Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№7 (9381), 12 феврали соли 2015
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
e-mail: javonontj@mail.ru
www.javonon.tj
ҶОМЕА
Муллоҳои қаллоб
дар ҳар давру замон буданд
ҲАФТ РӮЗ 05.02.2015 Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кардааст, хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим шуд. 06.02.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинобар сабаби қатли ҳавонаварди урдунӣ аз ҷониби гурӯҳи ифротиву террористии «Давлати исломӣ» ба Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун барқияи тасаллият ирсол намуд. 07.02.2015 Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ»-ро ҷамъбаст намуд. Дар натиҷа, Ҳусниддин Алиев, лейтенанти хурди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ғолиб дониста шуда, бо нишони сарисинагии вазири корҳои дохилӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ қадр гардид. 08.02.2015 Дар вилояти Суғд 11 нафарро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафия” боздошт карданд, ки назди як нафар таҳсил мекардаанд. 09.02.2015 Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири мамлакат бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд Си Си Ю мулоқот кард. Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин бонк мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла, таъкид шуд, ки соли 2015 ин бонк, асосан, дар самти рушди бахши хусусӣ, такмил ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар, рушди роҳҳои оҳан ва захираҳои об кӯмак хоҳад кард. 10.02.2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодеро ба Ҳукумати Ҷопон барои кӯмаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард.
Саҳифаи БАРОИ ҶАВОНОН
Фитна дар хоб аст, бедораш макун
3
11.02.2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Ҳасани Рӯҳонӣ ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ барқияи табрикӣ фиристод.
аи ф ҳи а С
4
Мусоҳиба бо Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода1
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
НИШАСТ
ВОХӮРӢ
Шарикони рушд ба пешрафтҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд
Паём - роҳнамои ҷавонон
10 феврал бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, дар ҷаласа аъзои шӯрои мазкур, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар барои солҳои 20132015 ва роҳҳои таъмини рушди босуботи оянда баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, афзоиши миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расид ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш ёфт. Дар ҷаласа миёни намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷониби шарикони рушд нахуст муовини роҳбари Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ Кёши Кодера, директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден ва намояндаи до-
имии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳори андеша карданд. Онҳо пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуда, ба он баҳои мусбат доданд ва қайд намуданд, ки ҳамкории судбахш бо шарикони рушд барои тақвияти ин раванд идома меёбад. Директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден, аз ҷумла, изҳор дошт, ки ба Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди босуботи оянда дар баробари рушди институтсионалӣ расидан ба истиқлоли энергетикӣ басо муҳим аст. Рафти иҷро ва натиҷаҳои фосилавии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 аз ҷониби ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 20132015 аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода муаррифӣ шуд. Доир ба татбиқи ташаббусҳои
шарикони рушд барои амалӣ намудани Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 20132015 раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд Си Си Ю ва дигар аъзои шӯро, аз ҷумла, роҳбари бахши Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер, сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот, муовини директори намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Алиона Никулита, директори намояндагии Бонки рушди Олмон Кристин Лаабс, намояндаи собиқи Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, мушовири шуъба оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбии ин бонк Ҷоҷи Токеши ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сиянжу изҳори андеша карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дастгириҳои шарикони рушд, асосан, дар доираи 6 афзалият сурат мегирад ва барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятнок аз ҷониби шарикони рушд беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷалб шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми шарикони рушд дар тараққиёти иқтисоди миллӣ баҳои баланд дода, идомаи ҳамкории пурсамари онҳоро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим номид. Ба масъалаи таҳияи стратегияи навбатии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Тавре зикр гардид, санади рушди оянда бояд хатару таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратии ҳаёти муосир ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии онҳоро дар назар дошта бошад. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд ба идомаи босамари сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва комёб шудан ба афзалиятҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар бояд мусоидат намояд.
5 феврали соли равон бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатии ноҳия дар робита ба Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Насим Ҳасанов, мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо ҷавонони фаъол, таҳти унвони “Пайём - роҳнамои мо - ҷавонон” доир гардид. Руслан Шодиков зикр намуд, ки Паёми Президенти ҷумҳурӣ фарогири сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд. Дар паёми имсола, сухан дар мавриди таҳлили корҳои то имрӯз анҷомгардида дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафту тараққиёти кишвар, баррасии ҳолати воқеии ҳаёту фаъолияти онҳо, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва роҳҳои ҳалли онҳо низ рафт. Дар ҷаҳони имрӯза рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, мо - ҷавонони кишвар дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон бояд саҳми арзанда гузорем. Ҳамаи ин аз доштани донишу саводи мукаммал мешавад. Агар мо саводи зарурӣ надошта бошем, баъзе аз гурӯҳҳои тундрав моро истифода хоҳанд бурд. Аббосиддин Саймуддинов иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар таваҷҷуҳ ба нақши оила ва оиладорӣ намуд, ки хеле бамаврид аст. Ҳамчунин, соли 2015 Соли оила эълон гардид. Давлату Ҳукумати мамлакат мустақилу пойдор гардидани оиларо яке аз вазифаҳои муҳим ҳисобида, барои ҳалли он тамоми чораҳои заруриро меандешад. Бояд дарк намуд, ки чӣ қадар оилаҳо мустаҳкаму пойдор бошанд, давлат низ ҳамон қадар мустаҳкаму пешрафта мегардад. Зеро фарзандон давомдиҳандаи мероси падару модар ва ояндаи давлатанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Анису ҳамрози ҷавонон 6 феврал дар факултаи журналистикаи ДМТ дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мулоқоти донишҷӯён бо ҳайати эҷодии рӯзнома доир гардид. Декани факулта Фахриддин Ҳайдаров рӯзноманигоронро хай-рамақдам гуфта, баргузории чунин вохӯриҳоро барои донишҷӯён муфид арзёбӣ намуд. Самариддин Асозода, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бораи таърихи 85-солаи рӯзнома мухтасар сухан карда, онро дар ҳама давру замон анису ҳамрози ҷавонон номид. Устоди факулта Сангин Гулов иброз дошт, ки ҳанӯз дар замони мактабхонӣ ба ин рӯзнома, алахусус, саҳифаи “Зангӯла”, ки ба
2
ҳаёти мактаббачагон бахшида мешуд, меҳри зиёд дошт. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мактаби журналистони ҷавони мамлакат ба шумор меравад, - афзудС. Гулов. – Аксар адибону журналистони маъруфи мамлакат аз ин мактаб таҷриба андухтаанд. Боиси таъкид аст, ки рӯзнома имрӯз ҳам миёни ҷавонон эътибору маҳбубияти зиёд дорад. Дар вохӯрӣ миёни рӯзноманигорону донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, донишҷӯёни фаъол бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ҶОМЕА Муллоҳои фиребгар дар ҳама давру замон аз тамоми динҳо эътиқоди мазҳабии мардумро «моҳирона» истифода бурда, бо дарёфти маблағи муайян даст ба ин ё он амали зишту нораво мезананд. Яке худро донандаи «хуби» шариат эълон карда, гӯё ба ҷавонону наврасон арзишҳои исломиро «меомӯзад», дигаре бо қироати қасида, чилёсин, мушкилкушо, навиштани тумор беморонро «муолиҷа» мекунад, сеюмӣ худро коршиноси «муолиҷаи» занони безурёт метарошад ва ғайра. Дар иртибот ба ин, мехостем бо роҳи таҳлили қиёсӣ амали зиддиқонунии рӯҳониёни солҳои 70-и асри XX ва солҳои 2000 асри XXI-ро муқоиса намоем. Мутобиқи фармоишоти Бюрои сиёсии кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттифоқи Шӯравӣ ва кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар солҳои 70 мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ошкор намудан, огоҳ кардан ва ҷилавгирӣ намудани амали зиддиқонунии рӯҳониён машғул мешуданд, то муносибати онҳоро ба ин ё он маросими динӣ нишон диҳанд. Солҳои 70 дар ҳудуди ҷумҳурӣ мактабҳои мазҳабии пинҳонкор амал мекарданд, ки дар онҳо ҷавонон таълим мегирифтанд. Мударрисони нисбатан маъруфи он замон Мавлавӣ Муҳаммадҷон Рустамов, мулло Эшонҷон, мулло Саидраҳмон Гадоев (шаҳри Душанбе), Махсуми Садриддин, мулло Сиёмиддин, Халифа (ноҳияи Рӯдакӣ), мулло Сафаралӣ (Қӯрғонтеппа), мулло Ҷӯра, эшони Саидашраф, мулло Узайр (Бохтар), мулло Ҳикматулло, мулло Неъматулло (Ҷомӣ), мулло Маҳмадӣ, мулло Қамбар (Қумсангир), мулло Шариф (Ҳисор), мулло Ибодатулло (Исфара) ва ғайра буданд. Ин номгӯйро метавон идома дод, чунки маҳз солҳои 70 як давраи «мулоимшавии вазъият» ҷой дошт ва рӯҳониён низ чунин вазъро ба мақсадҳои худ: исломикунонии ҷомеа, ба ҷавонон омӯхтани қавонини ислом ва барои ҷиҳоди маърифатӣ истифода мебурданд. Маҳз ҳамон солҳо мударрисон дар мактабҳои ғайриқонунӣ ба наврасону ҷавонон шариат, фалсафа, таърих ва фарҳанги исломӣ ва масоили фиқҳро таълим медоданд. Мударрисон Саидраҳмон, Ибодатулло, Қамбар, мулло Ҷӯра, мулло Узайр ба шогирдони худ маълумоти миёнаи динӣ медоданд. Шогирдони онҳо бо хати арабӣ озодона мехонданд ва менавиштанд, 15-20 сураи “Қуръон”-ро азбар мекарданд. Баъдан, барои тақвияти дониши худ дар назди мударрисон - мулло Асомуддин, мулло Маҳмадӣ, эшони Саидашраф, мулло Ҳикматулло, мулло Шариф, мулло Эшонҷон, мулло Сиёмиддин таҳсил мекарданд. Ин мударрисон ба забони арабӣ тасаллути комил доштанд, шогирдон 5-6 сол дар назди онҳо таҳсил мекарданд, “Қуръон”-ро қироат ва шарҳ медоданд ва баъзе аз онҳо қории машҳур мешуданд. Дар ин ҷо низ шогирдон маълумоти миёнаи динӣ мегирифтанд. Сипас, боистеъдодтарини онҳо дар назди мударриси бонуфуз Мавлавӣ Муҳаммадҷон таҳсилро давом медоданд. Бисёре аз онҳо осори Мирзо Абдулқодири Бедил, таъриху фалсафаи ислом ва фиқҳро меомӯхтанд, шарҳ медоданд ва тафсир мекарданд. Бояд таъкид кард, ки ин мударрисон шахсиятҳои бетамаъ буданд, барои таҳсил аз шогирдони худ маблағ намегирифтанд, шогирдонеро, ки аз минтақаҳои дур меомаданд, бо манзили зист, хурду хӯрок таъмин мекарданд. Аммо дар мавриди «мударрисони» асри
XXI, яъне, солҳои 2000-и кишвар на танҳо аз шогирдон маблағи муайян мегиранд, балки тамаъҷӯ ҳастанд. Беихтиёр, суол ба миён меояд, тоҷикон, ки ориёиасл ҳастанд, таъриху фарҳанги ҳазорсола доранд, магар бо ин муллоҳои фиребгари мубтало ба бемории амирони манғития (1785-1920), ки дар ҳарами худ маҳрамбача доштанд ва рӯҳониён бо фатвои худ гомосексуализми амирони манғитияи Бухороро тавҷиҳ ва сафед мекарданд, умумияте доранд?! Мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар вақташ гомосексуализмро маҳкум карда, онро разолат мешуморид, вале имрӯз баъзе муллоҳои фиребгар таҳти «омӯзиши арзиши исломӣ» ахлоқи ҷавонону наврасонро коста мекунанд. Зуҳуроти манфии дигаре, ки ба мушоҳида мерасад, «муолиҷаи» маризон аз тарафи
Мақомоти дахлдор иртиботи пешинаи Иброҳимов бо ашхоси дигар ва кори ӯро омӯхта, шахсе бо номи Аҳмадро пайдо карданд, ки Иброҳимовро аз давраи донишҷӯӣ хуб мешинохт. Қарор шуд, ки Аҳмадро барои санҷидани Иброҳимов ва ошкор кардани «муъҷизаи табобати» ӯ истифода баранд. Хулоса, Иброҳимов Аҳмадро хуш қабул мекунад ва ба шарафи омаданаш дастархон меорояд. Онҳо дар меҳмонхона нишаста, солҳои донишҷӯиро ба ёд меоранд. Баъд аз истеъмоли нӯшокии спиртӣ, Иброҳимов таъриф мекунад, ки нисбат ба замони кораш дар колхоз чун зоотехник, зиндагии хубтар дорад. Аҳмад изҳори тааҷҷуб мекунад, ки магар Иброҳимов касби худро дигар кардааст? Иброҳимов хуб хандида, чунин қисса кардааст: «Ман занони безурётро табобат мекунам. Чанд сураи “Қуръон”-ро азбар
Муллоҳои қаллоб
аст. Ба ӯ сокинони аксари ноҳияҳои водии Вахш, ҳамчунин, аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Ховалинг, минтақаи Кӯлоб муроҷиат мекардаанд. Усули «табобати» ӯ чунин будааст: Алиаҳмад дар наздикии мактаби омӯзиши ронандагӣ зиндагӣ мекард, як манзили на чандон калони шахсӣ ва панҷ ҳуҷраи муваққатӣ доштааст. Аз мактаб бо нархи арзон даҳ кати оҳанин дарёфт карда, дутоӣ дар ҳар ҳуҷра ҷой дода, рахти хобро низ муҳайё мекунад. Вай дар ин ҳуҷраҳо аз ҷумлаи шогирдони мактаби ронандагӣ 10 нафар иҷорагирро бо иҷорапулии арзон ҷой додааст. Ғайр аз ин, ӯ худро «табиб» низ эълон кардааст ва ҳар рӯз чанд зани безурёт ба ӯ муроҷиат мекарданд. Дар ҳар ҳуҷра якнафарӣ занро ҷой дода, шаб ба болои сарашон сурае хонда, баъд ба онҳо як пиёлаи пур коняк менӯшондааст.
