javononi tojikiston/#8/2015

Page 1

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо

№8 (9382), 19 феврали соли 2015

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад

www.javonon.tj

Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҳти ҳамин шиор барои ҳифзи марзу бум камар бастаанд

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

12.02.2015 Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонӣ ва навсозию таъмири иншооти ҷашнӣ, ки ба хотираи 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри бостонии Кӯлоб идома доранд, шинос шуд. 13.02.2015 Чемпионати кушод оид ба самбо барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Белорус дар шаҳри Минск анҷом ёфт. Дар он варзишгарони тоҷик Хушқадам Хусравов (вазни 62 кг) медали нуқра ва Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. 14.02.2015 Дар хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паём баённамудаи Президенти мамлакат маҳфили навбатии «Чароғи ҳидоят» доир гардид. 15.02.2015 Бо назардошти он ки қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳ қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таъиноти махсуси лижаронҳо таъсис ёфт. 16.02.2015 8 нафар чавгонбози тоҷик дар Эрон соҳиби гувоҳнома гардиданд. Гувоҳномаҳоро ба чавгонбозони тоҷик масъулини Федератсияи варзиш ва ҷавонони Эрон дар маросими тантанавӣ тақдим намуданд. 17.02.2015 Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар даври сеюми интихобии Ҷоми КФО-2015 аз дастаи “Салом Ҷҳарта”-и Лубнон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, аз бозӣ дар даври гурӯҳӣ маҳрум шуд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки Тоҷикистонро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта, давлати соҳибистиқлоли мо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид.

Бесаводӣ ба куҷо мебарад?

Саҳифаҳои

Соли 2015-ро бо интизоми намунавӣ ҷамъбаст менамоем!

8-9

23 ФЕВРАЛ - РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ҲАФТ РӮЗ

18.02.2015 Ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ МИҲД шаҳри Душанбе барои сарбозону афсарони 26 қисми низомӣ дастархони идона меорояд ва дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламрави пойтахт консертҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора қарори раиси шаҳр ба тасвиб расид.

ВОКУНИШ

Чаро ҲНИТ ҳақиқатро инкор мекунад?

1


РУШДИ ТУРИЗМ

ҶАЛАСА

13 соат таъмини аҳолӣ бо барқ 16 феврали соли равон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идора, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ анҷом дод. Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонии маҳсулоти ғизоӣ дар бозори истеъмолӣ, ташкили ярмаркафурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас, омодагӣ ба кишткори баҳорӣ, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ, таъмини кори мунтазами нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ, таъмини аҳолӣ бо газу барқ, ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар арафа ва рӯзи интихоботи парлумонӣ баррасӣ шуд. Вобаста ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳот аз соати 5-и субҳ то 11-и рӯз ва аз соати 16:00 то соати 23:00, яъне, 13-соат барқ дода шавад.

Шиносоии кувайтиҳо бо имкониятҳои туристии кишвар

ВОХӮРӢ

Оғози ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт семинари серӯзаи Тоҷикистону Кувайт оид ба масоили рушди туризми байналмилалӣ доир гардид. Менеҷери меҳмонхона Мирон Кадура меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар хусуси ҷойҳои дидании Тоҷикистон ва фарҳанги мардум мухтасар маълумот дод. Ризо НАЗАРЗОДА, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи меҳмонон ба Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори умедворӣ намуд, ки онҳо чор фасли сол дар мамлакати мо меҳмон хоҳанд шуд. - Боварӣ дорам, ки табиати дилкаши Тоҷикистон, сиёсати дарҳои кушоди роҳбарияти кишвари мо, таваҷҷуҳи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм баҳри ба соҳаи афзалиятнок табдил ёфтани туризм мусоидат мекунад, - гуфт Ризо Назарзода. - Соли гузашта Тоҷикистон дар рӯйхати «Беҳтарин кишварҳои туризми саргузаштӣ» ҷои дуюмро ишғол намуд. Умед мекунем, ки манзараҳои ҷолиби диққат ва ёдгориҳои таърихӣ писанди меҳмонони кувайтӣ хоҳад шуд. - Соли ҳаштум аст, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар Намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, “ITB-Берлин” муаррифӣ мешавад, - афзуд Ризо Назарзода. – Дар натиҷа, сол то сол шумораи сайёҳон ба кишвари мо меафзояд. Тоҷикистон чун кишвари меҳмоннавоз ном баровардааст. Боварӣ ҳаст, ки меҳмонони кувайтӣ тайи чанд рӯзе, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, ин меҳмоннавозиро эҳсос хоҳанд намуд. Зубайдулло Зубайдов, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар давлати Кувайт соҳаи туризмро яке аз бахшҳои асосии таъминкунандаи рушди иқтисодӣ номида, чунин гуфт: “Дар даҳсолаи охир соҳаи туризм дар ҷаҳон бо вуҷуди буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд карда истодааст. Мувофиқи омор ҳиссаи туризм дар иқтисоди глобалӣ то 7 триллион доллари ИМА ё 9,1% маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад ва даромади бахши туристӣ дар муддати 10 сол ба андозаи 116% афзудааст. З, Зубайдов таъкид намуд, ки рушди соҳаи туризм ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, пешрафти истеҳсолот ва зиёдшавии воридоти асъори хориҷӣ

2

мусоидат намуда, имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар шахси ташаббускорро фароҳам меорад. - Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги рушди соҳаи туризм аст, - гуфт Зубайдулло Зубайдов. - Аз ҷумла, мавҷудияти қуллаҳои азими кӯҳҳои Помир, хатсайрҳои «Шоҳроҳи Абрешим», табиати нотакрору иқлими мусоид, фарҳангу таърихи қадима, чашмаҳои минералии гармобадор, маданияти баланди меҳмоннавозӣ, таъмини амнияти шахсӣ ва дигар омилҳо барои туристони хориҷӣ ҷолиби диққат аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, ҳамчун кишвари транзитӣ метавонад мавқеи худро устувор намуда, барои рафтуомади туристон ба як қатор кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором мусоидат намояд. Абдуллоҳ Ҳасуна, директори генералии ширкатҳои сайёҳии Кувайт ба мизбонон барои даъват изҳори сипос намуда, гуфт: “Хеле кам касон дар дунё дар бораи Тоҷикистон барин як кишвари зебо маълумот доранд. Ман тайи 7-8 соли охир вобаста ба захираҳои туристию имкониятҳои иқтисодии он иттилоъ ҷамъ меорам. Вақте бори аввал кӯшиш намудам, ки дар бораи Тоҷикистон маълумот гирам, аз ягон сарчашма маълумоти дақиқ пайдо карда натавонистам. Агар хоҳем, ки туристон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, бештар иттилооти саҳеҳ пешкаш намоем. Ҳоло Тоҷикистон барои сайёҳони кувайтӣ «кишвари пӯшида» аст. Мо омода ҳастем, ки имкониятҳои фаровони туристии Тоҷикистонро на танҳо ба мардуми Кувайт, балки ба мардуми тамоми кишвари Ховари Миёна пешниҳод кунем”. Абдуллоҳ Ҳасуна аз ҳамтоёни тоҷики худ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани маълумот оид ба захираҳои туристии Тоҷикистон кӯмак расонанд. Ӯ ваъда дод, ки иттилооти мазкурро миёни туристони кишвари хеш ва ҳамсоякишварҳо хоҳад расонд. - Ман дар бораи он ки чӣ гуна баъзе кишварҳо худро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуданд, мисолҳои зиёд

дорам, - гуфт Абдулло Ҳасуна. – Масалан, тавассути гузаронидани як қатор чорабиниҳои варзишӣ Баҳрайн тавонист худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Баъзе кишварҳо бо фурудгоҳҳои замонавиашон тавонистанд, ки чун кишвари транзитӣ маъруф шаванд. Фурудгоҳи Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба ин мисол шуда метавонад. Гурҷиҳо бошанд, тарғибу ташвиқи кишварашонро тавассути интернет ба роҳ мондаанд. Ман медонам, ки имрӯз дар Гурҷистон як донишгоҳи байналмилалӣ оид ба рушди туризм мавҷуд аст, ки миёни 15 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, мо бояд дигар имкониятҳои Тоҷикистонро барои муаррифӣ истифода барем. Давлат Ҳабибов, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар бораи имтиёзоти пешниҳоднамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сармоягузорон иттилоъ дода, нақши соҳаи туризмро баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ояндадор ҳисобид. Давлат Ҳабибов пешниҳод кард, ки дар фарҷоми сафари меҳмонон боз як мулоқоти ширкатҳои сайёҳии Кувайту Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин ҳол имкониятҳои дурнамои ҳамкориҳои муштарак ва сармоягузориҳо дар соҳаи туризм беҳтар хоҳад гашт. Сурат Тоймастов, директгори ширкати сайёҳии «Помир Адвенчи» дар мавзӯи «Маҳсулоти асосии туристӣ дар Тоҷикистон» маълумот дод. Дар ҷараёни семенар видиофилми имкониятҳои туристии Тоҷикистон ба забони англисӣ намоиш дода шуд, ки мавриди кафкӯбиҳои ҳозирин қарор гирифт. Меҳмонони кувайтӣ рӯзҳои минбаъда бо мавзеъҳои дидании Тоҷикистон, аз ҷумла, қалъаи бостонии Ҳисор ошно шуданд. Умед аст, ки боздиди меҳмонони кувайтӣ аз Тоҷикистон боиси муарифии захираҳои туристии мамлакат миёни кишварҳои араб мегардад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

А. Абдуллозода: “Ҳаёти ҳар як ҷавон барои мо бегона нест” 17 феврали соли равон дар Китобхонаи миллӣ, бо мақсади шарҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва соҳибкорони ҷавони пойтахт мулоқот кард. Аҳтам Абдуллозода изҳор намуд, ки Паём аз ҳар ҷиҳат барои насли ҷавони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро он тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро фаро мегирад. Гуфта шуд, ки тамоми кӯшишу заҳмат ва сари вақт ироа гардидани Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баҳри беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва шароити арзандаи мардум мебошад. Дар идомаи мулоқот аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки нисбат ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумату бетарафиро ихтиёр накарда, дар пайи омӯзиши илму дониш ва корҳои нек бошанд. Зеро танҳо ҷавонони донишманду бомаърифат метавонанд дар оянда барои халқу миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Роҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

ҷавонону донишҷӯёнро бештар ба эҳтироми волидайн, аз бар намудани илмҳои муосиру замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ талқин намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки давраи донишҷӯиро самаранок истифода намоянд. Зеро волидайн фарзандонро танҳо бо мақсади омӯзиш ба донишгоҳҳо мефиристанд. Дар мулоқот, ҳамчунин, ба масъалаҳои эҳтироми омӯзгорон, сарпечӣ накардан аз хизмати ҳарбӣ, ба гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ нагаравидани ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Дар интиҳо миёни роҳбари ҷавонони мамлакат ва ширкаткунандагон маҳфили суолу ҷавоб сурат гирифт. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Ҷавонон ҳам нерӯи бузурганду ҳам осебпазир Андешаҳо перомони Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

Ҳаким Абдуллои РАҲНАМО, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС: Яке аз масъалаҳои умдаи Паёми имсолаи Президенти мамлакат масъалаи ҷавонон ва тарбияи онҳо буд. Масъалаи ҷавонон аз ду назар бисёр муҳим аст. Аввалан, ин қишр аз ҷиҳати теъдод қишри бузургтарин ва фаъоли ҷомеаанд. Дуюм, ин ки онҳо аз ҳама осебпазиранд. Бо вуҷуди он ки мо фикр мекунем, ҷавонон аз ҳама солим, коршоям ва чолоканд, вале дар айни замон таҷрибаи кам, дилҳои соф ва эҳсосоти баланд доранд, аз ҳар гуна хатарҳо осеб мебинанд. Барои ҳамин, як нуктаи муҳим дар Паёми Роҳбари давлат чӣ гуна аз ин таҳдидҳо нигоҳ доштани ҷавонон буд. Яке аз хатарҳое, ки ба ҷавонони мо ва аз тариқи ҷавонон ба кулли кишвар ва давлату миллати мо таҳдид мекунад, гароиш ё кашида шудани ҷавонон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Вале зикр бояд кард, ки ҷавонони тоҷик ба таври оммавӣ ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ рӯ овардаанд. Ҳатто 0,1 фоизи ҷавонон ҳам ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ гароиш надоранд. Хушбахтона, ҷавонони мо таҳсилкардаанд, соҳиби фарҳанганд ва ин чизҳоро дарк мекунанд, вале як нафар ҳам агар ба ин ҳаракатҳо ҷалб шуда бошад, зиёд аст. Барои ҳамин, аз як сӯ бояд моро воҳима нагирад, ки ҷавонон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ рӯ овардаанд, вале аз сӯи дигар мо наметавонем фориғбол бошем. Сабаби чунин ҳолат дар он аст ки имрӯз фазои иттилоотии ҷаҳонӣ муштарак ва шаффоф аст. Истифода аз шабакаи ҷаҳонии интернет

дастрас аст. Назорати он бошад, хеле мушкил ва номумкин. Мутаассифона, имрӯз як қисми ҷавонон аз тариқи интернет ба манбаъҳое даст меёбанд, ки дар онҳо барояшон иттилои нодуруст ва ифротӣ дода мешавад. Инсон, пеш аз ҳама, ҳамон андеша ва огоҳиест, ки ӯ дорад. Бигзор як нафар дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, вале агар тафаккури ӯ дар зери таъсири як расонаи ифротии Ғарб, Ҷаҳони араб ё Аврупо ташаккул ёбад, вай аллакай дар ин ҷо нест. Вай руҳан ва маънаван дигар дар ҳамон фазо аст. Чунин ҷавонро аз ҳамон фосилаи дур мешавад идора кард. Пас, агар мо амнияти иттилоотиро таъмин накунем, марзҳоро ҳар қадар хуб нигоҳ дорем ҳам, беасар аст. Агар марзҳо ҳар қадар хуб муҳофизат шаванд, вале мағзҳо муҳофизат нашаванд, ин хатар рафъ намешавад. Ҳассосияти масъала дар ин аст, ки он фавҷи иттилооте, ки аз берун меояд, як иттилои бесамт, беҳадаф ва бесоҳиб нест. Балки онҳоро марказҳои муайян бо ҳадафи муайян ва миқдори муайян пахш мекунанд, то ки натиҷа гиранд. Натиҷаашон ҳамин фирефта шудани ҷавонон аст. Вақте ҷавонон ба ин иттилоот дода мешаванд ва амалан ғуломи иттилоот мегарданд, онҳоро дар ростои манфиати худ истифода мекунанд. Яъне, формула ё механизми истифодаи ҷавонон чунин нест, ки як ҷавонро дар наздаш нишаста, бо ӯ сӯҳбат карда, барои шомил шуданаш ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мусоидат кунанд. Як бахши бузурги ин кор аз тариқи вертуалӣ, аз тариқи шабакаи интернет сурат мегирад. Акнун, мо чи кор карда метавонем? Паёми Президенти кишвар масъаларо ба таври қатъӣ гузошт. Супориш ҳам шуд, ки ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. Пеш аз ҳама, бояд чорчӯбаи оиларо ҳамчун як чорчӯбаи ҳазорон сол озмудашудаи тарбиявӣ тақвият бахшем. Соли 2015 “Соли оила” эълон шуд, ки фақат масъалаи сирф иҷтимоӣ нест. Ин ҳам масъалаи сиёсӣ аст, ҳам давлатӣ, зеро агар оила дар синну соли ташаккулёбии инсон нақши тарбиятгари худро иҷро накунад ва инсон зери як иттилооти берунӣ ташаккул ёбад, дигар ҳеҷ чиз ӯро наҷот дода наметавонад. Дуюм коре, ки бояд кард, маърифати сиёсии ҷавононро боло бурд. Масалан, мо барномаҳое дорем, ки ҷавонон технологияи рӯзро омӯзанд, фанҳои дақиқро омӯзанд, ин беҳтарин барнома аст, вале агар ҷавонон аз огоҳии сиёсӣ маҳрум бошанд, ҳатто беҳтарин донандагони техноло-

гияи замонавӣ бошанд ҳам, боз ба доми ҳаракатҳои террористию экстремистӣ кашида мешаванд. Пас, мо ҳамзамон, ки дар бораи рушди дониши технологии ҷавонон фикр мекунем, тафаккури онҳоро низ бояд ташаккул бидиҳем. Яъне, дар баробари рушди технологӣ рушди тафаккури дуруст ҳам хеле муҳим аст. Як роҳи дигари эмин доштани ҷавонон ин аст, ки мо онҳоро бо дониши дурусти динӣ бояд мусаллаҳ кунем. Масалан, ҳамин тасаввур, ки ҳеҷ чиз аз дин надонад, аз шарри экстремизм эмин мемонад, натиҷа надод. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон инро гузаштанд, бенатиҷа анҷом шуд. Манзур ин аст, ки агар ҷавонон, як маълумоти исломӣ дар бораи мазҳаби ҳанафӣ, таълимоти маорифпарваронаву фарҳангдӯстона, инсондӯстонаву сулҳпарварона ва таҳаммулпазирии исломӣ дошта бошанд, аз теъдоди зиёди иттилову таҳдиди беруна эмин мемонанд. Ин барнома бояд зери назари давлат, Шӯрои уламо бошад. Агар дониши муътадили динӣ дар чорчӯби мазҳаби ҳанафӣ ба ҷавонон дода нашавад, онҳо ягон варианти экстремистиву ифротии онро соҳиб мешаванд. Ниҳоят, фазои иттилоотӣ дар дохили кишвар бояд тарзе бошад, ки баъзе масъалаҳо ҳалли худро ёбанд. Масалан, агар мо як шабакае медоштем, ки дар он баъзе масоили динӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ, на дар шакли идеологӣ, балки дар шакли таълимӣ ироа мешуданд, ҳеҷ эҳтиёҷе набуд, ки мо фатворо аз Қатару аз Саудиву Эрон бигирем. Набудани чунин шабака бинандаи ҷавонро ба суроғи шабакаҳои хориҷӣ мебарад. Ба шабакаи хориҷӣ ки рӯ овард, хоҳ он маърифативу фарҳангӣ аст ё динӣ, дар баробари иттилои муфид иттилои зарарнокро ҳам ҳамтман мегирад. Чунки иттилоот ба аудитория дар шакли “пакет” дода мешавад. Як шабака ҳам барномаи ахбор дорад, ҳам барномаи фарҳангиву дилхушӣ ё маърифатӣ ва дар байни ҳамин барномаҳо ҳатман иттилои пӯшидаи ҳадафнок ҳам дорад, ки бинанда онро ноогоҳона мегирад. Ҳоло зарур аст, ки ҳамин гуна як шабака дар дохил вуҷуд дошта бошад, то ҷомеа барои таъмини эҳтиёҷоти динии худ ба тамошои шабакаҳои хориҷӣ наравад. Шералӣ МӮСО, нависанда: Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ба тамоми маънӣ тараннумгари орзуву ормон ва садои дили халқи бузурги сарзамини тоҷик аст. Азбаски мақсаду мароми Паём рушди устувор, зиндагии

