Javonon №19 (9341), 8.05.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

1

№19 (9341),

8 майи соли 2014

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ

Саҳми тоҷикон дар ғалаба бузург аст

ҲАМКОРӢ

Имзои 9 созишнома миёни Туркманистону Тоҷикистон

Дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон, ки 5-6 май бо сафари расмӣ ба ҷумҳурии мо омад, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Туркманистон тибқи як созишнома дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликӯл мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махдумқулиро хоҳад сохт. Инчунин, миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту сайёҳӣ созиш ҳосил шуда, як қатор барномаҳо, аз ҷумла, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои соли 2015 қабул шуданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон бо Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони мо низ мулоқот кард.

ЁРӢ

10 хона ба зарардидагони заминларза Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои осебдидагони заминларзаи моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат 10 хона супурдааст. Ҳар яки он 216 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, дар маҷмӯъ, 2 миллиону 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

ТАСМИМ

Лавҳаи ёдбуди ҷанговарони тоҷик дар Санкт-Петербург 5 майи соли равон ба ёди ҷанговарони тоҷике, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтаанд, дар Гулгашти ёдбуди оромгоҳи Пискаревои шаҳри Санкт-Петербург Санги хотира гузошта шуд. Дар маросими ифтитоҳи он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ширкат кард. Ин оромгоҳ 9 майи соли 1960 барои зинда нигоҳ доштани хотираи ҷанговарон, ки солҳои 1940-1945 бар зидди Олмони фашистӣ ҷангидаанд, бунёд шудааст.

ОЗМУН

Муҳаррири шуъбаи сиёсат ва иттилооти рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Толибшоҳи Давлат дар озмуни «Новеллазия», ки бунёди «НюЕвразия» барои нависандагони Осиёи Марказӣ эълон дошт, бо «Турнаҳо дар баҳорон» ном асараш ғолиб дониста шуд. Озмун моҳи феврали соли равон эълон гардида, қабули асарҳо то якуми апрел идома дошт. Дар он аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 94 кас беш аз 100 асар пешниҳод карданд. Танҳо аз Тоҷикистон 15 адиб ширкат намуд. Забон барои асарҳои пешниҳодшуда маҳдудият надошт, муаллифон бо забонҳои худ ва забони русӣ навиштаҳояшонро пешниҳод карданд.

Дар баробари нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар феҳристи панҷгонаи ғолиб, инчунин, Канат Омар аз Қазоқистон, Сафар Каттабоев, Сид Янишев ва Муҳаммадшариф Маматқулов аз Ӯзбекистон низ шомил шуданд. «Турнаҳо дар баҳорон» дар бораи ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ қисса мекунад. Толибшоҳи Давлат дар мисоли

ду муҳоҷир – Мустақим ва Саидаброри ҷавон ҳаёт ва мушкилоти муҳоҷиронро тасвир кардааст. Толибшоҳи Давлат, инчунин, муаллифи повести иҷтимоии «Лонаҳои бетурна», повестҳои детективии «Ханҷари Чингизхон», «Абрҳои пармонанд» аст. Айни ҳол, повестҳои «Гуларӯсакон барои сарватмандон», «Сокинони кишвари сангин» ва романи

«Ҷароҳатҳои пурхун»-и ӯ омодаи чопанд. Мавӯи эҷодиёти ӯ, асосан, проблема ва мушкилоти зиндагии мардуми тоҷик аст. Як сабаби баранда шудани Толибшоҳи Давлат дар озмун рӯзмарра будани мавзӯи асарҳояш мебошад. Порае аз “Турнаҳо дар баҳорон”-ро дар шумораҳои наздиктарини рӯзнома хоҳед хонд.

e-mail: javonontj@mail.ru

Толибшоҳи Давлат барандаи «Новеллазия» шуд


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

2

ТУРИЗМ

ОМОДАГӢ

Саёҳати хонандагон дар Хона-музейи Мирзо Турсунзода Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 майи соли равон дар арафаи зодрӯзи устоди назми муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода саёҳати муҳассилини Муассисаи давлатии «Литсей - интернати касбии махсуси маъюбон» ва литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба Хона - музейи ин шоири ширинкалом ташкил шуд. Баргузории саёҳати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳо ва мактаб - интернатҳо ба мавзеъҳои таърихиву осорхонаҳо ва хона - музейҳои бузургони илму адаби тоҷик барои тавсеаи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва

вусъати фарҳангу маърифати онҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Тавре аз бахши иттилоот ва таҳлили Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар доираи саёҳат маҳфил-озмун таҳти унвони «Шеъри оламгири Турсунзода бошад ҷовидон» сурат

ФАРҲАНГ

гирифта, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар назар аст, ин иқдом дар оянда низ дар тамоми мавзеъҳои таърихиву осорхонаҳо ва хона музейҳои арбобони шоистаи илму адаб амалӣ гардад.

ВОХӮРӢ

Чорабинии маърифатӣ дар ДМТ

«Равзанаи меҳр»-и Чилахон Чанде пеш дар толори Кохи «Ваҳдат» шаби эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи кишвар Чиллахон Холов баргузор гардид. Чиллахон Холов чандин даҳсола аст, ки дар олами санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, байни дӯстдорони созу суруд маҳбубияти хосеро лоиқ гардидааст. Сурудаҳои ӯ тараннуми васфи диёр ва меҳр ба он, дӯстию рафоқат, ишқи поки инсонӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Дар эҷоди ӯ, махсусан, фалак, ки шакли сурудхонии хоси мардумист, мақоми махсус дорад. Чун ҳунарманд дар ҳайати дастаи ҳунарии замоне овозадори «Ганҷина» фаъолият дошт. Маҳз тавассути фаъолият дар ин даста, ӯ ба дӯстдорони созу суруд муаррифӣ шуда, ҳунари волояш писанди ҳамагон гардид. Ӯ натанҳо сароянда, ҳамчунин, оҳангсоз низ ҳаст. Ба аксар шеърҳои шоирони классику имрӯз бештар худаш оҳанг мебандад. Дар он шаби эҷодӣ Чиллахон ба ҳаводорони хеш, ки толорро пур карда буданд, ба қавле, гулчини сурудҳояшро тақдим намуд. Ба эшон як ҷаҳон ғизои маънавӣ бахшид. Шаби эҷодӣ бо шеъри шоир ва хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Мирзо Рустамзода - «Бо Тоҷикистон зиндаем», ки васфи ватани маҳбуби тоҷикон аст, поён ёфт.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

5 май бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Донишгоҳи миллӣ бо ширкати донишҷӯдухтарон чорабинии маърифатӣ доир шуд. Дар он муовини раиси кумита Мавсума Муинова доир ба асноди меъёрӣ-ҳуқуқие, ки дар кишвар дар самти боло бурдани нақши занон дар ҷомеа, кафолатҳои баробарҳуқуқии марду зан, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо суханронӣ кард. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифтати ҳуқуқии духтарон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, даъвати духтарон ба касбу ҳунар, забономӯзӣ ва саҳми онҳо дар таълиму тарбияи фарзандони солим мебошад. Дар ин бора аз Бахши иттилоот ва таҳлили Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Кормандони РО тамрин карданд Чанде пеш дар ҳудуди Пойгоҳи вагонҳои мусофирбари Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” машқи мудофиаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Ҷараёни тамринҳо гувоҳи он буд, ки ҳайати роҳбарикунанда ва нерӯҳои ғайриҳарбии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дошта, барои бартараф намудани вазъи садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулодда тамоми имконият ва воситаҳои заруриро доро мебошанд. Сардори қатораи барқароркунӣ Темур Алиев зикр кард, ки дар ихтиёри онҳо крани борбардоре ҳаст, ки 111 тонна вазн дошта, иқтидори бардоштани аз 80 то 100 тонна борро дорад. Яъне, дар ҳолатҳои садамавӣ ё фавқулодда онҳо метавонанд вагонҳои осебдидаро сари вақт аз роҳ берун кунанд ва онро ба макони барқароркунӣ расонанд. Ашӯрбек Шарифов, сардори Хадамоти бехатарии ҳаракати қатораҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” иброз дошт, ки “имрӯз боз як хатаре, ки ба коргоҳи мо таҳдид мекунад, рух додани амалҳои террористист. Аз ин рӯ, мо барои тақвият бахшидан ба кори бахши мудофиаи гражданӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем”.

Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”

ТЕХНОЛОГИЯ

Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар компютер имконпазир шуд

e-mail: javonontj@mail.ru

2 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муаррифии барномаи компютерии “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ” доир гардид. Дар он муаллифони барнома, намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, макотиби олӣ, васоити ахбори омма, операторони мобилӣ ва интернет, ташкилоти ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳаи бонк, донишҷӯёни ихтисосҳои иттилоотӣ ва лингвистикаи компютерӣ иштирок намуданд. Лоиҳаи “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар OpenOffice.org” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов” таҳия гардида, аз ҷониби Институти “Ҷамъияти кушода” - Бунёди мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Барномаи мазкур дар ду барномаи компютерии маъмули кор бо ҳуҷҷатҳо – Microsoft Office ва OpenOffice. org истифода бурда мешавад. Ба андешаи таҳиягарони барнома илова кардани “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ” ба ин ду барнома дар компютер нисбат ба тартиб додани барномаи алоҳидаи тафтиши имлоӣ афзалтар мебошад. Дар ин баробар, онҳо мегӯянд, тафтиши имлоӣ дар ин ду муҳит дар асоси як алгоритм амалӣ мешавад. Муаллифони лоиҳаи мазкур дар асоси маводи омӯхташудаи грамматикаи забони тоҷикӣ модели математикиро тартиб дода, алгоритми барномаи тафтиши орфографияи забони тоҷикиро сохтанд. Онҳо бар ин бо-

варанд, ки тартиб додани комплекси барномаҳои тафтиши дурусти тарзи навиштани матн боиси тезонидани суръати копютеркунонӣ, раванди омӯзиши барномаҳои озод ва кушодаасос дар ҷумҳурӣ мегардад. Тафтиши худкори имлои забони тоҷикӣ хатоҳои имлоии ҳангоми ҳуруфчинии матн содиршударо дар равзанаи компютер инъикос намуда, муодили онҳоро пешниҳод менамояд.

Коршиносон ва муаллифони барнома таъкид сохтанд, ки барномаи мазкур корро ҳангоми ҳуруфчинӣ осон намуда, хатоҳои имлоиро коҳиш медиҳад. Дар муаррифии барнома, ҳамчунин, маълумот роҷеъ ба дастовардҳои лоиҳаи мазкур пешниҳоди иштирокдорон гардида, масъалаҳои дурнамои лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ дар ин самт баррасӣ шуд. Лозим ба ёдоварист, ки “Тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар Microsoft Office” ин модули тафтиши имлои забони тоҷикӣ ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо дар барномаҳои Microsoft Office буда, дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони мактаби илмии лингвистикаи тоҷикӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов” дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии “Microsoft” сохта шудааст.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


Ҳафтаи гузашта дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба мавзӯи «Маориф дар давраи истиқлолият: мушкилот ва дурнамо» конфронси илмию амалӣ доир шуд. Дар кори он мутахассисони соҳа, олимону коршиносон ва омӯзгорон аз макотиби олии пойтахт ширкат варзида, оид ба вазъи кунунии маориф дар кишвар андешоти худро баён доштанд. Муовини аввали роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ С. Сафаров дар мавзӯи «Дурнамои рушди маориф дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намуд, ки дар замони муосир баҳри пешрафти ҷомеа соҳаи маориф ҳарчи бештар нақши муассир бозида метавонад. - Дар кишварҳои пешрафта ба маориф торафт бештар такя мекунанд, - гуфт С. Сафаров. – Зеро кадрҳои оянда, ки баъдан метавонанд дар рушд ва пешрафти ҷомеаи кишвари хеш саҳмгузор бошанд, маҳз дар мактаб соҳиби дониш мегарданд. Дар даврони истиқлолияти кишвар сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ҳарчи бештар меафзояд. Ҳамин тавр, ҳар сол мактабҳои нав ва дигар иншооти вобаста ба соҳаи маориф сохта мешаванд. Мутааассифона, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мавқеи омӯзгор, чун маҳаки асосӣ дар раванди таълим, чандон баланд нест. Обрӯяш хеле костааст. Солҳои пеш омӯзгор гули сабади ҳама маъракаҳо маҳсуб меёфт, дар ҳама кор аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Имрӯз лозим аст, пеш аз ҳама, қадру манзалати омӯзгорро баланд бардорем. Вайро бо маоши баланд таъмин бояд кард, ки рӯзгорашро ба таври бояду шояд хуб пеш бурда тавонаду бо дили гарм пайи таълиму тарбия бошад. На ин ки ҳар роҳу восита ҷӯста, аз шогирдон маблағ ғундорад. Ҳоло дар кишвар 37 макотиби олӣ мутахассис омода месозанд. Оё дар асл ин мутахасси-

сон арзанда ва соҳибҳунаранд? Мутаассифона, бисёр мешунавем, ки ҷавонони мо пас аз хатми макотиби олӣ ба муҳоҷират рӯ оварда, ба аробакашӣ машғуланд. Дар Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат маорифро яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуд. Лозим аст, гуфтаҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, дар пешрафти соҳаи барои ҷомеа басо муҳим нақшаи арзанда дошта бошем. Коре бояд кард, ки маориф ба маънои томаш халқӣ гардад. – Солҳои пас аз ҷанг аз бесомониҳо истифода бурда, нафарони манфиатхоҳ қисме аз муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла, кӯдакистонҳоро фурӯхтанд, - гуфт сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии марказ А. Қурбонов. – Ин боис гардид, ки қариб 25 фоизи мактабиён ба таҳсил фаро гирифта нашаванд. Душвориҳо батадриҷ ҳалли мусбат ёфтанд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ на-

ҳама имкони пардохти ҳаққи таълимро дорад. Ин аст, ки қисме соҳибистеъдодҳо аз таҳсил дур мемонанд. Дар аксар мактабҳои шаҳр бо ҳар баҳона моҳе аз ҳар хонанда то панҷоҳ сомонӣ пул ситонда мешавад. Хуб мебуд, агар пеши роҳи ин гуна маблағғундориҳо гирифта шавад. Танҳо ихтиёрӣ маблағ супоридани волидон бояд сурат гирифта, он ба хазина ворид гардад. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ М. Хидирова изҳор дошт, ки ҳарчанд қонунҳои зиёд қабул намоем, лек дар иҷрои онҳо саъйи ҳамагон набошад, комёбиро ноил шудан гумон аст. - Ҳар сол Кумитаи кор бо занон то сӣ стипендия барои беҳтарин духтарони донишҷӯ ҷудо менамояд, - гуфт М. Хидирова. – Шояд ночиз бошад, лекин ин ҳам кӯмакест барои рушди соҳаи маориф. Имрӯз дар оилаи тоҷик хушунат нисбат ба

Дар Тоҷикистон 96 фоиз ҷаҳонбинии сокинон ғайриилмӣ, динист. Чизи навро қабул кардан намехоҳанд. Дар Ҷопон соле то ду маротиба дар истеҳсолот таҷҳизоти нав ҷорӣ мегардад. Яъне, технология таҷдид меёбад. Дар Олмон ва баъзе кишварҳои дигар то як маротиба. Дар Тоҷикистон, дар иттиҳодияи нассоҷии тоҷик таҷҳизоти аз соли 1967 насбшуда то ҳол фаъолият дорад. Магар бо чунин тарзи кор комёбиро интизор шудан мумкин? Ҳамин тавр, дар замони муосир, ки онро асри ҷаҳонишавӣ меноманд, баҳри пешрафти ҳар давлат, ҳар миллат ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот нақши муҳим мебозад. Тарбияи инсони комил, соҳиби ахлоқи ҳамида дар ҳар давру замон масъалаи ҷиддӣ буд ва хоҳад монд. Бе инсони комил, ботарбия рушди ҷомеа ба гумон аст. Бархе олимон бар он ақидаанд, ки умуман, ягон навъи

