НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№05 (9483), 2 феврали соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
МУШКИЛОТИ ҶАВОНОН
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Зиндагии ширин дар як бахт аст
Мухлисон футболро аз “Футбол” тамошо мекунанд
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Солномаи Пешвои миллат - 2016 ТОҶИКИСТОН - БИҲИШТИ КАШФНОШУДА
ДАРВОЗ
2
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Солномаи Пешвои миллат - 2016 (Идома аз шумораҳои гузашта)
Тантанаҳои марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардид. Ба ифтихори ин санаи фархундаю таърихии давлату миллат дар пойтахти мамлакат ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ, гузашти низомӣ, роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангии театрӣ баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52 ҳазор нафар донишҷӯи макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандону хизматчиёни сохторҳои давлатии мамлакат ширкат намуданд. Моҳи сентябри соли 2016 Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқболи бошукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтанд. Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биною иншооти таъйиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мардум суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Аз ҷумла, аснои ин сафар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Сарвари давлат дар ин ноҳия аз Маркази таълимӣистеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуда, бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия ва дастовардҳои кишоварзон, хусусан дар соҳаи картошкапарварӣ шинос шуданд. Дар ноҳияи Зафаробод Муҷассама Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи Парчами миллӣ, мактаби замонавӣ ва як коргоҳи ҳунаромӯзӣ расман ифтитоҳ гардиданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд. Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Спитамен Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва Корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»–ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида буданд, расман мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ноҳия ҳамчунин як мактаби нави инноватсионӣ ва бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ба истифода дода шуданд. Президенти мамлакат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро ифтитоҳ намуда, дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ, Кохи фарҳанги «Суғдиён», бинои балан-
дошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-ум ва Маҷмааи таърихӣфарҳангии «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта, дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилоят бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор дар чорабиниҳои ифтитоҳи бинои Суди ноҳия ва маркази савдою хизматрасонӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Дар ноҳияи Нуробод барномаи сафари кории Сарвари давлат фарогири чорабиниҳои ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, боғчаи бачагонаи «Зебунисо» барои 140 нафар тарбиятгиранда, корхонаи коркарди ширу бастабандии равған ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия буд. Дар ноҳияи Тоҷикобод зимни ин сафар як меҳмонхонаи замонавӣ ва дар ноҳияи Лахш роҳи марказии ноҳия ва як бинои истиқоматии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Президенти мамлакат дар ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшида, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон дидан намуданд. Дар охири силсилаи боздидҳои корӣ ба минтақа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омада, нахуст бо намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Сипас, дар ин ноҳия Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар боғи интенсивии «ПайвандРашт» бо ҳолати кори боғдорон ва дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт бо намунаи анъаноти мардум ва маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия шинос шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд. Дар соли ҷашнӣ силсилаи сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин
ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон анҷом дода шуданд. Роҳбари давлат дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия ва варзишгоҳи марказии навбунёдро ифтитоҳ ва аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия дидан намуданд. Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Пешвои миллат навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, варзишгоҳ, майдони корти теннис ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ноҳия Сарвари давлат, ҳамчунин бо намунаи дастовардҳои заҳматкашон ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, инчунин кори боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид” шинос шуданд. Президенти ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби замонавӣ, Маҷмааи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ ва маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро ифтитоҳ намуда, ба корҳои сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва намунаи дастовардҳои ҳоҷагидорони шаҳри Кӯлоб шинос шуда, Оромгоҳи алломаи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Тантанаҳои бузурги ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хотирмону бошукӯҳ баргузор шуд. Ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооти тақдирсози давлату миллат - Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам дар соли 2016 таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Моҳи августи соли 2016 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд ва бо корҳои таъмиру навсозии иншооти НБО “Роғун” шинос гардида, дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд. 29 октябри соли 2016 дар мавзеи бунёди ин неругоҳи азим Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори техникаи вазнини корӣ зиёда аз якуним соат барои дигар намудани маҷрои дарёи Вахш сангу шағал пеш карда, ба оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии
“Роғун” асос гузоштанд, ки ин барои мардуми Тоҷикистон масъалаи ҳаёту мамот мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид бар он доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд. Моҳи ноябр Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи Корхонаи азими металлургии тоҷик, як меҳмонхонаи замонавӣ, маркази хизматрасонӣ ва як кӯдакистон иштирок намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони Корпоратсияи Баракат
ва чорводорони хоҷагии навтаъсиси Абдурауф Юсуфов шинос шуданд. Умуман дар ин соли пурфайзу бобарор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат биною иншооти нави таъйиноти гуногун, корхонаҳои азими истеҳсоли семент, оҳану металлургӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва корхонаҳои бузурги нассоҷии дар мамлакат ва минтақа беназир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инҳо тадбирҳои муҳим дар роҳи таъмини рушди иқтисодии мамлакат ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд, ки дар соли 2016 фароҳам оварда шуданд. Ҳамчунин, дар ин сол иншооти дигари азим роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар таъмини пайванди пойтахти мамлакат бо вилояти Хатлон нақши арзанда мегузорад. Дар охири сол навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор гирифт, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд. Давом дорад
Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ дар арафаи нашр аст Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”-ро 27 июли соли 2016, №325 тасдиқ намуд ва дар заминаи он Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ (номҳои писаронаю духтарона дар 2 ҷилд) таҳия шуд, ки дар арафаи нашр аст. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ҳадаф аз таҳияи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ аз ду қисмат иборат буда, бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаанд ва бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудаанд.
√ МУШОҲИДАИ
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
“ҶТ”
Одамгарӣ
Як бегоҳ барои расондани амонате зарурати рафтан ба хонаи яке аз хешовандонамон пеш омад. Аз хонаи мо то роҳи калони мошингузар тақрибан сесад метр масофа аст. Азбаски чандин ҷои роҳ кандаву ба таъмир ниёз пайдо кардааст, гаштро душвор мекунад. Хусусан дар ҳавои боронӣ чуқуракҳо пуроб шуда, ба кулмак табдил меёбанд... Он бегоҳ низ ҳаво сарду боронӣ буд ва роҳ аз обу лой пур. Дар андешаи чи гуна гузаштани роҳ будам, ки мошине наздам қарор гирифт: - Шин, писарам, то роҳи калон мерасонам, - даъват кард ронанда, ки марди тақрибан 40-45-солае буд. - Ташаккур, амак! Роҳам дур нест, пиёда меравам, - гуфтам миннатдорӣ намуда. - Роҳ лой аст. Боз ҳаво ин қадар сард. Хубаш савор шав. Ман ҳам ҳамон тараф меравам, - афзуд ронанда. Нахостам, баъди исрор варзиданаш ба сухани ӯ беэҳтиромӣ шавад. Ба мошин нишастаму ба ронанда изҳори сипос намудам: “Худоро шукр, ки дар ҷамъият чунин инсонҳои бораҳму хайрхоҳ ёфт мешаванд. То чунинҳо ҳастанд, Худованд ҳам ба туфайли эшон ба имдоди ниёзмандон ва корафтодагон мерасад. Ин зумраро амалҳояшон ҳам холис аз барои Худост” - гузарондам аз дилам. - Ана, ба роҳи калон ҳам расидем, писарам, - гуфтани мард маро ба худ овард. - Ташаккур барои ғамхориатон, амак. Ба шумо роҳи сафед мехоҳам, - гуфта миннатдорӣ кардам ва аз мошин берун шудам. Нақлёти мусофиркашро интизор шудам. Аз ғояти сардӣ дасту поям ба ларза даромад. Баъди 25 дақиқаи интизориам як мусофиркаш аз дур намоён шуд. Хурсанд шуда, даст бардоштам. Нақлиёт ҳам дар наздам истод. Дар мошин як ҷой буд. Азми нишастан доштам, ки марде бо овози баланд гуфт: - Ақаллан, мемонед, ки дар ҳамин мошин роҳат бошем? Дигар одам нагир! Пули ин як ҷои нишастро ман медиҳам. Ҳой ту, дарро пӯш, ба дарун хунукӣ омад! Ман маҳзуну хиҷолатзада дарро пӯшидам. Аз таззоди инсонҳо - аз он ки яке ғами дигаронро мехӯраду дуюмӣ танҳо дар фикри осоиши ҷони хеш аст, ҳайратам бештар мегашт. Агар ҳама ба монанди марди аввал рафтор мекарданд, ҳоло хушбахтии инсонҳо ҳад надошт. Мутаассифона, бештари вақт мо дарк карда наметавонем, инсонҳо дар чи вазъияте қарор доранд, чи мушкилиҳоро аз сар мегузаронанд. Шояд нафароне бошанд, ки ҳатто як сония барояшон аз тамоми ганҷи дунё қиматтар бошад... Ман боз ним соати дигар мунтазир мондам, аммо дигар мусофиркаш наёмад. Ҳаво торик шуд, бисёр хунук хурдам. Ноилоҷ ба хона баргаштам.
√ ИХТИРОИ
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ҶАВОНОН
Фаромӯз Ойев, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ. Аз хурдӣ шавқу рағбат нисбат ба сохтани ҳар гуна асбобҳо дошт. Бо дастгирӣ ва тавсияҳои устодон Одиназода Ҳайдар, Амонзода Илҳом ва Сафаров Қутбиддин то имрӯз чанд ихтироот кардааст. Яке аз ихтирооти ӯ “Пойафзоли роҳнамо” мебошад. Нишондиҳандаи техникии он чунин аст:
Пойафзоли роҳнамо Андоза – 39-42; Вазн – 350 гр.; Масофаи муайянсозии монеа – 0,45 метр; Ҳарорати кории пойафзол – аз -100С то +400С ; Маъмулӣ (комплект) – 1 ҷуфт; Пойафзолро пӯшида ба масофаи 50-100 метр роҳ рафтан лозим. Дар ин масофа пойафзол ба худ 9 волт энергия захира мекунад ва бо ин энергияи захиранамудааш 2530 дақиқа кор мекунад. Дар вақти сармо тугмаро ба тарафи чап зер мекунем, то ки гармӣ диҳад. Дар вақти гармӣ тугмаро ба тарафи рост зер мекунем, ки дар ин вақт сардӣ
медиҳад. Барои арақ кардани пой ду қубур аз чап ва рост бароварда шудааст. Қубури чап ҳаворо ба дохил мебарад ва қубури аз рост ҳаворо ба берун мебарорад. Дар қисми пеши пойафзол датчик (ҳиссиёт) ҷойгир карда шудааст, ки чун асо ба нобиноён ёрӣ мерасонад. Яъне дар вақти роҳ гаштан, агар аз пеш ягон баландии аз 15 см боло
дар масофаи 50-60 см пайдо шавад, ба воситаи ларзондан (вибиратся) хабар медиҳад. Сабаби насб намудани ларзиш (вибратся) дар он аст, ки баъзе шахсон ношунавоянд. Ба шахсони шунаво низ ки дар дашту саҳро шабмонда мешаванд ва дар даст ягон таҷҳизоти равшандиҳанда надоранд, ёрӣ расонда метавонад. Дар қисми қафои пойафзол реззистори табдилдиҳанда насб карда шудааст, ки барои паст ва баланд кардани ҳарорати гармӣ хизмат мерасонад”.
√ ТАНДУРУСТӢ
Соли 2016 фавти кӯдакон 2,7 маротиба паст гардид 27 январ дар “Душанбе Плаза” Шарҳи якҷояи соли шашуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, иброз дошт: “Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст”. Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 августи соли 2010 «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» қабул гардид, ки яке аз самтҳои асосии муайянкунадаи соҳаи тандурустӣ мебошад. Он дар чор самт: хизматрасонии тиббӣ, захираҳои инсонӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии тандурустӣ равона шуда, ҳар сол дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони соҳа ҷамъбаст гардида, пешниҳод, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо баррасӣ мешавад. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз дошт, ки то соли 2010 як қатор барномаҳо, стратегияҳои алоҳида нисбат ба ин ё он самти фаъолияти вазорат қабул гардида буданд. Зарурат пайдо шуд, ки ҳамаи он барномаҳоро дар як стратегияи муайян ҷой дода, нақшаи ояндаи 10 соли фаъолияти вазоратро муайян созад. “Яке аз маҳаки асосие, ки дар стратегия омадааст, паст кардани фавти модарону кӯдакон мебошад. Вобаста ба ин самт мо бақайдгирии саривақтии занони ҳомиларо
зиёд намудем, дастрасии маводҳои контрасевтивиро ба занҳо бештар кардем, чунки ин яке аз масъалаҳои танзими оила мебошад. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки сол ба сол фавти модару кӯдак дар кишвар кам гашта истодааст. Масалан соли 2016 фавти модарон 1,8 маротиба ва фавти кӯдакон 2,7 маротиба паст гардид. Сол ба сол маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ зиёд шуда истодааст. Дар муассисаҳои табобатӣ, чи кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва чи госпиталӣ зиёда аз 25 маротиба зиёд гардидааст. Солҳои пеш барои як компютери тамограмма кардан мо табибон беморро ба давлатҳои ҳамсоя ё аз он дур мефиристодем. Имрӯз, хушбахтона дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 компютери тамограмма ҳаст. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле беҳтар шудааст. Имрӯз шумораи шахсоне, ки барои табобат ба хориҷи кишвар мераванд, ангуштшумор мондаанд”, - гуфт Ш. Раҳматуллоев. Гуфта шуд, ки рӯзҳои наздик бо дастгири Ҳукумати ҷумҳурӣ як озмоишгоҳи реферивӣ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Маркази милли тиббӣ) ба истифода дода мешавад, ки тамоми сатҳу сифати ташхисҳое, ки дар дигар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ мегузаранд, дар ин ҷо натиҷабарорӣ мешавад. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
√ СОЛИ
КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Роҳпаймоӣ ба ифтихори Соли ҷавонон Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бахшида ба Соли ҷавонон ҷамъомади тантанавӣ ва роҳпаймоии ҷавонон доир шуд. Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо ҷавонон мулоқот карда, ба 16 нафар ҷавони фаъол ва варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар қисми дигари чорабинӣ байни 12 дастаи деҳоти ноҳия мусобиқаи футбол доир гардид. Ҳамчунин, маҳсули меҳнати ҷавондухтарони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.
2017 - СОЛИ ҶАВОНОН
РӮДАКӢ: Мулоқоти масъулин бо ҷавонон 27 январи соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шоирону нависандагон бо ҷавонони касбу кори гуногун баргузор гардид.
ИСТИҚЛОЛ: мулоқоти раиси шаҳр бо ҷавонон 25-уми январ раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода бо кадрҳои ҷавони соҳаи маориф ва тандурустӣ мулоқот кард. Раиси шаҳр зимни суханронӣ бобати аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар эълон шудани Соли 2017 - Соли ҷавонон, дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ва ғамхориҳо нисбат ба ин табақаи ҷомеа ва дар асоси дастурҳои Сарвари давлат пиёда гардидани сиёсати созанда нисбат ба ҷавонон дар шаҳр ҳарф зад. Боиси қайд аст, ки феълан 22 нафар ҷавони фаъоли шаҳри Истиқлол дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби ҷавонони фаъол 3 нафар ба ҳайси вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб шуданд. Ҳамзамон дар корхонаву муассисаҳои шаҳр айни замон зиёда аз 470 нафар ҷавон кору фаъолият доранд. Ба иттилои раиси шаҳр, давоми ду соли охир ба 40 нафар қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо гардидааст ва ин иқдом идома хоҳад ёфт. Сардухтури Беморхонаи шаҳр С. Тӯхтаев миннатдории хешро ба Пешвои миллат барои рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, махсусан соҳаи тандурустӣ баён намуд. Тибқи маълумоти масъулини соҳаи тандурустӣ соли 2017 17 нафар ҷавони шаҳр баъди хатми муассисаҳои таълимии соҳаи тиб бармегарданд ва проблемаи таъмини кадрҳои соҳа бартараф хоҳад шуд. Худойназар Амонзода таъкид кард, ки баъди ба кор даромадани корхонаи металлургӣ дар минтақаи саноатии «Тоҷикистону Хитой» 1300 ҷойи корӣ доимӣ ташкил мешавад, ки
асосан ҷавонон ҷалб мешаванд. Ба мудири шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, директорони мактабҳо аз ҷониби раиси шаҳр дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини кадрҳои ҷавон баъди хатми муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ бо ҷойи кор кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар фаъолият бомасъулият бошанд, муносибат бояд дар сатҳи мувофиқ бо аҳолӣ сурат гирад ва аз ҳама муҳим дар робита бо собиқадорони соҳа донишу малакаи хешро густариш диҳанд. Дигар масъалае, ки раиси шаҳр баррасӣ кард, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ буд. Қайд гардид, он ҷавононе, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд, гумроҳу бесавод ва сатҳи маърифату ҷаҳонбиниашон паст аст. Бояд ҷавонон пеш аз ҳама донишу касб омӯзанд, Ватани худро дӯст доранд, падару модари хешро эҳтиром намоянд ва муқаддасоти миллию давлатиро азиз донанд. Дар охир мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр И. Исроилов миннтадории хешро аз номи ҷавонони шаҳр ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии ҷавонон баён намуда гуфт, ки “мо - ҷавонон сиёсати созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем ва бо чунин Роҳбари дурандешу тавоно ифтихор дорем”.
