НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№08 (9486), 23 феврали соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Баррасии дастоварду мушкилоти пойтахт
Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё дар Саппоро оғоз гардид
1
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ДУШАНБЕ - СИМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Озмуни беҳтарин сенарияи барномаи театрӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Муаллифи сенарияи беҳтарин аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо “Диплом” ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ мегардад
яҳо чопӣ бул и р а и қа Бо назарСен нусха онӣ р т у дошти сатҳи бад лек д р н э а ланди чорабинӣ сенаа д аи х ешав рия бояд мавзӯъҳои баланд с у н м а бардоштани ҳисси ватандӯстиву в
СУРОҒА: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; телефон барои тамос: (+37) 235 19 53, 236 37 26, 904 06 6074; www.youth.tj; kjvs.1997@mail.ru
ватанпарастӣ, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон, муҳаббат ба хоку буми аҷдодӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии ҷавонони кишварро фарогир бошад. Ҳамзамон, барномаи консертӣ дар худ сабку усули муосир ва симои асили ҷавонӣ дошта бошад.
2
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркияро 60 санад танзим мекунад
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
√ ДУШАНБЕ
17 феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш мулоқот кард.
Дар суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, вохӯрӣ идомаи мантиқии ҳавасмандии ду ҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд ва айни замон зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра раванди ин ҳамкориҳоро танзим менамояд. Барои ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
- СИМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Баррасии дастоварду мушкилоти пойтахт Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Президенти ҷумҳурӣ зимни суханронӣ аз гузашта ва имрӯзи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва мушкилоту дастовардҳои он дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Сарвари давлат баргузории мулоқотро идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин вохӯрӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷудаи пойтахти мамлакат ва таҳияи нақшаю барномаҳои наву муосири таъминкунандаи пешрафту тараққиёти бемайлони он дар оянда шароити созгор фароҳам хоҳад овард. Президенти мамлакат ба таври му-
фассал вазъи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани мушкилоти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ ва мусоидат ба таъмини рушди устувори онҳо масъулини дахлдорро вазифадор намуд. Ба таври мушаххас вазъи соҳаҳои роҳу нақлиёт, барқу гармидиҳӣ, обу корез, тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бозору марказҳои савдо, тандурустӣ, варзиш, мактабу муассисаҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, роҳбарият ва масъулони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои шаҳрӣ барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ гирифтанд. Ҳамчунин, тақвият бахшидани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар та-
моми шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои таҳким бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат тақозо карда шуд. Сарвари давлат иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсози пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал овард, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд. Дар анҷом доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳаррӯза ва дурнамои рушду тараққиёти бештару хубтари шаҳри Душанбе байни Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокчиёни мулоқот аз ҳисоби доираи соҳибкорону тоҷирон ва фаъолони пойтахти мамлакат суҳбати самимӣ ва мубоҳисаи судманд доир гардид. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирию таваҷҷуҳи пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Рустами Эмомалӣ таъкид дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳнамунсози Сарвари давлат роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ободонию пешрафти пойтахти мамлакат тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳад намуд.
√ ҲАМКОРӢ
√ СОЛИ
2017 - “СОЛИ ҶАВОНОН”
104 нафар ба кор роҳхат гирифтанд 17 феврал дар КВД “Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар додашуда вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бахшида ба “Соли ҷавонон” ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд.
Ниёзи минтақа амният ва субот аст 16 феврал вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо намояндагони васоити ахбори омма мулоқот карданд. Сироҷидин Аслов боздиди вазири Афғонистонро аз Тоҷикистон идомаи мантиқии муколамаи мунтазам ва созандаи ду кишвари дӯсту бародар хонда, иброз дошт: Тоҷикистон ва Афғонистон дорои пайвандҳои ниҳоят амиқи таърихӣ ва муштаракоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошанд, ки дар зоти худ арзишҳои бузург мебошанд. Ин пайвандҳо дӯстии таърихии мардумонамонро тақвият мебахшад. Ниёзи ҳаётии кишварҳо ва минтақа субот ва амният мебошад. Дар ин замина мо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил ва мавқеъгирии созанда доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро баррасӣ намудем.
Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон тасдиқ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов бори дигар ҷонибдории Тоҷикистонро аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СҲШ иброз намуд.
Дар ярмарка 80 муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷӯён 2127 ҷойи кор пешниҳод намуданд. Аз 1010 нафар муроҷиаткунанда 104 нафар ба кор роҳхат гирифта, 28 нафар ба марказҳои омӯзиши касбу ҳунар фиристода шуданд. Ба 326 нафар, ки азми сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар доранд, маслиҳатҳо дода шуд. Аз ҷониби КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” ба корҷуёне, ки ба муҳоҷирати корӣ майл доранд, 210 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардида, ба 45 нафар шаҳрванд, ки хоҳиши ба Федератсияи Руссия ба кор рафтан доранд, роҳхат дода шуд. Мунтазам баргузор кардани чунин ярмаркаҳо дар нақшаи солонаи кории Корхонаи воҳиди давлатии “Биржаи меҳнатии ҷавонон” дарҷ гардидааст, ки ба ин васила ниёзи ҷавононро ба шуғл
ва бозомузӣ таъмин кардан имкон дорад. Боиси зикр аст, ки чунин ярмаркаҳо дар тамоми шаҳру ноҳияи кишвар дар ин рӯз баргузор карда шуд. Шералӣ АЗИМӢ, “ҶТ”
Таъсиси ҷоизаи раиси шаҳри Бӯстон барои варзишгарон 21 феврал раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода бо ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот кард.
Рухсора Давлатзода “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017-ро аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди кору таҳсил ва зиндагии шоистаи ҷавонон иқдомоти судманд амалӣ гашта, ҷиҳати ҷалби бештари онҳо ба мақомҳои роҳбарикунандаи давлатдорӣ, муқаррар намудани силсилаи имтиёзҳо ба ин қишри таҳрикбахшанда таваҷҷуҳ дода мешавад. Рухсора Давлатзода бо мақсади вусъати ҷалби бештари ҷавонон ба илму ҳунаромӯзӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзишӣ пешниҳод намуд, ки стипендияи раиси шаҳр ба ғолибони мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис дода шавад. Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилов ва ҷавонони касбу кори гуногун оид ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ибрози назар намуда, ваъда доданд, ки дар “Соли ҷавонон” ҷиҳати ноил гардидан бо дастовардҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд намуд.
√ МУШОҲИДАИ
ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА
“ҶТ”
Найранги талбандаҳо
- Бачам, хез, рафта ҳо аз ана он амаки шиму костюм ва сумкаи сиёҳдор пул хоҳиш кун, - гуфт зани талбандае ба писараш, ки дуртар аз ӯ менишаст. - Амак, амак, як сомонӣ диҳед, - гарданашро каҷ карда, гуфт писарбача. Мард бо нигоҳи ғазаболуд: “Гум шав аз ин ҷо, сум надорам”, - гуфт. Писарча ба назди модараш баргашта, малулона изҳор дошт: “Оча, амаки либоссиёҳ пул надода, гум шав аз пешам гуфт”. - Рав, дар ин ҷо нашин. Инаш надод, аз дигараш хоҳиш кун, нашуд боз аз дигараш. Ваъда медиҳам, ки пули бисёр ба даст оварӣ, туро ба “зоопарк” мебарам. Писарбача аз шунидани ин ваъдаи модараш хушҳол шуда, аз паси зане давид: “Апаҷон, апаҷон, як сомонӣ хайр кунед”. - Эҳ, аз шумо халос нашудем, намшудем-да! Ана, гиру аз думболам нагард. Кай аз ҳамин талбандаҳо халос мешавам? То ягон танга надиҳӣ, ин часпакҳо раҳоят намекунанд, - гуфт зани раҳгузар. - Апаат ягон сумат дод, бачам. Канӣ, ба ман деҳ, - гуфт модар. Зан пулро аз дасти писараш гирифта, хушҳолона ба писараш гуфт: “Гуфтам-ку, ин ҷо хайрхоҳон зиёданд. Хез писарам, қариб пули “зоопарк”-ро кор кардӣ. - Як сомонӣ диҳед - як сомонӣ диҳед, - гуён писарбача аз қафои ҳар раҳгузар медавиду фикру ҳушаш ба ёдӣ он ки модараш ӯро ба боғи ҳайвонот мебарад, банд буд. Нисфирӯзӣ ҳам фаро расид. - Оча, акнун ба “зоопарк” меравем? - хурсандона гуфт писарбача. - Бачам, пуламон камтар, аз ягон каси дигар ҳам пул талаб кун, ана, баъд меравем, - гуфт модар. Писарбача сарашро хам карда, бо қошу қавоқ боз пулталбиашро идома додан гирифт. Зани талбанда баъди чанде аз ҷой хеста, ду кӯдаки дигарашро, ки аз ҳам думетрӣ дур ҷой гирифта, дар пешашон навишта овезон буд, гирифту ба он тарафи роҳ гузашт. Ман аз паси ин зан поида мерафтам. Ӯ ҳар дам писарашро пучида мегуфт: “Қарор наист, аз амакҳоят пул пурс”. Боз чун пештара кӯдак шуруъ намуд, “як сомонӣ диҳед - як сомонӣ хайр кунед”. Онҳо ба назди дарвозаи боғи ҳайвонот омаданд. Ман гумон кардам, ки зан акнун чипта гирифта, фарзандонашро барои тамошо мебарад. Ӯ боз ба писараш хитоб кард: “Дар ин ҷо одам бисёр, зуд каме дигар хайр талаб кун, ба “зоопарк” медароем”. Кӯдак ба модараш бовар карду аз ҳар марду зани пешомада пул талаб мекард. Ман ҳам поёни ин саҳнаро мунтазир шудам. Чун бароям хеле диққатангез буд, ки як модар фарзандашро то ин ҳад ранҷ медиҳаду фиреб мекунад. Соат наздики 17 шуд. Ҳаво майл ба торикшавӣ дошт. Зан кӯдаконашро гирифта, аз он ҷо рафтан хост. Писарбача бошад бо садои баланд гиря карда, мегуфт: “оча, “зоопарк”. Аммо модар аз дасташ кашолакунон гирифта бурду ваъдаи фардоро дод. Аз ин саҳна, ки чанд соат маро ба тамошояш банд кард, хеле ғамгин шудам. Ин чӣ тоифа аст, ки ҳатто фарзандони худро фиреб медиҳанд. Наздик ба ҳафт соат ба мушоҳидаи ман фарзандашро фиреби даромадани боғи ҳайвонотро доду ба ин васила пул ҷамъ кард. Пас, чӣ ҷои шубҳа кардан аст, ки онҳо мардуми раҳгузарро фиреб намекунанд?
√ ИХТИРОИ
3
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ҶАВОНОН
Илм дар амал Имрӯз дар тамоми соҳаҳо дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон низ пайи кору фаъолият буда, дар баробари ин баҳри амалӣ намудани донишҳои назариявию амалии хеш ба навоварӣ машғуланд. Зиёдулло Обидов яке аз чунин ҷавонҳост, ки ихтироъҳои ӯ ба соҳаҳои «Муҳофизати ашё ва маснуоти пулодӣ аз коррезия» ва «Металлургия» тааллуқ доранд. Зиёдулло 2 марти соли 1982 таваллуд шудааст. МТМУ №1-и ноҳияи Айнӣ ва факултаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро соли 2004 бо ихтисоси технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ба
ҳайси ассистенти кафедраи технологияи истеҳсолоти электрохимиявӣ ба кор шуруъ менамояд. Соли 2009 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси кимиёи физикӣ дифоъ намуд. Солҳои 2008-2009 дар вазифаҳои ходими хурд ва ходими калони илмии озмоишгоҳи маводҳои ба коррозия устувори Институти химияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ихтирооте, ки Зиёдулло сомон додаасту соҳиби патент гардидаанд инҳоянд: 1. «Хӯлаи алюминийбериллий бо металҳои нодирзаминӣ» 2. «Дастгоҳ барои ченку-
нии гармиғунҷоиши ҷисмҳои сахт» 3. «Хӯлаи рӯҳ-алюминий» Ихтирооташ дар корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» ба сифати рӯйпӯшҳои зиддикоррозионӣ истифода шудааст, ки фоидаи умумии иқтисодиашон 13965 сомониро ташкил дод. Инчунин ихтирооташ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барои иҷрои корҳои илмӣ-озмоишии аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор дорад. Ӯ барандаи Ҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2009) буда, соли 2014 ба дарёфти дипломи озмуни байналмилалии
«Беҳтарин олими ҷавони АвруОсиё» мушарраф гардидааст. Айни замон дар вазифаи дотсенти кафедраи металлургияи факултети технологияҳои инноватсионии ДТТ ба номи М. Осимӣ фаъолият менамояд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”
Беҳтаринҳо соҳиби квотаи президентӣ мегарданд Рӯзи 21 феврали соли равон дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илм вохӯрии роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод бо донишҷӯёни ноҳия, ки тибқи квотаи президентӣ дар макотиби олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, доир гардид. Мақсад аз баргузории ин мулоқот огоҳӣ аз вазъи таҳсил ва шароити зисти донишҷӯён дар пойтахт ва дастгириву расондани кӯмакҳои моддӣ ба онҳо буд. Зикр гардид, квотаи президентӣ, ки ҳамасола барои ҷавонони навоҳии дурдасти мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат ҷудо мегардад, имкон фароҳам овардаст, то ҷавонони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти куҳистон бо таҳсил ва шароити зисти мувофиқ таъмин бошанд. Раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо бо қаноатмандӣ аз иқдоми неки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Соли ҷавонон” эълон намудани соли 2017 зикр намуд, ки аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва фаъолияти самараноки ҷавонон аз ҳама имконоти мавҷуда истифода мегардад. Раиси ноҳия ба ҷавонони ноҳия муроҷиат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод нисбати кадрҳои ҷавон, алалхусус духтарон, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Оилаҳои ҷавон дар баробари соҳиби ҷои кори мувофиқ гардидан, ҳамчунин бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзил таъмин карда ме-
шаванд. Аз шумо тақозои ягонаи мо ин аст, ки зиракиро аз даст надода, пайваста пайи такмил додани донишу малакаи касбии худ бошед, чун даврони ҷавонӣ айёмест, ки шахс неруву иқтидори беандоза барои соҳибилму соҳибкасб гардидан дорад. Имрӯз тамоми ҷидду ҷаҳди роҳбарияти ноҳия ба он равона гардидааст, ки рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро ба пуррагӣ таъмин намоянд. Шумо, донишҷӯён низ метавонед бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавии худ дар рушди ноҳия ҳиссагузор бошед. Аз вақт ва имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоед, то муваффақ гардед”. Зикр гардид, ки норасоии кадрҳои соҳибмаълумот аз ҳисоби занону духтарон дар ҳама навоҳии дурдасти куҳистони кишвар, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод низ ба мушоҳида мерасад. Баъди таҳсил ба ноҳия баргаштани хатмкунандагон, хоса духтарон, нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Тули 18 соли амал намудани квотаи президентӣ танҳо 39 духтар ба ноҳия баргаштаанду халос. Соли 2016 бошад, 18 нафар хатмкунандагон ба ноҳия баргашта, ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст. Имрӯз дар соҳаи маорифи ноҳия 57 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 20 нафар, соҳаи фарҳанг 6 нафар ва дар дигар соҳаҳо 17 нафар ҷавонони тибқи квота таҳсилнамуда кору фаъолият карда истодаанд.
- Беҳтаринҳо лоиқи квотаи президентӣ мегарданд, - гуфт муовини раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоҳир. - Шумо ҳуқуқи маънавии бо баҳои паст таҳсил карданро надоред. Чун шумо муаррифгари фарҳангу маданият ва анъанаҳои неки мардуми ноҳия ҳастед. Сиёсатшинос, собиқадори мақомоти қудратии кишвар Саидхуҷа Акбаров, аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки танҳо дониши мукаммали диниву дунявӣ, ахлоқу одоби намунавӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷавонони имрӯзаро аз ҳар гуна офатҳо эмин нигоҳ дошта метавонад. Донишҷӯён Умедаи Маҳмадюнус, Ҳадисабонуи Аваз (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон), Маҳмадсафо Нозилов, Садафмоҳи Паҳлавон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз ин иқдоми неки роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, онҳоро бовар кунонданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил ва дар ободонии ноҳия, саҳми арзанда мегузоранд. Дар охир бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯён ба онҳо маводи хӯрока ва кӯмаки яквақтаинаи пулӣ супорида шуда, барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ пешкаш гардид.
Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”
4
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОНИ МАҲАЛ
Дастурхони идонаи ҷавонони Ёвон барои сарбозон 20 феврал бо иқдоми Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар қисми низомии 6593-и Сарраёсати ҷазои ҷиноии Вазорати адлия бахшида ба 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ чорабинӣ доир гашт. Дар чорабини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Исломиддин Нарсов ва раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон Ҳасанзода Қаҳорбек суханронӣ намуда, сарбозонро таҳният гуфтанд. Дар қисми низомии мазкур 90 сарбоз сарбаландона хизмати Ватан-Модарро адо намуда истодаанд. Ба сарбозону афсарон туҳфаҳои идона тақдим гардида, барои онҳо дастурхони идона ташкил карда шуд.
СОЛИ 2017 - “СОЛИ ҶАВОНОН”
Вохурии донишҷӯёни Конибодом бо раиси шаҳр
Дар Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода роҳбарияти шаҳри Конибодом бо ҷавонони ин шаҳр, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, вохӯрданд.
Ҷиҳати ҳавасмандӣ ба донишҷӯёни аълохон, фаъол ва эҳтиёҷманд маҳсулоти хӯрока ва кӯмакҳои яквақтаина супорида шуда, барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ, барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳофизони маҳаллӣ ва шоирону нависандагон пешниҳод гардид. Донишҷӯён, ҳамчунин филми мустанад аз дастовардҳои солҳои охири шаҳри Конибодомро тамошо карданд. Ғайбулло Боҳирӣ - раиси шаҳри Конибодом пас аз шинос кардан аз таърихи шаҳр, абармардон, номдорон, фарзандони содиқи диёр ва корномаҳои ибратпазири онҳо низ ёдоварӣ карда, ҷавононро ба идома додани кору пайкори онҳо даъват намуд. Зикр шуд, ки дар партави ташаббуси накӯи Пешвои миллат оид ба “Соли ҷавонон” эълон кардани соли 2017 роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар баробари кӯшишу талошҳо дар самти муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонони
шаҳр, ҳамзамон ба тарбияи маънавии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Дар ин маврид яке аз масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон буда, алҳол ба маърифату фарҳанг ва ҷаҳонбинии фароху пешрафтаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Сипас донишҷӯён ба раиси шаҳр саволу дархост ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Шаҳрдор дар фарҷом изҳори умед намуд, ки ҷавонони баору нанги диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Пас аз анҷоми вохӯрӣ барои донишҷӯён дар тарабхонаи «Канд» дастурхон ороста шуда, бо ҷалби ҳофизони маҳаллӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд. Бояд қайд кард, ки шумораи ҷавонон дар шаҳр 68 ҳазору 310 нафарро ташкил намуда, 33 ҳазору 600 нафари онҳо духтарон мебошанд. Дар пойтахти кишвар алҳол беш аз 300 нафар донишҷӯён аз Конибодом таҳсил мекунанд. Ғамхорӣ ба насли ҷавону наврас яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба шумор рафта, баҳри фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ташкили тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш, барқарор ва азнавсозии иншооти варзишӣ, баргузории чорабиниҳои ҳарбӣватандӯстӣ ва фарҳангию оммавӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Шералӣ АЗИМӢ, “ҶТ”
Ҷавоне дар хизмати ҷавонон Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” элон кард. Ҷавонони шаҳри Ваҳдат ин иқдоми Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ карда, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободии кишвар меҳнат карда истодаанд. Ҷавононро ба амалҳои накӯ ҷонишини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзонаи Ҳамдам роҳнамоӣ мекунад. Ҳар гоҳ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат меравам, дар назди дари ҳуҷраи кории Фарзона занону духтаронро мебинам, ки аз мушкилоти зиндагӣ, муносибатҳои оилавӣ, набудани ҷои кори доимӣ маслиҳатгирӣ омадаанд. Фарзонаи Ҳамдам, ки ҷавон аст, арзи онҳоро гӯш карда, дар дафтари қайд навишта мегирад. Фарзонаи Ҳамдам бештар ба муносибатҳои оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад, ки оилаҳои ҷавон пойдор монанд. Ба ҳама маълум аст, ки набудани ҷои кор, боло рафтани нарху наво ба муносибатҳои оилавӣ бетаъсир намемонад. Ҷавононе вомехӯранд, ки набудани ҷои кор, боло рафтани нарху наворо баҳона карда, аз оилаҳои худ ҷудо мешаванд. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки шавҳарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, зану фарзанди худро фаромӯш мекунанд. Фарзонаи Ҳамдам барои барқароркунонии оилаҳои ҷавон корҳои зиёдеро иҷро мекунад.
