Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
1
№41 (9363),
9 октябри соли 2014
ДЗЮ-ДО
РУШДИ МАҲАЛ
Сафари кории Президент ба вилояти Хатлон
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6-8 октябр зимни як сафари корӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон қарор дошт. Сарвари давлат аз ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Хуросон дидан карда, бо иштироки ӯ як қатор иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода ва ба сохтмони як қатор иншооти дигар оғоз бахшида шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷиликӯл корхонаи истеҳсоли асфалт мавриди истифода қарор гирифт, ки бо сармояи Ҷопон сохта шудааст.
ТАСМИМ
ЕврАзЭС барҳам мехӯрад Дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки 10 октябр дар шаҳри Мински Белорус доир мегардад, сарони кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аз кори иттиҳод натиҷагирӣ карда, шартномаи қатъи фаъолияти онро аз 1 январи соли 2015 ба имзо мерасонанд.
ҶАЛАСА
Саҳифаи
13
Барои дарёфти Ҷоми Президенти мамлакат 17 варзишгари хориҷӣ иштирок карданд
Ҳамоиши вазирони туризми ИДМ дар соҳили Нева Субҳи имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии вазирони туризми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз кард. Дар он интизор меравад, ки масоили ташкилу баргузор намудани ярмаркаҳои туристӣ, таъмини муассисаҳои бахши туризм бо мутахассисони баландтаҷрибаю бозомӯзии онҳо, хатсайрҳои нави туристӣ, ҷалби коршиносони бахши туризм ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷараёни татбиқу амалисозии созишномаҳои қаблан батасвибрасида ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гиранд. Ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиш, ки то 11 октябри соли ҷорӣ идома меёбад, Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ намояндагӣ дорад.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2015
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
2
ҶАШН
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Мутахассисони ҷавон ихтисосашонро такмил доданд Аз 29 сентябр то 4 октябри соли равон 54 корманди ҷавони сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти мамлакат ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Ба онҳо масъулини дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мутахассисони соҳа ва устодони донишкадаи мазкур дар мавзӯъҳои гуногун дарс гуфтанд. Ташкили курси такмили ихтисос барои мутахассисони соҳа ҷиҳати баланд гардидани неруи зеҳнӣ, малакаи корӣ, татбиқи босамари барномаҳои давлатии соҳавӣ ва барои тақвият бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ миёни аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат хоҳад кард.
ДАЪВАТ-2014
Дӯст доштани забон дӯст доштани Ватан аст 4 октябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ кулли мардуми шарафманди кишвар ва аҳли толорро бо ин ҷашнҳои бузург табрику таҳният гуфта, бо сарфарозӣ изҳор дошт, ки мардуми кишвар Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таҷлил менамоянд. Забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ аст ва он дар тӯли таърих барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Дӯст доштани забон дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанг аст”. Бо ёдоварӣ аз аҳамияти таърихӣ ва ҳаётии забон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “хусусан, имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем”. Сарвари давлат дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисиро тақозои давру замон номида, насли наврас ва шаҳрвандони маърифатпарвари кишварро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят кард. Зикр шуд, ки “баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад”. Бо ёдоварӣ аз ҷашнҳои бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии “Авасто”, ҳазорсолагии “Шоҳнома”, 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддин Беҳзод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва бисёр бузургони дигар, ки тайи 23 соли соҳибистиқлолии кишвар таҷлил шуданд, иброз гардид, ки ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам нишона аз идома ва густариш ёфтани ҳамин сиёсат аст. Бино ба таъкиди Сарвари давлат чунин чорабиниҳо на танҳо мавриди бисёр муносиб барои шинохти амиқ ва таҳқиқу барра-
сии осори илмиву адабӣ мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд. Президенти кишвар аз шогирдон ва ҳаводорони осори гаронбаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ чун Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон ёдовар шуда, дӯстии Мавлоноро бо шогирди бовафояш Алишери Навоӣ намунаи барҷаста ва ибратомӯзи мардуми тоҷику узбек номид. Сарвари давлат зимни ёдоварӣ аз осори пурғановати илмию адабӣ ва ирфонии Мавлоно Ҷомӣ, ки тибқи иттилои ҷомишиносон ба 46 адад мерасанд, ба афкори тасаввуфию ирфонӣ ва ба тариқати маъруфи “Нақшбандия” рӯй овардани ин бузургвор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Чунонки зикр гардид, тариқати “Нақшбандия” як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ, хусусан, мазҳаби ҳанафӣ мувофиқати зиёд дорад ва ба он гаравидани Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд, зеро ин вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯи таассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд. Суханҳои машҳури Мавлоно Ҷомӣ дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд. Президенти кишвар изҳор дошт, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани тафриқаҳои миёни шиаю суннӣ ва дигар мазҳабу равияҳои диниро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод. Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз соҳибдавлатии миллати куҳантамаддуни тоҷик, ки ба шарофати он мо имрӯз ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем, арзи ифтихору шукрона намуда, мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳангӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ, омӯзиши амиқи осори бузургони илму адаб ва ибратомӯзӣ аз онҳо ҳидоят намуд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф аст 1 октябри соли равон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшавнада баргузор гардид, ки беш аз 80 нафар ҷавони бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир шуданд. Чунин як чорабинии тантанавӣ дар ноҳияи Сино бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон ва ҷавонон баргузор шуд. Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавонон ва волидайни онҳоро шодбош намуда, барои иқдому ташаббусашон изҳори миннатдорӣ баён кард. Инчунин, перомуни дастгириву ғамхориҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ҷавононро ба хизмати содиқона баҳри ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини ваҳдати миллӣ ҳидоят ва ба онҳо сиҳатмандиву муваффақият таманно намуд. Дар фарҷом навдаъватшудагон бо туҳфаҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва
сайёҳии ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои раиси Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, фаъолон, аъзои комиссияи даъвати ноҳиявӣ ва ҷавонони синну соли даъват дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот доир намуд. Мавсума Муинӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ атрофи тарбияву таълими дурусти наврасону ҷавонон сухан карда, онҳоро барои саҳм гузоштан дар ободии диёр, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният, ҳмиояи марзу буми кишвар ҳидоят намуд. Дар фарҷоми ҳар мулоқот маҳфили саволу ҷавоб доир шуда, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
ҶАШН
“Забон - омили асосии рушду камолоти миллат” Таҳти ҳамин шиор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ 2 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур семинар-машварат доир гардид. Дар он Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Файзинисо Қосимова, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур атрофи гиромидошт, пос доштани забони давлатӣ, дастовардҳои мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи 23 соли соҳибистиқлолӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар сӯҳбат намуданд. Дар фарҷом озмунҳои маърифативу варзишӣ, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ миёни ҷавонон доир гардид, ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Хизмати ҳарбӣ қарз нест? Аз оғози моҳи равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1987-1996 ба хизмати ҳарбӣ шуруъ шуд.
Шукӯҳи намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» 2-4 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» намоиши чоруми байналмилалии китоби Душанбе баргузор гардид. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ дар расми ифтитоҳи он изҳор дошт, ки баргузории намоишгоҳе дар чунин сатҳ гувоҳи он аст, ки миллати мо аз азал ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳ дошт ва ин суннати ниёгон имрӯз низ садоқатмандона тавассути Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба пайгирӣ мешавад ва бо шарофати сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ хислати байналмилалӣ касб кардааст.
Дар намоишгоҳи мазкур 61 интишороти дохилӣ ва 17 интишороти хориҷӣ 6710 номгӯй китобҳои нашрнамудаи худро ба маъраз ва фурӯш гузоштанд. Интишороти хориҷӣ аз 9 кишвар, аз ҷумла, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, ИМА ва Русия ташриф оварданд дар намоишгоҳ беш аз 20 китоби нав рӯнамоӣ шуд, ки нашриёти хусусиву давлатӣ онҳоро ба чоп расондаанд.
3
ДАЪВАТ-2014
17 сентябри соли равон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе интизори меҳмоне будам. Чашмам ба ҷавоне афтод, ки хеле мушавваш менамуд. Ин тарафу он тараф тарсида нигоҳ мекард. Гӯё касе таъқибаш дошта бошад. Дар даст борхалтаи калоне дам ба дам ба соати телефонаш менигарист. Маълум, ки соати парвозро бесаброна интизор аст. Наздик рафта, салому ҳолпурсӣ кардам, пасон куҷо сафар доштанашро пурсидам. Номи ҷавон Фаромурз буда, азми сафар ба шаҳри Санк-Петергбурги Федератсияи Русия дошт. “Ба Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супорида, (бо усули тестӣ) дохил шуда натавонистам. Акнун қарор додам, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам, то маблағ кор карда, соли оянда аз тариқи шартномавӣ ба донишгоҳ дохил шавам”, - гуфт Фаромурз. - Магар дар ватан кор ёфт нашуд, ки ба Русия меравӣ? - пурсидам аз ӯ. - Кор бисёр, аммо ба наздикӣ “хизмат” сар мешавад. Ҳоло меравам, ки ба даст наафтам. Ман акнун сабаби ҳаросон будани Фаромурзро фаҳмидам. Андешидам, ки наход дар Ватани хеш хизмат кардан монанди аробаи пури сементро дар замистони сард кашонда бурдан, дар корҳои вазнин иштирок кардан мушкил бошад? Акнун нияти хона рафтан доштам, ки як ҷавони хандонрӯе аз дари фурудгоҳ берун шуд. Ӯ дар даст сумкаи калон сӯи таксиҳо мерафт. Ҳисси кунҷковӣ боло гирифту аз ӯ пурсидам, ки аз куҷо омадаааст. Ӯ гуфт: - Аз Русия омадам. - Дар ҳамин вақти “облава”? Табассуми зебое карду гуфт: - Ман се сол пеш дар қисми ҳарбии 26 11-и ноҳияи Ҷиргатол хизмат кардам. Он
вақт дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт мехондам. Ду - се сол пас аз хизмат таҳсиламро идома дода, онро хатм намудам. Чанде дар Русия будам. Акнун омадам ва рафта, дар ноҳияамон кор мекунам. Воқеан, дар хизмат чизҳоеро омӯхтам, ки на дар мактаби миёна ва на дар донишгоҳ наомӯхта будам. Хизмат як мактаби мардонагист. Мактаби ҷасорат аст. Он ҷо ҷавонон ҷисман обутоб меёбанд... ...Он бегоҳ овози ҳамсоязан чунон сахт ба гӯш расид, ки маҷбур шудам дарро кушода, бипурсам, чӣ воқеа шудааст. Садои зан ҳамоно баланд мебаромад. Вай бо зарда мегуфт: “Маошеро, ки дар сохтмон кор кардӣ, рав думоҳа хурокатро харида биёр. Ҳоло “облава” ҳаст гуфта, ду моҳи дигар аз хона берун намебароӣ”. Фаҳмидам, ки писараш Эмомҷонро мегӯяд. - Аз хона чаро намебарояд, хола? - пурсидам ман. - Охир, боз “облава” барои хизмати аскарӣ сар мешавад, - гуфт модари Эмомҷон. Ман дигар чизе нагуфта, дарро пӯшида ба фикр фурӯ рафтам. Агар Фаромурз аз Русия биёяду боз ду соли дигар саводи дар донишгоҳ дохил шудан надошта бошад, чӣ? Аҷиб аст, ҷавонони мо боз чанд соли дигар ду моҳ тирамоҳ, ду моҳ баҳор дар гурез хоҳанд буд? Эмомҷон то кай чун кабк дар қафас меистад? Ҳалол бод аз ҳавои ватан нафас гирифтани Ҷобир, ҷавоне, ки далерона хизмати Ватани азизро дар ноҳияи Ҷиргатол адо намудааст. Аҳсан ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ хизмат мераванд. Хушбахтона, кам нестанд сафи онҳое, ки бо хоҳиши хеш хизмат мераванд. Аммо гурезу фирори ҷавононро дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ мушоҳида карда, кас фикр мекунад, ки қарз будани он ба ҳар як ҷавон кайҳо фаромӯш шудааст...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
ФАРҲАНГ
Д. НАЗАРВАЛИЗОДА
«Мактаби интихоботи демократӣ» ҷамъбаст гардид
Лоиҳаи «Мактаби интихоботи демократӣ», ки аз тарафи ТҶ «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи ҷавонони пешсаф дар Тоҷикистон»-и намояндагии Каунтерпарт Интернэшнл дар Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид. Лоиҳа бо маблағгузории Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашт. Мақсади асосӣ дастгирии ҷавонони пешсаф ва фаъол гардондани ҷавонони пешсафи минтақаҳои Зарафшон, Бадахшон ва Рашт ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳа 15 нафар ҷавони пешсаф ва фаъоли шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хоруғ ва Рашт аз тариқи озмун интихоб гардиданд. Ғолибони озмун дар тренингҳои омӯзишии «Мактаби интихоботи демократӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамзамон, иштирокчиён бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Қ. Миралиев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ М. Ҳакимов ва роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон вохӯрӣ намуда, дар мавзӯи «Ҷавонон дар раванди қабули қарор» сӯҳбат намуданд.
