Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
1
№18 (9340),
1 майи соли 2014
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Хуни пайвандӣ, модари танҳо ва таҳдиди куштан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки дар кишвар 3 ҳазору 500 ятим мавҷуд аст. “Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад. Ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан ҳам беҳтар аст ва ҳам савоби бузург.
ҚАДРДОНӢ
Кӯмак ба собиқадорони ҶБВ
Бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия аз ҳисоби Буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба собиқадорон, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо ҳазорсомонигӣ кӯмакпулии якдафъаина хоҳад дод. Айни замон, дар кишвар 1 ҳазору 134 нафар собиқадори ҶБВ ва 23 оилаи бесаробонмандаи онҳо зиндагӣ мекунанд.
ФАРҲАНГ
Мақоми дуюми наврасон дар Русия Ҳунармандони навраси кишвар дар Ҷашнвораи байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон, ки 18-23 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гашт, соҳиби ҷойи дуюм шуданд ва ду роҳхат ба озмунҳои баъдӣ гирифтанд. Онҳо таълимгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, ансамбли асбобҳои миллии «Шукуфаҳои пойтахт» мебошанд.
ОФАТ
Қурбонии боз 5 кас бар асари офати табиӣ Аз оғози моҳи апрел бар асари офатҳои табиӣ 23 нафар шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расиданд. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст, ҷумъаи гузашта дар натиҷаи боришоти зиёду обхезӣ дар як қатор ноҳияҳои водии Ҳисор панҷ нафар, аз ҷумла, се кӯдак фавтидаанд.
КИШОВАРЗӢ
Кишти пахта 80 дар сад иҷро шуд
ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ №1
То 27 апрел дар мамлакат дар масоҳати 159 ҳазору 500 гектар чигит кишт шудааст, ки 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Имсол кишти пахта дар масоҳати 199 ҳазору 451 гектар пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ хабар додаанд.
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОН
«Тоҷикистон - кишвари ҷавонон»
e-mail: javonontj@mail.ru
«Тоҷикистон кишвари туризм» (23 май), ҷамъбасти барнома-озмуни телевизионии «Истеъдод», иқдоми ҷавонон таҳти унвони «Рушди туризми Таҳти ҳамин унвон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати мам- ҷомеасоз ва саёҳати пиёдагардӣ», «Пайроҳаи лакат нақшаи чорабиниҳоро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳия намуд, ки тибқи саломатӣ» (21 май), намоиши маҳсулоти он аз 10 то 23 майи соли равон дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, тарғиботиву ташвиқотии туристӣ ва армуғонҳо фароғативу маърифатӣ, оммавию варзишӣ доир мегарданд. барои сайёҳону меҳмонони кишвар (20 май дар Сӯҳбати гирди мизи мудавварии телевизионӣ “Кохи Ҷомӣ”), марҳилаи ниҳоии маҳфили зарифон МФК “Кохи Ҷомӣ”), ҳамчунин, «Дави миллӣ» зери унвони «Ҷавонон-имрӯз ва фардои “Маҳзар» (16 май МФК “Кохи Ҷомӣ”), конфронси (18 май) ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ, Тоҷикистон», озмуни мусаввирони ҷавон олимони ҷавон бо ширкати ҷавонони кишварҳои ҳашару шанбегиҳо, ҷамъомадҳои тантанавӣ ва «Тоҷикистон-кишвари азизам», озмуни аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (22 май дар силсилаи дидору мулоқот бо муҳассилини макоҷумҳуриявии телевизионӣ миёни ҷавонон «Наб- Китобхонаи миллӣ), ҷамъбасти Ҷоизаи Куми- тиби таҳсилоти миёнаву олӣ, сарбозону афсарони зи шеър» бахшида ба бузургдошти Абдураҳмони таи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи ада- қисмҳои низомӣ ва дигар табақаҳои насли ҷавону Ҷомӣ (14 май), Фестивали сурудҳои ҳарбӣ- биёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ, озму- қадрдонии беҳтаринҳо аз ин насл аз ҷумлаи ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» (20 май дар МФК ни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи чорабиниҳоеанд, ки дар назар аст доир шаванд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
2
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
ДАЪВАТ-2014
Фаъолияти ИТҶТ устувор мешавад Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) барои устувории фаъолияти худ чораҳои самарабахшро ба анҷом мерасонад. Бо ин мақсад ташкилот амалигадонии лоиҳаи “Мусоидат ба устувории имконоти ИТҶТ”-ро оғоз намуда, аллакай, баргузории чорабиниҳоро ба роҳ мондааст. 9 апрели соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ҷамъомади навбатии Шӯрои ИТҶТ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 12 ташкилоти аъзои Шӯрои ИТҶТ, мушоҳидон аз ташкилотҳои байналхалқӣ, ки бо барномаҳои ҷавонон сари кор доранд ва намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ҷамъомад иштирокчиён атрофи як қатор масъалаҳо изҳори нигаронӣ намуда, қарорҳои махсус қабул намуданд, ки ба беҳтар намудани фаъолияти ИТҶТ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри устувории он замина мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки соли равон баргузории Анҷумани 7-уми Ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки аллакай котиботи ИТҶТ барои дар сатҳи баланд гузаронидани он омодагӣ мебинад. Дар доираи лоиҳа гузаронидани силсилаи ҷамъомадҳои Шӯрои ИТҶТ, тартиб додани сомонаи ИТҶТ, расондани ёрии машваратӣ ба ташкилотҳои ҷавонон, оид ба қабул шудан ба ИТҶТ, қабули ҳуҷҷатҳо
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 73% иҷро гардид Дар 25 рӯз аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш додаанд.
ва бақайдгирии аъзои нави ИТҶТ ва тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Коркарди нақшаи стратегии ИТҶТ» барои 15 роҳбари ҷавони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, ки аъзои ИТҶТ мебошанд, пешбинӣ шудааст. Лоиҳа бо дастгирии молиявӣ ва техникии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон” баҳри фароҳам овардани шароити мусо-
ид барои худфаъолияти ҷавонон дар зиндагии иқтисодиву иҷтимоӣ ба воситаи баланд бардоштани имконот, дастгирии амалиёт ва ташаббусҳои ҷавонон, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби ҷавонон барои ҳалли масъалаҳои манфиатнок нигаронида шудаанд, ташкил шудааст. Ташкилот соли 2012 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, ду сол аст, ки котибии Иттиҳоди ташкилоти ҷавонони Тоҷикистонро ба зима дорад.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиа, дар давоми 5 рӯзи ин чорабинии муҳими сиёсӣ мақомоти масъули вобастаи даъватии ноҳияҳои Носири Хусрав ва Мурғоб аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват мужда доданд. Иҷрои нақша дар вилояти Суғд 54 %, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт дар давоми 25 рӯз беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад. Аз оғоз то имрӯз иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ ба 73% баробар шудааст. Ба мисли ноҳияи Носири Хусрав то имрӯз фаъолияти бисёре аз комиссияҳои вобастаи вилояти Хатлон, аз ҷумла, шаҳру наҳияҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Сарбанд, Балҷувон, Темурмалик, Ховалинг ва Хуросон дар самти гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ намунавӣ мебошад. Ин шаҳру ноҳияҳо то 22 апрел аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Ҳамин тариқ, ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол ва дар ВМКБ ба ғайр аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дигар ҳама навоҳии он иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.
ЭНЕРГЕТИКА
Саҳмгузорӣ дар сарфаи нерӯи барқ
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳафтаи гузашта Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ироа намуд. Дар он сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва дурнамои рушди мамлакат дар солҳои минбаъда муфассал баён шудааст. Тавре аз таҳлили паёмҳои солҳои гузашта бармеояд, ҳар як Паёми Президенти мамлакат барои пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи боэътимод мегузорад. Чунончи, Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 15 апрели соли 2009 гуфта буд, «норасоии қувваи барқ дар кишвар соле 4,5 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта бояд дар Тоҷикистон низ ба кори сарфҷӯии энергия мутахассисони бомаҳорат ҷалб шуда, истифодаи асбобу таҷҳизоти замонавии каммасрафи барқӣ, воситаҳои техникии истеҳсол ва интиқоли барқ ба роҳ монда шавад». Бо мақсади саҳм гузоштан дар раванди сарфаю сариштакории нерӯи барқ соли 2010 дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд ширкати илмӣ-истеҳсолии инноватсионии «Сомон энерҷӣ» таъсис ёфт. Муассиси он олими шинохта, доктори илмҳои тиб Абдураҳим Исмоилов мебошад. Ширкати мазкур дар ҷумҳурӣ нахустин муассисаест, ки истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи тамғаи “Клэон” ва фурӯзонакҳои светодиодии “LEД”-ро ба роҳ мондааст. - Фаъолияти ширкати мо баҳри
ноил гаштан ба дастовардҳои баланд дар самти сарфаи энергия, амнияти экологӣ тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои муосири инноватсионӣ, энергосамаранокӣ, истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия нигаронида шудааст, - мегӯяд Абдураҳим Исмоилов. - Имрӯз дар аксар кишварҳо раванди даст кашидан аз фурӯзонакҳои тафсон ва рӯ овардан ба
фурӯзонакҳои каммасраф идома дорад. Мо барои ноил гаштан ба ҳадафҳои дарпешгузоштаамон истеҳсоли фурӯзонакҳо барои кӯчаву хиёбон, воридгоҳ (подъезд)-ҳо, таҳхона, ҳавлӣ, меъморӣ ва ғайраро ба роҳ мондаем. Ташаббуси ширкати мазкур баҳри тадриҷан, дар саросари мамлакат гузаштан ба фурӯзонакҳои каммасраф
аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ меёбад. Алҳол дар муассиса 57 нафар фаъолият мекунанд, ки 75 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Як гуруҳ мутахассисони ширкат дар муассисаҳои маъруфи ИМА, Тайван ва Чин ихтисоси хешро такмил доданд. Маҳсулоти ширкати «Сомон энерҷӣ» дар таҷҳизоти технологии сифаташ баланд истеҳсол шуда, ҳар як гуруҳи маҳсулот аз назорати қатъии сифат мегузарад. Олимон исбот кардаанд, ки гузариш ба фурӯзонакҳо светодиодӣ истифодаи нерӯи барқро нисбат ба лампаҳои люминестсентӣ 60 дарсад сарфа менамояд. Муҳлати истифодабарии фурӯзонакҳои светодиодӣ 50000-70000 соат аст, ки 10-15 солро ташкил медиҳад. - Бартарии фурӯзонакҳои светодиодӣ дар он аст, ки илова ба сарфи ночизи барқ хеле бехатар буда, мисли фурӯзонакҳои симобдор ба нигоҳубини маҳсул эҳтиёҷ надоранд, - илова намуд А. Исмоилов. - Ин фурӯзонакҳо дурудароз хизмат намуда, буҷаи муассисаву корхонаҳо ва оилаҳоро аз ҳисоби кам исти-
фода бурдани нерӯи барқ сарфа мекунанд. Бинобар сифати хуб доштани маҳсулоташ ширкати «Сомон энерҷӣ» соҳиби дипломи «Маҳсулоти хизматрасонии беҳтарин дар Тоҷикистон», дипломи Намоишгоҳи байнидавлатии 20-солагии ИДМ ва ғайра гаштааст. Корпуси фурӯзонакҳои ширкат аз масолеҳи ба зарба ва сӯхтор тобовар сохта шудааст, ки ба таъсироти беруна устувор мебошад. Фурӯзонакҳои светодиодӣ каммасраф буда, нисбат ба фурӯзонакҳои тафсон 85 дарсад нерӯи барқро кам харҷ мекунанд. Илова ба ин, садо надоранд. Кормандони муассиса азми қавӣ доранд, ки минбаъд низ дар амалӣ кардани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти сарфакунии энергия ҳисса мегузоранд.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Бо ҳадафи иҷрои супоришҳои ҷаласаи мазкур чанде қабл дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони ширкатҳои туристӣ, донишҷӯёни риштаи туризми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, дидор аз ҷойҳои таърихии минтақаҳои мазкур аз ҷониби муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Руслан Шодиков баргузор гардид. Вохӯриҳои мазкур дар шаҳри Панҷакент ибтидо ёфтанд. Аз ҷумла, дар Маркази фарҳанги шаҳри Панҷакент мулоқот бо донишҷӯёну устодони риштаи туризми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муҳассилин, ки дар оянда чун мутахассисони бахши мазкур ба камол мерасанд, аз мушкилоту муаммо ва масоили муҳими соҳа сӯҳбат намуданд. Аз ҷумла, декани факултаи менеҷменти донишкада қайд намуд, ки солҳои охир ихтисоси туризмро зиёда аз 80 нафар хатм намуданд ва онҳо ҳамчун мутахассис барои кор ба ширкатҳои сайёҳӣ ҷалб мешаванд. Аммо, ба ақидаи номбурда, ҷиҳати мусоидат ба рушди сайёҳӣ дар минтақа таваҷҷуҳ ба ташаккули сайёҳии дохилӣ, додани қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби бонкҳо барои сохтмони обектҳои соҳаи туризм, пешниҳоди имтиёз дар бахши андозситонӣ барои соҳибкорон дар бахши сайёҳӣ зарур аст. Донишҷӯи донишкада Холиқзода Фарзона чунин ақида дорад, ки бояд чунин сӯҳбату мулоқот бештар шаванд, то ҷавонон ба дарки моҳияти масъала бештар дастрасӣ пайдо намуда, ҳамчун мутахассиси бахши сайёҳӣ дар ҳалли мушкилоту муаммоҳо мусоидат намуда тавонанд. Шабнам Муродова, донишҷӯи донишкадаи мазкур пешниҳод намуд, ки бояд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи туризм ба минтақаҳои гуногун аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шароит муҳайё шавад. Баъдан, мулоқоти Руслан Шодиков бо намояндагони ширкатҳои туристии водии Зарафшон баргузор гардид. Директори ҶДММ «Чил Меҳроб» А. Насруллоев
иброз намуд, ки имрӯз проблемаҳо дар бахши сайёҳӣ зиёданд. Ба гуфтаи номбурда монеаҳои сунъӣ, аз ҷумла, ситонидани маблағ ба андозаи 10 % бештар аз сайёҳон, ҳангоми сайёҳат дар ҷангалу кӯҳҳо маблағ ситонидани кормандони муассисаи хоҷагии ҷангал ба мушоҳида мерасад, ки метавонад барои ҷалби бештари сайёҳон таъсири номатлуб гузорад. Барои ҳамин, номбурда пешниҳод намуд, ки беҳтар мебуд, барои сохтмони обектҳои сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат замин ба тарзи имтиёзнок ба соҳибкорон пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин, мусоидат дар амри таъмири роҳҳои самти Ҳафткӯл ва Артуч, ки яке аз минтақаҳои муҳими сайёҳии кишвар
ӯ, содда намудани гирифтани иҷозатнома барои сафар ба ВМКБ низ метавонад дар ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар боис шавад, зеро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз муҳимтарин минтақаҳои сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Директори ҶДММ «Виркан Сайр» А. Зарифов ворид намудани банди махсус оид ба ширкатҳои cайёҳиро ба Кодекси андоз пешниҳод намуд ва таъкид дошт, ки ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба обу ҳаво дар як сол танҳо шаш моҳ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, ӯ ташкили мағозаи туристӣ барои фурӯши молҳои туристиро низ амри зарурӣ барои рушди соҳа унвон намуда, бардоштани проблемаҳои сунъии эҷодшаванда ба мошинҳои хизматра-
ҷиҳати ифтитоҳи намояндагии консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Ойбек, ташкили комиссияи махсус барои санҷиши фаъолияти ширкатҳое, ки бе иҷозатнома кор мекунанд, ташкили хатсайри ҳавопаймоӣ аз Фурӯдгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаҳрҳои давлати Туркия тадбирҳои муайян андешида шаванд. Баъдан, дар маҷлисгоҳҳои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯриҳо бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон бо иштиро-
Тоҷикистон беҳтарин кишвари рушди сайёҳист мебошанд, барои афзудани шумораи сайёҳон боис мешавад. Дар ҳоли ҳозир вазъи хароби роҳҳо барои сайёҳон хатарнок мебошанд. Ҳамзамон, А. Насруллоев аз вазъи омодагӣ ва дараҷаи дониши донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент изҳори нигаронӣ намуда, бардоштани монеаҳои сунъиро аз ҷониби кормандони мақомоти мухталиф барои сайёҳон амри саривақтӣ унвон кард. Директори ҶДММ «Панҷакентинтур» М. Шарифбадалов аз нархи хизматрасониҳои нақлиёт изҳори нигаронӣ намуда, барои сайёҳон ташкил додани автобусҳои замонавиро хеле муҳим шуморид. Номбурда, ҳамчунин, ба ҷуз аз таҳсил дар донишкадаҳо зарур донист, ки курсҳои кӯтоҳмуддати 6-моҳа ва яксола барои омода намудани мутахассисони соҳаи cайёҳӣ ташкил шаванд. Директори Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон Ҷ. Юсупов пешниҳод намуд, ки фаъолияти роҳбаладон дар асоси патент ба роҳ монда шуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ маратория эълон шавад. Ба андешаи ӯ ташкили намояндагии консулгарӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъсиси таҷҳизоти техникӣ (терминал) барои супоридани маблағи раводид дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, содда намудани бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва амсоли ин метавонанд ба унвони омилҳои муҳимтарини рушди сайёҳӣ дар кишвар хидмат кунанд. Директори ҶДММ «Зурмич» Н. Низомов иброз дошт, ки дар кӯҳҳо ҳаррӯз аз сайёҳон ва ҳайати хизматрасон 3,5 доллари амрикоӣ талаб мешавад, ки бекор намудани он муҳим ба назар мерасад. Аз сӯи дигар, ба андешаи
сонанда ба сайёҳонро махсусан таъкид кард. Дар идомаи сафари кории хеш муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Р. Шодиков дар шаҳри Истаравшан аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо таасуроти баланд бо донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар мулоқот баргузор намуд. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мулоқот бо ҷавонони фаъоли шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Баъд аз суханрониҳои меҳмонон ҷавонони шаҳр низ ибрози ақида намуда, пешниҳодҳои худро манзур сохтанд. Аз ҷумла, гирандагони Стипендияи президентӣ Манижа Азимова ва Гуландом Саидова пешниҳод намуданд, ки ҷавонони шаҳр бо мақсади шиносоии ба дигар минтақаҳои мамлакат сафарбар шаванд, инчунин, аз тариқи телевизион дар бораи шаҳри Истаравшан, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии шаҳр барномаи махсус таҳияи ва пахш гардад. Инчунин, дар бинои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мулоқот бо ширкатҳои сайёҳие, ки дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамоянд, баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони ширкатҳои саӣёҳӣ ба проблемаи гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар навбати аввал таваҷҷуҳ доштанд, ки сабаби коҳиши ҳузури сайёҳон мегардад. Ҳамчунин, дар ин мулоқот аз ҷониби масъулини ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод шуд, ки қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони объектҳои соҳаи туризм дода шуда,
ки донишҷӯёни риштаи туризм ва дигар ихтисосҳо баргузор гардид. Руслан Шодиков ва З. Мирдадоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар иртибот бо ташаккули сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, таърихӣ-этнографӣ, табобатӣ, фароҳам овардани муҳити солими ахлоқӣ дар байни ҷавонон, мубориза алайҳи қонуншиканӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҷалб намудани ҷавонони синни тодаъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ташаббусҳо дар самти ободии Ватан ҳарф зада, таваҷҷуҳи ҷавононро ба самти татбиқи ин ҳадафҳои муҳими зиндагисоз ҷалб намуданд. Ҳамчунин, иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, пешниҳод ва саволҳои худро роҷеъ ба масоили мазкур манзур намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯён аз мавҷудияти ҳолатҳои номатлуб дар ҷараёни тақсимоти квотаи Президенти ҷумҳурӣ, зиёд гузаронидани семинарҳо байни ҷавонон, сохтмони меҳмонхонаҳо дар деҳот, назорати ҷавононе, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд аз ҷониби сафоратхонаҳо, ташкили гурӯҳҳо барои сафар ба ҷойҳои таърихии ҳудуди кишвар, мусоидат намудани донишҷӯёни ихтисоси туризм аз ҷониби кумита барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва таҳияи барномаи махсус барои ислоҳи наврасон ва амсоли ин сухан карда, баргузории мулоқотро қадами муҳим дар амри ривоҷи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва тарбияи ҷавонони ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи имрӯз арзёбӣ намуданд.
