Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
1
№14 (9336),
3 апрели соли 2014
НАВРӮЗ-2014
ҶАШН
ТАБРИКИ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 84-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Афғонистон ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР ДТҶТ
Саҳифаи 13
e-mail: javonontj@mail.ru
Саҳифаи 2
Ба таъсисёбии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 5 апрели соли равон 84 сол пур мешавад. Ин муддат рӯзнома роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қимати чандин садсоларо дорад. Агар таърихи таъсис ва бунёдгузории рӯзномаро саҳифагардон намоем, ба таври равшан мушоҳида мекунем, ки рӯзноманигорони ин ҳафтаномаи бисёр ҳам дӯстдоштании кулли мардум дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бо теғи буррои саршор аз муҳаббат ба Ватан ва сухани афкори равшанашон дар масири худшиносиву ҳуввиятсозӣ, фарҳангсозию шахсиятсозӣ, созандагию бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдату осоиштагии афроди ҷомеа, дар маҷмӯъ, пешрафту шукуфоии Ватан саҳми бориз доштаву доранд. Гузашта аз ин, нақши рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳамчун мактаби бузурги инсонсоз дар тарбияи абармардони миллат, шоирону нависандагон, рӯзноманигорону андешамандон хеле муассир аст. Тавре Президенти мамлакат дар суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик афзудаанд: «Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус, амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд. Зеро тавре ки аз мазмун ва моҳияти қонунгузории мамлакат оид ба васоити ахбори омма бармеояд, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад». Бо итминон метавон зикр намуд, ки ҳайати эҷодии феълии рӯзнома низ ташаббусу ибтикори пешоҳангони худро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, пайваста баҳри дифоъ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва амалӣ кардани ниёзҳову ормонҳои мардуми кишвар гомҳои устувор мениҳанд. Маҳз ҳамин арзишҳо ҳамчун меҳвари фикрию ақидатӣ, ки дар фаъолияту эҷоди нигорандагони рӯзнома аз замони таъсис то кунун эҳсос мешаванд, сабаб гардид, ки рӯзнома дар баробари раванди тағйироту таҳаввулоти сиёсию фарҳангӣ, ки аз бисёр ҷиҳатҳо хатароти фикрию сиёсӣ ва мафкуравию идеологӣ ба дунбол доштанд, истодагарӣ намуда, арзиши фарҳангиву сиёсии худро аз даст надиҳад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, аҳли қалам ва кормандони рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»-ро ба муносибати 84-умин солгарди таъсисёбии рӯзнома табрику муборакбод намуда, барои инъикоси авзои ҷомеа қалами бурро, азми қавӣ, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пурмасъулашон барору комёбиҳо таманно дорам. Ҷашн муборак!
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
2
НАВРӮЗИ ҶАҲОН - 2014
26 марти соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шуд. Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кобул Сардори давлатро муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Юнус Қонунӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Зарор Аҳмад Усмонӣ, мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Спанто, вазири иттилоот ва фарҳанг Саид Махдум Раҳин, волии Кобул Абдулҷаббор Тақво ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
илмиву фарҳангӣ ва нишастҳои донишмандону фарҳангиён ба роҳ монда шавад. Мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин, дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуд. Ин мулоқот бо иштироки сарони ҳар чор давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн ҷараён гирифт. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман, ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”. Президенти кишвар сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ, роҳҳои оҳану мошингардро барои чор кишвар дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ номида, таъкид дошт: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то нақши кишварҳои
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Афғонистон
Маросими истиқболи расмии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид. Масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардуми ду кишвар доранд. Аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мост, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”. Аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар, ҳамчунин, аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаи сиёсии сатҳи олӣ изҳори хушӣ карда шуд. Барои ҳалли саривақтии мушкилоти сармоягузорон, коршиносону мутахассисон ва муҳоҷирон ҳамкории босамартар ва мунтазами сохторҳои сиёсӣ ва давлатии ду кишвар, пеш аз ҳама, парлумонҳо,
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳо ва бо раҳбарии афғонҳо мебошад. Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд”. Доир ба интихоботи қарибулвуқуи президентӣ дар Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар кард: “Мо самимона ҷонибдор ҳастем, ки афғонҳо сарнавишти худро худашон муайян созанд, то интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ба ободиву сарсабзии ин кишвар, ба ояндаи зебову
прокуратура, суд ва мақомоти адлия зарур шумурда шуд. Ҳар ду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи “CASA-1000” ва роҳи оҳани Тоҷикистон-АфғонистонТуркманистон амри зарурӣ номиданд. Ба манзури тақвияти бештари нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон ҷониби Тоҷикистон бори дигар омодагии худро ба саҳмгузорӣ дар омӯзиши кадрҳои ин соҳаи кишвари ҳамсоя таъкид дошт. Боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзӣ матлуб дониста шуд. Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Сарвари давлат
дурахшони Шумо мусоидат намояд”. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд. Нимаи дуюми рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳазрат Умар Захилвол мулоқот кард, ки дар он масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва ҷалби муштараки сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика баррасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд. Ҳамчунин, доир ба ҳамгироӣ барои босамар ба роҳ мондани конфронси “RECCA-6” дар Афғонистон
табодули назар карда шуд. Бегоҳии он рӯз мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси намояндагони (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдурауф Иброҳимӣ сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории ҳамаҷониба бо Афғонистони ҳамсояро аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, рушди равобити байнипарлумонии ду кишварро муҳим арзёбӣ кард. Абдурауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки “роҳбарият ва мардуми Афғонистон аз дастгириҳои пайвастаи Тоҷикистон аз раванди сулҳу субот ва рушди кишвари худ қадрдонӣ мекунанд, зеро ки мо ҳамеша пуштибонии кишвари ҳамсояро аз манофеи сарзамини мо дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебинем ва эҳсос мекунем”. Рӯзи дуюми сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намуд. Нахуст мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид. Дар он сарони ҳар се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Ҳасани Рӯҳонӣ ширкат намуданд. Дар ҳамоиш масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, рушди ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла, доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ, лӯлаҳои нафту газ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла, пешниҳод намуд, ки “ба манзури таъмини сатҳи нави равобит Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон эҷод шавад ва таҳти васояти сарони се кишвари дӯст фаъолияти босамар ва густурда намояд”. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, даъват намуд, ки ҳамоиши ояндаи сегона тобистони соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор ва ҳамзамон, намоишгоҳҳои дастовардҳои
чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад. Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки “Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона таъсис дода шавад”. Дар фарҷом аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват карда шуд, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд. Тантанаҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Кобул, ки яке аз гаҳвораҳои ин ҷашни бостонии хуҷаста ба шумор меравад, бо шукӯҳ ҷараён гирифт. Барои иштирок дар ин тантанаҳо ва Конфронси байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Кобул сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт кишвари ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ ташриф оварданд. Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Наврӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, изҳор дошт: “Муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки “асли Наврӯз бо воқеаҳои бузурги кайҳониву ҳамосие решапайванд аст, ки ба сарнавишти Одаму Олам нисбат доранд”. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашарӣ, аз ҷумла, дар рафъи бӯҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”. Дар Наврӯзгоҳи Кобул, ки дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ороста шуд, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони мардумӣ аз тамоми минтақаҳои ин кишвар ва ҳам аз кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯз ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд.
«Рresident.tj»
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Реклама дар соҳаи туризм дар сатҳи паст аст
Сафи ихтиёриёни ҷавон меафзоянд
29 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Руслан Шодиков ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Абосиддин Саймуддинов бо донишҷӯёни риштаи туризми донишгоҳи мазкур баргузор гардид.
Бо ташаббуси ташкилоти ҷаъмиятии “Сайёр” ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат суҳбати гирди миз таҳти унвони “Масоили иҷтимоии ҷавонон ва ташабусҳои хайрхоҳонаи онҳо” доир гардид.
Шоҳсафар Акобиров, декани факултаи географияи ДДОТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент иброз дошт, ки аввалин маротиба шуъбаи туризм дар факултаи географияи донишгоҳ бо дастгирӣ ва пешниҳоди собиқ декани факулта, дотсент Диловаров соли 1998 таъсис ёфт. - Барои рушди туризм замина зарур аст. Имрӯз барои мутахассисони дараҷаи олӣ тайёр кардан дар донишгоҳ заминаи техникӣ намерасад. Дар баробари ин, донишҷӯён соҳаи туризмро назариявӣ аз худ мекунанд. Хуб мешуд, барои онҳо сайрхатҳои сайёҳӣ ба минтақаҳои туристии кишвар ташкил намоем, то онҳо аз иншооти саноатӣ, маданӣ, таърихӣ, ёдгориҳои табиӣ, мавзеҳои истироҳатӣ ва захираҳои табиӣ аз наздик шинос шаванд. Соҳаи сайёҳӣ нисбат ба назария ба амалия бештар ниёз дорад. Мо бо донишгоҳҳои байналмилалӣ «Аба»-и Қазоқистон, «Гумболд» ва “Фрай”-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон шартномаи
ҳамкорӣ бастаем. Онҳо мутахассисони худро ба ҷумҳурии мо барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил мефиристанд, мо бошем, ба ҷумҳуриҳои онҳо. Имсол ё соли оянда мо чанд донишҷӯро аз тариқи озмун ба донишгоҳҳои мазкур барои таҷрибаомӯзӣ ва таҳсили илм мефиристонем», афзуд Ш. Акобиров. Қабл аз мулоқот таҷҳизоти сайёҳии донишҷӯёни риштаи туризми ДДОТ ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон ба ҳунари донишҷӯён баҳои баланд доданд. Руслан Шодиков иттилоъ дод, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади рушди туризм озмунҳо эълон хоҳад кард. Ғолибон аз ҳисоби донишҷӯён ба ширкатҳои туристии дохилӣ ва шарикони рушд барои таҷрибаомӯзӣ равон карда мешаванд. Абосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе зимни мулоқот иброз дошт, ки “ҳадафи мулоқот ҷалби му-
тахассисони ҷавон ба соҳаи туризм аст. Мо омодаем, ҳар таклифу пешниҳоде, ки аз ҷониби донишҷӯён мешаванд, баррасӣ карда, барои пешрафти соҳа истифода барем”. Баргузории чунин мулоқот барои пешрафти соҳаи туризми кишвар кори хайр аст, - гуфт мудири кафедраи географияи ДДОТ Холназар Муҳаббатов. - Камбуди аввалиндараҷаи кишвар дар соҳаи сайёҳӣ кам будани муаррифӣ ва реклама мебошад. Мо ин қадар табиати зеборо, ки мислаш дар ҷаҳон нест, натавониста истодаем, ки дуруст ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Агар инфраструктураи соҳа ва рекламаро дуруст ба роҳ монем, сайёҳони зиёде ба кишвари мо меоянд. Дар охир донишҷӯён низ барои пешрафти туризм фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар он муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Қиёмиддин Миралиев, директори Маркази СПИД-и шаҳри Ваҳдат Абдурашид Раҷабов, сардори Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддири ШВКД шаҳри Ваҳдат Илҳом Шарифов, сарвари ташкилоти ҷаъмиятии “Сайёр” Гаҳвар Хоҷаева ва сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Сафарбек Саидов суханронӣ карданд. Қиёмиддин Миралиев аз дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар шуда, барои рушди ҳаракати ихтиёрӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла, шаҳри Ваҳдат ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки сафи ихтиёриёни ҷавон сол то сол зиёд шуда, аз ҷониби онҳо аз рӯи усули “ҳамсол ба ҳамсол” саломатии ҷомеа беҳтар гардида истодааст. Қ. Миралиев гуфт, ки дар кишвар айни замон 63 маркази ҷавонон фаъолият доранд, ки шаштои он дар шаҳри Ваҳдат мебошанд. Илҳом Шарифов ҷавононро ҳушдор дод, ки аз маводи марговар дурӣ ҷуянд. Абдурашид Раҷабов бошад, ҷавононро даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо ин вабои аср мубориза баранд. Дар ин бора Ҷалолиддин Нуров, мудири Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
РУШДИ ТУРИЗМ
Ҷавонон Наврӯзи зиндагианд 29 марти соли равон дар маҳаллаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, таҳти унвони «Ҷавонон Наврӯзи зиндагианд» чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар он масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ меҳмонони расмӣ, ихтиёриёни марказҳои маърифатии ҷавонони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ёвон ва доираи зиёди табақаҳои гуногуни аҳолии ноҳия иштирок намуданд. Зимни он лаҳзаҳои таърихии Наврӯз ва барномаи созу таро-
на намоиш дода шуданд. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тӯйи арӯсии 1 ҷуфт ҷавони маъюб ва хатнасӯри 3 нафар дустрӯяк аз оилаҳои камбизоат барпо гардид.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Дурнамои рушди туризм
Дар он се масъала баррасӣ шуд. Аввал, натиҷаҳои 48-умин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Берлин-2014», ки аз 5 то 9 марти соли равон дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin»-и пойтахти Ҷумҳурии Федералии Олмон - шаҳри Берлин ҷараён дошт. Гуфта шуд, ки дар ин ҳамоиш Гӯшаи миллии тарғиботии кишварро масъулони кумита ва роҳбарону коршиносони 12 ширкати туристии мамлакат муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт. Барои беҳтар кардани имкониятҳо дар муаррифии туризми дохилӣ ва пешниҳоди маҳсулоти беҳтарин барои соли 2015 дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ фикру мулоҳизаҳо баён шу-
данд. Масълаи дуюм оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» буд. Иҷрои қатъии талаботҳои қонуни мазкур аз субъектҳои фаъолияти хоҷагидори туристӣ талаб карда шуд. Зимни масълаи сеюм таҳияи Барномаи давлатии рушди туризм дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баҳри рушди туризми мамлакат, ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар таклифу пешниҳодҳои зарурӣ радду бадал гардиданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 чанде пеш вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Руслан Шодиков, бо роҳбарони ширкатҳои туристии кишвар ва масъулони соҳа баргузор гашт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
4
РАДДИЯ
Зада маъюб кардани сарбоз дурӯғ аст Рӯзҳои охир тавассути расонаҳои ахбори умум ҳодисаи ба сари хизматчии қисми ҳарбии 2620-и Қӯшунҳои сарҳадӣ - сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбоз Нуъмоновичро чи гунае ки мехоҳанд, шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Асли воқеа чунин аст: ҳолати қасдан зада маъюб кардани сарбози қаторӣ Шаҳбоз Мирзоев аз ҷониби сарбози қаторӣ Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович воқеият надорад, зеро мақсади У. Ғайратов танҳо гӯштингирӣ ва бартарӣ нишон додан дар назди дигарон буд. Пеш аз ҳодисаи осебгирии сарбози қаторӣ Ш. Мирзоев дар вақти гӯштингирӣ бо сарбози қаторӣ У. Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт, танҳо барои муолиҷаи дарди дандон ба
нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620 барои табобат ворид гардида буд. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Ш. Мирзоев ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст. Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсус, фелдшери нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620 фарзанди ягон шахси мансабдори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Баръакс, ҷабрдида Ш. Мирзоев хешу табори наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Хотиррасон менамоем, ки сарбози қатторӣ Мирзоев Шаҳбоз Нуъмонович, соли тавалудаш 1992, мил-
латаш тоҷик, маълумоташ олӣ, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Хиштихоми ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд тирамоҳи соли 2013 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло, ки дорои ҳамаи лавозимоти тиббӣ мебошад, бистарӣ буда, тамоми дорую лавозимоти зарурӣ барои табобаташ таҳти назорати табибони беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Муолиҷаву табобат, ҷарроҳӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба таври ройгон таъмин мешаванд. Новобаста аз он ки нисбат ба Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад, аз тарафи масъулини Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур санҷиши хизматӣ бурда шуда, ҳамаи шахсони сабабгор, ки беаҳамиятии онҳо боиси осебгирии сарбози қаторӣ Ш. Мирзоев гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ, то дур кардан аз мансаби ишғолкардаашон кашида мешаванд.