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

сазовор, Ваҳдат ва сулҳу субот аст, мушкилиҳои доғи ҷомеа дар он зикр ёфт ва барои бартараф шуданашон дастуру супоришҳо дода шуд. Яке аз нуктаҳои бисёр муҳими Паём масъалаи ҷавонон ва тарбияву раҳнамоии дурусти онҳост. Аввалан, ташаккули шахсият дар ҷавонӣ даст медиҳад, сониян, шумораи умумии шаҳрвандони то 30-солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 фоизи

аҳолӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қобилияту неруи ҷавонони мамлакат эътимоди комил доранд ва таваҷҷуҳи хосае ба онҳо зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон низ бояд бо шукргузорӣ аз чунин фазои орому осуда, эҳсоси масъулият намоянд ва ба қадри ин эътимоду дастгириҳои беандоза бирасанд, роҳи дурусти ҳаётро интихоб намуда, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти Ватани азиз саҳм гузоранд. Аммо ҳастанд ҷавононе, ки бар асари бесаводӣ, надоштани таҷрибаи кофӣ ва таҳаммулнопазирӣ арзишҳои миллиро дуруст дарк намекунанд. Онҳо ки бештар эҳсосотӣ ҳастанд, зудтар фирефтаи таблиғоти бегона мешаванд ва ба амалҳое даст мезананд, ки на танҳо бар зарари худ, балки бар зарари ҷомеа мебошад. Хуршед НИЗОМОВ, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣфароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг: Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа

ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”. Дар Паём зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг, махсусан, масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро азнавсозӣ намуд. Тарбияи фарзандон ва насли ҷавони кишвар ва фарогирии онҳо бо таълиму тарбияи босифат ва роҳ надодан ба гароидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро аз нуктаҳои муҳими Паём буд. Бояд қайд намуд, ки фаро гирифтани ҷавонон бо касбомӯзӣ, донишандӯзӣ ва бунёдкорӣ, пеш аз ҳама, заминаи мусоид фароҳам овардан барои ояндаи миллати созандаю эҷодкор мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон омӯзонидани арзишҳои волои инсонии ниёкону дастовардҳои башарии олами мутамаддин мебошад. Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда ба ҷавонон талқини эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ, омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ вазифадор аст, ки дар амалӣ гардондани ин мақсадҳо саҳм гузорад. Пурсишро омода карданд: Башир УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

3


ДИН ВА ҶОМЕА

МИЗИ МУДАВВАР

Даъвои «демократияи динӣ» ботил аст?

Ҷавонон ихтисосашонро такмил хоҳанд дод

Бо се далел дин наметавонад пояи демократия бошад Аввал ин ки нақши дин эҷоди демократия нест. Ҳеҷ дине вуҷуд надорад, ки рисолати худро эҷоди демократия эълон карда бошад. Оё касе динеро мешиносад, ки паёмбараш ваъдаи ҷорӣ кардани демократияро ба пайравонаш дода бошад? Агар чунин нест, бо такя бар ин усул баҳси дин ва демократия, аниқтараш, ислом ва демократия, ки ин ҳама китоб ва мақолаҳо роҷеъ ба ин баҳс навишта мешаванд, усулан маънӣ надорад. Яъне, баҳсе ҳаст бидуни маънӣ ва орӣ аз мавзуъ. Баҳси ҷанбаӣ дар иртибот бо дин, баҳси масъалаи таззод ё ҳамсонии ислом бо демократия аст. Ин баҳс ҳам ба ҷое намерасад, чун натиҷаи баҳс ба таърифи худи Ислом вобаста карда шудааст. Агар “Қуръон”, суннати паёмбар, ҳукумати Мадина ва таърихи исломро бигирем, аз дили ҳеҷ кадоме аз инҳо на демократия берун меояд ва на мутобиқати ислом бо демократия. Бархе аз ҳаводорони демократияи динӣ асли Шуроро пеш меоранд. На Шӯрои замони паёмбар, ки аз башоратдиҳандагон иборат буд ва на шӯроҳои баъдинаи исломӣ, кӯчактарин рабте ба парламентаризми демократӣ надоранд. Ба ҳамин далели содда, ки парламентаризми демократӣ қонунгузор мебошад, вале Шӯрои муҳаммадӣ дар беҳтарин намудаш машваратӣ буд. Дуюм ин ки асоси дин бар эътиқод вобаста аст, демократия бошад, бар қарордод. Робитаи дин робитаи амудӣ (перпендикулярӣ) аст, яъне, робитаи фард бо мавҷуди офаридагор. Дар ҳоле ки робитаи демократӣ робитае аст уфуқӣ (горизонталӣ). Яъне, робитаи инсон бо инсон. Ё бо истилоҳи дақиқтари роиҷ ва илмии имрӯза, робитаи шаҳрванд бо шаҳрванд. Ин тафовути баръалои байни равобит аз ҳавзаи динҳо ҳам болотар рафта, асоси баҳси байни Афлотун ва Арасту низ ҳаст. Саввум ин ки воҳиди дин муъмин аст ва воҳиди демократия шаҳрванд. Дин шаҳрвандро намешиносад. Муъминон уммати динанд. Шаҳрвандон аз ҳуқуқҳо бархурдоранд ва муъминон аз онҳо маҳрум. Беҳтарин ва соддатарин ҷилваи ин ихтилоф дар наққошии маъруфи Рафаел аз фалсафа инъикос шудааст. Он ҷо мебинем, ки Аф-

4

лотун китоберо ба таври амудӣ дар даст гирифта ва дасти дигарашро боло бурдааст ва бо ангушт чизеро дар осмон нишон медиҳад. Ин чиз ҳамон масали маъруфи афлотунӣ аст. Яъне ҷомеъаи башарӣ бояд худро бо усуле, ки дар ҷое болотар аз ӯст, бипайвандад. Арасту дар акс китоберо уфуқӣ дар даст гирифта ва дасти дигарро низ уфуқӣ дароз кардааст ва бе он ки бо ан¬гушт бихоҳад чизеро нишон диҳад, мегӯяд, ки берун аз ҷамъияти башарӣ ҳаммисли онҳо вуҷуд надорад ва инсонҳо бояд худ ҳамммонандашонро бисозанд. Ба иборати дигар бояд инсон қонуни дилхоҳи худро қабул кунад, на Худо! Ин маънои наққошии Рафаел аст. Ин асоси тафовути моҳияти дин ва демократия низ ҳаст. Натиҷаи мантиқии ин фарзия он аст, ки ақида ва қарордодро наметавон дар баробари якдигар қарор дод. Барои он ки мо қарордоди демократиро бубандем ниёзе ба эътиқоди динӣ ё дигар эътиқоде нест. Аммо ҳар як шахси эътиқоддор метавонад ба қарордоди демократӣ бипайвандад. Аз ин руст, ки ҳудуди демократӣ аз ҳудуди динӣ густурдатар аст. Ҳудуди густардаи демократия ҳам рӯшанфикрони исломӣ ва ҳам ҳокимони кишварҳои исломиро, ки ҳар ду аз “мардумсолории динӣ” сухан мегӯянд, барангехтааст то ба ишғоли он ҳудуд бикӯшанд. На барои эҷоди демократияи либерали равшанфикрона. Балки барои ғасби демократия ба фоидаи дин. Яъне ба занҷир кашидани фикри бунёдии демократия ва истифодаи он дар баробари ҳаҷр ё фоида. Ин ҷо агар идомаи баҳсро ба адёни иброҳимӣ маҳдуд кунем, бояд бигӯем, ки ҳеҷ кадоме аз ин динҳо зояндаи демократия нестанд. На Мусо, на Исо ва на Муҳаммад, ҳеч кадоме ваъдаи демократия надодаанд, аммо ҳоло бархеҳо мехоҳанд демократияи исломӣ барпо кунанд. Яҳудиён ва масеҳиён чунин иддао надоранд. Ҷараёни демократӣ ва протестантизм дар Аврупо ҷудо аз ҳам амал карда, ренессанс карданд. Яъне, динро канор гузоштанд ва ба асли демократияи Юнони бостон рӯй оварданд. Мавҷи секуляризм он қадар боло гирифт, ки масеҳият ночор шуд таслим шавад ва барои боқӣ мондани худ бо ин мавҷ ҳамроҳ шуд. Аз ин гузашта дар даруни масеҳият мафҳумҳое нуҳуфта буданд, ки реформатсияро ёрӣ доданд. Ду асл, яке теорияи маъруф ба “санавияти сиёсӣ” (дуа¬лизм) ё “ду шамшер”. Масеҳ гуфт: Он чӣ аз они Қайсар аст ба ӯ деҳ ва он чи аз они Худост, ба Худо!

Асли дуввум: Асли таслият (дилбардорӣ кардан) аст. Худо бо се руҳия, на он Худои қаҳҳори яҳудӣ, на он Худои Қуръон бо сурати “ҷаббор ва раҳим ва маккор” аз ӯ ёд нашудааст. Ин буд, ки байни асли таслияти масеҳӣ ва “таслияти сиёсӣ” (сегонагӣ) бархурдҳо ба вуҷуд наомад. Балки ваҳдоният (ягонагӣ)-и себуъдии масеҳӣ бо ваҳдонияти сегонаи сиёсӣ ҷӯр шуд. Яъне ҳукумати иҷроия ва ҳукумати додгоҳӣ бо ҳам, вале ҷудо аз ҳам. Ин гуна ҳамёриҳои мафҳумӣ дар ислом вуҷуд надорад. Ва кори мутобиқати ислом ва демократияро натанҳо мушкил, балки амри маҳол месозад. Аз мусулмонӣ демократия барнамехезад, вале дар демократия шаҳрванди озод метавонад мусулмон ҳам бошад. Бинобар ин, агар ҳадафи навандешони исломӣ пайвастан ба демократия аст, инҳо бояд нуқтаи ҳаракати теориявии худро ба сӯи шаҳрвандӣ тағйир диҳанд. Вале онҳо наметавонанд демократияро он қадар таҳриф кунанд ва бичархонанд, ки демократия бо чанд ривоят ва шеъри Ҳофизу Мавлоно ба колбуди дигаргуншудаи ислом часпонида шавад. Дар ин навишта далел оварда шуд, ки аз динҳо ба таври ом ва аз Ислом ба таври хос наметавон интизории эҷоди демократияро дошт. Ҳеҷ дине чунин даъво накардааст. Аммо метавон бар асоси дин ҳукумат эҷод кард. Ҳам ҳукумати масеҳии дарозмуддат дар гузаштаҳо ва ҳам ҳукуматҳои чандранги исломӣ доштаем. Аз ҳукумати паёмбари Ислом гирифта, то хулафои рошиддин ва хилофатҳои чандгона. Ҳукумати динии демократӣ ҳеҷ гоҳ натавонистааст вуҷуди хориҷӣ ва таърихӣ пайдо кунад ва пайдо карда ҳам наметавонад. Ба ибораи рӯшантар, агар мо хостори демок¬ратия ҳастем, наметавонем эътиқоди диниро ҳамчун нуқтаи оғози он қарор диҳем ва наметавонем ду нуқтаи ҳаракати тавъам дошта бошем, яъне ҳам мусулмонӣ ва ҳам шаҳрвандӣ. Интизоъ (abstraction, ҷудо кардани ҷузъ аз кул, ҷудо кар¬да гирифтан) ва интихоб ҷавҳари модернизм мебошанд. Лоҷарам бояд интихоб кард. Ё ин ё он. Аммо на ҳар ду ва на бо ҳам. Меҳдии МУЗАФФАРӢ, paиси Маркази мутолеоти исломгароӣ ва ифротгароӣ, Доншгоҳи Орхуси Дания Бознашр аз “Миллат”, №05 (491) аз 04.02.2015

18 феврал бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Китобхонаи миллӣ суҳбати гирди мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ доир ба баррасии лоиҳа дар бораи таъсиси “Маркази миллии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон” доир гардид. Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси кумита ҳадаф аз баргузории онро муаррифӣ, муҳокима ва баррасии асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва заминаҳо вобаста ба ташкили “Маркази милии такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон”, инчунин, таҳкими заминаҳои амалӣ ва илмию таҳқиқотии сиёсати давлатии ҷавонон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки мавҷудияти муассисаи махсусгардонидашудаи соҳавӣ, барои таъмини кадрии сиёсати ҷавонон, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосир ва истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии кор бо ҷавонон шароити мусоиди ташкилию методиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, ба таъкиди масъулин ҷиҳати татбиқи ин мақсад таъсиси Маркази миллии омодасозии мутахассисони соҳаи сиёсати ҷавонон саривақтӣ мебошад. Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки дар сурати таъсиси марказ ба ҳалли як қатор проблемаҳои объективию субъективӣ дар сиёсати кадрӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад. Б. Раззоқов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ки лоиҳаи барнома ва оинномаи маркази мазкурро муаррифӣ мекард, таъсиси онро дар шароити муосир амри воқеӣ номид.

ВОКУНИШ

Чаро ҲНИТ ҳақиқатро инкор мекунад? Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ нисбат ба боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии ин ҳизб, ки дар пайи ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқи оташфишон, аз ҷумла, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ дар манзили сокини деҳаи Чуқураки Боло Латиф Сардоров, аъзои дигари ҲНИТ гунаҳкор дониста мешавад, тасдиқ карда, гуфтааст, «воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам». М. Кабирӣ дар ибтидои суханаш тасдиқ мекунад, ки лавозимоти ҷангӣ аз Маҳмудов Ҷ. аст, вале дар охир инкор кардан мехоҳад, ки гӯё дар ин бора чизеро намедонад. Дар ин росто, Шӯрои сиёсии ҲНИТ низ боздошт ва ҷурми Ҷ. Маҳмудовро тасдиқ намуда буданд. Аммо рӯзе баъд дидаву дониста онҳо ба ақидаи қаблии хеш зид баромада, онро пеш аз интихоботи парлумонӣ «тарҳрезишуда ва сиёсӣ» номиданд. Дар бораи ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ аз тарафи як узви ҲНИТ роҳбарият ва пайравони ин ҳизб огоҳ будаанд ва онро роҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ бегуфтугӯ тасдиқ кард. Ҳарчанд чунин менамоянд, дар охир аз ҳақиқати гуфтааш пушаймон шудааст. Тарзи шеваи баён ба шаклест, ки гӯянда дар ин бора иттилоъ дорад, вале воқеияти ҳолро аз ҷомеа пинҳон карданд мехоҳад. Наҳзатиҳо то кай мардумро мефиребида бошанд! Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ. Маҳмудовро бемантиқона маҳкум кардааст. Чунин менамояд, ки кулли сокинони кишвар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳро маҳкум менамоянд ва ба ҳар амале, ки хилофи қонун ва ба оромиву осудагӣ халал мерасонад, муқобил ҳастанд. Гап сари он меравад, ки бояд ҷинояткор мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Бояд тазаккур дод, аксари кулли нафарони ба ин қазия шоҳидӣ дода бо забони худ гуфта истодаанд, яроқ ба Ҷамолиддин Маҳмудов, узви фаъоли ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тааллуқ дорад. Маҳмудов Ҷ. лавозимоти ҷангиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Сардоров Латиф ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд ва таъкид кардааст, ки «боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд гашт». Мақсади дар оянда лозим шудани лавозимоти ҷангӣ барои наҳзатиҳо чӣ маъно дорад?! Ё инҳо дигарбора ҷомеаи ободу оромро хароб каданӣ ҳастанд. Солҳои мудҳиш гузаштаанд, вале душманони миллати куҳанбунёди тоҷик сулҳу осоиштагӣ ва хуррамиву ояндаи неки ин кишвари нав ба саодати истиқлол расидаро чашми дидан надоранд. Рустам РАҲИМОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


