“Беҳтарин оилаи ҷавон” муайян гардид
Хосиятҳои соли ҳамдуна
№51, (9426), 31 декабри соли 2015/ e-mail: javonontj@mail.ru/ www.javonon.tj/ аз 5.04.1930 нашр мешавад
ПЕШГӮӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
1 е-mail: javonontj@mail.ru
ОЗМУН
ҲАМОВОЗИИ ҶАВОНОН
ҲАФТ РӮЗ 24.12.2015 Амри Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки тибқи он Вазорати молия муваззаф шуд, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 21 нафар варзишгар 673750 (шашсаду ҳафтоду се ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд. 25.12.2015 Дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Ҳайатҳо таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва
байналмилалӣ табодули афкор намуданд. 26.12.2015 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуд. Он бо маблағгузории Давлати Қатар бунёд гардида, дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлис ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. 27.12.2015 Ҷумҳурии Озарбойҷон ба осебдидагони заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 800 ҳазор манати озарӣ маводи аввалия, аз ҷумла, маҳсулоти ғизоӣ, рахтҳои хоб, хаймаҳо, генераторҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра ёрии башардӯстона расонд.
28.12.2015 Дар 11 моҳи соли равон аз ҳудуди ҷумҳурӣ 633 ҳазору 469 нафар ба хориҷа сафар намудаанд. Рафти умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар 11 моҳи соли 2015 533 882 нафар ба қайд гирифта шудааст. 29.12.2015 Тоҷикистон мизбони мусобиқоти минтақавии Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола интихоб шуд. Мусобиқа аз 18 апрел то 1 майи соли оянда дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт ва Академияи клуби «Истиқлол», воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор доир мегардад.
www.javonon.tj
Нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат
30.12.2015 Дастаҳои ВКД, “Динамо” ва ФФТ ғолибони мусобиқаи футболи хурд бахшида ба гиромидошти хотираи футболбози машҳур Александр Кирсанов гардиданд.
2 “Беҳтарин оилаи ҷавон” муайян гардид
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
АХБОРИ ҲАФТА
23 декабр дар Кохи “Ҷомӣ”-и пойтахт даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фарҳангию маърифатии “Беҳтарин оилаи ҷавон”, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати Соли оила эълон карда буд, ҷамъбаст гардид.
Оилаи Ҳасан Ҷӯрабеков ва Парвина Шералиева аз шаҳри Ваҳдат “Беҳтарин оилаи ҷавон” дониста шуд. Ин зану шавҳари ҷавон омӯзгоранд ва ба тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Дар ин давр оилаҳои ҷавон аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии Рашт, Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва Варзоб ширкат карданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ қайд намуд, ки “бигзор оилаи тоҷик хушбахттарин оила дар рӯйи замин бошад ва фарзандони мо дар иҳотаи оила соҳиби тарбияву ахлоқи накутарини инсонӣ бошанд. Бо муттаҳид намудани қобилияти зеҳнӣ ва нерӯи инсонии худ ин Ватанро ободу зебо мегардонем ва баҳри сарбалан-
дии миллат дар арсаи байналмилалӣ тамоми ҳастии худро фидо мекунем”. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин озмун, пеш аз ҳама дастгирӣ намудани иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат дар робита ба эълон кардани соли 2015 Соли оила ва барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад. Баргузории чунин озмунҳо барои коҳиш додани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ мусоидат менамояд. Даврҳои якуму дуюми озмун давоми се моҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардида буд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Ташаббуси созандаи Пешвои миллат
25 декабр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии “Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷавонон: ташаббуси созандаи Пешвои миллат” баргузор шуд.
Вайроншавии оилаҳо коҳиш ёфт
25 декабри соли равон бо ташабуси шӯъбаи адабиёти техникӣ ва илҳои дақиқ дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Соли оила чорабинии фарҳангию фароғатӣ, таҳти унвони “Ман оилаамро дӯст медорам” баргузор гашт. Сайфиддин Назарзода, дирек- сар то сари кишвар чорабиниҳои сари пойдории оила ва мустаҳкам тори Китобхонаи миллӣ, иброз гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ- нигоҳ доштани риштаҳои муқаддас дошт, ки оила чун зинаи авва- маърифатӣ баргузор шуданд, ки ва муносибатҳои иҷтимоие мерали бунёди ҷомеа дар густариши боиси қаноатмандист, - гуфт Мах- вад, ки дар оила - ин ниҳоди кӯчаки он нақши меҳварӣ дорад. “Ҳар фират Хидирзода, раиси Куми- иҷтимоӣ амалӣ мешаванд. қадар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ таи кор бо занон ва оила. - Соли Махфират Хидирзода бо ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар 2015-ро Соли оила эълон кардан хушҳолӣ афзуд, ки чорабиниҳои сатҳи баланд бошад, ҳамон андоза беҳуда набуд. Он дар натиҷаи давоми як сол аз тарафи мақомоти он ба рушд ва пешрафти давлату омӯзиш ва таҳлилҳои амиқ ба гуногуни кишвар роҳандозишуда миллат мусоидат менамояд. Худи миён омад. Бинобар ин, ҳар қадаре натиҷа доданд. “Дар ҷамъбасти таҳкиму таъмини саодату хушбах- ки чорабиниҳои маърифатӣ, нуҳмоҳаи соли ҷорӣ, маълум гашт, тии оила як шеваи бархӯрди инсон- ташвиқотию тарғиботӣ воба- ки тамоюли ҷудошавии оила нисгароёна ва яке аз рукнҳои асосии ста ба боло бурдани маърифати бат ба панҷ соли пеш дар кишвар низоми давлатдорӣ мебошад”. оиладорӣ зиёдтар ба роҳ мон- камтар шудааст”, - гуфт раиси Куми- Дар ҳошияи эълон шудани да шавад, ҳамон қадар ба бурди таи кор бо занон ва оила. соли 2015 ҳамчун Соли оила, дар ҷомеа хоҳад шуд. Зеро имрӯз гап Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, пешниҳоди Президенти кишварро бобати соли ҷавонон эълон гаштани яке аз солҳо дар доираи СҲШ амри зарурӣ ва маяи ифтихори ҷавонони кишвар арзёбӣ кард. Номбурда афзуд, ки қабул гардидани ташаббуси мазкур дар соҳаи сиёсати ҷавонон ба ҳалли як қатор проблемаҳои субъективию объективии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад. Он барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҷавонони аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва муассисаҳое, ки бо ҷавонон кор мебаранд, мусоидат карда, баҳри ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти ташкилоти кор бо ҷавонон шароити хуби ташкилию ҳамкорӣ ба вуҷуд меорад. Зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии кишвар вусъати тоза гирифта, дар пешрафти он нақши асосиро ташаббусҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебозанд.
www.javonon.tj
Терроризм ва ифротгароӣ вабои асранд
26 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва роҳҳои пешгирии он” доир гашт. Нодир Одилов, профессор, устоди Донишкадаи мо- фоҷиабораш аз дигар мушкилоти глобалӣ хатарнокталия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар мавзӯи “Мақоми таво- ранд. Хатар ва даҳшатафкании ин равия ва ҳаракатҳо зуъ дар ислом” маърӯза карда, аз ҷумла гуфт: “Тавозуъ аз дар он аст, ки онҳо на танҳо пояҳои сиёсӣ ва иқтисодии нуқтаи назари ислом, зиннати одоб ва таровати инсонга- кишварҳо ва низомҳои сиёсии побарҷоро аз байн мебарист. Ба ин мақом сазовор шудан бояд майлу хоҳиши ҳар ранд, балки тухми кинаю адоватро дар вуҷуди инсоният як мусулмон ва инсон бошад. Тавозуъ хушунат ва таассу- дар заминаи мансубияти миллӣ ва динию мазҳабии онҳо бро аз байн мебарад”. кошта, хотираи таърихии миллатҳоро тираю тор ва пур аз Профессор Одилов иброз дошт, ки аз нуқтаи назари нафрату кина мекунанд. Даҳшатафкании ин равияҳо агар ислом беҳтарин инсонҳо онҳоеанд, ки ба мардум ман- дар давраҳои пешин ба муқобили шахсиятҳои алоҳида фиат меоранд ва бадтарини онҳо касонеанд, ки ба мар- нигаронида шуда бошад, айни ҳол ин таҳдид ба ҳастии дум зарар мерасонанд. “Агар мақсади тавозуъ ба воситаи инсоният ва сулҳу суботи мамлакатҳоро дорад”. меҳру шафқат мустаҳкам кардани равобити байни марДар конфронс, Зоҳидӣ Низомуддин, муовини Вазидум бошад, мақсади террорист ба воситаи эҷод кардани ри корҳои хориҷӣ, Розиқзода Абдулҳаким, директори хавфу хатар расидан ба амалҳои нопок аст”, - таъкид кард Комиссияи олии аттестатсионии назди Президент, Сайномбурда. фулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти страМахфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон тегии назди Президент, Маъмурҷон Шарипов, муовини ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Роҳҳои сардори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии пешгирӣ ва муқовимат ба равияҳои ифротӣ” сухан рон- фонди “Диалоги Авруосиё” ва дигарон дар мавзуъҳои да, чунин баён дошт: “Беш аз ҳарвақта эҳсос мешавад, “Мубориза бо терроризм ва масъалаи таъмини амнияти ки ҷаҳони имрӯза ба таҳаввулот ва дигаргуниҳои худ минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, “Аз таърихи мубориза бо нигоҳ накарда, дар назди инсоният як қатор мушкилиҳо терроризм дар Тоҷикистон”, “Ватандӯстӣ ҳамчун омили пеш овардааст. Дар ин радиф, қувват гирифтани равия ҷилавгирӣ аз терроризм”, “Терроризм ва ифротгароӣ ва ҳаракатҳои ифротӣ инсониятро бо раванди глобалии ҳамчун вабои аср дар партави паёму суханрониҳои Прехаробиоваре рӯ ба рӯ намудааст, ки даҳшату оқибатҳои зиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” маърӯза хонданд.
- Иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат имкон медиҳад, ки равобити мутақобилан судманди ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ таҳким ёфта, ҳамзамон ба муносибатҳои дӯстонаи халқу миллатҳо мусоидат намояд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи байналхалқӣ баланд бардоштани мавқеи ҷавонон ва дар ин замина дастгирӣ ёфтани истеъдодҳои нав ба нав ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи онҳо шароит фароҳам меоварад, - иброз дошт Мавсума Муинӣ. Қобили зикр аст, ки дар конфронси мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аъзои СҲШ, аъзои Шӯрои олимони ҷавон, муҳаққиқон ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок карда, дар мавзӯи “Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҷавонон: ташаббуси созандаи Пешвои миллат” ибрози андеша карданд. Ёдовар мешавем, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 10 июли соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Руссия доир гашт, пешниҳод кард, ки яке аз солҳои оянда дар доираи давлатҳои узви СҲШ Соли ҷавонон эълон гардад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
Шодихони НАЗАР, “Ҷавонони Тоҷикистон”
16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат
Таҳти ҳамин ном дар маркази Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аксия доир гардид. Зимнан, бояд гуфт, масоили хушунати оилавӣ ё зӯроварӣ нисбат ба занонро ҳарчанд расонаҳои ахбори умум то андозае инъикос мекунанд, аммо мушоҳида мешавад, ки сарчашмаҳои зуҳури фишороварӣ ва пайдоиши ин зуҳурот пушти парда мемонанд.
Қобили зикр аст, ки бо сабаби рушди технологияҳои иттилоотӣ, васеъ гаштани имконоти дастрасӣ ба иттилоъ шавқу ҳаваси аҳолӣ, хусусан ҷавонон ба мутолиаи рӯзнома кам гаштааст... Чун як мурури кӯтоҳе ба таърихи рӯзномадориву рӯзномахонии мардуми тоҷик намудем, аён гашт, ки мо дар гузашта ҳам чандон таваҷҷуҳ ба рӯзномахонӣ надоштаем. Аксари публитсистони гузаштаи мо масъалаи мактабу маорифро дар мадди аввал гузоштаанд, вале то имрӯз ин мавзуъ ҳалнашуда боқӣ мондааст. Зимни баргузории аксия ба лаҳзаҳои аҷибу ғарибе рӯ ба рӯ шудем, ки бегумон шикваҳои публитсистони гузаштаро ба хотир овард. Ҳарчанд аввалин нашрияҳои тоҷикӣ ҳанӯз беш аз сад сол муқаддам пайдо шудаанд, вале афсӯс, ки рӯзномаву маҷаллахонӣ то имрӯз ба мо одат нашуд. Доир ба рӯзномахонии мардум ақидаи беш аз 15 нафарро пурсидем. Албатта, назарҳо гуногун буданд. Баъзеҳо сабаби рӯзнома нахондани мардумро дар набудани шароити хуби зиндагӣ арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки имрӯз мардум дар пайи ғизои моддианд, бинобар ин ба ғизои маънавӣ кам аҳамият медиҳанд. Баъди баста шудани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” мардуми мо рӯзнома надошт. Дар Осиёи Марказӣ рӯзномаҳо бо дигар забонҳо чоп мешуд. Мутафаккирони давр ҳис мекарданд, ки барои ҳамчун миллат боқӣ мондан ва шуури мардумро бедор кардан рӯзнома лозим аст. Барои таъсиси рӯзнома рӯзҳои мушкилро аз сар гузаронида рӯзнома таъсис доданд. Мутаассифона, дар ҳамон давр ҳам
мардум ба хондани рӯзнома шавқ надошт. Ин хунукназарӣ ба матбуот ва мактабу маориф соли 1919 публитсист Саидризо Ализодаро ҳам ба ташвиш гузошта буд. Ӯ дар шумораи 22-и “Шуълаи инқилоб” бо таассуф ин масъаларо таъкид кардааст. “Ҳангоме ки мо ба майдони матбуот даромада, қалами шикастаи худро ба даст гирифтем, яқин доштем, ки миллати мо - форсҳо ба матбуот ташна ҳастанд, қадри матбуоти форсиро дониста, аз ҳар ҷиҳат барои пойдории маҷалла ёрӣ ва ҳамроҳӣ хоҳанд намуд. Чунонки дар ин бора аз чандин нафар маорифпарварони форс ваъдаҳои равғанӣ ҳам гирифта шуда буд, вале афсус, ки дар муддати ин шаш моҳ ҳар чи фарёд задем, касе ба фарёди мо нарасид...” “ИНРО ЧӢ КОР МЕКУНАНД?” Вақте ба аҳолӣ ройгон рӯзнома тақсим мекардем, рӯзномаро ба даст гирифта як саволро такрор мекарданд: “Инро чӣ кор мекунанд?”... Устодон дар донишгоҳ зиёд мегуфтанд, ки мардум аз рӯзнома хондан дур шудаанд. Аммо ҳеҷ бовар надоштам, ки мардум чӣ будани рӯзномаву баҳри чӣ будани онро намедонанд. Вале афсӯс, ки инро бо чашми сар дидаму бо гӯш шунидам. Сабаби дигари рӯзнома нахонданро бархе аз равшанфикрон дар баланд будани нархи рӯзномаҳо медонанд. Нархи миёнаи рӯзномаҳо дар фурӯш аз 1,50 то 3 сомониро ташкил медиҳад. Онҳо бар он назаранд, ки зиндагии мардум дар сатҳи паст қарор дорад ва ҳар ҳафта 3 ё 5 сомонӣ сарф карда рӯзнома харидан ба манфиаташон нест. Ин ҳолат, яъне камтаваҷҷуҳии аудитория боис гаштааст, ки аксар рӯзномаҳо хароҷоти худро пӯшонида натавониста, дар садади қатъи фаъолияташон қарор доранд. Ҳатто баъзе коршиносон истисно намедонанд, ки мумкин аст, дар соли оянда танҳо чанд рӯзномаи “боқувват” боқӣ монаду бас. Рӯзномаҳои камранг ё берангро хатари нестшавӣ аз ҳоло таҳдид мекунад... “МУЛЛО” РӮЗНОМА ХОНАД, ГУНОҲ АСТ! Дар бозори “Корвон” ба марди қоматбаланди ришдор, ки бисёриҳо дар наздаш ҷамъ шуда, “бобои мулло” гӯён хитоб мекарданд, рӯзнома дароз кардам. Бо дидаи ҳайрат ни-
гаристу гуфт: “Инро чӣ мекунам, лозим нест”. Аз “густохӣ”-и мо табъаш хира гашт. Ҷавони ҳампаҳлӯяш луқма партофт: “Бигир бобо дар Тоҷикистон танҳо ҳаминро бепул тақсим мекунанд”. Сухани “бобои мулло” ба ёди ман гуфтаи Садриддин Айниро овард. Вақте рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро таъсис доданд, муллоҳо байни мардум ташвиқот мебурданд, ки ҳар нафаре рӯзнома мехонад, кофир мешавад. Баъди муомилаи мулло ба худ суол додам, ки наход ақидаи соли 1912 дар байни мардуми мо ҳоло ҳам ҷой дошта бошад. Ҳол он ки талаб кардани илмро пайғамбари Худо барои ҳама фарз донистааст. “Талаб кардани илм ба ҳар марду зани мусалмон фарз аст”. Дар ҳадиси дигаре мефармояд “Талаб кунед илмро аз гаҳвора то гӯр”. Мутаассифона, ҳини тақсими рӯзнома надидем, ки ягон ҷавон барои рӯзнома гирифтан талош кунад. ҚОНУНИ “МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД” БА МАВРИД АСТ! Дар муқоиса ба дигар халқу миллатҳо бойтарин адабиёт аз ҷиҳати панду андарз ва насиҳатномаҳо адабиёти тоҷик аст. Ин он андешаро қувват мебахшад, ки мардуми мо эҳтиёҷ ба тарбия доштааст. Аммо то ҳол ин мавзуъ ҳал нашудааст. Имрӯз ҳам аксар ҷавонони мо эҳтиёҷ ба тарбия доранд. Ин мавзуъ аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур намонда, Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул намуд. Ба адабиёти классикии тоҷик назар андозем, пай мебарем, ки беодобии ҷавонон аз ниёконамон мерос мондааст. Хушбахтона, баъди қабули қонуни мазкур беҳбудӣ ба назар мерасад. Танҳо ба воситаи мактабу маориф ва тарғиб ба ВАО мо метавонем насли ояндаи кишварро аз ин мушкилӣ раҳо созем. Публитсист Мирзо Сироҷи Ҳаким беҳуда нагуфтааст: “Хабардор будан беҳтар аз бехабарист ва донистан афзал аст аз нодонӣ”. Дур шудан аз рӯзнома, дур шудан аз забон аст. Мо бояд баробари воситаҳои электронии ахбор ба рӯзнома ҳам ҷиддӣ аҳамият диҳем. Мабодо, ки қавми бе забонамон ном набаранд.
