Ҷавонони Тоҷикистон, №28, 2018

Page 1

ЧТ , “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

javonon.tj

1

НАШРИЯИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АВОНОНИ ОҶИКИСТОН №28 (9558), 12/07/2018

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҷавонон ва зуҳуроти асри нав саҳифаи

Занҳои ҷоизадори тоҷик саҳифаи

6

саҳифаи

7

Интихоб ва футбол

Дилшод Назаров дар Бразилия якум шуд саҳифаи

Диққат бояд дод, зеро “панири муфт танҳо дар мушдорак аст”, гуфтаанд. Соли 2010 фейсбук як қатор пурсишномаҳоро роҳандозӣ намуд, ки асосан ройгон буданд. Албатта, моликони фейсбук ин ҳамаро аз барои арвоҳи гузаштагонашон намекарданд, балки бар ивази ҳар як пурсишнома аз мо аксуламал ва ҷавоб интизор буданд. Баробари ҳар як пуфаки ба мо дар рӯзи зодрӯзамон ирсолдошта онҳо дар бораи ҳафт пуштамон маълумот ба даст оварда, ҳамзамон он маълумотро ба шариконашон, ки коркард кардан мехостанд, мефурӯхтанд.

8

Миллате, ки варзишист, миллати солим аст саҳифаи

Омодагии пойтахт ба 30 солагии Истиқлолият

5

9

Кабирӣ намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад саҳифаи

13


2

ҲАФТАИ ПРЕЗИДЕНТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Омодагии пойтахт ба 30 солагии Истиқлолият 9 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат, машварати корӣ доир карданд.

Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шашуми июл ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар доираи ин сафар Пешвои миллат дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” ширкат намуд. Дар маросими муаррифии “Маркази байналмилалии молиявии Остона” Сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти давлату ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати 20-умин солгарди ба шаҳри Остона додани мақоми пой-

тахт ва ифтитоҳи “Маркази байналмилалии молиявии Остона” табрик гуфта, ба давлат ва халқи ин кишвари дӯст шукуфоию пешрафт орзу намуданд. Ташкили Маркази байналмилалии молиявӣ дар Остона, қадами муҳим барои таҳияи механизмҳои пешрафтаи таъмини молиявии рушди минтақавӣ мебошад. Таъсиси Марказ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати рушду пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа, муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар ояндаи наздик марказ метавонад ҳамчун як инфрасохтори муҳимму воқеии молиявӣ барои рушду пешрафти кишварҳои минтақа саҳми муносиб гузорад. Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат

Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳиму арзишманд арзёбӣ намуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Президенти кишвар ба императори Япония ҳамдардӣ изҳор намуд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он гуфта мешавад, ки хабари рух додани офатҳои табииро дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, дар Тоҷикистон бо андуҳи зиёд қабул намуданд. «Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон

тасаллиёти самимии моро бирасонед. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем», - омадааст барқияи Сарвари давлат. Ёдовар мешавем, ки бар асари обхезиву фаромадани ярч дар Япония, ки аз 5 июл оғоз гардид, беш аз 100 нафар ҳалок ва зиёда аз 50 нафар бедарак шуданд. Ба ду миллион нафар сокинон дастур дода шудааст, ки ба макони бехавфу амн бикӯчанд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба рафти иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд. Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабаниҳо таҳия гардида, рӯйхат ва шумораи иншоотҳои ҷашнӣ тартиб дода шудааст. Ба рӯйхати иншоотҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегардад, асосан биноҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил карда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ, супоришҳои мушаххас доданд. Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд аз ҳозир корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шавад. Супоришҳои дигар ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 20182019, таъмини пурраи иншоотҳои пойтахт бо гармӣ ва нерӯи барқ, захираи зарурии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, инчунин дигар корҳои ободонӣ дода шуд. Мавриди зикр аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯст аллакай дар саросари кишвар корҳои бунёдкориро ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз кардаанд.


Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар навбати аввал

Гӯштини миллӣ байни маҳаллаҳои Хоруғ

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам, дар ноҳияи Роштқалъа тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тариқи принсипи “Ҳамсол ба ҳамсол” роҳандозӣ гашта, иштирокдорон паҳлӯҳои муҳими пешгирии бемориҳои гузарандаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Хоруғ байни наврасони маҳаллаҳои шаҳр мусобиқаи гӯштинӣ миллӣ баргузор намуд. Ба иттилои мудири бахш, Имомёрбек Имомёрбеков чорабинии варзишӣ миёни наврасони соли таваллуди 2005 - 2007 сурат гирифта, дар он 42 нафар варзишгар бо ҳам рақобат карданд. Ғолибон аз ҷониби бахш бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

ВМКБ

ДУШАНБЕ

Барномаҳои фарҳангӣфароғатӣ барои кӯдакон

Шоми 7 июл дар Амфитеатри «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои 500 нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ

ҳунармандони навраси ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» — и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва Сирки давлатии Тоҷикистон бо суруду таронаҳо ва ҳар гуна ҳунарнамоиҳо хотири тарбиятгирандагонро шод намуданд. Мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои истироҳатии ҳар ҳафта баҳри фароғати сокинону меҳмонони пойтахт дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барномаҳои рангини фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намояд.

“Ҷилваи чакан” дар Душанбе 7 июл дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» баргузор гардид Ба намоиш бештар аз 80 нафар ҳунарманд аз тамоми минтақаҳои мамлакат ҷалб гардида, ҳунари дастии худ, аз ҷумла, чакандӯзиро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоиши фарҳангию сайёҳии «Ҷилваи чакан» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон арзёбӣ гардид.

ШНТМ

Чорабинии фарҳангӣ дар Рашт Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт чорабинии фарҳангии маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и шоир Хайрандеш бо иштироки аҳли қалам ва ҷавонони фаъоли минтақаи Рашт баргузор гардид. Дар маҳфил сардори маркази матбуоти ВКД Умарҷон Эмомалӣ аз номи вазири корҳои дохила ба аҳли қалами минтақа, махсусан ҷавонон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд. Инчунин, китобҳои зиёд ба ҷавонон

чун туҳфа супурда шуд Умарҷон Эмомалӣ зикр намуд, ки ҳоло баҳри пешгирии ҷинояту амалҳои нохуб пеш аз ҳама маърифати мардум, бахусус наврасону ҷавононро бо фарҳанг, аз ҷумла мутолиаи китоб баланд бардорем. Дар маҳфил баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шоирони минтақаи Рашт ва ҷавонони гурӯҳи “Пешоҳанг” баромад ва шеърхонӣ намуданд.

Варзиш гарави саломатист Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушд ва инкишофи соҳаи варзиш, оммавияти он байни аҳолӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони “Варзиш кафили зебоӣ ва

3

АХБОРИ ҲАФТА

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

саломатии шумост” ба ҳукми анъана даромадааст. Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо ҷалби ҷавонон ва наврасон дар маркази ноҳия ҳамарӯза баргузор мегардад. Мақсад аз роҳандозии чунин

чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва рушди бемайлони он, бо ҷалби ҷавонону наврасон, бобати пешгирии амалҳои номатлуб аст.

Озмуни “Китобхони беҳтарин” ва маҳфили “Гулбазм”

ХАТЛОН

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант аз санаи 3-юм то 5-уми июл дар лагерҳои тобистонаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳр озмуни “Китобхони беҳтарин” ва маҳфили “Гулбазм” гузаронида шуд. Тайи се рӯз миёни кӯдакону наврасон бо шавқу завқи беандоза ҷиҳати китобхонӣ ва шеъру сурудхонӣ озмун ва маҳфил идома ёфт. Натиҷаи ҷамъбасти озмун дар Литсеи давлатии № 1 ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бохтар: Озмуни “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ”

Дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар бахшида ба соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ”

миёни маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар намоиши мазкур ҳунарҳои мардумии халқ ва маҳалҳои гуногуни Тоҷикистонро нишон доданд. Ҳар як маҳалла либосҳои гуногуни миллӣ,

гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва хӯрокҳои миллиро дар сатҳи баланд пешкаш карданд. Гурӯҳи корӣ бо дидан намудан аз намоишҳо ба иштирокчиён баҳои сазовор доданд.

Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Кӯлоб Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб чорабинӣ доир гардид. Дар он намоиши дастовардҳои маъюбон ба маъраз ва фурӯш гузошта шуд. Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба 8 нафар маъюбон аробачаи маъюбӣ, 2 адад худрав ва пойафзоли ортопедӣ тақдим карда шуд.

СУҒД

Баъд аз баромади намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир карда шуда буд, ба иштирокчиён фараҳу шодӣ тақдим намуд.

Баргузории намоишгоҳ дар Суғд

Дар муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 5-умин намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд - водии имконот 2018” баргузор гардид. Дар он корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон, аз қабили корхонаи нӯшокиҳои ташнашикани ҶСП “Евро-Азия 2005”, корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикии ҶДММ “Суғдаквапласт” ва корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли нах аз сангҳои базалтии ҶДММ “Элегант” ширкат варзиданд.

Истироҳати хонандагони болаёқат дар урдугоҳи “Парвоз” Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ лагерҳои рӯзонаи солимгардонӣ ва дар заминаи истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Парвоз” лагери фароғатӣ-таълимии хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил гардидааст. Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи истироҳату фароғати хонандагон ва иштирок дар оғози расмии даври дуюми фаъолияти урдугоҳи беруназшаҳрии “Парвоз” аз он дидан намуданд.

Номбурда аз вазъи буду бош, истироҳат, фароғат, анвои хӯрока, макони оббозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои наврасон шинос гардида, ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва масъулини урдугоҳи беруназшаҳрии “Парвоз” ҷиҳати беҳтар намудани шароити лагер супоришҳои мушаххас доданд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ маросими ифтитоҳи даври дуюми фаъолияти урдугоҳ баргузор гардида, таъкид шуд, ки айни ҳол дар урдугоҳи мазкур беш аз 170 нафар хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.


4 (Идома аз шумораи гузашта) Чунон ки зикр шуд, яке аз тарафҳои секунҷа дар “Моҷарои фейсбук” ширкати Кембриҷ Аналитика мебошад. Тибқи иттилои хабаргузориҳои ғарбию амрикоӣ (Bloomberg, Deutsche Welle, The New York Times) ширкати Кембриҷ Аналитика (Cambridge Analytica) аз ибтидои таъсисёбиаш аз ҳиллаву найранг кор мегирифтааст. Он ширкати хусусии англисӣ буда, ба таҳлили амиқи маълумот, аз он ҷумла маълумотҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои коркарди равобити стратегӣ дар арафаи интихоботҳои президентӣ тавассути интернет машғул мебошад. Соли 2013 дар заминаи ширкати бритонии “SCL Group” (Strategic Communication Laboratories) ҷиҳати иштирок дар маъракаҳои сиёсии ИМА ба миён омадааст. Қисман ба соҳибкор Роберт Мерсер тааллуқ дорад. Савол ба миён меояд, ки Кембриҷ Аналитика чи гуна маълумоти истифодабарандагони фейсбукро коркард ва ба фурӯш баровард? Аввал ин ки ҳайати кормандони ширкати номбурда аз нафароне таркиб ёфтааст, ки бар ивази маблағ ба ҳама кор даст мезананд ва аз рӯи ҳамин хислаташон дар тобеияти кадом роҳбари алоҳидаи ҷаҳонӣ қарор надоранд. Ба ивази пул ҳатто қодиранд аз баҳри падари худ ҳам гузаранд. Дигар ин ки аз фейсбук мушаххасоти (профили) 50 миллион нафарро ҷамъ оварда, аз онҳо барои фоида бурдан сӯистифода мекунанд. Сипас ба муддаии курсии президентӣ дар ИМА Доналд Трамп пешниҳод менамоянд, ки агар вай хоҳиш дошта бошад, бо истифода аз далелҳои мавҷуд дар бораи интихобкунандаҳо, метавонад бо онҳо “бозӣ” кунад. Яъне бо назардошти хоҳишу чашмдошти интихобкунандаҳо бо онҳо мухотаб шавад. Албатта, дар ивази маблағи ҳангуфт... Муддаӣ ба президентӣ (дар он замон), ки худ як сарватманди шинохта дар олами сармояи муосир мебошад ва бовар дорад, ки мисли ҳар чизи дигар иродаи интихобкунандаҳоро ҳам мешавад бо пул харид, ин пешниҳодро хуш қабул карда, як ҳиссаи бузургеро ҳам аз сарваташ ба Кембриҷ Аналитика вақф кардааст. Аммо инро ҳамту рӯирост ва тариқи амалиёти бонкӣ ва ё кадом роҳи маъмулии мубодила анҷом надодааст. Балки гуфта мешавад, ки ин кор тавассути як таҳқиқоти пажӯҳишгарони рус ва боз ҳам бо роҳи ҷорӣ намудани пурсишномаҳо (анкетаҳо) аз тариқи фейсбук сурат гирифтааст. Пурсишномаҳои роҳандозишуда ҷолибу диққатрабоянд. Чунончи: Мехоҳӣ бидонӣ, ки кадом ситораи маъруфи ҷаҳон ба ту монанд аст? Оё бароят мароқовар нест, то бифаҳмӣ, ки баъд аз 50 сол шаклу шамоилат чи гуна мешавад? Донистан намехоҳӣ, ки кадом ситораи маъруфи ҷаҳон мисли ту фикр мекунад? Панҷ дӯсти наздикатро донистан мехоҳӣ? Кадом мамлакати дунё барои зиндагонӣ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

МАВЗӮИ РӮЗ ба ту мувофиқ аст ва ғайра. Аҷиб ин ки баробари ба ин пурсишномаҳои “ҷолиб” дода шуда, аз ғояти содагӣ онҳоро пур кардани истифодабарандагони фейсбук, ҷайби пажӯҳишгарони Кембриҷ Аналитика бо долларҳо пур мегашт. Ва гузашта аз ин онҳо як навъ самти таърихи навини дунёро муайян менамуданд... Агарчи такрор ҳам шавад, бояд гуфт, ки қурбонии асосии ин дом инсонҳои қаторӣ, яъне истифодабарандагони фейсбук ва заъфиятҳои онҳо мебошад. ҲАР ОН ЧИ КИ РОЙГОН ШУД... Диққат бояд дод, зеро “панири муфт танҳо дар мушдорак аст”, гуфтаанд. Соли 2010 фейсбук як қатор пурсишномаҳоро роҳандозӣ намуд, ки асосан ройгон буданд. Албатта, моликони фейсбук ин

ҳифзи маҳрамиятҳои худ дари хонаро қуфл зада, ба фарзандон таъкид мекунем, ки дарро ба рӯи бегона ва ношинос накушоянд. Лек ба хона гузашта, ноутбукро ба даст мегирему фейсбукро кушода, “сайри” олам мекунем, аз аҳволи дӯстонамон бохабар мешавем. Балки ҳама маълумотро аз тариқи пурсишномаҳо пешкаш мегардонем. Шояд касе ҳам эътироз кунад, ки не, ман ба пурсишномаҳо ҷавоб намедиҳам. Дуруст. Лекин дӯстонамон аллакай ба онҳо ҷавоб додаанд. Чунонки мо дар бораи дӯстонамон маълумот додаем, онҳо низ дар хусуси мо ҳар чи медонанд, ноогоҳона ирсол доштаанд. Боз чунин имкон ҳам ҳаст, ки аз саҳифаи дӯстонамон дастрасӣ ба саҳифаи моро пайдо кунанд.

ё аввалин нафароне, ки матн ё сурату наворҳои ӯро ҳисса кардаанд. Аз ҳама асосӣ, он чизҳое, ки ба истифодабаранда маъқул шудаанд. Инчунин, онҳое, ки ба ҳар ҳаракати истифодабарандаи фейсбук аломати “маъқул шуд” гузоштаанд... Зимнан, сиёсатмадороне, ки барои ғолиб шудан дар интихобот истифодаи ҳама гуна роҳро ҷоиз меҳисобанд, имконият (истифодаи маълумоти интихобкунандаҳои эҳтимолӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ)-ро ба зудӣ кашф намуданд. Ва гуфта мешавад, ки ин амалро аз ҳама беҳтар Барак Обама собиқ президенти ИМА ба кор бурдааст. Хабаргузории www.propublica.org, ки дар ин хусус мақолаи вижае ҳам ба нашр расондааст, таъкид менамоянд,

Бо фейсбук ба куҷо равонаем?

