Ҷавонони Тоҷикистон, №50, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН

“Лабханди ҷавонӣ” яксола шуд

№50 (9580), 13/12/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Мо зиндагии осуда мехоҳем! саҳифаи

5

саҳифаи

6

“Умеди зиндагӣ”

Фарҳанги ҳуқуқии наврасонро рушд бояд дод саҳифаи

7

Сомон Маҳмадбеков: Аввалин медалро ба хазинаи “Клуби Ҳоҷӣ Шариф” ворид кардам саҳифаи 9 Допинг – қотили орзуҳои варзишгар саҳифаи 10 Борон саҳифаи

12

Бо таҳияи филми садсериягии “Умеди зиндагӣ” хостем чанд мушкили доғи ҳамсолони худро пешниҳоди ҷомеа кунем. Шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки он нахустин филми тоҷикие мегардад, ки дар ҳаҷми 100 қисм таҳия шуда, ҳаёти ҷавононро инъикос менамояд. Филм, аз ҷумла аз ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо, нодидаю нофаҳмида ба шавҳар додани духтарон ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон қисса мекунад. Имрӯз мебинем, ки ҷудошавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд аст. Мо бовар дорем, ки ин филм метавонад дар пойдории оилаҳои ҷавон саҳмгузор шавад. Вақте дар оилаҳо маҷбуран як духтарро ба шавҳар медиҳанд, пас аз чанд моҳ онҳо аллакай ба ҳамдигар нафрат пайдо мекунанд. Вақте муҳаббат нест, зиндагӣ пойдор намемонад. Мо дар филм муҳаббати воқеиро нишон додан мехоҳем. Бо вуҷуди он ки сенарияи филм тахайюлист, аммо ҳамаи саҳнаҳое, ки дар он ба навор гирифта мешаванд, ба ҳаёти реалии ҷавонон мутобиқат менамояд. Ҳамчунин, барои ҷавонон то кадом андоза муҳим будани таҳсилро тавассути филм фаҳмонем. Нишон додем, ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ соҳиби ягон касбу ҳунар ва ё дониш намегардад, азоб кашида, муҳтоҷи дигарон мешавад. Ҳамчунин азоби падару модаронеро нишон додан хостем, ки ба таҳсили фарзандони худ монеъ мешаванд, то ки онҳо дар деҳот бимонанд.


2

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои ИДМ

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

6 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд иштирок намуданд. Сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор намуданд. Дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд, низ баррасӣ гардид. Шоми ҳамин рӯз, пас аз анҷоми ҷаласа бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург балети “Щелкунчик”-ро тамошо карданд. www.president.tj

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Таъсиси Шӯрои рушди маориф Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шӯрои рушди маориф таъсис ёфт. Он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ташкил шуда, ҳамчунин тибқи қарор Низомнома ва ҳайати Шӯрои мазкур тасдиқ гашт. Тибқи қарори дахлдор, масъулин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки барои фаъолияти самарабахши Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мусоидат намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки тайи чанд соли охир барои беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе се барномаи ҳаётан муҳим дар соҳаи маориф - Барномаи рушди маорифи шаҳри Душанбе, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо пешбинӣ гардидани маблағгузорӣ дар ҳаҷми 29 млн 447 ҳазору 380 сомонӣ қабул гар-

диданд. Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ минбаъд ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин иқдом бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии моддии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо роҳандозӣ мегардад. Тибқи қарори мазкур, ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи 1500 сомонӣ, дуюм - бо маблағи 1000 сомонӣ, сеюм - бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, ҳар кадоме бо маблағи 2000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Бо ин мақсад 176 500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардидаи

шаҳри Душанбе ҷудо мегардад. Хотиррасон менамоем, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 149 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (46 нафар ҷойи якум, 44 нафар ҷойи дуюм ва 59 нафар ҷойи сеюм) гардиданд. Инчунин 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар

олимпиадаҳои байналмилалӣ бо ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюм) сазовор гардиданд. Тибқи иттилои масъулини шаҳри Душанбе, сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 муассисаи таълимӣ барои 5804 ҷой аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой, инчунин

бунёди 3 муассисаи томактабӣ барои 690 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷой аз ҳисоби соҳибкорон идома дорад. Ёдовар мешавем, ки 9 ноябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.


ВМКБ

Иззату икром дар хизмат волотар аз ҳама

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016 - 2018 ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси худшиносиву тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ кормандони соҳаи кор бо ҷавонони ВМКБ суҳбату вохӯриҳои мунтазамро роҳандозӣ намуданд.

Мулоқоти мазкур таҳти роҳбарии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев бо ҳайати шахсии сарбозону афсарони қисмҳои низомии 0410 - и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ дар Хоруғ гузаронида шуда, дар он оид ба ҷиддият нишон додан ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва

марзу буми кишвар, эҳтироми якдигарӣ ва қатъӣ амал кардан аз рӯи ваколатҳои хизматӣ, роҳ надодан ба қонуншиканӣ миёни ҳайати шахсӣ ва дигар масоили марбут сухан рафт. Зикр гашт, ки иззату эҳтиром нисбати якдигар волотарин рафтори инсон буда, он дар хизматӣ ҳарбӣ ҳам болотар аз ҳамаи вазифаҳо меистад.

Роштқалъа: Силсилачорабиниҳо роҳандозӣ шуданд Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Роштқалъа ва ҷамоати Мирсаид Миршакари ноҳия бо ҷалби 400 нафар ҷавонону наврасон машқҳои солимгардонӣ роҳандозӣ шудаанд. Тавре аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия хабар доданд, тамринҳо ва

ДУШАНБЕ

мусобиқаҳои тенниси рӯи миз, волейбол, шоҳмоту таэквандо (ВТФ) бо ташаббуси бахш роҳандозӣ гардиданд. Ин гуна чорабиниҳои варзишӣ дар МТМУ - и №12, 22 ва 23-и ноҳия ҳам гузаронида мешаванд. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”

“Dushanbe Summer Fest”-2018 сазовори ҷои дуюм

Фестивали тобистонаи Душанбе-“Dushanbe Summer Fest”-2018, ки рӯзҳои 18 ва 19 августи соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт баргузор гардида буд, сазовори НУҚРАмукофоти байналмилалӣ дар соҳаи баргузориии чорабинӣ ва рӯйдодҳои маркетингии Осиёи Марказӣ (“Event Awards Central Аsia”) гардид. Тибқи натиҷагирии ташки-

лоти мазкур дар номинатсияи “Беҳтарин чорабинии оммавӣ”, ки он миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон доир гардид, Фестивали тобистонаи Душанбе - “Dushanbe Summer Fest” - 2018, ки дар он зиёда аз 40 ҳазор одамон иштирок намуда буданд, сазовори ҷои дуюм гардид. Дар ҳайати баҳодиҳандагони ин лоиҳа маъруфтарин намояндагони воситаҳои ахбо-

ри омма ва аҳли фарҳанги Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия ва Молдова иштирок доштанд. Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали тобистонаи Душанбе -“Dushanbe Summer Fest”2018 бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи оббозони ҳавоӣ аз Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Баргузории Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 18 декабри соли равон дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора 7 декабр қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Дар Иҷлосия масъалаҳои ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаҳои руш-

ди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2018”, оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2017, дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе баррасӣ мегарданд. “ҶТ”

ХАТЛОН

хонандаҳо дар бораи мавзӯҳои мубрами рӯз, аз қабили дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, талқини ахлоқи ҳамида ва ватандустӣ суҳбат намуданд.

Сад ранги чакан

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Фестивали вилоятии “Садранги чакан” доир гардид. Дар он аз шаҳру деҳоти Кӯлоб занони ҳунарманд маҳсулотҳои гуногун, аз қабили курта, тоқӣ, миёнбанд, чодарҳои гуногуни чаканиро ба маъзари тамошо гузоштанд. Қобили зикр аст, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба занони ҳунарманд аз ҷумла чакандӯзон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, айни замон ширкати “Чакан” бо ҷалби 50 нафар занони чакандӯз фаъолият дорад. Ҳамзамон бо гирифтнаи гранти раиси вилояти Хатлон, бо назардошти оне, ки чакандӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимаи шаҳри бостонии Кӯлоб маҳсуб меёбад, боз 60 нафар занон ба чакандӯзӣ ҷалб гардидаанд. Зимнан, ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил кардани чакан ҳунармандони шаҳру деҳоти Кӯлобро рӯҳбаланд намуда, умед ҳаст, ки дар оянда чакандӯзӣ боз ҳам рушд меёбад.

Хуҷанд: Мусобиқаи гимнастикаи духтарона

СУҒД

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Қасри варзишӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2020” ва иҷрои Қарори раиси шаҳри Хуҷанд оид ба “Тарғиби тарзи ҳаёти солим” озмун аз рӯи намуди гимнастикаи бадеӣ байни наврасон гузаронида шуд. Дар чорабинӣ мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Муяссар Сангинова ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва баромад намуданд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи

роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди варзиш, бахусус байни духтарон назаррас аст. Ин намуди варзиш дар миқёси вилоят танҳо дар шаҳри Хуҷанд таъсис ва рушд меёбад. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки аз байни варзишгардухтарон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ мебароянд ва обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам боло мебардоранд. Сипас, ҳар як иштирокчӣ барномаи худро бо маҳорати баланд ва омодагии махсус пешкаши ҳозирин ва аъзои ҳакамон намуданд. Дар ҷамъбаст ба 36 нафар ғолибони озмуни гимнастикаи бадеӣ диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим крада шуд

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди волейбол 8 декабри соли 2018 дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи вилоятӣ оид ба намуди волейбол байни наврасон ва ҷавонони соли таваллудашон 1998-2000 баргузор градид. Мусобиқа бо мақсади дарëфти беҳтарин варзишгарон, тарғибу ташвиқи волейбол байни наврасон ва ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон,

мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон, тарбияи насли солим сурат гирифта, дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд. Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо медал ва диплом қадрдонӣ карда шуданд. Шодмон НУРМАТОВ, “ҶТ”

Мусобиқаи футбол байни деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ШНТМ

Вохӯрӣ бо муҳассилини муассисаҳои таълимӣ Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода дар деҳаи Истиқлол бо хонандагони 5 муассисаи таълимии ҷамоати деҳоти Навобот вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни мулоқот масъулин бо

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

Дар вохӯрӣ толибилмон фаъолона иштирок намуда, дар навбати худ доир ба мавзӯъҳои зикргардида баромад ва саволу ҷавоб намуданд. Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рудакӣ дар ҷамоати Султонобод байни деҳаҳои ноҳия мусобиқаи футбол оғоз гардид. Мусобиқа бо иштироки 16 даста то 1 январ давом мекунад. Ғолибон соҳиби “Ҷоми тиллоӣ” мегарданд, ки аз тарафи як тан аз соҳибкорони ҷомат таъсис дода шудааст. Мудири бахш Сатторов Абдулло мақсад аз баргузории мусобиқаҳоро таҳкими тарзи ҳаёти солим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин зикр намуд, ки дастаи ғолиб ба даври ноҳиявии мусобиқа роҳхат мегирад.


4 ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ Толор холӣ аз тамошобин буд. Ба ҷуз курсиҳои холӣ чизе ба назар намерасид. Аммо сардори гурӯҳи ҳаҷвии “Лабханди ҷавонӣ” Сиёвуш бо ҷидияти том ба аъзои гурӯҳ нозукиҳои саҳна ва нақши нақшофаронро мефаҳмонд. Дар ҳаракату ҳарфзании ҳар як қаҳрамон касбиятро меҷуст. Борҳо барои як нақши кучакро тамрин кардан аз сари нав шуруъ мекарданд. Маълум мегардид, ки ҳар як узви гурӯҳ тасодуфан ҳаҷвро интихоб накардааст. Чун бо шӯру шавқ ва илҳоми баланд мекӯшиданд, ки ҳар даъфа беҳтару хубар нақшофарӣ кунанд. Аҳли гурӯҳ дар тараддуди омода намудани саҳнаҳои ҷолиби ҳаҷвӣ буданд. Чун ният доранд, ки 14 декабр ба муносибати яксолагии Маҳфили ҳавнигорони ҷавон намоиши нав таҳия кунанд. Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар муддати як сол мешавад, ки фаъолият дорад. Дар он гурӯҳе аз ҳаҷвнигорони ҷавон аз тамоми манотиқи кишвар гирд омада, бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти ҷавонон баромад менамоянд. Бино ба қавли роҳбари маҳфил Бердизода Сиёвуш таъсиси маҳфил бо ирсоли як нома дар моҳи августи соли 2017 ба раиси Кумитаи кор ба ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода сурат гирифтааст: “Мо гурӯҳе аз ҷавонон хостем ба ин васила дар “Соли ҷавонон” саҳми худро гузорем. Хушбахтона, мактуби мо дастгирӣ ёфт. Дар муддати панҷ моҳ рӯйхати ҳаҷвнигоронро таҳия карда, озмун эълон намудем. Аз муассисаҳои олию касбӣ ва таҳсилоти миёнаи тамоми манотиқи кишвар ҳаҷвнигорони ҷавонро ҷамъ намудем. Аз миёни 60-70 нафар ҳашт нафаро ҳамчун узви доимии маҳфил қабул намудем. Дар давоми фаъолият боз ду нафари дигарро аъзо намудем. Аз моҳи декабр ба таври комил Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавон дар наз-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

“Лабханди ҷавонӣ” яксола шуд ди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт ва аввалин барномаи ҳаҷвии худро таҳти унвони “Лабханди ҷавонӣ” дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор намуд. Аз ҳамон лаҳза номи маҳфилро “Лабханди ҷавонӣ” ниҳодем,” – иброз дошт С. Бердизода. Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пас аз таъсиси худ баҳри пешкаш намудани саҳнаҳои ҳаҷвӣ давоми солҳои 2017-2018 ба тамоми манотиқи кишвар сафарҳои ҳунарӣ дошт. Бо барномаи мукаммали ҳаҷвӣ давоми як моҳ аз 20 сентябр то 20 октябр ҳунари худро пешкаши донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди шаҳри Душанбе карданд: “Фаъолияти ҳардафаина ба мо таҷриба мешуд. Мо сенарияҳои нав ба нав омода мекардем. Таҷрибаи яксолаи мо нишон дод, ки агар ҷиддӣ меҳнат кунем, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидан мумкин мегардад. Зеро тамошобинон аз мо саҳнаҳои нав дархост мекунанд, мавзӯъҳо пешниҳод мекунанд. Мо низ дар навбати худ дар такопӯ ҳастем ва кӯшиш дорем, он халоеро, ки дар ҳаҷви тоҷик, ба хусус дар миёни ҷавонон ҳаст, пур намоем,”мегӯяд роҳбари маҳфил. Иброҳим Бобохонов узви Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита мебошад. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, ҳаҷвнигориро аз ихтисоси интихобкардааш кам намедонад. Ба нақли Иброҳим ӯ аз хурдӣ саҳнаҳои ҳаҷвии ҳаҷвнигорони машҳури кишварро дар назди оина такрор ба такрор иҷро намуда, ба онҳо тақлид кардан мехост. Ӯ гуфт: “Ин маҳфил

