Javonon №10 (9332), 6.03.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

1

№10 (9332),

6 марти соли 2014

туризм

ободонӣ

Бунёди боғи “Сеҳазорсолагии Ҳисор”

1 марти соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи “Сеҳазорсолагии Ҳисор” оғоз бахшид, ки дар майдони 3 ҳазор гектар доман паҳн хоҳад кард. Сарвари давлат ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дӯстдорони шуғли ниҳолпарварию боғдорӣ нахустин ниҳолҳои боғи навро шинонда, изҳори боварӣ намуд, ки танҳо аз ҳисоби содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервашуда ояндаи наздик қудрати содиротии кишвар афзун ва ҳазорон ҷойи кори нав муҳайё мегардад.

ҳамдардӣ

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Субҳи 5 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014” расман ба кор оғоз кард. Дар он намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур пайдо намуданд.

Муаррифии Тоҷикистон дар Олмон

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар он гуфта мешавад, «хабари ҳамлаи ғаддоронаи террористиро ба шаҳрвандони бегуноҳи Чин дар истгоҳи роҳи оҳани Кунмин, ки дар натиҷаи он нафарони зиёд ҳалоку маҷруҳ шуданд, бо ғазабу андуҳ дарёфт намудам. Хоҳишмандам, ҷаноби Раис, ҳамдардии самимона ва амиқи моро бо сабаби ин фоҷеа қабул намуда, ба наздикону хешовандони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарди Шумо шарик ҳастем».

маориф

Дастоварди хонандагони мамлакат дар Қазоқистон

Хонандаҳои синфҳои 9-11-и литсей-интернатҳои президентӣ барои бачаҳои лаёқатманди шаҳрҳои Душанбе ва Чкалов, Гимназияи Тоҷикистон, литсейи назди ДДТТ ва литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат аз олимпиадаи фанни риёзӣ, ки 27 феврал - 3 март дар Қазоқистон баргузор шуд, 14 медал (8 нуқра, 6 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

обуна-2014


«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

2

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

ТАСМИМ

Соли 2013: 621500 ҷавон маърифат андӯхтанд Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ доир ба Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, 26 феврали соли равон бо иштироки раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов, шарикони иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон мизи мудаввар баргузор гардид. Зикр шуд, ки Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 ноябри соли 2012 ба тасвиб расидааст. Мақсади он фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалгардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон дар кишвар мебошад. Барнома, асосан, ба таъмини иҷтимоии ҷавонон равона гардида, аз 6 соҳаи афзалиятнок ва 32 вазифа иборат буда, амалисозии онҳо муддати се сол ба нақша гирифта шудааст. - Соли 2013 маблағгузории барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ 5 миллиону 99 ҳазору 800 сомонӣ пешбинӣ гашта, аз он 2 миллиону 429 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳо 621 ҳазору 500 нафар ҷавон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд, ки 40 фоиз ё 249

ҳазору 780 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, - гуфт Маликшо Неъматов. - Дар сатҳи кумита маблағгузории барнома 1 миллиону 686 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки пурра аз худ карда шуд. Дар доираи барнома тибқи тартиби муқараргардида 336 лоиҳа (чорабинӣ) амалӣ гардида, 157 ҳазору 52 ҷавон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд, ки 36,5 фоиз ё 57 ҳазору 280 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Дар татбиқи барнома дар сатҳи кумита аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 308 ҳазору 570 сомонӣ ҷалб гардид, ки бо ин маблағ корҳои зиёде амалӣ гардиданд. Яке аз соҳаҳои афзалиятноки барнома ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гаштааст. Ба ҳамин васила, бо мақсади ҷалби иштироки васеи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дастгирии лоиҳаҳои ташкилотҳои ҷавонон, аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои ҷавонон дар доираи

татбиқи Қонун «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» амалӣ гардонида мешавад. Зимни ҳамоиш Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зикр кард, ки “соли гузашта 17 лоиҳаи марказҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо маблағи 269 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 113 ҳазору 200 сомонӣ аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа, 57 ҳазору 77 нафар, аз ҷумла, 162 ҳазору 51 нафар духтар бо хизматрасонии алоқаманд фаро гирифта шуданд. Соли 2014 маблағи умумии лоиҳаҳои дастгиригардида 305 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки 17 фоизи маблағи умумии барномаро (дар як сол) ташкил медиҳад. Инчунин, интизор меравад, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо 150 ҳазор (соли гузашта 113 ҳазору 200) сомонӣ аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷалб мешавад”.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

МАОРИФ

e-mail: javonontj@mail.ru

Созмони талабагӣ 14-сола шуд Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти худидоракунии хонандагон - Созмони талабагии пойтахт ба номи Исмоили Сомонӣ 26 феврали соли ҷорӣ бахшида ба 14-умин солгарди ин ташкилот дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар узви фаъоли Созмони талабагӣ, намояндагони Раёсати маорифи Душанбе ва собиқадорон иштирок намуданд. Инчунин, нимаи дуюми рӯз дар толори “Маркази кӯдакон ва наврасон” маҷлиси тантанавӣ доир гашт, ки дар рафти он ба беҳтарин роҳбарони Созмони талабагӣ сипосномаю ифтихорномаҳо супорида шуд. Ташкилоти мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, №215 аз 26 феврали соли 1999 таъсис ёфта, ташкили кор, идора ва назорати фаъолияти рӯзмарраи он ба зимаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ гузошта шудааст. Дар пойтахт ин вазифаро

“Маркази кӯдакон ва наврасон” иҷро намуда, шӯрои шаҳрии Созмони талабагӣ низ дар заминаи он фаъолият мекунад. Фаъолияти созмон, асосан, дар муассисаҳои таълимӣ ба воситаи се зина - “Ахтарон” (хонандагони синфҳои 1-4), “Ворисони Сомониён” (5-9) ва “Сомониён” (10-11) амалӣ гардида, то ҳол шумораи умумии аъзои он дар пойтахт 116 ҳазору 439 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Эҳёи қолинбофӣ дар Суғд Дар низоми дурнамои рушди вилояти Суғд бо ибтикори раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок қарор гирифтааст. Аз ҷумла, барқарор намудани фарҳанги қадимаи қолинбофӣ дар вилоят имрӯз ҷойгоҳи хосаеро касб мекунад. Чанде қабл раиси вилоят гурӯҳи занони ҳунарманди қолинбофро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таълими ҳунари қолинбофӣ ба вилояти Суғд даъват шудаанд, ба ҳузур пазируфт. Тавре аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҳайати гурӯҳи мазкур се нафар зани моҳир дар арсаи қолинбофӣ - Эзадӣ Илоҳа Абдулсамад, Ранҷбар Аъзам ва Наврӯзӣ Марзия Ҳайдар аз ҷумлаи мутахассиони варзидаи қолинбофӣ дар шаҳри Шерози ин кишвари ба мо дӯст буда, барои тарбияи қолинбофҳо аз ҳисоби бонувони тоҷик даъват шудаанд. Дар ибтидои сӯҳбат Абдураҳмон Қодирӣ зимни хайрамақдам ва изҳори хушнудӣ аз ташрифи меҳмонон таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд давоми соли ҷорӣ ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан, қолинбофӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, ба таъкиди раиси вилояти Суғд, аз таҷрибаи қолинбофони эронӣ, ки дар ҷаҳон шӯҳрати хоса доранд, истифода бурда мешавад. Раиси вилоят бо ҳунармандони эронӣ бо ишора ба рушди саноати сабук ва ҳунари гилембофӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, эҷоди коргоҳҳои гилембофӣ ва сӯзанидӯзиро дар шимоли кишвар дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони эронӣ муҳим ва муассир арзёбӣ намуд. Номбурда афзуд, ки имрӯз дар ҷаҳон қолинҳои эронӣ аз нигоҳи сифат ва ороиш беназир буда, омӯзиши таҷрибаи онҳо имкон медиҳад, то дар Тоҷикистон низ ин намуди ҳунар рушду равнақи хоса касб кунад. Қолинбофони эронӣ дар ҷараёни сӯҳбат бо раиси вилоят барои таълими нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ба занони тоҷик изҳори омодагӣ намуданд ва ҳамзамон, аз даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хушнудии хешро баён доштанд. Қарор аст, ки занони ҳунарманди эронӣ дар давоми як сол дар се давра ба 120 нафар бонуи тоҷик дар қаламрави вилояти Суғд назокат ва ҳунари қолинбофиро таълим диҳанд.

Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»


3

ОМӮЗИШ

Рушди манотиқи кишвар 27-28 феврали соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ (МТС) симпозиум таҳти унвони “Рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо” доир гардид. Дар он намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Худойбердӣ Холиқназаров, директори МТС ба кори симпозиум ҳусни оғоз бахшида, мақсад аз баргузор намудани онро рушди минтақаҳои кишвар унвон кард. Султоншо Ҳамидов, сардори Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз баргузор гардидани чунин чорабинӣ истиқбол намуда, умедворӣ намуд, ки он дар рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ бетаъсир буда наметавонад. Дар симпозиум муовини вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов вобаста ба “Дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва дурнамои рушди он” маърӯза намуда, пешрафтҳои дар ин самт бадастомадаро қаноатбахш арзёбӣ кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Соли 2013 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 16 миллиарду 757 миллион сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 7,6 % зиёд аст. Соли сипаригардида истеҳсоли ғалла баробари 160 ҳазор тонна, картошка 125 ҳазор тонна, сабзавот 148 ҳазор тонна, зироатҳои полезӣ 30 ҳазор тон-

на, мева 15 ҳазор тонна ва ангур 8 ҳазор тонна афзуд”. Ба таъкиди Сиҷоуддин Исроилов вобаста ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ солҳои охир содироти он ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар идома Сиҷоуддин Исроилов изҳор дошт, ки соли 2013 дар кишвар афзоиши маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гӯшт 11 ҳазор тонна, шир 50 ҳазор тонна, пашм 189 ҳазор тонна, асал 227 тонна, моҳӣ 610 тонна ва тухм 52 миллион донаро ташкил додааст. Дар ин давра саршумори чорвои калон баробари 49 ҳазору 850 сар, чорвои хурд 174 ҳазору 340 сар, асп 547 сар, паранда 140 ҳазору 27 сар ва оилаи занбӯри асал 5 ҳазору 329 оила афзудааст. Дар симпозиум, ҳамчунин, як қатор масъулони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳа ва мутахассисони МТС роҷеъ ба роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва рушди минтақаҳои мамлакат маърӯза намуданд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Наҷотдиҳандагон омодагӣ диданд Баҳри дар ҳолати омодабош қарор доштан ва сайқал додани донишу малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 26-28 феврали соли равон машқҳои тактикии зимистонаи махсус оид ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шуд, ки дар он ҳайати шахсии наҷодиҳандагон фаъолона ширкат варзиданд. Машқҳои махсуси зимистона дар ду марҳила ҷараён гирифта, давраи аввал фарогири омӯзиши ҳайати шахсии ҷузъу томҳои фаврии кумита оид ба истифодаи автомошинаҳои махсуси ҳозиразамони бо таҷҳизот муҷаҳазгардида мебошад. Даври дуюми машқҳо дар Маркази таълимию методии кумита баргузор гардид, ки дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ тарзу усулҳои наҷотдиҳии сокинонро ҳангоми офатҳои табиӣ амалан намоиш доданд. Дар намоиши машқҳо дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии қисми низомии 45045-и кумита бо усулҳои гуногун ва маҳорати баланди касбӣ сокинонро аз мавзеи аз заминларза харобгашта наҷот дода, ба онҳо ёрии аввали тиббӣ расонданд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ мақсад

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

СИМПОЗИУМ

аз баргузор намудани чунин машқҳоро дар баробари сайқал додани маҳорати касбӣ, ҳамчунин, қудрати бартарафсозии ҳаводиси табиии бавуқуъомада арзёбӣ намуданд. Муовини раиси кумита, генерал майор Рустам Шоев, ки тамоми машқҳоро назорат мекард, онро як навъ намоиши қувваи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда номид. Рустам Шоев таъкид дошт, ки имрӯз кумита бо техникаҳои муосири наҷотдиҳӣ таъмин буда, ҳайати шахсии он ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё кумита чархбол дорад ё на, Рустам Шоев гуфт, ки онҳо бо Вазорати мудофиа ҳамкории зич доранд ва дар сурати зарурат аз чархболҳои ин вазорат истифода мебаранд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Директори Китобхонаи давлатии бачагона Қурбон Афғонов иброз дошт, ки эҳёи ин чорабинӣ, имкон медиҳад, ки тавассути шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ, тарғиби китоб ва дигар маводи иттилоотӣ дар байни кӯдакону наврасон, ташаккули ҳисси ифтихор аз забону миллати хеш, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтирому пос доштани якпорчагии кишвар бо ҳидояти каломи бадеъ насли навраси тоҷик ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ раҳнамун гардад. «Мақсади асосии баргузории Фестивали ҷумҳуриявӣ, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули маҳорату малакаҳои беҳтарини хониш, боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон, баҳрабардории ҳарчи бештар аз ганҷинаи бебаҳои ниёкон ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад», - афзуд Қ. Афғонов. Бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ «Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе», Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон», намоиш-фурӯши китобҳои бачагона таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» доир мегарданд,

Ҷалби наврасон ба китобхонӣ 27-28 феврали соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои кишвар дар мавзӯи «Китоб - равшангари дилҳо», дар доираи баргузории Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки 2 апрел ба нақша гирифта шудааст, доир гардид. ки бетаъсир нахоҳанд буд. - Бо кӯшиши бевоситаи шоири зиндаёд Наримон Бақозода аввалин фестивал

таҳти унвони «Китоб ва мусиқӣ» баргузор гардида буд. Устод баҳри ташвиқу тарғиби китоби кӯдак талош намуда, ба

ин васила пуле байни хонандаи наврасу адибонро фароҳам кард. Баъдан мақому манзалати фестивал бо ҳамкорӣ ва дастгирии бевоситаи директори Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагона Қурбон Афғонов боло рафта, Фестевали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ном гирифт. Имсол ин феставал 70-сола мешавад ва дар тӯли таърихи тӯлонӣ мақомашро байни аҳли адибону хонандагон ва аҳолӣ мустаҳкам намудааст, - гуфт зимни суханронӣ нависанда Маҷид Салим. Ба гуфтаи Хайринисо Раҳимова, китобдори Китобхонаи бачагонаи вилояти Суғд фестевали ҷумҳуриявӣ чун дигар манотиқи кишвар ҳамасола дар вилояти Суғд дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардида, дар тарғиби осори наву ҷолиб, падидаҳои нав аз ҳисоби кӯдакону наврасон, ошноии наврасон бо адибону олимон нақши назаррас мебозад. Боиси харсандист, ки имрӯз чун пештара мардум ба китоб меҳр дораду китобро анису маслиҳатгари худ меҳисобад.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

СЕМИНАР


«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

4

кадрҳои ҷавон

Табиби ман – ҳабиби ман! Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа хонда, борҳо таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавон бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёт мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор бигиранд. Яке аз ҷавонони фаъоли кишвар Хуршедҷон Ғафоров аст. Ӯ корманди Маркази миллии тибии ҷумҳурӣ буда, аллакай, ҳамчун табиби ҳозиқ ном баровардааст. Хуршедҷон дар ин марказ 3 сол боз фаъолият мекунад. Ӯ 24 декабри соли 1981 дар оилаи табиб ба дунё омадааст. Оиладор буда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯст. Падараш Олимҷон Ғафоров номзади илмҳои тиб аст. Бародараш Умедҷон низ номзади илмҳои тиббӣ буда, айни ҳол дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия фаъолият мекунад. Хоҳараш омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мебошад. Ҳамсараш Мадина Ғафорова низ табиби дандонпизишк аст. Хуршедҷон факултаи стоматологии шуъбаи хуҷандии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Ҳоло дар Маркази миллии тиббии ҷумҳурӣ ҳамчун ҷарроҳи ҷоғар фаъолият мекунад. Дар муддати се соли фаъолият 38 нафар бемори вазнинро табобат кардааст. Ҳамзамон, Хуршедҷон Ғафоров

таҳти роҳбарии профессорони илми тиб Маҳмадназар Шокиров ва Мансурҷон Мирзоев ба кори илмӣ машғул аст. Ӯ дар мавзӯи “Бемории саратони минтақаи рӯй” пажуҳиши илмӣ анҷом дода, моҳи равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия рисолаи номзадӣ ҳимоя хоҳад кард. Профессор М. Шокиров, ки ҳамзамон, 5 нафарро роҳбарӣ мекунад, ояндаи Хуршедҷон Ғафоровро дурахшон мебинад. Ӯ мегӯяд: “Хуршедҷон соҳиби қобилияти баланд буда, метавонад дар муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳои беназир ноил гардад. Умед дорем, ки пажуҳишҳои минбаъдаи Хуршедҷон Ғафоров дархур ва гиреҳкушои илми тиб хоҳад гашт”.

