Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
1
№42 (9364),
16 октябри соли 2014
ВАРЗИШ
Комроншоҳ аз Остона бо Шоҳҷоиза баргашт
ФОРУМ
Иштироки Президенти мамлакат дар Форуми соҳибкорӣ
15 октябр дар бинои Китобхонаи миллӣ бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории “Душанбе-2014: соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» баргузор шуд. Дар он беш аз 500 нафар соҳибкору сармоягузори ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, намояндагони дипломатии кишварҳои ҷаҳон, олимону коршиносони варзида, корхонаю ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор ва роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ иштирок намуданд. Тавре зикр гардид, Тоҷикистон дорои имкони истеҳсоли 527 млрд. квт/соат нерӯи барқ дар як сол буда, ҳоло ҳамагӣ 6 фоизи ин иқтидор аз худ шудааст.
ТУРИЗМ
Муаррифии туризми кишвар дар Эрон Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Симпозиуми байналмилалии рушди туризм баҳри ба ҳам овардани фарҳангҳо ва беҳдошти фазои экологии ҷаҳон, ки 14 октябри соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз ёфт, иштирок дорад. Чорабинии мазкур бо дастгирии СММ то 17 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
ФАРҲАНГ
Ҳафтаи Аврупо -2014 дар Тоҷикистон Бо ибтикори намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз 25 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб Ҳафтаи Аврупо баргузор мегардад. Дар ҷараёни он доир намудани намоиши асарҳои рассомони Аврупо бо истифода аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, консерт аз асарҳои бастакорони Аврупо дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, намоиши суратҳо таҳти унвони «Манзараҳои Душанбе» ва ғайра дар назар аст.
Фестивали ҷавонон дар Душанбе Тибқи банди 30-и қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2 сентябри соли 2014 таҳти №416 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе” 16-17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе, бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
e-mail: javonontj@mail.ru
ТАВАҶҶУҲ!
шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута Фестивали ҷавонони Тоҷикистон, таҳти унвони “Душанбе - пойтахти сулҳ ва ризоият” баргузор мегардад. Дар доираи барномаи фестивал як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, варзишиву солимгардонӣ, шиносоӣ ва сайругашти шомгоҳӣ, зери унвони “Шоми Душанбе” дар назар аст.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
2
ПРЕЗИДЕНТ
Соли 2016 – Соли маориф
10 октябр дар шаҳри Мински Белорус ҷаласаи сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон 14 октябр дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид. Дар он зиёда аз 2 ҳазор соҳибкор ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадафҳои ташкили мулоқоти мазкур, аз ҷумла, тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазири ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, мусоидат намудан ба ҷалби бештари сармоягузориҳо, дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддат, инчунин, мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ барои рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ ҷалб карда, тадриҷан татбиқ намудани ҳадафҳои мазкурро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуд. Сарвари давлат роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тавре зикр гардид, муваффақ шудан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз бояд поин равад. Қайд шуд, ки дар панҷ соли охир 870 ҳазор ва танҳо дар соли 2013 беш аз 185 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид ва ин раванд барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва рушд ёфтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Президенти мамлакат нақши муассири бахши хусусиро дар таъмини рушди
устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ободонӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карда, алоқамандӣ ва таваҷҷуҳи хоси худро ба таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таъкид намуд. Зикр шуд, ки дар давоми ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи корӣ, аз ҷумла, корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли маҳсулот сохтмон, коркарди меваю сабзавот бунёд шудаанд ва танҳо соли гузашта соҳибкорони ватанӣ 332 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода додаанд. Сарвари давлат афзудани миқдори субъектҳои соҳибкориро дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбат номида, зикр намуд, ки дар чор соли охир шумораи онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расонида шуд ва афзоиши он дар маҷмуъ 57 фоизро ташкил менамояд. Вобаста ба фаъолияти бахши хусусӣ таъкид шуд, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 40,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки зиёда аз 63 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд. Сарвари давлат зимни таҳлили ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба масъалаҳои низоми “Равзанаи ягона”, расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, иҷозатномадиҳӣ ва зарурати такмили ин низом, ҳуҷҷатгузорӣ дар он, қарздиҳӣ ва дастгирии соҳибкорон тавассути фондҳои соҳибкорӣ, масъалаҳои андозбандӣ ва расмиёти гумрукӣ, ислоҳоти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва ғайра ибрози назар намуда, андешидани тадбирҳои заруриро барои бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои зикргардида таъкид намуд. Ҳамзамон, ба соҳибкорону аҳли тиҷорат барои саҳми намоёнашон дар рушди иқтисодиёти кишвар, устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии ниёзмандон ва ободу зебо гардонидани диёр арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ оянда ҳам дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон, Арманистону Озарбойҷон, Молдова, Русия ва кишвари мизбонБеларус ба ҳам омаданд. Аз Украина сафири ин кишвар дар Беларус намояндагӣ кард. Масоили таҳкими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, пурзӯр намудани ҳамгироӣ ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳамчунин, омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳамтоёни худро ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, иҷрои қарори сарони давлатҳои узви иттиҳод доир ба расондани кӯмаки фаврии техникӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин, ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуда, онҳоро ба вусъати ҳамкорию ҳамгироии муассир даъват намуд. Тибқи қарорҳое, ки дар фароварди ҷаласа қабул шуд, шаҳрҳои Воронежи Русия ва Кӯлоби Тоҷикистон пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015 ва соли 2016 Соли маориф дар қаламрави иттиҳод эълон гардид. Нимаи дуюми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети иттиҳод барои соли 2013, ворид намудани тағйирот ба буҷети он дар соли 2014 ва масоили вобаста ба барҳам додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ дар заминаи дигар созмонҳои ин қаламрав баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, бо вуҷуди барҳам хӯрдани ин созмон котиботи он то оғози соли оянда ва ба фаъолият шуруъ намудани созмони иқтисодии нав, ки ба он ҳоло танҳо Русия ва Беларусу Қазоқистон шомил шудаанд, кори худро идома хоҳад дод.
Иштироки Президенти мамлакат дар тантанаҳои 19-солагии Гвардияи миллӣ 13 октябр Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои 19-солагии ташкилёбии Гвардияи миллӣ иштирок намуд. Сарвари давлат бо шароити хизматию ни низомӣ борҳо сарбаландона гузаштаанд. таълимӣ ва будубоши доимии қисмҳои Зимни суханронӣ Сарвари давлат ҳарбии Гвардияи миллӣ шинос шуда, ба- роҳбарият ва ҳайати фармондеҳию шахрои боз ҳам беҳтару намунавӣ кардани сии Гвардияи миллиро бо 19-умин солгаронҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас ди таъсисёбиаш табрику таҳният гуфта, дод. Тавре аён гардид, маркази таълимии аз ҷумла, изҳори боварӣ намуд, ки афГвардияи миллӣ бо синфхонаҳои барҳавои сарону сарбозони ин ниҳод минбаъд ҳам муҷаҳҳаз бо намунаҳои техникаю таҷҳизот дар тақвияти қудрати дифоии давлат ва ва аслиҳаю лавозимоти гуногуни ҳарбӣ, таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши боомӯзгорони корозмудаю таҷрибадор ва риз хоҳад дошт. дигар шароити зарурӣ барои омӯзиши наРоҳбарият ва ҳайати фармондеҳию зарию амалии ҳайати шахсӣ таъмин аст. шахсии Гвардияи миллӣ дар навбати худ Тайи 19 соли фаъолият ҷузъу томҳои бо расми гузашти низомӣ, ки дар он беш Гвардияи миллӣ дар амалиёти гуногуни аз 4 ҳазор афсару сарбоз иштирок доҷангӣ, машқу тамринҳои муштарак дар штанд, бори дигар омодагии қавии ҳарбӣ машқгоҳҳои бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ иш- ва обутоби баланди ҷисмонию руҳии хештироки фаъол намуда, аз имтиҳонҳои санги- ро собит намуданд.
Чанд сол қабл коршиносон ва устодону масъулини соҳаи маориф омили ба ҳам дарафтодани ҷавонон ва наврасонро ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 рабт медоданд. Зеро ба андешаи онҳо ҷанги мазкур кинаву адоват ва бадбиниро миёни маҳалҳо ба бор оварда буд, ки наметавонист таъсири он ба насли оянда нарасида бошад. Вале ҳамакнун мо шоҳиди ҷангҳои байнимактабие мегардем, ки дар он асосан наврасон ва ҷавононе ширкат доранд, ки шояд роҷеъ ба ин ҷанг аз китобҳои таъриху қиссаҳои падару модар ва барномаҳои телевизионӣ маълумот гирифта бошанд. Зеро онҳо хеле баъдтар аз солҳои бесарусомонӣ таваллуд шудаанд. Яъне, ин толибилмон солҳои 1995-1997 таввалуд ёфтаанд. Аммо миёни ҳам чунон рақиби сарсахтанд, ки барои “ғолиб” баромадан аз чи усулҳое кор намегиранд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бештар ба масоили амният ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар кишвар равона гардида буд. Аз ин рӯ, баъзан муноқишаҳои байнимактабиеро, ки рӯй медоданд, дарк кардан мумкин буд. Зеро дар он солҳо набудани шароити хуби таҳсил, вазъи бади иқтисодӣ, набудани маконҳои фароғату дилхушӣ барои ҷавонон ва бештар ҷанги шаҳрвандӣ метавонист омили муноқишаҳо шаванд. Вале бо барқарор гардидани таъмини амният ва имзои созишномаи сулҳ вазъияти кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Дар кишвар барои насли наврас ва ҷавонон як қатор иншооти дилхушию варзишӣ сохта шуданд. Шароити зиндагӣ бамаротиб боло рафта, ҷавонон ва наврасон имкони дар мактабҳои наву замонавӣ таҳсил намуданро пайдо карданд. Ҳамаи ин далолат аз он медиҳад, ки шароити мусоид барои ҷавонон ва наврасон вобаста ба имконият фароҳам омад. Натиҷа бояд чунин шавад, ки ҷавонон ва наврасони мамлакат аз ин имконияти мавҷуда васеъ истифода намуда, роҳи минбаъдаи хешро дар ҷомеа пайдо намоянд. Лекин баръакси интизориҳо як раванди номатлуб ва нигаронкунанда миёни наврасон ва ҷавонон пайдо гардид: ҷангҳои байнимактабӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ миёни онҳо. Ҷангҳои байнимактабӣ солҳои қабл низ ба мушоҳида мерасид. Аммо на ба андозае, ки ба одамкушӣ ва ҷиноят бурда расонад.
Ҷавонон чаро ҷиноят содир мекунанд? Чанде қабл зимни як вохӯрии кормандони Шӯрои адлия бо донишҷӯён таъкид гардид, ки имрӯзҳо бештар аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, одамкушӣ, ғайриқонунӣ сохтани яроқ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, авбошӣ, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, ғайриқонунӣ идора кардани мошин ё дигар воситаҳои нақлиёт содир мешаванд. Дар ин вохӯрӣ кормандони Шӯрои адлия изҳори таассуф карданд, ки дар соли 2011 нисбат ба 118 ноболиғ, соли 2012 нисбат ба 146 ва дар соли 2013 нисбат ба 164 ноболиғ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин гардидаст. Тавре аз омори мазкур бармеояд сол ба сол шумораи ҷинояткорӣ зиёд гардида, ҷавонон ва наврасонро ҳатто то паси панҷара мебарад. Ҳанӯз як сол муқаддам Президенти кишвар нисбат ба афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва наврасон изҳори нигаронӣ карда буд. Ба мақомоти дахлдор, хусусан, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мао-
бештари маврид онҳо бешуурона ҷиноят содир мекунанд. Ин равоншинос, ки сабабҳои содиршавии ҷиноятро аз назари психологӣ таҳлил кардааст, мегӯяд: “Ҳар чиз сабаб дорад ва аз ҷумла, ҷиноят ҳам. Ҷиноят амалест, ки ба ғайриқонунӣ қонеъ шудани талабот ва хоҳишҳо равона шудааст. Ҷиноят бошуурона ва бешуурона мешавад. Аксари ҷавонон бешуурона ҷиноят содир мекунанд, ки сабаби он дар майнаи сари онҳо ҳанӯз маркази аналитикии пешбинӣ ва пешгӯӣ пурра ташаккул наёфтааст. Барои он ки ин марказ фаъолтар шавад бояд ҷавонон аз бемантиқӣ бо шиносоӣ бо қонуну одоб «эм”-и психологӣ гиранд”. Ҷиҳати шиносоии ҷавонон ба қонунҳои кишвар ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани онҳо пайваста чорабиниҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, вохурии намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия ва дигар мақомоти дахлдор бо донишҷӯёну толибилмони макотиби олию миёна аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонон ва наврасон то андозае аз қонунҳои кишвар огоҳӣ пайдо на-
нос Зарина Кенҷаева, ки бо оилаҳои гуногун рӯ ба рӯ гардидааст, мегӯяд: “Албатта, вақте оила носолим аст, дар он ҳеҷ вақт фарзанди солим тарбия намеёбад. Зуроварӣ дар оила ба он оварда мерасонад, ки бача душвортарбия ба воя расад”. Ба андешаи ин равоншинос имрӯз дар ҷомеа оилаҳои носолим кам нестанд ва наврасони дар ин оилаҳо тарбияёфта дар оянда метавонанд ҷиноят содир намоянд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон ва ҷавонон аз тарбияи нодурусти онҳо дар оила бошад, коршиносон ҳангоми таҳлили ин зуҳуроти номатлуб дигар омилҳоро низ ҷӯё мешаванд. Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров омилҳои ҷинояткориро миёни ноболиғон ва ҷавонон аз рӯи илми равоншиносӣ ба ҳафт гурӯҳ тақсим намудааст, ки метавонад барои коҳиш додани ин зуҳуроти дар ҷомеа номатлуб кӯмак расонад. Тибқи гурӯҳбандии Маҳмудшоҳ Кабиров, “яке аз омилҳои ҷиноят содир кардани ҷавонон нодонист. Дигар, омили иқтисодӣ. Сеюм омил одат аст. Чаҳорум касбияти ҷиноят ҳисоб мешавад. Панҷум гурӯҳи ҷинояткор ё ҷиноятпеша аст. Шашум беко-
риф ва илми ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораандешӣ карда шавад. Албатта, мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон талош меварзанд. Аммо ҳаводиси як соли охир ҳокӣ аз он аст, ки то ҳанӯзам сатҳи ҷияноткорӣ миёни наврасон ва ҷавонон коҳиш наёфтааст. Ҷомеашиносон сабаби афзоиши ҷинояткориро дар ҷомеа аз ҷониби қишри ҷавон ба омилҳои гуногун рабт медиҳанд. Аз ҷумла, пайдо гардидани равандҳои гуногуни дорои хараактери ҷиноятӣ, ворид гардидани филмҳои дорои ҷангу зуроварӣ, кушода шудани марказҳои бозиҳои компютерӣ ва дастрасии наврасон ва ҷавонон ба шабакаи ҷаҳонии интернет. Дар шабакаи ҷаҳонии интернет наворҳои гуногунеро дидан мумкин аст, ки дар он ҷангу зуроварӣ, кордкашӣ ва гурӯҳбозӣ таблиғу ташвиқ мегарданд. Ҷавонон ва наврасон, ки нисбат ба калонсолон аз интернет бештар истифода мебаранд, бо ин наворҳо зиёд рӯ ба рӯ мегарданд, ки ба психологияи онҳо бетаъсир буда наметавонад. Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров содир кардани ҷиноятро аз ҷониби ҷавонон ба омилҳои гуногун рабт дода, мегӯяд, дар
мудаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати шиносоии бештари онҳо бо равияҳои гуногун аз ҷониби мақомоти дахлдор конфронсҳои илмию амалӣ доир гардида, дар он вобаста ба ҷинояту ҷияноткорӣ ва оқибатҳои он мубодилаи афкор сурат мегирад. Ҳукумати кишвар низ барои беҳбуди шароити ҷавонон ва наврасон як қатор корҳоро ба анҷом расондааст. Тавре Президенти кишвар дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 майи соли 2013 изҳор дошт: “Ҷиҳати беҳдошти шароити тарбия ва таҳсили хонандагон солҳои 2001 - 2012 зиёда аз 1500 мактаб, аз ҷумла, барои толибилмони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 интернат бо тарҳи замонавӣ ва тамоми шароити муосир сохта шудааст”. Ҳамаи ин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи Роҳбари кишвар ба он хотир аст, ки ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ тарбия ёфта, тақдири ояндаи кишварро ба дасти хеш гиранд. Инчунин, аз ҷинояту амалҳои харобиовар даст кашида, рӯ ба илмомӯзӣ оваранд. Равоншиносон омили дигари ба ҷиянояткорӣ даст задани ҷавононро ба муҳити оила вобаста медонанд. Онҳо ба он боваранд, ки танҳо оилаи солим метавонад фарзанди солим ба воя расонад. Равонши-
рист ва ҳафтум тақдир мебошад”. Нодида гирифтани ин зуҳурот дар оянда низ метавонад ба боз ҳам афзоиш ёфтани ҷинояткорӣ миёни ҷавонон гардад. Омори ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавононро роҳбари олии мамлакат низ дар баромадҳои хеш ёдовар гардида, ба масъулин супоришҳо дод, то ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа решакан карда шавад. Президенти кишвар зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар (21.05.2013) вобаста ба сатҳи ҷинояткорӣ таъкид дошт, ки “дар тӯли даҳ соли охир қариб 6 ҳазор ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Инчунин, бо иштироки онҳо дар даҳ соли охир 33 ҳазор ҷиноят содир гардидааст”. Таври маълум, ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳурот то имрӯз корҳои зиёд анҷом ёфтаанд. Аммо коршиносон ҳанӯз роҳҳои ҳалро ҷӯё мебошанд. Ба бовари равоншинос Маҳмудшоҳ Кабиров, “агар ҳуқуқшиносон монанди духтурон бо мардум мунтазам вохӯриҳо мегузаронданд, ҷинояткорӣ низ монанди бемориҳои сироятӣ кам мешуд”.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
Бо беҳтар гардидани шароит ва фароҳам сохтани имкониятҳо барои ҷавонон сатҳи ҷинояткорӣ, баръакси интизориҳо, миёни ҷавононон ва наврасон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилои вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дар шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи ноболиғону ҷавонон 3062 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Аз ин шумора 468 ҷиноят ба ноболиғон ва 2594 ҷиноят ба ҷавонон рост меояд. Ин дар ҳолест ки дар нимсолаи аввали соли гузашта байни ноболиғон 457 ва ҷавонон 2487 ва дар маҷмӯъ, 2944 амали дорои кирдори ҷиноятӣ содир ва ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли равон 6 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ сабт гардидааст, ки дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ як нафар хонандаи мактаб ба ҳалокат расидааст. Пас аз ин ҳодиса бештари коршиносон суол мегузоштанд, ки чаро бо беҳтар гардидани шароит ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон афзоиш меёбад?
