ба унвонии нашрия медонистанд. Вале ин амали хунин аз ҷониби сарони кишварҳо, махсусан, кишварҳои исломӣ ва шахсиятҳои саршиноси олами ислом маҳкум гардид. Махсусан, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллият ба Президенти Фаронса Франсуа Ҳолланд ин амалро хилофи арзишҳои инсонӣ номида, ҳамлагаронро душманони башарият унвон намуд. Дар ҳамин замина сардори иттиҳодияи мусалмонони олам Муҳаммад Юсуфи Қарзовӣ низ чунин амали мудҳишро хилофи тамоми арзишҳои исломиву инсонӣ маънидод намуда, мусалмони комил будани ин муҳоҷиминро таҳти суол бурда, таъкид мекунад, ки мусалмони комил ба ҳеҷ ваҷҳ мояи озори инсонҳо намешавад. Ин амали анҷомшуда, ҳам аз нигоҳи мантиқ ва ҳам аз лиҳози мавқеи сиёсиву иҷтимоии мусалмонон то куҷо метавонад ба манфиат бошад? Аҳмадхӯҷа Давлатов, фориғуттаҳсили Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯяд, «ин амали содиршуда, ки боиси марги инсонҳо гардид, на танҳо хилофи фармудаҳои шариати ислом, балки мояи шармандагии мусалмонон ва ислом мебошад. Зеро тамоми мусалмонон бо ин амал ҳамчун қотил тасвир ва чеҳраи поки ислом зери кирдори терроризм мононда шуд. Мутафаккири барҷаста Саид Абулҳасани Надавӣ дар китоби худ «Набии Раҳмат» таъкид месозад, ки чун дар шаҳри Тоиф Паёмбари исломро сангсор намуданд, санг ба даҳонашон расиду дандонашон хуншор шуд. Чун Ҷабраили амин ба кӯмаки расул шитофт, бо худ малоикаи кӯҳҳоро дошт, то бо як амр шаҳри Тоифро зери кӯҳҳо бимонад. Вале Расули акрам Ҷабраили аминро ба иқдом иҷозат надод ва гуфт мо бояд мояи озори мардум набошем”. Дар баробари он ки тамоми уламои ҷаҳони ислом ва сарони кишварҳои исломӣ ин амали бародаронро маҳкум намуданд, вале дар тафаккури иддае аз мардуми Аврупо амали террористӣ ба рӯзнома на кори террористон, балки кори дасти мусалмонон дониста мешавад. Пас, мо метавонем ин амалро кори дасти хадамоту идораҳое унвон кунем, ки барои қаробати мусалмонон ва масеҳиёну мусавиёни олам манфиатдор нестанд ва мехоҳанд бо тафриқаандозӣ мобайни инсонҳо ҳадафҳои сиёсии худро пиёда созанд. Зиёда аз 45 фисади мардуми Фаронсаро мусалмонон ташкил медиҳанд ва муносибати намунавие байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст. Вале бо таҳаввулоти охир маълум аст, ки давлати Фаронса, махсусан, кишварҳои аврупоӣ муносибати худ бо диндорон ва мазҳабишавии аҳолиро дигар мекунад. Зеро Фаронса яке аз кишварҳоест, ки барои бунёди масоҷид ва фароҳам намудани шароити эътиқодии мардум корҳои зиёд намуда, ҳатто аз буҷаи шаҳрҳову маҳалҳо маблағҳои ҳангуфт равона мекунад. Танҳо дар шаҳри Париж аз соли 2000 то кунун зиёда аз 10 масҷид бунёд шудааст. Ҳатто барои эътиқодмандони мусалмон дар мағозаву фурӯшгоҳҳои ин кишвар ғурфаи махсус, зери тамғаи «ҳалол» фароҳам карда шудааст. Инчунин, дар таълимгоҳҳо низ барои талабагони мусалмон таомҳо аз маҳсулоти “ҳалол” омода мегарданд. Баъд аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи Париж, тазоҳуроти бисёрҳазораи миллатгароёни Олмон кӯчаву хиёбонҳои Берлинро банд кард ва ҳукумати кишварҳо барои мазҳабишавии аҳолӣ муттаҳам мешаванд. Ҳарчанд тазоҳуроти миллатгароён аз ҷониби маснаддорони кишварҳои аврупоӣ маҳкум шуд, вале ин то куҷо метавонад ба ояндаи орому босуботи мардуми мусалмон дар кишварҳои аврупоӣ мусоидат кунад? Ин дар ҳолест ки алакай дар ҳар гӯшаву паскӯчаҳои шаҳрҳои Аврупо ҳар нафари шубҳанок зери туфанги полис бозпурсӣ ва ё боздошт мешавад. Ин рафтору муносибат танҳо баъд аз амали бародарон сурат гирифт, ки гӯё худро ҳомии паёмбари ислом мешумориданд. Баъд аз марги ҳайати рӯзноманигорон ва муҳаррирони рӯзномаи «Шарли Эбдо» ҳайати нав сари кор омад, ки шумораи ҷадиди нашрияро 14 январ бо теъдоди 3 млн. нусха ба табъ расонид, ки дар саҳифаи аввали он карикатураи паёмбари ислом бо чашмони ашколуд мунъакис шудааст. Ҳарчанд рӯзномаи мазкур то воқеаҳои охир 60 ҳазор нусха ба табъ мерасид ва мушкили молӣ дошт, вале бо мусоидати ҳамлагарон «Шарли Эбдо» бо тиражи 3 миллион, бо 12 забони бузурги дунё ва дар 24 кишвари олам паҳн мегардад. Ҳамзамон, арзиши рӯзнома низ дар бозори рӯзномафурӯшӣ 50 фисад боло бурда шуд. Яъне, бародарон бо ҳуҷуми мусаллаҳона боиси карикатураи навбатии паёмбари ислом, аз 60 ҳазор то 3 млн. боло рафтани тиражи маҷалла ва аз 2 евро то се евро қимат шудани арзиши он гардиданд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки амали бародарон Кучиҳоро «хидмат ба паёмбар» унвон кунем ва ё «хизмати хирсона» ба ислому мусалмонони олам?!! Муҳаммадиқбол АТОЕВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ватан хиёнаткорро намебахшад Муроҷиати ҷавонони вилояти Хатлон ба ҷавонони бурунмарзӣ, ки ба корҳои номатлуб даст задаанд Мо, ҷавонони Хатлонзамин, бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, то баҳри пойдории истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем. Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Нанговар аст, ки солҳои охир чанд тан ҷавони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намудаанд. Имрӯз ангуштшумор ҷавонони тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагароӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки ба номи ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд. Ин амалҳои онҳо бо нидоҳои даҳшатбор тамоман ба ақли инсоният рост намеояд. Ҳамаи он басандагӣ накарда, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бо доштани ливои сиёҳ баромад намуда, амалҳои нанговару даҳшатангезро дар пеши чашми мардум ҷилва медиҳанд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мегардонанд. Мо - ҷавонони Хатлон муроҷиат намуда, ба онҳо иброз менамоем, ки шумо нафароне мебошед, ки на аз ислом ва на аз ҳақиқати он хабар надоред. Шумо фирефтагони доми сиёҳкорону бадхоҳони башар ҳастед, ки Ватанро тарк карда, роҳи беномусиро ихтиёр кардаед. Шумо аз сӯзи дарди дили падару модар, фироқи ёру дӯстон, хоҳари чашмбароҳ, қалби пур аз меҳри ҳамсару ёди фарзанди хурдсолатон бехабаред. Магар ёди онҳо пешорӯи шумо ҷило намедиҳад, ки рафторҳои ношоиставу носолиме, ки ба фарзанди ин сарзамин мансуб нест, даст доред. Куҷост номуси ҷавонмардии шумо? Куҷост он меҳри модаре, ки шуморо нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар батнаш нигоҳ дошт? Куҷост меҳри падаре, ки барои ба камол расидани шумо 18 сари сол заҳмат кашид? Куҷост он ватандӯстии шумо, ки ба ҷони ҷавони худ раҳм намекунед? Ҳоло ҳам вақт аст. Баргардед! Дар назди Ватан-Модар покии худро исбот намоед, вагарна, Ватан хиёнаткорро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Баргардед барои рушди ин кишвари биҳиштосо ҳисса гузоред, дар оғӯши пурмеҳри Ватан-Модар ва бо истиқболи зиндагии саршор аз ишқу муҳаббат ҳаёт ба сар баред. Барои марди баору номус, Ватандори асил ин албатта, ғамангезу ғамафзо аст. Мо - ҷавонони Хатлонзамин имрӯзҳо
ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем, дар фазои сулҳу дӯстӣ ва озодонаи он кору зиндагӣ карда, ҳавои накҳатбори онро истишмо менамоем, аз кӯҳҳову мавзеъҳои дилфиребаш дидан карда, рӯҳу илҳоми тоза мегирем ва аз чашмаҳои поку босафояш об менӯшем. На мисли шумо дар ба дарем! Ин барои шахси ватандӯсту худогоҳ ва баору номус кофист. Шуморо чӣ шуд, ки аз ин неъматҳои бебаҳои атокардаи Худованд дар Ватани азизамон Тоҷикистон бенасиб гардидаеду дар иттоати хоҷагони бурунмарзӣ ва бо коргардонҳои пасипардагӣ фаъолият доред? Дастгириҳои Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи варзиш ва сайёҳӣ рӯз ба рӯз афзуда, корхонаҳои хурду бузурги саноатию ғайрисаноатӣ барои таъмини ҷавонон бо ҷойҳои кори доимӣ муҳайё шуда истодааст. Барои ба таҳсил фарогирии ҷавонон квотаҳо ва бурсияҳои Президент, барои ҳавасмандгардонии хонандагон стипендияи Президент, барои донишҷӯёни хориҷи кишвар стипендияи «Дурахшандагон», барои олимони ҷавон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, барои дастгирии ятимону камбизоатон, маъюбон, ҳунармандон, соҳибкасбон, донандаи ҳар гуна илмҳое, ки ба манфиати ҷомеа мебошад, тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Афзудани макотиби олӣ, миёнаи касбӣ, касбӣ ва ибтидоии касбӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба таҳсил дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тамоми шароитҳои зарӯрӣ ва таълимӣ мавҷуд буда, дар ҳоли рушд қарор доранд. Барои варзишгарон низ дар сатҳи ҷумҳурӣ майдону толорҳои варзишӣ бо таҷҳизоти лозима таъмин карда шуда, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сол ба сол меафзояд, ки дар рушди варзиш ва солимгардонии ҷавонон дастоварди беназир мебошад. Аз ин ҳама дастовардҳои даврони Истиқлолият барои ҷавонон, ки онҳо ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи падарону бузургон мебошанд, мебояд шукргузор бошем, имрӯзи худро самаранок истифода намоем, то ояндаро аз имрӯз ба некӣ бингарем. Мо, ҷавонони зодаю тарбиятёфтаи даврони истиқлолият имрӯз ҳамаи амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки амалӣ мегарданд, маҳкум менамоем. Мо, ҷавонони Хатлонзамин ба тамоми ҳамсолони худ муроҷиат мекунем, ки ба дасисаву бозиҳои сиёсии пасипардагии ин гурӯҳҳо дода нашуда, баҳри нашъунамо ва шукуфоии Ватани азизамон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона, бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ адо намоем. Мо, ҷавонон ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон боварии комил дорем!
9
ПАЁМ-2015
ИҚТИСОД
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад Маслиҳату машварат беҳтарин тадбиру иқдом дар рӯзгордории мардуми тоҷик аз замонҳои хеле қадим маҳсуб ёфта, метавон гуфт, ки он бо арзишу моҳияти баланд ба таркиби фарҳанги миллии мо ворид гардидаву ба меъёри ҳаррӯзаи ахлоқии мо табдил ёфтааст. Аз ҷумла, гузаштагони мо фарзандони худро ба таври хеле ҷиддӣ дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба шахсони калонсол, панду андарз ва маслиҳату насиҳатҳои инсонҳои рӯзгордидаву соҳиби таҷрибаи бойи ҳаётӣ тарбия менамуданд. Дар алоқамандӣ бо ин, дар байни халқ мақолҳои «Одами як курта пеш пӯшидагӣ», «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» эҷод гардидаанд, ки асоси воқеӣ доранд ва аз ҳаёт гирифта шудаанд.
яксолаи меҳнатӣ дар кишвари азизамон номгузорӣ намуд. Дар Паём Президенти мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисоди кишварро барои як соли оянда муайян менамояд. Дар он на танҳо аз муваффақияту дастовардҳо, балки аз камбудию нуқсонҳо, мушкилиҳои ҷойдошта низ сухан меравад, ки ҳатман ба манфиати кор аст. Чаро ки бо рӯпӯш намуда-
Маълум, ки сар карда аз ҳар хонадон дар алоҳидагӣ, то гузару маҳалу деҳ, шаҳраку шаҳру ноҳия, вилоёту ҷумҳурӣ аз ин усули судманди дар якҷоягиву маслиҳат ҳал кардани мушкилу гиреҳҳои зиндагӣ, бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта, нақшаҳои минбаъдаи кору зиндагӣ фаровон истифода менамоянд. Ба тариқи дигар, он ба сохтори маъмурии мо табдил ёфтааст. Ба ин шева, ҳар сол Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат сурат мегирад, ки онро метавон таҳлил, натиҷагирӣ ва хулосабарориҳо аз фаъолияти
ни камбудию саҳланкориҳо ҷомеа бурд нахоҳад кард. Боҷуръатона иқрор шудани ҳар кадоми мо, муайян намудани сабабу омилҳои пайдоиши камбудиҳо, дар якҷоягӣ ёфтани роҳи ҳалли онҳо ҷомеаро ба пеш бурда метавонад. Зиндагиро ҳусну тароват, маънии дигар мебахшад. Шоҳиди он ҳастем, ки сокинони кишвар ин маъракаи муҳимро бесаброна интизорӣ мекашанд ва бо пахшу намоиши он аз тариқи телевизиону радио шавқмандона гӯш мекунанд. Оид ба бисёр масъалаҳо, эроду пешниҳод ва таъкидҳои Сарвари давлат ҳамфикру ҳамақида
мегарданд. Зеро ин вазифа ва ҳаққу ҳуқуқи қонунии Роҳбари Давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки бурду бохт, муваффақияту камбудиҳоро дар омӯзишу таҳлил ба хотири ояндаи халқу Ватан ба мардум ошкоро пешкаш намуда, дастуру супоришҳо медиҳад. Суҳбате беҳтар аз суҳбати рӯ ба рӯ буда наметавонад ва Паём ҳам бо ҳамин афзалияту бартарӣ миёни оммаи васеи халқ маҳбубият пайдо
намудааст. Дар маҷмӯъ, аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар 23 январи соли ҷорӣ умедҳои калонро интизор ҳастем, ки бо шарофати он дар соли нави меҳнатӣ дараҷаи масъулиятшиносии ҳар фарди ҷумҳурӣ бамаротиб болотар рафта, зиндагиву корамон равнақи тоза пайдо намояд ва баҳри ободию осудагии Тоҷикистони азизамон бо дасту дили гарм дар кору пайкор бошем. Ибодулло МАҲМАДУЛЛОЕВ , нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Фархор
Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ 20 январи соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ соли 2014 тамоюли мусбати рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуд. - Соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 45,6 миллиард сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он нисбат ба соли 2013 6,7 дарсадро ташкил дод, - гуфт Абдуҷаббор Ширинов. - Содироти молҳо ба 977,4 миллион доллар ва воридоти молҳо ба 4,3 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 3,6% ва 7,3% зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли гузашта нисбат ба соли 2013 6,6% афзуд. Бонки миллӣ бо мақсади пешгирии тағйирёбиҳои қурбӣ ҳар рӯз дар бозори асъор тавассути низоми ягонаи электронии савдо иштирок намуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷиро бо ташкилотҳои қарзӣ, ки барои бартараф кардани норасоии пешниҳоди он ва таъмини пардохпазирии асъори ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд, анҷом дод. Ҳамчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ фуруши бевоситаи асъори нақд тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ба роҳ монда шуд. Соли сипаришуда дар миқиёси мамлакат 1539 нуқтаи мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба соли 2014 115 адад зиёд мебошад. Нисбат ба соли 2013 додани қарзҳои хурд 29,7% зиёд шуда, ба 6,1 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давра ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 1 миллиарду 144,8 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шуд. Дар ҷумҳурӣ шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 43,6 дарсад зиёд шуда, ба 1 миллиону 70,7 ҳазор нафар расид. Аз рӯи маълумоти моҳи феврали соли 2014 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 704 ва 1576 ададро ташкил намуд. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ соли 2014 меъёри таваррум (инфлятсия) 7,4 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 3,7 банди фоизӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда, асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7%, хизматрасонии пулакӣ 2,9% ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,5% ба миён омад. Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ охири соли 2014 дар бозори ҷаҳонӣ нархи гандум нисбат ба аввали сол 7,5% ва нефт 43,7% коҳиш ёфт. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
ХИЗМАТРАСОНӢ
Хатсайри “Душанбе-Конибодом” муваққатан боздошта шудааст Комил Мирзоалиев, роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, 20 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан 6 миллиону 808 ҳазор тоннаро ташил дод, ки нисбат ба соли 2013 87 ҳазор тонна бештар аст. Боркашонии транзитӣ 1 миллиону 735 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли 2013 165 ҳазор тонна ва соли 2009 7 миллиону 259 ҳазор тонна ё 80,8 фоиз кам мебошад. Боркашонии худӣ 5 миллиону соли сипаригардида бо қатораҳои 73 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки роҳи оҳани кишвар 168 ҳазору 32 нисбат ба соли 2013 253 ҳазор тонна маҳсулоти кишварзӣ кашотонна зиёд мебошад. нида шуд. Содироти молҳои хоҷагии Соли гузашта бо қатора 455 халқ 516 ҳазор тоннаро ташкил ҳазор мусофир бурда шуд, ки нисдод, ки нисбат ба соли 2013 21 бат ба соли 2013 45 ҳазор мусоҳазор тонна кам буда, воридоти фир кам мебошад. маҳсулот 4 миллиону 345 ҳазор К. Мирзоалиев иброз дошт, ки тоннаро ташкил дод, ки нисба- бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми ти ба соли 2013 247 ҳазор тонна боракашониву мусофирбарӣ дабештар аст. Давоми соли ҳисоботӣ воми сол аз тарафи КВД “Роҳи воридоти молҳо нисбат ба соди- оҳан” сабукиҳо пешниҳод шурот 3 миллиону 829 ҳазор тонна ё данд. Ба тоҷирону соҳибкорону шонидани маҳсулоти зудвайрон- фоиз, барои кашондани алюми8,4 маротиба зиёд мебошад. Дар кишоварзони ватанӣ барои ка- шавандаи кишоварзӣ аз 20 то 50 ний 50 фоиз ва қуми кварсӣ 20
10
фоиз сабукӣ пешниҳод шуд. Барои мусофирони қатораҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ 30 фоиз дар асоси шартномаи байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қазоқистону Русия ба мусофироне, ки пешакӣ чипта мехаранд, сабукӣ дода мешавад. К.Мирзоалиев афзуд, ки айни замон дар хатсайрҳои “Душанбе-Москва” ҳафтае 3 маротиба, “Хуҷанд-Москва” ҳафтае 1 маротиба қатораҳо ҳаракат мекунанд. Дар дохили кишвар қатораи наздишаҳрии “Душанбе-Пахтаобод” ҳаррӯза ҳаракат мекунад. Бо сабаби кам будани мусофирон қатораи хатсайри “Душанбе-Конибодом” муваққатан боздошта шуд. Ҳасан ТАЛАБШОҲ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ОДАМОНИ НАҶИБ
Ҳокимшо Ҳукуматуллоев 38 соли умри бобаракати хешро сарфи беҳшавии рӯзгори мардум кардааст. Чаро ин марди фидоии замин аз айёми ҷавонӣ ин касби пуршарафро интихоб кард? Зеро ӯ ин касбро дар айёми мактабхониаш дӯст медошт. Мегӯянд, ки “бе пир марав дар амонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ”. Меҳри касб одатан дар дили ҳар кас аз айёми ҷавонӣ пайдо мешавад. Сабабҳои амалигардонии он бешуморанд. Меҳри агроном шуданро дар дили Ҳокимшо падараш бобои Ҳикматулло ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаб бедор сохта буд. Бобои Ҳикматулло то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт умри худро ба ин касби пуршараф бахшида буд. Инсонҳои заҳматкашро дар урфият одамони шоиста мегӯянд. Ҳар меҳнати шоиста ба нафъи давлату миллат, албатта, бе мукофот намемонад. Ӯ марди накӯкору фозил буд. Солҳои 70-уми қарни гузашта, ки ӯ дар колхози Фрунзе (баътар савхози Себистон)-и ноҳияи Данғара кор мекард, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин барориши мошини сабукрави “Жигули”-ро ба ӯ барои хизматҳои содиқонааш туҳфа дод. Бобои Ҳикматулло гоҳ-гоҳе писари мактабхони худ Ҳокимшоро ба саҳро назди ғаллакорону боғбонон бурда, меҳри ин касби пуршарафро дар дили ӯ ҷо мекард. Ҳамин буд, ки соли 1972 баъди бо баҳои хубу аъло хатм кардани мактаби деҳаи Себистон ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи аграрӣ, факултаи агрономӣ супорида, донишҷӯ шуд. Соли 1977 Ҳокимшо донишгоҳро
Накӯхоҳи мардум Ҳокимшо дуои падарро гирифта, умри бобаракат дид бо дипломи аъло хатм намуд. Бо тавсияи Вазорати кишоварзӣ ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ чор колхози ғаллакории ноҳияи Данғараро ба савхозҳои боғу токпарварӣ табдил доданд. Барои бунёди боғу токзорҳои нав мутахассисон намерасиданд. Комиссияи тақсимоти Донишгоҳи аграрӣ ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба савхози навташкили боғу токпарварии Себистон фиристонид. Директори савхоз Нуралӣ Чақалов ин ҷавони зираку серқудратро хуш қабул карда, барои санҷиши ҳуҷчатҳо ӯро ба сифати ҳисобчии бригадаи ғаллакорӣ ба кор қабул кард. Соли 1978 роҳбарияти хоҷагӣ, қобилияти кордониву маҳорати баланди кориашро ба назар гирифта, ӯро сардори бригадаи ғаллакорӣ таъин намуд. Маъмурияти савхоз дар назди ӯ вазифаҳои мушаххас гузошт. Масъулияти ӯ дучанд гашт. Дар мавсими ғалладаравӣ кори механизаторҳоро дар ду баст ташкил карда, дар соли аввал ҳосили хуб ба даст овард. Вале ин ҳама ҷавони кордонро қаноат накард. Дар яке аз маҷлисҳои машваратии савхоз мутахассиси ҷавон Ҳокимшо Ҳикматуллоев пешниҳод кард, ки нормаи кишти гандуми “Сурхак-262” дар ҳар гектар 500 ҳазор дона зиёд карда шавад. Яъне, дар ҳар гектар ба ҷои 3 миллион 3,5 миллион дона кишт карда шавад. Дар натиҷа, ҳосили хуб гирифтан мумкин. Ҳама изҳори қаноатмандӣ карда, розӣ шуданд. Раис ба ҷавон рӯ оварда, гуфт: “Мо тақдири замини ғалазорро ба ту месупорем. Агар ҳосили дилхоҳ гирифта натавонӣ чӣ мешавад?”. Ҳокимшо бе ягон дудилагӣ гуфт, агар ҳосили рекордӣ гирифта натавонам, бо аризаи худам аз хоҷагӣ баромада меравам.
