Javononi Tojikiston, #44 (9366), 30.10.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

1

№44 (9366),

30 октябри соли 2014

КОНФРОНС

ҲАМКОРӢ

Бонки исломии рушд тарҳи CASA-1000-ро маблағгузорӣ мекунад

Роҳбарияти Бонки исломии рушд бори дигар эълон кард, ки омодааст, дар маблағгузории хатти барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-АфғонистонТуркманистон ширкат кунад. Ин изҳорот зимни мулоқоти Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки исломии рушд (БИР) бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ ироа гардид.

ФАРҲАНГ

Таҷлили 75-солагии Маҳмудҷон Воҳидов ва Рӯзи театр 7 ноябр дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов 75-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Дар ин рӯз нахустнамоиши «Оинаи ду даврон» манзур мешавад, ки ба қалами драманависи шинохта Нур Табаров тааллуқ дорад ва онро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов рӯи саҳна овардааст. Асар аз ҳаёт ва эҷодиёти устод С. Айнӣ, муборизаву талошҳои вай баҳри нумуи фарҳанги навини халқи мо, рушду инкишофи он, мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ нақл мекунад.

ТАСМИМ

Нақши варзиши донишгоҳӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим

Ҷавонони тоҷику қирғиз ҷонибдори дӯстианд Моҳи ноябр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҳамоиши ҷавонони тоҷику қирғиз таҳти унвони “Дурнамои рушд ва ҳамкорӣ. Бодканд-2014” доир мешавад. Мақсад аз он мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстии ҷавонони минтақаҳои сарҳадии ду кишвар - Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОБУНА-2015


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

2

ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

27-28 октябри соли равон дар “Кохи Сомон” бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рушди сармоягузорӣ дар доираи СҲИ карданд. Дар анҷоми ҷаласаи кории якуми анҷуман миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, доир ба

вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, коршиноси аршади Кумитаи сармоягузории Вазо-

Дар кори анҷуман бештар аз 400 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла, 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок ва миёни ҳам табодули афкор намуданд. Анҷуманро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ифтитоҳ намуда, сухани нахустинро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод. Президенти кишвар меҳмонони олимақом ва иштирокдорони анҷуманро хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши номбурда ба таҳким ва рушди минбаъдаи сармоягузорию соҳибкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар қисмати ифтитоҳии

дон Алӣ Аҳмад ал-Картӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал ва мудири иҷроияи ширкати “Қатари Диёр – Тоҷикистон” Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ намуданд. Дар баромади хеш ширкаткунандагон аз баргузории анҷуман истиқбол намуда, миннатдории худро ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои дар сатҳи олӣ доир гардидани он баён намуданд. Дар чорчӯбаи анҷумани мазкур намоиши маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ низ доир гардид, ки созмондиҳандагон мақсад аз баргузории онро шиносоии иштирокчиён бо имконоти сармоягузорӣ дар минтақа арзёбӣ намуданд. Пас аз қисмати ифтитоҳӣ анҷуман кори худро дар чор ҷаласаи кории алоҳида идома бахшид. Дар ҷаласаи кории якум, зери унвони “Рушди долони нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” масъалаҳои роҳу нақлиёт ва обу энергетика мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар ин ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Хай-

масъалаҳои баррасигардида тавсияву пешниҳодҳо ироа гардиданд. Дар ҷаласаи кории дуюми анҷуман бештар ба масъалаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармуягузорӣ ба бахши хусусӣ таваҷҷуҳ карда шуд. Аз ҷумла, дар ин қисмат иштирокдорон вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ,

анҷуман, ҳамчунин, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ, раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Су-

рулло Асозода, намояндаи вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон Марат Баграмов, директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” Шараф Шералиев ва дигар иштирокчиён аз давлатҳои аъзо маърӯза намуданд. Дар баромадҳои хеш доир ба корҳои анҷомдода маълумот дода, ҳамзамон, роҷеъ ба проблемаҳои ҷойдошта ва ҳалли онҳо изҳори андеша

воридоту содироти маҳсулоти баландсифат, таҳкими ҳамкорӣ ва равобити тиҷорати байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ изҳори андеша намуданд. Дар ин ҷаласа, ки “Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи СҲИ” ном гирифт, коршиносони соҳа, соҳибкорон, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ баромад карданд. Аз ҷумла,

рати сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёр Жомартов, роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) “Суғд” Фирдавс Алимов, директори молиявии КВД “Талко” Шералишо Кабиров, намояндаи Корпоратсияи Малайзия оид ба рушди тиҷорати хориҷӣ (MATRADE) Амран Йем, сардори Анҷумани сармоягузории хориҷии Эрон Сайид Ҳусайн Салимӣ ва дигар иштирокчиён дар мавзӯъҳои “МОИ Суғд: имкониятҳои сармоягузорӣ”, “Лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузории КВД “ТАЛКО”, “Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СҲИ”, “Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” маърӯза намуданд. Дар рӯзи дуюми анҷуман иштирокдоронро ҷаласаи сеюми корӣ ба ҳам овард. Он масъалаҳои истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзиро дар кишварҳои аъзо созмон дар бар мегирифт. Дар ин қисмати анҷуман иштирокдорон масъалаҳои истеҳсоли саноати сабук, аз ҷумла, коркарди саноати кишоварзиву хӯроквориро мавриди баҳсу мунозира қарор доданд. Ҷаласаи чорум ва ниҳоии анҷуман зери унвони “Рушди нақши соҳибкории хурд дар соҳаи сайёҳӣ” сурат гирифт. Дар ин ҷаласа нахуст раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода маърӯза намуда, роҷеъ ба иқтидори сайёҳии кишвар маълумот дод. Номбурда таъкид дошт, ки дари Тоҷикистон

ҳамеша барои меҳмонон ва сайёҳон боз аст. Изҳор шуд, ки дар Тоҷикистон шароит барои сайёҳон ва рушди сайёҳӣ муҳайё гардида, заминаҳои ҳуқуқии он мустаҳкам гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои алоҳида дар ин бахш қабул гардидаанд, ки танзимгари муносибатҳои сайёҳӣ мебошанд. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон амнияти бехатарии сайёҳон таъмин шудааст. Аз ин рӯ, фоизи асосии сайёҳонро сайёҳони саргузаштӣ ташкил медиҳанд. Ин намуди сайёҳон барои сайругашт ва тамошои манзараҳои табиии Тоҷикистон меоянд. Аҳтам Абдуллозода илова намуд, ки ҷиҳати дигари ҷалби туристон ба кишвар қабули онҳо дар пойтахти мамлакат мебошад. Зеро имрӯз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебо табдил ёфтааст. Дар чор соли охир симои зоҳирии пойтахт мамлакат ба куллӣ тағйир ёфта, як қатор иншооти наву замонавӣ сохта шудаанд. Аҳтам Абдуллозода аз минтақаҳои зебо ва сайёҳии кишвар - дараи Ромит, Варзоб, Балҷувон, кӯҳҳои Фон, Помир, шаҳрҳои таърихии Панҷакенти қадим, Карон ва Саразм ба иштирокдорон маълумот дод. Қайд шуд, ки ин мавзеъҳо ҳазорсолаҳо таърих доранд ва аз ориёӣ будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин, дар маърӯзаи хеш А. Абдуллозода гуфт, осоишгоҳҳои Хоҷаобигарм, Инкандаркӯл, Баҳористон, Баҳри тоҷик ва Бибифотимаи Заҳро бо чашмаҳои гарми табиӣ дар ҷаҳон эътироф гаридаанд. Таъкид шуд, ки 22% ҳудуди Тоҷикистонро паркҳои миллӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, изҳор шуд, ки дар кишвар туризми саргузаштӣ, фарҳангӣ, табобатӣ ва динӣ ривоҷ ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки Барномаи ҳамкориҳои кишвари СҲИ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иҷлосияи 38уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 28-30 июни соли 2011 қабул гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавии СҲИ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, он ҷиҳати таъмини батадриҷи ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои аъзои СҲИ созгор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба сифати узви ин созмон пазируфта шудааст. Созмони ҳамкориҳои исломӣ айни замон 57 узв дошта, баъд аз Созмони Милали Муттаҳид бузургтарин созмони байналмилалӣ дониста мешавад.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


ИФТИХОР

Александр Ҳайзер шаҳрванди ифтихории Хуҷанд шуд

Ҷавонон ифротгароиро маҳкум мекунанд Чанде пеш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ мулоқоти имомхатиби масҷиди ҷомеи “Бобохӯҷа”-и шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Усмонов ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зарифи Мирдадо бо донишҷӯён баргузор гардид. муҳими истиқлолият озодӣ аст, ки ба қадри он бояд расид. Баъзан ҷавонони мо аз ин озодиҳо сӯистифода намуда, даст ба ҷиноят мезананд, ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, ки хилофи шариат ва аҳкоми дини мубини ислом аст. Парвардигор ба онҳо ақл додааст, то онро дуруст кор фармоянд ва аз нақшаву нияти гурӯҳҳои бадхоҳ дар канор бошанд”, - афзуд М. Усмонов. Зарифи Мирдадо, аз ҷумла, гуфт, ки Роҳбари давлат такя ба ҷавонони бохирад, донишманд, эҷодкор, олим мекунад ва ин имкон медиҳад, ки насли ҷавон дар пайи амалишавии ормонҳои хеш дар чаҳорчӯбаи ин сиёсат азм намоянд. Мутаассифона, тибқи омор беш аз 200 нафар ҷавони гумроҳи мо ба ҷараёну гурӯҳҳои ифротгароӣ пайвастаанд. Дигар масъалаи доғи рӯз худкушӣ мебошад, ки ин амали номатлуб маҳз бо омили бетарафии ҷомеа ва атрофиён сурат мегирад. Пеши роҳи ин амали нангинро бояд гирем. Дар анҷом донишҷӯён дар робита ба проблемаҳои муҳими ҷомеа суолҳо манзур намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»

ҲАМДАРДӢ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ, собиқ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ, собиқ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз марги бемаҳали хабарнигори рӯзномаи «Халқ овозӣ» ҶАМИЛАИ ҶАМОЛ сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Ҳайзер Александр зодаи шаҳри Хуҷанд буда, солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кору фаъолият кардааст. Соли 1996 ба Олмон кӯч баста, бист сол боз ба таҳқиқу баррасии адабиёти форсу тоҷик дар Аврупо, пайвандҳои адабии Шарқу Ғарб тадқиқоти илмӣ мебарад. Китоби мақолоти вай зери унвони «Тоҷи заррин» (“Золотой венец”) соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд ба чоп расидааст. Силсилаи пажӯҳишоти анҷомдодаи Алексанрд Ҳайзер ба вазъи таҳқиқ, тарҷума ва муаррифии осори суханварони муътабари форсу тоҷик, аз ҷумла, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар кишварҳои Аврупо, хоса Олмон ихтисос ёфтаанд, ки ба хидматҳои бузургу беназири ин донишманд ва фарзанди зодаву парвардаи Тоҷикистон ишорат доранд. Танҳо дар мавриди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки имсол 600-солгии ин алломаи бузург ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷикро таҷлил намудем,

силсилаи мақолоте таълиф намуда, дар ташкил ва баргузории ҳамоиши илмии бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хидматгузорӣ намудааст. Маҳз, бо кӯшиш ва талошҳои ӯ соли 2001 Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон таъсис ёфт, ки раёсати онро худи ӯ бар ӯҳда дорад. Муҳимтар аз ҳама, ҳамеша ва дар ҳама ҷо, ки суханронии илмӣ мекунад ё навиштаеро ба чоп мерасонад, худро зодаи Тоҷикистони азиз мешуморад ва бо фарзонагону фарзандони алломаи ин миллати бузург ҳамчун ҳаммеҳанони худ

муносибат намуда, бо онҳо ифтихор менамояд. Алексанрд Ҳайзер, воқеан садоқати бузурге ба адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик дорад ва пайваста дар тарҷумаи осори адибони классикии форсу тоҷик машғул аст, то аз ин роҳ дастовардҳои зодагони сарзамини ба қавли тоҷикон хуни нофаш дар он ҷо рехтаро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва таблиғ намояд. Аллакай силсилаи ашъори Рӯдакӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаронро низ ба забони олмонӣ тарҷума намудааст.

Нуралӣ НУРЗОД, «ҶТ»

ФАРҲАНГ ВА НАВРАСОН

Намоиши филмҳои бадеӣ ба хонандагон Бо ташаббуси Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” бахшида ба 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ 29-30 октябри соли равон намоиши силсилафилмҳои бадеию тарбиявӣ ба хонандагони Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ” пешкаш гардид. Илҳом Юнусов, директори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” мақсад аз намоиш додани филмҳои бадеиро чунин шарҳ дод: “Намоиши филмҳои бадеӣ дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ,

худшиносӣ, эҳтиром ба таърихи ниёкон ва тамаддун, ҳифзи асолати миллӣ, фарҳанг, фарогирии наврасон ва ҷавонон, бедор кардани ҳисси навоварӣ, эҷодкорӣ ва хештаншиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон муоидат

хоҳад кард”. Дар баробари намоиши филм, инчунин, аз тарафи маркази мазкур барои хонандагони болаёқат, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Вохӯриро муовини ректори ДДХ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Абдуҳафиз Азизов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ин тадбир дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, зеро Роҳбари давлат борҳо дар вохӯриву суханрониҳояш аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид мекунад, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардум танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеа монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Муҳаммадҷон Усмонов зимни суханрониаш қайд намуд, ки бо шарофати тантанаи сулҳу ваҳдат Тоҷикистони азиз пайваста рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Аммо ҷои таассуф аст, ки бархе кӯрдилон, нотавонбинон ин пешравиро чашми дидан надоранд ва бо ғараз ба сулҳу амнияти тоҷикон халал ворид карданӣ мешаванд, вале ба ин ниятҳои бадхоҳонаашон ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид. “Имрӯз ҷомеаи мо на ҷузъан, балки куллан дигар шудааст, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба чашм мерасад ва аз ҳама дастовардҳои

Ба истиқболи 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ, тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба чанд нафар шахсияти маъруфи шаҳри Хуҷанд ва зодагони ин сарзамини қадима унвони ифтихории “Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд” дода шуд, ки миёни онҳо дӯстдори фарҳангу адабиёти тоҷикон дар кишвари Олмон, таблиғгари дастовардҳои фарҳангии кишвари Тоҷикистон, донишманди маъруф, ховаршинос ва муҳаққиқи адабиёти тоҷик дар Аврупо, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Олмон Александр Ҳайзер низ ҳаст.

3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

4

ПЕШНИҲОД

Хизмати ҳарбӣ яксола шавад Аз 1 октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ёфт. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обу тоб дода, ба онҳо дарси матонату диловарӣ меомӯзад. Вале тавре ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, иддае аз ҷавонон бо баҳонаҳои гунонгун аз ин маъракаи муҳим канораҷӯӣ мекунанд. Бо мақсади бештар ҷалб кардани ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан чанд пешниҳод доштам: 1. Ҳоло дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбии яксола роиҷ аст. Аз ҷумҳуриҳои минтақа танҳо дар Туркманистон, ки аҳолиаш каму масоҳаташ калон аст, хизмати ҳарбии дусола боқӣ мондааст. Агар мо ҳам ба хизмати яксола гузарем, бурд мекунем. Пеш аз ҳама, шумораи бештари ҷавонон ба хизмат фаро гирифта мешаванд. Дигар ин ки як сол аз кору бори хона дур шудани ҷавононе, ки ризқрасони оилаанд, барои хонаводаҳои камбизоат мушкилӣ пеш намеорад. 2. Барои ҷавононе, ки хизмати аскариро паси сар кардаанд, имтиёз ҷорӣ шавад. Масалан, ҳангоми дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва ба кор қабул кардани онҳо дар муассисаву идораҳои давлатӣ. Ин таҷриба дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя самараи хуб дод. 3. Барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ баробари омӯзонидани корҳои низомӣ, инчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ, челонгарӣ, барқчию кафшергариро ба роҳ мондан лозим. Дар замони шӯравӣ ин таҷриба самараи нек дода буд. Бо ин восита сарбозон ба қадру қимати вақт ва касбу ҳунар бештар мерасанд. 4. Бигузор ҷузъу томҳои кишоварзию сохтмонӣ эҳё шаванд. ҳам барои тинҷию одомии ободии Ватан саҳм мегузоранду ҳам бо маблағи муайян ба хона бармегарданд. 5. Мулоқоти волидайн бо сарбозонро таввасути телевизион намоиш дода, хотираҳои онҳоро бештар пешкаши мардум бояд кард. Хонандагони синфҳои 11-ро ба қисмҳои ҳарбӣ бурда, бо шароити хизмат ошно намудан лозим. Агар ин гуфтаҳо амалӣ шаванд, аминам ҷавонон аз хизмат нагурехта, баракс пушти дари комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба хизмати аскарӣ рафтан навбат хоҳанд истод.