Суҳроб КАЁНӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, ҳарчанд аз диди ҷуғрофиёӣ мамлакати кӯҳсор аст ва наваду се дарсади онро қуллаҳои осмонбӯс ва кӯҳсорони сарбаланд ташкил медиҳанд, ҳузури табиати гуворо, вуҷуди ёдгориҳои беназири таърихӣ ва табиӣ, мазороти мутабаррика метавонанд кишвари моро дар ақсои олам аз диди кишвари мусоид ба рушди сайёҳӣ муаррифӣ кунанд. Ин матлаб ҳамеша дар суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад. Аз ҷумла, чанде қабл ҷаласаи XII-и Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он муҳимтарин заминаҳои муассир барои рушди соҳибкорӣ дар ин бахш ва омилҳои пешбарандаи соҳа баррасӣ ва натиҷагирӣ шуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
3
ТУРИЗМ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
4
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Хуни пайвандӣ, модари танҳо ва таҳдиди куштан Ҳоло дар мамлакат майли ба хонаи кӯдакон, мактаб-интернатҳои барои ятимон супоридани кӯдакону наврасон афзоиш дорад. Дар баробари ин, фарзандхонӣ низ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфта, сафи гирандагони он зиёд аст. Мутаассифона, аз тарафи мақомоти дахлдор оид ба фарзандхонӣ додани ятимони бепарастор хеле кам мушоҳида мегардад.
мактаб-парваришгоҳҳо фавран ба унвонии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумотнома ворид мешавад. Дар асоси ҳамин маълумотнома ва дархости шаҳрвандон, ки дар навбатанд, ин тифлонро ба фарзандхонӣ тавсия медиҳем. - Сабаби дигари ба ҳамаи шахсони фарзандталаб надодани атфол ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ояндаи хуби онҳоро ба назар гирифта, ба парастороне пешниҳод менамояд, ки гувоҳномаи саломатӣ, ҷойи кор, манбаи даромад ва шароити хуби зиндагӣ дошта, оянда кӯдакро хуб таълиму тарбия карда тавонанд, - илова кард Н. Расулова.
Тибқи иттилои бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар пойтахт 764 ятими бепарастор мавҷуд аст. Аз ин шумора соли гузашта танҳо 42 нафар ба фарзандхонӣ дода шудааст. Мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе Нигора Расулова вазъро чунин шаҳр дод: “Айни замон шаҳрвандони кишвар, ки хоҳиши ба фарзандхонӣ қабул карданро доранд, зиёда аз 540 нафарро
«Модаре, ки тавони шинохтани фарзандашро надорад, барояш дигар дар рӯи ҷаҳон зиндагӣ нест».
ташкил дода, навбат мепоянд. Аммо кӯдаконе, ки ба хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ворид мешаванд, аксар саробон доранд. Танҳо бо сабаби вазнини вазъи иҷтимоӣ муваққатан дар ин муассисот тарбия меёбанд. Баъди шароити хуб пайдо кардан, гирифта мешаванд” . Н. Расулова, ҳамчунин, зикр кард, ки кӯдаконе, ки партофта, ёфта, ё ятим ҳастанд, онҳоро мумкин аст ба фарзандхонӣ тавсия додан. Аз ҷониби таваллудхонаҳо, хонаи кӯдакон,
Албер КАМЮ Рӯз ба рӯз мо шоҳиди зиёд пош хӯрдани оилаҳо ва ба муҳоҷират рӯ овардани волидон мегардем. Чунин мушкилот ба зиёдшавии ятимон дар кишвар ва чун атфоли бепарастор ба хонаи кӯдакон ва мактаб-парваришгоҳҳо ворид шудани онҳо мегардад. Саодат Набиева, сардухтури хонаи кӯдакони рақами 1-и пойтахт бо нигаронӣ оид ба ин мавзӯъ чунин ибрози ақида кард: “Бисёрии занҳо, вақте аз шавҳарони худ ҷудо мешаванд, фарзандонашонро оварда дар хонаи кӯдакон мегузоранд. Боиси ҳайронист, ки зану шавҳари аз ҳам ҷудошуда қасди худро аз фарзандонашон мегиранд. Кӯдаки бечора чӣ гуноҳ дорад? Вақте як ҷуфт аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, одатан занҳо кӯшиш мекунанд, кӯдаконро бо худ бигиранд, вале дар рафти зиндагӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда, чи кор карданашонро намедонанд, баъд роҳ ба сӯйи хонаи кӯдаконро мегиранд. Ҳастанд падару модароне, ки фарзандони худро оварда, ба хонаи кӯдакон мепартоянд ва тӯли 4 сол боре ҳам ба аёдаташон намеоянд. Ин бештар ба кӯдакони маҷрӯҳ дахл дорад. Фарзандхонӣ нисбат ба солҳои пеш кам гаштааст. Вақте ман дар хонаи кӯдакони рақами 2 фаъолият мекардам, шумораи фарзандхонӣ ба 40-50 нафар мерасид, ҳоло ба 20-25 нафар
поин фаромадааст. Боре зани тахминан 30-35 сола наздам даромад. Ҳамроҳи зан як писарак. Баъди аҳволпурсӣ мақсадашро пурсидам. Зан каме сукут варзида, сипас, бо зарда сӯям фиғон бардошт: “Ин сағираро овардам, шумо бояд қабулаш кунед! Ман, ростӣ, асабонӣ шудаму лекин худро ба даст гирифта, ҷавоби рад додам. Зан ба ғазаб омада, дар назди ман кӯдакро зери лату кӯб гирифт. Ман ин гуна муомилаи модарро ба фарзанд надида будам. Ӯ таҳдидомез гуфт: “Агар ин сағираро қабул накунед, ман аз ин ҷо баромада, ӯро мекушам! Лату кубӣ ӯро дида, дар ҳақиқат, бовар кардам, ки аз дасти ӯ ин кори номатлуб меояд. Надонистам чӣ кор кунам, ноилоҷ кӯдакро қабул карда, ба зан як моҳ муҳлат додам, ки ҳуҷҷатҳои заруриро биёрад. Аз байн муҳлати зиёд гузаштааст, то ҳол даракаш нест”. Саодат Набиева андеша дорад, ки ин тарзи муомила ва бемасъулиятӣ аз сатҳи каммаърифатии бархе занҳо гувоҳӣ медиҳад. Бештари фарзандони партофташуда дар хонаи кӯдакон ва мактаб-парваришгоҳҳо аз модарони танҳо мебошанд. С. Набиева бо алам зикр кард, ки бо вуҷуди шароити хуби зисту тарбия ва меҳрубониҳои мураббияҳо тифлакон муҳтоҷи меҳру муҳаббати модар ва навозиши хешовандону пайвандонанд. Кӯдакон лаҳза ба лаҳза аз кормандон мепурсанд, ки волидонашон кай меоянду онҳоро ба хонаи худ мебаранд? Айни ҳол, дар хонаи кӯдакони
рақами 1-и пойтахт 94 кӯдаки то 6-сола ба парасторӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин 40 нафар модари танҳо, 6 нафар падари танҳо, 2 нафар модарфавтида, 5 нафар волидайнашон дар маҳбас, 16 нафар падару модараш бемор, 22 нафар ятим мебошанд. Соли 2013 аз хонаи кӯдакони рақами 1 ҳамагӣ 23 нафар, дар се моҳи аввали соли равон 2 кӯдак ба фарзандхонӣ дода шудаанд. Мизробшоҳ Шарифов, сардухтури хонаи кӯдакони рақами 2-и пойтахт зикр кард, ки проблемаи мазкур солҳост идома дорад. “Дар давлатҳои рушдёфта, оид ба пешгирии зиёд шудани ятимон барномаи “Оилаҳои фостерӣ”-ро истифода мебаранд. Тибқи он ҳамсоя ё ин ки хешу табор метавонанд фарзанди ҳамсоя ё хешу таборе, ки шароити сахти зиндагӣ дошта, имкони тарбия ва ба воя расондани фарзандро надоранд, ба фарзандхонӣ гиранд. Лекин рафту омад байни онҳо канда намешавад, баръакс, онҳо хешу табори наздик мегарданд. Баъди он ки шароити онҳо хуб шуд, метавонанд фарзанди худро қафо гиранд. Аммо кӯдак аз он пас фарзанди ҳар ду хонадон маҳсуб меёбад. Хубии ин кор дар он аст, ки кӯдак дар муҳити оила калон мешавад ва таълиму тарбияи хуб мегирад. Дар ҷумҳурии мо, бадбахтона, дур шудани одамон аз решаву пайвандони хеш, аз байн рафтани меҳри хешутаборӣ, бемеҳрӣ нисбат ба фарзанд боиси зиёд гардидани кӯдакони бе-
парастор мегардад”. М. Шарифов ҳикоя намуд, ки ба хона-кӯдакистони онҳо зане фарзандашро барои парасторӣ овард. Зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ҳамроҳи тифли хурдаш ба хонаи модар меравад. Кампири модараш бошад, ӯро бо писари хурдсол дар хона роҳ намедиҳад. Шарт мегузорад, ки тифлашро дар ягон ҷо монда, пас, хона биёяд. Зани бечора дигар намедонад чӣ кор кунад, маҷбур мешавад, писарашро оварда дар хонаи ятимон гузорад. Фарзандхонӣ як раванди маъмул дар тамоми дунёст, ки аксаран афроди бефарзанд аз таваллудхонаҳо, хонаи кӯдакон ва мактаб парваришгоҳҳо тифлони бекасу бепарасторро ба фарзандӣ мегиранд. Дар мо гирифтани кӯдакони бепасрастор хеле душвор аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, хушбахтона, солҳои охир шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиши ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакони иллати ҷисмонидоштаро низ доранд. Ин гувоҳи сол то сол афзоиш ёфтани одамони хайрхоҳ дар кишвар аст. Аз ин хотир, хуб мебуд агар роҳи фарзандхониро дар кишвар соддатар намоянд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуд, ки дар кишвар 3 ҳазору 500 ятим мавҷуд аст. “Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад. Ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан ҳам беҳтар аст ва ҳам савоби бузург. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним ҳазор ятим якнафарӣ ба муҳити оила фаро гирифта шаванд, чӣ қадар оилаҳо соҳиби фарзанд ва хушбахт мегарданд”, - омадааст дар Паёми Президенти кишвар. Дар ҳақиқат, кӯдакони дар муҳити хонавода тарбияёфта, нисбат ба кӯдакони дар хонаи бепарасторон ва мактаб-парваришгоҳҳо тарбиятгиранда аз нигоҳи равониву ҷисмонӣ, ақливу зеҳнӣ фарқ мекунанд. Тибқи моддаи 127-и Кодекси оилаи Тоҷикистон дар заминаи фарзандхонӣ омадааст, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ бигирад, бояд 16 санади таъйиди ҳувиятро пешниҳод намояд. Дар боби 19-и Кодекси оила тартиби фарзандхонӣ дар 22 модда баршумурда шудааст, ки бисёриҳо ин талаботро беш аз ҳад ва як монеа дар роҳи фарзандхонӣ мешуморанд. Пас, таъкиди Сарвари давлат дуруст аст, ки бояд ятимонро ба шаҳрвандони худамон, ки хоҳиши ба фарзандхонӣ гирифтан доранд, бе коғазбозиҳои зиёдатӣ бидиҳем.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Ибтидо, шубҳаҳо мавриди ба рақобатҳо тоб оварда натавонистани пули миллии мо ва зуд беқурб шудани он хеле зиёд буданд ва заминаи воқеии худро доштанд, чунки то солҳои наздик дар ҷумҳурии мо, қариб ки истеҳсолот набуд. Имрӯз ҳам ба он нигоҳ накарда, ки пешравиҳо ба назар мерасанд, мутаассифона, фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатиамон қаноатбахш нест. Ҳатто пиёзу картошка барин маҳсулотро аз хориҷ ворид менамоем. Дуруст, ки бо як гандуми Тоҷикистон талаботи мардумро қонеъ гардондан мумкин нест ва аз хориҷа харидани гандум барои мо чандон боиси айб шуда наметавонад. Вале вақте пиёзу картошка, помидору сирпиёз, себу анор барин маҳсулоти кишоварзиро аз хориҷа ворид мекунем, набояд бахшиданӣ бошад. Маҳсулоти зикршуда, ки дар ҷумҳурии худамон истеҳсол мешавад, даҳҳо маротиба аз маҳсулоти хориҷа бомаззатару ғизонок ва барои саломатӣ фоиданоктар мебошанд. Ҳамчунин бо, ҳарчи кам воридот ва бештар содирот карданамон яке аз омилҳои тараққиёт хоҳад буд, чунки агар дар аввалӣ пулҳои зиёдамонро аз даст диҳем, дар ҳолати дуюм, баръакс, ба ҷумҳурӣ маблағ ворид месозем ва метавонем онро гардиш дода, бамаротиб зиёд созем. Дигар ин ки бояд илоҷе карда, шумораи корхонаҳои истеҳсолии хоҳ хурд, хоҳ миёна, хоҳ бузургро афзоиш диҳем. Хушбахтона, ба оҳистагӣ ҳам бошад, дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷунбишу пешравиҳо мушоҳида мешаванду заминаҳо мустаҳкам мегарданд, вале мавриди бунёди корхонаҳои саноатӣ чунин гуфтан нашояд. Дар баробари тадбирҳои номбурда ба хотири баланд бардоштани қурби асъори миллӣ, ҳамчунин, бояд аз ҷиноёти иқтисодӣ, ки ба иқтисодиёту амнияти кишвар латма мезананд, пешгирӣ карданро ёд гирем. На ончуноне ки бо фасод, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир мубориза эълон кардаему ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасида истодаем. Ҳисобот дар муқоиса бо вазъи воқеӣ тамоман умедворкунанда нестанд. Ҳамоно порадиҳию порагирӣ, интиқолу фурӯши маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ пинҳону ошкоро идома доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар раисон ба сифати намояндаи Президенти мамлакат ва ҳама бахшҳои қудратӣ, оғоз аз суду прокурор, милиса ва ғайра
фаъолият доранд, вале фурӯши маводи мухаддир ошкоро ҷараён дорад ва касе ҳисоби аниқи қурбониёни ин маводи марговарро намедонад. Яъне, ягон хел назорату тадқиқот, ҳисоби оморӣ бурда намешавад. Баръакс, дар ин кори ифлос даст доштани бевосита кормандони алоҳидаи мақомоти қудратӣ, ки қисмате ба даст афтода, пушти панҷара нишастаанд, гувоҳи ҳол аст. Аз он ки ҷавонони зиёде ба ҳалокат мерасанд, оилаҳои зиёде бесаробон мемонанд, насли хеле ҳам ҷавонтар сироят ва ба марг маҳкум мешаванд, миллат нест мешавад, касеро парво нест ва қотилони фарзандони мардуми бечора бидуни тарсу ҳаросе, чӣ дар пойтахт ва бахусус, ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистони ҳамсоя ба савдои героину нашъа ва дигар намудҳои ин заҳри ҳалоҳил машғуланд. Дар сурати ба даст афтодан наҳангҳояшон илоҷи халосиро ёфта, моҳичаҳо аз шаст берун шуда наметавонанд. Ҷои пинҳон кардан нест, ки ин гуна гӯру имонсӯхтаҳо, ба қавле, дар
ки ин масъаларо бардорам, вале ному насабашонро зикр намекунам, чунки аз он девсиратон мавриди тақдири дигар фарзандону наберагон бим доранд. Ҳатто зани бечорае, ки хуб мешиносамаш, яку якбора ду писари ҷавонашро аз касофати истеъмоли героин аз даст додаву ба хотири ояндаи набераҳо, рафъи дарду ғам гӯшаи бозорро аз саҳар то шом ба иҷора гирифтааст. Намуди дигар ҷиноят ба хотири ворид шудан ба қатори одамони сарватманд, сохтани пулҳои қалбакӣ мебошад. То солҳои наздик ҳама хотирҷамъ будем, ки қурби пасти асъори миллии моро дида, аз сомониҳои мо пулҳои қалбакӣ намесозанд. Шахсан, камина ҳам чунин ақида доштам, то даме ки рӯзе касе бароям даҳсомонии қалбакиро нишон дод. Ба ҳунари устоҳои пулҳои қалбакӣ қоил нашудан мумкин набудааст, лекин бо андаке диққат фарқ кардани пулҳои сохта имкон доштааст, ҳатто барои одами ғайримутахассис. Барои мутахасси-
ҷиҳат бе мушкилӣ метавонистам бо харидани молу маҳсулоте аз ин пули қалбакӣ халосӣ ёбам, вале виҷдонам нагузошт, ки дидаю дониста каси дигареро фиреб диҳам, чунки дар ин сурат пули қалбакӣ, ки кӣ медонист чӣ қадар ба муомилот бароварда шудааст ва чӣ муҳлатест, ки дар гардиш аст, аз даст ба даст мегузашт. Тасмим гирифтам, ки онро ба хазиначиамон бурда медиҳам, то ба бонк супорад ва ҳодисаи корро нақл кунад, то пулҳои қалбакиро аз муомилот бароранд, вале то куҷо аз муомилот баровардани он бароям номаълум мемонад, чаро ки қалбакӣ будани онро на дар бонк, балки нуқтаи мубодилаи асъор, ки шояд хусусӣ бошад, муайян карда тавонистанд. Яъне, манфиати соф шахсӣ кормандони нуктаи табодулро дар муқоиса бо кормандони бонк водор менамуд, ки зираку ҳушёр бошанд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки боз он пули қалбакӣ ба муомилот баргардонда намешавад? Хуб дарк мекунам, ки ошкор ва ги-
мақомоти қудратӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатӣ «криша» доранд ва аз ҳамин ҷо дар маҳалҳо фаъолияти ҷинояткоронаи онҳоро нодида мегиранд. Ҳатто ҳангоми ба даст ва ба маҳбас афтоданашон ҳам сарвату дороии аз ҳисоби бадбахтии дигарон ба даст овардаашон пурра мусодира намешавад, ки баъди ба озодӣ баромаданашон ҳам мушкиле дошта наметавонанд, то азоби дигаронро эҳсос карда тавонанд. Дар натиҷа, нашъаҷаллобон сарватманду оилаҳои муштариёнашон бадбахту касод мегарданд. Бо иллати ҷиддӣ танҳо дар сурати муборизаи ҷиддӣ дастболо шудан мумкин аст, он гунае ки дар Чин барин давлатҳо барои даст доштан дар қоҷоқи маводи мухаддир ва фасод ҳукми қатл муқаррар гардидааст. Дар мо бошад, «тараҳҳум бар паланги тездандон, ситамгорӣ бувад бар гӯсфандон»-ро ба хотир меорад. Кӣ бояд мардуми бечораро аз ҷабру зулм ва таҳдиди доираҳои нашъаҷаллоб ҳимоят намояд? Аз суҳбат бо мардуми ноҳияи сарҳадии Фархор ва мушоҳидаҳо маълум гардид, ки бозори сиёҳи сафедии марговар ҳанӯз ҳам тафсон аст. Чанд нафар аз модарони писаронашонро аз касофатии героинфурӯшон аздастдода аз камина ҳамчун рӯзноманигор илтиҷо карданд,