карда, камбудиҳо дар соҳа мушоҳида мегарданд. Масалан, омӯзиши фанҳои дақиқ дар макотиби олӣ боиси нигаронист. Дастуру адабиётҳо барои гузарондани таҷрибаҳо аз фанҳои дақиқ намерасад. Чанд сол пеш дар назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ корхонае барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо дастуроти фаннӣ барои гузарондани таҷрибаҳо таъсис ёфт. То ҳол ин корхона ба чӣ кор машғул аст, касе намедонад. Устодони макотиби олии Русия низ аз сатҳи пасти донишандӯзии донишҷӯёни тоҷик, вобаста ба фанҳои дақиқ изҳори нигаронӣ доранд. Тарбия ва ҳифзи захираҳои зеҳнӣ боиси ташвиш аст. Нисбат ба соли 1991 ҳоло шумори аспирантону олимон 800 нафар кам гашт, ки бешак, ба сифати таълиму тарбия халал мерасонад. Вазъи ногувори таъмини рӯзгор боис гашта, ки қисме аз зеҳнҳо ба хориҷи кишвар раванд. Ҳамчунин, қисме аз донишҷӯён пас аз хатми макотиби гуногун дар хориҷа монда, нияти ба Ватан баргаштан надоранд. Музди моҳонаи профессор дар мактаби олӣ то моҳи декабри соли гузашта 417 сомониро дар бар мегирифт. Танҳо бо ҷорӣ намудани гурӯҳҳои шартномавӣ музди устодон баланд бардошта мешавад. Вале на

зан хеле афзудааст. Тарбияи дурусти насли наврас дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб нақши муҳим бозида метавонад. Дар ин ҷода саъйи ҳамагон лозим. Ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеа. Декани факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р. Назаров зикр намуд, ки ҳар давру замон ба худ хос шахсиятҳоро меофарад. - Замони ориёҳои қадим одамони донишманд камол ёфтаанд, - гуфт Р. Назаров. – Оғози асрҳои миёна, замони тохтутозҳои Чингизу лашкари бедодгари ӯ афроди золиму ғоратгар ба воя расид. Асрҳои миёна, дар Аврупо барои бо техника сару кор доштан, ашхоси босавод тарбия ва камол ёфтанд. Имрӯз замони ҷорӣ намудани технологияҳои навин аст. Ҳар кас дар он ҷойе кор кардан мехоҳад, ки соҳиби маоши хуб бошад. Асри 21, асри созанда ва сӯзанда аст. Ҳоло дар ҷаҳон то 42 фоизи маблағҳо танҳо ба соҳаи ҳарбӣ сарф мегардад. Метавон оламро чандин маротиба таркондаю сӯзонда ва несту нобуд кард. Агар аз ин маблағҳои ҳангуфт ҳамагӣ ду фоиз барои пешгирии бемориҳо, гуруснагии мардуми манотиқи гуногуни сайёра сарф гардад, олам гулистон мешавад.

ахлоқ пазируфта нашавад. Вале дар шароити имрӯза ахлоқи шарқӣ беҳтарин аст. Метавон ахлоқи шарқиро ҳатто дар Аврупо низ барои таълиму тарбияи насли наврас ҷорӣ кард. Танҳо бо каме тағйирот. Мо бошем, аз Аврупо омӯзиши технологияҳои навинро ба роҳ монем. Ин имкон медиҳад, насли навраси мо созандаю бунёдкор камол ёбад ва ҷомеаи тоҷик пешравиҳоро ноил гардад. Корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми кишвар, номзади илми тиб Х. Норқулов ба масъалаи таъсири раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба таълими кӯдакон дахл намуда, иброз дошт, ки набудани волидон ба тарбия, ташаккул ва донишандӯзии насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. - Ин вазъ ба сарҳуй мондани кӯдакон оварда расонданаш мумкин, - гуфт. Х. Норқулов. – Яъне, кӯдакон бе тарбияи дуруст ба воя мерасанд. Ҳамин тариқ бархе аз ишктирокчиён дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба таълиму тарбия дар шароити кунунӣ ҳарф зада, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта фикрҳои хешро баён намуданд.

Маориф бояд халқӣ бошад

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

3

КОНФРОНС

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

ТАНДУРУСТӢ

Шашуми майи соли равон дар маҷлисгоҳи « Кохи Ваҳдат »-и пойтахт ҷаласаи машваратӣ оид ба ифтитоҳи расмии раванди амалигардонии «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ» баргузор шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур дар 8 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд амалӣ мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 23 миллион долларро дар бар мегирад, ки гранти Бонки умумиҷаҳонӣ мебошад. - Мақсади лоиҳа беҳтар кардани дастрасӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои пилотӣ тавассути ворид намудани усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ мебошад, - гуфт Нусратулло Салимзода. – Ҳадафи мазкур бо роҳи баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, вазъи инфрасохторҳо, заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд амалӣ хоҳад шуд. Мувофиқи лоиҳа дар 24 муассисаи сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба аҳолии ноҳияҳои Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Фархори вилояти Хатлон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Ғончии вилояти Суғд хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, корҳои сохтмонию таҷдид ва муҷаҳҳаз намудан бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар доираи амалисозии лоиҳа бозомӯзӣ ва таълими мунтазами бештар аз 800 нафар мутахассиси соҳаи тандурустии мамлакат пешбинӣ гардидааст.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Лола Бобоҳоҷиева ҳамчун ҳамоҳангсози «Лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ» дар бораи ҳуҷҷатҳои заминавӣ, мақсад, вазифаҳо, қисматҳои лоиҳа, идоракунии лоиҳа, чорабиниҳои асосии татбиқи лоиҳа, раванди амалигардонии лоиҳа ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дод. Зикр шуд, ки лоиҳа дар солҳои 2014-2019 (4,5 сол) амалӣ карда мешавад. Ба гуфтаи Л. Бобоҳоҷиева дар ноҳияҳои интихобшуда

натиҷаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак чандон қаноатбахш набуданд. Ҳарчанд фарогирии кӯмаки тиббии то таваллуд хуб бошад ҳам, миёни шаҳру деҳот нобаробарии географӣ дар хусуси дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба назар мерасад. Амалишавии лоиҳа баҳри дастрасии аҳолии ноҳияҳои зикршуда ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Оғози амалисозии лоиҳаи рушди хизматрасонии тиббӣ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

4

ВАО

3 майи соли равон бо ибтикори Шӯрои воситаҳои ахбори омма, Ассотсиатсияи миллии воситаи ахбори оммаи мустақил ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии озодии баён дар маҷлисгоҳи « Кохи ваҳдат »-и пойтахт конфронси ҷумҳуривӣ таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти озодии ВАО-и Тоҷикистон» баргузор гардид. Мақсад аз он баррасӣ ва таҳлили дастовардҳо, мушкилот ва пешомадҳои ВАО-и мамлакат дар як соли охир ва таҳияи тавсияҳо барои рушди озодии матбуот дар кишвар буд. Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО зимни сухани ифтитоҳӣ хабар дод, ки ин рӯз дар ҷаҳон аз соли 1991 таҷлил мешавад. Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 3 майро Рӯзи озодии баён эълон кард. Дар ҷумҳурии мо бошад, ин рӯзро аз соли 2001 ҷашн мегиранд. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов таъкид дошт, ки имрӯз дар ҷаҳон принсипҳои асосии журналистика аз байн рафта истодааст, ки бисёр хатари калон дорад. «Он принсипҳое, ки аз аввал журналистони мо ҳамчун озодии баён қабул карда буданд, қариб ки аз байн рафта истодааст. Ма-

Хатар ба журналистика салан, дар воқеаҳои давлатҳои Араб ё Украина журналистон аслан ба афсар табдил ёфтан доранд. Объективизме, ки бояд журналистика дошта бошад, аз байн рафтааст. Яъне, журналистика ҳамчун силоҳ истифода мешавад. Вақти пеш журналистикаро ҳокимияти чорум ном мебурданд, имрӯз ба ҳокимяти аввал табдил ёфтан дорад. Мо мебинем, ки манфиатҳои миллию давлатию ҳукуматӣ, аз манфиатҳои принсипҳои журналистика болотар баромадан доранд, ки хатар ба журналистика