Толиб ФОЗИЛОВ, “ҶТ”

ҲУШДОР

Атрҳои қалбакӣ бо акси ситораҳо

туризм

Мардуми мо тибқи одати дерина дар арафаи ҷашн ва иду хурсандиҳо ба ҳамдигар атру собун ва воситаҳои ороишӣ ҳадя мекунанд. Бамаврид истифода бурдани хушбӯиҳо суннати Пайғамбар (с) аст.

Муаррифии Тоҷикистон дар Олмон

e-mail: javonontj@mail.ru

Субҳи 5 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014” расман ба кор оғоз кард. Дар он намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур пайдо намуданд.

Мутаасифона, иддае аз тоҷирон аз меҳру муҳаббати мардум нисбат ба хушбӯиҳо сӯиистифода карда, атрҳои пастсифатро бо ороиши зоҳирӣ пешкаши харидорон мегардонанд. Чанде пеш нозирони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишӣ-гигиении назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ зимни санҷиши навбатӣ дар бозори «Корвон» як миқдор маводи ороишӣ гигиениеро дарёфт намуданд, ки бо роҳи қочоқ ба кишвар ворид шуда, сертификати мутобиқати сифат надоранд. Дар аксари қуттиҳои маҳсулоти дарёфтшуда акси ҳунармандони эстрадаи тоҷик, аз қабили Садриддини Наҷмиддин, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё ва ғайра ҷой дода шудаанд. Маҳсулоти мазкур ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набуда, сифаташон хеле паст аст. Тавре аз маркази иттилоотии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба мо хабар доданд, минбаъд низ кормандони ин ниҳод ба сифати маҳсулоти ороишӣгигиенӣ диққати зиёд медиҳанд. Бинобар ин, аз ҳама шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки зимни харидани маҳсулоти ороишӣ-гигиенӣ аз фурӯшанда ҳатман сертификат талаб намоянд. Ҳангоми дучор омадан ба маҳсулоти шубҳанок ва пастсифату қалбакӣ ба телефони «Боварӣ» - 907577031 хабар диҳанд. Агар ҳар як ҳаридор ҳушёрӣ нишон дода, нисбат ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд, бозори маҳсулоти қалбакӣ касод шуда, дигар ба ҷумҳурӣ ворид намешавад.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

Ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиши калонтарини туристии олам, ки то 10 марти соли ҷорӣ идома меёбад, масъулини соҳа ва намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки имсол шумораи иштирокчиёни «ITB Berlin” наздик ба 200 ҳазор нафар расид. Масоҳати умумии он 160 ҳазор метри квадратиро ташкил дода, субъектҳои хоҷагидори алоқаманд ба соҳаи туризм лавҳаҳои тарғиботии худро дар он оро додаанд. Лавҳаи тарғиботии ҷумҳурии мо дар майдони 40 метри квадратӣ доман паҳн кардааст. Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin” як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти туристии давлатҳои аъзои Созмони

умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндагони кишвари мо дар он соли ҳафтум аст, ки ширкат менамоянд. Дар доираи баргузории намоишгоҳ, зуҳри дирӯз мулоқоти вазирони туризми мамлакатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардид. Пасфардо Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо “ITB Berlin” роҳандозӣ мешавад, барпо мегардад. Ҳамчунин, мулоқоти Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки ҳайати ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад, бо намояндагони ташкилоти байналмилалии бонуфузи сайёҳӣ ва роҳбарони соҳаи туризми як қатор давлатҳо дар назар аст.

Самариддин АСОЗОДА, шаҳри Берлин


Баъзе сохторҳо хунукназарӣ мекунанд Дар пешрафту густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ баргузории намоишгоҳҳо нақши муҳим мебозанд. Аз 4 то 8 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии тиҷоратӣ ва саноатӣ зери унвони «Сайёҳӣ ва армуғон» доир мегардад. Ба ин муносибат дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид иброз дошт, ки ин нахустин намоишгоҳи ихтисосӣ дар соли равон буда, дар он қариб 40 ширкат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок мекунанд. Боиси хушнудист, ки дар қатори ширкатҳои тиҷоратӣ ширкатҳое ба намоишгоҳ омадаанд, ки хоҳиши ворид кардани таҷҳизот ва бунёди корхонаҳои муштаракро доранд. - Вақте як корхона бунёд шуд, даҳҳо нафар соҳиби ҷои кор мешаванд, - гуфт Шариф Саид. - Ҷои кор шуд, маош мешавад, сатҳи зиндагӣ баланд ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон васеъ мегардад. Сардори намояндагии ширкати «Суруши байналмилал» дар Тоҷикистон Муҳаммади Имронӣ иброз дошт, ки дар намоишгоҳ ширкатҳо аз вилоятҳои Теҳрон, Албурз, Озарбойҷони Шарқӣ, Форс, Гулистон, Исфаҳон ва Хуросони Разавӣ иштирок мекунанд. Ҳадаф аз иштирок дар ин намоишгоҳ на танҳо фурӯши маҳсулот ва бозорсанҷӣ, балки

эҷоди корхонаҳои саноатӣ низ мебошад. - Тоҷикистон аз лиҳози имконоти туристӣ дорои захираҳои фаровон аст, вале муаррифии захираҳои туристии Тоҷикистон ҳанӯз ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст, - гуфт Муҳаммади Имронӣ. - Аз ин рӯ, мо умедворем, ки

ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ фаъолона иштирок намуда, имконоти худро ба ҳамтоёни эронӣ ва дигар иштирокчиёни намоишгоҳ муаррифӣ мекунанд. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Карамалиев

иброз дошт, ки соли 2013 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон ба 293 миллион доллар расид. Дар назар аст, ки 10-13 март як ҳайати тиҷории Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарии раиси утоқи тиҷоратии ин кишвар ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишварҳои узви ЭКО ба Тоҷикистон меоянд. Меҳмонони эронӣ бо роҳбарони вазоратҳои блоки иқтисодии кишвар мулоқот хоҳанд кард. - Пеш аз баргузории ҳар як намоишгоҳ мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ нома навишта, хоҳиш мекунем, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани намоишгоҳ мусоидат намояд, - гуфт А. Карамалиев. – Ҳамчунин, ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ даъватнома менависем. Иштироки фаъоли намояндагони вазоратҳо ба ҳисси масъулиятшиносии онҳо вобастагӣ дорад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, соҳибкорони эронӣ вақту маблағи зиёд сарф намуда, ба намоишгоҳ меоянд, вале баъзан соҳибкорону намояндагони баъзе вазоратҳо хунукназарӣ карда, ба намоишгоҳ намеоянд. Дар назар аст, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии «Сайёҳӣ ва армуғон» мулоқоти соҳибкорони тоҷику эронӣ баргузор шавад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

5

намоишгоҳ

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Зуҳра Ғуломӣ, коршиноси фурӯши маҳсулоти гурӯҳи бозаргонии «Ориён»: - Ширкати холдингии бозаргонии «Ориён» 6 ширкатро дар худ муттаҳид намуда, ба содироти колоҳои гуногун машғул аст. Асосан, маҳсулоти сохтмонӣ, маводи кимиёӣ, маъданӣ, маҳсулоти нафтӣ содир мекунем. Бештар бо кишварҳои Афғонистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем. Гурӯҳи бозаргонии «Ориён» 20 сол аст, ки фаъолият мекунад ва дар ҳамаи кишварҳои номбурда намояндагӣ дорад. Теъдоди кормандонаш аз 500 нафар зиёд аст. Дафтари марказии ширкат дар шаҳри Машҳад аст, ки баъ-

Ҳусайни Туробӣ, менеҷери Ширкати хӯроки чорвои «21 Байзо»: - Ширкати мо дар шаҳри Шероз воқеъ буда, истеҳсоли хӯроки чорво, паранда ва обзиён (моҳӣ, ҷонварони обӣ)-ро ба роҳ мондааст. Алъон ба кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Ироқ, АМА, Салтанати Уммон ва Афғонистон маҳсулот содир мекунем. Як миқдор аз маводи аввалияро аз Бразил, Аргентин, Перу ва Куба мехарем, қисми дигар аз сарф то маҳсулоти тайёр дар ҶИЭ тавлид мешавад. Дар ин маҳсулот тамоми ниёзмандиҳои ҳайвонот, аз қабили сафеда, протеин, карбогидрат, витамин ва калория (қувватнокӣ) мавҷуд аст. Ширкатҳое, ки аз мо маҳсулот мехаранд, нафъи зиёд мебинанд. Зеро мурғ ва ё чорво дар муддати нисбатан кӯтоҳ вазни зиёд гирифта, арзиши аслии онҳо поён меравад. Фарз кардем, агар арзи-

ши аслии як кило гӯшти мурғ 15 сомонӣ бошад, он 10 сомонӣ мешавад. Ҳоло дар ширкати мо 150 нафар машғули коранд. Ман бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон омадам. Умедворам, ки ин намоишгоҳ имконияти хубе мешавад барои дарёфти шарикони ҳамкор ва рушди тиҷорат.

Мустафо Исҳоқободӣ, намояндаи Ширкати саноатии «Пӯхти Машҳад». - Ширкати мо тавлидкунандаи таҷҳизоти нонпазӣ, хамиргириҳои мухталиф, кекс ва кулчапазӣ мебошад. Тайи 30 соли фаъолият Ширкати «Пӯхти Машҳад» дар бозори ҷаҳонӣ муштариёни зиёде пайдо кардааст. Мо ба Амрико, Олмон, Дания, Шведсия, Италия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ироқ, Афғонистон, Туркманистон маҳсулот содир мекунем. Дастгоҳҳои мо ҷавобгӯи стандартҳои аврупоӣ буда, сифаташон олӣ ва нархашон арзонтар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бозори «Панҷшер»-и шаҳри Душанбе намояндагӣ дорем. Ман бори дуюм аст, ки дар намоишгоҳи Тоҷикистон ширкат меварзам. Дар намоишгоҳи қаблӣ

7 корхонаи хурди нонпазӣ бо таҷҳизоти корхонаи мо муҷаҳҳаз шуданд. Иншоаллоҳ, дар ин намоишгоҳ низ ҳамкорони нав пайдо мекунем.

низ мехаранд. Агар берун аз Тоҷикистон низ намоишгоҳ доир гардад, мо омодаем, ки фаъолона ширкат варзида, маҳсулотамонро муаррифӣ намоем.

Абдулҳамиди Абдуҷаббор, масъули фурӯши Ширкати «Тоҷпласт»: - Дар ширкати мо истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ, лӯлаҳои диаметрашон 20 то 500 мм. ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, зарфҳои обгирии аз 100-литра то 20-тоннаӣ истеҳсол мекунем. Мо бо ширкатҳои «Карпласт», «Воҳидпласт» ва «Обгустар»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ дорем. Дар он ҷо бо технологияи истеҳсоли «пашми шиша» (стеклопласт) шинос шудем. Мақсад дорем, ки тавлиди онро дар корхонаамон ба роҳ монем. Фарқи маҳсулоти номбурда аз дигар маҳсулот дар он аст, ки истифода бурданаш осон ва кафолаташ тӯлонӣ мебошад. Лӯлаҳои полиэтиленӣ қариб 100 сол кафолат дода мешавад. Дар сардии то 35 дараҷа ва гармии то 70 дараҷа тобоваранд. Ҳоло маҳсулоти ширкати моро ғайр аз кишвари худамон дар Қирғизистону Афғонистон

Хайрмуҳаммади Хайрхоҳ, масъули фурӯши ширкати «Имон. Тиҷорат. Рӯшан»: - Ширкати «Имон. Тиҷорат. Рӯшан” навъҳои гуногуни равғани «Хазар»-ро истеҳсол мекунад. Ин равған ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон зиёд содир мешавад. Ширкати мазкур дар Тоҷикистон зиёда аз 15 сол боз фаъолият мекунад. Хеле хушнудем, ки дар ҳар хонаводаи тоҷик дар арафаи иду хурсандиҳо бо равғани «Хазар» кулчаҳои қандин, торт ва дигар шириниҳо мепазанд. Сифати равғани «Хазар» хеле олӣ буда, он барои ҳифзи саломатӣ мусоидат мекунад. Боварӣ дорем, ки дар арафаи Рӯзи модар ва Наврӯз низ маҳсулоти аз равғани хушсифати «Хазар» тайёршуда дастурхони оилаҳои тоҷикистониро оро медиҳанд.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Имконият барои рушди тиҷорат

Дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратӣ ва саноатӣ бо номи «Сайёҳӣ ва армуғон», ки 4 март дар “Кохи ди Теҳрон дуюмин шаҳри бузурБорбад” оғоз шуда, то 8 март ги Эрон ба шумор меравад. идома меёбад, ширкатҳои зиёде Мо ҳар сол дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат меварзем ва маҳсулоташонро муаррифӣ умед дорем, ки дар ин намоишгоҳ хоҳанд кард. Мо бо чанд тан низ мо шарикони нави тиҷоратӣ аз иштирокчиёни намоишгоҳ пайдо мекунем. мусоҳиб шуда, фикру мулоҳизоташонро оид ба ин чорабинӣ пурсидем.


«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

6

8 МАРТ – РӮЗИ МОДАР Cоати 3-и шаб занги телефон баланд мешавад. Писар гӯшаки телефонро бардошта, овози модарро мешунавад: - Фарзандам, саломатиат хуб аст? - Хубам, ягон воқеа рӯй дод? - Шукр, тинҷист, танҳо хостам овозатро шунавам. - Модар, барои овози маро шунидан дар нисфи шаб занг заданат шарт буд? Аз овози писар оҳанги нороҳатиро модар эҳсос кард ва пурсид: - Писарам, нороҳатат кардам? - Бале, модар, нороҳат кардӣ. - Писарам, 22 сол қабл, ҳамин шаб ту ҳам маро нороҳат карда будӣ. Зодрӯзат муборак! Писар ба худ омаду гуфт: - Мебахшед, модарҷон! Модар бо садои ҳамеша меҳрубонаш гуфт: - Ҳеҷ гап не, писарам, шаб ба хайр, ором бихоб. Аммо хоб аз чашмони писар дур ва шаб ба назараш чун сол намуд. Саҳар сӯйи хонаи модар шитофт, хост аз модар узр пурсаду ташаккур гӯяд. Вале чун он ҷо расид, дид, ки дасти модар болои телефон ҷон ба ҷонофарин супоридааст.

