javononi tojikiston/#51/2015

Page 1

 МАВЗӮИ РӮЗ

АЖРВТ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

1 е-mail: javonontj@mail.ru

№51, (9425), 24 декабри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад

 ВАРЗИШ

Издивоҷи бармаҳал пушаймонӣ меорад

Даст ба хун дил ба гуноҳ

 ҲАФТ РӮЗ 17.12.2015 Бо шинонидани “Дарахти дӯстӣ” дар боғи назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба ниҳолшинонӣ оғоз ёфт. Раиси кумита аз ҷавонон даъват кард, ки дар амалиёти мазкур ширкати фаъолона варзида, дар ободонию бунёдкорӣ ва созандагию сарсабзкунии мамлакат саҳм гузоранд.

сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ҷонибдорӣ гардид.

ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия сафар кард.

19.12.2015 Сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо доир намудани роҳпаймоии тантнавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷонибдории хешро нисбат ба Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» баён доштанд.

21.12.2015 Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои пойтахт ҷавонони ноҳия ба зарардидагони офати табиӣ дар Бадахшон (заминларзаи 7 декабр) ба миқдори 2030 сомонӣ кумакпулӣ расонданд.

18.12.2015 Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонун «Дар бораи Асосгузори

20.12.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

22.12.2015 Дар ҷумҳурӣ Рӯзи энергетикҳо таҷлил шуд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Гуфта шуд дар рушд ва пешрафти соҳаи энергетикаи кишвар саҳми хатмкунандагони донишгоҳи мазкур бағоят бузург аст. 23.12.2015 Дар Кохи “Ҷомӣ”-и пойтахт Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии “Беҳтарин оилаи ҷавон”, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати Соли оила эълон карда буд, ҷамъбаст гардид. Дар озмун оилаҳои ҷавон аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии Рашт, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва Варзоб ширкат карданд.

www.javonon.tj

Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН


2

АХБОРИ ҲАФТА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

е-mail: javonontj@mail.ru

Муваффақияти муҳассилини тоҷик дар Қазоқистон

12-14 декабри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи VII байналмилалии Авруосиёгӣ аз фанни технологияи информатсионӣ баргузор шуд.

Аксияи “Биёед, рӯзнома хонем!” дар “Корвон”

Бо ибтикори Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 17 декабри соли ҷорӣ дар бозори “Корвон”-и пойтахт аксияи “Биёед, рӯзнома хонем!” баргузор шуд. Мақсад аз гузаронидани аксия истифодаи самараноки вақтҳои холигии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба мутолиаи рӯзнома ва рӯй овардани онҳо ба матбуот мебошад. Дар аксия, ки 14 декабр дар бозори “Саховат”-и Душанбе низ доир гашт, 400 нусха рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ройгон тақсим карда шуд. Дилшод, савдогари ҷавон, баргузории аксияро саривақтӣ номида, бо хушҳолӣ зикр кард: “Ин барои мо - ҷавонон, мах-

сусан ҷавононе, ки дар бозор савдо мекунанд, бениҳоят зарур аст. Ман ба ташаббускорон миннатдорӣ баён менамоям. Хуб мешуд, ки чунин аксияҳо зиёдтар шаванду шаҳрвандон ба хондани рӯзномаҳо одат кунанд”. Қобили қайд аст, ки бо сабаби рушд ёфтани технологияҳои иттилоотӣ, васеъ гаштани имконоти дастрасии он шавқу ҳаваси аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба мутолиаи рӯзнома кам гаштааст.

Беҳрӯз Ашуров, ки як дастаро ташкил медоданд, донишу малакаи баланд нишон дода, ба гирифтани медали нуқраи олимпиада сарфароз гардиданд. Ду дастаи дигари литсей иборат аз хонандагон Нозим Сафаров (синфи 11), Манучеҳр Турсунов (синфи 10), Ибодуллои Сайфулло, Парвиз Турсунов

(ҳар ду синфи 9), Мустафо Файзов ва Азизуллои Қудратулло (ҳар ду синфи 10) ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гаштанд. Дар олимпиадаи мазкур муҳассилини 8 кишвар дар ҳайати 134 даста иборат аз 402 нафар иштирок намуданд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Саидбилол аз Корея бо медал баргашт

1-12 декабри соли равон дар шаҳри Даегуи Ҷумҳурии Корея Олимпиадаи 12-уми байналмилалии фанҳои дақиқ (IJSO-2015) миёни наврасон баргузор шуд. Дар он аз 44 давлат 251 хонанда иштирок карда, дониш ва маҳорати худро аз фанҳои физика, биология ва химия нишон доданд. Олимпиадаи мазкур хеле бонуфуз буда, дар он аз ҳар кишвар то 6 нафар хонандаи 15-сола ширкат меварзанд. Аз Тоҷикистон дар ин олимпиада хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе Саидбилол Абдуллоев, Шерзод Ҳошимов ва Иброҳим Абдураҳимов бо

роҳбарии омӯзгори фанни физикаи литсейи мазкур Зокир Абдураҳмонов иштирок намуданд. Хонандаи синфи 9-и литсейи номбурда Саидбилол Абдуллоев дониши баланд нишон дода, сазовори медали биринҷӣ гардид. Ш. Ҳошимов ва И. Абдураҳимов бошанд, соҳиби дипломҳои фахрии олимпиада гаштанд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Фатҳи “Албиони туманпӯш” аз ҷониби адибони тоҷик

Дар шаҳри Лондони Бритониё китоби нависанда ва хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон“ Толибшоҳи Давлат чоп ва муаррифӣ гардид. Асари нависандаи тоҷик “Турнаҳо дар баҳорон”, ки соли 2014 дар озмуни байналмилалии адабии “Open Eurasia and Central Asia” беҳтарин асар дониста шуда буд, тобистони соли ҷорӣ дар Лондон дар доираи фестивали кушодаи байналмилалии адабӣ нашру муаррифӣ гардид. Повести Толибшоҳи Давлат, ки бо ду забон: англисӣ (Cranes in spring) ва русӣ (Журавли по весне) нашр шуд, аз ҷониби ҳаводорони фестивал дар Лондон асари таъсирбахши реалӣ арзёбӣ гардид. “Турнаҳо дар баҳорон”-и Толибшоҳи Давлат дар бораи ҳаёти сангини муҳоҷирони тоҷик қисса мекунад. Инчунин, дар Лондон китоби намояндаи дигари Тоҷикистон, рӯзноманигор Гулсифат Шаҳидӣ – “Шаҳре, ки орзуҳо амалӣ мешаванд” низ омодаи нашр аст. Асари Шаҳидӣ соли 2016 дар намоиши китоби Лондон – “London Book Fair” муаррифӣ хоҳад гашт. Г. Шаҳидӣ барои ин асараш бо медали “Кабутари сулҳ” сарфароз гаштааст. Зимнан, гуфта мешавад, ки баҳори соли 2016 ташкилкунандагони озмуни байналмилалии “Open Eurasia and Central Asia” “Турнаҳо дар баҳорон”-и Толибшоҳи Давлатро дар Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд кард.

www.javonon.tj

Дар он тибқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе се дастаи хонандагон дар ҳайати 9 нафар ширкат варзиданд. Хонандагони синфи нуҳуми литсей дар ҳайати Фарҳоди Фармон, Фирдавс Сатторов ва

25 нафар соҳиби ихтисоси идоракунии давлатӣ гардиданд

19 декабр дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ ба муносибати хатми магистрантҳо чорабинии тантанавӣ доир гардид. Лутфия Абдулхолиқзода, ректори донишкада, зикр кард, ки хизмати давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраҳои нооромии кишвар ва мавҷудияти мушкилоти фаровон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон ба вуҷуд омада, марҳила ба марҳила рушд ёфт. Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” бори аввал 13 ноябри соли 1998 қабул шуда, вобаста ба рушди хизмати давлатӣ масъалаи бисёр муҳим - тарбияи насли ҷавон ё тарбияи наслҳои хизмати давлатӣ ба миён омад. Сипас, октябри соли 2002 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматичиёни давлатӣ таъсис ёфт. Аввалин курсҳои он соли 2004 оғоз ёфта, то имрӯз зиёда аз 15 ҳазор хизматчии давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос ва баъдан дар Донишкадаи идоракунии давлати назди Президент ихтисоси худро такмил додаанд. Соли 2009 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Федератсияи Олмон магистратураи донишкада таъсис ёфт. Дар давоми панҷ соли фаъолият 365 нафар хизматчии давлатӣ соҳиби дипломи хатми магистратураи донишкада гардиданд, ки 128 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.

Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президент зикр кард, ки ташаккули ҳайати кадрии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кадрии ҳар як давлат мансуб мегардад. Иқтидори кадрӣ ва кадрҳо сармояи миллии ҳар кишвар аст. “Таърих борҳо собит кардааст, ки сармояи кадрӣ аз тамоми захираҳои давлатӣ арзишмандтар аст... Барои амалӣ гардидани муҳимтарин ҳадафҳои хизмати давлатии мамлакат ва татбиқи усулҳои идоракунии пешқадами ҷаҳонӣ, дар пайвастагии суннатҳои миллӣ, ки ҷавобгӯ ба шароити иқтисоди бозорӣ ва дастовардҳои илму техникаи илми муосир бошанд, мо ба кадрҳои баландихтисос ва дорои дониши муосири идоракунӣ ниёз дорем”, - афзуд Ҷумъа Давлатов. Дар фарҷом ба 65 нафар хатмкунандаи магистратура дипломи дараҷаи магистрӣ бо ихтисоси идоракунии давлатӣ супорида шуд. Ҳамчунин, ба як қатор устодон ва хатмкунандагони фаъол барои меҳнати пурсамарашон аз тарафи раёсати донишкада ифтихорномаҳо тақдим гашт. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


КОНФРОНС

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Гузориш аз Конфронси ҷумҳуриявии “Иштироки ҷавонон ва донишҷӯён дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ” 18-19 декабр бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» доир гардид.

пешниҳод шуд. 19 декабр ҷавонони минтақаҳои кишвар дар атрофи Осорхонаи таъриху кишваршиносии “Бибихонум”-и шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз 300 бех ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида, аз осорхонаи мазкур дидан карданд. Онҳо ҳамчунин дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши театрӣ тамошо карданд. Ёдовар мешавем, ки чунин конфронс давоми сол дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ ва Рашт низ доир гашта буданд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар он беш аз 300 нафар донишҷӯёну ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуданд. Ҳакимзода Қурбон, муовини раиси вилояти Хатлон, қайд намуд, дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 70 дарсади аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Дар вилояти Хатлон 114 нафар ҷавон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардида, инчунин, 87 донишҷӯе, ки дар донишгоҳҳои давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил доранд, то ҳол ба Ватан баргардонида нашудаанд. Ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон ташвишовар буда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи 731 нафар ҷавон 1206 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146 ҷиноят зиёд мебошад. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мавзӯи “Таҳдидҳои замони муосир ва иштироки ҷавонон дар бартарафсозии онҳо” маърӯза намуд. Қайд гардид, ки оқибати шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ ноумедӣ, маъюсӣ, ғаму андуҳи наздикон, дар ниҳояти кор ҷавобгарии ҷиноятӣ ва марг аст. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки дар баробари ҷиҳатҳои мусбат оқибати манфӣ низ дорад, ҳар шахс бояд соҳибкасб, босавод, донандаи хуби техника ва технологияи ҷадид, кордон, бофарҳанг, хирадманд, ахлоқан солим буда, дар симо ва ҷавҳари худ арзишҳои волои маънавии ҳам миллӣ ва ҳам умумибашариро фаро гирифта тавонад. Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни суханронӣ гуфт, ки “Имрӯз роҳбарияти давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дорад. Имконияти беҳтарини фаҳмидани

дӯст боварӣ кардан ба ӯст. Имрӯз ки Роҳбари давлат ба шумо ҷавонон бовар намудааст, бояд ақли солимро кор фармуда, якҷоя шуда, Ватанро боз ҳам зеботару ободтар гардонем”. Яке аз омилҳои нигаронкунанда дар кишвар рӯ ба афзоиш будани сатҳи ҷинояткорӣ мебошад, ки солҳои охир дар байни ҷавонон зиёд гардида истодааст. Муовини вазири корҳои дохилӣ, генералмайёри милитсия Солеҳзода Искандар зикр кард, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҷавонон 5184 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 436 ҳолат нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Пас аз анҷоми конфронс иштирокчиён таассуроташонро баён намуданд. Сафармоҳ Ҳамидова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Сарбанд қайд намуд, ки “Дар бораи дастовардҳои ҷавонон хеле таассуроти аниқ бардоштам. Инчунин огаҳ гардидам, ки терроризму экстремизм чи гуна хатар ба ҷомеа дорад. Чунин чорабиниҳо ҷавононро ба рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ҳидоят менамояд. Дар баробари ин, аз ҳар гуна корҳои ғайриқонунӣ боз медорад. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ надоштани дониши лозимӣ ва дур буданашон аз худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Барои пешгирӣ намудани ин вабои аср дар мактабҳо чунин семинару конференсияҳо гузаронидан лозим. Онҳо фаҳманд, ки ин корҳо чи зарару дорад”. Идибек Шарипов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа гуфт: “Мо - ҷавонон бояд ба қадри ободиву пешрафти кишвар бирасем. Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ дохил мешаванд, на дониши динӣ доранду на дунявӣ. Бо ҳамин сабаб онҳоро ба осонӣ гурӯҳҳои террористӣ ба доми худ мекашанд. Мо ҷавононро зарур аст, ки донишҳои заруриро аз худ намуда, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нагардем”. Иштирокчиён аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи Авесто ва Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дидан намуданд. Пас аз он барои шиносоӣ аз шароити афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ равона гардиданд. Дар раванди шиносоӣ бо шароити зисту зиндагии афсарону сарбозони қисмҳои низомии 07017-и Вазорати мудофиа ва қисми низомии 9828 Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирокчиёни конфронс ба сарбозон тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Баҳри фароғати иштирокчиён барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ”

е-mail: javonontj@mail.ru

Ҷинояткории ҷавонон афзудааст

3


www.javonon.tj

е-mail: javonontj@mail.ru

4

МАВЗӮИ РӮЗ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Манзумаи ФИРӮЗ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Сокини ноҳияи Рашт Шаҳзода Ибодова, дар 17-солагӣ оила бунёд кард. Баъди ҷудо шудани волидон бо падар зистан хост. Шаҳзода баъди дубора оиладор шудани падар дар хонаи хоҳари бузурги модараш дар шаҳр таҳсилашро идома дода, онро хатм кард. Холааш тасмим гирифт, ки ӯро соҳибмаълумот намуда, баъдан оиладор кунад, то дар зиндагӣ шикаст нахӯрад. Вале духтар ба суханони падар гӯш дода, аз баҳри таҳсил гузашт. Дар як муддати кӯтоҳ Шаҳзодаро моиндар ба шавҳар дод. Дар хонаи шавҳар ҳамеша зери шиканҷа қарор гирифт ва бо сабаби хеле ҷавону бетаҷриба будан ҳамеша гапшунави модарарӯс ва хоҳарарӯсонаш мегардад. Зиндагии сангини ӯ касеро нороҳат намекард. Шавҳараш ба муҳоҷират рафта буд ва суханони бофтаи модарро дар бораи келинаш, ки тариқи телефон хабар медод бовар намуда, бо ҳамсараш хуб муносибат намекард. Шаҳзодаи ҷавон ба чунин тарзи зиндагӣ тоб наоварда, ба Душанбе, ба хонаи холааш меояд ва баъди чанд рӯз бо заҳмат тифл ба дунё морад. Имрӯз аз хонаводаи шавҳар касе ба аёдаташ намеояд ва хеле мутаассиф аст, ки наздикони ӯ побанди хурофот буда, аз ояндаи фарзандонашон андеша намекунанд. Дар масъалаи никоҳи барвақтӣ ва маҷбуран оиладор намудани духтарон борҳо гуфтаем. Вале ин мушкил то ҳол дар кишвар ҷой дорад. Гарчанде синни издивоҷ дар асоси қонунгузории кишвар аз 18-солагӣ муқаррар шудааст, вале оилаҳое ҳастанд, ки фарзандони худро дар синну соли хурдтар оиладор мекунанд. Аз ҷумла, духтарони тоҷик то ҳол гирифтори чунин хоҳишҳои волидон мешаванд. Тавре мушоҳида мешавад, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар то ҳол ҳолатҳои

маҷбурӣ ва барвақт оиладор намудани фарзандон анъана шудааст ва аз оқибати амали худ касе андеша намекунад. Баъзан волидон худ қонуншиканӣ мекунанду духтаронро бармаҳал оиладор мекунанд. Дар сурати нақзи қонун бошад, волидайн тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима хоҳанд шуд ва ё то 5 сол ба маҳкама кашида мешаванд. Волидон дар минтақаҳои дурдаст мекӯшанд, ки зудтар духтари худро оиладор намоянд ва садди роҳи таҳсили онҳо низ мешаванд. Чунки мардуми ин минтақаҳо чунин меандешанд, ки духтарони таҳсилдида

оилаи каме доротар розигии худро медиҳанд. “Ба назар чунин мерасад, ки модарон низ ба духтарони худ боварии комил надоранд. Чунин амалро аксаран волидоне анҷом медиҳанд, ки худ таҳсилдида нестанд ва оила бунёд кардан барои онҳо танҳо орзуву ҳавас аст”, - афзуд Ахмедова. Аммо Шаҳзода ба он назар аст, ки оиладории бармаҳал духтаронро ҳам аз таҳсил маҳрум мекунад ва ҳам аз зиндагии ширин дилсард мегардонад. Ҳамсубатамон имрӯз ангушти пушаймонӣ мегазад, ки чаро сухани холаашро напазируфт ва таҳсилашро идома надод.

