НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№51 (9477), 22 декабри соли 2016/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
АХБОРИ ҲАФТА
РУШДИ САЙЁҲӢ
Натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат дар Ҳиндустон
Худро тоҷик муаррифӣ мекунам
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Ҷавонон -2016:
Паём ба ҷавонон роҳ кушод ПАЁМИ ПЕШВО Насли ҷавонро Пешво Бо ин паёмаш шод кард. Дар марз-марзи қалбашон Гулбоғҳо бунёд кард. Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Дар дидаҳо бигрифт ҷой Нав, нав ба сад заҳмат Ватан. Чун шеъри ноб эҷод гашт, Бедарду беиллат Ватан. Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Мо навҷавонон пайрават, Эй Пешвои тоҷикон. Бишнохт аз рафтори ту Ин Тоҷикистонро ҷаҳон. Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем.
ҲАФТ РӮЗ 15.12.2016 Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ба 100 донишҷӯи 17 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аввалин бор стипендияи «Дӯстӣ» дар ҳаҷми 2000 сомонӣ барои як нафар дар як сол супорид. 16.12.2016 Дар конфронси бонуфузи илмии донишҷӯён дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон 250 нафар донишҷӯ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон аз рӯи навиштаҳои илмии хеш маърӯза карданд. Мутахассисону олимони шинохта навиштаи илмии Завқиддин Эргашев, донишҷӯи тоҷикро беҳтарин ҳисобида, мақоми аввалро ба ӯ муносиб донистанд. 17.12.2016 Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ширкати олимону шоирон ва донишҷӯён бахшида ба 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили шеъру тарона баргузор гардид. 18.12.2016 Тибқи қарори маҷлиси назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Наврӯзи байналмилалии соли 2017 21-22 марти соли оянда дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ, вазорату идора, муассисаю корхона ва мақомоти давлатӣ озмунҳо, фестивалҳо, олимпиадаҳо, суҳбатҳо, намоиши расмҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда мешаванд. 19.12.2016 Тими ҷавонони кишвар, бозингарони соли таваллудашон 1999 ва аз он паст, дар мусобиқа ба хотираи Валентин Гранаткин дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои ҷавонони Юнон, Булғористон ва Эстония бозӣ мекунад. 29-ум мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад. Дар мусобиқа 16 даста иштирок мекунанд. 20.12.2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Чемпиони олимпӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари соли 2016
эълон кард. Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Риоде-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дуюм қарор дорад. Муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст. Ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол инчунин Ҳамроз Раҷабов (самбо), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ), Шаҳриёр Даминов (қайиқронӣ), Зӯҳро Холова (кикбоксинг), Фаррух Амонатов (шоҳмот), Вера Семашко (кӯҳнавардӣ), Ҷаҳонгир Маҷидов (ҷудо) дохил гардиданд. 21.12.2016 Вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро барои ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ барои сармоякунонии бонкҳо қабул карданд. Маблағи қоғазҳои қиматнок 3 миллиарду 850 миллион сомониро ташкил медиҳад ва аз ин 2 миллиарду 250 миллиони он ба “Тоҷиксодиротбонк”, 1 миллиарду 70 миллион ба “Агроинвестбонк”, 450 миллион ба “Тоҷпромбонк”-у 80 миллион ба “Фононбонк” пешбинӣ шудааст.
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
Натиҷаҳои сафари давлатии Пешвои миллат дар Ҳиндустон
АХБОРИ ҲАФТА
16 декабр сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка бо натиҷаҳои бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ анҷом пазируфт. Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олӣ, намояндагони воломақоми ин кишвар, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Шри-Ланка мулоқот кард. Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Коломбо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Шри-Ланка гусел карданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ аз Шри-Ланка ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню Деҳлӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвари дӯст самимона истиқбол гирифтанд. 17 декабр сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақом соядаст гузошт. Сарвари давлатро дар ин маросим намояндагони ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи китобҳои Маҳатма Гандӣ туҳфа карда шуд. Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз шуда, сипас дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт. Аз рушду тавсеаи беш аз пеши шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ ва барои идомаи бобарор ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба, ки соли оянда аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол сипарӣ мешавад ва пояҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои байнидавлатиро зиёда аз 60 санади байниҳукуматию байниидоравӣ ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технолигияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ гардид. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар
соҳаҳои мазкур метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ин восита ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фармасевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм низ имконпазир гардонида шаванд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар беҳбудбахшии равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ фаъол гардонида мешавад. Дар музокирот манфиатдории ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг тавассути ташкили бештари барномаҳои муосири омӯзиши компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои дорои тахассуси баланд таъкид гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи судбахши ҳамкориҳо, ҳамчунин иштироки фаъоли ҷониби Ҳиндустонро дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди дигар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳу нақлиётии аҳамияти минтақавӣ дошта муҳим шумориданд. Дар идомаи музокироти сатҳи баланд ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай, дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли мушкилоти мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин мусоидат ба таъмини амнияту субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Ҳиндустон Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул гардида, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ маҷмуи санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расонида шуд: - Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома бай-
ни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад; - Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм; - Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат - Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ. Дар доираи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) - Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта, дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва бо таври назаррас мусоидат намоянд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд. Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид. Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию
байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар шаҳри Ню Деҳлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай низ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд. Тазаккур бояд дод, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд. Дар Қасри Раштрапати Бҳаван Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуд. Қабл аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар маросими хоси истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо шинос шуданд. Сипас дар суҳбати самимии дӯстона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз ҷумла оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, маорифу фарҳанг ва ҳамкориҳои ҳарбӣтехникӣ табодули афкор намуданд. Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати онҳо ба иқтисодиёти Афғонистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа иқдоми муҳим дар рушду тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии нақлиёту инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаётан муҳим фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд. Сарони давлатҳо аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла дар самти омода намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори ҳарбии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд. Дар мулоқот, ҳамзамон масоили марбут ба ҳамгироии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, ба мисли СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай ва рушду тавсеаи муштарокоти дуҷониба дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар анҷом Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.
Маориф пояи давлат
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Пояи давлат намонад бе маориф устувор, Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
Ин шеър шиори аксар муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошад. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф шаҳодати возеҳи он аст, ки ин соҳа калиди муваффақиятҳои мост. пеш аз ҳама ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилот вобаста мебошад. Бо мақсади таъмини ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо мутахассисони маълумоти олидор аз соли 1997 духтарон тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда мешаванд. Инчунин, бояд қайд кард, ки дар давоми 25 соли истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири ояндаи наслҳо дар бораи таъсиси мактабинтернатҳо барои кӯдакони ятим, литсею гимназияҳои махсус барои хонандагони болаёқат ва муқаррар кардани имтиёз ба кормандони соҳаи маориф як силсила қарорҳои муҳим қабул кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Масалан, ҳар сол бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодӣ ҳаҷми маблағгузориро ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат ва сармоягузории хориҷӣ зиёд мекунад. Маҳз дар даврони истиқлолият барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия такони ҷиддӣ бахшиданд. Давлату Ҳукумат имрӯз низ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир менамояд. Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро ба илму дониш асос ёфтааст. Илму дониш бошад, пайваста рушд меёбад, аз ин
лиҳоз, мо соҳаи маорифро низ бояд пайваста инкишоф диҳем. То имрӯз барои рушди соҳа чораҳои зиёде андешида шудааст. Барои мо муҳимтарин унсури ислоҳот ҳамон аст, ки соҳаи маориф ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад. Дар шароити имрӯзаи рушд ва ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва дастовардҳои беназири технологияи таълимию иттилоотӣ мактабу маориф дар сиёсати давлатӣ мақоми меҳвариро соҳиб аст. Аз ин ҷост, ки дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 20-уми январи соли 2016 таъкид намуд: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалин дараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад». Муҷаҳаз намудани кулли муассисаҳои таълимӣ бо компютеру дигар дастгоҳҳои технологӣ ва ҷорӣ намудани низоми замонавии таълим омилҳоеанд, ки донишу маърифати муосири насли навро меафзоянд. Мирзо ҚАҲҲОРОВ, омӯзгори МТМУ №98-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
20 январи соли 2016 Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ як нуктаи бисёр муҳиму пурмуҳтаво ва созандаро барои ҷавонон иброз дошт, ки он дар тамоми сол таҳрикдиҳандаи ҷавонони кишвар гардид. Нуктае, ки ҷавононро боз ҳам масъулиятноктар намуд, то дар роҳи ободию зебоии Ватан саҳми бештар дошта бошанд. Сарвари давлат дар Паёми худ иброз дошт, ки: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”. Воқеан ин сухани Пешвои миллат дар Паёмаш дар соли 2016 бори дигар собит кард, ки Президенти кишвар муътақид бар он аст, ки ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузург ва созанда баҳри пешбурди ин сарзамин аз ҳама бештар саҳм гузошта метавонанд. Ин гуфтаи Пешвои миллат бо дарназардоши он қайд гардид, ки оянда ва пешбарандаи ин давлату миллат маҳз ҷавонон мебошанд ва нигоҳдории он ба ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Аз ҳамин рӯ, бо мақсади дарки ин масъулият, ҷавонони кишвар барои сазовор гаштан ба боварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳо, иншооти мухталифу муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, чорабиниҳои варзишӣ дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳон ва ғайраҳо фаъолона иштирок намуда, дар барафрохтани Парчами давлатӣ ва рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоштанд. Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон дар соли 2016 чандин роҳу марҳилаҳои навро кушод, ки дар фаъолияти минбаъдаи онҳо нақши калидиро мебозад. Дар заминаи Паёми Пешвои миллат ин сол баҳри рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо як қатор санадҳои дахлдор марбут ба соҳаи мазкур қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки таъсиси Шӯрои милии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи барҷастаи онҳост. Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти кишвар 18 июли соли 2015 таъсис ёфта, 27 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯро бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат гузаронида шуд. Таъсиси Шӯро яке аз дастовардҳои муҳими ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Зеро он ба ҷавонон имкон фароҳам овард, ки дар ҳама самтҳо, аз сиёсати давлатӣ то ба иқтисоду иҷтимоъ фаъолона ва бидуни ҳеҷ мамониат иштирок намоянд. Пешвои миллат зимни паёми табрикӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қайд намуд: “Ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад”. Ҳамчунин, Сарвари давлат зимни баромади худ дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, бунёди майдону толорҳои варзишӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ барои ҷавонон баҳри пешбурди соҳибкории хурду миёна, таъсиси нави марказҳои касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, мусоидат ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз роҳҳои бегонапарастӣ ва гаравидани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ дастуру супоришҳо дод, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо ҳама чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Чуноне гуфтем, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон иқдоми аввали Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷавонон ба ҳисоб намеравад. Балки қабл аз он, дар замони соҳибистиқлолӣ чандин иқдому дастурҳои дигар низ баҳри татбиқ ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон қабул ва амалӣ гардонида шудаанд. Ба гунаи мисол, метавонем тавсиби Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” (соли 1994), қабул гардидани “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” (соли 2015) ва ғайраҳо ин ҷо оварем, ки аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад.
Паём - таҳрикдиҳандаи ҷавонон
«Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд», - зикр шудааст дар суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. Ҳар сол бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат сохта ба истифода додани биноҳои ҳозиразамони мактабу синфхонаҳо, компютеркунонии мактабҳо, қабули барномаҳои омӯзиши забонҳои англисиву русӣ, қабули Консепсияи миллии маълумот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳила ба марҳила баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф, қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти ҷумҳурӣ, қабули як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки заминаи қонунгузории соҳаи маориф дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ дар мамлакати мо амалӣ мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф таъкид карда буданд, ки «Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри 21 мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем». Зеро, инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг,
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
МАВЗӮИ ДОИМӢ
Ҳар 35-ум нафар муҳоҷир аст
ХУРШЕД ХОВАРӢ
Дар ҳошияи рӯзи муҳоҷир 18 декакбри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард ва пас аз гузашти 10 сол, яъне 4 декабри соли 2010 18-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирони меҳнатӣ эълон дошт. Ин рӯз ҳар сол дар аксари давлатҳо бо ташаббуси ташкилоту созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар бо ташкил кардани семинарҳои омӯзишӣ ва аксияҳои гуногун доир ба ҳуқуқи муҳоҷирон ҷашн гирифта мешавад. Муҳоҷират хоси як давлату миллат набуда, қариб дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳаст. Мувофиқи маълумот наздики 250 милион нафар сокини сайёра дар муҳоҷиратанд. Яъне ҳар 35-ум нафари сайёра муҳоҷир аст. Чун муҳоҷир нафарест, ки ҳамеша бархӯрд бо расму оин ва қоидаву қавонини дигар мардумро дорад, аз ин рӯ мебояд ҳамеша аз этикаву (ахлоқ) фарҳанги мардуми ғайр (ҷое, ки сафар мекунад) бархӯрдор бошад, то дар муносибату муошират ба мушкил мувоҷеҳ нагардад. Бояд ёдовар шуд, ки илми омӯзандаи одобу ахлоқро этика меноманд. “Этика” калимаи фаронсавӣ буда, дар оғози пайдоишаш маънии “билет”-ро доштааст. Дар Фаронса ба мардуме, ки мехостанд дар як маросим ё ҷашнҳои умумӣ иштирок кунанд, билет дода мешуд ва дар он дастур ва қоидаи иштирок дар маросимҳо дарҷ гардида буд. Муайян мегардид, ки иштирокчии ҳамон ҷамъомад ҳангоми баргузории маросим чӣ гуна рафтор кунад ва бо дигарон муносибаташро чӣ тавр ба роҳ монад. Ин мафҳум оҳистаоҳиста маънии фарохтарро соҳиб шуд, ки имрӯз зери калимаи “этика” як шохаи илмро мефаҳманд.
Ҳар гурӯҳи мардум муқаррароти хосае барои одобу муошират доранд, ҳатто ваҳшиён. Дар доираи қонуну қавоиди хеш зиндагӣ мекунанд. Вале рафтор ва русуми писандидаи як ҷомеа мумкин аст, ки дар ҷомеаи дигар қобили қабул ва писандида набошад. Барои мисол метавон расму оини чанде аз мардумони сайёраро баён кард. Дар як қабилаи африқоӣ чунин расм аст, ки меҳмон пас аз тановули хӯрок лабҳои худро тарзе пок мекунад, то садое аз онҳо бархезад ва ба ҳамин тариқ гуворо ва мақбул будани ғизоро нишон медиҳад. Дар дигар қабилаи африқоӣ ваҳшиён дар мулоқот бо якдигар барои шодбошӣ мегӯянд “чӣ гуна арақ мекунед”. Даст додан бо дӯстон ҳангоми мулоқот дар бисёре аз қисматҳои ҷаҳон маъмул аст, аммо чиниён ба ҷои ин ки ба якдигар даст диҳанд, ду дасти худро ба ҳам мегузоранд ва такон медиҳанд. Дар бисёре аз кишварҳо бардоштани кӯлоҳ нишонаи одоб аст, вале бумиёни африқоӣ ба ҷои ин кор пероҳани худро аз як китф поин меандозанд. Вақти аз ҳамдигар дур шудан дар миёни мо роиҷ аст, ки ибораҳои “то боздид”, “Худо ҳофиз” ва ҳамин гунаро гӯем, аммо дар миёни як гурӯҳи ваҳшиён, вақте ки нафаре гурӯҳи ваҳшиёнро тарк мекунад, мизбонон шеван мекашанд ва ба сару рӯи худ гил мемоланд. Мардуми Ховари дур дар сукути комил ғизо мехӯранд ва ба андешаи онон суҳбат кардан ҳангоми тановули ғизо нописанд аст, вале ба андешаи аксари мо сари як пиёла чой суҳбат кардан бисёр амали писандида аст. Ба андешаи мардуми як қабилаи африқоӣ туф кардан нишонаи тасдиқ ва аломати ризоият аст. Дар Тиббит чунин расм аст, ки вақте меҳмон аз хона меравад, мизбон забони худро аз даҳон берун месозад ва ин нишонаи он аст, ки соҳибхона аз суҳбат бо меҳмони худ хушнуд аст. Шояд ҳеҷ кас надонад, ки одоби муошират дар қавму қабилаҳои гуногун чӣ гуна ба вуҷуд омадааст, аммо метавонем тахмин кунем, ки онҳо чӣ гуна пайдо гардидаанд.
Мувофиқи баъзе тахминҳо одати даст додан аз замони ғорнишинон пайдо шудааст, зеро ҳар нафари дар ғорҳо сукунатдошта бо худ гурзеро ҳамроҳ дошт, ки вайро дар баробари ҳайвоноти ваҳшӣ ва душманҳо муҳофизат мекард. Агар як сокини ғор дӯст будани худро ба дигарон иброз кардан мехост, ҳатман гурзашро меафканд ва даст дароз мекард, ки ин нишонаи дӯстӣ буд. Дар асрҳои миёна мардон (сипоҳиён) рӯйи худро дар зери ниқоби ҷавшан нигоҳ медоштанд. Ба инсоне, ки мабодо бо онҳо вомехӯрд, барои дӯстӣ ниқоби худро аз сар мебардоштанд, ки имрӯз ҳам мардум бо аломати дӯстӣ кулоҳи худро аз сар мегиранд. Суоли “Шумо чӣ гуна арақ мекунед?” дар минтақае дода мешавад, ки мардуми он ҷо аксаран бо табу тоб рӯ ба рӯ ҳастанд. Агар дар он минтақа касе табдор аст, пусташ бояд хушк бошад ва пусти намдор нишонаи солим будани шахс аст. Суоли “Шумо чӣ гуна арақ мекунед?” баробар бо он аст, ки мо бигӯем “Ҳоли шумо чӣ тавр аст?”. Бинобар ин, одоби муошират дар саросари ҷаҳон фарқкунанда аст, вале дар ҳама ҷо маҳак ва меъёрҳои он якхела баҳогузорӣ мешаванд. Чӣ гуна шахсони ношинос бо якдигар муаррифӣ шаванд? Чӣ гуна дӯстон ба якдигар салом гӯянд? Одоб ва рафтори писандида ҳангоми ғизо хӯрдан кадом аст? Барои ҳар маросим чӣ тарз либос бояд пӯшид ва ғайра. Бояд гуфт, ки доштани одоби муошират барои ҳар нафар ҳатмист, зеро ин василае барои созгорӣ ва муттаҳидии нафарони алоҳида ва билохира ҷомеа аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар нафар наметавонад назари шахсии хешро дар мавриди одоб ва эҳтиром ба кор барад, зеро ин хатарзо аст. Зеро шахсе, ки мехоҳад одобро мутобиқи назар ва хости хеш ба ҷо оварад, мумкин аст миёни ӯ ва нафари дар муқобил будааш нофаҳмӣ ва пархош ба вуҷуд ояд. Риоя накардани одоби муошират мӯҷиби он мешавад, ки мардум бо дидаи тамасхур ба мо нигаранд ва шояд ҳеҷ кас барои муошират бо мо рағбат нанамояд. Бо ҳамин далел аксари мардум барои иҷрои қоидаҳои он кӯшиш менамоянд. Дар ҳар ҷомеа риояи одоби муоширати он ҷомеа лозим аст, то шахс мавриди тамасхури дигарон қарор нагирад. Муҳоҷир ҳамеша намоянда ва муаррифгари як қавму миллат дар минтақаи дигар аст. Аз ин рӯ, ҳар нафаре, ки мехоҳад ба мамлакати дигар сафар кунад, лозим аст, ки қабл аз сафар бо расму одатҳои диёри сафармекардааш ошно шавад, то тавонад фазои сулҳомезеро миёни худ ва миллати дигар барпо нигаҳ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар миллатро намояндагони дигар кишварҳо аз рафтору кирдор ва муносибати муҳоҷирони он баҳогузорӣ менамоянд.
