Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо
№9 (9383), 26 феврали соли 2015
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад
www.javonon.tj
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ Барои пешгирӣ кардани ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ ҳоло ҳам дер нашудааст
ҲАФТ РӮЗ 19.02.2015 Масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар толори муассисаи таълимии №4-и шаҳри Сарбанд бо намояндагони ҷавонон, занон, пешвоёни дин, падару модарон дар бораи тарбияи ҷавонон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб миёни ҷавонон мулоқот карданд. 20.02.2015 Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Раҳимзода Рамазон, вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон мулоқот кард. 21.02.2015 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нашри варақаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони МО, ки 1 март таъин шудааст, ба итмом расонд. 22.02.2015 Зимни як чорабинӣ клип ва навори таронаҳои сербинандаи сарояндагони тоҷик, ки дар соли 2014 маъруф буданд, муаррифӣ шуд. “Таронаборон”-и Меҳринигори Рустам бо 501384 боздид дар интернет сербинандатарин унвон шуд. 23.02.2015 Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон реҷаи маҳдудияти барқ ба 19 соат (аз соати 5:00 то 00:00) дар шабонарӯз расонда шуда, аз 27 феврал пурра барҳам мехӯрад. 24.02.2015 Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ зимни як ҷаласа гурӯҳи охирини нозирони байналмилалӣ дар интихоботи парлумониро, ки 1 март доир мешавад, ба қайд гирифт.
Саҳифаи ҲАМКОРӢ
4
25.02.2015 Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои навсозию таъмирии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд. Айни замон мушкили асосӣ барои таъмини бемайлони ҳаракати нақлиёт ворид гардидани обҳои зиёдатӣ ба дохили нақб буда, барои бартараф кадани он чораҳо андешида мешаванд.
Қадрдонии «Дружиначиён»
ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кӯмаки шаҳрвандон ва ташкилотҳои Дирӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи кормандони ҷамъиятӣ яке аз шартҳои муҳим ва самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ наДар он Раҳимзода Рамазон, ва- ситодҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар мудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад. Бо назардошти таҷрибаи зири корҳои дохилӣ, генерал-лей- иштирок доштанд. тенанти милитсия, Абдуллозода Раҳимзода Рамазон зим- пешқадами ҷаҳонӣ Вазорати корҳои Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон, ни суханронӣ, аз ҷумла, гуфт, ки дохилӣ низ ин иқдомро пеша карда, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати «ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амния- якҷо бо аҳли ҷамоатчигӣ суботу ороҷумҳурӣ, сардорони раёсатҳо, аъзои ти сокинони кишвар, риояи қонуният мии ҷамъиятро таъмин менамояд”. «ҶАВОНОНИхалқӣ ТОҶИКИСТОН», 26 ФЕВРАЛИ 2015 (Давомаш дар саҳ. 4) дружиначиҳои ва роҳбарони №9 ва (9383), мустаҳкам намудани СОЛИ тартиботи
1
ҶАШН
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Президент ба хизматчиёни ҳарбӣ шуҷоат таманно кард 22 феврал дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ба истиқболи 22-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман, интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоянд. Ба ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳӣ, ҳамчунин, тавсия дода шуд, ки ба зердастони худ, хусусан, ба сарбозони ҷавон ғамхор бошанд, аз ҳолати рӯҳию ҷисмонии онҳо пайваста бохабар бошанд, то ба болоравии ҳисси садоқату самимияти онҳо ба халқу Ватан ва тақвияти матонату шуҷоати онҳо дар ҳифзи музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд. Изҳори бовар карда шуд, ки Сарвари давлат ҳайати шахсии фоиз зиёд карда мешавад. афсарону сарбозони Қувваҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ, собиқадорону Мусаллаҳи кишвар ба савганди пайвандони ин соҳа ва мардуми киш- аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолаварро бо иди касбии муҳофизони да- имрӯза ва хатарҳое, ки ба ҷаҳон ва ти фарзандии худро дар назди Валери Ватан табрику таҳният гуфта, минтақа таҳдиди ҷиддӣ доранд, ёдотан – Модар ва халқу давлати хеш бо ба онҳо дар ҳимояи амнияту оромии вар шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ ва сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон сохторҳои дахлдори кишварро ба матонату шуҷоат ва маҳорату кордонӣ тақвияти иродаи ҷавонмардӣ, зи- донишу таҷриба, малакаву маҳорати ракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои таманно намуд. Зикр гардид, ки тайи 22 соли фаъо- самимият ба халқу Ватан ҳидоят на- истиқлоли давлатии кишвар сафарлият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муд. Таъкид гардид, ки роҳбарони бар месозанд. рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди гузашт ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбад. Хотирнишон гардид, ки дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, садҳо нафари онҳо ба хотири оромиву суботи Ватан ҷон қурбон карданд ва мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша гиромӣ медорем. Аз солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ёдовар шуда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, Қайд намуд, ки дар ибтидо ҷумҳурӣ ҳатто кадрҳои миллии афсарӣ ва ҳеҷ заминаи моддию техникӣ надошт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва афсарони сершумори дорои тахассуси олӣ ва мутахассисони варзидаю корозмуда мебошад. Барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар беш аз 15 ҳазор афсари касбии дорои тахассуси олӣ омода карда шуд ва наздики 2 ҳазор нафари дигар ҳоло таҳсили улуми ҳарбӣ мекунанд.Таъминот бо озуқаю либосворӣ ва бо манзили зист, таъмин кардани афсарон ҳам солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, мужда расонда шуд, ки ба наздикӣ сохтмони як шаҳраки низомӣ бо 1200 манзили зист барои афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз меёбад. Инчунин, зикр шуд, ки дар даҳ соли охир ҳиссаҷудокунӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қариб 7 баробар ва андозаи музди ходимони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз 18 баробар афзоиш ёфтааст ва аз 1 сентябри соли ҷорӣ боз ба андозаи 15
2
Ҷашни артиш дар ДТҶТ Чанде пеш дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, устодону донишҷӯён, бахусус, нафаронеро, ки дар факултаи омодагии дифои ҳарбӣ фаъолият ва таҳсил менамоянд, бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, ба як қатор устодону донишҷӯёни факултаи номбурда ва варзишгарону собиқадорони соҳа аз номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ “Сипоснома”-ву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Мулоқот бо ҷавонони Варзоб Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб бахшида ба 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ чорабинии тантанавӣ доир гашт. Ба иттилои Раҷабалӣ ватанпарастӣ, фаъол буТурсунзода, мудири Бах- дани ҷавонон дар корҳои ши ҷавонон, варзиш ва созандагиву бунёдкорӣ, сайёҳии ноҳия, зимни пешгирӣ аз шомил намулоқот бо ҷавонон дар шудан ба ҳаракатҳои самти таблиғи арзишҳои иртиҷоӣ, ҷалби ҷавонони миллӣ, зиндагии дунявӣ, солим ба сафи Қувваҳои баланд бардоштани ҳисси Мусаллаҳ андешаҳои тарбияи ватандӯстиву ҷолиб баён гардид.
Ҷавонони бомаърифат имкони муаррифии кишварро доранд 20 феврал дар деҳоти Регар ва толори Хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода мулоқоти намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умуми, донишҷӯёни коллеҷҳо ва ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид. Чорабиниро Рабеҳ Шарифов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Сипас, намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Фаридун Давлатов ва Наврӯз Қурбонов мақсад аз баргузории вохӯриро суҳбати озоду ошкоро бо ҷавонон арзёбӣ карда, роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон маърӯза намуданд. Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ташаббуси онҳо дастгирӣ ва амалӣ карда мешаванд. Изҳор гардид, ки ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода намуда, донишу маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии худро баланд мебардоранд. Зеро, ба таъкиди намояндагон, танҳо ҷавонони дорои дониши баланд имкони муаррифии кишварро дар сатҳи байналмилалӣ доранд. Фаридун Давлатов, раиси Шӯрои олимони ҷавон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аз бар намудани илмҳои мусоир ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки аз техникаю технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиат ва барои баланд бардоштани савияи дониши худ истифода баранд. Дар фарҷом хонандагон ва донишёҷӯён андешаҳои худро вобаста ба мавзую масъалаҳои гуногун баён доштанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ДАР АРЗҲОИ ДӮСТӢ
Аввалин намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Омили сулҳ ва ҳамкориҳои судманд Соли равон ба статуси бетарафии доимӣ (нейтралитет) гирифтани Туркманистон 20 сол пур мешавад. Ба ин муносибат Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишангулӣ Аманлиев брифинг доир намуд.
И. Аманлиев иброз дошт, ки ба муносибати 20-солагии эъломияи Ассамблеяи СММ оид ба Туркманистон додани статуси бетарафии доимӣ бо қарори Шӯрои собиқадорони Туркманистон соли 2015 «Соли нейтралитет ва сулҳ эълон шудааст». Бетарафӣ аз оғози рушди мустақили Туркманистон интихоби таърихӣ ба шумор меравад. Моҳи июли соли 1992 дар ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Хелсинкии Финландия доир гашт, бори аввал Туркманистон бо мақади равшан намудани сиёсати хориҷии худ роҳи бетарафиро интихоб кард. Моҳи марти соли 1995 дар баёнияи саммити Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод ва мулоқоти сарони кишварҳои узви Ҳаракати ҳамроҳшаванда (ноябри соли 1995 дар шаҳри Картахен) ташаббуси Туркманистон оид ба бетарафӣ ҷонибдорӣ ёфт. Билохира, 12 декабри соли 1995 Ассамблеяи генерали СММ бо ҷонибдории якдилонаи 185 кишвари узви созмон эъломияи «Бетарафии доимии Туркманистон”ро қабул кард. Принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Туркманистон бо статуси давлати бетараф эҳтироми мустақилият ва тамомияти арзии дигар кишварҳо, дахолат накардан ба умури онҳо, худдорӣ аз истифодаи неру дар муносибатҳои байнидавлатӣ, ширкат накардан дар гурӯҳу блокҳои низомӣ-сиёсӣ арҷ гузошта, ба қарорҳои СММ ва умури байналмилалӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо мебошад. Бо пеш гирифтани сиёсати бетарафӣ Туркманистон дар муносибатҳои байналмилалӣ моделҳои самарабахши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва
фарҳангиро ба кор мебарад. Солҳои навадуми асри гузашта як давраи муколамаи сулҳи тоҷикон ва гуфтушуниди ҷонибҳои даргири Афғонистон маҳз дар Туркманистон баргузор шуд. Туркманистон мизбони нахустин саммити кишварҳои назди соҳили баҳри Хазар, як қатор форумҳои байналмилалии сатҳи баланди ба мавзӯъҳои муҳим бахшидашуда, аз қабили ҳифзи сулҳ ва халъи силоҳ, амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, гуманитарӣ ва ғайра гардидааст. Нуфузи Туркманистон ҳамчун кишвари босуботу сулҳдӯст, бетараф ва риоякунандаи ҳамсоядории нек торафт дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Моҳи августи соли 2012 президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов дар саммити Ҳаракати ҳамроҳнашаванда, ки дар шаҳри Теҳрон доир гардид, пешниҳоди баргузори конфронси байналмилалӣ оид ба сиёсати бетарафӣ дар Туркманистонро эълон намуд. Ба муносибати 20-солагии эълони бетарафии Туркманистон 12 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод конфронси байналмилалӣ зери унвони «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкориҳои байналмилалӣ ба хотири сулҳ, амният ва тараққиёт” баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, бо ширкати намояндагони баландпояи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақавӣ форум доир мегардад. Вобаста ба ин санаи муҳим дар Туркманистон ва хориҷ аз он як қатор чорабиниҳо, аз қабили форуми илмӣ, брифинг ва нишастҳои матбуотӣ баргузор хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Ишангулӣ Аманлиев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузории як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, давоми сол баргузории конфронси илмӣ-амалӣ, намоиши фарҳанг ва санъати Туркманистон, шаби дӯстӣ, мусоҳиба бо иштироки олимони сиёсатшинос ва адибон дар хусуси сиёсати бетарафӣ, озмуни сураткашӣ оид ба Туркманистон миёни кӯдакон, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра. Моҳи май дар Душанбе ҳафтаи дӯсти Тоҷикистону Туркманистон баргузор мегардад.
Ҳиндустон яке аз кишварҳои бузурги иқтисодии Осиё ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо дуюмин кишвари сераҳолии дунё ночиз аст. Бо мақсади зичтар ба роҳ мондани ҳамкории доираҳои тиҷоратии ду кишвар 20 феврали соли равон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Ҳиндустон ифтитоҳ ёфт. Дар намоишгоҳ 21 ширкати Ҳиндустон ва 3 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро пешкаш намуданд. Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва ширкати намоишгоҳии “Indo Russia EXPO” баргузор шуд. Ширкатҳои “A.P. Handicradts”, “Godline international”, “Rahul silver House”, “Khurram international”, “Havsh fashion” ва ғайра маҳсулоти гуногуни корхонаҳои саноати сабук ва ҳунармандию косибиро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ошпазҳои тарабхонаи “Delhi darbar” ба хоҳишмандон ғизоҳои ҳиндӣ пешкаш намуданд. Бо истифода аз фурсат бо чанде аз иштирокчиёни намоишгоҳ мусоҳиб шудем.
аст. Сайёҳони сершуморе, ки ба Ҳиндустон меоянд, аз ин маҳсулот ҳамчун ёдгорӣ аз кишвари афсонавии мо бо худ мебаранд. Дар Ҳиндустон талабот ба маҳсулоти туристӣ зиёд аст. Ман то ин дам дар намоишгоҳҳои маҳсулоти Ҳиндустон дар Қазоқистону Русия ва кишварҳои аврупоӣ ширкат варзидаам. Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадам. Намоишгоҳи мазкур то 1 март идома меёбад. Баъдан, аз 5 то 15 марти соли равон чунин намоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор мегардад. Умед мекунем, ки мо бо ҳамтоёни тоҷики худ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳем расонд. Онкит Шарма, намояндаи ширкати “Havsh fashion”: – Ман аз шаҳри бостонии Ҷайпур мебошам. Ҷайпур дар қатори Агра ва Фотеҳпур Сикр аз мавзеъҳои серсайёҳтарини Ҳиндустон ба шумор меравад. Мо ба ин намоишгоҳ атриёт, крем ва ҳар гуна армуғону маҳсулоти туристӣ овардем. Бори аввал аст, ки ман ба Тоҷикистон омадам. Ин як сафари омӯзишӣ аст. Мо
меомӯзем, ки ба кадом маҳсулот дар ин ҷо талабот зиёд мебошад. Дар навбати худ ягон маҳсулоти хушсифати Тоҷикистонро низ метавонем ба Ҳиндустон барем. Ман дар намоишгоҳҳои Австралия, Британияи Кабир, Русия маҳсулоти корхонаамонро муаррифӣ кардаам. Боварӣ дорам, ки дар Тоҷикистон шарикони хуб хоҳам ёфт. Ҳуҷҷат Замириён, намояндаи ширкати “Полуда” дар Тоҷикистон: - Корхонаи мо, асосан маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунад. Ширкати “Полуда”-и Эрон ғайр аз Тоҷикистон дар Ироқ низ намояндагии худро дорад. Мо алҳол дар шаҳри Душанбе 10 намуд панир (сир), чакка, ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширӣ истеҳсол мекунем, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалианд. Ширро аз хоҷагиҳои чорводории шаҳри Ваҳдат дастрас мекунем. Мо кӯшиш мекунем ҳамеша сазовори боварии муштариён бошем. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Роҳул Саҳанӣ, намояндаи ширкати “Rahul silver House”: - Муассисаи мо дар шаҳри Деҳлӣ ҷойгир аст. Номгӯи маҳсулоти муассиса гуногун буда, асосан барои армуғон
-
Мутахассисон метавонанд ба Кувайт раванд Аз рӯи маълумоти «Дурнамо дар самти шуғли глобалӣ ва соҳаи иҷтимоиёт барои соли 2015» алҳол сафи бекорони расман сабтшуда дар ҷаҳон 201 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ин рақам соли 2019 ба 212 миллион нафар хоҳад расид. Ба гуфтаи директори генералии Созмони байналмилалии меҳнат Гай Райдор вазъияти вобаста ба шуғл баъди буҳрони иқтисодии соли 2008 танҳо дар ИМА ва Ҷопон нисбатан беҳтар шудааст. Соли 2014 сатҳи бекорӣ миёни ҷавонони то 24-сола дар ҷаҳон 13% афзуд, ки хеле нигаронкунанда аст. Зеро афзудани шумораи ҷавонони бекор ба амнияти кишварҳо хатар эҷод мекунад. Бар асари таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба Федератсияи Русия қурби рубли русӣ поён рафт. Илова бар ин, ҳукуматдорони Русия бо ҳар баҳона талаботи гуногун пеш гузошта истодаанд, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ кишварашонро то рафт бадтар мекунад. Аз ин рӯ, иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз Федератсияи Русия депорт шудаанд, роҳи Қазоқистону Белорусро пеш мегиранд. Барои мутахассисони бекор даъвати Кувайт метавонад алтернативаи беҳтарин бошад. Дар ин кишвари дорои сарватҳои бойи табиӣ қариб 4,5 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҳиндустону Покистон ва Бангладеш озодона кор мекунанд. Ба гуфтаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов, алҳол 30 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар ин давлати бойи халиҷи Форс фаъолият мекунанд. - Ҳар тоҷикистонӣ, ки ба мо дар хусуси кор кардан дар давлати Кувайт муроҷиат намояд, мо ба ӯ дар ин самт роҳнамоӣ хоҳем кард, - гуфт Зубайдулло Зубайдов. - Кувайт кишвари амну осуда буда, муносибати мардуми таҳҷоӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ хуб аст. Аз ин рӯ, теъдоди муҳоҷирон дар ин кишвар аз аҳолии таҳҷоӣ 3 маротиба зиёд мебошад. Алалхусус, духтурон, мутахассисони соҳаи меҳмонхона, муҳандисон, агроному барномасозони забондон метавонанд ба осонӣ соҳиби ҷойи кор шаванд. Дар Кувайт донистани забонҳои арабӣ ва англисӣ муҳим аст. Шояд бо роҳ ёфтан ба бозори меҳнати кишварҳои халиҷи Форс муҳоҷирони меҳнатии қаноатпешаву аз майпарастӣ дури тоҷик маблағи бештаре кор карда, аз таҳқири тоссарҳову пулиси кишваре, ки «шарики стратегӣ»-аш меномем, халос шаванд?
