Javononi Tojikiston #43 (9365), 23.10.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

1

№43 (9365),

23 октябри соли 2014

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

БАШАРДӮСТӢ

Лоиҳаи Қонун “Дар бораи афв” ба Парлумон пешниҳод шуд

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ, дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард. Қонуни мазкур нисбат ба зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ хоҳад шуд.

ПАРЛУМОН

Мулоқоти Убайдуллоев бо диаcпораҳои тоҷикон

Саҳифаи

8-9

Эҳёи Фестивали ҷавонон баъд аз ду сол

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллӣ зимни сафари кориаш ба Русия дар шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва донишҷӯён мулоқот анҷом дод. Ӯ аз ҳаёту рӯзгор ва пешрафту мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

ҲАМКОРӢ

Президенти Чех Тоҷикистон меояд Қарор аст 23-27 ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳури Чех Милош Земан аз Қазоқистон ва Тоҷикистон дидан намояд. Ба иттилои Палатаи савдои Ҷумҳурии Чех, дар шаҳри Душанбе бар иловаи гуфтугӯҳои сиёсӣ, ҳамчунин, форуми соҳибкорони ду кишвар дар назар аст. Милаш Зенан феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Сочӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дода буд.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОБУНА-2015


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

2

Таҷлили 90-солагии пойтахт

ҶАШН

18 октябри соли равон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Сарвари давлат аз таърихи пурифтихори бостонӣ ва муосири мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ёдовар шуда, 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри сарсабзу муаттари Душанберо ба мардуми ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфт. Бо ёдоварӣ аз ҳамсолии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистони замони Шӯравӣ изҳори шукру сипос карда шуд, ки дар он замон деҳаи Душанбе ба ҳайси пойтахт интихоб шуда, дар муддати кӯтоҳ ба як шаҳри зебо ва маркази маъмурию фарҳангии Ватани азизи мо табдил ёфт. Таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе дар замони истиқлолият симои комилан наву муосир касб намуда, имрӯз дили ҳар бинандаро бо зебоиву озодагии худ тасхир мекунад. Шаҳри Душанбе дар эҳё ва таҳкими Ваҳдати миллии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштааст ва изҳори бовар карда шуд, ки оянда ҳам пойтахти дилорои мо рисолати ваҳдатсозии худро бо сарбаландӣ адо мекунад. Президенти кишвар ба фарҳанги шаҳрсозию пойтахтдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки дар таҳия ва сохтмони кӯчаю хиёбонҳо ва биноҳои нав аз навтарин дастовардҳои меъморию бинокории ҷаҳони муосир истифода бояд кард, то шаҳри Душанбе боз ҳам ободу зебо шуда, ба ҳайси пойтахти давлати Тоҷикистон садсолаҳои дигар ба наслҳои оянда хизмат кунад.

Сарвари давлат афзоиши бесобиқаи аҳолии пойтахт, шумораи воситаҳои нақлиёт ва фарсудашавии шабакаҳои коммуникатсионию коммуналӣ ва дигар воситаҳои хизматрасониро аз мушкилоти асосии пойтахт номида, таъкид дошт, ки барои ҳаллу фасли саривақтии онҳо чораҳои муассир бояд андешида шаванд. Дар ҷамъомади тантанавӣ, ҳамчунин, меҳмонони воломақом аз Думаи давлатии Федератсияи Русия, Ассамблеяи пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарияти шаҳрҳои Маскави Федератсияи Русия ва Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон суханҳои табрикӣ баён доштанд. Тантанаҳои ҷашнӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт. 19 октябр дар боғи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба ифтихори солҳои зикршуда карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарору иҷроия, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дар барномаи бошукӯҳи карнавал устодони санъат аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта ва гулғунчаҳои наврӯидаи санъат иштирок намуданд.

ВАО

Аҳтам Абдуллозода дар меҳмонии «Ҷавонони Тоҷикистон» Чанде пеш раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода бо кормандони ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот доир намуд. Мавсуф бо шароити кории хабарнигорон шинос шуда, барои пешрафти кори онҳо ва беҳтар шудани сифати мақолаву ороиши рӯзнома маслиҳатҳои муфид дод.

РУШДИ ТУРИЗМ

Волонтёрон дар рушди туризми Хатлон саҳм мегузоранд Бо иқдоми волонтёрон ва донишҷӯёни бахши туризм дар назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гурӯҳи «Ташаббускорони ҷавон барои саҳм гузоштан дар рушди туризм” таъсис ёфт. Ҷаласаи нахустини гурӯҳ бо ширкати кормандони раёсат, волонтёрону донишҷӯёни бахши туризми ДДҚ ба номи Н. Хусрав баргузор шуда, масъалаҳои сохтори ниҳоди навтаъсис, нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев иброз дошт, сайёҳӣ соҳаест, ки бо инкишоф додани он метавонем дар рушди иқдисодиёти кишвар саҳм гузорем. Бо тарафдории аксарият Эмомалӣ Набиев ба ҳайси роҳбари гурӯҳ интихоб шуд. Ӯ иброз дошт, ки “бо аъзои гурӯҳ барои таблиғу муаррифии мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиии вилоят кӯшиш мекунанд”.

e-mail: javonontj@mail.ru

ҚАЛЪАИ «ҲУЛБУК»

- Cухан ҳам созанда асту ҳам сӯзанданда, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Бояд созандагиро дар мадди аввал гузорем. Ҷавонони мамлакатро ба интихоби тарзи солими ҳаёт, дӯст доштани Ватан, муҳаббат ба китобхонӣ, фаро гирифтани илму ҳунар, майл ба варзиш, меҳнати ҳалол роҳнамоӣ кардан бо сухан аз амалҳои нек ба ҳисоб меравад. Раиси кумита тавсия дод, ки таҷрибаи ҷавонони кишварҳои пешрафтаро баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳо, саҳм гузоштан дар пешравию тараққиёти мамлакат

ба ҷавонони кишвар муаррифӣ бояд кард. Сарвари ҷавонони мамлакат пешниҳод намуд, ки фикру андешаҳои олимону коршиносони ҷумҳурӣ дар хусуси пешгирии ҷавонон аз ақидаҳои радикалию ифротгаро, шомил шудани онҳо ба созмонҳои мамнуъ пешкаши омма кардан натаҷаҳои дилхоҳро ба бар хоҳад овард. А. Абдуллозода иброз дошт, ки дар нашрия бисёр шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ кор кардаанд. Ин аз як тараф боиси ифтихор бошад, аз тарафи дигар масъулияти калонро

талаб мекунад. - Рӯзнома оинаи рӯз, инъикоскунандаи набзи ҳаёти ҷомеа аст, - афзуд А. Абдуллозода. - Рӯзноманигор бояд дар баробари ифшои камбудиҳои ҷомеа роҳҳои ҳалли онҳоро низ баён кунад. Танқид бояд бе ғараз ва маҳз барои ислоҳу беҳбудии ҷомеа нигаронида шуда бошад. Дар баробари ин, бояд аҳли ҷомеа аз пешрафту дастовардҳои мамлакат огоҳ шаванд. Ин умеди аҳли ҷомеаро ба ояндаи нек дучанд месозад.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”


- Ҳисоботи раиси КҶВС. - Гузориш вобаста ба татбиқи Қарори ҳайати мушовара аз 15 июни соли 2014. - Баррасӣ ва тасдиқ намудани шаҳодатнома барои унвонҳои фахрӣ ва варзишии КҶВС. - Масъалаҳои ҷорӣ. Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода сухан карда, оид ба фаъолияти кумита дар нуҳ моҳи соли равон маълумот дод. Ӯ гуфт, ки кумита дар ин муддат фаъолияти худро дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ, рушди соҳаи туризм ва муносибатҳои байнисоҳавию байналмилалӣ равона намуд. Ҷавононро ба созандагӣ роҳнамоӣ кунем Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки марҳилаи ҳисоботӣ дар доираи барномаи «Рушди иҷтимои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132015» 255 чорабинӣ амалӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 20% зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар самти ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон 40 лоиҳа бо фарогирии 13931 нафар, рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон - 71 лоиҳа бо фарогирии 23 107 нафар, рушди соломатии ҷавонон - 12 лоиҳа бо фарогирии 4225 нафар ҷавон, мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон 41 лоиҳа бо фарогиии 3116 нафар ва ғайраҳо амалӣ гардиданд. Аҳтам Абдуллозода аз сифати коргузорӣ дар Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ интиқод намуда, гуфт, ки қарорҳои ҳайати мушовара дар вилоят сари вақт иҷро намешаванд. Пешниҳоди саривақтии ҳисоботи раёсат ба кумита низ ҷавобгӯи талабот нест. Ҳол он ки кумита бо мақсади беҳтар шудани фаъолият аз ҳар ҷиҳат раёсати мазкурро дасгирӣ менамояд. Аз ҷумла, мактабҳои варзишии вилоят бо лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд. Ба раёсат чанд компютери нав тақдим шуд. Дар самти рушди ҳаракати

Зеро имкониятҳои гирифтани медал бештар буд. Аз ин рӯ, роҳбари ҷавонони кишвар таъкид намуд, ки аз ҳоло барои Олимпиадаи тобистони соли 2016 тайёрии ҷиддӣ дида, барои ба дастовардҳои бештар ноил гаштани варзишгарони мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ислоҳи камбудиҳо ногузир аст волонтёрӣ низ корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Ассотсиатсияи миллии валантёрони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мақсади асосӣ беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус, дастгирии гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсилот, саломатӣ ва таъминоти иттилоотию ҳуқуқӣ, мусоидат ба иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократкунонии ҷомеа мебошад. Ҷиҳати огоҳ гардонидани аҳолӣ ва рушди ҳаракати валантёрӣ дар кишвар дар ҳамкорӣ бо МД «Телевизиони Ҷаҳоннамо» барномаи доима-

тирпаронӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сарбоз», озмуни «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ», боздиди наврасону ҷавонон ва волидони сарбозон аз қисмҳои низомӣ, озмуни телевизионии «Дасти дуои модар» баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарварии ҷавонон мусоидат мекунанд. Аммо дар вилояти Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ҳанӯз вобаста ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Раиси кумита дар ин самт фаъолияти хуби мудиро-

Аҳтам Абдуллозода оид ба дастовардҳои варзишгарони мамлакат сухан карда, хотиррасон намуд, ки машғул шудан ба варзиш боиси солимии рӯҳу тан мегардад. Ҳар қадар варзиш бештар оммавӣ гардад, ҳамон андоза ба солимии мамлакат мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, КҶВС дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо 69 чорабинии варзишӣ гузаронд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 се чорабинӣ зиёд аст. Варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат

малкунандаи телевизионии «Волонтёрони Тоҷикистон» таъсис дода шуд. То ин дам 10 барнома пешкаши бинандагон гардидааст. Ҳамчунин, дар ин муддат як қатор чорабиниҳои экологӣ, амалиёт оид ба танзими оила, ҷамъоварии коғазпора, аксияҳои «Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем», «Биёед, китоб мехонем» баргузор шуда, натиҷаи хуб доданд. Зикр шуд, ки бо ташабусси кумита мусобиқаҳои ҳарбӣватандустии «Ҳомии Ватан»,

ни бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Шаҳристон, Дарвоз, Ишкошим, Носири Хусрав, Темурмалик ва Балҷувонро қобили таҳсин арзёбӣ намуд. Аҳтам Абдуллозода ба мудирони бахшҳо супориш дод, ки ҷавонони болаёқатро ба кор ҷалб намоянд. Имрӯз бояд кадрҳое ба вазифа таъин шаванд, ки соҳибихтисос, забондон, ташкилотчӣ, ватандӯст ва бовиҷдон бошанд.

варзида, 552 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 186 медал зиёд мебошад. Яке аз чорабиниҳои муҳими сол баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо дар шаҳри Душанбе буд, ки 2 - 11 август доир гардид. Дар он варзишгарони мамлакат соҳиби 35 медал гашта, дар ҳисоби даставӣ ҷои сеюмро гирифтанд. Ҳарчанд шумораи медалҳо нисбат ба солҳои пеш зиёдтар бошад ҳам, натиҷаҳо қаноаткунанда нестанд.

Варзиш солимии рӯҳу тан аст

Имкониятҳои истифоданашуда зиёданд Шоёни зикр аст, ки баҳри татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ корҳои зиёде амалӣ гардиданд. Соли равон сомонаи интернетии «Глобспот» Тоҷикистонро ҳамчун кишвари барои туристони саргузаштӣ ҷолиб муаррифӣ намуд. Дар ВМКБ Фестивали туристию фарҳангии «Боми ҷаҳон» баргузор шуд, ки дар он 15000 нафар ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали фарҳангии «Роҳи Абрешим» доир гардид, ки дар он сафоратхонаҳои муқими Душанбе низ ширкат карданд. Алалхусус, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон аз ҳама фаъол буд. Худи сафир таъоми миллӣ пӯхта, шириниҳои Покистонро муаррифӣ намуд. Раиси кумита супориш дод, ки соли 2015 фестивали мазкур бо фарогирии бештари кишварҳо баргузор гардад. Ҳамчунин, А. Абдуллозода дар бораи бо сифати беҳтар таҳия намудани китоби туристӣ («Гайдбук») барои соли 2015 тавсияҳои муҳим дод. Сипас, муовини аввали раиси

кумита Мавсума Муинӣ дар бораи иҷрои қарорҳои дар ҷаласаи машваратии ҷамъбасти шашмоҳа қабулшуда ҳисобот дода, муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Аҳтам Маъмурзода аз ҳозирин даъват кард, ки корҳои идеологиро миёни ҷавонон вусъат, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои созандагӣ ҳисса гузоранд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ” Суратгир Т.ФОЗИЛОВ

e-mail: javonontj@mail.ru

16 октябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии (КҶВС) назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гашт. Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

3

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

4

ЗАН ВА ҶОМЕА

Ҳафтаи сипаригардида, бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии Маркази буҳрони “Боварӣ ба фардо” вохӯрии хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и шаҳри Душанбе бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон, намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ва падару модарон, дар мавзӯи «Таъмин намудани донишҳои зарурӣ оид ба қадам гузоштан ба никоҳ ва пешбурди ҳаёти оилавӣ» баргузор гардид. Солеҳа Холова, адвокати Маркази буҳрони “Боварӣ ба фардо” чорабиниро ифтитоҳ намуда, чунин гуфт: «Солҳои пеш дар мактабҳо фанҳои этика ва оилаву оиладорӣ дарс дода мешуд. Мутаассифона, имрӯз фанҳои мазкур таълим дода намешаванд. Омӯзиши ин фанҳо бисёр бамаврид буд, чунки хонандагон тавассути он аз масъалаи оилаву оиладорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, барпо кардани оилаи солим, синни никоҳӣ, мустаҳкам нигоҳ доштани оила бархурдор мешуданд». Воқеан, яке аз проблемаҳои доғ барои кишвар афзоиши вайроншавии оилаҳои ҷавон аст. Таҳлилгарону коршиносон борҳо иброз доштанд, ки яке аз сабабҳои асосии ин мушкилӣ аз маълумоти аввалин бархурдор набудани ҷавонон мебошад. Омили дигар аз синни муайянкардаи қонун барвақттар оиладор шудани онҳост. Ба ибораи дигар, ҳоло

ҳам дар ҷомеа падару модароне ёфт мешаванд, ки фарзандони ноболиғашонро оиладор мекунанд. Ҳарчанд барои ин тибқи талаботи моддаи 168-169 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар шудааст. С. Холова дар робита ба ин масъала таъкид дошт, ки “бархе аз духтарони мо ба синну соли никоҳӣ нарасида, ба шавҳар мебароянд. Ё ин ки падару модарашон онҳоро дар понздаҳ-шонздаҳсолагӣ ба шавҳар медиҳанд. Ба маркази мо чунин духтарон бо ду се кӯдаки хурдсолашон, ки аз шавҳар ҷудо шудаанд муроҷиат мекунанд. Аксарияти онҳо аз таҳсили мактаби

Муҳаррама Гулова низ аз таҳсил дур мондани наврасон, махсусан, духтарон ва маҷбурӣ ба шавҳар додани онҳо изҳори нигаронӣ кард. Ӯ чунин ёдовар шуд: “Соли гузашта, дар мактаби мо духтаре дар синфи нуҳ таҳсил мекард. Падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт ва модараш намегузошт, ки вай таҳсилро идома диҳад. Духтар чанд маротиба аз хона гурехта, назди ман омад. Шикоят кард, ки модараш барои мактаб омаданаш монеъ мешавад. Бо модараш суҳбат кардем. Ваъда дод, ки дигар садди таҳсили духтараш намешавад. Вале боз ҳам иҷозат надод духтараш ба мак-

зашт. Ман роҳбари синфи духтарро гирифта, ба прократураи ноҳия рафтам. Онҳо дар байни 40 дақиқа модари духтарро ёфта оварданд. Модараш дар назди муфатиш зорзор гирист ва бо чашмони пур аз ашк ваъда дод, ки дигар ин рафторашро такрор намекунад. Баъди чанд рӯз духтарак гирёну нолон ба мактаб омада, шикоят кард: - Муаллима, маро фотиҳа кардаанд ва баъди чанд рӯз ба шавҳар медиҳанд. Модари духтарро боз даъват карда, ба тӯй шудани духтар иҷозат надодам ва гуфтам, агар чунин кунад, аҳволашро аз ин ҳам бадтар хоҳам кард.