Шумораи ҷавондухтарони соҳибкор меафзояд Дар Спортбари “Истиқлол” бо ташаббуси Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ (КҶВС), ёрии Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба тиҷорат” ва маблағгузории ҳукумати Финландия таҳти унвони “Набзи тиҷоратӣ” (равшании ақл ва бедории дил) чорабинӣ баргузор гардид. - Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҷамъбасти марҳилаи сеюм ва ниҳоии лоиҳаи “Озмуни муаррифӣ ва ҳимояи нақшаҳои тиҷоратӣ миёни занони фаъол аз оилаҳои осебпазир”, инчунин ёфтани чеҳраҳои нав аз миёни ҷавондухтарон ва бонувони кишвар дар олами тиҷорат ва маркетинг мебошад, - гуфт ҷонишини директори Клуби соҳибкорони ҷавон Сулаймон Қурбонов. Зикр гардид, ки дар лоиҳа зиёда аз 150 нафар занону духтарон фаро гирифта шуда буданд. Даври аввали тренинг дар ноҳияҳо ва даври дуюми он дар маркази вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид. Дар давраи дуюм 40 нафар иштрок карда, аз миёнашон 10 нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки иштирокчиён қабл аз иштирок дар озмун курсҳои омӯзиширо низ гузаштанд, ки дар ин курсҳо масъалаҳои мубрами иқтисод, тиҷорат ва маркетингро аз бар карданд. Як ҷиҳати хуби ин давраҳои омӯзишӣ боз дар он буд, ки иштирокдорони он дар оянда тавонанд аз ҳамин миён дӯстон, ҳамкорон ва шарикони худро пайдо кунанд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонони КҶВС Аҳмадзода Дилноза баргузор гардидани чунин чорабиниҳоро нишонаи пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон карда, зикр намуд, ки албатта боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки имрӯз дар асоси дастгирӣ ва пуштибониҳои Пешвои миллат масъалаи ҷалби ҷавондухтарону занон ба тамоми ҷодаҳои ҳаёти давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Албатта бо ифтихор гуфта метавонем, ки барои ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавондухтарону занон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Мавсуф дар давоми суханрониаш болоравии мавқеи занонро дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ карда, афзуд, ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдон, ҳомии Ватан ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад. Албатта имрӯз занону ҷавондухтарони мо бар замми модар будан дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатӣ муваффақу пирӯз ҳастанд ва хушбахт ҳастем, ки имрӯз КҶВС дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои гуногун силсилаи тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати ҷалби ҷавондухтарону занон ба соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ андешида истодааст. Замира Самадова, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми пешгирифтаи Клуби соҳибкорони ҷавонро бисёр хуб арзёбӣ карда, чунин гуфт: “Ин иқдом барои пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии бонувони кишвар таъсири амиқ хоҳад гузошт. Хушбахтона, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ низ як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои дастгирии занони кишвар ба тасвиб расидаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри ин грантҳои президентӣ ва фонди дастгирии соҳибкорӣ дар назди Ҳукумат таъсис ёфтааст, ки то имрӯз тақрибан бо маблағи 10 миллион сомонӣ ба занони соҳибкор ҷудо гардидааст. Дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкорзанон фаъолият намуда истодааст. Аъзои гуруҳи корӣ намояндагони тамоми мақомоту идораҳо, шарикони рушд ва худи соҳибкорзанон мебошанд. Тамоми мушкилоте, ки занони соҳибкор доранд, дар доираи гурӯҳи корӣ ҳаллу фасл хоҳанд шуд”. Пас аз суханрониҳо 10 нафар иштирокчиёни ба даври ниҳоӣ роҳёфта лоиҳаҳои худро баҳри дастгирӣ ба ҳозирин ва ҳайати ҳакамон, ки аз гурӯҳи занони фаъол ва муваффақ таъсис ёфта буд, пешкаш намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҳайати доварон лоиҳаи Лайло Нозуковаро, ки таъсис додани маркази омӯзишӣ дар ноҳияи Масчоҳ буд, сазовори ҷои аввал, дар ҷои дуюм Мавзуна Нозирова ва дар ҷои сеюм Дилноза Абдураҳмоноваро муносиб донистанд. Соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ба иштирокдорони дигар бошад, ифтихорномаи КҶВС тақдим гардид.
Хуршед ХОВАРӢ, “ҶТ”
Дилшод Назаров Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе
Дилшод Назаров дар ҷаласаи нахустини Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Душанбе, ки 16 декабр дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» доир гашт, қадрдонӣ шуд. Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар доираи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон бо ибтикороти пайвастаю пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр наврасону ҷавонон дар асоси заминаҳои фароҳамоварда дорои имтиёзҳои зиёд буда, барои бо таҳсил ва фароғат фаро гирифтани онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва таъкид сохт, ки мақсади фаъолияти Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди раиси шаҳри Душанбе, пеш аз ҳама баррасии масъалаҳои рӯзмарраи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо баҳри рушди самтҳои гуногуни ҷомеа, мусоидат намудан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл таъмин кардани онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар замири насли наврас, пешгирии гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, ҷалби нерӯи ҷавонон ба тавсеаю тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат мебошад. Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, тибқи зарурат зиёд намудани синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннию компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ, иштироки фаъолу дастрасии онҳо ба озмуну олимпиадаҳои сатҳҳои гуногуни фаннӣ, алалхусус бо роҳи интерактивӣ, бедор кардани завқу рағбати мактабиён ба аз худ намудани илмҳои техникию дастгирии ихтирооти онҳо сухан гуфта, таъкид намуд, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро тарбияи мутахассисони баландихтисос аз зинаи томактабӣ ва мактаб оғоз мегардад ва бо ин мақсад соли 2017 дар шаҳр аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Соли маориф ва инноватсия эълон карда шуд. Гуфта шуд, ки ҳоло ҷавонони пойтахт дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас дошта, барои рушди бахшҳои гуногун дар ташкилоту идораҳои дахлдор ва соҳибкорӣ масъулияти баланд ва босамарро амалӣ намуда истодаанд. Дар шаҳри Душанбе барои дастгирии ҷавонон як қатор стипендияҳои шаҳрдорӣ амал менамоянд, ки ин ҳама барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Гузашта аз ин, ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад, ки ҳадаф аз онҳо дастгирӣ ва мусоидат ба солимии ҷомеа мебошад. Дар ҷаласа Фурқат Пиров – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муовини раис ва ҳамоҳангсози фаъолияти аъзои Шӯро интихоб гардида, вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аз ҷониби раиси шаҳр баҳри роҳнамоии ҷавонон ҳидоятҳои судаманд сурат гирифтанд.
- Пеш аз сафар ба Тоҷикистон доир ба кишвари мо чӣ маълумот доштед ва таассуроти Шумо аз сафаратон ба Тоҷикистон? - Аз хурдӣ ман хондани китобҳои таърихиро дӯст медоштам ва таърихи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро хуб медонистам. Он ҷое, ки ман таваллуд шуда, ба воя расидам, тоҷикон бисёр буданд ва ман аз фарҳангу маданияти тоҷикон аз наздик ошно гардида будам. Бори аввал дар чанд рӯзи истироҳатӣ тасмим гирифтам, ки аз Тоҷикистон, махсусан аз шаҳри Душанбе дидан намоям. Он вақт моҳи ноябри соли 2015 буд, хотирмон он рӯзе буд, ки ҳангоми убури сарҳад, сарҳадбонон бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, муносибати дӯстона доштанд ва ҳатто ба ман маслиҳат доданд, ки аз кадом минтақаҳо дидан намоям, кадом хӯрокҳои миллии тоҷиконаро истеъмол намоям, ронандае, ки маро то Душанбе овард, хеле меҳмондӯстдор буд. Ӯ маро дар рӯзи дуюми сафар ба меҳмонӣ даъват намуд ва бовар кунонид, ки оши палави беҳтаринро омода мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сафари дуюми ман ба Тоҷикистон моҳи май сурат гирифт, ки он вақт аллакай баргҳои дарахтон сабзу дар қуллаҳои кӯҳҳо барфҳо об нашуда буданд. Аз ҳамон вақт то ҳол сайри Тоҷикистон мекунам ва худро дар хонаи хеш ҳис мекунам. Ба ман расму оини тоҷикона, фарҳангу таърихи қадима, меҳмондӯстории тоҷикон хеле писанд аст. Табиати зебо, таъриху замини қадима, ки сарчашмаҳои таърихии то милодро инъикос менамояд, хӯрокҳои лазиз, урфу одати қадима, ки танҳо миллати тоҷик дорад, боварнокарданию афсонавист. - Дар таҷрибаи кории хеш имкониятҳои сайёҳии кадом минтақаҳои Тоҷикистонро дидан намудед ва аз нуқтаи назари касбӣ онҳоро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Ман ба шаҳрҳои қадимаи вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент сафар намуда, аз ҷойҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инфрасохтори сайёҳӣ дидан кардам. Бисёр армуғонҳои сайёҳиро аз ҳунармандони маҳаллӣ харидорӣ намудам. Искандаркӯл, Ҳисор, Кӯлоб ва Дарвозро низ дидам. Табиату таърихи Дарвоз ба ман хеле писанд омад. Аз ҳама аҷоиб ман аз шаҳри қадимаи зардуштиён Карон дидан намудам. Ҳатто маълумоти зиёд оид ба ин минтақа пайдо намудам. Дар навбати дигар сайри Боми Ҷаҳон - Помир низ ба ман муяссар гардид. Мехоҳам он ривоятҳое, ки ба қаторкӯҳҳои Помир пайвастагӣ доранд, бевосита таҷриба намоям. Ин орзуи деринтизори ман аст. Вобаста ба чигунагии минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон фақат ҳаминро гуфтаниям, ки таърих ва табиати ин сарзамин ҳама чизро дар худ дорост. Танҳо онро дуруст ва мақсаднок истифода бурдан лозим. - Рушди туризмро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ менамоед? - Ман мебинам, ки рӯз то рӯз туризм дар Тоҷикистон рушд карда истодааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ин соҳа диққати махсус медиҳад. Бо вуҷуди ин, барои ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои нав ба навро бояд роҳандозӣ намуд. Масалан, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дарҳои худро барои сайёҳон боз намуда, бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон раводиди сайёҳиро бекор кардаанд. Ҳамчунин бояд Марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки дар он сайёҳон бисёранд, ташкил намуд. Бояд сафорату консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба қадри имкон кишвари зебову афсонавии хешро тарғибу ташвиқ намуда, дастур ва
китобчаҳои тарғиботиро ба ширкатҳои сайёҳӣ ва сайҳони хориҷӣ паҳн намоянд. Инчунин бояд Фестивалҳои миллиро бисёр баргузор кард. Ман чанд идеяи ҷолиб дорам, фестивалҳои нон, оши палав, тарбузу харбуза, каду, ангур, ҳунарҳои миллӣ, ҳатто Фестивали хурморо баргузор намудан мумкин аст. Ин гуна ҷашнвораҳоро бояд пешакӣ тарҳрезӣ намуд. Пештару бештар дар хориҷа тарғибу ташвиқ кард. Умуман, ҳамаи қувваҳо бояд ба рушди туризм равона гардад. Ҳамчунин, метавон барномаҳои табодули донишҷӯёнро ба роҳ монд, ки то ҷавонони хориҷ низ доир ба Тоҷикистон маълумоти зиёд гиранд. Ман ҳамчун коршиноси соҳа рушди туризмро дар Тоҷикистон хуб арзёбӣ менамоям ва умед ҳам ҳаст, ки оядаи туризми Тоҷикистон дурахшон аст. - Кадом намуди туризми писандидаатонро дар Тоҷикистон дидед? - Ман яке аз дӯсторони таъриху фарҳанги кишварҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мебошам. Омӯзиши шаҳрҳо, қалъаҳо, мақбараҳо, ҳаёти оддии мар-
думи кишварҳо барои ман писанд аст. Кишвари Шумо тамоми намуди туризмро доро мебошад, ки аз он ман ва дигар сайёҳон ҳаволат мебарем. Мисоли оддӣ, дар кадом фасле, ки ба Тоҷикистон сафар кунед, ҳар чор фаслро мебинед. - Ба фикри Шумо, ҳамчун коршинос ба кадом намуди туризм дар Тоҷикистон бояд диққати бештар дода шавад? - Албатта, ба ҳама намудҳои туризм бояд диққат дод. Ин бурди шумост, ки барои рушди ҳама намуди туризм шароит доред. Туризми кӯҳнавардӣ, треккинг, аспсаворӣ, ҳунармандӣ ва тиббиро бояд рушд дод. Мисол, ман дар ноҳияи Дарвоз як ҳафа будам. Дар он ҷо чашмаҳои мусаффо ва шифобахш буданд. Бисёр ҷои муқаддас ва диданӣ. Барои туризми тиббӣ бисёр мусоид ҳастанд. Чунин ҷойҳо дар саросари Тоҷикистон бисёранд. Бояд онҳоро омӯхт ва тарғибу ташвиқ намуд. - Хотираҳон неки хешро дар бораи Тоҷикистон иброз менамудед. - Ростӣ, ман аз меҳмоннавозии тоҷикон дар ҳайрат ҳастам. Ҳар иду айём дӯстона маро даъват мекунанд. Ман аллакай забони тоҷикиро омӯхтам. Дар бозор ҳангоми харид бо савдогарон бо забони тоҷикӣ гап мезанам. Баъзан нафарон мепурсанд, ки “ту аз Бадахшон ҳастӣ?” Аввалҳо мегуфтам, ки “Не, ман тоторам!” Ҳозир бошад, инро ба худ қабул кардааму ҳа куҷо худро тоҷик муаррифӣ мекунам...
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
РУШДИ САЙЁҲӢ
ШЕРАЛӢ ҶАЛОЛОВ
Худро тоҷик муаррифӣ мекунам
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016, дар маркази пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, ба ӯ унвони Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе дод.
Доир ба таассурот, рушди туризм, маслиҳатҳои муфид ва мушкилоту дастовардҳои туризм дар Тоҷикистон мо бо Регина Гатаулина, коршиноси соҳа аз Ҷумҳурии Қирғизистон, директор оид ба туризми дохилии Ширкати сайёҳии “ААА - TOUR” суҳбат намудем.