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
3
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА Ин аст, ки абарқудратҳо марказ ва институтҳои таҳлилӣ ва омӯзишии зиёди давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис додаанд. Зеро танҳо омӯзиш ва таҳлили қазия метавонад дар оянда иллат ва сабабҳои ҳар зуҳуротро муайян ва роҳу чораҳои пешгирии онро то дараҷае муайян кунад. Танҳо муддате қасдан ё саҳван дар ғафлат мондани абарқудратҳо ва ё кишварҳои минтақа боиси пайдо шудани як созмони террористии бо ном «исломӣ» ва ҷамъ гаштани даҳҳо ҳазор ҷангҷӯ дар Сурия ва Ироқ шуд. Фикр мекунам, ки ғофил мондани абарқудратҳо қасдан буд, зеро он чи дар як муддати кутоҳ рух дод, далолат ба як амали аз пеш роҳандозишудаи қавӣ ва санҷида мекунад. Воқеан, аҷиб аст, ки барои сафар ба кишвари ҳамсоя чи заҳмате лозим аст. Аммо дар Сурия ва Ироқ ин ҳама ҷангҷӯ ва силоҳ ҷамъ мешавад, идораҳои амнияти кишварҳо гӯё ангушти ҳайрат мегазанд, ки чӣ тавр? Яқинан, ин ҷанг барои ташкили кадом хилофат ва ё давлати исломӣ нест. Боз ҳам яқинан ин бозии абарқудратҳо дар шакли дигар аст. Зеро нақши Усома бен Лодан, Авлокӣ ё «Толибон»-у «Қоида» камранг ва камтаъсир гаштааст. Мебоист чизе эҳсосбарангез пайдо кард, то ҷавонони бо сабабҳои гуногун ба ғазабомада ва зери таъсир қароргирифтаро саргарми ин моҷаро кард. Кам касон таваққуи ба ин моҷаро кашида шудани ҷавонони мо (тоҷикистонӣ)-ро доштанд. Аммо алорағми таваққуоти ба зеҳнҳо хутур накарда ин муси-
Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ Барои пешгирӣ кардани ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ ҳоло ҳам дер нашудааст бат моро доманагир кард. Имрӯз мувофиқи омор даҳҳо нафар аз ҷавонони мо дар Ироқу Сурия зери парчами давлати ба ном исломӣ меҷанганд ва ифтихор ҳам мекунанд. Иллат ва сабаби силоҳ гирифтани ҷангҷӯҳо аз шахс ба шахс ва аз макон ба макони дигар фарқ мекунад. Пас, ҳар касро ҳадафе ва сабабе ба он ҷо кашидааст. Бо баррасии ҳолат, рафтор ва шахсияти онҳо метавон аҳдофи онҳоро чунин хулоса кард. 1. ҶИҲОД Ҳадафи аксари онҳо, бешак, ҷиҳод аст. Яъне, онҳо фикр мекунанд, ки дар як ҷанги муқаддас қарор доранд ва барои дин ва бардоштани парчами ислом меҷанганд. Калимаҳои “Хилофат”, “Давлати исломӣ”, “Ҷиҳод”, “озод кардани заминҳои мусалмонон” ва шиорҳои “Зери қонуни ислом ва ё илоҳӣ зиндагӣ мекунем” ва “Душманони исломро дар ҷояшон мешинонем”, қисматеро саргарми ҷанг ва қисматеро барои ба он ҷо рафтан ташвиқ карда истодааст. 2. ҚУДРАТ Ин низ яке аз ҳадафҳои умдаи ин моҷарост. Вақте ҷавонони дар синни рушд манзараҳои ваҳшатноке, ки гӯё ғолиб будани ҷангҷӯҳоро нишон медиҳад мебинанд, эҳсоси онҳоро бармеангезад. Ҳар яке мехоҳад худро дар саҳнаи қаҳрамонӣ бинад. Ҷавонҳо одатан аз тамошои филмҳо мутаассир мешаванд, пас чӣ гуна аз он наворҳое, ки имрӯз аз тарафи ҷангҷӯҳо пахш мешаванд, мутаассир нагарданд? Бахусус, вақте ҷавони тоҷикистоние волии як вилояти ишғолшуда муаррифӣ мегардад ё таъин мешавад. Қудратхоҳӣ як ҳисси нуҳуфта дар ҳар шахс аст ва омилҳои гуногун метавонанд онро ошкор ё бедор кунанд. Нуфузи ногаҳонӣ
(Идома аз саҳ. 1) Номбурда афзуд, ки аз ҳисоби аҳли ҷомеа хоҳишмандоне, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Ин аз он далолат мекунад, ки фарзандони баномуси миллат дар пешрафту шукуфоии Ватан бетараф нестанд. Пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеа аз кору фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳли ҷамоатчигӣ вобастагии калон дорад. Барои ҳамин, кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонону донишҷӯён бояд дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзишии ҷомеа бетараф набошанд ва фаъолона иштирок намоянд. Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зимни суханронӣ зикр кард, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хатарҳои муосир, экстремизми динӣ, маводи мухаддир ва пешгирии
4
ва дар як муддати кутоҳ ба майдон омадани давлати ба ном исломӣ эҳсоси қудратхоҳии ҷавононро барангехта истодааст. 3. МАБЛАҒ Ба даст овардани маблағ низ метавонад инсонро водор ба силоҳ бардоштан кунад. Ин кор аллакай ба як чизи одӣ табдил ёфтааст. Агар дар дохили давлатҳои абарқудрат институтҳои низомии ғайридавлатӣ расман эътирофшуда ташкил шуда бошанд, пас, ин ҳамаро дида, ҷангҷӯҳо ин ташкилотҳоро ғайрирасмӣ ташкил кардаанд. Ҷавонҳои фиребхурдаи мо низ барои ба даст овардани маблағ вориди ин ҷанг мешаванд. Фикр намекунанд, ки маблағи насия дар ивази каллаи нақд ваъда шудааст. 4. МАНСУБИЯТ БА ҲИЗБ Ё ГУРӮҲҲО Вақте инсон вориди ҳизб ё гурӯҳе мешавад, пас, виҷдонан худро пойбанди қонун ё қоидаҳои он ҳизб ё гурӯҳ медонад. Барои мисол “Ансоруллоҳ” зери роҳбарии Амриддин Табаров ҷангидан барои дин ё ташкили давлати исломиро ҳадафи худ қарор додааст. Пас, ҳар ҷо ки ба назари онҳо фурсати ба даст овардани ҳадафҳояшон фароҳам омадааст, рафта пайкор мекунанду меҷанганд. Ин мансубиятҳо метавонанд ба ҳизбу гурӯҳҳои ғайриисломӣ ва ҳатто ғайридинӣ бошанд. 5. РАФЪИ МУШКИЛОТ Қисмате бе ҳадаф ва ба хотири раҳоӣ аз мушкилот худро вориди ин саҳна кардаанд. Ин мушкилотро метавон чунин баён кард: а) касоне, ки дар ҷустуҷӯи органҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд. Чӣ дар Русия, чӣ дар Тоҷикистон; б) қисмате вориди бозори маводи мухаддир шуда, қарзи бузург бар
дӯш доранд; в) қисмате мушкили оилавӣ доранд. Метавон гуфт, ки онҳо касоне ҳастанд, ки аз зери борон ба зери новадон фирор кардаанд. 6. ФИРЕБ Воқеан, қисмате ҳастанд, ки фиреби дӯстонашонро хурдаанд, шояд то лаҳзаҳои охир намедонанд, ки вориди ҷанг мешаванд. Ин низ дар мардум ҳамеша мушоҳида карда мешавад. Аммо ин ки чӣ сабаб шуд, то ҷавонони мо чунин ҳадафро ихтиёр кунанд, ин низ аз шахс ба шахс фарқ мекунад. Пас, сабабҳо аз ҳадафҳо бастагӣ доранд. Ҳадафҳои номаъқули ҷавонони мо чунин сабабҳо доранд: 1. НАДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ ДИНӢ Суҳбатҳои ҷангҷӯҳои тоҷик аз он дарак медиҳад, ки сатҳи саводнокии онҳо хеле кам ва паст аст. Онҳо бо забони модарии худ дуруст ҳарф зада наметавонанд, пас, чӣ гуна умеди донистани аҳкоми исломро аз онҳо метавон дошт. Бузургтарин уламои ислом дар ҷаҳон пешвоёни онҳоро ҷоҳил хондаанд, чӣ расад ба ҷавонони мо. Инсони ҷоҳил бисёр зуд фирефта мешавад ва бисёр дер ба хатои кардааш пай мебарад ё аслан пай намебарад. 2. НАДОШТАНИ МАЪЛУМОТ ОИД БА САҲНАИ ВОҚЕӢ Воқеан, аксари мардуми ҷаҳон намедонанд, ки аслан дар Ироқ ва Сурия кадом ҳодисаҳо рух медиҳанд? Ҷанг бо кист? Инсонҳо чӣ гуна ба он ҷо мераванд? Маблағ ва силоҳ чӣ гуна ба дасташон мерасад? Пешвоёнашон киҳо ҳастанд ва аз куҷо дастур мегиранд? Ин ҳама ҷавонҳоро фирефта, барои касе ба майдони ҷиҳод, барои касе ба майдони расидан ба қудрат ва барои каси дигар ба майдони ба даст
Қадрдонии «Дружиначиён»
ҳар гуна қонуншиканиҳо нафақат ба зимаи сохторҳои қудратӣ, балки бар зиммаи тамоми аҳли ҷомеа вобаста мебошад, зеро ҳар яки мо тарафдори сулҳу субот дар ҷомеа, муҳити тинҷу осуда, оромӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошем. Иштироки бевоситаи шаҳрвандон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва суботу оромӣ
дар ҷомеа нақши муҳим мебозад. - Ватани азизамон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, сатҳи зиндагӣ торафт боло меравад. Ин ҳама нишонаи тинҷиву осоиштагӣ, меҳнату заҳмати самараноки мардум, хизмати сазовори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, - афзуд А. Абдуллозода. Дар интиҳо бо фармони вазири корҳои
овардани мол мубаддал гардонид. 3. НАДОШТАНИ МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ВА СИЁСӢ Ин гуна ҷангҳо зиёд рух медиҳанд ва аз ҳама бештар касоне фирефта мешаванд, ки маълумоти умумӣ оид ба моҷароҳои олам надоранд ва зиракии сиёсиашон ё кам аст ё ҳеҷ. 4. ФИРЕБ Фиребхурданҳо сабаб шудаанд, ки инсон барои худаш корҳоеро маҷбуран ҳадаф қарор диҳад ва ночор барои он мубориза барад. Чӣ басо фиребхурдаҳо аз мушкилот ба зудӣ халос намешаванд ё туъмаи мушкилоташон мегарданд. Агарчӣ қисмате аз ҷавонони мо фирефтаи ин моҷаро гаштаанд, агарчӣ ин мусибат домани моро гирифтааст, боз ҳам ҳанӯз мо фурсат дорем, ки ин корро то ҳадде пешгирӣ кунем, то минбаъд ҷавонони моро нафиребанд ва ё фирефташудагони онҳо ресмони надомат ба гардан карда баргарданд. НА БО ДАНДОНҲОИ ТЕЗ ВА АФКОРИ ҶАНГҶӮЁНА Хуб мешуд, ки барои ин амри хайр камар бандем ва мунтазири мақомоти қудратӣ набошем, балки якҷо бо онҳо аз роҳҳои мавҷуда кор гирем. Мо якҷо метавонем кишварро ободу ором нигоҳ дорем. Нагузорем, ки дар байни мо шикофе эҷод кунанд ва дар дохили кишвар моро бо якдигар душман гардонанд. Инчунин, бояд гуфт, ки фишору шиканҷа роҳи ҳал набудааст, баръакс болои оташ ҳамеша чун равғане гаштааст. Бо ба даст овардани дили мардум ва самимӣ будан нисбат ба якдигар, мо метавонем сари роҳи ҳар гуна зуҳуроти нохушро гирем. Абдураҳмони АХТАР
дохилӣ як қатор кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгир намудани
ҷинояткорон фаъол буданд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар хотима ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида доштанд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ПАНД Гуфтани ҳақиқат гарчи талх аст, вале аз нагуфтан чора нест. Бо мушоҳидаи вақеаҳои дилхароши кишварҳои хориҷа, куштори кӯдакону занон, пиру ҷавонони бегуноҳ тавассути телевизион, хусусан, ба доми найранги исломиҳои исломношинос гирифтор шудани як идда ҷавонони азизи мо ва бо номи “Давлати исломӣ” ба хоку хун кашидани мусулмонони бегуноҳ кас водор мешавад, ки мӯҳри хомуширо бишканад ва ба ҷавонон роҳ нишон диҳад. Шайх Саъдӣ фармудааст: Агар дидӣ, ки нобинову чоҳ аст, Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст. Паёмбари мо дар як ҳадисашон фармуданд, ки ман аз кофир шудани умматам не, балки аз нодонии умматам метарсам. Яке аз нишонаҳои нодонӣ тасдиқ кардани ҳар сухан аз ҳар касу нокас ва пайравӣ ба ҳар роҳу равиш бе ҳеҷ таҳқиқу бappacӣ ва ба кор нагирифтани ақлу идрок аст. Инҷониб дар ин марҳалаи ҳассос хомӯш нанишаста, аз дидаву шунидаҳо ва омӯхтаҳову таҷрибаҳо, ки гуфтанаш аз фоида холӣ нест, ба насли наврас расонданро вазифаи худ медонам. Инро ҳам бояд қайд кард, ки пирон ҷавононро мешиносанд, чунки марҳалаи ҷавониро аз cap гузаронидаанд. Вале ҷавонон пиронро намешиносанд, чунки ҳеҷ вақт пир набудаанд. Ҷавонон табиатан эҳсосотӣ мешаванд ва аз ин сӯистифода бурда, ба гумроҳӣ кашидани онҳо хеле осон аст. Бояд дар назар дошта бошем, ки Ислом инсонро аз берун не, балки аз дохил тарбият мекунад. Ҷамолиддини Афғонӣ, ки тамоми умри худро дар роҳи даъват ба ислом сипарӣ кардааст, дар охир таҷрибаҳои худро бо ин сухан хулоса карда гуфтааст, ки аввал давлати исломро дар дилат барқарор кун, ки агар дар дилат барқарор карда тавонистӣ дар сарзаминат худ аз худ баркарор мешавад. Аз ин гуфтаи ин донишманди ботаҷриба маълум мегардад, ки исломро бо зӯр ва ташкили гурӯҳ ё ҳизб пиёда кардан имконпазир нест. Шоҳиди зиндаи ин қавл ҳамин кишварҳои ба ном исломист, ки дидани рафтору кирдори мардуми ин кишварҳо дигаронро аз дин дилсард мекунад. Бинобар ин, аввал бояд фарҳанги мардумро боло бурда, дилҳоро бо маърифати ислом тарбият кард. Ҷомеае, ки афроди он аз дин бехабар ва дилҳо аз маърифати дин холӣ бошад, таҳмил кардани қонуни исломӣ ва ҷорӣ намудани аҳкоми дин бефоида, балки сиёҳ кардани номи муқаддаси ислом аст. Онҳое, ки бо пулу молу тарғиботи авомфиребона нерӯ ҷамъ намуда, иддаои дифоъ аз дину ақида ва ё муҷоҳидинро доранд, аз ҳақиқати дин бехабаранд ва саводи кофӣ надоранд. Кадом кори ин гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бо таълимоти инсондӯстонаи Паёмбари гиромӣ рост меояд? Рост наомаданаш, ки мисли офтоб равшан аст, агар хилофи суннати Паёмбар ва таълимоти шариат гӯем, хато накардаем. Инҳо аз шариат, суннат ва равиши Паёмбар (с) бехабар ва бебаҳра буданашон аз рафтору кирдору гуфторашон маълум ва ҳоҷат ба далел нест. Паёмбаре, ки беҳтарин хислаташ ахлоқи ҳамида, инсондустӣ
ва раҳму шафқат ба бечораю бенавоён қатъи назар аз дину оинашон буд, ҳатто дар ҳассостарин шароит, ки ҷиҳод бо душман аст, ба саҳобагонаш тавсия мекард, ки ба занҳо, бачаҳо, кӯдакон, пирону дар ибодатхонаҳо ва масҷид нишастагон кордор нашаванд. Хонаву зироатгоҳҳоро ғорат ва ба харобӣ накашанд. Ин рафтори инсондустии Паёмбар қалбҳоро пеш аз шаҳрҳо ишғол кард ва бо ахлоқаш дунёро гирифт, на бо шамшераш. Яке иддаои онҳо, ки далел бар бехабар будани онҳо аз суннату ҳадисҳои Паёмбар аст, барқарор кардани хилофати исломист. Дар китобҳои ҳадис аз ин ҳадиси саҳеҳи машҳур фаровон ёд шудааст, ки Паёмбари гиромӣ фармуданд: “Баъд аз ман хилофат сӣ сол идома дорад”. Саҳобагон пурсиданд, ки пас аз он чӣ мешавад? Ҳазрат фармуданд: “Подшоҳӣ мешавад”. Яъне,
ба бегонагон баҳона медиҳанд, ки мусулмонҳоро ба террористӣ муттаҳам кунанд. Агар онҳо аз уламо ва донишмандони дин маслиҳат мегирифтанд ва ҳалли ин масъаларо мепурсиданд, ҳеҷ гоҳ онҳо ба қатлу куштор, ҳатто ба роҳпаймоию изҳори норозигӣ иҷозат намедоданд. Оре, аз касоне, ки ҳазратро намешиносанду имон надоранд, ба ғайр аз ин чӣ таваққуъ доштан лозим? Крикотур кардани онҳо Паёмбари гиромиро як кори одӣ аст дар баробари имон наоварданашон, ки ба маротиб бадтар аз крикотурсозист. Аз сиёҳӣ болотар ранг вуҷуд надорад. Имон, ки надоранд, бигзор ҳарчи дилашон хост, анҷом диҳанд. Бо ин корашон шаъни Паёмбар паст намешавад. Бо расидани даҳони саг дарё наҷас намешавад. Агар мусулмонҳо нодида гиранд ва сукут ихтиёр кунанд, бо таъбири дигар, писанд наку-
низоми подшоҳӣ сари кор меояд. Ин аст, ки даврони хилофати ҳазрати Абӯбакр, ҳазрати Умар ва ҳазрати Усмон 29 солу 6 моҳро дарбар мегирад ва бо хилофати имом Ҳасан, ки 6 моҳ аст, 30 сол комил мешавад. Бинобар ин, байни уламои Ислом дар бораи халифа будани ҳазрати Муовия, ки яке аз саҳобагон ва котиби ваҳй аст, ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ин ҳадис шаҳодат медиҳад, ки муддати хилофат, ки ҷонишинии Паёмбар маҳсуб мешавад, ба поён расидааст ва пас аз ин ҳар гурӯҳе, ки сари кор ояд ё подшоҳ аст ё сарвару сардори ҷомеа. Ҳарчанд худро халифа муаррифӣ кунад ҳам. Хилофати Усмонӣ, ки дар Туркия рӯйи кор омад, бо ин ки ба унвони “Хилофат” шӯҳрат ёфт, як низоми салтанатӣ буд. Чунки хилофат меросӣ намешавад ва шахси халифаро “Султон” ва фарзандонашро шоҳзода намегӯянд. Илова бар ин, халифа дар қасри боҳашамат бо садҳо каниз машғули айшу ишрат намешавад. Ҳазрати Умар, ки халифаи бузурги мусулмонҳо буданду дар замони хилофати эшон ду абарқудрати бузург, ки Форсу Рум буд, дар қаламрави ислом дохил шуда буд, пойгоҳашон масҷид буд ва дар бар либоси порагӣ доштанд. Дар сари дастархонашон ба ғайр аз обу хурмо чизи дигар дида намешуд. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки дар он замон мисли имрӯз фаровонӣ набуд ва онҳо аз ноилоҷӣ ин тавр зиндагӣ мекарданд. Касе, ки ба ин гумон дил хуш мекунад, аз таърих бехабар аст. Онҳо қудрати беҳтарин зиндагиро доштанд, вале ба пайравӣ аз Паёмбар зиндагии фақиронаро ихтиёр карданд. Яъне, ин тарзи зиндагии онҳо ихтиёрӣ буд, на изтирорӣ. Чунки агар изтирорӣ мебуд онҳо намунаи адлу инсоф намешуданд.
