javononi tojikiston/#6/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№6 (9380), 5 феврали соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

ҲАМОВОЗӢ

ҲАФТ РӮЗ 29.01.2015 Кормандони милитсия шаҳрванд Ҳасан Рустамов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Вақти кофтуков аз борхалтаи ӯ 10 килою 710 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. 30.01.2014 Таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 январи соли 2015 зикр гардиданд, тасдиқ шуд. Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин санаи фархундаи таърихӣ, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ гардид. 31.01.2015 Бахшида ба ҳаёту эҷодиёти оҳангсози маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шодравон Хайрулло Абдуллоев дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили мусиқӣ доир гардид. 01.02.2014 Як ҳайат аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи рушд ва ислоҳот Ван Сятао бо сафари чоррӯза вориди Душанбе шуд. 02.02.2015 Раиси шаҳри Исфара бо ҷавонон ва варзишгарон мулоқот кард. Мақсад шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб байни ҷавонон буд.

Саҳифаи

13

Саҳифаҳои

8-9

Қадри заҳмати варзишгар боиси инкишофи соҳа мегардад

03.02.2015 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат ба Серҷо Маттарелла ба муносибати Президенти Италия интихоб шуданаш барқияи табрикӣ ирсол кард. 04.02.2014 Тибқи Фармони Президенти мамлакат соли 2015 Соли оила эълон гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст дар муҳлати як моҳ ҷиҳати татбиқи фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

МУҲОВАРА

Ҳизбҳои исломӣ ба манфиати ислом нестанд

- мегӯяд Абдураҳим Каримов, собиқ қумандони нерӯҳои мухолифин «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

1


МУЛОҚОТ

Паёми Президент роҳнамои ҳар фард бояд бошад 2-4 феврали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Ҷ. Румӣ, Қумсангир, Шаҳритуз, А. Ҷомӣ ва Восеъ мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат бо намояндагони ҷавонон, занон, варзишгарон, ходимони дин баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ доир гардид. Масъулин бо роҳбарии Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз дастовардҳои мардуми кишвар дар зарфи беш аз 23 соли истиқлолият ёдовар шуда, ҷавонону варзишгаронро барои саҳм гузоштан дар обод гардонидани Ватани азизамон ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ даъват намуданд. Ҳамзамон, дар атрофи Паёми Сарвари давлат, ки ба Мачлиси Олии кишвар 23 январ ироа гар-

дид, қайд намуданд, ки он барои ҳар фард ҳамчун роҳнамо буда, бояд онро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳанд. Дар доираи эълон шудани соли 2015 - Соли оила аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пойдориву мустаҳкамии оила кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро оилаи солим боигарии миллат аст. Баргузории ин гуна суҳбату мулоқот дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ дар назар аст.

ЁДДОШТ

ОЗМУН

Таҷлил аз 80-солагии шоири бачаҳо 26 январи соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили адабӣ бахшида ба 80-солагии зодрӯзи Наримон Бақозода, таҳти унвони “Шоири маҳбуби халқ” баргузор гардид. Қурбон Авғонов, директори китобхона ба маҳфили адабӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Баъдан, аз навиштаҳои Наримон Бақозода ёдовар шуда, афзуд, ки: “Наримон Бақозода дар таълифи асарҳои бачагона суханвари мумтоз буд. Устод мароқангез ва шавқовар сухан мегуфт. Тавассути офаридаҳои баландмазмунаш кӯдакону наврасонро ба хондан ва илму дониш омӯхтан даъват менамуд. Яке аз мавзӯъҳои ҷолибе, ки дар эҷодиёти шоир мавқеи хоса дошт, мавзӯи китоб мебошад. Н. Бақозода тавонистааст, тавассути офаридаҳояш, ки марбут ба китоб аст, меҳри китобро дар қалби кӯдакону наврасон фурӯзон нигоҳ дорад. Устод китобро ғизои рӯҳу ҷон хондаанд. Онро барои боақл шудани инсон омили асосӣ шуморида аст. Ашъори кӯдаконаи шоир фарогири мавзӯъҳои гуногун буда, панду ахлоқ дар он мавқеи хоса дорад. Бо ашъори Наримон Бақозода чанд насли тифлони тоҷик ба воя расидаанд. Марҳум аз беҳтарин шуарое буд, ки барои кӯдакон эҷод мекард”. Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанг чунин ибрози андеша кард: “Ман бениҳоят шодам, ки дар маҳфили адабӣ, бахшида ба 80-солагии шоири дӯстдоштаи ҳамаи мо Н. Бақозода ҳузур до-

2

Ҷамъбасти озмуни олими ҷавони сол дар ДДХ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров озмуни олими сол-2014-ро ҷамъбаст карда, ғолибонро эълон намуд.

рам. Тамоми зиндагию фаъолияти эҷодиашонро ба кӯдакону наврасон бахшидаанд. Аз оламу дунёи ботинии онҳо бохабар буданд. Вазорати фарҳанг бо дастгирии тамоми муассисаҳои зертобеи худ соли 2015, бахшида ба 80-солагии Н. Бақозода гузаронидани бисёр чорабниҳои фарҳангию адабиро ба нақша гирифтааст”. Сипас, Гулназар Келдӣ, Муродалӣ Собир, Шаҳриябону, Қаҳрамон Бақозода, фарзанди шоир, Насим Раҷаб ва дигарон суханронӣ намуда, нисбат ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодии Н. Бақозода ва нақши боризаш дар адабиёти бачагона ибрози андеша карданд. Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи рӯзномаи “Овози тоҷик” таваллуд шудааст. Замони

тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омад ва ба Донишгоҳи миллӣ дохил гардид. Дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Ирфон”, “Тоҷикфилм”, маҷаллаи “Машъал” ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст. Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯаҳои ашъори ӯ бо номҳои «Гулдара», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Шаш ҳикояти пахта», «Дафтари мо кони панҷ», «Алифбои дилкушо» ба чоп расиданд. Шоир бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Ба иттилои Маъмур Юсуфзод, мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлили донишгоҳ, Ҷоизаи олими ҷавонони сол бори аввал ба муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони то 35-сола дода шуд. Дар риштаи илмҳои гуманитарӣ Хайрулло Сабуров, дотсенти кафедраи педагогика ва психология бо дарёфти 207 хол сазовори ҷои аввал гардид. Абдуҷамол Ҳасанов, профессори кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик бо 189 хол ҷои дуюм ва Усмонҷон Ғаффоров, профессори кафедраи таърихи ватани факултаи таърих ва ҳуқуқ бо 149 хол ҷои сеюмро соҳиб гаштанд. Дар бахши илмҳои дақиқ се ҷои аввалро Абдураҳмон Қодиров, профессори кафедраи менеҷмент ва соҳибкорӣ, декани факултаи молия ва иқтисодиёти бозор бо 140 хол, Абдулатиф Азизов, профессор, мудири кафедраи технология ва методикаи таълими факултаи физика ва техника бо 80 хол ва Мавлон Мирзоаҳмедов, дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионии факултаи математика бо 52 хол бо ҳам диданд. Дар бахши илмҳои гуманитарӣ се ҷои аввалро олимони ҷавон Зоҳидҷон Қӯрғонов, дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик бо 58 хол, Ҳусейн Зайтметов, сармуаллими кафедраи психологияи умумӣ бо дарёфти 51 хол ва Парвиз Неъматов, сармуаллими кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ бо 28 хол сазовор гардиданд. Аз байни олимони ҷавон дар бахши илмҳои дақиқ се ҷои аввалро Таҳмина Ашӯрова, дотсенти кафедраи электроника ва техникаи ҳисоббарори факултаи физика ва техника, Музаффар Мирзохӯҷаев, сармуаллими кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионии факултаи математика ва Хушвақт Нуриллоев, сармуаллими кафедраи технологияи ҳифзи ахбори факултаи кибернетика сазовор гардиданд. Ҳамчунин, 11 нафар олимони фаъол қадрдонӣ шуданд. Ба барандагони ҷоиза шаҳодатнома, диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим шуд. Суҳроб КАЁНӢ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ИҚТИСОД

Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ кам аст Соли 2014 фарқияти тавозуни савдои хориҷӣ ба 3 миллиарду 361,4 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли 2013 8,4% зиёд аст.

Кумитаи забон 19 нафарро ҷарима кард Шарофзода Гавҳар, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли сипаришуда дар иртибот ба номгузорӣ ва лавҳаю овезаҳо 231 ташкилоту муассиса ва марказҳои хизматрасонии маишии пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифта, санадҳои огоҳӣ тартиб ва барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд. Аз ҷониби мақомоти судӣ дар давраи ҳисоботӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 23 парвандаи ҳуқуқувайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба 19 нафар ҷарима ба маблағи 81200 сомонӣ баста шуд.

ПОЧТА

Дар ҷумҳурӣ ба 346424 нусха рӯзномаю маҷалла обуна шудаанд Соли 2014 ҳаҷми маҷмӯи даромади соҳаи алоқа 5523600 сомониро ташкил дод. Ҳаҷми муросилоти почта 1052,7 килоро дар бар гирифт, ки нисбат ба соли 2013 290500 кило зиёд мебошад. Воридоти муросилоти почтаи байналхалқӣ 296600 килоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 47500 кило бештар аст. Ҳаҷми муросилоти почтаи дохилӣ соли гузашта 614200 килоро ташкил дода, он ба воситаи нақлиёти заминӣ кашонда шудааст. Алишер Мирзоев, директори генералии КВД “Почтаи тоҷик” зимни нашасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки агар соли 2013 аҳолии кишвар ба 277 531 нусха рӯзномаву маҷалла обуна шуда бошанд, ин рақам дар соли 2014 346424 нусхаро ташкил дод. Дастраснамоии муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта панҷ маротиба, дар шаҳру

ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ 3-4 маротиба ба роҳ монда мешавад. - Айни ҳол дар кишвар 521 шуъбаи алоқаи КВД “Почтаи тоҷик” фаъолият мекунанд. Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ соли 2014 аз тарафи почта ба андозаи 5,5 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ 3,9 миллион сомониро дар бар мегирад, - афзуд А. Мирзоев. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

- Тавозуни байни воридоту содирот ба чанд омил вобастагӣ дорад, - гуфт Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ. – Масалан, зимни бунёди корхонаҳои нав талабот ба ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ ва таҷҳизот зиёд мешавад. Барои сохтмони корхона, албатта, чӯбу тахта, семент, васоити нақлиёт, техника ва ғайра заруранд. Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 20 дарсадро ташкил медиҳад. Бо афзудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ворид кардани баъзе маҳсулот сол то сол кам мегардад. Масалан, солҳои пеш аз хориҷи кишвар 1-1,5 миллион тонна семент ба ҷумҳурӣ ворид мешуд. Баъди дар мамлакат сохта шудани корхонаи сементбарорӣ воридот кам шуда, соли 2014 532 000 тоннаро ташкил дод. Имсол воридоти семент боз ҳам камтар мешавад. Шояд соли оянда сементи истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ пурра ба истифодабарандагон кифоят кунад. Ҳар сол бо сабаби набудани талабот ва надоштани имкони нигоҳдории об дар ҷумҳурӣ иқтидори баробари тақрибан 3-4

миллиард кВт/соат нерӯи барқ истифода нашуда мемонад. - Соли 2014 ба Афғонистон 1,1 миллиард кВт/соат барқ интиқол дода шуд, - гуфт Шариф Раҳимзода. – Ҳамчунин, ба Қирғизистон низ барқ содир гардид. Боз имкони аз ин ҳам бештар содир кардани нерӯи барқ мавҷуд буд. Мутаас-

сифона, алҳол набудани хати баландшиддати барқ имкони ба дигар кишварҳо содир кардани барқи изофиро намедиҳад. Бо амалишавии лоиҳаи CASA-1000 имкони дар тобистон содир намудани нерӯи барқи изофӣ ба Афғонистону Покистон бештар мешавад. Соли 2014 дар минатақаҳои озоди иқтисодии мамлакат бо маблағи умумии 46,0 миллион сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасониҳо ва фаъолияти содиротию воридотӣ анҷом дода шудааст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 821,9 ҳазор тонна ангиштсанг истихроҷ шуд, ки инсбат ба соли 2013 1,7 маротиба зиёд мебошад. Аз рӯи маълумоти омор соли сипаришуда дар мамлакат 628,3 тонна бензин ва 3676,3 тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шуд. Нисбат ба соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо 5,4%, пахта - 5,1 ва картошака 23,5% коҳиш ёфтааст. Соли 2014 индекси нархҳои истеҳсолӣ нисбат ба соли 2013 ба 7,4% баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли 2013 ду маротиба зиёд мебошад. С. АМИНИЁН, “ҶТ”

ЗИДДИИНҲИСОРӢ

Пахши реклама бояд то ним дақиқа сурат гирад Абдусамад Раҷабзода, раиси Хадамоти зидиинҳисорӣ зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла, дар масъалаи афзоиши нархи орд чунин гуфт: - Таҳлилҳо дар бозори ғалладона нишон медиҳанд, ки аксар маҳсулот, аз ҷумла, орду гандум дар бозори дохилӣ, пеш аз ҳама, аз тағйирёбии нарх дар давлатҳои истеҳсолкунанда, афзудани нархи хизматрасонии нақлиётӣ, номунтазамии таҳвил, инчунин, хусусияти мавсимӣ доштани ташаккулёбии нархи баъзе маҳсулот вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, нархи яке аз маводи сӯхти дар фасли сармо барои мардум басо зарур – ангишт низ нисбати ба як-ду сол пеш, то сад фоиз боло рафтааст. Абдусамад Раҷабзода ба масъалаи пахши рекла-

маи номуносиб дахл намуда, зикр кард, ки ҶСП «Телеком технолоҷӣ» ба андозаи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст. Илова бар ин, бо назардошти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» дар як қатор муассисоти васоити ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионии «Пойтахт», “Симои мустақили Тоҷикистон”, радиои «Ватан» ва ғайра санҷиш гузаронда шуд. Тибқи қонунгузорӣ пахши реклама дар телевизионҳо ҳар дафъа бояд то ним дақиқа сурат гирад. Т Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

МАОРИФ

Филиали ДДМ ихтисоси реклама ва алоқа бо ҷомеа дар соҳаи туризм мекушояд “Бо назардошти мероси бойи фарҳангӣ ва имконоти васеи сайёҳии кишвар филилали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ният дорад, ки соли равон равияи нави реклама ва алоқа бо ҷомеа дар соҳаи туризмро кушояд”, - иброз дошт Абдулҳамид Нозимов, ректори филилали ДДМ 28 январ зимни нишасти матбуотӣ. Иттилоъ дода шуд, ки раванди таълим дар донишгоҳ бо усули анъанавӣ сурат гирифта, соли 2014 52 доктори илм ва 153 номзади илм ба ҷараёни таълим фаро гирифта шуданд. Ректор афзуд, ки ҳарчанд дар филилали Донишгоҳи давлатии Маскав усули таълим ба таври анъанавӣ ҷараён дорад, аммо низоми кредитии таҳсилот ва қабули довталабон ба макотиби олӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ барои ворид шудан ба фазои ягона ва ҷаҳонии таҳсилот зарур аст. А. Нозимов дар посух ба ин суол, ки “ҳарчанд қабули довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ объективона ва шаффоф сурат гирифтани қабулшавиро таъмин мекунад, аммо аксари муассисаҳои олии кишвар нақшаи қабулро пур карда наметавонанд, оё ин ба фаъолияти минбаъдаи онҳо

таъсир намерасонад?” чунин ҷавоб дод: - Ин низомест, ки ба он на танҳо довталабон, балки омӯзгорони макотиби олиро низ бояд омода кард. Иҷро нашудани нақшаи қабули макотиби олӣ ба он сабаб аст, ки Маркази миллии тестӣ нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ин мушкил, албатта, дар солҳои баъдӣ паси сар мешавад. Зикр гардид, ки соли 2014 ба филилали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз рӯи 6 ихтисос 178 донишҷӯ – 119 нафар буҷавӣ, 59 нафар шартномавӣ қабул шуданд. Инчунин, 1 донишҷӯ аз Русия, 4 нафар аз Чин, 1 нафар аз Қазоқистон ва 1 нафар аз Кореяи Ҷанубӣ таҳсил доранд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

М. УСМОНОВ, “ҶТ”

3


АЗ МАҲАЛҲО

НАЗОРАТИ МАВОДИ МУХАДДАР

Роғун: Фонди Оғохон 16 лоиҳаро амалӣ мекунад Шарифзода Шариф, раиси шаҳри Роғун зимни нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 ҳисобот дод. Зикр гардид, ки соли 2014 воридот аз ҳисоби иҷрои амволи давлатӣ 306 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби хусусигардонии манзилҳои истиқоматӣ 1,2 миллион сомониро ташкил дод. Айни ҳол 16 лоиҳа, аз ҷумла, кашидани хати оби нӯшокӣ, сохмони бунгоҳҳои тиббӣ, сехи дӯзандагӣ, коргоҳи коркарди меваи тут ва таъмири маркази гармидиҳии МТМУ №28 бо маблағи умумии 1 миллиону 361 ҳазор сомонӣ аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон амалӣ мегардад. Аз ҷониби соҳибкорон маркази савдо, дорухона бо маблағи 313,0 ҳазор сомонӣ, маркази хизматрасонии дилерӣ ба маблағи 160,0 ҳазор сомонӣ, нуқтаи фурӯши маҳсулоти

кишоварзӣ ба маблағи 18,7 ҳазор сомонӣ, ҳаммоми замонавӣ ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ, барқарорсозии ҳаммоми шаҳр ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмири мошинҳо ба маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ, сехи дӯзандагӣ ва толори варзишӣ ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ, толори варзишӣ дар маркази шаҳр ба маблағи 135,0 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Баҳри амалӣ гардондани «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» дар шаҳр як мактаби варзишӣ, муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 3, 5 ва дар ду майдонча аз рӯи 8 намуд 220 нафар наврасу ҷавон ба машғулиятҳо фаро гирифта шу-

Балҷувон: теъдоди сайёҳон меафзояд Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Балҷувон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки солҳои охир теъдоди сайёҳон афзуда истодааст. Зеро минтақа барои рушди туризм бисёр мувофиқ аст. Ба ҷаҳонгардон, пеш аз ҳама, обу ҳавои дилкаш, чашмаҳо, меваҳои хуштаъму лазиз ва мардуми меҳмонавозаш писанд аст. - Соли гузашта, - гуфт ӯ, - зиёда аз 72 нафар сайёҳи хориҷӣ вориди ноҳияи Балҷувон шуданд, ки 26 нафар аз Фаронса, 16 нафар аз Испания, 9 нафар аз Русия, 4 нафар аз Португал, 2 нафар аз Олмон ва 1 нафар аз Украина буданд. Онҳо бештар ба шикор таваҷҷуҳ доранд. Шикори бузи кӯҳӣ, хук, гург, хирс барои сайёҳон хеле писанд аст. Мо низ барои онҳо имконияту шароити хуб фароҳам оварда, кӯшиш мекунем, ки сайёҳон аз сафари хеш баҳра бардоранд.