дар ҳар давру замон буданд
чунин муллоҳои нохонда аст. Ин зуҳуротро дар мисоли мушаххас нишон медиҳем. Соли 1975 ба мақомоти ҳифзи тартиботу ҳуқуқи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) маълумоте расид, ки шахсе бо номи Иброҳим, тақрибан 40-сола, аз рӯи маълумот зоотехник, сокини шаҳри Хуҷанд, шахси тануманд аз рӯи мафҳуми имрӯза «муассисаи хурд»-и иборат аз чор нафар (ду зан ва ду мард) таъсис додааст ва гӯё занони ҷавони безурётро «муолиҷа» мекардаанд. «Муолиҷа» одатан, дар ду давра гузаронда мешудааст. Дар марҳалаи аввал занон – «табибон» маросими мушкилкушо мегузаронидаанд. Моҳияти он аз он иборат будааст, ки мизоҷро ба пушт хобонида, рӯи шикамаш хамири гарм ва болои хамир чанд дона шамъ гузошта, дармегиронанд. Сипас, занон – «табибҳо» гирди ӯ гашта азоимхонӣ мекардаанд. Чунин «муолиҷа» ду-се соат рӯзҳои чоршанбе давом мекард. Агар дар ин муддат мизоҷ бордор нашавад (моҳияти ин «муолиҷа» амалан дар он аст, ки бачадон, маҳбал ва дигар узвҳои дохилии зан гарм карда шаванд), он гоҳ давраи дуюми «муолиҷа» сурат мегирифт. Дар марҳалаи дуюм мизоҷро назди Иброҳимов мебурдаанд. Ӯ ҳуҷра – меҳмонхонаи хуб дошта, мизоҷонро дар он ҷо қабул мекард. Баъзан, чунин маросими «қабул» то як моҳ идома меёфт ва дар аксар маврид занон – мизоҷон ҳомила мешуданд, фарзанд таваллуд мекарданд, баъдан, шавҳарон ҳамроҳи занони худ фарзандонашонро ба назди «падархонд» барои «дуои хайр» гирифтан меоварданд ва ба «табиб» туҳфаи иловагӣ – пул, гӯсфанд, гӯсола медоданд. Иброҳимов дар бораи тарзи «муолиҷа»-и худ бо шарикони ҳамдасташ чизе намегуфт, бинобар ин, «сир ва усули муолиҷаи» ӯ муддати тӯлонӣ ошкор намешавад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
кардаам, то занон ба ман бовар кунанд. Ман занони ҷавонро ба ин ҳуҷра медарорам, пардаро мекашам, то ҳуҷра нимторик шавад, бо овози баланд чанд сураи кӯтоҳро мехонам, баъд коняки арманиро кушода, як пиёлаи пурро ба мизоҷ медиҳам ва хондани сураро давом медиҳам. Чун мизоҷ таҳти таъсири коняк ба хоб рафт, ман бо ӯ иртиботи ҷинсӣ мекунам. Рӯзҳои қабули ман чоршанбе ва якшанбе аст. Агар безурётӣ бо айби шавҳар бошад, пас аз чанд иртибот бо ман, зан ҳомила мешавад. Падару модар фарзандро назди ман меоранд ва ман ба духтар ё бачаи худам «дуои хайр» медиҳам ва баъзан, ҳатто бо хоҳиши онҳо ба ӯ ном ҳам мемонам. Ана, чунин аст, усули табобати ман...» Аҳмад боз изҳори ҳайрат мекунад, ки магар занон ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бедор намешаванд. Иброҳимов қоҳ-қоҳ хандида, мегӯяд, ки мизоҷонаш занони ҷавони содалавҳи 18-20-сола аз қишлоқҷойҳо мебошанд, ки дар умрашон шароб нанӯшидаанд ва мазаи онро начашидаанд. Ман ба онҳо талқин мекунам, даво махсус аст ва агар баъд аз истеъмоли он эҳсос намоед, ки гӯё бо марде хобидаед, донед, ки ин фақат як хоб асту халос. То ҳоло ягон нафар аз ман шикоят накардааст, дуруст аст, ки дар чанд маврид занон аз чунин «муолиҷа» обистан намешуданд. Дар чунин ҳолат ба онҳо маслиҳат медиҳам, ки ба духтур муроҷиат намоянд, ки шояд бемории занона дошта бошанд... Чунин ҳодиса соли 1977 дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ рӯй дода буд. Маълумот дарёфт мегардад, ки муллое бо номи Алиаҳмад, тақрибан 70-сола, муҳоҷир аз Афғонистон, сокини шаҳраки Ломоносов ба «табобати» занони безурёт машғул буда-
Баъди истеъмоли «дору», ба мизоҷ талқин мекардааст, ки акнун хоб раванд ва гӯё «фаришта» дар хобаш даромада, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад, вале ин фақат як хоб аст. Баъд аз ин, Алиаҳмад чароғро хомӯш карда, ҷавони хунгармеро аз ҷумлаи иҷорагирон ба назди он зан медаровардааст... Зани Алиаҳмад низ аз усули «табобати» шавҳараш огоҳ будааст, вале хомӯширо авло медонист, зеро «табобати» шавҳараш даромад меовард. Комиссияи риояи қонунгузорӣ доир ба маросими диниро аз амали ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқии Алиаҳмад хабардор карданд ва аъзои комиссия солмандии ӯро ба назар гирифта, бо вай суҳбат гузарониданд. Ҳангоми бо санад асоснок кардани амали зиддиҷамъиятии Алиаҳмад лаҳзаҳои алоқаи ҷинсии занони безурёт бо шогирдони мактаб зикр нагардид ва фақат қайд шуд, ки Алиаҳмад баъд аз қироати сура, ба занон нӯшокии ихтирои худашро мехӯронд, ки барои ин иҷозатномаи муассисаи тиббиро надошт, яъне, ба табобати ғайриқонунӣ машғул будааст. Агар хонанда диққат карда бошад, «табибон» - фиребгарони солҳои 70 «қурбонии» худро ба ҳуҷраи нимторик дароварда, ба ӯ коняк нӯшонида, баъд аз хоб рафтанаш бо вай алоқаи ҷинсӣ мекарданд. Аммо муллоҳо – қаллобони асри XXI дар ҳуҷраи равшан «қурбонии» худро луб-луч карда, алоқаи ҷинсӣ мекунанд. Аммо ҳайфо, ки онҳо бо ҳамин низ қонеъ намешаванд ва ба дигар кирдорҳои зишту фосиқона ва ғайриинсониву ғайриахлоқӣ даст мезананд. Зоҳиран, муллоҳои фиребгари мо бо истифода аз мавҷгирҳои моҳвораӣ саҳнаҳои фаҳш – фарҳанги Ғарбро ёд гирифта, бо ҳамин, асолати миллӣ, фарҳанги мо ва дини мубини исломро таҳқир мекунанд. Таассуфангез ва ташвишовар ин аст, ки чунин кирдори муллоҳои ношуд ба воситаи интернет ба дигар кишварҳо низ паҳн мешавад. Ин муллоҳои қаллоб ба маънии аслӣ ҳама чиз - шараф, номус, ақидаро аз даст дода, онҳоро наметавон инсон ҳисобид. Дар ин замина ҷавонони кишварро зарур аст, ки фирефтаи ҳар сухан ва амалҳои муллоҳои қаллоб нашуда, бештар ба омӯзиши илму касб машғул шаванд. Н. НАЗИРОВ, узви ИЖТ (Номҳои гунаҳкорон шартианд)
3
БАРОИ ҶАВОНОН Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳуӣ доир ба ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, тарбияи насли наврас дастуру тавсияҳои муфид иброз намуданд. Суҳбати мо бо яке аз воизони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар атрофи ҳамин нуктаи Паём сурат гирифт. - Сардори давлат бо мақсади тарбияи насли солим соли 2015-ро Соли оила эълон намуданд. Хуб мешуд, ки дар оғоз андешаҳоятонро дар бораи нақши оила дар ташкили ҷомеаи солим иброз мекардед.
Фитна дар хоб аст, бедораш макун Ё дар кадом гӯшаи дунё, ки бедодгарӣ сар занад, назму тартиб аз байн меравад рикон (бутпарастон) духтаронашонро дар биёбон гӯр мекарданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) тавассути ваҳйи илоҳӣ онҳоро аз чунин ваҳшоният манъ намуданд. Худованди таборак ва таъоло мефармояд: «Ва изал мавъудату сумлат, би аййи занбил қутилат». Яъне,
Маҷлиси Олиро ҳам мустақиман ва ҳам такроран гӯш кардам. Президенти мамлакат роҷеъ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷумҳурӣ сухан намуданд. Дар хусуси тарбияи ватандӯстӣ низ дар Паём таъкид шуд. Мо бояд ба Худованд ҳамеша шукр кунем,
шумо аз онҳое, ки зиндабагӯрашон кардаед, пурсида хоҳад шуд. Барои кадом гуноҳашон ба қатл расонидед? Дар “Қуръон”-и маҷид гуноҳи куштани як нафар баробари куштани тамоми башарият маънидод шудааст. Расули Худо (с) одати зинда ба гӯр карданро аз байн бурданд, вале имрӯз ин тӯдаи ҷоҳилон дубора ин одати мушриконро доранд такрор мекунанд. Асиронро месӯзонанд. Ягон амали онҳо дар чорчӯбаи ислом нест. Ин аз он дарак медиҳад, ки гурӯҳи бо ном ДИИШ аз асли ислом хабар надоранд. Ин таълимнодидагон аз фарти нодонӣ сарзаминҳои дар боло зикршударо ба хоку хун кашида истодаанд. - Ба ҷавонон барои расидан ба камолот чӣ тавсия медиҳед? Раҳматии қиблагоҳам дар «Шаҷаранома»-ашон ин мисраҳои Мавлоно Ҷомиро барои фарзанду наберагонашон ба ёд гузоштаанд:
ки ватани обод ва давлати мустақил дорем. Миллатҳое ҳастанд, ки чанд миллион нафаранд, вале давлат надоранд. Масалан, курдҳо дар чанд кишвар паҳну парешонанд, вале давлат надоранд. Аз ҷавонон хоҳиш дорам, ки фирефтаи дасисаю иғво ва фитнаҳо нашаванд. Расули Акрам фармудаанд: «Фитна мисли мори хобидаест. Лаънати Худо ба касе бод, ки ин мори хобидаро бедор мекунад». Аксари хонандагон аз расонаҳои хабарӣ огоҳанд, ки иддае аз ҷавонони тоҷик фирефтаи дасисаи иғвогарон шуда, ба Ироқу Сурия рафта, гӯё, ки «ҷиҳод» мекунанд. Магар куштани мусулмонон, сӯхтани хонаҳо, харобӣ овардан ҷиҳод аст? Ҷиҳод хизмати Ватан аст. Чаро ин ба ном ҷиҳодкунандагон аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанду ба сарзамини дигар ба ҷанг мераванд? Хизмати волидайн ҷиҳод аст, нафси саркашро ром кардан ҷиҳод аст. Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мефармояд:
- Ҳамди беҳад, санои беаъдод, Ба Худое, ки нури имон дод. Ғофир асту Раҳиму Раҳмон аст, Пок аз айбу ширку нуқсон аст. Оиларо хишти ҷомеа мегӯянд. Агар ҷомеа қасри муҳташаме бошад, ҳар оила дар он ба манзалаи хишт аст. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам дар як ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Ҳар яки шумо ба манзалаи чӯпон ё посбоне ва ҳар яки шумо (рӯзи қиёмат) дар бораи равиятатон пурсида хоҳад шуд». Аз ин ҳадис бармеояд, ки мо ҳама барои аҳли оилаи худ назди Худованд ҷавобгӯ ҳастем. Ҳамин аст, ки бузургони дин ва аҳли илму адаб ҳамеша дар хусуси тарбияи неки фарзанд панду андарзҳои таъсирбахш гуфтаанд. Чунончӣ, сардафтари адабиёти классики тоҷику форс утод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ фармудааст: Эй дареғо, ки хирадмандро, Бошад фарзанду хирадманд не. Гарчи адаб дораду дониш падар, Ҳосили мерос ба фарзанд не. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тарбияи фарзанд хеле бамаврид таъкид карда, волидайн, омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеаро баҳри саҳм гузоштан дар тарбияи насли солиму бофарҳанг таъкид намуданд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» чунин овардааст: Супурдан ба фарҳанг фарзанди худ, Ки гетӣ ба нодон нашояд супурд. Чу фармонпазиранда бошад писар, Навозанда бояд, ки бошад падар. Дар ин гуфтаҳои ҳаким Фирдавӣ як олам маънӣ ниҳон аст. Ҳар кадоми мо бояд пеши худ савол гузорем, ки фардо аз мо чӣ гуна фарзанд боқӣ мемонад? Зеро бо омадани пайки аҷал ҳама чизи дар дунё доштаамонро тарк гуфта, меравем ва меросбари мо фарзандон мемонанд. Дунё ба ашхоси донову боҳунар обод аст. Аз ин рӯ, агар дунёро ба дасти нодон боқӣ гузорем, дунё бесару сомон мешавад. - Ҳамон тавре ки имрӯз аз дасти чунин афроди нодон дар Сурияву Ироқ мардум дар азобанд. - Ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ мешавем, ки дар Сурияву Ироқ, Яману Нигерия, Афғонистону Покистон марудми зиёде бар асари амалиёти низомию интиҳорӣ ба ҳалокат мерасанд. Хонаҳо хароб, киштзорҳо вайрон мешаванд. Дар кадом гӯшаи дуё, ки бедодгарӣ сар занад, назму тартиб, меҳру шафқат аз байн меравад. Мутаассифона, чунин бетартибию ваҳшонияте, ки дар Сурияву Ироқ гурӯҳҳои иртиҷоӣ анҷом медиҳанд, бар зарари ҷаҳони ислом аст. Онҳо рафтори мушрикони пеш аз исломро такрор мекунанд. Дар замони ҷоҳилия иддае аз муш-
4
Дар роҳи ишқ фитодӣ, тарки насаб кун, Ҷомӣ, Ки дар ин раҳ «фалон ибни фалон» чизе нест. Яъне, ҷавонон бояд баҳори умри хешро ғанимат шумурда, онро на ба ҳавою ҳавас, балки барои омӯхтани илму ҳунар сарф намоянд. Ҳеҷ гоҳ ба умеди пул ё мансаби падар нашаванд. Беҳуда нагуфтаанд: Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав, агар мардӣ. Ман чанд сол пеш барои ширкат дар як чорабинӣ ба Британияи Кабир рафтам. Он ҷо шунидам, ки глобуси сохтаи ҳамдиёри мо Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ дар яке аз осорхонаҳои Фаронса нигоҳ дошта шудааст. Бубинед, ки аз ин шахси фозил номи нек ва глобуси сохтааш мерос монд. Ҳар яки мо бояд назди худ савол гузорем, ки фардо аз мо чӣ мерос мемонад? Ғараз нақшест, к-аз мо боз монад, Ки ҳастиро намебинам нишоне. Аз номи падару бобо фахри хушку холӣ кардану худ бекор нишастан фоида надорад. «Ҷавҳаре дар худ надорӣ, номи бобо то ба кай?». Ман Паёми Садори давлат ба
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кӯру кар-ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ. Боре ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҷиҳод ба бутпарастон баргаштанд. Дар баландие, ки аз болои он шаҳри Мадина ноаён буд, лаҳзае истода, ба ёрони хурд фармуданд: “Мо аз ҷиҳоди хурд ба ҷиҳоди акбар баргаштем. Ҷиҳоди акбар мубориза бо нафси саркаш аст”. Яке аз роҳҳои мубориза бо нафси саркаш худдорӣ аз хӯрдани ҳаром аст. Масалан, касе ки дар бозор ба тиҷорат машғул аст, бояд харидорро фиреб надиҳад, тарозуро дуруст кунад. Бо тарозуе, ки имрӯз фанди мардум мекунӣ, Дар қиёмат номаи аъмоли ту бармекашанд. Яъне, фаромӯш набояд кард, ки рӯзи қиёмат касро тибқи амалаш мукофот медиҳанд. Агар як зарра хубӣ карда бошед, мукофоти онро мебинед. Агар як зарра бадӣ карда бошед низ сазои онро мебинед. Боре ҳазрати Абубакри Сиддиқ мушрикеро барои гуноҳаш ба сарбурӣ амр кард.
