Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
1
№13 (9335),
27 марти соли 2014
наврӯз - 2014
наврӯз - 2014
Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул рафт
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат 26 март барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Афғонистон сафар кард. Дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
тасмим
Танҳо се довталаб ба Ҷоизаи Рӯдакӣ
Саҳифаи 4
Сарҷамъии ҷомеа фазилати Наврӯз аст Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт. 21 марти соли 2014
Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ унвони асари се довталаб барои дарёфти ин ҷоизаи арзишмандро дар соли 2014 эълон кард. Ба муҳокимаи оммавӣ барои дарёфти Ҷоизаи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, асари сеҷилдаи тадқиқоти «Уфуқҳои тозаи наср»-и доктори илмҳои филология Атахон Сайфуллоев ва маҷмӯаи ашъори «Гулхори чида-чида»-и Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ, асари дуҷилдаи меъмории «Энсиклопедияи ёдгориҳои маданияти ориёӣ дар Осиёи Марказӣ»-и доктори улуми меъморӣ Рустам Муқимов пешниҳод гардиданд.
варзиш
Велосипедронӣ дар Суғд
25-26 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявии велосипедронӣ миёни занон ва мардон доир гардид. Дар чорабинӣ дастаҳои занонаву мардона аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.
Саҳифаи 12
e-mail: javonontj@mail.ru
футбол. ҷоми олии тоҷикистон
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
2
наврӯз - 2014 19 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст. Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар овардаву шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор мераванд. Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст. Тавре аён гардид, ин шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 20 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд. Дар боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун мебошад.
Тантанаҳои наврӯзӣ
e-mail: javonontj@mail.ru
20 март Президенти мамлакат чун анъана дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуд. Мулоқоти навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар дар толори Театри
опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар оғози суханронӣ Президенти кишвар Наврӯзро “аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллӣ” номида, изҳор дошт, ки “Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни кӯҳани моро таҷассум менамояд”. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду зако-
ват бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад”. Таъкид гардид, ки “яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз бар ҷавҳари инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накӯкорӣ асос ёфтани он аст”. Бо ёдоварӣ аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи Наврӯз, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад, Сарвари давлат таъкид дошт, ки “ин ҷашни пу-
рифтихор ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи ҷашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардуми мухталифи сайёра истиқбол мегиранд”. “Ба ин маънӣ метавон дилпурона изҳор намуд, ки Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват
аст”, - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. Наврӯз ва суннату ойинҳои он, ҳамчунин, “як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз” номида шуд ва таъкид гардид, ки “пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад”. “Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мута-
ассибу тангназаранд, ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса, тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад”, - афзуд Сарвари давлат. Сарвари давлат мужда расонд, ки “созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014-ро пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард”. Ҳамчунин, зикр шуд, ки соли равон бистумин солгарди қабули Конститутсия ва Суруди миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешаванд. Сарвари давлат соли нави аҷдодии 2014-ро “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ” эълон кард. Пешниҳод гардид, ки яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва як муассисаи илмию маърифатӣ ба номи ин марди бузург гузошта шавад. Дар боби дастгирии давлатӣ аз эҷоду эҷодкории аҳли зиё, аз ҷумла, ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли танҳо панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дуконҳои китобфурӯшӣ, инчунин, Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ тармиму навсозӣ шуд. Президенти кишвар пайдо шудани «Википедияи тоҷикӣ»ро дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки иқдоми ҷавонони ватанпарасти мо аст, арзандаи дастгирӣ номида, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дод, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад. Ҳамчунин, ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, Ака-
демияи илмҳо ва Китобхонаи миллӣ супориш дода шуд, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири тоҷик аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд. Дар маҷмӯъ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зиёиёни кишварро “дидаи бедори миллат” номида, онҳоро ба эҷоди асарҳои нави матлуби аҳли ҷомеа, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи китобдӯстию китобхонӣ, илмомӯзию донишандӯзӣ ва ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
шаванд, ки беш аз 100 кас бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, дар корхонаҳои истеҳсолии “Тоҷиксодиротбонк” ва қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшид. Нахуст корхонаи “Тоҷи Осиё”, ки ба истеҳсоли маҳлулҳои шустушӯй машғул аст, расман ба кор дароварда шуд. Тавре зикр гардид, корхона бо харҷи 1,4 миллион доллари амрикоӣ аз
22 март дар маркази шаҳраки Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ
бо иштироки Президент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре зикр гардид, сохтмони ин беморхона соли 2006 оғоз гардида, барои бунёду таҷҳизонидани он қариб 100 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Беморхона дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонида метавонад. Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон, шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайёст. Барои кор бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 45 мутахассиси ин беморхона дар курсҳои такмили ихтисоси муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар бозомӯзӣ намудаанд.
ҷониби соҳибкорони эронӣ бунёд ёфтааст. Иқтидори ҳозираи корхона 400 тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он ҳоло 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. То соли оянда иқтидори корхона фузун гардида, шумораи коргарон ба 45 кас хоҳад расид. Маҳлулҳои шустушӯии ин корхона бо технология ва сертификати олмонӣ истеҳсол шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад. Корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо саҳмгузории муш-
Таъкид гардид, ки “ноҳияи Данғара метавонад бо роҳи боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши бисёр муҳим бозад”. 23 март боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара бо оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ресандагӣ ва 10 бинои 9-ошё-
наи истиқоматӣ идома ёфт. Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта аз ҷониби роҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” сохта шуда, бо таҷҳизоти навтарини итолиёӣ то охири соли равон ба кор дароварда мешавад. Соли 2015 дар ин ҷо, ҳамчунин, корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба кор омода гардида, коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ба роҳ монда ме-
шавад. Дар паҳлӯи корхона 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки қисмате аз он ба кормандони “Тоҷиксодиротбонк” ва корхонаҳои он дода шуда, боқӣ ба фурӯш пешниҳод мегардад. Барои ин биноҳо, ки ба як маҳаллаи мукаммали истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт, шабакаи мустақили гармидиҳӣ бунёд меёбад. Дар қабатҳои поёнии биноҳо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир ме-
тараки ширкатҳои Тоҷикистону Чин бунёд ёфта, дар он солона аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом маҳсулоти тайёри гуногун истеҳсол хоҳад шуд. Дар сурати ба кор даромадани 2 навбати аввали корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он дар ин ҷо 3500 нафар бо корӣ доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
«President.tj»
e-mail: javonontj@mail.ru
22 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ Президенти кишвар мардуми ноҳияи Данғара ва кулли вилояти Хатлонро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, ба ҳамагон хонаи обод, бахту иқболи баланд ва ба кишоварзони заҳматкаш файзу нусрати баҳорӣ орзу намуд. Сарвари давлат аз авҷи тозаи бунёдкорию созандагӣ дар ноҳияи Данғара ва қаламрави вилояти Хатлон изҳори хушӣ ва бо ёдоварӣ аз имконоти фаровони табиӣ кишоварзони ноҳияи мазкурро ба рушди бештари ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ раҳнамун кард.
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
3
наврӯз - 2014
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
4
наврӯз - 2014
Сарҷамъии ҷомеа фазилати Наврӯз аст Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт. 21 марти соли 2014 Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мояи ифтихори мо - тоҷикон аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ 21 марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол боз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардуми кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, инчунин, ҳамаи сокинони пойтахт ва шумо - иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаи идонаро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям. Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои кӯҳандиёри мо зуҳур кардааст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи
зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад. Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн
бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст. Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус, дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст. Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст. Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст. Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд. Дӯстони гиромӣ! Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу
фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус, дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд. Дар ин раванд, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва нерӯманду пешрафта гардад. Толеи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори бистусеюмини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамрайъии сокинони кишвар истиқбол менамояд. Аз ин лиҳоз, мову шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад. Бигзор Наврӯзи ҷаҳонӣ дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад. Бори дигар ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда орзу менамоям. Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!
рушди туризм
Сафи сайёҳони Ҳиндустон ба Тоҷикистон меафзояд
e-mail: javonontj@mail.ru
22 марти соли равон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Руслан Шодиков бо Ғулом Аҳмад Мир, вазири сайёҳӣ ва фарҳанги вилояти Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон доир гардид. Руслан Шодиков аз ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон истиқбол намуда, онҳоро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфт. Дар навбати худ меҳмонон ташрифи худро дар ҷашни Наврӯз фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар Кашмир низ ҷашни мазкур дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта мешавад. Ғулом Аҳмад Мир мақсади ташриф ва мулоқоти худро баҳри рушду инкишофи соҳаи туризми Тоҷикистону Ҳиндустон арзёбӣ намуда, роҷеъ ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвараш маълумот дод. Ҳамчунин, номбурда эҳтироми хосаи мардуми Кашмирро нисбат ба Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баён намуда, илова кард, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кашмир аз эҳтироми хоса бархӯрдор аст. Муовини раиси Кумитаи
ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков изҳори умедворӣ намуд, ки мулоқоти ҷонибҳо ба рушди инкишофи минбаъдаи бахши сайёҳӣ кӯмак мерасонад. Мо мутаманем, ки мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар ду ҷониб - ҳам Ҳиндустон ва ҳам Тоҷикистон мусоидат намуда, дилбастагӣ ва муҳаббати ҷониби Ҳиндустонро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд мегардонад. Руслан Шодиков, ҳамчунин, изҳори омодагӣ намуд, ки дар оянда низ ҳамкориро бо ҷониби Ҳиндустон дар сатҳи баланд ба роҳ мемонанд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибиҳо наворҳои видеоиро, ки инъикосгари мавзеъҳои сайёҳии ҳар ду кишвар буданд, баҳри огаҳии бештар пайдо намудан ба намоиш гузоштанд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Президенти нави Афғонистон кӣ мешавад? То интихоботи президентӣ дар Афғонистони ҳамсоя даҳ рӯз монд. Агар ҳамлаҳои шадид ба штабҳои интихоботии бархе номзадҳо ва сӯйқасдҳои анҷомшуда ба чанде аз онҳоро ба инобат нагирем, маъракаи сиёсии Афғонистон зоҳиран чандон валваладор нест. Албатта, то имрӯз. Шояд бо наздиктар шудани фурсат ин интихобот низ мисли интихоботҳои пешин ҳангомабарангезу пурвалвала гардад.
Хобгоҳи №2-и ДТТ ба истифода дода шуд Дар арафаи ҷашни байналмилалилии Наврӯз ва ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт хобгоҳи №2-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, воқеъ дар шаҳраки Политехникум, баъд аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд. Хобгоҳ аз чор ошёна иборат буда, 126 ҳуҷраро дар бар мегирад ва барои 420 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳо барои ду ва чор нафар пешбинӣ шуда, дорои ҷевон, мизу курсӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои мутолиаи китоб, ошхона дар ҳар ошёна, ду ҳаммоми замонавии калон дар ошёнаи якум иборат аст. Инчунин, марказҳои обу коррезӣ ва барқу гармидиҳӣ дорад, ки ба воситаи ангишт кор мекунанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Таҷлили Наврӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
Суратгир Т. Фозилов, «ҶТ»
Таври маълум Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон 11 нафарро ҳамчун номзад ба президентии ин кишвар сабт кардааст. Инҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Залмай Расул, Нодир Наим, Қайюм Карзай, Гулоғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай мебошанд. Вале чанде пеш ду нафар номзадии худро пас гирифта, аз идомаи мубориза барои мақоми президентӣ даст кашиданд. Яке Қайюм Карзай бародари Ҳомид Карзай, дигаре Абдураҳими Вардак, собиқ вазири мудофиаи Афғонистон аст. Қайюм Карзай аз идомаи сабқат ба нафъи Залмай Расул даст кашид. Ҳомид Карзай, ки яке аз ҷонибдорони Залмай Расул аст, бародарашро ба нафъи вай аз идомаи сабқат боздошт. Абдураҳим Вардак сабаби ақибнишиниашро шарҳ надодааст. Гуфта мешавад, дар интихоботи имсолаи президентӣ дар Афғонистон ҳоло се нафар – Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Залмай Расул пешсафанд. Кадоме аз ин се нафар барандаи интихобот мешавад, ҳоло номаълум аст. Таҳлилгарон ба баранда шудани онҳо дар давраи аввал камтар бовар доранд. Вале он чи ки як тоҷири афғон тахмин кардааст, то ҷое наздик ба ҳақиқат менамояд. Ӯ гуфтааст: “Раъйи мардумӣ аз доктор Абдуллоҳ аст, раъйи тақаллубӣ аз Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва раъйе, ки пуштибонии хориҷӣ дорад, аз Залмай Расул”. Воқеан, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Залмай Расул чанд сол дар Амрико буданд. Яке дар кадом донишгоҳ устод буд, дигаре соҳиби тарабхонаҳо ва машғул ба тиҷорат. Баръакси инҳо доктор Абдуллоҳ дар замони муқовиматҳои Афғонистон дар майдони набард қарор дошта, нафаре аз пайравони Аҳмадшоҳ Масъуд ва шахси ҷиҳодист. Аз шогирдони шодравон Бурҳониддин Раббонӣ низ муаррифӣ мешавад, агарчи декабри соли 2001 маҳз доктор Абдуллоҳ бо шогирдони дигари Раббонӣ - марҳум Фаҳим ва Юнус Қонунӣ ӯро водор карданд, ки ба нафъи Карзай ақиб нишинад. Ҳоло гумони ғолиб ин аст, ки дар интихоботи имсолаи Афғонистон Залмай Расул баранда мешавад. Албатта, агар ба ин фарзия, ки ӯ аз пуштибонии хориҷиён бахурдор аст, такя кунем. Чаро ки Ҳомид Карзай созишнома дар мавриди боқӣ мондани неруҳои амрикоиро баъди соли 2014 имзо кардан намехоҳад, балки шартҳо пешниҳод кардааст. Яъне, Карзай “тӯбро ба президенти оянда ҳаво доданист”. Пас, Амрико метавонад, Залмай Расулро бо шарти имзо кардани созишнома дар мавриди боқӣ мондани низомиёнаш барандаи интихобот кунад. Бале, бозӣ дар Афғонистон идома дорад. Бозии хеле моҳирона. Шояд пурсида шавад, ки чӣ гуна бозӣ? Бозии Ҳомид Карзай ва хориҷиҳо! Агар ёдамон бошад, соли 2001 Ҳомид Карзайро дар Бони Олмон Амрико сарвари Афғонистон таъин кард. Яъне, ӯ одами амрикоиҳост. Ин кашфиёт нест, инро ҳама медонанд. Вале бубинед, ки Ҳомид Карзай дар охири давраи президентиаш қарорҳояшро ба нафъи Амрико қабул накард. Созишномае, ки амрикоиҳо мехостанд, имзо нашуд. Аммо Карзай ҷонибдори Залмай Расул аст. Залмайе, ки ӯ низ одами Амрикост! Аҷиб нест? Аҷиб аст, албатта, балки духӯрагии маҳз. Чӣ гуна мешавад дар як вақт ҳам зидди Амрикову ҳам ҷонибдори он бошӣ?! Яъне, сенарияро чунон сохтаанд, ки халқи аз хориҷиҳо - амрикоиҳо безор раҳгум зада, боз одами онҳоро сарвар мегузинад. Дил ба доктор Абдуллоҳ месӯзад, ки шояд ин навбат ҳам наметавонад баранда шавад. Ба Абдуллоҳе, ки миёни нуҳ номзади паштутабор, ягона номзадест, ки ҳам хуни паштунӣ дорад, ҳам тоҷикӣ. Ба Абдуллоҳе, ки соли 2009 дар муқобили бетамизиҳои хориҷӣ ва тақаллуби зиёди интихобот аз рақобат бо Ҳомид Карзай даст кашида, чунин гуфта буд: “Ман бо таассуф ва эътироз рӯи амалкарди нодурусти Комиссиюни интихобот ва рӯи амалкарди нодурусти ҳукумат дар интихоботи шонздаҳи ақраб ширкат намекунам”.
Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
5 «Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
сиёсати ҷаҳон
e-mail: javonontj@mail.ru
ҷавонон ва ҷомеа
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
6
вохӯрӣ
ҚУМСАНГИР: Милитсия волидонро ба масъулиятшиносӣ даъват кард! Таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби илму донишомӯзӣ дар байни онҳо, таҳкими ҳамкории мактабу маориф бо волидони мактаббачаҳо ва нақши ҷомеа дар тарбияи ноболиғон аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии роҳбарияти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир бо волидони муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 4 ва 41-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сардори ШВКД дар ноҳияи Қумсангир, полковники милитсия Ҷӯрахон Зикриёев изҳор намуд, ки новобаста ба он ки соли гузашта дар ҳудуди ноҳия аз тарафи ноболиғон 13 ҷиноят содир гардидааст, вале дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ду моҳи аввали соли равон дар байни ноболиғон ягон амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мавсуф таъсири корҳои тарғиботиро дар байни аҳолӣ, хусусан, волидону фарзандон муҳим арзёбӣ карда, зикр намуд, ки соли
2013 мактаббачаҳои Қумсангир дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ 58 медал, аз ҷумла, 31 медали тилло ба даст овардаанд. Ҷ. Зикриёев ин дастовардро натиҷаи заҳмату талошҳои якҷояи тамоми ҷонибҳои дахлдор, хусусан, саъю кӯшиши мақомоти милитсия, шуъбаи маорифу мактабҳо ва волидони муҳассилин арзёбӣ кард. Дар баробари ин, сардори ШВКД Қумсангир таваҷҷуҳи аҳли нишастро, ки беш аз 600 нафарро ташкил медоданд, ба як қатор камбудиҳо дар сам-
ти тарбияи фарзандон ҷалб намуд. Аз ҷумла, номбурда ба бандҳои алоҳидаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дахл намуда, тазаккур дод, ки масалан, моддаи 8-и қонун махсус барои масъулияти падару модар пешбинӣ шуда, дар он вазифаҳои волидон равшану возеҳ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар ин моддаи қонун омадааст, ки дар баробари ба фарзанд мондани номи муносиб, ҳамзамон, волидон вазифадоранд, ки то 3-моҳагӣ кӯдакро дар қайд
КИТОБИ НАВ
e-mail: javonontj@mail.ru
Бе оилаи солим ҷомеа солим намешавад
Чанде пеш дар Китобхонаи миллӣ муаррифии китоби равоншиноси собиқадор Маҳмадулло Давлатов зери унвони “Оила ва рушди шахсияти фарзандон: дар ҳошияи андешаҳои Фатҳулло Гюлен” доир гардид. Рӯзноманигори собиқадор Гавҳар Умарова чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба косташавии ахлоқи оилаҳои ҷавон, афзоиши омори ҷудошавии оилаҳо изҳори ташвиш карда, зарурати чопи чунин як дастури муфидро таъкид сохт. Муаллифи китоб, узви Ассотситона, дар китоби «Оила ва рушди атсияи равоншиносони Тоҷикистон шахсияти фарзандон» роҳҳои ҳалли ин мушкилот кушоду равшан баён М. Давлатов изҳор намуд, ки дар шароити кунунӣ мавқеи зан-модар шудааст. дар мамлакат хеле баланд аст. Муаллиф дар саҳифаи 105-и Санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде, китоб навишта аст, ки хушунати ки мавҷуданд, мавқеи зан-модарро равонӣ нисбат ба дигар намудҳои хушунат дар оила бартарӣ дорад. баланд бардоштанд. Вале мавқеи зан ҳамчун ҳамсар беҳбудӣ мехоҳад. «Чаро ин намуди хушунат бартарӣ Ҳамчунин, мавқеи духтар хуб аст. пайдо кард? Ба ин савол посухҳо зиБарои таҳсили духтарон дар макотиёданд ва асоситаринашон инҳоянд: би олӣ аз минтақаҳои дурдаст квота аҳли хонавода аз уҳдаи муошиҷудо мешавад. Аммо мавқеи келин рати солим бо якдигар намебароба бознигарӣ ниёз дорад. янд, қобилияти сухани хушу гу- Моро лозим аст, ки оммаро бо воро гуфтанро надоранд, забони донишҳои психологӣ мусаллаҳ кумуошираташон ислоҳталаб аст, аз нем, - гуфт М. Давлатов. - Аз ин тарзҳои пешгирӣ ва ҳал намудани рӯ, як боби китоб ба «Психологияи тавонанд тӯли 9 моҳи ҳомиладории низоъҳои байнишахсӣ бехабаранд, муносибатҳои оилавӣ» бахшида шу- ҳамсарашон дар паҳлӯяш истода, бо назардошти психологияи якдигар дааст. Бисёриҳо ба рушди шахсияти фазои солими инкишофи ҷанинро муносибатҳои байнишахсиро ба роҳ кӯдак баъди таваллуд таваҷҷуҳ ме- таъмин кунанд. Бе оилаи солим монда наметавонанд ва ғайра. Пас, кунанд. Аммо заминагузори асосии ҷомеаи солим сохта намешавад. ягона роҳ баланд бардоштани сатҳи инкишофи минбаъдаи кӯдак баъди Ҳунарманди шинохта Ортиқи маърифати оиладории насли наврас таваллуд дар давраи ҳомиладорӣ аст. Қодир босуръат ҷудошавии оилаҳоро ба шумор меравад, зеро оламро дар Боре зимни як семинари омӯзишӣ ба «фоҷиаи миллӣ» номида, гуфт: ҳеҷ давру замон ба воситаи ҷазо ва ҳар иштирокчии мард коғази холи- Решаи асосии ҷудошавии тарсонидан ислоҳ карда нашудааст. ро дода, хоҳиш намудам, ки дар 5 оилаҳо дар бефарҳангию бесавоКитоби мазкур барои рушду индақиқа оид ба фаъолияти худ баҳри дии ҷомеа аст. Мо ҳар рӯз осори ин кишофи зеҳнии падару модарон, рушди солимии ҷанин тӯли 9 моҳи бемаърифатиро дар рафтори аҳли омӯзгорон, донишҷӯён, мутахассиҳомиладории ҳамсаратон нависед. ҷомеа мушоҳида мекунем. Каломи сони соҳи педагогикаю психологиЧанд нафарашон навиштанд, ки «ду насли наврасу ҷавон пур аз фаҳш, яи амалӣ ва ҷавонон-бунёдкорони қуттӣ тухм, 1-2 литр равғани зағир ақидаашон хароб, одаташон шика- ҷомеаи навин ва хосатан рукни ибовардам». Бо ҳамин тамом… Пас стану вайрон кардан аст. Ягона роҳи тидоии он - оила пешкаш шудааст. тасмим гирифтам барномаи муайяне наҷот аз ин варта дар босавод карС. АМИНИЁН, “ҶТ” барои мардон таҳия намоем, то онҳо дани аҳли ҷомеа мебошад. Хушбах-
монда, барояш шаҳодатномаи таваллуд бигиранд. Ҷ. Зикриёев дар тақвияти суханонаш афзуд, ки кормандони милитсияи ноҳияи Қумсангир ҳолатҳоеро низ ошкор кардаанд, ки фарзанд дар мактаб мехонад, вале то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надорад. Маҳз барои вайрон кардани талаботи мазкур дар зарфи 2 моҳи соли равон кормандони милитсияи ноҳия нисбат ба 17 нафар волидон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, бо ҳукми суд ҷарима шуданд. Дар доираи вохӯрӣ аз тарафи роҳбарияти ШВКД ноҳияи Қумсангир як қатор толибилмони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо «Ифтихорнома» ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, вобаста ба дигар масъалаҳо низ изҳори назар карда шуд. Аз ҷумла, ёрдамчии сардори ШВКД дар ноҳияи Қумсангир оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, подполковники милитсия Садриддин Давидов дар мавзӯи ҳамкории тарафайни мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабҳо ва волидон, гузаронидани рейдҳои муштарак дар бозору дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои пешгирии беҳудагардии ноболиғон изҳори андеша намуд. Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Қумсангир, майори милитсия Қурбонназар Тошхонов низ оид ба қоидаи гирифтани шиносномаҳои миллӣ ва биометрӣ, дар қайд гузоштану аз қайд баровардан сӯҳбат кард.
Умед ОЧИЛОВ ҷавонон ва ҷомеа
Ҷавонон касб омӯхтанд
19 марти соли равон дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар доираи грантҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Нури ирфон»-и вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати агентии давлатии меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо иштироки ҷавонону бонувон вохӯрӣ ва семинар-машварат дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон: имконият, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ташаббусҳо” ҷиҳати бо кор таъмин намудани ҷавонон доир гардид. Дар натиҷаи муаррифии ҷойҳои нави корӣ ва касбинтихобкунӣ ба 20 нафар иштирокчӣ ҷиҳати интихоби касбу ҳунар маслиҳат дода шуда, 7 нафар ба омӯзиши касбҳои кандакорӣ, 9 нафар ба дӯзандагӣ ва 4 нафар барои омӯхтани касби барқчӣ номнавис шуданд. Ба 20 нафар шаҳрванди бекоре, ки мақсади сафари муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, аз ҷониби Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров курси кӯтоҳмуддати кафшергари газу барқ ташкил шуд. 20 нафар ҷавони дигар доир ба чӣ гуна ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи бизнес-нақшаро омӯхтанд. Ба иштирокчиён аз ҷониби коршиноси Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд оид ба суғуртаи тиббӣ, ёрии таъҷилии ройгони тиббӣ, донистани забони русӣ, ёфтани кордиҳанда ва бастани шартномаи меҳнатӣ, гузоштан ба қайди муҳоҷират дар ҷои истиқомат, гирифтани иҷозатномаи кор дар Русия, тағйиру илова, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия фаҳмонида шуд.
Маълум, ки он давра бисёриҳо бо ҳар сабаб тарки диёр мекарданд. Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла, Русия барои хеш сарпаноҳ, имкони рӯзгузаронӣ меёфтанд. Он замон на чун имрӯз муҳоҷират ба худ раванди оммавӣ гирифта буд. Сири «гадоии тоҷикон» ҳине аёнам гашт, ки нимаи дуюми солҳои навадуми қарни пешин ба Русия сафар намудам. Дар шаҳри Челябинск бисёр ҷавонони тоҷикро вохӯрдам, ки дар бозорҳо ба тиҷорат машғул гашта, ба ин васила аҳли байти дар кишвар мондаи хешро кӯмак мерасонданд. Он ҷо бо ҷӯгиён ҳам вохӯрдам. На танҳо ҷӯгиёни сокини Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон низ. Онҳо дар бозору растаҳо, биноҳои истиқоматӣ, деҳоти ин вилояти Русия, ҳатто нақлиёти мусофиркаш - қатораҳои барқӣ, маъруф ба «электричка» ворид гардида, ба касби хеш, яъне, гадоӣ мепардохтанд. Ҷӯгиён чун дигар миллатҳо аз мусибати ба сари тоҷикон омада, хеле моҳирона истифода бурданд. Масалан, яҳудиёни кишвари тоҷикон, ки барои тарки ин мулк пайт меҷӯстанд, ҷанги шаҳрвандӣ баҳонаи хуб шуд. Аз Тоҷикистон берун ва худро бе хонаю дар тарошида, соҳиби маблағҳои ҳангуфт гардиданд. Хусусан, дар Амрико. Тоҷик бошад, дар мулкҳои ғарибӣ азоби сахт кашид. Танҳо бо кӯмаки созмонҳои башарӣ рӯз гузаронд. Як тини пучак ҳам сарват ғун накард. Чун ба диёр баргашт, манзили ба хок яксонгаштаашро дубора обод кард. Шукр гуфт, ки обу хоки диёр насибаш гаштааст. Дигарон бошанд, баръакс. Ҳини дар Челябинск будан бисёр медидам, ки тоҷикписарон бо ҷӯгиҳо муноқиша, ҳатто даст ба гиребон мешуданд. Аз он хотир ки эшон худро тоҷики бе хонаю дар тарошида, маблағ меғундоштанд. - Охир, ин чӣ хел мешавад? – бо аламу ҳасрат мегуфтанд ҷавонони башӯромадаи тоҷик. – Тоҷик моем, аммо гадоӣ намекунем. Заҳмат кашида, маблағ ба даст меорем. Инҳо бошанд, худро тоҷик тарошида, корашон маблағғундорӣ. Номи тоҷикро
паст мезананд. Ҳини суҳбат бо мардуми таҳҷоӣ низ аён гашт, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ин вилояти кишвари Русия ҷӯгиён хеле зиёд ворид шуда будаанд. Мувофиқи нақли шоҳидони ҳол, ҳатто сари сина ва пушт ҳар гуна навиштаҷот овезон, манзил ба манзил баргашта, аз мардум кӯмак мепурсиданд. Чун тоҷики бесарпаноҳмонда. Ҳамчунин, аввалин муҳоҷирони меҳнатии тоҷик оғози ин равандро ба ёд оварда, нақл мекунанд, ки қатори мардуми пайи дарёфти ризқу рӯзӣ ба мусофират равон, ҷӯгиҳо низ ба сафар мебаромаданд. Сароғоз мардум тоҷик мепиндошт, ки ҷӯгиҳо низ ба мусофират раф-
ҳанӯз аз солҳои бистуми асри пешин барои кам нишон додани шумори тоҷикони дар ҳудуди ин кишвар монда чӣ корҳое, ки накарданд. Ҳатто то нимаҳои солҳои сиюми қарни гузашта, пойтахташ Самарқанд интихоб шуд. Раванди ӯзбеккунонии тоҷикони асил дар ин кишвар то ҳол идома дорад. Нахустин рӯзномаи тоҷикзабонони Мовароуннаҳр – «Бухорои шариф» ҳам табдили забон кард. Ӯзбекӣ шуд. Шумори мактабҳои тоҷикӣ торафт кам мешавад. Вале ҳамаи ин гӯё ба қавми ҷӯгиҳо дахл надорад. Агар тоҷиконро иҷборан ӯзбек нависанд, онҳо аз даврони шӯравӣ то имрӯз дар шиносномаҳо тоҷик сабти ном мешаванд. Ӯзбекҳо ор
дар чорроҳа, назди чароғакҳо ба ронандагони мошинҳои манъшуда, бо имову ишора
¶
Хуб мебуд, агар мақомоти дахлдор, аз ҷумла, вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар ба ин масъала дахл карда, тадбире меҷӯстанд. Бигузор қавми ҷӯгӣ дар шиноснома чун халқият номнавис шаваду миллати тоҷик аз ин гуна «сарборӣ» раҳо ёбад.
