Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
1
№16 (9338),
17 апрели соли 2014
РУШДИ МАҲАЛ
Шаҳри Ваҳдат “мешукуфад” 15 апрели соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ аз шаҳри Ваҳдат дидан кард. Боздиди корӣ аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ва роҳандозии кори гармхонаи сабзавотпарварӣ, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 6 гектар бунёд меёбад, оғоз ёфт. Ҳоло дар масоҳати ним гектари гармхона помидор шинонда шудааст. Дар ним гектари дигар сохтмону омодасозии гармхонаи дуюм идома дорад. То соли оянда ҳамин гуна гармхонаҳо дар масоҳати 6 гектар бояд сохта шаванд. Дар кӯчаи Дӯстматови шаҳр бо иштироки Президенти кишвар корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуд. Тавре аён гардид, корхона дар назди ҶДММ “Доро оҳангар” бо харҷи наздики 10 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаҳҳор Холов ва шарикони хориҷии ӯ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфта, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Дар корхона бо иқтидори кунунияш дар як сол то 500 ҳазор дона пӯсти чорвои калону майда мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар коргоҳи дӯзандагии ҳамин корхона либос ва пойафзоли гуногуни чармӣ истеҳсол мешавад. Корхонаи истеҳсоли қубурҳои пластикии калонқутр бо-
ҶАЛАСА
Вакилони парлумон ба Санкт-Петербург рафтанд
Як ҳайати расмии парлумони кишвар бо роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор дорад. Ин ҳайат, ки аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон иборат аст, дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, форуми байналмилалии “Дурнамои иқтисодии Аврупо ва Осиё” ширкат доранд.
ШАҲРДОРӢ
Бунёди хатти троллейбус дар Кӯлоб Дар шаҳри Кӯлоб муаррифии лоиҳаи бунёди хатти троллейбус баргузор гардид. Дар робита ба ин масъала мутахассисони рус ҷиҳати омӯзиши роҳ ва шароити кашидани хаттҳои троллейбус кор карданд. Мавзеъ ҷавобгӯи талабот буда, фақат насби пояҳо, бунёди истгоҳҳои таъмини барқ ва истгоҳҳои троллейбус лозим аст.
ОФАТ
Сел ҷони 15 нафарро рабуд шад, аз ҷониби Агентии обёрӣ ва беҳдошти замини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд ёфта, дар он ду хатти технологӣ васл шудааст. Дар яке қубурҳои қутри аз 200 то 630 мм. ва дар дуюмаш аз 630 то 1200 мм. истеҳсол мешаванд. Дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр аз ҷониби Сарвари давлат ба сохтмо-
ни маҷмааи биноҳои истиқоматии 26-ошёна асос гузошта шуд. Тавре зикр гардид, дар ин ҷо бо харҷи 400500 миллион сомонӣ 4 бинои 26-ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки дорои 1350 хона бо нархҳои дастрас, асосан, барои оилаҳои ҷавон хоҳанд буд. (Давомаш дар саҳ. 4)
Шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд. Як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, 15 нафар ҷон бохтанд. Дар пайи ин ҳодиса Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири кишвар бо як гурӯҳи корӣ ҷиҳати чораҷӯӣ намудан ва ба зарардидагон кӯмак расонидан ба Шӯрообод рафт.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - ғолиб 9-14 апрели соли равон дар Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба волейболи пойтахт миёни чор ноҳияи шаҳри Душанбе мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки дар он шаш даста иштирок карданд. Дар натиҷа, дастаи мунтахаби волейболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки ноҳияи Синоро муаррифӣ мекард, зимни вохӯрии финалӣ тими Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (муаррифгари ноҳияи Шоҳмансур)-ро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб карда, ғолиби мусобиқа шуд. Дар сурат (аз рост якум) С. Баҳриддинов, муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва (аз чап якум) Ҳ. Давлатов, сармураббии даста бо ҳайати тими ғолиб.
e-mail: javonontj@mail.ru
ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
2
ҲАМКОРӢ
МУЛОҚОТ
“АиФ” туризми Тоҷикистонро тарғиб хоҳад кард 10 апрели соли равон Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Мишурина Марина, муовини директори генералии рӯзномаи «Аргументи и факти»-и Федератсияи Русия мулоқот кард.
Зимни суҳбат сухан бештар дар мавриди фаъолияти рӯзномаи мазкур дар ҷумҳурӣ, туризми кишвар ва тарғибу ташвиқи он ба ҷаҳониён рафт. Маликшо Неъматов иброз намуд, ки сол то сол туризми кишвар рушд меёбад. Ёдгориҳои таърихию бостонӣ, манзараҳои зебову нотакрор, хусусан, кӯҳҳои осмонбӯси сарзамини Тоҷикистон кайҳо боз дили сайёҳони кишварҳои ҷаҳонро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳ аз давлатҳои гуногуни олам ба ҷумҳурии мо меоянд. “Бобати рушди соҳаи туризм, махсусан, инкишофи инфрасохтори ин соҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ
тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Таҳия ва қабули барномаҳои ҳукуматӣ оид ба эълон намудани рушди минтақаҳои туризм шаҳодати гуфтаҳост. Бовар дорам, ки дар ояндаи начандон дур кишвари мо дар миқёси мамлакатҳои ҷаҳон ба яке аз давлатҳои рушдёфта дар бахши туризм хоҳад гардид, чунки соҳаи туризм яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии ҳар як давлат маҳсуб мешавад”, - иброз дошт М. Неъматов. Зикр гардид, ки агар чанд сол пеш 80 то 100 нафар чун сайёҳ аз кишвари мо дидан мекарданд, як-ду соли охир ин шумора ба 400000-500000 нафар расидааст.
“Мо нақша дорем, ин шумораро ба миллион расонем ва ин имкониятро низ дорем. Ҷумҳурии мо миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ чун кишвари сулҳу субот, орому осоишта ва дар ҷараёни рушд қарордошта шинохта шудааст. Ман итмимнон дорам, ки ҳамкории мо бо рӯзномаи “Аргументи и факти” имконият медиҳад, ки туризми ватанро боз ҳам инкишоф дода, ба ҷаҳониён аз тариқи гузоришу мақолаҳо муаррифӣ намоем. То имрӯз барои рушди сайёҳӣ корҳои зиёде анҷом дода бошем ҳам, басанда нест”, - афзуд М. Неъматов. Мишурина Марина дар навбати худ зикр кард: “Мақсад аз ташрифи мо ба Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ташвиқу тарғиби туризми Тоҷикистон ба ҷаҳониён ба воситаи рӯзномаи “Аргументи и факти” мебошад”. Рӯзномаи «Аргументи и факти» таърихи 35-сола дошта, бо тиражи зиёд чоп мешавад. Танҳо аудиторияи якҳафтаинаи он бо тамоми филиалҳояш 20 миллион аст. Рӯзнома танҳо дар ФР 6,5 миллион хонанда дошта, ҳамзамон, дар 50 кишвари олам ба нашр мерасад. Ҳоло он яке аз рӯзномаҳои бузург миёни медиакомпанияҳо дар дохил ва берун аз қаламрави Русия маҳсуб меёбад.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
ТУРИЗМ
Имконияти рушди туризм дар Хатлон
e-mail: javonontj@mail.ru
7-8 апрели соли равон Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии вилояти Хатлон мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Қодир Гулов, декани факултаи менеҷмент иброз дошт, ки шуъбаи туризм дар донишгоҳ ду сол қабл таъсис ёфта, имрӯз дар он 70 донишҷӯ таҳсил менамоянд. “Мо кӯшиш менамоем, ки аз таҷрибаи пешқадами соҳа дар таълими донишҷӯён истифода намоем. Воқеан, кишвари мо, хусусан, вилояти Хатлон бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табииаш имконияти бештар барои рушди соҳаи туризмро дорад”, - афзуд ӯ. Руслан Шодиков қайд намуд, ки яке аз мақсадҳои вохӯрӣ бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи туризм мебошад. - Имрӯз вилоят имконияти хуби рушди соҳаро дорад. Ба таҳсили донишҷӯёни ин самт бояд бештар диққат зоҳир намоем. Донишҷӯён бояд ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар вилоят ҳамагӣ як ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Умед аст, ки хатмкунандагони шуъбаи туризми донишгоҳ ба қавӣ гаштани фаъолияти ширкатҳо ва рушди соҳа дар минтақа таъсир мегузоранд”. Раҷабалӣ Аминов, устоди факултаи менеҷменти донишгоҳ қайд кард, ки имрӯз адабиёти нав барои таҳсили донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ намерасад. Вилояти Хатлон дар туризми кӯҳнавардӣ, экологӣ, рафтинг, варзиши кӯҳӣ, шикор, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми диниву зиёратӣ, туризми гелогӣ
Фаҳмондани моҳияти ММТ ба довталабон Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Синои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон ва хонандагони синфҳои болоӣ - довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир шуданд. Тавре дар баромадҳои хеш Мавсума Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо фаҳмондани мақсад ва моҳияти фаъолияти Маркази миллии тестӣ, тартиби супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ, бахусус, насли ҷавон мебошад. Инчунин, мавсуф аз дастгириву ғамхориҳои
Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон ва тадбирҳои амалие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар андешида мешаванд, ёдовар гардид. Дар мулоқоту вохӯриҳои мазкур сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи Маркази миллии тестӣ Розия Табарова ба суолҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас гуфт.
ДАЪВАТ-2014
Хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандист Дар асоси Фармони Президенти кишвар аз 1 апрел даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.
ва археологӣ афзалият дорад. Умед аст, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба таҳияи дастурҳои дарсӣ соҳиб мешавем. Чунин мулоқот, ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ бо донишҷӯён баргузор гашт. Дар ин бора Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Дар натиҷаи бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ миёни аҳолӣ аз ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 7 нафар ва аз маркази шаҳри Роғун 4 нафар ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. Зимни як ҷамъомад дар қасри фарҳанг, раиси шаҳри Роғун Шарифзода Шариф Файз минатдории хешро ба волидайни наваскарон баён намуда, қайд намуд, ки имрӯз шароит дар Артиши миллӣ беҳтар гардидааст ва ҷавоноро зарур аст, қарзи шаҳрвандии хешро сарбаландона адо намоянд. Дар ҷамъомад наваскарон аз ҳамсолони худ даъват ба амал оварданд, ки хизмати Модар-Ватанро адо намоянд. Чунки ин қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон маҳсуб меёбад. Дар фарҷом ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ҳунармандони Бахши фарҳанги шаҳри Роғун барномаи консертиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Муминшои ХУРРАМ, шаҳри Роғун
Корхонаи ордбарорӣ ва коркарди ғалла чорошёна буда, дар он беш аз 35 нафар сохтмончӣ кор мекунанд. Барои бунёди он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 12,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмониро ширкати «Сорво» ба ӯҳда дорад. Муҳандиси ширкати мазкур иброз намуд, ки корҳо бо суръати баланд идома дошта, бинокорон ният доранд, ки корҳои сохтмониро то охири моҳи июл анҷом диҳанд. Ҳамчунин, дар деҳаи Боғеви ин ҷамоат сохтмони толори варзишӣ идома дорад. Сохтмони ин иншоот бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта оғоз ёфта, он дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Барои сохтмони ин толори варзишӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
Рӯзҳои охири моҳи гузашта ба деҳа рафтам. Ростӣ, деҳаи назарногирамонро дӯст медорам. Мусофирбар моро то маркази ноҳия сиҳату саломат расонд. Дар таксӣ нишаста, орзуи ширин мекардам, ки ҳеҷ набошад дар арафаи Наврӯзи ҷаҳонӣ маркази ноҳия, шаҳраки Шаҳритусро орӣ аз ахлоту партовтӯдаҳои доимӣ бубинам. Чаро ки ҳамеша дар гармиҳои баҳору тобистон бӯйи бади ҷӯйборҳо ба димоғ мерасад. Вале ҳол тағйир наёфта буд. Корхонаи фаръии коммуналӣ, ки ба тозагии кӯчаҳои шаҳрак масъул аст, вазифаашро сари вақт иҷро намекунад. Тоза кардани партову кандани даруни ҷӯйборҳоро кори ҳамешагии худ қарор намедиҳад. Набошад, тоза кардани ҳамин ҷӯйборҳоро кӣ бар уҳда дорад? Ё ба ин кор талабаҳоро ба «ҳашари умумӣ» баровардан лозим бошад? Не албатта! Бояд бигӯям, ки масъулинро шахсан худи раиси ноҳия маҷбур накунад ва ё бо қарори «махсус» бедор накунад, ҳамин аҳвол боқӣ мемонад. Ё ин ки раиси ноҳияи Шаҳритус барои тоза ва озодагии маркази ноҳия намекӯшида бошад? Масъулин вазифаи кориашонро аз сидқи дил иҷро намекунанд. Бо омади фасли баҳор бехи дарахтҳоро сафед карда бошанд (мумкин дар як сол як бор сафед кунанд?!) ҳам, алафҳои гирди арчаву дарахтҳои мевадиҳандаро тоза накардаанд. Ҳатто назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус тозаву озода ба чашм наметофт. Таги арчаҳои беруни панҷара нарм нашуда, алафҳои бегона аз «меҳрубонӣ»-ҳои ба хоҷагӣ вобастабуда сабзиш меёфт. Пур гаштани ҷӯйборҳо аз регу шағал, латтаву зарфҳои гуногун боиси он мешавад, ки вақти боришоти зиёд об кӯчаро пур карда, гаштугузори сокинонро мушкил месозад. Мағзобаҳо дур нарафта, дар ҷуйборҳо ҷамъ ва боиси бӯй кардани кӯча мегардад. Ҳоло ки фасли зебои баҳор, айёми нумӯи табиат ва мавсими
шукуфоиву тозагист, бояд масъулин масъаларо дуруст сарфаҳм рафта, аз пайи иҷрои амал шаванд. Вагарна ин саҳлангорӣ ҳам боиси сар задани бемориҳо ме-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
Дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохтмони ду иншоот - толори варзишӣ ва корхонаи коркарди ғалла босуръат идома доранд.