даанд. Соли сипаригардида 38 чорабинии варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, гӯштини миллӣ, тенниси рӯи миз, волейбол, варзиши сабук, шоҳмот ва шашка доир гардид. Дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи ҷавонон” раиси шаҳр бо зиёда аз 350 нафар донишҷӯе, ки дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил менамоянд, мулоқот кард. Ба ду нафар донишҷӯи ятим ва 13 нафар донишҷӯи фаъол тӯҳфаҳои молию пулӣ ва сипосномаҳо тақдим гардида, ба 86 нафар донишҷӯе, ки тибқи Квотаи Президенти ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, 100 сомонигӣ супорида шуд. Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун

Ховалинг: роҳҳо таъмир мешаванд Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг, дар нишасти матбуотӣ аз дастовардҳои мардум бо ҳарорат ҳарф зада, қайд намуд, ки бо маблағгузорӣ аз ҳисоби соҳибкорони созандаву бунёдкор 35 км. роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта, 4,5 км. роҳҳои маҳаллӣ, ки 12 деҳаи аҳолинишинро ба маркази ноҳия мепайванданд, таъмир шуданд. Пулҳои роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шукнов пурра таъмир гардида, сохтмони пули 150 километраи болои дарёи Ёхсу, ки деҳаҳои Санги Уғур, Канаб, Ҳалқаёр ва Зардолудашти ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияро ба шоҳроҳҳои Кӯлоб-Хонаобод мепайвандад, оғоз шуд. Сохтмони роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг идома дошта, мувофиқи нақша соли 2016 ба истифода дода мешавад. Раҳими РАФЕЪЗОД, “ҶТ”

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои соҳаи фарҳанг эълон менамояд:

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 07 феврали соли 2015 ба шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат пешниҳод менамояд. Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи қабул супоранд: - анкета (дар комиссияи қабул пур карда мешавад); - нусхаи аттестат ва нусхаи табели баҳоҳои ҷамъбастӣ; - гувоҳномаи тиббӣ оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД; - гувоҳномаи тиббии намуди №086 аз дармонгоҳи ҷойи истиқомат; - нусхаи шиноснома; - нусхаи шаҳодатномаи таваллуд; - 6 дона сурати 4X6. Интихоби ихтисосҳо ва донишгоҳҳои олӣ дар сайтҳои зерин ҷой дода шудаанд: www.russia-edu.ru www.vfarhahg.tj

4

Боздошти 14 нафар корманди сохторҳои қудратӣ Рустам Назарзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли сипаригардида аз ҷониби кормандони агентӣ 154 ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 981 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Ҳамчунин, бо саъю кӯшиши кормандони агентӣ дар ин давра се гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва 24 гурӯҳи ҷинояткор, вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошкор ва безарар гардонда шудааст. - Моҳи майи соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод амалиёти махсуси байналмилалии «Канал – Южний капкан» гузаронда шуд, - гуфт Рустам Назарзода. – Дар амалиёт намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ ва кишварҳои мушоҳид ширкат доштанд. Дар натиҷа, 666 кило мухаддирот мусодира гардид. Рустам Назарзода изҳор дошт, ки 14 нафар корманди

сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла, як нафар корманди агентӣ бо ҷурми сару кор доштан бо маводи мухаддир боздошт шуданд. Аз раиси агентӣ пурсида шуд, ки ба ҷойи несту нобуд кардани маводи мухаддири мусодирашуда илоҷ нест, ки онро бо мақсадҳои тиббӣ истифода бурд? Дар посух Рустам Назарзода чунин гуфт: Тибқи созишномаю қарордодҳои байналмилалӣ парвариш, истеҳсол ва коркарди зироатҳои нашъадор ба як қатор кишварҳои олам иҷозат дода шудааст. Тоҷикистон чунин иҷозатро надорад. Пас, мо маҷбурем тамоми маводи мухаддири мусодирашударо нобуд созем. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

ПРОКУРАТУРА

Ошкори 800 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон - Соли сипаригардида 27134 нафар шаҳрванд ба мақомоти прокуратура муроҷиат намуда, 2136 муроҷиати онҳо ё 17,1 фоиз оид ба қонунвайронкуниҳои ҷойдошта асоснок эътироф гардида, қонеъ гардонида шудаанд, - иттилоъ дод прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов зимни нишасти матбуотӣ. 715 нафар мансабдори давлатию ҷамъиятӣ, ки баррасии холисона ва ҳаматарафаи муроҷиатҳоро таъмин накардаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба шахсони гунаҳкор 40 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Прокурори генералӣ ба масъалаи татбиқи қонун «Дар бораи афв» дахл карда, изҳор дошт, ки то ҳол қонун нисбат ба 12077 нафар амалӣ гардидааст, ки 377 нафарро занон ташкил медиҳанд. Соли сипаригардида, ҳамчунин, миқдори арзу шикоятҳои шаҳрвандон оид ба истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ҷиддан коҳиш ёфта, аз 48 шикояти соли 2010 ба 13 шикоят дар соли сипаригардида расидааст. Дар самти риояи қонунгузории замин 1638 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, нисбат ба 2949 нафар шахси масъул парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурию ҷиноӣ оғоз ёфта, 610 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Юсуф Раҳмонов ҳуқуқ-вайронкуниҳои ноболиғонро яке аз масоили ташвишовари ҷомеа донист. Тавре ӯ зикр намуд, соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 800 ҷиноят содир шудааст. Ба андешаи прокурори генерелӣ чунин вазъ бештар аз масъулият ҳис накардани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон рӯй додааст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

Муҳассилини тоҷик соҳиби ҳафт медал шуданд Тавре дар шумораи қабли иттилоъ дода будем, намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии ба номи Жаутинов аз фанҳои физикаю риёзӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гашт, соҳиби 7 медал шуданд. Мо бо ду нафар ғолибони олимпиадаи мазкур, хонандагони синфи 11-и литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Калломиддин Қиличев ва Собир Бобизода мусоҳиб шудем.

- Шумо бори аввал аст, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ ширкат мекунед? Камоллидин: - Ман соли сеюм аст, ки дар ин олимпиада иштирок мекунам. Соли 2013 танҳо соҳиби сертификат шудам. Порсол ҷои сеюмро гирифта, сазовори медали биринҷӣ гаштам. Имсол соҳиби медали нуқра гаштам. Намояндаи дигари Тоҷикистон Меҳрубон Тӯраев аз гимназияи «Ҳотам ва ПВ» медали тилло гирифт. Иштирок дар олимпиадаҳои қаблӣ ба ман таҷрибаи бузург гардид. Собир: - Соли гузашта ман дар олимпиадаи риёзӣ, ки дар кишвари Тайланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 кишвар баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ шудам. Ҳамсафони ман Фарруху Рустам соҳиби медали биринҷӣ гаштанд. Аз иштирок дар ин чорабинии бонуфуз таҷрибаи зиёд омӯхтам. Дар олимпиадаи Жаутинов соҳиби медали биринҷӣ шудам. - Дар ин олимпиада намояндаго-

ни чанд кишвар иштирок доштанд? Камолиддин: - Дар Олимпиадаи XI байналмилалии Жаутинов 391 хонанда дар ҳайати 58 даста аз 15 кишвар, ба монанди Сербия, Булғористон, Руминия, Гурҷистон, Узбекистон, Белорус, Озорбойҷон ва ғайра иштирок доштанд. Яъне, аз як кишвар 4-5-дастаӣ ширкат намуданд. Ҷои аввалро яке аз литсейҳои Қазоқистон гирифт. Ҷои дуюмро литсейи назди Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Маскави Федератсияи Русия соҳиб гашт. Ҷои сеюм насиби дастаҳои Арманистону Булғористон шуд. Дастаи Литсейи интернати муштараки тоҷикӣ-туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе бо як медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 58 даста соҳиби ҷои чорум ва дипломи махсуси олимпиада гардид.

Собир: - Руминия барин кишвари аврупоӣ дар олимпиада ҳамагӣ як медали биринҷӣ гирифт. Дастаи ЛИМТТ бо 7 медал дар Осиёи Марказӣ дуюмин тими пурқувват ба шумор меравад. - Риёзиёту физика аз ҷумлаи мушкилтарин фанҳо ба шумор мераванд. Саволу ҷавоб ба забони англисӣ ин мушкилотро дучанд мекунад. Чӣ тавр ин душвориҳоро паси сар намудед? Камолиддин: - Дар литсей мо аз синфи 7 ҳамаи фанҳои дақиқро ба забони англисӣ мехонем. Илова бар ин, пас аз дарсҳо маҳфилҳои фаннӣ аст. Устодони мушфиқ Мирзобедил Ҷалолзода, Сарбрӣ Зарринтур, Юсуф Балкаш, Далербек Ҳайдаров, Александр Исматов ба мо нозукиҳои фанҳои риёзиёт, физика ва информатикаро меомӯзонанд. Собир: - Барои ба комёбӣ ноил шудан танҳо назди худ мақсад гузоштан кам аст. Мо аз устодони меҳрубони худ сипосгузорем, ки хаста нашуда, ба саволҳоямон ҷавоб медиҳанду бо шогирдон

машғулиятҳои иловагӣ мегузаронанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «олим бошӣ, такрор кун!» Ҳамин таъкиду роҳнамоиҳои устодони мушфиқ буд, ки мо ба комёбӣ ноил гаштем. - Ба ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ чӣ имтиёз дода мешавад? Камоллидин: - Ба ҳамаи хонандагоне, ки дар олимпиадаи мазкур сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ба се донишгоҳи бонуфузи Ҷумҳурии Қазоқистон (Донишгоҳи техникии Қазоқистон, Донишгоҳи ба номи Н. Назарбоев ва Донишгоҳи Британия дар Қазоқистон) ва Донишгоҳи Озорбойҷон роҳхат дода шуд. Собир: - Соли гузашта дастпарвари литсейи мо Ҷамшед Ҳаитов, ки ғолиби олимпиадаи Жаутинов шуд,

донишҷӯи Донишкадаи ба номи Н. Назарбов гашт. Барои ғолибони олимпиадаи мазкур ҳам таҳсил ва ҳам хобгоҳ ройгон аст. Мо ҳоло омӯхта истодаем, ки кадоме аз ин донишгоҳҳоро интихоб намоем. - Имсол боз чунин сабқатҳои байналмилалӣ доир мегарданд? Камоллидин: - Дар пеш озмуни «Роҳи Абрешим» (Қазоқистон) ва Олимпиадаи Балкан аст, ки дар он хонандагони зиёда аз 20 кишвар иштирок хоҳанд кард. Собир: - Тобистон дар Тайланд низ олимпиадаи ҷаҳонии риёзӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагони зиёда 100 мамлакат иштирок мекунанд. - Оянда кадом ихтисосро пеша карданиед? Камолиддин: - Мехоҳам дар ҷодаи риёзиёт таҳсилро идома диҳам. Собир: - Ман мехоҳам дар соҳаи физика таҳсил карда, ба корҳои илмӣ машғул шавам.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Мусоҳиб С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Парвиз донишҷӯи соли Тотористон Донишҷӯи тоҷик Парвиз Хоҷиев, ки дар курси панҷуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи федеролии Қазон таҳсил менамояд, дар байни донишҷӯёни хориҷӣ донишҷӯи соли Ҷумҳурии Мухтори Тотористони Русия гашт. Мо Парвизро ба ин муносибат табрик намуда, тавассути интернет бо ӯ суҳбат анҷом додем. - Парвиз сабаб чӣ шуд, ки барои таҳсил маҳз Донишгоҳи Қазонро интихоб намудед? - Ман хатмкардаи мактаби №54, ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Синои пойтахт буда, сипас, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам. Чун аз кӯдакӣ орзуи дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуданро доштам, дар ин самт доимо талош меварзидам. Рӯзе ба назди ноиби ректори донишгоҳ, шодравон Бекмуродов рафтам ва он кас ба ман маҳз Донишгоҳи Қазонро барои таҳсили минбаъда тавсия доданд. Пас аз ним соли омодасозии ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар ин донишгоҳи федеролӣ даъатнома гирифтам. Ҳоло аз рӯи ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва дипломатия таҳсил дорам. Бар замми ин, роҳбарии Анҷумани донишҷӯён ва аспирантони хориҷии шаҳри Қазон, ки 6000 донишҷӯи хориҷиро дар бар мегирад, бар дӯш дорам ва роҳбари ҷавонони диаспораи тоҷикон «Сомониён» мебошам. Ҳамзамон, дар комиссияи қабули донишгоҳ фаъолият мебарам. - Муносибати мардуми маҳаллӣ ба тоҷикон чӣ тавр аст? - Дар Тотористон 170 миллату халқият зиндагӣ мекунанд. Муносибати онҳо бо мардуми тоҷик хеле хуб аст. Тоҷикони Тотористон бо ҳам сарҷамъ буда, иду ҷашнҳои миллиро доимо якҷо таҷлил менамоянд. Шодишарику ғамшарики якдигар буда, дар ободонии шаҳр саҳм мегузорем ва дар чорабиниҳо ширкат меварзем. Худи ман дар бисёре аз озумуну чорабиниҳо ва конфронсҳо аз номи Русия, Тотористон ва Тоҷикистон иштирок ва баромад намудаам. - Оё интизор будед, ки дар озмуни «Донишҷӯи сол» ғолиб меоед? - Барои ғолибият дар озмун имсол зиёда аз 450 донишҷӯ дар 19 номинатсия талош варзиданд. Дар номинатсияи «Беҳтарин донишҷӯи хориҷӣ» донишҷӯён аз 19 кишар, аз ҷумла, Чин, Ҳиндустон, Яман ширкат варзиданд. Аз аввал пурра боварӣ доштам, ки ғолибият насиби ман мегардад ва хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷоизаро ба ман дар маросими мутантан Сафири Ҷумҳурии Бенин дар Русия супорид. - Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? - Мехоҳам ҳамчун мутахассиси замонавӣ дар пешрафту ободии диёрамон саҳм гузорам. Ҳукуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонамонро дар кишварҳои бурунмарзӣ ҳимоя созам. Пас аз хатми донишгоҳ ният дорам, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кунам. Ҳоло ки дар мусофират ҳастам, ҳамеша ин мисраҳо ба ёдам меояд: Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст... Ба ҷавонони тоҷик гуфтанӣ ҳастам, ки пайаста ба таҳсил машғул шаванд ва донишҳои муосирро аз худ намоянд. Ба варзиш ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос диҳанд. Дар маҷмуъ, дар фикри ободии Ватани азизамон бошанд. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

5


ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Паёми Президенти мамлакат, ки 23 январи соли равон ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, фарогири масоили муҳими ҳаёти имрӯзу ояндаи мардуми кишвар аст. Масъалаи амнияту суботи ҷомеа ва дар ҳамин баробар пойдорӣ ва устувории оилаҳо аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола буд, ки дар атрофаш аз соҳибназарон пурсон шудем.

