Зарардидагони заминларза дар мадди назаранд
Ба хотири фарзандам ба муҳориба баромадам
№50, (9424), 17 декабри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
МАВЗӮИ РӮЗ
Мо бо Шумоем, Пешвои миллат! ҲАФТ РӮЗ
10.12.2015 Дар толори варзишии «Устопириён», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни собиқадорон баргузор шуд. Дар он варзишгарони кишвар дар ду синну сол - аз 40 то 49-сола ва аз 50-сола боло дар вазнҳои 60, 65, 70, 75, 80, 90, 100 ва зиёда аз 100 кило қувваозмоӣ намуданд.
ва рушд” доир гашт, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард. Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуд: “Роҳи бетарафии мусбат, ки аз ҷониби роҳбарият ва мардуми туркман дар марҳалаи ҳассостарини таърихи истиқлолият интихоб гардид, имкон дод, ки зербинои ободии имрӯзаи кишвари дӯст ва тағйироти бузург дар ҳама соҳаҳои ҳаёти он гузошта шавад”.
11.12.2015 Гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо оқибатҳои заминларзаи 7 декабр ва суҳбат бо аҳолии зарардида ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд.
13.12.2015 Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ китоби нави сарвари иҷроияи Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равобити хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» нашр шуд.
12.12.2015 Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Конфронси байналмилалии “Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният
14.12.2015 Дар назди шаҳрдори Хуҷанд баҳри бар-
тараф намудани ҳолатҳое, ки дар натиҷаи хунукӣ, барфрезӣ ва яхбандии роҳу иншооти ҳаётан муҳими маркази вилоят ба амал меоянд, ситоди махсус ба фаъолият шуруъ кард. 15.12.2015 Дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Интихоби Пешвои миллат - зарурати воқеии давлатдории навини тоҷикон» ҳамоиш доир гардид. Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода гуфт: “Соли 2015 барои мардуми тоҷик соли махсус аст. Метавон ин солро таърихӣ ном бурд, зеро 9-уми декабр Маҷлиси намояндагон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонд”.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМОВОЗӢ
16.12.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар робита ба Рӯзи Истиқлолияти ин кишвар барқияи табрикӣ фиристод.
е-mail: javonontj@mail.ru
2
ҲАМОВОЗӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул шуд. Ташаббуси мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, қабули он нишонаи арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аслан мо - ҷавонони хуштолеи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем. Зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст. Баъд аз соҳибистиқлол шудани давлати Тоҷикистон маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти Сарвари давлат бо чавонони лаёқатманди кишвар моҳи феврали соли 1993 баргузор шуда буд. Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам менамоянд. Ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис ёфтани мақомоти давлатии ваколатдори кор бо ҷавонон (Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон), баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис
дона пеша намуда истодаем ва хоҳем намуд. Мо - ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани асосгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки мо - ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳастем. Аз ин лиҳоз, мо - ҷавонон, чун нерӯи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллат, бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони истиқлол, сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишварро якдилона ҷонибдорӣ
Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!
Ҳамовозии ҷавонони Тоҷикистон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» гардидани 12 адад Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, бо мақсади аз лиҳози моддӣ ва моҳияти иҷтимоӣ дастгирии наврасону чавонони лаёқатманд таъсиси 300 адад стипендияи Президенти ҷумҳурӣ, стипендияи байналмилалии Президент “Дурахшандагон”, квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдасти мамлакат, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабул шудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон - Барномаи Ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон аз дастовардҳои мо - ҷавонон мебошад, ки бевосита бо дастгирии Сарвари муаззами кишвар ноил шудем. Дастоварди дигари бузурги ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, аниқтар дар соли ҷорӣ таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсад ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти
ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давалтии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Инак, беш аз 24 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол нурафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу ният ва манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Мо - ҷавонон бо шукгузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озо-
намуда, дар пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа фарзандвор ва содиқона кору фаъолият менамоем. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуда, изҳор менамоем, ки Президенти муҳтарами мо барои мо ҷавонон Пешво, Пешоҳанг, Пешбаранда, Ғамхор, Падар, Роҳнамо, Ҳамроҳ ҳастанд ва доимо буданд. Ноил гардидан ба ин зинаи дар воқеъ арзандаи миллӣ боиси ифтихори мо – фарзандони ӯ мебошад ва мо ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёти ҳамарӯзаи хеш мавриди амал қарор медиҳем. Мо - ҷавонони Тоҷикистон дастҷамъона изҳор медорем, ки аз рӯзҳои аввал бо Шумо, Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд! Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
Андешаҳои ҷавонон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
www.javonon.tj
Ҷумъахони БОБОХОН, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав: Қадршиносии ҳизматҳои фарзанди содиқу вафодори ҳалқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат рамзи нек аст, чунки воқеан роҳбари мо тавонист тоҷиконро ба ҳам орад ва Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Мо - ҷавонони замони соҳибистиқлол аз он фахр мекунем, ки сарвари оқилу доно дорем, ки баҳри Ватани маҳбубамон ва баҳри ба даст овардани сулҳи тоҷикон ҳизматҳои арзанда намудааст. Фахр мекунем, ки ба Президенти кишвар унвони Пешвои миллат дода шуд. Воқеан ҳам ин шахси ватандӯст ба ин ном сазовор аст. Мансур ШОЕВ, ҷавонони фаъоли пойтахт: - Қабули қонуни мазкур пеш аз ҳама барои боз ҳам муттаҳид гаштани ҷавонон ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеа нақши калон мебозад. Қонуни зикршуда барои садсолаҳо пойдор мондани ваҳдати миллӣ, дар шароити ҳассоси хатарҳои ҷаҳонӣ, нигоҳ доштани оромии кишвар ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ заминаи хуб мегардад. Ҳар нафаре, ки бо маърифати воқеӣ ба пешрафти давлату ҷомеаи Тоҷикистон назар кунад, аз қабули чунин як қонун бе ихтиёр шод мегардад. Як
лаҳзаро мехоҳам баён намоям: вақте албоми аксҳои оилавиамон аз солҳои гуногунро тамошо мекардем, ягон акси ман ёфт нашуд, ба ҷуз аз соли 2000-ум инҷониб. Аз бародарҳои калонам ва дигар хешу ақрабое, ки пеш аз ман, яъне дар солҳои охири шӯравӣ таваллуд шуда буданд, аксҳо ҳаст. Барои ин бо эътирози он ки чаро маро расм нагирифтед, ба модарам муроҷиат кардам. Модарам гуфт: “Солҳое, ки ту хурд будӣ, ҳеҷ кас дар фикри сурат набуд. Ҳама андешаи онро доштанд, ки аз куҷо нон ёфта, ишками фарзанондонро сер намоянд. Дар он фикр буданд, ки имрӯз ё фардо яроқбадасте омада онҳоро нест мекунад”. Ин ҷумлаҳо ҳамаи моро бояд ба андеша водор кунад ва хизматҳои Пешвои миллатро қадр, дар атрфашон ҷамъ омада, барои ободии кишвар саҳм гузорем. Рухшонаи ШЕРАЛӢ, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав: - Ояндаи ин Ватан, ин миллат ва ин мардуми муттаҳиду сулҳпарвар дурахшон аст. Зеро дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои муаззам дорад. Пешвои миллат гуфтаанд: “Ман ба ҷавонони бонангу номус, ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорам. Бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созанда ҳастанд”. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо ҷавонони вилояти Хатлон бо кору
заҳмати пурмаҳсул ҳудро ба оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг, баору номус, мушкилнописанд ва созандаву бунёдкор муаррифӣ менамоем. Мо ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Ҳасан ҚУРБОНЗОДА, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи технологии шаҳри Москваи Федедратсияи Русия: Воқеан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки 9 декабри соли равон аз ҷониби вакилони Парлумони кишвар қабул гашт, хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист тамоми мардуми кишварро сарҷамъ ва муттаҳид намуда, барои боз ҳам пешрафту таррақиёти кишвар тамоми заминаҳоро фароҳам оварданд. Аҳмадхӯҷа ДАВЛАТОВ, магистри соли дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: - Дар таърих исбот шудааст, ки ҳар як садсола Худованд барои як миллат ё қавм шахсеро ба унвони наҷотдиҳандаи миллат ва қавм бармегузинад. Ин шахсиятҳоро дар ислом ба унвони Риҷоли таърих ёд мекунанд. Барои миллати тоҷик дар ин аср
Худованд мардеро ба мисли Рӯдакиву Сино ва Айниву Ғафуров баргузид, ки миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, тавонист дар кӯтоҳтарин муддат ба мардумаш сулҳу оромӣ, бародариву осоиштагиро биёрад. Ҳақиқатан, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллати мо буд ва хохад монд. Ман ҳаминро гуфтаниам, ки мо мадюни ин ҳама хидматҳои Пешвои миллат ҳастем ва барои ба тарзи қонунӣ додани унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон дер кардем. Шарифбек НАҶМУДДИНОВ, раиси дошинҷӯёни тоҷики шаҳри Иркутски Федератсияи Русия, магистри курси якуми Донишноҳи давлатии забонҳои шаҳри Иркутск: - Ин иқдом боиси хушнудии ҳар фарди тоҷику тоҷикистонист. Зеро Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, гурезагӣ, гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш аз беватанӣ наҷот дод. Ӯ барои ҳимоя ва пойдории сулҳу Ваҳдат ва муттаҳидии Тоҷикистони азиз худро сипар кард, ин амали ҷавонмардонаро таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз тоҷиконе, ки дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд, хусусан ҷавононе, ки барои таҳсил ин ҷо омадаанд, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» хуб истиқбол намуданд. Таҳияи Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
РУШДИ ТУРИЗМ
Таъмини амният ва хизматрасонии босифат ба сайёҳон яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти мақомоти туристӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳангоми ба хатар рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки сайёҳон аз сафар ба ин ё он кишвар худдорӣ намоянд.
тоби махсуси бақайдгирӣ мавҷуд аст, ки дар он меҳмонон ба қайд гирифта мешаванд. Фирӯзи Хайруллозод иброз дошт, ки ба мақсади таъмини бехатарии осорхона ва нигораҳо инчунин риояи тозагӣ ба тамошобин дар атрофу дохили осорхона чунин амалҳо мамнуъ аст: 1. Бе иҷозати ашхоси масъул ба осорхона ворид шудан; 2. Бе ҷузвдони калон ворид шудан; 3. Истеъмоли офтобпараст, писта ва ғайра; 4. Бо ягон ҷонвар ворид шудан; 5. Носу сигор кашидан; 6. Бо садои баланд суҳбат кардан; 7. Истифодаи мусиқӣ аз телефони ҳамроҳ ва ғайра; 8. Ба ашёи осорхона ва расмҳо даст расонидан. - Осорхонаи ноҳияи мо дорои 11 гӯша ва 1000 номгӯй ёдгориҳои таърихӣ мебошад, - гуфт Фирӯзи
Шагарф. – Шахсе забони англисиро донист, мо мегӯем, ки ин гиди тайёр аст. Аммо агар ин роҳбалад роҳро надонад, тарзи муошират бо хориҷиёнро надонад ва муомилаи хуб надошта бошад, пас мо бехатариро барои турист таъмин накардем. Дигар ин ки зимни интихоби нақлиёт бояд мошин ё микроавтобусеро интихоб кунем, ки аз лиҳози техникӣ боқувват, қисмҳои эҳтиётӣ дошта бошаду ҳуҷҷатҳои ронанда тахт бошад. Вагарна дар нимароҳ мондану аз хатсайри ҳавоӣ дер мондан ва талаф шудани вақти сайёҳ имкон дорад. Сайёҳе, ки бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд, дигар намеояд ва дар интернет хотираҳои нохушашро зикр намуда, чанд каси дигарро аз сафар бозмедорад.
Хайруллозод. – Дар осорхона ғайр аз дастхатҳои қадимаи шоирони классик, амсоли Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомӣ ва ғайра, инчунин маҳсули дастони ҳунармандони файзободӣ, ба монанди зарфҳои кулолию чӯбӣ, мусаввараҳои рассомону сӯзаниҳо ҷой дода шудааст. Тайи 9 моҳи соли равон ба осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия 2568 нафар ташриф овардаанд, ки аз инҳо 195 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 15 нафар меҳмонони хориҷӣ ва боқӣ сокинони ноҳия мебошанд. Директори ширкати туристии “Помир Сил Трэвел” Шагарф Мулло Абдол ба иштирокчиёни семинар дар мавзӯи “Риояи қоидаҳо ва бехатарии сайёҳон ҳангоми баромадан ба кӯҳ” маълумот дод. - Як бехатарии мубраме, ки мо чандон аҳамият намедиҳем, набудани роҳбалади касбӣ дар хатсайри муайян аст, - гуфт М.
Устоди калони кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва туризми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Мақсуд Ҳабибуллоев дар мавзӯи “Таъмини бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” маълумот дода, гуфт, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон яке аз нахустин ҷумҳуриҳое буд, ки дастаи наҷотдиҳандагон ва гурӯҳи ҳолатҳои фавқулодда дошт. Он бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар озмунҳои умумииттифоқӣ ҷойҳои чорум ва дуюмро ишғол намуда буд. - Мутаассифона, ҳоло барои кӯҳнавардон роҳбаладони махсуси аз лиҳози ҷисмонӣ пурқувват ва забондон тайёр намекунанд, - гуфт М. Ҳабибуллоев. – Вақте кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаҳо меоянд, мепурсанд, ки гурӯҳи наҷотдиҳанда ва дар ҳолати омодабош қарордошта ҳаст ё не? Зеро маҳз кӯҳнавардӣ (алпинизм) нисбат ба дигар намудҳои туризм бештар эҳтимолияти хатар дорад. Аз ин рӯ дар ин самт роҳбаладонро барои таъмини бехатарӣ омода бояд кард. Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод Умед Раҳимов изҳори умед кард, ки чунин чорабиниҳо дар пешрафти соҳаи туризми мамлакат нақши бузург хоҳанд гузошт. Ӯ иттилоъ дод, ки бо ташаббуси бахш дастури “Роҳнамои туризми ноҳияи Файзобод” чоп шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси Бахши фарҳанги ноҳия соли равон маълумотномаҳои мухтасари таърихии “Вашгирд” ва “Ҳотами Асам” нашр шуд, ки барои дӯстдорони туризми дохилӣ дастури муфид мебошанд. Иштирокчиёни семинар бо намунаи ҳунарҳои тарбиятгирандагони Маркази эҷодию ҳунарии наврасони ноҳия ошно шуда, аз Осорхонаи ноҳияи Файзобод дидан карданд.