сон ва онҳое, ки ҳамарӯза бо пул сару кор мегиранд, тамоман мушкилӣ надорад, зеро агар аз як тараф ин кори ҳаррӯзаи онҳо бошад, аз тарафи дигар таҷҳизоти пулҳисобкунӣ ба осонӣ қалбакӣ будани пулҳоро муайян карда метавонад. Вале дафъаи навбатӣ, вақте маоши моҳи мартиамро гирифта, хостам дар нуқтаи ивази асъор дусад сомониамро бо пули майда иваз намоям, ходими ҷавон баробари ба даст гирифтани садсомонии дуюм қалбакӣ будани онро муайян намуд. Мани ҳайратзада «ҳеҷ мумкин нест, маоши моро аз «Ориёнбонк» меоранд, дар он ҷо ҳам ҳамин асбоби пулгузаронӣ ҳаст» - гӯён изҳори нобоварӣ кардам. Ходим барои исбот ду маротиба садсомонии шубҳанокро аз асбоби пулгузаронӣ гузарониданӣ шуд, вале ҳар дафъа асбоб онро қабул накарда, ҳаво медод. Ноилоҷ пулро бозпас гирифтам. Дар рӯшноӣ ин тарафу он тараф гардонда диққат додам. Дар пули қалбакӣ тамоми нишонаҳои пули ҳақиқӣ дида мешуд. Ҳамин қадар фарқ дошт, ки ранги пули қалбакӣ хиратар менамуд ё коҳида буд. Коғазаш ҳам ба коғази пулҳои ҳақиқӣ монанд набуда, сабукиаш ҳис мешуд. Аммо ба пулҳои ҳақиқии бисёр молишхӯрда шабоҳат дошт, ки касро ба гумроҳӣ мебурд. Аз ин
рифтани пеши роҳи ин сохтакориҳо дар замони муосири дорои пешқадамтарин техникаю таҷҳизот кори осон нест. Барои фаъолият дар сохторҳои босалоҳият мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тайёр бояд кард, то онҳо тавонанд, ки дар ошкор ва маҳв кардани ҷиноят пешдастӣ нишон диҳанд. Дигар бо усули замони шӯравӣ фаъолият кардани кормандони сохторҳои қудратӣ имкон надорад. Ба мутахассисон равшантар аст, вале роҳҳоеро бояд кашф кард, ки касони бо чунин ҷинояткору ҷиноятҳо дар мубориза ба кори худ ҳавасманду дилгарм бошанд, на чун нозирони ҳаракати бехатарӣ дар роҳ бар ивази пули ночизе обрӯи худ ва соҳаро паст зананд. Зиён аз пулҳои қалбакӣ ҳам на камтар аз зиёни маводи мухаддир аст. Ба фалаҷ кардани давлат ва касод кардани миллат равона гардидааст. Алҳол номаълум мемонад, ки пулҳои қалбакӣ дар ҷумҳурии худамон ё ягон давлати бегона омода шудаанд? Аммо ошкор ва дастгир кардани ҷинояткорон набояд масъулонро орому осуда гузорад, зеро нест гиреҳҳе, ки кушода нашавад. Дар акси ҳол, оқибати ин корҳо мушкилу мусибатҳои зиёдеро ба бор хоҳанд овард.
Эҳтиёт, пулҳои қалбакӣ ва нафақат
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Хоҳем-нахоҳем, ҷаҳонишавӣ, сиёсати дарҳои кушод ба мамлакати мо ҳам дар баробари ҷиҳатҳои мусбат, аз лиҳози манфӣ бетаъсир намемонанд. Дар баробари дастоварду таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, иллату мушкилиҳои нав ба нав, аз ҷумла, дар шакли ҷиноёти гуногун бар сарамон таҳмил мешаванд. Яке аз орзуҳои деринаи мо, тоҷикони баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлат гардида, доштани асъори миллӣ буд, ки ба он мушарраф шудем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
5
ДАРДУ ДОҒИ ҶОМЕА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
6
ҲАМОИШ
Бо ташаббус ва дастгирии Лоиҳаи USAID оид ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ (REС) 14-16 апрели соли равон дар шаҳри Исломобод (Покистон) дар мавзӯи «Мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ» конфронс доир гардид. Дар он намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ширкат варзиданд.
муд, ки ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар «Роҳи абрешим» қарор доранд. Минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги нефт, газ, ангиштсанг, барқ ва саноати рушдкунанда мебошад. Аммо ин имконоти бузургро Покистони 180-миллионнафара ҳанӯз истифода набурдааст. Барои кишварҳои мазкур бандарҳои обии Покистон наздиктарин роҳи баромад ба уқёнус маҳсуб меёбанд. - Покистону мамолики Осиёи Марказӣ пайванди таърихӣ доранд, – гуфт Закариё Усмон. - Мутаассифона, дар ин айём ҳаҷми додугирифт миёни ин кишварҳо хеле паст аст. Мо ҷамъ омадем, то роҳҳои халосӣ аз ин мушкилотро паси сар кунем. На танҳо дар бахши иқтисод, балки дар бахшҳои илм, маориф, аз ҷумла, табодули
Конфронсро президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Покистон Довуд Ориён ифтитоҳ намуд. Номбурда ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс муваффақият таманно кард. - Ҳадаф аз ин ҳамоиш наздикшавии робитаҳои иқтисодӣ миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон мебошад, – гуфт Довуд Ориён. - Имконоти иқтисодии Покистон хеле бузург аст. Мутаассифона, ҳаҷми додугирифти Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ як дарсади
устодону донишҷӯён метавонем муваффақ бошем. Муовини вазири тиҷорати Покистон Муҳаммад Шаҳзод Арбоб мушкилоти ночиз будани ҳаҷми додугирифтро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар монеаҳои сунъӣ хонд. Чунончи, масофаи роҳи ПешоварТурхам дар сарҳади Покистону Афғонистон ҳамагӣ 50 километр аст. Вале мошинҳои боркашро лозим меояд, ки дар 3 соат онро тай кунанд. Зеро тафтишу расмиятчигӣ вақти зиёдро мегирад. - Ҳамарӯза дар ин шоҳроҳ
дааст. Нахустин нақшаи ҳукумати кунунии мамлакат ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. - Кушодани бозори нав кори осон нест, - гуфт Хуррам Дастгир. – Ин иқдом аз ҳукумати ҳар кишвар сабр ва дурандешию таваккалро талаб мекунад. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро лозим омад, ки дар ин самт чанд солро паси сар кунанд. Мо бояд аз таҷрибаи ин кишварҳо ибрат гирифта, тиҷорат ва робитаро ривоҷу равнақ диҳем. Агар дар ин самт аз ҳамин рӯз
2) Покистон – Афғонистон – Туркманистон (Турғундӣ). 3) Покистон - Афғонистон (Ҳайратон) - Ӯзбекистон. 4) Покистон – Чин (гузаргоҳи Хунҷираб) – Қазоқистон ва Қирғизистон. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон нафту газ ва барқ содир намуда, аз Покистон бо нархи арзон маҳсулоти пахтагин, дору, нуриҳои минералӣ, тамоми сол меваю сабзавоти арзон дастрас карда метавонанд. Дар конфронс намояндагони мамолики Осиёи Марказӣ ва Афғонистон оид ба дурна-
робитаҳои берунии Покистонро ташкил медиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки баҳри таҳкими робитаҳо бояд тамоми нерӯро сарф намуда, зерсохторҳоро ташкил диҳем. Ҳар гуна монеаҳои сунъиро барҳам зада, рафтуомади соҳибкоронро осон созем. - Конфронси мазкур дар ҳалли мушкилоти мавҷуда бояд кӯмак намояд, – гуфт Довуд Ориён. Президенти Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон Закариё Усмон иброз на-
қатори тӯлонии мошинҳои навбатистодаро мебинем, - гуфт Муҳаммад Шаҳзод Арбоб. – Вақте чунин мушкилиҳо ҳал мешаванд, соҳибкорон бештар ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат дилгарм мегарданд. Покистон мехоҳад миёни ҳамсоякишварҳояш ҳамдигарфаҳмиро ривоҷ диҳад. Вазири тиҷорати Покистон Хуррам Дастгир паёми Сарвазири Покистон Навоз Шарифро ба иштирокчиёни конфронс расонд. Ӯ гуфт, ки аз таъсиси ҳукумати нави кишвар ҳамагӣ 10 моҳ сипарӣ шу-
қадамҳои нахустинро гузорем, мо баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои худ муваффақ мешавем. Ба роҳ мондани ҳамкориҳо иқтисодиёти кишварҳои моро рушд медиҳад. Дар ривоҷу равнақ ёфтани робитаҳои иқтисодӣ бунёди роҳҳо нақши муҳим мебозанд. Мушовири иқтисодии Сафорати Покистон дар Қазоқистон Одил Миёнхел гуфт, ки имрӯз Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути чор роҳ робита мекунад. 1) Покистон – Афғонистон (бандари Шерхон) – Тоҷикистон.
мои ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳояшон бо Покистон маълумот доданд. Мудири шуъбаи Палатаи робитаҳои бурунмарзии савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамила Мирсаидова таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, робитаи дипломатӣ ба роҳ мондааст. То ин дам миёни ду кишвар 30 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Покистон соли 1993 сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Тоҷикистон соли
CASA-1000 зиндагии мардумро беҳ мекунад 1997 консулгарӣ ва соли 2005 сафорати худро дар Покистон кушод. Ҳар ду кишвар узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Созмони ҳамкории исломӣ (ОИС) мебошанд. Соли 2012 Бонки миллии Покистон намояндагии худро дар шаҳри Душанбе бо сармояи аввалияи 50 миллион сомонӣ (10,5 миллион доллари ИМА) ифтитоҳ намуд. Ҷамила Мирсаидова дар хусуси лоиҳаи муҳимтарини минтақа - CASA -1000 сухан ронда, таъкид намуд, ки амалӣ шудани он ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Лоиҳа кашидани хати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. - Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегии географӣ дошта, Шарқу Ғарбро бо ҳамдигар мепайвандад, –илова намуд Ҷ. Мирсаидова. – Ин минтақа дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодии онро ҳалли истифодаи самараноки ин захираҳо ташкил медиҳад. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон содироти нерӯи барқ, пахта, маҳсулоти саноати кӯҳӣ-металлургӣ, меваю сабзавот, хушкмева ба Покистон ва воридоти маҳсулоти саноати сабук, доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ аз Покистон мебошад. Бо кадом усул ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро ба роҳ бояд монд? Дар ин хусус Ҷамила Мирсаидова ёдовар шуд, ки тавассути баргузор намудани намоишгоҳу форуми соҳибкорони ду кишвар, табодули иттилоот ва лоиҳаҳо, тарғибу муаррифии манфиатҳои дуҷониба дар кишварҳои сеюм метавон самараи ҳамкориҳоро даҳчанд намуд. Тоҷикистон дар чорроҳаи шоҳроҳи тиҷоратӣ қарор дорад. Мавқеи ҷойгиршавии он дорои аҳамияти стратегӣ буда, пуле оид
Роҳи панҷум, Карочӣ – бандари баҳрҳои Сиёҳ ва Балтика – тавассути қатора то Алмаато. Интиқоли бор тавассути ин роҳ зиёда аз як моҳро ташкил дода, арзиши он ба 12-13 ҳазор доллар мерасад. Тавре аз таҳлил бармеояд, наздиктарин роҳ аз Покистон то Қазоқистон шоҳроҳи Қароқурум аст, вале он 6 моҳ баста мебошад. Интиқоли бор тавассути Афғонистону Тоҷикистон шакли беҳтарин аст. Қубат Раҳимов гуфт, ки тибқи таҳлили рақамҳо, агар хоҳем, ки бор зудтар расад, маблағи зиёдтар сарф кардан лозим меояд. Ин барои интиқоли маҳсулоти ғизоӣ муфид аст. Барои кашонидани маҳсулоти дервайроншаванда ба тоҷир роҳи нисбатан арзон (бигзор дер дастрас шавад ҳам) муфид аст. Президенти Кумитаи миллии палатаҳои савдою саноати Покистон Тариқ Рангинвала дар хусуси ин мушкилот изҳор намуд, ки масофаи роҳи автомобилгарди БишкекДушанбе-Кобул-Исломобод 1850 км. аст. Ин роҳ тавассути долони Вахон метавонад ҳамагӣ 195 км. бошад. Зимни мулоқот дар бахшҳои гуногун тоҷирони Покистон ба меҳмонони конфронс баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, химия, мошинсозӣ, саноати кӯҳӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ пешниҳодоти хешро изҳор намуданд. Директори ширкати «Агро индустриес» Форуқ Раҷпут гуфт, ки муассисаи вай маҳсулоти хушсифатро дар муддати кӯтоҳ бо нархи дастрас ба муштариён мерасонад. Соҳибкор Файсал Холид иброз дошт, ки ба содироти маҳсулоти кишвар машғул асту мехоҳад бо тоҷирони тоҷик робитаи ҳамкорӣ дошта бошад. Муҳаммад Маҷид Мунир, Суҳайл Каёнӣ, Дорохон Ачакзай ва дигарон дар бораи имконияти муассисаҳояшон маълумот дода, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногунро пешниҳод карданд. Намояндагони Тоҷикистон Муфарраҳ Муҳаббатов (ширкати «Рухом»), Заррина Муллоева («Тоҷи заррин»), Миралӣ Наимов (Корхонаи арматурбарорӣ), Фаридун Саидов (Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»), Баҳром Шарифов (Ширкати консалтингӣ) ва дигарон дар хусуси имкониятҳои рушди ҳамкориҳо бо соҳибкорони Покистон ибрози ақида намуданд. Дар рафти конфронс намоиши маҳсулот низ доир гардид, ки ширкати «Рухом» аз сербинандатарин гӯшаҳои намоишгоҳ буд. Дар поёни конфронс миёни Палатаҳои савдою саноати Покистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаю Афғонистон 16 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз тарафи Тоҷикистон Ҷамила Мирсаидова ва Заррина Муллоева созишномаҳоро имзо намуданд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки оянда ба хотири таҳкими робитаҳои иқтисодӣ дар ҳар як ҷумҳурӣ чунин конфронсу чорабиниҳо баргузор шаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”, Душанбе-Дубай-ИсломободДубай-Душанбе
Вазъи ҷинояткорӣ дар Хуҷанд нигаронкунанда аст Дар партави Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар толори Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назаров ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳолии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ба иттилои Муҳсинҷон Юсуфов, масъули мар- милитсия бо аҳолӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ Раёсати кази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, Шариф ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳанӯз аз соли 2011 фарНазаров дар мавзӯъҳои вазъи нигаронкунандаи со- мони махсусе содир намуд, ки дар асоси он кормандиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, дони РВКД ба кӯчаву маҳаллаҳо вобаста шудаанд. ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва шомилшаМасъалаи дигари мавриди назар дар мулоқот вии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бо сокинон саҳми зан дар ҷомеа буд. Ба қавли Шаҳолати риоя ва иҷрои нокифояи талаботи Қонунҳои риф Назаров имрӯзҳо Ҳукумати кишвар барои баҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барномаҳои ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», махсусро амалӣ намуда истодааст, вале боиси ни«Дар бораи масъулияти падару модар дар таъли- гаронист, ки бархе аз занону духтарон ин рисолати му тарбияи фарзанд», ба таҳсил фаро нагирифта- бузурги модариро сарфи назар намуда, ба амалҳои ни ноболиғон, коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, ношоиста ва ҳатто ҷиноят даст мезананд. Дар соли оила ва шаҳрдорӣ, афзоиши шумораи садамаҳои 2013 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави роҳу нақлиёт маърӯзаи муфассал намуд. Қайд гар- шаҳри Хуҷанд аз ҷониби 132 нафар зан 137 ҷиноят, дид, ки сабабгори асосии пайдошавии ҷиноятҳо аз ҷумла, ғоратгарӣ, қасдан расонидани зарари вазбетарафӣ ва бемасъулиятии сокинон, волидайн ва нин ба саломатӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи фаъолони маҳал, масъулони корхонаю ташкилот, мухаддир, куштор, даллагӣ, авбошӣ, қаллобӣ, дуздӣ муассиса ва мақомоти марбута мебошанд. ва дигар намуд ҷиноятҳо содир шудаанд.