Паём - роҳнамои ҷавонон Абдуллозода Аҳтам РУСТАМ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони кишвар ҳамчун роҳнамо ва ҳидояткунанда барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тандурустӣ, баланд гардидани маънавиёт, маърифатнокӣ ва фарҳангӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро рушди Тоҷикистон ба сифати давлати иҷтимоӣ ва кишвари ҷавон ба ҳамин рукнҳои ҳаёти ҷавонон бештар вобастагӣ дорад. Бо назардошти ба таври васеъ дар Паём баррасӣ гардидани масъалаҳои вобаста ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ниёзмандону бепарасторон, маъюбону нафақахӯрон, Кумита дар доираи имконоти мавҷуда, аз ҷумла, тибқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132015 мунтазам ба қишрҳои эҳтиёҷманди ҷавонон кӯмак, аз қабили асбоби хониш, хурокворӣ, либос ва лавозимоти варзишӣ расонида, баҳри таҳкими рукнҳои ҳаётӣ барои онҳо давраҳои омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ, ба монанди дӯзандагӣ ва забондонӣ ташкил менамояд. Дар Паём масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, ҳамзамон, баланд бардоштани масъулияти ҷомеа, бахусус, падару модарон дар таълими фарзанд муҳим арзёбӣ гардид. Дар воқеъ, таълиму тарбия барои шахси ҷавон ҳамчун ғизои асосии маънавӣ ба шумор рафта, камбудӣ ва ё норасоии он ба нокомилию ногувории ҳаёти шахсӣ метавонад боис гардад. Дар иртибот ба ин нуқтаҳои муҳим Кумита фаъолиятро тақвият бахшида, ҳар рӯз бо фароҳам овардани шароитҳо, аз қабили ташкили марказҳои ҷавонон, мулоқоту вохӯриҳо бо наврасон, ҷавонон ва волидони онҳо, чорабиниҳои гуногуни ҳарбию тарбиявӣ ва варзишию оммавӣ ҷавононро ба таҳсили илму дониш ва касбу ҳунари муосир, хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар ва воло донистани арзишҳои ватандориву ватанпарварӣ ҳидоят менамояд. Падидаҳои номатлуби ҷомеа ба монанди терроризму экстремизм ва хурофотпарастиву ифротгароӣ, ки хусусияти ҷаҳонӣ касб кардаанд, дар Паёми имсола баррасӣ шуда, тарбияи ҷавони солим ва муқовимат бочунин падидаҳои номатлуб муҳим арзёбӣ гардид. Аз ин рӯ, Кумита ҳамчун мақомоти ҳамоҳангсоз ва ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, маърифатнокӣ ва маънавиёти ҷавонон баҳри эмин будани онҳо аз ҳаракатҳои гуногуни экстремистию ифротӣ ва террористӣ тадбирҳо меандешад. Дар ин самт пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар шакли мулоқоту вохӯриҳо ва озмунҳо доир мегарданд ва соли ҷорӣ шумораи чунин чорабиниҳо ба маротиб зиёд дар нақша аст. Бо назардошти аҳамияти хосаро касб кардани оила ва нақши он дар ҷомеа, соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли оила” эълон гардид, ки ин моро баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои зиёди маърифатию иттилоотӣ ҷиҳати устувории оилаҳои ҷавон, паст кардани сатҳи ҷудошавӣ, никоҳи хешутаборӣ ва барвақтӣ ва ғайра водор месозад. Кумита дар ин самт нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия ва барои татбиқ ба сохторҳои маҳаллӣ ирсол намуд. Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар омӯзиши пайвастаи ҷомеа, махсусан, ҷавонон қарор дорад, санадест, ки ҳар як нуқтаи он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати сиёсати давлат дар бахшҳои гуногун ва аз нигоҳи афзалиятҳои миллию таърихӣ ба мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории кишвари маҳбубамон хизмат менамояд.

6

Сайфулло САФАРОВ, муовини якуми раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ: “Масъалаи суботу амнияти кишвар яке аз масъалаҳои муҳимест, ки дар ҳар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр мегардад. Дар Паёми имсола ҳам ин нукта зикр ёфт. Бояд гуфт, ки вазъияти имрӯза моро маҷбур мекунад ба фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатӣ барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, таъмини амнияти миллӣ, амнияти давлатӣ диққатамонро равона созем ва барои иштироки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар чунин як кори муҳим шароит муҳайё кунем. Ҳукумати мамлакат ҳамаи коре, ки барои ин зарур аст, мекунад, чунки маблағгузорӣ аз тарафи давлат дар ин самт хуб аст. Дар баробари ин, бояд, боз чанд кори дигарро анҷом диҳем. Пеш аз ҳама, таъмини тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратӣ бо техникаю технологияҳои нав, ки барои назорат кардан аз болои гурӯҳҳои ҷинояткор мувофиқ бошанд, баланд бардоштани маоши ин кормандон муҳим аст. Барои таъмини умумӣ ё амнияти давлатӣ боз амнияти иҷтимоиро ҳам таъмин кардан даркор, чунки бе ба вуҷуд овардани шароити зиндагии шоистаи ҳам кормандон ва ҳам шаҳрвандон намешавад, ки амнияти миллӣ мустаҳкам ва таъмин бошад. Дар баробари ин, албатта, амнияти миллию давлатии мо бо амнияти минтақавӣ зич алоқаманд аст, ин ҷо масъалаи асосӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ба назар мерасад, ки қувваҳои Амрико ва ISAF бароварда мешаванд ва амнияти миллии Афғонистон ба ихтиёри қувваҳои амниятии афғон вогузор мешавад. То кадом дараҷа қувваҳои амниятии Афғонистон аз уҳдаи ин кор мебароянд, саволи беҷавоб аст ва мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ба амнияти дохилии худамон бештар диққат диҳем. Дар ҳар ҳолат мо бояд ба ҳар қуввае, ки ҳам дар дохил ва ҳам аз берун ба амнияти мо таҳдид мекунад, ҷавоби қотеона диҳем. Барои ин Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои хеле зиёде анҷом дода истодааст, бо Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои зиёд дорад. Аз ин лиҳоз, барои ҷавоб додан ба таҳдидҳои беруна тамоми имкониятҳои техникию ҳарбӣ дар дасти Тоҷикистон ҳастанд. Вале боз ҳам ба он чиз диққат бояд дод, ки таҳдидҳо метавонанд ҳам беруна бошанд ва ҳам дар дохили кишвар амал кунанд ва таҳдидҳои беруна боз метавонанд дар дохил такягоҳҳо дошта бошанд. Ин такягоҳҳо, ба мисли ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, сепаратистӣ, радикалӣ ҷавононро фаро гирифта, бо роҳи харидан, тарғиботи аз ҳад зиёд ме-

тавонанд бархе аз ҷавонони ноогоҳу камсавод, ҷавононеро, ки устувории сиёсӣ дар онҳо нест, ҷалб кунанд ва албатта амнияти кишварро, амнияти минтақаро зери хатар монанд. Ин қувваҳо ҳам барои амнияти дохил ва ҳам барои амнияти минтақавӣ зарар доранд, барои он ки ҳамаи режимҳои дунявӣ, ки дар Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд, берақиб нестанд. Ҳам мухолифони радикалӣ, ҳам мухолифони сиёсӣ-динӣ доранд. Барои ҳамин, мо на танҳо бояд дар бораи мустаҳкам кардани базаи ҳарбию низомҳои қудратӣ фикр кунем, балки барои ҷавоб додан ба он талаботи мардум, ки дар соҳаи иҷтимоиёт, сиёсат, иқтисодиёт аст, тайёр бошем. Нақшаҳою барномаҳои ҳукуматӣ амалӣ намоем ва дар асоси ин мардумро аз шарри ифротгароӣ ва терроризм эмин нигоҳ дорем. Инчунин, мо бояд, ки мавзӯи амниятро васеъ баррасӣ намоем ва онро дар доираи ниҳодҳои қудратӣ маҳдуд накунем. Балки барои он тамоми сохторҳои давлатиро истифода кунем, ҷавононро, пеш аз ҳама, ба ин кор ҷалб намоем, то ин ки ватандӯстию ватанпарастиро дар қалби онҳо ҷой кунем. Мавқеи устувори сиёсии ҷавонон худаш омили беҳтарини таъмини амният аст”.

Махфират ХИДИРЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ: Яке аз нуктаҳои асосӣ ва муҳими Паёми имсолаи Сарвари давлат масъалаи оила ва дар ҳамин радиф мушкили вайроншавии оилаҳои ҷавон буд. Бояд гуфт, ки вайроншавии оила ин ҷудо шудани танҳо як зану як мард нест, он оқибатҳои вазнини иҷимоӣ дорад. Пеш аз ҳама, таъсири он ба кӯдакон мерасад. Дар як марҳилае, ки шахсияти кӯдак ташаккул ёфта истодааст, вай дар як муҳити нопурраи оилавӣ мемонад. Ҳукумат дар самти иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ корҳои зиёде анҷом дода истодааст ва ҳаматарафа кӯшиш мекунад, ки кӯдаконро аз чунин оилаҳо ба ғамхорӣ фаро бигирад. Чунончӣ, ташкил кардани хона-интернатҳо, муассисаҳои дигари парасторӣ аз қабили онанд, вале як омили дигари инсонӣ ҳаст, ки ягон муассиса шафқати модар ё муҳаббати падарро ба кӯдак дода наметавонад. Салоҳ он аст, ки кӯдакон аз меҳру муҳаббати волидон маҳрум набошанд. Барои ин, солимии оила лозим аст. Пас ҳар як нафар бояд барои пешгирии вайроншавии оилаҳо саҳм бигирад. Албатта, оила маконест, ки арзишҳои умумиинсонӣ аз қабили муҳаббат, садоқат, самимият, вафодорӣ ва якдигарфаҳмӣ дар муҳити он ташаккул ёфта, сипас, ба ҷомеа меравад. Яъне, инсон ҳар қадар дар

муҳити оила нисбат ба пайванди худ, падару модари худ дилсӯз бошад, ҳамон андоза метавонад ин муҳаббат ва ғамхориро ба ҷомеа барад ва амалӣ намояд. Аммо заиф будани оила, ки дар навбати худ бунёди муносибатҳои солим дар ҷомеа ба он сахт вобаста аст, боиси заъфи ҷомеа мегардад. Аз ин лиҳоз, бесабаб набуд, ки Президенти кишвар пешниҳод намуд, соли 2015 ҳамчун соли оила эълон шавад. Дар фарҳанги мардуми тоҷик оила ҳамеша арзиши муқаддас буд. Имрӯз, дар замони таҳоҷуми гуногуни фарҳангӣ ва пурзӯршавии равандҳои иҷтимоӣ ҳар яки моро лозим аст, ин арзиши муқаддасро ба хотири суботи ҷомеа пок нигоҳ дорем”.

Абдураҳмон ХОНОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ фарогири тамоми масоили ҷомеаи кишвар аст. Аз назари кунҷковона ва дурбинонаи Роҳбари кишвар ягон мушкилот ва масъалаи ҳаётан муҳим дур намонд. Шахсан барои ман он нақшаҳо ва дурнамоеро, ки Президенти кишвар нисбат ба ҷавонон ва кӯдакону наврасони мамлакат ироа намуданд, бисёр ҷолиб ва хотирмон аст. Тасмими таъсиси воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи бисёр таърихӣ ва фараҳбахш барои ҷавонону наврасони мамлакат аст, ки таҳавуллотҳои ҷиддиеро баҳри беҳдошти ҳаёти онҳо ба миён хоҳанд овард. Президенти кишвар зимни ироаи Паём аз фаъолияти Парлумони амалкунанда низ изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки боиси ифтихори мо - вакилони Маҷлиси намояндагон аст. Зеро заминаи боэътимод ва омили асоситарини ҳар гуна пешрафт маҳз қонун мебошад, ки вакилони парлумон низ ҳамчун субъекти ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва омода намудани онҳо саҳми барҷаста доранд. Тавре Сарвари давлат таъкид доштанд: “Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаи қарзиву грантӣ таҳияву қабул гардиданд ва татбиқ шуда истодаанд”.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Паём ҷавононро ҳидоятгар аст Тарбия таваккалро қабул надорад Ҳанӯз хеле бармаҳалтар аз авҷгирии ҳодисаҳои номатлуби чанд соли охир бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расид (2011), ки аз тарафи аҳли ҷамоатчигӣ хуш пазируфта шуд. Ташвиши Сарвари давлат заминаи воқеиро дар худ ниҳон дошта будааст. Ба он нигоҳ накарда, ки туфайли қонуни номбурда дар муддати кӯтоҳ корҳои муайяне ба иҷро расонда шуданд, аммо ҳолати воқеии кор нишон медиҳад, ки ин ҳама ҳанӯз хеле нокифоя мебошад. Ин масъала бори дигар дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олӣ бо таъкид садо дод. Бадии кор дар он аст, ки бо чунин як вазъи ноҳинҷор гирифтор гардидани кишварҳои ҷаҳон, ҳалли қазияро боз ҳам душвортар мегардонад, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ва сиёсати дарҳои кушод рафтуомад ё бидуни он алоқа тариқи интернет ва таъсири дигар воситаҳои мухобиротӣ огоҳу заҳролуд гардидани одамон, алалхусус, наврасону ҷавонон мушкиле надорад. Вале арзишу мантиқи мубориза, таълиму тарбия ҳам маҳз дар ҳамин мушкилиҳояш ифода меёбад, вагарна эҳтиёҷе ба он нахоҳад монд. Ба ин хотир оғоз аз оила, мактабҳо то дигар муассисаҳои дахлдор, хоҳ давлатӣ бошанд, хоҳ ҷамъиятию хусусӣ бояд сар аз як гиребон бароварда, бо баланд бардоштани сифату самараи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, суботу амни ҷомеа бошанд. Имрӯз давраи ҳассосе фаро расидааст, ки саҳми хоксоронаи дилхоҳ шахси қаторӣ ҳам дар пешбурди таълиму тарбияи наврасону ҷавонони кишвар аҳамияти бузургро молик буда метавонад. Мавзӯъ ва масъалаи таълиму тарбия дар ин марҳилаи тақдирсози миллату давлатҳо ба масъалаи доғ табдил ёфтааст ва нодидагирӣ аз он оқибатҳои боз ҳам вазнинтарро ба бор оварда метавонад. Ин шакли нави муборизаи доираву ташкилотҳои манфиатдор хавфи бадтар аз ҳар гуна силоҳи қатли омро дар худ ҷо намудааст. Дигар усулу баҳонаҷӯӣ ва худро аз масъулият дур кардану айбро ба якдигар бор кардани тарафҳо кор намедиҳад ва вақти кору амали ҷиддӣ фаро расидааст. Бо такя ба донишу таҷриба ва таълимоти педагогии гузаштагони шарафмандамон ба он назарам, ки дар ҳақиқат ва бебаҳс тарбия, қабл аз ҳама, аз давраи ҳанӯз дар батни модар будани кӯдак шакл гирифта, баъдтар дар оила, кӯдакистону мактабҳо ва муҳити атроф идома бояд ёбад. Яъне, пеш аз он ки