Раёсати корҳои тарбиявӣ ва маркази матбуоти СҚС КДАМ ҶТ
e-mail: javonontj@mail.ru
«Чекматош»
КИТОБИ НАВ
Чунин ном дорад маҷмӯаи журналист ва адиби ӯзбекзабони кишвар Искандар Маҳмадалиев, ки чанде пеш тавассути нашриёти «Адиб» бо теъдоди 500 нусха чоп гардид. «Чекматош» (сан(г) дар матбуот ба табъ расида чилбозӣ, панҷа(к) бозӣ… – бошад ҳам, ӯ акнун эҷодашро У.Ш.) аз 11 ҳикояи хонданӣ дар шакли маҷмӯаи алоҳида иборат аст. бори нахуст пешкаши Ба маҷмӯа Ҷӯрақул Аҷиб, ҳаводоронаш менамояд. адиби шинохта, раиси бахши Искандар фаъолияти журӯзбекии Иттифоқи нависан- налисти хешро соли 1990 ба дагони Тоҷикистон сарсухан ҳайси мухбири рӯзномаи «Кунавишта, муҳаррир нависан- лябская правда» оғоз бахшида Наср Бобои Сарфароз аст. да, баъдан дар рӯзномаҳои Мавзӯи ҳикояҳо аз рӯзгори «Элчӣ» ва «Дӯстлик» заҳмат кунунии ҳамзабонони мо ги- кашидааст. Мавсуф аз соли рифта шуда, дар онҳо меҳри 2000 дар рӯзномаи «Халқ инсонӣ, садоқат ба Модар – овози» (органи Ҳукумати ёру диёр, ҳаёти муҳоҷирин Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба кор ва ғайра инъикос ёфтааст. омад. Аз соли 2003 котиби Ҳарчанд ҳикояи авва- масъули рӯзномаи мазкур мелини узви ИЖТ Искандар бошад. Маҳмадалиев 20 сол қабл Умари ШЕРХОН
МУШОҲИДА
Беэътиноӣ нисбат ба қарори раиси шаҳр “Мусофирони муҳтарам! Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, таҳти рақами 260 аз 30.05.2011 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» аз 01 июни соли 2011 ҳаққи роҳкиро барои як нафар мусофир тавассути микроавтобусҳои бо бензин ва сӯзишвории дизелӣ фаъолияткунанда (бо реҷаи экспресс) 1 сомонию 60 дирам муқаррар карда шудааст”. Чунин навиштаро дар аксар микроавтобусҳои шаҳр дидан мукин. Аммо аз ба тасвиб расидани қарор 3 cол сипарӣ шуда бошад ҳам, то кунун масъалаи тарофаи роҳкиро, ду нима намудани масири ҳаракати роҳ, ҷорӣ шудани усули “экспресс” душвориҳо дар мавриди баргардонидани бақия ҳамарӯза дар нақлиёти мусофиркаш, бахусус, микроавтобусҳо баҳсу мунозира мушоҳида мегардад. Чунин баҳсҳоро дида, хаёл мекунӣ, ки қарори баровардаи раиси шаҳр дар бораи нархи роҳкиро, умуман, ба эътибор гирифта намешавад. Он танҳо барои ба тирезаи мошин часпондан асту халос. Ронандагон бошанд, ба ин қарор аҳамият надода, бо қарори баровардаи худ дар роҳҳои мусофиркаши пойтахт фаъолият доранд. Масалан, ба ҷойи 1 сомону 60 дирам, 2 сомонӣ ё то ними роҳ рафтан, ба ҷойи 80 дирам 1 сомонӣ аз мусофирон роҳкиро мегиранд. Ҳатто пулчинакҳои автобуси хатсайри 3 ба ҷои 70 дирам аз мусофирон 1 сомонӣ роҳкиро мегиранд. Фақат дар хатсайри 19 қарор риоя мегардад. Агар 2 сомонӣ диҳед, ҳатман 40 дирам бақия мегиред. Чунин ҳолатро дида, бигзор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати нақлиёт нархи ягонаи роҳкироро дар автобусу микроавтобус муқаррар кунанд: 1 сомонӣ ё 2 сомонӣ. Ё назорат пурзӯр карда шавад, ки ронандагон бақияи мусофиронро баргардонанд. Дар бисёр ҳолат, ҳангоме ки мусофир бақияи худро аз ронанда талаб мекунад, ронанда гарон будани нархи бензинро баҳона оварда, аз додани бақия саркашӣ мекунад. Дар ҳоле ки моҳҳо боз нархи сӯзишворӣ аз 6,50 сомонӣ то 4,80 сомонӣ паст фуромадааст. Ё гарон будани сӯзишворӣ ба хатсайри 19 зарар намерасонад? Масъалаи нагардондани бақия барои ронанда ҳеҷ баҳона шуда наметавонад. Ронандаро лозим аст, ки пеш аз ба хатсайр баромадан пулашро захира кунад ва бидуни табъхиракунӣ ҳаққи ҳалоли мусофиронро баргардонад. Ин рафтори моро хориҷиён дида, ба ҳоламон механданд. Масалан, рӯзе дар микроавтобуси хатсайри 8 нишаста, хона мерафтам. Як марди эроние, ки тахминан 30-35-сола буд, ба нақлиёт нишаст. Ба ронанда 1 сомонию 60 дирам дароз кард. Ронанда маблағро гирифту бо қаҳр гуфт: - Ака, роҳпулӣ 2 сомонӣ аст. Эронӣ ки марди оромтабиат буд, дар ҷавоб ба ронанда гуфт: - Мебахшед, оғо, нархи роҳкиро дар тирезаи нақлиёт часпонида шудааст. Ронанда ба ғазаб омада: - Ҳе, ду сомонӣ гуфтам, ду сомонӣ, ма чӣ кор дорум ба қарори ту. Мард дигар надонист чӣ бигӯяд ва боз 40 дирам ба ронанда дароз кард. Аз ин рафтори ронанда шармам омад ва ба худ гуфтам, ки ин мард рӯзе ба ватани худ рафта, чунин бетартибиро ба дӯстону хешу табори худ ҳикоя мекунад. Пас, қадру қимати мо дар пеши онҳо ҳеҷ мешавад. Воқеан, ин мушкилот аз мавҷуд набудани низоми саҳеҳи ташкили босуботи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашӣ шаҳодат медиҳад. Чунин бетартибӣ чанд сол боз идома дорад. Пас, барои чӣ Вазорати нақлиёт ё масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пеши роҳи онро намегиранд ва нисбат ба ронандагоне, ки ба қарор беэътиноӣ зоҳир мекунанд, чора намеандешанд?
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Суратгир Т. Фозилов, «ҶТ»
1 апрели соли равон дар Комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маросими гусели нахустин наваскарон ба қисмҳои низомӣ доир гардид. ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб меёбанд. Намояндаги Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз падару модарони навдаъватшудагон изҳори сипос намуд, ки “бо як итминони комил ва хушнудӣ фарзандонро ба роҳи хизмат ба Ватан раҳсипор намуданд”. Б. Орифов, ба навдаъватшудагоне, ки ихтиёрӣ ба комиссариатҳо ҳозир шудаанд, аз номи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди мамлакат тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд. Зимнан, 1 апрел нахустин гурӯҳи 30-нафараи наваскарони ихтиёрӣ ба сафи артиш аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва 2 апрел 50 нафари дигар аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд. Ба хотири болидаруҳии навдаъватшудагон ва волидайн ҳангоми гусел дар комиссариатҳо базми идона доир гардид, ки дар он наваскарон рақсу шодӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки 14 март Фармони Президенти кишвар дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизДар он намояндагони сайёҳӣ дар оғоз ба наваскарон мати ҳарбиро адо намудаанд ва комисариатҳои ҳарбӣ, Вазорати дар роҳи хизмати содиқона ба даъвати навбатии шаҳрвандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ватан муваффақиятҳо орзу на- солҳои таваллуди 1987-1996-и аҳолӣ ва Кумитаи ҷавонон, вар- муд. Ӯ хизмат дар сафи Қувваҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 зиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Мусаллаҳи кишварро барои апрел то 31 май идома меёбад, ҷумҳурӣ иштирок намуданд. навдаъватшудагон мактаби ба имзо расид. Бозорбой Орифов, намоян- мардонагӣ номида, изҳор дошт, даи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ки ҳангоми адои хизмат онҳо аз Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Ҷамъбасти “Садои дил” 30 апрели соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ғолибони озмуни “Садои дил” баргузор гашт. Озмун дар ду бахш доир шуда, дарбаргирандаи сурудҳои халқӣ, эстрадӣ ва реп буд. Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанг аз баргузории чунин озмунҳо истиқбол намуда, таъкид дошт, ки он метавонад дар оянда ҷавононро ба саҳнаҳои калон роҳнамун созад. Шарифи Ҳамдампур, директори генералии ҶДММ “Оила” иштирокдорон ва ғолибонро табрик гуфта, мақсад аз баргузор намудани онро дастгирии сарояндагони ҷавон арзёбӣ кард. Дар консерти ҷамъбастӣ ба ғолибон ҳунармандони маъруф ва чеҳраҳои шинохта ҷоизаи озмунро тақдим намуданд. Аз ҷумла, ба сарояндагони ҷавон Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло, Нигора ва Суруш Холовҳо, Алишери Сайфиддин, Наимҷони Сайдалӣ, Бихтиёр Қосимов (Баха 84), Ромизи Парвиз, Шамсиддини Азиз, Ховар Муродов ҳунармандони маъруф Лутфулло Давлатов, Чиллахон Холов, Хосияти Зарафшонӣ ҷоизаҳоро дар фазои тантанавӣ супорида, ба онҳо дар ин ҷодда муваффақият таманно намуданд.
5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
Навдаъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд
ФАРҲАНГ Алишери Сайфиддин
ДАЪВАТ - 2014
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
МУЛОҲИЗА
Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест, Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт. Ҳама гуна давлат, дин, равия ва ҳизб ба идеологияи пурқувват ниёз дорад. Дини мубини ислом ва дигар равияҳоро пешвоёну воизонаш пурқуввату ҷаҳонӣ намуданд. Лашкаркаши нерӯманди нимҷазираи Араб Қутайба ибни Муслим бо куштану сӯхтану даридан натавонист мардумро ба ислом ҷалб кунад. Аммо идеологҳо ва имомону уламои бузург, ба монанди Абӯҳанифа Собит ибни Нӯъмон, Имом Бухорӣ, Хоразмӣ, Имом Ғаззолӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва садҳо дигарон туфайли маърифат, дониш, илм ва заковоти хеш мардумро ба ислом ҷалб намуданд. Адолф Ҳитлер як шахсияти оддии заминӣ буд, аммо Геберс тавонист туфайли сухан мардуми Олмонро ғуломи вай намояд. Идеологияи сионизм имрӯз на танҳо Амрико, балки ҷаҳонро фаро гирифтааст. Сабаби кушторҳо, майдоншиниҳо, пайдоиши ҳаракати “Толибон”, вайроншавии СССР ва ғайра идеология мебошад. Имрӯз корнамоию бунёдкорӣ, роҳсозӣ, нақбсозию ободониҳо, кору пайкори Пре-
зиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар ақсои олам медонанд, вале дар як қисми рустои Тоҷикистон аз он бехабаранд. Институтҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳоварию ваҳдати кишвари мо, хидматҳо ва ҷонсупориҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар ақсои олам медонанду дар баъзе деҳаҳои мо не. Аз ин рӯ, моро идеология ва идеологҳои боқувват мебояд, то тавонем истиқлолияти худододи Тоҷикистонро ҳифз кунем. Имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки ошкорову пинҳонӣ хизматҳои арзандаи Сарвари давлати моро нодида мегиранд. Яке тарафдори барпо кардани хилофат бошад, дигаре мехоҳад аз Тоҷикистон Афғонистони дуюм созад. Баъди сар задани ҷиноят, пешгирӣ кардани он чӣ маъно дорад? Бинобар ин, ҷиноятро пеш аз вуқӯъ пешгирӣ бояд кард, то ба атрофиён сироят накунад. Ҳоло бархе аз идеологҳои мо панду насиҳатро пас аз сар задани ҷиноят, пас аз он ки онро Сарвари давлат гуфтанд, оғоз мекунанд. Корнамоиҳои асри ХХI-умро адибе нест, ки чун асарҳои Ю. Акобиров, М. Хоҷаев «Норак» ва «Об ва рӯшноӣ» ба риштаи бадеият кашад. Сарварон меоянду мераванд. Агар эшон дар корхона, ташкилот, мактаб, литсей, коллеҷ, донишкада кори хайре
карда бошанд, аз даҳон ба даҳон мегузарад. Агар ба дуздию фиреб, ғоратгариву барбод додани моликияти корхона машғул шуда бошанд, байни мардум эътибор пайдо намекунанд. Яъне, «омад, дуздид, хӯрду рафт» мегӯянд. Корманд ё сарвари дасту дилаш қалбро касе писанду манзур намекунад. Бархе сарварони ташкилоту корхонаҳо муассисаро аз они хеш пиндошта, чунон рафтор мекунанд, ки зердастон нисбат ба эшон ва тағою амаки онҳо нафрат пайдо мекунанд. Чунин рафтору кирдору гуфтори сарварони ташкилоти поёнӣ боиси он гардид, ки Давлати Оли Сомон ва дар асри гузашта СССР аз байн рафт. Солиёни зиёд басо сарваронро дидааму бо эшон кор кардаам, ки яке маҳалбоз буду дигаре духтарбоз, аммо касе чашми кордониву истеъдоди сарварӣ надошт. Чунин сарварон туфайли бюрократӣ, дуздию ғоратгарӣ, рафторҳои ғайриахлоқӣ пояи ҳукумат ва давлатро суст месозанд. Бояд корномаҳо, роҳсозиҳо, кӯпруксозиҳо, наҳбканиҳо, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург қаҳрамонони хешро дошта бошанд. Ин қаҳрамониҳоро дар саҳифаҳои матбуот, садою симо ва синамо барои наслҳои оянда сабт бояд кард. Дар давраи Истиқлолияти
давлатӣ садҳо мактаби замонавӣ сохта шуд. Агар ҳар сарвари дабистон соҳиби маърифат бошад, хонандагонаш низ соҳибмаърифат хоҳанд буд. Ҳар як соати дарси омӯзгор бояд аз ситоиши ватану ватандорӣ оғоз гардад. Сарояндагон бояд бештар сурудҳоеро хонанд, ки дорои маънию мазмун бошанд. Ростӣ, ҳарчанд кӯшиш мекунам, маънию мазмуни суруду таронаҳои «тира-ситорагон»-ро, ки баъзан дар телевизор мехонанд, фаҳмида наметавонам. Коре бояд кард, ки шӯълаи ватандориву ватанпарастӣ дар дилу дидаи одамон ҷой гирад. Инро фақат идеологияи пурқувват, идеологҳои донишманд ва закитабъ, сухандону сухангӯй, рӯзноманигорони чирадаст ва соҳибқалами мо карда метавонанд. Бешак, рӯзноманигорон ва аҳли қалам на танҳо ҳокимияти чорум, балки шахсиятҳое мебошанд, ки идеологияи ҷомеа ба онҳо вобаста ва мардуми покназар ба гуфтаву сухани эшон гӯш медиҳанд...