модар ба маркази мо оварда шуданд. 3 нафарро бозпас гирифтанд, 5 нафараш ба хона-интернатҳои барои калонсолон фиристода шуданд. Чунин ҳолат солҳои пеш дар ҷумҳурии мо қариб ба чашм намерасид. Мутаассифона, имрӯз тоҷикон низ ба чунин амал даст мезананд. Мо набояд худамонро ба мардуми русу Аврупо баробар кунем, чунки ин ба шаъну шарафи мо, тоҷикон намезебад. Ҳоло як қисм фарзандон хонаҳои модарони худро мефурӯшанд. Баъд аз фурӯхтан ҳам худашон дар кӯча мемонанду ҳам модаронашон. Дигар чорае наёфта, волидайни худро ба хонаи пиронсолон меоранд. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки онҳо модарони худро дар кӯча намепартоянд. М. Сатторова ҳикоят кард, ки «дар утоқи корӣ нишаста машғули кор бу-

партовгоҳҳо сайру гашт мекунанд, ки чунин либоси зебою шинам ба бар намекунанд ва ҳам надоранд. Аз ин суханҳои ман зан дар ҳиҷолат монда, даступо хӯрд ва асабонӣ шуда, гуфт: - Хайр, қабулаш мекунед ё не, ман вақти зиёд надорам. Ман гуфтам: - Майлаш, ман ин кампиракро қабул мекунам, лекин шумо ягон ҳуҷҷат монед, чӣ гапу хабаре шавад, ман шуморо ёфта, хабар медиҳам. Зан саросема шиносномаи худро гузошта рафт. Аз байн як ҳафта гузашт, вале аз зан хабаре нашуд, ҳатто ӯ барои гирифтани шиносномаи худ боре ҳам наомад. Баъди чанде ҷавони хушқаду қомате ба утоқ даромад. Баъди аҳволпурсӣ гуфт, ки апа,

Ҳақиқатан, дар ҷомеа фарзандони сангдил бисёранд. Онҳо на ин ки ба қадри модари худ намерасанд, балки онҳоро ранҷу азоб ҳам медиҳанд. Солҳои охир фарзандони модарбезор зиёд ба чашм мерасанд. Бархе ҳатто модарони худро ба хонаи пиронсолон месупоранд. Мунавара Сатторова, сардори Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз ин амали ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. - Соли 2013 аз тарафи фарзандон 8

дам, ки зани миёнасоли хушқаду қомат ҳамроҳи кампираке ворид шуданд. Зан салом надода, зуд ба гап даромад: - Муаллима, ман ин кампиракро аз «мусорка» ёфтам. Шумо ба хонаи калонсолон қабул карда метавонед? Ростӣ, ман аз чунин суханон дар ҳайрат афтода, чанд сония хомӯш монда, баъд ба ӯ гуфтам: - Мебахшед, апаҷон, ин кампирак ба шахсе, ки дар партовгоҳҳо гашту гузор мекунад, монанд нест, чунки сару либосаш тозаю озода аст. Шахсоне дар

шиносномаи модарамро медиҳед? Маълум шуд, ки модари ӯ ҳамон зане будааст, ки кампиракро як ҳафта пеш оварда буд. Ман аз ҷавон пурсидам, ки барои чӣ модарат барои гирифтани шиноснома худаш наомад ва ин кампирак кист? Ҷавон дар ҷавоб гуфт: - Модарам омада наметавонад ва ин кампир бибии ман мешавад... Баъди шунидани ҷавоби ҷавон ҳайрон шуда, ба худ гуфтам, ки чӣ гуна ин зани беинсоф тавониста, ки модари худро «аз мусорка ёфтам» гӯяд. Чӣ гуна тавонист,

Фарзандони модарбезор

модареро, ки ӯро ба дунё оварда, чандин сол бо душвориҳо тарбия кард, дар интернат партояд. Аз ҷавон пурсидам, ки бибиаш ғайр аз модари ӯ ягон фарзанди дигар дорад? Ҷавон гуфт: - Бале. Як писар дорад, дар Беморхонаи “Қарияи боло” духтур шуда, кор мекунад. Аз ҷавон ному насаби он мардро гирифта, ба сардухтури беморхона занг зада, пурсидам, ки чунин коргар доранд? Ӯ гуфт, бале, кор мекунад. Ба сардухтур гуфтам, ки ба ин коргаратон аз номи ман «ташаккури зиёд» расонед, чунки модарашро оварда, дар хонаи пиронсолон партофтааст. Баъд аз чанде ҷавон, намедонам номусаш омад, ё ин ки аз ҷойи кораш тарсид ё сардухтур ӯро сарзаниш кард, ки омада, модарашро ба хонааш бурд. Вақте ки ҷавон барои бурдани модараш омад, пурсидам, ки чаро шумо бо модари хеш чунин кардед? Ӯ ҷавод дод, “модарам ҳамеша тарафи духтарашро мегирифт ва ман мақсад гузоштам, бигзор духтараш вайро нигоҳубин кунад”. Духтар дар як хонаи танг, ҳамроҳи писару келину набераҳояш зиндагӣ мекунанд. Яъне, ӯ худаш шароити хуб барои зиндагӣ кардан надоштааст. Бадии кор дар ҳамин, ки хонаи он мард аз кампир будааст. Яъне, кампирро аз хонаи худаш пеш кардаанд. Биёед, ҳар лаҳзаи бо мо будани модаронро ғанимат дониста, хизмати онҳоро аз таҳти дил ба ҷо орем ва дуои эшонро бигирем, то дер нашавад... Қалби пурмеҳри модар то абад осуда нест. Қалби ӯ дар зери хок ҳам ёди фарзандон кунад!

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

КОНФРОНС

Бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба истиқболи Рӯзи модар, таҳти номи “Солимии зансолимии ҷомеа” конфронси илмӣ ва фарҳангӣ доир гардид. Дар он табибони шинохта, адибон, ноибони ректорони як қатор донишгоҳҳои олии кишвар оид ба тарбия ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Солимии зан – солимии ҷомеа

Сӯҳбатро ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ Убайдулло Қурбонов ифтитоҳ бахшида, иброз дошт: “Агар зан, бону ва модар аз нуқтаи назари анатомӣ, физиологӣ ва равонӣ солим ба воя расад , албатта, дар оянда насли солим ба дунё меорад. Насл, агар солим бошад, ҷомеа ҳам солим аст”. Дилрабо Қодирова, мудири кафедраи тибби оилавӣ дар мавзӯи “Солимии зан - солимии ҷомеа” маърӯза намуда, нақши занонро дар рушду пешрафти ҷомеа баланд арзёбӣ кард. Агар рушди ҷомеа аз пешрафту шукуфоии оила сарчашма гирад, бегумон, асоси оиларо занон ташкил медиҳанд. “Яке аз масъалаҳои марбут ба оилаву оиладорӣ дар ҷомеа баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба солимии репродуктивӣ мебошад. Зеро сатҳи огоҳии занон нисбат ба донистани нишонаҳои хатар, ҳангоми

ҳомиладорӣ, муроҷиати саривақтӣ ба табибон, ҳолати солимии зан ва оилаи ӯ вобастагии зиёд дорад. Вазифаҳои муҳими табибони оилавӣ пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ мебошад. Онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки саводнокии тиббии аҳолиро баланд бардоранд, чунки саводнокии модар ба сиҳатии кӯдакон таъсир мегузорад. Дар таҳқиқоти олимон, ки дар маҷаллаи тиббии «Lancet» омадааст, яке аз сабабҳои аслии кам шудани фавти кӯдакон дар 40 соли охир, афзоиши шумораи модарони босавод мебошад”, - иброз дошт Д. Қодирова. Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20112020 амал мекунад, ки яке аз қисматҳои таркибии он “Зан ва тандурӯсти” ном дорад. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо

занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии тамоми ҷомеа аст, ҳолати равонии занону духтарон мебошад. Зиёд шудани ҳодисаҳои худкушӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, решаи равонӣ дорад. Пеш аз ҳама, хизматрасониҳои равонӣ дар ҷомеа бояд хуб ба роҳ монда шаванд. - Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 105 машваратхона ё марказҳои иттилоотию машваратӣ фаъолият доранд. Мақсад аз таъсиси онҳо расонидани кӯмаки равонию ҳуқуқӣ ба занону духтарон мебошад. Вале бо сабаби кам будани равоншиносон дар бораи фаъолияти пурсамари ин марказҳо сухан гуфта наметавонем, - афзуд М. Хидирова.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


лавҳа

Субҳ медамид. Чаҳ-чаҳи мурғони хушилҳон бо суруди дилнавози рӯди шӯху сармасти Ғунд ҳамнаво гардида, табъи касро болида менамуд. Тоҷинисо ин субҳ низ чун ҳаррӯза барвақт бархосту ба майдончаи варзишии назди хона баромада, каме машқи бадан кард. Сипас, ба манзил баргашта, субҳонаи тайёрнамудаашро рӯи миз ниҳоду аҳли оиларо барои тановул сари суфра даъват намуд. Пас аз хӯрдани наҳор ҳар кас пайи кору бори хеш шуданд… Тоҷинисо низ пас аз саранҷом кардани кору бори хона сӯи коргоҳ, ба идораи комиссариати ҳарбии вилоят раҳсипор гардид. Ба коргоҳ расиду мунтазири омадани ҳамкорон шуд. Ниҳоят ҳамкорон низ ҳозир шуданду сарвари шуъба ба ҳар яке супориш дода, пайи иҷрои онҳо равонаашон намуд... Ҳар рӯзи кори Тоҷинисо ҳамин минвол оғоз мегардаду анҷом меёбад. Тоҷинисо Алидодова аз зумраи он ҷавонзанонест, ки бо амри дил касби хеле нозуку бошараф ва дар айни замон сермасъул, хизмати ҳарбиро ихтиёр намудааст. Ӯ дар домони Хоруғи гулбасару зебо дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёна ва соли 1991 Донишкадаи забони русии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Душанберо хатм кардааст. Пас аз хатми донишкадаи мазкур ба зодгоҳаш бармегардад. Соли 1992 ӯро ба ҳайси коргузори шуъба дар комиссариати ҳарбии вилоят ба кор қабул мекунанд. Дар иҷрои вазифа худро шахси кордон ва хоксору фурӯтан нишон дода, ин рафтору кирдораш боиси ба вазифаи пурмасъултар таъин шуданаш мегардад. Моҳи ноябри соли 1992 ӯро ёрдамчии сардори шуъбаи кадрҳо таъин мекунанд, ки ин вазифаро то соли 2002 бо сарбаландӣ адо намудааст. Маҳорати кордонӣ, ҳалимию хоксорӣ ва ташкилотчӣ буданашро ба инобат гирифта, бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ӯро сардори шуъбаи кадрҳои ин коргоҳ таъин намуданд, ки алҳол ин вазифаро сарбаландона адо мекунад. Кордонию меҳнатдӯстии Тоҷинисост, ки кори шуъба хеле пешрав ва зерда-

стонаш ҳама супоришҳоро сари вақт ва бечуну чаро иҷро мекунанд. Дар баробари ин ҳама Тоҷинисо Алидодова ба тарбияи фарзандон дар оила эътибори ҷиддӣ медиҳаду онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳнатпазирӣ тарбия мекунад. Фарзандонаш Масрур ва Муносиб толибилмони мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ва Сабрина, хонандаи мактаб-литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ буда, намунаи ибрати дигаронанд. Чун аз вай суол кардем, ки фориғ аз кори идоравӣ ва рӯзгордорӣ чӣ шуғле меварзад, дар ҷавоб чунин гуфт:

- Чун бонуи хонавода ҳамеша кӯшиш мекунам, ки хӯрокҳои гуногуни болаззат тайёр кунам. Албатта, аксаран муваффақ мешавам. Ғайр аз ин, ба варзиш машғул мешаваму бозии волейболро меписандам. Ҳамчунин, адабиётро хеле дӯст медораму ашъори классиконро меписандам. Оре, ин бонуи ҳунар ва дар айни замон афсари ҳарбӣ варзишгари моҳир буда, соли 1998 дар ҳайати волейболбоздухтарони вилоят дар чемпионати ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст оварда, унвони Устоди варзишро соҳиб гаштааст. Ҳар амалро мукофотест. Хизматҳои софдилонаи подполковник Тоҷинисо Алидодова бо медалҳои «10-солагии ва 15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «65-солагии Ғалаба дар ҶБВ» ва Ифтихорномаҳои зиёде қадр гардидааст.

Роҳнамои бонувони Дарвоз Сурайё дастпарвари мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 1-и ба номи Акашариф Ҷӯраев буда, ҳангоми таҳсил ба касби хеле бошараф - омӯзгорӣ дил баст. Ҳамин меҳр ӯро соли 1982 ба даргоҳи Донишгоҳи омӯзгории пойтахт ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Сайриддин Айнӣ) овард. Панҷ соли таҳсил дар домони Душанбешаҳри гулпӯшу гулбасар ноаён паси сар шуду соли 1987 ин боргоҳи илму ҳунарро бо ихтисоси омӯзгори фанни химия тамом карда, ба зодгоҳаш бармегардад. Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси омӯзгори фанни химияи мактаби рақами 1-и маркази ноҳия шуруъ шуд. Бо ҳалимию хоксорӣ ва фурӯтанию ростқавлиаш дар андак вақт соҳиби иззату эҳтироми ҳамагон гардид. Зеро ба ҳар як соати дарсӣ бо омодагии комил ҳозир мешуду шогирдон низ фанни дарсмедодаи ӯро дуруст аз худ мекарданд. Ҳамаи ин аз нигоҳи роҳбарияти онвақтаи ноҳия ниҳон намонд. Ӯро чун кадри ҷавону лаёқатманд ба ҳайси котиби кумитаи комсомолии ноҳия таъин намуданд, ки ин вазифаро бо сарбаландӣ ва масъулият адо намуд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боз ба кори омӯзгорӣ мегузараду то соли 1995 ба толибилмон сабақ меомӯзонад. Сурайё аз соли 1995 то соли 2008 сарварии кӯдакистон ва мактаби миёнаи рақами 1-и маркази ноҳияро бо камоли кордонӣ ва ҳиссу масъулияти ватандӯстӣ адо намуда, кори ин муассисаҳоро пешрав сохтааст. Маҳорати хуби сарварӣ доштану ташкилотчии моҳир буданашро ба инобат гирифта, ӯро соли 2008 муовини раиси ноҳияи Дарвоз таъин намуданд, ки алҳол ин вазифаро бо ифтихор ва содиқона адо мекунад. Зимни мулоқоту вохӯриҳо занону ҷавондухтарони ноҳияро барои аз худ кардани касбу ҳунар ва илмомӯзӣ даъват менамояд. Боиси зикр аст, ки тайи ду-се соли охир беш аз 150 нафар ҷавондухтари ноҳия ба макотиби олӣ ва техникуми омӯзишгоҳҳои дохили кишвар шомил шуда, таҳсил доранд. Ҳамчунин, айни ҳол дар қаламрави ноҳия зиёда аз 30 нафар зан ба соҳибкорӣ машғул буда, беш аз 3 ҳазор бону дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия фаъолият доранд. Дар баробари кори заҳматписанди роҳбарии ноҳия Сурайё Шоева чун модар ба тарбияи фарзандон дар оила аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳар чор фарзандашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ тарбия менамояд. Дар ин кор ёвару мададгор ҳамсараш Шукрихудо Баҳриддинов (сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Роштқалъа) мебошад.

Сарчашмаи меҳру вафо Модар азизтарин мавҷудоти рӯйи замин аст. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббии фарзандон аст. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Таҷлили Рӯзи модар худ нишонаи эҳтиром ба ин олиҳаи пок аст, ки Худованд ба ӯ қудрати идома додани насли инсонҳоро додааст. Вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем. Ӯ доимо лаҳзаҳои шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамроҳи мост. Паёмбари ислом Муҳаммад (с) биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва

муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм, маърифат ва фарҳанг беш аз ҳазорҳо нафар зани донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мека-

Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ” шанд. Нақши модар, махсусан, дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Модар хуршедеро мемонад, ки ба тамоми олам нур мепошад. Ишқи ӯ чашмаҳои пурҷӯшро мемонад, ки дашту биёбон, саҳрои ноободро гулистон мекунад. Модарон на танҳо дар рӯзҳои иду маросими миллӣ, балки дар ҳама ҳолат сазовори ситоишу эҳтироми волоянд. Модарон хушбахтии хонадон ва равшангари дунёи ҳар яки моянд.

