Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
1
№45 (9367),
6 ноябри соли 2014
6 НОЯБР - РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Президент ва Сарқонун
ҶАШН
Таҷлили 20-солагии Конститутсия
5 октябр дар “Кохи Борбад”-и пойтахт бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Сарвари давлат нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро “ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат” номида, ҳамватанонро бо ин санаи фархунда самимона шодбош гуфт. Таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз бо шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, ба устуворсозии пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.
ОБОДОНӢ
Шиносоии Президент аз ҷараёни корҳои ободонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 октябр бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти хизматрасониро ба истифода дод. Аз ҷумла, аз рафти сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти маҷмааи тандурустии “Пойтахт-90” дидан кард, ки тибқи нақша он бояд то моҳи июли соли 2015 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
ФАРҲАНГ
Ҷоизаи байналмилалӣ ба “Лаку Пак”
Саҳифаи
8
Намоишномаи ҳаҷвии «Лаку Пак»-и Театри мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа зимни панҷумин Ҷашнвораи байналхалқии театрҳои Осиёи Марказӣ, ки 25-31 октябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби “Диплом”-и махсуси ҷашнвора барои ҷуфти беҳтарин гардид. Он аз унсурҳои шеърӣ, мусиқӣ, бадеҳа, фолклор, рақс, намоиши бесадо ва тақлид иборат буда, аз ҷониби коргардон Парвиз Раҷабов ба саҳна гузошта шудааст. Нақшҳои асосиро дар «Лаку Пак» ҳунарпешаҳои шинохта Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Аловуддин Абдуллоев иҷро кардаанд.
Хабарнигори «Ҷавонон...» – муддаии озмуни байналхалқӣ Толибшоҳи Давлат, муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» зимни иштирок дар озмуни байналмилалии «OCABF-2014» (Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ - 2014) миёни 456 довталаб ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар озмуни мазкур, ки бо ташаббуси ширкати англисии «Silk Road Media», дафтари «Hertfordshire Press» ва дастгирии Маркази фарҳангии туркии «Yunus Emre», маҷаллаи «Open Central Asia» роҳандозӣ мегардад, Толибшоҳи Давлат бо повести «Турнаҳо дар баҳорон» довталабӣ намуд. Ин асар дар бораи ҳаёти муҳоҷирони тоҷик қисса карда, ибтидои соли равон
низ дар озмуни минтақавии «Новеллазия», ки аз ҷониби Бунёди «НюЕвразия» доир гардид, сазовори ҷоиза ва мукофоти пулӣ шуда буд. Ба повести «Турнаҳо дар баҳорон» Нуруллоҳи Ориф, муҳаррири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо шеър пешгуфтор навиштааст, ки аз ҷониби ҳакамон падидаи адабӣ арзёбӣ гардидааст.
Даври ниҳоии «OCABF-2014» 16 ноябри соли равон дар шаҳри Алмаато ҷамъбаст гардида, аз миёни даҳ нафари беҳтарин се нафар ба гирифтани мақоми ифтихорӣ мушарраф мегарданд. Толибшоҳи Давлат ягона адиби тоҷик аст, ки ба ин озмун роҳ ёфтааст. Дар қатори ӯ нуҳ адиби дигар аз кишварҳои Олмон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон довталаби даври ниҳоиянд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОЗМУН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
2
СОЛИ 2015 - 700-СОЛАГИИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
ОБОДОНӢ
Бузургдошти Ҳамадонӣ дар Эрон 25 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури мақомоти масъул, шахсиятҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фарҳангиён ва донишмандон ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мутафаккир, шоир ва олими барҷастаи тоҷику форс баргузор гардид. Дар оғози нишаст Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, сипас, сабти видеоӣ аз оромгоҳи ин орифи раббонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо шарҳи муфассалу мусиқии тоҷикӣ пахш гардид. Дар идома, Абӯзари Иброҳимии Туркмон, раиси Созмони фарҳангии ҶИЭ, Неъматулло Эмомзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ифтихор Ҳусейн Ориф, раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО), Саидободӣ, мудири минтақавии Созмони ЮНЕСКО ва Муҷтаҳидии Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун шахсияти илмӣ ва фарҳангӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Неъматулло Эмомзода зикр кард, ки оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон зиёратгоҳи хосу ом буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу посдошти мероси ин олими барҷаста корҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Барои мисол, дар рӯи пули миллии 10-сомонӣ мисраҳои зерину машҳури Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дарҷ гардидаанд: Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-ӯро ёр бод, Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод. Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ, Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод. Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор, Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод. Аз саропои ин мисраҳо ваҳдату ҳамдилӣ, муросо ва гузашту бахшандагӣ бармеояд ва ормони ҳар яки мову шумо, ҳамчунин, ормони волои тоҷикон сулҳу осоиштагӣ аст. Инчунин, мардуми тоҷик ба хотири эҳтироми зиёд Мир Саид Алии Ҳамадониро «Ҳазрати Амирҷон» низ ном мебаранд. Неъматулло Эмомзода илова намуд, ки дар хазинаи Институти ховаршиносии Тоҷикистон 52 асар аз Мир Саид Алии Ҳамадонӣ маҳфуз аст ва бештари онҳо бо ҳуруфи сириллик баргардон шудаанд. - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони илмӣ – фарҳангии ЮНЕСКО барои эъломи соли бузургдошти ин абармарди соҳаи илм дархост дод, - аф-
“Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!”
зуд Неъматулло Эмомзода, - хушбахтона, бо ҳимояти бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла, Ҷумҳурии Исломии Эрон ин пешниҳод пазируфта шуд ва қарор аст, соли 2015 маросими бузургдошти ин абармарди шинохта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардад. Чунки омӯзиши осор ва таълифоти ӯ як амри зарурӣ ва муҳим ба шумор меравад. Дар поёни ҳамоиш ба суханварон, аз ҷумла, ба Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон лавҳи тақдир бо акси Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тақдим гардид. Дар ин бора, Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) аз шаҳри Теҳрон хабар дод. “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Таҳти ҳамин унвон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавассути тарбияи меҳнатии ҷавонон мусоидат намудан ба тозаву обод нигоҳ доштани кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои кишвар ба муносибати бистумин солгарди Сарқонуни мамлакат аз 29 июл то 5 октябри соли равон Амалиёти умумиҷумҳуриявии ҷавононро оид ба 100 рӯзи ободонӣ роҳандозӣ кард, ки натиҷаи дилхоҳ дод. Ин давра рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ назди биноҳои истиқоматӣ, маъмуриву маишӣ ва майдончаҳои варзишиву фароғатӣ шанбегиҳои умумиҷумҳуриявӣ бо иштироки наврасону ҷавонон доир гардиданд. Шоёни аст, ки зимни амалиёти мазкур 14 маротиба шанбегии умумиҷумҳуриявии ҷавонон ва 100 маротиба корҳои ободониву кабудизоркунӣ доир гардиданд, ки дар онҳо беш аз 555 ҳазору 451 нафар ҷавону наврас ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, ин иқдоми наҷиб аз ҷониби вазорату кумита, муассисаву идора, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ва ташкилоти давлативу ҷамъиятӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
СЕМИНАР
Чаро ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъол нестанд? 30 октябр бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар интихобот” семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он роҳбарон ва намояндагони беш аз 20 ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Тавре Аслам Мӯминов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятиии “Насли нави Тоҷикистон” иброз дошт, мақсад аз баргузории семинар фаъолгардонии ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани нақши ҷавонон дар интихобот, шиносоӣ бо қонунгузории Тоҷикистон дар
бораи интихобот, инчунин, шиносоӣ бо санадҳои байналмилалӣ дар бораи интихобот мебошад. Дар семинар ҳуқуқшинос Амриалӣ Фақиров дар мавзӯи “Зарурати интихобот ва нақши ҷавонон дар он. Усулҳои иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар интихо-
бот” ва адвокат Иноят Иноятов дар мавзӯи “Қонунгузории интихобот дар Тоҷикистон, системаи интихоботӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот” маърӯза карданд. Чунончӣ, Амриалӣ Фақиров аз фаъол набудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ карда, афзуд: “Мута-
ассифона, на Сарқонуни кишвар ва на қонунҳои ҷорӣ муайян накардаанд, ки нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди интихобот чӣ гуна аст. Бинобар ин, мо зарур медонем, ки бо баргузории семинару чорабиниҳо мавқеамонро мушаххас намоем”. Аммо адвокат Иноят Иноятов дар рафти суханрониаш иброз дошт, ки қонунгузории кишвар танҳо баъзе норасоиҳои ҷузъӣ дошта, боқӣ ба талабот ва равандҳои интихобот ҷавобгӯянд. Дар посух ба суоли Шодмон Саъдиев, намояндаи ТҶ “Ҳафтранг”, ки оё ташкилоти ҷамъиятӣ ҳаққи дар интихобот ширкат кардан доранд, Рустам Тоҳиров, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Молодёж нового века” чунин иброз дошт: “Ташкилоти ҷамъиятӣ ҳақ надорад дар интихобот бевосита иштирок намояд, аммо ҳар узви ташкилоти ҷамъиятӣ, тибқи талаботи муқарраркардаи қонун метавонад бо пайвастан ба ягон ҳизб ва ё ба таври худпешбарӣ дар интихобот иштирок намояд”. Дар хотима зикр гардид, ки бояд ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар сиёсат пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бояд ҳар як ҷавон ба хубӣ дарк кунад, ки ба овози додаи ӯ дар интихобот ояндаи дурахшон ва рушди Ватану миллат вобаста аст. Б. УСМОН, “ҶТ”
Рушди парламентаризми ҷавонони ИДМ 23-25 октябри соли равон дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Анҷумани дуюми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (АБПҶ ИДМ) баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз парлумонҳои касбӣ, маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ, мақомоти иҷроия ва ниҳодҳои ҷамъиятии узви давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайатҳои ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Федерасияи Русия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҳайати ҷумҳурии моро дар анҷуман Лоиқ Нусратов, маслиҳатчии якуми муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, узви Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ, Ҷумъахон Нозилшоев, раиси Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, узви Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ, Парвина Нуриддинова, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъули соҳаи ҷавонон ташкил медоданд. Дар рафти анҷуман як қатор масоили марбут ба руш-
ди ҷавонон ва густариши ҳамкориҳои ҷавонон дар ИДМ дар баҳшҳои алоҳида мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор гирифт. Аз ҷумла, масоили маориф, илм ва инноватсия дар ИДМ ва нақши ҳамкориҳои байнидавлатии ҷавонони ИДМ дар соҳаҳои мазкур, шаклҳо ва
таҷрибаи пешқадами ИДМ дар танзими худфаъолияти ҷавонон ва имкониятҳои мавҷуда барои ташкили вақти истироҳатии ҷавонон аз тарафи иштирокчиёни анҷуман муҳокима гардиданд. Зимни суханронии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қайд гардид, ки пар-
БА ИФТИХОРИ 600-СОЛАГИИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ламентаризми ҷавонон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯ ба тараққӣ овардааст ва ҷавонони тоҷик ҳам акнун метавонанд баҳри такмили ҳамкориҳои судманд бо ҷавонони фаъоли дигар давлатҳо робита дошта бошанд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон қувваи асосии
пешбарандаи ҷомеа ҷавонон маҳсуб меёбанд ва 35% аҳолии кишварро ҷавонони то 30-сола дар бар гирифта, барои рушду равнақи худфаъолиятии ҷавонон заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ дар шакли қонун, барнома ва стратегияҳои мушаххас амал мекунанд. Дар фарҷом нақшаи шашмоҳаи кории оянда аз ҷониби ҳайати АБПҶ ИДМ тасдиқ гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки қарор дар бораи таъсисёбии Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ 22 ноябри соли 2012 аз тарафи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии (АБП) ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург қабул шуд. АБПҶ ИДМ хислати тавсиявӣ дошта, дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ фаъолият мекунад. Мақсади асосӣ ҷалби вакилони ҷавони парлумонҳои ИДМ ва аъзои парлумонҳои ҷавонон ба ҷараёни рушди ҳамкориҳои ҷавонони ИДМ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, экологӣ, гуманитарӣ ва муҳайё сохтани шароит барои муколама ва мубодилаи афкор байни ҷавонони ИДМ мебошад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
3
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
ИНТИХОБОТ-2015
Ҷомӣ пажуҳишгаронро ба ҳам овард Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» баргузор гардид.
