Ҷавонони Тоҷикистон, №09 (9487), 2017

Page 1

НАШРИЯИ КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН/ /№09 (9487), 2 марти соли 2017/e-mail:javonontj@mail.ru/www.javonon.tj/аз 5.04.1930 нашр мешавад

 МУШКИЛИ ҶАВОНОН

 ДУНЁИ ВАРЗИШ

Вақткушӣ.

Сафари бобарори роҳбарияти КМОТ

Ҳамаи корҳои бад аз беҳудагардӣ сарчашма мегиранд

1

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

 СИЁСАТ

ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ: имзои 6 санади нави ҳамкорӣ

КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи Модар ва “Соли ҷавонон”

Фестивали ҷумҳуриявии “Суруди Модар - Алла”

МАКОН: Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ЗАМОН: 4 марти соли 2017, соати 10:00

ТАМОС: (+37) 235 19 53; 236 37 26; 904 06 60 74


2

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Тасдиқи нишони рамзии мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зиёиёни эҷодкори кишвар тасдиқ намуд. Дар он нишона ва аломатҳои фаъолиятмандии зиёиёни кишвар аз рӯи соҳаҳои асосӣ ифода ёфтаанд. Рамзи мазкур аз ҷониби як зумра рассомони мамлакат омода шуда, минбаъд ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор истифода мешавад ва зиёиён метавонанд дар чорабиниҳои худ аз он истифода намоянд.

√ СИЁСАТ

ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ: имзои 6 санади нави ҳамкорӣ

27 феврал Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия дар саҳни бинои Қасри миллат баргузор шуд. Меҳмони олимақомро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт. Сипас, мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир гардид. Роҳбарони давлатҳо дар оғоз бори дигар ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия самимона шодбош гуфта, барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Русия бо мукофоти олии Федератсияи Русия Ордени Александр Невский сарфароз намуд. Дар идомаи суҳбат барои таҳкиму тавсеаи бештару хубтари муносибатҳои дӯстонаю стратегии Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳои мутақобилан манфиатбор изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд. Дар идома музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи худ ва мардуми

Тоҷикистон ба ҷониби Федератсияи Русия барои қадршиносии талошҳои бесобиқа ва хизматҳои шоистаи роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо мукофоти олии Федератсияи Русия - Ордени Александр Невский изҳори сипос намуда, ин тадбирро рӯйдоди рамзию таърихӣ дар соли таҷлил аз 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия арзёбӣ намуд. Тавре таъкид шуд, ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Русия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онҳо бо назари нек менигарад. Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират, илму марориф, фарҳанг, туризм ва ҳамкории байни вилоятҳою шаҳру ноҳияҳои ду кишвар зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки Федератсияи Русия дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқею мақоми назаррас дошта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат бо назардошти таъсирҳои омилҳои беруна дар соли 2016 беш аз як миллиард доллари америкоиро ташкил додааст. Дар раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамгироӣ дар бахши саноати нефту газ зоҳир гардид ва барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити созгори афзуннамоии ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, дар ин замина тақвияти муносибатҳои бевоситаи байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳамдигарро махсус таъкид намуданд. Дар музокироти сатҳи олӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод карда шуд, ки ҳукми хориҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ва ба қаламрави Федератсияи Русия, ки ҳуқвайронкуниҳои маъмурии ночиз (сабук) доранд бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд. Вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, афзун намудани квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу эҷодиёт ва густариши равобити доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг арзёбӣ шуд. Тавре таъкид шуд, табодули таҷрибаи ширкату идораҳои туристии Тоҷикистону Русия ва ҷалби сармоя ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатҳои манфиатбори байнидавлатӣ нақши муассир гузорад. Ҷонибҳо таҳкими ҳамкории амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду давлатро аз воситаҳои

муҳими баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ, заминаҳои техникӣ ва қудрати дифоии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин бахш метавонад дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терорризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа нақши фаъол дошта бошад. Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Идомаи мунтазаму бобарори муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои манфиатбори стратегӣ арзёбӣ гардид. Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуда,

дар ҳузури сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи фелдегерии ҳарбии почта; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна; - Созишнома миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ; - Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2017.

“Таронаи сарбоз” ба дӯст доштани Ватан ҳидоят мекунад Бахшида ба “Соли ҷавонон” бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 24 феврал дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Таронаи сарбоз” баргузор шуд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода афсарону сарбозонро ба 24-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, изҳор дошт: - Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсии кишвар таъсис ёфт, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, Пре-

зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору пурқувват гардида, имрӯз бо мутахассисони дорои донишу маллакаи баланд, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Гуфта шуд, мақсад аз баргузории чунин як чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, маърифати сиёсӣ ва

ҳуқуқии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна хатарҳои замон, ҳидоят ёфтани онҳо ба бунёдкорӣ ва созандагии кишвар ва дар дилашон бедор кардани ҳисси миллӣ ва дӯст доштани арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ин мақсад ҳар сол фестивалҳои ҷумҳуриявии “Таронаи сарбоз”, “Гулчини сурудҳои ватандӯстона” ва “Навои Ватан”-ро

доир мекунад. Дар фестивал аз тарафи ҳунармандони ҷавон сурудҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, марзу бум ва саҳнаҳои театрӣ пешниҳод гардид. Дар фарҷом беҳтарин сурудҳои ватандӯстона соҳиби “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”


Аз никоҳи хешутаборӣ даст каш! 25 феврал бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва шарикони ҳамкор дар КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” зери шиори "Аз никоҳи хешутаборӣ даст каш ва солимии оилаатро ҳифз намо" ҳамоиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз ҷониби волонтёрон варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аз қабили ВНМО/БПНМ тақсим карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби мутахассисон ташхиси ройгон ва машваратҳо дода шуд. Сипас, волонтёрон дар бозорҳои “Саховат” ва “Корвон” дар доираи Аксияи ҷавонон зери шиори "Аз никоҳи хешутаборӣ даст каш ва солимии оилаатро ҳифз намо" ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд. Аксияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии сокинону меҳмонони пойтахт дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ ва никоҳи хешутаборӣ амалӣ гардид.

√ ПУРСИШИ

ГУЛБАҲОР РАҲМОНОВА

“ҶТ”

Ба модаратон чӣ туҳфа мекунед? - Ба ҳамаи модарон орзуи хушбахтӣ дорам. Модарҷони азизу меҳрубони худро низ табрик мекунам. Бигзор ҳамеша сиҳату саломат ва дуогӯи мо - фарзандон бошанд. Ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд. Ба модарам як даста гули қашангу як суруди беҳтаринамро ҳадя мекунам.

Шаҳзоди Даврон, сароянда:

Муқим Абдуфаттоев,

- Беҳтарин туҳфа фикр мекунам, ки барои ҳар занмодар як даста гул аст. Ман ба модарҷонам як гулдаста аз гармхонаи худамон месозам ва туҳфа мекунам. Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, борон аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебои аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт бигардонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Идатон муборак, модарони азиз!

ҳаҷвнигор:

Бузургмеҳри Тоҷиддин,

- Модарам дар деҳа аст. Худам дар шаҳри Душанбе. Беҳтарин тӯҳфа барои модар дидори фарзандаш аст. Аммо вақт медонад, ки дар рӯзи идаш ба дидораш мерасам ё не. Аз маоши ночизам барояш медиҳам ва табрикаш мекунам. Шеъри наве барояш мехонам, орзуҳои нек мекунам. То рӯзи 8-уми март сарояндае як шеърамро, ки дар мавзӯи модар аст, ба оҳанг медарорад. Ин туҳфаи имсолаи ман ба модари азизам аст.

шоир:

√ ИЛМ

√ ИХТИРОИ

3

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

Парвиз аз хурдсолӣ ба сохтану чизе офаридан бисёр майл дошт. Пас аз дарс ба хона баргашта, ашёҳои гуногуни ҷамъовардаашро парешон намуда, дар пайи сохтани ҳар гуна асбобҳо мешуд. Маҳсули дасти худро дида, ҳисси ифтихоре вуҷудашро фаро мегирифт.

Аробачаи маъюбӣ Парвиз Ҷамолов, 15 марти соли 1995 ба дунё омадааст. Ҳоло донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад. “Пас аз ҷустуҷӯ ва мушоҳидаҳои зиёд ба сохтани аробачаи маъюбӣ комёб гардидам. Худро бисёр хушҳол меҳисобам, ки чунин корро ба анҷом расонидаму ба олами илму техника ворид гардидам”, – гуфт зимни суҳбат Парвиз Ҷамолов. Аробачаи м а ъ ю б ӣ воситаи ҳаракат барои одамони имконияташон маҳдуд ва маъюбоне, ки қобилияти озодона нишастан доранд, мебошад. Тарзи фаъолияти он чунин аст: Бо бардоштани тугмачаи дар поёни курсӣ буда, аробача ба кор даромада омода мешавад. Барои ба ҳаракат

даровардан фишангчаи дар тарафи дасти чап бударо фаъол менамоем. Барои идораи он дар тарафи рости аробача чамбараки механикӣ насб карда шудааст, ки тарзи идоракунии ароба аз ҷониби истифодабаранда осон мегардад. Ҷиҳати фарқкунандаи ин аробача аз дигар аробачаҳои то ин дам сохташуда дар ҳамин аст. Тавсифи техникии аробачаи маъюбӣ чунин аст: Суръат – 20 км/соат;

Вазнбардорӣ – 85 кг; Андозаи бар – 1100 мм (110см); Андозаи дарозӣ – 1250 мм (125см); Баландӣ – 600 мм (60 см); Қувваи батарея (аккумулятор) – 50 км. Дар оянда мехоҳад, ки ихтироаш дорои патент гардад ва дар истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Инчунин чанд идеяи дигаре дорад, ки болои онҳо кор карда истодааст. Ҳамчун ҷавони даврони соҳибистиқлол мехоҳад, бо навовариҳои хеш саҳми худро дар рушди илму техника гузорад. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

ВА ҶАВОНОН

Рушди илм дар давраи истиқлолият Яке аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар фосилаи 25 соли камолоти ҳамаҷонибаи он рушди рӯзафзуни соҳаи илм, аз ҷумла ҷомеашиносӣ дар партави таҳқиқи фарҳанги миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон, шинохт ва муаррифии осори безаволи онҳо мебошад. Дар ин самт фаъолияти бонувон, махсусан олимаҳои ҷавон шоистаи ситоиш ва қобили таҳсин аст. Яке аз онҳо номзади илмҳои фалсафа Гуландом Абилова ба ҳисоб меравад.

Гуландом парвардаи муҳити фарҳангпарвару тамаддунхези шаҳри бостонии Кӯлоб аст. Таҳсилоти олиро низ дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гирифтааст. Аз соли 2000-ум то моҳи августи соли 2001 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и зодгоҳ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Баъдан ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳи хатмкардааш фаъолияти таҳқиқотию таълимии худро оғоз бахшида, аз соли 2002 то 2003 чун муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ заҳмат кашид. Омили асосӣ ва ангезиши аслии ба таҳқиқи фалсафа рӯ овардани Гуландом аз тадрису таълими омӯзгори фанни мантиқи донишгоҳ Шамсиддин Гулаҳмадов сарчашма мегирад. Рӯзе, зимни дарс, муаллим

Шамсиддин Гулаҳмадов як ҳикояи муаммобарангези мантиқиро бо завқу маҳорати баланди омӯзгорӣ нақл кард. Баробари ба итмом расидани нақл занги танаффус садо дод ва мазмуни мантиқии ҳикоя нокушода боқӣ монд. Дар вақти танаффус Гуландоми донишҷӯ ба назди омӯзгор рафт, то аз мантиқи ҳикоя огоҳӣ пайдо намояд. Устод гуфт: «Духтарам, агар хоҳӣ, ки маънии аслӣ ва ҷавҳари мантиқии ҳикояи гуфтаи маро дарк намоӣ, фалсафаро омӯз». Ин маслиҳату раҳнамоӣ дар қалби ӯ шуълаи омӯзиши фалсафаро афрӯхт ва ҳидоятгари вай ба ҷодаи пурпечутоби зикршуда гардид. Гуландом аз соли 2003 то 2008 таҳти роҳнамоии нахустин доктори илмҳои фалсафа аз байни бонувон Мунзифа Ғаффорова дар мавзӯи «Асосҳои маънавии ташкили оилаи тоҷик» рисолаи илмӣ навишта, барои дифоъ пешниҳод намуд. Аз соли 2009 то 2011 ҳамчун роҳбари шуъбаи омори Донишкадаи давлатии

забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва аз соли 2011 то 2014 ба ҳайси котиби илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хидмати шоиста анҷом додааст. Аз моҳи апрели соли 2014 то имрӯз мудири кафедраи илмҳои иҷтимоии Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яке аз шогирдони Гуландом Абилова магистранти ихтисоси идоракунии давлатӣ Мирзоолими Мирзораҳим, ки дар мавзӯи «Назари давлат ва давлатдории ибни Халдун дар рисолаи «Муқаддима» машғул аст, аз сифатҳои шоистаи инсонию касбии роҳбари маънавияш ёдовар шуда, дар суҳбат бо мо зикр дошт: «Муаллима аз беҳтарин омӯзгорони ҷавону донишманди фалсафа дар Тоҷикистонанд. Собитқадамӣ, устуворӣ, иродаи матин, маънавиёту дониши амиқ, ахлоқи ҳамида, ҷиддият, салобати маънавӣ, садоқати ростин ба суннатҳои

миллӣ аз ҷумлаи хислатҳои шоистаи муаллимаанд. Фурӯғи фарҳангу фалсафаи инсонии муаллима равшанибахши қалбу шуури мо – шогирдон аст». Муаллима зимни посух ба саволи мақому манзалати занон дар даврони истиқлолият гуфт: «Дар даврони истиқлолият озодии воқеии маънавӣ ва тақвияти мақому манзалати занони тоҷик дар ҷомеа таъмин шуд. Фидокориҳои Сарвари давлат барои Ватан, миллат ва тақвияти худшиносӣ ба халқи Тоҷикистон мо, бонувони тоҷикро дар ҷодаи фаъолият ҳамеша рӯҳу илҳоми тоза ва қудрату неруи нав мебахшад. Осори илмию таърихӣ ва фалсафии Президенти маҳбубамон, ба монанди шоҳкории маънавии сеҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», рисолаҳои «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Забон – ҳастии миллат», дигар нутқу суханрониҳо ва маърӯзаҳои илмиашон моро дар рӯҳияи андешапарварӣ, ватандӯстӣ ва тоҷикияти асил бо тамоми маънӣ тарбия мекунад». БУЗУРГМЕҲР


4

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОНИ МАҲАЛ

Дурдона – маликаи Наврӯзи Деваштич Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва иди Наврӯз дар ноҳияи Деваштич озмуни «Маликаи Наврӯз» баргузор гардид. Дар он 7 нафар духтар аз муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи панҷ шарт қувваозмоӣ карданд. Шоҳҷоизаро хонандаи синфи 10-и МТМУ №14 Дурдона Абдурашидова ба даст овард. Ҷойи якум насиби хонандаи Гимназияи №1 Иқболхон Умарова, ҷойи дуюм насиби хонандаи МТМУ №1 Умеда Ҳайдарова ва ҷойи сеюм насиби хонандаи МТМУ №10 Парвина Ҷӯраева гашт. Ғолибон бо “Диплом”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ва туҳфаҳои хотиравии Маркази таҳсилоти иловагӣ қадрдонӣ карда шуданд.

СОЛИ 2017 - “СОЛИ ҶАВОНОН”

Омӯзгор ва эҷодкори ҷавон Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” элон кард. Дар Паёми охири Пешвои миллат омадааст, ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор, ватандӯст буда, дар ҳамаи ҷабҳаҳо фаъолият доранд.

Боздиди ҷавонони фаъоли Қӯрғонтеппа аз ноҳияи Ёвон Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли шаҳри Қурғонтеппа, бахусус донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо фаъолияти корхонаҳои ноҳияи Ёвон шинос шуданд. Ба иттилои Эраҷ Раҷабов - мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон ҷавонон ба «Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индустриал”, ки 22 апрели соли 2016 дар зарфи камтар аз якуним сол бо саҳми муштараки соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ғуломов ва соҳибкорони чинӣ дар майдони 5,2 га бо харҷи беш аз 130 млн. сомонӣ сохта шудааст, сафарбар гаштанд. Сипас, аъзои «Мактаби ихтиёриён»-и назди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия меҳмононро бо корхонаҳои азими саноатии минтақа - “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Криолит”, “ХИМА-текстил” шинос намуданд. Тибқи барнома дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвахтов меҳмонон намоишҳои осори таърихӣ ва китобҳои тозанашрро тамошо ва дар конференсияи илмӣ, дар мавзӯи «Хатарҳои терроризм ва эктремизм дар ҷаҳони муосир» иштирок карданд. Б. Бобоев - сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Р. Фозилов - устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Нақш ва мақоми ҷавонон дар рушди босуботи мамлакат», М. Муқимзода - муовини прокурори ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Хатари терроризм ва эксремизм ба мафкураи насли наврас», Ю. Ғаниев - донишҷӯи курси 5-уми факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар мавзӯи «Таҳдидҳои ғайрианъанавӣ дар ҷаҳони муосир», М. Хоркашев - сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Муҳоҷирати бехатар», Қ. Сафархолов - раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон дар мазӯи «Ҷавонон – меросбари фарҳанг ва суннатҳои миллӣ» маърӯза намуданд. Дар вақти ироаи маърӯзаҳо қайд карда шуд, ки дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа саҳми ҷавонон басо назаррас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти ҳаррӯзаи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгӯ бошанд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе ҷавонону наврасон аз рӯйи нодониву камхирадӣ ва гоҳо аз рӯйи ҳавову ҳавас ба имони падарону бобоёни худ хати батлон кашида, ба мазҳабҳои бегонаву ифротгаро шомил гашта истодаанд, ки оқибати хуб надорад. Дар охир муовини раиси ноҳия Саидзода Гулрухсор ба сухан баромада, қайд кард, мо ифтихор мекунем, ки халқ ва Ватани азизи мо баъд аз садсолаҳо соҳиби истиқлолият гашту, армони деринаи ниёгони мо амалӣ шуда истодааст. Баъд аз анҷоми конференсия ҷавонони фаъоли вилоят аз сохтмони мактаби варзишӣ, варзишгоҳи марказии ноҳия ва майдончаҳои хурди варзишии ноҳия дидан намуданд.