нанд, ин фатнаангезиҳо худ аз худ бас мешавад ва такрор намеёбад. Аксуламали мусулмонҳо шавқи онҳоро бармеангезад ва нуқтаи заъфашонро дар ин зуҳурот меёбанду бо эҳсосоташон ҳар гоҳ дилашон хоҳад, бозӣ карданро идома медиҳанд. Исломро ба чанд чизи зоҳирӣ хулоса карданду мазҳаби бузургони динро ба масхара кашиданд, бар хилофи рафтору кирдори донишмандони бузурги миллат, ки мавриди қабули умум аст, рафтор мекунанд ва амри маъруфи инҳо фақат айбҷӯӣ ва мардумозорист. Гуноҳи мардум ин аст, ки ба чизе, ки онҳо мӯътақиданд, муътақид нестанд ва мисли онҳо рафторҳои аҷибу ғариб намекунанд ва ба нағмаи онҳо намерақсанд. Ин ки гуноҳ нест. Агар ба фарзе гуноҳ бошад ҳам, онҳо хақ надоранд мардумозорӣ кунанд, ки гуноҳи мардумозорӣ болотар аз ҳар гуноҳ аст. Намешавад гуноҳро бо гуноҳ ислоҳ кард. Саҳву хатои як инсон ба мо иҷозат намедиҳад, ки бадрафторӣ ва мардумозорӣ кунем. Чӣ расад, агар он коре, ки ба назари онҳо хатост, хато набошад. Инро ҳам бояд хотиррасон кунам, ки вақтҳои охир бисёриҳо аз ашхоси ҳақиқию ҳуқуқӣ дар бораи ҳизби наҳзати исломӣ аз инҷониб суол мекунанд. Посухи ман ба онҳо ин аст, ки аввалан ман як шахси фарҳангӣ ҳастам на сиёсӣ. Бо камоли сароҳат мегӯям, ки дар умрам як соат ҳам ҳизбӣ набудам. Фақат робитаи дустӣ, ки бо Мулло Абдулло доштам ва эшон бо ман хеле самимӣ буданду гоҳо дар нишастҳояшон ширкат мекардам, бисёриҳо ин гумонро дар ҳаққи ман карданд. Чунонки ба сабаби ба Ирон рафтанам ба шиагӣ муттаҳам мекунанду мегӯянд, тақия мекунад. Ман ба ин шоиаҳо на парво мекунам, на посух медиҳам. Чунки даҳони ғаразгӯёнро бо хеҷ роҳ баста намешавад. Вале инро метавонам бигӯям, ки тақия дурӯғ гуфтан аст ва решаи дурӯғ ду чиз аст: ё тарс ё тамаъ, ки инҷониб ҳар дуро надорам. Бисёрии умрам рафту камаш монд ва дар фикри такмили корҳои фарҳангӣ ҳастам. Шукр, ки аксари орзую умедҳоям, ки навиштани чанд китоб буд, амалӣ шуд ва ҳамин рӯзҳои охир тарҷимаи “Қуръон”-и карим ҳам ба поён расиду барои ба чоп иҷозат гирифтан ба Кумитаи оид ба корҳои дин супорида шуд. Акнун на умеди ҷоҳу мансаб дорам, ки ба хотираш дурӯғ гӯяму чоплусӣ кунам. Бинобар ин, ба онҳое, ки нисбат ба ман шоиапароканӣ мекунанд, насиҳати падарона мекунам, ки аз ин бештар ба ман хубӣ карда, гуноҳамро ба дӯшашон накашанд.
Домулло Маъруфҷони ИСТАРАВШАНӢ
Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд!
Тавозуъ зи гарданфарозон накӯст, Гадо гар тавозуъ кунад, хӯйи ӯст. Имрӯз онҳое, ки иддаои пиёда кардани қонуни исломиро доранд, аз беҳтарин шароити зиндагӣ бархӯрдоранд. Хонаву кошонаҳои онҳо ва се зану чаҳор зан доштанашон аз зисту зиндагии мардуми одӣ фосилаи хеле зиёд дорад. Агар инҳо яке аз корҳое, ки ба эҳсосотӣ ва содагии мусулмонон, хусусан, ҷавонон далолат дорад, ноогоҳии онҳо аз найранги бегонагон аст, ки бо крикотур кардани Паёмбари гиромӣ эҳсосоти онҳоро бедор мекунанд. Инҳо бошанд, ба хотири дифоъ аз ҳазрат ва интиқом гирифтан даст ба куштор мезананду
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Бигзоранд боқимондаи гуноҳамро худам бикашам. Сониян, инҷониб на муфтӣ ҳастам, ки ҳаққи фатво додан ва на қозӣ ҳастам, ки ҳаққи қазоват кардан дошта бошам. Дар ҳоле ки мо муфтӣ, қозӣ ва пешвоёни дин дорем, фатво додани як шахси одӣ, ки ҳатто ҳаққи ҷаноза хондан ҳам надорад, ҷасорат ва беадабист. Илова бар ин, дар масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шаръӣ, ки аз “Қуръон”-у ҳадис сареҳ ва ҳуҷҷати қотеъ вуҷуд надошта бошад, ҳалли он бар ӯҳдаи шӯрои уламо ва аҳли ақду ҳал аст, ки номи онро “Иҷмоъи уммат” мегӯянд. Онҳо олимони бузург ва муҷтаҳидони дин ҳастанд, ки дар ҳузури ҳамдигар масъалаҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Ҳукми шариат бозича нест, ки ҳар муддаии муллоӣ ҳарчи дилаш хоҳаду нафсаш моил шавад, фатвои ҳавоӣ содир кунад, ки ғазаби илоҳиро дар пай дорад. Саҳобагони киром аз худсарона фатво додан парҳез мекарданд ва гоҳо чунин мешуд, ки саволкунанда аз ин саҳоба ба он саҳоба то чандин саҳобаро мегашт ва ниҳоят ба ҳамон шахси аввал бозгашта меомад. Бинобар ин, ҳарчи уламои бузургвор гӯянд, мавриди қабули инҷониб аст. Вале бо арзи пӯзиш аз бузургони дин инро метавонам унвон кунам, ки тинҷӣ, осудагӣ ва манфиати ҷомеа ва миллату давлат дар дараҷаи аввал қарор дорад ва аз авлавиятҳо маҳсуб мешавад. Ҳар ҳаракате, ҳар ҳизбу гypӯҳe, сарфи назар аз динӣ ё ғайридинӣ буданаш, агар ба тинҷӣ, осудагии ҷомеа ва манфиати миллию давлатӣ халал расонад ва латма ворид кунад ва мағзи ҷавононро заҳролуд намояд, он ҳаракат, он ҳизбу гурӯҳ қатъи назар аз ному шахсиятҳояш маҳкум аст. Дар охири ароизи худ ба ҷавонони азиз падарона насиҳат мекунам, ки қадри тинҷӣ ва оромии кашварро ва ваҳдати миллиро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, ғанимат дониста, тамоми кӯшишу ғайраташонро сарфи ободию шукуфоии ватани маҳбубашон кунанд ва оқилу ояндабин бошанд. Ба ҳарфи ҳар шахсу гурӯҳи ғаразнок гӯш надиҳанд ва ба ҳарфи падару модар, ки меҳрубону дӯсти холиси онҳоянд, гӯши ҷон супоранд. Бояд фаромӯш накунанд, ки бе иҷозати падару модар кор кардан гуноҳи нобахшиданист. Чи расад, агар онҳо норозӣ бошанд. Назди Паёмбари гиромӣ як ҷавон омад ва барои ба ҷиҳод рафтан дархости иҷозат кард. Ҳазрат пурсиданд: “Модар дорӣ”. Гуфт: “Оре, дорам”. Гуфтанд: “Ба модарат хидмат кун”. Дар зимн, ҷанги он замонро бо ҷанги ин замон қиёс кардан дуруст нест. Чун-
ки он замон ҷанги куфру имон буд. Аммо ин ҷангҳо байни ду гурӯҳи мусулмон аст, ки Паёмбар дар ин маврид фармудаанд: “Агар ду мусулмон ба ҳамдигар шамшер кашанд, ҳам қотилу ҳам мақтул дохили оташи дузах мешаванд”. Бисёрии ҷавонони мо азоби ноамнӣ, ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ ва аз Ватан беватану хору зор шудани падару бобоёнашонро надиданд ва фақат баъзе гӯшаҳояшро аз филмҳо тамошо карданд. Бинобар ин, қадри тинҷӣ ва осудагиро, ки бо ташаббуси хастагинопазири Президенти мамлакат ба даст омадаасту қурбониҳои зиёдро додааст, намедонанд. Инҳо фикр мекунанд, ки кишваҳои исломӣ биҳишти мавъуд аст. Вале мисли моҳиёне, ки дар дохили об ҳастанду орзуи дидани обро доранд, ҷавонони мо дар айни неъмати бузург, ки тинҷӣ мебошад, ҳастанду қадрашро намедонанд. Озодӣ, фарованӣ, арзонӣ ва имону ихлосу эътиқод, ки дар миллати мо ҳаст ва муҳаббату дӯстии мардуми мо дар ҳеҷ гӯшаи дунё дида намешавад. Тоҷикистони мо аз ҳар кишвари исломӣ исломитар ва мардумаш аз ҳар мардуми мусулмони дигар кишвар мусулмонтаранд. Инҷониб ҳамон кишварҳоеро, ки ба ном исломӣ ҳастанду даъвои мусулмонӣ доранд, аз наздик дидам ва дар байни онҳо зиндагӣ кардам. Дар Ирони исломӣ 14 сол будам ва ба ин хулоса омадам, ки ислом ҳам дар диёри худамон ҳаст ва мусулмони ҳаққиқӣ ҳам. Онҳо на одобу ахлоқи исломӣ доранд, на эътиқоди саҳеҳ ва на ибодати дурусти худописанд. Масҷидҳо холӣ. Ҳеҷ кас ба ҳарфи ходимони илм гӯш намекунад, балки масхара мекунанд. Фисқу фуҷур, фиребу найранг, гаронфурушию дурӯғгӯӣ дар авҷ аст. Агар гапи дурӯғ наёбанд, рост мегӯянд. Инсонигарӣ, виҷдон тухми анқост, мусулмониро нагӯям. Ин чӣ инсонигарӣ ва чӣ мусулмонӣ, ки фарзанд падару модарашро дар осоишгоҳ партояду хабар нагирад. Падару модар аз фарзандаш иҷорапулӣ гирад. Шармандагӣ болотар аз ин мешавад? Суф бар ин мусулмонӣ! Албатта, дар ин бора сухан бисёр аст, вале ба гуфтаи аҳли хирад: “Дар хона кас аст, як ҳарф бас аст”. Дар хотима аз ҷавонони азиз хоҳиш мекунам, ки рӯзи интихобот ҳама барои анҷоми вазифаи шаҳрвандӣ ба пойи сандуқҳои раъй қадам ранҷа намуда, намояндаи шоистаи худро бо камоли озодӣ интихоб кунанду дар ободӣ ва тинҷию оромии диёри маҳбубамон саҳм гузоранд, ки ободии дунё муқаддимаи ободии охират аст. Вассалом.
5
КАДР
МАСЛИҲАТҲОИ ТИББӢ
Ҷавони қолабшикан
ДАҲОНРО БАЪДИ ХУЛУЛЧОЙ БИШӮЕД
Бо омадани Маҳмадалӣ Қурбонов ба Коллеҷи технологӣ кор ранги дигар гирифт Замоне ӯро ба ҳайси сарвари Коллеҷи технологӣ муаррифӣ намуданд, иддае бинобар ҷавон буданаш аз дил мегузарониданд, ки дар кори роҳбарӣ зиёд намепояд. Аммо аз вохӯрии аввалин бо нутқи бурро ва андешарониҳои пурмазмуну масъалагузориҳои ҷиддӣ диққати ҳамаро ҷалб намуда, фикрҳои бадандешонро ботил намуд. Суханҳое ҳам, ки баъзан мешунавем, «аз дасти ҷавонони имрӯза кори роҳбарӣ намеояд, сусту камсаводанд…» ва ғайраро беҳуда кард. Дар халқ мақоле аст: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Вақте кас часпу талоши роҳбарро баҳри беҳбудӣ мебинад, ба кор дилгарм мешавад. Шӯълаи умед дар дилаш пайдо мегардад. Бо омадани директори нав дар коллеҷи технологӣ қолабшиканиҳо ба вуҷуд омад. Сохтор пурра тағйир ёфт. Факултаву кафедра ва шӯъбаҳои нав таъсис дода шуданд. Алъон факултаҳои технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёт, технологияи хизматрасонӣ, технологияи дӯзандагӣ ва хизматрасонӣ
«Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». (Аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ) амал менамоянд. Кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ, ба ҳисобгирии иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ рӯи кор омаданд, ки пештар ному нишон аз онҳо набуд. Чун Маҳмадалӣ Раҳматович ҷавони боҳушу ташкилотчӣ ва масъулиятшинос аст, хостем дафтари зиндагиномаашро варақгардон намояем. Ӯ 20 феврали соли 1985 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби таҳсилоти умумии ноҳияро бо баҳои хубу аъло ба итмом расондааст. Ба қавли шарикдарсону дӯстонаш дар мактаб Маҳмадалии ҷавон бо доноию саъю кӯшишаш аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳама бештар ба фанҳои дақиқ дилбастагӣ дошт. Ин меҳрро дар дили ӯ падари меҳрубонаш ҷой додааст. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастааш ӯро ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемуров овард. Дар ин боргоҳи илм тавассути донишу кӯшишаш дар дилу дидаи ҳар устоди факулта ҷо гирифт. Бо назардошти дониш ва маҳорати хуб пас аз хатми донишкада соли 2007 ӯро ба кор ба Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ҳозира Институти иқтисодиёти кишоварзӣ) қабул намуданд. Дар як муддати кутоҳ аз зинаи
ходими хурди илмӣ, раиси олимони ҷавон, ходими калони илмӣ то ба дараҷаи мудири кафедраи идоркунии давлатӣ ва маҳаллии факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон расид. Соли 2010 бо саъю кӯшиши бепоён рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Ногуфта намонад, ки Ҷ. Қурбоновро бинобар сабаби пеш аз муҳлат ба итимом расонидани рисолаи номзадӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ соли 2010 бо дипломи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардониданд. Дар муддати фаъолияти корӣ зиёда аз 35 мақолаи илмӣ чоп намуда, дар радио ва телевизион пайваста оид ба масоили мубрами иқтисодӣ баромад менамояд. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2014 мебошад. Мо гуфтору рафтор ва амали сарвари ҷавон Маҳмадалӣ Қурбоновро, ки як аст, ҳамеша эҳсос мекунем. Ин аҳли коллективи моро ба корҳои нек раҳнамун месозад. Ҳақ ба ҷониби соҳибдиле, ки фармудааст: Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз. Мавлуда ХОЛИҚОВА, омӯзгор
Хулул (хуч, настаран) аз виитамини “С” бой буда, барои камвитаминӣ, муолиҷаи шамолхӯрӣ ва зуком даво аст. Аммо баъди нушидани хулулчой даҳонро бо оби ширгам чайқонед. Зеро кислотаҳои таркиби хулулчой сири дандонро вайрон мекунанд. ПЕШ АЗ ХОБ ШИР НАНӮШЕД Баъзе волидон пеш аз хоб ба кӯдакон шир ва ё печен медиҳанд. Олимони соҳаи тиб муайян карданд, ки истеъмоли шир бо ширинӣ чанд мушкилӣ ба бор меорад: хастагӣ, қабзият (сахтшавии дарун), дарди гулӯ, сулфа. Аз ин рӯ, чунин тарзи ғизохӯрӣ хобро нороҳат месозад. Беҳтараш пеш аз хоб як кошуқча асал ва як пиёла райҳончой нӯшед. ҚАҲВА САРАТОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД? Олимони Пажӯҳишгоҳи саратоншиносии Амрико дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсола ба хулоса омаданд, ки беҳтарин роҳи пешгирии саратони бачадон инҳоянд: кори ҷисмонӣ, варзиш (на камтар аз 30 дақиқа), ғизои солим, кам-кам қаҳва нӯшидан. Кӯшиш кардан лозим аст, ки вазн зиёд нашавад. ЧАРО ҶАВОНОН БАРВАҚТ ПИР МЕШАВАНД? Баъзе пирон бо вуҷуди гузаштани синну сол болидарӯҳу чаққонанд, вале иддае аз ҷавонон бармаҳал пир мешаванд. Сабаби асосӣ - майнӯшӣ, тамокукашӣ, пурхӯрӣ ва камҳаракатии онҳо мебошад. Ба болои ин, вайроншавии реҷаи хоб, изтиробу асабонияти зиёд, истеъмоли ғизоҳои аз лиҳози экологӣ нобоб, истифодаи барзиёди дору ҷараёни пиршавиро метезонад. Хӯрдани гӯшти сурх (гов, гӯсфанд) низ сабаби пиршавии бармаҳал мегардад. Беҳтараш гӯшти мурғро интихоб бояд кард. Зеро истеъмоли гӯшти сурх кори меъда ва ҷигарро мушкил мегардонад. Истъмоли лӯбиёгиҳо, кабудиҳо, тухм, чормағз, равғани ҷуворимаккаю кунҷит, марҷумак (гречка), нони ҷав ҷисмро қавӣ ва ҷавон нигоҳ медорад. Таҳияи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ“
“БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!“
Аз қадим китоб ҳамчун ганҷинаи беҳамто, манбаи хирад, заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад, роҳи инсонҳоро бо нуру донишу маърифат равшан месозад. Шакке нест, ки китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат дар тарғиби мероси гузаштагони мо комёбиҳои бештар ба даст хоҳад овард. Китоб равзанаест, ки мо тибқи он олами ҳастиро кашф менамоем. Китоб масофаҳоро наздик, хаёлҳоро ба парвоз оварда, олами воқеиро дар пеши чашми одамон зебо, дурахшон, манфиатбахшу ҳайратовар инъикос менамояд. Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назарашон пурҷило нишон медиҳад. Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа, муҳити атроф гирифтааст, аз китобҳои хондаи онҳост. Китоб хубтарину нодиртарин мӯъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя кардааст. Пас, эҳтиромаш вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳарчи қадар, ки мо онро азизу муътабар шуморем,
6
Нақши китоб дар бунёди оилаи солим он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад. Ҳар ки аз китоб рӯй гардонад, вай аз нон рӯй метобад. Нону китоб дар қурбу қимат ва манзалат баробарарзиш мебошанд, яке ғизои маъноӣ диҳад, дигар ғизои тану ҷонро таъмин менамояд. Онҳоро аз ҳамдигар пешу қафо мондан нашояд. Нону китоб қиматтару баланд ва азизу арҷманданд. Маҳз тавассути китоб инсон метавонад оилаи солим бунёд кунад. Оилае, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас, оилаи солим бояд дар меҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мефармояд: “Тамоми фарзандони Одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд, шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчу-
нин, фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳароина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд. Бинобар ин, маҳз тавассути китоб
инсон метавонад ба қуллаи мурод, ба баландтарин нуқтаи орзуву андешаҳо расад. Ҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
21 ФЕВРАЛ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БУД
Завқи забономӯзиро тарбия мекунанд
Тозаву пок нигоҳ доштани забони модарӣ ифтихор аст Аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.07.1989) 26 сол сипарӣ шуд. Чун мо соҳиби давлати мустақил шудем, яке аз муқаддасоту рукни асосии ҳар давлати соҳибистиқлол забони он мебошад. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст, ки забони давлатии худро хуб донаду онро эҳтиром намояд. Бузургдошти забони модарӣ масъалаи ҳаёту мамоти миллат аст. Забони модариро эътиром надошта, чӣ сон метавон волидон, Ватан, таърихи миллат ва азизону номдорони онро бузург дошт? Миллате, ки забони модариашро пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба нестист. Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ, омили муттаҳидгари халқ будани он ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Воқеан, тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам бароварданд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Хоразмӣ, Борбади Марвазӣ, Абӯмуслим, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ ва Балъамӣ аз ҳамон зумраанд. Бо шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст. Сулолаи Ғазнавиён, Қарахониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол мушти салтанаташон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои ин миллат коргузории расмии давлатии худро бо ин забон ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дарборашон ба дасти олимон, адибон, арбоби давлатии соҳибзабонон сурат мегирифт. Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандҳазорсоларо маҳфуз дошта, имрӯз низ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар адибони гузаштаро озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори олимону муаллимон, рӯзноманигорон, муҳаққиқон ва зиёиён пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он, аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм кардани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама, китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳар фарди бонангу номуси миллат барои баланд бардоштани маданияти забондонӣ риояи меъёрҳои забони адабӣ, болоравии сатҳи худшиносӣ, таҳкими
ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, инчунин, пешгирӣ аз пайравии кӯркӯронаи забонҳои дигар саҳм бояд гузорад. Набояд фаромӯш кард, ки одам забони адабиро, асосан, аз кӯдакӣ ва наврасиву ҷавонӣ меомӯзад. Яке аз камбудиҳои кори мо ин аст, ки ба кӯдакону наврасон меҳри забон, завқи забономӯзӣ ва суханварӣ тарбия намекунем. Фаромӯш кардаем, ки ин вазифаи бошарафи ҳамаи мо - падару модарон, мураббиёну муаллимон, ҳамсоягону ҳамдиёрон мебошад. Бе муҳаббати забон ва
ли пайвастаи савод дар мактаби миёнаву донишгоҳҳо, ба гумони мо, имкон ба миён овард, ки ҷомеа пастсаводиву бесаводии нангини имрӯзаро бартараф намояд, миллат босавод ва ҷомеа бофарҳанг бишавад, барои расидан ба камолоти маънавӣ ва устувор шудани истиқлоли фарҳангии миллат, яъне, барои таъмини бақои умри таърихии вай заминаи мусоид омода бигардад. Дар офаридгорӣ ва пешрафти ҳамаи давру замони ҷамъият яке аз омилҳои асосӣ ва пурқудрат забон аст, сухан аст.