ки Барак Обама аз ин “имконият” дар чаҳорчӯби меъёрҳои этикӣ ва бо риояи қонунгузориҳо истифода бурдааст. Лек он ҷиҳатро ҳам ба хотир бояд гирифт, ки дар соли 2012 президенти собиқ бо истифода аз маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ на хостаҳои интихобкунандагонашро тағйир дод, балки бо назардошти тарҷеҳу хоҳишоти онҳо баромаду хитобаҳояшро таҳия намуд.

ҳамаро аз барои арвоҳи гузаштагонашон намекарданд, балки бар ивази ҳар як пурсишнома аз мо аксуламал ва ҷавоб интизор буданд. Баробари ҳар як пуфаки ба мо дар рӯзи зодрӯзамон ирсолдошта онҳо дар бораи ҳафт пуштамон маълумот ба даст оварда, ҳамзамон он маълумотро ба шариконашон, ки коркард кардан мехостанд, мефурӯхтанд. Назар ба таҳқиқоти Penn State University аз 1800 пурсишномае, ки дар соли 2010 фейсбук ҷорӣ кард, 148-тои он аз истифодабарандагон маълумоти дӯстонашонро ҳам дархост намудааст. Дар он муддате, ки донишгоҳи номбурда таҳқиқоташро мегузаронид, ин пурсиш (яъне, аз истифодабаранда талаб кардани маълумоти дӯстонашон) аз тарафи масъулини фейсбук 68 миллион маротиба сурат гирифтааст. Аҷиб ин ки ба пурсишномаи “Саҳифаамро кӣ даромада тамошо карда бошад?” дода шуда мароқ зоҳир мекунем, ки оё дӯстдухтари пешинаам ба саҳифаам даромада бошад... Вале бехабар аз онем, ки бо ин як “қадам”-и кӯчак аллакай ҳафт пуштамонро дар бозори фейсбук ба “фурӯш” мондаем. Албатта, онҳое ҳам кам нестанд, ки ба масъалаи маҳрамият сахт диққат медиҳанд. Вале аз ҳама аҷиб он аст, ки ба хотири

БА МАН ДАР БОРАИ ДӮСТАТ БИГӮ, МЕГӮЯМ, КИ ТУ КИСТӢ! Дар мо шояд чандон маъмул нагаштааст, аммо дар кишварҳои дигари олам, расонаҳои ахбор барои маълумот ёфтан дар бораи қаҳрамонашон ба саҳифаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам таваҷҷуҳ мекунанд. Хусусан дар кишварҳои пешрафта маълумоти аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шахс ба дастомада (чандон ҷиддӣ пазируфта нашавад ҳам) қаноатбахш ҳисобида мешавад. Яъне, ҳар он чи мо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба дигарон, ба қавле тақсим намудем ё табодули афкор кардем, инчунин рӯйхати дӯстони мо, боз ҳар он чи ки ба мо писанд омад ва ғайра, дар бораи вазъу ҳолати демографии мо маълумоти даркориро дар бар мегиранд. Хулласи гап, чунон як алгоритмае сохтаанд, ки моро аз худамон дида беҳтар мешиносанд. Ин алгоритма дақиқан соли 2012 рӯи кор омадааст... Аммо ин нуктаро ҳам бояд ёдовар шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бе пур кардани ҳеҷ як пурсишнома низ имкони “тақдим” шудани маълумотҳои истифодабарандагон вуҷуд дорад. Ба ин намуна шуда метавонад: аввалин нафароне, ки истифодабаранда нигоштаҳояшон ва ё аксу наворҳояшонро ҳисса кардааст,

КОСИНСКИЙ КИСТ? Яке аз чеҳраҳои калидӣ дар секунҷаи Фейсбук-Кембриҷ Аналитика-Трамп Михал Косинский мебошад. Номбурда соли 2008, вақте ки дар Варшава дар риштаи равоншиносӣ таҳсил мекард, ба Маркази Равонпизишкии Донишгоҳи Кембриҷ - яке аз қадимтарин институтҳо дар риштаи интихобкардааш - барои идомаи таҳсил дар докторантура даъват мешавад. Ин рӯйдод барои худи Косинский ғайричашмдошт буд ва раванди минбаъдаи ҳаёташро дигар кард. Ҳамин тавр, баъд аз он ки устоди Мактаби тиҷоратии судяҳои Донишгоҳи Кембриҷ Девид Стивелл (соли 2008) як пурсишнома омода карда, онро аз тариқи фейсбук (ки акнун ба як платформаи бузург табдил меёфт) нашр мекунад, соле баъд Косинский ба ҳайати ӯ ҳамроҳ мегардад. Пасон ин тим замимаи “MyPersonality” (Шахсияти ман)-ро дар фейсбук ба миён мегузоранд, ки истифодабарандагонро водор менамояд, ба онлайнанкетаҳои гуногуни иборат аз саволҳои психологӣ ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи ин пурсишномаҳо ба истифодабарандагони фейсбук “портрети “психологӣ”-ашон дастрас мегашт, ба Косинский ва тими ӯ бошад, маълумоти шахсии истифодабарандагони фейсбук. (Масалан, аз онҳо пурсида мешуд, ки мехоҳӣ бидонӣ, баъд аз 50 сол тарҳи симоят чи гуна мешавад? Ва баъди ҷавоб додан ба саволҳои анкета “тарҳ”-и симои 50 сол баъди истифодабаранда, ки аслан кори компютер ва технология мебошад, ба вай нишон дода ме-

шуд...) Истифодабарандагон аз ин ба ваҷд омада, акнун ба ҳар гуна анкетаҳои “ҷолиб” ҷавоб мегардонданд ва маълумоти шахсии худро бо мураттибони пурсишномаҳо дар миён мегузоштанд. Косинский интизор дошт, ки пурсишномаҳои психологии онҳо дар доираи маҳдуди донишҷӯёни Кембриҷ ҳамовозӣ меёбанд, вале баръакс, вақте он дар фейсбук роҳандозӣ гашт, садҳо, ҳазорҳо ва баъдтар миллионҳо истифодабарандагон тавассути пурсишномаҳо паҳлуҳои аз ҳама маҳрами зиндагии худро ифшо карда буданд. Ва ду докторанти риштаи равоншиносӣ (Стивелл ва Косинский) бо ба ҳам овардани ҷавобҳои прусишномаҳо ва мушаххасот (профил)-и истифодабарандагони фейсбук базудӣ як хазинаи бузурги маълумоти одамонро соҳиб шуда буданд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар асри XXI аз иттилоъ дида қимматтар чизе буда наметавонад. Косинский ва ҳаммаслаконаш таи чанд соли дигар шаклҳои нав ба нави пурсишномаҳоро, хусусан онлайн-анкетаҳоро ҷорӣ карда, ҳар чи бештар маълумот ба даст меоварданд. Ҳамин тавр, соли 2012 Косинский аз рӯи 68 “like”-и гузоштаи истифодабарандаи фейсбук бо 95 фоиз дақиқият ранги пӯсти ӯ, бо 88 дарсад дақиқият тамоюли ҷинсияш ва бо 85 дарсад ҷонибдори кадом ҳизб буданашро тахмин карда метавонист. Вале ин ҳанӯз охири кор набуд, дараҷаи заковат, фаҳмиши динӣ, истифодабарандаи тамоку ё шарбхор будани шахсро ҳам фаҳмида метавонистанд. Ҳатто дар натиҷаи омӯзишу таҳлили маълумоти бадастоварда маълум менамуданд, ки падару модари истифодабарандаи фейсбук зиндагии муштарак доранд ё аз ҳам ҷудо шудаанд. (www.discovermyprofile.com, www.michalkosinski.com) Косинский пажуҳишу таҳлилҳои худро идома дода, дар муддати кӯтоҳ ба он натиҷа ноил гашт, ки аз рӯи 10 “like”-и гузоштаи истифодабарандаи фейсбук ӯро ба ҳисоби миёна аз як ҳамкораш ҳам беҳтар мешинохт. Аз рӯи 70 “like” он чиро медонист, ки дӯсти ҳар як истифодабаранда дар бораи вай медонад, аз рӯи 150 “like” бошад, он чиро ки падару модари ӯ дар борааш медонанд ва аз рӯи 300 “like” аз он чи ки ҳамсари вай дар борааш медонист, бештарашро фаҳмида гирифта буд. Яъне ҳар қадар ки “like” зиёд шуд ҳамон қадар дар бораи мо ва мушаххасоти мо маълумот бештар ба даст меоварданд ва моро аз худамон ва атрофиёнамон беҳтар мешинохтанд. Тибқи маълумотномаи интернет дар бораи Михал Косинский вақте ӯ натиҷаи таҳқиқашро нашр мекунад, ду тамоси телефонӣ мегирад: Яке пешниҳод, дигаре таҳдид. Пешниҳод барои ҳамкорӣ ва таҳдид барои ба суд кашидан. Ва ҳарду тамос ҳам аз ширкати фейсбук... (Давом дорад) М. УСМОН, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018 Бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар аз 5 марти соли 2008, таҳти рақами 114 Маркази миллии тестӣ таъсис дода шуд. Акнун ҳамасола довталабон бевосита дар ҷойҳои муайяншуда ва вақти муайянгардида имтиҳонҳои дохилшавиро месупоранд. Чунин тарзи имтиҳонсупорӣ ба довталабон имкон медиҳад, вақт ва маблағи хешро беҳуда сарф накунанд. Яъне бевосита дар минтақаи истиқомати худ метавонанд ба гирифтани номи донишҷӯ мушарраф гарданд. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ соли ҷорӣ шумораи довталабон дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ нисбат ба нақшаи қабули донишҷӯён 139,8 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбати солҳои пешин кам аст. Тавре кормандони маркази мазкур иттилоъ доданд, сабаби чунин коҳишёбии шумораи довталабон ба афзоиш ёфтани ихтисосҳо вобаста аст. Маркази миллии тестӣ дастурамалеро бо номи “Роҳнамои довталаб”омода ва ба тамоми

5

МУЛОҲИЗА муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона кардааст. Мувофиқи он довталаб имкон пайдо месозад оиди интихоби касб ва рӯйдодҳои навин вобаста ба ихтисосҳо ва тарзи дохилшавӣ маълумотҳои муфид дастрас намояд. Тибқи дастурамали имсола тамоми ихтисосҳое, ки довталабон онҳоро интихоб мекунанд, ба 5 гурӯҳ (кластер) ҷудо шудаанд: гурӯҳи ихтисосҳои 1 - табиӣ ва техникӣ; гурӯҳи ихтисосҳои 2 -

ки вобаста аз рӯи ихтисосҳои интихобкарда аз ҳамаи тестҳои қисмҳои дахлдор холҳои гузариши фаниро соҳиб шуда бошанд. Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешавад: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, холҳои умумии бадастовардаи ҳар як довталаб.

ДОВТАЛАБ - 2018:

Беҳтаринҳо донишҷӯ мешаванд иқтисодиёт ва ҷуғрофия; гурӯҳи ихтисосҳои 3 – филология, педагогика ва санъат; гурӯҳи ихтисосҳои 4 ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; гурӯҳи ихтисосҳои 5 - тиббӣ, биология ва варзиш. Аз рӯи дастурамал ҳар як довталаб вобаста ба гурӯҳи хостааш метавонад то 12 ихтисосро интихоб карда, баъдан ҳуҷҷат супорад. Тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон, бепарасторон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюб, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, имтиёз пешбинӣ гардидааст. Ба озмуни тақсимот танҳо довталабоне роҳ меёбанд,

Ҷавонон дар ҳама давру замон ояндаи давлату миллат дониста мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намудаанд: “Ҳар як насл таҷрибаю дониши андӯхтаашро ба насли оянда мерос гузошта, насли оянда дар навбати худ ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро такмилу сайқал дода, пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеаро таъмин кардааст. Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро донанд ва аз Ватан, миллат, фарҳанг ва забони ноби худ ифтихор намоянд”. Дар воқеъ, маҳз ваҳдату истиқлолият чун неъмати бебаҳо дар солҳои парокандагӣ тавассути талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст. Ин ҳамаро бояд ҷавонон доим дар хотир дошта бошанду пайи таҳким бахшидани арзишҳои олии меҳан ҷаҳд созанд. Асри нав бо ҳама падидаҳои хубаш инчунин дорои зуҳуроти номатлуб низ мебошад. Яке аз зуҳуротҳое, ки имрӯз баъзе

Барои довталабоне, ки дар озмуни тақсимот (асосӣ) комёб нагардидаанд, аз рӯи комбинатсияи ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ, ки баъди озмуни тақсимот дар онҳо ҷойҳои холӣ боқӣ мондаанд, озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад. Барои иштирок дар ин озмун довталабон бояд дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав сабти ном кунанд. Марказ барои онҳое, ки ҳангоми бақайдгирии даври асосӣ (аз 1 март то 15 апрел) бо сабабҳои гуногун аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд, бақайдгирии иловагӣ ташкил менамояд. Довталабоне,

ки ҳангоми бақайдгирии даври асосӣ аз қайд мегузаранд, ҳуқуқи иштирок дар бақайдгирии иловагиро надоранд. Баъд аз анҷоми давраи бақайдгирии иловагӣ ҳуҷҷат қабул карда намешавад. Даъватнома шахсан ба довталаб ва ё наздикони ӯ бо пешниҳод намудани варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи бахшҳои минтақавии марказ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад. Бо роҳандозӣ шудани системаи нави воридшавӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус танҳо нафарони соҳиби донишҳои хуб ба гирифтани номи донишҷӯ мушарараф хоҳанд шуд. Шукрона Алимардонова, довталаб аз ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат гуфт,

ки имсол мактаби миёнаро хатм карда, ба гурӯҳи панҷуми Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридааст. “Мехоҳам ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Сино дохил шуда, пешаи табибиро омӯзам. Дар пеш имтиҳонҳои дохилшавӣ истодааст. Ва ман омодагии ҷиддӣ дида, мекӯшам ба мақсадам ноил гардам”, - мегӯяд Шукрона. - Ҳуҷҷатсупорӣ ва дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ хеле сабукиҳоро ба миён овардааст, - зимни суҳбат иброз намуд довталаб Алишер Қарахонов аз шаҳри Душанбе. - Ман, ки орзуи ҷомеашинос шудан дорам, ба гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум ҳуҷҷҷат супурдам. Бовар дорам имтиҳонҳоро бомуаваффақият супурда, донишҷӯ шавам. Ҳамаи довталабон бо умед ҳуҷҷат супурдаанд. Бовар аст, беҳтаринҳо донишҷӯ хоҳанд шуд. Меҳрубон ИМОМОВА, “ҶТ”