3
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
4
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Ҳангоме ки дар оила бори аввал кӯдак таваллуд мешавад, хушбахтӣ ва хушҳолӣ аст. Мутаассифона, баъзе аз падарон, махсусан, падарони ҷавон дар андашаи онанд, ки фарзанди якум ҳатман бояд писар таваллуд шавад. Бештари занону духтарон низ мехоҳанд, ки дар оила ҳам писар ва ҳам духтар ба дунё биёранд, чунки ҳар ду давомдиҳандаи насли инсонанд. Аммо на ҳамеша чунин мешавад. Ана, ҳамин мушкил ҳолат баъзан вақт сабаби вайрон шудани оилаҳо мегардад. Дар дини ислом манъ аст, ки зан агар духтар таваллуд кард, зери лату куб қарораш гирад. Ин фаҳмиши замони ҷоҳилияти пеш аз ислом аст. То пайдоиши ислом иддае аз мардуми ҷоҳили араб ба дунё омадани духтарро нанг дониста, тифли бегуноҳро зинда ба гӯр мекарданд. Ҳарчанд аз зуҳури ислом 1400 сол гузашта бошад ҳам, имрӯз бархе аз мардони пастмаърифат аз таваллуди духтар мисли афроди замони ҷоҳилият ор мекунанд. Ҳол он ки духтар ҳам фарзанд буда, доди Худост. Пас, чаро таваллуди духтар айбу шарм будааст? Охир аз нигоҳи илми тиб таваллуд шудани духтар ё писар аз зан дида ба мард вобастагии бештар дорад. Як назар афканед ба таърихи оилаи пайғамбар Муҳаммад (с). Тамоми фарзандони ишон дар вақти зинда буданашон фавтиданд. Танҳо Фотима зинда монд ва авлоди пайғамбар (с) аз пушти Фотимаи Заҳро то ба имрӯз расидааст. Асосан, таваллуди духтар дар ислом хушбахтии оила аст. Барои баланд бардоштани мартабаи зан ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳар касе аз уммати ман се духтар дошта бошаду хуб тарбия кунад ва ба онҳо некӣ намояд, барои ӯ аз оташи дӯзах пардае мешаванд». Сабаби аслии бархӯрди манфӣ ба пайи ҳам зода шудани духтар дар он аст, ки бештари хонаводаҳо писарро давомдиҳандаи насл мехонанд. Аз ин рӯ, мардҳо занҳоеро, ки пайи ҳам духтар таваллуд мекунанд, аз хона меронанд ё хонаро тарк мекунанд ва ё зани дуюм мегиранд.
Падарони духтарбезор Маҳбуба Азимова, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ин амали нангин чунин ибрози назар кард: “Имрӯз афкори мардум нисбат ба занон боло рафтааст. Бисёре аз мардон ба қадри зан ва эҳтироми ӯ мерасанд. Аммо, ҷавонмардоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба занмодар нигоҳи дигар доранд. Яъне, ба зан ҳоло ҳам аз рӯи анъанаҳои хурофотии давраҳои пеш менигаранд ва муносибат мекунанд”. “Рӯзе ба идора зани тахминан 35-40-сола аз ноҳияи Файзобод меҳмон шуд. Андӯҳгин ва чашмонаш пур аз ашк буд. Аз мушкилаш пурсидам, сабаби омадани худ ба кумитаро чунин баён кард: “Духтари маро тӯли се моҳ шудааст, ки ҳамсар ва аҳли оилаи ӯ ба хонаашон бурдан намехоҳанд, чунки духтарам се фарзанд таваллуд карда-
дар мешаванду писарбачаҳои хушсалиқа ба дунё меоранд? Мард намефаҳмад, ки ин айби зан набуда, ҳосили худаш аст. “Он чизе, ки коштӣ, ҳамонро медаравӣ”, - мегӯянд мардум. Мутаассифона, ҳамон хурофот, қолабҳои шахшудае ҳастанд, ки имрӯз бархе аз ҷавонон нисбат ба зан ва ё фарзанди худ, ки духтар аст, бадхоҳона рафтор мекунанду аз онҳо дурӣ меҷӯянд ва ҳатто бо нафрат менигаранд ва ӯро чизе намешуморанд. - Ҳамчунин, ба кумита ҷавондухтаре, ки се фарзандаш духтар будааст, муроҷиат кард. Яъне, пештар ду духтар дошт ва ба хотири он ки дар таваллудхона боз духтарча ба дунё меорад, шавҳар аз вай даст мекашад. Бисёре аз онҳо фикр намекунанд, ки духтар дар оянда ҳамсар ва модари хуб ва дар ҷомеа шахси шуҳратманд хоҳад гашт. Бинед, ки имрӯз дар Тоҷикистон занон олима,
ронем, илтимосу илтиҷо мекунем, ки бояд пояи оиладории онҳо мустаҳкам бошад, чунки оила асоси ҷомеа аст. Аз оилаи солим ҷомеаи солим ибтидо мегирад, - афзуд Маҳбуба Азимова. Дар ҳақиқат, чунин ба назар мерасад, ки имрӯз дар ҷомеа таваллуди духтарро на дар ҳама оилаҳои тоҷик ба хушнудӣ пазироӣ мекунанд. Дар хонаводаҳое, ки таваллуди писарро интизоранд, мушоҳида мешавад, ки бо ба дунё омадани духтар ихтилофу ҷанҷолҳо сар мезанад ва ғолибан занон чун гунаҳкор азият мекашанд. Мутахассисону коршиносон, ҷомеашиносон, равоншиносон хушунат нисбат ба занонеро, ки пайи ҳам духтар таваллуд мекунанд, бештар бо ноогоҳии мардҳо, аз маърифати исломӣ дур будани онҳо, ҳамчунин, таҳия нашудани барномаҳо оид ба ташреҳ кардани ин гуна вазъ, аз ҷумла, тавассути ниҳодҳои
аст ва ҳар се духтар мебошанд. Бо ҳамин сабаб намехоҳанд, ки духтарам ба хонааш баргардад. Шавҳараш ба он хотир, ки духтарам, ки се духтар таваллуд кардааст ва духтарҳои худ рӯй гардонда, онҳоро қабул ва ҳатто дигар зиндагӣ кардан намехоҳад. Ин хоҳиши на танҳо домодам, балки аз хушдоманаш низ ҳаст”. Ин воқеаи шумро шунида, дар ҳайрат мондам ва ба худ савол додам, ки хушдоман худаш зан-модар аст, аз набераҳои худ, ки ҳамҷинси ӯ ҳастанд, наход рӯй гардонад. Ӯ андеша намекунад, ки ин духтаракон дар оянда монанди ӯ зан ва мо-
ҷарроҳ, муҳандис, соҳибкори беҳтарин ва машҳуртаринанд. Ҳеҷ набошад, зан-модар фарзандҳоеро тарбия кардааст, ки номбардори кишваранд. Ба занону модароне, ки ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат мекунанд, ёрии равонӣ, ҳуқуқӣ ва ҳатто оилавӣ мерасонем. Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, фарҳанги оиладорӣ ба воситаи занону модарони собиқадор, ки таҷрибаи рӯзгордориашон хеле зиёд асту зиндагии шоиста доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ мегузаронем. Ҳатто рафта, бо оилаи шавҳаронашон суҳбат мегуза-
марбут ба он мебошад. Равоншинос Зарина Кенҷаева роҷеъ ба ин масъла чунин ибрози назар кард: “Мардҳо дар ҷомеа нисбат ба духтар нигоҳи дуюмдараҷа доранд ва писарро саробони хона меҳисобанд. Аз диди равонӣ мардҳо қабул надоранд, ки занҳо сардори оила бошанд. Гумон мекунанд, ки агар писар дар оилаашон ба дунё биёяд, дар пиронсолӣ хор нахоҳанд шуд. Аммо фаромӯш мекунанд, ки гоҳо дар зиндагӣ духтарҳо ба волидон ёрии бештар мерасонанд. Чунин афкори ботил, асосан, дар сари мардони каммаърифат чарх мезанад. Онҳо
қобилияти андеша кардан надоранд, чунки марди боандеша чунин рафтори баду нангинро ҳеҷ гоҳ намекунад. Дар давлатҳои тараққикардаи дунё чунин рафторҳои бадхоҳона нест. Таваллуди фарзанд ба онҳо хушҳолӣ меорад ва бештар ба тарбияи дуруст аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд, новобаста аз он ки ӯ духтар аст ё писар. Ин фаҳмиши кунд зиёдтар дар ҷумҳурии мо арзи ҳастӣ дорад”. Ҳамзамон, ӯ зикр намуд, ки мард бояд кӯшиш кунад, ки барои ҳифзи саодати оилааш пайваста кӯшиш кунад. Дар оила хоҳ писар таваллуд мешавад хоҳ духтар кӯшиш ба харҷ диҳад, ки тарбияи хуби онҳоро ба роҳ монад ва ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як падару модар мебошад. Вақте фарзанд, новобаста аз ҷинс, тарбияи хуб дошта бошад, албатта, такягоҳ ва дар пирӣ дастгири падару модар мешавад. Агар писар саводу тарбияи казоӣ надошта бошад, дар оянда аз онҳо манфиате ба волидайн ва ҳатто ҷомеа нахоҳад шуд. Агар писар авбош, шаробнӯш ва нашъакаш ба воя расад, ба падару модар манфиату шафоате накарда, баръакс дарди сари онҳо мегардад. Агар духтар бомаърифат ба воя расад, ӯ ҳамеша такягоҳи волидайн ва номбардори онҳо мегардад. Волидайн, пеш аз ҳама, бояд дар андешаи фарзанди солеҳу солим ба дунё овардан бошанд. - Мушкилоти дигари зиёд таваллуд шудани духтар дар оила, барои бархе мардон баҳонаи хуб барои ҷудо шудан аз ҳамсарони худ мебошад. Яъне, онҳо зоиши зиёди духтарро баҳона карда, аз зани худ ҷудо мешаванд ва зани дигар мегиранд, - афзуд З. Кенҷаева. Тибқи иттилои Кумитаи омори назди Президенти ҷумҳурӣ соли 2013 дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 844 кӯдаки зинда таваллуд шудааст, ки 9 ҳазору 958 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Яъне, тавлиди писарон нисбат ба духтарон зиёдтар аст. Пас, чаро ҷомеаи моро зоиши духтарон ба ташвиш овардааст ва падарон аз духтарони худ даст мекашанд? Мутахассисону коршиносони соҳа бар он ақидаанд, ки дар назари мардум зиёд таваллуд шудани духтар ин дар як оила 3-4 ва ҳатто 5-6 нафар духтар будан мебошад. Барои ҳамин, оилаҳои сердухтар хаёл мекунад, ки тавлиди духтарон нисбат ба писарон бештар аст.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ҳоло дар Эътилофи нави Ғарб, ки барои маҳви ДИИШ амалиёт сар кардааст, ИМА, Англия, Фаронса, Олмон, Италия, Дания, Лаҳистон, Канада, Австралия ва Туркия шомиланд. Туркия, хоса президенти он Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ибтидо намехост дар ин ҳамлаҳо иштирок кунад. Чун он замон 49 дипломати турк бо аҳли оилаашон дар асорати ДИИШ қарор доштанд. Ҳукумати Эрдуғон барои зарар нарасидан ба шаҳрвандони асирафтодааш аз кӯмаки низомӣ ба Ғарб худдорӣ мекард. Туркҳои асирафтода баъди се моҳ озод шуданд. Эрдуғон озод шудани 49 асири туркро бурди Туркия номида, амалиёти наҷотдиҳиро кори хуб анҷомдодаи Ташкилоти истихборотии (MIT) кишвараш хонд. Вале ибтидои моҳи октябр рӯзномаи бритонии «The Times» пушти пардаи амалиёти озодшавии туркҳоро нишон дод. Ба навиштаи рӯзномаи мазкур дипломатҳои турк бар ивази 180 террористи боздоштшудаи ДИИШ раҳо шудаанд. Пештар сухангӯи Пентагон, контр-адмирал Ҷон Кирбӣ ба бетарафии ҳукумати Эрдуғон ишора карда, гуфта буд: «Туркия дар ин амалиёт наметавонад бетараф монад, сирф барои мавқеи ҷуғрофияш он бояд шарики амалиёти эътилоф бошад».
Хатари ДИИШ дар симои салафия Яке аз проблемаҳои актуалии кишварҳое, ки аҳолиашон мусулмонанд, хусусан, барои Тоҷикистон, дуруст тавсиф дода натавонистани ҳаракати салафия мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳоло домани дарози занон ва риши мардонро ҳамчун хатар барои суботи давлатӣ мебинем. Шак нест, ки сохторҳои амниятии кишвар барои нигоҳ доштани истиқрору суботи кишвар талош мекунанд вазифаашонро дар дараҷаи олӣ иҷро кунанд, аммо баъзан ба назар мерасад, ки дар сафи чунин сохторҳо мутахассисони соҳа ва олимони огоҳ аз масъалаи мазкур норасоанд. Барои ҳамин, баъзан «ба ҷои салла калла оварда мешавад». Дар навбати худ ҷомеаи шаҳрвандӣ дер боз аз чунин тарзи кор эътирозу нигаронӣ мекунад. Воқеан, аз дигаргуна тавзеҳ шудани масъала кӣ манфиатдор аст? Ё амалиёти «ба ҷои салла калла овардан» нақшаи тарҳрезишудаи баъзеҳоест, ки кӯшиши ба шӯр овардани мардуми мусулмони ҳанафимазҳаби Тоҷикистонро доранд, то пояи истиқрори давлат заиф гардад? Ё дар ҳақиқат худ нафаҳмида дар баробари ҳаракатҳои ба ном исломӣ (салафия) теша ба решаи исломи ноб мезанем? Дар ҳар сурат, ҳар ду роҳ ҳам ба манфиати Ватану миллат нест! Бояд қайд кард, ки «ваҳҳобия» - «салафия» равияи сиёсии ба ном исломӣ аст, ки миёнаҳои асри XVIII аз ҷониби Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб барои муттаҳид сохтани олами араб алайҳи Хилофати исломӣҳанафии туркони Усмонӣ ба миён омад. Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб дастпарвари Хадамоти ҷосусии англис ва яке аз пайра-
вони ашадии идеологияи ибн Таймия ба ҳисоб мерафт. Ҷои таъкид аст, ки пайравони имрӯзаи равияи «ваҳҳобия» худро «салафӣ» номида, имрӯз ҳам алайҳи исломи суннӣ дасисабозӣ мекунанд. Он замон олами араб зери ливои «ваҳҳобия» гумон кард, ки саодати эшон дар таъсиси давлатҳои хурд ва ба ном мустақил пинҳон аст. Арабҳо бо сардории Томас Эдвард Шоу, ҷосуси низомии англис, ки бештар бо номи Лоуренси арабӣ маъруф аст, қисми зиёди нимҷазираи арабро аз туркони усмонӣ «озод» карданд. Аммо онҳо дер дарк карданд, ки Ғарб фиребашон дода, онҳоро пурра мутеъ гардонид ва аз сарватҳои зеризаминиашон то имрӯз ба нафъи худ истифода мебарад... Ҳоло ашхоси муътабар ва гурӯҳу ҷамоатҳои минтақа амалиёти эътилофи нав таҳти роҳбарии ИМА-ро танқид карда, таъкид намудаанд, ки бо ин роҳ низоъ боз ҳам авҷ мегирад. Балки он боиси парешон гардидани давлатҳои минтақа мегардад. Ба назари коршиносон феълан зери ниқоби «му-
тихбороти Амрико (СРУ) дар китобаш «The Devil We Know» («Шайтоне, ки мешиносем») дар шинохти ин гурӯҳ чунин менависад: «Гурӯҳи террористии «Сипоҳи Қудс» таҷрибаи тӯлонии табаддулот, сӯиқасд ба ҷони мухолифон ва одамрабоии хориҷиҳоро соҳиб аст. Гурӯҳи мазкур солҳои 80-уми асри гузашта дар шаҳри Бейрут алайҳи сафорати ИМА амалиёти террористӣ анҷом дода буд». Собиқ агенти амрикоӣ менигорад, ки усули амалиётгузаронии «Сипоҳи Қудс» то охири солҳои 90-ум равшану бепарда сурат мегирифт. Аммо солҳои баъдӣ усули амалиётгузарониро ба савияи профессионалӣ бароварда, ҳоло дар кулли кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ва давлатҳои арабӣ ҳузур дошта, дар сохторҳои маъмурии кишварҳо соҳиби нуфуз гардидааст. Ин гурӯҳ доктринаи асосии мазҳаби шиа - «тақия»-ро пеша карда, махфиёна амалҳои инҳирофиро ба ҷой меорад. Сабаби «муваффақият» ва миёни гурӯҳҳои террористӣ соҳибнуфуз гардидани «Сипоҳи Қудс»-ро муҳаққиқон ба
Ховари Миёна:
ро ихтиёр кард, ки то ҳол барои давлатҳои абарқудрат шикастани онҳо душвор аст. Соли 2006, ҳини муҳориба алайҳи Исроил, ҳаракати террористии «Ҳизбуллоҳ» (яке аз «фарзандон»-и «Сипоҳи Қудс») барои мухобирот коди махсуси компютериро истифода бурд ва «Ҳизбуллоҳ» лашкари ҳаматарафа мусаллаҳи Исроилро бо имконоти хеле маҳдуд мағлуб сохт. Дар муҳорибаи «Ҳизбуллоҳ» бо Исроил нақши «Сипоҳи Қудс» калидӣ буд. Имрӯз «Ҳизбуллоҳ» барои мухобироти хеш аз имконоти симҳои фибер-оптикӣ истифода мебарад, ки гуфта мешавад на Исроил ва на ИМА наметавонанд аз хабаргузории онҳо ба пуррагӣ огоҳ шаванд. Роберт Бэр қайд мекунад, «агар Эрон ба қарор биёяд, ки таъсисоти нафтбарории Халиҷи арабро бомбаборон мекунад, сохторҳои ҷосусии абарқудратон, то оне ки мушаки аввалин ба ҳадаф нарасад, аз ин амалиёт хабардор намешаванд».