Таъмини бехатарӣ туристонро ҷалб месозад
мешуд, ки дар ноҳияи Файзобод ошхонаю чойхонаҳои зебо сохта, сифати хизматрасониҳоро баланд бардоранд. Зеро сайёҳ вақте аз шаҳри Душанбе ба самти навоҳии Рашту Ҷиргатол ва ё Бадахшон меравад, аз ин ноҳия мегузарад. Сайёҳон ба чизҳои одитарин ҳатто дар канори роҳ мавҷуд будан ё набудани ташноб низ диққат медиҳанд. Амриддин Самиев пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Файзобод хатсайрҳои туристӣ таҳия шавад. Ҳамчунин саёҳати мактаббачагони ноҳия ба ҷойҳои таърихӣ, осорхона ва мавзеъҳои хушобу ҳавои ноҳияро ба роҳ мондан зарур аст. Устоди кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Ҷовид Завқов дар мавзӯи “Қоидаҳои ҳаракати сайёҳон дар раванди хатсайрҳои пиёдагардии кӯҳӣ” иттилоъ дода, таъкид намуд, ки таъмини бехатарии соҳа яке аз
Бо мақсади таъмини бехатарии сайёҳон, ба гуфтаи Ҷ. Завқов, пеш аз муайян кардани хатсайр бояд масъулон омодагии ҷиддӣ бубинанд. Объектҳои асосии хатсайрро тасдиқ намуда, бо аҳли гурӯҳ шинос намоянд. Вобаста ба дараҷаи хатсайр шумораи шахсони хизматрасонро муайян кунанд. Пеш аз сафар таҷҳизоти зарурӣ ва лавозимоти сайёҳиро тайёр намоянд. Таомномаро тасдиқ намуда, бо талаботи сайёҳон мутобиқ кунанд. Сатҳи саломатии сайёҳонро муайян карда, ба расонидани ёрии аввалин омода бошанд. Директори осорхонаи ноҳияи Файзобод Фирӯзи Хайруллозод маърӯзаашро ба мавзӯи “Бехатарии фаъолияти осорхонавӣ ва намоишӣ” бахшид. Ӯ иброз дошт, ки ворид шудан ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия новобаста ба синну сол барои ҳама озод ва ройгон аст. Ҳангоми ворид шудан ба осорхона барои таъмин намудани бехатарии нигораҳо ки-
www.javonon.tj
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 8 декабри соли равон дар ноҳияи Файзобод дар мавзӯи “Риояи меъёр ва қоидаҳои техникии бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба туристон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳияи Файзобод Сайбинисо Раҷабзода нақши соҳаи туризмро дар пешрафти иқтисодиёт муҳим хонд. Ӯ иброз дошт, ки маркази ноҳия аз пойтахти мамлакат 50 километр дур буда, дар роҳи минтақаҳои Рашту Бадахшон ҷой гирифтааст. Обу ҳавои ноҳия гуворо буда, барои рушди соҳаи туризм имкониятҳо фаровонанд. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихии Қалъаи сангин, мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам, Доробқалъа, масҷиди Файзободи кӯҳна (асри XVIII) ва ғайра мавҷуданд. Сардори Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Фаррух Иззатуллоев иброз дошт, ки туризм яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Сайёҳони хориҷӣ бештар ба туризми экологӣ, кӯҳнавардӣ ва муолиҷавӣ таваҷҷуҳ доранд. - Барои пешрафти соҳаи туризм омода кардани кадрҳои болаёқат зарур аст, - гуфт Ф. Иззатуллоев. – Зеро танҳо бо табиати зебою обҳои мусаффо ва чашмаҳои гармобаву маъданӣ доштан соҳа пеш намеравад. Бояд хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Амриддин Самиев, декани факултаи география ва туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дар мавзӯи “Реҷаи маводи туристӣ ҳангоми сафар” маърӯза намуда, таъкид кард, ки рушди туризми маҳаллӣ барои пешрафти иқтисодиёти ноҳияҳо, аз ҷумла Файзобод мусоидат мекунад. - На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон имрӯз таъмини бехатарии сайёҳ дар мадди аввал аст, - гуфт Амриддин Саидов. – Замоне аз ҳама бештар хатарҳои техногенӣ ба назар мерасид. Имрӯз бошад хатарҳои экологӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бештар шудаанд. Чунончи, ба наздикӣ як гурӯҳ сайёҳон аз Федератсияи Русия зимни бозгашт аз Миср ба садамаи ҳавоӣ дучор гардиданд.
омилҳои нишондиҳандаи сифати хизматрасонӣ мебошад. - Дар соҳаи сайёҳӣ хатарҳо ба гурӯҳҳои объективӣ ва субъективӣ ҷудо мешаванд, - гуфт Ҷовид Завқов. – Хатарҳои объективӣ аз рӯй додани офатҳои табиӣ вобастагӣ доранд. Масалан, заминҷунбӣ, обхезӣ, сӯхтори ҷангалҳо, радиатсияи баланди офтоб, ярчфуроӣ, тарма, сел, лағжиши сангҳо аз ҳамин ҷумлаанд. Хатарҳои субъективӣ бошанд, ба худи инсон вобастагӣ доранд. Бесалоҳиятӣ ва сатҳи пасти тайёрии баъзе шахсони хизматрасон, сифати пасти хӯрокворӣ ва таҷҳизот, омодагии пасти варзишии сайёҳон ва ғайра аз ҷумлаи хатарҳои субъективианд.
3 е-mail: javonontj@mail.ru
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Ин гуна хатару таҳдидҳо дар кадом кишваре, ки бошанд, ба соҳаи туризми он зарар мерасонад. Аз ин хотир ба мо зарур аст, ки дар самти таъмини бехатарии сайёҳон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ин хусус миёни аҳолӣ, алалхусус ҷавонон оид ба эҳтироми сайёҳон ва одоби муошират бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд бурд. Зеро дар сурати бо хатар рӯ ба рӯ шудани сайёҳ ва ё ба хотираи нохуш баргаштани онҳо соҳаи туризми мамлакат зарар хоҳад дид. Имрӯз дар пойтахт меҳмонхонаҳои боҳашамату зебо қомат афрохтаанд, - афзуд Амриддин Самиев. – Аммо дар баъзе ноҳияҳо инфрасохтори туризм қариб ки ба назар намерасад. Хуб
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
4
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ҷавонон «сарварӣ…» омӯхтанд 10-13 декабр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар осоишгоҳи “Санавбар”-и шаҳри Роғун лагери ҷумҳуриявии “Мактаби омӯзишии ҷавонони фаъол” доир гардид, ки дар он беш аз 80 нафар гирандагони стипендияи Президент аз ҳама гӯшаву канори кишвар иштирок доштанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Ҳадаф аз баргузории лагер сайқал додани дониши ҷавонон дар самти сарварӣ, тарзи ҳаёти солим, пеш бурдани ғояҳои худ, худдорӣ аз зуҳороти номатлуб, гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, муаррифии қобилияти истеъдодҳои хеш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи афкор байни онҳо мебошад. Дар чор рӯз барои ҷавонони фаъол омӯзиши таҷрибаҳо, ташкили машғулиятҳо бо усулҳои интерактивӣ ва дигар намудҳои муосири таълим ба роҳ монда шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи баргузории Лагери ҷумҳуриявӣ бо гирандагони стипендияи президентӣ суҳбат хоса анҷом дода, таъкид намуд: «Шумо ҷавонони фааъоли ҷумҳурӣ дар ҷаҳони имрӯза бояд соҳиби дониши қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, донандаи забони модариву забонҳои хориҷӣ, илми муосир ва техникаву технологияи навинро соҳиб бошед. Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштироки ҳамаҷонибаи шумо дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти босамари шумо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд». Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Қиёмиддин Миралиён, вакили парлумон, Фатҳуддин Солеҳов, директории Маркази миллии имконоти ҷавонон, Олимҷон Насриддинов, мураббии ҷавон дар мавзӯъҳои «Арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ», «Санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ», «Сарвар будан», «СПИД ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза карданд. Лагер имкон дод, ки ҷавонони фаъол, гирандагони стипедияи Президенти ҷумҳурӣ дар фазои ҳамдилӣ зери шиори муттаҳидӣ, дӯстӣ, сулҳу осиштагӣ ба ҳам омада, аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар бештар огоҳ гарданд. Инчунин, лагер ба ҷавонон барои табодули таҷриба, шиносоӣ, фароғат ва саёҳат шароит фароҳам оварда, ба таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат намуд. Дар фарҷом ба иштирокчиён гувоҳнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
5
ЁДБУД
е-mail: javonontj@mail.ru
Чанде пеш бо дархости шаҳрдори Душанбе, бобати пешгирии тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, Вазорати маориф ва илм вақти оғози дарсҳои макотиби олиро соати 7:30 таъин кард. Дар ин маврид миёни донишҷӯён ва аҳолӣ сару садоҳои зиёде ба миён омад. Аз ин рӯ, аз мусоҳибон пурсидем:
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Тағйири оғози дарс шуморо қонеъ мекунад? Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Насибаи ЗАЙНИДДИН, донишҷӯ: - Ин тағйирот на маро ва на дигар донишҷӯёнро қонеъ накард. Зеро субҳи барвақт ҳаво сард ва торик аст, ки бароямон мушкил эҷод мекунад. Мисли пештара тақрибан як соат нақлиёти мусофиркашро интизор мешавем. Фикр мекунам баъди тағйири оғози дарс дар донишгоҳ ягон беҳбудӣ нашудааст. Хуб мешуд, ки ин тағйирот дар айёми гармӣ пиёда мешуд. Фараҳноз САФАРОВА, донишҷӯ: - Аслан, ин тағйирот барои ман хеле писанд афтод. Чун вақте ки дарс соати 8:00 оғоз мешуд, ман 7:30 аз хона мебаромадам, роҳҳои нақлиёт банд буд ва танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мушкил эҷод мекард. Имрӯз бе мушкил ба дарс меоям ва барвақттар аз дарс баромада, ба китобхона меравам ё ягон кори зарурамро ба сомон мерасонам. Меҳрона САЛИМЗОДА, донишҷӯ: - Аз ин тасмим хеле хушҳолам. Зеро аз рӯзе, ки дарс аз соати 7:30 оғоз гардидааст, сари вақт ба дарс ҳозир мешавам. Агар дар фасли сармо каме мушкил бошад ҳам, оҳистаоҳиста одат мекунем. Субҳгоҳон дар роҳҳо тамбашавии нақлиёт ба назар намерасад.
Аҳмад АЛИЕВ, ронанда: - Барои ман фарқ надорад, чун ронанда ҳастам. Дарси донишҷӯён соати 8:00 ҳам оғоз мешуд, мо
Саъдӣ МАҲДӢ, устоди ДМТ: - Воқеан ин саволест, ки бояд натиҷа дошта бошад. Мо низ аз тағйирот дар соати дарс норозием, чун бенатиҷа аст. Ман фикр мекунам, кори журналист ҳамин аст, ки мушкилиро такрор ба такрор хотиррас кунад. Агар такрор ба такрор гӯяд шояд он бартараф шавад. Умед дорем, ки Вазорати маориф ва илм, ҳукумати шаҳр, ки ин иқдомро пеш гирифтаанд, ҳоли зори донишҷӯёнро дида ин қарорро бекор мекунанд. Дарс соати 8:00 буд, бигзор барқарор гардад. Ҳатто соати 8:00 мушкил аст, аммо чӣ илоҷ, ки рӯз кӯтоҳ аст. Тамбашавии мошинҳо кам нашуд, баръакс ҳамин реҷа донишҷӯёнро азоб дод... Маҳинбону ХОҶАЕВА, донишҷӯ: - Маро тағийри оғози дарс қонеъ мекунад. Зеро саҳар барвақт аз хоб мехезем ва дар ин вақту соат нақлиёти мусофиркаш бе ягон мушкилӣ мусофиронро ба макони лозима мерасонанд. Мисли аввала интизори нақлиёт намешавам. Ҳукмиддин САФАРОВ, устоди ДМТ: - Аслан мусофирбарони шаҳри Душанбе қариб танҳо ба донишҷуён хизмат мерасонанд. Чун дар шаҳри Душанбе корхонаҳои азим нест, ки мардуми зиёд дар он кор кунанд. Имрӯз донишгоҳу донишкадаҳо вуҷуд доранд, ки дар он донишҷӯёну устодон фаъолият мекунанд. Баъди тағйироти соати дарсҳо дар донишгоҳ ягон фарқияте нест, баракс мушкил эҷод шуд. Донишҷуён дар азобанд, чунки дар ҳавои хунук мунтазири нақлиёти мусофиркаш мешаванд ва омада дар синфхонаҳои хунук дарс мехонанд. Раҳматулло РАУФОВ, муаллими ДДОТ: - Барои ман ягон мушкилӣ надорад. Чунки ман дар ҳавои сард нақлиёт интизор намешавам, мошини шахсӣ дорам. Шояд ин барои донишҷӯён мушкил бошад. Инро метавонед аз худи донишҷӯён пурсон шавед. Зеро мушкилии асосӣ сари онҳост.