миёна дур мондаанд, ҳатто маълумоти синфи нуҳумро надоранд. Онҳоро волидон маҷбур ба шавҳар додаанд, ки аксарият дар ҳаждаҳ -нуздаҳсолагӣ аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд”. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41

таб биёяд. Маҷбур духтарро ба Шуъбаи маорифи ноҳия бурдам. Мудири Шуъбаи маориф Дилбар Обидова модари духтарро даъват кард. Модар ба мудир ҳам ваъдаи дурӯғ дод, ки пагоҳ фарзандашро ҳатман ба мактаб мефиристад. Боз нафиристод ва аз байн се рӯз гу-

Аз байн ду-се рӯз гузашт, назди ман ду марди қоматбаланди ҳузарб омаданд. Онҳо бо қаҳру ғазаб гуфтанд: “Ин духтаракро мо келин карданием, шумо чӣ кор карда истодаед?! Модараш ба мо гуфт, ки духтарак синфи 11 мехонаду имрӯзу пагоҳ мактабро хатм

Донишманд будани зан – омили оилаи солим

мекунад. Ман дар ҷавоб гуфтам: - Ҳам шумо ва ҳам модари духтар номаъқул кардаед. Духтар дар синфи нуҳ таҳсил мекунад. Агар бори дигар шумо ба мактаб биёед ва ё ба зиндагии духтар дахолат кунед, ба суду прокрор аз болоятон шикоят мекунам. Даъвогарон рафтанд. Баъдан, бо ҷангу ҷидоли зиёд фотиҳаро қатъ карданд. Духтарак мактабро аъло хатм кард. Ҳоло дар Колеҷи тиббӣ таҳсил мекунад...” Бо ишора ба ин проблема, Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии духтарон, ки ҳар сол 11 октябр таҷлил мешавад, аз давлатҳо даъват кардааст, ки бо проблемаи хушунати духтарони ноболиғ ва нангин кардани ҳаёти онҳо ҷиддӣ мубориза баранд. Рӯзи байналмилалии духтарон имсол ба мавзӯи хушунат ва табъиз алайҳи духтарони ноболиғ бахшида шуд. Дар паёми Созмони Милал омадааст, ҳар чорум духтари ноболиғ дар ҷаҳон аз 15-солагӣ мавриди озори ҷисмонӣ қарор мегирад, ҳар духтарчаи сеюм аз ҷониби шавҳарони худ озору азият мебинанд ва дар маҷмуъ, ҳудуди 70 миллион зани ҷавони то синни 2024 дар кишварҳои дар ҳоли рушд бармаҳал издивоҷ мекунанд. Бинобар ин, дар паём аз кишварҳо дархост шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти зиндагии духтарон, ки ба ояндаи онҳо, бавижа, сатҳи донишу сиҳатиашон хатар дорад, аз тадобири зарурӣ кор бигиранд. Тибқи иттилои Маркази буҳрони “Боварӣ ба фардо” дар нуҳ моҳи соли равон шумораи қайди давлатии ақди никоҳ ба 66 ҳазору 455 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта, 101,5 фоиз зиёд аст. Шумораи талоқ бошад, дар нӯҳоҳи соли 2014 ба 6 ҳазору 901 расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 900 адад зиёд мебошад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

НИГАРОНӢ

Ноболиғон: аз дискоклуб то ҳалокат дар садама

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз рӯи таҳлил ва нишондодҳои расмӣ бармеояд, ки ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон аз надонистани қонунҳо ва паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии эшон ба амал меояд. Бадахлоқӣ, авбошӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, идораи воситаҳои нақлиёт, зарар расонидан ба муҳити зист ва қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр аз зумраи ҳодиса ва ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҳангоми баррасӣ ва таҳқиқу таҳлили ҷиноятҳо аксари волидайн ва худи гумонбаршавандаҳо надонистани қонунҳоро баҳона пеш меоранду мехоҳанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шаванд. Аммо тибқи моддаи 42-и Сарқонуни кишвар «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Қабул ва амалкарди Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон тадбири асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар натиҷаи гузарондани рейди муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо намояндагони шуъбаи маориф (шабона) ҳолатҳое ошкор гардид, ки дар ҳақиқат, аз сатҳи пасти тарбия ва риоя нашудани талаботи қонуни мазкур шаҳодат медиҳанд. Таъкид бояд кард, ки шабгардӣ, дурӣ аз таълимоти ҳатмии мактаб оқибати хуб надошта, самараи он ба амалҳои ношоиста ва кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ даст задании ин насли умедбахш оварда мерасонад. Ҳолати ташвишовари дар ҷараёни рейдҳои шабона ба қайдгирифташуда

ҳузури ноболиғон дар марказҳои дилхушию дискоклубҳо буд, ки онҳо бе назорати волидайн ва шахсони парастор дар марказҳои компютериву дилхушӣ ба бозиҳои гуногуни компютериву тамошои раққосаҳои урён машғуланд. Гарчанде ин муассисаҳо барои онҳо пешбинӣ нашудааст. Дар ин ҳолатҳо танҳо волидайн гунаҳкор набуда, соҳибони дискоклубҳо низ барои маблағ шуда ба дохилшавии ноболиғон ба ин гуна марказҳо монегӣ нишон намедиҳанд. Чорабиниҳои рӯзона баргузоргардида канораҷӯии ноболиғонро аз таълимоти ҳатмии мактаб муайян сохт. Дар вақту соатҳои дарсӣ, агар баъзе аз хонандагон ва донишҷуён дарсгурезӣ карда, дар бозор ва хиёбонҳои шаҳр гаштугузор мекарданд, қисмати дигар паси мизҳои компютерӣ, дар интернеткафеҳо вақти ғанимати ҷавониро паси сар менамуданд. Ҷалб гардидани ноболиғон ба савдогарӣ, аробакашӣ ва пулҷамъкунӣ дар нақлиёти мусофиркаш, новобаста аз он ки раванди таълимро халалдор карда, ба камолоти маънавии насли ояндасоз таъсири манфӣ дорад, камбудии дигарест, ки то ҳанӯз волидайн монеи он намешаванд. Иҷозат медиҳанд, ки фарзандонашон аз таълимоти мактабӣ дур монда, ба чунин корҳо даст зананд. Фаромӯш набояд кард,

ки дар ин синну сол сару кор гирифтан ба пул хоҳиши дарсхониро аз байн мебарад. Ҳолатҳои ошкоргардида аз тарафи масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони мақомоти милитсия ҳуҷҷатгузорӣ шуда, дар баробари бо ноболиғон анҷом додани суҳбатҳои профилактикӣ, ҳамчунин, волидайн ва омӯзгорон хабардор карда шуданд. Барои мисол, 29 сентябри соли ҷорӣ, тахминан, соати 15:30 дақиқа ронандаи ноболиғи автомашинаи тамғаи «Опел Вектра», рақами давлатиаш ЕА 41-19 02/РТ Алиев Парвиз Шарофович, соли таваллудаш 1997, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ки автомашинаи мазкур ба хешованди ӯ Игамов Нурулло Насруллоевич тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «ОбшоронПанҷакент» аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Умуман, тули 8 моҳи соли ҷорӣ масъулини Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 581 рейд ва 298 амалиёт гузаронида, 2467 нафар ноболиғро, ки дур аз муҳити мактаб ва оила вақти худро беҳуда мегузарониданд, дастгир карданд, ки 2041 нафараш хонандагони мактаб мебошанд. Дар ин давра дар иртибот ба ҳолатҳои ошкоршуда 873 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Муҳсинҷон ЮСУФОВ, корманди РВКД дар вилояти Суғд


Бо ташаббуси «Лоиҳаи идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» чанде пеш дар Маркази омӯзиш ва рушди кишоварзии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ семинар дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» доир гардид. Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ Азизбек Шарифов дар оғоз иштирокчиёни семинарро ба имкониятҳои Маркази омӯзиш ва рушди кишоварзӣ ошно намуд, ки дар ҳудуди хоҷагии декоративии шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. - Ин мавзеъ қаблан партовгоҳ буд, гуфт Азизбек Шарифов. - Тӯли 6 сол ба ин ҷо тақрибан 2000 мошин хок оварда, заминро тахту ҳамвор кардем. Ҳудуди умумии он 13 гектарро ташкил медиҳад. Деҳқонон ҷӯй канда, оби заҳро ба як маҷро равон намуданд. Аз ин рӯ, дар ин ҷо нерӯгоҳи хурди иқтидораш 40 килловат/соат насб карданд, ки барои эҳтиёҷи марказ басанда аст. Бо қувваи худӣ ҳавзи калони моҳидорӣ сохта шуд. Болои ҳавз сими барқ барои фурӯзонакҳо кашида шудааст. Шабона, вақте ки фурӯзонакҳо равшан мешаванд, хомӯшаку шапаракҳои аз атроф ҷамъшуда ба лампа бархӯрда, ба об меафтанд. Моҳиён ҳашароти афтодаро тӯъмаи худ месозанд. Ин як роҳи нави халосӣ аз ҳашарот ва дарёфти манбаи осону арзони ғизои моҳиён аст. Марказ дорои ҳуҷраҳои истироҳатӣ буда, барои деҳқонону фермерҳое, ки аз минтақаҳои дурдаст ба машғулият меоянд, ҳамчунин, меҳмонхона хизмат мекунад. Дар он толори маҷлис низ ҳаст. Робитаи маркази омӯзиш ва рушди кишоварзӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Моҳи июли соли равон дар ин ҷо намоиши дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзӣ доир гашт. Дар марказ усулҳои ба даст овардани ҳосили баландро таҷриба мекунанд. Соли равон ғаллакорони марказ ҳосилнокии як гектар гандумро ба 82 сентнер расонданд. Дар майдони 2 гектар ниҳоли токи ангури навъи таҳҷоии «ҷавс» шинонда шудааст. Ин навъи ангур аз ҷиҳати қанднокии баландаш дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ҳамчунин, аз он мавизи навъи аъло гирифта мешавад. Имрӯз дар мамлакат қариб 155 000 хоҷагии деҳқонӣ, ҳамчунин, субъекти хоҷагидор сертификати истифодаи заминро гирифтаанд. Аз ин миқдор танҳо 7953 хоҷагии деҳқонӣ аъзои Ассосиастсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мутахассиси соҳаи кишоварзӣ нестанд. Баъзеашон заминро гирифтаанду худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аз ин рӯ, қисми зиёди сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозомӯзӣ ва ташкмили ихтисос ниёз доранд. Дар назди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ шуъбаи ҳуқуқ

амал мекунад. Соли 2013 аз ҷониби шуъба бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи хоҷагиҳои деҳқонӣ 39 даъво ба суд пешниҳод шуд, ки 36 ҳолати он ба нафъи хоҷагиҳо анҷом ёфт. Дар назди ассотсиатсия шӯъбаҳои омӯзишӣ, мониторингӣ, муҳосибот, Маркази дастгирии занбӯри асалпарварӣ (ноҳияи Тавилдара) амал мекунанд. Ҳамчунин, дар 16 ноҳия марказҳои ассотсиатсия мавҷуданд. Ҳар моҳ нашрияи ассотсиатсия «Фермер» чоп мешавад, ки олимони соҳа ва унвоҷӯён мақолаву тавсияҳои илмиро нашр мекунанд. Яке аз хизматҳои асосии ассотсиатсия дар он аст, ки ба деҳқонон дар бораи паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири номатлуби он маълумоти муфид медиҳад. - Мақсад дорем, ки дар мазӯи мутобиқшавӣ ба тағйиёбии иқлим дар маҳалҳо бештар вохӯрӣ намоем, - аф-

зуд Азизбек Шарифов. - Деҳқонон оид ба биёбоншавӣ, пешгирии эрозияи замин, рафъи шӯразании замин, обёрии қатрагӣ, рафъи оқибатҳои камборишӣ бояд маълумоти минималӣ дошта бошанд. Мушовири «Лоиҳаи идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» Муродҷон Эргашов гуфт, ки ҳадаф аз ин лоиҳа дастгирии мардуми деҳот барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки дар ноҳияҳои осебпазир тавассути оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба даст хоҳад омад. Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои Фархору Кӯлоб, Балҷувону Ховалинг ва Тавилдараю Ҷиргатол амалӣ мешавад. Коршиноси лоиҳа Камолиддин Абдуллоев иброз дошт, ки аввалин баҳрабарандагони лоиҳа на кам аз 21000 хонаводаи деҳот аз ноҳияи интихобшуда хоҳад буд, ки тақрибан 126 000 нафарро ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, зимни амалишавии ин лоиҳа 450 000 сокини деҳот ба сифати шарик иштирок хоҳанд кард. Яке аз зерқисмҳои лоиҳа «Истифодаи оқилонаи захираҳои замин» ном дорад. Зерқисми мазкур истифодаи чарогоҳ, аз ҷумла, бо навбат чаронидани чорво дар қитъаҳо, бунёди нуқтаҳои обхӯрии чорво, кишти алафҳои бисёрсола дар

релефи гуногуни чарогоҳ, истифодаи об (обмонии қатрагӣ, усулҳои самарабахши ҷамъоварию захирикунии об), ҳосилхезӣ (мулчакунӣ, истифодаи компост), мубориза бар зидди ҳашарот, бунёди зинабоғҳо дар минтақаҳои нишеб, бунёди боғ ва ҷангалҳо, бунёди ҷангалҳои муҳофизатиро дар бар мегирад. Сарвари ширкати машваратии «Агросервис Ховалинг» Хуршед Валиев дар мавзӯи “Мусоидат намудан ба тартиб додани нақшаи идоракунии дохилихоҷагии захираҳои об дар ноҳияҳои Кӯлоб ва Фархор” маълумот дод. Ӯ гуфт, ки дар бисёр деҳот ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро на вобаста ба талаботи гидрологӣ, балки аз рӯи тақсимоти ҳудудӣ ташкил кардаанд. Дар ноҳияи Фархор мушкили асосӣ баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва зуд-зуд аз лойқа пур шудани каналҳо мебошад. Ба-

рои рафъи мушкил обанбор сохта, обро баъди софу тагшин кардан бо каналҳои тозашуда сар додан зарур аст. Мардуми ноҳия дар иҷро кардани корҳои дастӣ фаъол буда, ҳар иқдоми баҳри пешравии ҳолати мелиоративии замин пешбинишударо дастгирӣ мекунанд. Барои кандани заҳбурҳо имрӯз техникаи муқтадир лозим аст. Зеро бо сабаби боло рафтани сатҳи оби зеризаминӣ шуразаминҳо зиёд мешавад. Дар ин гуна заминҳо шинонидани санҷид мафиатбахш хоҳад буд. Хуршед Валиев, ҳамчунин, изҳор намуд, ки аксар аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об сари вақт ҳаққи истифодаи обро намесупоранд. Бисёр хоҷагидорон дар бораи риояи киштгардон (бонавбат кишт кардани зироатҳои гуногун дар як майдон) тасаввурот надоранд. Агар донишу маълумотнокии фермерон баланд бардошта шавад, боздеҳи киштзорон баланд, маҳсулот фаровон мегардад. Дар лоиҳа бо мақсади такмил додани малака, маҳорат ва дониши фермерон баҳри истифодабарии оқилонаи захираҳои замин, ёфтани роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баргузории тренингҳо ва таъмини хоҷагидорон бо иттилооти зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