«Волоияти қонун ва рушди устувор» ва «Ваҳдати ҷомеаи рӯзноманигорӣ» мебошад. - Дар ин самт мо бояд якҷо кӯшиш кунем, то ки ҷомеаи рӯзноманигории кишвар низ дар қатори он ҷомеаҳои озод ҷой гирад, - гуфт Н. Қаршибоев. Мутаассифона, ҳисоботи имсолаи “Хонаи озодӣ” нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати озодии матбуот як зина поён рафтааст ва шояд он қазияҳои судие, ки дар фазои иттилоотии ҷомеаи мо буданд, сабаб шуда бошанд. Саймуддин Дӯстов, раиси

ҷиноӣ барои тӯҳмат ва таҳқир, ки аз дастовардҳои ҷомеаи журналистони Тоҷикистон мебошад. Дигар, тибқи тағйироту иловаҳо қонунгузории ҷорӣ то ҷое дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотро сода кард. “Дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоот дар ду соли охир беҳтар шудааст, бахусус, дар паҳн кардани иттилооти безарар барои манфиатҳои идорӣ ва соҳавӣ. Вале каммаърифатии бархе аз роҳбарони аввали кумитаю вазоратхонаҳо бесалоҳиятӣ, бюрократӣ, қонуннописандӣ, кашолкорӣ ва

аст», - афзуд А. Сатторов. Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ иброз дошт, ки имсол Рӯзи байналмилалии озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон бо назардошти се омили муҳим ҷашн гирифта шуд. Ба қавли вай ин омилҳо: «Амнияти фаъолияти рӯзноманигорӣ»,

Шӯрои муҳаррирони нашрияи «Нигоҳ» дар мавзӯи «Риояи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар амалияи рӯзноманигорӣ» маърӯза карда, иброз дошт, ки қонунгузорӣ дар ду соли охир беҳтар шудааст, хоса, дар ду самт: яке барҳам задани ҷавобгарии

камсаводии масъулони хадамоти матбуотии ниҳодҳои ҳукумати иҷроия, ҳокимяти судӣ ҳамоно аз вижагиҳои муҳими расонаҳои мамлакат мебошанд”. Рустами Ҷонӣ, директори генералии “Ориёно-медиа” дар мавзӯи “Мушкилоти дифоъ аз ҳуқуқи ВАО дар мақомоти судӣ”

маърӯза кард. Ба гуфтаи ӯ, барои журналистон дар бахши омодагӣ ба мурофиаҳои додгоҳӣ таҷриба намерасад. Ба таври даркорӣ фаъолияте, ки ба ҳифзи журналист равона шавад, ташаккул наёфтааст. Ҳанӯз ҳам дар бозори расондани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ҷойи коршиносе, ки сирф ба масоили марбут ба ҳуқуқи журналист машғул бошад, холист». Дар анҷом баъзе созмонҳои журналистӣ озмунҳои анъанавиашонро ҷамъбаст намуда, ғолибонро эълон карданд. Султон Ҳамад, журналисти шинохта, сармуҳаррири рӯзномаи “Рӯзгор” дар бахши тадқиқоти илми соҳаи журналистика Ҷоизаи ба номи Пайванд Гулмуродзодаи Маркази таҳқиқоти журналистиро ба даст овард. Ҷоизаи ба номи Толиб Ҷумъаро дар бахши таҳқиқоти журналистӣ журналисти ҷавон Гулафшон Соқиева соҳиб шуд. Ҷоизаи дигари Маркази таҳқиқоти журналистика дар инъикоси масоили муҳоҷирати меҳнатӣ насиби Илҳомҷон Аюбов, масъули саҳифаи интернетии “Мардикорнома” гашт. Гулнора Амиршоева, роҳбари Созмони “Медиа-Алянси Тоҷикистон” низ дар се номинатсия ғолибонро эълон кард. Дар номинатсияи “Журналистикаи касбӣ ба номи Отахон Латифӣ” Роман Кожевников, хабарнигори “Ройтерз” ғолиб гашт. Ҷоизаи “Ҷасорат“ ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев-ро хабарнигори “Фараж” Ҷамила Мирбозхонова ба даст овард. Рустам Гулов ҷоизаи “Беҳтарин блогнавис”-ро соҳиб шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”

АФСӮС

Даргузашти Муҳаммадҷон Тоштемиров

e-mail: javonontj@mail.ru

Муҳаммадҷон Тоштемиров, журналист ва адиб 5 майи соли равон баъди бемории дурудароз дар шаҳри Душанбе, дар синни 67 фавтид. Ӯ 24 ноябри соли 1947 таваллуд шуда, соли 1977 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москва ва соли 1986 факултаи таърихи Донишкадаи давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1969 ба сифати роҳбари сексияи Хонаи пионерони шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Аз соли 1979 дар соҳаи журналистика фаъолият дошт. Узви Иттифоқи журналистони СССР (1985) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999).

Солҳои 1979-1980 мухбири адабии рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», 1980-1982 мухбири рӯзномаи «Советский спорт» (Москва), 1983-1993 роҳбари сексияи Маркази кӯдакону наврасони Тоҷикистон, 1993-1995 сармуҳаррири Студияи телевизионии Душанбе «Сомониён», 1995-1998 директори иҷроияи Ассотсиатсияи ВАО-и электронии мустақили мамолики Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО (Алма-ато), аз 3 августи соли 1998 то соли 2011 сармуҳаррири рӯзномаи «Курер Таджикистана», ҳамзамон, раиси Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (то соли 2012) буд. Муаллифи беш аз 20 маҷмӯаи адабӣ ва публитсистӣ мебошад: «Фидокорон» (очеркҳо,1982 ), «Награда» (очерк,1983), «На черно-белых клетках» (Москва,1984), «Ишонмагин дӯстинга» («Бовар макӯн ба дӯстат»,

ҳаҷвияҳо, 1991), «Ватан бита, тақдир битта» («Ватан якто,тақдир якто» бо забони ӯзбекӣ), «Ҳомии сулҳу ваҳдат» (бо З. Саидов, очерки сиёсӣ, 1997), «Президент Рахмонов человек и политик» (очерки сиёсӣ, Алмаато, 1997), «Ҳар каллада ҳар хаёл» («Сареву савдое», бо забони ӯзбекӣ, ҳаҷвияҳо, 1998), «Фолнома» (ҳаҷвияҳо, 1998), «А человека люби» (публитсистика, 1999), «Корвони истиқлол-ба сӯи истиқбол» (очерк, 1999), «Армонли дунё» (повест, 2000), «Вместе, рука об руку» (мақолаи публитсистӣ дар бораи Қазоқистон, 2002), «Формула мира» (бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ), «Формула мира Президента Рахмонова» (бо С. Фаттоев, бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, очерк, 2004), «Мировая элита о Президенте Рахмонове» (бо С. Фаттоев, 2006), «Шоҳроҳи сулҳофарӣ ва бунёдкории Президент Эмомалӣ Раҳмон» (бо С. Фат-

тоев) ва «По меридианам дружбы». Политика открытых дверей Эмомалӣ Рахмона” (публитсистика, 2010). Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2008) ва ғолиби озмуни байналмиллалӣ (Италия, 1991, бахши очеркҳо) аст. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1980), медали ЮНЕСКО (1997), унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) мукофотонида шудааст. Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон. Оиладор, як писар ва ду духтар дорад. Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” аз марги журналисти шинохта Муҳаммадҷон Тоштемиров сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабру таҳаммул хоҳонанд.