Абдураҳмон ОЙМИРЗОЕВ, омӯзгори мактаби №48-и ноҳияи Хуросон

ВОКУНИШ

Кабирӣ аз «Гурӯҳи 24» пуштибонӣ мекунад? Муҳиддин Кабирӣ дар мулоқот бо ҷавонон аз тазоҳуротчиёни «Гурӯҳи 24» хоҳиш кардааст, ки сабру тоқатро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, хитоб ба ҳукумат карда, онро сабабгори пайдошавии овозаҳо мехонад. Ба андешаи ӯ, аъзои «Гурӯҳи 24» ҳеҷ иртиботе бо экстримизм надоранд. Дар давлати дунявӣ қарор доранд ва дар каломашон шиорҳои исломӣ мавҷуд нест. Кабирӣ гӯё хабар надорад, ки аксари шаҳрвандони тоҷик, ки айни ҳол дар нуқтаҳои доғи Сурия ва Ироқ машғули «ҷиҳод»-и аз ҷониби манфиатхоҳон сохтаю бофтаанд, аз қаламрави Русия ба хоки ин кишварҳо рафтаанд. «Гурӯҳи 24» ва сардораш пайваста ба митинг ва ноором сохтани вазъи осудаи кишвар даъват мекунад. Нияти онҳо сӯйиқасд бар сохти конститутсионист. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ, тавассути радиои «Зелло» аксари баромадкунандагон ё модераторон танҳо бо шиорҳои исломӣ «бародар»-онро ба тазоҳурот алайҳи ҳукумати қонунии Тоҷикистон даъват мекунанд. Кабирӣ бошад, ки худ вакили мардумӣ дар парлумони кишвар асту бояд манфиату қонунияти давлатдории миллиро ҳифз намояд, иддао дорад, ки ин ашхос экстремист нестанд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо сол лозим шуд, ки оромию субот барқарор гардад ва пойдевори давлати навини тоҷикон гузошта шавад. Наход Кабирӣ ҳамаи инро нодида мегирад? Охир ӯ беҳтару равшантар аз дигарон медонад, ки чунин бозичаҳои майдони сиёсат, ба монанди аъзои «Гурӯҳи 24», бо фармону ишораҳои киҳо ва ба манфиати кӣ амал мекунанд. Пас, он ҳама ватанпарастию миллатдӯстиҳое, ки Кабирӣ ҳамеша нисбат ба худаш тарҷеҳ медиҳад, ҳавои даҳан будаанду халос?! Кабирӣ давлатро гунаҳкор

месозад, ки сиёсати зидди масҷиду намозгузорон дорад. Агар чунин аст, ин ҳама масоҷидро, ки шумораашон аз 4 ҳазор убур кардааст, барои кӣ ва ба хотири киҳо сохтаанд? Нарафтани масҷид танҳо ба кӯдакону наврасони то 18-сола пешбинӣ шудааст, он ҳам бо мақсади пешгирии афтодани онҳо ба доми ифротиён. Агар чунин иқдоме пеш гирифта намешуд, имонам комил аст, ки имрӯз мо дар сафи ДИИШ дусад нею ду-се ҳазор гумроҳи тоҷик доштем. Вале аз чӣ бошад, ки ҷаноби Кабирӣ аз чунин суҳбатҳо бо ҷавонон истиҳола мекунад ва ба хотири сиёсатбозӣ ҳар як далели ифротгаронаро пас аз вуқуяш тафсиру маҳкум мекунад. Дар куҷо гуфта шудааст, ки исломро ба манфиати инфиродӣ ҳамчун касб, ё барои пешбурди муборизаи сиёсӣ истифода барем? Магар ин ҳама хилофи аҳкому аркони шариат нест? Дин одоб асту ахлоқ, агар исломро барои соҳиб шудани хокимият истифода мебаред, пас рукну аҳдофу вазифаҳои онро

тағйир додаед! Сиёсатро бузургон ифлостарин падида донистаанд. Пас олуда намудани ислом аз диди бародарони наҳзатӣ бо ифлосӣ дуруст аст? Магар шумоҳою пайравону ҳаводоронатон нестед, ки тавофи хонаи Худоро имрӯз барои пайдо кардани имиҷи «Ҳоҷӣ» истифода мебаред? Имрӯз дар миёни 10 тоҷир 8 нафараш ҳоҷист, вале ҳангоми таҷлили идҳои муқаддаси мусулмонӣ нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро то се маротиба боло мебардоранд. Агар иқдомоти мақомоти давлатӣ набошад, Худо медонад, ки ин бандаҳои забониаш барои пур кардани ҷиғилдони носерами хеш нархҳоро то куҷоҳо мебаранд. Магар беҳтар намебуд, агар Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбатҳои худ мардумро, аз ҷумла, ҷавононро, ба ислоҳу дасткашӣ аз иснодоварии воқеӣ ба ислом даъват мекард? Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир акси ҳолро мебинем...

Зубайдуллоҳи САФАР

e-mail: javonontj@mail.ru

САЛОМАТӢ

Тавре хонандагон огаҳӣ доранд, дар шумораи №23 (17.07.2014)-и рӯзнома матолибе зери унвони «Нӯшоба ё заҳроба?» чоп шуда буд. Дар он оид ба зарари нӯшобаҳои ширини газдор ба саломатӣ сухан мерафт.

Фурӯши нӯшобаҳои газнокро манъ мекунанд? Чанде пеш муовини аввали котиби палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия Владислав Гриб зимни ирсоли як нома аз Сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведов хоҳиш кардааст, ки фурӯши нӯшобаҳои ширини газдор ба наврасони то 14-сола манъ карда шавад. Владислав Гриб мазмуни пешниҳодашро чунин шарҳ додааст. - Ба фикри ман фурӯши ин нӯшобаҳоро дар мактабҳо, қаҳвахонаҳои кӯдакона, шифохона ва дигар муассисаҳое, ки кӯдакон онҳоро дар он ҷойҳо бе назорати волидайн харида метавонанд, хеле маҳдуд ё беҳтараш тамоман манъ кардан лозим. Зеро агар нӯшокии ширини газдорро тез-тез ва ба миқдори зиёд истеъмол кунем, ба саломатӣ зарар мерасонад ва ба бемориҳои фарбеҳшавӣ, диабети қанд, бемориҳои гуногуни меъда гирифтор мешавем.

Кӯдак намедонад, ки диабети қанд чист. Вай «Кола»-ро барои он менӯшад, ки бомаззаю дилписанд аст, вале билохира гирифтори диабет мешаванд. Кӯдак аз рекламаи телевизионӣ ба ваҷд омада, кӯшиш мекунад бо нӯшобаҳои ширину салқин ташнагиашро шиканад. Аммо қанди зиёди нӯшоба майли ӯро ба нӯшидан бештар мекунад. Боиси таассуф аст, ки бо сабаби ноогоҳии мардум ҷои нушобаҳои фоидаовар (компот, мост, дӯғоб, ғулингоб)-ро нушобаҳои ширини зарарнок танг карда истодаанд. Бе назорат истеъмол намудани обҳои газдор, ки дар таркибашон ба миқдори зиёд қанд, рангкунандаҳои сунъӣ, консервантҳо ва хушбӯйкунандаҳо доранд, аъзои Палатаи ҷамъиятии Русия аз нуқтари назари онҳо ба саломатии аҳолӣ

нигарон кардааст. Бинобар ин, таҳияи лоиҳаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки истеҳсолот, паҳнкунӣ ва истеъмоли нӯшобаҳои ғайриалкоголии газу қандашон бисёрро ба танзим медарорад, худ ба худ ба миён меояд. Агар Д. Медведов супориш диҳад, Вазорати тандурустии Русия таҳияи лоиҳаро бар дӯш мегирад. Дар обҳои газноз таурин ном моддае мавҷуд аст, ки оддаткуниро ба миён оварда, системаи асабро таҳрик медиҳад. Депутатҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия пешниҳод карданд, ки аз «кока-кола» ва дигар нӯшобаҳои ширини газдор аксиз гирифта шавад. Маблағи ҷамъшуда баҳри мубориза бар зидди диабети қанд ва рушди варзиш сарф хоҳад шуд.

С. АБӮИСМОИЛ


Танини шеъри Фарзона дар ДДХ Ба истиқболи 50-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фарзона дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки устодон, шогирдон, ҳаводорони ашъори шоира маҳфили адабиву илмӣ доир шуд. Декани факултет, дотсент Мӯсо Олимонов ҳозиринро хайрмақдам гуфта, тазаккур дод, ки барои ҷомеаи факултаи мазкур ҷои ифтихор аст, ки ин шоираи соҳибном хатмкардаи ҳамин факултет буда, имрӯз меҳмони устодону азизони хеш аст. Сипас, дотсент Баҳром Мирсаидов роҷеъ ба масъалаҳои тасвирпардозӣ дар ашъори Фарзона, муаллима Шералишоева дар мавзӯи ҷойгоҳи жанри рубоӣ дар ашъори шоира суханронии илмӣ намуданд. Дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва гурӯҳи донишҷӯёни факулта аз ашъори Фарзона шеърҳо қироат карданд. Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни изҳори ташаккур аз баргузоркунандагони маҳфил аз устодоне ёдовар шуд, ки маҳз тавассути хираду заковат ва раҳнамоии эшон дар донишгоҳ айёми таҳсил нукоти фаровонеро аз дарси илму маърифат ва зиндагӣ аз эшон омӯхтааст. Ҳамзамон, роҷеъ ба вижагиҳои ашъори Фарзона дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Атахон Сайфуллоев, шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ низ мулоҳизоти хешро баён доштанд.

Суҳроби КАЁНӢ «ҶТ»

Зайтун яке аз меваҳоест, ки дар “Қуръон”-и маҷид зикр шудааст. Равғани он аз лиҳози хусусиятҳои ғизоиву давоӣ яке аз беҳтаринҳо маҳсуб меёбад. Соли 1970 натиҷаи тадқиқоти чандсолаи олимони кардиолог нишон дод, ки сокинони кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин дар Аврупои Ғарбӣ аз ҳама кам ба бемориҳои дилу раг гирифтор мешаванд. Муҳаққиқон муайян намудаанд, сабаби ин дар истеъмоли равғани зайтун будааст. Истеъмоли равғани зайтун сатҳи холестерини зарарнокро дар рагҳои хунгард паст месозад. Дар таркиби равғани зайтун ғайр аз кислотаҳои чарбдор, инчунин, витамини “Е” ва полифенҳо зиёданд. Равғани зайтун, инчунин, аз витаминҳои гурӯҳи “В”, “С” ва каротин бой мебошад. Яке аз хосиятҳои равғани зайтун дар он аст, ки сабзавоти дар он бирёншуда моддаҳои ғизоии худро нигоҳ медоранд, ҳол он ки зимни бирён кардани сабзавот дар дигар намуди равғанҳо як қисми ғизонокии худро аз даст медиҳанд. Равғани зайтунро барои ҷойҳои сухтагӣ, захмҳо, узвҳои зарбхурда, ҷойи газидаи ҳашароти зарарнок, занбӯр ва ғайра истифода мебаранд. Антиоксидантҳо ва кислотаҳои таркиби равғани зайтун бемориҳои дилу рагро пешгирӣ мекунанд. Истеъмоли бардавоми равғани зайтун барои пешгирии бемориҳои саратонӣ низ муфид аст. Олимони юнонӣ муайян кардаанд, ки равғани зайтун инкишоф ёфтани саратонро пешгирӣ мекунад. Азхудкунии элементи қалбиро беҳтар карда, барои рушди солими устухонҳо мусоидат менамояд. Барои ашхосе, ки дучори қабзият гаштаанд, рӯзе се бор пеш аз хӯрок истеъмоли як қошуқ равғани зайтун фоида мерасонад. Хӯрдани равғани зайтун барои муолиҷаи беморони санги талха, дарди меъда, захми меъда ва рудаи дувоздаҳангушта, инчунин, бавосир (гемарой) муфид аст. Дар тибби халқӣ истеъмоли равғани зайтунро бо шарбати лимӯ барои муолиҷаи санги талха, пок намудани роҳҳои пешоб аз сангпораҳо даво шумурдаанд. Дарахте, ки ба хушкӣ ва шӯра тобовар аст Дарахти зайтун гармидӯст буда, хеле серҳосил мешавад. Ҳангоми сафар ба Озарбойҷон дар шаҳри Боку ва атрофи он дарахтони зайтунро хеле зиёд дучор омадем. Бо ташаббуси мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон низ боғҳои зайтун зиёд шудааст. Меваи

онро ҳам барои намак хобондан ва ҳам барои равғанкашӣ истифода мебаранд. Навъҳое, ки барои равғанкашӣ дар ин ҷо парвариш меёбанд, дар таркибашон то 30% равған доранд. Навъҳои ёбоии зайтун дар минтақаҳои ҷануб ва шарқи Афғонистон зиёд мерӯянд. Дар нимҷазираи Қрим дарахтони алоҳидаи зайтун мерӯянд, ки умри 400500-сола доранд. Парвариши зайтун, ҳамчунин, дар Абхазистон, мавзеъҳои соҳили баҳри Сиёҳ (Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва шимоли Ҳиндустон низ ба роҳ монда шудааст. Дарахти зайтун дар заминҳои хокашон регзор, ҳавогузар ва ковок хуб мерӯяд. Аммо дар заминҳои заҳрдор гирифтори бемориҳои занбуруғӣ мешавад. Зайтун ба шӯразании замин тобовар аст. Аз ин рӯ, парвариши он барои беҳтар кардани сатҳи мелиоративии заминҳои шӯразада қулай мебошад. Дарахти зайтун ҳамешасабз буда, баҳри пешгирии шӯсташавию бодхӯрдашавии хок истифода мешавад. Дар доманакӯҳ ва заминҳои санглох низ хуб мерӯяд. Дар деҳаи Қозиободи Афғонистон, ки зами-

кишварҳои истеҳсолкунандаи равғани зайтун ба ҳисоб мераванд. Қариб 71 дарсади истеъмоли равғани зайтун ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд. ИМА, Канада, Австралия, Ҷопон низ харидорони асосии равғани зайтун ба шумор мераванд. Равғани зайтун бе истифодаи ягон хел консервант солҳои зиёд нигоҳ дошта мешавад. Зайтунро дар бисёр шаҳрҳо ҳамчун дарахти ороишӣ низ парвариш мекунанд. Дар шаҳри Бари Ҷумҳурии Черногория дархти зайтуне аст, ки онро 2000-сола меҳисобанд. Мегӯянд, ки баъди тӯфони Нӯҳ алайҳисалом кабӯтар аз киштӣ ба замин фаромада, шохчаи зайтунеро ба нӯлаш гирифту назди Нӯҳ (а) бурд. Кабӯтари дар нӯлаш шохчаи зайтун рамзи Конгресси ҷаҳонии ҷонибдорони сулҳ гаштааст. Хуб мешуд, ки муҳаққиқон парвариши дарахти зайтунро дар ҷануби кишвар таҷриба намоянд. Шояд ин дарахти назаррабову серҳосил дар навоҳии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритӯс, Қубодиён, Ҷиликӯл мутобиқ шавад. Парвариши онро дар заминҳои обёришаванда ва лалмии сербориш таҷриба бояд кард. Дарахти за-

наш ҳамаги 10 дарсад хок ва боқимонда пур аз сангу шағал аст, дарахти зайтун то ҳол ҳосили хуб медиҳад. Барои парвариши зайтун минтақаҳои ҳавояшон гарм зарур аст. Алалхусус, фасли зимистон ҳавои миёна бояд 1,5-10 дараҷа гармӣ паст набошад. Ҳангоми вазидани шамоли гарму хушк меваҳои зайтун бармаҳал мерезанд. Дар заминҳое, ки миқдори бардошти солона ба 400-700 мм. мерасанд, зайтун хуб нашъунамо мекунад. Барои нашъунамои зайтун ҳавои гарм ва 2400-2700 соати офтобӣ дар як сол зарур аст. Ҳангоми обёрии тобистона ҳосилнокии он 30-50% меафзояд. Дар сурати обёрии қатрагӣ нашъунамо ва ҳосилнокии зайтун беҳтар мешавад. Ҳангоми байни ниҳолон гузоштани 4 метр ва байни қаторҳо мондани 6-8 метр фосила дар як гектар 250-600 дарахтро ҷой додан мумкин аст.