Кимиё Мирзоева аз қабили ҷавонони фаъол аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24-и ноҳияи Файзобод аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон дарсу адаб меомӯзад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Соли аввали ба фаъолияти корӣ пардохтанаш дар муассисаи таълимӣ, директори мактаб ӯро ба омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста намуд. Омӯзгори ҷавон аз рӯзи нахустин шогирдонро ба донишомӯзӣ, накукорӣ, худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ватанпарастӣ ҳидоят мекард. Соли гузашта шогирдонаш дар олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳурӣ ба гирифтани медали нуқраю биринҷӣ шарафёб гар-

диданд. Шогирдонаш Саидаи Саидшо ва Наврӯз Зайниддинов, ки соҳиби медал шуда буданд, пас аз хатми муассисаи таълимӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, таҳсил карда истодаанд. Насиҳатҳои Ҷомӣ ба писараш дар “Баҳористон” аҳамияти умумиинсонӣ доранд. Барои ҳамин, ҷовидонӣ ҳастанд ва ба дили ҳар одам роҳ ёфта, ӯро ба сӯи некӣ ва накукорӣ раҳнамун месозад. Омӯзгори ҷавон Кимиё Мирзоева маҳз ба “Баҳористон”-и Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ такя карда, шогирдонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, накукорӣ эҳтироми калонсолон, эҳтироми гузаштагон, саховатмандӣ,

донишомӯзӣ тарбия менамояд. Ӯ, ҳамчунин дар соатҳои тарбиявӣ ба шогирдон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки бо дастгирии аксари давлатҳо аз ҷониби СММ қабул гардид, меомузонад. Бо маслиҳати Кимиё Мирзоева дар мактаб гӯшаҳои “Аз Паём то Паём”, “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 20182028”, “Ҷавонон ояндаи миллатанд” ташкил шудааст. Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод

Дар ВМКБ маҳфили “Ихтиёриёни ҷавон” таъсис ёфт Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ маҳфили доимамалкунандаи «Ихтиёрини ҷавон» таъсис ёфт. Дар ин бора сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Ризо Раҳматшоев хабар дода, гуфт, ки ҳадаф аз ташкил додани маҳфил тақвияти ҳамкориҳои ҷавонону наврасон, фаъолияти арзандаи онҳо барои беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, рушди худидоракунии ҷавонон ва саҳмгузории онҳо дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар аст. Маҳфил дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” рӯи кор омада, феълан 100 нафар

ҷавону навраси вилоят ба он шомил гардиданд. Мувофиқи тавзеҳоти Сураҷ Чоршанбиев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, аъзои маҳфил, ки минбаъд ҳамчун ризокор фаъолият менамоянд, мувофиқи пурсишномаҳои вижа интихоб гардиданд. Ризокорон фаъолияти худро тариқи баргузории ҷаласаҳо, семинару конфронсҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ пиёда хоҳанд кард. Машҳур ИМОМНАЗАР, “ҶТ”


МИҲД Қӯрғонтеппа аз неруи зеҳнии журналистон истифода мекунад Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба “Соли ҷавонон” дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ” конференсия баргузор шуд. Солеҳа Қосимзода - муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа - оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ андешаҳои худро баён намуд. Инчунин, Мурод Сотиев, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Новый Хатлон”, Усмон Тӯйчиев, сармуҳаррири ҳафтаномаи шаҳрии “Набзи Қӯрғонтеппа”дар бораи нақши ВАО дар пешрафти суботи ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро иброз намуданд. Гуфта шуд, ки МИҲД шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳар мулоқоту вохӯриҳо аз нерӯи зеҳнии журналистони ҷавон истифода мекунад ва нақши журналистикаро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти маркази вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ менамояд. Дар охир иштирокдорони конференсия пешниҳодҳои хешро дар мавриди ҳамкориашон бо ҳукумати маҳаллӣ ба унвони шаҳрдори Қӯрғонтеппа ирсол намуданд.

√ МУШКИЛИ

5

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ҶАВОНОН

Вақткушӣ Ҳамаи корҳои бад аз беҳудагардӣ сарчашма мегиранд

Беҳтаринҳои соҳаи сайёҳӣ дар соли 2016 эълон шуданд 22-юми феврал дар як маросими танатанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ, мутахассисони соҳа, меҳмонхонаҳо ва иншооти хизматрасонӣ, ки дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат саҳм мегузоранд, бо ҷоиза қадрдонӣ кард. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳангоми ифтитоҳи чорабинӣ иброз дошт, ки бо талошҳои пайваставу созанда ва собитқадамонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи “дарҳои кушод”, шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаҳои воқеиро фароҳам овард. Зикр шуд, ки руйхати мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи соддакардашуда дар 3 фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон иҷозат доранд, аз 68 адади тартиби пештар амалкунанда, ба 78 адад расид. Ҳамзамон бо 10 давлати дунё тартиби бераводид амал менамояд. Аз моҳи июни соли 2016 бошад, тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 давлат дар соли 2016 расид. Дар ин давра раванди ҷалби сайёҳон ба кишвар зиёд гашта, давоми се соли охир, ташрифоти сайёҳон 2 маротиба афзоиш ёфт. Дар ин ҷараён дар асоси Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ, Тоҷикистон бояд то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳро ба кишвар қабул намояд. Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои аслии чорабинӣ андешидани тадбирҳои судманд баҳри ҳарчи бештару беҳтар тарғибу ташвиқи иқтидору захираҳои туристии Тоҷикистон, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Бо итминони комил зикр гардид, ки ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши мақомот ва ширкатҳои туристӣ сабаби эҳёи босуръати рушди соҳа гардида, ба таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои кории нав, беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум ва аз ҳама муҳим, омили мусоидаткунанда барои ба раванди ҷаҳонии туризм шомил шудани давлатамон ҳамчун кишвари осоишта ва дорои иқтидори бузурги туристӣ бо пешниҳоди хизматрасонии муносиб боис мегардад. Дар чорабинӣ фаъолони соҳаи сайёҳӣ бо ҷоизаву дипломҳо қадрдонӣ шуданд. Рӯйхати ҷоизадорони соҳаи сайёҳӣ дар соли 2016: - Ширкати беҳтарини сайёҳии сол (воридотӣ) – “Ориент Адвентур”; - Ширкати беҳтарини сайёҳии сол (содиротӣ) – “Восток Тревел Тур”; - Беҳтарин ширкати муаррифкунандаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон (дохилӣ) – Муассисаи сайру сайёҳати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон; - Беҳтарин роҳнамо (гид), роҳбалади сол – Ориз Дилдорбеков; - Беҳтарин меҳмонхонаи бренди сайёҳидошта – “Лотус”; - Беҳтарин муассисаҳои табобатӣ ва истироҳатӣ – Маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафед-дара”; - Беҳтарин ВАО, ки имкониятҳои сайёҳии кишварро бештару беҳтар таблиғ кардааст – Телевизиони “Тоҷикистон”; - Беҳтарин савғотӣ барои сайёҳон – тоқии тоҷикӣ, муаллиф Давлатбӣ Ёдгорова; - Беҳтарин мақолаи сайёҳӣ – “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда ва минтақаи ҷолиби диққат барои сайёҳон” - муаллиф Абдулло Хоҷаев; - Беҳтарин бизнес-плани сайёҳӣ – Лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти туристӣ ва савғотии беҳтарин ба туристон - муаллиф Зарина Қурбонова. Беҳрӯз ХОЛМУРОД, “ҶТ”

Карим аз рафиқаш Илҳом хоҳиш кард, то ҳамроҳи ӯ ба тамошои шаҳр равад. Илҳом, ки аз одати беҳудагардии рафиқаш огоҳ набуд, хоҳиши ӯро рад накарда, ҳамроҳаш ба тамошои шаҳр баромад. Дар роҳ Карим ба Илҳом таъриф мекард, ки ҳар рӯз соатҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои шаҳр гаштугузор мекунаду аз ин кораш ҳаловат мебарад. Рафиқон суҳбаткунон ба яке аз боғҳои шаҳр расиданд. Баъди чанд соати беҳудагардӣ Илмҳом ба рафиқаш гуфт: - Карим, биё ба хона равем. Чанд соат шуд, ки ману ту вақтамонро беҳуда гузаронида истодаем. - Тавре гап мезанӣ, ки гӯё дар кӯчаву боғ гаштан беҳудагардӣ бошад, - гуфт Кариму норозиёна сухашаро идома дод: – Ба хона рафта чӣ кор мекунем? Хубаш, ҳамин ҷо, дар боду ҳавои тоза нишинем. Зебоиҳои шаҳрро тамошо кунем. Ин боғро барои нишастану истироҳат кардан сохтаанд. - Агар ин боғро барои нишастану истироҳат кардан сохта бошанд, он китобхонаи боҳашаматро барои китобхонӣ сохтаанд. Чаро он ҷо нанишинему ин ҷо шинем? – эътироз кард Илҳом. Рафиқон боз чанд соати дигар дар болои хараки дохили боғ нишаста, омаду рафти мардуми пиёдагард, гашти мошинҳо ва биноҳоро аз назар мегузарониданд. Карим дубора ба гап даромад: - Ман донишгоҳро хатм кунам, аввал як мошин мегирам. Баъди он, аз ин бино хона мехарам. - Дар ин ҷо нишаста ин орзуҳоро кардан ба кас хандаовар менамояд. Барои соҳиби чунин чизҳо шудан, инсон бояд заҳмат кашад, илм омӯзад, забон аз худ кунад, касб ёд гирад, - гуфт Илҳом. Гӯё ин суханҳо бар хилофи хоҳишҳои Карим бошад, ки мағрурона ба сӯи Илҳом хитоб кард: - Ба мисли падарам насиҳат накун! Хонда чӣ кор мекунам? Ҳамин қадар шиносҳоям баъди хатми донишгоҳ боз ба деҳа баргашта, ё ба деҳқонӣ машғул шуданд ё ба муҳоҷират рафтанд. Ҳоло донишгоҳро хатм кун, туро ҳам мебинам. Хубаш рафта дар бозор халта мефурӯшам, ароба мекашам ё ҳеҷ не дар ҳамин ҳавои тозаи боғ истироҳат мекунаму вақтамро барои ин гапҳои

мегуфтаи ту сарф намекунам. Ту ки ин қадар дурандеш ҳастӣ, хез рафта илм омӯзу забон аз худ кун. Ман ҳар рӯз омода дар ҳамин харак менишинаму фикри зиндагии ояндаамро мекунам, ки аз корҳои мекардаи ту беҳтар аст. - Заҳмати шабонарӯзии волидон аз барои мо – фарзандон баҳри он аст, ки вақти худро беҳуда нагузаронем. На барои ҷамъ кардани маблағ бо роҳи аробакашию фурӯхтани халтаҳои селофанӣ ё беҳудагардӣ. Балки кӯшиш мекунанд, то мо фарзандон ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ба корҳои муфид ва пурсамар сипарӣ намоем. Барои ҷомаи амал пӯшидани орзую омоламон ва мақсадҳои наҷиби волидон бошад, бояд кӯшиш намоем, ки дар оянда дар дилхоҳ соҳа мутахассис шавем. Насиҳат ва васиятҳои онҳоро сармашқи кори худ созем. Албатта он нафарони мегуфтаат низ чун худи ту дар ин боғҳо гаштугузор намуда, орзуи соҳиб шудани моли безаҳматро мекарданд. Имрӯз бошад, роҳи мардикориро пеш гирифтанд. Бо ин беҳудагардиат ту низ умре орузҳои бепоя мекунию ба ҷое намерасӣ. Ин суханҳоро Илҳом гуфту аз одати беҳудагардии рафиқаш ғамин шуда, аз пеши Карим дур шуд. Яке аз мушкилиҳое, ки миёни ҷавонон зиёд ба назар мерасад, беҳудагардии онҳост. Имрӯзҳо мебинем, ки кӯчаҳои шаҳр пур аз ҷавонони бекору беҳудгард аст. Агар ба тадриҷ назар кунем, сар задани корҳои бад аз ҷониби ҷавонон, ба мисли дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ, бесаводӣ, беодобӣ ва монанди инҳо, маҳз аз беҳудагардӣ сарчашма мегиранд. Ба гуфтаи равоншиносон яке аз омилҳое, ки инсонро ба беҳудагардӣ савқ мебахшад, орзуҳои аз ҳад зиёд мебошад. Барои амалӣ шудани орзуҳо нафарони беҳудагард намехоҳанд, ки заҳмат кашанд. Аз ин рӯ даст ба дӯздию қаллобӣ мезананду роҳи муфт ба даст овардани фоидаро меҷӯянд. Ба гуфтаи ибни Қайим “Бузургтарини он беҳудакориҳо ду чиз мебошад, ки асли тамоми беҳудагиҳост: 1. Беҳуда зоеъ кардани муҳаббати дил аз ихтиёр кардан ва бартар донистани дунё бар охират ҳосил мешавад. 2. Беҳуда гузаронидани вақт аз орзуҳои хушку холии дуру дароз ҳосил мешавад”. Дар кишвари мо оворагардии ҷавонон дар чанд соли охир зиёд

ХУРШЕД МАВЛОНОВ

шуда истодааст. Ин омил чанд соли қабл танҳо дар мамолики Ғарб дида мешуд. Имрӯз дар кишвари мо дар баробари ҷойҳои зиёди дилхушӣ, мисли боғҳову истироҳатгоҳҳо, беҳтарин китобхонаҳо, марказҳои забономӯзию касбазхудкунӣ низ сохта шудааст, ки дилхоҳ нафар метавонад бе ягон мамониат дар онҳо таҳсил намояду ҳунар аз худ кунаду вақти худро беҳуда зоеъ накарда ба беҳудагардӣ машғул нашавад. Воқеан нависандаи фаронсавӣ Жан Лабрюйер дуруст гуфтааст, ки: “Касе, ки вақти худро боманфиат истифода бурда наметавонад, маҳз ӯ аз норасоии вақт шикоят мекунад. Ӯ рӯзҳоро дар хӯрдану пӯшидан, хоб, беҳудагӯиву беҳудагардӣ, афсонабофиҳо ва ё умуман бекорхӯҷагӣ сарф карда, вақтро мекушад”.


6

Дар китобхонаҳо бақайдгирии электронӣ роҳандозӣ мешавад

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

БАРОИ ҶАВОНОН

23-юми феврал дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони “Китоб - равшангари дилҳо” семинари ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Қабл аз баргузории семинар саркитобдори шуъбаи хизматрасонии китобхона Фирдавс Толибов ба ҳозирин лоиҳаи “Системаи бақайдгирӣ ва муроҷиати электронии истифодабарандагони китобхона”-ро муаррифӣ намуд, ки тибқи он дар назар аст, ояндаи наздик тамоми бақйдгириҳо дар китобхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар ба шакли электронӣ сурат гирад. Дар семинар масъалаҳои вазифаи асосии “Барномаи рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар баргузории Фастивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”, мавқеи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, нақши Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон”, аҳамияти фестивал дар тарғиби адабиёти кӯдак, китобҳои электронӣ - гиреҳкушои мушкилоти шахсӣ, китоб - сарчашмаи дарёи ақл, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои китобхона ва нақши адабиёти кӯдак дар тарбия ва ташаккули насли наврас баррасӣ гардиданд. Ёдрас мешавем, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол дар сартосари кишвар аз 2 то 9 апрел таҳти унвони Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҷлил мегардад.

√ ГУЗАШТИ ХУРШЕД ХОВАРӢ

АЙЁМ

Омили асосии пешравиҳо ҷавонӣ аст

Ҳошимов Муродалӣ Таварович мушовири раиси ноҳияи Данғара, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали байналхалқии “Сулҳ” ва ордени “Шараф” мебошад. Ӯ мегӯяд, ки овони кӯдакиҳояш дар деҳот паси сар шудааст. “Падарам чупон ва модарам говҷӯши фермаи маҳалла буданд. Дар як оилаи деҳотӣ ба дунё омадаву тарбият гирифтаам. Дар тарбияи ман нақши марказиро модарам мебозиданд, чун падар ҳамеша аз пайи гову мол, қариб тамоми сол дар чаро мегашт, модарам ягона мураббӣ тарбиятгар ва парастори ман буд. Ӯ дар нигоҳи аввал зани мушфиқу меҳрубон, вале дар тарбияи фарзандон бениҳоят сахтгир буд. Чун дар он айём техникаву технология ба ин миқдор пешрафт надошт ва ҳатто дар маҳалҳои мо барқ ҳам набуд, бо вуҷуди ин модарам мо - фарзандонро дар гирди лампаи керосинӣ ҷамъ менамуданд ва маҷбур месохтанд, ки аз

пайи омӯзиши илм ва одоб бошем. Ман рӯзона пас аз дарс ба фермаи колхоз рафта, то бегоҳ кор мекардам ва шабона то як ҳиссаи шаб аз пайи омӯзиш мегаштам. Ба ҳамин минвол давраи наврасии ман паси сар шудааст”. - Ҷавониро чӣ гуна дарёфтед? - Чун мактаби миёнаро ба итмом расонидам, ягона орзуям, ки омӯзгор шудан буд, барои аз бар намудани нозукиҳои ин пеша ва гирифтани маълумоти олии омӯзгорӣ ба Душанбе роҳ пеш гирифтам. Вақте ба шаҳри Душанбе омадам, намедонистам, ки дар кадом донишгоҳу донишкада ҳуҷҷат супорам. Он замон фаҳмиши мо то ба андозае коста буд, ки як донишгоҳро аз донишгоҳи дигар фарқ карда наметавонистем. Чун

Омили асосии пешравиҳои инсон дар тамоми давраҳои зиндагӣ, ҷавонист. Олитарин нуқтаи ҳар чиз дар ҷавонӣ вусъат мегирад. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷавонӣ беҳтарин давраи зиндагист. √ СОЛҲОЕ,

аз миёни фанҳои таълимӣ бароям фанни география шавқангез буд, ҳамеша орзу мекардам, ки муаллими ин фан бошам, вале намедонистам дар куҷо ҳуҷҷат супорам. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд дар Донишкадаи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супоридам. То замони шурӯи таҳсил, ки пас аз он бо ҷойи хоб таъмин гардидам, дар кӯчаҳои шаҳр ба мисли овора мегаштам. Агар нафари шиносе пайдо мегашт, шабона бо ӯ мерафтему дар манзилаш мемондем, дар акси ҳол ҷои рафт надоштем. Ягон нафаре набуд, ки дастгирам бошад. Дар даст ҳамагӣ як ҷомадон доштам, ки дар дохилаш як ҷуфт шиму курта дошту халос. Аз ҷиҳати молиявӣ бисёр танқисӣ мекашидам. Дар даврони донишҷӯӣ рӯзгори бениҳоят сангинеро паси сар намудаам. Ин қиссаи ҳаёти як ман не, балки аксари фарзандони деҳот чунин ҳолро доштанд. Ман танқид карданӣ нестам, аммо барои таҳсил намудан ҳатто як ҷуфт либоси расмӣ (шиму кастум) ҳам надоштем. Барои мо - донишҷӯён як чиз хуб буд, ки нони ба серӣ доштем. Ҷавонии мо дар як овони бениҳоят сангин ба вуқуъ омада буд, вале бо кӯшишу заҳмат тавонистам, аз ҳама гирдобҳо берун оям.