барои мо роҳи ояндаро мекушояд. Умед дорем, ки аъзои ин гурӯҳ дар оянда ҳаҷвнигорони моҳир шуда, барои санъати тоҷик хидмат намоянд. Хушбахтона давоми як сол рӯҳияи мо боз ҳам баланд шуд, чун баъзе орзуҳои худро амалӣ карда тавонистем”. Аъзои Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди кумита бо ҳунару истеъдоди хоси худ аллакай дар ҷодаи ҳаҷв тарбиятёфта мебошанд. Аз малакаву истеъдоди онҳост, ки дар муддати як сол бо саҳнаҳои ҳаҷвии худ дар дилу дидаи на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ ҷо гирифтаанд. Онҳо ҳар кадом дар алоҳидагӣ доир ба ҳаҷв ва назокати он фикру мулоҳизаи худро доранд. Ва барои пешрафти кори маҳфил роҳу тадбирҳои созанда меандешанд. Тавре роҳбари маҳфил гуфт: “Шояд ҳама кас хандонда тавонад. Бо ҳар роҳе. Аммо ҳаҷв бояд касбӣ ва ҳадаф дошта бошад. Ҳадаф ки набошад, ҳаҷв нишонрас шуда наметавонад. Бо шӯхиҳо мардум механданд. Аммо ин хандаи яквақтаина аст. Вақте ҳавҷ касбию нишонрас барояд, ҳамин хусусият нест мешавад. Он созанда ва ба рафъи камбудиҳои мавҷуда сабаб мешавад ва хусусияти омӯзандагии ҳаҷв низ дар ҳамин ошкор мегардад”. Ба андешаи Иброҳим Бобохонов бошад, барои ҳаҷвнигор будан сину сол аҳамият надорад. Муҳим он аст, ки бояд мавзӯъ касбӣ пешниҳод гардад ва тамоми нозукиҳоро фаро гирад: “Дар ин сурат ҳам тамошобини хурд ва ҳам калонсол мавзӯъро пурра дарк мекунад. Устодони мо мегӯянд ҳаҷв ҳаёт аст. Ва мебояд онро аз ҳаёт гирифт ва дубора обуранг дода, пешкаши тамошибин намуд. Мо – ҳаҷвнигорони

ҷавон бояд кӯшиш намоем, ки мардумро хандонему хурсанд кунем, вале бештар талош намоем, ки афтодаеро санг назанем, ба ҳоли ягон маъюб нахандем. Мо ки худ ҷавонем, кӯшиш мекунем мавзӯъҳоеро ба риштаи ҳаҷв кашем, ки аз ҳаёти ҷавонон бошад ва ба василаи ҳаҷв эшонро ба накӯкорӣ, илмомӯзӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ ва дар маҷмӯъ ба хислатҳои нек раҳнамун созем”мегӯяд ӯ. Саъдулло Шарипов узви дигари маҳфил тасмим дорад, ки дар ин гурӯҳ ба маънои томаш ҳаҷвнигор шавад ва хурсанд аз он аст, ки тӯли як сол ба ҳадафаш хело наздик шудааст: “Маслиҳати дӯстону устодон ва ислоҳи камбудиҳо кори ҳаррӯзаи моро беҳтару хубтар намуда истодааст. Ин кӯшише, ки тӯли як соли сипаришуда намудем, агар минбаъд ҳам идома кунад, ба ҳадафҳои калон даст меёбем,”гуфт Саъдулло. Муҳаммад Бобоев донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи С. Осимӣ мебошад. Ӯ ба ин назар аст, ки ҳавҷнигор будан мактабу ихтисоси махсусро талаб намекунад. “Албатта, маъулмоти назариявӣ ҳамеша хуб аст. Аммо фаъолияти яксолаи мо нишон дод, ки таҷриба ҳамеша авло аст. Ҳамсафамон аз бисёр донишгоҳу донишкадаҳои кишвар намоянда дорем, ҳамагӣ ин фикрро тасдиқ мекунанд. Танҳо завқу ҳавас ва кӯшиши ҳамешагӣ инсонро ба ҳадаф мерасонад. Ин гурӯҳи ҳаҷвӣ бошад, моро дар ҳамин самт тарбия намуда истодааст ва василаест барои ҳадафҳои бузург”, - гуфт номбурда. Узви дигари мафил Ваҳобов Ҳасан дар бораи ҳаҷв чунин фикрҳо дорад: “Вақте ки ба оина

нигоҳ менигаред, агар ғубор дошта бошад, ҳатман чангу ғубори рӯяшро тоза мекунед. Саҳнаи ҳавҷ бояд ҳамин тавр бошад. Ғуборҳоро пок кунад. Вақте ки ба ин майдон ворид шудам, дарк намудам, ки бо ҳаҷву ханда метавон дилхоҳ мушкилиро ҳалу фасл намуд”. Хуршеди Ҷамшед низ узви маҳфил мебошад. Ӯ суханҳои Ҳасанро тасдиқ намуда чунин илова намуд, ки пешравӣ ва ба ҳадаф расидан бошад, танҳо дар ҳамидгарфаҳмию иттифоқ аст: - Хушбахтона мо ҳамагӣ аъзои гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” ҳамин нозукиро ба пуррагӣ дарк намудаем, мегӯяд Хуршед. - Ҳамоҳангию ҳамдигарфаҳмӣ ва қабули маслиҳати ҳамдигариамон дар аксари ҳол боиси комёбиамон мегардад. Аъзои маҳфил ба Абдуллоева Насиба, донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамеша нақши модарро муносиб мебинанд. Ва шод аз онанд, ки Насиба бо вуҷуди ҷавон буданаш ин нақши дар асл бисёр ҳам душворро хуб мебозад: “Зан то модар набошад, дарди модариро намедонад . Он хоҳ дарди ширин бошад, хоҳ талх. Аммо нақш чизи дигар аст ва дар шакли ҳаҷв он тамоман дигар. Вақте ман дар нақши модари шӯх нақш мебозам, гоҳе чунон дар он ғарқ мешавам, ки аз асли худам бехабар мемонам. Ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо рафтори худам ба модарони тоҷик шодию нишотро эҳдо созам.” Баротзода Шоира бошад, дар ин самт дастёри Насиба мебошад. Ва онҳо дар якҷоягӣ ба саҳнаҳои ҳаҷвии “Лабханди ҷавонӣ” ҷаззобияти бештар зам мекунанд. Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш – “Лабахнди ҷавонӣ” тамоми комбёиҳои гурӯҳро аз дастгириҳои ҳамешагии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахусус роҳабрияти он медонанд. Чун имрӯзҳо баҳри тамрин, омода намудани сенарияҳои нав, пешкаши саҳанҳои наву ҷолиби аъзои маҳфил тамоми шароитро фароҳам сохтааст. Аъзои “Лабханди ҷавонӣ” тасмим доранд, ки баъди ҷашни яксолагии таъсёсбии маҳфил такроран ба тамоми манотиқи кишвар сафар намуда, саҳнаҳои нави ҳаҷвии худро пешкаши тамошобинон намоянду хотири эшонро шод созанд. Ҳайати кормандони рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аъзои “Лабханди ҷавонӣ”-ро барои солрӯзи Маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳният гуфта, орзуманди комёбиҳои нав ба нави онҳо мебошанд. Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занҳо бисёр нигарон аст ва солҳост, ки барои аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талош мекунанд. Вале мутаассифона, хушунату зӯроварӣ ва таҳқири занҳо аз проблемаҳои мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мемонад. Хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон низ мавзӯи доғ буда, дар ҳар як ҷаласа ва семинарҳо баррасӣ мегардад. Хушунат аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳар 11 сония як зан дар дунё мавриди озор ва хушунат қарор мегирад. Имрӯз барои бартарф кардани озор ва хушунати занон ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки ҳадафашон ҳимояи ҳуқуқи занон мебошад. Яке аз инҳо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занони “Гулрухсор”, аз марказҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 1996 бо дастгирии Ассотсиатсия миллии занҳои соҳибкорӣ Тоҷикистон ташкил шудааст. Муассиси ташкилот Гулбаҳор Маҳкамова буда, айни ҳол сарварииРаёсати марказро ба уҳда дорад.

СУҲБАТ

Мо зиндагии осуда мехоҳем! Ҳар 11 сония як зан дар дунё мавриди хушунат қарор мегирад Мақсад ва вазифаи асосии марказ расонидани ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба таври ройгону махфӣ барои занҳои ҷабрдидаи зӯроварӣ ва дар ҳолати буҳронӣ қарордошта равона карда шудааст. Ташкилот ҳамчун Маркази буҳронӣ ва чун Паноҳгоҳи муваққатӣ баҳри татбиқ намудани Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” фаъолият мебарад. Дар давоми 22 соли фаъолияти худ Марказ ба занон ва аъзои оилаи онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ пешниҳод менамояд, ки он ба воситаи телефони боварӣ ва мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ ба тариқи махфӣ ва ройгон сурат мегирад. Бинобар ин дар арафаи “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон”, ки ҳамасола аз рӯзи 25 ноябр то 10 декабр таҷлил мегардад, суҳбате доштем бо сарвари Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон "Гулрухсор", Гулрухсор Абдуллоева. - Ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр Рӯзи байналмилалии “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон” гузаронида мешавад. Ташкилоти Шумо вобаста ба чорабинӣ кадом тадбирҳоро амалӣ мекунад? - Боиси хушнудист, ки давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад. Дар қатори сиёсат ва роҳбарии давлат саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба тадқиқи масъалаҳои гендерӣ дар ҷомеа, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо равона шудааст, низ хеле муҳим аст. Ҳамасола аз санаи 26 ноябр то санаи 10 декабр дар тамоми

чаҳон маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон” гузаронида мешавад, ки ин ба хотири куштори хоҳарон Мирабеллаҳо аз Ҷумҳурии Доминикан мебошад. Санаи 25 ноябр дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи мубориза зидди зӯроварӣ нисбат ба занон” таҷлил мегардад. Моҳи июли 2012 Созмони Миллали Муттаҳид ранги норинҷиро чун рамзи зидди зуроварӣ эълон намуд. Маркази занон “Гулрухсор” аз соли 2000 то инҷониб дар ин маърака фаъолона иштирок намуда, чорабиниҳои гуногунро мегузаронад. Ҳамасола бо ҳамкории Раёсати кор бо занони вилояти Суғд дар доираи маъракаи итилоотӣ чорабиниҳои зиёд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шуда ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла дар доираи маъракаи иттилоотӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои олӣ чорабиниҳои зиёде гузаронида шуд. Ҳадафи гузаронидани чорабинӣ дар чист ва чӣ натиҷа хоҳад дод? - Мақсади гузаронидани чорабиниҳо бори дигар хотиррасон намудан ба ҷомеа дар мавриди меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила ва хусусан нисбат ба занон таваҷҷуҳ зоҳир намудан мебошад, чунки ҳар яки мо арзандаи ҳаёти осоишта мебошем. Яъне ҷалби диққати ҷомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбат ба занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо мебошад. Ҳамчунин, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифатӣҳуқуқии занон, амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила” таҳти №954 аз санаи 19 марти соли 2013, амалӣ намудани нақшаи мақомоти иҷроияи давлатии ви-

лояти Суғд оиди татбиқи Барномаи давлати оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20142023” мебошад. Инчунин маъракаи иттилоотӣ боз як имкониятест, барои хотиррасонии инсоният, сокинони тамоми сайёраи Замин, ки байни одамон: занону мардон ва кӯдакон зуроварӣ набояд бошад! Бояд қайд кард, ки соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 10 декабр ҳамчун Рӯзи “Дикларатсияи умумии ҳуқуқи инсон” қабул карда шуд ва имрӯз 70 - солагии онро дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта истодаанд. Дар кишвари мо низ ҳамаҷониба баҳри коҳиш додани хушунат нисбат ба занон ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳукумати мамлакат низ талош меварзад, ки барои беҳбудӣ бахшидан дар ин масъала барнома ва қонунҳоро қабул намоянд. Бояд зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар бештари баромадҳояшон аз занон ҳимоят намуда, зикр мекунанд, ки “Ҷомеае, ки занро эҳтиром намекунаду модарро арҷ намегузорад, оянда надорад”. - Ба андешаи Шумо бо ташкили чунин чорабиниҳо метавон хушунатро нисбат ба занон коҳиш дод? - Албатта, бо ташкил намудани ин гуна чорабиниҳо ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунанд ва боиси коҳиши низоъҳои оилавӣ мегардад. Ин чорабинҳо таваҷҷуҳи ҷавононро ба мушкилоти зуроварӣ дар оила ҷалб карда, фаҳмиши онҳоро дар мавриди ин амали номатлуб ва нанговар тағйир медиҳад. - Дар як сол ба маркази Шумо чанд нафар занон муроҷиат мекунанд?

5 - Ҳар сол ба марказ зиёда аз 1500 муроҷиат ба қайд гирифта мешавад, ки занон бо масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ муроҷиат мекунанд. Масалан, дар давоми 11 моҳи сипаригардида 1603 муроҷиат ба қайд гирифта шуд. Аз инҳо 418 муроҷиат тариқи телефони боварӣ, 1113 мусоҳибаи рӯ ба рӯ ва 10 машварати оилавӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра 62 нафар занону духтарон ба паноҳгоҳи муваққатӣ қабул карда шуданд. - Тавре маълум аст, занони хушунатзадаро метавонед то 14 рӯз бо паноҳгоҳ таъмин намоед. Баъдан онҳо ба куҷо мераванд? - Дар паноҳгоҳи муваққатӣ зан метавонад давоми 14 шабонарӯз ҳамроҳи кӯдаконаш ҷойгир шавад. Ин занон бо се вақт хӯроки гарм таъмин гардида, аз рӯи барномаи инфиродӣ курси барқароршавии равонӣ (реабилитатсионӣ)-ро мегузаранд. Ба онҳо кӯмаки иҷтимоӣ, (масъалаҳои дарёфти ҷои кор,ҷои зист ва ғайра) ва машварати ҳуқуқӣ (таҳияи ҳуҷҷатҳо ,аризаи даъвоӣ, дархостнома, мактуб ва ғайра) расонида мешавад. - Шикоятҳо нисбат ба соли гузашта камтар аст ё бештар? - Асосан ба ташкилоти “Гулрухсор” занон оид ба масоили ҳуқуқӣ, талоқ, барқарор кардани алимент ва барқарор кардани амвол муроҷиат мекунанд. Дар муқоиса бо соли гузашта ба марказ 167 муроҷиат камтар ба қайд гирифта шудааст. Гарчанде омор коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо то ҳол ин рақамҳо нигаронкунанда мебошанд. - Ба фикри Шумо занон нисбат ба солҳои қаблӣ аз ҳуқуқи худ огоҳтар шудаанд ва аз худ то кадом андоза ҳимоят карда метавонанд? - Занҳо огоҳанд, вале аз ҷиҳати равонӣ тайёр нестанд. Мо асосан дар бораи пешгирии зӯроварӣ гап мезанем, вале аксари занон вақте ба мо муроҷиат мекунанд, аллакай зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба онҳо содир шудааст. - Ба маркази Шумо духтарони маҷбуран издивоҷкарда ҳам муроҷиат кардаанд? - Дар таҷриба духтараконе, ки волидон онҳоро маҷбуран оиладор мекунанд ба марказ муроҷит мекунанд. Равоншиносони марказ бо онҳо суҳбатҳои равонӣ мегузаронанд. Баъди муроҷиати духтарон ба Прокуратура ва Кумитаи кор бо занон ва оила ариза пешниҳод мекунем. Бо волидони духтарон бошад, машвартҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. - Ташаккур барои суҳбат. - Саломат бошед. Ба умеди он ки ҳеҷ як зан бо хушунат рӯ ба рӯ нашавад. Манзумаи ФИРӮЗ “ҶТ”


6 Аввалин маротиба дар кишвар студияи “Сомонфилм” тасмим гирифтааст, ки силсилафилмеро бо номи “Умеди зиндагӣ” ба навор гирад. Интизор меравад, ки филм аз 100 қисм иборат бошад. “Умеди зиндагӣ” воқеаҳоеро ҳикоят мекунанд, ки дар як деҳаи дурдаст, пасон дар шаҳр ба вуқуъ меоянд. Қаҳрамони марказии филм ба тамоми зулму ситаме, ки аз ҷониби як авлод ба сари сокинони деҳ меояд, нигоҳ накарда, мекӯшанд адолатро ҷорӣ кунад. Ин як гурӯҳи одамонеанд, ки намехоҳанд деҳа пешрафт кунад, сокинон ба муваффақият ноил гарданд, балки ҳамеша ғулому хизматгори эшон бошанд. Мусаллам аст, ки ба сари қаҳрамони марказӣ ранҷу дардҳои зиёде меояд, вале дар ниҳоят ӯ аз тамоми ҳодисаҳо зафар меояд. Дар давоми моҷароҳои филм қаҳрамонон ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд... Вақте мо ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан аз рафти филмбардорӣ ба деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб рафтем, гурӯҳи корӣ саргарми кор буданд. Коргардони ҷавон Набиҷон Пирматов бо эҳсоси баланд як ҳунармандро ҷиҳати иҷрои нақши ба зимма доштааш сарзаниш мекарду ҳунарманди дигарро маслиҳат медод. Қаҳрамонони марказӣ ҳар кадом дар ҷойҳои худ машғули тамрин ва наворбардорону дигар узви гурӯҳи корӣ низ дар даводав буданд. Ҳар кадом мехост, нақши худро чун ҳунармандони касбӣ иҷро намояд. Бо тамоми ҳастӣ ҳар бозингар мекӯшид, ки худро ба ҷои нақши меофарида гузорад. Албатта, пас аз такрор