йтун тавассути тухмӣ (дона) ва қаламча афзоиш меёбад. Ниҳоли тавассути қаламча шинонидашуда барвақт ба ҳосил медарояд. Дар замини лалмӣ бо дона киштани он афзалтар аст. Хуб мешуд, ки хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ, соҳибкорони алоҳида бо мутахасисони зайтунпарвари Қрим, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон ва Покистон ҳамкорӣ карда, дар майдонҳои таҷрибавӣ парвариши зайтунро бисанҷанд. Дар сурати мутобиқ шудани дарахти зайтун боғпарварону ҷангалпарварон бурди калон мекунанд. Зеро дарахти зайтун дар пешгирии эрозияи хок ва фаромадани ярч нақши муҳим мебозад. Чой аз барги зайтун фишори хунро муътадил намуда, роҳи нафасро мекушояд. Олимони соҳаи тиб мӯътақиданд, ки дар меваи зайтун тамоми витамину микроэлементҳои барои одам зарурӣ мавҷуданд. Равғани зайтун барои кӯдакону пиронсолон фоидабахштарин равған маҳсуб меёбад. Аз боқимондаи равғани зайтун собун ва равғанҳои техникӣ (молиданӣ) ҳосил мекунанд. Чӯби дарахти зайтун дар соҳаи мебелбарорӣ арзиши баланд дорад.

Шароити зайтунпарварӣ дорем? Имрӯз масоҳати боғҳои зайтун дар дунё ба 11 миллион гектар мерасад. Бинобар афзудани талабот ба равғани зайтун масоҳати зайтунзор сол то сол зиёд мешавад. Испания, Италия, Юнон, Туркия, Сурия, Тунис аз ҷумлаи калонтарин

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Чаро боғи зайтун надорем?

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

5

ПЕШНИҲОД

МАҲФИЛ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

6

ЧОРСӮИ ЗИНДАГӢ

Вақтҳои охир ҷалби ҷавонони тоҷик ба нуқтаҳои даргири олам, бахусус, минтақаҳои задухӯрдҳо – кишварҳои арабӣ ва ғайра торафт меафзояд. Тавре Вазорати корҳои дохилаи кишвар иттилоъ медиҳад, танҳо дар муноқишаҳои тарафҳои даргири кишвари Сурия беш аз дусад нафар ҷавони тоҷик ширкат дошта, зиёда аз панҷоҳ нафари онҳо аллакай кушта шудаанд. Чӣ боис шуд ва кадом омилҳост, ки ҷавонони тоҷик дур аз Ватан, дар мулки бегона ба ҳалокат расанд? Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Комил Раҳматови 45-сола моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби полиси қирғиз, дар шаҳри Уш боздошт гардид. Тавре худи ӯ иқрор шудааст, мехост ба кишвари ҷангзадаи Фаластин раваду алайҳи яҳудиёни ишғолгар ҷангида, ба мусулмонон кӯмак расонад. Яъне, ҷиҳод намояд. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ қарор дошта, бо қасди иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона, дар кишвари ғайр алайҳаш айбнома эълон шудааст. Агар Комил Раҳматов «барои ҷиҳод алайҳи яҳудиёни ишғолгар» раҳсипор шуда бошад, пас, бисёр ҷавонони тоҷик чун вай дар муноқишаҳои тарафҳои даргири кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон бевосита ширкат доранд. Ҳатто занҳо низ мекушанд «дар канор» намонанд. Прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба як зан, сокини ноҳияи Спитамен парванда боз намуд. Ин зан ҳамроҳи шавҳар ва ду фарзандаш дар Русия, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааст. Охири соли гузашта бо даъвати як ҷавони ҳамноҳияаш, ки ӯро узви созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» меҳисобанд, шавҳарро як сӯ гузошта, озими Афғонистон мегардад. Ҳамин тавр, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохила дар маҷмуъ, алайҳи 25 нафар сокини Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Аз навиштаҳои расонаҳои гуногуни хабарӣ хулоса намудан мумкин, ки ҷалби ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон бо баҳонаи дарёфти маблағҳои ҳангуфт ва ваъдаи биҳишт сурат мегирад. Сари ин масъала рӯҳонии маъруф ҳоҷӣ Мирзо дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» чунин андеша баён намудааст: «Яке ба пул фиреб мекунаду яке аз бесаводии бачаҳои тоҷик истифода мебарад ва хеле осон, бо чанд далолати худ мегиранду мебаранд онҳоро. Дигар инҳо аз барои Худо рафта, ҷанг кардан мегиранд». Тавре худи «муҷоҳидон» дар интернет ошкоро баён намудаанд, дар муноқишаҳои дохили кишвари Сурия беш аз 500 нафар ҳамватани мо ширкат доранд. Аксари эшон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пасон ба «ҷиҳод» сафарбар карда шудаанд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки қисми муайяни мардум, бахусус, ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Маҳз ҷавонони сардию гармиҳои рӯзгорро нодида, дар ғарибию муҳоҷират «туъма»-и ашхосе мегарданд, ки эшонро бо ваъдаҳои болохонадор барои ширкат дар муноқишаҳо, роҳнамоӣ месозанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ кишвари русро гӯё ба як «военкомат»-е табдил додааст. Зеро аксар ҳамватанони ҷавони мо маҳз

Ҷавонон набояд гумроҳ шаванд Ваъдаи биҳишт, дафтари аъмоли зани суғдӣ, боздошти тарафдорони “Гурӯҳи 24”, «девона» хондани Қутбиддин, бетафовутии масъулин ва боз «облава» аз он кишвар ба «ҷиҳод» ва ширкат дар муноқишаҳои тарафҳои даргир ҷалб мешаванд. Ҳоло ҷалби ҷавонони муҳоҷири тоҷик ба муноқишаҳои тарафҳои даргир дар кишварҳои арабӣ, бо як шеваи дигар сурат мегирад. Аз тариқи шабакаи «Одноклассники» бисёр «духтарони мусулмон», бахусус, «тоҷик» маҳбубони худро ба «ҷиҳод» даъват мекунанд. Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» дар кишвар муштариёни зиёд дорад. Ҳоло аз ин шабака дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар истифода мебаранд. Ин шабака, ки минбари шиносшавии ҷавонону духтарон маҳсуб меёбад, ба ҷавлонгоҳи ҷиҳодгарон низ табдил ёфтааст. Бархе аз ҷавонони тоҷик аз номи духтарон пайғом гирифта, пас аз мукотибаи начандон тӯлонӣ ба «ҷиҳод» даъват мешаванд. Ҳамчунин, қисми дигар, ки аллакай ба кишвари Сурия сафар намуда, дар муноқишаҳо бевосита ширкат доранд, дар ин шабака саҳифа кушода, ҳамватанони хешро ба «ҷанги муқаддас» даъват мекунанд. Илова бар он, дар ин шабака аксҳои зиёди якҷоя ва ҷудогонаи ҷавонони тоҷик ба чашм мерасад, ки дар шаклҳои гуногун тасвир ёфтаанд. Қисме силоҳ ба даст, қисме зери парчами «давлати исломӣ» ҷавононро ба «ҷиҳод» даъват мекунанд. Ҳатто аксҳои ҷавондухтарони силоҳбадастро низ дарёфтан мумкин, ки ба «ташвиқу тарғиб»-и ҳадафҳои ҷангҷӯёна машғуланд. Дар ин миён иқдоми ҷавонзани исфарагӣ, аз деҳи Чорқишлоқ Гуландом Эшонова шоёни таҳсин аст. Чун огаҳ мегардад, ки шавҳараш Ёқуб Эшонов аз Маскав ба Сурия барои «ҷиҳод» сафар намудааст, тасмим мегирад, рафта ӯро аз таги замин ҳам бошад, дарёфта, қафо орад. Аз чунин иқдоми ӯ падарарӯсаш Ёсин Эшонов дар ибтидо ба ташвиш меафтад. Аз ин хотир, ки мабодо сунҳораш (келин) ба доми ҷангиён наафтад. Лек мебинад азмаш қатъист, ӯро ба пойтахт оварда, бо тайёра ҷониби Истанбул гусел

мекунад. Гуландом тавонистааст рафта, шавҳарашро розӣ ва барои бозгашт ба Ватан талқин намояд. Ҳамин тавр, ҳар ду аз кишвари ҷангзадаи Сурия ба Туркия гузаштаанд. Аз ин деҳаи шаҳри Исфара ҳоло 20 нафар ҷавон дар ҷангҳои тарафҳои даргири Сурия ширкат доранд. Ду нафар, ҳатто ҳамроҳи зану фарзандон. Ҳамаи ин ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштаанд. Маҳз аз он ҷо барои ҷанг аз ҷониби «военкомат»-ҳои махсус сафарбар шудаанд. «Ширкати фаъолона»-и ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои ғайр ба як зуҳуроти номатлуб табдил ёфтааст, ки боиси накуҳиш аст. Касро ҳайратзада ва ғамгин месозад. Ба кадом хотир эшон умри ҷавони худро қурбони гурӯҳҳои манфиатхоҳ сохта, як умр доғ дар дили волидон мегузоранд? Чанде пеш фаъолияти «Гурӯҳи 24» бо дархости Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Суди Олӣ чун гурӯҳи ифротӣ дар кишвар мамнуъ эълон шуд. Тариқи интернет ин гурӯҳ мардуми кишварро 10 октябр ба таҳозурот хонд. Хушбахтона, тазоҳурот баргузор нагардид. Лек миёни мардуми одӣ ҳар гуна овозаю воҳимаҳо паҳн шуда, ҳатто баъзе хонандагон ғайрати мактаб рафтанро аз даст доданд. Ду навраси ноболиғи пойтахт бо ҷурми таблиғи шиорҳои ин гурӯҳ боздошт шудаанд. Тавре дар ахбори Вазорати корҳои дохила омадааст, ҳар ду наврас барои навиштани шиорҳо алайҳи ҳукумати кунунӣ ва бо ин васила иштироки худро дар ин гурӯҳ нишон додан, дастгир гардидаанд. Чанде пеш Президенти кишвар ба навоҳии водии Вахши вилояти Хатлон сафар намуда, бо рӯзгори мардум аз наздик шинос гардид. Дар ноҳияи Хуросон воқеаи ғайриодӣ рух медиҳад. Ҷавоне бо исми Қутбиддин, аз деҳоти Ҳилолӣ мехоҳад бевосита бо Президент ҳамсуҳбат гардад. Вале монеи ин нияти ӯ мегарданд. Пас чанд маротиба ҷониби

Эмомалӣ Раҳмон бо нидои «Ҷаноби Олӣ», гӯён нидо мекунад. Ниҳоят, Президент овози ӯро шунида, мехоҳад ӯро ба наздаш роҳ диҳанд. Лек масъулини ноҳия ӯро «девона» муаррифӣ мекунанд. Аз чунин «муаррифӣ» президент аз суҳбат бо Қутбиддин худдорӣ менамояд. Дар ниҳояти кор ӯро аз назди Президент дур буда, зери латукӯб қарор медиҳанд. Тавре худи ӯ ва волидонаш дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» иброз намудаанд, аслан вай маъюб буда, мехостааст мушкилоти рӯзгорашро арз намояд. Мутаассифона, қисме аз сокинони маҳаллӣ ҳалли мушкилоти худро ҳангоми вохӯрӣ бо Президент дар вақти сафарҳояш ба маҳалҳо мебинанд. Чунки масъулини маҳаллӣ ба доди эшон сари вақт намерасанд. Мисолаш - саргузашти Қутбиддини хуросонӣ. Ҳарчанд аз ҷониби Президенти кишвар иҷборан ё бо номи маъмул, аз тариқи «облава» ба сафи артиш даъват намудани ҷавонон манъ шуда бошад ҳам, масъулин ҳамоно бо истифода аз ин усул кор мебаранд. «Облава» боис шуда, ки аксар донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аз машғулиятҳо дур шаванд. Қисми дигари ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд. Ин вазъ хоҳу нохоҳ суоле ба миён меорад: агар дар қисмҳои ҳарбӣ шароит барои хизмат ба таври бояду шояд муҳайё бошад, пас, чаро ҷавонон аз хизмат сарпечӣ мекунанд? Маълум, ки таблиғу ташвиқ хеле суст аст. Омили ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтодан ва ба ҷангҳо ҷалб шудани ҷавононро коршиносон ҳар гуна шарҳу эзоҳ медиҳанд. Бархе бар он ақидаанд, ки ноогоҳӣ аз исломи ноб, бо сабаби набудани таълими исломӣ дар макотиби кишвар, бекорӣ, маоши нокифоя дар Ватан, азобҳои муҳоҷират қисме аз ҷавонони тоҷикро ба кӯйи ноумедӣ бурда, ба доми гурӯҳҳои манфиатхоҳ меафтонад. Ваъдаҳои осмонӣ бошад, оқибат онҳоро ба «ҷиҳод» сафарбар месозад...

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


Ҳикмат Ризоро устодони адабиёту илм Мирзо Турсунзода ва Абдулғанӣ Мирзоев кашф карданд. Ҳикмат Ризо то замони ба Душанбе омадан (соли 1948) дар ҷамоати Ёнахши ноҳияи Обигарм ва гирду атрофи он гӯрғулихонӣ карда, нишастҳои орифона, тӯйю маъракаҳоро гарм мегирифт. Чун ба пойтахт омада, ба муҳити эҷодии шаҳр ҳамроҳ гардид, ҷаҳони андешаю фикррониаш фарохтар шуд. Солҳои 1948-1949 дар Институти тадқиқотии забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба навиштану сабт кардани 50 ҳазор байти гӯрғулӣ оғоз кард. Баъдтар Ҳикмат Ризо ин ададро ба 126 ҳазор расонд. Ҳамон 13 ҳазор байте, ки баъди сабти солҳои 1948-1949 ба «Гӯрғулӣ» илова гардид, эҷоди худи Ҳикмат Ризо буд. Аслан, ин ашъорест, ки ба мавзӯи гӯрғулӣ иртибот дошта, корнамоӣ, шуҷоату мардонагӣ, сидқу вафо, муҳаббату самимияти ватанпарастиро тараннум менамоянд. Мухлисони гӯрғулӣ Ҳикмат Ризоро ҳамчун ҳофиз, яъне, гӯрғулисаро мешиносанд. Вале бояд эътироф кард, ки ӯ мисли Юсуф Вафо, Ҳомид Саид, Давлатшоҳи Помирӣ, Сайдалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Ҷаббор Қаюм, Саид Холзода, Муҳиддин Умарзода, Мирзониёз Ҳусейнзода, Муҳиддин Баҳриддинов, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон қаблан ҳамчун «Шоири халқ» ба адабиёти тоҷик ворид гардид, ҳарчанд, ки то ба Душанбе омадан аз ин ҳунари ҳофиз аҳли илму адаб хуб огоҳ набуд. Мисоли барҷаста достони «Ҷанги Ватанӣ»-и ӯ мебошад. Дар ин достон номҳои қаҳрамонони таърихӣ, шахсони воқеӣ, ҳамдиёрони худи шоир амал мекунанд. Образҳои достон ҳаёти замони ҷангро дар муқоиса бо ҳаракатҳои босмачигарии ибтидои Ҳокимияти Шӯравӣ тасвир менамояд. Шоир дар симои қаҳрамони асосии достон Одина Шарифи 75-сола сифатҳои наҷиби халқи тоҷикро воқеъбинона инъикос мекунад: Одина Шариф-мӯйсафеди калон, 75-сола аст, дӯстон. Хест дар маҷлиси колхозчиён, Гуфт: гӯш кунен, пиру ҷавон! Душман ҳаром накуна хокамон. Дар даври кӯҳна, эй колхозчиён, Будем дар зери зулми ҳокимон, Ҳосили меҳната мехӯрд душманон, Ҳамеша гӯшна буд, кӯдакон, Роҳата медид золимон. Гӯш кунен, эй дӯстон, Ӯ гитлери бедармон Мехоҳад боз ҳамон Зулм шавад дар хокамон. Ҳикмат Ризо дар достони «Ҷанги Ватанӣ» ду ҳаёт, ду сиёсат – зандагии тоинқилобӣ ва ҳаёти шӯравӣ, сиёсати ғоратгарию нажодпарстии Гитлер ва сиёсати Ҳизби коммунистиро, чи дар шакли адабӣ ва чи лаҳҷавӣ, ба риштаи назм кашида, ҳодисаҳоро образнок