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Вақт сармояи бебаҳост
ШАҲЛО ЭШОНОВА
1-и имрӯз аз 2-и пагоҳ беҳтар аст Касе, ки вақти худро боманфиат истифода бурда наметавонад, маҳз ӯ аз норасоии вақт шикоят мекунад. Ӯ рӯзҳоро дар хӯрдану пӯшидан, хоб, беҳудагӯиву беҳудагардӣ, афсонабофиҳо ва ё умуман бекорхӯҷагӣ сарф карда, вақтро мекушад. (Жан Лабрюйер) Аз нахустин гиряи тифл ҳисоби мо мехостем, ки ҳарчи зудтар вақт умри мо шуруъ мешаваду дигар мо гузараду мо калон шавем. Ё дар ҳаргиз гуфта наметавонем, ки боз давраи донишҷӯӣ мехоҳем, ки чанд соат ва ё соли дигар дар их- ҳарчи зудтар дарс ба охир расаду тиёр дорем. Ин аст, ки ҳар нафаси мо ба мулоқоти дилдода шитобем, умрро бояд ғанимат шуморему ҳар ё ҳарчи зудтар рӯзи корӣ ба охир лаҳзаи вақтро босамар истифода расаду истироҳат кунем, ҳарчи зуднамоем. Чун фурсати умри инсон тар фасли тобистон ояд ва ё ҳарчи танҳо як бор аст. зудтар соли нав фаро расад... Аммо “Дирӯз”, “имрӯз”, фардо”, “соле боре ҳам намеандешем, ки вақт ба қабл”, “баъди як моҳ”... Ин вожаҳо ақиб нигоҳ накарда, якзайл пеш медар забони мо хеле серистеъмо- равад ва бо рафтани худ шумори ланд. Гузашта, ҳозира ва оянда ин умри моро кам мегардонад. умри мост. Умри мо ин ҳамон вақт Вақт хеле қимат аст. Он сармояаст, ки чун оби равон мегузарад. ест, ки ҷамъ кардану нигоҳ доштаҲамарӯза дар соатҳои мо сонияҳо наш ғайриимкон аст, вале сарф ва ҳисоб карда мешаванд, баъдан ба гум карданаш хеле саҳлу осон. Агар ин сонияҳо дақиқаҳо, соатҳо, рӯзҳо хуб андеша кунем, ҳар нафари мо зам мешаванду таърихи умри моро чӣ қадар ваъдаҳои вафонакарда, ташкил медиҳанд. Вақт устуворона мулоқоти батаъхирафтода, мақсаду ва бебозгашт ба пеш ҳаракат ме- хоҳишҳо ва орзуҳои амалинашуда кунад. То куҷо мо инсонҳо даргузар дорем. Аммо барои роҳ надодан ба будани умрро дарк мекунем? Оё мо чунин таъхирҳо ва сари вақт анҷом ба қадри вақт мерасем? додани кору паймон бояд вақтро Вақт мисли сароб аст. Гоҳи пайдо намуд ва ба қадри вақт рахушҳоливу хушбахтӣ он хеле сид. кутоҳ асту дар лаҳзаҳои нокомиву Бале, вақт сармояи бебаҳост. бадбахтӣ бепоён асту тулонӣ. Бе- Бо мурури замон ва гузаштани шак, ҳар яки мо мехоҳем, ки ҳамон саотҳову дақиқаҳо ва сонияҳо лаҳзаҳои хушҳолӣ бештар бошанд. воқеаву ҳодисоти рӯзгор яке диБа қавли шоир: гареро иваз намуда, парда аз рӯи Умр агар хуш гузарад, зиндагии асрори худ боз менамоянд. Ҳар Хизр кам аст, нафар, новобаста аз синну сол, В-арна нохуш гузарад, ними ҷинсият, касбу кор бояд меъёри мунафас бисёр аст. айяни корӣ дошта бошад. Яъне ҳар Бо вуҷуди он ки мо зудгузар бу- нафарро мебояд, вақтро сарфакодани умр ва қимат будани вақтро рона тақсим намояд, то бидонад, ба хубӣ медонем, аммо боз ҳам ки дар давоми рӯз кадом корҳоро ба қадри он намерасем. Чаро? Мо анҷом бидиҳад. Чун вақт зудгузар ба худ суолҳо медиҳем: агар умри аст, барои тақсимоти дурусти он анрафта як бори дигар такрор мешуд, дешаву афкори солим мебояд. онро чӣ гуна мегузарондам? Баъзан Агар ба қадри вақт нарасем, хеле афсӯс мехӯрем барои вақти умрро зоеъ хоҳем кард. Дар урфибеҳуда сарфшуда ва умри зоеъраф- ят мегӯянд, ки “Кори имрӯзаро ба та. Ё баъзан кореро анҷом медиҳем, фардо нагузор”. Вале зиёд иттифоқ барои мақсаду ниятеро амалӣ на- меафтад, ки мо “пагоҳ”-ро инмудан талош мекунем, бо нафа- тизор мешавем, то сатреро рони зиёд суҳбату мулоқот анҷом навишта тамом кунем, вомедиҳем, аммо вақте “навор”-ро лидонро хабар бигирем ва ақиб гардонда мебинем, дарк меку- ё фарз кардем сигор кашинем, ки имрӯзи худро беҳудаву ба- данро бас кунем. Аммо намедонем, рабас гузарондаем. ки яки имрӯз ҳамеша аз дуи пагоҳ Ҳатто баъзан кӯшиш мекунем, беҳтар аст. Бовар кунед, ҳар яки то суръати вақтро тезонем. Ба ёд мо ҳамеша барои анҷом додани биёред давраи кӯдакиро. Ҳар яки ягон кори дилхоҳамон вақти анда-
ке ҳам бошад, дар ихтиёр дорем. Дар гирудори зиндагӣ, дар миёни як рӯзи пурмоҷарову пурмағал мо якчанд дақиқаро “медуздем”, то як пиёла қаҳва бинӯшем ва боз саросема мешитобем ва беист ба соат менигарем. Мо аз рӯи реҷаи муайян зиндагӣ карда, чӣ гуна босуръат давидани вақтро пайхас намекунем. Сипас, бо гузашти солҳо сари худро дошта, майна об мекунем: оё дар ҳақиқат ҳам он лаҳзаҳои қимат ва он соату рӯзҳои гузаштаро дуруст сарф кардаем ё не? Вале, афсӯс, ки дигар чизеро тағйир додан ғайриимкон аст, чун вақт гузаштааст. Вақти худро сарфи корҳои беҳуда намудан асло касро соҳиби обрӯю эътибор накардааст. Ҳама инсонҳо дар вақту соати муайян бояд чӣ кор кардани худро донанд. Пайғамбари ислом гуфтааст: “Ду неъмате ҳаст, ки бисёрии мардум дар он осеб дидаанд: яке саломатӣ, дигаре вақти холӣ” (ривояти Имом Бухорӣ). Яъне мардуми зиёде нисбат ба ин ду неъмат бепарво буда, ғанимат будани онро дарк намекунанд. Баъзан мо ба гузашта назар андохта, аз кунҷи зеҳнҳо хотираҳоро такурӯ мекунему барои ин вақти зиёде сарф месозем ва бехабар мемонем, ки чӣ гуна имрӯзи мо мисли реги кафи даст аз миёни ангуштонамон мерезад. Аз ин рӯ, агар мо бихоҳем, ки ояндаи мо хубу дурахшон бошад, бояд қабл аз ҳама имрӯзро хуб бисозем. Чун танҳо худи мо ба ин қодир
ҳастем. Адиби рус Максим Горкий рӯзро ҳаёти кутоҳ номидааст. Онро бояд тавре гузаронд, ки гӯё мо худи ҳозир бояд бимирем, аммо ногаҳон Худованд шумори умри моро як рӯзи дигар дароз мекунад. Албатта каму зиёд кардани шумори умр, тағйир додани маҷрои таърих, ҳалли тақдири ҷаҳон аз доираи имконоти мо берун аст. Вале мо метавонем кори неке анҷом бидиҳем, ба дармондае дасти кӯмак дароз намоем, меҳрубон ва мушфиқи якдигар бошем. Дар ин сурат ҳаёти мо бемаъно нахоҳад буд. Бузурге фармудааст: “Вақти инсон дар ҳақиқат ин умри инсон аст. Агар инсон вақташро на дар роҳи хайру савоб, балки бо ғафлат, беҳудагӣ ва бо орзуҳои ботил гузаронад ва ё беҳтарин фурсатҳои вақташ хоб ва ё бекорӣ бошад, пас марги ӯ барояш беҳтар аз ҳаёташ аст”. Дар хусуси қимати вақт Бернард Вербер чунин фармудааст: “Қимати солро аз донишҷӯи аз имтиҳон афтида, қимати моҳро аз модари бармаҳал таваллудкарда, қимати ҳафтаро аз муҳаррири ҳафтанома, қимати соатро аз ошиқи интизори роҳи маҳбуба, қимати дақиқаро аз мусофири аз қатора ақибмонда, қимати сонияро аз шахси дар садама азизи дилашро аз дастдода ва қимати як ҳиссаи сонияро аз дорандаи медали нуқра дар бозиҳои олимпӣ бипурс”. Ҳаёти мо, ояндаи мо дар дасти худи мост. Барор ва нобарориро танҳо як бенишонӣ бо номи “вақт надорам” аз ҳам ҷудо месозад. Дар асл вақти мо хеле зиёд аст. Танҳо моро мебояд, ки онро дуруст тақсим карда, бошуурона истифода намоем. Вақт ҳаргиз моро мунтазир намешавад. Ҳар лаҳза дар саҳфаи рӯзгори мо як сатри наве зам мекунад, ки муаллифи он бешак худи мо ҳастем. Дар саҳфаи дигари он чӣ навишта хоҳад шуд, ба худи мо вобаста аст. Биёед, ба қадри ҳар нафас, ҳар лаҳзаи умр имрӯз бирасем ва фаромӯш насозем, ки вақт чун тайёраест дар парвоз, ки сарнишинаш худи мо ҳастем. Вақтро беҳуда сарф накунед, дӯстон. Таваккал кунед, хулоса бароред ва ҳатман муваффақ хоҳед шуд.
МУШОҲИДА
Чашмони зинокор Аз Китобхонаи миллӣ баромада, роҳ ба сӯйи хона гирифтам. Ҳавои тирамоҳ софу ором ва форам буд. Ман, ки дар чунин боду ҳаво сайру гашт карданро бениҳоят дӯст медорам, тасмим гирифтам, ки каме дар Боғи устод Рӯдакӣ қадам мезанам, сипас ба хона меравам. Ҳангоми сайру гашт диққатамро нигоҳи духтараки маъюсе, ки чеҳрааш заъфаронӣ, нигоҳаш ноумедона буд, ҷалб кард. Аз нигоҳи ӯ маълум буд, дар дил дард дорад ва мехоҳад онро ба касе холӣ кунад. Ман ҳам фурсатро аз даст надода, барои суҳбат наздаш рафтам. - Салом хоҳари азиз, чаро ин қадар ғамгин метобед, магар ягон мушкилие доред? Агар хоҳед ба ман гӯед, шояд кӯмак карда тавонам. Кӯмак карда натавонам ҳам, гӯш карда метавонам. Баъди хомӯшии тӯлони розӣ шуд бо ман суҳбат кунад. Маълум гардид, ки ҳар бегоҳ марде ҳамсоли падараш аз донишгоҳ то хобгоҳ аз қафояш мерафтаасту таклифи
ишқварзӣ намудан мекардааст. Мард ба духтар ваъдаҳои дурӯғи зиёд ба мисли: “Ту бо ман бош, бароят тамоми хӯшиҳои зиндагиро муҳайё месозам. Агар хоҳӣ мошин, хонаи ба тамоми таҷҳизоташ мехарам. Фақат ту розӣ шав, ки бо ман бошӣ”. Ҳангоми ҳикоя кардан аз чашмони ӯ ашк мисли борон мерехт. Ӯ бо чашмони пур аз ашк бар ман нигариста гуфт: - Апаҷон, чӣ кор карданамро намедонам, аз он мард сахт дар ҳаросам. Ҳарчанд ман ба ӯ ҷавоби не медиҳам, таҳдид мекунам, ки ба бародаронам мегӯям, аммо ҳеҷ нест, ба ҳолам гузорад. Ман нав дидам, ки марди калонсол то ин дараҷа паст ва якрав мешудааст. Ман ҳамсоли духтараш мешавам ва шояд духтараш аз ман ҳам калонтар бошад. Ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ба шаҳр меояму бо ин гуна мардони пасту пастсифат рӯ ба рӯ мешавам. Чанд рӯзе, ки дар пойтахт иқомат мекунам, мушоҳида кардам, ки аз писарони ҷавон дида мардони калонсол зиёдтар ба
духтари ҷавон таваҷҷуҳ доранд, ки ин бадбахтӣ аст. Онҳо ба ҳар духтари ҷавон аз нӯги по то сар бо чашми зино менигаранд... Духтарак дар курси аввали ДМТ таҳсил мекунад. Духтари деҳотӣ буда, бо сад умеду орзуҳои нек ба шаҳр барои таҳсил омадааст. Суҳбати кӯтоҳи духтарак маро гирён кард. Ба худ гуфтам, наход дар ҷомеа чунин мардони бадрафтор вуҷуд дошта бошад? Оё онҳо шарм аз бандаву тарс аз Худо надоранд, ки бо чашми зино ба духтароне ҳамсоли духтари худ менигаранд? Онҳо намеандешида бошанд, ки бо чунин рафтор қадру қимати марди тоҷикро мерезонанд ва нафрати бонувонро ба мардон зиёд мекунанд. Бо ин гуна фикру хаёлҳо ин духтаракро ба ҷойи зисташ гусел кардам... Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “ҶТ”
Аммо барои мо – тоҷикон таърихи қаблазисломӣ ҳам боиси ифтихор аст
- Ҳамчун як мутахассиси самти диншиносӣ терроризм ва ифротгароиро чӣ гуна шинохтед? Ин масъала дар гузашта оё вуҷуд дошт, чаро ин гуна гурӯҳҳо ташкил мешаванд ва ҳадафашон аз чӣ иборат аст? - Ин ҷо чанд нуктаи муҳим аст. Аввалан андешаҳои ифротӣ ё тундгароӣ хоси ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва динҳо ҳаст. Масалан, дар дини насронӣ ҳаракати озодихоҳи “Католикҳои ирландӣ” ё “ҷаванаи Италия”, ҳаракатҳои “Синтоӣ”, ҳаракати “Рама Кришна” дар дини Буддоӣ. Ҳамаи онҳо ҳаракатҳои тундгаро ва динӣ ҳастанд. Ба ғайр аз ин, теъдоди зиёди ҳаракатҳои миллатгарое ҳастанд, ки онҳо низ андешаҳои ифротӣ доранд, ки амалиёташон ба терроризм ва экстремизм анҷом меёбад. Чуноне, ки фашизм буд. Айнан ҳамин андешаро миллатгароёни яҳуд доранд. Идеяи миллатгароии яҳудӣ ҳамавақт ба муноқишаҳои сиёсиву иделогӣ миёни Фаластину Исроил ба ҷангу низоъ оварда расонидааст. Яъне, идеяҳои миллатгароӣ, ғояҳои дунявӣ низ метавонанд омили тундгароӣ ва ифротгароӣ бошад. Азбаски имрӯз терроризму экстремизм ва радикализми бо ном исломӣ аз доираи кишварҳои мусулмоннишин берун шуда, сатҳи ҷаҳонро гирифт ва ба як мушкилоти умдаи байналмилалӣ мубаддал шуд, дар сояи проблемаҳои ҷаҳони ислом дигарҳо нопадид шуданд. Азбаски низоми иқтисодии дунё бо ҳам пайванд аст, шикасти низоми иқтисодии як давлат дар тамоми бозори ҷаҳон таҳаввулот ба вуҷуд меораду таъсири манфӣ мерасонад. Барои нигоҳ доштани низоми иқтисодии ҷаҳон абарқудратҳо кӯшиш мекунанд, ҳамаи низоъҳое, ки дар кишварҳои Шарқ ба вуҷуд омада истодаанд, ба ивази он сарчашмаи пардохт ё сарчашмаи нигоҳ доштани низоми иқтисодиашонро пайдо кунанд. Имрӯз мо ба чашми худ дида истодаем, ки як кишвар ин ҷангу низоъро маблағгузорӣ мекунад ва гурӯҳҳои дигар онро амалӣ менамоянд. Низоми иқтисодии ҷаҳон роҳ намедиҳад, ки куллан ин низомҳо шикаста шаванд. Сониян як теъдоди зиёди пайравони дини ислом имрӯз дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ доранд, ки бо ин андешаву зуҳуроти ҷаҳони ислом бевосита пайванд ҳастанд. Кишварҳои Ғарб то имрӯз иддао доштанд, ки аз масъалаи терроризм эмин ҳастанд, аммо иш-
тироки теъдоди зиёди ҷавонони онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин иддаояшон асос надорад. Агар мо шарҳу тавзеҳоти мактабҳои исломиро бубинем, аз миёни онҳо нисбат ба арзишҳо, фарҳанг, мероси тоисломии мардуми мусулмони ғайриараб - мазҳаби ҳанафӣ хеле муносибати некбинона дорад ва таҳаммулпазир аст. Дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ҳамаи онҳо аз лиҳози урф, қиёс ва дигар унсурҳои динӣ тавонистанд кафолати ҳифзи меросро дода тавонанд. Дар кишварҳое, ки мардумаш пайрави таълимоти мазҳаби ҳанбалӣ ҳастанд (ин мазҳаб дар ислом ҳамчун мазҳаби ҳадисгаро муаррифӣ шудааст), ба мероси қаблазисломии нафақат араб, балки ғайриараб ҳам як муносибати бисёр шадид доранд. Мероси қаблазисломиро дар ягон шакл қабул надоранд ва аксари мероси қаблазисломиро бо номи ҷоҳилият шинохтаанд. Бинобар ин, вақте ки мероси қаблазисломро ҷоҳилият эълон карданд, ин пеш аз ҳама ба маросимҳои қаблазисломии худи мардуми араб бештар мансубият дошт. Вақте ки мо таърихи арабро меомӯзем, анъанаву маросимҳое, ки он ҷо дида мешаванд, воқеан ҷоҳилият ҳастанд. Масалан, ҳангоме фарзанд духтар таваллуд мешуд, зинда мегӯронданд. Ё зикр шудани номи бутҳои зиёд дар Қуръон нишонгари он аст, ки пеш аз ҳама ишора ба набудани яккахудоӣ дар байни араб аст. Дар ҳоле ки дар муқоиса бо кишварҳои Эрон ва Византия динҳо дар сатҳи давлатӣ буданд. Византия насронӣ буд, Эрон андешаи динии комили давлатӣ дошт. Мардуми ин кишварҳо аз тафаккури қабилавӣ барвақт баромада буданд ва дар сатҳи давлат масъалаҳои диниву сиёсӣ ҳал мешуданд. Ҳарчанд ислом аввал дар Арабистон пайдо шуда буд ва ҳамаи муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи қабила, ҳатто дар миёни хонаводаҳо ҳал мешуд. Ин низоми қабилавӣ таҳмил болои мардумҳои дигар шудан гирифт. Дар ин ҷо муноқиша ё аввалин андешаҳо на фақат миёни мусулмонон, балки мубориза бар зидди арабгароӣ дар миёни қавмҳои дигар пайдо шуд. Намунаи он ҳаракати “Шуубия”, аввалин ҳаракати мардуми форсзабон ва дигар ҳаракатҳо дар нигоҳ доштани анъанаву маросиму меро-
си тоисломӣ буд ва ниҳоят ҳамин ҳаракатҳо минбаъд барои поягузории давлатҳои миллӣ, ба мисли давлати Сомониён, замина шуданд. Баҳсу мунозираҳои зиёд ҳастанд, ки давлати Сомониён ҷузъи хилофати исломӣ буд, вале давлати Сомониён ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва мустақилияти худро эълон кард. Дигар ҳамаи он боҷу хироҷу андозҳои зиёде, ки буд, барҳам дод. Пулу моле, ки давлат ба даст меовард, бевосита барои беҳбуди мардуми худ сарф мекард. Яъне, давлати Сомониён комилан давлати миллии тоҷикон буд. Ба даст овардани низоми сиёсӣ дар кишварҳои ғайриараб заминаи аз сари нав ба доираҳои тундгаро ва ифротгаро кашидани мусулмонон оғоз шуд ва ин дар дохили ислом ташаккул ёфт. Пайдо шудани аввалин ҳаракати “Ваҳҳобия” дар асри 18 аз ҷумлаи онҳост. Ҳаракати “Ваҳҳобия” пеш аз ҳама ҳаракати сиёсӣ-идеологии арабҳо аст, на ҳаракати исломӣ. Вақте ки онҳо андешаҳои диниро таҳрезӣ карданд, як исломеро сохтанд, ки умқи онро ба ғайр аз араб касе қабул карда наметавонад, чунки дар таълимоти ваҳҳобия ҳамаи он меросу арзишу андешаҳое, ки марбут ба забон, фарҳанг ва маросимҳои қаблазисломӣ ҳаст, ботил дониста мешавад. - ... Гузаштаро инкор мекунанд ва таърихро аз пайдоиши дини ислом ҳисоб мекунанд? - Бале, таърихи гузаштаро куллан қабул надоранд. Ин барои арабҳо хуб аст, чунки барои араб фарҳанги миллӣ ислом аст ва фарҳанги динӣ ҳам ислом. Аммо барои тоҷик фарҳанги динӣ ислом аст, аммо фарҳанги миллиаш таърихи панҷҳозора давлатдории тоҷикон аст. Як низоми бисёр муҳим дар таърихи тоҷикон аст, ки ҳанӯз дар Авесто зикр шудааст, ки: “Вазифаи шоҳ обод кардани кишвар, таъмини амният, беҳдошти зиндагии мардум ва вазифаи диндор сомонбахш намудани ахлоқу маърифат барои дастёб шудан ба неъматҳои охират аст”. Бинед, ки панҷ ҳазор сол пеш низоми давлатдорӣ муқаррар кард, ки вазифаи давлат чӣ аст ва вазифаи диндор кадом мебошад. Сабаби бақои таърихии давлатдории тоҷикон низ ҳамин буд, ки онҳо сиёсату динро аз ҳамдигар ҷудо намуданд. Воқеаҳое дар гузашта буданд, ки низоми диниву давлат бо ҳам часпид, вале чуно-
не мо аз андешаҳои Фирдавсӣ дар ёд дорем: “Чун муъбадон кӯшиши ба даст доровардани Ҳокимяти сиёсӣ карданд, хуни ноҳақи бисёр рехт”. Яъне, омехта кардани дин бо сиёсат омили ҷанг аст. Бинобар ин, барои кишварҳое, ки маҳз бо омадани ислом соҳиби давлат, фарҳанг, тамаддун ва як низоми сиёсӣ шуданд, албатта барои онҳо ин таълимот муҳим аст, аммо ислом ба кишварҳои форсзабон, аз ҷумла ба Мовароуннаҳр, пеш аз ҳама ҳамчун дин, ҳамчун мактаби ахлоқу маърифату фарҳанг омад, на мактаби сиёсӣ. Бадбахтона, ҳама вақт ҳаминро айният медиҳанд, ки гӯё бо омадани ислом ҳама чиз дар минтақа пайдо шуд. Не охир! Дар ин ҷо низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, давлатдорӣ, додугирифт қаблан дар дараҷаи аъло буд. Худи таърихи Роҳи Абрешим чӣ қадар нақши муҳим дар рушди иқтисодиёти минтақа дошт. Вақте ки мо аз ин лиҳоз назар мекунем, ислом пеш аз ҳама ҳамчун фарҳанг, маърифат, ахлоқ ва комил будани масъалаи худошиносии ислом, масъалаи тавҳидаш омили асосии пайравӣ аз ин дин дар минтақа гардид. Мо ҳамин сарҳадро бояд ҷудо кунем, ки ислом барои мардуми форсзабон, хусусан мардуми тоҷик пеш аз ҳама дин, фарҳанг, маърифат ва ахлоқ аст, на мактаби сиёсиву идеологӣ. Агар аз ин нуқтаи назар вориди омӯзишу фаҳмиши дин шавем, ин барои мо мушкилоте эҷод намекунад. Аммо агар мо ҳамчун мактаби сиёсиву идеологӣ онро пазирем ва аз ҳамин нигоҳ кӯшиш кунем, ки исломро фаҳмем дар ин сурат мушкилоти зиёдро аз сари нав ба бор меорад. Шумо таҷрибаи солҳои 1990-умро хуб дар ёд доред. Яъне, масъалаи ба даст овардани қудрати сиёсӣ сӯистифода аз роҳи эътиқоди динии мардум... - Аз эҳсосоти мардум истифода карданд... - Албатта! Вақте ки бо номи ислом гурӯҳҳои сиёсӣ ба майдони мубориза омаданд, муборизаҳо бо номи ислом ва барои ислом оғоз шуд. Лекин дар асл ин манфиати гурӯҳҳои муайян буд. Ҳамин таҷриба ибтидои асри 20 дар кишварҳои дигари мусулмоннишин низ роҳандозӣ шуда буд ва чандин низомномаҳо, барномаҳои бунёди як хилофати исломӣ, як давлати исломӣ тарҳрезӣ шуданд. Муҳимтарини онҳо, ки то ҳол дар ҳаёти мусулмонони ҷаҳон ва хусусан кишварҳои араб нақши бориз доранд, аз ҷониби “Ихвонулмуслимин” тарҳрезӣ шуд, ки асосгузорашон Ҳасани Бано, Саидқутб, Муҳаммад Ризо мебошанд. Мактабҳои дигари идеологӣсиёсӣ, ки имрӯз рӯи кор омада истодаанд, низомномаашон аз лиҳози идеологӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ дар ибтидои асри 20 тарҳрезӣ шуда буд. Ҳаракатҳои Толибон, Ансоруллоҳ, ДИИШ ва ғайра имрӯз ҳамон низомномаву барномаҳои тарҳрезишудаи қаблиро амалӣ карда истодаанд. (Давом дорад) Мусоҳибон Бахтовар КАРИМЗОДА, Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
СУҲБАТИ “ҶАВОНОН”
Араб таърихи гузаштаашро қабул надорад
Масъалаи амнияти давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар ҳама давру замон масъалаҳои муҳим барои мардум, хусусан ҷавонони кишвар ба ҳисоб мераванд. Ҷавононро лозим аст, ки беш аз ҳама ин масъалаҳоро донанд ва дар мубориза бо он ва ҳифзу нигоҳ доштани марзу бум, шарафу номуси худу халқи кишвари худ омода бошанд. Сари ин масъалаҳо бо котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеки Анварзод.