М. НИЁЗОВ
ДЕВАШТИЧ: хонандагон маҳорати худро нишон доданд Ба ифтихори Соли ҷавонон дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Деваштич зери унвони «Ҷавонон - ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол» маҳфили «Кадбону» доир гашт. Дар маҳфил муовини раиси ноҳия Рафоат Каримова иштирок намуда, атрофи масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, мустаҳкамии оила суҳбат кард. Гуруҳи духтарон маҳорати кадбонугию рӯзгордории хешро намоиш доданд, ки аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт. Ҳамчунин бонувони собиқадор, муаллимаҳои таълимгоҳҳо қаноатмандии хешро нисбат ба ҳунаромӯзию рӯзгордории хонандагон изҳор намуданд. Зеро имрӯз дар таълимгоҳ маҳфилҳои дӯзандагию бофандагӣ, пазандагӣ, расмкашию дуредгарӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон дар озмуну намоишҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намунавиро ишғол кардаанд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокчиён намоиши дастовардҳои ҷавонону варзишгарони ноҳияро тамошо карданд. Дар чорабинӣ Маҳмадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳияи Рӯдакӣ иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал табиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар ноҳия як қатор барномаҳо, аз ҷумла “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон”, “Барномаи саломатии ҷавонон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарасстии ҷавонон” қабул гардидаанд. Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни суханронӣ гуфт, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нахустин қадами устуворе,
ки аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуд, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” (13 марти соли 1992) мебошад. Ҳадаф аз қабул гардидани ин қонун ба камол расонидани насли худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибмаърифату закӣ буд. Дар марҳалаи минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ қабул гардидани як қатор асноди меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили “Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон” ва як қатор барномаҳои соҳавӣ аз ғамхориву таваҷҷуҳ нисбат ба қишри ояндасози кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аст. Дар мулоқот Латофат Назирӣ - муовини вазири маориф ва илм, шоирону нависандагон Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ ва Кароматулло Мирзо ба сухан баромада, доир ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҳарф зада, шеърҳои эҷоднамудаи хешро дар васфи Модар, Ватан, Пешвои миллат, ҷавонӣ, меҳру муҳаббат қироат намуданд. Дар охир роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ва намоиши фарҳангӣ дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки зиёда аз 500 нафар ҷавон доир карда шуд. Шералӣ ҶАЛОЛОВ, "ҶТ"
ХОРУҒ: омӯзгорони ҷавон методҳои нави таълимро омӯхтанд Бо ибтикори Раёсати маориф ва илми ВМКБ дар шаҳри Хоруғ семинари илмӣ-методӣ доир шуд, ки дар он устодони собиқадор, омӯзгорони ҷавони кафедраи филологияи англисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва макотиби вилоят иштирок намуданд. Гулнамо Дӯстамбаева, мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДХ тавзеҳ дод, ки ҳадаф аз доир кардани чунин чорабинӣ, пеш аз ҳама тақвият додани ихтисосу малакаи омӯзгорони ҷавон, ташаккули маҳорати таълиму тадрис ва ҳамзамон боло бардоштани касбияти муаллимон аст. - Чанд тан аз устодони собиқадори вилоят ҷиҳати такмил додани маълумоти касбӣ қаблан аз барномаҳои таълимие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сафорати Амрико дар Душанбе барои онҳо омӯхт, баҳравар гардиданд. Феълан муаллимони ҷавон
тариқи семинар бо нозукиҳои ин барнома шинос шуданд ва итминон аст, ки баъди амалан ҷорӣ шудани чунин методҳои муосир дар донишгоҳ, донишҷӯён низ ба машғулиятҳои муфид ҷалб мешаванд, - афзуд Г. Дӯстамбаева. Дар қисматҳои назариявию амалии семинар, ҳамчунин мавзуҳои “Мақоми бонувон дар ҷомеаи муосир”, “Такмили вижагии маҳорату омӯзиш”, “Интихоби сабки дурусти муошират тариқи забони англисӣ” ва ғайра мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Машҳур ИМОМНАЗАРОВ, “ҶТ”
Ҷавонон ба кор ҷалб карда мешаванд
Солҳои охир Роҳи оҳан барномаи омодасози кадрҳои ҷавони баландихтисоси соҳавиро амалӣ намуда истодааст. Айни замон 2 донишҷӯ дар Донишкадаи муҳандисони нақлиёти шаҳри Москва ва 1 нафар дар Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунанд. - Аз оғози барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисосии ҷавон барои роҳи оҳан, аллакай 122 хатмкунандаи донишгоҳҳои номбурда дар корхонаву муассисаҳои роҳ бо кору маоши хуб таъмин карда шудаанд, - зикр кард Усмон Қаландаров, муовини роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ қайд кард, ки Роҳи оҳан бахшида ба Соли ҷавонон тасмим гирифтааст, ки ҷавонон, хусусан ҷавондухтаронро бештар бар кор ҷалб намояд.
√ МУШКИЛОТИ
ҲАСАН АЗИЗОВ
ҶАВОНОН
Зиндагии ширин дар як бахт аст
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумти ҷумҳурӣ соли сипаришуда дар мамлакат 8891 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли 2015 545 ҳолат бештар мебошад.
Мо дирӯзакак аз он шод шуда будем, ки бо шарофати Соли оила эълон шудани соли 2015 сатҳи ҷудошавии оилаҳо кам шуд. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда буд. Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 23 январи соли 2015 гуфта шудааст: “Сабаби ҷудошавии оилаҳо, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад... Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд... Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”. Аз шумораи зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо равшан маълум мегардад, ки таваҷҷуҳи мақомот ва ҷомеа ба ин масъалаи муҳим кам шудааст. Маълум мешавад, ки пеши роҳи кам кардани ин проблемаи иҷтимоиро дар якҷоягӣ метавон гирифт. Ташкили оилаи солим ва интихоби дурусти ҳамсар яке мавзуҳои муҳими ҳаётӣ ба шумор меравад. Падару модар бо ҳазор умеду орзу фарзандонро ба воя мерасонанд ва ба онҳо дуои нек медиҳанд, то оила бунёд кунанду хушбахт шаванд. Шахсони рӯзгордида мегӯянд, ки «Зиндагии ширин дар як бахту як саодат аст». Фаромӯш набояд кард, ки вайроншавии як оила пайомади ногуворе барои тамоми ҷомеа метавонад дошта бошад. Барҳам хурдани зиёда аз ҳашт ҳазор оила барои ҷомеаи начандон бузурги мо фоҷиаи даҳшатангез аст. Коршиносон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон вазъи иқтисодӣ ба шумор меравад. Яъне маъмулан, ҷавонон пас аз тӯйи арӯсӣ барои мардикорӣ ба Русия мераванд ва он ҷо онҳоро муҳити дигар, душвориҳои гӯшношунид, таҳқиру беқудратӣ пеш меояд. На ба ҳамаи онҳо муяссар мегар-
дад, ки дар як муддати кӯтоҳ маблағи дилхоҳ ба даст оранд. Бинобар иҷро нагардидани нақшаҳои пешакӣ дар вуҷуди онҳо нисбат ба оила дилсардӣ пеш меорад. Омили дигари ҷудошавии оилаҳо орзуи ҷудо зистани навхонадорҳо мебошад. Дар чанд соли охир талаботи оилаҳои ҷавон нисбат ба ҷиҳозу шароитҳои дигари хонаву хонадорӣ хеле зиёд гардидааст. Ҳоло расм шудааст, ки ба наварӯсон ҳатман хонаи алоҳида, мебелу қолинҳои замонавӣ фароҳам оранд. Дар моҷарономаҳои судӣ ин даъво - яъне хоҳиши аз хушдоман ҷудо зистани арӯс хеле зиёд дучор мешавад. Аммо маълум аст, ки ин на ҳамеша ва на ба ҳама муяссар мегардад. На ҳама оилаҳо (махсусан дар деҳот) имконияти фавран пайдо намудани манзили алоҳидаи зистро доранд. Дар ин ҳолат дар оилаи ҷавон низоъ барпо мешавад. Низоъ миёни домоду арӯс, хешовандон, падару модар ва ғайра, ки дар андак замон ба ҷанҷоли бузурги оилавӣ табдил ёфта, боиси ҷудошавии онҳо мегардад. Надонистани фарҳанги зиндагӣ омили дигари пош хурдани оилаҳост. Китоби зиндагӣ хеле бузург ва душворфаҳм аст. Онро бояд дар ҷавонӣ азбар намуд. Бо кӯмаки падару модар, бузргсолон. Лекин имрӯз садҳо ҳодисаро мушоҳида менамоем, ки ҷавононро бе омодагии зарурӣ ба зиндагии мустақилона гусел менамоянд. Коршиносон мегӯянд, ки то 15-20% оилаҳои ҷавон пас аз 4 ё 5 моҳи зиндагии якҷоя ба хулосае меоянд, ки дар интихоби якдигар хато кардаанд. Кӣ ба ин гунаҳкор аст? Падару модар ё хешу табор, дӯстон? Дар ин ҳолат касе ҷавобгариро бар дӯш намегирад. Масъалаи интихоби ҳамсар барои созмон додани оилаи нав масъалаи хеле душвор аст ва дар ин ҳолат саҳлангорӣ, шавқи зоҳирӣ, ҷоҳу ҷалолталабӣ кори хатост. Аз одобу рафтори шоистаи инсон, меҳнати фидокорона оилаи солим боқӣ монда, фарзандони зираку ҳушёр ба ҷомеа нафъ мерасонанд. Аз ин хотир, аз аввалин рӯзҳои оиладорӣ месазад меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ барин омилҳои асосии оиладориро абадӣ дар хонадон ҷойгузин намуд.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
√ ҲАМОИШ
27 январи соли ҷорӣ дар “Кохи Афсарон”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум доир гашт.
ШЕРАЛӢ ҶАЛОЛОВ
Анҷумани даъвати дувоздаҳуми ИҶТ баргузор шуд
Дар он роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, раисони филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аъзоён, ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди ҷумҳурӣ ва ихтиёриёни ҷавон ширкат доштанд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст Аҳтам Абдуллозода раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти сесолаи ИҶТ ва нақшаҳо барои соли 2017 ҳисобот дод. Бояд қайд кард, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ягон идеологияи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ вобаста набуда, робитаҳои мутақобиларо бо сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ҷавонон ва созмонҳои наврасон, ки дар доираи қонун амал мекунанд, аз рӯи принсипи умумияти аҳдофу мақсадҳо, азҳоби сиёсӣ ва боварии ҷонибайн созмон медиҳад ва ҳамкорӣ менамояд. Баъдан вакилони анҷуман Шоҳзод Раҳимов аз вилояти Хатлон, Миршакар Ҷалолов аз вилояти Суғд, Юсуф Асадбеков аз ВМКБ ва Иброҳим Мирзоев аз шаҳри Душанбе вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, ҷавоникунонии системаи идораи давлатӣ ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён карданд. Дар рафти баргузории анҷуман, ҳамчунин муовинони раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, Қиёмиддин Миралиён ва Иззатулло Алиев бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва зиёд будани сарбориашон бо хоҳиши худашон аз вазифа озод шуданд. Аз ҷониби Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон барои заҳматҳои софидилона дар самти амалигардонии ҳадафҳои иттифоқ ба Фирӯза Шарифӣ, Қиёмиддин Миралиён ва Иззатулло Алиев “Ифтихорнома” тақдим карда шуд. Ба мансаби муовинони нави раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Ризо Назарзода, Ҳабибулло Амирбекзода ва Умед Раҳимов пешбарӣ шуда, аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятӣ буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад ва дар сафҳои худ сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, мансубияти динӣ, миллӣ, нажодӣ ҷавонони дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, тафаккури созанда ва эҷодкорро ихтиёран муттаҳид намудааст.
6
Ҳар ҳафта 42 кӯдак аз истеъмоли обҳои ифлос мефавтанд Бо ташаббуси Академияи ВАО-и Тоҷикистон дар мавзӯи “Инъикоси мавзӯи истифодаи захираҳои об ва масоили тарғиби он дар ВАО” мизи мудаввар доир гардид.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
БАРОИ ҶАВОНОН
Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, иброз дошт, ки бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об – эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз тарафи СММ дастгирӣ ёфт. Ба гуфти масъулин ҳадафи баргузории чорабинӣ татбиқи барномаи байналмиллалии даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” буда, инъикоси ҳадафмандонаи он дар радио, телевизион ва нашрияҳои кишвар мебошад. Зикр шуд, ки имрӯз проблемаҳои экологӣ ба доғтарин масъалаи ҷомеаи умумибашарӣ мубаддал гаштааст. Ҳоло 1,6 млрд. аҳолии ҷаҳон ба оби нӯшокӣ дастрасии маҳдуд дошта, тақрибан 2,6 млрд. нафар дар ҳолати бади санитарӣ зиндагӣ мекунанд. Инчунин 50%-и аҳолии кишварҳои рӯ ба тараққӣ обро аз манбаъҳои ифлос мегиранд. Вобаста ба мавқеи географӣ 80 мамлакати дунё аз нарасидани об мушкилӣ мекашанд. Ҳар ҳафта 42 кӯдак аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос вафот мекунанд.
√ ГУЗАШТИ ХУРШЕД ХОВАРӢ
Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва коргардони бомаҳорати соҳаи театру кино дар оилаи деҳқон ва самимӣ ба воя расидааст. Ӯ мегӯяд, аз хонаводаи шахсони бисёр оддӣ ҳаст. Падараш деҳқонӣ мекард, модараш, ки шахси бисёр саводнок буд, дар тарбияи фарзандон заҳмат мекашид.
АЙЁМ
Ҷавонӣ ҷӯшу хурӯш аст Перомуни гузашти айёми ҷавонӣ чунин андеша дорад, ки ҷавонӣ беҳтарин фасл ва айёми шукуфтанҳову рустанҳост. Ҷавонӣ овонест, ки инсон ташаккул меёбад. Барои ҳар инсон он як даврае бояд бошад, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда нашавад. “Ман агарчи талхиву шириниҳои зиндагиро бисёр чашидаам, аммо айёми ҷавониам ҳеҷ аз ёдам намеравад. Даврони кӯдакиҳоям низ то андозае дар ёдам ҳаст. Ҷавонӣ мисли дарёи шухе, ки аз баландӣ ба поён меояд ва ҳар чизе ки дар сари роҳ аст, мешӯяду тоза мекунад. Ва доим маҷрои об тоза мемонад. Ҷавонӣ ба мисоли ана ҳамин дарёст, ки ҷӯшу хурӯш варо пок нигоҳ медорад. Ҷавонӣ ҳамин ҷӯшу хурӯш аст, ки бояд озод гузарад. Падару модарҳо барои ҷавонон ҳама имкониятҳоро фароҳам оранд, то ҷовонон дар фазои озод ва холӣ аз фишорҳо ба камол расанд”. - Чӣ боис гардид, ки роҳи ҳунару санъатро пеш гирифтед ва асрори комёбиатон дар чист? - Падарам, ки то андозае шахси диндор буд, ҳеҷ гоҳ намехост, ки ман ҳунарманд бошам. Давраҳое, ки мо наврас будем, дар деҳи мо аз ҳисоби хоҷагӣ консертҳо ташкил карда мешуд. Дар онҳо ҳунармандон аз вилоят ва шаҳри Душанбе консерт ва намоишҳои театрӣ баргузор мекарданд. Онҳо бо завқ суруд мехонданд, масхарабозӣ мекарданд, мерақсиданду саҳнаҳои ҳаҷвиро ба намоиш мегузоштанд. Ҳар коре, ки анҷом медоданд, дар майнаи мо нақш мебаст ва рӯзҳои дигар, пас аз дарс мо
Бояд андеша кардан ва дар баробари ин баркашиданро ёд гирем. Зиндагии худро бо мамолики дигар кишварҳо қиёс карда тавонем. Давлати Амрико бо сиёсати ҷаҳониаш, Русия бо ҳама масоҳату паҳновариаш, Эрон бо ҳама шаҳомати таърихиву фарҳангиву диниаш ва Туркия бо пешрафти босуръати саноатиаш наметавонанд оромиву суботро дар ҷомеаҳои хеш пойдор созанд. Тоҷикистон бо вуҷуди давлати ҷавон ва аз ҷиҳати масоҳат хурд будан оромиву суботе, ки дорад, дар ҷаҳон беназир аст.
√ СОЛҲОЕ,
- бачагон дар лаби ҳавзи деҳа, ки дар сояи ҷарӣ воқеъ буд, ҷамъ мегаштем ва нақшҳои онҳоро айнан такрор мекардем. Истеъдоди ҳунармандии ман аз ҳамон ҷойҳо сарчашма мегирад. Яъне тақлид ба ҳунармандон маро ҳунарманд кард. Дар кадом муҳите, ки ба воя расида бошӣ таъсири ҳамон муҳит мемонад. Ман аслан бекориро дӯст намедорам. Агарчи имрӯзҳо ба як синну соли муайян расидаам, аммо боз ҳам дар пайи кору пайкор ва талошҳои зиндагӣ андармонам. Шояд сабаби чунин муваффақ гардиданам ҳамин бошад, ки ман бо бекорӣ шадидан мубориза мебарам. - Муносибати ҷавонон ба театр чӣ гуна аст? - Муносибат ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ба театр бе ниҳоят кам аст. Солҳои пеш, вақте дар театр намоишҳо баргузор мешуданд, дар паси дари театрҳо 20-30 аншлаг (нафароне, ки барои тамошои намоиш чипта намеёфтанд) буд, ҷавонон бештар майл доштанд. Он вақтҳо намоишҳо мисли ид мегузашт. Вақте мардум аз театр берун меомаданд, то чанд рӯз дар хонаву дар кӯчаву бозор гапи намоишномаҳо буд. Имрӯзҳо тамошобинро то маҷбур накунӣ, намеоянд, ҳатто ҳаваси дидани театр дар ботини мардум кам гаштааст. Ба андешаи ман он солҳо, ки оинаи нилгун, радио ва дигар воситаҳо набуд, мардум ба театр бештар рӯ меоварданд. Имрӯзҳо ҷомеа то андозае ниёзи маънавии хешро аз радиову телевизион ва интернет бароварда месозад, аммо ин ҳама ҷои театрро намегирад. Театр чизи зинда аст. Интернет ва дигар васоити техникӣ мардумро то андозае танбал мекунад, фаъолияти майнаи сарро суст ва хотираро заъиф менамояд. Дар баробари истифодаи техникаву технологияи навтарин насли ҷавонро лозим аст, то фарҳанги истифодаи онро низ омӯзанд. - Аз нигоҳи Шумо ҷавонони имрӯз аз ҷавонони даврони Шумо чӣ тафовут доранд? - Боиси хушнудист, ки имрӯз
ҷавонон дар беҳтарин шароит таҳсил мекунанд. Қариб ҳама табақаҳои иҷтимоӣ ба мактабу маориф дастрасӣ доранд. Ҳама метавонад дар дилхоҳ мактаб таҳсил намояду дониш аз бар кунад. Мо дар мактабҳои деҳот мехондем, ки дар бисёр шаклҳои ноустувори меъморӣ бунёд шуда буданд. На синфхонаи ба талабот ҷавобгӯ доштем, на лавозимоти хониш, ки ба ҳама талабагон басандагӣ кунад. Аммо самимият дар миёни мо бештар буд, нисбат ба ҷовонони имрӯза. Ҳар кас кореро анҷом медод, дар он ҳатман самимияту муҳаббат буд. Аз нигоҳи ман, ҷавонони даврони мо нисбат ба Ватан - модар ва кору рафторашон садоқату самимияти бештар доштанд. Агарчи зиракиву ҳушёрии мо нисбат ба насли навраси имрӯза кам буд, вале садоқату самимият дар он овон бештар буд. - Сабаби кам гаштани садоқати насли ҷавон дар чист? - Аз нигоҳи ман яке аз сабабҳояш ин аст, ки психологияи мардум дар даврони мо он қадар махлут набуд. Мардум он қадар дастарсӣ ба иттилоот надоштанд ва дар зери як идеологияи махсус ба воя мерасиданд. Имрӯз бо пешрафти техникаву технология мардум ба ҳама гуна маълумот дастрасӣ дорад. Тафаккури насли ҷавонро имрӯз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ бо роҳу воситаҳои гуногун метавонанд дигаргун намо-
КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...
Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон: - Соли 1972 дар шаҳри Мюнхени Олмон бозиҳои 20-уми олимпӣ баргузор шуд. Кумитаи марказии комсомол ба ман, ки корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) будам, барои ширкат дар ин маросим роҳхат дод. Мо ҳамроҳи намояндагони 15 ҷумҳурии ИҶШС аз шаҳри Маскав тариқи автобус ба шаҳри Мюнхен сафар кардем. Тасодуфан камина ҳамроҳи сарояндагони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ дар як автобус сафар мекардам. Дар дохили автобус мусобиқаи сурудхонӣ баргузор гардид. Эдита Пехова, Галина Ненашова, Ян Френкл, ки овозхонҳои машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, суруд хонданд. Дар баробари ин, якчанд намояндагони халқу миллатҳои дигар низ бо забонҳои миллии хеш суруд хонданд. Ман, ки дар он миён ягона намояндаи Тоҷикистон будам, аз ман ҳам хоҳиш карданд, ки суруд хонам. Ман яке аз сурудҳои Лайло Шарифоваро, ки овозхони машҳури ансамбли “Гулшан” буд, хондам. Дар ҷамъбаст маро, ки дар баробари дигарон ҳунарманди касбӣ набудам, ғолиб эълон карданд. Дар он даврон, ки ман оиладор ҳам набудам, Эдита Пехова, Галина Ненашова ва духтарони гурҷиву русдухтарон аз рухсораҳоям бӯсиданд. Агарчи садҳо воқеаи дигар дар ҳаётам рух дода аст, ин чиз аз хотиротам зудуда намешавад.
янд. Аз тариқи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи насли ҷавон таъсиргузорӣ хеле зиёд аст. Яке аз сабабҳои асосӣ дар ҳамин аст, ки насли ҷавон садоқату самимиятро дар зинаҳои поинтар қарор медиҳанд. - Вобаста ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ чӣ андеша доред? - Ман ба ин чизҳо назари хуб надорам. Ҳеҷ гоҳ қабул намекунам, ки ҷавоне аз кишвару миллати ман рафтаву дар дигар мамолик “қаҳрамонӣ” кунад. Дар гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аввалан оилаҳо ва пасон дигар институтҳои иҷтимоӣ гунаҳкоранд. Солҳое, ки ман ҷавон ва наврас будам, дар назди хонаи мо масҷид буд. Ҳама пиру ҷавони деҳа ба масҷид мерафтанд. Масҷид ҷои таълими ахлоқ буд. Дар он ҷо ба мо талқин мекарданд, ки аз пайи донишомӯзӣ бошем. Масҷид мактаби тарбияро мемонд, на ҷои даъват ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо. Дар масҷидҳо он давр қаҳрамониҳову корнамоиҳои паёмбарону гузаштагонро, ки ҷанбаи ахлоқӣ доштанд, нақл мекарданд, то ҷавонон дар руҳияи шикастнопазирӣ ба воя расанд. Аммо имрӯз масҷидҳо то андазае ин функсияи хешро гум кардаанд. Имрӯз дар ҷомеа ҳама чиз ҳаст, андеша нест. Бояд андеша кардан ва дар баробари ин баркашиданро ёд гирем. Зиндагии худро бо мамолики дигар кишварҳо қиёс карда тавонем. Давлати Амрико бо сиёсати ҷаҳониаш, Русия бо ҳама масоҳату паҳновариаш, Эрон бо ҳама шаҳомати таърихиву фарҳангиву диниаш ва Туркия бо пешрафти босуръати саноатиаш наметавонанд оромиву суботро дар ҷомеаҳои хеш пойдор созанд. Тоҷикистон бо вуҷуди давлати ҷавон ва аз ҷиҳати масоҳат хурд будан оромиву суботе, ки дорад, дар ҷаҳон беназир аст. Ҷавонҳоро лозим аст, ки ин чизҳоро бинанду қиёс кунанд ва шукр гузоранд. Гарчанде биҳиштро дар рӯи замин намеҷӯянд, аммо биҳишт ҳамин аст. Он ҷо, ки субот аст, оромӣ аст, биҳишт ҳамон ҷост.
Кори созмонҳои ҷавонон ҷоннок мегардад Дар доираи чорабиниҳои Соли ҷавонон, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Рушди малакаи касбии мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Омӯзиш ва шарҳи Низомномаи намунавии мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарзи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, риояи низомномаи озмунҳо ва пешниҳоди номзади арзанда ба даври ниҳоӣ ва тартиби таҳияи лоиҳаҳо ҳангоми банақшагирии чорабиниҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аҳмадзода Дилноза, муовини раиси КҶВС иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ беш аз 3 млн. нафар аҳолии кишварро насли ҷавони аз 14 то 30-сола ташкил менамояд, ки 227 ҳазор нафараш донишҷӯ мебошанд.
√ ХОСИЯТҲОИ
√ АСРОРИ
ЯК ҶАВОН
Танзими вақт Барои инсон аз ҳама ганҷи қимат вақт аст. Барои он қимат аст, ки баргарданда нест ё тавре дар физика мегӯянд, як самт дорад: танҳо ба пеш меравад. Вақт худаш диданӣ нест, абстракт аст. Яъне вуҷуди ҳақиқӣ надорад, ки онро дида шавад. Пас, он чи ки вақтро арзишманд мегардонад, кору амалҳое мебошанд, ки дар дохили вақт анҷом мешаванд. Мисол, вақте мо мегӯем, ки фалон давра давраи хуб буд ё фалон сол бисёр соли бобарор, аслан кору амалҳоеро дар назар дорем, ки дар он давра ё он сол анҷом шудаанд. Боре, вақте ки суҳбат аз боби вақт мерафт, як нафар гуфт: “Дар назарам чунин менамояд, ки нисбат ба гузашта имрӯз вақт тезтар ҳаракат мекунад...” Аслан вақт ҳамон як вақт аст. Дар гузашта ҳам имрӯз ҳам яксон меравад. Вале он нафар то як андоза ҳақ буд. Яъне имрӯз як силсила чизҳое пайдо шудаанд, ки вақти инсонро бедареғ мерабоянд. Намунааш ҳамон шабакаи ҷаҳонии интернет ва технологияи бисёр қулайи рақамӣ, ки имрӯз дар дасти ҳама дида мешавад. Як мурур намудан ба саҳифаҳои ахбор ё сомонаҳои иҷтимоӣ моро чунон мекашад, ки вақте ба худ меоем, мебинем, ки хеле вақт рафта аст. Бинобар ин, агар инсон танзими вақт ва истифодаи самараноки онро надонад, фақат талафот медиҳад. Хусусан, дар шароити имрӯз, ки вақт нисбат ба пештара “тезтар” мегузарад, барои ҷавонон бисёр зарур аст, ба танзими вақти худ ҷиддӣ аҳамият диҳанд. Зеро танзими вақт ва мувофиқ ба нақшаи муайяни созанда умр ба сар бурдан метавонад ба танзими ҳаёти оилавӣ, комёбиҳо дар кор ва беҳ шудани муносибатҳо бо одамон мусоидат намояд. Танзими вақт ва аз рӯи нақшаи муайян кор карданро бисёриҳо хуш надоранд, зеро андеша доранд, ки инсонро як навъ вобаста мекунад ва бо эҳтимоли зиёд ба стресс гирифтор менамояд. Аммо чунин нест, балки дар зоҳир менамояд, ки гӯё мо худро пойбанд мекунем ва озодиамонро аз даст медиҳем. Дар асл бартарияти зиёде дорад танзими вақт. Агар аҳамият дода бошед, ҳамаи мо гоҳо шикоят мекунем, ки ба ин ва ё он кор вақт наёфтем, фурсатамон нарасид. Аммо агар ба ҷадвали рӯз ё ҳафтаи гузарондаамон назар афканем, мебинем, ки соатҳои зиёди холӣ ё ин ки барҳадаррафта вуҷуд доранд. Ҳамааш аз боиси танзим накардан ё дуруст истифода набурдани вақт аст. Ба ибораи дигар ҳар ки соҳиби нақшаи кор аст ва вақташро танзим менамояд, медонад, ки кадом корро чӣ гуна бояд анҷом диҳад. Нафарони бенизом бошанд, дар ташхис ва ҳалли кору масъалаҳои аввалиндараҷаву дуюмдараҷа дармонда, бо парешонӣ рӯз мегузаронанд. Инчунин дар зиндагии ҳаррӯзаамон корҳое пеш меоянд, ки вақти моро ба содагӣ ва бидуни огоҳии мо мекушанд. Масалан, агар аҳамият додаед, гоҳо ба бозор рафтан чи қадар вақти моро мегирад... Як ба тамошо ғарқ мешавем, мебинем, ки хеле вақт рафтааст. Ё ҳар бегоҳе ки ба мағозаи назди хонаамон медароем, вақт талаф меёбад. Ва он вақти талафшударо агар рӯи ҳам ҷамъ кунем, дар як ҳафта, як моҳ ва ниҳоят як сол соатҳои зиёдеро ташкил медиҳанд, ки ба ҳаво партофтаем... Аз ин лиҳоз, танзим намудани вақт кори беҳуда нест, балки ба инсон бисёр чиз медиҳад. Хусусан, агар мо нақшаи муайяни ҳаррӯза дошта бошем, корҳои мекардаи мо аниқу дақиқ бошанд, дар он сурат беҳтар мефаҳмем, ки бо низом истифода бурдани вақт чӣ аҳамият дорад. Дар ин хусус маслиҳату тавсияҳои зиёде гуфта шудааст. Танҳо бояд аз онҳо ҳади ақал бароямон дархӯрашро истифода барем ва “соатҳои иловагӣ” ба даст орем! Гузашта аз ин, 24 соате, ки ба мо ҳар шабонарӯз дода мешавад, агар нек андеша кунем, то куҷо соҳиби як ганҷи бебаҳо ва сарвати ҳангуфт буданамон маълум мешавад. Месазад, ки ҳар як ҷавон аз ҳамин зовия ба рӯзгораш нигарад. Яъне ба ӯ ҳар рӯзе 24 соат ҳадя мегардад. 24 соате, ки бо анҷоми корҳои хубу созанда ва бароямон муфид мешавад ба тилло табдилаш дод. Баракс бо анҷоми корҳои ношоиста, бемақсаду ҳадаф метавон он 24 соати қиматро носипосона ба дасти бод дод. Ниҳояти калом, вақтамонро чи гуна мегузаронем - босамар ё бесамар ба иродаи мо вобаста аст. Ва ҳар навъе, ки истифода набарем, мегузарад. Биёд, пас, коре кунем, ки не носипос бошем, не аз ганҷи қимате маҳрум бимонем. Башир УСМОН, “ҶТ”
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
ҲУНАР
Муҳаббат доштан ба ҳунар инсонро ҳамеша сарбаланду сарфароз мегардонад. Зеро тавассути он ҳар кас метавонад, ки фатҳи қуллаи мурод намояду ҳаёти шоистаеро баҳри худ бунёд созад.
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Ҳунарманд дорои сабку услуби худ бошад Рақс аз ҳунарҳое дониста мешавад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он бештар шуда аст. Рақс танҳо дастҷунбонию абрӯпаронӣ нест. Ин ҳунар ба роҳе шабоҳат дорад, ки бо пайроҳаҳои пурпечутоби он на ҳар кас метавонад тай намояд. Қуллаест мушкилрас, ки ҳар кас наметавонад онро фатҳ созад. Баҳрест пурхурӯшу пурталотум, ки на ҳар кас метавонад ба соҳили мурод расад. Пас он фалсафаи зиндагист, саропо розу хирад ва дунёест зебову пуробуранг. Дар рақс на ҳар кас ба қадри лозима муваффақ мешаваду номдор. Нафароне, ки саҳми худро дар рушди ин ҷода гузоштаанд, хеле каманд. Яке аз нафароне, ки дар дунёи рақс мақому манзалати хосаи худро дорост, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Ватанова мебошад. Вақте аз ӯ пурсидем, ки ҳунарманд кадом вақт худро муваффақ меҳисобад, иброз дошт, ҳар ҳунарманд, махсусан дар соҳаи рақс, вақте меҳнати зиёд менамояду барои пешкаши як рақс чи қадар вақт сарф менамояд, ҳамон лаҳзае ки онро пешкаш сохт ва ҳунараш аз тарафи мардум пазироӣ гардида, бо дили гарму чеҳраи кушоду қарсакҳои осмонбӯс қабул мегардад, ана, ҳамон лаҳза ҳунарманд муваффақ мешаваду худро хушбахт ҳис мекунад. – Чун ҳунарманд аз фаъолиятам қонеъ нестам. Чунки ҳунарманд дар он ҳолат ҳунарманди асил аст, ки ҳеҷ вақт аз кори худ қаноатманд набошад. Зеро ин ҷода низ эҷод асту пайи ҳам чизҳои нав эҷод менамоед. Дар баробари ин тамошобин аз эҷодкор доим чизҳои навро интизор аст. Шукронаи истиқлолият мекунем, ки имрӯз дастгириҳо нисбат ба ҳунармандон ва махсусан соҳаи рақс хеле зиёд асту тамоми шароитҳо фароҳам. Аз ин шароиту имкониятҳо бояд истифода намоему бо эҷоди чизҳои нав тамошобинро қаноатманд созем, - мегӯяд Хайринисо Ватанова. Ба назари ӯ, ҳунарманди соҳаи рақс пеш аз ҳама бояд ҳусну ҷамоли зебо ва дар баробари ин дарки хуби мусиқӣ дошта бошад. - Шумо аз нафароне маҳсуб мешавед, ки дар ҷодаи рақс муваффақед. Сирри комёбии
Шумо дар чист? - Фикр мекунам, ки ҳар ҳунарманд аз пеши худ чизе шуда наметавонад. Ҳар нафар бо вуҷуди он ки шавқу завқ дорад, бо вуҷуди он ки нафаре дастгиру мададгораш аст, дар баробари ин боз нафареро тақлид мекунад. Ҳамин тавр дар ҷодаи пешанамудааш муваффақ мешавад. Банда чун завқу шавқи ҳунарманди соҳаи рақс шудан доштам, ин ҳунари зебоипарастиро дӯст доштаму дар ин ҷода ба ҳунарманд Малика Қаландарова тақлид менамудаму мехостам, ки мисли ӯ бошам. Хоҳиши онро доштам, ки мисли ӯ муваффақу дӯстдори мардум гардам. То чанд муддат тақлид кардам. Баъдтар фаҳмидам, ки дар ҳар соҳае, ки набошад, ҳар ҳунарманд бояд ки роҳ ва сабку услуби худашро дошта бошад. Кӯшиш кардам, ки маро мардум бо маҳорату ҳунари хоси худам шиносанд. Талош кардам, то тавассути ҳунарам санъати рақси дӯстдоштаниро ба ҷодаи баландаш бирасонам. Ҳамин тавр ҳам шуд, ки ман пеша намудам сабку услуби махсуси худро. Ин барои ҳар нафар баҳри муаррифӣ шудану дӯстдори халқ гардидан мусоидат менамояд. Бештар кӯшиш менамудам, ки бо пироҳани миллӣ ва бо ҳамон мусиқии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ намоям. Ба назарам ҳамин чизҳо буд, ки дар роҳи санъати рақс то андозае комёб гардидам. - Ба назари Шумо рақс чист ва чӣ гуна тавонистед, ки муаррифӣ шавед? - Рақс ҳунарест, ки онро на ҳар кас ҳис мекунад, мебинад ва наметавонад, ки дарк намояд. Чунки рақс гуфтугӯи қудсӣ бо осмон ва нидои замину осмон мебошад. Касе ки рақсро мефаҳмаду ҳис мекунад ва ба ин олам ворид мешавад, он нафар метавонад, ки зебоӣ ва бузургии олами зебоипарастиро бо дарки баланд пешкаш намояд. Барои дар ҷодае пайдо шудану мондан, пеш аз ҳама мақсад доштан даркор. Махсусан, соҳаи рақс ки дар назар осон менамояд, вале бисёр ҳам як роҳи пурпечу тоб аст. Бахусус барои бонувон. Вақте мақсад гузошта шуд, бояд то охир барои фатҳи қуллаи мурод талош карду заҳмат кашид. - Вобаста ба вазъи имрӯзаи
санъати рақс чӣ назар доред? - Вазъи имрӯзаи санъати рақс хеле хуб аст. Нисбат ба чанд соли пеш айни замон хеле беҳтар мебошад. Зеро дастгириҳо дар ин самт зиёд мебошад. Дар баробари ин, меҳру муҳаббати мардум нисбат ба ҳунари мазкур зиёд гардида истодааст. Чуноне ки мебинем, имрӯз гурӯҳҳои рақсии гуногун фаъолият намуда истодаанд ва ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки дӯстдорони ин ҳунар бештар гардидааст. Замоне ки қадамҳои аввалини худро дар соҳаи рақс дар саҳнаи бузург ниҳодам, он солҳо хеле мушкил буд. Зеро на ҳар кас соҳаи рақсро интихоб мекард. Чунки он вақт назари мардум нисбат ба санъати рақс дигар хел буд. Аммо ҳоло хушбахтона андешаи мардум дар бораи санъати мазкур дигар шуд. Фикр мекунам, акнун вақте расидааст, ки гурӯҳҳои рақсӣ ва ҳунармандони соҳаи рақс бояд сабку услуби махсуси худашонро дошта бошанду тақлид накунанд ва бо ҷустуҷӯҳо санъати рақсии миллиро тавассути дунёи эҷодии худ пешкаши дӯстдорони соҳа намоянд. Аз ин ҳам дида, бояд боз ҳам бештар фаъолият намуду талош кард. Танҳо тавассути заҳмату меҳнати самимона мо метавонем, ки рақси миллиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.