Ҳикмати ҳофиз ҳамчун шоир

нишон медиҳад. Достонсаро мақсади қаҳрамонаш Одина Шарифро ин тарз ба ифода даровардааст: Шумо нахурен ғами падар, Партия ба мо ҳаст роҳбар. Гитлер ҳаст ғули биёбон, Раҳм надорад ба ҷамъи инсон. Ӯро қаҳрамонона занад писарон. Намонад гитлерчиҳо дар дунё, Зафар мекунан коммунистон Гитлер кардаст кори хато. Дар баҳои достони «Ҷанги Ватанӣ»-и Ҳикмат Ризо гуфтаҳои фолклоршиноси маъруф Асадулло Сӯфиев хеле ҷолиб аст: «Достони «Ҷанги Ватанӣ»-и Ҳикмат Ризо аз ҷиҳати дар бар гирифтани ҳодисаю воқеаҳои мураккаби иҷтимоӣ, шаклу мазмун, банду баст, тасвири амалиёти воқеии қаҳрамонаш ва оғозу анҷом дар қатори беҳтарин асарҳои адабиёти тоҷик меистад ва ҳатто аз ҷиҳати ғояи баланд аз аксари онҳо бартарӣ дорад». Ҳикмат Ризои гӯрғулисаро инсони наҷибу заҳматкаш, тарғибгари беҳамтои ҳаёти осоишта, шоири воқеъбин буд. Дар ин бобат ба баҳои академик Абдулғанӣ Мирзоев таваҷҷуҳ кунед: «Достонҳои нави қаҳрамонии Ҳикмат Ризо аз ин ҷиҳат қобили диққат мебошанд, ки онҳо достонҳои кӯҳнаи қаҳрамониро иваз карда истодаанд. Ин хусусияти достонҳои тозаи Ҳикмат Ризо махсусан, дар давраи Ҷанги Бузарги Ватанӣ

ҳамчун тарғиботчии халқ аз колхоз ба колхоз сафар карда, дар байни колхозчиён достонҳои тозаро, ки ба ободии Ватани сотсиалистӣ, ҳаёти советӣ ва қаҳрамонони он бахшида шуда буданд, хонда, колхозчиёнро хурсанд мегардонид ва онҳоро ба муборизаи зидди душман тарғиб менамуд». Аниқ аст, ки ҳар эҷодкор, шоир ё нависанда тасвиргари ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоии даврони зиндагии хеш мебошад. Ҳикмат Ризо ҳамчун иштирокчии фаъоли сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон дигаргуниҳои хушнудкунандаи замонашро тавассути сухани бадеӣ бо садои гӯрғулӣ ба мардум мерасонад ва онҳоро ба бунёдкорию созандагӣ ҳидоят менамояд. Мусаллам аст, ки образи Ленин ҳамчун барпокунандаи давлати шӯравӣ, доҳӣ ва раҳнамои халқи замҳаткаш адабиёти даврони шӯравиро бою ғанӣ гардондааст. Ҳикмат Ризои гӯруғлисаро наметавонист аз ҷомеаи сотсиалистӣ берун бошад. Бинобар ин, тасвири Ленин ҳамчун офтоби тобони ҳаёти безулму хушунат дар назми Ҳикмат Ризо хуб ва мукаммал ҷой ёфтаанд. Диққат кунед, ки ӯ меҳру муҳаббат ва нишоту фараҳи халқро нисбат ба Ленин ва Инқилоби Октябр чӣ тариқ изҳор кардааст: Туро, Октябри тобон, месароям, Ба ту ин шеър ҳадя менамоям. Туро бар халқҳо маҳбуб гӯям,

Баҳори зиндагии хуб гӯям. Диловар халқи худро дӯст дорам, Ки меҳнат мекунад ӯ шоду хуррам. Садои думбра ҳар кас, ки бишнид, Бихон, Ҳикмат, бихон - такрор пурсид. Чу булбул дар саҳаргоҳи баҳорон Сароям аз Ленин, Октябри рахшон. Ҳикмат Ризо дар тавсифи Ленин ва Октябр на фақат шеърҳои ҷудогона, инчунин, достонҳои мукаммал низ дорад. Гӯрғулисарои беҳамто вобаста ба даврони зиндагии худ анъанаи достонсароиро инкишоф дода, мавзӯъ ва ғояи инқилобӣ ва таърихиро ба услуби хоси гӯрғулӣ баён менамояд. Достонҳои ӯ аксаран ду сохт – феодалӣ ва сотсиалистӣ, ду тарзи ҳаёт – нодорӣ ва шукуфоиро ба таври муқоиса инъикос менамоянд. Намунае аз достони «В. И. Ленин»: Аз қибла хестай шамол, Фақер хест ҳаққу ҳалол. Ленин шуд ба мо роҳбар, Золимон шуданд беҳол. Муфтхӯрон рафтанд ҳама Бойҳо монданд берама. Ҳикмат Ризо дар соле, ки доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин аз олам гузашт, дар синни ҳабдаҳ буд, яъне, аз хизматҳои арзишманд ва ҳиссаи бузургаш дар ғалабаи Инқилоби Октябр ва сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ хабар дошт. Аз ин рӯ, манзараҳои диққатрабои шаҳру деҳоти кишварро ба риштаи тасвир дароварда, онро ба Ленин мансуб медонад: Бо роҳбарии Ленин Дашти Ёвон шуд нозанин. Сабза намешуд ин ҷо, Чунки буд шӯразамин. Бо роҳбарии Ленин, Ҳосили пахташа бин. Бояд гуфт, ки муҳаббати шоир ба В.И. Ленин дар шеърҳои ҷудогонаи ӯ, ки ҳатто мавзӯъҳои дигарро дар бар мегиранд, ифода гардидааст. Ӯ шеъре дорад унвонии «Дар васфи Москва», ки аз чунин сатрҳо иборат аст: Гӯш бикунед, эй дӯстон, Бихонум ай Москави меҳрубон. Ин шаҳри зебову бузургмон Беҳтарин шаҳр аст дар ҷаҳон. Дар мақбараш Ленин – доҳимон Мисли зинда ховай дар ин ҷо Аз ин шаҳр наравум мегӯй асло Москва ҳастай умеди дунё. Ҳикмат Ризо ба пахтакорони Суғд шеъре бахшида, ҳамкорӣ ва робитаҳои дӯстии се миллат – тоҷик, ӯзбек ва русро бо қаноатмандию самимӣ қайд мекунад: Мусобиқа бастем бо Ӯзбекистон, Ҳеҷ вақт фаромӯш накунем ай хотирамон. Имсол ҳаст тӯйи бистсолагии Тоҷикистон, Хиҷолат нашавем дар пеши доҳимон. Фабрикаҳои Москва ҳаст нигарон, Шабу рӯз кор мекунанд техникамон. Барои пӯшоки меҳнаткашон, Пахта дорад манфиати калон. Тавре дар боло ишора намудем, ашъори Ҳикмат Ризо бо услуби «Гӯрғулӣ», яъне, сатрҳои соҳибмаънои аз қолаби арӯз берун, вале қофиянок офарида шуда, ба гӯши шунаванда форам мерасанд. Шеърҳои ҳофиз, хусусан, достонҳои ӯ қимати баланди бадеӣ доранд.

Ҷӯрабек МУЪМИН

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳикмат Ризо, гӯрғулисарои машҳури даврони шӯравӣ, тарғибкунандаи қаҳрамониҳои ватандӯстонаи шахсиятҳои таърихиву афсонавии халқи тоҷик Гӯрғулӣ, Аваз, Нураливу Шералӣ, Ҳасан, Ширмоҳ, Шодмон ва дигарон 120-сола шуд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

7

БА ИФТИХОРИ 120-СОЛАГИИ ҲИКМАТ РИЗО


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

8

КОНФРОНС изҳор намуд, ки ҳарчанд забони тоҷикиро нафаҳмад ҳам шунидани шеърӣ форсӣ-тоҷикӣ барояш гӯшнавозу форам аст. Ба гуфтаи Фирӯза Раҳматуллоевна як рисолати баргузории конфронс тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бошад, рисолати дигари он тарғиби дӯстӣ ва муттаҳидсозии олимони ҷавони соҳаи варзиш аст. Олимони ҷавону донишҷӯён ояндаи миллатанд. Аз ин рӯ, мо бояд имрӯз дӯстиро дар қалби ҷавон ҷой диҳам, то фардо аз самари меваи ин дӯстӣ баҳравар шавем. - Вақте соли 2012 дар шаҳри Қазон Унверсиадаи донишҷӯён баргузор гардид, мо ба дастаҳои яккачини Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ҳаводорӣ кардем, - гуфт Фирӯза Раҳматуллоевна. - Зеро мо замоне

23-26 октябри соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Конфронси IV байналмилалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид. Ректори донишкадаи мазкур, профессор Шодӣ Сафаров чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, иброз дошт, ки конфронс ба мавзӯи «Варзиши донишгоҳӣ: саломатӣ ва шукуфоии миллат» бахшида шудааст. - Баргузории чунин чорабиниҳо бори дигар моро ба сӯи дӯстию ҳамкорӣ фаро мехонад, - гуфт Ш. Сафаров. - Варзиш қосиди сулҳ буда, ба солимию шукуфоии миллатҳо мусоидат мекунад. Мардуми тоҷик ҳамеша хоҳони сулҳу дӯстӣ бо халқҳои ҷаҳон аст. Дар ин маънӣ қаҳрамони тоҷик Мизо Турсунзода барҳақ фармудааст: Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо... Одамон аз дӯсти ёбанд бахт. Душмани орад ба мардум рӯзи сахт. Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Кайрат Закирянов иброз дошт, ки пеш аз саршавии конфронс чанд рӯзе меҳмони Бадахшон будааст. “Ман имкон пайдо намудам, ки мавзеъҳои туристии «Боми ҷаҳон»-ро тамошо карда, бо фарҳанги мардуми тоҷик ва дастовардҳои имрӯзаи он ошно шавам. Дар муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ меҳмон шудам. Шоҳид гаштам, ки халқи тоҷик Сардори давлаташонро дӯст медоранд ва ташабусҳои ӯро дастгирӣ менамоянд. Чунончӣ, баъди вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон, зиёда аз 2000 иншооти варзишӣ

сохта шудааст. На ҳар давлат дар як муддати кӯтоҳ бо чунин дастовард ноил гашта метавонад. Кайрат Закирянов гуфт, ки дар толори варзишии “Вастан”-и ноҳияи Дарвоз шоҳиди тамрини дзю-дочиён гаштааст. “Чунин иншооти зебои варзиширо ман ҳатто дар ватани худ - Қазоқистон надидаам, - таъкид намуд ӯ. – Ҳамчунин, боздид аз Литсейи президентӣ бароям писанд омад. Дар ин ҷо барои таҳсилу тамрини шогирдон шароити хуб фароҳам овардаанд”.

Нақши варзиши донишгоҳӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим К. Закирянов аз хизматҳои шоёни Шодӣ Сафаров дар пешрафту омодасозии мутахассисони соҳаи варзиш ёдовар шуда, чунин гуфт: “Баъди ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таъин

милалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарор дод, ки Конфронси IV байналмилалии олимони ҷавон ва донишҷӯён маҳз дар ҳамин донишкада баргузор гардад. Ман боварӣ дорам,

ШОДӢ САФАРОВ

КАЙРАТ ЗАКИРЯНОВ

дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат сурат мегирад, нишондиҳандаи ғамхорию дастгирии Сардори давлат нисбат ба соҳаи варзиш аст. Зеро варзиш гарави саломатист.

МАВСУМА МУИНӢ Шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ дар бораи нақши варзиш дар тарғиби сулҳу дӯстӣ сухан намуда, аз дӯстии шоири тоҷик Мирзо Турсунзода ва адибони қазоқ, аз қабили Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов ва ғайра ёдовар шуд. Ҳамчунин, Гулназар Келдӣ чанд шеъри дар васфи сулҳу дӯстӣ эҷодкардаашро қироат намуд. Муовини ректори аввали Академияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Қазон Фирӯза Зотова

шудани Шодӣ Асомуродович донишкадаи мазкур ба пешрафтҳои назаррас ноил гашт. Чунончи, соли 2012 бори аввал варзишгарони тоҷик дар Унверсиадаи донишҷӯён, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд, ширкат варзиданд. Онҳо соҳиби 5 медал гашта, миёни намояндагони 160 мамлакат ба қатори 30 кишвари беҳтарин шомил гаштанд. Ман аз вазъи базаи моддию техникӣ ва донишу маҳорати баланди ҳайати устодони ин донишкада хуб огоҳӣ дорам. Аз ин рӯ, Ассотсиатсияи байнал-

ки иштирокчиёни конфронс бо дастоварду таҷрибаҳои ҳамдигар ошно шуда, робитаҳои ҳамкориро беҳтар ба роҳ мемонанд. Баъдан, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсума Муинӣ иштирокунандагони конфронсро аз номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ин чорабинӣ дар арафаи таҷлили 20-солагиии қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо

Соли 2012 бори аввал варзишгарони тоҷик дар Унверсиадаи донишҷӯён, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд, ширкат варзиданд. Онҳо соҳиби 5 медал гашта, миёни намояндагони 160 мамлакат ба қатори 30 кишвари беҳтарин шомил гаштанд.

як давлат будем ва ҳамон эҳсоси дӯстию бародарӣ дар вуҷуди мо боқист. Дар хотима, аз ҷониби мизбон - Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба меҳмонони конфронс ҳамчун

ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ рамзи эҳтиром сару либоси тоҷикӣ тақдим гардида, санъаткорони шинохта хотири ширкаткунандагонро бо суруду навоҳои тоҷикӣ шод гардонданд. Баъд аз нисфирӯзӣ иштирокчиёни конфронс ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, маърӯзаҳои олимони ҷавонро гӯш карда, баҳогузорӣ намуданд. “Ҳаракати варзиши донишҷӯён: таҷриба, мушкилот, дурнамо», «Методологияи ташкилёбии тарбияи ҷисмонии донишҷӯён», «Ҷанбаҳои педагогӣравонии тарбияи ҷисмонӣ» ва ғайра аз мавзӯъҳои асосие буданд, ки баррасӣ шуданд. Устодони собиқадор ба кори олимони ҷавон баҳогузорӣ карда, тавсияҳои муфид доданд. Меҳмонони конфронс, инчунин, бо Китобхонаи миллӣ ва мавзеъҳои таърихиву ҷолиби диққати шаҳри Душанбе ошно шуданд. Умуман, дар конфронс 45 нафар олими ҷавон аз 25 кишвари олам иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Зикр шуд, ки Конфронси баъдии олимони ҷавон ва донишҷӯён соли оянда дар шаҳри Қазон баргузор мегардад.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад Андешаҳои меҳмонон баъд аз конфронс

Фирӯза ЗОТОВА, муовини ректори Академияи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризми Поволже:

Кайрат ЗАКИРЯН, профессор, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: - Барои пайдо кардани ҳуқуқи баргузории Конфронси IV байналмилалии илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон кишварҳои зиёде талабгор буданд, масалан, донишгоҳҳои варзишии Варшава (Лаҳистон), Қазон (Федератсияи Русия), Ереван (Арманистон) . Аммо Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарор дод, ки ин чорабинӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир шавад. Зеро солҳои охир донишкадаи мазкур ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст. Базаи моддӣ-техникии хуб дорад. Устодонаш варзидаю баландихтисос буда, комёбии шогирдони донишкада назаррас аст. Махсусан, баъди ректори донишкада таъин шудани Шодӣ Сафаров комёбиҳо хеле афзун гашт. Тайи чанд рӯзе, ки меҳмони Тоҷикистон будам, шоҳиди дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҷодаи варзиш гаштам. Эҳсос мешвад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи зиёд дорад. Дар ноҳияи Дарвоз меҳмони қасри варзишии «Вастан» шудам, ки хеле замонавӣ буд. Ҳамчунин, бо лоиҳаи маҷмааи бузурги варзишӣ, ки дар наздикии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ сохта мешавад, ошно гаштам. Агар иншооти мазкур сохта шавад, Тоҷикистон метавонад мизбони чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ гардад. Ҳоло Шодӣ Сафаров ба он талош дорад, ки пас аз ду сол дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён баргузор шавад. Ҳамчунин, оянда дар пойтахти Тоҷикистон Конгресси байналмилалии «Варзиши олимпӣ ва варзиш барои ҳама» доир хоҳад гардид. Дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб ман меҳмони хонаводае шудам, ки аз қабилаи кайманҳо будааст. Мардум бо ифтихор ба ман ҳикоя карданд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин деҳа меҳмон буд. Аз файзи қудуми Сардори давлат дар деҳаи Аличур мактаб ва боғчаи кӯдакона сохта шуд. Боварӣ дорам, ки Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад. Чанде пеш дар ин ҷо ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар сатҳи баланд баргузор гашт. Оянда, Худо хоҳад, Тоҷикистон метавонад мизбони чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ гардад.