8
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолааш Маҷлиси Олӣ вобаста ба танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ, бекории шаҳрвандон, муҳоҷирати аҳолӣ ва сатҳи зиндагии мардум, хусусан ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Боз як соли сурурбахшу фаромушнопазири зиндагии пурнишоти мо ба бойгонии таърих меравад. Шояд пас аз солиёни зиёд наслҳои нав бо ифтихор ба пирӯзиофарии мардум бо роҳнамоии Пешвои милат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд хоҳанд кард. Мо ифтихор дорем, ки шоҳиди шуҷоату корнамоиҳои Сарвари давлат мебошем.
ҲАСАН АЗИЗОВ
Паём ба ҷавонон роҳ кушод
Паёми умедвориҳо
Масалан, Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 гуфта буд: “Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд”. Ғамхорӣ ва супоришҳои падаронаи Пешвои миллат буд, ки дар зарфи даҳ соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сол ба сол мушкилоти ба кор таъмин кардани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон бартараф шуда истодааст. Соли равон ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 114302 нафар шаҳрванди кишвар, аз ҷумла 43435 ҷавон барои кор пайдо кардан муроҷиат намудаанд, ки аз ин 42750 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 19663 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2015 1929 нафар, (1243 нафар ҷавон) зиёд аст. 3642 нафар (1014 ҷавон) ба корҳои фардӣ сафарбар гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 312 нафар (110 ҷавон) камтар мебошад. 6218 нафар (2100 ҷавон) ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли 2015 872 нафар (22 ҷавон) зиёд аст. 308333 нафар (4054 ҷавонон) хизмати самтдории касбӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 1851 (393 ҷавон) кас зиёд мебошад. 18450 нафар (12242 ҷавон) ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шаданд, ки нисбат ба соли гузашта 53 нафар (104 ҷавон) бештар аст. Ҳамзамон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҷалб кардани ҷавонон ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ марказҳои забономӯзӣ, дузандагӣ таъсис дода, шумораи зиёди духтарону ҷавонони деҳотро ба онҳо ҷалб кардаанд. Дар ҳақиқат танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ, бекории шаҳрвандон, муҳоҷирати аҳолӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон таъсири бевосита дорад, чунки
рушди Давлату Ҳукумат ҳам аз ин вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, Пешвои миллат дар Паёми имсола ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва умуман рушди косибиву ҳунармандӣ сухан карда, таъкид намуд, ки чораҳои муаассир андешида шаванд. Ин буд ки ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат дар ҳамаи муассисаҳои тарбияи кадрҳои коргарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, беш аз 200 ҳазор нафар касбу ҳунарҳои нав омӯхтаанд ва барои фаъолият дар бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ омода шудаанд. Инчунин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд корхонаҳои саноатӣ, мактабу боғчаҳо ва марказҳои дузандагию бофандагӣ ва ғайра ба истифода дод, ки ҳазорҳо ҷои корӣ доранд. Аз ҷумла Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, Комбинати металлургии тоҷик (Ҳисор), Маркази хизматрасонии “Сироҷиддин” (Ҳисор), Меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот” (Ҳисор), Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим” (Кӯлоб), Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Муъминобод, меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, Корхонаи коркарди шир ва бастабандии равған дар Нуробод, маркази савдо ва хизматрасонӣ (ноҳияи Сангвор), Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» (Хуҷанд), Кохи фарҳанги «Суғдиён», Корхонаи истеҳсолии ҶСП "Норд Азия Металл" (Спитамен), Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл», Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат (Ёвон), Ифтитоҳи навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», Корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Моҳир Семент” (Ёвон), Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” (Зафаробод), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар, Кӯдакистони “Табассум” (Ҳисор) ва ғайра. Дар ҳақиқат Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид карда мегӯяд: “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.
Дар фарорасии Соли нави милодӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фоли нек аст. Дар ҳар сатри ин барномаи тақдирсоз фардои дурахшон намудор аст. Бахусус бо таҳлили амиқ ва рӯшан дар мавриди рушди соҳаи маориф, тарбияи насли нав ҳидоятҳои муҳим баён гардидаанд. Соли равон барои маорифчиён соли ҷаҳиши бузург маҳсуб мешавад. Гарчанде расман ин сол соли маориф эълон нашуда бошад ҳам, дар таърих чун соли рушду инкшофи маориф боқӣ мемонад. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахти накӯ насиб шуд, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ марди ҷасуру дурандеш, миллатдӯсти асил Эмомалӣ Раҳмон саробонӣ ва ҳифзи миллатро бар дӯш гирифт. Бори нахуст, замоне ки ба фардо эътимод набуд, дар пойтахт ҳар лаҳза садои тир ба гӯш мерасид, кадрҳо аз гирифтани мансаб метарсиданд, шаҳрҳо сокит ва ғамзада буданд, ин марди шариф, сиёсатмадори поктинат сарнавишт ва ояндаи нави давлатдории тоҷиконро вазифаи муҳимтарини хеш қарор дод. Акнун дар баробари таҷлили бошукуҳи рӯзи Истиқлоияти давлатӣ ва дигар идҳои миллӣ ҷашни анҷоми сол ва оғози соли милодӣ чун солномаи корнамоиҳо идома дорад. Мо - аҳли зиё, кормандони соҳаи маориф дар баробари таълими касби омузгорӣ дар шуур ва андешаи ҳар фарди насли нав ватанпарарию мардонагиро бедор менамоем. Дар мисоли фидокриҳо ва қаҳрамониҳои падарон тарбияи ҳарбӣватандӯстии насли наврас, ҷавонон вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Мутаассифона, пас аз 70 сол боз фашизм дар либоси «Давлати исломӣ», “Толибон” ба арзишҳои муқаддас, ба амнияти мардум таҳдид менамояд. Таблиғоти ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша баъзе ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ватанпараст ва миллатдӯстро зарур аст дар мубориза бо ин зуҳурот дар канор намонад. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хатар ҳанӯз даҳ сол пеш оламиёнро огоҳ карда буд. Дар ин самт Коллеҷи омузгории шаҳри Душанбе барномаи мушахас дорад. Таи се моҳи охир дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳо дар таълимгоҳ 12 чорабинии оммавӣ доир гардид. Дар арафаи ҳар иду маърака омӯзгорон тадбирҳои шавқовари маърифатӣ доир менамоянд. Боварии комил дорем, ки наслҳои имрӯзаву ояндаи миллати тоҷик аз уҳдаи ҳалли ин вазифаҳои бошараф сарбаландона мебароянд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сазовори худро дар ҷаҳон боз ҳам қавитар мегардонад. Ширин ИСМАТУЛЛОЗОДА, директори Коллеҷи омузгории шаҳри Душанбе
Дар ин сол яке аз маъракаҳои ва ин муттаҳидиро варзишу варзишга- М2 (30-солаҳо) медали тиллоро ба муҳими варзишӣ - Бозиҳои XXXI то- раш бори дигар нишон дод. Бо як ме- гардан овехт, ки аввалин ҳисобида бистонаи олимпӣ баргузор гардид. дали тилло Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби мешавад. Аз намуди кигбоксинг моҳи Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро ҳафт медалҳо дар ҷои 54 ва аз рӯи тақсими сентябри соли 2016 Зуҳро Холова дар варзишгар - Дилшод Назаров (вар- медалҳо сари ҳар иштирокчӣ дар мусобиқаи Осиё, ки дар давлати Корея зиши сабук, гурзандозӣ), Анвар Юну- ҷаҳон мақоми аввалро ишғол намуд. миёни калонсолон баргузор гардид, сов (бокс), Муҳаммад Абдураҳмонов, Ба ин восита ва ин дастовард варзиш аввалин медали тиллоро вориди хазиКомроншоҳи Устопириён (ҷудо), Кри- дар соли 2016 дар Тоҷикистон даҳчанд наи тиллоии варзиши кишвар намуд. стина Параженко (варзиши сабук, оммавӣ шуд. Ҳафтаҳою моҳҳо ВАО-и Дар соли ҷашни 25-солагии давидан), Олим Курбонов, Анастасия тоҷик аз варзиш гуфт. Соли 2016 вар- Истиқлолияти давлатӣ дар сартосаТюрина (шиноварӣ) муаррифӣ на- зиши тоҷик ба ҷаҳониён дар сатҳи ри ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногуни муданд. Метавон гуфт, ки соли 2016 олӣ муаррифӣ гардид. Инчунин дар варзишӣ гузаронида ва иншооти зиёд ва Олимпиадаи Рио барои мардуми ин сол аввалин медали тиллои Осиё мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. тоҷик фаромушнашуда27 майи соли 2016 дар авнист. Зеро дар ин сол марСоли 2016 ва Олимпиадаи Рио барои мардуми валин ҷаласаи Шӯрои милдуми тоҷик шаҳди медали лии кор бо ҷавонон Сарвари тоҷик фаромушнашуданист. Зеро дар ин сол тиллои Бозиҳои олимпикишвар дар самти варзиш ро, ки дер боз интизораш мардуми тоҷик шаҳди медали тиллои Бозиҳои махсус истода, ба роҳбарони буданд, чашиданд. Ин вазорату идораҳои дахлдоолимпиро, ки дер боз интизораш буданд, ҳадяро фарзанди миллат ри мамлакат барои беҳтар Дилшод Назаров дар ара- чашиданд. Ин ҳадяро фарзанди миллат Дилшод гардонидани шароиту Назаров дар арафаи таҷлили 25-солагии фаи таҷлили 25-солагии имкониятҳои ҷавонон, вусъаИстиқлолияти давлатии ти бунёди майдону толорҳои Истиқлолияти давлатии кишвар овард. кишвар овард. 19-20 авварзишӣ бо мақсади согусти соли 2016 махсус лимгардонии ҷомеа ва омдар хотираи пиру ҷавони миллати аз намуди гӯштини ҷудо (15-16 апрел, мавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи тоҷик нақш бастааст. Мардум баъд аз шаҳри Тошканди Узбекистон) вориди бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои мағлубияти 6 варзишгар умеди охи- хазинаи тиллоии варзиши тоҷик гар- варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва рини худро ба Дилшод Назаров баста, дид. Ин медалро Комроншоҳи Усто- тарзи ҳаёти солим супоришҳои мушабзиндадорӣ намуданд. Ба хотири пириён ба Ватан овард. То ин дам шаххас доданд. Аз 3 то 9 майи соли пирӯзии фарзандашон дуо мекарданд ҷудокорони тоҷик соҳиби медали 2016 аввалин чемпионати Осиё миёва он ҳама дуоҳо мустаҷоб гардид. Ин биринҷии мусобиқаи Осиё буданд. ни донишҷӯён оид ба бокс дар шаҳри рӯз барои тамоми тоҷику тоҷикистонӣ Парвиз Собиров, ҷудокори тоҷик охи- Душанбе баргузор гардид, ки тими ид буд. ВАО-и тоҷик ин ҷашни мил- ри соли 2016, антиқтараш 18-20 но- муштзанҳои тоҷик мақоми аввалро латро ба ҷаҳониён инъикос намуд. ябр дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ишғол намуд. Инчунин дар ин сол давВарзишдӯст будани мардуми тоҷик ҷаҳон миёни собиқадорон дар шаҳри ри гурӯҳии чемпионати Осиё оид ба бори дигар ба ҷаҳониён исбот шуд. Форт-Лодердейли иёлоти Флоридаи футболи духтарона миёни наврасон Мардуми тоҷик аз азал мутаҳид буд ШМА дар вазни 100 кило дар гурӯҳи бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор гардид. Бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ аввалин бор мусобиқа аз намуди давидан баргузор шуд. Аз намуди футбол бошад, тими ҷавонони кишвар бори нахуст миёни тимҳои қораи Осиё аз марҳилаи гурӯҳӣ баромад. Давоми 11 моҳи соли 2016 бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 167 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шудааст, ки дар он 12486 варзишгар иштирок намудаанд. Дар соли 2015 142 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва шумораи иштирокчиён 9806 нафарро ташкил медод. Варзишгарони тоҷик дар соли 2016 дар 70 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 302 медал (94 тилло, 91 нуқра, 116 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Давоми соли 2016 318 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои берун аз кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд. Ба хотири оммавияти варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ барои мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ давоми 11 моҳи соли 2016 дар сартосари ҷумҳурӣ 132 мактаби варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 42504 нафар варзишгар дар онҳо машқ мекунанд. Аз ин рақам 7136 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳад. Давоми сол дар баробари мактабҳои варзишӣ 113 варзишгоҳ, 6251 майдончаҳои оддии варзишӣ, 1633 толори варзишӣ ва 84 ҳавзи шиноварӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ба хотири солимии ҷомеа ҳамасола моҳи май Рӯзи дави миллӣ дар сартосари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки теъдоди иштирокдорон дар соли 2016 396858 нафарро ташкил намуд, ки 122877 нафараш бонувон буданд. Метавон гуфт, ки соли 2016 барои соҳаи варзиш ва варзишгарон соли қуллаҳои баланди музафарияту пешравиҳо буд. Соҳаи варзиш ва варзишгарони кишварро музаффариятҳои нав дар соли 2017 интизор аст.