дигарон, аз ҷумла, фарзандонро тарбия намоем, худамон бояд муҳтоҷи он набошем. Ба он роҳ надиҳем, ки бо рафтору гуфторҳои бефарҳангонаву бемаърифатона ба ҳолати руҳу равонии тифли ҳанӯз ба дунё наомадаи батнамон зиён расонем. Дигар ин ки баробари таваллуди фарзанд низ ин меъёрҳоро дар муҳити оила бояд риоя намуд. Баробари худашро андаке шинохтани кӯдак бояд ҷиддан ба тарбияи он машғул шавем ва ҳамин талаботро давраи дар кӯдакистон қарор доштани ӯ риоя намоем. Аз ҳамин давра ба тарбияи кӯдак, воситаи дигари ташаккули кӯдак – таълими ӯ оғоз ва дар синфҳои ибтидоии мактабҳо густариш меёбад. Албатта, ин маънии онро дошта наметавонад, ки бо гузаштани наврасон ба синфҳои болоӣ таълиму тарбия моҳияти худро гум мекунад. Баракс, онҳо ба синну соле мерасанд, ки ба қавле, боз ҳам «хатарноктар» метавон номгузорӣ намуд. Яъне, давраи ғалаёну ҷӯшу хурӯши онҳо шуруъ ва назорати онҳо ниҳоят душвор мегардад. Онҳо ба ҳама гуна “қаҳрамонӣ” қодир мешаванд. Вале кор бе илоҷ буда наметавонад ва ин ҳолатро танзиму назорат намудан имкон дорад, агар сар карда аз оилаҳо, пасон, ҳангоми таҳсили фарзандонамон дар синфҳои ибтидоии мактабҳо, ки ба таъбире хишти аввалро дар бинои таълиму тарбия мемонанд, таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Ин кор бе ҳамкории зичи оила ва мактаб, падару модарон ва устодон натиҷаи хуб дода наметавонад. Агар муваффақ шавем, ки дар ҳамин давраи тақдирсози ташаккули кӯдак ба натиҷаҳои дилхоҳ расем, давраҳои минбаъдаи таълиму тарбияи фарзандон бароямон осон мешавад. Барои он ки кӯшишҳоямон натиҷаҳои хуб ба бор оранд, ибтидо ҳамкории судманди оилаву мактаб бояд таъмин гардад. Сифати адабиёти таълимиро барои синфҳои ибтидоӣ беҳтар намудан зарур аст. Омӯзгорон ҳам бояд эҷодкорона аз шеваҳои гуногуну самаранок дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ истифода намоянд. Маҳз дар ҳамин давра таъсиррасонӣ ё ҳамроҳ гардидани омилҳои беруна, аз қабили намояндагони сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ, ҳуқуқию фарҳангӣ сифату натиҷаи таълиму тарбияро даҳчанд боло бурда метавонад. Яъне, ташкили вохӯрию суҳбатҳо бо намояндагони сохторҳои қудратӣ, низомиён, аҳли фарҳанг, варзиш, пирони ҷангу меҳнат, сайёҳату тамошо ба ҷойҳи таърихӣ, корхонаҳои меҳнатӣ-истеҳсолӣ на камтар аз як дарси хуб дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон саҳм дошта метавонанд. Муҳим аз ҳама, ба он муваффақ бояд гардид, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ахлоқи ҳамида, некӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, халқу ватанпарварӣ, ҷасорату мардонагӣ ба хотири ормонҳои олӣ ба камол расонем. Зуфнунбӣ ШАРИФОВА, муаллимаи МТМУ рақами 51-и ноҳияи Фирдавсӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Ҳар сол Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи моро муайян менамояд. Дар паёми имсола низ ҳамин вазифаҳо дар назди ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон муқаррар шудаанд. Мо, кормандони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд, хоса, гурӯҳи кормандон ва мутахассисони ҷавон Паёмро якҷо тамошо намуда, аз он барои худ баҳраҳои зиёд гирифтем, ки метавонанд ҳар як аз ин бардоштҳо ба ҳукми чароғи роҳамон дар давоми як соли фаъолияти оянда хидмат кунанд. Президенти кишвар дар Паёми худ, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои зиёди тарбияи ҷавонон рӯ оварда, вазифаҳои муқаддаси ҳар яки моро дар ҷодаи ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз муайян сохтанд. Албатта, ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар кишварҳои олам рӯй дода истодаанд, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш меоваранд. Бо ишорат ба ин, ки мутаассифона дар онҳо баъзе аз ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик ҳам ҳамроҳ шудаанд, Сарвари давлат барои мо - ҷавонони кишвар таъкид намуданд, ки бояд дар шароити имрӯза ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии таъсири ин гуна ғояву ақидаҳои нодуруст саҳми арзанда гузорем. Вобаста ба ин, Роҳбари давлат, таъкид намуданд, “бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад». Ба андешаи ман, ҳамчун намояндаи ҷавонон, бояд ин нуктаҳои ҳидоятгаронаи Президенти кишварро ҳар яки мо бо гӯши ақл шунида, дар амри иҷрои он пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем ва ҳамзамон, онро миёни ҳамнаслони хеш таблиғ намоем. Аз ин рӯ, дар беморхонаи мо, ҳар рӯз бо тавсияи сартабиби беморхона Тӯйчӣ Иброҳимов корҳои таблиғотӣ оид ба нуктаҳои асосии Паём баргузор мешаванд ва онҳо аксаран миёни оилаҳои ҷавон, ҷавонон ва дигар табақаҳо сурат мегирад. Дар Паёми Сарвари давлат ба масъалаи никоҳи хешутаборӣ ва аз санҷиши тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз ақд таъкид шуд, ки воқеан масъалаи муҳими ҷомеаи имрӯза аст. Ман ҳамчун табиби ҷавон, ки дар шӯъбаи амрози асаби кӯдакони беморхонаи мазкур фаъолият дорам, ҳар рӯз бо чунин кӯдакони маъюб сару кор дорам, ки бар асари дарку маърифат накардани ҳамин нуктаҳои асосии ҳаётӣ ба чунин ҳолат гирифтор шудаанд. Ба ин хотир, баробари анҷоми Паёми Сарвари давлат мо - табибони шӯъба ба волидайни ин беморон, ки аксар ҳамроҳи фарзандони худ бистарӣ ҳастанд, суҳбатҳо дар мавриди Паёми Сарвари давлат баргузор намудем, ки минбаъд барои пешгирӣ аз сар задани чунин ҳолатҳо ва муҳимтар аз ҳама қабл аз барпо намудани ақди никоҳи фарзандон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳоро дуруст маърифат намоянд, зеро ин матлаб дар Паёми Роҳбари давлатамон маҳз ба хотири таъмин ва ташкили оилаҳои солим, ки асоси ҷомеаи солим мебошанд, таъкид шудааст. Мо, ҷавонон ин ҳидоятномаҳоеро, ки Роҳбари давлат дар Паёми имсолаи хеш изҳор доштанд, ҳамеша мақсаду мароми оянда қарор дода, ба иҷрои содиқонаи онҳо чун вазифаҳои муқаддаси касбиву инсонии хеш камари ҳимат хоҳем баст. Гулҷаҳон ЮЛДОШЕВА, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи А. Нурматови шаҳри Хуҷанд

Ҳамовозии ҷавонони пойтахт аз Паёми Президент 27 январи соли равон бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, бо назардошти татбиқи ҳадафҳои Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, мулоқоти ҷавонони фаъол ва роҳбарони сохторҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардид. Аббос Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе атрофи масъалаи марбут ба ҳаёти наврасону ҷавонон, ки дар Паёми имсола дарҷ гардиданд, ҳамчунин, дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат, такяву эътимод ва боварӣ ба ҷавонон суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, то ҳадафҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи ҳамарӯзаи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои ҳидояти насли

ҷавон саҳм гузоранд. Ҷавонон вобаста ба тамоми паҳлуҳои дар Паём дарҷгардида, аз ҷумла, ватандӯстиву хештаншиносӣ, нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз, ҳалли масоили вобаста ба пешгири зуҳуроти номатлуб, терроризму экстримизм ва муқобилат ба хатару таҳдидҳои ифродгароёнаву гурӯҳҳои тундарав ва даргириҳои ҳарбӣ дар ҷаҳони муосир андешаронӣ намуда, мақсад гузоштанд,

то ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷуҳ ба бовари Роҳбари давлат сазовор бошанд. Таъкид гардид, ки роҳнамоиҳои Президенти мамлакат ба тамоми сохторхои дахлдор дар ҳақиқат барои пешрафт ва имконоти васеи ҷавонон созгор аст. Ҷавонон бояд барои рафъи мушкилоти ҳаёти ҳамсолони хеш ва пиёдасозиии ҳадафҳои некбинона ва созандаи доимии Президенти кишвар камари ҳимат банданд.

7


МУҲОВАРА - Шумо асосгузори Ҳизби наҳзати ислом дар собиқ вилояти Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи гумрук, собиқ муовини раиси Агентии мубориза бар муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳастед. Андаке аз сиёсат дур рафтани шуморо мардум антракт дар театри сиёсӣ медонанд ва бар он назаранд, ки шумо дар интихоботи парлумонӣ номзадии худро мегузоред. Агар пӯшида нест, номзадии худро аз кадом ҳавза ё ҳизб пешбарӣ мекунед? - Ростӣ, дар ин масъала то ҳол фикр накардаам. 4-5 сол мешавад, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дарс мегӯям. Фикр мекунам, бо ҳамин саҳми худро дар ҷомеа гузошта истодаам. - Мардум бар он ақида ҳастанд, ки шумо имрӯз ҳам бо Ҳизби наҳзати ислом ҳамкорӣ доред. Албатта, фикри дигар низ ҳаст: мегӯянд, ки шумо одами Ҳукумат ҳастед. - Ман, воқеан асосгузори Ҳизби наҳзат дар ҷумҳурӣ, махсусан, дар собиқ вилояти Кӯлоб ҳастам. Бо амри тақдир, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун гуреза дар Афғонистон паноҳ бурдам. Дар Афғонистон солҳои 1992 -1997 қумандон будам. Манро чун яке аз қумандонҳои пешқадам ва мубориз мешинохтанд. Пурсед, имрӯз ҳам инро тасдиқ мекунанд. Хатобро, ки дар дунё ҳамчун террористи рақами аввал мешинохтанд, муовини ман буд. Айни замон ман узви Ҳизби наҳзат нестам ва бо он ҳамкорӣ ҳам надорам. Ин бесабаб нест, зеро аз таҷрибаи рӯзгор дарк кардам, ки ҳизбҳои исломӣ ба манфиати ислом нестанд. Дар Афғонистон ба ҷомеа фоида не, зарар доштани ҳизбҳои исломиро амиқтар фаҳмидам. Афғонистон бароям як мактаби бузург буд. - Чаро шумо гумон мекунед, ки ҳизбҳои исломӣ бар зарари исломанд? - Гумон не, ман инро бо қатъият мегӯям. Вақте ки ҳизб барпо мешавад, ҳадафи асосиаш рӯ ба сиёсат овардан, сари қудрат омадан аст. Барои ба чунин ҳадаф расидан яке аз воситаҳо тафриқа андохтан дар ҷомеа мебошад, ки хилофи фармудаи “Қуръон” аст. Кори дунё ва охирати мо бар асоси чор унсур бунёд дорад: китоби “Қуръон”, суннат, яъне, гуфтору рафтори Паёмбари ислом, иҷмои уммат ва қиёси муҷтаҳид. Ин унсурҳо мухолиф ва гузашта аз ин, намегузоранд, ки ислом ҳизб дошта бошад. Ислом ихтилоф, парокандагӣ ва хунрезии мардумро намехоҳад. Фаъолияти ҳизб мардумро ба мардуми дигар ҷанг меандозад. Ҳизб қудратхоҳу манфиатхоҳу маблағхоҳ аст. Ҳизб мардуми мусулмонро пора ва пароканда месозад. - Аммо ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё дар китоби “Қуръон” калимаи ҳизб зикр ёфтааст. Магар ин наметавонад асос барои таъсиси ҳизби исломӣ гардад? - Не, ин андеша нодуруст мебошад. Дар “Қуръон” гуфта мешавад, ки ду гурӯҳ ё ба истилоҳ, ҳизб вуҷуд доранд: Ҳизбуллоҳ ва Ҳизбушшайтон.

8

Ҳизбуллоҳ ҷонибдори чор унсури дар боло зикршуда аст. Ҳизбушшайтон муқобили он. Ҳизб маънои гурӯҳро дорад. Гурӯҳ ба ду қисм тақсим мешавад. Яке гуфтаҳои чор унсурро тасдиқ ва пайравӣ мекунад, дигаре муқобил. Ҳизбҳои исломии имрӯза аз исломи воқеӣ дур афтодаанд. Онҳо исломро бадном мекунанд. Дигар ҳеҷ. Мисол, Афғонистон ҳамсарҳади мост. Вақте ки ба Афғонистон рафтем, он ҷо гуфтанд, ки 18-20 сол ҷанг идома дорад. Аҳмадшоҳи

нишон медиҳанд. Аммо ин тавр нашуд. Дар Афғонистон мо як чиз омӯхтем. Ҳамон гурӯҳҳое ба ҷанг кардан талқин мекарданд, ба мо мегуфтанд, ки шумо ҳунари ҷангу ҷиҳод надоред. Дар Бухоро як матал будааст. Пеш аз чой хӯрдан ҷанг намешавад. Онҳо инро ба таври масхараомез ба мо мегуфтанд. Бо лаҳни «деҳ» (бизан) ишора карда мегуфтанд, ки ҳамин хонаро занед. Аммо намегуфтанд, ки дар он хона кист. Зану фарзанд ҳаст ё каси ди-

Тоҷикистон ҳизб месозем, мардумро ба роҳи ислом мебарем ва онҳоро аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳо озод мекунем. Бо ҳамин мақсад даст ба ин кор задем. Таҷриба кардему амал кардем, ба ҳамин хулоса расидам, ки ҷое, ки ҳизб бо номи ислом ҳаст, он ҷо фитна ҳаст, он ҷо хунрезиву ихтилоф ҳаст. Мо дарёфтем, ки асосгузорони ҳизбҳои исломӣ аҳли ислом нестанд. Онҳо ба хотири бадном кардани дини мубини ислому тафриқа андохтан дар он ҳизб сохтанду месозанд.

Бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ алоқа кард. Гуфт, ки Мавлавӣ барои несту нобуд кардани душманони ислом монеагӣ дорад. Чӣ бояд кард? Ӯ дастгоҳи алоқаро ба ман дод. Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, ки ин ҷо дигар гунаҳкору бегуноҳ нест. Ҳамаро якзайл мезанед. Баъд аз ин душманон метарсанду мегурезанд. Гуфтам, ки устод, чуқур фикр кун. Он ҷо сарҳадбонҳои тоҷику рус ҳастанд. Мо бояд онҳоеро занем, ки бо мо ҷанг мекунанд. Нурӣ гапамро гӯш накард, дастгоҳро хомӯш кард.

Ҳизбҳои исломӣ ба манфиати - мегӯяд Абдураҳим Каримов, собиқ қумандони

Масъуд ва оғои Ориёямпур гуфтанд, ки то хориҷиён ба Афғонистон омада 3-4 ҳизб таъсис надоданд, ҷангро дар кишвар оташ афрӯхта натавонистанд. Акнун ҳолати Афғонистонро имрӯз худ бинеду қазоват кунед. Яъне, то имрӯз ҷанг ба охир нарасадааст. Дасти хориҷ дар Афғонистон ба мақсад расид. Ҳоло ҳизб ба ҳизб мезанад, хуни мусулмон рехтан, мақсади асосии онҳост. Ин шакли ҷанг, нест кардани мусулмон ва насли мусулмон аст. Дар Тоҷикистони мо низ, то вақте ки Ҳизби наҳзати ислом ташкил нашуд, ҷанг сар назад. - Ҳизби наҳзат чӣ иртиботе бо ҷанги шаҳрвандӣ дорад? - Вақте ки ҲНИТ ташкил ёфт, қувва, маблағ, қудрат пайдо шуд. Аз хориҷ ба ҳизб маблағ меомад. Гурӯҳҳои хориҷ мухолифинро бо ҳукумат ҷанг меандохтанд. Инсоне, ки ҷангро надида буд, фикр мекард, ки гурӯҳҳои берун пешрафти исломро мехоҳанд ва роҳи дуруст

гар. Фарқе надошт. Мегуфтанд, ки куштаҳои ин хона хубаш ба ҷаннат мераванду бадаш ба дӯзах. Ҳол он ки Худои таоло дар “Қуръон” мефармояд, ки агар як инсон инсони дигарро мекушад, ҷазои вазнин интизораш аст. Ҷазо - дӯзах аст. Ин маъно дар ояти 93-и сураи Нисо омадааст... “Ва ҳар кас муъминеро ба ъамд (қасдан) бикушад, кайфар (ҷазо)-и ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он ҳамвора хоҳад буд...” Ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд, ки агар як инсон хуни як инсони дигарро мерезонад, гӯё ба муқобили Худо ҷанг эълон кардааст. Вақте китоби “Қуръон”-ро варақ мезанед, суханҳои ҳазрати Муҳаммад (с) он ҷо тасдиқ ёфтаанд. Тамоми гуноҳҳоро Худо мебахшад, ба ҷуз хунрезӣ. - Пас, чаро Шумо бо ҳаммаслакон даст ба хунрезӣ задед? - Мо фикр кардем, ки дар

- Ин суханонро дар кадом асос мегӯед? - Ҳизби исломиро аз берун маблағгузорӣ мекунанд. Вақте ки роҳбарони ин ҳизбҳо манфиатдоранд ва айшу ишрат аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ доранд, дигар ба қафо баргашта наметавонанд. Барои фаҳмиши шумо як мисол меорам. Ман дар Афғонистон қумандон будам. Хаттоби араб муовинам буд. Ӯ яке аз ҷангиёни боқувват дар дунё ба ҳисоб мерафт. Нафари дигарро Ҳоҷӣ Ҷамшед мегуфтанд, аз ӯзбекзабонҳои Афғонистон буд. Ӯ низ муовинам буд. Мо дар рости деҳаи Саричашмаи Шӯрообод ҷабҳаи ҷангӣ доштем. Он ҷо бо мо Ҳоҷӣ Ҷамшед фаъолият дошт. Ҳамроҳи Саид Абдуллоҳи Нурӣ маслиҳат карда, хостанд, ки ба қишлоқҳои Шӯрообод ҳуҷум кунанд. Ман намондам. Ҳоҷӣ Ҷамшед, ки як ҷангии таҷрибадор буд ва маблағҳои калон гирифта буд, ба ман мухолифат кард.