Ҷӯгиҳо ҳам муҳоҷир шуданд Ин қавм дар мулки бегона низ ба гадоӣ пардохта, дар паст задани номи тоҷик саҳм мегузорад
та, ҳатман заҳмат мекашанд. Ҳеҷ бовар надошт, ки дар мулки бегона ба гадоӣ пардохта, бо паст задани номи тоҷик сарват меғундорад. Мутаассифона, чунин ҳолат рух дод. Ҷӯгиҳо ҳатто ҳангоми сафар низ мекӯшиданд, ягон тин сарф накунанд. Бе билет дар даромадгоҳ, яъне, тамбӯр рӯйи фарши оҳанӣ ду-се рӯзи сафарро пушти сар мекарданд. Бо худ қариб ягон ҷиҳоз надоштанд. Аз он тараф бошад, баръакс. Ду-се моҳ дар мулки рус «сайр» намуда, боз дар тамбӯр ҷо мегирифтанд. Аммо бо ҷиҳози бешумор. Тамбӯр пур аз қолину қуттиҳои картонӣ мегардид. Дарди ҷӯгиҳои тоҷикистонӣ ба ҳамқавмҳои кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон магар сироят кард, ки ҷониби Русия роҳ гирифтанд. Онҳо низ худро тоҷик тарошида, пайи сарватғундорӣ шуданд. Дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон
мекунанд аз ин қавм. Корашон, ки гадоист, пас дар шиноснома тоҷик мондан гиранд. Барои худи ҷӯгиҳо бошад, фарқ надорад, дар шиноснома кӣ навишта мешаванд. Муҳим андармони кори хеш бошанд. Ҳоло ҷӯгиҳо дар кишвари тоҷикон, асосан, дар водии Ҳисор ва навоҳии ҷануб бештар зист доранд. Дастҷамъона паҳлӯи мардуми маҳаллӣ, яъне, тоҷикон сукунат ихтиёр кардаанд. Тарзи ҳаёти эшонро адиб Сорбон дар асари хеш «Ҷӯгӣ» хеле ҷолиб ба қалам додааст. Гадоӣ пешаи эшон аст. Дар ҳар кӯчаи пойтахт имрӯз занони ҷӯгиро вохӯрдан мумкин, ки тифли хурдсол дар бағал дар гӯшае чорзону нишастааст. Рӯзҳои одина, ҳангоми адои намози ҷумъа назди даромадгоҳҳои масҷидҳои ҷомеъ пур аз занони ҷӯгист. Фарзандони навраси эшон канори роҳи мошингард,
мефаҳмонанд, ки хайр намоянд, садақа диҳанд. Ҷавонони ҷӯгӣ бошанд, дар кори гадоӣ «ихтироот»-и зиёд кардаанд. Онҳо низ канори роҳҳои мошингард машғули «заҳмат»-анд. Лек худро чунон кӯзапушту шал вонамуд месозанд, ки аз дидани чунин манзараҳо кас ангушти ҳайрат мегазад. Хулоса, ин қавм пайи дарёфти пули бе дарди миён хеле пешрафт шудааст. Чанде пеш аз тариқи интернет аксҳои зиёде дастрас шуд, ки бо як номи умумие гирд оварда шудаанд: «Бошгоҳи тоҷикон дар шаҳраки Мелничний ручей, наздикии Питер». Аксҳоро аз назар гузаронда, аён мегардад, ки сокинони ин бошгоҳ на тоҷикон, балки ҷӯгиҳои Тоҷикистонанд. Аммо барои аксбардорони рус чӣ фарқ дорад. Охир, онҳо дар шиносномаҳо тоҷик сабти ном шудаанд-ку? Аксҳоро дида, хулоса кардан мумкин, ки сокино-
ни ин мавзеъ дар ҳолати тамоман ғайрисанитарӣ зист доранд. Дар ҳавои кушод, миёни ҷангал аз клёнка хайма бунёд намуда, рӯйи замин ҳар гуна палосу гилем партофта, хуфту хоб доранд. Тифлони хеле зиёди сару по бараҳна ба назар мерасад. Барои бинандаи ғайри тоҷик, эшон тоҷик маҳсуб меёбанд. Ҳине ки давлати шӯроҳо ташкил ёфт, аксар халқиятҳои туркзабон - сокинони имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шиносномаҳо ӯзбек сабти ном шуданд. Имрӯз бархе аз халқиятҳои туркзабон ин беадолатиро ҳис намуда, хостгори онанд, ки дар шиносномаҳо ба ҷойи миллати ӯзбек, номи халқияти эшон сабт гардад. Аз ҷумла, халқияти қарлуқ дар ин роҳ бештар талош дорад. Ҷӯгиҳо чӣ? Оё барои сабти номи халқияти хеш дар шиноснома талош мекарда бошанд? Ба фикрам, не. Барои ҷӯгиҳои Тоҷикистон зери сояи дигарон будан, афзалтар аст. Нафарони аз таърих бохабар медонанд, ки ватани аслии ҷӯгиҳо кишвари ҳинд маҳсуб меёбад. Инро вақтҳои охир бархе аз ҷӯгиҳо низ иқрор мешаванд. Дар худи Русия қавме бо номи лӯлиён ба сар мебарад. Дар шиносномаҳои эшон номи қавм, халқияти лӯлӣ сабт аст. Аз он ки ҷӯгиҳо дар шиносно-
ма тоҷик сабти ном шудаанд, ба манфиати миллат нест. Баръакс, номи тоҷик бо гадоӣ «шуҳрат» меёбаду халос. Хуб мебуд, агар мақомоти дахлдор, аз ҷумла, вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар ба ин масъала дахл карда, тадбире меҷӯстанд. Бигузор қавми ҷӯгӣ дар шиноснома чун халқият номнавис шаваду миллати тоҷик аз ин гуна «сарборӣ» раҳо ёбад. Паёбари ислом дар ҳадисе гадоиро сахт накӯҳиш намудааст. Мувофиқи мазмуни ҳадис нафаре, ки бе узр даст ба гадоӣ мезанад, фардо назди Худованд бе чеҳра ҳозир мегардад. Кулли мардуми кишвар мусулмон аст. Пас, ҳадиси паёмбари гиромиро ба инобат гирифта, коре бояд кард, ки пеши чунин амали нангин ва барои миллат бегона гирифта шавад.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Соли 1993 ба дастам яке аз шумораҳои рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав афтод. Дар он хабаре дарҷ ёфта буд, ки мувофиқи он, дар шаҳри Омски кишвари рус тоҷикон даст ба гадоӣ зада, барои тақсими маҳалли фаъолият байни ҳам муноқиша кардаанд. Ҳайратам афзуд. Наход тоҷики меҳнатдӯст дигар шуғли муносиб наёфт, ки дар мулки бегона гадоиро пеш гирифта бошад?
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
7
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
e-mail: javonontj@mail.ru
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
8
сиёсати ҷаҳон
Дар пушти ҷангу моҷароҳо ва бесуботии дунё, ки асрҳо боз ғолибан аз рӯи як сенария идома доранд, манофеи кишварҳои абарқудрат ниҳон аст. Инҳо ҳама роҳу усулҳоро ба кор бурда, ба мақсад ноил шудан мехоҳанд. Кишварҳои олами исломро, ки манобеи аслии захираҳои нафти дунё ба ҳисоб мераванд, пайваста ноором нигоҳ медоранд, то битавонанд аз сарватҳояшон ба осонӣ нафъ бибаранд. Ҳамзамон, чеҳраи поки дини мубини исломро ҳам бо туҳмату фитнаҳо олуда мекунанд. Илова ба ин, бо сохтани «душмани қалбакӣ» давлатҳои абарқудрат кӯшиш мекунанд, то шаҳрвандонашонро доим зери фишори хатари «бегонаҳо» қарор бидиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки онҳо обро дониста тира месозанд, то ба осонӣ моҳӣ бигиранд... Бояд қайд кард, ки дар интиҳои асри гузашта ва оғози асри нав қудратҳои ҷаҳонӣ бо мақсади соҳиби манбаъҳои нафти дунё гардидан равияву ҳаракатҳои гуногунро сохтанд ва ба майдон ворид карданд. Ин ҳаракату созмонҳо ба ном ҳаракатҳои диниву мазҳабианд, ки зери ливои ислом амал мекунанд. Гӯё ҳадафашон хизмат ба ислом аст. Дар асл, онҳо мақсадҳои чанд давлати абарқудратро пиёда месозанд, чун хуҷаинашон ҳаминҳо ба ҳисоб мераванд. Кишварҳои манфиатхоҳ ин ҳаракатҳои ба майдон баровардаашонро ҳамчун гурӯҳҳои исломӣ пӯшиш медиҳанд ва бо ин ба дини ислом низ зарба мезананд ва онро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном мекунанд. Яъне, бо як тир на ду, балки се фохта мезананд. Ҳам соҳиби нафти дунё мешаванд, ҳам номи исломро бад мекунанд ва ҳам бо баҳонаи «мубориза алайҳи терроризм» шаҳрвандонашонро зери идораи қатъии худ нигоҳ меодранд. Ин қудратҳо зоҳиран чунин вонамуд мекунанд, ки бо ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дар набарданд ва оромиву осоиштагии дунёро мехоҳанд. Аммо аламовар аст, ки ба оташи афрӯхтаи ғарбиҳо кишварҳои исломие чун Арабистони Саудӣ, Аморати Араб, Покистон ва Эрон равған мерезанд. Тактикаи қудратҳои мазкур ин аст, ки дар дохили кишварҳои исломӣ нооромӣ ба вуҷуд меоранд. Онҳо пайравони як мазҳабро бо пайравони мазҳаби дигар дар муқобилат қарор дода, байни онҳо тухми адоват мекоранд. Чун дар дохили як кишвар ҷангу кашмакашҳои мазҳабӣ сар мезанад, кишвар бесубот мегардад, дар ин сурат кашондани сарвату захираҳояш барои хориҷиён осонтар мешавад. Чунки мардуми дар ҳоли ҷанг ҳеҷ андешаи онро надорад, ки сарвату сармояашро кӣ рабудан дорад. Ҳамзамон, назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам сӯи мушкилоти мубориза алайҳи терроризм нигаронида мешавад. Далели ин ҳамон ҷангҳои мазҳабӣ дар Ироқ аст, ки тадриҷан ба тамоми мамолики мусулмонӣ сироят намуд. Бояд зикр кард, ки ҷангҳо дар минтақаи Ховари Миёна на бар пояи даъвоҳои замину тақсимоти нодуруст ва манфии мероси таърихист, балки ин минтақа макони рақобати қудратҳо барои сарвату захираҳои энергетикӣ мебошад. Бахусус, қудратҳои англосаксонӣ олами исломро як холигоҳе қабул доранд, ки то ҳанӯз якпорча нашуда-
аст. Бинобар ин, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то ин минтақаро ба хурдтарин ҷузъу қисматаш ҷудо созанд. Сипас, ҳар як пораи ҷудошударо ба дигараш дар ихтилоф қарор дода, якеро аз болои дигаре зӯр талаққӣ дода, онҳоро ба ҳам мешӯронанд. Баъдан, дар ин нуқтаҳои даргир бо баҳонаи «демократияву» «демократикунонӣ» низоми дилхоҳашонро таъмин мекунанд. Аҷиб ин, ки аксарияти ҳаракатҳои террористии исломӣ худро аз аҳли суннат медонанд. Вале дар байни ин ҳаракатҳои ба зоҳир суннигарои террористӣ пайравони чор мазҳаби ҳақ (ҳанафия, шофеия, моликия, ҳанбалия) вуҷуд надоранд. Баракс ҳамаи онҳо пайравони равияи «ваҳҳобиясалафия» мебошанд. Ҳамчунин, ҳаракати террористии шиамазҳаби «Ҳизбуллоҳ»-ро низ метавон дар ин қатор зикр намуд. Аз ин рӯ, барои боз ҳам амиқтар шинохтани рафтори ҳаракатҳои террористӣ, чун «ал-
баъдан, соли 1817 давлати навтаъсиси фаттон аз ҷониби Халифи усмонӣ барҳам дода мешавад. Ҳамин тавр, давлати имрӯзаи Арабистони Саудӣ дар натиҷаи се марҳилаи гуногуни асрҳои гузашта арзи вуҷуд мекунад. Ҳоло ҳам идеологияи расмии Арабистони Саудиро «ваҳҳобия» ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки замони барпошавии давлати мазкур Бритониёи Кабир доим пуштибони ҳам Саудия ва ҳам равияи «ваҳҳобия-салафия» буд ва ҳаст. Чи тавре зикр гардид, ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ худро пайрави равияи ваҳҳобии салафӣ меноманд. Боризтарини онҳо ва «раъс»-и фитнаҳои ҳамаи амалиёти террористӣ дар ҷаҳон «алҚоида» аст.