Натиҷаи корбарию суҳбату мулоқот ба оилаҳои ҷавон буд, ки нисбат ба соли сипаришуда теъдоди пошхурии оилаҳои ҷавон хеле кам шудааст. Фарзона ба назди аҳли заҳмат, ташкилоти муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта, дар бораи ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан “Соли ҷавонон” эълон шудани соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат таҷлил мешавад, суҳбат мекунад. Бо ташаббуси ӯ гурӯҳи таблиғотчиён, аз ҳисоби фаъолзанону ҷавонон созмон ёфтааст. Гурӯҳ дар мулоқоту вохуриҳо
дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда, Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ кард, дар партави Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар мавзӯъҳои рӯз суҳбат мекунанд. Ҳокими САФАР, шаҳри Ваҳдат
Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокини пойтахт Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 18 феврал дар шаҳраки 46-и пойтахт бо иштироки бошандагони хобгоҳҳои донишҷӯён ҳашари тозагии маҳал гузаронида шуд. Тавре аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, бахшида ба "Соли ҷавонон”, ба хотири ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати эълон намудани 150 рӯзи ободониву созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт!” ва Аксияи ҷумҳуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” рӯи даст гирифта шуд. Дар рафти ҳашар ҷавонон ба тоза намудани гирду атрофи роҳравҳо ва даруни ҷуйборҳо, биноҳо, боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳрак, нарм намудани бехи дарахтон машғул гардиданд. Аз ҷониби иштирокчиён зикр гардид, ки чун пайравони асили Пешвои миллат минбаъд низ ҷиҳати бунёдкориву созандагӣ ва сабзкориву кабудизоркунии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳисса мегузоранд.
Кӯлоб беҳтарин риёзидони ҷавонро муайян кард Бо иқдоми Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб бахшида ба "Соли ҷавонон" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмуни "Математики беҳтарин" баргузор шуд. - Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва муайян намудани истеъдодҳои нав байни математикони ҷавон ва рушди илмҳои дақиқ дар ҷомеа, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Мачлиси Олӣ қайд гардида буд, доир гашт, - иттилоъ доданд аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб. Дар озмун 40 нафар хонанда ширкат варзиданд. Озмун дар ду давр: имтиҳони тестӣ ва имтиҳони хаттӣ сурат гирифта, Саидакобир Раҷабов - хонандаи МТМУ №12 ба гирифтани ҷойи 1-ум сазовор гашт. Одинаҳмад Рустамов - хонандаи МТМУ №52 ҷойи 2-юм ва Акрам Назиров - хонандаи МТМУ №27 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб супорида шуд.
Чорабинии фарҳангии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ 21 феврал дар толори Кохи Маърифати шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси китобхонаи марказии шаҳр бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҷавонон, хонандагони МТМУ №1 намоишномаи ҷолиб, иборат аз рақсу суруд, маърузаҳо бахшида ба Артиши миллӣ ва муколамаи шеърҳо васфи Ватан, Тоҷикистонро манзури ҳозирин гардониданд. Дар фароварди чорабинӣ, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Эркамоҳ Мирзоева, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ва раиси намояндагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттори Раҳмон ба насли созандаву бунёдкор дар Соли ҷавонон муваффақиятҳо таманно намуданд.
5
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Фасли ҷавонӣ ШЕРАЛӢ МӮСО
Имрӯз дар Ватани азизамон назму низом ва азму ҷазми созандаву фараҳзое ҳукмрон аст, ки барҳақ далел ва бозгӯи пойдории неъмати бебаҳо, сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ мебошад. Оҳанги ҷӯшу хурӯш ва саъю талошу фидокорӣ шабу рӯз танинандоз аст. Ҳар дам навиди ғалабаҳои тозатаре расида, эҳсосоту ҳаяҷони бисёре ба дил фурӯ меборад. Бӯи муаттари анвои гулу гиёҳи ҳазорранги диёр димоғи моро муаттар месозад.
Шеъри овозадори устод Рӯдакиро дар зеҳнамон ба ҷилва меорад: Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме… Бале, ин ҳама шодобиву тароват шабеҳ ба фасли ҷавонӣ мебошад. Бе ягон муболиға метавонем бигӯем, ки Тоҷикистони азизи мо як фасл дорад: Ҷавонӣ! Воқеан, агар ба рақамҳо рӯй орем, ин гуфтаро ҳамчун дар оина равшан мебинем: синни миёнаи аҳолӣ 24 буда, 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Яъне, кишвари мо на танҳо пур аз ҷавонон аст, балки аз ҷилои ҷавонӣ ҳамеша пурнур аст, ки воқеан мояи ифтихору хушҳолист. Чун шояд дар ҷаҳон кишваре чун Тоҷикистон куҳан, вале ҳамеша ҷавону биҳиштосо набошад. Банда аз ин ифтихор дорам ва хушбахтам. Ба ҷавонон бо ҳавас менигарам. Ростӣ, чӣ ҷои пинҳон кардан, каме ҳасад ҳам мебарам. Чун барои онҳо тамоми шароити иҷтимоӣ муҳайё аст. Рӯзгорашон шукуфост, ки чун гули рангинкамон хандонанд. Аз ин рангорангӣ рӯз зебову офтобӣ, ҳама ҷо сабзу гулпӯш менамояд. Аз ин ҳама накҳате бармехезад, ки роҳат бар ҷисму ҷон мебахшад. Дилам фараҳ меёбад, ба ваҷд меоям ва беихтиёр мегӯям: – Ҷавонон зеби зиндагианд! Пирамарде, ки ба масҷид мерафт, эътироз мекунад: – Чӣ, пирон доғи зиндагианд магар? – Не, не! – гуфтам ба ӯ. – Ин хел нагӯед. Пирон ҳикматанд. Онҳо такягоҳ ва роҳнамои ҷавононанд. – Шумо дуруст гуфтед, ки ҷавонон зеби зиндагианд. Аз ин рӯ, наметавонам, ҳамчун пири аз маърака берунмонда фикрамро нагӯям. Ҷавонӣ фасли сабзи шукуфоист, ки дил аз навои ишқ ва орзуҳо саршор аст. Ҳазор раҳмат ба падару модари Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи ҷавоноро ба сӯи қуллаҳои илму дониш, касбу ҳунар, бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина муҳайё сохт, ки онҳо дар рушди кишвар саҳми шоиставу назаррас дошта бошанд. – Бобо, ба чанд даромадед? – пурсидам аз ӯ. – Шукри Худо, ҳаштуми марти соли равон 97-ро пур карда, ба 98 қадам мегузорам. – Шумо қариб як аср зиндагӣ ва кору фаъолият кардаед. Ин кори шӯхӣ ва бозӣ нест. Дар ҳақиқат шумо роҳи басо дурудароз ва сахту сангинро паси сар кардед. Ба сиёсати Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна баҳо медиҳед? – Баҳои олӣ. Таъкид мекунам, ки сиёсати Президент хирадмандона аст, хусусан сиёсати ҷавонон. Ин сиёсат бо забони эъҷоз сухан мегӯяд ва азамати хиради Пешвои миллатро нишон медиҳад. Сиёсати ҷавонон! Ин ибора нав, меваи даврони истиқлол мебошад. Ин мафҳуми азиз ва ҷонбахшро на танҳо қариб ҳар лаҳза мешунавем, балки ба он бархӯрд ва машғул ҳам мешавем. Агар мо моҳияти маънии ин ду калимаро тасаввур кунем, бешубҳа мукофот ва неъмати бебаҳо хоҳад шуд. Зеро, аз як ҷониб ин сиёсат сиёсати одӣ ва содда нест, дар ҳақиқат сиёсати соф
давлатист. Аз ҷониби дигар татбиқи ин сиёсат, яъне ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон ва пуштибонӣ аз онҳо аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Хусусан Пешвои миллат ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва хоса зоҳир менамояд. Ин ҳарфи Пешвои миллатро ба хотир меорам, ки дар зеҳнам сахт нақш бастааст: «Ватан рӯи шонаҳои ҷавону қавии шумо истодааст ва онро ҳаргиз ба замин нагузоред!» Дар ин суханони аз самими қалб гуфташуда Президенти мамлакат тамоми омолу орзуҳои худро ҳамчун падари ҳақиқии насли наврас ифшо намудааст. Гумон мекунам, дар дили ҳазорон наврасу ҷавон ин суханони Сарвари давлат шарари ифтихору ғурур ва ғайрату ҷасоратро фурӯзон кардааст. Онҳо бо ҳисси баланди масъулияти ватандорӣ ва инсонӣ дар роҳи ободию зебоии Ватан саҳм мегузоранд. Аммо лоиқи зикр аст, ки
мешавам. – Стипендияи президентӣ мегирӣ? – Бале, – ҷавоб дод ӯ бо ифтихори тамом. Дигаре пеши бар, рӯи қафаси сина ордени «Шараф» овехта. Қоматаш рост, сараш боло, чашмонаш чун орден медурахшиданд. Ҷавон буд, тақрибан 34 сол дошт. Боғайрату ғаюр, боҳунару ташаббускор. Ин ба ман бисёр хуш омад. Баръало аён аст, ки ғурури миллӣ ӯро ба ин рафтор водор сохтааст. Инчунин эҳсос мекунам, ки дар рӯ ба рӯи Пешвои миллат нишаста, Паёмро гӯш карданро барои худ шараф меҳисобад. Дилро як сурури беинтиҳо фаро мегирад. Ҳамзамон дар зеҳнам ин ҳарф ба ҷилва меояд: «Ҳоло ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист!» Оре, ҳақ аст, ки «кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам». Бале, талабу тақозои замон чунин аст: Бояд дигар шавем! Созанда бошем, заҳмат кашидану осуда
ин саъю талош ҷавобгӯ ба талаботи замон нест. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста, эҳсоси баланди ватандорӣ ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат кунанд. Чун дар Паёми имсол ҳам таъкид шуд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешафти ҷомеа мебошанд. Фаротар аз он ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Оре, эътимод ба ҷавонон, эътимод ба фардои миллат аст! Бо эълон кардани соли 2017 чун “Соли ҷавонон”, ки яке дигар аз ғамхориҳои бешумори ишон дар ҳаққи наврасону ҷавонон ба шумор меравад, Пешвои миллат ба он рух ва таровати тоза бахшид. Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки Пешвои миллат на танҳо бо ҷавонон ифтихор мекунад, балки онҳоро аз самими қалб дӯст медорад. Ин аст, ки онҳо ба чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ даъват мешаванд. Хусусан дар маросимҳои ироаи Паём, ки ман иштирок доштам, бештар чавонони саодатмандро медидам. Ин мисраи устод Рӯдакӣ дар зеҳнам эҳё мешуд: «Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур». Дар рӯву рӯҳияашон фараҳу хуррамиро мушоҳида менамудам. Эҳсос мекардам, ки дилашон саршори ифтихор ва меҳру муҳаббат ба Ватан, дарун ба дарун менозанд. Ҳамчунон дарк менамоям, ки ҳисси масъулиятро аз даст намедиҳанд. Бо духтараке, ки рӯяш аз ифтихору ҳаяҷони ботинӣ норинҷӣ гаштааст, ҳамсуҳбат
зистанро пос дорем! Чун дар Паёми имсол ҳам дар баробари дигар масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаи боло бурдани сифати таълиму тарбия, худогоҳиву худшиносии миллӣ ба таври махсус зикр шудааст. «Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст», гуфтаанд. Ҷавонӣ давраест, ки инсон ташаккул меёбад, яъне, барҳақ, «даврони шахсиятсозӣ» маҳсуб меёбад. Имрӯз бисёр мушоҳида мекунем, ки ҷавононро санги маломат мезананд, ки онҳо нодон, танбалу коргурезанд. Ростӣ, ман ба ин гуфтаҳо розӣ шуда наметавонам. Мақоли «Наврӯид бало рӯид!» ба хотирам меояд. Замоне он мафҳуми манфиро доро буд. Вале имрӯз ин мақол айни муддао мебошад. Зеро калимаи «бало» маънои донову бино ва зиракиро касб мекунад. Воқеан, иштибоҳ нахоҳад буд, агар гӯем, ки ҷавонони имрӯз аз дирӯз ба қавле чанд сару гардан болоанд. Ҷавонони лаёқатманди ташнаи илму дониш кам нестанд. Вале, мутаассифона, теъдоди ҷавононе, ки ба таҳсил шавқу рағбат надоранд низ зиёданд. Магар одами бесавод метавонад созанда бошад? Ягона ҷавоб ба ин савол ҳамин аст, ки «На!» Воқеан, бисёр мушоҳида кардаем, ки чун кор ба дасти бесавод афтад, самара пушаймонӣ ва надомат бошад. Дар робита ба ин Пешвои миллат борҳо таъкид кардааст, ки: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзанда пайдо намояд». Боз
борҳо таъкид кард, ки ҷавонон «бояд фурсатро ғанимат дониста, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои муосирро аз худ кунанд, то дар оянда зиндагии сазовори худро таъмин намуда, дар раванди ободонии Ватани аҷдодӣ ва пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоли худ фаъолона шикат карда тавонанд». Зимнан, сарчашмаи неруи асосии тарбия нахуст дар оила ва баъд дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ҳамеша ба падару модарон ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамуд, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Вале, ин «ба ҳован об кӯбидан»-ро мемонд. Чун «вақт довари ҳақ» собит сохт, ки ташвиши Сарвари давлат беҳуда набудааст. Як далели муътамад ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани ҷавонон мебошад. Муссалам аст, ки танҳо илму дониш ва тафаккури солиму баланд метавонад ҷавононро аз роҳҳои хатарнок эмин нигоҳ дорад. Аммо, мо, ба ҷои тарбияи фарзандон маъракаҳои дабдабанок ороста, хароҷоти миёншикан мекардем. Ҳарчанд хуб медонистем, ки дар ояи 31 сураи Аъроф омадааст: «Эй фарзандони Одам, исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад». «Исрофкунандагон бародарони шайтонанд». Боз Пешвои миллат сабурона ба шинохти андоза даъват кард. Не, нашуд, ки нашуд. Он гоҳ маҷбур шуд, ки 8 июни соли 2007 Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кунад. Сипас 2 августи соли 2011 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд. Ҳар ду қонун барои мардум мисли панду андарзҳои як донишманди бузург арзиш пайдо карда, дарси дигаре перомуни ҷасорат буд. Аммо имрӯз ҳам мушоҳида мешавад, ки мардум дар баробари муқаррароти ин қонунҳо масъулият эҳсос намекунанд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо низ истисно нестанд. Ин ҷо танҳо як мисол меорам. Таърихшинос Раҷабалӣ Раҳимов менависад: «Вақте Варзоб қариб 34 ҳазор аҳолӣ дораду дӯкони газетафурӯшӣ не, пас чӣ тавр дар бораи саводнокии ҷомеа гап занем? Баъд чӣ гуна аз ҷавонон гила кунем, ки онҳо китобу газета намехонанд?» Мутаассифона чунин мисолҳо кам нестанд. Ин ҳақиқати талх дар амал пиёда кардани сиёсати фарҳангии Пешвои миллатро баъзе роҳбаронро зери суол мегузорад. Дар «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус доир ба илму ҳунар омӯхтан ва ба ҷомеа манфиат овардан чунин омадааст: «Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми беҳунар чун хори мағелон доим беманфиат бошад, ки тан дораду соя надорад ва на худро суд кунаду на дигаронро». Ҷавонро зарур аст, ки зиндагии хешро бо маърифат устувор сохта, роҳи садоқат ба Ватанро бо андӯхтани илму дониши мукаммал обод созанд. Ҳақиқат он аст, ки инсони донишманд, ҳунарманд, худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ ҳеҷ гоҳ дар ҷодаи зиндагӣ намеафтад ва хор намегардад. Оре, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ!
6
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Озмуни “Моҳпайкари Наврӯз” дар Варзоб Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия ба муносибати “Соли ҷавонон” бо иштироки ҷавондухтарони ҳунарманд озмунҳои “Катбонуи беҳтарин” ва “Моҳпайкари Наврӯз” баргузор шуд. Дар озмун аз ҷониби иштирокчиён ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ, таомҳои миллӣ ва либосҳои миллии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуд. Гуфта шуд, мақсад аз баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама тарғиби анъанаҳои миллӣ, хусусан пӯшидани либосҳои миллӣ байни ҷавондухтарон мебошад.
√ МУШКИЛИ
ХУРШЕД МАВЛОНОВ
√ НИГОҲИ
ҶАВОНОН
Дар тарбия эҳтиёт бошем! Ё хубӣ мекунам гуфта, баръакс, зарар расониданамон мумкин
- Мубориз, писарам, рафта китобҳоятро бихон, бароят пул медиҳам, рафта бозиҳои мехостаатро дар компютер бозӣ кун, - гуфт амаки Саид. Аз он ки Мубриз ҳар рӯз дар дукони назди хонаашон ба бозиҳои компютерӣ машғул мешуд, аз шунидани ин ҳарфи падараш ниҳоят хурсанд шуд. Ӯ зуд ба утоқи дигар гузашта, дафтару китобҳояшро дар гирдаш парешон намуд. Ҳар лаҳза ба соати бари девор нигариста, гузаштани вақтро интизор мешуд. Баъди ним соати интизорӣ дарро кушода, ба падараш хитоб кард: - Падарҷон, ним соат хондам, акнун равам? - Не писарам, боз ним соати дигар бихон, 5 не, 10 сомонӣ медиҳам, - гуфт падараш, ки ба тамошои телевизор банд буд. Мубориз боз ним соати дигар лаҳзашуморӣ карда, аз падараш 10 сомонӣ гирифта, барои бозӣ рафт. Ин амал тақрибан ҳар рӯз идома меёфт. Баъди чанд моҳ Мубориз худ ба назди падараш омада хоҳиш мекард, ки “Падар, ман китоб хонам, пул медиҳӣ, то барои бозӣ равам?” Ба амаки Саид ин амали писараш маъқул буд. Шод буд, ки ба ин васила фарзандаш мехонаду босавод мешавад. Бовар дошт, ки Мубориз дар рӯзномааш ягон баҳои паст надорад, яъне танҳо чору панҷ мегирад. Чун ҳангоми дар синфи дуюм таҳсил кардани писараш, барои тарбияи хуб ва фарзанди намуна тарбият карданаш ба падар аз мактаб сипоснома омада буд. Аз ҳамин рӯ дар босавод будани фарзандаш ягон шак надошт... Бегоҳи як рӯз, ҳангоми аз кор баргаштани амаки Саид, муаллимаи Мубориз аз сари роҳаш баромад: - Ман ҳам ба хонаи шумо рафтанӣ будам, - гуфт муаллима. – Дар бораи писаратон Мубориз чанд чизро расониданӣ будам. Амаки Саид ҳайрон шуд. Чӣ шуда бошад? Худро тасаллӣ дода, гуфт: “Аз писаре, ки аълохон асту одоби намунавӣ дорад, чӣ ҳам мешунавӣ?