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

СИНАМО пойдор буда наметавонад. Мо дар филм муҳаббати воқеиро нишон додем. Бо вуҷуди он ки сенарияи филм тахайюлист, аммо мо кӯшиш кардем, ҳамаи саҳнаҳое, ки дар филм ба навор гирифта мешаванд, ба ҳаёти реалии ҷавонон мутобиқат намоянд. Ҳамчунин, дар филм мо кӯшиш кардем, ки ба ҷавонон то кадом андоза муҳим будани таҳсилро дар макотиби олӣ фаҳмонем. Нишон додем, ҳар нафаре, ки дар зиндагӣ соҳиби ягон касб ва ё илм намегардад, ранҷу азоб кашида, муҳтоҷи дигарон мешавад. Ҳамчунин азоби падару модароне, ки таҳсили фарзандони худро нахоста, танҳо хостгори он ҳастанд, ки писару духтари онҳо умре дар деҳот ба корҳои деҳқонӣ машғул шаванд, - гуфт продюсери филм Парвиз Ашӯров, ки нақши қаҳрамони асосиро низ мебозад. Ҳангоми суҳбат директори филм Фарҳод Сафаров сабаби

“Умеди зиндагӣ”

ё филме, ки аз масъалаҳои зиёди ҳаёти ҷавонон қисса мекунад

ба такрор машқ кардан ин ба онҳо муяссар мегашт. Ва ҳар вақто ки ба кӯчактарин камбудӣ роҳ медоданд, коргардон нозукона нақшро мефаҳмонид. Мо чанде онҳоро аз канор мушоҳида намуда, сипас ба наздиктарашон рафтем, то бо филмофарон – ҳунармандони ҷавон суҳбат намоем. Набиҷон Пирматов, ки қабл дар филмҳои “Аз ман марав” ва “Арӯси замонавӣ” коргардониву нақшофарӣ кардааст, зимни суҳбат чунин гуфт: - Вақте маро барои коргардонӣ ба ин филм даъват карданд, ба хушҳолӣ пазируфтам, зеро студияҳои филмбардорие ҳастанд, бо вуҷуди маблағҳои ҳангуфту шароити мусоид доштанашон барои бардоштани филмҳои бисёрсериягӣ иқдом намекунанд. Ҷасорат мехоҳад ин кор. Ба қавли коргардони ҷавон набудани филмҳо дар хусуси ҳаёти ҷавонони тоҷик онҳоро во-

дор намудааст, ки филми “Умеди зиндагӣ”-ро ба навор гиранд. - Бо таҳияи филми садсериягии “Умеди зиндагӣ” хостем чанд мушкили доғи ҳамсолони худро пешниҳоди ҷомеа кунем. Шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки “Умеди зиндагӣ” нахустин филми тоҷикие мегардад, ки дар ҳаҷми 100 қисм таҳия шуда, хоси ҷавонон мебошаду ҳаёти онҳоро инъикос менамояд. Филми мо аз ҳуқуқи духтарон зимни интихоби ҳамсари оянда, қурбони баҳсҳои хонаводагӣ шудани онҳо, нодидаю нофаҳмида ба шавҳар додани духтарон ва даҳҳо мушкили дигари ҷавонон қисса мекунад. Имрӯз мебинем, ки ҷудошавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд аст. Мо бовар дорем, ки ин филм метавонад дар пойдории оилаҳои ҷавон саҳмгузор шавад. Вақте дар оилаҳо маҷбуран як духтарро ба писар медиҳанд, дар чанд моҳ онҳо аллакай ба ҳамдигар нафрат пайдо мекунанд. Вақте муҳаббат нест, он зиндагӣ

офаридани чунин филми бисёрсериягиро дар он арзёбӣ кард, ки имрӯз халои филми тоҷикро синамои хориҷа, махсусан филмҳои туркиву ҳиндӣ ва русиву амрикоӣ пур мекунад. Дар ин ҳол ки синамо як ҷузъи муҳими фарҳанг арзёбӣ мегардад, мо аз фарҳанги миллии хеш дур хоҳем шуд. Ба андешаи ӯ ҳар як филме, ки таҳия мегардад, ҳадафи хос ва паёми вижае дорад, ки ба мардум расонида мешавад. Дар ин радиф филмҳои истеҳсоли синамогарони хориҷ низ ҳадафҳои идеологии худро доранд, ки дар зеҳну шуури ҷавонону наврасони мо маъвои худро пайдо мекунанд. Дар ин масъала мебояд мо филмсозон фаъол бошем ва ҷавононро тавонем ба филмҳои истеҳсоли ватанӣ бо офаридани образҳои ҷасуриву тавонмандӣ ва ҳақиқатҷӯиву ростқавлӣ ҷалб кунем. Зеро наврасону ҷавонон вақте ҷасорату қаҳрамониро дар филмҳои хориҷ мебинанду дар синамои кишвар

алтернативаи он нест, хоҳу нохоҳ нигоҳашон ба миллат дигар мешавад ва бовариашон ба таърихи пурғановати он коста мегардад”. Воқеъан, имрӯзҳо масъалаи фарҳанги милливу боло бардоштани он ба яке аз мушкилоти ҷомеаҳо табдил гаштааст. Ҳар қавму миллат мехоҳад бо василаҳои гуногуни таъсиргузор, аз ҷумла синамо фарҳангу тамаддуни худро ба ҷаҳониён тарғиб намояд. Ба вуҷуд омадани филмҳои ватанӣ, ки дар асосу пояи фарҳанги миллӣ ба вуҷуд меоянд, метавонанд ба раванди бегонапарастӣ майл намудани ҷавонон таъсири мусбат расонанд. Доир ба ин масъала коршиносони соҳаи синамо чанд соли ахир аст, ки назару андешаҳои хешро пайваста тариқи расонаҳо баён медоранд. Ба назари эшон низ ба поин рафтани худшиносии миллии ҷавонону наврасон тамошои филмҳои хориҷӣ таъсиргузор аст. Ва рӯи навор омадани филмҳои ватанӣ метавонад худшиносии ҷавононро боло барад. Чунон ки Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳои кишвар дар як нигоштаи худ перомуни ин масъала навишта буд: “Айни замон мо дар шароите қарор дорем, ки технологияи идеологияи миллиро бояд коркард кунем. Ҳоло дар шакли ниҳоӣ идеологияи миллӣ дар кишвари мо қолабрезӣ нашудааст, аммо новобаста ба ин мушаххас аст, ки меҳвари идеологияи миллиро дар ҷомеаи мо муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ ташкил медиҳанд. Ҳифзи муқаддасот ва арзишҳову манофеи миллӣ бояд мароми ҷомеаи мо бошад. Абзорҳои ҷомеасозӣ, аз ҷумла соҳаи синамо низ дар ҷомеаи мо аслан бояд ба хотири амалӣ кардани ин ҳадаф мавриди корбурд қарор дода шаванд. Феълан дар синамои ватании мо теъдоди филмҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд, хеле кам аст”. Бо боварӣ метавон гуфт, ки пурра рӯи навор омадани филми “Умеди зиндагӣ” ва пешкаш гардидани он ба ҷомеаи Тоҷикистон метавонад ба чандин масъалаҳои милливу фарҳангӣ то андозае таъсиргузор бошад. Ҳамчунин продюсери филм зимни суҳбат як ҳадафи дигар аз офаридани филмро дар он донист, ки имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ баъзан ба синамогарони тоҷик санг мезананд, ки наметавонанд филмҳои хуб ба навор гиранд. - Мо мехоҳем ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷикон ҳам метавонанд филмҳои хуб, махсусан филмҳои бисёрсериягӣ ба навор гиранд, - гуфт Парвиз Ашӯров. Ба гуфтаи директори филм, Фарҳод Сафаров филми “Умеди зиндагӣ” дар се соли оянда ба пуррагӣ рӯи навор омада, муддати ин се сол қисм-қисм ба тамошобинон пешкаш хоҳад шуд. Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018 Наврасӣ давраест, ки барои дар оянда ба таври комил рушд намудани шахсияти инсон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин давра шинос намудани хонандагони хурдсол бо мафҳум ва моҳияти арзишҳои миллӣ барои минбаъд омӯхтани мафҳуму ҷузъиёти қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муфид ва самарабахш мебошад. Яъне онҳо минбаъд ҳангоми таҳсил дар мактаб ва зимни омӯзиши фанҳои мухталифи ҷамъиятӣ як қатор мафҳумҳои қонунгузориҳо ва меъёрҳои ҳуқуқиро ба таври илмӣ аз худ мекунанд. Ҳамаи ин албатта, барои зина ба зина густариш ёфтани фарҳанги ҳуқуқии наврасон мусоидат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки аз синни наврасӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба тарбияи ҳуқуқии хонандагон аз он ҷиҳат муфид аст, ки онҳо дар ин синну сол аз лиҳози психологӣ ноустуворанду ба ҳар гуна рафтору кирдор ба осонӣ майл мекунанд. Наврасон ҳангоми ташкили нодурусти тарзи ҳаёт ва беназорат мондан ба осонӣ метавонанд ба беҳудагардиву каҷрафторӣ майл намоянд. Дур шудани насли наврас аз мактабу маориф ва аз таълиму тарбия яке аз омилҳои даст задани онҳо ба ҳар гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла дуздию ғоратгарӣ ва оворагардӣ мебошад. Тавре таҳлилҳои оморӣ ва санҷишҳои иҷтимоии ҳуқуқвайронкунии ноболиғ нишон медиҳанд, шахс ҳанӯз аз синни 14 - солагӣ қудрати содир кардани ҷиноятҳои гуногунро пайдо менамояд. Ҳатто баъзан содир гаштани ҷиноят аз

7

НИГОҲИ ДИГАР

Фарҳанги ҳуқуқии наврасонро рушд бояд дод ё пешгирӣ аз ислоҳи ҷиноят осонтар аст

ҷониби наврасони 11-сола низ ба назар мерасад. Ин ҳама бесабаб нест, зеро шахс дар синни 11-солагӣ зеҳнан ва ҷисман то андозае ба камол мерасад ва зинаҳои нахустини наврасӣ ҳам аз ҳамин синну сол оғоз меёбад, вале зинаи аввали синни балоғат аз 14-солагӣ оғоз меёбад. Ин аст, ки ҳар амалу рафтори ҷинояткоронаи шахс дар паи худ ҷавобгарии ҷиноятиро низ пайдо мекунад. Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон ҳанӯз дар хурдсолӣ зарурати баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо ба миён меояд. Тавре аз қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, шахсе, ки аз синни 11 то 14-солагӣ ҷиноят содир мекунад, бо сабаби ҳанӯз хурдсол будан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мегардад, вале нисбати ӯ ҳатман чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявӣ амалӣ карда

мешаванд. Масалан, ба мактабинтернатҳои махсус фиристонида мешавад. Ҳамзамон, набояд фаромӯш кард, ки агар дар ҳамин синну сол даст ба ҷиноят задани наврас аз сабаби хунукназарии падару модар нисбати тарбияи ӯ сар зада бошад, он гоҳ аз волидайн ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо ҷарима ситонида мешавад. Шахсоне, ки дар синни аз 14 то 16-солагӣ даст ба содир кардани ҷиноят мезананд, дар сурати содир гаштани танҳо ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин бо ҳукми суд ба муҳлати на зиёда аз ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Аммо дар сурати содир кардани якчанд ҷиноят, агар лоақал як адади он ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин бошад, пас ба муҳлати то 10 сол метавонанд аз озодӣ маҳрум карда шаванд. Дар навбати худ ноболиғоне, ки дар синни аз 16 то 18-солагӣ

Ҳамадонҳоро набояд ба воя расонем Фарзанди ҳамадон ё дорои истеъдодҳои махсус, ки бо вожаи маъмул “вундеркинд” ном мебаранд, орзуи аксар волидон аст. Лек нафарони хеле кам огоҳанд, ки инкишофи бармаҳали истеъдодҳо оқибати ногувор дорад. Чунки эҳсосот зинаи аввалест, ки тифл бевосита ба олами атроф шинос мегардад. Хуш ё нохуш, писанд ё нописанд, шод ё ношод ин фаҳмишҳоро тифлон қобилияти дарккунӣ надоранд. Онҳоро танҳо эҳсос карда метавонанд. Ва

агар модари ғамхор ба фарзанди хеш хубӣ кардан хоҳаду аз рӯзҳои аввал ба ӯ андешаронии математикӣ, хулосабарориҳои фикриро ёд бидиҳад, пас бевосита кӯдакӣ аз байн меравад. Ба ҷои он андешаронии солим дар ҷои хушку холӣ ба миён меояд. Натиҷа бошад, модар ашк дар чашмон изҳор медорад, ки тифлаш боистеъдод, дар сесолагӣ аллакай хондаю навишта метавонад. Аммо ҳиллагару бешафқат аст. Пас ба инкишофи зеҳният кай бояд

ҷиноят содир мекунанд, дар ҳолати гуноҳи ниҳоят вазнинро содир намудан ба муҳлати на беш аз 12 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд, ки ҳамаи ин ба хотири пешгирии содир гардидани ҷинояти нав аз тарафи онҳо татбиқ карда мешавад ва моҳияти ҷазо ҳам аз ҳамин иборат аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки албатта татбиқи ҷазо нисбати ноболиғон назар ба калонсолон хусусиятҳои фарқкунанда дошта, як қатор имтиёзу сабукиҳоро, чӣ дар ҷараёни мурофиаи судӣ ва чӣ дар ҷараёни мурофиаи ҷиноятӣ, дорад, ки ин бо сабаби аз рӯи нишондоди “Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ҳанӯз кӯдак будан ва дараҷаи пурраи балоғатро соҳиб нагаштани онҳо аст. Илова бар ин, бояд донист, ки бошуурона дарк кардани меъёрҳои ахлоқ ва ҳамеша риоя кардани он аз тарафи наврас, барои ӯ фаҳмидани меъёрҳои ҳуқуқиро осон мегардонад. Дар ин ҷода нақши падару модар хеле бузург аст, чунки маҳз онҳо метавонанд фарзандони хешро ҳанӯз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқ шинос намуда, зарурати риояи онҳоро фаҳмонанд ва ба ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар ду дар якҷоягӣ таъмингари пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни наврасон мебошанд. Инчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии мактабиён ва ҷиҳати пешгирии ҷинояткориву қонуншиканӣ дар байни онҳо алоқаи хонандагони мактабро бо масъулин оид ба корҳои ноболиғони назди шӯъбаҳои корҳои дохилии минтақаҳо ба роҳ мондан лозим аст.