Ба тезиси мазкур метавон садҳо эътироз баён намуд, аммо ҳамаи онҳо характери сирф фарзиявию назариявӣ хоҳанд дошт. Дар баробари ин, тавре хирадманди маъруф гуфтааст: «...он (амалия – Я.С.) на танҳо бартарияти умумият, балки воқеияти бевоситаро низ доро мебошад... ва худи таҷриба ягона меъёри ҳаққонияти шуури мо аст». Маҳз аз ҳамин лиҳоз, на олимону академикҳо, шоирону нависандагони маъруф ва на коргарону шахтёрҳое, ки аз меҳнаташон миллат маърифату гармӣ мегирад, балки намояндагони иттиҳодияҳои динӣ таҳти таваҷҷуҳу парастории бозигарони геополитикӣ қарор мегиранд. Ҳамин тариқ, дар бозиҳои геополитикӣ, бахусус, дар бахшҳои муқовиматҳои идеологӣ, кишварҳои манфиатдор маблағҳоеро харҷ мекунанд, ки аз лиҳози идоракунии миллатҳо дар минтақаҳои мавриди на-

вор оварда мерасонад. Рӯйдодҳои Шарқи Наздик ва Миёна, Афғонистону Покистон ин ақидаро ба ифодаи геометрӣ аксиома мекунанд. Дар бахши муносибатҳои идеологӣ мафҳумҳои «оштӣ», «ҳамоҳангӣ», «мувофиқа», «мутобиқшавӣ», «гузашти ҳамдигарӣ» хеле кам истифода мешаванд. Агар чунин амале рӯй диҳад, як идеология идеологияи дигарро ҳазм мекунад. Нобуд сохтан ва аз шуури барандагони он зудудани идеология, ба як ишора ё ҳаракат, тавре ки иддае аз субъектҳои сиёсӣ талош менамоянд, вазифаи ниҳоят мушкил ва дар баъзе ҳолатҳо имконнопазир мебошад. Гап дар он аст, ки «идеяҳоро метавон танҳо ба воситаи идея безарар кард»8, на ба сухану хоҳиш ва тарзи дигари ибрози нияту эҳсосот. Қабл аз ҳама, дар ин ҳолат сухан дар бораи моҳияти чизҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим меравад, ки барои пайдо шудани худи идеология боис гаштаанд. Сатҳи созиши идеология аз

мекунанд»10. Мафҳуми «инкишоф» дар ин ҳолат сифати беинтиҳоӣ дорад. Муҳимият дар он аст, ки маҳз кадом мақсадҳоро ин ё он субъекти сиёсӣ аз рӯи фаҳмиши худаш пайгирӣ мекунад. Офаридани устураҳое, ки чунин манифатҳоро хизматгузорӣ кунанд, барои созандагони идеология кори маъмулӣ, одӣ ва як бахши вазифаи иҷтимоии онҳо мебошад. Таҳлили амалия ва назарияи сиёсии баъзе субъектҳо дар миқёси миллӣ, минтақавӣ ва баъзан ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки идеологияи онҳо аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нокомилу ноқис буда, аз нигоҳи ғоявӣ – консептуалӣ нопурра мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо барои ҷамъият ҷаззоб нестанд. Дар ҷустуҷӯи такягоҳи идеологӣ, ҳизбҳо маҷбур мешаванд, ки онҳоро дар ашёи тахайюлӣ ва талқини адами дудилагӣ нисбат ба

Саймумин ЯТИМОВ

Идеология ва манфиати миллӣ зар пурра ҷуброн мегарданд. Ба ақидаи онҳо, дар ин ҷабҳа сарфа кардан лозим нест. Аз ин рӯ, ҳангоми чунин як зӯроварии системавӣ ва мақсадноки идеологӣ, ки нисбат ба тамоми қишрҳои аҳолӣ равона мегардад, танҳо ба институтҳои давлатӣ такя кардан кори ғайриодилона ва номумкин аст. Баҳри масуният ҳосил кардан ба муқобили ин зуҳурот, сафарбарии тамоми ҷомеа лозим мебошад, барои он ки «ба миллат ҳам мисли зан лаҳзаи ғафлат, ки ҳар як ҳангомабоз бар он таҷовузу зӯроварӣ кунад, бахшида намешавад»7. Ҳангомабоз метавонад ҳам намояндаи ҳамон миллат ва ҳам хориҷӣ бошад, ки ният дорад бо ҳама гуна шиорҳо иқдомотеро анҷом диҳад, ки манфиатҳои амнияти миллиро зери хатар мегузоранд.

ДАР БОРАИ МУНОСИБАТИ ИДЕОЛОГИЯ БА МИФОЛОГИЯ Тавре қайд гардид, идеология замоне ба миён омад, ки инсон бо манфиатҳои худ, бахусус, манофеи иқтисодиву иҷтимоиаш дар олам пайдо шуд. Аммо чи хеле ки ишора кардем, моҳияти актуалиро ҳамчун мафҳуми ифодагари зуҳуроти идеология дар асри XIX касб кард. Авҷгирии муносибатҳо, муқовиматҳо ва набардҳои идеологӣ дар даврони ба қудрат расидани идеологияи коммунистӣ ба назар мерасад. Идеологияи нисбатан ҷангҷӯй, шиддатнок ва ба ҳеҷ ҷаҳонбинӣ муқоисанашаванда, идеологияе мебошад, ки дар даврони ташаккулёбии ғояҳои миллӣ-сотсиалистӣ ба вуҷуд омада, дар замони мо дар мисоли андешаҳои динӣ - фундаменталистӣ идома дорад. Таърих борҳо собит намудааст, ки ҳама гуна ғоя, ҳатто пешқадамтарин дидгоҳ, дар сурати риоя накардани ҳадди муқарраршуда метавонад ба як сафсата тадбил ёбад. Ин корро кардан осон мешавад, вақте ки субъектҳои сиёсӣ идеология ва захираҳои онро аз доираи имкониятҳо танг намоянд, ғояҳоро бо муҳтавои мифологӣ тобеъ кунанд. Табдилёбии постулатҳои идеологӣ ба омили фалаҷкунандаи инкишофи зиндагӣ, кӯшишҳои истифодаи беҷо ва бемавриди онҳо паёмадҳои сафсатакунии идеология мебошад, ки маъмулан ба паёмадҳои ногу-

ҷамъиятӣ – сиёсиро нодида мегиранд ва дар худ нишонаҳои равшани догматизмро дошта, абстарктӣ ҳастанд, лоиқи мазаммат мебошанд. Чунин бархӯрд дар ҳалли амбитсияҳои сиёсии ҳама гуна низом хатари ниҳоят ҷиддӣ эҷод мекунад ва ё дар таркиби худ дараҷаи баланди ихтилофандозиро дар ҷомеа нигоҳ медорад. Субъектҳои сиёсии дар ҷодаи инкишофи ҷамъиятӣ донишҳои нокифоя ва маҳорати заифи таҳлилкуниро доро буда, ҳатто дар мисоли кишварҳои маълуми мусулмонӣ дарк намекунанд, ки мафҳумҳои шахшудаи догматикӣ ҳамчун асосҳои консептуалии ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷамъият нафъе надоранд. Онҳо ботилан ба доираҳое манфиатбахш менамоянд, ки мехоҳанд фишангҳои ҳокимияти давлатиро ба даст гиранд, таъми онро бичашанд. Ин кӯшиши бисёр хатарнокест бо оғози фоҷиавӣ ва анҷоми бадбахтона. Идеяҳо ҳам мисли одамон ва дигар мавҷудоти олами моддӣ «муҳлати хизмат» доранд. Онҳо ҳам куҳна ва партофта мешаванд. Ин молест, ки таҷдиду тармим намешавад, дар баробари ин, ба дарозумрию пойдории он ҳам умед бастан даркор нест. Вагарна «… ин идеяҳо ва ин категорияҳо ба монанди муносибатҳои ифода мекардаашон дарозумр нестанд. Онҳо лаҳзаҳои таърихӣ ва гузаранда мебошанд»11. Ин қонуни далектикаро нодида гирифта, ҳатто бузургтарин давлатҳои таърихи инсонӣ, бо ҳамон нерумандии моддӣ, зеҳнӣ ва ҳарбиашон аз харитаи сиёсии ҷаҳон бе ҷангу мубориза зудуда шуда, аз худ мероси талхе гузоштанд ва маҳол аст, ки инсоният дар даҳсолаҳои наздик ҳалли онҳоро пайдо карда тавонад. Таҷрибаи бархӯрд бо догматизму ҷаҳолати содаи сиёсиро Тоҷикистон дар замони истиқлол аз сар гузаронид. Фалсафа таърихест дар мисолҳо.