Ҳозир боз таърифаш мекунад”. - Марҳамат, чиро бояд фаҳмонед, муаллима? – амаки Саид бо таваҷҷуҳ ба муаллима гӯш андохт. - Дуруст аст, ки бозӣ дар ҳаёти кӯдак як чизи муҳим аст ва аҳамияти калон дорад. Агарчи дар назари мо бозӣ шуғли кӯдакона менамояд, он дар ҳаёти кӯдак аз аҳамият холӣ нест. Бозӣ барои ҳар як кӯдак фаъолияти мақсаднок ва ташаккулдиҳанда мебошад. Кӯдак тавассути бозӣ барои рушди минбаъдаи худ замина мегузорад. Худро дар нақшҳои гуногуни иҷтимоӣ месанҷад, то замоне, ки аз моҳияти онҳо бархурдор шавад. Кӯдакон тавассути бозӣ метавонанд қобилияти худро дарк намоянд. Ҳамчунин, дар ин замина донишу малака ва маҳорати худро сайқал диҳанд. Шояд гуфтан ҷоиз бошад, ки кӯдакон ба воситаи бозӣ ояндаи худро муайян месозанд. Бозӣ дар ҳаёти кӯдакон ягона шуғле мебошад, ки онҳоро ба сӯи худ беш аз ҳама ҷалб мекунад. Масалан, барои кӯдак бозӣ ва хонданро пешниҳод кунем, дақиқ аст, ки бозиро интихоб мекунад. Аммо ин ҷо саволе аст. Бозӣ бояд чӣ гуна бошад, ки кӯдакро аз роҳ бероҳа накунад? Аз китобхонӣ боз намононад. Мардумгурез накунад. Писари шумо инак чанд моҳ мешавад, ки тамоман аз хондан даст кашидааст. Дар назди ҳамсинфонаш аз ким-кадом қаҳрамонҳои набуда доимо нақл мекунад. Аз дарсҳо мегурезад. Қариб ҳар рӯз баъди соати якуми дарс ӯро дигар дар синфхона пайдо намекунам. Акнун фаҳмидам, ки барои машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ аз дарс мегурехтааст. Дар ҳоли ҳозир ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани кӯдакону нафарони болиғ ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ қабул гаштааст. Аммо он дар ҳаёти кӯдак бисёр хавфнок аст. Он бо худ зуҳуроти нохушро ҳам оварда метавонад. Масалан, ҳолате, ки Мубориз ба он вобаста шудааст. Одат кардан ба интернет, бозиҳои компютерию телефонӣ, ки онро муҳити виртуалӣ-рақамӣ низ
мегӯянд, як навъ талаботи гиребонгирест, ки як қатор амал ва рафторҳо ба таври доимӣ ва такроран, новобаста ба натиҷаҳои манфии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, ба ҷо оварда мешаванд. Агар кӯдакон вақти бештари худро саргарми бозиҳои компютерӣ, интернет ва ё умуман ҷиҳозҳои электронӣ гузаронанд, дар ниҳоди онҳо ҷо мегирад. Барои такрор ёфтани ин амал онҳо волидонашонро фиреб медиҳанд. Ҳамчунин оқибати чунин машғулиятҳо барои кӯдакон аз нигоҳи тиб хуб нест. Онҳоро ба бехобӣ, баланд шудани сатҳи холестерин ва пайдо шудани нишонаҳои бемории қанд оварда мерасонад. Шояд Мубориз ҳоло ҳам одатӣ нашуда бошад. Ҳатман ӯро зери назорат гиред. Ӯ бояд сарҳади байни воқеият ва хаёлотро гум накунад. Дар бораи фаъолияти писаратон дар мактаб ҳаминро бояд гӯям, ки рӯз аз рӯз бад шуда истодааст. Шояд худи шумо рафта аз рӯзномаву дафтарҳояш муайян кунед, ки ӯ ҳоло чи гуна таҳсил дорад. Агар ҳамин тавр давом кардан гирад, мо маҷбур мешавем, ки ӯро аз мактаб пеш кунем. Ана, ҳаминро мехостам, ки ба шумо гӯям, - муаллима суханашро ба поён расонид. - Ташаккур муаллима. Хуб шуд, ки огоҳам кардед. Бо шарофати шумо аз ин ҳолати нохуби писарам огоҳ шудам. Минбаъд тамоми кӯшишҳоро барои ба ҳолати аввал бар гардонидани Мубориз равона мекунам, - ризомандона гуфт амаки Саиду бо муаллима хайру хуш намуд. Амаки Саид ба хона даромада, пинҳонӣ аз Мубориз дафтарҳо ва рӯзномаи ӯро аз назар гузаронид. Навиштаҳои нопурраи дафтар, дар рӯзнома як рӯзи дарсҳо навишта шудаасту як рӯз не, ҳамагӣ баҳои гузошташуда дую серо дида, худ ба худ фикр кард, ки: “Ҳамаи айб дар худам аст, ки ӯро ба бозиҳои компютерӣ одат кунонидам. Пул дода ӯро аз дарсхонӣ дур кардам. Аз ин ба баъд бояд равиши тарбияро дигар кунам. Шояд ҳоло ҳам дер нашуда бошад”.
ДИГАР
Тарбия – мояи ифтихору шараф
НИГИНА БУЗУРУКОВА, директори МТМУ №94-и шаҳри Душанбе
Таълиму тарбияи насли наврас кори пурифтихор ва шараф аст. Зеро дар натиҷаи тарбияи дуруст насли аз ҷиҳати ахлоқӣ ва ҷисмонӣ солим барои ҷомеа пайдо ва хизмат менамояд. Ҳамин аст, ки ин пешаи пурифтихор бе меҳнату заҳмат намешавад. Шабу рӯз заҳмат мебояд кашид, то насли наврас насли воқеии намунавӣ гардад. Боиси нигаронӣ аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо наврасон ба амалҳои номатлуб, ҳатто ҷиноят даст мезананд. Ин зуҳурот ҳоло шакл гирифта истодааст, ки талаб мекунад, на танҳо аҳли илму маориф ва оила, балки тамоми институтҳои ҷамъият барои дурусту хушахлоқ ва ба ҷомеаву миллат фоидаовар ба камол расидани насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд. Чунки дар шароити ҳозира оилаву мактаб танҳо наметавонанд аз уҳдаи идораи наврасон бароянд. Барои он ки дар ҷомеа унсурҳои ҷалбкунанда ва ба ҳар роҳи дигари номатлуб рафтани наврасону ноболиғон мавҷуд аст. Албатта, баъд аз марҳилаи наврасӣ дар ҳаёти шахс зинаи баъдии он шуруъ мешавад, ки даврони ҷавонист. Агар наврасон даврони наврасиашонро бо ҳазору як мушкили равониву ахлоқӣ гузарондида бошанд, табиист, ки ҷавониашон ҳам ҳамсон мегузарад ва аз онҳо умедвор шудан нашояд. Ҳамаи мо медонем, ки Ҳукумати мамлакатамон барои насли наврас ва ҷавонон ғамхориҳои зиёде мекунад. Худи “Соли ҷавонон” эълон гаштани соли ҷорӣ далели ин гуфта аст. Инчунин дар мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва масъулони шаҳри Душанбе дар таърихи 15 феврали соли ҷорӣ бори дигар ба масъалаи наврасон, назорат ва тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳ карда шуд. Махсусан, қайд гардид, ки “Воридшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва умуман наврасони то синни 14 баъд аз соати 18 ба интернет-кафеҳо манъ карда шавад”. Фикр мекунам, ин супориши Президенти муҳтарам, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон айни муддаост. Зеро аксари наврасон хушунату зӯроварӣ ва дағалиро аз тариқи интернет ёд мегиранд. Онҳо дағалиро дар бозиҳои интернетӣ, ки аксарияти зиёдашон ба руҳу равон ва мафкураи наврасон таъсири сахти манфӣ доранд дида, дар ҳаёти худашон ҳам амалӣ кардан мехоҳанд. Ҳол он ки бозӣ, хусусан бозиҳои компютерӣ, дигар асту зиндагии воқеии мо дигар. Бинобар ин, дар баробари назорати мақомоти дахлдошта дар берун инчунин зарур аст, ки волидон дар хона ва муаллиму мураббияҳо дар мактабҳо назоратро пурзӯр намоянд. Бояд ҳамон ҳалқаи оила - мактаб – ҷомеа ба таври ногусастанӣ сохта шавад ва амал намояд. Танҳо дар ин ҳолат насли наврасро аз ҳар гуна оқибатҳои харобиовар ҳимоя кардан мумкин мегардад.
Суҳбати Мажайка бо намояндагони ВАО Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки шореҳи байналмилалии соҳаи телевизион, профессор Кипрас Мажaйка ҳамоиш баргузор гардид. Кипрас Мажaйка собиқадори соҳаи журналистика буда, ҳадафи ташрифи ӯ ба Тоҷикистон шиносоӣ бо бахшҳои гуногуни ВАО-и кишвар мебошад. Ӯ бо кормандони телевизион, радио ва нашрияҳо мулоқот намуда, ба онҳо оид ба жанрҳои муосири ВАО, тарзи дурусти пешниҳоди мазуъҳо, истифодаи технологияҳои ҷадид дар телевизион, радио ва нашрияҳо, инчунин таъсири интернет дар иттилоърасонӣ маълумот дод. Кипрас Мажaйка ноиби президенти Академияи Авруосиёгии ВАО буда, солиёни зиёд дар соҳаи журналистика фаъолият кардааст.
√ ХОСИЯТҲОИ
ЯК ҶАВОН
Маданияти шаҳрнишинӣ Мусофирбари ҷамъиятӣ дар хатсайри 33 аз назди Комплекси таъбу нашри “Шарқи озод” мусофиронро савор кардаву бо шаст ба ҳаракат даромад. Ронанда ҷавони тақрибан 33-35-сола, нафари пулчин ҷавони 18-20-сола буданд. Ҷойи нишаст нест, эҳтимол мусофирон кори таъҷилие доранд, ки ҷой набошад ҳам, савор шуданд. Вақте ба истгоҳи корхонаи Нассоҷӣ наздик мешуд, ронанда аз оинаи шафат дид, ки мусофирбари дигари ҳамин хатсайр бо суръат меояд ва ба пулчинак хитоб кард: “Биги, биги ин одамоя, биги! Лекин тезтар кун, ки ёздаҳу ҳафтод омад!” (Шумо ҷои рақами мошин - ёздаҳу ҳафтод (11 70) ҳар рақми дигареро ва ҷои хатсайри 33 ҳар хатсайреро метавонед гузоред. Ман танҳо ҳамонеро дидам, ки мегӯям...) Ҷавони пулчин дигар худро идора карда наметавонист: “Э, хола тезтар кун, амакӣ даро, болотар равед, дар пеши дар наистед. Э биҷумббиҷумб дер шуд, охир” гӯён мусофиронро саросема ба мошин савор мекард. Мусофири охир ҳанӯз пурра вориди мусофирбар нашуда, он дигарӣ ҳанӯз дар мошини пуродам ҷойи мувофиқеро барои доштан пайдо накарда, ронанда мошинро боз бо ҳамон суръати баланд ба роҳ даровард. Баъд аз як истгоҳ, вақте мусофирбар мағозаи мавсум бо “Парасту”-ро гузашт, марди солманде (синнаш шояд аз 65 боло буд) савор шуд ва ҳамагӣ пас аз як истгоҳ хоҳиши фаромадан кард. Боз пулчини мусофирбар гуфт: “Амакӣ, тезтар шав, ай қафо мошин омадестай...” Мусофир оромона ҷониби дар рафтан гирифт ва гуфт: “Саросема нашав, бача, ин ҷо одамҳо нишастаанд, кӯдаки майда доранд, занҳо ҳастанд... Мошина бо ин ҳол чаппа карданат мумкин... Ман солҳои зиёд дар сохторҳои ин шаҳр кор кардам, вале ин тарзи мошинрониро пештар надидам. Партоед ин нағмаҳотона...” Аз гапи марди мусофир ғазаби ҷавони пулчин ҷӯшид, “Э амакӣ, биё вақтамона нагир, дер шуд” гуфт ӯ ва мусофир берун шудан баробар дарро сахт пӯшид. Дар курсии назди ронанда як ҷавони дигар нишаста буд. Шояд “мушовир”-и ронанда буд ё аз пулчин, ки гуфт: “Ҳаминхелиҳоша бизан як шатта аз пушташу дарата пӯш...” Манзур аз “ҳаминхелиҳош” ҳамон мусофири аз мошин пиёдашуда буд, ки насиҳаташ ба “мушовир” хуш наомад. *** Шаҳр. Қабати чоруми бинои нуҳошёна. Дар як тарафи даҳлез шохаҳои дарахтро ҷамъ карда гузоштаанд. Ҳар касе ҳам агар сар боло карда нигоҳ карданӣ шавад, мебинад. Вақте бори аввал дида пурсидам, ки ин шохаҳоро кӣ овардааст ва чи кор мекунад, яке гуфт: “Алов мекунанд. Ҳамин ки дилашон нони танӯрӣ хост, гирифта поён мефароранд ва нон мепазанд...” *** Боз ҳам дар яке аз қабатҳои болоии бинои баландошёнае дар шаҳр. Дари хонае кушодааст ва даҳлези умумии ин қабатро бӯи равғани пах-
та печонида гирифтааст. Шиддати бӯй ба ҳадде баланд аст, ки ба ошёнаҳои поён ҳам фаромадааст. Вақте ба хонаи яке аз дӯстон дар ҳамон қабат меҳмон шуда, бӯи равғанро ҳис карда, балки аз он нафасгир шуда, пурсидем, дӯстамон бо чеҳраи гирифта ва андаке асабӣ шуда гуфт: “Ҳамсоя як одат дорад: доим равғани пахта истифода мебарад ва ҳар боре, ки онро доғ карданӣ шавад, дари хонаашро калон мекушояд, то бӯйи равған аз хона ба берун барояд...” *** Ҳамсоя тӯй дорад. Духтарашро ба шавҳар доданист. Охири ҳафта ҷониби домод барои бурдани арӯс омадааст. Наворбардори ҷавон аз як тараф истода саҳни ҳавлиро навор бардоштанист. Чанд лаҳзаи маъқул бардошт ва хост тамоми биноро аз поён то боло ва аз ин бар то он бараш навор гирад. Ҳамин ки сар боло карда дастгоҳашро ба кор дароварданӣ шуд, таъбаш хира гашт. Зеро дар қабатҳои дуюму сеюму чоруми бино либосҳои овезонро дид. Шояд либосҳо танҳо аз куртаву шим... иборат мебуданд, ҷои хиратаъбии наворбардор набуд, вале миёни овезаҳо либосҳои дигар ҳам буданд... ...Ҳарчанд мустақилияти давлати моро чоряк аср сипарӣ шуд, вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам фарҳанги шаҳрнишинӣ дар мардуми мо шакл нагирифтааст. Ҳоло ҳам мо бо бӯйи равған ҳамсояамонро азият медиҳем, бо доду фарёд оромии дигаронро дар ҷамъият халалдор мекунем, бо овози баланд дар роҳ якдигарро қабеҳ мегӯем, аз худ калонро эҳтиром надорем ва ҳуқуқи мусофирро дар ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ зери по мекунем. Кор то ба дараҷае расид, ки 15 феврали соли равон Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе аз ин масъала изҳори нигаронӣ кард. “Фарҳанги шаҳрдории мо беҳбудиро талаб карда, маданияти шаҳрнишинӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои шаҳр, хонаҳои баландошёна риоя намешавад ва муомилаву муоширати сокинони шаҳр на ҳамеша мутобиқи суннатҳои мардуми куҳанбунёду бостонии мост”, - таъкид намуд Президенти мамлакат. Мутаассифона, мисли ҳар масъалаи дигар мо интизор шудем, ки кай худи Президент ин масъаларо ба миён мегузорад, то аз пайи иҷрояш бишавем. Бисёр шармовар аст, ки касро барои тоза кардани пушти дараш, барои бо бӯйи хӯроку равған ҳамсояро озор надоданаш ва барои дар ҷомеа ором рафтор карданаш бигӯянд. Ҳол он ки ин масъала болотар аз фарҳанги шаҳрнишинӣ буда, маданияти инсонист. Одамгарист. Пас, зарур аст, ки шуури инсонгарии ҷомеа ташаккул ёбад. Барои боло рафтани фарҳангу маданият шахс бояд завқ дошта бошад. Завқ бошад парвариш мехоҳад. Ҷавононро, ки ояндагони миллатанд, мебояд маданияти шаҳрнишинӣ, инсонӣ ва завқи худро тарбият намоянд!