Истиқлол нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард Шанбеи гузашта, яъне, рӯзи сеюми маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи даъват мужда расониданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар додаанд. Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои нахусти оғози мавсими даъват, инчунин, ноҳияҳои Носири Хусрав ва Балҷувони вилояти Хатлон аз уҳдаи иҷрои нақша иттилоъ додаанд. Хабар дода мешавад, ки қисмати зиёди ҷавонон дар ноҳияҳои зикргардида ихтиёрӣ барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба коммисариатҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Фармони Президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, 30 ноябри соли равон ба итмом мерасад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ» ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
4
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Ҷумҳурии мо кишвари кӯҳсор буда, дар он ҳамаи минтақаҳои табиӣ-иқлимӣ, аз биёбонҳои сӯзон то даштҳои ландшафтиву кӯҳҳои сарбаланд, аз туғайзор то экосистемаҳои паҳнбарги кӯҳӣ ва сӯзанбаргҳои баландкӯҳӣ вомехуранд. Аз ин рӯ, дар як вақт бо тай кардани масофаи на чандон зиёд метавонед се фасли солро якбора бубинед. Ҳамчунин, гуногунии шароити иқлимӣ боиси ғанигардии олами набототу ҳайвонот гаштааст. Мувофиқи маълумоти олимон дар ҷумҳурӣ 5 ҳазор намуди растаниҳо, 525 намуди ҳайвоноти мӯҳрадор ва қариб то 10 ҳазор намуд ҳайвоноти бемӯҳра зиндагӣ мекунанд. Баъзе аз онҳо танҳо дар кишвари мо боқӣ монда, дар дигар ҷойҳо вонамехӯранд. Бо мақсади ҳифзу нигаҳдории олами набототу ҳайвоноти нодири мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2004 Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» (ҲТММ)-ро таъсис дод, ки 2,8 миллион гектарро дар бар мегирад. Имрӯз дар мамлакат се мамнӯъгоҳи табиӣдавлатӣ, аз қабили «Бешаи палангон», «Даштиҷум» ва «Зоркӯл», инчунин, Резервати биосферии «Ромит», парки табиии «Сари Хосор», парки таърихию табиии «Ширкент» ва Парки миллии Тоҷикистон мавҷуданд. Ба гуфтаи муовини сардори МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Агенти хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, номзади илмҳои биологӣ Убайдулло Акрамов, мувофиқи тадқиқот зиёда аз 92 дарсади намояндагони олами набототу ҳайвоноти кишвар дар мамнуъгоҳҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як мамнуъгоҳ ва паркҳои табиӣ бо гуногунии олами набототу ҳайвонот фарқ мекунанд. Бо таъсиси ҲТММ Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки гуногунии олами набототу ҳайвоноти кишварро дар сатҳи маҳаллӣ нигоҳ дорад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Парвариши тазарвро ба роҳ бояд монд Яке аз парандаҳои нодир ва зеботарини кишвар тазарв ба шумор меравад. Он дар материк (хушкӣ)-и Авруосиё паҳн гардида, қариб 40 зернамуд дорад. Дар ҷумҳурии мо се зернамуди он - тазарви тоҷикӣ, тазарви зарафшонӣ ва тазарви сирдарёӣ паҳн гардидааст. Соли 1988 бинобар хавфи нестшавиаш ин паранда ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шуд. Тазарви тоҷикӣ то нимаҳои асри XX дар тӯғайзорҳои дарёи Вахш, соҳили рости дарёи Панҷ, по-
ёноби дарёҳои Қизилсӯ ва Кофарниҳон, соҳили дарёҳои Ширкент, Қаратоғ, Хонақоҳ ва мавзеъҳои кишоварзии водии Ҳисор зиёд дучор меомад. Бо сабаби бо суръат азхудкунии заминҳо аз солҳои 60-уми асри гузашта теъдоди ин парандаи зебо дар водии Ҳисор ва баъзе навоҳии вилояти Хатлон аз байн рафт. Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» популятсияи устувори ин зернамуд таҳти муҳофизат қарор гирифт. Моҳи марти соли 2008 кормандони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ И. Абдусаломов ва аспирант Ғ. Ғарибмамадов ҳангоми мушоҳидаи кӯчиши парандагон дар мавзеи фурудгоҳи Айнии ноҳияи Рӯдакӣ тазарви тоҷикиро диданд. Ҳамон сол ва солҳои минбаъда дар шаҳри Душанбе низ тазарви тоҷикӣ мушоҳида шуд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъди кам шудани майдони
таҳҷоии тазарв хавфи калон дорад. Сар додани ин зернамудҳо ва зотҳои дурага ба табиат метавонад сабаби нобудшавии зернамудҳои таҳҷоӣ, ки аҳамияти глобалӣ доранд, гардад. Сардори ҲТММ Мадиброн Саидов иброз дошт, ки чанд сол боз дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” фазанерия амал мекунад, ки дар он теъдоди тазарв зиёд мешавад. Кормандони мамнуъгоҳ дар баробари ба роҳ мондани парвариши ин парандаи нодир бар зидди шикори ғайриқонунии он низ мубориза мебаранд. - Агар мо теъдоди парваришгоҳҳои тазарвро бештар ба роҳ монем, метавонем аз ҳисоби фурӯши гӯшту тухми парҳезии он маблағҳои сарфшударо баргардонем, мегӯяд Убайдулло Акрамов. – Барои афзоиши саршумори тазарв дар «Бешаи палангон» имконият фаровон аст. Ба роҳ мондани
хориҷӣ ба шикори архар зиёд шудааст. Ин намуди гӯсфанди азимҷусаи ёбоӣ бо номҳои «Гӯсфанди помирӣ» ё «Гӯсфанди Марко Поло» низ маъруф аст. Архар дар баландкӯҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон вомехӯрад. Ҳамчунин, ин ҷонвари кӯчандаи ёбоӣ тавассути сарҳад ба минтақаҳои баландкӯҳи Чин ва Покистон гузашта, ҷойҳои зисташро иваз мекунад. Тавре Мадиброн Саидов иброз дошт, алҳол дар минтақаҳои мудирияти Парки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ 5800 сар архар ҳифз мешавад, ки аз он 3600 сар болиғ, 200 сар ҷавон ва 1200 сар навтаваллудшуда мебошанд. Шумораи архар дар мамнуъгоҳи «Зоркӯл» 589 сарро ташкил медиҳад. Дар мамнуъгоҳи мазкур, инчунин, 960 сар заргӯши толоӣ, 2300 сар суғури сурх, 217 сар бузи кӯҳии сибирӣ мавҷуд аст. Афзоиши ҳайвоноти нодир то 10 дарсадро ташкил
Ганҷинаи бебаҳои мамлакатро ҳифз кунем парвариши тазарв ба рушди ҷангалпарварӣ низ мусоидат мекунад. Зеро санҷид, ки меваи он ғизои асосии тазарв ба шумор меравад, дар шӯрахок низ хуб нашъунамо карда, шӯрашавии заминро кам менамояд.
пахта теъдоди ин парандаи нодир дар водии Ҳисор рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тазарв моҳҳои апрел-май аз 8 то 12 тухм мегузорад. Ғизои асосии тазарвро тухму меваҳои растаниҳои гуногун ташкил медиҳад. Ба гуфтаи собиқадори соҳаи ҷангал Иван Петрович Устян барои тазарв дар фаслҳои тирамоҳу зимистон меваи санҷид ғизои асосӣ ба шумор меравад. Ин парандаи зебо, инчунин, ҳашароти зараррасони боғу киштзорҳоро нобуд месозад. Олимони Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҶТ аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки солҳои охир ворид намудани зернамудҳои бегона ва зотҳои дурагаи тазарв аз минтақаҳои дигар ба Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ин барои зернамудҳои
Оҳуи бухороиро ба «Ромит» баред Солҳои сиюми асри гузашта, ки туғайзорҳо дар ҳолати табиӣ қарор доштанд, дар мамлакат шумораи оҳуи бухороӣ («Хонгул») қариб ба 4000 сар мерасид. Азхудкунии водии Вахш ва нестшавии қисми зиёди туғайзорҳо боиси то ҳадди хатарнок камшавии ин намуди оҳу гардид. То соли 1960 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200- 250 сар оҳуи бухороӣ монда буд. Бо мақсади афзун кардани саршумори ин ҷонвари нодир соли 1962 12 сар оҳуи бухороиро ба мамнуъгоҳи «Ромит» оварданд. Баъди ба иқлими водии Ҳисор бомуваффақият мутобиқ гаштанашон теъдоди оҳуҳо тӯли 20 сол ба 200 сар расид. Мутаассифона, солҳои навадуми асри гузашта бо сабаби бесарусомониҳо саршумори хонгул дар ин ҷо ба нестӣ расид. Онҳоро силоҳдорон барои гӯшти хушлаззаташ шикор мекарданд. Хушбахтона, имрӯз ҳифзи ин ҳайвони нодир дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» хуб ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи Мадиброн Саидов теъдоди оҳуи бухороӣ дар ин ҷо ба 285 сар мерасад. Агар чун даврони шӯравӣ чанд саршумори оҳуи бухороӣ ба Резервати биосферии «Ромит» ва Парки табиии «Сари Хосор» бурда шавад, шумораи он солҳои наздик метавонад аз 500 сар гузарад. Теъдоди ҳайвоноти нодир меафзояд Солҳои охир тавваҷҷуҳи сайёҳони
медиҳад, ки нишонаи хуб аст. Ҳайвони дигари нодири ҷумҳурӣ бузи пармашох (морхур) мебошад. Он дар шаху пайроҳаҳои касногузар хеле чолокона гаштугузор мекунад ва дарозии шохҳои пармамонандаш то ба 1,5 метр мерасад. Бузи пармашох ҳамчун ҳайвони эндемикӣ хоси қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва Ҳиндукуш маҳсуб ёфта, теъдоди он ҳамагӣ 4000 сарро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва афзунгардонии саршумори бузи пармашох соли 1983 дар ноҳияи Шӯрообод - мамнуъгоҳи «Даштиҷум» ташкил шуд. Имрӯз теъдоди бузи пармашох дар ин ҷо ба 511 сар мерасад. Ҳамчунин, дар мамнуъгоҳ гӯсфанди кӯҳии бухороӣ («уриал») ҳифз карда мешавад, ки шумораи он 162 сарро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 34 сар зиёд аст. Миёни ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон хирси маллаи тиёншонӣ калонтарин ширхӯри даранда ба шумор меравад. Андозаи бадани он 150-180 см. ва вазнаш 120-170 килоро ташкил медиҳад. Бинобар маҳдуд будани шуморааш хирси малла ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Хирси малла дар Резервати биосферии «Ромит» таҳти муҳофизати қатъӣ қарор дорад. Арчазору чормағззор, ҷангалзору олуча ва дигар дарахтони кӯҳӣ мавзеъҳои хоси зисти хирси малла ба ҳисоб мераванд. Аз охирҳои моҳи ноябр то аввалҳои март хирси малла ба хоби зимистонӣ меравад. Танҳо дар сурати наёфтани ғизои дилхоҳ дар табиат хирс метавонад ба чорвои хонагӣ ҳуҷум кунад. Ба гуфтаи Убайдулло Акрамов
Агар мушкилот рафъ шавад
Аз соли 1600 то соли 1975 дар сайёра 1,2% намуди ширхӯрҳову парандагон нобуд шудаанд. Солҳои 90-ми асри 20 қариб 8% (тақрибан 100 намуд) олами ҳайвонот зери хавфи нобудшавӣ қарор гирифтаанд. Агар ҷараёни нобудшавии намудҳо бо ҳамин суръат идома ёбад, то соли 2050 аз рӯи замин мумкин аст, ки 250 дарсади намудҳо нобуд гарданд. (Китоби «Муҳити зист барои оянда», Душанбе, 2007) Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи кишвар солҳои охир як қатор тадбирҳои судбахш андешид. Амалисозии «Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2005-2015», қабули қонунҳо “Дар бораи ҳифзи табиат”, “Дар бораи олами набототу ҳайвонот», “Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” аз ҳамин ҷумлаанд. - Соли ҷорӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани назорати соҳавӣ, гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2016-2025, лоиҳаи Консепсияи ҳифзу нигаҳдории оҳуи бухороӣ ташкил шуд ва айни ҳол корҳои омода намудани аснод амалӣ шуда истодаанд, - мегӯяд Мадиброн Саидов. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадов барои ташкили минтақаҳои махсуси муҳофизатӣ 11167, 11 гектар замин ба мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ҳамроҳ карда шуд. Дар натиҷа, масоҳати мамнуъгоҳ ба 60 000 гектар расид. Алҳол масъалаи ҷудо кардани замин барои минтақаи махсус муҳофизатшаванда дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум» ҳалношуда мондааст. Агар масъалаи мазкур низ ҳалли худро зудтар ёбад, дар ҷодаи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти мамлакат иқдоми шоиста мешавад. Яке аз мушкилоти имрӯзаи ҲТММ набудани деворҳои муҳофизатӣ - ҳифзкунандаи сарҳадотӣ мебошад. Алҳол ҲТММ ба бунёди 43 км. девори муҳофизатӣ ниёз дорад. Тавре дар боло гуфтем, барои ба роҳ мондани парвариши оҳуи бухороӣ дар мамлакат шароити табиӣ мавҷуд аст. Баҳри амалишавии ин мақсад лоиҳаи бунёди парваришгоҳи оҳуи бухороиро дар майдони 100 гектар дар МТД «Бешаи палангон» ҳарчи зудтар маблағгузорӣ бояд кард. Агар Ҳукумати мамлакат ин лоиҳаро маблағгузорӣ намояд, фоидаи он назаррас хоҳад буд. Соли ҷорӣ дар МТД «Бешаи палангон» моҳҳои июл-август гармии ҳаво 40-50 дараҷаро ташкил дод. Ин хавфи ба амал омадани сӯхторро зиёд мекунад. Мутаассифона, мошинҳои сӯхторхомӯшкунии мамнуъгоҳ хеле кӯҳнаю фарсуда шудаанд. Бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ мамнӯъгоҳро бо мошинҳои нави сӯхторхомӯшкунӣ таъмин бояд кард. Олами набототу ҳайвоноти кишвар ганҷинаи бебаҳои мамлакат ба шумор рафта, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ниёз доранд. Бо ин мақсад маблағгузорӣ ба корҳои илмӣтадқиқотиро афзун намуда, мутахассисони ҷавонро бештар ҷалб бояд кард, то ки аз таҷрибаи олимони собиқадор баҳра баранд. Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Такрори таърих Ҷои шубҳа нест, ки таърих аз такрор иборат аст. Аммо дар асри 21, асри тезутундшавии равандҳо такрори ҳаводис ва руйдодҳои сиёсӣ зуд-зуд ба назар мерасанд. Ҳанӯз 7 октябри соли 2001 бо роҳбарии ИМА Эътилофи байналмилалӣ (ISAF) таъсис ёфта, ба Афғонистон омад. Ҳамчунин, 20 марти соли 2003 артиши Амрикову шарикони ааврупоиаш вориди Ироқ шуданд. Ҳоло бо сардории ИМА дар Ироқу Сурия барои маҳви ҳаракати Давлати исломии Ироқ-Шом (ДИИШ) эътилофи нав созмон ёфтааст. Ниҳоят, баъди он ки ҳаракати салафиравияи ДИИШ дар Ироқу Сурия боиси харобиҳои зиёд ва ҳолокати мардуми бешумор гардид, ИМА зарур донист бо ҳампаймонҳояш эътилоф ташкил дода, алайҳи он муқовимат кунад. Ҳадафи коалитсияи мазкурро чанде пеш Президенти ИМА Барак Обама бо як ҷумла шарҳ дод: “Террористҳоро дар ҳар ҷое ки набошанд, маҳв мекунем!” Аҷиб ва аз як тараф рамзист, ки ИМА баъди 13 сол ва ҳам дар солгарди воқеаи 11 сентябр қавли Ҷорҷ Буш -“Ё бо мо хоҳед буд ё бо террористон!”