Ҳокимшо аз зали маҷлис баромада, сӯи парки тракторӣ раҳсипор шуда, худ ба худ мегуфт, дар назди ҳозирин ваъда додам, чӣ мешуда бошад? Бояд вафо кунам гуфта, худашро тасаллӣ медод. Соли 1978 бо роҳбарии ӯ майдони 800 гектар замини ғаллазор дар асоси қоидаҳои баланди агротехникӣ бо чуқурии 35-40 см. шудгор карда шуда, тухми гандуми навъи “Сурхак-262” кошта шуд. Боронҳои саривақтии фасли баҳор ва додани нуриҳои минералӣ ба замин ба баланд шудани ҳосилнокии замин мусоидат кард. Гандум пӯхта расид. Дар мавсими ғаллапарварӣ ҳосилнокӣ ба 30-сентнерӣ расонида шуд. Акнун Ҳокимшо бори дигар мутахассиси варзида будани худро дар хоҷагӣ исбот кард. Раис ба ӯ офарин гуфта, изҳори қаноатмандӣ кард. Соли 1978 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ чор колхози ғаллакори ноҳияи Данғараро ба савхози боғу-токпарварӣ табдил доданд. Дар таллу теппаҳои собиқ совхозҳои Фрунзе, Карл Маркс ва ба номи Дзержинский ниҳолшинонӣ, асосан, токҳои лалмӣ шӯруъ гардид. Он солҳо мардум ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки дар таллу теппаҳои ноҳамвору синабирёни ин мавзеъҳо рӯёнидани ангури шаҳдбор имкон дошта бошад. Аммо таҷрибаҳо буданд ва олимону мутахассисони соҳа ба ояндаи боғу токпарварӣ бовар доштанд. Акнун таҷрибаи дар заминҳои лалмӣ парвариш кардани токзор рӯи кор омад. Ҳар сол ба ин хоҷагиҳо барои такрористеҳсолкунӣ миллионҳо бех қаламча оварда мешуд. Акнун зарурат пеш омад, ки маъмурияти савхоз ин мутахассиси ҷавонро ба соҳаи ангӯрпарварӣ гузаронад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Роҳбарият
ӯро ба вазифаи агрономи соҳаи ангурпарварӣ таъин кард. Ӯро барои такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Молдов, шаҳри Кишинёв фиристоданд. Баъди бозгашт таҷрибаи омӯхтаашро дар майдонҳои ангурҳои лалмӣ истифода бурд. Тамоми маҳорату малакаи худро дар бунёди токзорҳои нав сарф карда, дар муддати начандон тулонӣ майдони токзорро ба 740 гектар расонд. Оҳиста-оҳиста бо гузашти чанд сол худро ҳамчун беҳтарин мутахассиси соҳа муаррифӣ намуд. Таҷрибаи ӯ дар ин соҳаи сердаромад шоистаи таҳсин буд. Роҳбарони ҳукумати ноҳия маҳорати баланди кории ӯро ба назар гирифта, соли 1993 дар ҳамин хоҷагӣ ӯро сарагроном таъин намуданд. Ҳар сол бо кӯшишу талошҳои ин агрономи кордону таҷрибадор зиёда аз 400500 тонна меваи хушсифати ангур дар асоси шартнома ба Русия содирот ва бар ивазаш сӯзишворӣ ва техникаҳои кишоварзӣ оварда мешуд. Яке аз 9 иштирокчии намоишгоҳи хоҷагиҳои халқи СССР дар соли 1989 мебошад. Аз соли 2004 то таҷдиди совхозҳо Ҳокимшо Ҳукуматуллоев дар вазифаи директори совхози Себистон адои вазифа намудааст. Баъди таъсиси Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мавзеи Сайёди Себистон, соли 2010 ӯро ба ин муассисаи давлатӣ ба кор даъват карданд. Ҳоло ӯ дар вазифаи агрономи кишоварз адои вазифа намуда истодааст. Бо кӯшишу заҳматҳои мутахассиси меҳнатдӯст дар заминҳои ин муассисаи давлатӣ, дар майдони 280 гектар бо дастури Президенти кишвар боғу токзори нав бунёд ёфтанд. Онҳо мақсад доранд, ки солҳои наздик майдони боғу токзорро дар болооби дарёи Вахш ба
2 ҳазор гектар мерасонанд. Имрӯз садҳо нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба бунёду нигоҳубини боғу токзорҳо сару кор доранд, шогирдони ин марди баруманд мебошанд. Ҳамчун мутахассиси баланпояи соҳа маслиҳатҳои муфид медиҳад. Онҳое, ки корро хуб мефаҳманд, набзи заминро низ хуб эҳсос мекунанд, ба замини ризқофар меҳри беандоза доранд, хулас, мардони шариф ҳастанд, ки ҳамеша некию мададашон ба мардум мерасад. Ба гузаштаи умраш менигараду ҳазорҳо бор шукр мегӯяд, ки дуои неки падараш дар ҳаққи ӯ мустаҷоб шудааст. Ҳамаи ин комёбиҳояшро аз падари бузургвораш дониста, гуфтаҳои ӯро дар бораи он ки касе агар аз сидқи дил ба халқу Ватан хизмат кунад, хеҷ гоҳ хор нахоҳад шуд, ҳамеша дар гӯш дорад ва пеши назараш ҷилвагар аст. Холназар КАСИРОВ, узви ИЖТ
ДОНИСТАН ХУБ АСТ
Ҳазорсолаҳо асп ҳамчун ҷонвари босадоқат ёвари инсон аст. Онро ҳамчун воситаи нақлиёт, «техника»-и кишоварзӣ, манбаи гӯшту шири парҳезӣ истифода мебаранд. Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки асп ҳамчун ҷонвари вафодор инсонро табобат низ мекунад. Табобат бо аспро дар илми тиб иппотерапия меноманд.
Асп табобат ҳам мекунад Дар 25 шаҳри Федератсияи Русия иппотерапияро ҳамчун яке аз самтҳои тибби алтернативӣ самаранок истифода мебаранд. Инструктори хоҷагии асппарварии назди боғи «Лосиний Остров»-и шаҳри Москва, узви Федератсияи миллии аспсавории табобатии Русия Татяна Горина аз соли 1996 ба кӯдакони имконияташон маҳдуд аз иппотерапия истифода мебарад. Ӯ то ин дам садҳо кӯдаки маъюбро табобат намуда, ба зиндагонии солим баргардонидааст. Чунончи, Святослави 10-сола ҳангоми бори аввал ба табобат омаданаш ҳаракат карда наметавонист. Татяна ҳамроҳи модараш Святославро бо даст болои зин гузошта, аз ду тарафаш маҳкам доштанд. Ҳафтае ду бор кӯдакро ба асп савор карда, оромона сайр медоданд. Баъди ду соли табобат Святослав на танҳо роҳ гаштанро ёд гирифт, балки велосипедронӣ мекард. Настяи 9-соларо бошад, модараш ба рӯи дастонаш ба тамрингоҳ овард. Настя рост истодан он тараф истад, ҳатто нишаста наметавонист. Зуд меафтид. Ӯ бо касе гап задан наме-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
хост. Ҳангоми кӯшиши бо ӯ сухан кардан «не!» гӯён дод мезад. Рӯзҳои аввал Татяна ва модари Настя ӯро аз ду тараф дошта, давр мезанонданд. Баъди ду соли машқ Настя нахустин бор мустақилона аз кат бархоста, шикамғеҷ модарашро дар дами дар пешвоз гирифт. Баъди як соли муолиҷа Настя бо асобағал роҳ мегаштагӣ шуд. Акнун Настя мустақилона роҳ мегардад ва ба зиндагӣ дилгарм аст. То ин дам кӯдакони зиёде тавассути иппотерапия аз бемориҳои аутизм, ДЦП, зиққи нафас (астма), дилу рагҳо, бемориҳои узвҳои ҳаракат табобат ёфтаанд. Асоси ин усули муолиҷаро нейрофизиология ташкил медиҳад. Асп ба шахси савора импулсҳои ҳаракатӣ мефиристад. Ба ин восита бофтаи мушакҳо мустаҳкам мешаванд. Аспсаворӣ табъи касро чоқ намуда, фикрҳои вайронро аз сар дур месозад. Асп нони хушк, себ ва сабзиро дӯст медорад. Аз ин рӯ, бо дасти худ онро ғизо дода, навозиш кунед. Интихоби асп барои иппотерапия кори масъулиянок аст. Бо ин мақсад бояд аспи аз
5-сола боло (то 13-14 сола) ва аҳл интихоб шавад. Муҳим аст, ки асп нармрафтор бошад, то савораро бисёр наҷунбонад. Иппотерапия барои беморони гемофилия, остеопороз, синдроми дауна, осеби мӯҳраҳои гардану миён, каҷшавии миён, диабети қанд, бемориҳои музмини меъдаю рӯда ва гурда иҷозат дода намешавад. Ғайр аз асп гурба низ табиби инсон шуда метавонад. Ҳангоми гурбаро ба даст гирифта, сила кардан фишори баланди хун паст, таппиши дил муътадил, хавфи ноҷуриҳои қалб ва гиреҳ хӯрдани торҳои асаб кам мешавад. Афсӯс, ки дар ҷумҳурии мо делфинария нест. Ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри XX физиологҳо делфинотерапияро зимни ҳар гуна ноҷуриҳои системаи асаб барои кӯдакону калонсолон истифода мебурданд. Дар ҳавзи обаш гарм дар паҳлӯи делфинҳои пӯсташон ҷилодор истодан асабро ором ва табъро болида месозад. Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
11
ҲАМОВОЗӢ
Таъсиси ҷоиза бароямон қарз аст Дар ҳошияи Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” бо ибтикори ду муассисаи таълимӣ - Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ мулоқоти аҳли назари варзиш, олимону донишҷӯён ва коршиносон баргузор шуд. Шодӣ Сафаров, ректори ДТҶТ ва Қосимҷон Қурбонов, карданд, ки дар давоми 5 соли охир 3,5 ҳазор маҷмааи варзисарвари Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ин иқдоми наҷиб ва оди- шии замонавӣ, толорҳои бузурги машқӣ, марказҳои обу тоби лонаро ҳамчун далели шайъӣ эътироф гардидани пирӯзиҳои ҷисмонӣ ба истифода дода шуданд. варзишгарон, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз Зикр шуд, ки мо насли имӯз бо номи нобиғаҳои асили варҷониби Сардори давлат, ҳамзамон, раиси Кумитаи миллии зиш дар симои нахустин чемпиони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ олимпӣ донистанд. дар соли 1955 Азалшо Олимов, чемпиони ҳабдаҳкаратаи Мирзосафар Шамсиддинов, ёвари ректори донишкада Итиҳоди Шӯравӣ дар намуди қайиқронӣ, Мураббии хизматиброз дошт, ки дар таърихи варзиши кишвар ин тадбир бори нишондодаи варзиши Иттҳоди Шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов, аввал ба вуқуъ пайвастааст. чемпиони ҷаҳон дар риштаи самбо дар соли 1975 СаидмуъАмрохон Назаров, ноиби сарвари Коллеҷи тарби- мин Раҳимов, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ дар соли яи ҷисмонӣ, муаллимаҳо Раънохон Гулова ва Меҳринисо 1975, чемпиони ҷаҳон Зебунисо Рустамова, Андрей АбдуваРаҳимова зимни маърӯза аз ғамхориҳои беназири Сардори лиев, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо, Гавҳар Пулодавлат нисбат ба варзишгарон ёдвар шуда, аз ҷумла, зикр това, Гулсара Дадабоева, Дилбар Султонова ифтихор мена-
МУЛОҚОТ
моем. Имрӯз роҳи онҳоро ҷавонписарону гулдухтарони тоҷик ба монанди Мавзуна Чориева, Расул Боқиев (барандагони ҷоизаҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ), Дилшод Назаров, Зелимхон Юсупов, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов, Моҳрӯ Ҳалимова, Комроншоҳи Устопириён, Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Муҳаммад Абдураҳмонов, Акмал Қодиров (армрестлинг) идома дода, Парчами кишвари маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебардоранд. Мо - аҳли назари соҳаи варзиш, устодону донишҷӯён таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмиллалӣ ҳамчун нася қабул карда, бо ҳисси баланду ифтихори миллӣ дар ҷавоб бо пирӯзию ғалабаҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, дониши аъло ва интизоми намунавӣ посух хоҳем гуфт. Бахтиёр ҚОДИРОВ, мудири шубаи ғоибонаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД-2015
Иқдоми Сарвари давлат хушоянд аст
Тими ҷавонон дар даври чорякфинал
Чанде пеш бо мақсади расонидани муҳтавои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» дар толори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 нафар мураббию собиқадорони соҳаи варзиши вилоят ҳамоиш баргузор шуд.