- Баргузориии конфронс боиси боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои соҳаи варзиши кишварҳои гуногун мегардад. Дар ин замон, ки бисёр кишварҳо ба гирдоби ноамнӣ печидаанд, барқарор кардани робитаҳои дӯстӣ хеле муҳим аст. Алалхусус, барои дониҷӯёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дӯстиро поянда нигоҳ доранд. Охир мо замоне ҳама шаҳрвандони як давлат будем. Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Дирӯз борон буд. Имрӯз бошад, офтоб нурафшонӣ мекунад. Мардуми тоҷик хеле меҳмондӯсту чеҳракушоданд. Шаҳри Душанбе сарсабзу пургул ва назаррабост. Манзараву обу ҳавои дараи Варзоб бошад, хеле дилкаш аст. Аз омадани худ ба Тоҷикистон шодам. Бароям гуворо буд, ки мардуми тоҷик нисбат ба Федератсияи Русия хайрхоҳӣ зоҳир мекунанд. Ин ҷо худро мисли дар хонаи худ эҳсос намудам.

Александр ЗДАНОВИЧ, аспиранти Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Сибир, шаҳри Омск: - Маърӯзаи ман ба мавзӯи баскетбол бахшида шуда буд. Устодону донишҷӯён маърӯзаро шунида, бисёр маслиҳатҳои муфид доданд. Ин конфронс воқеан ҳам ба як фестивали дӯстӣ табдил ёфт. Ба ман обу ҳаво, манзара ва мардуми Тоҷикистон писанд омаданд. Тоҷикон чеҳраи зебову кушода доранд. Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳост. Мехоҳам, ки чунин чорабиниҳо бештар доир гарданд. Зеро баргузории ин чорабиҳо боиси дидору мулоқоти нав ба нави дӯстона мешавад.

Дансе АН, муҳаққиқ аз Кореяи Ҷанубӣ: - Тавре мушоҳида намудам, дар Тоҷикистон варзиш хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Бисёр донишҷӯёни тоҷик ба варзиш рағбат доранд. Конфронс хеле ҷолиб гузашт. Ман бо намояндагони Қазоқистону Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо ҳамсуҳбат шудам. Онҳо ҳам аз конфронси мазкур хотираи хуб доранд. Боварӣ дорам, ки сафи дӯстдорони варзиш дар Тоҷикистон боз ҳам бештар мешавад.

9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

КОНФРОНС

Александр МАКАГОНОВ, директори Ассотсиатсияи байналмилалии Донишгоҳҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш: Заҳро КАМОЛӢ, Ҷумҳурии Исломии Эрон: - Дар бораи Тоҷикистон қаблан маълумот доштам, вале бори аввал дидам, ки мо забону фарҳанги муштарак доштаем. Таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш хеле зиёд аст. Конфрос дар сатҳи баланд доир шуд. Агар ин гуна чорабиниҳо дар кишварҳои мухталиф баргузор шаванд, ҳатман ба рушди соҳаи варзиш мусоидат мекунанд.

Айнура СОБИРОВА, донишҷӯи Академияи варзиш ва туризми Қазоқистон: - Меҳмондӯстии тоҷикон, зебоии шаҳри Душанбе ва дараи Варзоб ба ман хотироти нек гузошт. Дӯсти ман ҷавони тоҷик аст. Ӯ васфи Тоҷикистонро карда буд. Вақте ба чашмони худам дидам, Тоҷикистонро беҳтар аз гуфтаҳои ӯ дарёфтам. Таомҳои тоҷикӣ хеле болаззатанд. Боздид аз Китобхонаи миллӣ низ як ҷаҳон таассурот бахшид. Ҳам аз ҷиҳати зебоии иморат, ҳам аз ҷиҳати номгӯи китобҳо хеле бароям писанд омад.

Мусоҳибон С. АСОЗОДА, С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

- Ассотсиатсияи мо донишгоҳҳои 56 кишварро аз тамоми қитъаҳои олам муттаҳид кардааст. Ҳар сол аз ҷониби ассотсиатсия дар мамолики гуногун конгресс дар мавзӯи «Варзиши олимпӣ ва варзиш барои ҳама», инчунин, конфронс дар мавзӯи «Варзиши донишгоҳӣ: солимӣ ва шукуфоии миллат” баргузор мешавад. Конфронси имсола дар сатҳи баланд доир гашт. Бо истифода аз фурсат мехоҳам миннатдории худро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кунам, ки ба рушди варзиш миёни ҷавонон тавҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Вақте Роҳбари давлат ин гуна ба инкишофи варзиш ғамхорӣ зоҳир кунад, табиист, ки миллат солим ба воя мерасад. Ман соли 1968 дар Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ кардам. Ду сол пеш низ барои ширкат дар як конфронс ба ин кишвари зебоманзар омада будам. Дар ин миён Тоҷикистон, алалхусус, шаҳри Душанбе хеле зебо шудааст. Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, боғу гулгаштҳои зебо ба ҳар бинанда хотироти нек мебахшад.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

10

ТУРИЗМ

Пас аз ду рӯзи меҳмонӣ дар баландтарин ноҳияи кишвар - Мурғоб ташаббускорони барномаи сафарӣ тибқи нақша моро ба ноҳияи Ишкошим роҳнамоӣ карданд. Ба Ишкошим аз ҷониби Мурғоб ва шаҳри Хоруғ рафтан мумкин аст. Роҳ аз самти Мурғоб сангфарш буда, аз миёни баландкӯҳҳо мегузарад. Аз деҳаи Аличури Мурғоб то ба деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, тӯли зиёда аз 100 километр деҳаеро дучор нашудем. Дар дигар мавзеъҳои ватанамон дар ин қадар масофа даҳҳо деҳаву шаҳракро дучор омадан мумкин аст. Аз ин рӯ, зимни сафар ба ноҳияи Мурғоб ё баргаштан аз он ҳатман бо худ захираи обу ғизо, сӯзишворӣ (барои нақлиёт), либоси гарм бояд гирифт. Зеро дар сурати бе озуқа мондан ба мушкилӣ гирифтор шудан мумкин аст.

барқро орзу мекунанд. Роҳ сангфарш, мактабу нуқтаи тиббӣ нест. Ишкошими Афғонистон нисбат ба дигар минтақаҳои ин кишвар аз он фарқ мекунад, ки дар он ҷо амалиёти низомии калонҳаҷм сурат нагифтаанд. Танҳо бо оромиаш ин минтақа аз дигар мавзеъҳои Афғонистон бартарӣ дорад. Хушбахтона, ҳодисаҳои марзшиканӣ низ ба назар намерасад. Деҳаи Лангар тобеи деҳоти Зонг мебошад. Деҳоти мазкур

Зардолуи навпӯхта дар моҳи сентябр Баъди бозгашт аз ноҳияи қариб бе долу дарахти Мурғоб ҳудуди ноҳияи Ишкошим бароямон хеле дилкаш намуд. Баробари наздик шудан ба ағбаи Харгӯшӣ сарҳадбонон тибқи расмиёт ҳуҷатҳои моро санҷида, «Роҳи сафед» таманно карданд. Ба сарбозон барои матонату ҷавонмардона дар ин минтақаи сершамол хизмат карданашон аҳсан хондем. Роҳ қад-қади дарёи Ишкошим, саргаҳи дарёи Панҷ мегузашт. Дар нимароҳ аз оби сарду нилгуни дарё нӯшидем. Ин дарё Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо месозад. Дар он тарафи дарё пас аз ҳар 2-3 километр хонаи гилин ба назар мерасад, ки «савобхона» ном дорад. Ин хонаҳо як навъ нақши корвонсаройро мебозанд. Мусофире, ки дар нимароҳ монд, ба ин савобхона омада, шабашро рӯз мекунад. Савобхона барои аз боду барфу борон эмин мондани мусофирон хизмат мекунад. Ҳар мусофир дар ин мавсими сармо аз ҳезуми захираи «Савобхона» истифода бурда, пеш аз рафтан худаш низ ҳезум оварда, ба савобхона момонад. Ҳарчанд паҳнии дарё дар баъзе ҷойҳо ҳамагӣ 3-4 метр бошад ҳам, вале дар ин масофаи ночиз тарзи зиндагии сокинони ду соҳил аз ҳам фарқи калон дорад. Ишкошимиҳои ҷониби Тоҷикистон соҳиби барқ, хонаҳои барҳавову шиферпӯш, роҳҳои мумфарш, мактаб ва нуқтаҳои тибианд. Аммо аз дарё он тараф мардум

қариб 6000 нафар аҳолӣ дорад. Дарахтони деҳаи Лангар он қадар сабзу ҷиллодор буданд, ки гӯё нав баҳор фаро расида бошад. Моро ба хонаи Зумрад барои хӯроки нисфирӯзи даъват карданд. Дар дастурхон зардолуи навчидашудаи лазизу хушбуйро дида, ҳайрон шудем. Ба мо гуфтанд, ки дар ин ҷо зардолу моҳи сентябр мепазад. Тоҷикистон воқеан ҳам кишвари нодир аст. Агар дар ноҳияи Шаҳритӯс зардолу охири май ва аввали моҳи июн пазад, дар ноҳияи Варзоб моҳҳои июл-август ва дар Ишкошим моҳи сентябр мепазад. Дар ин хона обгармкунаки офтобиро дида, хурсанд шудем. Ман аз соли 1997 дар рӯзномаҳо оид ба бартарии

таҷҳизоти офтобию шамолӣ менависам, аммо надидам, ки сарватманде дар пойтахт ё ноҳияҳои атроф барои худ таҷҳизоти офтобӣ харида, аз истифодаи барқи умумӣ даст кашида бошад. Баръакс, онҳо тавонанд пули зиёдатӣ дода, ба хонаашон «хати сурх» мекашанду ҳаққи мардуми камбизоатро соҳибӣ мекунанд. Шоҳи Эрон ба Лангар омада буд

гар омада, мақбараро зиёрат намудааст. Барои дар сатҳи баланд меҳмондорӣ кардани ӯ аз шаҳри Душанбе гурӯҳи калони пешхизматону ошпазҳо ва посбонон ба деҳаи Лангар омада буданд. Аммо баъд аз меҳмондории серӯза ва рафтани ҳайати меҳмонони эронӣ китоби дастнависи қадимае, ки дар бораи шаҷараи Шоҳ Қамбари Офтоб ва таърихи таблиғи ислом дар Вахондара навишта шуда буд, ғайб зад. Агар он ки-

соф тоҷикист. Ҳарчанд забони мардуми дигар деҳаҳои мардуми Ишкошим вахонӣ ва ярикулӣ бошад ҳам, тоҷикиро хеле хуб гап мезананд. Дар деҳаи Рин бо забони қадимие гап мезананд, ки дар дигар ҷо боқӣ намондааст. Воқеан, дар замони шӯравӣ дар Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии СССР ин деҳа депутати худро дошт. Дар деҳаи Ямг хона-музейи Мубораки Вахонӣ (1842-1902) ҷой гирифтааст. Ӯро Леонардо да

Дар саргаҳи дарёи Панҷ

ОҒОХОНИ МУНАВВАР

Дар деҳаи Лангар мақбараи Шоҳи Қамбари Офтоб ҷой гирифтааст. Атрофи мақбараро дарахтони бисёрсолаи беду сӯзанбарг иҳота кардаанд. Дар гирди мақбара шохҳои бузи кӯҳӣ гузошта шудааст. Халифаи деҳа Ёдгор Муллоев гуфт, ки Шоҳ Қамбар яке аз аввалин мубаллиғони дини мубини ислом дар ин мавзеъ аст. Аз ин рӯ, мардум ба ӯ ихлоси калон дорад. Шикорчиён пеш аз шикор мақбараро зиёрат мекарданд. Баъди бобарор баргаштан аз шикор ба нишони эҳтиром шохи буз ё оҳуро ба ин ҷо мегузоштанд. Соли 1956 шоҳи Эрон Ризошоҳ Паҳлавӣ бо иҷозати ҷониби шӯравӣ аз самти Бадахшони Афғонистон ба деҳаи Лан-

тоб сари вақт ба шӯъбаи мероси хаттии Институти шарқшиносии АИ ҶТ супорида мешуд, шояд як гӯшаи таърихи халқамон барои имрӯзиён равшан мешуд. Пас аз деҳаи Лангар мо ба деҳаи Вранг рафтем. Дар ин ҷо то ҳол маъбади буддоиҳо ҳифз ва нигоҳ дошта шудааст. Онро ба давраҳои то асрҳои VI-VII мелодӣ нисбат медиҳанд. Маъбади буддоӣ дар баландӣ ҷой гирифта, аз сангҳои тахту ҳамвор сохта шудааст. Аз дур ба шакли мавзолей монандӣ дорад. Дар наздикии ин маъбад қабрҳои саккоиён дида мешавад, ки аз 2 метр ҳам дарозтар буда, ҳар кадом сӯрохие доранд. Деҳаи Ямг низ тобеи ҷамоати Вранг аст. Аммо забони мардуми Янг

Винчии ямгӣ ҳам меноманд. Мубораки Вахонӣ мутафаккири шинохта ва шахси боистеъдод буд. Ӯ ҳамчун сӯфӣ, шоир, файласуф, донишманд, мусиқидон, ситорашинос, усто маъруф аст. Осорхонаи Мубораки Вахониро аберааш нигоҳубин мекунад. Дар осорхона китоб, зарфҳои қадима, либос, олоти меҳнат, асбобҳои мусиқӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тақвими сангии Мубораки Вахонӣ то имрӯз маҳфуз монда, фарорасии наврӯз (21 март)-ро аниқ муайян мекунад. Кас ба маҳорату истеъдоди мутафаккирон қоил мешавад, ки зиёда аз сад сол пеш чунин дастгоҳи оддӣ, дақиқ муайянкунандаи баробарии шабу рӯзро сохтаанд. Хосияти чашмаҳои Ишкошим Дар ноҳияи Ишкошим чашмаҳои обашон гарму шифобахш зиёданд. Баландтарини онҳо чашмаи Бибифотимаи Заҳрост. Он дар деҳаи Ямчун воқеъ буда, аз сатҳи баҳр 3300 метр баланд аст. Бо мақсади аз оби гарму шифобахши чашмаи мазкур самарабахш истифода бурдан дар ин ҷо осоишгоҳ сохта шудааст, ки аз соли 1996 фаъолият мекунад. Ба мо корҳои сарсабзу ободгардони маъмурияти осоишгоҳ писанд омад. Дар он ҷо то ин дам қариб 10 000 бех дарахти бед шинонда шудааст, ки ба мавзеъ ҳусни тоза бахшида, ҳавои атрофро гуворо мегардонад. Гулҳои дар саҳни осоишгоҳ шинондашуда низ аз завқи баланди зебоипарастии маъмурияти