-ро такрор кард. Обама мисли Буш гуфт: “Террористҳоро, ки таҳдид ба ватани моянд, дар ҳар ҷои дунё, ки набошанд, мезанем! Агар Амрикоро таҳдид мекунед, ягон паноҳгоҳе нахоҳед ёфт!” Дар воқеъ, 13 сол пеш ИМА бо мақсади маҳви “Толибон” (шохаи афғонистонии “Алқоида”) низ Эътилофи байналхалқиро созмон дод. Ҳадафи феълии ИМА ва эътилофи нав нест кардани ҳаракати салафӣ ва радикалии ДИИШ дар Ироқу Шом мебошад. ДИИШ зоҳиран “душман”-и нав, дар асл ҳамон як шохаи “Алқоида” аст. Зимни суханронии Барак Обама дар Кохи Сафед маълум гардид, ки эътилофи нав ба муқобили ДИИШ аз рӯи чор стратегия ҳамла хоҳад кард: а) тавассути ҳамлаҳои ҳавоӣ корҳои истихборотӣ (разведка)-ро суръат мебахшад; б) гурӯҳҳоеро, ки алайҳи ДИИШ меҷанганд, дастгирӣ мекунад; в) манбаъҳои молии ДИИШ-ро мебандад; г) бо мақсади барқарор намудани суботу истиқрор дар Ироқу Сурия кӯмакҳои башардӯстонаро зиёд мекунад. Бояд гуфт, стратегия ё “плани” нави ИМА мардуми дунёро чандон ба ҳайрат новард. Чунки ИМА чунин “иқдомро” (маҳв кардани террористон) соли 2001 дар Афғонистон ва соли 2003 дар Ироқ ба роҳ андохта буд. Вале эътилофи таъсисдоаи ИМА дар Афғонистону Ироқ ба мақсадҳои муайянкардаашон – таъмини амният даст наёфтанд. Яъне, дар ҷанг бо “Толибон” ва “Алқоида” пирӯзии мутлақро соҳиб нашуданд. Барои он ки дар утоқ нишаста, нақшаи ҷанг бо “Толибон”-ро кашидан дигар асту татбиқи он, яъне, бо “Толибон” дар майдон ҷангидан дигар. Дар Ироқ ва Сурия бошад, иттифоқчиён бо як ҳаракате рӯ ба рӯ омадаанд, ки аз “Алқоида” дида чанд маротиба мукаммалу неруманд аст. Ҳам аз ҷиҳати техникаву муҳимоти ҷангӣ, ҳам аз ҷиҳати қаламрави нуфуз ва ҳам аз лиҳози моддиву молӣ... Аз ин нуқтаи назар, муваффақ шудани эътилофи нав дар Ироқу Сурия чандон қобили мулоҳиза нест. Аммо суоле пайдо мешавад, ки чаро ИМА ва ҳампаймонҳояш ҳамла ба ДИИШ-ро имрӯз зарур шумориданд? Дар ҳоле ки ин ҳаракати мутаассиби ваҳҳобӣ ва салафимаоб бештар аз ду сол аст, ки ҷавлон дорад ва дар ин муддат басе нуқтаҳои муқаддасро дар Ироқу Сурия ба нестӣ расонд, басе инсонҳоро бегуноҳ қатл кард ва заминҳои зиёдеро дар тасарруф гирифт... Амирко то ин дам ба тахрибкориҳои ДИИШ таҳаммул мекард, аммо вақте ҷангиёни ДИИШ ду журналисти амрикоӣ (Ҷэймс Фолӣ ва Стивен Сотлоф)-ро бераҳмона сар буриданд, косаи сабри ИМА лабрез гашт. Яъне, зарурати ҳамла ба ДИИШ баъди ҳалокати бераҳмонаи хабарнигорон пеш омад. Як сабаби дигар, ки ИМА имрӯз зарур донист ДИИШ-ро саркӯб кунад ин аст: ДИИШ тадриҷан вусъат меёбад, ҳудудашро бо ғасбу ишғоли шаҳру манотиқи Ироқу Сурия зиёд мекунад. Тавсеаёбии ДИИШ хатар ба муттафиқони дар майдонбудаи ИМА (Ҳукумати Ироқ, курдҳо ва Исроил) мебошад. Яъне, ҳар қадар ки ДИИШ васеъ шуд, ҳамон андоза нафас кашидан барои ҳукумати Ироқ, курдҳо ва давлати Исроил, ки шарикони ИМА дар минтақаанд, душвор мешавад. Аз сӯи дигар бо зиёд шудани доираи нуфуз ва маконҳои нафтхези ДИИШ ба дороиҳои ИМА дар Ховари Миёна халал пайдо мешавад (ИМА дар Ховари Миёна соҳибсарват аст, вай аз нафти ин минтақа баҳра мебардорад). Як сабаби дигари зарарути ҳамла ба ДИИШ мавҷудияти ҷангиён аз кишварҳои ғарбӣ дар сафи ДИИШ мебошад. Тибқи оморе, ки сиёсатмадорони аврупоӣ нашр кардаанд, теъдоди ҷангиёни аврупоӣ дар сафи ДИИШ беш аз 3 ҳазор будааст. Ба кишварҳояшон баргаштани ин ҷангиён на танҳо маънои бесуботии Аврупоро
дорад, инчунин, он хатари ҷиддӣ барои амнияти ИМА низ ҳаст. Аз ин рӯ, барои монеъ шудани чунин хатар Ғарб ба ДИИШ ҳамларо зарур донист ва ҳар иқдоме зарур шавад, ба роҳ мемонад. Ҳадафи эътилофи нав тоза кардани минтақа аз ДИИШ ва ҳаракатҳои радикалии монанд ба он маънидод шудааст. Инчунин, бо ин роҳ ИМА заррае ҳам бошад, амнияти Ироқ ва ҳамин тавр муттафиқони таърихиаш дар минтақа (курдҳо, язидиҳо ва исроилиҳо)-ро таъмин кардан аст. Ҳадафи дигари эътилоф он аст, ки монеи ба кишварҳояшон рафтани ҷангиёни аврупоии ДИИШ бишавад. Воқеан, ДИИШ ҳаракатест, ки дар асоси идеологияи “Алқоида” амал мекунад. “Алқоида” аз замони пайдоишаш (1988) ҳеҷ гоҳ соҳиби қудрати сиёсӣ буданро инкор накардааст, аммо бештар ба дур андохтани қудратҳои ғарбӣ аз кишварҳои исломӣ авлавият медиҳад. Аммо ДИИШ, агарчӣ шохаи “Алқоида” аст, баръакси вай мақсади васеъ кардани ҳудуд ва соҳиби қудрати сиёсӣ будан, ҳамин тариқ таъсиси хилофати васеи исломиро ҳадаф қарор додааст. Яъне, ҳарчанд он бо “Алқоида” ихтилоф дошта бошад ҳам, тадриҷан рисолати онро татбиқ мекунад. Яъне, ҳудудҳои таҳти тасарруфашро зиёд мекунад. Ғарб ба ин роҳ додан намехоҳад. Бинобар ин, ҳарчи зудтар пеши роҳи ДИИШ-ро бояд бигиранд. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи ИМА масрафи моҳи августии ҳамлаҳои ин кишвар ба ДИИШ дар минтақаи ИроқСурия 7,5 миллион доллар будааст. Танҳо моҳҳои августсентябри соли ҷорӣ ин кишвар ба нуқтаҳои таҳти контроли ДИИШ 150 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Агар моҳи июнро ҳам ба инобат гирем, масрафи чормоҳаи ҳамлаҳои ИМА ба нуқтаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ аз 600 миллион доллар гузаштааст. Коршиноси сиёсати хориҷӣ ва профессори амрикоӣ Гордон Адамс таҳлилу ҳисоб намуда, ба натиҷа расидааст, ки масрафи солонаи ҳамалоти ИМА ба ДИИШ 10-15 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Агар ба ин рақам теъдоди масрафи кишварҳои дигари узви эътилоф зам шавад, масрафи умумӣ 150-200 миллиард доллар дар як сол мешавад. Дар “Эътилофи иттифоқчиён” (Барак Обама онро чунин номидааст) исми 10 кишвар зикр шудааст, ки низомиёнашон алайҳи ДИИШ меразманд. Инҳо ИМА, Англия, Фаронса, Олмон, Италия, Дания, Лаҳистон, Канада, Австралия ва Туркия будаанд. Инчунин, гуфта мешавад, ки эҳтимол баъзе кишварҳо дар зинаҳои дуюм ва сеюми муқовимат, чуноне ки дар Афғонистон карда буданд, барои тақвияти неру ба эътилоф бипайванданд. Эҳтимол амалиёти бароҳмондаи эътилоф алайҳи ДИИШ давом ёбад. Тавре Барак Обама зимни суханрониаш таъкид дошт: “Нест кардани ДИИШ барин як саратон вақт мегирад”. Баъдтар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА низ таъкид кард, ки амалиёти эътилоф густарда буда, он вақти зиёд мегирад. Гумони ғолиб ин амалиёт ҳадди ақал 2-3 сол идома меёбад. Ҳарчанд Барак Обама гуфтааст, ки ҷанг алайҳи ДИИШ ҳаргиз режими Башор Асадро, ки халқи худро террор кардаву то ҳол террор мекунад, машруият намебахшад, аммо, бешак, бо ҳамла ба ДИИШ (ин ҳаракат яке аз мухолифони режими Башор Асад аст) ҳукумати Асад ҳам вақт, ҳам нерӯ ва ҳам ҳудуд ба даст меорад. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳудуди аз тасарруфи ДИИШ озодшуда ба дасти Башор Асад мегузарад... Зимнан, бояд гуфт, алайҳи ДИИШ, ки як ҳаракати сирф харобкор асту аз номи ислом амал мекунад (ҳарчанд аз асли ислом фарсахҳо дур аст), муттаҳид шудани дунё ва муштаракан ҳаракат кардан, бурди калонест. Аммо ин маънои сад дар сад муваффақ шудани эътилофи навро надорад. Далели ин то ҳол мавҷуд будани шохаҳои “Алқоида” дар Афғонистон, Ироқ, Малӣ, Сомалӣ ва чанде аз давлатҳои дигар мебошад. Бахусус, аз ҳаво ба нуқтаҳои ДИИШ ҳамла анҷом дода, несту нобуд кардани онҳо чандон эътимодбахш ба назар намерасад. Аммо воқеиятро боз ҳам вақт нишон медиҳад...
М. САИД, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
алҳол шумораи хирси тиёншонӣ дар ҲТММ ба 263 сар мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 сар зиёд аст. Дар баландкӯҳҳои касногузари мамлакат бабри барфӣ («ирбис») зиндагӣ мекунад. Бабри барфӣ танҳо зистанро меписандад ва дар ҳудудҳои муайян маскан мегирад. Ба гуфтаи корманди илмии МДТ «Зоркӯл» М. Алидодов бабри барфӣ доимо як роҳи назоратиро интихоб намуда, онро сари чанд вақт давр мезанад. Феълан шумораи «ирбис» дар ҲТММ ба 71 сар мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 3 сар зиёд аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
5
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
6
ЭРОД
ФАРҲАНГ
Дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 апрели соли равон оид ба сиёсати иҷтимоӣ омадааст, ки «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлат ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан, пиронсолону маъюбон, кӯдакони бепарастор, ки ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ муҳтоҷанд, мунтазам чораҷӯӣ намоянд».
Вазъу ҳолати хизматрасонӣ дар осоишгоҳу дармонгоҳҳои вилояти Суғд, ба мисли «Уротеппа»-и шаҳри Истаравшан, «Зумрад»-и шаҳри Исфара ва «Харангон»-и ноҳияи Варзоб дар муқоиса бо дигар осоишгоҳҳо хеле хуб мебошад. Дар осоишгоҳҳои мазкур бинову утоқҳои тозаю озода, муҷаҳҳаз, шароити хуби хизматрасонӣ дар асоси технологияи муосир, дар баробари дамгирию табобати бевосита ба кас ҳузуру ҳаловати дигар мебахшанд. Гап сари он аст, ки аксари мизоҷон, махсусан онҳое, ки баъди меҳнати вазнин ё бар асари ин ё он сабабу беморӣ барои дамгирию табобат меоянд, маълум, ки табиатан хеле нозук мешаванд. Бо як сухани хуш фараҳ мегиранду аз андаке ноҷӯрӣ табъашон хира мешавад. Дар алоқамандӣ бо ин, на бо мақсади хӯрдагирӣ, балки дар сатҳи дилхоҳ дидани ҳолати воқеии хизматрасониҳо дар тамоми
осоишгоҳ номидан мумкин аст? Мисоли дигар. Дараи Ромит яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво, манзараҳои нотакрор, умуман, мавзеи боби истироҳату дамгирӣ ҳисоб меёбад. Мизоҷон дар ин ҷо аз оби мусаффои дарёи Кофарниҳон ва чашмаи Зайрон роҳат мебаранд. Дар ҳамин мавзеи овозадор осоишгоҳи «Калтуч» воқеъ гардидааст, ки баробари ворид шудан ба он табъи кас хира мегардад. Ошёнаи сеюми бинои осоишгоҳ номаълум, ки чанд сол боз рӯи таъмири дурустро надидааст. Аксари дигар биноҳои хизматрасонӣ ҳам куҳнабунёд мебошанд, ки аз таъмири онҳо, батамом чаппа кардаву аз нав сохтанашон арзонтару қулайтар меафтад. Мавриди муҳайё сохтани шароити фароғату истироҳат дар осоишгоҳи мазкур ҳоҷати гап ҳам намемонад. Дар ин ҷо ақаллан як мизи билярду теннисбозӣ ва ҳавзи оббозӣ ҳам ба чашм нарасид. Мизоҷонро тавассути нақлиёти куҳнаи аз замони шӯравӣ боқимонда
Боиси хушҳолӣ ва сипосгузорист, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат дар мамлакат даҳҳо бунгоҳи тиббӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, солимгардонӣ, дорухонаҳо бунёд гардидаанд ва дар ҳоли бунёд ёфтан ҳастанд. Ҳамчунин, осоишгоҳу табобатгоҳҳои замоне маъруфи ҷумҳурӣ, ки бо сабабҳои гуногун фаъолияташон суст гардид, ба эҳёи рисолати худ пардохтаанд ва ҳар сол дар онҳо шумораи зиёди на танҳо сокинони кишвар, балки хориҷиён истироҳату табобат мегиранд. Хушбахтона, ба камина ҳам муяссар гардид, ки дар доираи шароиту имконият гоҳе аз ин ҷойҳо дидан карда, истироҳат ва саломатии худро барқарор намоям.
осоишгоҳу табобатгоҳҳои ҷумҳурӣ чанд эродеро аз мушоҳидаҳои худ баён доштаниам. Чунончӣ, дар осоишгоҳи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир мушоҳида кардам, ки биноҳои он, ба қавле, куҳнаву фарсуда буда, мероси асри гузаштаанд. Бар замми ин, дар осоишгоҳ аз таҷҳизоти замонавии ташхису табобат камбудӣ доранд. Нуқтаи табобатгирӣ аз маҳалли хонаҳои хоб дур воқеъ гардидааст. Дар дохили биноҳо ҷойҳои махсуси оббозӣ ва шустушӯи муқаррарӣ мавҷуд нест. Ин ҳолат ба мизоҷони нисбатан эҳтиёҷманд, аз қабили пирони барҷомонда ва шахсони касалманд душворӣ эҷод менамояд. Бе ин ҳам, осоишгоҳро чӣ тавр бе доштани шароити оддитарин
ба мавзеи чашмаи «Зайрон» бурда меоранд. Дар замоне ки ба қавле, рақобату реклама дар пешрафти кори осоишгоҳ барин муассисаҳо нақши хеле муҳим мебозад, магар бо чунин муносибат метавон аз доштани нақшаи дурнамои чунин як осоишгоҳу табобатгоҳҳо ҳарф зад? Дар сурати идома ёфтани чунин як хунукназарию бетавофутӣ, коҳиш ёфтани шумораи мизоҷон масъулини онҳо ба киву ба чӣ умед мебаста бошанд? Ҳол он ки дар мавриди табъи дили мизоҷон ташкил кардани истироҳату фароғат фоидаи зиёде ба даст овардан мумкин аст, ки метавонад имкониятҳои молии муассиса ва сатҳи зиндагию маишии коргарону хидматгузорони муассисаҳоро боло барад. Боз ин ки дар амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои неки ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистони азиз, ҳолату фаъолияти хуби чунин муассисаҳо бо ҷалби муштариёни хориҷӣ хизмати арзандае карда метавонад. Аз ин лиҳоз, хеле ба манфиати кор мебуд, агар масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии суғуртаи давлатӣ баҳри ислоҳи камбудиҳо ва беҳбуди шароиту фаъолияти осоишгоҳҳо чораҳои мушаххас андешанд. Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст, Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. Айнан, ҳамин гуна муруввату мадорои маъмурияти осоишгоҳҳоро аз байти машҳури Ҳоҷа Ҳофиз барои мизоҷони бо сарфи маблағҳои зиёд ва умед ба ин даргоҳҳо омада, таманно мекунем, чунки осоишгоҳҳо бояд ҷои роҳату осоиш ва ба номашон мувофиқ бошанд.
Дида ба “Дидор” мерасад 16-20 октябри соли ҷорӣ дар толори Хонаи кинои пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе синамобазми шашуми байналмилалии «Дидор» бо ҳузури синамогарони Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он беҳтарин филмҳои авруосиёии ҳунарӣ, мустанад ва анниматсионӣ пешкаши бинандагон мегарданд.
Осоишгоҳҳо бояд ба номашон мувофиқ бошанд
Ҳасан БОБОЕВ, узви ИЖТ
АКСҲО АЗ БОЙГОНӢ
ҲАҶ-2014
Ҳоҷиён бармегарданд Шуруъ аз фардо ҳоҷиён аз зиёрати Каъба ба Ватан бармегарданд. Барои қабули ҳоҷиён ва бору бағоҷи онҳо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида, шароити заруриро муҳайё намудааст. Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо гурӯҳи аввалини ҳоҷиён дар хатсайри ҶиддаДушанбе субҳи 10 октябр фуруд хоҳад омад. Парвози охирин дар хатсайри Мадина-Душанбе 24 октябр амалӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки имсол аз Фурудгоҳи Душанбе 4622 нафар тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» барои зиёрати Хонаи Худо ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина гусел шуданд. Дар умум беш аз 6,3 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд. Дар ин бора М. Шодиев, котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод.