оғоз бахшид? Дар ин маврид саросема набояд шуд. Ду соли аввал шумо метавонед истироҳат кунед. Зеро ҳангоме тифл худ ба ашёҳои хонагӣ даст расонда, яке мепартояду дигареро мешиканад ё ҷиҳози ҷевонро кофтаю парешон месозад, андешаронии ӯ маҳз дар ин маврид тадриҷан рушд меёбад. Ҳамин тавр, ҳама ҷои худро ёфта, тифл ба китобҳо, ҷаҳоннамо, компютер ва ғайра мароқ зоҳир месозад. Пас дар ин маврид ба ӯ хонданро ёд додан мумкин. Ҳатто дар ин ҳолат ҳам ба шитобкорӣ набояд роҳ дод. То даме ӯ ботинан омода набошад. Ҳамчунин ин ба масъалаи интихоби касб дар марҳилаи аввал низ дахл дорад. Ҳоло бархе аз волидон фарзандони хеш-

Тарбияи ҳуқуқии хонандагон дар мактаб на танҳо зимни омӯзиши фанҳои гуногун сурат мегирад, балки ҳангоми ташкил ва гузаронидани як қатор чорабиҳои берун аз синфию берун аз мактабӣ низ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, доир намудани маҳфилҳо оиди омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола гузаронидани озмуну олимпиадаҳои мактабӣ, иштироки амалии хонандагон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкил намудани вохӯриҳо бо кормандони муассисаҳои адлияву умури дохила, гузаронидани мусобиқаҳо доир ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва ғайраҳо аз манфиат холӣ нестанд. Нақши воситаҳои ахбори омма низ дар болоравии савияи дониши ҳуқуқии наврасон зиёд аст. Чун ҳаёти кунунии одамонро бе истифодаи васеи воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ, аз қабили радиову телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи дурусти онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хуб мешуд, агар мактабҳо низ бобати таъмини рушди ҳамаҷонибаи шогирдон, махсусан дар тарбияи ахлоқиву ҳуқуқии онҳо, аз дастовардҳои навини илму техника ба таври васеъ истифода намуда, бо ин роҳ раванди таълиму тарбияи насли наврасро созгор гардонанд. Умуман, ҳамаи омӯзгорону волидон вазифадоранд, ки ба хотири баланд бардоштани маданияту фарҳанги ҳуқуқии наврасон аз шаклу усулҳои муосири таълиму тарбия ва имконияту захираҳои мавҷуда дар ин соҳа ҳарҷониба истифода баранд ва ба ин васила дар пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон саҳмгузор бошанд. Зеро гуфтаанд, ки пешгирӣ аз ислоҳи ҷиноят осонтар аст. А. ҚУРБОНИЁН - муовини якуми раиси суди ш. Душанбе Т. ҲАФИЗЗОДА, Н.АМОНЗОДА, М. Раҳмонзода, судяҳои суди ш. Душанбе Н.ФАРҲОДЗОДА - сардории шуъбаи умумии суди ш.Душанбе

ро ба мактаби олӣ ҳанӯз айёми таҳсил дар мактаби миёна мехоҳанд омода созанд. Ин хатои ҷиддист. Таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ҳар қадар тифл бармаҳал ба ин ё он ихтисос омода карда шавад, ҳамон андоза аз худ намудани он барояш имконнопазир мегардад. Пас набояд ба саросемагӣ роҳ дод. Имкон диҳед, то фарзанд дилхоҳ ҳунарро интихоб созад. Ҳамин тавр, ба инкишофи равонии тифл мусоидат намоед. Шояд замоне фаро расаду фарзанд волидонро маҳз барои ин заҳматашон ташаккур гӯяд... З. ҲОМИДОВА, мурабии кӯдакистони рақами 2-юми пойтахт


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ОРЗУ-2026” ғолиби Ҷоми Ислом Маҳмадшоев шуд Дастаи наврасони “Орзу-2026”-и Академияи ФФТ дар бозии финалӣ тими якачини Вилояти Хатлонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Даври ниҳоии мусобиқа 7 декабр дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказӣ доир гардида, голи ягонаи дидоро футболбози тими “Орзу2026” Алинур Ниёзбеков вориди дарвозаи ҳариф намуд. Мусобиқа ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002 ба хотири гиромидошти собиқ котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев баргузор шуд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ноиби ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кӯдакону наврасон Увайдо Давлатбеков, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Маҳмадализода ва сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе Ҳаким Фузайлов ва дигар намояндагони футболи кишвар иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаву медалҳоро тақдим намуданд. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”

Мусобиқаи мазкурро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода ифтитоҳ намуда, ба варзишгарон барору комёбиҳо таманно намуд. Дар мусобиқа зиёда сад паҳлавонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз рӯи 9 вазн миёни ҳам рақобат карданд. Сабқат ду рӯз идома карда, ғолибон соҳиби Ҷоми федератсия ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардиданд. Абдурозиқ Олимов, сармураббии тими мунтахаби кишвар оиди гӯштини тарзи озод зимни суҳбат қайд намуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои литсензионӣ барои Бозиҳои олимпии Токио -2020 мебошад: "Ҳамасола мусобиқаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегардид. Имсол Федератсияи гӯштини тарзи озод дар якҷоягӣ бо Кумтаи кор бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифт, ки мусобиқаро бо иштироки паҳлавонони дигар давлатҳо баргузор намоем, то варзишгарон барои мусобиқаҳои литсензионии Бозиҳои олимпӣ омодагии худро дар сатҳи зарурӣ гиранд,"- гуфт А.Олимов Ёдовар мешавем, ки баъди ворид шудани баъзе тағйиру иловаҳо дар намуди гӯштини тарзи озод аз ҷониби Федератсияи байналмилалии гӯштин ин аввалин мусобиқае мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Баъди ду рӯзи рақобатҳо ғолибон ба таври зайл маълум гардиданд: Вазни 57 кило 1. Муҳаммад Икромов-Тоҷикистон 2.Саидҷон Гулов-Тоҷикистон 3.Зиёдулло Ҳукуматов, Илоҳибахш Абдуллоев - Тоҷикистон Вазни 61 кило 1.Солтонов Ахтам-Қирғизистон

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

75 варзишгар ба Ҷоизаи Президент пешниҳод шуданд Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ 74 нафар варзишгарро, ки соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардошта, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, барои гирифтани ин ҷоиза дар соли равон пешниҳод намуд. 5 декабр таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои комиссия, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар рӯзнома як масъала – муҳокимаи номзадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2018 пешбинӣ шуда, аз ҷониби аъзои комиссия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2018 ба таври зайл мебошад: Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Хоҷазода Беҳрӯз, Комроншоҳ

Устопириён, Шакармамад Мирмамадов ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 ҳастанд. Медали тиллои Хушқадам Хусравов ва биринҷии Акмалиддин Каримов, Хоҷазода Беҳрӯз, Сорбон Латифов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, медали биринҷии Моҳру Ҳалимова дар чемпионати Осиё оид ба таеквондо, 2 медали тиллои Шаҳриёр Даминов, 3 медали биринҷии қайиқронҳои тоҷик дар ҳайати даставӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, медали биринҷии Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-румӣ миёни ҷавонон, медали нуқраи Идимоҳ Холова ва биринҷии Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, медалҳои нуқраи Фирӯз Мирзораҷабов, Ҳабибҷон Зуҳуров ва биринҷии Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Асламҷон Азизов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини озод ва юнонӣ-румӣ миёни наврасон, медалҳои нуқраи Сулаймони Ҷамшед, биринҷии Фарорун Мирзошоев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни

наврасон, медалҳои нуқраи Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов, биринҷии Давлаталӣ Назаралиев дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, медали нуқраи Разавӣ Навбаҳоров дар чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, медали нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Осиё ва ғайра. Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Сарвари давлат аз 9 январи соли 2015 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба имзо расида, соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар варзишгарон соҳиби ин ҷоиза гардиданд. Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе 8 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми Федератсияи гӯштини тарзи озод оғоз гардид. 2.Аслиддин Тошматов -Тоҷикистон 3.Сайвали Холов, Шарифбек Мирзоев -Тоҷикистон Вазни 65 кило 1.Ҷамшед Шарифов-Тоҷикистон 2.Мустафо Ахмедов -Русия 3.Комрон Холов, Аминзода Хаём -Тоҷикистон Вазни 70 кило 1.Ашрафхон Саидасан - Тоҷикистон 2.Хаём Саидов – Тоҷикистон 3.Абдулвосид Шарипов- Русия, Абубакр Мӯсоев -Тоҷикистон, Вазни 74 кило 1.Ғуломҷон Шарипов - Тоҷикистон 2.Токтобаев Бекжан- Қирғизистон 3.Айниддин Садуллоев, Фаррух Абдураҳмонов- Тоҷикистон Вазни 79 кило 1.Эганбердиев Нодирбек - Ӯзбакистон 2.Хамудов Джовидон - Қирғизистон 3.Давлат Ходжиев – Ӯзбекистон, Абубакр Шукуров- Тоҷикистон Вазни 86 кило 1.Баҳодур Қодиров -Тоҷикистон 2.Насиров Шаҳризод- Ӯзбекистон 3.Анвар Ҳасанов, Хисрав Наҷмиддинов –Тоҷикистон Вазни 92 кило 1.Фаридун Одилов–Тоҷикистон 2.Саҳобиддин Ризоев–Тоҷикистон 3.Шуҳрат Бобоев–Тоҷикистон Вазни 97 кило 1.Раҳмонҷон Маҳмадбеков– Тоҷикистон 2.Комрон Муҳаммадализода– Тоҷикистон 3.Арҷуманд Нафасов–Тоҷикистон Вазни 125 кило 1.Амирҷон Нуралиев -Ӯзбекистон 2.Абдурашид Гулямов - Тоҷикистон 3.Ёқуб Наимов - Тоҷикистон “ҶТ”


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018 Сомон аз хурдӣ орзуи паҳлавон шудан дошт. Амакҳояш дар ин соҳа аллакай устоди варзиш буданду чеҳраҳои нави варзиширо ба воя мерасониданд. Сомон Маҳмадбеков бо дастгирии волидайн дар синни ҳафтсолагӣ ба варзиш рӯ овард. Заҳматҳои чандсолааш самар доданду ҳоло вай ғолиби мусобиқаҳои байналмилалист. Алалхусус, қаҳрамонии охиринаш бори дигар дӯстдорони варзиши ҷудоро шод гардонд, балки андак ҳайрон ҳам сохт. Ҷоми Осиё оид ба ҷудо, ки 1-2-юми декабр дар шаҳри Ҳонгконг доир гардид, 220 варзишгарро (128 мард, 92 зан) аз 29 кишвари дунё ба ҳам овард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов намояндагӣ карда, бо медал (тилло ва биринҷӣ) ба Ватан баргаштанд. Ҳар ду варзишгари тоҷик дар вазни 73 кило қувва озмуданд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм варзишгари Чин Эршаогету Амуро, дар чорякфинал намояндаи Филиппин - Кеисей Наканоро мағлуб сохт ва ба нимфинал баромад. Паҳлавони тоҷик дар нимфинал варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболдро аз сари роҳаш дур кард ва дар финал ба варзишгари Ҷопон - Даичӣ Танака пирӯз шуд. Дар атрофи ғалабаи охиринаш мо бо варзишгари ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков суҳбат оростем. - Ин комёбиро ба Шумо ва паҳлавонони клуби навтаъсиси “Ҳоҷи Шариф” табрик мегӯем. Мегуфтед, ки чӣ ва ё кӣ сабаб шуд, то ин роҳро интихоб намудед? - Аз ҳафтсолагӣ тамринро дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббиям Шариф Сулаймонов оғоз намудам. Пас аз ду соли тамрин ба назди амакҳоям, Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбеков, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба ҳайси мураббии гӯштин фаъолият менамоянд, рафтам ва тӯли зиёда аз даҳ сол мешавад, ки бо онҳо тамрин менамоям. Чор сол қабл вақте дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштем, ба хулосае омадам, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз номи Тоҷикистон баромад кунам. Хушбахтона, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин солҳо зери Парчами

Сомон Маҳмадбеков:

- Соли ҷорӣ зери сиёсати варзишпарварона ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти варзишиам навгониҳои зиёде шуданд. Махсусан дар ин сол тамринро дар клуби навтаъсиси “Ҳоҷӣ Шариф” оғоз намудам, ки заминаи хуби омода шуданам ба Ҷоми Осиё гардид. Ду маротиба дар Ҷоми Аврупо, ки дар Испания ва Португалия гузашт, сазовори ҷойҳои намоён шудам. Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонон 17-18 март дар шаҳри Коимбраи Португалия доир гардид, мақоми дуюмро касб намудам. Моҳи сентябр дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намудам. Мусобиқаи охирине, ки иштирок доштам, Ҷоми Осиё буд. Ин мусобиқа барои ба даст овардани холҳо ҷиҳати иштирок ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 буд. Барои ба даст овардани холҳо варзишгарони ботаҷриба иштирок доштанд, хушбахтона ба ман муяссар гардид, ки Парчами ватанамонро дар зинаи аввал парафшон созам. - Акнун барои омода шудан ба мусобиқаҳо дар кадом клуб тайёрӣ мебинед? - Зиёда аз 10 сол дар клуби

Аввалин медалро ба хазинаи “Клуби Ҳоҷӣ Шариф” ворид кардам

кишвари азизамон баромад карда, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем. Махсусан дар соли 2017 ба чунин дастовардҳо ноил шудам: “Моҳи апрели соли 2017 Ҷоми Африқо миёни наврасон дар Тунис баргузор гардид, соҳиби медали тилло гаштам; Дар Ҷоми Аврупо ми-

ёни ҷавонон, ки моҳи августи ҳамон сол дар шаҳри Аради Руминия доир гашт, медали тилло ва моҳи октябр дар Чемпионати ҷаҳон миёни варзишгарони синашон то 21-сола дар шаҳри Загреби Хорватия медали биринҷӣ гирифтам. - Аз Ҷоми Осиё-2018 бо чӣ хотирот баргаштед?

“Море”-и шаҳри Иркутски Русия тамрин менамудам. Аз соли 2018, баъди таъсис ёфтани “Клуби Ҳоҷӣ Шариф” тамринҳоро дар ин клуб идома дода истодаам. Ҳарчанд клуби номбурда навтаъсис бошад ҳам, нақшаҳои зиёде дорад, ки бовар дорем дар муддати кӯтоҳ ба яке аз клубҳои номдор дар сатҳи ҷаҳон

9 муаррифӣ мегардад. - Ин клуб кай ва дар куҷо ба фаъолият оғоз намудааст? - Клуби варзишии “Ҳоҷи Шариф” ҳамин сол дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт ва 6 моҳ мешавад тамринҳоро он ҷо мегузарам. Роҳбарияти Клуб нақша доранд дар моҳи феврали соли 2019 ду толори дигар барои ҳаводорони гӯштини ҷудо ба истифода диҳанд ва айни ҳол толорҳо аз таъмир баромадаанд. Ман хурсанд аз онам, ки дар оғози фаъолияти клуб медали тиллои Ҷоми Осиёро аввалин шуда ба хазинаи он ворид намудам. Умед ҳаст, ки мутахассисони сатҳи баланд омода мекунад. - Дуруст аст, ки барои тамрини варзишгарон ба клуб мутахассисони хориҷӣ даъват мешаванд? - Воқеан, дар баробари ифтитоҳи толорҳо роҳбарияти клуб нақша доранд, ки мураббиёни хориҷиро аз Ҷопон ва Муғулистон даъват намоянд. То ҷое медонам, ҳоло бо мутахассисони давлатҳои номбурда гуфтушунид идома дорад. Роҳбарияти клуб тасмим дорад, ки бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба таваҷҷуҳро бештар ба наврасон равона созад. - Аз нигоҳи Шумо тавваҷҷуҳи варзишгарони тоҷик ба гӯштини ҷудо чӣ гуна аст? - Дар муқоиса ба тамринҳои дастаҷамъонае, ки дар бисёр давлатҳо гузаронидем, гуфтан мумкин аст, ки варзишгарони тоҷик орзуву ҳавас, балки талошу қобилияти чашмрас доранд. Аммо онҳоро зарур аст, ки мунтазам дар як система тамрин намоянд. Яъне аз овони наврасӣ. Тавваҷҷуҳ доштани ҷавони кишвар ба варзиш дар ҷумҳурӣ эҳсос мешавад, вале барои қаҳрамонҳои олимпӣ ё ҷаҳонӣ тайёр кардан ба мо нақшаи дуруст ё худ системаи муайян намерасад. Яке аз мутахассисони ҷопонӣ ба устодам Эргаш Маҳмадбеков муроҷиат намуда, гуфт, ки варзишгарони тоҷик аз ҷиҳати ҷисмонӣ назар ба варзишгарони ҷопон хеле бақувватанд, аммо аз ҷиҳати тактика меланганд. “Клуби Ҳоҷӣ Шариф” ҳамин камбудиҳоро ба инобат гирифта мутахассисони хориҷиро ҷалб менамояд. Агар ин нақшаву нияти роҳбарияти клуб амалӣ гардад, умед ҳаст, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои хуб ба даст оянд. - Барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 чӣ тасмим доред? - Нақша дорем, ки 20 декабр ҳамроҳи дастаи мунтахаби кишвар оид ба ҷудо барои машқҳои дастаҷамъона ба Ҷопон сафар намоем. Пас аз анҷоми машқҳои дастаҷамъӣ ду моҳи дигар ҳам бо амакҳоям Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тайёрӣ мебинам. Аз моҳи феврал мусобиқаҳои байналмилалиро оғоз менамоям. Дар соли 2019 нақша дорам, ки дар мусобиқаҳое, ки барои ба даст овардани холҳои Токио-2020 мегузаранд, фаъолона ширкат намуда, роҳхати Бозиҳои олипии Токио-2020-ро ноил гардам. Шаҳбози АСОМИДДИН, “ҶТ”