Тоҷикистон ба ҳама забонҳо арҷ мегузорад 20 феврали соли равон дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ суҳбати гирди миз доир гардид. Дар он бо намояндагӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, нависанда Мансур Суруш, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Шарофзода Гавҳар, директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода, намояндагони вазорату идораҳо ва донишкадаву донишгоҳҳо, намояндагони аққалиятҳои миллӣ (Шӯрои русзабонҳои кишвар, ҷамъиятҳои қазоқҳо, арманиҳо, гурҷиҳо, озарҳо, осетинҳо, туркманҳо, тотору бошқирдҳо) иштирок доштанд. Зимни суханронӣ Мансур Суруш зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳо баробар арҷ мегузорад. “Ҳарчанд забони тоҷикӣ мақоми забони расмиро ҳанӯз дар замони шӯравӣ соҳиб шуда буд, раванди ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил ёфтани он дар даврони истиқлол, хоса баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз шуд”, - афзуд М. Суруш.
завқи забономӯзӣ сухандон шудан мумкин нест. Ин гуна завқро тарбия мекунанд, вай худ ба худ пайдо намешавад. Завқи омӯзиши забон аз муҳаббати забон, аз шуурона фаҳмидани моҳияти он пайдо мешавад. Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар дарбори Тоҳириёну Саффориён, сипас, дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргузории вазоратҳо ривоҷ пайдо кард. Бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳои тоҷикӣ суруда шуда, дар давоми садсолаҳои минбаъда ҳазорҳо ҷилд асарҳои таърихӣ, илмӣ, фалсафӣ ва динӣ эҷод гардиданд. Аз ин рӯ, баъди ба даст овардани истиқлолият мо ҳуқуқ надорем, ки ба поймол шудани истиқлолияти фарҳангии миллатамон роҳ диҳем. Зеро истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Истиқлолияти фарҳангӣ миллатро ба истиқлоли аслӣ мерасонад. Қувваи ҷисму рӯҳи ӯро афзуда, барои пояндагии ҳастии ӯ шароит ба вуҷуд меорад. Моддигароие, ки тобеъ ба маънавиятҷӯӣ нест, ҷомеаро ба сӯи вартаи бемаънавиятӣ мебарад. Бемаънавиятӣ баробари нестист, зеро ба манқуртият меоварад, инсонро аз ёди фарҳангӣ, аз ҳофизаи таърихӣ, аз сифатҳои инсонӣ, аз ҷавҳари башарӣ маҳрум месозад. Истиқлолияти фарҳангӣ эҳтиёҷ ба истиқлолияти сиёсӣ дорад ва истиқлоли сиёсӣ бидуни истиқлоли фарҳангӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Инсонгароии омӯзишу парвариш, ҳамбастагии саводу маънавият, такми-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Он муҳимтарин воситаи муомилот, заруртарин омили тарбия, омӯзиш ва тавонотарин аслиҳаи мубориза мебошад. Фақат ба василаи адабиёти классикӣ метавонем дар ниҳоди ҷавонон завқи забондонӣ, маънишиносӣ бедор намоем. Танҳо тавассути мутолеаи тӯлонӣ ва басабру таҳаммул пайроҳаҳои обшустаи суханро обод менамоем. Агар дарсҳои забон бо адабиёт пайваста раванд, хонандагон аз фасоҳату балоғат баҳравар хоҳанд шуд ва аз қоидаомӯзии хушку холӣ халос мешавем, муродифҳои гуногуни калимаҳоро аз худ намуда, тартиб додани ҷумлаи фасеҳу зеборо низ ёд мегирем. Қаҳрамонии забони тоҷикӣ дар нобӣ, гувороӣ, пурҷавҳарӣ, навозишгарию ҷоннавозиву ҳузурбахшӣ, ҷонрабоӣ, дилрабоию мафтунгарӣ, таъсирбахшию пурғунҷоишӣ, дар шири модар буданаш аст. Шири модарро ҳеҷ фарде ҳаққу ҳуқуқи олудан, эҳтиром накардан, гум кардан надорад. Забони тоҷикӣ ҷонбахши бӯстонсарои олами маънавӣ, зангӯлаи ҷоннавози гӯшҳову гӯишҳост, тоҷи ифтихори миллӣ ва миллат аст. Мо ифтихор мекунем, ки донанда ва дорандаи яке аз забонҳои ширину зебои ҷаҳон, яъне, забони тоҷикӣ ҳастем. Аммо ифтихори доштану донистани забон кам аст, бояд барои ҳифзи он ҳамеша кӯшиш кард. Нигина СИРОҶОВА, номзади илми филология
Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Шарофзода Гавҳар иброз дошт, айни замон дар Тоҷикистон дар 1002 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ таълим бо забони ғайридавлатӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар 18 мактаб таълим ба забони русӣ, 272 мактаб бо забони узбекӣ, 37 мактаб бо забони қирғизӣ, 1 мактаб ба забони туркманӣ, 2 мактаб ба забони англисӣ... “Дар Тоҷикистон 11 забон дар мадди хатар қарор дошта, масъулинро зарур аст, ки барои ҳифз ва нигаҳдошти ин забонҳо чораҳо андешанд. Ҳарчанд баъзе корҳо анҷом мешаванд, аммо ин қаноатбахш набуда, зарур аст, ки бо назардошти омода намудани мутахассисони варзида аз ҳисоби аққалиятҳои миллӣ забонҳои мувоҷеҳ ба хатарро пешгирӣ намоем”, - иброз дошт Г. Шарофзода. Маврид ба ёдоварист, ки ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои бисёрзабонӣ ва рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардида, аз соли 2000 дар тамоми кишварҳои дунё таҷлил мегардад.
М. УСМОНОВ, “ҶТ”
7
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии авзои олам мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ гардад.
вар Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ» ва стипендияи “Дурахшандагон” ба тасвиб расид, ки имрӯзҳо ҷавонони тоҷикистонӣ дар беҳтарин макотиби олии кишварҳои хориҷ таҳсил доранд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар Паёми худ таъкид кардааст: «Аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишварамон заруриро азбар карда истодаанд». Танҳо соли 2014 шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар ҷумҳуриҳои Украина, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Хитой, Малайзия, Эрон,
Аз ин рӯ, вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон дар маҳалҳо, бахусус, таъсиси марказҳои ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Имрӯз теъдоди марказҳои ҷавонон дар кишвар хеле кам (63 адад) буда, ба 10000 ҷавон як марказ рост меояд, ки мувофиқи талаботи ҷомеа ғайриқаноатбахш арзёбӣ мегардад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ҷиҳати таъсиси марказҳои ҷавонон чораҳои судманд роҳандозӣ намоянд. Ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон ҳамчун нишондиҳандаи беҳ будани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб мегардад ва ин амал фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти давлатиро бо ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати ба кор
Дар баробари пешрафти ҷомеа ва идора кардану пуштибонии ҷавонон зарурат пеш омад, ки дар мақоми давлатдорӣ сохтор оид ба ҷавонон таъсис дода шавад. Президенти мамлакат 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот ороста, оид ба таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон мужда дод. Дар ин замина бо қарори Маҷлиси Олии кишвар аз 22 майи соли 1998, таҳти №628 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардида, ба таври расмӣ қайд мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар падидаҳои беназир хеле зиёд ба вуқӯъ омадаанд ва яке аз чунин рӯйдодҳои арзишманд бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ шаш маротиба қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба қабул гардидани Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» ва ду маротиба қабул гардидани Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон ба шумор мераванд. Бо мақсади дастгирии фаъолияти илмии олимони ҷавон, рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд гардонидани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ истеъдодҳои ҷавонро хеле мамнуну сарфароз гардонд. Ҷиҳати ҷалби хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо ба илмомӯзӣ ва дарёфти толибилмони соҳибистеъдод 300 адад стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо хатмкунандагон аз оилаҳои камбизоат тариқи квотаҳои президент саҳми арзанда дар ободии кишвар мегузоранд. Бо мақсади омода намудани мутахассисон дар хориҷи киш-
Ҷопон, Озарбойҷон, Лаҳистон, Канада, ИМА ва Кипр ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ҳудуди 3 ҳазору 675 нафарро дар бар мегирад. Ҳамчунин, ҷавонони беш аз 25 кишвари олам дар Тоҷикистон дар риштаҳои гуногун таҳсили илм менамоянд, ки аз боло рафтани нуфузи муассисаҳои таълимии кишвар дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Баргузории Фестивалҳои дӯстии ҷавонони Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар, иштироки ҷавонон дар лагерҳои ҷавонони эҷодкори ИДМ ба ҳукми анъана даромадааст. Таи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷавонон, наврасон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба фаъолият пардохтаанд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон
фаро гирифтани ҷавонон, бахусус, кӯдакони ятим, шахсони ҷавони имконияташон маҳдуд, ҷавонони аз маҳали иҷрои ҷазо озодшуда ва шаҳрвандони ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, тақозо менамояд. Дар ин самт доираи ҳамкориҳоро бо ҷавонони бешуғл ва бозорҳои корӣ таҳким бахшидан зарур аст . Суръати баланди раванди ҷаҳонишавӣ ва дар ин замина ҷалби ҷавонон ба созмону ташкилотҳои мухталиф моро водор месозад, то пеш аз ҳама ба масъалаи тарбияи дурусти ин табақаи муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дошта бошем. Вақтҳои охир зуҳуроти номатлубе чун гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар кишвари мо низ мушоҳида мешавад, ки бо-
воқиф намоянд. Дар ин самт зарур аст, вохӯриҳо бо ҷавонони ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монда шуда, гурӯҳҳои тарғиботӣ барои баргузории вохӯрию мулоқот дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, деҳа ва ҷамоатҳо аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманд ва волонтёрон дар вақти таътили тобистона ташкил
нақши калон доранд. Баҳри фаъол намудани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ теъдоди грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон ба 10 адад расонида шуд. Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккулу боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Моро лозим аст, ки ба ҳар як зуҳуроту ҳаводисе, ки дар кишвар ва тамоми кишварҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқуъ меоянд, баҳои воқеона дода, мавқеи худ ва кишвари худро нисбат ба онҳо дақиқ муайян намоем.
иси ташвиш аст. Махсусан, ҷалби ҷавонон ба равияҳои мазҳабии ифротӣ ва ҳатто ширкати онҳо дар амалиёти ҷангии кишварҳои хориҷ хеле нигаронкунанда аст. Табиист, ки ин зуҳурот барои ҳамаи кишварҳо оқибатҳои ногувор ва хатарнокро ба бор оварда истодааст. Ба ин хотир, бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода шавад, то ҷавонон фирефтаи ташвиқоти гурӯҳҳо ва манфиатҳои ғаразноки бегонагон нашаванд. Масъулони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои онҳоро лозим аст, ки фаъолиятро дар самти пешбурди корҳои тарбиявӣ
карда шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ назорати толорҳои интернетӣ ва марказҳои дилхушӣ, ки яке аз омилҳои пайдоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна маводҳои сахттаъсири мадҳушкунанда мебошанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохила ва сохторҳои алоқаманд ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат таъкид дошт: “Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд”. Тайи солҳои охир дар соҳаи
8
ва ташаккули шахсият дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, литсейҳо, донишгоҳҳо ва дар маҷмуъ байни ҷавонон, бахусус онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, пурзӯр намоянд, то дар мафкураи онҳо дарку эҳсоси ватандӯстӣ, хидмат ба Ватан-Модар, ташаккул ёфтан ҳамчун як шахсияти худогоҳи мамлакат тарғиб ва талқин карда шавад. Дар самти таблиғу ташвиқи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва дар ин замина тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи пуриқтидори таблиғотӣ метавонад саҳми арзанда дошта бошад. Аз ин рӯ, кормандони ин соҳаи муҳими идеологиро зарур аст, ки аҳолии кишвар ва берун аз онро аз рӯйдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ воқеъбинона
Носир БӮРИЕВ, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ҷавонон набояд дар канор «Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд». (Аз Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015) варзиши кишвар низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд. Дар самти тарбияи баданӣ, ҷалби мардуми кишвар ба варзиш аввали соли равон бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони кишвар дар ин мусобиқаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба имзо расид. Боиси хушнудист, ки натиҷаҳои варзишгарони мо дар дохил ва хориҷи кишвар сол аз сол беҳтару боло меравад. Варзишгарони мо соли 2014 дар 90 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуда, 250 медали тилло 243 нуқра ва 404 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар Паёми имсола Президенти кишвар омадааст: “Барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст”. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар кишвар 8025 иншооти гуногуни варзишӣ бунёд шуда, мавриди истифода қарор доранд. Вобаста ба ин раванди оммавигардонии варзиш бояд қонеъкунанда бошад. Тибқи маъ-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ лумот дар ҷумҳурӣ зиёда аз 55 федератсияи варзишӣ амал менамоянд, лекин фаъолияти қисми зиёди ин ташкилотҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Бо назардошти он ки ҳадафи асосии сиёсати давлат дар ин соҳа фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмонӣ, оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳоро лозим аст, ки истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошударо ҷиҳати таъмиру тармими мактабҳои варзишӣ таъмин намуда, иншооти варзишии мавҷударо фаъол гардонанд. Давоми соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи туризм заминаҳои зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохторию ташкилӣ фароҳам оварда шудааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати
обод кӯшиш ба харҷ диҳем. Эълон шудани соли 2015 «Соли оила» ва баргузор намудани чорабинӣ ва озмунҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани маърифати рӯзгор ва оиладорӣ, мақом ва нақши зан-модар дар оила ва ҷомеа аз чораҳои навбатии пешгирифтаи Ҳукумати кишвар мебошад. Бовар дорам хоҳарону занон вобаста ба эълон гардидани Соли оила саҳми худро дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон, тарбияи маънавию ахлоқӣ, ватанпарастию хештаншиносии наврасону ҷавононамон хоҳанд гузошт. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум будан тарбия намоянд. Пеш аз ҳама, рисолати пурмасъули модар тарбияи ҷавондухтарони солиму солеҳа ва поктинату покдоман аст,
иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад. Қобили зикр аст, ки вазъи муътадили сиёсӣ-иҷтимоии кишвар, густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ба маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ табдил додани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, барои рушди соҳаи туризм таъсири мусбат мерасонад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ба ҳайси турист соли пешин 213265 нафар зиёд гардида бошад ҳам, аммо то ҳанӯз захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосири байналмилалии сайёҳӣ истифода намешаванд. Зарур аст, ки бахши хусусӣ дар ин самт ҷалб шуда, самаранокии барнома ва стратегияҳои қабулшуда ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, лозим аст, ки соли 2015 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муаррифии имкониятҳои туристии кишвар беҳтар ба роҳ монда шуда, ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои туристӣ, ки теъдоди он ба 60 адад мерасад, аз нав ба қайд гирфтани онҳо, таъсиси хатсайрҳои нави туристӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо беҳбуд бахшида шавад. Дигар бахши суханронии Президенти ҷумҳурӣ дар Паём ба нақши занон дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ, мавқею манзалати зан-модар, нигоҳдошту пойдории оила ва солимии он нигаронида шуд. Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон қобилияту тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ самаранок ва озодона истифода мебаранд, ки таъмини ин кафолат аз рӯи принсипҳои умумии эътирофшуда, меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабулгардида ба роҳ монда шудаанд. Дар баробари Рӯзи модар ҳар сол дар кишвар Рӯзи байналмилалии оила бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз моро зарур аст, ки сари баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, коҳиш додани талоқ байни оилаҳои ҷавон, масъулиятшиносии волидайн, иртиботи мактабу оиларо беҳтар ба роҳ монда, баҳри бунёди оилаи солим, пойдории суннатҳои тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷомеаи
зеро ҳамаи ин боиси афзоиши ҳурмат, муҳаббат ва устувории пояи зиндагии оилаҳо ва бақои ҷомеа гардида, намунаи ибрати наслҳои оянда хоҳад гашт. Пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад. Сохторҳои масъулро зарур аст ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти хонанишинҳоро такмил дода, механизми нави рушди фаъолияти онро таҳия ва ба роҳ монанд. Ин амал имкон медиҳад, ки садҳо нафар занону модарони хонашин ба шуғл фаро гирифта шаванд. Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ ва пешгирикунандаро дар байни аҳолӣ пурзӯр намоянд. Ҳамзамон, сохторҳои марбутаро лозим аст, гузаронидани вохӯрию чорабиниҳо ва семинармашваратҳо бо духтарон ва занони бешуғл, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои занони хонашин, самаранок ва шаффоф доир намудани озмунҳои грантҳоро ба роҳ монанд. Дигар масъалаҳое, ки дар Паём мавриди ташвишу таъкид қарор гирифт, дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик ва волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадани кӯдакони маъюб ва боло рафтани гирифторони бемории масунияти норасоии бадан мебошад. Дар ин самт ҳамкории муассисаҳои давлатии тиббӣ бо мақомоти давлатии кор бо занону ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Бо назардошти мавҷудияти тавофутҳо барои дастрасии маълумот дар байни аҳолии кишвар, хусусан, дар байни занони хонанишин, бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо дар шакли суҳбатҳо, паҳн намудани воситаҳои иттилоотӣ зарур мебошад. Боиси хушнудист, ки мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, махсусан, ҷавонони бебоку бонувони оқилаи мо дар ҳамдастию ҳамдилӣ паси беҳбуд бахшидани ҳаёту ҷомеаи имрӯз, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош намуда, ба қуллаи мурод мерасанд.