Башир УСМОН, “ҶТ”
√ АСРОРИ
7
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
ҲУНАР
БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ
Суруди пурмазмун ҳунармандро муваффақ месозад Эҷодкорони асил пас аз фикру мулоҳизаҳои зиёд ба хулосае омаданд, ки ҳеҷ кас бояд аз дунболи касе наравад. Ҳар нафар роҳи худро дошта бошад. Касоне, ки тибқи гуфтаи мазкур амал мекунанд, муваффақ мегарданд. Бо дарки ин нукта имрӯз низ дар ҷодаҳои гуногун нафароне ҳастанд, ки бо маҳорату малакаи фавқулодда тавонистаанд дар роҳи эҷод пайроҳаи муносиберо баҳри худ созмон диҳанду ба дастоварди назаррас ноил гарданд. Ҷой ва мақоми махсус пайдо намудан дар сарояндагӣ он қадар саҳл набуда, балки баҳри муаррифӣ гардидану дӯстдори мардум шудан роҳест душвору меҳнатталаб. Нафаре, ки миёни мардум соҳиби обру гардидааст, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев мебошад. Чун аз ӯ пурсон гардидем, ки омили комёбиҳояш дар чист, иброз дошт: “Ман, ростӣ, кӯшиш мекунам, ки дар санъат роҳи худамро ёбам. Зеро санъат баҳри беохир аст. Ягон нафар дар санъат “ман” гуфта наметавонад. Бисёр устодони санъат, ки то ин дам буданд, боз баъди мо низ мешаванд ва албатта касе, ки барои халқ ва барои нангу номуси миллӣ сарояду сидқан хизмат намояд, ҳатман муваффақ хоҳад шуд. Вақте суруди ҳунармандро дар тамоми манотиқи кишвар гӯш намоянд, қадр кунанд, ана, ҳамон вақт ҳунарманд метавонад гӯяд, ки комёб аст. Ҳунарманд бояд ҳунарманди як ноҳия ва ё гӯша не, балки ҳунарманди тамоми ҷумҳурӣ бошад. Ба мисли устодон Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва дигарон. Имрӯз низ ҳастанд ҳунармандоне, ки онҳоро тамоми ҷумҳурӣ баробар эътироф намудаасту дӯст медорад. Ҳунарманд бояд ҳамавақт эҷод намояду кӯшиш”. - Ба назари Шумо, дар роҳи ҳунар чӣ тавр метавон муваффақ гардид? - Вақте ки ҳунарманд ватансаро шавад, барои тарбияи насли наврас хизмат
намояд, бевосита ба зинаҳои бузург оҳиста-оҳиста рафта мерасад. Агар ба шарте ки дили мардумро ёбад. Асосан ҳунарманд бо ду қувваи бузург фаъолият менамояд. Якум, Худодод будани истеъдод, баъдан эҳтироми халқ. Халқ бисёр як қувваи бузург аст. Агар ҳунаратро эътироф намояд, як бурди хеле бузург аст. Роҳи ҳунар роҳест, ки бахилӣ мекунанд, дар бораат ҳар хел овозаҳо мебароранд. Аз паси одам гапҳои нодуруст мегӯянд. Масалан, маро дар тайи тарма монданду ину он шуд. Ман ҳамаи инро пушти сар карда, фақат эҷод намудам. Хеле хушбахтам, ки баҳри мухлисони санъати асил эҷод менамоям. Ҳунар чизест, ки онро Офаридгор медиҳад. Ҳунар дили мардумро ёфтану дар ҳама ҷо онро аз сидқи дил иҷро намудан аст. - Суруд бояд ба шунаванда чӣ бахшад ва фаъолияти эҷодии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Вақте ки суруди модарро месароям, як нафар модарашро ёд менамояд. Бисёр ҳам бо дарди баланд сароидан лозим, то суруд қалби мардумро таскин бахшад. Ҳар дарде, ки дар дили шунаванда ҳаст, ҳар суруде ки аз тарафи овозхон садо медиҳад, бояд дарди дили шунаванда бошад. Беш аз 35 сол мешавад, ки сарояндагӣ мекунам. Бисёр шебу фарозҳое буданд, ки шоҳидашон гардидем. Фақат як хушнудӣ дорам ва ифтихор менамоям, ки ман тоҷикаму ҳамин хел Ватан дорам. Қадри суруду ҳунарамро мардум медонанд. Ин ҳама аз меҳнати хоксорона ва суруди пурмазмун аст, ки ба дили мардум ҷой ёфтааст. Соли 2016 беш аз 16 суруди тоза сабт намудам. Албатта шукронаи сулҳу ваҳдати миллӣ менамоям. Айни ҳол дар санъат боз чизҳои наву тозаро омӯхта истодаам. Мехоҳам дар санъати миллии тоҷикӣ навовариҳо кунам. Пештар ҳофизон бо як доираву аккордеон базмҳоро обод мекарданд. Ҳозир даҳ
нафар мусиқачӣ ба саҳна мебароянд. Мехоҳам сурудҳои оммавие, ки панҷоҳ-сад нафар мехонанд, эҷод намоям. Мехоҳам як Суруди миллии тоҷикӣ бошад, ки ҳама сароем. - Вобаста ба вазъи имрӯзаи санъати сарояндагӣ чи назар доред? - Вазъи суруду мусиқии мо назар ба солҳои пеш беҳтар аст. Сатҳи ҳунари ҳунармандон баланд гардид. Як вақтҳо баъзан оҳангҳои ҳунармандони эстрадаи мо аз оҳангҳои туркиву ҳиндӣ гирифта мешуд. Имрӯз як сабки тоҷикона дар ҳунармандон пайдо шуд. Яъне онҳо аллакай пухта шуданд. Бисёриашон баркамол гардиданд. Бинобар ин, ҳунармандони даврони истиқлолият бисёр ҳунармандони хуб ҳастанд ва бо дили пур метавонем, саҳнаро ба онҳо супорем. Имрӯз ҳунармандони мо бояд ки забондон бошанд. Зеро ҳунарманд, вақте забон медонад, метавонад, ба тамоми забонҳо сарояд. Дар чандин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дар кишвари худамон баргузор гардид, ҳунармандони мо бо забонҳои гуногун суруд хонданд. Иштирокчӣ, ки аз кишварҳои мухталиф буданд, вақте бо забонашон суруд шуниданд, дар ҳайрат афтоданд. Ана, ин аст сеҳру ҷодуи санъат. - Ба андешаи Шумо, ҷавонони имрӯза бояд чӣ гуна бошанд? - Ҷавонони мо бисёр пешрафтаанд. Онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ сарбаландона таҳсил намуда истодаанд. Мо бисёр мутахассисони хуби ҷавон дорем. Дар ҷое, ки онҳо метавонанд аз уҳдаи кор бароянд, онҳоро ба ҳамон ҷо сафарбар намудан лозим. Дар баробари ин ҷавонон бояд Ватанро дӯст доранд, обод намоянд ва созанда шаванду саҳми худро дар пешрафти кишвар гузоранд. Тоҷикистонро дӯст доштан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Ҷавонон бояд доно бошанду калонсолонро эҳтиром намоянд.
8
“Ҳосилот” аз “Дордой” шикаст хурд Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор – барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2016 – дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар меҳмонӣ аз дастаи “Дордой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голи ягонаро дар дақиқаи 55 Алишер Азизов зад. Бозии ҷавобии дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумуҳриявии шаҳри Душанбе доир мегардад. Ғолиби даври плей-офф ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 роҳхат мегирад.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё дар Саппоро оғоз гардид 19-уми феврал дар шаҳри Саппорои Ҷопон маросими расмии ифтитоҳи VIII-умин Бозиҳои зимистонаи Осиё баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ - Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито - шоҳзодаи валиаҳди Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд. Дар Бозиҳои VIII-уми зимистонаи Осиё, ки то 26 феврал идома меёбад, ҳудуди 2000 варзишгару мураббӣ ва шахсони расмӣ дар ҳайати 32 даста иштирок доранд. Ин шумора дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба 843 варзишгар дар ҳайати 26 дастаро ташкил медод. Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш, аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорттрек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд. Шаҳри Саппоро бори сеюм мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё мешавад. Ин бозиҳо солҳои 1986, 1972 ва 1990 низ дар ин шаҳр баргузор гашта буд. Тоҷикистонро варзишгарон Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо намояндагӣ мекунанд. Онҳо бо сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд. Боиси зикр аст, ки баробари фаъол гардидани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона саҳм гузошта истодааст. Дар муддати кутоҳ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзишӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар чандин ҷамъомадҳои машқӣ, таълимӣ ва варзишӣ барои рушду инкишофи намудҳои зимистонаи варзишӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «СафедДара» баргузор намудааст. Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё аввалин имконияти иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он барои сайқал додани малакаи ҳар узви дастаи мунтахаб муҳим арзёбӣ мегардад. Роҳбарияти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ таҷриба гирифта, сатҳ ва сифати ин намуди варзишро дар кишвар боло барад.
Мастчоҳ – ғолиби мусобиқаи ММА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Барои инкишофи маъна- кишварҳои мухталифи сайёра ба муҳорибаҳои омехта байни вию ҷисмонии ҷавонон ва мебошад, зеро ояндаи ҳар мил- ҷавонон ва калонсолон баргунерӯи солими онҳо давлат ва лат ҷавонони солиму бардам ва зор шуд. Дар чорабинӣ, ки бахҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қувваи ақлонию ҷисмонӣ шида ба “Соли ҷавонон” ва Рӯзи тамоми чораҳои заруриро ан- бо илму фарҳанг, ба ору ному- Артиши миллӣ доир гашт, зиёда дешида, барои тарбияи насли си он ҳастанд, ки бо фаъолияти аз 60 варзишгар аз ноҳияҳои солим заминаҳои мустаҳкам хеш таъриху фарҳанги худро Мастчоҳ, Ашт, шаҳрҳои Бӯстон фароҳам овард. Варзиш дар ба- густариш бахшида, обрӯю эъти- ва Хуҷанд иштирок намуданд. робари ташвиқу тарғиби тарзи бори халқу миллатро дар байни Дар натиҷа варзишгарони ҳаёти солим, яке аз воситаҳои оламиён баланд мебардоранд. ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷойи беҳтарини таҳкими дӯстии миёДар ин радиф 19 феврал аввал, варзишгарони шаҳри ни халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тибқи нақшаи чорабиниҳои Бах- Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм ва аст. Ҳамзамон, варзиш омили ши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ варзишгарони шаҳри Бӯстон самуҳими муаррифӣ ва наздик дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи зовори ҷойи сеюм гардиданд. гардидани халқу миллатҳо ва Мастчоҳ мусобиқаи кушод оид
Шералӣ АЗИМӢ, “ҶТ”
Шанбе - рӯзи варзиш ва солимгардонӣ 18 феврал, бо мақсади иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини иштироки наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таҳти унвони “Шанбе - рӯзи варзиш ва солимгардонӣ” чорабиниҳои гуногуни варзишӣ доир гардиданд. Ҷавонону наврасони пойтахт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба “Соли ҷавонон” дар иншооти варзишии шаҳри Душанбе ба машғулияҳои оммавию варзишӣ баромада, ба тамринҳо ва дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуданд. Дар ин замина, чорабиниҳои варзишӣ бо машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди бинои Сирки давлатӣ, мактабҳо ва майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, давоми рӯз чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид
ба гуштини тарзи озод, мусобиқаҳои варзишии рафиқона оид ба намудҳои гуштин, варзиши сабук, гимнастика, акробатика, таэквондо, камонварӣ, бокс, муҳорибаи тан ба тан, футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот ва шашка доир шуданд. Илова бар ин, дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишии “Дави дӯстӣ” гузаронида шуд, ки дар чорабинӣ ҷавонони фаъолу ихтиёрӣ иштирок намуданд.
9
Умедҷон бо «Машъал» шартнома баст Нимҳимоятгари тими миллии кишвар Умедҷон Шарипов карйераашро дар чемпионати Узбекистон идома медиҳад.
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
Футболбози 24-сола бо клуби футболи “Машъал”-и шаҳри Муборак ба муддати як сол шартнома баст. Умедҷон ба “Машъал” аз дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа гузашт. “Машъал” дар мавсими футболи гузашта дар чемпионати Узбекистон ҷои 8-умро ишғол кард.
√ МАЙДОНИ
САБЗ
ҶОМИ ФФТ-2017: "Истиқлол", "Регар", “Куктош” ва “Равшан” дар нимфинал "Истиқлол"-и Душанбе ва "РегарТадАЗ"-и Турсунзода аз гурӯҳи “Б”, “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Равшан”-и Кӯлоб аз гурӯҳи “А” ба даври нимфинали Ҷоми ФФТ-2017 роҳхат гирифтанд. ҶАДВАЛИ ҲАМАИ БОЗИҲО: 1-ум давр Гурӯҳи “А”. 13 феврал «Равшан» – «Ҳосилот» – 1:1 Голҳо: Зокир Абдулхайров, 52 (1:0). Ҳасан Рустамов, 57 (1:1). «Хуҷанд» – «Куктош» – 0:1 Гол: Мисиам Иносент, 85. Гурӯҳи «Б». 14 феврал «Истиқлол» – «Ҳулбук» – 11:0 Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 22 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 27 (2:0). Ҷаҳонгир Алиев, 28 (3:0). Дмитрий Барков, 34 (4:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 44 (5:0). Фатҳулло Фатҳуллоев , 45+1 (6:0). Нуриддин Давронов, 62 (7:0). Ромиш Ҷалилов, 80 (8:0). Дилшод Восиев, 89 (9:0). Фаридун Шарипов, 90+1 (10:0). Дилшод Восиев, 90+2 (11:0). «Регар-ТадАЗ» – «Ашт» – 6:2 Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 12 (1:0). Баҳодур Абдуғаниев, 22 – автогол (2:0). Евгений Хотимский, 44 (3:0). Фирӯз Қараев, 51 – автогол (4:0). Дилмурод Донаев, 65 (4:1). Достон Абдуллоев, 70 (4:2). Азиз Мансуров, 80 (5:2). Комрон Турсунов, 89 (6:2). 2-юм давр Гурӯҳи «А». 15 феврал «Равшан» – «Куктош» – 1:0 Гол: Садхони Амрохон, 39. «Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 1:1 Голҳо: Наврӯз Рустамов, 21 (0:1). Манучеҳр Ахмедов, 85 (1:1).
Гурӯҳи «Б». 16 феврал «Регар-ТадАЗ» – «Ҳулбук» – 5:0 Голҳо: Евгений Хотимский, 6 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 8 (2:0). Азиз Мансуров, 14 (3:0). Ҳикматулло Расулов, 31 (4:0). Шерзод Маҳмадиев, 86 (5:0). «Истиқлол» – «Ашт» – 14:1 Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 1 (1:0). Дилшод Восиев, 9 (2:0). Дилшод Восиев, 13 (3:0). Соҳиб Саванқулов, 25 – автогол (3:1). Дилшод Восиев, 27 (4:1). Дилшод Восиев, 41 (5:1). Дилшод Восиев, 44 (6:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (7:1). Ромиш Ҷалилов, 45+1 (8:1). Дилшод Восиев, 49 (9:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 57 (10:1). Дмитрий Барков, 58 (11:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 67 (12:1). Дмитрий Барков, 87 (13:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 90 (14:1). 3-юм давр Гурӯҳи «А». 17 феврал «Равшан» – «Хуҷанд» - 0:0 «Куктош» – «Ҳосилот» – 3:2 Голҳо: Акуффо Гершон, 9 (0:1). Агблей Ҷонс, 27 (0:2). Эҳсон Бобоев, 60 (1:2). Адҳам Абдуллоев, 63 (2:2). Собир Холматов, 67 – аз пеналтӣ (3:2). Гурӯҳи «Б». 18 феврал «Ҳулбук» – «Ашт» – 8:4 Голҳо: Дилмурод Донаев, 26 (0:1). Исохуҷа Раҳматов, 33 (1:1). Насим Соҳибназаров, 39 (2:1). Зоир Холматов, 45 (3:1). Дилмурод Донаев, 56 (3:2). Юсуф Зоиров, 62 (4:2). Исохуҷа Раҳматов, 66 (5:2). Муҳсин Додоҷонов, 73 (5:3). Зоир Холматов, 80 (6:3). Некрӯз Қосимов, 84 (7:3). Бахтиёр Эркаев, 88 (7:4). Вориси Шерзод, 89 – аз пеналтӣ (8:4). «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:4 Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 21 (0:1). Евгений Хотимский, 24 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 30 (1:2). Дилшод Бозоров, 41 – аз пеналтӣ (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 48 (2:3). Дилшод Восиев, 75 – аз пеналтӣ (2:4).
Мавқеи дастаҳо Гурӯҳи “А”
1 2 3 4
«Куктош» (Рӯдакӣ) «Равшан» (Кӯлоб) «Ҳосилот» (Фархор) «Хуҷанд» (Хуҷанд)
Б 3 3 3 3
Ғ 2 1 0 0
М 0 2 2 2
Б 1 0 1 1
Т-Т 4-3 2-1 4-5 1-2
Х 6 5 2 2
Б 3 3 3 3
Ғ 3 2 1 0
М 0 0 0 0
Б 0 1 2 3
Т-Т 29-3 13-6 8-20 7-28
Х 9 6 3 0
Гурӯҳи “Б” 1 2 3 4
ДУНЁИ ВАРЗИШ
«Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Ҳулбук» (Восеъ) «Ашт» (Ашт) Нимфинал. 22 феврал «Куктош» – «Регар-ТадАЗ» «Истиқлол» – «Равшан»
24 феврал Бозӣ барои ҷои сеюм Финал
Нуриддин Давронов Ахмедович 16 январи 1991 дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба варзиш шавқи беандоза дошт. Мегӯяд: “Вақте дар кӯдакиам бисёр шавқу ҳаваси футболбоз шуданро ШАҲБОЗИ АСОМИДДИН доштам, падарам маро ба мактаби варзишии “Динамо” бурданд. Дар он ҷо бо дастгирии аввалин мураббиам Валерий Урунов нозукиҳои футболро омӯхтам. Баъди чанд муддат хостам тамринро берун аз кишвар идома диҳам ва аъзои оила ба хулосае омаданд, ки маро ба мактаби футболи “Минск”-и Беларус баранд”.
Нуриддин Давронов Роналдои тоҷик Нуриддин таҷрибаи футболбозиашро дар мактаби футболи кӯдаконаи Минск сайқал дода, соли 2006 ба Ватан баргашта, шомили дастаи хурдсолони “Энергетик” (Душанбе) мешавад. Нуриддин сабаби ба дастаи хурдсолони “Энергетик” дохил шуданашро чунин иброз медорад: “Ман мехостам дар тими мунтахаби то 17-солаҳои Тоҷикистон бозӣ кунм. Бо ин сабаб ба дастаи “Энергетик” омадам, то ки сармураббии онвақтаи тими 17-солаҳои кишвар Пулод Қодиров бозии маро бинад ва маро ба дастаи мунтахаб шомил гардонад. Дар дастаи “Энергеник” бозии хуб нишон додам ва мураббии тими 17-солаҳои кишвар маро ба даста даъват намуд”. Соли 2007 ба Нириддин муясар шуд, ки бо ҳайати тими 17-солаҳои Тоҷикистон дар ҷоми ҷаҳон ширкат намояд. Ҷоми ҷаҳон соли 2007 дар Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати 24 даста баргузор гардид. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо тимҳои пурқуввати ҷаҳон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тунис ва Белгия қувва озмуд ва дар гурӯҳ ҷойи сеюмро ишғол кард. Дар бозӣ бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозингарони кишвар, алалхусус Нуриддин, ки голи ҳалталабро ба ҳадаф расонид, маҳорати хуби футболбозиашонро нишон доданд (3-4). Пас аз ҷоми ҷаҳон Нуриддинро дастаи ҷавонони “Локоматив”-и Москва ба ҳайаташ даъват намуд ва ӯ то соли 2009 бо ин тим шартнома баст. Моҳи январи соли 2009 ба Ватан баргашта, ба дастаи “Истиқлол”-и Душанбе шомил шуд. Соли 2012 Нуриддин бо дастаи “Истиқлол” Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)ро ба даст овард. Дар он давра “Истиқлол”-ро мураббии сербиягӣ Никола Кавазович тамрин медод. Б о кӯмаки Никола Кавазович соли 2013 Давроновро дастаи “Слобода”-и Славакия даъват кард. Дар ҳайати ин даста 2 марти соли 2013 дар бозӣ бо тими “Борчи” бори нахуст ба майдон баромад. Худи ҳамон сол боз ба дастаи “Истиқлол” баргашта, то соли 2016 шартнома баст.
Нуриддин дар ҳайати дастаи “Истиқлол” 71 бозӣ карда, 9 гол задааст. Соли 2016 тими “Дунав”-и Булғористон бо футболбози 26-солаи тоҷик дусола шартнома баст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе соли 2017 дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки ғолиби Ҷоми КФО гардад. Бо ин сабаб собиқ капитани дастаашро то охири моҳи июл аз дастаи “Дунав” ба иҷора гирифт. Нуриддин Давронов соли 2008 ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Голи аввалинашро дар тими мунтахаб 9 марти соли 2012 ба дарвозаи дастаи мунтахаби Ҳиндустон задааст. Дар ҷамъ дар тими мунтахаби кишвар то имрӯз 39 бозӣ анҷом дода 9 гол задааст. Нуриддин соли 2012 беҳтарин нимҳимоятгари Тоҷикистон дониста шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ӯ соли 2014 низ унвони беҳтарин нимҳимоятгари солро дода, ӯро Роналдои тоҷик гуфтааст. Нуриддин мегӯяд, ки “барои ман шараф аст, ки имрӯз мухлисони футболи тоҷик маро ба ин футболбози машҳур баробар мекунанд”.