9
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
ШОДИХОНИ НАЗАР
2016 – соли муҳим дар варзиши тоҷик
Аз Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 январи соли 2016 ба Маҷлиси Олӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва варзишӣ тағйироту пешравиҳои назаррас ба амал омад. Хусусан варзиш аз самтҳое буд, ки аз мадди назари Роҳбарияти кишвар дур намонд.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
Омӯзгорӣ касби пуршараф аст
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
СОҲИБКАСБ Падар аз кор баргашта, вориди хона шуд ва хастаҳолона, бе ягон сухан дар гӯшае нишаст. Ба нуқтае, ба дуриҳои дур нигариста, андешид. Аз чеҳраи афсурда ва нигоҳи андешамандаш маълум буд, ки барои чизе ғӯсса мехурад. Бисёр таассуфомез нафас мегирифту бо каме ҷунбонидани сар гӯё тасдиқ мекард, ки набояд ин хел бошад. Писари хурдсолаш ки дар поёни хона шоҳиди рафтори падар гардида буд, суоломез ба сӯйи падараш менигарист. Пас аз каме ба худ омадан, падараш пай бурд, ки писараш шоҳиди афсӯсхуриҳои ӯ шудааст. Баъдан нафаси озоде гирифту ба назди ӯ омада гуфт: “Раҳмоналӣ, писарам! Медонӣ сабаби ғамгинии ман чист? Албатта, намедонӣ. Ман бисёр таассуф мехурам, ки имрӯз чаро ҷавонон ба касби омӯзгорӣ майл надоранд. Ин бисёр нигаронкунанда аст. Барои ҳамин, писарам, ту бояд донӣ, ки касби омӯзгорӣ пуршараф аст. Аммо афсӯс, ки баъзе ҷавонон аз омӯзгор шудан мешарманд. Вале намедонанд, ки таълимдиҳандаи кулли инсонҳо омӯзгор асту ин нафари фидоии роҳи хеш мекӯшад, то шогирдонаш бесавод намонанду дониш андӯзанд ва дар зиндагиву ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи худашонро пайдо созанд... Раҳмоналӣ суханони дардноки падари омӯзгорашро шунида, бисёр ғамгин шуд. Баъди каме андеша ба падар нигариста, бо итминони комил гуфт, ки бисёр таассуф нахурад, зеро ҷавонони дӯстдори ин касб кам нестанд. Писар ба падар ваъда медиҳад, ки мактаби миёна ва донишгоҳро хонда, касби пуршарафи омӯзгориро пеша мекунад. Падари омӯзгораш ин гуна суханони рӯҳбахшандаи писарашро шунида, ӯро ба оғӯш гирифту барои амалӣ шудани орзуяш дуо дод. Раҳмоналӣ соли 2011, пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супорида, донишҷӯи факултети биология шуд. Ӯ ин макони маърифатро бо муваффақият хатм намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани рисолати бар дӯш гирифтааш ба кори омӯзгорӣ мепардозад. Раҳмоналӣ Назипов соли 1993 дар оилаи омӯзгор, дар ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Баъди бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ аз соли 2014 то имрӯз дар МТМУ №12-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба ҳайси омӯзгори фанни биология кору фаъолият намуда истодааст. Бо омӯзгори ҷавон суҳбате доштем, ки фишурдааш пешкаш мегардад.
- Омӯзгор бояд кадом хислатҳоро доро бошад? - Вақте ба синф медароед, дар он ҷо агар бист хонанда нишаста бошад, пас он ҷо бист хислат вуҷуд дорад. Бо ҳар яки онҳо забон ёфтану муносибат кардан корест душвор ва заҳматталаб. Омӯзгор тарзе бояд рафтор намояд, ки ӯ хонандаро ва хонанда ӯро фаҳмад, яъне якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд биёяд. Агар якдигарфаҳмӣ, ки ба миён омад, пас дар ин ҳолат омӯзгор дар кори худ комёб мегардад. Нафаре дар ин ҷода комёб мегардад, ки ба худу дониши худ боварӣ дорад. Вагарна муроде ҳосил намегардад. Омӯзгор аслан ки худаш тарбиятдиҳанда аст, бояд ботарбия, ботамкин, хоксор, зирак, поквиҷдон ва вобаста ба ҳама ҳолат кору фаъолияти худро донад. Омӯзгор на танҳо фанни худ, балки методикаи омӯзишии фанҳои дигар ва алоқамандӣ бо дигар фанҳоро ҳам пурра донад. Дар баробари ин, аз ҷиҳати эстетикӣ бояд симои омӯзгорӣ дошта бошад. Аз таҷрибаи андӯхтаи хеш ва таҷрибаи дигарон сабақ гираду хуб ба дарс омода шавад. Хонанда аз омӯзгор ғайр аз илм боз бисёр чизҳоро меомӯзад. Ба монанди тарзи либоспӯшӣ, гуфтор ва рафтор. Аз ин рӯ, ҳам зоҳиру ҳам ботини омӯзгор бояд намунаи ибрат бошад. - Ба назари Шумо, ҳамчун омӯзгори ҷавон сабаби пас аз хатм ба кор ҳозир нашудани ҷавононе, ки пешаи омӯзгориро омӯхтаанд, чист? - Сабаби асосии сари вақт ба кор ҳозир нашудани ҷавононе, ки бо ихтисоси омӯзгорӣ донишгоҳҳоро хатм менамоянд, шояд он бошад, ки ба назари баъзеҳо имрӯз қадри омӯзгор каме паст шудааст ва маоши кам дорад. Вобаста ба ин ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Аксари он ҷавонон ба он сабаб ба муассисаи таълимӣ ҳозир намегарданд, ки аз уҳдаи пешаи омӯзгорӣ баромада наметавонанд. Зеро омӯзгорӣ касби пурмашаққат ва серталаб аст. Имрӯз ҷавонон фикр мекунанд, ки тезтар ба зинаи баланд расанд. Баъзе онҳо аз омӯзгор шудан шарм мекунанд. Чунки имрӯз дар ҷомеа на ҳама қадри омӯзгорро медонад. Аз ин рӯ, намехоҳанд, ки омӯзгор шаванд. - Омӯзгор кадом вақт худро муваффақ меҳисобад? - Инсон вобаста ба соҳаи худ, бахусус омӯзгор яку якбора худаш-
ро муваффақ дида наметавонад. Масалан, вақте духтур бемореро табобат мекунад, пас аз шифо ёфтани бемор худро муваффақ меҳисобад. Омӯзгор бошад, хонандаи ӯ вақте мактабро хатм мекунад, донишгоҳ дохил мешавад ва оянда як шахси дар ҷомеа лозимӣ мешавад, баъдан худро комёб медонад. Дар баробари ин, замоне ки шогирдони омӯзгор дар озмун ва олимпиадаҳо ҷойи намоёнро ишғол менамоянд, омӯзгор хеле хушҳол мешавад, ки заҳматҳояш натиҷа додаанд. - Чун бо хонандагон сару кор доред, хонандаи имрӯзаро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Аслан хонандагони имрӯза ба китобҳои дарсиву бадеӣ камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Шояд таъсири техника ва технологияи нав бошад. Аммо чанд сол қабл онҳо ба китобхона мерафтанду ҳар гуна китобҳои илмию бадеӣ ҷустуҷӯ ва мутолиа мекарданд. Айни ҳол бошад, вақте ки интернет тараққӣ кардааст, ба ин чиз камтар эътибор медиҳанд. Дар баробари ин яке аз мушкилиҳое, ки дар ин росто ҷой дорад, ҳамкории волидайн бо мактаб хеле кам шудааст. Волидайне бештар ба рафти хониши фарзандашон таваҷҷуҳ доранд, ки онҳо худ соҳибмаълумотанду мехоҳанд фарзандашон дар оянда соҳибкасб бошад. - Шумо, ки дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда истодаед, ба рушду инкишофи ин соҳа чӣ гуна баҳо медиҳед? - Дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ба соҳаи маориф хеле зиёд аст. Имрӯз дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ макотиби олӣ ва ё муассисаҳои таълимии миёнаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Мо, омӯзгорон низ аз ин дастгириву ғамхориҳо миннатдор ҳастем. Тараққиёте, ки имрӯз дар соҳаи маориф ба вуҷуд омада истодааст, агар ҳамин хел идома ёбад, пас бо боварӣ метавон гуфт, ки ин соҳа, ки муҳимтарин соҳа ба ҳисоб меравад, боз ҳам рушду инкишоф меёбад. - Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ боз ба чӣ кор машғулед? - Дар давоми се соли фаъолияти корӣ соҳиби ду мақолаи илмӣ гаштам ва айни ҳол як китоб бо номи “Маҷмӯи тестҳо аз фанни биология” омода намуда истодаам, ки дар соли 2017 ба нашр мерасад. Ба он мақсад китоби мазкурро омода намудам, ки имрӯз тарзи дохилшавии хонандагон ба макотиби олӣ тариқи тестӣ сурат мегирад. Ин китоб ба хонандагон то андозае кӯмак мекунад, то онҳо онро омӯзанду омода гарданд. Маҷмӯаи мазкур беш аз 2000 саволу ҷавобро дар бар мегирад. - Вақт барои ҷавонон чӣ нақш дошта метавонад? - Вақт аслан мисли маблағ аст, агар онро дар ҷойҳои беҳуда сарф накунӣ, барои ҳамаи чиз басанда аст. Баъзе аз ҷавонон имрӯз инро фикр накарда, вақти қимати хешро дар корҳои беҳуда сарф менамоянд. Вақт, бахусус дар айёми ҷавонӣ гавҳари қиматтарин аст. Ҷавонон имрӯз бояд омӯзанду хонанд ва вақти хешро самаранок истифода намоянд.
Навниҳоли ташнаи дониш Ҷамолбӣ дар синфи даҳум таҳсил дорад. Аз хурдӣ ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ шавқу ҳавас дошт. Махсусан, фанни забон ва адабиёти тоҷик барояш писанд буд. Маҳз шавқу рағбат боис гардид, ки ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфи ҳафтум дар олимпиадаи ноҳиявии хонандагон ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи аввал сазовор шавад. Соли таҳсили 2015-2016 бошад, ба Ҷамолбӣ муяссар гардид, дар олимпиада байни 20 нафар хонандагони синфҳои нуҳуми ноҳия ҷойи аввал, дар даврҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҷойи сеюмро ба даст орад.
Чунин комёбиҳои худро Ҷамолбӣ ба кӯмаку дастгирии устодаш, омӯзгори фанни забон ва адабиёт Фазила Искандарова вобаста медонад. Устод тавонист дар замири шогирди хеш нисбат ба фанни забони модарӣ ва адабиёти бою рангини тоҷик меҳру муҳаббатеро бедор намояд. Соли 2016 барои Ҷамолбӣ соли барору комёбиҳо маҳсуб меёбад. Ӯ дар ин сол синфи нуҳумро бо баҳои аъло хатм намуд. Моҳи август бошад, дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и ноҳия 20 нафар довталаб барои сазовор шудан ба гирифтани Стипендияи Президенти ҷумҳурӣ дар озмун ширкат варзиданд. Ҷамолбӣ низ. Шарти асосии озмун навиштани иншо дар мавзӯи «Пешвои миллат, истиқлолият ва ҷавонон» ба ҳисоб мерафт. Иншои навиштаи Ҷамолбӣ беҳтарин дониста шуд. Ҳамин тавр, Ҷамолбӣ қатори ҳафт нафар хонандаи беҳтарини ноҳия ба гирифтани Стипендияи Президенти ҷумҳурӣ сазовор гардид. Ҷамолбӣ на танҳо хонандаи аълохон аст. Ӯ ҳамчунин рафиқи хуб низ маҳсуб меёбад. Ёрии худро аз ҳамсинфон ҳаргиз дареғ намедорад. Дар корҳои ҷамъиятии мактаб ҳам ширкати фаъолона дорад. Оғоз аз синфи сеюм то ҳол сардори синф ба ҳисоб рафта, мекӯшад ҳамсинфонаш дар таълим ва рафтор намунаи ибрати дигарон бошанд. Ҷамолбӣ насли даврони истиқлол аст. Пайваста шукронаи тинҷию амонӣ ва сарсабзии ватани азизи худро мекунад. Дар фазои сулҳу суботи кишвар саъй дорад мактабро бо номаи камоли аъло хатм намуда, пасон аз рӯи фанни дӯстдоштааш дар яке аз макотиби олӣ таҳсилро идома диҳад. Ба ин навниҳоли ташнаи дониш, яъне шогирди худ Ҷамолбии Ҳикматулло баҳри амалӣ гардидани орзуҳои некаш комёбиҳо таманно дорем.
Ҳ. РИЗОЕВ, муовини директори МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Аълочии маорифи Тоҷикистон
ОЗМУН Тавре хабар доред, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон аз 27.05.2016 барои муайян кардани беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (БҶВС) озмун эълон кардааст. То имрӯз зангҳои телефонӣ бисёр буданд, аммо шарт ҳамин аст, ки танҳо анкета қабул карда мешавад.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 1 2 3 4
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БҶВС шаҳри Хоруғ Мирғарибов Масрур БҶВС ноҳияи Дарвоз Шокиров Расулҷон БҶВС ноҳияи Ванҷ Ғайратов Масрур БҶВС ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова БҶВС ноҳияи Шуғнон И. Имомёрбеков БҶВС ноҳияи Ишкошим БҶВС ноҳияи Мурғоб Қамчинбеков Жанполот ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 245 БҶВС шаҳри Қурғонтеппа Ҷ. Исматуллозода БҶВС шаҳри Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин БҶВС шаҳри Сарбанд Азимов Азимҷон БҶВС шаҳри Норак Ятимов Баҳодур БҶВС ноҳияи Бохтар Сатторов а Мунавара БҶВС ноҳияи Вахш Усмоналиев Раҳмоил БҶВС ноҳияи Балхӣ Қурбонов Хуршед 128 БҶВС ноҳияи Хуросон Муродов Шарифалӣ БҶВС ноҳияи Дӯстӣ Олимова Низора БҶВС ноҳияи Ҷомӣ Хоҷаев Абдулмаҷид БҶВС ноҳияи Ёвон Раҷабов Эраҷ 237 БҶВС ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар БҶВС ноҳияи Шаҳритус Турақулов Фаррухамир БҶВС ноҳияи Н. Хусрав Амиров Давлатшоҳ БҶВС ноҳияи Панҷ Ҳакимов Ҳасан БҶВС ноҳияи Данғара Шамсулло Салимов БҶВС ноҳияи Фархор Вализода Муҳаммад БҶВС ноҳияи Восеъ Алиев Хисрав БҶВС ноҳияи Ҳамадонӣ Миров Шуҳрат БҶВС ноҳияи Ховалинг Шеров Дилшод БҶВС ноҳияи Балҷувон Сангов Аҳрор БҶВС ноҳияи Ш. Шоҳин Раҷабов Ҳусайн БҶВС ноҳияи Ҷайҳун Сатторов Саид БҶВС ноҳияи Темурмалик Гадоев Аслиддин БҶВС ноҳияи Муъминобод Раҷабов Абдулло ВИЛОЯТИ СУҒД БҶВС шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр БҶВС шаҳри Бӯстон Исмоилов Хисравшоҳ БҶВС шаҳри Гулистон Ғоибова Саидаҷон БҶВС шаҳри Исфара Шарофов Субҳиддин БҶВС шаҳри Истаравшан Почокалонов Парвиз БҶВС шаҳри Конибодом Шарифов Валӣ БҶВС шаҳри Истиқлол Исроилов Ихтиёр БҶВС шаҳри Панҷакент БҶВС ноҳияи Б. Ғафуров Зоидов Олимҷон БҶВС ноҳияи Зафаробод БҶВС ноҳияи Мастчоҳ Азизов Саидҷаъфар БҶВС ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродов Ҷасурҷон БҶВС ноҳияи Деваштич Қутбиддинова Бунафша БҶВС ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ Ахмедов Ҳотамбек БҶВС ноҳияи Айнӣ Носиров Наврӯзбой БҶВС ноҳияи Ашт Насриддинов Ҷамшед БҶВС ноҳияи Спитамен Муҳамаддиев Музрафхон БҶВС ноҳияи Ҷ. Расулов Давлатов Нисор ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БҶВС шаҳри Турсунзода Ҳалимов Умед БҶВС шаҳри Ваҳдат Азиззода Маъруфҷон БҶВС шаҳри Роғун Саъдуллоев Маҳмадулло БҶВС шаҳри Ҳисор Ниёзов Отаҷон БҶВС ноҳияи Шаҳринав Субҳонов Бобосодиқ БҶВС ноҳияи Рӯдакӣ Сатторов Абдулло БҶВС ноҳияи Варзоб Турсунзода Раҷабалӣ БҶВС ноҳияи Файзобод Раҳимов Умедҷон БҶВС ноҳияи Нуробод Бобиев Қумриддин БҶВС ноҳияи Рашт Саидаҳрор Саидҷалолов БҶВС ноҳияи Лахш Сафаров Исмоналӣ БҶВС ноҳияи Сангвор Қурбонов Темур БҶВС ноҳияи Тоҷикобод Фозилов Ҳилолӣ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БҶВС ноҳияи И. Сомонӣ Сайалӣ Шаҳобов Абдулло Давлатзода БҶВС ноҳияи Сино БҶВС ноҳияи Шоҳмансур Насимҷон Ҳасанов БҶВС ноҳияи Фирдавсӣ Ҳусенов Муҳаммадтолиб
42
Ҷамъи овозҳо
Мудири бахш
2 10
1092
52 879
1244 110
97 5 48
1 189 68 38
205 305 3 769 354 3 5 207 52 2 2 92 2 2 99 12 60 25
АНКЕТА Беҳтарин Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (ноҳия, шаҳр) __________________ ____________________________________________________________________ Барои чӣ беҳтарин аст?________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ ____________________________________________________________________ Ному насаби пуркунанда ______________________________________________
БОАҚЛОНА РАФТОР КУНЕД Барои худатон муайян намоед, ки оё шумо барои қабули андешаи дигарон омода ҳастед ё не, ё кӯшиш мекунед, ки оид ба ҳар масъала дурустии андешаи худатонро ба онҳо исбот кунед. Агар шумо ҳамеша ба андешаи атрофиёнатон розӣ нашавед, хоҳу нохоҳ боиси норозигии дигарон мешавед ва ба вазъе рӯ ба рӯ мегардед, ки бо онҳо дар бораи ягон масъала ба сари як мақсад омада наметавонед. Дар муносибат бо одамон коре кунед, ки на сих сӯзаду на кабоб, он гоҳ дар коратон барор меёбед ва сазовори эҳтироми атрофиён мегардед. ПЕШ АЗ ҲАМА КОР КАРДАН Беҳтараш на ба норозигӣ бо дигар кормандон, балки ба кор аҳамият диҳед. Ба моҷаро ва нофаҳмӣ роҳ надиҳед, расидан ба мақсадҳои кориро дар мадди аввал гузоред. Бо кормандон бештар муошират кунед, ба онҳо намоиш диҳед, ки корро бо сифати беҳтар иҷро карда метавонед. Дар коллективи кормандон ҳамеша арзишҳо, мақсадҳое мавҷуданд, ки роҳи ҳаллашонро пайдо намудан зарур аст. Маҳз бо осонӣ пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаҳои корӣ бояд дар муносибати шумо ва ҳамкоронатон мақоми аввалиндараҷа дошта бошад. ЯК ТАРАФРО ДАСТГИРӢ НАКУНЕД Шумо метавонед дар байни ду ҷониби пурзӯр, яъне дар байни обу оташе монед, ки ҳар кадоми онҳо метавонанд ба пешравӣ ва рушд кардани шумо таъсир дошта бошанд. Дар чунин ҳолат ҷонибдори яке аз тарафҳо нашавед, зеро бо чунин амалатон тарафи дуюмро ҳатман аз даст медиҳед. Ба
ҷойи ин, заминаи ҳамкорӣ кардан бо ҳар ду ҷонибро пайдо кунед, чунин роҳи ҳалли мушкилро пайдо кунед, ки барои ҳарду тараф мусоид бошад. БА МОҶАРОҲОИ КОРӢ АҲАМИЯТ НАДИҲЕД Сиёсати корӣ талаб мекунад, ки дар байни кормандон гуногунфикрӣ ба амал ояд. Баъзе амалҳои ҳамкорон шояд боиси ранҷиш ё ошуфтаҳолии шумо гарданд. Вале шумо баъзан бояд иродаи шахси дигар ва андешаи коллективи худро низ пазиред, махсусан дар ҳолате ки одами мазкур шахси нисбат ба худатон пурзӯр ва мансаби калон дошта бошад. Аз вай ранҷида, дар фикри қассос гирифтан нашавед. Бо чунин амалатон шумо душмани бештар пайдо мекунед ва онҳо дар лаҳзаи қуллай ба шумо зарар мерасонанд. Бо онҳо ҳамкорӣ кунед ва худатонро аз ҷиҳати касбӣ баланд нишон диҳед. ШАХСИ ДИГАРРО ФАҲМЕД Мафҳуми «эмпатия» дар забони корӣ кам истифода мешавад. Мо аксар вақт аз дигарон талаб мекунем, ки моро фаҳманд ва ҳар чизеро, ки мо худамон дарк менамоем, дигарон низ онро чунин дарк кунанд. Вале худамон ҳаргиз дар муносибат ба кормандон чунин муносибатро раво намебинем. Барои бо кормандон забон ёфтан мо бояд андеша кунем, ки барои чӣ одамон ин тавр ё таври дигар рафтор мекунанд. Муносибати муштарак маҳз аз омода будани шумо ба дарки мушкилот аз назари коллектив вобаста аст. Ҳамин тариқ, байни шумо ва кормандон гуфтугӯи озод оғоз ва ҷараёни ҳалли масъалаҳо низ нисбатан тезтар ва сабуктар мегардад.