Футболбозони ҷавони кишвар бозии нахустинашонро бо ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ғалаба анҷом доданд - 1:0. Голи ягонаро ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 51-ум ба ҳадаф расонид. Ин бозӣ 17 январ зери назари 500 нафар бинанда доир гардид. Мутаассифона, тими ҷавонони мамлакат вохӯрии дуюми худро бо дастаи ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 бохт. Ин дидор 18 январ баргузор гардид. Голи тими ҷавонони кишварро Абдурасул Раҳмонов аз ҷаримагоҳи ёздаҳметра ба ҳадаф расонд. Дар даври сеюм, ки 20 январ
Онро Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят оғоз намуда, зикр кард, ки бо пойдор гардидани сулҳу субот дар мамлакат соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тараққӣ карда, зиндагии мардум беҳтар гардид ва ин барои рушди соҳаи варзиш замина фароҳам овард. Мавсуф аз ғамхориҳои Роҳбари давлат ёдовар шуда, таъкид кард, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ба инкишофи варзиш пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Номбурда ёдовар шуд, ки варзишгарони вилояти Хатлон аз иқдоми Сарвари давлат ҷиҳати таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ аз қабили Бозиҳои осиёи, Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ хушнуд гардида, бо саъю талоши зиёд барои ноил гардидан ба дастовардҳои баланди варзишӣ мекӯшанд. Зимнан, собиқадрони соҳаи варзиши вилоят ва варзишгарон суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф хоҳанд гашт. Дар ин бора Ҳамза Бобоев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон хабар дод.
Сипоси варзишгарони ноҳияи Варзоб ба Президент 20 январи соли равон дар ноҳияи Варзоб вохӯрии Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид. Дар он доир ба Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” фикру андешаҳои ҷолиб шунида шуд. Иштирокчиён ба тасвиб расидани ин санади хеле муҳимро дар соҳаи варзиш саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки он барои боз ҳам рушду инкишофи варзиш ва оммавӣ гардидани он мусоидат менамояд. Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки имзо гардидани ин санад бори дигар собит сохт, ки Роҳбари давлат ҳамеша нисбат ба варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро баъд аз ба тасвиб расидани фармони мазкур варзишгарон ва ҷоизадорони
12
мусобиқоти байналмилалӣ аз Фонди захиравии Президенти мамлакат қадрдонӣ карда мешаванд. Раҷабалӣ Турсунов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб қайд намуд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Президенти кишвар мо - масъулин ва варзишгарон барои омода ва дар мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷойҳои сазовор ноил гардидани варзишгарони ноҳия ва парчами мамлакатро боло бардоштан тамоми нерӯи худро равона месозем. Дар анҷом варзишгарони ҷавони ноҳия арзи сипоси худро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат оид ба футбол (U-21) ба даври чорякниҳоии Ҷоми иттиҳод-2015 роҳ ёфт.
доир гашт, тими ҷавонони кишвар дастаи Литваро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бо 6 хол дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро соҳиб гашт.
Дар даври чорякфинал шоми дирӯз тими ҷавонони кишвар бо дастаи Туркманистон вохӯрд.
ФУТБОЛ. ҶОМИ БАҲОРИСТОН-2015
Ҷоми Баҳористон-2015: 8 голи “Хуҷанд” ба дарвозаи “Жетису-2” Ҳафтаи гузашта бозиҳои се даври мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Осоишгоҳи “Баҳористон” доир гаштанд. Суҳроб Сабуров, Ҷӯрабой Исоев, Шавкат Насруллоев ва голҳои дастаи мағлубро Еркабулон Мусобеков ва Моден Саитопов заданд. Бозии охирини давр миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат доир гашт, ки бо ғалабаи душанбегиҳо анҷом ёфт – 3:0. Голҳоро Дилшод Восиев, легионери испанӣ Мануэл Родригес ва Нуриддин Давронов заданд. Дар даври дигар тими ҷавонони то 19-солаи кишвар бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ба голи задаи Родригес, нимҳимоятгари “Далерон” аз тими ҷавонон Отабек Каримов ҷавоб гардонд. Дар бозии дигар тими “Хуҷанд” бар дастаи “Жетису” 8 гол зада, як гол сар дод. Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари тими миллии кишвар, ки акнун ба ҳайати “Хуҷанд” пайваст, се гол зад. Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат тавонист бар дастаи “Эсхата” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шавад. Голҳои тими ғолибро Мирзобек Мирзоев ва Шодибек Ғаффоров ба ҳадаф расонданд. Даври навбатӣ 20 январ доир гардид. Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар ба дарвозаи дастаи ҷавонони клуби “Жетису” 3 голи беҷавоб зад. Бозии “Хуҷанд” ва “Хайр” мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Тими Дар даври дуюм тими ҷавонони то 19-солаи кишвар “Эсхата”-и Хуҷанд аз “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби бо дастаи “Хуҷанд” вохӯрд. Дидор мусовӣ – 0:0 анҷом 2:3 шикаст хӯрд. Даври охирини мусобиқа 23 январ баргузор мешаёфт. вад. Дар ин рӯз «Хайр» бо Тими мунтахабаи ҷавонони Дар бозии дигар дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд бар тими Тоҷикистон (U-19), «Истиқлол» бо «Жетису-2» ва ҷавонони клуби “Жетису”-и Қазоқистон бо ҳисоби 4:2 «Хуҷанд» бо «Эсхата» рақобат мекунанд. ғалаба кард. Голҳои тими ғолибро Абдумалик Шодиев,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Мартин 2,25 миллион евро даромад хоҳад дошт Мартин Эдегор, футболбози навраси норвежӣ дар тими “Реал”-и Мадрид солона 2,25 миллион евро даромад хоҳад дошт. хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, оянда музди ҳимоятгари 16-сола то 6,8 миллион евро афзоиш меёбад. Манбаи хабар мегӯяд, Мартин бо ҳайати асосии “Реал” тамрин мекунад, аммо дар ҳайати тими ҷавонон, ки онро футболбози саршинос Зайниддин Зидан машқ медиҳад, бозӣ хоҳад кард. Мартин Эдегор яке аз бозигарони бомаҳорат шинохта мешавад. Ӯ ҷавонтарин футболбозест, ки дар бозии даври интихобии Чемпионати Аврупо иштирок кардааст. Октябри соли 2014, вақте 15 сол Бино ба иттилои “Spiegel дошт, дар ҳайати тими миллии НорOnline”, Эдегор, ки дар ҳайати веж ба муқобили тими яккачини “Стремсгодсет”-и Норвеж бозӣ Булғористон ба майдон баромад. мекард, ояндаи наздик бо клуби Дар мавсими ҷории Чемпионати Испания қарордод мебандад, ки Норвеж дар 23 дидор иштирок ва муҳлати он то тобистони соли 2018 панҷ гол задааст.