Ҷавонон ва зуҳуроти асри нав аз ҷавонони маърифати пастдошта ба он даст мезананд, ин истеъмолу истифодаи маводҳои сармасткунанда, аз қабили носу тамоку ва шароб ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар манотиқи кишвар имрӯз ҷавонони ба он дастзананда дар вилояти Хатлон низ ба чашм мерасад, ки хеле нигаронкунанда аст. Ба андешаи Насим Ҳомидов, нозири шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар вилояти Хатлон, “айни ҳол дар вилояти Хатлон 1269 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 451 нашъаманд дар шаҳри Кӯлоб, 197 адад дар шаҳри Бохтар, 89 нафар дар ноҳияи Вахш ва 53 нафар дар ноҳияи Восеъ мебошад. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят нашъамандонро ба қайд гирифтаанд, вале бо шумораи камтар. Давоми 6 моҳи соли 2018-ум дар миқёси 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пешгирии ин вабои аср 166 маротиба корҳои оммафаҳмонӣ ва таблиғоту ташвиқот тавассути оинаи нилгун ва бо аҳолӣ дар дастаҷамъӣ гузаронида шуданд, вале ҳамоно сатҳи истифодабарандагон ҳастанд. Аз ҳама нигаронкунандааш ин аст, ки аз шумораи 1269 нашъаманде, ки дар қайд аст, 22 %-ашро ҷавонон ташкил медиҳанд”.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонон ба умри ҷавони хеш ҷабр карда, даст ба одатҳои бад мезананду ба саломатии хеш зарар меоранд. “Яку якбора ҷавонон даст ба маводҳои сахттаъсир намезананд. Ибтидо аз нос, сигор, шароб оғоз мегардад ва баъд аз оне,ки меъёри истифодабарияшон аз ҳад мегузарад, ба истеъмолу истифодаи ин маводи нашъадор мепардозанд. Ин маводи сахттаъсир ба рӯҳу равони инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ӯро мубталои ҳама намуди бемориҳои сироятӣ мегардонад ва оқибат ба марг оварда мерасонад. Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки нафари гирифтор танҳо худ не, балки дигаронро низ мубталои ин мушкилиҳо менамояд. Агар оиладор бошад, фарзанди носолим аз онҳо таваллуд мегардад. Яъне як нафар чанд нафари дигарро сироят менамояд”, - иброз медорад Ҳасан Шокиров, директори Маркази наркологии вилоят. Ба таъкиди номбурда дар роҳи пешгирӣ асос таблиғоту ташвиқот бояд миёни ҷавонон бурда шавад. Маърифати баланди инсониро равоншиносон баъд аз 30-солагӣ ишора намудаанд. Ҷавонон зудбовару гаправ мебошанд. Ҳангоми гирифторӣ ба нашъамандӣ аз

ҳама гуфтаҳо сар мепечанд ва на калонсолонро эҳтиром менамоянду на падару модари хешро. Барояшон дунёи зебо мисли лонаи парандае мемонад, ки дар он на паранда асту на умеди зиндагонии парандаҳо. Онҳо як ақидаро ба худ касб менамоянд, “дунё инҷо будааст”. Чун вақти истифодаи мавод мерасад, онҳо омодаанд, ки тамоми дороӣ ва ҳатто хешро фурушанду онро як лаҳза истеъмол ё истифода баранд. Падару модар, дорои нуфузу эҳтиром, ҷавонию саломатӣ ва тамоми ҳастияшонро ба ивази як лаҳзаина омодаанд, ки иваз кунанд. Имрӯз бояд тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва аҳли ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин вабои аср дастаҷамъона фаъолият намоянду барои решакан намудани нашъамандӣ миёни ҷомеа талош варзанд ва саҳми худро дар таҳкими солимии меҳан гузоранд. Ҷавонон ояндаи миллат, пешбарандаи давлат ва бунёдгузори фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлол мебошанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама ҷавононро лозим аст, то аз роҳҳои бад дурӣ ҷӯянду баръакси он илму дониш омӯзанд ва дар рушди кишвари хеш саҳми арзандаи худро гузоранд. Сулаймон САИДЗОДА, коромӯзи “ҶТ”


6 Бонувони кишвар бо касби истиқлолияти давлатӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат дар баробари мардон рӯ ба илму дониш оварда, баҳри дар амал татбиқ намудани донишҳои хеш талош намуда истодаанд, ки ин худ аз таваҷҷуҳи онҳо ба илму технологияи навин буда, ҳамоҳангии онҳоро ба илми ҷаҳонӣ маънидод менамояд. Аз талошу омӯзиши бонувон аён аст, ки онҳо мехоҳанд, дар рушду ободонии кишвар саҳмгузор бошанд. Дар баробари омӯзиши донишҳои вобаста ба соҳаи интихобнамудаи худ бонувон инчунин боз ҷаҳд месозанд, то ба ихтироот машғул гардида, ба қадри имкон дар пешаи дӯстдоштаашон навгониҳоро ба вуҷуд биёранд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳо бонувон низ бо иродаи устувор фаъолият доранд ва дар баробари фаъолият натиҷаҳои назаррас нишон медиҳанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳар сол дар Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон навовариҳои бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун ба қайд гирифта шуда, ихтирооти эшон соҳиби патент мегарданд. Яке аз дастовардҳои бонувони ихтироъкор дар солҳои соҳибистиқлолӣ он аст, ки онҳо бо навовариҳои хеш на танҳо дар озмунҳои дохилӣ, балки дар намоишгоҳу озмун ва форумҳои ҷаҳонӣ бо натиҷаҳои илмии хеш иштирок намуда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мешаванду парчами меҳанро миёни дигар кишварҳо баланд мебардоранд. Тайи чанд соли охир бонувони ихтироъкори ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон муваффақона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, имсол низ дар форуми мазкур 9 адад ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ пешниҳод ва соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар 11-умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 28 июн то 1 июл дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 адад ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод намуд. Ихтирои бонувони тоҷик аз ҷониби Кумитаи тадорукот соҳиби 4 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

ЗАНОН ВА ИЛМ

Занҳои ҷоизадори тоҷик гардиданд. Бонувон - ихтироъкороне, ки дар ин форум соҳиби медалҳои тилло гардиданд, Сурайё Тағоева, номзади илмҳои кимиё, дотсент, мудири кафедраи “Пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ”-и факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи “Эфири этилии 2- атсетил — 4- ҳидрокси – 5 — бутилокси кислотаи пентан ҳамчун маводи хушбӯй”, Фариза Ҳалимова, дотсенти кафедраи “Физиологияи муқаррарӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ”, Зумрат Ғайбуллоева, номзади илмҳои кимиё, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ барои ихтироъ дар соҳаи металлургия бо номи “Тарзи истихроҷи сурб аз консентратҳои полиметаллии сулфидӣ” ва Мижгона Шуҳратзода, ассистент, аспиранти кафедраи “Кимиёи фармасевтӣ ва токсикология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда” мебошанд. Раъно Қаҳорова, номзади илмҳои тиб, корманди Маркази колопроктологияи шаҳри Душанбе барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Малҳами бензой барои табобати раванди илтиҳоби фасодӣ”, Маина Султонмамадова, номзади илмҳои кимиё, устоди кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи “Эфири 1,2-пропан-диоли туршобаи 3α,7β- дигидрокси холонат ба сифати маводи холелитолитикӣ ва гипохолестиеринӣ”, Замира Расулова, лаборант – духтури

клиникии Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Маводи “Фитазид” дорои таъсири зиддимикробӣ” ва Шабнам Муродова, духтури ҷарроҳ барои ихтироъ дар соҳаи тиб бо номи “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” бошанд, дар ин Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон бо медалҳои нуқра ва Кимиё Мабадқадамова, номзади илмҳои кимиё, дотсент, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи “Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллоӣ” бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. Бино ба таъкиди Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ин дастоварди бонувони ихтироъкори ҷумҳурӣ бори аввал набуда, соли ҳафтум аст, ки ихтироъҳои бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Шабнам Муродова, духтур ҷарроҳ дар Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 хеле хушҳол аст, ки дар ин Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ихтирояш бо медали нуқра қадрдонӣ гардидааст. Шабнам Муродова, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, ихтирои ин бонуи навовар дар соҳаи тиб мебошад. Ихтирои ӯ ки “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” ном дорад, дар соҳаи ҷарроҳии тиббӣ буда, онро муаллиф 28 марти соли 2017 ба қайд гирифтааст. “Ин ихтирое, ки намудам, дар фаъолияти кориям дуюмин ихтироъ ба ҳисоб меравад. Зеро пеш аз ин дар соҳаи хеш бо

номи “Тарзи пешгирии норасогии кукҳои анастамозӣ” ихтироъ намуда будам, ки он дар фаъолияти касбиям аввалин буд. Аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шаҳри Сеули кишвари Кореяи Ҷанубӣ Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон доир мегардад ва шумо метавонед, ки ихтирои худро пешниҳод намоед ва ман онро пешниҳод намудам”, - иброз медорад Шабнам Муродова. Ӯ комёбии худро дар ин самт аз сидқан дӯст доштани касбаш медонад. “Ман касби худамро бениҳоят дӯст медорам. Агар шахс пешаашро сидқан интихоб намуда бошад, албатта дар оянда ӯ ба дастовардҳои зиёде ноил хоҳад гашт. Дар баробари оне, ки фаъолият менамоед, дар самти дӯстдоштаи хеш бар замми он боз мехоҳед, ки чизҳои тозаеро рӯи кор биёред, яъне як навоварие намоеду саҳми худро дар рушди соҳаи худ гузоред”, - мегӯяд ӯ. Чун дар соҳаи тиб фаъолият менамояд, ба таъкиди ӯ бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи тиб низ бонувони ихтироъкор хеле зиёд аст. Имрӯз дар самти ҷарроҳӣ он бонувоне, ки кору фаъолият мебаранду инчунин навоварӣ менамоянд, хеле муваффақ ҳастанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар оянда низ сафи бонуҳои ихтироъкору навовар зиёд мегардад. Кимиё Мабадқадамова, дотсенти кафедраи ғайриорганикӣ, факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи медали биринҷии Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон низ ба ояндаи ихтироъкорӣ миёни бонувон хушбин буда, мегӯяд: “Махсусан солҳои охир танҳо аз факултети мо дар чунин озмунҳо бонувони навовар бомуваффақият ишти-

рок намуда, бо муаррифӣ намудани илми ҷумҳурӣ тавассути навоварии хеш соҳиби медали биринҷӣ гардида буданд. Имсол бошад, хушбахтона аз факултети мо се нафар ширкат варзиданд. Дар оянда умед менамоем, ки ин шумора боз ҳам зиёд шавад”. Кимиё Мабадқадамова низ имсол дар Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё бо номи “Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллогӣ” соҳиби медали биринҷӣ гардида, хушнуд аз он аст, ки нахустин навоварияш соҳиби ҷоиза дар озмуни сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Ӯ даҳ сол аст, ки фаъолияти педагогӣ дораду ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Чун аз таваҷҷуҳи донишҷӯён ба навоварӣ пурсон шудем, гуфт: “Имрӯз таваҷҷуҳи бисёр аз донишҷӯён ба илм хеле зиёд аст. Махсусан ба илмҳое, ки ба технологияву химия дахл доранд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз мо аспирантоне дорем, ки дар мавзӯъҳои гуногун соҳиби ихтироот мебошанд. Имрӯз низ онҳо бо шавқу завқ фаъолияти илмӣ карда истодаанд”. “Дар оянда дар самти илм боз корҳои зиёдеро ба нақша гирифтаем. Имрӯз аллакай натиҷаҳои корҳои илмии мо дар истеҳсолот ҷорӣ шуда истодааст ва дар ин самт мо соҳиби санад низ гардидем. Дар оянда низ мақсад дорем, ки натиҷаҳои илмиро дар истеҳсолот низ татбиқ намоем”, - иброз дошт Кимиё Мабадқадамова. Воқеан, талоши бонувони ихтироъкори тоҷик имрӯз назаррас буда, шумораи он дар оянда боз ҳам бештару беҳтар хоҳад гашт. Зеро имрӯз кулли имкониятҳои зарурӣ ҷиҳати машғул гардидан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷумҳурӣ муҳайё буда, дар ин росто танҳо бонувонро лозим аст, то аз ҳама шароит самаранок истифода бурда дар рушди илми кишвар саҳмгузор бошанд. Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018 Дар арафаи анҷоми Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол - 2018 қарор дорем. Ба шарҳу тавзеҳ ва бурду бохти дастаҳо рӯ намеорам, масъалаеро баррасӣ мекунам, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва берун аз он ҳаводорони тоҷикистонии футболро ба баҳс водоштааст. Банда ба ҳайси як шореҳи футбол ба ин масъала таваҷҷуҳ карданӣ нестам, балки назари худро ифода кардан мехоҳам. Имрӯзҳо баҳси қисми зиёде аз дӯстдорони футбол то ба ҳади ифрот расидааст. Аслан мухлисӣ аз футбол ба чунин шаклу шева то андозае содалавҳии онҳоеро нишон медиҳад, ки сари интихоби дастаҳо бо ҳам зидду ғоибона даст ба гиребон мешаванд. Ва дар аксар маврид ин ҳол нишондиҳандаи он мешавад, ки ин гурӯҳи “мухлисон” аз футболу футболбозон бӯ намебаранд. Самту ҳадаф ва тарафдории эшон низ аз тимҳои баъзе давлатҳо гувоҳи он шуда наметавонад, ки онҳо воқеан кадом як давлатро сирф ба хотири футболаш ҷонибдорӣ мекунанд, балки он ё ба хотири касе ё чизест. Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол - 2018, дар фазои маҷозӣ, мухлисони футбол дар кишвари мо ба се гурӯҳ ҷудо шуданд. Аввалиҳо, ҷонибдорони дастаи яккачини Эрон, дуюмиҳо, тарафдорони тими Русия ва сеюмиҳо аз боқимонда давлатҳо, вобаста ба завқ ва хоҳишу интихобашон мухлисӣ мекунанд. Чуноне маълум гардид, на дар ҳама маврид, дар мо аз кишваре холисона ба хотири футбол ва бозигузории хубаш тарафдорӣ мекунанд. Дар ин миён, ки бояд васила ё хотире вуҷуд надошта бошад ва интихоби ҳар фард вобаста ба табъу завқ ва касбияти баланди футболбозони кишваре равона гардад, афкоре ба миён омад, ки аз вобаста будани баъзе ашхос ба давлатҳое чун Эрон ва Русия гувоҳӣ медод. Ба гуфтаи рӯзноманигор Хуршед Атовулло баъди он ки ҳама дастаҳои футболи иштироккунандаи финали чемпионати ҷаҳон маълум гашт, мухлисони тоҷикистонӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Мухлисони дастаи Эрон ва мухлисони дастаи Русия: “Аҷиб ин аст, ки ҳар гаҳе сухан аз дастаи футболи Эрон мерафт, мухлисони тоҷикистонӣ ҳатман зикр мекарданд, ки “дастаи футболи Эрон, парвардаи режими охундӣ дар ин кишвар нест ва ҷонибдорӣ аз он маънои дастгирӣ аз ин режимро надорад. Ба муваффақияти дастаи Русия кам касе бовар дошт. Вале дар ҳаштякфинал ин даста тариқи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи пурзӯри Испанияро шикаст дод. Таваҷҷуҳ кунед: Владимир

НИГОҲИ ДИГАР Путин, президенти Русия ба суоли “ба андешаи Шумо кадом даста чемпиони ҷаҳон мешавад”, маҳз дастаи Испанияро ном бурда буд. Дар бозиҳои гурӯҳӣ дастаи Русия ба осонӣ ду дастаи кишварҳои мусалмонӣ - Арабистони Саудӣ ва Мисрро шикаст дод, вале аз рӯи хулосаи коршиносон, барои он ки дар ҳаштякфинал бо дастаи Португалия бозӣ накунад, бозиро ба дастаи Уругвай бохт. Бо вуҷуди ин, баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон, ба ин мухлисӣ пираҳани сиёсӣ пӯшониданд. Яке онҳоеро, ки дастаи Русияро мухлисӣ накарданд, ошкоро “намакношинос”, “носипос”, “ғарбзада”, “ҷосуси кишварҳои ғарбӣ” номиданд, гурӯҳи дигар ононеро, ки ҳаводорӣ аз дастаи Русия карданд, “ғулом”,

“тасодуфӣ” номиданд, чунин менигорад: “Магар Шумо падар, модар, зан, фарзанд, зодгоҳ ва ватанатонро ба як пули пӯчак мефурӯхтед? Агар ин гуна фикр дар саратон омада бошад, бе шакку гумон мефурӯшед”. Футбол агарчи як намуд варзиш аст, аммо аз дигар намуди бозиҳо ҳамеша фарқ дорад. Ҳатто футбол болотар аз як варзиш аст, ки ба худ санъати махсус касб кардааст. Интихоб ва пайравӣ аз кадом тим ё дастаи яккачин миллату давлатҳои алоҳидаро намеписандад. Ҷолибияти футбол низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад, ки онро дар тамоми дунё қавму миллатҳои алоҳида ва гуногун дӯст медоранду дастгирӣ мекунанд. Рақобат дар футбол на танҳо байни дастаҳост, балки ми-