Вақте бозингарон зиёданд... Ё барои ташхиси дуруст зарур аст бемориро хуб шиносем!
бориза алайҳи терроризм» мубориза алайҳи ислом ба роҳ монда шудааст. Шиорҳои «озодӣ ва сулҳ ба сокинони Ховари Миёна» танҳо қадами навбатиест барои зиёд кардани нуфузи Ғарб ва Исроил дар минтақа. Фаромӯш набояд кард, ки имрӯз барои сиёҳ кардани чеҳраи поки дини мубини ислом равияҳои ба ном исломии салафия, ки идеологияи тамоми ҳаракатҳои ба ном суннии террористӣ чун «Алқоида», ДИИШ, «Нусра», «Шубоб», «Боко ҳаром» ва чанд ҳаракати навтаъсис - «Хуросон» ва «Қоидат-ул-ҷиҳод» аст, истифода бурда мешавад. Таҳлилгарон бар ин назарад, ки амалиёти низомии Ғарб бо роҳбарии Амрико танҳо алайҳи ДИИШ номидан бехабар аз умқи масъала будан аст. Аз ин рӯ, раванд ва бозингарони майдони Ховари Миёнаро бояд дуруст шинохт. Яке аз чунин бозингарони бонуфузи минтақа «Сипоҳи Қудс» ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи террористии «Сипоҳи Қудс»? «Сипоҳи Қудс» яке аз гурӯҳҳои махфии Ховари Миёна ва гурӯҳи муассиртарини ҷосусии бурунмарзии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шинохта шудааст. Таълимоти ҳаракати мазкурро идеологияи мазҳаби шиа ташкил медиҳад. Роберт Бэр, собиқ корманди Ташкилоти марказии ис-
интизоми шадиди ҳарбӣ, хушунату бераҳмӣ ва стратегияи дақиқи он марбут медонанд. Ҳатто «Алқоида» аз чунин интизоми корӣ маҳрум будааст. «Сипоҳи Қудс» нуфузи боризашро дар Ховари Миёна ҷой кардааст. Роберт Бэр ин ақидаро пеш мегузорад, ки ҳукумати кунунии Ироқ ва Лубнонро Эрон аз тариқи «Сипоҳи Қудс» идора мекунад. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ зимни суханронияш ба муносибати 35-умин солгарди инқилоби исломии кишвараш, 11 феврали соли равон дар майдони «Озодӣ»-и Теҳрон иброз дошт, «тайи 200 соли охир Эрон ба ягон кишвари дунё ҳамла анҷом надода, хоки кишвареро истило накардааст». Дуруст аст, ки Эрон тайи чанд соли мазкур бевосита ба ягон кишваре ҳамла накарда, аммо ба қавли Бэр аз тариқи «тақия» аз «хизмат»-ҳои «Сипоҳи Қудс» фаъолона истифода бурда, дар кишварҳои ҳамсояву ҳамфарҳанг амалиёти зиёди ҷосусиву инҳирофӣ ба анҷом расондааст. Таври маълум, соли 1979 Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон табаддулот гузаронда, шоҳро дар Эрон сарнагун кард ва низоми истихборотиро пурра зери идора гирифт. Баъдан, роҳи мухобироти кишварро куллан аз эфир гирифта, хабаррасониро ба тарзи шифоҳӣ ва ё тариқи хаттӣ аз даст ба даст расонд. Роҳҳои беҳтарини кодгузори-
Нақши «Сипоҳи Қудс» дар бунёди ДИИШ Ибтидои соли 2014 агентии иттилоотии «СВS» хабар дод, ки дар ҷанги шаҳрвандии Сурия ҷангиёни зиёди Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон силоҳ ба даст гирифта, амалиёти ҳарбӣ мебаранд. Пасон, ҷониби Эрон хабари мазкурро рад кард, аммо «СВS» онро бо навору аксҳо ба исбот расонд. Зимнан, дар матбуот иттилоъ нашр шуд, ки Эрон дар сарҳади Сурия ва Туркия давлати «Алқоида» сохтанист. «Бино ба гуфтаи Ҷосим Аввод, сардори ҳамонвақтаи ҳаракати мухолифини Сурия, нигаҳбони ҳаракати ДИИШ ҳукумати Эрон ва режими Башор Асад мебошанд», - омада буд дар хабар. Ӯ илова мекард, ки «ҳоло Эрон ва режими Асад нақша доранд аз ҳисоби террористони дар шаҳри Раққа тайёршудаистода, як давлати «Алқоида» бунёд кунанд». Он вақт касе суханҳои ин қумандонро ба ҷиддият напазируфт ва ё пазируфтан нахост. Вале баъд аз гузашти чанд вақт гуфтаҳои Ҷосим Аввод як-як амалӣ гаштанд. «Давлат»-и ишоракардаи ӯ - «Давлати исломӣ» аз худ дарак дод. Ҳамон замон Вазорати захираҳои ИМА маълумот дод, як шохаи ҳаракати террористии «Алқоида», ки фаъолияташро аз ҳудуди Эрон пеш мебарад, тавассути Туркия ба гурӯҳҳои террористии Сурия пул ва аслиҳа интиқол медиҳад. Ҳамчунин, ҳайати Иттифоқи қувваҳои мухолиф ва инқилобии Сурия дар рафти конфронси «Женева-2», ки аввали соли ҷорӣ баргузор гардид, далелҳои хаттӣ ва аксҳоеро пешниҳод карданд, ки бинобар он ДИИШ бо шиаҳои Эрон робитаи қавӣ дорад. Зеро аксари ҷангиёнаш, ки ҳамон вақт аз Либия, Арабистони Саудӣ ва Ироқ меомаданд, пайравони мазҳаби шиа будаанд. Имрӯз маълум шуд, ки он ҳаракати марказаш дар Эрон мустақар «Сипоҳи Қудс» асту барои бунёди давлати худкомаи ба ном исломии ДИИШ кӯшиш кардааст. Аммо қайд кардан зарур аст, ки ДИИШ на танҳо бо меҳнати Эрон, балки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои истихборотии Ғарб ба миён оварда шудааст. Ин мавзуъро идома хоҳем дод...
М. САИД, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Бо вуруди ИМА ба Ироқу Шом барои пайдо шудани давлатҳои мустақили ҷадид дар минтақа, хусусан, дар Ироқ, Сурия ва Туркия замина муҳайё мешавад. (Қаблан таҳлилгари рӯзномаи “The New York Times” Робин Райт навишта буд, ки дар Ховари Миёна 14 давлати нав пайдо мешавад). Ҳамчунин, аз рӯзҳои аввали ҳамлаҳои ҳавоии амрикоӣ, на танҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ДИИШ, балки ҷабҳаи «Нусра», ҳаракати салафӣ ва навбунёди «Хуросон» ва аҳолии осоишта талафоти моливу ҷонии зиёд мебинанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
5
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
6
ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Фабрикаи ҳавои тоза Ҳамаи мо борҳо эҳсос кардаем, ки ҳангоми гармии тобистон аз фазои шаҳри серчангу дуд берун рафта, дар оғӯши дарахтзор истироҳат кардан чӣ кайфият дорад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар ҳавои ҷангалзор нисбат ба ҳавои шаҳр 300 маротиба камтар бактерияҳо дучор меоянд. Зеро фитонсид (бӯйи махсусе, ки дарахтон ихроҷ мекунанд) бактерияҳоро нобуд месозад. Ҷангалро «фабрикаи ҳавои тоза» ва уқёнуси сабз мегӯянд, ки бесабаб нест. Як гектар ҷангали сердолу дарахт тӯли як соат 2 кило гази карбонатро фурӯ мебарад. Ин миқдор газро 200 нафар ихроҷ мекунанд. Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия мегӯяд, ки бинобар тозаву гуворо будани ҳавои ҷангал нафаскашии кас дар он ҷо сабук мегардад. Накҳати ҳавои ҷангал ба системаи асаб таъсири мусбат расонда, ба инсон эҳсоси оромӣ мебахшад. - Микроклимат (фазо)-и ҷангал барои инсон аз ҳама мусоидтарин ба шумор меравад, - мегӯяд номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. - Дар ҷангал раванди азхудкунии оксиген фаъолона гузашта, нафаскашӣ чуқур ва сабук мешавад. Фаъолияти дил беҳ гашта, фишори хун ба эътидол медарояд. Ҷангал гардиши обро дар сайёра ба танзим медарорад. Дарахтон 50% тамоми биомассаи сайёраро синтез мекунанд. Муҳити ҷангал он қадар гуворо аст, ки баробари ба ҳудуди он ворид шудан касро эҳсоси фараҳмандӣ фаро мегирад. Ҳатто бо дидани манзараи ҷангал табъамон хуш мешавад. Аз ин рӯ, бисёриҳо зимни оро додани деворҳо асосан манзараи ҷангалро интихоб мекунанд. Исбот шудааст, ки заминҳои назди ҷангал ҳосили фаровон медиҳанд. Хокшиноси машҳури рус В. Докучаев гуфта буд: «Ҳатто дар хушксолиҳои аз ҳама вазнин гандум ва алаф дар наздикии ҷангал, дар миёни дарахтзор, зери ҳимояи” деворҳои зинда” ҳосили хуб медоданд. Маълум мешавад, ки хоки ҷангалзор намнок аст». Ҷангал, инчунин, манбаи ҳифзи гиёҳҳои шифобахш, хазинаи нигоҳдории олами байни набототу ҳайвонот мебошад. Ҳар қадар майдони ҷангалзор васеътар бошад, ҳамон қадар оби дарёҳо софу зулол мегарданд. Зеро борон аввал ба шоху баргҳои сершумори дарахтон бархӯрда, бо суръати пасттар ба замин мерезад. Заминро бошад, баргҳои афтода ва гиёҳҳо мисли кӯрпа мепӯшонанд. Аз ин рӯ, шусташавии хок кам ба амал меояд. Ҳар яки мо диққат додаем, ки дар заминҳои бедолу дарахт ҳодисаҳои омадани сел, пайдошавии ҷарӣ ва шусташавии хок чӣ қадар зиёд рӯй
Ҷангал тандурустӣ мебахшад
медиҳад. Зери сояи дарахтони сершумор барф бештар меистад. Ин имкон медиҳад, ки намӣ зиёдтар ба қаъри замин равад. Дар фасли тобистон бошад, дарахтон ба ҳайси насоси табиӣ обро аз замин ба боло мекашанд. Ба гуфтаи олими рус Ю. Новиков як дарахти калон ба ҳисоби миёна дар як рӯзи фасли тобистон метавонад то 300 метр обро ба боло кашад. Масоҳати ҷангал меафзояд Ҷангал ганҷинаи бебаҳои ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Масоҳати умумии фонди ҷангали ҷумҳуриамон ба 2 миллион гектар мерасад. Аз ин 1,8 миллион гектараш заминҳои фонди давлатии ҷангал мебошанд. Дар заминҳои тобеи хоҷагиҳои ҷангали мамлакат 268 намуди дарахту буттаҳо мерӯянд. Қисми асосии ҷангалзори кишварро (150 ҳазор гектар) арчазор ташкил медиҳад. Масоҳати пистазор ба 78 ҳазор гектар мерасад. Ҷангали дорои дарахтони бодом бошад, 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Аслан, ҷангалро бо номи дарахтоне, ки аксариятро ташкил медиҳанд, номгузорӣ мекунанд. Ба гуфтаи доктори илмҳои географӣ Холназар Муҳаббатов ҳарчанд масоҳати кишварамон нисбат ба Туркманистон 3,5 маротиба хурд бошад ҳам, 2,5 маротиба бештар намудҳои набототи гулкунанда дучор меоянд. Алҳол зиёда аз ҳазор намуди растаниҳо танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон рӯида, «эндемикӣ» (хоси маҳал) ба ҳисоб мераванд. То ибтидои асри ХХ аз се як
ҳиссаи ҳудуди имрӯзаи кишварамонро ҷангалзор (5 миллион гектар) ташкил медод. Соли 1932 экспедитсияи ТоҷикистонПомири Академияи илмҳои СССР муайян намуд, ки масоҳати ҷангал кам шуда, ба 1,8 миллион гектар расидааст. Яке аз иштирокчиёни экспедитсия, академик В. Камаров аз раванди камшавии масоҳати ҷангал изҳори тавиш намуда, барқароркунии ҷангалро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа шумурд. Мутаассифона, бо сабаби дар водиҳо нест кардани туғайзору зиёд кардани майдони пахта ва дарахтонро бурида, кишт намудани гандум масоҳати ҷангал солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамагӣ ба 350 000 гектар расид. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолии кишвар ба барқароркунии ҷангалҳо диқкати ҷиддӣ дода, масоҳати он сол то сол афзудан гирифт. Бо Фармони Президенти мамлакат 19 ноябри соли 2013 Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Тавре директори агентии мазкур Азизулло Исматзода иброз дошт, хоҷагиҳои зертобеи ин ниҳод соли равон дар майдони 1728,3 гектар корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзорро иҷро намуданд. Чунончи, дар майдони 1087,6 гектар ҷангалзори нав бунёд шуд. Аз миқдори умумии заминҳои ҷангал бунёдгардида, бо мақсади беҳдошти чарогоҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал дар майдони 258 гектар кишти тухмии саксавул гузарониданд. Кормандони 31 хоҷагии тобеи агентӣ дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара
дар майдони 818,5 гектар пурракунонии зичии ниҳолҳоро анҷом доданд. Дар ин маъракаи муҳим ба миқдори 52961 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонида, дар майдони 66,2 гектар 397 кило тухми бодоми талхдона кишт карда шуд. Ба гуфтаи муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Шарифов дар ноҳияҳои Ваҳдат, Қубодиён, Восеъ, Зафаробод ва Варзоб ниҳолхонаҳо мавҷуданд. Илова бар ин, ҳар хоҷагӣ ниҳолхонаи хурд дорад. Корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал дар ярмаркафурӯши ниҳолҳои дарахтону буттаҳо, ки моҳи марти соли равон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, ба миқдори умумии 256,1 ҳазор бех ниҳоли дарахтону буттаҳоро ба хоҳишмандон фурӯхтанд. Ҳамчунин, ниҳолпарварон дар мавсими баҳору тирамоҳи соли ҷорӣ дар майдони 10,9 гектар ба миқдори 2870 кило тухмии дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва буттаҳо кишт намуда, дар майдони 1,54 гектар 172,5 ҳазор бех кӯчату қаламча гузаронданд. Алҳол дар корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва дар ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал ба миқдори 3 миллион бех ниҳоли гуногун парвариш меёбанд, ки аз ин миқдор 1,4 миллион бехаш барои шинони-
дан тайёранд. Ҷангалпарварони мамлакат фаъолиятро дар доираи «Барномаи давлатии рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ба роҳ мондаанд. Бераҳмӣ ба табиат теша задан ба решаи худ аст Замоне сеяки ҳудуди кишвари моро ҷангал ишғол мекард. Буридани дарахтон бо мақсади сохтмону сӯзишворӣ, кушодани роҳ, шаҳрсозӣ боиси кам шудани масоҳати ҷангалзор шуд. Имрӯз низ ашхосе, ки дарахтони ҷангалзорро бо мақсади сӯзишвории арзон истифода мебаранд, дучор меоянд. Чунончи, кормандони Умури давлатии муҳофизати ҷангали хоҷагиҳои тобеи агентӣ баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳои ҷангалу шикор ҳарр рӯз амалиёт гузаронида, дар 9 моҳи соли равон 1540 санад оид ба қонунвайронкунандагон тартиб доданд. Маблағи умумии зарари ба ҷангал расонидашуда 332,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 939 санад барои буриши худсаронаи дарахту буттаҳо, 114 адад барои шикори ғайриқонунӣ, 190 адад ғайриқонунӣ чарондани чорво ва 110 ададаш барои худсарона ҷамъоварӣ кардани гиёҳҳои шифобахш тартиб дода шудааст. Баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳои ҷангал ва шикор кормандони агентӣ бо сокинони ноҳияҳои Ёвон, Варзоб, Ваҳдат вохӯриҳо гузаронда, ба мардум дар бораи ҳифзи сарватҳои ҷангал, барқарор намудани экосистемаҳои заволёфта, шинондани ниҳолҳо бо мақсади пешгирии шусташавию бодхурдашавии хок тренингҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Хуб мешуд, ки чунин чорабиниҳо дар тамоми ҷамоати деҳоти наздикии хоҷагиҳои ҷангал доир гардад. Дар ин мавзӯъ барномаҳои телевизионӣ таҳия намуда, маърифати экологии мардумро баланд бояд бардошт. - Дар даврони шӯравӣ дар баъзе мактабҳо маҳфили табиатдӯстони ҷавон бо номи «Патрули сабз» амал мекард, - мегӯяд устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Шамсиддин Солиев. - Таъсиси чунин маҳфилҳо аз хурдсолӣ дар дили бачаҳо меҳру дилсузӣ ба табиат ва ҳифзи сарватҳои онро бедор мекунанд. Таҳияи дастру тавсияномаҳо оид ба нигоҳубини ҷангал ва зиёд намудани масоҳати дарахтзор низ ба манфиат аст. Ҳамчунин, робитаро бо ВАО бештар намуда, тавассути расонаҳо оид ба манфиати зиёд кардани масоҳати ҷангал, оқилона истифода бурдани сарватҳои он маълумот бояд дод. Зеро ҷангал ба мо оби зулол, ҳавои тоза, доруворӣ ва дар маҷмуъ тандурустӣ мебахшад.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Чанд сол пеш мавзӯи зиёиён ва равшанфикрон дар матбуоти даврӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ки бисёре аз донишмандон иштирок карданд. Намунаи беҳтаринаш матлаби устод Тоҳири Абдуҷаббор буд, ки таҳти унвони «Ҷуръати донистанро дошта бош» дар ҳафтаномаи «Озодагон», №7 (267) аз 20 феврали соли 2013 ба нашр расид. Дар натиҷаи ин баҳсҳо мафҳуми зиёӣ ва равшанфикр, шахсияти зиёиён ва равшанфикрон ва масъулияту фаъолияти онҳо то дараҷае равшан шуд ва гуфтан мумкин аст, ин қишри чомеа миёни хонандагон муаррифӣ гардид.