Маъмун дар Бағдод китобхонаи бузург бо номи “Байтулҳикма” доир кард ва таҳти назорати Ҳунайн писари Исҳоқ (вафот 873) мактаби махсуси тарҷума таъсис дод. Дар ин мактаб ва ё донишгоҳ, матнҳо бо забонҳои гуногуни он давр тарҷума мешуданд. Аз ҷумла, матнҳои юнонӣ ё мустақиман аз юнонӣ ё ба воситаи сирёнӣ ба арабӣ. Пас аз тарҷума ва чопи ин дастовардҳо бузургон ва мардуми Шарқ аз ин ганҷинаҳо истифода мекарданд. Ҳамзамон, пас аз мутолиа ва таълими китобҳои тарҷумашуда, онҳо дар муқоиса бо улуми исломӣ ба кори асили худ мепардохтанд. Ҳамин тариқ, бузургон ва донишмандон бо тарҷумаи китобҳои гуногуни дунё тавонистанд, ки фарҳанг ва маданияти худро тараққӣ бахшанд. Лозим ба ёдоварист, ки уламо ва бузургони форс ва мусалмон дар чор бахши илм - риёзиёт, нуҷум, кимиё ва физика бузургтарин саҳм гузошта, дар он кашфиётеро барои бозмондагон ба мерос мондаанд. Вобаста ба ин, метавон чанд мисолеро аз корнамоиҳо ва дастовардҳои онҳо ҳамчун намуна баён дошт. Риёзиёт Аксар андешамандон ва муҳаққиқон ҳама шохаҳои риёзиёти имрӯзро ба талошҳо ва кашфиёти донишмандони мусалмон нисбат додаанд. Ба гуфтаи онҳо донишмандони мусалмон дар ин росто саҳми бузурге гузоштаанд. Ҳамзамон, арзишмандтарин саҳми онҳо дар риёзиёт ба кор бастани адади арабӣ ва системаи ададҳои “даҳ, даҳӣ” аст. Пеш аз қарни нуҳ адади рӯмӣ маъмул буд, ки дар он “сифр” вуҷуд надошт. Мусалмонон “сифр”-ро маъмул карданд, ки кори риёзатро содатар мекард. Аврупоиҳо дар ин самт равиши наверо “Алгоризм” номиданд, ки аз номи Муҳаммад писари Мусои Хоразмӣ (вафот 85 мелодӣ) гирифта шудааст. Хоразмӣ риёзидони бузурге буд, ки илова бар кашфиёти илмии худ дар соҳаҳои гуногуни илм, дар ҷабр “Алгебра” ва риёзиёт низ осори муҳиме таълиф кард. Китоби ҳисоби “Алҷабр ва муқобала”-и ӯ то қарни 16 аз матнҳои аслии дарси риёзиёт дар
Дастовардҳои мардуми Шарқ дар тавлиди илм донишгоҳҳои аврупоӣ ба шумор мерафт. Ҷабр, ки кашфиёт ва талоши Хоразмӣ буд, ба ақидаи коршиносон, баъдан тавассути Умари Хайём (вафот 1121) такмил гардид. Умари Хайём, ки бештар дар Тоҷикистон бо эҷоди рубоиёташ шуҳрати беандоза дорад, аммо дар асл яке аз донишмандони бузург дар кашфи фанҳои дақиқ дар дунё маъруф аст. Хайём ҳандасаи таҳлилиро такмил бахшидааст. Абуалӣ Ҳасан писари Ҳайсам (вафот 1039) ва Собит писари Қурра (вафот 901) пештозони ин риштаҳо буданд. Синус ва косинус, ки як риштаи ин соҳа ба шумор мераванд, тавассути риёзидонони мусалмон ташаккул гирифта. Муҳаммад писари Баттонӣ (вафот 929) бунёнгузори ин ришта ба шумор меравад. Дар ҷамъбандии дастовардҳои риёзидонони мусалмон мушоҳида мешавад, ки онҳо мафҳуми ададро такмил доданд ва илми ҷабрро сайқал бахшиданд. Ҳамчунин, онро ба сурати низомдор дароварданд ва робитаи онро бо ҳандаса ҳифз намуданд.
Абумаъшар (вафот 886) ва Ибни Қурраро метавон ёдовар шуд, ки дар рушди илми нуҷум саҳм доштанд. Ба гуфтаи коршиносон, саҳми ин бузургон дар ҳоле буд, ки Аврупо ҳанӯз дар ин ришта ҳарфе барои гуфтан надошт ва таъсири ин осори нуҷумӣ бисёр васеъ буд. Барои мисол, номи бисёре аз ситораҳо дар замонҳои аврупоӣ маншаъи арабӣ доранд, аз ҷумла, “Deneb” (занб, дум), “Pherkad” (фурқад, гӯсола), “Acrob” (ақраб), “Altair” (Аттайр, паранда) ва вожаҳое чун “Zenith” (самтурраъс), “Nadir” (назир) ва “Azimuth” (Ассамт), ки ҳама ёдовари осори муҳаққиқони мусалмон аст.
Нуҷум Илми нуҷум назди форс ва мусалмонон аз улуми дақиқе буд, ки таҳти унвони риёзиёт табақабандӣ мешуд. Мавқеият, ҳаракот ва фосилаи ситораҳову баёни онҳо ба забони риёзӣ, ҳамчунин, таъйини авқот ва фаслҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳои нуҷум буд. Нуҷум дар дарёнавардӣ ва сафар дар биёбонҳо низ коромад дошт. Мунаҷҷимони мусалмон дар ҷараёни фаъолиятҳои худ
Кимиё (химия) Шимӣ ё кимиё яке аз нахустин улуме буд, ки дар дунёи ислом густариш пайдо кард. Ҳамзамон, ба ақидаи соҳибназарон калимаҳои “Chemistry”, “Alchemy” низ тарҷумаи вожаи арабии кимиё аст. Ба ақидаи донишмандон илми кимиё тавассути Ҷобир писари Ҳайён (вафот 765) ва Розӣ (вафот 929) ба як илми таҷрибавӣ мубаддал гардид. Илова бар кашфҳои муҳиме, ки дар ин соҳа аз тариқи мусалмонон сурат гирифт, саҳми асосии кимёдонони мусалмон беназир аст. Ҷобир писари Ҳайён падари илми кимиё шинохта шудааст. Нақши ӯ дар ин ҷода назири нақши Арасту дар фалсафа аст. Вай равишҳои теклис, таблур (кристал), маҳлулсозӣ, тасфия ва эҳё ё истиҳоларо такмил кард. Ӯ озмоишгоҳи бузургеро дар Куфа дошт,
расадхонаҳо сохтанд ва ибзору васоили расад карданро кашф ва такмил доданд. Истирлоб (астролябия), соат, сӯзанҳои магнитӣ (барои дарёнавардӣ), қутбнамо абзору васоили гуногуне мебошанд, ки барои таҳқиқ ва амалӣ намудани ин илм аз тарафи мусалмонҳо пешбинӣ шуда буданд. Ба ин тартиб дастовардҳои умдаи онҳо дар заминаҳои расад, ибзорсозӣ ва такмили мусалласоти куравӣ (тригонометрия) барои ҳалли масоили риёзиёти нуҷумӣ будааст. Дар ин масъала машҳуртарин мунаҷҷимон Баттонӣ, Фарғонӣ, Ибни Юнус (вафот 1009), Берунӣ (вафот 1048),
ки ду қарн пас аз вафоташ кашф гардид. Кашфиёти ӯ дар дувоздаҳ қарн пеш, ҳанӯз ҳам дар илму таҳқиқи кимиёи имрӯз ҳам муътабар аст. Аз ҷумла, тасфияи фулузот (филтр кардани метал), ранг кардани либос ва чарм, зидди об кардани либос аз тариқи навъе равғани ҷило ва пешгирӣ аз ранг задани оҳан. Шайх Розӣ, ки дониши пизишкии вай шӯҳрати бештаре дорад, дар илми кимиё низ нақши бузурге доштааст. Вай озмоишгоҳе дошт ва таҳқиқоти илмӣ, мушоҳидаҳои худро амалӣ мекард. Розӣ аввалин касе буд, ки фаровардаҳои кимиёиро ба се даста, маъданӣ, наботӣ ва
ҳайвонӣ тақсим кард. Розӣ нахустин нафаре буд, ки пас аз таҳқиқоти худ эълом кард, ҳар мавҷуди зинда бар вокунишҳои печидаи кимиёӣ мубтанӣ аст. Аммо дар баробари Розӣ ва Ҷобир, олимон ва донишмандони зиёде буданд, ки дар ин ҷода саҳми арзанда гузоштанд ва таҳқиқоти худро дар ин илм ба мерос мондаанд. Барои мисол, метавон чанде аз онҳоро номбар кард: Муҷритӣ (вафот 1007), Муқаддасӣ (қарни 10), Ибни Ҷазла (вафот 1080), Ироқӣ (қарни 13) ва ғайра... Физика Дар таҳқиқ ва кашфиёти илми физика низ саҳми бузургони исломро метавон мушоҳида кард. Онҳо дар ин росто низ тавонистаанд, ки аз худ дастовардеро рӯи кор биёранд. Аз ҷумла, Қутбуддини Шерозӣ, Ибни Ҳайсам, Берунӣ, Абдурраҳмони Хозанӣ касоне ҳастанд, ки дар илми табиат меросе гузоштаанд. Кори Ибни Ҳайсам дар нуршиносӣ (Optics) бисёр пураҳамият буд ва бо ин сабаб ӯро бунёдгузори нуршиносии мудерн медонанд. Китоби “Алманозир”-и вай ба лотинӣ тарҷума шуда, то имрӯз мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ӯ дар китоби худ қонуни шикасти нурро дар ҳангоми убур аз ду воситаи гуногун таъйин кард. Берунӣ нобиғаи дигарест, ки ҷуғрофидон, риёзидон, мунаҷҷим ва физикдон буд. Китоби “Аттафҳим лиавоили танҷим”-и вай тайи чанд қарн матни дарсӣ буд ва “Қонуни масъудӣ”-и ӯ аса-
ри классикии нуҷуми исломӣ маҳсуб мешавад. Дар умум, агар ба таърихи илм ва кашфиёт дар олами ислом назарпардозӣ шавад, маълум мегардад, ки аксар илмҳои муосир, ки имрӯз мардуми Ғарб бо он ифтихор доранд, дар онҳо кӯшиш ва талоши мардуми мусалмон беназир аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки дар дунёи имрӯз мардуми мусалмон дастовардҳои гузаштагони худро аз даст дода, онро бегона кардаанд, ки бегонагон бо истифода аз мероси гузаштаи мусалмонон онҳоро моли худ мешуморанд. Ҳувайдои АБДУЛЛОҲ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
Илм ва донишварӣ аз замони қадим ва пайдоиши Одам (а) сарчашма гирифта, дар ҳар давру замон миллатҳои гуногун дар кашф ва пешравии он саъю талош карданд. Аз ҷумла, мардуми Шарқ дар такмил ва сайқали бахше аз самтҳои илм дастовард ва кашфиётҳоеро ба мерос гузоштаанд. Пеш аз ҳама, дастовардҳоро дар бахши тарҷума метавон ёдовар шуд. Ҷунбиши тарҷума, ки дар давраи Бани Умая, бахусус, тавассути Холид писари Язид (вафот 704 мелодӣ), Шомӣ ва Ибни Муқаффаъ (вафот 759) оғоз гардид, дар давраи Аббосиён, ба вижа, дар замони Маъмун (786-833), ки ҳомии бузурги улум ва фунун буд, ба авҷи худ расид.
7
e-mail: javonontj@mail.ru
НИГОҲИ ДИГАР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
8
БА ПЕШВОЗИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Худошиносӣ аз қонуншиносӣ маншаъ мегирад, зеро дилхоҳ санаду қонунҳо сарчашма аз орзуву омоли худи инсонҳост. Инсоният давра, сохту ҷомеаҳои гуногунеро аз сар гузаронида, зарразарра, қатра-қатра, зина ба зина ва давра ба давра ба қонунҳои хеле ва хеле мукаммал шарафманд гардидааст. Ба якборагӣ расидан ба чунин як комёбӣ дар доираи имконоти инсонӣ буда наметавонад. Сарқонунҳои ба истилоҳ мукаммали имрӯза ҳам маҳз натиҷаи ҳамон авҷи беадолативу ҳуқуқпоймолкуниҳо дар замонҳои сохти обшинаи ибтидоӣ, бою феодалӣ, ғуломдорӣ, капиталистӣ мебошанд. Дастовардҳои имрӯза дар соҳаи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу
Умеду гармии дили манфиатҳо ҳам дастранҷ аз ҳамон муборизаҳо барои бунёду пойдории адолати иҷтимоӣ миёни инсонҳост. Агар беадолатӣ, қонуншиканию ҳуқуқпоймолкуниҳо ва зулму ситам намешуданд, инсоният дар фикри таҳия ва доштани қонунҳои олӣ намегардид. Имрӯзҳо бисёр аз боби қонунҳое гап мезанем, ки ба зоҳир, бо андаке тағйироти зоҳирӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Чунончӣ, маъмул шудааст, ки «қонунҳои дунявӣ ва шаръӣ» бигӯем. Дар асл, ҷавҳари ҳамаи инҳо якест. Кадом дине набошад, рафторҳои зиштро маҳкум ва некро таблиғ менамояд. Қонунҳои дунявӣ низ ҳамчунин. Кам ҳукуматҳое вомехӯранд, ки дар дохили худ аз дурӯғ, хиёнат, фиреб, ҷинояткорӣ, фисқу фасод, фаҳш ва ҳоказо ҷониборӣ карда бошанд, зеро ин ҳама заволи давлату мулк мегардад. Ин фалсафаро давом додан мумкин аст, вале бо хулосабандӣ метавон гуфт, ки мурод аз доштани Конститутсияи ҳар давлат, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мебошад. Ҳар давлатеро, ки ин ҳуҷҷати асосии пухтарасидаву комилро шара-
фёб гардидаву шаҳрвандонаш бо эҳтиром аз он риоя ва пуштибонӣ мекунанд, ояндаи нек интизор аст. Бо такя ба ин маъниҳо метавон гуфт, ки ояндаи ҳар миллату давлате аз чигунагии қонунҳои асосиаш вобастагии калон дорад. Танҳо онҳое ин нуктаи муҳимро сарфи назар мекунанд, ки ба ғайр аз манфиатҳои ночизи шахсӣ, дигар муҳимтар омилеро қобили тасаввур кардан надоранд. Аз ҳамин ҷост, ки гоҳо дар ҷомеаи мо ҳам ҳодисаҳои нодидагириҳо, беэҳтиромиҳо, писанд накарданҳо, ниҳоят, сарҳаду сархати қонунҳоро гузаштанҳо аз тарафи шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида ба мушоҳида мерасад, ки дар ниҳояти кор на бар суди қонушиканҳосту на бар ҷомеа. Гап сари он аст, ки теъдоди чунин нафарон хеле ангуштшуморанд ва рафтори онҳо дар муқобили ҷомеа шино кардан ба муқобили ҷараёнро мемонад. Ҳунару истеъдоди ба муқобили ҷараёни об шино карданро бошад, Худованд ба моҳиёни дарёӣ додааст, на бар одамон. Яъне, ҳама вақт адолату ҳақиқат тантана менамояд. Дар ин
маврид аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармуда: Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор, Зиндагию кор мегирад барор. Оре! Маҳз ҳамин Сарқонун ҷилавгири ҳар гуна по аз ҳадгузаронданҳо, танзимгару назоратчии халалнопазирии адолат дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Танҳо доираи ниҳоят танг ва ангуштшумори дур аз маърифату хирад тобу тоқати қонунҳои адолатпешаро надоранд, то даме ки худ чун ҷабрдидае ба қонун ниёз пайдо накунанд. Боқӣ, ҳатто олами ваҳшу тайр қонунҳои зиндагӣ доранд, ки дар баъзе ҳолатҳо аз мо сахттаранд ва хубтар ҳам риоя мегарданд. Аз ин бармеояд, ки ҷомеа бе доштани қонунҳои сарнавиштсоз вуҷуд дошта наметавонад. Аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар бо иқдоми Курӯши Кабир ба тавсиб расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар қатори дигар давлатҳо, хушбахтона, соҳиби Конститутсияи дарвоқеъ хеле хуб тарҳрезӣ
ва таҳиягардида мебошад, ки ин ҳам на кам аз ҳар гуна дастовардест. Ҷиҳати дигари ин ҳуҷҷати муҳим боз дар он аст ки, он дар даврае эҷод гардид ва шакл гирифт, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз гирдоби муноқишаҳои таҳмилии дохилӣ набаромада буд ва қонуну қонуният аз ҷониби шахсону гурӯҳҳои алоҳидаи ҷинояткор, умуман, ба инбоат гирифта намешуд. Боз ҳам ба хушбахтии миллати тоҷик, бо роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ дар як муддати начандон тӯлонӣ қонуният дар ҷомеаи кишвар авлавияти худро соҳиб гардид ва ҷомеаи навини тоҷикон бо роҳи сулҳу субот, дар вазъи мӯътадил бо такя ба Қонуни асосии кишвар тантана кард ва чашми бад нарасад, имрӯз аз тинҷтарин гӯшаҳои олам шинохта шудааст. Дар ин ҳама муваффақиятҳо бевосита саҳми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 – солҳои муташанниҷи ҷумҳурӣ рӯи кор омад ва дар ҳақиқат, дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва
БА ПЕШВОЗИ 90-СОЛАГИИ СУДҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА 20-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ
Нақши ҷавонон дар мақомоти
e-mail: javonontj@mail.ru
Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки соли ҷорӣ 20-солагии онро таҷлил менамоем, заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлакатро гузошт. Тибқи он бори нахуст ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд, ки аз баланд рафтани мақоми суд дар ҷомеа шаҳодат медиҳад. Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танҳо ба суд салоҳият додаанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурат маҳдуд намояд, гунаҳкор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин, манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин созад. Мақомоти судии ҷумҳурӣ муддати 90 соли мавҷудият дар муҳофизати ҳуқуқ ва озодии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат нақши сазовор гузоштааст. Системаи судии ҷумҳурӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нав қадам ниҳод. Тарбия ва пешниҳоди ҷавонон ба мансаби судягӣ солҳои охир дар фаъолияти мақомоти Шӯрои адлия ва судҳо ҷои махсусро ишғол менамоянд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳамеша ин масъаларо дар ҷои аввал мегузорад. Вобаста
ба ин, дар Суди шаҳри Душанбе тарбия ва ҷо ба ҷогузории ҷавонон ба вазифаҳои дахлдор ҳамеша аз рӯи дониш ва малакаи касбӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон, ки дар ин ҷо қариб 20 нафар дар вазифаҳои мушовир, котиби маҷлисҳои судӣ ва ғайра фаъолият доранд, диққати онҳо ҳамеша баҳри боло бурдани дониши ҳуқуқиашон ва аз бар намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими ҳокимияти судӣ ҷалб мешавад. Ҳокимияти судӣ дар мамлакат танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта, дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраргардидаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб мешаванд, тааллуқ дорад. Вобаста ба талаботи вақту замон дигаргуниҳои иқтисодию сиёсии то ин дам дар кишварамон рухдода, баҳри таҳкими минбаъадаи ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райпурсии умумихалқӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Мақоми нави давлатии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз пас аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 14 декабри соли 1999 таъсис ёфт. Ба ин восита ба истиснои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, дигар ҳама судҳои ҷумҳурӣ аз тобеияти Вазорати адлия – ҳокимияти иҷроия баромада, ба тобеияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Боби ҳаштуми Конститутсия салоҳияти вазифаҳои мақомоти судии мамлакатро дар 9 модда (84, 85, 86, 87, 88, 89, 90, 91, 92) равшану возеҳ муайян намудааст. Мутобиқи тағйиру иловаҳои ба Консти-