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
МАСЛИҲАТИ “ҶАВОНОН”
НОИЛА ВОҲИДОВА
Бо ҳамкорон забон ёбед
1 2 3 4 5 6 7
Шаҳр, ноҳия
Овозҳо дар ҳафта
№
Ёвон пешсаф мешавад?
Хоҳу нохоҳ дар кори шумо сиёсат вуҷуд дорад. Чӣ тавр? Ҳамаи ходимон мехоҳанд манфиатҳояшон амалӣ гардад – яке мансаб гирифтан мехоҳад, дуюмӣ андозаи маошашро баланд бардоштан, сеюмӣ бошад, беҳтар намудани шароити корро талаб менамояд, нафари чорум қатъӣ намудани назорат ва мустақилиятро. Ҳамаи одамон ҳар хел мешаванд ва бо ҳама забон пайдо кардан кори саҳл нест. Ҳар одам дар ҷомеа мавқеи хос дорад, бо атрофиён муносибат менамояд ва ангезаҳои худро дорост, ки вайро ба ин ё он кор ҳидоятгар мешаванд. Бо вуҷуди он, агар бо одамоне, ки ақидаашон ба ақидаи шумо як нест, арзишҳо ва манфиатҳояшон фарқ мекунад забон пайдо карда натавонед, он гоҳ дар байни шумо ва ҳамкоронатон якдигарфаҳмӣ намешавад ва ногузир ба моҷаро мерасонад. Барои иҷрои вазифаҳои корӣ ба шумо зарур аст, ки бо ҳамкоронатон забон ёбед. Чӣ тавр ин корро кардан мумкин?
12
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
ИДЕАЛИ ҶАВОНОН
КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО,
Ба дӯстон меҳрубон
Нависандаи халқии Тоҷикистон
ЭССЕ
Дар газетаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) кор мекардам. Ҳавасам ба газета, ба навиштан. Дар мавзуъҳои танқидӣ, ахлоқу одоб менавиштам. Ба сарам ҷанҷол меомад, дучори хархашаҳо мегаштам. Як мақолаам “Ба хотири модар” ном дошт, фарзанди нохалаф бо гапи арӯси ҷавон модарро аз хона пеш карда, дарро ба рӯяш баста. Модар дар кӯчаҳо сарсону саргардон, дар хонаи ҳамсояҳо мезиста. Ба фарзанди талбидаю харидааш, ки Икром ном доштааст, боз модар меҳрубон. “Икроми ҷони ҷон” мегуфта.
Мақола байни хонандагон як шӯру қиём овард. Даста-даста мактуб меомад, номаҳо дар газета чоп мешуданд, фарзанди ҷоҳилро муҳокима карда, ӯро номард, носипос, намакзада мегуфтанд. Ғазаби Икром омада, сари ҷаҳл намедониста, ки чӣ кунад. Ба муаллиф дарафтод, ариза менавишт аз болои ӯ, туҳмат, гуноҳҳои набуда ба гардани вай бор. Ҷавоб мегирифт, қонеъ не. Моҳҳою сол мегузашту ором не. Ҳамон рӯзҳо боз ба кумитаи марказии комсомол - КМ ЛКСМ ариза навиштааст. Аризаро барои санҷиш ба ихтиёри як мудири бовариноки комсомол Амиршо Миралиев супурдаанд. Дар идораи рӯзнома ӯро медонистем. Аксари мақолаҳои газетаро ӯ мехонд, фикру мулоҳизаҳояшро мегуфт, танқид ҳам мешунидем, ба кори рӯзноманигорӣ хуб ошно буд. Сармуҳаррир баъзе мақолаҳои танқидиро барои хондан ба ӯ месупурд, баъд чоп мешуданд, серталаб буд. Номи Амиршо Миралиевро шунида, вале худашро надида будам. Бегоҳирӯзӣ буд. Сармуҳаррир огоҳам намуд, ки пас аз кор биистам, Амиршо Миралиев меомадааст, дар масъалаи боз як аризаи ҳамон Икром. Табъам хира гашт, ба чи инсони моҷароҷӯю шилқине дучор омадаам. Навиштан ҳам як бор, ду бор, наход сол аз моҳи дароз нависаду нависад, думи касро сар надиҳад. Худованд одамро ба чунин зотҳо гирифтор накунад. Вагарна тасдиқ шуда, ки навиштаҳояш дурӯғ, иғво. Масалан ӯ гуфта, ки Кароматулло ҳамеша маст, дар кӯчаҳо ғалтида мехобад. Алҳазар аз туҳмат. Дар идораи рӯзнома, дар ҳама ҷо медонистанд, ки қатраи арақро ба лаб намебурдам. Ҳатто дар маъракаҳо тавалло ҳам, ки мекарданд, нӯшида наметавонистам. Аз ҷониби дигар, боз менавишт, ки Кароматулло фазанди одами диндор, падараш домулло, намоз мехонад, мӯи сар намемонад, тоқӣ пӯшида мегардад. Ҳеҷ кас пеши аризанависиҳои ӯро гирифта наметавонист. Амиршо Миралиев ҳам баҳри санҷиши боз як аризаи дигари ӯ меомадааст. Дари ҳуҷраамро сармуҳаррир кушод. Амиршоҳу сармуҳаррир ба ҳуҷраам даромаданд. Бале, Амиршо Миралиевро бори аввал медидам. Шиму костюми сиёҳ дар бар, куртаи сафед, галстук, мӯи сар қатрон барин сиёҳ, газгӯшт, гандумгун, борикандом. Дар лабонаш табассум, чеҳрааш кушода. - Амиршо Миралиевич, мегӯям, Кароматуллоро ба ҳуҷраам ҷеғ занем, - сармуҳаррир аз рӯи эҳтиром андаке аз Амиршо Миралиев ақибтар меистод, қомати сармуҳаррир нисбат ба қаду қомати баланди Амиршо Миралиев пасттар менамуд. - Не, бо Кароматулло ҳамин ҷо суҳбат мекунем, шумо равед. Гуноҳаш бисёр, - бо ханда ба банда нигариста афзуд: - Ана, бинед, дар сараш тоқӣ, мӯйи сар надорад, рости гапро гуфтааст, дурӯғ нанавиштааст, - Амиршо боз ба сармуҳаррир рӯ оварда, - шумо равед, - гуфт. Баъд ӯ ба пешмизи мизи банда нишаст, - ту дар ҷои худат шин, - фармоиш дод. Вале аз рӯи эҳтиром ба ҷоям нанишаста, ба тарафи дигари миз гузашта, рӯ ба рӯяш нишастам. Пас аз лаҳзаҳо ба фаршу сақф, ба чанд мизу курсиҳои ҳуҷра, ки дар онҳо ҳамкорон менишастанд, назар андохтан Амиршо ба банда ҳамгап шуд: - Кароматулло Мирзоев худат ҳастӣ? – Ғайри чашмдоштам аз пурсидани ному фамилияам сухан оғоз намуд.
- Ҳа, Амиршо Миралиевич, ман Кароматулло Мирзоев, - дастонам пеши бар аз ҷой бархостам. - Бишин, дастонатро аз пеши бар гир, муллоҳо барин нашав, - бо ҷиддият таъкид намуд. - Хуб гап зан, Кароматулло, чӣ аҳвол дорӣ? - Ҳайратам бештар гашт, ки риштаи гапро аз ариза не, ба дигар тараф тоб дод ва боз афзуд: - Мақолаҳоятро мехонам, нағз менависӣ, бисёр танқид мекунӣ. Наметарсӣ? – Ба ҷавобам эътибор надода меафзуд: - сари мақолаи “Қафас” ҳам хеле гап шуд, дар кумитаи марказии комсомол дар ташвиш шуданд. – Хурсанд шудам, ки Амиршо Миралиев ин мақоларо хондааст. Духтаре узви комсомол, дар мактабу деҳа овозадор, фаъол, ҷасур. Падар ҳамеша садди роҳаш мешуда. “Ба хондан меравам”, мегуфта ӯ, падар намегузоштааст. Мактаби миёнаро хатм кардааст. Аз пайи таҳсил шудааст. Падар монеъ. Баҳонае ёфтааст. Говҳоро ба чаро мебарам гуфта, аз хона мебаромадааст, говҳоро дар алафзор лангар карда, шаҳр, ки наздик, ба университет (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) шитофта имтиҳон месупурдааст. Падар фаҳмидааст, дарро ба рӯяш баста, аз хона баромадан нагузоштааст. Духтар ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” мактуб навиштааст. Бандаро вазифадор карданд, ки аз пайи санҷиши мактуб шавам. Бо намояндаи идораи ҷамоат ба хонаи духтар рафтем. Гуфтем, ки бо ӯ дар идораи ҷамоат суҳбат мекунем. Суҳбат кардем, гуфтем, ки кӯмак мерасонем. Воқеае шуда, ки духтар ҳамон рӯз ба хонаашон барнагаштааст. Як шӯру ғалаёне. Духтар гум. Падар аз намояндаи газета, аз банда домангир. Ба идораи газета меомад, ба милисаҳо хабар додааст, хонаи моро ҷуста ба деҳа рафтааст. Банда ҳам дар ҳарос, ки духтар худашро ба ягон роҳи нобудӣ наандозад, накушад. Ҳамон рӯзҳо ба баъзе духтарон ҳамин гуна ҳолатҳо рух медод. Баъди чанд рӯз духтар дар куҷо буданашро ошкор сохтааст. Дар хонаи як дугонааш пинҳон шуда, дар Донишгоҳи миллӣ имтиҳон супурдааст. Балаш камтар, ки будааст, қабул нашудааст. Ин тарафи аҳволи духтарро худи Амиршо Миралиев медонистааст. Ӯ ба кумитаи марказии комсомол рафтааст, Амиршо Миралиев вобаста мешавад. Духтарро ба донишгоҳ қабул мекунонад, барои ин ӯ аз Амиршо Миралиев як умр миннатдор. Амиршо имрӯз ҳам аз ҳоли ӯ бохабар, ба сабзишаш кӯмак расондааст. - Он духтар аз ту розӣ аст, - гуфт Амиршо Миралиев. - Шумо ба ӯ мадад расондед, Шумо, вагарна дохил шуда наметавонист. - Мақолаҳои нағз менависию баъд дар бало мемонӣ. Аризаи бачаи кампирро тафтиш кардем, - ба сари мақсад омад Амиршо. - Тафтиш кардед? – Дар дилам воҳима афтод. - Ҳа, ба деҳаи худатон ҳам бачаҳои мо рафтанд, қиблагоҳро ҳоло ҳам ба некӣ ба хотир меовардаанд. Олим будаанд. Баъд дар бораи худат ҳам пурсидаанд. Ҳамдеҳагонат аз ту розӣ, одами нағз аст, арақ намехӯрад, гуфтаанд. - Ба ростӣ, ки арақ намехӯрӣ? – пурсид Амиршо Миралиев. - Намехӯрам. - Хӯр, кам-кам хӯр, зарар надорад, - шӯхӣ кард. Дилам пур шуд, ки Амиршо Миралиев ба банда хайрхоҳ, мадад мерасондааст, одами хуб будааст. - Бо бачаи кампир худам суҳбат кардам. - Рафта будед? Вайро дидед? - Дидам, суҳбат кардам, фаҳмондам, модарашро ҳам ёфтам. Тинҷ шуданд. Котиби якуми комсомол Самандар Зоировро вобаста кардам. Медонӣ-а? Самандар ҷӯраат будааст. Ҳокима туро пурсид, тӯй доштааст, духтари уҳдабаро, дар комсомол, ана, ҳаминхелҳоро ба кор гирифтан лозим, худам ба котибӣ тавсия карда будам. - Аз тӯй шуданаш бохабарам. - Меравем-а? Изатуллоро ҳам гӯй. – Номи Изатулло Ҳусайниро ба забон оварда чизе ба хотираш омад, ки гуфт: - Дар масъалаи Изатулло ҳам туро гунаҳкор донистааст, навиштааст, ки Кароматулло муаллимаш Изатуллоро ҳам ба редаксия ба
кор овардааст. Шоир Изатулло Ҳусайнӣ (руҳашон шод бод), дар редаксия кор мекарданд, бо Амиршо Миралиев ошно буданд, ҳамдигарро медонистанд. Изатулло дар мактаб роҳбари синфамон буданд. Икроми писари модар ба аризаю номаҳои шикоятиаш ҳамеша ҷавоб мегирифту касе бо вай вонамехӯрд. Амиршо Миралиев ба хонаашон рафта, модарашро ҳам дида, ба дараҷае онҳоро ба сулҳу салоҳ овардааст, суханонаш ба дили Икроми бачаи кампир кора карда, ки ваъда додааст, дигар шикоят намекунад, ариза наменависад. Ҳамин тариқ, Амиршо Миралиевичи азиз бандаро аз даъвоҳои Икром халос кард, ӯ дигар ариза навишта номамро сиёҳ намекард. Баъди хотирамро осуда намудан Амиршо Миралиев андаке хомӯш монда ба сӯям назар андохта бо ҷиддият ба сухан омад: - Кароматулло! - Лаббай. - Як чи мепурсам, лекин рости гапро гӯй. Барои чӣ тоқӣ пӯшида мегардӣ, мӯйи сар намемонӣ? Убол аст мегӯӣ? - Намедонам. - Медонӣ, Кароматулло, ҳама чиро медонӣ. Тоқиро аз сар гир, мӯйи сар мон, боҷуръат шав. Ту журналистӣ, нависанда мешавӣ, ҳар хел фикрҳоро аз сарат дур кун, ояндаатро фикр кун. Ҳоло дар чӣ вазифаӣ? - Мухбири калон. - Мухбири шуъбаи ҳаёти комсомолӣ? - Бале. - Мудири шуъбаат мемонем, туро ҳама медонанд, қалам дорӣ. Гапи мана мегирӣ? - Хуб шудааст. - Нағз, Кароматулло, даст деҳ, - Амиршо Миралиев тарафам даст дароз карда аз ҷой бархост. – Ҷӯра мешавем, - бо лабони пурханда дасти ҳамдигарро фишурдем. – Нағз, - боз тӯйи Ҳокимаро ба хотир овард: - Изатуллоро бигу мошинаш қатӣ биёяд, пагоҳ бегоҳ тӯй меравем. Бо Амиршо Миралиев суҳбатамон хеле давом ёфт. Баъд ҳар ду аз ҳуҷра баромадем. Бо сармуҳаррир, ки дар долон интизор будааст, то беруни дар гуселашон кардем. Шаб шуда осмони шаҳр пурситора гашт, Амиршою сармуҳаррир рафтанд. Ман боз баргаштам ба ҳуҷраам. Шаб, ки шуда буд, ҳуҷраам ҷои хобам. Баъди он шиносоӣ ману Амиршо ҷӯра шудем, аҳди бародарӣ. Дар комсомол кор мекардем, ҷавон будем, мӯйҳои сарамон сип-сиёҳ. Ҳоло дар мӯйи сари ман сиёҳие намонда, сари бародар Амиршо қариб бе мӯй шуда. Тӯйи арӯсии котиби комсомоли ҳозира шаҳри Ваҳдат Ҳокимаро гузарондем. Шаби моҳтобӣ буду осмон ситоразор, чун бахти Ҳокима равшанӣ буду моҳтоб. Ҳоло ҳам Амиршо ҳолу аҳволи Ҳокимаро, ки кӯдакдору наберадор шуда, дар нафақа аст, мепурсад. Баъд ҳамон шаб Данғара рафтем, меҳмони Амиршо шуда будем, борҳо меҳмонаш шудаем. Падараш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Миралӣ Нуралиев дар қайди ҳаёт буданд. Суҳбати шоир Изатулло Ҳусайнӣ, ки солманд буданд, бо он кас мепӯхт. Амиршо шахси некхоҳ аст. Дар тамоми зинаҳои фаъолияташ дар роҳбарӣ ба аҳли қалам, аҳли эҷод мадад мерасонд. Як мисолаш худи банда, ки аз арзу шикоят, туҳматҳои нафаре чи кор карданамро намедонистам, сарам гирифтори ҷангу
ҷанҷол, аз ӯ некӣ дидам, дар рӯзҳои ноомадии зиндагӣ ҳам. Раиси ноҳияи Маскав буд, ба хабаргириаш мерафтам. Солҳои раиси вилояти Хатлон буданаш мудири шуъбаи иттиллоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президент будам, ба вилоят сафар мекардам. Бо Амиршо вомехӯрдам. Рӯзе дидам, ки ҳамкурсам, шоир Зариф Ибод бисёр, бисёр хурсанд. Сабаби хурсандиашро фаҳмидам. Мунтахаботи ашъораш чоп шуда бо сифати аъло, ҳаҷмаш калон. Мегуфт, ки дар умраш соҳиби чунин китоб шуданро тасаввур намекард, дар ҳаққи раиси вилоят Амиршо Миралиев аҳсанту сад аҳсант мехонд. Аз чопи китоби шеърҳояш Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб низ аз раиси вилоят изҳори миннатдорӣ менамуд. Шодмонии як бонуи бемор, шоира Ширинмоҳ Каримоваро наметавон бо қалам тасвир намуд. Муҳтарам Амиршо Миралиев ба дили пажмурдаю ноумедгаштаи ӯ боз мадору хурсандӣ оварда. Ҳикояти зиндагии талхашро шунида, ҳамон рӯзҳои аввали ба вазифаи раиси вилоят омадан, ба аёдаташ, ба ноҳияи Шаҳритус рафтааст. Як ҳолу аҳволе, ӯро сарпаноҳе ҳам набуда, зиндагии муфлисона. Барои ӯ хона сохт, кулбааш таҷҳизонида шуда, ашёю ускунаҳои нави рӯзгор оварданд. Китобаш низ чоп шуд. Раис ӯро боз гоҳ-гоҳе хабар мегирифт, бо дасти холӣ не. Шунидам боз як меҳрубонии ӯро. Солҳои нооромии водии Вахш, ҷангу ҷидолҳо. Бисёриҳо гуреза шуда буданд, ба кишварҳои ҳамсоя мерафтанд. Вале Ватан намеёфтанд, муфлису бечора буданд. Яки онҳо бо аҳли оила ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта буд. Дар Косонсой 13 сол аробакашӣ кард, хору забун буд. Рӯ ба роҳи Ватан шуд, худаш танҳо. Бо умеде, ки боз ҷою манзилашро ёфта аҳли оилаашро ҳам меорад. Назди раиси вилоят Амиршо Миралиев даромад. Раис бо меҳрубонӣ пазироӣ намуд. Ӯро «биё, ба Ватан биё», гуфт, соҳиби хонаҳои пешинааш шуда, аҳли оилаашро ҳам овард. Баъд чун шунид, ки Амиршо Миралиев аз вазифаи раисии вилоят меравад, дар қатори ҳазорҳо, ки аз ин хабар хиҷил шуда буданд, дар чашмонаш қатраҳои ашк чарх зад. Мураттиби китоби «Ба дӯстон меҳрубон» Далер Мерганов ба банда сим зад. Гуфт, ки Амиршо Миралиев дар суҳбат бо ӯ чанд бор номи Кароматулло Мирзоевро ба забон оварда, бандаро яке аз дӯстони солҳои ҷавониаш медонистааст. Бале, дӯстии ману Амиршо аз солҳои ҷавонӣ реша гирифта, сабзида, то ба ин рӯзҳои баландсолиамон омада. Синни Амиршои азиз ба 70 расида. Солҳо зуд мегузаштаю кас нафаҳмида мемонда. Чи солҳое буданд, солҳои рафта барои Амиршо? Хушию хурсандӣ, айшу нӯш, баландмартабагию яъсу ноумедиҳо ҳам. Бародари мо ҳанӯз ҳамон Амиршо, ки дӯстонро бо лабони пурханда, дидори пурмеҳр пешвоз мегирифт, боз ҳамон Амиршои ҷавону дили саршор аз орзуҳо. Имрӯз ҳам Амиршо руҳи ҷавонӣ дорад, ҷавон мондааст. Санаи мубораки умрро барояш табрик мегӯям. Далер таъкид намуд, ки Амиршо Миралиев аз чизе навиштанамон огоҳ нашавад, китоб, ки барояд, ба табрикаш меравем, китоб туҳфааш мекунем.