номид. Яъне, ба мухлиси ҷодаи футбол таҳлилгариву эҳсосоти идорашаванда хос аст: “Гоҳо мешавад, ки як нафар мухлис тимеро фақат барои як чеҳрааш мухлисӣ мекунад. Масалан, аксари онҳое, ки тими Аргентинаро мухлисӣ мекарданд, ба хотири Мессӣ буд. Ё тими Португалияро баъзеҳо сирф барои Роналдо тарафдоранд. Ҳамин, ки ин ду даста ба даврҳои минбаъда роҳ нагирифтанд, давраи мухлисии ин гурӯҳ низ ба анҷом расид. Ин гувоҳи он аст, ки онҳо воқеан аз футбол мухлисӣ мекунанд ва касбияту нозукиро дар он дарк кардаанд”. Чунин менамояд, ки дар миёни мухлисони тоҷикистонӣ дар аксар маврид эҳтиром дида намешавад. Тавре зикр кардем, ҳатто ба таҳқири ҳамдигар пардохта, аз

Интихоб ва футбол

ё эҳтироми интихоби дигарон ҳам шарти мухлис будан аст! “оҷиз”, “лаганбардор”, “бехабар аз таърихи зулми империяи Шӯравӣ” номиданд”, - навиштааст ӯ. Ба таъкиди ин рӯзноманигор ин баҳс шояд таъсире намедошт, агар миёни чеҳраҳои саршиноси кишвар барнамехост, ки корбари шабакаи иҷтимоӣ хоҳ-нохоҳ ба навиштаи эшон таваҷҷуҳ мекунад. Воқеан, таваҷҷуҳ дар ин баҳс хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, сар аз устодони донишгоҳ то ба хонандаҳои мактаб. Баҳсу носозгӯиҳо то ба ҷоест, ки мухлисони тимҳо ҳамдигарро на ба унвони рақиб, балки чун душман шинохтан мехоҳанд, ҳатто ба якдигар муҳри “ватанфурӯш”-у “хоин”-ро заданд. Масалан, Мусо Бобоҳоҷиев як корбари шабакаи иҷтимоӣ бо хитоб ба он нафароне, ки футболбозони Русияро тарафдорӣ накард ва бозиҳои ин давлатро “фурӯхташуда”-ю

ёни мухлисон низ барои пирӯзии дастаи дӯстдоштаашон ҳамеша рақобат буду ҳаст. Дар футбол ҳар кас аз рӯи завқу фаҳмиши худ мухлисӣ мекунад ва касе иҷборан наметавонад, ки дастаеро мухлисӣ кунад. Ба варзиши №1 табил ёфтани футбол ҳам, ки ҳатто онро аз бозӣ, нажод, миллат, мазҳаб, ҷинс, касбу кор боло медонанд, ҳамин аст. Таъкидан бояд гуфт, ки кӣ ба кӣ мухлисӣ мекунад, дар футбол ба ихтиёри худи ӯст. Аммо ин мухлисӣ бояд берун аз бадгӯӣ ва таҳқири ҳамдигар бошад. Ба андешаи Бахтиёр Раҳмониён, корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷолибият ва ҷаззобияти мухлисӣ дар мубоҳисаву суҳбатҳои солим инъкикос мегардад ва дар футбол як нафари оромтабиат ва ба “мубоҳисаҳои футболӣ” вориднамешударо наметавон мухлис

доираи одобу қоидаҳои мухлисӣ ба тамом берун мераванд. Бадии масъала дар он аст, ки ин ҳолат бештар дар миёни нафароне дида мешавад, ки дар ҷомеа соҳиби обрӯву эътиборанд. Бахтиёр Раҳмониён дар ин маврид чунин фикр дорад: “Мутаассифона, миёни мардуми мо як андешаи нодуруст мавҷуд аст. Афроде, ки дастаи Русияро мухлисӣ мекард, ба “руспарастӣ”-ю “чоплусӣ” айбдораш мекарданд. Ё баъзеҳо мухлисони тими Олмонро “фашист” мехонданд. Фазои фейсбук ҳамон гуна луқмапартоиҳоеро мехоҳад, ки бояд боиси ҷанҷолу хархаша гарданд. Ин гуна мухлисиҳои носолим аз рӯзҳои нахустини пайдоиши футбол вуҷуд доштанд, вале на ба ин ҳадде, ки имрӯзҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Хосса миёни мухлисони тоҷикистонӣ. Фикр мекунам, ягон давра Ҷоми ҷаҳон

7 оид ба футбол, мисли мусобиқаи соли ҷорӣ ин қадар фарогири ҷанҷолҳои маҷозӣ набуд. Таърихи фейсбук низ ин гуна ҷанҷолҳоеро ёд надорад, ки дар Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2018 барпо шуд. Метарсам, ки рӯзе футболи баҳамовару таъминкунандаи сулҳу оштӣ боиси ҷангу ҷидоли бузург нагардад”. Бадбахтона, андешаи хоми бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҷоест, ки мухлисӣ аз футболро пироҳани сиёсӣ пӯшонида, аз дигарон ба таври таҳқиру дашном даъват ба амал меоваранд, ки мо ба ину ба он давлат шарики стратегием, дар фалон масъалаҳо ба ин давлат дастнигар мебошем, пас мебояд аз тими он мухлисӣ кунем. Аммо дар ин баробар хуш аст, ки нафарони дигар футболро на ба хотири кадом як манфиат мухлисӣ ва тими кишварҳои ҷудогонаро тарафдорӣ мекунанд. Чуноне Насими Раҳим, як корбари шабакаи фейсбук мегӯяд: “Ман мухлиси ашадии тими Хорватия ҳастам. Чун беҳтарин бозиро дар миёни бозингарони тими ин давлат дидам. Дастаи Русияро сусттарин дастаи ин мусобиқот медонам. Ҳеҷ ниёз ба Хорватияву Русия надорам. Бисёриҳо маро паём дода мегӯянд, ки ту дар Русия ҳастӣ, бояд аз тими он мухлисӣ намоӣ. Ҳаргиз! Чун медонам, ки русҳо таҷрибаи бозӣ дар футболро кам доранд ва яқин дар ин бозӣ ғолиб намешаванд”. Эҳтиром гузоштан ба интихоби дигарон дараҷаи баланди мухлисӣ дар футбол ба ҳисоб меравад. Рақобати солим вазифаи аввалин миёни дӯстдорони футбол ва мухлисони он аст. Зеро футбол аз намуди варзишҳое шинохта шудааст, ки дар баҳамории мардум, таҳкими сулҳи миллату давлатҳо, дӯстии ҷомеа ҳамеша саҳмгузор аст. Хуршед МАВЛОН, “ҶТ”


8

НАВИГАРИҲОИ ВАРЗИШ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Натиҷаи чемпионати Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ ва байдарка Рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Душанбе чемпионати Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд. Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар чемпионати имсола беш аз 84 варзишгар дар ҳайати 8 даста (Душанбе – 3 даста, Суғд – 3 даста, Хатлон – 3 даста) миёни ҳам рақобат намуданд. Миёни мардон дар намуди байдаркаи якнафарӣ (С-1) дар ҳамаи масофаҳо – 200, 500, 1000 метр – варзишгарони шаҳри Душанбе ғолиб омаданд. Варзишгарони вилояти Суғд ҷои дуюм ва варзишгарони Хатлон ҷои сеюмро ишғол карданд. Дар байдаркаи дунафарӣ (С-2) ва чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 200 метр варзишгарони Суғд якум шуда ба марра расиданд, Душанбе ҷои дуюм, Хатлон ҷои сеюмро сазовор гаштанд. Дар масофаҳои 500 ва 1000 метри С-2 ва С-4 Душанбе мақоми аввал, Суғд ҷои дуюм, Хатлон ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар каноэи якнафарӣ (К-1) дар масофаҳои 200, 500, 1000 метр варзишгарони Суғд ғолиб гардида, варзишгарони Душан-

бе ҷои дуюмро ишғол карданд. Дар масофаҳои 200, 500 метр Хатлон ва дар масофаи 1000 метр Суғд ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар каноэи дунафарӣ (К-2) дар масофаи 200 метр Суғд ҷои аввал, Душанбе ҷойҳои дуюму сеюмро сазовор гаштанд. Дар масофаҳои 500 ва 1000 метр варзишгарони Душанбе ҷойҳои якуму сеюм ва варзишгарони Суғд ҷои дуюмро ба даст оварданд. Дар каноэи чорнафарӣ (К-4) дар масофаҳои 200, 500, 1000 метр варзишгарони Душанбе аввалин шуда ба марра расида, варзишгарони Суғд ҷои дуюмро сазовор гаштанд. Дар масофаи 200 метр Хатлон, дар масофаҳои 500 ва 1000 метр Душанбе ҷои сеюмро ишғол намуданд. Бонувон фақат дар намуди каноэ рақобат намуданд. Дар каноэи якнафарӣ (К-1) дар масофаҳои 200, 1000 метр варзишгарони Суғд ва дар масофаи 500 метр варзишгарони Душанбе ғолиб шуданд. Дар масофаҳои 200, 1000 метр ҷои

дуюм насиби душанбегиҳо, дар масофаи 500 метр насиби суғдиҳо гашт. Варзишгарони Суғд дар масофаи 1000 метр ҷои сеюмро низ ба даст оварданд. Дар масофаҳои дигар ҷои сеюм насиби варзишгарони Хатлон шуд. Дар каноэи дунафарӣ (К-2) варзишгарони Суғд дар масофаҳои 200, 1000 метр ва варзишгарони Душанбе дар масофаи 500 метр ғалаба карданд. Дар масофаҳои 200, 1000 метр варзишгарони Душанбе, дар масофаи 500 метр варзишгарони Суғд дуюм шуданд. Дар масофаи 200 метр варзишгарони Хатлон ва дар масофаҳои 500, 1000 метр варзишгарони Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд. Дар чемпионат Шаҳриёр Даминов, Абдусаттор Ғафуров, Нурмуҳаммад Тоҳирӣ, Зоирҷон Набиев миёни мардон, Мунира ва Гулнора Бобоҷоноваҳо ва Матлуба Раҳматова маҳорати хуб нишон дода, аз 3 то 5 медали тилло ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар Бразилия якум шуд Гурзандози маъруфи кишвар, Дилшод Назаров дар Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук медали тилло ба даст овард. Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук 8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷои аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷои дуюм (74,51), варзишгари Белорусия Павел Барейша (73,28) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар мусобиқа, ҳамчунин варзишгарон дар қувваозмоиҳои дав ба масофаҳои 100, 400, 3000 метр, 400 метр бо монеа, ҷаҳиш бо халлачӯб, ҷаҳиши секарата, тела додани ядро, партоби диск миёни мардон ва бонувон барои ҷоизаҳо талош карданд. Ин медали дуюми Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл, 8 июн , дар Мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Мақоми сеюми футболбозони навраси Тоҷикистон Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ гаштанд. 9 июл чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола бо иштироки дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба анҷом расид. Дар мусобиқа тими мунтахаби Тоҷикистон иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ карда, ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар даври аввал футболбозони навраси кишвар бозиро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон мусовӣ анҷом дода (2:2), дар ду бозии дигар аз Афғонистон (0:1) ва Ӯзбекистон (1:3) мағлуб шуданд. Тими футболи наврасони Ӯзбекистон бо 9 хол ғолиби мусобиқа шуд. Афғонистон бо 6 хол ҷои дуюмро ишғол кард.


АНДЕША

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи бебозгашт дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ки самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самти афзалиятнок ба шумор меравад, бахусус солҳои охир дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омаданд. Бесабаб нест, ки дар қатори дигар масъалаҳо дар Паёми имсолаашон Роҳбари давлат ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастоварду камбудиҳои мавҷударо дар ин самт як ба як бо далелу ракамҳо таҳлил намуда, дурнамои соҳаро бо вазифагузориҳои мушаххас дар назди масъулон пешбинӣ намуданд. Дар Паёмашон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ин самт боз ҳам иҷрои тадбирҳои зиёди дигар - афзун намудани варзишгарони касбӣ, ҷалби бештари сокинон, бахусус насли наврас ба варзиш, оммавигардонии варзиш миёни сокинон ва дар ин замина тарбияи насли солим аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. Сарвари хирадманди давлат тандурустии ҷавононро тандурустии миллат номида, ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солими қавируҳ ба камол расондани онҳоро вазифаи муҳим ҷомеа меҳисобанд ва ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ ин пеш аз ҳама, ташаккули тарзи ҳаёти солими насли ҷавони кишвар мебошад. Бешубҳа, саломатии ҷамъият ба саломатии ҷомеаи вай вобаста аст. Бе саломатӣ ягон корро пеш бурдан мумкин

Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Миллате, ки варзишист, миллати солим аст

нест. Имрўз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, яке ба илму техника ва технология, дигаре ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе ҷисман солим ташаккул ёфтани афрод амалӣ нахоҳад шуд. Чи тавре ки дар ҳадиси пайғамбар омадааст: «Бештари мардум дар бораи ду неъмат мағбуданд: «Саломатӣ ва фароғат». Воқеан, дар тамоми синну сол ин ду неъмат зарур аст, бандагонаш набояд фаромўш кунанд, ки ҳар як фарди солимақли ҷомеа бояд саломатии худро нигоҳ дорад. Дар вокеъ, шахс тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрўву эҳтиром мегардад, ки намунаи пайравист. Ин нуқта дар эҷодиёти гузаштагони бузурги мо ба такрор таъкид шудаааст. Оре, миллате, ки варзишист, миллати солим аст. Ба ибораи дигар, саломатӣ барои инсон ва ҷомеа беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Ба ақидаи Зардушт, «Тани солиму ақли солим кори солимро анҷом медиҳад». Дар хусуси варзиш Сарвари муаззами давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андарзи пурмўҳтавое доранд: «Масъалаи дигаре, ки ба андешаи мо дар зиндагии ҷавонон ва умуман дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим бозида, боиси пешгирии нашъамандӣ ва дигар амалҳои ношоиста шуда метавонад, ин-

кишофи варзиш аст. Мегўянд, ки «рўҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад». Агар мо бо корбасти ҳамин ҳикмат варзишро дар байни ҷавонон ривоҷ диҳем, фикр мекунам, ки ба манфиати ҷомеа ва тандурустии аъзоёни он кори бузургеро анҷом дода тавонем. Дар вокеъ, агар тарзи ҳаёти солим ба ҳар хонадон наздик бошад, бешубҳа ҷавонони мо аз он ҳама амалҳои ношоям парҳез менамоянд, худдорӣ аз амалҳои зишт ҷавононро сарбаланд ва накўном мегардонад». Таъкидҳои боло моро водор месозанд, ки ташаккули ҷисмонии насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии тарбияи ҷисмонии худ онҳоро бархурдор намоем ва ба он арҷ гузорем. Яъне моро зарур аст, ки вобаста ба талаботи замон роҳҳои боз ҳам самарабахши тарбияи ҷисмониро дар ҷомеа ҷустуҷў намоем. Тавре зикр кардем, давраи истиқлолият ба ҳалқи тоҷик тамоми шароитҳоро барои тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намуд ва тавре ҳамарўза шоҳидем, дар кишварамон ба пешрафти соҳаи варзиш диққати махсус дода мешавад ва пайваста бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ин самт тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд. Бунёди иншоотҳои мўҳташами зиёди варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузарони-

дани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашаванда ва далели онанд, ки дар ин самт сиёсати давлат самаровар аст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонун «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ», давра ба давра қабулу амалигардонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», қабули санадҳои зиёд бобати ҳавасмандгардонии Варзишгарон, барои мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа заминаи мусоид фароҳам овардааст. Тавре дар дар вохўрӣ бо намояндагони ҷавонон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Имрўзҳо кўшиши давлат ба рушди варзиш, таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст. Маҳз ба ин тариқ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем. Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони ҷисман солим ташаккулёфтаро дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми самтҳои ҷомеа