Расули Худо, ин хабарро шунида, хеле ноҳинҷор шуда, гуфтанд: «Ба мусулмон хос нест, ки касеро сар бибурад. Бояд қазияи ӯро қозӣ ҳал мекард». Расули Худо (с) наздикони хешро аз сарбурӣ манъ карданд. Чанд вақт онҳоро бо ҳамин сабаб (амри сарбурӣ карданашон) ба хидматҳои маъмурӣ нафиристоданд. Аз ин рӯ, сарбурию одамсӯзӣ хоси мусулмон нест. Пас, ҷавонони тоҷикро лозим аст, ки имон ва ҷони худро дар хатар наандохта, ба фитнаҳо ҳамроҳ нашаванд. - Яке аз таъкидҳои Сардори давлат дар Паём пешгирии никоҳи хешутаборӣ буд. Чӣ тавр мо метавонем ин дастури муфидро дар ҷомеа амалӣ созем? - Илми муосир исбот намудааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ бештар фарзандони носолим ба дунё меоянд. Марҳамат, барои гирифтани ибрат имрӯз ба мактаб-интернатҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд биравед. Дар он ҷо бисёр манзараҳои ҳузнангезро хоҳед дид. Якеро дасташ кор намекунаду дигареро пояш. Яке ақлу ҳуш надораду дигаре сухан карда наметавонад. Агар аз кормандони мактаб-интернат бипурсед, аксарияташон хоҳанд гуфт, ки ин кӯдакон аз никоҳи хешовандон ба дунё омадаанд. Мардуми тоҷик мақоле доранд «... Меваи дарахти пайвандӣ бенуқсон аст». Дар «Искандарнома”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ омадааст, ки Искандар барои он оламгир шуд, ки душманонро дӯст ва дӯстонро дӯсттар мегардонид. Мо бояд бегонаҳоро хеш гардонем, то сафи хешовандонамон бештар шавад. Бо ин роҳ ҳам насл солим мемонаду шумораи дӯстонамон бештар мегардад. Аз баракати никоҳ бо мардуми дигар маҳал мо метавонем аз иллати маҳалчигӣ низ раҳоӣ ёбем. Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад. Дар маросими ҳаҷ, вақте дар болои меҳмонхонаи зоирини тоҷик Парчами Тоҷикистонро насб мекунанд, ҳар як ҳамватани мо аз дур онро дида, бо ифтихор «Ана, маҳалли ҳоҷиёни тоҷик!» - мегӯяд. Мо бояд дар Ватан низ аз маҳалбозӣ даст кашида, бо ифтихор худро як миллати мутамаддин шуморем. Ҳамаи мардуми бедори маҳалҳои тоҷикистонро зурур аст, ки дар атрофи Прзиденти мамлакат мутаҳид шуда, миллатро якҷо муқтадир гардонем. Ҷавонон бояд ба ихтирооти илмӣ, ҳунари воло, дастовардҳои варзишӣ обрӯи Ватану миллатро баланд бардоранд. Соли гузашта бо ибтикори Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил шуд. Бо ин мисраҳои ин абармарди адабиёти тоҷику форс мехоҳам ба ҷавонон хитоб кунам. Биё, эй ҷигаргӯша, фарзанди ман, Бинеҳ гӯш бар гавҳари панди ман. Садафвор биншин даме лаб хамӯш, Чу гавҳар фишонаш ба ман дор гӯш. Шунав панду дониш бад-он ёр кун, Чу донистӣ он гоҳ бад-он кор кун. Зи гӯш ар наяфтад ба дил нури ҳуш, Чи сӯрохи гӯшу чи сӯрохи муш. Ба тоат чӣ судат, ки пуштат дутост, Ки рӯи дилат нест бо қибла рост? Ана, ҳамин фармудаҳои Мавлоно Ҷомӣ бояд барои ҳар як ҷавон шиор бошад. Парвардигор ба ҷавонони мо дили бедор, чашми ҳақиқатбин, ҳиссиёти ватандӯстию созандагӣ ато намуда, Ватани моро аз шарри бадхоҳон эмин гардонад. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ФАРҲАНГ
ҲУНАР
“Театр мардумро тарбия месозад,” - мегӯяд Сабоҳат Қосимова, директори Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соли 1989 бо талош ва ҷиду ҷаҳди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Фаррухи Қосим дар назди Ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Аввалин намоишномаи театр «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон»-ро ин ҳунарманди зиндаёд аз рӯи асари «Юсуф ва Зулайхо»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузошт ва он дар Фестивали театрҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд сазовори «Шоҳҷоиза» гашт. Соли гузашта бо шарофати ғамхориҳои Ҳукумати кишвар театр соҳиби бинои алоҳида гашт. Бо директори театр, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова доир ба бурду бохт, фаъолияти ҳунармандон ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба театр суҳбат намудем. - Театри «Аҳорун» бешубҳа, аз театрҳои муваффақтарини кишвар аст. Зеро иштирокчӣ ва ҷоизадори чандин фестивали театрӣ мебошад. Ҳамин тавр не? - Аввалин намоишномаи театр «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» ба ҷуз ду ҷоизае, ки дар Тошканд сазовор шуд, ҳамзамон, дар Фестивалозмуни театрҳои касбии Тоҷикистон «Парасту-90» сазовори «Шоҳҷоиза» ва ҷоизаи беҳтарини нақши занона гашт. Ҳамзамон, ҷоизаи «Оскар»-и маҷаллаи умумииттифоқии театрӣ - «Театралная жизн» (Москва, соли 1990) ва медали тиллоии фестивали ҳарсолаи байналмилалии «Даҳаи Фаҷр»-и Эрон (Теҳрон, 1992)-ро ноил гашт. Соли 1995 намоишномаи «Исфандиёр» сазовори «Шоҳҷоиза»-и фестивали «Парасту» шуд. Дар фестивалҳои минбаъдаи «Парасту» намоишномаҳои «Шоҳ Фаридун», «Шайх Санъон», «Қиссаи ишқ» барои кори беҳтарини коргардонӣ сазовори ҷоиза гаштанд. Шодравон Фаррухи Қосим соли 2004 барои саҳм дар рушди санъати миллӣ бо ҷоизаи махсуси Шоҳзодаи Ҳолланд Клаус сазовор гашт. Ҳунармандони театр ба бисёре аз шаҳрҳои Русия, Белгия, Лаҳистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ сафарҳои ҳунарӣ намудаанд. Пас аз манзури намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» дар толори «Дӯстии халқҳо”-и Москва баҳси гарме ба миён омад. Мунаққидону санъатшиносони шинохтаи кишварҳои олам ба ин намоишнома баҳои баланд дода, онро яке аз бозёфтҳои нодир дар соҳаи театр арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, санъатшиноси шинохтаи рус, корманди рӯзномаи «Советская култура» А. Сокалянская гуфт: «Он таъсире, ки намоишномаи Фаррухи Қосим ба тамошобини тоҷик мерасонад, бе шакку шубҳа ба
тамошобини Ғарб низ асари амиқ боқӣ мегузорад. Вақте дар пеши назари тамошобин модели театрии нав тавлид мешавад, ин кори бузург аст. Баъди тамошои намоишномаи Фаррухи Қосим ман эҳсос намудам, ки «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» намоишномаи бузург ва башарист...». - Дар репертуари театр кадом намуди намоишномаҳо мавқеи хос доранд? Яъне, театр аз минбари баланди саҳнаи театрӣ ба мардум чӣ гуфтан мехоҳад? - Санъат сифат ва хусусияти фавқулодда дорад. Зебоӣ ва зиштӣ воситаҳое ҳастанд, ки театр бо онҳо мардумро тарбия мекунад. Адабиёт ва фарҳанги мо мисли баҳр беканор аст, ки бояд насли ҷавон аз он дури маънӣ барчинанд. Асосан, ба масъалаҳои актуалӣ рӯ меорем. Ҳарчанд мо бештар аз рӯи асарҳои
классикон намоишномаҳоро рӯи саҳна меорем, вале маҳз дар осори онҳо дарду доғи ҷомеа ва масъалаҳои рӯзмарра нуҳуфтааст. Ҳар як намоишнома ҳадаф ва мақсади муайян дорад. Бештар ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯ овардани мо аз он сабаб аст, ки ин ганҷинаи нотакрори миллии мост ва пеш аз ҳама, бояд худи мо аз он бархудор ва баҳравар гардем. Зеро он
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
барои хонандаи дилбедору моҳиятҷӯ дари ганҷу ҳикматро во мекунад. - Шумораи кормандони театр чӣ қадар аст? - Театр соҳиби 79 корманд буда, 42 нафарро ҳунармандон ташкил медиҳанд. Бештари онҳо ҷавононанд. Бо мақсади таъмини театр бо кадрҳо соли 2007 бо дастгирии Вазорати фарҳанги кишвар дар назди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода студияи махсуси «Аҳорун» таъсис ёфт. Як гуруҳ аллакай онро хатм карданд. Айни замон дар он гурӯҳ, ки роҳбариашро ман бар дӯш дорам, 15 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Як қисми онҳо аз ҳоло дар театр ба кор фаро гирифта шуданд. - Ба андешаи Шумо имрӯз театрҳои тоҷик байни мардум то кадом андоза рисолати хешро иҷро намуда истодаанд? - Дар замони шӯравӣ низ масъалаи ҷалби тамошобин ба театр мушкилот пеш меовард. Ҳоло низ вазъият дар тамоми театрҳо ҳамин тавр аст. Аз ин хотир, мо мекӯшем, ки намоишномаҳоро бо забони сода ва оммафаҳм пешниҳоди ҷавонону наврасон намоем. Бояд наврасон аз шоҳасарҳои классикӣ ва номи қаҳрамонҳо лоақал тасаввурот дошта бошанд. Умуман, ҳар нафаре, ки ба тамошои чунин намоишномаҳои ирфонӣ меояд, бояд дар бораи таъриху адабиёт маълумот дошта бошад, то намоишнома ва муҳтавои онро ба хубӣ дарк намояд. Сониян, аксари мардум ба чизҳои сабук ва дилхушкунанда одат кардаанд. Онҳо ба консерт рафтанро афзалтар меҳисобанд. Шояд ин аз он сабаб аст, ки театр ҷоест, ки инсонро ба андеша водор месозад. - Намоишномаи охирине, ки театр ба саҳна гузошт, кадом буд? - Аз рӯи рубоиёти Хайём намоишномаи «Ошӯби Хайём»-ро коргардон Ғаниҷон Олимов ба саҳна гузошт, ки аз ҷониби тамошобин истиқболи гарм ёфт. Рӯзҳои наздик намоишномаи «Зол ва Симурғ»-ро дар таҳияи Некқадам Шоҳназаров манзури тамошобин месозем. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Намоиши ҳунари шогирдони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн 4-5 феврали соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар толорҳои донишкада асарҳои рассомӣ, офаридаҳои кандакорӣ, кундал, меъморӣ ва дигар ҳунарҳои зебо ва ҷолиби донишҷӯёну устодон ба намоиш гузошта шуд. Мусаввараҳо табиати зебои диёр ва лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро ба таври дилкаш тасвир карда, бо маҳорати баланди касбӣ офарида шудаанд. Рӯзи дарҳои кушод бо мақсаде доир карда шуд, ки ҷавонон, махсусан, хатмкунандагони мактабҳои миёна ва ҳаводорони санъати воло бо фаъолияти донишкадаи навтаъсис аз наздик шинос шаванд ва дар ҳоли интихоби касб ба он таваҷҷуҳ намоянд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
КИШОВАРЗӢ
ФАО мубориза бо зарарасонҳоро шуруъ кард Лоиҳаи нави Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) оид ба ҷорӣ ва паҳн намудани стратегияи муборизаи якҷо бар зидди касаливу зараррасонҳои боғу зироатҳо дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Ташкилоти ФАО барои татбиқи лоиҳаи мазкур 400 ҳазор доллари ИМА ҷудо кард, ки барои дар амал татбиқ кардани технологияҳои нави мубориза бар зидди касаливу зараррасонҳо саҳм хоҳад гузошт. Лоиҳа давоми ду сол якҷо бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон амалӣ мегардад. «Лоиҳа ба озмоиш ва татбиқи технологияҳои нави мубориза бар зидди касаливу зараррасонҳо дар шароити маҳаллии минтақаҳои махсуси Тоҷикистон равона шудааст. Дар ин минтақаҳо, асосан, меваю сабза-
вот ва ғалладонагиҳо васеъ парвариш мешаванд, ки аҳамияти махсуси иқтисодӣ доранд. Барои ҷорӣ намудани технологияҳои нави мубориза бо касаливу зараррасонҳо дар чорчӯбаи лоиҳа барои деҳқонон барномаҳои таълимӣ тартиб, савияи дониши онҳо такмил дода мешавад. Татбиқи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва дониши кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад», - гуфт Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
5
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА - Лутфан бигӯед, ки соли сипаригашта Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят кадом корҳоро амалӣ намуд? - Баҳри амалӣ намудани Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», фармону амрҳои Президенти мамлакат, фармонҳои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 корҳои муайянеро анҷом додем. Аз ҷумла, соли гузашта бо ибтикори раёсат 11 озмуни интелектуалӣ дар толори Маркази ҷавонон, 12 барномаи телевизонӣ ва 35 суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон ва наврасони шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гаштанд, ки дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор ҷавон ширкат доштанд. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон дуруст ба роҳ монда шуда, соли гузашта нақшаи даъвати тирамоҳиро шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят сад фоиз иҷро намуда, дар ин давра беш аз 210 нафар ҷавон ба хизмати ҳарбӣ фиристонда шуданд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари ҷавонон” 24 нафар намояндаи ҷавонони вилоят аз ҷойҳои таърихии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дидан намуданд. Намояндагони ҷавонони вилоят тибқи нақшаи барнома аз Хоруғ то шаҳри Душанбе баҳри якдилии ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба анъанаҳо, расму русум ва муқаддасоти миллӣ саёҳат намуда, бо як ҷаҳон таассуроти нек ба вилоят баргаштанд.
гар низ зиёд гардидааст. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят зиёда аз 450 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Сохтмони «Қасри варзиш»-и ноҳияи Шуғнон ба итмом расида, корҳо дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хоруғ идома доранд. Дар қаламрави вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии зиёда аз 3 ҳазор варзишгар дар 286 гурӯҳ бо 217 нафар мураббӣ фаъолият доранд. Дар асоси нақшаи тақвимии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Иттиҳоди Шӯравӣ аз Осиёи Миёна ва Қазоқистон Азалшо Олимов, волейбол байни дастаҳои занона барои дарёфти ҷоизаи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев ба иди ҳақиқии варзишгарон табдил ёфта, хотироти неке боқӣ гузоштанд. Барои рушди футбол дар доираи чорабиниҳои Соли футболи оммавӣ бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали футболи кӯдакону наврасон бо иштироки варзишгарони навра-
Русия, Ҳолланд, Белгия, Корея, Эстония вориди вилоят гардиданд. Бо дастгирии Барномаи ҷонибдории инкишфи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар аксар ноҳияҳои вилоят меҳмонхонаҳои хурд (ҳомстей) барои қабули сайёҳон ташкил шуданд. Дар ин меҳмонхонаҳо сайёҳон метавонанд маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро харидорӣ карда, инчунин, бо тарзи тайёр намудани онҳо аз наздик шинос шаванд. Дар шаҳри Хоруғ барои беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи туризм чораҳои
ВМКБ барои ҷалби бештари сайёҳон кӯшиш мекунад
Суҳбат бо Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят барои ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва касбомӯзӣ ярмаркаи кории ҷойҳои холӣ ташкил кардем. Соли 2014 беш аз 34 ҳазор нафар ҷавон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар ин давра 65 нафар ҷавон ба таври расмӣ ба кишвари Краснодари Федератсияи Русия сафарбар шуда, бо ҷойи кору зист таъмин шуданд. - Барои рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа чӣ тадбирҳо андешида шуданд? - Рӯз аз рӯз варзиш дар қаламрави вилоят инкишоф меёбаду шумораи ҷавонони варзиш-
Тоҷикистон аз 27 апрел то 6 июни соли гузашта Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ аз рӯйи 11 намуд доир гашт. Давоми сол 9 мусобиқаи шаҳрӣ, 5 мусобиқаи вилоятӣ ва 77 мусобиқаи ноҳиявӣ бо иштироки беш аз 800 нафар варзишгар гузаронда шуда, варзишгарони вилоят дар 36 мусобиқаи ҷумҳурӣ ва 10 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуданд. Соли сипаришуда варзишгарон дар беш аз 110 мусобиқа иштирок намуда, сазовори 240 медали тилло, 73 медали нуқра ва 87 медали биринҷӣ гардиданд. Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи самбо ба хотири гиромидошти чемпиони собиқ
си ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ доир гардид. - Туризм дар иқтисодиёти аксари кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар ин самт кадом нақшаҳо амалӣ гаштанд? – Алҳол дар вилоят 12 ширкати туристӣ фаъолият доранд. Аз ҳисоби ин ширкатҳо бо дастгирии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон Ассотсиатсияи сайёҳони «ПЭКТА» ташкил ёфтааст, ки 21 нафар узв дорад. Соли 2014 зиёда аз 1050 нафар сайёҳ аз давлатҳои ИМА, Канада, Олмон, Испания,
амалӣ андешида шуда, айни ҳол 11 меҳмонхона амал мекунанд. Баҳри ҷалби шумораи бештари сайёҳон – инвесторон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ ҳар сол фестивали «Боми ҷаҳон» баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандон ва саънаткорони давлатҳои ҳамсоя низ иштирок мекунанд. Моҳи августи соли сипаригашта бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, рушди инфрасохтори туризм дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Форуми байналмилалии сармоягузорон «Помир-Инвест-2014» доир гардид. Мусоҳиб Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
НАБЗИ ҶАҲОН
Мусулмонкушӣ ё исломсозии тундгароён Вазъияти Сурия чандест сокинони ба бунбастҳои пай дар пай дучоромадаи ин кишварро ноором сохта, сари ҳар вақт шадидтар гашта, дар дили мардум тухми ноумедиву маъюсиро мекорад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттиллоотӣ ҳар гуна хабарҳо пайдо мешаванд ва гувоҳии ба ташвиш афтодани мардуми Сурияро медиҳанд. Солҳои охир муносибатҳои байниҳамии ҷомеаи исломӣ нигаронкунанда ба назар мерасад ва дар он нақши исломиёни тундгаро зиёд аст. Ҷавонони тоҷик низ гумроҳона дар чунин раванди ифротгароӣ дар мамолики дуру наздик иштирок мекунанд. Ҳоло 200 шаҳрванди кишвар дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Соли гузашта бо иттиҳоми ширкат дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои сеюм зидди 53 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 12 нафари онҳо дар Ироқу Сурия меҷанганд. Се шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёран аз ин кишварҳо баргаштанд ва баъд аз суҳбат бо мақомоти дахлдор озод шуданд. Қонунгузориҳои Тоҷикистон тақозо мекунад, онҳое, ки бо хоҳиши худ бармегарданд, аз ҷавобгарӣ
6
озод хоҳанд шуд. Бояд зикр намуд, ки ҳоло камтарин роҳнамоӣ аз ҷониби қувваҳои иртиҷоӣ ба зеҳни ҷавонон таъсири амиқ гузоштааст. Ҳодисаҳои охири ҷаҳони ислом гувоҳи онанд, ки ҷавонони зиёд ба қувваҳои ифротгаро гаравида, зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифтаанд. Дар баробари хунсо гардонидани гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ иддае аз ҷавонони аъзои он низ ба ҳалокат мерасанд. Ҷавононе, ки барқасдона ё ин ки иҷборан роҳи терроризмро пеша мекунанд, на соҳибмаълумотанду на соҳибкасб, ки барои халқу Ватани хеш хизмат кунанд, ҳадди ақал ба монанди дигар ҳамватанонашон ба муҳоҷират рафта, дастгири падару модар ва оилаву фарзандашон бошанд. Вале на, онҳо роҳи дигарро интихоб намуданд, роҳе, ки на оғоз дораду на анҷом. Масалан, яке аз ҷавонони гумроҳ Нусрат Назаров мебошад, ки бо лақабҳои «Махсуми Нусрат», «Абӯхолиди Кӯлобӣ» ва «Фурқон дар Фаластин» бо наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мегардад, ки якуним соли пеш вориди Сурия шудааст. Баъзан ҳамватанони хешро бо қатлу куштор таҳдид месозад. Вай дар Сурия гурӯҳи тоҷиконеро раҳбарӣ мекунад, ки алайҳи режими Башор Асад ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои таҳти фармони «Давлати исломӣ» меҷанганд. Ҳар фард дар ҷомеа баҳри мақсаде
кӯшиш мекунад, ба хотири амалӣ гаштани ғояҳои муайяне талош меварзад. Маълум нест, ҷавонони гумроҳшудаи қувваҳои террористӣ бо кадом мақсад меҷанганд, шояд худи онҳо низ бехабар бошанд, ки роҳи пешгирифтаашон то куҷост. Маҳз заифии зеҳнии ҷавонони гумроҳшуда онҳоро ба ин роҳ овардааст. Ба ғайр аз он ҷавононе, ки ба қувваҳои силоҳбадасти террористон гаравида, ҷони ҷавони худро баҳри мақсадҳои номушаххас қурбон сохтаанд, инчунин, созмонҳои ифротгарои зиёде имрӯз пайи ба доми фиреб кашонидани насли наврас мебошанд. «Давлати исломӣ» ҳаракатест, ки ба дини ислом такя намуда, бо истифода аз нофаҳмиҳои ҷавонон ва заифии зеҳнии онҳо, сафи ҷавонони гумроҳшударо меафзояд.