8
Ғалабаи «Ҳосилот» бар “Шоҳин Осмоӣ” Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат, дар бозии аввали даври интихобии Ҷоми КФО-2017 бар дастаи “Шоҳин Осмоӣ”-и Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
Бозӣ 31 январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 35 зад. Бозии ҷавобии дастаҳо 7 феврал соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бозии дигари даври интихобӣ миёни дастаҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Балкан” (Туркманистон) мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.
ДУНЁИ ВАРЗИШ
ШОДИХОНИ НАЗАР
Мухлисон футболро аз “Футбол” тамошо мекунанд
Бахшида ба Соли ҷавонон Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шабкаи телевизионии “Футбол” таъсис диҳад. Ба иттилои хадамоти матбуотии ФФТ, шабкаи “Футбол” рӯзҳои наздик ба кор оғоз мекунад ва аввалин шабакаи махсус дар кишвар хоҳад буд ва барномаҳо дар формати муосири телевизионии HD пешниҳод мешаванд. Аз нигоҳи масъулини соҳа ин иқдом саривақтист ва метавонад баҳри оммавияти варзиш дар кишвар, махсусан, футбол саҳм гузорад. Айни ҳол дӯстдорони футбол ҳадс мезананд, ки ҳарчанд телевизиони “Варзиш” ҳамчун шабакаи соҳавӣ фаъолият мекард, буданд бозиҳое, ки саривақт пахш намешуданд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани як шабакаи дигари соҳавӣ дар кишвар шояд миёни шабакаҳо рақобати солим ба миён ояд ва варзиши кишвар дар сатҳи зарурӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа таҳлил карда мешавад.
Алӣ Шариф, шореҳи шинохтаи варзиш зимни суҳбат иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ФФТ-ро саривақтӣ арзёбӣ намуд: “Иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ФФТ ҷиҳати рушди бемайлони футбол дар Тоҷикистон қадами шоиста хоҳад буд. Ба ин васила метавонем дар рушди футбол як такони ҷиддӣ гузорем. Чунки тамоми нуқсону камбудиҳои федератсияҳои мамлакат, бошгоҳҳо ва мактабҳои футболи кишварро имкони таҳлил намудан ба миён меояд. Ба кори мо шореҳон низ талабот меафзояд. Сифати беҳтар сухан гуфтану назару андешаи муфассалу дақиқро ба таври касбӣ ба бинанда пешниҳод намудан ба миён меояд ва миёни масъулин ҳам баҳри пешрафти кор як фазои рақобат ба миён меояд. Як самти асосии
Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм президенти КМОТ интихоб шуд кори тақвият додани шореҳон, ки муҳиму аввалиндараҷа аст, дар ҳамоҳангӣ пайдо кардани коршиносони соҳибтаҷрибаи донандаи забони хуби давлатӣ ба амал меояд. Ин барои таблиғи забони давлатӣ нақши созгор дорад. Барои тарбияи ҷавонон, ки футболро дӯст доранд, минбарҳои бештари гуфтугӯӣ зиёд мешавад ва камбудиҳою нуқсонҳо сари вақт рафъ мешаванд. Телевизиони “Футбол”, ки ба фаъолият оғоз кард, дар телевизиони “Варзиш” имконияти шарҳу таҳлили дигар намудҳои варзиш зиёд мегардад”. Тибқи иттилои ФФТ шабакаи “Футбол” бозиҳои тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Лигаи миллии футболи Тоҷикистон – лигаи олӣ, лигаи аввал, чемпионат ва мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё – Лигаи чемпионҳои КФО, Ҷоми КФО, Чемпионати Осиёро намоиш медиҳад. Дар ин шабака, ҳамчунин бозиҳои Лигаи чемпионҳои UEFA, Лигаи Аврупо, Премер-лигаи Англия, Ла-Лига (Чемипионати Испания), Серияи “А” (Чемпионати Италия), Бундеслига (Чемпионати Олмон), Лигаи 1 (Чемпионати Фаронса) ва дигар мусобиқаҳои Аврупоро метавон дид. То ин вақт рақобату бозиҳои тимҳои лигаи якуму дуюм ва ҳатто лигаи олии кишвар намоиш дода намешуд. Танҳо натиҷаи бозии онҳо дар барномаҳои иттилоотӣ пешниҳод мегардид. Дар ҳоли ифтитоҳ шудани шабакаи “Футбол” ва пахш гардидани бозиҳои лигаҳои аввал, якум ва дуюм чеҳраҳои нави футбол ба бинанда муаррифӣ мегардаду кори мураббиён ва кулубҳо таҳлил мешавад. Инчунин бинанда тариқи ин шабакаи телевизионӣ бо ҳаёту фаъолияти ситораҳои футбол, клубҳо ва дастаҳои мунтахаб ошно мешавад. Муҳаммадсафои Ҳасан, сармуҳаррири идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии телевизиони “Тоҷикистон” таъкид намуд,
ки имрӯз насли наврасу ҷавон ба варзиши рақами як - футбол таваҷҷуҳи махсус доранд. Футбол ваҳдати миллатҳост. Дӯстдори футбол дӯстдори ваҳдат аст. “Дар ҷаҳони муосир таззодҳои терроризму экстремизм миёни ҷавонон
ба авҷи аъло расидааст. Тадбири андешидашуда яке аз василаҳои хубе баҳри садди роҳи амалҳои номатлуби ҷавонон гаштан аст. Умед меравад, шабакаи навтаъсис барномаҳоеро роҳандозӣ мекунад, ки оммавӣ будани футболро исбот намояд. Таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавонро ба ин намуди варзиши дӯстдоштанӣ бештар кунад. Барои ин таҳияи барномаҳое лозим аст, ки бевосита робита бо бинанда дошта бошанд. Шавқу рағбати насли наврасу ҷавонро ба ин намуди варзиш бештар намоянд, то ин омили рушди футболи тоҷик гардад. Тавре аз пурсишҳои тамошобинон бармеояд, феълан мардум бештар ба намудҳои варзиши футбол, гӯштини миллӣ, дзюдо таваҷҷуҳи бештар доранд. Аз ин лиҳоз, баъди таъсиси шабакаи «Футбол” телевизиони “Варзиш”-ро мебояд дар бораи дигар намудҳои варзиш барномаҳояшро бештар кунад». Феълан корҳои омодагӣ барои пахши барномаҳо дар телевизиони “Футбол” идома дорад. Кушода шудати телевизионе бо номи “Футбол” орзуи деринаи мардуми футболдӯсти тоҷик буд ва барои амалишавии ин орзу рӯзҳое ба шумор мондааст.
26 январ дар меҳмонхонаи "Лотус”-и шаҳри Душанбе Ассамблеяи XVI генералии ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузо гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бори сеюм ба муҳлати чор сол президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид. Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМОТ, дар бораи фаъолияти Кумитаи олимпӣ дар давраи солҳои 2013-2016 ҳисобот дода гуфт: “Бузургтарин чорабинии давраи ҳисоботӣ Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразиля ба ҳисоб мерафт, ки аз 5-ум то 21-уми август баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо шумули ҳафт варзишгар дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ - иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд, дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост”. Ҳайати нави кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишвар 13 нафар, ба ҷуз Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду ноиби ӯ, котиби генералӣ ва мудири кулли КМОТ, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ - футбол, бокс, варзиши сабук, таэквондо ВТФ, дзюдо, қайиқронӣ, инчунин ассотсиатсияҳои намудҳои зимистонаи варзиш ва олимпичиёни Тоҷикистон интихоб шуданд. Бар асоси Оинномаи КМОТ бо пешниҳоди Президенти Кумитаи олимпӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Шамсулло Соҳибов, раиси Ассотсиатсияи намудҳои варзиши зимистона ноибони Президенти КМОТ ва Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералии КМОТ интихоб шуданд.
Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”
Лижаронҳои тоҷик дар Универсиадаи ҷаҳонии зимистона иштирок доранд 29-уми январ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон маросими ифтитоҳи Универсиадаи XXVIII ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дар шаҳри Алмаато бори аввал дар таърихи универсиадаҳои зимистона деҳаи варзишӣ барои панҷ ҳазор нафар бунёд ёфтааст. Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиада дар ҳашт иншооти варзишӣ баргузор мешавад, ки дутои он – маҷмааҳои яхини "Алматӣ Арена" ва "Халик Арена" - махсус барои Универсиада сохта шудаанд. Дар ин бозиҳои донишҷӯёни олам беш аз ду ҳазор варзишгари аз 17 то 28-сола аз 55 кишвар ширкат доранд, ки барои 86 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 12 намуди варзиш то рӯзи 8-уми феврал рақобат мекунанд.
Ба барномаи Универсиада-2017 биатлон, варзиши лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, рақси рӯи ях, сноуборд, фристайл, шорт-трек ва хоккей дохиланд. Дар ин мусобиқа се лижарон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик бори аввал дар Унивесиадаи ҷаҳонии зимистона ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се лижарон – Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов, инчунин мураббӣ Саидакбар Эшонов шомиланд.
9
Чор бохти “Истиқлол” дар бозиҳои санҷишӣ Чемпиони футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе машғулиятҳои тамриниву омӯзишиашро дар Туркия бо бохт ба дастаи “Енисей”-и Красноярски Русия ба наҷом расонд.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
Футболбозони рус бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. “Истиқлол” дар Туркия дар чор бозии санҷишӣ шикаст хурд. Қаблан шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев бозиро бо тимҳои “Интер”-и Озарбойҷон (1:3), “Қайсар”-и Қазоқистон (1:2) ва “Пандурий”-и Руминия (0:1) бохта буд.
√ МАЙДОНИ
ДУНЁИ ВАРЗИШ
САБЗ
Роналдо - беҳтарин футболбози соли 2016 Вақте дар оилаи Авейрои португалӣ тифл ба дунё омад, барои гузоштани номи ӯ падару модараш бисёр баҳс карданд. Модараш Маря Долореш дос Сантос Авейро мехост, ба писараш номи Криштианро монад. Азбаски падараш Жозе Диниш Авейро мухлиси ашадии филмҳои классикии амрико буд, орзу дошт, ки ба писараш номи ҳунарманди машҳури амрикоӣ Роналд Рейганро монад (40умин президенти ИМА). Баъди баҳси тӯлонӣ онҳо ба қароре омаданд, ки номи тифлро Криштиан монанд. Кириштиан Роналдо дос Сантос Авейро 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали ҷазираи Мадейра таваллуд шудааст. Роналдо дар оила чорумин фарзанд маҳсуб ёфта, як бародар Уго ва ду хоҳар Елма ва Лилиана Кейт (овозхон) дорад. Дар ҳаштсолагӣ, бо кӯмаки падараш ӯ ба дастаи ҳаводорони "Андориня" пайваст. Дар соли 1995 Кириштиан бо дастаи маҳаллии "Насонал" шартнома баст ва ин тим дар мусобиқаи маҳаллӣ пирӯз шуд. Роналдоро барои санҷиш дастаи "Спортинг" серӯза даъват намуд. Баъди дидани бозии Роналдо дастаи "Спортинг" ба қароре омад, ки бо ӯ шартнома бандад. Кириштиан соли 1997 ба академияи ҷавонони "Спортинг" дохил шуд. Дар таърихи тими “Спортинг” Роналдо ягона шахсе буд, ки дар даста байни 16, 17, 18-солаҳо ва дар ҳайати асосӣ бозӣ кардааст. 15 августи соли 2001 Кириштиан дар бозии рафиқона бо тими “Атлетико” дар қисми дуюми
бозӣ бори нахуст дар ҳайати дастаи асосии “Спортинг” ба майдон баромад ва ду гол вориди дарвозаи ҳариф кард. Ҳамон сол ӯ дар тими мунтахаби ҷавонони Португалия барои ҷоми Аврупо байни футболбозони то 17-сола рақобат кард. Вақте ки Роналдо 16-сола буд, ӯро Жерар Уле, сармураббии дастаи “Ливерпул”-и Англия хост ба даста шомил намояд, аммо кулуби “Ливерпул” розӣ нашуд ва сабабашро чунин шарҳ дод: “Криштиан ҳоло хурд аст ва ӯ омода нест барои бозиҳои касбӣ. Барои ӯ вақт лозим аст ва мо наметавонем ин футболбози хурдро харидорӣ намоем”. Тобистони соли 2003 бахшида ба кушодашавии варзишгоҳи "Жозе Алваладе" дар шаҳри Лиссабон дастаи “Спортинг” бо “Манчестер Юнайтед” вохӯрд. Дар ин бозӣ “Спортинг” тавонист рақибашро бо ҳисоби 3:1 шикаст диҳад. Баъди тамошои бозӣ сармураббии дастаи “Манчестер Юнайтед” А л е к с Фергюсон ба бо- зингари партугалӣ мароқ з о ҳ и р намуд. Баъди мавсими
2002/2003 Фергюсон Роналдоро ба маблағи 12,24 млн. фунт харид. Роналдо дар таърихи Португалия аввалин футболбозе мебошад, ки бо дастаи “Манчестер Юнайтед” шартнома бастааст. Кириштиан хост дар даста таҳти рақами 28 бозӣ кунад (дар “Спортинг” бо рақами 28 бозӣ мекард). Аммо Алекс Фергюсон ба ӯ рақами ҳафтро пешниҳод кард. 16 августи соли 2003 Роналдо бори нахуст аз ҳайати асосии дастаи “Манчестер Юнайтед” бар муқобили “Болтон Уондерерс” баромад намуд. Аввалин голи худро дар бозӣ бо дастаи “Портсмутом” 1 ноябри соли 2003 зад ва бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расид. 29 октябри ҳамон сол Роналдо голи
1000-уми дастаи “Манчестер Юнайтед”-ро дар лигаи Англия ба дарвозаи “Мидлсбро” ворид намуд. Дар мавсими 2004/2005 ва 2005/2006 Роналдо аз тарафи FIFPro (Федератсияи футболи байналмилалии ассотсиатсияҳои бозингарони касбӣ) бо мукофоти беҳтарин футболбози ҷавон қадрдонӣ гардид. Марти соли 2007 дастаи “Реал Мадрид”-и Испания барои Роналдо омода буд, 80 млн. евро (54 млн. фунт) пардохт намояд. 13 апрели ҳамон мавсим Криштиан бо дастаи “Манчестер Юнайтед” барои 5 сол шартнома баст. Маблағи бозингари португалӣ дар як ҳафта 120 ҳазор фунтро ташкил медод ва дар таърихи дастаи “Юнайтед” қиматтарин бозингар ба ҳисоб мерафт. Оғози мавсими 2007/2008 барои Роналдо нокомӣ пеш овард. Дар бозӣ бо тими “Портсмутом” Роналдо Ричард Хюзмаро бо сар зад ва довари бозӣ ширкати ӯро дар се бозӣ м а ҳ ру м кард. Роналдо ягона хеттрики худро 12 январи соли 2008 дар варзишгоҳи “Юнайтед” (Олд Траффорд) ба дарвозаи “Нюкасел” қайд намудааст. 19 марти ҳамон сол Алекс Фергюсон Роналдоро
ҳамчун капитани даста ба майдон баровард ва дар ин бозӣ дастаи “Болтон” бо ҳисоби 2:0 шикаст х у р д (ҳар ду голр о Роналдо зад). Соли 2008 Роналдо бо гирифтани 446 овоз соҳиби “Тӯби тиллоӣ” гашт. Дар таърихи дастаи “Юнайтед” Роналдо чорумин футболбозе мебошад, ки ҷоизаи ФИФАро дар 40 соли охир ба даста овардааст. 12 январи соли 2009
Криштиан Роналдоро Федератсияи футболи байналмилалӣ (ФИФА) беҳтарин футболбози соли 2008 эълон намуд. 11 июни соли 2009 “Реал Мадрид”-и Испания барои харидории Роналдо 80 млн. фунт стерлинг (93,4 млн. евро) таклиф намуд ва тими «Манчестер Юнайтед» ин пешниҳодро пазируфт. Тобистони соли 2009 Роналдо ба ҳайати асосии “Реал Мадрид” шомил шуд. Кириштиан дар таърихи футбол қиматтарин футболбози ҷаҳон ҳисобида шуд. (“Реал” Зайнидин Зиданро соли 2001 аз дастаи “Ювентус” ба маблағи 76 млн. фунт харидорӣ намуда буд). Дар дастаи “Реал” Роналдо голи аввалинашро ба дарвозаи “Депортив” ворид намуд. Бозингари португалӣ аввалин хет-трики худро дар лигаи Испания ба дарвозаи “Депортив” қайд кард. 8 майи соли 2012 Криштиан ба дарвозаи “Малага” гол зад, ки 200-ум голаш буд. Мавсими 2012/2013 дар Лигаи қаҳрамонҳо бо задани 12 тӯб беҳтарин нишонзан гардид. Соли 2013 Криштиан тавонист рекорди навро дар саҳифаи таърихи футбол кушояд. Ҳисоби голҳои вай дар 1 сол ба 69 расид (аз и н
п е ш Златан Ибрагимович, бозингари швед бо 47 гол ва Мессӣ бо 45 гол дар ҷои аввал меистоданд). 30 сентябри соли 2015 дар бозии гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо Роналдо тавонист ба дарвозаи “Малмиё” гол зада, 500-ум голро дар карйерааш қайд намояд. Дастаи “Реал” эълон намуд, ки бозингари португалӣ дар 308 бозӣ тавонист 323 тӯб вориди дарвозаи рақибон намояд ва дар таърихи даста беҳтарин зарбазан дониста шуд. (Райл - ҳамлагари
ШАҲБОЗИ АСОМИДДИН
“Реал” дар 741 бозӣ 323 гол зада буд). Роналдо дар тамоми карйераш 957 бозӣ анҷом дода, ба дарвозаи рақибон 632 гол задааст. Бозингари 31-солаи партугалӣ чор маротиба тӯби тиллоиро соҳиб гардидааст. (2008, 2013, 2014 ва 2016). Бо дастаи “Манчестер Юнайтед” се бор қаҳрамони Англия (2006/2007, 2007/2008, 2008/2009), як бор Ҷоми Англия (2003/2004), ду бор Ҷоми футболи Англия (2005/2006,2008/2009), як бор Ҷоми Аврупо (2007), як бор Абарҷоми Англия (2007), як бор чемпиони ҷаҳон миёни кулубҳо (2008)-ро сазовор гардидааст. Роналдо то имрӯз бо “Реал” як бор унвони чемпиони Испания (2011/2012), ду бор Ҷоми Испания (2010/2011, 2013/2014), ду бор Ҷоми қаҳрамонҳо (2013/2014, 2015/2016), ду бор Абарҷоми Аврупо (2014, 2016), як бор Абарҷоми Испания (2012), ду бор чемпиони ҷаҳон миёни кулубҳоро (2014, 2016) соҳиб гаштааст. Дар тими мунтахаби Португалия Роналдо 136 бозӣ анҷом дода, 68 гол задааст. Кириштиан бо тими Португалия як бор медали нуқраи ҷоми Аврупо (2004), як бор медали биринҷии Ҷоми Аврупо (соли 2012) ва як бор ғолиби чемпионати Аврупо (соли 2016) гардидааст.