ҶАВОНОНИ ҶАҲОН
мешаванд, монда, мафҳуми илм барояшон норӯшан мондааст. (Манбаъ: http://www.nkj.ru/ archive/articles/18725/ ). Ин раванд ба ҷавонони мо ҳам бетаъсир нест. Чи дар ватан, чи дар муҳоҷират ВАО-и рус ба мардуми мо таъсиргузор аст. Боз таъсири мазҳабиён ба ин зам мешавад ва мушкил дар шинохти илм дучанд мегардад. Илм маҷмӯи донишҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо таҷрибаи зиндагӣ бадастовардаи инсон аст, ки аз лиҳози ақлӣ ва мантиқӣ қобили тавзеҳ ва озмоишшуданӣ ҳастанд. Назари илмӣ дар асоси таҷрибаи ҳаррӯзаи инсон ҳангоми мушоҳида ва муносибати ӯ бо табиат, равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ ба вуҷуд меояд. Сипас, ин назарҳоро аз санҷиши моддӣ дар лабараторияҳо ё аз санҷиши ақлию мантиқӣ мегузаронад. Назарияҳои илмиро ҳар хоҳишманде метавонад дар асоси маълумоти лозимаи дастрасшуда бисанҷад. Ҳар назарияе, ки аз ин санҷишҳо нагузарад, илм нест. Мисол, дар асри 20 назарияе пайдо шуд,
дар ягон ҳолат пешдоварӣ намекунанд. Яке аз хислатҳои асосии олим растагорӣ аст. Олим ба хотири наранҷондани дигарон аз назарҳои ғайриилмӣ набояд ҷонибдорӣ кунад ва ҳангоми ҷавлони онҳо хомӯш бошад. Дар кишваре, ки олимон дар баробари ин хомӯшанд илм ҳеҷ вақт рушд намекунад, чун илми ҳақиқӣ наметавонад мардумӣ шавад. Бе мардумӣ шудани илми ҳақиқӣ ва баранда шудани ҷаҳонбинии илмӣ ба дастоварҳои назаррас ноил шудан ғайриимкон аст. Агар олим растагор набошад, ба хотири манфиатҳои шахсӣ ҳамон назарияҳои ғайриилмии қадимаро мегирад ва нишаста тавзеҳ ва истидлол месозад, ки чаро муаллифи он чунин гуфта ва чаро он дуруст аст, яъне, барои иддаоҳои бемантиқ «мантиқ» месозад. Ҳарчанд дар ин корҳои худ аз дастовардҳои илмӣ истифода мекунанд ва аз баъзе олимони машҳур иқтибос меоранд, аммо фактҳоеро ҷамъоварӣ мекунанд, ки ё бо иддаоҳои худашон созгоранд ва ё ақаллан бо он зиддият надо-
Имрӯз, дар баробари паст шудани сатҳи омӯзишу парвариш ва саводнокии ҷавонон, лозим аст мавзӯи илму олим ҳам баррасии ҷиддӣ шавад. То ки мафҳуми муосири илм ва шахсияти олим муайян гардад, равишҳо ва хулосабарориҳои илмӣ аз ғайриилмӣ ҷудо ва илму олим ҷойгоҳи худро соҳиб шаванд. Вагарна, раванди муосир, ки ҷавонон зери таблиғоти ҷиддии мазҳабӣ монда, ривоятро илм ва муллоро олим мепиндо-
ки инсон метавонад ба воситаи киштии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз кунад ва аз он ҷо зиндаю саломат баргардад. Ин назария дар амал татбиқ шуд ва дигарон ҳам инро такрор карданд ва боз имкони такрораш вуҷуд дорад. Аммо дар асри 7 назарияи дигаре буд, ки инсон ба кайҳон бо аспи болдор метавонад парвоз кунад ва ин дар амал татбиқ ҳам шуда. Лекин инро каси дигар натавонист такрор кунад ва бо зиёд шудани огоҳиҳои инсон
ранд, моро ба куҷо хоҳад бурд? Ҳатто дар ҷомеаи нисбатан пешрафтаи Русия, ба қавли номзади илмҳои физика ва математика аз Донишгоҳи давлатии Маскав Евгений Трунковский, мардум таҳти таъсири барномаҳои сершумори телевизионӣ ва радиоӣ, мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо, ки аз «дастовардҳо»-и астрологӣ, экстрасенсорикӣ, уфологӣ ва дигар «донишҳо», ки дар назди илми муосир илм ҳисоб на-
маълум гашт, ки ин тамоман номумкин аст. Бинобар ин, назарияи якум илмӣ аст ва назарияи дуюм ғайриилмӣ. Бо ҳамин тартиб, олим ҳам шахсест, ки дар асоси назарияҳои илмӣ фаъолият мекунад ва танҳо донишҳоеро қабул дорад, ки санҷидашавандава қобили тавзеҳоти ақлӣ ва мантиқиянд. Ҷонибдори «аспи болдор» наметавонад олим бошад. Пешдоварӣ душмани асосии илм аст. Олимони ҳақиқӣ
ранд. Фактҳои бешумори радкунандаи дигарро ё сарфи назар мекунанд ё вонамуд созанд, ки аз онҳо хабаре надоранд. Чунин равиши кор илмӣ набуда, таблиғгарӣ аст. Чунин донишмандон, агар ҳам бо унвонҳои баланд бошанд, олим нестанд, балки таблиғотгар ҳастанд. Олими ҳақиқӣ дар корҳои худ такя бар назарияҳои теологӣ, астрологӣ, уфологӣ намекунад. Балки такя бар назарияҳои санҷидашаванда мекунад, ки илми муосир онҳоро ҳамчун илм қабул дорад. Хуллас, имрӯз зарурате пеш омада, ки ин мавзӯъ дар миёни дошнишмандон ва соҳибназарон баррасии ҷиддӣ шавад, то «муйро аз хамир» ҷудо кунанд. Мафҳуми муосири илм муаррифӣ шавад ва шинохти дурусти илму олим заминасози рушди илм дар кишвар гардад. Ҳеҷ имкон нест, ки дар болои бинои куҳнаи фарсудае бинои чандқабатаи замонавӣ сохт. Барои сохтани як бинои замонавии дуруст бояд нахуст бинои куҳнаро бартараф кард ва ҷойро барои сохтмон холӣ. Дар илм ҳам чунин аст. Имкон надорад, ки бо шинохти асримиёнагии илм, илми имрӯзаро дуруст дарк кард ва ба рушди он ноил шуд. Аз ин рӯ, аз онҳое, ки бетараф нестанд, даъват карда мешавад, ки дар баррасии ин мавзӯъ иштирок кунанд.
Ҷавонтарин барандаи Ҷоизаи Нобел
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
АНДЕША
Шинохти илм ва олим
Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел зимни эълони барандагони имсола гуфтааст, “ҳар ду барои муборизаашон барои ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон ва ҳаққи тамоми кӯдакон ба таҳсил” сазовор дониста шуданд. Ҷоизаи мазкур як миллиону сад ҳазор доллар арзиш дошта, онро намояндагии Кумитаи ҷоизаи Нобел дар Норвегия 10 декабр ба соҳибонаш супорида мешавад. Дар таърихи ин ҷоиза Малола Юсуфзай ҷавонтарин баранда мебошад. Вай ҳанӯз ибтидои соли 2009, вақте 11-сола буд, тавассути блогаш, ки барои хабаргузории “ВВС” менавишт, маъруф гашт. Ӯ аз зиндагии мардуми водии Свот замони ҳукмронии “Толибон” ба ин водӣ, инчунин, дар бораи мушкилоти таҳсили духтарон қисса карда буд. Ҳамон сол зимни амалиёти густардае “Толибон” аз водии Свот ронда шуданд. Малола бошад, барои маълумоти дақиқу ҷолибаш дар бораи “Толибон”-и водии Свот ба Ҷоизаи миллии Покистон оид ба ҷавонӣ ва сулҳ мушарраф шуд. Аммо соли 2012, ҳангоме ки Малола аз мактаб ба хона бармегашт, ҳадафи тир қарор гирифт. “Толибон” ӯро барои нашри ёддоштҳояш дар бораи зиндагии мардум таҳти султаи “Толибон” ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Свот ҷазо додан хостанд. Дар пайи ин ҳамла Малола Юсуфзай аз сар ва китфаш сахт ҷароҳат бардошта, муддати зиёд дар Бритониё табобат гирифт. Ақидаи ин духтари ҷавону ҷасур дар мавриди ҳамлаи мазкур басе ҷолиб аст. Ӯ гуфта буд: “Ман танҳо нафаре нестам, ки ҳуҷумро таҷриба кардаам. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон инсонҳо ҳар рӯз мавриди ин гуна ҳуҷумҳо қарор мегиранд, дар Сурия, дар Фаластин, дар Ироқ. Инсонҳо бидуни он ки бидонанд гуноҳашон чист, танҳо барои пешаи худ қурбон мешаванд. Дар яке аз минтақаҳои марзии байни Урдун ва Сурия ман 50-60 нафарро дидам, ки аз Сурия ба Урдун мерафтанд. Модарҳоеро дидам, ки бори сангин бар дӯш, умедро дар пайдо кардани ҷойе барои хуфтан ва сояе барои нафасро рост кардан гум карда буданд. Кӯдакҳоеро дидам урён, ки барои пӯшонидани бадани худ пораи матоъ ҳам надоштанд, ҳолашон вахим буд ва рӯзҳо чизе нахӯрда буданд. Ин маро такон дод. «Худоё ба ин дунё чӣ шудааст? - пурсидам аз худ, чаро инсонҳо бояд сарсону саргардон бошанд? Гуноҳи онҳо чист?» Ба қароре расидам, ки мо бояд ба ин одамҳо кӯмак кунем, қиссаҳои талхи онҳоро ба гӯши дунё расонем. Ин одамҳо дар бораи зиндагӣ дар кохҳо ва мошинҳои қиматбаҳо фикр намекунанд, онҳо танҳо оромиш мехоҳанд ва бозгашт ба хонаҳои худро”.
e-mail: javonontj@mail.ru
Меҳр СОБИРИЁН, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ
Соли ҷорӣ ҷоизаи сулҳи Нобел ба ду нафар – Малола Юсуфзай, духтараки ҳабдаҳсолаи покистонӣ ва Кайлаш Сатярти, марди шастсолаи ҳинд тақдим мегардад.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
8
РАҲОВАРД
Ҳамеша вақте ҷое мешунавам ва гоҳо дар китоб ё сафҳаи электронӣ ва ё сомонае мутолеа мекунам, ки дар гӯшае аз гӯшаҳои дунё сухан аз ҳастии нусхаҳои хаттии шоирони пешини мо меравад ва баҳси тарҷумаи осори суханварони бузурги мо бо муҳаббати беназире аз ҷониби ҷаҳониён шакл мегирад, ифтихор мекунам, ки тоҷикам. Вақте ки сухан аз истиқболи каломи ноби форсии тоҷикӣ, омӯзиши густардаи он аз ҷониби ғайриҳамзабонони мо сурат мегирад, боз ҳам ифтихор мекунам аз тоҷик будан ва тоҷикӣ гуфтану тоҷикона зистан. Замоне аввалин бор навиштаҳои муҳаббатофарин ва садоқатрези шоири номовари олмонӣ Ҳётеро дар мавриди адабиёти форсу тоҷик дар «Девони Шарқиву Ғарбӣ» хондам ва аз файязони андешаҳои ҳакими ин сарзамин Ништше аз фалсафаи Зардушт дар китоби ҷаҳонии ӯ «Чунин гуфт Зардушт» бо рӯшантарин намунаи сидқу ихлос ба тамаддуни ориёӣ огаҳӣ пайдо намуда, ҳамоно боз ҳам ифтихори тоҷикона вуҷудамро фаро гирифт. Имрӯз ҳам воқеан ҷои ифтихори фаровон аст, ки ҳоло ҳам дар гӯшаҳое аз акнофи олами муосир аз шеъри форсиву адабиёти тоҷик мегӯянду дастовардҳои миллати моро чун падидаи тамаддуни ҷаҳонӣ баррасӣ менамоянд. Чанде пеш ду рӯзе, ки дар кишвари Олмон бо номи Тоҷикистони азизи мо сипарӣ шуд, воқеан барои ман чун шаҳрванди ин кишвари соҳибтамаддун ҳамоно аз он лиҳоз ифтихори бузург буд, ки худ шоҳиди шунидани ҳарфу ҳадисҳои дар мавриди мақому манзалати тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби намояндагони аҳли илму маорифи ин кишвар ва дигар авқом будам ва ҳамеша дар сарнавишти хеш аз ин фурсатҳои зебои зиндагӣ шукргузорӣ мекунам... 1 окябри соли равон дар Маркази пажӯҳиши тамаддуни Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҳумболд ҳамоиши илмӣ зери унвони «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист» бо ибтикори Анҷумани дӯстии Олмону Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур ҷараён гирифт. Дабири масъули Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҳумболд ва хатмкардаи бахши забон ва адабиёти тоҷики ҳамон донишгоҳ Томас Лой бо забони ширини тоҷикӣ ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон,
изҳор дошт, ки азбаски ҳамаи ҷамъомадагони ин нишасти илмии байналмилалӣ забони тоҷикиро хуб мефаҳманд, пешниҳод мекунам, ки куллияи маърӯзаҳо бо ҳамин забон садо диҳанд, яъне, ҳамоиш бо забони тоҷикӣ доир шавад. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон Маликшо Неъматов низ, аз ин иқдоми Донишгоҳи Гумболд изҳори қаноатмандӣ ва хушҳолӣ намуда, омодагии худро дар тақвияти бештари ҳамкориҳо баҳри рушди фаъолияти гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷикӣ баён дошта, ба таври хоса аз раиси Анҷумани дӯстии Олмону Тоҷикистон, доктор Александ Ҳайзер изҳори ташаккур намуд, ки ҳамеша дар амри баргузории чунин маҳофили ил-
изҳори ташаккур намуда, дар робита ба яке аз суханварони маъруфи адабиёти ин давр Абдулбасири Сират ва девони ӯ суханронӣ намуд. Профессор Замира Ғаффорова нақши устод Садриддин Айниро дар таҳқиқи осори суханварони форсизабони Ҳинд ва матншиносии осори эшон мавриди баррасӣ қарор дод. Дар суханронии ин ҷониб, ки ҳамеша Худойро шокирам, ки бароям ширкат дар чунин нишасти илмии марбут ба адабиёти тоҷик мояи ифтихор аст, баҳсе атрофи мактаби пайравони Бедил дар адабиёти ин давра ҷараён дошт. Устоди донишвар ва ховаршиноси номовар Манфред Лоренс ба сарнавишти фарзанди шоир ва маорифпарвари номии тоҷик Раҳим Бурҳонов таваҷҷуҳи ҳозиринро
чанд маърӯзаи илмии пурбор аз ҷониби донишмандони мухталиф, аз ҷумла, Луи Жехак аз Олмон, Сайидии Ҳусайнӣ, пажӯҳишгари эронии муқими Олмон, Томас Лой роҷеъ ба масоили мухталифи забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар ин аҳд шунида шуда, мавриди баррасиҳои илмии ҳозирин қарор гирифтанд. Дар фароварди ҳамоиш чанд намунаи кутуби тозанашр дар Тоҷикистон дар заминаи забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар асри нуздаҳ, аз ҷумла, таълифоти устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурӣ «Фитнаи инқилоб дар Бухоро», Маҳмадюсуф Имомов, Мансури Суруш, «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро», Абдухолиқи Набавӣ «Бухорои Шариф – нахустин
ҷойгоҳи хосаро касб намудааст ва дар партави ҳамин сиёсат аст, ки ҳар сол як ҷашне ба ин сурат бо шукӯҳи ҷаҳонӣ таҷлил мешавад. Маликшо Неъматов афзуд, ки ҷашни бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намудааст, таҷлили он бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон ва амри созмони ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО сурат мегирад. Имрӯз намояндагиҳои корпусҳои дипломатии Тоҷикистон дар аксари кишварҳои олам иқдом ба таҷлили ҷашни ҷаҳонии Абдураҳмони Ҷомӣ намудаанд ва мо низ бо пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби сиёсати созандаи роҳбари давлат ин ҷашнро бо шукӯҳи хоса дар кишвари Олмон баргузор менамоем. Пас аз муаррифии меҳмонони
Ду рӯзи Тоҷикистон
МАЛИКШО НЕЪМАТОВ, САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН (АЗ ЧАП ДУЮМ) БО НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ВА АЛЕКСАНД ҲАЙЗЕР
миву адабӣ ба хотири муаррифии дастовардҳои кишвари мо саҳмгузорӣ мекунад. Ҳамзамон, Маликшо Неъматов аз он ёдовар гардид, ки замоне вориди Берлин ба унвони намояндаи давлати Тоҷикистон шуд, нахустин фаъолияти хешро аз дидор дар манзили донишманди маъруфи тоҷикшиноси олмонӣ Манфред Лоренс оғоз намуд, ки хидматаш на камтар. намояндагони миллати мо барои омӯзиши мероси адабиву забонии тоҷикон аст. Баъдан, чаҳор маърӯзаи илмӣ аз ҷониби Тоҷикистон манзури аҳли нишаст гардид. Нахуст, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Матлуба Хоҷаева аз номи ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби баргузоркунандаи нишасти илмӣ ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба адабиёти тоҷик
ҷалб намуд, ки солҳо дар ин сарзамин ба ҳукми фиристодаи Шӯравӣ хадамоти сиёсӣ анҷом дода, рӯзгоре пур аз тазоду шуру исёнҳоро ба сар бурда. Дар фароварди бахши аввали ин нишаст аз ҷониби ҳозирин, ки асосан, пажӯҳишгарони забон ва адабиёти тоҷик аз кишварҳои Олмон, Русия, Эрону Афғонистон ва муҳассилини бахши забон ва адабиёти тоҷики ин донишгоҳ буданд, суолҳои зиёде ба суханронони ҳамоиш манзур гардида, посухҳои мушаххас дарёфт шуд. Воқеан, хеле аз масоили муҳими пайванд ба адабиёти ин давр дар муҳокимарониҳои аҳли нишаст бо шеваҳои хоси илмӣ баррасӣ гардида, пешниҳодот барои идомаи таҳкиқоти амиқ манзур шуд. Нимаи дуюми рӯз боз ҳам
рӯзномаи тоҷикӣ» муаррифӣ ва ба донишгоҳи мазкур барои тақвияти корҳои пажӯҳишӣ дар ин замина тақдим гардиданд. 2 октябри соли равон бошад, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар толори сафорат маросими бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамзамон Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил гардид. Ҳамоишро сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуд. Номбурда зимни изҳори мулоҳизоти хеш бар ин нукта ишора намуд, ки имрӯз дар сиёсати фарҳангии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти шахсиятҳои бузурги илму адаби гузаштаи мо ба хотири таҳкими худогоҳиву худшиносиии миллӣ
ҳамоиш, ки дар баробари ҳузури олимони тоҷик намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои ҳамзамон, олимону муҳаққиқони ҳамзабони муқими кишвари Олмон, донишмандони олмонӣ, аъзои ҷамъияти олмониҳои қаблан дар Тоҷикистон иқоматдошта, донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои олии ин мамлакат ва ғайра буданд, Маликшо Неъматов ба хидматҳои раиси Анҷумани дӯстии Олмону Тоҷикистон доктор Александ Хайзер ишора намуд, ки дар таҳқиқи осори Ҷомӣ ва тарҷумаҳои он дар ин кишвар хидматҳои шоёне ба анҷом расонида, мақолоти фаровоне дар ин замина ба нашр расонидааст. Ба гуфтаи Маликшо Неъматов хидмати Хайзер дар баргузории ин ҳамоиш низ хеле бузург ва
Душанбе Диле густарда дар пои ту дорам, Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Навад соли ҳаётат бод табрик, Душанбе, кони бахти Тоҷикистон.
дар Олмон сутуданист. Бо ин тазаккурот ӯ суханро ба ихтиёри доктор Александр Хайзер гузошт, то роҷеъ ба тарҷумаҳои олмонии осори Ҷомӣ андешаҳои хешро баён намояд. Александр Хайзер қайд намуд, ки Мавлоно Ҷомӣ аз ҷумлаи суханварони форсу тоҷик аст, ки таълифоташ бештар аз дигар шоирону адибони форсу тоҷик дар кишвари Олмон дар дарозои зиёда аз 300 соли охир тарҷума ва таҳқиқу нашр гардидааст. Дар суханронии профессор Матлуба Хоҷаева мавзӯи ҷойгоҳи занони сӯфӣ дар китоби «Нафаҳот ул-унс»-и Ҷомӣ баррасӣ гардида, пайванди ин мавзӯъ бо таълифоти дигар аз суханварони форсу тоҷик аз нигоҳи илмӣ таҳлил шуд. Дар маърӯзаи илмии профессор Замира Ғаффорова масъалаҳои пайванди Абдураҳмони Ҷомӣ бо адибони форсизабони Ҳинд, тарҷумаи осори шоир бо забонҳои ҳинду ва урду, истиқболи адибони форсизабони Ҳинд аз калом ва андешаи Ҷомӣ ва амсоли ин баррасӣ шуданд. Инҷониб ҳам саодати онро пайдо намудам, ки дар мавзӯи «Дӯст ва оини дӯстӣ дар ғазалиёти Ҷомӣ» мулоҳизоти хешро ба хотири тақвияти бештари арзҳои дӯстии миллати мо бо намояндагони миллатҳои дигар баён созам. Намояндаи Донишгоҳи Ҳумболд Томас Лой низ ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, умедворӣ кард, ки минбаъд низ дар партави ҳамкориҳои илмӣ миёни донишгоҳҳои кишварҳои ҳар ду ҷониб дар заминаи адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла, осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои пурбор ва шоистаи илмӣ ба анҷом хоҳанд расид. Дар фароварди ҳамоиш сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон афзуд, ки воқеан ду рӯзе, ки дар гӯшае аз қораи Аврупо каломи тоҷикӣ ва паёми намояндагони миллати азизи мо танин меандохт
ва ба мо намояндагони миллатҳои мухталиф, ҳамчунин, ҳамзабонон имкон дод, ки ба қавли тоҷикон аз дидори ҳамдигар ба шарафи ин забон ва абармардони ин миллат хумор бишканем. - Бо намояндагӣ аз давлати Тоҷикистон иқдом хоҳам намуд, ки ҳамеша дар тақдири ҳамаи ононе, ки барои миллат ва забони мо хидмат мекунанд, бикушам ва дар ҳар ҷо ва ҳар маҳфили илмиву адабӣ бо ҳузури худ ва расондани паёми Сарвари давлат миллати хешро муаррифӣ намояд, - афзуд Маликшо Неъматов. Пазироии самимона ва гарми Маликшо Неъматов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва намояндагони сафорат аз меҳмонони ҳамоиш баробари муҷассам намудани фазилати олии меҳмондории тоҷикон дар кишвари Олмон дар зеҳну хотири ширкаткунандагон фурсатҳои сабзи лабрези муҳаббатро ба ёдгор гузошт. Аксаран бо изҳори қанотмандӣ изҳор медоштанд, ки дар ин фурсати кутоҳи фаъолияти хеш Маликшо Неъматов аллакай бори чандум аст, ки бо баргузории чунин нишасту ҳамоишҳо пайвандҳои самимонае миёни ҳамзабонон, таҳкими дӯстии кишварҳои Олмону Тоҷикистон, фароҳам овардани тоҷикшиносони олмонӣ ва оғози ҳамкориҳои навин дар ин арса иқдом мекунад. Умедворем, ки минбаъд низ дар ин ҷода Сафорати Тоҷикистон қадамҳои устувортаре мегузорад ва мо шоҳиди корномаҳои бештаре дар самти муаррифии дастовардҳои миллати тоҷик дар қораи Аврупо, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ хоҳем гардид.
Нуралӣ НУРЗОД,“ҶТ” Хуҷанд – Маскав – Берлин – Хуҷанд
Ба каф хома, ба лаб шеъру тарона, Саҳаргоҳон ба боғат пой монам. Зи қалби ошиқам бо атри ҳулбӯ Ғами дӯшинаро як-як биронам. Ба боғат сайр карда, бо табассум, Нафас гирам ҳавои тозаатро. Чу шоҳин пар ба гардун боз карда, Барам бар баҳру бар овозаатро. Миёни ҷумла шаҳри Тоҷикистон, Ту шаҳри нозанин астӣ, Душанбе. Ватан бошад садаф, баҳри шукӯҳаш Ту монанди нигин астӣ, Душанбе.
Хишти ҷон Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар, Парчами миллат баланд афрохтем.
Дар Душанбе - пойтахти мамлакат, Эй Худо, бахшо ба мо умри дароз. Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар Парчами миллат баланд афрохтем.
Шаҳри мо Эй Душанбеи базеб, эй шаҳри мо, Дар шукӯҳ астӣ паёпай баҳри мо. Чун арӯсон чеҳра хушрӯ мекунӣ, Хешро бисёр дилҷӯ мекунӣ. Дар ниҳоди мо ҳама чун ҷон туӣ, Тозанакҳат чун гули райҳон туӣ. Кӯҳсоронанд бар даврат қатор, Менамоянд аз ту чун ман ифтихор. Дар даҳан чун қанд ширин номи ту, Субҳдамро ёд орад шоми ту. Нест бе ту Тоҷикистон номдор, Тоҷикистон - кишвари овозадор. Шаҳри пур аз неъмату эҳсон туӣ, Ростӣ, мақбули ҳар инсон туӣ. Шаҳри бахтӣ, шаҳри ишқӣ, шаҳри нур, Шукри Яздон, дар ту ман дорам ҳузур.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
Нуруллоҳ ОРИФ
9
Парчами миллат ба фарқаш ҷилвагар, Дар радифи Зуҳраву Шамсу Қамар. Бар машоми ҳар як инсон мерасад Аз қабояш накҳати гулҳои тар. Мо ба хишти ҷон Душанбе сохтем, Баҳри рангорангияш пардохтем. Дар кафи дасташ ба сад хуни ҷигар Парчами миллат баланд афрохтем. Шаҳри ман чун тифл дар парпечи ноз, Нозанин буд, нозанинтар гашт боз.
Иқдоми ҷашнии МТМУ №29 11 октябри соли равон бо ибтикори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи километри ҳафтуми хиёбони Айнӣ, шанбегӣ, таҳти шиори «Шароити беҳтарини экологиро дар мактаб таъмин мекунем» доир гардид. Дар он омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мазкур фаъолона иштирок доштанд. Онҳо дар тозаву ободсозии ин гӯшаи шаҳр ва муассисаи худ саҳмгузорӣ намуда, саҳну гирду атрофро аз алафҳои бегона, партовҳо ва ҷӯйборҳои обравро аз ғаждӣ тоза карданд. Инчунин, ду тарафи роҳи мошингардро рубучин карда, бехи дарахтонро нарм намуданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” e-mail: javonontj@mail.ru
НУРАЛӢ НУРЗОД
БА ИФТИХОРИ 90-СОЛАГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМИ ДОХИЛӢ
Ӯш наздиктар ё Хоруғ?
Ноҳияи Мурғоб ба Помири Шарқӣ дохил мешавад. Дар ин ҷо ҳамагӣ се моҳ гарм аст. Сафари мо ба ин ҷо ҳарчанд даҳаи дуюми моҳи сентябр сурат бошад ҳам, шамол ба қавле сару рӯи касро «мелесид». Бинобар ин, лабони аксар сокинону меҳмонони ноҳия кафида ва пустканда ба назар мерасид. Шомгоҳон бинобар сардӣ сокинон дар бухориҳояшон оташ фурӯзон мекарданд. Мардуми ноҳия ба сифати сӯзишворӣ, асосан, саргину терескенро истифода мебаранд. Бо сабаби ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурдани терескен масоҳати он кам мешавад, ки боиси изтироб аст. Зеро ин буттаи ба хунукӣ тобовар ягона ғизои қутос ва гӯсфандони ноҳияи Мурғоб аст. Мурғоб дар замони шӯравӣ ноҳияи дотатсионӣ ба шумор мерафт. Бо сабаби аксари сол сард буданаш тамоми маҳсулоти заруриро тобистону тирамоҳ дар анборҳои калон захира мекарданд. Зеро хунӯкӣ дар баъзе мавзеъҳои ин ноҳия ба 40-50 дараҷа мерасад. Мардум тамоми сол ба сӯзишворӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва ё Агентии захираҳои моддии назди Презденти ҷумҳурӣ сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғобро бо ангиштсанг таъмин намоянд. Албатта, то ба ин ноҳия расондани ангиштсанг маблағу вақти зиёд сарф мешавад. Лекин роҳҳои осону арзонтарро бояд ҷуст. Сокинони деҳаи Қароқӯл зимни сӯбат ба мо гуфтанд, ки аз деҳа то сарҳади Қирғизистон 54 км., то шаҳри Ӯш 280, то Хоруғ – 412 ва то шаҳри Душанбе тақрибан 900-1000 км. аст. Акнун тасаввур кунед, ки овардани маҳсулот ба деҳаи баландкӯҳи Қароқул (3914 метр аз сатҳи баҳр) чӣ қадар гарон меафтад. Пас, бояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони қирғиз таввасути Қирғизистон бо нархи аразонтар ба Мурғоб ангиштсанг овард, то мардум терескенро ба сифати сӯзишворӣ истифода набаранд. Роҳи дигари таъмини сокинони Мурғоб бо гармӣ истифодаи коллекторҳои офтобӣ аст. Яъне, бо насб кардани коллекторҳои офтобӣ сокинони ноҳия метавонанд бо оби гарм таъмин бошанд. Мурғоб наздиктарин ноҳияи Тоҷикистон ба Чин мебошад. Агар корхонаи воҳиди давлатӣ ё ширкатҳои хусусӣ аз Чин коллекторҳои офтобӣ оварда, ба манзили сокинон насб карда, ба шакли кредит тақсим кунанду ҳар моҳ маблағи онро рӯёнанд, нуран алонур мешуд. Зеро истифодаи таҷҳизоти офтобӣ ва шамолӣ ифлосшавии муҳити зистро пешгирӣ мекунанд. Як чизро бояд қайд кард, ки меҳмон шудан ба Мурғоб кори осон нест. Аз як тараф дурии роҳ, аз тарафи дигар баландии фишори ҳаво касро хаставу нороҳат месозад. Чанд нафар ҳамсафарони мо бо сабаби мутобиқ набудан худро каме ноҳинҷор ҳис карданд. Сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» Қурбониддин Аламшо таъкид намуд, ки аз давидан, бардоштани ашёи вазнин, хандаи зиёд худдорӣ кунем. Зеро ин амалҳо дар шароити баландкӯҳ метавонанд боиси вазнинии кори дил шаванд.
Сайри «Боми Ҷаҳон» Таъсири Қирғизистон дар Мурғоб бештар аст Баъди баргаштан аз Қароқӯл мо имкон пайдо намудем, ки дар бозори марказии ноҳияи Мурғоб сайр кунем. Бозор «Сарикӯл» ном дошта, аз чанд контейнеру вагон ва юрт иборат аст. Тавре мушоҳида шуд, ба ғайр аз қуруту равғани зард, гӯшти қӯтос, мӯмиё ва ҷуробҳои помирӣ дигар ҳама маҳсулот аз Чин ва Қирғизистон аст. Ҳатто оби минералӣ аз Қирғизистон буд. Дар ҳоле ки оби маъдании «Помир», ки дар Хоруғ истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати таъму хосиятҳои шифобахшиаш ба маротиб аз оби минералии Қирғизистон беҳтар аст. Вале чаро соҳибкорони Хоруғ онро ба Мурғоб намебаранд, муаммост. Мо дар Қарокӯл ва маркази ноҳияи Мурғоб сайёҳони зиёди хориҷиро аз ИМА, Олмон, Бритониё, Швейтсария дучор омадем. Агар онҳо оби маъдании «Помир»ро чашанд, ҳатман писандашон меояд ва албатта бо худ бурда, ба дигарон сифат хоҳанд кард. Воқеан, ширкатҳои сайёҳии қирғизӣ бо истифода аз бренди «Помир» сайёҳони зиёдеро меоранд. Ин ҳам хизмати калон аст.