Имрӯзҳо созмонҳои ифротӣ ва тундгарои исломӣ худро ҳамчун роҳнамои ислом ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои мусулмонон шуморида, дар симои худ ташаббускори озодии дин нишон доданӣ мешаванду озодии виҷдонро зери интиқод мегиранд ва ба пайдоиши зуҳуроти номатлуб замина мегузоранд. Маҳз «Давлати исломӣ» дар Сурия зери парчами ислом фаъолият намуда, бо сӯистифода аз дини мубини ислом ҷавононро ифротӣ мекунонад. Ҷавонон ба қувваҳои тундгаро гаравида, бештарашон мутаассиб мегарданд. Таассуби динӣ то ҳадде мерасад, ки барои намояндагони ҳаракатҳои иртиҷоӣ қатлу куштор, азобу шиканҷа ва ҳатто худтарконӣ кори маъмулӣ менамояд. Рустам РАҲИМОВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
АМНИЯТ
Худшиносу ватандӯст бошем! Муроҷиатномаи гуруҳи ҷавонони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Вақтҳои охир ВАО-и дохиливу хориҷии кишвар дар бораи гаравидани ҷавонони тоҷик ба динҳои ғайр ва ҷараёнҳои ифротгаро бисёр менависанд. Ҳузури як идда ҷавонон дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва Украина худ нишонаи заифии маънавиёти ин афроди бесавод ва гумроҳ буда, барои Ватану миллат хатарзо низ мебошад. Дар шароите ки манофеи геополитикии Ғарбу Шарқ, аз як тараф ва зиддиятҳои мамолики абарқудрат, аз ҷониби дигар, ба авҷи аъло расида, ҷангҳои таҳмилӣ дар қитъаи Аврупою ҳавзаи Халиҷи Форс амалӣ шудаанд, тарғиботи хештаншиносии ҷавононро ҳаматарафа ба роҳ мондан на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти марбута, балки вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа ва равшанфикрони миллат мебошад. Мо далели онеро, ки вақте Мухтор Вафоӣ, сардабири рӯзномаи «Ҷомеаи боз» ва муаллифи «Ҷиҳоди дуюми Амрико ва Инглистон (интиқоли ҷанг ба сӯи Бухоро ва Самарқанд) Раззоқи Моъмун аз Афғонистон менависанд, садҳо террористони ҷавони чечену ӯзбек ва тоҷик, ки аксарият дастпарварони таълимгоҳҳои террористии Покистон буда, дар қисми шимоли мамлакат, ки нуқоти камингоҳгирии толибон гардидааст, маскан гирифта, мунтазири рӯзи ҷиҳоданд, чӣ тавр метавонем таҳаммул кунем? Онҳо муқобили кӣ ва чӣ дар дил орзуи ҷанг мепарваранд? Ё худ Холиди кӯлобӣ (ин ном лақаби яке аз пайравони “Ихвон ул-муслимин” мебошад) аз пешвояшон Абубакри Бағдодӣ иҷозати ба Тоҷикистон кӯчонидани ҷангро мекунад. Чӣ, ӯ фаромӯш кардааст, ки аз ҷанги таҳмилии гузашта кам не беш аз сад ҳазор мардуми бегуноҳ қурбон шуданд. Ҳазорон нафар бачаҳо ятим гаштанд. Олимону муҳаққиқон чун Юсуф Исҳоқӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ ва даҳҳо нафари дигар, ки ифтихори миллати тоҷик буданд, кушта шуданд. Дар нисбат ба эшон исломшиноси ҳирфаӣ Абдуллои Муҳаққик ва донишманд Меҳмоншо Ватаншо бар онанд, ки ҷавонони ифротгаро дастпарварони равияи салафия ва мактабҳои экстремистӣ буда, аз рӯи
барномаи ДИИШ роҳандозии давлати хилофати исломро дар сар доранд. Фанатизми исломӣ майнаи онҳоро ба дараҷае заҳролуд сохтааст, ки ба манқуртони воқеӣ табдил ёфтаанд ва бо хӯи ғуломона фармонҳои хоҷагонашонро содиқона пиёда мекунанд, нерӯи ба андеша кашидани амали хеш ва чӣ пайомад доштани онро аз даст додаанд. Магар онҳо кайҳо ба манқурт табдил наёфта бошанд, чӣ тавр зану фарзандонашонро ба чанголи бераҳми тақдир ҳавола карда, муқобили халқҳои дигар, ки ҳама бандагони худоянд, ваҳшиёна яроқ мекашанд? Дар сурате ки ҳамсарон, падару модарони онҳо аз ин пайроҳа пас гаштанашонро бо тамоми ҳастӣ илтиҷо менамоянд. Дар ҳоле ки Прокуратураи генералӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғознамудаашро дар ҳаққи фарзандони нохалафи миллат бо назардошти эътироф кардани айбдории хеш ва пушаймониашонро шоеъ овардан ваъдаи қатъ намудан додааст. Аз чунин ғамхории инсондӯстонаи Президенти мамлакат истифода накардан душмани ашаддиро ҳам кӯр мекунад. Дар ин радиф лоиҳаҳои ободгароёнаи ҳукуматро, ки барои ояндаи саодатбори ҳамватанон ва гулгушукуфии кишвари афсонавиамон нигаронида шудаанд, ба ҷавонон фаҳмонидан вазифаи доғи рӯз мебошад. Бояд насли ҷавон ҳаматарафа дарк намояд, ки оянда бо тамоми маънӣ азони онҳост. Хониши хубу аъло, донистани нобиғаҳои миллати ориёӣ ва дар тамаддуну фарҳанги оламиён табадулоти куллӣ ворид намудани ниёкони форсу точик ва анъанаи донишварии онҳоро ба даст гирифтан дар баҳси бархӯрди тамаддунҳо роҳи наҷот ва мавқеи сазоворро соҳиб гаштан аст. Дар ин бобат рисолаи тозанашри сиёсатшинос Саймумин Ятимов «Назарияи равандҳои эҳтимолият дар сиёсат» дар роҳи худшиносӣ ва ташаккули ғояи давлати миллӣ матлаби хуби таҳлилию хештаншиносӣ пешниҳод мебошад. Олим аз қаъри таърих сабабҳои аз миён рафтани давлати миллии тоҷиконро дар мисоли дудмони Сомониён ва дар низоми давлатдорӣ ҷойгузин
гардидани ваҳшонияти муғулию манғитияро хеле мӯшикофона мавриди баррасӣ қарор додааст. Ва ҳушдор медиҳад, ки ин сабақ дар даврони торафт шиддат гирифтани зиддиятҳо баҳри тақсими боигарии сайёра миёни абарқудратҳо набояд лаҳзае аз мадди назар дур бимонад. Таъкидҳои созандаи сиёсатмадорро дар байни қишрҳои ҷомеа тавассути воизон ва васоити ахбори омма талқину такфин намудан ба мустаҳкам гаштани андешаи миллӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин, байни мактабиён чун солҳои қаблӣ ба роҳ мондани омӯзиши адён аз талаботҳои замони имрӯз аст. Бигузор ҷавонон донанд, ки дар дунё динҳои мухталиф амал мекунанд ва ҳеҷ кадоми онҳо дар назди Парвардигор аз имтиёзҳои хос бархӯрдор нестанд. Эҳтиром накардани мазҳаби дигар халқу қавмҳо нишони бефарҳангист. Зеро инсон офаридаи аз ҳама шарифи он зоти ҳақ аст. Ба бандагони халқ атонамудаи Худои таъоло душманӣ варзидан беэҳтиромӣ ба Худост. Маҳзабу ҷараёнҳои мухталифи дини исломро бузург шумурдану пайравони дигар адёнро мушрик ва сазовори ҷазо донистан сиёсати сионизм ва пешвоёни ҷараёни ифротгарои ДИИШ мебошад. Ин ҳақиқатро сареҳан хуб донистану чуқур дарк кардан мусулмонро аз исломи асил ва фармудаҳои Расули акрам канор намебарад. Созмони ҷавонони гурӯхи навоҳии минтақаи Кӯлоб дар асоси дастуру тавсияҳои Президенти кишвар диққати асосиро ба он равона менамояд, ки тавассути фаъол гардонидани тимҳои варзишӣ ва таъмин намудани ширкати оммавии насли наврас пеши роҳи ҳаводиси фавқулзикр гирифта шавад. Ҳоло дар мавзеъ деҳае нест, ки дар он майдончаҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳо фаъол набошанд. Сафи ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии минтақавӣ ва дорандагони медали тилло аз ҳисоби мактаббачагону ҷавонони Кӯлоб меафзоянд. Варзиш омили дӯстӣ ва ҳамраъйии байни халқҳост. Фазои фанатизму ифротгароиро маҳв мекунад. Албатта, чунин омилҳоро тавассути интернет тарғиб кардан тақозои рӯз аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Мушовири сиёсии раиси ҲНИТ боздошт шуд 9 феврали соли равон кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар манзили зисти шаҳрванд Латиф Сардоров, соли таваллудаш 1955, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор 2 адад таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ дарёфт ва мусодира намуданд. Ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ, мутобиқи нишондоди Латиф Сардоров маълум гардид, ки силоҳ ва лавозимоти ёфтшуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович, соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Чуқураки Болои деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор, маълумоташ олӣ, оиладор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, мушовири сиёсии Раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Яккачинор, бинои 142/2, ҳуҷраи 18 тааллуқ доранд. Ҷамолиддин Маҳмудов бо собиқаи 22 соли узвият дар ҲНИТ соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров
ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, ки дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд. Иловатан, соли 2012 Ҷ. Маҳмудов ба Латиф Сардоров таъкид кардааст, ки лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт. Нисбат ба факти ошкоргашта дар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович боздошт шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад. Абдумалики ПӮЛОД
МАЙДОН, КИ АЗ ДАЛЕР...
(Дар ҳошияи барномаи интихоботии раиси ҲНИТ) Тутимасал зи ваҳдати миллат сухан чаро? Тутимасал ситоиши васфи Ватан чаро? Тутимасал тараннуми савти заған чаро? Бояд, ки беғараз, Оини худшиносӣ чу оина беҷило, Тобад ба чашмҳо. Баҳри касе Ватан бувад ин сарзамин, ки ӯ, Бошад ба пастиву ба баландиш рӯ ба рӯ. Баҳри касе Ватан бувад ин марзу бум, ки ӯ, Парчам кунад садоқати худро ба обрӯ.
Деҳқони миллате, ки барои рақиб кишт, Аз ҳизббозӣ аст. Тақдири худ агар, ки ба дасти дигар навишт, Аз ҳизбсозӣ аст, Аз вожаи «хиёнат» агар ёд мекунӣ, Бо шеваи муруввату инсоф ҳарф гӯ. Аз минбари рақибӣ чу фарёд мекунӣ, Бе лоф ҳарф гӯ.
Майдони нангу номуси мо ҳизббозӣ нест, «Овоз» чун гадоӣ кунӣ кас чу розӣ нест. Назру ниёзи тоҷик агар дар иродат аст, Даврони мо тахайюливу бандасозӣ нест.
Кӣ банди ихтилофу хиёнат панаҳ гирифт? Кӣ аз камини кина бурун гашту раҳ гирифт? Аз пора-пора гаштани Меҳан савоб кӣ? Кӣ аз хатои дар сари миллат гунаҳ гирифт. Медонӣ? Боз гӯ! Намедонӣ? Дам фурӯ! Таърих шоҳид аст! Инсоф қосид аст!
«Ваҳдат»-шиор гуфта мазан лоф, эй рақиб, Бошад шиори ҳизби ту дар минбари «насиб». Банди баҳона дон назари ихтилофро, Бо роҳи каҷмакаҷ нашавӣ дар диле ҳабиб.
Овози райъ нест муроғиб бо «талоқ», Қавли падар ба ин набувад бар писар зи «оқ». Чун метавон ба зуриву зориву зар гирифт, «Овоз» аз касе, ки ба ту нест иштиёқ.
Исломро ба ҳизб агарки ниёз нест, Ислом рабти кашмакашу тохтутоз нест. Терори нафсро бираҳон аз вуҷуди дин, Аҳкоми дин мухолифати розу ноз нест.
З-ин рӯ магӯ зи доираи фаҳми худ сухан, Мебош ҷону тан Бо номи ин Ватан. Бо чашму пушти сер, Майдон, ки аз далер, Шоҳид бувад Худо, Кӣ рубаҳу кӣ шер?!