Валимад МУРОДОВ, омӯзгори МТМУ рақами 13-и ноҳияи Фархор

e-mail: javonontj@mail.ru

Шавқ, агар роҳбар шавад…

Ҳар гоҳе ки дар хусуси фаъолияти занону ҷавондухтарони ноҳияи Дарвоз сухан равад, номи Сурайё Шоеваро низ дар қатори дигарон ба забон меоранд. Зеро ӯ беш аз 25 сол аст дар рушду нумӯи ин диёри кӯҳистон саҳми босазо дорад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

7

ЗАНОН ВА ҶОМЕА


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

8

11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Ҳамагӣ панҷ сол дошт, ки ба мактаби миёна рафт. Ба хурдсолиаш нигоҳ накарда, ӯро ба синфи якум қабул намуданд. Ҳамагӣ понздаҳ сол дошт, ки донишҷӯ шуд. Ба шуъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики донишгоҳ қабул гардид. Ин охири солҳои шастуми қарни пешин буд. Соле пас ба ҳайси корманди техникии рӯзномаи онвақтаи «Пионери Тоҷикистон» ба фаъолият пардохт. Ҳамин тавр, рӯзона заҳмат мекашиду шабона таҳсил дошт. Овораи кору таҳсил гоҳо дар кӯчаҳои пойтахт сайругашт мекард. Бо адибони шинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон рӯ ба рӯ гашта, ҳайраташ меафзуд. Аз он ки чунин ашхоси бузургро аз наздик, бо чашм дидан мумкин. Дар идораи рӯзнома баъдан ба кори эҷодӣ гузаронда шуд. Адибони маъруф ба рӯзнома пайваста ташриф меоварданд. Гирди миз паҳлӯи кормандони рӯзнома нишаста, бо эшон чой менӯшиданд. Аз кору бор пурсон мешуданд. Ҳайрати Тоҷинисои наврас боз ҳам меафзуд. Ба тасаввуроташ намеғунҷид, ки бо шоири оламшумул Мирзо Турсунзода як ҷо нишастаю чой нӯшад. Охир вай як духтараки деҳотӣ, аз мавзеи Роҳатии канори пойтахт куҷою устоди бузург Мирзо Турсунзода куҷо? Вале ин ҳақиқат ва дар бедорӣ буд. Бо кӯмаки ҳамкорон ва маслиҳати устодони бузург батадриҷ, ба қавле, қаламаш торафт рост шудан гирифт. Навиштаҳояш ҳаводорони худро дошт. Маҳз ҳангоми фаъолият дар ин рӯзномаи мактаббачагон ба мавзӯъҳое даст зад, ки пасон барои навиштани китобҳо замина гузошта шуд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки барои мардуми собиқ шӯравӣ бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бештар маъруф аст, дар диёри тоҷикон 38 госпитали ҳарбӣ барои табобати захмиёни ҷанг таъсис ёфт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе. Дар госпитал баробари дигарон дар шифоёбии захмиён занони тоҷик ҳам саҳмгузор буданд. Ҳамчунин, солҳои душвори ҷанг

бисёр фарзандони бепарастор аз ҳар канору гӯшаи иттиҳод ба Тоҷикистон оварда шуда буданд. Як зани тоҷик, ки даҳ фарзанд дошт, аз ҳисоби чунин нафарон даҳ нафарро ҳамроҳи шавҳараш ба тарбия мегирад. Қатори фарзандони хеш онҳоро низ ба воя мерасонад. Дар бораи ин зан ва рафтори наҷибонаи ӯ матлабе ба нашр расонд. Бо унвони «Нома». Ин мақола мактубҳои он тифлонеро, ки зани тоҷик Бибиоиша Ҷӯраева ҳамроҳи шавҳари додситонаш Бобо Ҷӯраев солҳои ҷанг ба тарбия гирифта, ба воя расонда буданд, дар бар мегирифт. Солҳои душвори ҷанг мардуми ақибгоҳ сахт азоб мекашид. Чунки ҳама чиз ба фронт, барои ғалаба бар фашизми гитлерӣ фиристода мешуд. Хӯрокворӣ,

та хонд. Чун солҳои аввали донишҷӯӣ боз ҳайраташ афзуд. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки чунин олими маъруф ба ӯ, як духтари одӣ мактуб навишта бошад? Мактуби олим боис шуду Тоҷинисо баробари навиштани хабару мақолаҳо доир ба ин мавзӯъ низ факт гирд овард. Бо нафарони зиёд вохӯрд. Аз ҷумла, бо он зани тоҷике, ки даҳ нафар тифлони бепарастори аз ҳар канору гӯшаи иттифоқ омадаро чун фарзанд ба тарбия гирифта буд. Пасон дар ин бора китоб навишт. Бо номи «Меҳри модар». Китоб байни хонандагон хуш қабул гардид. Аз ҷумла, ба олим Б. Шермуҳаммадов, ки маҳз бо ҳидояти ӯ ба пайгирии ин мавзӯъ ҷаҳд намуд. Кору фаъолият дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» имкон дод, ки дар мавзӯъҳои дигар

сару либос намерасид. Он тифлакони бепарастор акнун ба воя расида, ҳар кадом ба мулкҳои бобоӣ - Русияву Украина, Белорусу Молдов ва дигар кишварҳои шӯравӣ рафта, рӯзгори худро барпо ва ба модархонди хеш чун арзи сипос нома менавиштанд. Ҳамаи ин дар навиштаи Тоҷинисо хеле дилчаспу табиӣ ва самимона тасвир ёфта буд. Ин матлаб сабаб гардиду олими маъруф Баҳром Шермуҳаммадов ба Тоҷинисои ҷавон мактуб навишт. Олим дар мактуби навиштааш чунин нигошта буд: «Тоҷинисои муҳтарам, ман дар «Пионери Тоҷикистон» хабаратонро зери унвони «Нома» хондам. Хабари пурмазмун ва ниҳоят пурқимат аст. Ба қавли ҳамкасбонатон, факти олиҷаноб! Ин мақолаатон махсусан ба ман, ки бачагиям дар солҳои ҷанг гузаштааст ва худ шоҳиди гуруснаву побарҳна гаштани садҳо бачаи кӯчаи сағирагӣ ҳастам, таъсири амиқе гузошт. Дар гузар - кӯчаи мо ҳам ҳамин гуна бачаҳои бепадару бемодари ҷумҳуриҳои ИҶШС зиндагӣ мекарданд. Дар ҳар як ҳавлӣ, дар ҳар як оила онҳоро дучор шудан мумкин буд. Тоҷинисои муҳтарам, барои як китоби хуб – китоби васфи дӯстии халқҳои советӣ ё худ корномаи қаҳрамононаи одамони ақибгоҳи фронт, бузургии ду дили фарзандони тоҷик «материал»-и пурқимате пайдо кардаед. Домани ин «материал»-ро сар надиҳед...» Мактубро гаштаю баргаш-

низ китобчаҳо таълиф намояд. Аз ҷумла, дар бораи бригадаҳои пудратӣ, тайёрии ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ. Нимаҳои солҳои ҳаштодум ӯро ба нашриёти «Ирфон» барои кор даъват намуданд. То оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин даргоҳ заҳмат кашид. - Вақте ки ҷанги дохилӣ торафт вусъат ёфтан гирифт, бисёр мутахассисони русзабон корро партофта, аз тарси ҷон ба ватани аҷдодии худ рафтанд, - рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро ба ёд оварда, нақл мекунад рӯзноманигори собиқадор Тоҷинисо Азизова. – Як қатор корхонаҳо, бо сабаби нарасидани ашё ва мутахассисон аз фаъолият бозмонданд. Дар нашриёти «Ирфон» ҳам чунин ҳолат рӯй дод. Корхона, қариб ки фаъолият намекард. Пас аз он ки задухӯрдҳо дар гирду атрофи шаҳр поён ёфта, ҳаёти шаҳр қадре муътадил гардид, Тоҷинисо барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба Иттифоқи рӯзноманигорони кишвар омад. Ӯро раиси онвақтаи иттифоқ Ҳаёт Давлатов хуш пазируфта, ба кор қабул намуд. Чанд муддат фаъолият намуда, бо тавсияи Ҳаёт Давлатов ба корхонаи давлатии «Тоҷиккоммунсервис», ки дар асоси муттаҳид намудани чанд соҳа таъсис ёфта буд, барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ фиристода мешавад. Дар ин ҷо ба дӯши ӯ вазифаи пурмасъул, мудири шуъбаи матбуот ва сардабирии маҷаллаи навтаъсиси «Шуълаи умед», ки аз фаъолияти кормандони соҳаи коммуналӣ ва газ мавод ба табъ мерасонд,

Хӯшаҳои сабз дар кӯлвори эҷоди ӯ гузошта мешавад. Пасон ин корхона барҳам хурда, Вазорати энергетика ва корхонаи «Тоҷикгаз» таъсис ёфт. Бо мурури вақт соҳаҳо ҷудо, сохторҳо тағйири ном карданд. Номи маҷалла ҳам иваз мегардад. Аввал «Нерӯ», пасон «Энергетика ва саноат». Аз соли 2007 то ба нафақа баромадан, яъне, соли 2011 ба ҳайси котиби матбуотии Вазорати энергетика ва саноат фаъолият намудааст. Чунин аст роҳи фаъолияти меҳнатии рӯзноманигор Тоҷинисои Азиз. Тавре дар боло ишора рафт, ӯ ғайр аз китобчаи «Меҳри модар» муаллифи китобҳои «Пудрати бригадавӣ» (1987), «Қарзи фарзандӣ» (1989), «30-солагии Исфарагаз»(2001), «Шуълаи умед» («2006), «Зан, ҷомеа ва нашъамандӣ» (силсилаи очерку мақолаҳо) мебошад. Махсусан, китоби “Шуълаи умед” мисли қомусест дар бораи соҳаи гази кишвар, сохтору кормандони маъруфи он. Дар китоби «Забони модарӣ» (2003) барои хонандагони синфи 3, ҳикояи хурди ӯ бо номи «Қасос» ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, нашриёти «Адиб» маҷмӯаи ҳикоёти ӯро барои хонандагони синфи томактабӣ бо номи «Кафши гурбача канӣ?» барои чоп ба нақша гирифтааст. Дар зиндагӣ чор фарзандро тарбия намуда, ба воя расонд. Ду писару ду духтар. Ҳарчанд бо пайраҳаи ӯ нарафтаанд, лек ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасбанд. Дар ҷодаи қаламкашӣ ду устод дорад. Ҳар ду низ аз аҳли қалам. Яке шои-

ра Гулрухсор, дигаре нависанда Кароматуллои Мирзо. - Ҳангоме ки дар мактаби миёна мехондам, устод Кароматуллои Мирзо дар мактаби мо омӯзгор буд, - рӯзҳои бачагию наврасиро ба ёд оварда мегӯяд, Тоҷинисои Азиз. – Вақте ки мактаби миёнаро хатм кардем, бо ташвиқи устод Кароматуллои Мирзо барои идомаи таҳсил шаҳр омадам. Ман донишҷӯ шудаму устод кори мактабро қатъ ва дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ба кори рузноманигорӣ оғоз кард. Аввалин навиштаҳоямро ӯ дида, маслиҳатҳо медод. Бо дастгирии ӯ навиштаҳоям хубтар мегардид. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» маҳз тавассути сахтгириҳои шоира Гулрухсор маҳоратам торафт такмил меёфт. Ба нафақа баромада бошад ҳам, наметавонад бекор нишинад. Бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳамкорӣ намуда, дар мавзӯъҳои муҳими рӯз менависад. Хусусан, мавзӯи муҳоҷират ҳоло бештар диққати ӯро ҷалб намудааст. Чунки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ чанд муддат ба Русия сафар намуда, аҳволи мардуми тоҷикро дар муҳоҷирату ғарибӣ бо чашми сар дидааст. Мехоҳад дар ин мавзӯъ бештар нависад. Собиқаи корӣ ва маҳорати хуби касбӣ дар ин ҷода ӯро мададрасон аст ва аз ин хотир кӯлвори ӯ пур аз хӯшаҳои сабзи эҷодист...

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


– Аз замони рӯи кор омадани шуъбаи матбуоти даврӣ ва мақсаду вазифаҳои имрӯзаи он чанд сухан мегуфтед? - Таърихи таъсисёбии шуъба бо таърихи бунёди китобхона, қариб ки тавъам аст. Танҳо дар миён чанд солест, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад, вале дар асл ҳар ду фарзанди як давраанд. Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон даргоҳи бузурги таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангии миллат буда, хазинаи умумиаш 6179338 нусха маводи чопӣ ва зиёда аз 3 миллион нусха ҳуҷҷату китобҳои электрониро дар бар мегирад. Ин даргоҳи муқаддас дар баробари нигоҳ доштани ганҷинаи безаволи миллат, инчунин, дар таҳкими тамаддун ва саводнокии аҳолӣ тавассути шуъбаҳо, марказҳо ва чорабиниву курсҳои омӯзишӣ нақши бориз дорад. Яке аз сохторҳои асосии китобхона шуъбаи матбуоти даврӣ мебошад, ки соли 1935 ҳамчун бахше аз шуъбаи нигоҳдории китоб бо мақсади фароҳамоварӣ, ҳифз ва барои истифодаи шаҳрвандон пешниҳод намудани хазинаи матбуоти даврӣ арзи вуҷуд кардааст. Соли 1977 бо сабаби ба маротиб афзудани теъдоди нашрияҳо ва муштариён, зиёд шудани иртиботи китобхона бо рӯзномаву маҷаллаҳои дохиливу хориҷӣ ва васеъ гардидани доираи фаъолияташ зарурати ба шуъбаи мустақил табдил додани он пеш омад. – Шуъбаи матбуоти даврӣ имрӯз кадом ганҷинаҳои нодири фарҳангиро дар худ маҳфуз доштааст ва фаъолияташ чӣ гуна роҳандозӣ мегардад? - Шуъбаи мазкур бойгонии азими нашрияҳои даврӣ мебошад. Дар он 735000 нашрияи гуногун маҳфузанд, ки 31380 нусхааш маҷалла, 99017 нусхааш нашрияҳои давомдор ва 21993 нусхааш рӯзномаҳо буда, боз ҳаррӯза шумораашон дар ҳоли афзоиш аст. Маводи эҷодӣ ё маҳсули фарҳангие, ки дар хазинаи шуъба ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, нашрияҳои солҳои 30-и асри гузашта батабърасида ва рӯзномаву маҷаллаҳои дохиливу хориҷии муосирро дар бар мегирад. Забони ин нашрияҳо гуногун буда, бештараш бо забони тоҷикӣ ва русӣ рӯи чоп омадаанд. Имрӯз кори шуъба бо тарзу усули замонавӣ роҳандозӣ шуда, бо истифода аз имконоти техникӣ, хизматрасо-

Нашрияҳо ва иттиҳоди комили миллӣ

нии саривақтӣ хонандагонро зиёд хушнуд намудааст. Ҳоло як қатор корҳои муҳим, аз ҷумла, омода намудани бахши иттилоотӣ, феҳристи матбуоти даврӣ, нашрияҳои давомдор ва ғайраро ба субот расонида, мақсад дорем, ки дурдонаҳои фарҳангии хазинаи шуъба - рӯзномаи «Бухорои Шариф», маҷаллаҳои «Ойина», «Шуълаи инқилоб», «Роҳбари дониш», «Дониш-биниш», «Машраб», «Зарафшон», «Ҷаҳоннамо», «Мушфиқӣ» ва рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Туркистон» ва чанди дигарро, ки солҳои 20-ум ва 30-юми асри 20 фаъолият доштанд, сабти электронӣ намуда, ба хонандагон