бошанд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Паём заиф не, қавист! Ё дарки қавӣ набошад, айби Паём чӣ? Авзои ҷаҳони имрӯза таврест, ки кас ҳатто дар зиндагии рӯзмарра наметавонад ҳодиса, воқеа, падида ё муроҷиатеро сарфи назар намояд. Дар акси ҳол холигие дар зеҳн ба амал меояду кас ба ҳодисоту воқеоти баъдӣ чандон дуруст сарфаҳм намеравад. Ҳастанд ашхосе, ки ба ҳама рӯйдодҳо, бахусус, рӯйдодҳои дохили кишвар таваҷҷуҳи хоса доранд, мутаассифона, бо каҷназарӣ ва муғризона. Ин тоифа (наузубиллоҳ) дар каломи поки Аллоҳ (ҷ) ҳам нуқс меҷӯянд… Барои аҳли ҷомеаи мо дар аввали сол истиқбол гирифтани Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ рӯйдоди тозаву муҳим буд. Рӯйдоди тоза ба он хотир, ки чун фаъолияти соли хоҷагиву молиявии мо ба ҳисоби мелодӣ «аз январ то январ» тарҳрезӣ мегардад, оё беҳтар он нест, ки Паёми Сарвари давлат ҳам чун ҳуҷҷати муҳими дастурдиҳанда дар аввали сол ба аҳли ҷомеа пешкаш гардад, на баъд аз сипарӣ гардидани се моҳи соли моливу хоҷагидорӣ? Пас дар чунин як амали ҳам мантиқан дурусту ҳам ба манфиати кор айб ҷустану онро «думравӣ ба кишварҳои ҳамсоя» гуфтан маънии зарбулмасали «думи сагат каҷ»-ро надорад, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» (№44 (426) дар шарҳи худ нисбат ба Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ чунин камбудӣ ёфтаанд. Дар шарҳи мазкур, ки «Паёми Президент: заъиф, пӯшида, аҷиб» унвон шудааст, муаллиф бо тамоми санъати айбҷӯӣ кӯшидааст, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим ягон нуктаи барои ҷамъият ва пешрафти зиндагӣ муҳимро набинад. Дар ҳоле ки беҳтарин ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо ва олимон ба ин Паём шарҳи махсус навиштаанду дар мусоҳибаҳояшон изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Аз ҳама муҳим ва таассуротбахш он аст, ки мардуми одӣ – коргару деҳқон, пиронсолону мустамандон низ дар ин Паём умед ба фардои некро дида тавонистанд. Вале шореҳи «ҳамадон»-е дар баробари сӣ нуқси дар Паёми Сарвари давлат бофтааш, як нукоте аз ҳусни он надидааст. Нуктае, ки бори аввал дар ин Паёми Президент зикр гардида, айни замон дар байни ҷомеа ҳамовозӣ низ ёфта истодааст, никоҳи хешутаборист. «Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин, аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд», - зикр шуд дар Паём. Сарвари давлат барои солим нигоҳ доштани насл, ки ояндаи Ватану миллат ба он вобастагии ҷиддӣ дорад, ин ду нуктаро бо дилсӯзӣ таъкид намуданд. Дар кишвар, пас аз ироаи Паём, раванди даст кашидан аз никоҳи хешутаборӣ ҳамовозӣ ёфта истодааст. Садҳо ҷавону калонсол ба дастгирии маҳз ин нуктаи Паём изҳори андеша намуда истодаанду мутахассисони соҳаи тандурустӣ, олимони тиб онро аз нигоҳи илми тиб бо далелҳо асоснок мешуморанд. Вале дар шарҳи «Нигоҳ» бо таври киноя пешкаш мегардад: «Никоҳи хешутаборӣ мушкили иҷтимоӣ аст, вале он ҳаргиз мушкили миллӣ нашуда ё шояд дертар ба ҷомеа омори дигаре пешниҳод хоҳад шуд. Аммо хотирнишон кардан бамаврид аст, ки никоҳҳои хешутаборӣ ин таҷрибаи чор оилаи шинохтаи Тоҷикистон аст». Ана, ёбеду гиред! «Дарро задам, девор кафид»-аш ҳамин будагист. Бо танз аз «чор оилаи шинохта» ёдовар шудан, яъне чӣ? Ба ҷои ҳалли масъаларо дар оянда ёфтан, гузаштаро кофта нишастан, магар мушкилоти пеши рӯ истодаро ҳал мекунад? Оре, «Нигоҳ» дуруст таъкид кардааст, ки никоҳи хешутаборӣ мушкили иҷтимоӣ аст! Оё ҳар мушкили иҷтимоие, ки пешгирӣ нашавад, ба мушкили миллӣ табдил намеёбад? Огаҳӣ додани Сарвари давлат ҳам ба аҳли ҷомеа ба ҳамин ҷиҳати масъала нигаронида шудааст. Ин гапи нав нест. Ҳама насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ аз нигоҳи тиббӣ никоҳи хешутабориро маъқул надонистанд, ҳатто муассисаҳои тиббӣ бар зидди ин раванд тарғибот ҳам мебурданд. Дар Паём таъкид гардидааст: «... вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд». Дар шарҳи «Нигоҳ» бисёр «дилсӯзона» таъкид шудааст: «Шояд барои спичрайтерҳои Президент, тасаввур кардани муоинаи тиббии ду ё бист навҷавон дар поликлиникаҳои Ишкошиму Мурғоб, Мастчоҳу Понғоз, Фархору Данғара ва он ҳам як ҳафта пеш аз тӯйи арӯсиашон кори осоне бошад, аммо барои ҳувияти тоҷикӣ ва мусулмон кори саҳле нест». Оё санҷиши гурӯҳи хуни ду навҷавоне, ки бо ҳам зиндагии якумра бунёд кардан мехоҳанд, хуни онҳо ба ҳам муқобиланд ё мувофиқ барои пайдоиши насли солим, «ҳувияти тоҷикӣ ва мусулмонӣ»-ро доғдор мегардонад? Бо шарофати Истиқлолият ва иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки “Қуръон”-и карим бо хати кириллӣ тарҷумаву тафсир ва дастраси ҳар як хонадон гардидааст, сафи «муллоҳо» хеле зиёд шудааст. Ҳама «аҳли фатво» гардидаанду мегӯянд, ки «Қуръон никоҳи хешутабориро манъ накардааст». Оре, “Қуръон” манъ накардааст, вале гап сари аз насл ба насл дар тӯли ҳазору панҷсад соли баъдӣ бо ҳам печидани як авлод меравад, ки оқибатҳои ногувори онро имрӯз илме, ки он ҳам бо хости Худои кариму раҳим баҳри беҳбуди бандагонаш чун неъмат дастрас гардидааст, таъкид менамояд. Дигар ин ки ин «навмуллоҳо» аз чӣ бошад, ки ҳадиси Паёмбарамон салалллоҳу алайҳи васалламро, ки “Қуръон” тавассути он Ҳазрат ба бандагони Худо ва умматони охируззамон нозил гардидааст, ёдовар намешаванд, ки фармудаанд: «Бо бегонагон бештар хешӣ (издивоҷ) кунед, то иттифоқу ваҳдат пойдор гардад!». Ман гумон мекунам, ин нуктаи Паёми Сарвари давлат дар баробари тавлиди насли солим, ҳамзамон, идомаи беш аз пеш амалӣ гардондани барномаи Ваҳдати миллӣ, густариши рафоқату дӯстӣ дар кишвар низ хоҳад шуд. Паёми Президенти ҷумҳуриро мунсифона бояд омӯхт, то қадаме ҳам бошад, ба пеш, баҳри муваффақияту ободонии Ватани ягонаамон гузошта тавонем, на бо ғаразу айбҷӯӣ, ки хиште аз пойдевори Ваҳдат ковок гардад, агар мо тоҷикему тоҷикистонӣ! Ҳабибулло ЁРОВ, сармуҳаррири «Набзи Тоҷикматлубот»
9
САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН Инсон дар давоми ҳаёташ бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Ҳам мушкилиҳои ногаҳонӣ ва ҳам тадриҷӣ. Гоҳе мешавад, ки кас тамоман беғам асту чеҳраи пурханда дорад. Аммо гоҳи дигар гумон мекунед, ки мушкилиҳо пайи ҳам шуморо таъқиб мекунанд. Вақте бо ягон мушкилие мувоҷеҳ мешавем, мехоҳем он аз мо зуд рафъ шавад. Мехоҳем роҳи ҳаллашро пайдо созему худро ором намоем.
носу сигор аҷиб аст. Баъзеҳо бо фориғ шудан аз дарс сигор ба “чанг” мегиранд, аммо бехабар аз он ки оҳиста-оҳиста сигор онҳоро ба “чанг”-аш мегирад. Равоншиносон мегӯянд, ки тамокукашӣ на танҳо проблемаи тиббӣ аст, балки ҷиҳатҳои равонӣ низ дорад. Ба гуфти онҳо дар натиҷаи кашидани тамоку ва нос асаби инсон то андозае хароб шуда, боиси фаромушхотирӣ ва
Ҳамин худоромкунии мо ба воситаҳои гуногун сурат мегиранд. Чунончӣ, бархе аз ҷавонон роҳи ором сохтани хешро дар кашидани тамоку ва нос мебинанд. Ба андешаи онҳо пас аз кашидани маводи номбурда, асабҳояшон орому ғамҳояшон дур мегардад. Шояд ками онҳо бидонанд, ки дуди “ғамбарор”, ҳамзамон, ба организмашон зиён дорад. Дар кӯчаву роҳравҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто назди донишгоҳҳо чунин мавод фурӯхта мешавад. Дар саҳну атрофи муассисаҳои таълимӣ фурӯхтани
зуд-зуд асабонӣ шудани истеъмолкунанда мегардад. Бино ба гуфти номзади илмҳои психологӣ, равоншинос Мадина Шарифова, яке аз сабабҳои аввалине, ки шахс ба тамокукашӣ даст мезанад, синну соли наврасӣ мебошад. Наврас мехоҳад донад, ки он чӣ тамъу лаззат дорад. Дар ин ҳолат вобастагии ҷисмонӣ пайдо мешавад. Сабаби дигараш омили иҷтимоист. Дар ин ҳолат шахс мебинад, ки дар ҷомеа нафарони сигоркаш вуҷуд доранд ва дар филмҳо низ мебинад, қаҳрамонҳо сигор кашида истодаанд, ӯ низ
ба онҳо пайравӣ мекунад, ки ин ҳодисаи тақлидӣ мебошад. Яке аз сабабҳои дигаре, ки дар синну соли калонтар ба кашидани сигор шахсро водор мекунад, вайроншавии ҳолати рӯҳӣ (стресс) мебошад. Дар чунин маврид шахс барои ором намудани худ аз сигор истифода мебарад. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз 50 сол муқадам духтури амрикоӣ Лютер Террӣ расман дар расонаҳои
“Ғуссабарор”
Тамоку гӯё ғамамонро мебарорад, аммо бештар зарар дорад хабарӣ эълон карда буд, ки тамокукашӣ ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Мутахассисон ин гуфтаҳоро имрӯз низ тасдиқ менамоянд. Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб дар натиҷаи кашидани маводи номбурда, бештар ба кори дилу системаи асаб ва шуш таъсири манфӣ мерасад ва яке аз натиҷаҳои кашидани тамоку боиси пайдошавии бемориҳои роҳи нафас, дил ва вайрон шудани таркиби хун хоҳад гашт. Бахусус, пас аз кашидани тамоку он дуде, ки ба воситаи нафас вориди шуш мегардад, ба кори шуш хатар эҷод ме-
Ҷавонони деҳот
Овони кӯдакӣ дар деҳа чандон муҳити васеъ надоштем. Саҳар ба мактаб мерафтем, баъдан ба чарондани гову мол ё ба кору бори саҳро банд мешудем. Вале ба серкорӣ нигоҳ накарда, аз омӯхтани дониш ва аз бар кардани дарсҳо фориғ набудем. Нисбат ба ягон нафаре аз худамон калон ноҳурматиро раво намедидем. Чунки тарбияи деҳот инро иҷозат намедод. Дар тӯю сури мардуми деҳа ҳама якҷо будем. Умуман, як зиндагии одии пур аз меҳру самимият доштем. Қаноатпешагиро ҳам он ҷо ёд гирифтем. Чун мардуми деҳот сахтидидаву қаноатпешаанд, гоҳо бо як
10
бурида нон ҳам қаноат мекунанд. Пайваста аз даҳонашон ҳадиси шукр мешунавию тинҷиву оромӣ. Бачаҳо дар деҳот ҳар вақт интизори он буданд, ки кай аз Душанбе ё аз ягон минтақаи дигари кишвар ягон ҳаҷвнигор, ҳунарманди театр ва дорбоз омада, хотирашонро шод мекунад. Охир мо наврасон ва ҷавонон дигар ҷойе надоштем, ки вақтхӯшӣ кунем. Ба бахти мо дар деҳот клубҳои замоне номдор фаъолият намекарданд. Мо бисёр орзу мекардем, ки як маротиба бо шахсони зиёиву ҳунармандони шинохта дар мактаб ё дар деҳа вохӯрӣ дошта бошем ва дар суҳбати онҳо нишинем, вале ин имкониятҳоро надоштем. Пас аз он ки соли 2012 барои таҳсил ба пойтахт омадам, ба ҳамон гапе, ки мегуфтанд “бачаи шаҳр аз бачаи деҳа фарқ мекунад” бовар кардам. Дар шаҳр ҳамаи имкониятҳое, ки замон талаб мекунад, ҳаст, вале дар деҳот нест. Дар шаҳр насли ҷавон ё наврас метавонад ба театр раванд, ба консертҳо раванд ё ба сайругашти боғу гулгашту хиёбонҳо равад ва як хотироти неке бардорад. Дар масъалаи аз бар намудани забонҳои хориҷӣ метавонад роҳи зиёде тай накунад, дар назди хонаи худ дар вақтҳои холӣ ба курсҳои кӯтоҳмудат шомил шавад. Таҳлил кардам, ки тарбияи шаҳр дигар аст. Ин қадар ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ ин қадар
Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи ДМТ, таҷрибаомӯзи “ҶТ”
Дар издивоҷ “риск” намекунанд!
Онҳоро фаромӯш насозем... 18 соли умри 20-солаи ман дар деҳа сипарӣ шудааст. Дар яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвари азизамон - ноҳияи Айнӣ. Мардум мегуфтанд, ки “бачаи шаҳр аз бачаи деҳа аз замин то осмон фарқ дорад”. Мани кӯҳистонӣ ба ин бовар надоштам. Мегуфтам, муаллиме, ки маро дарс медиҳад ва он чизеро, ки медонад муаллими бачаи шаҳрӣ низ ҳаминро медонад. Ё курсие, ки ман нишаста, дарс мехонам аз бачаҳои шаҳр низ айнан ҳамин хел аст. Яъне, ман чандон фарқро намедидам. Аз ин рӯ, ба ҳар гуна гапҳо аҳамият намедодам.
кунад, ки гирифтани нафасро то андозае мушкил мегардонад. Яке аз моддаҳои заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст, никотин ба шумор меравад. Никотин заҳри системаи асаб ҳисоб ёфта, ба бофтаҳои асаб таъсири манфӣ дорад. Вақте ки тамокукаш тамокуро оташ мегиронад, 60%-и никотин дар оташи барги тамоку сӯхта, наздики 30%-и он тавассути нафас кашидани дуди он бо роҳи нафас ба шуш дохил мешавад. Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳар сол дар дунё миллионҳо нафар аз сигоркашӣ ба
бемориҳои гуногуни марговар дучор мегарданд. Бино ба иттилои ин созмон ҳар сол дар натиҷаи кашидани тамоку дар олам 4 миллиону 800 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Тахмин зада мешавад, ки агар вазъ чунин идома ёбад, то соли 2030 солона шумораи мефавтидагон аз ин моддаи заҳрогин ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Бояд иқрор шуд, беҳтарин неъмате, ки Худованд ба инсон ато кардааст, ақл аст. Аз ин неъмати бебаҳо бояд ба маврид истифода намоем. Ҳар инсон бояд иродаи қавӣ дошта бошад, чунки аксари корҳои анҷоммедодаи мо ба иродаи мо вобастааст. Пеш аз ҳар коре дар бораи зарару фоидаи он бояд андешид. Муҳим аст, ки роҳи зиндагии солим ва орӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлубро интихоб намоем ва дар бунёди ҷомеаи солим саҳм гузорем, зеро табиби ҳар шахс худи ӯст ва бузургтарин қадам дар ин росто худдорӣ аз сигору нос ва шароб аст, чунки сарҳади хоҳишҳои инсон охир надорад, аммо оқилу дурандеш нафарест, ки аз ҳар гуна рафтори бад худдорӣ кунад.