7
БАҲРИ РУШДИ ТУРИЗМ
Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №738 тасдиқ шудааст 1. МУҚАДДИМА 1. Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нави иқтисодиёт ва яке аз самтҳои сердаромадтарини он дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Солҳои охир, даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, ба ин соҳа таваҷҷуҳ бештар шуда истодааст. 2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас қабул ва анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд. 3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст. Аммо новобаста аз ин, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ истифода нагардида, ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ ҷавобгӯ намебошанд, ҳамчунин, шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин ру, хеле сари вақт ва мақсаднок мебуд, ки ислоҳот дар ин соҳа идома дода шавад, то ки саҳми бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас зиёд шавад. 4. Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 (минбаъд - Барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд. 5. Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми туризми воридотӣ ва дохилӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ташаккули саноати рақобатпазирии туристӣ пешбинӣ шудааст. 2. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА 6. Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома: - таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии туризм; - ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва рушди минбаъдаи маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна; - ташаккули имиҷи ҷолибияти туристии кишвар; - рушди ҳамкории байналмилалӣ; - такмили омор. 7. Нақши муҳим дар ин ҷараён ба субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризми ҷумҳурӣ вогузор карда шудааст, ки айни замон онҳо вобаста ба рушди худ ҳамкориро бо ҳамкасбони зиёда аз 20 мамлакати ҷаҳон ба роҳ мондаанд. 8. Дар ин раванд баҳри татбиқи вазифаҳои Барнома аз неруи инсонӣ ва модули субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм истифода бурда мешавад. 3. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ РУШДИ ТУРИЗМИ МУОСИР 9. Сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд, дар маҷмӯъ ба нишондиҳандаҳои тамоми намудҳои туризм, аз ҷумла туризми дохилӣ, содиротӣ ва воридотӣ таъсири мусбат расонидаанд. 10. Соли 2012 дар тамоми ҷаҳон қариб 1 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шудаанд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафарҳои сайёҳӣ мерасад. Дар ин радиф, суръати солонаи рушди иқтисодии мамлакатҳои тараққикарда 2,2% ва дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ду маротиба зиёд, яъне 4,4%ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки то соли 2015 миқдори сайёҳон ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ нисбат ба мамлакатҳои тараққикарда афзоиш меёбад. 11. Айни замон, ҳиссаи Тоҷикистон дар бахши сайёҳии ҷаҳон аз рӯи содирот ночиз буда, ҳамагӣ 0,032% ё ин ки 32000 нафар ва аз рӯи воридот 0,24% ё ин ки зиёда аз 244 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мавзеъҳои бойи таърихӣ, қуллаҳои баланди куҳӣ ва табиати нотакрори худро барои ҷалби бештари сайёҳон истифода бурда истодааст. 12. Ҳамасола Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҳисоботро оид ба рақобатпазирии сайру сайёҳӣ таҳия месозад, ки он маҳсулнокии
8
нисбии кишварҳоро аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои туризм муайян мекунад. Мувофиқи ин ҳисобот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ҷои 114-умро дар байни 140 давлат ишғол намудааст. 13. Қобили қайд аст, ки амалигардонии қисми зиёди чорабиниҳо дар самти ислоҳоти бахши сайёҳӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии соҳа он қадар мушкил нестанд. Идоракунии самараноки омилҳои мусоид вазифаи муҳим буда, маънои онро дорад, ки манфиатҳои имконпазирро метавон дар ояндаи дарозмуддат афзоиш дод. Дар аксари соҳаҳо, ин чорабиниҳои маҷмуӣ ва мувофиқашуда нақшаи умумии стратегиро низ талаб мекунанд. 14. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоса додан ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 нишон дод, ки соҳаи туризм дар сохтори иқтисодӣиҷтимоии давлат мавқеи худро мустаҳкам карда истодааст. 15. Вобаста ба беҳдошти фаъолият дар соҳаи туризм аз соли 2010 инҷониб ба қонунгузории кишвар ислоҳоти зарурӣ ворид карда шуд, аз ҷумла: - монеагиҳои сунъии маъмурӣ ва ситонидани маблағ аз кӯҳнавардон барои фатҳи баландкӯҳҳо (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №220 “Дар бораи аз эътибор соқит донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, №388 “Дар бораи тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохтҳои ҳатмии истифодаи табиат”) аз миён бардошта шуданд. - маблағи гарони воридшавӣ ба ҳудудҳои Парки миллии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 сомонӣ ба 10 сомонӣ барои як шабонарӯз паст карда шуд; - бақайдгирии ҳатмии туристон дар мақомоти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, №122) аз 7 то 30 рӯз тамдид карда шуд; - сайёҳон аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ (Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ) дар давоми 30 рӯз озод карда шуданд. Тадбири мазкур туристони хориҷиро дар баробари интизорӣ дар навбатгоҳҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ, боз аз пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ озод намуд. 16. Қобили қайд аст, ки дар асоси ин ҳуҷҷат ширкатҳои туристӣ ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ба воситаи намояндагони корпусҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ва консулгариҳо дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ мактуб-даъватнома ба шаҳрванди хориҷӣ барои дастрас намудани раводиди сайёҳии Тоҷикистон фиристанд. Инчунин, дар доираи татбиқи ин Барнома шумораи мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи соддакардашуда дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат доранд, аз 68 ба 81 адад расонида шуд. 17. Дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки барои беҳдошти фаъолият дар соҳа созгор мебошад. 18. Саҳми арзандаро дар ин ҷараён қарорҳои мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба такмили фазои ҳуқуқии фаъолият дар соҳа ва бартараф кардани монеагиҳои маъмулии будубоши доимии доимии туристони хориҷӣ гузошта истодаанд. 19. Дар баробари ин, аз 3 майи соли 2014, №301 “Оид ба Нақшаи чорабиниҳо доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат аз 29 банд тасдиқ шуд. 20. Аз ҷониби бахши хусусӣ низ моҳи марти соли 2011 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои саноати туристӣ (ҳавопаймоҳо, осорхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, меҳмонхонаҳо ва дигарҳо) Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст. Шӯрои мазкур аз рӯзи аввали таъсисёбӣ корро дуруст ба роҳ монда, ба унвони Кумита оид ба такмили фаъолият дар соҳаи туризм ва рушди минбаъдаи соҳа яқ қатор таклифҳои муфидро пешниҳод намудааст. Инчунин, дар моҳи июни соли 2014 Ассотсиатсияи туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон ташкил ёфт. 21. Бояд қайд кард, ки дар давраи солҳои 2010-2014 ҳашт созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо кишварҳои Покистон, Қазоқистон, Украина, Афғонистон,
Туркманистон, Лаҳистон, Баҳрайн, Латвия ва Малайзия таҳия ва ба имзо расиданд. 22. Дар ин ҷараён се Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Созмони гардишгарӣ, саноати дастӣ ва мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия ба имзо расиданд. Дар маҷмӯъ теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаи туризм ба 20 адад расидааст. 23. Аз ҷониби Кумита се лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҷдиди Базаи кӯҳии лижаронии «Сафедорак», cохтмони Комплекси туристӣ дар ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон ва бунёди Маркази туристӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо забони англисӣ таҳия ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шудааст. Кумитаи мазкур лоиҳаҳои мазкурро ба рӯйхати лоиҳаҳои инвеститсионӣ ворид намудааст. Лоиҳаҳои зикршуда дар форумҳои сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба баррасии шарикони потенсиалӣ манзур гашта истодаанд. 24. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои сиёсии ин Созмони бонуфуз иштирок намуда, сифати маҳсулоти тарғиботию иттилоотии худро баланд бардошта истодаанд. 25. Бо дарназардошти сатҳи баланди намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла, “ITB Berlin” ва нақши калидӣ бозидани он дар ҷалби туристони аврупоӣ ба кишвар ҳайати намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии мамлакат дар ин чорабинии байналмилалии туристӣ ҳамасола иштирок карда истодаанд. 26. Бояд қайд кард, ки Намоишгоҳи мазкур яке чорабиниҳои муҳими сол ба ҳисоб рафта, дар он ҳар сол намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои туристӣ, ширкатҳои хавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар самтҳои саноати туристии зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд. 27. Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари туристони хориҷӣ ба кишвар, ҳамасола ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа маҷмӯи харитаҳои туристӣ ва руқъаҳо аз мавзеъҳои туристии кишвар, инчунин буклетҳои туристӣ бо забони англисӣ пешниҳод шуда истодаанд. 28. Аз маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ бармеояд, ки талаботи муассисаҳои дипломатии мамлакат дар хориҷа ба маводҳои тарғиботию иттилоотӣ оид ба иқтидори туристии ҷумҳурӣ зиёд буда, дар оянда вобаста ба имкониятҳои молиявӣ таъмини бештари онҳо ба манфиати соҳа мебошад. 29. Дар ин давра бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои кишвар, диски туристӣ дар ҳаҷми 15 дақиқа бо забони англисӣ таҳия гардида, он тариқи намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ бо иштироки соҳибкорони кишвар ва намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа паҳн гардида истодаанд. 30. Ёддошти туристӣ бо маълумоти пурра оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва нишонҳо барои муроҷиат дар ҳолатҳои ғайричашмдошт таҳия гашта, ҳамасола бо теъдоди зиёда аз 8474 адад аз нашр бароварда мешавад. Маълумоти мазкур дар муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа ва фурудгоҳҳои миллӣ паҳн карда мешавад. 31. Харитаи туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 70 иншооти дорои аҳамияти соҳавӣ, маҷмӯи руқъаҳо бо акси мавзеъҳои тамошобоби кишвар таҳия ва бо забонҳои англисию русӣ нашр мегардад. Маводи мазкур дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар намоишгоҳҳои туристӣ, форумҳои инвеститсионӣ бо иштироки соҳибкорони кишвар ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии кишвар паҳн карда мешавад. 32. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паҳн шудани маводҳо дар байни дӯстдорони сайру саёҳат дар хориҷа сабабгори ҷалби таваҷҷуҳ ва ташрифи рӯзафзуни туристони хориҷӣ гашта истода, ба андозае талаботи рӯзафзуни шаҳрвандони хориҷиро оид ба иттилоот аз мавзеъҳои туристии Тоҷикистон қонеъ карда истодаанд. 33. Аз соли 2010 то инҷониб Саҳифаи интернетии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти туризм бо забонҳои русию англисӣ бо нишонии www.visittajikistan.tj ба истифода дода шудааст. Муҳтавои он тамоми паҳлӯҳои туризми кишварро фаро гирифта, зиёда аз 60 саҳифа матнро дарбар мегирад. 34. Ҳамзамон, дар баробари муваффақиятҳои бадастома-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
БАҲРИ РУШДИ ТУРИЗМ
Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 да, як қатор мушкилиҳое низ ҳастанд, ки ба нигоҳдории туристони анъанавӣ ва ҷалби гурӯҳҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар, таъсири манфӣ расонида истодаанд, аз ҷумла, аз ҷониби баъзе кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои аъзои шабакаи Шоҳроҳи Абрешим тамоюли эҷод намудани монеагиҳои сунъии маъмурӣ барои рафтуомади бемайлони туристони хориҷӣ, маблағгузории маҳдуди соҳаи туризм аз буҷаи ҷумҳуриявӣ дар заминаи Барномаи давлатии рушди соҳа барои солҳои 2010-2014, масъалаи норасоии мутахассисҳои соҳибтахассуси техникии соҳаи туризм, алахусус роҳбаладҳо, муносибати кормандони мақомоти давлатӣ, махсусан, қудратӣ (корҳои дохилӣ, гумрук ва ҳифзи сарҳадот) нисбат ба туристони хориҷӣ ҳангоми воридшавӣ, сайри пиёда ва бо нақлиёти кироя, инчунин, вақти убури ҳудуди кишвар, алалхусус дар дидбонгоҳҳои бозрасии давлатии автомобилӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. 35. Бо вуҷуди мавҷуд будани шумораи зиёди иншооти зерини кӯмакрасони объектҳои туристӣ, таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии танҳо 20 фоизи онҳо ба талаботи туристони хориҷӣ мувофиқат менамоянд. 36. Шумораи осоишгоҳҳо: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-3, вилояти Суғд-3, ноҳияҳои тобеи марказ 6 адад. 37. Шумораи базаҳои туристӣ: Вилояти Суғд-13, вилояти Хатлон-2, шаҳри Ваҳдат-4, ноҳияи Варзоб-1, шаҳри Душанбе-1. 38. Шумораи меҳмонхонаҳо: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-16, вилояти Суғд48, вилояти Хатлон-45, шаҳри Душанбе–18 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 31. 39. Барои таҳияи хатсайрҳои нави туристӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии туристон, мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта таъсири муҳим мерасонад: шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, кемпингҳо, базаҳои туристӣ, осоишгоҳҳо, саноати фароғатӣ, мусофиркашонии байналмилалӣ ва дохилии нақлиётӣ, хизматрасонии муосири алоқа ва бонкӣ. 40. Дар сатҳи маҳалҳо (мавзеъҳои асосии ташрифи туристон) аксарияти хизматрасонии зикршуда дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор доранд. 4. САМТҲОИ АСОСӢ ВА МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ БАРНОМА §1. Рушди низоми танзими давлатӣ ва дастгирии фаъолияти туристӣ 41. Дар самти мазкур андешидани тадбирҳои зерин зарур аст: - такмили минбаъдаи қонунгузорӣ доир ба масъалаҳои соддакунии расмиёти додани раводид ва бақайдгирӣ; - қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ барои рушди туризми воридотӣ ва дохилӣ; - такмил додани низоми баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии оморӣ дар соҳаи туризм, ҷорӣ намудани ҳисоби ёрирасони туристӣ дар низоми ҳисобҳои миллӣ; - фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ба мақсади тавсеаи заминаи шартномавии байналмилалии соҳа; - баланд бардоштани сифати хизматрасонии туристӣ ва меҳмонхонаҳо мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими техникӣ; - таъмини сатҳи дахлдори идоракунии туристӣ тавассути омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони соҳа; - таъмини дастгирии давлатӣ барои рушди инфрасохтори туристӣ; - мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ дар соҳаи туризм. 42. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани ҷалбнокии инвеститсионии соҳаи туризм, ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст: - баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалии соҳибкорӣ оид ба имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба воситаи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармоягузориҳо; - мусоидат ба сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони иншоот дар шакли маҷмааҳои туристию этнографӣ аз тарафи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ оид ба рушд; - андешидани тадбирҳо оид ба рушди саноати маҳсулоти савғотии туристӣ. §2. Маркетинг ва пешрафти маҳсулоти миллии туристӣ 43. Барои татбиқи маркетинг ва пешрафти маҳсулоти миллии туристӣ дар бозорҳои дахлдор дар намоишгоҳҳои машҳури
байналхалқии туристӣ ва ташкили баргузории чорабиниҳои мазкур дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок кардан лозим аст. 44. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо зарур аст: - минбаъд амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташаккули имиҷи ҷалбнокии туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи фаъолонаи омилҳои рушди таърихии кишвар, арзишҳои миллии он, анъанаҳо, таом, фарҳанг бо ҷалби нерӯҳои фарҳангӣ ва илмии ҷумҳурӣ; - тадбирҳои самараноки тарғиботию иттилоотии давлатӣ (ғайритиҷоратӣ) оид ба пешрафти маҳсулоти туристии миллӣ дар бозорҳои дохилӣ ва берунаи хизматрасонии туристӣ таъмин карда шаванд (иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ ва нашри маводи тарғиботию иттилоотӣ). §3. Туризми экологӣ - омили рушди устувор 45. Зарурати рушди туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҷомеаҳои маҳалӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад. 46. Тибқи маълумоти коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ туризми экологӣ дар 10 соли охир байни туристон бештар машҳур гашта, яке аз фишангҳои устувори рушд дар давлатҳои ҳавасманд ба ҳисоб меравад. 47. Тавре ки натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар нишон доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ (93% ҳудуди кишварро мавзеъҳои кӯҳӣ ишғол менамоянд) дорои имкониятҳои зиёд барои рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароитҳои нодири табиӣ ва манзараҳо, дар якҷоягӣ бо муҷассамаҳои сершумори таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми Тоҷикистон дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳанд. 48. Иқтидори иқтисодии туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим меояд. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои туризми экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои туристон таъмин карда шавад. Барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, аз он ҷумла шахсӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар иншооти туризми экологӣ фароҳам овардани шароит зарур аст. 49. Тадбирҳое, ки барои фаъолнокии ҷараёни мазкур равона шудаанд, чунин мебошанд: - такмил додани нақшаҳои генералии Боғи миллӣ, мамнӯъгоҳҳои давлатии табиӣ бо мақсади ташаккули инфрасохтори туризми экологӣ дар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда; - рушди ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар туризми экологӣ; - иҷрои ӯҳдадориҳои конвенсияҳои тасдиқнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи муҷассамаҳои мероси ҷаҳонии табиӣ ва фарҳангӣ. 50. Иҷрои тавсияҳои мазкур ва таъмини талаботи махсуси туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда, нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот дар якҷоягӣ бо фарҳанги ба худ хос ва анъанаҳои аҳолӣ, инчунин, тавсеаи мунтазами ҷуғрофияи хатсайрҳо имкон медиҳанд, ки рушди бомуваффақияти самти мазкури туризмро дар кишвар пешгӯӣ намоем. §4. Такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи туризм ва таъминоти илмию методии он 51. Барои такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи туризм зарур аст: - доир намудани конфронсҳои илмию амалӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии туристӣ оид ба тайёр кардани кадрҳо ва ҳалли мушкилоти асосии рушди саноати туризм; - доир кардани семинарҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони саноати туризм бо дарназардошти тайёр намудани роҳбаладони туризм, аз он ҷумла барои ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва Боғи миллӣ; - мусоидат дар таъмини адабиёти муосири соҳа барои муассисаҳои таълимие, ки кадрҳои соҳаи туризмро тайёр менамоянд. §5. Таъминоти иттилоотии туризм 52. Барои таъмини иттилоотии соҳаи туризм зарур аст: - интернет портали ягонаи давлатӣ бо ҷойгиркунонии маълумоти зарурӣ оид ба иқтидори туристии кишвар, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон, ташкилотҳои туристӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, шабакаҳои нақлиётӣ ва алоқа, тартиби гирифтани раводид, расмиёти бақайдгирӣ ва маъмурӣ таъсис дода шаванд; - бо мақсади ташаккули имиҷи ҷалбкунандаи туристии