- Ба андешаи аксари мардум мушкилу печидагиҳои рӯзгор инсонро пухтаву соҳибтаҷриба мегардонад, ки ин ҳақиқати ҳол аст, вале худи Шумо аз ин ҳама мушкилоте, ки номбар кардед, чӣ гуна раҳо шудед? - Инсон бояд роҳи аз мушкил гурехтанро не, балки роҳи ҳалли онро ҷӯяд. Ман дар гузашти рӯзгор ба бисёр мушкилу печидагиҳо рӯ ба рӯ шудаам. Меҳнати сангине, ки дар овони мактабӣ мекашидам, маро то андозае ҳушёру зирак намуд ва водор кард, ки хонаму аз пайи таҳсил шавам. Ёд дорам, ки дар давраҳои мактабхонӣ барои чорво аз теппаи назди деҳ сари пуштора дарзаҳои вазнини алафро гирифта меомадам ва сари мизи корӣ нишастану ҳамчун роҳбар фаъолият намудан бароям афсона буд, вале меҳнату заҳмати зиёд тавонист, ки маро ба чунин рӯзҳо расонад. Ҳар нафаре, ки дар ҳаёт танқисӣ накашад, ба қадри зиндагӣ намерасад. Заҳмат кашидану ранҷ бурдан инсонро рӯзгордида мегардонад ва шахсро маҷбур менамояд, ки ба қадри тамоми неъматҳои олам, аз ҷумла ба қадри инсон бирасӣ. - Кадом давраи ҳаёти худро ҳамчун давраи муваффақиятҳо меҳисобед, чун қайд намудед, ки дар овони ҷавонӣ ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаед? - Бо вуҷуди ин ҳама бояд иқрор шавам, ки дар баробари камиву костагиҳои давр, аксари муваффақиятҳоям дар овони ҷавонӣ ба даст омадаанд. Ман аз синни ҷавонӣ, яъне пас аз хатми донишкада ба курсии роҳбарӣ нишастаам (дар 27-солагӣ директори калонтарин мактаби ноҳия будам) ва то ҳол хушбахтона дар вазифаҳои гуногун фаъолияти пурсамарро ба анҷом расонида истодаам. Муҳим нест, ки инсон дар вазифаҳои баланд фаъолият

кунад, муҳим он аст, ки вазифаи ба зимааш гузошташударо ба хубӣ ба анҷом расонад. Ин аҳамияти болотарро соҳиб аст. - Пас чӣ чиз тавонист Шуморо дар ҷавонӣ муваффақ гардонад? - Тамоми инсонҳоро дар дунё як чиз, яъне меҳнати ҳалол метавонад муваффақ гардонад. Меҳнати ҳалол, дили пок ва манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсӣ поин надонистан инсонро ба тамоми мартабаҳо мерасонад. Қадри якдигарро донистану ҳеҷ касро аз хеш поин нашумурдан ва дар баробари ҳама яксону якрӯ будан инсонро ба баландтарин мақоми инсонӣ мушарраф месозад. Некномӣ гар бихоҳӣ, бо ҳама якранг бош, Қолин аз садрангии хеш зери по афтодааст. - Ҷавонӣ аз нигоҳи Шумо чист? - Ишқ, шодӣ, бозуи бақувват, ҷуссаи рустамона, нигоҳҳои дилрабоёна ва бӯсаҳои аввалини ошиқона, ки ҳангоми ёд овардан ба кас орому қарор мебахшанд, ҳама дар ҷавонӣ зуҳур меёбанд. Омили асосии пешравиҳои инсон дар тамоми давраҳои зиндагӣ, ҷавонист. Олитарин нуқтаи ҳар чиз дар ҷавонӣ вусъат мегирад. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки ҷавонӣ беҳтарин давраи зиндагист. - Аз гузашти зиндагӣ чӣ баҳра бардоштед, яъне зиндагӣ чист? - Зиндагӣ корзорест, ки инсон бояд дар он тавре корнамоӣ кунад, ки дигарон пас аз рафтанаш эҳсоси набуданашро кунанд, яъне аз рафтанаш афсӯс хуранд. Зиндагӣ корвонест, ки ҳамеша ба самти пеш дар ҳаракат аст ва ҳаракат ягона омили пешрафт. Зиндагӣ муҳорибаест, ки фақат тадбири нек метавонад ҳар размандаро муваффақ намояд.

КИ МАН ҶАВОН БУДАМ...

Ато Мирхоҷа - ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: - Солҳои аввали баъди таҳсили донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекардам. Рӯзе ҳамкурсам Сиёвуш, ки табъи баланди шоирӣ дорад, барои саёҳат ба Хоруғ омад. Мо якҷоя аз ҳар ҷониби шаҳр дидан карда, ба лаби дарёи Панҷ расидем. Сиёвуш, ки шиновариро бисёр дӯст медошт, хост дар дарёи Панҷ оббозӣ кунад. Ман бисёр монеаш шудам, вале ӯ сухани маро рад карда, ба дарё даромад. Пас аз як ғутта хурдан аз дохили об бо сари кафида берун шуд ва мо ба ҳимин ҳол ба хонаи Муҳиддин Шоҳинбоев рафтем. Дар он ҷо ба ғайр аз мо боз чанд нафар адиби дигар ҷамъ омада буд. Хонаи Муҳиддин, ки пур аз меваҳои гуногун буд ва як боғчаи аҷиберо мемонд, адибони ҷавонро хеле ба ваҷд овард. Соҳибхона барои мо таом омода намуда чанд бор хоҳиш кард, ки ба сари суфра оем, вале ҳар бори таклиф Сиёвуш бо баҳонаи ин ки мо алъон “ғизои маънавӣ” гирифта истодаем, таклифи соҳибхонаро рад мекард. Пас аз таклифҳои пай дар пай Муҳиддин Шоҳинбоев хаста шуда, ба Сиёвуш рӯ овард ва чунин гуфт: “Сиёвуш, зуд ба сари суфра оед, ки пагоҳ дар рӯзномаҳо чунин хабар паҳн нашавад, ки “Дар Бадахшон ҳафт нафар адиб аз “ғизои маънавӣ” мурданд”.


Дар Хуҷанд Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис ёфт Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, бахшида ба «Соли ҷавонон» бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Шӯрои кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Тасмим бо мақсади таҳкими фаъолияти кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳои маркази вилоят гирифта шуд. Мувофиқи қарор шӯрои мазкур ҳамчун зерсохтори шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, фаъолиятро дар мувофиқа бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳаллаҳо масъулияти асосиро хоҳад дошт. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд раиси Шӯрои кор бо ҷавонони маҳалла бо маош таъмин гардида, бо ин мақсад барои соли 2017 165 ҳазору 825 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

√ ХОСИЯТҲОИ

ЯК ҶАВОН

Сад дари кушода Ё ҷавонон бояд боиродаву ҳадафдор бошанд! Тақрибан сӣ сол пеш аз ин марде, ки ба тиҷорат машғул буд, муфлис ва қарздор мемонад. Ҳарчанд аз дӯстону пайвандон кӯмак мепурсад, касе ба имдодаш расида наметавонад. Қарздорҳояш зуд-зуд барои пурсидани қарзашон меоянд. Ниҳоят, илоҷи дигар наёфта, тоҷир раҳоиро аз ин вазъият дар худкушӣ мебинад. Рӯзе зану фарзандонашро ба хонаи кадоме аз хешовандон ба меҳмонӣ гусел карда, худ қасдашро иҷро карданӣ мешавад. Бандро дуруст карда, мехоҳад ба гарданаш овезад, ки ваъдаи чанд рӯз пеш ба як марди китобфурӯш додааш ба ёдаш мерасад: “Ман ин китоби додаатро ҳатман мехонам. Дар кадом ҳолате бошад, вақт ёфта мехонам...”, - гуфта буд ба китобфурӯш. Сипас, барои он ки ваъдаашро ба ҷо биёрад, мехоҳад чанд саҳифае аз он китобро мутолиа намояд. Китобро ба даст гирифта, аз мобайнаш саҳифаеро мекушояд ва мехонад. “Дар умри ҳаштодсолаам хеле азияту ҷафо кашидам. Басе зиндонҳо дидам, борҳо дар ҳабсхонаҳои сард бо либоси тунуку бе сарпӯшу курпа нигоҳдорӣ шудам. Чанд дафъа хӯроки заҳрнокам доданд... Таҳқиру дашному ҳақоратҳои зиёдеро дар нисбати худ шунидам. Вақте шуд, ки аз зиндагӣ дида ҳазорҳо маротиба маргро авло шумурдам. Агар динам маро аз худкушӣ кардан манъ намекард, кайҳо зери хок хуфта, хоку туроб шуда будам...” – навишта буд муаллифи китоб. Тоҷир баъд аз ин иттифоқи аҷиб ба фикр рафта, сипас аз нияташ мегардад. Субҳи рӯзи дигар бо як ҷаҳон умеду бовар ба коргоҳаш рафта, тиҷоратро аз сари нав ба роҳ мемонад. Баъди як соли ҷиддии кор аз тамоми қарзҳояш халос мешавад... ...Мутаассифона, ҳолатҳои ҳамсон, яъне ба худкушӣ майл кардан, балки худкушӣ кардани одамон дар ҷомеаи Тоҷикистон афзун шудааст. Хусусан, аз аввали соли равон то имрӯз се хабари худшкушии ҷавонон паҳн гашт. Яке писар ва ду нафари дигар духтаранд. Синну солашон ҳам аз 18 то 22. Яъне ин ҷавонон дар синну соле қарор доштанд, ки ҳаёт барояшон нав оғоз меёфт. Баҳори умрашон, ба қавле нав фаро расида буд. Вале онро хотима доданд. Инҳо агар яке бо сабаби моҷарои оилавӣ ба худкушӣ даст зада бошад, худкушии дигаре бар асари ногап шудан ё ҷанҷол бо хушдораш рух додааст. Ҳол он ки ҳаёт баъди моҷарои оилавӣ ва ҳатто ҷудошавӣ ҳам идома меёбад. Ё барои духтару писари ҷавони ошиқ, ки ба ҳам издивоҷ накарданд, ҷудошавӣ ниҳояти кор нест. Ҳар яке аз онҳо метавонад, боз зиндагиашро аз сари нав бо нафари мувофиқу сазовортаре ба роҳ монад. Пас, чаро ҷавонони худкушикарда ин ҷиҳати масъаларо фикр накарданд? Барои онҳо низ ишорате зарур буд. Чунон ишорате, ки ҳамон тоҷир қабл аз худкушӣ карданаш дучор омад. Ҷавононро зарур аст, ки ҳатман дар вақти рӯ ба рӯ шудан ба мушкилиҳои хоҳ ҳиссиву равонӣ, хоҳ моддиву маънавӣ ба атрофиён, ба нафарони аз худашон бузургсол ва таҷрибадошта суҳбат карда, маслиҳат бигиранд. Дар ҷомеае, ки худкушиҳо миёни ҷавонҳо, ки аксаран аз бетаҷрибагӣ ва сустиродагӣ ба ин амали номатлуб даст мезананд, бештар мешавад, зарурат ба маслиҳатҳои равонӣ ва ҳар гуна маҳфилҳое, ки барои наҷоти ҷавонон аз мушкилиҳояшон нигаронида шудаанд, меафзояд. Зеро дар миёни ҷавонон бештар шудани амали нангини худкушӣ оқибатҳои ногувори зиёдеро барои ҷомеа дар пай дорад. Аз ин ҷавонони дигар ҳатман ибрат мегиранд ва дар камтарин ноумедӣ ва рӯ ба рӯ шудан ба мушкилиҳо ба ҷонашон қасд мекунанд. Зимнан, бояд ёдрас шуд, ки аксари худкушиҳо аз онҳое сар мезанад, ки ё дар зиндагӣ ҳадафи мушаххасе надоранд, то барои расидан ба он талош кунанд ва ё аз беиродагии комили ҷавонон. Бинобар ин, ҳамвора ҷавононро барои ҳадафнок зистан бояд талқин кард, онҳоро қавӣ гардонд ва аз лиҳози иродатмандӣ заъф доштанашонро дуруст намуд. Ҷавонон ҳам дар муқобили мушкилиҳо набояд ҳамвора дар яъсу ноумедӣ нишинанд. Зеро гуфтаанд: Худо гар ба ҳикмат бубандад даре, Зи раҳмат кушояд дари дигаре! Башир УСМОН, “ҶТ”

√ АСРОРИ

7

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

ҲУНАР

Вақте аз бузурге мепурсанд, ки ба истеъдод бовар кунем ё ба кӯшиш, чунин ҷавобро мешунаванд, ки кӯшиш зояндаи истеъдод аст. Аз ин бармеояд, ки талошу заҳмат дар ҳама ҳолат дарёфти роҳи муроду матлубҳост.

БЕҲРӮЗ ХОЛМУРОДОВ

Ҳаҷвнигор мураббӣ аст Ҳаҷв ва ё ҳаҷвнигорӣ роҳест мушкил, заҳматталаб, пурпечутоб ва нозук. На ҳар кас бо бовари комил метавонад дар ин ҷода ворид гардида, ба чизе мушарраф гардаду машҳур. Номи ҳамонҳое дар ин майдон боқисту ба забон оварда мешавад, ки аз худ чизе ба ёдгор мондаанду воқеан ҳунарнамоӣ кардаанд. Бахтиёр Раҳимов, роҳбари театрстудияи “Ғарибшо-компания” аз зумраи ҳаҷвнигороне дониста мешавад, ки муваффақ гаштааст. Бо фаъолияти беш аз бистсола тавонистааст бо маҳорат ва малакаи ҳаҷвнигорӣ писанди мардум гардад. Аз ӯ пурсидем, ки “ҳаҷв бояд ба мардум чӣ бахшад?”, чунин посух дод: “Ҳаҷв бояд ба мардум маданияту маърифат бахшад. Дар баробари ин, ҳаҷв бояд мардумро ба роҳи рост бараду аз дурӯғгӯӣ нигоҳ дорад ва чун оина бошад. Вақте ки ба оина нигоҳ мекунед, чангу ғуборе, ки дар рӯй ҳаст, тоза мекунед. Саҳна ҳам ҳамин хел аст. Умуман, дар бораи ҳаҷв бисёр чизҳо гуфтан мумкин. Бояд қайд кард, ки ҳаҷв бисёр нозук аст. Ҳаҷв баробари ханда метавонад ашк ҳам биёрад”. Бахтиёр Раҳимов, фаъолияти эҷодии худро шарҳ дода, таъкид намуд, “Фикр мекунам, ки дирӯз дар донишгоҳ мехондаму шогирд будам. Ҳоло ҳам худамро шогирд эҳсос менамоям. 25 сол аст, ки фаъолият намуда истодаам. Ин соли кам нест. Аз ҳама чизи асосӣ ҳамин аст, ки то имрӯз бомуваффақият кору фаъолият намуда истода, диламон аз ин кор сард нагардидааст. Баръакс боз бо ниятҳои накуву саҳначаҳои хуб ҳамроҳи аҳли эҷоди театр-студияи “Ғарибшо-компания” мехоҳем рӯйи саҳна бошем”. - Ба назари Шумо, ҳаҷв чист? - Ҳаҷв ҳаёт аст. Дар ҳаҷв аз ҳаёт гирифта, онро дубора обуранг дода, пешкаш менамоед. Дар ҳаҷв зиндагӣ мекунед. Мувофиқи нақше, ки иҷро менамоед, ҳамчун деҳқон, пахтакор ва ё раис. Образеро ки ба ту бовар мекунанд, ба он ворид шудан даркор. Аз умқи дил, вақте нақш бозӣ мекунед, ҳатман ба дили бинанда ҷо мешавад. Шояд баъзеҳо ҳамин гуна ҳисобанд, ки ҳавҷ як паҳлуи соддаи санъат аст. Мегӯянд, баромада латифае мегӯиву як намоиши хӯрдакак мегузаронӣ. Баъзеҳо механданд ва баъзеҳои дигар не. Чунин нест. Тамошочии имрӯза бисёр доною оқил аст, ки баробари хандидан, боз ба ҳаҷв бо назари дигар нигоҳ меку-