10

ВАРЗИШ ВА САЛОМАТӢ

Дар ҷаҳони муосир падидаҳое мавҷуд аст, ки инсон бо онҳо дучор гардида, аз онҳо ё манфиат мебинад ва ё ба нокомӣ дучор мегардад. Дар ҷаҳони варзиш маводҳои таъсиррасоне мавҷуд аст, ки дар мавриди истифодаи онҳо бештари варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳаёти ояндаи варзишии хешро зери суол мебаранд. Ин гуна маводҳои таъсиррасон миёни ҷомеаи варзишӣ бо номи допинг маъмул аст. Допинг – аз калимаи англисии (dope) гирифта шуда, маънояш истеъмоли маводи мухаддир, барои муваққатан нигоҳ доштани нерӯи ҷисмонӣ ва равонӣ истифода карда мешавад. Айни замон аксар варзишгарони касбӣ ба ин мушикилӣ дучор мешаванд. Барои ҳалли масъалаи мазкур як чанд саволҳо пеш меоянд: чӣ гуна бояд системаи назорати допингро ба роҳ монд, кадоме аз доруҳоро барои истифодаи варзишгарон бояд манъ кард, дар мавриди қоидавайронкунии варзишгарон чӣ гуна бояд чора андешид? Ғайр аз ВАО, ки оиди допинг барномаҳои фаҳмондадиҳӣ пешниҳод менамояд аксар варзишгарон маълумоти кофӣ надоранд. Ба ҳолати воқеӣ бояд назар кард, ки мушкилот ва сабаби асосии истифодаи допинг дар варзиш кадом аст? Мутахассисон бар он назаранд, ки истифодаи допинг аз рӯзи таъсисёбии Бозиҳаи олимпӣ дар соли 776 то мелод пайдо шудааст. Иштирокчиён маводҳои нерӯафзои аз замбуруғ ва гиёҳҳо омодашударо истифода мекарданд. Имрӯзҳо он маводҳое, ки дар солҳои пеш аз мелод истифода мегардиданд, мамнуъ эълон гардидаанд. Ба ин нигоҳ накарда, то Бозиҳои олимпии муосири соли 1896 иштирокчиён бо истифода аз фурсат барои ба даст овардани натиҷаҳои назарраси варзишӣ маводҳои барангезандаю нерӯафзо - допингро истифода менамуданд. Бо мурури замон иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ маводҳои доппингиро васеъ истифода менамуданд, ҳатто аз он маводҳое, ки таъсирашон метавонист инсонро то ҳадди нестӣ оварда расонад. Мисоли ин гуфтаҳо ҳаёти даванди амрикоӣ Томас Хикс шуда метавонад. Соли 1904 дар мусобиқа, ки дар шаҳри Сант-Луис баргузор мегардид, Томас Хикс аз ҳамсафони худ ба чанд километр пеш гузашт ва аз ҳуш рафт. Мураббиёнаш ӯро водор намуданд, ки баъзе нушокии махфиро истифода намуда, сипас сабқатро идома диҳад ва ин нушокӣ маводи барангезандаю нерӯафзо - допинг буд. Дар варзиши ҷаҳонӣ

рои худкушӣ истифода мешуданд. Аз ин рӯ, Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) дар соҳаи варзиш истифодаи онро манъ кардааст. Допингро дар бисёр маврид метавон барои ҷарроҳии вазнини ҷисмонӣ истифода намуд. Ҳамзамон боиси зикр аст, ки қабл аз ба кор шуруъ намудани Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) футболбозон барои зиёд гардидани нархҳои худ ҷиҳати ба даст овардани фоида барои (босуръат гардидан) маводҳои допингро истифода менамуданд ва тамошобинон ва ҳаводорони варзиш аз бозии ҷолиби чунин бозингарон лаззат мебурданд. Сабаби дигари истифодаи допинг дар он аст, ки федератсияҳои варзишӣ ҷиҳати зиёд гардидани

Допинг – қотили орзуҳои варзишгар

ҳолатҳоеро метавон вохӯрд, ки ҳаммаро ба ҳайрат меоранд. Аз қабили голҳо дар бозиҳои серҳаракат, суръатҳои рекордии фантастикӣ, амалҳои боварнакунанда, ки бешубҳа барои ҷалб намудани ҳаводорони варзиш ба варзишгоҳҳо ва маҷмааҳои варзишӣ мусоидат менамояд. Ҳоло он ки он амалҳо падидаҳои хеле заиф нестанд. Барои мисол бисёре аз ҳаводорони намуди варзиши хаккей дар болои ях ба он назаранд, ки болои ях барои ҷанги тан ба тан нест, аммо қисми дигари мухлисони ин намуди варзиш мегӯянд, муноқиша дар варзиши хоккей қисми ҷудонашавандаи ин намуди варзиш ба шумор меравад. Аммо, мутаассифона, чизе дар варзиши касби вуҷуд дорад, ки боиси ташвиши умумӣ, шиддат ва маҳкумият мегардад. Албата сухан дар бораи маводҳои барангезандаю нерӯафзо - допинг меравад. Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) 10 ноябри соли 1999 дар шаҳри Лозинаи давлати Швейтсария дар заминаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2001 инҷониб қароргоҳи Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) дар шаҳри Монреали Канада ҷойгир аст. Допинг барои ба даст овар-

дани маблағи зиёд ба воситаи ғайриқонунӣ ва ноадолатона барои ноил гардидан ба натиҷаҳои олии варзишӣ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин бояд ба инобат гирифт, ки чаро баъзе аз доруҳо иҷозат дода шудаанд ва баъзеашон не. Тибқи муқаррароти Комиссияи тиббии Кумитаи байналмилалии олимпӣ муайян гардидааст, ки варзишгарон вобаста ба намуди варзиш бо воситаҳои гуногун маводҳои барангезандаю нерӯафзо – допингро истифода менамоянд ва итминон доранд, ки истифодаи он барои самаранокии фаъолияти ӯ ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ заминаи мусоид мегузорад, бехабар аз он ки ин мавод дар варзиш мамнуъ ба шумор меравад. Истифодаи маводҳои фармокологии бо обҳои биологӣ омехта ва истифода шуда, ба допинг ишора менамоянд. Мувофиқ ба ин гуфтаҳо доруҳои фармакологие мавҷуданд, ки танҳо маводи барангезандаю нерӯафзо – допинг ҳисобида мешавад ва дар организми инсон ба таври фаъол амал менамоянд ва фаъолии онро дар тиб ба воситаи хун ва пешоб метавон муайян намуд. Тибқи сарчашмаҳо дар Бритониёи Кабир маводҳои допингӣ ба-

вазни бадани варзишгарон онро истифода менамоянд. допинг хоси танҳо варзишгарон набуда, ситораҳои синамои Голливуд низ барои ҷолиб гардидан ба нақшҳои асосӣ аз он истифода мебаранд. Пас аз анҷоми Бозиҳои олимпии Атланта соли 1996 нисбати якчанд иштирокчиён ҷиҳати даст задан ба истифодаи маводҳои неруафзо парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуд. Доруҳои истифодашавандаи нерӯафзо метавонад шахсро аз насл маҳрум созад. Мутаассифона варзишгарон барои зебо будани бадан ва дар тан зебо намудани либос аз ин гуна маводҳо истифода менамоянд. Барои мисол метавон гуфт, ки дар Олимпиадаи соли 2000, ки дар шаҳри Сидней давлати Австралия баргузор гардид, бо сабаби даст доштани чанде аз варзишгарон ба маводҳои нерӯафзо онҳо аз иштирок дар ин Олимпиада маҳрум гардиданд. Истифодаи допингро метавон дар раққос ва раққосаҳое, ки ба зиммаи онҳо амалҳои душвор вогузор шудааст мушоҳида намуд. Варзиш ин муборизаи ирода ва аломат аст, на силсилаи муборизаҳои шадиди ҷисмонӣ. Хурсандиовар он аст, ки дар замони муосир пас аз таъсиси Аген-

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018 тии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ аллакай пайхас намудаанд, ки замоне расидааст, ки онҳо бояд дур будан аз маводҳои барангезандаю неруафзо андеша намоянд. Дар тӯли 15-20 соли гузашта, ҳаҷм ва пуршиддати таълиму тарбияи рақобатпазир афзоиш ёфта, варзишгарон дар бисёр намудҳои варзиш ба ҳудуди қобилияти физиологии ҷисмонӣ наздик шуданд. Мушкилоти дигаре, ки варзишгарон ба он дучор меоянд, ин норасоии витаминҳо дар ғизо маҳсуб меёбад, ки ин барои нафарони ба варзиш машғул таъсири манфии худро мерасонад. Барои муътадил намудан ва таъмин кардани меъёрҳои ғизо дар соҳаи варзиш, варзишгаронро зарур меояд, ки маводҳои формокологиеро, ки номгӯй онҳо дар рӯйхати Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) манъ нагардидааст истифода намоянд. Хотиррасон бояд намуд, ки ҳаммасола ба рӯйхати маводҳои мамнуъ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Ба вуҷуди ҳамма мамнуниятҳои допингӣ баъзе аз варзишгарон ба истифодаи он даст мезананд, ки ин минбаъд барои дар сатҳи зарурӣ қарор доштани нерӯи ҷисмонии он таъсири манфии худро мерасонад. Аввалин қурбонии допинг дар варзиш велосипедрони англис Енсена ба шумор меравад. Ӯ соли 1886 дар яке аз мусобиқаҳо аз сабаби истифодаи миқдори маводҳои барангезандаю нерӯафзо – допинг даргузашт. Инчунин соли 1986 баскетболбози боистеъдоди амрикоӣ Лео Байес ва соли 1987 футболбози бомаҳорат Дон Роджерс аз сабаби истифодаи бемаҳдуди маводҳи мухаддири мутааллиқ ба маводҳои неруафзо ба ҳалокат расиданд. Ин омилҳо бояд боиси ҳушдори варзишгароне гардад, ки дар оянда пайдо намудани мавқеи худро дар соҳа доранд. Мақсад аз иттилоъ додани мо дар он аст, ки варзишгарони наврас, ҷавонон ва калонсолон аз оқибатҳои нохуши истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо – допинг бархурдор бошанд. Зеро сархати 8, моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” (аз 16.04.2012 № 825) оиди манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо - допинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки шароитҳои фароҳамовардаро самаранок истифода намуда, оиди манъи истифодаи маводҳои допингӣ пурмасъул бошанд. Суҳроби АКБАРШО, сармутахассиси шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби дастгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш


11

ҶОМЕА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

Такмили услубҳои таълим Масъалаи такмили услубҳои таълим, ки самаранокии кори мактаб ба он зич алоқаманд аст, доимо дар маркази диққати омӯзгорону олимон қарор дорад. Ҳоло ягон услуб ё гурӯҳи услубҳор о нисбати дигарҳояшон афзалиятнок ҳисобидан норавост, чунки онҳо фақат дар алоқамандӣ самаровар буда метавонанд. Ҳамон услуб беҳтар аст, ки корбасти он натиҷаи дилҳоҳ биёрад, яъне ба инкишофи кори мустақилона ва фаъолиятнокии хонандагон комёб гардад. Бо истифодаи услубҳои самарабахш муаллим симои худро нишон медиҳад. Агар вай ҷаҳонбинии илмӣ дошта бошад, аз чиҳати псиҳологию педагогӣ тайёрии махсуси услубиро гузашта бошад, услубҳоро моҳирона истифода мебараду афзалияти услубро исбот менамояд. Aз ин ҷост, ки бешаку шубҳа, баланд шудани самаранокии услуби таълим тайёрии муаллимро тақозо дорад. Ҳамеша дар таълим проблема ё савол хонандаро ба ҳайрат меорад. Онро фаҳмида наметавонад, чунки дар байни чизҳои медонистагӣ ва намедонистагиаш зиддият ба вуҷуд омада ӯро водор месозад, ки фикру андеша ронда, ҷавоби савол ё ҳалли проблемаро бисозад. Ана, ҳамин чиз асоси услуби нави таълимро ташкил менамояд, ки онро таълими проблемавӣ меноманд. Услуби таълими проблемавӣ, ташкили ҳаракату кӯшишҳои самарабахши хонандаро баҳри фаҳмидану ҳал кардани проблемаи хониш мефаҳмонад. Хусусияти муҳими таълими проблемавӣ ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавист. Зикр намудан лозим аст, ки таълими проблемавӣ усулҳо ва қоидаҳои амалкунандаи таълимро инкор намекунад. Балки ба онҳо такя намуда, дар раванди таълим фаъолона фикр кардани хонандагонро таъмин месозад. Маълум аст, ки мақсад аз такмили раванди таълим ва услубҳо ба дараҷаи баланд бардоштани самаранокии раванд мебошад. Услуби таълими проблемавӣ ба кори муаллим чӣ навигарӣ ворид намуд? Пеш аз ҳама, муаллим набояд маводи таълимро ба ҳонандагон нақл карда диҳад, ҳулосаҳои тайёрро баён намояд. Лозим аст, ки фикри хонандагонро ба маводи хониш ҷалб кунад, то онҳо донишҳои гирифтаашонро бо ашёҳо ва воқеоту мушоҳидаҳои кардаи худ муқоиса карда, дар асоси онҳо баровардани хулосаҳои умумиро ёд гиранд. Ба вуҷуд овардани вазъи проблемавӣ аҳамияти калон дорад, зеро вай шавқу завқи хонандаро ба фаъолияти фикрӣ бештар гардонда, хушзеҳнӣ, зиракӣ, мустақилият, ҳавасмандӣ ва рафтори эҷодиро ба хониш тарбия мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ аз тарафи муаллимон вазъияти проблемавӣ бо тарзу усулҳои гуногун ба вуҷуд оварда мешавад. Кор фармудани чистонҳо, сӯҳбат оиди таърихи кашфиётҳои илмӣ, додани супоришҳои амалӣ хонандагонро ба ҳалли мустақилонаи проблема оварда мерасонад. Таълими барномавӣ услуби нисбатан навест, ки ба ташкили кори мустақилонаи хонандагон асос ёфтааст. Ин услуб барномасозиро оиди азхудкунии донишҳо дар назар дорад. Таълими барномавӣ дар хонанда андешаронии мустақилонаро одат мекунонад ва аз рӯи намунаи дода шуда, хонанда амалҳои пайдарҳами алоқамандро сомон бахшида, донишҳои навро аз худ мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ низ машқҳою корҳои амалии барномавиро метавон истифода кард, то шогирдон маводро мустақилона омӯзанд. Таълими барномавӣ вазифа мегузорад, ки маводи хониш ба қисмҳо ҷудо карда шавад. Ҳар қисм бо poҳy тарзҳои ба нақша даровардашудаи махсус аз худ кунонида мешавад. Бибивисол ОЧИЛДИЕВА, омӯзгори гимназияи рақами 74-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Имрӯз дар замоне зист дорем, ки саропо пур аз муаммою мушкилот ва зиддиятҳост. Агар аз як ҷониб абарқудратҳо баҳри нуфуз ва манфиатҳояшон ҳар чи бештар талош варзида, мехоҳанд кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳарбӣ заифро зери таъсири худ дароранд, аз ҷониби дигар қувваҳои иртиҷоӣ кӯшиш доранд, дар ҳар минтақаҳои олам бо амалҳои ҷинояткорона аз худ дарак диҳанд. Мардумони осоиштаи кишварҳои гуногунро зери тарсу ҳарос нигоҳ дошта, ба ҳукуматдорон талабҳои ҷоҳу ҷалолхоҳонаи худро пеш гузоранд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сулҳу салоҳи дар кишвари тоҷикон пас аз ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ ба миёномада, шояд ба бисёриҳо нафорад. Ин аст, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар берун