Шаҳритус бӯйи ногувор дорад
шавад, ҳам ҳусни шаҳраку обрӯи роҳбарияти онро мекоҳонад.
Сироҷиддин ПӮЛОДОВ, рӯзноманигор
СУРАТ АЙБДОР МЕКУНАД
Оқибати хунукназарӣ Идораи мелиоратсия ва захираҳои оби ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати сари вақт бо об таъмин намудани сокинон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бояд ҳиссагузор бошад. Ҳоло, ки айёми навбаҳор аст, идораи мазкур, ҳамчунин, ҷӯю заҳбурҳои ҳудуди ноҳияро барои обёрии заминҳои кишт бояд омода созад. Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз фаъо- вайронӣ расондашуда баён кардем. Вай лияти имрӯзаи кормандони муасси- бошад, бепарвоёна чунин иброз дошт: саи мазкур дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ба - Барои мо ҳаминаш хуб аст, идораи мелиоратсия ва захираҳои оби сӯзишворӣ намехарем. Аз фоидаву заноҳия омадем. Вориди ҳавлии муааси- рараш ҳам безорам. са гардида, ҳолати ногувор пеши рӯ Рости гап, аз шунидани чунин суомад. Чанд адад техникаи вайроншу- ханон ҳайратам афзуд. Техника пеши да, яъне, нақлиёти хизматрасон дар назар ба ҳолати нестӣ мерасад. Вале саҳни ҳавлии идора бекор меистод. роҳбар парво надорад, дилаш ба моНамуди зоҳирии нақлиёт гувоҳи он ликияти ҷамъиятӣ намесӯзад. Бо ин буд, ки солҳои тӯлонӣ дар ин ҷо хо- аҳволе, ки имрӯз чанд адад техника дар бида, ҳар гуна қисмҳои онҳоро кушода саҳни муассисаи мазкур доранд, баъди гирифтаанд. чанд сол аз онҳо ному нишон намемоБа қабули сарвари муассиса над. Паҳлавонов даромада, мушоҳидаҳои Турсуналӣ БОЛТАЕВ, хешро нисбат ба нақлиёти ба ҳоли рӯзноманигор
e-mail: javonontj@mail.ru
Идомаи сохтмони иншоот дар Шуғнон
3
МУШКИЛИ МАҲАЛ
БУНЁДКОРӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
4
РУШДИ МАҲАЛ
Шаҳри Ваҳдат “мешукуфад” (Идома аз саҳ. 1) Дар таҳхонаи биноҳо таваққуфгоҳи мошинҳо ва дар ошёнаи якум марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Маҷмаа, ҳамчунин, дорои боғчаи кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ ва бозию дилхушӣ хоҳад буд. Дар соҳили дарёи Кофарниҳон бошад, як корхонаи бузурги дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд. Дар ин ҷо, асосан, дӯхти либосҳои мактабӣ, корӣ ва низомӣ ба роҳ монда шуда, дигар намудҳои либосворӣ ҳам тибқи фармоиш омода мешаванд. Дар ду паҳлӯи ин бино 6 иморати 13-ошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад ёфт, ки дорои 800 хона буда, бо тарҳи зебои замонавӣ сохта мешаванд. Дар паҳлӯи дигари бинои корхонаи дӯзандагӣ маркази ташхиси беморӣ бунёд ёфтааст, ки сохтмонаш анҷом ёфта, овардани таҷҳизот ва васли онҳо ҳоло идома дорад. Дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳр сохтмони корхонаи бузурги семент ва Маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ оғоз ёфт. Маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони чинӣ бунёд ёфта, асосан, ба коркард ва ба кишт омода намудани тухмии пахта, ғалладона ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғул мешавад. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони корхонаи семент, аз ҷумла, зикр гардид, ки он бо харҷи 204 миллион сомонӣ сар-
мояи соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иқтидори солонаи он 500 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад буд. Бо ин иқтидор корхона дар 2 навбат бунёд меёбад. Дар навбати аввал солона 200 ҳазор тонна семент истеҳсол хоҳад шуд. Сарвари давлат таъкид дошт, ки корхона бо технологияи навтарин ва мутобиқ бо талаботи ҷаҳонии сифат ва экология сохта шавад. Ташаббускори бунёди ин корхона Хайрулло Маҷидов изҳор дошт, ки барои беҳдошти муҳити зисти ин мавзеъ онҳо тасмим доранд, таллу теппаҳои атрофи корхонаро ба боғу ҷангалзор табдил диҳанд. Президенти кишвар аз маҳаллаи навбунёди Истиқлол, ки барои аҳолии аз заминҷунбии моҳи ноябри соли 2013 осебдида дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов бунёд ёфтааст, дидан кард. Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи заминҷунбии 10 ноябри соли 2013 рухдода дар чанде аз деҳаҳои шаҳри Ваҳдат 108 хона пурра хароб шуда, наздики 250 хонаи дигар қисман осеб дида буданд. Аз ин хотир, барои 108 хонаводаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта шуда, бо ашёи рӯзгор ба онҳо туҳфа мешавад. То имрӯз 65 хона пурра омода шуда, сохтмони боқимонда хонаҳо бо суръати баланд идома дорад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, ба 1000 оилаи ба манзили зист ниёздошта низ қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад. Дар маҳаллаи нав бо саҳмгузории роҳбарияти шаҳр ва мардуми саховатпеша хатнасури 100 писарча ва тӯйи арӯсии 10 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ороста шуд. Президенти кишвар, ҳамчунин, ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 2480 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид. Маблағгузории сохтмони мактабро Созмони сармоягузории Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ба уҳда гирифт. Дар фароварди боздид аз шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба хоҷагии деҳқонии Сафомиддин Карим ташриф оварда, ба кишти имсолаи пахта оғоз бахшид. Дар иншооти дар шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қароргирифта ва корхонаю муассисаҳое, ки сохтмонашон оғоз ёфт, барои беш аз 5 ҳазор нафар ҷойи корӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад. Сеюним ҳазор хонавода, пеш аз ҳама, оилаҳои ҷавон дар биноҳои нави 13 ва 26-ошёна соҳиби хонаҳои барҳаво мешаванд. Наздики 1300 оилаи дигар соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуда, шароити истиқоматии худро беҳ месозанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ДАСТОВАРД
Чунин тасмим бобати лоиқ донистан ба унвони докторӣ дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия ва хулосаи раёсати комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Русия гирифта шуд. Тавре аз мазмуни рисола бармеояд, дар таҳқиқоти рӯзноманигор таклифи таҳлили назариявию пай дар пайи вазъи иҷтимоии занон дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик пешниҳод гардида, уфуқҳои муносибатҳои баробарҳуқуқии оилавӣ васеъ мегардад. Бори аввал маҷмуи таҳлили иҷтимоии мақоми зан, ки бар пояи муносибатҳои баробарҳуқуқии оилавӣ дар соҳоти гуногуни фаъолияти ҷомеа, таҳлили сохтории механизми миллӣ, асосҳои ҳуқуқии
Хушқадамова доктори илм шуд Рӯзноманигори маъруфи тоҷик, дотсенти кафедраи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов Ҳалима Хушқадамова доктори илмҳои иҷтимоӣ шуд. Унвони докториро рӯзноманигор барои рисолаи «Мақоми иҷтимоии зан дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик» ноил гардид. сиёсати баробарҳуқуқии оилавии Тоҷикистон ва қавишавии самти амалии илми иҷтимоӣ такя мекунад, пешниҳод гардидааст. Ҳалима Хушқадамова солҳои 1976-1989 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ва «Пионери Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун заҳмат кашид. Пас аз хатми аспирантура дар Федератсияи Русия (солҳои 1990-1993) дар мавзӯи «Инъикоси вазъи иҷтимоии занон дар ВАО-и Тоҷикистон. Таҳқиқоти
таҳлилӣ» кори номзадӣ ҳимоя намудаааст. Солҳои 1993-2004 ба ҳайси котиби матбуотӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия, пасон хабарнигори маҷаллаи «Натсионал», хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Русия, маҷаллаи «Москвичка» ва ҳоло чун омӯзгори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов фаъолият дорад. Ҳаммуалифи китоби забони тоҷикӣ барои макотиби олии кишварҳои ИДМ, ҳамчунин, муаллифи рисолаҳои «Тимсоли занон дар рӯзноманигории
имрӯзаи тоҷик. Таҷрибаи таҳқиқоти иҷтимоии матбуоти тоҷик» ва «Занони Тоҷикистон: мақоми иҷтимоӣ» маҳсуб меёбад. Ҳалима Хушқадамова узви созмони байналмилалии «Занони рӯзноманигор» ба ҳисоб рафта, роҳбарии комиссия доир ба ВАО-ро дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар дӯш дорад. Беш аз чил навиштаи илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи гуногуни рӯзноманигорӣ ба табъ расондааст. Барандаи оз-
муни электронии ВАО-и АвруОсиё дар соли 2012 – «Ҳамкории башардӯстона ба хотири рушд» ва озмуни байналмилалии рӯноманигорон – «Олами рус 2005» дониста шудааст.
Талъат НИГОРОВА, рӯзноманигор
Суҳбати хонанда бо адиб зарур аст 8 апрели соли равон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Синои пойтахт дар доираи Фестевали ҷумуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» мулоқоти хонандагон бо адибон баргузор гардид. - Баргузории Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон, ки иди ҳақиқии китоб ва хонанда аст, ба ҳукми анъана даромадааст, - иброз дошт китобдори мактаби мазкур Махфират Мирҳакимова. – Он аз ҷониби аҳли илму адаб низ дастгирӣ мешавад. Зеро он як навъ воситаи муфиди муаррифии китобҳои нав, ҳисоботи эҷодии онҳо дар назди хонанда ва толибилмон мебошад. Ҳар шоиру нависанда ҳангоми вохӯриҳо мефаҳмад, ки асарҳояшро мутолиа кардаанд ё не. - Ман завқи хонандагонро ба китоб дида, орзу
кардам, ки ҳафтаи китоб не, балки 365 рӯзи китобу китобхонӣ бошад, то фарзадони дустрӯи мо бештар рӯ ба китоб оваранду дӯстдори он бошанд. Зеро китоб инсонро сурату сирати инсонӣ мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд, ки инсонро аввал модар тарбия мекунаду баъдан китоб, зикр кард шоира Шаҳрия. Дилшод Раҳимов, мудири шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузории вохӯрии адибон бо хонандагонро амали нек
дониста, афзуд, ки воқеан, аз наздик бо олимону адибон сӯҳбат кардани хонандагон хеле зарур мебошад, чунки дар дили онҳо меҳре ба соҳаи адабиёту илм пайдо мешавад. Бо ибтикори Раёсати маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи Фестевали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наварасони Тоҷикистон дар бисёре аз мактабҳои ноҳия бо толибилмон чунин вохӯриҳо доир гаштанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Муаррифии “Муҷассамаи нодир” дар Ҳисор
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
5
ФАРҲАНГ
Китоб пайвандгари тавонову ногусастании замонҳову наслҳо ба шумор рафта, иқтидори нерӯи ақлонии ҳар миллат дар саҳифаҳои он дарҷ мегардад. Хусусан насли ҷавонро, ки ояндаи миллатанд ва пешбурди ҷомеа ба эшон сахт марбут аст, дар руҳияи китобдӯстӣ, меҳру муҳаббати самимӣ доштан нисбат ба каломи бадеъ тарбия бояд намуд.