9 пайдо намуда. фаъолгардонию сиҳатии ҷомеаро ба таври оммавӣ ба воситаи варзиш ба роҳ монем”. Чун омўзгорони муассисаи соҳаи варзиш бо як ифтихору самимият иброз намуданием, ки имрўз шогирдону дастпарвони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов на танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ дар сабқатҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ бомуваффақият баромад намуда, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро партавфишони олам гардонида, шарафи кишвари азизамонро боло бардошта истодаанд. Ин гувоҳӣ аз он медихад, ки дастпарварони донишкада ва варзишгарони кишвар, ки фарзандони хештаншиносу содиқи миллатанд, мазмуну моҳияти “Варзиш муаррификунандаи ҳар миллату давлат аст”-ро хуб дарк намудаанд. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Махсус зикр намудан зарур аст, ки муносибати миллати тоҷик ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷанбаи таърихиро доро аст. Агар илман ба он рў орем, дар садҳо асарҳои мутафаккирони бузурги гузашта ва олимону мутахассисони варзидаи имрўзаи соҳа исбот гаштааст, ки тоҷикон аз аввал ба варзиш муносибати хосса доштанд. Пас, хулоса аз ин хама навиштаҳои боло он аст, ки сокинони кишвар, бахусус насли ҷавон, ба варзиш ва дар ин замина солимии хеш эътибори чиддӣ диҳем, зеро варзиш саросар саршори омилҳои зебоӣ, паҳлавонӣ, ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Муҳимтар аз хама, насли ҷавон бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати маорифпарпарваронаю варзишпарваронаи Сарвари муаззами давлат бирасем. Оре, мо аҳли Тоҷикистон ва махсусан насли ояндасози саодатманди миллат, бояд сазовори даъвату ҳидояти ватандӯстонаву одилонаи Сарвари давлати соҳибистиқлолу накӯиқболамон бошем, то ҳамбастагиямон, дўстию рафоқатамон ва ваҳдатамон пояндаву бардавом бошад. Ҳамеша дар атрофи Сарвари давлати худ ҷамъ омада, содиқона хидмат намоем. Мавлон ШАРИФОВ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов. Муҳаммадмурод БОБОҶОНОВ, муаллими калони ДТҶТ ба номи С.Раҳимов


10 Дар дунё нафареро пайдо кардан душвор аст, ки доир ба тамошогоҳи болокушодаи Колизейи Италия маълумот надошта бошад. Колизей яке аз иншоотҳои бузургтарин дар тамоми мавҷудияти олам мебошад, ки ҳамчун рамзи Италия пазируфта шудааст. Он рамзи нерӯ, ҳокимият ва таърихи Рим ва аз мавзеъҳои тамошобоби дунё ва зеботарин майдонҳои варзишии дунёи аттиқа мебошад, ки дар асри якуми пеш аз мелод дар шакли театри болокушода сохта шудааст. ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ Колизей дар солҳои 80-и пеш аз мелод дар давраи ҳукмронии император Тит, аз қабилаи Флавияҳо, бунёд карда шудааст. Худи бино қаблан номи амфитеатри Флавияро дошт. Он дар маҳалли ҷойгиршавии Хонаи тиллоии Нерон, аниқтараш дар маҳалли ҷойгиршавии кӯли сунъии ӯ, сохта шудааст. Сохтмони он ҳамагӣ 8 сол идома ёфт. Номи ин иншоот аз калимаи лотинии “colossus” буда, маънояш “девпайкар” мебошад. Гарчанде дар он замон бунёди чунин театрҳои бузург аз ҷониби меъморони Рими қадим як амали маъмулӣ буд, Колизей дар Рим

САЙЁҲӢ

Девпайкар

ба тамоми рақибони худ ғолиб омада, бо шаҳомату бузургӣ ва ҷаззобияти хеш ҳамчун муъҷизаи нави олам эътироф гардид. Ҳаҷми сохтмон аҷибу ҳайратангез аст. Саҳнаи даврашакл майдони 86 ба 54 метрро дар бар гирифта, қутри тамоми иморат аз 156 то 188 метр мебошад. Баландии деворҳо 48 метрро ташкил медиҳад. Амфитеатр аз 80 даромадгоҳҳо ва 50 ҳазор ҷойҳои нишаст иборат мебошад. Ин далелҳо дар ҳақиқат ҳам таҷассумгари бузургии беназири амфитеатр мебошанд. СОХТМОН Меъмори сохтмон Квинтий Атерий буд. Барои бунёди чунин иморати азим аз меҳнати ғуломон истифода шудааст. Онҳо дар сох-

Дар замони муосир сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии беҳдошти зиндагии тамоми аҳолии дунё ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо талош дорад, ки диққати сайёҳони ҷаҳонро ба маконҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби худ ҷалб намуда, ба ин васила дар беҳ шудани шароити сокинон саҳм гузорад. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумат ва роҳбарияти кишвар дар ин самт чораҳои нав ба нав андешида мешавад. Намунаи ин соли ҷорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

тмон шабонарӯзӣ кор мекарданд. Бино дар пойдевори бетонии 13 метра, дар болои кӯли хушкида сохта шудааст. Эътимоднокии биноро қолибҳои мустаҳками оҳанию бетонӣ, ки аз 80 адад деворҳои радиалӣ ва 7 адад деворҳои доирашакл иборат буданд, таъмин менамуданд. Барои сохтмони Колизей аз масолеҳи сохтмонии мухталиф, аз қабили мармар (нишастгоҳҳо), оҳаксанг (деворҳои мудаввар), бетон ва туфсанг (деворҳои радиалӣ), хишт (равоқҳо) сохта шудааст. Корҳои рӯйкашкунии мармарин дар алоҳидагӣ анҷом дода шудаанд. Бояд зикр намуд, ки дар сохтмони ин иншоот зиёда аз 1 миллион адад хишт истифода шудааст. Дар ин ҷо тамоми ҷузъиёти

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018 сохтмонӣ ба инобат гирифта шудааст. Масалан, дар мавриди рух додани ҳолатҳои фавқулода 55 ҳазор тамошобин метавонистанд, ки саҳнаи амфитеатрро дар муддати 5-10 дақиқа тарк намоянд. То имрӯз биное бо ин шакл ва бо чунин имконоти васеи убуркунандагӣ сохта нашудааст.

шикорӣ бо иштироки ҳайвоноти гуногуни дарранда, ки бо маҳорати хосса пешниҳоди тамошобинон мегардиданд, доир карда мешуданд. Ҳазорҳо гладиаторҳо ва ҳайвонот дар ин муҳорибаҳо ҷон бохтаанд. Танҳо дар соли 405 ба ин ҳама муҳорибаҳо ва ҷазоҳои хунин ҳусни анҷом бахшида шуд.

САҲНАИ АМФИТЕАТР – МАЙДОНИ КОРЗОР Колизей нахуст аз 3 ошёна иборат буд. Дар ошёнаи 1-ум нишемани император ва нишастгоҳҳои мармарин барои аъзои мақомоти олии давлатӣ, дар ошёнаи 2-юм нимкатҳои мармарин, ки барои шаҳрвандони Рими қадим пешбинӣ шуда буданд ва дар ошёнаи 3-юм ҷойҳо барои ҳама тамошобинони боқимонда, ки дар шакли харакҳои чӯбин ва боз ҷойҳо барои рост истодани тамошобинон сохта шуда буданд. Дар асри 2 ошёнаи охирин – ошёнаи чоруми он сохта шуд. Майдони амфитеатри Колизей дар обу ҳавои номусоид (гармо ва ё борон) бо соябонҳои аз рӯи бурҷҳо кашидашуда пӯшонда мешуд. Фарши саҳна бошад, аз чӯб сохта шуда, одатан бо қабати рег пӯшонда мешуд ва он ҳаракаткунанда буд. Барои гузаронидани пайкорҳои баҳрӣ саҳна тавассути новаи муносиб бо об пур карда мешуд. Саҳнаи Колизей асосан барои гузаронидани муҳорибаҳои гладиаторӣ пешбинӣ шуда буд. Дар майдон то 30 ҳазор ҷанговарон ҷой мегирифтанд. Таърих саҳнаи ҷашни кушодашавии амфитеатри Колизейро, ки 100 рӯз идома ёфта буд, хуб дар хотир дорад. Ғайр аз муҳорибаҳои гладиаторӣ дар ин ҷо боз саҳнаҳои

ПАНОҲГОҲИ ОДАМОНИ БЕХОНУМОН Бо завол ёфтани империяи бузурги Рим бинои амфитеатри Колизей дар Италия тадриҷан осеб дидаву рӯ ба харобӣ овард. Дар асрҳои миёна Колизей ҳамчун қалъа унвон гирифт. Дар давраи эҳё сокинони маҳаллӣ масолеҳи амфитеатрро барои сохтмони иншоотҳои маҳаллӣ истифода менамуданд. Баъдан дар он ҷо паноҳгоҳи одамони бехонумонро дарёфт намуданд. КОЛИЗЕЙ –РАМЗИ ШАҲРИ РИМ Дар асри XVIII сарруҳонии Рим Бенедикти XIV ба харобшавӣ ва таназзули ин муъҷизаи олам хотима гузошт. Бо ташаббуси ӯ дар ин мавзеъ салиб гузошта шуда, он ба макони баргузории чорабиниҳои динӣ табдил шуд. Дар замони мо низ рӯзҳои ҷумъа дар ин ҷо маросими Роҳи таъмид баргузор карда мешавад, ки ҳазорҳо пайравони дини насрониро муттаҳид месозад. Бо вуҷуди он ки имрӯз тақрибан аз нисф зиёди Колизей харобу валангор гардидааст, тамошои он боз ҳам ба бинанда таассуроти аҷибу бемисл бахшида, он сазовори унвони рамзи Рим боқӣ мондааст. Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

Тарбияи мутахассисони ояндаи соҳа Имрӯзҳо дар Тоҷикистони азиз ба ин мақсад тамоми сохтору идораҳо, муассисаҳои олию касбӣ ва макотиби миёна саъй доранд, то саҳме барои равнақ ёфтани сайёҳӣ дар кишвар гузоранд. Ҳамчунин вобаста ба самти мазкур сохтори махсус таъсис дода шуда, дар як қатор донишгоҳу донишкада, коллеҷу литсейҳо мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Яке аз онҳо Муассисаи давлатии таълимии

Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе мебошад. Дар литсейи номбурда вобаста ба соҳаи сайёҳӣ аз рӯи чанд ихтисос, аз ҷумла “Ошпаз - қаннод”, “Ошпази таомҳои хориҷӣ”, “Хазинадор - назоратчӣ”, “Турагент”, “Туроператор”, “Ҳисобдор”, “Роҳбалад”, “Фурӯшанда - ташкилотчӣ”, “Системаи компютерӣ ва интернет технология” мутахассис омода карда мешавад. Дар таълимгоҳи мазкур омӯзгорони таҷрибанок

ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Муҳассилини литсей ҳамеша баҳри пешрафт ва саҳмгузорӣ дар Ватани маҳбубамон кӯшиш менамоянд. Омӯзгорон бошанд, дар ин самт хонандагонро ҳамеша роҳбаладӣ мекунанд. Онҳо барои намунавӣ будани литсей дар миёни дигар муассисаҳо ва баланд бардоштани дониши хонандагон тамоми қувваи ҷисмонӣ ва зеҳнии худро равона намудаанд. Ҳамин аст, ки таҳсилгирандагони литсей дар озмуну ҷашнҳо ширкати фаъолона варзида, пайваста сазовори ҷойҳои намоён мешаванд. Сарвари муассиса Рухшона Давлатшоева ҳамеша бо таъкид ба хонандаҳо ёдрас мекунад, ки ҷавонон бояд пайваста дар фикри ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон бошанд. Иқдоми наҷиби Пешвои миллатро ҳамеша дастгирӣ ва пайравӣ намоянд. Роҳбари муассиса бо омӯзгорон масъулиятро аз пештара бештар дарк намуда, дар соли ҷорӣ тасмим гирифтаанд, ки барои рушду пешрафти соҳаи сайёҳии кишвар мутахассисони ҷавобгӯ ба талабот, дорои дониши баланди замонавӣ тарбия намоянд. Идрис МУҲАММАДИЕВ, донишҷӯи МДТ ЛКХТ ш. Душанбе


Солҳои 1989 ё 1990и асри ХХ дар деҳаи «Анҷумани XVIII ҳизб», ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Илич (баъдтар Ғозималик, ҳоло Хуросон) меҳмон будам ва муаллиме (мутаассифона, ному насабашро дар хотир надорам) ба ман як намакдони сафолӣ тақдим кард, ки ҳангоми шудгори замини пахта пайдо карда будааст. Ман ин бозёфтро ба донишманди маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор В. С. Соловёв нишон додам. Ӯ муайян кард, ки намакдони сафолӣ ба охири ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод тааллуқ дорад, яъне ба давраи асри биринҷӣ. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки дар ин мавзеъ одамони замони ибтидоӣ низ зиндагӣ ба сар мебурдаанд ва умед ҳаст, ки дар оянда бошишгоҳи давраи қадимтарини асри санг низ кашф карда мешавад.

11

КИТОБИЁТ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Хуросон беҳ аст, вале…

Дар ҳошияи китоби Ҳасан Юсуфи Файзбахш «Ғозӣ Малик, қавм ва чилтанҳои ӯ» Ёдгории дигари машҳури ин ноҳия дар мавзеи Ҳалқаҷар аст, ки ба давраи Кушониён ба асрҳои II пеш аз милод ва IV милодӣ тааллуқ дорад. Шаҳристони мазкур дар тарафи рости роҳи мошингарди Душанбе–Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), дар назди фарози мавзеи Сарбанд, болои теппа воқеъ аст. Аслан ба мавзеи имрӯзаи Уялӣ бо диққат нигоҳ кунед, баръало мебинед, ки он дар заминҳои қадим ҷойи об будааст. Рӯди Вахш таг-таги теппаҳои имрӯза ҷараён дошт ва аз ин ҷиҳат қасру кушк ва қалъаҳоро низ дар лаби дарё месохтанд. Оҳиста-оҳиста дарё маҷрои худро дигар кард ва алҳол қариб ду фарсах дуртар аз он кӯҳандиз ҷорист. Дар Ҳалқаҷар бостоншиносон таҳқиқоти бостоншиносӣ гузаронидаанд ва осори зиёди пурқимате дарёфт намудаанд. Дар бораи Ҳалқаҷар ва аҳамияти он академик Бобоҷон Ғафуров дар асараш «Тоҷикон» маълумоти муфассал додааст. Ёдгории дигари машҳури ин минтақа Ганҷина аст, ки дар китоби «Ҳудуд-ул-олам» (асри XI) дар борааш маълумот дода шудааст. Солҳои 80-уми асри гу-

Рушду пешрафти илму техника моро водор месозад, ки дар ҳама соҳот тағйирот ворид намуда, ба талабот онро мувофиқ созем. Бахусус дар макотиби миёна, ки заминагузори фардои ҷавонон маҳсуб меёбад, ба роҳ мондани беҳтарин шароити дарсӣ ва роҳу усулҳои нав, ба манфиати кор хоҳад буд. Хушбахтона, дар кишвари мо сол аз сол дар соҳаи маориф чораҳои нав ба нав роҳандозӣ гардида, ислоҳот дар ин соҳа бо низом идома дорад. Тадбирҳои ҷадид дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2020 пешниҳод ва амалӣ мегарданд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа зикр шудааст, ки “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на танҳо ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ низ такя менамояд, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин намояд”.