Ёди ифтихори мардуми Озарбойҷон дар Душанбе Ҳар сол 12 декабр дар Озарбойҷон Рӯзи ёдбуди меъмори Озарбойҷони муосир Ҳайдар Алиев баргузор мегардад. Ба ин муносибат 10 декабри соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дипломатии муқими шаҳри Душанбе, олимону адибон ва рӯзноманигорон нишаст доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ ширкаткунандагон бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи Ҳайдар Алиев ва қурбониёни киштии нафткаши ба фалокат дучоршудаи Озарбойҷонро пос доштанд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов дар бораи нақши Ҳайдар Алиев дар пешрафти иқтисодиёти Озарбойҷони давраи шӯравӣ, хизматҳои арзандаи ӯ дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои қонунгузорӣ, иҷтимоӣ, стратегияи нафтӣ ва аграрӣ маълумот дода, гуфт: “Дар ҳоле ки иҷтимоиёти Озарбойҷон рӯ ба пастравӣ оварда, ҷумҳуриро хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, оқилии Ҳайдар Алиев халқро аз фалокат раҳо намуд”. Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирослав Ниёзов ба Ҳайдар Алиев ҳамчун сиёсатмадори варзида баҳои баланд дода, гуфт, ки солҳои 1992-1995 барои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, алалхусус барои Озарбойҷон мушкилтарин давраҳо буданд. Дар ин давраи ҳассос Ҳайдар Алиев тавонист, ки мардумро дар атрофи худ ҷамъ намуда, иқтисодиёти кишварро ба маҷрои дуруст роҳнамоӣ кунад. Маҳз сиёсати дурусти Ҳ. Алиев буд, ки Озарбойҷон имрӯз як кишвари пешрафтаю замонавӣ гашта, дар он чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир мегарданд. Чунончи, соли 2012 дар шаҳри Боку чорабинии байналмилалии фарҳангӣ - “Евровидение” ва соли 2015 нахустин Бозиҳои олимпии Аврупо баргузор шуд. Нақши пешвои миллате мисли Ҳайдар Алиев ҳеҷ гоҳ аз ёди мардум фаромӯш намешавад. Устоди ДМТ, профессор М. Нуриддинов аз хизматҳои Ҳ. Алиев ёдовар шуда таъкид намуд, ки ин сиёсатмадори варзида дар лаҳзаи зарурӣ қарори дахлдор қабул мекард. Ҳайдар Алиев дар лаҳзаи барои мардуми озар мушкилтарин дубора сарвари давлат интихоб шуда, ба мардуми кишвараш сулҳу субот овард ва роҳи пешрафтро боз намуд. Адабиётшиноси варзидаи тоҷик Валӣ Самад, ки 40 соли умри хешро сарфи тарҷумаи осари адибони тоҷику озар намудааст, аз таваҷҷуҳи Ҳайдар Алиев ба мардуми тоҷик ёдовар шуда, гуфт, ки соли 2001 нахустин барқияи табрикӣ ба муносибати ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён аз Ҳайдар Алиев расида буд. Ҳамчунин, соли 1981 дар ҷашни 840-солагии Низомии Ганҷавӣ Ҳайдар Алиев сухани нахустини табрикиро ба намояндаи Тоҷикистон, устод Абдулқодир Манёзов дод, ки аз эҳтироми бузурги Ҳ. Алиев нисбат ба мардуми тоҷик дарак медиҳад. Дар чорабинӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии Ҳайдар Алиев филми мустанад намоиш дода шуд. Ҳамчунин, дар толори сафорат намоиши китобҳои дар бораи ҳаёту эҷодиёти Ҳ. Алиев навишташуда доир гашт. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Азиза РАҲИМЗОДА, донишҷӯ: - Тағйири оғози дарс дар донишгоҳ маро қонеъ намесозад. Чун мо дар фасли зимистон қарор дорем ва барои мо донишҷӯён хеле мушкил аст. Аз як тараф субҳи солеҳон ҳаво сард, аз тарафи дигар вақте ба роҳ мебароем, берун торик мебошад. Хуб мешуд, ки дарсҳоро аз соати 9:00 оғоз мекарданд. Ҳама бе мушкилӣ ба дарс мерафтанд.
- ронандагон аз субҳи содиқ ба кор шуруъ мекардем. Ҳарчанд имрӯз оғози дарсҳоро ба 7:30 гузоштанд, мо мисли пештара барвақт дар хатсайрҳо кор мекунем. Хулас бароям ягон мушкилӣ пеш наовардааст. Тамбашавии роҳҳо бошад, хоҳ нохоҳ идома мекунад. Пеши онро гирифтан маҳол аст, чунки шумораи нақлиёт дар шаҳр бисёр аст.
е-mail: javonontj@mail.ru
6
Бахтовар АМИНЗОДА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Ҳисор яке аз ноҳияҳои қадимии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин мулк аз қадим бо обу ҳавои мусаффо, кӯҳҳои пурфайзу дарёҳои сероб, заминҳои зархезаш диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст. Асоси пешрафти ноҳияро кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Чангоб аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ шуда, аз ин водӣ мегузаранд. Мувофиқи барӯйихатгирии 1 январи соли 2015 шумораи аҳолии ноҳия ба 274991 нафар расидааст. Дар маҳалҳои шаҳрӣ ва атрофи ноҳия 39095 нафар ва дар деҳот 235896 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Зимнан, мавзеъҳои назаррабову дилкаш барои сайёҳон дар ноҳияро номбар мекунем. ЧИНОРЗОРИ “ЧИЛТАН” Ин мавзеъ дар ҳудуди деҳаҳои Хоҷачиҳилдиёри Боло мавқеъ гирифта, бо табиати афсункор аз давраҳои қадим диққати сайёҳони хориҷию дохилиро ҷалб намудааст. Гирду атрофи мавзеъро чанорҳои азиму бузург, ки ҳар яке ба худ ривояте дорад, иҳота кардааст. Ҳаррӯза ба ин макон меҳмонони зиёде ташриф меоранд. Доир ба чӣ тавр пайдо шудани ин чанорҳо андешаҳо гуногунанд. Яке аз ривоятҳои маъмул дар миёни мардум ин аст, ки гӯё ин чил чанори азим чил бародароне ҳастанд, ки худро аз шарри кофар эмин дошта, ба ин ҳол расидаанд. Аз зери чанорҳо чашма ҷорӣ мешавад, ки обаш дар ҳама фасли сол якранг аст. СОҲИЛИ ДАРЁИ ЧАНГОБ Дарёи Чангоб аз ҳудуди деҳоти Алмосӣ, Хонақои Кӯҳӣ ва Ҳисор мегузарад. Қад-қади соҳили дарёро дарахтони ороишӣ зебу зиннат медиҳанд. Аз оби мусаффои дарё сокинон истеъмоол мекунанд. Оби дарё соф аст. Тибқи гуфтаи сайёҳону муҳаққиқон оби дарё ҳазорҳо сол боз равон буда, коми мардуми ноҳияро шодоб мегардонад. Дарозии дарё 61 километр аст. Дар хотироти сайёҳони рус ва аврупоӣ дарёи Чангоб нақш бастааст. Аз ҷумла сайёҳони амрикоӣ Р. Пампелӣ, маҷорӣ А. Вамберӣ ва олмонӣ А. Регел дар бораи мавзеъҳои истироҳатии соҳилҳои дарё ибрози назар кардаанд.
www.javonon.tj
РОҲНАМОИ САЙЁҲ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
МАДРАСАИ КӮҲНА Дар таҳқиқоти муҳими географӣ, сайёҳӣ ва таърихии ёдгориҳои водии Ҳисор саҳми олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм зиёд аст. Махсусан кофтуковҳои шарқшиноси рус М. С. Андреев тавассути пурсуҷӯи одамони маҳаллӣ муайян намуд, ки Мадрасаи кӯҳна дар охири асри XVI бино ёфтааст. Баъдтар Мадрасаи кӯҳна ҳамчун мавзеи дорои таърихи қадима машҳур гашт. Ҳамасола барои дидани ин макон теъдоди зиёди сайёҳон ташриф оварда, бо урфу одат
Мавзеъҳои туристии ноҳияи Ҳисор ЧИНОРЗОРИ “ЧИЛТАН”
ДАРЁИ ЧАНГОБ
МАДРАСА
МАҚБАРАИ МАХДУМИ АЪЗАМ
МАМНӮЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР
ва расму анъанаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик шинос мешаванд. Мадрасаи кӯҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд. Ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд. Дар Мадрасаи кӯҳна 31 ҳуҷра ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ишғол менамояд. Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ (оташдони деворӣ), тоқчаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд мебошад. МАДРАСАИ НАВ Мадрасаи Нав баъди 50 соли бунёди Мадрасаи кӯҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуюми асри ХVII. Муаррих Абдуҳалим Раҳимов доир ба таърихи сохтмони Мадрасаи Нав чунин гуфтааст: “Як оими (зани олитабори) савдогари қӯқандӣ барои савдо ба Ҳисор меояд. Аз табиат, обу ҳавои Ҳисор мафтун шуда барои сохтмони Мадрасаи Нав пули иона (тӯҳфаи хайрия) ҷудо мекунад”. Мадраса дорои 28 ҳуҷра, ки аз ин 21-тоаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масҷиду як синфхона иборат мебошад. То имрӯз қисме ҳуҷраҳои мадраса ба он шакле, ки сохта буданд, боқӣ мондааст. МАХДУМИ АЪЗАМ Махдуми Аъзам яке аз номоёнтарин чеҳраҳо дар олами ислом ба шумор рафта, ҳамарӯза барои зиёрати ин шахсият ҳаводорону дӯстдорон аз Афғонистон, Эрон, Покистон ва давлатҳои араб ташриф меоранд. Мақбараи Махдуми Аъзам дар самти ҷанубии Мадрасаи кӯҳна воқеъ гардидааст. Мақбара аз се иншооти гунбаздори гуногунзамон сохта шудаанд. Бинои аввал “Зиёратхона” ё ин ки масҷиди гузари Шакарӣ асри X, бинои дуюм “Гурхона” аз қисмати ғарбии бино болои қабри Шайх Ҷунайдулоҳи Ҳисорӣ асри XIII ва бинои сеюм болои қабри Хоҷа Муҳаммад Хевагӣ асри XVI сохта шудаанд. Баъди инқилоби Октябр шиори зараровари инқилобчиён “Дунёи кӯҳанро зеру забар намуда, олами нав месозем!” ба мавҷудияти шаҳри бостонии Ҳисор зарбаи ҷонкоҳ зад. “МАМНӮЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР” “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” осорхонаест зери фазои кушод. Қалъаи Ҳисор қимати беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъмориро бархурдор аст. Бо қарори махсуси Ҳукумат соли 1982 баҳри ҳифзу ҳимояи ин макони таърихӣ ташкил шудааст. Имрӯз ҳудуди 22 гектарро доро буда, дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардидааст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000 сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз милод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Маҳз ба хотири ин кӯҳанбунёдӣ ва дорои маданияти волои худ имсол 3000-солагии Қалъа ва ноҳияро мардуми шарафманди диёр ҷашн гирифтанд.
МИНБАРИ АНДЕША
Масалан, дар ҳолати номи ноҳияи Вахшро ба Вахшорӯд табдил додан, як вожа – ойконими бисёр суфта, равон, хушоҳанг, хушбаёну хушсадо аз байн меравад. Ойконими сохтаи Вахшорӯд чунин сифатҳоро надорад. Аз ҳама дардовараш, бо аз байн рафтани ойконими (номи маҳали аҳолинишин) «Вахш» мазмун ва таърихи басо пурғановати он ҳам батадриҷ аз ёдҳо зудуда мешавад, ки одамони худшиносу ватандӯст ва ватанпарвар набояд ба ин роҳ диҳанд. Чуноне ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасарашон «Тоҷикон» қайд кардаанд, «Вахш» аз вожаи «вахшу»-и забони форсии қадим (авастоӣ) бар меояд ва дар ин забон бо шакли «охшо» ё «оахшо» низ роиҷ будааст, ки дар асрҳои минбаъда ба «Вахш» табдил ёфтааст. Дар забони форсии миёна (порсии сосонӣ) ин калима рӯҳеро ифода мекардааст, ки он ба мафҳуми «оби ҷорӣ» робита доштааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои қадимии ҳиндӣ бошад, «Вахш» гуфта, рӯди Омуро дар назар медоштаанд ва мақдуниён онро чун «Оксус» талаффуз мекардаанд. То асрҳои миёна «Вахш» дар тасаввури ақвоми эронинажоди Осиёи Марказӣ олиҳаи об, фаришта ва малак будааст. Масалан, донишманди бузурги тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ ибтидои қарни XI-и милодӣ дар
«Осор-ул боқия» нигоштааст, ки хоразмиён ҷашне доранд бо номи «Вахшҳангом» ва таъкид кардааст: «Вахш номи малакест нозири рӯдҳо, аз ҷумла рӯди Ҷайҳун». Ҳоло ин исми қадима дар яке аз шохобҳои рӯди Омӯ маҳфуз аст. Қисме аз Тахористони қадимро низ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза водии Вахш меноманд, ки рӯди ҳамномаш аз байни он ҷорист. Дар ҳамин қаламрав боз ноҳияи машҳуре
бро нодида бигирем? Оё касе гуфта метавонад, ки вожаи «Вахш» чун номи маҳалли аҳолинишин (ойконим) чӣ нуқс дораду вожаи «Вахшорӯд» чӣ бартарӣ? Агар инро нафаре медонад, як кори савоб кунаду ба мо ва ба дигарон ҳам фаҳмонад. Ҳамин суханону саволҳо ба ивазкунии номи рӯди Вахш ба Вахшоб низ пурра дахл доранд. Муаллифони «ташаббус»-и ивазкунии номи ин дарё дар гидроними
7