ИДЕОЛОГИЯ ВА ГУМРОҲИҲО

асоси материалии он, ки заминаи ташаккулёбии худи ғоя, мутаносибан ба он додани сифати равоқия (стоитсизм) аст, вобастагии мустақим дорад. Қайд кардан зарур аст, ки идеяҳои бетараф, мутлақ ва беғараз вуҷуд надоранд. Мағрурӣ, оштинопазирӣ, чандирӣ, дар баъзе маврид таҷовузгарӣ – хислатҳои идеология мебошанд. Новобаста аз ботилият, омилҳои мифологию тахайюлӣ доштан, дар назари бегонагон ҷаззоб будан, онҳо дар ҷойи холӣ пайдо намешаванд. Ҳамеша дар паси онҳо қувваҳои воқеӣ меистанд. Новобаста аз мушкилиҳо, аз тарси марг ва зиндагӣ, ин неру кӯшиш мекунад, ки ақидаҳоро дар мафкураи одамон ҷой намояд, мардумро ба ягона таркиби ҳаққонии ин идеология бовар кунонанд. Устураҳо табиатан дар бораи чизҳои ғайризаминӣ ва муъҷизаофар нақл мекунанд. Масалан, дар замонҳои атиқа мардум муътақид буданд, ки «Зевс дар ҳақиқат раъду барқро меофарад, «тавлид мекунад», Атлант ҳақиқатан ҳам дар китфони худ осмонро дошта истодааст»9. Тавре иброз гардид, сабаби ин хел ҳамлаи мафкуравии системавӣ дар он аст, ки «идея аз осмон мисли борон намеборад. Ҳамаи идеяҳои сиёсӣ дар пояи ҳолатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, бар ин асос онҳо инкишоф меёбанд ва ба манфиатҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ хизмат

«ҳаққонияти» предметҳои намудоршаванда ҷустуҷӯ кунанд. Дар чунин ҳолат, онҳо роҳҳои ҷуброн намудани холигоҳи мазкурро аз лиҳози ҷаҳонбинӣ – дарки воқеияти табиӣ ва иҷтимоӣ дар марҳилаҳои нахустини инкишофи инсонӣ, ҷустуҷӯ мекунанд. Дар чунин ҳолат созандагони идеология аз истифодаи калимаи «устура» дурӣ ҷуста, онро умуман истифода намебаранд. Ин метавонад онҳоро беобрӯй кунад ва ба нокомӣ бурда расонад. Аз ин лиҳоз, ин қабил ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ (сакралӣ), транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд. Дар онҳо пайдо кардани тафсирҳои воқеияти реалӣ, ки ба замон ва фазо вобаста набошанд, осон аст. Аз ҳама муҳим ваъдаҳо, бахусус, ҳамонҳое, ки иҷрои нақшаҳоро кафолат намедиҳанд ва дар пайи худ ҷавобгарӣ надоранд. Дар ин ҳолат, раванди муназзам ва ноаёни бадалшавии устураҳо ба идеология ба миён меояд. Аниқ аст, ки омилҳои хурофотӣ ва мифологӣ, ки ҳамчун хусусият (артибут) ва ҷузъи асосии ин идеология қабул шудаанд, маънои бозгаштан ба замонҳои гузаштаро дорад. Табиатан принсипҳои идеологие, ки воқеият, шароити мушаххаси ҷоришавии равандҳои

Инсон мавҷудотест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи шароити беҳтари зиндагонӣ мебошад. Ӯ ин ҷустуҷӯро вобаста ба ҷаҳони атрофаш бо роҳу усулҳои мухталиф амалӣ менамояд. Пеш аз ҳама бо роҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва дигар усулҳои ба худаш хос, ки барои ташаккулёбӣ ва рушди ӯ аҳамияти муҳим доранд. Новобаста аз хушунату фосидии дидгоҳҳо, ҷаҳонбинӣ ва назарияҳои алоҳидаи шуури инсонӣ, аз содир намудани иштибоҳҳо ва ба гумроҳӣ гирифтор шудан эмин нест. Вазифаи субъектҳои офаринандаи идеология маҳз дар ҳамин аст, ки бо роҳҳои гуногун ҳарчи бештар ақлу ҳуши мардумро ба даст гиранд. Ба даст гирифтан бо мақсади мутеъ сохтан. Мутеъ сохтан барои идора кардан. Идора намудан барои расидан ба мақсадҳои сиёсии дахлдор. Амалӣ кардани амбитсияҳои сиёсӣ барои расидан ба захираҳои иқтисодӣ. Аз ин рӯ, субъектҳо ба иқдомоти воқеӣ – парвариши идеяҳо умед мебанданд, зеро бар он боваранд, ки «идея замоне ба қувва мубаддал мегардад, ки оммаро фаро гирад». Инсон ҳамчун бузургтарин субъект дар муносибатҳои идеологӣ ба объекти материалӣ табдил меёбад. Дар ҷараёни пайгириву ҷӯишҳои хеш, ки ҷанбаҳои муҳими иҷтимоӣ доранд, ӯ доимо зери таъсири омилҳои идеологӣ қарор мегирад. Зери фишори шароитҳои дахлдор, бар асари таъсири мақсаднок ба инсон дар мафкурааш ашё ва мафҳумҳо метавонанд инъикоси нодуруст, яктарафа ва номувофиқ пайдо кунанд. Ҳарчанд ӯ андеша мекунад, ки дар роҳи рост қарор дорад. Бо ин роҳ ӯ метавонад ба ҳайси як индивид зуҳур намояд.

7. Маркс К., Энгельс Ф., 18 брюмера Луи Бонапарта, М. 1972, т.2, стр. 132. 8. Бальзак Оноре де, Утраченные иллюзии, М., 1950, стр. 279. 9. Краткий словарь по философии, М., 1979, стр. 178. 10. Andrew Heywood, Political ideologies, 3rd edition, p3.

(Давом дорад)

e-mail: javonontj@mail.ru

(Идома аз шумораи гузашта)

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

5

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

6

НАБЗИ ҶАҲОН

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар бораи авзои Украина аз ибтидои даргириҳо то имрӯз матлаб ба нашр мерасонад. Таҳлили навиштаҳои муаллифони худӣ ва муаллифони махсус, ки дар рӯзнома ба нашр расидаанд, нишон дод, ки дар онҳо асосан, ду чиз бештар таъкид шудааст: 1) Украина ба дасти украиниҳо, вале ба нафъи бегонаҳо бесубот мешавад; 2) Аз қазияи Украина бардошти ҷиддие бояд кард ва аз ҳарвақта дида ҳушёр бояд буд.

мешӯранд ва аз ин нафъро ким кадом ҷониби ғайр мебардорад. Дар ибтидои муноқишаҳо дар ин кишвар масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо ва ё мондан бо Русия матраҳ буд. Ин бошад дар Украина русгароиву аврупоигароиро бештар ҷилва дод. Яъне, ҳамин омил боис гардид, ки Украина ноором шавад. Ҳоло ҷонибдорони Маскав аз як сӯ, тарафдорони Киев аз сӯи дигар сангар гирифта, ба ҳам дар набарданд. Бино ба иттилои расонаҳо ҷонибдорони Русия тадриҷан аз шаҳру музофоти гуногуни Украина сар боло карда, ҳарчи зудтар пайвастанашонро ба Русия иддао доранд. ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мудохилаи низомии Русияро дахолат ба кори кишвари мустақил хонда, мегӯянд Русия ҳама гуна дахолатро ба Украина бас кунад. Русия бошад, ба ҳеҷ

10 шаҳрро ба даст овардаанд. Мамлакат оҳиста-оҳиста чанг ба домони ҷанги дохилӣ мезанад. Ҷанги шаҳрвандӣ! Нооромӣ дар Украина шаҳрҳоро ба навбат сайр мекунад. Аз ҷумла, 2 май ба шаҳри Одесса, ки яке аз нуқтаҳои осоишта воқеъ дар ҷануби Украина буд, кӯчидааст. Анбӯҳи эътирозгарон иборат аз ҷонибдорони Киев ва тарафдорони Маскав дар соҳили баҳри Сиёҳ ба ҳам дарафтоданд. Зимни задухӯрд 4 нафар ҷони худро аз даст доданд. Инчунин, дар натиҷаи сӯхтори як бинои маъмурӣ дар пойтахти Украина 42 нафар ба ҳалокат расиданд. Кормандони полис ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот омилони ин ҳодисаро ҷӯё шудаанд, вале гумон аст, ки натиҷаи дилхоҳеро ба даст биёранд. Умедҳо дар ин кишвар тадриҷан шикаста, ваҳомат бу-