www.javonon.tj
Масалан, то ҳол хушунат нисбат ба Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, мардон ҳам ба на“Ҷавонони Тоҷикистон” зар мерасад. Ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани онҳо ҳуқуқашон поймол мешавад. Яъне баъзан муддатҳое мегузарад, ки маоши меҳнатии муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён дода намешавад ё дар баъзе ҳолатҳо иҷборан ба кор ҷалб мешаванд. Ё худи муҳоҷирон дар ин кишварҳо хонадор шуда, аз оилаҳои қаблан доштаашон даст мекашанд. Ҳамчунин, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, куҳансолон, ҷавонону наврасон дар доираи оилаҳо ё берун аз он ҳам вуҷуд дорад. Вобаста ба ин масоил дар Маркази ҷавонони Хоруғ аз аксияи 16-рӯза, ки дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ доир гашт, натиҷагирӣ шуд. Дар ҷамъомад роҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ВМКБ ва ихтиёриён иштирок намуданд. Гуфта шуд, ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ пешгирии ҳамагуна ҳолати зӯроварӣ нисбат ба инсон, роҳ надодан ба зиёдшавии он ва ҳамзамон бардоштани сатҳи маълумотнокӣ миёни аҳолӣ мебошад. Коршиноси соҳаи маориф Хушқадам Асматуллоев зимни суханронӣ тавзеҳ дод, ки метавон бо роҳҳои гуногун барои баъзе ҳолатҳои хушунат тадбирҳои маърифативу ҳуқуқӣ роҳандозӣ намуд. Набот Додихудоева, роҳбари Маркази захиравии бонувон дар вилоят аз хушунати хонаводагӣ нақл карда, чунин гуфт: “Азбаски аҳолии мо фарҳанг ё менталитети шарқиёна дорад, дар бисёри маврид ба занон осеби ҷисмонӣ мерасад, аммо онҳо ақидаеро мепарваранд, ки ин ё он масъалаи зӯроварӣ мушкилии оилавӣ ҳасту бояд дар дохили хона ҳал гардад. Лекин дар ин сурат ошкоршавии ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ ҳам номумкин мегардад. Аз ҷониби дигар бархе бонувон то ҳол ҳам аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор нестанд. Ҳамин аст, ки дар вақти ҷудошавии оилаҳо тақсимоти бисот ё молу мулк ба манфиати бонувон кам ҳал карда мешавад”. Зикр гардид, ки аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят соли ҷорӣ 11 ҳолати зӯроварии ҷисмонӣ нисбат ба занон ба қайд гирифта шудааст. Алабатта бо сабабҳои мавҷуда шояд баъзеи ин ҳолатҳо нокушода мемонанд ва баъзеҳо фикр доранд, ки теъдоди ин ҳодисаҳо ангуштшуморанду инъикоси онҳо чандон аҳамияте надорад. Дар чорабинӣ, ҳамчунин оид ба дигар мушкилоти мубрам, аз қабили хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ, тиҷорати шаҳвонӣ ва ғайра табодули афкор сурат гирифт. Барои иштирокдорон аз ҷониби созмондиҳандагон роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда адабиёту буклетҳо тақдим шуд.
Чандест, ки идораи Рӯзномаи “ҶавонониТоҷикистон” таҳти номи “Биёед, рӯзнома хонем!” аксия мегузаронад. Аниқтараш рӯзҳои 14, 17 ва 21 декабри соли 2015 дар бозорҳои “Саховат”-у “Корвон”-и пойтахт ва маркази шаҳр ба хонандагон ройгон рӯзнома тақдим шуд. Мақсад аз гузаронидани аксия истифодаи самараноки вақтҳои холии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба мутолиаи рӯзнома ва рӯй оварданашон ба матбуот мебошад.
е-mail: javonontj@mail.ru
Ба мардум рӯзнома даркор нест?!
3
е-mail: javonontj@mail.ru
4
ЭНЕРГИЯИ АЛТЕРНАТИВӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Истифодаи зиёди нефту газу ангиштсанг муҳити зисти бисёр кишварҳоро ифлос гардонида, боиси афзун гаштани газҳои парникӣ ва тағйирёбии иқлим мешавад. Аз ин рӯ, олимон роҳҳои камхарҷу бепартови дарёфти энергияро ҷустуҷӯ карда истодаанд. Дар қатори офтобу шамолу биогаз чашмаҳои геотермалӣ (обашон гарм) яке аз беҳтарин намудҳои энергияи алтернативӣ ба шумор меравад. МАНБАИ БАРҚУ ГАРМӢ Яке аз роҳҳои арзони дар фасли сармо бо гармӣ таъмин кардани манзилу иншооти гуногун истифодаи энергияи гармчашмаҳо мебошад. Оби гарми худододеро, ки аз қаъри замин мебарояд, тавассути қубурҳо ба иморатҳои наздиктарин кашида, манзилро метавон гарм кард. Ин яке аз роҳҳои осони бепартов гарм намудани иморатҳо мебошад. Ҳамчунин дар сурати насби таҷҳизоти зарурӣ тавассути оби гарми зеризаминӣ ва буғи он барқ тавлид кардан мумкин аст. Оғози солҳои 90-уми асри ХХ иқтидори тамоми нерӯгоҳҳои геотермалии ҷаҳон 5000 мегаваттро ташкил медод. Соли 2008 ин рақам ба 10,5 ҳазор мВт расид. Бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи барқ аз энергияи геотермалӣ ИМА мебошад. Соли 2005 дар ин кишвар 16 миллиард кВт/соат нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шуда буд. Ҳоло иқтидори нерӯгоҳҳои чашмаҳои оби гарми ИМА аз 4500 мегаватт гузаштааст. Танҳо дар нерӯгоҳи “Гейзерс”-и Сан-Франсиско 22 истгоҳи барқӣ бо иқтидори 1517 мВт нерӯи барқ тавлид мекунанд.
Ассотсиатсияи нерӯгоҳҳои геотермалии ИМА на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар Туркия, Кения, Никарагуа, Индонезия, Зеландияи Нав, Ҷопон ва ғайра низ нерӯгоҳҳои геотермалӣ месозад. Аз рӯи маълумоти Пажӯҳишгоҳи вулканшиносии Академияи илмҳои Руссия захираҳои геотермалии Камчатка ба 5000 мВт баробар аст. Ҳоло дар кишвари Краснодар 12 чашмаи геотермалӣ нерӯи барқ тавлид мекунанд. Энергияе, ки аз чашмаҳои геотермалӣ тавлид мешавад, нисбат ба энергияи нерӯгоҳҳои атомӣ, ҳароратӣ ва обӣ арзон меафтад. Бартариҳои истифодаи чашмаҳои
метавон ҳам барои тавлиди барқ ва ҳам таъмин кардани хонаҳо бо гармию оби гарм истифода бурд. Истифодаи чашмаҳои обашон гарм боиси афзоиши газҳои парникӣ намешаванд ва таҷҳизоти онҳо ҷои зиёдро банд намекунад. Аммо бо сабаби андаке гарон будани нархи таҷҳизоти тавлиди нерӯи барқ истифодаи чашмаҳои геотермалӣ дар кишвари мо чандон маъмул нагаштааст. Агар бо ёрии маблағҳои грантӣ ё қарзӣ истифодаи онҳо ба роҳ монда мешуд, сокинони минтақаҳои атрофи чашмаҳо тамоми сол бо нерӯи барқу оби гарм таъмин мешуданд.
чашмаҳои геотермалӣ дар соҳаҳои гуногун истифода мебаранд. Дар бисёр мавридҳо оби гарми худододро барои гарм кардани гармхонаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, парвариши зироатҳои гармдӯст истифода бурдан самаранок аст. Исландия дар рӯйхати кишварҳое, ки чашмаҳои оби гармро барои соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд, ҷои аввалро мегирад. Дар баробари гарм кардани гармхонаҳо бо истифода аз энергияи геотермалӣ зиёда аз 20 ширкати исландӣ соле аз 2000 то 4000 тонна моҳиро хушк мекунанд. Исландия, Коста-Рика, Салвадор, Кения, Зеландияи Нав ва Филиппин зиёда аз 10 фоиз талаботашон ба нерӯи барқро аз
Чашмаҳои гармро самаранок истифода намебарем
геотермалӣ дар он аст, ки ин чашмаҳо новобаста аз фасли солу обу ҳаво ҷорӣ мешаванд. Ин чашмаҳо универсалӣ буда, онҳоро
ИСТИФОДАИ ЧАШМАҲОИ ГАРМ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ Имрӯз дар бештар аз 80 кишвари дунё аз
чашмаҳои геотермалӣ қонеъ мекунанд. Ғайр аз он ки исландиҳо гармхонаҳоро бо оби чашмаҳои геотермалӣ гарм мекунанд, 95 дарсади манзилҳоро низ тавассути ГеоТЭС-ҳо гарм нигоҳ медоранд. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо имкониятҳои истифодаи энергияи геотермалӣ ба қадри кифоя омӯхта нашудаанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон чашмаҳои обашон гарм қариб дар ҳама минтақаҳо ҳастанд. Чунончи чашмаҳои Хирманак (Ҳисор), Хоҷа Оби Гарм, Зайрон (Ваҳдат), Оби Гарм, Ҷелондӣ (Шуғнон), Гармчашма, Бибифотимаи Заҳро, Авҷ (Ишкошим)-ро дар баробари бо мақсади муолиҷа истифода бурдан инчунин барои гарм кардани иморатҳои наздиктарин, гармхонаҳои назди чашмаҳо, тавлиди нерӯи барқи доимӣ истифода бурдан мумкин аст. Роҳи аз ҳама самаранок истифода бурдани чашмаҳои геотермалӣ кашидани қубур ба гармхонаҳо мебошад. Дар натиҷа бо харҷи хеле кам аз гармхона сабзавоту кабудӣ рӯёнидан мумкин аст. Танҳо каме ташаббусу ҷуръат лозим асту бас.
ОЗМУН
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд. ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ КУМИТА
1. Сармутахассиси Раёсати рушди туризм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 855 сомонӣ. 2. Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 697,50 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 697,50 сомонӣ.
www.javonon.tj
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 738 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 702 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 603 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 8. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шӯрообод – 1 ҷой,
маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 9. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 10. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хусрав – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 472.50 сомонӣ.
ВИЛОЯТИ СУҒД
1. Мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 854,55 сомонӣ. 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 702 сомонӣ. 3. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. 5. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б. Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 472,50 сомонӣ.
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ МАРКАЗ
1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ.
ШАҲРИ ДУШАНБЕ
1. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 603 сомонӣ.
2. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 576 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми андозаи 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа,
аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
ПУРСИШИ “ҶАВОНОН...“
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
5 е-mail: javonontj@mail.ru
Гулбаҳор РАҲМОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон” Мунаввара ТАҒОЕВА, корманди рӯзномаи “Набзи Файзобод”: - Соли 2015 дар ҳаёту фаъолияти кории ман нақши фаромӯшнашаванда дошт. Зеро дар ин сол бахту толеи баланд, саодату хушбахтии беназир дар қатори 6300 нафар ҳамватанон насибам гардид, ки ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шудам. Мо шукри Худованду сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро мекунем, ки дар ватани мо дини мубини ислом ба ҳайси як рукни муҳими таърих ва фарҳанги миллӣ шинохта шуд. Шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ ва конститутсионии худ маросимҳои динӣ, аз ҷумла фаризаи ҳаҷро иҷро менамоянд. Ҳар инсоне, ки зиёрати Хонаи Худованд насибаш мегардад, бояд нияти холис дошта бошад. Агар ният холис бошад, анҷоми ҳамаи корҳо пирӯзию сарбаландист. Аз ин рӯ, мо бояд ниятамонро барои Худо холис гардонем ва тамаъро дар наздикии худ роҳ надиҳем ва ҳамеша гумони нек парварему дар пайи накӯӣ бошем. Мастура АБДУРАҲМОНОВА, муаллими ДМТ: - Соли 2015 бароям соли он қадар хуб набуд. Барои он ки мусибат доштем. Модарам ва хоҳар-зодаамро, ки 24 сол дошт аз даст додам. Шояд, сол гунаҳкор набошад, аммо нафаре, ки дар як рӯзи муайян наздиконашро аз даст диҳад, ӯ он рӯз, он солро бо ҳамон ғаму андуҳ ёд мекунад.
Соли 2015 аз кадом ҷиҳат бароятон хотирмон буд? дар кишвар Соли оила эълон дошт.
Шаҳло САДРИДДИНОВА, сармуҳаррири рӯзномаи “Самак”: - Соли 2015 бароям бо рангорангиҳояш хеле хотирмон буд. Дар ин сол донишгоҳро хатм намудам. Ба чанде аз манотиқи кишвар, аз ҷумла ба Бадахшон сафар доштам, ки ҳангоми суҳбат ва дар меҳмонии мардуми Бадахшон будан аз хеле чизҳо бархурдор гаштам. Ҳамчунин, дар ин сол масъулияти бисёр ҳам муҳим, яъне сармуҳарририи ҳафтаномаи “Самак”-ро боварам карданд. Яъне соли 2015 бароям пурбарору фаромӯшношуданӣ буд ва орзуманди онам, ки соли меомада низ бо лаҳзаву корҳои хотирмонаш мисли имсола фаромӯшношуданӣ гардад. Ёрмаҳмад РАҲМОНОВ, деҳқон: - Соли 2015 бароям соли файзу баракат буд. Албатта, барои деҳқон дар мадди аввал хушбахтии оилааш меистад ва баъд кишти коштааш, ки чӣ гуна самар медиҳад. Агар заҳмати мекашидаам ҳосили хуб диҳад, аз ин зиёд хушбахтиро тасаввур намекунам. Чун бо меҳнати зиёд онро ба даст меорам. Умедворам, ки соли 2016 низ барои мардуми деҳқон соли пурбарор ва пурбаракат хоҳад шуд.
Фарзонаи УМАРАЛӢ, хабарнигори “Фараж”: - Соли 2015 бароям дигаргуниҳоро фароҳам овард. Ман соли 2015 донишгоҳро хатм кардам ва ҳамчун хабарнигор, яъне мутахассис ба кор даромадам. Мехоҳам, ки соли 2016 орзуҳоям ҷомаи амал пӯшанд.