забони хешро дидаю дониста ин қадар хароб кунем? Бо иваз кардани номи ноҳияи Панҷ ба Панҷоб ва номи дарёи Панҷ ба Панҷоб чӣ фоидаро ба даст меорем? Оё намешавад бо маблағҳое, ки барои ивазкунии номи ноҳия ва дарё пешбинӣ шудаанд, камбудиҳои ҷойдоштаи худи ноҳияро бартараф кунем? Масалан, ба чӣ хотир дарёи Панҷро маҳз «Панҷоб» номиданианд? Охир, мантиқан номи дарёи Панҷ аз мавзеъи пайвастшавии шохоби Ванҷ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ то мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳеҷ наметавонад, ки «Панҷоб» бошад, зеро дар ин масофа бо вуҷуди «Панҷ» ном доштанаш, дарё танҳо як об аст. (Дар илми гидронимшиносӣ ҳангоми тавсифи дарёҳои калон дарёчаҳоро, махсусан, агар мавсимӣ бошанд, қариб, ки ба эътибор намегиранд). Агар вожаи «Панҷоб»ро ҳатман корбаст карданианд, пас дуруст мешавад, ки аз ҷойи ба ҳам пайвастшавии дарёчаҳои Вахону Помир дар ноҳияи Ишкошим то мавзеи пайвастшавии дарёҳои Ванҷу Панҷ онро «Панҷоб» ном ниҳанд, чунки маҳз дар масофаи байни ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷ 5-то шохоб: Ғунд, Бартанг, Язгулом, Ванҷ ва Панҷ пайи ҳам омехта мешаванд. Баъд аз мавзеи пайвастшавии рӯди Ванҷ то мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён (оғози дарёи Ому – Ҷайҳун) номи дарё ба асли қадимиаш – Панҷ мондан гирад. Дар ин сурат номгузории ин рӯдҳо
е-mail: javonontj@mail.ru
Овоза шуда, ки гӯё номи чанде аз шаҳру ноҳияҳоро дигар карданианд. Хонанда огоҳ аст, ки шумораи гузашта дар мавриди тағйири номи Қӯрғонтеппа ба Леваканд суҳбат кардем. Ин навбат дар мавриди «Вахш»-у «Панҷ» суҳбат мекунем. Гумон надорам, ки бо иваз кардани номҳо бурде мешуда бошад. Баръакс, имкон дорад, ки зарари бештар шавад – ҳам иқтисодӣ ва ҳам маънавӣ. Хоҳиш аст, иқтисоддонҳо ақаллан ҳаҷми хароҷоти тайёркунии варақаҳои расмӣ (масалан мактуб) ва муҳру тамғаю овезаҳои ҳамаи сохторҳо – аз кумитаи маҳаллаю боғчаҳои кӯдакон сар карда, то ҳукумати шаҳр ё ноҳия ҳисоб намоянд. Баъд андеша кунанд, ки оё ҳаҷми он ба таъкидҳои Сарвари давлат дар хусуси оқилонаю самаранок харҷкунии маблағҳо созгор аст? Зарари маънавиаш маълум – он бесобиқа хоҳад буд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Номи диёр – аз таърих ёдгор ҳаст бо номи Вахш. Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон бошад, мавзеи хуррамеро Вахшвор мегӯянд. Деҳаи Ҳавз - зодгоҳи шоири шаҳири тоҷик Пиримқул Сатторӣ дар ҳамин мавзеъ воқеъ аст. Устод мегуфтанд, ки ойконими «Вахшвор» дар он маҳалҳо ба маънои вахшмонанд, яъне олиҳаваш, фариштаосо истифода мешавад. Бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла чунин мисраҳои Саъдии Шерозӣ далолат мекунанд, ки дар замони худ бо исми Вахш мулки мустақиле арзи вуҷуд мекардааст: Шунидам, ки бигрист донои Вахш, Ки ё Раб, мар ин мардро тавба бахш. *** Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳон, Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон. Камина чун як фарди рӯзгор аз мардуми шарифи тоҷик, алалхусус мардуми Хатлону ноҳияи Вахш бо илтимос пурсиданӣ ҳастам: оё месазад, ки бо иваз кардани номи Вахш аз баҳри ҳамин қадар маънавиёт гузарем, ҳамин қадар таъриху фарҳангу илму ада-
(номи марбут ба об) «Вахш» чӣ камбудиро дида бошанду дар гидроними «Вахшоб» чӣ бартариро? Вале мо дар вожаи «Вахшоб» аллакай мушкилии забониро эҳсос карда истодаем. Қазоват кунед, агар ҳоло гӯем, ки «Заминҳои хоҷагӣ аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд», баъди қабул шудани «Вахшоб» мегӯем: «Заминҳои хоҷагӣ аз дарёи Вахшоб обёрӣ мешаванд». Нуқси забониро эҳсос кардед? Дар як ҷумлаи кӯтоҳ мафҳуми «об» ду маротиба такрор мешавад. (Дар калимаҳои «Вахшоб» ва «обёрӣ»). Ин тарзи гуфтору навиштор на он қадар дуруст аст, зеро ҷумларо сактадору норавон мекунад ва дар баён бисёр дағалу дурушт садо медиҳад. Ба вожаҳои «дарё», «об» ва «Вахшоб» ҳам таваҷҷуҳ карда, ба чунин таъбир аҳамият диҳед: «Оби дарёи Вахшоб». Оё дарк кардед, ки дар як ҷумлаи иборат аз се калима се маротиба «об»-ро истифода бурдем. Охир дарё ҳам об аст, онро бо дигар маънӣ истифода бурда намешавад. Оё ягон бор нашунидаед, ки мегӯянд: «Дарёро бинӯш!». Агар дарё об набошад, оё онро нӯшида мешавад? Наход мо соҳибзабонон
мантиқан дуруст мешавад. Агар барои ивазкунии номи ноҳияи Ҷиликӯл зарурати воқеӣ бошад, пас онро Ҷайҳун не, Ҷилокӯл мондан, дуруст мешавад. Аз шубҳакунандагон хоҳиш дорем, гарчи ҳаваси хондани асарҳои таърихиро надошта бошанд, ақаллан ба «Бешаи палангон» раванд, ки қаламрави ноҳияи Ҷиликӯл аст. Он гоҳ мебинанд, ки кӯлҳои ин мавзеъ чӣ гуна ҷило медиҳанд, сарфаҳм мераванд, ки то замони хушконидани кӯлҳо ва корамкунии заминҳои ин ноҳия, кӯлҳои атрофи он дар нури офтоб чӣ тавр ҷило медодаанд. Хулоса мо бар онем, ки дар номгузорию номивазкунии ҷуғрофӣ, махсусан номҳои шаҳру ноҳияҳо, ба саросемагию саҳлангорӣ роҳ дода нашавад, зеро чунин амал як навъ тешазаниест ба решаи таърихи диёрамон. Охир, номҳои диёр таърихи диёранд, бинобар ин, онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз мебояд кард. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда
ИҚТИСОД
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин ба 3 млрд доллар хоҳад расид
11 декабр дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. лар то 3 млрд доллари ИМА расонидани гардиши молу маҳсулоти миёни ду кишвар мебошад”. Дар доираи форум чанд созишномаи ҳамкорӣ низ ба имзо расид. Зикр гардид, ки тибқи созишномаҳо муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёфта, дар ҳар ду кишвар баргузор намудани ярмака-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоишҳои молу маҳсулот дар назар аст. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
www.javonon.tj
Дар форум намояндагони 22 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва беш аз 80 ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд. Асомиддин Ризоев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар суҳбат бо хабарнигорон қайд намуд, ки “мақсади ин чорабинӣ ҷалби сармоя ба соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди сангҳои қиматбаҳо, кишоварзӣ ва боз ҳам тараққӣ додани тиҷорат байни ду кишвар, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва аз 2 млрд дол-
е-mail: javonontj@mail.ru
8
масраф гардидааст. Ҳоло дар макони нав бунгоҳи тиббӣ бо Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, таҷҳизоти замонавӣ, ошхонаи “Ҷавонони Тоҷикистон” умумӣ ва фурӯшгоҳи дорои ҳамаи молу маҳсулот фаъолият доранд. Рӯзҳои наздик мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ Мавзеи Барсеми барои 250 нафар хонанда, хати ноҳияи Шуғнон, тавре обгузари ошомиданиву полезӣ ва огоҳем, 16 июл бар роҳи мошингард тибқи талаботи асари фаромадани сел замон мавриди истифода қарор зарар дида, хонаҳои мегиранд. Маҳз майлу хоҳиш ва пофишории бошандагон буд, ки зиёд валангор гаштанд. мавзеи тозабунёдро ба хотири Хушбахтона, талафоти ғамхорӣ ва дастгирии беандозаи ҷонӣ ба қайд гирифта Президенти кишвар Эмомалӣ нашуд. Аммо ду пули Раҳмон маҳаллаи Раҳмонобод асосие, ки мавзеи унвон карданд. Феълан сокинон
мазкурро бо роҳи асосии мошингарди хатсайри Шуғнон – Хоруғ пайваст менамуд, ба коми сел рафт. Қадқади роҳи асосӣ чанд хонаи истиқоматӣ, дӯкону мағоза, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хусусии маскунон несту нобуд гардиданд. Ба тадриҷ деҳаи болоии Колхозобод ҳам, ки дар канори дигари рӯдхонаи мазкур мустақар буд, нопадид шуд. Аз роҳи асосии зикргардида то мавзеи Бердибекобод ба масофаи 5 километр асаре намонд. Баъзе аз сокинон ҳатто аз охирин умед барои наҷот дасту дил шустанд.
www.javonon.tj
МАВЗӮИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Ҳукумати кишвар сари вақт аз ин пешомади ногувор дарак ёфта, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва гурӯҳи махсус бошандагонро ба ҷои бехавф кӯчонданд. Шӯълаи умед дар қалби ҳар пиру ҷавон барафрӯхт ва лаҳзаи пурэҳсос сокинонро фаро гирифт. Донистанд, ки ҳукумати мамлакат бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон сокинонро дар мушкилот танҳо нахоҳанд гузошт. Агарчи дар макони бехавф рӯзи аввал нӯҳ хайма барои зисти муваққатӣ бо тамоми шароити лозимӣ насб шуд, аллакай рӯзи дуюми ҳодиса теъдоди хаймаҳо барои зарардидагон ба 200 адад расид. Баъдан бо супориши фаврии раҳбарияти ҷумҳурӣ дар мавзеи Питовдашт бунёди манзилҳо барои осебдидагон оғоз ёфт. Бо заҳмати шабонарӯзии кормандони идораҳои марбут дар муддати кӯтоҳтарин хонаҳои нав бо тамоми шароити рӯзгор ва ашёи лозимӣ муҷаҳҳаз шуданд. Яъне, 82 хонаи замонавӣ бо сифати баланд сохта шуда аллакай 21 сентябр ба истифода дода шуданд. Ҳол он ки муҳлати баҳрабардорӣ 6 ноябри соли ҷорӣ муққарар шуда буд. Мувофиқи иттилои мутахассисон барои ҳар хона маблағи на камтар аз 300 ҳазор сомонӣ
Гуляман Мамадасанова
Чунончи, Моназар Давлатназаров, раиси маҳала дар суҳбат иброз дошт, ки имрӯз хизмати сазовори ҳукумат дар назди мардум воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст. Номбурда мегӯяд, 494 нафар бошандагони маҳалла дуогӯи роҳбарияти давлату миллатанд, ки дар лаҳзаҳои душвор барояшон такягоҳу пуштибон шуданд. - Кам касе гумон мекард, ки дар ин муддати кӯтоҳ хонаҳо сохта ба истифода дода мешаванд. Ҳозир мо бо маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили орду равған, шакар, донагиҳо ва маводи сӯзишворӣ, аз қабили ҳезуму ангишт таъмин ҳастем. Хуллас аз чизе танқисӣ
афзуд М. Давлатназаров. Ҳамсуҳбати дигарамон Гуляман Мамадасанова, омӯзгори мактаб феълан вазъи зиндагиашро дар сатҳи хуб арзёбӣ намуда, мегӯяд чунин хонаро орзу ҳам намекард.
Ҳаким Давлатназаров
Хушбахт Саидорисов
- Ягона хости банда он аст, ки аз номи сокинон ба ҳукумати мамлакат изҳори ташаккур кунам. Дар ҳақиқат, барои беҳзистии бошандагон талош ва диққати зиёд намуданд. Минбаъд бароямон шарту зарур аст, ки худамон ҳам сар аз як гиребон бароварда, ободкориву созандагиро пеша кунем. Ҳаким Давлатназаров аз
Давлатназаров, гуфт: “Иқрор бояд шуд, ҷое, ки қаблан зиндагӣ доштем, баъзе бошандагон ҳатто боми тунукагӣ ҳам надоштанд. Аммо ҳозир тамоми сокинон соҳиби сарпаноҳанд”. Хушбахт Саидорисов, дуредгар, мегӯяд, аз ҳамаи арзишмандтарин ганҷҳо ҷони одамият ва бардамиву саломатии ӯст. “Яъне аз ҳодисае, ки аз сарамон гузашт, бешубҳа бо дастгирии мақомоти марбут бе талафоти ҷонӣ наҷот ёфтем, ки неъмати бузург аст”. Дилоро Бобоҷоноваи муаллима қаноатманд аз он аст, ки қабл аз сар задани хунукиву фасли сармо манзилҳоро сохтанд. “Агарчи ҳозир фарзандонамон дар вилояти Суғд таҳсили муваққатӣ доранд, мутмаинем, ки рӯзҳои охир таълимгоҳи мо ҳам ба кор шуруъ мекунаду ҷигарбандонамон дар мактаби нав таълим мегиранд. Ҳамзамон, миёни ҷавонони мо варзишгарони хуб кам нестанду дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ноҳиявӣ, вилоят ва ҷумҳурӣ пайваста иштирок доранд. Агар барояшон дар макони нав толор ё майдончаи варзишӣ бунёд мешуд, нуран алонур мешуд”. Соҳибкор Назаралӣ Ёрмамадов мегӯяд: “Банда ба таври ҳамешагӣ ҳатто ба кӯдакону наврасон таъкид мекунам, ки ба қадри давлату ҳукумат бирасанд. Дар ягон давру замон бояд
Аз Барсем ба Раҳмонобод
ё чӣ гуна 82 хонаро муддати якуним моҳ бунёд карданд дар фазои гарми хонаҳояшон бо хуррамиву оромӣ зиндагӣ дошта, пайваста аз давлату ҳукумат шукргузорӣ мекунанд.
надорем. Хонаҳо бо тарҳу қолаби хуб бунёд шуда, аз ҳамдигар камӣ надоранд. Яъне ҳамаи мо рӯзгори баробар ва тинҷу осуда дорем, -
дастгириҳои мунтазами ҳукумат ва кори ҳалоли сохмончиён, ки шабу рӯз дар ин макон ранҷ кашидаанд, миннатдор мебошад.
аз ёдамон наравад, ки ҳукумат ба имдоди мо сари вақт расид. Рӯирост мегӯям, ки барои чизи дигаре эҳтиёҷ надорем”.
МАВЗӮИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
9
Зарардидагони заминларза дар мадди назаранд ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Гуляман Алишоева, сокин муқимии мавзеи мазкур мегӯяд: “Дар вақти сар задани офат бо аҳли пайвандонам дохили манзилгоҳ қарор доштем. Начандон дур аз хона солҳост, ки санги калоне ҷойгир мебошад. Яъне ягона умеди наҷот ёфтан аз коми марг паноҳ бурдан дар зери он буд ва вақте ки зилзилаи шадид рух дод, банда бо аҳли оила маҳз ба ин макон фирор кардем. Баъдан боварӣ ҳам надоштем, ки моро аз мавзеамон ба маркази ноҳия мекӯчонанд. Ҳозир ба ҳама чиз дастрасӣ дорем ва боиси хушнудист, ки аз ҳар гӯшаву канори кишвар ҷонибдорӣ меёбем”. Бояд гуфт, ки бар асари заминларзаи рухдода дар ноҳия Шуғнон ҳам беш аз 140 хонаи истиқоматии ҷамоати деҳоти Вер ва Ғарибшоҳ Шаҳбозов қисман вайрон шуда, 14 хона пурра вайрон гаштанд. Ҳамчунин, дар мавзеъҳои мазкур чор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як хонаи фарҳангии деҳаи Чарсем ва китобхонаи мактабии Шитам қисман зарар диданд. Фарҳодбек Дарвозиев, раиси ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, мегӯяд, хушбахтона, аз офати табиӣ талафоти ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашуд. “Айни ҳол дар ҷамоат гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти маҳаллии вилоят фаъолият дошта, барои осебдидагон ҳамагуна кӯмакҳо расонида шуд. Бо фарорасии фасли сармо дар ҷойҳои бехавф барои теъдоде аз маскунон хонаҳои нав бунёд карда мешаванд.
www.javonon.tj
Зимнан, 11 декабри соли ҷорӣ комиссияи навбатии ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеи осебдидаи деҳоти водии Баратанг дидан намуда, аз ҳоли сокинон бохабар шуд. Феълан аз ҷониби фонди захиравии Президент барои осебдидагони Бартанг 56 тонна маҳсулоти орд, 10 тонна биринҷ, 25 тонна шакару равған, 6 тонна маҳсулоти гӯштиву консерва, зиёда аз ду ҳазор адад кӯрпаи пашмин, либоси гарм ва 10 хаймаи иловагӣ таъмин гардид. Ҳамчунин 4 генератори дизелӣ бо 12 ҳазор литр солярка ва 300 ҳазор литр бензин расонда шуд. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маводи доруворӣ, ёрии тиббӣ, таҷҳизот ва асбобу анҷоми рӯзгор дар доираи талабот таъмин гардид. Теъдоди дигаре аз бошандагон, ки бо сабаби дар хонаҳояшон чорвои калони шохдор ва бузу гӯсфанд доранд ва нахостанд манзилҳои қисман вайроншударо тарк кунанд, таҳти назорати вижаи комиссияҳои амалкунанда қарор мегиранд. Қобили қайд аст, ки бар асари заминҷунбии рӯзи 7 декабр дар маҳалли Бартанги боло роҳи автомобилгарди деҳаҳои Басид ва Ғудараи ҷамоати Савноб куллан вайрон гашт. Ба вижа рафтан то Ғудараву қишлоқи Чадуд ба ҳадде имконнопазир шуд, ки ҳангоми афтидани кӯҳпораҳо аз роҳи 200-километраи он қариб нишоне ҳам намонд. Аммо таҳти сарпарастии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва саъйю талоши кормандони Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рӯшон, ризокорон ва теъдоде аз бошандагони ноҳия ҳоло қитъаи зиёда аз 230 километр роҳи Вомар-Басид пурра барқарор гашт. Рӯзҳои наздик роҳ аз самти Басид ба сӯи ҷамоати Савноб кушода мешавад. Раҳматхудо Бахтдавлатов, сардори муассисаи роҳдории мазкур, гуфт, агарчи дар маҷмӯъ дарозии роҳи мошингарди водии Бартанг 302 киллометрро ташкил медиҳад, ҳамаи қисматҳои хатсайрӣ ё худ манқули он то деҳоти Чадуду Ғуддара хатарнок аст ва асосан дар ҳолатҳои сар задани офатҳои таббиӣ техникаҳои роҳсозӣ бояд ҳамеша дар ҳолати коршоямӣ бошанд. - Мувофиқи имконот таҷҳизоти роҳсозии ноҳия барои кору фаъолияти саривақтӣ омода буданд. Илова бар ин, баъди рух додани заминларза аз ҷониби Вазорати наклиёти ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии вилояту ноҳия маводи сӯзишворӣ, техника ва таҷҳизоти зарурӣ дастрас шуд. Дар маркази ҷамоати деҳоти Басид 55 хонавода сукунат доштанд, ки нисфи хонаҳои истиқоматӣ ҳангоми заминларза қисман зарар ёфта, панҷ адади он пурра вайрон гаштанд. Хушбахтона, талафоти
е-mail: javonontj@mail.ru
7 декабр бар асари заминларзаи шадид, ки маҳалли вуқуи он наздикии ноҳияи Мурғоб арзёбӣ шуд, садҳо хонаи сокинон валангор гашта, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
е-mail: javonontj@mail.ru
10
Ташкили гурӯҳҳои корӣ ба манфиат аст “Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XХI табдил ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа тадбирҳои иловагӣ андешанд”.
Аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015.
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Тавре аз паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардуми кишвари мо – Тоҷикистони офтобрӯя дар шароити кунунӣ ба хатари басо ҷиддӣ – терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гаштааст. Мувофиқи маълумотҳо имрӯз як қатор кишварҳои сокинонаш мусулмон ба гирдоби ин хатар печидаанд. Манзур давлатҳои Сурия ва Ироқ аст. Маҳз фаъолшавии ифротгароёну экстремистҳо дар ин ду кишвари арабӣ боис шуда, ки даҳҳо ҳазор бе ҷою макон гашта, фирор аз ватан намоянд. Ҳангоми сафар ба кишварҳои Аврупо ҳазорҳо нафари эшон дар баҳр ғарқ шуда, ҳалок гардиданд. Акси тифли сесолаи суриягӣ, ки об ҷасадашоро ба соҳили баҳр бароварда буд, оламро такон дод. Марги тифл “самар”-и саъю кӯшишҳои ҷангиёни ДИИШ аст. Ин тоифа на танҳо мардуми осоиштаро аз ватан бе ватан намуданд, балки осори таърихию фарҳангиро ба вайрона табдил доданд. Барояшон мафҳумҳои пешрафти башарият, дастовардҳои таърихию фарҳангии инсоният асосан вуҷуд надорад. Худро мусулмон тарошида, бар зарари ислом амал мекунанд. Онро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо кушторҳои бераҳмона, вайронкорию амалҳои зишт торафт бадном месозанд. Ҳол он ки дини мубини ислом инсониятро ба дӯстию рафоқат, эҳтироми якдигар, адолат ва росткорӣ ҳидоят намуда, дурӣ ҷустан аз кирдорҳои ношоистаро барои ҳар як фарди мусулмон талқин месозад. Амалҳои содирнамудаи ифротиёне, ки худро мусулмон метарошанд, хилофи дини мубини ислом аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ба таври устувор гом мегузорад. Дар фазои осоиштаю ором ва бунёдкориҳо ҳамин тавр, орзую омоли мардуми тоҷик пас аз бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ батадриҷ ҷомаи амал мепӯшад. Аз ин хотир, вазифаи ҳар як нафари худогоҳу ватандӯсти тоҷик дар шароити кунунӣ иборат аз он аст, ки дар пешрафти ҷомеаи навини кишвар саҳмгузор бошад. Мутаассифона, бисёр хабару маълумоти изтиробовар паҳн мегардад, ки ҷавонони тоҷик ба сафҳои чунин ифротиён мепайванданд. Аз ҷумла, аз ноҳияи мо низ. Чунин ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои ос-
СОҲИБКАСБ Касбҳо бисёранд. Шумори онҳо ба садҳову ҳазорҳо мерасад. Дар ҷомеа ҳар нафар ба коре машғул асту рӯз пеш мебарад. Агар яке ба воситаи дониш музд ба даст орад, пас дигаре ҳатман бо меҳнати бозу соҳиби маош мешавад. Доштани ҳунар ҳеҷ гоҳ ба инсон зарар накардааст. Нафаре, ки ҳунар дорад, ҳамаи дарҳо барои ӯ боз аст.
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ... Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Суннатулло МИРЗОЗОДА, прокурори ноҳияи Қумсангир, мушовири адлияи дараҷаи 1 монии хориҷиён шуда, умри ҷавони хешро зери хатар мегузоранд. Аллакай ба садҳо волидони тоҷик хабари марги ҷигарбанди онҳо дар мулкҳои бегона, баҳри “амалӣ” намудани мақсадҳои ғаразноки хоҷагони ҷоҳу ҷалолхоҳ расидааст. Падару модарон дар ғами фарзанди дар дуриҳо фавтидаи хеш хун мегирянд. Аслан ба доми фиреби созмонҳои террористӣ он ҷавононе бештар меафтанд, ки саводи хуби динӣ надоранд, аз таъриху фарҳанги миллати худ чандон бохабар нестанд. Онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус дар кишвари Русия ба сафҳои ДИИШ сафарбар мешаванд. Ҷалби ҷавонони кишвар, аз ҷумла ноҳияи Қумсангир гувоҳ аз он аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ ҳанӯз ҳам чандон мувофиқи мақсад нест. Мардуми тоҷик чун аҳли суннат ва ҷамоат пайрави мазҳаби ҳанафӣ, мазҳаби таҳаммулгаро маҳсуб ёфта, дар фазои осоишта баҳри ободии кишвар заҳмат мекашад. Пас кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратураро лозим аст, баҳри таъмини фазои осоишта, таъмини меҳнати пурсамари мардуми меҳнаткаш ҳар чи бештар кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ноҳия бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид. Дар он оид ба фаъолият дар самти пешгирӣ, ошкор, бартараф ва муайян намудани сабабу омилҳои пайвастани сокинони ноҳия ба ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ муҳокима шуд. Дар ҷаласа қарор дода шуд, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ фаъолону ашхоси соҳибэҳтиром ва рӯзгордидаи ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳҳои корӣ ба маҳалҳо, назди мардум ва таълимгоҳҳо рафта, бо одамон ва устодону шогирдони мактабҳо вохӯрӣ барпо намоянд. Ҳамагонро аз мақсадҳои ғаразноку нопоки созмонҳои ифротӣ, ки мехоҳанд ҷавонони тоҷикро низ ба сафҳои худ ҷалб созанд, огоҳ намоянд. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо умед аст дар ҷодаи худогоҳии мардум, бахусус ҷавонон нақши муассир гузошта, онҳоро аз ҳамроҳшавӣ ба чунин созмонҳои вайронкор бозмедорад.
Аз замонҳои пеш дар қатори дигар ҳунару касбҳо пешаи сартарошӣ низ маълуму машҳур буд. Имрӯз низ. Бобораҷаб Азимов ҳоло аз пушти ҳамин пеша рӯз мегузаронад. Вақте ба наздаш рафтем, машғули кор буду бо муштариён самимӣ суҳбат мекард. Аз чеҳрааш пайдо буд, ки аз пешаи баргузидааш розисту зиндагии хуб дорад. Аз он ки ба аҳолӣ хизмат мекунад, шод аст. Вақте бори аввал ба кор меояд ва ба сартарошӣ машғул мешавад, каме барояш мушкилӣ пеш меояд. Вале пас аз чанд соли фаъолият ба як устои моҳир мубаддал гардида, миёни ҳамкорон дорои обрӯ ва эҳтиром мебошад. – Вақте ба атроф менигаред, ҳама машғули коранд. Ба худ суол медиҳед, ки ман ба чӣ кор машғул шавам, то ҳам ба ҷомеа ва ҳам худам манфиат расонам. Ҳамин суол шахсро ба ҳаракат медарорад. Ҳар нафар мехоҳад, ки бо кори кӯчаке ба аҳолӣ хизмат намояд ва дар соҳае саҳм гузорад. Чун касби мо хизмат намудан ба мардум, яъне сартарошист, доим мекӯшем, ки бо муштариён муомилаи хуб дошта бошему дар сатҳи зарурӣ вазифаи хешро ба ҷо орем. Вақте инсон дар соҳае ҷиддӣ машғули кор мегардад, ҳатман комёб мешавад, зеро дар олам коре нест, ки осон нагардаду омӯхта нашавад. Ҳамааш дар пайи заҳмат ва меҳнати ҳалол ба даст меояд”, - мегӯяд Бобораҷаб. 15 сол мешавад, ки ба сартарошӣ машғул аст. Дар чандин ҷой фаъолият карда, нозукиҳои ин касбро омӯхтааст. Дар тӯли фаъолияти кориаш боре нашудааст, ки муштарӣ аз кори ӯ норозиву муносибати сард намуда бошад. Ӯ чунин меҳисобад, ки муносибати сард доштан
ба кору фаъолияти хеш ва онро дилсардона анҷом додан шахсро ба ҷое намерасонад. Дар баробари фаъолият ба ҷавонони хоҳишманд касби мазкурро меомӯзонад. Даҳҳо шогирдаш соҳиби ҳунари сартарошӣ гардида, ба мардум хизмат мерасонанд. Ҳоло ду шогирди дигарро барои омӯзондани ҳунари мазкур қабул намудааст. - Ба чанд нафаре, ки ин ҳунарро омӯхтаам, имрӯз дорои дӯкони сартарошӣ буда, зиндагиашонро пеш бурда истодаанд ва ҳеҷ шикояте надоранд. Аз он ки бекор мегардеду вақти қимати хешро беҳуда сарф менамоед, касберо омӯхта, аз он истифода намоед, беҳтар аст. Ман ин ҳунарро аз Фарҳод ва Муҳаммадӣ, устоҳои сартарош омӯхтам. Аз эшон миннатдорам, ки нозукиҳои ин пешаро ба ман омӯхтанд ва ба ин роҳ ҳидоят намуданд, - афзуд Бобораҷаб Азимов. Ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки касб ва ё ҳунареро омӯзанд, то дар оянда дар ҷомеа соҳиби обрӯ гарданд. Бузургон хуб фармудаанд, ки Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ.
ФАРҲАНГ
Намоиши либосҳои миллӣ
11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила таҳти унвони “Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим” фестивал баргузор гардид. Дар он хонандагони Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе либосҳои омоданамудаи худро пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар қисмати дуюми фестивал донишҷуёни Донишгоҳи давлатии забонҳо бо рақсу суруд ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ хотири меҳмононро шод гардониданд.