Таъкид дар ҳар ду маврид ҳам дурусту баҷост! Бояд ҳушёр буд, вагарна аз ҷаҳли чанд муғризу бадкор истифода карда, мамлакати ободеро ба ҳоли табоҳ афкандан кори саҳл аст. Хоса, агар дар он мамлакат ду қудрати ҷаҳонӣ барои манфиатҳояшон мубориза мебурда бошанд. Имрӯз дигар рӯшан аст, ки Украина ба майдони талоши манфиатҳои Русияву ИМА табдил шудааст. Акнун шинохти ин масъала кашфиёт нест. Чунки дар муддати начандон тӯлонии задухурдҳои Украина ИМА ва Русия чанд бор ба ҳамдигар дандон нишон доданд. Инҳо ҳарчанд зоҳиран вонамуд мекунанд, ки аз ҳаводиси ин кишвар сахт дар ташвишанд ва “талош” доранд, ки қазия зудтар ҳал шавад. Вале

ваҷҳ хостгор нест, ки Украинаро аз даст бидиҳад. Бино ба навиштаи муаррихон даҳаи охири асри ХХ, вақте шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ маълум гардид, сиёсатмадорони Кремл ба хулосае расиданд, ки Иттиҳод барҳам бихӯрад ҳам, Русия бо ҳар қимате, ки бошад, бояд нуфузу таъсирашро дар се давлате, ки марз бо хориҷ дорад, аз даст надиҳад. Яке аз ин кишварҳо Украина аст. Зеро Украина барои ин кишвар дарвозаи иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо манфиатҳои иқтисодӣ, энергетикӣ ва амниятиву низомии Русия ниҳон аст. Пас, дуруст аст, ки ба ҳар қимате, ки бошад, барои аз даст нарафтанаш талош мекунад. Флоти баҳрие, ки Русия дар Севастопол дорад, ин кишварро ба баҳри Миёна-

дар асл Украина майдони тамрин ё худ полигони ин бузургкишварҳост. Барои онҳо фарқ надорад, ки дар Украина мардум зарар мебинад ё ин кишвар ба вайрона табдил меёбад. Муҳим, силоҳу муҳимот дароварда мешавад ба ин кишвар, аслиҳаро озмоиш дода мешавад? Пас, ҳамин бас! Мардуми гумроҳу силоҳбадасти Украина, ки гӯё ватанашонро озод мекунанд, дар асл намедонанд, ки зери навои доираи бегонаҳо дар чархишанд. Афсӯс. Ин сенария, тавре таҳлилгарони тоҷик борҳо таъкид доштанд, шабоҳат ба сенарияҳои феврали солҳои навадуми кишвари моро дорад. Ду гурӯҳ ба ҳам

замин, аз он ҷо ба баҳру бандарҳои дигар савқ медиҳад. Яъне, фаротар аз ҳама гуна манфиатҳо Украина барои амнияти худи Русия зарур аст. Чунки ин кишвар дар зери бинии Аврупост ва Русия он ҷо базаи ҳарбӣ дорад. ИМА бошад, тамоми роҳро ба кор бурдан дорад, то Украинаро ба оғӯшаш дарорад. Украина, ки бо ИМА шарик шуд, ҳатман он ҷо пойгоҳу нуқтаҳои ҳарбии ИМА пайдо мешавад. Ин ба Русия намефорад. Ҳоло тибқи гузоришоте, ки расонаҳои украиниву хабаргузориҳои машҳури дунё пахш карданд, русгароёни Украина дар Шарқ ва Ҷануби ин кишвар қариб

зург шуда, қатлу қитол авҷ гирифта, харобиҳо доман паҳн мекунанд... Даргириҳои Украина, аллакай, ба кишварҳои дигар низ бетаъсир набудааст. Хусусан, ба он кишварҳое, ки бо Украина равобити иқтисодӣ доштанд. Буҳрони сиёсии Украина ва дар пайи он мудохилаи кишварҳое назири Русия ва ИМА вазъро печидатар карда, боиси нигаронии амиқ ва ҷиддии давлатҳои минтақа шудааст. Дар сархати кишварҳои нигарон Молдова қарор дорад. Сарвазири ин кишвар Люри Лянке гуфтааст, «Он чи имрӯз дар Украина мегузарад, нишон медиҳад, ки агар пеши роҳи ҳамоишҳои ҷудихоҳӣ дар ҳар кишваре, ки рух медиҳад, гирифта нашавад, таҳлукаи ба тамоми минтақа сироят шуданаш мавҷуд аст». Молдова низ мисли Украина як давлати аз ҷиҳати стратегӣ муҳими минтақа ба ҳисоб меравад, ки шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупоро ҳадаф қарор додааст. Бешак, Русия чуноне ки аз интегратсияи Украина ба Иттиҳоди Аврупо норозист, гароиши Молдоваро низ ба ин Иттиҳод хуш надорад. Хавфи Молдова аз минтақаи ҷудоихоҳи Трансднестер аст, ки ҳанӯз соли 1991 мустақилияташро эълон дошта, соли 1992 дар натиҷаи як ҷанги кӯтоҳи дохилӣ аз Молдова ҷудо шуд. Чанде пеш ин минтақа аз Маскав хоҳиш кард, ки ба ҳайси кишвари мустақил эътирофаш кунад. Хулас, кишварҳои манфиатхоҳ қодиранд, ки барои ноил шудан ба хостаҳояшон ҳар кишвареро ба ҷангу ҷидол бикашанд. Қодиранд муноқишаҳои дохилӣ созмон диҳанд. Ҳатто агар бо он кишвар дӯстии тӯлонӣ дошта бошанд ҳам. Ин ҳақиқатест, ки соли 2008 қазияи Гурҷистон исбот кард, ҳақиқатест, ки дар Арманистон ба намо гузошта шуд, ҳақиқатест, ки бесуботии Украина исбот мекунад...

Ҳақиқате, ки ҷанги Украина исбот мекунад

Башир УСМОНОВ, «ҶТ»

Афғонистон:

Ҳалокати 2500 нафар аз лағжиши кӯҳ 2 майи соли равон бар асари лағжиши кӯҳ ё фуромадани ярч дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре расонаҳои маҳаллии Афғонистон иттилоъ доданд, ярч дар ибтидо деҳаеро пахш кардааст, вақте сокинони деҳоти ҳамсоя барои наҷоти зерихокмондагон рафтаанд, ногаҳон пораи дигари кӯҳ лағжида, онҳоро низ ба ҳалокат расондааст. Кӯчидани хоку гил пас аз борони сел ба амал омадааст. Мақомоти маҳаллии Бадахшон шумораи ҳалокшудагонро беш аз 2500 нафар арзёбӣ кардаанд. Дар пайи ин ҳоддисаи табиӣ роҳбарони чанде аз давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ ба Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай номаи тасаллият фиристоданд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуда, гуфтааст: «Ҷалолатмаоби гиромӣ, бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам. Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Инчунин, бархе аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба мардуми офатзада кӯмакҳои моддӣ расонданд. Бо дастури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба минтақаи осебдидаи Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Гуфта мешавад, кӯмаки мазкур аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, оби нушокӣ ва ғайра иборат аст. Фиристондани ин кӯмаки бародарона як нишонаи дигари чун дарди худ қабул намудани фоҷеаи ба сари ҳамсоягони наздики мо омада аст. Ба хотири гиромидошт ва ҳамдардӣ ба осебдидагони ин офати табиӣ дар Афғонистон 4 майро мотами миллӣ эълон карда, ба ин хотир байрақи кишварро дар дохил ва хориҷи Афғонистон нима барафрохтаанд. Аммо шабакаи телевизионии «Тулуъ»-и Афғонистон Ҳомид Карзайро интиқод кард, ки ба ҷои ҳодиса нарафт ва сари вақт ба тасаллияти мардум напардохт. Телевизиони «Тулуъ» бо пахши паёме аз номи мардуми осебдидаи вилояти Бадахшони Афғонистон ба Ҳомид Карзай гуфтааст: «Ҷаноби Олӣ, вақт накардед, ҳадди аққал қадаме ранҷа мекардед ва аз миллати худ ҷӯёи аҳвол мешудед. Аз вазъияти фалокатборашон бохабар мешудед ва аз наздик мушоҳида мекардед, ки дар ин 12 сол воқеан чи корҳои зерсохтӣ мусмир ва сутуданӣ барои сарзамини худ анҷом додед. Ё медонистед, аз ин ки коре накардаед дар ҳарос будед, ки бо чӣ чеҳрае назди мардуми худ биравам?» Ин шабакаи телевизионӣ бо интиқод аз Ҳомид Карзай ва маъмурияташ мегӯяд, ҳар боре чунин фоҷеаи бузурге дар кишвар рух медод, паёми раисиҷумҳур ба мардуми кишвараш ин буда, ки барои ҳама сабру бурдборӣ мехоҳам. «Охир чи андоза сабр ва то кадомин андоза сабр? Косаи сабри мардум дигар аз ин гуна корҳо лабрез шудааст, - таъкид мекунад «Тулуъ» ва меафзояд: - Муовини олиқадри шумо (манзур Юнус Қонунӣ – М. С.) ба Форёб меравад ва ба мардуми сияҳрӯз ваъдаи замин медиҳад. Магар ваъдаи замин чӣ дарде аз он мардум кам мекунад? Бо замин мехоҳанд чи коре кунанд, гӯристоне барои худ бисозанд?» Воқеан, фоҷеаи мазкур басе сахту сангин аст. Вагарна, мардуми афғонро, ки тӯли ин солҳо азияти зиёд кашидаву ҳанӯз сабур аст, наметавонист ба шикваю исён бикашад...