Ҷоизаҳои “Дидор”-2014 тақдим шуданд 16-20 октябри соли равон дар пойтахти кишвар шашумин синамобазми байналмилалии “Дидор” баргузор шуд. Синамобазми имсола, ки дар он беш аз 70 филм аз коргардонҳои тоҷику афғон, русу эрониву озарӣ, гурҷиву арманӣ ва қирғизу қазоқ ба намоиш гузошта шуд, ба 110-солагии асосгузори кинои Тоҷикистону Узбекистон Комил Ёрматов бахшида шуд. Дар расми ифтитоҳи он дар Кохи Ҷомӣ муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Сайдалӣ Сиддиқ иштирок ва меҳмононро хайрамақдам гуфт. Инчунин, директори иҷроияи Фонди “Ҷомеаи кушода” дар Тоҷикистон Зуҳро Ҳалимова, директори Дафтари ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария Питер Микула, раиси Иттиҳоди кинематографистони Афғонистон Ҷавоншер Ҳайдарӣ ва коргардони машҳури афғон Сиддиқ Бармак низ суханронӣ карданд. Ҳамин тариқ дар ҷамъбаст ҳакамон барои беҳтарин филми пурраметражро ба филми “Санҷиш” (“Испытание”)-и коргардони рус Александр Котт сазовор донистанд. Ҷоизаи коргардонҳои беҳтарин ба Ходим Ҳусайн ва Вайс Санҷар, коргардонҳои афғон, барои таҳияи филми “Трилогия” тақдим гардид. Ҷоизаи дигар барои беҳтарин филми кӯтоҳметраж насиби филми “Динола”-и коргардони гурҷӣ Марям Хатчавалӣ шуд. Инчунин, ҷоизаи бинандаро, ки аз ҷониби бинандагон ба таври овоздиҳӣ интихоб мешавад, ду филми ҳунармандони тоҷик - “Хуни халқ”-и когардон Зайналобуддини Мӯсо ва “Як ҷаҳон аз ману ту”-и Муҳаббат Сатторӣ ва Улуғбек Содиқов сазовор шуданд. Филми тасвирии Бахтиёр Қаҳҳоров беҳтарин филми тасвирии бинандагон дониста шуд. Маврид ба ёдоварист, ки Синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Махсусияти синамобазми имсола бахши наве бо номи “Бозёфт” буд, ки бори аввал филмҳои сад сол пеш таҳияшуда намоиш дода шуданд. Яке аз ин филмҳо, ки аз ҷониби Владимир Ерафеев, коргардони рус ибтидои асри бист дар бораи Бадахшони Тоҷикистон таҳия шудааст, ба ҳисоб мерафт.

Б. УСМОН, “ҶТ”

5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

Хоҷагидории самарабахш чӣ гуна аст?

ФАРҲАНГ

e-mail: javonontj@mail.ru

КИШОВАРЗӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

6

МУҲОВАРА - Мехостам суҳбатро дар боби нақду баррасӣ аз масъулияту рисолати муҳаққиқу мунаққид дар бораи адабиёту ҳунар оғоз намоем. - Нақду баррасии адабиёти бадеиро он чиз воҷиб ва ногузир мекунад, ки адабиёти бадеӣ ва ҳама анвои ҳунар на як падидаи хусусӣ, балки падидаи иҷтимоист. Маҳсули ҳунар, маҳсули дасти нависанда ва андешаву фикру лаёқатҳои офаринандагии ӯ ба ҷомеа арза мешавад ва дар рӯҳу равони мардум асаргузор аст. Бинобар ин, кайфият ва навъи таъсири он аз бисёр ҷиҳат фазои ҷомеа ва равандҳои иҷтимоиро таъмин мекунад. Хусусан, дар ҷомеаи мо, ки мардум зотан ва сириштан аз адабиёт бисёр таъсирпазир аст. Таваҷҷуҳи мардум ва миллати мо ба адабиёт хеле зиёд аст ва ҳамеша аз адабиёт тақозои зиёд дорад. Ҳатто ҳалли бисёре аз масоили иҷтимоиро ҳам аз адабиёт мехоҳад ва аз адабиёт интизор мешавад. Ин воқеиятро, мутаасифона, баъзан на ҳамаи нависандагону шоирону эҷодкорон мепазиранд ва бархурди нақду адабиётшиносиро ба осори худ ҳамчун як дахолат тасаввур мекунанд. Дахолат дар кори хусусӣ. Тавре гуфтем, ин дигар кори хусусӣ нест. Масалан, агар як нафар навиштаҳои маҳрамонаи касеро мавриди баррасӣ ва нақд қарор диҳад, албатта, ин кори норавост, дуруст нест. Вале асари бадеӣ дигар навиштаи маҳрамона ва хусусӣ нест, моли ҷомеа буда, дар ҷомеа таъсиргузор аст. Ин таъсиргузорӣ аз чанд ҷиҳат аст: равонӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, завқию ҳунарӣ (эстетикӣ). Яъне, ҳар асари адабие, ки ба сурати манзум ё мансур ба ҷомеа арза мешавад, аз ҳамаи ин ҷиҳатҳо дар рӯҳу равони афроди ҷомеа таъсиргузор аст. Даврони адабиёти шуравӣ қавли машҳури Максим Горкий ҳамеша сари забонҳо буд, ки «Нависанда муҳандиси рӯҳи инсон ва муҳандиси маънавии ҷомеа аст”. Назири ин суханро дар адабиёти куҳанамон хеле зиёд мебинем. Масалан:

e-mail: javonontj@mail.ru

Пешу пасе зад чу сафи Кибриё, Пас шуаро омаду пеш анбиё. (Ҳаким Низомӣ) Ё: Шеърро мақсуд, агар одамгарист, Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист. (Мавлоно Иқбол) - Чаро дар таърихи таммадуни мо ба адабиёт чунин нигоҳ доранд? - Чунки адабиёт, дар ҳақиқат, рисолати аввали офариниши маънавиятро дошт, вазифаи танзим ва ҳалли масоили маънавиро дошт. Ҷойгоҳи он бисёр баланду муқаддас тасаввур мешуд ва ҳанӯз то ҷое ҳифз шудааст. Бинобар ин, агар як муҳаққиқ, мунаққид, адабиётшинос ба як асари бадеӣ аз нигоҳи таҳлил, таҳқиқ, танқид ва доварӣ нигоҳ мекунад, ӯ як рисолати иҷтимоиеро, ки бар дӯшаш гузошта шудааст ё худаш виҷдонан барои худ қабул кардааст, анҷом медиҳад, на кореро, ки худсарона аз пеши худ ба даст гирифта бошад. Рисолати муҳаққиқ ва мунаққид ҳам дар баробари нависанда ва шоир ҳамон ислоҳи ҷомеа аст. Ислоҳи завқӣ, ҳунарӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва ҳама ҷиҳат. - Ҳолу ҳавои нақди адабии имрӯзро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? - Наметавон гуфт, ки имрӯз ҳам нақди адабии мо фаъол нест. То ҳамон андоза ва ҳамон мизоне, ки адабиёти мо фаъол асту дар ҷомеа нуфуз дорад, пешаи нақду адабиётшиносӣ ҳам то ҳамон андо-

за ривоҷ дорад, фаъолият ва вазифаҳои хешро анҷом медиҳад. Вале тавре гуфтем, агар мушкиле дорад, ҳамин эътироф накардан ва нашинохтани мавқеи нақду адабиётшиносӣ аз тарафи бархе аз онҳоест, ки ба кори офаридани осори бадеӣ машғуланд. Албатта, ин як раф-

ситаи мазмуни асарро дошта бошад, на барои хонанда ва на барои муаллифи асар чандон муҳим ва бонатиҷа нест. Таҳлил ва нақд бояд ҷанбаи созанда ва ҳидояткунанда дошта бошад, то нависандаро на танҳо бо нишон додани ҷанбаҳои манфӣ ва камбуди асар, балки ба воси-

тавон муаррифӣ кард ва то он ҷо ҳам ки муаррифӣ шудаанд, аз онҳо хуб истиқбол шудааст. Ба наздикӣ дар Теҳрон “Баёзи шеъри муосири тоҷик”-ро мунташир карданд, ки дар он бештарин интихобро банда аз шоирони нисбатан ҷавон анҷом додам ва ин шеърҳо ба адибони ҳамкори эронӣ хеле хуш афтоданд ва табиист, ки ба хонандагон низ писанд хоҳанд омад. Чанд маҷмӯаи аввали шеър аз шогирдони ҳозир ва собиқ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба чоп расондем, ки бархе аз онҳо дар машваратҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ба баҳои баланди устодони назми имрӯз сазовор гардиданд. Дар ин машваратҳо шоирон ва нависандагони ҷавоне, ки воқеан лаёқати эҷодӣ доранд, аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат намуданд. Аммо он чи фазои адабиёти имрӯзи моро мағшуш мекунад, ин аст ки ҳаҷми бузурги адабиёти ғайриихтисосӣ, ғайрикасбӣ ва ғайриҳунарӣ ба вуҷуд омадааст, ки бо сабаби мавҷуд будани имконот дар

Нақд бояд созанда бошад Сӯҳбати журналист Валиҷон Баёнӣ бо шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб тори солиму дуруст ва мунсифона нест, бояд ислоҳ шавад. - Шумо бештар сари осору навиштаҳои адибони классик таҳқиқ анҷом медиҳед ва дар ин самт муҳаққиқи муваффақ ҳам эътироф шудаед. Ин завқи зебо ва тавваҷҷуҳи хос нисбат ба таҳқиқу ковиши осори бузургони адабиёту фарҳанг аз куҷо сарчашма мегирад? - Банда ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти муосир, то ҷое ки тавонам имкон медиҳад, огоҳиҳоям даст медиҳанд, ба таҳқиқу баррасии осори бадеӣ мағул будаам ва ин машғулияти ман аз солҳои хеле барвақт ва ҳамзамон даврони донишҷӯиам шӯруъ шудааст. Заминаи ин, албатта, ҳамон алоқаву рағбатам ба адабиёт будааст, ки аз даврони кӯдакӣ бо хондани осори бадеии муосир ва классик оғоз шудааст. Ин як анъанае буд дар муҳити мо, ҳам дар мактабу ҳам дар фазои умумии он замон, ки китобхонаҳои муҷаҳҳаз дар рустоҳо мавҷуд буду мардум аз онҳо истифода мебурданд. Дар муҳити хонаводагии мо ҳам ҳамеша китобхонӣ яке аз шуғлҳои асосӣ буд. - Гоҳо норизоӣ мекунанд, ки дар баъзе навиштаҳои имрӯз бӯйи хешию хотирбинӣ эҳсос мешавад. Яъне, дар онҳо ҳусни асар инъикос меёбаду қубҳу камбудаш не. Мунаққид яктарафа баҳо медиҳад. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред? - Бале, ин чиз аз тарафи бисёриҳо таъкид шудааст, ки дар нақди адабиёти имрӯз хотирбинӣ, мурооти тарафҳо ё наздикиҳои шахсӣ, хусусӣ ва чизҳои дигар мушоҳида мешавад. Дар ҳақиқат, ин як нуқси бисёр барҷастаи нақди имрӯз аст, ки мо бештар ба ҷанбаҳои тавсифии осори адибон машғул мешавем. Шояд то ҷое дар навиштаҳои мо ҳам роҳ ёфта бошад, ки инро наметавон инкор кард. Албатта, ин тарзи баррасии адабиёт, ки танҳо ҷанбаи тавсифӣ ё бозгӯи бево-

таи нишон додани ҷанбаҳои мусбат ҳам барои қавитар кардани хусусиятҳои мусбати асараш ва беҳбуди он ҳидоят намояд. Аз инҳирофҳо, иштибоҳот ва нуқсҳои ҳунарӣ огоҳ намояд, ҳушдор диҳад. Хулоса, ҳам барои нависанда ва ҳам барои хонандаи осори адабӣ як ҷанбаи омӯзанда дошта бошад. Вале, тавре гуфта шуд, бархурди як миқдор яктарафа ва баъзан таассубомез бо асабоният ба чунин нақдҳо боис шудааст, ки адабиётшиносон ва мунаққидон аз ин навъ нақду баррасӣ то метавонанд парҳез кунанд. Нақдҳову баррасиҳо бештар ҷанбаи тавсифӣ ё тавре гуфтем, бозгӯи дигарбораи мазмуни асрҳоро дошта бошанд. Наметавон гуфт, ки мо дар фазои имрӯзи нақд ва адабиётшиносиамон осори хуб ва мунаққидона надорем, балки чунин осор ҳам ҳастанд, вале на ба он мизоне, ки имрӯз ҷомеа ва муҳити адабии мо ба он ниёз дорад. - Маҳсули эҷод ва ҳунари шеърофаринии ҷавонони имрӯзро чӣ гуна хулоса мекунед? - Имрӯз шоирону нависандагони ҷавони мо дар ҳама бахшҳо ва навъҳои адабӣ ҳунари худро нишон медиҳанд. Имконоти эҷодии худро ба намоиш мегузоранд. Имрӯз мо тақрибан дар ҳамаи қолабҳои назм дар саҳифаҳои матбуот ва китобҳое, ки ба нашр мерасанд, намунаҳои хуберо мебинем. Имрӯз ҳам анвои шеъри суннатӣ дар ҳама қолабҳо ва жанрҳо, ҳам шеъри нав, шеъри ба истилоҳ “сафед”, ки намояндагони худро дорад ва боз гунаҳои дигари муосири шеър дар адабиёти мо ба вуҷуд омадааст. Он назаре, ки қолабӣ шудааст ва такрор ба такрор садо медиҳад, ки имрӯз мо таназзули шадиди шеърро мушоҳида мекунем, намояндаҳои муваффақ ва муносиберо дар шеъри имрӯз намебинем, саҳеҳ нест ва асос надорад. Банда аз шоирони нисбатан ҷавонамон шеърҳои хубро дар ёд дорам, ки ин шеърҳоро берун аз Тоҷикистон ҳам бо дили пур ме-

ҳамаи нашрияҳо, расонаҳои гурӯҳӣ ва матбааҳои хусусӣ чоп мешаванд. Ҳар касе ки имкони чопи чанд саҳифа коғазро дорад, ба номи “китоби шеър” ё наср маҷмуаҳоеро нашр мекунанд, ки аз чаҳорчӯби адабиёти ҳунарӣ, адабиёти бадеӣ хориҷ ҳастанд. Қазоватҳое ҳам ки бо мазмуни “имрӯз мо ба таназзули шадиди адабиёт ва камбуди қувваи эҷодӣ рӯ ба рӯ ҳастем” сурат мегиранд, аз ҳамин ҷост. Боз аҷабтар он аст, ки баъзан соҳибони ҳамин гуна “осор” аз ҳама бештар шикоят ва дигаронро гунаҳкор мекунанд. Ба ҳар ҳол шеъри мо, адабиёти мо дар ин марҳила, дар ин даврон сокит ва бе намунаи муваффақ набудааст ва ин ҷараён рӯ ба рушд аст. Албатта, ин намунаҳоро аз байни анбуҳи он чизҳое, ки бо номи адабиёт офарида мешаванд, вале ба адабиёт ҳеҷ рабте надоранд, шинохтаву ҷудо карда гирифта, дар муҳити адабии мо муаррифӣ кардан кори дигар аст. - Шеъри асил ё мондагор кадом аст? - Шеъри асилу мондагор ҳамон шеърест, ки ба меъёрҳои бадеият ва шеърият ҷавобгӯ бошад. Беш аз ин, ҳамон асаре бештар мондагор аст, ки дар он ба ниёзҳои инсони имрӯз тавваҷуҳ шуда. Яъне, он асаре мондагор хоҳад буд, ки дар он ҳам ҷанбаҳои ҳунарӣ ва ҳам ҷанбаҳои инсонию иҷтимоӣ риоят гарданд. - Ояндаи нақди тоҷикро чӣ гуна дидан мехоҳед? - Масъалаи ҳалталаб дар нақди адабии имрӯз ҳамон масъалаи бештар ба тавсифи сатҳии асарҳо пардохтан аст. Ояндаи нақди адабиро бошад, мо он тавре дидан мехоҳем, ки воқеан вазифа ва ҳадафи адабиётшиносӣ ва нақд аст. Яъне, як асари бадеӣ бояд бо меъёрҳои воқеъбинона аз дидгоҳи ҳунарӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шавад.