Нуриддин бо “Истиқлол” ду бор унвони чемпиони Тоҷикистон (2010, 2011), ду бор Ҷоми То ҷ и к и с т о н (2009, 2010), се бор Абарҷоми Тоҷикистон (2010, 2011, 2012), як маротиба ҷоми президенти КФО (2012)-ро соҳиб гаштааст. Бо тими мунтахаби Тоҷикистон соли 2008 медали нуқраи Ҷоми даъватии КФО-ро ба даст овардааст.
10
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ДУНЁИ ВАРЗИШ
Рустам Эмомалӣ ТВ “Футбол”-ро ба кор даровард Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ шоми 21 феврал бо пахши тугма ба фаъолияти канали телевизионии “Футбол” оғоз бахшид.
ТВ “Футбол” аввалин канали телевизионии махсуси Тоҷикистон аст, ки дар формати муосири HD 24 соат барнома бахш мекунад. Он бозиҳои тими миллии кишвар, Лигаи футболи Тоҷикистон – лигаи олӣ, лигаи аввал, чемпионат ва мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё – лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО, чемпионати Осиё, ҳамчунин чемпионатҳои миллии минтақаи Осиёро намоиш медиҳад. Мухлисони футбол, инчунин бозиҳои лигаи қаҳрамонҳои UEFA ва лигаи Аврупо, премйер-лигаи Англия, ла-лигаи Испания, серияи “А”-и Италия, бундеслигаи Олмон, лигаи 1-и Фаронса, Ҷоми Амрико ва дигар бозиҳои чемпионатҳои Аврупоро метавонанд аз “Футбол” тамошо кунанд. Дар канали нав барномаҳо оид ба футбол, ситораҳои футбол, таърихи кулбҳо, қаҳрамонҳо ва клубу дастаҳои мунтахаби машҳур пахш хоҳад шуд. Президенти ФФТ гуфт: “Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон мухлисон ва дӯстдорони футболро бо ифтитоҳи канали телевизионии “Футбол” таҳният мегӯям. Ба эфир баромадани канали телевизионии “Футбол” ба оммавияти бештари варзиш, хусусан футбол дар мамлакат мусоидат хоҳад кард”.
Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. Мусаллам аст, ки тамаддуни ориёӣ фарогири ҷуғрофиёи бузурге буда, дар доираи он қавму милал ва халқиятҳои ҳавзаи ҳиндуориёӣ арзи ҳастӣ мекарданд. Зимнан, тамаддуни тоҷикӣ низ ба ин доираи бузурги тамаддун шомил буда, маҳз дар паҳнои ин ҷуғрофиё аз қадимтарин замонҳо ба тамрини зеҳнӣ ва варзиши бадан машғул мешуданд, то дар баробари мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ва ҳаводиси табиӣ муқовиматпазир бошанд. Муқовимати зеҳнӣ дар баробари таҳоҷуми аҷнабӣ ҳувияти тоҷикро то имрӯз ҳифз намуда, махсусияти худдифоӣ бахшидааст. Аз ҷониби дигар, кашфи варзиши зеҳнӣ дар баробари ҳунарҳои дигари бумӣ (гӯштингирӣ, аспдавонӣ, ҷавгонбозӣ ва амсоли инҳо, ки аз инсон вижагиҳое, аз қабили серҳаракатӣ, чолокӣ, таваҷҷуҳи хоса, фаросат, диққат, шуҷоат, матонат, қувват ва маҳоратро талаб мекунанд), маънои таҳаққуқ бахшидани тавозуни ҷисмию равониро дар муҳити зиндагӣ ифода мекунад. Шоҳмотбозӣ яке аз силсилабозиҳои мутадовил дар муҳитҳои фарҳангию тамаддунии мардуми форсу тоҷик буда, таърихи тӯлонӣ дорад. Дар луғатҳо дар мавриди вожаи «шоҳмот» таъкид шудааст: «Шоҳмот истилоҳест дар бозии шатранҷ, ҳангоме ки муҳраи шоҳ мот шавад» (Амид Ҳаан. Фарҳанги Амид. – Ҷилди дуюм. Теҳрон: Амири кабир, 1381. - С.1527). Ҳамин тафсирро дар зайли вожаи «шоҳмот» метавон дар фарҳангҳои дигар, аз ҷумла «Фарҳанги Муин» мутолиа кард: «ҳангоме ки «шоҳ» шатранҷро мот кунад, мот кардан гӯянд (Муин Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муин (якҷилдӣ). – Теҳрон: Фарҳангнамо, 1387. С.644). Аз ин ҷо бо калимаи машҳури шатранҷ вомехӯрем, ки дар шакли паҳлавӣ – catrang - чатранг (ба арабӣ шатранҷ) омада, аз калимаи «читуранго» (caturanga) баргирифта шудааст, ки дар забони санскрит ба маънои чаҳорхона ё андоми чаҳоргонаи сипоҳи «филу аспу иродаву пиёда» аст (Амид Ҳаан. Фарҳанги Амид. – Ҷилди дуюм. Теҳрон: Амири кабир, 1381. - С.1538). Ҳамчунин шатранҷ ё шатрангро бозие қаламдод кардаанд, ки ба василаи муҳраҳое ба шаклҳои мухталиф: шоҳ, вазир, асп, рух, фил, пиёда бар рӯйи саҳнаи чӯбини дорои хонаҳои мутааддид бозӣ кунанд (Муин Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муин (якҷилдӣ). – Теҳрон: Фарҳангнамо, 1387. - С.649). Аз зуҳури бозии шатранҷ ва мутадовил будани он дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоии давраи Сосониён иттилоот вуҷуд дорад (Дарёӣ Тураҷ. Таърих ва фарҳанги Сосонӣ. Тарҷумаи Меҳрдоди Қудрат. Теҳрон, 1387. - С.112). Ин бозӣ дар доираҳои ҳамкориҳои салтанатҳои Сосониёну ҳиндувон кашф шуда, бозгӯкунандаи ҳамшарикии ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ форсӣ-тоҷикӣ ва ҳиндӣ мебошанд. Ин буд, ки дар қолаб ё ба истилоҳи имрӯзӣ, формати муносиботи дипломатӣ давлатдории Сосонӣ бо ҷаҳони он рӯзгор, аз ҷумла бо Ҳинд иртибототи фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ дошт (Пирниё Ҳасан, Оштиёнӣ Иқбол. Таърихи Ирон. – Теҳрон: Самир, 1387. С.257). Ирони асри Сосонӣ, бо сабаби он ки бахши бузурге аз Роҳи абрешимро дар сарзамини худ дошт (Ирон: таърих, фарҳанг, ҳунар. Теҳрон, 1384. - С.344), имкони бештари ҳамлу нақл ё содироту воридоти молу колоро дар ҳар шакле, аз ҷумла колои фикрӣ пайдо мешуд. Бар мабнои ин, як навъ мусобиқоти фарҳангӣ ва иқтисодӣ миёни давлатҳои минтақа сурат мегирифт. Фирдавсӣ аз ин гуна мусобиқот ва доду ситадҳо зимни баррасии авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёдовар мешавад. Бахусус, дар мавриди бозии шатранҷ ё шоҳмот ва вуруди он ба ҳавзаҳои фарҳангию сиёсӣ достон-гуфторҳо
Шоҳмот – варзиши фикрӣ ихтисос додааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар боби «Андар фиристодани Ройи Ҳинд шатранҷро назди Нӯшервон» дар ҳаҷми 84 байт қиссаи бозии шатранҷ ва ёфтани муаммои он аз ҷониби вазири донишманди дарбори Анӯшервон Бузургмеҳри Ҳаким бозгӯ мешавад (Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. – Ҷилди ҳаштум. Матни интиқодӣ. Чопи Маскав. Теҳрон: Корвон, 1387. – С.177-181). «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба сифати муътамадтарин манбаи фикрӣ дар бозшиносии таърихи гузаштаи миллӣ моро кӯмак мекунад. Фирдавсӣ достони бозии шатранҷро бозгӯ карда, аз тариқи ҳушу зеҳни пӯёву ҷӯё кашф кардани ҳаракати муҳраҳоро, ки мунҳасир ба рой (андеша ва мулоҳиза) ва дониши инсонанд, таъкид менамояд. Маҳз ба воситаи хирад ва ба кор андохтани имконоти фикрию зеҳнӣ Бузургмеҳри Ҳаким рамзи бархурди ду сипоҳро, ки дар тахтаи шоҳмот муқобили ҳам чида мешаванд, дармеёбад ва тартиби авзои муқовимоти тарафайнр о бо истифода аз гаштҳои муносиб таъйин мекунад: Касе кам ба дониш барад ранҷ беш, Бифармой то тахти шатранҷ пеш Ниҳанду зи ҳар гуна рой оваранд, Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд. Бидонанд ҳар муҳраеро ба ном, Ки гӯянд пас хонаи ӯ кадом. Пиёда бидонанду пилу сипоҳ, Руху аспу рафтори фарзину шоҳ. Гар ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд, Дар ин кор покиза рой оваранд. Фирдавсӣ тавассути ба кор андохтани хирад ҳалли муаммои бозии шатранҷро имконпазир дониста, меафзояд: Бубинӣ, чу ёбӣ ба бозиш роҳ, Руху пилу ороиши размгоҳ... Ман ин нағз бозӣ ба ҷой оварам, Хирадро бад-ин раҳнамой оварам. Бад-ӯ гуфт шоҳ: Ин сухан кори туст, Ки рӯшанравон бодиву тандуруст. Дар натиҷаи мутамарказ сохтани ҳушу зеҳн ва андешаву мулоҳизаи дақиқ Бузургмеҳр муаммои ин бозиро кашф кард ва: Ба як рӯзу як шаб чу бозиш ёфт, Аз айвон сӯйи шоҳи Ирон шитофт… Чу Бузарҷмеҳр он сипаҳро биронд, Ҳама анҷуман дар шигифтӣ бимонд. Акнун, ки рози бозии шатранҷ кушода шуд, масъалаи ихтирои бозии дигар пеш омад ва Бузургмеҳр бо истифода аз зеҳну фаросати фавқулодда ва бо «дили равшан анбоз кардани хирад» (таъбири Фирдавсӣ) бозии нардро тавлид кард. Минбаъд боби «Сохтани Бузарҷмеҳр нардро ва фиристодани Нӯшервон ӯро ба Ҳинд» дар «Шоҳнома» оғоз меёбад ва он 49 байтро фаро гирифта, бо абёти зайл шуруъ мешавад: Бишуд марди доно ба ороми хеш, Яке тахту паргор бинҳод пеш. Ба шатранҷу андешаи ҳиндувон, Нигаҳ карду бифзуд ранҷи равон. Хирад бо дили равшан анбоз кард, Ба андеша бинҳод бар тахт нард, Ду муҳра бифармуд бар тахти оҷ, Ҳама пайкари оҷ ҳамранги боҷ. Яке размгаҳ сохт шатранҷвор, Ду рӯя баророста корзор. Ду лашкар бибахшид бар ҳашт баҳр, Ҳама размҷӯёни гиранда шаҳр. Баъдан боби «Ношинохтани донандагони Ҳинд ройи нардбозӣ» ривоят мешавад ва мусобиқа бар манфиати Бузарҷмеҳри Ҳаким анҷом меёбад. Дар достонҳои марбут ба бозии шоҳмот ва нард, ки маҳсули тафаккур ва зеҳни созандаю офарандаи ориёӣ-тоҷикӣ аст, вижагиҳои маънавие мисли ақли расо, ҳуши бурро, зеҳни гиро, гӯши шунаво, андешаи пӯё ва хи-
ради тавоно ба сифати асл таъкид мешаванд. Ин аслҳои зотӣ-маънавӣ андешаи озодро ба вуҷуд меоваранд ва дар муборизоту муҷодалот рӯҳи офаридгории инсонро ҳифз менамоянд. Ҳангоми бозии шоҳмот, қабл аз ҳама, зеҳн дар ҳаракат мешавад ва фикр ба кор медарояд. Фикр ва андешидан меҳвари кори бозигарони шоҳмот аст. Ин аст, ки Фирдавсӣ «Дар ин кор покиза рой оваранд» гуфта, тозаандешӣ ва ройовариро мавриди назар қарор медиҳад. Албатта, ин танҳо назари Фирдавсӣ нест, балки асли бозӣ аст, ки ҳамагон ҳангоми мутолиаи бозӣ мушоҳида мекунанд. Таҳрики зеҳн, савқ додани андеша ба сӯйи дарки муаммо ва мушкилот, тааммул дар мушкил, мулоҳизаи дақиқ ва тӯлонӣ ҳангоми бозӣ амалҳоеанд, ки дар бозии шоҳмот авлавият доранд. Варзиши фикрӣ (шоҳмот), ки бо тамрини зеҳнӣ иртибот мегирад, қабл аз ҳама, андешамандиро дар ботини инсон тавлиду тақвият медиҳад.
Андешамандӣ тезии ҳуш ва дарки маонии фалсафӣ аст. Мубоҳисот ва чолиши фикрӣ, ки тавассути андешаи фалсафӣ рӯйи кор меояд, боиси нерумандии фикрӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ мегардад. Ба ин тариқ, бозии шоҳмот минбаъд дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа мутадовил гардид. Аммо, мутаассифона, бар асари таҳоҷуми арабӣ ин навъи варзиши фикрӣ ва зеҳнӣ нуфузи худро аз даст дод ва алайҳи тарвиҷи он тадобири шадиде аз сӯйи шариатмадорони давраи исломӣ роҳандозӣ шуд. Муқобили варзишҳои фикрӣ баромадан маънои алайҳи озодандешӣ шӯридани мафкураи динӣ-мазҳабӣ дар симои шариатмадорони давр буд. Яке аз мутакаллимони номии асрҳои миёна Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ буд, ки ба қавли донишманди иронӣ Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, аз донишмандони бузурге ба шумор мерафт ва дар он рӯзгорон беш аз ҳар касе бо озодандешӣ ва густариши андеша бар пояи тааққул ва истидлол ситез кард ва яксӯнигариро ҷоне тоза бахшид. Ҳуҷуми саҳмгини Ғаззолӣ ба муқобили файласуфон ва андешаҳои фалсафӣ, шеваҳои мубтанӣ бар хирад, андеша, истидлол ва жарфнигариро аз густариши фарогир боздошт (Ҳоирӣ Абдулҳодӣ. Нахустин рӯёрӯйиҳои андешагарони Ирон бо ду рӯяи тамаддуни буржуазии Ғарб. Теҳрон: Амири Кабир, 1367. – С.131). Ғаззолӣ файласуфонро барои он такфир кард, ки онон боиси чолиши фикрӣ ва мунозиоти мазҳаб дар қуруни вусто гардиданд. Бо ин ният мавсуф мутолиоти фалсафиро мамнӯъ сохт. Ғаззолӣ, ҳамчунин ба бозии шатранҷ (шоҳмот), ки ҳассосияти зеҳнию ақлониро таъмин мекунад, зиддият варзида, дар ин замина таъкид кардааст: «Дар бозии шатранҷ, бо он ки зеҳнро неруманд месозад, мамнӯъ ва маҳзур (мамнӯъ, ҳаром, нораво) аст ва ҳамчунин аст назар дар илми Уқлидус ва ал-Маҷастӣ ва дақоиқи ҳисобу ҳандаса ва риёзиёт. Дар онҳо, ки хотирро ташҳиз (тез кардан, бурро кардан) ва нафсро неруманд мекунанд ва бо ин ҳол мо онро ба сабаби як уфт (нуқсон, камбудӣ), ки дар пай дорад, манъ мекунем, зеро аз муқаддамоти илми авоил (улуми табиӣ) аст, ки мазоҳиби фосиде, ки мутааллиқ бад-ин бошад, вуҷуд надорад, лекин метарсам, ки бад-он мунтаҳо мегардад» (Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. - С.149). Ӯ хуб медонист, ки чунин навъи бозӣ зеҳнро тез мекунад, аммо ба сабаби чунучароҷӯйиҳо, ки оқибат ба озодандешӣ мунҷар мешавад, онро мамнӯъ эълон доштааст. Ба таъкиди дигари Ғаззолӣ таваҷҷуҳ мекунем:
«Агар чизе суде танҳо ва зиёнҳое бисёр дорад, ҷойиз нест барои ин як манфиат худро ба зиёнҳои бузург дучор кард, чунон ки шароб, лошак, дар таъдили мизоҷ ва тақвияти табъу димоғ ва қимор дар ташҳизи (тезу бурро кардан) хотир муассир аст ва бо ин ҳол ҳар ду ҳароманд ва ҳатто мудовамат дар бозии шатранҷ». Бад-ин минвол бозии шоҳмот дар ҳавзаҳои фикрӣ пинҳонӣ сурат мегирифт ва танҳо ақаллиятҳои иҷтимоӣ бо он сари кор мегирифтанд. Албатта, ҳар амале, ки ба озодию озодандешӣ мутааллиқ буд, ҳамеша мавриди фишору таъқиб қарор мегирифт, то ҷилави бедории фикрӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гирифта шавад. Хушбахтона, фишору зӯргӯйӣ, таъқибу тааррӯз ва зулму истибдоди асримиёнагӣ умри бозии шоҳмотро кӯтоҳ карда натавонист ва он то замони мо омада расид. Бо мушкилоти равонӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мунсифона даргир шудан ва ҳалли оқилонаи масоилу муаммоҳои гуногуни зиндагӣ ақлу фаросат ва идроку тафаккури солимро тақозо мекунад. Омодагӣ барои ташхис ва шинохти дақиқи мушкилот, дарки вазъият, ҷустану андешидани тадобири зарурӣ, тааммул ва мулоҳизаронӣ, дақиқ кардани макону мавзеи муҳраҳо дар бозии шоҳмот билохира шоистагии фикрӣ ва ақлонию зеҳнии фарди бозингарро нишон медиҳад. Аз тарзи тафаккур, андеша, мулоҳиза, тааммул, дақиқият, гашти мантиқӣ, фаросати тағйир додани ҷой ва макони муҳраҳо натиҷаи бозӣ мушаххас мешавад. Ин, албатта, тарафи зоҳирии масъала аст. Ҷанбаи ботинӣ ё дарунии бозии шоҳмот дар он зоҳир мегардад, ки бозингар ё бозингарон бо истифода аз зеҳну фаросат ва ақлу мантиқ мушкил ва муамморо ҳал мекунанд. Ҳалли мушкилоти бавуҷудомада рӯйи тахтаи шоҳмот тавассути дақиқ фикр кардан ва ҷобаҷо кардани муҳраҳо боиси шаклгирии тафаккур гардида, ниҳоятан, зеҳну ҳушро тезу бурро месозад ва муҳимтар аз ин, дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра кӯмак мекунад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар талаққӣ мешавад (Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Теҳрон: Сухан, 1382. - С.643). Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат аносиреанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд. Бозингар нахуст ақлу ҳуши худро ба бозӣ мутамарказ мекунад ва мутамарказият асоси варзиши зеҳнӣ дар бозии шоҳмот мебошад. Бар ин асос, ҳарки ба шоҳмотбозӣ машғул аст, тамрини зеҳнӣ мекунад ва тамрини зеҳнӣ омили бедории фикрӣ ва зуҳури озодандешӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир шоҳмот (шахмат) аз зумраи мутадовилтарин бозиҳои фикрӣ маҳсуб меёбад ва дар ин риштаи варзиш намояндагони милалу халқиятҳои гуногун қувваозмоӣ мекунанд. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ Гарри Каспаров ва Анатолий Карпов тавассути варзиши шоҳмот дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруф гардида буданд. Мутаассифона, ин варзиши зеҳнӣ ва фикрӣ, ки аз ҷумлаи ихтирооти фарҳангии мардуми ориёитабор аст, дар ҳавзаҳои иҷтимоии мо ба таври бояду шояд идома наёфта истодааст. Шигифтовар ин аст, ки баъзе нафарон, ки ба дарди хурофоти динӣ-мазҳабӣ мубтало гардидаанд, аз тамошои ин бозӣ имтиноъ меварзанд ва ин навъи бозиро куфру мамнӯъ медонанд. Имрӯз вақте расидааст, ки ин бозӣ ба асли аввала – ба шукӯҳу шаҳомати пешинааш дар муҳитҳои иҷтимоӣ бозгардонида шавад ва ҳамчун мерос ва варзиши фикрии миллӣ мавриди пазиришу корбасти ҳамагонӣ қарор бигирад. Имрӯз насли наврасу ҷавони мо аз тамрини фикрӣ ва бозии зеҳнӣ танқисӣ мекашад ва шоҳмотбозӣ дар ин амр роҳҳалли муҳим буда метавонад. Ба назари Нитше, «Мо набояд аз сахтиҳои худ эҳсоси шармандагӣ кунем, балки бояд аз ин амр шарманда шавем, ки натавонистаем чизҳои зебое аз он бирӯёнем» (Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. Теҳрон: Қакнус, 1383. – С.272). Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ
Қаноатмандии ҷавонони Панҷакент аз эълон шудани “Соли ҷавонон” Бахшида ба “Соли ҷавонон” тибқи нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент ва толибилмони МТМУ №71-и шаҳр дар мавзӯи «Ҷавонон - ояндаи миллат» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Донишҷӯён аз эълон шудани “Соли ҷавонон” изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла, Фаррух Камолов қайд кард, «мо - ҷавонон таърихи гузаштаи худро хуб меомӯзем ва бо гузаштагони худ фахр мекунем. Ҷавонони мо шукрона намоянд, ки дар оромию осоиштагӣ зиндагӣ менамоянд”. Дар мизи мудаввар фикру мулоҳизаҳои ҷавонон дар бораи бегонапарастии ҷавонон шунида шуд. Донишҷӯӣ Донишкадаи омӯзгорӣ Улуғбек Ҳусейнов иброз намуд, ки бегонапарастӣ хоси миллати мо набуда, мо бояд кӯшиш кунем, ки дар зиндагӣ ва амали хеш пайравони ниёгони худ бошем”. Толибилмони МТМУ №71 иброз намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассисони соҳаҳои гуногун шуда, ба халқу миллат хизмат мекунанд. Дар фарҷом сарвари осорхона аз ҷавонон хоҳиш намуд, ки пайваста бо осорхона робита дошта бошанд, зеро осорхона муаррифкунандаи таъриху тамаддуни миллат мебошад.