2-9 апрели соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид. Фестивал дар Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардида, баъдан, дар дигар манотиқи вилоят низ чорабиниҳои гуногуни фарҳангию адабӣ доир шуданд. Чунин чорабиниҳо дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии рақами 11 ба номи Мастибек Тошмуҳаммадов ва мактаби таҳсилоти асосии рақами 31-и деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа, гимназияи хусусии ба номи Давлатҳусейн Муродҳусейнови шаҳри Хоруғ, китобхонаи бачагонаи вилоятӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 13-и ноҳияи Рӯшон доир гардиданд. Дар чорабиниҳо адибон Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Алидоди Чароғабдол, Кӯйбек Шарифзода, Ҷонибеки Қозибек, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Анвари Андаробӣ, Руқияи Дарвоншоҳ, Гулнисои Ато, Додалӣ Қурбон ва Тайғун Бозор аз эҷодиёти хеш пораҳо қироат намуданд. Дар ҷамъбасти фестивал, ки дар Маркази ҷавонон доир гардид, истеъдодҳои нав муаррифӣ гардида, ба беҳтарин иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплом тақдим гардид.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Самадов. Қ. Афғонов, директори Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар иброз дошт, ки китоби нави адиби шинохта аз очерку публитсистика ва тарҷумаҳо аз осори адибони итолиёӣ иборат аст. Забони навиштаҳо сода, равон ва барои бачаҳо фаҳмост. Дар маҳфил, ҳамчунин, ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдаки Раҳмон Остон, шоирон Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Султонмуроди Одина, нависанда Аброр Зоҳир роҷеъ ба эҷодиёти нависанда, маҳорати тасвиру образофарии ӯ ва забони асарҳояш андешаронӣ карданд. Зикр шуд, ки адиб, ҳамчунин, муаллифи понздаҳ филми мустанади теливизионӣ ва 50 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол чун унвонҷӯи Академияи илмҳо ба пажӯҳиши таҳлили қиёсии асарҳои омиёнаи адабиёти классикӣ ва таъсири онҳо ба асарҳои устод Айнӣ машғул мебошад.
Рӯзгоре иборат аз назари лутф Абдулқодири Раҳим шоир аст. Чанд маҷмӯаи ашъораш ба табъ расидаю узви Иттифоқи нависандагони кишвар маҳсуб меёбад. Баробари эҷоди шеър ба навиштани асарҳои насрӣ ҳам машғул аст. Чанде пеш китоби нави ӯ бо номи «Назари лутф» рӯйи чоп омад. Китоб тарҷумаиҳолӣ буда, аз рӯзгори яке аз шахсиятҳои одӣ, лек поктинату нексиришт ҳикоят мекунад. Дар шарҳи китоб чунин омадааст: «Зиндагӣ ва рӯзгори баъзе аз ашхос ҷолибу ибратомӯз мебошад. Сафархон Давлатов аз зумраи онҳост. Борҳо аз вартаҳои ҳалокатбор берун ома-
дааст. Аз хурдсолӣ ин фарзанди ягонаи модар ва зиндаҷудо аз падар бори вазнини зиндагиро ба дӯш мебарад. Муҳаббату хидмати ӯ ба модар бисёр самимӣ ва содиқона мебошад. Амалаш холисона, барои ризои Худои ягона аст». Умед аст, китоб байни хонандагон ҳаводорони сершумор меёбад.
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Сайри фестивали китоби наврасон дар ВМКБ
Бо ҳамин мақсад ва дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон вохӯрии нависандаи шинохта, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, корманди Маркази миллии Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» Садриддини Ҳасанзода бо толибилмону омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Ҳисор доир гардид. Дар он китоби нави ӯ «Муҷассамаи нодир» муарифӣ шуд. Дар саҳни мактаб намоиши асарҳои Садриддин Ҳасанзода сурат гирифта, композитсияи адабӣ-бадеӣ аз рӯи асари нави ӯ «Муҷассамаи нодир» баргузор шуд. - Мавриди зикр аст ки аксари эҷоди С. Ҳасанзодаро мавзӯи ҳаёти насли наврас ва тарбияи худшиносӣ, меҳанпарастию ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, садоқат ба фарҳанги ниёгон, донистани таърихи миллат ва ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташкил медиҳанд, - гуфт
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
6
МАОРИФ - Шумо корро бо диди нав ва назари нек, соли 2012 аз ротатсия (ҷойивазкунӣ) оғоз кардед. Чӣ зарурат пеш омад? - Ротатсия тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 18.01.2012, таҳти №1 дар ҳамаи зинаҳои сохтори соҳаи маорифи ноҳия гузаронида мешавад. Дар ноҳия 65 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 50 мактаби таҳсилоти миёна, 2 мактаби асосӣ, 13 - ибтидоӣ, 2 литсей, 2 гимназияи раванди таълимашон бо забони русӣ амал мекунанд. Дар навбати аввал дар 26 муассисаи таълимӣ ротатсия гузаронида шуд. Он ошнобозӣ, манфиатҷӯӣ, фориғболӣ барин амалҳои номатлубро аз байн мебарад. - “Шунидан кай бувад монанди дидан” мегӯянд. Камина дар фестевал-озмуни «Бӯстон» ва «Ровиёни беҳтарин» иштирок доштам. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабиниҳои фарҳангӣ дар чист? - Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи се соли охир дар ноҳия 6 мактаби хуштарҳу замонавӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз карданд. Мо - омӯзгоронро месазад ҷавобан ба ин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри таълиму тарбияи насли наврас аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои зеҳнии мавҷуда истифода карда, чун фурӯзандаи чароғи маърифат, кушояндаи калиди ганҷу ҳикмат ва ҳидоятгари роҳи мустақим барои насли ҷавону ояндасози миллат бошем. Вагарна Ҳофиз фармуда: Сарои мадрасаву баҳси илму тоқу равоқ, Чӣ суд чу дили донову чашми бино нест. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас, донишандӯзиву дилгарм кардани хонандагон, ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзиш, дӯстдории табиати зебои Ватан, тарғиби сару либоси миллӣ, дарёфти чеҳраҳои ҳунарӣ миёни омӯзгорон ва мактаббачагон мунтазам озмунҳо доир мешаванд. Аз ҷумла, «Доночаи беҳтарин», «Маликаи Фархор», «Ҳамадон», «Кадбонуи беҳтарин ва зебосанам», «Овози тиллоӣ», «Шоҳномахонӣ»,
«Меҳргон», «Ровии беҳтарин», «Шафақ», «Офарин», «Луғатдони беҳтарин», «Хати зебо», «Донишвари умедбахш», «Математикони наврас», «Муаллими ҷавони сол», «Муаллими сол», «Мураббияи беҳтарини сол» ва ғайра. Фестивал-озмуни «Бӯстон» ҳар сол дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз ҷамъбаст мешавад. Ҳадаф аз гузаронидани он низ дарёфти чеҳраҳои ҳунарӣ ва таъсис додани дастаи ҳунарии «Маърифат»-и назди шӯъбаи маорифи ноҳия буд, ки мо онро таъсис додем ва дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии ноҳия ҳунармандони он иштироки фаъолона доранд. - Рӯзномаи «Минбари омӯзгор» ва маҷаллаи «Бонувон»-ро ҳамчун падидаи нави фарҳангӣ дар ноҳия хуш пазироӣ карданд. Мақсад аз таъсис додани нашрияҳои номбурда дар чист? - Тайи солҳои охир ранҷҳои кашидаи
ФАРХОР: шаҳраки омӯзгорон бунёд хоҳад шуд Суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Ғазалшоҳ Сафаров омӯзгорон барабас нарафт. Дастовардҳо низ кам нестанд. Дар соли сипаригашта бо дастгирии рӯзафзуни раиси ноҳия соҳаи маориф ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани сатҳи таълиму тарбия, ҷоннок кардани кори соҳаи маориф, доштани минбари афкори розу ниёз дар назди шуъбаи маорифи ноҳия рӯзномаи «Минбари омӯзгор»ро таъсис додем. Нашрия ошёни илмии омӯзгорон, авроқи сабзи қаламкашон, кӯйи маърифати донишҷӯён, нурбахшу маърифатомӯзи саодатмандон хос барои омӯзгорону хонандагони мактабҳо ва мардуми ноҳия мебошад. - Мартаба ва баландии маданияти мард аз рӯи муносибати ӯ бо зан муайян мешавад. Мавқеи зан-омӯзгор
дар кадом поя қарор дорад? - Аслан, таълиму тарбия кори занмодар мебошад. Қариб дар тамоми давлатҳои муттарақии Аврупо, махсусан, Русияи бо мо дӯст ин кор ба зимаи занҳо гузошта шуда, мардон аҳён-аҳён ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем то сафи роҳбаронро дар мактабҳо аз ҳисоби занон зиёд кунем. Ҳоло 25 зан ба ҳайси директор ва 26 бонуи дигар ҳамчун ҷонишини директор фаъолият доранд. Дар оянда сафи онҳоро зиёд карданием. - Бо мақсади фарогирии хонандагон ба корҳои беруназсинфӣ чӣ чораҳо андешида мешаванд? - Теъдоди кабинетҳои фаннӣ ба 398 адад расонида шуда, дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз таҷрибаи бойи омӯзгорони собиқадор
мактаби адабӣ-илмӣ таъсис ёфт. Мактаби «Китобдорӣ ва китобхонӣ», «Химикон», «Таърихшиносон» ва «Ҳуқуқдонҳо», «Физикон» ва “Варзишгарони Ню-фуллконтакт” аз ҷумлаи онҳо буда, дар ин самт омӯзгорони соҳибтаҷриба сафарбар шудаанд. - Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» чӣ корҳоро ба сомон расонидед? - Соли гузашта бо дастгирии раиси ноҳия ба 26 нафар омӯзгори ҷавон замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуд. Дар беҳтарин қитъаи замини обии ноҳия як шаҳрчаи зебои омӯзгорон бунёд хоҳад шуд.
Мусоҳиб М. АБДУРАҲИМ
МАШҒУЛИЯТ ВА ТАКМИЛИ МАҲОРАТ
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар ҷодаи баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон машғулиятҳои иловагӣ, ҳамгиро ва соатҳои тарбиявӣ нақши муҳим мебозанд. Чунин машғулиятҳо имкон медиҳанд, хонандагон, бахусус, синфҳои поёнӣ ҳарчи бештар кунҷкову ба ҳар гуна рӯйдод бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳамаи ин, дар маҷмуъ, имкон медиҳад ҷаҳонбинии бачаҳо торафт васеъ гардад.
Дарси ҳамгиро дар синфи 2 Дар шароити кунунӣ ин басо муҳим аст. Дарси ҳамгиро низ дар ин ҷода метавонад саҳмгузор бошад. Масалан, бо хонандагони синфи 2 дар мавзӯи «Тасвир намудани расми сабзавот» чунин машғулият гузаронидем. Мақсад аз гузарондани ин дарс ҷалби хонандагони хурдсол ба меҳнат ва дар ин замина ташаккул додани маҳорати расмкашии онҳо буд. Дар оғози дарс аз хонандагон пурсида шуд, ки дар бораи меҳнат шеър, мақол ё зарбулмасал гуфта метавонанд? Хонандагон аҳлона ба ин пурсиш посух доданд. Аз ҷумла, «Меҳнат одамро оро медиҳад», «Меҳнат шараф аст», «Меҳнат кунӣ, нон мехӯрӣ» ва ғайра.
Сипас, ба баёни мавзӯи дарс пардохтем. Хонандагон мебоист расми сабзавоти гуногунро тасвир менамуданд. Барои расмкашӣ варақу ширеш, қайчӣ ва навъҳои гунонуни сабзавот омода буд. Аз хонандагон хоҳиш шуд, ки ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд. Ҳамин тавр, шогирдон ба ҳар гурӯҳ иборат аз шашнафарӣ ҷудо шуданд. Пеш аз расмкашӣ аз хонандагон дар бораи навъҳои сабзавот пурсон шудем. Онҳо посухҳои қонеъкунанда гардониданд. Вақте хонандагон ба расмкашӣ пардохтанд аз онҳо пурсида шуд, ки дар бораи сабзавоти интихобкардаашон чиҳо медонанд? Аъзои ҳар гурӯҳ дар бораи сабзавоти интихобкар-
даи хеш сухан гуфта, шакли онҳоро дар калимаҳои нав баён сохтанд. Бо ин усул таркиби луғавии забони хонандагон бой мегардад. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар оид ба сабзавот ба ҳамдигар бо суол муроҷиат намоянд. Дар фарҷоми дарс ба шогирдон супориш шуд, ки расмҳои кашидаашонро хона бурда, хушконанд ва бо қаламҳои ранга оро диҳанд.