ҚАНОАТ МАВЛОНҚУЛОВ осоишгоҳ дарак медиҳанд. Корманди масъули осоишгоҳи «Бибифотимаи Заҳро» Оғохони Мунаввар зимни суҳбат гуфт, ки оби чашмаи мазкур барои муолиҷаи бемориҳои талха, меъда, рӯда, ҷигар, душвории ҳазм, тарбод, дарди устухонҳову бофтаҳо, узвҳои ҳаракаткунандаю такягоҳ, бемориҳои урологӣ ва безурётии занон муфид аст. Оби радонии чашмаи Бибифотимаи Заҳро дар таркибаш ионҳои литий, никел, бром, молибден ва рӯҳ дорад. Мутахассисони осоишгоҳ фишори хуни мизоҷонро пеш аз даромадан ба оби чашма месанҷанд. Барои беморони фишори баланди хун, бемориҳои дилу рагҳо даромадан ба оби чашмаи гарм манъ аст. Маъмурияти осоишгоҳ чашмаро ба қисматҳои занонаву мардона ҷудо карда, барои баҳузур нишастан дар дохили ҳавз нишастгоҳи бетонӣ сохтанд. Барои касоне, ки бори аввал дар оби чашма муолиҷа мегиранд, аз 10-15 дақиқа зиёд истодан иҷозат дода намешавад. Бе наҳорӣ, бо шиками гурусна дар чашма зиёд нишастан низ зарар дорад. Беморон метавонанд барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда 200-300 грам оби ин чашмаро бинӯшанд. Аз меъёр зиёд нӯшидани оби чашма метавонад ба гурдаҳо зарар расонад. Мизоҷон бо роҳхати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, асосан, моҳҳои апрел-октябр меоянд. Дар дигар моҳҳо бинобар сардии ҳаво мизоҷон нестанд. Агар бо истифода аз таҷҳизоти офтобӣ ва шамолӣ ҳуҷраҳои истироҳатии осоишгоҳ гарм карда шаванд, шояд дар мавсими сармо низ имкони қабули истироҳаткунандагон фароҳам ояд. Оби гарми истифодашудаи чашмаро низ метавон бо мақсади гармидиҳии ҳуҷраҳо истифода бурд. Интиқоли оби гарм тавассути насосҳо ба меҳмонхона имкон дорад. Бе ин ҳам оби истифодашуда беҳуда ҷорӣ мешавад. Баъди истифода, ҳамчунин, оби гарми чашмаро метавон дар гамхонаҳо истифода бурд. Бунёди гармхона дар наздикии чашма манфиати зиёд хоҳад дод. Аз осоишгоҳи “Бибифотимаи

Заҳро” ба қалъаи қадимаи Ямчун рафтем. Қалъа дар мавзеъҳои баланди кӯҳ сохта шуда, ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва қисми зиёди ноҳияи Ишкошим аз он намоён аст. Ин қалъа ба даврони Кушониён тааллуқ дорад. Қалъа аз ду майдонча иборат буда, аз санг сохта шудааст. Дарозии майдончаи асосӣ аз шимол ба ҷануб 450 метрро дар бар мегирад. Майдончаи дуюм ба шакли чоркунҷа сохта шуда, масоҳаташ 150x200 метр аст. Бунёди қалъаро ба асрҳои III-I то мелод нисбат медиҳанд. Баъд аз тамошои қалъаи Ямчун чашмаи Авҷ, воқеъ дар деҳаи Даршай ва мақбараи Пири Фоқимуҳаммадро зиёрат намудем. Дар дохили он, ки атрофаш бо девори сафед иҳота шудааст, болои санги калоне петроглиф (нақшҳои бузи кӯҳӣ, архар, шикорӣ ва ғайра) ва навиштаҷоти арабӣ ба чашм мерасад. Ин нақшҳо аз ҳазорсолаи сеюми то мелод то асрҳои VIIIX-ро дар бар мегиранд. Мутавалии он ҷо Хушқадам Мирзоев гуфт, ки Фоқимуҳаммади Парвозӣ аз муридони Носири Хусрав будааст. Шифохонаи оби шифобахши «Авҷ» дар масофаи 80 километр аз Хоруғ ва 28 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷой гирифтааст. Он дар соҳили дарёи Ишкошим, 2450 метр аз сатҳи баҳр баланд воқеъ аст. Сарвари шифохона, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Қаноат Мавлонқулов иброз дошт, ки гармии оби чашмаи «Авҷ» 37-38 дараҷа буда, миқдори хориҷшавии он 5 литр дар як сония мебошад. Дар таркиби оби чашма элементҳои литий, оҳан, никел, фтор, руҳ ва бром мавҷуданд. Оби мазкур барои бемориҳои тарбоди дил (ревматизм) баъди паст шудани шиддати ҷараёни касалӣ, узвҳои ҳозима, вайроншави мубодилаи моддаҳо, гурда, бавосир (геморой), гӯш, гулӯ ва бинӣ, шуш ва роҳҳои нафас, зиққи нафас, остеохондроз, невралгия, неврит, касалиҳои чашм, дастгоҳи такяю ҳаракат давост. (Истифодаи оби чашмаи Авҷ барои бемориҳои саратон, пӯст ва занони ҳомила мумкин нест. Таъми оби чашма ширин аст). С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Чанде пеш дар Афғонистон Чемпионати сеюми мамлакат оид ба футбол хотима ёфт. Дар он, ки 28 август оғоз ёфт, 8 даста аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Ғолибият насиби дастаи «Шоҳини Асмоӣ»-и шаҳри Кобул гардид. Дастаи мазкурро инструктори Федератсияи футболи Тоҷикистон, мудири қисми илмии МҶМОВ дар Душанбе Боир Эгамбердиев омода карда буд. Хабарнигори радиои «Мавҷи Олмон» (DW) бо Б. Эгамбердиев мусоҳиб шуда, аз ӯ дар хусуси он ки футболро дар ин кишвари зиёда аз 30 сол ҷангзада чӣ гуна дид, пурсон шуд. - Дастаи «Шоҳини Асмоӣ», ки Шумо онро тамрин додед, бори дуюм Чемпиони Афғонистон шуд. Футболбозони Афғонистон киҳоянд, дар зиндагии муқаррарӣ бо чӣ кор машғуланд? - Дар Афғонистон футболбозони касбӣ ба монанди кишварҳои аврупоӣ нест. Бозиҳои Чемпионати Афғонистон ҳамагӣ дар давоми якуним моҳ баргузор мешаванд. Аз ин рӯ, футбол барои онҳо манбаи доимии даромад ба ҳисоб намеравад. Варзишгарон тоҷири бозор, муаллими мактаб ва корманди пулис мебошанд. Баъди рӯзи корӣ онҳо ба варзишгоҳ рафта, тамрин мекунанд. Миёни шогирдони ман низомиёни касбӣ низ буданд. Ин ҷавононро дар вақти чемпионат аз хизмат озод карданд, то онҳо шӯҳрати шаҳри худро дар чемпионат баланд бардоранд. Чунин ҳолат дар дигар дастаҳо низ ба назар мерасад. Ба ман гуфтанд, ки маоши миёнаи футболбозон дар давраи чемпионати Афғонистон қариб ба 200 долар баробар аст. Аммо аз ин кам ҳам мешавад. - Чемпионати Афғонистон чӣ хел доир мегардад? - Дар Афғонистон 34 вилоят аст. Дар ҳар кадоми он чемпионат доир мегардад. Сипас, дастаҳои ғолиб дар мусобиқаи минтақавӣ ширкат мекунанд. Ғолибони 8 минтақа ба чемпионати мамлакат роҳхат мегиранд. - Афғонҳо бозии футболро дар куҷо меомӯзанд? - Барои ман низ ҷолиб буд, ки системаи футболи Афғонистон чӣ гуна аст. Вақте мураббиёни тоҷикро ба дараи Панҷшер даъват карданд, нахустин чизе, ки дидем, футболбозии кӯдакон дар майдони пур аз чангу хок (бе сабза) буд. Модоме ки бачаҳо дар чунин шароит омодаи бозӣ кардан ҳастанд, пас футболро дӯст медоранд. Футболи бачагона дар Афғонистон ба

ҳоли худ инкишоф меёбад. Дар он ҷо мисли Тоҷикистон мактабҳои варзишии бачагону наврасон нест. Аммо агар дар Афғонистон футболи бачагонаро рушд доданӣ бошанд, мо ҳамчун ҳамсояи наздик омодаем, ки кӯмак расонем. Дар Афғонистон, ҳамчунин, бозии футбол миёни донишҷӯён васеъ паҳн шудааст. Футбол дар тамоми минтақаҳое, ки мактаби олӣ доранд, инкишоф меёбад. Ҷавонон бисёр ҳадафмандона ба футбол машғул мешаванд. Аксари онҳо мехоҳанд ба ҳайати дастаи миллӣ шомил шуда, ҷаҳонро бубинанд. Дар воқеъ, тими миллии Афғонистонро мутахассисон аз Олмон тамрин медиҳанд. Мутахассисони афғонӣ аз тамоми воқеаҳои ҷаҳони футбол огоҳ буда, номи аксари бозингарони машҳурро медонанд ва аз рафти чемпионатҳои Аврупо бохабаранд. - Дар вақти бозиҳои чемпионат дар варзишгоҳҳо чӣ гуна фазо ҳукумрон буд? - Бо мақсади таъмини амният тамоми бозиҳо дар ду варзишгоҳи Кобул баргузор шуданд. Яке аз онҳо бо маблағи FIFA дар доираи барномаи «Гол-1» сохта шудааст. Варзишгоҳҳо барои 14000 ва 18000 нафар мухлис пешбинӣ шудаанд. Ягона камбудӣ набудани рӯшноӣ (барқ) аст, ки ин норасоиро дар Кобул соли оянда рафъ карданианд. Бозиҳо соати 16:00 бо вақти Кобул оғоз мешуданд ва варзишгоҳҳо пур аз мухлис буданд. Мухлисон бо парчаму шиорҳо ба варзишгоҳ омада, тими дӯстдоштаашонро дастгирӣ мекарданд. Ҳатто дар варзишгоҳ секторҳои оилавӣ буданд, ки занону духтарони зиёде барои тамошо меомаданд. Баъди бозӣ мухлисон оромона пароканда мешуданд. Ба варзишгоҳҳои Афғонистон бо аслиҳа низ ворид шудан мумкин аст? - Не, дар вақти баргузории чемпионат чораҳои шадиди амниятӣ дида мешуд. Бо аслиҳа касеро ба варзишгоҳ роҳ намедоданд. Мухлисонро тавассути таҷҳизоти махсуси металҷӯӣ месанҷиданд. Умуман, дар варзишгоҳ фазои дӯстӣ ҳукумфармо буд. Аз 18 бозӣ танҳо як бор зиддияти хурдеро миёни мухлисон дидем, ки бо дахолати пулис дар муддати кутоҳ зуд оштӣ шуданд. - Чиптаҳо чӣ қадар арзиш

доштанд? - Дар давраҳои гурӯҳӣ чиптаҳо баробари ним доллар (тақрибан 2,5 сомонӣ) нарх доштанд. Сипас, дар давраи нимфиналӣ арзиш ба 2 доллар (10 сомонӣ) баробар шуд. Дар бозии финалӣ бошад, нархи чипта то ба 20 доллар (100 сомонӣ) расид. - Бозиҳоро тавассути телевизион нишон медоданд? - Федератсияи миллии футболи Афғонистон бо яке аз ширкатҳои телевизионии Ҳиндустон доир ба пахши мустақими тамоми бозиҳо тавассути шабакаҳои моҳвораӣ шартнома баст. Бо ин мақсад 600 000 доллар ҷудо шуд. Бозиҳоро аз тамоми сайёра мустақим дида мешуд. Дар варзишгоҳ 11 наворбардори телевизион беист кор мекарданд. Аз ба майдон баромадани бозингарон то сӯҳбати онҳо дар вақти танаффус ва мусобиқаҳои баъди бозию нишастҳои матбуотиро нишон медоданд. Дар шабакаҳои телевизиони миллӣ ҳам мустақим ва ҳам ду бор сабти бозиҳоро намоиш медоданд. Наворбардорон чеҳраҳои мухлисонро, ки ашхоси оддӣ ва наврас буданд, пекаши бинандагон мекарданд. Ин ҳам як таблиғи хуби сулҳу осоиштагӣ тавассути футбол буд. - Дастаи тамриндодаи Шумо ба мусобиқаи Ҷоми КФО роҳхат гирифт. Ин аллакай мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки дар он ғолибони чемпионатҳои миллии Осиё ширкат мекунанд. Кӣ футболбозонро ба ин бозиҳо омода месозад? - Ин ба салоҳияти роҳбарони даста вобастагӣ дорад. Ман пешниҳод кардам, ки дастаро бо ҷалби чанд бозингари боистеъдод пурқувват бояд кард. Нақшаи тамрини бозиҳоро тартиб дода, як қисми давраи омодагиро метавон дар Тоҷикистон гузаронд. Дар ин ҷо дастаи «Шоҳини Асмоӣ» метавонад бо тимҳои шинохтаи Душанбе бозиҳои рафиқона гузаронад. Ҳамчунин, бо иштироки дастаҳои Афғонистону Тоҷикистон мусобиқоти хурд метавон гузаронд. Масалан, соли оянда ин чорабиниро аввал дар Тоҷикистон ва баъд дар Афғонистон баргузор кардан мумкин аст.

Тарҷумаи С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Бо футбол метавон сулҳро дар Афғонистон тарғиб кард

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

11

ФУТБОЛИ АФҒОНИСТОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

12

ФУТБОЛИ СОБИҚАДОРОН

«Помир» - «Спартак» - 4:4

25 октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии рафиқон миёни собиқадорони дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Спартак”-и Маскав доир гашт. Ин бозиро дар варзишгоҳ 15000 нафар тамошо карданд. Бозӣ мусовӣ (4:4) анҷом ёфт. 25 сол пеш дастаи “Помир” дар лигаи олии ИҶШС бозӣ мекард. Ин барои ҷумҳурии мо ҳодисаи нодир ба шумор мерафт. Соли 1990 “Помир” дар Варзишгоҳи марказӣ он вақт ба номи Фрунзе “Спартак”-ро бо ҳисоби 5:1 шикаст дода буд. Бозӣ дар ду қисми 35-дақиқаӣ доир гашт. Собиқадорони “Спартак” аллакай дар даҳум дақиқа ҳисобро ба 2:0 расонданд. Дар дақиқаи 4 Валерий Кечинов голи

аввал, баъди 6 дақиқа Георгий Яртсев голи дуюмро заданд. Душанбегиҳо дар дақиқаи 37 ҳисобро тағйир доданд. Сармураббии тими миллии кишвар Муҳсин Муҳаммадиев як голи зебо зад. Дар дақиқаҳои охир Азамат Абдураҳимов аз ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар кард. Дар қисми дуюм Муҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати “Спартак” ба майдон баромад. Ӯ ду гол зада, “хет-трик” кард. Азамат Абдураҳимов бошад, дар ҳайати “Помир” “хет-трик” карда, ҳисобро

баробар намуд – 4:4. Баъд аз мусобиқа бозии лоторея доир гашт. Ҳимоятгари машҳури “Помир”, ки дар ҳайати тими СССР соли 1988 қаҳрамони олимпӣ шуд, дар ин бозӣ ширкат кард. Ӯ соҳиби хушбахти автомобили “Мерседес-Бенс”ро муайян кард. Автомобил насиби сокини шаҳри Душанбе, устои кондитсионер Дилшод Хуҷақулов гашт. Калиди мошинро ба ӯ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ супорид.

ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

САМБО

Панҷ голи “Истиқлол” ба дарвозаи дастаи Панҷ

Медали биринҷии Хушқадам дар Маскав

26 октябр бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гаштанд. Ду муддаии асосии ҷом – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат дар майдонҳои худ бар “Саройкамар”-и Панҷ (5:0) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (1:0) ғолиб омаданд. Бозиҳои ҷавобӣ 6 ноябр доир мегарданд.

Паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи генерал Асламбек Аслаханов, қаҳрамони ҳафт каратаи ҷаҳон, ки дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия доир гардид ду медал ба даст оварданд. Дар мусобиқа, ки 16-19 октябр маротибаи сенздаҳум баргузор шуд, 200 варзишгар (мардону занон) аз 14 кишвари ҷаҳон - Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Юнон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова, Беларус, Гурҷистон, Австрия, Узбекистон, Марокаш, Олмон ва Финляндия дар 9 вазн рақобат карданд. Ба ҳайати тими мунтахаби самбои ҷумҳурии мо 11 варзишгар шомил буданд. Аммо танҳо ду паҳлавони тоҷик Диловар Сангов дар вазни то 57 кило ва Хушқадам Хисравов дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд.

ШОДБОШӢ

ФУТБОЛИ НАВРАСОН

“Душанбе-1” - барандаи Ҷоми Султон Мирзоев e-mail: javonontj@mail.ru

Дастаи “Душанбе-1” - барандаи Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзида гардид. Мусобиқаро имсол Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футболи шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “ГазпромнефтТоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, ташкил намуданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ панҷ рӯз идома ёфт, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1997-1998 аз вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), шаҳру навоҳии тобеи марказ (Ваҳдат), инчунин, дастаи шаҳри Ӯши Қарғизистон иштирок

карданд. Дастаи “Душанбе-1” (мураббиаш Зайниддин Раҳимов), ки дар бозии ниҳоӣ бар тими “Душанбе-2” (мураббиаш Раҷаб Расулов) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, бо Ҷоми Султон Мирзоев ва диплому медалҳои тилло сарфароз гардид. Ҷои сеюм насиби дастаи “Хатлон-2” (мураббиаш Салоҳиддин Бухориев) шуд.

Блаттер “Истиқлол”-ро табрик гуфт Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) бо ирсоли як номаи табрикӣ унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Истиқлол”-ро барои пирӯзии қабл аз муҳлат дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 шодбош гуфтааст. Дар номаи Блаттер, ки ба номи Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ омадааст, аз ҷумла, гуфта мешавад, “Президенти муҳтарам ва дӯсти гиромӣ! Пирӯзии дастаи “Истиқлол” имкони беҳтарини розӣ будан аз кори анҷомшуда аст. Медонам, ки паси ин муваффақият боварӣ ва талоши ҳамаи дастандаркорон меистад. Ин пирӯзии ҳамаи ҳайати даста аст”.


Дунга, сармураббии тими миллии Бразил тарҳи нави Кодекси рафтори футболистони дастаи мунтахаби ин кишварро таҳия кардааст. Бар асоси он ба бозингарон тавсия дода мешавад, ки гӯшвор, кӯлоҳу пояфзоли сабук напӯшанд ва ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ бо телефони мобилӣ суҳбат накунанд. Хондани суруди миллӣ қабл аз бозиҳо, худдорӣ аз ибрози назари оммавӣ дар мавзӯъҳои динниву сиёсӣ ва аз ҳисоби худ пардохт кардани ҳисоби телефону маблағи бори иловагӣ дар фурудгоҳ аз дигар муқаррароти ин кодександ. “Ин тавсияҳоро набояд ҳамчун манъ кардан қабул кард”, - гуфтааст Дунга. Ба гуфтаи ӯ, чунин тавсияҳо барои тартибу низом кӯмак менамояд. Дунга аз моҳи июли соли равон ба ҳайси сармураббии тими миллии Бразил таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Луис Фелип Сколариро иваз кард.

Мэннӣ Пакяо, Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни то 66,7 кило аз рӯи версияи Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) бинии варзишгари украинӣ Виктор Постолро шикастааст.

Серена мақомашро ҳифз кард Серена Уилямс дар рейтинги Анҷумани занони теннисбоз (WTA) мақоми аввалро ҳифз намуд. Дар зинаи дуюм Мария Шарапова, теннисбози рус нишастааст. Симон Халеп, намояндаи Руминия дар ин раддабандӣ ҷои сеюмро муаррифӣ мекунад. Рейтинги нави WTA 27 октябр нашр гардид.

“Се рӯз қабл, Мэннӣ бинии Постолро шикаст, аммо ҳолати Виктор хуб аст. Мо бо ӯ кор мекунем”, - гуфтааст мураббии муштзани филиппинӣ Фреддӣ Роач. Ба гуфтаи Роач боксчии украинӣ барои сабқат бо Крис Алгиери амрикоӣ ба Пакяо кӯмак мерасонад. Постол 30 сол дошта, дар ринги касбӣ 26 маротиба дастболо шудааст (11 нокаут). Рақобати Пакяо ва Алгиер 22 ноябр дар Макао баргузор мешавад. Онҳо барои унвони қаҳрамонӣ аз рӯйи версияи WBO мубориза мебаранд.

Се ҳолати марги варзишгарони Африқои Ҷанубӣ дар ҳафтаи охир Сензо Мейива, дарвозабон ва капитани дастаи миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ оид ба футбол кушта шуд. Бино ба иттилои расонаҳо, Мейива шоми 26 октябр дар 20-километрии ҷануби шаҳри Йоханнесбург ба қатл расидааст. Пулис гуфтааст, дар манзиле, ки Мейива меҳмон будааст, ду мард ворид мешаванд ва миёнашон баҳс сурат мегирад. Афроди ношинос футболбозро паронда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Йоханнесбург гуфтааст, барои боздошт кардани қотилон тамоми имко-

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: 1

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ

Маоши вазифавӣ 1709.1

2

Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ

1405.3

3

943.65

5

Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун

6

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент

738

7

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара

738

8

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом

738

9

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа

738

10

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус

702

11

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб

702

12

702

14

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар

15

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон

702

16

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим

702

17

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон

702

18

Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол

702

19

Мутахассиси пешбари Шӯъбаи молия ва ҳисобдории дастгоҳи марказӣ

697.50

20

697.50

25

Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ

26

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ

576

27

576

38

Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Вахш

39

Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

472.50

Номгӯи мансабҳо

4

Меннӣ бинии Викторро шикаст

нияташро сарф хоҳад кард. Мейиваи 27-сола дар ҳайати клуби “Орландо Пайретс” бозӣ мекард. Ӯ дар чор бозии охири тими миллии Африқои Ҷанубӣ дар чорчӯби даври интихобии Ҷоми миллатҳои африқоӣ ба ҳайси капитани дастаи яккачин муаррифӣ шуд. Варзишгари дигари ин кишвар, бонуи муштзан Финдиле Мвелазе дар пайи ҷароҳатҳои бардошта дар ринг ба ҳалокат расидааст.

Ӯ, ки дар вазни то 63,5 кило аз Лиз Батлер, бо шеваи нокаут мағлуб шуд, ду ҳафтаро дар ҳолати беҳушӣ сипарӣ намуд. Мвелазе дар ринги касбӣ чор маротиба муштзанӣ карда, дар сетоаш шикаст хурда, яки дигарро мусовӣ кардааст. Мбулаени Мулаудзии 34-сола, дорандаи медали нуқраи Олимпиада-2014 оид ба дав бар асари садамаи нақлиётӣ фавтид.

13

13

21 22 23 24

28 29 30 31 32 33 34 35 36 37

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета);

854.55 738

702 702

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

Тавсияҳои Дунга ба футболбозон

Диққат, озмун!

603 603 603 603 576

576 576 576 576 576 576 522 495 495 472.50 472.50

- 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад»). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

14

Хоби ҳаётбахш Ҳикояи воқеӣ

Саидмурод аз мо ҳамсолони шӯхи беқарор ва ҷангараву сарҳӯй бо оромтабиативу ботамкиниаш фарқ мекард. Бо тамоми вуҷуд бачаи меҳнатдӯст ба шумор мерафт. Ҳама корро сидқан ва бо дасту дили гарм иҷро менамуд. Волидонамон ҳини сарзаниш ҳатман рафтори ӯро ҳамчун намуна ба мо дастак мекарданд.

- Ҳе, ҷавонимарг мурӣ, Қурбон, - менолид холаи Саидмоҳ. - Аз Саидмурод ибрат бигирӣ, ягон ҷоят кам мешавад. Кори ӯро мебинӣ, ҳавасат меояд. Доимо дасташ дар кор банд. Ба ҳама ёриву мададаш мерасад. Ту як бор рафта полизи ӯро бубин. Даҳонат воз мемонад. Ҳама чиз ҳаст. Аз дасти туйи сакалтуи шум мардум ба дод омадааст. Мо, сағираҳои бадфеъл табиист, ки ӯро чашми дидан надоштем. Аз хашму ғазаб дар ин гуна мавридҳо қасд мекардем, ки пайти муносиб ҷуста адаби ин бачаи коргарро диҳем. Дар маъракаи пахтачинӣ ҳам аз мо пешдаст буд. Агар мо бо азобу машаққат аз пагоҳӣ то бегоҳӣ 30 - 40 кило пахта чинем, ӯ 100 - 120 кило ҳосил меғундошт. Субҳи содиқ ба саҳро мерафту шоми торик аз қитъаи замин мебаромад. Дигар илоҷ ҳам надошт. Пас аз марги падараш Қодир - маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъмини Зумрат - модари бемор ва Момогул - хоҳари хурдсол ба зимааш афтода буд. - Саидмурод рафтем. Кор бас, Қурбон пешдоманашро сари китф партофт. - Мардум аллакай дар сари хирман ба пахтакашӣ сар кардаанд. - Сари ҷӯякамро расонам, - аз пахтачинӣ даст накашид Саидмурод. - Ту рафтан гир. Ман аз қафоят мерасам. Саидмурод линчаю ду пешдомани пури пахтаашро болои тарозу гузошт ва арақи сару гарданашро бо остини куртааш пок кард.

Зариф ҒУЛОМ

- 58 кило, - бо ифтихор гуфт ҳисобчӣ Раҳмон. - Қандата зан, ҷӯра! Агар пас аз чошт ҳамин хел ғайрат кунӣ мукофот ҳатман аз худат мешавад. Ӯ танҳо саросема хӯрок хурд ва худаш надонист, ки аз беҳолӣ дар таги дарахти беди лаби ҷӯйбор чӣ тавр ғанаб бар вай ғалаба кард. Хоб дид. Пирамарди нуроние бо хилъати сафед дар даст асо ба ӯ муроҷиат кард: - Писарам, аз ҷоят хез! Давида ба Махсуми Идрис расон, ки писараш намурдааст. Зинда мебошад. Саросема шуда ҷаноза накунад. Саидмурод парида аз ҷояш хест. Болои сараш касеро надид. Даъвати пирамард ҳамоно дар гӯшаш садо медод. Пешдоману линчаро партофта, ба тарафи деҳа, ба сӯи манзили Махсуми Идрис давид. Дар назди хонаи бобои Аҳмад Тағойгулро дид, ки аз ҷониби беморхона гирёну нолон меояд. - Чӣ гап шуд? - Саидмурод ҳарсасзанон пеши роҳашро гирифт. - Мурд! Кӯдакам ҷон дод. Табибон наҷот дода натавонистанд, - гуфта модар деҳаро ба сар бардошт. Аз хонаҳои бобои Аҳмад, амаки Иброҳим ва гунги Тӯра занону духтарон баромада ба ғамзада ҳамовоз шуда, як маҳшаре бардоштанд. Бача аз доду фиғони занҳо сараввал сари калобаашро гум кард. Таъқиди пирамард ба хотираш расиду ӯ баланд фарёд зад: - Хап шавед! Як дам истед! Ман хоб дидам. Занҳо якбора дам ба дарун гирифтанд. Холаи Майдагул пеш баромада пурсид: - Ку гап зан. Дар хобат чӣ дидӣ? - Пирамарде ба ман гуфт. Давида ба Махсуми Идрис расон, ки писараш зинда аст. Саросема шуда ҷаноза накунад. Тағойгул ҳаросон ба рӯи Нусратулло нигарист. Тифл нафас намекашид. - Ношукрит шава, бача, - холаи Майдагул як мушт ба сари ҷавон фаровард. - Вақти шӯхита ёфтӣ. Дафъ шав аз назарам. Занҳо ба сари Саидмурод сангу кулух ҳаво дода маҷбур карданд, ки ӯ рӯ ба гурез ниҳад. Шитобон ба

«МАМАВИТ» ва «БИОЛИФТ»-ро:

e-mail: javonontj@mail.ru

АДАБИЁТ

- барои калон намудани сина, зиёд намудани тарангӣ, - қавӣ намудани мушакҳои сина ва мавзун намудани шакли берунии он; - нигоҳ доштани шакли сина, (аз ҷумла, баъд аз таваллуд) истифода мебаранд. Инчунин, барои табобати як қатор бемориҳо – мастопатия, (бемории ғадудхои сина, сўзиши пистон), касалиҳои пўст истифода бурдан мумкин. Тамоман безарар ва одатнадиҳанда аст, чунки аз ҷамъи гиёҳҳо омода шудааст. Аз ҷавонӣ то ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Натиҷаашро ҳангоми пурра истифода намудан ҳатман хоҳед дид! Тарзи истифода: “Мамавит”-ро дар як рўз ду маротиба бо ҳаракатҳои масҳкунанда молед (модарон баъд аз маконидани кўдак). Давомнокӣ се моҳ. «Биолифт»-ро 2-капсулагӣ ду маротиба дар як рўз, ё 5-донагӣ пилюлӣ 2 маротиба дар як рўз истифода баред. Давомнокӣ - 30 рўз. Нархаш: “Мамавит” аз 38 то 40 сомонӣ, “Биолифт пилюлӣ” №100 то 57 сомонӣ ва “Биолифт капсула” №60 то 69 сомонӣ. Аз дорухонаҳо дастрас кунед.

ҳавлии Махсуми Идрис даромад. Соҳиби хона болои суфа намоз мехонд. Интизор шуд. Махсум ибодатро ба итмом расонда, аз ҷой хест. Ҷавон воқеаро ба тафсил ҳикоя кард. Бар хилофи занҳо Махсуми Идрис ӯро гарм ба бағал кашида, ба хона даровард. - Ту дар ҳамин ҷо ором биншин, - гуфта худ ба берун шитофт. Ҷамъ ба ҳавлӣ даромаданд. Нолаю фиғон ба фалак мепечид. Мардум доду фарёдро шунида, аз ҳар ҷониб медавиданд. Падар ашки дидагонашро нигоҳ дошта натавониста писарро аз дасти занаш гирифта, ба бағал кашид. Нусратулло чашм кушод ва овоз баровард. Махсуми Идрис аз шодӣ каме худро гум кард. Баъд ба худ омада занашро ба оромӣ даъват намуд. - Ин шӯру валвала аз баҳри чӣ? Кӯдак зиндаву шумо доду фиғон доред. - Зинда? - Тағойгул кӯдакро рӯи даст гирифт. Тифл бо чашмони кушода ба рӯяш механдид. - Шавҳарам рост мегӯяд. Нусратуллоҷонам зинда, - ва кӯдаки хандонро ба ҳама нишон дод. - Э, хоби Саидмурод ҳақиқат будааст, - афсӯс хурд холаи Майдагул. - Ман бошам ӯ бечора дурӯғ мегӯяд гуфта калтаккориаш кардам. Э, биё, дар хоки поят садқа, - холаи Майдагул Саидмуроди дар дами дар пайдошударо дида, ҷонибаш рафт ва сару рӯяшро бӯсаборон кард. - Авлиё будаию мани бандаи ношукр туро хафа кардам. Аз гуноҳи ман гузар. Аз кирдори аблаҳонаи худ узр мепурсам. Занҳо ба холаи Майдагул пайравӣ намуда, аз Саидмурод бахшиш пурсиданд. Махсуми Идрис бегоҳӣ ба ин муносибат зиёфат орост. Гули сари сабади маърака Саидмурод ба ҳисоб мерафт ва ӯ ба ҳамдеҳагонаш хоби дидаашро нақл мекард. Баъди ин воқеа мо, бачагони ғаюри нотарс аз иҷрои нияти зиштамон даст кашида, ба Саидмурод бо чашми эҳтиром нигоҳ мекардагӣ шудем. Ҳоло Саидмурод мӯйсафеди 75сола асту Нусратулло ҷавонмарди тануманди 60-сола мебошад ва ҳар бори бо ин фарди нексиришт рӯ ба рӯ шудан хоби ҳаётбахши ӯро ба хотир оварда, ба ӯ миннатдории бепоёни хешро изҳор менамояд.