мебошад. Имрӯз мо вазифаи худ медонем, ки ин нашрияҳоро, ки боигарии асосии фарҳангу тамаддуни мо мебошанд, барои наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ҳифзу нигоҳдорӣ кунем. Ҳамчунин, саъю кӯшиш мекунем, ки манбаи муҳими маводу иттилоот – сомонаи китобхона, ки ҳамчун зертобеи шуъбаи матбуоти даврӣ фаъолият мекунад, ҷолибу хонданӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муштариёни берунии мо гардад. Чунки имрӯз асри иттилоъ ва технологияи муосир имкониятҳои зиёдеро барои мардум фароҳам карда. Имрӯз рақобатҳои шадид дар фазои иттилоотӣ ва ҷангҳои фарҳангӣ байни тамаддунҳо ҷараён дорад, ки ба қавле, душман аз тариқи интернет то хонаи рақиб даромада меояд ва ба воситаи иттилоот мехоҳад мафкураи миллии як халқу як кишварро барҳам бизанад. Вале мо дар ин замина бояд маҳсулоти худро ба тарзу усуле пешниҳод намоем, ки хонандаи тоҷикро қонеъ карда тавонем ва бо ин роҳ тамаддуни худро ҳифзу нигаҳбон бошем. Ин аст, ки роҳбарияти китобхона мутахассисони ҳирфаиро ба кор даъват намуда, имрӯз дар ин самт корҳои хуберо ҳам пиёда намудаем. Мо метавон бемуҳобо бигӯем, ки дар ин гуна ҷангҳо силоҳе дорем, ки мағзҳои миллатро дифоъ намоем. Инъикосу тарғиби дастовардҳои истиқлолиятро дар матбуоти даврӣ чӣ гуна мушоҳидаю хулоса мекунед? - Ба Истиқлолияти давлатии кишвар, ба баҳори бедорию худшиносии миллӣ,

тарғиботию ташвиқотӣ намудаанд. Ман як хулосаеро барои худ ҳосил намудам, ки мардуми тоҷик, агарчанде дар ин ё он масъала байни худ ихтилофе дошта бошанд, аммо чун масъала масъалаи умумимиллӣ бошад, ҳама дар атрофи як нуктаи марказӣ саф мекашанд. Вақте ихтилофҳо ва таҳоҷуми иттилоотӣ аз чанд гурӯҳе дар масъалаҳои бунёди НБО Роғун ва фаъолияти ТАЛКО пайдо шуд, новобаста аз хусусӣ ва расмиву мухолиф будани нашрияҳо, ҳама як нуктаи назар доштанд, ки аз иттиҳоди комили миллӣ далолат мекунанд. Матбуоти даврӣ дар инъикоси масъалаҳои муҳими милливу давлатӣ нақши босазо бозид. Имрӯз дар ҳар гӯшаву канори хоки диёр, дар ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеа авҷу нумӯи созандагию дастовардҳои тоза мушоҳида мешавад, ки самараи истиқлол аст. Падидаи дар замони истиқлолият ба арсаи матбуоти кишвар омадани як қатор нашрияҳои мустақил дастоварди нодире дар соҳаи матбуоту фарҳанг аст. Ҳам матбуоти ҳукуматӣ ва ҳам матбуоти мустақил, ки ба андешаи Сарвари давлат «ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон буда, мақсади асосиашон иҷрои рисолати касбӣ, яъне, хидмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад», дар татбиқи босамари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, инъикоси дастовард ва таҳкими асосҳои маънавии истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи тафаккури ҷомеа нақши муҳиму босазо бозидаанд. - Барои боз ҳам хубта-

пешкаш намоем. Сафҳаҳои фарсудаву даридаашонро тозаю тармим карда, мундариҷаи онҳоро бо шакли феҳрист манзури муштариён гардонем. Мо аз суҳбат бо хонандагони худ ба чунин хулоса омада метавонем, ки онҳо аз мо қаноатманданд. Зеро фазои фараҳбори корӣ, ҳавасу дилгармии кормандон ва таваҷҷуҳу ташрифи зиёди хонандагон башорат аз фаъолияти хубу пешравӣ медиҳад. Вале ин анҷоми кор нест. Як бори вазнинеро бар дӯши шуъбаи худ мебинем, ки он ба насли оянда бегазанд расонидани маводҳои чопиву электронӣ

ба орзуву ормони ҳазорсолаи мардум ва давлатдории худ расидани мо, пеш аз ҳама, самараи заҳматҳои кашидаи як зумра қаламкашону зиёиёни дурандеши миллат буд, ки бо ҳақиқатнигорӣ ва фурӯғи калому маърифаташон миллатро ба самти бедорию худшиносӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳидоят мекарданд. Дар зарфи 22 соли соҳибистиқлолӣ, ки дар сарнавишти миллатамон як давраи навине буд, матбуоти тоҷик то ҷое вазифаи худро иҷро намудааст. Ҳам нашрияҳои расмӣ ва ҳам матбуоти мустақил дар ин давра корҳои зиёди

ру ҷавобгӯ шудани сифати хизматрасонӣ ва пешравии кори шуъба чӣ нақшаву ният доред? - Корҳои зиёдеро дар якҷоягӣ бо роҳбарияти китобхона дар самти электроникунонии пурраи рӯзномаву маҷаллаҳо, таҳия ва аз нав ба чоп расонидани баъзе аз рӯзномаҳои нодир, ба монанди «Бухорои Шариф», «Шуълаи инқилоб» ба нақша гирифтаем.

Суҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

Матбуоти тоҷик аз оғози пайдоиш то кунун равшанибахши ҳаёти мардум ва кишвар буд. Рӯзномаи «Бухорои шариф», ки сархати ҳастӣ ва аввалин қадами устувори матбуоти миллӣ буд, бо фаъолияти кӯтоҳаш ба рушди журналистикаи миллии тоҷик ва эҳёи сиёсати тоҷикона дар қаламрави Осиёи Марказӣ такони бузург бахшид. Махсусан, дар Осиёи Марказӣ садоеро ба баландиҳо кашонд, ки овои худшиносиву бедории миллати тоҷик буд. Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик суҳбате оростем бо сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, рӯзноманигори ҷавон Муҳаммадиқбол Атоев.

9

e-mail: javonontj@mail.ru

11 МАРТ - РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

10

одамони сарбаланд (Идома аз шумораҳои гузашта) - Рост мегӯӣ, бародар. Нияти нек ними давлат аст. Модом ки чунин аст, албатта, корҳо хуб мешаванд. Ҳар касе ки хулқу одобаш шоиста аст, ӯро, албатта, шӯҳрат ёр мешавад. Ман аз нигоҳи аввал инро дар симоят эҳсос намудам. Иншоаллоҳ, месабзӣ, шӯҳрат меёбӣ, ифтихори миллат мегардӣ... Мувофиқи аҳду паймон Саидмуъмин дар шаҳри Кӯлоб зери роҳбарӣ ва ғамхории Устоди варзиш, Қаҳрамони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон Искандаршоҳи Раҳматулло баҳри аз бар намудани нозукиҳои гӯштин камар баст. Ҳатто «Ҳалуки искандарӣ»-ро то ҳадде омӯхт, ки устодаш дар ҳайрат монд. Барояш дигар ҷойи омӯхтан намонд. Дар ҳама намудҳои гӯштин ба ҷойи аввал баромад. Обу нони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ӯро дар як соли таҳсил хеле бузург парварид. Дигар ҳоҷат намонд. Мураббӣ ва дигар коршиносонро лозим омад, ки барои ҳифзи варзиши мамлакат дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе бошад. Ҳама мехостанд, ки дурахши ҳунари ин ситораро дар олами гӯштин бубинанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Соли 1971 ӯро аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба курси дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фиристоданд. Роҳ барои Саидмуъмин кушода шуд. Бо ҳунар ва маҳорати баланд, ин дилдодаи гӯштин, тез сабзид. Аз мусобиқа то мусобиқаи дигар қадамҳояш устувору дастовардҳояш беҳисоб мешуданд. Ҳамон сол бори нахуст дар мусобиқаи умумииттифоқии самбо, ки дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина баргузор гардид, ба гирифтани медали тилло мушарраф гашт. Бо мурури вақт, ҳар ҷо ки қадам мегузошт, пирӯзӣ насибаш буд. Гӯё бахти варзишӣ ба ӯ даст дод. Ҳамин буд, ки сармураббии дастаи яккачини самбои Тоҷикистон Исматулло Абдуллоев ӯро зери қаноташ гирифт ва ба тарбияаш ҷиддӣ дасту остин бар зад. - Саидмуъмин, - дар танҳоӣ мегуфт устодаш, ту бояд дар риштаи гӯштини самбо номи миллати тоҷикро баланд бардорӣ. Ба ҳунару нерӯят ҳама боварӣ доранд. Худо хоҳад, қаҳрамони ҷаҳон мешавӣ. Ин фикри танҳо ман не, балки дигарон низ ҳаст... - Оғози соли 1972 дар мусобиқаи Шӯрои марказии ҷамъияти «Ҳосилот» (шаҳри Горкий) ба ҳамаи ҳарифон ғолиб омад ва меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро дар гӯштини самбо ба даст овард. Баъдтар дар шаҳри Саратов, дар мусобиқаи Шӯрои марказии варзишгарони «Деҳот»-и ИҶШС бо Г. Саркисян бо натиҷаи 12 бар 6 ғолиб омад. Ин дастоварди бузург имкон дод, ки Саидмуъмин барои ширкат дар мусобиқаҳои бузург роҳ ёбад. Расо як сол пас ӯ дар шаҳри Майкопи Федератсияи Русия, ки баъдтар шаҳри дӯстдоштаву бобарори ӯ гардид, дар мусобиқаи гӯштини самбо иштирок намуда, дар вазни 93 кило Қаҳрамони Шӯрои марказии ҷамъияти «Ҳосилот» шуд. Ин пирӯзии бузургаш диққати ҳаводорони варзишро ба худ кашид. Онҳо эҳсос намуданд, ки ӯ на танҳо самбочии беҳамто, балки хеле чусту чолок аст. Муҳим он буд, ки ӯ ба ҳарифонаш ҳаргиз имконияти кашокаш намедод. Дар муддати ниҳоят кӯтоҳ метавонист рақибашро мағлуб созад. Бале, маҳораташ аз пеши назари коршиносону масъулони варзиш дур намонд. Онҳо,

ширкат варзад. Лозим донист, ки пояшро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ намояд. Ҳамон сол толеаш баландӣ карду ҷарроҳӣ аз ҷониби профессорони машҳур ба хубӣ анҷом ёфт. Ошиқи шайдои гӯштин дар ним соли интизорӣ дилшикаста нашуд. Бо умеду интизориҳо зист. Шабу рӯз Худоро бо ибодат ёд мекарду дар дили поку пурҳарораташ шӯълаи умед медурахшид. Баъди шифо ёфтан боз ба шуғли дӯстдоштаи хеш рӯй овард. Пайваста машқ мекард. Дар роҳи орзу хешро устувору қавӣ мегирифт. Ӯро лозим омад, ки боз ба Майкопи дӯстдоштааш рафта, назди устоди меҳрубону дилсӯзаш, ҷаҳонпаҳлавон Яъқуб Яъқубов дарси маҳорат омӯзад. - Хуб кардӣ, ки омадӣ писарам, - ӯро фарзандвор гарму ҷушон пешвоз гирифта, гуфт Яъқуб Яъқубов. - Туро бесаброна интизор будам. Охир, дар пеш мусобиқаҳои бузург моро интизор аст. Аз ҷумла, Чемпионати ИҶШС ва мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо. Яке дар

Ҷаҳонпаҳлавон Қиссаи ҳуҷҷатӣ

аллакай, нисбаташ мароқи калон пайдо намуданд. Баъдтар, аниқтараш, 4 марти соли 1973 дар Майкоп (Ҷумҳурии Адигейи Русия) мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини самбо баргузор гардид. Барои ба даст овардани медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ дар ин мусобиқа аз 15 ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги ИҶШС беҳтарин паҳлавонон гирд омаданд. Иштирок дар ин мусобиқа барои Саидмуъмини номдор акнун имтиҳони хеле бузург ҳисоб меёфт. Ӯ боз хуб медонист, ки танҳо дар ҳолати ғалаба метавонад, ба сӯи гӯштини ҷаҳонӣ роҳ кушояд. Албатта, ин орзуи ширине буд, ки ӯ солҳо дар дил мепарварид. Танҳо ба ҳамин хотир, часпу талош мекард. Дар вохӯрии аввал Саидмуъмин ба нокомӣ дучор омад. Вале рӯҳафтода нашуд. Баръакс, тактикаи худро дигар кард. Донист, ки минбаъд танҳо ғалаба ӯро пеш мебарад. Ҳамин тавр, пас аз 9 ғалаба ба вохӯрии ҳалкунанда баромад. Ҳангоми вохӯрии охирин Саидмуъмин бо паҳлавони маъруф, Қаҳрамони бисёркаратаи ИҶШС ва Аврупо Валерий Глухов ба майдон баромад. Қувваозмоии ҳар ду аз оғоз ҳамаро ба ваҷд овард. Мавҷи кафкӯбиҳои бардавом толорро тарк накард. Саидмуъмин нисбат ба ҳариф бартарӣ нишон медод. Доварон аз чашмони ҳақбин дурӣ ҷӯста, холҳояшро мебуриданд. Ба ҷойи чор хол ба ӯ додани 2 холро раво медиданд. Зеро онҳо ҷонибдори пирӯзии Валерий Глухов буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Саидмуъмин нангу номусро аз даст надода, истодагарӣ мекард. Чун шери жаён ҳоли рақибашро бо нерӯи худодод торафт ба танг меовард. Ҳа, дар нигоҳ Валерий Глухов (аз Федератсияи Русия) гӯё дар қапқон афтода буд. Дар дасту панҷаи пурқуввати Саидмуъмин намепоид. Ӯро чунон зебо, боҳунарона бардошта мезад, ки дигар барои доварон ҳоҷати рӯй тофтан набуд. Ҳаводорони сершумор ин ҳолатро дида, баҳраш ҳақталошӣ мекарданд. Ҳамин тавр, миёни 272 нафар

паҳлавон Саидмуъмин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо ноил гардид. Ҳама барои пирӯзӣ табрикаш мекарданд. Дар чашмони дурахшонаш зери Парчам ва садои Суруди миллӣ ашк чарх мезад. Ашки шодиву нишот... Саидмуъмин Раҳимов тавонист, ки бо ҳунари асил ва беҳамто бори дигар комёбии гӯштингири овозадори тоҷик Азалшо Олимовро такрор намояд. Оре, устод Азалшо Олимов аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба гӯштини самбо дар Тоҷикистон ҳисоб меёфт ва касе то ғалабаи Саидмуъмин ба зинаи ӯ нарасидааст. Саидмуъмин медонист, ки ростиро завол нест. Ҳар ҷое ки ростӣ ҳаст, ҳақиқат низ ҳаст. Охир, умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Шабеҳи поёни ҳар шомеро, ки боз саҳар аст. Ӯ, пеш аз ҳама, аз он хушнуд буд, ки шаҳди ғалабаро дар ин мусобиқаи бузург аз нерӯву ростӣ ёфт. Ба маънии ҳар ки тавоност, албатта, дастболост. Ғалаба ва чолокиаш дигар сармураббиҳоро ба ҳайрат овард. Онҳо аз устодаш Исмат Абдуллоев мепурсиданд, ки: «Ин ҷавонро аз куҷо ёфтӣ?» Ӯ бо ифтихор мегуфт: «Аз кӯҳ...» Баъд аз пирӯзӣ (соли 1973) Саидмуъминро ба узвияти дастаи яккачини ИҶШС пазируфтанд. Ин қадами нахустине буд, ки ӯ солҳо дар дили пуршӯри хеш мепарварид. Зеро аз миллати тоҷик касе ба ин поя то ӯ ва баъди ӯ низ нарасид. Барои ба ин зинаи бузург роҳ ёфтан дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ кори осон набуд. Девори сангини карахтиро шикастан хеле мушкил буд. Танҳо Саидмуъмин тавонист, ки онро бо нерӯи хеш рахна намояд. Акнун ӯро лозим буд, ки ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Эрон соли 1974 баргузор мегардид, тайёрии пӯхта бинад. Вале, гӯё чашми баде расида бошад, бахти варзишиаш омад накард. Аз ин нобарорӣ хуни дил мехӯрд. Дарди ҷонкоҳи пойи зарбхӯрда нагузошт, ки ӯ дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ

Гурҷистону дигаре дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор мешаванд. Боварӣ дорам, ки ғалабаи бузург насибат мегардад. Танҳо сабур бош, писарам. Ман ба нерӯят қоил ҳастам. Аммо ин дафъа дар вазни 100 кило баромад мекунӣ. Ин вазн ба ту хеле муносиб аст. Метавонӣ худро беҳтар нишон диҳӣ. Саидмуъмин ба ҳарфзании устоди дилсӯз зеҳн монда, хешро дар симои паҳлавони ҷаҳон медид: «Акнун барои мани як тоҷики кӯҳистонӣ фурсати муносиб фаро мерасад. Худоё, дастам бигир, - такрор ба такрор мегуфт дар дил. Охир, орзуи ягонаи ман танҳо ба ин қуллаи бузург расидан аст. Орзуе, ки он бояд ҷомаи амал пӯшад...» Ӯ бо дили пур пайваста тамрин мекард. Барояш дар ин роҳ дигар чизе монеъ набуд. Хешро бештару хубтар сайқал дода, аз дунёи гӯштин заррае дур шудан намехост. Бори дигар нозукиҳои гӯштинро дар риштаи самбо чунон омӯхт, ки устодаш Яъқуб Яъқубов на танҳо дар ҳайрат монд, балки аз таҳти дил офаринаш хонд. Дар ҳақиқат, ӯ миёни ҳамвазнонаш дар дастаи яккачини ИҶШС ҳамто надошт. Ҳамаро дар вазни 100 кило шикаст медод. Ҳатто имкон намедод, ки ҳарифонаш холе ба даст оранд. Онҳо аз ӯ тарсу ҳарос доштанд. Ҳамин ки ӯро дар мусобиқа медиданд, умедашонро аз ғалаба меканданд ва афсӯсхӯрон мегуфтанд: «Кор тамом. Саидмуъмин Раҳимов омадааст. Миёни моро мешиканад...». Чунин ҳарфзаниҳо бештар аз паҳлавонони гурҷиву арманӣ шунида мешуд. Оғози соли 1975 дар шаҳри Тифлис - пойтахти Гурҷистон Чемпионати ИҶШС оид ба гӯштини самбо баргузор шуд. Саидмуъмин дар вазни хеш боз дастболо гардид ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дар риштаи самбо бори дуюм ба даст овард.