муваққатан истифода мебаранд ва ҳар моле, ки дар вақти тӯй духтар мебарад, баргардонда намедиҳанд”. Умеда Ахмедова, ҷомеашинос, бар он аст, ки аксари ҷавонон духтарони синни 17-18-ро интихоб мекунанд ва синну соли бузургтарро “пирдухтар” гуфта, қабул надоранд. Яъне ҷавонон фикр мекунанд, ки духтарони то синни 17-18-ро тарбия кардан осон аст, вале онҳо ба мушкилоти зиндагӣ тоб оварда наметавонанд ва дурандеш нестанд. Вақте духтар таҳсилдида бошад, метавонад зиндагии обод ва осуда бунёд кунад. Тавре маълум аст, издивоҷи

даанд ба мушкилоти равониву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор мегарданд. Волидони муҳтарам бояд садди роҳи таҳсили фарзандон, аз ҷумла духтарон нагарданд ва кӯшиш бикунанд ба онҳо савод ва илм омӯзанд. Агар зан дар зиндагӣ босавод бошад, ҳатман фарзанди ӯ босавод ба воя мерасад. Ҳамакнун андеша бикунанд, ки издивоҷи барвақт фарзанди онҳоро дар зиндагӣ паршикаста намуда, дубора бол кушодани онҳо шояд амри маҳол бошад. Вале ба гуфтаи таҳлилгарон модарон ё падароне, ки садди роҳи таҳсил мегарданд ва фарзандашонро

пирдухтар мешаванду хостгори кам доранд. Зарина Кенҷаева, равоншиноси Ташкилоти “Боварӣ ба фардо”, мегӯяд, ба ташкилоти онҳо аз моҳи августи соли гузашта то августи соли равон 1140 шикоят ворид шуда, инчунин, зиёда аз 2 ҳазор машварат гузаронида шудааст. Синну соли ҷабрдидагон асосан 17-18-сола аст, мегӯяд равоншинос. Кенҷаева шиква аз он мекунад, ки бештар шикоятҳо ба коргоҳи онҳо аз ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Ӯ бо нигаронӣ зикр кард: “Дар ноҳияи Файзобод оиладор шудани ҷавонписарон бо духтарони хеле ҷавон ва раво дидани таҷовуз нисбат ба онҳо зиёд мушоҳида мешавад. Бисёрзанӣ ва истифода бурдани духтарон ва талоқ додани онҳо баъди зиндагии кӯтоҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ бештар аст. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ягон ҷавонписар нест, ки бо пинҳониву рустӣ чанд зан нагирифта бошад. Духтарону занон ба дараҷае дар зиндагӣ ранҷ кашидаанд, ки қасди худкушӣ ё нест кардани худро доранд”. Таҳлилгарон низ мегӯянд духтароне, ки бармаҳал издивоҷ мекунанд, саводи кофӣ надоранд ва маърифати ҳуқуқии онҳо низ хеле паст аст. Ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо дар хонаводаи шавҳар дучори хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ мегарданд. Умеда Ахмедова, ҷомеашинос, сабаби асосии издивоҷ ё никоҳи барвақтиро то имрӯз пойбанд ба урфу одат ва анъанаҳои қадима будани мардум медонад. Дар ҳамин замина тадқиқоти иҷтимоие низ гузаронидаанд. Дар натиҷа маълум гардидааст, ки бештари волидонро таҳсили духтарон ва синну соли онҳо нигарон накарда, балки бо хостгории

Ӯ, ки акнун ба синни 18 қадам ниҳодааст, чӣ гуна метавонад фарзанди худро ба воя бирасонад. “Агар ақли имрӯзаро медоштам, ҳеҷ гоҳ оиладор намешудам. Бояд дар ҳамин синну сол оилаи солим бунёд мекардам, вале афсӯс дар ҷавонӣ “бева” мондам, ки хеле аламовар аст”. Имрӯз мебинем ҷавонон ба оиладорӣ хеле хунукназарона муносибат мекунанд ва зиндагиро барои худ мисли бозичае сохтаанд, ки ҳар вақте хоҳанд талоқи ҳамсар медиҳанд ва ҳамсари ҷавон хостгор мешаванд. Хонум Зарина бо ҳайрат мегӯяд, бештари духтароне, ки аз шавҳар ҷудо мешаванд, 17-18-солаанд ва ҳамсаронашон 28-29сола. Ин духтарон ҳамсарони дуюми онҳо мешаванд ва ҷавонписарон кӯшиш мекунанд, ки баъди пош хӯрдани оилаи худ ба духтарони ҷавон оиладор шаванд. Дар аввал волидони чунин ҷавонон ба хонаводаи духтар ваъдаҳои зиёд медиҳанд, вале баъди издивоҷ онҳоро зери таънаю маломат ва шиканҷа қарор медиҳанд. Дар натиҷа гӯё бадқасдона бошад, баъди зиндагии 40-рӯза онҳоро аз хона берун мекунанд. “Гӯё волидони писарон таҷриба мегузаронанд, ки бо тақдири духтарони ноболиғу ҷавон ҷабр кунанд. Яъне духтаронр о

бармаҳал ба саломатии духтарон низ зарари зиёд дорад, ки метавонад сабаби дар оянда ба худкушӣ даст задани онҳо гардад. Наргис Лачкарова, духтури амрози занона, гуфт, ки хавфи фавтидани духтарони ҷавон дар вақти таваллуд зиёд аст. Инчунин ин духтарон наметавонанд тифли солим ба дунё оранд. Инчунин заноне, ки бармаҳал издивоҷ намудаанд ва хонавайрон шу-

маҷбуран ва бармаҳал хонадор мекунанд, пушаймон мешаванд. Чун таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин оилаҳо зиёд умр намебинанд ва дар муддати кӯтоҳ пош мехӯранд.

Издивоҷи бармаҳал пушаймонӣ меорад


ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Аз ҳодисаи мудҳишу нангини қатли 141 наврас ва ҷароҳати 120 нафари дигар дар яке аз мактабҳои артиши Покистон дар шаҳри Пешовар, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву террорист ба амал омада буд, як сол сипарӣ гашт. Он замон гурӯҳе иборат аз 10 нафар аъзои ашадии созмони террористии “Толибон” ба мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карда, кӯдакони 9-14-соларо ваҳшиёна куштанд. Асари ин аъмоли ношоиста, дарду алами талафоти ҷонҳои ҷавон дар лавҳи хотири ҳазорҳо одамон абадӣ боқӣ монд. Он кирдори мудҳишу ғамнок, ғамбору пурпеч ва фоҷиаангезу разилонае, ки ифротиён анҷом доданд, ҷаҳонро ба ларзиш оварда буд.

Худи ҳамон вақт аъмоли номардонаи ҷангиёни ба ном исломии “Толибон”-ро кулли башарият маҳкум кард. Кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи маргбор ба мактаби мутааллиқ ба артиши Покистонро сарзаниш

Масалан, Р. Н.-ро (соли таваллудаш 1987, соҳиби се фарзанд) суди марҳилаи аввал барои он гунаҳкор донистааст, ки бо маслиҳати пешакӣ бо нафароне, ки ақидаҳои ифротии гурӯҳи терористии “Давлати Исломии Ироқу Шом”-ро ҷонибдорӣ ме-

Пешоварро “разилона” номида буд. Дар суханони аҳли башар нисбат ба ин фоҷиа нафрат садо медод. Ин ваҳшоният аз ҷониби қуввае сар зад, ки даъвои хилофат ва мусулмонӣ мекарданд, аммо дар асл аз ислом дур буданд. Мусулмонон дар ҳама давру замон бар суннату

Рустам РАҲИМОВ

Даст ба хун дил ба гуноҳ

Ё дар хусуси аъмоли зишти ҷавонони гумроҳе, ки бо паҳни ақидаҳои ифротии ДИИШ машғул буданд ва дар доираи қонун ҳукми ҷазо гирифтанд. намуданд, ҳамроҳ шуда, худ низ ба ҷалби шаҳрвандони дигари кишвар машғул гашта, онҳоро барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ дар Сурия даъват намудааст. Мавриди зикр аст, ки бародари номбурда дар Сурия қарор дошта, барои ҳарчӣ бештар ба дом афтондани шаҳрвандон бо ӯ робитаву ҳамкорӣ доштааст. Ӯ аллакай ба он муваффақ гаштааст, ки як оиларо ба доми фиреб афканда, ба майдони ҷанг сафарбар намояд. Барои омода намудани шиносномаи хориҷӣ ва роҳкиро ба онҳо ёрӣ расонда, тавассути роҳи ДушанбеҶиргатол-Ош-Туркия-Сурия онҳоро фиристодааст. Он оила алҳол дар Сурия қарор дорад. Шикояти кассатсионии ҳимоятгари ин маҳкумшуда аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе бетағйир мононда шуд. Номбурда тибқи талаботи моддаи 4011 Кодекси ҷиноӣ бо назардошти тамоми ҳолатҳои хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Кирдори Ҳ. И. соли таваллудаш 1990 низ хеле пасту нангин аст. Ӯ дар сомонаҳои “Одноклассники”

видеороликҳои мазмуни динидошта ва баромадҳои “Гурӯҳи 24”-ро, ки хусусияти ифротию зиддидавлатӣ доштанд, тамошо намуда, зери таъсиру афсуни манфии наворҳо монда, дар дил бадбинию нафрат ва хоҳиши пайвастан ба гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротӣ пайдо намудааст. Ӯ тамоми наворҳои гурӯҳи номбурда ва видеоҳои мазмуни динидоштаро дар фиттаҳо сабт карда, ба онҳо номҳои “Клипҳои исломӣ №3” ва “Сурудҳои исломӣ №4” ном мондааст. Ин фиттаҳоро назди масҷиди маҳаллаи худ бурда, ба 6 нафар фурӯхтааст, ки баъди огаҳӣ ёфтан аз мазмуни ин наворҳо ин нафарон фиттаҳоро ба мақомоти қудратӣ бурда супурдаанд. Вале ин замон Ҳ. И. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, 94 адад чунин фиттаҳои зидди сохти конститусионӣ ва ифротиро, бо нархи 1 сомониву 20 дирам ба соҳиби яке аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ фурӯхтааст, ки ӯ низ аз мазмуни он бехабар онҳоро бо нархи 3 сомонӣ ба муштариён фурӯхтааст. Боқимондаи 26 адад фиттаро аз дӯкони ӯ ёфта мусодира намудаанд. Суди марҳилаи якум Ҳ. И.-ро

бо моддаи 307, қисми 2, банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста, ба муҳлат 10 сол аз озодӣ маҳрум ва ҷазо дар колонияҳои низомаш сахт таъин кардааст. Шикояти кассатсионии ҳимоятгар аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе беқаноат гузошта шудааст. Маҳкумшудаи дигар Ф.М. хеле ҷавон, соли таваллудаш 1996 буда, зери таъсири наворҳои сомонаи “Одноклассники” дар бораи гурӯҳи ифротии “ДИИШ”, ки аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон гурӯҳи экстремистӣ эълон шудааст, маълумот пайдо намуда, тавассути телефони мобилӣ ба сомонаи “Вайбер” пайваст шуда, ба дӯстонаш наворҳои ифротии гурӯҳи мазкурро интиқол намудааст. Ӯ ҳамчунин дар ин сомона бо Б.Ҷ. робита намуда, барои дар задухурдҳои Сурия ширкат намудан маслиҳат кардааст. Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ф. М.-ро бо моддаи 307 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ба муҳлати 3 сол, Б. Ҷ.-ро бо қисми 2-и ҳамин мода ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум намудааст. Касе гумон намекард, бахусус волидайн ва ё устодони ин

ҷавононе, ки ин ин қадар орзуи умед ва боварию эътимод нисбат ба онҳо доштанд, рӯзе онҳоро ҷигарбандон ва ё дастпарваронашонро дар курсии маҳкумшудагон, махсусан бо ҷурми бисёр нангину ғайриинсонӣ – пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ мебинанд. Имрӯз ҳар шаҳрванд ва ҳар инсоне, ки бо чунин афрод дучор меояд, бояд бетарафӣ зоҳир накунад. Зеро ин ҷавонон худ гумроҳу бе ақидаи солиманду боз чандин нафарони дигарро пайи худ мебаранд. Онҳо ба амнияту оромии Ватан хатар доранд. Пешгирии онҳо аз ин аъмол зишт аз ҷониби ҳамватанон саҳм гузоштан дар суботу оромии дохилу хориҷ аст. Имрӯз ҳар волидайн бояд бидонад, ки рафтору кирдори фарзандон назорати ҷиддӣ мехоҳад. Махсусан огоҳӣ ёфтан аз дӯстону ҳамсуҳбатони онҳо дар шабакаҳои интернетӣ ва кӯча зери назари ҷиддии волидайн бояд бошад. Бепарвоӣ дар вазъи кунунӣ натиҷаҳои баду фоҷиабор дорад. Алишо ҚУРБОНИЁН, муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе

www.javonon.tj

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе дар се моҳи гузашта се парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикоятҳои кассатсионии ҳимоятгарон баррасӣ кард. Маҳкумшудагон дар давоми соли ҷорӣ бо ҳар роҳу восита даст ба аъмоли хавфноку зишт задаанд. Онҳо бо таблиғу ташвиқи маводи гурӯҳи ифротии ДИИШ машғул ва бо намояндаҳои он дар алоқа шуда, чанд нафарро хостанд ба ин кӯ баранд. Бадбахтона, ба ин кор ва мақсадҳои нопокашон то андозае муваффақ ҳам гаштанд. Агар муҳит нисбат ба аъмоли чунин нафарон бетараф намебуд, ба мақомоти дахлдор сари вақт хабар медод, рафтори ин нафарон барвақттар пешгирӣ мешуд.

карда буданд. Тоҷикистон низ аз аввалинҳо шуда ин ҳамлаи ваҳшиёнаро маҳкум кард. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин бора низ гуфта буд, ки “куштани кӯдакони бегуноҳ, мухолифи фармудаҳои ислом аст”. Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамла ба мактаби

сирати пайғамбари хеш қадам мебардоштанд, бо ғайри мусулмон ва аҳли ақоид ва мазҳаби дигар бо сафою муҳаббат рафтор мекарданд. Вале қатлу куштори кӯдакони бегуноҳ аз дасти созмони ба ном исломӣ ҳузнангезтар аст. Зеро мусулмон кӯдаки ноболиғи мусулмони хешро ваҳшиёна ба қатл расонд. Мусулмонон ҳамдигарро чӣ аз қавми бегона ва чӣ худӣ ҳамаро чун бародари худ меҳисобанд, аммо ҷангиёни хунхори “Толибон”, ки даъвои ислом мекунанд, аз дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ фарсахҳо дуранд. Созмони исломтарош кӯдакони бегуноҳро ба қатл расонд, ки дар ҳаёти инсонӣ чунин воқеаи мудҳиш кам ба назар мерасад. Ифротиён меҳру муҳаббат ва рафтору кирдори некро нисбат ба наврасон раво надиданд. Дини муқаддаси ислом тарафдори сулҳу субот аст, вале рафтори ғайрибашари “Толибон” аз доираи ислом ва инсоният берун буд. Баъзан рафтор ва иштибоҳи нобахшидании гурӯҳе одамро ба ҳолате меорад, ки дар як мижа задан дунё пеши чашм чаппаву роста мешавад ва на чуноне менамояд, ки лаҳзае пештар - матлубу маъқул метофт. Маҳз амалиёти роҳандозӣ намудаи “Толибон” дунёро дар назари аксарият торик кард. Чунки созмони ифротие бо истифода аз номи ислом дили наврасонро бидарид, танҳои кӯдаконро оғуштаи хун кард. Он рӯзи шум, “Толибон”-и палид, бо гирудори хунин, бетартибона, зери фишори мудҳиши бераҳмона наврасонро ба қатл расониданд. Кореро, ки исломситезон карданд, ягон дарандаи хунхору хунташна карда наметавонист. Қувваҳои ифротӣ ба мисли аъмоли “Толибон” барои мансабу манзалат ҳар коре мекунанд ва боиси бадбахтии халқҳо гашта, фаъолияти хиёнаткоронаи онҳо дар хотираҳо ҳамчун созмонҳои иртиҷоиву ифротӣ боқӣ мемонад.