АНДЕШАҲО БАЪД АЗ ПАЁМ

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 23 январи соли равон қайд карданд, яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Тибқи моддаи 15 Кодекси оила муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин, додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби мутахассисони нигаҳдории тандурустии маҳали истиқомати онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо розигии шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат таъкид карданд, ки муоинаи пешакии тиббии издивоҷкунандагон ҳатмӣ мебошад. Зеро ин масъала барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст. Аз гуфтаҳои мазкур бармеояд, ки ба роҳ мондани ин амали хайр, яъне, масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии никоҳшавандагон бо иқдоми бевоситаи Президенти мамлакат сурат мегирад. Зарурати ин иқдом худ аз худ аён аст: хушбахтии ҳар оила, дуруст омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва барпо намудани оилаи солим. Ҳатмӣ будани муоинаи пешакии тиббии никоҳшаванда нисбат ба насли оянда ғамхор будани Президенти кишварро ифода мекунад. Дар замири ин ғамхорӣ барпо намудани оилаи солим ва соҳиби фарзанди солим шудан барин мақсадҳои бузург меистад. Дар он дилсӯзӣ ва ғамхории падарона ифода ёфтааст. Ду ҷавоне, ки пеш аз хонадоршавӣ аз назорати тиббӣ мегузаранд, аз як тараф дар назди виҷдони худ соф мегарданд, аз тарафи дигар аз саломатии ҳамдигар, наслу насаби ҳамдигар огоҳ шуда, барои хонадоршавӣ боварии комил пайдо мекунанд. Чуноне Президенти мамлакат хотиррасон намуданд, дар шароити муносибатҳои бозорӣ тансиҳатии ҳар оила, фарзандҳои бавуҷудомада басо муҳим аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор кӯдаку навраси маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз во-

Муоинаи пешакии тиббӣ ё зарурати он пеш аз хонадоршавӣ лидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Сабаби ин ҳолат моро водор месозад, ки ба масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Пӯшида нест, ки бемории масунияти норасоии одам яке аз сарчашмаҳои асосии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон дар сайёра гаштааст. Чуноне ки дар Паёми Президенти мамлакат қайд шуд, гирифторони ин касал имрӯз беш аз шашуним ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа мебошад. Ин дард, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузарад, ба ҳама маълум аст. Яке аз роҳҳои пешгирии ин беморӣ муоинаи пешакии тиббии никоҳшавандагон мебошад. Барои ҳамин, домоду арӯсшаванда бояд аз панҷ касалӣ - сил, пӯст, узвҳои таносул, нашъамандӣ, масунияти норасоии одам ва рӯҳӣ аз назорати тиббӣ гузаранд. Зеро ин панҷ касалӣ бевосита ба насл таъсир мерасонанд. Мақсад аз никоҳ маҳз дар ҳамин аст: вайроншавии наслро нигоҳ доштан, пешгирии нопокиҳо. Аз назорати тиббӣ гузаштан барои пешгирии ин гуна касалиҳо имконияти хуб фароҳам меорад. Имрӯзҳо, ки ҷавонписарону ҷавондухтарон аз мамлакатҳои бегона касалиҳои ҷинсиро бо худ меоранд, муоинаи тиббӣ бисёр бамаврид аст. Зеро дард ҷои шарм надорад. Тибби муосир ба табобати бемориҳои гуногуни ҷинсӣ қодир аст. Бо роҳи табобат аз ин касалиҳо раҳоӣ ёфтан мумкин. Дар дини мубини ислом низ шарм кардан аз масоили муносибатҳои ҷинсӣ накӯҳиш карда шудааст. Аз ин рӯ, падару модар бояд дар хусуси муносибатҳои ҷинсӣ ба фарзанд ошкор гап зананд. Аз ин хусус, сухан кардан ҷоиз аст. Чунки огоҳ набудан аз маърифати ҷинсӣ ба фоҷиаҳои вазнин ва парокандашавии оила мерасонад. Дар ҳаёт кам нестанд воқеаҳое, ки нуқсони ҷинсиро пинҳон доштан сабаби фоҷиа гардидааст. Ба ин масъала ҳикояи зерин мисол шуда метавонад. Мӯйлаби Абдусаттор сиёҳ шуда, овозаш ғафс гашта, қаду қоматаш расо шуда буд. Ин ба хушнудии падару модар шодӣ зам мекарду онҳо дар орзуи ҳарчи зудтар хонадор кардани вай шабҳоро рӯз мекарданд. Падару модар бехабар буданд, ки Абдусаттор дарунакӣ ғам хӯрда, ғарқи дарёи ғуссаву андӯҳ мешавад. Онҳо дар фикру тараддуди аз кадом хонадон келин овардану тӯй кардан буданду Абдусаттор шармгинона ин масъаларо ба қафо мепартофт. Ҳарчанд ӯ «саросема нашавед» гӯяд ҳам, волидон ба ҷону ҳолаш намонда, «тӯй мешавад, вассалом» - гӯён қарори қатъӣ бароварданд. Ҳукми падару модар воҷиб аст. Онро рад кардан барои фарзанд ҷоиз нест...

Ҳарчанд Абдусаттор чанд дафъа кӯшиши ба падару модар фаҳмонидани заъфи қувваи мардӣ доштанашро карда бошад ҳам, аз ӯҳдаи он баромада натавонист. Ростӣ, ғурури ҷавонӣ, шарму ҳаё ва мавзӯи муносибатҳои ҷинсиро махфӣ пиндоштанаш ба ошкоргӯӣ роҳ надод. Бо нияти бори дигар

лабони маҳини моил ба табассум саломи ӯро ҷавоб гуфт ва хост нишаста маҳсиашро бадар кунад. Абдусаттор рӯ ба рӯи ӯ нишаста, ёрӣ расонданӣ шуд. - Не, не, ман худам, - гуфт шармгинона Моҳтобхон. - Биёед, ман ёрӣ мерасонам, - гуфта Абдусаттор аз пойи арӯс

санҷидани худ ба тӯй розӣ шуд. Шаби нахустини висол. Дар ин шаб чӣ қадар ба ҳаяҷон афтодани одамро танҳо ашхосе мефаҳманд, ки онро аз сар гузаронидаанд. Арӯсу домод ба хонае, ки чодари арӯсӣ кашида шуда буд, даромаданд. Абдусаттор тугмачаи чароғро, ки гули шукуфтаро мемонд, пахш намуд. Нури хираи чароғ ба хона ҳусну таровати аҷиб бахшид. Зару зевари арӯсӣ дар шӯълаи чароғ ҷило дода, арӯсро ба назар боз ҳам мафтункунанда ҷилвагар мекард. Моҳтобхон дар зери чодар моҳи шаби чордаҳ барин менамуд. Хушбӯиҳои бадани арӯси паричеҳра ӯро боз ҳам ҷаззобтар сохта, куртаи сафеди ҳарираш қомати нозукашро зеботар ҷилва медод. Дар сари Моҳтобхон рӯймоли сафед, дар танаш камзӯли зардӯзӣ ва дар пояш маҳсӣ буд. Рӯи чун кулчаи ширмол, абрӯвони сиёҳу пайваста, мижгонҳои дароз ва лабони чун ғунчаи гул нозукаш ӯро ба маликаи аз макони ҳурон омада монанд карда буд. Мӯйҳои ҷингилаи ӯ бо зулфони сиёҳаш ба ҳам ҷанг хӯрда, ба ҳуснаш ҳусн зам мекард. Шарми духтарона рухсораҳояшро гулгун мекард, ки ба ӯ мезебид. Абдусаттор тоқии чустиро аз сараш гирифта, ҷомаи домодиашро бадар намуду ба девор овехт. Сипас, назди чодари арӯсӣ омада, онро боло карду ба Моҳтобхон салом дод. Арӯс, ки аз шарм рухсорҳояш лолагун гашта буд, ба

маҳсиро кашид. Сипас, аз дастони маҳину ларзони Моҳтобхон гирифта, ӯро ба ҷойхоби махсусе, ки дар миёнаи хона барояш омода карда буданд, бурд. Ҷойгаҳ низ мисли тану қалби ба ҳам муштоқи навхонадорон арӯсу домодро интизор буд. Бо ҳаракатҳои навхонадорон гӯё аз кӯрпаҳо шарора меҷаҳид. Аз ҳаяҷон дили ҳар ду сахт метапид. Онҳо садои таппиши дили ҳамдигарро мешуниданд. Абдусаттор аз дастони нозуки арӯс дошта, ӯро ба оғӯш кашид. Аз рухсораҳои арғувониаш оҳистаяк бӯсид. Сипас, худро ба ӯ наздиктар карда, лабонашро бар лабони арӯси нозанинаш гузошт. Чашму рӯю бадани арӯсу домод аз ҳаваси ҳузуру ҳаловат ҳамдигарро чун оҳанрабо бо ҳам ҷазб мекарданд. Тарсу ваҳму ҳаяҷону бегонагӣ дур шуда, ҷои онро оҳиста-оҳиста завқи ташнагии якдигар мегирифт. Бӯйи мӯйҳои мушкини арӯс ба димоғи Абдусаттор зада, ӯро безобита месохт. Арӯс бошад, бо навозишҳои ҷонбахши домод мафтун шуда, худро фаромӯш карда буд. Абдусаттор аз чӣ бошад, хиҷолатманд менамуд. Аз ҳаяҷону изтироб баданашро арақи сард пахш кард. Арӯс инро дарк намекард. Дили ҷавонро абри ноумедӣ фаро гирифт. Аз ин сир танҳо худи ӯ бохабар буду бас. Арӯс аз асрори вай огоҳӣ надошт. Ҷавон аз заифии қувваи мардӣ азоб мекашид... - Тӯй ба Шумо маъқул шуд?

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

- гуфт Абдусаттор рухсораҳои арӯсашро сила карда. - Хеле хуб гузашт. Ба шумо ҳам писанд омадагист, - гуфт Моҳтобхон андешамандона. - Барои ман аз ҳама муҳимаш хурсандии падару модарамро дидан буд, - гуфт Абдусаттор. Моҳтобхон ин лаҳзаҳо аз ҳаяҷон ларзидани Абдусатторро ҳис намекард. Ҳамин тавр, арӯсу домод то дергоҳ аз ин сӯву он сӯ сӯҳбат карданд. Моҳтобхонро хоби ширин зер кард. Абдусаттор ба хоб рафтани арӯсашро дида, берун баромад. Шаб аз рӯшноии моҳ равшан буд. Ситораҳо чашмак мезаданд. Ҷавон ба осмон нигариста, поёнёбии шабро ҳис карду гашта ба хона даромад. Арӯсаш дар хоби ноз буд. Мӯйҳои маҳини ӯро сила карда «хайр, азизам!» - гӯён зери лаб пичиррос зад. Ҳанӯз субҳ надамида Абдусаттор хонаашонро тарк намуда, аз деҳа берун рафт. Ӯ ба андешаи дигар барнагаштан қадам мезаду худро барои ба бахти духтаре зомин гаштан накӯҳиш мекард. Акнун барои ӯ шарм кардан аҳамият надошт. Аз ин рӯ, ба нахустин одами дучоршудааш сирри худро кушод. Тифоқо, ҳамсафараш духтур будааст. Ӯ ба ҷавон маслиҳат дод, ки ба духтури андролог муроҷиат карда, худро сари вақт табобат кунад. Акнун аз аҳволи арӯс бишнавем. Ҳамон рӯз дар тамоми деҳа хабари чодари арӯсиро тарк намуда рафтани Абдусаттор паҳн шуд. Падару модари Абдусаттор ҳайрон монданд. Ба ҳазору як хаёл рафта, аз келинашон гумони бад бурданд. «Шояд ӯ духтар набаромадааст», мегуфтанд онҳо. Арӯси бечора низ аз ин зарбаи ногаҳонӣ саргаранг шуд. Ашки чашмонашро пок намуда, дар хусуси бокира буданаш ҳарф зад. Ӯ бори тӯҳмату маломатро базӯр мебардошт. Барои бегуноҳиаш дар назди хусуру хушдоман ҳисобот доданӣ шуда, ба духтури занона муроҷиат намуд. Духтур хулоса баровард, ки арӯс пок аст. Пас аз ду ҳафта аз номи Абдусаттор хат омад. Ӯ сабаби аз деҳа рафтанашро навишта буд. Падару модар хатои худро фаҳмида, дарк намуданд, ки хоҳишу иродаи писарро ба инобат гирифтан лозим будааст. Арӯс ҳақ будани худро шунида, таскин ёфт. Абдусаттор баъди табобат ба деҳа баргашт. Арӯсашро бомеҳр ба оғӯш кашида, узрхоҳӣ намуду воқеаро нақл кард. Шукӯҳу шаҳомати оншабаи навхонадорон дигар шуд... Акнун дигар ба гапу калоча ҷой намонд... Хонандаи мӯҳтарам, мақсад аз овардани ин ҳикоя дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ дарди худро аз мутахассис пинҳон кардан лозим нест. Ба гуфтаи Шайх Аттор: Сирри худро аз ду кас пинҳон мадор, Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор. Сулаймон ЭРМАТОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

5


АНДЕША Огоҳӣ надоштан дар мавриди ҳодисаҳои рӯз ва фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошнову ошно гардидан ҷавононро дар шинохти воқеият раҳгум мезанонад. Маҳз омили таъсирпазир будани афкори ҷавонон метавонад, гаравиши онҳоро ба идеологияи «бегонапарастӣ» бештар намояд. Арзишҳое чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ огоҳона дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкорӣ зиддимилливу мардумбадбинӣ мегирад. Гузашта аз ин, мисолҳои ҳаётӣ бозгӯи он аст, ки таҷриба надоштан ва таҳлилҳои сатҳӣ гурӯҳе аз ҷавононро барои ҳамроҳшавӣ ба ҷараёнҳои ғайримардумиву миллӣ ташвиқ мекунад. Дар саргаҳи ин ҳама шинохт ва нашинохтанҳои ҷавонон маҳз таҷриба, тафаккур ва ҷаҳонбинии шаклгирифтаи онҳо меистад. Агар теъдоди ҷавонони огоҳу ҷомеашинос дар кишвар бисёр бошад, пас, ба ҳамон андоза калавишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон кам мегардад. Дар ҷомеаи муосир ва рушди технология ҷавонон аз тарғибу ташвиқи гурӯҳҳои моҷароҷӯ худро дур нигоҳ дошта наметавонанд. Таблиғоти расонаҳо дар мавриди рӯйдоди ҳодисаҳо болои гурӯҳе аз ҷавонон ҳатман таъсири манфӣ мерасонад. Ҷавонон низ баъзан ноогоҳона, ба хотири ба даст овардани имтиёз, худро ба оғӯши ин гурӯҳҳо мезананд. Қатлу, ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаҳои мардуми осоишта танҳо хоси гурӯҳҳои ифротӣ буда, зарбаи мудҳиш ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсониву башарият аст. Мо бояд ин масъаларо ба ҷавонон воба-

ста ба фарҳанги сиёсӣ ва дарку фаҳмишашон бифаҳмонем, то онҳо худ ваҳшоният, даҳшатафкании ҷараёнҳои тундгароёнаро эътироф карда, аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву

бозиҳои сиёсӣ ва ҳодисаҳои пешгӯинашаванда ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Мутаассифона, далелҳое ҳам кам нестанд, ки гурӯҳе аз ҷавонони мо низ дар минтақаҳои доғи ҷангҳо қарор доранду чанд нафари онҳо ҳалок низ шуданд. Баҳсҳо дар мавриди

дааст, ки аз миёни 35 нафар танҳо ду нафар вазъи бади иқтисодӣ доштаанду халос. Дар миёни шахсони «фиребхӯрда» ё «роҳгумзада» тоҷирон низ будаанд. Дар ин масъала ҳақ ба ҷониби барандаи ҷоизаи Нобел Ширин Ибодӣ аст, ки дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст: «Гурӯҳи «Давлати исломӣ» монанди шохае аз «Толибон» аст. Ин гурӯҳ танҳо як гурӯҳи тундрав нест, балки як мафкура ва идеология аст, бояд бо решаҳои он мубориза кунем. Агар решаҳояшро аз байн барем, қудрати густаришро аз даст хоҳад дод». Аз ин гузориш ва таъкиди хонум Ширин Ибодӣ бармеояд, ки баҳонаи «камбағалӣ» ё «надоштани пул» наметавонад, яке аз сабабҳои аслии гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои вайронкор бошад. Омӯзиши вазъ ва шароити нави муборизаҳои сиёсӣ ҷавононро маҷбур мекунад, ки аз ҷавони дипломдор ё бемаълумот худро ба як ҷавони сиёсат-

Фиребхӯрдагон ватандӯст намешаванд

Ҷавонони оқил бояд огоҳона ба Ватан хизмат кунанд ватандӯстии онҳо дар Паёми Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад: “... терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст”. (Паёми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 23 январи 2015). Муборизаҳои идеологӣ,

ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар маҳфилҳои сиёсӣ зиёд аст. Иллати инро гурӯҳе аз сиёсатмадорон ба вазъи иҷтимоӣ ва бароварда насохтани хостаҳои ҷавонон пайванд медонанд. Аммо ин таҳлилҳо ва баёнияҳо низ чандон эътимодбахш нестанд. Зеро ахиран дар Қазоқистон таҳқиқоте гузаронида шуд, ки сабаби пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯро қисман ошкор кард. Саҳми доктори илмҳои сиёсии Донишгоҳи Софияи Булғористон Татяна Дронзина, ки ҳоло дар Донишгоҳи миллии Авруосиё дар Остона дарс медиҳад, барои ба даст овардани ин натиҷа назаррас мебошад. Дар ин таҳқиқот вазъи иҷтимоӣ, равонӣ ва молии 35 нафар иштирокчии муноқишаҳои мусаллаҳона дар Сурия мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Натиҷаи таҳқиқот нишон до-