Суҳроб КАЁНӢ, «ҶТ»
40 фоизи аъзои ҲХДТ ҷавон мебошанд Зимни Анҷумани XII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки моҳи оянда дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир мегардад, ширкати беш аз 1200 вакил дар назар аст. Дар он қарор аст, ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ, фаъолияти бистсолаи ҳизб натиҷагирӣ шавад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни ҳол, шумораи аъзои онро ҳудуди 250 ҳазор нафар ташкил медиҳанд, ки 40 дарсади онҳо ҷавон мебошанд. Умуман, ҳашт ҳизби сиёсии кишвар санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро ба тариқи зайл муайян кардаанд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13 декабр Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13 декабр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16 декабр Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – 17 декабр Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18 декабр Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20 декабр Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27 декабр
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимов, шарқшиноси варзида аз кишвари Олмон Александр Ҳайзер, адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф аз кишвари Ҳолланд Меҳдии Ҷомӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов, донишмандону олимон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва донишгоҳҳои дигари кишвар ташриф оварданд. Ҷаласаро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки ҳар сол дар кишварамон бар асоси сиёсати фарҳангии Сарвари давлат, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва худшиносии миллии ҷомеа, эҳёи суннатҳои куҳани миллат бузургдошти шахсиятҳои беназири илмиву адабӣ ҷараён мегирад. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, академик Носирҷон Салимов, шарқшинос Александр Ҳайзер, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нуров маъӯзаҳои илмӣ намуданд. Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки бо шарофати баргузории ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» дар ДДХ се китоб ба чоп расид, ки нахуст маҷмӯи суханрониҳои илмии ҳамоиш мебошад, ки шомили зиёда аз 80 мақолаи муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ роҷеъ ба паҳлуҳои ҷудогонаи рӯзгор ва мероси гаронмояи Мавлоно Ҷомӣ мебошанд. Китоби дигар рисолаи «Шавоҳид-ун-нубув-ват»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки бори аввал бо хати кириллӣ дар Тоҷикистон бо шарҳу тавзеҳ ба дасти чоп мерасад. Ҳамзамон, дар идомаи силсилаи «Сад барги ғазал», ки солҳост дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо чунин унвон маҷмӯаи ғазалиёти шоирон ба нашр мерасад, китоби «Сад барги ғазал»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ мунташир шуд. Кори нишастҳои илмии ҳамоиш дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳ дар шаш бахш, яъне: «Абдураҳмони Ҷомӣ ва суннатҳои адабии асри ХV», «Мероси илмӣ-адабии Абдураҳмони Ҷомӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ: пайвандҳои адабӣ ва адабиёти татбиқӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва масъалаҳои забоншиносӣ», «Таърих ва фарҳанги замони Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Сиёсат, фалсафа иҷтимоиёт ва ахлоқ» идома ёфт. Рӯзи дуюми ҳамоиш дар ҷаласаи хотимавӣ бо қабули эъломия ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин хамоишҳои илмии байналмилалӣ дар амри тақвияти бештари ҳамкориҳои байналмилалӣ ва анҷоми тарҳҳои муштараки пажӯҳишӣ нақши муассир метавонад гузорад. Ҳамзамон, таъкид шуд, ки минбаъд бар асоси чунин пайванду ҳамкориҳо зарур аст, ки барои таҷдиди нашри мероси адабиву илмии Абдураҳмони Ҷомӣ иқдом карда шавад.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
4
7 НОЯБР - РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК
Имсол аз таъсисёбии театри тоҷик 85 сол сипарӣ мегардад. Дар арафаи ин ҷашни фархунда хабарнигори рӯзнома бо Толибҷон Бобоев, директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамсуҳбат шуд. - Аҳли ҳунари Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бахшида ба ин санаи фархунда чӣ омодагиҳо дид? - Имсол Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби аҳли ҳунари кишвар ва мухлисону ҳаводорони театр хеле ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба он хотир ки имсол аз ташкилёбии театри касбии тоҷик 85 сол сипарӣ мегардад. Яъне, театри касбии тоҷик дари худро ба рӯйи бинандагон 7 ноябри соли 1929 кушод. Дар ин санаи фаромӯшнашаванда аввалин театр дар кишвар - Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ ба фаъолият пардохт. Тасодуфро бинед, ки дар ҳамин рӯз, яъне, 7 ноябр баъдан боз ду театр ба фаъолият оғоз намудааст. 7 ноябри соли 1937 Театри давлатии драммавии русии ба номи Маяковский ва соли 1971 Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. Албатта, он замон даврони шӯравӣ 7 ноябр чун рӯзи Инқилоби Октябр, яъне, ташкилёбии давлати коргару деҳқони шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Аз ин хотир, ҷашни театри касбии тоҷик, ба қавле «зери соя» меафтод. Ҳоло дар кишвар 16 театр фаъолият доранд. Панҷ театр дар пойтахт, боқимонда, дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар ба дӯстдорони ҳунари саҳна хизмат мерасонанд. Ҷашни фархундаи 85-солагии таъсисёбии театри тоҷик дар муассисаи мо сурат мегирад. Ба ин хотир, бинои театр ба таври замонавӣ таъмир ва азнавсозӣ шуд. Ин як туҳфаи хубест, ба ҳунармандони театри мо. Бинои театр симояшро куллан тағйир дод. Ҳуҷраҳои корӣ ва пардохтгарӣ, ҷойи машқи ҳунармандон, толор ва саҳнаи тамошо хушсифат таъмир ёфта, мизҳои нишаст ва дигар таҷҳизоти вобаста ба фаъолияти гурӯҳи ҳунармандон куллан нав шуданд. Метавон гуфт, ки имсол барои аҳли эҷод ва ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов тӯй боли тӯй аст. Агар аз як ҷониб ҷашни 85-солагии таъсисёбии театри тоҷик дар муассисаи мо сурат гирад, аз дигар тараф имсол ба зодрӯзи устод Маҳмудҷон Воҳидов, ки театри мо аз солҳои 80-уми қарни пешин то ҳол номи ӯро дорад, 75 сол пур мешавад. Ҳар ду низ санаҳои хотирмонанд. Бахшида ба ин санаҳо аҳли ҳунари театр бо дастовези муносиб омадааст. Мо намоишномаи драмманавис Нур Табаров «Гирдоб»-ро дар таҳияи саркоргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи кишвар Шавкат Халилов ва
коргардон театр Нозим Меликов ба намоиш омода кардем. Саҳнаҳои намоишномаро рассоми ҷавон Ҷамшед Холиқов ороиш дода, мусиқии онро Арбоби шоистаи ҳунар, бастакор Қудратулло Яҳёев навиштааст. Дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони театр, Ҳунарпешаи мардумии кишвар Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи шоиста Абдулмумин Шарифӣ ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар нақшҳои дигар асосан, ҳунармандони ҷавони театр ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла, Суҳроб Ҷанҷолов, Қамариддин Мирзоев, Манучеҳр Халилов,
ғалаба бар фашизм намоишномаи «Баҳори понздаҳум»-ро аз рӯйи асари адибон Зак ва Кузнетсов дар тарҷумаи рӯзноманигор, шодравон Одил Исломӣ ва коргардон Мирзоватан Миров рӯйи саҳна овардем. Асари «Гирдбод» сеюмин намоишномаи нав аст. Дар арафаи соли нав барои тамошобинони хурдсол ва наврас як намоишномаи бачагона омода хоҳем кард. Танҳо тамошобин боҳавсала бошаду биёяд, тамошо кунад ва ғизои маънавӣ гирифта, тарбия ва камол ёбад. - Имрӯз оё дар ҳақиқат та-
Толибҷон БОБОЕВ:
«Тамошобини имрӯза бояд фарҳангӣ бошад» Аҳлиддин Ҳасанов, Парвина Боҳирова, Ватандор Шеров ва дигарон. Намоишнома ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Ҳамин тавр, имсол мавсими чилусеюми фаъолияти театри мо бо ин намоишнома оғоз хоҳад гашт. Метавон гуфт, туҳфаи беҳтарин барои тамошобин, дӯстдорони саҳнаи ҳунар омода намудани намоишномаи нав аст. Бовар дорам, намоишномаи омодакардаи мо ба муносибати ин ҷашнҳои фархунда ва оғози мавсими нави театрӣ ҳадяи муносиб шуда метавонад. Аз ҷониби Шӯрои бадеии Вазорати
мошобини боҳавсала ҳаст ва ба театр барои тамошои асари саҳнавӣ бо майли том меояд? - Имрӯз замона дигар аст. Ҳама чиз ба бозор бароварда мешавад. Аз ҷумла, самараи заҳмати мо низ. Пас, мо низ мекӯшем ба театр тамошобинонро ҷалб намоем. Аз ин хотир, масъулини театр ба муассисаю корхонаҳо, махсусан, муассисаҳои таълимӣ рафта, дар бораи театр, асарҳои саҳнавӣ, ҳамчунин, дар бораи намоишномаҳои омоданамудаамон маълумот медиҳанд. Эшонро ба тамошо даъват намуда, муайян месозанд, ки онҳо кадом асарро дидан
медиҳанд. Аслан, мутахассис дар таълимгоҳ не, балки дар коргоҳ, дар театрҳо камол меёбад. Лекин замина бояд дар таълимгоҳ гузошта шавад. Ҳунарманди ҷавон, агар зираку ҳушманд бошад, дар театр муддати як-ду сол нозукиҳои касби хешро дар иҳотаи устодони варзида аз бар хоҳад кард. Лекин тамоми нозукиҳои ҳунари саҳнаро муддати даҳ-бист сол ҳам аз худ кардан номумкин аст. Муддати чил сол рӯйи саҳна заҳмат мекашам, мебинам, ки ҳанӯз ҳам паҳлӯҳои кашфнашуда хеле зиёд аст. Умуман, муваффақияти ҳар ҳунарманд баҳри камолёбӣ ба
фарҳанг ин намоишнома хуш пазируфта шуд. Солҳои донишҷӯӣ ҳини вохӯрӣ бо ҷавонон ҳунарманди маъруф Ҳабибулло Абдураззоқов таъкид мекард, ки агар ҷавонон муддати панҷ соли таҳсил ба театр қадам ранҷа намоянд, панҷ намоишномаи навро хоҳанд дид. Ҳамин тавр, он замон дар як сол як намоишномаи нав таҳия мегардид. Ҳоло чӣ? - Ҳоло хеле пешравиҳо шуда, ҳар сол мо чор намоишномаи нав рӯйи саҳна меорем. Имсол намоишномаи нави «Иштибоҳ»-ро аз рӯйи асари адиби ҷаҳонӣ Алберт Камю, дорандаи ҷоизаи байналмилалии Нобел, дар тарҷумаи Абдуғаффори Абдуҷаббор ва таҳияи коргардон Нозим Меликов ба намоиш гузоштем. Инчунин, ба истиқболи 70-умин солгарди
мехоҳанд. Мувофиқи дархост ва асари интихобшуда намоишнома омода месозем. Тамошобинон ба намоишномаҳоямон дастҷамъона даъват мешаванд. Гарчанде театри мо дар маркази пойтахт ҷойгир набошад ҳам, шукр аз тамошобин танқисӣ намекашем. Дӯстдорони саҳнаҳои театрӣ пайваста ба тамошои намоишномаҳои омоданамудаи аҳли ҳунари театри мо ташриф меоранд. - Театри шумо аз норасоии мутахассисон, яъне, ҳунармандон танқисӣ намекашад? Ҷавононе, ки пас аз хатми Донишкадаи санъат барои фаъолият ба театри ҷавонон меоянд, аз нигоҳи шумо соҳибҳунаранд, пешаи театриро хуб омӯхтаанд? - Ҳаштод фоизи ҳунармандони театри моро ҷавонон ташкил
худи ӯ вобастааст. То чӣ андоза саъй мекунад, талош меварзад, ба заҳмати ҳаррӯзааш пайванди қавӣ дорад. Вақте санъаткор аз тахайюлоти бой орӣ буда, баҳри камолот талош намеварзад, ояндаи дурахшон надорад. Ҳунарманди миёна, ҳатто ноаён шуда мемонад. Ҳамин тавр, то нафақа заҳмат кашад ҳам, кораш беҳуда хоҳад буд. Ҳунарманд шудан пас, бояд тамоми паҳлӯ, нозукиҳои ҳунарро омӯхт. - Шумо ба мухлисони хеш тавассути саҳнаҳои телевизонии «Очаи Бика ва Зика» ошноед. «Очаи Бика ва Зика» куҷо шуд? - Гумон мекунам, азбаски тариқи телевизион ин намоишномаро ҳаводорони мо тамошо намекунанд, чунин мепиндоранд, ки мо аз саҳна дур шудаем. Чунки талаботи телевизион дигар
шуда. Ҳамроҳи Ҷумъахон Сироҷов ҳоло низ ин саҳнаро пешкаши ҳаводорон месозем. Ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар. Ҳоло ҳам мухлисон намоишномаи «Очаи Зика ва Бика»-ро бо шавқ тамошо мекунанд, меписанданд. - Тамошобини имрӯза аз нигоҳи шумо бояд чӣ гуна бошад? - Тамошобини имрӯза бояд нафари фарҳангӣ ва хушодоб бошад. Ба театр аввал тайёр шуда, пас ташриф орад. Ба театр чӣ гуна тайёр шудан мумкин? Аввал ӯ бояд донад, ки ба кадом театр меравад, он чӣ гуна театр аст, таърихи онро донад. Донад, ки ба тамошои кадом намоишнома меравад. Муаллиф, таҳиягари он киҳоянд, кадом ҳунармандон нақш мебозанд? Сипас, дар театр бо одоби намунавӣ машғули тамошо гардад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо ба театр барои вақтгузаронӣ меоянд. Дар ҷараёни намоиш бо телефонҳои мобилӣ ё байни ҳам машғули суҳбат мегарданд. Ин гуна рафтор аз рӯйи одоб нест. Гарчи масъулини театр пеш аз оғози ҳар як намоишнома пайваста таъкид мекунанд, ки мухлисони ба театр ташриф оварда, танҳо машғули тамошо бошанд. Ба мухлисони сершумори театр таманнои онро дорам, ки доимо шод бошанду пайваста ба тамошои намоишномаҳо биёянд. Санъатро дӯст доранд. Дарҳои театри мо ҳамеша ба рӯйи онҳо кушода аст. Ғизои маънавии якдусоатаи театр баробари чанд рӯз, ҳатто моҳҳо китоб хондан аст. Театр ҷойи муқаддас ва тарбия аст. Инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Маконест, ки бо заҳмати ҳунармандон муъҷизаҳо офарида мешавад. Ҳатто аз тамошои саҳнаҳои манфӣ ҳам тамошобин баҳра хоҳад гирифт. Яъне, аз дидани чизи бад ҳам, бояд чизи хубро интихоб намояд... Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
Дар ҳама кишварҳо фурудгоҳи байналмилалиро «Дарвозаи мамлакат» меноманд. Ҳар мусофире, ки тавасути ҳавопаймо ба кишваре меравад, дар фурудгоҳ оид ба он мамлакат тасаввуроти нахустин ҳосил мекунад. Сеюми ноябри соли равон терминали нави дуошёнаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дари худро ба рӯи мусофирон боз кард. Ба муносибати ифтитоҳи терминали ҷадид (Терминали 1) як гурӯҳ хабарнигорони ВАО-и мамлакат ба фаъолияти он ошно шуданд. Вақте ба майдони беруни фурудгоҳ наздик шудем, гурӯҳи мусофиронро дидем, ки аз шаҳри Маскав омада буданд. Аз сӯҳбат бо онҳо маълум гашт, ки аз хизматрасонӣ дар терминали нав розианд. Икромиддин ном мусофир, ки аз шаҳри Ваҳдат будааст, чунин гуфт: “Мо аз терминали куҳна ба Федератсияи Русия рафта, дар бозгашт тавассути терминали нав омадем. Нуқтаҳои гузаштан аз сарҳад зиёд шудааст, ки ин навбатпоии дуру дарозро пешгирӣ мекунад. Бағоҷҳоямро низ зуд гирифтам”. Сокини шаҳри Душанбе Саломат бошад, тозагию барҳаво будан ва муносибати гарми кормандони «Терминали 1»-ро васф намуд. Котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Муҳаммадюсуфи Шодӣ изҳор намуд, ки аз якуми ноябри соли равон тавассути «Терминали 1» қабулу гусели санҷишии мусофирон сурат гирифт. - Терминали нав метавонад ҳар соат ба 500 мусофир хизмат расонад, - гуфт Муҳаммадюсуфи Шодӣ. - Тавре мебинед, барои мусофирон тамоми шароит фароҳам омадааст. Ҳатто барои ашхоси имконияташон маҳдуд пандусҳо баҳри баромадан бо аробача ва ҳоҷатхонаҳои махсус сохта шудааст. Терминал пурра ҷавобгӯи талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсионӣ (ИКАО) мебошад. Дар даромадгоҳи терминал бо мусофироне вохӯрдам, ки дар харакҳои бароҳат нишаста, саршавии бақайдгирии чиптаҳоро ба хатсайри Душанбе-Маскав интизорӣ мекашанд. Дар чеҳраҳояшон осори мамнуният аз ин навгониҳо дида мешуд. Азбаски шиносоии рӯзноманигорон бо терминали нав, бо директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустам Холиқов мувофиқа шуда буд, мақомоти фурудгоҳ ба мо иҷозат доданд, ки бо ҷараёни бақайдгирии мусофирон, гузаштан аз назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ ошно шавем. Кормандон вазифаи худро софдилона ва бо эҳсоси масъулияти баланд иҷро мекарданд. Азбаски нуқтаҳои бақайдгирӣ зиёд шудааст, мусофирон дар муддати кӯтоҳ ба толори интизорӣ мераванд. Яке аз навгониҳои «Терминали 1» ин зинапояҳои худрав (эскалатор) мебошад, ки равуои мусофиронро осон мегардонад. Толори интизорӣ дар ошёнаи дуюм ҷой гирифтааст, ки хеле кушоду барҳаво мебошад. Мусофирон дар ин ҷо метавонанд аз фурӯшгоҳи «TAD DUTY FREE» ашёи зарурӣ бихаранд. Меҳмононе, ки берун аз фурудгоҳ имкони дастрас намудани армуғонро надоштанд, чун нишона аз Тоҷикистон армуғон харида метавонанд. Толори интизории мазкур аз толори интизории терминали собиқ ду баробар васеъ аст. Мусофирон тавассути трапи телескопӣ рост ба ҳавопаймо ворид мешаванд. Дар ин ҷо ба хотири 727 нафар афсари Баталёни сохтмонии қисми 25-уми неруҳои ҳавоии Фаронса, ки дар навсозии майдони ҳавоии Фурудгоҳи байналмила-