Агар ширкатҳои сайёҳии кишвар бо ҳамтоёни қирғизашон ҳамкорӣ намуда, хизматрасониро дар ҳудуди Тоҷикистон ба уҳда бигиранд, соҳиби даромади зиёд мешаванд. Барои ин бояд инфрасохтори туризмро дар ноҳияи Мурғоб беҳтар сохт. Ҳоло бо мусоидату тавсияи ташкилоти MSDSP дар ин ноҳияи кӯҳӣ чанд “homestay” (меҳмонхонаи хурд) фаъолият мекунанд, ки шоистаи таҳсину дастгирист. Сайёҳони хориҷӣ дар ин меҳмонхонаҳо зиста, бо расму оин ва ғизоҳои мардуми маҳал ошно мешаванд. Мутаассифона, дар ин «homestay»-ҳо таблиғнома, гейтбук ё руқъаву харитаҳои сайёҳӣ нест, ки соҳибхонаҳо ба сайёҳон барои хотира тақдим намоянд. Ин ҳам як роҳи таблиғу ҷалби сайёҳон мешуд. Дар бозори «Сарикӯл» чанд рӯзномаву маҷаллаи Қирғизистон ба фурӯш гузоша шуда буд, вале ягон рӯзномаву маҷалаи тоҷикӣ ба назар нарасид. Танҳо дар хонаи яке аз сокинони деҳаи Қарокӯл
КУМУШОЙ
чашмамон ба рӯзномаи «Минбари халқ» афтод, ки тавассути почта омада будааст. Шунидани радиои Тоҷикистон низ дар ин ҷо мушкил аст. Дар даврони шӯравӣ аз Хоруғ ба ин ҷо хати радио кашида буданд. Ҳоло низ симчӯбҳон онҳо устуворанд, мутаассифона, дигар радиоузели даврони шӯрвӣ нест. Аз ин рӯ, сокинони ноҳияи Мурғоб аз забони тоҷикӣ дида, русиро хубтар медонанд. Зеро, аввал ин ки китоби дарсию
Таджикстану» навишта, таъкид намудааст, ки бо сабаби сардию баландии минтақа гиёҳ дар ин ҷо намерӯяд. Дар назди меҳмонхонаи дуошёнае, ки мо ду шаб он ҷо хобидем, сарвари он, апаи Кумушой таҷрибаи ҷолибе кардааст. Гули ҳамешабаҳоре, ки дар саҳни меҳмонхона коштааст, саросар шукуфта, ба чашм хеле зебо менамуд. Дар майдони таҷрибавиаш бед хуб нашъунамо мекард. На-
луғатномаҳои тоҷикию қирғизӣ нест. Дигар ин ки аксари мардон Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Сатҳи бекорӣ дар ноҳия хеле баланд аст. Ғайр аз қӯтоспарварӣ дигар шуғле надоранд. Фурӯши қӯтос низ мушкил аст. Ба Хоруғ баранд, роҳ дур, ба Қирғизистон баранд, дар сарҳаду гумрук ҳуҷҷатҳои зиёдеро таҳия кардан лозим меояд. Дар ҳақиқат, мадуми ноҳияи Мурғоб дар шароити мушкил қарор доранд. Ба онҳо ҳатто дастрас кардани китобу ашёи мактабӣ мушкил аст. Чанд маротиба ширкати мобилии «Мегафон» иқдом намуда, ба хонандагони мактаби №10 (деҳаи Қарокӯл) дафтару қалам ва дигар ашёи мактабӣ ҳадя кардааст, ки шоистаи таҳсин аст.
шъунамои бед дар атрофи бозори Сарикӯл низ хуб аст. Зағиру гандуми киштнамудаи Кумушой аллакай пӯхта буд. Шибит (укроб) – сабз, нашъунамои картошка ва топинанбур низ хуб ба назар мерасид. Кумушой мисли як стансияи таҷрибавӣ собит намуд, ки дар шароити ноҳияи Мурғоб низ зироаткорӣ намудан мумкин аст. Боварӣ ҳосил намудем, ки дар сурати ҷиддӣ ба ин кор машғул шудан, метавон дар ноҳияи Мурғоб зироаткориро ба роҳ монд. Дар навбати аввал чанд гармхона бояд сохт. Бо мақскади сарфаи сӯзишворӣ моҳи май кишти картошкаву помидорро дар гармхона ба роҳ монда, ҳосили онро моҳҳои август-сентябр метавон ҷамъоварӣ кард. Дар ноҳия қӯтос зиёд аст. Порӯи онро ҳамроҳи хокистар ба заминҳои ҳамвор рехта, кишти ҷав ва зағерро низ ба роҳ мондан мумкин. Майдонҳоро бо шинонидани қатори бедҳо аз бодхуршавӣ метавон ҳифз кард. Агар зироаткорӣ дар ноҳияи Мурғоб ба роҳ монда
Таҷрибаи Кумушой шоистаи дастгирист Муҳаққиқ ва сайёҳи рус Ф. Патрунов, ки солҳои ҳаштодуми асри XX ба ноҳияи Мурғоб омада буд, хотираҳояшро дар китоби «По
шавад, сатҳи зиндагии мардум хеле беҳ хоҳад гашт. Махсусан, кишти топинамбур самарабахш хоҳад буд. Ин зироат ба хунукӣ тобовар аст. Хуб мешуд, ки олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия корхонаи истеҳсоли биоэтанол бисозанд. Зеро овардани сӯзишворӣ ба ноҳияи Мурғоб хеле мушкил аст. Дар ноҳияи наздисарҳадии Қирғизистон сӯзишворӣ арзон аст, вале ҳуҷҷатгузорию овардани он заҳмати зиёд металабад. Бо мақсади дастгирии сокинони ноҳия пешниҳоди дигаре доштам: хуб мешуд, ки намояндагии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар Хоруғ дар ноҳияи Мурғоб оби маъдании «Помир», тутмавиз, себу ғулинг оварда, ин ҷо гӯшти яхкардашудаи арзони қӯтосро ба Хоруғ баранд. Агар аз ду тараф мошинҳо пур бошанд, хароҷоти роҳ пӯшонда мешавад. Дар ин сурат, хушкмеваю обӣ маъданӣ дар Мурғоб ва нархи гӯшт дар Хоруғ арзонтар хоҳад шуд. Мушкилоти дигари сокинони ноҳияи Мурғоб набудани роҳи ҳавоӣ аст. Дар замони шӯравӣ ба ин ҷо ҳавопаймо меомад. Агар дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавонавардии Қирғизистон хатсайри ҳавоии Душанбе-Ӯш-Мурғоб ба роҳ монда шавад, мушкили сокинони ноҳия осон хоҳад шуд. Зеро имрӯз барои ба пойтахти мамлакат омадан сокинони ноҳия ду рӯз сарф мекунанд. Нархи як тарафи роҳ 500 сомонӣ аст. Агар хатсайри ҳавоӣ барқарор шавад, дар чанд соат ба шаҳри Душанбе хоҳанд расид. Дар шароити кунунӣ дур будан аз пойтахт сокинони ин ноҳияи баланкӯҳро бештар ба Қирғизистони вобаста кардааст. Вақте хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, ин вобастагӣ кам мешавад. Зеро омадани почта мунтазаму зудтар мегардад. Донишҷӯён метавонанд осонтар равуо кунанд. Имкони интиқоли беморон ба пойтахт осонтар мешавад. Барои саёҳати дохилӣ шароити беҳтар фароҳам меояд. Боварӣ дорем, ки ин масъаларо дар Ҳукумати мамлакат ва Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли мусбати онро хоҳанд ёфт. Дер боз масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Кошғар ба миён омадааст. Шояд ин хатсайр тавассути роҳи Душанбе-МурғобКошғар ба роҳ монда шавад. Дар замони шӯравӣ роҳи нахустин ба Бадахшон тавассути шаҳри Ӯш кушода шуд. Соли 1932 бори нахуст калоннаи иборат аз 8 мошини боркаши 1,5-тоннаӣ аз Ӯш ба шаҳри Хоруғ расида буд. Ҳамон сол аввалин бор сокини шаҳри Хоруғ Одилбек ихтиёрӣ ба ҳавопаймо нишаст. Роҳи ҳавоии Душанбе - Хоруғ ифтитоҳ ёфт. Танҳо соли 1940 аз тариқи ҳашар қад-қади дарёи Панҷ роҳи Хоруғ – Душанбе сохта шуд. Ҳоло мо дар асри XXI қарор дорем, ки имкониятҳои техникӣ хеле беҳтар шудааст. Аз ин рӯ, умедворем, ки ширкатҳои ҳавонавардии кишвар хатсайри Душанбе-Мурғобро ба роҳ мемонанд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Воқеан, аз худ бехуд шудан ва бедимоғияш сабаб дошт. Дар он рӯзҳои баҳорӣ, бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мусобиқаи гӯштин дар ҳар манотиқи кишвар идома дошт. Ӯро ба ҳайси довар ба ин мусобиқот даъват мекарданд. Ҳушу ёдаш побанди ҳунарнамоии паҳлавонон. Саъй дошт ба ҳар кадом варзишгар аз рӯйи маҳорат ва инсоф хол диҳад. Дар варзишгоҳ ҳазорон нафар мухлис раванди мусобиқаро тамошо доштанд. Бо ҳаёҳуи ба худ хос варзишгарони дӯстдоштаи хешро мухлисӣ мекарданд. Дастгирии мухлисон эшонро барои комёб шудан ба муваффақиятҳо рӯҳбаланд мегардонд. Саргарми мусобиқа, аз тариқи баландгӯяки варзишгоҳ, овози раиси созмони гӯштингирони кишварро базӯр пайхас кард. Вай ба самъи ҳазорон нафар расонд, ки сармураббии дастаи самбочиёни кишвар аз вазифа барканор шуд. Ин тасмим гӯё дар мувофиқа бо раиси Кумитаи варзиш сурат гирифтааст. Шунидани ин хабар барои мухлисиони бешумори дар варзишгоҳ гирдомада чандон аҳамият надошт. Онҳо овораи тамошо ва дастгирии варзишгарони дӯстдоштаашон буданд. Танҳо нафароне ин хабарро дуруст дарк карданд, ки сармурабии дастаи самбочиёни кишвар – Маҳмадшариф Сулаймоновро хуб мешинохтанду аз маҳорати гӯштингирии ӯ ва саҳмаш дар тарбияи варзишгарони ҷавон огаҳӣ доштанд. Аз ин рӯ, онҳоро ҳайратзада кард, ин хабар. Аз ҷумла, худи ӯро низ. Чанд сония гӯё карахт шуд. Рафти мусобиқаи ду паҳлавони ҷавонро доварӣ дошт. Беаҳамиятии ӯро ба рафти мусобиқа ҳис карда, мухлисон шавқун бардоштанд. Мавҷи эътирозҳо дубора ӯро ба худ овард. Диққати хешро ба рафти муҳорибаи паҳлавонон ҷалб кард. Вале ботинан ҳамоно ҳайратзада буд. Наход дар чунин рӯз ва дар варзишгоҳ, назди мухлисони бешумор? Магар дар вазъияти дигар, дар шароити дигар ин корро ба анҷом расондан мумкин набуд? Намешуд, ки дар иҳотаи шогирдону собиқадорони соҳа аз хизматҳояш каме ёдовар шуда, дар ҳаққаш як-ду сухани нек мегуфтанд? Хизматҳояш барои пешрафт, рушди самбо ва гӯштини миллӣ магар кам аст? Охир беш аз як даҳсола сармураббии дастаи самбочиёни кишвар маҳсуб меёфт. Сахт аламаш кард. Хост ба минбар барояд. Аз роҳбари созмон сабаби чунин тасмимро пурсон шавад. Вале, «бало ба пасаш», гӯён аз раъяш гашт. Диққати худро дубора ба рафти мусобиқа ҷалб намуд. Кӯшиш кард, вазифаи бар дӯшаш вогузошташударо софдилона ба ҷо орад. Мулки Ванҷ бо ҷавонмардони паҳлавонаш овозадор аст. Ин гуна ҷавонон дар мусобиқоти гуногун шарафи варзишии кишварро борҳо ҳимоя кардаанд. Маҳмадшариф Сулаймонов зодаи ин гӯшаи диёр аст. Охири солҳои шастуми қарни гузашта мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонд. Дар гӯштингирӣ маҳорати зиёд пайдо кард. Назди чанд нафар паҳлавони номӣ машқ намуда, усулҳои гуногуни гӯштиро
хуб омӯхт. Дар тӯй ва маъракаҳои гуногуни ноҳиявӣ ширкат варзида, бар бисёр ҳарифон дастболо мегардид. Маҳорати ӯро дида, аксар собиқадорон барои такмили маҳораташ тавсияҳо ҳам доданд. Чун бархе аз наврасони он солҳо, дар сар ҳавои идомаи таҳсилро дошт, озими пойтахт шуд. Вале барояш фарқ надошт, ки дар куҷо таҳсил бояд кард. Муҳимаш хонда, соҳибмаълумот гардад. Яке аз ҳамдеҳагонаш, ки хонда, шаҳрӣ шуда буд ва дар донишгоҳ аз фанни физика дарс мегуфт, бо ӯ дар кӯчаҳои пойтахт вохӯрд. Боисрор аз Маҳмадшарифи наврас хоҳиш намуд, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физикаи донишгоҳ супорад. Чунки физика фанни дақиқ ва омӯхтани он муҳим аст.
маҳораташ воқиф ва насиҳати ӯро бобати сайқали маҳорат аз бехи гӯш гузаронда буданд, баръакс, шод кард. «Ин писар бояд маҳораташро сайқал диҳад, на ин ки физика омӯзад», чунин буд андешаи онҳо. Маслиҳат доданд, ки танҳо аз пайи такмили маҳорат шавад ва агар ҳаваси хондан дошта бошад, танҳо дар ҷодаи варзиш, махсусан, риштаи гӯштин таҳсил намояд. Ин дафъа Маҳмадшариф ба ишон ваъда дод. Соли дигар боз пойтахт омада, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) супурда, донишҷӯ шуд. Акнун имкон дошт, на танҳо такмили маҳорат намояд,
мад мекарду ман дар вазни навад. Чанд сол нисбат ба ман калон, лекин одию хоксор буд. Бе якдигар як пиёла чой ҳам наменӯшидем. Дар маъракаҳои мардумӣ ҳаводорон бисёр хоҳиш мекарданд, бо ҳам гӯштин гирем. Ба хотири он ки эҳтиромам нисбаташ хеле зиёд буд, боре бо ҳам зӯр наозмудаем. Ҳатто даврони истиқлол, баъди раиси Кумитаи варзиш таъин шуданаш, ҳатман ҳар бегоҳ дар хонааш бояд ҳозир мешудам. Агар бо сабабе намерафтам, занг мезад ва мегуфт: «Чаро ин бегоҳ наомадӣ?» Имрӯз гарчи дар қайди ҳаёт нест, лекин бо аҳли байташ доимо робита дорам. Ба ӯ оид ба вазъи имрӯзаи гӯштин ва гӯштингирӣ дар кишвар суол додам. Чунин
“Бо Саидмуъмин гӯштин нагирифтаам”
Ҳамдеҳа, инчунин, ваъда дод, ки барои дохилшавӣ ба ӯ кӯмак мерасонад. Яъне, аз фанҳои лозима якҷо тайёрӣ хоҳанд дид. Ҳамин тавр, ҳам шуд. Тайёрии ҷиддӣ имкон дод, Маҳмадшариф бе душворӣ имтиҳоноти дохилшавиро супурда, донишҷӯ шавад. Вале таҳсилаш дар мактаби олӣ чандон тӯл накашид. Донишҷӯён ҳамагӣ як моҳ фарогири таҳсил шуданд. Моҳи дигар сафарбаркунии оммавии донишҷӯёни макотиби олию миёнаи махсуси кишвар ба маъракаи муҳим – ҷамъоварии ҳосили пахта, ашёи муҳими саноати сабук оғоз ёфт. Он солҳо давлату ҳукумати шуравӣ дар мавсими пахтачинӣ аз тамоми имконот ва қувваҳои корӣ истифода мебурд. Аз ҷумла, аз қувваи донишҷӯён. Вале Маҳмадшариф аз ин маъракаи муҳим худро канор гирифт. Ба ҷойи пахтачинӣ рафтан, зодгоҳаш баргашт. Ба қавле, «саркашӣ» кард. Ба ҷойи дар саҳроҳои нопайдоканори киштзорони пахта, зери офтоби сӯзон арақи пешонӣ рехтан, дар боду ҳавои салқини зодгоҳаш «истироҳат» намуд. Саркашӣ аз пахтачинӣ он замон чун ҷиноят дониста мешуд. Ҳине ки донишҷӯён аз маъракаи ҳосилғундорӣ баргаштанд, нисбат ба саркашҳо, аз ҷумла, Маҳмадшариф чораҳои қатъӣ дида шуд. Ӯро аз донишгоҳ хориҷ намуданд. Хориҷшавии ӯ наздикону пайвандон ва дӯстонро ғамгин, лек гӯштингироне, ки аз
ҳамчунин, асосҳои назариявии варзишро аз бар кунад. Маҳз таҳсил дар ҷодаи варзиш имкон дод, бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, ошно гардаду бо ҳам бародар шаванд. Соле пас Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсис ёфту ҳар дуро барои идомаи таҳсил ба донишкадаи гузаронданд. Ҳангоми донишҷӯӣ Маҳмадшариф дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Чанд карат қаҳрамони ҷумҳурӣ гардид. Соли 1974 дар Универсиадаи донишҷӯён қаҳрамони мутлақ шуд. Вале ду маротиба дар даври ниҳоии мусобиқоти умумииттифоқӣ пояш сахт зарб хӯрда, барои идомаи зӯрозмоӣ имкон пайдо карда натавонист. Ҳар дафъа пас аз шифоёбӣ боз ба майдон мебаромад. Ҳамчунин, баъди ба кори мураббигӣ гузаштан, ду маротиба байни варзишгарони калонсол ба гирифтани унвони Қаҳрамони ҷаҳон муваффақ гардид. Солҳо донишҷӯӣ бо Саидмуъмин Раҳимов хеле қарин гардид. Дар мусобиқоти гуногун якҷо баромад карда, шарафи варзиши кишварро ҳимоя мекарданд. - Саидмуъминро аз Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб тариқи гузариш ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ фиристоданд, - ёд оварда, мегӯяд Маҳмадшариф Сулаймонов. - Ӯ дар вазни сад кило баро-
посух гӯфт: - Шукр, ки ҳоло барои машқу тамрин шароитҳои хеле хуб муҳайё шудааст. Шумори толорҳои варзишӣ сол то сол афзоиш меёбад. Даврони наврасии мо аз куҷо чунин имконот мавҷуд буд. Вале комёбиву дастовардҳои Саидмуъмин Раҳимовро қариб такрор карда наметавонем. Паҳлавонони мо хеле саъй намуда, то зинаҳои боло дар мусобиқоти гуногун мебароянд. Аммо дар даври ниҳоӣ кам комёб мешаванд. Албатта, ҳастанд нафарони ҷудогона, ки ба дастовардҳои арзанда ноил мегарданд. Чунончи, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруф, чанд рӯз пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни 277 варзишгар, аз 37 кишвари олам ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ин комёбии бузург аст. Лекин боз такрор мекунам, муваффақияти Саидмуъмин Раҳимов, яъне, ба даст овардани унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, ба варзишгарони мо, мутаассифона, то ҳол даст надодааст. Сабабҳо зиёд аст. Варзишгарӣ кори саҳл нест. Ноил шудан ба комёбӣ аз варзишгар тақозо мекунад, ки нерӯю қувваи зиёдро сарф намояд. Сари вақт бо хӯроки серғизо таъмин будан, истироҳати бофароғат ва ғайра аз он омилҳои ёрирасоне маҳсуб меёбанд, ки барои варзишгар чун обу ҳаво лозим аст. Мутаассифона, ин ҳолат дар мо чандон хуб роиҷ нест. Вақте варзишгар зӯру тавон дорад, мо аз он истифода мебарем. Чун ба кӯмак ниёзманд шавад, дастгирӣ намекунем. Чунин муносибат ҷавонони лаёқатнокро хоҳу нохоҳ дилсарду ноумед месозад. Ба кишварҳои хориҷа бисёр сафар намудаам. Он ҷо муносибат тамоман дигар аст. Вақте варзишгар ба комёбӣ ноил мегардад, дастгирии ҷиддӣ меёбад. Соҳиби манзил, мошин ва дигар имтиёзу ёриҳои иҷтимоӣ мегардад. Пас, ӯ барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав даҳчанд саъю кӯшиш хоҳад кард. Ин ҳолат дар мо хеле кам мушоҳида мегардад. Доир ба вазъи имрӯзаи варзиш ва масоили бо он вобаста хеле суҳбат кардем. Собиқадори варзиш Маҳмадшариф Сулаймонов мардест некбин. Ба оянда нигоҳи хуб дорад. Дар фарҷоми суҳбат чунин гуфт: - Умед аст, норасоиҳо батадриҷ рафъ мегарданд. Варзишгарони мо қуллаҳои баландро фатҳ намуда, дастоварди ҷаҳонпаҳлавон, шодравон Саидмуъмин Раҳимовро такрор хоҳанд кард.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ чанд муддат бедимоғ ва аз худ бехуд гардид. Касеро гӯш кардану сухан гуфтан намехост. Ҳатто дар манзили зист бо аҳли байт гӯё қаҳрӣ шуда буд. Зоҳиран ӯ одами чеҳракушод, хушмуомила ва нармгуфтор аст. Чунин рӯҳияашро пай бурда, аҳли байт саъй доштанд, беҳуда ӯро безобита накунанд. То замони гузаштани чунин ҳолат.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
11
СОБИҚАДОРОНИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
12
Комроншоҳ аз Остона бо Шоҳҷоиза баргашт
ДЗЮ-ДО
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи кишвар, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Шоҳҷоизаи дзю-до дар шаҳри Остонаи Қазоқистон медали тилло ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки 10-12 октябр баргузор шуд, сабқат байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт ва 277 варзишгар аз 36 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Онҳо, инчунин, барои имтиёзҳои олимпӣ мубориза бурданд. Ба ҳайати мунтахаби кишвар 7 варзишгар шомил буданд, ки дар чор вазн рақобат карданд. Комроншоҳ дар вазни то 90 кило, баъд аз се ғалаба бар Милан Рандл (Словакия), Самир Гучапшев (Русия) ва Александр Иддир (Фаронса) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ҳалкунанда Асет Ахметҷонов аз Қазоқистонро шикаст дод ва барои ҷойи аввал ба ҷуз медали тилло бо ҷоизапулӣ ба маблағи 3 ҳазор доллар сарфароз гашт. Паҳлавонони дигари кишвар - Шӯҳратҷони Фахризода (73 кг), Саидҷамол Алимардонов, Cафарбек Муродов (ҳар ду – 81 кг), Саидҷалол Саидов (-90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Зиёратшо Баротов (ҳар ду – беш аз 100 кг) аз медал бенасиб монданд.