Ҷамила ХОЛДОРОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Албатта, ин иқдом дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки тақозои замон буд. Вазнин шудани баргузории маросимҳои азодорӣ, маъракаҳои серхарҷи хурсандӣ, ки ба қарздоршавӣ, паст гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо ва ҳатто ба вайроншавии онҳо оварда мерасониданд, Ҳукумати кишварро водор сохт, ки чораҳои бетаъхир андешад. Мушкилӣ сари он буд, ки ҳазорҳо ҷавон бо сабаби зиёд будани хароҷоти расмиёти анъанавӣ издивоҷ карда наметавонист. Падару модарон ба хотири раҳоӣ аз таънаю маломат ва хиҷолат дар назди ҳамсояҳо бо баҳонаҳои гуногун издивоҷи фарзандонро ба таъхир меандохтанд. Дар маҷмуъ, вазъи маросимҳои азодорӣ боз ҳам вазнинтар гардида, ниҳоят, ба саломатии насли наврас, ахлоқи ҷомеа ва вазъи иқтисодии ҳар як оила латма ворид мекард. Зеро ба ғайр аз маросимҳои «саритахта», «се», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ» ва «сол» соҳиби майит давоми як сол ҳар ҳафта «ҷумъагӣ» медод. Ин ҳама вазнинӣ ба болои марг ва фоҷиа ҳолати соҳибони майитро сангинтар мекард. Як нафари фавтида ба ҳолати моддии чанд оила таъсир расонида, онҳоро рӯҳан афгор менамуд. Аксар шаҳрвандони мо аз тарси таънаи мардум ба ҳамаи ин вазниниҳо тоқат мекарданд, ҳарчанд медонистанд, ки бисёре аз ин маросим аз доираи талаботи дини мубини ислом берун буда, ба ахлоқ ва одоби миллии мо низ мувофиқат намекунанд. Масалан, то қабули қонун як маъракаи азодорӣ аз оши саритахта то оши сари сол, маблағи 40-50 ҳазор сомониро ташкил медод. Баъди қабули қонун ин
Исрофкорон бародарони шайтонҳоянд... хароҷот то 5-10 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Фаҳмишу моҳияти қонун, савияи дониши мардум дар гузаронидани ҷашну маросими мардумӣ рӯз то рӯз баланд шуда, фарҳанги маъракаороии аҳолӣ беҳтар гардида истодааст. То қабули қонун маросимҳои мотаму азодорӣ тадриҷан махсусияти худро гум карда, дар бисёр маврид аз маъракаҳои хурсандӣ фарқ намекардагӣ шуданд. Дастурхонҳо тӯёна оро дода шуда, одамон гӯё ба тамошо меомаданд. Зери ин намоишкориҳо миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон ме-
ҳадису фатвоҳои бузургон ҷилавгирӣ аз сарфи беҷои молро таълим дода, исроф ва карру фарри зиёдатиро инкор кардааст. Худованд исрофкориро манъ карда, исрофкунандагонро ба шайтонҳое шабоҳат медиҳад, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд: «Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд...». Мутаассифона, теъдоди нафароне, ки имрӯз дидаю дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд, кам нестанд. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат 10 адад қонунвайронкунӣ ошкор ва гунаҳкорон тибқи қарори суд ҷарима шуданд. Дар баробари ин пешравиҳои зиёде дар ин самт вуҷуд доранд.
рифта, гузаронидани онро дар чорчӯбаи муайян танзим намудааст. Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 12 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 115 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуданд. Фаъолияти кории комиссияҳо таҳти назорати роҳбарияти мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад. Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат, таҳти роҳбарии раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналии Амир барои татбиқ ва амалӣ гардидани қонуни мазкур аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст. Дар шахри Ваҳдат мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар бинои маҷлисгоҳи
шаҳр Амирзода Раҳмоналии Амир, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти К. Исмоилов, Гулистон, Р. Исмоилов, Баҳор, Н. Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон, А. Абдулвосиев ва Б. Бурунов доир гардиданд. Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат бо шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Дар натиҷаи ҳамкориҳо
¶
То қабули қонуни мазкур давомнокии ҷашну маросим аз 2 то 4 рӯз ба муддати аз 8 то 10 соат давом карда, хароҷот низ калон мешуд. Ҳоло давомнокии ҷашну маросим то се соат расонида шуда, хароҷот ду-се маротиба кам гардидааст. Масъалаи дигари доғ тақдими сару либос ба меҳмонон буд. Дар бисёр маврид истифодаи матоъҳои пастсифати истеҳсоли давлати Чин ба ҳукми анъана даромада буд, ки ин ҳам пас аз амалӣ гаштани қонун аз байн рафт. Дастоварди дигар гирифтани пеши роҳи бидъату бидъаткорӣ ва исрофкориҳо дар баргузории маросимҳои азодорӣ, аз қабили маъракаҳои оши “саритахта”, “се”, “ҳафт”, “бист” ва “шашмоҳагӣ” мебошад. Қонун пеши роҳи чунин маъракаҳои серхароҷоту серташвишро ги-
МИҲД-и шаҳр бо иштироки раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҷамъомад доир гардида, масъалаҳо вобаста ба иҷрои талаботи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва баргардонидани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар таълимгоҳҳои мамлакатҳои хориҷа таҳсил менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Махсусан, имохатибон вазифадор шуданд, ки баҳри дар амал татбиқ гардидани қонунҳои мазкур фаъол бошанд. Чунин мулоқот бо иштироки раиси
ба комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Ваҳдат 500 адад дастуруламал дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ расонида шуд. Бо дастгирии сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Фарухулло Олимов дар ҳудуди шаҳр рейду санҷишҳо гузаронида мешаванд. Дар натиҷа, соли 2013 дар шаҳр 20 адад қонунвайронкуниҳо ошкор шуда, пеши роҳи зиёда аз 50 адад қонунвайронкунӣ гирифта шуд.
Мутаассифона, теъдоди нафароне, ки имрӯз дидаю дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд, кам нестанд. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат 10 адад қонунвайронкунӣ ошкор ва гунаҳкорон тибқи қарори суд ҷарима шуданд.
гардиданд. Фарҳанги исломии мо низ оғоз аз “Қуръон”-и карим то
Ҷумҳур ҶАЪФАРЗОДА, узви Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат
e-mail: javonontj@mail.ru
Зиёда аз шаш сол пеш Роҳбарияти давлат бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Имрӯз вақт ҳамчун довари бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонун иқдоми хирадмандонае буд, ки на танҳо ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба таври назаррас ҳифз кард ва ба дарди онҳо даво бахшид.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
7
ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
8
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ
Соли 1924 кишвари худмухтори тоҷикон дар заминҳои Бухорои шарқӣ таъсис ёфт. Деҳи Душанбе пойтахти он интихоб гардид. Баъди панҷ сол Тоҷикистон ба кишвари мустақил дар ҳайати давлати шӯроҳо табдил ёфт. Имсол давлати тоҷикон чун кишвари соҳибистиқлол 23-сола мегардад. Шаҳри Душанбе бошад, чун пойтахт навадсола. Ин санаи муҳим рӯзи шанбе ботантана таҷлил хоҳад шуд. Бахшида ба ин санаи фархунда дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ
чорабиниҳои гуногун сурат мегиранд. Аз ҷумла, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 97-и пойтахт соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» доир шуд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 97-и ноҳияи Сино солиёни зиёд дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо дорад. Бинои он фарсуда, вазъи ногувор дошт. Ин ҳолатро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва пойтахт якҷо бо шуъбаи маорифи ноҳия, раёсати маорифи шаҳр ва Вазорати маориф баҳри бунёди бинои замонавӣ кӯшиш ба харҷ доданд. Оғози соли равон бо иштироки Президенти кишвар мактаби замонавии дорои тамоми шароит ба истифода дода шуд. Шодии устодону шогирдони мактаб ҳадду канор надорад. Эшон шукргузории даврони истиқлол намуда, саъй доранд, дар кори таълиму тарбия ва донишандӯзӣ саҳмгузор бошанд.
Эй, Бухорои ҷавони тоҷикон… Чанд бардошт аз соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» Собиқадор ва Аълочии маорифи кишвар Зебунисо Мирзошоева пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории ба номӣ Айнӣ, аз соли 1975 то кунун дар ин дабистон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Тӯли фаъолияти қариб чилсола шогирдони зиёдеро тарбия ва ба воя расондааст. Қисме аз эшон ҳоло паҳлӯи устод дар ин дабистон фаъолият доранд. Аз ҷумла, сарвари имрӯзаи таълимгоҳ. То нимаҳои солҳои наваду-
ми қарни пешин чун омӯзгори синфҳои болоӣ фаъолият дошт. Бо сабаби нарасидани мутахассисон ӯро ба таълиму тарбияи шогирдони синфҳои ибтидоӣ низ ҷалб намуданд. Имрӯз собиқадори маориф Зебунисо Мирзошоева ба хонандагони синфҳои поёнӣ ва болоӣ дарс мегӯяд. Ифтихор дорад, ки аз зинаи аввал то охир дар камолот ва донишандӯзии хонандагон саҳм дорад. Бахшида ба ҷашни фархундаи 90-солагии пойтахти киш-
Нуруллоҳи ОРИФ
Душанбе Диле густарда дар пои ту дорам, Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Навад соли ҳаётат бод табрик, Душанбе, кони бахти Тоҷикистон. Ба каф хома, ба лаб шеъру тарона, Саҳаргоҳон ба боғат пой монам. Зи қалби ошиқам бо атри ҳулбӯ Ғами дӯшинаро як-як биронам. Ба боғат сайр карда, бо табассум, Нафас гирам ҳавои тозаатро. Чу шоҳин пар ба гардун боз карда, Барам бар баҳру бар овозаатро. Миёни ҷумла шаҳри Тоҷикистон, Ту шаҳри нозанин астӣ, Душанбе. Ватан бошад садаф, баҳри шукӯҳаш Ту монанди нигин астӣ, Душанбе.
вар чанде пеш муаллима бо хонандагони синфи чорум дар мавзӯи «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» соати тарбиявӣ доир намуд. Синф бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, гӯшаю овезаҳои гуногун, ки маҳсули заҳмати омӯзгоранд, синфро оро медоданд. Ду нафар хонандаи хурдсол назди тахта дар нақши ровӣ машғулиятро пеш бурданд. Онҳо бо навбат дар бораи таърихи пойтахти тоҷикон, пешрафт, дастовардҳои иқтисодию
фарҳангии он, бахусус, даврони истиқлол бо далелу мисолҳои мушаххас ҳарф мезаданд. Дохили ҳуҷраи таълимӣ ноаён мусиқӣ танин меандозад. Зери оҳанги дилошуби мусиқӣ нафаре аз толибагони хурдсол ба рақс медарояд. Пас аз анҷоми рақси зебо ровиёни наврас аз ҳамсинфони худ хоҳиш мекунанд, дар васфи пойтахти диёри хеш шеърҳо қироат намоянд. Аҳли синф бо навбат шеърхонӣ карданд. Аз ҷумла, нафаре аз хонандагон шеъре қироат кард, ки бо чунин мисраъҳо оғоз мегардад: Эй, Бухорои ҷавони тоҷикон, Таҷассуми ҷовидони тоҷикон. Бале, Душанбеи имрӯза чун мероси оли Сомон, Бухорои ҷавони тоҷикон аст. Бухорое, ки бо амри тақдир аз марзи кишвар берун монд. Ва ин рисолат бар дӯши Душанбе афтод. Имрӯз дидаи тамоми тоҷикони олам сӯйи Душанбе – хонаи умеди тоҷикон, бо меҳри беандоза нигарон аст. Пас аз анҷоми шеърхонӣ бозии «Аннавора» доир гардид. Дар тахтаи синф чанд қатор катакча кашида шуд. Ровиён аз ҳамсинфон хоҳиш карданд, калимаҳое номбар намоянд, ки ба ҳар қатори катакча мувофиқ ояд. Дар бозӣ ширкати хонандагон хеле фаъолона буд. Ҳар кадом мехост калимаи мувофиқ ёбад. Баъдан бо иштироки чанд нафар хонанда саҳнача оғоз ёфт. Иштирокчиёни он - писаракон намояндагони маҳалҳои гуногуни кишвар маҳсуб меёфтанд. Онҳо дӯстона вохӯрда, ҳар кадом аз куҷо будани худро муаррифӣ карданд. Сипас, аҳд мебанданд, ки ҳаргиз ба маҳалчигӣ роҳ нахоҳанд дод. Дар қисмати дигари соати тарбиявӣ хонандагон дар бораи шаҳри Душанбе байни ҳам суолу ҷавоб карданд. Дар поёни дарс бошад, ҳама якҷо дар васфи Душанбе суруди умумӣ суруданд. Ҷузъи муҳимтарини дарси тарбиявии омӯзгори собиқадор Зебунисо Мирзошоева аз он иборат буд, ки аҳли синф ҳама ширкати фаъолона доштанд. Умуман, гӯем, ки машғулиятро худи шогирдон гузаронданд, хато нахоҳад шуд. Дар ин бора чанд нафар аз ҳамкасбони ӯ ки дар машғулият иштирок доштанд, изҳори ақида намуданд. Омӯзгор З. Мирзошоева бошад, ба ҳайси тамошобин дар гӯшае ҳузур ва рафти машғулиятро назора дошт. Ҳамин тавр, соати тарбиявии омӯзгор Зебунисо Мирзошоева, ки ба ҷашни 90-солагии пойтахти кишвар бахшида шуд, шавқовару хотирмон сурат гирифт.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
тани сатҳи маърифати экологии аҳолиро аз самтҳои муҳимтарини фаъолият мешуморад, - мегӯяд сардори ташкилоти мазкур Аъзамҷон Бобоҷонов. Воқеан, аз таъсисёбии мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист дар вилоят соли равон 25 сол пур мешавад. Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон аз тариқи матбуоти даврӣ 80 мақола, ба воситаи телевизион – 81, радио 123 хабару барнома таҳия ва пешкаш гардонида шудааст. Инчунин, зимни семинару озмун, намоишгоҳҳо, вохӯрию мулоқот дар мактабу боғчаҳо мавзӯи ҳифзи муҳити зист, тозагии маҳал ва кабудизоркунӣ, риоя намудани қонуни ҳифзи табиат баррасӣ шуд, ки барои амалӣ шудани сиёсати экологии
солҳои 2005-2015» 18 марти соли равон семинари вилоятӣ зери унвони «Об - сарвати гаронбаҳои табиат» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, Раёсати мелиоратсия ва хоҷагии оби вилоят, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал», МНДСЭ, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист», устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолиятро баҳри таъмини назорати давлатии ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз қабили ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи
Мазан теша бар реша… Тарбия ва маърифати экологӣ фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Бори нахуст соли 1866 вожаи экологияро (экология аз калимаи юнонии «oicos» - хона, паноҳгоҳ, «logos» - илм, таълимот) олими биологи олмонӣ Эрнест Геккел истифода бурдааст. Табиати диёри мо, Тоҷикистони офтобиро аз он ҷиҳат шабеҳи Швейтсария меҳисобанд, ки дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс асолату гуногунии биологиро бештар нигоҳ доштааст. Ҳар қадар, ки илму техника тараққӣ ёбад, дахолат ба равандҳои табиӣ зиёдтар ба мушоҳида расида, ба муаммоҳои экологӣ дучор меоем. Кадом омилҳо моро водор мекунанд, ки ба проблемаҳои экологӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем? Зиёд шудани нуфуси аҳолии сайёра, талаботи рӯзафзун ба озуқаворӣ инсониятро водор месозад, ки минтақаҳои азими қитъаҳои оламро дигаргун созад. Бинобар ин, масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ҳар фарди соҳибидрокро ба андеша водор мекунад. Дар ҳалли ин ҳама ҷустуҷӯву интихоби дурусти роҳу воситаҳои самарабахш зарур аст, то ки табиат ҳаёти солими насли ояндаи инсонро таъмин намояд. Дар кишвари мо барои ҳалли муаммоҳои экологӣ диққати махсус дода мешавад. Дар ин раванд тарғибу ташвиқи донишҳои экологӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муносибати гуманистӣ ба табиат, покиза нигоҳ доштани обу ҳаво, расидан ба қадри бойигариҳои табиӣ торафт ҳаводорони бештар пайдо менамояд. Дар мактабу кӯдакистонҳо бахшида ба ин сана чорабиниҳои мухталиф, семинару конфронсҳо баргузор менамоянд. - Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баланд бардош-
Бозор СОБИР
Муҷассамаи Айнӣ
Халқ ҳамчун пайкареву пайкаре чун халқ хест, Кӯҳи хоропайкаре дар ҳайкале бедор шуд. Рӯи ӯ бар сӯи мову рӯи мо бар сӯи ӯст. Халқ дар тимсоли Айнӣ халқи минбардор шуд. Ҳайкали ӯро ба ҳукми ҳайкали фарҳанг бин, Нангро дар санг бину сангро дар нанг бин. Ҳар кӣ ӯро дид агар, Фирдавсии нодида дид, Бори Рустамро ҳанӯз аз Рахш ноафтида дид.