Розия РАҲМАТОВА, сокини пойтахт: - Соли 2015 бароям соли бениҳоят хотирмон мебошад. Дар ин сол пас аз интизориҳои зиёд Худованд ба ман тифлаки дӯстуряке ҳадя намуд. Яъне, ин сол дар дафтари хотироти ман бо хатти заррин сабт гашт. Шарафи бузурги модар шуданро худованд лоиқам дид. Фаришта НАБИЕВА, донишҷӯ: - Соли 2015-ро ҳамеша дар қалбам нигоҳ медорам. Чун дар ин сол орзуи донишҷӯй шуданам амалӣ гашт. Имрӯз дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил дорам. Насим ЧОРШАНБИЕВ, устоди маркази таълимии бонувон “Сарвар”: - Соли 2015 бароям аз чанд ҷиҳат хотир-
мон буд. Агар гӯям, ки дар ин сол муваффақ гаштам, хато намекунам. Дар ин сол ман бо кори нав таъмин шудам, дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба ҳайси омӯзгор аз фанни технологияи информатсионӣ ба кор даромадам. Инчунин фарзанди ягонаи ман қадамҳои аввалини хешро ба саҳни дабистон гузошт, ки бароям фаромӯшношуданист ва боз узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гардидам. Ҳамаи инҳо бароям хотирмон мебошад. Раҳматуллои РАҲИМ, сароянда: - Соли 2015 барои ман комёбиҳои зиёд овард. Аз он ҷиҳат, ки бо номи “Набзи ноҳамвор” китоби ман аз чоп баромад. Дастовари дигар, ки дербоз интизораш будам, таҳияи барномаи консертӣ баҳри шахсони имконияташон маҳдуд буд, ки хушбахтона барпо шуд... Шарифи МИСАЙЗОД, хабарнигори радиои “Садои Душанбе”: - Соли 2015 аз бисёр ҷиҳат барои банда нақши муҳиму созгор дошт. Ҳар самту ҳар нақшеро ки соли 2015 дар ҳаёти ҷомеаи соҳибистиқлоли Ватани азизи ман, миллати ман гузошт, бароям нукта ба нукта айёну равшан ва хотирмон аст.
www.javonon.tj
Назира БОБОЕВА, ҳуқуқшинос: - Имсол, бешубҳа, хотироти зиёде дошт. Аммо аз ҳама маъруфаш ба назари ман ҳамон буд, ки Президенти мамлакат зимни суханронияш дар парлумон соли 2015-ро
Ҳар соле, ки сипарӣ мешавад, бегуфтугӯ, хотироте дар ҳаёти мо боқӣ мегузорад. Хотироте, ки ҳам шодиоваранду ҳам ғамангез. Соли 2015 низ барои ҷумҳурии мо соли берангу содда не, балки пур аз ҳаводис буд. Ҳодисоте, ки дар ҳаёти мардуми кишвар ҳатман асар дошт. Аз мусоҳибон пурсидем:
е-mail: javonontj@mail.ru
6
МАВЗӮИ РӮЗ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
Дар дунё ҳама чиз ном дорад. Инсон низ, ки яке аз шарифтарин махлуқи Офаридгор аст, соҳиби ному насаб аст. Номгузории инсон аз давраҳои қадимтарин ибтидо мегирад. Чуноне аз гузаштагони дури худ ориёиҳо медонем, онҳо дорои номҳои маънибаланду хушоҳанг буданд. Имрӯз масъалаи номгузорӣ ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Ахиран атрофи номгузории тоҷикӣ ва аҳамияту нақши он андешаҳо ироа гардиданд, ки ҳадаф баланд гардонидани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар самти номгузории фарзандон мебошад. Дар воқеъ солҳои охир мушоҳида мекунем, ки бо таъсири фарҳангҳои бегона номгузорӣ низ дигаргун шуда, номҳое, ки ифодакунандаи фарҳангу маданияти дигар аст, рӯйи кор омада истодааст. Боре ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ омӯзгоре дар раванди машғулият қайд намуд, ки номи яке аз пайвандони худро Августин ниҳодааст. Ҳайрон шудем, ки ин чӣ гуна исм бошад, чун аз фарҳанги мо бегона буду талаффузаш душвор. Дар баробари ин дар ҷомеаи имрӯзаи мо номҳое низ мавҷуданд, ки ҳеҷ хушоянд нестанду шахси дорои он ҳангоми ба забон гирифтани номашон
хиҷолат мекашанд. Ба монанди номҳои Теша, Табаралӣ, Санг ва ғайра. Чун ин ҷо мебинем, ҳамаи онҳо исмҳои асбоб ва ашёҳоянд, ки дар ҳаёт аз он истифода менамоем. Суоле ба миён меояд, ки чаро чунин номро гузоштаанд? Ҳар шахси дорои чунин номро пурсон шавед, аз доштани чунин ном норозианд, чунки дар байни ёру дӯстон аз исми хеш шарм медоранду баъзеашон тағйири ном кардаанд. То кадом андоза ном метавонад дар ҳаёти минбаъдаи инсон таъсиргузор ва ифодакунандаи
фова дар ин хусус гуфт: “Дар мо, мутаассифона, баъзан номҳои бисёр содаву дағал, мисли Сангу Хоркашу Табару дигару дигар гузошта мешавад. Ин номҳо ба рӯҳияи инсони дорои чунин ном таъсир мерасонад. Ин чиз боиси афсурдарӯҳӣ , вайроншавии рӯҳии кӯдак мегардад. Ҳар падару модар чунин номҳоро, ки дар оянда боиси лақабгузорӣ мешаванд, беҳтар аст, ки нагузоранд. Ҳарчанд инсон номро зебо мекунад, вале табиист, ки чунин номгузорӣ метавонад ҳам ба руҳияи соҳиби он ва ҳам ба
Ба таъкиди ҷомеашинос Умеда Ахмедова, вазифа ва қарзи ҳар волидайн аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама бояд ба фарзанд номи нек гузоранд. Ном ифодакунандаи фарҳангу маданият мебошад. “Номгузории фарзандон, пеш аз ҳама, ба худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ доштани ҳар волидайн вобастагии калон дорад. Барои он ки мо номҳои беҳтаринро гузорем, миллати худро бо номҳои зебояш ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, аз фарҳанг ва пос доштани он вобастагӣ дорад. Инро дида
таҳсилкарда нестанд ва ё каманд волидоне, ки аз асарҳои бадеӣ истифода мебаранд. Ҳангоме, ки фарзанддор мешаванд, аз филмҳое, ки тамошо мекунанд, бахусус филмҳои туркӣ мегиранду номи фарзандонашонро мемонанд ва намедонанд, ки номи гузоштаашон чӣ маъно дорад. Дар ҳоли пешниҳод гардидани ин номнома он як дастурамали хуб барои волидайн мешавад, - гуфт ҷомеашинос Умеда Ахмедова. Ба андешаи мутахассисон барои баланд бардоштани фарҳанги номгузории мардум бояд бештар
миллату давлат ва фарҳанги он бошад? Гузоштани номҳои бегона ба фарзандон чӣ таъсир дорад? Волидайн дар интихоби номи наку чӣ масъулият доранд? Барои баланд намудани фарҳанги номгузорӣ чӣ бояд кард? Ин ва дигар суолҳоест, ки барои дарёфти посухаш аз мутахассисон пурсон шудем. Агар доир ба ному номгузорӣ аз нигоҳи равоншиносӣ суҳбат намоем, ин илм ба номгузорӣ диққати махсус дода, гузоштани номи хубу мувофиқро ба фарзанд як масъулияти бузурги волидон меҳисобад, зеро ба андешаи равоншиносон, исми инсон метавонад барои дорандаи он нақши сарнавиштсоз дошта бошад. Равоншинос Мадина Шари-
мавқеи ӯ дар миёни аҳолӣ таъсир гузорад. Ном чизе аст, ки аз рӯзи таваллуд ба шахс дода мешавад ва дар тӯли ҳаёт бо шахс аст ва ҳатто баъд аз вафот боқӣ мемонад. Бинобар ин, ном чизест, ки то андозае тақдирсоз мебошад”. Ном инчунин намояндаи кадом маданият ва миллат будани шахсро ифода менамояд. Ба таъкиди мутахассисон беҳтар аст, ки ба фарзандон номҳои таърихӣ гузошта шавад. Ҳамчунин, ном то андозае ба шахсияти инсон таъсир мерасонад. Масалан, вақте номи писар Далер гузошта мешавад, ҳар маротиба ҳангоми тарбия кардан, падару модар номашро ба забон мегиранд, ки он ба шахси дорои ин ном рӯҳбаландӣ мебахшад.
ҷаҳониён ба мо баҳо медиҳанд, ки то кадом андоза мо худамонрову гузаштаамонро қадр мекунем”. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯйхати ягонаи номҳои миллиро таҳия кардааст, ки номгузории фарзандон тибқи он сурат мегирад. Он наздики 5 ҳазор номи тоҷикӣ ва ё номҳои мавриди қабули ҳамагонро дар бар мегирад. Ин китоб аввали соли 2016 ба нашр расида, ба шуъбаҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ тақсим мешавад. – Аз таҳияи номнома, ки ба наздикӣ чоп мешавад, бениҳоят хушҳолам, чунки аксари волидон
худи онҳо китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд. Дар баробари ин барномаҳое тариқи васоити ахбори омма бояд пешкаши аҳолӣ гардонида шаванд, ки аз маъноҳои ном бархурдор гарданд ва дар ҳаёт аз он истифода намоянд. Гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги номгузориро низ яке аз роҳҳои афзоиши маърифати номгузорӣ меҳисобанд. Дар баробари ин фаъол будани тамоми қишрҳои ҷомеа лозим аст, зеро тамоми мушкилот танҳо дар якҷоягӣ ҳаллу фасл гардида, ба натиҷаи муайян хоҳем расид. Пас дар ин росто масъулияти мазкур ба дӯши якояки мо хоҳад буд.
Ном ифодагари миллат аст
www.javonon.tj
Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи азим, бақои умр ва ояндаи ҷомеа ба шумор мераванд. Муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо меросбарист. Азбаски онҳо ҳалқаи ногусастании пайванди наслҳои башар маҳсуб меёбанд, қомати рости ҷомеа низ онҳоянд. Президенти кишвар барҳақ зикр кардаанд: “Ҳар як насл таҷрибаю дониши андӯхтаашро ба насли оянда мерос гузошта, насли оянда дар навбати худ, ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро такмилу сайқал дода, пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин кардааст”. Дар ҷои дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки “Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз раванадҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”. Яъне, Сарвари давлат дар роҳи бунёди давлати соҳибтамаддун ва нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақши ҷавононро муҳим арзёбӣ менамояд ва ҳамин буд, ки то имрӯз баҳри худташаккулёбӣ ва рушди ҷавонон тадбирҳои зиёде андешида шуданд. Мутаассифона, новобаста аз ҳама ин ғамхориву дастгирии падаронаи Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар миёни ҷавонон афроде низ пайдо мешаванд, ки даст ба амалҳои нопоку ношоиста мезананд. Яке аз чунин амалҳои номатлуб нашъамандист. Даст задани ҷавонон ба нашъамандӣ, хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва истеъмоли он масъалаест, ки имрӯз ҷомеаи моро нигарон кардааст. Маводи мадҳушкунанда ба рӯҳияи одам, хусусан ҷавонон таъсири бади психологӣ расони-
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Дар симои ҷавонон набояд нашъамандро дид!
да, касро аз ҳаёт маҳрум месозад. Гирифтории ҷавонон ба ин вабои аср аз истифодаи носу тамоку оғоз гардида, то ба маводи сахттаъсири нашъаовар оварда мерасонад. Вақте шахс носу тамокуро мунтазам истифода мебарад, оҳистаоҳиста одат мекунад. Тадриҷан чунин мешавад, ки дигар носу тамоку ҳам ӯро қонеъ карда наметавонад ва барои шикастани хумораш ба ягон маводи сахттар эҳтиёҷ ҳис мекунад. Дар натиҷа ба нашъаву героину дигар маводи сахттаъсир рӯ меорад. Ҳол он ки ашхоси носу тамокукаш, на танҳо саломатии худашонро вайрон мекунанд, балки муҳити зист ва одамони атрофии хешро заҳролуд гардонида, табъи онҳоро хира мегардонанд. Ҷавонон зуд талқиншаванда ҳастанд ва ба доми нашъамандӣ ба осонӣ меафтанд, ба зудӣ гирифтори ин одати бад мешаванд, ки дигар худро идора карданашон мушкил мегардад. Ақлу хирад, аз онҳо дур мешавад, гапи падару модар барояшон беарзиш гашта, эҳтироми онҳоро фаромӯш месозанд, ҳатто эшонро фиреб медиҳанд. Бояд таъкид кард, ки мушкилоти нашъамандӣ қабл аз ҳар чизи дигар мушкилоти иҷтимоист ва дар мубориза бо ин бояд ҳама рукнҳои ҷомеа фаъолона ширкат намоянд. Таблиғоти зидди нашъамандиро бояд дар ҳама зинаҳои муассисоти таълимӣ ба роҳ монд, то коргар бошад. Пас ба хотири пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи мухаддир мебояд чораҳои зарурӣ андешид. Мактабу маориф метавонад дар кори тарбияи зиддинашъамандӣ нақши бештар дошта бошад.
Пас моро мебояд, ки чорабиниҳои таблиғотии зиддинашъамандиро дар байни мактаббачагону ҷавонон ҳарчи бештар доир кунем. Рӯзи байналмилалии пешгирии нашъамандӣ 12 июн аст, ки ба вақти таътили хонандагон рост меояд. Пешниҳод мекунам, ки Рӯзи мубориза бар зидди нашъамандӣ дар Тоҷикистон эълон шуда, дар яке аз рӯзҳое ҷашн гирифта шавад, ки ба рӯзи дарсии толибилмон рост ояд ва ин рӯз ба феҳристи идҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” номбар шудаанд, дохил гардад. Зеро таҷрибаҳо нишон додаанд, ки маҳз чорабиниҳову барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ки дар байни наварсону ҷавонон гузаронида мешаванд, метавонанд онҳоро ба роҳи созандагиву ободкорӣ ҳидоят кунад. Ҳамчунин, ба хотири амалӣ намудан ва гузаронидани чорабиниҳо ва ташкил намудани озмунҳо, ба монанди расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, саҳнаи беҳтарин дар мазаммати нашъамандӣ миёни хонандагон ва макотиб дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент шуъбаи махсус таъсис дода шавад ва баҳри ҳавасмандгардонии онҳо ба ғолибон мукофоти арзанда супурда шавад. Бигзор мабалғгузории ин ташкилот на танҳо аз ҳисоби агентӣ, балки аз ҷониби мақомоти муборизабаранда алайҳи мухаддирот ва Ҳукумати мамлакат амалӣ гардад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки агар ин иқдоми нек амалӣ гардад, теъдоди наврасону ҷавононе, ки даст ба нашъамандӣ мезананд коҳиш ёфта, ин мушкил, то дараҷае аз байн хоҳад рафт. Зеро чуноне таҷрибаҳо нишон медиҳанд,
инсон маҳз дар наврасӣ ва айёми ҷавонӣ, дар замоне, ки дорои ҳисси баланди кунҷковист ва пайи зарари рафтор камтар гашта, бештар майл ба ҳавову ҳавас дорад, ба нашъакашӣ ҷалб мешавад. Маҳз аз синну соли хурди мактабӣ дар зеҳнияти кӯдак басо моҳирона ҷо кардани эҳсоси ҳазар аз нашъа ӯро дар наврасӣ аз истеъмоли мухаддирот боз хоҳад дошт. Зимнан, Тоҷикистон давлати ҷавон аст, 70 дарсади аҳолиро шахсони то 30-сола ташкил медиҳад, ки барои миллати тоҷик гавҳари ноёб аст. Пас моро мебояд, наслеро, ки аз вай гавҳари ноёб ном мебарем, бо ҳар роҳе, ки набошад аз ин вартаи марг наҷот диҳем. Миллати тоҷик дар симои ҷавононаш набояд симои ҷинояткор, нашъаманд, террорист, экстремистро бубинад, балки дар симои онҳо олимону адибон, ҳунармандону санъаткорон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, тоҷирону соҳибкорон, вазирону роҳбарони ояндаи давлатро бояд шинохт...