Тэйлорро зиндонӣ мекунанд? Пулиси шаҳри Литтл-Рок (Арканзас) Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс аз рӯи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни то 72,6 кило Ҷермейн Тэйлорро бо иттиҳоми ҳамлаи мусаллаҳона боздошт кардааст. Дар ин бора “USA Todaу” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, боксчӣ дар асоси аризаи як сокини Риттл-Рок дастгир шудааст. Ин нафар гуфтааст, муштзан бо истифода аз силоҳ ӯ, ҳамсар ва фарзандонашро таҳдид кардааст. Ҳангоми боздошт кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз ӯ таппонча ва марихуанна ёфтаанд. Тавре интизор меравад, нисбат ба Тэйлор аз рӯи чанд банди қонуни ҷиноӣ айб эълон мешавад. Ҳоло ӯ бо пардохти 27 ҳазор доллар гарав аз боздошт раҳо шудааст. Тэйлор августи соли 2014 чанд маротиба ҷониби бародархондаш аз силоҳи оташфишон тир холӣ карда буд. Баррасии додгоҳӣ аз рӯи ин қазия моҳи июн дар назар аст. Ин муштзани амрикоӣ дар 33 қувваозмоии касбӣ ғолиб шуда, дар чор дидор шикаст хӯрдааст. Соли 2005 вай унвонҳои қаҳрамонии WBO, WBC, IBF ва WBA-ро дарёфт карда, Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуда буд.
Кличко Бриггсро дар ринг ҷазо медиҳад Владимир Кличко, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни вазнин барои баргузории рақобат бо Шэннон Бриггси амрикоӣ ризоият додааст. Дар ин бора “Bild” хабар медиҳад. “Бриггс аз чорчӯби ахлоқ берун шуд. Мехоҳам бо ӯ ба ринг баромада, барои густохӣ ҷазояш бидиҳам”, - изҳор доштааст Кличко. Иттилоъ дода мешавад, ки ширкати промоутерии бародарон Кличкоҳо барои баргузории ин дидор моҳи сентябр толореро дар Гамбург банд кардаанд. Аммо санаи дақиқи баргузории ин муштзанӣ маълум нест. Дидори ояндаи Кличко, ки дорандаи унвонҳои қаҳрамонӣ аз рӯи версияҳои WBA, IBF, IBO ва WBO мебошад, 25 апрели соли равон дар толори
ДИИШ 13 наврасро барои тамошои футбол кушт Ҷангиёни “Давлати исломӣ” 13 наврасро барои тамошои сабқати Ҷоми Осиё оид ба футбол миёни тимҳои миллии Ироқ ва Урдун (1:0) қатл кардаанд. Ин созмон гуфтааст, тамошои бозиҳои варзишӣ ҷиноят аст ва ҳар касе ба ин ҷурм гирифтор мешавад, бояд қатл шавад. Гуфта мешавад, наврасон бо истифода аз пулемёт кушта шудаанд.
Доварони Қибрис дар пайи ҳамла ба манзили модари Томас Мускос тасмим гирифтаанд, бозиҳои чемпионати ин кишвар оид ба футболро таҳрим кунанд.
ДАР ЧЕМПИОНАТҲОИ ҶАҲОН, ОСИЁ ВА МУСОБИҚАҲОИ БОНУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (СОЛҲОИ 2006-2014)
Соли 2007 Ҳамагӣ 131 медал: Тилло – 39 Нуқра – 43 Биринҷӣ – 49 Соли 2008 Ҳамагӣ 180 медал: Тилло – 56 Нуқра – 48 Биринҷӣ – 76 Соли 2009 Ҳамагӣ 217 медал: Тилло – 57 Нуқра – 58 Биринҷӣ – 102 Соли 2010 Ҳамагӣ 219 медал: Тилло – 66
Нуқра – 61 Биринҷӣ – 92 Соли 2011 Ҳамагӣ 307 медал: Тилло – 92 Нуқра – 88 Биринҷӣ – 127 Соли 2012 Ҳамагӣ 423 медал: Тилло – 118 Нуқра – 120 Биринҷӣ – 185 Соли 2013 Ҳамагӣ 461 медал: Тилло – 100 Нуқра – 130 Биринҷӣ - 231 Соли 2014 Ҳамагӣ 897 медал: Тилло – 250 Нуқра – 243 Биринҷӣ - 404
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
Ҷоми Осиё оид ба футбол-2015 дар Австралия ҷараён дорад. Он 9 январ шурӯъ гардид ва то 31 январ идома мекунад. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа тими мунтахаби Ҷопон аст.
Доварони Қибрис чемпионатро таҳрим карданд
ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШГАРОНИ МАМЛАКАТ Соли 2006 Ҳамагӣ 126 медал: Тилло – 37 Нуқра – 41 Биринҷӣ - 48
“Barclays Center”-и Ню-Йорк дар назар аст. Рақиби муштзани украинӣ Брайант Ҷеннингси амрикоист, ки дар ринги касбӣ ягон маротиба бохт надорад. Бриггс аз баҳори соли сипаришуда бо ҳар васила мехоҳад Кличкоро барои қувваозмоӣ розӣ кунад. Барои ин, ӯ ҳатто сӯи Кличко пояфзол ҳаво дод, ба толоре зада даромад, ки муштзани украинӣ тамрин мекард, ба наҳорӣ хурдани ӯ дар яке аз тарабхонаҳо монеъ шуд ва аксҳои коллажшудаашро, ки гӯё ба замин афтодааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.
Тайсон суруд хондааст Майк Тайсон, Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс ҳамроҳ бо Мадонна, сарояндаи машҳури поп тарона сурудааст.
19 январ, дар назди манзили модари довар Мускос маводи мунфаҷираи худсохт таркид. Дар натиҷа, касе зарар надидааст. Пас аз таҳдидҳо унвонии Мускос баъди анҷоми бозии дастаҳои “Аполлон” ва “Отеллос” (2:2), ки дар доираи сабқати лигаи олии Қибрис баргузор шуд, манзили довар аз сӯи пулис муҳофизат мешавад. Дар ин бозӣ, ки 12 январ баргузор шуд, Томас ба дарвозаи “Аполлон” зарбаи ҷаримавӣ таъин кард ва як бозингари дастаро аз майдон ронд. Раҳбари Ассотсиатсияи до-
варони Қибрис Михалис Аргиру изҳор доштааст, ки 26 январ доварон бо пулис вохӯрда, масъалаи идома додан ё надодани таҳримро баррасӣ хоҳанд кард. Дар як соли охир ин чорумин ҳодисаи монанд дар Қибрис аст. Апрели соли сипаришуда, мошини Леонтиос Траттос, ки он замон раҳбари Ассотсиатсияи доварони футбол буд, дар наздикии Никосӣ тарконда шуд. Моҳи май дар манзили Томас Мускос граната партофта шуд, ки мунфаҷир нагардид.
Муштзани амрикоӣ дар сабти таронаи “Iconic”-и Мадонна ва рэпсаро Чанселор Беннетт иштирок намудааст. Ин суруд ба албоми “Rebel Heart” шомил мешавад, ки 10 марти соли 2015 ба фурӯш мебарояд. Майк Тайсон яке аз машҳуртарин чеҳраҳои олами бокс аст. Ӯ Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон буда, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Ӯ карйераи варзишии худро соли 2005 анҷом дод. Баъди ин ба ҳайси промоутер кор карда, инчунин, дар 55 филму сериал ва шоу-барномаҳои телевизионӣ иштирок кард.
13
ҶАВОНОНИ ҲУНАРМАНД
ШАМЪИ ХОТИРА
Аз некон боғ… Бо қарори иҷлосияи 14-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №130-и шаҳр ба номи Рӯзигул Маҳмадраҳимова гузошта шуд. Ба ин муносибат дар муассисаи номбурда ҷамъомад доир гардид.