тутсия воридшуда ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар мамлакат вусъати тоза гирифт. Судҳо ваколату салоҳияти навро соҳиб гардиданд. Аз рӯи талаботи тағйиру иловаҳои дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқии 22 июни соли 2003 ба Конститутсия воридгардида синну сол ва муҳлати ваколати судяҳо муайян шуд. Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳои бори аввал ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда дар назди комиссияи тахассусии Шӯрои адлия имтиҳон супорида, ба захираи кадрҳои ба вазифаи судягӣ тавсияшаванда ворид мегарданд, сипас, бо пешниҳоди Комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлия ба муҳлати як сол ба сифати коромӯз-судя фаъолият мекунанд, ки ин муҳлат ба собиқаи кории
касбии онҳо дохил мешавад. Дар мақомоти судӣ Суди шаҳри Душанбе яке аз сохторҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он 25 январи соли 1979 бо фармони Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Тайи ин муддат ҳайати Суди шаҳри Душанбе аз 9 нафар судя иборат буд, ғайр аз ин дар сохтори он мудири котибот, мушовир, котибони коллегияи судӣ ва котибони маҷлиси судӣ фаъолият мекарданд. Раиси Суди шаҳри Душанбе, муовинон ва судяҳои Суди шаҳри Душанберо бо пешниҳоди раиси Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод менамояд. Тайи 35 соли фаъолият ба Суди шаҳри Душанбе А. Наҷмуддинов (1979-1987),
рушди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошт. Он на фақат Қонуни асосӣ, балки санади махсусест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар баробари дигар сохторҳо, алалхусус, интизомию ҳуқуқӣ ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат роҳнамое барои бахши нотариалӣ ба шумор меравад. Дар кори баланд бардоштани мақоми Конститутсия, таҳким бахшидани боварию эътимоди мардум ба Қонуни асосии кишвар кормандони ин соҳа саҳми бузурге гузошта метавонанд. Иштибоҳ намекунем, агар гӯем, ки соҳаи мазкур аз бахшҳоест, ки ба таври рӯзмарра бо мардум сару кор мегирад. Ҳар рӯз шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногун ба идораҳои нотариалии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла, дар масъалаҳои ба расмият даровардани шартномаҳои хариду фурӯши манзил, бинову иморатҳо, молкият, ваколатномаҳо, ги-
рифтани шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мерос ва моликият, шартномаҳои гарав ва монанди он. Вазифаи идораҳои нотариалӣ сирф дар асосҳои ҳуқуқӣ қонунӣ гардондани муроҷиати шаҳрвандон дар ин ё он масъала мебошад. Мутаассифона, қисмати зиёди шаҳрвандон дониши пасти ҳуқуқӣ доранд ва то лаҳзаи корафтода шуданашон аз ин ба ёд намеоранд. Вале бо умеду боварӣ ба масъулияту виҷдони масъулони идораҳои нотариалӣ дар фурсатҳои кӯтоҳ муроҷиати онҳо қонеъ гардонда мешавад. Дар алоқамандӣ бо савияи пасти дониши ҳуқуқии муроҷиаткунандаҳо, ба серкории худ нигоҳ накарда, кормандони идораҳои нотариалӣ худро вазифадор медонанд, ки бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро низ роҳандозӣ намоянд. Ба мардум талқин намоянд, ки огоҳмандӣ бо қонунҳои кишвар, хусусан, Сарқонун, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳост.
Меҳринисо ТОИРОВА, нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
судӣ меафзояд А. Макаров (1987-1989), А. Ашӯров (19891994), Х. Кенҷаев (1994-1995), М. Ватанов (1995-2000), А. Ғоибназаров (2000-2005) ва Ҳасан Шарофов (аз соли 2005) сарварӣ намуда, дар баланд бардоштани мақоми судӣ, таъмини адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон саҳми босазо гузоштаанд. Эътироф бояд кард, ки Суди шаҳри Душанбе ба як мактаби тарбия ва тайёр намудани кадрҳои соҳаи мақомоти судии мамлакат табдил ёфтааст. Бисёре аз собиқ судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва кормандони он ҳоло дар вазифаи раис, ҷонишин ё судяи мақомоти болоии судӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ кору фаъолияти пурсамар доранд. Алҳол кору амали судяҳои ботаҷриба А. Одинаев, А. Ашӯров, Ш. Азизов, Н. Турдиматова, Г. Юсуфова, М. Садирова, Г. Хушвахтова, Х. Табаров, М. Ашӯрмамадова, С. Раҷабов, Ф. Додоматов, М. Раҳмонзода ва дигарон барои кормандони ҷавони Суди шаҳри Душанбе мактаби таҷрибаву коромӯзӣ қарор гирифтаанд. Давоми чанд соли охир аз байни кормандони ҷавони Суди шаҳри Душанбе Садриддин Наҷмиддинов, Хайрулло Ашӯров, Хуршед Исоев ва Муҳиддин Тоҷиддинов баъди омӯзиш дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба вазифаи судягӣ дар судҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардиданд, ки айни замон бомувафақият кор карда истодаанд. Айни замон дар Суди шаҳри Душанбе раис, муовини якум, муовинон, 18 нафар судя, мудири шуъбаи умумӣ, котибони суд, котибони коллегияи судӣ, мушовирон, ёрдамчиёни раис, котибони маҷлиси судӣ фаъолият мекунанд. Дар Суди шаҳри Душанбе, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ фаъолият мекунанд. Суди шаҳри Душанбе дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оила-
виро ба тариқи зинаи аввал, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, фаъолияти судии судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанберо назорат мекунад, инчунин, таҷрибаи судиро омӯхта, ҷамъбаст менамояд, омори судиро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Раёсати Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раис, муовини якум, муовинон ва судяҳо ташкил мешавад ва дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба тариқи назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, раёсат масъалаҳоро оид ба омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва таҳлили омори судӣ, ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро оид ба фаъолияти коллегияҳо, раисони судҳои ноҳияҳоро баррасӣ менамояд ва ба судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи дурусти қонунҳо кӯмак мерасонад. Тавре мебинем, танҳо бо шарофати соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азизамон мақомоти судии мамлакат марҳилаеро тай намуд, ки ҳоло дар байни давлатҳои ҷаҳон нуфузу эътибори баландро соҳиб гардидааст. Судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи он баҳри дар амал ҳифз намудани дастовардҳои сиёсию иҷтимоии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, татбиқи адолати судӣ, кори муайянеро иҷро карда, баҳри пешрафти кишвари азизамон ҳисса гузошта, ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии мақомоти судиро сазовор истиқбол мегиранд.
Олуфтамоҳ АБДУСАМАДОВА, корманди Суди шаҳри Душанбе
Конститутсия - кафили ҷомеаи адолатпарвар Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар баробари дигар давлатҳои бародарӣ Тоҷикистон низ истиқлолият ба даст овард. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали эълон гардидани соҳибистиқлолии давлат зарурати қабули Қонуни ягонае пеш омад, ки муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён оварад. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, пеш аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист. Ин боис шуд, ки Конститутсияи ҷадиди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ пешбинӣ шавад. Аммо бо сабаби нооромӣ ва гирдиҳамоиҳое, ки моҳҳои август ва сентябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омаданд, таҳияи лоиҳаи Конститутсияи навро ба таъхир гузоштанд. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Набиев, аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоҳияи Конститутсия таъсис ёфт. Охирҳои моҳи апрели ҳамон сол лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи шаҳрвандон дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Вале бо сабаби ноором будани вазъи сиёсӣ дар мамлакат аз ҷониби Шӯрои Олӣ муҳлати муҳокимаи лоиҳа то 1 июли соли 1992 дароз карда шуд. Дар давоми шаш моҳ (аз ноябри 1993 то апрели 1994) гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода кард, ки яке ба шакли идораи парламентӣ ва дигаре ба шакли идораи прездентӣ буд. Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа беш аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид. Дар баробари ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ, бо таваҷҷуҳ ба матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ҳамфикриву ҷонибдориашонро баён намуда, дар хусуси сохти ҳокимияти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибрози ҳамфикрӣ намуданд, ки ин ғояи меҳварӣ дар Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид карда шуд (қисми 3-4-и моддаи 10, қисми 1-и моддаи 11). Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо дарназардошти ниёзмандиҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва талаботу пешрафти он солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағиру иловаҳо ворид карда шуд, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат шароити мусоид фароҳам оварданд.
Қабули Конститутсия орзуву ормони халқро ба сохти давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардид. Аз ин лиҳоз, эълон доштани бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар моддаи аввали Конститутсия ва тибқи моддаи панҷи он арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо мекунад, ки бо мақсади ҳифзи риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волояти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагии ҳар фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии онҳоро ба вуҷуд оваранд. Зеро дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 14 гуфта шудааст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад. Гуфтан ба маврид аст, ки такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад. Гузашта аз ин, Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоти динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият бар дӯши давлат вогузор кардааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи асосӣ ва муқаддаси ҳар шаҳрванд бояд бошад. Ба ин хотир, ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву аҳлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намуд ва танҳо дар ин сурат метавон ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқарароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем. Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳи ҳақ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаро аз ҳар гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем.
Бобозода АНУШЕРВОН, донишҷӯи ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
e-mail: javonontj@mail.ru
ҳамагон
Аз кори хуби кормандони идораҳои нотариалӣ пешравиҳои кори дигар мақомоти судию ҳуқуқӣ, маъмурӣ, ҳамчунин, ризоияту қаноатмандии сокинони кишвар вобастагии калон дорад. Агар риояи ҳатмии қонунҳои ҷорӣ барои ҳама сохторҳо ҳатмӣ бошад, пас, барои идораҳои нотариалӣ боз ҳам ҳатмитар аст, зеро андаке бемасъулиятӣ ва беаҳамиятӣ боиси баҳсу нофаҳмиҳои зиёде шуданаш мумкин аст. Аз ин ҷост, талабот аз ҳуқуқшиносҳои корбари нотариалӣ сахттар аст. Масъулин идораҳои нотариалӣ ҳам ҳуқуқи хато карданро надоранд. Дар навбати худ, нотариуси давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаматарафа бо камоли масъулият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вазифаву уҳдадориҳои худро дар доираи қонун иҷро намуда, сазовори боварии давлату халқ хизмати худро ба роҳ монад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
9
БА ПЕШВОЗИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ
Бо ташаббуси Ассотсиатсияи сайёҳию экологӣ ва фарҳангии “Помир” (ПЭКТА), Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир», Раёсати ҷавонон варзиш ва саёҳии ВМКБ як гурӯҳ хабарнигорони расонаҳои иттилоотии кишвар аз 13 то 19 сентябр бо мавзеъҳои сайёҳии ВМКБ ошноӣ пайдо карданд. Намояндаи рӯзномаи мо низ дар он гурӯҳ шомил буд.
вилоят то ҳол дар ҳавои кушод чун муҷассамаи «зинда» нигоҳ медоранд. Ин ҳам ёдгорие аз таърих буда, сайёҳони дохилию хориҷӣ онро акбардорӣ мекунанд. Вақте қад-қади дарёи Ғунд ба самти Мурғоб мерафтем, теъдоди дарахтон кам мешуданд. Зеро бо салқинтар шудани ҳаво номгӯи дарахтони дар баландию сардӣ меруидагӣ низ кам мегарданд. Билохира, дар мавзеи Ҷилондӣ, яке аз охирин деҳаҳои ноҳияи Шуғнон танҳо дарахтони бедро дидем. Дар ин деҳаи баландкӯҳ, ки дар нимаи моҳи сентябр, аллакай, шамоли сард аз расидани тирамоҳ хабар медод, чашмаи оби
ду шаб дар ин осоишгоҳ истироҳат карда, сипас, ба тамошои «Сарез» рафтанд. Дар осоишгоҳи «Сарез» алҳол 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Баъди сохта шудани иморати навбатӣ боз 10 нафари дигар соҳиби ҷои кор хоҳанд шуд. Ҳуҷраҳо бо яхдон ва телевизор муҷҷаҳазанд. Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтаанд, ки сол то сол шумораи дарахтонро дар ин мавзеъ бештар карда, онро ба минтақаи сарсабз ва барои сайёҳон ҷолиб табдил диҳанд.
Дар меҳмонхонаи «Лаъл» Шаби нахустини ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ расидан дар меҳмонхонаи «Лаъл» ҷой гирифтем. Он яке аз зеботарин меҳмонхонаҳои шаҳр маҳсуб ёфта, дуошёна аст. Тавре дар сӯхбат сарвари меҳмонхона Абдулло Тиллоев иброз дошт, ба ин ҷо бештар моҳҳои май-сентябр меҳмонон меоянд. Қариб аз тамоми кишварҳои хориҷ ба ин ҷо меҳмонҳо омадаанд. Ба меҳмонон пайвастшавӣ ба шабакаи интернет, либосшӯӣ ва дарзмоли либосҳо пешниҳод кар-
гармест, ки ба чанд дард давост. Аз соли 2004 дар ин ҷо осоишгоҳи «Сарез» фаъолият мекунад. Сарвари ин муассиса, сокини деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон Давлатулло Лаълбеков гуфт, ки дар як
Масофаи роҳ аз шаҳри Хоруғ то маркази ноҳияи Мурғоб 312 километр аст. Дар нимаи роҳ мо меҳмони як гурӯҳ чорводорони мавзеи Аличур шудем. Ноҳияи Мурғоб макони гиёҳи хормонан-
да мешавад. - Дар меҳмонхона ҳамагӣ 5 нафар хизмат мекунанд, - гуфт Абдулло Тиллоев. - Аксарият се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)-ро медонанд. Мо метавонем дар як вақт 26 нафарро қабул намоем. Дар меҳмонхона мувофиқи дархости мизоҷ таомҳои миллию аврупоӣ омода мекунанд. Ҳуҷраву долонҳо бо пӯшоку либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ оро дода шудаанд. Саҳни меҳмонхона гулзор буда, дар он ҳайкалҳои ҷонварону парандагонро устокорона насб кардаанд. Меҳмонон метавонанд ба кабӯтарони сафед дон диҳанд, рӯи кати болопушида нишаста, телевизор тамошо кунанд. Меҳмонхонаи «Лаъл» дар озмуни ҷумҳуриявии “Хизматрасонии беҳтарин” ғолиб омада, соҳиби диплом гаштааст.