над. Дар дохили ҳар ҳаҷв як проблемае нуҳуфтааст. Барои аз байн бурдану решакан кардани баъзе проблемаҳои доғи рӯз ҳаҷв саҳми калон дорад. - Шумо чӣ гуна тавонистед дар роҳи ҳаҷв комёб бошед ва ҳунарманд кай худро ба қуллаи мақсуд расида меҳисобад? - Муваффақ шудан дар соҳаи худ ҳеҷ сирре надорад. Вақте соҳаи худро дӯст медорӣ, сидқат фаъолият менамоӣ, мавзӯи хубро ҷудо мекуниву нақши худро самимӣ иҷро менамоӣ ва дар даруни деги образ меҷӯшию бо сарбаландӣ онро пешкаш месозӣ, ҳатман муваффақ мегардӣ. Ҳамон вақте ки саҳна мебароеду намоиш сар нашуда, қарсак мезананд ва ҳангоми ҳунарнамоӣ баробари ту механданду хурсандӣ мекунанд, хеле хотирмон аст. Замоне, ки тамошобин баромади ҳунармандро дар воқеъ мепазираду аз он ба худ чизе мигирад ва баҳри ҳунарманд каф мекӯбаду аҳсан мехонад, ҳамон вақт ҳунарманд худро муваффақ дармеёбад. - Ҳаҷвнигор кист ва оне ки дар ин роҳ равонааст, бояд чӣ гуна шахс бошад? - Ҳаҷвнигор нафарест, ки ба ҳаҷву ҳазлу зарофат сару кор дорад. Як қисмати одамон масхарабоз гуфта, муроҷиат мекунанд. Аз онҳо хафа шудан даркор нест. Барои он ки фикр мекунам маърифати онҳо ҳамон қадар аст. Масхарабозу ҳаҷвнигор аз ҳамдигар фарқ доранд. Масхарабоз дар сирк кору фаъолият мекунад. Баъдан, ҳавҷнигор бояд ҳамеша бо мардум ва аз дарди дили онҳо огоҳ бошад. Аз ҳама чизи асосӣ на танҳо дар ин соҳа, балки дар тамоми соҳаҳо босавод будан аст. Бурди муҳими дигар дар ин соҳа ин аст, ки бояд мавзӯи хуби пурмазмунро интихоб намоед. Дар баробари ин, барои баланд бардоштани маъри-

фати мардум ҳаҷв хизмат намояду дар қатори хандондан, тарбиятгар бошад. Аз ин рӯ, ҳаҷвнигор ҳуқуқи маънавии бесавод буданро надорад. Ман ҳаҷвнигор ҳастам, лекин бояд донам, ки дар соҳаи истеҳсолоту иқтисодиёт ва ё дар фазои кишвари ман чӣ гапу кор рафта истодааст. Дар кадом қишрҳои ҷомеа проблема ҳаст. Ҳаҷвнигор бояд мураббӣ бошад. - Вобаста ба вазъи имрӯзаи соҳаи ҳаҷв чӣ назар доред? Мутаассифона, ҳаҷви имрӯзаи мо бо як пой мелангад. Ҳаҷви хуб надорем. Имрӯз бештари мавзӯъҳоро аз интернет мегиранду онро камакак обуранг дода, пешкаш мегардонанд. Ҳаҷви солҳои пешро бубинед, ба монанди ҳаҷви Убайдулло Раҷабов, Шодию Ҳодӣ ҳунармандони бисёр маҳбуби кишвар хеле хуб буданд. Дар он замон мардум ба ҳаҷв дода шуда буд. Ҳоло бошад, мутаассифона тамошобин дорем, лекин мисли тамошобини пештара нестанд. Дар вақти саҳнаҳои театрӣ гап мезананду халал мерасонанд. Бисёр мехоҳам, ки ояндаи санъати соҳаи ҳаҷв хуб шавад. Зеро нисбат ба ҳаҷви ҳозира ҳаҷви пештара хуб буд. Бештари нафарон ба мо мегӯянд, ки аз ҳунармандони Русия ёд гиред, ки дар соҳаи ҳаҷв ину он доранду озодона ҳунарнамоӣ мекунанд. Бо чунин нафарон баҳс намекунам. Баъдан худ ба худ қиёс менамоям, ки таълиму тарбияи мо - мардуми тоҷик шарқиёна аст. Яъне одоби ба худаш бисёр махсус дорад. Мо ҳаҷвнигорон кӯшиш намоем, ки мардумро хандонему хурсанд кунем, вале бештар талош намоем, ки афтодаеро санг назанем, ба ҳоли ягон маъюб нахандем. Ҳаҷв бисёр фарох аст. Дар ин майдон ҳунармандро лозим аст, ки ҷустуҷӯ, меҳнат ва як чизи бисёр хубро пайдо намуда, пешкаши тамошобин гардонад.


8

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Волейбол: “Душанбе-1” ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Бо ташаббуси Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни дастаҳои мардона баргузор гардид. Дар мусобиқа 18 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат карданд. Аз байни 18 даста 4 даста - “Душанбе-1”, “Хатлон-1”, “Душанбе-2” ва дастаи Ҷалолиддини Балхӣ ба даври ниҳоӣ баромаданд. Дар натиҷа, ҷои аввал насиби дастаи волейболбозони “Душанбе-1” шуд. Ҷойи дуюмро дастаи “Хатлон-1” ва ҷойи сеюмро дастаи “Душанбе-2” соҳиб гардиданд.

Сафари бобарори роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов зимни сафари корӣ ба Ҷопон дар доираи иштирок дар Бозиҳои XVIII зимистонаи Осиё бо роҳбарияти Шӯрои олимпии Осиё ва як қатор президентҳои кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиё баҳри рушди ҳамкориҳои олимпӣ мулоқот кард.

Таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи варзиш 27 феврал Аҳтам Абдуллозода - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо Марина Томилова - муовини вазири варзиши Федератсияи Русия мулоқот кард. Ҷонибҳо муносибатҳои тарафайнро дар самти рушди соҳаи варзиш ва таҳкими тарбияи ҷисмонӣ миёни ду кишвари шарики стратегӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷониби Русия ташаббуси пешниҳод ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи роҳбарони ду давлат шоистаи таҳсин хонда, омодагии хешро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд. Аҳтам Абдуллозода сиёсати имрӯзаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, муваффақият ва дастоварҳои 25 соли соҳибистиқлолиро дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Федератсияи Русия расонида, самтҳои нави таҳкими муносибатҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор дод. Марина Владимировна омодагии хешро барои амалӣ намудани бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва мусоидати бевосита ба баррасии масъалаҳои бамиёномада дар муҳлатҳои кутоҳтарин иброз намуд. Ёддовар мешавем, ки 27 феврал дар шаҳри Душанбе дар заминаи сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ба имзо расид.

Ду ҷои ҳафтуми Комроншоҳ дар Аврупо Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Grand-Prix Dusseldorf 2017”, ки 24-26 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, мақоми ҳафтумро ишғол кард. Дар ин мусобиқаи бонуфуз 344 варзишгар (206 мард ва 139 зан) аз 49 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Ин дуюмин мусобиқаи мавсимӣ нав буд, ки аз рӯи қоидаҳои тозаи ҷудо сурат гирифт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш паҳлавон шомил буданд: Асадулло Тоҳиров (-66 кг), Акмал Муродов, Сафарбек Муродов (ҳар ду – 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Муртазо Аминов (ҳар ду –90 кг) ва Абдулваҳҳоб Сатторов (-100 кг). Аз байни намояндагони Тоҷикистон танҳо Комроншоҳи Устопириён натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни -90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Рокас Ненартавикус аз Литва ва Аурилиен Диесси аз Фаронса пирӯз шуда, баъдан аз Бека Гвиниашвилӣ аз Гурҷистон ва Даики Нишияма аз Ҷопон мағлуб гашт. Дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд. Дар ин вазн Бека Гвиниашвилӣ, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ҳусейн Холмирзоеви русиягӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб кард. Паҳлавони дигари тоҷик дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 16 медал (5 тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ) мақоми аввалро аз худ кард. Гурҷистон бо 4 медал (2 тилло, 2 нуқра) ҷои дуюм, Русия бо 5 медал (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро сазовор гаштанд. Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум мақоми 28-умро соҳиб шуд. Варзишгарони тоҷик рӯзҳои 11-12 феврал дар мусобиқаи байналмилалии “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) дар пойтахти Фаронса - Порис низ ширкат доштанд. Аз байни чаҳор паҳлавони тоҷик танҳо натиҷаи Комроншоҳи Устопириён хубтар аст. Ӯ дар вазни -90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Канада ва Финландия пирӯз шуд, вале баъдан аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвилӣ аз Гурҷистон мағлуб гашта, ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Зимни мулоқот бо Шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ - Презеденти Шӯрои олимпии Осиё маҷмӯи тадбирҳои вобаста ба рушди намудҳои алоҳидаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамбастагии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Осиё баррасӣ гардид. Шайх Аҳмад ал-Фаҳд алСабоҳ бо эҳсоси гарму муҳаббат аз сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, мардуми Тоҷикистонро тамаддунофар ва Ҳукумати кишварро варзишпарвар эътироф намуд ва зикр кард, ки баҳри тавсеа бахшидани ҳамкориҳо манфиатдор буда, дар ин ҷода тамоми тадбирҳои судмандро меандешад. Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими инфрасохтори варзишӣ бисёр муҳим арзёбӣ гардида, Шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ аз ҷараёни азнавсозии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара», ки дар як муддати кӯтоҳ бо сатҳ ва сифати баланд амалӣ гардид, изҳори хушнудӣ намуд. Маҳз инфрасохтори зикргардида ва фаъолияти босамари Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон боиси он гардид, ки варзишгарон тоҷик шарафманди иштирок дар Бозиҳои XVIII зимистонаи Осиё гардиданд. Варзишгарони тоҷик аз 19 то 26 феврали соли ҷорӣ дар Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё иштирок намуда, дар миёни варзишгарони қораи Осиё мақомҳои 19, 20, 21 ва 22-юмро ишғол намуданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар баробари ширкат дар бозиҳо, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудани масъалаҳои рушди ҳамкории олимпӣ аз касбияти сатҳи баланди масъулини Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак дода, Шӯрои олимпии Осиё дар ҷараёни татбиқи тамоми ҳадафҳо доир ба рушди ҳамкориҳои олимпӣ ҳамқадами масъулини соҳаи варзиши Тоҷикистон мебошанд. Дар рафти мулоқот, ҳамчунин Шамсулло Соҳибов мушкилоти умдаи соҳаи варзиши олимпиро, ки ҳаллу фасли онҳо ҷаҳду талоши масъулини давлатҳои минтақаи Осиёро талаб менамояд, таҳлилу баррасӣ намуд, ки ҳамфикрии комил аз натиҷаи онҳо ба даст омад. Ҷонибҳо баҳри дар сатҳ ва сифати нав рӯи кор овардани ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд. Шайх Аҳмад ал-Фаҳд ал-Сабоҳ пешниҳоди Шамсулло Соҳибовро ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Тоҷикистон хуш пазируфта, иброз намуд, ки баҳри сохтмони як майдончаи варзишӣ, кӯмаки техникӣ ба Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани самарабахшии

барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ тасмим мегирад. Шамсулло Соҳибов, ҳамчунин бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷопон Такаэда Сунэкадзу, президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Қазоқистон Тимур Кулибаев ва президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Қирғизистон Ш. Абдукаримов баҳри тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муколамаҳо ба анҷом расонид. Дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаи ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкории дуҷониба матраҳ шуд, ки ин иқдом ҳамчун қадами муҳим дар роҳандозии ҳамкориҳои мутақобиланд судманд хуш қабул гардид. Зимни мулоқот бо президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷопон махсусан масъалаҳои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ шуда, ба омодагии варзишгарони тоҷик ба ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд. Қобили зикр аст, ки Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар шаҳри Токио баргузор мешавад ва тасмим гирифта шуд, ки баҳри омодагии варзишгарони мо ситоди корӣ таъсис меёбад. Масъалаҳои татбиқи босифати барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ ва зиёд кардани барнома дар Тоҷикистон бо ҷаноби Олвер Ниякей - масъули Кумитаи байналмилалии олимпӣ баррасӣ шуда, ҷиҳати густариш додани намуди зимистонаи варзиш бо ноиби президенти Ассотсиатсияи лижаронии кӯҳии Покистон ва намуди шиноварӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ табодули андеша анҷом гирифт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи Тсбука ба масъалаҳои таъминоти илмии рушди ҳамкориҳои олимпӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат. Дар мулоқот профессор Ҳисаши Санада доир ба хусусиятҳои монандии гӯштини миллии тоҷикӣ ва гӯштини ҷудо ибрози назар намуда, гӯштини миллии тоҷикиро, ки тафсилоти пайдоиш ва рушду ташаккули таърихии он батафсил аз ҷониби Шамсулло Соҳибов пешниҳод гардид, ҳамчун намуди варзиши дорои фалсафаи бой баҳогузорӣ кард. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди илми варзишро баҳри тарбияи насли наврас дар атрофи идеяҳои cолимии ҷомеа тавассути варзиш муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тадқиқоти илмии намдуҳои миллии варзиш, махсусан гӯштини тоҷикӣ ба мувофиқа расиданд. Инчунин, ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии семинарҳои омӯзишӣ ва тренингҳо баҳри рушди малакаҳои касбии мураббиёни тоҷик ба мувофиқа расиданд. Дар иртибот ба муҳимияти манъи истифодаи допинг дар варзиш ва роҳҳои пешгирии он бо директори Оҷонсии зиддидопингӣ Казуҳиро Хайяшӣ табодули андеша сурат гирифт. Аз ҷониби Шамсулло Соҳибов доир ба тарҳрезӣ ва амалӣ намудани низоми мукаммали зиддидопингӣ дар ҳамбастагӣ бо оҷонсии мазкур пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид. Тасмим гирифта шуд, ки оҷонсии зикршуда масъалаи таъсиси утоқи махсуси ташхиси варзишгаронро доир ба маводҳои допингӣ дар заминаи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.


9

“Ҳосилот” ба марҳилаи гурӯҳӣ баромада натавонист Бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” (Тоҷикистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Футболбозони “Ҳосилот” дар 6-ум дақиқа ба дарвозаашон гол сар доданд. Баъд аз партофти тӯби кунҷӣ Ислом Шамшиев тӯбро вориди дарвозаи дастаи мизбон кард. Барои ба даври дигар баромадан шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро лозим буд, ду гол зананд, аммо натавонистанд. Танҳо дар дақиқаҳои иловагӣ ба Муҳаммадҷони Ҳасан даст дод, ки ҳисобро баробар кунад. Ҳамин тариқ, “Дордой” дар ду бозӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ ёфт ва дар гурӯҳи “D” бо “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Алтин Асир” (Туркманистон) ва “Алай” (Қирғизистон) рақобат мекунад. “Истиқлол” дар аввалин бозии гурӯҳӣ 14 март бо “Дордой” вомехурад. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:30 оғоз мегардад.

√ МАЙДОНИ

САБЗ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ДУНЁИ ВАРЗИШ

Неймар да Силва: “Танҳо бо пул хушбахт намешавӣ”

“Истиқлол” бори сеюм соҳиби Ҷоми ФФТ шуд Бозии финалии Ҷоми ФФТ-2017 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “РегарТадАЗ”-и Турсунзода баргузор гардид. Тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 бо ҳарифи худ пирӯз шуда, маротибаи сеюм соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Голҳои тими “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев (дақиқаҳои 67 ва 89) ва голи ягонаи “Регар-ТадАЗ”-ро Алишер Шарифов (90+3) ба самар расониданд. Медали биринҷии мусобиқаро футболбозони дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба гардан овехтанд. Ҷоми ФФТ аз соли 2012 баргузор мегардад, ки тими “Истиқлол” се бор, “Регар-ТадАЗ” ду ва “Хайр”-и Ваҳдат як маротиба соҳиби Ҷом гардидаанд.

Душанбе - мизбони бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё Шаҳри Душанбе мизбони бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё2018 байни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола интихоб шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти ФФТ, 21 апрел баъди қуръакашии бозиҳо ҳамгурӯҳони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон муайян мегарданд. Дар синну соли 16-солаҳо 46 даста дар ду гурӯҳ - Шарқ ва Ғарб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар гурӯҳи Ғарб дастаҳои мунтахаб аз 6 гурӯҳи иборат аз 4 даста таркиб меёбанд. Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Непал, Қатар ва Арабистони Саудӣ мизбони бозиҳо интихоб шудаанд. Вохӯриҳо аз 16

то 24 сентябр доир хоҳанд шуд. Миёни дастаҳои то 19-сола 44 дастаи мунтахаб дар 5 гурӯҳ ширкат менамоянд: се гурӯҳ аз панҷдастаӣ ва ду гурӯҳи 4-дастаӣ. Мизабони бозиҳои интихобӣ дар Осиёи Ғарбӣ - Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Қатар ва Арабистони Саудӣ интихоб шудаанд. Дар Осиёи Шарқӣ низ панҷ гурӯҳ таъсис меёбанд, ки чортоаш аз 4-дастаӣ ва яктоаш аз панҷ даста иборат хоҳад буд.