Холмурод САФАРЗОДА, ҷонишини директори Литсейи касбии техникии №36-и шаҳри Панҷакент
e-mail: javonontj@mail.ru
Давлати бузургро идеологияи пурқувват мебояд
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
6
7 АПРЕЛ – РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Ҳар сол 7 апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии тандурустӣ таҷлил мегардад. Дар ҳифзи солимии ҷомеа нақши марказҳои тандурустӣ хеле калон аст. Мусоҳибаи мо бо директори Маркази саломатии шаҳрии №10-и пойтахт, номзади илмҳои тиб Хушвахт Шарифов дар ҳамин хусус сурат гирифт. - Кормандони муассисаи тандурустие, ки Шумо сарвариашро ба уҳда доред, ба кадом қисмати пойтахт ба аҳолӣ хизмат мерасонанд? - Имрӯз кормандони Маркази саломатии рақами 10 ба 76230 нафар аҳолии пойтахт хизмати санитарию тиббӣ мерасонанд. Дар марказ 10 шуъба фаъолият мекунад, ки 6 шуъбааш тибби оилавӣ мебошанд. Алҳол дар системаи тандурустӣ хизматрасонии тибби оилавӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тибби оилавӣ маънои онро дорад, ки духтури оилавӣ ҳамчун узви оила маҳсуб ёфта, аз навзод то синну соли ниҳоӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Хушбахтона, дар минтақаи хизматрасонии Маркази саломатӣ аҳолӣ духтурони оилавиро ҳамчун шахси хайрхоҳу наздик ва мушфиқи оила эҳтиром мекунанд. Робитаи дух-
турон бо мардум хуб ба роҳ монда шудааст. Рақами телефони духтур дар ҳар хонавода мавҷуд аст. Вақте ба хизматрасонии тиббӣ эҳтиёҷ пайдо шуд, аҳолӣ аввал ба духтурони оилавии худ муроҷиат мекунанд. Духтури оилавӣ вазъи беморро дида, ҳангоми зарурат мутахассисонро барои муоина даъват менамояд. Баъди муоинаву тавсия бемор боз зери назорати духтури оилавӣ қарор мегирад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз
духтурони оилавӣ шабонарӯзӣ дар хизмати мардуми минтақаи хизматрасониашон қарор доранд. - Оё дар худи Маркази саломатӣ таҷҳизоти муосири ташхису муоина мавҷуд аст? - Ба ғайр аз 6 шуъбаи оилавӣ дар Маркази саломатӣ, инчунин, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, маркази солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мавҷуданд. Шуъбаи ташхисгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Дар марказ дастгоҳи рентгенӣ, сабти дил, ултрасадо мавҷуд буда, шуъбаҳои дандонпизишкӣ ва табиатшифоӣ низ фаъолият мекунанд. - Ҷомеаи солим ба солимии модар вобастагии калон дорад. Дар Маркази саломатӣ
ба пешгирии ҳамли номатлуб суҳбатҳо доир мекунанд. - Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки солимии репродуктивӣ ва танзими оила танҳо
оид ба солимии модару кӯдак чӣ корҳо анҷом дода мешаванд? - Дар ҷумҳурӣ оид ба солимии модару кӯдак барномаи давлатӣ қабул шудааст. Кормандони Маркази саломатии №10 низ баҳри амалӣ кардани барномаи мазкур ҳисса мегузоранд. Мутахассисони Маркази солимии репродуктивӣ бо тамоми занони қобили таваллуд, аз ҷумла, занони ҳомиладор робита дошта, сари вақт онҳоро ба қайд мегиранд. Занони ҳомиларо аз ташхис гузаронида, муайян мекунанд, ки онҳо гирифтори бемориҳои сироятӣ,
мушкилоти занон аст. Оё бо мардон низ дар ин хусус корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад? - Дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳми духтурони оилавӣ хеле калон аст. Вақте духтури оилавӣ зани ҳомиладорро ба қайд мегирад, якҷоя бо духтурони соҳавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, бунёди оилаи солим бо аҳли хонаводаи ӯ, аз ҷумла, хушдоманаш корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Зеро солимии тифл танҳо масъулияти модар нест. Он барои мард низ фарзанд ва
ҷоғар, гурда, дил ва ё камхунӣ набошанд. Агар зимни ташхис беморие муайян шавад, сари вақт зани ҳомила ба табобат фаро гирифта мешавад, то ӯву тифлаш солим бошанд. Ғайр аз ин, духтурони занона ба аҳолӣ дар бораи пешгирии камхунӣ, тарзи дурусти ғизо додан ба кӯдакон аҳамияти синамаконӣ барои тифл, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда маълумот медиҳанд. Инчунин, оид
барои хусуру хушдоман набера мешавад. Пас, ба солимии тифл бояд дастҷамъона ғамхорӣ кард. Ҳамчунин, духтурон дар бораи риояи фосилаи таваллуд, ғизои солим, сайру гашт дар ҳавои тоза ба занон маслиҳат медиҳанд. Фосилаи таваллудро риоя накарда, зуд-зуд таваллуд кардан сабаби камхунии модар мегардад. Камхунии модару кӯдак ба инкишофи ақлонии тифл низ таъсири манфӣ мерасонад.
- Фаъолияти Маркази машваратӣ-хайрхоҳона ба ҷавонон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Дар ин марказ оид ба пеш-
Сирри худро аз табиб пинҳон мадор гирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ, алалхусус, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, пешгирии афзурдаҳолӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ ва худкушӣ корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. Духтури равоншинос ба ҷавонон баҳри рафъ намудани оризаҳои равонӣ ва даст кашидан аз одатҳои бад кӯмак мерасонад. Хизматрасонӣ ройгон аст. Духтурони оилавӣ дар ин самт низ кӯмак мекунанд. Зеро онҳо ҳамчун шахси наздики оила ба шумор рафта, афроди аз ҷиҳати равонӣ осебпазирро зуд муайян месозанд. Ҳар як духтур бояд истеъдоди дар дили бемор барафрӯхтани шуълаи умед ба ояндаро дошта бошад. Ба он муваффақ шавад, ки бемор гиреҳи дилашро ба ӯ боз кунад. Бисёриҳо суханеро, ки ба падару модар гуфта наметавонанд, бо духтур мегӯянд. Шайх Аттори Нишопурӣ фармудааст: Сирри худро аз ду кас пинҳон мадор, Аз табиби ҳозиқу аз ёри ғор. - Робитаи Маркази саломатӣ бо муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна аст? - Дар Маркази саломатӣ воҳиди махсус, мутахассис оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият мекунад, ки нақшаи кории алоҳида дорад. Ба тамоми макотиби миёнаву боғчаҳо ҳамкориро ба роҳ мондаем. Ҳоло дар минтақаи хизматрасонӣ 14 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 боғча, як донишгоҳ, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, мактаби олии варзишӣ мавҷуд аст. Мутасаддии тарзи ҳаёти солим вобаста ба мавзуъ духтуронро зимни вохӯриҳо бо худ мегирад. Агар
мавзӯи вохӯрӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ бошад, ӯ сироятшиносро даъват менамояд. Бобати пешгирии майзадагиву нашъамандӣ духтури наркологро даъват мекунад. - Соли равон кормандони Маркази саломатӣ Рӯзи байналмилалии тандурустиро чӣ гуна истиқбол карданианд? - Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ доред, соли сипаришуда бо ташаббуси вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салим Рӯзи байналмилалии саломатӣ ба иди ҳақиқии солимӣ табдил ёфт. Ба ин муносибат дар тамоми мамлакат корвони саломатӣ таъсис шуд. Порсол мо низ тамоми мутахассисонро барои қабули аҳолӣ сафарбар намудем. Ҳамаи сокинони минтақаи хизматрасониро тавассути духтурони оилавӣ ва ВАО огоҳ намудем. Таҷлили Рӯзи байналмилалии саломатӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №10 дар сатҳи баланд доир шуд ва мо дар ҷумҳурӣ ҷои аввалро гирифтем. Имсол низ чунин чорабиниҳо дар нақша аст. Ин гуна чорабиниҳо бо розигию мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Мо аз дигар муассисаҳои тандурустӣ мутахассисони варзида, номзаду докторҳои улуми тиб, гиёҳпизишконро низ барои хизматрасонӣ даъват намудем. Хизматрасонӣ ва ташхис ройгон буд. - Дар марказ такмили ихтисоси мутахассисон чӣ тавр ба роҳ монда шудааст? - Чанде пеш тибқи нақшаи семоҳаи аввал 14 нафар мутахассис (духтур) ихтисоси худро такмил доданд. Илова бар ин, 10 нафар ҳамшираи тиббӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Аммо ин ҳадди охирин нест. Дар давоми сол кормандони Маркази саломатӣ ихтисоси худро такмил дода, бо усулҳои муосири корбарӣ, ташхис, истифода аз таҷҳизоти муосир ошно мешаванд, ки ба боз ҳам беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад. Ҳамарӯза дар илми тиб навгоние рӯй медиҳад. Аз онҳо баҳравар шудан ба нафъи кор аст. Кормандони Маркази саломатии шаҳрии №10, инчунин, ба рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ обуна буда, сари вақт дастрас мекунанд. Васоити ахбори омма, воқеан ҳам, дар баланд шудани маърифати тиббии аҳолӣ ҳиссаи босазо мегузоранд. Аз ин рӯ, дар ҳамкорӣ мо ба ҳадафи муштарак, яъне, бунёди ҷомеаи солим хоҳем расид.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Ҳанӯз ҳазор сол пеш сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гуфтааст: Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир, Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. Аз таҳлили ҳодисаҳои Украина бармеояд, ки иттифоқу якдил набудан ба чӣ оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Алалхусус, дар ақида зид будан барои ҷомеа хатарнок аст. Душманони ҳар як давлат ҳангоми барҳам задани суботи кишваре, пеш аз ҳама, кӯшиш мекунанд, ки дар ақида, мазҳаб ва дини сокинони он ихтилоф ворид кунанд. Ин гуна ихтилофот дар Судон боиси тақсим шудани кишвар ба ду давлати алоҳида гардид. Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ соли гузашта ихтилофоти мазҳабӣ сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз бесуботӣ истифода намуда, иддае аз мубаллиғони дину ҷараёнҳои ғайриисломӣ ба кишвар омада, чандин касро тавассути тақсим кардани орду равған, либос ва пул ба дину мазҳаби худ ҷалб карданд, ки як заминаи ҷудоиандозӣ аст. Ҳамчунин, бархе аз ҷавонони кишвар, ки дар таълимоти мазҳаби Имом Абуҳанифа замина надоштаанд, ба баъзе равияҳо шомил шуданд. Саволе ба миён меояд, ки чаро ин ҷавонон, ки гузаштагонашон ҳама дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) буданд, имрӯз аз мазҳаб берун баромада, дар мисоли пайравони ин мазҳаби ноб душманро мебинанд? Аз таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам чӣ камбудӣ ё нуқсоне ёфтанд? Ҳол он ки Имом Абӯҳанифа дар вақташ бо дилпурӣ гуфтааст, ки «агар қавли моро мухолифи “Қуръон”-у ҳадис ёфтед, онро ба девор бизанед». Имом Шофеӣ (р), ки шогирди Имом Муҳаммади Шайбонӣ (яке аз шогирдони забардасти Имоми Аъзам) аст, чунин фармудааст: «Ҳар касе хоҳад, ки фиқҳ (илми қонунҳои шариат)-ро омӯзад, ба шогирдии шогирдони Имоми Аъзам (р) бишитобад. Зеро ҳосил намудани маонӣ аз онҳо осонтар аст. Ман, ки Имоми Шофеиям, фақеҳ нашудам, магар бо мутолиа ва омӯхтани китобҳои Муҳаммад ибни Ҳасан». Имом Абӯҳанифа (р) дар бораи баёни масъалаҳои шаръӣ чунин гуфтааст: «Қиёси мо пайравӣ аз амри Аллоҳ аст, яъне, бо фармони ӯ амал мекунем. Масъалаву қиёсро бо китоби Худои таъоло, суннатҳои Расул (с) ва суханони саҳоба рост медорем ва пайравӣ менамоем».
Парокандагӣ андуҳ меорад Вақте дар Маккаи мукаррама Имом Авзоӣ бо Абӯҳанифа (р) мулоқот намуд, Ибни Муборак саволе дод. Имом Абӯҳанифа (р) бо шарҳу эзоҳ чунон ҷавоби комил дод, ки ҳар дуи онҳо ба ҳайрат афтоданд. Имом Авзоӣ ба Ибни Муборак гуфт: «Аз илми комил ва ақли пурраи Абӯҳанифа дар ҳайрат мондам. Дар бораи ӯ ғалат шунидаам. Зинҳор ба мулозимат (хизмат)-и он бузургвор бишитоб!» Довуди Той фармудааст: «Абӯҳанифа ситораи рахшонест барои раҳгумзадагон ва дарёи илмест, ки мақбули ҳамаи дилҳост». Имом Абуюсуфи Қозӣ дар сифати устоди худ чунин мегӯяд: «Устодам Имоми Аъзам (р) дар омӯзонидани илм
¶
Агар он ҷавоне, ки аз мазҳаби аҷдодӣ берун рафта, тафриқаандозӣ мекунад, дар бораи шахсияти Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ хушунаткор намешуданд. Зеро ба гуфтаи Сардори давлат ақидаҳои Абӯҳанифа имрӯз ҳам башариятро ба муросову гузашт, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва худдорӣ аз зӯроварӣ ҳидоят месозанд».
пуртоқат, ботамкин, аз ғазаб дур ва бисёр сахӣ буданд». Ҳазрати Фузайл (р) нақл мекунад, ки «тобеин ва уламои зиёдеро дидаам, вале дар хондани намозу ба ҷо овардани ибодат монанди Абӯҳанифа набуданд».