- Шумо фидоии ҳизби наҳзат, афсари Саид Абдуллоҳи Нурӣ будед. Чӣ гуна метавон бовар кард, ки аз иҷрои супориши ӯ сар печидед? – Ман афсари одӣ набудам, ки фикрам ба инобат гирифта намешуд. Ҳамчунин, ман дӯсте доштам бо номи Омир Башири Чоёбӣ, ки яке аз қумандонҳои номдори шимоли Афғонистон буд. Аз ӯ меҳаросиданд. Чун ӯ аз қазияи ихтилофи мо огаҳӣ пайдо кард, ба роҳбарияти мо гуфт, ки агар касе бо Мавлавӣ сар ба сар мешавад, ман бо ӯ мубориза мебарам. Вай суханашро ба замин нагузошт. Ҳоҷӣ Ҷамшедро Омир Башир бо хоҳиши ман аз сарҳади Тоҷикистон дур сохт. - Мардум бар он ақидаанд, ки дар ҲНИТ нафарони ватанпарвар, дилсӯзи меҳану миллат ҷамъ омадаанд. Чаро Шумо фикр мекунед, ки онҳо бо роҳи ғалат мераванд? - Дар ояти 103, сураи “Оли Имрон” омадааст: “Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед...” Аз ин бармеояд, ки бояд мусулмонон барои манфиату хоҳишҳои худ миёни мардум ихтилоф, тафриқа наандозанд. Мо хуб медонем, ки сарчашмаи ихтилофандозӣ аз куҷо ва аз ҷониби кист. Онҳо дар ин кор таҷрибаи бузург доранд ва неруҳоеро ба мисли ҳизби наҳзат зиёд ба майдон оварданд ва меоваранд. Мақсади онҳо ноором сохтан, кам кардани шумораи мусулмонон аст. На ҳама одамон инро дарк мекунанд. Махсусан, насли ҷавон, ки меваи истиқлолро чашидаву ҷанги шаҳрвандиро надидаанд. Мегӯянд, ки адолат нест, демократия нест. Бо ин баҳона мардумро фиреб медиҳанд. Ёд доред, дар атрофи ҲНИТ ҷамъияту ҳаракатҳои “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” ва ғайра ҷамъ шуданд. Онҳо мақсадҳои хос доштанд. Бар замми ин, ҲНИТ аз дигар ҷо маблағгузорӣ мешуд. Оқибати ин ба ҳама маълум. Офтобро бо доман пӯшонида намешавад. - Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки қувваҳои беруна мехоҳанд тавассути ҳизби исломӣ мақсадҳояшонро дар кишвари мо амалӣ созанд. Ҳол он ки онҳо имкон доранд тавассути ҳизбҳои дигар, аз ҷумла,

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


МУҲОВАРА ҳизбҳои сотсиалдемократӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ ва ғайра мақсадҳояшонро амалӣ созанд. - Наметавонанд. - Чаро? - Қувваҳои хориҷӣ ҷойи заифии мардуми мусулмонро медонанд. Онҳо ба мардум нишон додан мехоҳанд, ки ислом месозанд. Бо ин роҳ мардуми содаи мусулмонро ба по мехезонанд. Бубинед, замоне ҳаракатҳое, ки Шумо ном бурдед, дар атрофи ҲНИТ ҷамъ шуданд. Ҳадафашон чӣ буд? Тавассути мо

андешаи сулҳу салоҳ бошед. Ин ҷо дасти сеюм пайдо шудааст, ки шуморо мехоҳад несту нобуд кунанд. Ана, ҳамин тавр миёни мардум фитна меандохтанду онҳоро аз ҳам ҷудо месохтанд. Танҳо сухани устод Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд мардумро бедор кард. Танҳо ҳамин шахсиятҳои баномус сабаб шуданд, ки мардуми тоҷики дар Афғонистонбуда ба Тоҷикистон баргаштанд. Сарсупурдагии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург дар баргаштану ба

ислом нестанд

дастур гирифтам, ки ба ӯ халал нарасонам. Қариб ду-се моҳ Кӯлобро зада натавонист. Саид Абдуллоҳи Нурӣ аз ӯ пурсид, ки магар ба ту Мулло Абдураҳим халал мерасонад? Вай дар ҷавоб гуфт, ки халал намерасонад, аммо аз чӣ бошад, ки амалиётро пеш бурда наметавонад. Қисме аз сарбозон ҷинвара шуданд. Оқибат ӯ ба Афғонистон бенатиҷа баргашт. - Дар мавриди задани Кӯлоб чаро ба шумо эътимод набуд. Бароятон магар ҳисси маҳал

нерӯҳои мухолифин ба сари қудрат расидан. - Ба назари Шумо, қувваҳое, ки ноором сохтани кишварҳои мусулмонӣ ва кишварҳои шаҳрвандонаш мусулмонро мехоҳанд, кадом воситаҳоро истифода мебаранд? - Аслан, бо роҳи маблағгузорӣ. Баъдан, яроқу аслиҳа ва дуздидани фикри мардум. Ин қувваҳо ба мардуме наздикӣ пайдо мекунанд, ки дониши диниашон заиф аст. Бо дурӯғ давлати исломӣ месозем гуфта, аз мардуми гумроҳ истифода мебаранд. Албатта, тафриқа, фитна андохтан миёни мардум усули маъмулии ин қувваҳост. Як ҳодисаро бароятон ёдрас мекунам. Миёни муҳоҷирини мо ва собиқ роҳбарияти оппозитсия гуфтугузор буд, ки гӯё кӯлобиҳо кофиранд. Дар Афғонистон гурӯҳи Ҷирга ва Луи ҷирга ҳаст. Онҳо давлатӣ нестанд, аммо мақомоти давлатӣ сухани онҳоро ба эътибор мегирад. Як нафар аз гурӯҳи Ҷирга дар Тахор омада мегӯяд, ки оё ягон нафар аз Кӯлоб ҳамроҳи шумо муҳоҷирин ҳаст? Ҷавоби не мегирад. Аслан, мардуми Афғонистон кунҷкобанд. Ба як гап қаноат намекунанд. Каси дигарро мепурсанд. Баъд як нафар мегӯяд, ки ҳаст, қумандони калон Мавлавӣ Абдураҳим аз Кӯлоб аст. Як нафарро дар Тахор масъул мемонанд ва мегӯянд, ки ҳамон нафар омад, ҳатман моро хабардор кунед. Рӯзе гурӯҳи Ҷирга маро доштанд ва ба Ҷирга оварданд. Савол доданд, ки шумо кӯлобӣ ҳастед? Бале, гуфтам. Боз савол доданд, ки кӯлобиҳо кофиранд? Ман гуфтам, ки кофир не, ҳама мусулмонанд. Ман аз аҳли Ҷирга пурсидам: - Чаро ин пурсиш ба миён омад? Онҳо гуфтанд, ки овозаҳо зиёданд, ки мардуми Кӯлоб мусулмон нестанд, бар зидди исломанд. Ин Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Раббониро водор месозад, ки як ҳайат таъсис диҳанд, ба Тоҷикистон фиристанд, то муайян созанд, ки мардуми минтақаи Кӯлоб мусулмонанд ё не. Бо сардории устод Раббонӣ як ҳайат омад, аз наздик бо мардум вохӯрд, дар Кӯлоб, мақбараи Мир Саид Алиии Ҳамадониро дидан кард. Аз роҳбарияти ҳизби наҳзат даъват ба миён оварданд, миёни ҳамдигар ҷудоандозӣ накунед, ҳама мусулмон ҳастед, дар

ҳам омадани мардуми тоҷик бозид. Чӣ ҷойи пӯшидан: агар ӯ ҷон ба кафи даст гирифта, барои мулоқот ба Афғонистон намерафт, касе ба Тоҷикистон барнамегашт. - Нақши киро дар сулҳи тоҷикон бештар медонед? - Аввал, нақши Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бофарҳанги тоҷик, ки дар талоши якпорчагии Тоҷикистон буданд. Дуюм, пешвоёни мардуми Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Раббонӣ ва Омир Башир. Агар инҳо намешуданд, ба даст овардани сулҳ миёни тоҷикон аз имкон берун буд. - Миёни мардум ақидае ҳаст, ки шабохун дар нуқтаи сарҳадии 12 таҳти сарварии Шумо сурат гирифтааст. Он аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна тарҳрезӣ шуд? - Ман қумандони минтақаи сарҳадӣ аз Дарвоз то Фархор будам. Ҳеҷ амалиёт дар ин минтақа бе мувофиқа бо ман сурат намегирифт. Мо масъулият доштем, фаъолияти мо таҳти муроқибат қарор дошт, низомиёни хориҷӣ таълим медоданд. Мо худро аскари ислом меҳисобидем. Фикр мекардем, ки ҳар амаламон дар заминаи фармудаи Худованд, аз рӯйи “Қуръон” сурат мегирад. Мо бовар доштем, ки дар роҳи ҳақ қарор дорем. Баъд дарк кардем, ки бозичае беш нестем. Сарнавиштамон дар дасти онҳое буд, ки аз зери парда моро раҳнамоӣ мекарданд. Замоне асли масъаларо дарк кардем, ки алакай дер шуда буд. – Омодагӣ барои ҳуҷум ба нуқтаи сарҳадӣ кай ва чӣ гуна сурат гирифт? - Омодагӣ барои задани Кӯлоб барвақт сурат гирифта буд. Ҳатто ҳуҷум ҳам кардем. Азбаски сари задани Кӯлоб ба ман эътимод набуд, ба ин амалиёт қумандони дигар бо номи Ҳаким ҷалб гашт. Ӯ бисёр ҷасур ва бомаҳорат буд. Агар дар ёд дошта бошед, Тавилдараро як муддат таҳти назорат гирифт. Баъдан, зери фишори қувваҳои ҳукуматӣ ба Афғонистон ақибнишинӣ кард. Дар Афғонистон ба ӯ унвони “Фотеҳ” доданд. Ӯ бо супориши роҳбарияти Ҳизби наҳзат бо дастаи беш аз 200-нафара аз сарҳад, дар қисмати Зардолуҳак ва Офтобзамин вориди Тоҷикистон шуда, барои задани Кӯлоб омодагӣ гирифт. Ман аз ҷониби роҳбарият

аз ҳамбастагию ҳамназарӣ бо ҳамсафони наҳзатиатон болотар меистод? - Ман намехостам, ки мардуми бегуноҳ қурбон шаванд. Ҷанг, ки шуд, ҳамаро мезанӣ, на тар мемонад, на хушк. - Чаро чунин андеша ҳангоми задани нуқтаи сарҳадии 12 ба саратон наомад? - Мақсад аз нуқтаи сарҳадии 12 задани Кӯлоб буд. Он вақт ман дар минтақаи Роғи вилояти Бадахшони Афғонистон қарор доштам. Саид Абдуллоҳи Нурӣ одамони Ризвонро равон кард ва гуфт, ки Кӯлобро зананд. Ман ба онҳо иҷозат надодам. Зеро, аввал он ки қумандони ин минтақа будам ва нуфузам имконият намедод, ки онҳо бе иҷозати ман ба чунин амал даст зананд. Онҳо пурсиданд, ки чаро мухолифи задани Кӯлоб ҳастам. Барояшон посух додам, ки вақте шумо ба Кӯлоб меравед, сарҳадбонон аз ин хабардор мешаванд ва аз пушт хатти ақибнишинии шуморо мебанданд. Мо банд мемонем, дигар имкони баргаштан ба Афғонистон аз миён меравад ва ҳама нобуд мешавем. Дар ин ҳолат ҷавобгарӣ ба гардани қумандони минтақа меафтад. Ман дастур додам, ки баргарданд ва ин нақша амалӣ намешавад. Онҳо хулосаи маро ба роҳбарият расониданд. Абдуллоҳи Нурӣ аз тариқи мухобира маро ба Тахор даъват кард. Дастур дод, ки барои ҷабҳаро пурқувваат кардан, ба Покистон барои хӯрокаву аслиҳа равам. Он вақт масъули пулу молу аслиҳа Ҳимматзода буд, ки дар Покистон менишаст. Тӯраҷонзода дар Эрон, масъули гуфтушунид ва музокирот буд. Ман пурсидам, ки чаро маро ба Покистон мефиристед. Дар Покистон шуморо хуб мешиносанд, гуфтанд. Ман ҷонишине доштам бо номи Ҷоншо. Ӯ ҳам аз Кӯлоб, бисёр ҷанговари номӣ, таълими Хатабро гирифта буд. Худаш силоҳ таъмир мекард, маводи тарканда омода месохт. Ҷоншо ба ҷоям буд, ман сафар кардам. Дар набудани ман ба нуқтаи сарҳадии 12 ҳамла шуд. - Пас, чаро он рӯзҳо радиои “Би Би Си” хабар дод, ки қумандон мулло Абдураҳим пости 12-ро зад? - Ман ҳам баробари аз радио шунидани ин хабар бо мухобира дар алоқа шуда, кӯшиш намудам

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

донам, ки чӣ гуна дар нобудани ман ин амалиёт рух дод. - Ин ҳуҷум кай сурат гирифт? - Тобистони соли 1993, 13 июл. - Чаро маҳз 13 июл? Албатта, метавонист барвақттар сурат гирад, вале чунин тасодуф пеш омад. Идораи кашшофӣ бисёр хуб кор мекард. Миёни афғонҳо одамоне буданд, ки бо сарҳадбонони рус доду гирифти маводи мухаддир доштанд. Онҳо дутарафа кор мекарданд: ҳам маълумоти моро ба онҳо мебурданд, ҳам маълумоти онҳоро ба мо мерасониданд. Мо баъзан маълумот мепартофтем, ки фардо ҳуҷум мекунем. Сарҳадбонони рус аз ин зуд огоҳӣ меёфтанд ва омодагӣ мегирифтанд. Мо аз ҳамааш бохабар будем. Вақти хоб, хестан, истироҳат, ҳар қадами гузоштаашонро медонистем. Мо муддати тӯлонӣ аз паси сарҳадбонон мушоҳида мебурдем. Онҳо пайваста, тахминан то соати 2-и шаб ҷониби хатти сарҳад тир, мушак мепарониданд. Баъд аз соати 2-и шаб хомӯшӣ ҳукмфармо мешуд. Як моҳи дароз ин ҳолат таҳти мушоҳида қарор дошт. Боварӣ ҳосил шуд, ки баъд аз соати 2 сарҳад дар ихтиёри мост. Маълумоти барғалати тавассути қочоқбарони афғон паҳн кардаи мо онҳоро раҳгум занонида буд. Сарҳадбонон умедашонро канда буданд, ки мо ҳуҷум мекунем. Барои ҳамин ин ҳуҷум барояшон ногаҳонӣ буд, дар ғафлат монданд. - Ҳуҷум кадом соат сурат гирифт? - Соати сеи шаб. - Барои ҳуҷум чанд нафар сафарбар шуданд? - Тахмин 200 нафар. - Аз тасаввур берун аст, ки аз ҳуҷуми 200 нафар сарҳадбонон огаҳӣ пайдо накарда бошанд. - Амалиёт дар як рӯз сурат намегирад. Ба он пешакӣ омодагӣ мегиранд. Ба тарафи дигари соҳил партофтани қувва қаблан амалӣ гашта буд. Масалан, маводҳои хӯрока, силоҳи ҷангӣ, хусусан, силоҳи вазнини ҷангӣ пешакӣ ба он тарафи соҳил интиқол дода, дар наздикии нуқтаи сарҳадӣ захира мекарданд. Ин ҷанги чиррикӣ – партизанӣ буд. Яъне, дар ҳолати ғафлат дарёфт ва мағлуб кардани ҳариф. - Қувваҳои муҷоҳидин аз чанд гурӯҳ иборат буд? - Гурӯҳҳо аз 12, 50 ва 100 нафар иборат буданд. Гурӯҳҳои 12-нафара зиёдтар буд. Онҳо бештар маводи хӯрокаву аслиҳаро ба ҷойи лозимӣ бурда мерасониданд. Робитаи бисёр хубе тавассути мухобира ба роҳ монда мешуд. - Ба ин миқдор ҷанговарон, дар фасли обхезии тобистон чӣ гуна дарёи Панҷро убур карданд? - Тавассути тал. Пӯсти говро тавре аз тан ҷудо мекунанд, ки ягон сӯрохӣ надошта бошад.Онро дам карда, рӯйи 4-5 тои он тахтаю чӯб мепартоянд ва тавассути он аз об мегузаранд. Аз камераҳои балони мошинҳои калон ҳам истифода мешуд.Чунки тал камӣ мекард. - Муҷоҳидон дар давоми чанд рӯз аз сарҳад убур карданд. Чӣ гуна аз назари сарҳадбонон пинҳон монданд? - Дар як ҳафта аз дарё гузаш-

танд. Соҳили дарёи Панҷ ҷангалзор аст, назорат кардан ғайриимкон. Одамоне буданд, ки ҳар лаҳза маълумот дастрас мекарданд. Сарҳаду сарҳадбонон пурра таҳти назорати мо буданд. Одамҳои аз дарё гузашта, пинҳон мешуданд, барои ҷанг омодагӣ мегирифтанд. - Муҷоҳидон аз кадом миллатҳо иборат буданд? - Беш аз 70 каси онҳо аз Бангладеш, Миср, Яман ва дигар кишварҳои арабию пешвояшон Хатаб буд. - Хатаб магар дар ин амалиёт иштирок дошт? - Не, ӯро то амалиёт ба Чеченистон равон карданд. - Боқимонда аз кадом миллатҳо буданд? - Тоҷикон кам, боқимонда афғон буданд. Чизу чораро афғонҳо аз дарё мегузарониданд. Танҳо афғон инро метавонист. Зеро афғон мисли оҳуст. Пул деҳ, барои вай фарқ надорад, ки кӯҳ аст ё пушта, гарм аст ё хунук. - Кадом намуди силоҳҳо истифода шуданд? - Ба ҳар 12 нафар 1 гранатомёт, сари ҳар кас автомати калашников, ба ҳар 5 нафар як пулемёт рост меомад. Ҳамагӣ 6 минамёт буд. Ҳуҷум соати 3-и шаб, ки ҳама дар хоби ғафлат буданд, шуруъ шуд. Албатта, агар ин ҷанг дар ҳолати бедории сарҳадбонон мебуд, муҷоҳидин қувваи зиёд аз даст медоданд. Онҳо ҳатто фурсати либос пӯшидан накарданд. Аз сарҳадбонон мувофиқи маълумоти онвақтаи мо ҳамагӣ ду нафар зинда монд. Вале баъдтар рақамҳои дигар пайдо шуданд. - Чӣ чиз боиси пирӯзии муҷоҳидон дар ин амалиёт гашт? - Аввал, мавқеи ҷойгиршавӣ. Дуюм, чирикӣ (партизанӣ) будани ҷанг. Вақти ҳуҷум сарҳадбонон ҷойи гурехтан надоштанд. Ҳама дар ғафлат буданд. - Ин амалиёт чанд соат идома кард? - Чор соат. Аз соати 3-и шаб то 7-и саҳар. - Аз ҷониби муҷоҳидин чанд нафар ҳалок шуд? - Шаш нафар. Даҳ нафар захмӣ. Ин талафот аз ҳисоби аз даст додани вақт буд. Дар пост ба миқдори калон пул ба ғанимат омад. Як автомобили “Газ-66” пур аз пул шуд. Пулҳоро ба мошин бор карда, лаби дарёи Панҷ интиқол доданд, ки аз дарё гузаронанд. Аммо аз снаряди вертолёт мошин таркид ва ҳама пулҳо сӯхтанд. Баъди ин амалиёт бори аввал маблағи калон аз хориҷ ворид шуд. - Магар ин маблағ арзиши ҷони 25 нафар сарҳадбон ва 6 муҷоҳидро дошт? - Албатта не. Он вақт ҳама дар андеша будем, ки дар роҳи ҳақ шаҳид мешавем. - Забони арабиро дар куҷо омухтед? Дар назди домулло Саидраҳмон. Ӯ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе зиндагӣ дошт. Баъд дар Афғонистон бо арабҳо, олимони афғон якҷо шуда, омӯзишро такмил додам. Бознашр аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (ихтисоран)

9


ИНТИХОБОТ-2015

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, шумораи зиёди аҳолии кишварро ташкил мекунанд ва ниёзи аслиашон дар шароити феълӣ таъмин будан бо ҷойи кори доимӣ ва зиндагии беҳтар доштан аст. Ҳоло ки дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ қарор дорем ва барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ камтар аз як моҳи дигар мондааст, оё аҳзоби сиёсии кишвар, ки ба парлумон номзад пешниҳод кардаанд, то куҷо ба ҷавонон ва мушкилоти онҳо таваҷҷуҳ доранд? Ниёзҳои ин қишри муҳими ҷомеа дар барномаҳои интихоботии ҳизбҳо дарҷ ёфтаанд ва барои ҳалли мушкилоти ҷавонон чӣ корҳо рӯи даст гирифта хоҳанд шуд?

ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо низ дарҷ ёфтааст. Ҳизб ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули

Бо ин мақсад 30 январи соли ҷорӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар қароргоҳи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар мавзӯи “Муаррифии барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷавонон” вохӯрии ҷавонон бо роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор гардид. Фирӯза Шарифӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи иҷрояи ҲХДТ иброз дошт, ки: “Дар қатори дигар самтҳои афзалиятноки ҷомеа дар барномаи интихоботии ҲХДТ масъалаи ҷавонон

роҳбарӣ, инчунин, дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад. Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. ҲХДТ бо ташкилоти “Созандагони Ватан” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки

насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба воя расад. Мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи наврасону ҷавонон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад”. Зайниддин Сафаров, муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон зикр кард, ки “дастгирии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

дани шароити мусоид барои шуғл ба варзиш ва ташкили истироҳати ҷавонон масъалаҳои асосие мебошанд, ки дар барномаи интихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон дарҷ шудаанд”. Саидҷафар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи интихоботии ҲДТ ба масоили иқтисодии ҷавонон таваҷҷуҳ шудааст ба шарномавии алтернативӣ. Чун дар ҷомеаи

Ҷавонон ва аҳзоби сиёсӣ

ванд. Онҳо ба тиҷорат ва истеҳсолот машғул мешаванд, метавонанд дар ҷомеа ҷойи худро биёбанд. Инчунин, ҳар як наврасе, ки хона-интернатро хатм мекунад, бояд тибқи қонуни мушаххас ҳатмӣ бо ҷойи кор ва манзили зист таъмин шавад”. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чунин ибрози андеша кард: “Мо доим такрор ба такрор мегӯем, ки ҷавонон туфайлӣ нестанд. Ҷавонон дар

Ё масъалаҳои ҷавонон дар Барномаи интихоботии аҳзоби сиёсӣ

дар самти тарбияи олимони ҷавон, аз ҷумла, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, колеҷҳои касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани стипендияи донишҷӯён, хонандагони болаёқат, унвонҷӯйҳо, музди меҳнати муаллимони ҷавон ва мусоидат ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мутахасисони ҷавони деҳот, дастгирии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоии ҷавонон, фароҳам овар-

демократӣ зиндагӣ мекунем, бояд касеро бе пул ё бе музди меҳнат кор нафармоем. Бояд ба сарбозон маош таъин шавад. Маоши 50-100 ё 500 сомонӣ не, маоше, ки дар ҳақиқат бо он аҳли оила, падару модари сарбоз дар як моҳ бо хурду хӯрок таъмин бошад, чун фарзанди онҳоро ду сол ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват мекунем. Аз ҷониби дигар, вақте хизмати ҳарбӣ шартномавӣ шуд, 80 фоизи ҷавонони мо дар вақти даъват ба хизмати аскарӣ на гурехта муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, на бо дили нохоҳам шомили донишгоҳҳои шартномавӣ меша-

ҷомеа барои ҳуқуқҳои худ бояд мубориза баранд, чунки онҳо интихобкунанда ҳастанд. Мавқеи мо нисбат ба сиёсати ҷавонон ҳамин аст, ки мо пеш аз ҳама бояд илму донишро дар кадом сатҳе, ки набошад дар ҷумҳурӣ пеш гузорем. Илм аз академия оғоз намешавад, илм аз боғчаю мактаби миёна сар мешавад. Дуюм интихоби касб. Интихоб ин ҳуқуқи мухтори ҷавонон аст. Онҳо набояд дар интихоби касб маҷбур карда шаванд”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

НИГАРОНӢ Чанд рӯз пеш дар пиёдароҳи канори дарёи Варзоб қадамзанон ба хона мерафтам. Оби дарё бо шаст ҷорӣ буд. Чашмам ба чанд нафар афтид, ки аз болои қубурҳои азими об, ки дар болои дарё гузошта шудаанд, мегузаштанд. Ман ҳисоб кардам, ки равандаҳо дар 10 дақиқаю 45 сония бо пойҳои ларзону вуҷуди пур аз тарс рӯ-рӯи қубур ба он тарафи дарё гузаштанд. Нафароне, ки аз болои он дар тӯли дақиқаҳои зиёд гузаштанд, агар бо роҳи муқаррарӣ, ки дигар шаҳрвандон рафту омад мекунанд, мерафтанд, шояд бо вақти кам ва бе тарсу ҳарос мерасиданд. Ин қубурҳо “пайвандгари” хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

10

Роҳи кӯтоҳи хавфнок Сокинони хиёбони Ҳофизи Шерозӣ мегӯянд, донишҷӯёне, ки дар Шаҳраки донишҷӯён таҳсил менамоянд ва нафарони дигар ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ аз болои қубур мегузаранд. Онҳо, инчунин, бо нигаронӣ иброз доштанд, ки чанд нафар донишҷӯ ва сокинон ҳангоми гузаштан аз болои қубур афтида, дасту пояшонро шикастаанд. Ҳатто ду сол қабл донишҷӯе дар фасли баҳор, ки одатан оби дарё тезҷараён аст, мехост дарёро гузарад, ногоҳ пояш лағжиду ба об афтид. Гумон кардем, ки дигар тамом, ӯро об мебарад. Хушбахтона, ӯ шиновариро медонистааст, бо душворӣ ҳам бошад, аз дарё баромада тавонист.

Дар ҳақиқат, қубури мазкур хеле баланд аст ва шахсе аз болои он биафтад, ягон ҷойи баданаш ҳатман мешиканад. Худо накарда, агар ба дарё сарозер равад, эҳтимоли раҳо ёфтанаш хеле кам аст. Пас, барои чӣ сокинон ва донишҷӯён дониста ҷони худро дар хатар мемонанд? Аммо мешавад бо бунёди як пули хурди одамгузар ин мушкил ё хатарро бартараф кард. Барои ин танҳо масъулиятшиносии мутасаддиёни Ҳукумати шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зарур аст. Беҳуда “илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ” нагуфтаанд. Ҳ ТАЛАБШО, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


БА ИСТИҚБОЛИ 3000-СОЛАГИИ ҲИСОР Ҳафтаи сипаришуда Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ дар хусуси иҷрои нақша ва барномаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли сипаришуда ба хабарнигорон иттилоъ дод. Хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», ки дар ин нишаст иштирок дошт, ба чанд саволи худ посух гирифт. - Яке аз чорабиниҳои соли равон 3000-солагии Ҳисор ба шумор меравад. Корҳои омодагӣ ба ин ҷашн чӣ гуна ҷараён доранд? - Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор исботи ташаббуси таърихӣ ва наҷибонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту ободии ин диёри бостонӣ мебошад. Иштироки Сардори давлат 15 августи соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ва вохӯрӣ бо соҳибкорону фаъолони ноҳия, ташрифҳои чандкаратаи раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор ба ривоҷу равнақ ёфтани суръати сохтмони иншооти ҷашнӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Мувофиқи барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016» сохтмони 22 иншоот ба маблағи 95,6 миллион сомонӣ ба рӯйхати иншооти ҷашнӣ ворид шудаанд. Ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони 6 иншооти хизматрасонӣ идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва савдо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсенна» дар маҳаллаи 8-ум, аз тарафи соҳибкорон Д. Маликов ва Ш. Юсуфов дар кӯчаҳои 60-солагии таъсиси ноҳияи Ҳисор ва Ф. Абуллоев дар арафаи анҷомёбист. Аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Зиёев дар кӯчаи Н. Қаюмов меҳмонхона барои 50 ҷой ба истифода дода шуд. Бунёди меҳмонхонаи дигар аз ҷониби соҳибкор Ҳ. Усмонов оғоз ёфта, алҳол 80 дарсад корҳои сохтмонӣ иҷро гаштаанд. Сохтмони «Бозори масолеҳи сохтмонӣ» дар арафаи анҷомёбист. Сохтмони «Боғи фарҳангӣ», «Чойхонаи миллӣ», варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷои нишаст аз ҷониби се пудратчӣ, чанд иншооти дигари маъмуриву иҷтимоӣ низ бо назардошти анъанаҳои таърихи халқамон ба нақша гирифта шуда, сохтмони идораи Кумитаи замин, бинои Раёсати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират бо суръат идома доранд. Бо назардошти тағйиру иловаҳо ба рӯйхати иншооти ҷашнӣ 248 иншоот ворид шудаанд. Илова бар ин, 163 иншооти дигар аз ҷониби мардуми ноҳия, қисме ба таври ҳашар, қисман аз ҳисоби соҳибкорони хурду миёна сохта мешаванд. То имрӯз 42 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст.

- Пайвастшавии иншооти мазкур ба хатҳои обу корез ва роҳҳои марказӣ чӣ гуна амалӣ мешаванд? - Ба шарофати ҷашни 3000-солагии Ҳисор ҳалли масъалаҳои глобалии ноҳия, аз ҷумла, сохтмони хатҳои обу корез ва таъмин намудани аҳолӣ бо барқ ва оби нӯшокӣ барои 50 соли оянда имкон медиҳад, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиётро бо суръат пеш барем. Соли гузашта гузаронидани хатҳои нави магистралии обу корези шаҳраки Ҳисор идома ёфта, дар кӯчаҳои Ф. Абдуллоев, Ҳилолӣ, Сатторов ва Б. Раҳимзода қубурҳо хобонда шудаанд. Корҳои сохтмонии роҳи нави автомобилгард дар

барқароршавандаи маҷмааи таърихии «Қалъаи Ҳисор» аз ҷониби мутахассисони соҳа идома дорад. Як гурӯҳ кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо роҳбарии Н. Филимонова ковиши археологӣ гузаронида, дар Арки Ҳисор ёдгории таърихии беш аз 4200-соларо пайдо карданд. Инчунин, дар деҳаи Бӯстон ду ғори давраи Қушониён дарёфт гардид. Дар назди чашмаи Заъфарон сутуни давраи юнонӣ-бохтарӣ кашф шуд. Алҳол корҳои тадқиқотӣ идома доранд. Ҳамчунин, барои бо нигораҳо таъмин намудани осорхона ва Китобхонаи шаҳри Ҳисор байни аҳолӣ озмуни намоиши бозёфтҳои нодир ва асбобу анҷомҳои рӯзгори

аз Шарқ то Ғарб дар масофаи ду шабонарӯз роҳ тӯл мекашад”. «Роҳи абрешим», аз дохили Шумон мегузашт. Ҷуғрофшиноси асри X Алмуқаддасӣ менависад: «Шумон яке аз уммаҳоти билод (модари шаҳрҳо) ба шумор меравад». Чанде пеш бо олимони таъриху бостоншинос суҳбат доштем. Онҳо бо боварӣ гуфтанд, ки дар Арки Ҳисор бо тамоми давраҳои таърихи Тоҷикистон дучор омадан мумкин аст. Яъне, аз ҳар куҷои он, ки чуқурӣ (шурф) мекананд, ҳам осори давраи сангӣ мебарояду ҳам давраи биринҷӣ, ҳам оҳан. Таъмири осори қадима бар зимаи Вазорати фарҳанг гузошта шудааст. Мо аз вазорати мазкур хоҳиш кардем, ки ҳарчи зудтар нишастгоҳи Аркро барқарор намояд. Дар ҳақиқат, агар қалъаи Ҳисорро ҳамчун маҷмуа гирему ковишҳои археологиро ҳисоб намоем, чизҳои ёфташуда ҳанӯз 1% ҳам нашудааст. Академик Окладников ва дигар муҳаққиқон як давраи муйян аз «Тӯпхона» ва «Теппаи Ғозиён» ёдгориҳои таърихиро ёфта, «Маданияти Ҳисор» эълон карда, дигар таҳқиқотро идома надоданд. Ҳоло муайян шудааст, ки дар вақташ аз даруни «Аскархона»-и қалъа роҳи зеризаминие будааст,

таваққуфгоҳи замонавӣ сохта мешавад. Кишоварзони ноҳия дар соли сипаришуда ба чӣ дастовардҳо ноил гаштанд? - Соли гузашта кишоварзони ноҳия 38,9 ҳазор тонна ғалла, 4076 тонна картошка, 1267 тонна зироатҳои полезӣ, 2027 тонна пахта ва 12,7 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ намуданд. Баҳри амалӣ гардонидани Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20102014» соли гузашта хоҷагиҳои боғу токпарварии ноҳия дар майдони 194 гектар боғу токзорҳои нав бунёд намуданд, ки 108,0 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Бо истифода аз таҷрибаи кишоварзҳои Аврупо ҷиҳати бунёд намудани боғҳои интенсивӣ бо технологияи пешрафтаи замонавӣ ва дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон дар майдони 30 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд ёфтааст. Истеҳсоли ангур дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳия 17270 тоннаро ташкил дод,

ки ба деҳаҳои наздик мерафтааст. Солҳои пеш дар он мавзеъҳо хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд. Ба гуфтаи муаррихи тоҷик Неъматов Масҷиди сангин дар замонҳои қадим ибодатгоҳи зардуштиён буд. Баъд аз омадани арабҳо қиблаи онро рост карда, ба масҷид табдил доданд. Яъне, Масҷиди сангини Ҳисор мувофиқи он гуфтаҳо аз ҷумлаи нахустин масҷидҳоест, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза сохта шудааст. Ҳангоми фатҳи Константинопол (Истанбули имрӯза) туркҳо калисои Софияи муқаддасро вайрон накарда, онро ба масҷид табдил доданд, ки имрӯз ба номи масҷиди «Ая София» машҳур аст. Масҷиди сангини Ҳисорро бо ҳамин усул сохтаанд. Кофтукови археологӣ аз апрели соли равон идома хоҳад ёфт. Сокинони деҳоти атроф ба археологҳо кӯмак мекунанд, то ҳақиқати таърих ба оламиён пешкаш шавад. Тавре гуфтам, аллакай намунаи осори таърихии 4200-сола ёфт шуд. - Соли равон бинобар таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ ба дидани ёдгориҳои таърихӣ меоянд. Оё инфрасохтори туристии ноҳия ба хизматрасонӣ омодаанд? - Дар мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор роҳбаладони донандаи се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) фаъолият доранд. Онҳо аз таърихи Ҳисор ба хубӣ огоҳанд. Дар қалъаи Ҳисор се ошхона ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Оянда барои мошинҳо тибқи лоиҳа

ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 634 тонна зиёд мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 69,7 ҳазор, аз ҷумла, модагов 38,1 ҳазор сарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 1,2 то 2,5 ҳазор сар зиёд мебошад. Саршумори бузу гусфанд, асп ва занбӯри асал низ зиёд шуд ва ин асосан ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Нақшаҳои солонаи шир ва гӯшт пеш аз муҳлат иҷро шудааст. Дар баробари ин, захираҳои истифодашуда низ хеле зиёданд. Ноҳияи Ҳисор бузургтарин таъминкунандаи пойтахт бо шир аст. Дар як шабонарӯз аз хоҷагиҳои ноҳия ба пойтахт 31 тонна шир интиқол дода мешавад. Ҷиҳати бунёди корхонаи истеҳсолӣ барои коркарди шир, гӯшт, пашм, пилла, сабзавот ва мева дар ноҳия корҳои муайян иҷро шуда истодааст. Оянда барои 5000 тонна меваю сабзавот сардхона сохта мешавад. - Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Умуман, мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар партави Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ нақшаву чорабиниҳо тартиб дода, ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмонро сазовор пешвоз мегиранд ва ин мулки зарнисорро ба як гӯшаи ободу зебои кишвар табдил медиҳанд.