Сардори РВКД зикр намуд, ки дар соли 2013 ва се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 1092 ҷиноят, аз ҷумла, 11 - одамкушӣ, ки аз ҷониби 987 нафар шаҳрванд содир гардидаанд, ба қайд гирифта шуд. 60 ҷиноят аз ҷониби ашхоси доғи судидошта, 75 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва 338 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон содир шудаанд. Аз 1092 ҷинояти бақайдгирифташуда 887 ададашро сокинони шаҳри Хуҷанд содир намудаанд. Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар давраи зикргардида 75 ҷиноят аз ҷониби 53 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора як муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 5 авбошӣ, 8 - қаллобӣ, 12 - ғоратгарӣ, 40 - дуздии амволи ғайр ва ҷиноятҳои дигар содир шудааст. Аз 53 нафар ноболиғи ҷинояткор 24 нафарашон дар ягон муассисаи таълимӣ таҳсил намекунанд ва 29 нафараш хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба шумор мераванд. Ноболиғон 66 ҷиноятро дар танҳоӣ ва 9 ҷиноятро дар ҳайати гурӯҳӣ содир намудаанд. Дар самти ҳамкории мутақобилаи кормандони
Мавзӯи роҳу нақлиёт ва пиёдагардон аз масъалаҳои дигари ташвишовар дониста шуд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 98 287 қойдавайронкунии ҳаракати роҳ ва 10 943 қоидавайронкунии пиёдагардон ошкор шудааст. Аз ҳама нигаронкунандааш он аст, ки новобаста аз андешидани чораҳои профилактикии мақсаднок дар соли 2013 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд содиршавии 74 садамаи роҳу нақлиётӣ, аз ҷумла, 16 садамаи роҳу нақлиётии ҳалокатовар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 19 нафар ҳалок ва 77 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар фарҷоми вохурӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода суханронӣ карда, зикр намуданд, ки бояд ҳар шаҳрванди кишвар барои пойдории сулҳу суботи мамлакат мубориза барад ва барои пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бетараф набошад.
ТАСМИМ
Шиносоии журналистон аз маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирон Намояндагони расонаҳои хабарии шаҳри Қӯрғонтеппа бо фаъолияти маркази иттилоотӣомӯзишии шаҳри Қӯрғонтеппа барои муҳоҷирони корӣ ва аҳли хонадони онҳо, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон (ФБҶ СС ва ҲА) дастгирӣ мешавад, шинос шуданд. Журналистон, ҳамчунин, доир ба фаъолияти ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, ба вижа, дар бастагӣ бо пешгирӣ аз густариши ВИЧ/СПИД ва сил дар миёни муҳоҷирон маълумот гирифтанд. Мушовири ҳуқуқии Маркази иттилоотӣ-омӯзишии ҶҲАТ барои муҳоҷирон доир ба ҳуқуқи муҳоҷирон ба ёрии тиббӣ дар Русия суҳбат карда, ҳозиринро мухтасар бо қонунҳои Русия дар мавриди ироаи ёрии тиббӣ шинос намуд. Журналистон, ҳамчунин, имкони суҳбат ва мусоҳиба бо намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва мизбонони чорабиниро доштанд. Бо мусоидати намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) чанде пеш нахустин Маркази иттилоотӣ-омӯзишӣ барои муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор шуруъ кард. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд. Онҳо ба таври ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро меомӯзанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ба интиқоли коло байни кишварҳои Чин, Покистон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ шуда метавонад. Долони Вахон, ки ҳамагӣ 20 километр аст, Тоҷикистонро аз Покистон ҷудо мекунад. Бо бунёди нақбу роҳи автомобилгард тавассути долони мазкур метавон ба робитаҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа бо Покистон суръат бахшид. Соли 2012 ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Покистон 78 миллион доллар буд. Соли гузашта ин рақам ба 100 миллион доллар расид. Аз Покистон ба Тоҷикистон, асосан, сементу доруворӣ, картошка, мандарин ва шакар ворид шудааст. Иштирокчиёни конфронс иброз доштанд, ки барои вусъат додани робитаҳо, пеш аз ҳама, ифтитоҳи роҳҳои наздики автомобилгарду оҳан сабук гардонидани расмиёти гумрукӣ, барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоӣ зарур аст. Баъзе аз ширкатҳои боркашонии Покистон зимни интиқоли бор кафолати суғуртаи амволро медиҳанд, зеро агар мошин ба садама дучор шаваду бор талаф ёбад, соҳибкор зарар мебинад. Аз ин рӯ, ширкати боркашон ба хотири аз даст надодани мизоҷон ҷуброни зарарро мепардозад. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов дар бораи имтиёзоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ додааст, сухан кард. Номбурда доир ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди зерсохтори кишвар ба ҳозирин маълумот дода гуфт, ки дари Тоҷикистон ҳамеша барои сармоягузорону соҳибкорон ва сайёҳон боз аст. Иштирокчиёни конфронс ба бахшҳо ҷудо шуда, дар мавзуъҳои баркашонӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, саноати сабук, интиқоли маҳсулоти нефту газ ва ғайра бо ҳам табодули назар карданд. Коршиноси иқтисодӣ аз Қазоқистон Қубат Раҳимов гуфт: «Ман аз нигоҳи аввал мафтуни Исломобод шудам. Покистон бешак, яке аз кишварҳои абарқудрати Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Аҳолии он қариб се баробар аз аҳолии Осиёи Марказӣ зиёд аст. Ягон кишвари Осиёи Марказӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ мустақиман роҳ надорад. Аз ин рӯ, сохтмони роҳи оҳан то Покистон ба ривоҷу равнақ ёфтани робитаҳои иқтисодӣ такони бузург мебахшад». Қубат Раҳимов гуфт, ки алҳол 5 роҳи содироти амволи Покистон ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон вуҷуд дорад. Якум, агар таҷҳизоти боркаш (контейнер) тавассути роҳи Пешовар – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Алмаато равона шавад, вобаста ба шароити обу ҳаво дар 12-15 рӯз ба нуқтаи зарурӣ мерасад. Арзиши интиқол тақрибан 15000 долларро ташкил медиҳад. Дуюм, интиқоли бор тавассути шоҳроҳи Қароқурум – гузаргоҳи Хунҷираб – Чин – Алмаато. Ин роҳ 6 моҳ баста аст. Сеюм, Карочӣ – Бандари Аббос (Эрон) – баҳри Каспий – Оқтов (қатора) – Алмаато. Роҳи чорум, Карочӣ – бандарҳои Чин (қатора) – Алмаато. Тавассути ин роҳ бор то 1 моҳ расида, арзиши интиқол 10000 долларро ташкил медиҳад.
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
8
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА МУҚАДДИМА Аз лиҳози моддӣ дарк намудани шаклҳои ҳастӣ имкон медиҳад, ки ба таври робитаҳои дутарафаи ҳамаи зуҳуроти воқеияти ҷамъиятӣ, масалан, вобастагии сатҳи маънавии ҳастию сохти таркибии шуури инсонӣ аз омили моддӣ муайян гардад. Маҳз ҳамин асоси фалсафӣ – методологии бархӯрди илмӣ ба материяи сиёсӣ, сарҳади байни хусусиятҳои сиёсӣ – назариявӣ ва идеологии шуури сиёсиро муқаррар мекунад. Воқеияти ҷамъиятӣ – материалӣ ҳангоми масъалагузорӣ аз нигоҳи гносеология худро ҳамчун объективона, яъне, новобаста аз хоҳиш ва шуури одамон вуҷуддошта, зуҳур мекунад. Аз ин рӯ, сарманшаъ ва ҳамин тариқ, омили гуногуншаклию мутақобилии шуури ҷамъиятӣ мебошад. Охирин нафақат ба шаклҳои сиёсии ҷаҳони моддӣ, балки ба дарки субъективии ҳамаи асосҳои материалии худаш ҳам вобастагӣ дорад. Бар хилофи ин принсипе, ки гуфта мешавад, «агар ченакҳои геометрӣ ба иродаи одамон вобаста мебуданд, он вақт онҳо низ ҳамон тавр таҳриф мешуданд». Идеологияи сиёсӣ бошад, ҳамчун як дараҷаи ратсионалии ҳастии сиёсӣ, ба асоси материалии худ мутобиқат намекунад. Идеология ҳамеша ва дар ҳама ҷо, қабл аз ҳама, ба зуҳуроти марбут ба материяи сиёсӣ хизмат менамояд. Дар ин масъала идеология хусусияти худро касб намуда, аз муносибатҳои ҷамъиятии материалӣ – базисӣ дур мешавад, дар шакли динӣ бошад, ҷавҳари бағоят метафизикӣ мегирад. Дар сатҳи идеологӣ, шуур метавонад муддаии бештар таҳриф намудани воқеияти объективии ҷойдошта бошад. ДАР БОРАИ ТАБИАТИ ИДЕОЛОГИЯ Мафҳуми «идеология» дар оғози асри XIX аз ҷониби Дестют де Траси барои ифодаи илме, ки бояд мавзӯи омӯзишаш ошкор ва таҳқиқи қонунҳои ташаккулёбӣ ва инкишофи ғояҳо бошад, истифода шудааст. Баъдан, ин мафҳум даҳҳо тафсирҳои дигар пайдо кард. Ҳамаи онҳо ҷолиби диққат мебошанд. Аммо мо бештар ба таърифи идеология ҳамчун «маҷмӯи мулоҳизот, ғоя ва назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, этикӣ ва эстетикию фалсафӣ»1 муътақид ҳастем. Ба андешаи мо, мумкин аст, ки ба ин гуна таъриф нуктаи зерин илова карда шавад: «…таъбиркунандаи воқеияти объективӣ аз мавқеи манофеи гурӯҳҳои сиёсӣ, синфҳо ва афроди ҷудогона». Идеология барои он коркард мегардад, ки талоши субъектҳои сиёсӣ дар мубориза барои ҳукумат рӯйпӯш ва ҳатталимкон асосноку далелнок карда шавад. Ҳамзамон, баҳсҳои зиёд нисбат ба таърихи пайдоиши идеологияи сиёсӣ ҷой доранд. Ба эътиқоди мо, идеологияи сиёсӣ замоне пайдо шудааст, ки дар инсон иродаи нахустин оид ба зарурати ташкили мақоми идоракунӣ аз болои ҷамъият, барои пешгирии бесарусомонӣ ва бетартибӣ, яъне, батанзимдарории институтиалии мушкилоти сиёсӣ бо пайомадҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва амалии аз он ҳосилшаванда ба вуҷуд омад. Агар оғози пайдоиши нахустин давлатҳо беш аз се ҳазор сол пеш сарчашма гирад, ин раванд наметавонист бидуни асосҳои идеологӣ сурат гирад. Ҳамин тавр, идеология аз ҷиҳати генезис динамикӣ, ташаккулёбанда, мутобиқшаванда, ҷаззоб, қабл аз ҳама, пешгузаранда ва дар баробари ин, назар ба дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, аз ҳама ихтилофомез, ҷанҷолӣ ва муддаии пешгардӣ мебошад. Дар ҳар сурат, он ҳамчун назарияи пешқадам зуҳур кардааст. Махсусан, бояд қайд гардад, ки ба мафҳуми идеология маҳдудияти замонӣ таъсири хос надорад. Ба сифати сарчашмаи илҳом ва ташаккулёбии принсипҳои он,
далелҳое хизмат мекунанд, ки дар гузашта ҷой доштанд, муҳлати мурур надоранд, дар замони муосир ба вуқӯъ мепайванданд, инчунин, ҳодисаҳое, ки метавонанд дар оянда рӯй диҳанд. Вале ба ҳар ҳол, рӯйдодҳое, ки ҳеҷ вақт сурат нагирифтаанд ва дар оянда низ чунин дурнаморо надоранд, метавонанд ҳамчун манбаи ташаккулёбии идеология хизмат кунанд. Дар ҳама маврид он бояд расидан ба ҳадафҳои сиёсиро миёни қишрҳои иҷтимоӣ дар даврони ҳозира ва замони оянда таъмин намояд. Дар идеология худи калимаҳо, ибораҳо ва моҳияти онҳо хусусияти ҳидояткунанда дошта, барои ангезиши содир намудани кирдорҳои мунтазира пешбинӣ мегарданд. Маълум аст, ки тамоми олам, асосан, аз ҳисоби фактҳо – зуҳуроти аз ҳама ҳаққонӣ ва бебаҳси ҳаёти моддию маънавӣ, ки дастоварди боварибахши шуури мо мегарданд, арзи ҳастӣ дорад. Аммо на ҳамаи субъектҳои ташна ва ниҳоят, ҷӯёи фактҳо, шитоб доранд, шахсан ин зуҳурот, робита, паҳлу ва муносибатҳои онҳоро ба қайд гиранд ё эътироф намоянд. Онҳо шояд барои боварӣ ҳосил кардан ба ҳаққонияти рӯйдодҳо майл
ъол ва муассири кори идеология буд. Идеологияи уҳдабароӣ, чандирӣ ва мустаҳкамӣ, ки барои паст задан ва безарар кардани идеологияи барояш муқобил, онро заиф мегардонад, бозмедорад, карахт мекунад ва таназзул дода, оқибат бетаъсир месозад. Ғарбиён аз интизориҳояшон ҳам бештар ба ин кор даст ёфтанд. Онҳо аз лиҳози идеологӣ эътироф накарда, нисбат ба идеологияи сиёсӣ дар асоси қонунҳои диалектика хеле устокорона муносибат намуданд. Албатта, ин иқдом дар ҷабҳаи идеологӣ ва аз рӯи ҳамон қонунҳои диалектика амалӣ гардид. Тавре маълум шуд, онҳо бидуни камонкашӣ ва тирандозӣ ғолиб омадаанд. Дар ҳар сурат саволе ба миён меояд, ки оё идеологияи илмӣ вуҷуд дорад? Албатта, вуҷуд дорад, агар он илмӣ ва объективона бошад. Аз лаҳзаи пайдоиши Homo Sapience – мавҷудоти дорои шуур, ибтидои идеология гузошта шуд. Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат вуҷуд дорад. Шарт нест, ки дар ҳамаи тасаввуроти идеологӣ, тафсирҳои илмӣ вуҷуд дошта
доранд, вале аз рӯи манфиатҳои сиёсӣ ва иҷтимоиашон, барои то ҳақиқат бурда расонидани кор ва эътирофи он манфиатдор нестанд. Ҳадафи эҷодкорони идеология ва субъектҳои пешбарандаи ин ғояҳо дар он аст, ки одамон аз лиҳози манфиатҳои онҳо ба олам назар кунанд. Эҳтимол ба ин ваҷҳ Арасту қайд мекунад: «Донистани факт аз дониши далелнокшудаи факт тафовут дорад»2. Ҳамин тавр, мо муътақид ҳастем, ки ҷаҳонбиниро аз мавқеи ин таълимот оид ба факти воқеӣ ва далелнокшуда, дар мисоли идеология баррасӣ намоем.