Забони ман - ҷаҳони ман Забони ман забони тоҷикист. Ман ин забонро аввал аз модарам омӯхтам. Бо ин забон дар мактаб таҳсил карда, асарҳои ниёгонро хондаам. Барои чӣ забони ман ҷаҳони ман аст? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан, бисёр андеша кардан лозим нест. Зеро ҳар як инсон орзуҳои худро дорад. Дар ҷаҳони худ хушбахтиашро сохта, ба хотири оянда зиндагӣ мекунад. Ҷаҳони ман, ин забони ман аст. Агар ман забонамро дуруст истифода барам ба ҳамаи орзуҳоям мерасам. Агар онро олуда ба ифлосиҳо созам бадбахт хоҳам шуд. Нависандаи доғистонӣ Расул Ғамзатов дар китоби «Доғистони ман» дар бораи бузургии забони модарӣ он қадар суханҳо гуфтааст, ки хаёл мекунам, фарзанди модари худ буданашро исбот кардааст. Он ҷо як ҳикоя аст, ки адиб аз хориҷа меояд. Модаре назди ӯ омада мепурсад , ки фарзандашро он ҷо дидааст? Расул ҷавоб медиҳад: -Бале модар, фарзандатон рассоми бузург аст, дар он ҷо. Модар боз мепурсад: - Ӯ бо ту бо кадом забон ҳарф зад? Расул мегуяд: -Ба забони англисӣ. Модар ғамгин мегардад ва мегӯяд: -Расул, ту фарзанди маро надидӣ. Агар фарзанди маро медидӣ ӯ бо ту ба забони аварӣ, яъне ба забони ман ҳарф мезад. Чӣ қадар таъсирбахш аст, ин ҳикоя. Дар ҳақиқат фарзанд набояд аз забони модарии худ рӯй гардонад. Ин беинсофӣ ва носипосӣ ба модар, ба ватан аст. Барои инсони бузург шудан шарт нест, ки бо забони пешрафтае сухан гӯӣ. Агар забони худро дӯст дорӣ ва заҳматҳои тӯлонӣ кашӣ, ба мақсад мерасӣ. Он вақт дига-

рон ҳатман забони туро меомӯзанд. Забони ҳар миллатро фарзандонаш бузург месозанд. Пас мо бояд кӯшиш кунем, то дигарон забони моро эҳтиром доранд. Ҳазорҳо мардуми олам барои дар асл хондани “Шоҳнома” забони форсиро меомӯзанд. Ё барои фаҳмидани мақсади Ҳофиз забони ӯро аз бар мекунанд. Ба забони ман “Гулистон”, “Бӯстон”, “Баҳористон”, “Марги судхӯр”, “Писари ватан” ва садҳо асарҳои бузурге эҷод гардидаанд, ки боиси ифтихори ман дар назди дигарон аст. Ман ифтихор аз он месозам, ки тоҷикон ва бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Забони ман забони давлати ман аст. Забони давлатест, ки соҳибистиқлол гаштаву ба роҳи сулҳу субот қадам мезанад. Ҳар инсоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, албатта ба забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд. Ман ҳам қатори дигарон ин забонро дӯст медорам. Барои тозагии он кӯшиш менамоям. Аз алфози қабеҳ истифода намебарам. Зеро медонам, ки хушбахтии ман ба забонам вобаста аст. Зарбулмасали машҳуре аст, ки ҳар бор ба мушкилие рӯ ба рӯ шавам аз он истифода мебарам: “Бо забони ширин мор аз хонааш мебарояд”. Забони ширин пешравии кор аст. Ба забони ширин дар ҷомеа метавонем соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардем. Бинобар он аҳли ҷомеаро лозим аст, ки бо ҳамдигар хушмуомила бошанд. Мо бояд ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром кунем. Ҳангоми рӯ ба рӯ омадан одоби саломро риоя, ба ҳамдигар суханони хуб гӯем.

Беҳдошти манзалати омӯзгор мекӯшанд ба кирдорҳои ношоями худ даст бизананд. Кӯшиши табаддулоти давлатии нокоми чанд сол пеш анҷомдодаи собиқ муовини вазири мудофиа Ҳалим Назаров, куштори сайёҳони хориҷии дар чанд моҳи пеш рухдода, гувоҳ аз он аст, ки ифротиён тинҷию амонии кишварамонро чашми дидан надоранд. Дар хориҷ, масалан Афғонистон бошад, гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун, ки дар ҳайати онҳо зодагони Тоҷикистон низ мавҷуданд, гирд омада бобати нооромсозии тинҷию амонии кишварамон нақшаҳо мекашанд. Пайт меҷӯянд. Ғояву мақсадҳои нопоки худро мехоҳанд дар ҷомеаи Тоҷикистон паҳн созанд, бикоранд. Ба чунин кирдорҳои

ношоями худ онҳо то андозае муваффақ ҳам шудаанд. Ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои номатлуб, аз қабили Салафия гаравидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва ба кишварҳои арабӣ сафар намудаю ҷони худро баҳри манфиатҳои ким-киҳо қурбон намудан, гувоҳи андешаҳои болост. Баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои номатлуб саҳми омӯзгорон беҳад калон аст. Маҳз омӯзгор аст, ки тухми маърифат дар қалби насли наврас кошта мешавад. Омӯзгор аст, ки толибилмон аз таърихи кишвар, фарҳанги куҳани он бохабар шуда, забони модарии хешро меомӯзанд. Имрӯз ба соҳаи мао-

риф, таълиму тарбияи насли ояндасоз Ҳукумати кишвар мароқи ҳар чи бештар зоҳир менамояд. Зеро пояи давлатдорӣ маҳз аз маориф маншаъ мегирад. Дар ҳар минтақа мактабҳои нав ба истифода дода шуда, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Баҳри беҳдошти сифати таълиму тарбия барои омӯзгорон боз ҳам чораҳои иловагӣ мебоист андешид. Масалан маоши онҳоро боз ҳам бояд баланд бардоштан лозим. Дар кишвари Эрон маоши омӯзгорон баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ то ҳаде баланд будааст, ки дигар ба сар фикри дарёфти даромади иловагиро надоранд. Тамоми донишу мала-

Ҷамила ТАҒОЙМУРОДОВА, омӯзгори МТМУ № 94, ноҳияи Синои пойтахт каи худро танҳо ба кори таълиму тарбия сарф месозанд. Ҳамчунин имтиёзҳо бояд ҷорӣ кард. Мисли даврони шӯравӣ. Он замон ба омӯзгорони деҳот дар фасли зимистон дар саросари кишвар ангишт бо пардохти 50 фоиз арзиш тақсим мешуд. Пардохти пули барқ ҳам то 50 фоиз сурат мегирифт. Фасли тобистон аксар омӯзгорон бо роҳхатҳои имтиёзнок барои дамгирӣ ба дармонгоҳу истироҳатгоҳҳо фиристода мешуданд. Имрӯз, ки дар ҷаҳони басо пуртазод зист дорем мақоми манзалати омӯзгор боз ҳам ба беҳдошт ниёз дорад. Беҳдошт имкон медиҳад, омӯзгорон бе ташвишу нигаронӣ танҳо паи таълиму тарбияи пурсамар бошанд. Назимулло УСМОНОВ, омӯзгори МТМУ № 96, ноҳияи Синои пойтахт


12 САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

Истеъдоди фаромӯшшуда Гулдӯзӣ ё кашидадӯзӣ қадимтарин мероси гаронбаҳои халқи тоҷик аст, ки дар тӯли қарнҳо, бо ҳама шебу фарозҳои таърихи миллати тоҷик такмил ёфтаву мукаммал гаштааст. Оғози пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсонӣ - асри санг мансуб дониста мешавад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ, маъхазҳои таърихӣ ва ҳафриёти археологӣ гулдӯзӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар миллату халқият ва ҳар қавм сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои нодири он то ин дам ба рӯзгори мо расидаанд. Гулдӯзӣ ҳунари дастӣ ба ҳисоб рафта, занону модарони тоҷик бо дастони нозуки худ гулдӯзиҳои зебову дилраборо меофариданд, ки ҳангоми дидани он шахс ба хаёлоти рангин фурӯ меравад. Дар ин росто хизмати ҳунармандону фидоиёни ин намуди ҳунар кам набуд. Талошҳои ҳамешагии ин табақа буд, ки гулдӯзиро баъзан дар арсаи байналмилали низ мепазиранд. Хайриниссо Ғиёсова яке аз он ҳунармандони сарсупурдаест, ки барои ривоҷу равнақи ин пеша заҳматҳои зиёдеро таҳаммул кардаву дар ҷодаи интихобкардаи худ баландтарин қуллаҳоро фатҳ кардааст. Ӯ аввалин зани тоҷик аст, ки соҳиби ифтихорнома ва мукофотҳои Намоиши давстовардҳои иқтисодиёти милли (ВДНХ)-и Масква шудааст. Ин зани ҳунарманд фаъолияти худро аз китобхонаи ноҳияи Восеъ оғоз намуда, бо дӯхтани куртаву чодарҳои миллӣ рӯзгори хешро пеш мебурд. Ба Кохи фарҳанги ноҳияи Восеъ ба кормандони китобхона даъватнома омад, ки бояд дар Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиёти миллӣ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав барои 60-солагии Тоҷикистон намудҳои гуногуни ҳунару санъатҳои анъанавию миллиро тайёр намоянд. Хайриниссо Ғиёсова, ин даъватро бо хушҳолӣ пазируфт ва дар муддати кӯтоҳ якчанд ҳунарҳои миллӣ аз қабили куртаи чакан, тоқӣ, чодар ва ҳамчунин маснуоти қадимаи заргариро омода намуд. Вақте комиссия аз шаҳри Кӯлоб (он солҳо маркази Вилояти Хатлон буд) ташриф оварданд, ба ҳамаи онҳо ҳунару истеъдоди Хайриниссо Ғиёсова писанд омада, маҳсули дастони ӯро интихоб намуданд. Комиссия аз ӯ хоҳиш намуд, ки боз як намунаи дигар ҳунарҳои мардумиро тайёр намоянд. Тақрибан баъд аз се моҳ ба онҳо хабар омад, то барои сафар ба Маскав тайёрии ҷиддӣ бинанд. Соли 1984 Хайриниссо Ғиёсова ҳамроҳ бо чанд тани дигар ба Маскав рафтанд. Шаҳрвандони Маскав ва хориҷиён аз ҳунару истеъдодҳои онҳо тамошо карда, ҳаловат мебурданд, ки маҳсули дастони Хайриниссо Ғиёсоваро арабҳову афғонҳо харидорӣ намуданд. Баъд аз даҳ рӯз онҳо ба Ватан баргаштанд. Баъд аз чанд вақт ба онҳо боз даъватнома амад, то барои фестевали ҷавонӣ ба шаҳри Маскав, ки соли 1985 буд, омодагӣ бинанд. Чун ҳарвақта Хайриниссо Ғиёсова якчанд лавозимоти миллии даркориро тайёр намуда, ҳамроҳ бо якчанд одамони боистеъдод, ба монанди, Мирамин Саидов аз Файзобод, Солеҳ Зоиров

Минтақаи ҷолиби сайёҳӣ Сайёҳӣ аз замонҳои қадим бо мақсад ва моҳияти худ дар доираи маҷмӯи падидаҳои замонавӣ нақши ҳалкунандаро мебозад. Дар шароити кунунии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими стратегияи иқтисодию иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ин хосси як қатор мамлакатҳоест, ки ҳиссаи зиёди даромадашон ба ин соҳа вобаста аст. Дар замони муосир яке аз соҳаҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар Тоҷикистон ин сайёҳии рекреатсионӣ мебошад. Ин бештар ба хусусияти кӯҳӣ доштани релефи кишвар вобастааст.

ва чанд нафари дигар ба сафари корӣ баромаданд. Масъули дасти онҳоро ба намоишгоҳи Фаронса равон намуданд, Хайриниссо Ғиёсоваро бошад, ба Ялта, Полша, Булғория, Санкт-Петербургу дигар ва шаҳрҳои ҷаҳон равон намуданд. Ҳамин тавр фаъолияти меҳнатии ӯ оғоз ёфтааст ва то соли 1990 давом дошт. Соли 1991 бояд ба Қирғизистон сафари ҳунарӣ мекарданд, аммо бо оғоз гардидидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сафарҳои онҳо ва муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ қатъ гардид. Зани ҳунарманд барои ҳунарҳояш бо ифтихорномаву медалҳои нуқрагину тиллоӣ, ва ҳамчунин маҷмӯи лаъливу пиёлаҳо бо тасвири “ВДНХ”-и Маскав мукофотонида шудааст. Ӯ ба он нафороне, ки ҳунару истеъдодашро қадрдонӣ намуданд хеле миннатдор аст. Чанд намуди маҳсули дастони худро, ба осорхонаи шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаи Ҳулбуки вилояти Хатлон туҳфа намудааст. Айни замон Ғиёсова Хайриниссо, 75-сола аст ва ба ин нигоҳ накарда, то ҳол ҳунари худро сайқал дода, дар ин соҳа шогирдони зиёдеро ҳам дорост. Перомуни ҳунари гулдӯзӣ андеша дорад, ки чигунагии нақшҳои

гулдӯзиро пеш аз ҳама, ба муҳити зист вобаста медонанд. “Аз ин ҷост, ки санъати гулдӯзиро ба ду навъи асосӣ: гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ гурӯҳбандӣ намудаанд. Тоҷикони кӯҳистон зиёдтар ба ороиши бадеии либос аҳамият медиҳанд. Пироҳани занони кӯҳистон дар гузаштаи на чандон дур буриши озодонае дошта, фарох дӯхта мешуд. Пироҳани ҷашнӣ аз китф то доману сари остин ва гоҳо то пушти он ҳам мунаққаш карда мешуд. Вале дар баъзе маврид танҳо қисми пеши пироҳан аз китф ба сӯи доман гулдӯзӣ мешуд. Нақшу нигори пироҳани занона бештар бо риштаи абрешимӣ, ки худи дӯзандагон бофта ранг мекарданд, дӯхта мешуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯз майлу тавваҷуҳи занону бонувон ба сару либоси миллӣ хеле зиёд мебошад. Боиси хушҳолист, ки маҳсули дастони бонувони ҳунарманди тоҷик дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, сазовори таҳсину қадрдонӣ шудаанд. Бонувон кӯшиш мекунанд, ки ҳунарҳои миллӣ рушд кунанду ривоҷ ёбад ва бонувонро лозим аст, то ҳунарҳои мардумиро хуб аз худ намоянду ба наслҳои минбаъда мерос гузоранд. Саида ХОҶАЕВА, рӯзноманигор

Тоҷикистон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангию таърихӣ, аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъморӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори ҳайвоноту наботот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ дорад. Ин дастовардҳои миллӣ ифодакунандаи мероси давраҳои гуногуни таърихии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи сайёҳӣ ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бои фарҳангию таърихӣ ва табиӣ, инчунин зерсохтори рушдкардаи сайёҳӣ доранд. Тоҷикистон дар ин миён бо дастовардҳои беандоза зиёди мероси фарҳангию таърихӣ ва табиияш набояд дар канор монад. Табиати нотакрори диёри ҳамешабаҳори мо аз давраҳои қадим таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамуд. Куҳҳои сар ба фалак кашидаи барфпӯш, пиряхҳои бузург, дарёҳо ва кӯлҳои бешумори он, чашмаҳои мусаффо ҳар як бинандаро мафтун месозад. Боду ҳавои табиати афсунгар, ҷангалистонҳои сарсабзи куҳӣ, обҳои поку шифобахш чашмаҳо таассуроти хосаеро мемонад, ки кас аз тамошои он осоиш меёбад. Сайру саёҳат дар оғӯши табиат ба инсон шодию фараҳ мебахшад ва неруи ҷисмонии инсонро барқарор сохта, рӯҳро сайқал медиҳад. Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон дорои боигариҳои зиёди табиӣ ва таърихӣ мебошад, ки он ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад. Махсусан, шаҳрҳои қадимаи кишвар Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ҳисор, Кӯлоб, Исфара бо нигоҳ доштани симои қадимӣ, анъанаҳои қадимаи таърихӣ ва ҳунармандӣ дили ҳазорон сайёҳро тасхир мекунад. Боиси ёдоварист, ки дар ҷумҳурии мо беш аз 200 иншооти сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, беш аз 100 меҳмонхона, зиёда аз 100 ташкилоту ширкат, мавзеъҳои сайёҳӣ, манзилҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 200 чашмаи обҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар заминаи онҳо ҳар гуна мавзеъҳои истироҳатӣ ташкил ёфтааст. Таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангию таърихӣ ва табиӣ, азхудкунии ҳар чи бештари онҳо ва бунёди зерсохторҳои сайёҳӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа метавонанд сайёҳиро ба яке аз манбаъҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳанд. Баҳрулло ХОЛОВ, Манучеҳр ЗАРИФОВ, ассистентони кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