омади доимӣ доранд. Ҳаракати террористии дигаре, ки ба «ал-Қоида» марбут аст, «Ансор-ус-Сунна» мебошад. Ин ҳаракат соли 2003 дар Ироқ таъсис ёфта, алайҳи қувваҳои амрикоӣ дар ин сарзамин мубориза мебарад. Ҳамчунин, ҳаракати мазкур ду таркишеро, ки аввали сол дар шаҳри Волгогради Русия ба вуқуъ омад, ба уҳда гирифтааст. Ҳаракати террористии «Боко ҳаром»ро низ яке аз шохаҳои «ал-Қоида» медонанд. «Боко ҳаром» соли 2002 дар Нигерия аз ҷониби Муҳаммад Юсуф таъсис ёфтааст. «Боко ҳаром» низ худро ҳаракати исломӣ ва пайрави равияи «салафия» меҳисобад. Мақсад аз таъсиси ҳаракати террористии «Боко ҳаром» мубориза алайҳи таъсир ва тафаккури Ғарб; барҳам додани ҳукумати кишвар, ки бино ба ақидаи сардорони ҳаракат, фирефтаи найрангоҳи ғарбӣ шудаанд; бунёди давлати шаръӣ дар ҳудуди
«Ал-қоида» – 2) «Ал-Қоида»: яке аз ҳаракатҳои террористии бонуфузи байналмилалист, ки 11
Ҳамаи ҳаракатҳои террористӣ пуштибон доранд Қоида» ва «Толибон»-и суннигаро, ба умқи фикрии онҳо, идеологияву таърихчаи пайдоиши ҳаракатҳои мазкур назар бояд кард. Чаро ки ин метавонад барои дарки беҳтари ҳадаф аз «Бозии бузург»-и Ғарб ва нақши ҳаракатҳои террористӣ дар он кӯмак кунад. Ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва бозии Ғарб 1) «Ваҳҳобия» - «салафия»: равияи сиёсии исломӣ аст, ки миёнаҳои асри XVIII аз ҷониби Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб ат-Тамимӣ (1703-1792) таъсис ёфтааст. Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб яке аз пайравони ашадии идеологияи Ибни Таймия (1263-1328) мебошад. Мавриди зикр аст, ки пайравони имрӯзаи равияи «ваҳҳобия» худро «салафӣ» меноманд. Салафиҳо бар онанд, ки исломи ҳақиқӣ танҳо аз ҷониби Пайғомбари ислом, саҳобагон ва тобеин, яъне, салаф (гузаштаҳо, пешиниён) мавҷуд будааст. Ҳар чизе баъд аз он пайдо шуд, бидъат аст. Ба ақидаи ваҳҳобӣ-салафиҳо, агар кас исломи ҳақиқиро зиндагӣ кардан хоҳад, кофӣ аст ба ҳаёти ҳамон се насли аввал назар кунад. Пас, саволе ба миён меояд, ки дарк ва татбиқи исломи ҳақиқиро насли ба Расули Акрам (с) наздикбуда, чун Имоми Аъзам, Имом Шофеӣ, Имом Ҳанбал ва ё Имом Молик беҳтар медонанд ва ё ҳамон насли баъдинае, ки имрӯз инкори олимону муршидони бузургро доранд? Бино ба тадқиқоти муҳаққиқон ва эътирофи ҷосусони англис, равияи «ваҳҳобия» лоиҳаи сохташудаи Бритониёи Кабир дар асри XVIII мебошад, ки барои мубориза алайҳи хилофати ҳамон давра - Империяи исломии Усмонӣ равона шудааст. Равияи «ваҳҳобия» аз ҷониби Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб бо кӯмак ва фиреби ҷосуси англис Хемпер таъсис ёфтааст. Баъдан, ин ҳаракат дар тафриқаандозӣ ва ҷудошавии олами араб аз хилофати Усмониён нақши асосиро бозидааст. Соли 1744 ҳокими шаҳри ад-Дириия Муҳаммад ибни Сауд ва асосгузори равияи «ваҳҳобия» Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб бо мақсади барпо додани давлати мустақили арабӣ, қувваҳояшонро ҳамроҳ мекунанд. Ин иттиҳод баъдан заминаи бунёди давлати имрӯзаи Арабистони Саудиро ташкил медиҳад. Шакли давлатдории Муҳаммад ибни Сауд бино бар идеологияи равияи «ваҳҳобия» ба роҳ монда мешавад. Аммо
августи соли 1988 ташкил шудааст. Идеологияи ҳаракати мазкурро таълимоти равияи ваҳҳобии салафия ташкил медиҳад. Бино бар таҳқиқоти хабарнигори амрикоӣ Лоуренс Райт, ҳаракати «алҚоида» дар натиҷаи вохӯрии сардори ҳаракати «Ҷиҳоди исломии Миср» Абдуллоҳ Аззам (Иззам) бо Усома бин Лодин соли 1988 дар Пешовари Покистон таъсис ёфтааст. Бунёди «ал-Қоида» аз ҳисоби моликияти Усома бин Лодин, ки аз ашрофзодаҳои бойи саудӣ буд ва таҷрибаи сардори ҳаракати мисрӣ Абдуллоҳ Аззам имконпазир мегардад. Баъдан, Абдулло Аззам барои пур кардани сафҳои ҳаракати террористии навтаъсис ҷавонҳои зиёдеро фиреб дода, ба «хизмат»-и Бин Лодин мефиристад. Мақсади аз «ал-Қоида» бунёди «Хилофати бузурги исломӣ» аст, инчунин, эълони ҷиҳод алайҳи қудратҳоест, ки дар мамолики исломие чун Афғонистон нуфузашонро ҷой додаанд. Соли 1998 ҳаракати «ал-Қоида» ба сафоратхонаҳои Амрико дар Кения ва Танзания ҳамла кард. Ҳамин тавр, пас аз ба ҷо овардани як қатор амалиёти террористӣ алайҳи ИМА дар олам «ал-Қоида» ҳамчун гуруҳи террористии №1 эълон гардид. Муҳаққиқон қайд мекунанд, ки ҳаракати террористии «ал-Қоида»-ро соли 1988 хадамоти ҷосусии амрико (СРУ) барои мубориза алайҳи шӯравӣ дар сарзамини Афғонистон таъсис додааст. Вақте шӯравӣ низомиёнашро аз Афғонистон мебарорад, дигар ниёз ба ин ҳаракат намемонад ва мехоҳанд онро барҳам диҳанд. Аммо қумандонҳои «ал-Қоида» чунин оқибатро қабул кардан намехоҳанд ва ба қадамҳои навбатӣ дар фаъолияти худ шуруъ мекунанд. Гуфта мешавад, ҳаракати мазкур ҳоло ҳам таҳти идораи СРУ қарор дорад ва ё бо он ҳамкор аст. Яке аз шохаҳои муассири ҳаракати «алҚоида», ки ҳоло дар ҷанги шаҳрвандии Сурия амалиёти ҳарбӣ мегузаронад, «Ҷабҳатун-Нусра» аст. Гуфта мешавад, ҳарчанд ки «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар зоҳир алайҳи режими Башор Асад силоҳ ба даст гирифтааст, дар асл тарафдори ҳукумати Асад буда, аз пайи қатли ҷанговар ва ашхоси бонуфузи қувваҳои мухолифи режим мебошад. Ҳамчунин, ҳаракати «Ҷабҳат-ун-Нусра»-ро Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонӣ мекунад. Зеро сардор ва қумандонҳои болоии ҳаракат аз аҳли шиа буда, бо Эрон рафту-
Нигерия мебошад. Соли 2009 сардори ҳаракати террористии «Боко ҳаром» Муҳаммад Юсуф дар мусоҳибааш бо хабарнигори «ВВС» эълон дошт, ки кашфиёти илмӣ, чун гардиши об дар табиат ва куррашакл будани Замин мухолифи қонунҳои шаръии дини ислом аст. Зимнан, бояд зикр кард, ки маънои калимаи «боко» китоб, илм ва таълимот аст. Пас, маънои «боко ҳаром» ин ҳаром ҳисобидани илмомӯзиву таълимгирӣ аст. Аз ин рӯ, муҳаққиқон ҳаракати камсавод ва ҳатто бесаводи «Боко ҳаром»-ро ба ҳаракати ҳамрангаш - «Толибон» ташбеҳ дода, онро «Толибони нигериявӣ» ва ё «Толибони сиёҳпӯст» хондаанд. Камсавод ва ё умуман бесавод будани қумандон ва афроди ҳаракатҳои террористӣ ба нафъи давлатҳои абарқудрат аст. Зеро идораи чунин афрод қулай буда, бо ваъдаҳои «ҷаннати сохта» барояшон ҳалли амалиётро осон мегардонад. Гуфта мешавад, ҳаракати террористии «ал-Қоида» дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон шохаву филиалҳои зиёд дорад. Баъзе аз онҳо, чун ҳаракати террористии Сомалӣ - «Ҷамоат-уш-Шабоб» ҳоло фаъоланд ва баъзеашон ҳанӯз дар хоб буда, навбати баромадашон ба саҳнаи бозиро интизоранд. Бо назардошти ин, барои ҷомеаи Тоҷикистон омӯхтани ҳаракати иртиҷоӣ ва бесаводи ба ном исломие, ки дар кишвари ҳамсоя фаъолият мебарад, муфид аст. 3) «Толибон»: ҳаракати мазкур соли 1994 бо кӯмаки ИМА, Англия, Покистон ва Арабистони Саудӣ бо сардории мулло Муҳаммад Умар (Мулло Умар) таъсис меёбад. Соли 1996 Кобулро зери тасарруф дароварда, кишварро Аморати Исломии Афғонистон ном мегузорад. Он шабу рӯз ҳукумати «Толибон» танҳо аз ҷониби се давлат - Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Покистон расман шинохта шудааст. Шӯрои амниятии СММ онро ҳамчун ҳаракати террористӣ шинохт. Гуфта мешавад, ки сардорон ва афроди силоҳбадасти ҳаракати «Толибон» камсаводанд ва навовариҳои илму техникаро бидъат ҳисобида, онро фитнаи давлатҳои Ғарб медонанд. Мақсад аз таъсиси ҳаракати мазкур аз ҷониби давлатҳои Ғарб ва Покистону Саудия, ба роҳ мондан ва зери тасарруф даровардани бозори энергетикии минтақа мебошад. Дар аввал мақсади қувваҳои ни-
аст, чун талафоти моливу ҷонии зиёде дид. Аммо касе аниқ намедонад, ки дар ин байн ИМА ва ғарбиҳо чӣ қадар тоннаҳо нафт ва боигариҳои меросии ин сарзаминро ба яғмо бурдаанд. Пас, бурду бохти ин ҷангро пас аз даҳсолаҳо бори дигар аз назар бояд гузаронд. Чунин ба назар мерасад, ки Амрико Ироқро ба Эрон вогузор кардааст. Ҳоло ҷанги шаҳрвандии Сурия низ чӣ натиҷаҳоро ба бор меоварад, маълум нест. Аммо аниқ гуфтан мумкин аст, бо сардории Асад ва ё бе он Сурия зери идораи ҳукумати Эрон хоҳад монд. Илова бар ин, фаъол будани ҳаракати террористии «Ҳизбуллоҳ» дар ҳудуди Сурия ба ин гувоҳ шуда метавонад. Аҷаб нест, ки дар оянда Афғонистонро ҳам ИМА ба салоҳияти Эрон супорад. Эҳтимол, сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Саъдобод барои зери тасарруф гирифтани олами шиа ва давлатҳои форсзабон амалӣ гашта истодааст. Илова
ва қисман давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамчун ҳаракати террористӣ шинохта шудааст. Яке аз пуштибонҳои асосии ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» Русия ба ҳисоб меравад. Феълан, амалиёти ҳарбии «Ҳизбуллоҳ» ва режими Асадро дар ҷанги шаҳрвандии Сурия бо таҷҳизоти зиддимушакӣ, маълумоти ҷуғрофиву ҷосусӣ ва аслиҳа Русия тақвият медиҳад. Тобистони соли 2013 хабарнигори мустақили амрикоӣ Ҷейми Деттмер бо яке аз қумандонҳои «Ҳизбуллоҳ» мусоҳиба орост. Дар он гуфта мешуд: «Ҷангиёни ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» барои ба ҷо овардани қарзи садоқат нисбат ба Башор Асад дар қатори аскарони режими Сурия алайҳи мухолифон меҷанганд. Чунки режими Башор Асад барои қувват гирифтани ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» хизмати зиёд кардааст». Ин қумандон, ҳамчунин, қайд мекунад, ки вазъияти кунунии Сурия барои
«рафиқонаш» дар мавриди бунёди конфедератсия амалӣ намегардад, зарурати ба саҳна баромадани як ҳаракати наве пайдо мешавад. Ҳамин тавр, ҳаракати «Толибон» дар саҳнаи сиёсии Афғонистон бо сардории Мулло Умар арзи вуҷуд мекунад. Дар аввал Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ ғаразҳои аслии «Толибон»-ро пай набурда, бо кӯмаки онҳо бархе қисматҳои Афғонистонро аз тасарруфи Ҳикматёр раҳо мекунанд. Аммо баъдан ходими кӣ будани ҳаракати «Толибон» маълум мегардад. Чун дар он замон Амрико мехост бо истофода аз ширкати «ЮНОКАЛ» аз Туркманистон ба Покистон бе монеа нафт ва газ интиқол диҳад, барояш зери идора гирифтани марзи Афғонистон лозим буд. Барои насби лӯлаи нафту газ Амрико ба ҳукумати Раббонӣ як қатор шартҳо мегузорад. Азбаски ин шартҳо ба фоидаи Афғонистон набуданд, ҳукумати вақти Афғонистон онҳоро қабул накард. Аз он ки Масъуд ва Раббонӣ монеаи асосӣ барои татбиқи лоиҳаи «Бозии бузург»-и Ғарб буданд, зарур донистанд онҳоро аз байн бардоранд. Бино ба навиштаи муаллифи китоби «Толибон» Аҳмад Рашид, «тамоми дахолат аз берун ба умури Афғонистон мубориза барои гузаронидани лӯлаи нафту газ аст. Чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ширкати амрикоии «ЮНОКАЛ» ва дигар ширкатҳо «Толибон»-ро барои расидан ба ҳадафҳояшон кироя гирифтаанд». Ҳамин тавр, баъд аз гуфтушунидҳои бенатиҷа бо ҳукумати Раббонӣ, Амрико тасмим мегирад, ки иқдомашро тавассути ҳаракати террористии «Толибон» роҳандозӣ кунад. Вале гуфтушунид бо «Толибон» ҳам натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Чунончӣ, таҳлилгарон навиштаанд, пушти бозии «Толибон» чанд нафар афғоне қарор дошт, ки дар сохторҳои СММ кор мекарданд. Онҳо ба Мулло Умар, ки бесавод буд, маслиҳат доданд, то ба амрикоиҳо кадом шартҳоро бояд пешниҳод кунад. Хуллас, ширкати «ЮНОКАЛ» маҷбур шуд, шартҳои «Толибон»-ро қабул кунад. Вале ИМА ба ҳадафҳои дилхоҳаш пурра ноил нашуд. Баъдан, пас аз вуқӯи амали террористӣ 11 сентябри соли 2001, ИМА муваффақ шуд, ки бо баҳонае дохили Афғонистон гардад. Бояд тазаккур дод, ки сенарияи сиёсатбарии Ғарб чӣ дар Машриқ ва чӣ дар Мағриб ҳамоно якранг аст. Амрико ҳамин тавр бо баҳонаи дафъи терроризм сарзамини Ироқро лағв кард. Ҳоло таҳлилгарон бар онанд, ки ҷанги Ироқро Ғарб бохта-
бар ин, Эрон бар зидди ва ё бо ҳамкории ҳаракатҳои террористии ғарбӣ дар симои «ал-Қоида» ва «Толибон», ҳаракати «Ҳизбуллоҳ»-ро дорад. Эҳтимол, ҳоло «Ҳизбуллоҳ» барои бозидани нақши асосӣ дар ин майдони кашмакашиҳо навбат мепояд. 4) «Ҳизбуллоҳ»: ҳаракат ва ҳизби ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Лубнон аст. Идеологияи ҳизби мазкурро таълимоти мазҳаби шиа, миллатгароии араб ва зиддисионистӣ ташкил медиҳад. Бино ба гуфтаи арабшиноси рус Георгий Мирский, ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» расман соли 1982 ҳамчун шохаи ҳаракати эронӣ бунёд ёфтааст. Яке аз бунёдгузорони гуруҳи «Ҳизбуллоҳ» Шайх Субҳӣ Туфайлӣ мебошад, ки ҳамзамон, аз соли 1989 то 1991 сардории онро ба уҳда доштааст. Арабшиноси рус таъкид мекунад, ки мақсади асосии ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» бунёди давлати исломӣ дар қаламрави
«Ҳизбуллоҳ» чун тамрингоҳ (полигон) хизмат мекунад: «Зеро ин барои мо як навъ фурсат ва таҷриба барои ҳадафи аслиамон - ҷанг бо Исроил аст!» Ҳаракати «Ҳизбуллоҳ» аввалин қуввае нест, ки бо Исроил ҷанг эълон карда, доир ба ҳамла оварданаш дар ҳар фурсат сухан меронад. Аз ин қабл ҳукумати Эрон ҳам замони сарварии Маҳмуди Аҳмадинажод ба Исроил таҳдидҳо карда буд. Аммо ин ҳама таҳдиду суханҳои баланд аз болои минбарҳо моли таърих шуданд. Баръакс, аҷаб нест, ки ин ду давлат дар як қатор соҳаҳо, чунончи, ҷосусӣ ва ҳарбӣ ҳамкорӣ низ дошта бошанд. Ба навиштаи рӯзномаи бритонии «Telegraph» давлати Исроил аз тариқи як ширкати юнонӣ, ки баъдан ширкати қалбакӣ буданаш ошкор шуд, ба Эрон таҷҳизоти тайёраҳои ҳарбии “McDonnell Douglas F-4” фурӯхтааст. Ҳоло Вазорати корҳои дохилии Амрико оид ба ин до-
Лубнон дар мисоли Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад. Аз ин рӯ, идеологияи асосиро дар он усули давлатдории Руҳулло Ҳумайнӣ ташкил медиҳад. Роберт Бэр, собиқ корманди Хадамоти ҷосусии ИМА (СРУ) менависад, ки «Ҳизбуллоҳ» пурра аз ҷониби Эрону Сурия бо кӯмакҳои моливу ҳарбӣ дастгирӣ ва пуштибонӣ мешавад. Ҳоло дар ҷанги шаҳрвандии Сурия бо ҷонибдории режими Башор Асад алайҳи қувваҳои мухолиф фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷониби як қатор давлатҳои ҷаҳон, чун Канада, ИМА, Исроил, Миср, Австралия, Бритониёи Кабир, давлатҳои халиҷи Форс
дугирифт таҳқиқот мебарад. Нашрияҳои исроилӣ низ ин мубодиларо танқид намуда, қайд кардаанд, ки ин робитаҳо аллакай солҳо боз идома доранд. Бино бар он, моҳи декабри соли 2012 ва апрели соли 2013 Исроил ба Эрон ду маротиба силоҳ фурӯхтааст. Чунин ба назар мерасад, ки давлатҳои абарқударат барои амалӣ сохтани нақшаҳои геополитикӣ, сиёсати энергетикӣ ва сиёҳ кардани чеҳраи поки дини ислом аз ҳар роҳ истифода мебаранд. Азбаски ин нақшаҳо хеле барвақт тарҳрезӣ шудаанд, дар татбиқи онҳо мавқеъ ва бозии (нақши) ҳар як абарқудрати манфиатхоҳ муайян
Америка?