Язид ибни Ҳорун (р) гуфтааст: « Имоми Аъзам (р) дар нигоҳ доштани забони хеш, дар фазл ва дину тақво дар ниҳояти бузургворӣ мебошад. Мисли ӯ дар ҳилм касеро надидаам». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» чунин гуфт: «Хизмати бузурги Имоми Аъзам барои уммати мусулмон ва башарият аз он иборат аст, ки ӯ зимни фаъолияти беш аз нимасраи худ тавонист ҷомеаи исломиро дар асоси манбаъҳои нақливу шаръӣ аз ҷангу таҷзияи минбаъда ба гурӯҳҳои ба ҳам муқобил эмин дорад, халқу миллатҳои гуногуни мусулмонро зери парчами ислом муттаҳид созад, уммати исломро аз
бархӯрдҳои хастакунанда ва фалокатбор наҷот диҳад». Агар он ҷавоне, ки аз мазҳаби аҷдодӣ берун рафта, тафриқаандозӣ мекунад, дар бораи шахсияти Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ хушунаткор намешуданд. Зеро ба гуфтаи Сардори давлат ақидаҳои Абӯҳанифа имрӯз ҳам башариятро ба муросову гузашт, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва худдорӣ аз зӯроварӣ ҳидоят месозанд». Худованди таборак ва таоло дар сураи “Моида”, ояти 2 мефармояд: “Дар накӯкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед”. Абӯмасъуд (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: Шахсе, ки ба кори хайре роҳнамоӣ кунад, барои ӯ монанди анҷомдиҳандаи он (кор) музд (савоб) дода мешавад. Аз Абӯмусо (р) ривоят аст, ки саҳобагон аз Расули Худо (с) пурсиданд: “Кадом мусулмон беҳтар аст?” Он ҳазрат фармуданд: “Касе, ки мусулмонон аз дасту забонаш дар амон бошанд”. Соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи тартиботи Миср як гуруҳ ҷавонони мусаллаҳи мухолифи давлатро дастгир намуданд. Равоншиносон баъди сӯҳбат бо онҳо муайян намуданд, ки сабаби асосии даст ба муборизаи мусаллаҳонаи зидди давлат задани онҳо бесаводиашон
будааст. Зеро 56,67 дарсади дастгиршудагон чизе аз “Қуръон” намедонистанд ё ба шумор чанд ояти алоҳидаро медонистанду халос. Барои пешгирӣ аз воридшавии ақидаҳои ботилу ғаразнок ва ифротгароёна чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, зарур аст, ки тибқи барномаи муайян дар тамоми масоҷиди кишвар дар бораи таълимоти мазҳаби суннат маълумоти муфассал диҳем. Зеро ҷавононе, ки дар рӯҳияи таълимоти таҳаммулпазирии Имоми Аъзам (р) тарбия гирифтаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо намешаванд. Ин нуқтаро Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудааст: «Дар шароити имрӯза, ки баъзе нуқоти олами исломро мавҷи хушунату муноқиша, фузунхоҳиву тундгароӣ фаро гирифтааст, донистану риоя кардани таълимоти Абӯҳанифа барои пайравони ин мазҳаб, бахусус, ҷавонон, бештар эҳсос мешавад». Аз ҳодисаҳои Украина, Сурия, Либия, Миср ва Афғонистон ба хулосае омадан мумкин аст, ки ноиттифоқиву парокандагӣ ба сари мардум чӣ мусибатҳоеро меорад. Пас, бояд ҳама якдил шуда, мулки зебои худро обод кунем ва дар пешрафти ҷамъият ҳисса гузорем. Беҳуда нагуфтаанд:
Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро, Парокандагӣ орад андӯҳро. Худованд ҳеҷ гоҳ хоҳони ихтилоф миёни бандагонаш нест. Чунончи, дар сураи “Оли Имрон”, ояти 105 таъкид кардааст: “Набошед монанди касоне, ки пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд, баъд аз он ки ба ишон ҳуҷҷатҳо омад ва он гурӯҳ грифтори азоби бузурганд”. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ба зудӣ фитнаҳое ба вуқуъ хоҳад пайваст ва дар онҳо шахси нишаста беҳтар аз шахси истода аст, шахси истода беҳтар аз шахси раванда ва шахси раванда беҳтар аз иштироккунанда. Касе, ки ба онҳо тамоюл намояд, ӯро ба сӯи худ ҷалб менамоянд. Пас, касе, ки паноҳгоҳ ва гӯшае пайдо карда метавонад, ба онҳо паноҳ бибарад ва гӯшагирӣ намояд”. Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд: На афғонему на турку таторем, Чаманзодему аз як шохсорем. Тамизи рангу бӯй бар мо ҳаром аст, Ки мо парвардаи як навбаҳорем.
Ҳоҷӣ Амирҳамзаи АБДУРАУФ, устоди ДИТ ба номи Имом Абӯҳанифа
e-mail: javonontj@mail.ru
Имрӯз воқеаҳои Украина дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон ҷой гирифтааст. Ба кишвари бузурге, ки 48 миллион аҳолӣ дошта, дорои иқтидори азими иқтисодӣ буд, бо сабаби авҷ гирифтани таҳаммулнопазирӣ ва боло рафтани ҳисси худхоҳӣ хавфи пора шудан таҳдид мекунад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
7
МАЪНАВИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
8
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Бобохон Маҳмадовро метавон ба дили пур аз чеҳраҳои тобноки сиёсӣ, фарҳангӣ ва миллии Тоҷикистон ном бурд. Ӯ солҳои зиёд вазир буд, сафир буд, дигар вазифаҳои муҳимтарини давлатиро бар ӯҳда дошт. Дар ҷомеа шуҳрату эҳтироми фарогир касб намудааст. Маро саодати шогирдии ин шахсияти барҷаста ва ҷавонмарди асил насиб гаштааст. Давоми солҳои ошноиву ҳамкорӣ аз қоидаҳои бисёре, ки устод дар зиндагӣ барои худу наздиконаш роҳандозӣ кардааст, чандеро ёддошт намудаам. Ин ҷо намунае аз онҳо пешкаш мегардад.
Ҳар гоҳ ки вақти худро хуш карданӣ шавам, чеҳраи хандони модарамро пеши рӯ меорам. Одам бояд ҳамеша ба қурбон кардан омода бошад, ҳатто ба қурбон кардани ҷони худ. «Рӯйхати сиёҳ»? Бовар кунед, ягон вақт надоштам. Байни ману ҳар зердастам дар баробари фосила боварӣ ҳам мавҷуд аст. Дар ғайри ин, ман кор карда наметавонам. Ман ба ҳақиқати дӯстии зан ва мард шубҳа надорам.
иродаи қавӣ эҳтироми маро ба худам афзудааст. Бисёриҳо бар онанд, ки сиёсат ифлос аст. Дар қатори онҳо будан намехоҳам. Хубии иштибоҳ ва шикаст он аст, ки ба рӯи мо имкониятҳои навро боз менамоянд. Касби хуб боиси ифтихор нест, агар устоди он касб набошӣ. Ба ҳар кас чизе додаам, ба дили кушод додаам ва аз ҳар кас чизе гирифтаам, ба дили хиҷил гирифтаам. Ба ҳоли худ гиристанро айб медонам, хандиданро ҳунар. Дар кишварҳои дигар ҳангоми интихоби ғизо ба хӯрокҳои миллӣ авлавият медиҳам. Онҳо маъмулан ба иқлими маҳал мутобиқанд.
аст.
22 23 24 25 26
42 43
Танҳо эҷодкорон соҳибистеъдод нестанд. Маъмурини давлат ҳам дар сиёҳ кардани якдигар истеъдоди нодир доранд. Барои дуруст фикр кардан дуруст зиндагӣ кардан шарт
44
Сад қоидаи зиндагии 1 2 3 4 5
бошанд.
Ҳамеша кӯшидаам, ки пиндору гуфтору кирдорам ба ҳам созгор
Танҳо дар хонаи дӯсти ҳақиқӣ худамро чун дар хонаи худ эҳсос карда метавонам. Аз ҳар нохушӣ сабақи комил мегирам, вагарна такроран ба сарам хоҳад омад. Мекӯшам, ки ҳар рӯз ақаллан вақти як нафарро хуш кунам, ҳатто агар он як нафар худам ҳам бошам. Сирри ба орзу ҷомаи амал пӯшондан ин аст, ки орзуро ба ҳоли худаш мегузориву дар пайи амал мешавӣ. Барои фарқ нагузоштан байни бандагони Худо ақли комилу фаросати олӣ мебояд дошт. Намехоҳам ба камбудӣ ва ғалатҳоям дигарон, ҳатто пайвандону дӯстонам, ишора кунанд. Мекӯшам онҳоро пештар худам бубинам ва худам ислоҳ намоям. Бадбахтии одамӣ дар он аст, ки хушбахтиро ҳар хел мефаҳмад. Ҳар як тасмими мо кам ё беш ба ояндаи мо таъсир хоҳад гузошт. Агар дар анҷоми рӯз маро эҳсоси қаноатмандӣ фаро гирад, на аз он аст, ки дар давоми рӯз ташвише надоштам, балки аз он рӯст, ки хидмате ба мардум кардаам. Ман бо чанд нафар собиқаи 50-солаи дӯстӣ дорам. Саба-
6 7
8 9 10
11
e-mail: javonontj@mail.ru
38 39 40 41
до ба забони дароз шарҳ диҳам, ки чаро накардам. Чун кореро анҷом додем, ҳаргиз худро қаҳрамон ҷилва надиҳем, зеро ҳамеша нафароне ҳастанд, ки ин корро беҳтар аз мо анҷом дода метавонанд. Ба бозии набераҳоям менигараму дилам ба зиндагӣ гарм мешавад. Аз онҳо чӣ гуна бе ҳеҷ сабаб хурсандӣ карданро меомӯзам. Ман намехоҳам ба коре машғул бошам, ки аз он хушам наояд, чизҳое дошта бошам, ки даркорам нестанд ва одамонеро мафтун кунам, ки дӯсташон надорам. Ин шубҳаҳои беҳудаи моанд, ки моро аз пеш гом бардоштан бозмедоранд. Ҳар дафъа баъди афтодан ба по рост шудаам ва доштани
би аслии дарозумрии дӯстии мо ин аст, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ба якдигар гузашт карда тавонистаем.
12 13 14
Дар талоши дастовард нестам, ба он мекӯшам, ки зиндагиам маъние дошта бошад. Эҳтиёт кардани саломатӣ ва саломат зиндагӣ ба сар бурдан ҳам фарҳанги волост. Ғам нахӯред, ки дигарон дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд. Дигарон худ дар ғаманд, ки шумо дар бораи онҳо чӣ фикр мекунед. Зиндагии ҳақиқӣ баъде сар мешавад, ки инсон рисолати худро дар зиндагӣ мешиносад. Гоҳо як узри саривақтӣ чанд бадбахтиро пешгирӣ мекунад. Корҳои вазнину нофорамро мекӯшам, ки дар оғози рӯз ба сомон расонам, намехоҳам то анҷоми рӯз фикри онҳо азиятам диҳад. Барои дӯст он қадар зиёд мекунӣ, ки барои худат намекунӣ. Ман максималистам: бошӣ якум бош. Дуюму даҳум барои ман яксон аст. Писарҳоро, сарфи назар аз ихтисоси ояндаашон, бояд чун сарбоз ба воя расонем. Ман он нестам, ки бигӯям фардо чиҳо мекунам ва фар-
15 16 17 18 19 20 21
27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37
Барои бародар шудан шарт нест, ки фарзандони як падару модар бошем. Шиква аз қисмат хоси онҳоест, ки ба Офаридгори худ бовар надоранд. Ман бо пайроҳаи дигарон намеравам. Дилпурии мутлақ баъзан аз беақлӣ ҳам мешавад. Танҳо беақл шубҳа намекунад. Имтиҳони дороӣ аз имтиҳони нодорӣ вазнинтар аст.
45 46 47 48 49 50 51 52
кам аст? ҳаргиз! кунем.
Ман чунонам, ки худам худамро дидан мехоҳам. «Кам бошаду хуб бошад»? Чӣ хел хуб мешудааст, вақте Ман хуб ё бад буда метавонам, вале на хубу на бад Ҷисмамонро машқ диҳем ва ақламонро ҳам фаромӯш на-
Ман, усулан, ба ҳама камбудии зердаст чашм пӯшида метавонам, магар дурӯғгӯӣ. Агар ба худат раҳм кунӣ, ба дастовард намерасӣ. Ман борҳо тавассути варзиш саломатии худро барқарор кардаам. Беҳтаринҳо на ҳамеша комёбанд ва бадтаринҳо на ҳамеша ноком. Бале, мантиқи зиндагӣ аз хоҳиши мо тафовут дорад.
53 54 55
Вақте шарафи инсонии ман дар миён аст, омодаам ба ҷанги шер бархезам. «Аввал - оила, баъд - карйера». Ман зери ин шиор бе дудилагӣ имзо мекунам. Дар соҳаҳои гуногун, дар вазифаҳои гуногун кор кардаам. Вале кофист, ки маро журналист ном баранд.
Шоми эҷодии 31 март дар толори Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ шоми эҷодии Шоираи Раҳимҷон, шоираи ҷавон баргузор гардид. Камол Насрулло, муовини раиси Иттифоқи нависандагон аз шоира ҳамчун як ҷавони эҷодкори пурмаҳсул ва зебоисаро муаррифӣ карда, чанде аз
байтҳои Шоираро низ қироат намуд. “Ман шоир нестам, даъвои шоирӣ надорам. Таронасароям, мусиқиро дӯст медорам ва ин
Бобохон Маҳмадов 57 58
Дар рӯзгори ман камии пул ҳамеша эҳсос мешуд. Вале ҳаргиз муҳтоҷ набудам. Ҳамин кофист, ки сад шукри Худову қисмати додаашро кунам. Ман дар зиндагӣ ба касеву чизе такя накардаам, магар Худо ва таҷрибаи худ. Натиҷа танҳо оғози кор аст.
59 60 61 62 63 64 65 66 67
Мо бояд аввал ба худамон «не» гуфтанро ёд гирем. Дар ҷаҳон чизе муҳимтар аз муносибатҳои солими инсонӣ нест. Аз ҳар касе, ки ҳатто як калима омӯхтаам, ҳаққи устодиашро бар худ мешиносам. Вақте дилпур нестам, боз як қадам ба пеш мемонам. Муҳимтарин сармоягузорӣ он аст, ки барои рушди худ ва фарзандонат мекунӣ. Дӯстӣ танҳо инсонҳои шоистаро ба ҳам пайваста метавонад. Вақте аз ман дар бораи одами хуб мепурсанд, бебаркаш
тавсифаш мекунам. Лекин дар мавриди одами бад узр пеш меорам, ки хуб намешиносамаш. Оре, мо барои кардаҳои худ ҷавоб мегӯем. Барои нокардаҳо низ. То даме, ки зиндаем, рисолати мо дар зиндагӣ анҷомнаёфта аст. Ҳамеша кӯшидаам, ки натиҷаи корам аз он чи интизоранд, бештару беҳтар бошад. Ба ботини худ нигаристану имкониятҳои нуҳуфтаро дарёфтан, бе шак, ҳунар аст. Дӯсти ҷонӣ аст, ки ба ӯ ҳарфҳои сахт мегӯиву ӯ мефаҳмад, ки ин ҳама аз дӯстдорист. Солҳост, ки бе ғами гузашта ва бе тарси оянда зиндагӣ карданро омӯхтан мехоҳам. Беҳтарин бош. Бе шарҳу эзоҳ. Ҳар кас, ки барои дурустии фикраш камтар пофишорӣ мекунад, камтар иштибоҳ мекунад. Камтарин имконро барои гузашт кардан аз даст намедиҳам. Аз дидани афроде, ки фарҳанги баланди либоспӯшӣ доранд, чашмонам роҳат мекунанд. Ман, аслан, дар ҳал кардани проблемаҳои худам душворӣ
68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78
“Духтари Ваҳдат” маҳфил муаррифии таронаҳои ман аст”, - иброз дошт Шоираи Раҳимҷон. Вале шоир Раҳмат Назрӣ, устоди Шоира иброз дошт, ки “ӯ шоирест, ба зулфи сухан шона мезанад. Ӯ зебоисарост”. Маҳфили эҷодии Шоираи Раҳимҷон дар ҳавои назарра-
бову ҷаззоб барпо шуд. Толор пур аз тамошобин буд. Теъдоди зиёде ҷои нишаст наёфта, маҳфилро рост истода тамошо мекарданд. Аввалин чизе, ки диққатро ба худ мекашид, ороиши саҳна буд. Он бо дарахтони хушку сабз ва баргҳои хазони зери по
мекашам.
79 80 81 82 83
Ҳар ҷо, ки маро интизоранд, сари вақт ҳозир мешавам. Ба анҷоми неки ҳар тасмиме, ки мегирам, дилпурам. Худро аз пеш ба нокомӣ омода намесозам. Бадиҳои дигаронро фаромӯш мекунаму некиҳояшонро ҳаргиз! Ман ҳеҷ вақт кӯшиши ёфтани дили ҳамаро накардаам. Ин орзу аз оғоз маҳкум ба фаност. Ҳаргиз бо аблаҳон сарбасар нашавем. Вақте то сатҳи онҳо мефароем, онҳо дар сатҳи худ хеле қавӣ ҳастанд ва моро шикаст медиҳанд. Агар он чиро хоҳем, ки ҳаргиз надоштем, мебояд низ он кореро кунем, ки ҳаргиз накардаем. Тарзе рафтор намоем, ки дигарон доро ё нодор ва тандуруст ё бемор будани моро нафаҳманд. Имрӯз, агар кореро кунем, ки дигарон кардан намехоҳанд, фардо зиндагие хоҳем дошт, ки дигарон дошта наметавонанд. Ба зану мард комплимент гуфтанро меписандам.
84 85 86 87 88 89
Корро аз кордон меомӯзам.