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ҷумҳурӣ дар воситаҳои фаъоли ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва минтақаҳо доир намудани маъракаҳои тарғиботию иттилоотӣ таъмин карда шавад. §6. Таъмини бехатарии туристон 53. Яке аз шартҳои асосии рушди туризм ин таъмини бехатарии туристон ба ҳисоб меравад. Таъмини бехатарии туристон дар Хартияи туризм, ки соли 1985 дар Сессияи VI Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ дар шаҳри София (Булғористон) маъқул дониста шудааст ва дар Кодекси одоби туристӣ, ки соли 1999 дар шаҳри Сантяго (Чили) қабул гардидааст, инъикос шудааст. 54. Бехатарии турист бевосита аз тадбирҳои андешидаи субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм ҳангоми ташкили хатсайрҳо вобастагӣ дорад. 55. Барои таъмини бехатарии туристон зарур аст: - такмил додани масъалаи амалӣ намудани тайёрии махсуси кадрҳои туристӣ ва назорати риояи меъёрҳо, қоидаҳо оид ба техникаи бехатарӣ дар фаъолияи субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм ҷиҳати хизматрасонӣ ба туристон; - таъмини иттилоотонии туристон оид ба масъалаҳои бехатарии онҳо ҳангоми ташкили хатсайрҳои туристӣ. §7. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризм 56. Ҷанбаи муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи туризм таҳкими ҳамкории мутақобил бо Созмони умумиҷаҳонии туристӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ташкилот бо мақсади истифодаи самараноки имкониятҳои худ бояд дар чорабиниҳое, ки таҳти сарпарастии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор мешавад, фаъолона иштирок намояд. 57. Нақши сохтори мазкур ҳамчун муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар рушди туризм ва ба роҳ мондани ҳамкории байни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонии туристӣ, барои ҳамаи аъзои он басо муҳим аст. Омили мазкур дар навбати худ, мавқеи ташкилотро оид ба пешбурди фаъолона ва рушди устувори туризм дар ҷаҳон пурзӯр менамояд. 58. Самтҳои асосии рушди туризми байналмилалӣ вусъат додани робитаҳои байналмилалии туристӣ ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ба ҳисоб мераванд. 59. Бинобар ин зарур аст: - бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда таъмин кардани татбиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм; - баррасӣ кардани имконияти кушодани гӯшаҳои туристӣ дар назди сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳое, ки гурӯҳҳои асосии туристиро ба ҷумҳурӣ сафарбар менамоянд; - ба роҳ мондани корҳо оид ба ташкили хатсайрҳои муштараки туристӣ дар доираи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ бо давлатҳои ҳамсоя; - инкишоф додани ҳамкориҳои минтақавӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар мамлакатҳои минтақа оид ба татбиқи хатсайрҳои туристии транссарҳадӣ. 5. ЗАХИРАҲОИ ЗАРУРӢ ВА МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ОНҲО 60. Тадбирҳо оид ба татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешбинишуда ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ гардонида мешаванд. 61. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои бандҳои ба зимаашон гузоштаро саривақт таъмин менамоянд. 6. НАТИҶАҲОИ ПЕШБИНИШУДА ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАРНОМА 62. Дар шароити иҷрои пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барнома ҳамасола ташрифи устувори зиёда аз 50 ҳазор туристон ба кишвар пешбинӣ шудааст. Агар як туристи хориҷӣ вобаста ба мӯҳлати будубоши худ ба ҳисоби миёна 300 доллари ШМА хароҷот намояд, дар давраи татбиқи барнома воридоти асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз туризми воридотӣ 45 миллион доллари ШМА-ро ташкил хоҳад дод. 63. Татбиқи самараноки Барнома ба болоравии ҷалбнокии маҳсулоти туристии миллӣ оварда расонда, барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд. Инчунин, барои таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти давлат мубаддал гардад, замина гузошта мешавад.
9
БАҲРИ РУШДИ ТУРИЗМ
№
Номгӯи чорабиниҳо
Иҷрокунандагон
2015 1
1.
1
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор
2
Дар сатҳи ҳукумат таъсис додани Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар саноати туризм
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор
Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм, бевосита ба имзо расонидани санадҳои меъёрии ҳукуқии байналмилалӣ ва иштирок дар чорабиниҳои байнидавлатӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ
Ташкил ва баргузор намудани озмунҳо дар байни ҳунармандони кишвар оид ба истеҳсоли маҳсулоти савғотии туристии беҳтарин ба туристон, бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ (кундал, тоқӣ, ҷӯроби бадахшӣ, маҳсулоти сангӣ ва ғайра). Инчунин, таҳияи Махзани маълумот оид ба ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (даъват), Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
8,0
Ташкил ва баргузор намудани озмуни «Мақолаи беҳтарин» дар байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ вобаста ба имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби туристӣ»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олӣ
2,0
4
5
6
Бо мақсади беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори туристӣ тавассути таҳияи бизнеспланҳои соҳибкорӣ аз ҷониби донишҷӯёни дар риштаи туризм таҳсилдошта 2.
1
2
10
2016 2
1
2017 2
1
2
Рушди низоми танзими давлатӣ ва дастгирии фаъолияти туристӣ
Андешидани тадбирҳо оид ба такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи туризм ва соҳаҳои ба он наздик, ҷиҳати беҳдошти фаъолияти соҳа
3
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олӣ
Замимаи 2
Хароҷоти молиявӣ 1 - аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 2 - аз дигар манбаъҳо)
-
-
-
5,0
-
-
-
6,0
3,0
4.0
-
-
-
10,0
2,0
5.0
-
-
-
8,0
з.о
4,0
-
-
-
10,0
2,0
5,0
-
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
40,0
Бо мақсади муайян намудани иқтидори воқеии рушди туризми кишвар баргузор намудани Конфронси байналмилалии туристӣ таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари ҷолиби туристӣ»
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти дахлдор
100
40,0
50
50,0
120
40,0
50
50,0
120
3
Ташкили гӯшаи туристӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ (дар доираи СҲШ, ИДМ)
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, МИҲД, Палатаи савдо ва саноат
50,0
10,0
60,0
10,0
70,0
10,0
4
Таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба бунёд ва беҳсозии инфрасохтори туризм ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, МИҲД
-
-
-
-
-
-
5
Ташкили стенди ҷумҳурӣ дар ярмаркаи туристӣ «IТВ»-и шаҳри Берлин (Германия) дар майдони на кам аз 40 метри квадратӣ бо дарназардошти иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори соҳаи туризм
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои турисӣ
150,0
75,0
150,0
75,0
150,0
75,0
6
Ташкили стенди ҷумҳурӣ дар ярмаркаи туристӣ (ITF) интурмаркет шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар майдони на кам аз 40 м. кв. бо дарназардошти иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори соҳаи туризм
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои туристӣ
50,0
30,0
60,0
30,0
70,0
30,0
7
Таъмини иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои Ташкилоти ҷаҳонии туристӣ дар Аврупо (ҳамчун аъзо)
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
20,0
-
20,0
-
20,0
-
8
Таъмини иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласа ва семинарҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
20,0
-
20,0
--
20,0
-
9
Таъмини иштироки намояндагони Тоҷикистон дар сессияҳои Ассамблеяи генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
20,0
-
20,0
-
20,0
-
10
Таъмини иштироки намояндагони Тоҷикистон дар сессияҳои Ассамблеяи Шӯрои рушди туризми ИДМ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
10,0
-
10,0
-
10,0
-
11.
Таъмини истеҳсол ва пахши маводҳои таблиғотӣ-иттилоотӣ оид ба захираҳои туристии кишвар дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио
35,0
15,0
40,0
15,0
50,0
15,0
12.
Нигоҳдории интернетпортали давлатӣ оид ба захираҳои туристии кишвар ва дигар маълумоти зарурӣ (www.visittajikistan.tj)
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
10,0
-
10,0
-
10,0
-
-
-
8,0
3,0
4,0
Маркетинг, пешрафти маҳсулоти миллии туристӣ ва таъмини иттилоотии туризм
Бо мақсади муайян намудани бозори туристии кишвар баргузор намудани ярмаркаи туристии «Туризм дар Тоҷикистон», бо иштироки иншооти санаторию курортӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоию туристӣ
НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ ТУРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 2015-2017
40,0
50
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
БАҲРИ РУШДИ ТУРИЗМ
13.
Ташкил ва таъминоти иттилоотӣ бо лавҳаҳои туристӣ дар биноҳои муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷ, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт (сохторҳои дахлдор)
14.
Таҳия ва паҳн кардани DVD роликҳои туристӣ дар муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар хориҷа ва намоишгоҳҳои туристӣ бо забонҳои англисӣ ва арабӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати корҳои хориҷӣ
Таҳия, нашр ва тавсеаи «Ёддоштҳои туристӣ» дар муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва ҳавопаймоҳои миллии мусофиркашонӣ, бо маълумоти пурра оид ба қоидаҳои будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва нишонаҳо барои муроҷиат дар ҳолатҳои ғайричашмдошт
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, (ҶСК «Тоҷик Эйр»), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Таъмини меҳмонони расмии хориҷӣ бо савғотӣ барои ташриф дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
15.
17
10,0
5,0
15,0
5,0
15,0
5,0
6.
1.
2.
3.
4.
5.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм
Нашр ва тавсеаи маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи туризм, варақаҳои иҷозатномаҳо ва шаҳодатномаҳои тахассусӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Мусоидат ба муассисаҳои таълимии дахлдор дар таъминоти адабиёти муосири соҳаи туризм
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм
Ташкили курсҳои омӯзишӣ байни кормандони субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи туризм дар маҳалҳои наздик ва дурдаст
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои туристӣ
Баргузор намудани Конфронси миллии туристӣ оид ба имкониятҳои рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои
-
-
-
-
-
-
4. Таъмини бехатарии туристон 35,0
10,0
5,0
15,0
-
2,5
35,0
10,0
5,0
15,0
-
2,5
35,0
10,0
5,0
1.
Таъмини низоми самарабахши корҳои наҷотдиҳӣ дар шароити ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми доир намудани чорабиниҳо дар самти туризми варзиши кӯҳӣ, экологӣ ва навъҳои экстремалӣ (треккинг, велотурҳо, рафтинг, ҷиптурҳо, шикори хориҷӣ ва дигарҳо), инчунин тӯли баргузории экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати нақлиёт (ҶСК «Тоҷик Эйр»)
-
-
-
-
-
-
2.
Гузаронидани семинарҳо дар сатҳи маҳаллӣ оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба туристон
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
5,0
3,0
5,0
3,0
5,0
3,0
3.
Таъминоти иттилоотнокии саривақтии туристон оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ
Субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм
-
-
-
-
-
-
15,0
-
2,5
3. Такмили ихтисоси кадрҳо ва таъминоти илмӣ-методии соҳаи туризм Гузаронидани семинарҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои олии таълимӣ, субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ
Таҳияи Барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи туризми донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати маориф ва илм, Ассотсиатсияи мададгор ба рушди ташкилотҳои туристӣ
10,0
5,0
20,0
10,0
100,0
5.0
-
10,0
5,0
50,0
10,0
5,0
20,0
10,0
100,0
5,0
-
10,0
5,0
50,0
10,0
5,0
20,0
10,0
100,0
туристӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
5. Туризми экологӣ - омили рушди устувор
10,0
1.
Рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
15,0
10,0
15,0
10,0
15,0
10,0
2.
Омӯзиши таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои пешрафта дар самти рушди туризми экологӣ, экстремалӣ ва туризми варзишӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист
-
20,0
-
20,0
-
20,0
3.
Гузарондани семинарҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи туризм бо дарназардошти роҳбаладҳои туризм, аз ҷумла, барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва Боғи миллӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
5,0
10,0
5,0
10,0
5,0
10,0
4.
Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор
-
-
-
-
-
-
850
418,5
932
420,5
992
460,5
-
10,0
10,0
50,0
ҶАМЪ:
11
ВАРЗИШ
Рамзӣ Шамиров - ҷавонтарин довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба дзюдо Рамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши кишвар аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани иҷозатномаи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо мушарраф шуд. Инчунин, вай дар байни доварони дунё, ки ба чунин унвон сазовор гаштаанд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад.
Таҷлили 60-умин солгарди Зебунисо Рустамова Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд маросими 60-умин солгарди мавлуди камонвари маъруф, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Зебунисо Рустамова баргузор гардид. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилоят табрикоти раиси вилоятро ба Зебунисо Рустамова расонда гуфт, ҷои ифтихор аст, ки ҳар сол ба шарафи ин варзишгари номвари тоҷик мусобиқаи ҷумҳуривии камонварӣ баргузор гардида, худи Зебунисо Рустамова дар тарбияи камонварони ҷавон саҳм дорад. Ҷумъабой Сангинов, ҳамзамон, изҳор дошт, ки Зебунисо Рустамова аввалин варзишгарзан аст, ки ба баланд бардоштани парчами кишвар мушарраф гардидааст. Аз номи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Носир Бозоров соҳибҷашнро таҳният гуфта, корномаҳои ӯро ҳамчун нишони ифтихори варзишгарони тоҷик унвон кард. Умеда Муродова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд низ соҳибҷашнро табрик гуфта, ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, варзишгари номӣ Мавзуна Чориева иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, афзуд, ки боиси хурсандӣ ва сарфарозии мост, ки Зебунисо Рустамова аз аввалин бонувоне ба шумор меравад, ки Тоҷикистони азизи моро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Дар фароварди маҳфил ба Зебунисо Рустамова туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд. Ҳамчунин, санъаткорон бо рақсу сурудҳои дилчасп табъи аҳли нишастро болида сохтанд. Ба ифтихори ҷашни 60-солагии ин камонвари соҳибном китоби муаррихи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров бо номи «Зебунисо Рустамова» нашр шуд, ки тақдими соҳибҷашн ва мухлисон ӯ гардид. Зебунисо Рустамова Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал, Қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ, (соли 1975 дар Интерлакен, соли 1985 дар Сеул, соли 1987 дар Сидней), дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон (соли 1977 дар Австралия), Қаҳрамони Аврупо (солҳои 1976, Копенгаген, 1985, Измир, 1986, Париж), 15 карат Чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 карат ҷоизадори Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ва ғолиби чанд мусобиқаи сатҳи ҷаҳонию қитъавӣ мебошад. Анӯшервони МУЗАФФАР
Шикасти «Истиқлол» аз «Элверсберг» Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дастаҳои лигаи олӣ бозиҳои навбатии санҷишӣ доир карданд. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар давлати Туркия тамрин мекунад, дар шаҳри Анталия бо дастаи “Элверсберг”-и Олмон вохӯрда, бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Ҳисобро “Истиқлол” дар дақиқаи 38 кушод. Ба ин гол футболбозони дастаи “Элверсберг” бо ду гол ҷавоб гардонданд.