мадор, вазъшинос ва ҳамабину «ҳамадон» табдил диҳанд. Ташаккули шахсияти ҷавонон, махсусан, дар манотиқи берун аз марказҳо хеле суст инкишоф меёбад. Дар заминаи шинохти ҳодисаҳо ҷавонон дар навбати худ ба афроди огоҳе рӯй меоранд, ки эҳтимол дар натиҷа ба онҳо маълумоти нодуруст пешниҳод кунанд. Сарнавишти ҷомеа ва дунёи имрӯза ба мо ҳушдор медиҳад, ки ҷавонон метавонанд, дар ҷамъият тезтар ё беш аз ҳар гурӯҳи дигаре осебпазир бошанд. Чи дар гузашта ва чи имрӯз фаҳмиши нодуруст ё таҳмилӣ барои шинохти ҳодисаҳо ҷавононро ба гурӯҳҳо ҷудо намудааст. Агар гурӯҳе дар натиҷаи фаҳмиш ва таҳлили ҳодисаҳо роҳи дурусту устувореро интихоб кунанд, мутаассифона, баъзе нафарҳои дигар бидуни назар-

дошти манфиати милливу давлатӣ роҳеро интихоб мекунанд, ки шармандагиву шармсорӣ ва худбохтагист. Имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон маҳз аз нерӯву тавонмадиҳои ҷавонон истифода мебаранд. Ошкор шудааст, ки дар тамоми ҷаҳон аз ин нерӯ (ҷавонони ҳушёру огоҳ) баъзан ба манфиат, гоҳи дигар бар зарари миллатҳову давлатҳо истифода мебаранд. Бар зарари мардум истифода шудани ин нерӯи ҳассос танҳо ба шарофати ҷавонони «ноогоҳ» ва «бехабар» аст. Дигар бояд афкори ҷавонон тавре тағйир дода шавад, ки онҳо дар ҷомеа қудрату нерӯ ва тавонмандиҳои худро бештар ҳис кунанд. Дар ин сурат онҳо худро аз «ҳамла»-и «ғофилгирона» эмин нигоҳ дошта метавонанд. Аз ҷониби дигар ҷавонон бояд бидонанд, ки дар ҷомеа ҳисса, манфиат ва хостаҳои онҳо ҳимоя карда мешавад. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст, ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳадафмандона татбиқ карда мешавад. Ба таъкиди Президент, муҳтарам, Э. Раҳмон “Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд”. (Паёми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 23 январи 2015). Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, ки Ҳукумат нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои онҳо шароиту фурсати муносибро барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст. Бояд зикр намуд, ки шахсони “фиребхӯрда” ё “моҷароҷӯ” аслан ҳиссиёти ватандӯстиву ватанпарварӣ надоранд. Вале ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро мебояд бо садоқат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ огоҳона барои давлату миллат хизмат намоянд. Ф. ҲАЙДАРОВ, декани факултаи журналистикаи ДМТ, Б. ШУКРУЛЛОЕВ, устоди кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ

СОЛИ 2015 - СОЛИ ОИЛА 13 феврали соли ҷорӣ дар Китбхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ ” дар партави Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ва рӯнамоии китоби Дилафрӯз Қурбонӣ “Розҳои оиладорӣ” баргузор гардид, ки дар он адибон, олимон, омӯзгорон, ҷавонон ва дӯстону наздикони муаллиф иштирок доштанд. Дар ифтитоҳ Ҳуринисо Ализода, ноиби директори Китобхонаи миллӣ Дилафрӯз Қурбониро барои чопи китобаш таҳният гуфта, иброз дошт: “Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз самтҳои хеле муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ - масъалаи оила ва оиладорӣ бах-

6

Рӯнамоии “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯз шида шуд. Лозим аст, ки чораҳо бубинем, то арзишҳои муқаддаси хонадорӣ, оиладорие, ки то имрӯз тоҷикон доштанд ва доранд, аз даст надиҳем. Ба ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат соли 2015 “Соли оила” эълон гардид. Барои бисёриҳо равшан аст, ки масълаи оиладорӣ дар ҷомеаҳои ҷаҳон кайҳост, ки боиси нигаронии аҳли башар шудааст. Бист сол муқаддам СММ “Соли оила” эълон кард. Ба он хотир, ки дар Ғарб ҳанӯз масъалаҳои оилаву оиладорӣ, хонадорӣ, тарбияи ахлоқӣ дар хонавода ҳамчун як мушилот ҷомеаро ба ташвиш оварданд. Дар робита ба ин, соли 2008 дар Русия соли оила эълон шуд, соли 2012 дар Ӯзбекистон. Масоили хонаводагӣ на танҳо дар мамлакати мо ҳамчун мушкилот вуҷуд дорад, балки саросари дунёро бӯҳрони маънавии

оиладорӣ фаро гирифтааст. Мутаассифона, чораҳое, ки чанд сол қабл ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо рӯ оварданд, пурра натавонистанд, ки арзишҳои хонаводагии моро нигоҳ доранд. Шояд дар кишвари мо на ба он дараҷа масъМоро месазад, ки ҳамчун як миллати дорои арзишҳои волои инсонӣ, худро аз хатари пошхӯрии оилаҳо, аз хатари ҷаҳонишавии барҳам хӯрдани арзишҳои оилавӣ эмин дорем”. Номбурда иттилоъ дод, ки дар мавзӯи оила ва оиладорӣ, арзишҳои хонаводагии миллӣ Дилафрӯз Қурбонӣ китоби “Розҳои оиладорӣ”-ро таълиф кард. Воқеан, ҳар зан бояд на танҳо дар андешаи худ ва атрофиён, балки дар андешаи ҳалли масоили ҷомеа бошад. Дар китоби мазкур мавзӯъҳои зиёде вобаста ба оила ва чӣ гуна оила бар-

по кардан, ба монанди “Чаро издивоҷ кунем?”, “Интихоби ҳамсари шоиста”, “Меҳру муҳаббат”, “Эътимоду боварӣ”, “Рӯзгордорӣ” ва ғайра омадааст, ки барои ҳар хонавода ҳамчун дастур метавонад бошад. Гуфта шуд, масъалае, ки матраҳ гардид, хеле мубрам аст. Оила як ниҳоди ибтидоии ҷомеа ва пояи устувори давлатдорист. Ҷомеае, ки оилаи солим надорад, ҳеҷ аст. Масъалае, ки дар атрофи як дастур ё шоҳасар, ки дар бораи розҳои оиладорӣ Дилафрӯз Қурбонӣ ба тасвиб расонд, саривақтӣ ва зарурист. Сипас, адибон Гулназар Келдӣ, Равшани Ёрмуҳаммад, Гули Зард ва дигарон перомуни оила ва ба тасвиб расидани китоби “Розҳои оиладорӣ”-и Дилафрӯз Қурбонӣ фикру андешаҳояшонро иброз намуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ҷавонон дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд

Суҳбат бо Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд - Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Нақши онҳоро дар пешрафти ҳаёти ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Солҳои охир Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ин сиёсат дар қаламрави вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сатҳи зарурӣ амалӣ мегардад. Имрӯз дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба мо муяссар гирдид, ки зиёда аз 730 чорабинии фарҳангию фароғатӣ, аз қабили вохӯриву мулоқот ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз сӯистифода аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ ва бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, мазҳабу равияҳои бегона, баланд бардоштани сатҳи маърифати динии онҳо, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстии ҷавонон ва фаҳмонидани моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмунҳои «Хомаи заррин», «Беҳтарин ҳамшираи шафқат», «Орифа», «Олиҳа», «Кадбонуи беҳтарин», «Тарроҳи беҳтарин», «Канӣ, духтарҳо», мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан», Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз», корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар маҳаллаҳо, деҳот, мактабҳои миёна, мактабҳои варзишӣ ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон аз ҷиноят даст кашед», баргузор кунем. Ҳамчунин, бори аввал аз тариқи интернет вохӯрии донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Омск ва Қазони Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, бо зиёда аз 250 нафар ҷавон доир намудем, ки дар сатҳи хеле хуб гузашт ва пешниҳодҳои хуб ҳам ироа шуд. Аз ҷумла, оид ба камбудиҳо ва пеш аз ҳама, пешниҳоди он шахсоне, ки бо квотаи давлатӣ барои таҳсил ба Федератсияи Русия мераванд, бо сабаби надонистани забонҳои хориҷӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд, сухан рафт, ки минбаъд дар фаъолият бо ҷавонон ба назар мегирем ва тадбир меандешем. Солҳои қаблӣ аз кишвари Ол-

тойи Федератсияи Русия мактуб оид ба иштироки ҷавонон дар Форуми байналхалқии ҷавонон фиристода мешуд, аммо бо сабаби набудани шароит иштироки мо ғайриимкон буд. Соли гузашта ба мо имконият даст дод, ки бо дастгирии раиси вилоят 10 нафар ҷавони лаёқатманд дар форуми мазкур иштирок намоянд. Дар он зиёда аз якуним ҳазор нафар ҷавон аз тамоми манотиқи кишварҳои муштаракулманофеъ ва берун аз он ширкат карданд. Ҷавонони мо дар 10 майдончаи омӯзишӣ лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат Ҳамзаалӣ Воситов сазовори ҷойи аввал гардид. Соли 2014 варзиш дар ҳаёти ҷавонони вилоят чӣ нақш гузошт? - Барои варзишгарони вилояти Суғд соли 2014 соли пурбарор буд. Ба мо муяссар гардид, ки дар давоми сол 4 мусобиқаи байналхалқӣ ташкил кунем, ки 3 мусобиқа оид ба намуди якҳарбаи шарқӣ, каратэдо, ҷанги дастӣ ва бокс барои дарёфти Ҷоизаи Исмоил Ҳамзаалиев ба шумор мерафт. Дар ин мусобиқаҳо меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Афғонистон, Эрон ва Озарбойҷон даъват шуда буданд. Ба мо муяссар гардид, ки соли гузашта ба 71 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 253 мусобиқаи вилоятӣ ва 39 мусобиқаи байналмилалӣ варзишгаронро сафарбар намоем. Онҳо 2696 медал - 877 тилло, 730 нуқра ва 1089 биринҷӣ ба даст оварданд. Бори аввал дар Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои варзишии наврасон баргузор гардид, ки бо дастгирии раиси вилоят 10 нафар варзишгарро сафарбар намудем. Онҳо дар намудҳои бокс, варзиши сабук, дзюдо иштирок намуданд. Моҳи август, дар арафаи Рӯзи варзишгарон раиси вилоят бо варзишгароне, ки эҳтимолияти иштирок дар Бозиҳои олимпии

Рио де Жанейро-2016-ро доранд ва се дастаи футболе, ки дар лигаи олии мамлакат иштирок мекунанд - “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Далерон Ӯротеппа”-и Истаравшан вохӯрд. Тибқи супориши раиси вилоят ба ду даста - “Хуҷанд” ва “Далерон Ӯротеппа” ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ барои беҳтар кардани вазъи молӣ кӯмак расонида шуд. Ҳамчунин, барои берун аз ҷумҳурӣ тамрин кардани варзишгарон маблағ ҷудо гардид. Барои таҷҳизотонидани ду қасри варзишӣ бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ харида шуд. Мувофиқи қарори раиси вилоят, варзишгаре, ки дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 соҳиби медали тилло мегардад, бо хонаи сеҳуҷрагӣ мукофотонида мешавад. Барои ҷой дуюм хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои ҷойи сеюм мошини сабукравӣ “Тойота” тақдим хоҳад шуд. - Соли 2014 бо Фармони Сарвари давлат Соли оммавияти футбол эълон шуда буд. Дар ин самт кадом корҳо ба сомон расиданд? - Дар вилоят Рӯзи футбол ташкил кардем. Ҳамчунин, бори аввал дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳои касбӣ футболи занонаро ба роҳ мондем. То имрӯз 85 мусобиқа дар ҳудуди вилоят баргузор гардид. Ҳоло дар гурӯҳҳои футболи шаҳру мактабҳо 1250 нафар машқ мекунанд. - Сайёҳиро яке аз соҳаҳои сердаромад меҳисобанд. Вазъи ин соҳа дар кадом сатҳ қарор дорад? - Дар ҳудуди вилоят 18 ширкати туристӣ ба қайд гирифта шуда, 11 адади он дар шаҳри Панҷакент, 4 адад дар шаҳри Хуҷанд, 2 адад дар ноҳияи Б. Ғафуров ва 1 адад дар ноҳияи Айнӣ дар самти туризми экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ-этнографӣ, табобатӣ ва экскурсионӣ фаъолият менамоянд. Бо назардошти гуфтаҳои боло мо бояд баҳри рушди туризми дохилӣ ташкили саёҳати сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Қӯрғонтеппа бештар ба роҳ монем. Инчунин, дар бобати рушди туризми фарҳангию маърифатӣ, туризми экологӣ, туризми варзишӣ ва экстремалӣ дар миқёси вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Сӯҳбаторо Нодир ТУРСУНЗОДА

Ахиран вайроншавии оилаҳо, хоса, оилаҳои ҷавон ба як масъалаи доғи ҷомеа табдил шуд. Барои муҳим ва ҷиддӣ будани ин масъала ҳаминро ёдовар шудан бас аст, ки он ҳам дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ҳам соли 2015 расман “Соли оила” эълон шуд.

издивоҷ барин як қарори ҳаётан муҳимро рӯи “эҳтимол ё шояду боядҳо” бино мекунем. Ҳол он ки қарорҳои дуруст ва муҳим набояд бар асоси ҳолатҳои эҳтимолие, ки ба ҳукми ҳеҷанд содир шаванд. Балки сохтани издивоҷ барин умури ҳаётӣ рӯи ҳолоти мавҷуд бар ақлу мантиқ бештар мувофиқ аст. Оё ҷавон ё духтар, ки вақти номзад ё фотиҳа буданаш нафари бепарвову камаҳамият аст, бо оиладор шудан ба нафари ҷиддӣ табдил ёфтанаш мумкин аст? Албатта, ҳам мумкин асту ҳам не... Маълумоти

Ҷомеашиносон чанд сол аст, ки сабаб ва омилҳои ин зуҳуротро дар кишвар кофта истодаанд. Чанде аз онҳоро мушаххас ва маълум намудаанд. Вале, ба назари мо, як омили дигарро ҳам мешавад ба қатори паст будани маърифати оиладории ҷавонон, муҳоҷиратӣ меҳнатӣ... ва сабабҳои дигари ин масъала дохил кард: дидаву дониста бо нафаре издивоҷ кардан, ки хислатҳои ба шумо мувофиқ ё маъқул надорад. Бисёре аз онҳое, ки ба мушкилоти ҷиддии оилавӣ рӯ ба рӯянд, мегӯянд, “ин мушкилиҳоро пеш аз оиладоршавиамон ҳам доштем”. Аҷиб. Аммо чаро ҳанӯз оиладор нашуда, вақте роҳ ҳанӯз наздик буд, ҷудо нашуданд? Ба назари мо бо ду сабаб. Аввал. Тарафҳо ба баъзе мушкилиҳои якдигар сирф барои он ки оиладор шаванд, чашм мепӯшанд. Масалан, мушкили ҷониби дигарро дида, мегӯянд: “Ҷавони бепарво аст, аммо ёдаш надодаанд, ки ба зан чи гуна муносибат кардан даркор. Аз ҳад зиёд асабӣ аст, аммо ҳар рӯз ду-се соаташро дар роҳ мегузаронад, ӯ асабӣ нашавад, кӣ шавад?” Дуюм, фаҳмиш ё андешаи хатои “оиладор шуд, ислоҳ мешавад” аст. Масалан, пеш аз оиладор шудан ҷавон шахси бепарвост. “Бовар дорам, оиладор ки шуд, ҳатман ҳамсари ба чапу рост, ба атрофиёнаш аҳамият медодагӣ мешавад”, - мегӯем. Ё ин ки ҷавон худаш ваъда медиҳад, ки бо оиладор шудан ислоҳ мешавад. Фарз кардем, ӯ хасис аст. Аммо ба ҳамсараш ваъдаҳои осмонӣ, орзуву хаёлҳои зебо медиҳад, ки баъди оиладор шудан чунин мекунаму чунон. Ё худ нафарест, ки ғазабашро идора карда наметавонад. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки баъди оиладор шудан шахси нарму оромтабиат хоҳад шуд? Вале мо инсонҳо аҷибем, ки баъзе хислат, фаҳму заковате, ки дигарон шояд бо он таваллуд шудаанд, яъне, аз таваллуд дар онҳо ҳаст, гумон мекунем, балки комилан аминем, ки бо оиладор шудани кас тағйир меёбанд. Тибқи мушоҳидаҳо аз мардон дида занҳо ба фантазияи “оиладор шуд, ислоҳ мешавад” бештар эътимод доранд. “Ҳоло мебинед, ҳамин ки бо ин ҷавон оиладор шудам, ӯро чунон хоҳам кард, ки комилан як шахси дигар шуда мемонад”, мегӯянд онҳо худро қаҳрамон нишон дода. Вале натиҷа аксаран манфист. Дуруст аст, ки инсонҳо қобили тағйирёбианд. Вақти оиладор будан ҳам тағйир меёбанд, пеш аз он ҳам. Вале ин ҷо хато дар он аст, ки

дар дасти мо буда, яъне, ҳақиқат дар бораи шахсияти феълии ҷавон нафари беаҳамият будани ӯст. Масалан, ҷавон айёш ё вобастаи май аст. Арақро партофтанаш мумкин аст? Мумкин. Аммо ҳоло менӯшад. Мисоли дигар. Духтар нафари бетартиб аст. Оё бо оиладор шуданаш обидаи интизому тартиб шуданаш имкон дорад? Дорад, албатта. Аммо барои ботартибу интизом шуданаш дар даст на ягон далел дорем, на ҳуҷҷати кафолат. Балки қарорамон рӯи “шояд” сохта мешавад. (Шояд бо оиладор шуданаш боинтизом мешавад.) Мисолҳои зиёде ҳаст дар ин хусус, ки мо хишти издивоҷро на рӯи ҳақиқат, балки болои эҳтимол мегузорем. Гӯё дар дасти оиладорӣ чуби сеҳрноке ҳаст, ки ҷавон ё духтари хунукхислатро бо он тағйир медиҳад... Бо умеди “дигар хоҳад шуд” ҳаёт мегузарад. Бо ин умед рӯзҳо, моҳу солҳо гузаштаанд, аммо мебинед, ки зан ё мард ҳамонест, ки буд. Мисли санги вазнини канори роҳ як милиметр ҳам наҷунбидааст. Гузашта аз ин, дар ин муддат муносибати тарафҳо ҳам ба якдигар тира шудааст. Солҳо гузаштаанд, мебинед, ки зан ё мард ҳоло ҳам дигар шудани ҳамсарашро талаб дорад, бовар дорад, ки ӯро “одам” мекунад ва барои ноил шудан ба ин хостааш басе арақи ҷабин резондааст. Нафаре, ки аз ӯ дигар шуданашро интизор аст, баъзан кори аз дасташ омадаро дар ин роҳ, яъне, барои ислоҳ шудани худ кардааст. Вале дигар шудан мумкин ҳам бошад, кори аз ҳама душворест. Ӯ ду-се рӯз барои бонизом ва ҷиддӣ шудан кӯшиш мекунад, вале рӯзи дигар боз мебинед, ки ба ҳолати аввала баргаштааст. Бар замми ин, барои дигар шуданаш ваъда дода бошад, ана мебинед, ки ин ваъдааш барои моҷаро дастак мешавад. “Ту ваъда дода будӣ, ки ислоҳ мешавӣ. Маро фиреб додӣ. Қавл додӣ, ки дигар арақ наменӯшӣ-ку?! Дурӯғ намегуфтӣку?! Бо интизом мешудӣ-ку?! Падару модарамро ҳурмат мекардӣ ку?! Куҷо шуданд ин ваъдаҳо?!” “Ҳозир ва ҳамин ҷо” калимаҳои сеҳрноки ҳаётанд. Онҳоро мешавад вақти издивоҷ низ ба кор бурд. Чунончи, “Ҳоло ҳамин нафаре, ки дар рӯ ба рӯи ман қарор дорад ҷавон ё духтари мехостаи ман аст ё не? Оё бо ҳамин хислате, ки дорад, бароям писанд аст?”