Ба касе ҳасад намебарам. Охир, ман низ ҳама чизи барои пешравӣ зарурро дорам.
90 91 92 93 94
Ба зердастон, одатан, мукофотро дар ҳузури ҳама, вале танбеҳро дар танҳоӣ медиҳам. Дар худ айб меҷӯяму дар дигарон ҳунар. Беҳтарин ранҷиш ранҷидан аз худ аст ва беҳтарини баҳс - баҳс бо хештан. Мутахассис пир ва ҷавон намешавад, мутахассис пурҳунар ва камҳунар мешавад. Агар шумо инсонеро пайдо кунед, ки бо ӯ худро чун дар танҳоӣ озоду роҳат эҳсос намоед, ӯро ба монанди нафас азиз доред. Норизоӣ аз худро шарти асосии зиндагии шоиста медонам. Мекӯшам, ки ба майли худ зиндагӣ кунам, на ба муроди дигарон. Таваккал ба Худо кардан? Бале, ин одат дар хуни ман аст. Ҳадафи бузургро интихоб кунем ва ҳамзамон бикӯшем, ки ба ҳадафи бузургтар бирасем. Ман роҳи дигари пешравиро намедонам. Агар қудрати илоҳӣ медоштам, он сад ҳазор шеъри гумшудаи Рӯдакиро тақдими башар мекардам. Гоҳо меандешам, ки агар имрӯз бимирам, аз ман чӣ мемонад...
95 96 97 98
99 100
Камоли ҚУРБОНИЁН, рӯзноманигор
БАЗМИ ШЕЪРУ СУРУД оро ёфта буд. Шоира ороиши мазкурро рамзнок хонда, чунин мънидод намуд: “Ин манзара рамзи баҳор аст, нишони рустану шукуфтан. Аз сабзишу нумуъ дарак медиҳад. Баргҳои хазон, ки зери по мебинед, хазон ва гарду ғуборест, ки то ин дам доштаму доштем. Дарахтони хушк, ки дар пушти дарахтони навруста менамоянд, нишони он аст, ки мо хушкиҳоямонро пушти сар кардем, навбати рустан расид”.
Маҳфили мазкур бо фарқ аз маҳфилҳои дигар, ки маъмулан бо ровӣ ва барандагии намояндаи Иттифоқи нависандагон мегузаранд, бе ровӣ буд. Шоира дар ин бора иброз дошт: “Муҷригии ин барномаро худи ман бар дӯш гирифтам. Чун чи касе беҳтар аз ман метавонад аз дидори шумо шод шавад ва кӣ метавонад беҳтар аз ман шуморо “хушомадед” бигӯяд?” Шоир Мирзо Файзалӣ бо
намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагони шаҳри Ваҳдат ба табрики шоира омада, ӯро аввал шоири Тоҷикистон, сипас, шоири Ваҳдат номид. Шоира ҳам рамзан худро “духтари Ваҳдат” хонд. Маҳфилро ҳунари сарояндагони ҷавони кишвар, ки аз эҷоди шоира тарона сароидаанд, шукуҳи дигар бахшид.
М. САИД, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
56
«Ҳар чӣ аз дастам ояд, мекунам» гуфтан, як навъ аз масъулият гурехтан аст. Мо бояд иҷрои ҳатмии ваъдаро ёд гирем. Худсафедкунӣ? Не! Ман ин одатро надорам.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
9
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
10
ОИЛАДОРӢ
Издивоҷи дуюмбора нишони бевафоист?
Барои нафарони ҳамсаргумкарда издивоҷи навбатӣ тавлиди тардиди бузургест. Аз як тараф масъалаи интихоби ҳамсари дигар ва аз нав сарусомон бахшидани зиндагиашон, аз тарафи дигар андешаи он, ки оё ҳамсари навашон барои фарзандон волидаи хубе шуда метавонад ва фарзандон бо ӯ унс мегиранд ё
Юнусова мегӯяд, ин фишору норозигиҳо вобаста ба ҷинсияти нафари аз нав издивоҷкунанда вобаста аст. Ӯ мегӯяд, нисбат ба мардҳо занҳо пуртаҳаммул буда, баъди фавти ҳамсарашон издивоҷ накарда ҳам метавонанд. “Вале бо вуҷуд ин, агар рафту зан издивоҷ кардан хост, нисбат ба мард бештар ба фишору эътирози атрофиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Чунки дар ҳаёти зан дидани марди дигар аз ҷониби наздиконаш хеле кам қабул карда мешавад, хоса дар ҷомеаи мо. Аммо агар мардон издивоҷи дуюмбора кардан хоҳанд, ин камтар эътироз ба миён меорад. Бо он сабаб ки мардон худ коргарнду рӯзи дароз дар берун, дар хона бошад, ба як зан эҳтиёҷ ҳаст, то корҳои рӯзгорро танзим кунад”. Нуқтаи аз ҳама ҳассоси чунин вазъият масъалаи “беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамсари вафоткарда” мебошад. Шахси издивоҷкарда бо ин айб зудзуд мавриди таънаву сарзаниш қарор мегирад. Нафисахон Юнусова, ки ҳамзамон, равоншиноси оилавӣ низ мебошад, мегӯяд, ин ақида ғалат аст, ки кас бо издивоҷи дигар ба рӯҳи ҳамсари фавтидааш беэҳтиромӣ мекунад. Вале то издивоҷи навбатии инсон гузаштани вақти муайяне зарур аст. “Ҳаёт идома меёбад. Ин ҳақиқат аст дигар.
ки баъди он издивоҷ кардан мумкин мешавад, як сол аст. Дар ин муддат инсон то дараҷае руҳан омода мешавад. Албатта, ин вобаста ба инсонҳо фарқ мекунад. Баъзеҳо мусибати фавти шахси наздикашонро дар як сол паси сар мекунанд, баъзеи дигар аз ин ҳам бештар”, - таъкид мекунад равоншинос. Мушоҳида мешавад, фарзандоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, онеро, ки дар ҳаёт аст, бовар мекунонанд, ки издивоҷи навбатиаш шарт нест. Онҳо хуб нигоҳубинаш мекунанд. Равоншинос мушкили зиндагиро таъкид карда, иброз медорад, ки агарчи ин ваъдаи фарзандон дар солҳои аввал иҷро шавад ҳам, аммо тадриҷан камрангу бетаъсир мемонад. Чунки фарзандон зиндагиву оилаи худро доранд, онҳо аз пайи пешбурди зиндагии хеш мешаванд. Ӯ мегӯяд: “Бо мурури замон фарзандони чунин ваъдаҳо медодагӣ ба нигоҳубини зану фарзанди худ саргардон шуда, падар ё модарашон дуюмдараҷа мемонад. Парасториаш нисбатан суст мешавад. Аз ҷиҳати ҳиссӣ низ танҳо мемонад ва аз ин рӯ, ба бемориҳо зуд гирифтор мешавад. Вақте бемор шуд, фарзандон вазифадоранд, ки бемордорӣ кунанд, ки ин низ мушкилиҳо дорад”. Равоншинос бар ин назар
на, инсонро дар дуроҳа мегузорад. Ба ҳамаи ин боз мишмишу интиқоди атроф низ изофа шуда, вазъро буғранҷтар мекунад. “Мардум чӣ мегуфта бошад? Оё ба хотираи ҳамсарам беҳурматӣ намешавад?” ва ғайра фикрҳоеанд, ки ба сари кас меоянд. Шак нест, ки каси дигарбора издивоҷкунанда аввал ба фишору норозигии фарзандон, сипас, ба нигоҳҳои каҷу таҳдори атроф рӯ ба рӯ мешавад. Психолог Нафисахон
Вале барои издивоҷи дигарбора шитоб накардан даркор. Бисёр мебинему шоҳид мешавем, ки баъзан инсонҳо маъракаи чили ҳамсари фавтидаашонро дода-надода оиладор мешаванд. Онҳо бештар ба хотири азоб накашидани фарзандонашон зуд издивоҷ мекунанд, вале дар натиҷаи саросемагӣ издивоҷи бархато ё номувофиқ сар мезанад, ки боиси пайдоиши муноқишаҳо мешавад. Дар психология муҳлати камтарин,
аст, ки шахси ҳамсаргумкарда ҳар қадар ки аз ҷониби фарзандон нағз нигоҳубин шавад ҳам, холигоҳи ҳиссии вай пурнокарда мемонад. “Онҳо оиладор шудан мехоҳанд, пас, бояд пеши роҳашонро кушод. Чунки ҳамсар дӯст аст, рафиқ аст, якҷо зиндагӣ карда, баробар пир шудан аст. Ончиро ки инсонҳо бо ҳамсари худ маслиҳат мекунанд, он гуна ки шахс бо ҳамсари худ баъзе асрорашро мекушояд, ба фарзандон ё каси
Бузургон гуфтаанд, ки аҷзои ҷаҳон ба якдигар муҳтоҷанд. Аз ҷумла, мард ба зану зан ба мард. Ҳамин аст, ки онҳоеро дар зиндагӣ ҳамсарашон вафот мекунад, бо гузашти вақт дигарбора майли издивоҷашон пайдо мешавад. Аммо вақте онҳо ин хоҳиши худро ба миён мегузоранд, мавриди интиқоди шадид қарор мегиранд. Ҳам аз ҷониби фарзандон, (ки намехоҳанд меросашон тақсим гардад), ҳам аз ҷониби атрофиён (бо айби “беэҳтиромӣ ба хотираи ҳамсари фавтида”аш).
дигар кушода наметавонад. Пас, ҳамсар маслиҳатгар аст. Маҳраму ҳамроз аст”. Барои он ки нафари аз нав издивоҷкунанда ба интиқоду норозигии фарзандон ва атрофиён рӯ ба рӯ нашавад, бояд ин марҳаларо дуруст идора карда тавонад. Масалан, аз он ки яку якбора масъалаи оиладоршавиро пеш мегузорад, беҳтар аст, оҳиста-оҳиста ҳолати рӯҳиашро ба фарзандон фаҳмонад. Ба фарзандон масъалаи издивоҷро дуруст, бо истифодаи ибораву калимоти нарму таъсирнок фаҳмондан даркор. Равоншинос мегӯяд: “Мард ё зан майли издивоҷ доштанашро ба фарзандон бигӯяд. Фаҳмонданаш даркор, ки “танҳоӣ мушкил аст ва ман ин мушкилиро танҳо бо кӯмаку ёрии шумо паси сар карда метавонам”. Бо эҳтимоли зиёд онҳое, ки баъди сари ҳамсарашон издивоҷи нав кардан мехоҳанд, вокуниши аз ҳама калонро аз ҷониби пайвандони ҳамсари фавтидаашон мебинанд. “Наход хотири духтарам/писарамро надид, ки ин қадар зуд оиладор мешавад? Наход ба писари фавтидаам ҳамин қадар эҳтиром дошта бошӣ? Ва ғайра”. Вале Комил ном як ронанда зимни сӯҳбат ба мо иброз дошт, ки баъди вафоти апааш хостааст, шавҳари ӯро оиладор кунад, аммо фарзандонаш зид баромадаанд. Ӯ, аз ҷумла, чунин гуфт: “Вақте апаам вафот кард, шавҳари он кас ҳоло ба шаст надаромада буд. Хостам худам оиладораш кунам. Чунки бисёр ғамгин мешуд, аз танҳоӣ азоб мекашид. Ду фарзандаш оиладор шуда, пайи зиндагии худашон буданд. Бо ҳамин ният занеро ёфта, маслиҳат кардам, ки издивоҷ кунанд. Розӣ шуд. Вале фарзандон ва келинҳояш муқобил баромаданд. Мегуфтанд: “Мо худамон чи хеле ки лозим бошад, падарамонро парасторӣ мекунем”. Вале накарданд. Дарди ягонаашон тақсим нашудани мероси падарашон буд. Агарчи инро рӯирост намегуфтанд. Бо мурури замон ҳар кас саргардони зиндагии худ буд. Падарашон танҳо монд. Хӯрокашро худаш мепӯхту либосашро ҳам худаш мешӯст. Оқибат танҳоӣ ӯро бемор кард. Чанде бемор шуду сипас вафот кард. Барои ҳамин, ваъдаи “худамон нигоҳубин мекунем” чандон росту асосдор нест. Барои инсони дар синну соли язнаи ман аз ҳамсараш дида каси наздике буда наме-
тавонад”. Саида ном зани ҷавон низ баъди вафоти ҳамсараш аз нав издивоҷ мекунад. Вале шитобкорӣ дар издивоҷ боиси мушкилиҳои зиёд мешавад. “Вақте шавҳарам вафот кард, ман нав ба 25 даромада будам, – нақл кард ӯ. – Ба хонаи падару модарам гузаштам. Писарам хурд буд ва эҳсоси бепадарӣ мекард. Бисёр мехостам бо ягон нафар издивоҷ карда, ҳам ба писарам падару ҳам ба худам рафиқи зиндагӣ ёбам. Дар хонаи падару модар се сол мондам. Ҳеҷ камбуду норасоӣ набуд, касе таънаву танқид ҳам намекард. Як рӯз зани бародарам аз масъалаи издивоҷ сӯҳбат кард. Бародарам комилан зид баромад. Гуфт: “Ман худам туро чӣ хеле даркор шавад, нигоҳубин мекунам, таъмини зиндагиат бар дӯши ман. Писаратро ба ҷои падараш ғамхорӣ мекунам, ҳам мисли писарам ба воя мерасонам. Аз ҳеҷ чиз танқисӣ кашиданаш намемонам”. Вале сарбории бештар ба худам ҳам намефорид. Ниҳоят, оиладор шудам. Намегӯям, ки камбудӣ набуд. Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад. Ман аз он хурсанд будам, ки акнун дар хонаи ман мард ҳаст ва писарам эҳсоси бепадариву хорӣ намекунад. Худам ҳам шод будам. Вале дидам, ки оҳиста-оҳиста ҳамсарам барои писарам номи “падари угай” (падарандар)ро гирифт. Норозигӣ ва ҷангу ҷидол карда, чанд бор писарам ҳамсарамро аз хона пеш кард. Аз ин рӯ, гуфтаниам, ки агар дар оила кӯдак мавҷуд бошад, дар масъалаи издивоҷи дуюму сеюм хеле ҷиддӣ бояд андешид, ки ҳатман мушкилиҳо дорад”. Ҳамсӯҳбати дигари мо Нозим мегӯяд, онҳо чор бародар дар пойтахт кору зиндагӣ мекунанд. Баъди вафоти модарашон хостанд падарашон ба шаҳр омада, бо онҳо зиндагӣ кунад. Вале падар, ки дар яке аз навоҳии атрофи пойтахт, дар деҳа зиндагӣ мекунад, хоҳиши писаронро рад кардааст. “Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди мо падарамон омадан нахост. Дар деҳа танҳо зистан барояш мушкил буд. Се сол пас аз вафоти модарамон қарор додем, ки ба падарамон зани нав ёбем. Аз миёни бародаронам нисбатан самимиву наздиктар бо падар ман будам. Масъалаи издивоҷро пешаш гузоштам. Аз фарзандаш шунидани ин таклиф барояш ғайримунтазира буд. Гӯё ман падар шуда, писарамро зан медодам. Занеро пайдо кардам. Падарам ба қарибӣ шастсола шуд. Дар деҳа ба зироаткорӣ машғул аст. Умуман, дидем, ки вақташ хуш аст баъди издивоҷ. Вале хоҳаронам то ҳол оиладориашро таҳаммул карда наметавонанд. Пайваста модарамро ёд карда, мегирянд”.