лии Душанбе аз соли 2004 то соли 2014 дар чорчӯбаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса ширкат варзиданд, чун арзи сипос лавҳаи ёдгорӣ (миннатдорӣ) гузошта шудааст. Муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Одил Бобоев, ки аз оғози корҳои сохтмонӣ то ба истифода додани «Терминали 1» ширкат варзидааст, чунин гуфт: “Қариб тамоми масолеҳи сохтмонии «Терминали 1» аз Аврупо оварда шуда, ҳамаашон ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонианд. Дар баъзе бахшҳо кор дар ду баст ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ, сохтмончиён ба ҷои 24 моҳ иншооти мазкурро пеш аз муҳлат, яъне, дар 22 моҳ ба истифода доданд. Маблағи сармоягузории сохтмон 39 миллион евро буд, ки аз ин 20 миллион евро қарзи Ҳукумати Фаронса ва 19 миллион
Қудратулло Одинаев дар бобати пешгирӣ ва рафъи ҳодисаҳои нохуш дар «Терминали 1» чунин гуфт: -Таҷҳизоти бехатарии дар терминали нав насбшуда замонавӣ мебошанд. Дар ҳар 10 метри мукааб яктоӣ таҷҳизоти воқифкунанда гузошта шудааст. Ҳангоми пайдо шудани дуд ва сигоркашӣ таҷҳизоти воқифкунанда бонги изтироб зада, воқиф месозад, ки дар куҷо дуд ё сигоркашӣ рӯй додааст. Илова бар ин, дар сақфи бино таҷҳизоти обпошӣ (спейкер) гузошта шудааст, ки ҳар 11 метри мураббаъ дутоӣ рост меояд. Вақте гармии дохили бино ба 60 дараҷа расад, таҷҳизоти мазкур ба таври автоматӣ ба кор даромада об мепошад. Ғайр аз ин, танзимгар ҷараёни пешгирӣ ва эҳтимоли сар задани сӯхторро назорат мекунад. Дар қисми дохили бино ҷумакҳои обпошӣ мавҷуданд, ки дар ҳар нуқта аз
аст, ки дар бунёди чунин иншооти зебову замонавӣ ҳиссаи худро гузошт. Сохтмони чунин терминали муосир дар Тоҷикистон кори осон набуд. Зеро овардани масолеҳи сохтмонӣ аз Аврупо бинобар дурии роҳ вақту маблағи зиёд талаб мекард. Ҳолатҳои ғайричашмдошт, аз қабили дар сарҳад зиёд истодани вагонҳо зиёд рӯй медод. Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо иншоотро пеш аз муҳлат ва бо сифати баланд ба истифода додем. Дар терминал барои афроди имконияташон маҳдуд ва модару кӯдак тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Барои ибодат кардан дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи махсус ҷудо гардидааст. Системаи бағоҷдиҳии терминал на танҳо дар Осиёи Марказӣ балки дар ҷаҳон аз ҷумлаи беҳтаринҳо буда, бағоҷҳо 5 зинаи санҷиши бехатариро мегузаранд. Тавассути терминали нав фурудгоҳ метавонад соле ба 1,5 миллион нафар мусофир хизмат расонад. Тавре шоҳид гардидем, дар «Терминали 1» 18 нуқта барои бақайдгирии мусофирон мавҷуд аст, ки 16 нуқта барои мусофирони «экономкласс» ва ду нуқта барои мусофирони «бизнескласс» пешбинӣ шудааст. Мусофирони «бизнескласс» аз хизматрасонии хос баҳравар шуда, дар толори интизории алоҳида ҷой мегиранд. - Тамоми таҷҳизоти «Терминали 1» аз Аврупо (Британия, Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Туркия) оварда шудааст, - гуфт Карим Элсиман. - Барои кор бо таҷҳизоти муосир 300 нафар мутахассиси тоҷик бозомузӣ карданд. Онҳоро мо ҳамчун инструктор тайёр намудем. Имрӯз дар терминал қариб 700 нафар дар 4 баст кор мекунанд. Агар мутахассисон тибқи дастур кор кунанд, таҷҳизоти насбшуда то 30 сол метавонанд хизмат расонанд. Масъулони ширкати «Vinci» ҳатто духтуронро ба бозомӯзӣ фаро гирифта, усулҳои мушаххас намудани бемории эболаро низ ёд доданд. Назорати карантину санитарии терминал дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
евро маблағгузории Тоҷикистон мебошад. «Терминали 1» аз лиҳози таъмини бехатарӣ ва назорати ҷараёни қабулу гусели мусофирон яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо касе, ки даст ба вандализм (вайронкорӣ) мезанад, дарҳол ошкор хоҳад шуд. Зеро камераҳои назоратӣ вайронкориро сабт намуда, ёфтани ӯро осон мегардонанд. Аз ин рӯ, дуздидани ашёи дигарон, хат кашидану навиштан дар курсиҳо боиси шармандагии шахси ба ин амалҳо дастзананда хоҳад гашт. Сардори Хадамоти ҷӯстуҷӯӣ, садамавӣ, наҷотдиҳӣ ва таъиноти парвозҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
тарафи росту чапи он насб шудаанд. Илова бар ин, баллонҳои зидисӯхтории дорои кафк ва хока низ мавҷуданд. Ҳамчунин, зимни рӯй додани садама дарҳои эҳтиётӣ фавран кушода шуда, берун баромаданро осон мекунанд. Ғайр аз назорати видеоӣ дастаи нозирон ба таври шабонарӯзӣ бехатарии терминалро назорат мекунанд. Дар бунёди терминал 280 нафар мутахассис ширкат варзиданд, ки 80 нафарашон хориҷиён (асосан, фаронсавиҳо) буданд. Менеҷери лоиҳаи «Винчи аэропорт» Карим Элсиман дар хусуси навгониҳои «Терминали 1» ба хабарнигорон чунин гуфт: - Барои ширкати «Vinci» боиси ифтихор
Дар қисмати қабули терминал 12 нуқтаи сарҳадӣ ва се нуқтаи калони бағоҷгириро дида, хеле хушҳол шудем. Инчунин, барои шаҳрвандони хориҷӣ се равзанаи алоҳида ҷудо шудааст, ки сайёҳон аз он ҷо раводиди Тоҷикистонро дастрас мекунанд. Боварӣ дорем, ки ҳар касе тавассути ин терминал ба Тоҷикистон ояд ва ё ба хориҷа сафар кунад, аз сифати хизматрасонӣ ва маданияти баланди мутахассисони он хушнуд хоҳад шуд. Акнун месазад, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо «Дарвозаи заррини мамлакат» номем. Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Дарвозаи заррини мамлакат
5
e-mail: javonontj@mail.ru
ХИЗМАТРАСОНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
6
АМНИЯТИ МИЛЛӢ
Феълан, барои кишварҳои Осиёи Миёна дар масири устувории амнияти миллӣ, маориф, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва рушду тараққиёти иқтисодӣ рӯзҳои санҷишу имтиҳонӣ мегузаранд. Фитнаву ангезаҳои хориҷӣ кӯшиши заифсозии сиёсати миллӣ ва бақои давлатҳои минтақа, хоса, Тоҷикистонро доранд. Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ аз номи арзишҳои маънавии башарӣ баромад карда, оламро ғарқи хуну ваҳшоният қарор додаанд. Муҳим ин аст, ки ҳини азсаргузаронии ҳодисоти фитнаангези олам мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону олимони кишвар ба доми чунин ҳаракатҳои аблаҳона наафтида, оқилона ва якдилона ҳомии сулҳу субот ва якпорчагии Ватан ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ боқӣ бимонанд.
ёму Сино, Абӯ Ҳанифаву Имом Бухорӣ барин нобиғаҳоро барои башарият тақдим кунад. Сад дареғ, ки акнун номи он фарзонагон дар байни саҳифаҳои таърих чанг гирифта, бархе аз фарзандони имрӯзаш байни чанги ҷаҳлу бесаводӣ метапанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳар бор барои рафъи ин проблема, яъне, маҳви бесаводӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат таъкид мекунанд. Бахусус, чанде пеш бо таъкид иброз доштанд: «Аксари онҳое, ки дар нооромиҳои Сурия иштирок доранд, саводи дурусти мактабӣ надошта, афродеанд, ки аз тарбия комилан дур мондаанд». Ҷаҳолат ва ҳатто надоштани саводи ибтидоии мактабӣ метавонад касро ба золиму ғаддоре табдил диҳад, ки тақлидкорона ба амрҳо итоат карда, қасди ҷони бечорагону бегуноҳҳо кунад. Имрӯз ҳамин турфа одамонанд, ки муҳитро ба харобот табдил додаанд ва гӯё нозими
Ба ҳамагон маълум аст, ки аз дами шамшер дида, давоту қалам кори бештару муассиртарро дар олами муосир ба анҷом мерасонад. Шабакаҳои телевизиониву интернетиро мувофиқи амалкард метавон ҳам ба фоидаи ҷомеа ва ҳам бар зарари он истифода бурд. Ҳоло васоити мазкур ба таври муассир барои мушавваш сохтани зеҳни ҷомеа фаъолона ба кор бурда мешаванд. Аз ҷониби дигар, танҳо бо манъ кардани пахши чунин шабакаҳо масъала ҳалли худро ёфта наметавонад. Зарур аст, мушкилоти мазкур аз реша ҳал шавад ва он бо баланд бардоштани шуури шаҳрвандии худи ҷомеа марбут аст. Ҳоло на фақат ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, балки ҷомеаи шаҳрвандии олам дучори се вабои дунёи муосир гаштааст, ки аз бемориҳои муқаррарӣ дида, талафоти зиёди ҷониву маънавиро метавонад боқӣ гузорад. Ҳамчунин, метавон гуфт, ки сарчашмаи задухурдҳои феълии дунё, аз қабили тафриқа, ҳаракатҳои террористии ба ном исломии салафӣ, таассуб ва гурӯҳҳои ифротӣ хосатан аз ҳамин се вабои аср маншаъ мегиранд. Бо итминон метавон гуфт, давои ин бемориҳо на танҳо ба кишвари мо, балки ба олам сулҳу субот меорад. Шояд ҷиҳоде, ки имрӯз барояш ҷон фидо кардан месазад, мубориза алайҳи ҳамин се душмани асосии башарият - ҷаҳолат, фақирӣ ва ихтилоф мебошад, на оне ки барои қатлу куштор ва тахрибу вайронкорӣ равона шудааст.
ҷомеаи башарӣ онҳо бошанд. Аммо бадбахтии бештари чунин шахсон дар он аст, ки тамоми ин аъмоли манфурро кори савоб шуморида, худро дар роҳи ҳақ мубориз мешиносанд. Чунин ҳолат ба куллӣ аз ҷаҳолат сарчашма гирифта, оҳиста-оҳиста оламро ба коми зиштӣ тела медиҳад. Ҷаҳолатро метавон танҳо бо роҳи илму маърифат аз байн бурд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятӣ миллату давлатро аз амалҳои ифротӣ ва бесарусомонӣ нигоҳ медорад. Тарҳрезии усули мақбули таҳсил дар кишвар набояд танҳо илмҳои дунявиро дарбар гирад. Шакли дурусти таълими илмҳои шаръӣ низ бояд дар пояи мазҳаби ҳанафия ба роҳ монда шавад. Ҳоло вазъияти Ховари Миёна ва эҳтимоли ба марзи Осиёи Марказӣ ҷаҳидани низоъҳо аз он дарак медиҳанд, ки ҷаҳли принсипҳои аввалии дини мубини ислом метавонад зеҳни ҷомеаи шаҳрвандиро фасод кунад. Аз ҳаёти Расули акрам, ҳазрати Муҳаммад (с) бехабар зистан, онро дар тасаввурот ҳамчун шахси ҷангҷӯе изҳор мекунад, ки гӯё он Зоти бузург як умр силоҳ дар даст зиста бошад. Аммо ҳеҷ яке аз он ҷангҷӯёни ба ном исломии имрӯза ва ҳатто муваззафони умури динӣ боре фикр накардаанд, ки дар ҷамъ, агар ҳаёти пайғамбарро, ки дар майдонҳои набард гузаронидааст, дида бароӣ, ҳамагӣ 2 рӯзро ташкил хоҳад дод. Яъне, ҳини 23 соли пайғамбарие, ки Расули Худо ҳамагӣ дар майдони ҷанг гузаронидааст, 2 рӯз асту халос. Дар асл, ӯ фотеҳи дилҳо буд. Имрӯз Расули акрамро ҳамчун ҷангҷӯ ва дини исломро ҳамчун дини ғаддору золим нишон додан магар ҷаҳолат нест? Чун инсон ба рӯи Замин барои такмилу рушди маърифат ва таҷруботи худ фиристода шудааст, илмомӯзиву донишгирӣ роҳи ягона барои раҳоӣ аз қабзаи ҷаҳлу бемаърифатӣ маҳсуб мешавад.
e-mail: javonontj@mail.ru
1. ҶАҲОЛАТ
Бемории асосӣ ва табобаташ мушкилтарин ҷаҳолат аст. Калимаи ҷаҳолат танҳо ифодагари камсаводӣ ва ё бесаводӣ нест. Он маънои васеътарро дорост. Мавриди тазаккур аст, ки дар таърих замони пеш аз исломро «замони ҷоҳилият» меноманд. Ҳарчанд дар он замон сафи ашхоси босавод ва соҳибилм кам набуд, аммо мардум бо ҷаҳл дасту панҷа нарм мекарданд. Балоғат ва суханпардозии араб имрӯз ҳам ба ҳамагон маълум аст. Фалсафаи юнон то ҳол бо ғалату саҳеҳиаш ҳамчун меъёри афкор шинохта мешавад. Аммо, новобаста ба ин, замон «замони ҷоҳилият» буд. Бинобар ин, ҷоҳил шахси бехабар аз роҳи ҳақ, бехабар аз арзишҳои волои башарӣ, бехабар аз ҳикмати оламу офариниши ҳастист, ки бенасиб аз одамият мондааст. Ҷоҳил шахсест, ки ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идрок, кӯр-кӯрона онро тақлид карда, аз пайи ҷаннати дурӯғ тамоми умр сарсон мегардад. Ҳол он ки арзишҳои маънавиямон омӯзиш ва талаби илмро волотар аз ҳар кори дигари дунё гузоштаанд. Ҳамин меъёр буд, ки миллати тоҷик тавонист Саъдиву Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ, Хай-
силоҳ ба даст мегиранд. Ин ҳаракатҳои ба ном исломӣ зархаридонро ҷаннатҳои сохта ваъда дода, иртикоби кулли гуноҳҳоро «дар роҳи ҳақ» барояшон ҷоиз ва раво мебинанд. Олимони соҳа сабаби бо шавқи зиёд пайвастани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёнаро ба ҳаракатҳои террористӣ набудани шуғли доимӣ (норасоии ҷойи кор) ва ночиз будани маош дар ин кишварҳо арзёбӣ мекунанд. Дуруст аст, ки шаҳрвандони зиёди ИДМ барои пайдо кардани маблағ ба хориҷи кишвар, хусусан, ба Русия ҳиҷрат мекунанд. Аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз пайи дарёфти ҳаёти беҳтар омодаанд, ба ҳар коре машғул шаванд. Нақши калидиро дар ин раванд шуури ахлоқӣ ва арзишҳои маънавии онҳо мебозад, ки бинобар он меъёр самти тамоюлашон муайян мегардад. Афсӯс, ғолибан шуури пасти чунин муҳоҷир, ки ҳатто аз таълими мактабӣ
Се вабои аср
2. ФАҚРУ ЗАРУРАТ
Вабои дуюм, ки душмани ҷомеаи башарии муосир аст, фақру зарурат мебошад. Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавии додугирифти давлатҳо аз лиҳози иқтисодиёт озод ва ба касе побанд набудани як миллат нишонаи муайянкунандаи тақдиру истиқболи ӯст. Чун ҷомеаи дар назди кас муттаҳам, наметавонад хатти ояндаи давлату миллаташро соҳибихтиёрона бикашад, доим зери таъсири афкору ақидаи бегона монда, насли зиёди рӯшанфикрашро дар пайи марому хаёлоти хом ба талаф медиҳад. Ҳоло муҳаққиқони зиёд бар он боваранд, ки яке аз омилҳои асосии пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ, фақру зарурат аст, ки дар сафи чунин ҳаракатҳои ифротӣ ҳамчун зархарид
дар ватанаш бархӯрдор нашудааст, сабаби шикасти миллат мегардад. Зеро, “агар ба ояндаи миллате назар кардан хоҳӣ, ба ҷавонони имрӯзааш назар кун”, гуфтаанд. Барои рафъи сифати пасти зиндагӣ ва халос кардани ҷомеа аз фақру зарурат лозим аст, нақшаҳои дарозмуддат дар сатҳи ҳукумат тарҳрезӣ шаванд. Чун баланд бардоштани сатҳи шуури ҷомеа ва рушди кишвар ба сифати иқтисодиёти он вобаста аст, дар ин замина бояд қадамҳои устувор гузошта шаванд. Тоҷикистон сарзамине нест, ки ҳамчун кӯдаки навзод тоза ба дунё омада бошад. Мардуми ин ватан низ ҷомеаи хом нест. Ҳарчанд бист сол қабл аз султаи қудрате озод шуда бошем ҳам, аммо таҷрибаи давлатдории деринаро соҳиб ҳастем. Фарҳангу арзишҳои маънавӣ дар шоҳраги мардуми ин минтақа монанди хун доим дар гардиш буда, ҳамчун мурғи бахт ҳозир аст, бори дигар сӯи иқболаш пар кушода, ба асолати таърихияш баргардад. Кофист, ки замина ва шароит муҳайё гардад. Зимнан, бояд қайд кард, ки нақшаҳо барои рушди иқтисодиёт бояд на аз пойтахту шаҳрҳои калони кишвар, балки аз навоҳии дурдасту деҳаҳо ба роҳ монда шаванд. Ҳамин тавр, барои теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ҷойи кор фароҳам оварда шуда, ҳамзамон, имкони рушди солими насли наврас ҳам ба роҳ монда мешавад. Насле, ки моҳҳову солҳои зиёд аз тарбияи падаронаву мардона дур мемонад, хусусан, писаронро зансифат сохта, нас-
ли ғайриҷиддӣ, беҳадаф ва беистиқрорро дар ҷомеа ба миён меоварад. Ҳамчунин, дур мондани мард аз оила метавонад боиси ривоҷи бадахлоқии зану духтарон гардад. Фактори фақру заруратро набояд саҳл гирифт. Насли бетарбия, муҳтоҷ ва бехабар аз арзишҳои аҷдодӣ оқибат ба насли осӣ табдил меёбад, ки роҳи ҳалли мушкилоташро танҳо дар ба даст гирифтани силоҳ мебинаду халос.