САМБО
4 медали самбочиён аз Кореяи Ҷанубӣ Варзишгарони ҷавони кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон чор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа байни наврасону ҷавонон 8-12 октябр дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Дар он варзишгарони ҷавон (писарону духтарон) аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Миёни наврасон Фирдавс Наси-
мов дар вазни то 81 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Муҳаммадризо Қурбонов (-87 кг) ва Хуршед Маҷидов (+87 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар сабқати ҷавонон Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни то 74 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.
ФУТБОЛ
Бохти «Истиқлол» аз «Шалке-04» Шоми 13 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ вохӯрии дӯстонаи дастаҳои “Истиқлол” ва “Шалке-04”-и Олмон доир гашт. Ин бозиро дар варзишгоҳ 22 ҳазор мухлисӣ карданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи Ҷонас Ниетфелд, бозингари меҳмонон Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол” ҷавоб гардонд. Дар анҷом бо мувофиқаи тарафҳо зарбаҳои ёздаҳметра зада шуд, ки “Шалке-04” бо ҳисоби 5:4 ғалаба кард.
ФУТБОЛИ СОБИҚАДОРОН
ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
Иштирокчиёни даври нимфинал муайян шуданд Дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” – “Саройкамар” ва “Хайр” – “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунанд. Дар даври чорякфинал “Истиқлол” “Ҳосилот”-ро бо ҳисоби 10:0 ва 5:2 шикаст дод. “Хайр” дар меҳмонӣ бар “Вахш” ғолиб омад. Бозии аввалашон мусовӣ (1:1) анҷом ёфта буд. Бозии миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Регар-ТадАЗ” мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Дар бозии аввал “Регар-ТадАЗ” пирӯз шуда – 0:1. “Эсхата” аз “Саройкамар” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Бозии аввали ин дастаҳо бидуни гол анҷом ёфта буд. Бозиҳои аввали даври нимфиналӣ 25-26 октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 6 ноябр доир мегарданд.
e-mail: javonontj@mail.ru
КАДР
Зайниддин Раҳимов – сармураббии тими мунтахаби наврасон Зайниддин Раҳимов бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии тими миллии наврасон (U-14) таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Раҷаб Расуловро иваз намуд, ки баъди нокомиҳои даста дар Чемпионати Осиё-2014 дар Эрон аз вазифа барканор шуд. Зайниддин Раҳимов дар ҳоле ба курсии сармураббии тими наврасони кишвар нишаст, ки бозингарони наврас ба даври интихобии мусобиқаи Осиё2016 омодагӣ мебинанд.
Баъди 24 сол «Помир» бо «Спартак» вомехӯранд 25 октябр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бозии собикадорон тими “Помир”-и Душанбе бо бошгоҳи машҳури “Спартак”-и Маскав доир мешавад. Интизор меравад, дар ин бозӣ дурахшонтарин ситораҳои солҳои 70 ва 80-уми “Помир” ва “Спартак” ширкат кунанд. “Помир” дар соли 1990 бо ҳайате, ки то ҳол “ҳайати тилоӣ”-и ин даста ном бурда мешавад, тими шӯҳратёри “Спартак”-ро дар ин варзишгоҳ бо ҳисоби 5:1 шикаст дода буд. Он пирӯзӣ нуқтаи авҷи олии шӯҳрати “Помир” дар шӯравии собиқ дониста мешавад. Акнун интизор меравад, дар ҳайати ветеранҳои “Спартак”-и Маскав ситораҳои машҳури футбол, аз ҷумла, Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эду-
ард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский ва Александр Кокорев ба Душанбе оянд. Мураббиҳои даста Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович хоҳанд буд. Дар ҳайати “Помир” дурахшонтарин ситораҳои солҳои 70 ва 80, бо шумули Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Шӯҳрат Мамадҷонов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Эдгар Гесс, Наримон Палабуюк ва дигарон ба майдон хоҳанд баромад. “Помир”-ро ба ҳайси мураббӣ барои ин бозӣ Мураббии шоистаи ИҶШС Шариф Назаров омода хоҳад кард.
Гимни Узбекистон ба ҷои Украина Созмондиҳандагони мусобиқаи ҷаҳон оид ба гимнастикаи варзишӣ дар Чин зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ҷои суруди миллии Украина гимни Узбекистонро шунавонданд. Олег Верняев, ки медали тилло ба даст овард, маҷбур шуд, суруди миллии кишвари дигарро бишнавад. Ба иттилои расонаҳо, баъди баланд шудани гимни як кишвари дигар Верняев “худро гум кард”, аммо эътирозе баён нанамуд. Медали тиллои Олег баъди соли 1996 барои Украина аввалин маҳсуб мешавад. Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба гимнастикаи варзишӣ 12 октябр дар шаҳри Нанкини Чин анҷом ёфт. Тими миллии ИМА дар ин мусобиқа бо дарёфти 10 медал – 4 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ, мақоми аввалро ишғол намуд.
Поветкин аз рейтинг афтод Александр Поветкин, муштзани рус аз рейтинги Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) берун шуд.
Сергей Харитонов Андерсон Силви бразилиро ба нокаут фиристода, унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба кикбоксинг миёни ҳирфаиёнро соҳиб шуд. Варзишгари 34-солаи рус дар поёни раунди дуюм ҳарифашро шикаст дода, “қасдашро ситонид”. Моҳи майи соли равон Силви ӯро мағлуб карда буд. “LifeNews” мегӯяд, баъди рақобат ҳар ду варзишгар барои боз як қувваозмоӣ ба мувофиқа расиданд. Гуфта мешавад, ин дидор
дар Бразил анҷом хоҳад шуд, аммо ҳоло санаи он маълум нест. Ин пирӯзӣ барои Харитонов дар рақобатҳои кикбоксинг шашум аст. Дар чор дидор ӯ шикаст хӯрдааст.
Ба Пакяо иҷоза доданд Фредди Роуч, мураббии муштзани машҳур Мэнни Пакяо иҷоза додааст, ки ӯ дар бозии мавсими нави Ассотсиатсияи баскетболи Филиппин бозӣ кунад. “Вай иҷозаи маро хост, то дар кушодашавии мавсим, ки 19 октябр доир мегардад, ба хотири мухлисонаш бозӣ кунад. Ман ба ӯ гуфтам, ки метавонад ба майдон барояд, аммо танҳо барои як дақиқа. Агар аз ин бештар истод, шахсан баромада ба ҷояш бозӣ мекунам”, мекунад. Поветкин дар карйераи худ дар 27 дидор дастболо шудааст ва дар як рақобат мағлуб.
- гуфтааст Роуч ба “philboxing. com”. Пакяои 35-сола қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияи WBO мебошад ва ин шабу рӯз барои қувваозмоӣ бо Крис Алгери амрикоӣ омодагӣ мебинад. Ин дидор 22 ноябр дар Макао баргузор мешавад.
Қарордоди Роналдо – як млрд. доллар Жорже Мендеш, агенти футбол, ки манфиатҳои Криштиан Роналдо, ҳамлагари “Реал”-и Мадридро ҳимоя мекунад, ҳаҷми қарордоди ӯро эълон кардааст.
Шарапова – беҳтарин теннисбоз Мария Шарапова, теннисбози маъруфи рус мавқеашро дар рейтинги нави Ассотсиатсияи занони теннисбоз ё WTA ҳифз кард. “Ӯ беҳтарин футболбози ҷаҳон ва бузургтарин варзишгари ҳама давру замонҳост. Маблағи қарордоди ӯ як миллиард евро мебо-
шад”, - изҳор доштааст Мендеш. Қаблан, 9 октябр, ин агент хабар дода буд, ки Роналдо тасмим дорад то охири карйерааш дар “Реал” бимонад. Давоми панҷ сол дар ин клуб Роналдо чемпиони Испания (2012), дорандаи Ҷом (2011, 2014) ва Суперҷоми кишвар (2012) гардид, инчунин, ғолиби Лигаи чемпионҳо (2014) ва Суперҷоми УЕФА (2014) шуд. Ҳамчунин, дар мавриди таваҷҷуҳи дубораи “Манчестер Юнайтед” барои баргардонидани Роналдо расонаӣ шуд. Криштиан аз соли 2003 то 2009 дар ин бошгоҳи Англия бозӣ кардааст. Онҳо ба Роналдо 15 миллион фунт дар як сол пешниҳод карданд, аммо футболбоз 26 миллион талаб кард.
Лаҳистон аввалин бор Олмонро шикаст дод Ӯ бо 6680 хол мақоми дуюмро ишғол мекунад. Зинаи аввал ҳамоно насиби Серен Уилямси амрикоист, ки 1965 хол дорад. Пётр Квитов (Чехия) — 6126 хол, Ли На (Чин) — 5020, Агнешка Радванская (Лаҳистон) — 4650, Эжени Бушар (Канада) — 4523, Ана Иванович (Сербия) — 4435, Каролин Вознятски (Дания) — 4215 ва Ангелик Кербер (Олмон) – 3745 хол дошта, мутаносибан дар зинаҳои 4-10 қарор доранд. Ҳафтаи гузашта WTA Мария Шараповаро беҳтарин теннисбози моҳи сентбр эълон кард.
Тими миллии Лаҳистон оид ба футбол дар бозии даври муқаддамотии Чемпионати Аврупо-2016 дастаи яккачини Олмонро шикаст дод. Ин аввалин маротиба аст, ки футболбозони лаҳистонӣ бар немисҳо дастболо мешаванд. Ҳисоби бозӣ 2:0 шуд. Тӯбҳоро Аркадиуш Милик (дақиқаи 51) ва Себастян Мила (88) ба нишон расонданд. Бо ин пирӯзӣ тими Лаҳистон ҳамроҳ бо Ирландия дар гурӯҳи “D” бо шашхолӣ садрнишинанд. Олмону Шотландия 3 ва Гурҷистону Гибралтар хол надоранд. Ба иттилои сомонаи “wildstat.ru”, Лаҳистону Олмон дар умум 11 маротиба бо ҳам қувваозмоӣ кардаанд. Дар ҳафт бозӣ олмониҳо пирӯз шуда, се дидор мусовӣ анҷом ёфтааст Нахустин бозии ин дастаҳо соли 1933 дар Берлин баргузор шуда, ба ҳисоби 1:0 анҷом ёфтааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар раддабандии моҳи сентябр исми Поветкин дар миёни 15 муштзани беҳтарин нест. Ин дар ҳолест ки моҳи август ӯ дар зинаи сеюм қарор дошт. Баҳори соли равон WBA ба муштзани рус пешниҳод намуд, бо Лукис Ортис аз Куба қувваозмоӣ кунад, аммо афроди масъули баргузории муштзаниҳои Поветкин рад карданд ва ӯ дар моҳи май бо Мануэл Чарри олмонӣ ба ринг баромада, ӯро дар раунди 7-ум аз тариқи нокаут шикаст дод. Поветкин моҳи октябри соли сипаришуда бо Владимир Кличко қувваозмоӣ намуда, мағлуб шуд. Гуфта мешавад, ин навбат ӯ 24 октябр дар Маскав бо Карлос Такам аз Камерун рақобат
Харитонов Силвиро шикаст дод
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
14
БА ПЕШВОЗИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШИ ДОНИШГОҲӢ
Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ба ташкили инфрасохтори зарурӣ вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат масъалаи то соли 2015 бунёд намудани маҷмааҳои варзишиву солимгардониро дар шаҳру ноҳиҳо мавриди омӯзиш қарор дод. Дар ин замина чанд соли охир барои рушди соҳа дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорон иншооти варзишӣ бунёду барқарор гардида, айни ҳол, дар ҳудуди кишварамон беш аз сад варзишгоҳ, чор ҳазору ҳафтод майдончаи варзишӣ ва зиёда аз ҳазор толори варзишӣ дар ҳоли истифода мебошанд. Ба андешаи Президенти кишвар, варзиш дар ҳаёти инсон, махсусан, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад. Вобаста ба дурнамо ва инкишофи соҳаи варзиш Президенти кишвар дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олӣ чунин ибрози ақида намуд: “Итминони комил дорам, ки бо қабул ва иҷро гардидани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ дода мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳо бояд симои миллӣ, аз ҷумла, арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус, ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи
миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад. Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи
- таҳияи лоиҳаи намунавии сохтмони толор ва майдончаҳои варзишии ҳозиразамон; - таҳия ва пешниҳоди санади дахлдор барои муайян намудани намудҳои афзалияти варзиш ва таъмини рушди онҳо дар доираи барномаҳои махсус; - таҳия ва пешниҳоди Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015; - таҳия ва пешниҳоди Барномаи рушди футбол. Тибқи супориши Президенти
монд. Мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон бори дигар аз он шаҳодат дод, ки инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Президенти кишвар: “Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нақши муассири варзишро дар ҷомеа ба хубӣ дарк менамояд ва барои ривоҷу равнақи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар чораҳои мушаххас амалӣ
кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан, ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад”. Варзиш пулест, ки оламиёнро бо ҳам мепайвандад, ҳамчунин, кафолати солимии аҳолист. Инчунин, варзиш метавонад кишвареро бо варзишгарони лаёқатмандаш муаррифӣ намояд. Сарвари давлат буд, ки тандурустии ҷавононро тандурустии миллат номида, ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солими қавирӯҳ ба камол расондани онҳоро вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ҳисобид. Президенти ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо варзишгарон (20 декабри соли 2010) ҷиҳати рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушахас дода, ҳамзамон, аз соҳибкорон ва сарватмандони ватанӣ даъват ба амал овард, ки дар бунёди иншооти варзишӣ ва рушди минбаъдаи соҳа саҳм гузоранд. Бо натиҷагирӣ аз ин мулоқот барномаи рушди варзиш таҳия ва дар нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар ин мулоқот чунин масъалагузорӣ шуд: - таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таҳияи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015; - таъсиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи чор соли минбаъда, яъне, то имсол дар ҳар шаҳру ноҳияҳо варзишгоҳ, толори варзишӣ (бо лавозимоти зарурии ҳозиразамон) ва як боғи фарҳангию фароғатӣ бо дарназардошти майдончаҳои варзишии ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта шуданду мешаванд. Ҳамчунин, санади дахлдор оид ба озод намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, Шоҳҷоиза ва Шоҳҷомҳои ҷаҳон аз пардохти маблағи таҳсили шартномавӣ таҳия гардид. Клубҳо ва сексияҳои варзишӣ дар назди хобгоҳҳо ва биноҳои таълимӣ бо мақсади рушди тарзи ҳаёти солим вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ташкил шуд. Ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Ҳадафи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тани солим ва ҳаматарафа инкишофёфта, ҳифзи нерӯи корӣ, таъмини шароити мусоиди ҷисмонӣ барои амалӣ кардани фаъолияти касбӣ ва тарбияи тарзи ҳаёти солими донишҷӯён ва матахассисон мебошад. Зеро воқеан ҳам варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад
менамояд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ имрӯз дар байни ҷавонону наврасон ва бонувон пайравони зиёде дорад. Ин амр моро дилпур месозад, ки ояндаи ҷомеа дар дасти насли ҷисман ва рӯҳан солим қарор мегирад”. Президенти кишвар рисолати варзишро дар ҳаёти ҷомеа хоса таъкид намудааст: «Масъалаи дигаре, ки дар зиндагии ҷавонон, хусусан, дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим бозида, боиси пешгирии нашъамандӣ ва дигар амалҳои ношоиста шуда метаванад, инкишофи варзиш аст. Мегӯянд, ки “рӯҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад”. Агар мо бо корбасти ҳамин ҳикмат варзишро дар байни ҷавонон ривоҷ диҳем, ба манфиати ҷомеа ва тандурустии аҳолӣ кори бузургеро анҷом дода метавонем”. Имрӯз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор мераванд, дар пешрафти кишвар нақш ва мавқеи муҳим доранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ҷалби онҳоро ба тарбияи ҷисмонӣ аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ҷисман солим ба камол расанд. Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон ва дурнамои ташаккули тарбияи ҷисмонии онҳо иборат аст аз: - мусоидат ба инкишофи ҷисмонии онҳо; - ҳифзи манфиатҳои варзишии
Инкишофи варзиш дар замони истиқлолият
e-mail: javonontj@mail.ru
«МАМАВИТ» ва «БИОЛИФТ»-ро: - барои калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, - қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. Инчунин, барои табобати як қатор бемориҳо – мастопатия, (бемории ғадудхои сина, сўзиши пистон), касалиҳои пўст истифода бурдан мумкин. Тамоман безарар ва одатнадиҳанда аст, чунки аз ҷамъи гиёҳҳо омода шудааст. Аз ҷавонӣ то ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Натиҷаашро ҳангоми пурра истифода намудан ҳатман хоҳед дид! Тарзи истифода: “Мамавит”-ро дар як рўз ду маротиба бо ҳаракатҳои масҳкунанда молед (модарон баъд аз маконидани кўдак). Давомнокӣ се моҳ. «Биолифт»-ро 2-капсулагӣ ду маротиба дар як рўз, ё 5-донагӣ пилюлӣ 2 маротиба дар як рўз истифода баред. Давомнокӣ - 30 рўз. Нархаш: “Мамавит” аз 38 то 40 сомонӣ, “Биолифт пилюлӣ” №100 то 57 сомонӣ ва “Биолифт капсула” №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас кунед.