9
Давлати дохундаҳо дар ӯ таҷассум кардааст Он чи дар лаб, он чи дар дил, он чи дар сар доштаст. Дар хаёлам ному нангашро ба ҳукми пайкаре Мардуми бо ному нанге рӯи каф бардоштаст. Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад, Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад. То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд, То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд. Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт, Дар лаби Вахшу Зарафшон мрдуме беоб буд. Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар, Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар. Дар Фаранг аз аҳди Сомон гар асар мекофтанд, Дар Бухоро тӯдае дуздона зар мекофтанд. То ба Айнӣ шоирон танҳо ба танҳо хондаанд, Ӯ суруди инқилоби халқро бо халқ хонд. То ба ӯ аз шоирон девону дафтар мондааст, Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам Ватан, ҳам халқ монд.
кишвар мусоидат менамоянд. Моҳи марти соли равон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даври вилоятии Форуми ҷумҳуриявии экологони наврас дар асоси «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни хонандагони синфҳои 7-11-и муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар он аз рӯи 5 номинатсия: «Гуногунии биологии Тоҷикистон», «Инсон ва муҳити офаридаи он», «Манбаъҳои алтернативии энергия ва захираи он», «Захираҳои табиӣ», «Тағйирёбии иқлим» ғолибон муайян ва соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об ва «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт барои
кишоварзӣ, муаммоҳои партовҳои бесоҳиб ва муомилот бо лампаҳои корношоями симобдор, ҳолати иншооти обтозакунӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нигоҳ доштани олами наботот, ҳайвонот ва гуногунии биологӣ, мониторинги муҳити зист, бо сифати муайян ва сари вақт гузаронидани экспертизаи экологӣ, муаммоҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадии вилоят, зиёд намудани захираҳои моҳӣ дар ҳавзаи Сирдарё ва дигар масъалаҳои доғи соҳа равона кардааст. Аммо ин ҳама танҳо бо дастгирии аҳолӣ ва аз маърифати экологии шаҳрвандон вобаста аст.
Обидҷон КАРИМӢ, Мирзоэргаш УРУНОВ
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ, Чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ. Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст, Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст. Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард, Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард. Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате, Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате. Гар забони шоиронро қавмҳо бикшодаанд, Ӯ ба шеъри худ забони қавмро бикшодааст. Мардуме гар дода оламро каси фарзонае, Оламеро Айнии фарзона мардум додааст… Шукри ин марде, ки рӯи хораҳои кӯҳсор Дар замин ҳамқомати давру замон истодааст, Ҳамчу пири тоҷикон бо ҳайати пиронааш, Дар мадори Тоҷикистони ҷавон истодааст. Баъд аз ин бо зиндагонӣ зиндагонӣ мекунад, Нашканад санги ҳаводис сангҳои ҳайкалаш. Вақт агар вақте кунад аз рӯи ӯ қатъи назар, Пешпоӣ мехӯрад дар санги пои ҳайкалаш.
e-mail: javonontj@mail.ru
Мардуми дорои фарҳанги қадимаи мо қаринаҳое дорад, ки бидуни ҳеҷ як шарҳу эзоҳ дар гузашта онро риоя мекарданд ва он ҳама ба манфиати омма равона гардидааст. Масалан, ба оби равони ҷӯйбор рехтани мағзоба, хокистар, порӯ ё сӯхтани устухон, вайрон кардани лонаи парандагон «гуноҳи азим» ҳисобида мешуд. Ин анъанаро, ки дорои садҳо саволи беҷавоб аст, аз баландии маърифати экологии ниёгон ҳисобидан айни муддаост.
15 АПРЕЛ - ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
15 АПРЕЛ – РУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ БУД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
10
ФАРҲАНГ
Суннатҳои мардумӣ тарбия мекунанд Суннатҳои мардумӣ дар ҳамаи давру замон муаррифкунандаи ин ё он фарҳангу тамаддун буд, ҳаст ва мемонанд. Суннат расму одатҳоест, ки дар доираи як халқу миллат ё қавми алоҳида пайдо шуда, бо вуҷуди тағйироти ҷамъият нуфузи худро аз даст надода, дар бунёди фарҳангу тамаддуни башар нақши арзанда дорад. Мутаассифона, имрӯз бо вуҷуди пешрафти техникаву технология иддае аз ҷавонон ба омӯхтани суннату арзишҳои миллӣ мароқ зоҳир намекунанд. Аз ин лиҳоз, оид ба суннатҳои қадимии мардумӣ ва арзишҳои онҳо сӯҳбате доштем бо номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ҳайдар Тавакалов. - Шумо ҳамчун пажӯҳишгар баъзе аз нозукиҳои суннатҳои қадимии мардумро таҳқиқ кардаед. Бигӯед, ки суннати мардумӣ ва арзиши он гуфта мо чиро дар назар дорем? - Ман бар он ақидаам, ки ниёзҳои асри муосир далолат намекунад, ки онро нодида гирем, балки онро бояд бо ҳамаи шириниҳояш бипазирем. Чунки дар замони муосир суннатҳо ҳамчун арзиши умумимиллӣ шинохта шуда, дар равобити фарҳангӣ чун мероси бою гаронбаҳо эътироф гардидаанд. Суннат чизест, ки аз гузашта ба насли имрӯза боқӣ мондааст. Суннат чароғест, ки аҷдодонамон фурузониданду то ба имрӯз шӯълаҳояш хомӯш намегарданд. Суннат оинест, ки гузаштагонамон иҷро мекарданд ва мо низ дар навбати худ ба он арҷ мегузорем. Агар гӯем, ки суннат миёнарав байни гузаштаю имрӯз
мебошад, хато намекунем. Арзиши суннатҳо дар таҷрибаи бойи ниёгонамон нуҳуфтаанд. Онҳо мисли ҳамдигарро ҳурмат кардан, ба роҳи рост рафтан, ба корҳои ношоиста даст назадан, дурӯғ
бот ба пешрафти маънавӣ зиёд аст. Гуногунӣ ва ё арзишҳои беҳтарине, ки дар суннати мо нуҳуфта аст, бояд омӯхта шаванд. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки инсонҳо на фақат дар ҷомеаи
гардад. Оид ба равобити фарҳангӣ, аз лиҳози суннати мардумӣ миёни Шарқу Ғарб, чӣ андеша доред? - Суннатҳои мардумӣ дар за-
нагуфтан ва ғайраҳо буда, моро гӯшзад мекунанд, ки дар ҳар давру замон инсон ба ин арзишҳо муҳтоҷ аст. Мо бояд ҳамеша нисбат ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Умуман, суннат ё арзиши миллӣ мактаби ахлоқ аст, ки сабақ омӯхтан дар ин дабистон аз манфиат холӣ нест. - Имрӯз бештари ҷавонон ба арзишҳои гузаштагонамон таваҷҷуҳи кам доранд. Иллати ин амали онҳоро дар чӣ мебинед? - Насле, ки мегузарад, заҳмати зиндагии худро ба насли дигар боқӣ мемонад, то ки онро қадр намуда, барои насли оянда мунтақил созанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои мо имрӯз бархе аз ҷавонони муосир нисбат ба суннатҳои гузаштаи худ бепарво ҳастанд. Суннати гузаштагон барои насли наврас аз он ҷиҳат муҳим аст, ки имрӯз тала-
исломӣ, балки ба фарҳангҳои дигар низ бархурд мекунанд. Пеш аз ҳама, камбудӣ дар худи мардум аст. Ба суннат кам таваҷҷуҳ доранд, бахусус, ҷавонони муосир. Ашхоси донандаи арзишҳои миллӣ бояд ба таври бояду шояд ташвиқу тарғиби беҳтареро ба роҳ монанд. Ҷавонон ба ҷойи омӯзиши суннати арзишноки худ тақлид ба фарҳанги бегонаро интихоб кардаанд. Ин ҳам хуб аст. Вале суннату арзиши миллии худро набояд дар назди фарҳанги бегона паст зад. Дар суннат бояд суннатгароӣ набошад, онро тавре ба замон тобиш диҳад, то барои такмили маънавиёти мардум ғизои хуб дода тавонад. Агар тавонанд, дар омехтагӣ аз арзишҳои хуби ду фарҳанг (Шарқ ва Ғарб) чизи нави замонавиро инкишоф диҳанд, ки писанди ҳамагон гардад. Мутмаинам аз ин амали онҳо ҳам ҷомеа пеш мераваду ҳам барои насли оянда сабақу ибрат ме-
мири хеш суннатҳои ақлонии зиёде дошта, барои пешрафти маънавиёти аҳли башар кӯмак хоҳанд кард. Аз ин лиҳоз, дар асри XXI таваҷҷуҳ ба омӯзиши суннатҳои мардумӣ афзудааст. Ба андешаи мо, имрӯз таваҷҷуҳи уламои Шарқ ва Ғарб ба намудҳои суннатҳои мардумӣ афзудааст. Бояд гуфт, ки хубтар ба роҳ мондани масъалаҳои фарҳангӣ ва табодули афкори байни ҳамдигарӣ, аз мероси бойи ҳамдигар огоҳ шуда ва бо ҳам қисмат кардани он яке аз маъсулиятҳои умумибашарии инсонҳо гардидааст. Он суннату арзиши миллии мо, ки имрӯз чӣ назари мутафаккирони Шарқ ва чӣ Ғарбро ба худ кашидааст, бояд муаррифгари миллати мо дар миқёси ҷаҳони мутамаддин гардад. - Мегӯянд ҳар фарҳанг аз фарҳанги дигар ғизо мегирад. Оё дар бархурди фарҳангҳо мумкин аст, ки суннат арзи-
шашро аз даст диҳад? - Агар ба омӯзиши суннат кам таваҷҷуҳ шавад ё агар инсон аз тавоноии гузаштаи худ маҳрум гардад, он гоҳ як халои ахлоқӣ дар миёни ҷавонон, ки парвардаи омӯзиши суннат дар асри муосир ҳастанд, пайдо мешавад. Имрӯз ҷаҳон бо суръати хеле баланд пеш меравад. Фарҳангу тамаддунҳои тарақикарда метавонанд фарҳанги қафомондаро аз байн баранд. Чун фарҳанги мо дар такя ба арзишҳои волои суннатамон хеле бой ва дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст, бояд дар гирдоби пуртуғёни бархурдҳо ғарқ нагардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки бо ҳар роҳу усул суннатамонро аз вартаи ғарқшавӣ эмин дошта, онро барои ояндагон ба мерос гузорем. Ин масъулият бар дӯши насли ҷавон аст. Он суннати арзише, ки мо дорем, бояд имрӯз дар байни мардум гаштаву баргашта талқин гарданд. Гуфтаниам дар ин самт васоити ахбори омма ашхоси донандаи суннату арзиши миллӣ, нашри мақолаҳои наву нашрияҳои нав перомуни ин масъалаҳо метавонанд саҳми арзанда гузоранд. Дар суннати мардумӣ падидаҳои хуби тарбиявию ахлоқӣ маҳфузанд, ки барии тарбияи насли имрӯза хеле муфиданд. Онҳо дар пешрафти маънавиёти мардум кӯмак намуда, пояи арзиши миллиро нигоҳ дошта, фарҳанги ғании миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад. Бедор кардани ҳисси арҷгузорӣ ба суннатҳои волои миллиамон миёни насли наврас вазифаи ҳар яки мо мебошад. Зеро агар имрӯз лаҷоми гароиш ба фарҳанги дигарро гирему суннату арзиши миллии худамонро ба пояи маҳвшавӣ расонем, ояндаи фарзандонамон норӯшан мемонад. Ин амали нобахшиданист.