Соли 2013, тавре маълум аст, барои ҳукумати Эрдуғон хеле мушкил поён ёфт. Зеро дар пайи амалиёти гузарондаи мақомоти амниятии Туркия (17 декабри 2013) як қатор мансабдорон бо фарзандонашон бо ҷурми фасодкорӣ ва ришваситонӣ боздошт шуданд. Миёни боздоштшудагон шахси калидии вартаи фасодкориҳо Ризо Зарроб (аз ӯ сардори Бобак Занҷонӣ ном бурда мешавад) низ буд. Аммо дере нагузашта ҳамаашон озод шуданд. Бояд амалиёти дуюми зидди фасод ва ришваситонӣ ҳам сурат мегирифт, аммо бо фармони собиқ Сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон лағв шуд. Чунки фарзанди Эрдуғон ҳам дар фасодкорӣ олуда буд... Бино ба ахбори дарҷшуда, туркҳо дар рафти «Амалиёт зидди фасод ва ришваситонӣ» номи як ҳаракати террористиеро ифшо кардаанд, ки солҳои тӯлонӣ ҷосусонаш дар сохторҳои маъмурии ҳукумати Туркия кор ва фаъолият доштаанд. Гурӯҳ худро «Тавҳиди салом» ном мебарад, сипас, маълум мешавад, ки он ҳаракати террористии «Сипоҳи Қудс» аст. Таҳлилгарони турк бо таъкид менависанд, ки дар ҳаводиси тезу тунди кишварашон дасти «Сипоҳи қудс» ошкорост. Ин таъкиди онҳо қавли муаллифи китоби “The Devil We Know” – Роберт Бэрро ба ёд меорад. Бэр дар асараш чунин як нуктаро қайд мекунад: «Шояд Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад, аммо он соҳиби се чизе ҳаст, ки аҳамияти бештар доранд: а) силоҳ ва таҷрибаи ҳарбии сайқалёфтаи ассиметрӣ; б) артиши дар ҳоли рушд («Ҳизбуллоҳ» ва «Сипоҳи Қудс») ва ҷанговарони бохабар аз муҳорибаҳои дохилишаҳрӣ; в) рӯҳияи паёми зиддиистеъмории шикастнопазир. Бо ин се принсипи асосӣ Эрон дар роҳи бунёди империяи ҷадид аст, ки ҳар кӣ пеши роҳи онро мегирад, нобуд мешавад». Ин суханони собиқ корманди Ташкилоти марказии истихбороти ИМА (Роберт Бэр) тақрибан 6-7

Эрон силоҳи ҳастаӣ надорад, аммо... сол пеш гуфта шудааст. Инчунин, маълумот дарҷ шудааст, ки сипоёни «Сипоҳи Қудс» иддае аз сиёсатмадоронро бо никоҳи мутъа (сиға) ба доми худ афтондаанд, баъзеҳоро бо пул харидаанд. Бо усули тақия оҳиста-оҳиста солҳо боз нафарони калидии кишварҳоро зери тасарруф қарор додаанд. Онҳо ба таълимоти худ содиқ буда, «Қуръон»-и каримро ғайрисаҳеҳ меҳисобанд. Завҷаҳои паёмбарро таҳқир дода, ба саҳобагони паёмбар лаънат мехонанд. Мазҳаб ва таълимоти Имоми Аъзамро ғалат ва худи ӯро лаънатшудаву дурӯғгӯй меноманд. Онҳо тамоми инсониятро ба ғайр аз худ «валад-уз-зино» номида, бар он боваранд, ки то шахс таълимоти шиаро қабул на-

шаванд. Имомҳои боздоштшуда, ки масҷидҳои гуногуни давлати Косоворо роҳбарӣ мекунанд, ҳаракатҳои террористии ДИИШ ва «Нусра»-ро бо ҷангёни косовагӣ таъмин мекардаанд. Феълан, дар баробари фаъолияти агентии TIKA дар Косово, ҳамчунин, фаъолияти 16 ташкилоту анҷуман барои робита бо ҳаракатҳои террористии мазкур қатъ шудааст. Бояд гуфт, TIKA агентии назди ҳукумати Туркия аст, ки ба кӯмакрасонӣ, таъмиркунӣ ва хизматҳои фарҳангӣ барои шинохт ва эҳёи мероси туркӣ берун аз марзи ин кишвар фаъолият мекунад. Таъмири масҷиди «Фотеҳ Султон Маҳмад» (роҳбараш Шефчет Краснич мубаллиғи аслии равияи салафия будааст)

кишварҳо арзёбӣ мекунад. Ӯ дар мусоҳибааш ба рӯзномаи «Аргументы и факты» қайд мекунад, ки даъват ба ҳаракатҳои террористӣ одатан берун аз ватани номзадҳо сурат мегирад. Шаҳрвандони зиёди кишварҳои ИДМ берун аз кишварашон, хусусан, ба Русия аз пайи ба даст овардани маблағ ҳиҷрат мекунанд ва ё барои таҳсил ба давлатҳои арабӣ мераванд. Сипас, онҳо барои халос кардани ҷони худ аз кулфати мардикорӣ ба ҷиҳод бармехезанд. Ҳоло ки ДИИШ дар минтақа соҳиби қудрат аст, «муҷоҳидон»ро дар қаламрави худ ҷаннати сохта ваъда медиҳад. Ин таҳлилгари рус омили аслии ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтани шаҳрвандони

кунад, ҳамон гуна ҳаромзода мемирад.

ва як қатор масоҷиди дигаре, ки имомхатибони гумонбар дар онҳо «адои вазифа» мекарданд, аз ҷониби TIKA ба роҳ монда шудааст. Ин далели возеҳи иртибот доштани ҳукумати феълии Туркия бо ҳаракатҳои тундгарои ДИИШ ва «Нусра» мебошад. Ҳаракатҳое, ки айни ҳол дарди сари ҷомеаи ҷаҳонӣ шудаанд.

кишварҳои Осиёи Миёнаро ба масъалаи иқтисодӣ рабт додааст. Аммо як чизи дигарро ҳам бояд ёдовар шуд. Тибқи нишондоди омор 98 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусулмонанд. Вале шинохти ҳама аз ислом ва аз рукнҳои он якранг нест. Яъне, аз такя ба китобу (Қуръон) дастурҳои зарурӣ дида, бештар ба гуфта ва ё талқинкардаи дигарон амал менамоянд. Ин фаҳмишу дарки гуногун ва ё ин шинохти нодуруст ҳам боис шудааст, ки тоҷикҳоро дар Шому Ироқ бубинем. Пас, бесаводӣ ва ғалат шинохтани дини хеш аз омилҳои дигарест, ки «муҷоҳидин»-ро ба «ҷиҳод» мекашад. Дар ин бора ҳатто Сарвари давлат зимни яке аз баромадҳояш бо таъкид иброз дошт: «Аксари онҳое, ки дар нооромиҳои Сурия иштирок доранд, саводи дурусти мактабӣ надошта, афродеанд, ки аз тарбия комилан дур мондаанд!» Воқеан, яке аз сабабҳои паст будани маърифати исломии минтақа, хусусан, ҷомеаи мо ҷанги шаҳрвандӣ буд. Он замон иддае аз ислом бехабар ба даст

Ҳукумати Эрдуғон дар таъсиси ДИИШ нақш дорад «Давлати исломӣ»-е, ки кишварҳои Ховари Миёна аз он эҳсоси хатар мекунанд ва барояшон дарди сар шудааст, бо кӯмаку дастгирии худи ин кишварҳо фаъолияташро пеш мебарад. Қаблан гуфта мешуд, ки ин «давлат»-ро Хадамоти истихборотии се кишвар рӯи кор овардааст. Инчунин, аз кӯмаки низомии Эрон, ёрии техникии Туркия, нафти Ироқи Ҷанубӣ бархурдор аст. Зимнан, чанде пеш расонаҳои туркӣ хабареро дарҷ карданд, ки тибқи он Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия (TIKA. Он дар Тоҷикистон низ фаъолият мекунад), ки ба сарвазири ин кишвар тобеъ аст, бо ҳаракатҳои ифротиии ДИИШ ва «Нусра» робитаҳои зич доштааст. Моҳи гузашта сохторҳои амниятии давлати Косово амалиёти зиддитеррористӣ мегузаронанд, ки дар натиҷа, ҳудуди 30 нафар имомхатиби масҷид боздошт ме-

Низоъ дар Ховари Миёна аввали кор аст? Ҳоло ҳам сохторҳои амният ва ҳам расонаҳои хабарии кишвар ба мушкили Ховари Миёна аҳамияти ҷиддӣ дода истодаанд. Азбаски сафи ҳаракати террористии ДИИШ-ро ҷангиён аз Осиёи Миёна ҳам ташкил медиҳанд, хатари баргашти онҳо ба кишварҳояшон проблемаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Евгений Сатановский, роҳбари Пажӯҳишгоҳи Шарқи Наздики Академияи илмҳои Федератсияи Русия сабаби бо шавқи зиёд пайвастани сокинон, хусусан, ҷавонони кишварҳои Осиёи Миёнаро ба ҳаракатҳои террористӣ норасоии ҷойи кор ва ночиз будани маош дар ин

силоҳ гирифта, гӯё «барои ризои Худо» ҷиҳод мекарданд. Вале дар асл ҷиноят содир менамуданд. Ин боис шуд, ки мардум аз таълимот ва шинохти ислом канор гирифтанро авло донанд. Зеро онҳо хатарро дар ислом медиданд, на дар ашхоси шуури экстремистӣ дошта. Ин раванд ба наслҳои баъдӣ низ бетаъсир намонд. Чанд сол пеш Вазорати маорифи ҷумҳурӣ талоши ислоҳот дар ин равандро ба миён гузошт. Дар барномаи таълимии мактабҳои миёна дарси маърифати исломӣ ворид гардид, аммо дер давом накард, балки аз методикаи таълим бардошта шуд. Таҷрибаи мазкур нишон дод, бо гузашти беш аз бист сол то ҳол сарфаҳм нарафтаем, ки чӣ тавр шакли дурусти маърифати исломиро дар доираи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ба муҳассилин омӯзем. Ҳамчунин, ин таҷриба нишон дод, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ ҳоло ба ин таълимоти аҷдодӣ ниёзи ҷиддӣ ҳам дорад. Ҳалли масъалаи мазкур ҳатман ширкати ҳам фақеҳон, ҳам равоншиносон ва ҳам педагогҳои таҷрибадорро талаб мекунад. Агар ин ниёз аз ҷониби сохторҳои таълимии давлат дуруст истиқбол нагардад, шаҳрвандон онро дар ҷои дигар меҷӯянд, ки бешубҳа, чунин ҳолат дари ҳарактҳои террористиро ба рӯяшон боз мекунад. Бинобар тадқиқоти анҷомшуда, ҳоло дар сафи ҳаракати худкомаи террористии ДИИШ қариб 2000 нафар шаҳрванди Русия, 250 нафар қазоқистонӣ, 100 нафар қирғизистонӣ, 200 нафар тоҷикистонӣ, 500 нафар ӯзбекистонӣ ва тақрибан 360 нафар туркманистонӣ силоҳ ба даст гирифта, меҷанганд ва гуфта мешавад, теъдоди умумии онҳо аз 3000 то 4000 нафарро ташкил медиҳад. Моҳҳои гузашта ҳаракатҳои тозабунёди «Хуросон» ва «Қоидат-ул-ҷиҳод» низ аз ДИИШ илҳом гирифта, аз худ дарак доданд. Бахусус, мақом ва номи ҳаракати террористии «Хуросон» барои минтақаи Осиё ҷолиби диққат аст. Яъне, дастандаркорон менталитет ва таърихро ба инобат гирифта, гурӯҳҳои ҷангиро номгузорӣ мекунанд. Аз ҷониби ҳаракатҳои террористӣ истифода бурдани ном ва нишонаҳои хос ба дини мубини ислом ва сокинони Осиёи Миёна беҳуда нест. Салафиҳои ДИИШ барои нишонаи ливои хеш муҳри мубораки Ҳазрати Муҳаммадро (с) интихоб кардаанд, ки минбаъд номи пайғамбар дар зеҳни оламиён бо зиштиву террор дар як радиф ҷой шавад. Номҳои хосе чун «Хуросон», «Аморати Бухоро», «Давлати исломӣ», «Ансоруллоҳ», «Ҳизбуллоҳ» ва ғайра, ки террористон барои рӯпӯш кардани амалҳои террористӣ-экстремистӣ истифода мебаранд, аз рӯи сохти этимологии худ ҳеҷ маънои манфие надоранд. Аммо ҳар исме бо амали зишт ифода меёбад, ҳарчанд зебо ҳам бошад, дар тасаввури шахс зишт боқӣ хоҳад монд.

М. САИД, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳафтаи равон хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки парвандаи пурсарусадои “Амалиёти ришваситонӣ”-и даврони сарвазирии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия қатъ шудааст. (Ин парванда барои он ба ҷомеаи мо ҳам аҳамиятдор аст, ки як ҳалқаи он - тоҷири эронӣ Бобак Занҷонӣ чанде дар кишвари мо қарор дошт. Ӯ, ки ба тасфияи пулҳои сиёҳи Эрон айбдор мешавад, Бонки миллии Тоҷикистонро ҳам туҳмат карда буд). Дар бораи амалиёти мазкур дар чанд шумораи нашрия иттилоъ дода будем...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

7

НАБЗИ ҶАҲОН


ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Эҳёи Фестивали ҷавонон 16-17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Душанбе – пойтахти сулҳ ва ризоият” Фестивали ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар он намояндагони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои ҷавонони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд. Фестивал субҳи 16 октябр аз истиқболи расмии иштирокдорон оғоз гардид. Онҳоро фаъолҷавонони шаҳри Душанбе аз чаҳор канори пойтахт истиқбол намуданд. Баъдан вакилон дар ҷаласаи васеи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок карданд. Бегоҳи рӯз иштирокдорон барои оғози расмии Фестивали дӯстии ҷавонон роҳ ҷониби Боғи Ғалаба гирифтанд. Фаъолҷавонону наврасони пойтахт дар даст парчам ва карнайнавозону доирабадастон бо либосҳои карнавалӣ пешопеши меҳмонон ба самти гулхани абадӣ равона шуданд. Таҳти мусиқии тантанавӣ нахуст намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан вилоятҳои Хатлону Суғд назди гулхани абадӣ бо арзи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба рӯҳи гузаштагони шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва чун рамзи истиқболи 70-солагии Рӯзи Ғалаба бо навбат гулчанбар гузоштанд. Инчунин, муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидон дар назди гулхани абадӣ гул гузоштанд. Баъдан, иштирокчиёни фестивал Суруди миллиии кишварро бо иштироки оркестри нафасӣ, қироат намуданд. Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе аз номи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми вакилони фестивалро бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе табрик намуда, аз дастовард ва бунёдкориҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар гардид. Руқия Қурбонова таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ пойтахти кишвар ба яке аз шаҳрҳои зебою пешрафта табдил ёфта, симои худро ба куллӣ тағйир додааст. Ҳамаи ин дастоварду пешравӣ ва ба шаҳри сулҳ табдил ёфтани Душанберо Руқия Қурбонова аз меваҳои истиқлолият ном бурд. Мавсуф аз дастгирию ғамхории Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар

гардида, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз шароити мусоид фаровон истифода баранд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода низ иштирокдоронро хушомадед гуфта, аз арҷгузории ҷавонон нисбат ба гузаштагон ва гиромидошти хотираи шаҳидон ситоиш кард ва онро яке аз хислатҳои азалии тоҷикон ном бурд. Инчунин, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша қаҳрамонии қаҳрамонони миллатро дар ёдҳо нигоҳ доранд. Ӯ ҷавононро қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа номида, таъкид дошт, ки онҳо метавонанд дар пешрафти кишвар саҳми бориз дошта бошанд. Ба таъкиди Аҳтам Абдуллозода ҷавонон метавонанд дар ҳама ҳолат аз Ватан дифоъ намоянд ва аз муттаҳидии ҷавонон касе наметавонад ваҳдати миллии тоҷиконро халалдор созад. Номбурда аз бунёдкориву ободкориҳои солҳои охир дар ҷумҳурӣ, хусусан, пойтахт ёдовар гардида, онро самараи истиқлолият ва ҳамдиливу ваҳдати миллӣ ном бурд. Ҳамин тавр, пас аз ифтитоҳи расмии фестивал ҳайати вакилон ва ҷавонони пойтахт барои шиносоии бештар ва корҳои ободонӣ аз мавзеъҳои гуногуни Боғи Ғалаба дидан намуданд. Намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва рушду инкишофи боғи мазкур ба онҳо маълумот дода, ба суолҳои сершуморашон посух гуфтанд. Дар доираи барномаи фестивал дар боғ гулханафрӯхта шуд. Дар рӯзи аввали фестивал иштирокдорон, ҳамчунин, аз мавзеъҳои таърихии пойтахт ва маконҳои тамошобоб дидан карданд. Шоми он рӯз иштирокчиён дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” гирди ҳам омаданд. Рӯзи дуюми аз тамошои Осорхонаи миллӣ шурӯъ гардид. Осорхонаи миллии кишвар, ки бо тарҳу шакли замонавӣ ва муосир сохта шудааст, дар худ таърихи бою