Чанде пеш аз тариқи Нашриёти “Адиб” маҷмӯаи шеърҳои адиби шинохта Абдулқодири Раҳим, унвонии “Домони абр” ба нашр расид. Он аз шеърҳои нави шоири хушбаён мураттаб гардида, аз ишқу муҳаббат, ватандӯстиву садоқат ва некию накӯкорӣ ҳикоят мекунад. Чанд шеърро аз ин маҷмуа пешкаш мекунем.

Биё, фасли баҳори эътибор аст

Биё, фасли баҳори эътибор аст, Ба пойандоз гулҳо шашқатор аст. Ғазалхон аз муҳаббатҳо ҳазор аст, Замон аз ҳар ҷиҳат ойинадор аст. Вафо кардӣ, ки қурбони вафоят, Ҷаҳоневу ҳама ҳам хоки поят. Сухан зинат гирифт аз марҳабоят, Иҷобат нози дигар аз дуоят. Ба шукре ин замири пок дорем, Ки тухми меҳр андар он бикорем. Зи шодиҳо ба гардун сар барорем, Чу ҷону дил ба роҳат месупорем. Биёи, осмон ҳам шод гардад, Замин аз ранҷу ғам озод гардад. Замони лутфу бас иршод гардад, Куҷо вайронае обод гардад. Нигоҳам маст меояд ба дидор, Зи ёдам меравад имсолу ҳам пор. Ба ҷонам мерасад ҳар ҷилваи ёр, Бурун меоям аз сад доми пиндор. Муборакбодам олам боз ояд, Ба ҳусну лутф, бепардоз ояд. На бо андешаҳои ноз ояд, На як розу на аз як роз ояд. Саодат зиндагониро писандад, Ҳаёти ҷовидониро писандад. Нишоти осмониро писандад, Суботу комрониро писандад. Намонад раҳзанею раҳбаре ҳеҷ, Намонад теғу ҳам як испаре ҳеҷ. Намонад меҳру ишқу дилбаре ҳеҷ, Намонад сарварию сарваре ҳеҷ. Саногӯят чу ман садҳо ҳазорон, Ба рӯзи офтобу лутфи борон. Ба ҳаққи гиряҳои шаҳриёрон, Макун моро дигар аз интизорон.

Суд Биё аз меҳр ҳарфи тоза гӯем, Наву зебо, баландовоза гӯем. Ба тавсифи чу худ ҳам дил набандем, Ба риши хеш то ногаҳ нахандем. Агар чашми хирад бикшода гардад, Ба роҳи рост кас озода гадад. На рӯзаш мефиребад, не шаби тор. На тарс ӯро ба дил ояд зи ағёр.

“ВЕНОРМ» - МАЛҲАМ БАР ЗИДДИ ВАРИКОЗ “ВЕНОРМ” воситаи самаранокест барои истифода ҳангоми бемории варикоз, тромбофлебит. Эҳсоси вазниниро рафъ месозад, хастагии пойҳоро аз байн мебарад ва намуди зоҳирии пӯстро беҳ мегардонад. Ба ҳомиладорон ва ба ҳамаи синну сол (марду зан), ки бисёртар касбашон бо сарбории калон ба пойҳо ё камҳаракатӣ вобаста аст, тавсия дода мешавад. Истифодабарӣ: Дар як рӯз 2 бор ба ҷойҳои бемор молидан лозим. Давомнокӣ - 30 рӯз. Тавсияҳои умумӣ: Даст кашидан аз қабули ваннаҳои ҷӯш. Пӯшидани пойафзоли пошнаҳояш аз 3-4 см. паст. Бастани бинтҳои эластикӣ (танҳо нишаста пойро бинтпеч кунед). Тел: Душанбе - 918-14-58-58, Суғд - 927-49-33-47. Нархи фурӯш – 27 сомонӣ. Маҳсулот дорои сертификат аст. Истеҳсолкунанда Русия. Аз дорухонаҳо дастрас намоед.

Ба афсона набандад дил аз он пас, Наёрад кӯҳро болои як хас. Зи чашму рӯву зулфу шона гуфтем, Зи ранҷу оҳу обу дона гуфтем. Чароғи бахти мо бе нур гардид, Вафову меҳр аз мо дур гардид. Гунаҳ бо амри мо болонишин шуд, Сари бечорагӣ андар замин шуд. Гирифторӣ баҳои бебаҳоист, Чӣ пурсӣ он куҷоӣ, ин куҷоист? Чу хуршедат ба пушти абр дидӣ, Гули уммедро бе вақт чидӣ. На суде бурда худ аз зиндагонӣ, На фаҳме, ки чунин умре намонӣ. Ду дасти ҳиматат гар нест боло, Биёву фитнаро беранг бинмо. Ки шират бо сиёҳиҳо наҷӯшад, Гумонатро хақиқатҳо напӯшад. Баҳорат бо хазон ояд аз ин дам, Баҳоят кам бигардад, дил пур аз ғам.

Баҳоргуна Эй омада шаб баҳоргуна, Яъне ки на як, ҳазоргуна. Дилро хабаре дигар набошад, Аз лутфи нигаҳ шароргуна. Бигзор ба чашми кас наёяд, Ин хонаи мо мазоргуна. Аз гарди шаҳиди ишқ гӯӣ, Ногоҳ расӣ саворгуна. Рӯзе, ки шароби асл нӯшам, Ҷон меравадам нисоргуна. Моро ба вафо чи кор бошад, Меёр ҷафои ёргуна. Охир ба ҳисоби худ расидӣ, Бо гиряи бешуморгуна. Аз шеъри тарам чу барқ рафтӣ, Бо зулмати худ шиоргуна.

ВИТИКОЛОР – ГЕЛИ РУПУШКУНАНДА БАРОИ БЕМОРИИ ВИТИЛИГО (САФЕДШАВИИ ПӮСТ)

Шумо ба бемори витилого гирифтореду мехоҳед, ки доғҳои сафеди пӯсти даст ё рӯятон намоён нашаванд? “ВИТИКОЛОР” ба шумо имкон медиҳад, ки ин камбудиро ислоҳ намоед! Он дар таркибаш воситаҳои безарари рангдиҳандаи пигментӣ дошта, ба пӯст ранги якмароми табиӣ медиҳад. Аз таъсири об эмин аст. ТАРЗИ ИСТИФОДА: “ВИТОКОЛОР”-ро танҳо ба қисмҳои сафедшудаи пӯст ба воситаи шоткачаи даруни он буда молед ва дақиқае то хушк шуданаш мунтазир шавед. Онро то ранги дилхоҳ гирифтани пӯст такроран молидан мумкин аст. Ҳаракат кунед, ки баъд аз молидан то давоми 8 соат оббозӣ ё бо об нашӯед (ҷойҳои рӯйпушшударо). Истифодаи “витиколор” 6 рӯз таъсир дошта, баъдан онро такроран ё мӯлати дароз истифода бурдан мумкин аст. Ягон таъсир ва паёмади манфӣ надорад. Истеҳсолкунанда: лабораторияи «КЕРМЭН» (Фаронса). Нархи фурӯш аз 280 то 320 сомонӣ. Аз дорухонаҳо пурсон шавед ё бо телефони 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) муроҷиат намоед. “www.vitix.ru”, e-mail: sales@vitix.ru


Дарёи дар марзи Русия ва Эстония

Хона Охир, анљом

Воќиф, бохабар Касе, ки баъди шоњ ба тахт мешинад

Љавоби салом

Равияи замонавии мусиќї

Мањрум

Охири сўзан ва арѓамчин

Дарё дар Тољикистон

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Ќарори ќатъї

Назар, нигоњ

Атоми заряднок

Раќси як замон хеле машњури бразилиягї

«Остона»-и дањон Анбўњи буѓ дар осмон

Саргардонї, сарсонї

Шоњ бо лаќаби Одил

Чорвои хонагї

Кишвар бо Абу-Даби ва Дубай (ихтисора)

Орзу, њавас

Андом, бадан

Одам, башар

Падар (лањљавї)

Чењра Гурўњи калонтарини њашаротњо

Сардори казакњо

Таоми миллии тоторї

«Суруд» ба лањљаи шимол

Оташ (лањља)

Худованд, Эзид

Воњиди ваќт

Эшон

Номи њарфи арабї

Эпоси миллии њинд

Мењрубонї, шафќат Миллати сокини Миср

Шиновар Расм, таомул

Персонажи занона аз "Шоњнома"

Пойтахти Австрия

Артисти сирк

Биёбон дар Муѓулистон

Адиби Олмон Иоњанн Волфганг …

«Орёл и …», барномаи ТВ «Пятница»

Хониш

Айшвария Рай келини ў аст

Санги ќиматбањо, бриллиант

Пойтахти Никарагуа

Карашмаю ноз

Мурѓи афсонавї

Њарфи 3-юми алифбои арабїтољикї

Унсури кимиёвї

Дўзах

Рўбоњ – душмани Буратино

... Твен, нависандаи амрикої

Унвони олии њарбї дар флоти бањрї

Пойтахти иёлати Љорљияи ИМА

Садриддин ..., сардафтари адабиёти тољик

Забони сунъї

Модар (лањљ.)

Ашёи хом барои осорхонаи мадам Тюссо

Љавоњирлол …, сиёсатмадори машњури Њинд

Гови љангалњои Белоруссия

Чирки љароњат

Шањраки кўњканон дар Суѓд

Синоними рама, пода

Розу ниёз, дархост ба Худо

Санги ќиматбањо

Пойтахти Бањрайн

Ноништа

Лижатозї бо тирпарронї Даво, дармон

Номи Ибн Сино

Маркази вилоят дар Русия

Оши мулоим аз биринљ

Ранљ, азоб

«…, дарро кушо!»

Духтари Кароматуллои Ќурбон

Номи ќадимии Амударё

Некномї, иззат Роњбари суд

Христианин, масењї

Моддаи тарканда

Зўр, баќувват

Алиш, бадал Дењќони маълумотдор

Занбўри асал

Моњи њаштуми шамсї

Алоќа, пайвастагї

Дарёи казакњои рус

e-mail: javonontj@mail.ru

Фурудгоњ дар Маскав

Бахилї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №44 (9366), 30 ОКТЯБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афандӣ компютер мехарад. Ҳарчанд талош мекунад, он фаъол намешавад. Баъд ба як дӯсташ занг зада арзиҳол мекунад: - Гӯш кун, як компютер харидам, аммо ягон чиз нишон намедиҳад. Дӯст: - Тугмаи аз ҳама калонашро зер кардӣ? Афандӣ: - Бале. Дӯст: - Ноқили онро дар барқ пайваст кардӣ? Афандӣ: - Як лаҳза исто фонарикро ёбам. Дӯст: - Фонарикро чӣ мекунӣ? Афандӣ: - Охир, барқамонро хомӯш кардаанд.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

*** Бемор: - Духтурҷон, ман дуру дароз зинда мемонам? Духтур: - Бале, дар қалби дӯстону пайвандон ҳамеша зинда хоҳӣ монд.

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

***

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ

Бемор: - Духтурҷон, ёрӣ диҳед. Чӣ қадар маблағ хоҳед, медиҳам. Духтур: - Майлаш, аммо бо як шарт: пулро пешакӣ медиҳӣ. Мисли ту бисёриҳо омада, ваъда медиҳанд, аммо вақте ба тобут хоб мераванд, вонамуд мекунанд, ки гӯё маро намешиносанд.

(хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

ГАРДИШИ АЙЁМ

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7287 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Маслиҳат Бегоҳ аз кор баргаштам. Дар пайраҳа касе аз қафоям садо баланд кард: - Ассалому алейкум! Бинам, Аъзам - писари ҳамсоя. Аъзам имсол бояд дар синфи ҳафт мехонд. Аммо ӯ аллакай мактабро тарк намуда, дар бозор менишаст. Аъзам картошка, пиёз, сабзӣ, хуллас, ҳар чиз ки ба дасташ хӯрд, арзонтар харида, дар бозор бо нархи қимат мефурӯхт. Падараш дар бозори «Саховат» савдо мекарду худаш дар бозори «Шоҳмансур». Баъзан мешуд, ки ҳар ду байни худ хархаша мекарданд: «Ту ношуд, камҳунар. Мана бин, ман имрӯз чӣ қадар савдо кадаам!» Аъзам хуб медонист, ки ман дар телевизион кор мекунам. Ӯ чанд барномаи маро тамошо карда будааст. Аз ин рӯ, бисёр мехост, ки ман ӯро як бор ба воситаи телевизор нишон диҳам, то ки бозорнишастагон вайро шиносанд. Аз он ки ману Аъзам бо ҳам унс гирифта будем, якбора суҳбатамон тафсид. Дар миёни суҳбат ӯ аз ман суол кард: - Ҳамсоя, чанд пул маош мегиред? Ман росташро гуфтам. - Ээээ, бо ин маош зинда-

гиро пеш бурда намешавад! — Пас ӯ ба «насиҳат» гузашт. — Бизнес кардан даркор, ҳамсоя, бизнес! Ӯ нархи як қуттӣ печен, як қуттӣ сигор, як шиша арақ, хуллас, ҳама чизе, ки дар фурӯш ҳаст, як-як номбар кард. Аз чанд сомонӣ харидану ба чанд сомонӣ фурӯхтанашро ҳам гуфт. Дар охир чи қадар фоида монданашро ҳам ҳисоб кард. Ман худро ба нодонӣ зада, боз ӯро пурсуҷӯ мекардам. Шояд ин пурсуҷӯи ман ба дилаш зад, ки ба танг омада, гуфт: - Эъ, шумо содда будаед, ҳамсоя! Ҳозир ҳама чизро биз-

Ҳамроҳи АВЛИЁПУР нес кардан мумкин. - Масалан, чиро? – боз кунҷковӣ намудам ман. - Масалан, хокро! - Хокро? - Бале, хокро! Хоки дари ҳавлиатонро мегиреду лой карда, майда-майда кулула мекунед. Пас, ба бозор бароварда, хоки «фалон мазор» гӯед, мебинед, ки бозораш чи қадар авҷ гирифтааст. Мардум барои хариданаш шояд навбат поянд. Аз ин «маслиҳат»-и писари ҳамсоя дар ҳайрат афтодам. Намедонистам, ки чӣ ҷавоб гӯям. Фақат дар лабонам табассуми сохта дамид. Аммо тамоми вуҷудам дард мекард. Он лаҳза аз дилам чунин андеша гузашт: «Агар имрӯз нияти кӯдакони мо чунин бошад, фардо то куҷо мерасида бошем?».

***

Дилбар рӯзномаашро назди падар меорад. Муаллимааш чунин навиштааст: «Духтаратон шӯх, сергап, беодоб». Падар дар ҷавоб менависад: «Ин ҳеҷ гап не, Шумо модарашро надидаед».

*** Салими сесола ба падар: - Дада, бибим чаро ин қадар нодон аст? - Аз куҷо фаҳмидӣ? - Кай вақте наздаш равам, мегӯяд: Ин ки боша, пеши ман омадааст?

*** Муаллим ба хонанда: - Ман медавам, ту медавӣ, ӯ медавад кадом замон аст? Хонанда: - Замони облава. Афандӣ ба дӯсташ: - Ман сиҳатам ё касал, фарқ надорад, ҳар моҳ назди духтур меравам. Духтур ҳам бояд зиндагӣ кунад-ку. Ӯ барои ман дору менависад. Ман духтурхона дорухарӣ меравам. Ӯ ҳам бояд зиндагӣ кунад-ку. Баъд, доруҳои харидагиамро мепартом. - Барои чӣ? - О, ман ҳам бояд зиндагӣ кунам-ку.

*** Афандӣ шаб хоб мебинад, ки дар як маърака нишастаасту наздаш оши палов меоранд. Бо дасташ хӯрданӣ мешавад, ки дасташ месӯзад. Аз хоб бедор мешавад. Рафта, қошуқ мегираду боз хоб мекунад. Мегӯяд, агар як бори дигар ҳамон оши паловро хоб бинам, бо қошуқ мехӯрам.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.