Оила дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа нақши аввалиндараҷа ва муҳим дорад. Пойдорӣ ва устувории оила ба саломатии аъзои он сахт вобаста буда, ҳамин тариқ, ба тақдири минбаъдаи давлату ҷамъият ҳам бетаъсир намемонад. Яъне, ҳар қадар, ки афроди оила солиму тандуруст бошанд, ҳамон андоза метавон аз солимии ҷамъият ҳарф зад. имкониятҳои васеъ барои ҷавонони шахр фароҳам будааст. Дар тӯли се соле, ки дар шаҳри Душанбе ҳастам бисёр лаҳзаҳое буданд, ки дар овони наврасӣ дар деҳа орзу мекардам. Хушбахтии ман дар он аст, ки тавонистам дар вохӯрие, ки Сарвари давлат 23 майи соли 2013 бо ҷавонони кишвар баргузор карданд, ширкат варзам. Масалан, ман тавонистам бо шахсони маъруфу номдор ҳамсуҳбат гардам. Мақсад аз ёдовар шудан он аст, ки Саравари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндасози ин сарзамин донистаанд ва албатта, насли ҷавон ба тарбияву ғамхорӣ ниёз дорад. Чун фарзанди русто ҳастам, дарди дили ҷавонони деҳаро хуб ҳис мекунам. Аз ин рӯ, аз масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ақаллан, дар як сол як маротиба вохурии шахсони маъруфи ҷумҳуриро бо ҷавонони деҳоти дурдаст доир намоянд. Муҳсин МУРОДОВ, донишҷӯи ДТТ ба номи М. Осимӣ
Аз ин рӯ, оромию устувории оилаҳои ҷавон на танҳо ба солим будани онҳо, балки ба солимии фарзандони онҳо низ алоқаманд аст. Ҳар қадар кӯдакони дар оила бадунёомада ҷисман солим бошанд, ҳамон қадар дар оила хурсандӣ, суруру шодмонӣ ҳаст. Чунки баъзан мушоҳида мешавад, ки дар оилаҳои соҳиби кӯдакони маъюб ҳатман осоре аз ноумедӣ ва дилсардӣ мавҷуд аст. Масъалаи кӯдакони маъюб дар оилаҳо, ки ахиран дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ҳам зикр шуд, ба яке аз масоили доғи ҷомеа табдил шудан дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо нафароне кам нестанд, ки бо хешу табори наздик ақди никоҳ мебанданду ба азобу азияти тифлакони маъсумашон сабаб мешаванд. Албатта, издивоҷ бо хеши наздик мамнуъ нест, вале тибби муосир исбот кардааст, ки аз чор кӯдаки ба дунё омада, ҳатман якеаш маъюб тавлид мешавад. Пас, чаро дидаву дониста боиси носолим таваллуд шудани тифлакон мешавем? Инро бо ибораи дигар “риск” дар издивоҷ ё издивоҷи таваккалӣ меноманд. Аксари мо қурбониёни ин қабил издивоҷҳоро бо чашм дидаем. Вале бо вуҷуд, ин гуна пайомадҳо ба маротиб меафзоянд. Ё магар падару модарон носолим таваллуд шудани наберагонашон, канда шудани ёру бародарӣ байни хешу ақрабояшон, зуд вайрон шудани оилаҳои фарзандонашонро мехостанд, ки чунин иқдом гирифтанд? Дар аксар маврид ақидаҳои падару модарон ба ҳам монанд аст. Яке аз тарси ба дасти “бегона” афтодани молу сарваташон “хеши худамро келин мекунам” мегӯяду дигаре “дар бори ҳаётам ҳамин як писар дорам, худам умрам рафтагӣ, хешам нону чойдеҳам мешавад” мегӯяд. Оё бо чунин тафаккур 13 ҳазор маъюбро табобат кардан мумкин аст? Ҳоло ҳам вақт аст, бояд андеша кард. Ҳар нафаре, ки ба издивоҷ барин як амри ҳаётан муҳим тасмим мегирад, бояд ҷиддӣ андеша кунад. Чунки издивоҷ коре нест, ки рӯи таваккал ва тасодуф бунёд шавад. Муътабар ОЧИЛДИЕВА, донишҷӯ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ТАНДУРУСТӢ
ТАРБИЯ
«Сустӣ»-ҳои ҷинсӣ ва оқибати ногувори пинҳон доштани он Аз рӯи маълумоти омор 30% мардони аз 30-сола боло ва 40% мардони аз 40-сола боло гирифтори простатит мешаванд. Мутассифона, иддае бемории худро пинҳон дошта, то шиддат гирифтани дард таҳаммул карданро авло медонанд. Ҳол он ки дар сурати муроҷиати саривақтӣ ба андролог пеши авҷгирии бемориро гирифтан мумкин аст.Вобаста ба сабабҳои сарзании бемории простатит ва роҳҳои муолиҷаи он бо директори Маркази тиббии «АндроПлюс» Суҳроб Шералиев мусоҳиб шудем. - Суҳроб Рустамович, простотит чӣ гуна беморист ва он кадом нишонаҳо дорад? - Простатит илтиҳоби ғадудҳои олоти ҷинсии мардро мегӯянд. Он яке аз бемориҳои паҳншудатарин миёни мардҳост. Солҳои охир теъдоди гирифторӣ миёни ҷавонони аз 20-сола боло низ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳангоми илтиҳоби ғадудҳои олоти таносуб варами пайдошуда ба найчаи шошагузар фишор меорад. Аз ин сабаб, пешоб ба таъхир ба берун меояд ва ё фишори он суст (ё қатра- қатра) мегардад. Баъди тамом кардан бемор эҳсос мекунад, ки ҳанӯз пурра «сабук» нашудааст. Дар ҳолати кӯҳнатар шудани беморӣ беихтиёр баъзан чакраи пешоб мерезад, ки хеле ногувор аст. Баъзеҳо шабона зуд-зуд «берун» мебароянд. Алахусус, дар мавсими сардӣ талабот зуд-зуд ба «сабук» шудан меафзояд. Ғайр аз ин, баъзе беморон дар зери шикам ва миён эҳсоси дард мекунанд. Ҳамчунин, робитаҳои заношуӣ ба мушкил дучор мешаванд. - Таъхир кардан дар табобати простатит чӣ оқибатҳо дорад? - Ҳангоми саривақт табобат накардан ноҳинҷории дар назари аввал гӯё ночиз ба мушкили калон табдил меёбад. Дар давраи шиддатёбиаш бемории простатит метавонад боиси баландшавии таб (то 38 дараҷа) гардад. Пешобкунӣ бо дард сурат мегирад. Шавқу рағбати ҷинсӣ заиф гашта, боиси асабонияти мард мегардад. Аз ин рӯ, дар оила нооромию дилозорӣ ва норизоятӣ ба миён меояд. Ин ҳолатро Шайх Саъдӣ чунин баён кардааст: Зан аз бари мард чу беризо бархезад, Бас фитнаву шар аз он саро бархезад. Ғайр аз ин ба 40% беморон, ки дар табобат саҳлангорӣ мекунанд, безурётӣ таҳдид мекунад. Зеро ғадуди простата наметавонад моддаи барои таъмини ҳаракати
спермаҳо заруриро тавлид намояд. Аз ин рӯ, сари вақт ташхису муолиҷа кардани простатит зарур аст. - Ташхиси беморӣ чӣ гуна сурат мегирад? - Барои ташхиси бемории простатит аз усулҳои махсус ва умумӣ истифода мебаранд. Масалан, таҳлили умумиклиникӣ ва биохимиявии хун, пешоб, таҳқиқи луоби ғадуди простата, анализ барои дарёфти манбаи сироят, ташхис тавассути ултрасадо ва ғайра истифода мебаранд. Ҳамаи ин ташхисҳо дар Маркази тиббии «Андро-Плюс» гузаронида мешаванд. Баъд аз маълум шудани натиҷаи ташхис мо барномаи муолиҷаро тартиб медиҳем. Барномаи муолиҷа табобат бо доруҳои антибиотикӣ, давоҳои беҳтаркунии фаъолияти рагҳои хунгард, физиотерапия, маҳкунӣ, чораҳои мустаҳкамкунии организм ва ғайраро дар бар мегирад. - Сабабҳои сар задани простатит кадомҳоянд? - Яке аз сабаҳои пайдошавии беморӣ шамолхурӣ ва намкашӣ мебошад. Баъзе ҷавонон баъди оббозӣ таҳпӯши худро ҷафида, ду-се бор мефишоранду намнок мепӯшанд. Ҳамчунин, дар ҷои намнок ва сард менишинанд. Бисёр ҷавонон дар Федератсияи Русия, ки иқлимаш сард аст, аз рӯи беэҳтиётӣ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сабаби дигари беморӣ зуд-зуд ба вуқуъ омадани қабзият мебошад. Яъне, бисёр сахтшавии шикам низ метавонад сабабгори сар задани простатит шавад. Бемориҳои музмин, аз қабили бронхити бардавом, дандонҳои пӯсида низ метавонанд боиси пайдошавии беморӣ гарданд. Ҳамчунин, бемориҳои сироятии узвҳои таносул ва бемориҳои урологӣ, сӯзок, (трипер, гонозея), оташак (сифлис), илтиҳоби шошароҳҳо (уретрит), номунтазами тарзи ҳаёти ҷинсӣ, пӯшидани либосҳои таҳпӯши танг, соатҳои дароз як ҷо нишаста кор кардан низ сабаби сар задани простатит мешаванд. - Ҳоло номгӯи доруҳои барои табобати простатит пешбинишуда хеле зиёданд. Дар рӯзномаҳо ва телевизон, инчунин, доруҳоро ҳар рӯз тарғиб мекунанд. Сабаби сари вақт ба духтур муроҷиат кардани беморон шояд дар он бошад, ки онҳо аз ин доруҳои дастрас истеъмол менамоянд? - Бе тавсияи духтур истеъмол кардани доруҳо оқибати хуб надорад. Бемориҳои ғадуди простата гуногун буда, ҳар кадоми он табобати хос талаб мекунанд: - илтиҳоби шадид ва бардавоми ғадуди простата; - бемории санги ғадуди простата; - варами бехатар (аденома)-и ғадуди простата; - калон шудан (гипертрофия)-и ғадуди простата; - варами фасодноки ғадуди простата.
Баъзе беморон ба мо муроҷиат мекунанд, ки баъди гирифторӣ ба простатит дар худ заъфи ҷинсӣ эҳсос намуда, бо тавсияи дӯстон доруи «Виагра» истеъмол карданд. Аммо онҳо намедонанд, ки «Виагра» танҳо барои каме беҳтар кардани заъфи ҷинсӣ кӯмак мерасонад, вале простатитро табобат намекунанд. «Виагра» чун дигар доруҳо бояд танҳо бо тавсияи духтур истеъмол шавад. Он барои беморони фишори хунашон баланд, бемории ишемиявии дил, дилзанак, ашхоси майнӯш мамнуъ аст. Ҳатто дар ашхоси солим низ «Виагра» метавонад боиси сарчархзанӣ, пайдошавии ҳалқаҳои зери чашмон ва беҳушӣ гардад. Ин нозукиҳоро ба назар нагирифта баъзеҳо рост ба дорухона рафта, доруи ба қавли худашон «зӯр»-еро харида, гӯё простатитро табобат мекунанд. Ҳол он ки табобат муолиҷаи касбиро талаб карда, танҳо бо дору хӯрдан табобат намешавад. Балки бо худмуолиҷа беморӣ шадидтар гашта, муолиҷаи касбиро душвор мегардонад. - Бемории ғадуди простатаро чӣ гуна пешгирӣ намудан лозим аст? - Барои пешгирӣ намудани ғадуди простата хӯрок ва ё нони мағорбаста (пӯпанакзада)-ро набояд истеъмол кард. Зеро мағори хӯрокҳо таъсири касеротенӣ доранд. Бо мақсади варами ғадуди простата ба миқдори кофӣ (дар шабонарӯз на камтар аз 1,8 литр) моеъ (об, чой, кампот) истеъмол бояд кард. Серобшавии ҷисм фаъолияти ғадуди простатаро суст мегардонад. Тавре таъкид кардем, бемориро пинҳон кардан ҷоиз нест. Баъзеҳо бемориро «худ ба худ мегузарад» гӯён бепарво мегарданд. Қисми дигар рӯҳафтода шуда, бо ёрии машрубот ва ё мухаддарот мушкили худро ҳал кардан мехоҳанд, ки ин вазъи онҳоро вазнинтар мегардонад. Дар кишварҳои пешрафта бештар занон шавҳарашонро назди духтури мардона мебаранд, то сари вақт худро муолиҷа кунанд. Чунин рафтори оқилонаи бонувон ҳолатҳои стрессу ғазабнокӣ ва руҳафтодагии мардро пешгирӣ менамояд. Пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим ва аз намкашию шамолхӯрӣ худро эҳтиёт кардан низ бемории простатитро пешгирӣ мекунад. Дар сурати эҳсоси нишонаҳои нахустини беморӣ аз рафтан назди духтур набояд шарм кард. Дар Маркази тибии «Андро-пюс» телефони «боварӣ» (900 00 10 60) мавҷуд аст, ки ҷавонон метавонанд барои муолиҷаи простатит, аденома, уретрит, архит, везикулит, безурётии мардона муроҷиат намоянд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Мусоҳиб С. НАҶМИДДИНЗОДА, ”ҶТ”
Фарзанд мисли ниҳол аст Ба парваришу меҳрубонӣ ниёз дорад Дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар хусуси таваҷҷуҳ намудан ба тарбияи ҷавонон чунин таъкид шудааст: «Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани онҳо ниҳоят муҳим мебошад». Нахустин вазифаи ҳар падару модар тарбия намудани фарзандони хушахлоқ аст. Волидайне, ки аз овони хурдӣ ба тарбияи фарзанд аҳамият дода, барои соҳиби ахлоқи ҳамида ва дорои илму ҳунар шудани ӯ кӯшиш мекунад, аллбата, роҳати фарзандро мебинанд. «Фарзанди нек боғи падар» гуфтани халқ бесабаб нест. Аз Луқмони Ҳаким пурсидаанд: “Чаро ин қадар зиёд писаратро насиҳат мекунӣ?” Дар ҷавоб гуфтааст: “Насиҳати пирон ба ҷавонон мисли боғбонест, ки ниҳолро ба воя мерасонад. Боғбон шохҳои нолозими ниҳолро бурида меистад. Алафҳои бегонаро тоза карда, ба замин нурӣ меандозад. Барои пурқувват шудани ниҳол тамоми қувваташро сарф месозад. Агар ин тавр рафтор кунад, ниҳол хуб ба воя расида, мевааш лазизу бенуқсон мешавад. Агар шохҳои зиёдатиро набуранд, ниҳол зуд баланд мешаваду ҳосили хуб намедиҳад. Аз ин хел ниҳол ба боғбон кам фоида мерасад. Фарзанд ҳам мисли ниҳол аст. Агар ӯ сари вақт тарбияи дуруст нагирад, ба рафтору кирдори бад мубтало гашта, миёни алафҳои бегона нобуд мешавад. Ҳасад, туҳмат, худтаърифкунӣ, такаббур, хушомадгӯӣ, дурӯғгӯӣ, ғайбат, фиребгарӣ, иғвоандозӣ, дурӯягию мунофиқӣ, бахилӣ, ҷоҳилӣ, хашму ғазаб, пургӯӣ, майпарастӣ, дашномдиҳӣ, гурусначашмӣ, хасисӣ, маккорӣ ва дигар хислатҳои манфӣ ба монанди хор ва шохаҳои нолозими дарахтанд, ки аз онҳо халос бояд шуд. Касе, ки ин хислатҳоло дошта бошад, ӯ инсони комил шуда наметавонад”. Барои ҳар яки мо Ватан азиз аст. Эҳсоси ватандӯстӣ меъёри ахлоқ ба шумор меравад. Инсони солимақл ҳеҷ гоҳ ба Ватан хиёнат намекунад. Агар рафту касе ба Ватани худ хиёнат намуда, номи онро паст зад, ба ғазабу нафрати халқ дучор шуда, аз мадди назари дӯстон меафтад. Яке аз роҳҳои ташаккул додани ҳисси ватанпарварӣ дар наврасону ҷавонон ин омӯзиши таърихи диёри бостонии мост. Дар бисёр кишварҳо ба монанди аз наздик ошно гаштан бо таъриху фарҳанги мамлакат гардишгарӣ ё туризми дохилиро ривоҷ додаанд. Истифода аз ин таҷриба боиси ба ҳам наздик шудани сокинони маҳалҳои гуногун хоҳад гашт. Масалан, оғози фасли баҳор саёҳати дастҷамъона ба Чилучорчашма, (вилояти Хатлон) дар тобистон тамошои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Искандаркул (ноҳияи Айнӣ), Сари Хосор (Хатлон) ва ғайра наврасону ҷавонони кишварро мафтуни манзараҳои зебои диёр хоҳад кард. Соли ҷорӣ 3000-солагии Ҳисори Шодмон таҷлил хоҳад шуд. Вале аксар мактаббачагони пойтахт ҳанӯз қалъаи Ҳисорро, ки ҳамагӣ 25 киллометр аз пойтахт дур аст, надидаанд. Бо мақсади таҳкими ҳиссиёти ватандӯстии наврасону ҷавонон ва соҳиби ахлоқи ҳамида гаштани онҳо хуб мешуд, ки бо роҳбарии муаллимони таъриху география дар рӯзҳои таътилу истироҳати дастҷамъона ба гӯшаҳои гуногуни кишвар ва ёдгориҳои таърихӣ саёҳатҳо ташкил шаванд. Ин гуна дарсҳои сайёр аз як тараф барои хонандагон хотирмон бошанд, аз тарафи дигар ба ватандӯстии онҳо мусоидат хоҳанд кард. Соли гузашта бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рафти амалиёти «Биёед, китоб мехонем!» ба қисмҳои низомӣ китобҳо тақдим шуданд. Хуб мешуд, зимни тақдими китобу рӯзномаҳо ба қисмҳои низомӣ адибону рӯноманигорони варзида ширкат намуда, дар бораи моҳияти китобхонӣ ба сарбозону афсарон маълумот диҳад. Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки тарбияи насли наврас танҳо вазифаи мактаб аст. Агар ҳамаи сохторҳо дар тарбияи насли наврас андаке ҳисса гузоранд, наврасону ҷавонон соҳиби хулқи накӯ гашта, нерӯи худро боз ҳам бештар баҳри ободии Ватан сарф мекунанд. Гулчеҳра НОРОВА, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии миёнаи №65, шаҳри Душанбе
11
ВАРЗИШ
Нокомии паҳлавонони кишвар дар Олмон Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён, паҳлавонони кишвар, дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии дзюдо, ки 21-22 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Константинс Овчинниковс аз Латвия ғолиб омад. Вале дар даври дуюм аз Травис Стевенс аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб гашт. Комроншоҳи Устопириён низ дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Муҳаммад Дарвеш аз Миср дастболо шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Арон Ҳилдебранд аз Олмон шикаст хӯрд. Дар ин мусобиқа 542 варзишгар (323 мард ва 219 зан) аз 75 кишвар ширкат кар-
данд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Ҷопон бо 5 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ғолиб шуд. Белгия (2-0-0) ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Гурҷистон (1-2-2) ҷойи сеюмро сазовор шуданд. Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён 28 феврал дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Аврупо оид ба дзюдо дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон низ ширкат хоҳанд кард.