ғании миллати тоҷикро гирд овардааст. Дар ин макон роҳбаладон роҷеъ ба мавқеи ҷуғрофӣ, иқлим, табиат ва сангҳои қиматбаҳои кишвар маълумот доданд. Пас аз тамошои осорхона вакилон дар Боғи Парчам акси хотиравӣ гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин мавзеи зебои пойтахт миёни ҳам табодули андеша карда, аз таҷрибаи якдигар бохабар гардиданд. Баргузории фестивалро иштирокдорон намунаи олии ба ҳам омадани ҷавонон арзёбӣ карда,

СУРАТГИР Т. ФОЗИЛОВ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

8

изҳор намуданд, ки он дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Аббосиддин Саймуддинов, ки яке аз масъулони баргузории фестивал ба шумор мерафт, чунин гуфт: “Ман ҳамчун масъули фестивал ҳаминро бардошт кардам, ки ҷавонон ҳарчи бештар мехоҳанд, чунин фестивалу вохуриҳо баргузор шаванд. Ҳанӯз аз соли 2012, яъне, охирон фестивали анъанавие, ки шуруъ аз даврони

соҳибистиклолии кишвар баргузор мешуд ва як муддати муайян доир нагардид, мо ин икдомро пеша намуда, барои анъанавӣ гардиданаш дубора эҳё намудем». Дар Фестивали дӯстии ҷавонон, инчунин, 20 нафар намояндаи ҷавони давлатҳои гуногуни хориҷӣ, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, иштирок намуданд. Шоҳзод Раҳимов, мудири Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иброз дошт, ки чунин фестивалҳо дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши калон мебозанд. “Фестивали имсола нисбат ба фестивалҳои қаблӣ як қатор бартариҳо дошт. Масалан, таҷрибаи нав дар ин фестивал дида мешуд. Ҳар як мавзеъ ва гӯшае, ки мо тамошо кардем ва дар он ҷо баҳс намудем, барои мо нав буд. Инчунин, таҷрибаи нав дар фестивали имсола нарм намудани бехи дарахтони Боғи Ғалаба ва вохӯрию мулоқоти муовини раиси шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо вакилон буд”, - иброз дошт Ш. Раҳимов. Ҷавонони вилояти Суғд низ аз фестивали имсола як ҷаҳон таасурот бардоштанд. Ба андешаи намояндагони ин минтақаи кишвар фестивал дар сатҳи хуби ташкилӣ ба роҳ монда шуда, дар он кулли иштирокдорон фаъолона ва якди-


9

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

лона байни ҳам табодули андеша ва таҷриба карданд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев гуфт: “Ҷиҳати хуби фестивал дар он буд, ки оғозаш дар Боғи Ғалаба баргузор гардид. Нахуст аз ин боғ дидан кардан ва пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон бетаъсир намемонад. Вақти суханронӣ расиси Кумита Аҳтам Абдуллозода қайд кард, ки инҷо шахсоне хобидаанд,

ки барои ояндаи хуби мо ҷон фидо кардаанд. Ин барои ҷавонон тарбия аст. Ҷавонон дарк мекунанд, ки қаҳрамонҳо доим қадрдонӣ мегарданд”. З. Мирдадоев афзуд, омодаанд чунин як фестивалро дар вилояти Суғд доир намоянд. “Ба фикри ман дар вилояти Бадахшон чунин фестивалҳоро бештар доир кардан лозим. Бигзор ҷавонон ҷойҳои таърихиро бинанд ва аз таърихи бойи миллат ва рушду инкишофи минтақаҳо шинос шаванд. Ин ба-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

баъд аз ду сол рои муттаҳидии бештари ҷавонон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ муҳим аст. Фестивалҳо бигзор ҷиҳати омӯзишӣ низ дошта бошанд”. Хулоса, ҷавонон аз ин чорабинӣ, ки пас аз ду сол дубора эҳё гардид, хеле хуш истиқбол карданд. Зеро доир гардидани чунин фестивалҳо ба ҷоҳонбинии онҳо таъсир расонда, дар фаъолияти кориашон низ нақш мебозад.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Маром ободии Ватан аст Сипас, аризаи Маликшо Неъматовро дар хусуси озод намудан аз вазифаи раиси ИҶТ баррасӣ намуда, мутобиқи масъалаи якум раиси нави ИҶТ-ро интихоб карданд. Ба ин маснади пурмасъулият дар натиҷаи райъдиҳии вакилон Аҳтам Абдуллозода интихоб шуд. Кабирҷон Ҷӯраев низ расман хоҳиш намуд, ки ӯро аз вазифаи муовини аввали раиси ИҶТ озод намоянд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Мавсума Муинӣ муовини аввали раиси ИҶТ ва Қиёмиддин Миралиев муовини раиси ИҶТ интихоб шуданд. Аҳтам Абдуллозода ба вакилон барои боварӣ карданашон арзи сипос намуда, гуфт, ки дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷавонон ва ободонии кишвар ҳама бояд яз як гиребон сар бароранд. - Зимни фаъолият бояд аз рӯи принсипи гӯш кардани фикру ақидаи ҳамдигар амал намоем, - гуфт А. Абдуллозода. - Тавре кор кунем, ки дар назди виҷдони худ пок бошем. А. Абдуллозода хизматҳои арзандаи М. Неъматов ва К. Ҷӯраевро дар пешбурди фаъолияти ИҶТ таъкид карда, барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос намуд. Раиси ИҶТ ба вакилон дастур дод, ки дарди дили ҷавононро гӯш кунанд, мушкилоташонро сари вақт муайян намуда, барои ислоҳашон чора биҷӯянд. - Мо бе таҷрибаи собиқадорон фаъолияти худро вусъат дода наметавонем, - афзуд А. Абдуллозода. – Бояд бо собиқадорон робитаи доимӣ дошта, барои пешрафти кор аз маслиҳатҳои муфидашон баҳравар шавем. Раиси ИҶТ таъкид намуд, ки дар синфҳои солои макотиби таҳсилоти умумӣ, литсейҳои касбию коллеҷ, мактабҳои олӣ, корхонаю муассиса ва вазоратҳо ташкилотҳои ибтидоии ИҶТ-ро таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шавад. Ҷавонон нерӯи пуқуввату пешбарандаи ҷамеа буда, дар пешрафти кишвар саҳми бузург мебозанд. - Мо - ҷавонон бояд тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба он равона созем, ки сиёсати имрӯзаи созандаи давлатамон пояндаву мустаҳкам бимонад, - илова намуд А. Абдуллозода.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

АББОС САЙМИДДИНОВ

ЗАРИФ МИРДАДОЕВ

АҲРОР САНГОВ

Зимни Анҷумани XI Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки 16 октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги ҷавонон “Ориёно” баргузор шуд, вакилон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Вазорати адлия ва расонаҳои хабарии мамлакат ширкат варзиданд. Дар оғоз иштирокдорон ваколати вакилони дар конфронсҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ интихобшуда ва рӯзномаи анҷуманро тасдиқ намуданд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

10

БА ИСТИҚБОЛИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсия ҳуҷҷатест ниҳоят муҳим дар пешбурди низоми ҷомеа. Он ҳосили ниёзмандии аҳли ин ё он ҷомеа ба шумор рафта, зарурати ҳаётист. Умуман, Конститутсия яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, бе он мавҷудияти давлатеро тасаввур намудан нашояд. Ногуфта намонад, ки яке аз омилҳои пешоҳангию тараққиёти давлатҳои пешрафта низ комилу суфта, ҷавобгӯи талаботи муосир будани сарқонунҳои онҳо ва риояву эҳтироми қонунҳои асосии кишварашон мебошад. Дар муқобили ин, дар давлатҳое, ки дар онҳо қонуният риоя намегардад, хараҷу мараҷ, ноамниву бесуботӣ ҳукмрон аст, ки дар ниҳоят бар заволи он давлатҳо бурда мерасонад. Конститутсияро метавон ба бисёр арзишҳои муқаддаси ҳаётӣ нисбат дод. Аз нигоҳи моддӣ онро тарозуи адолат меноманд. Ба маҷоз онро метавон ба чароғи роҳанамое нисбат дод, ки пеши роҳи инсонҳоро равшан менамояд. Намегузорад, ки онҳо пешпо хӯранду ба вартае сарозер шаванд. Яъне, садде миёни хушбахтӣ ва бадбахтии одамон аст. Ба ин маънӣ оне сарфаҳм меравад, ки бо мазмуну мундариҷаи Сарқонуни кишвар хуб ошност ва санадҳои ҳуқуқиро фақат барои шахсон ва идораҳои бо қонунҳо сарукордошта зарур намеҳисобад. Инсон бе донистани ҳуқуқҳои конститутсионӣ наметавонад, аз худ ҳимоят намояд. Барои донистани ҳуқуқҳо бошад, эҳтиромона вақт ҷудо намуда, бо қонунҳои мавҷудаи киш-

Чароғи раҳнамо вар шинос бояд шуд. Мутаассифона, бо тақозои касбу кор ва мушоҳидаҳои ҳаррӯза ба хулосае омадан мумкин аст, сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони мо ниҳоят паст аст ва на танҳо аз мардуми оддӣ. Надонистани қонунҳо касро ба кӯчаи сарбаста мебарад. Дар натиҷа, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки шахсони алоҳида сарҳади қонунҳоро надониста убур месозанд, ба қонунвайронкунию қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Ё ба доми фиреби қаллобон афтода, зиёни моддию маънавӣ мебинанд ва баъди кор аз кор гузаштан ба мақомоти судӣ муроҷиат менамоянд, ки барои ҳақро ба ҳақдор расондан фурсати зиёде лозим меояд. Фаҳмиши нодурусти аксарияти мардум нисбат ба омӯхтани қонунҳо дар он аст, ки онҳо мавҷудияти қонунҳоро як ҳодисаи муқаррарии расмӣ мепиндоранд. Дар асл, чунин нест, зеро барои таҳия ва мукаммалсозии ҳар як нуктаву банди қонунҳо солҳо лозим мешавад, ки ба ҳаёт мутобиқ гардонда шаванд ва дар онҳо мухолифатҳо, духӯрагиҳо вуҷуд надошта бошанд. Дар таҳия, даровардани тағйиру иловаҳои зарурӣ дилхоҳ шахсе, ки донишу маърифати ҳуқуқуиаш баланд аст, иштирок карда метавонад, чунки Конститутсия ҳам маҷмӯи эҷоди тафаккури аҳли ҷомеа мебошад. Муаллифи он ҳаргиз як шахс буда наметавонад. Дар он марому мақсади ҷомеа сабт ёфтааст. Ҷанбаи дигари мукаммалӣ ва мардумии Сарқонун низ дар он аст, ки ин санад бо дар назар гирифтани таклифу дархости мардум ва пешниҳодҳои бевоситаи мутахассисону донишмандон таҳия гардида,

ТАҲСИЛОТ

Ҳафтаи калонсолон дар ҷумҳурӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

20 октябр дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои Ҳафтаи калонсолон оғоз шуд, ки то 24 октябр идома мекунад. Саҳоба Раҳимова, роҳбари Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ассотсиатсия барои фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ ҷиҳати такмили сатҳи маълумоти фарҳангӣ, шаҳрвандӣ, касбӣ тавассути шаклу усулҳои таҳсилот дар доираи омӯзиши расмӣ, ғайрирасмӣ ва мустақил (озод, информалӣ) бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва афзоиши минбаъдаи даромади хонаводаҳо, ба раванди таҳсилот ҷалб намудани калонсолон новобаста аз синну сол бо назардошти завқу рағбати онҳо, инчунин, рушди институтсионалии созмонҳои ассотсиатсия фаъолият мекунад. - Мақсад аз гузарондани Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар ҷумҳурӣ паҳн намудани идеяҳои таҳсилот дар тӯли ҳама умр ва ҷалби тарафдорон, инчунин, шарикони нав барои рушди системаи дастрас ва самараноки таҳсилоти калонсолон мебошад, - иброз дошт С. Раҳимова. Ҳамзамон, дар ин рӯз ярмакаи таълимӣ ва рӯнамоии маҷаллаи (солномаи) “Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон” доир шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

бо роҳи райъпурсии умумиҳалқӣ қабул мегардад. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳост, ки чун яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф гардида, сиёсати давлат ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст. Хусусан, дар замони мо, ки зарурати рӯ овардан ба қонунҳо дар ҳоли афзоиш аст, омӯхтану донистани қонунҳо, ҳеҷ набошад, тасаввуроти муайяне доштан дар бораи онҳо барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ мебошад, чунки қариб рӯзе нест, ки ҳар кадоме аз мо бо ин ё он масъала ба қонунҳо эҳтиёҷ пайдо накунем. Ҳаёти рӯзмарраи мо низ тавассути меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки аз он маншаъ мегиранд, ба маҷрои солим ворид мегардад. Чуноне ки боби дуюми Конститутсия пурра ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандон бахшида шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми нозукию паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти мо ифода ёфта, ба ҳар пурсиши мо ҷавобҳо омодаанд. Мо, кормандони идораҳои нотариалӣ, ки асосан ба меъёрҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз сару кор дорем, вазифадорем ба мардум фаҳмонем, ки дар баробари дар паноҳи қонунҳо будану аз онҳо манфиат дидан, бояд уҳдадориҳои худро дар назди Қонуни асосии кишвар иҷро намоянд. Уҳдадории шаҳрвандон, пеш аз ҳама, эҳтиром гузоштан ба қонунҳо, риоя ва иҷрои ҳатмии онҳо, аз ҷумла, дониста-

Ибодулло МАҲМАДУЛЛОЕВ, нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Фархор

нашон мебошад. Бинобар ин, ҳамчун як мутахассис пешниҳод дорам, ки омӯзиши қонунҳо ибтидо дар мактабҳо бояд дуруст ба роҳ монда шавад. Дар байни аҳолӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки ҳуқуқдонҳо бояд ба таври ҷиддӣ роҳандозӣ гардад. Ин тадбирҳо ба он оварда мерасонанд, ки дар байни аҳли ҷомеа нофаҳмиҳо, қонунвайрокуниҳо, баҳсу ҷанҷол, вайроншавии оилаҳо, умуман, ҷинояту ҷинояткорӣ рӯ ба пастшавӣ хоҳад овард, ки низ як рукни солимии миллат хоҳад буд. Донистан, риоя ва эҳтироми қонунҳо маънои аз лиҳози руҳӣ ва ахлоқӣ солим будани ҳар як шахсро нишон медиҳад.