Фатҳиддин НИЗОМИДДИНОВ, ҳуқуқшинос
МАОРИФ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
Маркази ноҳияи Файзобод сол то сол ободу зеботар мешавад. Соли ҷорӣ Шуъбаи маорифи ноҳия ба бинои нав кӯчид. Моҳи майи ҳамин сол Файзулло Наҷмиддинов мудири Шуъбаи маорифи ноҳия таъин шуд. Бо таъин шудани мудири нав дар фаъолияти аҳли маорифи ноҳия як қатор навгониҳо ба амал омад. Суҳбати мо бо Файзулло Наҷмиддинов дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷавонони Тоҷикистон”
компютерӣ мавҷуданд. Чанде пеш дар шӯрои навбатӣ ман ба директорони мактабҳо таъсис додани почтаи электрониро пешниҳод кардам. Вақте ҳамчун мудир ба кор шуруъ кардам, ҳамагӣ 4 мактаби ноҳия бо шабакаи интернет пайваст буд. Ягон мактаб почтаи электронӣ надошт. Акнун дар ҳама мактабҳо почтаи электронӣ таъсис дода, робитаи электронии мактабҳоро ба роҳ мемонем. Ҳудуди марзӣ-маъмурии ноҳия 84 километрро дар бар мегирад. Ҳар ҳафта аз деҳаҳои дурдаст ба маркази ноҳия омадан вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Робитаи электронӣ бошад, ҳам вақт ва ҳам маблағи омӯзгоронро сарфа мекунад. - Омодагӣ ба зимистон чӣ гуна аст? - Тибқи нақшаи омодагӣ ба зимистони солҳои 2015-2016 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 938 тонна ва дар муассисаҳои томактабӣ 5 тонна, ҷамъ 943 тонна ангишт, инчунин 354,7 метри кубӣ ҳезум ба нақша гирифта шуда буд, ки қариб пурра иҷро шуд. 76 метри мукааб тирезаҳо шишабандӣ шуда, 1801 литр сӯзишвории дизелӣ барои истифодабарии компютерҳо захира намудем. Аз захираи соли гузашта 28,4 метри кубӣ захираи ҳезум дорем. Инчунин 441 печкаи иловагӣ, 163 гармкунакҳои барқӣ, 61 генератор мавҷуд аст. - Китобҳои дарсӣ мерасанд? - Имсол барои китобҳои наве, ки тибқи дархост аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дастрас намудем, 100 ҳазор сомонӣ супурдем. Барои бо эҳтиёт истифода бурдани китоб миёни хонанда пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад. Аз ин рӯ, аз китобҳои дарсӣ танқисӣ намекашем. Омӯзгорони ноҳия дар маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ низ фаъоланд. Дар қатори ҳафтаномаи соҳавии «Омӯзгор», инчунин ба нашрияҳои «Минбари халқ», «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайраҳо обунаанд. Асри ХХI асри иттилоот ва технологияи навин аст, ки дар кадом касбу коре набошем бояд аз ахбори ҷумҳурию ҷаҳон, навигариҳои илму техника, навгониҳои соҳаи худ бохабар бошем. Дар ин ҷода ба мо ВАО кӯмак мерасонанд.
Президенти кишвар ба Қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат” имзо гузошт. Қонун дар шароите қабул шуд, ки ҷаҳон даргири ҳазору як мушкил аст ва ин мушкилоти глобалӣ, бегуфтугӯ, ба якдигар алоқаманданд... Имрӯз нобасомониҳое, ки дар Афғонистони ҳамсояи мо, дар мамолики арабии Ховари Миёна, дар Украину гӯшаҳои дигари олам ҷараён доранд, муттаҳиду иттифоқ будани моро аз ҳар вақти дигар дида муҳимтар гардондааст. Ин муттаҳидӣ бо сарҷамъ будан атрофи Роҳбари мамлакат ва ҳамоҳанг будан бо сиёсати пешгирифтааш мумкин мегардад. Бале, дар замоне, ки хатар эҷод кардан ба суботу амнияти давлатҳо кори саҳлу осон гаштааст, муттаҳидии мардум аз ҳарвақта дида аҳамияти бештар пайдо мекунад. Яъне, барои миллат доштани сарвар ва пешвое дар чунин вазъияти ҳассос басо муҳим, балки зарур аст. Симо ё портрети як сарвар ё пешворо Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадисе ёдовар шудаанд: “Сарвари як қавм, миллат ҳамонест, ки барои он хизмат мекунад...” Барои шинохти шахсияти Президент Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама зарур аст, ки хизматҳои барои мардуми тоҷик дар зарфи беш аз ду даҳсола анҷомдодаашро бишносем. Албатта, хеле зиёданд, вале умдатаринашонро мешавад ин ҷо ёдоварӣ намоем. Дар ибтидои солҳои навадум, вақте кишвар даргири оташи ҷанг буд, ҳазорҳо нафар шаҳрванди Тоҷикистон тарки Ватан карда, ҳамчун гуреза ба давлати Афғонистон паноҳ бурданд. Беҳтарин хизмати Эмомалӣ Раҳмон дар он давра баргардонидани гурезаҳо буд, ки аз суботу осоиштагии кишвари худ ноумед гашта буданд. Президент тавонист гурезаҳоро ба Ватан баргардонад. Ин амр дар замоне иттифоқ афтод, ки Афғонистон худ ноором буд ва касе кафолати амнияти ҷони Президенти кишвари дигареро дода наметавонист... Баъдҳо аз аввалин Роҳбарони кишварҳои Осиё буд, ки дар бораи суботи Афғонистон аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати коҳиш додани қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо терроризм даъват намуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи роҳбарии худ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад, балки пешниҳодҳое ҳам сурат гирифт, ки минбаъд аз ҷониби СММ пазируфта ва амалӣ гардид. “Соли оби тоза”, “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт” аз ҷумлаи тадбирҳои ҷаҳониест, ки бевосита бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар низ аз хизматҳоест, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст. Мушкили роҳ аз мушкилиҳое буд, ки мардуми чор гӯшаи Тоҷикистонро азият медод. Ҳоло бо ифтитоҳи роҳҳо ва бунёди нақбу пулҳо рафтуомад осон ва бамаротиб қулай гаштааст. Инчунин, Президенти Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи байналмилалӣ изҳор дошт: “Мусулмон террористу террорист мусулмон нест.” Сипас, дар кишвар Конфронси сатҳи олии бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа доир шуд, ки дар он аз тамоми мамолики мусулмоннишини олам меҳмонон ҳузур доштанд. Чунин хизматҳои арзандаи президенти кишварро ёдовар шуда метавон гуфт, ки ӯ Пешвои миллат аст... Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки шахсияти Пешвои миллат дар ҳузури худи миллат ташаккул меёбад. Ба ибораи дигар онро худи миллат тарбият дода, эътироф мекунад. Дар навбати худ чунин шахсият бе миллати бофарҳангу соҳибирода ба пуррагӣ аз худ дарак дода наметавонад. Аз ин рӯ саҳифаи нави таърихии аз файзу комёбиҳо пур бо ҳамбастагии Пешво ва миллати он имконпазир мегардад. М. САИД, “ҶТ”
www.javonon.tj
- Зимни ба иҷрои вазифа шуруъ намудан корро аз чӣ оқоз кардед? - Пеш аз таъин шуданам ба вазифаи мудири шуъбаи маориф 15 сол дар дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод фаъолият доштам. Вақте моҳи май ба иҷрои вазифа шуруъ намудам, охири соли таҳсил буд. Тамоми нерӯро ба он равона кардем, ки соли таҳсили 2014-2015-ро дар сатҳи баланд ҷамъбаст намоем. Имтиҳоноти аз синф ба синфгузаронӣ ва хатми мактаб дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия хуб гузашт. Кӯшиш намудем, ки хатмкунандагон ҳарчи беҳтару барвақттар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоранд ва ба ин муваффақ гардидем. Агар соли 2014 каме беш аз 600 нафар ҳуҷҷат супурда бошанд, имсол ба ММТ 745 нафар ҳуҷҷат супурданд, 445 нафар донишҷӯ шуданд. Инчунин, бо супориши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз ҳисоби онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ба вазифаи омӯзгорӣ машғуланду маълумоти миёнаи умумӣ доранд, 17 нафарашон ба Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт дохил шуданд. Як қисми онҳо 20-30 сол собиқаи омӯзгорӣ дошта, то ин дам ба маълумоти миёнаи махсус кор мекарданд. - Чанд нафар хонандаи мактабҳои ноҳия тибқи квотаи Президент ба муассисаҳои таълимоти олии кишвар дохил шуданд? - Соли равон 23 нафар хатмкунандаҳои мактаби ноҳия тибқи квотаи Президент сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Ҳамчунин, 17 нафар хонанда ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд. Умуман, аз 1308 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳия 600 нафарашон дар мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо дохил шуданд. Дар ҷамъбасти натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ соли равон ноҳияи Файзобод миёни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо 21,5 хол ҷои сеюмро гирифт. Ин нисбат ба натиҷаи соли 2014, ки ҷои 8-умро гирифта будем, 5 зина болост. - Оё дар мактабҳои ноҳия муаллимон мерасанд? - Агар аз рӯи басти вазифавӣ (1,5-2 воҳиди корӣ) бигирем, ҳамагӣ 22-23 нафар омӯзгор намерасад. Инҳо омӯзгорони забонҳои русию англисӣ, математика, физика ва химия мебошанд. Имрӯз дар ноҳияи Файзобод 58 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1222 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. - Масъалаи ба таҳсил ва касбомӯзӣ пурра фаро гирифтани духтарон дар ноҳия чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Соли ҷорӣ ҷалби духтарон ба синфи 10 баъди хатми синфи 9 (маълумоти асосӣ) хеле беҳтар гардид. Агар соли гузашта бештар аз 300 нафар хонанда
баъди хатми мактаби асосӣ ба синфи 10 фаро гирифта нашуда, ба дигар шаклҳои таълим машғул шуда бошанд, имсол ҳамагӣ 194 нафар духтар таҳсилро дар синфҳои 10-11 идома надода, ба касбҳои дӯзандагӣ ва пазандагию қаннодӣ фаро гирифта шуданд. - Шуъбаи маориф дар ҳалли мушкилоти соҳа чӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд? - Яке аз камбудиҳои мавҷудаи соҳа ин аст, ки то ҳол кабинети методӣ-электронӣ вуҷуд надорад. Дар ноҳияи мо то ҳол мактабҳои типи нав – литсей ва гимназияҳо нестанд. Вақте ба ҳайси мудири шуъбаи маориф корро оғоз намудам, қарор додам дар шуъба омӯзиши компютерро ба роҳ монем, зеро аксарият бо компютер кор карда наметавонистанд. Ман гуфтам, ки ба 5 барномаи компютерӣ, аз ҷумла “Microsoft Word”, “Microsoft Exell”, “Microsoft Access” ошноям. Чизеро, ки медонам, ба шумо ёд медиҳам. Ҷавобан ба даъвати ман 3 нафар ноутбук хариданд. Ман аз ҳисоби кормандон гурӯҳе таъсис дода, ҳар рӯз баъди кор ба онҳо дарси омӯзиши компютерро ба роҳ мондам. Дар муддати кӯтоҳ аксари кормандон, ки собиқадорони соҳа буданд, кор бо компютерро ёд гирифтанд. Қарор додем, ки кабинети методӣ-электронӣ созмон медиҳем. Ҳоло 2 компютер дорем. Кӯшиш мекунем, ки то оғози соли 2016 теъдоди компютерҳоро ба 15 адад расонем. - Омӯзгорони варзидаро чӣ гуна ҳавасманд месозед? - Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Миралӣ Раҷабзода ба рушди соҳа таваҷҷуҳи зиёд дошта, ташаббусҳои омӯзгоронро дастгирӣ менамоянд. Чунончи, дар ноҳия маркази рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад. Онро ба наздикӣ таъмир намудем. Мехоҳем дар он ҷо китобхонаи электронӣ таъсис диҳем. Аз номи шуъбаи маориф дар ин хусус ба раиси ноҳия дархост пешниҳод кардем, ки дастгирӣ намуданд. Чанде пеш Миралӣ Раҷабзода мужда доданд, ки ҳар омӯзгоре, ки шогирдаш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои якум мегардад, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 5000 сомонӣ, замини наздиҳавлигӣ ва 1 гектар замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳадя мегирад. Шуъбаи маориф ҳам тасмим гирифт, ки ба ин омӯзгор як роҳхат ба дилхоҳ осоишгоҳи ҷумҳурӣ тақдим мекунад. Солҳои пеш, ки чунин ҳавасмандиҳо набуд, шогирдони макотиби ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб намешуданд. Бовар дорем, ки чунин ҳавасмандӣ шогирдону омӯзгоронро рӯҳбаланд мегардонад. - Таъминоти мактабҳои ноҳия бо компютер чӣ гуна аст? Оё аз компютерҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад? - Дар ҳар мактаб синфхонаҳои
Пешвои миллӣ доштан тақозои рӯз аст
е-mail: javonontj@mail.ru
Омӯзгорони муваффақ ҳавасманд мешаванд
7
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
8
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
ҲАМОВОЗИИ ҶАВОНОН
25 декабри соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 4-и ин қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар назди Ватан ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд. Баҳри дастгирии қонуни мазкур бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 26 декабр дар майдони назди Тетари опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки зиёда аз 4000 ҷавон аксияи “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳозиринро бо қабули қонуни мазкур шодбош гуфта, аз дастовардҳои ҷавонони кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Зикр шуд, ки таъсиси стипендияи Президенти ҷумҳурӣ барои хонандагони мактабҳои миёна ва литсею коллеҷҳо яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар самти дастгирии ҷавонони фаъол мебошад. Аз ин рӯ, ба 100 нафар гирандаи стипенди Президенти ҷумҳурӣ китобҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд. Дар чорабинӣ Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагон, Хидирзода Махфират, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат
МАВҚЕЪ
Садои Сарвари мо аз ватандорист
Барои ҳамин Ватан моро чун модар дӯст медорад. Бо ҷону дил баробар дӯст медорад. Мо аз худ берун буда метавонем, вале аз Ватан не. Зеро мо дар оғӯши Ватанем, дар оғӯши гарму нарми ӯ. Ватан моро зиёдтар аз худамон дӯст медорад. Бо Тоҷикистон будан дар оғӯши модар будан аст. Яъне ин ки ҳамтану бо ҷон баробар будан аст. Агар як рӯз аз оғӯши ин Ватан ҷудо бошем, хунинҷигар мешавем. Ҳама осоишу оромиши мо аз роҳати ӯст, ҳама фатҳу зафарамон пайваста бо номи ӯст. Мо бо Ватан наздикему ӯ ба мо наздиктар, балки ӯ ҷон бошад, мо ба ӯ ҷону ҷигар ҳастем. Мо бо Ватани азизи худ ба пирӯзии 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар қадам мениҳем, аз ҳамин ҷиҳат соли хоса аст соли 2016. Бисту панҷ соли Истиқлолият, ки ҳавои оғозаш ғуборолуд буду имрӯз софу беғубор аст, моро аз ояндаи неки кишвар башорат медиҳад. Бисту панҷ сол назди таърих ночиз намояд ҳам, барои мо, тоҷикон, бисёр чиз дод: пойдории давлатӣ, эътирофи ҷаҳонӣ, мустаҳкамии муносибатҳои дипломатӣ, ваҳдати миллӣ бунёди роҳҳои азими нақлиётӣ, неругоҳу нақбу купрӯкҳо, сохтмону ободонии рӯзафзун. Ҳамаи инро Ҳукумати Тоҷикистон дар такя ба нерӯи созандаи халқи бузургаш ба ҷо овард. Намешавад нагӯем, ки ин пешравиҳо ба хиради олии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баланд аз ватандории мо ҳарф мезанад. вобаста аст. Ҳамин хирад ӯро ба мақоми Дурахши ахтари мо аз ватандорист, бузург Пешвои миллат сазовор гардонд. Уқоби шаҳпари мо аз ватандорист. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон Нумӯи кишвари мо аз ватандорист, аввалан аз ҷониби халқ эътироф шуду баъд Садои раҳбари мо аз ватандорист. ба либоси қонун даромад. Яъне Пешвои миллат будан рисолаИФТИХОРИ МИЛЛАТ ти ӯст. Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ инро барвақт ҳис карда Тоҷикистон, номи некат ифтихори миллат аст, буданд. Владимир Путин, Пре“Дӯст медорам туро” - мардумшиори миллат аст. зиденти Федератсияи Руссия, Парчами озодаат то бар Сурайё мерасад, понздаҳ сол пеш, соли 1999, Ин фалакафрохтан авҷу барори миллат аст. баъди якуним соли СозишноДавлати пояндаи ту, Тоҷикистони азиз, маи умумии истиқрори сулҳ ва Шаҳсутуни нангу номусу мадори миллат аст. ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, Мардумони рӯи олам эътирофат кардаанд, ки дар шаҳри Москва ба имзо Шуҳрати оламшумулат эътибори миллат аст. расида буд, изҳор намуд, “СарҶовидон мемонад ин давлат ба истиқлоли худ, вари Тоҷикистон яке аз симоҳои Чунки Исмоили сонӣ ғамгусори миллат аст. барҷаста буда, дар байни Баҳри ободии кишвар беқарорӣ мекунад, сиёсатмадорони Иттиҳоди Бастакори пухтакори гиру дори миллат аст. Давлатҳои Мустақил мавқеи Халқ ӯро Қаҳрамони Тоҷикистон кардааст, намоёнро ишғол мекунад. Ин Халқпарвар, подшоҳи номдори миллат аст. беҳуда нест. Тамоми ҷиду ҷаҳди Одамиятро аз ӯ мебояд омӯзем мо, ӯ аз ин шаҳодат медиҳад, ки дар Дар футувват беназиру хоксори миллат аст. Тоҷикистон раванди сулҳ тавре Пешвою раҳнамои дар садоқат устувор, пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ Ҳамчу Исмоили Сомонӣ ҳисори миллат аст. як мамлакате, ки чунин вазъияти Аз хазониҳо раҳо гаштем бо азми қавӣ, муташаниҷ дошт, дида намешуд. Тоҷикистон дар гулистони баҳори миллат аст. Ҳар он чи оид ба ин масъала “Аз парешонии мо миллат ба иллат мерасад” дар Тоҷикистон амалӣ гардидаВаҳдати барҷойи моро иқтидори миллат аст. аст, мисоли хубест барои бисёр Кӣ вафодори ҳақиқӣ асту ёри ин Ватан? халқҳову мамолики дигар». Он ки доим, рӯзу шаб дар нангу ори миллат аст. Эътирофи Эмомалӣ Раҳмон Бо забон миллатсароӣ нест шарти ифтихор, аз ҷаноби сиёсатмадороФахрсолории мо дар гиру дори миллат аст. ни ҷаҳон эътирофу эҳтироми Рӯзи некиро намебинад ҳар он ки дар забон халқи тоҷик аст. Чунки Эмомалӣ Дӯстдори миллат асту дар фишори миллат аст. Раҳмон зодаю парвардаи ҳамин Ин Ватан, ин хок, ин обу ҳавои беназир – халқи бузургофар мебошад. Дӯст медорад касе, к-ӯ дӯстдори миллат аст. Шуҳрати ин мулкро то арш боло мебарад, Ҷӯрабек МУЪМИН, Ҳар касе, ки доиман дар корзори миллат аст. Корманди шоистаи Талъати дар оини миллат вафодори асил, Тоҷикистон Як нафар аз шоирони ҷоннисори миллат аст.