бошанд. Тавре дар боло ишора шуд, пайгирии назариявии масъалаи идеология дар замонҳои баъдӣ оғоз гардидааст. Мафҳуми идеология, агар илмӣ бошад, бо мафҳуми ҳақиқат пайвастагии зич дорад. Умуман, идеологияе, ки даъвогари ҳақиқат дар ҷаҳон бошад, вуҷуд надорад. Аммо меъёрҳои ҳақиқат комилан мушаххасанд: «Дар шуури инсон инъикос гардидани ашё, зуҳурот ва қонуниятҳои воқеияти объективӣ тарзе, ки онҳо берун аз субъекти дарккунанда ва новобаста аз ӯ вуҷуд доранд; мутобиқати муҳтавои андешаҳо (мулоҳизот ва мафҳумҳо) ба ҳадаф, ки тариқи амалияи ҷамъиятӣ санҷида мешавад»3. Ба масъалаи ҳақиқат классикони материализм бархӯрди ниҳоят принсипиалӣ доштанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки ҳақиқат «расидан ба (шинохти) ашё дар ҳамон сурате, ки онҳо дар воқеият мавҷуданд»4 мебошад. Бинобар ин, даъвоҳои идеология барои илмият, иддаои онро дар бораи ҳаққоният ифода мекунад. Аз он лиҳоз, ки «факти далелноккардашудаи» Арасту дар фаҳмиши мо ба мафҳуми идеология, ҳамин тариқ - ба манфиат наздик аст, аз ин рӯ, мақсаднок медонем, то алоқаи дутарафаи ин ду зуҳурот дар контексти сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Саймумин ЯТИМОВ ба худ хос ва бағоят универсиалӣ, ки барои давлат ҳаётан муҳим мебошанд, ба монанди: худмуҳофизаткунӣ, мустақилият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти ҳарбӣ ва шароити хуби иқтисодӣ. Бо он сабаб ки ҳеҷ кадоме аз мафҳумҳои зикрёфта наметавонанд истисно ва ё дар алоҳидагӣ бартарӣ дошта бошанд, дар маҷмӯъ онҳоро бо тафсири «манфиатҳои миллӣ» ифода мекунанд»5. Давлат бо мавҷудияти худ, ҳамчун институти асосии ҷамъиятӣ вазифадор аст, ки воқеияти сиёсиро махсусан ҷонибдорӣ намояд. Принсипҳои зикргардида, дар ҳақиқат, ҳаёт, некуаҳволӣ ва инкишофи халқу давлатро муайян месозанд. Идеология баёнгари маҳз ҳамин хел принсипҳост, он инчунин, муҳтаво ва самти манфиатҳое, ки дар як вақт ҳуқуқҳои дигаронро нақз намекунад, манфиатҳои дигар миллатҳоро зери шубҳаю таҳдид намегузорад ва баръакс – онҳоро пурра эътироф карда, сиёсати мувофиқу мушобеҳро татбиқ менамояд,
Идеология ва ДАР БОРАИ ИДЕОЛОГИЯИ ИЛМӢ Дар асри XIX идеологияи сиёсӣ ба таври ҷиддӣ ба нақши идеологияи илмӣ даъвогар шуд, яъне, дорои нишонаҳои объективият, пуррагӣ, системанокии ғоя ва мафҳумҳое шуд, ки дар ҷараёни баамалбарории идеологии воқеияти ҷамъиятӣ – материалӣ коркард мегарданд ва ба такмили минбаъдаи ҷамъияту шуур равона мешаванд. Тасдиқи илмӣ будани ҳама гуна зуҳуроти идеологӣ, маҳз аз ҳамин қабил нишонаҳо иборат аст. Ҳангоми даъвогар будани дилхоҳ идеология ба нақши идеологияи илмӣ, нодида гирифтани ин сифату талаботи минималӣ хеле мушкил ва номумкин ба назар мерасад. Ба ҳар сурат, дар миёни баҳсҳои дар даврони пасокоммунистии мо ҷойдошта, оё метавон дар бораи идеологияи илмӣ воқеъбинона сухан гуфт? Мо ба он мутмаин ҳастем, ки новобаста аз ҳама гуна кӯшиш ва талошҳо ҷиҳати беобрӯсозии идеология ҳамчун як шакли шуури ҷамъиятӣ, ҳеҷ кас қудрате надорад онро нодида гирад, манъ кунад ва гузашта аз ин, нобуд созад. Дар ин бора ҳама медонанд. Таҷрибаи капитализм дар марҳилаи бохти муваққатиаш дар ҷабҳаи идеологӣ, нисбатан ҳуҷуми муваффақиятомези идеологияи коммунистии солҳои 60-уму нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта ва дар робита ба ин эълон гардидани доктринаи деидеологизатсия аз ҷониби аввалиҳо, ба заифшавии нақши идеология оварда нарасонид. Сиёсати деидеологизатсия ҳамеша ба таври мақсаднок аз ҷониби ходимони сиёсии тадбиркор ва фаъол амалӣ карда мешавад. Чунин рафтор яке аз шаклҳои фа-
МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ИДЕОЛОГИЯ Мафҳуми «манфиати миллӣ» аз замонҳои қадим маълум аст. Онро ҳанӯз Фукудид барои ифода кардани муносибатҳои давлатҳои замонаш – Афина ва Спарта истифода кардааст. Таркиби мантиқии ин тафсир дар он аст, ки олими Юнони қадим барои барқарор кардани муносибатҳои иттифоқӣ, мувофиқ омадани манфиатҳои миллиро муҳим медонист. Аз охирҳои асри XVIII ибораи «манфиати миллӣ» хеле маъруф ва то андозае дар муносибатҳои байналхалқӣ муд гардид. Дар ҳар сурат, муҳтавои мафҳуми мазкур, бояд манфиатҳои воқеӣ ва ҳаққонии худи миллатро ба таври объективӣ ифода кунад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, кӯшишҳои бунёдии давлатҳо, бояд ба қонеъ кардани талаботи ҳақиқӣ ва воқеии миллат равона карда шаванд. Ҳамин тариқ, принсипҳои маъмулии манфиатҳои миллӣ аз мавқеи назариявии Ғарб дар шарҳи зер аст: «Консепсияҳои
ифода мекунад. Ҳамин гуна идеологияро метавон воқеӣ, ҳаққонӣ ва ниҳоят илмӣ донист. Чунин муносибатро месазад ва ҷоиз аст, ки ба ҳамаи субъектҳои ба сиёсат машғулбуда, новобаста аз табақабандӣ ва мақому манзалат татбиқ кард. Аммо худи ибораи «манфиати миллӣ» аз рӯйи сохтор, муҳтаво, таркиби мантиқӣ, пуррагии маъноӣ ва албатта, таъсирбахшӣ ниҳоят пурбор аст. Бо чунин нишондодҳо аз ин тафсир сохтани маводи идеологӣ зуҳуроти фитрист. Маҳз барои ҳамин «… истифодаи ин мафҳум («манфиати миллӣ» - Я.С.) барои баҳс замина ба миён меорад. Маънои мафҳуми «манфиати миллӣ» ҳамчун олоти таҳлилӣ ва ҳамчун василаи фаъолияти сиёсӣ, метавонад мояи мухолифату баҳсҳое гардад, ки шакли асосиашон мувофиқ наомадани мавқеъ дар мавриди муҳтаво ва истифодаи мафҳуми мазкур ба ҳайси олоти таҳлилӣ ва асоси рафтори сиёсӣ мебошад»6.
ИДЕОЛОГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКА Вақте идеология дар чаҳорчӯби манфиати миллӣ баррасӣ мешавад, зарур аст, ки таваҷҷуҳи хоса ба ҷанбаи байналхалқии он, ба ҳайси як ҳолати муҳим, зоҳир карда шавад. Мавзӯи асосии муносибатҳои байналмилилӣ, мутлақо манфиатҳои миллии субъектҳои он мебошад. Ба касе пӯшида нест, ки асоси ҳар як манфиатро ниёзмандиҳои одамон, ҷамъият ва давлат ташкил мекунад. Дар миёни онҳо талаботи иқтисодӣ аз ҳама муҳим мебошад. Марому мақсадҳои таҳрикдиҳандаи ҳаракати ҳар як ҷамъият ва гурӯҳҳои бузурги он, ҳамчун синф ва миллат, маҳз бо ҳамин талабот, ки ба ном манфиатҳоро ба миён меоранд, шарҳ дода мешаванд. Тавре борҳо таъкид гардид, ғоя, идеология, чӣ хеле аз онҳо ном бурда нашаванд - илмӣ ва ё мифологӣ, онҳо маҳсули бевоситаи ҳамон манфиатҳо мебошанд, ки дар сатҳҳои мухталиф талаботи мазкурро ифода мекунанд. Ҳангоми муайянсозии манфиатҳо фард, синф, ҷамъият, давлат аз ниёзмандиҳои воқеӣ, гоҳе ғайривоқеӣ ва ҳатто аҳёнан аз эҳтиёҷоти тахайюлӣ кор мегиранд. Дар баробари ин, масъалаи идеология чи дар дохили давлат ва чи берун аз он катего-
кори аз ҳама муҳим медонанд. Бозигарони сиёсӣ аз миёни дидгоҳҳои зиёд target (нишон, мақсад)-и худро интихоб намуда, дар дараҷаи мутахассис ва донандаи кор, бо истифода аз «материали инсонии камхарҷи маҳаллӣ» ва идеалу устураҳои ба ҳамагон маълум, ба сӯи он ҳаракат мекунанд. Барои ҳар миллат он ҳолатеро метавон фоҷиабор ҳисобид, вақте ки манфиатҳои бозигарони минтақавӣ ва ё геополитикӣ, бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ омада, охиринҳо мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд. Чунин зуҳуроти шаклан идеологӣ, вале моҳиятан сиёсӣ ва деструктивӣ, ногузир ба бесарусомонӣ ва бетартибиҳо оварда, ба таври воқеӣ ба пойдории давлати миллӣ таҳдид мекунанд. Чунин мисолҳо дар таърих борҳо рӯй додаанд. Феълан дар нуқтаҳои доғи сайёра ҳолатҳои ба ҳамин монанд мушоҳида мешавад. Ҳамзамон, маълум аст, ки баҳамойии манфиатҳои фардҳои алоҳида дар дохили давлати миллӣ бо элементҳои идеологии беруна, тавъам бо маблағгузориҳои азими
принсипи фундаменталӣ, зарурӣ ва ҳаётан муҳими бунёди давлат мебошад. Инро бозигарони геополитикии беруна низ медонанд. Аз ин рӯ, дар сатҳи глобалӣ таҳлилу арзёбии омилҳои инкишофи халқҳо, ки моҳияти динӣ, этникӣ, фарҳангӣ, нажодӣ, анъанавӣ, таърихӣ ва ғайраро доро мебошанд, ба роҳ монда шудааст. Аз он сабаб ки манипулятсияи манфиатҷӯёна дар ин шаклҳо хеле камхарҷ мебошад, потенсиали маъниҳои ифодагардида дар сиёсати ҷаҳонӣ на ба ҷониби инкишоф, балки баръакс, тамоюлҳои чаппаи он омӯхта мешаванд, яъне, аз мураккаб ба одӣ ва аз боло ба поён. Ба ибораи дигар, чунин ҳолатҳо халқҳоро аз илму тараққиёт ва ҳамин тариқ, аз инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ канор мебарад. Ин ҳолат як навъ дар хати ақибравӣ (регрессивӣ) дармондани миллату халқиятҳо, давлатҳои алоҳида ва ҳатто минтақаҳои кураи Замин мебошад. Нисбат ба халқиятҳое, ки пайравони ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин истифода мекунанд. Аниқтараш, на худи дин, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани
давлатдории клерикалӣ дур шаванд, бахусус, дар нимкурраи шарқӣ – мамлакатҳои мусулмоннишин. Барои нигоҳ доштани сатҳи баланди диндорӣ дар кишварҳои мавриди назар дастурҳои махсуси сиёсати хориҷӣ ҷой доранд. Ин самтро сиёсати расмии давлатҳои дахлдор пайравӣ намуда, дастурҳои хадамоти махсус ба тасвиб мерасанд. Бо мақсади арзишнок нишон додани ин сиёсат, ходимони ҷудогона барои хондани лексияҳо ба донишгоҳҳои маъруфи Ғарб даъват мешаванд, ҳол он ки дар ватанашон онҳоро барои дар суханрониҳояшон набудани маънӣ ва мантиқи дурусти баён ҳатто ҳампешагонашон гӯш намекунанд. Ҳамаи ин иқдомҳо дар амал санҷидаву озмуда шудаанд. Барои чӣ ба дигар халқу миллатҳо имкон дода шавад, ки дар сулҳу субот зиндагӣ ба сар баранд, вақтро сарфаи инкишофи илму азхудкунии технологияҳои нав намоянд, аз ҷиҳати дониш ба миллати рақиб табдил ёбанд ва ҳамин тариқ, ба бозигарони идоранашавандаю мустақили геополитикӣ табдил ёфта, дар танҳоӣ захираҳои табииашонро аз худ намоянд? Бояд тавре амал кард, ки онҳо, бахусус, мусулмонҳо, як умр
нанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ аз бар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан онро идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне ки бо халқҳои «каммаърифат» ба ибораи дигар «содалавҳ» дучор меоянд, зеро «вақте ки халқ тираақл бошад, идора карданаш осон аст». Маҳз дар асоси манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, назария ва амалияи муносибатҳои байналхалқӣ, илм як системаи мукаммали чораҳои ошкору пинҳонии таъсиррасонии идеологиро ба миллатҳои мавриди назар дар марҳилаҳои мухталифи инкишофи таърихии онҳо коркард кардааст. Дар баробари ин, роҳандозии чунин иқдомҳо нисбат ба миллатҳои мавриди назар, вобаста аз натиҷаи тадқиқот дар низомҳои махсус коркард ва амалӣ мешавад. Таҷрибаи инқилобҳои ранга, механизмҳои роҳандозӣ ба кор даровардан, инкишоф ва анҷоми мантиқии онҳо ин ақидаро тақвият мебахшад. Зимни банақшагирӣ идеологҳо ҳар як амалро, новобаста аз таъсири фоҷиабори он, ба тақдири миллати ба ҳайси ҳадаф интихобшуда мӯшикофона коркард мекунанд. Аз ҷумла, шиорҳо, тавсияҳо дар мавриди киҳо бояд «муборизи озодӣ ва адолат», «рӯҳонии маъруфу арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ» ва «ватанпарасти дурӯғин» муаррифӣ гарданд, кӣ дар кадом ниқоб ҷой дода шавад, роҳҳои тафсири рӯйдодҳо ҷиҳати бештар намудани ҷаззобияти онҳо нишон дода мешавад. Барои мисол, рӯйдодҳои дар нуқоти маълуми ҷуғрофӣ бавуқӯъпайваста, ки паёмадҳои ногувор доштанд, бо ибораҳои ҷаззоб аз қабили «баҳори араб», «инқилоби садбаргҳо», «инқилоби лолаҳо» ва ғайра ёд мешаванд. Барои дарёфти чунин номҳо маъмулан зеҳни мардуми одӣ, бекор ва заҳматкашони муқаррарӣ кифоят намекунад. Дар захираи луғавии онҳо чунин истилоҳоти дендрологӣ, ки имкони мушобеҳ карданашон ба мафҳумҳои идеологӣ мумкин бошад, вуҷуд надорад. Субъектҳои дорои тафаккури баланд ва идоракунандагони олам, бархӯрдҳои индивидуалиро ба роҳ мемонанд, то саҳву хатоҳо истисно гардида, баръакс, саҳеҳияти мақсад кафолат дода шавад. Инро онҳо
берунӣ ва аз ҷониби ин иттиҳод таъсис додани сохторҳои махсуси сиёсигардонидашуда, инчунин, истифодаи онҳо аз тариқи институтҳои легалӣ ва ғайрилегалӣ сурат мегирад. Табиист, ки дар чунин ҳолатҳо тарафи маблағгузор ташаккулёбии идея, назария, ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи барояш заруриро фармоиш медиҳад. Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мешаванд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд. Барои давлат масъалаи ҷаҳонбинӣ аз лиҳози стратегӣ ҳаётан муҳим мебошад.
хислатҳои транссендентӣ, он ба олоти бозигарони геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо доллар харҷ мешавад. Аҷоибиаш дар он аст, ки худи Ғарб ба дарки зарурати бунёди давлатҳои миллии секулярӣ (дунявӣ) зиёда аз сесад сол қабл, баъди барқароршавии сулҳи Вестфал ва дар асоси меъёрҳои коркард намудани католики ватандӯст Мартин Лютер расид. Ғарб аз ин пушаймон нашуд. Барои он ки имрӯз пурра аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур шудааст, чунин ҳолат ба диндорони одӣ ҳам хеле писанд аст. Захираҳои давлатӣ
саргарми худ ва мушкилоти дохилии хеш бошанд. Файласуфи бузурге таъкид мекард: «Дар ҷамъияти ғуломдорӣ, ғуломдор тамоми корро мекунад, ки ғуломон як умр ғулом бимонанд». Ҳангоми клерикалишавии (зиёд шудани таъсири ташкилотҳои динӣ) муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ҳаёти сиёсӣ воқеаҳое рух медиҳанд, ки дар давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик ба вуқӯъ пайваста истодаанд. Бисёр идеологияҳо ихтироъ гардидаанд. Ба монанди ваҳҳобизм, салафизм, таҳриризм, толибизм ва бисёр «изм»-ҳои дигар, ки дар берун сохта шуда, дар миё-
Самтҳои идеологии наслҳои ҳозира ва оянда, ҳолату дурнамои давлати миллӣ, рақобатпазирии он аз нигоҳи иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва низомӣ, инчунин, пойдории минбаъдаи онро муайян месозад. Агар амнияти давлат маънои вуҷуд надоштани таҳдидҳои ҷиддӣ ба мустақилият, тамомияти арзӣ ва вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро дошта бошад, ҳамзамон, чунин ҳолат рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии халқро дар назар дорад. Бидуни ин ду ибораи охирин амнияти давлатӣ сухани бепоя аст. Инкишоф ҳамчун раванди болоравӣ аз одӣ ба мураккаб, аз поин ба боло, дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ
ба самти рушди иқтисодӣ – иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияю таълимоти онҳо. Ғарб инро озмуда, бовар ҳосил кард ва имрӯзҳо шаклу принсипҳои дунявии давлатдориро пурра татбиқ менамояд. Ҳамзамон, ҳамин қадар сол бозигарони геополитикӣ талош меварзанд, ки теъдоди ками кишварҳо аз шакли
ни мусулмонон ворид карда шудаанд ва ба манфиати муаллифонашон – бадномсозони ислом ва халқҳои пайравони ин дини муқаддас хизмат карда истодаанд. Таҷрибаи ҳаёти ҷамъиятӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва воқеияти геополитикӣ танҳо инро собит мекунад.