ва ҳисобист. Дар ин миён, иваз гардидани сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки як-ду сол қабл Ғарбро ходими шайтон мехонд ва ҳоло ба он «ходим» дасти дӯстӣ дароз мекунад, тасодуфӣ нест. Ҷон Колеман дар китобаш «Кумитаи 300» чунин як иддаоеро овардааст, ки то андозае нақши Эрон ва ҳаракати террористии «Ҳизбуллоҳ»-ро дар «Бозии бузург»-и Ғарб равшан мекунад. Ӯ мегӯяд, «ба ҳар лидери бонуфузи илҳомбахши ҳамоно барои наҷоти ватану миллаташ аз куҷое пайдошуда, бояд бо шубҳа нигарист». Ҷон Колеман дар қатори чунин лидерҳо Имом Оятулло Ҳумайниро зикр карда, ӯро дастпарвари идораи ҷосусии бритонии MИ-6 (MI-6) мехонад. Колеман қайд мекунад, ки Бротониёи Кабир Имом Ҳумайниро солҳои тӯлонӣ барои инқилоби исломӣ дар Эрон тайёр мекард. Хусусан, вақте Ҳумайнӣ то инқилоби исломӣ дар Париж қарор дошт, робитаҳои мазкур боз ҳам зичтар гардиданд. Бояд гуфт, барои давлатҳои абарқудрат кишварҳои чун Эрон ва Лубнон барои интиқоли маводи мухаддир, хусусан, героини баландсифат ба Аврупо аз ҳудуди Итолиё хеле муҳиманд. Шоҳи қаблии Эрон роҳи ин гардишро дар сарзмаини худ баста буд. Табиист, ки чунин ҳолат ба нафъи «лигаи абарқудратон» набуд ва лозим омад, шоҳро бартараф карда, сардори «гапдаро»-ро сари қудрат оваранд. Ҳамин тавр, инқилоби соли 1979 ба вуқуъ пайваст. Барои тақвияти гуфтаҳои худ, Колеман омори СММ-ро меорад, ки дар он гуфта мешавад, соли 1984 теъдоди нашъамандон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба 2 миллион нафар расидааст... Хуллас, давлатҳои абарқудрат бо истифодаи ходимони ба ном исломиашон як қатор бозиҳои фитнаангезро аз болои олами ислом, хусусан, мазҳабҳои ҳақиқии суннӣ ба роҳ мондаанд. Бо эҳтимоли зиёд, тарҳи нави олами шиа бо сардории Эрон худро ба ҳайси мазҳаби ҳаққи исломӣ ба ғарбиҳо шиносондан бошад. Чун таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки бо сари қудрат омадани Ҳасан Руҳонӣ сиёсати Эрон давраи навашро оғоз кардааст. Гуфта мешавад, ҳамин тавр, як марҳалае, ки бо Имом Ҳумайнӣ оғоз гардида буд, бо собиқ раисҷумҳур Маҳмуд Аҳмадинажод
ба охир расид. Ҳоло қадамҳои навбатиро бояд хуб таҳлил намуд, чун онҳо на кам аз 40 соли ояндаро дарбар хоҳад гирифт. Ҳоло дар як қатор давлатҳои суннии пайравони чор мазҳаби ҳақ чун Афғонистон, Малайзия, Миср, Тоҷикистон, Туркия бозиҳои фитнаангезе дар ғилофи фисқ ва ришваситонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тавр, мехоҳанд ба нуфуз ва иззати олами суннӣ зарба зананд. Маълум мегардад, абарқудратон барои ноил гаштан ба мақсадҳои хеш мазҳабу равияҳоро «бозича»-и худ қарор додаанд.
М. САИД, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
зомии Гулбиддин Ҳикматёр, ки аз он ҳам ҳукумати Покистон пуштибонӣ мекард, амалӣ кардани нақшаи таъсиси конфедератсия аз ҷониби Афғонистон бо Покистон буд. Аммо нақшаҳои Ҳикматёр тавассути раисҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ бо кӯмаки вазири мудофиаи кишвараш Аҳмадшоҳи Масъуд барбод дода мешаванд. Амрикову Англия мехостанд бо ҳамдастии Покистону Арабистони Саудӣ лоиҳаи «Бозии нави бузург»-ро пиёда созанд. Мақсад аз пиёда кардани лоиҳаи мазкур идомаи лоиҳаҳои қаблӣ ба ҳисоб мерафт, ки аз ҷониби Англияву Амрико барои заиф гардонидани нуфузи собиқ шӯравӣ дар минтақа тарҳрезӣ шуд. Инчунин, бо роҳандозии ин лоиҳа мақсади устувор кардани таъсири худ дар бозори Осиё ва Ховари Миёнаро доштанд. Азбаски нақшаи Покистон ва
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
9
сиёсати ҷаҳон
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Ҳафтаи гузашта ба бозори мавзеи Уялии ноҳияи Хуросон рафтам. Чанд нафар дар қатори дигар неъматҳои баҳорӣ рова (камол, ширкамол)-и навруста мефурухтанд. Ашхоси аз хосиятҳои шифобахшии ин растанӣ огоҳ донаашро 1-2 сомонӣ мехариданд. Маълум буд, ки фурӯшандаҳо то ба бозор овардани ин растании шифобахш заҳмати зиёд кашида, барои чанд сомонӣ нонпулӣ ёфтан дар бозор нишастаанд. Аммо як чизро набояд фаромӯш кард, ки рова растании бисёрсолаи монокарпӣ буда, дар давоми умри худ ҳамагӣ як бор тухм мебандад. Касоне, ки ба ҷамъоварии он машғуланд, бояд наринаашро аз модинааш (тухмдораш) фарқ кунанд. Зеро дар сурати решакан кардани растании тухмдори рова аз 2000 то 6000 дона тухми он бебозгашт аз даст меравад. Ин нозукиро бояд кормандо-
e-mail: javonontj@mail.ru
ни бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳо ба сокинони деҳот фаҳмонанд. Зеро дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон бинобар кишт накарда, ҷамъоварии роваро ба роҳ мондан, ин растанӣ, қариб ки пурра аз байн рафтааст. Хосиятҳои шифобахшии рова Ин растанӣ бӯйи тез дошта, то андозае пиёзу сирро ба ёд меорад. Бо сабаби хосиятҳои зиёди шифобахшӣ доштанаш дар нимаи асри I-и мелодӣ ин растанӣ дар Африқои Шимолӣ нобуд шуд. Абӯалӣ ибни Сино чунин меҳисобад, ки истеъмоли рова қувваи муҳофизатии ҷисмро барқарор ва пурқувват мекунад. Шайхурраис роваро зимни муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, чашм, касалиҳои равонӣ ва асаб,
Растание, ки ҷои кор медиҳад инчунин, бемориҳои пӯст истифода мебурд. Дар тибби Чин шираи камолро аз қадимулайём ба ҳайси тақвиятдиҳанда зимни бемориҳои неврастения, вегетоневроз истифода бурда, онро якҷо бо баъзе гиёҳҳо ҳангоми табобати сил, бронхит, варами шуш ва диатез ба кор мебурданд. Ниёгонамон роваю шираи онро барои муолиҷаи бемориҳои дил, пӯст, асаб, сил, варами меъдаю рӯда ва ҳамчун воситаи зидди саратонӣ истифода мекарданд. Узви вобастаи Академияи муҳандисии ҷумҳурӣ, номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ дар асоси шираи камол доруеро бо номи «Ферула хит» ихтироъ кардааст, ки ғайр аз Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ аз қайди давлатӣ гузаштааст. Доруи мазкур барои муолиҷаи сили шуш, исҳоли хунин, гепатит, вараҷа, аллергия, шамолхӯрӣ, касалиҳои системаи асаб,
бемориҳои саратонӣ, занбурӯғӣ, пӯст, мастопатия, аденома ва ғайра тавсия шудааст. - Роваро барои муолиҷаи кирмсорӣ, пешгирии пайдошавии санги гурда истифода мебаранд, - мегӯяд гиёҳшинос, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ. – Он, ҳамчунин, барои боздошти атеросклероз ва пардагирии чашм низ муфид аст. Чӯпонҳои ботаҷриба мегӯянд, ки рова барои аз паразитҳо тоза шудани чорво кӯмак мекунад. Чидан ҳаст, барқарор кардан чӣ? Рова (камол, ҳинги бадбӯй) аз оилаи чатргулҳо буда, то 1,53 метр қад мекашад. Ба хушкӣ тобовар, аслан дар доманакӯҳҳо мерӯяд. Яке аз нахустин мутахассисоне, ки дилсӯзона киш-
Муҳаммадраҷаб Мӯсоев
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
10
ту барқароркунии майдонҳои роваро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монд, директори ҶДММ «Гиёҳ» Муҳаммадраҷаб Мӯсоев аст. Зимни суҳбат номбурда чунин изҳори ақида намуд: - Рова дар охири умраш гул карда, ҳамагӣ як бор тухм медиҳад. Баъдан, решаи он ба пуррагӣ нест мешавад. Марду-
ме, ки роваро чида, ба бозор меоранд, намедонанд, ки ин ҷинси наринааш аст ё модина (тухмдор). Мутаассифона, ҳеҷ кас ба онҳо намефаҳмонад, ки ин гиёҳи тухмдор асту чиданаш лозим нест. Агар мардум гиёҳи наринаро аз модина фарқ накунанд, хавфи он аст, ки дар ҷумҳурии мо низ теъдоди ин гиёҳ кам шуда, билохира ба нестӣ равад. Рова растании шифобахшест, ки талаботи корхонаҳои дорусозӣ ба он зиёд аст. Ба соҳаи чорводорӣ низ фоида меорад. Гӯсфанд моҳи апрел барги наврустаи роваро мехӯрад ва ба решааш ҳеҷ зарар намерасонад. Ҳамонро ҳам агар организми гӯсфанд талабгор бошад, мехӯрад. Муҳаммадраҷаб Мӯсоев, ки биолог аст, дар кишти чандин ҳазор тухми рова саҳм гузош-
тааст. Кош ҳама шаҳрвандони мамлакат ҳамин гуна ба табиат дилсӯз мешуданд. Ӯ мегӯяд, ки дар шароити табиӣ рова дар як гектар то 500 дона мерӯяд. Зимни ба роҳ мондани кишти он дар як гектар метавонад то 2000 адад бирӯяд. Агар аз 500 бутта рова ҳамагӣ 50 кило шираи камол ҷамъоварӣ
¶
Рова растании шифобахшест, ки талаботи корхонаҳои дорусозӣ ба он зиёд аст. Ба соҳаи чорводорӣ низ фоида меорад. Гӯсфанд моҳи апрел барги наврустаи роваро мехӯрад ва ба решааш ҳеҷ зарар намерасонад.