е-mail: javonontj@mail.ru

Ёде аз ҳалокати бегуноҳон

5


е-mail: javonontj@mail.ru

6

МИНБАРИ АНДЕША

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”

Шахс рӯзи дароз давутоз намуда, идеяҳои наву гуногун эҷод менамояд, беохир меҳнат мекунаду оҳистаоҳиста мадораш кам, сараш вазнин, нигоҳаш беифода, милкҳояш варам ва асабӣ мешавад. Яқин ӯ хаста шудааст. Барои рафъи ин хастагӣ чӣ бояд кард? Бале! Инро ҳама медонем. Истироҳат бояд намуд. Дар моддаи 37-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароити дигар таъмин карда мешавад”. Истироҳат чист? Барои нафаре истироҳат ҳамон дароз кашида хобидан асту барои дигаре сайру саёҳат ва тамошо. Суоле ба миён меояд, ки истироҳат чист ва оё қоидаи хосае вуҷуд дорад, ки ба тамоми одамон мувофиқ бошад ё ба ҳар ҳол истироҳат маҳз аз сайру гашту тамошо бояд иборат бошад? Мо медонем, ки навъҳои фаъолияти одамон ва тарзи ҳаёти онҳо гуногунанд. Моро мебояд аниқ намоем, ки кадом навъи фаъолият моро бештар хаста мекунад ва кадоме баръакс ба мо нерӯ мебахшад. Ба қавле истироҳат муваққатан иваз кардани тарзи фаъолияти одамон аст. Нафаре дар бӯстонсарои худ паноҳ бурда, бо ин усул истироҳат менамояд, дуюмӣ аз кишварҳои гарм берун шудан намехоҳад, сеюмӣ дар вақти холиаш ба ягон намуди санъат рӯ меорад. Масалан, ҳамсуҳбати мо Мубориз, корманди яке аз ширкатҳои дорусозӣ, мегӯяд, аз сафарҳои тӯлонӣ ва дур хаста мешавад ва бо сабаби он ки дар ҷои кор аксар вақт нишаставу кам ҳаракат мекунад, аспсавори-

ро беҳтарин истироҳат меҳисобад. “Дар ҳавои тозаи берун аз шаҳр аспсаворӣ кардан ба кас нерӯ бахшида, кас баъди чунин машғулият худро бардаму ҳушёр ва солим ҳис мекунад. Дар миёни алафзор роҳ рафтан низ қалбҳоро таскин мебахшад”, - хулоса мекунад сухани худро Мубориз. Мафҳуми истироҳатро ҳар кас ҳар навъ шарҳ медиҳад. Суоли дигарамон ба ҳамсуҳбати чунин буд:

ба чашми ӯ бо рангу ҷилои тоза ҷилва мекунад. Агар шумо хастагии равонӣ эҳсос менамоед, сари он андеша кунед, ки шуморо мебояд, ба кинотеатр, саёҳат ва ё тарабхонаву боғҳои истироҳатӣ равед. Мулоқот бо дӯстони дерин низ шуморо аз хастагии равонӣ озод менамояд. Барои истироҳат ҳатман вақт пайдо намудан лозим. Дар акси ҳол зиндагӣ якрангу дилгиркунанда ва бемаънӣ гашта, дар он барои шуғли

созии камбудиҳо сипарӣ мешавад ва бисёр иттифоқ меафтад, ки корҳои вазнину мураккаб, аз қабили таъмири хонаву харидории мебел, шустани дару тиреза ва корҳои ба ҳамин монандро ба рӯзҳои истироҳат ва ё рухсатии меҳнатиамон мавқуф мегузорем. Аз ин бармеояд, ки рухсатии мо на барои истироҳат, балки барои кор аст. Суоле ба миён меояд, ки чаро чунин аст ва истироҳат аз чӣ

рӯзҳои истироҳат ҳатман бояд аз вазъу шароити рӯзҳои корӣ ба куллӣ тафовут дошта бошанд. Дар ин рӯзҳо ягон чиз бояд рӯзи кориро ба хотир наорад. Истироҳат бояд бо ҳузуру ҳаловат гузарад. Ана, ҳамин мафҳуми ҳузуру ҳаловатро ҳама ба ҳар навъ мефаҳманд. Барои баъзеҳо дар рӯзҳои истироҳат дароз кашидану хобидан ва гӯш кардани мусиқӣ табъи дил асту барои дигаре ҳатман ба сайру саёҳат

иборат аст ва чаро одамон чи гуна истироҳат карданро намедонанд? Таҳлилҳои коршиносон собит месозад, ки рӯзҳои истироҳатиро ба нақша гирифта тавонистан ва самаранок гузаронидан меросӣ нест ва он мисли одатҳои дигари инсонӣ аз насл ба насл намегузарад. Ин қобилиятест, ки дар одамон аз хурдсолӣ шакл мегираду сипас вобаста ба шароиту вазъият ва муҳит ташаккул меёбад. Он дар ҳар як нафар ба шаклҳои гуногун зуҳур мекунад. Дар баъзе оилаҳо рӯзҳои истироҳатиро пурра бо кор мегузаронанд ва аз ин қаноатманд низ ҳастанд. Яке аз қоидаҳои асосии истироҳат ин аст, ки шароити

баромадан, сеюмӣ бошад, китобхониву тамошои телевизор ва тамошои филмҳои ҷолибро беҳтарин истироҳат меҳисобад. Барои истироҳат кардани баъзеҳо каме хобидан кифоя аст. Рухсатӣ ин давраест, ки дар он бояд ҳам тан ва ҳам руҳу ҷон истироҳат кунад. Ҳамин тавр, шахс дар як сол ёздаҳ моҳ кор мекунаду танҳо як моҳ истироҳат, ки онро як соли пурра интизорӣ мекашад. Вале агар шумо аз ҳад зиёд дилбохтаи кори худ ҳастеду ҳар рӯзи кориатон мисли рӯзи ид хотирмону фархунда мегузарад, пас, барои шумо истироҳат лозим нест. Аммо бо вуҷуди ин ҳам барои ҳар шахс, ҳатто барои онҳое, ки кори худро беҳад дӯст медоранд, низ истироҳат кардан ногузир аст, зеро шахс ҳамеша ба истироҳат ниёз дорад. Чӣ гуна ва дар кадом муҳиту бо киҳо гузаронидани рӯзҳои истироҳату рухсатӣ барои ҳар яки мо аҳамияти зиёд дорад. Чунки хотираҳои ҷолибтарин хотираҳои рӯзҳои истироҳат ва давраи рухсатӣ мебошанд. Пас, маълум мешавад, ки истироҳат низ як навъи фаъолият аст, танҳо фаъолияти таскинбахш. Бешубҳа, баъди истироҳати бофароғат ва боҳузуру ҳаловат рӯзҳои корӣ низ босамар ва бобарор хоҳанд буд. Аз ин рӯ, агар хоҳед, ки аз кори худ қаноатманд бошед, истироҳати худро сермаҳсул ва хотирмон гузаронед.

Истироҳат чист: вақти холӣ ё як навъи фаъолият? Шумо аз чӣ ва ё аз кӣ истироҳат кардан мехоҳед? Донишҷӯи донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шаҳрбону Саъдиева ба ин суол чунин посух дод: - Коре, ки табъи дил нест, ба кас хастагии дучанд меорад ва ё дурӣ аз ҳамсуҳбати номуносиб ва рафиқи баднияту ғаразнок низ истироҳат аст… Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки агар шумо ҷисман хаста шудаед, аз наздикони худ хоҳиш кунед, то як қисми уҳдадориҳоро якҷоя бо шумо иҷро намоянд, шумо бошед, дар ин муддат каме хоб кунед. Хоб ин табиби беҳтарин аст ва баъди хоб кас худро бардаму болидаруҳ эҳсос мекунад ва дунё

дӯстдошта ва шахсони наздик ҷой намемонад. Истироҳат як қисми ҷудонопазири ҳаёти ҳар шахс буда, талабот ба он мисли талабот ба ғизо, об ва ё хоб аст. Аммо на ҳар шахс аз моҳияти истироҳат кардану истифодаи самараноки вақт огаҳии хуб дорад. Аксари одамон реҷаи кори ҷиддӣ доранду барои истироҳат қариб вақт пайдо намекунанд. Ҳолатҳое низ зиёд ба назар мерасад, ки шахс дар рӯзҳои истироҳат бештар аз рӯзҳои корӣ хаста мешавад. Ин хастагӣ аз хастагии кори якҳафтаина бештар аст. Аксар вақт рӯзҳои истироҳати мо бо кору бори хона ва бартараф-

www.javonon.tj

Дод, аз он ки фасли хлопушка расид... Ҳар сол дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ садоҳои ваҳмангези дилгиркунандаи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) зиёд ба гӯш мерасад, ки ба ҳолати рӯҳии ҷомеа зарар мерасонад. Садои гӯшхарош на танҳо сокинонро нороҳат мекунанд, балки ба ҷисму ҷони инсон низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Кӯдакони ноболиғ бо исрори зиёд аз волидонашон хоҳиш мекунанд, ки барои онҳо пул диҳанд, то онҳо маводи пиротехникӣ (хлопушка ва салют) бихаранд.

Барои пешгирии хариду фурӯши ғайриқонунии маводи пириотехникӣ Вазорати корҳои дохилӣ бо дигар мақомоти кишвар дар арафаи таҷлили Соли нав фаъолияташонро пурзӯр мегардонанд, то сокинони кишвар Соли навро ором ҷашн бигиранд. Дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат аз 7 апрели соли 1997 истифодаи маводи пиротехникӣ дар қаламрави кишвар манъ шудааст. Мувофиқи қонуни мазкур барои касоне, ки ба интиқол, хариду фурӯш ва истифодаи чунин мавод машғуланд, ҷазо пешбинӣ шудааст. Вале то имрӯз фурӯши маводи пиротехникӣ ба назар мерасад. Сокинони кишвар ҳамасола аз истифодаи чунин модаҳои зарарнок изҳори нигаронӣ менамояд. Онҳо исрор менамоянд, ки фурӯши ин гуна мавод зери назора-

ти ҷиддӣ гирифта нашудааст ва барои нест кардани онҳо корҳои зиёдро бояд анҷом дод. Вале насли наврас аз истифодаи чунин мавод бисёр шоданд. Чӣ онҳоро маҷбур месозад, ки аз ин чизҳое, ки ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад, истифода баранд? Равоншиносон ба чунин хулоса омадаанд, ки барои наврасон садоҳо ва нурҳои ҷилобахши маводи пиротехникӣ писанд аст ва барои ҳамин шавқу ҳаваси кӯдакон ба чунин моддаҳо бештар аст. Солҳои охир ҳодисаҳое мушоҳида мешаванд, ки аз истифодаи маводи тарканда сару рӯи кӯдакон осеб дида, ҳатто чашмонашон нобино гаштааст. Бешубҳа, аз маводи пиротехникӣ танҳо ба фурӯшандагону истеҳсолкунандагони чинӣ фоида мерасаду халос. Пас чӣ лозим

маблағро сарфи ашёи барои одамон ва муҳит зарарнок кардан? Хусусан дар шароити буҳрони молиявӣ... Бахтовар АМИНЗОДА, “ҶТ”


КИТОБИЁТ

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси рушди маърифати оиладорӣ ва пешгирии вайроншавии оилаҳо сухан ронда, чунин таъкид намудаанд: “Ҳар як фарди соҳибмаърифат бояд тамоми нерӯ ва заковати хешро барои солимии ҷомеа ва оила сафарбар кунад ва дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзанда гузорад”.

хутбаро тӯтивор дар ҳузури домоду хешовандонаш мехонад, самарабахштар хоҳад буд. Дар боби дуюми китоб, ки “Андешаҳои пурдард” ном дорад, Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба мавзӯҳои “сарчашмаи ноустувории оилаҳои ҷавон” ва то чӣ андоза ба бардоштани бори масъулияти оиладорӣ омода будани онҳо таваҷҷуҳ намудааст. Муаллиф барҳақ таъкид кардааст, ки бояд маърифати хушдоманҳо ҳам баланд бардошта шавад: “Хушдоман бояд тарзе рафтор кунад, ки наварӯс дар симои ӯ танҳо хушдоманро не, балки модарро низ бубинад ва агар зарур бошад, беибою беистиҳола ба вай муроҷиат карда тавонад. Мутаассифона, дар шароити кунунӣ зуд-зуд мешунавем, ки хусуру хушдоманҳо ба келини худ аз рӯйи саҳар дер ё барвақт хестанаш, субҳу шом ҳавлиро чӣ гуна рӯбучин карданаш, барояшон оби таҳорат додану надоданаш баҳо медиҳанд. Гӯё,

Муаллиф дар бобати бо айби хонаводаи домод дар нимароҳ мондани гуларӯсакон сухан ронда, ақидаи хешро чунин баён кардааст: “Зан вақти ба хонаи шавҳар омадан духтар буд ва арзиши баланди маънавӣ дошт. Акнун зан шуд ва арзиши маънавиаш паст гардид”. Яъне, агар бе ягон сабаби ҷиддӣ домод арӯсро пеш карда бошад, бояд ҷуброни пастшавии арзиши маънавии ӯро бипардозад. - Дар рух додани ҳамин гуна воқеаҳо ман бештар аз ҳама падаронро айбдор медонам, - навиштааст муаллиф. – Зеро вазифаи падаронаи онҳост, ки писарони худро ба ин лаҳзаҳои зиндагӣ омода созанд. Баъд модарони онҳоро айбдор мешуморам. Зеро онҳо дар фикри келинакони навроҳаи худ нашудаанд, баъзе нозукиҳоро модарвор ба онҳо нафаҳмондаанд, шавҳарҳояшонро водор накардаанд, ки писарони худро ба чунин ҳолату вазъиятҳо омода созанд.

диққати хонандаро ба як паҳлӯи муҳими оиладорӣ – дахолати дигарон ба зиндагии навхонадорон ҷалб намуда, навиштааст: “Кам нестанд ҳолатҳое, ки на танҳо падару модари домод ва хоҳарони ӯ, балки бародару додаронаш низ худро дар болои арӯс хӯҷаин мешуморанд ва талаб мекунанд, ки таъмини хӯрок, шустани сару либоси онҳоро низ аз ҷӯроби пою либоси таг то тоқии сар янгаашон ба ҷо орад. Дар ҳолати андаке таъхир арӯсаки маъсум ҳам аз ҷониби хушдоману шавҳар ва ҳам аз хоҳарону бародарони шавҳараш қабеҳтарин суханонро мешунавад ва ҳатто лату кӯб мебинад. Дар ин ҳолатҳо арӯсакро кӣ бояд ҳимоя кунад? Дар китоб қисмати махсусе барои арӯсону ҷавонзанон ҷудо карда шудааст. Муаллиф ҳамчун шахси рӯзгордида ба бонувон баҳри гарм нигоҳ доштани муҳити оила чанд маслиҳати муфид додааст. - Дар оилае, ки тинҷию

ки келин не, фарзанд не, хизматгор ё каниз оварда бошанд”. Ҳасан Юсуфи Файзбахш ба як паҳлӯи муҳими хонадоршавӣ “куфв” (баробарӣ, монандӣ) таваҷҷуҳ намуда дуруст қайд кардааст: “Хонадоршавии писари камбағалу камҳунар ба духтари сарватманд оқибати хуб надорад. Вай дар муддати кӯтоҳ пеши зан ва хешони ӯ забонкӯтоҳу сарпаст мешавад ва ба хизматгор табдил ёфта, беқадру қимат мегардад. Ҳатто фарзандон ба ӯ нописандӣ карда, дар бисёр маврид аз вай ҳазар менамоянд. Бинобар ин “ҳар кас пояшро мувофиқ ба кӯрпааш дароз кунад”.