www.javonon.tj
тоҷикони фарҳангӣ муроҷиаткунон баён дошта буд: «Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидед, ки дар дунё беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро ки таҳти роҳбарии ӯ ин матлаб дуруст шудааст». Соҳибистиқлолӣ ба мо нерӯ мебахшад, сӯи бунёдкорӣ, созандагӣ ҳидоят менамояд. Шукуфоӣ, зебоӣ, ободии кишвари азизамон – Тоҷикистонро аз мо, сокинони бонангу номусаш, тақозо мекунанд. Истиқлолият меваи шаҳдбор аст. Меваи ин дарахти муқаддасро нозукона бояд чид, нозукона бояд хӯрд, лаззаташро нозукона бояд чашид. Ана, ҳамон вақт ба қадри ширинии Истиқлолият мерасем, онро арҷ мегузорем, муқаддас медонем. Истиқлолият модару зояндаи Парчаму Нишони давлатии мост. Парчаму Нишон аз муқаддасоти миллианд. Ҳолӣ, ки Парчами дар пойтахти кишвар устувори мо дар ҷаҳон яке аз баландтаринҳост, ифтихори миллии мост, аз ҳастии давлати мо башорат медиҳад. Баландии Парчам нишони баландии ақлу заковати тоҷикон аст, баландии фарҳанги мо баландии мақсаду мароми дурахшандаи мо сӯи ояндаи созандаи мост. Мо дар миёни садҳо давлати мустақил камшуморем, вале беназирем. Инро ман мегӯям! Ту ҳам бояд эътироф кунӣ, хонандаи азизи ман. Бо ин шумораи кам, андак зиёдтар аз ҳашт миллион, моро дар ҷаҳон ҳамчун соҳибдавлат мешиносанду қадр мекунанд. Яъне баландии сари мо, тоҷикон аз ватандорист! Мо бо номи шоиронаи ТОҶИКИСТОН Ватан дорем. Президенти мо аз сари минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо сари
9 е-mail: javonontj@mail.ru
Кас намехоҳад аз ҳаводиси ду даҳсолаи пеш ёд оварад. Вале магар метавон воқеоти таърихро пушти даст бигзориву ба ифодаи «Ба гузашта салавот» худро тасаллӣ бахшӣ? Ҳодисаҳои солҳои 1992 -1997 аз саҳифаҳои таърихи миллат зудуда намешаванд. То имрӯз ҳар хел баҳо доданд ҳаводиси он солҳоро. «Ҷанги таҳмилӣ» гуфтанд, «Аз ноогоҳии худшиносӣ» гуфтанд, «Дасти хориҷиён» гуфтанд, «Қувваҳои пинҳонкори сеюму чорум» гуфтанд… Бадбахтона, воқеаҳои мудҳиши ҳамон солҳои Тоҷикистон дар ин ё он гӯшаи олам рух дода истодаанд. Хушбахтона, сахтиҳои рӯзгори халқи мо паси сар шудаасту боварӣ дорем, ки такрор намешаванд. Мо орому осудаем. Сулҳи мо барҷост, Ваҳдати мо тавоност, ки дигарон аз мо меомӯзанд. Ин бурди мост. Сулҳи тоҷикон ба номи сарвари халқ Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст. Инро мо чун панҷ ангушти дастамон медонем. Сиёсатмадорони ҷаҳон ҳам аз ин раванд хуб огоҳанд. Таваҷҷуҳ кунед, ки собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан соли 2001 чӣ гуфта буд: «Моро кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек медиҳад». Мо сол аз сол пеш меравем, рушд мекунем. Равнақу ривоҷ ҳамқадами мост. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки «маҳз роҳу пайкари софдилона, саъю кӯшиши пайгирона ва заҳмати бунёдкоронаи халқи шарифи кишварамон… аст, ки мо ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ворид шуда, пешрафти иқтисодии Тоҷикистони азизамонро таъмин карда истодаем». Аз анҷоми воқеоти мудҳиши Тоҷикистон қариб бист сол мегузарад. Ҳаждаҳ сол тифли балоғатрасидаро мемонад, тифле, ки акнун дар ин синну сол ба ҳама чиз сарфаҳм меравад. Истед, ки ҳаждаҳсолаҳои имрӯза ҷангу ҷидоли солҳои навадуми асри пешини кишварамонро аз забони падару бобоён шунидаанд. Оҳ, чӣ рӯзҳои сахтро аз сар гузарондем мойи имрӯз аз чилсола боло! Шумо, ҷавонҳо, ҳаргиз набинед он рӯзҳоро! Тарсу ҳарос дар умқи дилҳо шишта буд. Серӣ надоштем, на аз нону на аз дидори хешу табору ёру дӯстон. Намедонистем, ки анҷоми ҷангу ҷидолу кашмакашу хархашаҳо, одамфурӯшию одамкушиҳо кай фаро мерасад. Имрӯз ҳавои сулҳ, оромӣ, ки ба ифодаи мушаххас “Ваҳдат” унвон дорад, моро, халқи Тоҷикистонро, пирони аз ҳаводиси он солҳо хабардорро, ҷавонони бехабар аз он рӯзҳоро хушҳол гардондааст. Ҳар рӯз, ки хуршед тулӯъ мекунад, нури ваҳдат рӯшантар, фаровонтар мегардад. Ин нур ба дилҳо сурур мебахшад, касро ба шукргузорӣ даъват мекунад, ҳидоят менамояд, ки ба қадри сулҳу ваҳдату оромӣ бирасем. Зеро ду даҳсола пеш дар орзуи ҳамин се мӯъҷиза будем. Боз чанд муъҷизаҳои ҷонбахшу дилхоҳ… Акнун кӣ сулҳи моро халалдор карда метавонад? Кӣ ба иродаи мо ҷуръати дахолат кардан дорад? Кӣ барои ваҳдати мо монеъ мешавад? Кӣ моро азми шикастан дорад? Кӣ? Кӣ? Кӣ? Ин садо ба гӯши ҳама ваҳдатбезорон расад! Мо дигар парешон нестем. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри XX моро сабақ дод. Мо якдилем, яктанем, якҷонем. Ин лаҳза баҳои раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саидҷалоли Бадахшонӣ ба ёд меояд, ки ҳанӯз соли 2002 барои мо,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
10
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
СОҲИБКАСБ
Боварӣ ба худ нисфи муваффақият аст Дар ҳамаи сохтору идораҳо дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон низ, ки қисми асосии сокинонро ташкил медиҳанд, ба фаъолият ҷалб гардидаанд. Ин гуна ҷавонон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаи бар дӯш доштаи худро сарбаландона иҷро менамоянду сазовори боварии роҳбаронанд. Беҳрӯз Бобоев аз зумраи чунин ҷавонҳост, ки бо кордониву фаъолияти босамараш тавонистааст дар самти хеш муваффақ бошад.
сохторҳо табиист, ки ибтидои фаъолият душвор аст, вале ҳама Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, чиз аз инсон сабурӣ, ҳушёрӣ “Ҷавонони Тоҷикистон” ва масъулиятнок буданро талаб мекунад. Ба Раёсати ҷавонон, варӮ 3 апрели соли 1992 дар ноҳияи зиш ва сайёҳӣ таваккалӣ наБохтар таваллуд шудааст. Хатмкардаи омадааст. Аз овони донишҷӯӣ бо Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба раёсат ҳамкорӣ дошт. Вақте ба озноми Носири Хусрав мебошад. Дар муни вазифаҳои холӣ ҳуҷҷатҳояшро чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона пешниҳод менамояд, масъулин ӯро ширкат менамуд. Ҷоизадори озмуни интихоб мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Дар иннаватсионӣ дар соли 2013 аст. Аз доираи фаъолият шахс бояд устувор моҳи октябри соли 2013 дар вазифаи бошад, такя ба нақшаи фаъолияти сармутахассиси Раёсати ҷавонон, корӣ намояд. Як нозукии дигар аст, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ки вобаста ба муҳит бояд шахс фаъофаъолият дорад. Масъули соҳаи ту- лияти худашро таҳлил кунад. Таҳлил ризми вилояти Хатлон мебошад. намудани фаъолият имкон медиҳад, – Имрӯз бисёр имкониятҳо ба- ки камбудиҳои хешро муайян наморои ҷавонон фароҳам оварда шу- ему дар фаъолияти минбаъда онро дааст. Ҷавонони вилоят аз ҳамаи ин ислоҳ кунем”. имкониятҳо самаранок истифода Боре аз он ки дар ин сохтор фанамуда истодаанд. Дар ҳамаи корҳои ъолият дорад, пушаймон нашудааст, ҷамъиятӣ фаъолона ширкат вар- чунки кори худро дӯст медораду пайзида, саҳм мегузоранд. Ҷавонони васта пайи омӯзиш мебошад. Талош имрӯза насли бисёр зираку доно- меварзад, то ба боварии масъулин янд, ки ба касбомӯзиву забономӯзӣ сазовор бошаду масъулияти бар дӯш диққати махсус дода, дар фаъолияти доштаашро дар сатҳи баланд иҷро ҳаррӯзаи хеш аз он истифода меку- намояд. нанд. Ҳамчунин бисёранд ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд ва маҳорати варзишии худро сайқал дода, парчамбардори кишвар дар хориҷ мегарданд, ки ифтихори ҳар яки мост, - мегӯяд Беҳрӯз Бобоев. Замони таҳсил дар мактаби миёна иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои фаннӣ буд. Дар сатҳи вилоят ҳангоми таҳсил дар синфи 10 аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи дуюм ва пас аз як сол аз фанни информатика дар олимпиада ширкат варзида, ҷойи аввалро соҳиб гардид. Дар вақти донишҷӯӣ бошад, борҳо муяйссар мешавад, ки донишгоҳро дар конфронсҳои илмӣ ва олимпиадаҳо муаррифӣ намояд. Аз ҷумла дар доираи олимпиадаи Ба таъкиди ӯ, дар вазъи имрӯза донишҷӯён, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд мушкилиҳое, ки нигаронмоҳи апрели соли 2013 доир гардид, кунандаанд. “Дар доираи фаъолият аз фанни назарияи иқтисод иштирок кӯшиш менамоем, баҳри мусоидат намуд. Инчунин, худи ҳамин сол дар ба ҳалли онҳо таъсир расонем. Маозмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ иш- салан, вазъи ҷинояткорӣ нигаронтирок намуда, сазовори ҷоизаи Вазо- кунанда аст. Дар баробари ин, дар рати маориф ва илми ҷумҳурӣ гашт. баъзе ҷавонон ҳисси бегонапарастӣ Ба андешаи ӯ пеш аз он ки шахс дида мешавад. Аз либоспушӣ сар ба ягон коре даст мезанад, бояд до- карда, то рафтору кирдорҳои ғайр над, то чӣ андоза аз уҳдаи кори ба тақлиди кӯркӯрона мекунанд. Бояд зимма гирифтааш мебарояд. Ба худ онҳо ақли солимро кор фармоянду бояд боварӣ дошт, чунки аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд”. чизи асосӣ дар кор боварӣ доштан ба Дар вилоят мавзеъҳои зиёди худ аст. Боварӣ нисфи муваффақият туристӣ ва имконияти зиёди ҷалби аст. Ҳар мушкилоте, ки ҳангоми кор туристон мавҷуд ҳаст. Мехоҳад баҳри ба мал меоянд, барои обу тоб ёфтани пешрафти соҳаи туризм саҳм гузоинсон кӯмак мерасонад. Дар ҳамаи рад.
Анъанаҳои солинавӣ дар ҷаҳон Шаҳло ЭШОНОВА, “Ҷавонони Тоҷикистон”
Соли нави мелодӣ яке аз идҳоест, ки онро дар тамоми ҷаҳон ҷашн мегиранд. Вале таҷлили он дар миёни халқу миллатҳои дунё якранг нест.
Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо мекунанд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил (тақрибан охирҳои моҳи сентябр) ҷашн гирифта мешуд. Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро танҳо он биёбонро шодоб мегардонд. Дар соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил шино мекарданд. Дар ин вақт одамони дохили киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ менамуданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд. Римиёни қадим ҳанӯз то мелод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Римиён муддатҳои тӯлонӣ соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме, ки Юлий Сезар тақвими навро ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи таҷлили Соли нав рӯзи якуми моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи Худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дигараш ба пеш, ба соли нав буд. Иди Соли навро “календа” мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим мекарданд: ғуломону хуҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва як қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешудааст. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон туҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот туҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизаветаи 1 як маҷмуаи калони
дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.
вети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XV калисои ҷомеи Маскав қарор баровард, ки мувофиқи он Соли нав аз рӯи тақвими юнонӣ 1 сентябр ҷашн гирифта мешуд ва танҳо соли 1699 Пётри I баъди баргаштан аз Аврупо бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ (мувофиқи солшумории юлианӣ) оғоз бахшид ва ин рӯзро рӯзи ид хонд. Даврони ҳукмронии Пётри I ва ҳокимони баъдӣ ба таҷлили Соли нав арчаи солинавӣ, “Санта Клаус”, ҳазлу шӯхиҳо, ороишу дастурхони солинавӣ ва хӯришҳои “оливие”, “винегрет”-ро ворид намуд. Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, ба Соли нав Барфак, шампону мандарин ва садои соати бурҷи Кремлро илова кард. Аз 23 декабри соли 1947 бо Қарори Президиуми Со-
Соли нав дар Чин аз 17 январ то 19 феврал ҷашн гирифта мешавад. Одамон ҳазорон чароғу фурузонакҳоро даргиронда, ба кӯча мебароянд, то роҳи омадани Соли навро равшан намоянд. Чиниҳо бо парондани мушакҳои гуногуни дастӣ ва гулӯлаҳо гӯё ҷину девро аз худ дур месозанд. Ин иди оилавӣ буда, одамон сари дастурхони пурнозу неъмат ҷамъ меоянд ва кинаҳоро аз дил дур месозанду гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшанд.
Нуруллоҳ ОРИФ
Соли нав Кӯбад ба ҳар даре, Ангушт соли нав. Хайрисифат* равад Арғушт соли нав. Ҳар сол саҳфаест, Аз умри даргузар. Пурсед ҳоли хеш, Аз соли пушти дар. Солест соли хушк, Солест барфрез. Солест рӯ ба ҷанг, Бо умри даргурез.
Ё Раб, бимон қамар, Рақсад ба шоми мо. Гардад пас аз ғуруб, Ҷовид номи мо. Эй соли нав, ту ҳам Бар бахтамон биханд: Мон, рӯи хонамон Борад наботу қанд. *Хайри Ватанова дар назар аст.