3. ИХТИЛОФ
Яке аз душвориҳои дигари ҷомеаи башарии муосир ихтилоф ва ифтироқ аст. Ҳарчанд бо гузашти замон илму технология тараққӣ мекунад, курраи Замин рӯз аз рӯз бо имконоти технологӣ боз ҳам хурдтар гашта, ба масобаи як деҳаи глобалие табдил мешавад, вале робитаҳои башарӣ, унсият аз ҳам гусастатар ва бегонатар мегарданд. Агарчӣ алоқаҳои мобилӣ боз ҳам қавитар гардонидани иттифоқ ва эътилофро бароямон имкон додаанд, вале нофаҳмиҳову ихтилоф ҳамоно зиёдтар мегардад. Чун ҳар масъалае аз инсон оғоз меёбад, ҳалли чунин мушкилот низ боз ҳам ба иродаи инсон вобаста аст. Зимнан бояд қайд кард, ки давои чунин беморӣ танҳо иттифоқ аст. Иттифоқ низ пурра ба ирода, мантиқ ва ақли инсон вобаста аст. Чӣ расад дунёро, вақте дар худи кишварамон миёни минтақаҳо, аҳзоби сиёсӣ ва ҷамоатҳои динӣ эътилоф ва иттифоқе атрофи манфиати миллӣ ва беҳбудии кишвару мардум ба назар намерасад. Ҳол он ки онҳо бояд атрофи як мақсаду маром барои бақои давлату миллат ба ҳам оянд. Вақте арзишҳои маънавӣ-фарҳангии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон як асту давлат як аст, аз пайи масоили ночиз ихтилофу ифтироқ доштан бемантиқӣ ва содалавҳие беш нест. Мебояд иродаро ба миён гузошта, атрофи арзишҳои ягона бо ҳам омада, робитаҳои бародарӣ ва иттифоқро мустаҳкам карда, барои беҳбудии ин ҷомеа саъй намоем. Бинобар ин, вақте дар умури минтақа ва ё муассисае муваффақият ба назар намерасад ва ҳар кӯшиш бо шикаст анҷом меёбад, масъаларо бояд дар иттифоқи аҳли ин макон ҷуст. Ҷомеае, ки шуури баробариву ваҳдатро аз даст додааст, оқибат ба завол маҳкум аст. Шояд чунин беморӣ ба давлате сироят карда бошад, пояҳои он ҳам зиёд устувор нахоҳанд монд. Ҳоло ки дунё гирифтори хусумат ва низоъҳои гуногун аст, ба дӯши ҳар фарди ҷомеа вазифаи таълифи байн ва ё худ масъулияти миёнарав меафтад. Новобаста ба он ки ин низоъ миёни ду шахс аст, миёни ду оила аст, миёни ду ҷомеа ва ё миёни ду давлат аст, ҳар фарди оқил ва соҳибирода бояд ҳамчун миёнарав барои истиқрори сулҳу субот дар рӯйи замин саҳм гузорад. Илова бар ин, дар миёни ҳар ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд чунин гурӯҳҳои таълифи байнро таъсис дод, ки низоъҳоро сари вақт пешгирӣ кунанд. Вагарна бунияи ҷомеаро ихтилофу ифтироқ, ба монанди вирус аз дохил заъиф гардонида, аз пой меафтонанд. Зимнан, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи тоҷикистониро лозим аст, ҳини додугирифтҳои гуногун асолати миллиашро ҳифз кунад. Аз ин рӯ, набояд аз хотир баровард, ки дар ин рӯзҳо ҳифзи асолати миллӣ танҳо бо ҳифзи вижагиҳои нақшу нигори худи миллат имконпазир аст. Ҳар кӣ дар ин раванд чунин нақшу нигорашро соҳибӣ карда наметавонад, аз арсаи байналмилалӣ меафтад. Набояд фаромӯш кард, ки вижагиҳои аслии ҳар миллатро дин, забон, ватан ва таърих ташкил медиҳанд. Хосатан, ҳифзу ҳимояи вижагиҳои мазкур, ҳамчунин, бино кардани истиқрори давлат болои онҳо, имкон медиҳад, ки шуури ҷомеаи тоҷикистонӣ инкишоф ёбад, ҳамзамон, аз бемориҳои аср худро эмин дошта бошад. У. МАҲМУД, “ҶТ”
МУРОҶИАТНОМАИ
ҷавонони ноҳияи Фархор ба «Гурӯҳи 24» Мо, ҷавонони Фархори бостон, бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорем. Мо, озодӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худро муқаддас шуморида, ваҳдат, баробарию бародарӣ ва дӯстии миллату халқиятҳои Ватани азизамон Тоҷикистонро арҷ гузошта, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо азму иродаи қавӣ, талош меварзем. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд. Имрӯз низ чун ворисони арзандаи ин қувваи бузург, ба дастовардҳои даврони истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллат арҷ мегузорем. Мо ҷавонони фархорӣ ҳаргиз фаромӯш намесозем, ки падарону бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, сарбаландона меҳнат намуданд, ба сардию гуруснагӣ тоқат карданд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкори созандагиро пеш гирифтанд. Ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ва қувваи бузурги худ бовар дорем ва бо эътимод изҳор медорем, ки мо низ кафили рушду нумӯъ ва амнияту суботи Ватани азизамон шуда метавонем. Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Бархе аз ҷавонони гумроҳ ва камари хизмат ба хоҷагони хориҷӣ баста, ба монанди «Гурӯҳи 24» ва дигар равияҳои ифротгаро, барои халалдор кардани оромии кишвар бо истифода аз расонаҳои гуногуни хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ рахна ба мазҳабу ваҳдати бадастомадаи мардум зада истодаанд. Ин албатта, ғамангезу риққатовар аст. Вале мо ҷавонон ҳаргиз фаромӯш накардаем, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ мо даҳҳо ҳазор ҳамсолони худро аз даст додем, ҳазорҳо шаҳрванди мо ғарибу бехонумон гаштанд ва боигарии халқу давлат аз тарафи баъзе силоҳбадастон ба яғмо бурда шуд. Қисмати зиёди ҷавононро чунин гурӯҳҳо такягоҳи асосии
худ намуданд. Имрӯз мо намегузорем, ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ватани азизамон такрор ёбанд. Мо, ҷавонони даврони истиқлолият имрӯз ҳамаи он амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки рахна ба ваҳдату дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мезананд, маҳкум менамоем. Мо, ҷавонони Фархор ба «Гурӯҳи 24», хусусан, ба Гадоев Шарофиддин муроҷиат карда, мегӯем, ки ба дасисаву бозиҳои сиёсии пасипардагии шумо дода намешавем. Баҳри нашъунамо ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона, бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона адо менамоем. Мо ба чунин афроде, ки шарафи ҷавонмардӣ гум карда, ба номи зодгоҳу ҳамдиёрон ва волидайну наздиконашон иснод овардаанд, нафрати худро эълом медорем. Ба ғазаби Худованд ва нафрати халқи диёри азиз гирифтор шавед, эй ватанфурӯшоне чун Шарофиддин Гадоев! Шумо шарофиддинҳо неъматношиносед! Ба қадри хизмату заҳматҳои ҷонфидоёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми миллати ободкори тоҷик нарасида, бешарафона лофу газоф мезанед. Шуморо касе ҳақ надодааст, ки аз номи ин миллат, аз ҷумла, аз номи мардуми шарафманди Фархори бостон ҳарф занед! Шумо чӣ хизмате дар пешрафти диёр кардаед, ки бо забони дароз худро пуштибони он метарошед? Дарахте шинондаю боғе бунёд кардаед? Сари ятимеро сила кардаю бенавоеро нон додаед? Роҳе бунёд кардаед? Чӣ додаед ба мардуми диёр ҷуз сафсатафурӯшию ҳарзагӯӣ? Мо, ҷавонони ноҳияи Фархор ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон боварии комил дорем. Ба суханону даъватҳои пастфитратон ҳаргиз дода намешавем. Мо чашми бинову гуши шунаво дорем. Ва он дастоварду ваҳдати комилеро, ки аз баракати истиқлолияти ҷумҳурӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии он насибамон гаштааст, чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳем кард!
Аз номи 250 нафар
МИЗИ МУДАВВАР
Сарлавҳаҳои воҳима касеро табобат накардааст 30 октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони “Сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ВАО” мизи мудаввар баргузор гардид. Алиҷон Солиев, мутахассиси шуъбаи мониторинги Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД оид ба мавзӯи “Ташхиси ВИЧ ва зарурати муайян кардани зинаи аввали он” маърӯза намуда, онро чунин шарҳ дод: «ВИЧ - (вируси норасоии масунияти одам) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо метавонад дигаронро сироят кунад. Ҳамон қадаре, ки вируси ВИЧ лейкоситҳоро зиёд нобуд кунад, ҳамон кадар системаи иммунии инсон хароб мегардад. Суcт ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авҷ гирифтани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. СПИД зинаи охирини ВИЧ мебошад”. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубо-
риза бар зидди СПИД, соли 2013 876 нафар сироятшудаи бемории ВИЧ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Нумонҷон Абдуҳамидов, мутахасссиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД изҳори нигаронӣ кард, ки дар ВАО рӯзноманигорон дар мақолаҳову барномаҳои худ, ки дар барои бемории ВИЧ/ СПИД менависанд, сарлавҳаҳои воҳимаангез мегузоранд ва шаҳрвандонро ба таҳлука меандозанд. “Сарлавҳаҳои “СПИДвабои аср”, “СПИД-бемории вазнин ва табобатнашаванда”, “СПИД-фалокат”, “СПИДҷазо” “СПИД-марг” ва дигар истилоҳоте, ки дар матбуот истифода шудааст ва ё мешаванд, тарс ва воҳима ба ҷомеа аст. Тавре таҷрибаи беш аз сисолаи муқобилат бо бемории масунияти
бадан дар олам нишон медиҳад, чунин воҳимандозӣ касеро наҷот набахшидаю бомаърифат ҳам накардааст. Баракс, мулоҳизоти мухталиф ҷомеаро дар масоили ҳалталаби ин навъ беморӣ торафт барангехта, поймолкунии ҳуқуқи ашхоси гирифтори онро афзоиш медиҳад. Ҳамаи ин боиси монеаи ҷиддӣ дар ҷодаи роҳҳои пешгирии ин беморӣ мегардад”. Тибқи маълумоти Барномаи СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Инчунин, ба ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн. нафар сироят ёфтаанд, ки 20 млн. нафараш ба ҳалокат расидаанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ҳавои охири моҳи октябр хеле сард аст. Дар осмон абрҳои ғафсу сиёҳ гӯё мехкӯб шудаанд. Офтоб ягон зарра ҳам намоён нест. Заминҳо дар пайи борони дурударози дишаба тар шудаанд. Роҳгузарон серҳаракатанд. Шояд хунук хӯрдаанд...