М. САИД, “ҶТ”
Ман аз соли 2005 дар мақомоти судӣ сарсону саргардонам. Ман бо шаҳрванд Муродов Боборавшан аз соли 1985 оила барпо карда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 7 фарзандем. Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ақди никоҳи мо 26 октябри соли 2005 бекор шуд. Чӣ моликияте, ки дар зиндагии якҷоя ба даст овардем, барои ҳаққи ҳалол ва ҳиссаи фарзандонамонро баробар гирифтан дар талошам. Муродов Боборавшан, собиқ шавҳарам, манзилҳое, ки онҳоро дар зиндагии якҷояамон ба даст овардему баъдан мавриди баҳси судӣ қарор дошт, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, бинои 45, ҳуҷраи 2 ва 4 ба ҷиянаш туҳфа мекунад. Ин соли 2006 буд. Дар ҳуҷраи 4-и манзили номбурда, дар масоҳати 18,5 метри квадратӣ бо ҳалномаи суд писарам Муродов Бахтиёр маскун шуд. Пеш аз маскун шудан писаронам бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карданд. Аммо даъвои онҳо қисман қонеъ шуда, танҳо Муродов Бахтиёр дар манзил маскун шуд. Бо ҳалномаи суд аз 20 апрели соли 2010 Муродов Боборавшан барои он ки қасдан ба ман ҳиссаи ба фарзандон ҷудошударо надиҳад, манзили воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, бинои 45, ҳучраи 4-ро дар ҳоле ки мавриди баҳс қарор дошт, 17 декабри соли 2008 аз номи ҷиянаш, бо маслиҳати пешакӣ бо Тӯраев Маҳмадхӯҷа шартномаи хариду фурӯши рӯякӣ мебандад. Баъди се моҳ миёни Тӯраев Маҳмадхӯҷа ва бародари рафиқаш Носиров Ҷамшед аз 13 апрели соли 2003 дар асоси феҳрасти №1 Ш-233 дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санад тартиб дода шуда, бо маслиҳати пешакӣ шартномаи хариду фурӯши рӯякӣ баста мешавад, гӯё ин манзилро харидорӣ карда бошанд. Мақсади Муродов Боборавшан танҳо манзилро бо воситаи ин рафиқонаш фурӯхтан буд. Дар суд ман ба ҳама ваҷҳу далелҳо исбот кардам ва шартномаи хариду фурӯш ва шартномаи тӯҳфа байни Муродов Боборавшан ва К. Иброҳимова аз 20 апрели соли 2010 бекор карда шуданд. Муродов Боборавшан аз 26 декабри соли 2006 тамоман дар манзили номбурдаи баҳсӣ истиқомат намекард. Баъди ақди никоҳро бекор кардан, ӯ бо ҷавонзани тахминан 25-сола бо ному насаби Мирзомуродова Мадина оила барпо карда, 6 моҳ зиндагӣ карда, ҷудо шуданд. Баъдан, бо зани дигар, ки номаш Гулшан буд, оила барпо карда, 9 моҳ зиндагонӣ карда, ҷудо мешаванд. Ба фарзандони ноболиғи ман - ба 4 нафар 25-сомонӣ, 100 сомонӣ алимент медод. Худро маҷруҳи гурӯҳи 2-юм мегирифт. Маълумотнома меовард, аммо маҷруҳи гурӯҳи дуюм айни ҳол бо ҷавонзане бо номи Тиллоева Дилбар оила барпо карда, соҳиби ду фарзанд мебошанд. Муродов Бахтиёр дар манзили номбурдаи баҳсӣ зиндагӣ мекард. Аммо бо
тӯҳмат, бо дахолати Муродов Боборавшан ва шавҳари ҷияни ӯ Исоев Сӯҳроб, ки ба ман хусумат доштанд ва дугонаи худам Ҳасанова Матлуба аз болои ман бо аризаи бардурӯғ ба Прокуратураи генералӣ шикоят карданд. 12 марти соли 2011 ба дасти ман завлона зада, маро ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Ин ҳолат ҳақиқатан ҳам як манфиатдорӣ аз тарафи муфаттиши Прокуратураи генералӣ И. Қараев, ки тафтишоти пешакиро мебурд, буд. Собиқ шавҳарам 13 марти соли 2011 ба кӯчаи Дӯстии халқҳо, бинои 45, ҳуҷраи 4 омада, фарзандамон Муродов Бахтиёрро бароварда, қулфҳои дари хонаро иваз карда, нозирони минтақавиро даъват мекунад, то дари манзили истиқоматиро мӯҳр зананд. Баъдан, ӯ 18 марти соли 2011 ба манзили баҳсӣ омада, оилаи нави худро бо ду фарзандаш маскун мекунад. Гарчанде, ки Муродов Бахтиёр ҳуқуқи
ба ман ҷавоб дод, ки «ман ин манзилро харидам». Ман ба ӯ гуфтам, чӣ гуна харидед, ки дар ин манзил писари ман маскун шудааст? Ӯ аз кисаи худ нусхаи шартномаи хариду фурӯши манзилро нишон дод. Пурсидам, ки манзилро чанд пул харидӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки 65 ҳазор доллари ИМА. Ман гуфтам, ки ҳоло ҳам дер нашудааст. Б. Муродов ҳамин ҷо аст, пулатро гир. Кадом одам, вақте писари 28-сола дар ин манзил маскун шудааст, 65000 доллар медиҳаду хона мехарад? К. Сафарова аввал маро таҳдид кард, ки шавҳараш корманди амният мебошад. Духтараш Гуландом ба модараш гуфт, ки биё равем. Аз дари манзил баромаданӣ шуданд, аммо Б. Муродов К. Сафароваро бо китфаш тела дод, ки набароед. Ман ин ҳолатро дида, ба нозири минтақавӣ занг задам ва иҷрочии калони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ф. Наимовро овардам, ки агар Б. Муродов манзилро фурӯхта
ӯ шинос ва дар ҳамсоягиаш зане бо номи Тобонбиро ҳамчун шоҳид овард. Маълум шуд, ки ӯ ҳамагӣ дар маҳаллаи Зарафшон танҳо соли 2010 зиндагӣ кардааст. К. Сафарова, вақте ба манзили баҳсӣ меояд, 06.01.2012 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаҳои даъвогӣ оид ба бартараф кардани монеагӣ нисбат ба Муродов Бахтиёр муроҷиат мекунад. Даъвои ӯ аз тарафи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рад карда мешавад. К. Сафарова дар мурофиаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16.02.2012 нишондод медиҳад, ки гӯё ду манзили истиқоматиро фурӯхта, ин манзилро харидааст. Аммо ягон далел ва ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод карда натавонист. Ӯ бо шикояти кассатсионӣ ба Суди шаҳри Душанбе муроҷиат мекунад. Дар ин шикоят дарҷ шудааст, ки Б. Муродов ба собиқ завҷааш 2 автомашина, 2 мағозаи тилловорӣ, 2 манзили
истифодабарӣ ва зиндагӣ кардан дар ин манзилро дошт, шавҳари собиқам ба моликиятдории ӯ монеа мешавад. Ҳуқуқи конститутсионии ӯро поймол мекунад. Собиқ шавҳарам нозири минтақавиро манфиатдор мекунад, то нисбат ба се фарзандам - Муродов Бахтиёр, Ш. Муродов ва Х. Муродов протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад. Андеша кунед, ки кадом падар нисбат ба фарзандонаш чунин амалро раво мебинад? Маро ба ҳабси пешакӣ гирифта, дар қайд намонданд, то ки дигар баҳси манзил накунам ва писарам Муродов Бахтиёр аз манзил маҳрум шаваду манзилро Муродов Боборавшан фурӯшанд. Муродов Боборавшан, гарчанде аз 18.03.2011 то 28.12.2011 бо оилаи нави худ истиқомат кард, манзилро фурӯхта натавонист. Ман ҳамчун намояндаи ваколатдори писарам бо аризаи даъвогӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбат ба Муродов Боборавшан оид ба бартараф кардани монеагӣ муроҷиат кардам. Дар асоси қонун даъвои мо қонеъ карда шуда, аризаи муқобили даъвои Муродов Боборавшан рад шуд. Ӯ бо шикояти кассатсионӣ ба Суди шаҳри Душанбе муроҷиат кард. 08.11.2011 шикояти касатсионии ӯ беасос дониста шуд. Б. Муродов ин бор бо маслиҳати ҳуқуқшиноси шиносаш Нуриддинов Бахтиёр ва Исоев Суҳроб моҷароро давом дод. Исоев Суҳроб, ки бо ман хусумат дорад, апахони худ К. Сафароваро даъват карда, бо Б. Муродов шинос мекунад. Муродов Боборавшан бо маслиҳати адвокат Нуриддинов Бахтиёр 23.12.2011 дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо К. Сафарова шартномаи хариду фурӯши рӯякӣ бастанд. 28 декабри 2011, тахминан соатҳои 14:00 як «Газел» омада, дар назди бино истод. Як зану як духтар фаромаданд. Ман аз тиреза дидам, ки 3-4 сумкаи дигар фарварданд. Ман дари хонаамро, ки дар ошёнаи якум истиқомат мекунам, кушода, гуфтам, апа, шумо ба ҳамин хонаи баҳсӣ иҷорашинӣ омадед, ё ин ки харидед?. Ӯ
бошад, қарзи маро диҳад. Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз соли 2007 бояд, ки маблағи 7 ҳазор сомонӣ боқимондаи қарзро диҳад. Б. Муродов дар ҳузури мо ба нозири минтақавӣ гуфт, ки рӯзи душанбе қарзро медиҳад, аммо надод. Барои он ки манзилро нафурӯхта буд. К. Сафарова, вақте ки аз шавҳараш ҷудо мешавад, шавҳараш ба хотири чор духтараш ду манзили истиқоматиро ба ӯ дода, худ ба Федератсияи Русия меравад. К. Сафарова як манзилро дар “муҳрабизнес” бой медиҳад. Манзили дигараш дар маҳаллаи 102-и шаҳри Душанберо тахминан охирҳои соли 2009 фурӯхта, пули манзилро ба шиноси наздикаш Раҷабов Ҷунайдулло медиҳад. Ӯ К. Сафароваро фиреб карда, ба маҳаллаи Зарафшон, М-6, бинои 2, ҳуҷраи 6-и шаҳри Душанбе оварда мешинонаду худаш гурехта, ба Русия меравад. К. Сафарова 3-4 моҳ дар ин манзил зиндагӣ мекунад, ки ӯро кормандони ҳукумат аз манзил бароварданӣ мешаванд. Ин аст, нимкосаи сиёҳи зери коса. К. Сафарова дар мурофиаҳои судӣ нишондод медиҳад, ки ӯ зани деҳотӣ буда, гӯё, ки Б. Муродов, Исоев Суҳроб ва ман ӯро фиреб додаем. Ҳол он ки муддати 8-9 сол на ман, на фарзандони ман бо Б. Муродов рафтуо надорем. Гӯё аз бесаводии вай истифода бурда, 65000 долларро гирифта, ман ҳамроҳи шавҳарам тақсим карда бошем. Ин зани ба ном деҳотиро бинед, ки чӣ қадар ба чашми ҳифзи ҳуқуқ хок мепошад. Ӯ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат кард. Гӯё ки дар маҳаллаи Зарафшон, М-6, бинои 2, ҳуҷраи 6 аз соли 1992 (18 сол) зиндагӣ кардаасту ба соҳибхона М. Саидова 350 доллари ИМА додааст. Гӯё бо сабаби нооромиҳои он солҳо, ӯ дар мақомоти нотариуси давлатӣ ҳуҷҷатгузорӣ накарда будааст. Бинобар ин, ба cуд ариза навишта, муроҷиат кардааст, то хонаро аз худ кунад. Ҳалномаи Суди ноҳияи Сино аз 03.09.2010 тасдиқ ва исбот мекунад, ки дар мурофиаи судӣ
истиқоматӣ ва 200000 доллари ИМА додааст. Дар ҳоле ки Б. Муродов ба ман чизе надодааст. Ӯ барои он ки маскунии писарамонро бекор кунад, К. Сафароваро ҳамчун иҷрокунанда ба муқобили ману фарзандонам истифода мебарад. К. Сафарова дар навиштаҳояш нисбат ба ман дарҷ кардааст, ки гӯё бо собиқ шавҳарам Б. Муродов ва С. Исоев як бошем. Ҳол он ки маҳз ҳаминҳо нисбат ба ман соли 2011 дар Прокуратураи генералӣ нишондоди дурӯғ доданд. К. Сафарова даъво дорад, ки 17.12.2011 шабона дар манзилаш, кӯчаи Зарафшон, М-6, хонаи 2, ҳуҷраи 6 65000 доллари амрикоиро ба Б. Муродов ва Исоев Сӯҳроб додаасту 23.12.2011 ба Нотариуси давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ омада, шартномаи хариду фурӯши манзилро бастаанд. Ӯ медонист, ки манзил баҳсӣ аст, аммо чаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накард? Вай дар мурофиаи судии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16.02.2012 ва протоколҳои маҷлиси судӣ нишондод дод, ки ду манзилро фурӯхта, ин хонаро харидааст. Аммо баъди аризаи даъвогии Муродов Боборавшан нишондодашро иваз кард. Гӯё 40000 доллари ИМА доштаасту аз дугонаи дугонааш Машрабова Мавҷуда 25 000 доллари ИМА қарз гирифтааст. Ин манзили баҳсӣ ҳаққи ҳалоли ману фарзандонам мебошад. Ман бо Б. Муродов аз соли 1985 то 2005 зиндагӣ кардам. На оилаи ӯ Тиллоева Дилбар, ки аз соли 2007 бо ӯ дар ақди никоҳ мебошад, ба ин манзил ҳақ дорад, на К. Сафарова, ки бо дасисаи шавҳарам вориди ин ҷанҷол шуд. Агар 4 духтар дошта бошад, падари духтарони ӯ мард будааст, ки ба хотири духтаронаш ду манзили истиқоматӣ бо ваколатнома ба номи К. Сафарова мондааст. Агар андеша мекард, як манзилро дар муҳрабизнес бой дигарашро фурӯхта, пулашро ба марди бегона У. Раҷабов намедод.
Нимкосаи сиёҳи зери коса
М. МУРОДОВА, сокини шаҳри Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар шумораи №13 (9335) аз 27 марти соли 2014-и ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» зери унвони «Суд ба афсона бовар мекунаду…» номаи бетаҳрире нашр шуд. Қаҳрамони он нома ман, Муродова Мошариф ва фарзандонам ҳастем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
11
ВОКУНИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
12
КАДР
Рустами Раҳматулло раиси ФФВС Чанде пеш дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҳузури муовини раиси вилоят Раъно Бобоҷонова, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Рустам Раҳматулло ва директори техникии Федератсияи футболи мамлакат Шавкат Аҳмадов конфронси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур раисони шаҳру ноҳияҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, сарварони мактабҳои варзишии бачагону наврасон, аъзои кумитаи футболи кӯдакону наврасон, доварон, нозирони Феде-
ратсияи футболи вилоят, роҳбарон ва мураббиёни дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои вилоят иширок намуданд. Мутобиқи пешниҳоди раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласа Рустам Раҳматулло ба вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд пешбарӣ ва бо дастгирии якдилонаи вакилони конфронс раиси Федератсияи футболи
вилояти Суғд интихоб шуд. Тибқи оинномаи Федератсияи футболи мамлакат муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят низ аз тариқи овоздиҳӣ интихоб шуд. Вакилон ба ин мақом раиси филиали «Агроинвестбонк» дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Ақдодовро сазовор донистанд.