Соли 2016 дар шаҳри Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб бори сеюм ӯро бо ҷоизаи «Globe Soccer Awards», ки аз соли 2010 ба беҳтарин бозингари ҷаҳон бо раъйдиҳии Ассотсиатсияи аврупоии агентҳои футбол (ЕФАА) ва Ассотсиатсияи клубҳои футболи Аврупо (ЕСА) муайян мекунанд, сазовор донистанд. Инчунин, Агентии иттилоотии кишварҳои Аврупо ӯро беҳтарин варзишгари соли 2016-и Аврупо эълон кард. Чунин дастовардҳоро дар як сол дар таърихи футболи ҷаҳон ягон варзишгар соҳиб нагаштааст.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН
Мақоми якуми Душанбе дар харитаи сайёҳии “Mastercard” Маҷаллаи сайёҳии "34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати "Mastercard” рӯйхати 5 шаҳри дар ҳоли ҳозир аз лиҳози таваҷҷуҳи сайёҳон камодамро, ки дар оянда метавонанд ба самтҳои асосии ҷаҳонгардӣ табдил биёбанд, нашр кард. Муаллифони ин раддабандӣ дар ҷои аввал шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро гузоштаанд. Дар ин рӯйхат ҳамчунин София - пойтахти Булғористон, Бухарест - пойтахти Руминия, шаҳри Касабланка ё Дор-ул-Байдои Марокаш ва шаҳри Бостони Амрико низ дар ҷумлаи шаҳрҳое, ки имрӯз туристи зиёд надоранд, вале шонси табдил ёфтанашон ба "Макка”-ҳои нави ҷаҳонгардӣ бузург аст, зикр шудаанд. Маҷаллаи "34travel” дар шарҳи интихоби Душанбе ба унвони яке аз шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор менаависад, "Тоҷикистон то ҳол кишвари аз ҳама камтуристи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Дар шаҳрҳои қадимаи Роҳи Абрешим издиҳоми сайёҳон кам ба назар мерасад. Табиати кӯҳистонаш поку ором аст. Вале агар шумо мехоҳед аз тамоми хубиҳои набуди саноати туризм баҳра баред, беҳтар аст ки саёҳати худро ба ин ҷо зудтар ба нақша гиред”.
Волидон намуна бошанд Ҳар Паёми Пешвои миллат бо дарназардошти воқеияти замон таҳияву ироа гардида, дар он ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таври густурда мавриди баррасиву таҳлил карор мегиранд. Ҳамин аст, ки ҳар як Паёми Президент бо садои дили мардум ҳамнаво мегардад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2016) таъкид намуданд, ки “масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд”. Масъалаҳои таъкидкардаи Пешвои миллат дар замони муосир аҳамияти актуалӣ доранд. Зеро замони муосир замони бархурду муборизаҳои геполитикиву иттилоотӣ ва фарҳангӣ буда, дар ин муборизаҳо силоҳи асосии ҷомеаи суннатии мо фарҳанг, маънавиёт ва ахлоқ аст. Дар заминаи ҳамин арзишҳо тарбия кардани насли наврас вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Басо мантиқист, ки соли 2017-ро Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон карданд. Аслан гирем, дар тамоми масири сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои мо ба ҷавонон таваҷҷуҳи аввалдараҷа дода шуда, нақши сазовори онҳо дар бунёди ҷомеа таъкид мегардад. Ин бесабаб нест, зеро аксари аҳолии мамлакати моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои созандагиву бунёдкорӣ саъю талоши зиёд карда мешавад. Дар ин раванд Роҳбари мамлакат ба нерӯи созандаи ҷавонон ҳамчун ояндаи миллату давлат такя мекунад. Таваҷҷуҳи хосаи Президент ба ҷавонон аз ҳамин сарчашма мегирад. Дар робита ба ин дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки: “Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.” Хуб аст, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ҷавонони худшиносу худогоҳ, ҳушманду закӣ кору фаъолият мекунанд ва дар рушди Ватани азизамон нақши барозанда доранд. Тарғибу ташвиқи ҷавонони муваффақ яке аз самтҳои фаъолияти расонаҳо бошад, то дар роҳи расидани ҷавонони дигар ба рӯзгори хуш роҳнамоӣ шавад. Талош барои рӯзгор ва маърифати боз ҳам боло аз маромҳои ҷавонон бошад. Дар ин роҳ оила ва мактаб бояд аз ҳама имкониятҳо истифода баранд: “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд”. Ин нуктаро ба наврасон ва ҷавонон ҳамеша бояд таъкид кард ва дар ин кор волидон намуна бояд бошанд.
Дилафрӯзи АБДУСАЛОМ, муаллимаи кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ
Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои низоми сиёсӣ ба шумор меравад, зеро дар он Сарвари давлат тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода, раванди фаъолияти сохторҳои ҳукумати кишварро барои соли нав муайяну муқаррар месозад, ки ҳар фарди кишварро барои созандагӣ ва ҳаёти осоиштаву шоистаи инсонӣ ҳидоят менамояд.
Ҷавонон худро барои пойдории суботи кишвар масъул донанд Дар баробари таҳлили тамоми соҳаи ҳаётан муҳими кишвар Сарвари давлат ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, иброз дошт, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Дар ҳақиқат, та-
вассути ВАО маълум мегардад, ки мутаассифона, зуҳури гуруҳҳои ифротӣ ва амалҳои терористӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёд гардидааст. Гуруҳҳои ифротгарову созмонҳои терористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амнияту суботи аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Ин гуруҳҳои хунхор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб карда, ҳаёти онҳоро месӯзонанд. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ мондани набарди умумимиллӣ метавонад ҳамчун мубориза бо ин тафаккур бошад. Раванди ба гуруҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароён ва хусусан пайравони гурӯҳи терористии ба ном «Давлати исломӣ» роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу
ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои шомил шудани бештари ҷавонон ба ин гурӯҳ ба шумор меравад. Ваҳшонияте, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ инсониятро фаро гирифтааст, дар таърих назир надорад. Амалҳои бераҳмонаи ифротиён, бахусус созмони террористии ДИИШ, ки на ба кӯдакону занон ва на ба пиру ҷавон заррае раҳм надошта, боиси марги ҳазорҳо афроди бегуноҳ гаштаанд. Манзараи қатлу кушторҳои бераҳмона, овораю сарсон ва гуреза гардидани мардуми бегуноҳ аз ҷумла модарону кӯдакон ҷигари инсонро решреш мекунад. Президенти мамлакат вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои мулумонии Шарқро, ки ғарқи гирдоби терроризму экстремизм гардидааст, дар Паёми худ баррасӣ намуда, қайд намуд, ки «афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Мавриди зикр аст, ки гуруҳи ифротии «Давлати исломӣ» дар чанд соли мавҷудияташ бар баъзе минтақаҳои Ироқ ва Сурия даҳшатноктарин амалҳои зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниро ба намоиш гузошт, ки барои ҳамагон маълум аст. Онҳо баробари ишғоли шаҳрҳо чун қабилаҳои ваҳшӣ вориди осорхонаҳо шуда, тамоми ёдгориҳои ҳунариву фарҳангии бостониро аз байн бурданд. Ҷанги ваҳшиёнаи ДИИШ бо фарҳангу таъриху тамаддуни башарӣ дар шаҳри бостонии Полмирои Сурия башариятро ба ҳайрат гузошт, зеро онҳо ин шаҳри таърихии чандҳазорсоларо, ки аз даврони Ошӯриён ҳифз шуда буд, хароб намуданд. Бояд қайд намуд, ки умуман, набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият ба рушду ободӣ як ҷузъи унсурии моҳияти гуруҳҳои ифротгарои динӣ мебошад.
Паём – дастуре барои шароити беҳтари зиндагии ҷавонон Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 санаде ҳаст тақдирсозу сарнавиштсоз барои халқи сарбаланду мутамаддини Тоҷикистон ва хусусан ҷавонон. Паёмҳои Президенти кишварро ҷавонон ҳамчун роҳнамои кору зиндагии солона истифода
мекунанд. Зеро масъалаҳое, ки дар Паёмҳои Сарвари хирадмандамон баррасӣ мешаванд, ба беҳбудии зиндагии мо - ҷавонон равона гардидаанд. Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат нисбат ба насли ҷавон мебошад.
Соли ҷавонон эълон гардидани соли ҷорӣ мо - ҷавононро водор месозад, ки ба ҷаҳон бо назари нав, бо чашми хирад нигоҳ карда, баҳри пешравӣ, тараққиёт, ахлоқи ҳамида, ихтироъкориҳо ва эҷодкориҳо кӯшиш намоем. Ба насли калонсол ёрдамчӣ шуда, бо аз худ кардани илмҳои муосир ва хусусан забондонӣ насли сазовор ба воя
расида, ояндаи дурахшони ҷомеаи соҳибтамаддунамонро таъмин намоем. Инчунин, бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба
Онҳо таълимоти исломиро аз фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги исломӣ ҷудо карда, онро аз арзишҳои олитарине чун илм, огоҳӣ, раҳм, шафқат, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, некиву зебоӣ, созандагӣ ва ғайра холӣ мекунанд, ки бо таълимоти асили исломӣ мувофиқ нест. Гарчи маҳкум кардани фарҳангу тамаддунҳо дар назария ва таълимоти ифротгароён ҷойгоҳи марказӣ дорад, аммо таҷрибаи амалии ҳокимияти онҳо дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон моҳияти зиддифарҳангӣ ва зиддитамаддуниӣ доштани онҳоро комилан рӯшан сохтааст. Гуруҳи ифротгарои Толибони Афғонистон баробари ба ҳокимият расидан дар соли 1996 ба нобудсозии пайвастаи тамоми осори ҳунарӣ, таърихӣ ва тамаддунии ҳудуди ин кишвар оғоз намуд. Инчунин гуруҳи ифротгарои динии «Боко ҳарам» ва «аш-Шабоб», ки дар кишварҳои Нигерия, Сомалӣ ва Малӣ фаъолият доранд, соли 2011 пас аз ишғоли шаҳри таърихии Тумбакту қисми зиёди китобҳо ва дастхатҳои нодир дар Африқоро хароб ва аз байн бурданд. Мавриди зикр аст, ки омӯхтани сабабҳои воқеии гароиши мардум ва хусусан ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ хеле муҳим аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гароиш дар таркиби худ омилҳои ақидатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад ва омӯзиши он низ фақат бо воситаи ҷамъи коршиносони воқеӣ имконпазир аст. Хуб мешуд, дар ин самт нақши ҳар як омил дар шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои номатлуб аз тариқи илми муосир маълум карда мешуд. Таҳлилҳо нишон дод, ки агар як қисми ҷавононро фақру бекорӣ ба ин роҳ кашонад, дар мавридҳои дигаре чунин гароиш ба таъсирпазирии таблиғотӣ, дастнорасии таълимоти муътадили динӣ (бесаводии динӣ) вобаста мебошад. Барои ҳар ҷавон лозим аст, ки аз ин гуна гуруҳҳои ифротӣ эҳтиёт карда, фирефтаи даъватҳои бардурӯғи онҳо нагардад. Балки барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Холиддин МАТИНОВ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДИТ иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем. Маҳз дар ҳамин замина мо рушди иҷтисодиву иҷтимоии кишвар, ободиву шукуфоии онро таъмин карда, халқи худро ба зиндагии босаодат ва шоиста расонида метавонем.
Сарвиноз АЛИМОВА, хонандаи синфи 11-и МТМУ №8-и ноҳияи Рӯдакӣ
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 503 километр роҳҳои автомобилгард зарар дидаанд Худоёрзода Худоёр Завқибек, вазири нақлиёти Тоҷикистон, 30-юми январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаришуда азнавсозии роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг ба масофаи 88 километр бо 12 пул, 45 қубур ва дигар иншоот ба маблағи зиёда аз 340 миллион сомонӣ, таъмини асосии 10,5 километр роҳи мошингарди Рашт-Навобод ва як пул аз болои дарёи Сорбоғ ба маблағи 23 миллион, сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа (қисмати Ваҳдат-Ёвон) бо дарозии 40,7 километр бо 3 нақб бо дарозии 3,7 километр ва 5 пул бо маблағи 985 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. - Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар соли 2016 503 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи 16,4 миллион сомонӣ, 67 купрӯк ба маблағи 24,1 миллион сомонӣ ва 5 қубур бо маблағи 16,3 ҳазор сомонӣ зарар дидаанд, - афзуд Х. Худоёрзода.
√ ЭЪЛОН
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ 1. Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1630.90 сомонӣ. ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 1. Мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 991.70 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ; 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ; 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ; 5. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.2 сомонӣ; 6. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ; 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 8. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 9. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 10. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696.80 сомонӣ; 11. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 572 сомонӣ; 12. Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ. ВИЛОЯТИ СУҒД 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ -852.80 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Деваштич – 1 ҷой, маоши мансабӣ -811.20 сомонӣ; 3. Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 733.20 сомонӣ; 4. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истиқлол – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696.8 сомонӣ. ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН 1. Мутахассиси пешбари Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 733.20 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 811.20 сомонӣ. ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ 1. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ -811.20 сомонӣ; 2. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ -811.20 сомонӣ; 3. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 811.20 сомонӣ; 4. Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ -811.20 сомонӣ; 5. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ҳисор - 1 ҷой, маоши мансабӣ -696.80 сомонӣ; 6. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт - 1 ҷой, маоши
мансабӣ -665.60 сомонӣ; 7. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 8. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 9. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 665.60 сомонӣ; 10. Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 696.80 сомонӣ. ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1. Мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 733.20 сомонӣ. Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - ариза ба унвони роҳбари мақомот; - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - 2 дона расми андозаи 3х4; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ; - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда); - маълумотнома аз ҷои истиқомат; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН); - маълумотнома (справка-объективка). Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ. Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахши кор бо кадрҳо). Телефон: 236-41-87, 235-10-23. Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
11
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост… Ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд.