Амонат
Хиёбони дарозро аз ду тараф мағозаву дӯконҳои рангоранг зеб медиҳанд. Паҳлӯи ин дӯконҳои зиёд зане нон мефурӯшад. Нафаре аз танӯр самбӯсаи гарм меканад. Яке кулчақанду дигаре себу анор ба фурӯш гузоштааст. Боз паҳлӯи онҳо як дӯкони рангпаридае ҳам воқеъ аст, ки муштариён назди тирезаи пастаки он ҳозир шуда “ҳоҷат” мебароранд. Ба як дидан кас фаҳмида наметавонад, ки он ҷо чӣ мефурӯшанд, вале дақиқ зеҳн монӣ, хоҳӣ пай бурд, ки дӯкони майфурӯшист. Аслан, парво аз ин дӯкону дӯкондор ҳам надоштам, агар аҳволи духтарчаи ду-дунимсола маро ба риққат намеовард... Дар ин рӯзи сарди тирамоҳ духтарчаи фарбеҳи сафедрӯ дар пояш попӯши резинӣ рӯи замини нам рост истода меларзид. Гунаҳои сафедаш аз ғояти сардӣ суп-сурх шудаанд. Кӯдак хунук хӯрдааст, аммо падараш аз ин бехабар аст, балки назди тирезаи дӯкони шаробфурӯшӣ қарор дорад. Ӯ шароб менӯшад, то дар ин сардӣ хунук нахӯрад. Шароб менӯшад, то кадом ғуссаеро “фаромӯш” созад. Аммо духтарчааш... Бечора духтарчаи сармохӯрда дарақ-дарақ меларзад, вале ёрои гиристан намекунад. Мабодо ҷаҳли падар рӯ занаду вай ҳам шаллоқ хӯрад. Аз ин ҳолат дил ба дард меояд. Мебинам, ки чанде аз раҳгузарон ҳам ба ҳоли духтарча раҳмашон омада магар ки, бо норозигӣ сар ҷунбонда, гузашта мераванд. Дигар тоқат накарда, рафта кӯдакро аз ҷой бардоштам. Дастонашро ба дастон дошта, каме “гарм” кардам. Ҳамчунин, гунаҳояшро низ... Пасон назди ҷавон, ки ба зоҳир сисола менамуд, қарор гирифтам. - Бародар, духтарчаат хунук хӯрдааст. Пойҳояш бо ин калӯшҳои резинӣ нам гирифтаанд... – гуфтам ба ӯ. Гумон доштам, ки эътироз мекунад ё “кордор нашав” мегӯяд. Вале ин тавр нашуд. Ӯ чанд сомоние ба дӯкондор дароз карду бақия гирифт. Пасон духтарашро аз ҷой бардошта, бағал гирифту ба роҳрави борик миёни биноҳои баланди анбӯҳ равон шуд... Ин манзара сӯҳбати мӯйсафеди касалмандеро дар даҳлези беморхона ба ёдам овард. Боре ба аёдати як хешованд ба беморхона рафтем. Кӯдаки сесолаашро дарди гурда азият медод. Ӯ бо сабаби намак доштани гурдааш пешоб карда наметавонист. Хонавода хостанд, кӯдакро хатна ё ба қавли мардум дасташро “ҳалол” кунанд. Барои ин ба духтур рафтан даркор буд. Аммо падараш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, аз тариқи телефон таъкид ва таҳдид мекард, ки “то ман наоям, писарамро хатна накунед! Ман писарамро туй мекунам!” Ҳамсари бечорааш чанде интизор ҳам мешавад. Азбаски дард кӯдакро торафт азият медиҳад, ночор ба беморхона мебаранд... Дар даҳлези беморхона рӯи курсӣ модари ҷавон нишаста, ашк мерезад. Духтур гуфтааст, “чаро дер овардед, сари вақт овардан даркор буд”. Ба ҳар ҳол кӯдакро хатна кардаанд. Аммо модари ҷавон аз бетафовутӣ ва кӯтоҳандешии шавҳараш ғам мехӯрд. Мо ӯро таскин бахшида наметавонистем. Дар ҳамин асно мӯйсафеде аз палата берун шуда, дар як кунҷи курсии дароз ҷой гирифт. Бо мӯйсафед салому алейк кардем. Вай ҳам ҳолпурсӣ кард. Пасон оҳиста гуфт: “Ин духтарам барои чӣ гиря мекунад?” Чун масъаларо нақлаш кардем, абрӯвони мӯйсафед ба ҳам ҷафс шуданд. Дар пешониаш чин пайдо шуда, андешаманд гардид ва баъди андаке ба сухан даромад: “Рӯзе набераи чорсолаам рӯи ҳавлӣ бозӣ мекард. Модараш ба бозии ӯ бо шавқи зиёд менигарист ва аз сурудхониву шухиҳояш лаззат мебурд. “Ин кӯдаки туст?” - пурсидам аз модараш. “Бале, аз ман!” - гуфт модараш бо ҳайрат ба рӯям нигариста. Мазмун, ин чи саволест, ки медиҳӣ. Гуфтам: “Оё дасти ин кӯдакро ту сохтӣ? Чашмонашро ту гузоштӣ? Кӯдак мисли як муъҷизаи басе зебову дилкаш аст. Агар тамоми муҳандисҳои дунё ҷамъ шаванд, як кӯдакро сохта метавонанд?” Духтарам сарашро хам карду ба замин дида духт. Пасон афзуд: “Ин кӯдак ба ман доди Худост”. Ман ҳам илова кардам: “Ҳар асаре, ки аз доираи тавони инсон берун аст, Холиқи бузургро нишон медиҳад. Ин кӯдак ҳам азони шумо нест, балки ба шумо амонат аст. Пас, онро вобаста ба хости Худо бояд тарбият кард”. Мӯйсафед лаҳни ширину гуворое дошт. Акнун гиряи ҷавонзан ҳам пасанда шуда буд. Мӯйсафед афзуд: “Ҳар чизе ки моли шахсии инсон нест, он барояш амонат аст. Фарзанд, молу мулк, сарват ва тамоми имкониятҳо барои инсон амонатанд ва мо барояшон ҷавобгарем...” Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
МУШОҲИДА
e-mail: javonontj@mail.ru
ВОКУНИШ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
8
БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои қонунгузорӣ, ки системаи ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳанд, мартабаи олии ҳуқуқӣ дорад. Боби чоруми Конститутсия ба мақоми президент бахшида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлат, ҳокимияти иҷроия аст. Асоси сиёсию ҳуқуқии таъсиси мансаби президент дар Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 мебошад. Мувофиқи Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ» тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ аз 20 июли соли 1994 мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд. Шӯрои Олӣ 21 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар бораи қабули Конститутсия, интихоботи Президенти ҷумҳуриро таъин кард. Дар асоси ин қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи умумӣ ва мустақим 6 ноябри соли 1994 интихоб гардид. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ соли 1994 президентро шаҳрвандон дар интихоботи умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карданд. Мувофиқи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ аз 22 июли соли 2003 муқарар гардид, ки президентро шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1999 ва солҳои 2006 ва 2013 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ва бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дошта, барои шароити зиндагии
арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам оварда мешавад. Бояд зикр кард, ки салоҳияти президент, асосан, дар моддаи 69 ва баъзе моддаҳои дигари Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳо муқаррар шудааст. Ваколатҳои ҳуқуқӣконститутсионии президентро шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо кардан мумкин аст: 1. Дар соҳаи намояндагии Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии мамлакат. Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. 2. Дар соҳаи таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъин ва озод кардани
салоҳияти вазифавии хеш истифода бурда, баъди аз сари нав интихоб шуданаш дар мансаби президентӣ соли 2013 ба сохторҳои давлатӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён овард. Масалан, ба ҷои вазифаи мушовири давлатии президентӣ оид ба сиёсати кадрҳо ва дигар тағйироти кадриву сохторӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои муҳиму масъулиятноки давлатӣ пешниҳодшударо ҳаматарафа санҷида, баъдан розигӣ медиҳад. Ӯ мехоҳад, танҳо шахсони пуртаҷриба, меҳнатдӯст ва беғаразу поквиҷдон, дилу нияташон софу бекина ба ин ё он вазифа таъин гарданд. 3. Имзо гузоштан ба қонунҳо, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ.
Президент ва Сарқонун
шахсони мансабдори давлатӣ. Президенти кишвар вобаста ба давраи ҷаҳонишавӣ аз
Қонунҳои Тоҷикистон танҳо баъди ба онҳо имзо гузоштани президент ва нашр гардидан ба
амал бароварда мешаванд. 4. Харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул. 5. Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини бехатарии давлатӣ. Президент мувофиқи вазифаҳои худ Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон буда, фармондеҳони қӯшунҳои ҳарбиро таъин ва озод мекунад. Дар тӯли 23 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба соҳаи ҳарбӣ тавваҷуҳи хоса зоҳир гардид. Маҳз бо пешниҳоду дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа як қатор қонунҳо, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи яроқ», «Дар бораи ветеранҳо», “Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра ба тавсиб расидаанд. 6. Ҳалли масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ, шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо. Президент дар баробари ҳаллу фасл намудани масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал менамояд. 7. Мукофотонидани шаҳрвандон. Президент мувофиқи тартиби қонуни муайянкарда ва дар асоси Конститутсия шаҳрвандонро бо мукофоти давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишон ва унвонҳои ифтихорӣ сарфароз мегардонад. 20 сол боз мардуми заҳматкашу хирадманди мо зери поя, сутун ва шиносномаи миллат – Конститутсия ба сӯи пеш, ба сӯи қуллаҳои
нав ба нави меҳнатӣ ва созандагию бунёдкорӣ, пешрафту навоварӣ қадам мезананд. Сарқонун ва Президент ҳамқадами якдигаранд. Зеро тамоми дастовардҳои замони истиқлолият ба сиёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сахт вобаста аст. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд. Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Тоҷикистонро дар олам бо Констиутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳнатдӯсту меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, чашмаҳои обаш ширин, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнааш маълуму машҳур гардонад. Бо шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Ҳамин тавр, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президент Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон Истиқлолият ва Конститутсияро тақвият бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил шуд ва ба сӯи ояндаи нек қадам мегузорад. Асомиддин АЗИЗОВ, директори китобхонаи илмӣ, устоди кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи давлатии Данғара
Сарқонун ва таҳкими давлатдорӣ
Зикр намудан бамаврид аст, ки сарқонуни давлати шӯроҳо дар инкишофи давлатдории тоҷикон (аввал ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҷумҳурии иттифоқӣ) нақши муҳим гузоштааст. Хусусияти демократии Сарқонуни мамлакати мо аз тарафи аксари институтҳои ҳуқуқи башар эътироф ва дар байни сарқонунҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз беҳтаринҳо шинохта шудааст. Моҳияти демократии Сарқонун дар моддаи якуми он таҷассум ёфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад...” Яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи башар далели бегуноҳӣ мебошад, ки дар Сарқонуни амалкунандаи ҷумҳурии мо таҷассум ёфтааст (моддаи 20). “Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин, барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад. Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад,
қонуни нав амал мекунад”. Меъёри дигари ҳуқуқи шаҳрвандон дахлнопазирии манзил аст. Меъёри мазкур низ аз ҷониби Сарқонун кафолат дода шудааст. Вобаста ба ин меъёри ҳуқуқӣ дар моддаи 22 омадааст: “Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст”. Дар моддаи 43 ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиявии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд эътироф гардидааст. Сарқонун, ҳамчунин, шаҳрвандонро вазифадор намудааст, ки табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ҳифз карда, пардохти андозҳоро таъмин намоянд. Ҳамин тариқ, Қонуни асосии кишвар, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти моро фаро гирифта, ҳуқуқи озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро, ҳамчунин, салоҳияти мақомоти асосии давлат ва ҳокимиятро муқаррар намудааст. Боби дуюм, ки аз 35 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Мувофиқи моддаи 9-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Яъне, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аксари давлатҳои мутамаддин се шохаи ҳокимият амал мекунад. Чӣ тавре дар боло зикр шуд, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду палата иборат аст. Палатаи болоӣ – Маҷлиси миллӣ ва палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагон. Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и Сарқонун мустақил буда, аз номи давлат аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Мувофиқи талаботи ҳамин моддаи Сарқонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили суди фавқулодда манъ аст. Ҳамин тариқ, Сарқонун сарчашмаи ҳамаи қонунҳо буда, риояи он барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист.
Варқа ЗАЙНИДДИНОВ, ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1
Танини “Навои Ватан” 1 ноябри соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Ҷомӣ Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Навои Ватан” баргузор гардид. Дар он дастаҳои ҳунарии вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Гвардияи миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия иштирок карданд. Дар ифтитоҳ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарбозонро ба муносибати 20-солагии Конститутсия табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “суруду наво дар тарбияву камолоти маънавии инсон ва боло рафтани завқи бадеиву эстетикии насли наврас арзишманд мебошад. Тавре Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Суруду навоҳои ватанпарастона барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, муттаҳид намудани миллат аҳамияти бағоят муҳим доранд”. Халқи тоҷик аз қадим бо фарҳанги хос аз қавму миллатҳои дигар фарқ ме-
кард. Ҳанӯз дар замони Сосониён дар қатори дигар ҳунарҳо, ромишгариву сарояндагӣ ба авҷи аъло расида буд, ки Борбади Марвазӣ яке аз аламбардорону пештозони ин ҳунар ба шумор мерафт. Ин анъана дар замони давлатдории Сомониён идома ёфт ва ба он Малик-уш-шуаро Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ зебу фари дигар бахшид. Хушбахтона, имрӯз ҳам ворисони Сосониёну Сомониён анъанаҳои аҷдодони худ, яъне, ҳунари ромишгариву сарояндагиро идомаву густариш медиҳанд. Барои
ҳамин, агар ба таърихи инсоният назар кунем, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки масъалаи Ватан-Модар ва иззату эҳтироми он дар ҳама давру замон дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва хусусан, мутафаккирону пешаҳангони миллатҳою халқиятҳо буд”. Дар фарҷом иштирокчиёни фестивал бо диплом ва туҳфаҳои арзишманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Риояи қонунҳо вазифаи ҳар фард аст Чанде пеш бахшида ба 20-солагии Конститутсияи мамлакат дар шаҳри Ваҳдат мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мураббиёни мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок варзиданд. Манон Солеҳов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат зимни суханронӣ, аз ҷумла, иброз дошт, Сарқонун ба ҳаёти ҷавонони кишвар бетаъсир нест, зеро тамоми қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки ба манфиати халқ қабул шудаанд, маҳз аз Сарқонун маншаъ мегиранд. Холмаҳмад Толибов, директори Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони шаҳр қонунҳо «Дар бораи ҷавонон ва сиаёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-ро мисол оварда, перомуни алоқамандии онҳо бо Конститутсия суҳбат намуд. Дар фарҷом Фаттоҳ Раҳмонов, мудири қисми таълимии Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони шаҳр оид ба омӯзиши Сарқонуни ҷумҳурӣ ва риояи қонунҳои мамлакат, ки дар самти болоравии зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунанда вазифаи аввалиндараҷаи ҳар фарди бонангу номуси мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин бора Гулнора Раҳимова, мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат хабар дод.
e-mail: javonontj@mail.ru
Халқи тоҷик дар давраи ташаккули худ зинаҳои гуногуни қабули сарқонунҳоро аз сар гузаронидааст. Қабули аввалин сарқонун дар ҳаёти собиқ кишвари шӯроҳо баъди инқилоби Октябр ба вуқуъ пайваст. Баъдан вобаста ба рафти тараққиёти ҷамъият соли 1924, (бо ташкили Иттиҳоди Шӯравӣ) сарқонуни ин кишвари бузург қабул гашта, халқи тоҷик бевосита аз он баҳравар гардид. Ин сарқонун баъдан вобаста ба раванди тараққиёти ҷамъият солҳои 1936 ва 1977 аз нав қабул гашт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
9
БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМ
Сафаре, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи фарҳангӣ-экологӣ ва сайёҳии “Помир” (ПЭКТА) ва ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» барои рӯзноманигорон сурат гирифт, хеле пурмуҳтаво буд. Дар баробари дидани ҷойҳои таърихӣ мо бо имкониятҳои иқтисодии ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ ошно шудем. Макони обҳои маъданӣ
Аз тамоми ноҳияҳое, ки сафар кардем, Ишкошим дар назари мо сердолу дарахт ва серзироат намуд. Зардолуву себи он таъми гуворо дошт. Агарчӣ дар водиҳои Вахшу Ҳисор гандумро моҳи июл дарав карда, ба ҷояш офтобпараст ё сабзавот кошта бошанд, моҳи сентябр дар ноҳияи Ишкошим акнун гандумро дарав мекарданд. Обу ҳавои ноҳия барои парвариши гандуму картошка мувофиқ аст. Ноҳияи Ишкошим соли 1922 таъсис ёфта, маркази он аз шаҳри Душанбе 680 километр дур аст. Баландтарин нуқтаи он қуллаи Карл Маркс (6726 метр аз сатҳи баҳр) ба ҳисоб меравад. Ишкошим макони сангҳои қиматбаҳо (лоҷвард), булӯри кӯҳӣ ва лаъл (Лаъли Бадахшон) мебошад. Дар шумораи гузашта мо дар бораи қалъаи Ямчун маълумот додем. Чунин ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияи Ишкошим зиёданд. Яке аз онҳо қалъаи Қаҳқаҳа дар деҳаи Намадгут мебошад. Корманди осорхонаи деҳаи мазкур Аҳмадҷон Мирзоев ба мо гуфт, ки қалъаи Қаҳқаҳа дар асри II пеш аз мелод дар замони Кушониён сохта шудааст. Дар даврони шӯравӣ ин ёдгории таърихӣ нуқтаи назоратӣ ва гарнизони сарҳадчиён буд. Аз болои қалъа ҳудуди минтақаи Ишкошими Афғонистон чун кафи даст намоён аст. Деҳаи Намадгут зодгоҳи афроди шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Ноёбшои Зуробек, Одинамаҳмад Мирзоев ва ғайра аст. Дар осорхонаи деҳа китобҳо дар бораи ёдгориҳои таърихӣ ва обҳои шифобахши Ишкошим мавҷуданд. Намунаи либос ва тоқиҳои мардуми водии Вахонро низ ба маъраз гузоштаанд. Нерӯгоҳи обии Намадгут ноҳияро пурра бо барқ таъмин мекунад. Агар каме маблағ бошад, дар ноҳияи Ишкошим боз чанд неругоҳи барқи обӣ сохта, ба деҳаҳои Афғонистон барқ фурӯхтан мумкин аст. Агар ба деҳаҳои улусволии Ишкошими Афғонистон низ барқ содир гардад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда, имкони ифтитоҳи корхонаҳои хурд низ пайдо мешавад. Нуқтаҳои тиббӣ ва мактабу муассисаҳои давлатӣ беҳтар фаъолият хоҳанд кард. Агар дар тамоми ВМКБ зиёда аз 70 чашмаи обҳои маъданӣ бошад, 26-тои он дар ноҳияи Ишкошим воқеанд. Дар шумораи қаблӣ мо дар бораи чашмаҳои «Бибифотимаи Заҳро» ва «Авҷ» маълумот дода будем. Чашмаҳои обҳои газ-
дори Ишкошим ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудаанд. Кош соҳибкорон бо олимон ҳамкорӣ намуда, оби ин чашмаҳоро аз таҳқиқи лабараторӣ мегузаронданду ба зарфҳо ҷо карда, ба ҷумҳурӣ ва берун аз он содир менамуданд.