шавад, ҳангоми ба роҳ мондани кишти он ин рақам ба 200 кило мерасад. Яъне, даромаднокӣ аз ҳар гектар зиёд мешавад. Аз тарафи дигар, ба роҳ мондани кишти рова аҳамияти экологӣ низ дорад. Талу теппаҳо аз шусташавӣ ва бодхӯрдашавӣ (эрозия) эмин мемонанд. Солҳои 2004-2005 мутахассисони Пажӯҳишгоҳи «Ғизо», КВД «Хӯрокворӣ», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии ширкати «Сарчашмаи ҷавонии Ворлд» оид ба истеҳсоли дору аз шираи камол корҳои таҳқиқотӣ бурданд. Хокаи давоӣ аз шираи камол ҳамчун дору дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади истифодаи оқилонаи гиёҳҳои худрӯи табиӣ, ба роҳ мондани парвариш,
ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши онҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ 10 майи соли 2005 «Барномаи давлатӣ оид ба парвариш, ҷамъоварӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005-2014»ро қабул намуд. Ҳадафи барномаи мазкур олӣ буда, ба роҳ мондани парваришу коркарди рова, ширинбия, пиёзи анзур, зира, заррингиёҳ, зирк ва дигар растаниҳои шифобахшро дар бар мегирифт. Танҳо аз ҳисоби ҳамасола дар майдони 50 ҳазор гектар ба роҳ мондани кишту коркарди рова соле то 15000 нафар бо ҷои кор таъмин мешуданд. Муҳаммадраҷаб Мӯсоев аз моҳи ноябри соли 2003 бо тавсияву маслиҳати корманди илмии Боғи ботаникӣ, номзади илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов (ҳоло профессор) ва муаллими калони факултаи биологияи ДМТ, номзади илмҳои биологӣ Абдурасул Ҳалимов кишти роваро дар ноҳияи Хуросон ба роҳ монд. Соли аввал дар майдони 100 гектар кишт шуд. Соли 2005 қариб 400 гектар ва соли 2008 кишти такрориро дар ин майдонҳо ба роҳ монд. Солҳои 2009-2011 бо дастгирии ширкати «Фароз» М. Мӯсоев дар садҳо гектар заминҳои холии лалмӣ тухми рова кишт кард. Рова ба коркарду обёрии иловагӣ зарурат надорад. Як буттаи он то 16-17 кило вазн мегирад, яъне, дар заминҳои лалмӣ намиро нигоҳ дошта, зуд бухоршавӣ намемонад. Дар ҷумҳурии мо 36 намуди рова мерӯяд, ки 5 намуди он ба Китоби Сурх дохил аст. Баъди тухм додану ба охир расонидани умраш буттаи роваро, ки хушк шуд, ҳамчун сӯзишворӣ ё тавора (шиғ) гирифтани атрофи майдонҳо истифода мебаранд. Мувофиқи барномаи дар боло зикршуда бояд дар солҳои 2005-2014 дар майдони 200 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ рова кишт мешуд. Мутаассифона, нақшаи мазкур ҳатто 50 дар сад иҷро нашудааст. Солҳои аввали қабули барнома зиёда аз 20 ширкат таъсис ёфта, ба ҷамъоварии ин растании шифобахш машғул буданд. Ба ҷои ба онҳо имконият додан доираи фаъолияташон маҳдуд шуд, ки боиси иҷро нашудани чунин як барномаи муҳим гардид. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои дорои заминҳои лалмиро лозим аст, ки бо ҷалби мутахассисони таҷрибадор ва олимони соҳа кишти роваро васеъ ба роҳ монда, дар ҳифзи сарвати табиӣ, пешгирии эрозияи заминҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзуншавии даромади корхонаҳои дорувории мамлакат ҳисса гузоранд.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Ман чор духтарро танҳо, бо меҳнати ҳалол ба воя расонида, се нафарашро донишҷӯ кардам. Якеаш ҳоло дар мактаби миёна мехонад. 23 декабри соли 2011 аз ҳафтаномаи «Рекламная газета» хонаи сеҳуҷрагиеро дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо», бинои 45-и пойтахт барои харидан интихоб кардам. Хонаро дидам, бо ҳуҷҷатҳо ошно шудам. Он писандам омад. Ҳангоми хонаро дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳуҷҷат кардан, дидам, ки соҳибхона Боборавшан Муродов дар банди 11-уми бақайдгирӣ номи Муродов Бахтиёрро навиштааст. Ман аз Боборавшан пурсидам, ки ин кист: Гуфт, ки «писарам аст». Аз ӯ хоҳиш намудам, ки писарашро ба идораи нотариалӣ биёрад, то розигиашро барои фурӯш диҳад. Ӯ гуфт: “Ҳоло писарам дар Русия аст, баъди омаданаш ариза навишта, аз банди 11 мебароремаш”. Идораи нотариалӣ шартномаи хариду фурӯшро байни Б. Муродов ва ман ба расмият даровард. Б. Муродов хонаро холӣ карда, калидро ба ман дод. 28 декабри соли 2011 ба хонаи нав кӯчидем. Зане, ки ҳангоми бори аввал бо хона ошно шудан ба мо суроғаи ҳуҷраи мазкурро нишон дода буд, ҳамроҳи 4 писар ва духтару домодаш аз ошёнаи якум ба ошёнаи дуюм назди мо баромад. Ман ба онҳо салом додам. Он зан пурсид, ки «Шумо иҷорашин ҳастед?» Ман гуфтам: “Не, мо ҳамсояи нави Шумо ҳастем. Хонаро харидем”. Он зан ҷанҷол бардошт, ки чӣ хел хонаро харидаӣ? Писари ман дар ин хона маскун аст. Ҳалномаи судро ба ман нишон дод, писараш Бахтиёр низ ҳамроҳи бородаронаш ҳамон ҷо буд. Онҳо ба ману духтаронам, ки аз асли воқеа бехабар будем, суханони носазо гуфта, таҳқир карданд. Ман ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки Боборавшан барои ба боварӣ даровардани ман бардурӯғ писарашро «дар Русия аст» гуфта будааст. Ман ба назди Боборавшан рафта, гуфтам, ки хона баҳснок будаасту пуламро баргардонад. Боборавшан гуфт, ки ба зани собиқ ва фарзандонаш хона додаасту онҳо ҳаққи даъво кардан надоранд. Ин дам собиқ ҳамсараш М. Муродова нозири минтақавӣ Мансур ва иҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наимовро овард. Боборавшан ва ҳамсари кунуниаш Д. Тиллоева ба онҳо гуфтанд, ки хонаро ба К. Сафарова (яъне, ман) фурӯхтаанд. Чун дидам, ки ҷанҷоли онҳо калон шуд, аз собиқ ҳамсари Боборавшан хоҳиш кардам, ки ҷанҷол накунад, ба ман муҳлат диҳад, то пуламро аз Боборавшан гирифта, хонаро холӣ кунам. Аммо М. Муродова шабу рӯз бо ман ҷанҷол мекард, ки хонаро зудтар холӣ намоям. Ман аз Б. Муродов пуламро (65 000 доллар) талаб кардам, вале ӯ имрӯзу пагоҳ карда, мегурехт. Боре ба маҳаллаи Зарафшон рафта, Д. Тиллоеваро бо ду фарзандаш дар манзилаш ёфта, Боборавшанро пурси-
дам. Ӯ гуфт, ки Боборавшан барои тиҷорат ба Афғонистон рафтааст. Аз маблағи додаи ман 40 ҳазор долларашро домоди Боборавшан Суҳроб Исоев гирифта, барои тиҷорат ба Эрон ва 25 ҳазор долларашро Боборавшан гирифта, ба Афғонистон рафта будааст. Ба гуфтаи Д. Тиллоева Суҳроб пешниҳод карда будааст, ки “6 моҳ пулро дар тиҷорат гардиш дода, баъд хонаи нав
ро ба лаб оварда будаанд. Ман харидори фиребхӯрдаи чоруми ин хонаи ҷанҷолӣ будаам. Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда С. Ҷобирова 25 ноябри соли 2013 парвандаи гражданиро бо даъвои Боборавшан Муродов нисбат ба ман баррасӣ карда, қарор намуд, ки шартномаи хариду фурӯши манзили
судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии ҷумҳурӣ омадааст, «Суди марҳилаи якум ба ин ҳолатҳои воқеии кор баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, бо кадом асосҳо онҳоро ба инобат намегирад ва бо кадом далелҳо рад менамоянд, дар ҳалнома нишон надодааст. Ин аз номутобиқатии хулосаи суди марҳилаи якум вобаста ба ҳолатҳои парванда, ки дар ҳалнома дарҷ гардидаанд, шаҳодат медиҳад… Инчунин, суд хулосаи худро оид ба он ки мақсади К. Сафарова ба даст овардани маблағи муайян барои расонидани хизмат ба Б. Муродов мебошад, бо ягон далели боэътимод исбот карда нашудааст». Ҳамин тавр, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии ҷумҳурӣ қарор кард, ки ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 3 сентябри соли 2012 ва қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри
Суд ба афсона бовар мекунаду...
мехарем”. Ман огоҳ шудам, ки пештар Боборавшан барои қаллобиву авбошиаш суд шуда будааст. Пас аз чанд ҳафта Боборавшану Суҳроб аз Эрону Афғонистон баргашта, ба ман телефон карданд. Гуфтанд, ки пулро барои харидани бор сарф кардаанду ҳоло контейнер наомадааст. Бор биёяд, Суҳроб онро фурӯхта, 40 ҳазор долларро медиҳад. Ба 25 ҳазор доллар дар шаҳраки Лучоб хонаи заминӣ дорам, онро бигир. Ман эътироз намудам, ки ҳамаи пуламро диҳад ё ба писараш Бахтиёр барои хона пул дода, ӯро аз қайди хонаи мо барорад. Аммо Боборавшан розӣ нашуд. Ҳамон шаб С. Исоев ва Боборавшан ба собиқ ҳамсараш М. Муродова телефонӣ гуфта будааст, ки “аз К. Сафарова боз 40 ҳазор доллар талаб кун. Ӯ дигар пул надорад. Ҳеҷ кас ӯро пуштигирӣ намекунад...” Азбаски ман барои ба бӯстонсаро кӯчидану хонаро холӣ кардан розӣ нашудам, 12 январи соли 2012 Мошариф Муродоваю писаронаш маро дар воридгоҳ (подъезд)-и хона латукӯб карданд. Ман ба экспертизаи судӣ-тиббӣ муроҷиат намудам. Боборавшан ва собиқ ҳамсараш ба сардори Идораи экспертиза пешакӣ телефон карда будаанд, ки “ба Сафарова хулосаи экспертизаро надиҳад”. Аз субҳ то соати 15:00 интизор шудам. Дарро кушода пурсидам, ки “Чаро маро қабул намекунед?” гуфтанд, ки “сардор нест”. Фардои он рӯз боз рафта, дари ҳуҷраро кӯфтам. Онҳо ба сардорашон телефон карданд, ки “Сафарова омадааст”. Ӯ посух дод, ки “ягон баҳона карда, хулосаи экспертизаро надиҳед”. Ман инро шунида, эътироз намудам, ки чаро вазифаи худро иҷро накарда, ҳуқуқи маро поймол мекунед?. Онҳо хулосаро дар компютер чоп карда, доданд. Хулосаро бо ариза ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ супурдам. Аммо дар Прокуратураи ноҳияи мазкур парвандаро бо шиносбозӣ нобуд карданд. Вақте суроғ намудам, дидам, ки парванда дар китоби бақайдгирӣ бо рақами 45 мавҷуд асту ариза, парванда ва хулосаи экспертиза нест… Дар давоми ин қадар сарсониву саргардониҳо ман фаҳмидам, ки то ин муддат Боборавшан Муродов, собиқ ҳамсараш М. Муродова, домодашон С. Исоев ва фарзандонашон аз ман пештар низ ин хонаро ба фурӯш монда, ҷони харидорон-
истиқоматӣ беэътибор дониста шуда, бе додани дигар манзили истиқоматӣ маро аз манзили истиқоматӣ берун кунанд. Дар суд Боборавшан Муродов афсонаеро бофта баровард, ки бо маслиҳати кадом ҳуқуқшиносе гӯё манзили баҳсноки мазкурро дар асоси шартномаи хуриду фурӯши рӯякӣ муваққатан ба номи ман гузаронида, худаш бо аҳли оилааш ба маҳаллаи Зарафшон кӯчида бошад. Сипас, гӯё ман барои оид ба хонаи дигари истиқоматӣ надода, кӯчонидани Бахтиёр Муродов ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда бошам. Барои ин «хизматҳоям» гӯё Боборавшан ба ман маблағ ваъда кардааст. Судя С. Ҷобирова ба ин афсона ба осонӣ бовар карда, ба ҳамаи ҳолатҳои кор, ваҷҳҳои тарафҳо ва далелҳои пешниҳодшуда баҳои ҳуқуқӣ надодааст. Тибқи талаботи моддаи 484 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаи хариду фурӯш як тараф (фурӯшанда) уҳдадор мешавад, ки молро ба моликият (ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ)-и тарафи дигар (харидор) диҳад ва харидор уҳдадор мешавад, ки ин молро қабул карда, бар ивазаш маблағи муайяни пулӣ (арзиши он)-ро супорад. Аз парванда аён аст, ки Б. Муродов пас аз ба расмият даровардани шартномаи хариду фурӯши манзили баҳсӣ онро ба соҳибияти ман супурдааст. Ман тибқи қонун манзили мазкурро қабул карда, таҳти истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ қарор додаам. Мувофиқи нишондоди шоҳид Л. Қурбонова ман маблағи манзилро дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон ба Б. Муродов додаам. Ҳамчунин, шоҳид И. Муродов баёнот дода буд, ки ман манзили истиқоматиамро фурӯхта, имкони харидани манзили навро доштам. Шоҳиди дигар, корманди прокуратура И. Назаров дар мурофиаи судӣ нишон дод, ки мувофиқи баёноти имзокардаи Б. Муродов ӯ манзили баҳсиро ба ман фурӯхтааст, вале собиқ ҳамсараш М. Муродова бо писараш, ки дар ин манзил маскун шудааст, барои истиқомат намудан мамониат ба миён оварданд. Шоҳид М. Машрабова баёнот дод, ки 17 декабри соли 2011 барои харидани манзил ба ман 25 000 доллари амрикоӣ қарз дода, забонхат гирифтааст. Тавре дар қарори назоратии коллегияи
Душанбе аз 27 ноябри соли 2012 аз рӯи даъвои Б. Муродов нисбат ба ман ва Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва кӯчонидан аз он бе додани хонаи дигари истиқоматӣ бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави судӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳайати дигар судя фиристода шавад. Ман чанде пеш ба Суди шаҳри Душанбе аризаи касатсионӣ навиштам. Дар суди шаҳрӣ судя Бахтиёр Холиқов низ ба фоидаи Б. Муродов ҳалнома баровард. Ман дар қабули раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев будам. Он кас ба раиси Суди шаҳри Душанбе Шарофов гуфтанд, ки қазияро дар доираи қонун бинед, то ки зан-модар бо духтаронаш дар кӯча намонад. Азбаски судя С. Ҷобирова ба ин қазия манфиатдор буд, дар муддати кӯтоҳ парвандаро омода намуданд. Субҳи 8 март иҷрочиёни суд иҷроварақаро оварда, огоҳ карданд, ки 11 март, соати 9 хонаро холӣ кунем. Лекин ман аз суди шаҳр боздошт овардам. Б. Муродов 11 март дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки дар 7 рӯзи Иди Наврӯз маро аз хона мебароранд. Агар судяҳо манфиатдор набошанд, Боборавшан пешакӣ аз куҷо медонад, ки қарори назоратӣ ба манфиати ӯ ҳал мешавад? Чаро судя намепурсад, ки ҳамон ҳуқуқшиноси ба рӯякӣ (қалбакӣ) бастани шартномаи хариду фурӯши хона маслиҳатдодагӣ кист? Чаро ҳуқуқшинос маслиҳатҳои зиддиқонунӣ медиҳад? Барои чӣ Боборавшан харидор (яъне ман)-ро фиреб дод, ки писараш дар Русия аст ва баҳснок будани манзилро пинҳон кард? Чаро Боборавшану домодаш Суҳроб пули барои хариди манзил додаи маро то ин дам гардиш медиҳанду судя нодида мегирад? Судя Ҷобирова, ки зан-модар аст, як бор худро дар ҷои ман тасаввур кунад, ки пулро барои манзил дода, ин қадар сарсониҳо кашидану ба болои ин қадар сарсониҳо бе додани манзилу бе баргардонидани манзил маро мекӯчонанд? Агар суд нисбат ба худи С. Ҷобирова чунин қарор мебаровард, ӯ чӣ вокуниш нишон медод?
Кенҷабӣ САФАРОВА, шаҳри Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар баробари инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳалли мушкилоти сокинони мамлакат ва тантанаи адолат ҳиссаи босазо мегузорад. Алалхусус, рубрикаи «Номаи бетаҳрир» то ин дам ба дарди даҳҳо нафар дармонда даво гаштааст. Ман низ бо умед қалам ба даст гирифта, мушкилоти ба сарам омадаро рӯи коғаз овардам, то бошад, ки баъди чопи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тантанаи адолат мусоидат намоянд.