манфиати миллӣ
(Давом дорад)
1. Краткий словарь по философии, М., 1979, стр. 99. 2. Introduction to Aristotle, edited with a general introduction, Richard McKeon, New York, 1947, p.34 3. Кондаков В. И., Логический словарь-справочник, М., 1975, стр. 218. 4. К. Маркс, Ф. Энгельс. Лютер как третейский судья между Страусом и Фейербахом. Соч. т.1., стр. 29. 5. Lawrence Ziring, Jack C. Plano, Row Olton, International Relations Political dictionary, California, 1995, p11. 6. Цыганков П. А., Теория международных отношений, М., 2005, стр. 288.
e-mail: javonontj@mail.ru
рияи на танҳо иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, балки илмӣ – назариявӣ ҳам аст. Худи далели мавҷудияти қудрати иқтисодии давлат баёнгар ва шаҳодати нерумандии бузурги зеҳнии ҳамон давлат аст. Ҳамин неру дар коркарди консептуалӣ, амалисозӣ ва истифодаи идеологияи муносиб нақши муҳим мебозад. Сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки амалисозии ҳама гуна манфиатҳо аз ҷониби бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ аз тирандозии «тӯби идеологӣ» дар самтҳои зарурӣ оғоз гардида, то расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва пурра аз байн бурдани таваҷҷуҳ нисбат ба ҳамон ҳадаф идома меёбад. Бо назардошти ин, бозигарони аслии саҳнаҳои бузурги геополитикӣ, ё ин ки чемпионҳои «тахтаи бузурги шоҳмот» бағоят хушзеҳн, ҳушёр, андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Дар бораи онҳо ҳама чӣ, ҳатто то тамоюли генетикӣ, этикӣ, нажодӣ ва дигар имкониятҳо, тавони ақлонию дурнамои ҳар миллатро аз нигоҳи захираҳои нерумандии инкишофёбиаш до-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
9
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
10
НАБЗИ ҶАҲОН
Тайи як даҳсолаи охир дар қораҳои гуногуни олам ҳодисаҳое ба амал омаданд, ки давлатҳоро ба қисмҳо ҷудо намуданд. Аммо формулаи тақсим намудани давлатҳо дар замони муосир шакли худро ба куллӣ тағйир додааст. Ҳоло абарқудратҳо мардуми як кишварро ба ҳам муқобил гузошта, дар натиҷа, бо ҳимоят аз як гуруҳ вориди бозӣ мегарданд. Яроқи асосӣ мардуми бехабар аз бозиҳои пасипардагӣ мебошанд, ки ҳар яке дар навбати худ барои расидан ба ҳадаф мубориза мебаранд. Охирин намунаи чунин ҳодисаҳоро метавон дар Украина мушоҳида намуд. Дар ин кишвар то замони ба кӯчаҳо рехтани одамон субот пойдор буд. Аммо ҳоло дар бунбаст қарор гирифта, вазъият рӯз ба рӯз баръакси хоҳиши мардум печида ва мураккаб мегардад. Дигар ба касе пӯшида нест, ки идомаи муборизаҳо дар Украина миёни, асосан, ду абарқудрати ҷаҳонӣ – Русия ва ИМА идома дорад. Акнун ҳам Русия ва ҳам ИМА-ву кишварҳои ғарбӣ дар Украина аз нуфузи фавқулоддае бархурдоранд. Аз ин рӯ, ҳар яке аз ин истифода намуда, баҳри ба ҳадаф наздик шудан ва ҳимояи манофеи миллӣ ва геополитикии хеш талош меварзанд. Аммо ҷабри ҳамаи инро мардуми осоиштаи Украина мекашанд, ки аз асли бозиҳо чандон воқиф нестанд. Ҳаводиси Украинаро метавон ба се марҳала ҷудо намуд. Марҳалаи якум ба кӯча рехтани одамон ва созмон ёфтани майдонҳо дар қалби Украина - шаҳри Киев мебошад. Он замон мардуми норизо аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Украина, махсусан, Президент Янукович бо як мушкили кӯчак ва назарногир ба хиёбонҳои Киев баромаданд. Натиҷа чунин шуд, ки Януковичро барканор намуда, ҳукумати ӯро барҳам заданд. Ин амали эътирозгарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вокунишҳои манфӣ ва мусбатро ба бор овард. Агар кишварҳои ғарбӣ ва Амрико аз ин амал истиқбол намуда бошанд, Русия ва баъзе давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил онро маҳкум намуданд. Президенти Белорус Александр Лукашенко бо сароҳат изҳор дошт, ки “Янукович худро дигар чи гуна Президенти Украина меҳисобад, ки аз кишвар фирор намудааст?” Айнан чунин суханҳо аз ҷониби вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ пахш гардид. Ҳамаи ин дар ҳоле гуфта мешуд, ки собиқ Президенти Украина Виктор Янукович аз шаҳри Ростови лаби Дони Русия ҳангоми нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон мегуфт, ки то ҳол президенти қонунии Украина аст. Дар Украина, ба вазифаҳои асосӣ эътирозгарон таъин гардида, собиқ сарвазири зиндонӣ Юлия Тимошенко ба озодӣ баромад. Ҳамчунин, рӯзи интихоботи президент эълон гардида, номзадҳо ба мақоми президентӣ муборизаҳои худро шурӯъ намуданд. Интизор надоштанд, ки бозиҳо ба анҷом нарасидаву марҳалаи дуюм идома меёбад. Марҳалаи дуюми ҳодисаҳо замоне оғоз гардид, ки дар Ҷумҳурии Худмухтори Қрим мардуми ҷонибдори Русия ба маркази он шаҳри Симферопол баромаданд. Онҳо бар хилофи интизориҳои ҳукумати навтаъсис, бо роҳбарии Арсений Ятсенюк, хостори пайваст гардидани ин нимҷазира ба Русия шуданд. Иқдомҳои осемасари ҳукумати навтаъсис онҳоро нигарон кард. Нахустин амале, ки аҳолии русзабони Украинаро ба ташвиш овард, манъи истифодаи забони русӣ буд. Дар баробари ин, ҳукумати нав муно-
сибати худро бо Русия якбора коҳиш дода, ҳатто хостори низоми раводид бо ин кишвар шуд. Ҳангоми мухолифати тоторҳо бо русҳо дар биноҳои асосии нимҷазираи Қрим гурӯҳҳои низомии мусаллаҳи таалуқияташон ба кишваре номаълум пайдо гардида, аз ҷонибдорони пайваст гардидани Қрим ба Русия пуштибонӣ намуданд. Дар як муддати кутоҳ вакилони собиқ порлумон - Радаи олии Ҷумҳурии Мухтори Қрим ризоияти худро барои пайвастани ин нимҷазира ба Русия доданд. Ҳамин тавр, дар Қрим раъйпурсӣ доир гардида, он аз ҳайати Украина ба Русия гузашт. Путин бо тасвиби як фармон Қрим ва шаҳри Севастополро ба қаламрави Русия дохил намуд. Ҳамин тавр, дар марҳалаи дуюми ҳодисаҳо Украина яке аз минтақаҳои калидӣ ва як қисмати худро аз даст дод. Акнун дар ин нимҷазира на парчами Украина, балки аз Русия барафрохта шуда, рубли русӣ ба кор меравад. Ҳамчунин, Русия дар ин нимҷазира низоми шиносномадиҳии худро роҳандозӣ
ста ба ҳаводиси дар ин минтақа рӯйдода ба табъ мерасанд. Расонаҳо аз қавли манобеи худ хабарҳоро ба шакли гуногун интишор медиҳанд. Тибқи иттилои расонаҳо то имрӯз бештар аз ҳашт шаҳри қисмати шарқии Украина дар дасти ҷудоиталабон мебошад. Онҳо, асосан, шаҳрҳои вилоятҳои Донетск ва Харковро зери тасарруф гирифта, аз таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Донетск хабар додаанд. Дар пайи амалиёти “зиддитерористӣ” дар вилоятҳои шарқии Украина то имрӯз 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар Украина боварии сокинон миёни ҳам коста гардида, якдигарро бо шубҳа менигаранд. ИМА ва кишварҳои ғарбӣ дар ҳаводиси шарқи Украина изи Маскавро меҷӯянд. Онҳо бар ин боваранд, ки ҷудоиталабон ва ҷонибдорони Русия аз ҷониби Маскав дастгирӣ меёбанд. Ин дар ҳолест ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров борҳо
сияро гунаҳкор меҳисобанд. Русия дар навбати худ кишварҳои номбурдаро муҷрими асоси нооромиҳо дар Украина медонад. Ягона санаде, ки метавонад буҳрони Украинаро коҳиш дода, барои босубот гардидани он мусоидат намояд, Созишномаи Женева мебошад. 17 апрел вазирони корҳои хориҷии Русия, ИМА, Украина Сергей Лавров, Ҷон Керрӣ, Андрий Дешитса ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон дар Женева ба мувофиқа расиданд, ки буҳрони Украина коҳиш дода шавад. Тибқи ин тавофуқнома мебоист тамоми гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар шарқи Украина бесилоҳ гардонида шуда, биноҳои давлатӣ аз гурӯҳҳои ҷудоихоҳ озод карда мешуданд. Аммо ҳодисаҳои баъдӣ нишон дод, ки тавофуқнома иҷро намешавад. То имрӯз баръакси тавофуқнома дар шарқи Украина биноҳои давлатӣ зери тасарруф буда, амалиёти “зиддитерористӣ” низ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқнома
Украина бесубот мешавад Ё чаро абарқудратҳо барои коҳиши буҳрон дар Украина қадамҳои устувор намегузоранд?
намудааст. Боз ҳам ИМА ва кишварҳои Ғарб аз ин амали Русия сахт нигарон шуда, пайи иқдомҳои ҷиддӣ гардиданд. Онҳо ин амали Русияро таҷовуз ба хоки Украина дониста, пайи ислоҳи вазъ шуданд. Барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии Украина сари таҳримҳои иқтисодӣ болои Русия андеша намуданд. Амрико дар аввал болои чанд шахсияти баландмақоми Русия ва Украина, бо шумули собиқ Президент Янукович таҳримот ҷорӣ кард. Дар пайи ин Иттиҳоди Аврупо низ болои Русия таҳримҳои иқтисодиро роҳандозӣ намуд. Вале ҳамаи ин Русияро аз азмаш ҷиҳати тасарруфи Қрим баргардонда натавонист. Дигар Украина ва кишварҳои ғарбию Амрико мехоҳанд ё на, Қрим дар ҳайати Русия мебошад. Ниҳоят, марҳалаи сеюм ва ҳассоси ҳодисаҳо дар Украина шуруъ гардиданд. Ин марҳала нисбат ба дуи боло хеле ташвишовар ба назар мерасад. Зеро масъалаи истиқлолияти комил ва якпорчагии Украина матраҳ мегардад. Бо пайваст гардидани Қрим ба Русия мавҷи эътирозҳои саросарӣ ва шиорҳои ҷудоихоҳӣ дар қисмати шарқии Украина сар зад. Дар қисмати шарқии Украина, ки асосан аҳолии русзабон умр ба сар мебаранд, вазъият аз рӯзҳои қаблӣ мудҳиштар бар назар мерасад. Биноҳои асосии давлатӣ аз ҷониби ҷудоиталабон ва ҳаводорони рус ишғол гардида, аз ҷониби онҳо идора мешаванд. Талаби ягонаи онҳо ташкили низоми федеролӣ дар Украина мебошад. Талош доранд, то вилоятҳои алоҳида ва умдатан русзабонро худмухтор эълон намоянд. Аммо ҳукумати марказӣ бар хилофи талаби онҳо аз якпорчагии Украина ҳимоят намуда, дар вилоятҳои ошубзада амалиёти “зиддитерористӣ”-ро ба роҳ мондааст. То имрӯз хабарҳои гуногун ва зиду нақиз воба-
иброз дошт, ки дар бӯҳрони баамаломадаи Украина кишварҳои ғарбӣ ва ИМА даст доранд. Зеро, ба андешаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ нахустин шуда аз ҳукумати тозатаъсиси Украина, ки ба андешаи Маскав бо роҳи табаддулоти давлатӣ ба сари қудрат омадааст, ҷонибдорӣ намуд. Тавре раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ҷудоиталабони Украина осон таслим шуданӣ нестанд. Дар муқобил ба амалиёти “зиддитерористӣ”-и ҳукумати марказӣ омодагӣ дида, ҷонибдорони худро бо силоҳ низ таъмин намудаанд. Чанд рӯз пеш ҳатто онҳо шаш зиреҳпушӣ нерӯҳои ҳарбии Украинаро асир гирифтанд. Чанд рӯз қабл муовини Президенти ИМА Ҷо Байден ба Украина сафар намуда, бо роҳбарони воломақоми ин кишвар Арсений Ятсенюк, Александр Турчинов ва вакилони Радаи болои Украина дидору мулоқот намуд. Ҳангоми вохӯрӣ иброз дошт, ки ИМА ҳамеша дар паҳлуи Украина буда, дар ҳама ҳолат аз он ҷонибдорӣ менамояд. Ин изҳороти Ҷо Байден ба Русия хуш наомад. Расонаҳои русӣ дар пайи сафари Ҷо Байден ба Киев аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки пас аз ин мулоқот амалиёти “зиддитерористӣ” дар шарқи Украина шадидтар мешавад. Зеро ба навиштаи онҳо дар паси ин амалиёт дасти Амрико меистад. Аммо Амрико борҳо иброз доштааст, ки дар ин амалиёт нақше надорад. Ҷониби Русия амалиёт дар шарқи Украинаро маҳкум карда, онро ҷанг алайҳи мардуми Украина номид. Тавре ба назар мерасад, то имрӯз ҷиҳати ҳалли буҳрони баамаломада дар Украина миёни кишварҳои абарқудрат қадами устувор гузошта нашудааст. Ҷонибҳо аз ҳалли вазъият дида, бештар ба ҳукм кардани якдигар гузаштаанд. ИМА, кишварҳои ғарбӣ ва Украина дар вазъияти баамаломада Ру-
Русия бояд аз нуфузи доштааш дар шарқи Украина ҷиҳати бозгардонии биноҳои давлатӣ мусоидат менамуд. Ҳамчунин, ҳукумати Украина гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадастро халъи силоҳ менамуд. Акнун ИМА Русияро барои риоя накардани муоҳадаи Женева гунаҳкор ҳисобида, эълон доштааст, Русия хоҳиши иҷрои онро надорад. Вале ҷониби Маскав ин идаоро такзиб менамояд. Тибқи иттилои расонаҳо Иттиҳоди Аврупо барои назорати иҷрои тавофуқномаи Женева ба шарқи Украина нозирони САҲА-ро фиристод. Аммо онҳо аз ҷониби ҷудоихоҳон асир гирифта шуда, то таҳияи матлаб як тани онҳо бо далоили саломатияш озод гардидааст. То замоне, ки матлаб таҳия мешуд, тарафдорони низоми федеролӣ дар Украина бинои телевизион ва радиои вилояти Донетск ва идораи милисаи шаҳри Констатиновкаро ишғол намуда, дар дигар шаҳрҳо низ вазъият аз ин беҳтар ба назар намерасад. ИМА низ дар ҷавоб ба “беамалӣ”-и Русия ҷиҳати коҳиш додани буҳрони баамаломада дар шарқи Украина сари таҳримоти нав болои Русия андеша мекунад. Гуфта мешавад, дар ин бастаи таҳримот шахсони алоҳида ва ширкатҳои соҳибнуфузи Маскав шомиланд. Аммо таҳрим ҷорӣ кардан болои Маскав метавонад дар коҳиш додани буҳрони Украина мусоидат намояд? Ҳоло ба ин савол посух додан мушкил аст. Зеро Маскав низ дар азми худ устувор ба назар мерасад. Ҷониби Маскав далелҳое низ пеш меоранд, ки дар вазъияти мавҷуда Амрико ва кишварҳои ғарбӣ муҷрим дониста мешаванд. Тавре ба назар мерасад, абарқудратҳо аз ҳалли вазъияти Украина дида, бештар баҳри ҳимояи манофеи худ меандешанд. Агар на, то имрӯз ҷиҳати ҳалли бӯҳрони мавҷуда метавонистанд қадамҳои усутувор гузоранд. Агар ҳодисаҳо ба чунин шакл идома ёбанд, эҳтимоли ноором ва ба қисмҳо ҷудо гардидани Украина мавҷуд аст. Зеро 25 май интихоботи президентӣ дар ин кишвар ба нақша гирифта шудааст ва аз ҳоло ҷонибдорон ва мухолифон ба ин маъракаи муҳим омодагӣ мебинанд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Бойгониамро аз назар гузаронида, чашмам ба варақе афтод, ки хотираеро аз солҳои мудҳиши ҶБВ дарбар мегирифт. Чун дафтари хотираро мутолиа намудам, саргузашти кӯтоҳаки 23 феврали соли 1982 ба хотирам омад, ки он дар маркази ноҳияи Ховалинг, дар хонаи яке аз иштирокчиёни фаъоли ҶБВ, дорандаи ордени Суворов (нахустин дар байни тоҷикон) ба вуқуъ пайваста буд. Дар ҳамон ҷамъомад баробари баромаду чорабиниҳои дигар филми ҳуҷҷатие ба номи «Умри хотира дароз аст», аз ҳаёти ибратманди қаҳрамони ҶБВ Сайидаҳмад Каримов намоиш дода шуд. Дар филм баробари паҳлуҳои гуногунранги кору пайкори қаҳрамон, сафар ва вохӯриҳои ӯ бо собиқ зиндониёни зиндони БранденбургГердени шаҳри Берлини Олмон, ки вай онҳоро аз марг наҷот дода, озод карда буд, даврони пиронсоливу вохӯриҳояш бо мардуму мактабиёни диёр низ мавқеи хоса доштанд. Дар чорабинии мусобиқаи бандкашии байни ду гурӯҳи собиқадорони ҷанг қобилияти мӯйсафеди қоматбаландеро мушоҳида кардам. Ин мӯйсафеди ҳанӯз чусту чолок Борон Гадоев аст. Агарчи бобои Борон ва хизматҳои арзишманди ӯро аз