НАБЗИ ҶАҲОН
Низоъҳо як навъи “бизнес”-анд замини онҳо интиқол меёфтанд. Сокинонашонро бошад ба ғуломӣ гирифта дар заминҳои кишт бо музди ночиз кор мефармуданд. Хулоса, ба азобу машаққати сахт ошно мегаштанду зиндагии осоиштаро танҳо дар хаёлҳои худ мепарастиданд. Аммо баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон шеваи мустамликадорӣ иваз шуд. Акнун истисмори давлату халқҳои ақибмонда, ки кишварҳои гурӯҳи сеюм ном мебаранд, пардапӯшона зери ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, демократия, мубориза бар зиди терро-
ризм сурат мегирад. Лекин ҳамаи ин танҳо барои хок пошидан ба чашми мардуми ҷаҳон мебошад. Ҳадаф аз ин шеваи истисмор, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия нишон додан аст. Демократия - озодии инсонкуш, ки имрӯз аслан кишварҳои исломӣ аз ин бало зарар мебинанду халос. Ҳуҷуми Амрико ва иттифоқчиёнаш ба манотиқи Ироқ дар соли 2003 гӯё барои пайдо намудани бомбаи ҳастаӣ ва безарар намудани он далолат медоданд. Аммо дар Ироқ ҳеҷ чиз ёфт нашуд,
лекин таҷовузи сокинони Ироқ то ҳол идома дорад... Барои зери даст гирифтани конҳои нафти Эрон низ табадуллоте карда буданд. Аммо ин дер давом накард. Инқилоби исломӣ дар Эрон, ки соли 1979 рух дод, дубора конҳои хусусиро давлатӣ намуд. Вуруди боз ҳам низомиёни ИМА ва иттифоқчиёнаш, яъне НАТО ба хоки Афғонистон ҳам чунин паёмад дошт. Мақсад аз ҳамла ба Афғонистон мубориза зидди терроризм буд, аммо бо зиёда аз 14 сол сипарӣ шудан, терроризм вусъат ёфту нест
То солҳои ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон зери дасти худ қарор додани бойигариҳои зеризаминии кишварҳои қафомонда тариқи ҳамла ва ғасби он амалӣ мешуд. Дар натиҷа мамлакат мустамлика ё ниммустамликаи давлатҳои рушдкарда мегашту истиқлолияти худро аз даст медод. Баъдан тамоми бойигариҳо аз ҷониби мустамликадорон коркард ва ба сар-
нашуд. Аз як ҷиҳат агар барои мустақар шудани низомиёнашон дар ин минтақаи муҳими геополитикӣ бошад, аз ҷиҳати дигар, зери даст гирифтани канали интиқоли маводи мухаддир аст. Мувофиқи гузоришҳо баъд аз вуруди ИМА ба Афғонистон парвариш ва интиқоли маводи мухадир ба маротиб афзудааст. Ҳамзамон Афғонистон як васила барои амалисозии ҳолатҳои корупсионӣ ё азхудкунии маблағҳои ҷудонамудаи Вашингтон барои ҷоннок ва рушди иқтисодиёти Афғонистон мебошад, ки беш аз 90 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар гузориши Идораи амрикоии муфаттиши кулли масъули назорати эҳёи Афғонистон (U.S. Special Inspector General for Afghanistan ReconstructionSIGAR) таъкид шудааст, ки дар шустани ин маблағҳо, намояндагони воломақоми афғон аз чор як ҳиссаи онро ташкил медиҳанд, боқимондаи ин маблағҳо ба ҷайби генералҳои амрикоӣ меравад. Ҳамзамон, бар замми маблағҳои калон то имрӯз амрикоиҳо ягон корхонаи истеҳсолӣ бунёд накардаанд. Алиҷони КАБИР
Нохалафон сари хеш мехӯранд
Фармондеҳи пешини нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвар Гулмурод Ҳалимов, ки хиёнаткоре аз таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик ба шумор меравад, моҳи майи соли ҷорӣ ба гурӯҳи худхонда ва тундгарои “Давлати исломӣ” пайваст. Ҳоло маъюб шудаву ба ин гурӯҳ нодаркор шудааст. данд, ки ҷамъан зиёда аз 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Барои чунин нафарон 20 ва ё 30 соли зиндон кам аст, чунинҳо бояд як умр дар зиндон бошанд. Аксари террористҳо дар ҳолати нангин ва бадтарин ҷон додаанд. То имрӯз касе онҳоро ба некӣ ёд накардаву намекунад. Ҳалимов низ аз ҷумлаи онҳост, ки зиндагии орому осудаи худро ба боди фано дод. Аз нону намак ва иззате, ки дошт, боре ҳам шукр накард ва намакзада шуд. Бадбахтии инсон аст, ки бо талқини шайтон аз доираи вазоифи хеш убур мекунаду ба сари башарият бало меорад. Маҳз Ҳалимов ҳамчун як офаридаи ноқистарин пайваставу мунтазам ба хатоҳои зиёд роҳ дод ва дар роҳи қисмати хеш хоҳу нохоҳ ва аксаран ба коҳишҳои рӯҳонию маънавӣ мувоҷеҳ мешавад. Акнун дилу ҷонаш урён аст ва дармеёбад, ки доғҳое дар дилу ҷон дорад. Фоҷиаҳое, ки абарқудрату ҷаҳонталаби хунхору мардумозор ба сари халқи мазлум меоранд, Ҳалимовро лаҳзае нигарон намекунад. Ӯ лаҳзае чун инсон ба ашхоси бечораи муҳтоҷ бо раҳму дилсӯзӣ наменигарад. Баръакс ӯ низ фоҷиаҳое ба сари инсонҳо меорад. Рустам РАҲИМОВ
Сафорати Покистон Душанбе
ДАЪВАТ БАРОИ ТЕНДЕРИ КУШОДА Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе хоҳишмандонро ба тендери кушода барои фурӯши мошини “TOYOTA LAND CRUISER PRADO” бо қувваи муҳаррик 2700 см3, соли истеҳсол - 2007, даъват менамояд.
Хусусиятҳои техникӣ ва лавозимоти он “Toyota Land Cruiser Prado” бо қувваи муҳаррик 2,7 литр, 4 силиндра ва 16 сарпӯш, ранги сафед, ғунҷоиш - 7 мусофир, имконот: тақвиятдиҳандаи чамбарак, шишабардораки барқӣ, рейлингҳои сиёҳ дар болои мошин, ҳар 4 чархи мошин ба ҳаракат медароянд, калиди марказӣ, дискҳои литийдор, оинаҳои бо барқ танзимкунанда, системаи зиддиблокировкаи тормозҳо (ABS) ва типи гидравликии тормозҳо, сардкунии автоматикии қисматҳои пешу қафои мошин, болиштчаҳои бехатарӣ барои ронанда ва мусофири паҳлӯи ронанда типи SRS, ҳаҷми баки сӯзишворӣ - 70 литр, танзимкунандаи суръати 4-дараҷадор, покришкаҳои бидуни камер. Шахсоне, ки ба шартҳои зерин ҷавобгӯ ҳастанд, метавонанд пешниҳодҳои молиявии худро дар лифофаҳо ба суроғаи дар поён зикршуда на дертар аз 1 январи соли 2016 то соати 15:00 пешниҳод намоянд. 1. Барои фурӯши мошин нархи баландтарини пешниҳодшуда баррасӣ карда мешавад. 2. Мошин дар кадом ҳолате ҳаст, фурӯхта мешавад. Сафорат барои дилхоҳ зарар\харошёфта, нобасомониҳои техникӣ, интиқоли маблағ, дигар маблағситониҳо барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо масъул нест. 3. Пардохт барои мошин танҳо бо роҳи интиқоли бонкӣ ба суратҳисоби расмии сафоратхона дар Бонки миллии Покистон дар Душанбе амалӣ мешавад. 4. Сафорат ҳақ дорад дилхоҳ пешниҳод ва нархро мавқуф гузорад ва ба ҳар гуна эродҳо масъул набошад. Шаҳид Алӣ Сиҳар, муовини роҳбари намояндагӣ
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Азизбеков-20а (пушти меҳмонхонаи “Азия Гранд”. Тел: +992 (37) 2276255, 2230177
www.javonon.tj
Ин иттилоъ аз забони шахси шоҳид, ки ахиран аз дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ фирор кард, садо додааст. Ӯ бо далоили радношаванда мегӯяд, полковники фирории тоҷик Г. Ҳалимов пас аз як моҳи фирораш аз Тоҷикистон, дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ моҳи июли соли равон ҷароҳат бардошт. Дар пайи ин ҳамлаи ҳавоӣ Гулмурод Ҳалимов аз пой ва сар зарб хурдааст. Ҳалимов, ки худро як нафари соҳибкасб мепиндошт, аз доираи вазоифи инсонии хеш гузашт ва фармудаи Худованду паёмбаронашро зери по гузошт ва муроот накард. Фармони шайтониро риоят намуду гирифтори ҷазои сангин гашт. Ҷанговари хунхор аз зиндагӣ ва лаззати ширинтарин меваи дарахти умру ҳаёт бенасиб гашт. Чун мукофоти амал, Ҳалимов аз сояи марҳамати давлату миллат маҳрум шуд. Бояд тазаккур дод, аз рӯзи аввали пайвастани Г. Ҳалимов ба сафи ДИИШ ҳатто худи террористҳо ба ӯ бо назари шубҳа менигаристанд, зеро касе як бор ба ватан, падару модар, зану фарзанд, дӯстону рафиқон ва ҷомеаву гурӯҳе хиёнат кардааст, метавонад ба ҳамин созмони террористӣ низ хиёнат кунад. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон низ бар зидди Гулмурод Ҳалимов бо иттиҳоми зархаридӣ, хиёнат, терроризм ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ парвандаи ҷиноӣ боз кар-
11 е-mail: javonontj@mail.ru
Низоъҳои гуногуни муосир асосан зери пардаи “озодии инсон” ва “демократия” сурат мегиранд ва гурӯҳ ё давлате дар ин минтақаҳо манфиате дидаанду дарҳол барои аз худ намудани он мепардозанд. Паҳлӯи дигари ин воқеаҳои мудҳиш, барои баъзе ширкатҳои кишварҳои абарқудрат, хусусан ширкатҳои амрикоӣ ба як навъи тиҷорат табдил ёфтааст. Майдони низоъҳо ба бозори яроқу аслиҳа табдил ёфта, ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи аслиҳа ба ҳар ду ҷониби даргир силоҳ мефурӯшанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
12 е-mail: javonontj@mail.ru
Рақибони “Истиқлол” дар Ҷоми КФО2016 маълум шуданд
Тибқи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рақибони тими “Истиқлол” маълум шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файзалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) рақобат мекунад.
28 медали самбочиёни тоҷик дар чемпионати Осиё
Варзишгарони кишвар дар чемпионати Осиё оид ба самбо, ки 11-13 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, 28 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 13 кишвари қора – Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Узбекистон ва ғайра ширкат доштанд. Гӯштигирони навраси тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ ҳашт медал медал ба даст оварданд. Масъуд Куканшоев (48 кг) ва Саиднабӣ Камолов (65 кг) барои ҷои аввал бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Ду нафари дигар – Сайриддин Шоев (60 кг) ва Шарифҷон Назриев (87 кг) соҳиби медалҳои нуқра гаштанд. Се паҳлавони навраси тоҷик - Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Далер Ниёзов дар сабқати самбои размӣ миёни мардон дар вазни то 90 кг медали нуқраро соҳиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Константин Солдатов (Қазоқистон) шикаст хӯрд. Дар рӯзи аввал миёни калонсолон паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон нуҳ медал ба даст оварданд. Ҳафт нафари онҳо - Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Ардашер Исмоилов (52 кг) бо медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати занон Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) медали нуқра гирифтанд. Рӯзи дуюми мусобиқа наврасону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ, инчунин мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг зӯрозмоӣ карданд. Гӯштигирони ҷавони мамлакат дар ҳамаи нуҳ вазн медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло насиби Мубориз Мунавваров (68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) гардид. Се нафари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ду паҳлавони ҷавони тоҷик - Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (беш аз 100 кг) - медалҳои биринҷӣ супурда шуд.
Зелимхон аз мусобиқот маҳрум шуд
Кумитаи миллии олимпии мамлакат Зелимхон Юсупов, легионери кишварро аз рӯйхати номзадҳо ба дастаи мунтахаби олимпӣ ва гирандагони стипендия берун кард.
www.javonon.tj
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Дар Ассамблеяи XIV кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти дусолаи ин кумита натиҷагирӣ ва барномаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 тасдиқ шуд. Иттиҳодияи ҷаҳонии гӯштин Зелимхон Юсупов, узви тими мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистонро бо далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кардааст. Зелимхон Юсупов дар чемпионати Осиё дар Қатар бо медали нуқра мукофотонда шуда буд. Ҳамакнун медали ӯ ба Эламан Догдурбек уулу (Қирғизистон) супурда шуд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 32 даста дар ҳашт гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври дигар роҳхат мегирад. Дастае, ки дар сабқати гурӯҳӣ ҷойи аввалро мегирад, дар бозии даври 1/8-финалӣ рақибашро дар хона қабул мекунад. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ соли оянда 23-24 феврал (даври якум), 8-9 март (даври дуюм), 15-16 март (даври сеюм), 12-13 апрел (даври чорум), 26-27 апрел (даври панҷум) ва 10-11 май (даври шашум) баргузор мешаванд. Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 24-25 май, чорякниҳоӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), нимниҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) ва
бозии ниҳоӣ 5 ноябр доир мегарданд. «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» нахустин бозиашро 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили бошгоҳи «Ал-Файзалӣ»-и Урдун анҷом медиҳад. Дастаи «Хуҷанд» дар мавриди пирӯзӣ дар бозии интихобӣ бар
бошгоҳи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин (9 феврал), дар марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «D» бо «АлМуҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия рақобат мекунад. Агар «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёбад, дар аввалин бозиаш 24 феврал дар меҳмонӣ бо «Ал-Муҳаррак» вомехӯрад.
Мубориза барои Ҷоми Александр Кирсанов
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, футболбози маъруф, ҷараён дорад ва то 27 декабр идома меёбад. Мусобиқа байни дастаҳои ҳирфаӣ, алоқамандон ва собиқадорон сурат мегирад. Дар гурӯҳи ҳирфаӣ бозигароне ширкат меварзанд, ки дар лигаи касбии футзал, дар серияҳои «А» ва «В» бозӣ мекунанд. Инчунин ба ин гурӯҳ дастаҳои хоҳишманд, ба ҷуз бозингароне, ки дар лигаҳои олӣ, аввал ва дуюми Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 иштирок кардаанд, роҳ дода шудаанд. Ин гурӯҳ аз 13 даста иборат аст, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Соро компания», «Амонатбонк», «Билайн», «Формула успеха», «Ҷаҳоннамо» ва «Бонки миллӣ», ба гурӯҳи «Б» «Антикоррупсия», «Тачоб», «Самандар», «Газпром», «Вавилон», «Динамо» ва «ДИСИ Инвест» дохиланд.
Дар гурӯҳи «Алоқамандон» шаш даста - Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Динамо», «ГазпромнефтТоҷикистон», «Инфосис», Боғи марказии фарҳангу фароғат ва «Рӯдакӣ» барои ҷом мубориза мебаранд. Дар гурӯҳи “Собиқадорон” 13 даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Гурӯҳи «А»: Дастгоҳи марказии ВКД, Академияи «Истиқлол», «Умед», «Маҳаллаи 33-юм», «Бонки миллӣ» ва «Рӯдакӣ», гурӯҳи «Б»: «Ирригатор», «Қазоқон», «Авиатор», «Динамо», «Гимназияи ХПВ», «Сипар» ва «Ҳисор». Ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюму сеюмро мегиранд, инчунин, беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз мегарданд.