Гармчашма нарафта бошед, Ишкошимро надидаед Аз даврони шӯравӣ то ин дам машҳуртарин чашмаи гармобаи Бадахшон Гармчашма аст. Ҳангоми аз Ишкошим ба самти Хоруғ омадан, дар деҳаи Андароб, қариб 7 километр боло рафтан замон Гармчашма бо теппаи сап-сафеди яхмонандаш ҳувайдо мешавад. Аз теппаи яхмонанд оби гарми
Афғонистон ҷудо мекунад. Дарёи Ишкошим, ки саргаҳи Панҷ ба ҳисоб меравад, чандон паҳн нест. Аз ин рӯ, дар бисёр мавзеъҳои сарҳадӣ бо сохтани пул рафтуомади тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистонро ба роҳ мондан мумкин аст. Зимни мулоқот намояндаи МОИ «Ишкошим» Малика Буракова изҳор намуд, ки дар зарфи 5 соли фаъолият бо мақсади бунёди инфрасохтор ва тоза намудани ҳудуди минтақа корҳои зиёд анҷом дода шуд. Бояд гуфт, ки 150 гектар замини барои МОИ ҷудошуда санглох буда, тозакунии он вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҳоло атрофи як қисми ин замин панҷара гириф-
Ишкошим
Мувофиқи нақша бояд то охири соли 2016 МОИ пурра ба истифода дода шавад. То ин дам танҳо як ширкати Покистонӣ хоҳиши фаъолият намуданро кардаасту халос. Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин минтақа ҷавобгӯи талабот нест. Хуб мешуд, ки дар хусуси имкониятҳои МОИ «Ишкошим» бо забонҳои русию англисӣ, чинӣ ва арабӣ маълумотномаҳои мукаммал таҳия намуда, ба соҳибкорони хориҷӣ пешкаш кунем. Шояд яке аз мушкилоти камтаваҷҷуҳии сармоягузорони хориҷӣ ба ин минтақа дурии роҳ бошад. Зеро дар чандин форуми соҳибкорони Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ, ки ҳар сол дар пойтахти кишвар баргузор мегар-
имкониятҳои бузург дорад ҳарораташ 38-68 дараҷа фаввора мезанад. Оби форами Гармчашма барои муолиҷаи бемориҳои банду буғум, ревматизм, радикулит ва бемориҳои пӯст муфид аст. Дар таркиби он гаҷ, магний, фтор, оҳан, санг, сулфур (олтингӯгирд) ва ғайра зиёд дучор меояд. Барои мардону занон ҷои алоҳида муайян шудааст. Дар ҳавзи пуроби он аз 15 дақиқа зиёд истодан зарар дорад. Аз моҳи апрел ба ин ҷо аз тамоми ҷумҳурӣ маризон барои муолиҷа меоянд. Соли 2013 дар осоишгоҳи “Гармчашма” қариб 1500 нафар ба истироҳат фаро гирифта шуданд. То моҳи июли соли равон наздики 800 нафар дар ин ҷо истироҳат кардаанд. Дар наздикии Гармчашма меҳмонхонае мавҷуд аст, ки нархи як шабонарӯз истироҳат кардан дар он аз 33 то 70 сомонӣ аст. Ҳуҷраҳои люкс бошанд, то 70 доллар арзиш доранд. Сокинони деҳа низ меҳмонхонаҳои хурд сохтаанд. Бо рушду равнақ ёфтани туризми дохилӣ ва табобатӣ даромади сокинони деҳаи Гамчашма низ беҳтар хоҳад шуд. Танҳо сифати хизматрасониро беҳтар бояд намуд.
Минтақаи озоди иқтисодӣ Барои пешрафти ҳар мамлакат сармоягузории дохилию хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Дар бисёр кишварҳои пешрафта бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис додаанд. Сармоягузороне, ки дар ин минтақаҳо корхонаю муассиса таъсис доданӣ шаванд, аз супурдани баъзе намудҳои андоз озод шуда, вақти худро сарфи коғазбозиҳо намекунанд. Ин гуна сармоягузорон аз имтиёзҳои зиёд бархурдор мегарданд. Дар ҷумҳурии мо бо ин мақсад минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст. Бартарии минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» аз лиҳози географӣ дар он аст, ки дар марзи се кишвар - Афғонистон, Покистон ва Чин ҷойгир гаштааст. Ишкошимро аз марзи Покистон дар водии Вахон ҳудуди 15-20 километри
та шудааст. Дар минтақа корҳои геодезӣ анҷом ёфта, нақшаи генералии МОИ тарҳрезӣ шудааст. Барои кандани чоҳи оби зеризаминӣ 175 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Ҳама корҳо дар МОИ «Ишкошим» аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад.
дад, намояндаи МОИ «Ишкошим»ро кам мебинем. Зеро рафту омад ба шаҳри Душанбе вақту маблағи зиёд талаб мекунад. Ҳавопаймо аз шаҳри Хоруғ ҳамеша пур меояд, зеро талабгорон зиёданд. Дар воқеъ, барои бунёди фурудгоҳ 40 гектар замин ҷудо шудааст. Агар
дар мадди аввал фурудгоҳ сохта шавад, таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ин минтақа зиёд хоҳад гашт. Имрӯз, ки аз фурудгоҳ дарак нест, ҳамкориро бо соҳибкорони Покистону Чин, Афғонистону Эрон ва Қирғизистону Қазоқистон бештар бояд кард. Аз моҳи апрел то ноябр се рӯзи аввали ҳар моҳ дар МОИ «Ишкошим» бозори муштараки тоҷирони ин кишварҳоро ташкил кардан мумкин аст. Қабл аз оғози чунин бозори муштарак тавассути тамоми расонаҳои хабарӣ эълон бояд дод, то соҳибкорони ватанӣ ҳам фаъолона ширкат варзида, маҳсулоти корхонаҳои худро пешкаш намоянд. Ҳар моҳ баргузор шудани ин бозор таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба МОИ «Ишкошим» зиёд мекунад. Барои соҳибкорони хориҷие, ки ин ҷо меоянд, зимни гирифтани раводид сабукӣ, ҳангоми интиқоли маҳсулоташон дар бахшҳои гумруку андоз имтиёз дода шавад. Бо ин роҳҳо метавон сармоягузоронро ҷалб кард. Вагарна, бо эълони хушку холӣ, ки «мо Ишкошимро минтақаи озоди иқтисодӣ мекунем», сармоягузорони дохилию хориҷиро ҷалб кардан мушкил аст.
Иқтидори туристии Ишкошим Ноҳияи Ишкошим бо манзараҳои зебо, чашмаҳои шифобахш ва ҳавои дилкаш барои рушди туризми дохилӣ, алалхусус, туризми муолиҷавӣ хеле мувофиқ аст. Шояд ягона мушкилӣ барои инкишофи туризм дурии роҳ бошад. Мо дар осоишгоҳи «Гармчашма» ашхосеро дидем, ки аз вилояти Суғд барои муолиҷа омадаанд. Онҳо изҳор намуданд, ки вақту маблағи зиёд дар роҳ сарф мешавад. Агар шахсе барои истироҳати 10-12-рӯза ба Ишкошим омаданӣ бошад, аввал аз Хуҷанд то Душанбе ё Кӯлоб омада, бояд каме дам гирад. Рӯзи дигар субҳи барвақт ба роҳ баромадан лозим меояд, то ки торик нашуда, ба ноҳияи Ишкошим расад. Аз шаҳри Душанбе то Хоруғ 15-16 соат роҳ аст. То маркази ноҳияи Ишкошим боз 1,5-2 соат бо мошин рафтан лозим меояд. Барои сайёҳон тамошои «Кӯҳи Лаъл», қалъаҳои Ямчун, Қаҳқаҳа, Зебакҷангал (наздикии дараи Обхарв), зиёрати Шоҳ Қамбари Офтоб, Мубораки Вахонӣ, Шоҳи Мардон, Пири Фоқмуҳаммад, истеҳкоми деҳаи Ратм ва ғайра писанд хоҳад омад. Мутаассифона, то ҳол обҳои чашмаҳои шифобахшим Ишкошим дар фурӯш нестанд. Агар соҳибкорон корхонаҳои ба зарфҳо гирифтани обҳои шифобахши ин чашмаҳоро сохта, фурӯши онро ба роҳ монанд, баҳри солимии миллат хизмати арзанда мекунанд. Бе ин ҳам оби чашмаҳо беҳуда ҷорӣ аст. Дар ин корхонаҳо чанд нафар ба ҷои кор таъмин шуда, андози супурдаи корхонаҳо кӯмак ба буҷаи маҳаллӣ хоҳад гашт. Зимни сӯҳбат муовини раиси ноҳияи Ишкошим Сайёрамо Замирова иброз дошт, ки деҳқонону боғдорони ноҳия дар таъмини бозори шаҳри Хоруғ бо меваю сабзавот ҳиссаи босазо мегузоранд. Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
Аз он рӯзе, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, таъмини иҷрои он аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст. Бахусус, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иҷрои қонуни мазкур ва санҷишҳои гузаронидашудаи прокурорӣ мунтазам баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул мегарданд. Сабаб он аст, ки сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансур рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Мувофиқи маълумоти омории Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар ҳудуди ноҳия солҳои 2010 21 ҷиноят, 2011 - 42, 2012 – 52, 2013 - 49 ва дар 9 моҳи соли равон 45 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуданд. Моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоту идораҳое, ки масоили вобаста ба таълуму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд, пешбинӣ намудааст. Аз ин рӯ, тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ баҳри пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ноҳия пайваста мақомотҳои гуногун, аз қабили милитсия, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, кор бо дин, тандурустӣ, маориф ва ғайра фаъолият менамоянд. Мақомоти номбурда пайваста бо ноболиғон робита доранд ва тибқи қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои асосии онҳо ҳимояи ҳукуқ ва манфиатҳои кудакон ба ҳисоб меравад. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, омилҳое, ки ба содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғон мусоидат мекунанд, ин беназоратии кӯдакон буда, волидайни онҳо ба таълиму тарбияи фарзандонашон дар бисёр ҳолат бетарафанд. Кӯдакон бе волидайн ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ рафту омад мекунанд, таъсири шахсони калонсол ва тамошои филмҳое, ки хусумату ахлоқи ношоистаро тарғиб менамоянд, ноболиғонро ба содиркунии ҷиноят равона месозанд. Ин дар ҳолест, ки моддаҳои 8 ва 9-и қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро мушаххас муқаррар намудааст. Дар иртибот ба ин масъала Прокура-
тураи ноҳияи Шоҳмансур соли 2013 нисбат ба 26 нафар волидайн бо аломатҳои моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғозу барои баррасӣ ба Суди ноҳия ирсол кард ва гунаҳкорон ҷазои сазовор гирифтанд. Моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон пешбинӣ ва барои вайрон кардани ин талабот ҷавобгарии маъмуриро дар намуди ҷарима ва огоҳӣ муайян намудааст. Умуман, дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба 30 нафар волидайн парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо аломатҳои моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардид, ки нисбат ба соли 2013 зиёд аст. Бархе аз волидон иброз медоранд, ки бинобар надонистани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳо ба кирдори бад роҳ медиҳанд. Ҳарчанд ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ
ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур 636 (соли 2013 545 нафар буд) нафар ноболиғ дар кӯчаву хиёбонҳо дастгир шуданд. Аз ҷумла, 210 (2013252) нафар барои оворагардӣ, 50 (201358) кас барои талбандагию кашидани бор дар бозорҳо, 25 (2013-21) кас барои ҷамъ намудани маблағ дар нақлиёт, 30 (2013-19) нафар барои мошиншӯӣ, 25 (2013-56) кас барои шабона ба интернеткафеҳо рафтан, 257 (2013-103) нафар зимни машғули савдои кӯчагӣ ва 16 (2013-13) кас барои дуд додани испанд дар роҳҳо. Соли қаблӣ 10 (2013-16) ҳолати монеъшавии волидайн ба таҳсилоти фарзандон ошкор гардида, 6 (2013-13) қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул ва 4 (20133) парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханронии хеш бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қайд намуд: “Фарзанд мисли ниҳоле ҳаст, ки то ба камол расониданаш заҳмати доимиро талаб мекунад. Писарону духтароне, ки одобу ахлоқ ва дониши кофӣ доранду
озод намекунад. Содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон дигар омилҳо низ доранд. Баъзе кӯдаконе, ки ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят содир мекунанд, аз оилаҳои носолиманд. Онҳо падару модар надоранд ё бо яке аз онҳо зиндагӣ мекунанд. Аммо моддаи 15-и қонун муайян мекунад, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯхдадориҳои падару модар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд. Танҳо соли ҷорӣ аз тарафи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни
бар илова касбу ҳунаре меомӯзанд, аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд”. Аз ин рӯ, бе дастгирии волидайн, фаъолият баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткории кӯдакон, инчунин, таъмини иҷрои қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқук ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Бояд ҳар як оила ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа нозукии ин масъаларо дарк намояд ва дар ҳалли он саҳми муносиби худро гузорад. М. ШАРИФЗОДА, ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2
Шодбошӣ 3 ноябри соли равон Масъуд Муллоҷонов, собиқ корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, адабиётшинос, мунаққид ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ба синни 85 қадам ниҳод. Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ӯро ба ин муносибат табрик гуфта, барояш тани сиҳату рӯзгори обод таманно дорем ва аз номи шоир гуфтанием: Дарозумрӣ насибат бод, эй мард, Худовандо, биронад аз дилат дард. Ҳамчунин, матлаберо, ки роҷеъ ба фаъолияти ибратомӯзи Масъуд Муллоҷонов баъди ба аёдати ӯ рафтан омода намудаем, дар шумораҳои баъдӣ пешкаш хоҳем кард. ҲАМДАРДӢ
Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз марги нобаҳангоми Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ САИДРАҲМОН ҒИЁСОВ андуҳгин буда, ба аҳли байти марҳум сабри ҷамил хоҳонанд. Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ин ҳамдардӣ шариканд.