Ёде аз «войн» Борон Гадоев замону солҳои мудҳиши ҶБВ ва баъди он бисёр шунида будаму медонистам, боз дар равиши сухан кунҷковона аз бобои Сайдаҳмад Карим пурсидам: - Чун дигар собиқадорони ҶБВ бобои Боронро нағз дидану эҳтиромашонро ба ҷо оварданат чӣ сабаб дорад? - Борон Гадоев яке аз фаъолтарин иштирокчии ҶБВ аз ноҳияи Ховалинг буда, хизматҳои ӯ беназир аст. Ӯ дар замони мудҳиши ҷанг ҷон дар кафи даст баҳри ҳифзи МодарВатан корнамоиҳои бемисл нишон медод. Фидоӣ буд. Шахсе, ки баҳри ҳифзи Ватан имзои шахсии худро умре «Войн» қарор додааст... Душман рӯ ба гурезогурезу мо аз пайи он рӯз то рӯз ба пеш, ба сӯи шаҳри Берлин мерафтем. Гарчанде, ки душман ақибнишинӣ мекард, дар мубориза буд. То охири ҷанг муборизаашро идома медод. Баъди ҷангҳои шадид, дар Ҷумҳурии Белорус қарор доштем. Боре ҳамчун командири эскадрони савора, барои тайёрӣ ва муайян намудани ҷо ва мавқеи душман дар назди дарёи Припяти супориш гирифтам. Шаб ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифта буд. Дар дохили ҷангал ҳамроҳи айёронам аспҳоро баста, пайти муносиб меҷӯстем. Ҳама ҷо тинҷу ором буд, ҳатто паша пар намезад. Аммо гоҳ-гоҳе шамолаки шӯхи оғози фасли гармо вазида, оромиро халалдор мекард. Дар ҷойи балантаре ҷо гирифта, тамоми заминҳои
ҳамвори ин гӯшаи кишвари зеботабиатро бо дурбин тамошо карда, асрор, «забон» ва пайт меҷӯстем. Лаҳзае нагузашта, тавассути дурбин низомипӯше аз масофаи дуртар ба назар расид. Мавқеъ ва масофаро муайян намуда, нақшаи пешакии ҳуҷумро тарҳрезӣ карда, худро эҳтиёткорона барои мубориза омода намудам. Ба ҳамроҳонам низ барои дастгир кардани «сайд» супориш додам. Дидам, ки «душман» низ чусту чолокона дар ҳаракату омӯзишу айёрӣ аст. Дурбинро дар лифофааш гузошта, ба пеш роҳсипор шудам. То чанд ба «душман» наздик мешудаму ӯ аз омаданам пай намебурд. Бо сад ҳиллаву эҳтиёткорӣ ба наздаш расидам. Бо дурбин дидам, ки ӯ дар пастхамие истода, омодаи айёрӣ буд. Чуқурие, ки ҷои истеҳкоми душман буданаш баъдтар маълум шуд. Гаваккашон аз чанд самт ба сӯи ӯ рафта, ба наздаш расидаму ба ҳуҷум гузаштам. Барои он ки «забон» биорем, тирпаронӣ накардем. Вақте ки бо ҳам дар набарди тан ба тан шудем, ӯ ҷасорати баланд нишон дода, усули «сари севҷӣ»ро истифода бурд. Ҳар ду ҳалук ба ҳалук шудем. Пай бурдам, ки душман гӯштингири зӯр аст. Пас, аз усулҳои гуногуни ҷанги тан ба тан истифода бурда, ба зӯр ӯро мағлуб намуда, беяроқ ва таслим кардам. Ман ҳам бо ӯ бо забони канда-кандаи немиси «дӯғу пӯписа» мекунаму ӯ низ. Билохира, ҳамроҳонам
расида омада, ҳамнабардамро дастҳо ба пушт кардему пешпеш. Дар лаҳзае ба қароргоҳи мувақатиамон расида, ӯро ба «шӯъбаи махсус» ба назди майор Габитов бурдем. Пас, ба тафтиш шуруъ намудем. - Чӣ ному насаб дорӣ? - пурсидам аз ӯ, - Борон Гадоев, - ҷавоб дод «душман». - Кӣ? - боз пурсидам аз ӯ. - Борон Гадоев, акаи Каримуф, - гуфта, маро шинохт ва хост ба ман «вохӯрӣ» кунад. - Дар ҷоят ист! - гӯён хитоб кардам. Дар ҷояш истод. Пас аз тафтиш, маълум шуд, ки «туморчаи доминиён»-и махсус дошта, дар он тамоми лавозимоти зарурии тарҷумаи ҳол ва супоришҳо сабт ёфтаанд. Ҳамин тавр, ҳама далелҳои
айёрии Борон Гадоев маълум шуда бошанд ҳам, дар майдони ҷанг ба таври «дилпур» аз ӯ бовар надоштам. Пас, майор Габитов ба қисме, ки ӯ хизмат мекардааст, дар алоқа шуда, дурустии айёрии ӯро фаҳмиду хурсанд шуд. Мо низ хурсанд шуда, Боронро оғӯш кашидем, ҳолу аҳвол пурсидем. Ӯро бо лавозимоти саҳроии хӯрокиҳо «меҳмондорӣ» карда, гуселондем. Бо ҳамин аҳвол, мо дар солҳои ҶБВ ду бор дар набард бо Борон Гадоев вохӯрда, қаҳрамониву ҷонбозиҳои ӯро медонем. Дар ҳақиқат, Борон Гадоев шахси далеру шуҷоъ, софдилу ростқавл, меҳнатдӯсту поквиҷдон, хоксору парҳезкор буд. Соли 1939 дар набардҳои Финляндияву СССР иштирок карда, чун ҶБВ сар шуд, набардро идома дод. Ӯ дар корзорҳои Украина, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Лаҳистон, Олмон ширкат варзида, дар озод кардани садҳо шаҳру деҳот иштирок кардааст. Рӯзи ғалаба - 9 майро дар шаҳри Берлин пешвоз гирифта, бо ҳамяроқҳои худ қайд кардааст. Бо забони немисӣ озодона сухан гуфта, рутбаи ҳарбии старшина дошт, «войн» - яъне, «ҷангӣ»-ро ба худ имзо гирифт. Ӯ солҳои зиёд дар шаҳраки Ховалинг зиндагӣ карда, дар биноҳои назди Чилчанори Ховалинг посбон буд. Мутаассифона, Рӯзи ғалаба - 9 майи соли 1983 ба таври фоҷиавӣ шаҳид шуд... Хизматҳои Борон Гадоев дар замони ҶБВ бо медалҳои «Барои озодкунии Варшава» (17 январи соли 1945), «Барои ишғоли Берлин» (2 майи соли 1945), «Барои хизматҳои шоистаи ҷангӣ» (17 июли соли 1946) ва бисёр мукофоти дигар қадр шудааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
11
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг
НАЗМ
Ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода Ӯ базми Аҷам донад, ӯ кист Чақалзода, Ӯ шодиву ғам донад, ӯ кист Чақалзода. Аз Ҳофизи Шерозӣ асрори азал хонад, Аз фоли кафи дасташ наҳсии зӯҳал донад. Ҳар як варақи саҳна чун лолаи пурдоғ аст, Дар роғ дили доғаш авҷи самари боғ аст. Ҳар тори ҳасоси дил дар пардаи сози ӯст, Мӯъҷизи каломи ӯ дар сӯзу гудози ӯст.
Исо РАҲИМ Исо Раҳим фардо - 2 май зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат самимона шодбош гуфта, барояш саломатӣ ва дар корҳои эҷодиаш муваффақият таманно мекунем. Шеърҳои зерин аз эҷодиёти тозаи ӯст.
Ҳар як нафасаш гӯяд: Устоди ҳунар вақт аст, Наққоши азал гӯяд: Беҳзоди ҳунар вақт аст.
Наврӯзи Файзобод Ҳар дам диёри обод, эй мулки халқи озод, Дар ҷони ту шукуфон Наврӯзи ҷовидон бод. Ҷовид бехазонӣ, чун рӯзи нав ҷавонӣ, Ҳаққо, ки нурзодӣ, ин нурро фалак дод, Дар арш нақш дорӣ, чун Сидра нурборӣ, Гӯяд Ватан зи файзат, эй мӯъҷизи Худодод. Ҳар тираке дар ин ҷо чун шоҳ сарбаланд аст, Баргаш ба бод гӯяд, Наврӯз тахти Ҷам дод. Аз чор сӯи саҳна гулханда рехт ногаҳ, Вақте ки ҳар латифа қаҳ-қаҳ зад аз Чақалзод*.
Аз вақт садо ояд, в-он саҳна манам охир, Дар ҷони Чақалзода монанди танам охир.
Зӯҳра бирафт арғушт бо сар-сари ду ангушт, Чун дид Шоираро** андар наво нав эҷод.
Бар саҳна чаро омад? То зинда кунад саҳна, Дар саҳни ҷаҳон умре, поянда кунад саҳна.
Исост зодаи ту, аз таҳти дил сарояд, Як умр, эй диёрам, обод бош, обод.
Дар ҷӯи суханҳояш ашъори равон дорад, Дар маънии ҳар қисса чун қанд забон дорад.
* Қиёмиддин Чақалзод, ҳунарманди халқии Тоҷикистон. ** Шоира Иброҳимова, овозхон.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ӯ базми аҷам донад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
12
ТАЭКВАНДО
Даври ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар аз 1 май то 6 июни соли равон марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ аз рӯи 10 намуд: гӯштини миллӣ, гӯштини юнонию румӣ, гӯштини тарзи озод, самбо, бокс, дзю-до, таэквондо (ВТФ), баскетбол, волейбол ва варзиши сабук баргузор мегардад. Тавре Раҳматшо Камолов, сардовари Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ дод, мусобиқаҳо ба таври зерин сурат мегиранд: гӯштини миллӣ 1-3 май дар ноҳияи Рашт, гӯштини юнонию румӣ 1-3 май дар шаҳри Истаравшан, самбо 1-3 май дар шаҳри Кӯлоб, бокс 2-6 май дар шаҳри Хуҷанд, гӯштини тарзи озод 4-6 май, дзю-до 6-8 май, таэквондо (ВТФ) 9-11 май, баскетбол (мардон) 11-16 май, баскетбол (бонувон) 17-22 май, варзиши сабук 23-25 май, волейбол (мардон) 26-31 май, волейбол (бонувон) 2-6 июн дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе. Ғолибон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ мегарданд. Ёдовар мешавем, ки ду марҳилаи аввали Бозиҳои варзишии мамлакат нимаи дуюми моҳи март дар шаҳру навоҳӣ ва моҳи апрел дар шаҳри Душанбе, минтақаю вилоятҳо доир гаштанд.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ГӮШТИН
56 медал аз мусобиқаи Осиё Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 56 медал (30 тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ) ба даст овард. Ин мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 20-23 апрел дар шаҳри Катмандуи Непал баргузор шуд. Дар он, варзишгарони 20 кишвар ширкат доштанд. Шарафи ҷумҳурии моро 43 варзишгар ҳимоя карданд, ки аз онҳо 11 нафараш бузургсол ва 32 нафараш наврас будаанд. Варзишгарони кишвар дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон се медали тилло ба даст оварданд. Алишер Аҳмадов ва Парвиз Муродзода оид ба машқҳои маҷмӯӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Медали сеюми тиллоро
дар сабқати бузургсолон дастаи мунтахаби мардонаи кишвар дар машқҳои маҷмӯӣ соҳиб шуд. Медалҳои дигарро варзишгарони наврас ба даст оварданд. Дарвоқеъ, мусобиқаи наврасон дар ду гурӯҳ – байни 14-15 ва 16-17-солаҳо ҷараён гирифт. Ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавон санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки 6-11 августи соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.
Дастоварди паҳлавонон Пешсафон холҳоро аз даст доданд. дар Қазоқистон ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
Хусрав Облобердиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштии юнониву румӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон медали нуқра ба даст овард. Вай дар вазни то 66 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш Вин Лунг Чао аз Тайван, Сартанг Ромин Зерӣ аз Эрон ва Ҳансу Риу аз Кореяи Ҷанубӣ ба финал баромад. Вале дар даври ниҳоӣ аз Руслан Сарёв аз Қирғизистон шикаст хӯрд. Шаш паҳлавони дигари кишвар – Азизбек Шарифзода (59 кг), Некрӯз Мирхоҷаев (71 кг), Нурулло Ҳасанов (75 кг), Манучеҳр Алаев (85 кг), Ҳабибулло Абдуллоев (98 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (130 кг) дар даври муқаддамоти шикаст хурданд. Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар дар намудҳои гӯштини тарзи озод, гӯштини юнониву румӣ ва гӯштини занона ширкат доштанд. Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони кишвар 23-24 апрел дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи озод дар шаҳри Остона як медали нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буданд. Сомиршо Воҳидов дар вазни то 70 кило баъди ду ғалаба бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар аз Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар даври ниҳоӣ аз Мустафо Ҳусайнхонӣ аз Эрон шикаст хӯрд. Инчунин, паҳлавони маъруф Искандари Рустам (97 кг) медали биринҷӣ ба даст овард.
e-mail: javonontj@mail.ru
ПАНКРАТИОН
7 варзишгар аз Қазоқистон 7 медал оварданд 24-27 апрел дар шаҳри Атирауи Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба панкратион баргузор гардид, ки дар он 7 варзишгари кишвар таҳти роҳбарии Аҳтам Хокиров, президенти Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта ширкат намуданд. Миёни кишварҳои ишМуин Ғафуров дар вазни 66 тирокдошта аз қабили кило, Абдулло Асланов (77 кг), Ҷопон, Афғонистон, Русия, Солеҳ Ҳасанов (92 кг), ХудойҚирғизистон, Қазоқистон, дод Раҳмонов (+100 кг) медаӮзбекистон, Ҳиндустон, Тур- ли тилло, Аъзами Ҳамзиддин кменистон, Эрон варзишгарони ва Исломҷон Ализода медали кишвар ба гирифтани 7 медал нуқра ва Ҷаҳонгир Тоиров мемушарраф гардиданд. дали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳафтаи гузашта бозиҳои даври сеюми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир шуданд.
26 апрел ду бозӣ баргузор гашта, мусовӣ анҷом ёфтанд. “Истиқлол” ва “Энергетик” ба дарвозаҳои ҳамдигар дуголӣ заданд. Комил Саидов, бозигари “Истиқлол” дар дақиқаи 7 ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 39 Бахтиёр Чориев ҳисобро баробар кард. Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 52 зарбаи ёздаҳметраро хуб истифода карда, “Энергетик”-ро ба пеш баровард. Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 90+5 голи дуюми “Истиқлол”-ро зада, дастаашро аз бохт наҷот дод.