Суҳроби КАЁНӢ, “ҶТ”
САМБО
ТАСМИМ
Акмалиддин қаҳрамон шуд Паҳлавонони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев дар Маскав ду медал ба даст оварданд. Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруф дар вазни то 57 кило ҷойи аввалро ишғол кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Ҳамчунин, гӯштингири дигари кишвар Зафар Олимшоев дар вазни то 82 кило барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки ба хотираи яке аз поягузорони гӯштини самбо Анатолий Харлампиев 2526 март дар пойтахти Русия маротибаи 35-ум баргузор шуд ва яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо ҳисоб меёфт, ҳудуди 300 варзишгар аз 29 кишвар ширкат доштанд. Ширкаткунандагони мусобиқа дар ду навъи рақобатҳо – самбои варзишӣ (мардону занон) ва самбои размӣ (мардон) қувваозмоӣ карданд. Тоҷикистонро 10 варзишгар бо раҳбарии Муҳаммадшариф Сулаймонов, сармураббии дастаи мунтахаби самбои кишвар намояндагӣ карданд.
ФУТБОЛ
БОКС
Тими миллӣ дастаи легионерҳоро шикаст дод Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои байналмилалии рафиқона, тими миллии кишвар оид ба футбол 30 март бо дастаи мунтахаби легионерҳо вохӯрд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Бозӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи тими миллӣ анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 28 легионери ӯзбекистонии дастаи “Истиқлол” Даврон Мирзоев кушод. Баъди 6 дақиқа шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев ҳисобро баробар карданд. Баъди партофти Дилшод Восиев Фарҳод Тоҳиров тӯбро во-
риди дарвозаи дастаи легионерҳо кард. Дар дақиқаи охири қисми якум Фатҳулло Фатҳуллоев ҳисобро тағйир дод. Дар аавали қисми дуюм Фарҳод Тоҳиров голи дуюмашро зад. Голи чоруми тими миллиро Ҷаҳонгир Эргашев дар вақти иловагӣ ба ҳадаф расонд.
Оғози Чемпионат - 12 апрел Чемпионати 23-юми мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки 4 апрел бояд шуруъ мегардид, ба 12 апрел монда шуд. Сабаби ин тасмим на- қабули ҳаққи иштирок пардохтани ҳаққи иш- ва ба тартиб даровартирок дар чемпионат аз дани ҳуҷҷатҳо 9 апрел ҷониби клубҳои «Энерге- муқаррар шуд. Ҳамчунин, тик» (Душанбе), «Дале- кумитаи иҷроияи ФФТ рон-Уротеппа» (Истарав- роҳбарияти клубҳои шан), «Парвоз» (Бобоҷон «Энергетик», «ДалеҒафуров), «Равшан» рон-Уротеппа», «Пар(Кӯлоб) ва КМВА «По- воз», «Равшан» ва КМВА мир (Душанбе) мебошад. «Помир»-ро ҳушдор дод, Кумитаи иҷроияи Феде- ки дар сурати напардохратсияи футболи мам- тани ҳаққи иштирок ва лакат ба хулосае омад, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба ки бозиҳои даври авва- Чемпионати мамлакат дар ли чемпионатро тағйир мавсими нав роҳ дода надиҳад. Муҳлати охирини мешаванд.
Мусобиқаҳои фардо Хуҷанд дар ҷои аввал Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд Бозиҳои варзишии вилояти Суғд (марҳилаи 2) оид ба бокс доир шуд, ки дар он аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Исфара, Қайроққум, Истаравшан, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон, дар маҷмӯъ, 73 нафар аз рӯи 10 вазн ширкат варзиданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ҷамъбасти мусобиқа варзишгарони дастаи шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, дастаи шаҳри Исфара ҷои дуюм ва дастаи шаҳри Истаравшан ба мақоми сеюми мусобиқа сазовор гардиданд.
5-6 апрел дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи ҷумҳуриявии дзю-до байни ҷавонони соли таваллудашон 1994-1996 доир мегардад. Дар чорабинӣ дастаҳои ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, Душанбе-1, Душанбе-2, ШНТМ ва минтақаи Рашт ширкат хоҳанд кард. 8-14 апрел дар пойтахти давлати Полша – шаҳри Варшава мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор мегардад. Барои ширкат дар ин чорабинӣ Анвар Юнусов ва мураббӣ С. Юлдошев сафарбар гардидаанд. 8-13 апрел дастаи мунтахаби кишвар (45 нафар) дар Чемпионати Осиё оид ба таэкван-до (ИТФ), ки дар шаҳри Катмандуи Непал доир мегардад, ширкат хоҳад кард. 5-9 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмоти классикӣ, блитс ва тезбозикунанда миёни варзишгарони 6-20-сола доир мегардад. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ШНТМ дар назар аст. 10-13 апрел дар Маҷмааи варзишии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд Чемпионати кушоди Осиё оид ба “К-1” доир мегардад. 10-25 апрел дар шаҳри Софияи кишвари Булғор Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба самбо доир мегардад. Узви дастаи мунтахаби кишвар Нурмуҳаммади Ашуралӣ, Далер Сулаймонов ва мураббӣ М. Сулаймонов барои ширкат дар ин чорабинӣ сафарбар мешаванд.
РУШДИ ВАРЗИШ
“Варзишгоҳи мардумии “СССР” дар Кӯлоб Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори ҳафтаномаи “СССР” аввалин варзишгоҳ бо майдони сунъӣ мавриди истифода қарор ва «Варзишгоҳи мардумии “СССР» ном гирифт.
Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар ДТҶТ 31 марти соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иди байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил гардид. Ба ин муносибат ҳозиринро дар оғоз Шодӣ Сафаров, ректори донишкада, номзади илмҳои педагогӣ, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Сафарбой Самадов, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, рӯзгори ободу тансиҳатӣ таманно намуданд. Шодӣ Сафаров аз дастовардҳои донишҷӯёни донишкада ҳарф зада, афзуд, ки айни ҳол дар панҷ факултаи таълимгоҳ беш аз 5700 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 143 устод таълим медиҳанд. Дар айни замон беш аз 50 донишҷӯи донишкада ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомиланд ва бархе аз онҳо дар мусобиқоти мухталифи қитъавию ҷаҳонию байналмилалӣ дастболо гардидаанд. Ба гунаи мисол ме-
тавон аз паҳлавони номдор Расул Боқиев (дзю-до) ва муштзан Мавзуна Чориева ном гирифт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардидаанд. Ҳамчунин, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар иброз дошт, ки тайи даҳ рӯзи охир дар иншооти варзишии манотиқи мухталифи кишвар чорабиниҳои бошукӯҳи варзишӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардиданд, ки дар онҳо беш аз 200 ҳазор кас ҳузур доштанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба варзиш, бахусус, намудҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки макони тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиш аст дастпарваронаш на ин ки гули сари сабади чорабиниҳои дар боло зикршу-
Дар маросими расмии ифтитоҳи он Абдулғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки «Варзишгоҳи мардумии “СССР» аз аввалин меваҳои лоиҳаи «Ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ» дар вилояти Хатлон мебошад. Замини варзишгоҳ аз ҳисоби хонаҳои холишудаи зарардидагони сели моҳи майи соли 2010 аст, ки баъди таъмини сокинонаш бо манзили нав чанд сол боз бекор мехобид. Тавре Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар бунёди варзишгоҳ, соҳибкорони ватанӣ ва кормандони давлатӣ ба ӯ кӯмак намудаанд. Ба иттилои ӯ, минбаъд дар варзишгоҳ аз рӯи реҷаи муайян кӯдакону наврасон ба машқи футбол ва дар гӯшаи дигараш ба баскетболу волейбол ҷалб мегарданд. Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ барои мардуми ҷамъомада дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи бозигарони эҳтиётии худ вохӯрии ҷолибу хотирмон нишон доданд ва ҳамчун рамзи Наврӯзӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов ва дигарон тӯйи арӯсии ду ҷуфти ҷавон ва хатнасӯри 20 кӯдак доир шуд. Дар фарҷом ҳамчун рамзи эҳтиром ба афроде, ки барои бунёди ин варзишгоҳ кӯмак намуданд, ифтихорномаҳои нашрияи “СССР” супорида шуд.
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
НАВРӮЗИ ВАРЗИШГАРОН
да, балки дар арсаи ҷаҳон номбардори миллатанд. Сипас, Маликшо Неъматов тӯҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии мамлакатро, ки аз либосу лавозимоти варзишӣ иборат буданд, ба аъзои дастаи мунтахаби чавгонбозони кишвар супурда, беҳтарин варзишгарон – донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз рӯи намудҳои гуногун, ба мисли гуштини миллӣ, дзю-до, бандкашӣ, вазнбардорӣ, чавгонбозӣ, батут, шоҳмот ва якҳарбаи шарқӣ ҳунар намоиш доданд. Дар ин чорабинӣ, ҳамчунин, бо дастгирӣ ва кӯмаки молии раёсати Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ хатнасури 10 кӯдаки ятим барпо ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Тантанаҳои наврӯзии варзишгаронро иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат Ҳабибулло Бегов, Шӯҳрат Сайнаков ва дигарон боз ҳам шукӯҳмандтар гардонид.
ЭЪЛОН
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015, озмуни ҷумҳуриявии «Мақола ва шеъри беҳтарин»-ро ба муносибати 20–солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. - Иштирокчиён метавонанд мақола ва шеъри худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Ба озмун» пешниҳод намоянд. Мақолаву шеъри ба талабот ҷавобгӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» интишор мегардад. - Мақола ва шеъри пешниҳодгардида бояд мавзӯи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намоянд; таъсирбахш буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардида бошанд; таърихи қабули Сарқонун, мазмуну муҳтаво ва мақсади асосии онро таҷассум намоянд. - Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми аз 3 то 4 саҳифаи чопи компютерӣ ва шеърҳо тибқи муқаррароту хоҳиши муаллифон бо риояи шрифти “Times New Roman Tj”, андозаи 14 ва интервали 1 пешниҳод шаванд.
- Аз ҳар нафар танҳо як мақола ё шеър қабул мегардад. - Синну соли иштирокдорон бояд аз 14 то 30-сола бошад. - Муҳлати охири қабули матолиб - 20 августи соли 2014. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд. Суроғаи қабули матолиб: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, почтаҳои электронии “grant@youth.tj” ва “ozar_xxi@mail.ru”. Телефон: (8 37) 236–37–26, (+992) 92–789–66–77.
e-mail: javonontj@mail.ru
Диққат, озмун!
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
14
АЗ ҲАЁТИ КОРМАНДОНИ СОБИҚИ РӮЗНОМА
Раҳим Амини Қубодиёнӣ шоир, журналист, нафақахӯри шахсӣ, дорандаи ордени «Ситораи сурх» ва як қатор ифтихорномаю нишонҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Афғонистону Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ ба маҳфили «Адибони ҷавон»-и ДМТ сарварӣ мекард. Гоҳо аз тариқи радиою телевизион маҳфили навқаламонро бо қироати шеърҳои шоирони классику муосир ва навиштаҳои худ шавқовару ҷолиб ва пурмӯҳтаво мегузаронд. Ин фаъолияти ӯро дар назар дошта, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳанӯз донишгоҳро хатм накарда, аз аввали курси панҷум ба вазифаи иҷрокунандаи мудири шуъбаи мактубҳо ба кор даъват намуд. Раҳим Амин дар чанд соли дар ин рӯзнома фаъолият карданаш (1969-1975) ба моҳияти кори журналистӣ аз наздик шинос ва масъулият ҳис карда, дар баробари шеърҳои ошиқонаву иҷтимоӣ, мақолаву очеркҳои басо ҷолибу шавқовар эҷод менамуд. Рӯзнома коргоҳе шуд, ки иштиёқи ӯ ва дигар ҷавонони эҷодкорро ба зиндагӣ, касбу кор, ҳунари эҷодӣ афзуда, баҳри ба қуллаҳои мурод расиданашон ҳидоят намуд. Шеърҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият», маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ғайра ба табъ мерасид. Раҳим Амин он солҳо, ки аввалин намунаҳои шеър менавишт, ҳама мазмунҳои ошиқона дошта, ишқро бо ёду хумори дидор, дидани қади боло чун навниҳол, кокулони хушбӯ, рӯю абрӯ чун офтобу ҳилол, чашмҳоро чун ахтарҳои дурахшон ба тасвир оварда, ҳиссиёти дарунию рӯҳониашро нисбат ба духтарони зебо (маҳбубагон) ифода менамуд. Ин намунаи шеърҳои ишқӣ ҳар соату лаҳза ба ёдаш расида, дар вай тӯфони эҳсосот ба вуҷуд оварда, ба навиштани чунин ашъори наву тоза ҳавасманд менамуд. Вай шеърҳои калон наменавишт, хурд-хурди эҳсосовару ҳаяҷонпарвар, ба мисли тарона менавишт, ки ба хонандагони ҷавон зуд таъсир мебахшид. Зеро шӯру шарари дили онҳо, фикру эҳсосоташонро хуб ифода менамуд. Суханҳои ӯ воқеан, дарди дили ҷавонон, фикру андеша, ҳиссиёти нарму нафисро бозгӯ менамуд:
Ишқ мисли резатиллоҳои рег, Медурахшад дар ниҳоди одамон, Сарвати дил бошаду ганҷи ҳаёт, Давлати ҷовид бувад бар ошиқон. Раҳим Амин аз аввал яке аз пешоҳангони дар шеъри имрӯз ҷорӣ кардани қолибҳои назми классикӣ шуда, қитъа, қасида, рубоӣ, маснавӣ, мусаммат ва дигар намунаҳои назмро дар мавзуъҳои ба замона созгор истифода менамуд. Вай аз аввал донист, ки шеърҳои маршу хитоба ва муроҷиатномаҳо ба завқи мардум созгор нест, аз ин рӯ, боз ба шеърҳои асили классикӣ муроҷиат ва аз