Дилбастаи санъат Рӯзибеки Файзалӣ. Чандест, ки номи ин ҳунарманди ҷавону умедбахш вирди забони ихлосмандони суруду мусиқист. Муддатест, ки дар қатори дигар сарояндагони маҳбуб дар талошу ҷустуҷӯст, дар такопӯст, то суруди ҷаззобу оҳанги мавзуне ба самъи шунавандагон расонаду ба дилу дидаи мухлисон роҳ ёбад. Ба майдони санъат роҳ ёфтан осон аст, вале ба дилу дидаи мардум роҳ ёфтан, муддатҳо дар дили мухлисон ҷойгузин мондан роҳест мушкил. Бедарак аз ҳама душвориву ҷонфидоиҳо дилбастаю шевои ҳунари сарояндагӣ гашт. Хеле барвақт ин шуъла дар қалби кӯчакаш фурузон гашта буд. Нафари хеле барояш наздик ва азизу қадрдон, тағояш Ҳабибулло Беков мебошад, ки низ сароянда аст. Ҳар боре ки гӯш ба садояш медод, худро беихтиёр дар ин олами беохир, олами рангину афсона тасаввур мекард. Зери лаб баъзе сурудаҳояшро зам-зама мекарду аз тағои меҳрубон баҳои ҳунарашро мепурсид. «Истеъдод дорӣ, ҷиян, фақат онро сайқал додан лозим. Ман-ку он қадар вақт надорам, Баҳриддин нозукиҳои ҳунари овозхониро мефаҳмонад. Овоз дорам гуфта, бепарво мабош. Кӯшиш кун», - гуфта маслиҳаташ медод. Шомили кружоки худфаъолияти мактаб гашта, дар маҳфилу ҷамъомадҳо фаъолона баромад мекардагӣ шуд. Сарвари кружок, ки Рӯзибек ӯро устод меҳисобад, авҷи овозу
пардаи созро ба вай омӯхт. Садои форамаш ба гӯши ҳамдеҳагон расид ва умедвор шуданд ба ояндаи дурахшони ӯ. Ҳамин тавр, рӯзҳову моҳҳо пайи ҳам сипарӣ гаштанду фурсати таҳсил дар мактаби миёна барои Рӯзибек анҷом ёфт. Ба даст номаи камол гирифт ва соли 2003 роҳ гирифт ба ҷониби пойтахт. Ба факултаи мусиқӣомӯзгории Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. 5 сол аз устодони соҳибтаҷриба сабақ омӯхт. Садои форамаш тавассути сурудҳои рӯҳнавозаш, аз қабили «Гирифтори туям», бар матни Лоҳутӣ, «Маро гӯш кардӣ» бар матни Муҳаммад Ғоиб, «Модар», «Дарёи Сурхоб» бар матни Хайрандеш, «Падар» бар матни Сафар Аюбзодаи Маҳзун ва даҳҳои дигар танин андохт ва дар қалбҳо ҷой гирифт. Мухлисони ҳунараш афзуданд ва соҳибэҳтиром гашт. Гарчанде Рӯзибек ҳамроҳи ҳамсари меҳрубону дилогоҳаш Фарзонабону ва ҷигарбандони дустрӯяш Аюбҷону Муҳаммадҷон ва Бибиомина дар Душанбе истиқомат доранд, вале табиати зебою нотакрори деҳа, меҳру муҳаббати ба падару модар дошта, аз ҳама зиёд хумори бозии футбол бо ёру рафиқон ӯро тез-тез ба деҳа меорад. Баробари савғо ба волидон ҳатман ба футболбозони наврас сару либоси варзишӣ, тӯб ва дигар лавозимоти зарурӣ ҳадя мебарад. «Инсон ҳамон қадар ба варзиш машғул шавад, ҳамон қадар парҳезкор мешавад. Аз амалҳои ношоиста дурӣ меҷӯяд», - мегӯяд Рӯзибек. Муҳаббати ЮСУФ
Рӯзигул Маҳмадраҳимова январи соли 1941 дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти ба номи Исмоилови шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Айёми кӯдакиаш ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад ва дар қатори наврасону калонсолон ӯ ҳам азоби он айёмро кашид. Аз синфи 1 то 5 дар мактаби миёнаи нопурраи №71-и деҳа таҳсил карда, маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби ба номи Горкийи хоҷагӣ гирифт. Солҳои мактабхонӣ ба корҳои ҷамъиятӣ шавқу рағбати беандоза дошт. Аввал сарварии пионерони мактаб буду вақти таҳсил дар синфи 10-ум шӯрои комсомолии мактабро роҳбарӣ мекард. Пас аз хатми мактаби миёна ба техникуми савдои шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1960 бо ихтисоси молшинос хатм намуд. Як сол ба ҳайси молшинос ва мудири анбори Ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и шаҳри Ваҳдат фаъолият намуд. Пас аз андӯхтани таҷриба муддати 2 сол роҳбарии анбори ҷамъиятро ба зима гирифт. Дар баробари адои вазифа дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат мекард ва то соли 1969 сарвари ташкилоти комсомолии Ҷамъияти
“Тоҷикматлубот”-ро низ иҷро мекард. Ташкилотчигиву ташаббускориашро ба назар гирифта, соли 1969 ӯро ба вазифаи котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Ваҳдат таъин карданд ва то соли 1972 сарварии ҷавонони шаҳрро бар ӯҳда дошт. Мактаби комсомол ба ӯ сабақи хуби кору зиндагӣ дод. Ин буд, ки аз соли 1972 то 1975 дар вазифаи пурмасъулияти раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳр адои вазифа намуд. Аз соли 1975 то 1977 вазифаи котиби озоди ташкилоти ҳизбии шаҳрро пеш бурд. Рӯзигул Маҳмадраҳимова пай мебурд, ки замона дигар ва талабот ба мутахассисон сол то сол тағйир меёбаду бояд ҳамқадами замон буд. Аз ин рӯ, соли 1979 ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд ва соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос гардид. Бо мақсади такмил додани ихтисосаш соли 1987 мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро хатм кард. Соли 1986 таҷрибаю
дониши андӯхтаашро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Ваҳдат таъин намуданд. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагони шаҳр ба ҳисоб мерафт. Замона дигар шуду Рӯзигул пас аз чанде (солҳои 1990-1991) ба сифати ҷонишини раиси хоҷагии «Коммунизм» (ҳоло ба номи А. Кенҷаев)-и шаҳр адои вазифа намуд ва ду соли дигар ҳуқуқшиноси ҳимоятгар ва то соли 1995 раиси Иттифоқи касабаи кормандони мақомоти давлатии шаҳри Ваҳдат буд. Соли 1993 барояш нафақаи сатҳи ҷумҳуриявӣ таъин намуданд. Давоми фаъолияти меҳнатиаш соҳиби чандин мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ гардид… Нафарони зиёд дар маросими тантанавӣ аз ин инсони шариф ёд карданд ва таъкид намуданд, ки имрӯз фарзандону шогирдонаш роҳи ӯро идома дода истодаанд ва мекӯшанд, то пайрав ва идомадиҳандаи сазовори кору пайкори ӯ бошанд. А. СИНО
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии
14
либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 30 январи соли 2015 муайян гардидааст. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Суруд барои тифл
Намак Боѓи аз афсонит- навї роген
Духтари Кароматуллои Ќурбон
Бањрнаварди машњури англис
Тасмим, ният
Тамѓаи радиотехникаи Љопон
Душман
Нол
Мењмон ..., шоири тољик
Ѓунљоиш
Тасвир, сурат
Нидои мухлиси футбол
Поён, зер
Садои баланд
Мањсули ранљи адиб
Хеш, хештан
ГАИ-и Тољикистон
Порахўр
Аќраб
Зоти тўтї
Љои њунарнамоии сароянда
Абадият, мављудият
Пойтахти Афѓонистон
Рухсора, чењра
Коргардони машњури кинои шўравї
Муќобилмаънои ношунаво
... и Сомонї
Рафтуо Парлумони ИМА
Ќорї … аз асари С. Айнї
Њайвон бодпои кўњї
Оќилу доно Русї – «стой», англ.«stop», тољикї - ?