Раҳими РАФЕЪЗОД, Самариддин АСОЗОДА, «ҶТ» (Давом дорад)


Чанде пеш дар Китобхонаи миллӣ китоби публитсистон Назруллои Абдулваҳоб ва Умари Шерхон “Ваҳдатовар” муаррифӣ шуд, ки аз тариқи нашриёти «Эр-граф» ба чоп расидааст. Дар саҳифаи аввали китоб ба таври фишурда омадааст: «Ваҳдатовар» маҷмӯаест аз боби рӯзгор ва пайкори Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ёди рӯзҳои пурталотум, оғози фаъолияти меҳнатии Президенти Тоҷикистон ба сифати роҳбари кишвари тоҷикон ва нақши арзандаи эшон дар боби сулҳофарӣ ва эъмори ваҳдат дар Тоҷикистон». Тавре дар пешгуфтори китоб ишора шудааст, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобу маҷмӯа, мақолаву очеркҳои зиёде таълиф гардидаанд. Баъзе аз ҳодисаҳои дар китоб омадаро хонандагон аз тариқи васоити ахбори омма ва дигар сарчашмаҳо борҳо хондаву шунида бошанд ҳам, дар китоби мазкур, ки аз лиҳози ҳаҷм, сифатнокии муқоваю саҳифаҳо ва чоп дар сатҳи баланд қарор дорад, бамаврид ҷой дода шудааст. Дар дилхоҳ вақту соат барои дарёфти маълумот ин манбаи қулайро кушода, истифода бурдан мумкин аст. Ҷиҳати дигари фарқкунанда

он аст, ки муаллифон ҳар мушоҳида, ҳодисаву воқеаеро, ки тасвир намудаанд, асоси воқеӣ ё худ ҳаётӣ доранд. Чизе аз сохтаю бофта, маҳсули хаёл ило-

ва нашудааст ва дар робита бо ин, асари мазкур аслан, на ситоишу мадҳи фарзанди фарзонаи миллат, балки дар симои ӯ роҳи пурмашаққат тайнамудаи ҷумҳурӣ ва сокинони онро нишон медиҳад. Мисли ҳушдору таъкиде, огоҳию сабақи талхи таърихие ба хотири дар минбаъда роҳ надодан ба иштибоҳу гумроҳиҳо, дода нашудан ба дассисаву найранг, бозиҳои сиёсӣ. Чунки ҳамаи он талошу мубориза ва ҷон дар хатаргузоштанҳо ҳам бевосита ба хотири амну бақои давлату миллат нигаронида шуда буданд. Дар баробари хизмати Президент, роҳбарони давлатҳои алоҳидаи дӯст дар кори ба даст омадани сулҳи деринтизор дар китоб, аз хизмати мухолифин дар шахсияти роҳбари нерӯҳои оппозитсионӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ ёд шудааст. Дар баробари рангаву хушхон ва тасвирнок баромадани китоб, иқтибосҳои овардашуда аз забони чеҳраҳои шинохтаи сиёсию давлатии ҷаҳонӣ бо баҳогузорӣ аз истеъдод, ҷасорат, муҳаббату садоқат ва сулҳофарии

Мирзо РУСТАМЗОДА, “ҶТ”

Азоби виҷдон ва ҳунари чилум

Дар дида гарди хокат…

Бо Бурҳониддин Усмон чор-панҷ сол пеш шинос шуда будам. Ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ташвиши зиёд дошт. Хеле заҳмат кашида, китоби қомусномаи «Фархориён»-ро ба чоп тайёр ва барои нашри он пойтахт омада буд. Қомусномаи «Фархориён» тамоми паҳлуҳои ҳаёти ин ноҳияи кишоварзии кишварро дар худ таҷассум кардааст.

Чанде пеш нашриёти «Бухоро» маҷмӯаи шеърҳои ба бачагон бахшидаи шоир Нуруллоҳи Орифро бо номи «Гули Наврӯз» нашр кард.

Ба шеъру шоирӣ шавқи беандоза дорад. Аз ин хотир, баробари ифои вазифа пайваста машқи шеъру ҳикоёт мекард. Дар ин ҷода низ комёбиро муваффақ гашт. Чанд маҷмӯи шеъру ҳикоёт ва очеркҳои ӯ ба дасти хонандагон расидааст. Аз ҷумла, «Таманнои дил», «Хонаи ободи ман», «Мир Шариф», «Раиси Қаюм Ҷӯрахон», «Аз Ёхсу то соҳили Сурхоб», «Гавҳораи маърифат» ва тазкираи «Армуғони фархориён» ба ин қатор дохил аст. Охири соли пешин маҷмӯаи нави Бурҳониддин Усмон бо номи «Табассуми фархориён» ба табъ расида, пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардид. Маҷмӯаи нав аз ҳикоёти хурду зариф ва ду ҳаҷвия иборат аст. Муаллиф рӯзгори мардуми ноҳия, рафтору кирдор ва симоҳои эшонро, ки нафарони касбу кори гуногун маҳсуб меёбанд ва барояш шиносу қаринанд, дар навиштаҳои хеш хеле одӣ, аммо бо меҳр тасвир намудааст. Дар ҳикояи «Девонакасал аз ноилоҷӣ» паҳлӯи ронандаи мошини хизматӣ, ба ҷойи як кас ду нафар корманди масъули ноҳия мешинанд. Ронанда ҳоҳиш мекунад, то аз дидбонгоҳи нозирони роҳ гузаштан нафаре дар бордон нишинад, вагарна ҷарима баста мешавад. Масъулин розӣ намешаванд. Ронандаро бовар мекунонанд, ки илоҷи нозиронро худ меёбанд. Чун

ба дидбонгоҳ мерасанд, нозир дар ҳуҷра ду мусофирро дида, мошинро боздошта, ҳуҷҷатҳои ронандаро кашида мегирад. «Ҳамин дам чашми милиса ба кабинаи мошин афтод, ки яке аз он нафарон чашмонашро ало намуда, забонашро бароварда, гарданашро ҳар тараф меёзонд. - Ин чӣ гап?! – дар тааҷҷуб афтод милиса. - Ба ҳамроҳатон чӣ бало задааст? – пурсид ӯ аз Файзалиев, ки бо як даст Лоиқовро сахт медошт. - Ҳеҷ бало назадаааст, ҷавоб дод Файзалиев оромона. – Ин одам девонакасал аст. Имрӯз ӯро заъф кардааст. Барои ҳамин дар кабина ду кас нишастем. Мо бояд ӯро зудтар ба беморхона барем. Девонакасал бошад, забонашро боз ҳам дарозтар карду гӯё чизеро мелесида бошад, сарашро пасту баланд кардан гирифт. Милиса якбора саросема шуда: - Эй, шофир, ин гапа барвақт мегуфтӣ, мемурдӣ. Тез мошинта ҳай кун. Тез-тез! - таъкид кард ӯ. Абдуғаффор аз чунин сурат гирифтани кор чизеро сарфаҳм нарафту ба сари чанбараки мошин нишаста, мошинро зуд ба ҳаракат даровард. Файзалиеву Лоиқов бошанд, тамоми роҳ аз чунин маҳорати баланди актиёриашон завқ карда механдиданд…» Дар ҳаҷвияи «Вой сари бевиҷдонаме…» қаҳрамони он

Мизроб Шафозода, пайи нафсу дунё давида, оқибат ба азоби виҷдон гирифтор ва аз карда пушаймон мегардад. «Шоирӣ - ҳунари чилум» низ бо қалами ҳаҷв навишта шуда, муаллиф дар бораи нафаре нақл мекунад, ки гӯё ҳама ҳунарро дорад. Дар асл ба ҷойи ӯ дигарон заҳмат мекашанд. Аз ҷумла, дар ҷодаи шеър ва машқи шеър. «…Ҳамқаламони наздикамро ҷамъ намуда, шеърҳои авлодамро ба пешашон гузошта, ислоҳ кардему илова. Бофтему тарошидем. Рости гап, баъди ин «амалиёт»-и шеъртарошии мо аз навиштаҳои Воҳид ягон осоре намонд. Дар байни се-чор соати «ҳашар»-и шеъртарошиамон як маҷмӯаи аҷибе иборат аз 3 ҷузъи чопӣ ба вуҷуд омад. Номи маҷмӯаро ҳам гузоштем: «Арзи сипос». Чӣ мегӯед, ки ин маҷмӯа рӯйи чопро дид. Ҳамаи шеърҳояш ба ман шинос буданд, вале номи авлоди ман андаке тағйир ёфта будааст: «Воҳидҷон Ҳомидзода… Боз як чизи дигар, ин «шоири ҷавон»ро дар шаби эҷодияш ҳамчун марди ҳунармандтарини ноҳия эътироф карданд. Гуфтанд, ки ҳунари шоирияш чилумин ҳунари ӯст. Ҳунари чилу якумаш чӣ мешуда бошад-а?» «Табассуми фархориён» ҷанбаи тарбиявӣ дошта, умед аст писанди хонандагон, бахусус, ҷавонон мегардад.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

Дар маҷмӯа сенздаҳ шеъри шоир ҷо ёфтааст. Нуруллоҳи Ориф шоирест, ки дар эҷоди ӯ бештар суруд мақоми махсус дорад. Аксар ҳофизон имрӯз сурудҳои ӯро ба оҳанг дароварда, пешкаши ҳаводорони созу суруд гардондаанд. Ба навиштани шеърҳои бачагона низ шавқаш беандоза аст. Маҳз шавқ ба фароҳам омадани чунин маҷмӯа замина гузошт. Барои бачагон шеър эҷод намудан кори саҳл нест. На ҳар кас аз уҳдаи чунин кори душвор мебарояд. Ин аст, ки дар адабиёти тоҷик шоирони бачагона ангуштшуморанд. Маҳорати эҷодӣ, фаҳмиши шеър ва суханварӣ ба Нуруллоҳи Ориф имкон додаааст, дар ин ҷода низ муваффақ гардад. Чун дар эҷоди сурудҳо. Дар шеъри «Махзани нур» чунин сатрҳоро мехонем: ПурнурТоҷикистон, Шомат ба мисли рӯз аст. Мо хуб дарк кардем, Ишқи ту синасӯз аст. Дар дида гарди хокат, Молида ҷон гирифтем. Нӯшида оби покат, Тобу тавон гирифтем. Шеъри кӯдакона аз шоир тақозо дорад, олами кӯдакию беғами тифлонро бо маҳорати ба худ хос таҷассум намояд. Бо забон ва баёни сода. Ин на ба ҳар суханвар муяссар мегардад.

Шеъри «Бобои ман» чунин оғоз мегардад: Бобои ман мулло Раҷаб, Риши дарозаш се ваҷаб. Қуръон бихонад ҳар пагоҳ, Пурнур рӯяш мисли моҳ. Дар шеъри «Парасту» чунин омадааст: Зебо парасту, Доно парасту. Як чиз бояд Омӯзам аз ту. Аз лой лона Кай соз кардӣ? Ин корро кай Оғоз кардӣ? Маҷмӯаи «Гули Наврӯз», ҳамчунин, бо расмҳои ҷолиб оро ёфта, писанди хонандагони хурдсол хоҳад гашт.

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз ғубористону баҳори миллат

Эмомалӣ Раҳмон ҳусну шаҳомати китобро бамаротиб афзун намудааст. Номгузории саҳифаҳо, дар ҷои худ омадани ҳодисаю мавзӯъҳо низ мутолиаи онро хеле осон ва шавқовар кардааст. Дар «Ваҳдатовар» ҳаёти ҷумҳурӣ дар як давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ инъикос ёфтааст. Ба таври дигар, китоби мазкурро метавон муборизаномаи миллат бо роҳбарии Президент барои наҷоти давлату миллат дар муқобили душманони дохилу хориҷи он номид, зеро бо ба даст омадани сулҳ миёни тоҷикон ҳама ташвишҳо басанда нашуда буданд. Хатари ҷиддӣ ҳанӯз ҳам ҷой дошт ва ҷой дорад. Дар баробари ин, аз мутолиаи китоб чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки дар сурати ваҳдату якдигарфаҳмӣ бо дилхоҳ душману бадхоҳи миллату Ватан ғолиб омадан мумкин аст. Новосбата аз он ки давлат хурд аст ё бузург, онро ба давлати пешрафта, муқтадир табдил додан имкон дорад. Нақл аз дастоварду шоҳкориҳое, ки солҳои соҳибистиқлолӣ, новобаста аз мушкилоти сиёсию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, аз ҷумлаи кандани нақбҳои бузург, сохтани роҳҳои тӯлонӣ, биноҳои зиёди таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, саноатӣ ва дигар дар китоб вазифаи исботи гуфтаҳои моро дорад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

11

КИТОБИ НАВ


«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

12

футбол. ҷоми ффт

Чор дастаи даври финалии Ҷоми ФФТ маълум шуданд Дастаҳои футболи “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Энергетик” ва “Хайр” ба даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) аз минтақаи Душанбе роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюми мусобиқа, ки 28 феврал доир гашт, дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар аз тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. “Истиқлол” бошад, бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 6:1 ғалаба кард. Ҳамин тавр, “Истиқлол” бо 9 хол пешсафи гурӯҳи “А” шуд. “Регар-ТадАЗ” бо чор хол дар ҷои дуюм қарор гирифт. КМВА “Помир” бо се хол дар мақоми 3 ва дастаи ҷавонон бо 1 хол дар ҷои чорум мавқеъ ёфтанд. Бозиҳои даври дуюми гурӯҳи “Б” бо ғалабаи дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфтанд. “Хайр” ба дарвозаи “Локомотив” 8 голи беҷавоб зад. Дастаи “Куктош” аз тими “Энергетик” бо ҳисоби 1:4 шикаст хурд.