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
11
НОМАИ БЕТАҲРИР
12
рушди футбол
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
Блаттер аз эълон шудани соли 2014 - Соли футболи оммавӣ пазироӣ кард
футболи бонувон
25 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) Йозеф Блаттерро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор
дошт, ки иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафари ӯ ба Тоҷикистон аст. Тамошои бозии футбол миёни
дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон ва супурдани Ҷоми олӣ ба дастаи ғолиб низ аз бандҳои барномаи боздиди ӯ аз шаҳри Душанбе мебошад. Йозеф Блаттер, ҳамчунин, дар расми ифтитоҳи майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади FIFA бунёд шудааст, ширкат меварзад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайваста дар рушди футболи Тоҷикистон арзи сипос кард. Изҳори боварӣ шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла, доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
футбол. ҷоми олӣ
“Истиқлол” - соҳиби Ҷоми олӣ Дидори “Равшан”-и Кӯлоб, Қаҳрамони феълии кишвар ва “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2013 барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳисоби 0:5 анҷом ёфт. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ, ки баъд аз тармим ба истифода дода шуд, баргузор гардид ва онро Йозеф Блаттер, Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) тамошо кард. Ҳисобро дар дақиқаи 6-ум Девид Мауто боз кард. Дар дақиқаи 25 Ромиш Ҷалилов тӯби дуюми “Истиқлол”ро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Дар нимаи дуюми бозӣ Дилшод Восиев (дақиқаи 59) ҳисобро афзуд. Ҷаҳонгир Эргашов дар дақиқаҳои 78 ва 83 ду гол ба нишон расонд. Ҳайати дастаи “Равшан” аз дасти Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ медалҳои нуқра гирифтанд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳайати дастаи “Истиқлол” медалҳои тиллоро супурд. Ҷомро Президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол Йозеф Блаттер ба капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев тақдим кард. Бозӣ барои дарёфти Ҷоми олии Тоҷикистон маротибаи панҷум аст, ки баргузор мегардад. “Истиқлол” чор маротиба ва “Равшан” як маротиба ҷомро соҳиб шудаанд. Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон: Соли 2010. Шаҳри Турсунзода. «Истиқлол» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0. Замони изофӣ – 2:0. Соли 2011. Шаҳри Қӯрғонтеппа. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:0. Замони изофӣ – 1:0. Соли 2012. Шаҳри Ваҳдат. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1. Соли 2013. Шаҳри Кӯлоб. «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1. Соли 2014. Шаҳри Душанбе. «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) — 0:5.
e-mail: javonontj@mail.ru
футбол. ҷоми ффт
Ҷоми ФФТ насиби “Истиқлол” шуд
Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Ҷоми Федератсияи футболи мамлакат дар соли 2014 гардид. Дар бозии финалӣ, ки 19 март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт, “Истиқлол” бар тими “Хайр”-и Ваҳдат, барандаи Ҷоми ФФТ-2013, бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 26 ва Дилшод Восиев дар дақиқаи 34 заданд. Ҷои сеюмро дастаи “Хуҷанд” бе заҳмат ба даст овард. Рақиби “Хуҷанд” тими “Равшан”-и Кӯлоб аз бозӣ даст кашид. Аз ин рӯ, “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:0 ғолиб до-
ниста шуд. Ёдрас мекунем, ки ин дуюмин дастоварди “Истиқлол” дар мавсими нав мебошад. Чанде пеш ин даста барандаи Ҷоми осоишгоҳи “Баҳористон” шуд, ки дар Қайроққум доир гашт. Ҷомро Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Дилшод Восиев, капитани “Истиқлол” супорид.
Мақоми чоруми Тоҷикистон дар Шри-Ланка Чемпионати минтақавии Осиё миёни духтарони то 14-сола, ки 20-25 март дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка ҷараён дошт, анҷом ёфт. Духтарони футболбози кишвар, таҳти роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов, аз 5 бозӣ дар се дидор мағлуб (Эрон – 0:6, Ҳиндустон – 1:7, Непал – 0:2) ва дар ду вохӯрӣ (Бутан – 3:0, Шри-Ланка – 1:0) дастболо шуданд. Дар ин мусобиқа тими духтаронаи Непал бо 12 хол сазовори ҷои аввал гардид. Тими Эрон, ки 9 хол ба даст овард, ҷои дуюмро соҳиб шуд. Мақоми сеюм бо 7 хол насиби дастаи Ҳиндустон гашт. Тими Тоҷикистон, ки сазовори 6 хол шуд, дар ҷои чорум қарор гирифт. Мизбони бозиҳо – дастаи Шри-Ланка бо як хол дар ҷои панҷум ва тими Бутан, ки ягон хол ба даст наовард, дар мақоми охир ҷой гирифтанд.
футболи наврасон
Кореяи Ҷанубӣ - рақиби Тоҷикистон Тими миллии наврасони то 14-солаи мамлакат дар қисмати финалии Чемпионати Осиё-2014 миёни наврасон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Қуръапартоии даври финалии мусобиқа ҳафтаи гузашта дар Куала-Лампур баргузор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар пайи ин қуръакашӣ ба гурӯҳи “В” шомил гардид. Эрон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Тимори Шарқӣ дар гурӯҳи “А” ворид шуданд. Чемпионати Осиё миёни наврасони то 14-сола 4-13 август дар шаҳри Ҳамадони Эрон доир мегардад. Ба даври нимниҳоӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ роҳхат мегиранд. Бозиҳои нимфиналӣ 11 август ва дидори ниҳоӣ 13 август баргузор мешавад. Футболбозони навраси кишвар дар нахустин бозии худ 5 август бо тими мунтахаби Тайланд рақобат мекунанд. 7 август бо ҳамсолонашон аз Ироқ ва 9 август бо тими милли наврасони Кореяи Ҷанубӣ ба майдон мебароянд.
13
Заринаи Шоҳ. Ин номи занест, ки қабл аз мелод дар қаламрави Осиёи Марказӣ давлатдорӣ кардааст. Достони Заринаи Шоҳ аз дастнависҳо ё номаҳои бостонӣ, ки аз аҳромҳои мисрӣ дарёфт шудааст, ба мо расида. Муаррихон чунин хулоса мекунанд, ки сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон қисмате аз заминҳои давлати Зарина будааст. Ин зани ҷасур бо ғурури баланду роҳбарии воло мардони қабиларо ба тобеият дароварда, ба заминҳои ҷанубии Империяи Эрон ҳуҷум мекунад. Ин амал хашми Императори Эронро меорад ва бар зидди Заринаи Шоҳ лашкар мефиристад. Муборизаҳои шадид байни ду лашкар ва нокомии Империяи бузург дар пахши лашкари Шоҳ Зарина сардамдорони давлати Эронро ба хулосае меорад, ки бо Заринаи Шоҳ сулҳ кардан беҳтар аз ҷанг аст. Ин муборизаву ҷангҳо бо оташбас меанҷомад.
ҷавонони шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси вилояти Суғд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созандаву босамар намудааст. Дар ин давра хонум Юсуфӣ бо иродаи қавӣ ва тафаккури созандаи хеш ҳамеша бо тобеону ҳамкорон аз рушду нумӯи кишвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, инсондӯстиву одамият ҳарф задаву бо ин роҳ тобеонро ба кор дилгарм намуда, уҳдадориҳои вазифавии худро сарбаландона иҷро намудааст. Айни замон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дорандаи ордени «Шараф” дараҷаи 1, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.
Ин қиссаи кӯтоҳ, агарчанде имрӯз аз диди муаррихону оммаи мардум дур афтодааст, вале дар асл далолат бар он мекунад, ки ин марзу бум, ин хоки ниёии мо - тоҷикон сарзаминест, ки ҳатто духтарону занонаш ҳам дорои маҳорати баланди сарвариву диди волои сиёсӣ мебошанд. Ин дар шахсият ва кордониву роҳбарии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Фраксияи ҲХДТ дар парлумон Хайринисо Юсуфӣ таҷассум меёбад. Ин бонуи шиставу кордон ва саропо лутфу эҳсон ба синни 50 мерасад. Хайринисо Юсуфӣ 30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер хатм намудааст. Собиқаи кориаш аз вазифаҳои терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент шурӯъ гардида, баъдан, дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи комсомолӣ - раиси Созмони
Ҳамсари вафодору рамузфаҳм, модари 4 фарзанди шоиста, хушдомани ботаҷрибаву бибии набераи ягонаи хонадон Суҳайлои дустрӯяк мебошад. Хайринисо Юсуфӣ ба мақсадҳои наҷиб ва сатҳҳои баланди роҳбарӣ саҳлу осон шарафёб нагардидааст. Ӯ роҳҳои пурпечутоби ҳаёт ва монеаҳои зиёдро тай кардаву бо азму иродаи устувор дар пайроҳаи зиндагӣ қадам гузоштаву то минбарҳои ифтихорӣ расида. Ба қавли соҳибсухане: Бар маснади баланд ба сахтӣ тавон расид, Дар кӯҳ печутоб хӯрад роҳ бештар. Аз ин рӯ, минбареро, ки ӯ дарёфтааст, метавон «Минбари маҳорат» унвон кард. Дар ҳар мақоме, ки масъулиятро ба зима дошт, бо ҳавасу ҳавсалаи тамом кор кардааст. Ҳазорҳо корманд ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки собиқ номи комсомолро дошт, бо ифтихор аз ӯ ҳамчун ҳамкору ҳамсафи худ ном мебаранд. Муаллима Хайринисо Юсуфӣ низ фаъолият дар ин ташкилотро роҳи нахустини муваффақиятҳои худ меҳисобад. Зимнан, зикр бояд кард, ки аксари роҳбарони соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар ҷодаи сиёсату
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
одамони сарбаланд давлатдорӣ фаъолона хидмат мекунанд, дастпарварони ҳамин ташкилотанд. Мавсуф дорои хислатҳои хуби роҳбарӣ ва лаёқати волои ташкилотчигӣ мебошад, ки онро ҳар нафаре, ки ба фаъолияти роҳбарони соҳаҳои гуногун ва муҳими кишвар, агар таваҷҷӯҳ
¶
Хайринисо Юсуфӣ бонуи ташаббускор аст. Ташаббусҳои худро имрӯз дар ҳама самтҳои фаъолияти вакилӣ, ҳам дар самти қонунгузорӣ, ҳам дар самти намояндагӣ ва ҳам дар самти байнипарлумонӣ ҳадафмандона, мақсаднок ва ҷиддию дилсӯзона ба роҳ мондааст.
карда бошад, хуб дарк менамояд. Дар вақти роҳбариаш дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми талошҳояш барои беҳбуд бахшидани вазъи занони кишвар буд. Пайваста талош менамуд, ки занони тоҷик ва тоҷикистонӣ раванди инкишофи ҷомеаро дарк ва ҳамеша баҳри тақвияти дони-
шу маҳорати худ кӯшиш намоянд. Хусусан, бо ҷавондухтарон дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллу минтақаҳо пайваста мулоқоту машваратҳо баргузор менамуд. Дар суҳбатҳояш аз ҳама бештар ба масъалаи оила ва муносибатҳои оиладорӣ таваҷҷуҳ мекард. Борҳо аз суҳбатҳояш шунидаам, ки таъкид менамуд: “Рисолати инсон, ки нафъ расонидан ба ҷомеа мебошад, аз рисолати зан, ки тарбияи дурусту оқилонаи фарзанд аст, маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, оилаи тоҷик ба хотири ҳадафҳои муваққатӣ не, балки аз рӯи барномаи муайян бояд ташкил шавад. Муттаҳидӣ ва мавҷудияти эҳтироми якдигарии аъзои оила метавонад дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия ёфтани фарзандон нақши муассир дошта бошад”. Мавсуф ҳангоми муқоисаи оилаҳои замонавии ғарб ва хонаводаҳои тоҷик ба масъалаи тақлиди кӯр-кӯронаи ҷавонон дахл намуда, зикр карда буд, ки “тақлидкории бесамар боис мегардад, ки на танҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, балки дар тарзи тафаккури миллии мо низ мушкилот пайдо шавад. Пайгириҳо аз дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд огоҳона, бомақсад ва самарабахш бошанд ва барои пешрафти зиндагии мо мусои-
дат намоянд”. Ҳадаф аз овардани ин суханҳо, ки бо гузашти солҳо эҳсоси дарк намудан ба мазмуни онҳо акнун пайдо гардидааст, аз он иборат буд, ки барои мо - тоҷикон дар ин марҳалаи тақдирсоз, давраи таҳаввулоту тағйироти босуръат, муколама ва бархӯрди маданияту фарҳанг ва дину оинҳо беҳтарин роҳ барои ташкил ва нигоҳдории оила ин қолаби анъанавист, ки аз гузаштагон мерос мондааст. Оилаи анъанавии тоҷик бояд дар асоси талаботи иффату покӣ, арзишҳои баланди инсондӯстӣ, эҳтироми шахс, умедворию хушбинӣ ва тамаддунофарӣ бунёд ёбад ва аз ҷиҳати маънавӣ имрӯзу оянда намунаи беҳтарин бошад. Хайринисо Юсуфӣ бонуи ташаббускор аст. Ташаббусҳои худро имрӯз дар ҳама самтҳои фаъолияти вакилӣ, ҳам дар самти қонунгузорӣ, ҳам дар самти намояндагӣ ва ҳам дар самти байнипарлумонӣ ҳадафмандона, мақсаднок ва ҷиддию дилсӯзона ба роҳ мондааст. Ҳамеша таъкид менамояд, ки бояд ниёзҳои мардуми мамлакат дар қонунҳои таҳиягардида ва қабулнамудаи парлумон инъикос ёбанд. Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сало-
матии Маҷлиси намояндагон зери роҳбарии ӯ ҷиҳати амалӣ намудани муҳимтарин самтҳои масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Бахусус, барои фароҳам овардани низоми самарабахши иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои анъанавии оилавӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ фаъолиятҳои густурда ба роҳ монда шудааст. Ба назари ӯ, ҳар қонуни кишвар бояд бо назардошти шароит, ҷаҳонбиниву тафаккури миллӣ навишта шавад, то ки ҷомеаро дархур ва раванди инкишофро мусоидаткунанда бошад. Муаллима дар ҳар риштаи фаъолияти хеш муваффақ буда, шахсияти ниҳоят самимӣ аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеа, хусусан, дар миёни ҳамкорон аз эҳтироми хоса бархӯрдор мебошад.
Умарзода ФАРАҲНОЗ Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Хайринисо Юсуфиро ба муносибати ҷашни нимасраи умри пурбаракат самимона табрик гуфта, барояш тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дар амалӣ гардидани нияту нақшаҳои минбаъдааш комёбиҳо хоҳонанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Бар маснади баланд ба сахтӣ тавон расид
e-mail: javonontj@mail.ru
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
14
ПОСИ ХОТИР
Миралӣ Маҳмадалиев яке аз шахсиятҳои шинохтаи асри гузаштаи кишвар, ҳамчун роҳбари кордону пуртаҷриба, раиси хоҷагии номдори ба номи Ленини ноҳияи Восеи вилояти Кӯлоб шинохта мешуд. Барои хизматҳои шоиста дар муддати 50 соли роҳбарӣ сазовори унвони баланд - Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидааст.