Дар Паём аз ҷумла чунин омадааст: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд». Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар ин самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Паёми Президенти кишвар барои ҷавонон дастурамали корӣ буда, дар маҷмуъ як китоби мукаммалест, ки барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ниҳоят зарур аст. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрӯз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад. Пешвои миллат махсусан таъкид карданд, ки ҳамасола барои ҷавони кишвар 100 ҳазор ҷои кори нав таъсис дода шавад. Дастоварди дигари нодире, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 тасдиқ гардидааст. Дар маҷмуъ, ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муайян карда шуданд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи онҳо уҳдадор ва масъул мекунанд. Вобаста ба ин дар самти кор бо ҷавонон чунин корҳоро бояд анҷом дод: - аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд; - масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд; - вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар самти тарбияи ҷавонон ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд. Хуллас, соли оянда ҷавонони кишварро рӯйдодҳои муҳиму хотирмон интизоранд. Месазад бо чунин мисраъҳои устод Лоиқ ба ҷавонони кишвар муроҷиат кард: Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост, Айни сабзидану шукуфтанҳост. Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст, Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст. Ҳикматулло ХОҶАЕВ, коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12
√ МАЪЛУМОТИ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
“ҶТ”
Зани рус Федора Василева аз соли 1725 то 1765 27 маротиба тифл ба дунё овардааст. 16 бор дугоник, 7 бор сегоник, 4 бор чоргоник. Танҳо 2 кӯдак дар хурдсолӣ вафот кардаанд.
www.oftob.org
Дониши молиявии аҳолиро баланд бардорем МАДИНА САИДШОЕВА
Солҳои навадуми асри гузашта барои оилаи Раҳматшоевҳо оғози марҳилаи нави кору пайкор ба шумор меравад. Гулос Раҳматшоев соли 1992 аз ноҳияи Ёвон ба Бадахшон кӯч баст ва тасмим гирифт, ки ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда, ризқу рӯзии хонаводаро пайдо кунад. Аммо санадҳои меъёрии дар он солҳо дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ба тасвибрасида таваҷҷуҳи ӯро бештар ҷалб намуду бо ҳамсараш рӯ овард ба тиҷорат. Ӯ имрӯз худро яке аз нафарони муваффақ мешумораду таҷрибаи кориашро омӯзанда. Инро аз суҳбат бо ин соҳибкори таҷрибаандӯхта ба осонӣ пай бурдан мумкин.
√ САВОЛИ
- Нахуст оид ба қадамҳои нахустини худ ба соҳаи тиҷорат ва соҳибкорӣ чанд маълумот диҳед. - Соли 1993 ширкати хусусиамро аз қайди давлатӣ гузаронида, аз шаҳрҳои Ош, Бишкек, Хуҷанд молҳои ниёзи мардумро ба Бадахшон оварда, мефурӯхтам. Чандин маротиба муфлисшавиву бебарориҳо низ иродаамро шикаста натавонист ва соли 1998 ҳамроҳи завҷаам ташкилоти ҷамъиятии “Мадина ва ҳамкорон”-ро ташкил додем. Баҳри пиёда сохтани чандин лоиҳа оид ба рушди ҷомеа ба кишварҳои хориҷ сафарҳо анҷом додаву дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат варзидам. Соли 2007 дар барномаи ҷонибдории манотиқи кӯҳистон ба ҳайси тренер-консултант оид ба рушди ҷомеа курсҳои омӯзишӣ мегузарондам. Баъдан фаъолияти худро ҳамчун машваратчӣ дар ташкилотҳои қарздиҳии хурд идома дода, Ташкилоти қарздиҳии хурди “Рушди Помир”-ро дар шаҳри Хоруғ ва “Рушди Дарвоз”ро дар ноҳияи Дарвоз таъсис додам. Минбаъд ҳамчун директори ташкилоти қарздиҳии хурди “Рушди Помир” фаъолияти худро идома дода, дар назди худ мақсад гузоштам, ки ин ташкилотро ба яке аз ташкилотҳои намунавӣ дар минтақа табдил хоҳам дод. Мақсади ягонаам ин буд, ки дар муддати 5 сол ин ташкилотро ба ташкилоти депозитӣ табдил дода, тавассути гузаронидани курсҳои молиявӣ маблағи зиёди мардумро дар ин ташкилот пасандоз намоям. Таҷрибаи асосии кориро дар соҳаи тиҷорат ҳангоми сафарҳои корӣ ба кишварҳои хориҷ андӯхтам. Соли 2015 бо кӯмаку дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ барои ҷавонони ноҳияҳои вилоят 107 грант ҷудо намуда, зиёда аз 400 ҷойи корӣ таъсис додем ва ин барномаҳо имрӯз хеле фаъолияти пурсамар доранд. Мавриди зикр аст, ки ба ғолибон маблағ дода намешавад, балки барои онҳо таҷҳизот оварда мешавад. Ба ҷавононе, ки соҳиби грантҳо гардидаанд, барои рушди тиҷораташон кӯмак расонида мешавад. Аксари ин ҷавонон аъзои иттифоқи карздиҳӣ ме-
гарданд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ин беҳтарин таҷриба аст. - Айни ҳол дар назди ташкилоти ҷамъиятии “Мадина ва ҳамкорон” курсҳои донишомӯзӣ фаъолият менамояд. Мақсад аз ташкили ин курсҳо дар чист? - Аввалан, мехоҳам донишу таҷрибаи андӯхтаамро ба ҷавонон омӯзам, то ҷавонон соҳиби донишҳои молиявӣ гарданд. Ба андеаши ман ҳар нафар новобаста аз он ки соҳиби кадом касбу кор аст, бояд ҳатман дониши молиявӣ дошта бошад. Дар даврони шуравӣ мардум, хоса сокинони ВМКБ ба кори бозору тиҷорат умуман сару кор надошт, дар бораи хариду фурӯши молу ашёи худӣ бошад, тасаввурот надоштанд. Баъзеҳо пулро начандон муҳим ва ҳатто мояи бадбахтӣ мешумориданд. Ба қавле ба “ками беғам” қаноат мекарданд. Ин буд, ки чунин муомилот дар замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ мардумро ба мушкилоти зиёд дучор намуд. Соҳибкороне буданд, ки дар муҳлати кутоҳ соҳиби маблағи кофӣ мегардиданд, аммо бо иллати нокифоя будани донишҳои молиявӣ он маблағҳоро ба осонӣ аз даст медоданд. Имрӯз тавассути бонкҳо маблағҳои зиёде ворид мешавад, аммо боз ҳам бо сабаби паст будани дониши молиявӣ онро барои гузаронидани ҳар гуна маъракаҳои боҳашамат ва ҷашну маросимҳои сермасраф хароҷот мекунанд. Мақсади асосии роҳандозии курсҳои омӯзишӣ ҳарчи бештар баланд бардоштану тақвият додани донишҳои молиявии аҳолӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мебошад. Ҳама шахс имкони пулдор шуданро дорад, хоҳиш низ. Танҳо бисёриҳо роҳҳои чӣ гуна онҳоро истифода бурданро намедонанд. Дар маҳалҳои дурдаст дастрасӣ ба иттилоот, донишҳои замонавӣ маҳдуд аст. Имрӯз мардумро мебояд, ки бо аз бар намудани донишҳои замонавӣ муносибаташонро ба зиндагӣ дигар кунанд. Сабаби муфлисшавии соҳибкорон, қашшоқии мардум, рӯ ба муҳоҷират
овардани ҷавонон низ дар сатҳи паст будани дониши молиявии онҳо мебошад. Ин курсҳо аз соли 2011 инҷониб фаъолият менамоянд ва то имрӯз зиёда аз 2000 нафар шахсони синну соли гуногун онро гузаштаанд. Ҳайати асосии ин курсҳо донишҷӯёнанд. - Чӣ бояд кард, то машғулиятҳо самараи хуб диҳанд? - Дар ҳама кор натиҷа хеле муҳим аст ва имрӯз вақти он расидааст, ки аз сухан ба амал гузарем. Мутаассифона, имрӯз аксари чунин чорабиниҳо рӯякӣ гузаронида мешаванд, мутасаддиёни тасодуфӣ ба онҳо ҷалб мегарданд. Баъзан роҳаброни ташкилоту идораҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чаро мардумро ба тренингҳои бепул даъват мекунему онҳо намеоянд. Ин ҷо дониш ва маҳорату малакаи тренерҳо, забондониву самимияти онҳо низ хеле муҳим аст. Ин сифатҳоро шунаванда дарҳол эҳсос мекунад. Умуман, имрӯз ҷавонон ташнаи иттилооту дониш ҳастанд. Тренингҳоро тавре бояд гузаронд, ки ғайр аз кофе-брейку хӯрокхӯрӣ боз шавқу ҳавас ва таассуроти зиёди дигар низ дар қалби онҳо ҷой гирад. Имрӯз қариб 60 % иштирокчиёни курсҳои мо дар бонкҳо пасандоз доранд, ки соле қабл ин нишондод хеле паст буд. Мутаассифона, аксари соҳибони пул нақшаи хароҷот доранду нақшаи даромад не. Ин аст, ки айни ҳол иштирокчиёни курсҳои мо тасмим гирифтанд, ки то 5 сол пулҳои худро пасандоз менамоянд. Масалан, як гурӯҳи мо аллакай 400 000 сомонӣ сандуқи қарздиҳӣ дорад. Соли 2015 клуби соҳибкорони “Васл”-ро ташкил кардем, ки қариб ҳамаи аъзои 8 гурӯҳи “Иттифоқи қарздиҳӣ” шомили ин клуб мебошанд. Сайқал додани донишҳои молиявии ҷавонон муносибати онҳоро ба ҳаёт тағйир медиҳад. - Соҳибкорони Бадахшон имрӯз ба чӣ бештар ниёз доранд? - Дар Бадахшон барои рушди соҳибкории хурду миёна имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Нархҳо дар бозорҳои
шаҳри Хоруғ хеле қиматанд. Масалан, тарбузро аз вилояти Хатлон бо нархи 3-5 сомонӣ харида, дар Бадахшон бо нархи 15-20 сомонӣ ба фурӯш мебароранд. Идораҳои марбута дар мавриди танзими нарху наво чорае андешида наметавонанд. Дар ҳамин гуна вазъият соҳибкороне пайдо шуданд, ки барои паст кардани нарху наво дар бозори истеъмолии шаҳр мусоидат намуданд. Имрӯз соҳибкорони ҷавони Бадахшон ба дастгирӣ ниёз доранд. Онҳо дар мавриди дастрас намудани тендерҳо мушкилӣ мекашанд. Онҳо пул доранд, аммо идея надоранд. Онҳо ба донорон ва сармоягузорон дастрасии кам доранд. Албатта сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ ба рушди соҳибкорӣ низ ҳамаҷониба мусоидат менамояд, танҳо аз шароитҳои мавҷуда бояд самаракон истифода намуда, сатҳи зиндагиамонро боло бардорем. Имрӯз мебояд, ки ҷавононро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ намоем, то онҳо низ ба ояндаи бузурги ватанамон боварӣ пайдо намоянд. Худи соҳибкорон низ ба хубӣ дарк намудаанд, ки бе донишҳои замонавӣ тиҷоратро пеш бурдан душвор аст.
- Дар оянда боз кадом накшаҳоро амалӣ кардан мехоҳед? - Ният дорам, аз ҳисоби клуби соҳибкорони “Васл” кооператив ташкил намуда, ба пастравии нархҳо дар бозор таъсир расонем. То охири соли 2017 аз ҳисоби гурӯҳҳое, ки курси “Донишҳои молиявӣ”-ро дар шаҳри Хоруғ хатм намудаанд, 4 ташкилоти қарздиҳиро аз қайди давлатӣ мегузаронем. Чунин курсҳои донишҳои молиявӣ ва биснезнақшаро дар тамоми қаламрави вилоят мегузаронем, зеро мақсади мо ҳамин аст, ки бояд дар ҳар хонавода ақаллан як нафар дониши молиявӣ дошта бошад. Барои ин ҳамкориҳоро бо роҳбарон ва аъзои иттифоқҳои қарздиҳӣ мустаҳкам кардан лозим ва онҳоро бояд муттаҳид созем. Нашри рӯзномаеро низ барои соҳибкорон дар нақша дорем ва ҳарчи бештар кӯшиш менамоем, то ҷойҳои корӣ барои ҷавонон муҳайё гарданд.
ШУМО, ПОСУХИ МО
Фахриддин Ҳисайнов, омӯзгори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе: - Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад", - гуфта буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили 10-солагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. Воқеан коррупсия дар баробари зуҳуроти номатлуби замон, ба мисли эктремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст. Барои дар оянда як насли хубу ободкор ва ба Ватан содиқ ба воя расонидан, бояд аввал коррупсияро нест кунем. Аммо барои аз миён бардоштани коррупсия мо бояд чӣ кор кунем?
Барои аз миён бардоштани коррупсия чӣ кор бояд кард? Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор: - Барои аз миён бардоштани корруписия чанд омилро бояд ба назар гирем: 1. Мубориза ба коррупсияро ба таври густурда ба роҳ мондан лозим. Зарурати он пеш омадааст, ки тарғибу ташвиқро бар зидди коррупсия аз кӯдакистонҳо, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ бо истифодаи васеи васоити ахбори омма ба роҳ монем. Он бояд мисли як барномаи давлатӣ бошад; 2. Ҳукумати электронӣ. Хубии ҳукумати электронӣ дар он аст, ки як одам ҳеҷ гоҳ бевосита рафта мустақиман бо нафари мансабдор
суҳбат карда наметавонад. Ҳар хизматгузорие, ки бошад, тавассути интернет сурат мегирад. Дар интернет ҳеҷ гоҳ шахси мансабдор ва ё корафтода навишта наметавонад, ки “ба ман пора деҳ” ё “ман пора медиҳам”. Ин воситае мебошад, ки имконияти пора доданро аз миён мебарад; 3. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бояд як ниҳоди мустақил бошад. Дар тобеияти Ҳукумати иҷроия карор надошта бошад. Дар сурати оҷонсии мустақил шудан метавонад бе ягон мамониат дигар сохторҳои қудратиро зери тафтиш қарор диҳад. Дигар ин ки маоши кормандони агентӣ зиёд карда
шавад, то ки онҳо худ пора нагиранду муҳтоҷи чизе набошанд. Дар ин сурат кормандони коррупсия муборизаро бомуваффақона ба анҷом мерасонанд; 4. Маош ва фоидае, ки мансабдорон ба даст меоранд, бояд зери назорати қатъӣ қарор дошта бошад; 5. Дар қонунгузорӣ як истилоҳ аст, “эҳтимолияти бегуноҳӣ”. Ба ақидаи ман, ҳар мансабдоре, ки ба кор меравад, бояд “эҳтимолияти бегуноҳӣ” ба ӯ иртибот надошта бошад. Яъне бархурд боят тарзе бошад, ки як нафар мансабдор ба идораи Ҳукумат ё ба кори давлатӣ меравад, пеш аз ҳама савол бояд гузошт, ки ба хотири чӣ меравад?
Тахминан гуфтан мумкин аст, ки он ҷо маош кам аст. Яъне вақте ба кор меравад, дар назар дорад, ки имкониятҳои барои зиндагиашро беҳтар кардан дар идора вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир мансабдорон натанҳо худашон, балки тамоми хешу таборашон дар бораи даромади солонаашон бояд маълумот диҳанд; 6. Мустаҳкам намудани ниҳодҳои демократӣ, конститутсионӣ, парламентӣ ва ғайримутамарказонии ҳокимият. Фикр мекунам, дар сурати ба назар гирифтани омилҳои мазкур, ба пуррагӣ ҳам набошад, сатҳи коррупсия дар кишвар хеле поён меравад.
13
Соли 2016 29 848 нафар ному насаб иваз кардаанд Давоми соли 2016 идораҳои нотариалии давлатӣ 472 537 амалиётро ба расмият дароварданд, ки аз ин ба буҷаи давлат 38 218 925 сомонӣ ворид гардид.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 469 168 санад, аз ҷумла 233 253 сабти таваллуд, 59 249 сабти таваллуди муҳталаш гузашта, 33 039 сабти вафот, 936 сабти вафоти муҳлаташ гузашта, 72 463 сабти никоҳ, 8891 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 30 535 сабти муқаррар намудани падарӣ, 953 сабти фарзандхонӣ, 29 848 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайд гирифта шуд.
√ СОЛИ
ПОЧТАИ “ҶТ”
2017 - СОЛИ ҶАВОНОН
Мушфиқи ҷавонон Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз, К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз. (Саъдӣ Шерозӣ) Омӯзгорӣ барои муовини директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Толибҷон Шехимов касби меросӣ аст. Қиблагоҳаш, Аълочии маорифи Тоҷикистон Асламбек Шехимов омӯзгор буд. Ҳамаи инсонҳои соҳибмаълумоти деҳаи Роҷ сабақҳои аввалини умрро аз ӯву ҳампешагонаш гирифтаанд. Маҳз меҳр ба касби падарӣ буд, ки Толибҷон пас аз хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ҳуҷҷат супурд. Чор сол дар ин маърифатгоҳи машҳур аз устодони сахтгиру донишманд Баҳром Рафиев, Умриҷон Зиёев, Отақул Низомов, Хоҷамаҳмад Муҳаммадиев, Неъматҷон Комилов, Ҳакимҷон Ҷанобилов, Барно Ашӯрова, Нигора Султонова сабақ омӯхт, асрори касби омӯзгориро дарк кард. Аз байни фанҳо риёзиётро интихоб карда, баъди хатми омӯзишгоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурд. Пас аз хатми донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кор кард. Сӣ сол аст, ки ҳар рӯзи умри Толибҷон аз мактаб оғоз мегардад. Мактаб барои ӯ хонаи меҳр, махзани дониш ва адабгоҳ аст. Қобилияти ташкилотчигӣ ва таҷрибаи арзандаи мавсуфро ба назар гирифта, чанд сол пеш вазифаи муовини директор оид ба тарбияро ба ӯ бовар карданд. Завқи баланду табъи латифи ӯ донишҷӯёнро ба андӯхтани илм бештар роғиб мекунад. Ӯ мусиқиву адабиётро дӯст медорад ва дар дарсҳояш аз маводи иловагии ба ин ду навъи санъат вобастабуда фаровон истифода мебарад. Вақте, ки аз ин омӯзгори соҳибҳунар доир ба вазифаи имрӯзаи аҳли зиё ва ҷавонон пурсидем, чунин посух гуфт: - Сокинони имрӯзаи Тоҷикистони азиз хушбахтанд, ки дар Ватани озод зиндагонӣ мекунанд. Истиқлол барои мардуми мо шоҳроҳи бахтро боз кард. Имрӯз давлати ҷавони моро дар дунё мешиносанд, адабиёту илми бостониашро эътироф менамоянд. Пешниҳоди саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби сарфакорона истифода намудани об далели комёбии халқу давлати мо аст. Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» натиҷаи хуб дод. Зарурати қабул кардани қарори дигаре дар мавзӯи ҳифзи ганҷинаи табиат ба миён омад. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон амалиёти нави байналмилалиро бо номи «Об барои рушди устувор» ба СММ пешниҳод карданд. Ин пешниҳод ҳам якдилона дар Маҷмааи генералии ин созмони бонуфуз пазируфта шуд. Ин эътироф масъулияти ҳар як сокини Тоҷикистон, хусусан ҷавононро зиёдтар мекунад. Ман ҳамчун омӯзгор ба ҷавонони имрӯза эътимод дорам. Онҳо бисёр зираку ҳушёр ва серғайратанд. Агар ҳиммату ҷидду ҷаҳди онҳо намебуд, давлати мо дар як муддати кӯтоҳ чунин тараққӣ намекард. Имрӯз аз чор гӯшаи ин Ватан овои меҳр ба гӯш мерасад. Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 далели боварии Ҳукумати Тоҷикистон ба ин нерӯи ободгару тавоно аст. Соли ҷавонон бояд соли музаффариятҳои мо гардад. Ман аминам, ки онҳо худро ҳамчун пайравони ҳакиқии падарон нишон хоҳанд дод. Оре, ҳақ ба ҷониби ин омӯзгор аст. Ҷавонони хушбахти мо дарк кардаанд, ки овони ҷавонӣ даврони кору кӯшиш аст. Бесабаб нест, ки Мавлоно Ҷомӣ гуфта буд: Дар ҷавони саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. Мо бовар дорем, ки онҳо комёб хоҳанд шуд, зеро мисли Толибҷон Шехимов устоди варзидаву ғамгусор доранд.