Дар ин ҷо модарони арӯсакон низ он қадар “мусичаҳои бегуноҳ” нестанд. Бояд онҳо духтарҳояшонро пеш аз ба хонаи шавҳар гуселонидан, ҷисману рӯҳан омода мекарданд ва талқин менамуданд, ки дар хонадони шавҳар наздиктарин шахс ва асоситарин роздону розшунав ин ҳамсар ва хушдоман мебошанд. Дар ин китоб панду насиҳатҳои муфид барои пешгирии ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ баён шудааст. Масалан, дар саҳифаи 23 омадааст: “Гапчинӣ (суханчинӣ) кардан, ҳар майда-чуйда ва сирри хонаи шавҳарро ба хонаи худ бурдан, ё ба ҳамсояю шиносҳо гуфтан бадтарин камбудии зан аст. Ин чиз яке аз асосҳои ҷанҷолҳои оилавӣ мебошад... Бузургтарин мероси насли имрӯза ба насли оянда, бахшиданро омӯзондан аст”. Муаллиф аз падари марҳумаш Юсуф Расулов насиҳатеро бо ин мазмун ёдрас намудааст: “Ҳар рӯз як арӯси нав гиред”. Яъне зани худро чунон меҳрубон бошед, чунон навозиш кунед, чунон нигоҳубин намоед, ки дар симои вай ҳар рӯз як наварӯсро бубинед”. Аксарият, махсусан деҳотиён арӯси худро аз ҳафтаҳои аввали наварӯсиашон, дераш баъди баромадани чил, новобаста аз гармою сармо аллакай ба молбонӣ, тозакунии оғил, таппаккунӣ, ҷамъоварии ҳезум, даравгарӣ, пахтачинӣ, побели замин, ҷӯйборканӣ ва ғайра мефиристанд. Вай дар муддати кӯтоҳ аз гуларӯсӣ ба як ҷӯлидазан табдил меёбад. Дардовартар боз он аст, ки наварӯсон дар тамоми давраи ҳомилагии хеш низ ҳамин гуна корҳоро иҷро мекунанд. Ҳасан Юсуфи Файзбахш

осоиштагӣ ва меҳру муҳаббат ҳукмфармо бошад, лаби нони хушк ва пиёлаи оби хунук ҳам чун қанду асал мешавад ва дар тану ҷон ош мегардад. Вале, агар чунин набошад, истеъмоли беҳтарин неъматҳо, пӯшидани волотарин либосҳо ва зиндагӣ дар боҳашаматтарин кушку қасрҳо ба кас ҳузуру ҳаловат намебахшад, навиштааст муаллиф. Боби чоруми китоб “Гуфтугӯйи мардона” ном дорад. Муаллиф бо мисолҳои соддаву оммафаҳм ҷавононро ба андеша водор намуда, ҳуқуқи занушавҳариро ёдовар шудааст. Таъкид намудааст, ки мардро ҷавҳари ҷавонмардӣ, бовиқор будан, расидан ба қадри заҳматҳои зан ҳусн мебахшад. Намоишномаи театрии “Хушунат”, ки дар қисмати охири китоб омадааст, ба мавзӯи зӯроварии хонаводагӣ бахшида шудааст. Муаллиф ҳодисаҳои воқеии замонро хеле таъсирбахш баён намудааст. Китоби “Роҳи пурпечи оила” дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ чоп шудааст. Ба китоби мазкур Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Маркази исломии ҷумҳурӣ тақриз навишта, мутолиаи онро барои ҷавонон муҳим ва фоидабахш арзёбӣ кардаанд. Дар китоб баъзе ғалатҳои техникӣ ба монанди “Н. Низӣ” (саҳ.37), “мувоффақият” (саҳ.41), “мутакою...” (саҳ.46), “тарвоза” (49), “хушомат” (52) роҳ ёфтааст. Ҳамчунин, дар мисраи “Дар пайронаи зиндагӣ, шахси батадбир шавед”, калимаи “шахси” зиёдатӣ омадааст. Хуб мешуд, ки дар нашрҳои минбаъда ин ғалатҳо ислоҳ шаванд.

Дастури муфид барои навхонадорон

Домулло ҳамчунин ба арӯс фаҳмонад, ки: - вай бонуи хонаи шавҳар, нигоҳдорандаи гармӣ ва рӯшноии он хонадон мешавад; - ба истифодаи ҷиҳоз ва дороии хонаи шавҳар баробари худи ӯ ҳаққу ҳуқуқ дорад, вале ҳақ надорад, ки ба он ҷиҳоз ва дороӣ, инчунин номуси шавҳар хиёнат кунад; - вазифаю рисолати муқаддаси ӯ тарбияи фарзандони солиму худотарс ва хушахлоқу ватанпарвар аст... Ин пешниҳод хеле муфид ва саривақтӣ буда, аз он маросими никоҳи анъанавӣ, ки никоҳкунанда

www.javonon.tj

Нашриёти “Адабиёти бачагона” чанде пеш бахшида ба Соли оила китоби нависанда ва рӯзноманигори хушсалиқа Ҳасан Юсуфи Файзбахшро зери унвони “Роҳи пурпечи оила. Суҳбат бо ҷавонон” аз чоп баровард. Китоби мазкур дар хусуси омилҳои асосии пойдоргардонии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи фарзандон, нақши омӯзгор, аҳли илму маърифат ва ходимони дин дар устуворгардонии оилаҳо маълумот медиҳад. Муаллиф солиёни зиёд дар Барномаи Рушди СММ ва чандин ташкилоти байналмилалӣ фаъолият намуда, дар мавзӯи пешгирии хушунати хонаводагӣ ва одоби оиладорӣ чандин чорабиниҳо гузаронидааст. Ӯ дар сарсухани китоб дар ин хусус навиштааст: - Маҳз ҳамон солҳо дарк карда будам, ки хушунати оилавӣ, махсусан ба занҳо ва наварӯсон, эътироф накардан ва поймолкунии ҳуқуқҳои онҳо надонистани оддитарин муносибатҳои оиладорӣ, худписандию мағрурии ҷавонписарон яке аз сабабҳои асосии зуд-зуд вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад”. Дар боби аввали китоб, ки “Никоҳи мусулмонӣ” унвон дорад, муаллиф хотираҳояшро аз суҳбат бо исломшинос Тоҳир Рашидов инъикос намудааст. Ӯ тавсия медиҳад, ки мувофиқи қоидаҳои шариат қабл аз бастани ақди никоҳ риоя ва таъмин намудани матлабҳои зерин муфид аст: - Домуллои никоҳкунанда бояд пеш аз ҳама маънидод кунад, ки никоҳ, яъне шартномаи байни домоду арӯс дар партави оёти Қуръон ва ҳадиси Расули Акрам (с)

баста мешавад. Муҳлаташ тамоми умр аст. Ӯ ба хонадоршавандагон талқин кунад, ки: - ҳангоми рӯзгордорӣ адолати фармудаи шариатро риоя намоянд; - эҳтироми волидайн ва наздикони ҳамдигарро ба ҷо оранд; - бори зиндагиро ҳамеша бо маслиҳати ҳамдигар бикашанд; - дар муносибатҳои оиладорӣ низоми адл ва ҳуқуқҳои ҳамдигарро эҳтиром ва риоя намоянд. Домулло бояд бо таври боварибахш эҳсосоти масъулиятшиносии домодро бедор намуда, ба ӯ талқин намояд, ки: - вай барои худ зан мегирад, на хизматгор; - занаш барои волидайни ӯ фарзанд хоҳад буд, на канизу чӯрӣ; - Ҷавон ҳақ надорад, ки зани худро таҳқир кунад, дашном диҳад, ба иззати нафсаш бирасад, шаънашро паст занад, ҷабру зулм ва хушунат намояд.

7 е-mail: javonontj@mail.ru

Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

8

МАВҚЕЪ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», дар асл эътирофкунӣ ва қонунигардонии хости дил, азм, ирода ва ормонҳои мардум аст. Бе ҳамин ҳам мардум Президенти муҳтараму муаззами худро бо тамоми эҳсосот ва муҳаббат аз сидқи дил дар ҳама суҳбату вохӯриҳо, ҷамъомаду маҷлисҳо «Пешвои миллат», «Доҳии миллат», «Сарвари миллат», «Подшоҳи давлат», «Падари миллат», «Исмоили сонӣ» гуфта ном мебаранд, бо истифодаи ҳамин вожаю ибораҳо шеъру достонҳо мегӯянд. Онҳо ҳақанд, зеро Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон бе муболиға пешвои воқеии халқу миллат аст. Ин қонун ба зоти худ бисёр нодир аст, то андозае, ки бовар дорам, дар таърихи халқи тоҷик бо оби тилло навишта хоҳад шуд. Аз ин хотир, ҳам дар аслу ҳам дар маҷоз ман онро «Қонуни тиллоӣ» меномам. Ман марди рӯзгордидаам ва кору шуғлам ба воқеаҳои таърихӣ бастагиҳои зиёд дорад. Дар осорҳои қадимии таърихӣ хеле кам вохӯрдаам, ки роҳбаре мисли пешвои мо барои халқу миллат ва Ватани хеш ин қадар сарсупурдагӣ карда бошад. Агар дар ҷое вохӯрдаам, ҳамааш қиссаҳои асотирианд. Ман бо аҳли оилаам, ба қавле, дар дили ҷанги шаҳрвандӣ будам ва воқеаҳои ба сари халқу кишвар омада, алалхусус даҳшатҳои шаҳри Қӯрғонтеппаю ноҳияҳои атрофи онро на аз рӯйи шуни-

Қонуникунии азму иродаи мардум даю хондаҳо медонам. Он замон дар Кумитаи иҷроияи шаҳр вакили мардумӣ будам. Бинобар ин, рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бисёр хуб дар ёд дорам. Медонам, ки бештари соҳибмансабон ҳам дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва ҳам ҷумҳурӣ аз вазифаҳои худ даст мекашиданд. Медонам, ки кам одамон ҷуръат мекарданду вазифаҳои давлатиро қабул намуда, дар бари Эмомалӣ Раҳмон меистоданд. Аз мардуми деҳот шояд, кам одамон дарду ҷабри кашидаи гурезаҳоро дар хоки Афғонистон мисли Талбак Садриддинови шаҳритӯсию Аҳлиддин Авғонови қубодиёнӣ бидонанду эҳсос кунанд, албатта баъд аз худи гурезаҳо. Вақте, ки ман бо ин ду нафар чун як фарди одӣ ҳамсуҳбат шудам, онҳо бисёр чизҳоеро гуфтанд, ки танҳо донистанианд, на гуфтанию нигоштанӣ. Аммо суханҳои гуфтанию нигоштании ин ду пирамарди шинохтаи ҷумҳуриро меорам. Онҳо бо камоли масъулият иброз дошта буданд, ки аввал бо башорати Худованд, баъд таввасути сарсупурдагӣ ва ҷонфидоии Раиси Шӯрои Олии ҳамонвақта Эмомалӣ Раҳмон бозгашту ба ҳайёти осоишта машғулшавии гурезаҳо, бо силоҳ, вале бе ҷанг ба Ватан баргаштани бисёр ҷанговарон имконпазир гардид. Ҷасорат, мардонагӣ, самимият, устувории ин мард бисёр нафарони яроқбадастро маҷбур кард, ки ба ӯ бовар кунанд. Бовар бошад, таҳкурсии асосии ҳама гуна иқдомҳост. Дар ёдам ҳаст мазмуни Муроҷиатномаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба гурезаҳо нигаронида буд: «Ба Ватан баргардед, шуморо хонаю даратон,

Шоҳи одил – Пешвои миллат

www.javonon.tj

Шукри Яздони пок мегӯем, ки зери нури Истиқлолият бисту чор сол инҷониб мо - мардуми тоҷик орому осуда зиндагӣ дорем. Агарчанде ин фурсати начандон тӯлонӣ бошад ҳам, миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти роҳбарии оқилонаю одилонаи фарзанди банангу номус ва ватандӯсти худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои хеле зиёдро соҳиб гардид.

Ин марди шариф замоне ба сари давлат омад, ки шаҳру деҳаҳо вайрону валангор, мардум сарсону саргардон гардида, Тоҷикистони тозаистиқлоли моро хавфи аз харитаи ҷаҳон нестшавӣ таҳдид мекард. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат, тимсоли барҷастаи мардонагӣ, далерӣ, шуҷоатмандию инсондӯстӣ буда, дар таърихи башарият инсонест, ки мисоли камназири бо роҳи мусолиҳаи миллӣ бартараф кардани ҷанги даҳшатбори дохилиро ба ҷаҳониён нишон дод. Агар дар охирҳои асри нуздаҳ устод Садриддин Айнӣ

бо теғи ҷонбахшои қалам миллати азиятдидаи тоҷикро аз вартаи ноумедӣ наҷот дода бошад, таърих ин рисолаташро дар замони имрӯза ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид. Қабули қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба мақоми ифтихории Пешвои миллат сарфароз гардидани фарзанди фарзонаи миллат – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иқдомест бузургу қобили қабул. Ин чун як рӯйдоди таърихӣ дар вазъияте рух дод, ки дар Ватани маҳбуби мо ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шу-

дааст. Аслан Сарвари давлат кайҳо боз дар байни мардум ҳамчун асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пазируфта шуда буд. Имрӯз хизматҳои шоистаи ин марди наҷиб, шоҳи одил дар пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ, пулу роҳҳо, нақбҳо, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидаанд, инчунин сохтани муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва ғайра назаррасанд. Мо омӯзгорон, маорифчиёни кишвар ба мақоми Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарфароз гардидани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, баҳри рушди соҳаи маориф, таълиму тарбияи насли наврас талоши бештар мевазем. Арафамоҳ КЕНҶАЕВА, омӯзгори мактаби №72, шаҳри Душанбе, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон


МАВҚЕЪ

Бале, ёддоштҳоям хеле зиёданд. Аз ҷумла рӯзҳоеро ёд дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба гарав гузошту барои озодкунии лочинҳои асирафтодаи Қазоқистону Русия ба Афғонистон рафт. Мо ҳамдиёрони ӯ бошем, дар Ватан мисли мурғони посӯхта будем ва кори асосиамон танҳо дуо ва тоату ибодат буд, ки сиҳату саломат баргардад. Вақте, ки ӯ бо гаравгонҳо баргашт, ашки шодӣ рехтем. Шахсан ману ҳамсарам бо вуҷуди хеле маҳдуд будани имкониятамон аз хурсандӣ палов пухта, фарзандону ақрабонро зиёфат додем.

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда, шаҳри Қӯрғонтеппа

Пешвои арзандаи миллат

Агар дар охирҳои асри нуздаҳ ва аввалҳои асри бист устод Садриддин Айни бо теғи ҷонбахшои қалам миллати моро аз вартаи ҳалокат раҳонида бошанд, ин рисолаташро таърих бори дигар дар симои сиёсатмадори варзидаи олам, эъморгари сулҳу ваҳдат ва Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор намуд.

Ин навбат Эмомалӣ Раҳмон миллатро бо теғи ҷонбахшои қалам не, бо ақлу заковати инсонӣ, сиёсати хирадмандона ва муҳаббати ватандӯстонаашон дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки дар вартаи ҳалокат қарор дошт, наҷот бахшиданд. Ба назди мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе силоҳ ва бе сипоҳ қаҳрамонии Рустами достонро дар таърихи башар такрор намудан буд, ки ба ин ҷасорат на балки тоҷикон балки ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дод. Аз ин рӯ, дар расидан ба сулҳу субот ва хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои беназиру таърихиро анҷом доданд. Бо суръати кайҳонӣ пешрафту ободии кишвар ва созандагии ватани азизамон Тоҷикистон аз ташаббусу роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, пешрафту созандагии Тоҷикистон аз ҷониби беҳтарин сиёсатмадорони ҷаҳон баҳогузорӣ шуд. Президенти Федератсияи Руссия Валадимир Путин дар баромади худ, дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки “Тоҷикистон дар ҳолати рушд ва тараққӣ” қарор дорад. Ҳанӯз 3000 сол пеш Суқрот таъкид

намуда буд, ки “Пешрафту тараққиёти ҳар миллату давлат аз роҳбари аввали он вобастагӣ дорад”. Мо ҷавонони даврони истиқлолият ин гуфтаи Суқротро дар амал бо чашми сарамон дидем ва шоҳиди он шудем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифр давлатдориро оғоз намуда, моро ба созандагию рӯзҳои нек расониданд. Ёдовар мешавем, иқдомҳои беназири роҳбари хирадманди миллат, аз қабили ҷашн гирифтани 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам, партавафшон намудани баландтарин парчам дар шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланду олӣ баргузор намудани ҷаласаҳои сарони давлатҳо шаҳомати давлатдориамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Месазад Эмомалӣ Раҳмонро беҳтарин муаррифгари давлат ва миллати куҳанбунёдамон арзёбӣ кунем. Иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба Пешвои миллат эълон доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми таърихӣ ва саривақтӣ буд, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва аз ҷумла мо ҷавононро рӯҳбаланду хурсанд намуд. Муслиҳиддин НУРЗОД, унвонҷӯи ДМТ

Ӯ баҳри мо омадааст

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ӯ тоҷи Сомонӣ ба сар, аз миллати озодааст. Айниву Турсунзодаро унвони олӣ додааст.