дар деҳоти он мактабҳо, қасри фарҳанг, клубу китобхонаҳо, дар ҳар бригада бошишгоҳи саҳроӣ барои истироҳати колхозчиён бо ҳамаи шароитҳояш сохта мешавад. Ғамхории раис буд, ки дар ҳар деҳа яслиҳои мавсимӣ амал мекард. Ба кадом мамлакати хориҷие, ки сафар мекард, аз он ҷо ба хоҷагии худ гиёҳ ё дарахт оварда, дар заминҳои хоҷагӣ ё гармхонаҳо шинонда, парвариш менамуд. Ба теппаҳои баланд об бароварда, он ҷойҳоро бо дарахтони сабзи ороишӣ ва мевадиҳанда обод мекард. Миралӣ Маҳмадалиев ҳашаматро дӯст намедошт. Ӯ хоксор буд, касе, ки аз рӯи виҷдон кор мекард, ӯро хуб қадр менамуд. Санъаткорони хубро дар хоҷагӣ аз ҳисоби ҷавонони соҳибҳунар ҷамъ на-
Шахсият
Бахшида ба ҷашни 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев
Миралӣ Маҳмадалиевро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ чун роҳбари хоҷагии ҳосили баландгиранда ва мактаби таҷрибаи пешқадам шинохта, ҳурмат мекарданд. Азбаски роҳбари сахтгир буд, дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ, натиҷаи хуб ба даст меовард. Махсусан, ҳосилнокии пахта ва саршумори чорвои калону хурдро пайваста афзун намуда, хӯроки чорво дар хоҷагӣ таъмин мегардид. Миралӣ Маҳмадалиев соли 1911 дар деҳаи Сурхдараи Сари Хосор, ҳозира ноҳияи Балҷувон ба дунё омада, дар хурдӣ ятим мемонад. Ба ин нигоҳ накарда, тарбияи ду додарчаи хурдсолаш Файзалию Амиралиро ба зимма дошт. Солҳои муҳоҷиркунонӣ Миралӣ ҷавонмарди ҳузарб буд. Онҳоро ба ҳудуди ноҳияи ҳозираи Восеъ мекӯчонанд. Мардум дар соҳили дарёи Сурхоб маскан гирифта, колхози ба номи Крупскаяро ташкил медиҳад. Халқ бо қувваи даст, бо каланду зоғнӯл ва ароба тӯғайзорро ба заминҳои корам табдил дод. Роҳбарияти ноҳия ба кордонию корчалонии ин ҷавон қоил шуда, дар ҳамин хоҷагӣ ӯро роҳбар таъин мекунанд. Дар муддати кӯтоҳ,
муда, ансамбли «Чашма»-ро ташкил намуд. Махсусан, сафари ҳунарии ансамбл соли 1978 ба Фестивали умумиҷаҳонии мардумӣ байни 19 мамлакати дунё, дар Лаҳистон бобарор буд. Ансамбл ҳунари воло нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва мукофоти фестивал - «Табарчаи тиллоӣ» гардид. Банда низ дар ин сафари фаромӯшнашаванда ва хотирмон иштирок доштам. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар ҳамин хоҷагӣ ба ҳайси мудири боғчаҳои мавсимӣ ва доимамалкунанда кор кардам. Бо сабаби зиёд шудани сафи ҷавонон дар хоҷагӣ бо пешбарии раис маро котиби якуми кумитаи комсомол (ҷавонон) интихоб намуданд. Даврони шӯравӣ мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта мешуд ва дар хоҷагии мо низ занони номдор кам набуданд. Дар хоҷагӣ аввалин бригадаи наққошдухтаронро ташкил намудем. Дар он 16 нафар гулдухтари наққош гирд омаданд. Онҳо чойхонаю осорхона ва ҷойҳои ҷамъиятиро бо нақшу нигори зебо ороиш медоданд ва дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрати баланд пайдо карданд. Ҷавононро ба сохтмонҳои зарбдор ва фестивалҳои гуногун мефиристодем. Барои иштирок дар озмунҳо ва Фестивал-конкурси телевизонии «Бӯстон» Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ман медали ғолиби озмуни ҷавонон ва ҳофизони ҷумҳуриро супорид. Ман фахр мекунам, ки яке аз шогирдони Миралибобо маҳсуб ёфта, муддати зиёд бо ӯ кор кардам. Бо маслиҳату насиҳати ин шахси бузург роҳи дурусти зиндагиро пеша намудам. Дар хотир дорам, ки боре ба наздаш даромадам ва бо ҳам хайрбод намудем. Ӯ ба ман чун падарвор ҳамеша «Гули бобош» гуфта муроҷиат мекард ва чароғи рӯйи миз будаашро ба ман туҳфа карда гуфт, ки ҳар гоҳ ба он нигарӣ маро ба хотир биёр. Дар асл чунин ҳам аст. Ҳар гоҳ ки ба хона дароям, болои ҷевон онро мебинам ва чеҳраи нуронии он устоди арҷманд пеши назар ҷилвагар мешавад...
Гулчеҳра УЗОҚОВА, мудири мактабкӯдакистони №5-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
назми баҳор Олимҷони ҚОДИР
Тоҷикистон Тоҷикистон, гавҳари ҷонӣ маро, Партави хуршеди тобонӣ маро. Ҳамчу нахле дар барат сабзидаам, Тоҷикистон, боғу бӯстонӣ маро. Аз ту дорам ғайрату мардонагӣ, Ҳамчу хуни гарми шарёнӣ маро. Обу хокат баҳри ман бошад азиз, Рӯди Сурхобу Зарафшонӣ маро.
Шеърборон
Даштҳоят қиссаи нанвиштае, Тоҷикистон, шеъру дастонӣ маро.
Меҳри ту дилро парешон кардааст, Дар радифи бод сарсон кардааст.
Эй ёр
Ҷилваҳои қомати мавзуни ту Ҷой андар гулшани ҷон кардааст.
Дилам пур аз ғаму дард аст, эй ёр, Ғамат бингар чиҳо кардаст, эй ёр.
Ғамзаи ошиқкуши чашмони ту Ошиқонро зору ҳайрон кардааст.
Ғами дил бо кӣ гӯям аз ҷафоят, Ҷаҳон бедарду номард аст, эй ёр.
Дурӣ аз ту мекушад охир маро, Рахнаҳо дар дину имон кардааст.
Ғами ишқи ту дорам дар дили зор, Намебинӣ, рухам зард аст, эй ёр.
Дарди ишқат дар дилам дорад макон, Кист ӯ, к-ин дард дармон кардааст?
Агар сӯзи ҷигарсӯзат набошад, Дилам сарду дилам сард аст, эй ёр.
Меҳри ту пайваста андар ҷону дил, Ҳастиямро шеърборон кардааст.
Нуруллоҳи ОРИФ
Диёрам Муборак бод Наврӯзат, диёрам, Шукӯҳу бахти фирӯзат, диёрам. Бихоҳам аз Худо бошад паёпай, Ҳама рӯзат чу имрӯзат диёрам. Қабои ноз дорӣ аз гули шеър, Нишаста рӯи китфат булбули шеър. Ба дасти хеш рӯзе даста-даста, Зи гулзорат бичинам сунбули шеър. Нафас зинҳор бе ту ман нагирам, Даме гардам ҷудо аз ту, бимирам. Диёри беҳтар аз ҷон, ишқи покат Зи тифлӣ ҷой дорад дар замирам.
Ашраф
Баҳор омадааст Гул ба дасти духтарак қабза шуда, Суманак ҳам ба табақ сабза шуда. Нахли бодома бубин бишкуфта, Дар кафи бод ба сад ларза шуда. Ҳама гӯянд баҳор омадааст, Гулу себарга қатор омадааст. Қақбаи кабк расад аз ҳама сӯ, Тифлакон хандазанон кӯи ба кӯ. Аз барам нозкунон мегузарад, Духтарак гул зада, гул дар бари рӯ. Ҳама гӯянд баҳор омадааст, Гулу себарга қатор омадааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
«Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
РУБРИКА
15
16 «Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9335), 27 марти соли 2014
табассуми рассом
фароғат
Лутфи ҷавонӣ
Муассис:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Як мард аз рафиқаш мепурсад: - Тарс чӣ аст? - Тарс? Масалан вақти сайругашт дар соҳили баҳр мавҷи бузурге хушдоманатро мебарад. - Даҳшат чӣ аст? - Даҳшат? Вақте ки мавҷи дуюм хушдоманатро дубора ба соҳил меорад.
Сармуҳаррир
Самариддин Асоев
Ҳайати эҷодӣ:
***
Субҳи рӯзи шанбе тақрибан соатҳои 7 занги дар баланд шуд. Хоболуд даро кушодам. Бинам, хушдоманам истодааст. Вай пурсид: - Мумкин аст, як ҳафта ҳамин ҷо истам? - Марҳамат, бемалол! - гуфтаму зуд даро пушида қулф кардам.
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Ноила ВОҲИДОВА
(муовини котиби масъул),
сайфиддин суннатӣ
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Ашрафи афзал (муҳаррири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ ҳасан азизов (хабарнигорон),
Нуралӣ Нуров (хабарнигор, Суғд),
раҳим рафиев,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек Юсуфбеков, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7203 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
нигоҳи дигар
Қиссаи муш ва ҷавони побанди руъёҳо Солҳо пеш дар шаҳри Канзаси Амрико ҷавоне идораҳои рӯзномаҳоро давр зада, мехост расмҳои ҳаҷвиаш (карикатура)-ро ба фурӯш гузорад. Вале роҳбарони нашрияҳо гӯё забон як карда бошанд, баъзеашон бо дағалӣ ва бархе бо нармӣ як чиз мегуфтанд: - Ту дар ин кор чандон соҳибмаҳорат наменамоӣ. Чаро ин корро гузошта, ягон пешаи дигарро интихоб намекунӣ? Аммо ҳаҷв барои ҷавон ғояи зиндагиаш буд. Чӣ гуна метавонист, ки руъёяш, ғояи зиндагониашро фаромӯш созад ё аз баҳраш барояд?
Ӯ ҳаҷвро партояд ҳам, ҳаҷв ӯро намепартофт, чунки ҳар шаб дар хобаш медаромад. Дар хобаш медид, ки расмҳои ҳаҷвӣ ӯро сахт ба сӯи худ мекашанд. Ниҳоят, рӯзе роҳиби яке аз калисоҳои маҳаллии шаҳр бо ивази музди ночизе барои ба тасвир гирифтани фаъолияти калисо ҷавонро ба кор гирифт. Вале барои ин корро роҳандозӣ кардан ба ҷавон коргоҳ лозим буд. Ҷое барои кор кардан ва ҷое барои хоб. Ба бахти ҷавон калисо кулбаи кӯчак, вале фарсудаву валангоре дошт. Ин кулба, бо иборае комилан таҳти тасарруфи мушҳо қарор дошт. Ҷавон дигар чора надошт, маҷбур буд, ки дар ин ҷо зиндагӣ кунад. Вале яке аз ин мушҳои бо ҷавон ҳамхона баъди чанде шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ин мушак дар тамоми ҷаҳон бо номи “Мики Маус” машҳур шуд, ҷавон бошад, ҳамон Волт Дисней буд, ҷавоне, ки ба руъёҳояш сахт побанд буд ва наметавонист онҳоро раҳо кунад.
Ӯ зинда мемонад!
Дар даштҳои бузурги Сибир марде вафот мекунад. Ҳамдеҳагон ҷамъ шуда, барои ба ҷо овардани маросими ҷаноза ба дафнгоҳ мераванд. Баъди адои маросим онҳо тобутро бардошта, сӯи қабристони деҳа роҳ мегиранд. Роҳи қабристон аз дохили кишти васеи ҷуворимакка мегузашт, ки дар як тарафаш дарёча ҷорӣ буд. Аснои рафтан ногаҳон тобут аз дасти ҳамдеҳагон сарозер шуда, ҷасад ба дарё меафтад. Ҳар қадар кӯшиш мекунанд, майитро бароварда наметавонанд. Оби тези дарё майитро мебарад.
Дар масофаи хеле поёнтар гурӯҳе бо борут (динамит) моҳӣ медоштанд. Чун майитро рӯи об мебинанд, метарсанд, ки ӯро онҳо куштаанд. Зуд аз об берун мекашандаш. Моҳигирон аз тарс ҷасадро ба минтақаи низомиён, ки дар як кунҷи деҳа воқеъ аст, ноаён бурда мемонанд. Низомии навбатдор аз дур мебинад, ки рӯи замин нафаре “хазида” аст. Аввал як ду бор огоҳ мекунад, сипас, ба сӯяш тир мекушояд. Наздик рафта, тани хуншори ӯро мебардорад ва зуд ба духтурхона мерасонад... Амалиёт чанд соат тӯл мекашад. Чанд низомипӯш бо шумули навбатдор дар даҳлези беморхона мунтазири анҷомёбии амалиётанд. Баъди гузаштани чанд вақт духтури ҷарроҳ арақшор аз амалиётхона берун мешавад. Сардори низомиён зуд наздаш омада, мепурсад: - Рафиқ духтур, чӣ хел аст? Духтур бо кулоҳаш арақҳои пешониашро тоза карда, мегӯяд: - Каме мушкил буд, вале муваффақ шудем. Зинда мемонад!
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Аз осмон ситора меафтад. Домод ва хушдоман барои гуфтани орзуи худ ба осмон нигоҳ мекунанд. Домод орзуяшро гуфт, хушдоман монд...
*** - Хайр, домодам, ид муборак бошад! - Чӣ гуна ид, хола? - Ман, бояд фавран ба хонаи худам равам.
*** Снайперчӣ дар болои бино нишаста, чизеро ба нишон мегирад. Ногоҳ телефонаш занг мезанад: - Ҷонакам, модарам занг зада гуфт, ки ҳозир ба хонаи мо меояд. - Бале, аллакай, ӯро дидам...
*** Зан ба шавҳараш: - Ман ҳама шимҳои ҷинсатро ба ҳамсояамон Мурод додам. - Барои чӣ?! - Охир, онҳо аз ду сар ба ту писанд набуданд. - Ин хел бошад, биё модаратро ҳам ба Мурод диҳем...
*** Дузде бонкро ғорат карда, нафарони он ҷо қарордоштаро асир мегирад. Аз як нафар мепурсад: - Ту дидӣ, ки ман чӣ гуна бонкро ғорат кардам? - Бале, - ҷавоб медиҳад мард. Дузд бидуни ҳеҷ мулоҳиза ба пешониаш тир холӣ мекунад. - Боз кӣ дид? Марде ҳаросон садо медиҳад: - Хушдомани ман!
Эълон
Эътибор надорад
Шиносномаи гумшудаи А 6266443, ки ШКД-2-и ноҳияи Рӯдакӣ 1 апрели соли 2011 ба Нуров Оятулло Мирзоевич додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи меҳнатии гумшудаи ШО-1 №0009064, ки ба Норматов Анварҷон Хужамбердиевич, соли таваллудаш 1986, тааллуқ дорад, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №587284, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 соли 1991 ба Назаров Садулло додааст, эътибор надорад.