27 нафар бо унвонҳои варзишӣ сарфароз гаштанд
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади қадрдонии варзишгарон, оммавӣ гардонидани варзиш ва рушди тарбияи ҷисмонӣ як қатор варзишгарон, мураббиён ва собиқадоронро, ки меъёрҳои варзиширо мувофиқи талаботи муқарраргардида иҷро намудаанд, унвонҳои «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз кард. УСТОДИ ВАРЗИШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 17. Маҳмудов Хуршед Асламович 1. Фатҳуллоев Фатҳулло Дастамович 18. Раҷабов Эраҷ Ҳайдарович 2. Ҷалилов Манучеҳр Насруллоевич 3. Давронов Нуриддин Амадбекович МУРАББИИ ШОИСТАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 4. Стошич Никола 1. Саидов Шоҳрух Фатоҳович 5. Бабаев Қурбонали Ҳусейнович 2. Эргашев Мубин Асрорович 6. Асроров Сиёвуш Мухторович 7. Назаров Аҳтам Мустафоевич КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА 8. Ковальчук Петро ВАРЗИШИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 9. Баллестер Кастеллс Хосе 10. Чаҳҷуи Маҳди Моҳаммад 1. Саидов Шоҳрух Фатоҳович 11. Джалилов Ромиш Насруллоевич 2. Умаров Муродҷон Сафарович 12. Шарипов Умедҷон Исроилович 3. Ҳабибулоев Аслидин Хайрулоевич 13. Умарбоев Парвизҷон Абдуллоевич 4. Ҳакимов Рустам Абдурасулович 14. Бледа Родригез Мануэл 5. Авезов Фаррух Кенҷаевич 15. Фузайлов Зиёвуддин Ҳикматович 6. Додоҷонов Эркин Ахмедҷонович 16. Сафаров Амирҷон Эмомалиевич 7. Валиев Ширинҷон Ҷурахонович
МУСОҲИБИ “ҶАВОНОН...“
Дар оилаашон писар ки набуд, се духтари хонавода мардонавор дар мусобиқаҳои таэквандо (ITF) ширкат мекарданд. Сабрина аз хоҳарони дигар бо ҷасорату матонат фарқ мекард. Ҳамин далерию шуҷоат буд, ки ин бонуи тоҷик 10 маротиба қаҳрамони Осиё ва 3 маротиба қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Соли 2011 чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Шимолӣ баргузор гашт. Кам касе бовар дошт, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муваффақ мешавад. Аммо хилофи чашмдошти ҳатто устодонаш Сабрина пирӯз шуда, сазовори медали тилло гардид. Ин бонуи тоҷик баъди пирӯзӣ бо ҳарифони таҷрибадораш дар қатори беҳтарин таэквандочиён дар арсаи ҷаҳон қарор гирифт. Ин натиҷае буд, ки баъд аз ин Сабринаро мухлисони варзиш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ намедиданд. Байни таэквандочиён сару садоҳо дар бораи ин духтар зиёд гардид. Бисёриҳо бар он назар буданд, ки ӯ карйераи варзишии худро ба охир расонидааст. Баъди чор соли аз тамрин канор рафтан, Сабрина дубора баҳри муҳориба ба тамрин баргашт. Соли ҷорӣ чемпионати ҷаҳон дар Булғористон доир гардид. Сабрина дар он аз намуди машқҳои инфиродӣ оид ба таэквандо (ITF) иштирок намуда, медали тилло гирифт.
ёд кардам. Вақте ки дар зинаи аввал баромадаму суруди миллӣ садо дод ва дастаи таэквандочиёни кишвар якҷо суруди миллиро қироат мекардем, худро хушбахттарин нафар мешумурдам. - Боз ягон касби дигарро ҳам хуш доред? - Ҳоло дар баробари он ки худам тамрин мегирам, ба тарбияи шогирдон машғулам, онҳоро ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ омода мекунам. Ҳамзамон дар курси панҷуми факултаи ҳуқушиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дорам. Баъди ҷамъбасти карйераи варзишии худ, тасмим гирифтаам, ки аз рӯйи ихтисос - ҳуқуқшинос кор
Сабрина Тураева:
Ба хотири фарзандам ба муҳориба баромадам
муҳориба мекунам. Далер умед мебахшид, ки ба ман бовар дорад. Тавсияҳои ҳамсарам буд, ки сеюмин бор қаҳрамони ҷаҳон шудам. - Баъди қаҳрамон шудан дар мусобиқаҳои берун аз кишвар шуморо чӣ эҳсосот фаро мегирад? - Ин ки ба хотири ту дар як давлати бегона парчами кишварат парафшон мешаваду суруди миллӣ садо медиҳад, эҳсоси таърифнопазир аст. Яъне онро асосан ҳамон ҳиссу эҳсос ифода карда метавонад. Сухан дар шарҳи он оҷиз мемонад. Ман чор соли аз варзиш дур буданам ин эҳсосро
кунам. - Барои варзишгар шудани фарзандатон чӣ корҳоро анҷом медиҳед? - Ман маҷбур намекунам, то фарзандам варзишгар шавад. Агар варзишро интихоб кунад - кори ӯ. Зеро маро ягон нафар барои варзишгар шуданам маҷбур накардааст. Ҳарчанд дар оилаамон писар набуд, падарам Далер Тағойназаров варзишгар буданду кикбоксинг таълим медоданд, зиёд мехостанд, ки мо ба варзиш машғул шавем, вале интихобро ба худи мо гузошта буданд. Мо ҳамроҳи хоҳаронам
худамон падарамонро дида, ба хоҳиши худамон таэквандоро интихоб намудем. Мо баробари дар толор тамрин кардан дар хона бо падарам якҷо тамрин мекардем. Модарам ҳам бо мо ҳамроҳ мешуданд. Ҳарчанд ки варзишгар набуданд. - Ояндаи варзиши кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарон гирифта шудааст, баҳри рушди варзиш дар Тоҷикистон хубу саривақтӣ аст. Варзишгарон мета-
вонанд аз ин пас танҳо тамрин кунанду обрӯи худ ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Дар солҳои пеш, вақте мо бо варзишгарони Корея қувваозмоӣ мекардем, ҳарос доштем. Айни ҳол дигар давлатҳо аз варзишгарони Тоҷикистон ҳарос доранд. Ин аз рушди варзиш дар кишварамон дарак медиҳад. Ман ин фурсати муносибро истифода намуда, минатдории худро ба Ҳукумати кишвар, устодонам мерасонам, ки барои мо варзишгарон шароит муҳайё намудаанд ва моро ба мусобиқаҳо сафарбар мекунанд.
www.javonon.tj
- Шумо баъди танаффуси чорсола ба варзиш баргаштед, чаро? - Дар ин муддат ман оила барпо намуда, фарзанддор шудам. Ба тарбияи фарзанд машғул будам. Акнун, ки фарзандам каме калонтар шуд, дубора ба варзиш баргаштам. Боз сазовори медали тиллои чемпионати ҷаҳон шудам. - Баъди фарзандор шудан, оилаатон розӣ буданд, барои дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ муҳориба карданатон? - Дубора ба варзиш баргаштанам пешниҳоди шавҳарам буд. Ман пеш бо шавҳарам Далер Тураев якҷо тамрин мекардем, дар мусобиқаҳои берун аз кишвар ҳолатҳои бурду бохт тасаллодиҳандаи якдигар будем. Ба ман гуфт, ки мехоҳам ба там-
13 е-mail: javonontj@mail.ru
рин машғул шавӣ. Баъди чор соли аз тамрин канор рафШодихони НАЗАР, тан ман ба хотири саломатӣ “Ҷавонони Тоҷикистон” вориди тамрингоҳ шудам. Дар муддати чор моҳе, ки ман тамринро оғоз намудам, Чор сол қабл мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир сомонаҳои варзишӣ оид гардид. Далер маро маҷбур кард, ки дар мусобиқа иштирок кунам. ба маҳорату малакаи Иштирок намуда, сазовори ҷои як бонуи варзишгари якум шудам. Хурсандии маро ҳаду тоҷик ҳарф мезаданд. канор набуд. Ин дастовард баӮ тамринро дар назди роям мисли якумин дастоварди падар омӯхта, баъдан ба айёми кӯдакиам буд. Вақте дар чемпионати ҷаҳон бо ҳарифони толори варзишӣ қадам ботаҷриба қувваозмоӣ намудам, ниҳодааст. Баҳри амалӣ маро тарсу ноумедӣ фаро гирифт. гардондани орзуи падар Ба худ мегуфтам, ки дар чор моҳи ба набард мебаромад. тамрин чӣ гуна бо ин ҳарифон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
е-mail: javonontj@mail.ru
14
ОҒОЗ Тӯлқин Хоҷа. Ин ном дар доираи адабии тоҷик ва ҳаводорони шеъру шоирии кишвар аслан бо чопи маҷмӯаи нахустинаш «Шамолдара» (1989) шинохта шуд. Ҳарчанд шеъри аввалинаш соли 1976 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») бо номи «Шогирди модар» ба табъ расида бошад ҳам. “Ин шеъраки маро дар зодгоҳ ва ёру дӯстон хуш истиқбол карданд, вале баръакс, дар донишкада касе ба он эътибор надод. Аммо ба ҳар навъ маҳз ҳамин шеър маро байни мардум ошно гардонд”, - ба ёд меовард ӯ. Чопи «Шамолдара» аз боби мавҷудияти боз як шоири умедбахш дарак дод. Аммо ин муждаи некро воқеаҳои номатлуби солҳои 90-уми асри гузашта фурӯ бурд. Ин ном то 12 соли дигар паспарто монд. Ин номуайянӣ то соли 2001, то ба рӯи чоп омадани маҷмӯаи дуюми шеърҳои шоир бо номи «Озар» идома ёфт. Дар ин миён номи ӯ ҳамагӣ як бор, ҳини пазируфта шуданаш ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1998 мисли чароғаке милтос заду тамом… ДИДОР Яке аз рӯзҳои баҳори соли 2001 дар даҳлези маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» бо шоири маҳбуб Муҳаммад Ғоиб вохӯрдам. Пас аз пурсу поси аҳволи хонавода ва ақрабо гуфт, “Умарҷон, як кори савоб кун”. Гуфтам, “бошад”. Гуфт, “дар чопи китоби Тӯлқин Хоҷа, шоири бисёр хуби мо, ёрӣ расон. Аҳволаш вазнин аст, чанд муддат пеш ду писари нозанинаш ҳалок шуданд…” То он рӯз шоире аз ҳамсоядеҳ, аз рустои Пушинги ноҳияи Данғара Тӯлқин Хоҷаро намешинохтам. Танҳо ғоибона аз мавҷудияташ огаҳӣ доштам… Устодро бовар кунондам ва баҳри иҷрои ваъда тавассути ҳамсинфам Саид Ғоиб, шоири ширинсухан (1957-2007) дар суроғи эшон камар бастам. Ба воситаи чанд каси дигар таъйин кардам, ки мавриди муносиб шоир ба пойтахт биёянд. Бо гузашти чанд ҳафта, рӯзе марди миёнақади резапайкари офтобхӯрдае дари ҳуҷраи кориамро куфт. Худро муаррифӣ кард ва суҳбати мо ба дарозо рафт. Ниҳоят, ӯ дафтари шеърҳояшро наздам гузошт. Қисмати зиёди онро барои маҷмӯаи навбатӣ писандидем. Дар он миён се марсияи шоирро нисбат ба марги фоҷиавии писаронаш ҷо додем. Ҳини мутолиаи марсияҳои ҷигарсӯз сиришк бари рӯ ғел хӯрданд… МАНАМУ МУШТУ ДАРИ ТУ? Эй шуми замона, Ҳасану Озари ман ку? Эй гуми баҳона, Ҳасану Озари ман ку? Ҳуввас мазану ёд макун аз ватани бум, Эй ҳавлию хона, Ҳасану Озари ман ку? Гулҳои туро ман ба сарам мезанам акнун?! Эй фасли ҷавона, Ҳасану Озари ман ку?
www.javonon.tj
ЁДНОМАИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Аз рӯи ҷаҳон ному нишони ту шавад гум, Эй ному нишона, Ҳасану Озари ман ку? Аз хомушиат нест хамӯшӣ ба фиғонам, Эй санги сағона, Ҳасану Озари ман ку? Маслуб шавад зоҳиди исонафаси ту, Эй кунҷу карона, Ҳасану Озари ман ку? Бар санг зада, пора шавад кӯзаи пуштат,
Эй пуштаву ёна, Ҳасану Озари
ман ку?
Овоз маяндоз, ки овози ту гирад, Эй чангу чағона, Ҳасану Озари ман ку? Буданд ҳамин ҳозиракак ҳамраҳатон, ку, Эй шеъру тарона, Ҳасану Озари ман ку? Чашми маҳу хуршеди ту охир ба куҷо буд, Эй чархи ҳалона, Ҳасану Озари ман ку? Дар коми маҳӣ рафт магар ҷумла расулат, Эй фанду фасона, Ҳасану Озари ман ку?
данд. Ин қисса замоне рух дод, ки Тӯлқин дар гирдоби ғам уфтодаву иддае аз муғризон ӯро ҳамчун демократ айб мечаспонданд. Дувум, шароити сангини зиндагӣ, савум, фоҷиаи писаронаш, ки они воҳид бар асари расиши барқ фавтида буданд, ӯро сахт ноумед карда буд. Варо шикаст андар шикаст омад. Ин ҳама шоирро батамом ғамноку ба ҳолати рӯҳафтодагӣ гирифтор намуд. Як сухани неку дӯстонаи Муҳаммад Ғоиб, амали наҷибонаи Аскар Ҳаким ва ниҳоят чопи маҷмӯаи дувуми шеърҳои шоир дар нашриёти «Шарқи озод» бо унвони «Озар» (2001) андаке Тӯлқинро аз банди ғам вораҳонд. Дили шоири ширинадо зарраҳаке ба зиндагӣ гарм шуд. Сар аз ҳамон дидор бо Тӯлқин қарин гаштем. Ҳар бори ба пойтахт омаданаш (гоҳ бо ҳамсараш – духтари душанбегӣ, гоҳе бо дӯсташ Саид Ғоиб) сари қадам ба нашриёт меомад. Тӯлқин аз оғози соли 1979 аслан ба
Мавҷи дарё бурду рафт То ҳастаму ҳастӣ, манаму мушту дари ту, Эй зоти ягона, Ҳасану Озари ман ку?