Фарзанди нағз - боғи падар
Барои ҳалли ин мушкилот бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расид. Тибқи муқарароти ин санади муҳим ва саривақтӣ падару модар вазифадоранд, ки фарзандонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба камол расонанд. Моддаи 7-и қонуни мазкур падару модаронро вазифадор менамояд, ки ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузашта, онро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омада намоянд. Фарзандро дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия карда, бо воситаҳои зарурии таълим таъмин намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд ва бе роҳбаландии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни шашсоларо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд, то боиси фалокат нагардад, Ҳамчунин нагузоранд, ки фарзандонашон шабона ба марказҳои дилхушӣ ва компютерӣ раванд. Бояд падару модарон дар муассисаи таълимие, ки дар он фарзандашон таҳсил мекунад, дар робита бошанд. Мутассифона, фарзандоне ёфт мешаванд, ки дар айёми пирӣ ва нотавонӣ аз волидон дурӣ ҷӯста , барои аз вартаи ноумедӣ раҳо кардани онҳо тадбире на-
меандешанд ва баъдан аз кирдори худ пушаймон мегарданд. Ҳидоятгару роҳнамои аввалини кӯдак оила аст. Ӯ дар оила тавлид мешавад ва малакаву хаслатҳои нахустинро меомӯзад. Бештари волидайн дар тарбияи фарзандонашон саҳланкорӣ карда, ҳамин уҳдадорӣ ва масъулиятро бар душӣ омӯзгор ҳавола мекунанд. Вақте кӯдак ба мактаб меояд, бояд мактабро ҳамчун оилаи дуюми худ қабул намояд. Мо - омӯзгорон мебояд дар раванди таълиму тарбия кӯшиш намоем, ки ҳамаи шароити хубро барои кӯдак муҳайё созем. Бо волидайни шогирдон ба таври инфиродӣ суҳбат намуда, психологияи кӯдакро омӯзем. Дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зандагӣ карда истода, таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, мақсаду мароми асосии сисёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро сармашқи кори худ намоем. Нурбибӣ ЯРОВА
Нурбибӣ ЯРОВА, омӯзгори МТМУ №86-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Шарти нахустини тарбия муҳаббати волидон аст Дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавият масъулияти асосӣ бар дӯши падару модар аст. Зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии кӯдак қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашму дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи падару модар муайян мекунад.
Сайёра ИБРОҲИМОВА
Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашма аст, ки дар зеҳну кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад. Масъалаи бағоят муҳиме, ки аз ин қазия бармеояд, сатҳи тафаккур, дараҷаи худогоҳӣ ва ҳофизаи таърихиву фарҳангии худи падару модар мебошад, ки тавассути он фарзанд соҳиби саводу дониш, дили огоҳу бедор,
арҷгузорӣ ба ниёгон ва муҳаббату садоқат ба Ватану миллати худ мегардад. Дар воқеъ, шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дӯстиву дӯстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода мебошад. Эҳтирому меҳрубонии мутақобила ва риояи ҳуқуқи ҳамдигар аз ҷониби падару модар дар зеҳни фарзанд эҳтиром ба шахси худ, эҳтиром ба инсон ва эҳтиром ба ҷамъиятро парвариш медиҳад. Ба ин маънӣ пайғамбари ислом мефармояд: “Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба онҳо бо одобу рафтори нек бархурд намоед, ба фарзанди худ дар анҷоми некӣ ва хашр ёрӣ расонед”. Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи
фарзанд канораҷӯӣ намояд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Падару модароне ҳастанд, ки бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомӯзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ ва дигар корҳо сафарбар менамоянд. Дар натиҷа, ин кӯдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд ва ба корҳои номатлуб даст мезананд, ки оқибатҳои бадро ба бар меорад. Сайёра ИБРОҲИМОВА, омӯзгори МТМУ №94-и ноҳияи Синои пойтахт
Дар ҷаласаи қаблии САҲА пайравони гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ гӯё ба нишони эътироз аз таъқибу шиканҷаи аъзои мухолифин ширкат намуданд, ки боиси халалдор гардидани нишаст шуда буд. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ва ба маврид навишт: «Ҳадафи онҳо бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон ва худро ҷабрдида нишон додан аст. Ба ҳамин минвол мехоҳанд аз пуштибонии сиёсӣ бархӯрдор шаванду ҳаққи иқомати доимӣ дар Аврупоро бигиранд». Бояд тазаккур дод, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Олмон таҳти унвони «Роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ» изҳоротеро қабул намуданд, ки гуфта мешавад, «ба санади мазкур бо пешниҳоди Тоҷикистон банди вежа роҷеъ ба маҳкум кардани иштироки ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳамоишҳои САҲА ворид карда шуд». Хатарҳои асосие, ки аз ҷониби қувваҳои ифротӣ, амсоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ сар мезанад, зидди тамоми ҷаҳон равона шудааст. Ҳарчанд шиддатнокӣ меафзояд, аммо наҳзатиҳои бунёдгаро дар хориҷи кишвар ҷои истиқомат пайдо мекунанд. Дар ин ҳол мақсади қабули изҳороти вазирони корҳои хориҷӣ мустақиман ба доираи фаъолияти чунин гурӯҳҳои манфиатхоҳ равона мегардад, ки на танҳо заминаҳои хатарнок барои мусулмон дорад, балки ба аҳолии осоиштаи кулли сайёра таҳдид мекунад. Чунки мағз ва ғояи ҲНИТ-ро мафкура ва андешаи экстремистии бунёдгаро ташкил медиҳад. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тибқи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 фаъолияташ қатъ гардид, ба амният ва суботи сиёсӣ, бехатарии иқтисодӣ, оромии авзои динӣ ва фазои иттилоотии муҳити мазҳабии мардуми тоҷик хатари азим ва ҷиддӣ пеш овард. ҲНИТ гурӯҳи ифротие буд, ки барои ширкат кардан дар ҷангу кушторҳо зидди давлатҳои гуногун фаъолият мекард. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористӣ, аз ҷумла «Ихвон-ул-муслимин»-и Мисри Араб мебошад ва ҳамкориҳои мустақим ва муштарак дошт. Инчунин, дорои ақидаи ягона буда, фаъолияти ба ҳам монанд доранд. Кулли мардуми тоҷик ва бевосита сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ шоҳиди хунхорӣ, бадкирдорӣ, ҷабру зулми Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва исломиёни бундёгаро нисбат ба аҳолии бегуноҳ гардидаанд ва дар бораи онҳо эҳсоси бади қаҳру ғазаб дошта, гурезагони на диниву на дунявиро танқид менамоянд. Раҳбар ва дигар саромадони нерӯҳои тахрибкори исломӣ аз номи исломи пок истифода намуда, халқро гумроҳ карда, манфиати худро бавроварда мегардонанд. Айни замон дар хориҷ бо айшу ишрат аз пайсаҳое, ки ҷонибдрон аз мардум тала ва тороҷ карданд, зиндагии худро таъмин месозанд. Вақте ки мардуми Тоҷикистон зарарҳои ҲНИТ, хиёнат ва ҷинояти онҳоро бо чашми худ дид, онҳо аз хоки Тоҷикистон фирор карданд ва аз вуҷуди нопокашон чизе боқӣ намонд. Аз ин рӯ, ҲНИТ на ҳомии дин ва на мазҳабу шариат, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхорро мемонад, ки то имрӯз бо қувваҳои исломии тундгаро дар рақобат буда, миёни худ муҳориба ва пайкор доранд. Чунинҳо ягон амри шариатро риоя накарда, ҳамеша ба зӯру тааддӣ номуси мардумро помол менамоянд. Рустам РАҲИМОВ
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
ПОЧТАИ “ҶАВОНОН”
Чун ашк давидиву ба ҷое нарасидӣ
Масъулияти мадару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Зеро рафтору кирдори ношоистаи бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст. Дар навбати худ баъзе падару модарон нисбат ба тарбия ва таълими фарзандон бепарво буда, фаъолияти шабонарӯзии онҳоро назорат намекунанд. Аз ҳамин ҷиҳат, солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон рӯ ба афзоиш дорад. Барҳақ шоири бузургвор гуфтааст: Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ.
Торномаи «паём.нет»-и Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор гардид, дахл карда, аз иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар ин ҷаласа эрод мегирад. Мақсади эрод гирифтани сомонаи мазкур дар он аст, ки С. Аслов дар ҷараёни баррасиҳо пешниҳод кард, то аз ин баъд афроди ҷинояткор дар ҷаласаҳои САҲА иштирок накунанд ва ширкати онҳо шадидан маҳкум карда шавад.
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
КИТОБХОНАИ “ҶАВОНОН”
ПАЁМИ ПЕШВО Насли ҷавонро Пешво Бо ин паёмаш шод кард. Дар марз-марзи қалбашон Гулбоғҳо бунёд кард. Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Дар дидаҳо бигрифт ҷой Нав, нав ба сад заҳмат Ватан. Чун шеъри ноб эҷод гашт, Бедарду беиллат Ватан.
Салом! Эй Пешво, марди Худодод
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем. Мо навҷавонон пайрават, Эй Пешвои тоҷикон. Бишнохт аз рафтори ту Ин Тоҷикистонро ҷаҳон. Мо бо паёми Пешво Якҷо ҳама тан додаем. Аз Ҳақ наметобем рӯ, Мо миллати озодаем.
САЛОМ Салом! Эй Пешво, марди Худодод, Бикардӣ аз сари нав кишвар обод. Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин Ба он фарзонамодар, ки туро зод. Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ, Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ. Ба сад азму талошу заҳмати беш Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ. Худо хандид бар рӯят, амон бош, Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош. Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам, Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош. Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ, Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ. Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат, Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.
ШУКРОНА, ШУКРОНА Шукри Истиқлолу сарвар мекунем, Шукри ободии кишвар мекунем. Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард, Шукри бому хонаву дар мекунем. Давлати мо давлати сулҳофар аст, Давлати озод дар баҳру бар аст, Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеч ёд. Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст. Одамон ин ҷо ба кори хеш банд, Комашон ширин зи обу нону қанд. Гаштаву баргашта гӯянд аз ҳаёт Мӯсафедон баҳри тифлон панд, панд. Кишварам, эй кишвари овозадор, Шукри беши ҳазрати Парвардгор. Бо дили саршор з-ишқу орзу Додааст андар барат моро қарор.
МОДАРИ ТОҶИК Модари хушбахти тоҷик Баҳри миллат Пешво зод. Бо дуои модараш гашт Пешво фарди Худодод. Кас ба ин сон модар оре, Месазад, хушҳол бошад.
Соҳиби тахти забарҷад, Соҳиби иқбол бошад. Рӯдакиро ҳам ба гетӣ Модари тоҷик додаст. Модари тоҷик Сино, Лоиқу Бозор зодаст. Модари ман ҳам маро зод Бо ҳазор уммеду армон. То ки бошам фахри миллат, Болад аз ман Тоҷикистон. Шукри Ҳақ, дилсӯз модар, Дар ҳақиқат беназирӣ. То ҷаҳон боқист, боқӣ, Орзу дорам намирӣ.
ИФТИХОР Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор, Пешво дорем, дорем ифтихор. Бемалол аз заҳмати пайвастааш Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор. Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор. Мо Ватанрову Ватан моро бувад, Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор. Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез, Тоҷикистон, мулки мардони баор. Бо чунин як пешвоят ҳеч гоҳ Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Маконам Тоҷикистон, Тоҷикистон, Саропоят ҳама боғ асту бустон. Ба поят саҷда овардан савоб аст, Диёри гулгунораз, гулгулафшон. Ба ҳалқам оби покат чун набот аст, Набот ин ҳеч, балкӣ қандалот аст. Ватан-модар диёри сабздомон, Ба тан камзулат аз балху банот аст. Диёрам, эй диёри Ваҳдатобод, Манам он кӯҳкан Фарҳод, Фарҳод. Зи сеҳри килки худ дар барги ҳар санг Ба васфат менамоям шеър эҷод.
ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд. Парчами мо парфишон шуд, миллати мо шод шуд, Бо талоши Сарвари мо мулки мо обод шуд. Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.
Нонат ҳалол бодо, Эй Пешвои миллат. З-он дам, ки сарварӣ ту, Миллат надид иллат.
Булбулон дар чаҳчаҳа, гулдухтарон рақсон шуданд, Тифлакони дӯстрӯ монанди гул хандон шуданд,
Хоби шабат паронда, Хидмат ба халқ кардӣ. Пай бурд ҳар як инсон, Бас беназир мардӣ.
Шукри Истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд, Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд. Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ, Сулҳу Ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.
Аз ҷанг дур гаштем Бо азму бо талошат. Шабро шикаст додӣ, Бо ақли нурпошат. Чун туст чеҳрахандон, Имрӯз Тоҷикистон. Мо фахр бо ту дорем, Пайгири Оли Сомон.
САД ШУКРИ БАХТ Мо ҷавонон, қалби бедори Ватан, Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан. Мо иваз кардан намехоҳем ҳеч Бо гули мулки дигар хори Ватан. Ин Ватан моро пари парвоз дод, Сад дареро баҳри дониш боз дод. Мо ҷавонони адолатхоҳро Сӯи фардои наку овоз дод. Ваҳдат ин ҷо, Сулҳ ин ҷо пойдор, Дилкаш аст ин кишвари доимбаҳор. Оре, оре, по ниҳед, ин ҷо ба шавқ Дӯстон ҳам дӯстонро интизор. Мо ҷавон, ин меҳани мо ҳам ҷавон, Меҳани зеби тамошо ҳам ҷавон. Гаштаанд ин ҷо ба лаб сад шукри Бахт, Бо ҷавонон ҷумла пирон ҳам ҷавон.
МАКОНАМ ТОҶИКИСТОН (Дар ду вазн) Фарқ аз субҳат надорад шоми торат, эй Ватан, Мо ҳама оринасабҳо дӯстдорат, эй Ватан. Ҳеч рӯзе, ҳеч моҳе, ҳеч соле, ҳеч вақт Дур рафтан менахоҳем аз канорат, эй Ватан.
КИШВАРИ ОВОЗАДОР Бо хоҳиши раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Шуҳрат АШӮРОВ, 10. 12. 2016. Ду соат пеш аз марги нобаҳангомаш. Тоҷикистон, кишвари овозадор, Кишвари хушманзари доимбаҳор. Ҳаст аз дил, ҳаст аз ҷон як ҳаёт Пиру барно Ваҳдататро дӯстдор. Мурғакон дар боғҳоят нағмагар, Шамси тобон ҳолпурсат ҳар саҳар. Зеб дода пойтахтатро Ватан, Оли Сомон тоҷи тиллояш ба сар. Шод аз он ҳастем, моро кишварӣ, Кишвари нурофару бахтоварӣ. Мо зи минбарҳо Ватан, бар васфи ту Шеър мехонем бо лафзи дарӣ.