зашта ҳангоми тахту ҳамвор кардани теппаи назди деҳаи Ойкамари ҷамоати ба номи Бадриддин Ҳилолии ноҳияи номбурда як ҳайкал ва як каллаи сангии одам пайдо гардид. Баъди ин бозёфтҳоро дидан олимон ба хулоса омаданд, ки ин ёдгориҳо ба туркҳои асри V–VI милодӣ мутааллиқанд ва онҳоро дар илм «балбалҳои туркӣ» меноманд. Аммо аҷибаш он аст, ки чеҳраи «балбали»-и ёфтшудаи ин ҷо соф ориёист, яъне тоҷикист. Аз ин ҷо олимон ба хулоса омаданд, ки вақте дар асрҳои V–VI туркҳо аз ҷониби Олтой дар давраи ҳукмронии Ҳоқони турк ба Осиёи марказӣ сар медароранд ва ин сарзаминро ишғол мекунанд, онҳо аз рӯйи расму оини худ дар сари қабри сарварони қабилаашон ҳайкал, яъне «балбал» мегузоштанд. Азбаски дар ин ҷо пайкарсозони турк набуданд, онҳо маҷбур шуданд, ки ба устоҳои маҳаллии ориёинажод, яъне ба тоҷикон муроҷиат намоянд. Ҳайкалсозони тоҷик дархости туркҳоро ба ҷо оварда, ба ҳайкалҳо симои тоҷикона, яъне ориоӣ додаанд. Аз хулоса бармеояд, ки дар ин сарзамини пеш аз ислом санъати сангу пайкартарошӣ дар тараққӣ ва

пешрафт будааст. Умуман, таърихи ин мавзеъ саҳифаҳои нохондаи зиёде дорад, ки албатта, барои муайян кардани он таҳқиқоти махсус бурдан лозим аст. Таърихи маркази имрӯзаи ноҳия деҳкадаи Обикиик ҳам бостонист. Ба андешаи ман худи сохти номгузории ин деҳа ва деҳаи Даҳанакиик ибораҳои замони форсии миёнаро ба хотир меорад. Аз ҷумла аз ёдгории қадимаи то исломӣ бо номи «Дарахти Ассурик» (Дарахти Ассурия) машҳур аст. Яъне дар ин ҷо «ик» пасоянд– суффикси мансубият аст, чунончи, «то-ҷик», бо-рик», «тор-ик» ва ғайра. Агар номи болоиро шарҳ диҳем, ин хел маънидод мешавад: «Дарахти мансуб ба Ассурия». Аз ин ҷиҳат гуфтан лозим аст, ки вожаи «киик» калимаи туркӣ набуда, аз забони форсии миёна ба забонҳои туркӣ гузаштааст. Дар асл бояд «гӯсфанди кӯҳик» будааст, баъдан мухаффаф, яъне кӯтоҳ шуда «гӯсфанд» афтида, «кӯҳик» дар шакли «киик» талаффуз шудан гирифт. Дар забони ӯзбекӣ кӯҳро «тоғ» мегӯянд. Аз рӯйи шакли ибораи форсии миёна «Дарахти Ассурик» назар андозем, ин ду ном дар асл чунин бояд бошанд:

Ташаккулдиҳандаи зеҳни хонандаҳо Албатта, ҳар усуле, ки барои хуб намудани тарзи гузариши дарсҳо ва беҳтар намудани таълим ба роҳ монда мешавад, бояд дуруст санҷида ва баъдан амалӣ гардад. Дар натиҷаи самари хуб додан, месазад, ки дар ҳама таълимгоҳҳо он ба роҳ монда шавад. Гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ пеш аз ҳама тақозои замон аст, чун дар муқоиса ба низоми анъанавии

таҳсилот дар баробари баъзе умумиятҳо тафовути зиёд дорад ва аз соли таҳсили 2016 омӯзиши муносибати салоҳиятнокӣ дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Самараи ин намуди таълим дар он аст, ки он боиси дар хотир нигоҳ доштану фаҳмидан, истифода бурдану таҳлил кардан, арзёбиву эҷодкории толибилмон мусоидат менамояд.

«Оби кӯҳ-ик» (Об мансуб ба кӯҳ) «Даҳанаи кӯҳ-ик» (Даҳанаи мансуб ба кӯҳ). Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Дар домани кӯҳи Ғозималик дар байни деҳаҳои Оби кӯҳик ва Даҳанакӯҳик тангное ва аз дохили сойи он обе ҷорӣ аст. Аз ин рӯ, ин калима ба «киик»-и ӯзбекӣ ҳеҷ алоқае надорад. Ғозималик таърихи бостонӣ ва ғанӣ дорад. Аз ин ҷо олимон, адибон ва донишмандони маъруф ба камол расидаанд. Яке аз онҳо шоири овозадори мардумӣ Карим Девона аст, ки тавассути хизмати Ҳабибулло Назаров ҳамрозу анбози ҳар яки мо гардидааст. Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. Гуфтааст Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Вахшонӣ. Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки ба аслу насаби хеш баргардем. Бинобар ин, хеле хуб мешуд, ки номи ноҳияро тағйир дода, шакли аслӣ ва таърихии он – Ғозималикро барқарор кунанд. Ин тақозои вақт ва амри таърих аст. Бешакку шубҳа, Хуросон номи хуб аст, аммо номи як ноҳия будани он хеле кам мебошад. Ин ном арзандаи ягон вилоят ва минтақаи бузург мебошад. Қиёмиддин САТТОРӢ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон

Тариқи нави дарсгузарӣ, бо усули салоҳиятнокӣ, ба мо – омӯзгорон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар доираи он ҷараёни дарсҳо шавқовар мегузарад. Ҳар мавзӯе, ки мо ба хонандагон дарс мегузарем, оиди он саволгузорӣ мекунем. Дар ин сурат хонандагон водор мешаванд, ки оиди саволҳои пешниҳодшуда ва мавзӯъ, фикру андешаҳои хешро иброз намоянд. Ин сабаб мешаваду хонандаҳо маълумоти аввалӣ ва фаҳмиши пешакӣ доир ба мавзӯъро пайдо мекунанд. Махсусан салоҳиятнокӣ ба мо - омӯзгорони фанҳои химия ва биология имкон медиҳад, ки оиди мавзӯи дарсӣ хонандаҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, ба онҳо вазифаҳои алоҳидаи ҳам синфӣ ва ҳам берун аз он диҳем. Барои мисол, ягон намуди растаниро гирифта дар бораи хусусиятҳои он дар дарс маълумот медиҳем ва ба хонандаҳо супориш медиҳем, ки дар гурӯҳҳои алоҳида онро берун аз дарс низ омӯзанд. Таълими салоҳиятнокӣ дар баробари афзудани дониш, малака ва маҳорати хонандаҳо, ҳамчунин дар ҳосил намудани таҷриба ва ҳалли масъалаҳо дар алоҳидагӣ мусоидат мекунад. Мо - омӯзгоронро мебояд, ки шакли таълими салоҳиятнокро ҳарчи хубтар ба роҳ монем, зеро он қобилияти эҳтироми фикри ҳамдигар, дар доираи мавзӯъ сухан гуфтан, фароҳам овардани шароит барои баёни андеша, иброз намудани фикр дар мавриди зарурӣ ва дигар хусусиятҳоро дар зеҳни хонандагони мактаб ташаккул медиҳад. Ҳамзаалии РАҲМОН, омӯзгори МТМУ №8-и ноҳияи Данғара


12

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Боли парвоз Хурд будам. Дар байни деҳаамон осиёбе барои мардум хизмат мекард. Ғаллаи овардаи онҳоро усто Сафари Дембегӣ орд мекарду одамон аз он ҷо бо халтаҳои пурбор баромада мерафтанд. Аз ҳама зиёдтар санги осиётарошии усто Сафар бештар таваҷҷуҳи мо бачаҳоро ба худ ҷалб мекард. Мардони ҳамдеҳа харсанги калонеро бо роҳи ҳашар ғелонда-ғелонда то назди осиёб меоварданд. Усто бо болғаю искана ва тешачаи худ онро майда-майда метарошид. Баъди чанд рӯз медидем, ки харсанги азимҷусса ба гирдашакли зебое мубаддал гашта, мардон онро барои орд кардан ба хоначаи худаш мегузоштанд. “Дасти одам гул будааст”, худ ба худ мегуфтам ҳамон солҳо. Хушбахтона ин гуна ҳунармандон ангуштшумор бошанд ҳам, дар водии Рашт ба чашм мерасанд. Гузаштагони ҳунарманд ва пурифтихорамон дорои касбу ҳунарҳои баланд ва барои рӯзгор муҳим буданд. Имрӯз ворисони онҳо ҳунари онҳоро ривоҷу равнақ медиҳанд. Дар таърихи гузаштаи халқамон ҳунармандони номдор, наққошон, хаттотони чирадаст кам набуданд ва дар байни мардум эҳтироми хосса доштанд. Профессор, санъатшинос Муқаддама Ашрафӣ дар асари тадқиқотиаш овардааст, ки заргарӣ, наҷҷорӣ, санъати минётурӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, зарфсозӣ, чӯбкорӣ, хаттотӣ, лавҳнигорӣ, мусиқӣ, кашидадӯзӣ, меъморӣ дар Ҳироти асри XV ба авҷи аъло расида буд, ҳунарманд аз пушти ҳунари хеш нон мехӯрд. Соли 2018-ро соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани сарвари давлат падида ва рӯйдоди фараҳбахши фарҳангӣ маҳсуб меёбад. Эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ, омӯзонидани ҳунарҳои муфид ба насли ҷавон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳунарварӣ ба камол расонидани онҳо

тақозои замон аст. Ҳар сол ҷавонони мо ба кишварҳои дуру наздик барои кор, аз ҷумла бештар ба Русия сафар мекунанд. Онҳое, ки ҳунаре доранд, асло хор намешаванд. - Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳангу тамаддуни тоҷик дар арсаи байналхалқӣ ба шумор меравад,-гуфта буд Асосгузори сулҳи ваҳдат - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Мо шоҳиди он будем, ки ҷавони тоҷик Маннон дар Русия бо ҳунари волои худ ном бароварду ба дигар ҳамсолонаш барои кор пайроҳа кушод. Кори ӯ лоиқи таҳсин буда, дар асл муаррифгари фарҳанги тоҷик аст. Маннон дар гулкорӣ ва гилкорӣ моҳир буда, бо ҳунари худ дар ноҳияи Богородитскийи вилояти Тула ҳамаро қоил кард. Ошхонаи миллӣ, ки бо хоҳиши ҳукуматдорони маҳаллӣ бино гардид, маҳсули ақлу заковат ва заҳмати сесолаи ҷавони ҳунарманд ва дӯстони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаи ӯ ба шумор меравад. Дар пештоқи ошхоначойхонаи калон нақшҳои аҷибе офаридааст, ки онҳо таҷассумгари манзараҳои зебои Тоҷикистонанд. Мардуми маҳаллӣ хоҳиш карданд ки номи ошхонаро «Дӯстӣ» гузошта, маъракаҳои хурсандиашонро он ҷо гузаронанд. “Бигузор гуфти шумо шавад. Ман як гилкори одиям, дар Тоҷикистони мо ин гуна ҳунармандон зиёданд. «Дӯстӣ» ба мардум ваҳдату ҳамдилӣ меорад”, хоксорона посух дод Маннон. Имрӯз мо ба шогирдону фарзандон мегӯем: «Аз хурдӣ, айёми донишҷӯӣ ягон касбу ҳунарро омӯзед, ки рӯзе боз ба кор меояд. Ҳунар боли парвоз аст, ки касро ба қуллаи мурод расонида, соҳибэҳтиром мегардонад.»

Мавзунаи ҳунарманд

Яке аз навъҳои хӯроки миллии тоҷикӣ оши угро ба ҳисоб меравад. Аз қадим тоҷикон навъҳои гуногуни оши угроро омода месохтанд. Имрӯзҳо онро дар ҳар минтақа бо ҳар навъ тайёр мекунанд. Тарзи тайёр кардани он ба таври зайл сурат мегирад: гӯшти гӯсфанд ё говро 15–20-граммӣ пора карда, ба деги равғани рустанӣ ё чарбуи доғ андохта, бехпиёзи реза, сабзӣ, қаламфури булғории наргисӣ резакарда, помидори тару тозаи поракарда ё қайлаи помидор илова намуда, мезирбонанд. Баъд ба дег об андохта, нахӯди пешакӣ таркардаро илова намуда, ба ҷӯш меоранд ва дар оташи муътадил 30–40 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас картошкаи поракардаро андохта, боз ба ҷӯш оварда, дар оташи паст меҷӯшонанд. Зуволаро алоҳида тайёр мекунанд. Барои ин орди навъи якум ё олиро бо элак бехта, ба он намакоби гарм мерезанд, тухм илова намуда, оҳиста-оҳиста бо орд омехта мекунанд ва хамири сахт мемоланд. Барои ин хамирро дуру дароз шӯридан лозим аст. Хамири тайёрро ба якчанд пора ҷудо карда, зувола мегиранд ва 25–30 дақиқа дам медиҳанд. Баъдан бо чӯбдаста ба ғафсии 1–1,5 мм. паҳн мекунанд. Хамири паҳнкардаро барои намаш паридан 10–15 дақиқа мегузоранд. Сипас хамирро болои ҳам чанд қабат таҳ карда, аз он зуволаҳои паҳнояашон 1 см. мебуранд. Пасон онҳоро болои ҳам гузошта, хеле борик ба шакли наргисӣ реза мекунанд ва каме мехушконанд. Баъд олучаи хушки дар оби гарм таркардаро шуста ба дег андохта, ҷӯшониданро давом медиҳанд. 10–15 дақиқа пеш аз тайёр шудани таом зуволаро ба дег андохта, омехта мекунанд ва ба ҷӯш оварда, то тайёр шудан меҷӯшонанд. Дар охир оши угрои тайёрро ба косаҳо кашида, ҷурғот ё чакка илова мекунанд ва ба рӯяш кабудии майда резакарда мепошанд. Маҳсулот барои шӯрбои угро: 400 г. гӯшти лаҳм, 50 г. равғани рустанӣ ё чарбу, 50 г. нахӯд, 250 г. картошка, 150 г. бехпиёз, 100 г. сабзӣ, 40 г. қайлаи помидор, 1 бандча кабудӣ, 120 г. чакка, намак мувофиқи табъ. Маҳсулот барои зуволаи угро: 200 г. орди гандум, 2 дона тухм, 400 г. об, мувофиқи табъ намак.