КИТОБИ НАВ

Баррасии “Чордодарон” дар Китобхонаи миллӣ

Чанде пеш ба ифтихори бистумин солгарди Сарқонуни мамлакат ва навадсолагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе матбааи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Балоғат” китоби нави узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Гулчеҳра Муҳаммадиеваро таҳти унвони “Чордодарон” бо теъдоди ҳазор нусха пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ намуд. Он аз қисми аввали романи “Чордодарон” ва ҳикояҳои ба тозагӣ иншонамудаи муаллиф: “Лолаи сиёҳ”, “Ду ҷисми ҳамрӯҳ ду рӯҳи ҳамроҳ”, “Гавҳора, нон, китоб...”, “Баҳори дил” ва “Фирор аз худ” мураттаб гардидааст. Дар робита ба ин, 17 октябри соли равон бо ҳузури доираи васеи олимону адибон ва дӯсторону ҳаводорони каломи бадеъ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ, бо ибтикори Иттифоқи нависандагони кишвар маҳфили хотирмон сурат гирифт. Дар оғоз, садри маҳфил, адиби машҳур Саттор Турсун дар бораи моҳият ва мазмуну мундариҷаи китоби мазкур мухтасар маълумот дод. Сипас, рӯзгори кунунии мардуми тоҷик мебошад. Дӯстдорони адабиёт қабл аз ин бо устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аънигоштаҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева таламхон Кӯчаров, шоира Гулрухсор, нависанвассути асарҳояш - «Як шаб» (соли 2007), дагон Кароматулло Мирзоев, Нур Табаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси «Қасоси зан»(2008), «Бонувони ФарОлии ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева, Акрамшо хор»(2011) ва «Бӯи модар»(2011) ошноӣ Шокиров ва дигарон дар бораи банду басти доштанд. Ногуфта намонад, ки “Чордодарон” бо асар, норасоию комёбиҳояш сухан карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки “Чордодарон” дастгирии Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи ҳаёти муосирони моро, ки дар ҳама шебу Фархор рӯи чоп омада, муаллиф онро ба фарози зиндагӣ садоқатро нисбат ба якди- фарзандони азизаш Манучеҳр, Фарида, Фагар фаромӯш намекунанд, фаро мегирад. зила, Фотима ва Ҳусейнҷон бахшидааст. Қаҳрамонҳои асар ва воқеаҳои он бофтаи А. САМАНДАР, “ҶТ” хаёли муаллиф набуда, инъикоси бевоситаи


- Шодӣ Асомуродович, дар оғоз мегуфтед, ки омодагиҳо ба ин чорабинии сатҳи баланд чӣ гуна сурат гирифт? - Бо мақсади он ки ин чорабинии воқеан ҳам сиёсию таърихӣ, фарҳангию варзишӣ дар сатҳу сифати баланд баргузор шавад, дар донишкада Кумитаи тадорукот таъсис ёфт. Кумитаи тадорукот ҳама имкониятҳоро истифода бурд, то меҳмонон сари вақт дар ин чорабинӣ ширкат намоянд. Дар ин конфронс намояндагони зиёда аз 20 кишвар ширкат хоҳанд варзид. Ҳанӯз як сол пеш мутобиқи тавсияи иштирокчиёни Конфронси III байналмилалӣ, ки дар шаҳри Рига доир гардид, қарор шуд, ки чорабинии навбатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Аз ин рӯ, мо ба ин чорабинӣ муддати як сол ҳамаҷиҳата омодагӣ дидем. Ҳукумати ҷумҳурӣ зери васояти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот таъсис дод. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки баҳри дар сатҳи олӣ баргузор шудани ин чорабинӣ мусоидат намоянд. Мо аз тамоми ин ниҳодҳо изҳори сипос мекунем, ки сари вақт кӯмак расонданд. Чорабинӣ ба 20-солагии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. - Барномаи конфронс чӣ гуна хоҳад буд? - Рӯзи ифтитоҳи конфронс машғулиятҳои пленарӣ баргузор мешавд. Пас аз баргузории маросими ифтитоҳ иштирокчиёни конфронс ба гурӯҳҳои илмӣ раддабандӣ шуда, маърӯзаҳои олимони ҷавонро гӯш мекунанд. Воқеан, ба конфронс зиёда аз 50 нафар олимону муҳаққиқони собиқадор, коршиносони маъруф ва ҷавонони лаёқатманду умедбахши соҳаи варзиш ташриф меоранд. Ба ҳар як гурӯҳ олимони варзида роҳбарӣ мекунанд. Зимни музокираи олимони ҷавон баҳсҳои илмӣ сурат гирифта, хулосабарорӣ мешавад. Дар

охир беҳтарин маърӯзаҳои илмӣ муайян хоҳанд шуд. Маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ироа шуда, тарҷумаи синхронӣ таъмин мегардад. Ин имконият медиҳад, ки олимони соҳаи варзиши кишварҳои гуногун бо ҳам озодона табодули афкор намуда, аз таҷрибаҳои беҳтарини ҳамдигар истифода намоянд. - Ба конфронс аз кадом кишварҳо меҳмонон меоянд? - Тавре дар боло гуфтем, ба ин чорабинӣ намояндагони зиёда аз 20 кишвар, ба монанди Федератсияи Русия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ,

равад. Меҳмонон дар ин ҷо бо таъриху фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошно мешаванд. Ҳамчунин, дар толори калони Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ консерти намояндагони ҳар кишвар аз ҳисоби донишҷӯён баргузор хоҳад шуд. Ин конфронс ба як фестивали фарҳангӣ-дӯстӣ табдил ёфта, намояндагони кишварҳои гуногунро ба ҳам наздик месозад. Ҳар чорабинии байналмилалие, ки дар кишварамон доир мегардад, боиси баланд шудани обрӯю эътибори мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ мешавад. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар эълон

Қазоқистон, Чин ва ғайра ташриф меоранд. Намояндагони макотиби олии варзишии ин кишварҳо, аз қабили Академияи тарбияи ҷисмонии Москва, Академияи туризму варзиши Қазон, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Сибири шаҳри Омск, Академияи варзиш ва туризми Қазоқистон, Донишкадаҳои тарбияи ҷисмонии Ӯзбекистон, Туркманистон ва ғайра дар баробари ошноӣ бо маърӯзаҳои илмии олимону донишҷӯён, инчунин, бо сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат, дастовардҳои ҷолиби мактабу маориф, соҳаи варзиш, раванди таълиму тарбия аз наздик

кардаанд. Мо захираҳои бузурги туристӣ дорем, аммо аксар ҷаҳониён аз ин бехабаранд. Вақте меҳмонон бо теъдоди зиёд дар чунин чорабиниҳо ширкат меварзанд, албатта, ҳар кадомашон хотираи хешро дар бораи Тоҷикистон ба ҳамкорону дӯстонашон хоҳанд гуфт. Мардуми мо аз қадим меҳмоннавоз буданд ва сайёҳро эҳтиром мекарданд. Чунончӣ, Шайх Саъдӣ фармудааст:

ошно мегарданд. - Оё дар доираи баргузории конфронс чорабиниҳои фарҳангӣ низ пешбинӣ шудааст? - Бале. Дар барномаи конфронс ташрифи меҳмонон ба Китобхонаи миллӣ дар назар дошта шудааст. Боиси ифтихор аст, ки ин бинои муҳташам яке аз калонтарин китобхонаҳои Осиёи Марказӣ ба шумор ме-

Яъне, сайёҳ ҷалбкунандаи номи накӯ буда, кишвари мизбонро дар мулки худаш ситоиш мекунад. Туризм қосиди сулҳ аст ва ривоҷу равнақ ёфтани он боиси барқарории сулҳу осоиштагӣ мегардад. - Ҳадафи ниҳоӣ аз баргузории конфронс чист? - Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мусоидат кардан ба корҳои илмӣ-тадқиқотии

Ҳадафи конфронс саломатӣ ва шукуфоии миллат аст

Ғарибошно бошу меҳмондӯст, Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.

донишҷӯёну олимони ҷавон, имкон додан ба муҳаққиқони ҷавон барои муаррифии корҳои тадқиқотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Маҳз ба воситаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миллат солим мегардад. Машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ҷисму рӯҳи инсонро солим нигоҳ медорад. Олимони соҳа ҷанбаҳои мусбати варзишро аз нигоҳи илмӣ пешкаши омма мегардонанд. Алалхусус, оид ба тарғиби варзиш миёни бонувон бештар кор бояд кард. Вақте занон солим бошанд, миллат солим мегардад. Имрӯз ҷавонон 70 дарсади аҳолии кишварро

ташкил медиҳанд. Дар доираи баргузории конфронс олимони ҷавон бори дигар аз нақши варзиш дар мубориза бар зидди одатҳои бад, аз қабили майпарастӣ, тамокукашӣ, нашъамандӣ ёдовар хоҳанд шуд. Машғул шудан ба варзиш, иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷавононро аз гаравидан ба ҷараёнҳои экстремистӣ эмин нигоҳ медорад.

Мо аллакай маҷмӯаи мақолаҳои илмии донишҷӯёнро дар ҳаҷми 500 саҳифа иборат аз ду ҷилд чоп кардем, ки ба меҳмонони конфронс тақдим хоҳем намуд. Бо тамоми донишгоҳҳои ба конфронс даъватшуда мо ҳамкории доимӣ ва шартномаи дуҷониба дорем. Тибқи шартнома устодони донишкадаву донишгоҳҳо ба макотиби ҳамдигар рафта, аз таҷрибаҳои якдигар огоҳ мешаванд. Метавонанд бо ҳамдигар табодули устодону донишҷӯёнро ба роҳ монанд. Конфронси IV байналмилалии олимони ҷавон ва донишҷӯён ба мавзӯи “Варзиши донишгоҳӣ: Саломатӣ ва шукуфоии миллат” бахшида мешавад. Албатта, ҷараёни баргузории он тавассути шабакаҳои радиою телевизионӣ ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ инъикос хоҳад шуд. Варзишгарон муаррифкунандаи миллат ва кишваранд. Боиси ифтихор аст, ки дастпарварони донишкадаи мо ҳар моҳ аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ҷоиза бармегардад. Ба ифтихори ғолибияти онҳо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танин андохта, Парчами миллии Тоҷикистон баланд мегардад. Аз 15 нафар иштирокчии Бозиҳои олимпии солҳои 20082012, ки дар Пекин ва Лондон баргузор шуда буд, 11 нафарашон дастпарварони донишкадаи мо ҳастанд. Дар хотима ҳаминро таъкид карданиям, ки баргузории конфронс боиси огоҳшавии бештар аз таҷрибаи ҳамдигар гашта, ба хубтар шудани раванди таълиму тарбия ва баланд гаштани маҳорати касбии устодону шогирдон мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

23 то 26 октябри соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Конфронси IV байналмилалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор мегардад. Вобаста ба ин, мо бо ректори донишкадаи мазкур, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров мусоҳиб шудем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

11

ВАРЗИШИ ДОНИШГОҲӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

12

ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

КАДР

«Истиқлол» бори сеюм қаҳрамон шуд Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври 15-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисои 2:0 шикаст дода, пешакӣ барои ба даст овардани унвони Чемпиони ҷӯмҳурӣ мушараф шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт. Ҳисобро дар оғози қисми дуюми вохӯрӣ Ромиш Ҷалилов кушод. Голи дуюмро дар охири бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев зад. Дар бозии дигари давр тими “Парвоз” дар майдони худ дастаи “Вахш”-ро мағлуб кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 61 Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бидуни гол хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои “Хайр” ва “Энергетик” бошад, доир нагашт. Дастаи ҷавонони тими “Энергетик” ба бозӣ бо ҳамсолони ваҳдатиашон нарафтанд. Тибқи низомномаи чемпионат тими “Хайр бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Хайр» (Ваҳдат) «Энергетик» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) КМВА «Помир» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) «Вахш» (Қӯрғонтеппа)

Б 13 15 14 14 13 14 13 14 14 14

Ғ 12 7 7 7 5 6 4 2 2 2

М 1 5 4 2 4 1 4 5 3 1

Б 0 3 3 5 4 7 5 7 9 11

Т/Т 53-7 15-10 17-14 21-15 17-15 19-30 19-18 9-18 13-33 3-27

Х 37 26 25 23 19 19 16 11 9 7

Тоҳир Муъминов боз сармураббии «Хайр» таъин шуд Мутахассиси 44-сола Тоҳир Муъминов ба тими “Хайр”-и Ваҳдат ба ҳайси сармураббӣ баргашт. Ӯ дар ин вазифа мутахассиси Белорус Пётр Качуроро иваз кард. Ба иттилои “fft.tj” Пётр Качуро, ки охири марҳалаи аввал дастаро қабул кард, ба хотири такмили ихтисос баҳри дарёфти иҷозатномаи дарҷаи “Pro” ба Бритониё рафт. Тоҳир Муъминов солҳои 2010-2012 “Хайр”-ро роҳбарӣ мекард.

Тоҳир Муъминов аввали мавсим сармураббии тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа таъин шуда, то охири марҳалаи якум кор кард. Тобистон ба Афғонистон даъват шуда, тими “Симурғ Албурз”-ро ба чемпионати кишвари ҳамсоя омода кард.

ФУТБОЛИ НАВРАСОН

Футболбозони наврас барои Ҷоми Султон Мирзоев талош мекунанд ДЗЮ-ДО

Нокомии дзю-дочиён дар Тошканд

e-mail: javonontj@mail.ru

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи кишвар, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзю-до, ки 16-18 октябри соли равон дар пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, ҷои панҷумро ишғол кард. Дар ин мусобиқа, ки байни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт, 282 варзишгар аз 42 кишвари ҷаҳон барои холҳои олимпӣ мубориза бурданд. Ба ҳайати тими мунтахаби кишвар 10 варзишгар шомил буд. Онҳо дар сабқати мардон дар 6 вазн (ба ҷуз - 60 кг) рақобат карданд, вале аз гирифтани медалҳо бенасиб монданд. Комроншоҳ дар вазни то 90 кило баъди ду ғалаба бар Бутуҳан Эфемгил (Туркия) ва Муҳаммад Дарвеш (Миср) ба нимфинал баромада, аз Кирилл Денисов (Русия) шикаст хӯрд. Комроншоҳ баъдан барои медали биринҷӣ аз Ҳотам Абдулахир (Миср) мағлуб гашт. Дигар паҳлавонҳои кишвар низ ноком гаштанд. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 66 кило дар даври аввал аз Улуғбек Норқобилов (Узбекистон) ва Расул Абдушарифов дар ин вазн аз Анзаур Арданов (Русия), Саидмухтор Расулов дар вазни то 73 кило аз Ҳасан Ванлиуғлу (Туркия), инчунин,

Саидҷамол Алимардонов дар вазни то 81 кило аз Муҳаммад Абдулаъл (Миср) шикаст хӯрданд. Комрон Карликов дар вазни то 81 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Элдар Зарипканов (Қазоқистон), дар даври баъдӣ аз Карлос Луз (Португал) мағлуб шуд. Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кило дар даври аввал аз Эркин Дониёров (Узбекистон) ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни то 100 кило аз Адлан Бисултонов (Русия) ноком шуданд. Дадахон Қурбоналиев, ки дар вазни то 100 кило дар даври аввал бар Соиб Қурбонов (Узбекистон) пирӯз шуд, дар даври дуюм аз Мартин Пасек (Шведсия) мағлуб гашт. Баъдан ӯ барои медали биринҷӣ аз Рамзиддин Сайидов (Узбекистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа, мақоми ҳафтумро касб намуд. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Абдулло Тангриев (Узбекистон) мағлуб гашт.

20 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, шуруъ шуд. Он дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа устодони машҳури футбол - Сергей Алейников, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян ва мураббии маъруф Шариф Назаров ширкат доштанд. Аз номи собиқадорони футбол Сергей Алейников, собиқ нимҳимоятгари тими мунтахаби ИҶШС ва «Динамо»-и Минск, инчунин, «Ювентус»-и Италия, инчунин, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Раҳматшо Камолов ба футболбозони наврас комёбиҳо орзу карданд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки то 24 октябри соли равон идома меёбад, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (Ваҳдат), инчунин, дастаи Қирғизистон (шаҳри Ӯш) иштирок доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври нимниҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 24 октябр баргузор мешавад, барои Ҷом мубориза мебаранд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда барои ҷойи сеюм талош хоҳанд кард.


кордро ҳам тағйир додааст. Дар сабқатҳои бошгоҳии Аврупо Мессӣ 68 гол задааст. Танҳо се футболбоз дар ин самт аз вай пешанд. Филиппо Инзагии итолиёӣ (70 гол), Криштиан Роналдои португалӣ (71) ва Раул аз Испания (77). Инзагӣ,

Мессии рекордшикан аллакай ба ҳайси футболбоз карйераашро поён дода, ҳоло “Милан”-ро тамрин медиҳад. Раул алъон бекор асту кор мекобад ва ҳарифи асосии ӯ Криштиан мебошад. Аммо инҷо бояд ба як нукта таъкид намуд: Мессӣ 68 тӯбро дар ҳайати “Барселона” задааст, мисли он ки Раул дар либоси “Реал” 68 тӯб зада буд. Инзагӣ дар ҳайати “Милан” танҳо 41 тӯбро вориди дарвозаи рақибаш намудааст. Криштиан бошад, давоми панҷ соли фаъолият дар “Реал” 54 гол задааст. Бо ин суръат шояд баъди чанд мавсими дигар ба Мессӣ нарасад. - Лионел Мессӣ ҳама голҳояшро ба бибиаш бахшидааст, зеро ба гуфтаи ӯ, маҳз бибиаш вайро ба курсҳои футбол оварда буд, “аммо ҳоло намебинад, ки ман ба чӣ мартаба расидам”. Д а р шонаи

зарбазанҳои беҳтарини тими миллии Аргентина дар тамоми таърихи он бо 44 гол мақоми дуюмро ишғол мекунад. Аз Мессӣ зиёдтар танҳо Габриэл Батистутӣ гол задааст - 56. Аммо бояд гуфт, ки Батӣ дар 78 дидор 56 гол задааст. Мессӣ бошад, дар 95 бозӣ. - 23 июни соли 2010 дар бозӣ бо Юнон (2:0), Лионел Мессӣ ҷавонтарин капитани тими миллӣ дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон шуд. Ӯ 22 сол ва 363

рамзи пойи чапи футболбозро сохтааст, ки беш аз панҷ миллион доллар нарх дорад.