Бо ҷумлаи халқи ҷаҳон, бо душманонаш ҳамчунон, Ин Раҳбари олии мо оғӯши худ бикшодааст. То миллати фархундааш бар ваҳдати комил расад, Дасту гиребон рӯ ба рӯ бо марги худ истодааст. То файзи раббонӣ шавад, шодиву арзонӣ шавад, Канда ба нохун кӯҳро, Фарҳоди модарзодааст. То хонадони тоҷикон, пурнур аз Роғун шавад, Хатҳои ноқил дар вуҷуд, омода дар ҳар ҷодааст.

Эмомалӣ Раҳмони мо, ин Рустами дастони мо, Баҳри наҷоти миллаташ ҷон рӯи каф бинҳодааст. Бо нақди ҷон, ҷон дар бадан, ҳифзаш намояд марду зан, Ин тӯҳфа аз арши барин дар байни мо афтодааст. Кафро ба каф кӯбида мо раъйе ба ин сарвар диҳем, Ӯ раҳнамои беназир, умре ба кор омадааст. Ҷалолиддин НУРОВ, мудири шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Подшаҳ сояи Худост!

Ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» Ин подшаҳ, ки бар сари мо сояи Худост, Бе ҳеҷ пешбиниву лоиҳа пешвост.

Мо чашмсер миллати хушдину мазҳабем, Дар ҳикмати гузаштаи мо нафс аждаҳост.

Тоҷик ҳаст миллати фарзона аз азал, Таърихи мо ба чашми ҳақиқатнигар гувост.

Мо, ки кашидаем азоби гурезагӣ, Ҳар заррае зи хоки Ватан баҳри мо тилост.

Мо давлати ягона, ки воҳид ба Ваҳдатем, Бо сулҳи хушнамунаи мо даҳр ошност.

Дарҳои мо, ки чун дари дил бози баста аст, Пӯшида баҳри душману бар рӯи дӯст вост.

Аз ростӣ, ки раҳбарамонро Худо расонд, Ду дидамон кушод ба як рӯи роҳи рост.

Аз решаи дарахти куҳан қад кашидаем, Наврӯидему навдаи мо пур зи муғчаҳост.

Аз пешпои пойи чапи хуфта огаҳем, Бедоргашта мардуми мо даст бар дуост.

Аз таҳти дил, ки ин ғазал омад, қасида нест, Зеро ки қадри миллату давлат зи қадри мост.

Сарҷамъ лашкарему пароканда нестем, Дар хуни мо нуҳуфта равон ори ориёст.

Моро, ки яктану дилу ҷонем, як сар аст, Он сар, ки пеш-пеши ҳама халқ Пешвост.

Фарҳанги оби тозаи мо бахшадаш ҳаёт, Аз ҷанги нафту газ, ки ҷаҳон рӯякаш сиёст.

Шодӣ Ҳасани ШАРИФНИЁ, шаҳри Хуҷанд

www.javonon.tj

Камина солҳои мадид бо сохторҳои тоҷикистонии СММ ҳамкорӣ доштам. Хуб медонам, ки маҳз тавассути роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ сулҳу субот устувор гардид, ҳизббозию тафриқаандозӣ барҳам хурд ва шаъну шуҳрати давлату кишвар ба сатҳи ҷаҳонӣ баромад, то андозае ки кишвари мо масъалаҳои глобалии сатҳи ҷаҳониро ба миён гузошт. Дар баробари ин, Сарвари кишвар дар минбари СММ на танҳо чандин маротиба бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ, балки дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфузи байналминалии ҷаҳон раисӣ кард. Илова бар ин, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро СММ чун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ эътироф кард ва барои истифода ба дигар кишварҳои нотинҷу ноором тавсия дод. Ҳамааш натиҷаи он буд, ки сарвари тоҷикон ба ҷавонии худ нигоҳ накарда тавонист пеши роҳи онҳоеро, ки якпорчагии Ватан, ба ҳам будани тамоми қавму миллатҳо барояшон ягон арзиш надошт, бигирад, ҷонибҳои муқобилро ба ҳам орад ва бовар кунонд, ки хунро бо хун намешӯянд. Алорағми душманони дохилию хориҷӣ мушкилиҳои кишварро барҳам зад, Ватанро аз вартаи нобудшавӣ раҳонд, ваҳдати миллиро таъмин кард. Бале, ӯ тавонист, зеро ҳам бо дӯсту ҳам бо душман эҳтиром дошт, ҳарчи мегуфту мекард, самимӣ буд, аз мағзи қалб, аз ҷойи ҷон

буд, бо амри виҷдон буду ба хотири Ватан. Ӯ тавонист, зеро бузург буд, неруманд буд, дурандеш буд ва ба халқаш бовар мекарду ба ӯ такя менамуд. Зеро ӯро Худо фиристода буд, барои наҷоти ин халқ, ин Ватан. Аз рӯйи баҳои нисбӣ ва аз рӯйи он ки мо ҷангзада шудему давлатдориро қариб ки аз сифр оғоз кардем, дастовардҳои Тоҷикистон бузург аст. Алалхусус, дар соҳаи сиёсати дохилию хориҷӣ, дар масъалаҳои демократикунонии ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, баландбардории ҳувият ва худшиносии миллӣ, эҳсосӣ ватандорию ватанпарастӣ, ободонию шаҳрсозӣ, рушди фарҳангу санъати миллӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ, ёдбуди бузургони миллат, озодии виҷдон, бунёди роҳу нақбҳо ва нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, қабули барномаҳои рушди минтақаҳо дастовардҳо назаррасанд. Вале барои дидану дарки онҳо танҳо чашми сар кам аст, онҳоро боз бо чашми дил ва инсоф дидан лозим. Се дастовардеро ёдрас мешавам, ки на он қадар ба чашм намоёнанд, вале воқеан бузургу муҳиманд ва умед аст, ки боз ҳам бузургтару муҳимтар хоҳанд шуд. 1. Баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд. Оё инкишофи ҷомеаи имрӯзаро бе ширкати зан тасаввур карда мешавад? Оё тарбияи бояду шояди фарзандони Ватан - ояндагони ин халқу миллатро бе иштироки фаъолона ва бевоситаи волидайн тасаввур кардан имкон дорад? Оё Тоҷикистон узвияти Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи занро худ аз худ шарафёр гаштааст ва соли 2015 беҳуда Соли оила эълон шудааст? Не, албатта. 2. Сол ба сол бештар такя кардан ба ҷавонон, ки созандагони воқеии оянда ҳастанд. Ҳаёти имрӯзу фардои ҷомеа бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввурнопазир аст. 3. Шояд, ки нафаре тамасхур кунад. Вале, ҳақиқат он аст, ки ҳатто то ибтидои даҳсолаи дуюми асри равон аксар роҳбарон аз шунидани ибораи «Ташкилоти ғайриҳукуматӣ» ҳазар карда, новобаста ба хориҷӣ ё ватанӣ буданашон ба онҳо бо чашми шубҳа менигаристанд. Ҳоло бошад, сохторҳои ғайриҳукуматӣ шарикони боэътимоди давлату ҳукумат дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи иқтисодии кишвар ҳастанд. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи сиёсати дуруст, дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои кишвар, натиҷаи шабзиндадориҳо ва заҳматҳои пайгиронаю собитқадамонаашон мебошад. Бинобар ин, ман чун як фарди рӯзгордида аз он ки Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат дониста шуд, беҳад шодам. Зеро мантиқан, Ҷаноби олӣ ба пешвоӣ ниёз надоранд. Ба пешвоии ӯ ман ва мо, халқ ва миллат, давлат ва кишвар ниёзмандем.

9 е-mail: javonontj@mail.ru

ҳамдиёронатон интизоранд. Мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Аммо як бурда нон, як пиёла обе, ки дорем, бо ҳам мебинем». Дар ҷамъомаде низ иброз дошта буд: «То он замоне, ки як гуреза берун аз хоки Ватан мемонад, ман ором намешавам». Сухани таърихӣ, сухани тиллоӣ, сухани тақдирсозаш аз минбари иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ низ ба ёдам ҳаст: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

10

 СОҲИБКАСБ

 ТАШАББУС

Тарроҳӣ зебоӣ мебахшад!

Сабринаи Хурсандой аз замони донишҷӯӣ дар чандин озмунҳои тарроҳӣ ширкат ва либосҳои омоданамудаашро муаррифӣ карда, соҳиби мукофот шудааст. Аз ҷумла соли 2013 дар озмуни “Ихтироъгарони ҷавон” сазовори ҷои аввал гардидааст. Дар озмуни “Дастони моҳир” ва озмуни телевизионии “Тарроҳ-2014”, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои беҳтарин, тарғиби ҳунару ҳунармандӣ, завқи баланди зебопарастӣ, арзишҳои волои фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ бо ташаббуси ТВ “Сафина” баргузор гардид, иштирок намуда, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

www.javonon.tj

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Тарроҳи ҷавон Сабринаи Хурсандой дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли ҷорӣ бо дипломи сурх хатм намуд. Ӯ дар баробари машғулиятҳои донишгоҳӣ ба духтани либосҳои миллӣ машғул мегардид ва бо тахайюлоти хеш либосҳои миллиро дар шаклу намуди тоза тарроҳӣ намуда, пешкаши дӯстдорони ин ҳунари мардумӣ менамуд. Аз хӯрдӣ ба духтани либосҳои кӯдакона машғул буд ва меҳри ҳунари дузандагӣ рӯз то рӯз дар қалбаш бештар ҷо гардида, баҳри ба орзуҳои худ расидан, доим кӯшиш мекард. Аввалин чизе, ки духтааст, куртае буд дар айёми кӯдакӣ баҳри лухтакаш, ки онро қадами аввалин дар ҷодаи мазкур меҳисобад. – Бояд ҳар тарроҳ сабур бошад, то тамоми нозукиҳои ин касбро ба хубӣ иҷро намояд. Инчунин, дар кори худ ҷиддӣ ва нисбат ба худ серталаб будан яке аз талаботҳои соҳаи тарроҳист, зеро тарроҳӣ зебоӣ мебахшад. Чун ба тарроҳӣ машғул ҳастам, мекӯшам, то либосҳои ба мизоҷон дӯхтаамро мувофиқи дили онҳо дӯзам, - мегӯяд Сабрина. Ба андешаи ӯ ҳар шахс пеш аз ба коре андармон шудан, бояд ба худ боварӣ дошта бошад, набояд ки сарсарӣ ба он даст занад. “Тарроҳӣ бояд барои мардум бошад. Вақте мардум ба хубӣ ҳунари моро эътироф мекунанд, аллакай маълум аст, ки ин ҳунар на танҳо барои мо, балки барои дигарон низ лозим аст”. Ӯ дар озмунҳо беш аз 30 намуд либосҳои бо тарҳи нав омоданамудаи худро пешкаш намудааст, ки аз ҷониби доварон баҳои баланд гирифт. Дар ҷодаи мазкур устоди худ модарашро меҳисобад. То ҳол садҳо намуди либосҳоро бо тарҳҳои нав ба нав офаридааст, ки аз ҷониби ҳаводорони ин олами зебоӣ нағз қабул гардида, айни ҳол бошад, ба тайёр намудани тарҳҳои нави либосҳои дорои нақшу нигори миллӣ машғул буда, дар баробари ин аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Яке аз дастовардҳои ӯ дар ҷодаи тарроҳӣ омода намудани либоси миллии варзишӣ аст. “То ҳол дар Тоҷикистон тарроҳеро надидаам, ки либоси миллии варзишӣ дӯхта бошад. Чизи наве ки пешкаш намудам,

ана, ҳамин чиз, яъне либоси махсуси варзишӣ мебошад, ки ифодагари анъанаҳои миллист. Чун бештар кишвари моро дар ҷаҳон варзишгарон муаррифӣ менамоянд, ба ин хотир ин намуд либосро тарроҳӣ намуда, омода намудам, ки вақте як варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок менамояд, бояд муаррифӣ накарда, аз ҳамон либосаш шиносанд, ки ӯ намояндаи миллати тоҷик аст. Аз ин рӯ, ман ба ин намуди либос бештар таваҷҷуҳ дорам”, - афзуд Сабрина. Ӯ хушҳол аст, ки ба ин мақсади худ расидааст. Чунки як ҷавондухтари варзишгари тоҷик, ки дар намуди варзиши каратэ тамрин менамояд, бо либоси варзишии дӯхтаи ӯ дар як мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар Олмон баргузор гардида буд, баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Мошине, ки бо ҳезум мегардад

Камшавии захираи нафт бисёр кишварҳоро ба ҷустуҷӯи сӯзишвории алтернативӣ (газ, биоэтанол, биогаз) водор кардааст. Баъзе навҷӯёни ҳаваскор ҳатто ба ҷои бензин истифода бурдани ҳезумро низ санҷидаанд.

Ихтироъкори 36-солаи украинӣ Евгений Коливан аз деҳаи Черниговшина як сол боз мошинашро бо ҳезум меронад. “Опел”-и ӯ истеҳсоли соли 1986 буда, то ҳол дар ҳолати хуб қарор дорад. - Бо сабаби дар Украина баланд шудани нархи бензин соли гузашта, ба ҷои кор рафтанам мушкил шуд, - гуфтааст Евгений. – Аз ин рӯ қарор додам, ки роҳи алтернативиро ҷустуҷӯ намоям. Қарор додам, ки аз бензини қимат дида, бо ҳезум гаштан беҳтар аст. Ихтисоси Евгений Коливан муаллими физикаю математика мебошад. Ӯ чанд сол ба ҳайси муаллим кор кард. Ҳоло дар як тармимгоҳи хусусии мошинҳо бо маоши баландтар кор мекунад. Ӯ ба қафои мошинаш барои ҳезум андохтан бочка ва бидони металлӣ насб намуд. Гази аз ҳезум ихроҷгашта филтр шуда, тавассути труба (лӯлача)-ҳо ба муҳаррик меравад. Барои шароити деҳот бо ҳезум гаштани мошин арзон меафтад. Барои 100 километр ҳамагӣ 20 кило ҳезум лозим аст. Барои 1 литр бензин бошад, 20 гривени украинӣ пардохтан лозим меояд. Дар 100 километр қариб 160 гривна лозим аст. Ҳол он

ки ҳангоми 20 кило ҳезум харидан ҳамагӣ 10 гривен кофист. Яъне, дар ҳар 100 километр 150 гривен сарфа мешавад. Барои он ки мошини ҳезумгард аз рӯи 100 километр дар як соат ҳаракат кунад, 1 дақиқаю 35 сония лозим аст. Ин ба сифати ҳезум вобастагӣ дорад. Ба гуфтаи Евгений Корливан дар ин самт ҳезуми тут ҳамто надорад. - Бо чӯби тут гӯё ҳаракат не, парвоз мекунӣ, гуфтааст Евгений. Бо мошини ҳезумгард гаштан аз лиҳози экологӣ низ тоза аст. Аз дудбарои “Опел”-и Евгений ба ҷои заҳри бензин танҳо буғи об ва гази карбонат хориҷ мешавад. Ҳамин тавр, дар талу теппаҳои холӣ дарахт шинонда, бо ҳезуми арзон ҳам гаштан мумкин мешавад. Агар устоҳои тоҷик ин ташаббуси устои украиниро амалӣ кунанд, миллионҳо доллареро, ки аз ҷумҳурӣ берун барои харидани бензин сарф мешавад, дар дохили мамлакат гардиш додан мумкин хоҳад шуд. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

Устоди маҳбуби ман

Худро қадре ҳам бошад, муваффақ меҳисобад, ки дар самти тарроҳӣ комёб гаштааст. Онро аз заҳматҳои пайваста ва доимиаш меҳисобад. Пеш аз ҳама, мақсадаш нишон дода тавонистани анъанаҳои миллӣ дар либосҳои омоданамудааш мебошад. Дар онҳо бештар нақшу нигори миллиро истифода намудааст, ки ифодакунандаи фарҳанги ниёгони мо - мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Нақша дорад, ки дар оянда соҳиби дукони махсус бошаду баҳри мизоҷон тарҳҳои нави либосҳоро пешкаш намояд ва дар баробари ин ҳунари мазкурро ба шавқмандони ин ҳунар омӯзонад, чунки то ҳол чандин нафар ҷавондухтаронро ҳунари дузандагӣ омӯхтааст. Дар арафаи иди Наврӯз либосҳои наву замонавиро омода намуда, пешкаши муштариён намуданист. Ба андешаи ӯ бояд ҳар духтари тоҷик дорои чунин санъат бошад, зеро дар оянда ҳатман лозим мешавад.