Дар китоби Фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи “қуроқ” ба маънои чизе, ки аз матоъпорчаҳои гуногунранг ба тартиби махсус дӯхта шарҳ дода шудааст. Дар шаҳри Панҷакент ба ин касб на ҳама занон шавқ доранд. Чунки аз матоъҳои пора-пора, ки дигар зарурати истифода бурдан нест, офаридани нақшҳои пайваста бо матоъ хеле нозук ва мушкилро ҳунарманде метавонад, ки шавқу ҳаваси зиёд дорад. Дар шаҳри Панчакент куроқдӯзӣ касби дӯстдоштаи Мавзуна Ҷалолова мебошад. Мавзуна ҳунари қуроқдӯзиро аз модаркалонаш Бибисултоной ва модари меҳрубонаш апаи Матлуба ёд гирифта, то ҳол идома медиҳад. Дар арафаи тӯйи арӯсии худ Мавзуна кӯрпачаи қуроқ, дастурхони қуроқ ва болин дӯхтааст. Анъанаи хонаи арӯсро бо кӯрпачаи қуроқ оро додан хоси мардуми Панҷакент аст. Мавзуна бо фармоиши мардумон чунин ҳунарро иҷро мекунад. Вақте аз ӯ пурсон шудем, ки ашёҳоро барои дӯхтани кӯрпачаи қуроқ аз куҷо дастрас мекунад, чунин посух дод: “Бо дӯзандагоне, ки либосҳои миллӣ медӯзанд муносибати наздик дорам, ҳар ҳафта матоъпораҳоро, ки дигар барои истифода зарурат надоранд, ба ман медиҳанд.” Ҳунари қуроқдӯзии Мавзунаро бештар мардумони давлатҳои хориҷа, ки ба Тоҷикистон барои сайру саёҳат меоянд, инчунин мардумони маҳаллӣ харидорӣ мекунанд. - Ҳунари қуроқдӯзии зебо ва хушсифат аз маҳорат ва эҷодкории ҳунарманд, ки касбашро дӯст медорад вобаста аст, - мегӯяд Мавзуна. - Барои ман илҳом мебахшад, ки ҳунарҳои офаридаи ман хонаи арӯсонро оро диҳад. Аз ин ҳунарам маблағи хуб меёбам, ки ба пешрафти зиндагиям кумак мерасонад. Ӯ бо фармоиши занони водии Зарафшон бештар ҷузвдонҳои занона, чойникпӯш, сӯзандон, болиштҳо, дастурхон ва кӯрпачаҳо медӯзад. “Дӯхтани қуроқ аз матоъпора барои он шахсоне, ки ҳавас ба ин касб доранд, мушкилӣ надорад, - мегӯяд Мавзуна. - Дар гузашта модарон ва бибиҳоямон аз порчаҳои матоъҳо кӯрпачаи малофа медӯхтанд, ки аз куроқдӯзӣ фарқ мекард. Курпача ва дастурхони малофа бо як намуди матоъ дӯхта мешавад. Масалан, агар малофа аз матои гуногунранги чит омода шавад, пас гирдогирди онро низ аз матоъ ба итмом мерасонанд.” Барои дӯхтани курпача интихоби матоъ ва рангорангии онҳо нақши асосиро мебозад. Талабот ба қуроқ имрӯз хеле зиёд аст. Дар Панҷакент хонаи арӯсонро бе курпачаи қуроқу дастурхон тасаввур кардан нашояд. Ба андешаи Мавзуна ҳунари қуроқдӯзии зебо ва хушсифат аз маҳорат ва эҷодкории ҳунарманд, ки касбашро дӯст медорад, вобаста аст. Мавзуна дар дӯхтани дастурхонҳои қуроқӣ намунаи гулҳои сӯзаниро низ ҳамроҳ мекунад, ки ин дар дӯхти дастурхон боз ҳунари сӯзанидӯзии тоҷиконро таҷассум месозад. Мавзуна ҳоло ҳунари қуроқдӯзиро дар кохи фарханги шаҳри Панҷакент ба ҷавонон ва наврасон меомӯзонад. Дар ин маркази ҳунаромӯзӣ семинари омӯзишӣ низ гузаронида мешавад, ки шогирдон дар баробари ҳунарро омӯхтан соҳиби сертификат мегарданд. Мавзуна ҳунари худро дар намоишгоҳҳои ҷумхуриявию вилоятӣ ва хориҷӣ пешкаши тамошобинон мегардонад. Ӯ дар чандин озмунҳо ширкат варзида, сохиби мукофотҳо низ гардидааст. Дар баробари ин духтаронаш Маҳинаю Олима ин касбро аз худ намуда, ба модар кӯмак мерасонанд ва дар эҳёи ин ҳунари мардумӣ саҳмгузоранд.

Таҳияи Мӯниса ДОДОВА, “ҶТ”

Зулола ХОЛОВА, корманди кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент

Оятулло ДОДАРОВ, декани факултети забонҳои ДОТ дар ноҳияи Рашт, номзади илми филология

Оши угро


E - MAIL: javonontj@mail.ru

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

13

ТТЭ ҲНИ ҳизби ифротгаро Бо таври ғайриинтизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусулмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дуруст медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хато мебошад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом ба ин мисол шуда метавонад. ТТЭ ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд. Дар шароити имрӯза авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бедодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Точикистон нерӯҳои ифротгарои динӣ ҳоимияти худро ба роҳ монанд. Аз ин ҷост, ки ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро ҳадафи худ кардааст. Вале ин падидаи бад, на танҳо пайванди худро аз манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори анкабут нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта, 29-уми сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломиро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ террористӣ-экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ намуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон, фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Иброҳим СОҲИБ

Кабирӣ намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад Тавре ҳамарӯза аз расонаҳои хабариву иттилоотии фитнаангезонаи наҳзатӣ, ки бо маблағгузории хоҷагонашон ба хотири тарғибу ташвиқ ва сиёсати пешгирифтаашон созмон дода шудааст, бармеояд, роҳбари ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати ислом - террорист Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус хоҷагонаш ҷабрдида унвон дода, аз аёдату дастгирӣ ва кӯмакҳои “беғаразона”-ашон бархӯрдор гардад. Кабирӣ бо ин мақсад дар хориҷ аз кишвар мисли беморони руҳӣ “ноогоҳона”-ву девонавор худро ба ину ба он дари хоҷагону ташкилотҳои байналмилалӣ зада, бо пеш овардани мисолҳои тафриқаандоз ва авомфиребона мехоҳад аз ғамхориву пуштибонии онҳо бархӯрдор гардад. Албатта дар ин кор аллакай Кабирӣ таҷрибаи бой дорад. Зеро бо гирифтани кӯмакҳои хоҷагон қисме аз онро барои тарғибу ташвиқи расму ойин, фарҳангу мазҳаб ва андешаҳои ғаразноки хоҷагонаш ба наҳзатиҳои намакзада тақсим намуда, қисми дигарашро барои ҳаёти шахсиаш ва қисмати боқимондаро ба фитнагарон барои барангехтани сару садо ва бофтани найрангу буҳтон тақсим менамояд. Бинобар ин Кабирӣ, ки аз хоҷагонаш маблағҳои муфт ва бедардимиёнро ҳамарӯза соҳиб мешавад, намехоҳад аз чанги хоҷагонаш раҳо шавад. Тавре мардуми шарафманди тоҷик бахубӣ огаҳӣ доранд, дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу маҳбуб, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба орзуву омоли наҷиб ва фароҳам намудани шароити мусоиди зисту зиндагии тамоми сокинон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла вобаста ба масъалаи вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва анҷоми амалҳои неку савоб бо риояи суннатҳои писандидаи дини мубини ислом мулоқоти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар қабл аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои аҳли ҷамоатчигии мамлакат аз кулли ҳамвататон ҷиҳати расидан ба қадри сулҳу субот, оромиву тинҷӣ, осудагиву якдилӣ, якмаромиву иттиҳод,

ҳамзистиву ҳаммаромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ, дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бенавоён, пирону барҷомондагон ва дар маҷмӯъ амалҳои хайру саховат ва созандагиву бунёдкорӣ, ки ҷавҳари дини мубини исломро ташкил дода, бахусус яке аз фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон маҳсуб меёбанд, даъват намуданд. Аммо фарзандони нохалафи миллат, ки бо роҳбарии террорист Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ зери паноҳандагиву пуштибонии хоҷагонашон ҳамчун зархарид умр ба сар мебаранду аз асли воқеа ва рӯзгори мардум огоҳ нестанд, баҳри барангехтани фитнаву найранг ва гумроҳкунии мардум ҳар гуна сару садо ва тафриқаандозиҳо карда истодаанд, ки боиси нафрат ва лаънати мардум гардида истодааст. Аз ҷумла, сару садои беасоси наҳзатиён оид ба монеа гардидан ба рӯзадории мардум, ки саропо туҳмату буҳтон аст, нафратовар буда, бори дигар аз фитрати паст ва ботини сиёҳи наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмӯъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидаанд, маҳкум менамоем ва намегузорем, ки наҳзатиҳои разил бори дигар мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагонашон ҳамсолони моро гумроҳ намуда, онҳоро муқобили сулҳу оромӣ ба камол расонанд.


14

МАЪРИФАТАФРӮЗ

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

Гурез САФАР

БА ЁДИ ШЕЪР Аз он нозам, сухансанҷу сухангӯ зиндагӣ кардам, Ба зери сояи он чашму абрӯ зиндагӣ кардам. Ба шеъре тар агар шодоб кардам гӯшаи қалбе, Ҳазорон шукр мегӯям, ки чун ҷӯ зиндагӣ кардам. Таҳаммулпешаам дар гирудори даври ҳиҷронаш, Ба ёди васли рӯяш ҳамчу раҳпӯ зиндагӣ кардам. Ҳавас нобурдаам ҳаргиз гули гулзори дигарро, Шамида як гули хушрангу хушбӯ, зиндагӣ кардам. Мунофиқ аз мувофиқ гарчи дидам рӯзи беҳ дорад, Мани якдил вале якҳарфу якрӯ зиндагӣ кардам. Ба ёди шеър умрамро ба дасти бод биспурдам, Ба уммеде барад бодаш ба ҳар сӯ, зиндагӣ кардам.

САБЗИНАНИГОР Наврӯзу баҳори ман, Сабзинанигори ман. Бархезу биё, бе ту Сард аст канори ман.

ГУЛДУХТАРИ ТОҶИК Раққосаи атласпӯш Гулдухтари тоҷик аст. Пуришваву пурҷилва Бо қомати борик аст. Арғушт равад, арғушт, Хандидаву хандида. Чун сарв қадаш боло, Сабзидаву сабзида. Чашмак зада меғӯтад Дар шаршараи мӯяш. Маҳтоб фарорад сар Пеши табақи рӯяш. Гулдухтари атласпӯш, Рухсора гули абҳар. Арғушт бирав, арғушт, Поят накан аз минбар. Симои Ватан дар туст, Огоҳ шав, эй гулрӯ. Бе ҳеч дурӯғ астӣ Хушқомату хушабрӯ.

ДАР БОҒ Кокул ба қад танида, Дар боғ рафтаноте. Дар неши сар гул, эй гул, Рӯмол бастаноте. Дорад ҳазору як ранг Рӯмолаки сари ту. Чашми ҳавас чӣ сон канд Аз пешаки бари ту.

Бозо, ба барамбиншин, Нам аз нигаҳам барчин. Аз лутфи ту мегардад Дунёи дилам рангин.

Дар пеш, пешаки бар Ҷуфти анор дорӣ. Бар ман бидеҳ, санамҷон, Бо ханда дасти ёрӣ.

То ишқи ту мепӯям, Аз ишқи ту мегӯям. Чун сабза ба роҳи ту Аз ишқи ту мерӯям.

ФАРИШТА Эй ҷони ман, Фаришта, Армони ман, Фаришта. Бар дард, дарди ишқам Дармони ман, Фаришта.

Бо нағмаи чангу соз Оҳанги вафо бинвоз. То пардаи ҷон созам Дар пеши ту пояндоз.

Дониста волидайнат Номат Фаришта монданд. Нав-нав ба гӯшат аз ишқ Байту қасида хонданд.

Наврӯзу баҳори ман, Сабзинанигори ман. Бархезу биё, бе ту Сард аст канори ман. Нуруллоҳи ОРИФ

ПАЙВАНДИ НОБ Ба ҳунарманди мардумӣ Давлатманди Хол Ба гардун хешро пайванд кардӣ, Дили бас решро пайванд кардӣ. Ба ҳозир андак-андак бо тарона Замони пешро пайванд кардӣ. «Фалак»-ро бар фалак оре, расондӣ, Ба рақси шаҳпарак оре, расондӣ. Ба дасти Ҳақ расад, то Ҳақ шавад шод, Паёмат бар малак оре, расондӣ. Ватанро мисли ҳулбӯ бӯ кашидӣ, Якояк чашмаву рӯдаш чашидӣ. Ба курта кай тавон гунҷӣ, ки имрӯз Чу субҳ аз шонаи кӯҳаш дамидӣ.

Қандакта зан ба серӣ, Эй модари Фаришта. Гулдухтарат ба қалбам Тухми умед кишта.

НОЗАНИН (Халқӣ)

Нозанин, хоҳум, ки ёрум бошӣ, Нур дар шуълаи норум бошӣ. Дар бағал кавги хуморум бошӣ, Ошиқум, ошиқи зорум бошӣ. Аз пайи ишқи ту саргардонум Шави маҳтов бишав меҳмонум. Дар бағал кавги хуморум бошӣ, Ошиқум, ошиқи зорум бошӣ. Мекунад шод маро хандаи ту, Мисли гул хандаи зебандаи ту

Дар бағал кавги хуморум бошӣ, Ошиқум, ошиқи зорум бошӣ.

ДАРДИ ЯТИМ Баргард аз раҳат пас, Модар, маро напарто. Баҳри мани сияҳрӯз Дунёст бо ту зебо. Манро ятим кардӣ, Аз баҳри чӣ, ба чӣ айб? Андохтӣ ба чоҳам, Аз чашми ман задӣ ғайб. Изо накаш, биё, гӯй, Эй тифл, модарат ман. Бо ҷон баробарам ту, Бо ҷон баробарат ман. Баргард, дасти манро Аз чоҳи дарду ғам гир. Каҷро ба чашми ман рост Тасвир соз, тасвир. Аз дур ҳам, ки бошад Бинмо, ба ман ҷамолат. Пурсон бишав зи ҳолам, Пурсон шавам зи ҳолат. Ҳастанд модароне Созанд ёди фарзанд. Оянд баҳри дидор, Оранд дар бағал қанд. Аз ту хату хабар нест, Тарсам, намурда бошӣ!? Меҳру муҳаббататро Бо худ набурда бошӣ!?

ЧУН ФАРИШТА Ба чашмам менамоӣ чун фаришта, Ба қад чил тори кокул ришта- ришта. Ба лаб сурхӣ, ба қош усма кашида, Ба дил ишқат, ба дил ишқат навишта. Зи дил ишқат нашуд, эй моҳ, ронда, Манам дар зиндагонӣ бе ту монда. Барои боз ҳам ранҷат кашидан Бирафтӣ аз барам абрӯ паронда. Ба тоқи осмон маҳтоби ман бош, Ба каф як даста гул дар хоби ман бош, Ҳама рӯзи дароз абрӯ паронда, Равон аз растаи Кӯлоби ман бош. Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ

ТОҶИКИСТОНВАТАНАМ Тоҷикистон- Ватанам, хонаи умеди манӣ, Махзани ганҷи сухан, минбари ҳар анҷуманӣ. Шеъри навро зи лабат омӯзем, Сина аз моҳи шабат афрӯзем. Субҳу шому ҳама рӯзу ҳама сол Ишқ аз тобу табат омӯзем.

Не, не, намурдаӣ ту, Ман интизорат астам. Дар боз карда, модар, Дастат бидеҳ ба дастам.

Тоҷикистон- Ватанам, хонаи умеди манӣ, Махзани ганҷи сухан, минбари ҳар анҷуманӣ. Ҷилваи меҳр ҷаҳон афрӯзад, Дарси сулҳи ту ҷаҳон омӯзад. Тоҷикистон, ки ҳама фахри манӣ, Чашм бар чашми ту дил медӯзад.

Дур аз ту бекасам ман Байни ҳазор инсон. Созам, расӣ ба додам, Сар пеши пот қурбон.

Тоҷикистон- Ватанам, хонаи умеди манӣ, Махзани ганҷи сухан,минбари ҳар анҷуманӣ.

БЕВАФО

Ҷомаи фахри ту дар тан дорем, Баҳри ту азми Таҳамтан дорем. Нангу номус баҳори ишқ аст, Шукр гӯем, ки меҳан дорем.

Маро дар чанги ғам монда, Зи гулзори ҳавас рафтӣ. Ба тан пироҳани атлас, Ба сар рӯмоли лас рафтӣ.

Тоҷикистон- Ватанам, хонаи умеди ман аст, Махзани ганҷи сухан,минбари ҳар анҷуман аст.

Шикастӣ дастҳоямро, Ки аз дастат нахоҳам дошт. Шикастӣ банди поямро, Наоям диданат ҳар чошт.

ВАТАН

Мазан гуфтам, мазан гуфтам, Задӣ сангам, задӣ тирам. Басо кори хато кардӣ, Ба уммеде, ки ман мирам. Зи ҷаврат кош, мемурдам, Азизам мурд, мегуфтӣ. Ба мижгон то сари қабрам Раҳам чун бод меруфтӣ. Маро аз даст додӣ, ҳайф, Пушаймон мешавӣ рӯзе. Чу ман дар ҳеч як гӯша Наёбӣ ёри дилсӯзе.

Ватан, ишқу умеду ифтихорам, Ватан, эй минбари шеъру шиорам. Ба роҳи ту ҳамеша устуворам, Агар лозим шавад, ҷон месупорам. Ватан, ҳам рӯзиву ҳам рӯзгорам, Ватан, хуррамтарин боғу баҳорам. Бубинам рангу рӯйи бехазонат, Канори ту диҳад , сабру қарорам. Ватан, эй тахти бахти бегазандам, Дар оғӯши ту умре бахтёрам. Маро ҷону танӣ, бо ту ҷаҳонам, Зи ту бошад ҳама авҷу барорам.