Мақоми сеюми Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии муайтай Душанбе – ғолиби мусобиқаи дав 21 феврали соли равон дар Боғи Айнии шаҳри Душанбе Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба варзиши сабук (дав) доир гашт, ки дар он варзишгарон аз Хатлон, Суғду ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Мусобиқа дар се синну сол, миёни мардону занон сурат гирифта, тими Душанбе бо ба даст овардани 7 медал (3 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) сазовори ҷои аввал гашт. Ғолибони мусобиқа аз рӯи масофа: 12 километр. Мардон 1. Ҳасан Ғаффоров (Тавилдара) – 39,22 2. Ғайрат Олимов (Душанбе) – 39,58 3. Меҳрубон Шамсиддинов (Душанбе) – 41,28 8 километр. Занон 1. Дилшода Раҳмонова (Душанбе) – 33,43 2. Муниса Раҳимова (Турсунзода) – 35,02 3. Асалбӣ Содирова (Душанбе) – 36,55 8 километр. Ҷавонон 1. Баҳодур Мақсудов (Душанбе) – 27,06 2. Меҳробҷон Одинаев (Тавилдара) - 27,08 3. Файзулло Мақсудов (Душанбе) - 28,39 6 километр. Ҷавондухтарон 1. Меҳрангез Назарова (Душанбе) – 23,07 2. Салима Боронова (Хатлон -2) – 24,30 3. Нилуфар Мирзоева (Турсунзода) - 25,09 6 километр. Наврасон 1. Муҳаммади Исроил (Хатлон-2) - 20,33 2. Меҳроҷ Файзуллоев (Турсунзода) – 21,02 3. Умед Муродов (Турсунзода) – 21,24 4 километр. Наврасон (духтарон) 1. Мавлуда Мирзоева (Турсунзода) - 16,43 2. Низорамои Шамсуддин (Хатлон - 2) 3. Муслима Норматова (Суғд) - 17,08
12
22 феврал дар Ҷазираи Кеши Ҷумҳурии Исломии Эрон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муайтай доир гардид, ки дар он варзишгарони Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ироқ, Юнон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикистон ва ғайра ширкат доштанд. Дастаи мунтахаби кишвар бо ба даст овардани 4 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҳайати даставӣ мавқеи сеюмро ишғол намуд. Медалҳои тиллоро Фаробахш Шарифов (вазни 36 кило), Фирӯз Шарифов (63), Шуҳратҷони Исвализода (60) ва Ҷомӣ Латифов (67) ба даст оварданд. Ҳамчунин, Фирӯз Шарифов барои сари вақт мағлуб ва ба нокаут фиристодани ҳарифонаш беҳтарин варзишгари мусобиқа эътироф гардида, бо ҷом қадрдонӣ шуд. Дар ин бора Муродалӣ Тешаев, шореҳи варзиш, аз Ҷазираи Кеш хабар дод.
Собиқадорони футбол ба майдон мебароянд Зимни як ҷаласа дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат қарор шуд, ки имсол Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадори футбол мувофиқи системаи даврӣ дар ду қисм баргузор шавад. Ба иттилои “fft.tj”, мусобиқа аз моҳи апрел то октябр баргузор мегардад ва дастаҳо дар майдони худ ва дар сафар бо ҳам вомехӯранд. Дар мусобиқа дувоздаҳ даста «Динамо», Дастгоҳи марказии ВКД ҶТ, «Фурӯдгоҳ» (ҳар се аз Душанбе), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Пахтакор» (Қӯрғонтеппа), «Шодмон» (Ҳисор), «Рӯдакӣ» (Рӯдакӣ), «Трикотажник» (Истаравшан), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Нури Норак» (Норак) иштирок менамоянд. Мувофиқи низомнома ҳаққи аъзогӣ барои иштирок 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқа бозингарони аз 40-сола боло иштирок мекунанд. Давомнокии
бозиҳо ду қисми иборат аз 35-дақиқаӣ буда, шумораи бозингарони ивазшаванда маҳдуд нест. Дар сурати дар протоколи бозӣ номнавис шудани бозингари аз 70-сола боло, ӯ метавонад ба сифати бозингари 12-ум дар ҳайати асосӣ бозӣ кунад. Дар ҷаласа Бобоҷон Муродов ба вазифаи ҷонишини раис ва Вла-
димир Домлоҷонов ба вазифаи котиби масъули кумитаи собиқадорони футболи Федератсияи футболи мамлакат интихоб шуданд. Раҳимҷон Шарифов (Душанбе), Сафар Муминов (Кӯлоб), Рустам Марофиев (Суғд) ва Фирдавс Файзуллоев (Қӯрғонтеппа) ба ҳайати комиссияи кумитаи футболи собиқадорони ФФТ шомил гаштанд.
Ҷоми ФФТ: Тими мунтахаби ҷавонон - дар садри ҷадвал 22 феврал даври навбатии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футбол дар минтақаи Душанбе баргузор шуд. Тими мунтахаби ҷавонони кишвар, зери роҳбарии Алишер Тухтаев, тими ҷавонони «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод. Ҷаҳонгир Алиев, Фирӯз Раҳматов ва Абдумалик Шодиев ба задани дуголӣ муваффақ шуданд. Як голи дигари тими ҷавононро Бузургмеҳр Раҳмоналиев ба самар расонд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар доираи ин давр «Локомотив»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.
Ҳисобро дар дақиқаи 7-уми вохӯрӣ аз зарбаи ёздаҳметра Соломон Течӣ кушод. Баъд
аз 25 дақиқа Соломон Течӣ голи дуюми металлургҳоро ба дарвозаи роҳиоҳанчиён
зад. Голи сеюмро Комил Саидов ба самар расонд. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи ин давр КМВА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 8:0 шикаст дод. Баъд аз чор давр тими ҷавонони кишвар (U-23) бо 10 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. “Истиқлол” бо 9 хол дар мақоми дуюм аст. Аммо нисбат ба тими ҷавонон як бозӣ камтар анҷом додааст. “Регар-ТадАЗ”, бо 6 хол дар ҷои сеюмро аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
УНВОН МУБОРАК!
Саҳиме дар сайқали ҷодаи варзиш Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар номгӯи олимон дар соҳаҳоти гуногун ба маротиб зиёд мегарданд. Аз ҷумла, дар баробари дигар фанну илмҳо, соҳаи варзиш низ рушд ёфтааст, ки ривоҷу пешрафти минбаъдаи он дар кори ба меъёри зиндагӣ табдил ёфтани ҳаёти солим, солимии миллату ҷомеа, ҳамзамон, тараққию пешрафти дигар соҳаҳо дар баробари болоравии сиҳатию бардамӣ ва иқтидори зеҳнию кории аҳли ҷомеа нақши муассире бозида метавонад. Гузаштагони шарафмандони мо, дар баробари рушди адабиёту фарҳанг ба муҳимияти варзиш
дар тандурустию саодати инсонҳо хеле воқеъбинона ва аз нуқтаи назари илмӣ баҳогузорӣ намудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар замони мо ҳам олимоне, ки ба таҳлилу таҳқиқи мавзӯи варзиш, нақши он дар равнақи ҷомеа ва инсон сарукор мегиранд, аз худ дарак медиҳанд. Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов аз ҷумлаи олимони сермаҳсулу серкори соҳа маҳсуб ёфта, солиёни зиёдест, ки ба хотири такомулу рушди варзиш дар кишвар заҳмат мекашад ва ҳамчун роҳбари ягона муассисаи олии варзишии ҷумҳурӣ саҳми худро дар татбиқи сиёсати фарҳангию варзишии мамлакат мегузорад. Инак, ба мо мужда расид, он ҳама заҳмату кӯшишҳо барабас нарафтанд ва ин марди дилбохтаи соҳа баъди ҳимоя намудани рисолаи худ дар мавзӯи «Афзалияти меъёрҳои дидактикии таълимоти фарҳангии бозиҳои варзишӣ дар ташаккули худшиносии миллии донишҷӯёни муассисаҳои олиии
Тоҷикистон», ки таҳлилу таҳқиқи он аз давраҳои хеле қадими ҳаёти миллатамон сарчашма мегирад, бо фармони вазири маориф ва илми Федератсияи Русия аз 18 феврали соли 2015, №148/нк ба гирифтани унвони доктори илмҳои педагогӣ мушарраф гардид. Бо камоли хушнудию ифтихор ин олими варзидаи тоҷикро муборакбод гуфта, барояш сиҳатмандию саодати ҳамешагии рӯзгор ва ҷӯшу хурӯши минбаъдаи корҳои эҷодиро таманно менамоем. Умед мебандем, ки бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъонаи афроди ватандӯсти кишвар таҳти сарапарастӣ ва роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷику тоҷикистонӣ дар арсаи байналмилалӣ бо нишондиҳандаҳои баланди варзишӣ шуҳрати варзиши тоҷикро боз ҳам баланд мебардоранд. Aҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
ВАРЗИШ ВА ҶОМЕА
Тавсеаи ҳамкориҳои ДТҶТ бо ВКД Дар остонаи ихтихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дар партави Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода бо ҳайатҳои шахсии вазорат, варзишгарони бомаҳорати Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Динамо» ва 175 нафар устодону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мулоқот орост.
ҳамаҷониба тақвият башидан аз вазоифи ҳар кадоми мо маҳсуб мегардад. Дар ин кори хайру савоб бояд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба ҳам омада, ба манофеи миллат, ободӣ ва созандагию бунёдкориҳои меҳан саҳми бориз дошта бошем. Гуфта шуд, донишҷӯёну устодони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҳар шароит дар як радиф бо кормандони ҳифзу ҳуқуқ паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар амният ва осоиши ҳаёти ҷамъиятӣ саҳм мегузо-
Дар оғоз Рамазон Раҳимзода ҷиҳати идомаи босуръати омодагиҳо баҳри истиқболи арзандаи ихтихоботи қарибулвуқуи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, аз фаъолияти хубу ибратбахши кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр шуд, ки ояндаи мамлакат дар дасти ҷавонон мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дурнамои он, аз ҷумла, тарбия ва ба камол расонидани насли наврас дастуру тавсияҳои басо муфид ва арзишманд ироа доштанд. Дар шароити мухолифатҳои мамолики абарқудрат, нооромиҳо дар баъзе кишварҳо аз ҳарвақта дида имрӯз тарғиботи хештаншиносии наврасону ҷавонон, махсусан, варзишгаронро
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ранд. Чунин ҳамкориҳо аз соли 2000-ум шуруъ шуда, ҳар сол беш аз 1500 нафар донишҷӯёну устодони донишкада аъзои фаъоли дружиначиёни халқӣ маҳсуб мегарданд. Ҳар сол то 150 нафар хатмкунандагони донишкада дар сафҳои ҷузъу томи Вазорати корҳои дохилӣ, зерсохторҳои он ба сифати дастурдиҳанда, мураббӣ ва муҳофиз ҷалб гардида, дорои рутбаҳои афсарӣ, унвонҳои фахрии илмӣ ва академикҳои ин вазорат мегарданд. Хушбахтона, ҳоло беш аз 200 на-
фар варзишгарони маъруфи кишвар узви Ҷамъяти ихтиёрии варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар замони муосир нақшу нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш ва ҳаракати олимпӣ на танҳо ҳамчун як падидаи тозаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шудааст. Таъмини оммавияти варзиш, солимии аҳолӣ ва дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, бешубҳа, аз сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва нерӯи маънавии ҳар миллат шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки пас аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ махзани тайёр кадани мутахассисони шоистаи вазорати мазкур ба ҳисоб меравад. Дар остонаи ҳар ҷашн, чорабиниҳои идонаи давлатию сиёсии байналмилалӣ, ки дар кишвар доир мегарданд, то 1500 нафар устодону донишҷӯёни донишкада зери роҳбарии ректор Шодӣ Сафаров дар ҳифзу бехатарии ҷомеа шабу рӯз хизмати арзанда менамоянд. Дар ҳамоиш аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба 175 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, аз ҷумла, муовинони ректор оид ба варзиш, номзади илмҳои таърих Сайдаҳмад Баҳриддинов, оид ба таълим Саъдӣ Норов, донишҷӯи пешқадам Тоҳир Ниёзов ва муовини декани факултети тарбияи ҷисмонӣ Исмоил Одинаев мукофоти хотиравӣ тақдим шуд. Барои чунин қадршиносӣ маъмурияти донишкада арзу сипоси худро ба вазир расонида, дар оянда ҳамкориро идома хоҳанд дод. Мирзосафар ШАМСИДДИНОВ, ёвари ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов
13
ҲИКОЯ - Ин номумкин аст! Худоё, наход ӯ зинда бошад?! - мегуфт капитани навбатдор Набӣ Холиқов. Ӯ дар даҳлези шуъбаи корҳои дохила андешаманд қадам мезаду бовараш намеомад. Миёни занони сабукпо, ки дар натиҷаи амалиёти шабонаи кормандони милиса боздошт карданд, нафаре ба хоҳари ғӯрамаргаш сахт монанд аст. Духтараки гандумгуни нозукандомро, ки чашмони сурху варамида дошт, бо чанд тан хонуми зиштнамо ба ҳуҷрае дароварданд. Ба капитан чунин намуд, ки хоҳари худаш Насибаро пушти панҷара мебинад. Аз дидани ӯ лаҳзае шах шуд. Сару калобаашро гум кард. Духтарак баробари ба ҳуҷра даромадан ба кунҷе нишасту зонувони кӯчакашро оғӯш гирифта, ба гиря даромад. Занҳои дигар ба ҳаде бепарво буданд, ки суҳбаташон байни ҳам гарм ва аз боздошт шудан заррае бим надоштанд. Шояд борҳо чунин боздошту пурсупос шудаанд. Капитан дигар тоқат накард. Ба ҳуҷраи кориаш ворид шуда, ба фикр фурӯ рафт. Ҳамкоронаш, аллакай, қисми зиёди боздоштшудагонро пурсупос карданд. Чанде аз ин тоифаи бадахлоқро бо дастури “соҳибон”-ашон аз мақомҳои боло раҳо намуданд. Шаб аз нисф гузаштааст. Капитан Холиқов аз утоқи кориаш берун шуда, назди ҳамкоронаш омад. Чанд нафари дигар монда буд, то охири пурсупос. - Ҳуҷраи охиринро монед, ман мепурсам, шумо монда шудед, гуфт вай ба ҳамкораш лейтенант Наврӯзов. - Майлаш, - кӯтоҳ розигӣ дод лейтенант. Капитан боз ба назди ҳамон ҳуҷраи оҳанин, ки духтараки ҷавон нигоҳ дошта мешуд, омад. Вай ҳамоно зонувонашро ба оғӯш гирифта, бесадо ашк мерехт. Ашк рухсораи ӯро тар карда, аз манаҳаш поён метаровид. Ҳолати духтарак капитанро ба риққат овард. Ҳар бор нигоҳ мекард, дилаш вайрон мешуд. Тақрибан баъди 25 дақиқа лейтенант Наврӯзов вориди утоқ шуда, арз кард, ки агар омода бошад, занҳоро барои пурсупос биёрад. Холиқов ба ҳуҷраи пурсупос гузашт. Ҳамоно сараш гарангу хаёлӣ буд. Ӯ нахуст пурсиши чор зани ҳамҳуҷраи духтаракро анҷом дод. Пурсиш ба зудӣ анҷом ёфт. - Чанд каси дигар монд? - пурсид Холиқов аз ҳамкораш. - Як нафар. - Ҳамон духтараки майда? - боз пурсид капитан. - Бале. - Ӯро ба ҳуҷраи кориам бар. - Хуб. Лейтенант духтаракро ба утоқи капитан овард. Духтарак сархам дар як тараф рост меистод. Шояд аз тарс буд, ки дир-дир меларзид. Капитан курсиро пеш кашида, гуфт: - Бишин, хоҳар! Ӯ аз ғояти раҳму дилсӯзӣ ва ба хотири хоҳари раҳматиаш ба духтарак “хоҳар” гӯён хитоб кард. Духтарак нанишаст, сараш ҳамоно ба пеш хамида буду ашк мерехт.