ДИЛГАРМӢ, ҚАДРДОНҲО Барои Тӯлқин шоири шаҳир Муҳаммад Ғоиб аз ҳама қадрдонҳо буд. Қиссаи узви созмони адибони кишвар шудани ӯ низ ба Муҳаммад Ғоиб рабт дорад. Эшон аз устод Аскар Ҳаким, раиси вақти адибон, илтимос мекунад, ки бобати узвияти Тӯлқин Хоҷа меҳрубонӣ арзонӣ доранд. Раиси муҳтарам дархости шоири маҳбубро ба замин намон-
як хотир ба пойтахт меомад, ин ҳам хабаргирии аҳли байти модарарӯсаш, баъдан аз соли 1999 бо тақозои вазифа – хабарнигори телевизиони Хатлон шуданаш. Тӯлқин Хоҷа ва Саид Ғоиб, ду тан аз муаллимони забон ва адабиёти тоҷикро Муҳаммад Ғоиб, раиси вақти кумитаи радио ва телевизиони вилояти Хатлон ба сифати хабарнигори минтақаи Данғараву Балҷувон ба кор қабул кард. Тӯли 12 сол (2001-2013) дӯстони ҳамдеҳро бо ягон баҳонае ба пойтахт даъват мекардам. Бахусус, 5 июни ҳар сол, дар рӯзи мавлудам
Даргузашти Мирзошоев дар 67-солагӣ 15 декабр дили журналисти машҳур Муҳаммадҷон Мирзошоев аз тапидан боз монд. Муҳаммадҷон Мирзошоев 21 феврали соли 1948 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1967-1969 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси китобшиносӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1969-1977 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси китобдор, мудири сектори китобхона, мудири китобхонаи факултаи таърих фаъолият намудаст. Аъзои шӯрои илмии факултаи таърих буд. Дар ин давра ӯ ҳамзамон дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба сифати мусаҳҳеҳи хурд кор кардааст. Яке аз аввалин очеркҳои илмӣ-оммавиаш бо номи «Лутфулло Бузургзода» дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» (1971) чоп шудааст. Соли 1972 «Роҳнамои хонанда» ном дастуреро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣро нашр кард, ки ба мавзӯи кадр ва истифодаи китоб бахшида шудааст. Солҳои 1971-1977 дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кард. Солҳои 1977-1985 мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»)-ро бар уҳда дошт. Солҳои 1989-1991 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд дар бахши рӯзноманигорӣ таҳсил кардааст. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ қиссаи «Баҳодури Бағалак»(«Ирфон», 1980), «Лолаҳои аз хун дамида» («Ирфон», 1987), «Аз санг нола хезад» («Мориф», 1992), «Зинаҳо ва қулаҳо» (Душанбе - 2001), «Шикаст андар шикаст», (Душанбе - 2006), «Сипаҳсолори кошифони асрори ниҳон» дар бори академик Аҳрор Мухторов ба табъ расидаанд. Китобҳояш «Благодорная миссия», «От Куляба до Берлина» омодаи чопанд. Чанд намуна аз эҷодиёти адибони хориҷӣ - Валентин Распутин (Русия) Александр Шугай (Украина), Эрнест Генри (Олмон) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст. М. Мирзошоҳ аз соли 1991 то соли 2008 сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзи ватан» буд. Солҳои охири ҳаёташ ба сифати хабарнигор дар нашрияи «Минбари халқ» фаъолият мекард. Мавсуф Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1990), узви Иттифоқи нависандагон (1996) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (1993) мебошад. Бо медали 60-солагии Милисаи тоҷик ва 80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоту ифтихорномаҳо мушарраф шудааст. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги Муҳаммадҷон Мирзошоев сахт андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.
боисрор онҳоро мехондам. Саид Ғоиб то соли 2007, то замони даргузашт ва Тӯлқин Хоҷа (то соли 2013) ҳар сол дар рӯзи зодрӯзам меомаданд. Аз назари имрӯз, аз карда пушаймон нестам. Зеро суҳбатҳои дӯстона, баҳсу мунозира, базлагӯиҳо дар лавҳи хотир нақш баставу чанде аз он нишастҳо дар тасмаи видео ба рамзи ёдгор маҳфузанд. Ду тан аз дӯстони қарин, шоирони мумтоз Саид Ғоиб соли 2007 дар синни 50 ва Тӯлқин Хоҷа дар 57-солагӣ (2013) моро тарк гуфтанд. Тӯлқин чанд тан аз мардони некройро мудом ёд меовард. Нахуст аз устод Муҳаммад Ғоиб, дувум аз низомии фарҳангӣ, ҷавонмарди асил Ҷумъахон Футуров (генерал-майори хадамоти дохилӣ) ва шогирди номвараш Асадуллои Раҳмон сипосгузор буд. Аз тамоми шогирдонаш (аз соли 1979 то 2012), аз ҳама беш Асадуллоро босаводу қобил ва пештоз мешумурд ва аз пешравии ӯ бародарвор меболид. Аз ҳар бори ба пойтахт омаданаш огаҳӣ доштам (бахусус 8-9 соли охири ҳаёташ). Ҳар доим, ҳини хайрбод мегуфт, “сари қадам Асадуллоро мебинаму баъд хона меравам”. Шогирди дӯстдораш, ҷавонмарди сахопеша Асадулло дар чопи чандин маҷмӯаҳои шеърӣ, ҳини беморӣ (ҷарроҳии устод дар Қарияи Боло), рӯзи марг ва пас аз он ҳам кӯмаки хешро ба хонаводаи шоир дареғ намедошту минбаъд ҳам намедорад. ТӮЛҚИН Солҳои аввали ошноӣ рӯзе аз шоир пурсидам, “Тӯлқин ном аст ё тахаллус?” Мусоҳибам хандон шуду гуфт, “Тӯлқин номи бандаи камтарин аст. Онро қиблагоҳ муносиб донистанд. Этимологияи ин калима узбекист, маънояш мавҷ аст, мавҷи дарё ё баҳр… Худ ҳам намедонам, зиндагии пурталотум боис шуд ва ё чизи дигар, ки ба табдил ва ё дарёфти тахаллус фурсат нашуд. Баъдан имрӯз дигар ҳоҷат ба ивази он намонда. Маро аллакай бо ҳамин ном мешиносанд. Маҷмӯаҳои шеъриам бо ҳамин унвон паҳн гаштаву бо ҳамин ном маро ба созмони адибони кишвар пазируфтанд. Падару модарам узбеканд, то синфи чорум бо ин забон хондаам, аммо шоири зулисонайн наям. Бо забони узбекӣ шеър гуфта наметавонам. Танҳо бо забони Рӯдакии Хуросонӣ месароям. Ба қавли аллома Муҳаммад Иқбол: Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст, Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст”. Умари ШЕРХОН (Давом дорад)
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
... Зоњир, сарояндаи афѓон
Онро ќонун барќарор мекунад
Валекин
«Гапи бисёр – як хара …»
Ба русї – ќад, ба тољ. њаќиќат
Тухми моњї (русї)
Муши калон
Бахшиши гуноњ
Ќасри амири Бухоро
Соли нав …и нав! Бахту саодат
Додар (лањљ.)
Нависанда Садриддин …ї
Кори хаттии хонандаи мактаб
Шашу беш, бозии рўимизї
Њайвони хартумдор
Номи пешинаи ширкати Т-Сеll
Ширинї аз какао
Оташ
Сифр
Номи Давлати мардона, Саддом «ягона» Њусейн (арабї)
Шўрбо таоми чандум аст?
Љойи аз офтоб паноњ
Аз таги по то тори сар
Махлуќи сесараи афсонавї
Билл ..., президенти собиќи ИМА
Даромадгоњи хона
Њайкал барои парастиш
Анатолий, Майкл ё Абдурањмон Нахўрдану нанўшидан дар Рамазон
"Наводир-... ваќоеъ" (А. Дониш)
Тўби аз майдон беруншуда (футб.)
Чопхона
Онро бо тўр ё шаст медоранд
... Саидова, сароянда
www.javonon.tj
... Азизов, сароянда
Вобаста, доир
Асбобе, ки чўбро «мехўрад»
Муќобили лалмї
Љойи ањолинишини хурд
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
Сайди паланг Номи роњбари кушташудаи Либия
Саќичи машњури хориљї
«Њаёт» ба забони юнонї
Нигоњ кун!
Њиссаи нутќ
... Љалилов, ровии радиои «Ватан»
Зарф барои таомпазї
Баъди имрўз Само
Ишора Ќисми шарќии Авруосиё
Нидои телефонї
Забони Рими Ќадим
Шабакаи ТВ "... -Планета"
Металли ќиматбањои зард ;
Китоби аввалин
Поя, бунёд
Радио дар 103 FM
Тифл аз љинси мард
Раќиби «Газел» аз ш. Рига
Забони Эрон ва Тољикистон
Кам ба чашм аён
Каломи ѓайриманзум
Синф дар донишгоњ Љойи ќиморбозї (русї)
Асари "Мактаби ... "-и С. Айнї
Абуалї …и Сино
Маѓлубият дар шоњмот
Чорпои саворї ва боркаш
Яке аз чањор ёрони пайѓамбар (с)
Мошини зирењпўши љангї
Урф, одат
Вазорати омўзгорон
Сафед, сурх, сабз Тими варзишии њарбиён (русї)
Ѓизои кирмак барги …
Меваи маъмул
Дарду ѓам
Ѓурур
Фармонбардорї
Иттињод
Анљоми дуо
Шиновар ... и барќи обии Норак
Банди оњанин барои мошинкашї
Паррандаи шикорї
Оњан ба он мечаспад
Зарфи шаробнўшї
Мурољиат ба мардон дар Эрон
Хона барои гов
... Нозимов, овозхони маъруф
Норасої, гуноњ
Яке аз аъзо
Љоизаи синамогарони Амрико Сенбернар, чўпонї ё булдог …и саг
Аддис-..., пойтахти Эфиопия
Бурљи толеънома
Љои бензин дар мошин
Далели бегуноњї
Сафари Маккаю Мадина
Хасу …, «Курсї» алафи хушкида ба русї
е-mail: javonontj@mail.ru
Андозаи мили яроќ
15
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №50 (9424), 17 декабри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Қалами қозӣ аз қаламдон афтид. Бозорбой гуфт: - Муҳтарам қозӣ, каландатонро бардоред! Қозӣ гуфт: - Ин қалам аст, на каланд. Бозорбой: - Не, ин каланд аст, бо қалам хонаи маро вайрон карда намешуд.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
*** Зан ба шавҳараш суратро нишон дода: - Ин одамро дидӣ? - Бале. - Соати 17 ӯро аз боғчаи кӯдакон мегирӣ.
*** Зан ба шавҳар: - Мардакҷон, китоби “Чӣ тавр бояд сад сол умр дид”-ро надидӣ? - Ман онро сӯзондам. - Барои чӣ? - Модарат хонданӣ буд...
АНДАРЗ
***
Сири деҳқон
Хабарнигор аз деҳқон мепурсад, ки сири ҳосили хубу босифати ҷуворимаккааш дар чист, ки сол ба сол дар тамоми озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ғолиб меояд. Деҳқон посух медиҳад: - Ман тухми беҳтарини ҷуворимаккаро барои кишт ба ҳамсояҳоям медиҳам. - Ман аз ин кори шумо дар ҳайратам. Шумо тухми беҳтарини ҷуворимаккаро ба ҳамсояҳоятон медиҳед, аммо дар озмунҳо рақиби асосиатон онҳоянд? - мепурсад хабарнигор. Деҳқон табассум карда, чунин ҷавоб медиҳад: - Медонед, ки шамол гарди ҷуворимаккаро аз майдонҳои ҳамсояҳо ба замини ман меорад ё ин ки баръакси он. Агар сифати ҳосили ҷуворимаккаи онҳо бад шавад, таъсири он ба майдонҳои кишти ман мерасад. Яъне, ҳосили ҷуворимаккаи ман ҳам сол ба сол бад шуда меравад. Агар хоҳам, ки ҳосили ҷуворимаккаи ман ҳамасола хубу босифат шавад, пеш аз ҳама бояд ғамхор ва кӯмакрасони ҳамсояҳои худ бошам.
www.javonon.tj
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Марди хасис мағоза кушод. Писараш даромад, чашмаш ба шампун афтод. Мард дарҳол бурда мӯйи сари писарашро тарошид. Писарак гирякунон назди модараш омад. Модар гуфт: - Хайрият, ба хамираи дандоншӯӣ нигоҳ накардӣ.
***
Қаҳрамонии модар
Замоне Томас Эдисони ҷавон аз мактаб ба хона баргашта, номаеро, ки муаллима дода буд, ба модараш дод. Модар бо чашмони пурашк номаро дар назди писараш бо овози баланд хонд. “Писари шумо оқил ва нобиға аст. Ин мактаб хеле мактаби кӯчак аст ва дар ин ҷо муаллимоне, ки қобилияти ба ӯ сабақ омӯхтану таълим доданро дошта бошанд, нестанд. Хоҳишмандам, ба ӯ худатон таълим диҳед!” Аз марги модар солҳо сипарӣ гардиданд. Рӯзе Эдисон, ки он замон аллакай ҳамчун яке аз ихтироъкорони аср маъруф гардида буд, ҳангоми аз назар гузаронидани албоми суратҳо ва бойгонии қадимаи оилавӣ ин номаро пайдо
*** Зан ба хона маст меояд ва шавҳарам пай набарад гуфта, ноутбукро кушода табассум карда мешинад. Шавҳараш: - Куҷо рафтаниӣ? Ҷомадонро мон, рафта хоб кун!
кард. Ӯ номаро кушода хонд: “Писари шумо нодон ва зеҳнан ақибмонда аст. Мо дигар имкони бо дигар талабагон дар як синф таълим додани ӯро надорем. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки худатон мустақилона дар хона ба таълиму тадриси ӯ машғул шавед”. Эдисон якчанд соат фиғон бардошта гирист. Сипас дар дафтари хотироти худ ин сатрҳоро навишт: “Томас Алва Эдисон як бачаи нодон ва зеҳнан ақибмонда буд. Танҳо ба шарофати модари қаҳрамонаш ӯ яке аз нобиғаҳои машҳуру барҷастаи асри худ гардид”.
*** Далер аз падараш мепурсад: - Ота, диктатура аз демократия чӣ фарқ дорад? - Диктатура ҳамин ки ҳар ҳарфро бароят дикта мекунанд, аммо демократия ҳамон аст, ки чи хеле ки хоҳӣ, менависӣ.
*** Эҳсонро модараш ба синфи якум мебарад. Эҳсон аз мактаб бо хотири парешон меояду сумкаашро як тараф мепартояд. Модар: - Писарам, чӣ шуд ба ту? Эҳсон: - Модарҷон, гуфтед имрӯз ба мактаб меравам, тамом, лекин 11 соли дигар мехондаам-ку.
Таҳияи Ш. ЭШОНОВА
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Мард барои осон кардани корҳои ҳамсараш хизматгор овард. Зан ҳар гоҳ даъваташ мекард, омада наздаш таъзим карда меистод. Рӯзе аз шавҳараш пурсид: - Барои чӣ таъзим мекунад? Шавҳараш мегӯяд: - Инро аз Ҳиндустон овардам. Онҳо говпарастанд, азизам!
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7820 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»