рос т иӯ акси бибиаш холкубӣ шудааст, дар пойи чапаш дасти кӯдаке, ки пойи падарашро оғӯш кардааст. Ин аксро ба писараш Тяго бахшидааст, ки 2 ноябр дусола мешавад. Аз муваффақиятҳои Месси дар “Барселона” гуфта, набояд аз дастовардҳояш дар тими миллӣ фаромӯш кард. Лионели 27-сола дар феҳрасти

Ному насаб: Лионел Андрес Мессӣ Лақаб: Лео Кишвар: Аргентина Санаи таваллуд: 24 июни соли 1987 Қад:169 сантиметр Мавқеъ: ҳамлагар Шумори голҳо дар Чемпионати Испания: 248 Унвонҳои дастаӣ: 21

Ғалабаи таърихии “Саутгемптон” Бозии даври ҳаштуми Чемпионати Англия миёни “Саутгемптон” ва “Сандерленд” бо ҳисоби 8:0 анҷом ёфт. Гратсиано Пелле (2), Садио Мане, Ҷек Корк, Виктор Ваням ва Душан Тадич муаллифи ин голҳоянд. Ду голи дигарро бозигарони “Сандерленд” Лайам Бридкатт ва Сантяго Вергини ба дарвозаи худ заданд. Ин пирӯзӣ барои “Саутгем-

птон” таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз ин пеш ҳеҷ гоҳ ҳарифони худро бо ин ҳисоб мағлуб накардааст. Барои такрори рекорди “Манчестер Юнайтед” ба клуб танҳо як гол камӣ кард. 4 марти соли 1995 “Манчестер Юнайтед” ба дарвозаи ҳарифаш “Ипсвич

рӯз дошт. - Соли 2007 Мессӣ тақрибан “голи аср”-и ҳамватанаш - Диего Марадона ба дарвозаи тими мунтахаби Англияро дар чемпионати ҷаҳон - 1986 такрор кард. - Намояндаҳои Мессӣ пайваста шартҳои қарордоди ӯ бо “Барселона”-ро баррасӣ мекунанд. Соли 2014 маблағи шартнома дар таърихи клуб ба ҳадди рекордӣ расид: ҳақмузди солонаи ӯ 20 миллион евроро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, даромади Лионел дар панҷ соли охир наздики 400 миллионро ташкил додааст. - Пойи Мессиро нарх кардан имкон надорад, аммо мутахассисони ҷопонӣ чунин як талош кардаанд. Ширкати “Ginza Tanaka” аз тиллои тоза як

Таун” 9 голи беҷавоб зада буд, ки дар таърихи лига беназир аст. Ин пирӯзӣ “Саутгемптон”-ро (16 хол) ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот баровард. Баъди ҳашт давр “Челсӣ” бо 22 хол дар зинаи аввал, “Манчестер Ситӣ” бо 17 хол дар ҷои дуюм аст.

Унвонҳои инфиродӣ: 103 Лионел Мессӣ дар Росарио ба дунё омадааст. Қаҳрамони олимпӣ (2008), Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон (2005) (бозингари беҳтарин ва беҳтарин зарбазан), дорандаи нишони нуқраи Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (2014). Дар ҳайати “Барселона” 6 маротиба Қаҳрамони Испания (2004/2005, 2005/2006, 2008/2009, 2009/2010, 2010/2011, 2012/2013) шудааст. Солҳои 2007, 2009 ва 2010 беҳтарин футболбози Чемпионати Испания эътироф гардид. Солҳои 2005 ва 2007-2011 беҳтарин бозингари соли Аргентина шинохта шуд. Ғолиби секаратаи Лигаи қаҳрамонҳо (2005/2006, 2008/2009, 2010/2011) ва беҳтарин зарбазани Чемпионати Испания дар солҳои 2010, 2012, беҳтарин зарбазани Лигаи чемпионҳо 2008/2009, 2009/2010,

2010/2011, 2011/2012, ҳамчунин, беҳтарин зарбазан дар бозиҳои расмии “Барселона”. Мессӣ соли 2009 ҳамчун беҳтарин бозингари Аврупо ҷоизаи “Тӯби тилоӣ” ва 21 декабри ҳамон сол ҳамчун беҳтарин футболбози ҷаҳон ҷоизаи “Тӯби брилиантӣ”-ро соҳиб шуд. 10 январи соли 2011 Лионел Мессӣ беҳтарин бозингари ҷаҳон эътироф гардид. Мессӣ нахустин футболбозест, ки чор маротиба ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро соҳиб шудааст.

Головкин камарбанди WBA-ро соҳиб шуд Геннадий Головкин аз Қазоқистон бори дувоздаҳум унвони қаҳрамонӣ дар версияи Ассосиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) дар вазни то 72,6 килоро ҳифз карда, камарбанди Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC)-ро ҳам соҳиб шуд. Ӯ дар дидори 12-раунда вай Марко Антонио Рубиои мексикоиро бо усули нокаут дар раунди дуюм шикаст дод. Ин рақобат дар Карсон, штати Калифорнияи ИМА баргузор шуд. Г.Головкин аз соли 2010 камарбанди WBA-ро гирифта, дар ринги касбӣ ягон бохт надорад. Аз 31 дидор дар 28-тои он ҳарифонро бо усули нокаут шикаст додааст.

Марг дар майдон Як бонуи 15-солаи футболбоз аз клуби «Кэдлӣ»-и Англия ҳангоми бозӣ ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса 19 октябр дар шаҳри Эакстон ба вуқӯъ пайвастааст. Номи ин духтар ошкор нашуда, аммо гуфта мешавад, ӯ ҳангоми бозӣ дар қисмати аввали дидор ба замин афтида, вафот кардааст. Иллати марги ӯро мушкили кори дилаш гуфтаанд.

e-mail: javonontj@mail.ru

16 октябри соли 2004 Лионел Мессӣ нахустин маротиба дар ҳайати асосии “Барселона” ба майдон баромад. Давоми даҳ сол ӯ чанд рекордро шикаст ва номаш миёни дӯсторони варзиши №1 ҳамеша вирди забонҳо буд ва расонаҳо ҳамеша дар борааш менависанд. Ҳоло чанд далели хонданӣ аз карйераи ин ахтари тобони футбол пешниҳод мегардад. - Вақте 11 сол дошт, табибон гуфтанд, ки агар табобат нашавад, бо эҳтимоли зиёд кутоҳқад хоҳад монд. Он вақт Мессӣ 140 сантиметр қад дошт. Табобат хеле гарон буд, аммо қарордоди нахустин бо “Барселона” имкон дод, бемориаш муолиҷа шавад. Ҳоло 169 сантиметр қад дорад. - Дар нахустин бозӣ дар ҳайати ҷавонони “Барселона” Мессии 13-сола нишон дод, ки кӣ аст. Чор голи зебо ӯро аз як бозингари оддӣ ба як футболбози хоса табдил дод. Фабио Капелло, ки “Ювентус”-ро тамрин медод, ба ин навраси бомаҳорат “чашм ало кард”, аммо барои ҷалб карданаш муваффақ нашуд. - Лионел Мессиро на танҳо бозии хуб, балки голҳои зебои задааш низ маъруф кардааст. Бар илова, шумораи тӯбҳои ӯ, ки вориди дарвозаи ҳариф шудаанд, чанд ре-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

14

24 ОКТЯБР - ЗОДРӮЗИ МАХСУМ ОЛИМӢ. (1956-1992)

Назаре перомуни як фардбайти Махсум Олимӣ

Домани адабиёт аз гузашта то имрӯз шоирони зиёдеро парваридаву ба камол расонида ва ҳар якеро дар замони худ мақому мартабаи хосе дода, ки алоқадри тавон ба дилу дидаи мардум ва муштоқони каломи бадеъ роҳ ёбанд. Шоир Махсум Олимӣ низ аз зумраи соликони роҳи адабиёт дар охири асри ХХ аст.

«Шоир Махсум Олимӣ дар замони худ маҳбубияти хос дошт ва аз ҳамсафонаш дар ҷодаи шеъру шоирӣ пешгомтар буд, - мегӯяд шоир Парда Ҳабиб. - Шеърҳояш самимиву равон ва содаву бикр буданд. Зуд ба дили хонанда роҳ меёфтанд. Ба мусиқӣ алоқамандии зич дошт ва мутрибон шеърҳояшро бо шавқ замзама мекарданд. Шоир дар ин роҳ гомҳои устувор мегузошт ва шеърро хуб мегуфт. Ҷадали беш дошт, вале афсӯс...» Устод Гулназар ҳам афсӯс мехӯрад, ки Олимӣ аз майдони адабиёт барвақт рафт: «Махсум Олимӣ яке аз шоирони ҷавони боистеъдод буд, ки солҳои 80-ум бо оғози нафаси тоза ба ҷодаи адабиёт по ниҳод, аммо сад афсӯс, ки ин роҳро ба поён набурд». Воқеан ҳам, боиси таассуф аст, ки Махсум Олимӣ дар авҷи камолоти эҷодӣ дар солҳои 90-ум аз ҷониби душманони миллати тоҷик ба қатл расонида шуд, вале ном ва шеъраш то кунун дар дилу дидаи мардум нақш бастааст. Ӯ дастпарвари мактаби адабии шоири шаҳири тоҷик Қутбӣ Киром аст, ки ба китоби нахустини шоир - «Бӯи умед» сарсухан навиштааст. Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман, Роҳи ту ҳамвор не шебу фароз. Розиям худ бинам умри кутаҳе, Лек хоҳам умри ту бошад дароз. Махсум Олимӣ шеъри кам, аммо самимиву дилчасп гуфтааст. Гоҳо як шеъри хуб кифоя аст, то шоир маъруфу лоиқи эҳтиром гардад. Чунончӣ, Махсус Олимиро бо як фардбайти пурсӯзу гудоз навиштааш мешиносанд. Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ,

Тарсам, ки мекушандам, як рӯз чун Ҳилолӣ. Имрӯз ҳам, агар аз Махсум Олимӣ ёд кунанд, ҳатман ин фардбайтро қироат мекунанд. Мо ҳам назари худро атрофи ҳамин ду мисраъ баён медорем. Бояд гуфт, фардбайти «аз кӯчаҳои холӣ..»-и шоирро бо шаклҳои гуногун қироат мекунанд. Аз рӯйи илми матншиносӣ, маълум аст, ки асосан тағйирёбии матнҳо бо ду роҳ сурат мегиранд: аз ҷониби муаллиф ё бо қалами бегонагон - ҳамчун котиб, муҳаррир, мусаҳҳеҳ, муҳаққиқ, хайрхоҳ, бадхоҳ, хонандаи бетараф ва амсоли инҳо. Дар дигаргунии ин фардбайти Махсум Олимӣ саҳми ҳар ду роҳ назаррас мебошад. Аз як тараф инҳо падидаи хубанд, ки дар натиҷаи он шакли комили шеър омода мешавад. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд тавонистем, ки аз коргоҳи эҷодии шоир истифода барем ва фардбайти дар нусхаи асл бударо пешниҳод намоем. Фардбайт 1 октябри соли 1990 бисту се рӯз пеш аз марги муаллиф навишта шудааст, ки мисраи аввали он се гуна дорад ва мисраи дуюм бе тағйир омадааст: 1. Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ, 2. Аз кӯчаҳои холӣ, бо шишаҳои холӣ, 3. Аз кӯчаҳои холӣ, бо кисаҳои холӣ. Он чӣ ки дар коргоҳи эҷодии шоир сабт гардидааст, ҳамин аст ва шоир қарор надодааст, кадом мисраъро истифода барад ва кадомашро инкор кунад. Аз ин рӯ, муайян кардани нусхаи асл номумкин аст ва мо метавонем аз рӯи талаботи санъатҳои бадеӣ ва каломи мавзун яке аз онҳо, аниқтараш, мисраи аввалро, ки ба мақсад мувофиқ аст, истифода барем. Зеро ду гунаи ибораҳои баъдӣ «бо шишаҳои холӣ» ва «бо кисаҳои холӣ» аз рӯи талаботи санъат ва таносуб ба мисраи баъдӣ робита надоранд. Аз ҷиҳати маъно бошад, болотар аз гунаи якум нестанд. Чун фардбайт замоне иншо шудааст, ки дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ мерафт ва мардум ҳама аз қаҳтӣ азият мекашиданд. Аз ин рӯ, «бо шишаҳои холӣ» ва «бо кисаҳои холӣ» гуфтани шоир далолат ба замони ҷанг дорад. Шоир Махсум Олимӣ гӯё пешомадашро дарк карда, гуфтааст: Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ, Тарсам, ки мекушандам, як рӯз чун Ҳилолӣ.

Шаҳриёр ОЛИМӢ, донишҷӯи ДМТ

e-mail: javonontj@mail.ru

«МАМАВИТ» ва «БИОЛИФТ»-ро: - барои калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, - қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. Инчунин, барои табобати як қатор бемориҳо – мастопатия, (бемории ғадудхои сина, сўзиши пистон), касалиҳои пўст истифода бурдан мумкин. Тамоман безарар ва одатнадиҳанда аст, чунки аз ҷамъи гиёҳҳо омода шудааст. Аз ҷавонӣ то ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Натиҷаашро ҳангоми пурра истифода намудан ҳатман хоҳед дид! Тарзи истифода: “Мамавит”-ро дар як рўз ду маротиба бо ҳаракатҳои масҳкунанда молед (модарон баъд аз маконидани кўдак). Давомнокӣ се моҳ. «Биолифт»-ро 2-капсулагӣ ду маротиба дар як рўз, ё 5-донагӣ пилюлӣ 2 маротиба дар як рўз истифода баред. Давомнокӣ - 30 рўз. Нархаш: “Мамавит” аз 38 то 40 сомонӣ, “Биолифт пилюлӣ” №100 то 57 сомонӣ ва “Биолифт капсула” №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас кунед.