ҳамкорӣ

ФФТ ва ФФЭ меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд 28 феврал дар Федератсияи футболи мамлакат мулоқоти расмии роҳбарони федератсияҳои футболи Тоҷикистону Эрон Рустами Эмомалӣ ва Алӣ Кофашиан доир гардид. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба ҳамкориҳои ду федератсияи миллӣ дар оянда меморандум имзо намуданд.

Дар даври сеюм вохӯрии “Хайр” ва “Энергетик” мусовӣ (1:1) анҷом ёфта, “Куктош” бар “Локомотив” бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард. Дар ҷадвал дастаҳои “Энергетик” ва “Хайр” бо 7-холӣ ду ҷои аввалро соҳиб шуданд. “Куктош” бо 3 хол дар мақоми се ва “Локомотив”, ки ягон хол ба даст наовард, дар зинаи чорум ҷой гирифтанд. 3 март бозиҳои нимниҳоии давраи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе доир шуданд. Дастаи “Энергетик” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар бозии дигар тими “Хайр” “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Дар минтақаи Хатлон низ бозиҳои гурӯҳӣ ба анҷом расиданд. Чор даста – “Равшан”, “Вахш”, “Данғара” ва “Панҷшер” барои ду роҳхат ба даври финалии Ҷоми ФФТ мубориза мебаранд.

кадр

Ҳамлагари тими Қирғизистон дар ҳайати дастаи «Хуҷанд» Турсуналӣ Рустамов, ҳамлагари тими миллии футболи Қирғизистон шояд карйераи худро дар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд идома диҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи мамлакат муҳлати шартномаи Турсуналии 24-сола бо бошгоҳи “Дордой”-и Бишкек ба охир расид ва ҳоло ӯ мақоми “агенти озод”-ро дорад. Т. Рустамов, зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар чанд дидори тими миллии Қирғизистон ширкат намудааст, ҳоло ҳамроҳ бо дастаи “Хуҷанд” тамрин мекунад ва имкон дорад, ки ба ин тим пайвандад. Рустамов дар ҳайати “Хуҷанд”, аллакай, дар як бозӣ дар чорчӯби даври муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат кардааст. Дар дидор бо дастаи “Шайдон”-и Ашт, ки 4:0 поён ёфт, Турсуналӣ се гол зад.

Дар доираи меморандум омӯзиши футбол, омода кардани мураббиёну футболбозон барои мусобиқаҳои гуногун ва менеҷментҳои соҳа ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамчунин, баргузории семинарҳои муштарак, симпозиум, конфронс ва мусобиқаҳо барои футболбозони синну соли гуногун ба нақша гирифта шудааст. “Тими миллии Эрон яке аз дастаҳои иштирокчии даври финалии Чемпионати ҷаҳон буда, мақоми ФФЭ ҳам дар Осиё ва ҳам дар ҷаҳон

баланд аст. Аз ин рӯ, табодули таҷриба ва дониши мутахассисони соҳа миёни ду федератсияи миллӣ барои рушди футболи ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Хусусан, ба рушди футболи кӯдакон таваҷҷуҳ карда мешавад”, - гуфт Рустами Эмомалӣ. Алӣ Кофашиан барои пазироии гарму самимӣ ба раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ изҳори сипос карда, аз ҳамкориҳои ояндаи ду кишвари дӯсту бародар дар самти футбол хушнудиашро баён дошт.

e-mail: javonontj@mail.ru

тасмим

Таъсиси маркази лижаронӣ дар Шӯрообод Роҳбарияти ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ки як маркази дӯстдорони лижаронӣ таъсис диҳанд. Раиси ноҳия Амирхон Икромов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба ин муносибат дар ҳудуди деҳаи Зулмобод дар нишебиҳои кӯҳсорон мусобиқоти лижатозӣ барпо шуд, ки дар он то 150 нафар ширкат варзиданд. «Ҳукумат барои ҷоизаву туҳфаҳо ба ғолибони мусобиқот маблағи кофӣ ҷудо намуда, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб ба марказ 200 ҷуфт лавозимоти лижаронӣ тақдим кард», - гуфтааст раиси ноҳия. Зикр гардид, ки шӯроободиҳо ният доранд, ки дар мусобиқаи нахустини сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронӣ, ки моҳи апрели соли равон дар дараи Варзоб доир мегардад, иштирок кунанд. А. Икромов гуфт, баҳри рушду тақвияти фаъолияти марказ ва сайқал додани маҳорату малакаи варзишгарон оянда як мураббии касбиро оид ба ин намуди варзиш ҷалб хоҳанд кард.

Искандар шарафи “Хуҷанд”-ро ҳимоя мекунад Искандар Ҷалилов, собиқ ҳамлагари “Рубин”-и Қазон, ки нимаи дуюми мавсими гузашта дар “Истиқлол” бозӣ мекард, ин мавсим шарафи тими “Хуҷанд”-ро ҳимоя хоҳад кард. Дар ин бора сармураббии бошгоҳи “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфов ба торнамои Федератсияи футболи мамлакат иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ футболбози 21-сола аллакай ба ҳайати клуби “Хуҷанд” пайваста, ҳатто дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми ФФТ бо тими “Эсхата” (1:0) ширкат кардааст. “Искандар ҳимоятгари бомаҳорат аст. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ хуб омодагӣ дида, дар ҳама ҳолат, чи дар тарафи

рости майдон чӣ дар марказ, бозӣ карда метавонад. Мо аз ӯ умеди калон дорем. Қарордод бо ӯ баъди анҷоми Ҷоми ФФТ баста хоҳад шуд”, - гуфтааст Н. Юсуфов. Сармураббӣ, ҳамчунин, иттилоъ додааст, ки легионерҳои ганагӣ – ҳимоятгар Бенямин Авуко, нимҳимоятгар Бенямин Аманква ва ҳамлагар Чарлз Теко ба ҳайати тими “Хуҷанд” дар қисми финалии Ҷоми ФФТ, ки 10 март оғоз мегардад, пайваст хоҳанд шуд.


Медведов ба ғолибони олимпиадаи Сочӣ мошин туҳфа кард Дмитрий Медведов, Сарвазири Русия тамоми варзишгарони соҳибмақоми кишвараш дар 22-юмин Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочиро табрик ва калиди мошин тақдим кардааст.

Рой Хоҷсон, сармураббии тими миллии Англия оид ба футбол ба бозингаронаш иҷозат додааст, ки ҳамсар ва дӯстдухтарҳои худро ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия бо худ бубаранд.

рус ҳам аз нигоҳи сифати медалҳо ва ҳам аз нигоҳи шумораи умумии

медалҳо мақоми аввалро ба даст оварданд.

Амир Хон бо Мейуэзер рақобат мекунад Амир Хони бритониёӣ, Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс шонси дидор бо Флойд Мейуэзер дар рингро пайдо кардааст. Барои ин Хон бояд 3 май Эдриан Бронери амрикоиро мағлуб кунад.

Мусовии “Атлетико” ва “Реал”

Ин рақобат дар чорчӯби шоми бокс анҷом мешавад, ки муҳимтарин қисматаш муштзании Мейуэзер ва Маркос Майдон аз Аргентина аст. Имкон дошт, Амир Хон ва Флойд Мейуэзер 3 май дар ринг вохӯранд. Мейуэзер аз мухлисони худ хост, ки барои дидораш рақиб интихоб кунанд. Аммо ҳаводорони ӯ аз миёни Хон ва Майдон дуюмиро баргузиданд. Амир Хон 27 сол дошта, 31 маротиба ринг баромадааст. Аз ин 28 рақобатро бо пирӯзӣ (19 нокаут) поён бурда, дар боқимонда мағлуб шудааст. Қаблан ӯ унвони қаҳрамониро аз рӯи версияҳои WBA (Анҷумани ҷаҳонии бокс) ва IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) соҳиб шуда буд. Мейуэзери 37-сола бошад, дар ҳамаи 45 дидораш (26 нокаут) дастболо шудааст.

Ду клуби футболи Мадрид - “Атлетико” ва “Реал” дар доираи даври 26-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания дидори худро мусовӣ - 2:2 карданд.

“Рубин” аз Бердиев даст кашид Рақибони тими Русия эълон шуданд Ҳамаи рақибони тими мунтахаби Русия оид ба футбол, ки дар доираи омодагиҳо ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо онҳо бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад, эълон шуд. Бино ба иттилои сомонаи Иттиҳоди футболи Русия, 26 май футболбозони рус бо тими миллии Словакия бозӣ мекунанд. Қаблан, дар мавриди дидор бо Арманистон, Норвегия ва Марокко ба тавофуқ расида буданд. Бозии Русия-Арманистон 5 март дар Краснодар баргузор мешавад. Русия-Норвегия 31 май дар Осло рақобат мекунанд. Дидор бо Ма-

рокко 6 июн ба нақша гирифта шудааст. Дар даври гурӯҳии МҚҶ дастаи мунтахаби Русия бо Кореяи Ҷанубӣ, Белгия ва Алҷазоир бозӣ мекунад. Рақобати русҳо бо футболбозони Корея 17 июн, бо Белгия 22 июн ва бо Алҷазоир 26 июн дар назар аст. Барои аз гурӯҳ баромадан дастаҳо бояд мақоми аввал ё дуюмро соҳиб шаванд.

“Daily Mail” аз нақли Хоҷсон навиштааст, ки ҳар футболбоз худаш тасмим мегирад, ки дар ин сабқат хонуми наздикашро ҳамроҳ мегирад ё на. Мураббӣ гуфтааст, бозингарон бояд аз амнияти занҳо дар Бразилия фикр кунанд. Тими мунтахаби Англия омодагӣ ба МҚҶ-ро дар Португалия оғоз мекунад, ки хонум ва дӯстдухтарҳои бозингарон он ҷо нахоҳанд рафт. Онҳо имкон доранд танҳо ҳангоми ба Майама рафтани бозингарон ба онҳо пайванданд. Дар Майама тими мунтахаби Англия бо тимҳои Эквадор ва Гондурас бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Баъдан, тими миллии Англия ба Рио-де-Жанейро меравад. Дар даври гурӯҳии МҚҶ Англия дар гурӯҳи “D” бо Италия, Уругвай ва Коста-Рика бозӣ мекунад.

Ҳисобро дар дақиқаи 3-юм ҳамлагари “Реал” Бензема кушод. Аммо то поёни қисми аввал “Атлетико” тавонист пеш гузарад. Коке (дақиқаи 28) ва Габӣ (45) ду гол

заданд. Дар дақиқаи 82юм Криштиан Роналдо ҳисобро баробар кард. “Реал” бо 64 хол дар ҷадвали мусобиқот пешсаф аст. “Атлетико” дар ҷои дуюм қарор дорад.

Қурбон Бердиев, собиқ сармураббии бошгоҳи “Рубин”-и Қазон мушовири ситоди мураббиёни клуби “Анжӣ”-и Махачқалъа таъин шудааст. Бино ба иттилои “Бизнес Online” Қ. Бердиев барои кӯмак дар омодагии дидори “Рубин” ва “Анжӣ”, ки 9 март дар Доғистон баргузор мешавад, даъват шудааст. Интизор меравад, баъди ин бозӣ Қурбон Бердиев дар “Рубин” бимонад. Гуфта мешавад, раҳбарияти клуби “Трабзонспор”-и Туркия ба Бердиев таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Қаблан, ВАО навишт, ки шояд тобистони соли 2014 ӯ дар курсии сармураббии “Динамо”-и Маскав нишинад. Бердиевро моҳи декабри соли 2013, баъди 12 соли кораш аз “Рубин” ҷавоб доданд. Зери раҳбарии ӯ клуб ду маротиба қаҳрамони Русия шуда, якмаротибаӣ Ҷом ва Абарҷоми кишварро соҳиб гардид.

“Ювентус” дар ҷои аввал аст Клуби футболи “Ювентус” дар чорчӯби даври 26-уми Чемпионати Италия “Милан”-ро шикаст дод. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Милан бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 44 Фернандо Лорент кушод. Голи дуюмро дар дақиқаи 68 Карлос Тевес зад. “Ювентус” бо 69 хол дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот аст. “Милан”, ки 35 хол дорад, ҷои 10-ро муаррифӣ мекунад.

e-mail: javonontj@mail.ru

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ин маросим дар шаҳри Маскав бо ҳузури варзишгарони Русия баргузор шудааст. Дар ин чорабинӣ ба 44 варзишгари рус, ки дар Сочӣ соҳиби мақомҳои гуногун шуда буданд, калиди мошинҳои намуди “G”, “ML” ва “GLK”-и “Мерседес” туҳфа шудааст. 22-юмин бозиҳои олимпии зимистона аз 7 то 23 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуда, дар он варзишгарони 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар бозиҳои олимпӣ варзишгарони

Футболбозони Англия дар ЧҶ-2014 бо ҳамсаронашон мераванд

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

13

варзиши хориҷӣ


«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

14

назм Нуруллоҳи ОРИФ

Аллаи модар Аллаи модар калонам кардааст, Тифл будам, навҷавонам кардааст. Ёд дода бар ман ӯ роҳи дуруст, Аз пайи қисмат равонам кардааст. Шири аз қанду асал ширинтараш Бин, чи сон ширинзабонам кардааст. Шираи овози нарму форамаш Кора андар мағзи ҷонам кардааст. Дар фазои меҳани овозадор Ҳамнишин бо ахтаронам кардааст. Хоҳиши модар ба ҷо оварда Ҳақ, Мисли Рустам паҳлавонам кардаааст. Қиссаҳои шаб ба гӯшам хондааш Зеби садҳо достонам кардааст. Ҳурматаш орам ба ҷо, ки модарам, Номбардори замонам кардааст.

Бузургмеҳри ҲАКИМ, хонандаи синфи 8-и литсейи ба номи Т. Собирови шаҳри Ваҳдат

Модар Модари ҷон! Гар биёрам номи некат бар забон Дида равшан мешавад, Сад биёбон боғу гулшан мешавад. Қадри ту болост аз лаъли Яман, Ҳусни ту рашки чаман. Хандаи бахтофаринат чун тулӯи меҳру моҳ, Нур бахшӣ, бар ҷаҳон бо як нигоҳ. Гар бихандӣ, ман бихандам, Бо ту умре сарбаландам. Ашки чашмат реш месозад дилам, Мебарад нуру сафо аз манзилам. Дар ду олам ифтихори ман тӯӣ! Қуввату дору мадори ман тӯӣ! Саҷда орам пеши поят, Ҳастиям бодо фидоят! Эй бақои зиндагонӣ! Эй сафои зиндагонӣ! Шеди оламтоби ман! Гавҳари дар баҳру бар ноёби ман! Нахли умрат бехазон бод! Умри ту монанди дарёи равон бод!

ХУБОН

Як рӯз Эй азизон, аз ҷаҳон як рӯз хоҳам даргузашт, Дар дилам ишқи ниҳон, як рӯз хоҳам даргузашт. Дар ҷаҳони беамон захми забон дар ҳар куҷо, Ман зи захми ҳамзабон, як рӯз хоҳам даргузашт. Нолаам бо савти булбул ҳамнаво шуд дар чаман, Аз биёбон дар фиғон, як рӯз хоҳам даргузашт. Мушти хокам, санги роҳам, бе кафан, бе пираҳан, Манзилам кӯҳи ғамон, як рӯз хоҳам даргузашт. Доғ дар дил, сӯз дар ҷон, ҳарфи ишқам бар забон, Аз замину аз замон, як рӯз хоҳам даргузашт.

Дасти дуои шаб Шаб ба тоқи осмони каб-кабуд Моҳи навро дида, худ оростам.

Модари азиз Дур аз канори ту рафтан хатои мост, Форам ба гӯши ту ҳар дам садои мост.

Дар қатори духтарони бахтёр Сӯзании ранга дӯхтам беҳисоб. То зани ҳамсоя ҳамчун бахтгӯм Нангарад сӯям ба сад майлу итоб. То ки бошам сарфароз аз зиндагӣ, Бо ҳавас дасти дуо бардоштам. Тухми меҳру орзӯ шодикунон, Чун упо сар то ба поям коштам. Ман нанолам ҳеҷ гоҳ аз зиндагӣ, К-ӯ маро хушбахти ин дунё накард. Ӯ бирафт аз ман, мани бечораро, Айбаш ин ки бозпас ово накард.