Таноб, расан Љузъе аз намоз
Ќош, аз чашм боло
Бозии русии рўимизї
Ваќт, њангом
Мева Рўгардонї аз фарзанд
Моњи 11уми соли њиљрии ќамарї
Номи маймуни Аладдин
Воњиди пули Молдова
Шахси ќадраш баланд
Ададњои аз садињо хурд
Муњаббат
… ва Шодї (театр)
... Назаров, сароянда
Ситоишу сано
Кўтоњшудаи «дина»
Ќитъаи олам
Тарсончак
Дарё дар Ќазоќистону Русия
Музейи машњури Париж
… Капур, ситораи кинои њиндї Асоси замони њозираи «хондан»
Обдор
Моњи сол
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015
Сазовор
Тўњфаи идона
Осон
«Рама» ё «Она»
Моддаи химиявии марговар
Дарзмол
Авфи гуноњ
Душвор
Фармон
… Шетти, ситораи кинои њиндї
Хирад
Ватани Майк Тайсон
Тамѓаи мошини хориљї
…и Абубакр, сароянда
Cl, унсури кимиёвї
Давра, њалќа, чанбар
Уќёнуси калонтарини олам
Дастаи футболи артиш (русї)
Египет
Аз мўрї ва танўр мебарояд
Ким ... Сен, роњбари собиќи Кореяи Шимолї
Пойтахти Норвегия
Авлодї, меросї
Њазоряки литр
Нидои сарбозон
Сер-
Абру намак
Нўшокии русї аз нон
Сифат барои чизи истифоданашуда
Актёр … Абдурашидов
Њаммаънои «ном»
"... беша гумон мабар, ки холист"
Кўњсори байни Осиё ва Аврупо
Мовароун…
Овозхони эронї
Шакли шеърии пайвандаки шартии маъмул
Вазири МЧСи Русия
… Капур, ситораи кинои њиндї
Мотам
Ситора
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Шоҳи ҳайвонот аз муш мепурсад: - Ту чанд сол умр мебинӣ? Муш ҷавоб медиҳад: - Шоҳам, ин аз гурба вобаста аст!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
***
САРМУҲАРРИР
Ҷавон аз духтари зебое, ки дар дукон менишаст, мепурсад: - Галстук чанд пул? Духтарак аз шарм сарашро хам карда, ҷавоб медиҳад: - Як бӯса. Ҷавон хурсанд шуда, мегӯяд: - Қиматтар намешавад? Духтар: - Намедонам, ҳозир пурсам. Бибӣ, галстукатонро қиматтар намефурӯшед?
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),
Бар асари резиши зиёди барф садҳо нақлиёти борбару мусофиркаш дар мавзеи Майхӯраи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дармондаанд. Вазорати нақлиёт ба ронандагоне, ки ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунанд, ҳушдор додааст, ки бидуни омодагии ҷиддӣ ба роҳ набароянд.
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, Хатлон),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7608 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
АНДАРЗ
Некӣ ба шумо бармегардад Роҳ басе тулонӣ буду аз миёни биёбон мегузашт. Вақте Брайн сари чамбараки мошин аз он гузар мекард, дар канори роҳ мошинеро дид, ки аз ҳаракат бозмондааст. Чун суръати ҳаракатро паст кард, дохили мошин зани солхӯрдаеро дид, ки ҳайрону музтар менишаст. Сипас, мошинашро каме поёнтар нигоҳ дошта, назди зан омад. Зан гумон кард, ки ин “меҳмони нохонда” ба ӯ зарар расонданист, зеро давоми чанд соате, ки мошинаш аз ҳаракат монда буд, ягон нафар мошинашро нигоҳ надошт ва ба имдодаш нарасид. - Ман омодаам, ба шумо кӯмак расонам, хонум. Номам Брайн, гуфт ӯ худро ба зан муаррифӣ карда. - Шумо лаҳзае дар мошини ман бишинед. Он ҷо гарм аст. Ба назарам, хеле хунук хурдаед. Вақте Брайн ба мошин назар кард, маълум намуд, ки чархаш кафидааст. Албатта, қувваи зани солхӯрда ба иваз кардани чархи мошин намерасид. Брайн баъди 20 дақиқа онро бо чархи эҳтиётӣ иваз намуда, бо табассум ҷониби зан нигоҳ кард. Зан арзиши хизмати ӯро пурсон шуд, Брайн гуфт: - Ман ин кӯмакро ҳамту, бе ягон чашмдошт кардам. Худованд ҳам медонад, ки дигарон барои ман
чанд маротиба кӯмак расондаанд. Агар дар ҳақиқат, ба кӯмакам ҷавоб гардонданӣ бошед, шумо ҳам минбаъд нафари муҳтоҷ ба кӯмакеро ки дидед, ёрӣ расонеду маро ба хотир биёред. Ҳисобамон баробар мешавад. Зан бо миннатдории зиёд сари чанбари мошин нишаста, ба роҳаш идома дод. Баъди ду соат назди аввалин тарабхонае, ки аз пешаш баромад, қарор гирифт. Ҳам хӯрок хурданӣ буду ҳам гарм шудан мехост. Пешхизмат бо меҳрубонӣ ва лабони пур аз табассум супориши занро гирифта, пайи овардани он шуд. Пешхизмат, ки аз саҳар то бегоҳ дар пой рост истода, хизмат мекард, хеле хаставу афгор шуда буд. Дар баробари ин, ҳомила ҳам буд. Зани солхӯрда мушоҳида кард, ки пешхизмат ба хастагиву ҳомила буданаш нигоҳ накарда, ба мизоҷон хеле самимиву бо муҳаббат ва лабони моломоли табассум муомила менамуд. Ин рафтори пешхизмат ба мизоҷи солхӯрда хуш омад. Вай баъди тановули хӯрок ба пешхизмат 100 доллари амрикоӣ пардохт кард. Пешхизмат зуд пайи
овардани бақия рафт. Аммо зан мунтазир нашуда, аз тарабхона берун шуд. Вақте духтар бақияро овард, мизоҷро пайдо накард, танҳо рӯи миз хатчае ёфт. Зани солхӯрда навишта буд: - Шумо аз ман қарздор нестед. Бақия доданатон ҳам лозим нест. Ман аз роҳ мегузаштам, дидам, ки дари тарабхона кушодааст. Даромадам. Имрӯз нафаре ба ман кӯмак расонд, чуноне ки ман ба шумо мекунам. Шумо ҳам нагузоред, ки охирин ҳалқаи ин занҷири ҳилму меҳрубонӣ бошед! Зан зери сачоқ рӯи миз боз чорто 100-долларии дигар гузошта буд. Пешхизмат ба худ савол медод, ки ин зани солхӯрдаи меҳрубон аз куҷо донист, ки оилаи мо ба пул сахт эҳтиёҷ дорад? Сипас, баъди кор ба хона баргашта, шавҳарашро оғӯш гирифта, бӯсид ва гуфт: - Ҳамааш хуб мешавад, азизам. Мушкилиҳо ҳатман рӯзе ҳал мешаванд. Ман туро бениҳоят дӯст медорам, Брайн. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ду донишҷӯ бо ҳам суҳбат доранд. Аввалӣ: - Агар ба ту як коса ролтони тайёр ва як коса ролтони нотайёр пешниҳод кунанд, кадомашро интихоб мекунӣ? Дуюмӣ: - Нотайёрро. - Чаро? - Агар як коса ролтони нотайёрро бигирӣ, аз он ду коса тайёр кардан мумкин.
***
Афандӣ хоб мебинад, ки дар маъракаи оши наҳор иштирок дораду наздаш як табақ оши гарм мегузоранд. Ӯ ба ош даст мерасонад, ки дасташ месӯзад. Аз хоб хеста, зуд аз ошхона як қошуқ мегирад ва омада хоб меравад.
***
Духтаре дар истгоҳ мунтазири автобус нишастааст. Ҷавоне наздаш омада, мегӯяд: - Мумкин аст бо ту шинос шудан? Духтар: - Дар куҷо дидаӣ, ки кабутар бо маймун шинос шудааст: Ҷавон: - Ин хел бошад, ман паридам...
ЭЪЛОН МЕФУРӮШАМ Хонаи навъи барак бо тамоми шароит дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино-2, кӯчаи Ломоносов-63. Нархаш 35 ҳазор доллари ИМА. Тел. 904278082. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Муассисаҳои давлатии “Нашрияи сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии “Шарқи озод”-и КВД “Комплекси табъу нашри Шарқи озод” (РЯМ 0310010003, РМА 030020406) ва “Дунёи китоб”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” (РЯМ 0210016015, РМА 020037730) фаъолияташонро қатъ мекунанд. ЭЪТИБОР НАДОРАД Дипломи гумшудаи №179606, ки онро соли 1988 омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 46-и ноҳияи Қубодиён ба Аминов Давлатхӯҷа Шарифович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №271389, ки онро соли 2002 МТМУ рақами 34-и ноҳияи Қубодиён ба Исроилов Баҳодур додааст, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9378), 22 ЯНВАРИ СОЛИ 2015