Неймар да Силва Сантос Ҷуниор 5 феврали соли 1992 дар шаҳри Моҷи-дас-Крузиси давлати Бразилия таваллуд шудааст. Дастпарвари тими “Сантос”-и Бразилия мебошад. Соли 1999 дар 7-солагӣ ба ҳайати асосии дастаи “Сантос” набаромада, тимҳои Аврупо, аз ҷумла дастаи «Манчестер Сити», «Барселона», «Реал Мадрид», «Арсенал», «Челси» ва «Милан» талабгори ӯ шуданд. Дар 14-солагӣ ба Академияи “Реал” меравад ва бо сабаби он ки оилааш дар Бразилия буд, боз ба ватан бармегардад. Дар он вақт “Сантос” барои Неймар дар як сол 1 миллион евро пешниҳод кард, ки дар ватанаш монад. Тавре рӯзномаи “Marca, Неймар” менависад, ҳамон вақт, агар дастаи “Реал” ба падараш ва агенташ 60 ҳазор доллар дар як сол пешниҳод мекард, Неймар ба тими “Реал” мегузашт, аммо мадридиҳо инро рад намуданд. Соли 2008 бори нахуст ҳамчун футболбози касбӣ бо дастаи “Сантос” шартнома мебандад. Дар ҳайати асосии тими “Сантос” 7 марти соли 2009 ба муқобили “Оэсте” ба майдон мебарояд ва ҳафтае нагузашта голи аввалинашро ба номаш менависад. Баҳори соли 2010 дастаи “Сантос” қаҳрамони вилояти Сан-Паул мегардад ва Неймар беҳтарин бозингари мусобиқа ҳисобида мешавад. Худи ҳамон сол тими “Сантос” соҳиби Ҷоми Бразилия мегардад ва Неймар бо 11 тӯб беҳтарин нишонзан дониста мешавад. Тобистони ҳамон сол аввалин шуда дастаи “Вест Хэм”-и Англия барои харидории Неймар 15 млн. евро пешниҳод мекунад. Баъдтар тими “Челси” ин пешниҳодро ба 20 млн. евро мерасонад. Футболбози бразилиягӣ пешниҳоди ин дастаҳоро напазируфт ва 20 август бо дастаи “Сантос” 5-сола шартнома баст. “Танҳо бо пул хушбахт намешавӣ. Ман шодам, ки дар «Сантос» ҳастам ва мехоҳам карйераамро бо ин даста идома диҳам. Ҳоло ман танҳо дар бораи «Сантос» ва ғалабаи худ фикр менамоям”, - гуфта буд Неймар. Тобистони соли 2011 дастаҳои “Челси”, “Ювентус”, “Реал”, “Барселона” барои харидории Неймар рақобат менамоянд. Дар ҳамин давра тими “Анжи”-и Русия барои ин бозингар 45 млн. евро пешниҳод намуд. Моҳи августи 2011 дастаи “Сантос” шартномаи Неймарро тағйир медиҳад ва “Реал” барои харидории Неймар 58 млн. евро пешниҳод мекунад. 9 ноябр футболбози бразилӣ то 13

июли 2014 бо дастааш шартномаро ба имзо мерасонад. Дар охири мавсими 2013 Неймар ҷоизаи беҳтарин футболбози Бразилия ва беҳтарин бозингари Амрикои Ҷанубиро ба даст меорад. Моҳи декабри соли 2012 Неймар бо ҷоизаи “Бозингари машҳур” мукофонида шуд ва пас аз Пеле дуюмин шахсе буд, ки ин ҷоизаро ба даст овард. Дар мавсими соли 2012 Неймар бо задани 42 гол дар 47 дидор беҳтарин нишонзани сол дониста шуд. Яке аз голҳои ӯро, ки ба дарвозаи “Атлетико Минейро” зад, беҳтарин голи мавсим дар Бразилия донистанд. 26 майи соли 2012 сомонаи расмии тими “Барселона”-и Испания барои харидории Неймар 57 млн. евро пешниҳод намуд. 3 июн дар варзишгоҳи “Камп Нов” бо ҳузури 56 ҳазор мухлис Неймар бо дастаи “Барселона” ба муҳлати 5 сол шартнома баст. Бори аввал аз тими “Барселона” 30 июни соли 2013 дар бозии рафиқона бар муқобили дастаи “Лехи” баромад намуд – 2:2. Ба Неймар муяссар шуд, ки 26 октябри ҳамон мавс и м д а р бозии “ЭлК л а с с и к о” иштирок намуда, як тӯбро вориди дарвозаи рақиб кунад ва як паси головарро ба анҷом расонад. 14 марти соли 2015 дар бозӣ бо тими “Эйбар” Неймар 300-ум голи худро зад. 1 июли соли 2016 дастаи “Барселона” бо ҳамлагари бразилӣ то соли 2021 шартнома баст ва маблағи яксолаи ин бозингар 32,5 млн. евроро ташкил медиҳад. Соли 2016 Бразилия мизбони мусобиқаи футболи олимпӣ дар шаҳри Риоде-

ШАҲБОЗИ АСОМИДДИН

Жанейро гардид. 17 августи соли 2016 Неймар дар нимфинали бозиҳои олимпӣ ба дарвозаи тими “Гондурас” дар 14 сония голи зудтарини мусобиқаро зад, дар таърихи Бозиҳои олимпӣ тезтарин гол ҳисобида мешавад. То кунун бо тими мунтахаби Бразилия 50 бозӣ анҷом дода, 21 тӯб ба ҳадаф расонидааст. Бо тими мунтахаби Бразилия ғолиби Бозиҳои олимпии соли 2016, қаҳрамони Америкаи Ҷанубӣ миёни ҷавонон (соли 2011) гардидааст. Неймар дар карйерааш 444 бозӣ анҷом дода, ба дарвозаи рақибон 251 гол задааст. Бозингари 25-солаи бразилӣ бо дастаи “Сантос” се бор қаҳрамони Паулиста (2010, 2011, 2012), як бор ғолиби Ҷоми Бразилия (2010), як бор ғолиби Ҷоми Либертадорест (2010) гардидааст. То имрӯз бо “Барселона” ду бор унвони чемпиони Испания (2014/2015, 2015/2016), ду бор Ҷоми Испания (2014/2015, 2015/2016), як бор Ҷоми қаҳрамонҳо (2014/2015), як бор Абарҷоми Аврупо

(2015), як бор Абарҷоми Испания (2013), як бор чемпиони ҷаҳон миёни кулубҳоро (2015) соҳиб гаштааст. Ҳамлагари дастаи “Барселона” Неймар аз ҷониби Маркази тадқиқоти байналмилалии варзиш (CIES) дар садри раддабандии гаронтарин футболбозони ҷаҳон дар соли 2017 ҷойгир шудааст. Нархномаи Неймар аз рӯи аснод ба 246,8 миллион евро баробар аст.


10

«Сад ҷону дил фидои як муддаои модар!» Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар!» бо ташаббуси Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ конфронс баргузор гардид.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

Конфронс дар қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 300 нафар бонувону гулдухтарон баргузор гашта, дар он оид ба бузургии зан-модар ва ситоиши зани тоҷик суханҳои нек гуфта шуданд. Бонувони фаъол бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Шуъбаи кор бо занон ва оила қадрдонӣ гаштанд.

ПАЁМИ ПЕШВО ВА ҶАВОНОН

Такя ба нерӯи созанда дорем Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад”.

√ 8-УМИ

Эълон шудани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад. Сарвари давлат ҳамеша бовариву эътимоди худро нисбат ба ҷавонон эълон дошта, гулгулшукуфию пешрафти кишварро бо саҳму ташаббуси ҷавонон алоқаманд медонанд. Чунончи, дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, ки: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”. Боварӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат боис мегарданд, ки ҷавонон хештаншиносу меҳанпараст гашта, эътимод ва боварӣ ба истеъдоду ташаббусҳои худ дошта бошанд. Чи тавре ишора шуд, дар баробари масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, дипломатӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ масъалаҳои марбут ба илм ва ҷавонон меҳвари суханронии Пешвои миллатро дар Па-

ёми навбатӣ ташкил менамояд. Майли бештар пайдо намудани ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникиву технология, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан, русӣ ва англисӣ имконият медиҳад, ки миллати тоҷик аз арзишҳои милливу фарҳангии худ дар баробари гирдоби ҷаҳонишавӣ ҳимоя намояд. Ҳамчунин, тоҷикро ҳамчун миллати таърихан созанда, ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббускори бузургтарин иқдомҳои байналмилалӣ ва кушояндаи гиреҳи мушкилоти ҷаҳонӣ гардонад. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳо ба ояндасозу парчамбардори миллат будани ҷавонон таъкид намуда, таваҷҷуҳи тамоми сохторҳоро дар робита ба тарбия ва дастгирии ин қишри ҷомеа таъкид менамоянд. Аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат

мебошанд. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Воқеан, имрӯзҳо пешниҳоди Сарвари давлат миёни тамоми

қишрҳои ҷоеа ҳамовозӣ пайдо карда, чорабиниҳои идона доир карда мешаванд. Ҷавонони мо, воқеан созандаву бунёдкоранд, ки боиси ифтихор аст. М. Н. Ҳамдамова, муаллимаи МТМУ №89-и ноҳияи Сино

МАРТ - РӮЗИ МОДАР

Ситоиши модар дар дарси тарбиявӣ Бо фаро расидани баҳору Наврӯзи гулафшон дар макотиби ҳамагонӣ соатҳои тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Модар гузаронида мешаванд, ки яке аз омилҳои тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи расидан ба заҳматҳои шабонарӯзии модарон маҳсуб меёбад. биҳиштии дилпазири ӯ сер нахоҳад шуд”. Модар нахустин устоди таълимдиҳандаи кулли инсоният дар рӯи сайёра баъд аз Офаридгор аст. Ӯ бо тамоми ҳастияш эҳсоси одобу ахлоқ ва донишу маърифатро ба фарзандон арзонӣ медорад. Ба ӯ забон меомӯзонад. Ҳамин аст, ки мутаффакирону донишмандон, адибону бузургони дунё дар васфаш суханварӣ кардаанд. Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Бо супориши омӯзгор шогирдон дар мавзӯи модар ва қадру эҳтироми ӯ аз осори бузургон намунаҳо азёд менамоянд. Муаллим низ ба ин мавзуъ мисолҳо пешниҳод намуда, қадру манзалат, меҳру муҳаббати модарро нисбат ба фарзанд мефаҳмонад. Таъкид мекунад, ки ба қадри дарёи ҳусну махзани ахлоқи инсонӣ бирасанд. Мегӯяд: “Модар! Шахсияти бузургу муқаддас барои кулли башар. Идомабахшандаи зиндагӣ ва эҳёгари ҳаёт дар замин баъди Яздони пок мебошад. Фариштае дар замини зиндагӣ. Зинатдиҳанда ва ороишгари рӯзгор, дунёи моддӣ ва маънавии ҷигарбанд. Симои модар барои фарзанд зебо, нурониву нотакрор аст. Ҳеҷ шахс аз дидори модар ва канори

Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ҳазор сол пеш таъкид кардааст, ки нахустин панднома ва таҷрибаи зиндагиро аз модар бояд омӯхт: Ба гетӣ ҳаме панди модар ниюш, Ба бад тез маштобу ба бад макӯш. Ё ин ки устоди ғазали форсу тоҷик, муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ канори модарро биҳишт ва шири поки ӯро оби ҳаёт, ҷӯи бепоёни меҳру садоқат номидааст: Канору бари модари дилпазир, Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир. Мирзо Абдулқодири Бедил домани модарро биҳишти ҷовидон гуфтааст ва баъди аз домани модар ҷудо шудан ҷаҳду талош ва тараддуди бепоёни инсонро хеле ба маврид изҳор намудааст. Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дили бузург, диди бекарон, дуои мустаҷобгардандаро дорост. Дар ҳама ҳолат ва ҳама вақт фарзандро азизу гиромӣ медорад. Қаҳрамониҳову диловариҳои фарзанд рӯҳи ӯро болида ва зинда медорад. Ифтихор мекунад. Муҳтавои суханони боло дар шеъри «Хайр, модари азиз»-и Мирзо Турсунзода садо медиҳад: Модарам, меравам аз пеши ту ман, Ба дифои шарафу шаъни Ватан. Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол, То ки орам ба сари хасм завол. Модар дасти дуо кушод ва фарзандашро барои ҳимояи Ватан гусел намуд ва гуфт: Рав ҷанги далерона бикун, Ҷанг бо лашкари бегона бикун, Бош фарзанди сазовори падар, Лоиқи ин Ватан ин хонаву дар. Дили модар пурҳарораттарин ва бомуҳаббаттарин кошона барои фарзанд аст. Сифатҳои Худованд андар рагу пайванди ӯ ҷой дорад, чунки модар бахшандаву меҳрубон аст. Яке аз донишмандони дунё Александ Дюма дар ҳаққи модар гуфтааст: «Модарон ҳамеша бахшандаанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд». Яке аз шахсиятҳои сиёсии дунё Наполеон тақдири модарро бо тақдири сайёра тавъам медонад: “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад”. Модар оғози ҳама оғозҳост, асрори

ҳама асрорҳост. Ба ин маънӣ шоири мумтози тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст: Аё модар, мадори ман ту будӣ, Гули аввалбаҳори ман ту будӣ. Нахушкад чашмаи шеъру сурудам, Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ. Модар аз ҳиматбаландиву фарзонагии фарзандаш рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Фарзанд дар кадом мақому мартабае бошад барои модар ҳамон тифлест, ки дар гӯшаш лолоӣ мехонд. Байти зерини устод Лоиқ тасдиқи муддои болост. Аз сарвату зи шуҳрат, гар бар фалак занам сар, Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар. Месазад, ки мо - омӯзгорон аз ин марворидҳои қимати қаъри баҳри адабиёт ба шогирдон намунаҳо пешкаш созем, то каме ҳам бошад дар раванди болоравии сатҳи тарбияи маънавии онҳо саҳм дошта бошем. Зеро инсоне, ки модарро мепарастад, бешак барои онҳо Ватан, забон, халқ, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ҳамдилӣ, худшиносиву худогоҳӣ қимат дорад. Ҳомия ДАВЛАТОВА, омӯзгори МТМУ №43-и шаҳри Душанбе


11

Даври донишкадавии олимпиадаи донишҷӯён ҷамъбаст гардид Раёсати илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон даври донишкадавии олимпиадаро дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Олимпиада аз рӯи фанҳои иқтисодиёт, математика, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида, аз ҳар фан якнафарӣ ғолиб муайян гардиданд. Ғолибон бо ифтихорномаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар кафедраҳои донишкада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ реҷаи махсуси кор бо донишҷӯён - иштирокчиёни олимпиада таҳия карда шуда, дар асоси он бо донишҷӯён машғулиятҳо мунтазам ба роҳ монда мешавад.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

Пешвои тоҷдорон

Артиш такягоҳи давлат аст “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ ба мушкиливу душвориҳои вазъи сиёсӣ дучор гардида, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани авзои ҷомеа ва мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, инчунин барҳам задани кӯшишҳои гурӯҳҳое, ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, аз худ шуҷоату матонат нишон дода, ба ҳадафҳои неки сулҳҷӯёна ва мақсадҳои бунёдкоронаи худ расиданд”. (Эмомалӣ Раҳмон) 24 сол мешавад, ки Атиши миллии мо таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи Ватани маҳбубамон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣ намудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо ва мубориза бар зидди онҳо, ки ҳамчун вазифаи муқаддасу пуршараф аз шартҳои асосии таъмини оромиву осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб дониста мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он барои муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои бунёди Артиши миллӣ ягон заминаи моддии техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо аз сифр шуруъ шуд. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, он дар заминаи Фронти халқӣ ва қувваҳое, ки сохти конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллии мо баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд. Сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама ба сулҳу оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.

Дар мудати 24 сол Артиши миллӣ ба як қатор дастовардҳо соҳиб гардид. Дар ин давра баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд. Ҳамчунин баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди тероризми байналмилалӣ, пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди кишвар ва чӣ берун аз он пайваста машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад. Равшан аст, ки Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунадагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. Ҳамасола донишҷӯёну афсарони зиёд ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Канада, Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд. Инчунин дар муасисаҳои олии ҷумҳурӣ кафедраҳои ҳарбӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯёни зиёд дар соҳаи ҳарбӣ таълим мегиранд. Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар мактабҳои олӣ имкон дод, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра шаванд. Имсол далерони Ватан 24 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дар фазои сулҳу субот ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн гирифтанд. Мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, рӯ ба бунёдкорию созандагӣ ниҳодаанд. Артиши миллӣ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад. Роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон хизмати афсарону сарбозонеро, ки дар рӯзҳои мудҳиштарини ба сари миллатамон омада ҷасорату далерӣ нишон додаанд, инчунин хотираи онҳоеро, ки барои оромии кишвар ва осоиши халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша қадрдонӣ мекунанд ва пос медоранд.

Нуралӣ КАРИМОВ, донишҷӯи ДМТ

Борҳо таъкид ва собит шудааст, ки тоҷикон табиатан халқи башардӯсту устувор ва таҳамулгарову фарҳангдӯстдоранд. Дар тӯли таърих борҳо ба ҳаводиси гуногуну пурихтилоф, ба шебу фарози рӯзгор бархӯрд кардаанд ва ҳамеша дар сари ҳар мушкиливу дар гиреҳкушоии ҳар банд ва дар раҳоӣ ёфтан аз ҳар вартае муштзӯрӣ накардаанд, балки ақлу хиради азалии хешро ва илму адаби ғановатмандашонро ба кор бурдаанд ва ба ҳамин васила аз қазову қадар эмин монда, ҳастиашонро чун халқу миллати шарафманд ҳифз намудаанд. Дар ин ҷода фарзандони баору номус ва хирадоини ҷасоратманди тоҷик дар ҳар марҳалаи таърихсоз нақши меҳварию мондагор бозидаанд. Чун дар оғози вопасин даҳсолаи садаи бистум ба ҳукми таърих тоҷикон ба истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаанд, зарурате ба миён омад, ки ин дастоварди муҳим ва нишотбахш ҳифз гардад ва давра ба давра устувору қавӣ карда шавад. Ин, албатта, дар он ҳангом нерӯи тавонову шикастнопазиреро тақозо дошт, ки ҳамаро ба ҳам оварад, муқовиматҳоро дар шиканад, сулҳу салоҳро маснад бубахшад ва роҳи ростину манфиатовари халқу миллатро ба ватандорон равшан бинамояд. Ба тақдири ҳумоюни тоҷикони шарафманд чунин нерӯи тавонно падид омад. Ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барҳақ тақдирсозаш меноманд, фарзанди барӯманди халқи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият ва бо азму иродаи қавию дилу нияти пок ба арсаи бовусъати сиёсат ворид гардид ва ба хидмати халқу ватани азизи хеш камар баст. Чун тоҷики асил аст, ба илму фарҳангу маориф таваҷҷуҳу гаравиши вижа дорад ва ба аҳли таълиму тарбия ҳамвора арҷгузорӣ мекунад. Бо роҳбарию ҳидояту ғамхории ӯ дар соҳаи маориф таҳаввулоти куллӣ ба вуқуъ пайваст, мазмуну муҳтавои омӯзиш такмил ёфт, таълимгоҳҳои зиёди замонавӣ бунёд гардида, бо навтарин таҷҳизоти технологӣ таъмин шуданд, музди меҳнати омӯзгорон борҳо афзуда шуд... Халқ ҳақиқатшиносу ҳақиқатпарвар ва воқеиятбин аст. Аз ин ҷост, ки имрӯз халқи тоҷик фарзанди фарзонаву ғамхори хешро бо камоли эътиқоду эҳтиром Пешвои миллат ном мебарад ва ифтихорманд аст, ки чунин бузургмарде зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст дорад, бузургмарде, ки тамоми тоҷикони ҷаҳонро ҳомиву пушту паноҳ гардида... Беҳтарин подош барои амал сазовор шудан ба эҳтироми халқ аст ва хушо, ки Пешвои миллати тоҷвари мо ба ин мукофоти олӣ сазовор гашта. Шаҳром АТОБУЛЛОЕВ, донишҷӯи ДДҲБСТ

Мерасад пайки хушрӯзи БАҲОРОН… Эй баҳори орзуи умри инсон, марҳабо, Эй сафои рӯзгори чархи гардон, марҳабо. Боз фасли шукуфтанҳову рӯйиданҳо баҳор мерасад. Баҳоре, ки файз меорад, суруру шодӣ ва барори кори деҳқон. Биё, баҳор! Пазмонат шудем. Биё, бо офтоби тиллорангат, сарзамини моро равшан кун, қадамҳоят хуҷаста бод, эй нозанину дилнишин. Бо омадани ту замин аз хоби ноз бедор мегардад, гулу буттаҳо, дарахтон ба шукуфтан оғоз мекунанд. Омадани туро тамоми мавҷудоти зинда интизорӣ мекашанд. Қурси офтоб, ки кайҳо аз назар дур гашта, акнун болои сар рост кӯҳу дашту биёбонро баробар равшан ва гарм карда. Осмон гоҳе абрнок ва гоҳе кабуд, софу беғубор… Рӯзҳо монанди шукуфтани гулҳо мегузаранд, аллакай майсазорони сабз ҳама ҷоро иҳота карда. Дар домана ва рӯйи теппаҳои сабзу хуррам, дар атрофи киштзорҳо, канори дарёча ва ҷӯйчаҳо… дар ҳама ҷо лолаҳои рангоранг мерӯянд. Ваҳ, чӣ қадар зебоянд онҳо… Баҳор айёми шукуфоист, ҳама сарсабзу гулпӯш ва аз сабзаи навхези баҳорӣ гирду атроф ба назар каб-

кабуд аст. Мурғакони чаман сари ҳар навниҳоли шукуфта аз навозишҳои худ ҳаловат мебаранд ва оғози рӯзу моҳу соли навро пешвоз мегиранд. Наврӯз шуду асри наву соли нав омад, Дар кишвари тоҷик зи нав иқболи нав омад. Пӯшида ба бар, тоҷ ба сар дӯхтари Наврӯз, Бо соли нав иқболи наву фоли нав омад. Дар рӯзи Наврӯзи нозанин шабу рӯз баробар мешавад. Дар Тоҷикистони офтобӣ Наврӯз ба оғози арӯси сол баҳор ва мавсими кишту кор рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро иди баҳор, иди барори кори деҳқон низ меноманд. Дар арафаи Наврӯз шахсони калонсоли деҳа ба деҳқонон дуои нек дода, соли навро бо ниятҳои тоза, бо шодиву хурсандӣ ва суруду таронаҳо истиқбол менамоянд. Пас, биё, эй баҳори фаррухпай! Хуш омадӣ бар мулки тоҷикон. Ҳангомаи ИСКАНДАР, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ


12

√ МАЪЛУМОТИ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

Растании заъфарон танҳо дар мавсими тирамоҳ ва дар давоми сол ҳамагӣ 7 рӯз мерӯяд. Ҷамъоварӣ ва коркарди растанӣ дастӣ ба роҳ монда мешавад. Барои ба даст овардани 1 кг заъфарон бояд 300 ҳазор гули он чида шавад. Бинобар нудрати рӯиш ва заҳмати ҷамъоварии заъфарон 1 кг-и он аз 400 то 1000 доллар арзиш дорад. Дар сомонаи “Wikipedia” қайд мегардад, ки соли 2014 арзиши заъфарони эронӣ дар ИМА 2000 долларро ташкил додааст. www.oftob.org

√ РОҲ

ШАҲЛО ЭШОНОВА

БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ

Ҷавонтарин коргардон дар ҷаҳон

Моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Катманду (пойтахти Непал) нахустнамоиши филми ҳунарии “Туро дӯст медорам, падар” доир гардид. Агар коргардони ин филм наврасе бо номи Саугат Бистаи 7-сола намебуд, шояд ин як рӯйдоди муқаррарӣ ва забонзадаи фарҳангӣ мебуду халос. Саугат ҷавонтарин коргардон дар тамоми таърихи синамои (кинематографияи) ҷаҳон эътироф гардид. Ин буд, ки ӯ ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шуд.

√ ПУРСЕД,

“ҶТ”

ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ, ПАДАР “Туро дӯст медорам, падар” асари фоҷиавиест дар ҳаҷми ду соат. Ин филм аз саргузашти риққатовари марде қисса мекунад, ки барои хушбахт гардонидани духтари худ, ки аз хурдсолӣ аз модар маҳрум монда буд, аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мекунаду оқибат ба ин ноил мегардад. Ин идеяи аҷиб дар майнаи ин писарбачаи наврас замоне тавлид шуд, ки ӯ ҳамагӣ 6 сол дошт. Хонандаҳои азиз, бигӯед ки шумо дар ҳамин синну сол кадом фикрҳоро дар сар доштед? Маъруфияти филм асосан ба он асос ёфта буд, ки онро навраси 7-сола ба навор гирифта буд. Фикру мулоҳизаҳо ва тақризҳо доир ба нахустнамоиши Саугат мусбат ва хушбинона буданд. Рӯзноманигорони сомонаи “Cinema Times”, ки дар баргузории нахустнамоиши филм ширкат доштанд, тасдиқ мекунанд, ки баъзе аз мунаққидон ҳангоми тамошои филм ҳатто ашк рехтанд. Алҳол ин ягона асари эҷоднамудаи Саугат мебошад. Тавре нашрияи “Hindustan Times” иттилоъ медиҳад, мухлисон идомаи филмро низ хоҳанд дид. Айни замон ин навраси соҳибистеъдод баъди анҷоми дарсҳо дар мактаб бо шавқу завқ, суботу матонати фавқулодда ва ҳаваси беандоза ба ин шуғли худ ҳар рӯз ба студия роҳ пеш гирифтаву рафти на-

ҶАВОБ МЕДИҲЕМ

моиш, ороиши саҳна ва фаъолияти ҳунармандонро роҳбарӣ мекунад. ИСТЕЪДОД ИРСӢ АСТ Ё ХУДОДОД? Саугат Биста муваффақ шудани худро марбут ба падари худ медонад. Ӯ писари ҳунарманди машҳури Непал Гаҷит Биста мебошад. “Вақте ман ба падарам гуфтам, ки филме таҳия кардан мехоҳам, ӯ ба дӯстони худ занг зада, аз онҳо хоҳиш намуд, ки ба ман ҳама нозукиҳои ин пешаро омӯзанд, - мегӯяд Саугат. – Баъди як моҳ мо дар ҳайати як дастаи мукаммал ба тамоми гӯшаву канори мамлакат сафар намудем ва ман дар муҳлати 28 рӯз бо қаноатмандӣ филми худро таҳия намуда, ба навор гирифтам”. Ин филм дар миёни мардум чунон ҳангомае барпо намуд, ки намоиши онро ҳар рӯз дар якчанд кинотеатрҳои маҳаллӣ ба роҳ монданд. Дар натиҷа, филм ва номи коргардони он дар сархати тамоми васоити ахбори оммаи Непал қарор гирифт. КАСБ БОЯД БА ШАВҚУ ЗАВҚИ ИНСОН СОЗГОР БОШАД - Саугат на танҳо рекорди писарбачаи ҳинду Кишан Шрикантҳаро, ки дар синни 9-солагӣ филми “Тропинка” (“Footrpath”)-ро офарида буд, шикаст, балки ӯ истеъдоди ҳаққонӣ

ва фавқулоддаи худро ба намоиш гузошта, аз ҳама ҷиҳат бартарӣ доштани худро собит сохт, - бо шавқу завқ изҳор дошта буд намояндаи Ассотсиатсияи рекордҳои ҷаҳонии Гиннес дар Непал Дипак Шарма Баҷгаин. – Ба ин писарбача муяссар гардид, ки ғайр аз банду басти мувофиқи кадрҳо, ҳамчунин хеле нозук ва моҳирона кайфият ва дунёи ботинии инсонро тасвир намудаву ба маъраз

бигзорад. Суагат Биста дар саҳнаи синамо чеҳраи нав нест. Ӯ ҳанӯз дар 5-солагӣ дар ду филми ҳунарӣ дар Непал нақш офарида буд. Аммо тибқи гуфтаҳои худи Саугат коргардонӣ нисбати актёрӣ шавқовартар аст. Аз ин рӯ, ӯ ба қарори қатъӣ омадааст, ки ҳаёти минбаъади худро комилан ба фаъолияти коргардонӣ мебахшад.

Шарифхон Зувайдуллоев, донишҷӯи курси 3-юми ДДТТ ба номи А. Сино:

Чаро дар соҳаи силшиносӣ мутахассисони ҷавон каманд?

- Тибқи ҳисобот беш аз ду миллиард аҳолии сайёра гирифтори бемории сил ҳастанд. Агар ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ такя кунем, соле беш аз 9 миллион нафар мубталои бемории сил мегарданд ва бар асари хуруҷи он 3 миллиони дигар мефавтанд. Баъди пошхӯрии сохтори шӯравӣ бемории сил дар қаламрави баъзе аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ҷумҳурии мо авҷ гирифта, нишондиҳандаи сатҳи сирояти бемории сил хеле баланд аст. Ба ҳисоби миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи гирифторони бемории сил 39 ҳолат ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд. Дар Тоҷикистон, ки шумораи гирифторони ин беморӣ кам нест, ҳар сол чанд нафар мефавтанд. Қариб ноҳияе нест, ки дар он ҷо гирифторони бемории сил ба қайд гирифта нашуда бошад. Фаҳмидан мехостам, ки омилҳои асосии хуруҷи ин беморӣ дар кишвар мо аз куҷо сарчашма гирифта аст? Ҳамчунин, муҳимтар аз ин дар соҳаи силшиносӣ набудани кадрҳои ҷавон ва умуман хоҳиш надоштани онҳо ба ин соҳа мутлақо ба назар мерасад. Чаро вазорати тандурустӣ ҷиҳати ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намекунаду мутахассисонро аз ҳисоби ҷавонон зиёд намекунад?

Аслиддин Раҷабов, директори Маркази силшиносии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: - Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тиб чунин қайд намуда буд, ки: “Тибқи хулосаи коршиносони байналмилалӣ рафти амалисозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон муваффақ арзёбӣ шудааст. Масъалаи мазкур инчунин яке аз тадбирҳои асосии ҳадафҳои рушди ҳазорсола буда, итминон дорам, ки Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони соҳаи тибби кишвар дар доираи ин барномаи бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба коҳиш додани паҳншавии бемории сил ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд”. Дар баробари ин гуфтаҳо мо - кормандон ва мутахассисони соҳаи силшиносӣ пайваста кӯшиш мекунем, ки роҳҳои хуби пешгирӣ ва табобати бемории мазкурро пайдо намоем. Мавриди зикр аст, ки бемории сил ё туберкулёз сироятӣ буда, сабаби пайдоши он микробактеряи туберкулиёсис (Misrobacterium tuberculosis) мебошад. Ин микробактерия ҳанӯз 135 сол муқаддам, аниқтараш дар соли 1882 аз ҷониби ми-

кробиологи шинохтаи олмонӣ Роберт Кох муайян карда шудааст. Маълумот дар бораи ба бемории сил гирифтор шудани инсон ҳанӯз 7 ҳазор сол пеш мавҷуд будааст. Омили пайдоиш ва паҳни бемории силро ба вазъи сиёсиву иқтисодии солҳои 90-ум марбут медонанд. Ҳиҷрати оммавии аҳолӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар, ҷанги шаҳрвандӣ, шароити номусоиди замон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва монанди ин боиси хуруҷи бемории сил дар кишварамон гардид. Доир ба он Ҳукумати кишвар саривақт чораҳои махсус пешбарӣ карда, баҳри ҷилавгирии шиддати сирояти сил дар кишвар «Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 1996-2000»-ро қабул намуд. Дар мавриди пешгирии сирояту муолиҷаи ройгони беморони мубталои сил барномаи дигаре барои солҳои 2003-2010 қабул гардид, ки ҳадафи он дарёфти манбаи сироят ва тавассути муолиҷа боздоштани хуруҷи он буд. Дар асоси барномаи мазкур дар 98,8 дарсади қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла 52 ноҳия бо роҳи ташхиси беморон бо усули заррабинӣ, яъне тавассути заррабин муайян намудани бактерияҳо дар балғами бемор ва муолиҷаи 8-моҳа роҳандозӣ шуд.

Дар даҳ соли охир сатҳи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ба ҳисоби миёна 24 баробар, аз ҷумла нишондиҳандаи бемории сил 17 фоиз коҳиш ёфтааст. Воқеан агар дар умум гирем, мутахассисони соҳаи силшиносӣ дар кишвар намерасад. Бо вуҷуди он ки воҳидҳои корӣ дар соҳаи мазкур чандон зиёд нест, аммо ҷойҳои холии кор ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад. Тайёр намудани мутахассисони соҳа бошад, ҳамагӣ аз ҳисоби ҷавонон аст. Ҳамчунин ҳар сол барои омода намудани мутахассисони дараҷаи олӣ, донишҷӯёни ДДТТ-ро ба дигар кишварҳо мефристем. Дар маҷмуъ дар 398,0 воҳиди кории табибони силшинос, ҳамагӣ 288 табиб кор намуда, 328 воҳиди кориро банд намудаанд. Дар ин миён 70 табиби силшинос намерасад. Агар Шумо ҳам вобаста ба масъалаҳои гуногун саволе доред, ба мо муроҷиат кунед. Мо бо ҷалби мутахассисон кӯшиш мекунем ба пурсиши Шумо посух диҳем. ТАМОС: 2385109, 988687608, e-mail: javonontj@mail.ru Масъули бахш Хуршед МАВЛОНОВ, “ҶТ”


Донишгоҳи тиҷорат «Арӯси наврӯзӣ»-ро интихоб кард Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси наврӯзӣ»-ро ба роҳ мондааст. Даври аввали озмун миёни факултетҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва даври дуюм - ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, озмун байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид. Ҳайати ҳакамон аз Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба маҳорату маърифати зеҳнии гулдухтарони донишгоҳ баҳогузорӣ намуданд. Иштирокчиён аз рӯи шартҳои «Соҳибҷамоли наврӯзӣ», «Соҳибхона», «Орифа», «Кадбонуӣ», «Соҳибҳунар» маҳорат нишон доданд. Ғолибон байни факултетҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Як нафар донишҷӯдухтар ҳамчун ғолиби озмуни «Моҳпайкари наврӯзӣ» ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.

13

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ПОЧТАИ “ҶТ”

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ…

Нашъаманд умри кӯтоҳ дорад Имрӯз тараққиёти илму техника дар ҷаҳон бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст. Пешрафти ҷомеа нисбат ба асри гузашта даҳҳо баробар пеш рафтааст. Дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ру ба тараққӣ ниҳодааст. Дар баробари ин, якчанд омилҳои дигар низ ҷой доранд, ки тақрибан аз солҳои 1990-уми асри гузашта пайдо шуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард. Ин ҳам бошад маводи мухаддир мебошад, ки ба инсоният таъсири манфии худро расонидааст. Нашъамандӣ вабои аср хонда шудааст ва ин бесабаб нест, албатта ҷомеаи моро ин маризӣ заиф гардонда, ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Аксар ҷавонон бекорию гаронии рӯзгорро пеш оварда, даст ба ин амали номатлуб задаанд. Яке онро ба манбаи даромад табдил дода, бори марг мебарад, ба ҳамсояи худ, ба мулки дигаре. Нашъаҷаллоб фаромӯш кардааст, ки ҷинояте содир мекунад, ба хотири даромади муфте ва баҳра бурдан аз пули нашъа. Пули нашъа ҳаром аст, мегӯянд нашъамандӣ бошад худкушист. Инро ҷавонон донанд ҳам боз барои дилхӯшӣ онро истеъмол мекунанд. Дар ҳарду маврид ҳам онҳо ҷинояткоранд ҳам нашъаҷаллобу ҳам нашъаманд. Пас биёед якҷоя бо аҳли оила, мактаб ҳамсояву хешон бар зидди нашъамандию нашъаҷаллоби мубориза бурда, ба сарҳадбонон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ кӯмаки амалӣ намуда, пеши вабои асрро бигирем. Нашъаҷаллоби ин раҳоӣ аз беновоӣ набуда, балки сароғози ҳама бадбахтиҳо мебошад. Пулу чизи бар ивази он омада бақо надошта, балки сархӯр мешавад. Биёед эй дӯстон! Эй ҷавонону наврасон! дар солимгардонии насли ояндаи ҷамъиятамон ва ободию шукуфонии диёри азизамон, Тоҷикистон ҳиссагузор бошем. Аз замоне, ки олимон нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа муайян намуданд, онро ҳамчун беморӣ маънидод карданд. Аз он ҷумла, мутахассиси соҳаи равоншиносии марбут ба нашъамандӣ Андрей Леонидович Лихтарнинков пешниҳод менамояд, ки ба нашъамандон чун бемор муносибат намоянд. Азбаски ин беморӣ бо амалу рафтори нашъаманд боиси харобиҳои зиёде шуда метавонад, дар саросари олам бо ин дард муборизаи қатъӣ эълон шудааст. Одатан сабабгори гирифторӣ ба нашъамандиро шароити мушкили зиндагӣ як қисми одамон меҳисобанд, аммо таҳқиқи воқеият чизи дигарро нишон медиҳад: аввалан, фарзандони ашхоси сарватманд зиёдтар ба ин бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, сониян, бисёр одамон дар шароити якхелаи вазнини зиндагӣ кор мекунанд, вале аксари онҳо худро аз нашъамандӣ нигоҳ медоранд. Бинобар ин, саволе ба миён меояд: Кадом сифатхои хуби одамон онҳоро аз бемории нашъамандӣ боз медорад? -Ҷаҳони маънавии бой, фарҳанги ғанӣ ва дониши мукаммал; -Иродаи мустањкам; -Пуртоқатӣ ба мушкилоти зиндагӣ. Инчунин аксари ин тоифаи одамон, махсусан бачаҳо, дар баробари падару модари ғамхор дӯстони хуби наздик, аз он ҷумла аз ҳисоби устодон, муаллимон ва рафиқони калонсоли ба дилу руҳашон наздик ва мақбул доранд. Ин ҳолат басо муҳим буда, боиси тамоман аз маҷрои нашъамандӣ дур шудани наврасон мегардад. Шахсони нашъаманд метавонанд ба бемориҳои зиёди табобатнашаванда мубтало гардида, он бемориҳо ба воситаи асбобу анҷом ва сӯзандоруи истифодакардаи онҳо ба дигарон низ сироят бикунанд. Ҳаёти шахси нашъаманд хеле пурдард, бемақсад ва бемаънӣ гузашта, онҳо одатан аз 30 сол зиёд умр намебинанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рањмон бо ёрӣ в а мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср муборизаи оштинопазир мебарад, ҳар сол миқдори зиёди маводи мухаддири аз давлати Афғонистон интиқолшаванда дар ҳудуди Тоҷикистон боздошт ва нобуд карда мешавад. Барои интиқолдиҳандагони нашъа ва фурӯши он ҷазоҳои сахт пешбини шудаанд. Дар ёд доред, ки хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд ва гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъаманд сахт тобеи нашъа шуда, агар онро дигар истеъмол накунад, хуни вай нашъа талаб карда, ӯро ба ҳалокат гирифтор мекунад. Бинобар ин, нашъамандон аз тамоми њаловатњои зиндагӣ бенасиб монда, мақсаду нияти онњо танҳо бо як амал равона мешавад. Ин њам бошад бо ҳар роҳ ба даст овардани нашъа мебошад. Бахтибек Муяссаршоев

Вақт довари аслии арсаи зиндагӣ буда, пардаро аз болои ҳар гуна асрори пӯшида батадриҷ мебардорад ва ҳар нафарро дар нусхаи асли хеш нишон медиҳад. Муайян мекунад, ки пушти суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд. Вақте Муҳиддин Кабирӣ ба симати раиси собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳоло ташкилоти мамнуъ ва террористӣ) интихоб шуд, бархеро умедвор кард, ки акнун ӯ ин ҳизбро аз маҳлули омехтаи ҷаҳлу таассуб ва тахрибкорӣ берун кашида, онро бо симову замири зиёӣ, пайрави исломи муътадилу хоси тоҷикона муаррифӣ месозад. Вале ин умедҳо мисли саробе ба зудӣ маҳв шуданд. Дар асл маълум гашт, ки барои Кабирӣ ин ҳизб танҳо воситаест барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ, иҷрои супоришҳои фармондеҳону маблағгузорони хориҷӣ, сарватғундорӣ ва нигаҳдошти моликият. Агар ба фаъолияти сиёсии Кабирӣ дар чанд соли охир назар афканем, мебинем, ки он саропо аз боздиду вохӯрӣ бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ширкат дар симпозиуму конфронсҳои гуногуни дохилӣ, минтақавӣ ва монанди инҳо иборат аст. Дар Эрону Туркияву Мисру Қатар аз «бедории исломӣ», таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба дастгириву ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он «озодию демократия»-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз аксари олами ислом «мазза»-ашро мечашад. Кабирӣ бештари давраи ваколати хешро дар порлумони кишвар сарфи сафарҳо карда, соле зиёда аз 250 рӯзашро дар хориҷ аз Ватан мегузаронд ва илова бар ин, ҳар куҷо, ки мерафт, шиква ҳамсафари ӯ буд. Ҳарчанд ӯ дар ду давр (солҳои 2005 ва 2010) дар курсии парлумони кишвар такя зад ва ҳатто узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буд, на танҳо дар ин давра, балки тамоми умри хеш аз пешрафту рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол забон накушодааст. Чунки чашми ин оқо аз доираи танги дину мазҳаб берунро дида наметавонаду боигарии луғавии каломи эшон танҳо аз вожаҳои «фишор», «таъқиб», адами «озодбаёнӣ», «демократия», «режимҳои худкома» ва монанди инҳо иборат аст. Ӯ тавассути ин гуна суханон ва зери пӯшиши фаъолияти ҳизбӣ ба хазинаи шахсии хеш садҳо ҳазор доллар ворид кард. Орзуи бардоштани фоидаи

шахсӣ ва аспи маснад Кабириро дар паҳнои серҷанбаи бозиҳои сиёсии идеологҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба гирдобе кашиданд, ки торафт дар он амиқтар меравад. Бозиҳояш гоҳе бо шарқу гаҳе бо ғарб боиси он гаштанд, ки натавонист вазифаҳои дар наздаш аз ду ҷониб гузошташударо иҷро намояд. Баръакс, созишҳои духӯрааш бо ҷаҳолати мазҳабию найрангҳои дунявии имрӯза обрӯи ӯву ҳизбашро дар ҷомеаи тоҷик ончунон коста кард, ки аз ду курсии парлумон низ маҳрум шуд. Маҳз ҳамин найрангбозиҳояш буданд, ки аъзои қатории ҲНИТ даста-даста дар манотиқи мухталифи кишвар аз сафи ҳизб даст кашида, фаъолияти якчейкаҳои онро дар навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ қатъ карданд. Билохира, мардуми шарифи кишвар аз ҳиллаҳои шаръии оқои Кабирӣ ба пуррагӣ воқиф гардида, дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба ҲНИТ умуман раъй надоданд. Омили дигаре, ки боиси пастравии нуфузи Кабирӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, миёни ҳамҳизбонаш гардид, тақсимоту истифодаи маблағҳои ҳизбӣ аст. Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб қисмате аз ғайримақсаднок истифода шудани кӯмакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуда буданд. Аксари аъзои собиқ ҲНИТ иброз дошта буданд, ки ин маблағҳо тавассути наздикони Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии худи ӯ истифода мешаванд. Ҳамин гуна хиёнкориҳо ва сӯйистифодабариҳои Кабириро дида, пеш аз ҳама бародари бузургаш - Сафар Кабиров аз сафи ҲНИТ даст кашида, роҷеъ ба хиёнаткориҳои бародараш Муҳиддин дар мусоҳиба ба рӯзномаи «Тоҷикистон» изҳор намудааст, ки: «Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем. Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд». Аз ин суханони С. Кабиров бармеояд, ки М. Кабирӣ ба хотири манфиатҳои шахсиаш (шояд супориши хоҷагонаш бошад) на танҳо аз миллату Меҳан, балки аз падару модар ва бародарони хеш рӯй гардонидааст. Бинобар ин, барои ӯ на миллату Меҳан, балки манфиатҳои шахсӣ ва супоришҳои хоҷагонаш дар мадди аввал меистад. Аз ин рӯ, месазад гуфт, ки Кабирӣ ҳамчун одам тамоми арзишҳои инсониро аз даст додаасту мисли робот танҳо ба ҳарфҳои хоҷагонаш гӯш медиҳаду супориши эшонро иҷро менамояд. Ҳамин аст, ки дар ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон аз ӯ касе ҷонибдорӣ наменамояд. Дар раванди дасткашии мардум аз сафи собиқ ҲНИТ Кабирӣ дид, ки обрӯю нуфузаш дар байни мардум, бахусус дар байни ҳамҳизбонаш коста гардида истодаасту фаъолияти ҳизбаш дар манотиқи гуногуни

ҷумҳурӣ қатъ мешавад, дарҳол даст ба табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият зад. Ин амали хиёнаткорона ва ваҳшиёнаи Кабирӣ бебарор анҷом ёфта, худи ӯ қабл аз ба вуқуъ пайвастани он ба хориҷ аз кишвар фирор кард. Чунки Кабирӣ интизорӣ дошт, ки дар ҳолати амалӣ гардидани нақшааш ба кишвар баргашта ҳукмронӣ мекунад ва дар ҳолати нокомӣ дар хориҷ зери паноҳандагии хоҷагонаш боқӣ мемонад. Мусаллам аст, ки ҳолати дуюми нақшаи пешакӣ тарҳрезинамудаи Кабирӣ амалӣ гардиду худ ҷон ба саломат бурд. Вале оқибатҳои бади ин ҳаводис дар зеҳни мардум то ҳанӯз нақш бастаанд. Пас аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар пешгирӣ ва пахш кардани ошӯбҳои сентябрии Кабирӣ ва сарсупурдаи ӯ Ҳоҷӣ Ҳалим (2015) молу мулки ин ду нафар аз нав дида баромада шуд ва дар рафти тафтиш маълум гардид, эшон аз моли чашмрас бархӯрдор буда, шарикони ҳизбиаш ҳамаи инро маҳсули маблағҳои ба номи ҳизб аз тарафи кишварҳои манфиатдор ҷудошуда шумориданд. Аз ҷумла, дигар бозору тиҷоратгоҳҳои Кабирӣ, ширкатҳои сохтмонии ӯ, хонаҳои бешумораш дар шаҳри Душанбе ва сарваташ дар қаламрави Туркия, таҳсилу истиқомати оила ва фарзандонаш дар ҳудуди ин кишвар. Аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони феълии ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи он, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сирри «мубориза»-ҳои гузаштаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд. Ин ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар. Имрӯзҳо Кабирӣ боз дар хориҷ аз кишвар умр ба сар мебараду мардуме, ки аз паси ӯ рафта гумроҳ шуданд, дар назди хешу ақрабо ва ҷамъият шармсоранд. Маълум аст, ки ӯ ҳаргиз ва дар ҳеҷ куҷо забон ба дастгирии манфиатҳои миллӣ накушодаасту намекушояд. Ҳар ҷое сафар анҷом диҳад, зарбаи нахустинаш бар решаи ҳайсияти миллии тоҷикистониён мерасад. Кӯшишаш ҳарчи бештар бечоранолию ҳақир нишон додани худу миллаташ аст. Мисли гадое, ки ҳарчанд сер аст, аз табиати ғуломи нафс гаштааш, бо ниҳояти зорӣ худро нотавону афтодатар пешкаш месозад. Барои гадо фарқ надорад: новобаста аз миллату қавму нажод, дину ойин аз ҳама металабад. Ҳамин тавр, Кабирӣ фардест, ки аз ӯ ба миллати тоҷик танҳо ва танҳо шарру касофат мерасад. Ӯ мисли морест, ки ҳарчанд навозишу меҳрубонӣ кунӣ, ҳамон қадар чуқуртар неш мезанад. Намунаи ин қабил инсонсиратон ба таъбири устод Рӯдакӣ: Морро ҳачанд беҳтар парварӣ, Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ… Нодири ҚОДИР


14

√ КИТОБИ НАВ Ҷилди 8-уми осори Абдулқодири Бедил

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

КИТОБХОНАИ “ҶТ”

Нашриёти “Адиб” чанде пеш охирин осори манзуми ҳаштҷилдаи Мирзо Абдулқодири Бедилро мунташир кард. Китоб қасида, қитъа, таркиббанд, тарҷеъбанд, мухаммасот, мураббаъ, муаммо ва чанд маснавии кӯчаки шоирро, аз қабили “Сифати шамшер”, “Сифати фил”, “Сифати асп”-ро дарбар мегирад. Тақрибан тамоми намунаҳои ин ҷилд бо хатти кириллӣ ба шакли комил бори аввал чоп шудаанд. Аз ҷумла, бахши қасида бузургтарин қисмати ин асар буда, ҷамъан 21 қасидаи Бедилро дарбар гирифтааст ва тақрибан ниме аз онҳо қасидаҳои ҷавобия мебошанд. Ҷилди ҳаштуми осори Абдулқодири Бедил аз ҷониби Бобобек Раҳимӣ бо шарҳи луғот ва тавзеҳот таҳия шудааст

8-УМИ МАРТ - РӮЗИ МОДАР Мирзо ТУРСУНЗОДА

ДИЛИ МОДАР Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд. Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, Ба зери мавҷи дарё монда соҳил соҳили ман буд. Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман, Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман, Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ, Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман. Намурдам, зистам, Фарзанди хурдамро калон кардам, Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам, Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро Ба келин пешкаш кардам, Дуо чун модарон кардам. Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз, Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз, Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз, Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!

ЧӢ МЕХОНАД?

Даврони Асадулло,

ЭЙ ОЧАИ ҶОН!... Эй очаи ман, очаи ман, очаи ман, Ду кокули ту, ки буд бозичаи ман. Гуфтӣ, ки зи дасти бозиҳот, эй бачам, Як мӯй ба ҷо намонд дар пичаи ман. Андӯхтиям ҳуруфи гуфтор, оча, Омӯхтиям ба пой рафтор, оча. Будам ба кафи ту гӯйӣ кафтарбачае, К-эман будам зи чанги кафтор, оча.

МЕҲРИ МОДАР

Эй ҷавҳари зоти бевуболам, оча, Эй гавҳари умри безаволам, оча. Шоир, қи маро ту зодаӣ, низ туӣ, Сардафтари шеъри бемисолам, оча...

“Мафтуни қалам” Муаллиф: Ибодулло Одинаи Мафтун “Мафтуни қалам” маҷмуи шеър, ғазалҳо ва рубоиёту дубайтиҳо мебошад. Китоб соли 2015 дар ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Қӯрғонтеппа чоп шудааст. - Китоб бисёр ҷолиб аст, шеърҳои хуб дорад, ба чанд шеъри ин китоб оҳанг монда, сабт кардам, мегӯяд Даврон.

√ СЕРФУРӮШТАРИН

КИТОБИ ТОҶИКИСТОН

Ку, бе ту давои ҷумла дардам, оча, Баъди ту ҳамеша рангзардам, оча. Бе ту, ки фақат ба чашми нам ғам дидам, Баъди ту чӣ дидаму чӣ кардам, оча?...

Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об Хираю ларзон чу акси офтоб… Хурд будам, бистарам гаҳвора буд, Бистари ҷунбони ман сайёра буд. Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман, Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман. Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам, Аллагӯён модари бечораам, Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб. Савти аввалро, ки бишнидам аз он, Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон… Як замон гаҳвора бар ман танг шуд, По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд. Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво, Боз модар дошт як дасти маро… Дар ҳамин аҷзу ҳамин бечорагӣ, Дар ҳамин хурдӣ, яку якборагӣ, Хестам, дидам: надидам як саҳар Аз ҳамон меҳри дурахшонам асар. Бо ду чашми чор ӯро кофтам, Кофтам, тимсоли ӯро ёфтам: Аз баландӣ бо табассум, бе шитоб Мебаромад ин пагоҳӣ офтоб. Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд, Аз бари ман, аз сари ман дур буд…

Мебудиям ар мисоли пешин, оча, Аз гулшани умри хеш гулчин, оча. Ман низ дуогири ту мебудам боз, Оварда арӯси шеър келин, оча... Дӣ хоб бидидам, ки чу мозӣ, оча, Биншаста барам, маро навозӣ, оча. Таъбир зи ҳар касе, ки пурсидам, гуфт, Розист Худо аз ту, ки розӣ оча. Бодоми дари хона шукуфтаст, оча, Гӯё ба шукуфтанош гуфтаст, оча. Дигар ба кадом рӯй гӯям ба касе, К-армони ту дар хок нуҳуфтаст, оча. Эй панди навандӯхта, ку, очаи ман? Эй байти навомӯхта, ку, очаи ман? Эй ҷомаи навдухта, ку, очаи ман? В-эй ҷону дили сӯхта, ку, очаи ман?

ОЗАР

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек, Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт... Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам, Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт. Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон, Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт, Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам, Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт... Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт, Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт. Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд, Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

√ КӢ

сароянда

Муъмин ҚАНОАТ

МОДАР ФАРИШТА БУД

Зулайхо РАСУЛОВА, донишҷуи факултети журналистикаи ДМТ

Дар мағозаи «Олами китоб» воқеъ дар хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе китоби «Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик»-и Алиасғар Шеърдӯст серхаридор аст.

Дар китоб шеъри муосири тоҷик бори аввал аз ҷониби як донишманди эронӣ баррасӣ шудааст. Китоб соли 1997 тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 5000 нусха дар ҳаҷми 272 саҳифа ба чоп расидааст.