Мусоҳиб Саъдоншоҳи РАМАЗОНШОҲ
ТАШАББУС
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳар кори нек садақа аст
То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ҳазорон нафар ҳамватанонамон берун аз кишвар бо меҳнати сангину машаққати худ, ба қавле, бо нӯги сӯзан маблағ ҷамъ мекарданду баъди баргаштан бо барпо кардани тӯйҳои дабдабанок ва маросимҳои беарзиш онро барбод медоданд. Аз хӯрдану пӯшидану мастона рақсидан барои ояндаи худу фарзандонашон фоидае намерасид. Аҳли маҳалла низ аз зиёфати дабдабанок ҳамагӣ чанд соат сер мешуданду бо ҳамин лаззати зиёфат аз хотирҳо фаромӯш мешуд.
Хушбахтона, баъди қабули қонуни мазкур ва бурдани корҳои таблиғотӣ теъдоди чунин исрофкориҳо кам шуда, мардум барои ояндаи неки худу фарзандонашон маблағ сарф карданро ёд гирифтанд. Сокини деҳаи Муъминободи ноҳияи Ҳисор Ҳоҷӣ Сайфуллоҳ Ашӯров чанде пеш духтарашро ба хонаи бахт гусел кард. Қабл аз тӯй тасмим гирифт, ки дар ободии деҳа саҳм гузорад. Бо мақсади навсозии пул (купрӯк)-и деҳа, ки дар ҳоли валангоршавӣ қарор дошт, 40 халта (2 тонна) семент харид. Ин иқдоми ӯро ҷавонмардони деҳа бо роҳбарии раиси маҳалла Ҳоҷӣ Файзуллоҳ Ҳафизов ҷонибдорӣ карда, қуму
шағал хариданд. Ду тарафи дарёро бетонпӯш карда, пулро нав карданд. Ҳамчунин, сокинони деҳа Муҳаммадшокир Носирзода, Зариф Ғафурзода ва Ҷамолиддин Шарифзода ташаббус нишон дода, қариб 100 метр ҷӯйи марказии деҳа ва як қисми роҳи фарсудашударо бо сифати баланд бетонпӯш намуданд. - Бунёди пулу роҳ, об баровардан, ниҳол нинониданро ниёгонамон садақаи ҷория меҳисобиданд, - мегӯяд раиси ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор Сафаралӣ Усмонов. - Солҳои охир ҷавонмардони деҳаи Муъминобод бо маслиҳати пирони рӯзгордидаи деҳа дар
ободии маҳаллаи худ бештар саҳм мегузоранд. Саҳми онҳо дар таъмири мактаб, ҳамвор кардани роҳ, бунёди арчазор назаррас аст. Онҳо дарк намудаанд, ки аз оростани маъракаҳои пуркарру фар дида, каме ҳам бошад, дар ободии деҳа саҳм гузоштан савобу самараи бештар дорад. Тавре Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ таъкид намуданд, садақот аз рӯи моҳияти худ метавонад ба рафъи камбизоатӣ ва ободии маҳал мусоидат намояд.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Хароҷоти судӣ, хароҷоти вобаста ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти судии иқтисодии ба зиммаи тарафҳо, шахсони сеюми мустақил вогузоршуда буда, мақсади он ҷуброни хароҷоти давлат ва водор кардани шахсони манфиатдор ба ҳалли баҳсҳо, мувофиқи қонун бе дахолати судист. Хароҷоти судӣ аз боҷи давлат ва хароҷоти вобаста ба баррасии парванда дар суди иқтисодӣ иборат мебошад. Байни боҷи давлатӣ ва хароҷоти судӣ фарқ ҷиддист. Якум, боҷи давлатӣ пардохти ҳатмӣ барои амалҳоест, ки судҳои иқтисодӣ иҷро мекунанд. Хароҷоти судӣ барои пӯшонидани хароҷоти вобаста бо гузаронидани санҷиш, даъвати шоҳидон ва ғайра таъин шудааст. Дуюм, ҳаҷми боҷи давлатӣ аз тарафи қонун муқаррар шуда, ба нархи даъво вобастааст. Хароҷоти судӣ аз рӯи хароҷоти ҳақиқии харҷшуда муайян мегардад. Сеюм, боҷи давлатӣ ба буҷаи давлат ворид мешавад, аммо хароҷоти судӣ ба шахсони иштирокчии парванда, ки харҷи муайян кардаанд ё бевосита ба шаҳрвандон, мутахассисон, тарҷумонҳо ва ғайра пардохт мешавад. Боҷи давлатӣ пардохти ҳатмӣ буда, барои анҷом додани амал аз тарафи суди иқтисодӣ доир ба баррасӣ, ҳал ва додани ҳуҷҷатҳо пардохт мешавад. Аз тарафи судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли гузашта 293 адад парванда баррасӣ, ба буҷаи давлат 631278,43 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Аз аризаҳои даъвогие, ки ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, боҷи давлатӣ ба андозаи зерин ситонида мешавад: - аз аризаҳои даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ - 2 фоиз; - аз нархи даъво, аз аризаҳои даъво оид ба баҳсҳое, ки ҳангоми бастан, тағийир додан ё бекор кардани шартномаҳо ба амал меояд ва оид ба баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо - андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; - аз аризаҳои даъво дар бораи пурра ё қисман беэътибор донистани санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлатӣ, ба-
рои шахсони воқеӣ - ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; - аз аризаҳои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, аз ҷумла, аз аризаҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқ, маҷбур намудан ҷиҳати иҷрои удадориҳо дар шакли асл - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; - аз аризаҳо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи даҳкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; - аз аризаҳо дар бораи муқаррар намудани далелҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд
Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаи иҷро баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои иҷрои фаврӣ. Варақаи иҷроро суди иқтисодӣ барои рӯёнидани маблағи пулӣ ба фоидаи буҷа ба мақомоти андоз, дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба маҳали ҷойгиршавии қарздор мефиристад. Бо назардошти ин бо ҳалномаи судӣ маблағҳои ба манфиати давлат боҷи давлатии руёнидашуда, барои иҷро ба мақомоти андоз ирсол мешавад. Барои аризаҳои даъвогие, ки дар як вақт ҳам талаботи хусусияти амволӣ ва ҳам хусусияти ғайриамволӣ доранд, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаҳои даъвогии хусусияти амволӣ дошта ва ҳам барои аризаҳои даъвогии ғайриамволидошта си-
намудани беҳурматӣ нисбат ба суд дар он маврид анҷом дода мешавад, ки агар ин амал боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ нагардад. Ҷаримаи судӣ, ки аз ҷониби Суди иқтисодӣ нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, дигар мақомот ва ташкилотҳо татбиқ гаштааст, аз маблағҳои шахсии онҳо рӯёнида мешавад. Масъалаи ҷаримабандии судӣ нисбат ба шахси дар маҷлиси судӣ ҳузурдошта дар ҳамон маҷлиси судии Суди иқтисодӣ ҳалли худро меёбад. Масъалаи ҷаримабандии судӣ нисбат ба шахсе, ки дар маҷлиси судӣ ҳузур надорад, дар дигар маҷлиси судии Суди иқтисодӣ ҳал карда мешавад. Шахсе, ки нисбат ба ӯ масъалаи ҷаримабандии судӣ баррасӣ мегардад, оид ба вақт ва маҳалли (ҷойи) маҷлиси судӣ бо нишондоди асосҳои гузаронидани маҷлиси судӣ
- ба андозаи секаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; - аз аризаҳо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақили худро пешниҳод менамояд, ки мутобиқи андозаи боҷи давлате, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти ғайримолумулкӣ пешбинӣ шудааст, нисбат ба баҳсҳои дорои хусусияти молумулкӣ - тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди якуми ҳамин қисм, ки андозаи маблағи баҳсшаванда барои шахсони сеюм ҳисоб карда мешавад, аз шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ нисбат ба ҳалнома ва қарорҳои Суди иқтисодӣ, ҳамчунин, нисбат ба таъинот дар бораи қатъ намудани истеҳсолоти парванда, бе баррасӣ мондани даъво, дар бораи таъини ҷаримаҳои судӣ, рад кардани додани варақаи иҷро - 50 фоиз аз андозаи боҷи давлатӣ, ки ҳангоми додани аризаи даъвогӣ ситонида мешавад. Барои аризаи даъвогие, ки ҳамзамон, дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ мебошад, дар як вақт боҷи давлатӣ барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ муқарраргардида ситонида мешавад. Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 296
тонида мешавад. Мувофиқи талаботи моддаи 16 КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди иқтисодӣ барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассиаю ташкилот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмист. Иҷро накардани санадҳои судӣ ва талаботи судҳои иқтисодӣ боиси ҷавобгарие мегардад, ки дар КМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Яке аз чунин ҷавобгариҳо ҷаримабандист. Ҷаримаи судӣ чораи молии таъсиррасонӣ ба шахсонест, ки дастурҳои мақомоти судиро иҷро намекунанд. Ҷарима ба буҷаи давлат ворид мегардад. Ҷаримабандии судӣ аз ҷониби Суди иқтисодӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи кодекси мазкур анҷом дода мешавад. Ҳаҷми ҷаримаи судӣ нисбат ба шаҳрвандон наметавонад аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои шахсони мансабдор бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои ташкилот сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад нисбат ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони дар толори маҷлиси судӣ ҳузурдошта барои зоҳир намудани беҳурматӣ нисбат ба суд ҷарима бандад. Ҷаримабандии судӣ барои зоҳир
хабардор карда мешавад. Сари вақт ҳозир нашудани шахси ба таври дахлдор хабардоркардашуда барои баррасии масъалаи ҷаримабандии судӣ дар маҷлиси судӣ монеъ шуда наметавонад. Суди иқтисодӣ оид ба натиҷаҳои баррасии масъалаи ҷаримабандии судӣ таъинот мебарорад, ки он ба шахси ҷаримабандишуда дар муҳлати панҷ рӯзи баъди баровардани таъинот фиристонида мешавад. Таъиноти Суди иқтисодӣ оид ба ҷаримабандии судӣ аз ҷониби шахсе, ки нисбаташ ҷарима татбиқ шудааст, дар муҳлати даҳ рӯзи баъди гирифтани нусхаи таъинот мавриди шикоят қарор гирифта метавонад. Додани шикоят аз рӯи таъинот оид ба ҷаримабандии судӣ боиси боздоштани иҷрои таъинот шуда наметавонад. Дар фарҷом зикр намудан бамаврид аст, ки зиёд гардидани баҳсҳои дорои характери иқтисодӣ дар истеҳсолоти судҳои иқтисодӣ, нишонаи инкишофи батадриҷи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва мустаҳкамшавии заминаи ҳуқуқбунёдии давлат мебошад.