- Ман наомадам, ки шуморо азоб диҳам. Омадам, ки он чиро медонам, ба шумо омӯзонам,– гуфта буд устод Қутбиддин Муқимов, бори аввал вориди аудиторияии мо шуда. Воқеан, ин ҳарфу амалест, ки симои аслии ҳар муаллимро нишон медиҳад. Устод, муаллим шахсияти олимақом ва пурмаҳсулест, ки дар ҷомеа аз ҳама зиёд саҳми пурарзиш ва мартабаи беамсол дорад. Устод бо талошу заҳмҳати зиёд шогирдонро одобу ахлоқ, гуфтору рафтори нек омӯзонда, бо дунёи илм шодоб мегардонад... Покдиливу бекинагӣ ва гуфтору рафтори Қутбиддин Муқимов, устоди кафедраи Андоз ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон далели равшани он аст, ки устод мехоҳад шогирдонаш ҳушманду бофаросат тарбия ёбанд. Тарзи муносибати устод бо шогирдон ва хислату характери эшон аз рӯзи аввали ба донишкада қадам мондан писандам омад. Моро шарофати аз дарсҳои пурмазмуни устод баҳра бурдан муяссар гаштааст. Дарсҳояшон хеле ҷолибу хотирмон мегузаранд, устод бо як омодагии ҷиддӣ, ҳисси баланди масьулиятшиносӣ, ба шогирдон дарс мегуфт. Ҳар дарси ӯ аз дигараш фарқ дошт ва барои ҳар мавзуъ ми-

солу масъалаҳои ҷолибро барои фаҳмотару шавқовар гаштани дарс ба мо намуна меовард. Ин усули дарсгузарӣ барои мо, хусусан дар замони ҳозира хеле мувофиқ аст, чунки дар шароити зуд-зуд тағйир ёфтан ва инкишофи дастовардҳои инсоният диққати донишҷӯёнро ба лексия ҷалб кардан кори осон нест. Вале донишу маҳорати дарсдиҳии муаллим намегузорад, ки дарсҳояшон якрангу дилгиркунанда бошад. Ба дарсҳо мудом бо таёрии ҷиддӣ меомаданд, ки ин бешубҳа хосияти муаллими ҳақиқист. Устод ба донишҷӯёне, ки ба дарсҳояш бо тайёрии пухта ҳозир мегарданд, таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Ин гуна донишҷӯёнро ҳамеша дастгирӣ кардаву ҳамзамон рӯҳбаланд месозанд. Ба мо талқин мекарданд, ки донишу ҷаҳонбиниамонро тавассути китобхонию омӯзиш сайқал диҳем. Ба андешаи устод, ин қабил донишомӯзон ҳам дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо мекунанду ҳам бо ин васила худрову кишвари худро ба беруниён муаррифгар мешаванд. Инро устод ҳар лаҳза ба мо таъкид мекарданд, то ба илму маърифатомӯзӣ ҳамеша машғул бошему аз танбалӣ канора гирем. Ана, барои ҳамин аз дарсҳои устод Қутбиддин Муқимов донишҷӯён ҳеҷ гоҳ қафо мондан намехоҳанд.

Ҳамвора дарсҳояшонро интизорӣ мекашиданд. Дар ҳақиқат ҳар як устод мекӯшад, ки самимона ба шогирдон дарс хонад, аз худ ба онҳо чизе диҳад ва ин ҳеҷ гоҳ аз мадди назари шогирдон дур нахоҳад шуд. Устод Қутбиддин Муқимов дунёи зебое дорад, ки ба мо хеле аҷиб намуд. Ҳар сухан, ҳар нуқтаи гуфтааш ширин аст. Ҳар гоҳе дар синфхона даромада “Салом, бачаҳо!”,- мегӯяд, ростӣ ҷаҳон дар назарам зеботар менамояд. Сухане, ки дар дарси аввалинашон ба мо гуфта буданд, ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад: “Ман наомадам, ки шуморо азоб диҳам. Омадам, ки он чиро медонам, ба шумо омӯзонам”. Дар ҳақиқат устод Қудбиддин Муқимов ба ин гуфтаи худ содиқ буданд. Ман бо чунин устод ифтихор дорам. Беҳрӯзи АБДУАЛИМ, донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисод


НАБЗИ ҶАҲОН

Ҷомеаро бояд маърифатнок гардонд Баъд аз вазидани шамолҳои «баҳори араб» дар минтақаи Ховари Миёна ва қисмати шимолии Африқо, гурӯҳҳои ифротии ба ном исломӣ аз вазъи парешони минтақа ва заъфи идораи сиёсии он кишварҳо сӯистифода бурда, мақоми хешро бо кӯмаки қувваҳои англо-саксонӣ, «ҳидоят»-и исроилӣ ва маблағгузории шайхҳои ваҳҳобӣ-салафӣ устувортар карданд. Вақте 11 сентябри соли 2001 дар НюЙорк ду бинои тиҷоратӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, ҷанги навбатии салибдорон алайҳи олами ислом оғоз ёфт. Агар аз ҳамин зовия нигарем, дарки сенарияе, ки ҳоло дар Ховари Миёна ҷараён дорад, чандон душвор нест. Гурӯҳҳои радикалӣ дастгирӣ карда мешаванд, дини мубини ислом ҳамрадифи ваҳшат ва террор эълон гардида, мақому иззаташ дар назди оламиён зери пой мегардад. Ҳоло дар ҷангҳои минтақа мусулмонҳо кӯшиши ба дӯзах фиристодани ҳамдигарро доранду нерӯҳои беруна бо таъмини силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ кори «муҷоҳидон»-ро осон мекунанд. Ғарб ҳамлаи навбатии салибиро оғоз намудааст. Ин амалиётро ду абарқудрат – Амрико ва Британияи Кабир бо муваффақият пеш мебаранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки салафия ҷараёни навзуҳур нест. Он аз асри III-и ҳиҷрӣ то имрӯз ном ва қиёфа иваз карда фаъолият дорад. Мавҷудияти салафия, метавон гуфт, аз «хавориҷ» ва ё «хориҷиён» маншаъ мегирад. Идеологияи онҳоро зоҳирпарастӣ ташкил медиҳад, яъне танҳо бо дониши сатҳӣ оид ба китоби Қуръон ва суннати Расули Акрам (с) иктифо намуда, ақл, раъй ва таълимоти имомони чор мазҳабро инкор мекунанд. Ҳарчанд солҳои аввал теъдоди ҷонибдоронашон зиёд буд, аммо бо инкишофи улуми калом ва тасаввуф иддаои ноустувори онҳо дар чашми мардум хор гашт. Зеро уммат ба дарки он расид, ки ҳарчи бештар дар радифи ҳукмҳои исломӣ бо тафсири каломи илоҳӣ ва шарҳи каломи набавӣ машғул гардад, дар ибодат ва умури дунявӣ ҳамоно устувортар шуда, аз тақлидкорӣ раҳо меёбад. Ҳарчанд дар асри XIV Ибн Таймия ва шогирдаш Ибн Қайюми Ҷавзӣ

идеологияи салафияро хостанд аз нав зинда кунанд, лекин муваффақ нашуданд. Зеро асрҳои аввали дини мубин барои уммат давраи пурсамар маҳсуб мешуду халқи оддӣ ҳам соҳиби илму дониши кофӣ буд. Аммо баъд аз асрҳои зиёд ҷараёни мазкур бо қиёфаи нав дар нимҷазираи араб аз ҷониби Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб ат-Тамимӣ бо номи «ваҳҳобия» арзи вуҷуд кард. Гуфта мешавад тарбияи шайх Ибн Абдулваҳҳобро ҷосуси британиёӣ Хемпер ба уҳда мегирад. Асоси идеологияи ваҳҳобияро таълимоти Ибн Таймия ташкил медиҳад. Ин лоиҳаи Британияи Кабир дар вақташ барои аз байн бурдани хилофати Усмонӣ ва зери тасарруфи хеш қарор додани минтақаи аз захираҳои зеризаминӣ бой (Ховари Миёнаи ҳозира) сохта шуда буд. Солҳои баъдӣ бо роҳбаладии англисҳо Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб бо Муҳаммад ибни Саъуд ошноӣ пайдо карда, дар нимҷазаираи араб нооромиеро ба миён меоранд. Оли Саъуд давлат таъсис дода, идеологияи ваҳҳобиясалафияро идеологияи асосии салтанаташ эълон мекунад ва то ба имрӯз ба ҳайси сарпарасти асосии лоиҳаҳои англо-саксонҳо нақш мебозад. Ҳамин тавр, ҷараёни салафия дар Арабистони Саъудӣ реша давонда, бо кӯмаки Муҳаммад Абдуҳ ва Рашид Ризо дар Миср ҳам паҳн мегардад. Ҷараёни мазкур ба худ қиёфаи нав бо номи «салафияи ҷадид» касб мекунад. Хусусан фаъолиятҳои ҷонибдорони «Ихвон-ал-муслимин» ва олими покистонӣ Абӯлаъло ал-Мавдудӣ ба зеҳнияти шаръии олами ислом таъсири амиқ расонидаанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар аввали фаъолият ҷараёни «салафияи ҷадид» кӯшиш намудааст, ки бо исломи асил ҳувияти динии мусулмонони оламро бедор намуда, онҳоро аз панҷаи ғарбиён наҷот диҳад. Вақте феврали соли 1949 пешвои ихвониён Ҳасан ал-Банно қурбони сӯиқасд мегардад, салафиёни ҷадид истифодаи силоҳро дар даъвои хеш мубоҳ шуморида, ҳарки бо онҳо ҳамфикр нест, ӯро нишон мегирифтанд. Ҳамин тариқ, ҳаракатҳои ба ном мусулмонии дар асл террористиву мардумкуш рӯи кор меоянд. Чу-

нончи, солҳои баъдӣ ҳаракати террористии ба ном исломии «ал-Қоида» аз ҷониби ИМА тариқи ВАО муаррифӣ гардид, ҳоло ҳам ДИИШ, «Боко ҳаром», «аш-Шубоб», «Толибон» ва гурӯҳҳои ифротии ғайр аз ҷониби Ғарб фаъолонаву ҳамаҷониба ба оламиён ҳамчун мусулмонони асил муаррифӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҷомеаи моро лозим аст, ки имрӯз аз гузашта дида барои амнияту субот бештар кӯшиш кунанд. Беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ мусулмон аст. Салафиҳо дар ҳар ҷое аксариятро мусулмонон ташкил диҳанд, мехоҳанд, ки хилофати хешро барпо кунанд. Ба ин набояд роҳ дода шавад. Илова бар ин, ҳолати иқтисодии аҳолӣ ва сатҳи пасти маърифати исломӣ дар оилаҳо метавонад кори салафиҳоро осон гардонад. Гурӯҳҳои ифротии хилофатталаб ҳоло ҳам ба дарки он нарасидаанд, ки аз асри XIX бадин сӯ равиши дунё ба тамом тағйир ёфтааст. Онҳо гумон мекунанд, ки шароит ва замина барои таъсиси давлати исломӣ ҳоло ҳам мавҷуд аст. Вазъи ҳузнангези мусулмонон баёнгари он аст, ки эшон сабаби асосии ақибмондагиро дар кам будани дониши сиёсии ҳукумату давлатҳо мебинанд. Ҳамин аст, ки ислоҳи вазъиятро мудом аз ивази (сарнагун кардани) ҳукуматҳо оғоз карданӣ мешаванд. Ҳол он ки исломро олоти сиёсат, мақсадҳои сиёсӣ ва манфиатҳои дунявӣ қарор додан ҳаргиз наметавонад дарди ҷомеаро даво бошад. Ислоҳот бояд аз ҳокимият не, балки аз худи ҷомеа оғоз гардад. Оқил худ медонад, ки гурӯҳҳои тундгаро ҳеҷ гоҳ ба дини мубин нафъ наоварда, баракс ҳамеша зарар расондаанд. Чунин ҷараёнҳои ифротӣ доим аз ҷаҳолати ҷомеаву ҳокимият қувват гирифта, нуфузи хешро меафзоянд. Роҳи ягонаи «муборизаи беамон» бурдан, танҳо тариқи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ мумкин аст. Вагарна рух додани ҳаводиси Ховари Миёна дар Осиёи Маркзӣ низ ногузир аст. Чун инро ҳамон абарқудратҳо гоҳгоҳ гӯшрасамон мекунанд. М. САИД, “ҶТ”

www.javonon.tj

Дар фатвои Шӯрои уламои кишвар ҷомеа барои муборизаи беамон бурдан бо пайравони салафия даъват мешавад. Аммо суол ба миён меояд, ки худи ҷомеа ба чунин «муборизаи беамон» тайёр аст ё не? Зеро адами таълими маърифати исломӣ дар мактабҳои миёна ва сатҳи таҳсил дар муассисаҳои дахлдор акси ҳолро нишон медиҳад. Илова бар ин, сатҳи дониши имомхатибон ҳам чандон қаноатбахш нест (ба дониши хатибҳоямон аз шеваи гуфторашон дар ҷараёни хутбаву суҳбатҳое, ки дар масҷидҳои ҷомеи кишвар ороста мешаванд, баҳо додан мумкин аст). Ин ҳолати ҳузнангез танҳо хоси ҷомеаи Тоҷикистон нест, балки бемаърифатӣ ва дур мондан аз арзишҳои маънавӣ ҳоло мушкили аслии тамоми олами ислом аст. Арзишҳои маънавиямон танҳо рӯзи маъракаи «оши наҳор» ва ё маросими ҷаноза ба ёдамон мерасад. Ин аст, ки имон ва маърифати динии мардуми минтақа аз сатҳи тақлидӣ фаротар нарафтааст. Яъне мо барои шинохти дину арзишҳои динӣ таҳқиқ намекунем. Зимнан бояд зикр кард, ки мақсад аз омӯзиши илму маърифат набояд оростани баҳсҳои бесамар бо ҳаракатҳои тундгаро бошад, балки ҳадаф аз илмомӯзӣ эъмори ҷомеа ва таъмини амнияти давлату ҳувияти миллӣ бояд қарор дода шавад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки давлат вазифадор нест насли диндор тарбият кунад, аммо бояд барои рушди солими арзишҳои миллии ҷомеа тадбирҳои лозимаро муҳайё созад. Ҳарчанд Сарвари давлат дар ин бора кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаву медиҳанд, аммо масъулини соҳа алҳол аз танзими оину русум фаротар қадам назадаанд. Дуруст аст, ки чунин ҳаракатҳои ифротӣ метавонанд осудагии ҷомеаро халалдор созанд, аммо масъала ин аст, ки ҳоло худи мутахассисон ва рӯҳониён симои ҳақиқии «душман»-ро дуруст муайян накардаанд. Аз ин ҷост, ки дар ин «муборизаи беамон» силоҳи лозимаро, ки илму маърифат аст, то ҳол ба кор бурда натавонистаем ва то «маризӣ»-и ҷомеа дуруст ташхису табобат нашавад, ҳар гуна муборизаҳои беамон абас аст.