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Пешгирии қонунвайронкуниҳо заҳмати доимии ҷомеаро талаб мекунад
МУБОРАКБОДӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
ҚОНУН ВА ҶОМЕА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
12
РУШДИ ВАРЗИШ
Натиҷагирӣ аз Бозиҳои Осиё ва омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 3 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати ҷумҳурӣ иштироки варзишгарони мамлакат дар Бозиҳои ХVII Осиё, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, натиҷагирӣ шуд. Инчунин, масоили рушди варзиш, сафарбар намудани варзишгарони ботаҷриба ба мусобиқаҳои оянда ва омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар Бразилия доир мегардад, арзёбӣ гардид. Дар оғоз, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҷеъ ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуд. Сипас, роҳбарони федератсияҳо, мураббиён, доварон ва намояндагони макотиби варзишӣ пешниҳоду таклифҳои худро ба самъи масъулин расонда, изҳори умедворӣ намуданд, ки проблемаҳои ҷойдошта дар зудтарин фурсат роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ҷониби намояндаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин Умаралӣ Миров пешниҳод шуд, ки ба варзишгарон ҳавасмандпулӣ ва нафақа дода шавад. Роҳбарони федератсияҳо низ таклиф намуданд, ки ҳавасмандгардонии варзишгароне, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ ва Бозиҳои олимпӣ бо медал бармегарданд, беҳтар карда шавад. Инчунин, истиқболи варзишгарон дар расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ инъикос ёбад. Нарзуллоҳи Латиф, мушовири Кумитаи миллии олимпӣ пешниҳод кард, ки таваҷҷуҳ ба намудҳои таэквандо (ВТФ), бокс ва футбол зиёд гардад. Инчунин, сармураббӣ ва доварони дараҷаи олӣ ва байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар мусобиқоти байналмилалӣ аз ҳуқуқи варзишгарони тоҷик дифоъ намоянд. Таъкид гардид, ки ба варзишгарони маъюб, ки одатан дар Бозиҳои паралимпӣ иштирок мекунанд, таваҷҷуҳ бештар равона шавад. Федератсияҳо варзишгаронро дастгирӣ намоянд, то онҳо ба хориҷ нараванд. Дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев дар посух ба таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон ҷиҳати бо мураббиёни ботаҷриба таъмин намудани варзишгарони тоҷик гуфт, ки онҳо барномаи мушахасеро рӯи даст гирифтаанд. Ӯ изҳор намуд, ки дар сурати ҳамоҳанг гардидани ин барнома мураббиёни хориҷӣ барои омӯзиши варзишгарони тоҷик ҷалб хоҳанд гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пешниҳодҳои ироагардидаро қобили қабул дониста, таъкид дошт, ки марҳила ба марҳила онҳо амалӣ хоҳанд гардид ва ба роҳбарони федератсияҳо барои муваффақиятҳои бештар дар Бозиҳои олимпӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки қабл аз бозиҳо вохӯриҳо бояд бештар шаванд ва дар доираи онҳо кулли масъалаҳои мавҷуда баррасӣ гарданд. Аҳтам Абдуллозода федератсияҳоро асоси рушди варзиш номида, изҳори нигаронӣ кард, ки саҳми онҳо дар рушди варзиш кам ба назар мерасад. Инчунин, барои пешрафти соҳа аз ҷониби онҳо пешниҳодҳо ба кумита кам ворид мегарданд. Зикр шуд, ки рафти мусобиқаҳои варзишӣ бояд назорат ва камбудиҳо ошкор, доварон ва мураббиёни худӣ (на хориҷӣ) бояд тарбия ва тайёр карда шаванд. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки вобаста ба ин масъала семинарҳо ташкил гарданд. Ҳамчунин, кадрҳои ҷавони соҳаи варзиш ба кор ва сарпарастон барои рушди варзиш ҷалб шаванд. Пешниҳод шуд, ки чемпионатҳои ҷумҳурӣ бояд ба як базми идона табдил ёбанд, ки дар он тамоми варзишгарони тоҷик, ки дар хориҷ машқу тамрин мекунанд, иштирок намоянд. Дар анҷом А. Абдуллозода таъкид дошт, ки омодагиҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоннок карда шавад. Ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳар ҳафта барномаҳои мушаххас вобаста ба Бозиҳои олимпиро хаттӣ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки қоидаҳои гуштини тоҷикӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
Талош барои медалҳои нуқра пурзӯр мешавад 1 ноябри соли равон бозиҳои даври 16-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир гаштанд. Дар ин давр бояд баранди ҷои дуюми мусобиқот маълум мешуд, аммо натиҷаҳо ранги дигар гирифтанд. Дар бозии марказии давр дастаи “Далерон-Уротеппа” дар майдони худ тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 47 зад. Хуҷандиҳо дар қисми якум ҷаримаи ёздаҳметраро истифода карда натавонистанд. “Хайр” дар майдони худ дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро легионери эронӣ Ҳусейн Суҳробӣ ба ҳадаф расонд. Баъди ин ғалаба тими “Хайр” бо 29 хол мавқеашро дар ҷои дуюми ҷадвали мусобиқа пурзӯр кард. Дар сурати ду бозии охиринашро бо дастаҳои “Равшан” ва КМВА “Помир” бо пирӯзӣ анҷом додан, медалҳои нуқраи чемпионатро ба даст хоҳад овард. Дар бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими “Равшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ба ду голи бозингари мизбон Кароматулло Саидов Саидмуҳаммади Бобохон, бозингари меҳмон бо як гол ҷавоб дод. Бозӣ миёни дастаҳои “РегарТадАЗ” ва КМВА “Помир” мусовӣ анҷом ёфт. Ба голи задаи Абдурасул Раҳмонов, бозингари
“Регар-ТадАЗ” Беҳзод Шарифов, бозингари КМВА “Помир” ҷавоб гардонд. “Истиқлол” бо сабаби аз
мусобиқа хориҷ шудани “Энергетик” бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа: ДАСТАҲО 1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 «Хайр» (Ваҳдат) 3 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 «Энергетик» (Душанбе) 8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 КМВА «Помир» (Душанбе) 10 «Равшан» (Кӯлоб)
ТӮБИ ДАСТӢ
“Душанбе-1” анъанаро шикаст Агар Федератсияи тӯби дастӣ (гандбол)-и ҷумҳурӣ соли 2004 таъсис ёфта бошад, аз рӯзи ба гузаронидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шуруъ карданаш (2005) дар тамоми чорабиниҳои он дастаи яккачини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғолиб меомад. Аммо ин анъанаро дастаи мунтахаби “Душанбе-1” зимни мусобиқаи ҷумҳуриявии тӯби дастӣ миёни мардон, ки 22-25 октябри соли равон доир гардид, тағйир дод. Зимни рақобатҳо, ки дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки панҷ даста ҷараён гирифтанд, дастаи “Душанбе-1” бар ҳамаи ҳарифон дастболо шуда, бо ҳашт хол ба гирифтани медалҳои тиллои мусобиқа шарафманд гардид. Қобили зикр аст, ки дастаро ба мусобиқа аз ҳисоби донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ва шогирдони Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии рақами 5-и шаҳри Душанбе Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, сармураббии ҷавон, довари дараҷаи байналмилалӣ дар ҳайати зерин: Андрей Борисов, Егор Кислов, Раҳматшо Обидов, Далер Имомназаров, Шаҳриёр Идиев, Муҳаммадҷон Сафаралиев, Алишер Камаров, Муслиҳиддин Маҷидов, Саидаброр Зардонов, Қосим Холматов, Аким Авазбеков, Саидҷон Ниёзов ва Саидмуъмин Камолов омода кард. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Б 16 16 16 16 16 16 16 16 16 16
Ғ 15 9 8 8 5 6 5 4 2 2
М 1 2 5 4 5 1 4 1 6 3
Б 0 5 3 4 6 9 7 11 8 11
Т/Т 62-8 24-16 16-10 20-15 23-22 20-33 17-24 8-27 10-23 15-37
Х 46 29 29 28 20 19 19 13 12 9
ТЕННИС
Теннисбозони Душанбе ғолиб омаданд Чанде қабл дар толори варзиши “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз мииёни калонсолон бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре аз маркази матбуоти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур 3 даста аз шаҳри Душанбе, 2 даста аз вилояти Суғд, 1 даста аз вилояти Хатлон, 1 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд. Дар натиҷа, байни мардон ва бонувон дастаи “Душанбе-1” ба гирифтани ҷойи аввал, дастаи “Суғд-1” - ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Суҳроб КАЁНӢ, «ҶТ»
Кличкоро кӣ шикаст медиҳад: Чисор ё Тайсон? Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) эълон кард, ки ғолиби муштзании байни Дерек Чисор ва Тайсон Фюрӣ ҳаққи муштзанӣ бо Владимир Кличкоро дарёфт мекунад. Дар ин бора торнамои “klitschko-brothers.com” хабар додааст. ко ба ринг мебарояд, вале бо далели ҷароҳати Владимир ин рақобат баргузор нашуд. Владимир Кличко 15 ноябр барои ҳифз кардани унвони қаҳрамониаш аз рӯйи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) бо Кубрат Пулев аз Булғористон муштзанӣ мекунад. Баъдан, қарор аст, Кличко барои унвони қаҳрамонии версияи Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) ба ринг барояд. Дар сурати пирӯзӣ ӯ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс хоҳад шуд.
Чилӣ эълон кардааст, ки барои мизбонии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2030 дархост мефиристад.
FIFA довталабони «Тӯби тиллоӣ»-ро маълум кард Онҳо 23 нафаранд: Гарет Бэйл (Уэлс), Карим Бензема, Пол Погба (Фаронса), Диего Коста Андрес Инеста, Серхио Рамос (Испания), Тибо Куртуа, Эден Азар (Белгия), Кристиан Роналдо (Португалия), Марио Гёттсе, Тони, Филипп Лам, Мануэл Нойер, Томас Мюллер, Бастиан Швайнштайгер (Олмон), Хавер Маскерано, Анхел ди Мария, Лионел Мессӣ (Аргентина), Неймар (Бразилия), Златан Ибрагимович (Шведсия), Арен Роббен (Ҳолланд), Хамес Родригес (Колумбия) ва Яя Туре (Кот- д’Ивуар). 1 декабри соли равон дар ин рӯйхат се нафар боқӣ мемонанд. Муддаии «Тӯби тиллоӣ» 12 январи соли 2015 дар Сюрих муайян мегардад.
Нахустин ғалабаи “Арсенал” Клуби “Арсенал”-и Тула тими “Торпедо”-и Маскавро шикаст дод. Ин дидор дар чорчӯби даври 12-уми Чемпионати Русия оид ба футбол баргузор шуд. “Арсенал” бори нахуст дар премер лига тавонист пирӯз шавад. Голи ягонаи бозиро дар қисмати дуюми бозӣ Артур Малоян ба нишон расонд.
Бо вуҷуди пирӯзӣ “Арсенал” бо панҷ хол дар охирин зинаи ҷадвали мусобиқа боқӣ монд. “Торпедо”, ки шаш хол дорад, як зина пештар мақом дорад.
57 ғалабаи Бриггс Шэннон Бриггс, муштзани амрикоӣ дар карйераи ҳирфаӣ маротибаи 50-ум аз тариқи нокаут пирӯз шуд. Ӯ ин навбат ҳамватанаш Ричард Кармакро шикаст дод. Бино ба иттилои “fightnews.com”, Бриггс рақиби худро дар раунди аввал ба нокаут фиристод. Ин шашумин ғалабаи Шэннон дар соли равон аст, ки аз ин дар панҷтои он дар раунди аввал дастболо шудааст. Барои Кармак ин шашумин мағлубияти пайиҳам будааст. Бриггси 42-сола 57 маротиба дар ринг дастболо гардидааст, ки аз ин 50-тоаш тавассути нокаут аст. Дар ин баробар дар шаш дидор мағлуб шуда, яки дигарро мусовӣ кардааст.
Чилӣ мизбонии ЧҶ-2030-ро ба даст оварданист
Шумахер шифо хоҳад ёфт
“Мо имкони баргузории чемпионати ҷаҳонро мустақилона ё ҳамроҳ бо Уругвай баррасӣ мекунем”, - гуфтааст Срехио Хаду, роҳбари Федератсияи футболи Чилӣ баъди дигарбора ба ин вазифа интихоб шуданаш. Ба қавли ӯ, ин масъала аллакай бо президенти Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) Хуан Анхел Напут ва роҳбари Федератсияи байналмилалии футбол Йозеф Блаттер матраҳ гардидааст. Соли 2015 Чилӣ мизбони Ҷоми Амрико, инчунин, Чемпионати ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола хоҳад буд. “Агар ин мусобиқаҳоро бобарор баргузор намоем, барои дархости мо ҷиҳати гузарондани Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон асос мешавад”, -афзудааст Хаду. Чилӣ соли 1962 мизбони Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон буд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, Аргентина ва Уругвай низ қасд доранд якҷо барои дарёфти ҳаққи баргузории МҚҶ дар соли 2030 талош варзанд. Ин ду кишвар ҳам якмаротибаӣ мизбони МҚҶ буданд: Уругвай соли 1930 ва Аргентина соли 1978.
Гари Хартстейн, роҳбари пешини ситоди тиббии “Формула-1” гуфтааст, Михаэл Шумахер чанд соли дигар умр хоҳад дид. Дар ин бора “The Daily Mail” хабар медиҳад. “Давомнокии умри бемороне мисли Шумахер, аз чанд моҳ то чанд солро дар бар мегирад”, изҳор доштааст ӯ. Қаҳрамони ҳафткаратаи “Формула-1” дар бӯстонсарои худ дар Швейтсария умр ба сар мебарад. Ӯ давраҳои эҳёгариро пушти сар мекунад. Аммо дар мавриди чигунагии вазъи саломатиаш чизе гуфта намешавад. Тибқи иттилоъ, табобати якҳафтаинаи вай 100 ҳазор фунт стерлинг мебошад. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Шумахер давоми се соли оянда комилан сиҳат мешавад. Шумахер 29 декабри соли 2013 ҳангоми лижаронӣ дар кӯҳҳои Алпи Фаронса ҷароҳат бардошта, танҳо баъди 164 рӯзи беҳушӣ ба ёд омад. Вақте дар кома қарор дошт, овозаҳо дар бораи даргузашти ӯ паҳн гардид.
“Коринтианс” акнун қабристон дорад Бошгоҳи футболи “Коринтианс”-и Сан-Паулуи Бразил қабристони худро таъсис додааст, ки дар он мухлисон назди футболбозони дӯстоштаашон дафн хоҳанд шуд. Ба иттилои “BBC Sport”, ин қабристон “Коринтианс барои ҳамеша” ном дошта, дар атрофи шаҳри Сан-Паулу ҷойгир аст. Маъмурияти клуб тасмим дорад, дар ин қабристон устухонҳои бархе аз футболбозони даргузаштаро гӯронад. Гуфта мешавад, дар паҳлӯи футболбози дӯстдоштаашон
дафн шудан барои мухлисон бар ивази маблағи муайян имконпазир мегардад. Таҷрибаи доштани қабристони вижаи клубҳои футбол таҷрибаи нав нест. Чандин клубҳои Амрикои Ҷанубӣ аллакай чунин қабристон доранд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Чисор ва Фюрӣ 29 ноябр дар Лондон ба ринг мебароянд. Ғолиби ин дидор барои рақобат бо Кличко муваззаф мешавад, ки бояд камарбанди қаҳрамониашро аз рӯйи версияи WBO ҳифз намояд. Соли 2011 Тайсон ва Фюрӣ, ки ҳар ду шаҳрванди Бритониё ҳастанд, барои дарёфти ҳаққи муштзанӣ бо Кличко бо ҳам қувваозмоӣ карда буданд. Он вақт Тайсон аз рӯйи имтиёз Дерекро мағлуб сохт, аммо аз қувваозмоӣ бо варзишгари украинӣ даст кашид. Баъдан эълон шуд, ки Чисор бо Клич-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
14
БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ ХАЙРАНДЕШ
Мирзо ФАЙЗАЛӢ 6 ноябр - Рӯзи Конститутсия
Шаҳкитоби саодати халқ
Қонуни Асосии Ватан қудрати халқ аст, Он раъйи умум аст, ки аз ваҳдати халқ аст, Ганҷинаи афкори башар, сарвати халқ аст, Даҳ боб дар он гашта рақам – қисмати халқ аст, Сабт аст дар он – давлати мо давлати халқ аст. Ҳангоми қабулаш ҳама гаштем ҳамовоз, З-он рӯз бишуд ваҳдати бесобиқа оғоз, Имрӯз, нигар, халқ шуда ҳамдилу ҳамроз, Аз партави он гашт ҳама кори Ватан соз, Соҳибватаниро санаду ҳуҷҷати халқ аст. Саршор бувад аз сухани адлу адолат, Бар ҳаққу ҳуқуқи ҳамагон ҳаст кафолат, Бинвишта чунон хубу имиқу ба асолат, Дарёбӣ аз он посухи ҳар гуна саволат, Ин шоҳкитоб аст, пур аз ҳикмати халқ аст. Озодии виҷдону сухан сабт дар он шуд, Бе дахл дигар мазҳабу дини ҳамагон шуд, Ҳамсанг ба ҳам ҳаққи зану мард баён шуд, Ҳар фард баробар ба дигар фарди замон шуд, Таъкид дар он шаъну шараф, иззати халқ аст. Фахрем аз ин ҳуҷҷати созанда, ки дорем, Қонуни ҳаёт аст, ба он арҷ гузорем, Ҳар ҳарфу ҳиҷояш ба дили хеш нигорем, Шаъну шарафашро ба сари арш барорем, К-он ҳурмати ман, ҳурмати ту, ҳурмати халқ аст!