Хароҷоти судӣ ва ҷаримаҳо дар судҳои иқтисодӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
11
МАЪЛУМОТИ ҲУҚУҚӢ
П. МИРЗОЕВ, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Дар таркиби хазинаи тамоми забонҳо мо калимаи «фемида»ро вомехӯрем. Дар Тоҷикистон баъди барҳам хурдани шакли қозиву ҷаллод ба вуҷуд омадани мафҳумҳои «суд», «судя», «прокурор», «прокуратура», «адвокат» ва «адвокатура» шабаҳе дар миёни қонунгузорон номаълум сайр мекард, ки аҳён-аҳён медонистанд, ин шабаҳ Фемида аст. Фемида аз қарнҳои дури дур пеш аз эраи мо ҳамчун рамзи АДОЛАТ ва БАРОБАРӢ дар ҷомеа будааст, ки баъдан бо рамзи тарозу ва маҳаки тарозу ва шамшер арзи вуҷуд намудааст. Таърихнигорон боз бар ин ақидаанд, ки Фемида ҳамсари дуввуми Зевс буда, зебою адолатхоҳ ном баровардааст. Зевс дар сарчашмаҳо яке
аз Худоёни пешини Юнони қадим ном бурда мешавад. Фемида зани зебо, хирадманд ва адолатпарвари замони худ буда, дар ҷашну ташкили бозиҳои варзишӣ ва ҳалли баҳсҳо дар тарафи рости Зевс иштирок намуда, бо иҷозати Зевс ғолибони бозиҳоро муайян карда, адолатро таъмин менамуд . Дар бештари ҳолатҳо санадҳои баровардаи Зевсро дар байни мардум хонда, эълон мекард. Фемида ҳангоми эълони санадҳо дар бар либоси махсус мепушид ва дар дасташ воситаҳои муайянкунандаи ҳақиқат ва ростиро мавриди истифода қарор медод. Инчунин, Фемида бо чашмони баста баромадҳо мекард, ки ин рамзи беғаразӣ ва холисиро дорад. Рамзи китобу мор ҳам дар Фемида вуҷуд дошт ва дар аксар давлатҳои ҷаҳон ин рамзҳо дида мешавад. Китоб рамзи хирад, қонунҳо ва мор рамзи зулмот-торикист. Фемида морро зери по гузошта меистад. Ин маънои онро дорад, ки одамон бояд зулмотро бикӯшанд ва адолату озодиро таъмин намоянд.
Онҳое, ки ҷавон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор меоянд, бояд аз таълимоти Фемида баҳравар шаванд, то нагузоранд, ки заррае дар адолати судӣ зулмот дохил нашавад. Зеро ояндаи мақомоти судӣ, прокурорӣ, адвокатӣ ба дасти ҷавонон аст. Бояд насли ҷавон донад, ки дар назди халқашон ва дар назди руҳи аввалин адолатпарвар Фемида дар амалисозии адолат масъулият дошта бошанд. Дар Тоҷикистон аз рӯи қонунгузории мамлакат зан ва мард дар ҳама ҷабҳаҳо баоробар ва баробарҳуқуқанд, маошу нафақаи онҳо якхелаанд, имрӯз мушоҳида мешавад, ки орзӯи Фемида дар баъзе мавридҳо коста мегардад, нобаробарӣ бараъло ҳис мешавад. Шояд вақте расад, ки орзую омоли Фемида дар Тоҷикистон пурра амалӣ шавад.
Маҳмудҷон ҲОМИДОВ, котиб-коршиноси Суди ноҳияи Сино
e-mail: javonontj@mail.ru
Фемида дар Тоҷикистон…
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
12
ҚАДРДОНӢ
БОКС
Медали нуқраи Анвар Юнусов дар Варшава Анвар Юнусов, муштзани маъруфи кишвар, дар мусобиқаи XXXI байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи мураббии машҳур Феликс Штамм, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир гашт, медали нуқра ба даст овард.
Раҳимов қадрдонӣ шуд Ҳамзаалӣ Раҳимов, собиқадори варзиш барои хизматҳои шоён ва дастгирии бевосита дар рушду густариши соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Ёвон бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Унвонро зимни як ҷамъомад 10 апрел Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Ҳ. Раҳимов супурд. М. Неъматов аз ташаббусҳои Ҳ. Раҳимов дар дастгирии варзишгарон, интихоб ва дарёфти варзишгарони касбӣ ва тарбияи онҳо барои расидан ба дарҷаҳои баланди варзишӣ ёдовар шуда, гуфт, “мо бо чунин мардон ҳамеша ифтихор мекунем. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки варзишгарони ноҳия дастовардҳои хуби варзиширо соҳиб мешаванд”.
ТАКМИЛИ ТАҶРИБА
Кормандони ХДО Кӯлоб пешсаф 10 апрели соли равон дар варзишгоҳи машқию таълимии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон мусобиқаи варзиши сабук доир гашт. Ҳамза Бобоев, корманди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, мустаҳкам намудани саломатии онҳо, баланд бардоштани малакаи касбӣ, ҳолати омодабоши ҳайати шахсӣ ҳангоми хомӯш намудани сухтор дар байни кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуд. Иштирокчиён аз рӯи давидан ба масофаи 5000 метр, турниккашӣ ва эстафетаи шведӣ рақобат карданд. Дар натиҷа, дастаи қисми 33-и ХДО дар шаҳри Кӯлоб сазовори ҷои аввал, дастаи қисми 48-и ХДО дар ноҳияи Бохтар сазовори ҷои дуюм ва дастаи қисми 6-и ХДО дар НБО “Норак” сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибон бо “Ифтихорнама”, тӯҳфаҳои омоданамудаи Раёсати Хадамоти оташнишонии вилоят ва медалу “Ифтихорнама”-и Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқа 8-13 апрел баргузор шуд. Анвар дар вазни то 60 кило нахуст бар Артур Субҳонқулови русиягӣ, баъдан бар Де Ҷесус Ҷодисони бразилӣ, сипас, бар Давид Оливер Ҷоуси ирландӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Отар Ераносян аз Гурҷистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ 98 мард ва 43 зан аз 23 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Лаҳистон бо 4 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби Русия бо 2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дуюм ва тими мунтахаби Гурҷистон бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
Чемпионати мамлакат оғоз ёфт 12-13 апрел Чемпионати XXIII мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шуд. Дар даври аввал дастаи нави лигаи олӣ – “Далерон-Уротеппа” дар майдони худ тими “Энергетик”-и Душанберо қабул кард. Бозӣ мусовӣ (1:1) хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқи 30 бозингари меҳмонон Ҳасан Рустамов кушод. Голи ҷавобиро бозингари мизбонон Абдураҳмон Қурбонов дар дақиқаи 36 зад. Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе “Истиқлол” бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Хуршед Маҳмудов ба дарвозаи собиқ дастааш дар дақиқаи 28 зад. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Алия Силла, бозингари КМВА “Помир” дар дақиқаи 30 ҳисобро кушод. Ҳамдастааш Фаридун Шарифов баъди 8 дақиқа ҳисобро афзуд. Бозингари “Хайр” Мирзобек Мирзоев дар дақиқаҳои 45+1 ва 90+1 ду гол зада, дастаашро аз бохт наҷот дод. Дар бозии дигар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ аз дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 88 Манучеҳр Аҳмадов
ба ҳадаф расонд. Бозии дастаҳои “Равшан” бо “Парвоз” ба 7 май гузаронда шуд. “Истиқлол”-у “Хуҷанд” бо 3-холӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтанд. Дастаҳои “Хайр”, КМВА “По-
мир”, “Энергетик”, “ДалеронУротеппа” мутаносибан дар ҷойҳои 3-6 қарор доранд. “Регар-ТадАЗ” ва “Вахш”, ки бозиро бохтанд, дар мақомҳои 7-8 қарор доранд. “Равшан” ва “Парвоз”, ки бозӣ накардаанд, рӯйхатро ҷамъбаст мекунанд.
ГӮШТИНИ МИЛЛӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷоми ДМТ насиби ДТҶТ шуд Дар Чемпионати кушод оид ба гӯштини миллӣ, ки баҳри дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури 13 даста аз донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат 11-13 апрели соли равон баргузор шуд, 300 варзишгар аз рӯи 9 вазн (55, 60, 65, 70, 75, 80, 85, 96 ва +96) қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа, паҳлавонони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов маҳорати баланд нишон дода, тавонистанд аз рӯи шаш вазн ғолибият ва дар ду вазн мавқеи сеюмро ба даст оварда, ба гирифтани Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мушарраф гарданд. Баҳри ба даст овардани ғолибият ҳиссаи варзишгарон - донишҷӯёни факултаи варзиш Сайдур Дадаев, Беҳрӯз Хоҷазода, Амонулло Азимов,Сайҷамол Алимардонов, Одил Саидов, Сӯҳроб Муъминов, Сӯҳроб Давлатзода ва Абдувалӣ Гадоев (аз факултаи омодагии дифои ҳарбӣ) хеле калон аст. Инро ба назар гирифта, роҳбарияти донишкада онҳоро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар сурат (аз чап ба рост) устодони кафедраи намудҳои варзиши миллии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷамшед Ибронов (мудир) ва Раҳматҷон Мирзоев.
Рушди соҳаи варзиш, комёбии варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи баланд боиси муаррифии ҳар як давлат аст. Масъулияти таъмини раванди олимпӣ, омодасозии варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, пешбурди соҳаи варзиш ба зимаи Кумитаи милии олимпӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва федератсияҳои варзишӣ вогузор шудааст. Тамоми давлатҳо кӯшиш мекунанд, то варзишгаронашон дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст оранд. То ин дам на ҳамаи 204 кишвар соҳиби медали олимпианд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо гирифтани 3 медал дар қатори кишварҳои медалдори ҳаракати олимпӣ шомил гаштааст. То Бозиҳои олимпии Бразилия-2016 муҳлати кам мондааст. Варзишгаронро лозим меояд, ки
«Одина» варзишгаронро дастгирӣ мекунад
омодагиро ба ин мусобиқаи бонуфуз дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Зеро барои гирифтани роҳхати олимпӣ бояд дар мусобиқаҳои литсензионӣ комёбӣ ба даст оранд. Барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад, маблағ зарур аст. Ҳафтаи гузашта миёни Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Федератсияи гӯштини дзю-дои Тоҷикистон ва Ширка-
ти заршӯии «Одина» шартнома имзо гардид. Ширкати «Одина» тасмим гирифт, ки минбаъд то сафарбаркунии варзишгарон ба Олимпиадаи Бразилия-2016 ба як қатор варзишгарон стипендияи ҳармоҳа медиҳад. Варзишгарони мазкур гирандагони стипендия гаштанд: Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён, Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Расул Абдуша-
рифов ва Искандари Рустам. - Аз ин пеш ҳам ширкати «Одина» дар чанд чорабинии сатҳи байналмилалӣ саҳм гузоштааст, - гуфт Маликшо Неъматов. - Чунончи, саҳми ширкати мазкур дар мусобиқаи байналмилалии гӯштин барои дарёфти Ҷоми Сайидмуъмин Раҳимов, мусобиқаи байналмилалии дзю-до барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон хеле калон аст. Маҳз дастгирии чу-
нин ҷавонмардони хайрхоҳ буд, ки аз 15 кишвар дзюдочиёни беҳтарин ширкат варзида, 15000 нафар мухлис мусобиқаро тамошо карданд. Соли ҷорӣ мусобиқаи байналмилалии дзю-до барои гирифтани Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир хоҳад гашт. Раиси ширкати «Одина» Қаландаршо Одинаев иброз дошт, ки бо пайдо шудани имкониятҳои бештар маблағи сафари варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалиро сарпарастӣ хоҳад кард. Иқдоми ширкати «Одина» шоистаи дастгирист. Зеро вақте ки варзишгарон аз ҷониби чунин ашхоси саховатманд дастгирӣ меёбанд, сифати омодагии онҳо ва сафарбаркуниашон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтар шуда, ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд. Комёбии варзишгарон бошад, обрӯю эътибори кишвар аст.
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
ҲАМКОРӢ
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН
Варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ ва ҳаёти солим аст. Ҳангоми рӯ овардан ба варзиш инсон рӯҳану ҷисман худро саломат эҳсос менамояд. Сол то сол таваҷҷуҳ ба варзиш зиёд гардида, нафароне ҳастанд, ки бо қобилияти баланди варзишии худ дар ин ё он намуд муваффақ гашта, Парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Аз зумраи чунин нафарон Мавзуна Азимова аст, ки ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, ғолиби чанд мусобиқаи варзишӣ оид ба камонварӣ гардидааст. Ӯ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз хурдӣ ба омӯзиши ҳунар шавқ дошт. Соли 2001 ба мактаби миёнаи №2-и шаҳр ба синфи якум меравад. Даврони таҳсил дар дилаш меҳр ба варзиш пайдо шуд. Соли 2004 назди худ мақсад гузошт, ки камонвар мешавад. Мисли Зебунисо Рустамова. Ба маркази камонварӣ ва солимгардонӣ, ки Зебунисо Рустамова он ҷо ба шогирдон машқи камон меомӯхт, рафт, то нозукиҳои ин намуди варзишро омӯзад. Хурсан-
дона машқ мекард ва ҳаракатҳои устодро такрор менамуд. Мутаассифона, шодии ӯ дер давом накард. Бо сабаби зиёд будани шогирдон ва кам будани асбоби омӯзишӣ, яъне, камон аксар бачаҳо тарки омӯзиш карданд. Мавзуна низ. Аз марказ дур нарафт. Тарзи дӯхтани либоси занона, навохтани асбоби мусиқии фортопиана ва волейболро омӯхт. Вақте мушкилоти норасоии камон аз байн рафт, боз барои машқ назди Зебунисо Рустамова рафт. Машқи аввалини Мавзуна бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сурат гирифт. Ӯ ин лаҳзаҳоро бо эҳсос ёд меоварад: «Гарчанде дар чанд мусобиқа ғолибият ба даст оварда бошам ҳам, вале лаҳзаи фаромушнашаванда дар назди Сарвари давлат гузаштани аввалин машқи ман буд ва гумон мекунам, ки дастгириву ғамхорӣ ва дуои он кас буд, ки ман ба қуллаи мурод расидам». Дар истироҳатгоҳи зикршуда байни варзишгарони ҷавон барои дарёфти ҷоизаи Зебунисо Рустамова мусобиқа доир шуд. Мавзуна дар ҳайати дастаи Суғд ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷои сеюм гардид. Акнун барои иштирок дар мусобиқаҳо хоҳиш пайдо шуд. Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд аз 20 то 24 сентябр мусобиқа барои ҷоизаи Зебунисо Рустамова дар масофаи 50+30 метр баргузор шуд. Мавзуна сазовори ҷои аввал гардид.