Ҳисор: 42 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд масофаи 11 километр аз шаҳраки Ҳисор ба самти Қалъаи Ҳисор ва таъмири асосии роҳҳои маҳаллии ноҳия, ки 12 километрро дар бар мегирад, идома доранд. Роҳи воридшавии шаҳраки Ҳисор ба масофаи 2,7 километр таъмир гардида, азнавсозии кӯчаи Исмоили Сомонӣ пурра анҷом ёфт. Мувофиқи нақшаи генералии ноҳия ба ҳудуди шаҳраки Ҳисор 328,5 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои ба номи Латиф Муродов, “Ватан,” “50-солагии Октябр!” ва мавзеъҳои аҳолинишини ҷамоати Деҳқонобод иловатан ҳамроҳ карда шудааст. Соли сипаришуда соҳибкорони ноҳия 6 чоҳи амудии оби нӯшокиро ба истифода доданд. Аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон 5 кӯпруки автомбилгард дар деҳаҳои Турушбоғ, Хонақоҳи кӯҳӣ, Мавлошариф ва Ҳафттеппа сохта шуд. Таҷдиди шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-Сарҳади Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди ноҳияи Ҳисор мегузарад, дар марҳилаи анҷомёбист. Баҳри амалӣ намудани нақшаи генералӣ ва корҳои ободонӣ, аз ҷумла, сохтмони роҳҳо, хатҳои обу корез ва гармӣ, хатҳои таъминоти барқ, хатҳои алоқа ҳаррӯза зери назорат қарор доранд. - То таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор 9 моҳ мондааст. Тадқиқоти таърихӣ дар ин самт чӣ гуна аст? - Таҷдид, тармим ва азнавсозии девори Қалъаи Ҳисор дар асоси лоиҳа ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти

қадима, намунаҳои ҳунарҳои халқӣ, китобҳои илмию бадеӣ эълон карда шуда, пас аз гузаштани озмун ройгон ба осорхона тақдим карда мешаванд. Соли гузашта бо мақсади равнақ бахшидани корҳои таблиғотии вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. Чунончи, моҳи марти соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи молия ва иқтисод бо иштироки олимону донишмандон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ба наздикӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар бораи таърихи Ҳисори Шодмон гузаронида шуд. Дар ноҳияи Турсунзода низ чунин чорабинӣ доир гардид, ки мушовири раиси ноҳия Султонмурод Одинаев ширкат варзид. Оянда чунин конфронсҳо дар ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ низ доир мешаванд. Бахшида ба 3000-солагии Ҳисор силсилаи мақолаву очеркҳо дар матбуот ба табъ расиданд. То имрӯз 6 китоби таърихӣ, адабӣ ва тадқиқотӣ аз чоп баромад. «Донишномаи Ҳисор» барои чоп омода шуд. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки Ҳисор калимаи арабӣ буда, маънояш қалъа, иҳоташуда мебошад. То давраи исломӣ онро Шумон мегуфтанд. Калимаи Шумон дар китобҳои «Занд» ва «Позанд» дарҷ ёфтааст. Сайёҳи чинӣ Сзян менависад, ки «Хонигарии Шумон аз ҷануб то шимол дар масофаи чор шабонарӯза роҳ ва

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Мусоҳиб С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

11


НАТИҶАГИРӢ

ФУТБОЛ

Иштироки духтурони тимҳои мунтахаби кишвар дар конфронси тиббии КФО Духтурони тимҳои мунтахаби кишвар Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (дастаи мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок хоҳанд кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, Конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё 2-4 апрели соли равон дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии он ташхис ва табобати ҷароҳат ва касалиҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ, инчунин, ҳолатҳои аз тапиш мондани дили футболбозон мебошанд. Дар конфронс намояндагони кишварҳои Осиё иштирок хоҳанд кард.

«Варзиш-спорт» Дилшод Назаровро варзишгари соли 2014 эълон кард Оҷонсии иттилоотии “Варзиш-спорт” гурзпарто Дилшод Назаровро, ки ғолиби Бозиҳои Осиё-2014 дар Инчхон гардида буд, беҳтарин варзишгари кишвар дар соли 2014 эълон кард. Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои варзиши кишвар аз рӯи версияи ОИ “Варзиш-спорт” 1 феврал дар тарабхонаи «Royal Pub» доир гашт. Ниммуҳофизатгари «Истиқлол»-и Душанбе Хуршед Маҳмудов беҳтарин футболбози сол шинохта шуд. Дар ин номинатсия се бозингари «Истиқлол»-и пойтахт – Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов ва Хуршед Маҳмудов муддаӣ буданд. Ба унвони беҳтарин мураббии сол сармураббии «Истиқлол» Мубин Эргашев, аз «Далерон-Уротеппа» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ва аз «Хуҷанд» Нуъмонҷон Юсуфов пешниҳод шуданд. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии ОИ «Варзишспорт» Мубин Эргашев беҳтарин

мураббии сол эътироф шуд. Зери роҳбарии ӯ «Истиқлол»-и пойтахт дар мавсими футболи соли гузашта барандаи Суперҷому Ҷоми Тоҷикистон гардида, инчунин, унвони қаҳрамониро низ ба даст овард. Ҳамлагари «Истиқлол» Дилшод Восиев ҷоизаи беҳтарин нишонзани чемпионати соли гузаштаи мамлакатро соҳиб шуд. Ширин Набиева, таэквандочӣ, беҳтарин варзишгари наврас дар соли 2014-ум дониста шуд. Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои саҳми босазояш дар рушду инкишофи футболи кишвар бо ҷоизаи махсуси хабаргузории варзишии «Варзиш-спорт» мушарраф гардид.

ФУТБОЛИ НАВРАСОН

Тими мунтахаби наврасон ба Ҷопон меравад Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Sport for Tomorrow Japan-Central Asia U-15 Football Exchange Programme» иштирок мекунад. Мусобиқа 23-30 марти соли равон дар шаҳри Осакаи Ҷопон доир мегардад. Интизор меравад, дар мусобиқа 10 даста ширкат кунанд. Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) барои иштирок дар ин мусобиқа ба Федератсияҳои

футболи Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон низ даъватнома ирсол кардааст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа тими мунтахаби наврасони то 16-сола, таҳти роҳбарии

Зайнидин Раҳимов муаррифӣ хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки дастаи мазкур сентябри соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 иштирок мекунад.

ФУТБОЛ

Бозии рафиқонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Малдив Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Малдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар тавофуқ карданд. Вохӯрӣ 26 марти соли равон дар Малдив баргузор мешавад. Айни замон тими мунтахаби миллии Малдив дар раддабандии FIFA дар зинаи 131 ва тими мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 136-ум қарор доранд. Қаблан дас-таҳои мунтахаби Тоҷикистону Малдив ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Бори аввал дар Бозиҳои Осиё-1998 дар Тайланд. Дар ин бозӣ, ки 1 декабр доир гардид, футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуданд. Бори дуюм дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 дар Мали бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ин бозӣ 25 марти соли 2011 доир гардида, мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.

12

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНА

Бозии рафиқонаи «Хайр» бо КМВА «Помир» Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, барандаи медали нуқраи Чемпионати мамлакат-2014 дар доираи омодагӣ ба бозии марҳилаи дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 бо дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе бозии санҷишӣ доир кард. Он 4 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ёдовар мешавем, ки 10 феврал дар Варзишгоҳи марказӣ «Хайр»-и Ваҳдат дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 бо Чемпиони Бангладеш «Шайх Рассел» вомехӯрад. Дар сурати ғолиб шудан, шогирдони Тоҳир Муъминов ба Лубнон сафар карда, бо барандаи ҷоми Лубнон - дастаи «Салом Ҷҳарта» вомехӯранд. Ин бозӣ 17 феврал доир мешавад ва дар сурати ғолиб шудан, «Хайр» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 роҳхат мегирад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


Тавре аз мадракҳои асотири таърихӣ огаҳӣ дорем, инсоният дар таърихи ҳастиаш ба дастоварду пирӯзиҳои наҷиби фарҳангӣ, илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст ва он ҳама баҳри пешрафти зиндагӣ, саодати рӯзгор ва сулҳу субот равона гардидааст. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш аст, ки аз қадимулайём ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон, оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина ба ҳам омадани халқу миллатҳо хидмат мекунад.

ҲАМОВОЗӢ

ЭЪЛОН

заинтихоб аз гомҳои нахустини худ барои пешрафту такомули соҳа саҳми назаррас мегузорад. Ҳадафи асосии сиёсати давлат дар ин самт фароҳам овардани шароити мусоиди инкишофи намудҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии мамлакат ба тарбияи ҷисмониву тарзи ҳаёти солим мебошад. Замони Иттиҳоди Шӯравиро даврони пешрафти оммавияти варзиш арзёбӣ мекунанд. Вале аз намояндагони дигар ҷумҳуриҳои советии сотсиалистӣ дар узвияти дастаҳои яккачини Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони асилу бомаҳорат ангуштшумор буданд. Алорағми ин ҳама нодидагириҳои «сунъӣ» мо ному насаби ориётаборонаи варзишгарони худ, аз қабили Зебуннисо Рустамова, Иброҳим Ҳасанов, Азалшо Олимов, Сайидмуъмин Раҳимов чун пешвоёни асилу нотакрори соҳа бо ифтихори бепоён сухан мегуфтем. Ибтидои соли 1955 тоҷикписар

Диққат, озмун!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: № 1 2 3 4 5 6

Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор

Қадри заҳмати варзишгар боиси инкишофи соҳа мегардад Миллати тамаддунофари тоҷик ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон дар ҳама давру замон майлу рағбати зиёд дошт. Аҷдодони ориётабори мо барои беҳдошти солимиву афзудани неруи ҷисмонӣ ба усулҳои гуногуни варзиш назири давидану ҷаҳидан, найзапартоиву шамшерзанӣ, гурзандозиву камонварӣ, шатранҷу чавгонбозӣ, аспдавонӣ, гӯштину шиноварӣ рӯй оварда буданд. Имрӯзҳо ҳам иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмонӣ яке аз машғулиятҳои асосии ҷавонон гардида, вобаста ба тақозои замон намудҳои нисбатан нави он арзи вуҷуд карда истодаанд. Дар майдону толорҳо, тамрингоҳҳо ва марказҳои солимгардонӣ ҷавонону наврасон бо камоли майл ва шавқи бепоён машқ мекунанд. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ варзишгарони кишварамон дар аксар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, тавассути зӯри бозувони рустамонаи хеш нуфузу эътибори кишвари маҳбубамонро баланд бардошта, Тоҷикистони ободу озодро дар арсаи олам шӯҳратёр мегардонанд. Банда, ки дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимов мебошам, гузаштаи начандон дури қисмати варзишро бо имрӯз қиёс карда, тафовути чашмрасеро эҳсос менамоям. Бори аввал Шӯрои тарбияи ҷисмонии назди Кумитаи инқилобии комиссарони худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1926 дар шакли ҷамъиятӣ созмон ёфт ва сарварии онро яке аз фарзандони фарзона, Қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур ба уҳда гирифт. Баъдан идомаи корномаи роҳбарии ин нобиғаи асили варзишу инқилобчиро пайравони ӯ ҷавонмардони поктинату корозмуд Б. Крейднер, В. Корженко, М. Мирзоева, П. Яригин, У. Яҳёев, К. Шукроев, М. Саъдуллоев, И. Ҳасанов, А. Сатторов, З. Рустамова, С. Раҳимов, С. Абдулвоҳидов, Д. Саидов, М. Неъматов идома доданд. Феълан ҷавонмарди озодандеш Аҳтам Абдуллозода бори масъулиятро ба уҳда дорад. Итминони комил дорем, ки роҳбари то-

Азалшоҳ Олимов байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чемпиони шаҳри Маскав дар риштаи самбо гардид. Сайидмуъмин Раҳимов соли 1975 аввалин ҷоизаи тиллои чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд. Гурдофариди садаи ХХ Зебуннисо Рустамова ҳамон сол медали тиллои чемпионати ҷаҳон ва соли 1976 ҷоизаи биринҷии Бозиҳои олимпиро ба даст овард. Баъдан, гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев барандаи ҷоизаи тиллои Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон гардида, ҳавонавард Юрий Баранов, дар олам нишондиҳандаи аз ҳама баландро бо 18 000 парвоз ба даст оварда, рекорди ҷаҳонӣ гузошта буд. Хушбахтона, имрӯз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов як зумра варзишгарони бомаҳорату маъруфро омода карда истодааст. Онҳо қодиранд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ қувва озмуда ғолиб оянд. Боиси ифтихори аҳли донишгоҳ аст, ки аз 112 иштирокдори Бозиҳои олимпии солҳои охир 92 нафар дастпарвар ва хатмкунандаи ҳамин даргоҳ маҳсуб меёбанд. Дар ин радиф Гулсара Додобоева, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Андрей Абдувалиев, Низомиддин Сангов, Расулу Рустам ва Алишер Боқиевҳо, Фирӯза Зубайдова, Албина Камолиддинова ва даҳҳо нафари дигарро метавон номбар кард. Дастаи яккачини волейболбозони донишкада таҳти роҳбарии ноиби ректор оид ба варзиш, номзади илмҳои таърих Сайдаҳмад Баҳриддинов, мураббии шоистаи Тоҷикистон, муаллими варзиш Ҳусейнҷон Давлатов, Корманди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ Раҳматулло Нуров панҷ сол боз ғолиби ягона дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Чунин натиҷаҳои баланди варзиширо гӯштингирони тарзи озод, дзюдо, самбо бо роҳбарии мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Ҳикматулло Зайдуллоев, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷамшед Ибронов, мудири кафедра, муаллими калон Хуршед Ибайдуллоев, устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ Қурбонхон Шоев, Муҳаммадшариф Сулаймонов низ ба даст овардаанд. Ҳоло дар донишкада дар баробари такмилу тақвияти варзиш, ҳамчунин, ба

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

маърифатнокиву саводнокии шогирдон аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар ҳашт соли охир 18 китоби муаллифи ин сатрҳо ва 14 китоби варзишии ёвар ва сухангӯйи ректори донишкада Мирзосафар Шамсиддинов ба табъ расиданд. Китоби «Физиологияи варзиш»-и муаллима Зебо Деҳқонова ва 2 китоби доир ба фалсафаи варзиши Мирзобоқӣ Шарифов, муаллими калони донишгоҳ, бо теъдоди зиёд аз чоп баромаданд. Инчунин, аз ҷониби устодони донишкада дастурҳои таълимии «Шиноварӣ», «Психологияи варзиш», «Гимнастика» барои макотиби олии касбии кишвар ба чоп омода шудаанд. Дар ин бобат мо аз дастгирӣ ва равобити ҳасана бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басо миннатпазирем. Давоми ду соли охир майдонҳои замонавии футбол, баскетбол, осорхона ва маркази нави компютерӣ таъсис ёфта, барои 4 ҳазор ҷойи нишаст болои варзишгоҳҳо пӯшонда шуд. Дар хобгоҳи донишҷӯён ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рахти хоб харида шуд. Тасмим гирифтем, ки барои 2 ҳазор донишҷӯ як бинои наву замонавии сеошёнаи хобгоҳ бунёд созем. Инак, боз як иқдоми тоза, навгонии басо хайрхоҳона аз ҷониби пешвои муаззами халқ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарон андешида шуд. Тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ ба тасвиб расид, ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Сарвари давлат қадрдонӣ мегарданд. Ин иқдом дар самти ҳавасманд намудани варзишгарон ва дар ин робита баланд бароштани сатҳи иштироки онҳо дар мусобиқаҳо мусоидат хоҳад кард. Мо, аҳли варзиши мамлакат, аз ҷумла, устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов аз ин навгонии рӯҳбахш ниҳоят шод буда, ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои бепоён ва таваҷҷуҳи махсус ба рушди варзиш арзи сипос менамоем.

7 8 9 10 11 12 13 14 15

16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34

Номгӯи мансабҳо Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Сардори Раёсати рушди туризми дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷ. Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахасиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷомӣ Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; варақаи шахсии

Маоши вазифавӣ 1709.1 1709.1 854.55 855 738 738 738 702 702 702 702 702 702 702 697,5

603 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 522 495 495 472.50 472.50

баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс:734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 23641-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо)

13


ЧЕҲРА

Аслан, фаъолияти роҳбарӣ дар ягон давр кори саҳл набуд ва буда ҳам наметавонад. Зеро роҳбарӣ, ба қавле, санъат аст. Илова бар ин, аз шахс маҳорат, малакаю кордонӣ ва аз ҳама муҳим бо зердастон, корафтодагону ҳоҷатмандон муносибатро талаб мекунад. Муносибате, ки боиси ранҷиш, малоли хотири нафаре нагардад. Зеро ҳар нафар ба худ хос олами ботинӣ, хислату рафтор дорад. Бахусус, дар шароити кунунӣ, ки онро асри пешрафтҳои техника ва иттилоот номгузорӣ кардаанд. Яъне, дар шароити имрӯза роҳбар бояд фарди дорои донишҳои амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва огаҳ аз вазъу ҳаводиси замона бошад. Кас агар ба шарҳи ҳоли роҳбари имрӯзаи Иттифоқи журналистони кишвар Акбаралӣ Саттор дида дӯзад, ягон ҳолат ва чизи ғайриодиеро ҳис ё мушоҳида нахоҳад кард. Чун садҳо, ҳазорҳо нафар шаҳрванди кишвар шарҳи ҳоли ӯ одист. Моҳи феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Водие, ки шоири шаҳири тоҷик, шодравон устод Мирзо Турсунзода дар он ба дунё омадаву васфи он кардааст. Чун мулки зарнисор ва ҳофизон аз ашъори устод бар васфи ин мулк сурудаанд: Водии Ҳисори ман, Мулки зарнисори ман. Васфи устод нисбат ба ин мулк беасос нест. Иқлими водии Ҳисор нисбат ба дигар манотиқи кишвар муътадил буда, барҳақ, мулки зарнисор аст. Акбаралӣ дар ин водии зарнисор ба воя расидааст. Қатори ҳамсолон ба мактаби миёна рафт. Пас аз хатми мактаб ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дохил шуд. Соле таҳсил намуда, барои хизмат дар сафи артиши шӯравӣ даъват шуд. Баъди адои хизмат таҳсилро дар факултаи журналистикаи Универститети давлатии Ленинград (ҳоло шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия) идома дод. Оғози солҳои навадуми қарни пешин таҳсилро ба итмом расонда, ба зодгоҳ баргашт.