Убайдуллои АКРАМЗОД
Дар пайи ободии давлат бошем Инсоният ҳар рӯз ба мушкилоте рӯ ба рӯ мешавад. Масалан, нарасидани оби нӯшокӣ, бо суръат об шудани пиряхҳо, пайдо ва паҳн шудани бемориҳои вогире, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди одамон мегарданд. Яке аз проблемаҳои доғи глобалӣ терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм амали зӯроварии ғайриқонунии муташаккилона буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, бо мақсади тарсонидан, маъюс кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ намудани онҳо амалӣ мегардад. Гуруҳҳои муташаккили террористӣ ҳамеша аз рӯйи мақсадҳои ғаразноки худ амал мекунанд ва манфиатҳои милливу давлати худро канор мегузоранд. Чуноне ки аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши
ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Агар терроризмро аз дигар нуқта назар намоем, амали зӯроварӣ нисбат ба ашхоси бегуноҳ, паст задани номус, таҳдид ба марг мебошад. Бештари ҷавонони имрӯза аз рӯи бедонишӣ, камақлӣ, зудбоварӣ ба ҳар гуна найрангу фиреби фитнаангезон дода мешаванд ва шомили гурӯҳҳои
гуногуни ифротӣ мегарданд. Аксарияти ҷавононе, ки ба ин гуна гуруҳҳо шомил мешаванд, дар хориҷа ба бекоргардӣ машғул шуда, дар ин миён шахсе пайдо мегардад, ки онҳоро бо роҳи фиребу найранг ба худ ҷалб месозад. Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар ҳилаю найранг дода нашаванд. Ҳар як ҷавон бояд фикри давлату миллати худро намуда, дар пайи ободии кишвари худ бошад. Дилшод ДАВЛАТОВ, раиси Созмони ҷавонони факултети ҳисобдорӣ ва омори ДМИТ
Ҷавонони муосир фарқи куллӣ доранд Дар комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ саҳми ҷавонони ҷумҳурӣ назаррас аст ва соҳае нест, ки ҷавонон дар он ҳиссаи арзанда надошта бошанд. Имрӯз садҳо ҷавони ихтироъкор дар соҳаи илмҳои техникӣ қувваи ақлу зеҳни худро меозмоянд, ашёи нав эҷод мекунанд. Барномаи «Бозёфт»-и ТВ «Баҳористон» чунин ҷавонони соҳибистеъдодро кашф кард, корҳои фавқулоддаи онҳоро ба мардум нишон дод. Албатта, кашфиёти бузурги илмӣ ва ихтироъкориҳои нодир дар як вақти кӯтоҳ даст намедиҳад. Барои амалӣ гаштани тарҳу нақшаҳо вақт лозим аст. Барои сомон додани нақшаҳо имрӯз ҳамаи шароит муҳайё аст. Фақат шахсони масъул бояд нисбат ба наврасону ҷавонони эҷодкору соҳибмаҳорат дилсӯз бошанд, онҳоро дастгирӣ кунанд. Камолоти ҷавонон ба мехру шафқат ва дилсӯзии устодон вобаста аст. Раванди рӯйдодҳои ҷаҳони муосир аз мо – ҷавонон талаб мекунад, ки ҳамқадами замон бошем, манфиатҳои миллату давлатро дар сатҳи ҷаҳон ҳимоя карда тавонем. Барои боз ҳам мустаҳкамтар шудани мавқеи Тоҷикистони азиз иттиҳоди ҷавонони ҷумҳурӣ шарт аст. Мо бояд эҳсоси ҳамдилии худро дар ҳама ҳолат нишон диҳем. Иттиҳоди ҷавонон – иттиҳоди миллат аст. Дар бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро пирӯз шудани
Дилшод Назаров далели пирӯзии ҷавонони Тоҷикистон ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азиз аст. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад. Корхонаҳои бузурги саноатӣ, роҳҳои мумфарши замонавӣ, нақбҳо, шифохонаю донишгоҳҳои дар замони соҳибистиқлолӣ бунёдшуда нишон доданд, ки нерӯи офарандагии мо ниҳоят зиёд аст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ахирашон ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ишора карда гуфтанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин
ҳама боиси ифтихори мо мебошад». Ин боварии Пешвои миллат нерӯву ғайрат ва масъулияти мо ҷавононро боз ҳам зиёдтар мекунад. Мо саъй мекунем, ки ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллиро арзанда пешвоз бигирем. Соли ҷорӣ барои ҳамаи ҷавонони Тоҷикистони соли махсус аст. Нерӯи ақл ва бозуи мо бояд баҳри ободии Ватан ва муқтадиртар шудани он сарф гардад. Тоҳир ОДИЛОВ, омӯзгори Коллеҷи таббии ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
“Асарҳои саҳнабоб” Нашриёти “Бохтар” дар шаҳри Қурғонтеппа китоби “Асарҳои саҳнабоб”-ро нашр кардааст. Китоби «Асарҳои саҳнабоб» чор асари драманависони кишварҳои хориҷиро дар бар гирифта, он аз тарафи Аловуддин Абдуллоев, директори Театри вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппа ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. «Аловуддин Абдуллоев ҳангоми ба тоҷикӣ баргардонидани асарҳо хусусият ва характери миллии мардуми тоҷикро ба назар гирифта, вобаста ба он калима ва ибораҳои шӯхиомези тоҷикиро истифода бурдааст, ки метавонад ба хонанда ва тамошобин завқ бахшад», - омадааст дар пешгуфтори китоб.
√ ТАҚРИЗ
√ КӢ
Исматулло Холов,
Сабақҳои сулҳ
Чанд андеша дар ҳошияи китоби профессор И. Усмонов «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон» Профессор Иброҳим Усмонов дар баробари таҳқиқи журналистика, ҳамчун публитсист, муаррих ва сиёсатшинос як қатор асарҳое навиштааст, ки дар онҳо воқеаву равандҳои таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол бо диди хос, бо шикасти қолабҳои маъмулӣ инъикосу баррасӣ мешаванд. «Соли Набиев», «Рисолаи давлат», «Ҳақиқат дар бораи тоҷикон», «Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Сарнавишти «тоҷик» аз осоре мебошанд, ки назар ва мавқеи хоси муҳаққиқи амиқандеш ва мантиқдон дида мешавад. Ҳамчунин, ба қалами муҳаққиқ ва ширкаткунандаи бевоситаи давраҳои музокироти сулҳ, профессор И. Усмонов чанд асаре дар мавзӯи сулҳи тоҷикон тааллуқ дорад. Ба гунаи мисол метавон аз асарҳое мисли «Роҳи сулҳ», «Сулҳнома», «Миростроительство в Таджикистане» ва ғайра ном бурд. Дар охири соли 2016 ба дасти хонандагону муҳаққиқон боз як асари профессор Иброҳим Кенҷаевич Усмонов бо номи «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон» расид, ки ҳовии андешаҳои чанд соли охири муаллиф мебошад. Асари мазкур аз 6 қисмат: 1. Сулҳ; 2. Сиёсат; 3. Миллат ва халқ; 4. Дин; 5. Фарҳанг; 6. Матбуот мураттаб гардидааст. Қисмати «Сулҳ»-и асар 6 мақола ва 5 мусоҳибаву суҳбатро дар бар мегирад, ки дар онҳо диди муаллиф ба раванди сулҳ ифода ёфтааст. Муаллиф, ки аз шоҳидон ва фаъолони тарафи ҳукуматии сулҳ буд, тавонистааст, ки дар суҳбату мақолаҳо раванди сулҳи тоҷикон – аз ибтидо - «Паёми Сардори давлат дар моҳи ноябри соли 1992 роҳи сулҳро ифода мекард» (саҳ. 34) то имзои Созишнома, амалишавии бандҳои он ва фаъолияти Комиссияи оштии миллиро бозгӯӣ намояд. Мақолаи «Рисолаи сулҳ» ҳанӯз моҳи декабри соли 1992, яъне вақте ки ба сулҳи тоҷикон он тараф истад, ба сарнавишти давлатдории минбаъдаи тоҷикон бадхоҳони мо шубҳа доштанд, иншо шудааст. Дар ин андешаи муаллиф «Сулҳ, сулҳе, ки халқ мехоҳад, сулҳе, ки ҷангиву давлатдорҳо онро таманно доранд, пушти дарвозаи хонадони тоҷик қарор дорад. Он ки он ошёни моро мунаввар мекунад ё не, ба ҳар фарди Тоҷикистон марбут аст» (саҳ. 13), хоста ва орзуҳои ҳар хонадони тоҷик дар он рӯзгор акс ёфтааст. Дар мақолаи «Сабақҳои сулҳи Тоҷикистон» аллакай сухан дар бораи амалишавии раванди сулҳ ва бардошту сабақҳо аз он меравад. Ин мақола раванди сулҳсозӣ, марҳилаҳо ва давраҳои гуфтушунид, халъи силоҳ, дастрасии қувваҳои гуногуни сиёсӣ ба ҳокимият ва монанди инро бозкушоӣ мекунад. Мо бар ин андешаи муаллиф комилан мувофиқем, ки «Раванди сулҳи тоҷикон раванди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян кард, ки заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод» (саҳ. 39). Дар қисмати «Сиёсат», ки калонтарин бахши асарро ташкил медиҳад, муаллиф андешаву мулоҳизоти хешро роҷеъ ба рӯйдодҳои арафа ва ибтидои истиқлол, аз ҷумла гирдиҳамоиҳо, матбуоти навпайдо, муаммову мушкилот ва равандҳои муосири сиёсии минтақаву кишвар, муносибати давлат ва дин, озодии виҷдон ва эътиқод дар давлати дунявӣ, гуногунандешӣ, қабули конститутсия дар пасманзари сулҳ, муҳоҷират, мақому мартабаи занони тоҷик дар замони истиқлолият, сабабу натиҷаҳои «баҳори араб» ва амсоли ин баён мекунад. Бахусус, андешаҳои муаллиф дар масъалаи равандҳои муосири сиёсии минтақаву кишвар қобили мулоҳизаанд. Махсусияти ин қисмат дар он ифода меёбад, ки ҳатто дар
андешаҳои дар бораи иқтисоду иҷтимоъ баёнкардаи муаллиф пайванди мантиқие ба сиёсат амиқ эҳсос мегардад. Басо ҷолиб аст, ки профессор Иброҳим Усмонов ҳанӯз моҳи феврали соли 1992 аз тариқи нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» як роҳи асосӣ ва муҳимро барои расидан ба истиқлолияти иқтисодии мамлакат дар рушди туризм дидааст: «… дар минтақаи гуногуни Тоҷикистон будани сайёҳон боиси таблиғи он манотиқ дар арсаи байналмилалӣ мегардад… Дар ин миён мо метавонем саноати ҳақиқии туризмро дар он ҷо ба вуҷуд оварем ва Тоҷикистонро дар воқеият ба Швейтсарияи Осиё табдил диҳем» (саҳ. 110). «Миллат ва халқ» қисматест, ки мақолаву суҳбатҳои муаллиф роҷеъ ба сарнавишти миллати тоҷик, андешаву ифтихори миллӣ, забони тоҷикӣ, муборизаҳо дар ҳифзи арзишҳои миллиро дар бар мегирад. Дар меҳвари андешаҳои муаллиф, ки аз ҳар зовия назар андозем, тоҷикият ва манфиатҳои миллатро мебинем. Ба андешаи мо, агар дар қисматҳои қаблӣ шинохт, бардошт ва мавқеъ дар андешаронии муаллиф бартарӣ дошта бошанд, пас дар ин қисмат муаллиф андешаву мавқеи худро бо факту далелҳои таърихӣ, маълумоти оморӣ асоснок мекунад. Ин хусусиятро мо дар мактуби кушод ба Ҷонибек Акобиров - сармуҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» бо номи «Хидмат то куҷову миннат то ба куҷо?», мақолаву суҳбатҳо «Истиқлол ва ваҳдати маънавии миллат», «Дар бораи ифтихори миллӣ», «Истиқлол ва забони тоҷикӣ», «Шаҳри суғдиҳо», “Тоҷикон миллат буданд ва ҳастанд», «Эронситез нестам, тоҷикпарастам!», «Мо тоҷикем, на форс» ба мушоҳида мегирем. «Дунявӣ - ҳимояи имон», «Давлат аз дин ҷудо нест», «Ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи исломӣ» номгӯи нопурраи суҳбату мақолаҳое мебошанд ки дар қисмати «Дин» ҷой дода шудаанд. Дар ин қисмат дар бораи шинохти дунявият, давлатдории дунявӣ, озодии виҷдон, муносибати ҳокимияти давлатӣ бо арзишҳои динӣ андешаҳои ҷолиб баён гардидаанд. Дар қисмати «Фарҳанг» дар баробари суҳбату мақолаҳо як силсила тақризҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ба асарҳои бадеӣ, илмӣ ва саҳнавӣ ҷой дода шудаанд. Муаллиф дар суҳбату мақолаҳои ин қисмат низ ба факту далелҳои таърихӣ такя карда, андешаву мулоҳизоти водоркунандаро баён медорад. Шинохте, ки муаллиф аз шахсияти устод Айнӣ дорад, барои худшиносиву худогоҳии ҷавонон дар шароити муосир чун роҳнамо хизмат мекунад. Ба қавли профессор И. Усмонов, «Ҳеҷ кас беҳтар аз Айнӣ сарнавишти халқи тоҷикро нагуфтааст ва нашинохтааст. Ҳеҷ кас бештар аз Айнӣ дарк нанамудааст, ки пайвандкуниҳову ташбеҳдиҳиҳо ба
ЧӢ МЕХОНАД?
давлату қавмҳои дигар моро ба куҷоҳо бурда метавонад. Ва кам одаме будааст, ки чун ӯ оромона ба иззати нафси миллате, дине, халқе, кишваре нарасида, миллати худро ҳимоя намудааст ва инро дар адабиёташ, публитсистикааш, илмаш кардааст» (саҳ.492) Чунин таассуротро, ҳамчунин аз суҳбату мақолаҳое бо номи «Адабиёт ва забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ», «Арзишҳои миллӣ муқаддасанд», «Бозгаштан ба хати арабӣ таҳдид ба нестшавии халқи тоҷик аст» бардоштан мумкин аст. Профессор И. Усмонов дар чеҳракушоӣ низ сабки хосе дорад. Баъди хондани андешаҳои муаллиф хонанда шахсияти ходими давлатӣ Карим Юлдошев (Ёде аз марди накӯном), коргардон ва ҳунарпешаи театр Убайдулло Раҷабов (Андешаҳои як нафар мухлис), фолклоршинос Нурулло Азимов (Муҳаққиқи энсиклопедист), сиёсатшинос Суҳроб Шарифов (Умре дар ҷустуҷӯ)ро бо диди нав мешиносад. Тақризҳо ба монографияи муаррих Шукур Султонов «Демонтажи ИҶШС: Фоҷиаи бузурги садаи 20. Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1990-1991)», китоби ашъори Усмон Шарифзода «Қаҳқаҳаи гиряхез», романи Абдулҳамид Самадов «Гардиши девбод», пйесаи Нурмуҳаммад Табаров «Чархи гардон» на танҳо ин асарҳо, балки шахси муаллифро чун як муқарризи боадолату мунаққиди нуктасанҷ муаррифӣ мекунанд. Дар қисмати «Матбуот» муаллиф дар атрофи таърихи матбуоти тоҷик, давлат ва матбуот, фаҳмиши озодии баён, озодии матбуот, фазои иттилоотии кишвар дар шароити муосири ҷаҳонишавии иттилоот ва муборизаҳои иттилотӣ аз мавқеи манфиатҳои милливу касбӣ андешаронӣ кардааст. Нашри китоби «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон» дар арафаи 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ туҳфаи арзандае барои муҳаққиқон ва алоқамандони таърихи сиёсии миллат аст. Сангин ГУЛОВ, Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, Наргис УСМОНОВА, муаллимони ДМТ
муовини директори генералии Муассисаи давлатии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
"ПАНДУ АНДАРЗНОМАҲО" Муаллиф: Доктор Алии Шариатӣ Соли 1983 дар Теҳрон чоп шудааст. Китоби доктор Алии Шариатӣ аз декламаҳо, шеъру насиҳатномаҳо ва қиссаҳое иборат аст, ки ҳар яки мо дар зиндагӣ бо ин гуфтаҳо вомехурему гирифтор мешавем. Чуноне, ки устод моро водор мекунад ба мисли дарё бошем. Мисол: “Кафши кӯдакеро дарё бурд, кӯдак дар лаби соҳил навишт: дарёи дузд, поёнтар марде сайди хубе бардошт ва навишт: дарёи саховатманд, поёнтар ҷавоне дар об ғарқ шуду модари ҷавон навишт: дарёи қотил, пирамарде гавҳаре ёфту навишт: дарёи бахшанда. Мавҷи дарё ҳамаи ин навиштаҳоро шусту оромона гуфт: ба қазовати дигарон бовар накун, агар мехоҳӣ дарё бошӣ, ҳар он чи аз даст рафт, ҳар он чи нашуд ва ҳар он чи, ки шикаст, ғам нахур, зеро агар зиндагӣ осон буд, бо гиря оғоз намешуд”.