“Оиладор шуд, ислоҳ мешавад?”

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

7


23 ФЕВРАЛ - РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он ки Тоҷикистонро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта, давлати соҳибистиқлоли мо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ гардид. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1994 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ эълон гардид. Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пурра гардондани сафи артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза равона мекард. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст. Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзи таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намуд. Аз ҷумла, давраҳои сохтмон ибтидоии артиш, бунёди қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он. Айни ҳол дар ҳайати Артиши миллӣ се намуди Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз идома дорад. Таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳама давраҳои мураккаби бунёди худро нуқта гузошта, ба марҳилаи мувофиқасозии сохтори худ воқеияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон, такми-

8

ли донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чи дар ҳудуди Тоҷикистон ва чи берун аз он пайваста машқҳои васеи

гии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ташкили пайвастаи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ ва аз соли 2002 бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва масъулини сохторҳои давлативу қудратӣ, дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ гузаронидани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҳамоишҳои мудофиаи ҳудудӣ ва дигар чорабиниҳои

пурра гардондани вазифаҳои холии прапоршикӣ январи соли 2014 дар тобеияти Вазорати мудофиа мактаби омодакунии прапоршикҳо таъсис ёфт, ки аллакай ин мактабро дар ду баст донишҷӯён хатм карда, онҳо ба вазифаҳо таъин карда шуданд. Бар замми ин, ҳар сол афсарони зиёд ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Бри-

аст, то имрӯз ҳазорҳо метри мураббаъ минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз мина ва дигар моддаҳои тарканда безарар гардонида шудаанд. Ба ғайр аз ин, ҷузъу томҳои муҳандисии Вазорати мудофиа дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииву техногенӣ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доштанд. Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сар-

Соли 2015-ро бо интизоми намунавӣ

Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ таҳти ҳамин

муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Ҳар сол иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар доираи Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», дар доираи Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Қувваҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва баргузории чандин машқҳои муштараки низомии дигар тасдиқи гуфтаҳои болост. Дар доираи нақшаи омода-

амсоли ин баргузор карда мешаванд, ки ба сатҳи тайёрии ҷангии Артиши миллӣ ва омодагии доимии қувваҳои эҳтиётии мудофиаи ҳудудӣ дар самти ҳифзи ҳама арзишҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои боз ҳам устувор мегузоранд. Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, афсарони эҳтиётии кафедраҳои ҳарбии донишгоҳу донишкадаҳо ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Илова бар ин, барои

танияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имкон дод, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд. Вазорати мудофиа ҳамкориҳои самарабахшро бо Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст. Ба ғайр аз ин, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки ҳиссаи хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар самти иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тоза намудани марзҳо ва қаламрави хатарноки кишвар аз мина ва дигар муҳимоти нотаркида назаррас аст. Аз замони тасдиқи Ҳуҷҷати муштараки лоиҳавии “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо», ки моҳи соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда-

вари давлат қарор дошта, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ гардидааст. Танҳо тайи се соли охир дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад. Дар ин замина, дар давоми 5 соли охир бо дастури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа беш аз 15 гектар замин ҷудо шудааст, ки дар он асосан манзилҳои назди ҳавлӣ ва биноҳои бисёрошёна баҳри бунёди манзили зист дар назар мебошад. Ҳама талош ва тасмимгириҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба он равона шудааст, ки низомиёни мамлакат аз лиҳози манзили зист танқисӣ надошта бошанду муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот, якпорчагӣ ва баҳри ҳифзи ҳама арзишҳои миллӣ софдилонаю содиқона ба Ватан хизмат намоянд. Зимни анҷоми корҳои сохтмонӣ дар давоми 22 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ биноҳои маъмурию ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ, машқгоҳҳои

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ВОКУНИШ

Бесаводӣ ба куҷо мебарад?

ҷамъбаст менамоем!

Бесаводӣ ва ҷаҳолат сарчашмаи бадбахтиҳои инсон аст. Ҷоҳил шахси бехабар аз роҳи ҳақ, бехабар аз арзишҳои волои башарӣ, бехабар аз ҳикмати оламу офариниши ҳастист, ки бенасиб аз одамият мондааст. Ҷоҳил шахсест, ки ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идрок, кӯр-кӯрона онро тақлид менамояд.

шиор барои ҳифзи марзу бум камар бастаанд низомӣ, бинои комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ ва истгоҳҳо барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, бо сифати баланд ва меъёри ҳозиразамони ҳарбӣ сохта

рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо бо фармони Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ комиссияи доимамалкунанда таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, сарбозони фаъо-

шуданд. Сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳар гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд. Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, поин бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар

ли қисмҳои низомӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, аҳли зиё ва дигар афроди ватандӯст шомил мебошанд. Ҳайати комиссияи мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан, ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд. Клуби марказии варзишии

артиш, ки аз рӯи 10 намуди варзиш амал мекунад, соли 2014 дар 40 мусобиқаи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои байналмилалӣ, Чемпионати Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон ширкат карда, 33 медали тилло, 24 медали нуқра, беш аз 30 медали биринҷӣ ва дигар ҷоизаҳои ифтихориро соҳиб гардид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ду варзишгари клуби мазкур дар қатори даҳгонаи беҳтарини варзишгарони ҷумҳурӣ ҷой гирифтанд. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил мебошанд. Айни ҳол аз сарбози қаторӣ то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа таҳти шиори “Соли 2015-умро бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ ҷамбаст менамоем” фаъолият намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд. Умуман, талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супориш ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ гузошта мешаванд, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Вазорати мудофиа сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд. Ашрафи АФЗАЛ, “ҶТ“

Инчунин, ҷоҳилон бо маърифати пасту камсаводӣ иддаеро, ки аслан сазовор нестанд, чун бут парастиш намуда, ба арши аъло мебардоранд. Нафарони мавриди таваҷҷуҳу парастиш низ аз мадҳу санои беасоси атрофиёнашон ба ҳадде дода мешаванд, ки дигар ба фавқулодда будани худ бовар мекунанд. Чанде пеш намунаи ин гуфтаҳо аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд. 6 феврал тӯли ним соат филми мустанаде бо номи “Ривояти “Шайх Темур”, ки дар бораи Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола, маъруф ба “Шайх Темур” рӯи пардаи телевизион омад. Дар ин филм гуфта шуд, ки “Шайх Темур” 7 зан дошта, соли 2012 номи худро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ аз Темур ба Саидмаҳдихон иваз кардааст. “Шайх Темур”, ки аз ӯ як “қаллоби динӣ” ном бурда шуд, ҳамроҳи муридонаш бо сӯиистифода аз бесаводию гумроҳии мардум тавонистаанд садҳо нафарро ба доми фиреб андохта, барои худ аз ҳисоби ин мардуми бехабар зиндагии пур аз нозу неъмат ва айшу ишрат дуруст кунанд. Мардум ба “каромат” доштани “Шайх Темур” ба ҳадде бовар кардаанд, ки ҳатто мошини ӯро бӯса мезаданд ва тавре як рӯҳонии маҳаллӣ қисса мекард, оби боқимонда пас аз дасташро шустани “Шайх”-ро “савоб дорад” гуфта, менӯшидаанд. Дар филми “Ривояти “Шайх Темур” гуфта мешуд, ӯ ҳанӯз соли 1986 барои дузанагӣ ду сол маҳкум ба зиндон шуда буд, вале бо вуҷуди доштани ду зани дар никоҳ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ваҳдат, дар маконҳои нави зисти худ – рустои Асбоби ҷамоати Работи Турсунзода ва рустоҳои Сангимелаю Пашми кӯҳнаи ноҳияи Шаҳринав 5 зани дигар гирифтааст. Охирин зани ин рӯҳонии 65-сола аз рустои Комсомоли ноҳияи Ҳисор буда, дар замони издивоҷаш ба “Шайх Темур” 15 сол ва ҳоло ҳамагӣ 20 сол доштааст. “Шайх Темур” дар ин навор эътироф мекунад, ки ҳамсари ҷавонтаринаш набераи яке аз муридонаш буд ва ӯ аз тариқи як муриди дигараш бобои ин духтарро тарсонда буд, ки агар набераашро ба никоҳи вай надарорад, ба ягон бало гирифтораш мекунад. “Шайх Темур” аз 7 ҳамсар 20 фарзанд доштааст, ки тавре дар ин филм мудири мактаби деҳаи Сангимела мегуфт, ягонтои онҳо мактаб нарафтаанд. Муаллифони филм мегӯянд, як сабаби ба мактабу муаллим ҳамла кардани рӯҳониёне, ба мисли “Шайх Темур” ҳамин аст, ки танҳо дар муҳити бесаводӣ афроде чун онҳо метавонанд аз бесаводии мардум истифода бурда, ҳамаро ба хотири қонеъ кардани нафси худ гумроҳ кунанд. Воқеан, саволе ба миён меояд, ки чунин нафаронро, ки дар ниқоби дину шариат аз гумроҳии мардум истифода мебаранд ва ба амалҳое даст мезананд, ки дар чаҳорчӯби на дин рост меояду на шариат, кӣ месозад? Бе шакку тардид худи мардум! Ва то он даме, ки ҷомеа маърифати паст дорад, то он даме ки барои рушди маънавии мардум шароит муҳайё нашавад, зуҳури ин қабил одамон идома меёбад. Ҳамин ки ҷомеа соҳибмаърифату саводнок гардид, фаҳми динию маънавии мардум боло рафт, ин тоифа одамон худ аз худ аз байн мераванд. Шояд зарур аст, ки дар доираи қонун дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва ё дар назди масоҷиди панҷвақта давраҳои омӯзишии маърифати ислом дар мазҳаби ҳанафӣ таъсис ёбанд? Вагарна бо кадом роҳ маърифати динии аҳолиро баланд бардорем? “Шайх Темур” худ ҳам дар ин навори телевизионӣ чанд бор зоҳир шуда, дар як пурсиши гурӯҳе аз рӯҳониён эътироф мекунад, ки рафтори ӯ, аз ҷумла, аз паси чодар сӯҳбат карданаш бо корафтодаҳо, саллаи кабуд пӯшидани ӯву муридонаш дархӯри таълимоти мазҳаби Ҳанифа, ки дар кишвар роиҷ мебошад, нест. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН“

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

9


САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Чаро фаҳш менависем? Дар баъзе ҳафтаномаҳо матлабҳое нашр мешаванд, ки шаъни зани тоҷикро паст мезананд

“Хар”-у “девонашай” меъёри забон нест Агар модари худро эҳтиром кардан мехоҳем, забонро гиромӣ дорем Дар истгоҳ мусофирони зиёде интизори нақлиёти ҷамъиятианд. Духтаре бо саросемагӣ ба истгоҳ расида, баробари дигарон ба роҳ менигарист. Маълум, ки нақлиёти заруриашро интизор аст. Ду ҷавоне, ки суҳбаткунон аз назди духтар мегузаштанд, ба вай мисле ки ба ягон аҷоибот менигариста бошанд, нигоҳ карданд. Яке духтарро бо калимаи “хар” васф карду дигаре гуфт: “девонашай-ҳа?” Аз тавсифи ҷавонон гунаҳои духтар аз шарм сурх шуданд. Дар байни чанд нафаре, ки дар истгоҳ ҳузур доштем, чӣ гуфтанашро надониста, худро ноҳинҷор ҳис мекард. Нақлиёти мусофирбар ба истгоҳ наздик шуд. Духтарак пеш аз савор шудан ба он ба ҷавони “шӯх” рӯ оварда, гуфт: “ Ҳайфи инсон буданат”!. Шояд шумо манзараҳои ба ин монандро, таҳқиру вайрон кардани меъёри забону муоширатро аз набераҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Хайёму Бедил дар асри 21 борҳо дида бошед. Шояд баъзеҳо гумон доранд дар асри технологияву ҷаҳонишавӣ дигар забон ва меъёрҳои он ба касе лозим нест, вале фаромӯш набояд кард, ки забон шиносномаи ҳар миллат ва унсури асосии давлат аст. Агар он хароб бошад, агар ба тозагиву покиаш аҳамият надиҳем, чи гуна мешавад аз бақои миллат ва ояндаи давлат ҳарф зад? Хеле нохушоянд аст, ки имрӯз мо бо чунин зиштӣ сухан мегӯем. Ин гуна ҳарф задани баъзе аз ҷавонон боиси таассуф аст, чунки миллати соҳибфарҳангу мадании тоҷикро бо забони нобаш мешиносанду дар дунё эътироф мекунанд. Асарҳои оламшумуле, ки бузургони гузаштаи мо бо ин забон эҷод кардаанд, то ҳол арзиши хешро нигоҳ медоранд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриву баромадҳояшон зикр менамоянд, ки ояндаи кишвар ба ҷавонони озодфикру соҳибмаърифат вобаста аст. Бояд ҷавонон пайи омӯхтани илму дониш бошанд, то дар оянда обрую эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Модоме ки ояндаи ин давлату миллат ба ҷавонон вобаста бошад, пас, ин қишри ҷомеаро зарур аст, ба тозагии забон, меъёрҳои гуфтору муошират аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Вале боиси нигаронист, ки вақтҳои охир байни ҷавонон калимаву жаргонҳои зиёде маъмул шудаанд, ки дағаланду ба гӯш нофорам. Чунончи, “Шери нар, Харай, Хари бадай, Ҳама харай, Девонашай, Радной”... Агар ба мантиқи ин калимаҳо диққат диҳем, мебинем, ки онҳо маъно надоранд, балки ҷавонон мехоҳанд “лутф”-и худро бо ин калимаҳо баён созанд. Дар ҳоле ки барои баёни лутф ё самимият забони мо аз ибороту калимаҳои зебо пур аст. Масалан, агар ҷавоне аз рафиқаш пурсад, ки “чӣ хел?” дар ҷавоб мешунавад: “ҳама харай”. Ё вақте як духтари зеборо мебинанд, ба ҷойи “духтари зебо аст” гуфтан, мегӯянд: “хари бадай”. Шояд бархе аз ҷавонон бо чунин тарз ҳарф задан худро инсони пурлутф ҳисобанд. Вале ин тамоман нодуруст аст. Зеро ин ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ба монанди вирус аст, ки мебояд онро пешгирӣ намуд. Ба гуфти дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика Санавбар Низомова, имрӯз ҳарчанд забони тоҷикӣ ҳукми қонунӣ гирифтааст, вале меъёри забони адабӣ дар бисёр ҷойҳо риоя намешавад. “Ҷавонон бештар мехоҳанд, ки бо омехта сухан гуфтан забондонии худро маълум намоянд. Бисёри онҳо аз калима, яъне, аз жаргонҳое истифода мебаранд, ки хиракунандаи табъи инсон аст. Номи баъзе аз ҳайвонҳоро ба монанди “хар” ба забон меоранду гӯё сухани хуб гуфта истода бошанд, дар ҳоле ки он тамоман ба меъёрҳои забони тоҷикӣ рост намеояд. Аммо афсӯс, ин бефарҳангӣ ва бемаърифатии ҷавононро нишон медиҳад. Ҳарки хешро, модари хешро ҳурмат кунад, бо забони шевою зебои модарӣ ҳарф мезанад”, - мегӯяд С. Низомова. Воқеан, забон яке аз рукнҳои асосии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳастии ҳар миллат мебошад. Танҳо он нафаре дорои ғурури миллӣ аст, ки бо забони адабӣ муошират мекунад. Дилшод Азимов, донишҷӯи ДДОТ, сабаби асосии бо забони адабӣ ҳарф назадани ҷавононро дар кам мутолиа намудани китобҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо медонад. Ба қавли ӯ “аз суханоне, ки имрӯз бархе ҷавонон истифода менамоянд, бо ин дигоронро низ ба ин амал талқин мекунанд”. Пас, ҳар яки моро зарур аст, забони модарии хешро хуб нигоҳ дорем ва баҳри ташаккулу густариш ёфтани он саҳим бошем. Ин ба ҳар яки мо - ҷавонон вобастааст. Моро мебояд дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия ёфта, дар рушди забону давлат саҳм гузорему ворисони асили забони хеш гардем. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи ДМТ, таҷрибаомӯзи “ҶТ”