Ҷопониҳо Соли навро 1 январ ҷашн мегиранд. Онҳо бо таомули хоса соли куҳанро гусел ва соли навро истиқбол мегиранд. Онҳо бар он боваранд, ки ханда ба одамон барор меорад. Аз ин рӯ, дар арафаи фарорасии сол самимона механданд ва ба маъбадҳо рафта, ба зангӯлаҳои калони он то 108то зарба мезананд. Бо задани ҳар як зарба гӯё ҳама чизи бадро аз худ дур месозанд, то ки дар соли нав такрор нашаванд. Дар Ҳиндустон Соли нав зиёда аз чор маротиба дар як сол ҷашн гирифта мешавад. Зеро дар ин кишвар халқу миллатҳои гуногун зиёданд ва ҳар яке фарорасии ин ҷашнро ба таври ба худ хос ҷашн мегирад. Сокинони таҳҷоии Ҳиндустон бошанд, бо қаноатмандӣ дар ҳамаи ин идҳо ширкат меварзанд. Соли нави аҷдодии ин халқ, ки Гуди Падва ном дорад, 26 март фаро мерасад, аммо вобаста ба тақвими моҳшуморӣ он ҳар сол тағйир меёбад. Мардуми штатҳои Тамил Наду соли навро 14 апрел, Андра Прадеш - 26 март, Кашмир - 10 март, Банголии шимолӣ 13 апрел ҷашн мегиранд. Ҷашн гирифтани Соли нав дар миёни мардуми мусулмони Туркия низ роиҷ аст, аммо онҳо арча ороиш намедиҳанд ва Бобои барфиро низ даъват намекунанд. Анъанаи таҷлили Соли нав дар тамоми ҷаҳон маъмул ва як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, аммо ба ақидаи мардуми Туркия мавлуди Исо иди сирф динист ва онро набояд бо Соли нав омехта кард. Дар баробари ин, дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷашн гирифтани Соли навро эътироф намекунанд. Аз ҷумла, дар Арабистони Саудӣ барои таҷлили он ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ давом дорад ва 1 январ дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
ПЕШГӮӢ
Равоншиносон мегӯянд, ки соли таваллуди ҳар шахс ба хислати ӯ таъсир мерасонад. Аксар зодагони соли Ҳамдуна оқил, содиқ, самимӣ, ихтироъкор ва аз лиҳози зеҳният ашхоси варзида ба шумор мераванд. Эҳсосотӣ, сернозу нуз будан, айёрӣ, исрофкорӣ, хӯрдагир (эродгир)-ӣ ҷиҳатҳои манфии ҳамдунаҳо мебошад. Аз миёни ҳамдунаҳо табиб, мушовир, менеҷер, меъмор, муҳандис, эҷодкор ва адибон бештар мебароянд. Ҳамдунаҳо ашхоси нерӯманд буда, ҳеҷ корро дар нимароҳ намонда, то охир ба анҷом мерасонанд. Аксари зодагони ин сол таваккал намуданро дӯст медоранд. Ҳамдунаҳо ашхоси зарофатгӯй буда, дарундор нестанд. Баъзан табъи ҳамдунаҳо бе ягон сабаби ҷиддӣ якбора дигаргун мешавад, вале ба зудӣ ба ҳолати аввала бармегарданд. Монеашавии ночизтарин, хурдтарин хатои наздикону дӯстон метавонад нақшаи ҳамдунаҳоро барбод диҳад. Ҳамдуна бо вуҷуди айёру худхоҳ будан хушсуҳбат аст. Бо ӯ ҳеҷ гоҳ зиқ намешавед. Дар ҳама мавзуъ Ҳамдуна метавонад дурудароз суҳбат кунад. Бисёре аз ҳамдунаҳо хотираи хуб доранд. Чизи дида, хонда ва шунидаашонро дергоҳ аз ёд намебароранд. Баъзан мушкилоти деринаро дар лаҳзаи кӯтоҳ ҳал мекунанд. Ҳамдунаҳо дипломат буда, аз ҳар гуна вазъияти душвор мебароянд. Онҳо бисёр вақт худашон ҳал мекунанд, ки кадом вариантро интихоб намоянд. Агар зарур ояд ҳамдунаҳо ба рӯятон табассум карда, дурӯғ мегӯянд, вале сурх намешаванд. Миёни ҳамдунаҳо ҳасудхӯрон низ зиёданд. Аммо онҳо ба омӯхтан, ҳунармандӣ, доштани санъати баланди актёрӣ ва гузашт намудан майл доранд. Ҳамдуна ҳамеша дар маркази диққат бу-
дан мехоҳад ва ҳолатеро, ки ба ӯ касе таваҷҷуҳ намекунад, хеле вазнин сипарӣ менамояд. Миёни зодагони соли Ҳамдуна ашхоси гениалии ба зиндагӣ назари файласуфонадошта зиёданд. Ҳамдуна танҳоиро дӯст намедорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз кору мактаб ба хона омадан агар дар хона касе набошад, зуд телевизор мемонад, то танҳоиро эҳсос накунанд. Ҳамдуна кӯшиши роҳбар шуданро намекунад, зеро аз
бони шинохта Борис Полевой, Александр Гертсен, Николай Добролюбов, Ҷорҷ Байрон, арбобони сиёсӣ ва лашкаркашони маъруф Юлий Сезар, Искандари Македонӣ, Константин Рокосовский, маршали авиатсия Иван Кожедуб, собиқ роҳбари Фаронса Жак Ширак, рассоми маъруф Леонардо да Винчи, актёри шинохта Умар Шариф ва ғайра дар соли Ҳамдуна ба дунё омадаанд. Соли 2016 соли кабиса (феврал
масъулияти баланд ҳарос дорад. Ба шарофати забонёбӣ ва истеъдоди актёрӣ доштан аз онҳо рӯзноманигор, ҳунарпеша, котиби матбуотӣ, миёнаравони хуб мебарояд. Дар бисёр ҳолатҳо Ҳамдуна дар оила яккаҳукмрон мешавад. Яъне, гапашро ба аҳли оила гузаронида метавонад. Барои Ҳамдуна беҳтарин шарики ҳаётӣ Наҳанг аст. Ҳамдуна бо Гӯсфанд ҳамсуҳбату шарики тиҷоратӣ шуда метавонад, вале барои оила барпо кардан мувофиқ нестанд. Бо Паланг, Мор ва Асп муросо кардани Ҳамдуна мушкил аст. Ҳамдуна мехоҳад, ки дигарон ба ӯ мадад расонанд. Баъзан айёрӣ ва мақсади наздиконро фиреб додани онҳо ба худашон бармегардад. Ҳамдуна – Мард бо вуҷуди худхоҳ будан соҳибистеъдод аст. Аз лиҳози ҷисмонӣ ҳам пурқувват мебошад. Танҳоиро хеле бад паси сар мекунад. Ба ӯ муошират, табодули афкор мисли ҳаво зарур аст. Ҳамдуна – Мард занони мустақил, ба худ боваридошта, дилраборо дӯст медорад. Ҳамдуна – Зан ба мард ҳамчун сутуни зиндагӣ эътиқод мекунад. Мардони аз лиҳози молиявӣ таъмин, садоқатманд ва дорои зеҳнияти баландро меписандад. Танқидро дӯст медорад ва камбудиро беибо баён менамояд. Бо мақсади ба ҳадаф ноил гаштан бисёр айёриҳо мекунад, аммо атрофиён ӯро мебахшанд. Ҳамдуна – Зан дар хусуси худ ҳақиқатро шунидан намехоҳад ва агар касе гуфт, зуд хафа мешавад. Ади-
29 рӯз) аст. Онро соли фаъолнокӣ ва зиндагидӯстдорӣ меноманд. Дар ин сол дар масъалаи пешгирии бемориҳо ҷиддитар бояд буд. Бисёриҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳояшон комёб мешаванд. Даромади молиявии иддае аз ҳисоби манбаъҳои иловагӣ меафзояд. Ин сол барои касоне ки оила барпо карданианд, бобарор хоҳад буд. Миёни дӯстону хешовандон муносибатҳои гарм идома меёбанд. Касоне, ки дурудароз бо ҳам ногап буданд, оштӣ мешаванд.
11
Тамоми сол Бақарҳо солимию тандурустии худро ҳифз хоҳанд кард.
молиявии Аспҳо дар соли 2016 беҳтар хоҳад шуд.
ПАЛАНГ (1950, 1962, 1974, 1986, 1998, 2010) Оғози сол барои Палангҳо шояд каме мушкилиҳо пеш ояд, вале он батадриҷ рафъ хоҳад шуд. Барои Палангҳое, ки имсол соҳиби фарзанд мешаванд, бобаракат хоҳад буд. Нерӯи кории Палангҳо дар соли Ҳамдуна бештар мешавад.
ГӮСФАНД (1955, 1967, 1979, 1991, 2003, 2015) Соли 2016 барои ёфтани дӯстони нав хеле қулай аст. Оғози сол даромади Гӯсфандҳо ба таври ғайричашмдошт меафзояд. Ҳолати равонии Гӯсфандҳо тамоми сол хуб хоҳад шуд. Ба хотири беҳтар шудани вазъи саломатӣ
е-mail: javonontj@mail.ru
Мувофиқи мучали шарқӣ соли 2016 соли Ҳамдуна аст. Ҳамдуна мувофиқи ин солшуморӣ миёни 12 ҷонвар нуҳумин ба шумор меравад. То ин дам солҳои 1932, 1944, 1956, 1968, 1980, 1992 ва 2004 соли Ҳамдуна буд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
Хосиятҳои соли ҳамдуна МУШ (1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008) Соли 2016 барои Мушҳо соли бобарору даромаднок хоҳад буд. Таҷрибаву малакаи касбии Мушҳо имкон медиҳад, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, монеаҳоро ба осонӣ пушти сар намоянд. Барои эмин мондан аз бемориҳо Мушҳоро лозим аст, ки асабашонро ором нигоҳ доранд, баъди ҳафтаи корӣ хуб истироҳат кунанд, сабуру ботамкин бошанд. БАҚАР (1949, 1961, 1973, 1985, 1997, 2009) Дар муносибат бо ҳамсаратон эҳтиёт бошед. Барои суханони ночиз фазои ороми оиларо серғавғою пурмоҷаро нагардонед. Бақарҳо метавонанд соҳиби кори нав шаванд.
ХАРГӮШ (1951, 1963, 1975, 1987, 1999, 2011) Барои Харгӯшҳо лозим аст, ки ҳеҷ гоҳ “ба оши дигарон қитиқ” нашуда, ба ҳар гуна ҷанҷол худро ҳамроҳ насозанд. Таваккал ба Худо карда, корашонро пеш баранд. Шумо имкони бузурги ёфтани маблағро доред, вале зинҳор ба қимор ва дигар шуғлҳои нораво маблағатонро сарф накунед. Бо ҳамсаратон муносибати самимӣ намоед ва хотири худро хуш нигоҳ доред. Метавонед аз касби худ эҳсоси роҳат намуда, ба асабоният роҳ надиҳед. Сарчашмаи аксар бемориҳоятон аз асабишавии беҳуда аст.
НАҲАНГ (1952, 1964, 1976, 1988, 2000, 2012) Соли 2016 Наҳангро лозим аст, ки ба реҷаю сарфаю сариштакорӣ гузарад. Ба ҳар чизи дуюминдараҷа беҳуда маблағ сарф накунед. Фасли баҳор даромадатон бештар хоҳад шуд. Наҳанг бо он вазнинию тамкине, ки дорад, аз бисёр намуди бемориҳо эмин мемонад. Аммо истироҳатро набояд фаромӯш кард. Кори беистироҳат ҷисмро абгор мекунад.
Гӯсфандҳоро лозим аст, ки каме ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Барои Гӯсфанд ҳифзи фазои ороми оила дар ҷои аввал меистад.
ҲАМДУНА (1956, 1968, 1980, 1992, 2004, 2016) Барои Ҳамдунаҳо миёнаи соли 2016 оила барпо намудан беҳтар аст. Агар шумо ҷои кори нав меҷӯед, пас бояд аз ҳар гуна нозу нуз худдорӣ кунед. Танҳо дар ин сурат кори Шумо бобарор мегардад. Фаромӯш накунед, ки дарахт дар як ҷо месабзад. Соли 2016 барои беҳтар кардани саломатиатон мусоидтарин фурсат аст. Худро побанди ҳар гуна орзую ҳавасҳои беҳуда нагардонида, аз аспи ғурур фароед. Вазъи молиявиатон имсол хуб мешавад. МУРҒ (1957, 1969, 1981, 1993, 2005) Соли 2016 барои бонувони соли Мурғ беҳтарин фурсати хонадоршавист. Ба умеди мансаб шуда, зиндагии хонаводагиро фаромӯш насозед. Моҳи июн шояд аз серкорӣ хастагӣ эҳсос мекунед. Дар ин ҳол феврал ба таътил бароед. Кор бо истироҳаташ босамар хоҳад буд. САГ (1958, 1970, 1982, 1994, 2006) Шумо бояд талаботи ҳамсаратонро низ ба инобат гиред. Мушкилоти молиявӣ набояд шуморо дилсард созад. То охири сол ин мушкилот пурра ҳалли худро меёбад. Ҳеҷ гоҳ чунин гумон набаред, ки ҳама атрофиён ба зидди иродаи Шумо кор мекунанд. Асабӣ нашавед. Ба хонаи дӯстони наздик ва хешовандон рафтан кӯфти серкориатонро мебарорад.
АСП (1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014) Оғози соли Ҳамдуна ҳолати эмотсионалӣ ва тандурустии Асп беҳтар мешавад. Ин боиси бобарор шудани корҳояш мегардад. Дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулодда Асп бинобар дорои дипломатияи баланд буданаш аз вазъияти мушкил мебарояд. Аспҳо набояд ҳар ҳодисаи манфиро ба дил наздик бигиранд. Дар баробари ҳақ будан ба худ бовар доштанатон маслиҳати дигаронро низ гӯш кунед. Вазъи
ХУК (1959, 1971, 1983, 1995, 2007) Бисёр орзуҳои Шумо дар ин сол амалӣ хоҳанд шуд. Аммо дар масъалаи сарфи пул эҳтиёт шавед. Пули бисёрро дида, якбора худро гум накунед. Сариштакорӣ ба Шумо баракат меорад. Истеъмоли ғизои табиии солим, ба майда-чуйдаҳо эътибор надодан саломатиатонро беҳтар мекунад. Шумо дар тиҷорат муваффақ мешавед. Таҳияи С. СУННАТӢ, “ҶТ”
www.javonon.tj
МОР (1953, 1965, 1977, 1989, 2001, 2013) Барои зодагони соли Мор аз лиҳози кор шояд каме мушкилиҳо пеш ояд. Барои пешгирии ин ҳолат Морро лозим меояд, ки аз якравӣ худдорӣ кунад. Худро ҳамеша ҳақ пиндоштан метавонад ба фаъолияти минбаъдаатон халал расонад. Ҳарчанд норасоии маблағ каме Морро зиқ кунад ҳам, ӯ ноумед нашуда, бо тадбир роҳи баромадан аз мушкилотро меёбад.
12 Ба дифои Ватан омода бошем
ВАРЗИШ
е-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
Аҳлиддини Абдуғаффор аз хурдӣ орзуи корманди низомӣ шуданро дар дил мепарварид. Баҳри амалӣ гардидани орзуҳояш ҳамеша аз калонсолони деҳа, ки дар ин соҳа кор мекарданд маслиҳат мегирифт. Ба ӯ тавсия медоданд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ бояд омода бошад.
Дар деҳа толори варзишӣ набуд. Барои Аҳлиддин талу теппаҳои деҳа ҳарифонаш буданду пирони деҳа мураббӣ. Ҷавони ташнаи тамрин баъди 15-солагӣ барои тамрин ба деҳоти ҳамсоя мерафт. Баъди се соли тамрин ва обутоб ёфтан дар соҳаи варзиш шомили кафедраи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гардид. Давоми таҳсил дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди ҷудо маҳорати баланд нишон дода, ба унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мушараф гашт. Баъди хатми донишкада орзуи кӯдакиаш амалӣ гардид. Ӯ шомили Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД шуд. Лейтенанти калон Аҳлиддини Абдуғаффор ду сол мешавад, ки фаъолият дорад. Ҳамзамон, дар мусобиқаҳо аз намуди муҳорибаҳои омехта ҳунарнамоӣ мекунад. 4-5 декабр ба хотираи фавтидагони кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз намуди муҳорибаҳои омехта “TAJFC Sellection- PRO-MMA“ доир гардид. Дар он Аҳлиддин маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, зинаи сеюмро касб кард. - Шавқи корманди ҳифзи ҳуқуқ будан чи гуна дар дили шумо пайдо шуд?