Ишқи хато Саропоям ҳама дард аст, Зи ишқат қалби ман сард аст. Маро бигзоштӣ танҳо, Магар ин оини мард аст. Дили танги ту сангин аст, Дили ман аз ту пуркин аст. Шудам пажмурда мисли гул, Ба рӯям аз ғамат чин аст.

Сафаралӣ ТОШЕВ

Ширинзабон туӣ, эй модари азиз, Ному нишон туӣ, эй модари азиз. Ҳар гаҳ ки метапад аз дард қалби мо, Дармони ҷон туӣ, эй модари азиз.

Дастҳоям сӯи ӯ бардошта, Бахти нек аз Ҳақ бароям хостам.

Бошем дар сафар, хобат намебарад, Дар ҳавзи дида ҷо ашкат барои мост.

Ғами ту мебарад охир, Маро рӯзе ба зери дор. Ҳама навмедии дунё Кашад дар дам маро чун мор.

Шамсу Қамар туӣ, эй модари азиз, Болои сар туӣ, эй модари азиз. Дар ҷодаи умед, умре барои мо Нури басар туӣ, эй модари азиз.

Набуд айбам, ҳазор афсӯс, Зи ман рафтӣ, хато кардӣ. Ба худ умре ту, эй нодон, Маро ноошно кардӣ.

ёднома

Доғат ба ҷигар, ҳамеша дар ёди манӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

(Ба ёди дӯсти ғӯрамаргамон, рӯзноманигор Хайриддини Убайдзод)

Деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ бо манзараҳои зебову назаррабояш, чашмаву обҳои мусаффояш, боду ҳавои софу нотакрораш диёри бемислу монанди кишварро боз ҳам зеботар кардааст. 9 октябри соли 1971 дар ин диёри зебоманзар Хайриддини Убайдзод таваллуд шуда, камол ёфтааст.

Хайриддин ҳини дар мактаби миёнаи деҳа таҳсил карданаш дар ҷашну маросимҳо фаъолона ширкат мекард. Дар маҳфилҳо баромад карда, бо нутқи дилкашу овози форамаш маҳбубу ҳамагон гардид. Ҳамин маҳорати наттоқиву барандагиаш ӯро ба пойтахт овард. Ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шуда, соли 1997 онро сарбаландона хатм намуд. Яке аз ҳамсабақҳояш раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов аст. А. Раҳмонов Хайриддинро ҳамеша шахси донишманду поквиҷдон муаррифӣ мекунад. Ӯ дар Радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири барномаи «Корвони савту суруд» фаъолият намуда, бо кордониву малакаи баландаш байни ҳамкорон эътибори баланд дошт. Ёру дӯстон ҳисси баланди ватандӯстӣ, муҳаббат ба хоку оби Тоҷикистони

азиз доштанашро махсус таъкид мекунанд. Ин муҳаббаташро Хайриддин бо марсияҳои басе таъсирбахш ифода кардааст. Марсияҳои эҷодкардаи ӯ дар васфи Ватан, модар хеле моҳирона таълиф шуда, эҳсоси баланди муаллифро дар хеш ғунҷондаанд. Хайриддин оила ва чор фарзанди дӯстрӯй дошт. Бо сабаби вазнин будани вазъи зиндагӣ ӯ низ мисли садҳо шаҳрванди диёри маҳбуб рахти сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ баст. Вале дар кӯи ғурбат низ ҳамеша аз Ватан ёд мекард, ҳамеша суруди Ватанро тараннум мекард, хоса диёри айёми бачагиҳояш, оғози ҷавониву ошиқиҳояшро. Дар васфи ҷавонони ҷавонмарги деҳааш марсияи пурсӯзе навишта буд. Бехабар аз он, ки рӯзе дар қатори ин ҷавонмаргони орзупарвар ӯ низ номнавис хоҳад шуд. Бале, 19 июни соли 2013 Хайриддин ҳам ба сафи ҷавонмаргони диёраш пайваст.

Он рӯз деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ саропо мотам дошт. Пиру барно мегирист. Ба маросими ҷанозаи Хайриддин ёру дӯстонаш аз Душанбеву навоҳии атрофи кишвар ҳузур доштанд. Шогирдонаш, ки ӯро «устод» мегуфтанд, аз Русия омаданд. Омаданд, то бори охир дӯсту бародар ва устоди хешро бубинанд. Хайриддин, ки як ҷавони ҳассос буд, аз аҳволи ҷавонони ғариби Ватанаш, ки дур аз зану фарзанд мондаанд, басе ғамнок шуд. Ин ғаму андуҳ оқибат ӯро ба беморӣ афканд. Бемории саратони меъда. Меҳнати зиёди табибони Маркази илмии саратоншиносӣ асар накард ва ӯ аз ин беморӣ дунёро падруд гуфт. Ёдат ба хайр, Хайриддини азиз!

Муҳаммадҷон МУРОДОВ, Қудратулло ИБОДОВ, ноҳияи Айнӣ


… Пател, ситораи кинои њиндї

Давлат дар Осиёи Ѓарбї

Мебел

Асбоби барќї барои мурѓпазї

Пасандози бонкї Сохти давлатии ќисмњои АМА (ОАЭ)

…и Султон, сароянда

«Рама» ё «Она»

Бетаъм, фач

Лалмї не Љонишини шахсї

Ќандинаи мавиздор

… Рошан, ситораи кинои њиндї

Соатсоз ё дуредгар

Зан, ситораи эстрадаи эронї

Мошинњои машњури Франсия «Пежо» ва …

Сари мех ё чўб ... Љалил , нависанда

Меваи тропикии «солинавї»

Асбоби чўббурї

Хато, иштибоњ

Шоир ... Сафар Олам, дунё

Наќл аз њаёти Расули Акрам (с)

Антоними «мураккаб»

Пойтахт дар соњили Балтика

ЊафтаИстаномаи равшани љумњуришўравї явї

Ахбори шабакаи РТР (ТВ Русия)

Тими варзишии њарбиён (русї)

Ноњия дар минтаќаи Кўлоб

Матои сафеди пахтагин

Њамсари Муњаммад (с)

Гаражи њавопаймо

…и акрам Муњаммад (с)

Яроќи тирандоз

«Шавњар»и буз

Љои нигањдории ѓалладона

Спорт (тољ.)

Љоизаи синамогарони Амрико

Њисса, сањм

Чўбдаст, чигас

Нотаи якуми мусиќї

Њошим ..., актёр ва режиссёри тољик

Тўббозї бо мототсикл

Шиканља, азият

Заводи автомобилбарории «Жигули»

Тасвир

Шишаи аксдињанда

Зодгоњи Фирдавсї

Домод

Эшон, вайњо

Мева

Миён Зер, поён Хушрў

Навъи конфет

Мухтасари номи кишвари араб

Забони модарии Гёте ва Гитлер

Чиро бо чашмони пўшида мебинанд? ;

Њамном (лањљ.)

Њашароти болдори хира

Шикам, дарун

Сињат не Касалии вазнини пўст

Љои кори актёр

… Долина, сарояндаи рус

Онро бо кг чен мекунанд

Навиштаљот, текст

Таърихи рўз

Доѓњои сиёњу сафед

Њайвони боркаш ва савории хонагї

Пойтахти Россия

Калта

Касби гўштфурўш

Смс-и суратдор

Зан

Арзон не Автомобили њарљогарди ВАЗ

Фармонраво, њаким

Буѓ дар осмон

Повест, роман ё достон

Маълумоте, ки донишгоњ медињад

Њарфи 16уми алифбои арабї

Донаи шоњмот

Борик, нозук

Давлати Голливуддор (ихтисора)

Гўркунї Фармон Касе, ки хондану навиштанро метавонад

Президенти якуми Русия

Анзоб, Шар-Шар, Фахробод

Тарки он амри мањол

... Ќурбонова, сароянда

Раќамњои махфї

Муќобили «не»

Дарзмол, телевизор, принтер

Ишора

… Ѓафурї, сароянда

e-mail: javonontj@mail.ru

Рангдони принтер

Муќобили «занон»

«Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

15

РУБРИКА


16 «Ҷавонони Тоҷикистон», №4 (9326), 23 январи соли 2014

табассуми рассом Муассис:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

фароғат

- Падар, дуруст аст, ки дар мамлакатҳои Шарқ мард занашро баъди никоҳ мешиносад? - Дар ҳамаи мамлакатҳо чунин аст, бачам!

Сармуҳаррир

Самариддин Асоев

Мардҳо: Он чӣ дар 23 феврал гирифтед, бояд 8 март ҷуброн кунед!

Умаралии САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Зан ба шавҳараш ғурбат карда: - Имрӯз 8 март аст, ақаллан, ҳамин рӯз косаву табақро ман нашӯям... Мард чашмашро аз телевизор наканда: - Нашӯй, мон фардо, ки 9 март шуд, баъд мешӯӣ.

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

сайфиддин суннатӣ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

***

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Субҳи барвақт. Мард бо завҷааш чой менӯшанд. Ҳамсараш бо ноз мегӯяд: - Ҷонакам, фаромуш накардӣ, ки ба наздикӣ 8 март аст? Мард бо ҷаҳл: - Наход? Боз?

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ашрафи афзал (муҳаррири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ ҳасан азизов

***

(хабарнигорон),

(хабарнигор, Суғд),

раҳим рафиев,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек Юсуфбеков, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7203 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Субҳи 8 март. Зан бо ашки шашқатор ба шавҳараш мегӯяд: - Ту тамоман бераҳмӣ. Ҳатто намепурсӣ, ки ман барои чӣ гиря дорам. Мехоҳӣ гӯям? - Не, даркор нест! Аз дусар ман он қадар маблағ надорам!

***

Ҳайати эҷодӣ:

Нуралӣ Нуров

Лутфи ҷавонӣ

андарз

Дар ҷустуҷӯи кор-2 Дар ИМА ҷавони корҷӯе барои кор пайдо кардан аз ширкати яке аз пештозони соҳаи мошинбарорӣ Ҳенрӣ Форд ба қароргоҳи ӯ меравад. Аз котиба ба ҳоли зоре барои мулоқот бо Ҳенрӣ Форд баъд аз ҳашт моҳ вақт мегирад. Рӯзи таъиншуда ҷавон ба қароргоҳи ширкат ҳозир шуда, ба котиба аз мулоқот доштанаш бо роҳбари ширкат хотиррасон мешавад. Котиба мегӯяд: - Ҳоло Форд ба берун мебарояд, марҳамат, Шумо метавонед бо ӯ биравед! Форд ба мошине савор мешавад. Ҷавон ҳам бо ӯ ба мошин мешинад. Дар роҳ касе даҳон намекушояд. Ними роҳ мошинро нигоҳ дошта, Форд ба як мағозаи бузурге медарояд. Ҷавон ҳам бо ӯст. Кормандони мағоза бо як самимияти хоса ва эҳтироми баланд Ҳенрӣ Фордро истиқбол мегиранд. Онҳо тамоми мағозаро давр зада, тамошо мекунанд. Ҳамин тавр, ба ду, се, чор ва панҷ мағоза даромада, тамошо карда, берун мешаванд. Ҳамагӣ мағозаҳои бузургу бонуфӯзанд. Сипас, ба мошинашон савор шуда, роҳро идома медиҳанд. Дар роҳ тоқати ҷавон тоқ шуда, ниҳоят мепурсад: - Ҷаноби Форд, дар хусуси кор бо ман суҳбат мекардед... - Ҳа, масъалаи кор? – бо ҳайрат мепурсад Форд. Сипас, мошинро нигоҳ дошта, бе он ки чизе илова кунад, ҷавонро дар ними роҳ пиёда мекунад. Ҷавони бекор, ки дар ҷайбаш як танга ҳам надошт, хаставу асабонӣ ва арақшор ба хона мерасад. Аз як тараф бо асабоният ғурғур карда, нисбат ба рафтори Форд норизоӣ мекард, аз ҷониби дигар мегӯяд: “Ин мард ба ман

ҳатман дарсе додааст, аммо чист он, намедонам”. Ҷавони бекор рӯзҳои дароз ба фикр фурӯ рафта, дарси додаи миллиардери машҳурро фаҳмидан мехост. Рӯзе бо шитоб аз ҷой хеста, зуд ба аввалин мағозае, ки бо Форд ворид шуда буд, меравад. Мутасаддиёни мағоза ҷавонро ҳамон тавре истиқбол мегиранд, ки Фордро қабул карда буданд. Бо эҳтирому самимияти хоса. Ба ҳар як саволи ҷавон тавре ҷавоб медиҳанд, ки гӯё дар ҳузурашон Форд истодааст, на каси дигар. Ҷавон ба мутасаддиёни мағоза мегӯяд: - Ман мехоҳам маҳсулоти шуморо ба фурӯш бароварда, тиҷорати худамро ба роҳ монам. - Марҳамат, ҳар қадаре ки лозим бошад,бигиред, маблағашро ҳар вақте ки хостед, пардохт мекунед, - мегӯянд мутасаддиёни мағоза. Ҷавон ба ҳамин минвол мағозаҳои дуюму сеюм ва чоруму панҷумро зиёрат мекунад. Дар онҳо низ истиқболи гарм мебинад. “Оё аз ин ҳам кӯмаки беҳтаре мешавад?” - мегӯяд ҷавон ба худ аз ғояти хурсандӣ... Дар давоми панҷ сол ҷавон яке аз беҳтарин тоҷирони ИМА мешавад. Рӯзе ба худ мегӯяд: “Акнун замоне расидааст, ки бо Форд вохӯрда, арзи сипос намоям”. Ӯ ба қабулгоҳи Ҳенрӣ Форд ҳозир шуда, ба котиба мақсади бо сардораш вохӯрданро мерасонад. Аммо ҷавоби шунидааш ӯро ба ҳайрат мегузорад. Котиба мегӯяд: - Марҳамат, ҷаноб. Форд шуморо интизор аст. Форд ки дар утоқаш интизори ҷавон буд, мегӯяд: - Шумо аввалин ва охирин нафаре нестед, ки ман дар ҳамон ҷой фаровардаам. Аз миёни ҳамаи онҳо танҳо шумо мақсади маро пай бурдед. Аз он рӯз сар карда, шуморо бо шавқи зиёд назорат мекунам!

Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

Андарзи зиндагӣ: 14 феврал баҳонаи хубест, ки ба ҳамдигар туҳфаҳои 23 феврал ва 8 мартро ба ёд биёред.

*** Писарак аз падараш мепурсад: - Барои чӣ 8 март дар тақвим бо ранги сурх ишора шудааст. - Писаракам, ин ранги хуни тамоми мардҳо аст...

*** Зан ба шавҳараш: - Ҷонакам, имсол дар 8 март ба модарам чӣ туҳфа мекунем? - Ъмммм, соли гузашта чӣ туҳфа карда будем? - Миз... - Хеле хуб, имсол ба он барқ пайваст мекунем.

*** Шавҳар ба занаш: - Дар 8 март чӣ туҳфа мехоҳӣ? - Ягон чиз барои гардан ва дастонам. - Фаҳмо, собун туҳфа мекунам...

*** Мард ба маҳбубааш: - Дар 8 март чӣ туҳфаат кунам? Духтар шарм дошта: - Ростӣ намедонам... - Ин тавр бошад, як сол вақт. То 8 марти соли дигар фикр кун.

Эълон

Барҳам мехӯрад

ҶДММ “Самардин-С” (РЯМ 1810006330, ИНН 185182033), ки дар Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони шаҳри Кӯлоб аз 30 марти соли 2013 ба сабти давлатӣ гирифта шудааст, барҳам мехӯрад.

Ивази ному насаб

Бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси аризаи шаҳрванд Эшмухамедов Давлатманд Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 17 ноябри соли 1988, ному насабашро ба Нозимов Давлатманд Аҳмадҷонович иваз кард.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.