√ 8 МАРТ
√ ПЕШНИҲОДИ
– РӮЗИ МОДАР
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН
ҶАВОНОН
Падар, чаро шумо ид надоред?
Фараҳу шодии модар Аввали моҳи март барфҳои болои кӯҳҳои деҳаамон оҳистаоҳиста об мешуданд. Бӯи гармӣ мерасид. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ҳар гуна бозиҳо ташкил менамуданд. Ман аз ҳавлиамон овози ханда ва шавқуни бачаҳоро мешунидам. Барои он ба берун намерафтам, ки модарам дар хона танҳо буд. Модарам, ки мӯи сараш сафед шуда, дарду ранҷ азияташ медод, якуним сол боз рӯи ҷойгаҳ мехобид ва ман корҳои хонаро иҷро мекардам. Иди модарон – 8 март ки фаро мерасид, дар андешаи модарамро шод кардан будам ва фикр карда, ба хулоса омадам, ки барояш гул ҳадя мекунам. Медонистам, ки бачаҳои деҳаи мо ҳар сол охири моҳи феврал ба гулчинӣ мебароянд. Якеашонро хоҳиш кардам, ки бароям гул чида биёрад, пулашро медиҳам. Вақте як рӯз пеш аз ҳаштуми март, бегоҳӣ гулҳоро ба даст гирифтам, хеле тару тоза буданд. “Инҳоро то пагоҳ чи хел нигоҳ дорам, ки пажмурда нашаванд?” мепурсидам аз худам. Сипас, гулҳоро ба об мондам.
11
Рӯзи дигар вақте онҳоро гирифтам ҳамчунон тару тоза менамуданд. Назди модар омадам, вале модар хоб буд. Нахостам, ки бедораш кунам, сари болинаш интизор нишастам. Чун бедор шуда, маро дар наздаш бо дастаи гулҳо дид, табассуми зебое дар чеҳрааш ҳамоил гашт ва оҳиста аз ҷояш майли хестан намуд. Кӯмакаш кардам, ки рӯи ҷойгаҳ нишинад. Чеҳраи модарам гӯё мисли гулҳои дасти ман шукуфт. Лаҳзае чунинам намуд, ки дунёро барояш ҳадя овардам. Модар навозишам намуд. Сар ба бағалаш ниҳодам. Аҷаб накаҳате дорад оғӯши модарон… Агар дарвозаро намезаданд, ман то дер аз бӯи модар хӯмор мешикастам. Ба ҳавлӣ баромадам, ки бачаҳо маро даъват доранд, то ҳамроҳашон гулгардонӣ равам. Ҳарчанд вақтҳои охир кам ба кӯча мебаромадам, вале ин дафъа модар иҷозат дод, ки равам. Бо бачаҳо ба гулгардонӣ рафтем. Ба мардуми деҳа гулҳои наврӯзиро нишон медодему суруди халқии «Гулгардонӣ»-ро ҳама якҷо месурудем...
Шукри Худо модарам сиҳат ёфтанд, вазъи саломатиашон хуб шуд. Вале чанд вақти дигар маро як савол ғам медод. Чаро модарам пештар намехост, ки ман берун баромада, бо бачаҳо бозӣ кунам, вале рӯзи гулгардонӣ розӣ шуд? Ҳарчанд фикр мекардам, фаҳмида наметавонистам. Як рӯз ин саволро аз худашон пурсидам. Ҳамон табассуми зебо дар чеҳрааш пайдо шуда чунин гуфт: - Он рӯз, ки ба ман гул ҳадя овардӣ, хеле фараҳ ёфтам. Аз дидани рӯи гул хурсанд шудам. Бачаҳо ки ба гулгардонӣ даъватат мекарданд, хостам ҳамроҳашон биравӣ ва барои фараҳёб гаштани чанд дардмандӣ дигари деҳа васила шавӣ. Бале, модарон чунинанд, ки ҳангоми дардманд будани худашон ҳам мехоҳанд, хушҳолӣ ва фараҳро бо дигарон қисмат кунанд. Зиҳӣ, модарон, ки ҳамеша фикри дигаронро мекунед.
Муҳаммадалӣ УСМОНОВ, донишҷӯи курси дуюми ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Зан агар беҳаё шуд...
Муҳоварае дар нақлиёти мусофирбар Чанд рӯз пеш савори нақлиёти мусофирбар ба хона мерафтам. Паҳлуям зане нишаста буду бо ронанда самимӣ гуфтугӯ дошт. Ҳар касе онҳоро медид, гумон мекард, ки доир ба кадом масъалаи муҳим ва бениҳоят ҷиддӣ маслиҳат доранд. Аз аввали савор шуданам ба нақлиёт ба суҳбати онҳо аҳамият надодаму дар гӯшҳоям гушмонак монда, мусиқӣ мешунидам. Иттифоқан, ба телефонам паём омаду мусиқӣ хомӯш гашт. Акнун суханҳои ронанда ва занро возеҳ мешунидам: Ронанда: - Чанд нафар ҳастед? Зан: - Панҷ нафар. Ронанда: - Ҳамагӣ таҳти идораи худат? Зан: - Бале. Ронанда: - Чандсолаанд? Зан: - Аз ҳама калонаш 34-сола, хурдаш 22сола. Ронанда: - 22-солааш барои мо мешавад? Зан: - Албатта, ӯ як афғондухтари зебост. Ронанда: - Барои худиҳо чӣ қадар нарх дорад? Зан: - Аз миқдори соат вобаста аст. Агар шабона бошад, 150 сомонӣ...
Баъди ин ҷумлаи зан, дигар тоқати гӯш кардан накардам. Гӯшмонакро боз ба гӯшам мондаму то фаромадан фикрамро ин масъала банд кард: “Зан-модар, тарбиятгар, офаранда, дилсӯз, ғамхор, мушфиқ...ва боз даҳҳо хислатҳои накуву шоистаест, ки ба ин зот марбут медонанд. Бузургии зан аст, ки ӯро чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли инсон, тарбияткунандаи тифлон мегӯянд. Мутаассифона, вуҷуди чанд зани беҳаёву сабукпо, чун ин зане, ки ҳамакнун вохӯрдам, ба домани поки ин зот, доғи бадномӣ мегузорад. Ӯ дар баробари худ, боз чандин тани дигарро ба ин бадбахтию бадномӣ ранг задааст. Агарчи ҳастии ин тоифа дар ҷомеа боиси нанг аст, аммо амали бади онҳо бояд намунаи ибрат бошад. Дар ёд бояд гириф, ки ин тоифа бо амалҳои зишташон, пардаи ҳаёро аз рӯи хеш бадар карда, умре зери маломати мардум дар ба дар мегарданд”. Салима ХОЛОВА, донишҷӯ, коромӯзи “ҶТ”
8 март буд. Субҳи барвақт ким-кадом як ғавғои аз ин пеш набуда маро аз хоб бедор кард. Ҳайрон шудам, ки чаро ба рағми одатҳои ҳаррӯза аҳли оилаи мо ин субҳ ҳама барвақт аз хоб бедор шудаанд. Бинам, ки ҳатто дастархони субҳона паҳн карда шудаасту ҳама гирди он сарҷамъанд. Бародарон ва хоҳарам як-як модарамро оғӯш гирифтаю аз ҷабинаш мебӯсанд ва ба рӯзи идаш табрикаш мекунанд. Ман бо чашмони хоболуд сари калобаамро гум кардагӣ барин, ҳайрон шудам. Чӣ гап бошад: - Ҳой, Шаҳодатхон, модарамро табрик намекунӣ? - гуфт бародари калонӣ. - Чаро табрик кунам? - пурсидам. - Ту ҳоло ҳам хобӣ магар? О, имрӯз 8-уми март. Рӯзи модарон. Ман ҳам ниҳоят хушҳол гардидаму модрамро ба рӯзи идаш табрик намудам. Зимни муборакбодии модарам чашмам ба падарам афтод, ки аз ҷониби дигари хона амалҳои моро назорат мекард. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба назди падар рафтам. Аз ӯ суол кардам: - Падарҷон, ҳар сол иди модарамро ҷашн мегирем. Бубинед, чӣ тавр дар ин рӯз на танҳо модарам, балки кулли занҳо хушҳол мешаванд. Чаро танҳо “Рӯзи модарон” асту аз “падарон” не? Падарам бо табассуми ба худ хос гуфт: - Духтарам, ту ки калон шудӣ, масъалаи баргузории “Рӯзи падарон”-ро ба миён гузор. Ҳамин тавр онро ҳамагон ҷашн гиранду аз он ҳамчун Рӯзи падарон ном баранд. Воқеан ман аз хурдӣ то кунун, иде бо номи “Рӯзи падарон” нашунида будам. Дар ҷомеаи мо қариб тамоми намуди ҷашну маросимро вохӯрдан мумкин аст. Ба монанди Рӯзи модарон, меҳнаткашон, ғалаба, кӯдакон... ва ҳатто харбузаву каду, ки ҳамасола бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешаванд. Аммо ин ҷо маҳз ду қувва муқобили ҳам меистанд - падар ва модар. Бешак, қудрати модар волотар аз ҳама чиз аст. Ҳатто биҳиштро зери қудуми ӯ хондаанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки калиди он дили падар аст. Вақте шомили донишгоҳ шудам, сухани падарам ҳанӯз ҳам дар ёдам буд, ки “ин масъаларо ту равшанӣ андоз”. Билохира, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ин мавзӯъро пешниҳод кардам. Роҳбарам якумин инсоне буд, ки гуфт, дар асл Рӯзи падарон ҳаст, аммо аксарият онро намедонанд. Ёдам ҳаст дар Рӯзи модарон барои табрикот аз Иттифоқи нависандагон ба донишгоҳ меҳмон даъват карда буданд. Аз ӯ низ ҳамин саволро пурсида будам. Ҳатто аз будани чунин як рӯз хабар надоштааст. Ба тақвим назар афканем, мебинем, ки ҳама иду ҷашнҳо ба фарқ аз дигар рақамҳо бо ранги сурх ишора карда шудаанд, аммо аз ин ид, ки ба якшанбеи сеюми июни ҳар сол рост меояд, дараке нест. Ба маҳзи фаҳмидани он ки воқеан як рӯз дар таърих бо номи “Рӯзи падарон” аст, ғамгин шудам. Чаро? Зеро ин рӯз танҳо бо ном ид гузошта шудаасту аз он касе дарак надорад. Ё дошта бошад ҳам, чаро касе онро ҷашн намегирад? Иди Артиши миллӣ ба Рӯзи падарон ҳеҷ рабте надорад. Чун аз номаш маълум аст, ки ба кӣ дахл дорад. Хуб мешуд, ки ин рӯзро зинда гардонанду ҳар сол ҷашн гиранд. Чун падар аст, ки шабу рӯз дар такопу барои пешбурди зиндагии аҳли хонадон талош меварзад.
Шаҳодат ДАВЛАТОВА, донишҷӯ, коромӯзи “ҶТ”
Ту ҷони Тоҷикистонӣ, Душанбе! Душанбе яке аз шаҳрҳои калонтарин ва зеботарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг ва пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо аст. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи бою қадима дорад. Соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзиву маъмурӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон намуданд. Миллати тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, балки камари ҳиммат бастанд ва оҳистаоҳиста ин деҳи хурд - Душанбе симои худро комилан дигар кард ва билохира, ба як шаҳри бузургу дилорое мубадал гашт. Тадриҷан дар пойтахтамон биноҳои баландошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру китобхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои саломатӣ бунёд ёфта, ба сокинон ва тамоми мардуми кишвар хидмат мекунанд. Душанбе маҳз бо талошҳои пайгиронаи халқи тоҷик ва Пешвои ғамхораш дар ҷаҳони муосир мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён бо чеҳраи нав, нигоҳи нав ва ҳамчун шаҳри дилорою дилрабо муаррифӣ гаштааст. Дар ин шаҳри зебоманзар намояндагони дигар миллатҳо тифоқу дӯстона
зиндагӣ доранд ва онҳо низ ба расму русуми миллати мо мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллиамон, мисоли Наврӯз, ҷашнҳои Саддаю Меҳргон фаъолона иштирок менамоянд. Ёдовар бояд шуд, ки соли 2010 шаҳри Душанбе – пойтахти фарҳанги исломӣ дар доираи Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) эълон гашт, ки боиси ифтихор мост. Мо - ҷавонон шоҳиди онем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон хеле ғамхоранд ва маҳз ба хотири ин нерӯи созандаю бунёдкор соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Гузашта аз ин, иқдоми бисёр ҳам хуб дар ин соли наку таъин гардидани ҷавони лаёқатманду кордон Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе умеди ҷавононро ба ояндаи дурахшони шаҳри Душанбе дучанд намуд. Мо - ҷавонон низ бояд ба қадри ин ҳама ғамхорӣ ва ободию зебоӣ расида, мутобиқи нишондодҳои Маромномаи сокини пойтахт фаъолият намоем. Шералӣ ДАВЛАТОВ, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ
12
√ МАЪЛУМОТИ
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
“ҶТ”
Рекорди тезхонии матн ба шаҳрванди 16-солаи украинӣ Ирина Иваченко мансуб аст. Ӯ дар як дақиқа 163 333 калимаро бо дарки пурраи матн мехонад.
√ РОҲ
www.oftob.org
БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ
Ҷавонтарин роҳбари ширкати бонуфуз дар ҷаҳон ШАҲЛО ЭШОНОВА
Вақте Бил Гейтс “Microsoft”ро таъсис дод, 20-сола буд. Сухас Гопинат вундеркинди ҳинду, ҷавоне, ки истеъдоди фавқулодда дошт, дар 14-солагӣ ширкати “Globals Inc”ро таъсис дод ва дар 20-солагӣ аллакай муддати шаш сол боз ин ширкати трансмиллии худро роҳбарӣ мекард. Айни ҳол ӯ зиёда аз 600 нафарро дар 11 кишвари дунё роҳбарӣ мекунад.
√ ПУРСЕД,
РОҲБАРИ МУВАФФАҚ Сухас аз хурдӣ кам мехӯрду кам мехобид. Волидонаш ҳамеша изҳори нигаронӣ мекарданд. Аксар вақт ӯ соати 4-и шаб ба ҷойхоб даромада, соати 8-и субҳ ба кор меравад. Сухас Гопинат имкон дорад, то дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Бангалораи Ҳиндустон хонаи боҳашамате бунёд сохта, бо мошини гаронбаҳо ба ҷои кор биравад, вале ӯ инро карру фари зиёдатӣ ҳисобида, рӯзгори хоксоронаи миёнаҳолонаро афзалтар мешуморад. Ӯ на телефони мобилии гаронбаҳо дораду на сару либоси ашрофона. Ширкати бонуфузи “Globals Inc” ба сохтани сомонаҳои интернетӣ ва замимаҳои барномавӣ, таҳияи web-дизайнҳо, webизофаҳо, барномаҳо барои мактабҳо ва хизматрасониҳои аутсорсингӣ машғул мебошад. Сухас Гопинат ҳамчун ҷавонтарин роҳбари ширкати бонуфуз дар ҷаҳон ба китоби рекорҳои "Limca" (аналоги ҳиндии “Китоби рекордҳои Гиннес) дохил шудааст. БУБИНЕД, ҶАВОНОНИ МО БА ЧӢ ҚОДИРАНД Нимаи солҳои 90-уми асри гузашта дар Бангалора нахустин интернет-кафеҳо пайдо шуданд ва яке аз онҳо дар шафати хонаи миллионери оянда Сухас Гопинат воқеъ гардида буд. Рӯзе, ки бародари Сухас бори аввал ӯро ба ин макон бурд, тағйироти куллиеро дар ҳаёти ӯ ворид сохт. Писарбачаро ҳама чизе ки он ҷо дид, моту мабҳут сохт, хоса сомонаҳои интернетӣ таваҷҷуҳи ӯро ҷалб карданд. “Ҳар як дақиқаи вақти худро Сухас дар
ҶАВОБ МЕДИҲЕМ
Ҷамшед Ҷалилов, сокини шаҳри Хуҷанд: - Имрӯзҳо дар ҳамаи сохтору идораҳо теъдоди зиёди нафақахӯрон кор мекунанд, ки пӯшида нест. Як сабаби аслии зиёд шудани теъдоди ҷавонони бекор маҳз банд кардани ҷойҳои корӣ аз ҷониби нафарони ба нафақа баромада мебошад. Дар кишваре, ки фисади зиёди аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, ин шумораи зиёди ҷавонони бекор нигаронкунанда аст. Президенти кишвар низ дар ҳама баромадҳои худ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ба сохторҳои марбута барои таъмини ҷавонон бо ҷои кор супоришҳои қатъӣ медиҳад, вале бо вуҷуди ин, масъалаи мазкур ҳал нашудааст. Вақте муроҷиат мекунем, масъулин мегӯянд, ки нафарони солдида мутахассисони варзида ҳастанд. Донистан мехоҳам, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар “Соли ҷавонон” ҷиҳати ба кор таъмин намудани ҷавонон чӣ чораҳоро андешидааст?
назди компютер мегузаронд, - изҳор медоштанд волидони ӯ. – Ҳамчунин, охирин пайсае, ки барои эҳтиёҷоташ медодем, онро низ ба ҳамин машғулиятҳо сарф мекард...”. Соли 1998, вақте ки Сухас 13 сол дошт, нахустин сомонаи таъсиснамудаи ӯ дар интернет (www.coolhindustan. com) пайдо шуд, ки ҳиндуҳои дар ҳар кишварҳои олам сукунатдоштаро барои мубодилаи иттилоот дар ҳар мавзуъ муттаҳид месохт. Ин сомона дар муддати кутоҳ маъруфияти беназир пайдо намуд. Аммо душманони қулфшикани покистонӣ логотипи онро иваз намуда, онро ба “Cool Pakistan” табдил доданд. Аммо дар он замон номи Сухас Гопинат аллакай вирди забонҳо гардида буд. Ширкатҳои бонуфуз ӯро ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Ӯ бо даъвати яке аз чунин ширкатҳо бо номи “Network Solutions” ба Калифорния парвоз намуд ва тавре аз ёддоштҳои худи ӯ бармеояд, ин нахустин парвози ӯ дар тайёра ва берун аз кишвараш буд. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки аз ҳисоби ширкат дар яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ИМА таҳсил намояд, ба шарте ки ӯ баъди хатми таҳсил дар ҳамин донишгоҳ кору фаъолият дошта, манфиатҳои онро ҳимоя кунад. Сухас бо тааҷҷуб гуфт: “Модоме ки ман барои худ кор карда метавонам, пас чаро бояд ба манфиати дигарон кор кунам?” Ва ин таклифро рад намуд. ТАЪСИСИ “GLOBALS” Маҳз дар ҳамон вақт, дар синни 14, тасмим гирифт, ки ширкати хусусии худро таъсис медиҳад. Ҳол он ки воли-
донаш хеле мехостанд, ки писари онҳо баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби касбу кори аниқе гардад, чун қонунҳои Ҳиндустон барои ноболиғон машғул шудан ба тиҷоратро манъ карда буд. Сухас хоҳиши боз 4 соли дигар мунтазир шуданро надошт ва ҳамроҳи се нафар дӯсти худ ширкати худро дар Сан Жозеи Калифорния ба қайд гирифт. Тавассути интернет. Сухас афсӯс мехӯрад, ки ширкаташро дар ватани худаш таъсис дода натавонист, аммо кӣ гумон мекард, ки аллакай баъди якчанд сол ин ширкат ва роҳбари навраси он чандон шуҳрат пайдо мекунанд, ки ҳатто шахсан президенти вақти Ҳиндустон Абдул Калам ин тоҷири муваффақро ба ҳузур пазируфтаву шодбош мегӯяд. ШУҲРАТ ВА ДАРОМАД Айни замон ширкати “Globals” дорои 200 муштарӣ аз ҳар гӯшаи дунё, дафтарҳои корӣ (офисҳо) дар 11 кишвари мухталиф мебошад, аммо қароргоҳи асосиаш дар Аврупо буда, ба он то 65% даромад меорад. Ширкати Сухас илова ба веб-сайтҳои барномавӣ инчунин барномаеро барои мактаббачаҳо таҳия намуд, ки ба омӯзгорон ҷиҳати муайян кардани баҳо ва давомоти хонандагон, ба волидон бошад, дар реҷаи on-line ҷиҳати воқиф шудан аз иштироки фарзандонашон дар дарсҳо кӯмак мерасонад. Яъне ин як навъ журнали синфии электронӣ мебошад. Ин идея ба Ҳукумати Ҳиндустон хеле писанд омад ва барои таҷҳизонидани он дар зиёда аз 1000 мактаби миёна маблағ ҷудо гардид. Соли 2005 яке аз ширкатҳои сармоягузори ИМА аз Сухас хоҳиш намуд, ки лифофаҳои назоратии “Globals”-ро бар ивази 100 миллион доллар фурӯшад. Посухи Гопинат чунин буд: “Чаро ман бояд фарзандони худро фурӯшам?” СИЁСАТИ КАДРИИ “GLOBALS” Дар ин ширкат сиёсати кадрии хосае ҷорӣ гардидааст: одамони аз 30-сола боло ба кор қабул карда намешаванд, чун ба қавли ноиби президенти 22-солаи он Армута Дасаи онҳо дар миёни коллективи ҷавонон “аҷиб” менамоянд. Синну соли миёнаи барномасозони “Globals” 21 аст. Аз байни онҳо аз ҳама калонсол 26 ва аз ҳама хурдсол 12-сола мебошанд. Навраси 12-сола хоҳиши зиёди дар ширкат
кор карданро дошту ҳар рӯз ба Сухас занг мезад ва оқибат бо ҳузари ӯ пазируфта шуд. Ӯ дар хона компютер надошту барномасозиро дар интернет-кафе омӯхта буд. Табиист, ки роҳбари ширкат бо сабаби ғайриқонунӣ будани истифодаи меҳнати кӯдакон ӯро ба кор гирифта наметавонист, аммо ӯ ба бача ноутбук туҳфа карда, ба интернет ворид шуданашро таъмин намуд. Ҳоло ин барномасози хурдсол дар хона кор карда, ба сохтани веб-дизайнҳо машғул аст. ОРЗУҲО Акнун, ки Сухас Гопинат ба синни балоғат расидааст, андешаи ба ватани худ кӯчондани дафтари асосии ширкатро дорад. Ҳол он ки дар Сан Жозе 125 нафар кор мекунанду дар Ҳиндустон 25 нафар. Бо амрикоиҳо чӣ бояд кард? “Мебинем” – маънидорона табассум карда, мегӯяд Сухас. Ҳама таклифу идеяҳои навоваронаи солҳои охир аз Бангалора пешниҳод мешаванд. Ғайр аз ин, музди моҳонаи ҳамватанони Сухас аз 20.000 то 25.000 рупия (450-550 евро)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба музди моҳонаи ғарбиён, ки аз 1100 евро оғоз меёбад, бамаротиб камтар аст. “Пул барои мо нақши муҳим намебозад”, – мегӯяд Гайатри Кюмар, директори молиявии “Globals”. – Муҳим он аст, ки дар муҳити солиму хеле шавқовар фаъолият мекунем. Кормандони мо ҳама баробарҳуқуқанд”. МАЪЛУМОТНОКӢ МУҲИМ АСТ Бо талқину пофишориҳои волидон, ки маълумотнокиро шарти муҳим дар зиндагӣ меҳисобанд, Сухас оқибат дар шуъбаи муҳандисии яке аз донишгоҳҳои кишвари худ таҳсил намуд. Чун дигар донишҷӯён ӯ низ дар семинарҳои вобаста ба молияву тиҷорат ширкат ва баромад мекард ва аксар вақт дар чунин семинарҳо ба шунавандагони аз худаш чандин сол калонтар дарс мегуфт. Сухас худро хушбахту хуштолеъ мешуморад. “Ман ҳаргиз кӯшиши ситора буданро накардаам, - мегӯяд ӯ. Вақте рафиқонам ба ман “шумо” гуфта муроҷиат мекунанд ва ё бо ман расми хотиравӣ гирифтан мехоҳанду соядаст талаб меунанд, ман худро нороҳат эҳсос мекунам”.
Дар “Соли ҷавонон” шумораи ҷавонони бекор кам мешавад? Одинааҳмад Қурбонов, корманди Агенти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: - Вобаста ба гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, мо барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони бекор, ба кор таъмин кардани занҳои хонашин ва ғайраҳо нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, корҳо пеш бурда истодаем. Танҳо дар моҳи январи соли 2017 4700 нафар барои омӯзиши касб фаро хонда шудаанд. Мувофиқи самтҳои “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифаи асосии мо барои мусоидат кардан дар касбомӯзӣ ва ба ҷои кор таъмин намудани нафарони бекор мебошад. Мо дар соли 2017 16 590 нафаре, ки барои касбомӯзӣ ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ сафарбар карда мешаванд, мувофиқи талаботи бозори меҳнат, соҳибкасб мегардонем. Баъди 10 рӯзи хатми касбомӯзӣ ба кор таъмин менамоем. Нафароне, ки баъди соҳибкасб шудан ба кор таъмин нашаванд, дар қайди Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, то замоне, ки ба кор даъват нашванд, меистанд. Барои ба кор тамин кардани онҳо бошад, мо бо тамоми вазорату корхонаҳо ҳамкорӣ мекунем. Мувофиқи нақша дар соли 2017 695 ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор гузаронида мешавад. Дар ин ярмаркаҳо мо ба инобат гирифтаем, ки имрӯз бозори меҳнат ба кадом намуди касб эҳтиёҷ дораду кадом намуди мутахассисонро барои фаро гирифтан ба кор даъват менамояд. Мақсаду мароми мо низ бевосита ба кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон мебошад. Мувофиқи таҳлилҳо сол аз сол шумораи бекории ҷавонон рӯ ба камшавӣ овардааст. Чанд соли охир дар ягон рақами иҷроиши баномаи давлатӣ иҷрои нақшаи мо аз сад фоиз кам нест. Аз ҳамин нишондодҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки шумораи нафарони бекор рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Ҳамчунин иҷрои нақшаҳо дар охири соли 2017 нишон медиҳад, ки чӣ қадар ҷавон ба кор таъмин шудаасту сафи ҷавонони бекор то кадом андоза кам карда шудааст.
Андешаи ин ки дар коргоҳу корхонаҳо нафарони коргар аз ҳисоби нафақахӯрон зиёд аст, дар ҳоли ҳозир чандон асос надорад. Имрӯз ҷавонон аз ҳисоби ҳамкорони бузургсоли худ ҷаҳонбинӣ ва донишҳҳои замонавӣ, аз ҷумла бо донистани забони англисӣ ва кор бо таҷҳизоти замонавӣ бартарӣ доранд. Тағйироти кадрии соли 2017 дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ шоҳиди он аст, ки имрӯз аксарияти вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъулиятро ба ҷавонон бовар карда истодаанд. Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”
Артиши миллӣ дар ҷои холӣ таъсис ёфт 21 феврал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Артиши миллӣ - ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар” конфронси илмӣ-амалӣ доир гашт. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис диҳем. Тавре Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, «Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва одитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надошт”. Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ арзи садоқат ба Ватан модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.
23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
13
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ПОЧТАИ “ҶТ”
Ҳифзи Ватан аз гӯшаи имон аст
Артиши миллӣ нерӯи муқтадир Ватан, ман сарҳадатро посбонам, Сафобахшандаи бахти ҷавонам. Бистучор сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи беш аз ду даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳ аст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён - аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба вобаста мебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд. Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо - сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Холиқ ШУКУРОВ, мудири шуъбаи муосири Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
Миллати тоҷик 25 сол муқаддам истиқлолияти деринтизори давлатии худро, ки орзуи чандин сол боз ба он расиданро дошт, ба даст овард. Аммо аз рӯзи соҳибистиқлол шудан вазъияти дохили кишвар ноором гардид ва ин нооромиҳо рӯз то рӯз домани худро паҳн мекард. Нооромиҳои дохилӣ давлати навтаъсиси моро қариб ки ба коми нобудӣ расонид. Сохтори идоракунии давлатӣ дар он вақт тамоман заиф буд. Барои мушкилоти вазъияти дохилии кишварро бартараф намудан ва ором намудани фазои кишвар, инчунин нигоҳдории марзу буми ин сарзамин зарурати ташкили мақоми мустаҳкаме, ки оромии давлат ва амнияти мардумро таъмин карда тавонад, ба миён омад. Ҳамин тариқ 23-юми феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии аскарону сарбозон дар майдони марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид ва ин рӯз минбаъд ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва ҳар сол бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз ба яке аз мақомоти асосии таъминкунандаи оромии давлат ва батанзимдарорандаи тартиботи ҷамъиятӣ мубаддал гаштааст. Бартараф кардани нооромиҳои дохилии дараи Камароб (соли 2011), ором намудани воқеаҳои ғайричашмдошти моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат натиҷаи хизмати софдилона ва матонату мардонагии афсарону сарбозон мебошад, ки барои ҳар яки мо - ҷавонон бешак дарси ватандӯстиву худогоҳист. Воқеан, дар тӯли фаъолияти 24-солаи худ Артиши миллии кишвар аз чандин имтиҳони нангини таърихӣ гузашта, рӯз то рӯз пурзӯр гардидани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷасорату мардонагӣ ва заҳмату талош баҳри оромии ин сарзамин, далериву ҷоннисории афсарону сарбозони бо нангу номуси кишвар бараъло ба чашм мерасад. Имрӯз оромии кишвар ва осудагии мардум натиҷаи бехобиву ҷоннисории сарбозону аскарони далеру шуҷои Ватан мебошад.
То бихобад миллате осуда дар болини хоб, Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад. Дар яке аз ҳадисҳои пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) оварда шудааст ки: “Дӯст доштани Ватан ва ҳимояи қавми худ аз гӯшаи имон аст”. Модоме, ки мо худро мусулмон мешуморем, пас ҳар яки мо муваззафем, ки баҳри ҳимояи ин сарзамин, таъмини оромии кишвар ва муҳайё сохтани шароити зиндагии арзанда баҳри наслҳои оянда ҷони худро дареғ надорем ва софдилонаву поквиҷдонона барои Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистон хизмат намоем. Чуноне ки дар ин бора шоири бузурге гуфтааст: Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст, Дурӣ зи Ватан шеваи номардон аст. Рав, бар ҳама ашхос бигӯ ҳарфи маро, Ин марзи Ватан ба аскарон пазмон аст. Ҷамолиддин ШАРИФОВ, донишҷӯи курси 4-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Хизмати ҳарбӣ қарзи ҳар шаҳрванд Бӯсам ҳама умр чеҳраи поки Ватан, Болам зи вафои халқи бебоки Ватан. Бо меҳри диёр қаҳрамонӣ бикунам, Бар дидаи ман сурма шавад хоки Ватан. Шаҳрванд бояд ҳуқуқ ва озодиҳои худро бо мақсади ободонӣ ва инкишофи ҳаматарафаи кишвар ва манфиати худ, инчунин ҷамъият истифода барад. Зери мафҳуми шаҳрванд мо шахсеро дар назар дорем, ки садоқатмандии худро нисбат ба кишваре, ки дар он ҷо ҳуқуқи шаҳрвандӣ дорад, нигоҳ медорад ва ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи он кишвар таҳти ҳимоя қарор гирифтааст. Шаҳрвандони ҷавон ба камол расида на танҳо соҳиби ҳуқуқу озодиҳои зиёд мегарданд, балки вазифа ва масъулияташон низ меафзояд. Дар яке аз суханронии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди масъулияти ҷавонони ватандӯст ва пурмасъулият зикр намуданд: «Шумо - ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред. Бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эҳсос намоед, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардед, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонед. Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкорӣ, тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед». Дар ҳақиқат ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат буда, бояд бо тамоми масъулият ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки давлат ба зиммаи онҳо гузоштааст, ҷавонмардона
иҷро намоянд. Шаҳрванд ва давлат дар муносибатҳои ҳуқуқӣ қарор доранд. Агар як тараф давлат дар назди шаҳрванд вазифаҳо дошта бошад, пас тарафи дуюм - шаҳрванд низ дар назди давлат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад, ки яке аз онҳо хизмат ба Ватан мебошад. Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Уҳдадории ҳарбӣ — ин уҳдадориест, ки ба дӯши шаҳрванди ҳар кишвар гузошта мешавад ва он иборат аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Дар ҳақиқат, хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, вай далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бонангу номусро нишон медиҳад. Барои ҳамин, ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар шаҳрванд аст! Ихтиёр ИСРОИЛОВ, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истиқлол
14
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
КИТОБХОНАИ “ҶТ”
√ НАЗМ
√ КИТОБИ НАВ “Ғозӣ Малик, қавм ва чилтанҳои ӯ” Чунин ном дорад китоби нависанда ва рӯзноманигор Ҳасан Юсуфи Файзбахш, ки чанде қабл тавассути муассисаи шариявии “Адабиёти бачагона” ба табъ расид. Китоб дар бораи шоҳ Ғозӣ Малик, қавми ӯ, ҳунари подшоҳиаш, ҷаҳду талошҳояш барои рӯзи нек, озодӣ ва ҳаққу ҳуқуқҳои мардуми кишвараш, дар бораи чилтанҳои қаҳрамонаш ва қалъаю истеҳкому тахту тоҷаш қисса мекунад. Ҳамчунин дар китоб қувваи сухан, фаҳмондану талқин кардан ва бовар кунондан, аз нерӯи ҳама гуна яроқҳои ҷангӣ болотар гузошта шудааст. “Ҷанг бо сухан”-ро усули самарабахштарини мубориза бо душман донистааст. Китоб дастури хубест барои дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонону наврасон.
МОДАР-ВАТАН Фарзанди Ватан, мунису ғамхори Ватан кист?
НУРУЛЛОҲИ ОРИФ
Ғамхори Ватан ман, Ғамхори Ватан ман.
Домони ҳавас барзада дар кори Ватан кист? Дар кори Ватан ман, Дар кори Ватан ман. Ман по наканам аз Ватанам, бо Ватанам ман, Созандаи сад шаҳри навам, пилтанам ман. Бар дидаи дил сурма кашам хоки Ватанро, Нонушта кунам номи шарафноки Ватанро. Зебо Ватан, эй бахт, Эй минбару эй тахт.
Саъдулло Ҳайдарӣ
ФАРЗАНДИ ВАТАН Аз он болам, ки фарзанди ту ҳастам, Накуфолам, ҷигарбанди ту ҳастам. Чу сарбозат камар бастам ба хидмат, Барои он, ки пайванди ту ҳастам. Ба ман бишнидани номат азиз аст, Дару дарвозаву бомат азиз аст. Парафшон парчаму рахшон нишонат, Сабоҳи пурсафо, шомат азиз аст. Манам фарзанди бонангу баорат, Нахоҳам канд поям аз канорат. Нигоҳбонат манам аз чашми бадхоҳ, Чу ҷонам дӯст медорам баҳорат.
Берун зи Ватан ранҷ кашад фарди Ватандор, Ҷонаш надамад дар талаби дидани дидор. Зеро ки Ватан ҳаст ба кас модари дилсӯз, Пурсон бувад аз ҳоли ҳама ҳар шабу ҳар рӯз. Модар-Ватан, эй ҷон, Эй олами армон.
√ КӢ ЧӢ МЕХОНАД? Султон Сафаров, тоҷир, истиқоматкунандаи Русия “Масъалаи шинохт” Муаллиф: Оятуллоҳ Муртазо Мутаҳҳарӣ, мутафаккири Эрон “Муҳаббатам ба китоб ва китобхонӣ аз хурдсолӣ то ба имрӯз ҳамсафарам мебошад. Бо вуҷуди машғулият ва ташвишҳои рӯзгор пайванди байни ману китоб маҳфуз аст ва фурсатҳое барои мутолиа намудан ҷудо кардаам. Муаллиф олами ботинии инсон ва роҳу восита, абзори шинохт, имконот, дараҷот, механизм ва манобеи шинохти инсонро бо далоил ва иқтибосоти фаровони динӣ ва андешаҳои бузургони олам дар беҳтарин ваҷҳ ба баҳс кашида, инсонро ба унвони бузургтарин офаридаи Худо, ки дорои имконот ва истеъдодҳои фаровони дарунӣ (рӯҳӣ) мебошад, муаррифӣ намудааст. Ҳарчанд ҳоло низ байни баъзе андешамандон то ҳол масъалае матраҳ аст, ки барои инсон шинохтани ҳақиқати худ ва олам амрест ғайриимкон, муаллиф дар такя бо мантиқи Қуръон ва дигар афкори мутафаккирони пешин ва муосир собит намудааст, ки инсон метавонад худ ва оламро он гуна ки ҳаст, бишносад”.
√ СЕРФУРӮШТАРИН
КИТОБИ ТОҶИКИСТОН
КИШВАРИ ОВОЗАДОР
Дар мағозаи «Олами китоб», воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, китоби «Граф МонтеКристо»-и Александр Дюма серхаридор аст.
Дӯстдори кишвари овозадори хеш мо, Баҳри ҳифзаш саф ба саф дар шоҳроҳи пеш мо. Бар Ватан, бар модари ғамхор хидмат мекунем, Хидмати шоён пайи беҳбуди миллат мекунем. Дур з-оғӯши Ватан хорем мо, хорем мо, Лоғару афгору хаста, сахт беморем мо. Ин Ватан моро ба ҳам ёру бародар кардааст, Бо чароғи меҳр дилҳоро мунаввар кардааст. Тоҷикистон, ҷону тан, эй ҷону тан, эй ҷону тан, Баҳри мо, эй ҷону тан, ҳастӣ Ватан, ҳастӣ Ватан. Баҳри чандин дард дору решаи хорат бувад, Кабку булбул масту хушдил дар чаманзорат бувад. Ҷаннати беминнати пурфайзу пурнеъмат туӣ, Дар ҳақиқат кишварам, арзандаи хидмат туӣ. Ҷон Ватан, савганд, бе ту нест аз мо як нишон, Мо ҳама сарбозу афсар дар канорат шодмон. Гарди хокат сурмаи чашми дили бинои мост , Дар талу дар пуштаат бо килки по имзои мост. Тоҷикистон ҷону тан, эй ҷону тан, эй ҷону тан, Баҳри мо, эй ҷону тан, ҳастӣ Ватан, ҳастӣ Ватан. Бе Ватан дилгир мо, бе ёр мо, бе пир мо, Бе Ватан чун сайди ваҳшӣ пой дар занҷир мо. Қатраи оби Ватан шаҳд аст, чашмат боз кун, Мисли шоҳин дар фазояш рӯзу шаб парвоз кун. Мо. ки медонем инро, сар ба пояш мениҳем, Дар дили дунёмисоли хеш ҷояш медиҳем. Тоҷикистон, ҷону тан, эй ҷону тан, эй ҷону тан, Баҳри мо, эй ҷону тан, ҳастӣ Ватан, ҳастӣ Ватан.
ҶОН ТОҶИКИСТОН Ҷон Тоҷикистон, эй Ватан, Хуршеди тобон, эй Ватан. Бодо муборак бар шумо, “Соли ҷавонон”, эй Ватан. Тоҷикзабонони ҷаҳон Хоҳам амон бошанд, амон. Аз Сулҳу Истиқлоли хеш, Хушбахт бошед одамон. Ҷон Тоҷикистон, эй Ватан, Уммеду армон, эй Ватан. Дар чор фаслат нав ба нав Ҳастӣ гулафшон, эй Ватан. Мо тоҷикони номдор, Созандагони ин диёр. Бар кишвари маҳбубамон, Дорем умре ифтихор. Ҷон Тоҷикистон, эй Ватан, Чун модари ҷон, эй Ватан. Хонанд аъло наврасон, Дар ҳар дабистон, эй Ватан. Саидбурҳони РАҶАБАЛӢ, хонандаи синфи 9, МТМУ №5-и ноҳияи Шамсиддини ШОҲИН
Китоб соли 2014 тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 552 саҳифа ба нашр расидааст. Онро Ҷумабой Азизқулов аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. «Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои нависандаи маъруфи фаронсавӣ Александр Дюма мебошад, ки нахустин маротиба бо забони тоҷикӣ дастраси хонанда мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
√ ОНҲО ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон Боби Базлен (1902-1965) ДИГАР КИТОБ НАВИШТА НАМЕШАВАД Мунаққид ва тарҷумон Боби Базлен бо адабиётшиносони шинохта Звево ва Монтале ошноӣ дошт. Ӯ саъй кардааст, ки тамоми китобҳоеро, ки ба ҳама забонҳои дунё навишта шудаанд, мутолиа намояд. Базлен сабаби ҳатто як асар ҳам наофариданашро чунин шарҳ додааст: “Акнун муътақидам, ки минбаъд китоб навишта намешавад. Бинобар ин, китоб наменависам. Зеро тамоми китобҳо то ҷилд-ҷилд шуданашон ҷуз ёддоштҳои ғафсу варамида чизе нестанд”. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Мулоқот баҳри ояндаи солими ҷавонон 21 феврал бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Соли ҷавонон” тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносӣ, маданияти шаҳрнишинии ҷавонон дар толори МТМУ №13 вохӯрии масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо сокинони маҳаллаҳои Аҳрор Мухторов ва Нодираи пойтахт доир гардид. Масъулин дар робита ба масъалаҳои таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонону занон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва мавқеи занон дар ҷомеа имрӯз дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Чунин мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои дигари пойтахт низ дар назар аст.
15
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ЭЪЛОН
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои беҳтарин сенарияи барномаи театрӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмун эълон менамояд. Қобили зикр аст, ки 23-юми май, Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон дар яке аз маҷмааҳои калону пурҳашамати мамлакат таҷлил мегардад. Бо назардошти сатҳи баланди чорабинӣ сенария бояд мавзӯъҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон, муҳаббат ба хоку буми аҷдодӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии ҷавонони кишварро фарогир бошад. Ҳамзамон, барномаи консертӣ дар худ сабку усули муосир ва симои асили ҷавонӣ дошта бошад. Муҳлати пешниҳоди сенария то 5 марти соли 2017 муқаррар гардидааст. Муаллифи сенарияи беҳтарин аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо “Диплом” ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор сомонӣ) қадрдонӣ мегардад. Сенарияҳо дар ду нусхаи чопӣ ва нусхаи электронӣ қабул мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; телефон барои тамос: (+37) 235 19 53, 236 37 26, 904 06 6074; www.youth.tj; kjvs.1997@mail.ru Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва равнақи зиракии сиёсӣ дар ниҳоди насли ояндасози миллат, расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи “Ваҳдат ва ҷавонон” эълон мекунад. Мақолаҳо бо тақризи роҳбари илмӣ барои иштирок дар озмуни мазкур то санаи 25 майи соли ҷорӣ қабул карда мешаванд. Ҷавонони гуногункасби 1430-сола метавонанд дар озмун иштирок намоянд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дарёфти грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, №167 тасдиқ шудааст) дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон барои соли 2017 озмун эълон менамояд. Дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолият намуда, дастовардҳои муайян доранд (аз ҷумла дар ин самт лоиҳаҳо амалӣ намудаанд) ширкат карда метавонанд. Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавононро зарур аст, ки то 10 апрели соли 2017, соати 12:00 дархостҳои худро ирсол намоянд. Маълумоти иловагиро оид ба озмун, аз ҷумла, шакли дархостиро барои таҳияи лоиҳа аз суроғаи зерин дастрас кардан имконпазир мебошад: – шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; – телефон барои тамос (+37) 2351953, 2363726 – www.youth.tj; email: kjvs.1997@mail.ru
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии наз-
дар сатҳи зурурӣ таҷлил намудани “Соли ҷавонон” ва
ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади
ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ тасмим гирифтааст,
таҷлили ботантанаи Рӯзи Модар бахшида ба
ки бо ҷалби васеи олимону муҳаққиқони ҷавон, аспи-
“Соли ҷавонон” тасмим гирифтааст, ки Фести-
рантону унвонҷӯён ва ҷавонони фаъол Конфронси ҷумҳуриявиро дар мавзӯи “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон” баргузор намояд. Барои иштирок дар Конфронси ҷумҳуриявӣ мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон, аспирантону унвонҷӯён ва донишҷӯён то 20 майи соли равон дар ҳаҷми то 6 саҳифаи чопӣ бо шрифти компю-
вали ҷумҳуриявии “Суруди Модар - Алла”-ро бо иштироки 500 нафар ҷавондухтарону занони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ дар сатҳи баланду зарурӣ санаи 4 марти соли 2017, соати 10:00 баргузор намояд. Ҷавонони
фаъолу
лаёқатманд
ва
соҳибистеъдод, ки маҳорати баланди сароидани
терии “Times New Roman TJ”, андозаи 14, интервали 1
суруди “Алла”-ро доранд, метавонанд дар Фести-
дар шакли электронӣ ва чопӣ қабул карда мешаванд.
вали ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ намоянд.
Суроға: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
Суроға барои маълумоти иловагӣ: шаҳри
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Спор-
Душанбе, кучаи Спортивная-6, телефон барои
тивная-6. Телефон: 235 19 53; 90 406 60 74. e-mail:
тамос: (837) 236 37 26; 235 19 53; 90 406 60 74.
diloshub.rozikov@mail.ru
www.youth.tj; e-mail: diloshub.rozikov@mail.ru
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2017 озмун эълон мекунад. 1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1998, №967 таъсис дода шудааст. 2. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои тадқиқоти илмию амалӣ дар самтҳои зерин дода мешавад: – барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамояд; – барои коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд. 3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 15 апрели соли 2017, соати 14:00 сурат мегирад. Нишондиҳандаи муҳим барои иштирок дар озмун барои довталаб, синни то 35, дифои рисолаи илмӣ (то моҳи апрели соли 2017) ва дар амал қарор доштани натиҷаҳои кори илмӣ дар муҳлати на кам аз як сол мебошад. 4. Довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намо-
яд:
а) варақаи шахсӣ, нусхаҳои ҳуҷҷатҳо барои дараҷаҳои маълумот, нусхаи шиноснома, тарҷумаи ҳол – 2-нусхагӣ, б) расми андозаи 3х4 - 3 дона; в) қарори Шӯрои илмӣ ё Мушовараи муассисае, ки дар он довталаб кор мекунад, дар бораи пешниҳодот барои дарёфти ҷоиза - 1 нусха; г) рӯйхати ҳамаи корҳои илмии довталаб - 2 нусха; д) шарҳи мухтассари мазмуни асар ё асарҳои илмии ба озмун пешниҳодшуда дар ҳаҷми на зиёда аз як варақаи чопӣ - 2 нусха; е) нусхаи шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироот) - 2 нусха; ё) маълумотнома аз ташкилот, муассиса ва ё мақомоти дахлдор дар бораи татбиқи амалии ихтироот, конструксияҳо, материалҳо ва технологияи нав, усулҳои мукаммали истеҳсолот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ - 1 нусха; ж) доштани унвони илмии номзади илм ва ё доктори илм; з) моҳияти воқеии илмӣ-амалӣ доштани натиҷаҳои илмии кашфиёту ихтирооти пешниҳодшуда бо ҳамроҳии маводҳои тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, аёнӣ ва ғайра; и) ҳолати анҷом додани кашфиёту ихтирооти дар амал татбиқшуда ва татбиқшаванда;
й) на кам аз як сол мавриди амал қарор доштани тадқиқоти довталаб; к) доштани ду маҷмӯаи илмие, ки яке аз онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии бонуфузи дохилӣ (Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, қарорҳои Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) эътироф шуда бошад; л) доштани на кам аз 10 мақолаи илмӣ, ки аз он се тоаш дар маҷаллаҳое, ки онро Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия эътироф намудааст ва яктоаш бо забони англисӣ дар хориҷи кишвар ба чоп расида бошад; м) иштироки довталаб дар на кам аз 10 Конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 1 Конференсияи байналмилалӣ ё минтақавӣ; 5. Ҳамаи асноди дар банди 4 омада бояд ба таври расмӣ тасдиқ карда шуда бошанд; Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: – шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; – телефон барои тамос (+37) 2351953, 2363726 – www.youth.tj; email: kjvs.1997@mail.ru Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологиҳои иттилоотӣ) барои соли 2017 озмун эълон менамояд. Барои гирифтани ҷоиза дастовардҳо аз рӯи ҷойҳои (истеъдодҳо, ихтироот ва эҷодкорӣ) зерин баҳогузорӣ карда мешавад: – адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); – рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ, бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон); – рассомон (расмҳои хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра); – бастакорон (оҳангҳои ҷолиб ва мусиқии дилангез, пиессаҳо, либретто, опера ва балет); - техникӣ (ихтироот, навовариҳои ҷавонон ва лоиҳаҳои инноватсионӣ); – барномасозон (ихтироот дар самти технологияҳои иттилоотии компютерӣ, бахусус дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва махзани кадрӣ); – режиссёрон (филмҳо, намоишномаҳои саҳнавӣ-театрӣ, барномаҳои телевизионӣ ва ғайра); – санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ ва ҳоказо); – меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангу фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад). Дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синну соли 14–30) ширкат варзида метавонанд. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 15 октябри соли 2017, соати 14:00 сурат мегирад. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6; тамос (+37) 2351953, 2363726; www. youth.tj; e-mail: shokhzod.rakhimov@mail.ru
16
ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №08 (9486), 23.02.2017
ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН
Лутфи ҷавонӣ Ду бангӣ бо ҳам суҳбат мекарданд. Аввалӣ ба дуюмӣ гуфт: - Ин тур ки мегӯӣ, ман ба зудӣ хоҳам мурд, вале бояд ба ту бигӯям, ки агар ман мурдаму дар ҷанозаам ширкат накардӣ, ба Худо қасам, ман ҳам дар ҷанозаи ту ширкат нахоҳам кард!
Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...
ФУРҚАТ САИДОВ
Дар девонахона. Девонаи аввалӣ: -Чӣ шудааст, ки ин қадар механдӣ? Девонаи дуюм: – Ҳеҷ чиз, як латифаи хушмазае барои худам эҷод кардам, ки то ҳол нашнида будам.
√ АНДАРЗИ
Гадое аз хоҷае нон хосту гуфт: - Агар нон бидиҳӣ, туро дуои хуш ва нек кунам. Чун нон гирифт, даст ба сӯи Худо карду гуфт: - Худоё, ин хоҷаи гиромиро хушу солим ба хонумонаш бирасон. Хоҷа, ки аз хонаи худ дили пурхуне дошт, бонг бар гадо зад, ки: - Эй бадбахт, хомӯш бош, агар хонумон он аст, ки ман дидаам, Худованд туро ба он ҷо бирасонад!
√ ЭЪЛОН
“ҶТ”
Шоҳин Шоҳзодае ба шикори шоҳинҳо рағбати зиёд дошт. Рӯзе роҳбалади шикорчиҳо аз ҷангал барояш чӯҷаи шоҳинро овард. Шоҳзода бо дасти худ ба чӯҷа хӯрок медод ва ба шикорчии таҷрибадоре амр дод, то ӯро таълим диҳад. Чӯҷа калон шуда, ба шоҳини пурзӯру қавӣ ва зебое табдил ёфт. Аммо касе то ҳол парвози ӯро надида буд, чун тамоми рӯз дар шохи ҳамон дарахте, ки аз хурдӣ ҷояш карда буданд, менишаст. Шоҳзода дар пешайвон истода, тамошо кардани машғулиятҳои ин парандаи шикории худро дӯст медошт. Шикорчӣ кори худро хуб медонист ва уқобону калхотҳо ва парандагони зиёдеро санъати парвоз омӯхта буд. Аммо ин шоҳини дӯстдоштаи шоҳзода ҳамоно дар як ҷо истода, бол кушодан намехост. Шоҳзода, ки хеле озурда шуда буд, қосидони худро ба ҳама гӯшаву канори мамлакат фиристод, то нафареро пайдо кунанд, ки ба шоҳини ӯ парвоз карданро омӯзад. Як субҳ шоҳзода ба пешайвон баромада дид, ки шоҳинаш дар болои қаср парвоз карда истодааст. Ӯ хеле хушҳол шуд ва амр дод, то фавран он нафареро, ки ин муъҷизаро офаридааст, наздаш биёранд. Баъди чанд дақиқа марди деҳқоне ба утоқи ӯ ворид шуд. Шоҳзода ҳайратзада ба ӯ рӯ оварда пурсид: - Чӣ гуна ба ту муяссар гардид, ки ӯро барои парвоз кардан маҷбур созӣ? - Ин кори осон буд, - гуфт деҳқон. – Ман танҳо ҳамон шохеро, ки шоҳин болояш менишаст, арра кардам. Паранда, ки аз макони одаткардааш маҳрум гашт, ба ёд овард, ки ӯ қанот дорад ва парвоз кард.
ГУМШУДА Миёни мо - одамон низ нафароне ҳастанд, ки дар “шоха”-и худ маҳкам часпида мешинанду ҳатто пай намебаранд, ки «қанот» доранд. Баъзан ягон воқеаи рухдода такягоҳи онҳоро пурра вайрон мекунаду одамон мефаҳманд, ки онҳо низ парвоз карда метавонанд. Шояд аксари одамонро лозим аст, ки “шоха”-ро арра кунанд, то мо аз ҷои гарму боэътимоди одаткардаи худ маҳрум гашта, ноилоҷ бол кушода парвоз кунем? Баъзан мушкилот ва нохушиҳо ба ҳаёти мо на барои вайрон кардан, балки барои парвоз омӯхтан меоянд.
√ ОБУНА-2017
Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед.
Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4
САРМУҲАРРИР
Бахтовар КАРИМОВ
√ ЗОДРӮЗ
МУБОРАК!
Таҳияи Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ”
Яксола шудӣ, Имрон, Дар хона қадам мондӣ. Мегардию механдӣ, Бар умр рақам мондӣ. Сад сол бизӣ, Имрон, Аз давлати ин даврон. То нақши қадам монӣ, Дар роҳи ҳаёт осон. Мавлуд муборак бод! Масъуд муборак бод! Бо дуои умрдарозии ту падару модарат Воҳид ва Насиба, бобоят Раҳим Амини Қубодиёнӣ, бибиҳоят Раъно ва Зебо
Рӯзнома дар шакли ранга ва ҳаррӯза хабарҳои соҳа дар
JAVONON.TJ
Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Ҳуҷҷатҳои ронандагии (шаҳодатномаи техникӣ, иҷозатномаи шишаҳои сиёҳ...) Сафаралиев Диловар гум шудааст. Ҳар касе, ки пайдо кардааст, мукофотонида мешавад. Телефон барои тамос: 93 705 18 90.
БО МО ПИР НАМЕШАВЕД!
ҲАЙАТИ МУШОВАРА:
•
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.
•
Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.
•
Индекси обуна: 68857
•
Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
•
Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5304 нусха ба нашр расид.
•
Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ АЗИМӢ (хабарнигор, Суғд).