√ СЕРФУРӮШТАРИН
КИТОБИ ТОҶИКИСТОН
Дар мағозаи китоби маркази ноҳияи Рӯдакӣ асари «Як гулу сад харидор»-и Кришан Чандар серхаридортарин китоб мебошад.
Дар асар рӯзгори як духтари бебок аз қабилаи лӯлиҳо ривоят шудааст. Онро нашриёти «Адиб» аввалин бор соли 1992 ва маротибаи дуюм соли 2016 нашр кардааст. Китоб аз 120 саҳифа иборат буда, адади нашраш 1000 нусха аст. Кришан Чандар яке аз нависандагони машҳури Ҳиндустон буда, асарҳояшро бо забони урду менавишт. Аксари навиштаҳои ӯ дар қолаби ҳикоя, қисса ва роман офарида шудаанд. Осори Кришан Чандар дар миёни хонандагони тоҷик ҳам аз маҳбубияти хосе бархурдоранд, ки қиссаи «Як гулу сад харидор» аз ҷумлаи онҳост.
√ ОНҲО ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон Артур Рембо (1854 - 1891) СИСОЛА НАШУДА ТАРК КАРД Артур Рембо шеъри “Киштии маст”-ашро дар 16-солагӣ навишт. Дар 19-солагӣ дигар парвои шуҳрат ва аз тарафи ҷомеаи адабӣ эътироф шуданро надошт. Вақте дар синни 29 китоби дуюми ӯ таълиф шуд, то дами маргаш, ки баъд аз 20 сол фаро расид, аз навиштан даст кашид. Зиндагиашро ба саёҳат ва моҷароҳои хатарнок бахшид. Ӯ дар миёни Бартлбиҳо аз ҳама ваҳмоварашон ба ҳисоб мерафт. Ба қавли шоири аргентинӣ Луис Боргес “Шоир баъзан бо лаёқати фавқулодда, вале баъзан бо беҳунарии шармовараш фарқ мекард. Аз ҳама ғайриодӣ ва аҷибаш он аст, ки А. Рембо баъд аз соҳиби маҳорати фавқулодда гаштан амалҳояшро мазаммат кард, онҳоро ҳеҷ шуморид ва хомӯширо авло донист”. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Тоҷикистон бори шашум дар Намоишгоҳи риштаи Истанбул иштирок мекунад 2-5 феврали соли равон Тоҷикистон маротибаи шашум риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба доираи васеи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад. Шаш корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Ноҳид”, “Олим Текстайл”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Файзи Истиқлол - 2011” ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ба маъраз гузошта мешавад. Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохуранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд.
Сканворди “Тироз” Корхона, ширкат ... Зоҳир, нависанда
Омиёна, мансуб ба авом Ҷамоати деҳот дар Исфара
Рӯй, лиқо
Бача, тифл
Пайғамбаре, Садои ки умри зангӯла, абадӣ нола ёфтааст
Радио дар Хуҷанд
Тиллоӣ, мансуб ба зар
Ошӯб, балво, иғво
Ҳуҷум (русӣ)
Он сӯй, он тараф
Ба мизи кории устод Ҷӯрабек Муъмин дар рӯзи ҷашнашон Дар шеваи рӯзноманигорӣ истилоҳи нонавиштае гаҳу ногаҳ корбаст мешавад, ки онро «чашми хат» мегӯянд. Ин ибора ба онҳое ишора мешавад, ки дар баробари қалами хуб, ҳусни баёни тозаву диди нав доштан дар пешаи қаламкашӣ, инчунин дарки хуби хатоҳои забонӣ, аз ҷумла грамматикаро низ дорост.
Номи занонаи русӣ Гузашти низомӣ
Касе, ки гандум медаравад
Ризқу ...
Адади номаълум Васеъ, кушод
Киштии Мисл, кайҳонии монанд ШМА
Ҳомила, бордор
Дӯсти мактабӣ
Пайвандаки ишоратӣ МаҲиссачаи заммат, таассуф таҳқир
Хоби сабук, ғанаб Тамғаи тайёра
Хоҳари калонӣ
Бемории норасоии йод
Дастгоҳи обгармкунии газӣ (русӣ) Аз пашм сохташуда
Шакли дигари талаффузи кафш
Эпидемия, муромурӣ
Деҳа, қишлоқ
Як намуди паранда Ҳасрат, дареғ
Роҳбари давлат дар кишварҳои подшоҳӣ
Нигоҳ дор, бест Як навъи нӯшокӣ
Ман, ту, вай дар якҷоягӣ
Қаторкӯҳ дар Тоҷикистон
√ БАРОИ МУҚОИСА Ҷавобҳои кроссворди “Зарринтоҷ” АЗ ЧАП БА РОСТ: 1. Сабз. 6. Покӣ. 8. Афсурда. 9. Удар. 10. Хаста. 12. Иртибот. 13. Осмон. 15. Амлок. 17. Анбар. 20. Аслу... 21. Сабр. 22. Зарринтоҷ. 23. Гург. 24. Ирсӣ. 25. Афгор. 28. Турра. 32. Оин. 33. Сарбанд. 34. Надим. 35. Луоб. 36. Асотирӣ. 37. Зоир. 38. Яман. АЗ БОЛО БА ПОЁН: 2. Андом. 3. Зарин. 4. Осетин. 5. Уребча. 6. Пахта. 7. Кремл. 11. Аккордион. 13. Орангутан. 14. Омӯзгор. 16. Масҷид. 17. Аорта. 18. Боинг. 19. Ротор. 26. Фаррош. 27. Оҳанин. 29. Радио. 30. Асмар. 31. Адлия. 32. Овора
√ ОШХОНАИ
РАНГОРАНГИИ “ҶТ”
Чашми хат
... Оланаре, футболбоз
Захм, яра
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
√ ШОДБОШӢ
Якумра, то абад Зодгоҳ, Ватан
15
“ҶТ”
Питса
Маҳсулоти лозима: Барои хамир: Шир - 1 пиёла Маргарин - ним пачка Шакар - 2 қошуқ Каме намаки ошӣ Хамиртуруш (дрожж) - 1 қошуқча 300 грамм орд. Маҳсулоти иловагӣ: Помидор - 3-4 дона Бодиринг - 3-4 дона Ҳасиб - 200 грамм Майонез - 5-6 қошуқ Панир - 100-150 грамм Қиёми помидор (томат) - 2-3 қошуқ
Тарзи тайёр намудан: Ширро ба болои тафдон мегузорем, то каме гарм шавад. Гирифта ба он маргарин, намак ва шакарро ҳамроҳ менамоем, якҷоя карда, баъдан хамиртурушу ордро ҳам ҳамроҳ карда, хамир мекунем ва дар ҷои гарм ним соат мегузорем, то дам гирад. Вақте хамир дам гирифт, онро ба лаълии тафдон равған молида, тунук мекунем. Ба болои хамир қиёми помидорро мемолем. Бодирингро даврашакл бурида, аз болои қиём мечинем, аз болои бодиринг бошад, помидорро низ даврашакл бурида мечинем. Аз болои помидор майонез мемолем, ҳасибро реза карда мечинем. Тафдонро то 180 дараҷа гарм карда, то пухта шуданаш питсаро мегузорем. Онро аз тафдон гирифта, ба болояш панирро аз турбтарошак гузаронда мепошем. Иштиҳои хуш!
Замоне мактабхон будаму ороиши рӯзномаи деворӣ бо чанд ибораву ҷумлаҳои обхӯрдаам диққати шарикдарсон ва муаллимонро ба худ бурду дар ангезаи он, пешаи эҷод дар дилам маъво гирифт. Ҳол он ки банда дар илми кимиё пешдаст будаму орзӯи табиб шуданро дар дил мепарваридам. Боз ҳамин дорандаи чашми хат боис шуд, ки пешаи журналистикаро ихтиёр кунам. Ба ин тасмими ман, навиштаҳои равон, тасвирҳои зебо, ҳазлу танқидҳои нишонраси устод ва суҳбату вохӯриҳои зиёд бо ӯ боис шудаанд. Ӯ Ҷӯрабек Муъмин аст, ки мани мактабхон барои кӣ будани имзоҳои мустаораш, чун Талъату Марофеъ, Ҷ. Баҳорову Б. Ҷабборов майна об намекардам. Балки медонистам, ки ӯ ҳамон «акаи Ҷӯрабек» аст, ки таърифашро дигарон ҳам мекарданд. Рӯзномаи ноҳиявӣ, ки «Меҳнати коммунистӣ» ном дошт ва дигар рӯзномаҳо, аз қабили “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”), “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони советӣ”-ю (“Ҷумҳурият”), “Садои мардум”-у Радиои Тоҷикистон корзор ё майдони ҷилваи ҳунар барои банда шуд, аммо роҳи идораи рӯзномаи ноҳиявӣ ва ҳам дару даргоҳаш дар қалби ман таъсиру ҷойгоҳи дигар дошт. Ин меҳру муҳаббату иштиёқро ба ин касб ҳамин Ҷӯрабек Муъмин гузоштааст. Зеро ӯ ба навиштаҳои банда посухҳои мусбат медод, мегуфт, ки ана ин навиштаат мешавад, ана инаш не, инаш кирои кор кардан (таҳрир намудан)ро дораду инаш не ва боз бе шарту шурт ҳам мегуфт, ки ин мавзуъ моли ту нест, ба он даст назан аз уҳдааш намебароӣ. Чунки ҳамин гуна ҷавоб ҳам баъзан барои рӯзноманигорони хира, аз уҳдаи касбият намебаромадагӣ зарур аст. Ҷӯрабек Муъмин дар шинохти на танҳо илми журналистика ва амалияи он, балки дар офаридани шеъри баландпоя низ маҳорати хоса дорад ва бо ҷоизаҳои давлатию соҳавиаш, аз қабили Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанг, узви Иттиҳоди рӯзноманигорон нишони заҳматҳои тозаву хосаи эшон дар боби адабиёту журналистика аст. Шояд иштибоҳ нашавад, гӯем, ки устоди садҳо қаламкашони ҷавон ва ҳам касбӣ бошад, устоди мо. То кунун агар шакку шубҳае дар ин баҳр (навиштаю офаридаҳо дар назар аст) пайдо шавад, ба суроғи устод меоям. Зеро тӯли беш аз бист соле, ки бо устод ҳамкор будем, қатъӣ дарк намудам, ки ӯ воқеан ҳам чашми хат дорад. Хатои ҳар навиштаро осон пай мебарад ва таҳрири хубу касбӣ ҳам мекунад. Ӯ ба каҷу килебҳои эҷод ҷомаи хуб пӯшонда метавонад, яъне ки онро хонданию суфта мегардонад, то хонанда аз ин навиштаҳо маънӣ бардораду лаззат барад. Ҳунари волои дигари устоди мо дар он аст, ки таҳрири матни ҳар муаллифро ба сони навиштаҳои худи ӯ зебу фар медиҳад, гӯё ки ҳунари ҳар нафарро дар доираи фаҳмишу тавоноияш дарк мекунад. Ин аст, ки журналистикаи муосири тоҷик, матбуоти даврӣ ба ҳунари ӯ қоил аст ва навиштаҳои пуробурангаш ҳам дар назму ҳам дар наср ва жанрҳои хос дар аксари матбуоти даврӣ зуд-зуд рӯи чоп меоянд. Агар боз даҳҳо саҳифаҳо аз кору пайкори ӯ иншо кунем, шояд боз гуфтаниҳои зиёд берун монанд, чун худи устод таърифу тавсифро ба худ эб намебинанд, ба соне ки меҳнати худро манша кардан намехоҳад. Билохира ҷашни мавлуди ӯро аз мавлудҳои инсонҳое медонем, ки ба мардуми Тоҷикистон, нафъашон расида ва дар пешрафти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ саҳми муассиру ибратбахш доранд. Устод Ҷӯрабек Муъмин ҳам барои ғизои маънавӣ бахшидан барои хонандаҳои сершумори худ ва ҳам такон додани ҷанбаъҳои ҳунарии ноҳияи Файзобод, бахусус соҳаи театр нақши муассир дорад. Худ ромишгари хушзахмае ҳасту овози фораме ҳам дорад. Шояд роиҷ бошад, ки аз номи ҳамаи онҳое ки дӯсташ медоранду навиштаҳояшро бесаброна пазмон мешаванд, ба ҷашни 70-солагӣ аз сидқ муборакаш гӯем. Садсолаҳои дигар бизӣ, устоди азиз! Рустами НАЗИР
16
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №05 (9483), 02.02.2017
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ Коргареро ҳамсараш мурд. Ба раиси корхона, ки марди хушқалбу меҳрубон буд, иттилоъ доданд. Раис барои тасалият ва дилҷӯӣ дохили корхона шуд ва ба сарпарасти коргарон гуфт: «Он коргаре, ки се рӯз пеш омад, ногуворие барояш рух дода, ба ман муаррифӣ кун, то аз ӯ дилҷӯӣ кунам». Сарпарасти коргарон ба ҷои он коргар иштибоҳан коргареро муаррифӣ кард, ки рӯзи қабл дучархаашро дузд бурда буд. Раис ӯро дид, гуфт: «Аз иттифоқе, ки барои шумо рух дода, хеле мутаассифам».
Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ
√ АНДАРЗИ
Коргар бо ханда гуфт: «Ихтиёр доред, раис, фидои саратон, ки рафт». Раис гуфт: «Дар ҳар сурат, ман худамро дар ғами шумо шарик медонам». Коргар ҷавоб дод: «Чи ғаме, гӯри падараш!» Раис гуфт: «Чӣ тур, магар аз он нороҳат будед?» Коргар ҷавоб дод: «Хеле, чун, аз шумо чӣ пинҳон, ҳафтае як бор ман савораш мешудам, он ҳам мураттаб бод холӣ мекард. Аз ҳама бадтар ин ки моли ман танҳо набуд, ҳама савораш мешуданд, тоза ҳамеша чунин, ҳамин беҳтар, ки нопадид шуд».
√ ЭЪЛОН
“ҶТ”
ЭЪТИБОР НАДОРАД Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0479341, ки ба хоҷагии деҳқонии “Ҳамзаалӣ” тааллуқ дошта, аз 30 октябри соли 2014 дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №31970 ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...
Мусобиқаи қурбоққаҳо Қурбоққаҳо мусобиқаи дав ташкил намуданд. Онҳоро мебоист, ки ба қуллаи куҳ бароянд. Тамошобинони зиёде ҷамъ омада буданд, ки мехостанд ин сабқатро тамошо намуда, ба ҳоли иштирокчиёни он аз таҳи дил биханданд... Ягон нафар бовар надошт, ки ин қурбоққачаҳо ба чунин баландӣ баромада метавонанд. “Ин хеле кори душвор аст. Онҳо асло ба он ҷо баромада наметавонанд! Куҳ хеле баланд аст!” - мегуфтанд онҳо. Қурбоққачаҳо дар роҳ як-як меафтиданд. Ба истиснои онҳое, ки қувваи нав гирифтаву ҳарчи болотар меҷаҳиданд. Анбуҳи тамошобинон ҳамоно фарёд мебардошт: “Ин заҳмати хеле вазнин аст! Ягонтоаш аз уҳдаи он намебарояд!”. Боз чанде аз қурбоққаҳо хаста шудаву пайиҳам меафтиданд. Оқибат ҳамаи онҳо афтиданд. Танҳо як қурбоққа бо тамоми неру ба камари куҳ часпидаву оқибат худро ба қуллаи куҳ расонд. Тамошобинон фаҳмидан хостанд, ки чӣ гуна ин барояш муяссар гардид? Яке аз онҳо аз қурбоққа суол кард, ки чӣ гуна ӯ тавонист ба ин қуллаи баланд барояд? Маълум шуд, ки ин қурбоқаи пирӯзшуда кар будааст.
АФЗАЛШО ШОДИЕВ
Таҳияи Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
√ ОБУНА-2017
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №399/12, ки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон соли 2012 ба Ғоибов Ҳусайн Нуралиевич додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Диплом барои ишғоли ҷои 2-юм (вазни 75 кило) таҳти №1/16-30 дар Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба панкратион байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе 7.03.2016 ба Ашӯрмадов Саидҷамол додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Қурбонов Бахтиёр Латипович (РЯМ 2130005809), ки соли 2013 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “ВС”, ки Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №17-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 1992 ба шаҳрванд Сафаров Руҳиддин Ҳикматуллоевич додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад.
Матолиби рӯзнома ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар
JAVONON.TJ
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигӣ, дараҷаи А №0201950, ки ба шаҳрванд Кенҷаева Саида тааллуқ дошта, аз 20 апрели соли 2009 дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти №7952 ба қайд гирифта шудааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.
БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5185 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Ҳасан АЗИЗОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, Суғд).