14
- Натарс, ин ҷо касе ба ту зарар намерасонад, - дилбардорӣ кард капитан, ки назди тиреза рост меистод. Тугмаи чойҷӯши барқиро пахш кард. Оби он, ки пештар гарм буд, зуд ҷӯш омад. Капитан дар ду финҷон қаҳва омода намуд. Ӯ бо қошуқча қаҳваро каме омехта кард ва пеши духтарак гузошт. Финҷони дигарро ба дасташ гирифта, дар курсии рӯ ба рӯи духтарак нишаст. - Бинӯш, гарм аст таскин меёбӣ. Духтар, ки зоҳиран бори аввал ба милисахона афтидааст, ларзидаву тарсида даст ба финҷони қаҳва бурд. Каме нӯшид. Шояд талх буд, ки бо қошуқча онро омехта кард ва рӯи миз гузошт. Аммо сараш ҳамоно хам. Чанд дақиқа дар утоқи кории капитан хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Вақте ҳар ду финҷон ҳам холӣ шуданд, Холиқов пурсид: - Боз мехоҳӣ? Духтар бо аломати инкор сар ҷунбонд. Аммо акнун гиря наме-
Гулноз ҳам ба яке кашол” ба ҳайрат афтод. Зеро модарандар дурӯғ мегуфт. Ба хона, умуман, хостгор намеомад. Он вақт падар аз тариқи телефон ба занаш чӣ гуфт, номаълум, аммо худ наомад. Модарандар чанд дафъаи дигар бо шавҳар дар хусуси “хостгорҳо” телефонӣ хабар дода, маслиҳат пурсид. Ниҳоят, бо таҳдиду азобҳои зиёди модарандар ӯро бо марди шастсолае никоҳ карданд. Дар вақти никоҳ модарандар гуфт: - Падарат розигӣ дод, ки туро бо ҳамин хостгори охир омадагӣ хонадор кунем. Марди бадавлату коргари калон аст, ба падарат ҳам маъқул шуд. Аслан, ин мардро модарандар ба воситаи кадом дугонаи мисли худаш дунёпараст пайдо карда буд. Падар гумон дошт духтарашро бо кадом ҷавоне ҷуфт мекунанд. Ҳамагӣ ду сол бо ин марди калонсол зисту халос. Ва ба манзили падар омад. Гумон дошт ӯро
- Биё, хонаву дари ман холист. Ҳар қадар хоҳӣ, истодан гир. Ба ман ҳам кӯмакат мерасад. Дар рӯбу чин ёрӣ мерасонӣ... Зан Гулнозро ба хонааш бурд. Рӯзи чоршанбе буд. Ду рӯз ба кори ошхона рафт. Ду рӯзи баъдӣ истироҳат ки буд, дар хона монд. Бегоҳи истироҳат соҳибхоназан бо марди миёнасоле вориди ҳавлӣ шуд. Гумон кард меҳмон аст. Ҳамроҳ хӯроки шом хӯрданд. Пасон, соҳибхона фармуд, то ҳуҷраро барои ду нафар омода созад. Баъд наздаш омада, гуфт: - Тайёр шав, ӯро барои ту овардам. Имшаб ҳамроҳ мехобед. Аз ин гуфтаҳои соҳибхона ба ҳайрат афтод. Илтиҷо дошт, ки ин корро накунад, аммо зан розӣ нашуд. Пасон барояш аён гардид, ки аз “меҳмон” пул гирифтааст. Ин кори зишт чор шаб идома ёфт. Зан “мизоҷ” меоварду пул мегирифт. Духтари бечора назди ҳамаашон мегирист. Илтиҷо дошт ба ӯ даст
кард, вале рӯю чашмонаш аз гиряи бисёр сурх шуда буданд. Аз “хоҳар” гуфта, хитоб кардани Холиқов худро каме ором ҳис мекард. - Акнун, биё шинос мешавем. Номи ман Набӣ, – худро муаррифӣ кард капитан ва интизор нашуда пурсид: – Ту чӣ ном дорӣ? - Гулноз, - ҷавоб дод духтарак. - Чандсолаӣ? - Нуздаҳсола. - Оё медонӣ, ки роҳи интихобкардаат бад аст? - Медонам. - Падару модарат ҳам медонанд? - Онҳо ба ин сабаб шуданд. Духтар сукут кард. Капитанро ҷумлаи охири вай ба фикр бурд. Вале духтарак дубора ба нақл сар кард. Аз саргузашти хеш. Синфи панҷ мехонд, ки модараш аз дунё гузашт. Худро хеле танҳо ҳис кард. Гумон кард, дар атрофаш дигар касе намондааст. Падар баъд аз шаш моҳи даргузашти ҳамсари аввал дубора зан гирифт. Базӯр то синфи нуҳ таҳсилро идома дод. Ҳарчанд мудири мактаб борҳо модарандари Гулнозро мактаб даъват карда фаҳмонд, суд набахшид. Он замон падари Гулноз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Модарандар бисёр азияташ медод. “Махлуқи ношуд, зуд шавҳар карда, аз ин хона дафъ мешавӣ!”, - ҷониби духтар дӯғ мезад вай. Ба шавҳар зуд-зуд телефон карда, мегуфт, хостгорҳои духтар зиёд омаду рафт доранд. Боре ногаҳон суҳбати телефонии модарандарро бо падараш шунид, ки мегуфт: - Хостгорҳои ин духтар ба ҷон расонданд. Зудтар биё, ҷавобашонро деҳ. Ҳар рӯз дусетояшро гусел мекунам. Чӣ кор кунам? Дили Гулноз ҳам ба яке кашол. Аз шунидани ин сухан, ки “дили
хуш пешвоз мегиранд. Аммо акси ҳол рӯй дод. Падар гуфт: - Духтари бетоқат, каме дигар сабр накардӣ, ки аз Русия омада, бообрӯ гуселат кунам. Ду поро дар як мӯза дохта гуфтӣ, маро ба ҳамин марди пулдор диҳед. Ана, оқибати пулдӯстдориат! Аз ин суханони падар дар ҳайрат афтод. Ба модарандар нигарист. Ӯ, ки тираш ба ҳадаф расида буд, бо афти безеб табассумкунон ба Гулноз менигарист. Зеро масъаларо ба падар тавре фаҳмондааст, ки гунаҳкори асосӣ духтар бошад. Гулноз гирён шуд. - Падар, - гӯён пойҳои ӯро ба оғӯш кашид. - Ман ба хости худам хонадор нашудам. Вале падар сахт асабӣ буд. Ба гуфтаҳояш чандон эътибор надод. Бо даст сӯи дар ишора кард ва гуфт: - Куҷое хоҳӣ бирав, аммо дигар поятро ба ин ҷо намон! Ҳеҷ гумон надошт, ки падар то ин андоза сангдил бошад. Танҳо ба гуфтаҳои зани маккораш бовар дошту ба духтар не. Барояш басо сахт ва аламовар буд, дар як рӯз ҳам аз хонаи шавҳар ва ҳам аз хонаи падар беруни дар шудан. Аз хонаи падар бо чашмони тар баромад. Чанде аз ҳамсоягон ҳолашро дида, раҳмашон омад. Бисёр гирист. Қарор дод, ки ба шаҳр меравад. Заҳмат кашида, рӯзашро пеш мебарад. Шаҳр омад. Ба чанд ошхона муроҷиат кард, то барои табақу коса шӯстан ба кор гиранду бар ивазаш музд бидиҳанд. Як шахси хайрхоҳ қабулаш кард. Заҳмат мекашид, аммо дар шаҳр ҷои зист надошт. Роҳбари ошхонаро бисёр зорӣ кард, ки то иҷора ёфтан иҷозат диҳад, шабҳо дар ошхона бимонад. Роҳбар танҳо барои як-ду бегоҳ монданаш розӣ шуд. Як рӯз дар масъалаи иҷора бо як зани фурӯшанда суҳбат кард. Зан гуфт:
нарасонанд, аммо бефоида. Нафаре, ки шаби чорум омад, нисбатан раҳмдил намуд. Гуфт: - Биё, ту ба ин корҳо дигар даст назан. Ман туро никоҳ карда, ба занӣ мегирам. Зану фарзанд дошт, лек шояд ба хотири аз кори бад раҳонидан бошад, ки бо ӯ издивоҷ кард. Дар яке аз маҳаллаҳо барояш хонаи иҷора низ гирифт. Дақиқтараш, зане ҳуҷраеро дар ҳавлиаш нисбатан арзон барояш иҷора дод. Қариб якуним сол дар ин иҷорахона монд. Дар ин миён бо он мард, ки Ҳафиз ном дошт, соҳиби писар шуд. Боре то пардохти иҷора як ҳафта монд. Ҳафиз барои аёдати модараш деҳа рафт. Ба зудӣ омада натавонист. Чунки модараш фавтид ва баъди дафни ӯ ҳам як муддат он ҷо монд. Соҳибхона барои ҳаққи пардохти иҷора ба ҷонаш расонд. Таҳдид мекард, ки писарашро кашида мегирад. Маҷбур назди фурӯшандаи мағозаи маҳалла барои пул қарз гирифтан рафт. То омадани Ҳафиз. Бегоҳ буд, Ҳафиз ба телефони дастии соҳибхона занг зада, Гулнозро пурсид. Дар посух соҳибхона гӯфт: - Тарки одат маҳол аст, бачам. Дар ин муддате, ки ту набудӣ, ӯ ҳар бегоҳ кӯдакро назди ман гузошта, танфурӯшӣ мебарояд. Чанд бор аз роҳ гардонданӣ шудам. Гуфт, ту кордор нашав, Ҳафиз нест ман пули иҷораи ту ва хӯроки писарамро аз куҷо меёбам? Ана, ҳоло ҳам рафтааст ва ман бо бачаи хурдсолат танҳоем. Баъди ин занги телефонӣ дигар Ҳафиз ӯву писарашро суроғ накард. Дар он хонаи иҷора як моҳи дигар зиндагӣ кард. Соҳибхона гуфт: - Духтарам, ман писаратро нигоҳубин мекунам. Ту рав кор кун, ҳаққи иҷораро ёбӣ, шуд. Ба соҳибхона фаҳмонд, то роҳрав шудани писараш хубаш кор накунад. Аммо зан ба ҷону
Дидори дубора
ҳолаш намонд. Ӯро ба корҳои ифлос маҷбур мекард. Ҳатто ба кадом нуқтаи шаҳр рафтанашро гуфт. Бисёр ночор монд, ин бегоҳ аз хона берун баромада, дар сари роҳ қарор гирифт, ки милисаҳо ба мошин савор карданд. Капитан Набӣ Холиқов нақли духтаракро шунида, хеле мушавваш гардид. Ӯ аз ҷой бархосту назди тиреза рафт. Онро кушод, то ҳавои утоқ салқин шавад. Намедонист чӣ бигӯяд. Ниҳоят, худро ба даст гирифта, сухан оғоз кард: - Дар оила мо панҷ писар будем, як хоҳар ҳам доштем. Номаш Насиба буд. Вай як ҳамсабақашро дӯст дошт. Аммо аҳли оила ҳама ба интихоби хоҳарамон зид будем. Чун нахостем, домоди мо ятимбачаи камбағал бошад... Мактабро ки тамом кард, хостгорҳо омадан гирифтанд. Яке аз онҳо оилаи бообрӯ буданд. Бисёриҳо орзу мекарданд бо ин оила хешу табор бошанд, аммо ин бахт ба дари мо омада буд ва мо ҳам нахостем, онро рад кунем. Розӣ шудем, ки хоҳарамон ба ин оила келин шавад. Хоҳарам ба ин қарори мо чизе нагуфт. Фотиҳа кардем. Рӯзҳои башумор монда буд то маъракаи тӯй. Модарамон ҳамроҳ бо ду додарам барои хариди ашёи барои маърака зарур бозор рафта буд. Насиба дар хона худаш танҳо монд. Капитанро буғз гулӯгир мешуд. Ӯ нақлашро идома дода наметавонист. Духтарак беихтиёр аз ҷой бархост ва ба финҷон аз чойҷӯш каме об рехта, ба капитан дароз кард. - Ташаккур, - гуфт вай баъди обро нӯшидан. Сипас, ба нақлаш давом дод. - Вақте модару бародаронам аз бозор меоянд, дар баста аст. Ҳар қадар мекӯшанд, кушода намешавад. Пасон дарро мешикананд. Ин тарафу он тарафро мебинанд, Насибаро намеёбанд. Вақте таги кати хобашро менигаранд, ӯро ҳамон ҷо хобида меёбанд. Насиба ба қарори гирифтаи мо дар хусуси издивоҷаш норозӣ будааст... Вақте ӯро ёфтанд, аллакай баданаш сард буд. Модарам “оҳ” гуфта, аз ҳуш меравад. Чанд муддат дар беморхона бистарӣ шуд, ҳоло бемор аст. Хаёлӣ шудааст. Мегӯяд, Насибаам меояд. Ӯ ба аёдати холааш рафтааст, ҳамин ҳоло аз дар медарояд... Капитан сукут кард. Дар утоқ хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Зери чашмони капитан донаҳои ашк ҳалқа зад. Гулноз низ мутаассир шуд... - Вай ба ту сахт монанд буд, афзуд капитан, ки акнун овозаш меларзид. - Вақте туро дидам, боварам наомад. Гуфтам, наход Насиба зинда бошад?.. *** Субҳ медамид. Хониши парандаҳо ба гӯш мерасид. Капитан баъди вориди ҳуҷраи модар шудан гуфт: - Очаҷон, ана, Насибаро овардам! Баъди ду соли раҳпоӣ чашмони камнури модар рӯшан шуданд. Дар чеҳраи пайваста маҳзунаш осори шодӣ падидор гашт... Башир УСМОНОВ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
ВАРЗИШИ АҚЛ Гармї, Мурѓи њаро- афсорат навї Мафњуми математикї, D
Фамилияи маъмули русї
Штат дар ИМА
… Баччан, ситораи кинои њиндї
Хабаркаш
Пули Корея
Атомњои заряднок
Дарё дар Хорватия
Амударё то якљояшавї бо Вахш
Љаноби лањистонї
Нотавонї, сустї
«Бахтиёр» чї гуна исм аст?
Љазирањо дар шарќи Русия
Ќасри амири Бухоро Кроссворди скандинавї
Ин љонвари обї барќ њосил мекунад
Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат
Як аломат дар хатти Хитой
Касофатовар, бадтолеъ
… Яшин, дарвозабони машњури футбол
Хурўљ, нуќтаи баланд
Одам, башар
Дуои бади падар
Кайфу сафо
Хона Шаршара
Боњуш, доно
Хуб, наѓз
Раѓбати беандоза ба касе Ба забон овардан
Аз дарвоза хурдтар
Туро ба манзил барад
Гулў
Эзид, Яздон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015
Гиёњи яксолаи хўшагї
Бозии русии рўимизї
Ниёзманд, эњтиёљманд
Шањр дар Полша
Соф, зулол
Падару модару фарзандон
Муми роњ
Унвони олии илмї
... Сандал, овозхони турк
Даррандаи хонагї
Нитроген
Нигоњ кун!
Илми дину шариат
Дарёи дарозтарини дунё
Пурра, тамом
Гузариш аз марз
Нишон додан бо ангушт
Зоти саг, булдоги хурд
... Твен, нависандаи амрикої
Илмњо
Забони давлатии Ќатар
Оташ гирифтан
СНГ (тољ.)
Оби минералї
Отряди махсуси милиса
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
Пойтахти Норвегия
Тар, рутубат
Рўз (арабї)
Тамѓаи тайёраи ФР
Додар Зоту зурриёт
Курорти соњили Бањри Сиёњ
50 %
... Љоли, актрисаи амрикої
"Нафси бад - ... и љон"
Таълим, тарбия
Иёлати Амрико
Тафс, њарорати баланди бадан
Махлуќи афсонавї
Ду голи футболбоз дар як бозї
Дўсти ВинниПух, хар
Амали математикї
0, 1 см
Марз
Сабзавоти палакдор
Матои кўрпаворї
Гирду пеш
Ситоиш, сано
Ранг
Зулфия ..., шоира
Устухони фил Шукўњ, дабдаба
Мўи болои чашм
Љои китобмонї
Як навъи наќлиёти шањр
Ноњия дар вилояти Хатлон
Дору барои љароњат
Тухмбирён
Борбардори сохтмонњо
Дарё дар Њиндустон
Пешгўии ѓайриилмї
Дар афсона кафши паррон дошт
... Азизов, сароянда
Рўй, чењра
15
АКСИ РӮЗ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Афандӣ баъди ду рӯз аз шикор бо як хирси беҷон бармегардад. Ҳамсояҳо мепурсанд: - Бо чанд тир ӯро аз пой афтондӣ? - 10 тир. - 10 тир задӣ баъд мурд? - Не, 10 тир задам нарасид, хирс аз ханда дилкаф шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Зани Афандӣ: - Дигар дар оғил коҳе надорем, ки ба гов диҳем. Афандӣ: - Барои ҳамин ҳам зиқ шудӣ, занак? Пагоҳ говро фурӯхта, чи қадар, ки лозим аст, коҳ мехарем.
Умаралӣ САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (мудири шӯъба),
Маҳмудҷон УСМОНОВ, Ҳасан АЗИЗОВ
Аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба аҳолӣ варақаи таблиғотӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 март баргузор мегардад, тақсим карда, аз онҳо хостанд дар интихобот ширкати фаъол дошта бошанд.
(хабарнигорон, Душанбе),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
ШЕРАВГАН ХУРСАНҚУЛОВ, БАХТИҶАМОЛ РАҲИМЗОДА
(муовинони котиби масъул)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст.
АНДАРЗ
Ба оянда хушбин бояд буд Бародарон Адолф ва Рудолфи олмонӣ баъди Ҷанги якуми ҷаҳон устохонаи хурде кушода, ба кор пардохтанд. Пойафзолҳои истеҳсолкардаи онҳо ба мардуми маҳалла писанд буд. Мардум маҳсулоти бародаронро хуш доштанд, мехариданд ва супориш медоданд. Ин таваҷҷуҳ боис шуд, ки фаъолияти бародарон тавсеа ёбад. Акнун онҳо пайи ҳам чанд ширкати калон кушода корро идома медоданд. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳон ба кори онҳо низ беасар намонд. Пайи ҳам ширкатҳояшон баста шуданд. Бо вуҷуди ин, баъд аз хатми ҷанг ба кор идома дода, дар муд-
Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 8263 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С№20202972500232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
16
Мӯйсафеди солхӯрда барои таъмири телефони мобилиаш ба устохона медарояд. Усто баъди санҷиш ба мӯйсафед мегӯяд: - Бобо телефони мобилии шумо айбе надорад ва ба таъмир кардани он зарурат нест. Мӯйсафед ҷавобро шунида, мегиряд ва мегӯяд: - Пас, барои чӣ ба он ягон фарзандам занг намезанад!!!
дати кӯтоҳ муваффақияти пешинаашонро соҳиб шуданд. Танҳо як мушкил буд. Бародарон акнун пештара барин бо ҷаҳди том кор намекарданд. Миёнашон ҳамфикрии пешина набуд. Зудзуд ихтилофи назар пайдо мешуд. Ниҳоят, як рӯз Рудолф ба Адолф гуфт: - Мехоҳам, ки фаъолиятамонро минбаъд дар алоҳидагӣ гузаронем. Ман ҷудо шуда, ширкати алоҳида мекушоям. Ту ҳам чунин кун. Адолф ба шунидаҳояш бовар намекард. Охир, ҳар муваффақияте, ки то имрӯз насибашон шудааст, туфайли якҷо ҳаракат карданашон будааст. - Дар алоҳидагӣ фаъолият кардан, маънои нобуд шуданро дорад, мефаҳмӣ?! Муфлис мешавем!- гуфт ӯ.
- Кӣ медонад, шояд дар алоҳидагӣ бештар муваффақият ба даст орем. Оянда маълум нест, ба он бо умед ва боварӣ бояд нигарист. Ҳамин қадар маълум аст, ки мо мисли пештара бо дили гарм ба кор машғул намешавем. Бинобар ин, бояд ҳар кас дар алоҳидагӣ фаъолияташро пеш барад. Зиёд исрор кардани Адолф барои ҷудо нашудани бародараш монеъ нашуд. Рудолф рафт ва дар муддати кӯтоҳ ширкати нав кушод. Кӣ ҳақ баромад, Адолф ё Рудолф? Албатта, Рудолф. Чунки ширкати “Adidas”, ки Адолф таъсис дод, ва “Puma” ки Рудолф ифтитоҳ намуд, то имрӯз ба истеҳсоли пойафзолҳои дар дунё машҳури варзишӣ идома медиҳанд. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Профессор: - Кори дипломиатро хонда намешавад. Он бояд тавре навишта шавад, ки ҳатто бесаводтарин одам мантиқи онро дарк кунад. Афандӣ: - Мефаҳмам, профессор, аммо ҳайронам, ки чаро шумо онро дарк накардед?
***
Афандӣ вақти ҷанҷол бо занаш мегӯяд: - Агар норинҷак медоштам, онро тарафи ту мепартофтам. Занаш: - Ман онро гирифта, ҳалқаашро мекандаму боз ба худат мепартофтам.
ЭЪЛОН
ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №029480, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1997 ба Азизов Қосим додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи А №870903, ки онро МТМУ рақами 37-и ноҳияи Қубодиён соли 1982 ба Нораков Давлат додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкори инфиродӣ Амруллоев Қудрат (РЯМ 2130026599), ки онро 10 майи соли 2012 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ҳуқуқи амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкории инфиродии Гадоев Анвар (РЯМ 1430033037), ки Нозироти андози ноҳияи Файзобод додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи бақайдгирӣ, таҳти рақами ВА 0014112 ва Оинномаи Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 ноябри соли 2007 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.
БАРҲАМ МЕХӮРАД Кооперативи истеҳсолии “Хуҷаисоқ” (РЯМ 110004573), ки аз 6 апрели соли 2012 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, барҳам мехӯрад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №9 (9383), 26 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015