- Ба воситаи оинаи нилгун тази дарсгузарӣ ва тамрини сарбозонро медидаму орзу мекардам, ки мисли онҳо либоси низомӣ ба бар намоям. Аз онҳое ки дар ин соҳа кор мекарданд, дар бораи корашон мепурсидам. Бо сабаби он ки дар деҳаи мо толори варзишӣ набуд, худ ба худ ҳамон машқҳоеро ки сарбозон иҷро мекарданд, аз оинаи нилгун дида такрор мекардам. Дар хурдӣ фикр мекардам, ки кори онҳо танҳо аз тамрин иборат асту халос. Вақте ба факултети ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, аз нозукиҳои он огаҳӣ пайдо намудам, меҳрам бештар шуд. - Чӣ боис шуд, ки аз гуштӣ ба муҳорибаҳои омехта гузаштед? - Дар баробари муҳорибаҳои омехта ба гуштӣ ҳам машғулам. Бо сабаби он ки тамринҳои мо дар Дастаи таъиноти махсуси миллитсия бо намуди муҳорибаҳои омехта наздикӣ дорад, дар мусобиқаҳо бештар аз ин намуди варзиш ҳунарнамоӣ мекунам. Дар мусобиқаҳои наврӯзӣ гуштӣ мегирам. Инчунин, дар мусобиқаҳое, ки миёни низомиён баргузор мешаванд, ширкат меварзам. - Дар оянда тамринро дар кадом риштаи варзиш идома медиҳед? - Аз Ҳукумати кишвар ҷиҳати таваҷҷуҳ ба ҷавонони варзишгар миннатдорам. Дар назди худ мақсад гузоштаам, то он вақте ки нерӯи ҷавонӣ дар бадан дорам, онро баҳри ҳимояи Ватан-Модар сарф менамоям. Имрӯз тамоми шароит ба ҷавонон фароҳам аст. Ман аз ҷавонони кишвар, ҳамсолонам хоҳиш мекунам, ки дар ҳар соҳае фаъолият доранд, барои муҳофизати худу ватани худ ба варзиш машғул шаванд. Шодихони НАЗАР, “ҶТ”
Орифҷон ДОДОВ:
Орзу дорам қаҳрамони олимпӣ шавам
www.javonon.tj
Солҳои охир рӯ овардани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зиёд ба чашм мерасад. Онҳо дар намудҳои гунонуни варзиш тамрин намуда, дар мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ҳатто осиёиву ҷаҳонӣ иштирок карда, ҳунари баланд нишон медиҳанд.
Яке аз чунин ҷавонони қавибозӯ, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ оид ба гуштии миллӣ ва ҷудо, Номзад ба устоди варзиш, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмӯъмин Раҳимов Орифҷон Додов мебошад. Ӯ аз даҳсолагӣ ба варзиш машғул аст. Аввалин раҳнамову мураббии Орифҷон бародари варзишгараш Салимҷон Додов будааст. Вай бо бародараш бо завқу муҳаббати зиёд дар ноҳияи Тавилдара тӯли 5-6 сол тамрин менамояд ва дар он ҷо нозукиҳои гуштии миллӣ ва ҷудоро аз худ мекунад. Баъдан ба шаҳри Душанбе омада, машқи худро дар назди мураббӣ Садриддин Обидов, Устоди варзиши Тоҷикистон идома медиҳад. Бори аввал дар 14-солагиаш дар мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба ҷудо иштирок намуда, ғолиб омад. Минбаъд ба варзиш алоқамандӣ пайдо кард. Дар бештар аз 20-25 мусобиқаи сатҳи гуногуни мамлакат иштирок варзида, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидааст. Орифҷон чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, иштирок намуда, дар вазни 80 кило ҷойи якумро ишғол кард. Дар Спартакиадаи донишҷӯён низ, ки моҳи майи соли равон дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, аз намуди гуштии миллӣ чор ҳарифи худро шикаст дода, сазовори ҷойи аввал мегардад. Меҳнату қувваозмоиҳои чандинсолаи Орифҷон ва натиҷаҳои бадастовардаи ӯ буд, ки барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба ҷудо, ки соли 2016 дар Ҳиндустон баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст. Ӯ дар дил орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои Осиёву ҷаҳон бештар иштирок карда, муваффақ шавад. Мехоҳад дар оянда қаҳрамони олимпӣ гардад.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Варзише, ки ҷавонмардӣ меомӯзад
Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо баргузор шуд. Донишҷӯи соли дуюми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Муҳаммад Баротов дар вазни 60 кило сазовори ҷои аввал гашт. Мо бо ин варзишгари ҷавону умедбахш вохӯрда, дар бораи нақшаҳои минбаъдааш пурсон шудем.
- Ҳар дафъа вақте дар бораи комёбиҳои варзишгаре сухан меравад, мо аз устоди нахустини ӯ пурсон мешавем. Мегуфтед, ки устоди нахустини Шумо дар ҷодаи гуштӣ кист? - Ман тамринро аз 4-солагӣ оғоз кардаам. Падарам, Устоди варзиши ҷумҳурӣ Сафаралӣ Баротов нахустин мураббии ман мебошанд. Вақте дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таҳсил мекардам, ҳеҷ вақт аз машқу тамрин дур набудам. Ҳамчунин, варзишгари маъруф Рустам Боқиев ба ман ҳаққи устодӣ доранд. - Ғалабаҳои аввалинатонро дар ёд доред? - Бори аввал соли 2003 дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба самбо, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид, дар вазни 24 кило ҷои аввалро гирифтам. Шодии маро миёни ҳамсинфону ҳаммактабон ҳадду интиҳо набуд. Соли 2011 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, дар вазни 50 кило ҷои якумро сазовор гаштам. Соли 2012 бошад, дар вазни 55 кило боз ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шудам. - Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат наварзидаед? - Борҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ берун аз ҷумҳурӣ роҳхат гирифтаам, вале бо сабаби надоштани сарпараст дар ягонтоаш ширкат варзида натавонистам. Иштирок дар чунин мусобиқаҳо маблағ талаб мекунад. Мисли роҳкиро, будубош дар меҳмонхона, хӯрок ва ғайра. Илова бар ин, бе маблағ тамрин кардан низ мушкил аст. Ташаккур ба оилаи Боқиевҳо, ки дар ин ҷода ба ман кӯмак расонида, шароити хуби тамрин карданро фароҳам овардаанд. Ҳамин тамринҳои пайваста буд, ки 14 ноябри соли равон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷои аввалро гирифтам. Ман узви дастаи яккачини ҷудочиёни мамлакат мебошам. Соли 2016 як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Умед дорам, ки сарпарастон пайдо мешаванду ман дар ин мусобиқаҳо ширкат варзида, шарафи варзиши мамлака-
тро ҳимоя мекунам. - Машқу тамринҳои зиёд ба ҷараёни таҳсил халал намерасонанд? - Таҳсили мо бо машқу тамрин вобастагии зич дорад. Ректори донишкада, профессор Шодӣ Сафаров донишҷӯёни фаъолро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Устодон М. Қаюмов, М. Расулов, Х. Убайдуллоев ва дигарон дар баробари барномаҳои таълимӣ донишҷӯёнро ба риояи ахлоқи ҳамида, инсони ба ҷамъият фоидарасон будан, аз худ осори нек гузоштан даъват мекунанд. Шумо замони мактабхонӣ дар намуди гуштии самбо ва соли равон дар гуштии миллию ҷудо ҷои аввалро гирифтед. Байни ин намудҳои варзиш чӣ фарқият аст? - Аз рӯи маълумоти Федератсияи байналмилалии гуштии ҳаваскор (FILA) ҷудо дар қатори гуштии юнонӣримӣ (классикӣ), озод ва самбо ба чоргонаи маъмултарин намудҳои гуштии варзишӣ шомил аст. Ҷудо маънии “роҳи нарм”-ро дошта, санъати ҳарбии мардуми ҷопон аст. Асосгузори он арбоби намоёни ҷамъиятӣ ва педагог Дзигоро Кано (1860-1938) мебошад. Фалсафаи ҷудо ба се принсипи асосӣ такя мекунад: кӯмаки байниҳамдигарӣ ва фаҳмиш (дарк намудан)-и ояндаи бузург, беҳтар истифода намудани имкониятҳои ҷисму руҳ, равона кардани таваҷҷуҳ танҳо барои ғалаба. Дар назди шахсе ки дар ҷудо машқ мекунад, чунин ҳадаф гузошта мешавад: омодагӣ ба муҳорибаи тан ба тан, такмили тафаккур, риояи интизом, қатъият, худназоратӣ ва риояи одоб. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал ҷудоро варзишгари рус
Василий Ошепков таъсис дод. Бо ташаббуси ӯ дар Шарқи Дур, шаҳрҳои Новосибирск ва Москва гурӯҳи калони варзишгарони ҷудо ба воя расиданд. Баъди марги Ошепков (соли 1937) шогирдонаш дар асоси ҷудо ва дигар намуди гуштӣ самборо таъсис доданд, ки маънояш “муҳофизат бидуни силоҳ” мебошад. Баъзе усулҳое, ки дар самбо иҷозат дода шудааст, дар ҷудо мамнуъ аст ва баръакс. Ҳарду намуди гуштӣ ба гуштӣ миллии тоҷикӣ монандӣ доранд. Тамоми гуштигирони номии мамлакат, ки дар намудҳои самбо, ҷудо, классикӣ ва озод муваффақ шудаанд, машқро аз гуштии миллии тоҷикӣ оғоз намудаанд. Ҷудо фалсафаи бузург дошта, варзишгарро ба тамкин, мушоҳид ва дурандеш будану иродаи мустаҳкам доштан даъват мекунад. Асосгузори ҷудо Дзигаро Кано гуфтааст: “Ман чунин меҳисобам, ки ҳар касе ҷудоро аз устоди хуб омӯзад, ӯ Ватани худро қадр карда, кору ашёи ӯро дӯст медорад, рӯҳи худро камол мебахшад, дар худ хислати ҷавонмардиро мепарварад ва соҳиби иродаи мустаҳкам мешавад”. Барои ба комёбӣ ноил шудан Кано як қатор тавсияҳо додааст, ки аз ҳикмати Шарқ сарчашма гирифтаанд: “Ташаббусро соҳиб шав. Хуб андеша намуда, қарори қатъӣ қабул кун. Дар куҷо истоданатро бидон. Ҳангоми дар ҳолати хатарнок дучор шудан матарс ва бо роҳи пешгирифтаат ҳаракатро давом деҳ”. Ин тавсияҳо ҳам дар ҷараёни таҳсил ва ҳам кору зиндагӣ ба ҳар кас муфид аст. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ТАҚВИМИ 2016
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
13 е-mail: javonontj@mail.ru www.javonon.tj
www.javonon.tj
е-mail: javonontj@mail.ru
14
АДАБИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
- Келина ман худам интихоб мекунам. Ягонтаи шумо дахолат накунед! - мутакаббирона мегуфт Шарофат, зани сабзинаи қадпасти газгушт ба шавҳар. - Охир, фикри бачаро ҳам гирифтан даркор-ку... - афзуд шавҳар, ки ҳарчанд дар чунин тасмимҳои муҳим фикри ӯ камтар ба инобат гирифта мешуд. - Агар маҷбур надиҳем, ин бачаи ту нияти зангирӣ надорад, - ҳамоно таъкид мекард зан. Волидон, ҳарчанд фарзандашон розӣ набошад ҳам, ӯро оиладор кардан мехостанд. Бахусус модар, ки ин корро бар уҳда гирифта буд. Зеро аз рафтори рӯзҳои охири писараш Ҷамшед чандон розӣ набуд. Модар хабар ёфта буд, ки ӯ бо бачаҳои сарҳую нашъаманд ошноӣ пайдо кардааст... Дар оилаи дигар низ зан шавҳару духтарашро розӣ карданӣ мешуд, ки бо дугонаи вай қудо шаванд. Мефаҳмонд, ки дар ин солу замона одами дилпур ва боваринок ёфтан мушкил. Бинобар ин, агар онҳо, яъне падару духтар барои бо писари дугонааш Фаришта издивоҷ кардани Нозанин розӣ шаванд, хеле хуб мешавад. - Ҷамшед - писари Фаришта бисёр бачаи боодобу хушмуомила аст. Ҳам донишгоҳа хонда маълумоти олӣ гирифтааст, ҳам хонаву дари зебо дорад. Розӣ шав, духтарам, хор намешавӣ, - дили духтарашро гарм карданӣ мешуд модар. Баъд аз неву нестони зиёд, ниҳоят Нозанин тасмимро ба волидон гузошт. Аммо дар як гӯшаи дили падар ҳанӯз нороҳативу изтироб вуҷуд дошт. *** Нозанин баъд аз ду моҳи тӯй бори сеюм аст, ки ба хонаашон меояд. Бори аввал баъди чанд рӯз дар хонаи волидон мондан гашта ба хонаи шавҳараш рафт. Аммо ду дафъаи баъдӣ дили бозпас рафтан надошт. Вақте бори сеюм дар хонаи волидон мондани духтар тӯл кашид, ниҳоят падар духтарашро наздаш хонда гуфт: - Духтарам, ин хона хонаест, ки ту ин ҷо калон шуда, ба воя расидаӣ, ҳар гоҳ хостӣ, метавонӣ биёӣ. Вале ҳоло ту зани шавҳардорӣ, дар хонаи падарӣ зиёд маътал шуданат ҳар хел маънидод мешавад. Баъзеҳо нафаҳмида фикри хато мекунанд. Ман мегӯям, ки ба хонаат равӣ, то шавҳарат хавотир нашавад... Нозанин духтари бофаросатест. Ӯ бисёр чизҳоро мефаҳмиду пай мебурд. Ин фикр ба сари вай ҳам омада буд. Аммо намедонист чи кор кунад, дилашро ба падар чи гуна холӣ кунад. Модараш бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро гӯш кардан намехост. Ба дугонаашу дороии домод фикр мекард. Ҳоло ӯ дар рӯ ба рӯи падар нишастааст. Аммо духтари боҳаё ҷуръати ба чашми падар нигариста гап задан надошт. - Ман дигар наметавонам ба он хона биравам, - гуфт ӯ ниҳоят. Падар, агарчи аз ин ҷумлаи бешарҳи духтараш оташин шуда буд, худро нигоҳ дошта пурсид: - Барои чӣ, духтарам? Нозанин ба саволи падар ҷавоб надод, бо сари хам ҳамоно ба замин менигарист. Буғз дар гулӯи духтар гиреҳ хурд ва донаҳои ашк нӯги мижаҳои зебояш падидор шуданд. Нороҳатии падар афзуд, мехост ҳарчи зудтар асли масъаларо бифаҳмад. Вале дилаш намешуд, ба дили духтар, ки аз тахминаш дардманд аст, нохун бизанад. Духтар аз ҷой бархост ва ба хонаи дарун даромада, домани гиряро сар дод. Гиряи духтар падарро бештар маҳзун сохт. Аз пурсиши ноҷояш хиҷил шуда, худро дар дил сарзаниш кард падар. Нозанин камтар аз як соат дар хона танҳо монд. Қарор дод, ки ҳама чизро мегӯяд. “Бигзор падар донад. Ӯ ҳақ дорад, ки аз асли гап огоҳ бошад”, - гуфт духтар худ ба худ ва берун омад.
Падар ҳамоно дар ҳуҷраи дигар ба тиреза нигариста, рӯи роҳаткурсӣ андешаманд менишаст. Нозанин омад ва назди падар ба зону нишаст. Пойҳои падарро оғӯш гирифт ва сар ба зонуи падар монд. Басе ғамгин менамуд. Дили падар хиҷил шуд. Ӯ духтарашро аз замин бардошт ва хоҳиш кард, ки дар роҳаткурсии дигар нишинад. - Ҷони падар, агар нахоҳӣ, лаб накушо, гуфт падар ба Нозанин. - Не, падар, мегӯям. Бояд шумо донед... Нозанин каме таваққуф кард. Маълум, ки шарми духтарӣ иҷозаташ намедод рӯи рост гап занад. Вале қарор дода буд, ки гап мезанад. Пас, гуфт: - Падар, ман ба он хона намеравам, барои он ки шавҳарам нашъаманд аст... Барои он ки то ҳол ҳамроҳ нахуфтаем. Яъне... - забон хоид духтар. - Ман фаҳмидам, духтарам. Давом деҳ.