ПАДАР ВА ПИСАР Гар писар, созӣ хатое, вой бар ҳоли падар, Чун уқоб аз арш афтад, бишканад боли падар. Пеш аз оне, ки қадам монӣ ба гирдоби бало, Як каме андеша кун аз қомати доли падар. Дар раҳе, ки нест судаш ҷуз зиён, дониста бош, Меравад аз каф агар гардӣ хазон, моли падар. Шояд огаҳ нестӣ, хоҳӣ шавӣ огаҳ, бубин, Чун падар бе ту азият ёбад атфоли падар. Пас нагардӣ аз раҳат, то вопасин рӯзи ҳаёт Бо машаққат бигзарад ҳар моҳу ҳар соли падар. Боз як бори дигар аз ман ба ту ин маслиҳат, Чун дарича боз бинмо гӯш бар қоли падар.
Шояд одоби хоксорӣ риоя нашавад, лекин банда аз аввалин бинандагони «Ҳуррият» ва «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғанӣ Абдулло будам. «Имтиҳон»-и Ф. Ансориро се дафъа тамошо кардам. Ба хотири бозии Қиматшо Ҳиматшоев ба дидани «Хизматгори ду хоҷа»-и Готен чанд карат рафтам. Ба маҳорати актёрии Маҳмудҷон Воҳидов дар намоишномаи «Гунаҳгорони бегуноҳ»-и Островский қоил шуда будам. Ба хотири ӯ дӯстдориам ба театр қавитар гардид. Маҳмудҷон Воҳидов дар «Эзоп»-и драмнависи бразилӣ Гиллермо Фигорейду нақши марказиро офарида бо хирадмандӣ ва наҷобат тамошобинонро мафтун мекард. Соли 1971 ӯ «Ишқи зиндагӣ»-ро рӯи саҳна овард, ки композитсияи он аз ғазалҳои Ҳофиз мураттаб шуда буд. Маҳмудҷон ин суннатро давом дода, рубоиёти Хайёмро ба ҳамин ришта кашид. Ӯ якатеатри худро дар шаҳри Москва бо забони русӣ намоиш дода, бинандаи сахтгири русро ба ҳайрат гузошт. Бояд гӯям, ки Маҳмудҷон бо якатеатраш хеле машҳур шуд. Чаро иқрор нашавем, ки пеш аз Душанберавӣ на Шекспиру Балзаку Шиллерро медонистему на Готену Голдонию Лопе де Вегаро, ҳамчунин на Робиндранат Такуру Гоголу Пушкинрову на Комил Яшину Абдулло Қаҳҳорро. То он вақт дар доираи танги ҷаҳонбинии деҳот қарор доштем. Ин нобиғаҳоро ба мо театри ба номи Лоҳутӣ ошно кард, ки дар Осиёи Марказӣ номдортарин буд. Он солҳо (1964-1970) дар саҳнаи театр Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Гулчеҳра Бақоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Муҳаммадҷон Қосимов, Муҳаммадҷон Халилов, София Тӯйбоева, Мушаррафа Қосимова, Гурминҷ Завқибеков, Маҳмуд Тоҳирӣ, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Мукаррама Камолова (равонашон шод бод), Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов бо ҷӯшу хурӯш, бо самимияти волои касбӣ нақшофарӣ мекарданд. Ин ҳунармандон дар ҳақиқат ситораҳои санъати Тоҷикистон буданду ҳамон тавр дар ёдҳо монданд. Баъди хатми донишгоҳ, чи тавре мегӯянд, пас аз ҷудо шудан аз маркази фарҳангии кишвар низ аз театри Лоҳутӣ дил накандем. Зиёд не, моҳе як бор ба хотири намоишҳои тоза ба театр меравем. Ҳине, ки Ҳошим Гадоев «Рӯдакӣ»ро бо диду назари нав ба саҳна гузошт, аз тамошобини аввалини он будам. Соли сеюм аст, ки театри Лоҳутӣ намоишномаи Нур Табаров – «Чархи гардон»-ро рӯи саҳна баровардааст. Мо
ҳам тамошобини чандҳазорумини он будем, ки чунин бардошт гирифтем: …Аз толори хурди театри Лоҳутӣ «Наврӯз» бо эҳсосоти наҷиб, моломол аз андешаҳои амиқ берун шуда, интизори актёри ҳамин намоиш, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов будем, то барои иҷрои ҳунармандонаи нақши Абулқосими Касир ӯро мубораку таҳсин гӯем. Пештар аз ӯ Исо Абдурашидов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев ва Султонмурод Бобомуродов ба саҳни театр баромаданд. Исо суол кард: «Ту ҳам дар «Чархи гардон» будӣ, Ҷӯрабек?» «Ҳа», ки гуфтам, Аҳмадшоҳ сӯям нигариста: «Маъқул шуд?» гуфт. «Олӣ!» - ҷавоб гардондам, ки хати андешаам ҳанӯз аз толори «Наврӯз» канда нашуда буд. Ба пурсишҳои дигари онҳо дар боби иҷрои нақшҳо ҷавоб дода, қаноатмандона изҳор кардам: «Аз ҷиҳати коргардонӣ ба дараҷаи баланди касбӣ». Ҳар се бо ризоят тасдиқ намуданд. Воқеан, дар фаҳмиши банда, Давлат Убайдуллоев тамоми маҳорати режисёриашро дар офаридани ин спектакл сарф кардааст. «Чархи гардон» як ҷузъи хеле муҳим ва басо ҳассоси таърихи халқи моро инъикос мекунад. Мақсади муаллиф нишон додани зиддиятҳои мазҳабии замони футури давлати Сомониён, муборизаҳои сиёсии ҳамон давр аст. Коргардон бо огоҳии комил аз мароми муаллиф неку бади давлатдорӣ, фитнаю дасисабозии мансабталабон, зиндагии фақиронаю сангини уламою удаборо тавассути нақшофарии актёрони хушкардааш ба намоиш гузоштааст, ки ваҷҳи бинандаро рӯшан ба худ мекашад. Саҳнаҳо ҷаззоб, ҷолиб, диданӣ, андешаталабанд, тамошобинро водор менамоянд, ки ҳолатҳоро ба дунёи имрӯза муқоиса кунад. Зиддияту тазодҳо амалҳои манфию манфури ҷомеаро пеши рӯ меоранд. Аён аст, ки драматург Нур Табаров андешаҳои худро нисбат ба тарбияи ахлоқи ҷомеа тавассути саҳна баён кардан мехоҳад. Воқеан, драмнависони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Софокл ва Эврипиду Аристофон афкори фалсафӣ, адабӣ ва сиёсии хешро тариқи намоишҳои театрӣ, тавассути саҳна баён медоштанд ва ба ҳамин васила рисолати тарбиятгари театрро таъмин менамуданд. Аз «Чархи гардон» кас панди воло, маъниҳои фалсафию орифона мебардорад. Намоиш аз ҳикматсароии Ортиқи Қодир (дар нақши муаррих Байҳақӣ) оғоз мегардад. Ӯ ғояи асарро ба тамошобин шарҳ медиҳад. Лафзи буррою нишонрас тамошобинро аз ибтидои суханронӣ мутаваҷҷеҳ месозад, зеро
саршори панду ҳикмат аст. Бояд таъкид кунем, ки ҷаззобияти забон ва тарзи баён дар тамоми рафти намоиш ҷараён гирифта, дар спектакл мавқеи хоса пайдо карда, аз як саҳна то саҳнаи дигар шиддат мегираду ҷолибтар мешавад. Дар спектакл саҳнаҳои муҷалло фаровонанд. Саҳнаи муҷозот, саҳнаҳои маҷлиси айшу нишоти Абӯсаҳл (Исо Абдурашидов) ва фош гардидани дилсиёҳии ӯву аз ҷониби Султон Масъуд (Аҳмадшоҳ Улфатшоев) ҷазо гирифтанаш, хоса саҳнаи дуюми ҳуҷум кардани сагон сӯи Абулқосими Касир касро ба олами маънӣ мебаранд, «маҷбур» месозанд, андеша намоӣ, ки некию накукорӣ чӣ ҳосил медиҳаду бадию шарр ба куҷоҳо мебарад. Саҳнаи якуми ҳуҷуми сагон, маҳкум шудани Хоҷа Ҳасанак (Муҳаммадӣ Мирзоалиев) ба марг ба саҳнаи дуюми ҳуҷуми сагҳо муқобил гузошта шудааст. Аз саҳнаи аввалаи ҳуҷуми сагон тамошобин бедарак аст, зеро қафаси сагҳо торик асту чӣ манзара рух доданашро кас тасаввур намекунад. Чун муҷримеро пеши дарандаҳо мепартоянду ҳуҷуми ваҳшиёна бо садои «ҳақиқӣ»-и сагҳо (ин нақшро донишҷӯёни Донишгоҳи санъати Тоҷикистон иҷро мекунанд) ҳис мешавад, мӯйи бадани кас мехезад, ҳеҷ хаёл намекунӣ, ки ин саҳнаи бозӣ бошад. Дафъаи дуюм чун Абулқосими Касир (Қиёмиддин Чақалов)-ро бо дасисаи Абӯсаҳл (Исо Абдурашидов) бо ҳукми қатл пеши сагон мепартоянд, дарандаҳо ба ҷои канда хурдани гӯшти бадани «гунаҳгор», ӯро кӯдаквор навозиш мекунанд, чунки то рух додани ин манзара аз накӯкориаш огоҳанду баҳра бардоштаанд. Муаллифи «Чархи гардон» қатли Абулқосими Касирро тариқи дор, яъне хафа кардан тасвир мекунад. Коргардон ин саҳнаро бо диди тоза тағйир додааст. Яъне саҳнаи ҳамлаи сагон бозёфти коргардон аст. Аз рӯи ҳамин хулоса ва бисёр дигар навовариҳои коргардонӣ боҷуръатона гуфта метавонем, ки заҳмати Давлат Убайдуллоев ба заҳмати Нур Табаров ба ҳам ҷӯр шуда, чунин як рӯйдоди басо муассири саҳнавӣ ба вуҷуд омадааст. Дар гумон аст, ки коргардони дигар бо чунин андешаи комили бадеӣ «Чархи гардон»-ро тобишу ороиш дода метавонист. Қимати бадеии намоишнома як ҷаҳони маънист. Воқеан, чанд спектакли Давлат Убайдуллоев, аз ҷумла «Аёдат» (асари Ҳ. Раҳмат), «Субҳи козиб» (аз Ғаюр Ашӯр)-ро дида будем. Ҳеҷ кадоме аз инҳо дар баҳои коргардонӣ ба «Чархи гардон» ҳамсанг нест. Намоишномаи мазкурро метавон беҳтарин асари солҳои охири театри Лоҳутӣ ва соҳиби хираду тафаккури олӣ будани Давлат Убайдуллоев ҳисобид. Ин спектакл аввалтар аз ҳама бо навовариҳои саҳнавиаш таваҷҷуҳангез аст. Ин ҷо актёрҳо дар саҳна, дар ҳавои ҳаракатҳову «гуфторҳои байнихудӣ» пеши назари бинанда либос иваз мекунанду дар қолаби нақш ҷо мегиранд. Қабл аз намоиш рафтуои кормандони техникии театрро мебинӣ, яъне, ба як ифода, ҳама чиз табиист. Равшанию торикии намоишгоҳ низ маъникашанд. Спектакл, мисли намоиши театри Ҷавонон – «Дур аз Ватан» (аз ашъори Бозор Собир) дар рӯ ба рӯи аҳли толор, дар фосилаи як-ду қадам дуртар аз тамошобинон мегузарад. Аз ин рӯ, суханҳо шунаво ба гӯш мерасанд, аз ҳаракатҳои саҳнавӣ, хусусан аз нигоҳи чашмону ҷунбиши лабон ва тарзи баён аз мақсаду мароми актёр ба рӯшанӣ огаҳӣ меёбӣ. Яъне дар спектакл мувозинати сухансароию суханпардозӣ бо амалиёту тезутундии ҳолатҳо эҳсос мешавад, ки ба тамошобини нуктасанҷу ҳикматписанд хеле форам аст.
15
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
МИНБАРИ АНДЕША
ҶӮРАБЕК МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Ҳикмати “Чархи гардон”
Солҳои донишҷӯӣ ба Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ бисёр мерафтем. Спектаклҳои он куллан аз нигоҳи мо хато намехӯрданд. Театр ҳар рӯз кор мекард ва ҳамеша тамошобин дошт. Маҳз дар ҳамин ҷо ба пйесаҳои драмнависони машҳури ҷаҳон ва ватанӣ «Отелло», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷуллета», «Раъду барқ», «Макр ва муҳаббат», «Рӯдакӣ», «Бежан ва Манижа», «Қуллаи фудзиама», «Бой ва хизматгор», «Хизматгори ду хоҷа» ошноӣ пайдо карда, аз мақсаду мароми офарандагонаш огаҳӣ ёфтем.
16
СЕҲРИ ХОМА
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №51 (9477), 22.12.2016
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ
АНДАРЗ
Нони гарм
Вақте ҷарроҳ мехост мардеро ба утоқи амал бибарад, мушоҳида кард, ки ҳоли хуш надорад, ба қадре пир аст, ки наметавонад аз ин амал ҷони солим бадар барад. Марди бемор, дар ҳоле ки ҳамсараш дар канораш буд, аз духтур пурсид: - Бародар, вақте маро амал кунед, чӣ бояд бикунем? Зани ҷавонаш билофосила ҷавоб дод: - Васият!
Зимистон имсол ҳамроҳи сардиҳояш бемории зукомро низ овард. Хусусан барои кӯдакон хеле сахту тоқатфарсо буд ин беморӣ: табашон баланд шуда, аз иштиҳо мемонданд. Духтарчаи хурдсоли ман ҳам аз дасти ин беморӣ ранҷ мекашид. Ҳатто чойи ширинро, ки аз ҳар чизи дигар бештар дӯст медошт, ба лаб намебурд. Ду-се рӯз ҳамин минвол гузашту вай як бегоҳ хастаҳолона гуфт: - Нони гармам биёред! Дилаш нони гарм хост кӯдакро. Мо аз ғояти хурсандӣ, ки иштиҳои фарзандамон кушода шудааст, зуд аз пайи иҷрои супориш гаштем. Азбаски то маош ду рӯзи дигар монда буд, кисаҳоямро тагурӯ кардам ва тангаҳои аз кунҷи онҳо ёфтаро сар ба сар мондем. 3 сомонӣ! - Ҳеҷ гап не. Бо ин пул мешавад дуто нони гарм харид, - гуфтам ба ҳамсарам, ки маҳзун сӯям менигарист. Ҳаво боронӣ буд ва ман зуд ҷониби мағозаи маҳалла рафтам. Назди дари мағоза бачаҳо се-чор нафар шуда як модасагеро, ки оби борон баданашро тар карда буд, азият медоданд: сӯи ҷонвари безабон сангу чӯб ва ҳар чизе аз пешашон мебаромад, ҳаво медоданд. Вале саг аз дари мағоза чашм намеканд ва ҳар нафари аз он беруншударо бисёр бараҳм менигарист... Ман ба мағоза омадам, аммо мағоза нони гарм надошт. - Агар нони гарм хоҳед, баъди бист дақиқа меоранд, - гуфт фурӯшанда, - бояд каме мунтазир шавед. - Майлаш... Мунтазир мешавам, - гуфтам ман ва аз мағоза берун шудам. Ниҳоят як мошин ба мағоза нони гарм овард ва ман ду нони супсурхро гирифтаму сӯи хона шудам. Аммо дар ноомади кор халтаи селофании дастам канда шуд. Ба қафо нигаристам, ки нонҳо ба даруни об афтидаанду ҳамон модасаг (шояд бӯйи нонро гирифта аз қафои ман шуда буд) яке аз нонҳоро саросема ба даҳон гирифту ҷониби иморати нимсохта давид. Ҳайратзада нони дигарро, ки тар шуда буд, аз замин бардоштаму ду-се қадам пеш мондам. Чӣ кор карданамро намедонистам. Вале ҳамин вақт гӯё касе таҳрикам дод: “Аз пушти саг рав!” Ҳарчанд медонистам, ки саги гурусна дар ин ин рӯзи сард аз паси қути лоямут асту бинобар ин нонро гирифта гурехт, аз қафояш рафтам. Рафтаму аз манзараи дидаам гиря гулӯямро гирифт... Дар як гӯшаи ҳамон иморати вайрона кадом хайрхоҳе барои ин ҳайвони бечора ҷои зист дуруст кардааст. Аз борон паноҳ буд макони модасаг. Дар паноҳгоҳи худ ҷонвар нони тар мехоиду шаш бачааш пистонҳои сурхи ӯро мемакиданд... Башир УСМОН, “ҶТ”
МЕҲРОБ АЗИМОВ
Амиршо МИРАЛИЕВ
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ бо суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Ҷӯйбодом, ки ба шаҳрванд Шоев Зиёрат мутааллиқ аст, эътибор надорад. Сертификати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дараҷаи А №0114573, ки 19.10.2005 Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ ба Додарбеков Амирбек додааст, бинобар сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ Бобоев Далер Иброҳимович бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, факултаи умумии тиббӣ Одиназода Мадинаи Миралӣ бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи имом Абуҳанифа Қурбонов Суҳайлӣ Абдумаҷидович бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии №0578/13, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон соли 2013 ба Нарзуло Ниёз додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад. Шартнома оид ба бақайдгирии давлатии хонаи истиқаматӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Қосимов-5/2, ҳуҷраи 6, ки ба шаҳрванд Аюбов Искандар Юсуфович мутаалиқ аст ва таҳти рақами 7694 дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Душанбе аз 30.09.2016 ба қайд гирифта шудааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
ОБУНА - 2017
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Соҳибкори инфиродӣ Ҳусаинова Савринигор Хайруллоевна (РЯМ 0230002282), ки аз 10.10.2009 дар Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Атовуллоев Маҳмасолеҳ Ширинович (РЯМ 0430048759), ки аз 26.06.2010 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, в. Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Саодат ИСМОИЛӢ (хабарнигор, в. Суғд).
Соҳибкори инфиродӣ Достиев Абдураҳим Носирович (РЯМ 0130062231), ки аз 11.05.2012 дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Садыков Аслам Акбарович (РЯМ 0430155431), ки аз 02.11.2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
•
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 6761 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»