Сарқонун Китоби офтоби бахти инсон аст Сарқонун, Китоби бахти сабзи шаҳрвандон аст Сарқонун. Китоби рӯимизӣ баҳри ҳар як тоҷикистонӣ, Китоби роҳнамои Тоҷикистон аст Сарқонун.
Суруди Миллию Парчам, Нишон - ин се гуҳар ҷон аст. Ки ҳар се рамзҳои давлатии Тоҷикистон аст. Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, сабзшаҳри бахт, Мусоид баҳри рушди ҳикмату фарҳанги ирфон аст.
Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда, Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда. Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик, Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.
Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда, Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда. Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик, Чӣ бо қадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.
Ҳуқуқбунёду соҳибихтиёру дунявӣ кишвар, Ягона ҳасту ҳам демакративу тоҷи ҳақ бар сар. Забонҳои дигар ҳам гарчи роиҷ аст дар ин бум, Забони давлатияш - тоҷикии ширин аз шаккар.
Ҳаёту номусу қадри ҳар инсон аст арзишманд, Ҳуқуқу фитрату озодии он аст арзишманд. Барои Тоҷикистон халқу миллат арҷҳо дорад, Барои халқу миллат Тоҷикистон аст арзишманд.
Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда. Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда. Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик, Чӣ боқадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.
Хати тақдири мо рахшон дар ин даҳ бобу сад модда, Ҳазор асрори ҳақ пинҳон дар ин даҳ бобу сад модда. Дар ин даҳ бобу сад модда садои қалби ҳар тоҷик, Чӣ бо қадр аст ҳар инсон дар ин даҳ бобу сад модда.
Нуруллоҳ ОРИФ
Сарқонун Дар бист ҳастӣ, бист, бист, Имрӯз Сарқонуни мо. Ишқи Ватан ҷо бо ту ҳаст Дар қалби мо, дар хуни мо.
10 ноябр –Рӯзи милитсия
Ба муҳофизони тартибот Ҳушёру матин, зӯру шарафманд милиса, Бо халқи Ватан ҳамдилу пайванд милиса. Чолоку далер аст, ба нанг асту ба ор аст, Содиқ ҳамаи умр ба савганд милиса. Дар кор милиса, ҳушёр милиса, Ғамхор милиса, бедор милиса. Дар ҷодаи осудагии халқ ба по ӯст, Дасти мададу такяи мо, дар бари мо ӯст. Аз заҳмати ӯ назму низом аст муқаррар, Бо ҷон сипари амнияту сулҳу сафо ӯст. Дар кор милиса, ҳушёр милиса, Ғамхор милиса, бедор милиса. То ки нашавад амнияти мулк халалдор, Рӯзону шабон саф зада бо дидаи бедор, Бо зиракию азми қавӣ, сидқу вафояш Бар иззату икроми ҳама халқ сазовор. Дар кор милиса, ҳушёр милиса, Ғамхор милиса, бедор милиса.
Мо баҳри дарки неку бад, Ҷилди туро во кардаем. Омӯхта ҳар боби ту, Дилро муҷалло кардаем. Бепарда мегӯӣ ба мо, Созед аз пастӣ ҳазар. Хушнуд бе ҳеҷ иштибоҳ Эмин бимонед аз хатар.
Бо туст давлат пойдор, Бо туст давлат ҷовидон. Ду роҳ, роҳи зиндагӣ Бар кас диҳӣ нав-нав нишон. Дар бист ҳастӣ, бист, бист, Имрӯз Сарқонуни мо. Ишқи Ватан ҷо бо ту ҳаст Дар қалби мо, дар хуни мо.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ВИТИКС» – ГЕЛ ВА ТАБЛЕТКА - ВОСИТАИ БОЭЪТИМОД БАРОИ ТАБОБАТИ ВИТИЛИГО (ДОҒҲОИ САФЕДИ ПӮСТ) «Витикс» - гел ва таблетка воситаи хеле хуби барқароркунандаи меланин дар ҳуҷайраҳои аз витилого осебдида буда, паҳншавии витилиго-ро дар пӯст пешгирӣ менамояд. Пӯсти сафедшударо табобат ва барқарор мекунад. Муддати табобат то 6 моҳ буда, шахсоне, ки бо ин беморӣ зиёда аз 5-10 сол гирифторанд, муддати табобати он то 1,5 сол давом мекунад. Тарзи истифода: «Витикс» гелро дар як рӯз ду маротиба ба қисмҳои пӯсти сафедшуда (бо шоткачаи дар даруни қуттибуда) мемоланд. Ягон хел маҳдудият ва таъсири манфӣ надошта, ба ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Барои тезтар ва пуртаъсир гаштани табобат бояд «Витикс» таблеткаро ҳам истеъмол намоед: 1 таблеткагӣ дар як рӯз 1 маротиба дар соати дилхоҳ. Истифодаи ин таблетка ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то 10-сола манъ аст. «Витикс» гел ва таблетка инқилоб дар соҳаи дерматология аст! Нархи фурӯш: 280 то 320 сомонӣ буда, аз дорухонаҳо ё бо телефонҳои 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) дастрас карда метавонед. Истеҳсоли Фаронса. www.vitix.ru, e-mail: sales@vitix.ru
Афсари САРМАД
Бахтнома Бо амри дил ба каф бигрифта хома, Навистам шеър васфи Бахтнома. Ки ҳаст андар раҳи сулҳу амонӣ, Сафобахши нишоту зиндагонӣ. Намояд манфиатҳоро ҳимоят, Ба мо созад раҳи некӯ ҳидоят.
«ГАЛЕГА-НОВА» - ФИТОМАҶМӮИ НАВ БАР ЗИДДИ ДИАБЕТИ ҚАНД!
«ЗОЛОТОЙ КОНЕК» - ЯК ТИР ДУ НИШОН!
«ГАЛЕГА-НОВА»-ро барои табобати бемориҳои диабети қанди дараҷаҳои 1-2 ва пайтаъсирҳо (осложнение)-и он истеъмол менамоянд. Ҳамзамон барои таъсири диабети қанд ба чашмон, гурдаҳо, пойҳо, шаклҳои гуногуни фарбеҳӣ, бемории варикозӣ истифода мешавад. Шахсони бо инсулин вобаста ҳам метавонанд истифода баранд. Сатҳи глюкоза ва холестеринро дар хун паст мекунад. Ҳангоми истифодаи он метавонед истеъмоли доруҳои кимиёиро бамаротиб кам намоед. Истеъмол: дар як рӯз 3 бор якқошуқчагӣ, 20-30 дақиқа пеш аз хӯрок дар 100 мл. об омехта, нӯшед. Давомнокӣ 30 то 90 рӯз, танаффус 30 рӯз ва боз метавонед давом диҳед. Безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба номгӯи «100 маҳсулоти беҳтарини Русия» дохил шудааст. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Аз дорухонаҳо харидорӣ намоед.
«Золотой конёк»-ро барои барқарор намудани эрексия; афзоиши рағбати шаҳвонӣ ва тобоварии шаҳват; тақвияти мукаммалӣ ва равшании эҳсоси шаҳват; ба меъёр даровардани ҳаёти ҷинсӣ истифода мебаранд. «Золотой конёк» маҷмӯи гиёҳҳо буда, ба беҳтар гардонидани вазъи простатит ҳам таъсири хуб мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ва дигар муассисаҳои бонуфуз аз санҷиши аъло гузаштааст. Тарзи истеъмол: 2-таблеткагӣ 1-2 маротиба дар як рӯз ҳангоми хӯрок. Нархи фурӯш: 140 сомонӣ.
Аввалин газетаи русии марксистї
Шодї, хурсандї
Њозир, айни њол
Танњо, ягона Овозаш форам
Хоњари зан
ШОС (тољ.)
Аввалин
Муаллифи шеър
Равѓани пойафзол
Нависанда Садриддин …ї
Фоида, манфиат
Таоми миллї
Падар (лањљ.)
Худованд
Асфалт
Боксчидухтари тољик … Чориева
Унвон барои поягузори адабиёт
Дўстї, иттињод Ровї, наттоќ
… «Новости» - агентии иттилоотии Русия
Пахш, вазнинї овардан
Ќош, аз чашм боло
Моњи якуми зимистон
Амиралмўъминин
Душворфањм
Номи ту …?
Љонишини шахси сеюм
Давлат дар Арабистон
«Бирав, зи таљрибаи рўзгор … бигир»
Олам (китобї)
Њиссачаи ишоратии лањљавї
Шохоби дарёи Зарафшон
«Оњиста»и эронї Номи маъмули русї
Маѓзи сар
Кору кирдор
Духтари Кароматуллои Ќурбон
«Сигарет»-и тољикї
Варам Шакли кўтоњи номи Николай
Ислоњот
Пул барои харљи роњ
Гапногир, сартоб
Ќањрамони "Гўрўѓлї"
Нотарс, далер
Ќуллаи кўњ
Њар кас
Нангин
Сифати чизи истифоданашуда
... Ќосимова, овозхон
Љашни бошукўњу дабдаба
Саркаш, нофармон
Номус, шараф
Раводид, гузарнома
Љоизаи синамои Њолливуд
Унвони дворянї дар Аврупо
Басанда Бутерброди англисї
Мубодила, бадал
"... љањон буд аз сари одам фароз" (Рўдакї)
Дарёе, ки ба Арал мерезад
Касе, ки хондан наметавонад
Иљрокунии ќонуну ќоида
Дарё дар Олмон
Домана бемории …
Йошкар-...
Муттакои пирон
Хеле баланд (сифати шоиронаи кўњњо)
Воњиди маъмурї дар Русия
Шавњари хоњар
Наќлиёти мусофиркаш
Ситораи эстрадаи эронї
Мактуб бо телефони мобилї
Доира (асбоби зарбї)
Њайвони калони обї
Мовароун…
Гўшти махсус тайёршуда
Миллат дар Аврупо
Никулин, Витсин, …
Зарди калон дар полез
Фаромушхотири
Афсонаи «… ва мор»
... Долина, овозхони рус
Воњиди ченкунии њарорати њаво
Рафиќи мактабї Пешвои рўњонї
... Давлатова, овозхон
Пешравї, тараќќиёт (лот.)
Горизонталї
То сер шудан хўрдан
Ороиши нохуни занон
e-mail: javonontj@mail.ru
Давлат дар Африќо
Кандакорї, чўбтарошї
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №45 (9367), 6 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ду нафар мехоҳанд аз девонахона фирор кунанд. Яке ба дигарӣ: - Рафта нигоҳ кун, деворҳои ин бино чӣ хел аст? Агар баланд бошад, аз поёнаш мегурезем, агар паст бошад, аз болояш. Баъди ним соат дуюмӣ омада мегӯяд: - Намешавад, илоҷи гурехтан нест. - Барои чӣ? - Ин бино ягон девор надорад.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ
Ду пашша бо ҳам суҳбат доранд. Аввалӣ: - Ман ҳайрон мешавам. Ин одамон ин қадар беақланд. - Чӣ хел беақл? - Охир, агар беақл набошанд, шифти хонаро ин қадар рангу бору зебо намуда, худашон дар фарш хоб мераванд?
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
***
Толибшоҳи ДАВЛАТ
Салим ба Ҳалим: - Чӣ шуд, ки ҳар ду гӯшатро бастаӣ? - Занам ба хонаи модараш қаҳр карда рафту худам куртаҳоямро дарзмол карданӣ шудам, ногоҳ телефон занг зад. - Хуш... - Ба ҷои гушии телефон дарзмолро ба гӯшам гузоштам. - Фаҳмо, аммо гӯши чапатро чӣ шуд? - Охир, саросема шуда, бо дарзмол ёрии таъҷилиро ҷеғ задам.
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ
***
(хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7087 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Ҳолпурсӣ Телефони қабулгоҳи беморхона занг мезанад. Дар хат пиразанест. Вай хиҷолатомез ва бо овози гирифта мепурсад: - Мебахшед, духтарам, метавонам бо ягон нафаре суҳбат кунам, ки ба ман дар бораи вазъи яке аз беморони касалхонаи шумо маълумот бидиҳад? - Албатта, холаҷон. Ман метавонам ба шумо кӯмак расонам. Ному насаби бемори гуфтагиатон чист? - Содиқова Ҳалима. - Ҳуҷраашро ҳам медонед? - Бале. Палатаи 14. - Бисёр хуб. Акнун шумо чанд лаҳза дар хат бимонед, ман аз ҳамшираҳо вазъи беморро пурсида меоям. - Майлаш, духтарам. Баъди чанд дақиқа овози духтар шунида мешавад: - Ба шумо хабари хуш до-
АНДАРЗ
рам, холаҷон. Ҳамшира гуфт, вазъи Содиқова хеле хуб аст. Фишор, кори дил ва қандаш ҳам муътадил будааст. Ин пагоҳӣ духтур Холиқов, ҳамоне ки бемори гуфтагиатонро табобат мекунад, ба ҳамшираҳо гуфтааст, Содиқоваро рӯзи ҷумъа ҷавоб хоҳанд дод. - Саломат бош, духтарам. Илоҳо умрат дарозу танат бедард бошад. Асло ғамро набинӣ. Бисёр хабари хуш
расондӣ. Бовар кун, бисёр хавотир будам. - Ҳеҷ гап не, холаҷон. Вазифаи мо ҳамин... Бубахшед, Содиқова Ҳалима ба шумо кӣ мешавад? - Ҳеҷ кас, духтарам. Содиқова Ҳалима ман ҳастам... Ба ман касе аз вазъи бемориам чизе намегӯяд, барои ҳамин пурсидам... Қайд: Зан дар ҳама синну сол оқил аст Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
Вохӯрӣ Нимишабӣ телефони хона занг мезанад. - Ало, - гӯширо мегирад ҷавонзан. - Мадина? Биё, бегоҳӣ назди кӯл вохӯрем. - Майлаш, азизам. - Он чизи гуфтагиамро ҳам бигир, боз фаромӯш накунӣ. - Майлаш, мегирам ва бисёр мехоҳам ин бегоҳ бо ту бошам. - Зуд бош, ман вақти интизор шудан надорам, - гуфт ҷавон ва гӯширо гузошт. Ҷавонзан оҳе кашиду пасон табассум кард: - Аҷиб. Ин кӣ буд, маро ба мулоқот даъват кард?
Духтур дар девонахона “кроссворд” пур мекунад. Ногоҳ саволе пайдо мешавад, ки Чингизхон дар куҷо таваллуд шудааст? Духтур тарафи беморе, ки паҳлӯяш буд, нигариста, мепурсад: - Эй, девона, ту дар куҷо таваллуд шудаӣ?
*** Ҷавоне ба дӯсташ занг мезанад: - Ало, салом чӣ ҳол дорӣ? Дар куҷоӣ? Аз он тараф: - Ҳоло дар хонаам, ту чӣ? Ҷавон: - Дар автобус, чанд метр аз ту дуртар...
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Дафтарчаи гумшудаи ҳавлӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев-80/3, кв. 50, ки ба Ғафурова Моҳина Шоҳзамоновна мутааллиқ аст, эътибор надорад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ХИЁШ №0626184, ки КВД “Қубодзамин”-и ноҳияи Қубодиён ба Мавдиев Ҳасан додааст, эътибор надорад. Васиятнома аз 12 ноябри соли 1999, таҳти №Б-1-16, ки дар Идораи нотариалии ноҳияи Қабодиён тасдиқ гардидааст, эътибор надорад. Шиносномаи техникии ҳавлидории шаҳраванд Исроилов Амуриддин, бо суроғаи ноҳияи Қубодиён, ҷ/д У. Назаров, деҳаи Бошқалъа, ки таҳти №11305 дар КФББТ-и ноҳияи Қубодиён тартиб дода шудааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Ҷалолов Комил (РЯМ 2130023326), ки соли 2011 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад