Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
1
№39 (9361),
25 сентябри соли 2014
ФУТБОЛ. БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
ҶАЛАСА
Иштироки Сарвазири мамлакат дар Иҷлосияи СММ
ФОРУМ
Форуми нахустини «Аз ихтироъ ба инноватсия» Бори аввал дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо нахустин Форуми ихтироъкорон таҳти унвони «Аз ихтироъ ба инноватсия» баргузор мегардад.
Саҳифаи
12
Тоҷикистон ба даври 8/1-финал баромад
МАОРИФ
Қабули донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Туркманистон Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дастуреро имзо кард, ки тибқи он барои солҳои 2014-2015 даҳ нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду тан шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон ҳуқуқи таҳсил дар мактабҳои олии ин кишваро доранд. Инчунин, Вазорати маорифи ин кишвар дастур гирифта, ки таҷрибаи қабули шаҳрвандони хориҷиро ба донишгоҳҳои кишвар васеъ ва барои ба вуҷуд овардани шароит талош кунад. Ёдовар мешавем, ки то ба тасвиб расидани дастури дар боло зикршуда хориҷиён барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Туркманистон роҳ дода намешуданд.
ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР ХОРУҒ
Саҳифаи
13
e-mail: javonontj@mail.ru
Фардо (26 сентябр) дар даври ҳаштякфинали мусобиқаи футболи Бозиҳои Осиё-2014, тими мунтахаби олимпии кишвар бо дастаи Ироқ вомехӯрад.
23 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 69уми Маҷмааи умумии СММ бори нахуст ҳамоиши байналмилалии «Иқлим -2014» дар сатҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои узви СММ баргузор гардид. Ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиш Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода намояндагӣ кард. Зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода аз роҳбарони ҳайатҳо ва сарони ташкилоту созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, то дар ҳамбастагӣ дар бартарафсозии таҳдидҳои ба башарият нигаронидашудаи тағйирёбии иқлими сайёра ва ҳолатҳои сунъии ба тағйирёбии иқлим мусоидаткунанда тадбирҳои муштарак роҳандозӣ намоянд.
2
ДАЪВАТ-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 19871996 ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
Ташаккули заминаҳои меъёрию ҳуқуқии ИҶТ 20 сентябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» семинар дар мавзӯи «Ташаккули заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва амалии намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, ҳамчунин, истифодаи хизматрасонии волонтёрӣ» баргузор гардид. Дар он 30 нафар роҳбари ҷавон ва волотёрҳо иштирок доштанд. Мақсад аз баргузории ҳамоиш рушд додани ташаккули заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва амалии намояндагиҳои Иттифоқи ҷавонони кишвар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахт, истифодаи хизматрасонии волонтёрӣ дар рушди фаъолият, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-1015 маъ-
нидод гардид. Қобили зикр аст, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аввалин ташкилоти ҷавонони ташаббускор ба ҳисоб меравад, ки дар даврони мушкилоти давлатсозӣ саҳми назаррас гузоштааст ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои корнамоиҳояш баҳои баланд гирифтааст.
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
ПЕШРАФТ
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд. 2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин, шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 3. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал мукаммалгардонии онҳоро бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд. 4. Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳру ноҳия масъул аст.
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
5. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. 6. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе, 16 сентябри соли 2014, №278
Донишҷӯён - тарғибгари фарҳанги миллат Чанде пеш дар вилояти Астрахани кишвари Русия ҳамоиши байналмилалии таълимии «СелиАС – 2014» доир гардид. Дар он ҷавонон аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни макотиби олии Русия, кишварҳои назди Балтика, ҳамчунин, донишҷӯёни тоҷик, ки муҳассилини макотиби олии Русия мебошанд, ширкат намуданд.
Ифтитоҳи маркази бозомӯзӣ Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар назди Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Қайроққум маркази бозомӯзӣ таъсис ёфт.
Дар он аз рӯйи барномаҳои тиҷорат, эҷод, ҳифзи муҳити зист ва фарҳанг чорабиниҳо доир гардиданд. Ҷавонони тоҷик таҳти роҳбарии донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Астрахан Мансур Ҳайитов чанд барномаи рақсиро пешкаши иштирокдорон намуданд. Донишҷӯи курси чорум, муовини роҳбари Ҷамъияти тоҷикони вилояти Астрахан Некқадам Саидов корҳои ташкилӣ ва техникии ҳамоишро ба зимма дошт. Ҳамчунин, дар барномаи тиҷоратӣ лоиҳаи худро ба ҳозирин бобати истифодаи изи панҷаҳои даст ҳангоми воридшавӣ ба муассисаю корхонаҳо чун рухсатнома пешкаш намуд. Лоиҳа аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифт. - Ширкат дар чунин чорабиниҳо ба мо донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил машғулем, имкон медиҳад, на танҳо савияи донишандӯзии хешро ба дигарон нишон диҳем, балки фарҳанги бою ғании миллатамонро низ муарифӣ намоем, - гуфт Некқадам Саидов.
Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки таъсиси чунин марказ якумин дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, на танҳо барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Дар оянда олимону коршиносони хориҷӣ ва ватаниро ба ҳалли муаммоҳои экологӣ ҷалб намуда, бо онҳо ҳамкориро вусъат додан лозим. Ҳамон рӯз дар марказ семинари бозомӯзӣ таҳти унвони «Сиёсати ягонаи давлатии экологӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони кумита дар мавзӯъҳои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ, зарурати таҳияи дастурамалҳо, сиёсати давлатӣ дар самти экспертизаи давлатии экологӣ, таъмини риояи хати муҳофизати манбаъҳои обӣ, назорати давлатӣ дар самти олами набототу ҳайвонот, усулҳои тартиб додани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, усулҳои ҳисоб намудани пардохтҳои ҳатмии экологӣ маърӯза намуданд. Оянда баргузории чунин семинарҳо дар мавзӯъҳои мухталифи экологӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
СЕМИНАР
Таъсиси Шӯрои олимон дар Душанбе 23 сентябри соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур семинари илмӣ-амалӣ, таҳти унвони “Таҳаввулоти 23 соли исттиқлолият ва нақши ҷавонони пойтахт дар арсаи корнамоиҳо” баргузор гардид.
“Тоҷикистон кишвари туризм” Бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур 22 сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии туризм, ки ҳар сол 27 сентябр таҷлил мешавад, дар Литсейи касбӣ, хизмат ва туризми пойтахт семинар-машварати илмӣ-амалӣ оид ба мавзӯи “Тоҷикистон кишвари туризм” баргузор гардид. Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни сухани ифтитоҳӣ мақсад аз гузаронидани семинари мазкурро инкишофи туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва шаҳрвандони хориҷ ба мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакат, табиати нотакрор, обҳои шифобахш, маданият, урфу одатҳои миллии мардум ва му-
аррифии ҳарчи бештари он дар дохил ва берун аз кишвар маънидод кард. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки ҷалб намудан ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус, роҳбаладҳо дар шароити кӯҳӣ дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ, фаъолияти
пурсамари ширкатҳои туристии кишвар масъалаи аввалиндараҷа аст. Дар охир аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон оид ба рушди туризми кишвар ба масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббосиддин Саймуддинов изҳор намуд, ки “Боиси фараҳмандист, ки фазои орому осоиштаи диёр шароити мусоидро барои зиндагии муносиби ҷавонон, таҳсилу шуғли онҳо фароҳам овардааст. Имрӯз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, таваҷҷуҳ ба насли ҷавон зиёд аст. Ҳар гуна тадбирҳое, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, пеш аз ҳама, барои беҳбуд бахшидан ба кору фаъолияти ҷавонон роҳандозӣ мешаванд. Дар кишвар дар пешбурди тамоми соҳаҳо нақши ҷавонон бориз буда, таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавону болаёқат хеле зиёд гардидааст. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонон низ пайваста аз пайи омӯзиш буда, кӯшиш мекунанд, то дар ин ё он соҳа муваффақ гардида, баҳри рушду нумӯи Ватан ҳисса гузоранд”. Номбурда афзуд, ки дар соҳаҳои варзиш, фарҳанг ва иқтисодиёту сиёсат ҷавонони фаъолу боистеъдод кам нестанд ва аксари онҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ бо дастовардҳои худ миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд. Сипас, сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон бобати роҳҳои ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ ва дастовардҳо дар 23 соли охир ибрози андеша карданд. Ҳамзамон, дар семинари мазкур, дар назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон таъсис ёфт. Гуфта шуд, ҳадаф аз таъсис додани шӯрои мазкур муттаҳидсозиву дастгирии олимон ва муҳаққиқони ҷавони шаҳри Душанбе мебошад.
ОБОДОНӢ
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
РУШДИ ТУРИЗМ
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” КИТОБИ НАВ
Чопи «Девони ашъор»-и Далат Сафар
Шанбегии умумишаҳрии ҷавонон Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба ифтихори 90-солагии пойтахт ва дар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии «Ин Ватанро мо-ҷавонон сабзу хуррам мекунем», 20 сентябри соли равон бо ҷалби доираи васеи ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт шанбегии умумишаҳрӣ доир шуд. - Ин иқдом то ҷашни 90-солагии пойтахт аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳиявӣ минбаъд низ мунтазам идома хоҳад ёфт, - зикр кард Аббосиддин Саймиддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Китоб бо кӯшиши доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар таҳия шуда, дар он ғазалиёт рубоӣ ва шеърҳои сафеди шоир гирд оварда шудаанд. Доктор Шамсулҳаққи Ориёнфар дар пешгуфтори китоб чунин навиштааст. «Сурудаҳои Давлат Сафар моломол аз муҳаббат ба Ватан, таърихи гузаштаву имрӯзи миллат ва мардуми заҳматкашу самимии тоҷик аст. Арзишҳо, мафоҳим ва дардҳое, ки дар ин маҷмӯа бозтоб ёфтааст, аз сӯи дигар дардҳои ҳамагонӣ ва муштараки башарӣ аст. Он чи ки ҳама инсонҳо ва миллатҳои ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳаёти рӯзмараи хеш ҳар он ва ҳар лаҳза таҷриба намудаанду менамоянд». Дар маҷмӯаи ашъори Давлат Сафар шеърҳои «Нома ба рӯҳи Мавлавӣ»,
«Нома ба рӯҳи устод Турсунзода», «Анвои мо», «Табият», «Ориёни тоҷик», «Истиқлоли мо», «Шеъри гаҳвора», «Зиндагии шаб» ва ғайра гирд оварда шудаанд.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Бунгоҳи интишороти «Майванд»-и Афғонистон чанде пеш китоби шоири тоҷик Давлат Сафарро зери унвони «Девони ашъор» аз чоп баровард.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
4
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Тибқи омор ҳар рӯз дар ҷаҳон 365 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Аз ин нишондод 26 фоиз дар Африқо, 57 фоиз дар Осиё, 5 фоиз дар Аврупо, 9 фоиз дар Амрикои Ҷанубӣ, 3 фоиз дар Амрикои Шарқӣ ва қариб 1 фоиз дар Австралия ва Уқёнус мебошад. Ҳамчунин, ҳар сол наздики 59 миллион нафар дар ҷаҳон мефавтанд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба 160 ҳазор рост меояд. Ҳар дақиқа 110 фавт ва ҳар ду сония 2 фавт сурат мегирад. Ҳар 102-юм сония касе дар ҷанг, ҳар 61-ум сония аз дасти қотил, ҳар 39-ум сония аз худкушӣ, ҳар 26-ум сония аз садамаи нақлиёт, ҳар 3-юм сония аз гуруснагӣ ва ҳар 3-юм сония кӯдаки то панҷсола ба ҳалокат мерасанд. Дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун дар як сол аз 31 то 33 ҳазор нафар мефавтанд. Масалан, соли 2013 31 ҳазору 785 нафар сокини ҷумҳурӣ ҷон ба ҷонофарин супурдаанд. Миёни фавтидагон 6441 нафарро 14-30-солаҳо ташкил медиҳанд. Наздики 35 фоизи фавтидагон кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон шумораи умумии фавтидагон дар ҷумҳурӣ ба 16 392 нафар расидааст, ки 1300 нафарашро кӯдакони то яксола ташкил медиҳанд. Аҳрор Аскаров, ходими калони илми демография, оид ба ин мушкилот чунин иброз намуд: “Афзоиши табиии аҳолӣ ду раванд дорад: якум, сатҳи таваллуд, дуюм, сатҳи фавт. Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна афзоиши табиии аҳолӣ дар як сол ба 2,1 фоиз баробар аст. Дар шароити имрӯзаи кишвар ин рақам хеле зиёд аст. Қариб баробари афзоиши аҳолии давлатҳои Африқо аст. Сатҳи фавт нисбат ба солҳои пеш паст шуда истодааст. Лекин фавти бештари наврасону ҷавонон дар ҷомеа барои мо мутахассисон нигаронкунанда аст. Сатҳи афзоиши фавт паҳлӯҳои гуногун дорад. Яке аз онҳо муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Барои он ки бештари муҳоҷиронро наврасону ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Фавт ду намуд мешавад: табиӣ ва иҷтимоӣ. Фавти иҷтимоӣ беш-
Омилҳои фавт дар кишвар тар аз ноустувории ҳаёт, сатҳи пасти зиндагӣ, камғизоӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва тарзи зиндагӣ мебошад. Ҳаштод фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз тарзи зиндагӣ ва вазъи иқтисодии оила мемиранд, ки яке аз омилҳои асосӣ аст гӯем, хато нахоҳем кард”. Тибқи иттилои сомонаи “faraj.tj” шумораи фавтидагон дар муҳоҷират аз моҳи январи соли 2013 то моҳи марти соли 2014 ба 500 нафар мерасад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Омилҳои марги муҳоҷирон дар заҳролудшавӣ, нохушӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва бемории асабу дил дониста шудааст. Сатҳи фавти наврасону ҷавонон, умуман, ҷомеа омилҳои зиёде доранд, вале аз ҳама бештар, омили худкушӣ байни аҳолӣ мебошад, ки бисёре аз равоншиносон, ҷомеашиносон ва коршиносонро ба ташвиш овардааст. Дар ҳақиқат, сол ба сол худкушӣ бо роҳҳои гуногун дар ҷумҳурӣ зиёд шуда истодааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки ба ин амали номатлубу нангин бештар наврасону ҷавонон, махсусан, занон даст мезананд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2013 568 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ даст ба худкушӣ зада, фавтидаанд, ки 299 нафарашро занон, 55 нафараш-
ро ноболиғдухтарон ва 101 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тайи шаш моҳи аввали соли равон 318 нафар шаҳрванди кишвар аз худкушӣ фавтидаанд. Зарина Кенҷаева, равоншинос, доир ба ин мавзӯъ чунин изҳори андеша кард: “Худкушӣ амали нохуш аст, вақте ки як наврас ва ё ҷавон дар айни созишу созишкориву зиндагӣ кардан аст, даст ба худкашӣ мезанад. Яъне, нисбат ба ҳаёт ва зиндагии худ ҷабру ситамро раво мебинад. Агар таҳлил кунем, ба хулосае мерасем, ки вай роҳи дурусти ҳалро оид ба ягон мушкилот ёфта натавонистааст ва ё дар муҳити носолим ба воя расидааст. Ба назари ман, яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии худкушию нисбат ба ҷони худ ҷабр кардани ҷавондухтарон мардонанд. Мардони мо дар оила нисбат ба духтарон хеле сахтгир мебошанд”. Ба андешаи равоншинос фазои оилавии ин қабил хонадон ҳамеша пурмоҷарост. Дар муносибатҳои зану шавҳар зуд-зуд баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд меоянд. - Омили дигари ба худкушӣ даст задани шаҳрвандони кишвар носолимии оила, носолимии муҳити ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои он, ки сатҳи худкушӣ дар ҷумҳурӣ камтар гардад, солимии оила ва ҷомеаро бояд муҳайё кунем ва ҷомеа оид
ба ин проблема саҳм гузорад, - афзуд З. Кенҷаева. Абдуллоҳ Қодирӣ, сиёсатшинос ва коршиноси равобити байналхалқӣ, оид ба ин проблемаи мазкур чунин ибрози ақида кард: “Мувофиқи таҳлили коршиносон сабабҳои сар задани ҳар ҳодисаву рӯйдод ва ё воқеа ҳеҷ гоҳ як ё ду масъала намебошад. Омилҳои асосии фавти аҳолӣ ба ду даста ва ё ду гурӯҳ тақсимбандӣ мешавад: дохилӣ ва берунӣ. Омили дохилӣ иборат аст аз вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равонӣ. Масалан, бори сангини зиндагӣ бар дӯш меафтад ва ин масъулияти бузургро ба танҳоӣ кашида наметавонаду даст ба худкушӣ мезанад. Набудани ғизои солим, набудани муҳити солим ва оромии хонаводагӣ, асабоният ва афсурдагӣ, истифодаи маводи мухаддир байни ҷавонон сабаби марги онҳо мегардад. Омилҳои хориҷӣ иборат аз истеъмоли маводи мухаддир, низоъ, ҷангу кашмакашиҳо, муҳоҷират, инқилоб ва табадулот мебошад. Масалан, низоъҳо, ҷангҳо ва нооромиҳои дохилию хориҷӣ, риоя накардани техникаи бехатарии кор дар муҳоҷират, иштирок дар инқилобу табаддулот боиси ҳалокати ҷавонон мегардад. Воқиф набудан аз дину мазҳаб ва надоштани ақидаи дуруст, холигии фикрӣ ва фарҳангӣ боиси ба дом афтонидани ҷавонон ва наврасон ба равияҳои ифротӣ ва саранҷом боиси фавти онҳо мегардад». Маъруф Мавҷудов, номзади илмҳои тиб, сабабҳои фавти наврасону ҷавононро дар ҷомеа на аз муҳоҷират, балки аз беэҳтиётӣ, беэҳтиромӣ ва камсаводии худи онҳо медонад. «Мардуми мо нисбат ба худ бисёр беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа намедиҳанд. Вақте бемор мешаванд, ба беморхона ва ё духтур муроҷиат намекунанд, агар кунанд ҳам баъди аз ҳад зиёд авҷ гирифтани беморӣ». Агар сол то сол маргу мири аҳолӣ, хусусан, ҷавонон зиёд шудан гирад, пас, баъди чанд сол сафи наврасону ҷавонон коҳиш меёбад, ки хатар ба давлату миллат мебошад. Бинобар ин, мақомоти дахлдор бояд дар андешаи аз байн бурдани омилҳои марги ҷавонон ё кам кардани онҳо бошанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оид ба кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳру навоҳии вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» доир гашт.
Ифлоскунандагони ҳаво ҷарима шуданд Ба иттилои Ҷамшед Азизов, сармутахассиси шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи раёсат, мутахассисони шӯъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаи назорати таҳлилии раёсат ва шӯъбачаи милитсияи экологии воситаҳои нақлиёти ШБДА-и Раёсати корҳои дохилӣ муддати як моҳ фаъолияти 10 адад муассисаи нақлиётии автомобилии шаҳру ноҳияҳоро оид ба паст кардани таъсири моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, инчунин, мавҷудияти нуқтаҳои назоратию танзимкунӣ, ташкили таъмири системаи сӯзишвории нақлиётҳоро аз санҷиш гузарониданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки дар ин муассисаҳо таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди
таҷҳизоти дуду газченкунак (газоанализатор), нуқтаҳои назоратию танзимкунӣ вуҷуд надоранд. Танҳо дар муассисаҳои нақлиётии автомобилии шаҳри Истаравшан, аз ҷумла, ширкати нақлиётии «Дӯстӣ» ва XММ МНА4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нуқтаҳои назоратию танзимкунӣ мавҷуданд ва таъмири системаи сӯзишвории нақлиётҳо ташкил шудааст. Инчунин, дар шоҳроҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда 37 маротиба санҷиши интихобии нақлиёти автомобилӣ оид ба риояи меъёри стандартҳои давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 561 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузарони-
да шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба фазои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизел, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 157 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, моддаҳои ифлоскунандаро ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд. Дар натиҷа барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва вайрон намудани моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб ва, барои чора андешидан ба БДА-и шаҳру ноҳияҳо фиристода шуд.
Аҳмадзай - Президенти Афғонистон
Китоб сарчашмаи дарёи ақл аст Бузургон мегӯянд, “Хонаи бе китоб мисли рӯзи беофтоб аст”. Дар воқеъ, агар рӯзе офтоб надурахшад ё дар фасли ҳосилпаз офтоб тулӯъ накунад, ҳатман меваҳои дарахтон нопӯхта мемонанд. Мисли ҳамин, дар ҳар хона ва ё дар ҳар ҷомеае, ки китоб ва ё китобхона набошад, ҷавонони он ҷомеа, ки ҳукми меваҳоро доранд, хому норасида мемонанд. Бояд қайд намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд, ба тарзи дигар гӯем, ҷавонон назири баҳре ҳастанд, ки мо метавонем аз ин баҳр боғу бустонҳо бунёд кунем ё боғу бустонро ба регистону хористон табдил диҳем. Пас, маълум мегардад, ки ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳам нақши созанда ва ҳам нақши сӯзанда доранд. Агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем, дар ин сурат онҳо як нерӯи созандаву бунёдкор ба камол мерасанд. Чуноне ки донишмандон дар фазоили китоб мегӯянд: “Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хоса, ойинаи ҳаёт ва калиди дари гаҷи сухан аст”. Дар воқеъ, агар имрӯз ҷавонони мо дар хона ё дар китобхона нишаста, китоб мутола намоянд, бо боварии комил гуфта метавонем, ки онҳо нобиғаю донишманд мегарданд. Мутолеаи китоб барои ҷавонон мисли антивирус мебошад. Агар мо хоҳем, файлҳои компютерамонро аз шарри вирусҳои зараррасон эмин дорем, ба мо лозим аст, ки компютери худро бо антивирус муҷаҳҳаз гардонем. Вақте мо китоб мехонем, он гӯё назири ативирусест, ки вирусҳое, ки дар ҷомеаи мо аз ҷониби ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро паҳн гардидаанд ва мехоҳанд, ки файлҳои бунёдкори ҷавонони моро аз байн баранд, оҳоро монанди нақши руйи об нобуд месозанд. Дар замони муосир техникаву технология ба дараҷаи баланд рушд кардааст, ки мо метавонем бо пахши як тугмача аз тамоми китобхонаҳои электронӣ ва хабарҳои ҷаҳон огоҳ гардем. Аммо интернет бо вуҷуди шуҳрати бузург доштанаш, натавонист, ки фазилат ва қимати китоб ва китобхонаро коста намояд. Зеро одатан дар ҳар асру замон падидаи ҷадид қимати падидаи қадимро аз байн мебарад. Ба хотири он ки ҳар холиқе бузургтар аз махлуқ аст. Аммо... Копютер назар ба инсон миллион маротиба пештар ва дақиқтару амиқтар масъалаҳои
математикиву физикиро ҳал менамояд. Вале вақте суол пайдо мешавад, ки компютер бузургтар аст ё инсон, ҳатман дар посух ҳама иттифоқи назар ба бузург будани инсон доранд. Зеро компютер бо вуҷуди он ҳама фазоилаш маҳсули таффакури инсон аст ва тафакури инсон аз китобхонӣ ва рафтан ба китобхона маншаъ мегирад. Бартарии дигараш дар он аст, ки кас агар соатҳо китоб мутолеа намояд, хаста намегардад. Лекин агар мо дар назди компютер нишинем, зиёда аз 3 ё 4 соат хонда наметавонем. Барои он ки компютер нури чашми моро хира мегардонад. Ҳамчунин, имрӯз на ҳамаи ҷавонон фарҳанги истифодаи интернетро медонанд. Аксари онҳо на барои хондан, балки барои тамошои манзараҳои ғайриахлоқӣ вориди он мешаванд. Дар ин лаҳза интернет барои мо ҷавонон ҷабҳаи сӯзанда дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар барои донишҷӯ аз ҷониби муаллим супорише, ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзӯъ дода шавад, ӯ ҳатман ба назди компютер нишаста, номи мазӯъро менависад ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ онро дастраст намуда, ба муаллим медиҳад ва ба истилоҳ, ҷони худро халос менамояд, ки дар ин сурат ин толибилм ҳам худро ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад. Агар ӯ барои навиштани реферат пажӯҳиш мекарду китоб мехонд, мавзӯъ ба монанди нақши рӯи санг дар майнааш ҳаккокӣ мешуд. Аз қадим бузургони мо муҳаббату алоқа ба китобу китобхона доштанд. Ин аъмоли некашон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро касб карданд. Чуноне нақл мекунанд, замоне ки Абӯалӣ ибни Сино Нӯҳ ибни Мансурро табобат кард, подшоҳ дар ҳузури вузарои худ пурсид, аз подоши хизматаш чӣ мехоҳад. Сино аз подшоҳ тақозо намуд, ки ӯро барои даромадан ба китобхонаи бузурги дарбор “Авонис-ул-улум”иҷозат диҳад. Подшоҳ ин тақозои ӯро пазируфт. Минбаъд ин китобхона дар ҳаёти ибни Сино таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Замоне, султон Маҳмуди Ғазнавӣ китобхонаи “Авонис-ул-улум”-ро оташ заданӣ шуд. Ибни Сино ба наздаш рафту гуфт, маро бар ивази ин китобхона ба қатл расон, вале султон Маҳмуд сухани ӯро гуш надод ва китобхонаро оташ зад. Ибни Сино бо ҷасорат дар рӯ ба рӯяш чунин гуфт: “Пойи номубораки Маҳмуд, гар ба дарё расад, барорад дуд”. Хулоса, бояд мо – ҷавонон аз ҳаёти бузургонамон омӯзем. Аз шароиту имкониятҳое, ки муҳайё мебошад, самаранок истифода барем.
Ҷалолиддин НУРОВ, мудири Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукмати ҷумҳурӣ
Абдулло гузашт кард ё пайравонашро фурӯхт? Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон 21 сентябр баъд аз бозшумории даври дуюми интихоботи президентӣ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро Раиси Ҷумҳурии Афғонистон эълон кард. Ҳарчанд Юсуф Нуристонӣ, раиси комиссияи мазкур бо пахши изҳороте дар ин хусус расман иттилоъ дода бошад ҳам, аз баёни мушаххаси миқдори овозҳои номзадҳо худдорӣ кардааст. Вақте натиҷаи интихоботи президентии Афғонистон расман эълон шуд, иддае аз мунаққидони афғон гуфтаанд: “Интихобот дар Афғонистон як амали бемаъност, вақте чанд номзад пешниҳод мешавад ва баъди ним сол онҳо ба мувофиқа мерасанд, то кадомеро бояд президент баргузинанд”. Маврид ба ёдоварист, ки баъди анҷоми даври дуюми интихоботи президентӣ дар Афғонистон яке аз муддаиёни мақоми президентӣ, собиқ вазири хориҷаи ин кишвар, доктор Абдулло Абдулло расман эълон дошт, ки интихобот бо тақаллуб сурат гирифтааст. Сипас, намояндаҳояшро аз ҳавзаҳои интихоботӣ бозхонд. Он замон доктор Абдулло изҳор дошт, ки раиси Комиссияи интихобот ва намояндаҳои ин комиссия дар минтақаҳо ба нафъи рақиби вай Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай кор мекунанд. Дар пайи эътирози доктор Абдулло ва пайравонаш 7 июл Барак Обама намояндаашро ба Афғонистон фиристод. Гуфтугӯи намояндаи ИМА Ҷон Керрӣ бо Абдулло ва Аҳмадзай ду рӯз идома ёфта, ба натиҷа расиданд, ки ҳамаи овозҳо аз сари нав шумурда шаванд. Инчунин, номзадҳо розӣ шуданд, ҳар натиҷаеро, ки баъди бозшуморӣ муайян мешавад, бечунучаро бипазиранд. Қарор ҳам доданд, ки номзади баранда президенти Афғонистон ва номзади ноком Раиси Шӯрои Олии ин кишвар хоҳад шуд. Акнун, тибқи ҳамон қарор ҳукумати нави Афғонистон миёни Аҳмадзай ва Абдулло бояд тақсим шавад. Инро худи номзадҳо ҳукумати эътилофӣ ё ҳукумати ваҳдати миллӣ ном кардаанд, чунки дар он ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсии кишвар бояд ширкат кунанд. Қобили зикр аст, ки баргузории даври дуюми интихобот дар Афғонистон беш аз се моҳ тӯл кашид. Дар ин муддат дар Афғонистон гоҳ эътирозҳо авҷ гирифтанд, гоҳе хомӯш шуданд. Дар танзиму ба эътидол овардани мавҷи норозигиҳо, ки интихоботи президентии Афғонистон, хоса даври дуюми он дар пай дошт, пеш аз ҳама, ба мувофиқа омадани ду номзад нақш дошт. Ба мувофиқа расидани номзадҳо бошад, бо таъсири ду қувва - президент Ҳомид Карзай ва Амрико даст дод. Чунин намуд, ки баъди омадани намояндаи ИМА ба Афғонистон, оташи “ғазаби” Абдулло Абдулло, ки бо шиддат изҳор медошт, барандаи интихобот ӯст ва агар ҳақ ба ҳақдор нарасад, тимаш ҳукумати худро таъсис хоҳад дод, комилан фурӯ нишаст. Вақте Ҷон Керрӣ бо номзадҳо дар Афғонистон суҳбат кард, масъалаи панҷоҳ ба панҷоҳ тақсим шудани ҳукумат байни Абдулло ва Аҳмадзай пайдо шуд. Ин роҳи ҳал, мисле ки доктор Абдуллоро қонеъ кард. Яъне, ба вай ваъдаи мансаб доданд ва ӯ розӣ шуд дигар доду фиғон набардорад. Мисле ки кӯдаки гирёнро ба хотири хомӯш шуданаш қанд медиҳанд ва ӯ аз гиря мемонад... Дар таърихи Афғонистон ин тарзи корбарӣ бесобиқа нест. Соли 2001 ҳам дар Бонни Олмон Абдулло Абдулло (ва Юнус Қонуниву Муҳаммадқосим Фаҳим, ҳар се аз шогирдони Б. Раббониву ҳамсангарони А. Масъуд) ба хотири мансаб Бурҳониддин Раббониро фурӯхта буд. Он замон ба вай дар ҳукумати давраи гузари Афғонистон вазифаи вазири хориҷаро ваъда карданд. Ӯ пазируфт ва ба ивазаш на Бурҳониддин Раббонӣ, балки Ҳомид Карзайро дастгирӣ кард. Ин усули пешгирифтаи ИМА (бо додани мансаб даҳони эътирозгаронро бастан) ҳам соли 2001 кор дод ҳам соли 2014. Шояд боз солиёни дигар ҳам ба кор ояд. То он даме ки арзишҳои муҳиме чун хизмат ба халқ ва таъмини сулҳу амнияти кишвар қурбоони ҷоҳу мансаб мешаванд... Ин чиз ба ёд нақли як соҳибкори тоҷикро меорад, ки чанд муддат дар Афғонистон қарор дошт ва аз зиндагии мардуму сиёсату иқтисоди он кишвар ба хубӣ огоҳ шуда. Баҳори соли равон, вақте Афғонистон тараддуди интихобот дошт, он соҳибкорро тасодуфан вохӯрдам. Иттифоқан, як рӯз пеш аз Афғонистон омада буд. Пурсидам, ки кадоме аз се номзади Афғонистон (Абдулло, Аҳмадзай, Залмай Расул) шанси бештар барои ғолиб шудан дорад? Гуфт: “Ягонтои инҳо дар фикри Афғонистону афғонҳо нестанд. Ҳар кадомашон сарватманданд, ҳудуди калони заминҳоро дар Афғонистон соҳибанд. Кори аслишон тиҷорат аст. Аз инҳо ягон зарра ба мардуми афғон фоида нест. Бар ивази пул, мансаб ба табли дилхоҳ давлати хориҷӣ мерақсанд. Аммо Фаҳим дигар буд. Аз ӯ метарсиданд. Барои ҳамин коре карданд, ки то интихоботҳо ӯро бардоранд. Воқеан, ҳанӯз даҳ шумора пеш (шумораи 29-и соли равон) дар матлабе бо номи “Афғонистон: Иродаи мардум кор медиҳад?” навишта будем, ки эҳтимол Аҳмадзай баъди бозшумории овозҳо дар даври дуюм низ «баранда» шавад. Имкони ғалабаи Абдулло заиф аст, чунки аз пуштибонии ИМА бархӯрдор нест. Дар Афғонистон нафари аз ҷонибдории амрикоиҳо бархӯрдор намояндаи паштунҳост. Паштунҳо шарики Покистонанд ва Покистон шарики боэътимоди ИМА дар минтақа. Бинобар ин, ҳар амале, ки дар ин ҷо сурат мегирад, ҳатман бо назардошти манфиати онҳо анҷом мешавад...
М. САИД, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
5
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
ФАРҲАНГ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
6
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Муллоҳо аз муаллимон фаъолтаранд? Дар назди бинои литсей теъдоде аз хонандагон ҷамъ ва чанд нафар омӯзгор дар пешорӯи онҳо рост меистоданд. Нафаре, ки шояд сарвари литсей буд, бо баландгӯяк ба шогирдон маслиҳат медод. Аз кунҷковӣ суръати гаштамро сусттар карда, ба суханҳои муаллим гӯш додам, ки батамом лаҳҷавӣ буд. Инаш ҳам ба хайр мебуд, агар канда-кандаву берабт гап намезад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро аксар дар маҷлису ҷамъомадҳои калон аз «шпаркалга», матни пешакии хоҳ аз ҷониби гӯянда, хоҳ каси дигар омодашуда сухан мекунанд? Бадбахтӣ он аст, ки ҳангоми таҳсил онҳое, ки дигар касбу соҳаҳоро ба хотири оянда мансаберо соҳиб шудан интихоб менамоянд, омӯхтани забони модарӣ ва адабиёту таърихи миллатро чандон муҳим намедонанд. Дар натиҷа, ба назди издиҳом баромада, ҷумлаи дурустеро бадоҳатан баён карда наметавонанд. Ҷои тааҷҷуб ҳам намебуд, агар аксар мутахассисини бевоситаи забон ва адабиёт ба ин дард мубтало намебуданд, дар ҳоле ки муаллимони фанҳои дигар ҳам донистани он се фанни барои ҳар як ватандор фарзу суннатро барои худ зарур намешуморанд. Ҳаминҳоянд асосан буду шуди иллат аз забонхоиву кӯтаҳзабониҳоямон дар зарурат. Омили дигари равонии нутқ, таъсирбахш гап зада тавонистан, хондан ва боз ҳам мутолиаи асарҳои гуногуни бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ва динӣ мебошад. Мутолиаи ҳамешагӣ шабеҳи зудзуд чарх кашидани корди хонагӣ бо мақсади осон реза кардани гӯшту сабзию пиёзу картошка барин маҳсулот аст. Агар дами корд кунд бошад, кор бо мушкилӣ пеш меравад, маҳсулот исроф, вақт зоеъ мешавад ва билохира, дастони кадбону обила мекунанду дардманд мешаванд. Худ қазоват кунед, ки кадом як ҷанговар ба набард бо шамшери дамаш гаштагӣ ба майдон мебарояд ва мехоҳад мағлубу шарманда шавад? Айнан, дар назди издиҳоми бузурги одамон бо сиккаву сурат ва салобати бузург гуфта натавонистани як ҷумлаи
дурусту бомаънӣ, на камтар аз ҳар гуна шармандагист. Эҳтимол, баъзеҳо ба фикри мо розӣ набошанд, ки воизию наттоқӣ истеъдод асту на ба ҳар кас муяссар мегардад. Баҳс намекунем, вале дар гумон аст, ки ҳамаи онҳое, ки бо худомӯзӣ муллоиро пеша кардаанд ва ҳатто мактаби ҳукуматиро дуруст нахонда, мадрасаи диниро хатм накарда, аз воизони моҳир шудаанд, истеъдоди модарзодӣ дошта бошанд. «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд» фармудааст Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ. Бо ибрат истиқбол мекунем аз муллоҳои донишманд, ба шарте дар роҳи шариати Худо рост буда, бо меҳнати ҳалол нон пайдо ва муллоиро ба худ касб накунанд. Аз муаллимон бошад, хоҳиш доштем, ки нангу номусро аз даст надода, аз муллоҳо кам наоянд, зеро тақдири ҳазорон ҳазор толибилме, ки оянда сарнавишти кишвар ба онҳо вогузор мегардад, ба онҳо бовар карда шудааст. Асосан, таълиму тарбияи насли наврас вазифаи онҳост. Танҳо муаллими ҳаматарафа донишманд қодир аст, инсони ҳаматарафа комилро ба камол расонад ва ба ҷомеа бахшад. Аз чӣ гуна шахсияте ба камол расондани онҳо пешрафту авзои минбаъдаи ҷумҳурӣ вобастагии калон дорад. Чӣ омилҳоест, ки муллоҳоро аз муаллимон пешрафтатар кардааст? Такрор шавад ҳам, аксари онҳое, ки аз пайи муллоӣ шудаанд, дар замонаш мактаби миёнаро ҳам дуруст хондагӣ нестанд. Онҳое, ки муаллиманд, маълум, ки ҳам дар мактаби миёна, ҳам дар донишгоҳ ё донишкадае чанд сол дониш омӯхтаанд. Дар аҳди шӯравӣ пешқадамтарин, обрӯмандтарин шахс муаллим буд. Маоши баланд, имтиёзҳои гуногун доштанд. Ҳоло ҳам ба мушкилиҳои пешомада нигоҳ накарда, оҳиста-оҳиста ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон зина ба зина боло бардошта мешавад. Аммо муллоҳо аз ҷое маош намегиранд, имтиёзте надоранд ва ҳарчанд ноҷоиз аст, даромади зиёде аз ин ҳисоб аз худи мардум ба даст меоранд. Сатҳи зиндагиашон бамаротиб аз муаллимон болотар аст. Агар озмун баргузор намоем, маълум мешавад, ки то куҷо камина ҳақ ҳастам. Муллое соатҳо аз минбар, бидуни коғазе, монда нашуда, фасеҳу равон сухан мекунад ва сомеонро ҷалб мекунаду ба ваҷд меорад. Гоҳ аз аҳодиси Пайғомабар (с), гоҳи дигар аз ашъори шоирон далелу иқтибосҳои бамаврид ба хотири тақвияти суханҳояш меорад. Ҳама ҷавҳари гуфтори ӯ эҷоди
дигаронанду воиз онҳоро фақат хуб азбар карда, чизе аз худ илова, зам накардааст. Яъне, бо усули худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ фаъолияташро ба роҳ мемонад. Ба натиҷаи кори худ ҳавасманд аст. Муаллим бошад, бо дилпурӣ аз маоши мегирифтааш дар ҳамон доираи шахшудаи «нақшаи дарсӣ, конспект»-и фанни худ, ки ҳар сол бо каме тағйиру иловаҳои сарсарӣ пешниҳодаш менамояд, то дер баромад карда наметавонад. Дигар ин ки «рӯзгор ойинаро муҳтоҷи хокистар кунад» гуфтагӣ барин, ба қавле, дар болои соатҳои дарсӣ ҷанг аст. Ҳар муаллим кӯшиш менамояд, ки соатҳои зиёдтар дошта бошад. Касе фикр намекунад, ки аз иқтидор зиёд гирифтани уҳдадорию масъулиятро оқилон маслиҳат намедиҳанд. Дар натиҷа, хоҳ-нохоҳ сифати таълиму тарбия паст рафта, дарсҳо сар-сарӣ ё қисмате умуман намегузаранд. Пас, бо чунин усул ва шева чӣ тавр метавон диққати шогирдонро ҷалб ва дили онҳоро
омӯзгоронро дар пешрафти ҷомеа нодида гирифтан ҳам камоли носипосист. Намояндагони ҳама касбу кор дастпарварони омӯзгоронанд. Бе омӯзгор на раис асту на вазир, на духтуру сохтмончӣ, на адиб, на кайҳонавард. Аз хурд то бузург, аз қаторӣ то воломақом чун сухан дар мавриди забону адабиёту фарҳангамон равад, чунон гап зада, миллатамонро ба осмони ҳафтум мебарорем, ки назир надорад. Албатта, ифтихор аз миллат хуб аст, ба шарте воқеият, замина дошта бошад. Лекин агар аз аксари мо пурсон шаванд, дар бораи забон, адабиёт ва таърихи миллатамон ба ҷуз гапҳои умумӣ ба қавле, «бало»-ро намедонем. Аҷибаш ин ки чаро намедонем ва дуюмдараҷаву сеюмдараҷа меҳисобем? Аҳамият дода бошед, одитарин афғон дар гуфтор дилхоҳ олими тоҷикро “бо як нӯл мезанад”. Мо бошем, аз ҳамон «шпаргала»-и мероси шӯравӣ чун тифл аз модар ҷудо шуданӣ нестем.
ба таҳсил гарм намуд? Имконият ёфта, маоши омӯзгоронро баланд ва соатҳои дарсиашонро кам кардан лозим асту талаботу пурсиш аз онҳоро бештар. Ба иззати нафси омӯзгорон расиданӣ ва гуфтанӣ нестам, ки дар байни онҳо мутахассисони донишманд каманд. Саҳми
Мурод аз мавзӯи баҳс фақат инкишофи маданияти сухангӯиямон набуда, балки таъкиди паҳлӯҳои зиёди тарбиявӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳатто давлатӣ доштани он мебошад. Хоса, дар замони ҷаҳонишавӣ ё омезишу ба ҳам омадани тамаддунҳо ин масъала ниҳоят ҳассос гардида-
аст. Бубинед, ки барои аз роҳ задан ва зери таъсир даровардани ҷавонон гурӯҳу доираҳо, ҳатто ташкилоти иртиҷоии хориҷӣ чӣ қадар ҷонкоҳониҳо карда истодаанд. Ҳатто маблағҳои бузургро баҳри пиёдасозии нияту нақшаҳои худ дареғ намедоранд. Аз вазъи кунунии мактабҳои зинаҳои гуногун истифода намуда, алллакай теъдоди зиёде аз ҷавонони моро ба дом афтондаанд. Дар натиҷа, мебинем, ки ҷавонони тоҷик узви ким-кадом як ташкилот, равияи иртиҷоӣ шуда, дар Сурия ҷиҳод доранд. Ё дар мадрасаҳои динии хориҷӣ хонда, аз мазҳаби суннатӣ, арзишҳои волои миллию ватандорӣ рӯ гардондааст. Дар натиҷа, аз ваҳҳобиён халос нашуда, ба салафиҳо дучор омадаем, ки як навъ тафриқаандозӣ миёни ҷавонони мусалмони якмазҳабу як миллат асту бас. Ҳуҷумро беҳтарин мудофиа гуфтаанд. Аз сустии ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳо истифода намуда, бадхоҳони миллату давлати мо хеле фаъол шудаанд. Саволе пайдо мешавад, ки чаро наврасону ҷавонони мо осон ба доми муллоҳои ифротӣ, гурӯҳҳои иртиҷоӣ меафтанд? Оё ин аз ҷой доштани иллатҳои зиёд дар соҳаи таълиму тарбия дарак намедиҳад? Сабаби дигари буҳрон гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодист. Дар ҳар куҷое, ки пул бозандаи нақши асосист, фасод ҳатман мавқеъ мегирад. Вақте ки ҷавон маблағи зиёд сарф карда мехонад, аз рӯзҳои аввал дар фикри чӣ тавр карда, оянда баргардондани он мешавад. Тамоми фикру зикраш ба он банд гардида, ин ҳолат ба меъёри ҳаётии ӯ табдил меёбад. Ҳатто онҳое, ки фардо афсарони низомию интизомӣ шудан мехоҳанд ва дар ҳолати зарурӣ бояд ҷони худро ба гарав монда, ба дифои марзу бум бархезанд, пул дода, таҳсил менамоянд, ки боиси ҳайрат аст. Маҳз ҳамин муомилоти пулӣ боиси коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо ва дилхунук шудани наврасону ҷавонон аз омӯхтани илму дониш ва рӯ оварданашон ба самтҳои номатлуб гардидааст. Ҷавононе низ ҳастанд, ки илоҷе карда соҳибдиплом мешаванду рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Дигар ин ки диплом ҳамагӣ ҳуҷҷатест, ки баробари гирифтанаш дар кунҷи сандуқ ҷо мешавад. Барои кори ин ё он соҳаро пеш бурдан бошад, донишу маърифат лозим аст. Дар мавриди руҳониёни миллату ватандӯст ва муаллимони асил афзуданиям, ки онҳо ҳар яке дар мавқеи худ қодир ҳастанд, чун фарзандони шоистаи миллат дар таълиму тарбияи насли ҷавон баробар саҳм бигиранд. Ин мешавад аз ҷониби онҳо беҳтарин кори хайру савоб, хизмат ба халқу Ватан.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
Тибқи ваъдае, ки Барак Обама, Президенти ИМА дод, бояд то поёни соли ҷорӣ артиши Амрикову шариконаш аз хоки Афғонистон берун шаванд. Аз он замоне, ки ин изҳорот садо дод, ҳамаро воҳима зер кард, ки баъди хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъи минтақа ва ҷаҳон бад мешавад. Ин як нуктае буд аксари пажуҳишгарону коршиносон дар таҳлилҳояшон ёдовар мешуданд. Аммо вақте таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон комилан ба Ховари Миёна кашида шуд, дигар касе не аз “Толибон” ёд карду не аз таҳдидҳои онҳо. Яъне, “Толибон” ба як омили дуюмдараҷаву кӯҳнашуда бадал шуданд. Ин бошад, бори дигар дурӯғ будани даъвои кишварҳои ғарбиро дар Афғонистон исбот кард. Балки бори дигар нишон дод, ки “Толибон” як омили сохта барои тарс додани мардуми минтақа аст. Барои машғул доштани фикру таваҷҷуҳи онҳо. Дар ин ҷо ҳамон қавли Роберт Баэр, собиқ корманди Ташкилоти марказии истихбороти ИМА ва муаллифи китоби “Шайтоне, ки мешиносем” ба хотир меояд. Ӯ навишта буд: “яке аз бахшҳои кори Ташкилоти марказии истихборти ИМА он аст, ки душманро месозад. Масалан, “Ал-қоида” аз зумраи ҳамон душманҳои сохтаест, ки соли 1988 Ташкилоти марказии истихбортӣ барои мубориза алайҳи шӯравӣ дар Афғонистон таъсис дод. Вақте шӯравӣ низомиёнашро аз Афғонистон баровард, дигар зарурат ба ин ҳаракат намонд ва хостанд онро барҳам диҳанд. Аммо қумандонҳои «Ал-қоида» чунин оқибатро қабул кардан нахостанд...” Ё тавре муҳаққиқони Афғонистон навиштаанд, ҳаракати «Толибон» соли 1994 бо кӯмаки ИМА, Англия, Покистон ва Арабистони Саудӣ таъсис ёфт. Чун дар он замон Амрико мехост бо истифода аз ширкати «ЮНОКАЛ» аз Туркманистон ба Покистон бе монеа нафт ва газ интиқол диҳад, барояш зери идора гирифтани марзи Афғонистон лозим буд. «Тамоми дахолат аз берун ба умури Афғонистон мубориза барои гузаронидани лӯлаи нафту газ аст. Чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ширкати амрикоии «ЮНОКАЛ» ва дигар ширкатҳо «Толибон»-ро барои расидан ба ҳадафҳояшон кироя гирифтаанд», -
навишта буд муаллифи китоби «Толибон» Аҳмад Рашид. Бале, дар он замон барои ИМА ва шариконаш ҳаракати “Толибон” зарур буд, то тавонанд аз захираҳои минтақа баҳра бардоранд. Имрӯз дигар онҳо лозим нестанд, чунки ба ҷои онҳо ҳаракати ДИИШ (Давлати исломии Ироқ-Шом) ҳаст ва ҳам минтақаи даҳҳо маротиб пурсарвату бойтар аз Афғонистон – Ховари Миёна... “Соҳиби” ДИИШ кист? Дар расонаҳои Ғарб, матолиби зиёде дарҷ шуд, ки “хуҷаин” ё соҳибони ҳаракати ифротии ДИИШ-ро фош мекунанд. Чун хавфу таҳдиди ДИИШ маълум гардид, таҳлилгарон ба таҳқиқу таҳлили
стратегия аз тамоми ҷаҳон ба Сурия ҷангиёну “муҷоҳидон” интиқол меёбанд. Таҳияи стратегияи “Хонаи занбӯр” барои ба вуҷуд овардани андешаи бардурӯғ, ки гӯё ба Исроил душманони беруна таҳдид доранд, зарур буд... Аммо собиқ сарвазири Исроил Моше Шаретта дар дафтари ёддоштҳояш навиштааст, ки Исроил ҳеҷ гоҳ таҳдиди арабиро ба амнияташ ҷиддӣ намегирифт. “Ёддоштҳои Шаретта нишон медиҳад, ки роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Исроил ҳеҷ гоҳ ба мавҷудияти ягон навъи таҳдиди арабӣ ба амнияташ бовар надоштааст. Балки сионистҳо бо макру ҳилла кишварҳои арабиро ба низоъ тела дода, онҳоро ваъдаи пирӯзии сареъ медиҳанд. Бо ин роҳ Исроил тавониста-
таҳти роҳбарии тренерҳои амрикоӣ машқи ҳарбӣ гузаштанд. Ҷеймс Скайлер Ҷерронд, собиқ афсари Ташкилоти марказии истихбороти ИМА, ки солҳои 2006-2007 аз роҳбарони конслагери ҳарбии амрикоӣ дар Ироқ Кэмп-Букка буд, иброз дошт, ки конслагери мазкур макони тайёр кардани экстремистон будааст. Ба қавли афсари собиқ аксарияти роҳбарони террористҳоро, ки дар ҷангҳои кишварҳои арабӣ фаъол буданд, конслагери амрикоии Кэмп-Букка, воқеъ дар Ироқ тайёр кардааст. Коршиноси рус Вячеслав Матузов дар суҳбат ба радиои “Голос России” гуфтааст, “ҳама далелҳо исбот мекунанд, ки Абӯбакри Бағдодӣ гумоштаи СРУ-ст ва солҳои 2004-2009, ки дар Ироқ дар зин-
“Толибон” дигар омили хатар нестанд? Сарбозони Амрико Афғонистонро тарк мекунанд, зеро «Толибон» дигар хатар надоранд
ҳаводиси ҷараёндошта беш аз ҳарвақта машғул шуданд. Онҳо ҳаракати ДИИШро шабеҳи ҳаракати “Толибон” медонанд. Фарқ ин аст, ки аввалӣ даҳчанд ваҳшитару хунхортар аст, балки ин ҳаракати сирф террористӣ, ки дар ниқоби ислом ба харобкориҳо даст мезанад, экстремизми такфирӣ буда, дар кишварҳои арабӣ арзи ҳастӣ кардааст. Моҳи июли соли равон Эдвард Сноуден, корманди собиқи Маркази истихборотии Амрико, ифшогари барномаҳои назоратии интернетӣ, бо ифшои чанд ҳуҷҷати дигар дар бораи ҳаракати ДИИШ иттилоъ дод. Бинобар ҳуҷҷатҳои ифшошуда Хадамоти истихборотии Британия (МИ-6), ИМА (СРУ) ва Исроил (МОССАД) якҷо ҳаракати ДИИШ-ро ба майдон оварданд. Ҳуҷҷатҳо, инчунин, нишон медиҳанд, ки Хадамоти ҷосусии се давлат бар асоси стратегияи “Хонаи занбӯр” ДИИШ-ро барои он сохтанд, ки ҳаракатҳои эктремистии ҷаҳонро дар Сурия ҷамъ оваранд. Ҳоло тибқи ҳамин
аст, кишварҳои арабиро ба бесуботӣ кашида, ҳудуди забтшударо васеъ кунад”, - менависад журналисти амрикоӣ Ралф Шонман. Ҳамчунин, ибтидои моҳи июл Набил Наим, яке аз собиқ қумондонҳои “Алқоида” ба шабакаи телевизионии “АлМайдин”-и Бейрут иттилоъ дод, ки тамоми воҳидҳои амалкунандаи “Ал-қоида” бо шумули ДИИШ барои Ташкилоти марказии истихбороти Амрико кор мекунанд. Қаблан маълумот дар мавриди иртиботи пешвои ДИИШ Абӯбакри Бағдодӣ бо Хадамоти истихборотии кишварҳои хориҷӣ нашр шуд. Чунончи, Агентии хабарии Баҳрайн “Gulf Daily News” менависад, Абӯбакри Бағдодӣ “ба ҷуз аз курсҳои илоҳиёт ва санъати суханварӣ давоми як сол таҳти роҳбарии Маркази истихборотии давлати Исроил таълими низомӣ гирифтааст”. Моҳи июн яке аз мақомдорони Урдун иттилоъ дод, ки соли 2012 аъзои ДИИШ дар як пойгоҳи махфии Урдун
дони амрикоиҳо буд, бо Хадамоти иктишофии ИМА ҳамкорӣ мекард”. Дар ҳақиқат, он чиро ки имрӯз дар Ховари Миёна ҷараён дорад, мешавад яке аз зинаҳои татбиқи “Лоиҳаи Ховари миёнаи бузург” номид. Мақсади ин лоиҳа аз як ҷониб ба қавмияту мазҳаб тақсим кардани олами Ислом, аз ҷониби дигар дур шудани мардум аз ислом бо дасти худи онҳост. Инчунин, тибқи ин лоиҳа давлати ба ном сунние, ки дар маркази Ироқ ташкил меёбад, бо давлати ба ном сунние, ки дар Сурия арзи ҳастӣ мекунад, ҳамроҳ мешаванд. Яъне, нақшаҳо зиназина амалӣ мешаванд. Минтақа порапора мегардад. Исломи суннӣ тавассути созмону ҳарактҳое чун “Алқоида” ва ДИИШ ҳар қадар ки лозим бошад, дар назари ҷомеаи ҷаҳон сиёҳ нишон дода мешавад...
М. САИД, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Ба назар чунин мерасад, ки ҳар қадар ҳаводис дар минтақаи Ховари Миёна шиддат бигирад, ҳамон андоза омили хатар будани ҳаракати “Толибон” кӯҳна мешавад. Бале, ҳаракати террористие, ки охири асри гузашта дар Афғонистони ҳамсоя ба вуҷуд омад ва барои маҳви он артиши 40 кишвари Ғарб вориди “Қалби Осиё” шуд, зоҳиран аз мӯд баромадааст. Далел ба ин гуфта таҳлилҳои коршиносон аст, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон таъсир доштани “Толибон”-ро ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он аз эҳтимол дур хондаанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
7
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
8
БАХШИДА БА 600-СОЛАГИИ МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал Тарбияи ҷавонон аз назари Мавлоно Ҷомӣ Ҳузури Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар қаламрави адабиёти форсу тоҷик аз чанд дидгоҳ ба зуҳури равандҳои чандгонаи бадеӣ, эҷоди анвои мухталифи осор дар назму наср, шарҳу тафсири мавзӯоти фаровони фалсафӣ, ирфониву ҳикмат, иҷтимоиву сиёсӣ ва амсоли ин омили муассир гардидааст. Вусъати назари ин мутафаккири барҷаста ба шинохти офариниш, дунёву ҳарчи дар он ҳаст, чигунагии будану зистан дар ҷаҳони омадшуд паёме ҳакимона аз вуҷуди мубораки ин марди роҳи ҳақшиносӣ, донову ориф ва мушкилосонкуни замонаҳо дар ҳалли муаммоҳои тарбиявӣ мерасонад. Мавзӯи баҳси ҳунари шоирӣ ё нависандагии Ҷомӣ тафсилоти бештар ва дигареро хостор аст, аммо танаввуи тамоюлоти афкори ахлоқии ӯ, ки дар баробари пайванд ба ахлоқ ва ҳикмати сӯфиёнаи форсу тоҷик доштан сарчашма аз тафаккури соҳибистиқлоли ҳакимона ва дидгоҳҳои хоси худи адиб ба тарбияи инсони комил дар ҷомеа мегирад, номаҳои ҳидояте аз ҳар бобу ҳар матлаб, ҳар ҷодаву равишҳои ахлоқи олии инсонӣ барои гузаштаҳо додааст ва ба имрӯзу фардоҳо ҳам хоҳад дод.
Дурӣ аз андухти зару сарват ва ҳирсу оз ба молу маноли ин ҷаҳон, ки мояи хушҳолӣ ва саодати абадии инсон наметавонад бошад ва агар инсони огоҳ ва фозилро ин ғано насиб нашудааст, набояд ваҷҳи камбуди иҷтимоии ӯ шуморида шавад. Ин маъниро Ҷомӣ дар ду байт аз қасидаи мазкур чунин шарҳу тавзеҳ дода: Чист зарри ноб? - Рангин гашта хоке з-офтоб, Ҳар ки кард афсар зи зарри ноб, хокаш бар сар аст.
Нуфузи осори Ҷомӣ аз лиҳози теъдоди абёт дар таълифоти манзум ва сафаҳот дар нигоштаҳои манзур чеҳраи истисноии ӯро дар адабиёти форсу тоҷик муаррифӣ мекунад. Ба ибораи дигар, камтар нафароне дар адабиёти форсу тоҷик ҳузуре ба ин сурат дар таълифи осори гаронмояе мисли Ҷомӣ аз худ нишон додаанд, ки касрати маҳсули хомаашон аз ҳадди тасаввурнопазир бо вусъати тафаккури барҷастаи як инсони нобиға убур мекунад. Аммо ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳар як аз ин осор ва ҳатто дар таълифе ҷудогона аз ин мутафаккири барҷаста мавзӯи тарбияи инсон дар ҷомеа бо тамоюлҳои мутанаввеъ ҷилваи равшан дорад ва аз ҳамин ҷост, ки мо ба худ иҷозаи ба номи ин суханвари мумтоз мулҳақ намудани кунияҳои ифтихории «Ҳаким», «Мавлоно» ва монанди инро пайдо намудаем ва албатта, ин диду назари мо ба шахсияти Ҷомӣ ҳуҷҷате аз гузаштаҳои мо баргирифтааст.
Фарогирии масоили тарбиявӣ ва такмили ахлоқи инсонӣ дар осори ин суханвари мумтоз аз доираи имкон берун аст, аммо ончи дар нигошта шарҳу тафсир меёбад, дар заминаи як қасидаи ахлоқии Ҷомӣ бо номи «Луҷҷат-ул-асрор» аст, ки дар истиқбол аз қасидаи «Дарёи аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ба таъкиди худи шоир дар 52 байт ба қалам омадааст. Ин маъниро дар бахши ниҳоии он чунин тафсир намуда: Мар бувад панҷоҳу чу номад ду мар абёти он, Дар сафову муҳкамӣ гӯям, ки шояд мармар аст. Ҳарчанд иқтизои маънавии навъи қасида дар адабиёти форсу тоҷик бештар бар мадҳу суг пайванд дорад, аммо бо ҳузури Шайх Саъдӣ тамоюлҳои ахлоқӣ ба муҳтавои он роҳ ёфт ва дар ин росто Амир Хусрав ҳам аз нахустин шуарои қасидасарост, ки сурудани қасидаи сирф ахлоқиро иқдом намуда, ба ин
васила роҳеро фатҳ кард, ки баъдан аз он Ҷомӣ ва Мирзо Абдулқодири Бедил бо ҳамон сурату сират қадам гузоштанд. Дар назари аввал, шумори мавзӯоте, ки Ҷомӣ дар қасидаи худ мавриди баррасӣ қарор додааст, метавон тахмин намуд, ки бемуҳобо аз панҷоҳ убур мекунад, зеро тибқи суннати оғознамудаи Амир Хусрав ҳар байт аз ин навъи қасида дар вусъати худ як мавзӯи ахлоқиро тафсир мекунад ва ба гунаи як панд ё андарз таҷассум менамояд. Ин суннати муҳимро Абдураҳмони Ҷомӣ бо беҳтарин ваҷҳ идома додааст ва таваҷҷуҳ бар ҳар байт аз қасидаи ӯ бозтоби муҳимтарин паёмҳои ахлоқиашро дар сурати ҳикматҳои инсонофарин ва тарбиятгар ҷилвагар месозанд. Дар навбати аввал мурур ба абёти қасидаи Ҷомӣ моро бар он ҷо мекашонад, ки муҳимтарин мавзӯоти ахлоқии мавриди баррасии адибро дар он ба таври зайл муқаррар ва бар пояи абёти қасида мустанад намоем.
Ҷомӣ нахуст ба инсонҳо дастури огоҳӣ медиҳад, ки оё медонӣ, он зари ноб, ки бар он ифтихор дорӣ ва онро мояи ғанои дунявии хеш мешуморӣ, чист? Баъдан, худ ба ин суолаш бар пояи афкори олии ахлоқӣ посух мегӯяд, ки он зари ноб мушти хокест, ки аз асари офтоб рангин шудаанд. Бо таъкид бар ин нукта Ҷомӣ беқадрии сарвати дунявиро бар аҳли дунё талқин мекунад, то бар фикри он набошанд ва бештар роҳи саодати маънавӣ ва абадиро ҷустуҷӯ намоянд. Дар мисраи дуюм таассуф аз ононе мехӯрад, ки зарру сарватро барои худ ваҷҳи шуҳрат ва обрӯмандии дунёӣ шинохтаанд. Чун ин давлат ва ин ғано заволпазир аст, беҳтар аст инсон дар фикри он набошад ва агар буд, рӯзе ангушти пушаймонӣ ва надомат ба даҳон мегузорад. Ҷомӣ маънии таассуф хӯрдан ва пӯшаймонии ин афродро дар қолиби ибораи зебои мардумии «хок бар сар аст» ҷой дода, ки каломи суханварро шоирона ҷилвагар намудааст. Дар байти баъдӣ Ҷомӣ афроди ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки бар асоси ҳамин матлаб агар марди донову фозил сарват ва зар надорад, ҳаргиз ӯро таъна мазан ва гадо махон, чун дар вуҷуди доноён қалби поку меҳрбор ва барои донишу маърифат офаридашуда ӯро дар тахти шоҳии баҳру бар менишонад: Гар надорад симу зар доно, мадеҳ номаш гадо, Дар бараш дил баҳри дониш, в-ӯ шаҳри баҳру бар аст. Дар зимни таъкиди ин мавзӯъ Ҷомӣ мехоҳад як матлаби дигари муҳими ахлоқиро талқин кунад, ки он ҳам ба даъвати вай аз мардуми ҷомеа ба омӯзишу маърифат маҳсуб мешавад. Ба андешаи мутафаккир танҳо дил ба домани донишу фазлу хирад бастан метаво-
над инсонро шӯҳрат ва мақоми абадӣ ато намояд. Боқии дигар неъматҳои ҷаҳон нопойдор ва заволпазиранд. Мавзӯи дигаре, ки дар ин қасида Ҷомӣ бар он таваҷҷуҳи амиқ дорад, қаноат варзидан ва дур будан аз тамаъ аст, ки ҳамоно пайванде ба матлаби аввалӣ дорад. Ҷомӣ дастури ҳидоят ва огоҳӣ медиҳад, ки аҳли тамаъ барои як луқма нон пеши ҳар касу хас сар мениҳанд, аммо қонеон бар ин ҳолу аҳволи аҳли тамаъ бо тамасхӯр мегиранд. Бо таъкиди ин матлаб Ҷомӣ аҳли ҷомеаро ба қаноатмандӣ, сабру таҳаммул дар соҳиб будан ба дору мадори зиндагӣ ва иҷтиноб аз муҳаббати зару зевари ҷаҳонӣ даъват мекунад: Лаб наёлоянд аҳли ҳиммат аз хони касон, Дархури дандони анҷум гирдаи моҳу х(в)ар аст. Томеон аз баҳри луқма пеши ҳар хас сар ниҳанд, Қонеонро ханда бар шоҳу вазири кишвар аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барои исботи назари худ дар мавриди тамаъ ва қаноат ба воқеиятҳои зиндагӣ мутаваҷҷеҳ мегардад ва аъмоли аҳли тамаъ ва қаноатро бар шеваи зиндагонии ду паранда мушобеҳ месозад. Томеъ монанди мокиёнест, ки барои дона сари худро зери коҳ мебарад, яъне, рӯ ба пастӣ меоварад, аммо кабки нар аз ворастагӣ ва қаноати хеш бар кӯҳу дара мезанад. Мокиён аз баҳри дона мебарад сар зери коҳ, Қаҳқаҳа бар кӯҳу бар дар шеваи кабки нар аст. Манзури Ҷомӣ аз таъкиди ин масал он аст, ки аҳли қаноат чун бо шеваи зиндагии худ аз касе вобаста нестанд ва бо буду нобуди рӯзгори хеш қаноат меварзанд, аз ин рӯ, назди касе сархаму малул нестанд. Аз ин рӯ, ҳар гуна ва бо чӣ шевае бихоҳанд, рӯз мегузаронанд ва навъе истиқлол дар зиндагии худ доранд. Мавзӯи касб омӯхтан ва ҳунарварӣ низ аз ҷумлаи муҳимтарин масоили ахлоқӣ дар қасида аст, ки Ҷомӣ ба он рӯй оварда, косиб будан, яъне, соҳибкасб шуданро талқин менамояд. Ба андешаи Ҷомӣ марди косиб бо машаққат зиндагии хешро таъмин мекунад ва нони ҳалол мехӯрад. Ҳарчанд аз ин ранҷу азият дастони вай дурушт мешаванд, аммо нафси худро тавассути ранҷ ӯ сӯҳон меку-
над, яъне, нафси саркашро тарбият намуда, боз ҳам қаноату таҳаммул ва заҳматписандиро ба худи инсон меомӯзонад. Аз ин ҷо, Ҷомӣ инсонҳоро ба меҳнат кардан, соҳиби касб будан даъват мекунад, ки ин ҷанбаи муҳими афкори ахлоқии ӯ дархури ниёзҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯзи мо низ ҳаст: Марди косиб к-аз машаққат мекунад кафро дурушт, Баҳри ноҳамвории нафси дағал суҳонгар аст. Мавлоно Ҷомӣ обилаи кафи дасти ҳунарманд ва косибро соғари роҳат, яъне, василаи хушрӯзиву хушҳолии умр мешуморад ва бо ҳамин ҳикмати мардумии «ҳар ки меҳнат кунад, роҳат мебинад»-ро дар қолиби сухани шоирона тафсир менамояд. Ба ин маънӣ шоир талқин дорад, ки ҳар ки ин соғар, яъне, обилаи ранҷи дастро соҳиб шавад, ҳамеша хушҳол ва хушрӯз ва соҳиби вақти хуш мегардад. Ин ҷо ҳам таъбири мардумии «вақти он кас»-ро ба ҳамон маънии хуш бар ҳоли он кас дар қолиби зебои шоирона ва ба маврид корбаст намудааст:
Некӣ омӯз аз ҳама, ар кам зи худ, охир чӣ айб? Ростӣ дар ҷадвали заргар зи чубин мистар аст. Некӣ аз худ омӯхтан ҳикмати ҷолибест, ки Ҷомӣ мехоҳад хонандаро ба маърифати дурусти он равона намояд. Инсон бар асоси анҷоми як амали нек метавонад дар худ эҳтизози рӯҳиро эҳсос намояд ва аз он қалбан шод бишавад. Ҳамин маҳсули некӣ метавонад барои худи ӯ омӯзанда бошад, то боз ҳам дар пайи иҷрои амалҳои нек бишавад. Аммо бо ин ҳама боз ҳам дар идомаи ин қасида ҷое талқини он мекунад, ки феъли некро беҳтар аст, ки аз некхӯён биомӯзӣ ё аз вуҷуди онон ҷустуҷӯ намоӣ: Хӯи некӯ гирад он, к-аз нек ёбад тарбият, Шири ҳикмат нӯшад он, уммулкитобаш модар аст. Феъли нек аз некхӯён ҷӯ, ки дар тасрифи даҳр, Муштақ андар сурату маънӣ ва виқфи масдар аст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила, Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст. Ин мавзӯъро Ҷомӣ дар осори дигари худ низ таблиғ намудааст ва бо такя бар ин андешаҳои ҳакимонаи вай роҷеъ ба касби ҳунар метавон ба ҷойгоҳи хосаи мавзӯи мазкур дар эҷодиёти адиб ишорат намуд. Рострав ва ҳамнишини ростон будан аз мавзӯоти дигари маромномаи тарбиятӣ ва барномаи ахлоқии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, толиби хулқи ҳамидаро мутафаккири бузург талқин менамояд, ки дасти худро ба сӯи ростон дароз кунад ва аз ин роҳ аз сифлатабъӣ вораста гардад. Ростиро Ҷомӣ дар ин маврид ба асое монанд мекунад, ки кӯмакрасони инсон аз ҳама шебу фарозҳост. Пас, ба ақидаи шоир, ростӣ ҳам барои инсон ба масобаи ҳамин асост, ки инсонро аз ҳамаи мушкилоту муаммои рӯзгор вомераҳонад:
Абдураҳмони Ҷомӣ афкори ахлоқии хешро дар ин қасида бо руҷӯи зебои шоирона гӯё қабл аз ҷамъбасти он натиҷагирӣ мекунад, ки он ҳам муроҷиат ба ҷавонон аст. Андешаҳои шоир ба он самт майлон мегиранд, ки ӯ мунтаҳо пас аз шарҳу тафсири муҳимтарин рукнҳои ахлоқи инсонӣ муроҷиат ба инсонҳо мекунад, ки маҷмӯи ин амалҳои солеҳро беҳтар аст дар ҷавонӣ ба сомон расонӣ ё ба ибораи дигар аз рӯи ин дастуроти ахлоқӣ беҳ он аст, ки дар ҷавонӣ амал намоӣ. Барои собит намудани ин андешаи худ ишора ба меваи бенуқсони дарахти навбар мекунад, ки ҳанӯз бар асари ҷавон будан самараҳои хуб медиҳад. Ҷавонӣ ҳам бар пояи иҷрои ин амалҳо метавон барои инсон беҳтарин тӯҳфаҳои адабиро дар мисоли иҷрои пиндору рафтору гуфтори нек ва ҳам саодати ҷовидониро ато намояд:
Даст деҳ бар ростон, дар қаъри пастиҳои табъ, Бе асо магзар, ки дар роҳи ту сад ҷӯю ҷар аст.
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Мавзӯи накӯиву накӯкорӣ аз масоили меҳварии адабиёти ахлоқии форсу тоҷик ба шумор меравад, ки дар идомаи
Нуралӣ НУРОВ, номзади илмҳои филологӣ
Мирзо АСОЗОДА
Ваҳдати мо Ваҳдати аҳли замин ояндаи даврони мост, Зиндагии бофароғат чеҳраи хандони мост. Меҳру эҳсон баҳри олам зарфишонӣ мекунад, Ваҳдату якпорагӣ ояндаи рахшони мост. Дар раҳи ваҳдат равон гаштем, чун наҳри азим, Ваҳдати мо ҷони мост, умеди мо, армони мост. Маънии ваҳдат ҳамеша якдилии миллат аст, Офтоби зиндагонӣ, нур дар чашмони мост. Нури Ҳақ гар мерасад бар дидаи бинои мо, Меҳри сулҳу дӯстӣ партавфишон дар ҷони мост.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
хоҳӣ амал…
ин суннати бузурги ҳакимону фарзонагони адабиёти пешин Ҷомӣ низ ин мавзӯъро бо тарҳ ва назари хосаи хеш баррасӣ намудааст. Шоир дар навбати аввал аз мардум омӯхтани некиро талаб мекунад, то бар пояи маърифати воқеии он дар амал баъдан татбиқ намояд. Омӯзиши ин амали солеҳи инсониро Ҷомӣ аз ҳамаи инсонҳо имконпазир мешуморад ва ба хонандаи худ мегӯяд, ки некиро аз ҳама омӯз, ҳатто аз худат, ки ин ҳам айб нест:
9
НАЗМ
Хокиёнро бо Худо пайванд месозем мо, Бо муҳаббат, бо адолат ин ҳама паймони мост.
Хайрхоҳӣ пеша кун, ояд ба кор Эй бародар, хайрхоҳӣ пеша кун ояд ба кор, Кори бад созад ҳамеша одамонро хору зор. Ман надидам мардумозоре, ки таърифаш кунанд, Чунки ӯ дар дидагони мардумон хор асту хор! Сарбаланд он аст, номашро ба некӯӣ баранд, Дар ду олам мардумозоре бигардад таънасор. Ҳарки ӯ андар пайи озори халқу миллат аст, Мардумаш хонад варо дар зулму истибдод мор. Дӯстиро пеша кун, беҳтар аз он набвад амал, Гар умеде дорӣ ту аз ҳикмати Парвардигор!
Парчами меҳр Агарчанде кашидам ранҷу озор, Миёни чорсӯи зиндагонӣ. Азобу ранҷҳоям гашт такрор, Бирафт аз пайкарам зӯри ҷавонӣ. Вале дар кишвари худ зиндаам ман, Шабеҳи ахтарони осмонӣ. Ҳамон тоҷикаму ҳам тоҷдорам, Ки дорам ифтихору шодмонӣ. Ба аҳдам бовафоям ман ҳамеша, Бурун кардам ғаразҳои ниҳонӣ. Ҳамехоҳам, ки авроқи муҳаббат, Ба умқи дил дурахшад ҷовидонӣ!
e-mail: javonontj@mail.ru
БАХШИДА БА 600-СОЛАГИИ МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ
Бо ташабуси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии “Помир” (ПЭКТА) ва Иттиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир” миёни рӯзноманигорон оид ба беҳтарин мақола ва барномаҳо дар мавзӯи туризм озмун эълон шуд. Пас аз ҷамбаст 9 нафар ғолиб, аз ҷумла, хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон» ба саёҳати якҳафтаинаи мавзеъҳои сайёҳии ВМКБ рафтанд. Дар доираи саёҳат дар мавзӯи «Пешбурди имкониятҳои рушди туризми дохилӣ тавасути ВАО» семинар доир гардид. Дарвозаи Бадахшон
Сафари мо 13 сентябр оғоз ёфт. Азбаски субҳ нақлиёт дар роҳ кам буд, мо ба зудӣ нақбҳои “Хатлон” ва “Шар-Шар”-ро гузашта, ба ҳудуди вилояти Хатлон расидем. Сад шукр, ки ҳолати роҳҳо нисбат ба солҳои пеш хеле хуб шудааст. Танҳо баъзе қисмати роҳҳо дар ноҳияи Шӯрообод ноҳамвор аст, ки алҳол таъмир идома дорад. Беҳтарин қисмати роҳ қитъаи «Шоҳон-Дарвоз» будааст. Ҳангоми ба маркази ноҳияи Дарвоз расидан моро дар назди меҳмонхонаи «Дарвозаи Бадахшон» ташабускори барнома Қурбони Аламшо, ҳунарпешагон бо нону намак пешвоз гирифтанд. Сарвари «Дарвозаи Бадахшон» Раҳматхудо Миров гуфт, ки 6 сол боз роҳбарии меҳмохонаро ба зима дорад. То ин дам бо ширкатҳои Фаронса, Итолиё ва Испониё шарномаи ҳамкорӣ оид ба қабули сайёҳон баста шудааст. Ба ин ҷо дар муддати 6 сол қариб аз тамоми кишварҳои пешрафти ҷаҳон сайёҳон омадаанд. Маъмурияти меҳмонхона дар шароити кӯҳистон алоқадри ҳол барои сайёҳон хизматрасонии хубро ба роҳ мондаанд. Дар фасли тобистон баъзан сайёҳон бештар меоянд. Бо хоҳиши онҳо барояшон хайма омода мекунанд. Боре сафири Олмон, ки дар Қазоқистону Қирзистону Ӯзбекистон низ меҳмон будааст, чунин гуфт: - Дар муддати 20 соли фаъолияти дипломатиам ягона ҷойе, ки аз обу ҳавои гуворояш баҳра бурдам, ҳамин ҷо буд. Ғайр аз меҳмонхонаи «Давозаи Бадахшон» дар маркази ноҳияи Дарвоз ва деҳаҳо меҳмонҳонаҳои нисбатан хурд (Home stay) фаъолият мекунанд.
бади об ва расадхона иборат мебошад. 4. «Дахмаҳо». Дар ин ҷо ҷасади фавтидагонро мегузоштанд. Ҳудуди шаҳри Карон тақрибан сад гектарро дар бар мегирад. Он як шаҳри шоҳнишин будааст. Танҳо дар ҷашну маросим мардум ба ин ҷо меомаданд. Тамошогоҳ барои 500 нафар пешбинӣ шудааст. Маъбади оташ, ки имрӯз хеле баланд ба назар мерасад, пештар зери хок буд. Муҳаққиқон хеле заҳмат кашида, атрофи онро аз сангу хок тоза намуданд. Дар замони қадим оташ дар беруни хона фурӯзон буд. Ин маъбад 7 сутун ва тарзи меъмории хуб дорад. Хеле кам ёдгориҳои таърихӣ ҳастанд, ки бо ин бузургӣ то замони мо боқӣ мондаанд. Дар сохтмони маъбад чӯби арча истифода шудааст.
варзишгоҳ ҷои нишаст сохтаанд. Барои нигоҳ доштани аспи чавгонбозон низ ҷои махсус сохта шудааст. Барои тамошои шоҳ суфаи махсус аст. Чавгон бозии ашрофон буда, на танҳо дар рӯзҳои ид, балки дигар рӯзҳо баргузор мекунанд. Ҳоло ҳам қариб дар тамоми деҳаҳои навоҳии Ванҷу Дарвоз майдони чавгон вуҷуд дорад. То солҳои шастуми асри XX мусобиқаҳо баргузор мешуд ва баъдан барҳам хурд. Воқеан, тӯли 3 сол муҳаққиқон дар ин ҷо бо маблағи ночиз корҳои зиёдро анҷом додаанд. Дар ин муддати кӯтоҳ намунаҳои таърихии ин мавзеи бостониро муаррифӣ кардан қаҳрамонист. Муҳаққиқон аз эродгирии баъзе тангназарон дилсард нашуда, кори худро идома медиҳанд. Барои то охир анҷом додани корҳои тадқиқотӣ тақрибан
Шунидан кай бувад монанди дидан
e-mail: javonontj@mail.ru
Шаҳри бостонӣ дар домани кӯҳ
Дар бораи шаҳри бостонии Карон солҳои охир баҳсҳо зиёданд. Касоне, ки аз дур дар хусуси ин шаҳр сухан мегӯянд, беҳтараш як бор омада онро бубинанд. Зеро аз сад бор шунидан як бор дидан беҳтар аст. Масъулони сафари омӯзишӣ таввасути роҳи пурпечутоби кӯҳӣ моро барои ошноӣ бо харобаҳои аз қаъри асрҳо боқимондаи шаҳри Карон бурданд. Алҳол корҳои ҷустуҷӯӣ-археологӣ дар ин ҷо идома дорад. Муҳақиқи маъруф Ҳайдаршо Акбаров гуфт, ки дар сарчашмаҳо ҳам шаҳри Карон ва ҳам давлати Карон зикр шудаанд. Ин шаҳр ҳанӯз дар давраи Каёниён вуҷуд дошт. Ҳудуди давлати Карон аз наздикии Кӯлоб то Рӯшонро дар бар мегирифт. Вожаи “кар” истилоҳи паҳлавӣ буда, ба маънои калон, баланд, нерӯ, тавоноӣ омадааст. Атрофи шаҳри Карон деворе дошт, ки паҳноияш ба 4 метр мерасад ва хеле баланд буд. Шояд, ки бо ҳамин сабаб Карон номиданд, яъне, баландӣ ва тавоноӣ. Ба гуфтаи Ҳ. Акбаров шаҳри Карон аз 4 маҷмӯа иборат мебошад: 1. «Дашти манора», ки онро ба даврони Зардушт мансуб медонанд. Дар ин мавзеъ оташ фурӯзон буд. 2. «Дижи шоҳ» - ҷои иқомати шоҳ. 3. «Маҷмааи эътиқодӣ – фарҳангӣ”. Он аз маъбади оташ, майдони чавгон, маъ-
аз Ҳайдаршоҳ Акбаров пурсид, ки бо кадом мақсад дар ин мавзеи баланду душворгузар чунин шаҳри шоҳнишин сохта шуд? - Ҳам аз лиҳози амниятӣ ва ҳам аз лиҳози об доштан ин мавзеъ хеле муҳим буд, - гуфт Ҳайдаршоҳ Акбаров. – Дар он давраҳо сатҳи дарёи Панҷ хеле баланд буд. Ин мавзеъҳои навро, ки мебинед, ҳама зери об буданд. Фарзияҳое ҳастанд, ки аз Вахон то баҳри Арал киштӣ мегашт. Бо сабаби кам шудани оби дарёи Ому мавзеи мазкур дар баландӣ монд. Мардум аввал дар баландкӯҳҳо зиндагӣ мекарданд. Фирдавсӣ мегӯяд: Каюмарс шуд дар ҷаҳон кадхудой, Нахустин ба кӯҳ андар ӯ сохт ҷой. Кас ба бозёфтҳои бостоншиносон нигариста, аз ҳунари ниёгонамон дар ҳайрат
Се сол аст, ки дар мавзеи Карон ковишҳои илмӣ идома доранд. Дар муаррифии Карони бостон саҳми олими шинохта, профессор Юсуфшоҳи Яқубшоҳ хеле калон аст. Сармоягузории таҳқиқоти ин мавзеи бостониро хазинаи «Муаллими кӯҳистон» бар дӯш дорад. Маркази илмӣтадқиқотии «Ориёно» корҳои тадқиқотӣ анҷом медиҳад. Муъмин Қаноат, Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ва Ҳайдаршоҳ Акбаров муассисони ин марказ мебошанд. Яке аз муҳимтарин осори таърихии Карон майдони чавгон аст, ки дар шакли аслиаш боқӣ мондааст. Дарозии майдон 280 метр ва бараш 70 метрро ташкил медиҳад. Дар ду ҷониб барои бинандагон мисли
15-20 сол лозим аст. Дар баробари анҷом додани корҳои тадқиқотӣ аз шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз то ин мавзеи бостонӣ роҳ сохтан лозим меояд. Карон таърихи тақрибан 7000-сола дорад. Соли гузашта китоби Юсуфшоҳи Яқубшоҳ бо номи «Давлати Каёниён» ба таъб расид. Дар он омадааст, ки Каёниён шоҳони афсонавӣ набуда, балки дар асл вуҷуд доштанд. Аввалин Балх дар Қубодиёну Шаҳритуси кунунӣ буд. Сипас, бо баъзе сабабҳо ба он тарафи дарёи Омӯ гузашт. Бунёдгузори давлати Каёниён шоҳ Қубод буд. Ҳамсафарамон Носирҷон Маъмурзода
меафтад. Зеро зарфу масолеҳи сохтмонии ёфташуда ончунон бо завқи баланд ва сифати олӣ сохта шудаанд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо сифати худро гум накардаанд. Масалан, ороиши гачкории атрофи деворҳо, ки имрӯз онро «лепка» мегӯянд, ҳанӯз дар ҳамон давраҳо маъмул будааст. Дар ҷои сершамолтарини Карон осиёби бодӣ вуҷуд дошт, ки ҷои ордгирии он то ҳол маҳфуз мондааст. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» оид ба шаҳри бостонии Карон ҳамчун маркази шоҳигарии Дарвоз маълумот додааст. Дараҷа (зинапоя)-ҳое, ки ҳамон давра аз тахтасанг сотаанд, беосеб то замони мо боқӣ мондаанд. Онҳо хеле устокорона ва бо стандарти ягона сохта шудаанд. Ҳатто ҷӯйчае, ки аз сангҳои ҳамвор бо як хати рост сохта шудааст, мисли ҷӯйи бетонӣ (латок) мебошад. Девори «маҷлисгоҳ»-и шоҳ низ бо вуҷуди аз гил сохтан, бидуни истифодаи семент сохта шуданаш то ҳол побарҷову устувор аст. Расадхонаи шаҳри бостонии Карон дар мавзеи аз лиҳози географӣ қулай сохта шудааст. Аз он ҷо мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ хеле осон аст. Дар гирду атрофи расадхона кафелҳои мунаққаши беш аз ҳазорсоларо дидем. Аҷоиботаш дар он аст, ки андозаи кафелҳо якхела, шаклҳояшон секунҷаву чоркунҷа, мудаввар ва ғайра мебошанд. Мувофиқи гуфтаи бостоншиносон тамаддун дар он ҷоест, ки илми нуҷумшиносӣ, яъне, расадхонаҳо вуҷуд дошта бошад. Он ёдгориҳои таърихие, ки дар Карон ёфт шудаанд, дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ҳайдаршо Акбаров иброз дошт, ки то асри XVI ин ҷоро ҳокимони маҳаллӣ ҳамчун маркази маъмурӣ истифода мекарданд. Баъд аз он, ки Қалъаи Хумбро сохтанд, ҳокимон огоҳона аз ин ҷо ба маркази маъмурии нав рафтанд. Ошноӣ бо шаҳри қадимаи Карон ба мо як ҷаҳон таассурот бахшид. Агар ба муҳаққиқон шароити хубтар фароҳам оварда, маблағи бештар барои корҳои ҳафриётӣ ҷудо шавад, боз бисёр чизҳои барои имрӯзиён номаълум ошкор хоҳад шуд. Хуб мешуд, ки дар бораи таърихи Карон бо забонҳои русию англисӣ китобу барномаҳо таҳия карда, дар интернет сомона кушода шавад. Бо ин роҳ сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда, саҳфаи китоби бузурги таърихи кишварамонро метавонем ба оламиён муаррифӣ кунем. Сайфиддин СУНАТӢ, “ҶТ”
Суҳбати хабарнигори рӯзнома Толибшоҳи Давлат бо омӯзгори собиқадор, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Чинигул Икромова дар бораи вазъи имрӯзаи таълиму тарбия ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа.
- Омӯзгориро кори душвору заҳматталаб мегӯянд. Чӣ боис гашт, ки ин пешаро интихоб намоед? - Дуруст гуфтед, омӯзгорӣ кори хеле сангину пурзаҳмат, лекин боифтихор аст. Тӯли беш аз чил соли фаъолияти омӯзгориам, шогирдони зиёдро ба воя расондаам. Гоҳо дар кӯча нафароне бо ман вохӯрда, гарму ҷӯшон аҳволпурсӣ мекунанд. Рости гап, намешиносам ва ҳайрон мемонам. Баъд мефаҳмам, ки фалон шогирдам будааст. Дар ин лаҳза сарам ба осмон мерасад. Пас маълум, ки беҳуда заҳмат накашидаам ва ҳамин барои ман кифоя аст. Айёми кӯдакию наврасиам ба солҳои шастуми асри пешин рост омад. Он замон омӯзгор фарди соҳибмаърифат ва соҳибэҳтиром буд. Хусусан, дар деҳот. Гули сари сабади маъракаҳо ҳисоб меёфт. Мардум дар ҳама кор, маҳз аз омӯзгор маслиҳату ёрӣ мепурсид. Омӯзгоронро дида ҳавасам меомад. Ҳамин боис гашт, ки пас аз хатми яке мактабҳои миёнаи шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 1967 ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ супорам. Пас аз хатми донишгоҳ ба мактаби миёнаи рақами 101и ноҳияи Рӯдакӣ ба кор рафтам. Пас аз чор сол ба ноҳияи Вахш рафта, дар мактаби миёнаи рақами 8, воқеъ дар хоҷагии ба номи Киров ба идомаи фаъолият пардохтам. Шавҳарам марди ҳарбӣ буд. Охирҳои солҳои 70-ум ӯро барои идомаи фаъолият пойтахт ба кор даъват намуданд. Ҳамин тавр, ба Душанбе кӯчидем. Дар пойтахт аввал дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддин Беҳзод ба ҳайси ходими калони илмӣ фаъолият намудам. Азбаски тифли хурд доштам, имкон надоштам рӯз то бегоҳ ба кор банд бошам. Боз ба кори таълиму тарбияи насли наврас пардохтам. Айни замон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур фаъолият дорам. - Магар имрӯз омӯзгор чун солҳои пеш соҳибэҳтиром, гули сари сабад нест? - Мутаассифона, ҳоло дар раванди таълиму тарбияи насли наврас сохтакориҳо бисёр ба чашм мерасанд. Солҳои пеш моҳи август, пеш аз оғози машғулиятҳо ҳине вориди мактаб мешудем, аз
мо - омӯзгорон мепурсиданд, ки барои таълим бароямон чӣ лозим? Мо низ барои таълими ин ё он фан чизҳои лозимаро дар шакли дархост пешниҳод мекардем. То оғози машғулиятҳо дархостҳоямон муҳайё гардида, ҳамин тавр, барои соли нави хониш омода мешудем. Ин ҳолат имрӯз нест. Ҳама корро бо қувваи худ, хонандагон ба сомон мерасонем. Ин як ранҷу азоби омӯзгор аст. Чанд сол пеш китобҳои дарсӣ то андозае арзон буд. Баъдан китобҳои истифодашуда, каме арзон, солҳои баъдина ба хонандагон бепул тақсим мегардид. Ҳоло фарқ надорад. Ҳатто хонанда агар нахоҳад ҳам, китобро ба гарданаш иҷборан вогузор мекунанд. Ин вазъ ҳам барои омӯзгор, ҳам барои хонанда ва волидони ӯ мушкилӣ дорад. Хулоса, омӯзгор дастнигар аст. Солҳои пеш ба мактабҳо, вақте аз шуъбаи маориф ё дигар ташкилот комиссия меомад, такудавҳои беҳуда умуман, ба назар намерасид. Ҳоло бошад, таълиму тарбия як сӯ монда, ҳама аз қафои нафарони узви комиссия овора. Пеш комиссия дар кори таълиму тарбия ба омӯзгор ёрирасон буд, ҳоло баръакс. Ҳоло овозаҳое мешунавем, ки гӯё омӯзгорони ба синни нафақа расида, аз кори таълиму тарбия барканор карда шаванд. То чӣ андоза ин дуруст аст, намедонам. Лекин тарзи гузарондани машғулиятҳоро байни омӯзгорони куҳансол ва ҷавон муқоиса мекунӣ, фарқ аз замин то осмон аст. Омӯзгорони ҷавон хонандагонро ба таври бояду шояд ба машғулият ҷалб карда наметавонанд. Мутаассифона, ҳоло як кори пурсамар дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас аз байн рафтааст. Ин ҳам бошад, кӯмаки омӯзгорони собиқадор ба ҳамкорони ҷавон. Бо ибораи дигар, ба шефӣ гирифтани онҳо. Масалан, солҳои ҷавонӣ маро ба як омӯзгори куҳансол вобаста карданд. Дар машғулиятҳои ин марди пуртаҷриба ширкат варзида, равиши гузариши дарсҳояшро мушоҳида мекардам. Муаллим дар фанни математика аз шоҳмот ва шоҳмотбозӣ нақлҳои аҷиб мекард. Ман ҳайрон мемондам, ки шоҳмот ба фанни математика чӣ пайвастагӣ
дорад? Лекин хонандагон ба нақли омӯзгор чунон гӯшу ҳуш мешуданд, ки як калимаи гуфтаашро сарфи назар намекарданд. Устод нақлро ба поён расонда, якбора ба баёни мавзӯи нав мегузашт. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ чунин нақлҳоро барои ҷалби хонандагон мекардааст. Ман ҳам чунин усули устодро ҳангоми машғулиятҳо роҳандозӣ мекунам. Бо ягон нақли ҷолиб хонандагонро ҷалб намудан тарзи пурсамари машғулиятгузаронист. Афсӯс, имрӯз ҳамкориҳои омӯзгорони собиқадор ва ҷавон қариб ба назар намерасад. - Шумо таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ доред, имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар шаклҳои нав роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли равон қабули довталабон ба макотиби олӣ аз тариқи тестӣ сурат гирифт. Ин падидаро шумо чун омӯзгори собиқадор чӣ гуна қабул доред? - Мо ба ин чиз шояд омода набошем. Лекин ба ҳар ҳол, ҳар чизро аввал бояд хуб омӯхт, пасон шакли дурусташро амалӣ бояд кард. Масалан, барои худи ман каме мушкил афтод. Ин усул, асосан, дар Аврупо роиҷ аст. Дар баъзе кишварҳо аз он акнун даст мекашанд. Аз ҷумла, дар Русия. Дар яке аз шӯроҳои омӯзгорони мактаб оид ба ин масъала фикрамро низ баён доштам. Ба ман гуфтанд, ки аз пайи кори худам бошам. Маълум аст, ки роҳандозии имтиҳони дохилшавӣ аз тариқи тестӣ баҳри пешгирӣ намудани роҳҳои порагирист. Шояд дар ин ҷода кӯмак расонад. Лекин хонанда танҳо барои посух ёфтан ба суолҳои билет омода мешаваду халос. Кам ҷустуҷӯ мекунад. Ин ба васеъ шудани ҷаҳонбинии бачаҳо, қариб ки таъсири бад мерасонад. Инро набояд фаромӯш кард. Бе ин ҳам бачаҳои имрӯза чандон кунҷков нестанд. Солҳои мактабхонӣ мо ҳатто барои се гирифтан кӯшиш карда, ба чанд суоли муаллим ҷавоб мегуфтем. Ҳоло бошад, чӣ? Барои баҳои аъло гирифтан як-ду суоли муаллимро нопурра ҷавоб дода, даъво мекунанд, ки ба онҳо баҳои хубу аъло гузорем. Ҳамин тавр, як шакли муфтхуриро ба худ пеша кардаанд. Ман аз таҷрибаи
омӯзгории худам сухан мегӯям, ки бо ин ҳолат бисёр вақт рӯ ба рӯ шудаам ва мешавам. - Дар раванди таълиму тарбияи шогирдон машғулиятҳои иловагиро фаровон истифода мебаред. Ба кадом хотир? - Чанд сол пеш, вақте ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71 барои идомаи фаъолият омадам, ба ман як ҳуҷраи таълимиеро вобаста намуданд, ки ғайри курсию миз дигар чизе надошт. Муддати як сол барои ороиши синф бо асбобҳои аёнӣ ҷаҳд намудам. Соли дигар супориш доданд, барои ҷашни Наврӯз намоишнома омода созам. Роҳбари мактаб, ки як зани оқил буд, дар Шӯрои педагогӣ ин вазифаро ба зиммаи ман гузошт. Аз муаллима ду ҳафта муҳлат гирифта, баъзе матолибро вобаста ба Наврӯз гирд овардам. Ба пажуҳишгоҳи таърих ва осорхонаи миллӣ рафта, баъзе чизҳои таърихиро дастрас намудам. Ҳамин тавр, вобаста ба таърихи Наврӯз як намоишнома омода намудем, ки хеле рангин буд. Он ба роҳбарияти мактаб ва аҳли омӯзгорон хеле писанд омад. Ин намоишномаро ба навор гирифта, дар шабакаҳои телевизионии «Сафина» ва «Баҳористон» намоиш доданд. Намоишнома мақбули аксар бинандагон шуд. Ин ба худи ман ҳам илҳоми тоза бахшид. Пас, қарор додам, баҳри васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, чунин чорабиниҳоро идома диҳам. Ҳамин тавр, ғояи «Сайри адабиёт аз асри 10 то 20» дар бораи шоираҳои форс-
e-mail: javonontj@mail.ru
Заҳмати ӯ барои шуҳрату номи баланд нест
забон, ки дар барномаи таълимии мактабӣ вуҷуд надошта, қариб ки ба гӯшаи фаромӯшӣ афтидаанд, дар шакли барнома омода намудам. Аввал баъзеҳо маслиҳат доданд, ки барнома «Занҳои сухангӯй аз асри 10 то 20» номгузорӣ шавад, лек бисёриҳо номи «Шоираҳои фаромӯшшуда»-ро пазируфтанд. Ҳамин тариқ, барномаро то сеюним соат дар мактаб бо иштироки омӯзгорони мактаб, шоирон ва намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия намоиш додем. Пасон моро ба Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар даъват намуданд. Он ҷо барномаро дубора ба намоиш гузоштем. Намоишнома ба кормандони китобхона писанд афтод ва гуфтанд, ки ин падидаи навест дар фаъолияти китобхона ва воситаи хубест барои васеъ намудани ҷаҳонбинии бачаҳо. Ҳамчунин, дар он ҷо барномаро кормандони телевизиони «Баҳористон» ба навор гирифтанд. Сипас, мудири китобхона Қурбон Авғонов аз ман хоҳиш намуд доир ба Наврӯз ягон барнома омод созам. Ба ӯ гуфтам, ки дар ин мавзуъ, аллакай барномаи тайёр дорем. Ҳамроҳи хонандагони мактаб бо он барнома дар бинои Сирки давлатӣ баромад намуда, соҳиби диплом гардидем. Пасон аз мо хоҳиш намуданд, барои фестивали мактабиён барномаи дигар омода кунем. Бо хонандагони мактаб барномае бо номи «Дубора созамат Ватан» омода намудем. Ин барнома низ ба бинандагон хеле писанд афтод. Ҳамчунин, ба муносибати 600-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги адабиёти форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони «Атри суханат ҳанӯз боқист», низ барнома омода намудем. Боз моро ба Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар даъват намуда, дар ҳузури тамошобинони сершумор, аз ҷумла, аҳли қалам, шоирону мунаққидон барномаи навро ба намоиш гузоштем. Ин намоишнома ҳам баҳои баланд гирифт. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм «Диплом» ва аз ҷониби Вазорати фарҳанг «Ифтихорнома» бароямон тақдим намуданд. Ду нафар хонандаи мактаб - Муҳаббат Идиева ва Миҷгона Шарифова, ки дар ин барнома ширкати фаъолона доштанд, ба гирифтани дипломҳои Вазорати маориф ва илм ноил гардиданд. Фикр мекунам, ҳамаи ин чорабиниҳо, яъне, машғулиятҳои иловагӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон, шогирдони мо, албатта, нақши муассир мегузоранд. Ҳар коре ки ман мекунам, на ба хотири шуҳрату номи баланд аст. Балки ба он хотир, ки насли навраси тоҷик аз таърих, фарҳанги хеш ҳарчи бештар огоҳу бархӯрдор бошад. Агар бархӯрдор набошад, гумон аст, худшиносу ватандӯст ва инсони комил ба воя расад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
11
ДАР МЕҲМОНИИ РӮЗНОМА: ОМӮЗГОР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
Тоҷикистон ба даври 8/1-финал баромад Тими олимпии кишвар оид ба футбол (U-23) дар бозии охирони даври гурӯҳии Бозиҳои Осиё-2014 бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаҳои иловагӣ Ҷаҳонгир Эргашев зад. Тими футболи кишвар бо 6 хол дар гурӯҳи “С” дар мақоми дуюм қарор гирифт. Ҷои аввалро дастаи мунтахаби Фаластин ба даст овард. Ин даста низ 6 хол гирифт, аммо таносуби тӯбҳояш беҳтар аст. Акнун дар даври 8/1-финалӣ 26 сентябр Тоҷикистон бо Ироқ ва Фаластин бо Ҷопон вомехӯранд. Иштирокчиёни дигари даври ҳаштякфиналӣ низ маълум шуданд.
25 сентябр 13:00. Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг. 13:00. Фаластин – Ҷопон. 16:00. Тайланд – Чин. 16:00. Урдун – Қирғизистон. 26 сентябр 12:00. Узбекистон – Арабистони Саудӣ. 12:00. Ироқ – ТОҶИКИСТОН. 16:00. ҶХДК – Индонезия. 16:00. Ветнам – АМА.
Мусобиқаи футболи Бозиҳои Осиё-2014 Даври 8/1-финал
СОЛИ 2014 - СОЛИ ОММАВИЯТИ ФУТБОЛ
Фестивали футболи кӯдакон дар Хоруғ 20 сентябри соли равон бо ибтикори Федератсияи футболи мамлакат (ФФТ) дар Соли футболи оммавӣ дар шаҳри Хоруғ Фестивали футболи наврасон доир гашт. Дар он садҳо писару духтар аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба машқу бозиҳои футбол фаро гирифта шуданд. Фестивалро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ карда, бо ташаккур аз ФФТ ҳозиринро бо “ҷашни варзиш” табрик кард. Машқу бозиҳои футболро бо кӯдакон инструктори ФФТ Владимир Домулоҷонов гузаронд. “Мақсад ҷалби бештари аҳолии кишвар ба футбол аст. Мехоҳем мураббиён дар шаҳру навоҳӣ бо кӯдакон бештар машғул шаванд”, - гуфт Анваршо Мирзоев, мудири шуъбаи футболи кӯдакону наврасони ФФТ. Дар охир ба иштирокчиён тӯби футбол тақдим шуд.
ФУТБОЛ
“Истиқлол” бо «Шалке-04» вомехӯрад Қаҳрамони дукаратаи футболи кишвар - “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Шалке-04”-и Олмон вохӯрии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 18:00-и 13 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Ҳайати бозингарони “Шалке-04” 11 октябр ба Душанбе меоянд ва рӯзи дигар дар варзишгоҳи марказӣ тамрин хоҳанд кард. Нишасти матбуотии сармураббӣ ва сарварони дастаҳо 12 октябр дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ-Душанбе” ба нақша гирифта шудааст. Ин дуюмин дидори “Истиқлол” бо тимҳои Олмон аст. 3 июли соли 2010 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ “Истиқлол” бо “Хессен-Кассел” вохӯрда буд.
РУШДИ ВАРЗИШ
Фестивал - бозиҳои варзишӣ дар Хоруғ Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ Фестивал - бозиҳои варзишӣ бо иштироки тимҳои мунтахаби ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз рӯи 7 намуд: баскетбол, волейбол, футболи хурд, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод ва дзю-до қувваозмоӣ карданд.
85 иншооти варзишӣ дар 6 моҳ
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
«Хуҷанд» ду холро аз даст дод 21 сентябр ду бозии даври сенздаҳуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Се бозии дигар бо сабаби иштироки тими мунтахаби кишвар дар Бозиҳои Осиё ба вақти дигар мононда шудааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ натавонист тими КМВА “Помир”-ро мағлуб кунад. Бозӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар бозии дигар дастаи “Далерон-Уро-
теппа” “Парвоз”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Комрони Мирзохон, бозингари “Парвоз” дар дақиқаи 4 ба дарвозаи дастааш гол зада,
ҳисобро кушод. Маърифҷон Маърифбоев баъди се дақиқа ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Соломон Течӣ дар дақиқаи 40 зад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Энергетик» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА «Помир» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
Б 11 13 13 11 12 12 11 12 12 11
Ғ 10 7 6 5 5 5 3 2 2 2
М 1 4 4 3 2 1 3 3 2 1
Б 0 2 3 3 5 6 5 7 8 8
Т/Т 46-6 17-12 13-9 17-12 16-15 17-25 16-18 8-17 13-32 3-20
Х 31 25 22 18 17 16 12 9 8 7
Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 85 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 66 майдонча, 14 толор, як маҷмаа ва боз чанд толор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳамзамон, дар шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Қайроққум, Истаравшан, Ашт бунёди майдону толорҳои варзишӣ ҷараён доранд. Ин давра варзишгарони вилоят зимни иштирок дар мусобиқоти гуногун 1676 медал (505 тилло, 459 нуқра ва 712 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин бора аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иттилоъ доданд.
Кӯлоб 1020 толору майдончаи варзишӣ дорад Аз ин миқдор 938 тоаш давлатӣ ва 82 тоаш ҷамъиятӣ мебошанд. Дар онҳо 240 нафар мураббӣ ба дӯстдорону ҳаводорон аз рӯи 20 намуди варзиш машқу тамрин медиҳанд. Дар ин бора Зайниддин Давлатов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода, афзуд, ки дар нимсолаи аввал дастовардҳои варзишгарони Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.
Тсвантсигер: “ЧҶ-2012 дар Қатар баргузор намегардад”
Тео Тсвантсигер, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) тағйири маҳалли баргузории Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2022-ро, ки қарор аст, Қатар мизбонаш бошад, пешгӯӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо барои интихоби мизбони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар солҳои 2018 ва 2022 идома дорад. “Масъалаи Қатар” баъди сару садоҳои зиёд атрофи номи роҳбари пешини Федератсияи футболи Қатар Муҳаммад бин Ҳаммом ҳамеша моли расонаҳо будааст. Бин Ҳаммом бо иттиҳоми пешниҳоди пора барои дарёфти овоз ҳангоми интихоби мизбони МҚҶ-2022 як умр аз ҳаққи раҳбарӣ маҳрум шуд. Моҳи июн FIFA ин кишварро барои баргузории чемпионат хавфнок эълон кард.
“Реал” 602 млн. евро қарздор аст
Агустин, ҷияни шашсолаи Лионел Мессӣ, ҳамлагари аргентинӣ дар мактаби футболи “Барселона” машқ хоҳад кард. Дар ин бора “Daily Mail”-и Бритониё хабар додааст. Агустин писари бародари бузурги Лионел Мессӣ - Родриго мебошад. Ба иттилои манбаъ, ӯ тавонист тамоми санҷишҳо барои шомил шудан ба мактаби мазкурро, ки кӯдакони аз 6 то 11-сола тамрин мекунанд, бомувафаққият супорад. Лионел Мессӣ аз соли 2000 то 2003 дар ҳайати тими ҷавонони “Барселона” бозӣ кардааст.
Феълан, Владимир барои ҳифзи унвони қаҳрамонӣ аз рӯйи версияи IBF ба дидор бо Кубрат Пулеви булғорӣ омодагӣ мебинад. Ин рақобат 15 ноябр дар назар дошта шудааст. Санаи қувваозмоии Стиверн ва Уайлдер то ҳол маълум нест.
Константин Пономарёв, муштзани рус дар вазни нимамиёна (то 66,6 кило) 20 сентябр Косме Ривери мексикоиро мағлуб кард.
Сенсатисияи Маряна Маряна Наумова, варзишгари рус, дар шоуи “Мистер Олимпия”, ки 19-22 сентябр дар Лас-Вегас баргузор шуд, миёни наврасдухтарон рекорди нав гузошт.
Ҷияни Мессӣ дар “Барселона” тамрин мекунад
Владимир Кличкои 38-сола, дорандаи чор камарбанди қаҳрамонӣ (версияҳои WBA, IBF, IBO ва WBO) гуфтааст, қасд дорад бо ғолиби дидори миёни Бермейн Стиверн (Канада) ва Деонтей Уайлдер (ИМА), ки барои унвони қаҳрамонӣ аз рӯйи версияи WBC сурат мегирад, ба ринг барояд.
25 ғалабаи Пономарёв
Дар як соли охир маблағи умумии қарзҳои “Реал”-и Мадрид аз 540 то ба 602 миллион евро баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябр гуфта шуд, даромади клуб ба ҳадди рекордӣ - 604 миллион евро расидааст. Бо ин нишондиҳанда, “Реал” даҳум маротиба пайи ҳам сердаромадтарин клуби варзишии ҷаҳон шинохта шуд. Дар мавсими тобистонаи трансфер “Реал” барои харидани футболбозон наздики 140 миллион евро харҷ кард. Аз ҷумла, 80 миллион барои Хамес Родригес, нимҳимоятгари “Монако” ва тими миллии Колумбия. Дар ҳамин ҳол, клуб аз фурӯши бозингарон тавонист 130 миллион евро ба даст оварад. Ними ин маблағ аз ҳисоби Анхеля ди Мария ба “Манчестер Юнайтед” (75 миллион) буд.
Кличко унвонҳояшро ҳифз мекунад
“Аргументи и факти” менависад, ҳунарнамоии Наумоваи 15сола сенсатсияи ҳақиқӣ шуд. Ӯ дар ҳоли дароз кашидан ба пушт 145 килоро бардоштааст. “Ман мехостам дар ин сабқат вазни 150 килоро бардорам. Барои ин ман қариб як сол тамрин мекунам. Аммо панҷ кило камтар аз инро бардоштам. Ин ҳам бад нест”, гуфтааст ӯ. Ин варзишгари навраси рус изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯйи версияи “Global Powerlifting Alliance” (GPA) ширкат ва вазни 150 килоро бардорад. Моҳи июни соли равон Маряна Наумова бо даъвати Ҳизби коргарии Кореяи Шимолӣ ба он кишвар сафар кард ва дар муассисаҳои варзишӣ семинарҳо гузаронд. Яке аз нақшаҳояш бо миссияи башардӯстона ба Сурия сафар кардан будааст.
Барои варзишгари 21-солаи рус ин 25-умин пирӯзии пайдарпай (12 нокаут) мебошад. Ба иттилои «Р-Спорт» қувваозмоии Константин Пономарёв ва Косме Ривер дар Финикси Амрико баргузор шуда, доварон якдилона боксчии русро ғолиб донистаанд. Баъди ин рақобат ӯ бо мақсади кӯмак ба Мэнни Пакяо ба Филиппин рафтааст. Пакяо барои муштзанӣ бо Крис Алгиери амрикоӣ омода мешавад. Косме Ривер 38 сол дошта, 19 мағлубият дар ка-
рйерааш дорад. Инчунин, 37 маротиба дастболо шуда (25 тоаш нокаут), се дидорро мусовӣ анҷом додааст.
ЧҶ-2014: Олмон дар ҷои сеюм Волейболбозони тими мунтахаби Олмон дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Лаҳистон баргузор шуд, мақоми сеюмро ишғол карданд. Олмониҳо дар бозӣ барои ҷои сеюм тими миллии Фаронсаро бо ҳисоби 3:0 (25:21, 26:24, 25:23) шикаст доданд. Тайи 44 соли охир дастаи мунтахаби Олмон бори нахуст ба чунин дастовард ноил гардид. Бори охир варзишгарони Олмон соли 1970 соҳибҷоиза шуда буданд. Барои ҷои аввали Мусобиқаи қаҳрамонии волейбол-2014 Бразил ва Лаҳистон рақобат хоҳанд кард.
e-mail: javonontj@mail.ru
“Бо гармие, ки Қатар дорад, дар тобистон гузарондани мусобиқа бемасъулиятист. Мешавад варзишгоҳҳоро бо кондисионерҳо муҷаҳҳаз кард, аммо чемпионати ҷаҳон танҳо аз футбол дар варзишгоҳ иборат нест. Аввалин ҳодисаи марбут ба гармии ҳаво зуд дар меҳвари баҳсҳо қарор мегирад, аммо дар FIFA ҳеҷ кас чунин масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳад”, изҳор доштааст Тсвантсигер. Ӯ дар идома бо қатъият гуфтааст, “бовар дорам, Чемпионати ҷаҳон соли 2022 дар Қатар баргузор намешавад”.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
14
22 СЕНТЯБР РӮЗИ РӮДАКӢ БУД
Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз нигоҳи Рӯдакӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик дар осори гаронбаҳои хеш ба масъалаи тарбия диққати зиёд додааст. Дар ашъори ин шоири фарзона масоили одобу ахлоқ, омӯхтани илму аҳамияти он, хирадмандӣ, ҷавонмардиву одамият, некию накӯкорӣ, саъю кӯшиш ва амсоли ин мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Пажӯҳиш ва баррасии жарфи осори бозмондаи шоир нишон медиҳад, ки устод ҳамчун муаллими ахлоқ ва шоири рӯҳшинос, на фақат ба ташаккули маънавии шахс, балки ба ташаккули ҷисмонию рӯҳии ӯ низ диққати зиёд медодааст. Ӯ агар аз як сӯ барои ташаккули шахсият, илму дониш, тарбияи ақлӣ, умуман, маънавиро зарур бишуморад ва сифатҳои хуҷастаи башарӣ, мисли некиву накӯкорӣ, адлу адолат, дӯстӣ, сулҳу оштӣ, халқпарварӣ ва амсоли инро ташвиқ намояд, аз сӯи дигар, тарбияи ҷисмониро низ ҳамчун омили муҳими ташаккули шахсият таъкид менамояд ва нақши афроди ҷисман солиму рӯҳан қавию обутобёфтаро дар ҷомеа нишон медиҳад. Ӯ ҳамчун фарди ҳассос ва адиби воқеъбин дар ташаккули шахсият нақши тарбия, муҳит, ахлоқ ва варзишро хеле муассир медонад. Яъне, ӯ тарбияи ҳамаҷонибаи инсонро ба миён мегузорад, зеро сарфи назар кардани яке аз ин аркон ва авомил, ки ба сифати занҷир ба ҳам пайванд мебошад, метавонад, сабаби монеи камолоти башар гардад. М. Орифӣ дар бораи Рӯдакӣ сухан ронда, мегӯянд: «Яке аз хусусиятҳои фикрҳои Рӯдакӣ оид ба тарбия он аст, ки вай тарбияро яктарафа намефаҳмад. Вай аз чанд ҷиҳат инкишоф ёфтан ва ба камол расидани одамро зарур мешуморад ва барои ҳаёт лозим будани онро қайд мекунад». Ҳамин аст, ки ӯ нақши муҳит, илму дониш, ахлоқу одоб, ватандӯстӣ, меҳмондӯстӣ, тарбия, ба вижа, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар роҳи камолот, созандагӣ, тараққӣ, саодат ва ҷовидонагӣ ҳатмӣ шумурда, талқин менамояд, ки инсон бояд ҳатман тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ бигирад. Барои камолот ва зиндагии шоистаи инсонӣ ҳар фардро ногузир аст, ки хештанро аз лиҳози ахлоқӣ ва ақлӣ парвариш бина-
мояд ва худро ба дасти худ бисозад ва хушбахтию рафоҳашро таъмин намояд: Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад, Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад. Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Созад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад. Инсон табъан моил ба камолоти ҷисмонӣ дорад. Зеро агар ӯ ҷисман солим набошад, наметавонад маънан рушд кунад. Биноан, барои як фард ибтидо аз ҳама обу ғизову сармоя зарур аст, то битавонад ҳастии хешро таъмин намояд, вагарна маҳв мешавад. Маҳмадуллои Лутф мегӯяд: «Аз замоне, ки инсон худро шинохту эътироф кард, саломатиашро дар мадди аввал гузошт». Дар ҳақиқат, агар инсон ҳастӣ, саломатиашро ҳис бикунад, метавонад рӯҳ ва ақлу хирадашро низ ҳифз бинамояд. Ҳамин ақидаро чунин устодона ба қалам додааст: Бинфуд танам бар дираму обу замин, Дил бар хираду илму ба дониш бифнуд. Дигар, ба ақидаи устод, агар инсон ҷисман ташаккул наёфта бошад, ба гармию сардӣ, душвориҳои ҳаёт, ки чун борон бар сараш меборад, наметавонад тоб орад. Аммо ӯ агар аз неъмати варзиш ва тандурустӣ бархӯрдор бошад, ҷисман боқувват ва рӯҳан муқтадир бошад, ҳамагуна мушкилотро ба осонӣ паси сар мекунад, мақом ва буди худро дар ҷомеа буруз медиҳад. Аз сифатҳои хештан, аз ҷумла, молики хислатҳои далерӣ, мардонагӣ, сахтипазирӣ будани худро нишон медиҳад. Аммо барои ҳамаи ин бояд инсон мушкилписанд бошад ва худро барои аз сахтиҳо ҳифз кардан омода бисозад. Агар ӯ солиму сиҳатманд, ҷуръатноку далеру тавоно бошад, ин гуна сахтиҳоро метавонад ба осонӣ рафъ намояд: Андар балои сахт падид оранд, Фазлу бузургмардиву солорӣ. Рӯдакӣ дар тарбияи ҷисмонии башар нақши муассири кору кӯшишро, ки як навъи варзиш аст, зикр мекунад ва дастури коргарои «думболи кору ҷон харошӣ» -ро ба миён мегузорад ва ба ин тартиб дар тарбияи ҷисмонии башар ва роҳҳои ба камолоту саодат расида-
«БИОЛИФТ»-ро барои:
e-mail: javonontj@mail.ru
КОНФРОНС
- калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. - Барои ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. «Биолифт» аз ҷамъи гиёҳҳо иборат буда, истифодаи он безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба шахсоне, ки истеъмолашро давом додан мехоҳанд,
иҷозат аст. Тарзи истеъмол: 2 капсулагӣ ду маротиба дар як рӯз ё 5 донача пилюлӣ 2 маротиба дар як рӯз, давомнокӣ - 30 рӯз. Нархи фурӯш: «Биолифт» пилюлӣ №100 то 57 ва «Биолифт» капсула №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас карда метавонед.
ни мардум саҳми шоиста мегирад. Ин нишондодҳои варзишии ӯ, ки бешак, ба тарбияи ҷисмонии шахс мусоидат мекунад, нафақат барои рӯзгори шоир, балки тамоми рӯзгорон, аз ҷумла, рӯзгори мо низ судманд мебошад: Ту аз фарғул бояд дур бошӣ, Шавӣ дунболи кору ҷон харошӣ. Мусаллам аст, ки башар аз қадимтарин рӯзгорон ҳис карда, ки бидуни сиҳатии ҷисмонӣ, кору кӯшиш наметавонад бошарафона ва саодатмандона ҳаёт ба сар барад. Воқеан ҳам, инсон як мавҷуди худсоз аст. Ӯ худашро худаш мехӯронад, мепӯшонад ва таъмин мекунад ва ризқу рӯзиашро ба даст меорад. Аммо барои ҳамаи ин сиҳатии ҷисм ва нерӯ даркор аст. Ҳатто ҷонварон низ аз ин ҳолат истисно нестанд. Аз ин нуқтаи назар, башар вазифадор аст, ки саъю талошу ҷаҳд бинамояд ва дар ҳамин замина бе сиҳатмандию нерӯи ҷисмонӣ инсон наметавонад ба ҷое бирасад, Рӯдакӣ гуфтааст: Аз пайи алфағдаву рӯзӣ ба ҷаҳд, Ҷонварон сӯи сипанҷи хеш ҷӯёну давон. Зиндагӣ худ некӯтарин омӯзгор аст ва ҳамвора меомӯзад, ки бояд устувору боиродаву поймард буд. Аммо ин сифат танҳо тавассути варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба каф меояд. Чун мард ин сифатҳо ба даст овард, дигар тарсу ҳаросро ба худ роҳ намедиҳад, аммо агар чунин набошад, баръакс мешавад. Аз ин байти устод ҳамин маънӣ берун меояд: Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд, Ранҷаке бошад-ту озару газанд. Зиндагӣ дорои фуруду фароз аст. Бинобар ин, инсон бояд ҷисман инкишофёфта, варзишгаро бошад, то битавонад дар ин дунёи пурҳаводис хештанро гум накунад ва дар зиндагӣ дарнамонад. Ин гуна хусусияти оламро устод Рӯдакӣ қайд намуда, одамонро ҳушдор медиҳад ва огоҳ месозад, ки зиндагиро осон нагиранд ва ба зоҳири он фирефта нашаванд. Чунки: Талхиву шириниаш омехта-ст, Кас нахӯрад нӯшу шакар бо пиюн.
Маҳмуд АБДУЛЛОЕВ, директори Муассисаи давлатии Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи И. Ҳасанов
«АРТРОВИТ» - (фитобальзам) барои бемории артритҳо (буғумдард), дарди мушакҳо, невралгияҳои байниқабурғавӣ, невритҳо, сарбориҳои барзиёд ва узвҳои такяву ҳаракат истифода мешавад. Рагҳоро васеъ мекунад, ангезиш ба вуҷуд оварда, ба беҳшавии гардиши хун мусоидат мекунад. Истифодаи малҳам аломатҳои нотобии буғумҳоро кам мекунад, дард, варам, илтиҳоб бартараф мешавад. Тавсияҳо оид ба истифода: Малҳамро рӯзе 2 ё 3 маротиба дар ҷои дардмандбудаатон бо ҳаракатҳои маҳскунанда молед. Рақами телефон барои тамос: шаҳри Душанбе - 378-82-29-26, вилояти Суғд ва ноҳияҳои он - 92 749 33 47. Нархи фурӯш - 30 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед.
Варзиши донишгоҳӣ дар ДТҶТ Бо ташабуси Федератсияи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ 2326 октябри соли равон дар Донишкадаи давлати тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов конфронси IV байналмилалии илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон, зери унвони «Варзиши донишгоҳӣ: саломатӣ ва рушди миллат» баргузор мешавад. Соли 2013 тибқи тавсияи иштирокчиёни конфронси сеюми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Рига доир гардид, қарор шуд, ки чорабинии навбатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар чорабинӣ, ки ба 20-солагии Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, донишҷӯён ва олимони ҷавони зиёда аз 50 донишгоҳи кишварҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Ҳадаф аз баргузории конфронс мусоидат кардан ба корҳои илмӣтадқиқотии донишҷӯёну олимони ҷавон, имкон додан ба олимони ҷавон барои муаррифии корҳои тадқиқотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
С. АМИНИЁН, “ҶТ” ФУТБОЛ
Хоруғ-1 – ғолиби мусобиқа
Дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавонони аз 16-сола боло баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Дар ҷамъбаст ҷойи аввалро дастаи Хоруғ-1, ҷойи дуюмро ноҳияи Мурғоб ва ҷойи сеюмро дастаи Хоруғ-2 ишғол карданд. Ғолибон бо медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд.
«БАЮ БАЙ» ХОБИ ШИРИН БА КӮДАКОН… «Баю-Бай» бедорхобиро аз байн мебарад ва хобро муътадил мегардонад. Рӯзона хобро ба вуҷуд намеорад. Ба раванди қавӣ шудани хотира ва ақл мусоидат карда, ҳолати азхудкунӣ ва омӯзишро беҳтар месозад. Хосияти оромибахш дошта, ба афзоиши асабоният - стресс монеа мешавад. «Баю-Бай»-ро такроран истеъмол намудан мумкин аст. Тарзи истеъмол: Барои кӯдакони аз 1,5-сола боло 15-20 қатрагӣ 3 маротиба давоми як моҳ. Безарар ва одатнопазир аст. Нархи фурӯш - 21 сомонӣ. Истеҳсоли Русия. Истеъмоли он бе дорухати духтур иҷозат аст.
Иллат, камбудї
Осон
Горизонталї
Бахту саодат
Ѓазабнок Навъи гул
Номи Ибн Сино
Њайвони оянда, Чип ва Дейл
Ќањрамони он – Афандї
Ѓолиб, чемпион Тамѓаи ќанди Русия
Њаќиќатгў
Давлат дар Амрикои Марказї
Истироњат
Холї, мањрум аз чизе
Њиссачаи ишоратї
Коргардони машњури кинои шўравї
Љуфт барои хурўс
Додар (лањља)
Соњиби оилаю манзил
Дору барои љароњат
Номи сарояндаи суѓдї Иброњимов
Афсари хурд
Яке аз аломатњои китобатї
Оромї
Давлат дар Шарќи Чароѓи Наздики деворї Осиё
Номи њамсари Борис Елсин
I, унсури кимиёвї Мурод, армон
Зебу зинат
Ороиши занона
Хирад, дониш, панд
Номи духтарона русї
Модар (лањља)
Њамеша
Сулњ, осоиш
Само, фазо
Фан, дониш
Сарояндаи «Чакчаки борон»
Узви нафаскашї Ситораи синамои Њинд Зинат …
Тамѓаи либосњои варзишї
Санги калон, кўњпора
Њайвон, сайди даррандагон
Шаршараи машњур дар ИМА
… Ѓанї, сарояндаи эстрадї
«Паланг»дарё дар Ироќ Бозии шатранљмонанд
Сарватманде, ки ба сиёсат таъсир дорад
Бозии русии рўимизї
Дарёи бузурги Чин
Њама, кулл Минтаќаи шимоли Замин
Ањли хона
Пайрави дини Ислом
…-Ланка
Дзюдочї Расул …
Тарз, сабк
Пиёла, ќадањ
Яке аз рамзњои давлат
Кунљи 180градуса Моеъи техникии беранг
Подоши амал
Гилин
Чўби такя
Хеле хуб, бењтарин
Маркази вилоят дар Украина
Шакли кўтоњи «дина» дар назм
Њасан нисбати Њусейн
шоКўшиш Намози ми Рамазон
Махмур аз шароб
Мустањкам, пойдор
Нурии органикї
Пули майдаи ќазоќњо
Ќарн, садсола
Шањр дар Италия
Душман
... и никоњ, ањднома
"... ва Љерри" Ватанпарвар
Нависанда Садриддин …
... Ќосимова
Андом, бадан
Гови корї
Домоди Восеъ
Хом
Хонум, бегим
Пайрави тасаввуф, ќаландар
Шоњзани рус (номи кўтоњаш Катя)
"... Новости"
e-mail: javonontj@mail.ru
Пешрафт, инкишоф
Ноњия дар вил. Хатлон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №39 (9361), 25 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салим баъди чанд сол муаллими фанни математикаашро дар бозор вохӯрда, мегӯяд: - Устод, як чиз пурсам мумкин? - Марҳамат. - Ҳамон “Х” (икс) ҳозир ҳам номаълум аст?
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ
Утоқи навбатдори милиса. Занги телефон: - Ало, милиса? - Бале, чӣ гап шудааст? - Ҳамёнамро дузиданд. - Ба Худо, мо надуздидем...
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7047 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Гули “ростӣ” Шоҳзодаи Чин бояд ба тахт мебаромад, аммо тибқи оини давлатдории он замон аввал оиладор шудананаш даркор буд. Ба хотири пайдо кардани номзади мувофиқ чанде аз духтарони ҷавони шаҳрро ба ҳузураш даъват кард. Духтари яке аз хизматгорони дарбори шоҳ шоҳзодаро хеле зиёд дӯст медошт. Вай ҳам хоҳиш кард, ки ба ҳузури шоҳзода барояд. Модараш ҳарчанд итобу сиёсат карда бошад ҳам, монеи духтар шуда натавонист. Чунки вай шоҳзодаро дер боз дӯст медошт ва барои хушбахтиаш ҳамин бас буд, ки як бор шоҳзодаро бубинад. Соати таъиншуда фаро расид. Духтарони ҷавон ва зебои зиёде ҷамъ омаданд. Барои
он, ки писанди табъи шоҳзода бошанд, беҳтарин либосҳо пӯшида, худро бо қиматтарин дуру марҷон оро доданд. Хулас, ки барои мақбули шоҳзода шудан ҳама роҳро ба кор бурданд. Шоҳзода ба ҳар як духтар яктои тухми гул дода, фармуд, ки тухмҳоро ба гулдоне шинонда, баъд аз шаш моҳ ба ҳузури вай биёранд. Ҳар кас тухмро гирифта, бо шӯру ҳаяҷони зиёд сӯи хонааш шитобид. Духтари хизматгори дарбор низ тухмро ба гулдоне шинонд. Ҳарчанд бо диққат нигоҳ мекарду ба гулдон об мемонд ва хоки гулдонро нарм мекард, чизе намерӯид. Ҳама корро кард, бо чанд гулпарвар суҳбат карда, маслиҳат гирифта бошад ҳам, беасар буд. Шаш моҳ гузашт,
аммо гулдон ҳанӯз холӣ буд. Бо вуҷуди он ки духтари хизматгор ба ҳузури шоҳзода гули мебурдагӣ надошт, аммо соати муқарраршуда бо гулдони холӣ ба дарбор рафт. Баръакси вай духтарони дигар бо гулҳои зебо омада буданд. Ниҳоят, вақти муҳим ҳам фаро расид. Шоҳзода ба ҳуҷрае, ки духтарон ҷамъ буданд, ворид шуд. Ӯ гулдонҳоро як-як аз назар гузаронд ва эълон кард, ки духтари хизматгорро ба занӣ мегирад. Ҳама дар ҳайрат монд. Духтарони дигар ба ин қарори шоҳзода норозигӣ баён карданд. “Ин чи гуна қарор аст, ки соҳиби гулдони холиро ҳамсар мегиред?”, - мегуфтанд онҳо. Шоҳзода вазъиятро чунин шарҳ дод: “Ин бонуи ҷавон ба ман беҳтарин гулро тақдим кард. Гули ростиро! Чунки аз тухме, ки ба шумо додам, гул намерӯид. Онҳо пуч буданд!”
Хоби муназзам – шарти солим будан Одатан, онҳое, ки бисёр хоб мекунанд ва ё онҳое, ки барои кор кардан ба вақти бештар ниёз доранд, дар фикри кӯтоҳ кардани вақти хобашон ҳастанд. Яъне, мехоҳанд, аз ҳисоби вақти хобашон корҳои дигарашонро анҷом диҳанд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки вақти хобро баъди муҳлати муайян кӯтоҳ кардан номумкин аст. Мутахассисон баъди пажӯҳишҳо ба натиҷае расиданд, инсоне, ки ба хоби кам иктифо мекунад, саломатиашро аз даст медиҳад. Ба ибораи дигар, дар саломатиаш халал пайдо мешавад. Хоб яке аз функсияҳоест, ки инсонро солиму бардам медорад. Дар сурати набудани хоби муътадил чанд проблемаи дигар ба миён меояд, ки тағзия ва стресс дар зиндагии ҳаррӯза аз он қабиланд. Бино ба таъкиди мутахассисони соҳа ба қадри даркорӣ хоб накардан ба ҳофиза ва қобилияти азхудкунии шахс таъсири манфӣ мерасонад ва организмро барои бемориҳо мусоид месозад. Аз ин лиҳоз, аввалин шарти солим будан хоби муназзам аст. Хобро табибон монанди хӯрок хӯрдан, об нӯшидан ва нафас кашидан барои организм зарур донистаанд. Тӯли (дарозии) хоб вобаста ба омили ирсӣ
дар инсонҳо фарқ мекунад. Камтарин вақти хоб 4 ва бештари он 11 соат будааст. Хобро равоншиносон ва табибон як пораи умри инсон медонанд, ки намешавад қурбони дигар дилхушиву фароғат кард. Азбаски яке аз шартҳои асосии солимии инсон хоби муътадил ё муназзам аст, пас, аз айёми туфулият сар карда, то охири умр онро ҳамчун як пораи барҳадаррафтаи умр дидан хатост. Чун хобро кӯтоҳ ё қурбони дигар корҳо кардем, ба ҳолатҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мешавем. Дар як пажӯҳиш ё таҷриба, ки миёни донишҷӯён гузаронидаанд, чунин натиҷаро ноил шуданд: онҳое, ки хобашонро чанд соат кӯтоҳ кардаанд, давоми рӯз аз бехобӣ, хастагӣ, беҳолӣ, мушкилии ҳофиза (яъне, дар ёд гирифта натавонистан) шикоят кардаанд. Донишҷӯёне, ки дар ин таҷриба ширкат доштанд, давоми рӯз ба бехобиашон мағлуб шуда, маҷбур шудаанд, ки эҳтиёҷи хоболудагиро бароранд. ... Пас, барои инсон хоби муътадил ё бонизом шарт аст!
Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
Ду дугона суҳбат доранд. Аввалӣ: - Баъди ҷудошавӣ шавҳарам ҳар рӯз занг мезанад. Дуюмӣ: - Бахшиш мепурсидагист, лаъин?! Аввалӣ: - Не, минатдорӣ мекунад…
*** Аз байтор мепурсанд: - Духтурҷон, саг ҳам касали сактаи қалб мешавад? - Мешавад, агар барояш шароити ба одамон наздик муҳайё гардад...
*** Ду бемор суҳбат доранд: Аввалӣ: - Зарбулмасали “Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ”-ро шунидаӣ? Дуюмӣ: - Бале, чӣ буд? Аввалӣ: - Ҳамон зарбулмасал ба духтурҳо дахл дорад ё не? Дуюмӣ: - Охир дахл надошта бошад, ҳусни хатти ҳамаашон як хел мешавад?
ЭЪЛОН
Ивази ному насаб
БАҲШ-и ношияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар асоси аризаи шаҳрванд Суҳроби Шосафарзода, соли таваллудаш 4 сентябри 1991, ному насаби ӯро ба Пулодов Суҳроб Шосафарович иваз кард.
Эътибор надорад
Шартномаи гумшудаи хариду фурӯши манзил, бо феҳрасти 1ш-1200, ки аз 16.08.2004 дар Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи ноҳияи Шоҳмансур, хонаи 12, кв. 8 ба номи Абророва Рухшона Қурбоналиевна ба расмият дароварда шудааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Суяров Давронҷон Камолович (РЯМ 2130032887), ки дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Азимов Абдулмуъмин Абдураҳимович (РЯМ 2130032878), ки дар Нозироти андози ноҳияи Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.