Роҳи душвор аз миёни амвоҷи ҳаводис Фаъолияти меҳнатиро ӯ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ҳайси хабарнигор оғоз кард. Пасон, дар рӯзномаи «Садои мардум» фаъолияташро идома дод. Соли 1994 Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чархи гардун»-ро ташкил кард. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар, ба хотири гуногунандешӣ нашри рӯзномаҳои хусусӣ имконпазир гардид. Акбаралӣ Саттор аз зумраи аввалинҳое буд, ки ба ин иқдом даст зад. Яъне, чопи чунин рӯзномаҳоро ба роҳ монд. Дар ин ҷода комёб ҳам гардид. Ҷамъияти «Чархи гардун» айни замон чор ҳафтаномаро муттаҳид намудааст: «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авитсенна» ва «Дайджест-пресс». Имрӯз ҳафтаномаҳои «Чархи гардун» ва «Вечерний Душанбе» аз нашрияҳое маҳсуб меёбанд, ки хонандаи бешумор доранд. Метавон гуфт, чопи ҳар шумораи онҳоро ҳаводорон бесаброна интизорӣ мекашанд. Агар гӯем, ки ҳоло дар фазои иттилоотии кишвар миёни нашрияҳо як навъ рақобат вуҷуд дорад, хато нахоҳад шуд. Вуҷуд доштани рақобат низ амри табиист. Сари вақт ба хонанда расонда тавонистани иттилоъ ҳам як ҳунар аст. Агар он холисона ва беғараз бошад. Ҳар ҳафта нашрияҳои бешумор ба дасти хонанда мерасанд. Ҳолатҳое ба чашм мерасад, ки баъзе нашрияҳо ба хотири ҷалби хонандаи бештар, аз паси ҳангома давида, ба қавле, аз пашша фил месозанд. Аз доираи одоби рӯзноманигорӣ ва ваколатҳои хеш берун по ниҳода, ба иззати нафси дигарон мерасанд. Хушбахтона, дар ҳафтаномаҳои «Чархи гардун» ва «Вечерний Душанбе» чунин ҳолатҳо, қариб ки ба чашм намерасанд. Зеро сарвари ҷамъияти «Чархи гардун» Акбаралӣ Саттор нафаронеро барои фаъолияти меҳнатӣ ба нашрияҳои худ ҷалб намудааст, ки соҳибҳунаранд. Мекӯшанд дар доираи қонунҳои мавҷуда фаъолият дошта бошанд. Сарвари ҷамъият ба онҳо пайваста таъкид мекунад, ки пайи ҳангомаҳои нодаркор вақти хешро беҳуда зоеъ насозанд. Касеро ноҷо ҳадафи мақсадҳои но-

лозим қарор надиҳанд. Соли 2006 Акбаралӣ Сатторро раиси Иттифоқи рӯзноманигорони кишвар интихоб намуданд. Масъулияташ даҳчанд шуд. Саъй дорад, манфиатҳои рӯзноманигорони кишвар дар ҳама ҳолат ҳимоя гарданд. Имрӯз зиёд ба назар мерасад, ки бархе аз ашхоси мансабдор ё пушту паноҳдор санги маломат ба сари рӯзноманигорон мезананд. Гӯё онҳоро дар ягон нашрия беасос танқид карда бошанд. Ҳатто ба маҳкама мекашанд. Талаб мекунанд, аз онҳо узр пурсанд ё ҷуброн бидиҳанд. Дар чунин мавридҳо Акбаралӣ Саттор, чун сарвари созмони рӯзноманигорон мекӯшад, манфиатҳои аҳли қалам, яъне, ҳамкорон мунсифона чораҷӯӣ шаванд. Соли 2011 дубора ӯро ба ин вазифа интихоб намуданд. То кунун бори ин масъулиятро бар дӯш дорад. Кас ба шарҳи ҳоли ӯ нигоҳ афканад, дарҳол пай мебарад, ки ӯ як инсони одист. Ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳамроҳ нест. То ҳол ба ягон мукофоти давлатӣ пешниҳод на-

шудаю дар ягон зинаҳои маҷлис вакил ҳам интихоб нагардидааст. Танҳо дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти кишвар қатори нафарони дигар, аз ҷумла, чанде аз ҳамтоён бо медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст. Ҳамчунин, барандаи ҷоизаи Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ (соли 2002) мебошад. Баробари раиси Иттифоқи рӯзоманигорони кишвар будан, инчунин, чанд вазифаи дигари ҷамъиятиро низ бар дӯш дорад. Аз ҷумла, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии муқовимат зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои илмию таҳририи Энсиклопедияи миллии тоҷик, Шӯрои коршиносони назди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 30 кишвари оламро сайр намуда, ба қавле ҷаҳонгаштааст. Лек мекӯшад, чун одами одию хоксор бимонад.

Инро аз дидори ҳаррӯза дар коргоҳ метавон мушоҳида кард. Муносибаташ бо ҳама самимист. Ба он саъй мекунад, ки худро аз дигарон ҳаргиз боло нагирад. Ҳазлу шӯхиро дӯст медорад. Гоҳо чунон латифаҳое нақл мекунад, ки аз шунидани он кас аз ханда базӯр ба по рост меистад. Солҳое буданд, ки ба аъзогии Иттифоқи рӯзноманигорони кишвар ашхоси тасодуфӣ пазируфта шуданд. Чунин ашхос ҳуҷҷати бадастовардаро бо мақсадҳои ғаразнок истифода бурда, номи рӯзноманигориро танҳо доғдор кардаанду халос. Он замон рӯзноманигор барои узвият камаш бояд панҷ сол дар ягон рӯзномаю маҷалла, радио ё телевизон фаъолият мекард. Баробари ариза аз ҷойи кор маълумотнома, силсилаи навиштаҳои хешро пешниҳод менамуд. Ба он нигоҳ накарда, ки тамоми асноди лозима гирд оварда мешуд, бархе ба узвият пазируфта намешуданд. Чунки талабот сахт буд. Ҳоло Акбаралӣ Саттор азм дорад, танҳо ашхосе ба аъзогӣ қабул шаванд, ки боистеъдоду соҳибқалам ва ба пешаи худ содиқ бошанд. Сухан дар ҳама давру замон яке аз воситаи тавонои тарғибу ташвиқи ғоя, ҳадаф ва мақсадҳои ин ё он синфу гурӯҳ маҳсуб ёфтаю меёбад. Айни замон он ифодагари манфиатҳои абарқудратҳо гардидааст. Рӯзноманигори имрӯзаи тоҷик бояд инро хуб дарк созад. Дар нашрияи фаъолиятдошта, бо навиштаҳояш чун ҳимоягари манфиатҳои кишвари хеш баромад намояд. Чун сарвари Иттифоқи рӯзноманигорони тоҷик Акбаралӣ Саттор инро хуб дарк кардааст, бо роҳи душвор аз миёни амвоҷи ҳаводис ӯ низ дар фикри ҳимояи манфиатҳои кишвар аст. Аз ин хотир, зимни суҳбату вохӯриҳо бо намояндагони васоити ахбори омма пайваста кӯшиш мекунад, ки ҳамкорону ҳамкасбон ин нуктаро фаромӯш насозанд, сарфи назар накунанд. 10 феврали соли ҷорӣ Акбаралӣ Саттор ба синни мубораки панҷоҳ қадам мениҳад. Ин санаро давраи камолоти одамӣ меҳисобанд. Шояд дар ин гуфта ҳикмате нуҳуфта бошад. Зеро инсон дар ин синну сол гармию сардии рӯзгорро бисёр дида, аз ҳар ҷиҳат камол меёбад. Умед аст, сарвари Иттифоқи журналистони кишвар дар ин давраи камолот, боз ҳам зинаҳои баланди комёбиҳоро тай хоҳад кард. Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд

14

дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд.

Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Хати никоњ

Сарафрози

Фойтуни калон Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

Паймон

Забони модарии Амитабх Баччан

... Ѓафурї, овозхон

Нобуд, муќобили њаст

Бошишгоњи хон

Азо, сўг

СММ бо забони русї

Њамроњ карда ковидан

Шањр бо Тољмањал

Дарё дар Хитой

Дарё дар Њиндустон

Њосил кардан

Чашминтизор

Хонданї, китоби …

Номи њарфи арабї

Шањр дар Фаронса

Таоми миллии тоторї

Њокими њинди ќадим

Тамѓаи автомобили боркаш аз Минск

... «Новости», расонаи хабарї

... Ќосимова, овозхон

Мансуб ба одамизод

Таёќ

Мањсулоти мурѓ

Паррандаи мавсимї

Зидмаънои «бисёр»

Даркор, зарур

Фурудгоњи Париж

Роњбари НКВД дар замони Сталин

Њоло, акнун

Љазиракишвар, њамсояи Куба

Котиб, муншї

…и 3-юм дараља дар карате

Баъди борон аз зери хок мебарояд

Љисме, ки аз осмон меафтад

Шахси ноозод

Асъори Русия

Мамлакати «макаронхўрон» бо Рим

Хотирљамъ шудан

Тааљљубовар

Маълумоте, ки донишгоњ медињад

Дари дутабаќа не

Љои васеи бедарахт

Ашёи хоми сигор

Падари Юсуф (а)

Номи «Иван» дар Полша

Ногањон, банохост Асари манзуми Саъдии Шерозї

Пойтахти Ќирѓизистон

Иди мусулмонї

Пешдаро дар намоз

Итоаткунанда

Борис ..., кинорежиссёри тољик

Хамирпораи дар равѓан пухташуда

Давлат бо Киев

Партия

Номи занонаи русї

... и айн

Нигоњбонї, муњофизат

Шўхибардор

Рустами …, сарояндаи эстрада

Умар …, сарояндаи «Гулшан»

Насаби Хулио ва Энрике

Кўшиш, љидду љањд

Шикам, дарун

Бањр дар Русия

Навшукуфта

Номи мардона, «ягона» (арабї)

Пешвои рўњонї

Паноњ, наљот

Шохоби Енисей

Тамѓаи маргарин

Њама, кулл

Номи занонаи Њуљљат русї

«... упса», доруи зуком

Шакли шеър дар назми классикї

Ќадр, мартаба

Моњи зимистон

Њамеша

"Самаки ... "

Растании туршак Моиндари Сиёвуш дар «Шоњнома»

Устухони фил

... Давлатова, овозхон

Ќаторкўњњои Амрикои Љанубї

Љонишини шахси сеюм

Чењра, рўй, симо Лётчики моњир

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Макони ангишти Олмон

Кўмак

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Афандӣ рӯзи якшанбе ба моҳигорӣ меравад. Баъди чанд соати интизорӣ ба шасташ моҳии тилло меафтад. Моҳӣ ба сухан даромада, мегӯяд: - Агар маро раҳо созӣ, се хоҳиши туро иҷро мекунам. Афандӣ: - Хоҳиши аввали ман ин ки як мошини “Мерседес” мехоҳам. Моҳӣ: - Хеле хуб, вақте ба хонаат бармегардӣ, дар назди ҳавлӣ мошин истодааст. Афандӣ: - Хоҳиши дуюми ман ин ки як қасри бошукуҳ мехоҳам. Моҳӣ: - Ҷойи кулбаат аллакай як қаср пайдо шудааст. Афандӣ: - Хоҳиши сеюмам ин ки ҳафтаи оянда расо дар ин вақту соат худатро ҳамин ҷо ҳозир мекунӣ.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралӣ САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

***

Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),

Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, Хатлон),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН “Шарқи озод” (хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16) бо теъдоди 8248 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ 4 феврал ангораи ҷашни Наврӯзи соли 2015ро тасдиқ кард. Он дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад. АНДАРЗ

Шафқати гурбаи ланг Дар боғчае, ки миёни анбӯҳи биноҳои боҳашамати истиқоматӣ воқеъ буд, гурбаи ланге зиндагӣ мекард. Ҳайвони бечора рӯзе дар тамбаи мошинҳои роҳи калон монда, пояш маҷрӯҳ гардид ва маҷбур шуд дар ҳамин боғча, ки биноҳои баланд онро гӯё фишор меоварданд, паноҳ барад. Ҷонварак аз хӯрданиҳое, ки сокинони биноҳо аз тиреза барояш ҳаво медоданд, мехӯрд ва рӯз ба рӯз калон мешуд. Вай расо баъди як соли ҷароҳат бардоштанаш модар ҳам шуд. Гурбачаҳои зебову назаррабое ба дунё овард. Чанде аз сокинони маҳалла гурбачаҳои сафедакро соҳиб шуданд. Модаргурба ҳам бовар дошт, ки инсонҳо фарзандҳояшро аз вай беҳтар нигоҳубин мекунанд. Барои ҳамин, ба ягона фарзандаш, ки хокистаррангу каме заиф буд ва касе аз сокинон онро нагирифт, зиндагиашро идома дод. Бо гузашти чанд мавсим сокинони маҳалла шоҳиди он шуданд, ки модаргурба ва фарзандаш гурбачаҳои нав ба дунё оварданд. Гурбаи ланг, ки акнун лаззати таваллуди дуюмаш-

ро мечашид, ҳамзамон, наберадор шуда буд. Вай аз таҷрибаи дар ҳаёт андӯхтааш танҳо фарзандони худро шир медод ва набераҳои шӯхашро, ки гоҳ-гоҳ гурехта назди бибиашон ширмакӣ меомаданд, пеш мекард, то назди модарашон раванд. Албатта, ҳар тифл бояд аз синаи модари худ шир хӯрад ва он муҳаббати беназирро танҳо бо вай дар миён гузорад. Сокинони биноҳои атроф ин ҳолатро мушоҳида карда, рафтори гурбаи лангро дуруст хонданд. Баъзеҳо ҳатто бо ҳам шарт мекарданд, ки гурбаи ланг асло набераҳояшро шир намемаконад. Вале як рӯз онҳое, ки ба боғча барои истироҳату рафъи хастагӣ меомаданд ва аз ҳаёти ин ҷонваракони бео-

зор завқ мебурданд, тамоман ҳодисаи баръаксро шоҳид шуданд. Модарбузург дар қатори фарзандонаш набераҳояшро ҳам саховатмандона шир мемаконд. Шире, ки зоҳиран то ин дам дареғ дошта буд. Вай, инчунин, сару рӯи набераҳояшро мелесид ва тозагии онҳоро низ ба зима гирифта буд. Ин барои сокинон комилан воқеаи нодир буд. Гурбачаҳо, ки сахт гурусна монда буданд, пистонҳои модарбузургашон сари вақт ба имдодашон расид. Онҳо дар оғӯши гарми бибӣ ба серӣ шир мехӯрданд ва аз он хабар надоштанд, ки модарашон зери чархи мошин мондааст... Таҳияи Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Ғоратгарон писари Афандиро медузданд. Баъди чанд соат ба ӯ телефон карда, мегӯянд: - Як миллион доллар оварда, писаратро мегирӣ. Афандӣ: - Хуб шудааст, аммо то пул ёфтани ман писарамро гушнаву ташна нагузоред. Раҳбари ғоратгарон мегӯяд: - Ташвиш нашав, хӯрду хурокаш сад фоиз аст. Афандӣ: - Ин тавр бошад, биёед писари дуюмамро ҳам баред.

***

Ду маст дар роҳи оҳан хазида мераванд. Аввалӣ: - Ин зинапоя ин қадар дароз будааст? Дуюмӣ: - Зиқ нашав, нигоҳ кун, аз қафо лифт омада истодааст...

***

Писари Афандӣ назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сигор мекашад. Ба ӯ мегӯянд: - Ин ҷо сигор накаш. Ҷавоб медиҳад: - Шумо чӣ гуфта истодаед? Ман ҳатто дар назди падарам сигор мекашаму...

***

Афандӣ дар истгоҳ нишаста, ба фикр фуру рафтааст. Дӯсташ мепурсад: - Чӣ ин қадар фикр дорӣ? Афандӣ ҷавоб медиҳад: - Дар хонаам нишаста будам, қариб буд аз даҳонам номи ҳамсари дуюмам барояд. - Хуш, баъд? - Рафтам аз бозор як гурба харидаму номашро Латофат гузоштам... - Баъд чӣ? - Дирӯз занам як саг овард, гуфт номаш Рустам аст...

ЭЪЛОН

ЭЪТИБОР НАДОРАД Дафтари ҳавлии гумшудаи сокини деҳаи Деҳқонободи хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор Қодиров Нурмат Шокирович эътибор надорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9380), 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.