11 е-mail: javonontj@mail.ru

Охири ноябри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ дар робита ба маҳкум намудани равияи тундгарои салафия фатво содир намуд. Ҳол он ки фаъолияти равияи салафияро Суди Олии кишвар 8 январи соли 2009 дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон карда, онро ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта буд. Чаро Маркази исломӣ ҳам танҳо баъд аз шаш сол равияи мазкурро мамнуъ эълон намуда, онро ҳамчун хатар барои ягонагии давлату дину миллат пиндошт? Воқеан, оё мо дар сохторҳои қудратӣ ва институтҳои иҷтимоии кишвар, мутахассисони салоҳиятдор ва соҳибдонише дорем, ки миёни ҳаракатҳои тундгаро ва мазҳабҳои суннии исломӣ фарқ гузошта тавонанд? Зеро фаъолиятҳои чанд соли охир дар ин самт баёнгари он аст, ки мо то ҳол исломи асилро аз ҳаракатҳои ифротии ба ном исломӣ дуруст ҷудо карда натавонистаем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

12

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

19 декабр дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпӣ ҳамоиши ҷамъбастии журналистони риштаи варзиш доир гашт. Дар он 40 хабарнигори расонаҳо иштирок карданд. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба хабарнигорон барои ҳамкориҳои пайваста ҷиҳати тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар изҳори сипос намуда, дар бораи омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Риоде-Жанейрои Бразил иттилоъ дод. Вай гуфт, гурзандози машҳур Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифтааст. Соли оянда варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, ҷудо, таэквондо (WTF) ва ғайра мубориза мебаранд. "14 варзишгари тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 талош доранд. Дар байни онҳо варзишгарони номдор, мисли муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, ҷудочиён Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, гуштигирон Муродҷон Тӯйчиев, Фарҳод Анақулов, Искандари Рустам, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд”, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев. Ба иттилои Б. Раҷабалиев, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 се квота ваъда кардаанд. Аз рӯи квота

www.javonon.tj

ВАРЗИШ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

ду нафар дар риштаи шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро намояндагӣ хоҳанд кард. - Соли оянда варзишгарони кишвар ба ғайр аз Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки 5-21 август дар Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор мешавад, дар Бозиҳои соҳилии осиёӣ дар Ветнам ширкат хоҳанд кард. Дар Ёқутистони Русия бошад, шашумин мусобиқаи байналмилалии "Бачаҳои Осиё” барпо мегардад, ки дар он ширкати варзишгарони навраси тоҷик дар назар аст, - гуфт Баҳрулло Раҷабалиев. Дар ҳамоиш камонвари машҳури тоҷик Зебунисо Рустамо-

ри беҳтарини сол, инчунин, Комроншоҳи Устопириён (ҷудо) – ғолиби Гран-при дар вазни то 90 кг дар Қазоқистон, ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар Кувайт, ҷойи 2-юм дар Ҷоми кушодаи Осиё-2015 дар Тайван; Саидҷалол Саидов (ҷудо) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 100 кг дар Кувайт, ҷойи 3-юм дар Ҷоми кушодаи Африқо дар Порт-Луии Маврикий; Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 130 кг дар Доҳаи Қатар; Фарҳод Анақулов (гуштии озод) ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар вазни 125 кг дар Доҳаи Қатар; Ҷаҳон Қурбонов (бокс) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё дар

ва, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ки раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад, ба хабарнигорон дар бораи вазъи кунунии варзиш дар кишвар андешаҳои худро баён намуда, аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки дар бораи масоили ҳалталаби соҳа бештар гузоришҳо таҳия намоянд. Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ суханронӣ карда, дар бораи мундариҷаи китоби наваш бо номи "Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” иттилоъ дод. Дар анҷом хабарнигорони соҳа даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро муайян карданд. Гурзандози маъруф Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол эълон гардид. Дилшод Назаров ягона варзишгари кишвар аст, ки ба Олимпидаи соли 2016 роҳхат гирифтааст. Вай дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин дар гурзандозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар мавсими имсола Дилшод Назаров, ҳамчунин, борҳо ғолиб ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»” гардидааст. Ба рӯйхати 10 варзишга-

вазни 91 кг дар Тайланд; Мавзуна Чориева (бокс) - ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаби Чин; Шоира Зулқарнаева (бокс) – ҷойи 3-юм дар чемпионати Осиё байни занон дар вазни 64 кг дар Уланчаби Чин; Хуршед Шарифов (гуштии камарбандӣ) – ҷойи 1-ум дар вазни то 90 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Қазони Русия, қаҳрамони Осиё дар Эрон; Акмалиддин Каримов (самбо) - ҷойи 2-юм дар вазни то 57 кг дар чемпионати ҷаҳон дар Марокаш, ҷойҳои 1-ум дар Ҷоми ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон ва Маскави Русия, қаҳрамони Осиё дар Атирауи Қазоқистон дохил гаштанд. Ба гуфтаи Нарзулло Латифов барои муайян кардани даҳ варзишгари беҳтарини сол дар назархоҳӣ беш аз 70 хабарнигор ширкат доштанд. Хабарнигорони ришатаи варзиш, ҳамчунин, тими "Истиқлол”-и Душанбе, барандаи медали нуқраи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 ва қаҳрамону барандаи Ҷоми Тоҷикистонро дастаи беҳтарини сол эътироф карданд. Дар фарҷом ба хабарнигорон – иштирокчиёни ҳамоиш сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизаҳои молӣ ва китоби нави "Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” тақдим шуд.

АЖРВТ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари сол эълон кард

Ҷоми Иттиҳод-2016: Тоҷикистон бо Руссия, Латвия ва Эстония вомехурад

17 декабр дар “Хонаи футболи Маскав”-и Иттиҳоди футболи Руссия қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2016 доир гашта, ҳашт дастаи иштирокчӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Тими ҷавонони кишвар (бозингарони соли таваллудашон 1994 ва аз он калонтар) дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Руссия, Латвия ва Эстония вомехӯрад. Гурӯҳи “А” аз тимҳои Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова таркиб ёфт. Ёдовар мешавем, ки тими ҷавонони кишварро ба Ҷоми Иттиҳод-2016, ки 16-24 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Руссия доир мегардад,

мураббии калони тими миллии мамлакат, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук омода мекунад. Ба ҳайати мураббиён, сармураббии тими “Вахш” Рустам Хоҷаев ва мураббии ҳайати ҷавонони дастаи “Истиқлол” Баҳодур Суфиев дихиланд. Мураббӣ оид ба тарбияи бадан мутахассиси дигари украинӣ Владимир Власенко ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров мебошанд.


ВАРЗИШ

Гимнастикаи бадеӣ яке аз намудҳои пешрафтаи бозиҳои олимпӣ мебошад. Он сол ба сол рушд карда истодааст. Ҳамасола давлатҳои зиёде аз ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби медалҳои зиёду мақомҳои фахрӣ мегарданд. Аммо дар Тоҷикистон ба ин намуди варзиш қариб ки таваҷҷуҳ нест. Мутаассифона, мо варзишгарони худро дар мусобиқаҳои ҷаҳонию минтақавӣ аз ин намуди варзиш камтар мебинем. Бешубҳа, сабаб набудани сарпарастон дар дохили ҷумҳурӣ, набудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон набудани мураббиҳоест, ки тавонанд варзишгаронро тайёр намоянд...

метавонем варзишгарони сатҳи ҷаҳониро тарбият намоем. Баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки дар хурдсолӣ духтаронашонро барои машқи гимнастика меоранд. Духтарҳо то расидан ба балоғат тамрин мекунанд, ҳамин ки ба балоғат расиданд, волидон онҳоро аз гимнастика ҷудо мекунанд, дигар намегузоранд, фарзандонашон машқро идома диҳанд. Духтарони зиёде бо ҳамин роҳ аз гимнастика дур шуданд, агар онҳо меистоданд, бо боварӣ метавон гуфт, ки аз варзишгарони ботаҷриба ва медалистҳои мусобиқоти байналмилалӣ мебуданд”, - бо нигаронӣ ёд мекунад Г. Албина. Аммо Шариф Олимов, мудири қисми таълимии мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии рақами 1 бо хушҳолӣ зикр кард, ки солҳои охир таваҷҷуҳ

Албина ГОРДИНА:

Мактаби гимнастикаи бадеӣ куҳна шудааст онҳо намуди пешрафта ва маъмул гимнастикаи бадеӣ мебошад. Гимнастикаи бадеӣ як намуди варзиши сабукест барои занону духтарон... мо дар оянда нақша дорем, ки барои писарон низ гимнастикаи бадеӣ кушоем. “Мушкил дар он аст, ки имрӯз гимнастикаи бадеӣ дар ҷумҳурии мо чандон рушд накарда, ба зӯр ба по меистад. Ҳамватанони мо аз гимнастикаи бадеӣ қариб ки хабар надоранд ва онҳо кам фарзандони худро ба ин ҷо меоранд. Дар Тоҷикистон аз ин намуди варзиш танҳо духтарон тамрин менамоянд. Бештари падарон розӣ намешаванд, ки духтаронашон ба гимнастика машғул шаванд. Ҳамин бетаваҷҷуҳӣ аст, ки мо на-

ба гимнастикаи бадеӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе афзуда истодааст. “Дар баробари ин, таваҷҷуҳи сокинони кишвар низ бештар шуда, шумораи машқкунандагон ҳам афзоиш ёфтан дорад, ки боиси қаноатмандист. Толорҳои мо дар Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ ва дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар онҳо наврасону ҷавонондухтарон дар ду баст ройгон тамрин менамоянд. Басти аввал соати 9:30 ва басти дуюм соати 14:30 барои духтарони аз панҷсола то 17-18-сола ҳамарӯза аз тарафи мураббиёни ҷавон ва

бомаҳорат гузаронда мешавад. Айни замон, зиёда аз 80 нафар духтарони аз панҷсола боло тамрин менамоянд”, - гуфт ӯ. Ш. Олимов афзуд, ки имрӯз мушкилоти гимнастикаи бадеӣ норасоии мутахассис аст. Мактабҳои мо дар вилояту шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ вуҷуд доранд, аммо бархе онҳо бо сабаби набудани мутахассис фаъолият намекунанд. Духтарон аз ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Қӯрғонтеппа омада тамрин менамоянд. Барои бартараф кардани чунин проблема, бояд дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мутахассисон оид ба намуди гимнастика тайёр карда шаванд. “Гимнастикаи бадеӣ намуди

олимпист. Инро ба назар гирифта, бояд мо дар якҷоягӣ варзишгарони сатҳи касбию байналмилалиро омода намоем. Онҳоро ба давлатҳои хориҷ барои таҳсил ва такмил додани маҳораташон сафарбар созем. Дар оянда фарзандони мову шуморо машқ дода тавонанд. Имрӯз дар Тоҷикистон мураббиёни сатҳи ҷаҳонӣ ангуштшуморанд”, - бо нигаронӣ афзуд Ш. Олимов. Зарина Абдуллоева, модари Сафинаи 8-сола ва Сумаяи 6-сола, ки дар Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ гимнастика машқ мекунанд, бо хурсандӣ афзуд: “Се моҳ мешавад, ки духтарони ман дар ин макон ройгон тамрин мекунанд. Онҳо хеле шоданд. То ба ин ҷо овардан духтаронам аз дарди миён шикоят доштанд, ҳоло шукр қоматашон росту дарди миёнашон гум шудааст. Барои ин мо аз роҳбарияти мактаб миннатдорем”. Чун варзиш омили саломатии миллат маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба тарбияи ҷисмонӣ ва бо ин васила ба камол расонидани насли солим бештар мегардад. Хуб мешуд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба гимнасткаи бадеӣ низ бештар гардад. Беҳтар мебуд, таваҷҷуҳ барои беҳбуд бахшидану омода кардани мутахассисони гимнастикаи бадеӣ ҷиддитар мешуд, то намояндагони мо низ дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, кишварро муаррифӣ мекарданд.

www.javonon.tj

Гордина Албина, варзишгари ҷавон, Устоди варзиш, се сол аст, ки ҳамчун мураббӣ ба кӯдакону наврасон аз гимнастикаи бадеӣ машқ медиҳад. Мавсуф бо нигаронӣ иброз дошт, ки аз хурдсолӣ дар ин намуди варзиш тамрин менамояд ва дар бисёр мусобиқаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Аммо боре ҳам дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ё минтақавӣ иштирок надоштааст. “Сабаб - набудани маблағ, - бо андуҳ гуфт варзишгар. - Падару модарам низ имкон надоштанд, ки маро ба мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ равон кунанд. Иштирок дар як мусобиқаи берун аз қаламрави кишвар маблағи андак наметалабад, хеле гарон аст. Гузашта аз ин, дар ин муддат ягон сарпарасте ҳам дар Ватан ёфт нашуд, ки ҳиммат кунаду мо - варзишгаронро ба ин мусобиқаҳо баранд...” Соли равон Кумитаи миллии олимпӣ бори аввал барои иштирок дар универсиадае, ки дар Ҷумҳурии Кореа баргузор мешуд, роҳхат пешниҳод мекунад, аммо варзишгарони гимнастикаи бадеӣ розӣ намешаванд. “Мо ба универсиада тайёр набудем, рӯирост иқрор мешавад Албина. - Шумо медонед, ки гимнастикаи бадеӣ сол ба сол рушд карда истодааст. Дар он қоидаҳои нав ба нав ворид шуда истодаанд. Мо ки дар мусобиқаҳои сатҳи минтақаву ҷаҳон иштирок накардаем, қоидаҳои нави онро намедонем. Дар баробари ин, мактаби гимнастикаи бадеии мо хеле

кӯҳнаву ақибмонда аст. Он аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст. Бароямон аламовар аст, ки мо - мураббиён ба шогирдон ҳоло ҳам бо усули пештара дарс мегузарем”. Гимнастикаи бадеӣ намуди олимпист, барои тайёр намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонию олимпӣ, зарур аст, ки мураббиён барои тамрину омӯзиш ба дигар кишварҳо фиристода шаванд. Дар он ҷо аз курсҳои кӯтоҳмуддат гузашта, нозукиҳои гимнастикаро аз худ кунанд. Ё мураббиёни ботаҷрибаро ба Ватан даъват карда, шароит муҳайё кунем, ки барои варзишгарон машқ диҳанд. Бояд гуфт, ки машқҳои гимнастикӣ 8 намуд мешавад: сафороӣ, умумиварзишӣ, амалӣ, озод, машқҳо дар асбобҳо, машқҳои ҷаҳиш, гимнастикаи бадеӣ ва акробатика. Дар байни

13 е-mail: javonontj@mail.ru

Ҳасан АЗИЗОВ, “Ҷавонони Тоҷикистон”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015


е-mail: javonontj@mail.ru

14

ЁДНОМАИ “ҶАВОНОН...“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

(Аввалаш дар шумораи гузашта) Ва сипас бо ҳазл афзуд: - Аз ағлаби шоирони тоҷик паст нагуфтаам? - Шаккокӣ шуд, шаккокӣ, - ханда бар лаб ҳамроҳ шуд Саид Ғоиб. Ҳозирин аз ҳазли дӯст завқиданд. Назди ҳозирин шоирро сутудам. Саид имтиҳонам кард: - Ку бигӯ, аз шоири дӯстдоштаат ягон шеър медонӣ? Гуфтам: - Медонам. - Набошад бихон. Хондам: Модари кампири ман кӯдак шудаст, Пургапу инҷиқу гирёнчак шудаст. Рӯзу шаб овораам аз пушти ӯ, Зораву наззораам аз пушти ӯ. *** Рӯи чашми ман мақоми модарам, Дар даҳони ман лаҷоми модарам. Мон, маро бозонда гардад бо дилаш, Сӯ ба сӯ тозонда гардад то дилаш. *** Як нафас мондаст вақти монданаш, Бар сари ман давру даврон ронданаш. Як нафас мон, ҳарчи мехоҳад кунад, Карда нороҳат маро, роҳат кунад… АВВАЛ ҚИРОАТ, БАЪД ЭҶОД Ҳангоми дар синфи шашумӣ таҳсил намуданаш Тӯлқин аз китобхонаи падар китобчае ёфт, ки як гӯшаи онро муше чошнӣ гирифта. Китоб «Қиссаи Ҳиндустон» ном дошт. Он қисса ба ӯ сахт писанд афтод. Тарзи баён, лаҳни шево, шеъри равону дилчасп ӯро мафтун сохт. Дар кутоҳтарин вақт вай қиссаро пурра аз ёд кард. Аз ҳамон лаҳза забонаш гӯё шуд. Хушбахтона дар ҳамин давра се маҷмӯаи фолклорӣ дастрасаш гашт ва ӯ сурудаҳои мардумиро ба тамом аз бар намуд. Ҳамин тавр, «Қиссаи Ҳиндустон»-и устод Мирзо Турсунзода роҳкушои ӯ дар ҷодаи нозимист…

талотумҳо аз ҷӯшу хуруши ҷавонӣ буд. Баъдҳо чун ғаввос дар баҳри нопайдоканори шеъру шоирӣ ғутта задам ва шиновари хуб ҳам шудам… Шоир он нафас суруд: Ту чидани бӯсаро чӣ медонистӣ, Нӯшидани бӯзаро чӣ медонистӣ. Гар ман набудам ту дар биҳиштат, эй ҳур, Оғӯши бамаззаро чӣ медонистӣ. *** Аз пушти ту Хайбарат нахобад шабҳо, Ваҳми дили модарат нахобад шабҳо. Дар даст таёқу дар даҳонаш сулфа, Бобои бадахтарат нахобад шабҳо. *** Шуд фасли баҳор, Гулбаҳорам, ту биё, Шуд турна қатор, Гулбаҳорам, ту биё. Айб аст дигар ба кӯча танҳо гаштан, Шуд ёр ба ёр, Гулбаҳорам, ту биё.