СОБИҚАДОРИ ВАРЗИШ Гулподшоро аз овони хурдсолӣ мешиносаму робитаи дӯстию бародарӣ дорем. Зодаи шаҳри Хоруғ, оилаи яке аз мардони номдору соҳибмаърифат, бобои Хайлобек мебошад. Агар гӯем, ки гӯштингирӣ барои Гулподшо мероси авлодӣ аст, ҳеҷ муҳобот нахоҳад шуд. Зеро падараш Хайлобек ва бародарони калониаш Қурбоналию Қурбоншо паҳлавонони номдор буданд. Гулподшо Хайлобеков дастпарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи Носири Хусрав буда, аз соли 1965 дар маҳфили гӯштини мактаби варзишии бачагона мунтазам машқ намуда, дар мусобиқаҳои шаҳрию вилояти ширкат варзида, ғолибият ба даст овардааст. Моҳи марти соли 1967 аввалин маротиба дар спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Сипас, дар ҳайати варзишгарони кишвар дар спартакиадаи умумиииттифоқии мактабиён дар шаҳри Санк-Петербург ширкат варзида, беҳтарин

Паҳлавон Гулподшо натиҷаро ба даст овард. Меҳру муҳаббат ба варзиш вайро соли 1967 ба Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ бурд. Дар ин ҷо низ машқи гӯштинро идома дода, дар мусобиқоти дохили кишвар ва берун аз он иштирок мекард. Ба донишу маҳорати дар коллеҷ гирифтааш қаноат накарда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуд ва онро соли 1970 бомуваффақият хатм кард. Ин ҷо аз рӯи намудҳои гӯштини тарзи озод, миллӣ ва самбо машқ карда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию умумиииттифоқӣ иштирок намуда, сазовори унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Фаъолияти меҳнатии Гулподшо Хайлобеков соли 1974 ба ҳайси мураббии мактаби варзишии шаҳри Хоруғ оғоз шуд. Муддати 17 соли фаъолият дар ин даргоҳ садҳо нафар ҷавони болаёқатро ба олами варзиш раҳнамун сохт. Шогирдону дастпарварони ин боргоҳ - бародарон Саидаҳмад, Гулшед ва Хуррам Абдураҳмоновҳо, Зафар ва Навшод Фирӯзшоевҳо, Ғуломҳайдару Шоназар Шамировҳо, Имомназар Имомназаров, Мамадкарим ва Султонкарим Гавҳаровҳо, Давлатназар Булбулшоев ва дигарон борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Гулподшо Хайлобеков дар давраи бенизомиҳо ва даргириҳои ҷумҳурӣ мавқеи устувори шаҳрвандиро ишғол намуда, дар мустаҳкам кардани раванди сулҳ ва оштии миллӣ, пойдории Ҳукумати қонунӣ ба таври ифтихорӣ барои тинҷиву амонии мардум якҷо бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, табақаҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсиро бо дастгирии Ҳукумати вилоят чандин маротиба гирди мизи муддавар ҷамъ оварда, онҳоро ба якдилӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ҳидоят менамуд. Ба хотири ваҳдату якпорчагии кишвар бо шиори «Варзиш - пайвандгари миллат» моҳи сентябри соли 1997

“ВЕНОРМ» - МАЛҲАМ БАР ЗИДДИ ВАРИКОЗ “ВЕНОРМ” воситаи самаранокест барои истифода ҳангоми бемории варикоз, тромбофлебит. Эҳсоси вазниниро рафъ месозад, хастагии пойҳоро аз байн мебарад ва намуди зоҳирии пӯстро беҳ мегардонад. Ба ҳомиладорон ва ба ҳамаи синну сол (марду зан), ки бисёртар касбашон бо сарбории калон ба пойҳо ё камҳаракатӣ вобаста аст, тавсия дода мешавад. Истифодабарӣ: Дар як рӯз 2 бор ба ҷойҳои бемор молидан лозим. Давомнокӣ - 30 рӯз. Тавсияҳои умумӣ: Даст кашидан аз қабули ваннаҳои ҷӯш. Пӯшидани пойафзоли пошнаҳояш аз 3-4 см. паст. Бастани бинтҳои эластикӣ (танҳо нишаста пойро бинтпеч кунед). Тел: Душанбе - 918-14-58-58, Суғд - 927-49-33-47. Нархи фурӯш – 27 сомонӣ. Маҳсулот дорои сертификат аст. Истеҳсолкунанда Русия. Аз дорухонаҳо дастрас намоед.

гурӯҳи паҳлавонони Бадахшон бо роҳбарии Гулподшо барои ба даст овардани Ҷоизаи ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд. Азбаски он солҳо роҳи Дарвоз-Кӯлоб ба истифода дода нашуда буд, паҳлавонон аз деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз то деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод муддати 15 соат роҳро пиёда тай намуданд. Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки он замон дар қайди ҳаёт буданд, ҳамсабақи худ ва паҳлавонони ҳамроҳашро бо самимият пешвоз гирифт. Таҳсину қарсакзании аҳли варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳангоми дохилшавии паҳлавонони Бадахшон ва эҳтироми онҳо ба варзишгарон рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Ин буд, ки аз рӯйи даҳ вазни мусобиқа дар ҳафт вазн паҳлавонони Бадахшон сазовори ҷойи аввал ва соҳиби шоҳҷоизаи мусобиқа гардиданд. Ин мукофот ҳоло дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят ҷойгир аст. Гулподшо Хайлобеков ҳаёти худро бе варзиш тасаввур карда наметавонад. Дар мусобиқаҳои самбо байни собиқадорон дар шаҳрҳои Тошканд, Турсунзода ва Прага баромад карда, соҳиби медалҳои биринҷӣ ва нуқра гардидааст. Хизматҳои чандинсолаи Устоди варзиш Гулподшо Хайлобеков бо унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистон, ифтихорнома ва мукофоти пулию молӣ қадр гардидааст. Соли 2009 ӯ дар Чемпионати ҷаҳон аз намуди самбо байни устодон дар шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва иштирок намуда, медали нуқра ба даст овард. Чанде пеш Устоди варзиши ИҶШС ва Тоҷикистон Гулподшо Хайлобеков ба синни мубораки 65 расид. Вале ба ин синну сол нигоҳ накарда, ӯ ҳоло низ дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, шарафи Ҷумҳуриро ҳаимоя менамояд.

Куйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”

ВИТИКОЛОР – ГЕЛИ РУПУШКУНАНДА БАРОИ БЕМОРИИ ВИТИЛИГО (САФЕДШАВИИ ПӮСТ)

Шумо ба бемори витилого гирифтореду мехоҳед, ки доғҳои сафеди пӯсти даст ё рӯятон намоён нашаванд? “ВИТИКОЛОР” ба шумо имкон медиҳад, ки ин камбудиро ислоҳ намоед! Он дар таркибаш воситаҳои безарари рангдиҳандаи пигментӣ дошта, ба пӯст ранги якмароми табиӣ медиҳад. Аз таъсири об эмин аст. ТАРЗИ ИСТИФОДА: “ВИТОКОЛОР”-ро танҳо ба қисмҳои сафедшудаи пӯст ба воситаи шоткачаи даруни он буда молед ва дақиқае то хушк шуданаш мунтазир шавед. Онро то ранги дилхоҳ гирифтани пӯст такроран молидан мумкин аст. Ҳаракат кунед, ки баъд аз молидан то давоми 8 соат оббозӣ ё бо об нашӯед (ҷойҳои рӯйпушшударо). Истифодаи “витиколор” 6 рӯз таъсир дошта, баъдан онро такроран ё мӯлати дароз истифода бурдан мумкин аст. Ягон таъсир ва паёмади манфӣ надорад. Истеҳсолкунанда: лабораторияи «КЕРМЭН» (Фаронса). Нархи фурӯш аз 280 то 320 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед ё бо телефони 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) муроҷиат намоед. “www.vitix.ru”, e-mail: sales@vitix.ru


Њаракати резаи бадани бемор

… Неъматов, сарояндаи «Гулшан»

Панд

Падар (лањљ.)

Яке аз корњои дењќон

Олати ќатл

Оварда додан, бурда додан

Рўбучинкунанда

Пойтахти Бошќирдистони ФР

Шањри Жанна Д'Арк дар Фаронса

Мањаллаи дења

Зудї, шитоб

Прити …, актрисаи њиндї

Оњу барои шикорчї

Шарму њаё Нидои њайрат

Зодаи одам, инсон

Филми Д. Худоназар

Навъи андоз

Кисабур Шакли геометрї

…Чаплин, ситораи кинои беовоз

Текст

Равам меравад, истам меистад (чистон)

Худои Юнони Ќадим

Шарм

Парлумони ИМА

Муњаммад (с) Нома, – Расули … хат

Њељ ваќт

Як љазираи Индонезия

Давлат дар Африќо

Њавас, хоњиш

... де Мопассан, нависанда

Яке аз номњои Иблис

… Хон, ситораи кинои њиндї

Љаноби эронї

Орзу …, барандаи «Сафина»

Мехи мурватдор

Пойзании њайвон ё инсон

Бозии русї бо чўбњо

Воситаи оддии убури дарё

Хонум, бегим

Бо он диагонали телевизорро чен мекунанд

Ношунавої

Моддаи кимиёвї

СНГ (тољ.)

Пайвандаки хилофї

Асбобу анљоми сафар

Тамѓаи хокаи либосшўї

Мотосикли Чехия

Ќисми забоншиносї

СароМўњраи яндаи шоњмот эронї Њарфи Н дар кимиё

Сардор

... Шатунов, сарояндаи рус

Асбоби ченкунандаи муќовимати љараёни барќ

... и никоњ, ањднома

Расиш бо ангуштон

Ќисмат, таќдир

Асбоби мусиќї Ба чашм наменамояд

Молу мулк

Санги ќиматбањо

Бузѓолаи толеънома

"... - Новости"

Маѓлуб дар шоњмот

Асоси сигор

Охир, поён

Зер, поин

Рањим ..., таърихшиноси тољик

Домоди Расули Акрам (с)

Шири байталу шутур

Вазорати њуќуќшиносон

Њашароти тифоќу мењнатї

Навъи растании табобатї

Континент

Воњиди иќтидори барќ, Вт

Миллати сокини тањљоии Барселона

Маркази вилоят дар Русия

Наѓма, садо

Моњи сол Беобрў, шарманда

Хояндаи «љомашўй»и бешањои рус

«Чупа…»

Косиби моњир

Нах барои дўзанда

Аз ... то фарш

Меросхўр

Баъд аз "Њафтяк"

Шањри ўйѓурњо дар Хитой

Ќадр, мартаба

Ошўб, исён

Ширеш Дарё дар Чин ва Ќазоќистон

Сарояндаи колумбиягї бо номи мусулмонї

e-mail: javonontj@mail.ru

Њамнишинї

Зудгузар

Њамфикрї

Гиёњи хушбўй барои палов

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №43 (9365), 23 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бемор: - Духтурҷон, шумо аниқ маро аз сил пурра табобат кардед? Духтур: - Бале, аниқ! Бемор: - Ташаккур, ман он қадар хурсандам, ки акнун мехоҳам шуморо бӯса кунам. Духтур: - Не, лозим нест!

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

***

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

НИГОҲИ ДИГАР

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7087 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Меҳмон (Лабханд)

Фараҳнози дувоздаҳсола, духтараки лоғарандом, дар курсии мулоим нишаста, аз рӯи мизи пастак китоби барҷастаи «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро бардошт. Ӯ китобро сари зонуяш гузошта, варақ зад. Баъд, пӯшиду ба ҷояш гузошт. Телевизорро ба кор андохт. Пайи ҳам чанд шабакаро аз назар гузаронд. Чизе маъқулаш нашуд, ки аз нав хомуш кард. Ин лаҳза гурбаи фарбеҳу хоболуд «ми-я-ав» гуфта, вориди хона шуд. Фараҳноз ҷаста, гурбаро қапиду боз ба ҷояш нишаст. Мӯйи дарози вайро сила кард, баъд гурбаро рост шинонд. Бо ӯ бозӣ кардан хост. Ин лаҳза модари Фараҳноз - зани миёнақад, рафидарӯ, мӯйҳои буридааш то шона парешон ва дар пеш пешдомане, ки ҳалқаҳои он аз фарбеҳии камар базӯр ба ҳам мерасиданд, пайдо гашт. Ӯ гурбаро аз дасти Фараҳноз гирифту сарашро нарм сила кард: - Пахмоқмӯяки ман, гурусна мондӣ? Баъд ба ошхона рафт. Дар як косача шир рехт ва гурбаро гузошт. Гурба бо иштиҳо ба хурдан сар кард. Ин лаҳза садои зангула баланд шуд. Модараш гуфт: - Фараҳноз, дарро кушо! Вақти баргаштани Фараҳноз модараш боз садо баланд кард: - Кӣ буд? - Падарам, - ҷавоб дод Фараҳноз. Фараҳноз дар курсӣ нишаста, телевизорро рӯшан кард. Ин лаҳза муноқишаи падару модар боз ба гӯшаш расид: - ...Вай барои шумо амак нашавад, тағо нашавад, аз

чӣ шарм медоштед? Рӯи рост гӯед. Гӯед, ки дигар ба хона наояд, - садо баровард модари Фараҳноз. - Боз даъвои ҳаррӯза... О, вай хешу табор нашавад ҳам, ҳамқишлоқӣ аст. Дар шаҳр кораш афтидааст. Дигар ҷои рафтан надошта бошад, ба хонаи мо омадааст, - садои падар ба гӯшаш расид. - Ман аз ҳамқишлоқиҳои шумо безорам. Имрӯз як нафарро гусел кунам, пагоҳ дигараш меояд. Кош, андаке инсоф медоштанд. Хушку холӣ, ду ангушт дар бинӣ пайдо мешавад. Боз ҳамаашон чашмгурусна. Бо андак- мундак чиз сер намешаванд. Дар пешашон дониста, мавизи пастсифат мегузорам. Як дам нагузашта лаъличаро холӣ мебинӣ. Боз бо думчааш мехӯранд... Табъи Фараҳноз боз хира гардид. Ӯ ба шабакаи дигар кӯчид. Садои марғуладори сароянда ба гӯш расид. «Одам ба одам зинда аст», Мегуфт модар ҳар замон. Ман зинда ҳастам бо шумо, Эй одамон, эй одамон! Фараҳноз барқасд садо-

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР ро баланд кард. Ин лаҳза зангӯла ҷарангос зад. Падараш барои кушодани дар хест. Модари Фараҳноз аз дари нимроғи меҳмонхона аз борхона бо дасти холӣ баромадани шавҳарашро дид. Баъд ӯ оҳиста ба борхона даромаду дари яхдонро кушод. Чашмаш ба пора ва дасти гӯсфанди навкушта афтод. Табассум дар лабонаш дамид. Модари Фараҳноз дар ошхонае, ки меҳмон ҳамроҳи шавҳараш нишаста буданд, пайдо гашт. Ӯ нармакак бо меҳмон пурсупос кард. Баъд ба шавҳараш рӯ овард: - Ин ҷо гарм, беҳтараш ба меҳмонхона гузаред, ман дастархон оростам. Ҳар ду ба меҳмонхона гузаштанд. Хона хеле салқин буд. Модари Фараҳноз дар ҷо ба ҷо кардани рӯи дастархон машғул шуд. Ин лаҳза садо кард: - Фараҳноз, мавиза биёр! Баъди чанде Фараҳноз пайдо шуд ва бо модарш рӯ ба рӯ гашт: - Барои меҳмони азиз биёрам ё барои меҳмони дилбазан? Аз саволи духтараш модар ҳайратзада ба ҷониби шавҳар нигоҳ кард. Шавҳари лоғар ва андаке дароз низ ду дидаро ба тарафи ҳамсараш дӯхта буд. Меҳмон бошад, сархам менишаст.

Дар назди равонпизишк. Бемор: - Духтурҷон, ман як одат дорам, ки ҳамту бидуни ҳеҷ зарурат ба одамон пул медиҳам. Масалан, ҳоло мехоҳам ба шумо ҳам чанд садсомонӣ диҳам. Равонпизишк: - Шукри Худо, ниҳоят як одами боақл пайдо шуд.

*** Марде бо сару рӯи варамидаву сиёҳшуда ба беморхона меравад. Духтур: - Аз чӣ шикоят доред? Мард: - Аз пойҳоям... Занам дарёбам кард...

*** Марде, ки ба сараш як мех даромадааст, назди духтур меравад. Духтур дуру дароз он мехро аз назар гузаронда, мегӯяд: - Бар ивази 700 доллар ин мехро аз саратон берун мекунем. Мард: - Бар ивази 300 доллар чӣ коре метавонед анҷом диҳед? Духтур: - Бо 300 доллар! Онро то охир мекӯбем, ки дигар халал нарасонад.

*** Дар назди табиби чашм. Духтур: - Ман кадом ҳарфро нишон дода истодаам? Бемор: - Шумо дар куҷоед?

*** Мард дар соати сеи шаб бедор шуда, ёрии таъҷилиро даъват мекунад. Навбатдор омада, ӯро аз назар мегузаронад ва мегӯяд: - Ба ҳамаи хешу таборат занг зан, биёянд. Мард: - Вазъам бад аст, духтурҷон? Мемурам? Духтур: - Не, танҳо ман мехоҳам аввалин беақл набошам, ки дар соати сеи шаб номаълум барои чӣ бедорам мекунанд.

*** Бо пушт хоб рафтан барои шушҳо зиён дорад. Бо шикам хоб рафтан барои руда зарарнок аст. Бо тарафи чап хоб рафтан барои дил хатар дорад. Хоб рафтан ба тарафи рост барои гурда зиёновар мебошад. Маҷаллаи “Тандурустӣ” ба шумо хоби хуш таманно дорад.

*** Табибон ду орзу доранд: камбағалон ҳеҷ гоҳ касал ва сарватмандон ҳеҷ гоҳ сиҳат нашаванд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.