Бозии “Хуҷанд” ва “ДалеронУротеппа” низ мусовӣ ва бидуни гол ҷамъбаст шуд. Ду бозии дигари давр 27 апрел баргузор шуд. “РегарТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ дастаи КМВА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Фирӯз Раҳматов ду гол ва Абдурасул Раҳмонов як гол заданд. “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ аз тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуд. Комрони Мирзохон,
бозигари мизбонон дар дақиқаи 12 ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро легионери эронии “Хайр” Ҳусейн Суҳробӣ дар дақиқаи 40 зад. Комрони Мирзохон дар дақиқаи 72 голи дуюми “Парвоз”-ро зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Дар бозии охирон, ки 28 апрел доир гашт, “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 17 Наврӯз Рустамов зад. Ба хотири ширкати дастаи мунтахаби мамлакат дар бозии рафиқона бо дастаи мунтахабаи Афғонистон, ки 4 май дар Душанбе доир мегардад, Чемпионати мамлакат ду ҳафта доир намешавад. Дар даври чорум 10-11 май “Истиқлол”“Хуҷанд”, “Вахш”-“Парвоз”, “ Р е г а р -Та д А З ” - “ Р а в ш а н ”, “Далерон-Уротеппа”-КМВА “Помир” ва “Энергетик”-“Хайр” вомехӯранд.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА:
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Энергетик” (Душанбе) “Хуҷанд” (Хуҷанд) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Равшан” (Кӯлоб) “Вахш” (Қӯрғонтеппа) “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан) КМВА “Помир” (Душанбе)
Б 3 3 3 3 3 2 2 3 3 3
Ғ 2 1 1 1 1 1 1 1 0 0
М 1 2 2 1 1 0 0 0 2 1
Б 0 0 0 1 1 1 1 2 1 2
Т/Т 6/2 4/3 2/1 4/2 6/5 2/2 2/3 1/2 1/4 2/6
Х 7 5 5 4 4 3 3 3 2 1
Асосгузори тими футболи бонувон Чанде пеш зимни як мусобиқаи байналмилалӣ футболбоздухтарони кишвар дар ШриЛанка ба гирифтани ҷои чорум мушарраф шуданд. Баъди шунидани ин хабари хуш ба Федератсияи футболи шаҳри Душанбе рафтам. Сармураббии гулдухтарон Сулаймон Бобокалоновро дар машқгоҳ - майдони захиравии варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дарёфтам. - Ташкил кардани дастаи футболи бонувон дар ҷумҳурӣ осон нест. Сабаби асосӣ, набудани дастаҳои футбол байни бонувон дар шаҳру навоҳии кишвар буд. Инчунин, монеъ
шудани падару модарон барои иштироки духтаронашон дар мусобиқаҳо душвориҳоро пеш меоварад, - гуфт С. Бобокалонов. Ӯ барои сарҷамъ кардани бонувони футболбоз ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ омада бошад ҳам, аз ин иқдоми пешгирифтааш рӯ тофтанӣ нест. С. Бобокалонов собиқ бозингари дастаи овозадори «Помир»-и Душанбе, Устоди варзиши СССР ва Тоҷикистон, Мураббии шоистаи Тоҷикистон буда, роҳи дуру дарози варзиширо тай кардааст. Ҳанӯз меҳри футбол ӯро дар 9-солагӣ ба мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) овард. Таҳти сарпарастии Диловар Рафоҷонович нозукиҳои футболро омӯхт. Баъди хатми мактаби миёнаи №33-и шаҳри Душанбе, соли 1977 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии
Тоҷикистон дохил шуд ва дар дастаи футболи донишгоҳ «СКИФ» бозӣ карда, ҳамин сол бо дастаи «СКИФ» Қаҳрамони Тоҷикистон гашт. Соли 1978 ӯро ба дастаи ҷавонони «Помир» даъват карданд. Баъдтар, соли 1979 ба дастаи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа, ки дар лигаи дуюми Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буд, бозӣ кард. Соли 1984 бо даъвати мураббии шинохтаи СССР ва ҷумҳурӣ Юрий Сёмин ба дастаи «Помир» баргашт. Соли 1987 баъди дар бозӣ бо «Кузбас» (Кемерова) сахт лат хӯрданаш ба дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мегузарад. Солҳои 1996 то 2000ум дар дастаҳои «Динамо»-и Самарқанд, «Ситора»-и Бухоро, «Шурчидон»-и шаҳраки Шурчӣ бозӣ карда, сипас, ба Ватан баргашт. Корро дар дастаи “Регар-ТадАЗ” оғоз кард. Солҳои 2001-2002 сарму-
раббии дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, соли 2004 сармураббии дастаи БДА, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ва соли 2005 сармураббии дастаи «ХИМА»-и шаҳри Душанбе буд. Сулаймон Бобокалонов аз мактаби таҷрибавии мураббиҳои шинохтаву варзидаи даврони Иттиҳоди Шӯравӣ - Иштван Секеч, Марк Тунис, Владимир Ғуломҳайдаров, Ю. Сёмин, Шариф Назаров малака андӯхта, онро (дар мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе) ба ҷавонон меомӯзад. Б. Сулаймонов иттилоъ дод, ки футболбоздухтарони то 16-сола зери роҳбарии ӯ дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи август баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.
А. МУТАЛЗОДА
«ЛАСТОЧКА» - ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ ДАР СОЛИ 2013
ДАСТХОБОНӢ
Дастхобонии варзишгарони маъюб дар Қӯрғонтеппа
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
СОБИҚАДОРОНИ ВАРЗИШ
Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон 26-27 апрели соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни варзишгарони дорои имконияташон маҳдуд баргузор гардаид. Ба иттилои Ҳамза Бобоев, мудири бахши варзиш ва сайёҳии раёсат дар мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгар иштирок намуданд. Дар натиҷа, варзишгарони вилоят 24 медал - 5 тилло, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд. Ғолибон бо медал ва туҳфаҳои хотиравии Ассотсиатсия армспорти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Мардуми Рушон дар баробари санъаткори хуб будан, ҳамчунин, дар соҳаи варзиш низ номбардори диёри худ мебошанд. Яке аз чунин мардони баору номуси ин ноҳия Тавалло Назаршоев аст. Вай дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1973 мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Хоруғ ва соли 1979 техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Аз хурдсолӣ ба волейболбозӣ шавқу ҳаваси беандоза дошт. Ҳамин меҳру муҳаббат ӯро шомили мактаби варзишии шаҳри Хоруғ гардонда, маҳораташро сайқал дод. Дар ин давра дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Cоли 1979 Таваллоро ба ҳайси мураббӣ ба кумитаи варзиши вилоят
ба кор даъват карданд. Баъдан, соли 1980 барои такмил додани дониш ва маҳорати варзишиаш ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, онро соли 1986 ғоибона хатм мекунад. Дар баробари тарбияи насли наврас вай чун бозингар дар ҳайати дастаи яккачини волейболбозони вилоят солҳои 1981, 1989 ва 1990 соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Соли 1991 барои Тавалло хеле бобарор омад. Аввалан ӯ дар ҳайати дастаи яккачини вилоят соҳиби унвони Чемпиони Тоҷикистон гардида, сипас, дар спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Киев ширкат варзанд. Маҳорати баланди варзишӣ ва кордониашро ба инобат гирифта, ҳамон сол ӯро ба мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ ба кор даъват карданд. Меҳнати софдилона ва кӯшишу ғайрати беандозааш буд, ки соли 1991 соҳиби унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Тавалло Назаршоев аз соли 1991 то соли 2007 дар чанд мусобиқаи сатҳи
байналмилалӣ низ ширкат варзида, маҳорати баланди варзишӣ нишон додааст. Беш аз 35 сол аст, ки ин варзишгари бомаҳорат дар тарбия ва ташаккули ҷисмонӣ ва варзишии насли наврас фаъолияти босамар дораду шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Дастпарваронаш соли 2004 дар Чемпионати ҷумҳурӣ байни кӯдакону наврасон ҷойи сеюм, соли 2006 дар Спартакиадаи мактаббачагони ҷумҳурӣ ҷойи дуюм, соли 2005 дар мусобиқаи ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойи аввал, соли 2010 дар Чемпионати ҷумҳурӣ байни кӯдакону наврасон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд ҷойи аввалро соҳиб гаштаанд. Вай ҳамеша барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон аз роҳу усулҳои ҳозиразамон самаранок истифода мебарад. Собиқадори соҳаи варзиш Тавалло Назаршоев бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди вар-
зиши Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Вай чемпиони панҷкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, ӯ ҳамеша мусобиқотеро, ки аз рӯи намуди волейбол дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мегарданд, доварӣ менамояд. Рӯзгори ин марди олами варзиш барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат мебошад.
Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Умре, ки сарфи варзиш шудааст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
14
ДАЪВАТНОМА
ЭЪЛОН
Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Воҳиди харид»-и назди Вазорати молия (воқеъ дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо, бинои асосии вазорат, утоқи 29, тел. 2216538), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди номгӯи зерини молҳо, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд: №
НОМГӮИ МОЛҲО ИСТЕҲСОЛКУНАНДА
ВОҲИДИ ЧЕНАК
МИҚДОР
Адад
37
Лот №1 1
2 3
Мебел ва таҷҳизоти Нишон дода шавад техникӣ Лот №2 Ҷевонҳои оҳанин Нишон дода шавад ва сейфҳо Лот №3 Молҳои конселярӣ
Шарт нест
Адад
70
Адад
1502
1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои техникӣ дар маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди харид муроҷиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (100 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи дастгоҳи Вазорати молия ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00 рӯзи 21 майи соли 2014 пешниҳод намоянд. 3. Сана ва вақти кушодани дархост 21 майи соли 2014, соати 16:00 дар утоқи №29 бинои асосии Вазорати молия. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.
ДАЪВАТНОМА Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Раёсати молияи ноҳияи Тавилдара, «Воҳиди харид»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо (бинои асосии вазорат утоқи 29, тел. 2216538), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди номгӯи зерини молҳо, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд: №
НОМГӮИ МОЛҲО
ИСТЕҲСОЛКУНАНДА
ВОҲИДИ ЧЕНАК
МИҚДОР
Лоти №1 1.
Проектор (акснамо)
Нишон дода шавад
Адад
1
2
Чангкашак
Нишон дода шавад
Адад
1
3
Мизи дутарафа
Нишон дода шавад
Адад
4
4
Курсии мулоим
Нишон дода шавад
Адад
10
5
Ҷевони китобмонӣ
Нишон дода шавад
Адад
3
6
Камераи назоратӣ
Нишон дода шавад
Адад
1
7
Сканер
Нишон дода шавад
Адад
1
8
Блок USP
Нишон дода шавад
Адад
4
9
Кати хоб
Нишон дода шавад
Адад
2
10
Либосовезак Антени параболи (кайҳонӣ)
Нишон дода шавад
Адад
2
Нишон дода шавад
Адад
1
e-mail: javonontj@mail.ru
11
Лоти №2 1
Таъмири бино
Тибқи ҳаҷми корҳои муқарраргардида
1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди харид, муроҷиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (100 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи Дастгоҳи Вазорати молия ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00, рӯзи 22 майи соли 2014 пешниҳод намоянд. Сана ва вақти кушодани дархост 22 майи соли 2014, соати 16:00, утоқи №29, бинои асосии Вазорати молия. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Номгӯи мансабҳо Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фархор Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қумсангир Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав
Маоши вазифавӣ 854.55 773.55 773.55 773.55 773.55 773.55 738 738 738 702 702 702 635 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576
472.50 472.50
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи Кохи «Борбад»). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
Пешвої, роњбарии динї
Мењнаткаш, ранљбар
Тањ, зер
... Тзе Дун
Номи имрўзаи ноњ. Роњи оњани ш.Душанбе Яке аз се мушкетдорони Дюма
Микки ..., њунарманди Њолливуд
Чемпиони собиќи шоњмот аз Боку
... Шатунов, сарояндаи рус
Мухтасари воњиди дарозї
«Сомон …», Марди динширкати њаводори ботаќво паймої
…-Айрес (Аргентина)
Шакли шеърии пайвандаки шартии маъмул
Саргардон, дарбадар
Халос, озод
Шакли сахти об
Харчанги бањрї
Вањдат, муттањидї
Шањрбандари машњури Њиндустон
Љазира дар архипелаги Малай
Илова
Омўзиш
Нодор, камбаѓал
... Саидова, сароянда
0,5 њисса
Ноз, ѓамза
Кўфтаи гўшт
Лањља, шева (юнонї)
Гурўњи мардуми хешу табор
Чуќурї, амиќї
Меваи пешпазак
Резини табиї аз дарахт
Хештан
Коргардони машњури кинои шўравї
Хо Ши …, собиќ доњии Ветнам
Суруд барои тифл
Курта дар маѓоза
Тафс, њарорати баланди бадан
... Бобоќулов, њофизи мумтоз
... Дункан, зављаи шоири рус С.Есенин
Замон
Тухми моњї
Либоси асосан мардона Намуди варзиши хитої
Љои баланд дар талаффузи калима
Печкаи бобої
Њазлу бозидўстдор
… Кайф, ситораи кинои њиндї
Шохоби дарёи Дунай
Шутурмурѓи австралиягї
Зер, поён
Тараф, љониб
«Робинзон …», асари Д.Дефо
Асфалт
Мурдаи њайвон барои каргас
Осмониранг, кабудранг
Азоб, шиканља
Нависанда Бернард ...
Юпитер
Маркази вилоят дар Русия
Њалќ
Ќаламфури њиндї
Дар афсона кафши паррон дошт
Љузъи Британияи Кабир
«Шањри њофизон» дар Италия
Коргардони филмњои афсонавии шўравї
Сазан, карп ё скумбрия
Навъи гул
Баба … аз афсонањои русї
Тайёраи љангии русї
Афзори асп
Гузаштани вирус ба бадан
Раводид, гузарнома
Њашароти хазанда
"Дар ... и олам бигаштам басе" (Саъдї)
«... маѓзи ибодат»
Воситаи оддии убури дарё
Пойтахташ Исломобод
Ширинї, маводи ѓизої
Георгий ..., актёри мазњакавии рус
Узви шунавої
Николай..., овозхони рус
Тањорат бо хок
Пайвандаки шартї
Як ќадами раќси аврупої
Пешоянд
Ќаторкўњњои Амрикои Љанубї
Зиндагї
Љамъи «асар» «... љањонро нигар ба чашми хирад»
Ќалб
Шоњи Шекспир
Номи мардона, нотарс
e-mail: javonontj@mail.ru
Пойтахти Литва
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №18 (9340), 1 МАЙИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Ҳар қадар имтиҳонот наздик шаванд, ҳамон андоза донишҷӯ баландтар ба муаллим салом медиҳад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
***
САРМУҲАРРИР
Аз донишҷӯ мепурсанд: - Дар як рӯз чанд сигор мекашӣ? - Ҳар хел. Ин ба он вобаста аст, ки дар як рӯз чанд нафари сигоркашро вомехӯрам.
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ
Проффесор: - Ду калимаи серистеъмол миёни донишҷӯёни донишгоҳамонро номбар кунед? - Ман намедонам … - Офарин!
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
Падар: - Аз чанд имтиҳон нагузаштӣ? Писар: - Ҳамроҳи имтиҳони пагоҳ - панҷ-то.
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7502 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Садамаи бобарор Бастакори ҷавоне бо номи Фиш, ки ҳанӯз касе ӯро намешинохт, шабона дар кӯчаҳои Ню-Йорк парешону хаёлӣ қадам мезад. Ҳангоми аз як тарафи роҳ ба тарафи дигари он гузаштан, шояд бо сабаби андешаҳои мубҳаму саргуми ояндааш буд, ки ба чапу росташ нигоҳ намекард. Дар ин асно ӯ аз хамгашти кӯча баромадани мошини сабукрави лимузинро пай набурд. Ронанда ҳарчанд дар охирин лаҳза бастакори ҷавону хаёлиро дида бошад ҳам, натавонист монеи ба мошин бархӯрдани ӯ шавад. Баъди рух додани садама аз курсии ақиби мошин нафаре тохта берун шуд ва ҷавони ба замин афтодаро, ки дуқат шуда мехобид, канори роҳ бибурд. Аз ҷавон чигунагии аҳволашро пурсид. Фиш бо садои канда-канда ҷавоб дод: - Ман хубам, вале умед мекунам, ки касетаи дар ҷайбам буда нашикаста бошад.
Онҳо барои аз назар гузарондан касетаро аз ҷайби ҷавон бароварданд. Воқеан, он нашикаста буд. Ҷавони маҷруҳ танҳо ҳамин вақт донист, ки дар рӯ ба рӯяш кӣ қарор дорад. Рӯ ба рӯи ӯ сарояндаи машҳури гурӯҳи “The Who” – Рогер Долтрей истода буд, ки шуҳраташ миёни ҷавонони амрикоӣ хеле баланд буд. Долтрей барои он ки дақиқ кунад касета солим аст ё не, ҷавонро ба лимузин шинонд ва касетаро ба магнитофони мошин гузошт. Мусиқие, ки аз касета садо медод, ба сароянда маъқул шуда, ӯро хеле мутаассир кард. Ҳарчанд тасодуфӣ ҳам бошад, натиҷаи ин шиносоӣ
боиси он гардид, ки Фиш ва оркестри ӯ ба тавлиди як албоми нави мусиқӣ асос гузорад. Албоме, ки чанд сурудаш маҳсули эҷоди Фиш ва ҳайати кории ӯ буду онҳоро Рогер месуруд. Акнун Фиш як бастакори ҷавон ва машҳуре гардида буд. Ҳар бор, ки аз ӯ дар бораи сирри муваффақият ва ё тавсияаш ба ҷавонони навроҳ пурсон мешуданд, ӯ шӯхиомез ин ҷавобро медод: - Чӣ коре мекунед, бикунед. Вале ҳатман кӯшиш намоед, лимузине шуморо пахш кунад, ки дохилаш кадом як сарояндаи мумтоз нишаста бошад!
Профессор: - Умедворам, ман намебинам, ки ту чӣ хел аз рӯи “шпаргалка” истифода мебарӣ. Донишҷӯ: - Ман ҳам ба ин сахт умед бастаам.
*** Донишҷӯ ба волидонаш: - Ман пагоҳ имтиҳон дорам. - Аз кадом фан? - Ҳоло намедонам. Пагоҳ, ки донишгоҳ рафтам ҳамкурсҳо мегӯянд...
*** Эълон дар донишгоҳ: “Дарсҳоро хуб тайёр кунед, дар акси ҳол 23 феврал бароятон иди касбӣ мешавад!”
*** Марде сумкаи калон дар даст аз кафои поезд даст афшонда медавид. Корманди вокзал уро дида пурсид: - Аз поезд кафо мондед-чи? - Хаёл мекунӣ, ки ман ин поездро аз вокзал пеш карда истодаам? - бо қаҳр ҷавоб дод мард.
*** Ду гурба дар кӯча вомехӯранд. Яке фарбеҳ дигарӣ лоғар. Гурбаи фарбеҳ мегӯяд: - Гуш кун, ба ту нигоҳ карда фикр мекунӣ, ки кишварро гуруснагӣ фаро гирифтааст. Гурбаи лоғар дар ҷавоб: - Ба ту нигоҳ карда, фикр мекунӣ сабабгори ҳамаи ин ту бошӣ!
*** Марде дар ҷангал роҳгум мезанад. Аз пеши роҳаш шер мебарояд. Мард ба тоату ибодат медарояд: - Худоё, худоё ба ин махлуқ андешаҳои масеҳӣ ворид намо. Шер ба зону нишаста: - Худоё, хӯроки маро ба ман “ош” гардон!
*** Ду дугона бо ҳам суҳбат доранд. Яке ба дигарӣ: -Барои чӣ вақти гурбаатро шустан ин қадар доду вой мекунад? - Чӣ, гурбаи ту доду вой намекунад? - Не... - Аҷиб, ту ӯро чӣ хел меҷафӣ?