12
Тими “Хуҷанд” дар Қайроққум бо дастаи лигаи аввал – “Эсхата” вохӯрд. Шогирдони Нуъмонҷон Юсуфов ба дарвозаи “Эсхата” 8 голи беҷавоб заданд. Дилшод Бозоров се гол, Аҳтам Ҳамроқулов ду гол, Бахтиёр Чориев, Фарҳод Тоҳиров ва Парвизҷон Умарбоев якголӣ заданд.
Рамзӣ Шамирови 32-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон, ки декабри соли гузашта дар Ҳонконг баргузор шуд, аз имтиҳонҳо (оид ба дониши забони англисӣ, назария ва амалияи доварии қоидаҳои дзюдо) бомуваффақият гузашт. Ин унвон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқоти расмии сатҳашон аз ҳама баланди Федератсияи байналмилалии дзюдо - Гран При, Гран Слэм, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ доварӣ намояд. Рамзӣ, ки зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, зимни суҳбат ба радиои “Озодӣ” дар бораи нақшаҳои имсолааш чунин гуфтааст:
- Имсол ман ба ҳайси довари дзюдо барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба Бозиҳои XXXI олимпӣ, ки тобистони соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор мешавад, талош мекунам. Барои ин ба ман зарур аст, ки дар чемпионатҳои ҷаҳону қитъавӣ ва мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, ба мисли Гран При, Гран Слэм ширкат карда, барои дар рейтинги ҷаҳонии беҳтарин доварони дзюдо мавқеи сазоворро соҳиб шудан, имтиёзҳои зарурӣ ба даст орам. Инчунин, мақсад дорам, ки дар байни мутахассисони дзюдои тоҷик аввалин шуда ба ҳаққи доварӣ дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шавам. Албатта, бисёр мекӯшам, ки ин мақсади ман ҷомаи амал пӯшад.
Ғалабаи “Хайр” бар “Шайх Руссел” Бозии даври дуюми квалификатсионии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё – 2015 байни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Шайх Руссел”-и Бангладеш, ки 10 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Хайр” – 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро ҳамлагар Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 22-юм зад. Акнун тими ”Хайр” дар даври сеюми интихобӣ 17 феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 «Салом Ҷҳарта» вомехӯрад. Дар сурати пирӯзӣ «Хайр» ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 роҳ меёбад.
Прокуратураи вилояти Суғд барандаи Ҷоми вазири корҳои дохилӣ 9 феврали соли ҷорӣ дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд бозиҳои ниҳоии мусобиқаи кушоди футболи хурд байни дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳо ва идораҳои давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Барои дарёфти ҷойи сеюм Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят бо дастаи таъиноти махсуси милитсия вохӯрданд. Кормандони ДТММ ба дарвозаи ҳариф 3 гол зада, 2 гол сар доданд ва соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва Прокуратураи вилоят баргузор шуд. Дастаи Прокуратураи вилоят бо ҳисоби 5:2 ғолиб гардид. Ёдовар мешавем, ки мусобиқа бо ташаббуси вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон, таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» 6 рӯз баргузор гар-
дида, дар он 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 8 дастаи навра-
сону ҷавонони вилоят иштирок намуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ ЗӮРХОНАӢ Варзишҳои зӯрхонаӣ яке аз намудҳоеанд, ки хос ба мардуми форсзабон, дақиқтараш, тоҷикон тааллуқ дорад. Он дар даврони ҳукмронии сулолаи Сомониён ва пеш аз он ҳам дар сарзамини тоҷикон чун шакли варзиши миллӣ вуҷуд дошт. Мутаассифона, бо мурури ҳаводиси давр ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, аз ёдҳо рафт. Аммо дар мулки Эрон варзишҳои зӯрхонаӣ хеле ривоҷ ёфта, даҳҳо толор баҳри шуғл варзидан ба он вуҷуд дорад. Маҳз бо дастгирӣ, ёрии бевосита ва беғаразонаи бародарони эронӣ ҳоло дар кишвар ин намуди варзиш дубора эҳё ва толори варзишҳои зӯрхонаӣ дар пойтахти кишвар бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, Федератсияи варзишҳои зӯрхонаӣ ташкил шуда, сарварии онро Корманди шостаи варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Устоди варзиши байналмилалӣ, собиқ раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Сулаймон Абдулвоҳидов ба уҳда дорад. Инак, аз 24 то 28 феврали соли равон дар пойтахти кишварамон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон аз рӯйи ин намуди варзиш сурат хоҳад гирифт. Доир ба масоили вобаста ба ин намуди варзиш сӯҳбат доштем бо Сулаймон Абдулвоҳидов.
эрониҳо мустақилона робита барқарор созанд. Бо шарофати истиқлолият ба мо муяссар гардид, бо ҳар давлат худамон муносибатро ба роҳ монем. Имрӯз бо кишвари Эрон муносибати хеле самарабахш ба роҳ монда шудааст. Бо шарофати чунин муносибат имкон пайдо гардид, ҳайати мутахассисону кормандони соҳоти гуногун ба ҳар ду кишвар ташриф оранд. Аз дастоварду комёбиҳои якдигар огаҳӣ пайдо намоянд. Шахсан дар ҳайати мутахассисони соҳаи варзиши кишвар ба ин мулк чанд бор куҳан сафар доштам. Дар ҷамъомаде оид варзишҳои зӯрхонаӣ сухан рафт.
ман назди бародарони эронӣ бо далелҳо сухан гуфтам. Вақте кас бо далелҳои асоснок сухан мегӯяд, чӣ гуна метавон онро инкор кард ё ба эътибор нагирифт? Танҳо нафари ҷоҳил ин гуна рафтор мекунад. Мардуми Эрон хеле фарҳангӣ ва нисбат ба мо эҳтироми хос доранд. Аз мавзуъ каме дур рафта, як вохӯриро дар Эрон ин ҷо ҳикоят мекунам. Боре ба як вохӯрӣ гирифта бурданд, ки танҳо занон ҳузур доштанд. Ҳамроҳони эронӣ маро муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки меҳмон бо тоҷикӣ сухан мегӯяд ва ин забони шинос аст. Хонумҳо ҳайрон монданд, ки ин чӣ гуна забон бошад? Зеро то ҳол
Сулаймон Абдулвоҳидов:
- Варзишҳои зӯрхонаиро чун варзиши суннатии мо ном ҳам мебаранд. Чунки ин хоси мардуми мост. Дар худ якчанд намуди варзиш, аз ҷумла, гӯштингирӣ, тирандозӣ ва ғайраро гирд овардааст. Варзишгарон тани бараҳна, танҳо бо як шалвори кӯтоҳ бо ҳам зӯр меозмоянд. Ва аз худ маҳорат ва чусту чолокӣ зоҳир месозанд. Дар намуди варзишҳои зӯрхонаӣ азбаски хоси мардуми мост, номи машқҳо бо забони тоҷикӣ баён мегарданд. Кас агар ба кишвари Эрон сафар намуда, ба тамошои бозиҳои варзишҳои зӯрхонаӣ равад, як ҳолати аҷиберо эҳсос хоҳад кард, ки ба гуфтан сухан оҷизӣ мекунад. Ҳангоми мусобиқаҳои варзишҳои зӯрхонаӣ дар даромадгоҳи толор
“Қуръон”-и карим якчанд оят тиловат кард. - Тавре гуфтед, ин намуди варзиш дар кишвар дубора эҳё мегардад. Оё варзишгарони тоҷик аз рӯйи варзишҳои зӯрхонаӣ ба ягон натиҷа ноил шуданд? Ҳарчанд ки намуди варзишҳои зӯрхонаӣ дар кишварамон дубора ва аз нав эҳё мегардад, дастовардҳои ҷавонон – варзишгарони тоҷик дар ин ҷода кам нест. Онҳо дар мусобиқаҳои гуногун ширкати фаъолона дошта, аллакай ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Масалан, варзишгари умедбахши мо Наврӯз Арабов дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, медали тилло ба даст овард.
Эрониҳо оид ривоҷи он дар мулки хеш бисёр ҳарф заданд. Ман зикр намудам, ки ин намуди варзиш аслан аз диёри тоҷикон ба ин тарафи рӯди Омӯ гузар кардааст. Ва далелҳо оварда, номи аввалин қаҳрамони варзишҳои зӯрхонаиро ёдовар шудам. Эрониҳо пас аз шунидани суханони ман ба ҳайрат афтода, аз ҷо бархоста, кафкӯбӣ карданд. - Аҷиб, эрониҳо ягон эътироз накарда, баръакс чапак заданд. Лутфан мегуфтед, ки бунёди аввалин толори варзишҳои зӯрхонаӣ дар шаҳри Душанбе чӣ тавр оғоз ёфт? - Тавре дар боло зикр намудам,
ҳар фарди ба он ҷо воридшаванда, таъзим ба ҷо меорад. Пас аз анҷоми мусобиқот аз “Қуръон”-и карим оят хонда, дуо карда мешавад. Дуои нек. Ҳоло варзишҳои зӯрхонаӣ чун дигар намудҳои варзиш дар миқёси ҷаҳон торафт маъмул мегардад. Илова бар он ки сарварии Федератсияи варзишҳои зӯрхонаии кишварро бар дӯш дорам, муовини аввали раиси Федератсияи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ низ маҳсуб меёбам. Ва бо тақозои вазифа боре ба Кореяи Ҷанубӣ сафар намудам. Дидам, ки варзишгари он кишвар пас аз анҷоми бозиҳои варзишҳои зӯрхонаӣ аз
Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон, ки дар пойтахти кишвар сурат хоҳад гирифт, 14 дастаи мукаммал зимни мусобиқоти варзишҳои зӯрхонаӣ ва 24 кишвар барои ширкат дар мусобиқоти гӯштини паҳлавонӣ иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин, рӯзҳои баргузории мусобиқа конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи байналмилалии варзишҳои зӯрхонаӣ бо ҳузури намояндагони 80 кишвар дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Умед аст, шогирдони мо ба комёбӣ ноил шуда, ба шарафи эшон парчами кишвар боло бардошта мешавад. Аз ин хотир, ҳоло ҳамаҷониба омодагӣ идома дорад. - Тавре дар боло зикр намудед, дар кишвари Эрон даҳҳо варзишгоҳҳои бозиҳои зӯрхонаӣ фаъолият доранд. Дар кишвари мо танҳо якто, дар шаҳри Душанбе. Нақшаи бунёди варзишгоҳҳои зӯрхонаӣ оянда дар кишвар вуҷуд дорад? - Дар ин хусус бо масъулини соҳаи варзиши Эрон суҳбат доштем. Онҳо ба мо ваъда доданд. Акнун ният аст, бо ёрии онҳо ду толори дигар, яке дар шаҳри Кӯлоб, дигаре дар шаҳри Хуҷанд бунёд шавад. Бо бунёди иншооти нав шароит муҳайё мегардад, ки ҷавонони тоҷик ба варзиши миллию аҷдодии хеш ҳар чи бештар фарогир шуда, дар ин ҷода низ муваффақ шаванд. Мутаассифона, ҳоло ҳам нафарони зиёд ёфт мешаванд, намудҳои бозиҳои варзишҳои зӯрхонаиро ба дин пайваст медонанд. Баҳри пешрафти ин намуди варзиш, ки хоси мо ва бозии миллии мост, монеа эҷод месозанд. Ин суханонро беасос намегӯям. Афсӯс, пайи иҷрои вазифа то ҳол бо чунин ашхос рӯ ба рӯ мешавам, ки ба пешрафти соҳоти гуногун, аз ҷумла, варзиш дар кишвар чандон рӯйи хуш надоранд.
«Ба пешрафти варзиши миллӣ монеа эҷод накунем» дар бораи мо - тоҷикон на ҳама мардуми эронӣ маълумоти саҳеҳ доранд. Пас аз сухан гуфтани ман аксари ҳозирин, яъне, занҳо баробар изҳор намуданд, ки забони тозаю зебои форсӣ, маҳз забони тоҷикист. Ҳамин тавр, пас аз чанд дидору вохӯриҳо бо нафарони масъули эронӣ ба ифоқа омадем, ки дар пойтахти тоҷикон низ толори варзишҳои зӯрхонаӣ бунёд гардад. Ин соли 2005 буд. Баъдан, бо дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар Федератсияи варзишҳои зӯрхонаӣ ташкил ёфт. - Дар бораи ин намуди варзиш каме нақл мекардед.
- Он нукта, ки варзишҳои зӯрхонаӣ маҳз навъи варзиши миллии тоҷикон аст, ҷойи шубҳа нест. Дар аҳди Сомониён, махсусан, дар шаҳри Бухоро варзишҳои зӯрхонаӣ хеле ривоҷ ёфта, ҳатто номи аввалин қаҳрамони ин намуди варзишро метавон ёдовар шуд. Вай Пуриёи Валӣ ном дошт ва аз худ маҳорат, чусту чолокӣ нишон дода, чун нахустқаҳрамон дар хотирот боқӣ мондааст. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки давлати Сомониён дар натиҷаи кашмакашиҳои дохила ва дахолати душманони беруна аз байн рафт. Баробари он бисёр анъаноту чизҳои хос ба миллати тоҷик ҳам бо мурури вақт аз ёдҳо фаромӯш гаштаю аз сафҳаи таърих нопадид гардид. Аз ҷумла, варзишҳои зӯрхонаӣ. Мутаассифона, дар даврони шӯравӣ ҳарчанд Тоҷикистон дар дохили давлати шӯроҳо як ҷумҳурии алоҳида маҳсуб меёфт, лек мустақил набуд. Тамоми муносибатҳо бо кишварҳои хориҷа аз Маскав ба роҳ монда мешуд. Аз ин рӯ, тоҷикон худ имкон надоштанд, бо ягон давлат, аз ҷумла,
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
13
Боҳунар бошиву гар донишвар...