√ ОНҲО ХОМӮШИРО АВЛО ДОНИСТАНД Бартлбиҳои адабиёти ҷаҳон

Ҳар ҳарф зи чашми хирабинат, оча, Ҳар вожа зи ожанги ҷабинат, оча. Ҳар як нахи мисраам, ки бофам, бошад Як нусхаам аз мӯйи маҳинат, оча. Ҳаққи ту дуруд мефиристам, оча, Бо савму суҷуд мефиристам, оча Бо бунгаки ту бар ҳама тифлон баъдат, Ҳамчун ту суруд мефиристам, оча... Мондам чу қадам ба арсаи шаст, оча, Домони ҷавонӣ рафт аз даст, оча. Аз зиндагиям дил арчи барвақт шикаст, Аз меҳри туам хумор нашкаст, оча. Имрӯз, ки Иди Модарон аст, оча, Идона намози мо дар он аст, оча. Аврод барои ману ҳар пиру ҷавон, Такбир фақат зи «Очаҷон!» аст, оча... Файзимади НАЗАР, омӯзгори МТМУ №56-и шаҳри Ваҳдат

Ҳарт Крейн (1899-1932) НАВИСАНДАГӢ ПЕШАИ ИМКОННОПАЗИР АСТ Шоири амрикоӣ Ҳарт Крейн бо шеъри ҳамосиаш бо номи “Пул” ҳамду ситоиш ва таваҷҷуҳи зиёдеро соҳиб гашт. Вале ин ҳама ӯро қонеъ накард, балки андеша дошт, ки фаъолияти нависандагӣ пешаи имконнопазир аст. Ин ақида дар сар шоир тасмим гирифт ба Мексика меравад. Ҳамин тавр, ҷиҳати сафар ба шаҳри Орлеанаи Нав (New Orleans) савори киштӣ шуд, вале ба соҳили мурод нарасид. Зеро дигар касе ӯро надид. Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”


Дар шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид Дар маркази шаҳри Роғун ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор шуд. Дар он аз тарафи 10 корхонаю муассиса 71 ҷойи кор ба шаҳрвандон пешниҳод гардид. 94 нафар иштирок намуда, 32 нафари онҳо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд, ки 6 нафарро занон ва 20 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ба 26 нафар, ки касбу ихтисос надоранд, ба марказҳои таълимӣ барои омӯхтани касб тариқи ройгон роҳхат дода шуд. Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Роғун барои омӯхтани касбҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ, кор бо компютер, ҳисобчӣ ва барқчӣ шароити хуб фароҳам оварда шуда, нафарони бекасб ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

√ НИГОҲИ

15

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

РАНГОРАНГИИ “ҶТ”

ДИГАР

Покдаҳонӣ нишонаи одамият аст

Одоб ҷамъи калимаи адаб буда, маънии он хулқу атвор ва рафтору гуфтори нек аст. Одобу ахлоқ омили муҳими танзимгари рафтору кирдори фард ба шумор меравад. Хислатҳои беҳтарини инсон - софдилӣ, вафодорӣ, поктинатӣ, ҳақгӯӣ, некиродагӣ ва амсоли инҳо маҳз аз чашмаи ақлу хирад ва фаҳму фаросат об мехӯранд. Одам дар заминаи ақлу хирад, виҷдони пок ва одоб беҳтарин ва накӯтарин амалҳои инсонии хешро зоҳир месозад.

Шахси боодоб нексиришт аст. Вай дар рафтору муомила бо атрофиён ҳеҷ гоҳ ба худписандӣ, ҳавобаландӣ, бадахлоқӣ роҳ намедиҳад. Саодатмандӣ дар зиндагӣ, пирӯзӣ дар кору фаъолият, комёбӣ дар таҳсилу хониш бевосита аз одоб ва фарҳанги ҳар як фард вобаста аст. Ахлоқи писандида ва хушхӯӣ аввалан дар муносибат ва одоби муошират зоҳир мегардад. Услубу адаби муомилаву одоби муошират паҳлӯҳои гуногун дорад. Он одоби салом, одоби сухан, одоби роҳ рафтан, одоби муносибат бо волидайн, бо устодон, бо дӯстдорону ошноён, бо ҳамсоягон, одоби хариду фурӯш, одоби ба бозор рафтан, одоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Аммо муҳимтар аз ҳама одоби сухан ва муошират мебошад. Қадру қимат, одамияти инсон, қабл аз ҳама дар сухани ӯ ифода меёбад. Сухан бузургтарин неъмат ва атои илоҳист. Бе сухан муносибату муоширати байни одамон, изҳори ақида ва афкори онҳо маҳол аст. Азбаски сухан воситаи муошират аст, вай пеш аз ҳама бояд маъно ва мантиқ дошта бошад, фикри суханварро пурраю фаҳмо ифода намояд.

√ ЗОДРӮЗ

Сухане, ки аз чунин хусусият холист, номукаммал аст. Барои он ки сухан равону фаҳмо, мавзуну фасеҳ гуфта шавад, сухангӯй пеш аз ҳама бояд сухани худро ҳамаҷониба мулоҳиза кунад, санҷад, калимаҳои мувофиқу суфта ва пурмаъноро интихоб кунад. Ҳамаи ин, албатта ба захираи дониши сухангӯй, нутқи бурро ва зеҳни ӯ вобаста аст. Тарбияи сухандонӣ, нотиқӣ аз лаҳзаҳои ширини кӯдакӣ сар мешавад ва он пеш аз ҳама ба модар ва инчунин аъзои дигари оила вобаста аст. Ҳамчунин, ба ин мутолиаи адабиёти бадеӣ, ки бо забони суфтаву равон навишта шудааст, хеле мусоидат мекунад. Яъне, сарчашмаи асосии одоби муошират қабл аз ҳама аз оила сарчашма мегирад, чун агар фарзанд дар муҳити носозгору носолими оилавӣ ба воя расидаву аз хурдтарин ҷузъиёти одобу ахлоқ бархӯрдор набошад, пас дар таълиму тарбияи минбаъдаи ӯ мушкилоти зиёде пеш хоҳад омад. Аз ин рӯ, робитаи зичи мактабу оила ҳамеша бояд устувор бошад. Масъалаи одоби муошират ва таълими он дар миёни наврасону ҷавонон аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи мактабу маориф

МУБОРАК

Сафияҷони хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Бо як ҷаҳон орзую умедҳо яксолагии мавлудатро муборакбод гуфта, аз Яздони пок бароят ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиро таманно дорем. Бигзор, ба бахти волидону наздикон ҳамеша тансиҳату болида ва хандону шукуфону гулафшон бошӣ. Дили беғашу якдонаат ҳамеша сабзу баҳорӣ бод! Ту бахти модарӣ, ту бахтёрӣ, Падарро такягоҳ дар рӯзгорӣ. Зи ту дорем ҳама уммедворӣ, Ба номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ. Бо таманнои сарсабзии ҳамешагии ту падарат Беҳрӯз, модарат Меҳрона ва аҳли оила.

маҳсуб меёбад. Ба сухангӯӣ ва тарзи муоширати бархе аз наврасону ҷавонон нигариста пайхас кардан мумкин аст, ки то ҳол ташвиқу тарғиби забони ноби тоҷикӣ, риояи меъёрҳои муошират дар миёни онҳо беҳбудӣ металабад. Чун тамоми муносибати байни одамон нахуст аз сухану муоширати муқаррарӣ оғоз меёбад, муносибати минбаъдаи онҳо низ ба чӣ гуна сурат гирифтану риоя гардидани одоби муоширати онҳо вобастагии зич дорад. Одоби муошират тақозо менамояд, ки шахси нисбатан ҷавон сухани калонсолонро бодиққат гӯш карда, аз маслиҳату насиҳатҳои муфиди онҳо баҳра барад. Қаҳру газаб ва ҷаҳл сухангӯро, чӣ ҷавону чӣ калонсол, аз доираи одоб мебарорад. Дар ин росто омӯзгоронро низ мебояд, ки қабл аз ҳама худашон қоидаҳои одоби сухан гуфтану муоширатро риоя намоянд. Чунки аксари шогирдон ба ҳама рафтору кирдор ва ҳаракату гуфтори омӯзгорон тақлид карданро дӯст медоранд. Ин аст, ки пеш аз ҳама омӯзгор бояд худ бо ахлоқу одоби ҳамида ва хислатҳои ибратбахши инсонӣ намунаи ибрати атрофиён бошад. Дар сари ҷаҳл ва асабоният беҳтар аст,

ки хомӯш бошем. Вақте омӯзгор бо лаҳни ширину гуворои тоҷикӣ, нарму мулоим ва боназокат сухан мегӯяд, шогирд низ кӯшиш мекунад, то чунин хушсухану хушмуомила бошад. Одоби муошират аз доираи оила ва мактаб сарчашма гирифта, тадриҷан дар ҷомеа ташаккул меёбад. Вазифаи асосии волидону омӯзгорон қабл аз ҳама ба фарзандону шогирдон талқин намудани хислатҳои неки инсонӣ, муносибати байниякдигарӣ ва ҳамзамон, дур будан аз ҳар гуна аъмоли баду ношоиста, аз қабили тундхӯиву дағалӣ ва бадкирдориҳое мебошад, ки оқибат ба хиёнаткориву ҷинояткорӣ мебаранд. Кӯдаконро дар рӯҳияи хушмуомилагӣ тарбия намудан аз рисолати асосии волидону омӯзгорон аст. Алфози қабеҳ - таъна, дашному бадгуфторӣ ба шаъни худи сухангӯ намезебад. Ӯро аз аҳли ҷомеа дур месозад. Вале лафзи ширин ба дилҳо фараҳ бахшида, хотири одамонро шод мегардонад. Бо василаи сухани ширин ҳатто душманро дӯст кардан мумкин. Сухани бад, гуфтори қабеҳ, истифодаи ҳар гуна калимаю ибораҳои нопоки таънаомез ва носазо касро хор, нуфузашро паст

√ ЭЪЛОН ЭЪТИБОР НАДОРАД

√ ОШХОНАИ

мекунад, дӯстро ба душман табдил медиҳад. Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор, Кас аз дасту забони худ маёзор. Баъзан дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавонону наврасонеро вомехӯрем, ки бо дашному алфози қабеҳ ва рафтори зишти худ табъи атрофиёнро хира мегардонанд. Дашном назар ба мушт ва часпу талош сабуктар ва ҷисман безарар бошад ҳам, аз ҷиҳати маънавӣ тоқатнопазир ва нанговар аст. Кас бояд фаҳмад, ки аз даҳонаш чӣ мебарояд ва он ба ҳозирин чӣ таъсир мебахшад, чӣ гуна оқибат дорад. Илова бар ин, шахсони ҳақиқатан покдаҳону поквиҷдон бояд нисбат ба суханони нопоку қабеҳ оштинопазир бошанд, ҳангоми бадгуфторӣ, риоя нашудани одоби муошират, гӯяндаи онро маҳкум намоянд. Одам бояд, дарк намояд, ки покдаҳонӣ нишонаи боадабӣ ва одамият аст. Муслима МИРЗОҲАЁТОВА, директори МТМУ №59 шаҳри Душанбе

“ҶТ”

Патенти фаъолияти соҳибкории соҳибкори инфиродӣ Давлатов Ҳабиб Файзуллоевич (РЯМ 2130022419), ки Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 2011 додааст, бинобар гум шуданаш эътибор надорад. Аттестати гумшудаи №0043765, ки МТМУ рақами 131-и шаҳри Ваҳдат ба номи Нуриддин Асоев соли 2004 ба Одинаева Қумринисо додааст, эътибор надорад. Аттестати гумшуда, ки соли 1998 МТМУ рақами 7-и ноҳияи Восеъ ба Султонова Миҷгона Сафаровна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи №003978, ки Омӯзишгогҳи №3 (ҳоло Литсейи касбии таризм)-и шаҳри Душанбе аз 11.07.1997 ба Ятимов Муҳаммадтоҳир Холбобоевич додааст, эътибор надорад. БАРҲАМ МЕХӮРАД ҶДММ “Энергия Т” (РЯМ 0210012248, РМА 020034144) бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ-4 “А”, ки аз 20.12.2010 дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур ба қайд гирифта шудааст, барҳам мехурад.

Хӯриш бо гӯшти мурғ Маҳсулоти лозима барои 4-5 нафар: Картошка - 2 дона Сабзи - 2 дона Тухм - 3-4 дона Гӯшти мурғ - 200-300 гр Майонез Тарзи тайёр намудан: Картошка, сабзӣ ва тухмро дар об мепазем. Баъдан гирифта чоркунҷашакл реза мекунем. Гӯшти мурғи пухташударо низ ба ҳамин тарз реза мекунем, баъдан ҳамаи маҳсулоти резакардаамонро ба табақ бо тарзе ки дар расм мебинед, мечинем ва онро бо майонез оро медиҳем. Иштиҳои хуш.


16

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН, №09 (9487), 02.03.2017

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Зан - Модар Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, балки бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.

Сеҳри хома МЕҲРОБ АЗИМОВ

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам...

АЗИЗМО РАҲМОНОВА ҲАМСАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

√ АНДАРЗИ

“ҶТ”

Модар Аз нақли бонуе: Вақте шавҳарам баъд аз 11 соли хонадорӣ тасмим гирифт, ки аз ман ҷудо мешавад, аввалин фикре, ки ба сарам омад, фарзандонам буд. Писарам 5-сола асту духтарам 4-сола. Оё ман метавонам, онҳоро ба танҳоӣ тарбия карда, гармии оиларо диҳам? Оё метавонам, модари танҳо хонаро таъмин карда, ба фарзандон он чизеро, ки дар зиндагӣ лозим аст диҳам? Фаҳмидам, ки ман роҳи интихоб надорам. Рӯзҳои истироҳат ба қадри имкон вақтамонро якҷо мегузарондем. Миёнаҳои ҳафта ҳатман барои машғул шудан бо бачаҳо вақт меёфтам. Мо гоҳо чӣ тавр дуруст рафтор карданро баҳс мекардем. Ҳамаи ин вақт ва неру талаб мекард, ки ман на дар ҳама ҳолат онҳоро доштам. Раванди тарбия воқеан осон набуд. Ҳамин тариқ ду сол гузашт. Дар Рӯзи модар мо ба боғ – макони ҷашн рафтем. Ман ба гулҳои даруни кӯзаҳо, ки дар ду тараф оро дода шуда буданд, таваҷҷуҳ кардам. Раиси чорабинӣ борҳо таъкид кард, ки модар будан кори аз ҳама

заҳматталаби зиндагист ва ҳамаи модарон сазовори ғамхорӣ ва мукофот ҳастанд. Ӯ аз ҳамаи бачаҳо хост, ки ба назди гулҳо раванд, якеро интихоб кунанд ва ҳамчун рамзи муҳаббат ва қадрдонӣ ба модарон тақдим намоянд. Фарзандони ман даст ба даст гирифта, ҳамроҳи дигар кӯдакон ба макони гулҳо рафтанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки якҷо барои ман гул интихоб мекунанд. Мо рӯзҳои вазнинро бо ҳам гузаронидем, аз ин рӯ барои ман дастгирии онҳо бисёр муҳим буд. Ман ба гулҳои ҷаъфарии тиллоӣ, лолаҳои зебо ва гулҳои бунафш нигоҳ мекардам. Фикр мекардам бачаҳо кадоме аз ин гулҳоро барои ман меоварда бошанд. Фарзандони ман ҷиддӣ аз пайи вазифа шуданд. Онҳо бисёр ботаваҷҷуҳ буданд. Дигарон кайҳо модаронашонро бо гулҳои рангоранг хурсанд карданд, ҷигаргӯшаҳои ман бошанд, мисле ки дар интихоб душворӣ мекашиданд. Ахиран садои шодӣ баромад, онҳо бо табассум ва виқор наздам омада, ниҳоли

√ ОБУНА-2017

Бо “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамеша ҷавон мемонед! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2017 оғоз шуд. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома барои як сол 80 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Шумо обуна шавед, мо сари вақт рӯзномаро мерасонем. Инчунин, Шумо ба воситаи шуъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед ба ягона рӯзномаи ҷавонон обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА 030000301, РМБ 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаҳои 1 ва 4

САРМУҲАРРИР

Бахтовар КАРИМОВ

интихобкардаашонро ба унвони қадрдонӣ пешниҳод карданд. Ман шигифтзада ба гули пажмурда ва бемор нигоҳ кардам. Ман худро таҳқиршуда ҳисобида, туҳфаро қабул кардам. Онҳо бе шакку тардид гули аз ҳама хурд ва беморро интихоб карда буданд. Дар ҳақиқат, он як чӯби хушке буд, ки ягон гул надошт. Ман боз ҳам ба виқори фарзандонам шигифтзада шуда будам. Аммо барои он ки онҳо дуру дароз фикр карда, ҳамин гулро интихоб карда буданд, сӯяшон табассум намудам. Аз бачаҳо пурсидам, ки чӣ чиз онҳоро ба чунин интихоби ғайриодӣ водор кард? Барои чӣ маҳз гули бемор ва афсурда? Писарам бо боварӣ ва қатъият ҷавоб дод: “Барои он ки ба ӯ Шумо лозимед, модар. Ба ӯ парастории Шумо даркор аст”. Аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Фарзандонамро ба оғӯш гирифтам. Ҳамин ҳоло онҳо ба ман беҳтарин туҳфаро дар Рӯзи модар тақдим карданд. Ман ҳатто чунинашро орзу намекардам. Фаҳмидам, ки фидокории ман дар тарбияи онҳо барабас нарафтааст. Ман акнун дилпурам, ки фарзандонам ҳамчун инсонҳои лоиқи ҷомеа ба воя мерасанд. Таҳияи С. УМАРАЛӢ, “ҶТ”

Насли ҷавону варзишгарони парчамбардори миллат тамоми модарону бонувони кишварро ба рӯзи фараҳбахш РӮЗИ МОДАР табрику шодбош мегӯянд.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 901 06-41-10, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 5412 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316264, ИНН030000301, МФО350101626. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ (ҷонишини сармуҳаррир), Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Шодихони НАЗАР (муҳаррири шуъбаи варзиш ва сайёҳӣ), Манзумаи ФИРӮЗ (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Нуруллоҳи ОРИФ, Шаҳло ЭШОНОВА, Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, Гулбаҳор РАҲМОНОВА, Хуршед МАВЛОНОВ, Хуршед ХОВАРӢ (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Толибшоҳи ДАВЛАТ (хабарнигор, НТМ), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шералӣ ҶАЛОЛОВ (хабарнигор, Суғд).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.