баъди чаҳор соли интизориҳо рӯи чопро дид. ФАРМОИШ Аввали рӯз, 5 июни соли 2004 шоирон Саид Ғоиб ва Тӯлқин Хоҷа чун анъана ба ҷойи корам омаданд. Он шомаш бо баҳонаи рӯзи таваллуд дар хонаи мо базми шеъру суруд ғулғула афканд. То ними шаб базми тараб шуд ва аз сидқ гулбӯӣ кардем… Рӯзи дигар ба сайри шаҳр баромаданд, шабакаи аввал рафтанд ва нимрӯзӣ боз бо ҳам омадем. Ҳама аз кайфияти дирӯза ба худ наомадаву дилҳо пурфараҳ буданд. Қабл аз хайрбод, ба гуфти бачаҳо каме «катагӣ» кардам. Ба ҳар ду шоири дӯст супориш додам. Ба ҳамсинфам Саид Ғоиб гуфтам, ту тамоми ғазалҳоятро гирд меорӣ, як китобчаи кисагӣ чоп мекунам. Шарт ҳамин, дар мақтаи ғазалҳо ҳамаи «Саидқул»-ҳоро ба «Сайид» иваз мекунӣ (номи ҳуҷҷатии шоир Ғоибов Саидқул), як ғазалӣ дар бораи мо-

www.javonon.tj

ПАРИРУХОНИ ДЕҲОТӢ Ҳар нафар ба олами шеъру шоирӣ бо ҳар роҳу васила гом мениҳад. Қисмате ба шоире монанд будан мехоҳад, гурӯҳе тақлидро мепазирад. Иддае аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин ҷода ворид мегардад. Устод Тӯлқинро аз ин боб рӯзе нороҳат сохтам. Завқиду гуфт, агар росташро гӯям, аввал ба хотири ҷалби дилбарон, парирухони деҳотӣ ба ин шоҳроҳ қадам задам. Мехостам бо ин васила дил рабоям. Ин ҳама

ЁДГОРӢ, «РОҒУН» ВА «МУҶАССАМАИ ХОКСОРӢ» Дастхати ду шеъри охири шоир Тӯлқин Хоҷа дар дасти ман аст. Онҳоро дар бойгониам маҳфуз медорам. Яке «Роғун» унвон дошта, рӯзи 5 январи 2010 ба дастам расида, дигарӣ «Муҷассамаи хоксорӣ», аз 3 ноябри 2011 ба зерсарлавҳаи «Бозёфте аз рӯзгори холаи Гулистон» ёд мешавад.

Мавҷи дарё бурду рафт

Ҳамчунон як нусха китоби «Захми нигоҳ»-и шоирро бо ислоҳҳои баъдиаш (пас аз чопи пурраи китоб), барои чопи навбатӣ нигоҳ медорам. АНҶОМ Онҳо пайи ҳам аз бари мо дур шуданд. Саид Ғоиб соли 2007 ва Тӯлқин Хоҷа соли 2013. Пас аз даргузашти дӯсти ҳамкор Тӯлқин сахт андуҳгин, пажмурда гашт. “Бо кӣ дигар тунду тез шӯхӣ кунам”, - мегуфт бо ҳасрат. Тӯлқин дигар бо ҳич кас он гуна ҳазлро намеписандид ва дигаронро иҷоза ҳам намедод, ки мисли Саид тунд бигӯянд. Дар ноҳияи Данғара дигар шоир, аъзои созмони адибони кишвар намонда. Ба ҷуз ононе, ки зодагони ин диёранду дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе зиндагӣ доранд. Тӯлқин Хоҷа шоири ширингуфторест, ки устоди бузург Бозор Собир ба эҷодаш қоил монда. Агар тақдир он дуро сари вақт (мисли дигарон) аз музофот ба марказ мефиканд, кӣ медонист, онҳо то ба куҷоҳо сар мекашиданд. Мутаассуф, ба қавли Камоли Хуҷандӣ: «Ҳар чӣ медидам ба соҳил, мавҷи дарё бурду рафт».

КИНОМЕХАНИК Ҷавони деҳотӣ бо сад орзуву ҳавас, пас аз итмоми мактаби миёна, соли 1973 роҳи пойтахтро пеш гирифт. Ба донишкада дохил шуда натавонист. Ба деҳа баргаштанро ор донист ва ба ҳунаристон ҳуҷҷат супорида, киномеханик шуд. Баъди хатми омӯзишгоҳ чанде дар Идораи кинонамоишдиҳии ноҳияи Данғара фаъолият намуд. Соли дигар иқболаш тофт. Ӯ муҳассили бахши шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе гашт. Шабона дар институт мехонду рӯзона дар истеҳсолот бори заҳмат бар дӯш дошт. «ШОГИРДИ МОДАР» Ҳини таҳсил, дар курси сеюм, рӯзе бародарони ҳамкор муждагонӣ гирифтанд. Аз чопи шеъри нахустинаш дар саҳфаи рӯзномаи ҷавонони кишвар бо номи «Шогирди модар» сараш ба осмон расид. Аз ғояти хурсандӣ дар курта намеғунҷид. Чопи шеъраш дар зодгоҳ ва ҷойи кораш – Заводи сементи Душанбе боиси баҳсу мунозираҳо шуд. Бар хилофи ин ҳама дар институт аз ин навгонӣ касе лаб накушод. Онҳо чопи шеъри шоири навқаламро нодида гирифтанд.

(Эҳдо ба Маҳмадулло Сайдалиев), «Арзи ихлос» (Ба Маҳмадулло Сайдалиев), «Албурз» (Тақдим ба Алимурод Тағоймуродов), «Достони самимият» (Эҳдо ба Асадуллои Раҳмон) ва ғайра рӯи чоп омаданд. Дар суҳбатҳои хоса Саид Ғоиб дӯсташро ҳазломез, аз ин боб гӯшзад мекард. Тӯлқин механдиду аз густохии ҳамкасбаш намеранҷид. Зеро тайи ду даҳсолаи охир эшон ба ҳам наздик ва аз соли 1999, аз давраи фаъолият дар телевизиони Хатлон боз ҳам қаринтар гашта буданд.

P. S.

Ба андешаи нависандаи ин сутур дар нимаи дувуми асри ХХ, дар адабиёти тоҷик рубоиву дубайтиро ба пояи Тӯлқин Хоҷа касе насуруда. Ин ба он маънист, ки нафаре мисли ӯ рубоиву дубайтиро мардумитар нагуфта… «ШАМОЛДАРА» Даврони шӯравӣ чоп кардани китоб кори осон набуд. Навча шоиру навча адибро дар иттиҳодияи адибон, ба қавле аз ғирбол мегузаронданд. Чунин навбат ба Тӯлқин Хоҷа соли 1985 фаро расид. Шеърҳои ӯ дар шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар ҳузури шоирони давр Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Раҳмат Назрӣ ва дигарон мавриди муҳокима қарор гирифта, ба чоп тасия шуд. Маҷмӯаи нахустини шоири шӯридадил бо номи «Шамолдара» танҳо соли 1989,

дар ва падар мегӯӣ. Гуфт, дар бораи модар шеъре дорам, гуфтам боз бигӯ. Хандиду қабул дошт. Ба Тӯлқин Хоҷа гуфтам, ака, шумо тамоми рубоиву дубайтиҳоятонро гирд оред. Як шеър дар васфи модар биафзоед. Не нагуфтанду рафтанд. Эшон «супориш»-ро то моҳи майи соли 2005 ба сомон расонданд. Ман низ чопи китобҳоро ба дарозо набурдам. Моҳи июни ҳамон сол китобчаи рубоиву дубайтиҳои Тӯлқин Хоҷа бо номи «Захми нигоҳ» ва ғазалиёти Саид Ғоиб бо номи «Шоҳи бутон» ба табъ расиданд, ки шодмонии дӯстонро ҳад набуд. Номҳои ҳар ду китобро худ интихоб намудам… МАДҲИЯ Шоири ширинсухан Тӯлқин Хоҷа тайи 12 соли охири ҳаёт ба васфиягӯӣ шуғл варзид. Як силсила шеърҳои тавсифиаш, амсоли «Рӯинатан» (Тӯёнае ба 80-солагии ҷанговар Ғаюр Сафар), «Саҳли мумтанеъ»

Имрӯз бо кӯшишу эҳтимоми Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб куллиёти шоир Саид Ғоиб ба табъ расид. Хушоянд мебуд агар иттиҳодияи адибон бо ҷумлаи ёрон пайи мураттаб намудани куллиёти равоншод Тӯлқин Хоҷа камари ҳиммат мебастанд. Умари ШЕРХОН

ҲАМДАРДӢ Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ хабарнигори рӯзнома Нуралӣ Нуров нисбат ба марги МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” Ҷумъахон Наботов нисбат ба даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва хешовандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.


САЙҚАЛИ ХОТИРА

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Шамшергиёњ (русї) Пойтахти давлат дар Амрикои Шимолї

Бобољон ..., муаллифи "Тољикон"

Мусиќии замонавии љавонон

Падар (лањља)

Маркази љумњурии Приднестровйе

Порахўр

Бинои намозхонии мусулмонон

Миллати сокини Прага

Араби бодиянишин Боаќл, хирадманд

Барф, борон

Навъи Об аз ѓалла- зери дона замин

Дарбони Бињишт Љонишини шахси сеюм

Моњии обњои ширин

Гўша, тараф

Хўроки каргас

Сатри шеър

Дўкони рўзномафурўшї (рус.)

Бозор ..., шоир

Ќањрамоншањри рус

Теппа, баландї

Хушзавќ

Императори Рим Гай Юлий ...

Нур

Њарфи лотинї

Зављаи Муњаммад (с)

Хоки тар

Аспбон

Исќоти њамл

"... Новости"

Таг, бех

Афсўс, таассуф

Муќобили ќиматї

Тараф, самт

…у зар (нуќра)

Ќатори бозор

Набототшинос

Мошини аввалини СССР

Паррандаи мурѓобимонанд

Шањр дар љазираи Сахалин

Яке аз рагњои бориктарин

Ангубин Њаќќи роњ

... Тзе Дун

Русї – «хорошо», тољикї – «хуб», англисї-?

Њизби фаластинї, раќиби Исроил

Њарфи љопонї ё хитої

Муќобилмаънои «биё»

Аввали номњои Рўдакї ва Сино

Асбоби ќуввасанљ

… Шокирова, овозхон

www.javonon.tj

Аловиддин …, актёри њаљвї

Бехмеваи турбмонанд

Узви шунавої

Зарардида аз офат

Асоси замони њозираи «хўрдан»

Мухтасари воњиди дарозї

Раќиби Љеррї (мултф.)

Ба чашм намудор

Васоити ахбори омма Баробарвазн

… Саидалї, овозхон

Мусор

Асбоби дењќон

Азми ќавї, ќарор

Давлати араб дар Шарќи Наздик

Њаёти инсон

Хеле хуб, олиљаноб

Ашк

Тамѓаи радиотехникаи Љопон

Зуком

Муќобили «хайр»

Шайтон Муќобилмаънои ... ме«мон» кунад

... Назаров, овозхон

Стивен ..., режиссёри Њолливуд

… ТАСС агентии иттилоотии Русия

... андеша, баъд гуфтор

Пайкара

Бемории ќанд

е-mail: javonontj@mail.ru

Ситораи хоккейи Шўравї Валерий …

15


е-mail: javonontj@mail.ru

16

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9425), 24 декабри соли 2015

Лутфи ҷавонӣ

 ОБУНА - 2016

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!

Модар дугоникҳоро мешӯяд. Яке аз онҳо нишаста механдаду дуюмӣ гиря дорад. Модар: - Барои чӣ ба ҳоли бародарат механдӣ? - Охир, ӯро дуюм бор аст, ки мешӯӣ.

Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

***

Бобои Мерган ва бобои Карим гӯштбирён хӯрда истодаанд, ки гурба ба хона медарояд. Бобо Мерган ба бобои Карим: - Ба гурба ҳам камтар гӯшт деҳ!. - Не. - Барои чӣ? - Ӯ ҳамин қадар муш меқападу мехӯрад, ягон бор камтар медиҳад?

***

Афандӣ рӯзе дар роҳ “Iphone 6” меёбад. Онро мегирад, мебинаду ба замин мепартояд. Ҳангоми баргаштан ба хона ба ҳамсояаш мегӯяд: - Ман имрӯз дар роҳ “Iphone 6” ёфтам. Ҳамсояаш: - Канӣ бинам. Афандӣ: - Гашта партофтамаш. Ҳамсояаш: - Эй беақл. Медонӣ “Iphone 6” чанд сомонӣ нарх дорад? Афандӣ: - Охир дидам, ки ягон тугмача надорад.

 АНДАРЗ

Сорбони трамвай

www.javonon.tj

Ман фарзанди ягонаи оилаам. Падару модар, бобову бибӣ, тағову амакҳо, хулас пайвандонам бениҳоят маро дӯст медоранд. Барои он ки модарам маро бо азоби алим ба дунё овардааст… Модарам баъди шавҳар карданаш бемор мешавад, духтурон мегӯянд, ки ба вай ҳомиладор шудан қатъиян манъ аст. Чаро ки таваллуди фарзанд метавонад баробари ҷонаш бошад. Аммо модарам ба сухани касе гӯш надода, ҳомиладор мешавад. Вақте ман дар батнаш ҳафтмоҳа будам, модар барои муоина ба духтурхона меравад. Азбаски барои исқоти ҳамл аллакай дер шуда буд, табибон маҷбур мешаванд исқоти ҳамл накунанд. Пофишории модарам буд, ки ман хушбахтона ба дунё омадам. Оилаи мо хеле камбизоат буд. Падарам дар як корхона кор мекард, аммо маоши якмоҳааш ба зиндагиамон ба зӯр мерасид. Бо ин мақсад модарам дар яксолагии ман ба кор мебарояд ва маро бурда дар боғча мегузорад. Боғча, ки аз хонаи мо дур буд, модарам ҳар рӯз барои сари вақт ба боғча расониданам субҳи барвақт ба истгоҳи трамвай мерасид ва маро ба боғча бурда мерасонд. Модарам бо ин қадар сарсониҳо ҳамеша ба кор дер мемонд. Рӯзе роҳбараш ба мушкилии модарам нигоҳ накарда, таъкид карда мегӯяд: - Агар як маротибаи дигар ба кор дер биёӣ, аз кор пеш мекунам. Модарам, албатта, аз ин ғамгин мешавад, вале аз танқисии зиндагӣ наметавонист корашро партояд. Вай мақсад мегузорад, ки аз ин пас маро танҳо ба боғча фиристад.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

Бори аввал вақте модар маро ба трамвай шинонд, то ҳаракат кардани трамвай як-ду дақиқа монда буд. Танҳо фиристодани ман барои модарам баробари ғами дунё буд. Ҳангоми ҳаракат кардани трамвай, ӯ аз пушти ҳар як вагон давида назар мекард, ки оё ман дар ҷойи худ нишастаам ё не. Аз он рӯз сар карда, модар маро дили нохоҳам ва аз тарси зиёд танҳо ба трамвай савор карда боғча мефиристод. Баъд аз чанд рӯз модарам диққат медиҳад, ки трамвай аз вақти ҷудошудаи худ дертар ҳаракат мекардагӣ мешавад. Аҷибаш он буд, ки трамвай баъди он ки ман ба дохил даромада, ҷоям менишастам, оҳиста-оҳиста ҳаракат менамуд. Ҳамин тавр ин рафтор се сол давом кард, то он вақте ки ман ба боғча мерафтам. Модадам чунин рафторро ҳеҷ фаҳмида на-

метавонист ва вақти муайян кардан ҳам надошт. Ба ҳар ҳол акнун дилаш ором буд. Ин рафтори хайрхоҳона баъди он ки ман ба мактаб рафтанро оғоз кардам, аён шуд. Рӯзе модарам маро ҳамроҳаш ба ҷойи кораш бурд. Вақте мо ба трамвай савор шудем, ногаҳон овозе баромад. Соҳиби овоз, зани ҳалиму меҳрубоне моро ишора мекард, то интизораш бишавем. Мо ҳам то омадани зан интизор шудем. Ниҳоят вай омада гуфт: - Салом додар! Ту хеле бузург шудаӣ! Ёд дорӣ мо ҳамроҳи модарат ҳар рӯз туро то боғча гусел мекардем?... Баъд аз он мо фаҳмидем, ки барои чӣ трамвай аз вақти ҷудошуда дертар ва оҳиста-оҳиста ҳаракат мекардааст. Сорбони трамвай, зани ҳалиму меҳрубон ва ношинос барои мо, тӯли ин солҳо барои оромии дили модарам ва кам кардани ғаму ғусааш, лаҳзае трамвайро нигоҳ медоштааст…

***

Зану шавҳар дар мошин ҷанҷол мекунанд. Аз назди деҳае гузашта ду хукро мебинанд. Зан: - Хешонат! Шавҳар: - Бале. Хусуру хушдоманам!

***

Модар ба писараш: — Бачам, барои чӣ хӯрок намехӯрӣ? Гуфтӣ ранги гург гуруснаӣ? - Оча, охи дар куҷо дидӣ, ки гург сабзӣ хӯрад?

Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

- Барои чӣ ронандаҳо вақти аз назди БДА гузаштан суръатро кам мекунанд? - Кормандони БДА мисли кӯдаканд. Нохост сари роҳ мебароянд.

Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).

***

Аз Бозорбой мепурсанд, ки чӣ тавр мурдан мехоҳӣ? - Мисли падарам дар хоб, бо оромӣ, на мисли мусофирҳои тайёрааш дар тарсу ваҳшат.

 ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Шартномаи хариду фурӯши гумшуда бо феҳрасти 8р-36, ки 30.03.1994 дар идораи нотариалии шаҳри Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) бо суроғаи кӯчаи Гагарин, хонаи 9, кв. 3 ба номи Давлатова Садбарг Қадриддиновна ба расмият дароварда шудааст, эътибор надорад. •

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7830 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.