10

Барои аз пешравиҳои давлату миллат бохабар шудан мо аз матбуот истифода мебарем. Дар матбуот аксаран мақолаву нигоштаҳо дар доираи одобу ахлоқ навишта мешаванд ва ба ҷамъият манфиатоваранду хусусияти илмию ахлоқӣ ва маданӣ доранд. Камбудиҳои ҷойдоштаи ҷамъият холисона ва ҳақиқатнигорона инъикос мегарданд, мутаассифона, баъзан матлабҳое низ нашр мешаванд, ки умуман, одобу ахлоқ дар онҳо дида намешаванд. Дар баъзе навиштаҳо калимаю ибора ва ҷумлаҳоеро хондан мумкин аст, ки забони кас ба гуфтанашон намегардад. Матлабҳое низ нашр мешаванд, ки ҷанбаи ахлоқӣ ва маърифатӣ доранд, лекин бештари навиштаҳо сарлавҳаҳои валвалангезу гӯшношуниде доранд, ба монанди «Нодухтар», «Писар модарашро....», «Арӯсак фоҳиша шуд», «Бародар ҳамхобаи хоҳар», «Хусур келинашро....» ва ғайра. Оё ин гуна матолиб метавонад рӯҳияи миллии аудиторияи моро баланд бардорад? Албатта, не. Истифода бурдани ин гуна калимаву ҷумлаҳо дар матбуот ғайр аз беэътиборӣ ва косташавии шаъни матбуоти тоҷик дигар фоидае намеорад. Ин гуна сарлавҳаҳою навиштаҳои фаҳш метавонанд ба маданияти миллии мо рахна ворид созанд. Ин матлабҳо, аслан, аз шабакаҳои интернету филмҳои фаҳши Ғарб, ки ба рӯҳияи миллат таъсири манфӣ мерасонанд, гирифта мешаванд. Дар қиссае бо номи «Мамарозаро Худо зад», ки дар чанд шумораи ҳафтаномаи «Оила» ба нашр расидааст, ҷумлаҳои аз одобу ахлоқ берун истифода шудаанд. “Баробари ба ҳуҷраам ворид шудан ба лаблесӣ даромад. Ман забони ӯрову вай забони маро намедонист, аз ин рӯ, клиент

якбора ба ҳуҷум гузашт”. (“Оила”, №725, 08.01.2014) Дар қиссаи «Келинчаки кавалербоз»-и ҳамин ҳафтанома мехонем: “Ҳусейн саропои маъшуқаи ҷавонашро ба бӯса мешуст. Дар хонаи дугонаам будам мегӯӣ? Гарданашро ҳам Гуландом хоид?” (№17. 30.04.2014). Чунин қиссаҳо дар ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» низ чоп мешаванд. Дар навиштаи «Шавҳар барои Шодигул» омадааст: “Шаб баъди он, ки хоби Момо-хола бурд, Умед ба хонаи хобаш ҳамсоядухтарро аз дасташ кашида баровард. Аз тоқи тиреза духтар рост ба оғӯши ҷавон афтид. Аз гармии оғушу бӯсаҳои Умед нафаси бе ин ҳам ноороми Мария ногоҳ тамоман канда шуд. - Ман наметавонам! - дар ҷавоб баромад овози пасти духтар. - Чиро наметавонӣ? – каҷханд кард худписандона Умед. - Тоқат карда наметавонам, - гуфт Мария ва боз дар торикӣ лабони ӯро кофта ёфт”. Дар ин гуна навиштаҳо зани тоҷик хиёнаткор, беномус, фоҳиша ва беиффат нишон дода мешавад. Андеша намекунем, ки бо ин амаламон шаъни зани тоҷикро паст мезанем. Зарур аст, ки хуб андеша намуда, матолиб пешниҳод намоем, ки шаъну шарафи миллатро баланд бардорад на ин ки паст занад. Худоро шукр, ки на ҳама меҳмонони дар ватанамон буда хату забони моро медонанд, вагарна вой бар ҳоли ин гуна ҳаёву одоби шарқиёна. Лола ДОДИХУДОЕВА, донишҷӯи курси 4-и ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

Одам шудан мушкил аст Донишҷӯён бояд дар баробари омӯхтани илму дониш хислатҳои хуби инсониро низ дошта бошанд Адаб тоҷест, к-аз нури илоҳӣ, Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ. Одобу ахлоқ аз хислатҳои неки инсон маҳсуб меёбанд. Шахсе, ки дорои одоби хуб ва ахлоқи ҳамида аст, дар ҳама ҷо азиз мебошад, ӯро дар ҳар ҷо ҳурмату эҳтиром мекунанд. Мутаассифона, на ҳама ин хислатҳоро доро мебошанд. Гарчанде аз тариқи ВАО дар бораи косташавии одобу ахлоқи ҷавонон зиёд мегӯянду менависанд, аммо баъзе нафарон ба ҷойи ислоҳ шудан кору рафторҳое мекунанд, ки на танҳо ба худи онҳо, балки ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. 14 январ баъд аз супоридани имтиҳон аз донишгоҳ баромадам. Аз ман каме пештар се писару як духтар, ки тақрибан дар курси се ё чор таҳсил мекарданд, бо овози баланд хандидаву якдигарро ҳақорат карда роҳ мерафтанд. Яке гарданбандашро ба замин партофту дигари ҷузвдонашро, сеюмӣ бошад, гарданбанду ҷузвдонро шатта зада, ҳамроҳи духтар бо овози баланд механдиданд. Роҳгузарон рафтори онҳоро дида, гиребон мегирифтанд. Дар мусофирбар нишастам. Он ҷавонон низ вориди он шуданд. Якеаш панҷсомониеро бароварду дигараш аз дасти вай гирифта, дар ҷайбаш андохт. Фикр намекард, ки дар ҷои ҷамъиятист, ҳамроҳонашро суханҳои қабеҳ мегуфт. Ронанда гуфт, ки “пасттар гап занед, ин ҷойи ҷамъиятист”. Якеаш тамасхуромез гуфт: “Ака, демократияй, чи хеле фора, гап мезанем». Хулоса, то фаромаданам онҳо байни худ суханҳои қабеҳ мегуфтанду бо овози баланд механдиданд. Худ қазоват кунед, ки оё ин рафтор барои донишҷӯе, ки дар як донишгоҳи бонуфуз таҳсил мекунад, мезебад? Албатта, не! Ин нафарон, гарчанде соҳиби илму дониши хуб бошанд ҳам (Худо медонад), аз доираи одобу ахлоқ фарсахҳо дуранд. Дар чунин мавридҳо ба хотирам мақоли “Олим шудан осон, аммо одам шудан мушкил” меояд. Шодигул БОДУРШОЕВА, донишҷӯи соли чоруми ДМТ, коромӯзи “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ТАҶРИБА Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, ки бо ташаббуси сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб дар шаҳри Кӯлоб варзишгоҳи замонавӣ сохта шудааст. Илова бар ин, Сайёф тавонистааст, ки тавассути ҷалби наврасон ба варзиш онҳоро дар рӯҳияи эҳтироми байниҳамдигарӣ тарбия намояд. Суҳбати мо бо Сайёфи Мизроб дар ҳамин хусус сурат гирифт.

- Имрӯз дар хусуси тарбияи наврасону ҷавонон зиёд сухан мегӯянд. Дар рӯзномаю маҷалла ва радиою телевизион шикоят мекунанд, ки ҷавонон ахлоқи хуб надоранд, зиёд фаҳш мегӯянд, мардумозорӣ мекунанд, ҳамдигарро меранҷонанд, муалли-

вал баъзе тибқи одат беихтиёр дашном доданд. Ман онҳоро дар як саф қатор карда, шартҳои гузоштаамро хотиррасон намуда, аз ҳақи вуруд ба варзишгоҳ маҳрум сохтам. Ба ҷои онҳо наврасони дигарро қабул намуда, сабаби ронда шудани гурӯҳи аввалро фаҳмондам,

ро ҳар чоряк ба ман ё масъулини варзишгоҳ нишон медиҳад. Дар сурати доштани баҳои «2» ва ахлоқи «ғайриқаноатбахш» мо ба ӯ барои ислоҳ муҳлат медиҳем. Агар ислоҳ нашуд, ӯро ҷавоб дода, ба ҷояш аз берун варзишгари нав мегирем. Талаботи охирини мо риояи

- Идеяи бунёди варзишгоҳ аз куҷо пайдо шуд? - Тавре аксар хонандагони рӯзнома огоҳанд, моҳи майи соли 2010 сели даҳшатнок як маҳаллаи шаҳри Кӯлобро хароб кард, ки бар асари он чанд нафар ба ҳалокат расида, хонаҳои зиёде валангор гашт. Маҳз бо дахолати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони селоб хонаҳои нав сохтанд. Вақте осебдидагонро дар манзилҳои навсохт ҷой доданд, баъзе манфиатталабон замини хонаҳои валангоршударо фурӯхтанд. Ҳамон вақт мо дар рӯзномаамон навиштем, ки роҳбарияти шаҳр бо дастгирии ситоди ҷумҳуриявӣ рафъи оқибатҳои селоб хонаву бустонсароҳои зебо сохтанд, вале дар ин маҳалла як варзишгоҳ нест. Мутаассифона, роҳбарияти онвақтаи шаҳри Кӯлоб ба ҷойи дастгирии пешниҳоди мо роҳи баҳсу низоъро пеш гирифтанд. Пас аз он ки Абдуғаффор Раҳмонов раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд, кор ранги дигар гирифт. Воқеан, ин шахси баландмаърифат на танҳо аз танқидҳои асосноки матбуот намеранҷад, балки хулосаи зарурӣ бароварда, пайи ислоҳи он кӯшиш мекунад. Зеро рӯзноманигорон камбудиҳоеро мебинанд, ки шояд масъулин онро пай набаранд. Чун бо А. Раҳмонов ҳамсуҳбат шудем, ӯ гуфт, шахсе нест то варзишгоҳи замонавӣ бисозад. Мо гуфтем, «Шумо мусоидат намуда, маҳз аз замини селрасида майдонеро ҷудо кунед, рӯзномаи «СССР» якҷоя бо дӯстону ҳаводоронаш варзишгоҳи замонавӣ месозад. Раиси шаҳр барои мо аз маҳаллаи селрасида қитъаи замин ҷудо намуд. Тӯли ду сол дар ин майдон кор карда, билохира варзишгоҳи воқеан ҳам замонавӣ сохтем, ки ба ҳар бинанда мақбул аст. Дар майдон алафи ҳамешасабзро ба мо раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев тақдим кард. Дар маҳкам кардани гирду атрофи варзишгоҳ сарвари Корхонаи алюмини Тоҷикистон Шералӣ Кабиров кӯмак расонд. Варзишгоҳ на танҳо барои бозиии футбол аст, балки майдони дав, волейбол ва тамрингоҳ низ дорад. Умуман, варзишгоҳ як маҷмаа бузурги варзишист. - Чӣ гуна муваффақ шудед, ки варзишгарони наврасро дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намоед?

мону волидонро гӯш намекунанд. Ҳамагон изҳори ташвиш мекунанд, ки чӣ бояд кард, вале худ қадами ҷиддӣ намегузоранд. Ман хостам дар ин ҷода таҷрибае гузаронам. Бо ин мақсад 4 дастаи футболи хурд таъсис додам. Кӯдакони зиёде хоҳиш доштанд, ки ба варзишгоҳи мо роҳ ёбанд. Азбаски ҳадафи мо ғайр аз тарбияи варзишӣ тарбияи ахлоқӣ ҳам буд, намоишкорона аъзои 4 дастаро ба варзишгоҳ роҳ дода, дарвозаро қулф мезадем. Дар паси дарвоза садҳо нафари дигар машқу тамрини ҳамсолони худро тамошо

то ба навомадагон ибрат шавад. Барои тарбия кардан ҷазо ҳам бояд сахт бошад. Ҳарчанд волидони рондашудаҳо хоҳиши дубора иҷозат додани фарзандонашонро карда бошанд ҳам, ман дар азми худ устувор мондам. Бо ҳамин усул ҳанӯз дар ду ҳафтаи аввали тамрин дашномдиҳӣ, бадгӯӣ ва ранҷонидани ҳамдигар аз байн рафт. Вақте бачаҳо ин марҳиларо гузаштанд, ман роҳи дигарро пеш гирифтам. Барои варзишгарони наврас дар поёнтари варзишгоҳ сад ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан шинонида, ба ҳар варзишгар

одоб дар хона аст. Агар волидайн ё бобову бибиҳо аз гапнодароию бадзабонии наврасе шикоят кунад, ӯро низ ҷавоб медиҳем. Шарти мазкур низ самараи хуб дод. Ман ҳар боре ба варзишгоҳ равам, падару модарони зиёде назди ман омада, изҳори сипос мекуананд, ки бача ё набераи саркашаш аз рӯзи ба варзишгоҳ омаданашон гапдарою хушахлоқ гаштааст. Аксарашон дуои нек дода, мегӯянд, ки ман усули хуби тарбияро пеш гирифтаам. - Шумо дар навбати худ ба варзишгарон чи шароит фароҳам овардед? - Мо ба варзишгарони наврас сару либоси варзишӣ, тӯб, пойафзол, ҷӯробҳои дароз, умуман, тамоми лавозимоти варзиширо аз ҳисоби худ муҳайё кардем. Ҳадафи асосии ман танҳо тарбияи ин чор гурӯҳ набуд. Ҳоло аксари наврасоне, ки дар атрофи варзишгоҳ мегарданд, кӯшиш мекунанд, ки ҳамдигарро дашном надиҳанд, то ҳуқуқи вуруд ба варзишгоҳро ба даст оранд. Ҳамин тавр, оҳистаоҳиста дашному бадгӯӣ миёни

Таҷрибаи ахлоқ тавассути варзиш

Ҳич кас бовар надошт, ки ин ҷо варзишгоҳ бунёд мешавад...

... амммо чунин як варзишгоҳи замонавӣ сохта шуд мекарданду ҳавас мехӯрданд. Ман ба аъзои ин 4 даста фаҳмонидам, ки шумо аз ҳамсолони пушти дарвоза бартарӣ надоред. Агар ягон хатоятонро мебинаму хонишу ахлоқатон ба шарту талаботи рӯзномаи «СССР» ва роҳбарияти варзишгоҳ ҷавоб надиҳад, вайронкунандагони тартиботро берун карда, аз пушти дарвоза нафари дигарро ворид мекунам. - Намешуд, ки аввал ҳамаро қабул кунеду варонкунандагони тартиботро якто-якто дар ҳузури ҳамагон ҷавоб диҳед? - Агар ман ҳамаро якбора роҳ медодам, ягонтои онҳоро тарбия карда намешуд. Талаботи якуми ман ин буд, ки ҳаргиз дашномро ба забон роҳ надиҳанд. Яъне, на ҳариф ва на ҳамдастаи худро ҳақорат накунанд. Дар рӯзҳои ав-

5-ниҳолӣ вобаста намудем. Варзишгар дарахтони вобасташударо обёриву нигоҳубин мекунад. Он ҷо об нест, аз ин рӯ, бача бо сатил об кашида, дарахтонро об медиҳад. Ин ҳам роҳи тарбия аст. - Ба варзишгарон боз чӣ шартҳоро дар миён монда будед? - Талаботи якум, риояи ахлоқи ҳамида, талаботи дуюм, нигоҳубини ниҳолҳо, талаботи сеюм, риояи тозагӣ. Бачаҳо ҳамеша пеш аз бозӣ ва баъд аз бозӣ варзишгоҳро мерӯбанд. Ҳатто донаҳои офтобпарастро аз замин чида, ҷамъ оварда, ба партовгоҳ мепартоянд. Ин талабот бо мақсади дар ниҳоди бачагон ҷой додани эҳсоси тозагидӯстдорӣ аст. Талаботи чорум ин аст, ки ҳар як варзшгар рӯзномаи мактабиаш-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

кӯдакону наврасони як маҳаллаи калон кам шуд. Инро аз дилхоҳ сокини маҳаллаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб метавонед пурсед. - Натиҷаҳои варзишии бачаҳо чӣ гуна аст? - Мо ҳар сол мусобиқаи футболи Ҷоми «СССР» мегузаронем ва он ифтихори мост. Ин мусобиқа дар сатҳи баланд доир мегардад. Дар он наврасони дастаҳои лигаи олии футболи кишвар бозӣ мекунанд. Мо тавонистем, ки новобаста аз шароитҳои буҳронӣ ин ҷомро ҳифз кунем. Соли ҷорӣ нишону медалҳоро дар Чин фармоиш додем, ки сифаташон хеле олист. Ин мусобиқа на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар музофот низ баргузор мегардад. Бори сеюм аст, ки Ҷоми «СССР» дар шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Дар ин мусобиқа

бачаҳои мо нахустин бор иштирок карда, ҷои чорумро ишғол карданд. Ин ҳам охири кор нест. Бачаҳо пайваста машқу тамрин мекунанд. Боварӣ дорам, ки оянда аз миёни онҳо дар сатҳи Мессиву Роналдо, Муҳсин Муҳаммадиеву дигар футболбозон варзишгарони

мумтоз ба воя хоҳанд расид. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз марти соли равон як мураббии варзида ба тими “СССР” ҷудо шуд. Ин иқдом баҳри беҳтар шудани маҳорати футболбозони наврас мусоидат хоҳад кард. - Ҳафтаномаи “СССР” замимаи “Футбол” дорад. Шумо дер боз мухлиси футбол ҳастед? - Футбол як навъ “беморӣ” ва шуғли дӯстдоштаи ман аст. Футболро “шоҳи варзиш” мегӯянд. Футбол дар ҷаҳон варзиши рақами як буда, ҳам сиёсат, ҳам идеология, ҳам иқтисод ва ҳам иҷтимоиёт аст. Дар замимаи ҳафтаномаи “СССР” мо на танҳо дар бораи мусобиқаҳо, балки дар бораи камбудиҳои соҳаи варзиш, вазъи иншооти варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо иттилоъ медиҳем. Хабарнигорони мо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин хусус менависанд. - Шунидем, ки дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт низ варзишгоҳ сохтаед? - Ман, ки дар маҳаллаи мазкур зиндагӣ мекунам, борҳо шоҳид гаштаам, ки бачаҳо дар роҳи мошингузар футбол бозӣ мекунанд. Дар маҳалла як қитъа замини бекори ба ботлоқ табдилёфта мавҷуд буд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахтро даъват карда, заминро нишон додам ва онҳоро аз тасмими хеш огоҳ кардам. Бо кӯмаки соҳибкорон дар ҷои ботлоқзамин майдончаи хурди футболи соҳилӣ сохтем. Футбол дар болои рег барои саломатӣ хеле фоида дорад. Атрофи майдончаро панҷара гирифта, дарвоза гузоштем. Шарти асосии роҳ ёфтани наврасон ба майдонча дашном надодан аст. Агар мабодо кӯдаке аз дигар маҳалла омада, дашном кунад, бачаҳо ҳушдор медиҳанд, ки “ҳақорат накун! Вагарна сардабири “СССР” моро пеш мекунад”. Ман хурсандам, ки таҷрибаи мо натиҷа дод. Яъне, мо амалан тавассути варзиш кӯдаконро тарбия мекунем. Мусоҳибон С. АСОЗОДА, С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

11


ВАРЗИШ

Муроҷиатномаи

Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарон

варзишгарони мамлакат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

14 феврал Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, бо варзишгарон вохӯрд.

Мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани Фармони Шуморо Ҷаноби Олӣ “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” шунида, ниҳоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд. Бинобар ин, мо аз номи кулли ҷавонон ва варзишгарони кишвар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ изҳори сипос менамоем. Ҷаноби Олӣ, мулоқоти Шумо бо варзишгарони мамлакат, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуданд. Дар ин радиф варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Бо иштироки бевоситаи Шумо, Ҷаноби Олӣ танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла, корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд. Эълон гардидани Соли оммавияти футбол низ дили миллионҳо наврасу ҷавонро ба ин намуди варзиш гарм намуда, ба рушди он дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Варзишгарони мамлакат бо боварии том изҳор медоранд, ки минбаъд сафи наврасону ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам зиёд гардида, онҳо шаъну шараф ва эътибори мамлакатро ба маротиб баланд мебардоранд. Таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаатон оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак медиҳад. Ин иқдом масъулияти моро дучанд афзун намуда, моро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизамонро боз ҳам баландтар бардорем. Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим Шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем. Шумо, Ҷаноби Олӣ ва халқи азизамонро бовар мекунонем, ки шаъну шараф ва мақоми Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошта, дар пешрафту нумуи соҳаҳои мухталлифи ҳаёти халқамон низ саҳми шоиста мегузорем.

Вазир ба варзишгарон барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, ишғол намудани ҷойҳои намоён дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани Парчами ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, дар ин роҳ ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд. Зикр гардид, ки «бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимӣ ва тандурустии ҷомеа садҳо толору майдон ва маҷмааҳои варзишӣ сохта шуданд, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд.

Дар 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ, 621 майдонча, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, 2700 майдонча, 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ шуданд”. Р. Раҳимзода афзуд, ки барои тайёр намудани варзишгарони дараҷаи олӣ саҳми Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ калон буда, намояндагони он чанд маротиба ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат гардидаанд. Варзишгарон дар навбати худ

Мусобиқаи Ҷоми ФФТ шуруъ шуд 14 феврал марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд бо бозии байни дастаҳои футболи «Парвоз» – «Хуҷанд» шуруъ шуд. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Суғд шаш даста ширкат мекунанд. Ин дастаҳо мутобиқи қуръакашӣ ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи «А» се дастаи лигаи олӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Далерон-Уротеппа»-и Истаравшан ва дар гурӯҳи «Б» се дастаи лигаи якум – «Канд»-и Конибодом, «Қайроққум»-и Қайроққум ва «Эсхата»-и Хуҷанд шомил гаштаанд. Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе 16 феврал шуруъ мешавад. Дар ин минтақа ҳафт даста иштирок мекунанд: дастаҳои лигаи олӣ – «Истиқлол»-и Душанбе, КМВА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат, «Регар-ТадАз»-и Турсунзода ва ду дастаи лигаи якум – «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ,

«Локомотив»-и Душанбе, инчунин, тими мунтахаби ҷавонони то 23-солаи кишвар, ки марти соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2016 ширкат мекунад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар як давр мегузарад.

17 феврал дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахшида ба 22-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии тирпаронӣ кишвар доир шуд. Дар чорабинӣ дастаҳо аз қисмҳои низомии мақомоти қудратӣ ширкат доштанд. Дар маросими кушодашавӣ Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз номи роҳбарияти кумита сарбозону афсаронро бо ин сана шодбош намуда, ба онҳо дар адои хизмати Ватан-Модар бурдбориҳо таманно намуд. Масъулини кумита ва КМ "Ташкилоти мададгори мудо-

12

фиаи Тоҷикистон" ба ғолибони мусобиқаи тирпаронӣ, ки миёни хонандагони синфҳои болоии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд, медалу дипломҳо супориданд. Ғолибони мусобиқа миёни сарбозон 18 феврал дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, ки дар Маркази ҷумҳуриявии ҷавонон "Ориёно" доир шуд, қадрдонӣ шуданд.

Мусобиқа дар минтақаи Душанбе бо бозии байни «Хайр» ва «Регар-ТадАз» шурӯъ мешавад, баъдан, тими мунтахаби ҷавонон бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунанд. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа аз минтақаи Душанбе чор дастаи зинаҳои аввал роҳхат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки имсол ҷоизапулии мусобиқа 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиби мусобиқа бо Ҷому мадалҳои ФФТ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Финалисти мусобиқа бо медалҳои нуқра ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва дастаи ҷои сеюм бо медалҳои биринҷӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқа низ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Мусобиқаи тирпаронӣ дар Фархор

Бо эҳтироми самимӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи тирпаронӣ миёни сарбозон

қайд карданд, ки дар баробари кору пайкор пайваста машқу тамрин намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то Парчами кишварро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд бардошта, дар тарбияи варзишгарони наврас саҳм гузоранд. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ барои гузоштани саҳми назаррас дар рушду тараққиёти соҳаи варзиш ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор варзишгарон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ гардиданд.

М. Ҳабибуллоев - сармураббии “Равшан” Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 49-сола, ки таҳти роҳбарии ӯ дастаи “ДалеронУротеппа”-и Истаравшан дар мавсими гузашта медалҳои биринҷии Чемпиоанти мамлакатро ба даст овард, сармураббии Қаҳрамони дукаратаи кишвар – тими “Равшан”-и Кӯлоб таъин шуд. Ҳамчунин, замони сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буданаш ин даста 6 маротиба қаҳрамони ҷумҳурӣ ва се бор Ҷоми президенти КФО-ро ба даст овард. Дар клуби “Равшан” ба Ҳабибуллоев Маъруф Рустамов ва Ғайраталӣ Мираҳмадов кӯмак мекунанд.

Дар толори варзиши МТМУ №10-и ноҳияи Фархор чун анъана мусобиқаи тирпаронӣ аз яроқи пневматикӣ миёни дастаҳои мактабҳои миёнаи ноҳия доир гашт. Дар мусобиқа, ки ба ҷашни 22-солагии Артиши миллии кишвар бахшида шуд, 20 дастаи ҳар кадом иборат аз 5 нафар маҳорати нишонзании худро нишон доданд. Пеш аз оғози чорабинӣ роҳбарияти КНТҶММ Фархор, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ сухан карда, моҳияти ин намуди варзишро дар ташаккули маҳорату малакаи ҳимоятгарии ҷавонон, бахусус, дар шароити феълии авзои ташвишовари ҷаҳон фаҳмонда, даъват ба амал оварданд, ки бо канораҷӯӣ аз ташкилоту гурӯҳҳои экстермистӣ дар ҳифзи Ватани худ доимо омода бошанд. Дар ҳисоби даставӣ мерганҳои МТМУ №35, МТМУ25 ва МТМУ №4 се ҷои аввалро

соҳиб шуданд. Дар ҳисоби инфиродӣ хонандагон Наҷиб Одинаев, Сония Кенҷаева, Моҳрухсор Мирзоева аз МТМУ №31, Файзуллои Абдулло аз МТМУ №35, Сино Сангалиев аз МТМУ №15, С. Шарифов аз МТМУ №10, Умаралӣ Каримов аз МТМУ №3, С. Алимуродов аз МТМУ №4, Раҷабалӣ Одинаев аз МТМУ №12, Восиф Носиров аз МТМУ №13, миёни омӯзгорон Бекмурод Ҷейсанов аз МТМУ №35, Фарҳод Баҳовуддинов аз МТМУ №3, Баҳодур Сафаров аз МТМУ №10 пирӯзӣ ба даст оварда, бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Мирзо НУРАЛИЕВ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


МАОРИФ ВА ВАРЗИШ Муассисаи давлатии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон яке аз собиқадортарин таълимгоҳҳои мамлакат ба шумор рафта, дар тӯли 65 соли мавҷудияташ зиёда аз 10 000 мутахассиси дорои маълумоти миёнаи касбии соҳаи варзишро ба камол расонидааст. Дар ин таълимгоҳ на танҳо аз ҷумҳурӣ, балки дастпарварони макотиби ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина ва Федератсияи Русия низ таҳсил кардаанд. Иддае аз дастпарварони муассиса парчамбардори давлат дар арсаи ҷаҳонӣ гаштаанд. Чунончи, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Анатолий Старостин, бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳоро бо ифтихор метавон ёдовар шуд. Имрӯз қаҳрамони Бозиҳои Осиё аз намуди таэквандо Меҳрангез Алиева, қаҳрамонони ҷаҳон оид ба варзиши зӯрхонаӣ дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ Саид Маҳмуд Замиров ва Наврӯз Арабов, гурзпарто Галина Митяева, ҷоизадорони мусобиқоти ҷумҳуриявӣ, гӯштингир Искандар Ашӯров, оид ба варзиши сабук Ҳасан Ғафуров ва бисёр дигаронро метавон ҳамчун давомдиҳандаи ин равия ном бурд. Қосим Қурбонов, директори коллеҷ зимни суҳбат изҳор намуд, ки муассиса сентябри соли гузашта ба бинои яке аз хобгоҳҳои мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов (воқеъ дар кӯчаи Авастои пойтахт) кӯчонида шуд. Бинои таълимӣ сеошёна буда, аз 16 синфхона, китобхона, бойгонӣ ва 21 утоқи корӣ иборат аст. Муассиса бо васоит ва таҷҳизоти таълимӣ таъмин мебошад. Бо сабаби он ки таълимгоҳи мазкур мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ тайёр менамояд, ҳамаи толорҳо бо лавозимоти варзишӣ, асбобу анҷоми вабаста ба ин соҳа пурра таъминанд. Мувофиқи супоришҳои Президенти мамлакат оид ба компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар коллеҷ илова ба як синфхонаи компютерии мавҷуда боз як утоқи бо тарзи замонавӣ муҷаҳҳази компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт. Агар дар нимсолаи аввали соли 2014 коллеҷ дорои 22 компютер бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 42 адад расонида шуд. Дар коллеҷ барои донишҷӯён шароити хуби маишию истироҳатӣ муҳайёст. Хобгоҳи донишҷӯён аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар 64 ҳуҷраи хобгоҳ донишҷӯён ва омӯзгорон зиндагӣ мекунанд. Барои пурсамар гузаштани вақти холии донишҷӯён дар хобгоҳ мизи теннис гузошта шудааст. - Таълиму тарбияро бе мутолиаи китоб тасаввур кардан маънӣ надорад, - мегӯяд Қосим

Қурбонов. - Имрӯз теъдоди умумии китоб дар китобхонаи коллеҷ ба 10942 адад мерасад. Омӯзгорону донишҷӯён аз китобҳои дарсӣ ва адабиёти зарурӣ истифода мебаранд. Устодону шогирдони муассиса дар амалиёти «Биёед, китоб мехонем», ки аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ эълон гардид, фаъолона ширкат намуда, 1050 нусха ҳадя намуданд. Баҳри баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсию фарҳангӣ ва касбии худ омӯзгорону донишҷӯён барои соли 2015 ба маблағи 3000 сомонӣ ба маҷаллаву рӯзномаҳо обуна шудаанд. Тамоми рӯзномаву маҷаллаҳо дар толори хониши китобхона бастабандӣ гардида, ҳама аз он истифода мебаранд. Дар коллеҷ 44 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 15 нафарашон дараҷаи олии тахассусӣ доранд. Аз онҳо 9 нафараш Кор-

нончи, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ вохӯрии донишҷуёну устодони коллеҷ бо собиқадорон ва афсарони кафедраи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мавзӯъҳои «Забони ман - ҷаҳони ман», «Аз марзу буми Ватан дифоъ мекунем», «Писар, рав қадри модар дон» чорабиниҳо баргузор шуданд. Ҳамчунин, вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино, Прокуратураи генералӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбибияи фарзанд» доир гардид. Устодону шогирдони коллеҷ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Чунончи, дар рӯзҳои баргузории вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (8-13 сентябри соли 2014) қариб 100 нафар омӯзгору

маҳорати варзишӣ ва ихтисосҳои интихобнамуда диққати махусус дода мешавад. Соли сипаришуда бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ миёни донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯи намудҳои волейбол, тирпаронӣ, шашка ва футбол мусобиқот гузаронида шуд. Ба муносибати таҷлили иди Наврӯз мусобиқаҳои бандкашӣ ва гӯштини миллӣ доир гашт. Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Дастаи волейболбозони коллеҷ миёни дастаҳои мактабҳои таҳсилоти касбӣ соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар мусобиқаи байни устодони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дастаи омӯзгорони коллеҷ ғолиб гардид. Ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён дар Дави миллӣ фаъолона ширкат варзиданд. Бахшида ба 90-солагии пойтахт ва Рӯзи Сарқонун аз рӯи намудҳои во-

КТҶТ: шароити таҳсил беҳтар гаштааст Натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи яке аз собиқадортарин муассисаҳои таълимоти касбии варзишӣ

манди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ ва 4 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Натиҷаи сессияи имтиҳонии соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 нишон дод, ки дараҷаи азхудкунии донишҷӯёни коллеҷ 14% боло рафтааст. Давомоти донишҷӯён низ дар муқоиса ба давраи соли таҳсили 2013 боло рафта, аз 83% ба 94% расид. Санҷиши Хадамоти назорати сифати таҳсилот нишон дод, ки равияи фанҳои варзишӣ ва баъзе фанҳои гуманитарӣ дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шуда, дараҷаи азхудкунии донишҷӯён хуб аст. Ҳоло дар шуъбаи рӯзонаи таълимгоҳ 395 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 217 нафар таҳсил мекунанд. Соли гузашта мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи чорабиниҳо оид ба тарбияи сиёсӣ, ҳарбӣ ва ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ, эстетикию ҳуқуқӣ, меҳнатию экологии донишҷӯён корҳои назаррас амалӣ шуд. Чу-

донишҷӯи таълимгоҳ ҳамчун назораткунандагони тартибот хизмат карданд. 30 нафар донишҷӯ дар тозаю озода намудани «Зӯрхона»-и ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ саҳм гузоштанд. Аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаи таълимӣ гурӯҳи 20-нафараи ихтиёриёни ҷавон ташкил ёфт. Ҳамчунин, 60 нафар ба гурӯҳи дружиначиёни ихтиёрӣ шомил гаштанд. Соли сипаришуда донишҷӯён дар шанбегиҳо ширкат варзида, дар тозаву озода нигоҳ доштани саҳни коллеҷу хобгоҳ ва Боғи ғалабаи пойтахт ҳисса гузоштанд. Дар доираи маъракаи «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем» дар назди бинои таълимии муассиса зиёда аз 60 дарахти ороишию сояафкан шинонида шуд. Бо сабаби он ки муассиса омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва кормандони соҳаи варзишро барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ тайёр менамояд, ба гузарондани дарсҳои баландбардории

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

лейбол, футболи хурд ва гӯштини миллӣ мусобиқаҳо доир гардида, ғолибон бо “Ифтихорнома” ва ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Соли 2014 варзишгарони Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон нисбат ба соли 2013 24 медал зиёдтар ба даст оварданд. Ифтихорномаи дараҷаҳои варзишӣ бошад, ба 52 адад расид. Дар коллеҷ намудҳои варзиши футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, гӯштин, гимнастикаи варзишӣ, тӯби дастӣ, бокс, якҳарбаи шарқӣ таълим дода мешаванд. Соли гузашта бори аввал миёни коллеҷҳои шаҳри Душанбе аз рӯи намуди футболи хурд, бахшида ба Соли оммавияти футбол, мусобиқа доир гардид, ки дар он 8 даста иштирок намуданд. Дар он ғолибият насиби дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ гардид. Донишҷӯён Ҷаъфар Раҳимов ва Олим Маҳмадшоев дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид

ба каратэ-киёкушинкай соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Суҳроб Исматов ва Исматулло Қодиров аз рӯи намуди каратэ дар мусобиқаи Осиё дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ширкат варзида, ҷойҳои якум ва сеюмро ноил гаштанд. Эҳсон Паллаев ва Табрези Давлатмир дар ҳайати тими мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол дар мусобиқаи Ҷоми Каспӣ (Шаҳри Бокуи Озарбойҷон) ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм шуданд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 20 нафар донишҷӯ аз курси баланбардории маҳорати варзишӣ гузашта, соҳиби сертификати мураббии ҷавон оид ба футбол гаштанд. Донишҷӯи соли 4 Раҳимҷон Идиев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ҷиргатол соҳиби ҷои дуюм гардид. Фирӯз Шарифов дар шаҳри Хуҷанд дар намуди варзиши ушу ҷои якумро соҳиб гашт. Дастаи коллеҷ оид ба ҷит кун до дар аввалин мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, соҳиби 5 медал шуд. - Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеа ба шумор мераванд ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад, - афзуд Қосим Қурбонов. - Соли сипаришуда дар коллеҷ нисбат ба соли 2013 ба маблағи 2500 сомонӣ зиёдтар таҷҳизоти варзишӣ харида шуд. Масалан, барои бозии футбол, волейбол ва гандбол 70 тӯб, 200 ҷуфт либоси варзишӣ ва 16 кимано харидем. Ҳамчунин, 80 ҷуфт мизу курсӣ, 170 рахти хоб барои донишҷӯён, 12 компютер, 6 принтер, 1 ноутбук, балангӯяк, асбоби сабткунанда ва ғайра харида шуд. Ҳамаи ин навгониҳо ба сифати таълиму тарбия таъсири мусбат хоҳад расонд. Алҳол дар коллеҷ 11 нафар ятими кулл ва 42 нафар ятими бепадар ё бемодар таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо бо хӯроки гарм таъминанд. Се нафар ятими кулл баъди хатми интернат-парваришгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва бо кӯмакпулӣ дар ҳаҷми сад сомонӣ ҳар моҳ ва вобаста ба фасли сол бо сару либос таъмин мегарданд. Дар маҷмӯъ, дар коллеҷ шароити таҳсилу тамрини донишҷӯён хеле беҳтар гардидааст. Коллективи аҳлу тифоқи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд доранд, ки барои дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳои варзишӣ, таълиму тарбия ва чорабиниҳои беруназсинфӣ шароити мусоид фароҳам оварда, мутахассисони варзидаю ҷовобгӯи талаботи замон тайёр намоянд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

13


23 ФЕВРАЛ - РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ Бузургмеҳри БАҲОДУР

Дирафши ковиён

Дирафши ковиён ба сар, бад-ин нишона омадам, Хуҷаста рӯҳи ковиён, к-аз осмона омадам. Барои Кова баъд аз ин манам писар, манам писар. Дигар барои ҳар писар, манам сипар, манам сипар, Ба мисли кӯҳи меҳанам баланд кардаам дирафш, Ба мисли рӯҳи меҳанам баланд кардаам дирафш. Надида хуни гарми ман зи ранги сурхи ӯ магӯ, Бидида хӯи нарми ман, наё ба шер рӯ ба рӯ. Ба ҷони тору тираат сапедаро сияҳ макун, Агарки пастфитратӣ, ба тоҷи ман нигаҳ макун. Дурахши ҳар ситорааш дурахши чашмҳои ман, Ситези ӯ ба бодҳо – ситезу хашмҳои ман. Баҳор медамам зи худ ба ҷони хушки хору хас, Ту аз нахуст мебарӣ ба сабзҷониам ҳавас. Дирафши сарфарози ман сари тамоми Меҳан аст, Сари баланди миллатам ба рӯи боми Меҳан аст. Дирафши ковиён ба сар, бад-ин нишона меравам, Ба мисли рӯҳи Ориён ба ҷовидона меравам.

Суруди Фирдавсӣ

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, №167 тасдиқ шудааст) дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон барои соли 2015 озмун эълон менамояд. Дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолият менамоянд ва дастовардҳои муайян доранд (аз ҷумла, дар ин самт лоиҳаҳо амалӣ намудаанд), ширкат варзида метавонанд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавононро зарур аст, ки то 20 феврали соли 2015, соати 12:00 ба суроғаи дар поён овардашуда дархостҳои дахлдори худро ирсол намоянд. Маълумоти иловагиро оид ба озмун, аз ҷумла, шакли дархостиро барои таҳияи лоиҳа аз суроғаи зерин дастрас кардан имконпазир мебошад: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; телефон барои тамос (+37) 2351953, 2363726, 935753080, сомонаи “www.youth.tj”, e-mail: grant@ youth.tj Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, №967 таъсис дода шудааст. Нишондиҳандаи муҳим барои иштирок дар озмун барои довталаб, синни то 35, дифои рисолаи илмӣ (то апрели 2014) ва дар амал қарор доштани натиҷаҳои кори илмӣ дар муҳлати на кам аз як сол мебошад. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 1 апрели соли 2015, соати 14:00 сурат мегирад. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; телефон барои тамос (+37) 2351953, 2363726, 935753080, сомонаи “www.youth.tj”, e-mail: grant@youth.tj

Ватан гӯям, забонам оташин аст, Забонам дар даҳонам оташин аст. Агар як лаҳзае Меҳан нагӯям, Худои меҳрубонам оташин аст. На танҳо хоби ман, бедории ман, Намози ҳар замонам оташин аст. На танҳо шодии ман, хандаи ман, Ҳама дарду ғамонам оташин аст. Сари майдони разму базми шоҳӣ, Саропои ялонам оташин аст. Шунав фарёди Рустамро зи Албурз: Дави Рахши чамонам оташин аст. Зи зарби гурзи ман резад ситора, Сари гурзи гаронам оташин аст. Садои Ораш ояд аз Дамованд: Ба каф тиру камонам оташин аст. Сиёвушам, намесӯзам ба оташ, Тани хокиву ҷонам оташин аст. Яли рӯинтанам, Исфаниёрам, Рагу пай, устухонам оташин аст. Ман он Сӯҳробам аз тухми Таҳамтан, Ки хуни арғувонам оташин аст. Дирафши дасти Кова – дафтари ман, Дирафши ковиёнам оташин аст. Ман он Фирдавсии равшанравонам, Ҳамоно ки равонам оташин аст.

Нуруллоҳи ОРИФ

МАРЗИ ВАТАН ДИЁРИ НУРБОР

14

ЭЪЛОН

Марзи Ватан макони мост, Ҷаннати ҷовидони мост. Устуни сабзи осмон Парчами гулфишони мост.

Мо Ватанро беҳ зи ҷон Дӯст медорем, дӯст. Сар ба рӯи санги роҳ Дар Ватан хуфтан, накуст.

Ҷон Ватан, обу дони мо, Ҳастии мо, нишони мо. Ханда ба барг-барги гул, Нур ба дидагони мо.

Обҳояш мисли қанд, Боғу роғаш гулфишон. Мардумаш меҳмоннавоз, Маҳвашонаш дилситон.

Ҳифз кунем хоки ту, Обу ҳавои поки ту. Ҳамчу ниҳол рустаем Аз дили нарми чоки ту.

Нозанин асту базеб Ҷон Ватан, ҷонон Ватан. Модар аст аз ростӣ, Баҳри ҳар инсон Ватан.

Пир куҷо? Ҷавон Ватан, Роҳати ҷисму ҷон Ватан. Сархати шеъри ноби ман, Сархати достон Ватан.

Парчамаш пар мезанад Мисли шоҳин дар фазо. Умри ҷовидон ба ӯ Аз Худо хоҳам, Худо.

Марзи Ватан макони мост, Ҷаннати ҷовидони мост. Устуни сабзи осмон Парчами гулфишони мост.

Шукри Ҳақ, гаштам калон Дар диёри нурбор. Аз Ватандории хеш Менамоям ифтихор.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, меъморону санъаткорон ва барномасозони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (технологиҳои иттилоотии компютерӣ) барои соли 2015 озмун эълон менамояд. Барои гирифтани ҷоиза дастовардҳо аз рӯи равияҳои/дастовардҳои зерин баҳогузорӣ карда мешавад: 1. Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); 2. Рӯзноманигорон (мақолаҳо, матлабҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ, бахусус, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон); 3. Барномасозон (ихтироъкорӣ дар самти технологияҳои иттилоотии компютерӣ, бахусус, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва махзани кадрӣ); 4. Санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, рассомӣ, наққошӣ, кандакорӣ, сангтарошӣ); 5. Меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад). Дар озмун хоҳишмандон аз тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар синну соли 14–30 ширкат варзида метавонанд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 15 майи соли 2015, соати 14:00 сурат мегирад. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; телефон барои тамос (+37) 2351953, 2363726, 935753080, сомонаи “www.youth.tj”, e-mail: grant@youth.tj

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Телефонҳо: 236-31-66, 907-58-73-60

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


ВАРЗИШИ АҚЛ Љазираи Танзания дар уќ. Њинд

Крейсеросорхона дар Петербург

Падар (лањљ.)

Нодон, беаќл

... Баччан, актёри њиндї

Мева

Мошини аввалини СССР

Ба боди … додан, аз ёд баровардан

Дашти регпўш

Махлуќи калонљуссаи афсонавї

Пудинаи боѓї

Њам сад њазор ва њам ранги нохун Футболбози бразилиягї

Олати дењќон

Шакли кўтоњи Владимир

Дастгоњи одаму боркашонии бино

Сатри шеър Кирдор, кор

Пушаймонї

Чароѓи Љўзъи деворї имо(русї) рат

… Пател, ситораи кинои њиндї

Норанљ, меваи тропикї

Навъи гиёњ

Мактуб, хат

Ёрї, кўмак

Шодмон

Мурољиат ба зани шавњардор (англ.)

Шањри ќадимаи арманї

Бахшидани гуноњ

Љаннатї

Номи яњудии Иброњими Халилуллоњ

Андоза

Шиноварї

Танњо, якка, тоќ

... Нозимов, сароянда

Душмани вирусњои компютер

«Ёрдамчї»и донишљў дар имтињон (русї)

Аз алаф баланду аз дарахт паст

Парешонї, мушаввашї

Далели бегуноњии айбдоршаванда

Олати дуредгарї

Њалќаи мўй, гесў

Шоњмотбози њиндї

Дар бањр ё дарё сокин

Нотаи мусиќї ё тамѓаи собун

Русї – «новый», англ. – «new», тољ.-…

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Русї – «стой», англ.«stop», тољикї -?

Илм дар мактаб

Пайрави Исопайѓамбар

Номи пурраи Миша

Шањр дар Олмон

Шамшергиёњ (русї)

... ву ишора

Матлаби Шопўшида гирд

Оташ (лањљ.)

Шутурмурѓи амрикої

Душворфањм

Ќурбоналї … сарояндаи тољик

Забти кишвар

Тўњфаи идона

Нури офтоб

Бозии рўимизии љопонї

Мухтасари номи як кишвари араб

Устухони моњї

Љароњат, осеб аз зарба

Гиёњи яксолаи хўшагї Роњи пиёдагард

Зеби дастархони наврўзї

Ночор, бечора

Абуалї …и Сино

Шањри ...Ўрда

То ин шањр авиачипта 62 сўм буд

Чењра

"... - Новости"

Туро ба манзил барад

Моњи охирини зимистон

Њунарманд

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015

Номи наваш Спитамен

Яке аз наздикони Расули Акрам

... Ќурбонова, сароянда

Сухани пурњикмат

15


АКСИ РӮЗ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Ду марди рус маслиҳат кардаанд, ки ба Тоҷикистон рафта, он ҷо кор кунанд. Расидан замон дари як хонаро тақ-тақ намуда, мепурсанд: - Ягон кор надоред? Соҳибхоназан: - Ҳамин писари маро ба Русия баред.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралӣ САФАРАЛӢ

Афандӣ се духтар доштааст. Якеаш соли таваллудаш 1980, дуюмӣ 1985 ва сеюмӣ 1989. Як рӯз эълон мекунад: - Ҳар касе духтари хӯрдиямро ба занӣ гирад, 2000 доллар, миёнаашро бигирад 10000 ва калониашро бигирад, 15000 доллар медиҳам. Аз миёни издиҳом як ҷавон садо мебарорад: - Ако, дигар ягон духтари калонтар надоред?

(котиби масъул),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ

ЭЪЛОН

Маҳмудҷон УСМОНОВ,

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Ҳасан АЗИЗОВ

Номаи камоли гумшудаи №116800, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 1989 ба Бачабеков Раҳимҷон Мухторович додааст, эътибор надорад.

(мудири шӯъба),

(хабарнигорон, Душанбе),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),

ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА

(муовинони котиби масъул)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 8063 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

16

Шанбеи гузашта дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рӯзи ниҳолшинонӣ, таҳти унвони «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» дар Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ шанбегӣ доир гардид. Кормандони дастгоҳи марказии кумита ва намояндагони мактабҳои варзишӣ гирду атроф ва замини назди бинои кумитаро аз ҳар гуна гулу буттаҳои худрӯй ва бегона тоза намуда, шоху навдаҳои дарахтонро ба тартиб дароварданд.

АНДАРЗ

Видоъ Ҷавон, ки бо ҳасрат мактуб мехонд, дар ҷое таваққуф кард. Ҳамсараш навишта буд: - Вазъи духтар ҳеҷ беҳ намешавад. Духтури деҳа ҳам аз аҳволаш чизе нафаҳмид... Ҷавон мактубро қат карда, ба ҷайбаш ниҳоду бори аввал аскар буданашро ҳис кард. Ӯ се моҳ боз дар яке аз навоҳии дур хизмати аскарӣ мекунад. Вале заррае ҳам парво надошт. Меандешид, ки муҳлати хизматаш чандон тӯлонӣ нест, зуд мегузарад. Аммо бо хондани мактуб гӯё хизмати аскарӣ вазни худро нав ба бозувони ӯ гузошт. “Беҳтар нашудааст духтарам. Шояд падарашро меҷӯяд...”, - гуфт ҷавон худ ба худ. Тахмини ӯ дуруст буд. Духтари сесолааш падарро пазмон шуда, пайваста ӯро ҷӯё мешуд. Беихтиёр ба оғӯшаш даромадани духтараш ба ёди ҷавон расид. Кӯдак ба оғӯши падар даромада, нияти фаромадан намекард. Ҷавон ҳам мӯйи зарди ҷингилаи духтари сесолаашро силакунон кӯдакро дӯстдорӣ менамуд. “Ба назарам, ҳоло мӯйҳояш дароз шуда, чашмони сиёҳи кӯчакаш дурахши зебо пайдо кардаанд”, - гузашт аз дили ҷавон. Агар ҷавон аз деҳааш дар масофаи дур қарор намедошт, ҳатман ҷавоб гирифта, ба дидани духтарчааш мерафт. Аммо ҳоло медонист, ки

ягона чизи аз дасташ меомада барои саломатии ӯ дуо кардан аст. Ин буд, ки шабҳои навбатдориаш пайваста барои кӯдак дуо мекард. Яке аз шабҳои навбатдориаш ҳаво сард буд. Дар берун шамол шиддат меёфт. Посе аз шаб гузашта буд. Ба гӯши ҷавони навбатдор як замон садои тақ-тақ расид. Ҷониби тиреза нигоҳ кард. Чизе наменамуд. Чун садоро бори дигар шунид, назди тиреза рафт. Дид, ки аз он тарафи тиреза парандае нишастааст. Ҷавон парандаеро ба ин зебоӣ бори аввал медид. Парҳои зарди ҷонварак дар нури чароғ ҷило медод. Ӯ ҳарчанд дар деҳа ба воя расидааст ва қариб бештари парандаҳоро медонист, аммо он ҷонваракро бори аввал медид. Он ба хеҷ яке аз

дидаҳояш монанд набуд. - Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – савол дод ҷавон, гӯё паранда ӯро мефаҳмида бошад. - Аз сардӣ нобуд шуданат мумкин аст, охир... Паранда аз ҳаракат кардан ҳарос дошт ва бо чашмони сиёҳаш, ки ба ҷавон дӯхта шудаанд, мисле ки чизе гуфтан мехост. Чанд лаҳза ҳамин тавр нигоҳ карда, сипас, парид ва дар дили торикӣ нопадид шуд. Ҷавон, ки аз қафои паранда дуру дароз нигарист, ногоҳ ҳис кард, ки чизе дар дилаш канда шуд. Ӯ ҳарчанд ҳис мекард, аммо бовараш намеомад, ки ин дидори ҷонварак барояш паёми хайрбодӣ дошт. Рӯзи дигар, вақте сарбозон ҷавони навбатдорро мекофтанд, то хабари марги духтарашро барояш расонанд, ӯро назди тиреза ёфтанд, ки ба ҷустуҷӯи парандаи зебо машғул буд. Б. УСМОНОВ, «ҶТ»

Номаи камоли гумшудаи №262178, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 1986 ба Шарипов Боймурод додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №948630, ки онро МТМУ рақами 5-и ноҳияи Қубодиён соли 1982 ба Ғафоров Бадалӣ додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №260733, ки онро МТМУ рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 2003 ба Тураев Зафар додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №133627, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1995 ба Ахмадов Ҳакимжон Давлатович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №741043, ки онро МТМУ рақами 47-и ноҳияи Қубодиён соли 1976 ба Ҳасанов Луғмон додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №А164847, ки онро МТМУ рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 1986 ба Маликов Зоиршо додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №А145860, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1970 ба Абдулхадов Абдулхайр додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №А136296, ки онро МТМУ рақами 9-и ноҳияи Қубодиён соли 1988 ба Садридинов Юсуф додааст, эътибор надорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №8 (9382), 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.