E - MAIL: javonontj@mail.ru

13

То риё варзаду солус, мусулмон нашавад

Нақши ҷавонон дар ҷомеа Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбаранда маҳсуб меёфтанд ва имрӯз ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, ҳифзкунанда ва муаррифгари фарҳангу мероси аҷдодони барӯманди халқи тоҷик, иқтидорои воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлатанд. Асарҳои начандон тӯлонии таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳаракати муташакилонаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикситон барои барқарории сохти констиутсионӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар ҷомеа ҳанӯз аз давраи таъсисёбии Тоҷикистон нақши худро гузоштаанд. Барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории навин дар даврони фоҷиаҳои нангин, ки Тоҷикистонро дар вартаи нобудшавӣ қарор медод, ҷавонон дар он замон нерӯи пурқуввати миллат шуда, сураъти задухӯрдҳо ва манфиатҷӯйиҳоро комилан пешгирӣ карда, якдилу якмаромиро пешаи асосии худ қарор дода, барои танинандоз гардонидани муҳити орому созгор дар кишвар талош менамуданд. Ниҳоят он ташаббускориҳо натиҷаи пурмаҳсули худро ба бор овард ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва дӯстиву бародарӣ ҳукумфармо шуд. Талошҳои ҷавонон, ки барои бунёди ҷомеаи адолатпарвару сулҳофар равона гардида буд ва онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат саҳмгузор буданд, албатта беҷавоб намонд. Аз рӯзҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон қарор дошт ва барои рушди ҳаёти ҷавонон пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардид. Агар ба масъалаи ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва дигар соҳаҳо назар андозем маълум мегардад, ки дар он замон қисми зиёди кормандони сохторҳои давлатиро ҷавонон ташкил медоданд. Имрӯз низ чунин дастгириҳо дар кишвари соҳибистиқлоламонҶумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо дар қонунгузориҳо меъёрҳои муайян низ муқаррар гардидааст. Дар робита ба ин дар қонуни асосии мамлакат-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар муқаррароти зиёде пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 27-уми Кон-

ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррар намудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад”. Метавон ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадами аввалини воридшавии ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ номид. Ҳамчунин, дигар меъёрҳо ба монанди пешниҳод шудан ба номзадии вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, пешниҳод шудан ба номзадии Президент ва амсоли инҳо, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд. Бо назардошти ҳамаи ин дастгириҳо ҷавонони ҷасури сарзамини бостонӣ - Тоҷикистон дар ҳамаи раванд ва соҳаҳои давлатдории навини халқи тоҷик ва муаррифӣ намудани дастоварду манфиатҳои миллии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои назаррасро ба сомон расонданд. Сиёсати давлатии ҷавонон имкон фароҳам овард, ки ин бахши аҳолӣ ба унвони сармояҳои бузурги инсонӣ барои ободонию ҳифзи Ватан ва ояндаи дурахшони хеш гомҳои устувор гузоранд. Имкониятҳои фароҳамовардаи Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз ҷавонони ватандӯст кишвари азизамонро яке бо донишу малака, дигаре бо маҳорату ҳунари воло ва сеюмин бо нерӯи бузург дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, Парчами муқаддасамонро партавафшон менамоянд. Ҳар як дороиву афзуни ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Дар робита ба ин, агар ба умқи Ваҳдати миллӣ назар афканем маълум мегардад, ки ҳимоятгари асосии он ҷавонон мебошанд. Ваҳдати миллӣ ба мустаҳкамии марзу буми кишвар вобастагии зич дорад ва имрӯз қисми зиёди муҳофизони

марзу буми кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҳамчун фарзанд ба Модар- Ватан хизмат карда, муҳофизи асосии ин ватананд. Имрӯз ҷавононанд, ки бо дасту панҷаи хеш аз обу гили Ватани биҳиштосо барои осудагии ҷомеа биною кохҳо обод мекунанд. Ҷавонони шарафманди ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос ва фарҳангдӯсти кишваранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рақобатҳои нангин дар риштаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои илмӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодаанд. Бовариву эътимод ва такяи асосии Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22. 12. 16) таъкид карда буданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишварамон бошанд”. Пас, ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзинӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рушди илму маориф ва бунёдкориву ташаббускориҳо равона созанд. Имрӯз ҷавонон шароити лозимиро дар ихтиёр доранд ва аз онҳо тақозо мегардад, ки бо ҳунару истеъдод, маҳорати касбӣ ва донишҳои зеҳниашон Тоҷикистони азизро аз ин ҳам ободтару зеботар гардонанд. Р. ВАЛИЕВ, лейтенанти хурди Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Раҳбарият ва аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки пайваста аз номи сокинони кишвар худро ҳамчун ҳаводорони ҷомеаи озоду демократӣ нишон медиҳанд, ҳарчанд маълум аст, ки аз ҳар чизи будаву набуда ҳангома сохтанӣ мешаванд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири худро сафед кардан ва ҳақиқатро пинҳон доштан аст. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ худро зери номи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон пинҳон намуда, барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин вобаста ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор карданӣ мешавад. Аслан, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо номи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ шинохта шудаву дар ҳар кунҷу канор бо номҳои гуногун зуҳур мекунад. Ҳатто бо ба забон аз номи ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ ор мекунад. Вале талаби раҳоии ҷинояткороне чун Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро намудани ТТЭ ҲНИ ё ин ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар ин гирдиҳамоӣ бемаврид ва бемантиқонаву пуч метобад. ТТЭ ҲНИ бо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ диққати ҳамаи касонеро, ки ба қадри озодии ин марзу бум мерасанд ва ободии кишварро мехоҳанд, ба он равона мекунанд, ки гӯё рафтори давлату ҳукумат тамоман қонеъ нагардидани ҳаёти ҷомеа аст ва халқро маҷбур месозанд аз давлату миллат дур шуда ба онҳо пайравӣ намоянд. Ҳарчанд танҳо давлату ҳукумат қодир аст, ки озодӣ ва эҳтиёҷоти мардумро таъмин намоянд. Аммо Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ҳамон ТТЭ ҲНИ ифротӣ мебошад, берун аз ҳақиқат ва берун аз иродаи мардум мубориза мебарад. ТТЭ ҲНИ дар заминаи айбҳои бофтаю сохта ва бедалел давлату миллати тоҷикро маҳкум намуда, талаб дорам, ки ҳукми зиндониёни номбаршуда бекор карда шавад. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ё ин ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ озодӣ гуфта, мехоҳанд озодии мардуми тоҷикро бо ресмони муҳтоҷӣ, беҳуқуқӣ, зулм ва истисмор бубанданд. Ҳақиақатеро, ки надидаанд ба он баҳо доданӣ мешаванд, вале баҳои онҳо баҳои дурӯғин аст. Гирдиҳамоии Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ё ин ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар шаҳри Берлин маънои иғвоангезиро дорад ва мардумро ба шӯр овардан аст, ки зидди давлату миллати хеш чун солҳои навадум мубориза баранд. Халқи тоҷик фиреби наҳзатиҳоро борҳо дидааст ва ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ботили раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсиро бовар намекунад. Мақоли халқие ҳаст, ки мегӯянд, ҳам дуздиву ҳам пешхезӣ. Худи наҳзатиҳо шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи кишварро бо аъмоли хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз шарм надошта худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд ва бори маломатро ба давлату миллати тоҷик мезананд. Дар бораи чизе гап мезанад, ки халқро пароканда кунад, дар байни халқ нифоқ андозад. Рустам РАҲИМОВ, таҳлилгар


14 Осмон тира. Абрҳои сафеду сиёҳ ба ҳам печида, гӯё ҳарбу зарб доранд. Чароғак дурахшид. Аввал яктаякта борони калон-калон борид. Баъд тез шуда, ба шохнам табдил ёфт. Бод қатраҳои боронро ба ҳар сӯ мебурд. Аз он ҷойи гурез набуд. Борони баҳор ноз дошт, шиддат дошт, навои ашкҳои ошиқонро дошт… Ба само менигаристам. Дилам пур, ҳавои гиря дошт. Мисрае ба ёдам омад: Дилам гирифта эй дӯст, ҳавои гиря бо ман... Маро зери борони баҳорӣ гардиш кардан хуш меомад. Махсусан агар дилат ҳавои гиря дошта бошад. Рӯ ба само мекунию бо дилу ҷон гириста, дил холӣ мекунӣ. Ашкҳоятро касе намебинад, бинад ҳам фарқ карда наметавонад. Хаёл мекунад, ки аз сару рӯят донаҳои борон мерезад. Ашкҳоятро бо борон меомезӣ, ҳамсадо мекунӣ. Вале ҳоло… Дар зери долонаке интизори мондани борон бо чанд нафар истодаам. Борон шиддат меёбад. - Ба шумо чатрамро диҳам, - садои фораме чун овози зангӯла ба гӯшам расид. Баргашта дар паҳлуям чеҳраи ошноро дидам. Чашмонаш обӣ, вале бароям осмони софро мемонд. Ханда дар лабонаш гул мекард, гӯё хуршед механдид. Дандонҳои сафедаш чун қатраборон медурахшиданд. Рухсораҳои сафедаш ҳикоят аз садбарги сафед, аз мехчагули барфмонанд мекард. Дилам ба наво омад. Нобоварона пурсидам: - Шумо маро мегӯед? - Ҳа, шуморо мегӯям, ба шумо чатр лозим аст? - Лозим, аммо худи шумо чӣ кор мекунед? - Дар зери як чатр ҳар ду меравем. Худоё, ман хобам ё бедор? Охир ин ҳамон духтари кушодачеҳра, хандонрӯй, нозук ва зебост, ки ҳар рӯз дар корхона сар ба сар мезанему ба ғайр аз «Салом» дигар чизе намегӯем. Бале, ҳамон Манижаи зебою оқил ва қобил… Борон саморо ба замин бахиядӯзӣ мекунад. - Майлаш, биёед, меравем, ба ӯ наздик мешаваму чатрашро аз дасташ мегирам. Ба роҳ мебароем, паҳлуи ҳам. Борон моро маҷбур дошт, ки зери як чатр паҳлуи ҳам қадам занем. Борон дар болои чатри мо нақора мезанад, як оҳанги бисёр ба дилам наздикро менавозад. - Борони сахт борида истодааст, - гап наёфта аз ҳамин суханро оғоз мекунам. - Борони баҳорро ман дӯст медорам. - Ман ҳам боронро меписандам. Аҷиб он ки як оҳанги бисёр шинос ва азизро дар дилам бедор мекунад. - Дар дилатон бедор мекунаду гӯшатон намешунавад? - Дил оҳанги худашро дорад. - Дил эҳсос мекунад, агар лабрез аз ишқ бошад. - Дили ошиқ ҳазор ранг, ҳазор оҳанг меофарад, вале оҳанги борон дигар. - Оҳанги ашкҳоро дорад… Ба рӯи ӯ менигарам. Ӯ ҳам ба ман менигарад. Чеҳраи зебои хандонаш дилро нур мебахшад. - Бисёр хуб гуфтед, ман ҳамин чизро, ҳамин ҳолатро дар назар доштам. Ӯ механдад. Само мегиряд. Чашмони осмонии ӯ барқ мезананд, само тундар мекашад.

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

НАСР Дилам мегӯяд: - Чӣ қадар зебо… Ӯ ба ман менигараду мегӯяд: - Чӣ қадар доно, шумо… Дар ҳақиқат, борон ашки само… Бод чатри моро аз болои сарамон дур мекунад, борон ба сару рӯямон мехӯрад. Бо азобе чатрро болои сарамон мегирам. Дигар ёрои сухан гуфтан надорам. Дилам ҳазорон сухан, ҳазорон роз дорад, лек забонам лол монда… Ӯ дар паҳлуям, дилам тез-тез мезанад, чун қатраҳои борон дар болои чатр. Ба ӯ менигарам. Озод ва болида қадам мезанад. Ман хомӯш. Не, хомӯш не, ҳазорон гапҳо дар хаёлам гирд ме-

Ашкҳои чашмони обиаш шашқатор шуданд. Он рӯз рӯзи боронӣ набуд, вале аз чашмони ӯ борон мерехт. Огаҳ шудам, ки шахси азизашро аз даст дода. Натавонистам ӯро ором кунам. Ӯ гиря дошт ман дарун-дарун нола… Китфи ӯ ба китфам бархӯрд. Гӯё ба худ омадам. - Шумо болои обҳои ҷамъшуда рафта истодаед. Ман ҳам бо шумо пойафзолам тар шуд. - Ҳа, мебахшед, хаёлам ба куҷое рафтааст. - Боз ба назди борони ашкҳо нарафта бошад? Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР

Борон Ҳикоя

гардаду гирд. Ба дил мегӯям: «Медонӣ, ман ӯро кай дида будам. Дар коргоҳ бо як дугонааш омад». Нигоҳи мо бо ҳам хӯрд. Чашмони обии зебо, чеҳраи софу дилрабо ва хандаи бебаҳояш маро мафтун карда буд… - Ман, Манижа, хостам дар ҳамин идора кор кунам. - Майлаш, ёрӣ мерасонем… Ӯ рафт. Чандин моҳ гузашт. Рӯзҳо шабро шабҳо рӯзро овард. Шабу рӯз ду тори дутор шуданду ҳазор наво, ҳазор садо, ҳазор оворо ифшо карданд. Ӯ намеомад. Лек чеҳрааш дар ёдам, дар чашмонам нақш баста буданд. Омаданашро шабу рӯз, аз бодҳо, аз ситорагон, аз офтобу моҳтоб мепурсидам. Онҳо хомӯш буданд. Оҳанги хомӯширо менавохтанд. Як рӯзи офтобӣ ӯ омад. Хаста, пурғам. - Шуморо хеле интизор шудем, дер омадед. Ягон гап шуд? Ашкҳои чашмонаш ба рухсораҳои коҳидааш ҷӯя кашиданд. - Чаро мегирйед, чӣ гап шуд?

Ба рӯяш менигарам. Эй, Худо, ин қадар доно… -Ёфтед… - Ман наёфтаам, чашмонатон гуфт. - Чӣ хел? - Охир шумо гиря доред… - Гиря… Дастамро ба чашмонам мебарам. Тар мешаванд. -Не, ин борон. Ӯ механдад. - Бовар кардед… - Ҳа… Аҷиб… Боз ба худ фурӯ рафтам. Баъд ӯро ба кор гирифтанд. Вале дар идораи мо не, дар дигар ҷой, дигар идора, вале дар як бино… Ҳар лаҳзае, ки рӯ ба рӯ шавем ӯ бо чеҳраи кушод ва хандон салом медиҳад. Ҳама суханони мо, гапҳои мо дар як салом ғунҷида буданд. Вале нигаҳамон сад сухан, сад роз доштанд. Бо амри тақдир ману ӯ ҳар рӯз во мехӯрдем.

Кори эҷодии мо дар авҷ буд… Рӯзе гуфт: - Ман меравам… Дилам таҳ заду гуфтам: - Куҷо? - Хона, ман аз ҳамин рӯз дар рухсатиям… Дигар маҷоли гап задан маро намонд. Аз наздаш дур шудаму баъд баргашта: - Хайр, тез биёед,- гуфтам, ки овозам ларзид. Ӯ хандида: - Баъди як моҳ меоям, - гуфту дуру дароз нигарон монд. Дилам нолид. Хостам бо овози баланд, бо тамоми қувва ин байтро бихонам: Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад… Лек натавонистам. Тез ба коргоҳам омадам. Як моҳ чизе эҷод карда натавонистам. Дилам гирифта, ҳавои гиря дошт. Равшанӣ, нур гӯё намерасид... Омад… Дилам пур шуд… - Омадем. - Куҷо?. - Ба истгоҳ.