“ВЕНОРМ» - МАЛҲАМ БАР ЗИДДИ ВАРИКОЗ “ВЕНОРМ” воситаи самаранокест барои истифода ҳангоми бемории варикоз, тромбофлебит. Эҳсоси вазниниро рафъ месозад, хастагии пойҳоро аз байн мебарад ва намуди зоҳирии пӯстро беҳ мегардонад. Ба ҳомиладорон ва ба ҳамаи синну сол (марду зан), ки бисёртар касбашон бо сарбории калон ба пойҳо ё камҳаракатӣ вобаста аст, тавсия дода мешавад. Истифодабарӣ: Дар як рӯз 2 бор ба ҷойҳои бемор молидан лозим. Давомнокӣ - 30 рӯз. Тавсияҳои умумӣ: Даст кашидан аз қабули ваннаҳои ҷӯш. Пӯшидани пойафзоли пошнаҳояш аз 3-4 см. паст. Бастани бинтҳои эластикӣ (танҳо нишаста пойро бинтпеч кунед). Тел: Душанбе - 918-14-58-58, Суғд - 927-49-33-47. Нархи фурӯш – 27 сомонӣ. Маҳсулот дорои сертификат аст. Истеҳсолкунанда Русия. Аз дорухонаҳо дастрас намоед.
онҳо; - муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани онҳо дар ҳаёти варзишӣ; - имкониятҳои васеъ барои дастрасӣ ва интихоби навъҳои варзиш; - нигоҳдорию ҳифзи саломатии ҷисмонӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва шаҳрвандии онҳо; - муҳайё сохтани шароити мусоид дар заминаи иншооти варзишӣ; - иштироки ҷавонон дар раванди оммавӣ гардонидани варзиш; - дастгирии давлатии оилаҳои ҷавони варзишгар; - мусоидат ба ҳалли масъалаи манзил ва беҳтар кардани шароити тамрин; - тарбияи ҷавонон, аз ҷумла, тарбия дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандустӣ, эҳтиром ба намудҳои варзиши миллӣ, таъмини иштироки онҳо дар мусобиқоти гуногуни варзишӣ; - кафолати таҳсили ройгони ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои таълимии варзишӣ. Ин сиёсати дурнамо ба хотири рушди тарбияи ҷисмонӣ, пеш аз ҳама, ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон, ба ҳаёти ҷомеа ҷалб кардани ҷавононе, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, пешбинӣ шудааст. Асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дурнамои ташаккули тарбияи ҷисмониро роҳандозии барномаҳои давлатии ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон тасдиқ мешавад. Талошҳои Президенти кишвар бозгӯи он аст, ки барои таъмини хизматрасонии иттилоотии ҷовонон система ва марказҳои гуногуни иттилоотӣ, шабакаи васеи муассисаҳои варзишӣ, аз ҷумла, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори умум ташкил карда, фаъолияти онҳоро ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ташаккули тарбияи ҷисмонии онҳо равона созанд.
М. ҚАЮМОВ, декани факултети варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов
ВИТИКОЛОР – ГЕЛИ РУПУШКУНАНДА БАРОИ БЕМОРИИ ВИТИЛИГО (САФЕДШАВИИ ПӮСТ)
Шумо ба бемори витилого гирифтореду мехоҳед, ки доғҳои сафеди пӯсти даст ё рӯятон намоён нашаванд? “ВИТИКОЛОР” ба шумо имкон медиҳад, ки ин камбудиро ислоҳ намоед! Он дар таркибаш воситаҳои безарари рангдиҳандаи пигментӣ дошта, ба пӯст ранги якмароми табиӣ медиҳад. Аз таъсири об эмин аст. ТАРЗИ ИСТИФОДА: “ВИТОКОЛОР”-ро танҳо ба қисмҳои сафедшудаи пӯст ба воситаи шоткачаи даруни он буда молед ва дақиқае то хушк шуданаш мунтазир шавед. Онро то ранги дилхоҳ гирифтани пӯст такроран молидан мумкин аст. Ҳаракат кунед, ки баъд аз молидан то давоми 8 соат оббозӣ ё бо об нашӯед (ҷойҳои рӯйпушшударо). Истифодаи “витиколор” 6 рӯз таъсир дошта, баъдан онро такроран ё мӯлати дароз истифода бурдан мумкин аст. Ягон таъсир ва паёмади манфӣ надорад. Истеҳсолкунанда: лабораторияи «КЕРМЭН» (Фаронса). Нархи фурӯш аз 280 то 320 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед ё бо телефони 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) муроҷиат намоед. “www.vitix.ru”, e-mail: sales@vitix.ru
Муассисаи истењсоли кинофилмњо
Торољ, Дўкон ѓорат
Сароянда Парвина …
Ашёи хом барои осорхонаи мадам Тюссо
Афзун
Одатшуда, муќаррарї
Ќаторкўњ дар Амрикои Љанубї
Кори коррупсионер
"Ќалб"-и нерўгоњи ядрої
Њарфи алифбои форсї
Фарш – гўшти … Рутубат, тарї
Парешон
Сифатњои ... ва нисбї
Шањри ќадими Осиёи Миёна
Мурѓи Љузъи афсо- ќатонавї ра
Суффаи Бењтатахтагї рин Давлат дар соњили Балтика
Ноомади кор
«Шарќ» ба истилоњи бањрчиён
Ин сулоларо Ардашери Бобакон шикаст дод
Ном
Номи гуфтугўии микроавтобуси Рига
Паррандаи гўё
Тирагї, зулумот
Риёзиёт
Кўтоњшудаи номи Маргарита
Меваи васеъ пањншуда
Ширкати алоќаи мобилї
Љўраи Доно
Мутахассиси сохти бадани инсон
Дастаи футболи артиш (русї)
Гармї, њарорат
БаМењри ле, мард ба зан оре
Ќитъаи олам Аломати ...
Фанни мактабї
«… Худо ќасам!»
Шуур, хирад
Зодгоњи шоир Сайидо
Њафтаномаи Русия дар Тољикистон
Кушодани рўза, ифтор
Мероси эљодкор
Љавоби «не»
Падар ба арабї
Раванд, майл
Зарраи заряднок
Хатм, поён
Шањри 3-юми в. Хатлон (собиќ Калининобод)
Тамѓаи хокаи либосшўї
Пешвої, роњбарии динї
Духтари Сурайёи Ќосим
... -Вегас, шањри казиноњои Америка
Муќобили «лалмї»
Макр, фиреб
Сињат, орї аз дард
Шањри ќадимаи арманї
Дарз- Додар мол (лањља)
Картошкабирёни амрикої
Номи нависандаи амрикої По
Вайронии ахлоќ
Њиссачаи ишоратии лањљавї
Муќобили «негатив» (фото)
Барномаи Макаревич дар ТВ
Парешонї, мушаввашї
Муњаммад (с) – Расули …
Машќњои љисмонї ва рўњии њиндуњо
Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)
Фармон
Наќши марказии «Бандии Ќафќоз»
Санги ќиматбањо
Рангубори рўи актёр
Либоси дирижёр
Тоќат, бардошт
Бозии варзишї бо тўб
Садаќа мепурсад
Баён, изњор
Ислом ё буддизм Агентии иттилоотии Эрон
Драматурги тољик Файзулло ...
…и Хуршед, овозхони эстрада
e-mail: javonontj@mail.ru
Тирезача дар боми мошин (русї)
Ќонунї Падар не (лањљ.)
Домоди Муњаммад (с)
Шўришгар, балвогар
… Неъматов, сарояндаи «Гулшан»
Имтињони хаттї Моњи сол
Пешвои фашистони Олмон … Гитлер
... Љалил , нависанда
Тасвир дар Афту башаоина ра
Ошён
Ранги зарди мўи сар
Фурўравї ба об
Шарму њаё
Зарар, зиён
Пешво, сарвар
Шањр дар љануби Ўзбекистон
Таскиндињанда
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №42 (9364), 16 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
Дуздон ба хонае медароянд. Яке аз онҳо пешниҳод мекунад, ки бояд дузди ҷиддӣ бошанд. Дуздҳои дигар розӣ мешаванд. Ба соҳиби хона занг мезананд: Ака, ба шумо телевизори панҷҳазордоллара, яхдони дуҳазордоллара, компютер даркор аст? Соҳиби хона: - Не лозим нест. Боз занг мезананд: - Ака, ба шумо сейфи оҳанин, 2 қолини эронӣ, 3 қолини туркӣ, як кондитсионери ҳазордоллара даркор аст? - Гуфтам-ку, лозим нест! Дуздон боз занг мезананд: - Ака, 3 ангуштарин, як занҷири тиллоӣ, як чангкашаки сесаддоллара ҳам даркоратон нест? - Чанд бор гӯям, ба ман ҳеҷ чиз даркор нест. Соҳиби хона бармегардад, ки хона холист. Болои миз мактуб аст, ки навишта шудааст: “Ака, мо чизҳои нодаркорро бурдем!”
Бале, писарам. Бобоҳоямон дум доштанд...
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Салим рӯзи дароз дар кӯча давутоз кард. Бо либосҳои чиркин ба хона омада, худро дар оина диду гуфт: - Оча, оинаро кӣ чиркин кардааст?
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
***
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
Зан аз хонаи падараш баргашта, ба хонаи ҳамсоя даромада, аз зани ҳамсоя пурсид: - Назди шавҳари ман касе наомада буд? - Не. - Наход, дар 20 рӯз касе наомада бошад? - Не, ягон кас. - Ин хел бошад, ман ҳам хона намедароям...
(хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7387 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Бори вазнин
***
Бисёр мешавад, ки дар зиндагӣ масъалаҳои кӯчакро бузург пиндошта, ғам мехӯрем, эҳсоси нороҳатӣ мекунем. Ин сабаб мешавад, ки кас фурӯтаниро комилан аз ёд бароварда, худхоҳу худпараст мешавад ва дар муомила бо атрофиён ҳам мехоҳад ҳама чиз ба коми вай ҳал гардад. Ҳол он ки ҳаёт ба он ҳад кӯтоҳ аст, ки намеарзад барояш касеро ранҷонӣ ва ё аз касе биранҷӣ... Инак, қиссаи як бори вазнин, ки намунаашро дар ҳаёт бисёр рӯ ба рӯ мешавем. Талаба аз муаллим пурсид: - Шумо оқилу доноед. Вақтатон доимо хуш, ҳеҷ асабӣ шуданатонро намебинам. Мехоҳам ба ман ҳам чунин буданро омӯзонед. Муаллим розӣ шуда, ба шогирдаш фармуд, ки як дона картошка ва халтаи селофанӣ биёрад. Талаба гуфтаҳои муаллимро овард. - Вақте нисбат ба касе асабӣ мешавӣ, вале қаҳратро пинҳон медорӣ, дар як тарафи картошка номи худ, дар тарафи дигараш номи нафареро бинавис, ки туро асабӣ кардааст, сипас, онро ба халта гузор, - маслиҳат дод муаллим. - Ҳамааш ҳамин? – бо ҳайрат пурсид талаба. - Не. Бояд ин халтаро доим бо худ бигардонӣ ва ҳамин ки аз касе ранҷидӣ, ба он як картошка мепартоӣ. Талаба маслиҳати муаллимашро пазируфт. Чанд вақт гузашт. Халтаи талаба аз картошка пур шуда,
бардоштанаш мушкил гардид. Бардошта гаштани халтаи вазнин нороҳаткунанда буд. Бар замми ин, картошкае, ки талаба дар аввал ба халта гузошта буд, пӯсида, бӯйи бад баровард. Картошкаҳои дигар реша давонданд. Талаба ба назди муаллим омада, шикоят кард: - Инро дигар бо худ гардондан осон нест. Аввал ин ки халта вазнин шудааст. Дуюм, картошкаи аввал гузоштаам пӯсида, бадбӯй шуда рафт... Шумо ягон чизи дигар фармоед. Дар чеҳраи нуронии муаллим табассум гул кард. Ӯ гуфт: - Руҳи инсон ҳам чунин аст, писарам. Вақте ту нисбат ба касе дар қаҳр мешавӣ, дар ди-
лат ҳамчунин санги вазнине падид меояд. Аммо ту онро зуд пай намебарӣ. Бо мурури вақт сангҳо зиёд мешаванд. Яъне, тадриҷан рафтори кас ба одат бадал мешавад, одат ба хислат. Аммо на хислати мусбат, балки хислате, ки сабаби пӯсишу бадбӯйӣ мегардад. Дигар фаромӯш кардани ин хислати манфӣ ё аз худ дур карданаш мушкил аст. Чун он басе вазнин асту бо худ бардошта гаштанаш ҳам нороҳаткунанда... Ҳар дафъа, вақте аз касе меранҷӣ ва ё касеро меранҷонӣ, андеша кун, ки оё ба ту ин санги вазнин зарур аст ё не?
Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
- Ивaн, баъди ним литр арақ нӯшидан кор карда метавонӣ? - Метавонам! - А, баъди як литр? - Метавонам! - Баъди ду литр чӣ? - Кор карда-ку наметавонам, аммо амру фармон дода метавонам!
***
Маоши зан аз худаш аст. Маоши мард – буҷети оила.
***
Шаби аввали баъди никоҳ. Домод аз арӯс мепурсад: - Азизам, то никоҳ бо ман бо чанд кас телефонӣ гап мезадӣ? Як соат мегузарад, арӯс хомӯш аст. Домод: - Ҷонам, қаҳр кардӣ? - Не, ҳисоб дорам. Зану шавҳар ҷанҷол мекунанд. Зан мегӯяд: - Беҳтараш зани шайтон мешудам, то ҳамсари ту. Мард: - Никоҳи хешовандон манъ аст.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Соҳибкори инфиродӣ Салимов Акбар Маҳмадиевич (РЯМ 0331253936), ки дар Нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 23 июни соли 2014 ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Дафтарчаи имтиҳонӣ, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 2004 ба Ҳукмиддинов Меҳроҷ додааст, эътибор надорад.