Сипас, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе оид ба камонварӣ дар масофаи 50 метр доир шуд, Мавзуна ғолибият ба даст овард. Соли 2013 дар шаҳри Қайроққум барои дарёфти Ҷоизаи Чемпиони ҷаҳон Зебунисо Рустамова мусобиқа дар масофаи 70 метр доир гардид. Мавзуна Азимова ғолиби мусобиқа шуд. Дастаи Суғд, ки Мавзуна дар ҳайати он аст, ҷои дуюмро ишғол кард. Худи ҳамон сол дар мусобиқаи ҷумҳурӣ дар масофаи 70 метр дастаи Суғд ҷои аввал, Мавзуна ҷои дуюмро ишғол карданд. Охири моҳи сентябри соли гузашта дар Ҷумҳурии Туркия Чемпионати ҷаҳон баргузор шуд. Ӯ ҳамроҳи камонвар Шакирзяна Таися барои иштирок дар мусобиқа ба ин давлат сафар кард. Азбаски бори аввал дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекард, ба ҳаяҷон омада, маҳорати худро хуб нишон дода натавонист. Сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳоло ӯ ба мусобиқаи Осиё, ки дар Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Мавзуна зери роҳбарии Зебунисо Рустамова барои ғолибият ва ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Риоде-Жанейро-2016 кӯшиш мекунад. Мехоҳад идомабахши маҳорати волои камонварии устоди худ ва номбардор ва парчамбардори кишвари хеш бошад.
Меҳрангез МУРОДОВА
e-mail: javonontj@mail.ru
Турфа шогирде…
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
14
ЭЪЛОН
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии зерини маъмурии хизмати давлатӣ озмуни кушода эълон менамояд:
- мудири бахши молия ва муҳосибӣ; - сармутахассиси бахши молия ва муҳосибӣ; - сармутахассиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ; - сармутахассиси шуъбаи агентӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; - сармутахассиси шуъбаи агентӣ дар ВМКБ; - мутахассиси пешбари шуъбаи агентӣ дар вилояти Хатлон.
хассиси шуъбаи агентӣ дар ВМКБ ва сармутахассиси шуъбаи агентӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; 1. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мудири бах- кор карда тавонистан бо компютер. ши молия ва муҳосибӣ: Маоши мансабӣ 774 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати - таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ; давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди 5. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби мутахассиси кор бо тобеон; пешбари шуъбаи агентӣ дар вилояти Хатлон: - таҷрибаи кор дар мансаби сармуҳосиб; - таҳсилоти олии касбӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 992 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати Маоши мансабӣ 634,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. 2. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахассиси бахши молия ва муҳосибӣ: - таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; - таҷрибаи кор дар мансаби муҳосиб, ҳисобчӣ; - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 900 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ.
6. Довталабон метавонанд бо дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва бо маълумоти иловагӣ дар веб-сайти агентӣ шинос шаванд.
7. Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: - аризаи шахсӣ ба номи муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; 3. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансаби сармутахас- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; сиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ: - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086У); - таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ё дигар - нусхаи шиноснома. ихтисосҳои гуманитарӣ; - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 8. Ҳуҷҷатҳо аз тарафи хадамоти кадрии агентӣ дар муҳлати - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба 14 рӯз баъди чопи аввалини эълон қабул карда мешаванд. роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; - кор карда тавонистан бо компютер. Маоши мансабӣ 900 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33 (назди давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ), индекс: 734003, телефон/факс: 224-02-74, почтаи электронӣ: info@ 4. Талаботи тахассусӣ ба довталабони мансабҳои сармута- rhd.tj, веб-сайт: www.rhd.tj
e-mail: javonontj@mail.ru
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015, озмуни ҷумҳуриявии «Мақола ва шеъри беҳтарин»-ро ба муносибати 20–солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. - Иштирокчиён метавонанд мақола ва шеъри худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Ба озмун» пешниҳод намоянд. Мақолаву шеъри ба талабот ҷавобгӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» интишор мегардад. - Мақола ва шеъри пешниҳодгардида бояд мавзӯи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намоянд; таъсирбахш буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардида бошанд; таърихи қабули Сарқонун, мазмуну муҳтаво ва мақсади асосии онро таҷассум намоянд. - Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми аз 3 то 4 саҳифаи чопи компютерӣ ва шеърҳо тибқи муқаррароту хоҳиши муаллифон бо риояи шрифти “Times New Roman Tj”, андозаи 14 ва интервали 1 пешниҳод шаванд.
- Аз ҳар нафар танҳо як мақола ё шеър қабул мегардад. - Синну соли иштирокдорон бояд аз 14 то 30-сола бошад. - Муҳлати охири қабули матолиб - 20 августи соли 2014. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд. Суроғаи қабули матолиб: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, почтаҳои электронии “grant@youth.tj” ва “ozar_xxi@mail.ru”. Телефон: (8 37) 236–37–26, (+992) 92–789–66–77.
Забони як халќи Осиёи Марказї
Сиѓаи амрї аз «кўшидан»
Касалї
Марди безан
Тезфањмї, хушзењнї
Муќобили «хайр»
Поёноби дарё
Дўзах
Љондори безабон
Њуш, фањм Христианї, насронї Ихтисораи умумї барои радио, ТВ ва газетањо
Кина, душманї
Атоми заряднок
Пешво, сарвар
Ошуфта ва девона
Њолати мувофиќ
Бемўй
Кўзасозї
Статистика
Касб, пеша
Маќсад, мурод, орзу Ноњия дар вилояти Бадахшон
Зинеддин ... , футболбози собиќ аз Фаронса
Шањр дар Фаронса
Дар нимкураи љанубї - як моњи зимистон
Дањони парранда
Шоњи сулолаи кушониён
Маѓзи заминї
Дарё дар Африќо
Либос бо пойафзолаш
Расмњои ибодатии насронї
Маркази вилоят дар Русия
… Рампал, ситораи кинои њиндї
Муаллифи њикоя ё роман
Сифати чизи ба тозагї харидашуда
Ватани Марадона
Жанри шеъри чормисрагї
Сарф
... Симон Ом, физики бузурги олмонї
Худои офтоби Мисри Ќадим - Амон …
Духтари калонї барои хурдињо
«... замин нонрезањоро чида мемолам ба чашм»
Чароѓи деворї
100 сол
Элвира ..., раќќоса
Хў гирифтан … гирифтан
Маљаллаи «…- зон»
Тангаи сўм буд
Овозхон аз Суѓд Фируза …
Тамѓаи радиотехникаи Љопон
Давлат дар Африќо Ташкилоти љосусии Гитлер
Аловиддин …, актёри њаљвї
Ќанот
Зарфи боданўшї
Атрогин, хушбў
Сардор, роњбар
Дорої
Мерос
Ќисми муќобили астар
Бурљи толеънома
Душман
Монанд, мисл
Кайфу сафо
Одам, башар Фитаи магнитофон
Мењрубонї
«Ховар» ва РИА «Новости»
Мошини аввалини шўравї
Паймон, ањд
Ќисми курта
Зангии бадрашк аз фољеаи Шекспир
Макони ангишти Олмон
Шањр дар љазираи Сахалин
Шањр-давлат дар Юнони Ќадим
Юрий Владимирович …, ки баъди Л.Брежнев буд
Махлуќи калонљуссаи афсонавї
Сернамак
«Ломбард» ба тољикї
Футболбози рус Андрей …
e-mail: javonontj@mail.ru
... Баччан, актёри њиндї
Тамѓаи автомобили Корея
Ранги нилобї, кабуд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №16 (9338), 17 АПРЕЛИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ Толори суд. - Муттаҳамшаванда, сухани охирини шумо? - Чил ҳазор... Суд ба хонаи машваратӣ меравад. Баъди 15 дақиқа: - Муттаҳҳамшаванда, худро гунаҳкор мешуморед? - Не! - Хеле хуб, агар “не” бошад, пас, суд ҳам намешавад.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
- Падар, модарам аз ту дида мошинро хубтар меронад! - Э бача, ту медонӣ, ки чӣ мегӯӣ? Ман таҷрибаи 25-сола дорам. - Охир, худатон гуфтед, дар тормози дастӣ мошин аз ҷояш намеҷунбад, аммо модарам дар чунин ҳолат мошинро 15 километр ронд.
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ
Судя: - Муттаҳамшаванда, барои бегуноҳии худ чӣ гуфтан мехоҳед? - Муҳтарам судя, аз шумо хоҳиш мекунам ҷавонӣ ва бетаҷрибагии адвокати маро ба назар гиред.
(муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
***
(хабарнигорон),
- Ало, ин Хонаи муд аст? - Бале. - Муд дар хона ҳаст?
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ,
***
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
1 сентябр. Муаллима: - Бачаҳо, касе бо баҳои “хуб”-у “аъло” хонад, биҳишт меравад, нафаре, ки бад мехонад, дузах. Мурод аз партаи қафо: - Муаллима, ягон кас мактабро зинда тамом намекунад?
(хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (суроға: кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7452 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Попӯш
АНДАРЗ
Ҳангоми ба қатора савор шудан муаллим яке аз попӯшҳояшро афтонд. Дигар имкон набуд фаромада, онро бигирад. Чунки қатора, аллакай, ба ҳаракат даромада буд. Онҳое, ки дар паҳлӯяш буданд, бо ҳайрат чи кор карданашро менигаристанд. Ӯ дар ниҳояти оромишу сукунат попӯши дигарашро аз пой кашида, аз тиреза ба назди попӯши афтондааш ҳаво дод. Яке аз талабаҳо тоқат накарда, пурсид: - Барои чӣ ин хел кардед, муаллим? - Барои он, ки ягон фақиру эҳтиёҷманд пойи аввали попӯшро ки ёфт, дигарашро ҳам ёфта бипӯшад!
Мантиқ Донишҷӯён фаҳмиданд, ки дар барномаи имсолаи таълимиашон фанни наве ҷорӣ шудааст. Номи фан мантиқ ва онро муаллими солманде дарс медиҳад. Дар дарси аввал донишҷӯе пурсид: - Устод, мантиқ ба мо чиро меомӯзад? Профессор ба донишҷӯёне, ки ба ӯ бо мароқ менигаристанд, ҷавоб дод: - Таъсире, ки мантиқ ба шуури инсонҳо дорад, ба осонӣ фаҳмонда намешавад. Барои ҳамин, биёед, ҳоло ман як мисол меорам, то моҳияти масъала фаҳмо шавад. Профессор гуфт: - Фарз кунед, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешаванд. Афту андоми яке тоза, аз дигарӣ сип-сиёҳ. Кадоме аз инҳо бояд сару рӯяшро бишӯяд? Донишҷӯён ҳама бо як овоз: - Албатта, ҳамоне ки чиркин аст! Профессор бо табассум меафзояд: - Мантиқ пеш аз ҷавоб ба ин савол мепурсад: “Чӣ гуна мешавад, ки аз кони маъдан ду нафар берун мешаванду сару рӯи яке тоза асту аз дигаре ифлос?”
*** - Маърифат Гадоева, Шумо чанд сол доред? - Ҳар сол ҳар хел!
*** - Очаҷон, мо имрӯз дар мактаб навиштем! - Чӣ навиштед? Намедонам. Ҳоло хонданро наомӯхтаем!
*** Муаллим ба хонанда: - Агар ман ба ту як заргӯш, боз ду заргӯши дигар ва боз се заргӯши дигар диҳам, чандто мешавад? - Ҳафт-то! - Бодиққат гӯш кун! Аввал як заргӯш, баъд дуто ва боз сетои дигар. Чанд мешавад? - Ҳафт-то! - Биё, дигар хел мекунем! Як себ, боз ду себ ва боз се себи дигар! Чанд мешавад? - Шаш-то! - Ана, ин гапи дигар! Акнун, як заргӯш, боз ду заргӯш ва боз се заргӯш! Чанд? - Ҳафт! - Барои чӣ!? - Охир ман дар хона як заргӯш дорам...!
*** Ҳа, ҷиян дар куҷо мехонӣ? - Факулта иқтисод ва идораи нақлиёт! - Кондуктор мешавам-гу...