- Ҳа… Чатрро гиред, борон кайҳо монда. - Борон монд… - ба само менигарам. Абрҳо пора-пора шуда. Осмон менамуд. Офтоби таҳи абр ханда ба мо мезад. Ӯ бошад дар таҳи чатр ханда ба ман дошт. Борони найсон таронаи ашк, таронаи ишқро хонду гузашт. Осмони тира бо хандаҳои барқ ва ашкҳои шашқатораш моро ба зери як чатр ҷо кард. Лаҳзае ба ман нуру зиёи ишқро бахшид, вале осмони софу хандаи офтоб маро аз ӯ ҷудо намуд, боз ҳавои гиря диламро фаро гирифт… Вале як лаҳзае, ки бо ӯ будам, бо ашк дар саҳифаи дилам навиштам: Навбаҳори ишқ омад боғи армонам шукуфт, Ашк нилуфар шуду дар баҳри чашмонам шукуфт. Борон монда буд. Насими рӯҳбахш сару рӯйи маро навозиш мекард. Он қиссаи ишқро дар гӯши ман мехонд. Баҳори ишқ гул мекард, дар хаёлам, дар дилам...


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

15

НАВҚАЛАМ Зиндагӣ ва муҳаббат...

Дуои модар ва сазои фарзанд Дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ҷавоне бо номи Азиз зиндагӣ мекард. Ӯ писари ягонаи хонадон буду бо модари солхӯрдааш танҳо мезист. Падараш айёми нохушиҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби силоҳбадастон кушта шуда буд. Рӯзгори худу яккаписарашро модар бо меҳнати фаррошӣ таъмин менамуд. Модар шавҳар накард, мабодо фарзандаш азоб кашад гуфта. Азизи хурдсол азоби модарашро ҳис мекарду дарун ба дарун хун мегирист. Аммо мутаассифона синаш ки хурд буд, аз дасташ ҳеҷ кор намеомад. Бар акси ҳол бо сол то сол ба воя расиданаш рафтораш дигар шудан гирифт. Бо модараш ба як тарзи бад муомила мекардагӣ шуд. Ранҷу дарди модар ба назараш наменамуд. Ҳавобаландона рафтор мекард. Ба модар гап мегардонд. Ҳама вақт бо нафарони бад рафту омад мекард. Аммо модар боз ҳам рисолати модарии худро аз даст додан намехост. Ба умеди як рӯз ислоҳ мешавад, модари бечорааш бо ҳамин қадар азоб маблағи муайяне барои ба донишгоҳ дохил намудани писараш пасандоз намуда буд. Рӯзе Азиз ҷои пулҳоро ёфта, ҳамаи онҳоро бо рафиқонаш дар корҳои ношояму бад сарф намуд. Аз ин амали Азиз дили модар ба якборагӣ шикаст. Дарк на-

Харитаи ҷаҳони муосирро наздик ба 200 кишварҳои гуногун фаро гирифтааст, ки ҳар кадом дорои халқу миллатҳо, расму оин, фарҳанг ва анъанаҳои гуногун мебошанд. Ин гуногуниҳо инсонҳоро водор месозад, ки ба гӯшаҳои мухталифи дунё сафар карда, аз рангорангӣ ва ҷолибияти сайёраи Замин дидан намоянд. Тоҷикистон чун нигини ҳамешадурахшон миёни ин кишварҳо мақоми хоса дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо дар фосилаи тӯлонии таърихӣ бо тафаккури созандаи худ арзишҳои фарҳангиеро эҷод ва арзёбӣ намудааст, ки имрӯз миллионҳо сокинони сайёра орзуи диданашонро доранд.

муд, ки ягона фарзанди бо ранҷ ба воя расонидааш ҳеҷ гоҳ қадри заҳматҳои ӯро намедонад. Ҳар бегоҳ масту шаробӣ омадани фарзандаш модарро маҷбур ба дуои бад кардан кард: “Агар писар доштанаш ҳамин бошад, худоё набуданаш беҳ. Чунки дигар тоқати азобу шиканҷаро надорам”. Ва албатта дуои волидлон тирест дар нишон. Азиз аз ин дуои модар парвое накард. Аммо як рӯз ҷӯраҳо дар назди нуқтаи сӯзишворӣ гирд меоянд. Ва саргарми сигоркашӣ мешаванд. Ногаҳон боқимондаҳои сигор бо бензине, ки дар замин рехта буд, меафтад. Ва дар ҳол оташ аланга мезанаду таркиш ба амал омад. Ҷони Азиз ва чанд тан аз рафиқонашро рабуд... Аминҷон РАҶАБОВ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Оила бо муҳаббат ва ҳаёт бо гуногунрангӣ зебост. Шахсе ки оиларо бо самимият дӯст дошт, пас дар ҳама ҳол муваффақият ба ӯ ёр аст. Амсоле, ки деҳқон бо муҳаббат ба замин дона мекораду онро шодоб месозад, дар мукофоти амалаш соҳиби ҳосили фаровон мегардад. Пас моро мебояд, ки зиндагиро бо буду шудаш бекарона, беҳудуд дӯст дорем. Зиндагиро сабурӣ мебояд. Зиндагӣ майдони асптозӣ нест, ки барои ҷои аввалро гирифтан бишитобӣ. Зиндагӣ аз шахс хоксориву фурутаниро металабад. Аз-ин лиҳоз аз зиндагӣ ҳамеша сарфароз бош ва ҳасраташ махӯр. Зеро агар зиндагӣ осон мебуд бо гиря оғоз намешуд. Зиндагии мо амсоли самоест, ки гоҳо бо шамси хеш ба мо нерӯву қувва мебахшаду гоҳо бо тираабрҳояш ба гиря меояд. Оре, шаҳкитоби зиндагӣ пур аз афсонаву муъҷизот аст, ки ба моҳияти баъзеи он инсон ба гиря меояду ҳасрат мехӯрад ва аз худ мепурсад, ки чаро дунё чунин аст? Зеро чун кӯдаке, ки дар назди соҳил мерафт бо пирамарди оқиле рӯ ба рӯ гашту пурсон шуд: “Чаро дунё саросар ҳама фанду фиреб аст?”, “Шавқат куҷост, ки баъзе модарон тифли навзоди худро ба кӯча мепартоянд?”, “Чаро имрӯз аксар ҷавонон ҷони худро фидои ҷанг мекунанд, ҳол он ки беманфиат аст?”. Магар бишнидаӣ, ки бузурге гуфта буд: Зиндагӣ охир сарояд бандагӣ даркор нест, Бандагӣ гар шарт бошад зиндагӣ даркор нест. Гар фишори рӯзгор обат кунад мискин машав, Мард бош эй хастадил шармандагӣ даркор нест. Вақте ки пирамарди ҳаким зи ин розҳо шунидан кард, чашмонаш пур аз ашк гардиданд ва бо нармӣ ба кӯдак гуфт: Хоҳӣ, ки сазовори эҳтиром бошӣ, нахуст ту дигаронро эҳтиром намо! Хоҳӣ, ки дӯстат бидоранд, пас босамимият дӯсташон бидор! Хоҳӣ, ки ба меҳнатат арҷ гузоранд, пас амалатро аз таҳи дил ба сомон расон! Хоҳӣ, ки ҳамеша пок бошӣ, пас ҳамрози иблис машав! Хоҳӣ, ки сарватманд бошӣ, пас фақиронро аз эшон бо чашми кам мабин! Хоҳӣ, ки бозаковат бошӣ, пас бештар аз оқилон шунав! Хоҳӣ, ки хушбахт бошӣ, пас доимо дар таманнои хушбахтии дигарон бош! Хоҳӣ, ки хирадмандат гӯянд, пас ба ҳама кор бо чашми хирад бингар! Хоҳӣ, ки пеш аз ҳама ба қуллаи мақсуд бирасӣ, пас сабрро пешаи худ намо! Хоҳӣ, ки дар роҳи ҳақ ҳамеша музаффар бошӣ, пас суханони дурӯғ магӯй! Хоҳӣ, ки фардо ба ҳолат наханданд, пас имрӯз ба ҳоли дигарон ту низ ханда макун! Хоҳӣ, ки болонишинат созанд, ҳаргиз худро аз дигарон воло мапиндор! Хоҳӣ, ки аз бало дур бошӣ, пас сари вақт садақа намо! Хоҳӣ, ки имонат мустаҳкам бошад, пас ноҳақ магӯй ва ба роҳи шайтон марав! Забонро аз ҳарзагӯи нигоҳ дор ва бо андеша фикратро баён намо! Дар ҳама ҳол қавиирода бош, зеро ки зиндагӣ дунёи худро дорад... Умедҷон ЮНУСАЛИЕВ, ДДФСТ

Тоҷикистон кишвари сайёҳист

Фарҳанги инсонгарою шахсиятсози мо диққати аҳли башарро ба худ ҷалб намуда, шаҳрвандони хориҷиро водор сохтааст, ки ба кишвари фарҳангии мо ба саёҳат биёянд. Аз ҷониби дигар, табиати биҳиштӣ, дарёҳои шӯх, обҳои мусаффо, манзараҳои дилангез, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳанги волои меҳмондӯстӣ ва инсондӯстии миллати мо ҳазорон шаҳрвандони давлатҳои дигарро мафтуни худ карда, онҳоро беихтиёр ҷалб менамоянд. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки омили муҳимтарини

таваҷҷуҳи сайёҳон ба кишвари мо ин сулҳу ваҳдати пойдор ва амнияти устувор ба ҳисоб меравад. Омилҳои асосии мусоидаткунанда ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон гуногунанд. Дар ин росто омили аввалин ин таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳист. Ин омили меҳварӣ дар ташаккули ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон ба ҳисоб меравад. Диққати ҳамаҷонибаи

Роҳбари давлат ба ин соҳа, таъсиси мақомоти ваколатдори давлатии соҳа, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, додани имтиёзҳои давлатӣ, аз ҷумла ба муҳлати муайян озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ аз пардохти андоз сарчашмаи асосии пешравии фаъолият дар ин самт мебошад. Ҳамзамон, ба маркази баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, махсусан шаҳри Душанбе омили дигари ташрифи сайёҳон ба кишвар маҳсуб меёбад. Масъалае, ки имрӯзҳо сайёҳон ҳангоми саёҳат ба ин ё он кишвар ба инобат мегиранд, ин кафолати ҳамаҷонибаи амнияти онҳост. Имрӯз таъмини ҳамаҷонибаи сулҳу субот дар кишвари мо мусоидат ба он намудааст, ки бисёри кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро барои саёҳати сайёҳон кишвари амн арзёбӣ менамоянд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа зерсохтори муосири сайёҳӣ

яке аз омилҳои дигари рушди соҳа ва ҷалби сайёҳон дониста мешавад. Инчунин доштани мутахассисони соҳибкасб, донишманд ва забондон шарти муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад. Сатҳи инкишофу пешрафти соҳа маҳз аз рӯи касбият, дониш ва қобилияти мутахассисони соҳа муайян мегардад. Бе мутахассисони муосир мо наметавонем рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар ба сатҳи давлатҳои тараққикарда баробар созем. Омода кардани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ нисбат ба дигар соҳаҳо душвортар аст. Чунки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар баробари хуб донистани соҳаи худ, бояд дониши муфассалу комил дар соҳоти таърих, фарҳангшиносӣ, география, этнография, адабиёт, забон, дин, расму оин, урфу одат дошта бошад ва якчанд забонҳои хориҷиро дар сатҳи аъло донанд. Ҳамзамон, бо технологияи муосир дар сатҳи баланд кор карда, ба таври шоистаю комил ва дақиқ таъриху фарҳанги миллиро ба сайёҳон муаррифӣ созанд. Зафар НАҶМИДДИНИЁН, донишҷӯи ДДМИТ


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №50 (9580), 13.12.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

√ АНДАРЗ

Кӣ бақуваттар? Падар аз писар пурсид: - Писарам, аз ҳар дуи мо кадомамон бақувваттарем? Писар ҷавоб дод: - Албатта, ман. Падар, ки чунин ҷавобро интизор набуд, ҳайрон гашту пас гуфт: - Ба ин боварии комил дорӣ? Падар ба тарафи ҳуҷрааш равон шуда, маротибаи дигар пурсид. - Бале, падар, - посухаш дод писар. Падар ба ҳуҷраи худаш қариб расида маротибаи сеюм бо умед боз пурсид: - Шояд хуб фикр карда мебинӣ, писарам, кадоме

аз мо бақувваттарем? - Шумо, падар. Падар аз ин ҷавоб хурсанд шуд. Аммо фикр карда монд. Чаро пеш аз ин писараш дигар хел посух дод? Боз аз писараш пурсид: - Чаро ба ин қарор омадӣ, писарам? Писар чунин ҷавобаш дод: - Пеш аз ин, вақте ду маротиба пурсидед, шумо дар паҳлуям будед. Ҳангоми дар паҳлуям будани шумо дар ин дунё ба хаёлам, аз ман касе бақувваттар нест. Ҳини дафъаи сеюм пурсидан аз ман дур будед. Агар дар паҳлуям набошед, ман касе нестам... Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

√ ОБУНА-2019

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2019 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 115 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРЁН

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

Ҳеҷ ҷое азизтар аз хонаи худ нест. ******** Аксаран душмани қаттоли одам худи ӯст. Чеҳра - оинаи дил.

********

******** Фақат Ватан метавонад чизеро ки барои ҳама азиз аст дар худ биғунҷонад. ******** Ҳеҷ чиз дар суръат ба фаолияти қалб баробар шуда наметавонад. ******** Дар як вақт таваллуд шудан низ ҳаёту табиати ба ҳам монанд надоранд. ******** Табиат танҳоиро намеписандад. ******** Ҷаҳон тому ҷудонопазир аст. ******** Дунё аз рӯи табиаташ на танҳо асари бадеист, балки рассом аст. ******** Аз табиат дида чизи мукаммалтаре нест. ******** Аз табиат ихтироъкори бузургтаре вуҷуд надорад. ******** Тамоми табиат мекӯшад, то зинда монад ҳамаи унсурҳои ҷаҳонофар бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. ******** Эҳтиёҷмандӣ силоҳи мудҳиш аст. ******** Табиат барои мо қароргоҳи муваққатӣ додаст, на доимӣ. ******** Дар мувофиқа бо табиат мебояд зист. Сисерон Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

√ ЭЪЛОН Номаи камол бо силсилаи ТАТУ ва рақами 0491791, ки онро ММТУ № 66-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2018 ба Олимҷон Гиёсов додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шартномаи хариди фурӯши манзил бо силсилаи ДШ ва рақами 0286155, ки ба Баҳодур Ғайбуллоев, сокини хиёбони Айнӣ 21/17, ҳуҷраи 26, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тааллуқ дошта, дар саридораи нотариалии шаҳри Душанбе бо силсилаи 1Ш – 514 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шудан эътибор надорад. Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 5112894, ки онро ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт соли 2008 ба Ҷамилова Таҳмина Сайфитдинова додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

√ ЗОДРӮЗ

МУБОРАК!

Ҷашни мавлуди профессори соҳаи ҳуқуқ, мушовири адлияи дараҷаи 1, Аълочии маориф ва илм, мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илм, инсони саховатпешаву хирадманд Раҳмонқул Шарифзода ба рӯзҳои пурҷилои фасли пойиз рост омадааст. Фарзандону бародарон, пайвандон, ҷамъи ҳамкорон, дӯстони бешумор мавсуфро ба ин муносибат шодбош гуфта, аз номи бобояшон Мулломиршариф - ҳамнишину ҳамсабақи шоири шаҳир Наҷибхон Туғрали Аҳрорӣ барояшон чунин таманно доранд: Илоҳо, нахли умрат аз ҷавонӣ баҳравар гардад, Ниҳоли қоматат дар боғи даврон пурсамар гардад, Зи юмни мақдамат истора дар гардун қамар гардад, Ба ҳар ҷое, ки по монӣ, кафи пойи ту зар гардад.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Шаҳло ЭШОНОВА, Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Наҷиба МУРОДБЕКОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3918 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.