“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

РАНГОРАНГ

15

Неъмати беҳтарин барои ҳамагон Об манбаи ҳаёт ва сарчашмаи ҳастии тамоми мавҷудоти зинда дар сайёра ба шумор меравад. Ягон мавҷудоте нест, ки бе истеъмоли об рӯз гузаронида тавонад. Яъне об ин неъмати беҳтарин барои ҳамагон аст. Ба хотири ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои оби ошомидании саёра аввалин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар иҷлосияи 54-уми маҷмааи умумии СММ 1 октябри 1999 пешниҳод намуд, ки соли 2003 “Соли оби тоза” эълон карда шавад ва дар ин асос 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми маҷмааи умумии СММ соли 2003-ро ҳамчун соли байналмилалии “Оби тоза” эълон намуданд. Ин санади нахустини байналмилалӣ буд, ки ба хотири ҳифзи захираҳои оби ошомидании саёра қабул шуда буд. Баъдан боз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об якчанд таклифҳо пешниҳод намуд. Дар ҳисоботи соли 2013 оид ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи об зикр шудааст, ки тайи ду даҳсолаи охир зиёда аз 2,1 миллиард одамон бо об беҳтар таъмин гашта, шароити санитарии 1,9 миллиард сокинони рӯйи Замин рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар баробари ин, ҳоло ҳам 768 миллион нафар обро аз сарчашмаҳои хатарнок ис-

теъмол намуда, тақрибан барои 2,5 миллиард сокинони сайёра шароити аввалияи санитарӣ дастнорас аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди дигареро дар конфронс 22 марти соли равон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” эълон намуд. Дар ин конфронси сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр кард: “Имрӯз мо ба сӯи татбиқи даҳсолаи байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҳамкорӣ ба хотири дастёбӣ ба идоракунии устувор ва истифодаи оқилонаи захираҳои об аст, роҳ пеш мегирем. Нуктаи умедбахш ин аст, ки мо ин роҳро на аз сифр, балки бо таҷрибаи бойи ташаббусҳои гузаштаи ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об тайи понздаҳ соли гузашта оғоз мекунем.” Дар яке баромадҳояш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон доир ба масъалаи об чунин зикр намудааст: “Мардуми тоҷик обу ободӣ ва об-рӯшноӣ, мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеояд, таҷассум ёфтаанд. Зеро мардуми мо обро дар радифи хоку боду оташ аз ҷумлаи чор унсуре, ки бунёди ҳастиро ташкил менамоянд, муқаддас меҳисобад.” Гуфтаҳои Сарвари давлатро ба инобат гирифта, ҳамагон бояд саъй намоем, ки ин неъмати бебаҳои Худодод, яъне обро самараноку оқилона истифода намуда, баҳри пешрафти кишвар ва бо об комилан таъмин кардани сокинони минтақа саҳмгузор бошем. А. НАЗАРЗОДА, М.СОЛИХӮҶАЕВ, омӯзгорони коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

Оё китоби электронӣ “аниси кунҷи танҳоӣ” буда метавонад? Китоб устод ва дӯсти беҳтарини инсон дар тамоми ҳаёташ ба ҳисоб меравад. Он ганҷи бебаҳост, зеро дар он дониш ва таҷрибаи зиндагии ҳазорон донишмандон ва бузургони номдору дурандеш гирд оварда шудааст. Китоб тарғибкунандаи донишу маърифат, зебопарастӣ ва тарбия мебошад. Одам бо хондану дарки бошууронаи китоб ба мартабаи «инсонӣ» соҳиб шудааст. Дар акси ҳол ӯ аз дигар махлуқҳои Замин фарқе намедошт. Дар замонҳои пеш ба табъ расондан ва паҳн кардани китоб кори душвор ва заҳматталаб буд. Бо пайдоиши дастгоҳи чопкунӣ ин кор осонтар гардид ва мавзуъҳои китоб низ нав ва гуногун шуданд. Аммо як чиз бетағйир монд - нақш ва таъсиргузории китоб. Бо пайдо шудани интер-

нет ва ҳамаро фаро гирифтани он ба назар мерасад, ки бештари мардум аз хондани китоб дур мондаанд. Миқдори зиёди маълумот ба воситаи компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба истифодабарандагони интернет дастрас мегардад. Одамон барои дарёфти маълумоти зарурӣ камтар ба китоб муроҷиат мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо варақ задани китоб вақти зиёд мегирад. Дуруст аст, ки истифодаи китобҳои электронӣ осон аст, аммо ба фикри ман ҳангоми хондани онҳо, хусусан китоҳои бадеӣ, мо он эҳсосотеро, ки дар хондани китобҳои коғазӣ, ё худ чопӣ ҳис мекунем, дубора аз сар гузарондан наметавонем. Барои ман китоби электронӣ танҳо воситаи дарёфти маълумот аст. Онро ман «аниси кунҷи танҳоӣ»- и худ ҳисоб кар-

да наметавонам, зеро ман аз хондани он лаззат намебарам, ба он пурра ворид шуда наметавонам. Аз он фақат мавод мегирам, истифода мебарам, ягон корамро иҷро мекунам ва пас чанд муддат он фаромӯш мешавад, зеро ба ман таъсир гузошта натавонист. Ҳангоми хондани китоби чопӣ ин гуна нест. Китоби чопиро ба даст мегирӣ ва ҳис мекунӣ, ки бо муаллифаш наздик ҳастӣ. Ба он пурра ворид мешавӣ, ҳамроҳи қаҳрамононаш сайр мекунӣ, нохушии онҳоро ҳис мекунӣ, пурра ба он ворид шуда, кӯшиш мекунӣ, ки аз он баҳра бардорӣ. Магар китоби электронӣ чунин эҳсосоти баландро бахшида метавонад? Барои ман не! Шумо чӣ мегӯед? Симо ШАМБИЕВА, коромӯзи ҶТ

Пешгирии терроризм ва экстремизм Дар шароити тағйир ёфтани вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки аллакай фазои ҷомеаи ҷаҳониро халалдор намудааст, ҳар яки моро мебояд, ки бо азму иродаи қавӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дӯст доштани ватану миллати худ ва баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Имрӯз таъсири манфии терроризму экстремизм ва ҳаракатҳои сиёсӣ ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда, пеш аз ҳама ҷавонони кишвари моро ба оғӯши хунолуд ва нопоки худ мекашанд, ки исботи ин гуфтаҳо барои ҳар яки мо тавассути расонаҳои хабарӣ маълум аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон ҳушдор менамоянд, ки терроризм ва экстремизм дин, мазҳаб, ватан ва миллат надорад ва танҳо халалдоркунандаи вазъи ҷаҳони муосир мебошанд. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо аз байн бурдани сохтори давлатдории ҷаҳон ва тақсимоти ҷуғрофӣ дар рӯи замин ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи марказӣ ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии давлат мерасонанд. Чуноне дар ибтидо зикр шуд, аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ба масъалаи терроризм ва экстремизм диққати басо ҷиддӣ дода мешавад. Ҳанӯз ибтидои сол дар яке аз баромадҳои худ сарвари давлат таъкид намуд, ки дуруст иҷро нагардидани нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” яке аз сарчашмаҳои ғофил мондани наврасону ҷавонон аз ҳодисаву воқеаҳои таъсиркунанда ба оромии кишвар мебошад. Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон»), “Ҳизб-ут-таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ лозим аст. Гарчи мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад ва ғояҳои худогоҳию меҳанпарастӣ дар мафкураи ҷавонон густариш дода шавад. Ҷамолиддин ШАРИПОВ, омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе


16

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”, №28 (9558), 12.07.2018

ФАРОҒАТИ ҶАВОНОН

Сеҳри хома

√ АНДАРЗ

Найранги ифшошуда

АМАЛИ МЕҲРОБ АЗИМОВ, “ҶТ”

ТАҲИЯИ Ш. ЭШОНОВА, “ҶТ” Садои занги телефон пиразанро водор намуд, ки ҷӯроби бофтаистодаашро як сӯ гузошта, гӯшакро бардорад. - Набераи шумо худи ҳозир қоидаи роҳу нақлиётро дағалона вайрон намуда, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуд, - аз гӯшак садои ҷавоне, ки хеле саросемавор гап мезад, ба гӯш расид. – Ӯ ба мошини хориҷии гаронбаҳо зарари ҷиддӣ расонидааст, талафоти ҷонӣ низ ҳаст, ки барои чунин ҷиноят аз 5 то 10 сол ҳабс пешбинӣ мешавад. Барои аз вазъияти ногувор раҳонидану аз ҷазои ҷиноятӣ озод намудани набераи шумо пули калон лозим аст. - Чанд пул? - Бисту панҷ ҳазор! – гуфт овози ношинос. – Пулро тайёр кунед, ҳозир одами мо ба назди шумо меояд. Ва дар хусуси ин занги телефонӣ ба касе даҳон накушоед, вагарна кори набераатон аз ин ҳам чигилтар мешавад! - Аммо ман дар хона ин миқдор маблағ надорам, - бо садои гиряолуд гуфт пиразан. – Ба бонк рафтан лозим, ки дар он тарафи шаҳр аст.

МУҲАММАДАТО ТАВАЛЛОЕВ

√ САЙҚАЛИ

АНДЕША

√ ЭЪЛОН

Ҳангоми ҷанг қонунҳо «хомӯшанд». ******** Барои ғалаба ҳаётро метавон қурбон кард. ******** Аз адолат то манфиат роҳ аз замин то осмон. Тобеи вақт бояд буд. Кори нимкора кор нест.

Шаҳодатнома барои амалигардонии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Бобоҷонова Гулнора Муминҷоновна бо РЯМ – 0331308698 додааст, бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.

********

Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 6944634, ки онро ШВКД-и ноҳияи Панҷ соли 2012 ба Бойсариев Муҳамади Султонмуродович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

********

Шиноснома бо силсилаи А ва рақами 00406622, ки онро ШВКД Сино 1-и ноҳияи Синои пойтахт соли 2016 ба Раҳмонов Мӯнис Амирхонович додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

Лукан

Инсон мемирад, амалаш мемонад.

******** Кӯзаи сӯрох пуроб намешавад. ******** Тобеи худ шудан беҳтар аст аз ҳокими худ будан. ******** Ҳар кас қувваву қудрати худро эҳсос мекунад. ******** Ба мирандаҳо аз арзишҳои ҷовидона ҳарф зан. ******** Рӯҳ аз фараҳ нерӯ мегирад. ******** Ҳама касу ҳама чизро табиат комил мегардонад. ******** Дурӯғро далел инкор мекунад. ******** Мирандаҳоро марги ногузир интизор аст. Марг намемирад.

******** Лукретсий

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 22 сентябри соли 2014 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16, ошёнаи 1

И.В.САРМУҲАРРИР Шодихони НАЗАР

- Ба кӯча бароед, ҳозир мошини сабукрави ранги сабздошта шуморо ба ҷои даркорӣ мебарад. Дар хотир дошта бошед: ба касе чизе нагӯед! Ин ба манфиати набераи шумост. Мошин ба гӯшаи дигари шаҳр рафта, дар назди бонк истод. Ронанда ангушташро ба лабонаш бурд. Пиразан низ ба ӯ бо чунин ишора ҷавоб дод. Ӯ баъди ним соат аз бонк берун омад. - Ман рамзи (пин-коди) кортамро фаромӯш кардаам, - нафаси вазнин кашида гуфт пиразан. – Ба бӯстонсарой рафтан даркор аст, ман рақами онро дар дафтаре навишта он ҷо монда будам... Бӯстонсарой дар масофаи зиёда аз 30 километр аз шаҳр дур буд. Пиразан аз он ҷо бо якчанд сумкаҳои пур аз картошкаву пиёз берун омад. - Инҳоро ба мошин гузору рафтем, - гуфт ӯ ба ҷавони хасташуда. - Ба бонк? – пурсид ҷавон. - Ба хона, - гуфт пиразан. – Бо сумкаҳои пури картошкаву пиёз чӣ хел ба бонк меравем?! Дар роҳ дар назди мағоза каме бозист, нону шир хариданам лозим... Ронанда қавоқ андохтаву чизе

нагуфт. Ҳаво торик мешуд. Ҷавон хеле асабонӣ шуда буд, аммо пиразан сокиту ором буд. - Бекор нашин, биё кӯмак кун, гуфт пиразан ҳангоми аз мошин берун шудан. Ва ҷавони қаллоб мутеона сумкаҳоро бардошта, то ошёнаи панҷум баровард. Дар он ҷо бошад, онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки либоси низомӣ ба бар доштанд, интизор буданд. - Охир набераи шумо... – саросемавор гуфт ҷавони қаллоб. - Ман ягон хел набера надорам, - оромона гуфт пиразан. – Балки он мисли ҳамон садамаву талафоти ҷонии шумо як чизи бофта аст... Ман дарҳол найранги шуморо пай бурдам. - Пас ба бонк рафтан чӣ маъно дошт? - Ман бояд пули хизматрасонии барқу телефонамро пардохт мекардам. - Барои чӣ ба бӯстонсарой рафтед? - Барои ба хона овардани картошкаву пиёз, - бо ҳамон тамкини пешакӣ гуфт пиразан. – Акнун бо инҳо рав! Ман, тавре ту гумон мекунӣ, пиразани хонашин не, балки афсари дар истеъфо буда ҳастам.

ДАЪВАТ БАРОИ ИДОМАИ ТАҲСИЛ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳайати консорсиуми байналмилалӣ, ки иборат аз панҷ донишгоҳи Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон, Эстония ва Чехия мебошад, бо дастгирии барномаи «Эрасмус+» дар асоси барномаи таълими магистрҳо бо тахассуси мутолиаи аврупоӣ, хоҳишмандонро барои идомаи таҳсил дар соли 2018 даъват мекунад. Пас аз хатми магистратура ба толибилмон дипломи маълумоти олӣ бо унвони магистр дода мешавад. Тест ва суҳбатҳо дар даҳаи аввали моҳи августи соли 2018 сурат мегирад. Барои маълумоти иловагӣ ба факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муроҷиат кардан мумкин аст. Роҳбари илмии барнома профессор, доктор Валтер Шмитд, аз Донишгоҳи техникии шаҳри Дрезден (Олмон) маҳсуб меёбад. Шахси мутасаддӣ барои иртибот: Алла Аслитдинова, тел. 918-63-26-86. Почтаи электронӣ: a.aslitdinova@mail.ru Марҳамат, занг занед, муроҷиат намоед.

√ СӮГВОРӢ Ҳайати кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бинобар сабаби даргузашти БАРОДАРАШ изҳори тасаллият намуда, ба марҳум охирати обод ва ба наздиконаш сабри ҷамил хоҳонанд.

ҲАЙАТИ МУШОВАРА:

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА (Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа), Нуриддин САИД (вазири маориф ва илми Тоҷикистон), Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА (раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Маҳмудҷон УСМОНОВ (муҳаррир), Толибшоҳи ДАВЛАТ (котиби масъул), ШАҲЛО ЭШОНОВА (муҳаррири шуъбаи иқтисод ва иҷтимоъ), Хуршед МАВЛОНОВ (муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсат), Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ (муҳаррири шуъбаи ҳаёти ҷавонон), Нуруллоҳи ОРИФ, Хуршед ХОВАРӢ, Шаҳбози АСОМИДДИН, Меҳрубон ИМОМОВА, Муниса ДОДОВА, (хабарнигорон), Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ (саҳифабанд), Меҳроб АЗИМОВ (рассом), Машҳур ИМОМНАЗАРОВ (хабарнигор, ВМКБ), Шодмон НУРМАТОВ (хабарнигор, вилояти Суғд) Фирӯз АБДУРАҲМОНОВ (хабарнигор, вилояти Хатлон).

Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст.

Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст.

Индекси обуна: 68857

Тел: 908 85-85-93, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар КТН «Шарқи озод» (хиёбони Саъдии Шерозӣ-16) бо теъдоди 3999 нусха ба нашр расид.

Ҳисоби бонкӣ: с/ҳ №20202972500232101000, ҳ/х 20402972316264, РМА030000301, РМБ350101626. БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.