Оби гарм дар минтақаи сард Субҳи 14 сентябр мо аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Мурғоб равон шудем. Дар шаҳри Хоруғ чашмамон ба нахустин мошине афтод, ки ҳанӯз солҳои сиюми асри XX тавассути шаҳри Ӯши Қирғизистон ба ин ҷо оварда шудааст. Онро ҳамчун нишона аз нахустин автомобил дар қаламрави
Дар меҳмонии чорводорони Аличур
Вақте ба маркази ноҳияи Мурғоб расидем, ҳаво торик шуд. Меҳмонхонаи дуошёнае, ки мо дар он ҷой гирифтем, тавассути таҷҳизоти офтобӣ барқ тавлид мекард. Панҷ сол пеш дар ноҳияи Мурғоб хишти нахустини нерӯгоҳи хурди обиро гузошта будаанд. Мардуми ноҳия шӯхиомез мегӯяд, ки он хишт бо таъсири боду борон хок шуд, вале ҳеҷ не ки сохмони нерӯгоҳ оғоз шавад. Агар бо маблағи ҷудошуда ҳамон вақт нерӯгоҳи офтобӣ насб мекарданд, мардум бо барқ таъмин мешуданд. АБДУЛЛО ТИЛЛОЕВ
Сайри баландтарин ноҳияи мамлакат
ли ин гурӯҳ бо сару либоси миллӣ меҳмононро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва англисӣ хайрамақдам гуфтанд. Ҳунармандони гурӯҳ чанд таронаи қирғизӣ суруда, хотири меҳмононро шод намуданд. Ҳамчунин, ба меҳмонон намунаи тӯйи арӯсиро намоиш доданд. Женалӣ Маҳмудов меҳмононро бо ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бандбофӣ (арғамчинресӣ), гилембофӣ, риштаресӣ, хӯрҷиндӯзӣ, намадмолӣ ва қурутпазӣ ошно намуд. Либосу пойафзол ва қалпоқҳои миллии қирғизӣ ба намоиш гузошта шуд. Хоҳишмандон ба аспу қӯтосҳои орододашуда савор шуда, сайр карданд. Ба гуфтаи рӯзноманигори варзида, сарвари Итиҳодияи ҷамъиятии “Кӯҳҳои Помир” Қурбони Аламшо дар ин мавзеъ ташкили туризми этнографӣ дурнамои хуб дорад. Сайёҳон метавонанд бо ҳунарҳои мардумӣ ошно гашта, таввасути аспу қӯтос ба сайри даштҳои паҳновар бароянд. Аз ин ҷо сайёҳон ба воситаи ҷипҳо ба сайри Булункӯл ё Шӯркул рафта метавонанд. Мизбонон дар юртҳои бароҳат меҳмононро пазироӣ карданд. Юрт дар даштҳои бедолу дарахт касро зимистон аз сармо ва тобистон аз гармо эмин нигоҳ медорад.
Ташаббуси «Мегафон»
вақт дар осоишгоҳ то 160 нафар метавонанд фароғат кунанд. Духтур фишори хуни мизоҷонро пеш аз даромадан ба ҳавзи оби гарм месанҷад. Агар фишори хун баланд бошад, духтур барои қабули оби гарм иҷозат намедиҳад. Оби гарми Ҷилондӣ барои бемориҳои устухон, буғумдард, простатит ва системаи асаб муфид аст. Дар бораи хосиятҳои он дар китоби «Чашмаҳои шифобахши Бадахшон» маълумот дода шудааст. - Мо мақсад дорем, ки дар бораи хосиятҳои оби гарми Ҷилондӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ буклетҳо таҳия намоем, - гуфт Давлатулло Лаълбеков. Зеро шаҳрвандони хориҷӣ низ ба оби гарми ин мавзеъ таваҷҷуҳ доранд. Чанде пеш шаҳрвандони Англия
ди терескан аст. Терескан ғизои асосии қӯтос ва бузу гӯсфандҳои ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба шумор меравад. Онро мардум ба сифати сӯзишворӣ низ истифода мебаранд. Мутаассифона, тибқи мушоҳидаҳо, сол то сол майдони терескан кам мешавад. Дар мавзеи Аличур як гӯруҳ чорводорон моро бо нону намак ва айрон пешвоз гирифтанд. Сарвари ТҶ «Барбар» Женалӣ Маҳмудов гуфт, ки мардуми чорводор дар баробари нигоҳубини чорво фарҳангу расму оини ниёконро низ пос медоранд. Ӯ худ муаллими забони русии мактаби №6-и ноҳияи Мурғоб буда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол аст. Бо роҳбарии ӯ гурӯҳи ҳунариии «Гулсара» фаъолият мекунад. Се нафар узви хурдсо-
Шарики расмии барномаи сайру саёҳати рӯзноманигорон ширкати алоқаи «МегафонТоҷикистон” буд. Тӯли як ҳафта ширкати мазкур ройгон алоқаи мобилии рӯзноманигоронро таъмин намуд. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ягона алоқаи мобилии боэътимод ҳамин ширкат ба шумор меравад. Тавре сардори Раёсати минтақавӣ оид ба ВМКБ Саидшо Зарифов иброз дошт, дар ин ҷо 15 истгоҳи боварӣ насб шудааст, ки зимистону тобистон алоқаи босифати мобилиро барои муштариён таъмин мекунанд. Ҳама истгоҳҳои базавӣ бо нерӯгоҳҳои офтобӣ муҷаҳҳазанд. Обу ҳавои ноҳияи баланкӯҳи Мурғоб сард бошад ҳам, аксари сол офтобӣ аст. Аз ин рӯ, насби нерӯгоҳҳои шимолӣ ва офтобӣ (бо вуҷуди гарон буданашон) беҳтарин роҳи таъмини мардум бо нерӯи барқ мебошад.
Охирин деҳаи Тоҷикистон Ноҳияи Мурғоб калонтарин ва баландтарин ноҳия дар кишвар буда, 24 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ягона ноҳияест, ки дар он нуқтаҳои аҳолинишин 80-100 километр аз ҳамдигар дур ҷой гирифтаанд. Қисми зиёди ҳудуди ноҳияро дашту кӯл ва кӯҳсор ташкил медиҳанд. 15 сентябр мо ба охирин деҳаи кишвар рафтем, ки Қарокӯл ном дорад. Ин деҳа дар наздикии калонтарин кӯли мамлакат Қарокӯл ҷой гирифтааст. Пеш аз расидан ба ин мавзеъ ағбаи Оқбайталро гузаштем, ки 4655 метр аз сатҳи баҳр баланд мебошад. Роҳи мазкур дар даврони шӯравӣ сохта шуда бошад ҳам, ҳолаташ қаноатбахш аст. Масоҳати умумии Қарокӯл 380 метри мураббаъ мебошад. Чуқурии максималии он ба 238 метр мерасад. Кӯл моҳии хурданбоб надорад. Ягона намуди моҳӣ, ки дар ин кӯл зиндагӣ мекунад, лучмоҳии қарокӯлӣ аст, вале он ба сифати хӯрок истифода намешавад. Оби кӯл хеле шаффоф, вале сард аст. Дар фасли тобистон ҳамагӣ 12 дараҷа гарм мешавад. Аз охирҳои моҳи ноябр то моҳи апрел кӯл ях мебандад. Моҳи феврал ғафсии ях ҳатто ба 1 метр мерасад. Ба ин ҷо тавассути ширкатҳои сайёҳии Қирғистон сайёҳони зиёде аз Англияву ИМА, Фаронсаву Олмон, Шведсия ва ғайра меоянд. Рӯзе, ки ба Қарокӯл рафтем, бори нахуст дар ин кӯли обаш сард ва дар баландии 3914 метр ҷойгиршуда мусобиқаи заврақронӣ доир гардид. Ба ин мусобиқа намояндагони 40 кишвар даъватӣ буданд. Мутаассифона, бо баъзе сабабҳо ҳама варзишгарон сари вақт раводид гирифта натавонистанд. Вагарна, ин мусобиқа мумкин буд, ки ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шавад. Зеро бори аввал дар кӯли дар чунин баландӣ воқеъшуда мусобиқаи заврақронӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқаи санҷишӣ нахустин шуда намояндаи Тоҷикистон Адрей Гупалов заврақрониро шуруъ кард. Барои дидани ин чорабинӣ сайёҳони хориҷӣ, сокинони деҳаи Қарокӯл ва гурӯҳи рӯзноманигорону намояндагони Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии монотиқи кӯҳистон (MSDSP) иштирок намуданд. Рӯзноманигори шинохта Субҳон Ҷалил дар таърихи радиои тоҷик нахустин шуда аз мавзеи Қарокӯл мустақиман ба радиои “Ватан” гузориш дод.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Вохӯрӣ пас аз 51 сол Соли 1958 мактаби миёнаро хатм намудам. Мехостам, таҳсилро дар шаҳри Душанбе идома диҳам. Лек тасодуф донишҷӯи факултаи табиатшиносӣ ва ҷуғрофияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд шудам.
То саршавии дарсҳо рӯзҳои баҳисоб монда, ҳар кас дар фикри хобгоҳ буд. Ба донишҷӯён аз минтақаҳои дигар хобгоҳ ваъда карданд. Ана, дар ҳамин ҳолат бо як ҳамкурсам шинос шудам, ки аз деҳаи Даҳанаи Кӯлоб буд. Ҳайдар Ҷумаев. Бачаҳои аз минтақаи Кӯлоббударо “Кӯлобиҳо” мегуфтанд. Ману Ҳайдар, ки кӯлобӣ будем, якҷо ҳуҷра гирифтем. То ҳол бо Ҳайдар аҳди бародарӣ дорем. Ҳатто баъди хатми донишкада ба хотири ҷӯрагӣ, бо аҳли оилааш ба Фархор кӯчида омад. Фаъолияти омӯзгории мо аз соли 1963 дар ноҳияи Фархор оғоз ёфт. Аз хатми донишкада 51 сол сипарӣ шуд. Боре ҳам насиб нашуд, ки ману Ҳайдар Суғд рафта, бо ҳамсабақон вахӯрда бошем. Пас, бо дӯст ва бародарам Ҳайдар маслиҳат кардем, ки вилояти Суғд меравем. Шояд бо шарикдарсон дидор насиб карда бошад. Ҳамин тариқ, ба ёди дидор роҳи пойтахтро пеш гирифтем. Писари калонии Ҳайдар Баҳром дар шаҳр кор мекунад. Ба бахти мо Баҳром дар рухсатии меҳнатӣ будааст. Шаб меҳмони Баҳром шудем. Ӯ нияти моро фаҳмида, изҳори хурсандӣ кард. “Агар розӣ бошед, ман ҳамроҳатон равам. Мошинам ҳам нав. Бисёр мехоҳам, ки дар ин сафар хизмататонро ба ҷо биёрам”, иброз дошт Баҳром. Тавассути Хуҷанд ба Исфара расида, дар яке аз меҳмонхонаҳо ҷой гирифтем. Субҳи дигар ба яке аз чойхонаҳои шаҳр, ки “Лола” ном дошт, барои хӯрдани субҳона рафтем. Марде либосҳои тозаю озода аз суфи сафед ба тан, моро хуш истиқбол гирифт. Ҳангоми наҳорӣ аз чойхоначӣ ҳамкурсонро пурсон шудем. “Домулло Аюбӣ”, - гӯён садо кард чойхоначӣ ба яке аз нишастагон. Дидем,
ки марди нуроние, ки риши кулӯла дошт, наздамон омада, салому алейк кард. Вай тахминан 65-сола ва ба қавли чойхоначӣ рӯзноманигор будааст. Чун матлаби моро фаҳмид, ҳама корашро монду кӯча баромад. Тӯли ним соат суроғаи ҳамсабақони моро ёфт. Ҳатто ба яке телефонӣ фаҳмонд, ки аз Кӯлоб ҳамкурсон омада, дар чойхонаи “Лола” интизоранд. Мо фориғ аз кӯфти роҳ суҳбаткунон чой менӯшидем. Марди ришдори тахминан 7075-сола вориди чойхона шуд. Рости гап, умед доштем, ки мо якдигарро дида мешиносем. Аммо ҳайҳот. Марди ришдор баъд аз назораи меҳмонони чойхона пеши чойхоначӣ омада пурсид, ки ба суроғаш кӣ омадааст? “Ана, он ду нафар меҳмон”, ҷониби мо ишора кард чойхоначӣ. Он кас ба пешамон омада, салому алейк кард ва пурсид, ки оё шумо маро суроғ доред? Ману Ҳайдар низ ӯро нашинохтем. Лекин ҳис кардам, ки ӯ яке аз ҳамсабақонамон аст. Лекин кадомаш? Ман аз ҷоям хестаму аз ӯ пурсидам, ки дар давраи донишҷӯӣ аз Кӯлоб киҳо ҳамроҳатон мехонданд? Ӯ посух дод, ки ду нафар буданд. Якеаш Маҳмудҷон Мирзоев ном дошту дигараш Ҳайдар Ҷумъаев. Ба ӯ нигоҳ карда гуфтам, ки ҳамон Маҳмудҷон манаму Ҳайдар, ана, ин шарикам. Аз чунин муаррифӣ вай тамоман ҳайрону лол монд. “О, ман Орифхонам! Орифхон Амонқулов!”, гуфту ману Ҳайдарро ба навбат оғӯш кашида, оби чашм резонд. Мо дар он соат гӯё бародарони сад сол якдигарро надида, гоҳ мегиристем, гоҳ механдидем. Дидам, ки ҳам Аюбӣ ва ҳам чойхоначӣ аз вохӯрии мо ба риққат омада, оби чашм пок мекарданд. - Шумо ҳадди олии инсониро нишон додед, - ашкрезон мегуфт Орифхон. – Баъди ин қадар сол моро суроғ карда омадед, офарин! Ҳаққи инсонӣ ба шумо ҳалол бод! Ҳамроҳи Орифхон бо Аюбии рӯзноманигору чойхоначӣ хайру маъзур карда, ба тамошои шаҳр баромадем. Дар лаби дарёи Исфара чойхона-ошхонае ҳаст, ки мардум онро чойхонаи “Бозорбой” меноманд. Баъд аз тамошо барои хӯроки нисфирӯзӣ ба ин ҷо омадем. Тариқи телефон Орифхон боз ду ҳамсабақи дигарамон Сафохӯҷа Охунов ва Исматулло Неъматовро ба чой-
хонаи “Бозорбой” даъват намуд Онҳо омаданд. На мо ва на онҳо якдигарро нашинохтем. Чун шиносоӣ ошкор шуд, ҳолати дидор аз пештара дида риққатовар шуд. Онҳо риш монда мӯйсафед шудаанд. Бори аввал медидам, ки мӯйсафед оби дидаашро дошта натавониста, гиря мекунад. Аз дидори якдигар сер намешудем. Ба якдигар нигариста, ба ҷавонии аз мо рафта афсӯсу надомат мехӯрдем. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ ба аёдати Субҳон Камолов, яке аз ҳамсабақамон, ки чор сол боз бистарӣ будааст, ба деҳаи Чоркӯҳ рафтем. Субҳон ҳам моро нашинохт. Баъди шиносоӣ, ҳаяҷон аҳволи Субҳонро хеле бад кард. Чун ба худ омад, кӯдаквор мегирист. Аз Орифхону Сафохӯҷа фаҳмидем, ки шарикдарси дигарамон Басоатхон Шарифова 24 сол дар Чоркӯҳ директори мактаб будааст. Ҳоло ба нафақа баромада, дар шаҳри Исфара зиндагӣ дорад. Рӯзе Орифхону Сафохӯҷа ва Исматулло назди мо ба меҳмонхона омаданд. “Маслиҳат ҳамин, вохӯрии шуморо бо Басоатхон дар чойхонаи “Бозорбой” ташкил мекунем”, - гуфт Орифхон. Мо розӣ шудем. Вақте Басоатхон омад, ӯ ҳам моро нашинохт, мо низ. Чун фаҳмид, ки ман Маҳмудҷонам, хам шуда аз пойҳоям бӯсид. - Охир, бо ин пойҳо баъд аз 51 сол ба дидорбинии мо омадед. Ҳаққи одамгарӣ ба шумо ҳалол бод! Хуш омадед, ҳар қадам, ки мегузоред, болои дидаи мо! - мегуфту гиря гулӯгираш мекард. Чанд муддат меҳмони ҳамкурсон шудем. Ниҳоят, рӯзи видоъ фаро расид. Бо ҳамсабақони азизамон видоъ намуда, боқимонда оби чашмонро резонда, роҳи бозгашт пеш гирифтем. Ба худ меандешидам, ки сафарамон хеле хуб ва табъи дил гузашт. Нигоҳҳои видоъкунандаи Басоатхону Исматулло ва Орифхону Сафохӯҷа аз пеши назарам дур намешуданд. Дохили мошин хомӯшӣ ҳукмфармо, ба Ҳайдар нигаристам, ки ӯ дар чӣ хаёл аст? Ӯ ба хоби роҳат рафта буд. Сабукрав ҷониби макони зисти мо роҳ кӯтоҳ мекард...
Маҳмудҷон МИРЗОЕВ, омӯзгори фанни ҷуғрофияи МТМУ №5-и ноҳияи Фархор
Кишвар ба ҷавонони баландихтисос ниёз дорад Имрӯз ҷавонони зиёде ҳастанд, ки бо шарофати дониши баланд ва ахлоқи ҳамидаашон соҳибэҳтиром гаштаанд. Яке аз онҳо Диловар Мӯсоев мебошад. Диловар 17 июни соли 1990 тавлид ёфтааст. Дастпарвари Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Пас аз хатми донишгоҳ ба нияти фаъолияти оянда дар озмуни вазифаҳои холӣ ширкат варзида, бартариро соҳиб шуд. Алҳол дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба сифати мудири хоҷагидорӣ фаъолият мекунад. Дар бахши хоҷагидорӣ соҳиби донишу маҳорат ва масъулиятнок шудан лозим аст, ки ин ҳамаро Диловар дорост. Ӯ бисёр мекӯшад, ки дар байни ҳамкорон намуна бошад. Аз ҳамин лиҳоз, ба кор субҳи барвақт ҳозир мешавад. Бегоҳ низ тамоми корҳояшро ҷамъбаст, нақшаи фардоро танзим намуда, баъд ба хона меравад. Дар бахши хоҷагидорӣ зиёда аз 22 нафар кору фаъолият мекунанд. Диловари ҷавон бо кормандон муомилаву муоширати хуб дорад, ки ин ҳама таълимоту тарбияро аввал аз волидайн ва баъд аз омӯзгорони шоиста гирифтааст. Диловар, ки ҷавон аст бо зану марди солор ҳамчун падару модари худ оромона ва бо тамкин муошират менамояд. Ӯ мегӯяд, дар шароити ҳозира, агар забондон набошӣ, кор хеле мушкил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, ӯ мекӯшад, ки ба омӯхтани забонҳо саъю кӯшиш намояд. Ба ғайр аз забони модарӣ боз бо ду забон - русӣ ва англисӣ бе мамониат сухан меронад. - Аксар ташкилоту муассисаҳои давлативу хусусӣ ба мутахассисони забондон ва тарҷумонҳо ниёз доранд, - мегӯяд ӯ, - маоши онҳо низ фарқ мекунад. Маро чанд маротиба барои тиҷорат ба хориҷи кишвар даъват карданд, лек ҷавоби рад додам, чунки Тоҷикистонро бояд обод кунем. Агар ҳамаи ҷавонони қобилиятнок рӯ ба хориҷа оранд, пас, ояндаи кишвар чӣ мешавад? Кӣ ҷомеаро обод месозад? Кӣ барои рушду тараққиёти ҷомеа саҳм мегузорад? Албатта, мо - ҷавонон бояд кӯшиш намоем, ки дар ватани худамон меҳнат карда, ба комёбиҳо ноил гардем.
Анвари ҲОҶИМАНСУР, рӯзноманигор
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад…
ҶАВОНОН ВА ЗАМОН
e-mail: javonontj@mail.ru
ТААССУРОТИ САФАР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
12
БОЗИҲОИ ОСИЁ-2014
Бозиҳои XVII Осиё: Тоҷикистон соҳиби панҷ медал гардид
Бозиҳои XVII Осиё дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби Чин ба анҷом расид. Варзишгарони Тоҷикистон аз ин мусобиқот бо 5 медал баргаштанд.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои XVII Осиё шоми 4 октябр дар Варзишгоҳи марказии Инчон бо ширкати намояндагони 45 кишваре, ки дар ин мусобиқот ширкат варзиданд, барпо гардид. Шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳд, раиси Шӯрои олимпии Осиё парчами ин шӯроро ба шаҳрдори Ҷакарта пойтахти Индонезия ва мизбони Бозиҳои XVIII Осиё супурд. Дар Бозиҳои XVII Осиё варзишгарони кишвар аз рӯи 16 намуд - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнониву
румӣ, дзю-до, камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, софт-теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ ширкат карда, дар се намуд - варзиши сабук, гӯштини тарзи озод ва таэквондо 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ) ба даст оварданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро ишғол карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Зелимхон Юсуфов дар сабқати гӯштини тарзи озод (65 кило) соҳиби медали нуқра шуд. Дар сабқати таэквондо байни мардон Фарҳод Неъматов (80 кило),
ШОҲМОТ
Алишер Гулов (+ 87 кило) ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова (+ 73 кило) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Парчами Тоҷикистонро дар расми анҷоми Бозиҳои Осиё дар Инчхон Моҳрӯ Ҳалимова бардошт. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳо тими мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам бо назардошти сифати медалҳо ва ҳам бо назардошти теъдоди умумии медалҳо пешсафи ягона шуд. Варзишгарони Чин 342 медал – 151 тилло, 108 нуқра ва 83 биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ
бо 234 медал - 79 тилло, 71 нуқра ва 84 биринҷӣ ҷойи дуюмро касб кард. Варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 200 медал - 47 тилло, 76 нуқра ва 77 биринҷӣ мақоми сеюмро ишғол карданд. Тими Қазоқистон бо 84 медал (28 тилло, 23 нуқра, 33 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва тими мунтахаби Эрон бо 57 медал (21 тилло, 18 нуқра, 18 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо 5 медал (1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) дар ҷойи 23-юм қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 37 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII Осиёро
ба даст оварданд ва намояндагони 28 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шуданд. Варзишгарони ҷумҳурӣ аз соли 1994 бори шашум дар Бозиҳои Осиё ширкат карда, 21 медал ба даст овардаанд, ки чортоаш тилло, сетоаш нуқра ва чордаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Варзишгарони кишвар соли 2010 дар Бозиҳои XVI Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои XVI Осиё дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло - 23-юм шуд. Ин натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё аз соли 1994 мебошад. Бозиҳои XVIII Осиё баъди чаҳор сол (2018) дар Индонезия баргузор хоҳанд шуд.
КАДР
Алишер Тухтаев – сармураббии тими мунтахаби ҷавонон (U-22) Алишер Тухтаев, сармурабии тими “Энергетик”-и Душанбе сармураббии дастаи мунтахаби ҷавононои кишвар оид ба футбол таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро иваз кард, ки баъди иштироки бебарор дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ба истеъфо рафт.
e-mail: javonontj@mail.ru
Бо Тухтаев дар ситоди мураббиён сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” Алишер Ҳақбердиев ва мураббии дарвозабонҳои тими миллии кишвар Амоншо Саодатсайров пайвастанд. Роҳбари нави тими “ҷавонон” дастаро ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2016, ки 23-31 марти соли оянда баргузор мешавад, омода мекунад. Рақибони даста баъди қуръапартоӣ дар моҳи декабр маълум хоҳанд шуд. Алишер Тухтаев 24 августи соли 1976 таваллуд шудааст. Карйераашро дар футбол соли 1992 дар ҳайти дастаи «Ситора» оғоз кард. Баъдан узви дастаҳои «Динамо» (Душанбе), «Хуҷа Каримов» (Хуросон), «Насаф» (Қаршӣ), «Жетису» (Қазоқистон), «Ханг Хонг Вет Нам» (Ветнам), БДА (Душанбе), «Данғара» (Данғара), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Энергетик» (Душанбе) буд. Дар ҳайати тими миллии кишвар 30 бозӣ анҷом додааст. Иҷозатномаи мураббигии дараҷаи “А”-и КФО-ро дорад.
Давлаталӣ Саид роҳбарии Федератсияи шоҳмотро бар уҳда гирифт 2 октябри соли равон дар Конфронси ғайринавбатии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид роҳбари Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон интихоб шуд. Роҳбари нави федератсия дастур дод, ки Консепсияи рушди шоҳмот дар Тоҷикистон таҳия ва ҳар моҳ як силсила мусобиқот оид ба шоҳмот баргузор гарданд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, барандаи Ҷоми Президенти мамлакат-2014
Гаронтарин брендҳои варзиш эълон шуданд Маҷаллаи амрикоии “Forbes” гаронтарин брендҳои варзишии соли 2014-ро раддабандӣ кардааст. Ин рейтинг аз чор бахш иборат аст: варзишгарон, ширкатҳо, ҳаводис ва дастаҳо. Дар рӯйхати варзишгарон баскетболбози “Кливленд” Леброн Ҷеймс дар мақоми аввал аст. Маҷалла арзиши бренди инфиродии ӯро 37 миллион доллар нишон додааст. Дар зинаи дуюм голфбоз Тайгер Вудс (36 миллион) ва дар ҷои сеюм теннисбоз Роҷер Федерер (32 миллион) қарор доранд. Дар феҳрасти ширкатҳои варзишии гаронтарин “Niсe” (19 миллиард доллар), ESPN (16,5 миллиард) ва “Adidas” (5,8 миллиард) ҷой гирифтаанд. Дар садри рейтинги чорабиниҳои варзишӣ “Супер Боул” (500 миллион доллар) нишастааст. Ба дунбол, Бозиҳои олимпии тобистона (348 миллион) ва зимистона (285 миллион) қарор доранд. Мақоми аввалро дар рӯйхати дастаҳо, клуби баскетболи “Ню-Йорк Янкиз” (521 миллион) ишғол кардааст. “Реал”-и Мадрид (484 миллион) ва “Барселона” (438 миллион) мутаносибан дар зинаҳои 2 ва 3 қарор доранд.
Варзишу фарҳанг бо ҳам тавъаманд Барои дарёфти Ҷоми Президенти мамлакат 17 варзишгари хориҷӣ иштирок карданд 5 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзю-до дар вазни мутлақ барои дарёфти Ҷоми Президенти мамлакат доир гардид. Дар мусобиқа, ки бори дуюм баргузор гашт, 32 варзишгар аз кишварҳои Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Русия, Белорус, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Дар натиҷа, паҳлавони шинохтаи мамлакат Муҳаммадмурод Абдураҳмонов маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани Ҷоми Президенти ҷумҳурӣ мушарраф гардид. Мақоми дуюмро Зиёратшо Баротов (Тоҷикистон) ва ҷойи сеюмро Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) бо ҳамтои эрониаш Ҷавод Маҳҷуб ишғол карданд. Маблағи пулии барандагони мусобиқа 70 ҳазор сомонӣ (ҷои аввал 35000, дуюм - 15000 ва ду ҷои сеюм ҳар кадом 10000)-ро ташкил дод. Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа барои дарёфти нахустин Ҷоми Президенти кишвар, ки соли 2013 ҷараён гирифт, намояндагони 13 давлат ширкат варзида, маблағи пулии ғолибони мусобиқа 32 ҳазор долларро (дар ду вазн - аз 81 то 100 ва мутлақ) ташкил медод.
ТӮБИ ДАСТӢ
5 даста дар ДТҶТ тӯби дастӣ бозӣ доранд 7 октябри соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ (гандбол) миёни бонувон оғоз гардид. Дар он панҷ даста: дудастаӣ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшону вилояти Хатлон ва як даста аз шаҳри Душанбе иштирок доранд. Бино ба иттилои саркотиби мусобиқа, дова-
ри дараҷаи байналмилалӣ М у ҳ а м м а д ф а р и д Мирзоҳодиев, ба мусобиқа, ки фардо анҷом меёбад, бо сабабҳои номаълум дастаҳои мунтахаби вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳозир нагардиданд.
Муаллифони намоишномаҳои театрикунонидашудаи маросими кушодашавӣ ва пӯшидашавии Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ бо ҷоизаи маъруфи коргардонии “Грани театра масс” қадрдонӣ мешаванд. “Варзиш ва фарҳанг бо ҳам тавъаманд. Он чи ки дар расми кушодашавӣ ва пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ дидем, истеъдоди воқеӣ буд. Аз дидани ин маросим кӯдакону ҷавонон аз кишвари худ фахр карданд”, гуфтааст Евгений Герасимов, роҳбари Кумитаи фарҳанги Думаи шаҳрии Маскав ва узви ҳакамони ҷоиза. Расми
тақдими ҷоизаҳо 11 октябр дар Қасри давлатии Кремл баргузор мешавад. Ҷоизаи умумирусиягии “Грани театра масс” соли 2005 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он баланд бардоштани кори коргардонӣ ва басаҳнагузорандаҳои намоишномаҳои оммавии театришуда гуфта мешавад.
Тавеккио муҷозот шуд Карло Тавеккио, президенти Федератсияи футболи Италия (FIGC) барои ҳарфҳои нажодпарастона ним сол аз идомаи фаъолият маҳрум шуд. Дар ин бора торнамои “Football Italia” хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим аз сӯи Иттифоқи ассосиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) гирифта шудааст. Бар асоси ин тасмим, Тавеккио шаш моҳи оянда дар УЕФА ҳеҷ фаъолияте анҷом нахоҳад дод. Ин ниҳод, ҳамчунин, Карлоро муваззаф кард, то дар Италия маросими вижаеро алайҳи расизм роҳандозӣ кунад. Авохири моҳи июл дар як суханронӣ перомуни легионерҳо дар клубҳои Ита-
лия Тавеккио унвонии футболбозони африқоӣ ҳарфҳои номақбулро истифода кард. Ӯ гуфт, онҳо “дирӯз банан мехурданд, аммо якбора бозингарони асосии “Латсио” шуданд”. Баъдан, ӯ барои ин суханҳо пузиш хост. Тавеккиои 71-сола аз 11 августи соли 2014 Федератсияи футболи Италияро раҳбарӣ мекунад. То он вақт вай роҳбари Лигаи миллии ҳаваскориро бар зима дошт.
Расул ба ринги касбӣ баргашт Расул Мирзоев баъди танафуси яксола дубора ба ринги касбӣ баргашт. Дар аввалин дидор ӯ бар Муҳаммадамин Ҳаҷгериев дастболо шуд. Ин сабқат дар доираи 27 ноябри соли 2012 мусобиқаи “Pro Nomad MMA” додгоҳи Замоскворетс Радар шаҳри Грозний баргузор сул Мирзоевро дар куштор аз шуд. Ин ҳаштумин ғалабаи Мир- беэҳтиётӣ муҷрим шинохта, зоеви 28-сола мебошад. Ӯ ягон ду сол зиндонӣ кард. Мирзоев бохт надорад. Бори охир ӯ моҳи аз толори суд раҳо шуд, чун октябри соли сипаришуда ба муҳлати адои ҷазоро ҳангоми ринг баромада, Ҷеймс Сэвилли дар боздоштгоҳи муваққатӣ буанглисро шикаст дод. данаш сипарӣ намуд.
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
ВАРЗИШИ ХОРИҶӢ
Мария аз номи Русия баромад мекунад Мария Шарапова, теннисбози шинохта дар сабқати Ҷоми Федератсия-2015 аз номи Русия ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин бора Шамил Тарпишев, президенти Федератсияи тенниси Русия хабар додааст.
Бозӣ миёни дастаҳои Русия ва Лаҳистон 7-8 феврал баргузор мешавад. Бори охир Шарапова дар ҳайати тими мунтахаби Русия дар Бозиҳои олимпии Лондон-2014 иштирок дошт. Зимни рақобатҳо ӯ аз теннисбози амрикоӣ Серена Уилямс бо ҳисоби 0:6, 1:6 шикаст хурд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ДЗЮ-ДО
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
14
АДАБИЁТ
Искандари Хатлонӣ. Дар зиндагӣ чандон умри дароз надид. Аз худ чун шоир мероси бисёр ҳам нагузошт. Лек мероси пурнакҳату гаронарзиш, ки имрӯз ҳар хонанда ва дӯстдори шеърро ба ваҷд меорад. Бо баёни содаю рангин. 12 октябр, агар умр вафо мекард, 60-сола мешуд.
Навқалам Аз паи мисраи гумкардаи хеш, Биравам кӯча ба кӯча танҳо. «Кай шавад аз лаби ҳар раҳгузаре Мисраи гумшудаи ман пайдо?!» Ҳамчу раҳгумшудаи нобаладе, Пурсаму пӯяму кобам аз нав. Суханеро, чу раҳи хонаи дӯст, Ки варо кошкӣ ёбам аз нав. Дар ғами мисра, надидам, афсӯс, К-аз ду чашмони сиёҳи духтар. Аз ду сарчашмаи ишқи азалӣ, Шеъри ногуфтаи ман мезад сар.
Бароям гиря кун Бароям гиря кун имшаб, Ки танҳо имшабам бе ту. Бароям гиря кун умре, Ки ҷони бар лабам бе ту... Дар ин шабҳои танҳоӣ, Дарамро бод мекӯбад. Уфуқ маҳтобро хӯрдаст... Диламро Мушти як фарёд мекӯбад. Дар ин шабҳои танҳоӣ, Ман аз танҳоӣ дилгирам. Агар пайдо шавӣ ин дам, Дар оғӯши ту мемирам... Бароям гиря кун имшаб, Ки танҳо имшабам бе ту. Бароям гиря кун ҳар шаб, Ки бехоби шабам бе ту.
Душанбе Ту яктоӣ ба мисли халқи тоҷик, Ту яктоӣ ба мисли Тоҷикистон. Ту яктоӣ: дигар шояд чу ту шаҳре надорем.
Шаҳри бахт Эй Душанбе, шаҳри бахти тоҷикон, Сабз ҳамчун такдарахти тоҷикон. Шаҳри армон, шаҳри ишқи ҷовидон, Ҷилвагар чун тоҷу тахти тоҷикон.
e-mail: javonontj@mail.ru
Кӯчаи ту, барзани ту хуш бувад, Зиндагӣ дар домани ту хуш бувад. Остони меҳри дилҳо гаштаӣ, Маскани ишқу таманно гаштаӣ. Мешавад ҷон аз тамошои ту хуш, Хуш ба ҳолат, шаҳри дилҳо гаштаӣ. Кӯчаи ту, барзани ту хуш бувад, Зиндагӣ дар домани ту хуш бувад. Пойтахти гулфишони мо тӯӣ, Зебу орои ҷаҳони мо тӯӣ. Хуни ту ҷорист дар шарёни мо, Дар бадан хуштар зи ҷони мо тӯӣ. Кӯчаи ту, барзани ту хуш бувад, Зиндагӣ дар домани ту хуш бувад.
Душанбе - пойтахти шодию ғамҳои ширинам, Душанбе - маркази ҳарфу ҳиҷои ман, садои ман. ту медонӣ, ки ман ҳам бе ту ҳеҷам, Ту медонӣ, ки ман ҳам бо туям обод дар олам. Ману ту дар ҳама аҳвол, Забони якдигарро нағз меёбем, Ва ҳоли ҳамдигарро нағз мефаҳмем. Дар оғӯши ту аз ҳар кӯю ҳар барзан Забони модарам ояд ба гӯши ман, Ва шукри он, ки номи ту - нахустин рӯзи ҳар як ҳафтаи тоҷик, Пур аз кашфу пур аз заҳмат, Пур аз ранҷу пур аз ганҷ аст.
Дар паноҳи меҳан
Мирзомурод ҲОШИМЗОДА
Сипос Нон бар дастам бигирам, шукри деҳкон мекунам, Об агар нӯшам, сипоси чашмасорон мекунам. Саҷда меорам ба санги қабри ҳар як номурод, Сурма бар чашмони худ хоки шаҳидон мекунам. То нарӯяд лола аз хуни шаҳидони Ватан, Ҳамчу Рустам бар дифояш аҳду паймон мекунам. Шукри нону шукри обу шукри хокат кишварам, Шӯҳрататро ҳамчу парчам ман парафшон мекунам. То нарезад модари тоҷик бо ҳасрат сиришк, Абри ғамро аз сараш ҳар сӯ парешон мекунам. То бигирам пеши роҳи душмани бадхоҳро, Ҷони худро ман фидои Тоҷикистон мекунам.
Ватандорӣ набошад кори осон, Ба фарзандони боному вафодор, Худоё, бекафан мурдан ғаме нест, Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор! Дар ин дунёи пуршӯру пуроғоз Агар оғозу анҷомам ватан нест, Дареғи ман, дареғи меҳнати ман, Агар подошу инъомам ватан нест!
Ватан
Барои шеъри Турсунзодаи мо Тамоми Осиё мисли ватан шуд. Вале бинвохт ӯро хоки Лучоб, Ва як абри сафед ӯро кафан шуд.
Ганҷи қорунам набошад, бок нест, Бо ту ҳастам, аз ту дорам ифтихор. Зиндагиям ҳамчу шаҳд асту шакар, Дар канори шаҳдборат, эй диёр!
Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу ногоҳ Зи роҳи дур як овози ҷонкоҳ. Ба ҳар лафзу забоне, ки набошад, Ман аз маънии он гардидам огоҳ:
Ганҷи Қорунам набошад, бок нест, Давлати ман - дӯстони бешумор. Рӯзу шаб резам арақҳои ҷабин, Мисли деҳқон дар замин ҳангоми кор.
«Ҷаҳон месӯзад аз оҳи ғарибӣ. Дареғ аз умри кӯтоҳи ғарибӣ. Ватан пушту паноҳ аст, эй бародар, Гадои дар ватан - шоҳи ғарибӣ...»
Ганҷи Қорунам набошам, бок нест, Ман надорам аз касе як мӯ камӣ. Мерасад бар шонаи гардун сарам, Пеши ҳар нокас надорам сархамӣ!
Ватандорӣ набошад кори осон Ба фарзандони боному вафодор, Худоё, бекафан мурдан ғаме нест, Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор.
Ганҷи Қорунам набошад, бок нест, Ман аз ӯ доротарам дар ин замон. Дӯстонро тоҷи сар бинмудаам, Дар диёри мисли модар меҳрубон!
Нуриддини АМРИДДИН
Гаҳвораи ваҳдат Дил мекашадам ҳар нафасе сӯи Душанбе, Берун наниҳам пойи дил аз кӯи Душанбе. Оғӯш кушояд ба мани ташнаи дидор, Ҳар сабзаву себаргаву ҳулбӯи Душанбе. Парвоз кунад мурғи ҳумо боғ ба боғаш, Шодоб кунад коми маро ҷӯйи Душанбе. Бар гӯш расад шеъри тари Боқию Мирзо, Масрур шавам аз гули хушбуй Душанбе. Варзоб бувад маскани ҳар ошиқи бедор, Мастам бикунад духтари хушрӯи Душанбе. Хуршеду қамар бӯса занад аз рухи ин шаҳр, Пурнур шавад ҳар саҳаре рӯи Душанбе. Обод бимонад ҳама дам марзу буми он, Шодам ман аз ин қудрату нерӯи Душанбе. Ин шаҳри муқаддас шуда машҳур дар олам, Чун Лоиқи дилдодаву дилҷӯи Душанбе.
Љодугарї
Акнун, њоло
Актёр, Суњроб дар к/ф «Рустам ва Суњроб» «… бувад, њар кї доно бувад»
Созмони милали … - ООН
Бањр дар Русия
Дарёчаи сунъї
Хўроки сањар
Муаллифи операи «Аида»
Устои досу шамшерсоз ... Сафар, шоир
Нашъунамо
Дурахшон, равшан
... и Сомонї
Ќоидаи либоспўшии замонавї
Масолењи сафеди сохтмонї
Намоиши эстрадї ё телевизионї
Маркази вилоят дар Русия
Њарфи дар илми риёзї серистеъмол
Тамѓаи автомобили Корея
Ла ..., гулўгоњи байни Фаронсаю Британия
СНГ (тољ.)
Ансамбли сенафара
Пойтахти Норвегия
Дарё дар Чин ва Ќазоќистон
Узви парранда
Реша, бех
Беташвиш Масъулият
Иловагї
Љароњат
Моддаи тарканда
Тамѓаи сабукрави Русия
Раќси ќадимаи мардонаи тољикї
Хуљаста
…-н-рол, жанри мусиќї
Фирўза …, сароянда
Паррандаи думдароз
Њилла, фиреб
Автомобили рамзаш чор њалќа
Гурўње аз мардум
Поён, зер
Марњамат! Фармоед!
Даъват ба намоз
Лоиња, тарњ
... Тзе Дун
Сайёраи системаи офтобї
Хушк
Хояндаи «љомашўй»и бешањои рус
Нидои њайрат
…-хатиби масљид
Торик Падари њазрати Юсуф
Ашёи ошхона
Сардафтари адабиёти тољик
«Њоло …», филми тасвирї
Текст
Асосгузори алифбои телеграфї
Саховатманд, карим
Чопхона
Ба чашм наменамояд
Захм, яра
Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст
Дарсњои асосї ва ...
Дарё дар Хуљанд
Кишвар бо АбуДаби ва Дубай (ихтисора)
Фурудгоњи Рангдони Париж принтер
Бемории сироятї
... Хоразмї, риёзидон
Нокас, бадкор
Соз, мувофиќ Падар (лањљ.)
Забони Ирон
Лухтак
Аспбон
Пурнишебу фароз ё шахшўл
… Сафина, сарояндаи рус
Оташ (лањља)
Асар, оќибати амал
Давлатманд …, сарояндаи тољик
Маѓлубият дар шоњмот
Сулњи баъди љанг Хато, иштибоњ
Гиёњ, алаф
Бурљи толеънома
Номи эљодї
Мањалла дар ѓарби Душанбе
Хоксорї
Яке аз мазњабњои Ислом
Дарё дар ЉТ
Ноњия дар Бадахшон
Наркоз онро мебарад
e-mail: javonontj@mail.ru
Меъдаи чорпоён
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №41 (9363), 9 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ду пиразан суҳбат доранд. Яке аз дигарӣ мепурсад: - Номи ман чӣ аст? Пиразани дуюм дуру дароз фикр карда: - Ба ту ин чиз фавран лозим аст?
САРМУҲАРРИР
***
Самариддин АСОЕВ
- Акаи усто, мӯйи сарамро гиред. - Майлаш, шинед. - Чанд сомонӣ мешавад? - 50 сомонӣ. - Чӣ хел? Дар ҳама ҷо 5 сомонӣ аст-ку? - Мебахшӣ додар, худат кошонаи ҳусн даромадаӣ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
***
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7047 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Дарси шогирд ба муаллима Муаллима ба шогирдон гуфт: “Ман ҳамаи Шуморо дӯст медорам”. Дар ҳоле ки шогирдаш Теддиро истисно мекард. Чунки Теддӣ бачаи бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид. Зиёда аз ин, хеле бетамиз буд. Инро муаллима дар рафти соли хониш мушоҳида кард. Ҳамчунин, пай бурд, ки Теддӣ бисёр танбал аст, бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доим баҳои “2” мегирад. Рӯзе муаллима хост бо ҳуҷҷатҳои шогирдонаш ошно шавад, то дар бораи онҳо маълумоти бештар дошта бошад. Ҳуҷҷатҳои Теддиро хонда, дар ҳайрат монд. Муаллими синфи якумаш навишта буд: “Теддӣ кӯдаки зираку доно буда, дарсҳоро хуб мефаҳмад ва супоришҳоро сари вақт иҷро мекунад”. Муаллими синфи дуюмаш навишта буд: “Теддӣ талабаи зираку ботамиз аст ва ҳамсабақонаш ӯро дӯст медоранд. Азбаски модараш гирифтори бемории саратон аст, ӯ каме нороҳат менамояд”. Муаллими синфи сеюмаш чунин қайд мекард: “Дар хона нисбат ба Теддӣ бояд чораҳои махсус андешид, чунки баъди вафоти модараш ӯ хеле ғамгину руҳафтода аст ва падараш нисбат ба ӯ беаҳамиятӣ зоҳир мекунад”. Қайдҳои муаллими синфи чорумаш чунин буд: “Теддӣ писари бесаводу бетамиз буда, бо ҳамсабақонаш дӯстӣ намекунад ва ҳангоми дарсҳо хобаш мебарад”. Вақте муаллима аз мушкили Теддӣ огоҳ шуд, хиҷолат кашид. Қавл дод, ки рафторашро нисбат ба Теддӣ тағйир медиҳад. Дар зодрӯзи муаллима шогирдонаш ҳар гуна туҳфаҳои гаронбаҳо оварданд. Туҳфаҳои дигарон дар қуттиҳои мах-
сус ороста шуда, басе зебо менамуданд. Аммо Теддӣ дар як халтаи селофании оддӣ, ки дар мағозаҳо ба харидорон медиҳанд, як либос ва як атр ҳадя кард. Шишаи атри ҳадякарда аз нисф зиёд холӣ менамуд. Маълум, ки истифода шудааст. Ҳамсабақонаш ба ҳоли Теддӣ хандида, туҳфаи овардаашро ба истеҳзо гирифтанд. Вале муаллима бо овози хуш ва табъи болида ба Теддӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Синфро оромӣ фаро гирифт ва ҳама хомӯш шуданд. Муаллима либоси овардаи Теддиро ба бар карду аз атри ҳадякардааш истифода намуд. Аз ин Теддӣ бисёр хушҳол шуд. Баъд аз анҷоми дарс чун ҳарвақта ба хонаашон барнагашт. Бо муаллима монд. Гуфт, ки “аз Шумо бӯйи модарам ба машом мерасад”. Муаллима ӯро оғӯш гирифта, худро идора карда натавониста, домани гиряро сар дод. Баъд аз ин муаллима нисбат ба Теддӣ эҳтироми махсус дошт ва доимо ба ӯ кӯмак мекард. Акнун Теддӣ ба дарсҳо ҷиддӣ тайёрӣ медид. Вай чун
пешина зираку доно ба назар мерасид, дар охири сол аз тамоми фанҳо баҳои аъло гирифт. Яке аз рӯзҳо муаллима пушти дараш коғазеро овезон дид. Дар он чунин навишта шуда буд: “Шумо беҳтарин муаллимае ҳастед, ки ман дар ҳаёт шинохтам! Шогирди Шумо Теддӣ”. Муаллима дар ҷавоб навишт: “Ин ту будӣ, ки маро таълим додӣ, то муаллимаи хуб бошам!” Баъд аз гузашти солҳо ба муаллима аз Донишгоҳи тиббӣ даъватнома расид, ки иштироки ӯро дар маҳфили хамтмкунандагон хоҳиш мекард. Поёни даъватнома навишта шуда буд: “Фарзанди Шумо, Теддӣ”. Муаллима ба маҳфил бо ҳамон либоси ҳадякардаи Теддӣ ҳозир шуд, аз он бӯи атри модари Теддӣ ба машом мерасид... ҚАЙД: Теддӣ Штударт яке аз машҳуртарин табибон дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соҳиби маркази «Штударт» мебошад, ки барои муолиҷаи бемориҳои саратон пешбинӣ шудааст.
Ронанда баъди ба мошин даромадан саросема ба милиса занг мезанад: - Ало, милиса? - Бале, гӯш мекунам! - Муфт, чанбарак, газ ва магнитофонамро дуздидаанд, ёрӣ диҳед, илтимос. - Суроға ва рақами мошинро гӯед, ҳозир гурӯҳи зудамал меравад. - Мебахшед, ман хато карда, аз дари қафои мошин нишастаам.
***
Марде аз ошёнаи дуюм меафтад. Ӯро ба ҳуш оварда, мепурсанд: - Чӣ шуд? - Худам нав омадам, аз куҷо медонам чӣ шудааст?!
*** Дандонпизишк: - Хуш, акнун ба кандани дандонҳо оғоз мекунем. Бемор: - Дард намекунад? Духтур: - Аз ман не.
*** Бемор: - Духтурҷон, ҳамин гап рост аст, ки саломатиро ба ягон маблағ харида намешавад? Духтур бо ҷаҳл: - Ин сафсатаро ба ту кӣ гуфт?
*** Бемор: - Духтурҷон, ман бо биниям нафас кашида наметавонам. Духтур: - Ин хел бошад бо даҳонат нафас бигир. Бемор: - Ташаккури зиёд, ҳаққи хизмататон чанд сомонӣ мешавад? Духтур: - 10 сомонӣ.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи А №117914, ки онро МТМУ рақами 35-и ноҳияи Қубодиён соли 1987 ба Тоирова Давлатнисо Тураевна додааст, эътибор надорад.