Ба роҳат менишинам, боз пазмон... *** Аз ишқ лаб кушоям, аз шарм рӯй пӯшад, Дар рӯйи чун анораш нори дигар барояд. *** Рафтӣ нигор, монд дили шармсори ман, Будӣ баҳор бо ману бурдӣ баҳори ман. Рафтӣ чу оби чашмаву чун ашки чашми ман, Эй ишқи аввалини ману чашмасори ман! Раҳим Аминӣ Қубодиёнӣ дар аввалин ашъори ҷавонӣ, он за-
фарзандҳои қобили қаҳрамон суҳбат менамояд. Дар чашмаш гоҳ қуллаҳои осмонбӯс намояд, гоҳ дашту домани васеи кишвар мерасад, ки ҳамаи ниёзи иқтисодӣ аз онҳост. Вай дар тимсоли уқобон намунаи мардони асилро эҳсос менамояд. Ё расидани барқро бар минтақаҳои дур дар симчӯбҳо мисли корвон тасвир кардааст, ки оташи дилҳои гармро аз диёре бар диёре мебарад. Ин тасвир хеле нодир аст, ки аз забони Раҳимҷон шунида шудааст. Соли 1980 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 1 миллион тонна пахта шуд ва ба ин муносибат Лоиқ «Қасидаи миллион» ва Раҳим «Қасидаи пахта» ном шеърҳо навиштанд. Ҳар ду қасида аз ҷиҳати банду
сола шуданаш шаст шеър интихоб намуда, як маҷмӯаи ашъор ба унвони «Шасти дар шаст» ба чоп расонд. Алҳол шеърҳои дар радио хонда ва дар рӯзномаҳо чопшуда хеле зиёд дорад, ки гирд оварда, як маҷмӯаи тозатаре таҳия кардан имкон дорад. Раҳим Амин, воқеан, дар чанд соли дар ин рӯзнома фаъолият карданаш худро ҳамчун эҷодкор шинохт, шеъру мақола, очеркҳои дар ин солҳо навиштааш аз мағзи дилу ҷонаш берун шуда, дар шахси ӯ барои боз навиштани чизҳои басо ҷолиб раҳкушоӣ менамуданд. Рӯзнома барояш дастархони маънӣ густурда, баракати эҷодӣ медод. Дар атрофаш шахсиятҳое чун Абдулло Зокир, Бахтиёри Мур-
Ба роҳат менишинам боз пазмон… мавзуъҳои мантиқию дарунмоягии он хуб корбар шуд. Дар ин бора вай дар миёни шоирони ҳамсину сол ва дигарон баҳсҳо ба миён оварда, намунаҳое аз онҳоро ҳар куҷо чоп менамуд. Аз ин хотир, навиштаҳояш мавриди писанди хонандагон шуда тавонистанд. Раҳим Амин бештар маврид аз ишқ ва сӯзу гудози маҳрамона сухан мегӯяд. Ҳам дар шеърҳои алоҳидаи ошиқона, ҳам дар ашъори мисли қитъаҳои шӯхи дилфиреб нафасҳои гарми ҷонпарвар дорад. Баъди Инқилоби Октябр сурудҳои ошиқонаи сиёсӣ аз ҷониби Лоҳутӣ зиёд навишта шуданд. Дертар А. Шукӯҳӣ мазаррати нав дар ғазал овард. Насими тозаи ишқи баҳорӣ, чунонки гуфтем, аввал аз ӯ вазид ва баъд дигар шоирон аз он тоза нафас мегирифтагӣ шуданд. Ҳамин таъсир дар навиштаҳои Раҳим Амин низ зиёд дида мешавад. Вай дар қатори шоирони калонсол дар шеъру ғазал, қитъа, намунаҳои мусаммат асарҳои нави шоиста эҷод менамуд. Дар қитъаи зерин тирамоҳу хазон бо баҳору сабзаву гул, омадани турнаву равон шудани ашки чашмон, дар фасли хазонрез бо умеду орзу - дастагул пазмон шудани маҳбуба лаҳзаи тазоди бисёр зебо намудор шудааст: Табиат шуд дигар, фасли дигар шуд, Хазон омад, хазони тирамоҳон. Вале ман боз меистам дар он ҷой, Ки будам бо ту дар фасли баҳорон. Ба дастам гул, баҳор аз ман нарафтаст,
мон ки аз ишқу баҳори зиндагӣ маст буд, дар ҳамсабақон низ ин аҳвол медид, беҳтарин падидаҳое аз худу ононро дар занҷираҳои назм меовехт, шаддаҳое аз мазмуну тасвирҳои нигор меовард, ин таровати сухани ошиқона ҳар киро ҳам ба ҳуш оварда, мот менамуд. Шингилҳое аз воқеияти он солҳои ҷавонӣ навишта, рӯйирост таъкид менамуд, ки аз шаҳди васл маст шаванд ҳам, домани исмат аз даст надиҳанд, худогоҳишонро таъкид мекард. Раҳим Амин ҳарчанд хеле ҷавон буд, аз тозагию покии муҳаббат булҳавасро огаҳ менамуд. Дидани духтарони поку зеборо ҳамчун дору дар бадан истифода кардааст, ки дар он солҳо, имрӯз ҳам мазмуни баланд ҳисобида мешавад. Афсун ки кард, домани исмат зи даст дод, Аз шаҳди васл масткунон з-ӯ шакар гирифт. *** Рухи поки муҳаббатро ба чашми пок бояд дид, Битарс, эй булҳавас, охир дуои духтарон гирад. *** Ҳамчӯ абрӯ менишинӣ рӯзу шаб болои чашм, То касал чашмаш кушояд, дардро дармон расад. Зинда гардад мурдае аз қатраи доруи ту, Сабза аз нав ҷон бигирад, қатраи борон расад. Раҳим Амин аз мазмунҳои гуногуни ҳаёти кишвар, аз хубию фарохдоманӣ, нозу неъмати зиёд доштан, сиёсати воқеъбинонаи давлати тоҷикону муваффақиятҳои он, дастовардҳои нодир,
баст ва парвози хаёлу маънӣ дастнорас навишта шуданд. Чунон ки мебинем, шоир дар ин намунаи ашъор аз мавзуъҳои гуногуни кишварамон, ҷиҳати иқтисодиёти Тоҷикистон, ки ба пахтаву барқу конҳои маъданӣ вобаста аст, мушоҳида гирифта, хулосаҳои ҷолиб баровардааст: Тоҷикистони ман кӯҳистон аст, Қуллааш манзили уқобон аст. *** Ин ҳама бори гарони Вахшро, Корвони шаҳсутунҳо мебарад. Оташи дилҳои гарми тоҷикон, Аз диёре бар диёре мебарад. *** Водӣ ба водӣ бигзару бо чашми дурбин, Саҳрои пахта бингару саҳрои зарнисор. Гӯйӣ фуруд омада истора бар замин, Монанди осмон шуда саҳро ситоразор. Раҳим Амини Қубодиёнӣ ҳанӯз дар авҷи камолоти эҷодиёт аст, агар дар замони ҷавонӣ ҳар рӯз чанд шеър навишта бошад, алъон бисёр шеър наменависад, гоҳ баъзе мавзуъҳо ӯро сахт доман гиранд, ки нанавис, менависад. Вай бори аввал бо хоҳишу таъкиди дӯстон ба муносибати 60-
тазо, Муқим Абдураҳмонов, Зиё Абдулло ва дигарон, як маҳфили калони эҷодӣ кору фаъолият намуда, барои ба қуллаҳои мурод расиданаш кӯмак менамуданд. Оташи дар ин солҳо дар фикру шуураш даргирифта баробари аз кор рафтан минбаъд аланга ба вуҷуд наоварда, баръакс, бо дигар кор гузаштан ва давра ба давра вазифаҳоро иваз кардан тадриҷан нуру зиёи худро паст ва хира менамуд. Лекин вай дар рӯзномаю маҷаллаҳое мисли «Фирӯза», «Нидои ранҷбар», АМИТ Ховар, «Паёми Душанбе» (то ҳол) он қудрату тавоне, ки солҳои аввал дар рӯзномаи комсомол дошт, дигар барқарор кардан натавонист. Зеро он муҳити қувваҳои барҷаста, ки ғарқи ҷавонист ва парвози илҳом эҳё менамуд, дар дигар рӯзномаву маҷалла ва радио кам пайдо кард. Вагарна ҳамқадами Гулназар, Сайдалӣ Маъмур, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар шоирони пешу фаъоли назми тоҷик шуданаш имкон дошт.
Шоҳзамон РАҲМОНОВ, профессор, доктори илмҳои филология
Дарсдињї
Маркази вилоят дар Русия
Номи нависандаи амрикої По
Њиссачаи инкорї
Воњиди пулии Љопон
Теппаи баланд
Номи њамсари Борис Елсин
Зинапояи њавопаймо
Дурустањдї, садоќат ба ваъда
Операи Љ. Верди
... «Новости», расонаи хабарї Аз скрипка калон, аз виолончел хурд
Мутахассиси сохти бадани инсон
Гунањгор
Мурѓи афсонавї
Њаммаънои «ном»
Ќашшоќ
Гули обї ва номи духтарона
Лаънатшуда
Дарё дар Русия Таоми миллии тоторї
Меваи кўњї
Паноњ, наљот
Мизон
Чанбараки мошин
Ќуввањои пешгард
Шањри калон дар Фаронса Ибтидои дањр
Љои бензин дар мошин
Духтараки мактабхон
Олати њезумшиканї
«Ака»-и афѓонњо
Дар ишќи он булбул нолон аст
Зафар ..., устоди санъат
"Мантиќ-... тайр"и Аттор
Банд барои буксир кардани мошин
Андак
Дарёи бузурги тољикон
Никулин дар «Бриллиантовая рука»
Мотам
... -Вегас, шањри казиноњои Америка
Навъи гўштин
Номи мардона, «ягона» (арабї)
Насриддини ..., риёзидони Шарќ
Отахон ..., рўзноманигор
Номи ќадимии Амударё
Њарфи алифбои ниёгон
Гирифтори касалии сафедшавии пўст
Забони сунъї
Роњбари СССР … Илич Брежнев
Тахаллуси А. Навої
At, унсури кимиёвї
Мошини олмонї
Парлумони Украина
Њамнишин, њамкоса
Пойтахти Љопон
... и Њалим, ширинкор
Шабакаи якуми ТВ дар Русия
Кори эљодии хонандаи мактаб
Додситони … прокурори генералї
Аспирин ...
Унвони ашрофзодаи англис
Ашё барои истењсоли ќанд
Дору барои љароњат
Рўирост
Шањри ќадимаи арманї
Модар (лањља)
Истгоњи шабонаи троллейбусњо
Падар (лањља)
Шери толеънома
Нидои мухлиси футбол
«Оча» дар китобњо
Мўйхушккунак
Муќобили мода
"Ника", "Оскар"
Ќашшоќ, нодор
Амр, фармон
Тадбир
Ќисми рўи одам
... и никоњ, ањднома
Дузди сари роњ
Нўшокї аз шоколад
Нўги овезони салла
Шоњмотбози њиндї
Намак (ўзб.) ва кўли шўр дар Туркия
Адади ... - тираж
Бањра, њисса
Тасмим, ният
Яроќи Калашников
Суруди машњури Н. Раупова
«Аз фарш то ...», осмон
Дар хона ба 220 баробар аст
... Твен, муаллифи «Том Сойер»
Инесса ..., мањбубаи Ленин
СНГ (тољ.) Муаллифи беноми мактуб (русї)
Номи Аллегрова ва Роднина
Йошкар-...
Њамаи њарфњои забон аз рўи тартиб
Доно, тезфањм
Фаровон
«Пепси …»
Сарпўши арўс Тараќќї, нумўъ
... у зинат
Сарояндаи тотор аз Россия
e-mail: javonontj@mail.ru
… Рай, њунарпешаи њиндї
Падар (арабї)
Зулмдида
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №14 (9336), 4 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мард баъди ду рӯз аз шикор бармегардад. Завҷааш: - Ҷонакам, шикор чӣ тавр гузашт? - Хуб, як моҳи дигар гӯшт намехарем... - Вауууу, ягон гавазн шикор кардӣ? - Не... , маошам дар киса буд, дар ҷангал гум шуд.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Аз ёддошти файласуфмаобе: - Танҳо ду роҳи бар занҳо фармонравоӣ кардан мавҷуд аст. Аммо хеҷ касе онҳоро намедонад.
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Ноила ВОҲИДОВА
***
(муовини котиби масъул),
Зане ба дугонааш: - Бовар мекунӣ, имрӯз, вақте мошин мерондам, дидам, ки марде сари чанбари “Мерседес” риш метарошад, аз дидани ин ҳолат қариб буд, ки лабсурхкунак аз дастам ба даруни истакони қаҳва афтад!
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ
НИГОҲИ ДИГАР
Ҳадафро надида муваффақ шудан номумкин аст!
(хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7364 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Флоуренс Чэдвик ягона зани оббоз аст, ки дарёи Ла-Маншро аз Фаронса то Англия ва аз Англия то Фаронса шино карда гузаштааст. Флоуренс як орзуи дигар низ дошт. Бисёр мехост, Ҷазираи Каталинаро то соҳили Калифорния, ки 33 километр аст, шино кунад. Вале ин кор чандон саҳлу сода набуд. Ҳатто дар яке аз рӯзҳои гарми фасли тобистон - 4 июн оби дарёе, ки бояд зани шиновар оббозӣ мекард, хеле сард буд. Ҳаво низ ба ҳадде туман буд, ки Флоуренс киштиҳоеро, ки ӯро ҳамроҳӣ доштанд, базӯр мешинохт. Бар замми ин, дар он ҷое, ки шино мекард, бо моҳиҳои ваҳшӣ рӯ ба рӯ мешуд. Флоуренси шиновар бо вуҷуди ҳавои туман ва таҳдиди моҳиҳои ваҳшӣ 24 километр шино кард. Дар яке аз киштиҳое, ки бозингарро ҳамсафар буданд, модари шиновар ва мураббияш ҳузур доштанд. Онҳо аз ғояти ҳаяҷон баланд-баланд фарёд мезаданд ва шиноварро рӯҳбаланд кардан мехостанд. “Ками дигар Флоуренс, ками дигар! Саъй кун, ҷонам, муваффақ мешавӣ. Ба пеш!”, - мегуфтанд онҳо. Садҳо ҳазор мухлиси ин зани шиновар назди телевизор нишаста, барои вай дуо мехонданд ва барору муваффақият орзу мекарданд. Флоуренс боз 8 километри дигар шино кард. То соҳили мурод беш аз ним километр монда буд. Аммо шиновар бо вуҷуди ташвиқи зиёди пайвандонаш, ки дар киштиҳо қарор дошта, баробараш ҳаракат мекарданд, ишора кард, ки ӯро аз об бароранд. Ҳаводоронаш ҳама дилшикаставу ғамгин шуданд. Ҳамагӣ чанд қулочи дигар монда буд, ки муваффақ шавад, вале Флоуренс дигар идома додан нахост. Флоуренс Чэдвик баъдтар сабаби нокомиаш-
ро чунин арзёбӣ кард: - Дар пеш ягон чизро намедидам, агар ман ҷазираро медидам, ҳатман комёб мешудам. Бале, ӯро аз идомаи сабқат на сардии об, на хастагӣ, ки 16 соат идома дошт ва на моҳиҳои ваҳшии дарё боздошт. Балки ӯ ҳадафро намедид. Бале, маҳз ҳадафро надиданаш ӯро ноком кард. Баъди ду моҳ Флоуренс бори дигар худро санҷид. Боз ҳам об сард ва туман буд. Моҳиҳои ваҳшӣ низ ҳузур доштанд. Аммо ин навбат Флоуренс пайваста аз он андешид, ки дар пушти пардаи туман ҳамтан сангҳои калони ҷазира мавҷуданд. Бо хаёли расидан ба соҳил қулоч мепартофт... Ниҳоят, пирӯз шуд ва унвони “Ягона зане, ки дарёи Каталинаро шинокунон гузаштааст”-ро соҳиб шуд.
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
***
Пиразане ба дорухона даромада, аз фурӯшанда мепурсад: - Духтарам, ҳу он доруи қуттизардро, ки дарди сари маро рафъ мекунад, деҳ. - Холаҷон, охир ин доруи дарди сар нест, баръакс таъсири манфӣ мерасонад... - Медонам, медонам, духтарам. Ман субҳ ин доруро дар пиёлаи чойи наберачаам андохта, ба ӯ мехӯронам ва рӯзи дароз дигар сарам дард намекунад.
***
Аз суҳбати ду дугона: - Чаро ин қадар ғамгинӣ? - Дӯстписарам аз ман қаҳр кард. - Барои чӣ? - Ман ба ӯ гуфтам, “Муродҷон, сахт дӯстат медорам”. - Хайр чӣ, баръакс, баъди ин сухан бояд як умр дар паҳлӯи ту меистод. - Дуруст, аммо номи ӯ Мурод не, Салим аст...
***
Майнаи занҳо аз ҷунин қисмҳо иборатанд: 10 % - дониши аз мактаби миёна гирифтаашон. 20 % - маҷаллаву сериалҳо. 4 гигабайти боқимондааш бошад, видео аз туйҳо.
***
Зане ба дугонааш мегӯяд: - Гап-гап аст, ки шавҳарат бо котибааш ба Ҳолланд рафтаанд! - Ин ҳамааш дурӯғу буҳтон аст. Ман ҳамаашро фаҳмидам. Шавҳари ман ба Ҳолланд сафар кардааст, котибааш бошад, ба Нидерландия!
***
Ду навтоҷик бори аввал дар ҳавопаймо савор мешаванд. Ногоҳ чароғҳо хомӯш мешаванд. Яке ба дигарӣ: - Ана, ба нақб даромадем...
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №267/10, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 2010 ба Нурулло Бобоев додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи АБ №066871, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Ҷиликӯл соли 1999 ба Янгибаев Розимурат Худайбердиевич додааст, эътибор надорад.