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Кӯдаконро ба илму ҳунаромӯзӣ талқин кунем Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ. Бале, ҳунар аст, ки касро боиззат ва обрӯманд менамояд, аз ҳаводисҳои нохуши зиндагӣ наҷот медиҳад, аз мушкилиҳои зиндагӣ ва торикиҳо ба сӯи осонӣ ва рушноиҳо мебарад. Вале ҳар яки мо медонем, ки ҳар як ҳунар дар натиҷаи омӯхтани илму дониш ба даст меояд, яъне, сарчашмаи ҳунар илму дониш ба шумор меравад. Аз ин рӯ, кудаконро бояд ба ҳунаромӯзӣ ва андухтани илму дониш талқин намоем. Ҳар кӯдаку наврасе, ки дар дилаш шавқу завқи китобхониву илмомӯзӣ пайдо мегардад ва ӯ аз пайи омӯзишу андухтани ҳунар вақти худро сарф менамояд, ҳам дар назди хонаводаи худ, ҳам назди ҳамсояҳо ва ҳам дар ҷамъият шахси боқадру иззатманд мегардад. Тамоми бузургону шоирони гузашта ва ҳозира инсонҳоро ба сӯи илмомӯзӣ ҳидоят намудаанд. Масалан, Рӯдакӣ фармудааст: Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. Дар яке аз ҳадисҳои мубораки худ пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯзед». Инчунин, шоири муосир Муҳаммадзамони Саидзод, ки бештар шеъру ғазалҳои ирфонӣ менависад, дар ин бора чунин мегӯяд: Аз дузаху аз биҳишту аз кавсару ҳур, Фориғ шаву ғуссаи беҳуда махӯр. Хушбахтӣ агар дар ду ҷаҳон мехоҳӣ, Илм омӯзу илм омӯз то бар лаби гӯр. Шоири дигари муосири тоҷик Усмони Сабз низ чи хуш фармудаанд: Панди ман дар гӯш бинмо, эй писар, Илм омӯз то шавӣ з-он баҳравар. Боҳунар бошиву гар донишвар, Мешавӣ машҳур андар баҳру бар. Хулоса, метавон боз садҳо сухану шеърҳоеро дар боби илмомӯзӣ ва андӯхтани ҳунар мисол биорем. Ҷавонони имрӯза, шукри Худо, нисбат ба солҳои пеш шавқу завқашон ба омӯхтани илм зиёд гардидааст. Ин албатта бисёр хуб аст, чунки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб мераванд ва ҷавонони ҳар миллате, ки бо илму маърифат бошанд, он миллат дар байни миллатҳои дигар сарбаланду сарфароз хоҳад гашт. Ғамхориву дилсӯзиҳои Сарвари давлат низ барои баланд бардоштани маърифатнокии мардум аз тариқи ВАО ба мо маълум аст. Калонтарин китобхонаи замонавӣ дар миқёси Осиёи Миёна низ бо дастгирии Роҳбари давлат дар пойтахти ватанамон сохта шуда, дар ихтиёри шавқмандони илму маърифат вогузор гадидааст, ки тамоми қишри ҷомеа метавонанд озодона аз он истифода намоянд. Дилшод САФАРЗОД, подполковники хизмати дохила
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60
14
Духтар беноз намешавад, аммо… Набояд духтаронро ба ҳоли худашон гузорем Имрӯзҳо бо шарофати истиқлолияти ҷумҳурӣ шаҳдиёри ободи мо боз ҳам дилкашу гуворотар мешавад. Сохтмони иморатҳои баландошёна, кушодашавии боғҳои сарсабзи нав ба нав, марказҳои дилхушӣ, имкониятҳои васеи сафарҳои хориҷӣ, роҳ доштан ба шабакаи ҷаҳонии интернет, китобхонаҳои замонавӣ, курсҳои забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва муҳимтар аз ҳама, инкишофи маданиву фарҳангӣ, ки дар кишварамон, махсусан, дар пойтахт эҳсос мешавад, ба ахлоқи ҳамагон таъсиргузор аст. Агар таъсири ин ҳама падидаро, махсусан, ба ахлоқи сухангӯӣ, либоспӯшӣ, тарзи рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва касби ҳунару соҳибмаълумот шудани духтарон дида бароем, аз як ҷиҳат хурсандибахш аст, ки гулдухтарони тоҷик дар озмунҳои байналхалқӣ иштирок менамоянд, имкони таҳсил дар хориҷаро доранд, ақлу заковати ҷаҳони муосирро соҳибанд. Вале аз ҷиҳати дигар, таъсири нигаронкунанда дорад, ки бисёре аз духтарон аз оини ниёкон дур мемонанд, ҳамоҳангии бархӯрди расму оини ниёкони худ ва маданияти ҷаҳони муосирро пайдо карда наметавонанд. Имрӯзҳо ҷавондухтарон дар ҳама самт фаъолият доранд. Бархе ба таҳсил дар донишгоҳ, бархе ба корхонаҳо, дигаре ба тамошо, хулоса, бо ҳар мақсаду ҳар коре аз хона берун мешаванд. Хушбахтона, аксари духтарони тоҷик аз илму дониши замонавӣ бархӯрдор буда, дар фазои тинҷу ором дар дохил ва хориҷ аз кишвар кору таҳсил мекунанд ва сазовори иззату обрӯ ҳастанд. Мо - модарон аз ин дастовардҳои кишварамон, ки тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст, хеле шодем. Дар ҳоли ҳозир духтароне ёфт мешаванд, ки имкониятҳои хубро нодида гирифта, аз филмҳои
ғайритарбиявӣ, наворҳои ғайриахлоқии интернетӣ истифода мебаранд, мактабро ҷойи намоиши либос қарор дода, дар хона низ ба гуфтаҳои калонсолон гӯш намедиҳанд. Модарони онҳо танҳо ба хотири он ки духтарашон наранҷад ва озодонаву роҳат дар хонадони волидайнаш зиндагӣ намояд, дар муқобили рафтори бади онҳо чораҳои зарурӣ намеандешанд, ки оқибати нохуш дорад. Модарони азиз, «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар» - гуфтаанд. Ман ҳамчун модари шаш фарзанд (чаҳор духтар) аз шумо хоҳиш менамоям, ки оре духтар ноз дорад, хоҳиш дорад, мақсаду орзу дорад, вале ҳар чиз меъёр дорад. Мутаассифона, шоҳид ҳастем, ки дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо аз сад чил фоизи оилаҳои ҷавон вайрон гашта, кӯдакон ятим монда истодаанд. Хоҳарони гиромӣ, кӯдак ҳам мехоҳад дар оғӯши гарми падару модар ба воя расида, аз шириниҳои ҳаёти солим баҳра барад. Мо, ки наметавонем нисбат ба кӯдакони ятиммонда бепарво бошем. Инро фаромӯш набояд кард, ки муҳити оилаи комил кӯдакро ҳаматарафа боақлу боҳуш ва босаводу бофаросат тарбия мекунад. Дуруст аст, ки ҷавондухтарон бо таъсири пешрафти технологияи муосир ва шабакаҳои телевизионӣ хеле серталабанд. Бинобар ин, волидони муҳтарам, бояд мо ҳам баробари онҳо аз пешрафти ҷомеаи башарӣ огоҳ бошем, то тавонем бо фарзандони хеш муколамаи дӯстона дошта бошем, ниёзҳои ҳамдигарро дарк кунем. Агар мо - модарон бинои маънавии онҳоро аз хӯрдӣ бо тарбияи худшиносии миллӣ, эҳтироми якдигарӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ поягузорӣ кунем, қабатҳои болоии бино ҳам масири худро ҳамон тавр идома медиҳанд, аз мо дигар назорати меҳрубонона лозим меояду бас. Вақте кӯдак ба
боғчаву мактаб меравад ва вориди ҷомеа мегардад, бо меъёрҳои тарбияи оилавӣ ба атроф ва атрофиён баҳо медиҳад. Бинобар ин, вақте тифли мо ба мактаб меравад, аз ҳаракатҳои ҳаррӯзааш бояд бохабар буд. Бо киҳо менишинад, аз мактаб то хона бо кӣ меояд, чӣ суҳбатҳо мекунанд, мавзӯи мавриди алоқаашон чист? Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфт: «Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013 9,5% зиёд аст». «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 далолат ба он мекунад, ки Ҳукумати кишвар ба ҳаллу танзими масоили оила ва созмони як оилаи солими ояндасоз диққати хоса дорад ва корҳои зиёде ба анҷом мерасонад. Ин иқдоми Сарвари кишвар тамоми мардуми ҷумҳуриро барои шоҳкорҳои нав ташвиқ мекунад. Духтарони мо занҳои ояндаи хонадон, модарони оянда мебошанд, ки дар созмони як оилаи солим нақши аввалиндараҷа ва созанда доранд. Аз ин рӯ, масъулияти мо модарон дар тарбияи солиму комили онҳо басо бузург буда, хайртарин кор баҳри ин сарзамини биҳиштосо ва халқи кабир мебошад. Албатта, дар ин самт бояд нозукбин ва хеле боҳавсала бошем ва пайваста дар ҷустуҷӯи донишҳои нав ва усулҳои беҳтари тарбия иқдом кунем, ҳадди ниёзҳоро мушаххас намоем, то ба дарки ҳамдигар бирасем. Оре, духтар беноз намешавад, аммо ҳама чиз бо андозааш зебост! Ш. НУРОВА, сардори кумитаи падару модарони Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Аспирин ... ... Баччан, актёри њиндї
Радиоро ихтироъ кард
Пойтахт дар Африќо
… Падуконе, ситораи кинои њиндї
Пеша, шуѓл Водї дар Ўзбакистон
Парламенти Дания
Моеъи техникии беранг
Чемпиони собиќи шоњмот аз Боку
Туро Як ба миќдор манпули зил наќд барад
Розшунав
Муќобилмаънои нест
«ИМА» ба русї
Холї, мањрум аз чизе
Аз гуноњ гузаштан
Обанбори табиї Доруи сурх барои љароњат
Озмоянда, таљрибакунанда
Матои нимабрешими рахрах
... Каримова (овозхон)
Љуфт барои занак
Гидрокарбонати натрий дар ошхона
Санги маъдании гаронбањо
Моњи оѓози таътили калон
…мат, яроќи оташфишон
Ранги лола
Тамѓаи автомат
Як навъ таоми миллї
Љавоби «не»
... Питт, актёри амрикої Сардори љанговарон
Муќобили «сулњ»
Фикр, андеша
Уќёнуси …и шимолї
Мурѓобї Картошкабирёни амрикої
…и Мањмуд, сароянда
Наќш дар сањна
Шефта, ошиќи волаву …
Ла ..., гулўгоњи байни Фаронсаю Британия
Ягона
Яке аз њарфњои «т»-и арабї
Киштии кайњонии ИМА
Садои зоѓ
... Ланка
Як хел муаммо ... Завќибеков, њунарманд
Пайдоиш, ошкоршавї
Эшон, вайњо
Нота
Дегдон
Аз њама кам
Бехудї аз хурсандї, ѓояти шавќ
Шираи кўкнор
Тахаллуси Ситсилия Хейфитс (зављаи Лоњутї)
Кунд не
Давлат дар Амрикои Марказї
Њол
10084=
Мурдаи њайвон барои каргас
Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат
Адиб Садриддин …
Кайфу сафо
Чењра, рухсор
Домоди паёмбар (с)
Тўтии думдароз
Шафќат
«Ну, погоди!» – «… ист» (мултф.)
Гунањкори азим дар ислом
Ноњия дар минтаќаи Кўлоб
Квартети эстрадии шведї
Дилбар …, актрисаи тољик
Олї, баланд
Кина, душманї
Шармандагї
Сатри ...
Агар Худо хоњад
Майдон, сањро
Асбоб барои фаршшўї Нўги овезони салла
Момо Br ,унсури кимиёвї
Балвогар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Платон, файласуфи Юнони Ќадим
Каппаи аз хас сохташуда
Соатњои муайяни шабу рўз
Навъи ќањва
Сиришк
Зинапояи њавопаймо
Тамѓаи хокаи либосшўї
… Улуѓзода, нависандаи тољик
Персонажи "Зани оњанин"
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Профессор: - Кори дипломиатро хонда намешавад. Он бояд тавре навишта шавад, ки ҳатто бесаводтарин одам мантиқи онро дарк кунад. Афандӣ: - Мефаҳмам, профессор, аммо ҳайронам, ки чаро шумо онро дарк накардед?
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
ЭЪЛОН
Умаралӣ САФАРАЛӢ
ЭЪТИБОР НАДОРАД
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
Номаи камоли гумшудаи №042793, ки онро МТМУ рақами 34-и ноҳияи Қубодиён соли 1992 ба Фахриддинов Бадриддин додааст, эътибор надорад.
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Номаи камоли гумшудаи №123061, ки онро МТМУ рақами 34-и ноҳияи Қубодиён соли 1991 ба Бураков Раҳматҷон додааст, эътибор надорад.
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН “Шарқи озод” (хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16) бо теъдоди 8048 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Ин асари рассоми фаронсавӣ Пол Гоген бо номи “Кай издивоҷ хоҳӣ кард” соли 1892 офарида шуда, 300 миллион доллар ба фурӯш рафтааст. Рӯзномаи “Times” ба нақл аз ду харидор навиштааст, ки харидори таблои Пол Гоген, идораи кулли осорхонаҳои кишвари Қатар мебошад.
Вақт Мард хаставу афгор аз кор ба хона баргашта, назди дарвоза писари панҷсолаашро дид, ки ӯро интизор аст. - Падар, як чиз пурсам мумкин? - Бале, писарам, ягон гап шудааст? - Маоши якрӯзаатон чанд аст? - Ба ин корҳо кордор нашав, шӯрид падар. – Ин ба ту чӣ лозим аст? - Ҳамту донистан хостам, илтиҷо мекунам, бигӯед. - 70 сомонӣ. Чаро пурсидӣ? Писарак ба чашмони падар ҷиддӣ назар карда, мепурсад? - Шумо метавонед ба ман 50 сомонӣ бидиҳед? - Барои ҳамин пурсидӣ? Хостӣ барои харидани ягон бозичаи нодаркор пулат диҳам? – бо зарда мегӯяд падар. Чунин худбин нашав! Ман рӯзи дароз меҷунбам, бениҳоят сахт монда мешавам, ту бошӣ мисли камақлҳо рафтор мекунӣ. Писарак сархаму хомӯш ба ҳуҷраи худ даромада, дарро пӯшид. Падар аз рафтори писари хурдсолаш дар ғазаб шуда, ғур-ғур мекард. - Бачаи густох, шарм накарда, моҳонаи падарро мепурсаду боз пул мехоҳад. Мард баъди чанде ором шуда, зуд аз фикру гуфтори сарди худ нисбат ба бачаи хурдсолаш пушаймон мешавад. “Шояд, дар ҳақиқат, барояш пул барои харидани ягон чизи муҳим зарур бошад? Бало ба паси 50 сомонӣ, вале кӯдакро ранҷонданам хуб нашуд. Вай-ку бори аввал аст пул мепурсад. Чаро мақсадашро ду-
АНДАРЗ
руст дарк накарда, зуд ба сарзаниш гузаштам? Падар аз саволҳои зиёди беҷавоб гаранг шуда, ба ҳуҷраи писараш даромад. Кӯдак ҳанӯз нахобида, балки рӯи кати хобаш бедор нишаста буд. - Ҳоло ҳам хоб нестӣ, бачаҷон? пурсид падар хиҷолатмандона. - Не, падарҷон. - Ман ба назарам хеле дурушт муомила кардам, - гуфт падар. – Имрӯз дар корхона рӯзи вазнин доштам, барои ҳамин худро дошта натавонистам, ба дил нагир. Мана, пули талабкардаатро бигир. Ҳарчӣ дилат хост, бихар. Дар чеҳраи маҳзуни кӯдак осори табассум падид омад. - Ташаккур, падарҷон, - нидои хушбахтӣ дар дод писарак. Сипас, зери болинашро кофта, чанд сомонии дигар, ки пинҳон карда буд, баровард. Падар пул доштани писарашро дида, боз дар ғазаб шуд. Кӯдак пулҳои аз падараш гирифтаро
бо пулҳои аз зери болин гирифтааш илова карда, пасон ба падараш нигарист. - Худат ки пул доштӣ, чаро аз ман пурсидӣ?! - ғурингид падар. - Пулам камӣ кард, акнун пурра шуд, - ҷавоб дод кӯдак. - Падар дар ин ҷо 70 сомонии пурра аст. Мумкин аст як рӯз вақти шуморо бихарам? Илтимос, инро гиреду пагоҳ ба кор наравед. Мехоҳам як рӯз бо ҳам бозӣ кунем, ҳамроҳ хӯрок хӯрем, ақаллан хӯроки шом. ҚАЙД: Умри инсон чандон дароз нест, ки пурра ба кор бахшида шавад. Бояд як фурсати кӯчаке аз умри худро барои пайвандонамон, онҳое, ки воқеан, моро дӯст медоранд, ҷудо созем. Дар хотир дошта бошем, ки агар фардо риштаи умрамон канда шуд, ширкат ё коргоҳамон рӯзи дигар ба ҷои мо каси дигарро ба кор мегирад. Набудани мо танҳо ба пайвандонамон бохти бузургест, ки тамоми умр ба ёд меоранду ғамгин мешаванд... Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Номаи камоли гумшудаи №024542, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1983 ба Одинаев Абдувалӣ додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №096277, ки онро МТМУ рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 1985 ба Гадоев Зиёдулло додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №870955, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1982 ба Ғафуров Собирҷон додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №1167800, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 1989 ба Бачабеков Раҳимҷон Мухторович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №428998, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1977 ба Шарипов Ҳасан додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №262178, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 1976 ба Шарипов Боймурод додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0278676, ки онро МТМУ рақами 11-и ноҳияи Қубодиён соли 2009 ба Хушзода Сиратуллои Хайрубло додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №635214, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 1987 ба Азизова Мамлакат Асоевна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №74, ки онро Омӯзишгоҳи касбӣтехникии рақами 30-и шаҳри Душанбе соли 2005 ба Эшматов Хайриддин додааст, эътибор надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9381), 12 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015