сати даҳон кушодан надод: - Ҳоло дафъ шав аз назарам. Бирав, ки дигар рӯи ту барин ҳамсара набинам... Зан бо чашмони ашколуд аз дар бадар шуд. Нозанин ба моҷарои волидон дахолат накард. Раҳмдилии падараш ба ӯ маълум буд. Фикр дошт, ки ҳоло чанд рӯз мегузарад, қаҳри падар паст мешавад ва модараш боз ба хона бармегардад. *** Фардои он рӯз, чи хеле ки падар ваъда дода буд, никоҳи Нозанинро расман бекор карданд. Вале дар хонаи хоҳар мондани модари Нозанин тӯл кашид. Духтар чанд бор дар хусуси гашта омадани модараш бо падар суҳбат карда бошад ҳам, натиҷа надод. Баъди як моҳи дар хонаи хоҳараш мондан рӯзе модари Нозанин аз хоҳарзодааш Шералӣ, ки дар маркази шаҳр коргоҳ дошт,
Нозанин Қисса
- Ҷамшед дар ҳақиқат бачаи бад нест. Дилам ба ӯ месӯзад. Шаби аввали тӯямон ба ман иқрор шуд, ки нашъаманд аст. Гуфт: “Ман намехоҳам ҳаёти туро сӯзонам. Намехоҳам, туро абадан бадбахт гардонам. Барои ҳамин, бирав ва лоиқи худатро ёбу зиндагӣ кун. Ман ба ин издивоҷ розӣ набудам, маҷбур карданд...” Яъне, падар, ман ҳоло ҳам духтари бокира ҳастам. Мехоҳам никоҳамро расман бекор кунед... Падар нафаси осуда кашид. “Ҷавонмард будааст, Ҷамшед”, аз дил гузаронд. Хотираш аз духтараш ҷамъ шуд, вале дар дилаш нисбат ба ҳамсараш ҳисси нафрат қувват гирифт. - Майлаш, духтарам, масъалаи бекор кардани никоҳатро фардо мебинем, - гуфт ӯ ба Нозанин. Бегоҳ, вақте модари Нозанин аз хонаи хоҳараш омад, ба ғазаби сахти шавҳар гирифтор шуд. - Аблаҳи ақлкӯтаҳ, нашъаманд будани бачаи дугоната медонистиву духтара дониста бадбахт кардӣ, ҳа?! - шӯрид мард ба ҳамсараш. Зан ҳайрон буд, мехост гап занад, иқрор шавад. Мехост, бигӯяд, ки ба хотири фарзанди дугонааш, ба хотири дӯстии деринаашон бо Фаришта ин корро кард. Мехост фаҳмонад, ки ҳама хонаву дари Фаришта насиби Нозанин мешуд. Аммо шавҳар фур-
хоҳиш кард, ки барои холааш ҳам ягон кор ёбад. Ҳарчанд Шералӣ мегуфт, ки кор кардани холааш лозим нест. Ҳамон маошеро, ки ба ивази кор гирифтанист, худаш чанд баробарашро ба вай медиҳад, аммо зан розӣ намешуд. Аслан, вай аз маош дида барои он кор карданӣ буд, ки мехост алами дилашро қадре ҳам бошад сабук созад. Воқеан Шералӣ дар яке аз биноҳои хуштарҳи навбунёди хиёбони марказии шаҳр коргоҳи зебое дошт. Холаашро ба ба кор гирифт. Акнун ҳар пагоҳ модари Нозанин ба коргоҳ мерафт, рӯбучин мекард, хӯрок мепухт, гоҳо меҳмон қабул мекард ва бегоҳ баъд аз кор хонаи хоҳараш мерафт. Нозанин барои дидани модараш аввал ба хонаи холааш мерафт, акнун аз рӯзе, ки модар ба кор даромадааст, ӯро дар коргоҳаш хабар мегирад. Модар, ҳарчанд хонаашро пазмон шудааст, аммо аз он шод аст, ки кори Нозанин ба бадбахтии мудҳиш нарасида, ба осудагӣ анҷом ёфт. Як пагоҳӣ, вақте Нозанин ба дидори модар ба ҷойи кори ӯ рафт, модар хеле серкор буд. Ба коргоҳ дӯстони Шералӣ меомаданд. Нозанин ба модараш дастёрӣ кард, ба рӯбучини идора мадад расонд... Чанде нагузашта занги дар садо доду онро Нозанин кушод. Пушти дар холабачааш Шералӣ ва як ҷавони баландқомати олуфтаандом меистод. Духтар бо ҳамон
одобе, ки хоси вай буд, ба омадагон салом доду худро як тараф гирифт. Шералӣ ҳам бо Нозанин ҳолпурсӣ карда, меҳмонро, ки дӯсти донишгоҳиаш Бахтиёр буд, ба ҳуҷра роҳнамоӣ кард. Ҳусну малоҳати духтар, хоса одобаш аз назари меҳмон пинҳон намонд. Бахтиёр гӯё ҷоду шуда бошад, дар ҳуҷра танҳо нишаста лаҳзае ба фикр рафт. Риштаи хаёли ӯро Шералӣ бурид. - Ба фикр рафтаӣ, дӯстам. Ба хайр бошад... - Хайр аст... - бо табассуми малеҳе дар чеҳраш ҷавоб дод меҳмон. Онҳо аз ҳар дар суҳбат оростанд. Аз ҳаёти донишҷӯӣ, ҳазлу шӯхиҳои он давра ёд карданд. Бахтиёр баъди хатми донишгоҳ чанд сол дар хориҷа ҳам таҳсил мекарду ҳам фаъолият. Аз ин рӯ рамузи хориҷиҳоро гирифта буд. Ҳар чи дар дил дошт, зуд ба забон меовард. Ин буд, ки пурсид: - Ин духтар кӣ буд Шералӣ? - Духтари холаам. Дилата бурд-а сағира? - Хайр чӣ? Пурсидан айб аст? - Номаш Нозанин. Модараш бо ман кор мекунад, офиса тозаву озода мекунад. Нозанин гоҳ-гоҳ ба пеши модараш меояд. - Ягон ҷо кор мекунад? - Ҳа, Маълумоти олии педагогӣ дорад.
Муаллима аст, муаллимаи мактаби миёна. - Аз адабаш маълум. Шералӣ каме сукут кард, ба фикр рафт. Пасон сар боло карду афзуд: - Хоҳарам ҳусну ахлоқи ҷамила дорад, аммо ҳаёташ каме тира. - Чӣ хел тира? - Ба як нашъаманд ба шавҳар доданд. Ҳамагӣ се моҳ зиндагӣ кард... Бахтиёр ҳам лаҳзае сар ба ҷайби андеша ниҳод. Баъд ба дӯсташ рӯ овард. - Ин тирагӣ нест, ошно. Ту аз куҷо медонӣ, шояд асли рӯшноӣ бошад, - гуфт ӯ, ки чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд. *** Баъди ду ҳафта ёру пайвандон тӯйи арӯсии Бахтиёру Нозанинро дар яке аз тарабхонаҳои барҳавои пойтахт баргузор намуданд. Модари Нозанин ҳам ба хонааш баргашт. Ҳам дар хонаи нави Нозанину ҳам дар хонаи волидонаш хурсандӣ ҳукмрон буд. Падари Нозанин дар хона, рӯи ҳамон роҳаткурсӣ нишаста телевизор тамошо мекард. Тариқи оинаи нилгун дар бораи оилаву оиладорӣ барнома идома дошт. Яке мегуфт: “Туфайли Соли оила эълон гаштани соли 2015 вайроншавии оилаҳо дар кишвар коҳиш ёфтааст...” Башир УСМОНОВ, ”ҶТ”
САЙҚАЛИ ХОТИРА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №51 (9426), 31 декабри соли 2015
Душмани Буратино дар афсона
Гўштини љопонї
Дарёи дарозтарини олам
Њаводор, дўстдори њунар
Сардори ќўшун
Ќандил, чилчароѓи барќї
Ёрдамчињои маошхўри соњиби хона
е-mail: javonontj@mail.ru
Нўшокии ширин
Пойтахташ Ереван
15
Маводи нашъадор аз Колумбия Ба забон овардан
Њамсари мард Давлати хурдтарини љањон
Муќобили бисёр Душмани Карабас, дўсти Пйеро ва Малвина (афс.)
Империяи ќадим дар Италия
Шикоят
Мошини …и хориљї
Тамѓаи автомат
Фарёд
«Гуфтори нек, …-и нек, пиндори нек»
Суффаи тахтагї
Аз сидќи дил
Номи тими футбол дар Италия
Ќаторкўњ дар Аврупо
Лесак, асбоби дуредгар Духтари Расули Акрам (с.)
Адади римии Х чанд аст?
Љои баланд дар талаффузи калима
Майдони ѓаллаи нон
Номи Иисус ба тољикї
Чора, илољ
…хонаресторан ба тољикї
Ноњия дар Суѓд, Нови собиќ
Ба говљўш лозим аст
Шарики доимии Ѓарибшо дар «Ѓарибшокомпания»
Ин моњ аз моњњои дигар фарќ дорад
Даъвати арўс ба хонаи волидон баъди тўй
Љойи кораш бозор ё маѓоза
Падар (лањља)
Рутбаи афсари хурд
Ќасри подшоњу амирон
Барои навиштан дар тахтаи синф
Акаи Булўлак аз «Бузаки љингилапо»
Иваз (лањљ.)
... -Батор, пойтахти Муѓулистон
Бурут
Бинанда
Раќси аргентинагии дунафара
Хуршед, шамс
Бо он мошинро идора мекунанд
… Роналду, футболбоз Мард дар вазифаи котиба
Шарм, њаё
Тасдиќ бо далел
Давом Офат, нохушї
Пойтахти Бошќирдистон
Илми Платон ва Аристотел
Навиштаљоти китоб, текст
Пешгўї бо ёрии љоду
Пуч, бемаънї Хеши падарї
Резини табиї аз дарахт
Таоми миллї
Моњишўрбои русї
Зиндагонї
Утюг
Сокини ќонунии давлат
Љониб, самт
Људогона, якта-якта Љонишини ишоратї
Воњиди пули Япония Асари Фирдавсї
Масал, маќол
«ИМА» ба русї
www.javonon.tj
Автомобили немисї
е-mail: javonontj@mail.ru
16
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» №52 (9426), 31 декабри соли 2015
Лутфи ҷавонӣ
ОБУНА - 2016
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед!
Мерган дар арафаи Соли нав ба дӯсти деринаш Иван занг мезанад: - Гӯш кун, шумо он ҷо чӣ хел зиндагӣ доред? - Чӣ шудааст? - Охир хеле хунук аст! - Не, хуб аст... -20. - Охир телевизор -50 нишон дод? - Ааааа, ин ҳавои берун будагист.
Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2016 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - барои як сол - 65 сомонӣ - барои шаш моҳ - 34 сомонӣ - барои се моҳ - 18 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Нархи яксолаи обуна ба воситаи почта 87,48 сомонӣ. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
*** Як ҳафта мешавад, ки кӯча набаромадам. Тирпаронӣ. Пиротехникаи хитоӣ.
*** - Барои чӣ Санта-Клаус худаш танҳо туҳфаҳоро тақсим мекунаду Бобои барфӣ бо Барфак? - Вижагиҳои миллӣ. Санта-Клаус баъд аз Соли нав худаш ба хонааш меравад, Бобои барфиро бошад, ягон кас мерасонад.
***
АНДАРЗ
Меҳмондӯстӣ Соли 1998 кишварро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифт. Мардум бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекард. Дар ин вазъияти мудҳиш роҳбарон маҷбур карданд, ки барномаи ғайриоддии солинавӣ омода созем. Сенарияи барномаро таҳия кардем. Он чунин буд: як гурӯҳ одамон, аз қабили ҳунармандон, ҳофизон, журналистон ва бобои барфӣ бидуни огоҳии пешакӣ ба хонае даромада, ба соҳибхона як телевизори «Sonу» туҳфа мекунанд. Он вақт телевизори «Sonу» машҳур буд ва на ҳар кас дошт.
www.javonon.tj
Гурӯҳ, ки аз панҷ нафар иборат буд, ба роҳ баромада, 100 километр аз шаҳр дур ба яке аз деҳаҳо ворид шуданд. Роҳҳои деҳа валангор буда, роҳгардӣ душвор буд. Тавакаллан дари хонаи якуми деҳаро кӯфтем ва аз дил гузарондем, ки ин оилаи хушбахт кист, ки соҳиби тӯҳфаи арзандаи солинавӣ мешавад. Дарро зани тахминан 45-50-сола, ки дар тан либосҳои сабук дошт, вокард. Аз Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
чеҳрааш маълум буд, ки ҳолаташ хуб нест. Мо бо гурӯҳ гапзанон кардем, ки дар аввал дар мавриди туҳфа ба соҳибхона чизе намегӯем. Мегӯем, ки омадем, то бубинем, шумо соли навро чи гуна ҷашн мегиред. Соҳибхона аз мо пурсид: - Ба шумо чӣ лозим? - Рӯз ба хайр, бонуи азиз. Мо аз марказ барои сабти барномаи солинавӣ омадем, моро ба хонаи худ роҳ медиҳед? Ин вақти зиёдро намегирад. Пас аз як ҳафта, худро дар телевизор хоҳед дид. Ҳангоми суҳбат, шавҳар ва писараки зан ҳам назди дар омаданд. Писарак гуфт: - Агар пул диҳед, мо розӣ. Вагарна розӣ намешавем. Ба хонаи онҳо назар афканда, гуфтам: - Хонаи шумо барои сабт намешавад, чунки деворҳоятон зардеворӣ доранд, ба хонаи деҳотиён монанд нест... Зан ҷавоби маро шунидан пас гуфт: - Хуб, пас ба мо сабти шумо лозим нест. Шумо панҷ нафаред, ба хонаи ман даромада, онро ифлос мекунед ва сахт роҳ гашта, полро мешиканед. Дигар ин ки барои шумо хӯрок аз куҷо пайдо мекунам. Хубаш ба хонаи ҳамсоя Макаровҳо равед, хонаи онҳо аз чӯб буда, деворҳояшон зардеворӣ надоранд. Биёед, ман шуморо ба он ҷо мебарам. Дарро тақ-тақ задем. Онро мӯйсафеде кушод. Мақсадро фаҳмонидем. Моро ба хона роҳ дода, гуфт: - Марҳамат, барномаатонро сабт кунед, аммо моро бубахшед, ки хонаи майдаву кӯҳна дорем. - Не, албатта, хонаатон айни муддаост. Мо худамон онро ороиш медиҳем. Мӯйсафед боз фаҳмид, ки мо дастархони
солинавиро сабт мекунем, аз ин зиёдтар ғамгин шуд ва бо шарм гуфт: - Бубахшед маро, дастрахони идонаамон тайёр нест, мо нафақаи худро гирифта, ба писарамон фиристодем. Лекин шумо аз роҳи дур омадаед, шинед каме шӯрбо ҳаст, тановул кунед... Мо - панҷ нафар шӯрбо хурдем. Пас, мӯйсафедро миннатдорӣ карда, пурсидем: - Телевизоратон дар куҷост? Мӯйсафед бо алам ҷавоб дод: - Писарам, телевизорамон се-чор моҳ боз вайрон аст. Акнун мо фаҳмидем, ки ба суроғаи дуруст омадаем. Мо сабти барномаро оғоз кардем ва лаҳзаи аҷиб ҳам омад, бобои барфӣ дар даст қуттии калони телевизор ба ҳуҷра даромад. Дар ин ҳолат ман ба зане, ки моро ба хонааш роҳ надода буд, нигоҳ кардам. Ранги рӯяш тағйир ёфт, аз ҳаяҷон баданаш меларзид. Аз ҳасад месӯхт. Ба мӯйсафед ва ҳамсари ӯ бо ҳавас менигарист. Сабт ба охир нарасида фарёд зад: - Истед, сабт накунед, ин Макаровҳо он қадар одамони хуб нестанд. Писарашро барои бо полис ҷанг карданаш ба ҳабс гирифтанд, худи мӯйсафедро барои ҳақталошияш аз ҳизб ронданд... Агар шумо пештар мегуфтед, ки бо худ ин қадар хӯрок ва телевизори калон овардаед, мемондам, то барномаатонро дар хонаи ман сабт кунед. Ҳоло ҳам вақт ҳаст, биёед рафта дар хонаи ман чӣ қадаре хоҳед сабт кунед. Вале дар ҷавоб гуфтем: - Хонаи шумо барои сабти барнома қулай нест, инчунин, мо намехоҳем хонаатонро ифлос кунем ва фарши хонаатонро шиканем. Аслан шумо оилаи хуб нестед. Макаровҳо шахсони меҳмондӯст ва ҳалиманд. Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
Марҳабо ҶАББОРӢ (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
- Бобои барфӣ, хоҳиш мекунам, ба ман велосипед туҳфа кунед, - дод зада гуфт Салим. - Дод назан, Бобои барфӣ ҳатто атсаро мефаҳмад, - ӯро ором кард модар. - Ҳамин хелу аммо падарам дар хонаи дарун аст, мумкин нафаҳмад.
Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (котиби масъул), Сайфиддин СУННАТӢ (муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шӯъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳ ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, Шодихони НАЗАР, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Бахтовар АМИНЗОДА, Гулбаҳор РАҲМОНОВА (хабарнигорон), Толибшоҳ ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Саодат ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Суғд), Фарзона ИСМОИЛОВА (хабарнигор, Хатлон), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд).
***
- Муттаҳам, шумо кай ҳамёни бегонаро ёфтед? - 31 декабр. - Вақте ёфтед, бояд зуд ба милиса хабар медодед. - Он рӯз дар шуъба касе набуд. - Рӯзи дигар чӣ? - Рӯзи дигар дар ҳамён чизе намонд.
***
Бобои барфӣ ба макони навбатӣ, ки даъват шуда буд, расид. - Набераи бобо, чӣ туҳфа гирифтан мехоҳӣ? Писарак ҳеҷ чиз ногуфта, ба рӯи Бобои барфӣ як мушт зад. - Писар, ин барои чӣ? - Барои соли гузашта.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №Г12447, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 2012 ба Давлатов Суҳроб Исҳоқович додааст, эътибор надорад.
ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ Соҳибкори инфиродӣ Муқимов Муртазо Ахмедович (РМА015032103), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. •
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 7630 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»