Б. УСМОНОВ, «ҶТ»

P.S.

Вақте матлаб ба чоп омода мешуд, хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки Ҳомид Карзай 7 май аз мавзеи офат боздид намудааст.


Саҳми тоҷикон дар ғалаба бузург аст

Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро, ки 1418 шабонарӯз идома ёфт, ёд надошт. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи олам буда, дар он беш аз 72 давлати олам ширкат варзида, доманаи амалиёти ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршудагон зиёда аз 110 миллионро ташкил дод. Дар натиҷа, кишварҳои зиёде хароб гашта, беш аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуданд ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Ин ҷанг ҷаҳонро ба ларза овард, зеро фашизми истилогар бо ғояҳои забткоронаи худ мақсади бунёд намудани империяи абадқудрати фашистиро дошт, ки дар як муддати кӯтоҳ қариб тамоми хоки Аврупоро ғасб ва

аҳдшиканона ба собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Ҳарчанд мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аз майдони ҷанг ҳазорон фарсах дур буд, вале дар дили ҳар шахси ватандӯст нисбат ба душмани ғаддор нафрат пайдо гардида, онҳоро барои ихтиёрӣ ба ҷабҳаи набард рафтан водор мекард. Агар замони ҷанг аскарону афсарон бо тиру туфанг мубориза баранд, зиёиёни тоҷик, қабл аз ҳама, шоирону нависандагон дар ақибгоҳ бо қалам ва сухан ба муқобили душман муборизаи беамон мебурданд. Тасвири воқеаву ҳодисаҳои айёми ҷанг, қабл аз ҳама, дар осори адибони тоҷик: Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Воҳид Асрорӣ, Хоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Фарҳат, Ҳомид

Обидӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон, ки бевосита барои ҳифзи Ватан ҳама душвориҳоро паси сар карда, мардонавор ҷангидаанд, боварибахш ва ҳаққонӣ инъикос ёфтааст. Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фидокорона иштирок кардаанд. Торумор намудани фашистон дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталинград, Курск, Украина, Беларус на танҳо ҷараёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки ҷараёни ҷанги дуюми ҷаҳонро комилан тағйир дод. Ҳазорон нафар фиристодаи Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Умуман, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ва-

тан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафараш дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 64 нафар ҳамватани мо бо унвони олии ифтихории Ватан Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гаштанд. Дар ин ғалабаи бузург бисёр занону духтарон низ саҳм доштанд. Беш аз 20 ҳазор зани Тоҷикистон барои фидокориҳояшон дар ақибогоҳ бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд. Меҳнаткашони Тоҷикистон

баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин, ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 кило пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ ва супурда шуд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ гардид.

Ҷамил ВАЛИЕВ, муовини сардори шӯъбаи илмӣтаҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ӯ барои Ватан ҷангид Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Раҳматов аз соли 1941 то моҳи августи соли 1943 ба муқобили истилогарони фашистӣ муборизаи беамон бурда, корномаҳои зиёди ҷангӣ нишон додааст. Моҳи сентябри соли 1942 ӯро ба самти фронти Воронеж ҳамчун роҳбари сиёсии ротаи пулемётчиён мефиристанд. Баъд аз муҳорибаи пуршиддат ва хунин ин рота ба лаби дарёи Дон ворид мешавад. «Пас аз убур кардани дарёи Дон армияи мо ба ҳуҷум гузашт. Вазифа танҳо рахна кардани фронти душман буд. Душман бо тамоми қувва муқобилият нишон медод. Мо бошем, баҳри озод кардани Ватан ва асир гирифтани душман меҷангидем. Ҷанг торафт шиддат мегирифт. Ба талафоти зиёд нигоҳ накарда, мо пеш мерафтем», - зикр кардааст дар ёддоштҳояш Шариф Раҳматов. Сипас, дар яке аз муҳорибаҳои шадид дар назди истгоҳи Чертково ҳар ду пояш сахт захмдор мешаванд. Дигар маҷоли пеш рафтан надошт. Хуни бисёре аз баданаш рафта, нимҷон то саҳар болои барф хобид. Вақте ба ҳуш омад, ҳамшираҳои шафқатро болои сари худ дид, ки ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд. Дасту пояшро сармо зада буд, вале ӯ инро ҳис намекард. Ӯро ба беморхонаи саҳроӣ оварда, як пояшро мебуранд. Саломатиаш хеле вазнин буд. Аз он ҷои хавфнок ӯро ба госпитали Калаче, баъдан ба беморхонаҳои Қазону Чита мебаранд. Табобаташ хеле дароз мекашад ва баъдан охирҳои моҳи июли соли 1943 бо асобағал ба хона бармегардад. Вале ин иродаи қавии ӯро шикаста натавонист. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Раҳматов бо вуҷуди захми сахт бардоштан ва маҳрум шудан аз як пояш ба нафъи халқу Ватан содиқона хизмат намуд. Минбаъд вай муддати дароз дар вазифаҳои зиёди ҳизбию давлатӣ, аз қабили котиби дуюми кумитаи ҳизбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ВМКБ ва амсоли инҳоро софдилона ба ҷо овардааст. Инчунин, вай ҳамчун муовини раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон дар тараққӣ ва рушду нумӯи хоҷагии халқи вилоят саҳми босазо гузоштааст. Хизматҳои ҷангию меҳнатии марди зиндаёд, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шариф Раҳматов бо панҷ ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якум, «Нишони фахрӣ» ва бисёр медалҳои ҷангӣ қадр шудааст. Номи чунин родмардони Ватан ба монанди Шариф Раҳматов ҳамеша вирди забонҳосту онҳо дар қалби одамон абадан маскан гирифтаанд.

Куйбек ШАРИФЗОДА, шаҳри Хоруғ

e-mail: javonontj@mail.ru

9 май ҳамчун рӯзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукӯҳ таҷлил мешавад. Мардуми шарафманди тоҷик низ дар қатори дигар халқҳои озодихоҳу муттарақии ҷаҳон Иди ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди истилогарони фашизм ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

7

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

8

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ

Ҳангоми бо ин фард вохӯрдан, Ҳошим гумон кард ҷавони рус аст. Зеро бо забони русӣ озоду тоза ва бе шикаст ҳарф мезад. Тарҳи рӯяш низ ба мардуми аврупоӣ шабоҳат дошт. Аз ин боис, ба вай бо забони русӣ муроҷиат намуд. Ҷавонмард ҷониби вай тоб хурда, табассум гирди лабонаш дамид ва бо забони тоҷикӣ ҳолу аҳвол пурсид. - Ман, ки дар ин ҷанг чанд сол айёр (разведчик) будам, аз куҷо будани ҳар касро, ҳатто душманро мешиносам: аз андомаш, лаҳҷаи гуфтораш. Яъне, ту аз Панҷакенти Тоҷикистонӣ? Ин ҷавонмард ҳам Ҳошимро аз ҳолати ногувор баровардан хост: - Ман аз Истаравшан. Панҷакенту Истаравшан дар таърих борҳо бародаршаҳр будаанд. Акнун дар майдони ҷанг, шояд, ману ту бародар шавем? Аз миён вақти зиёд нагузашта буд, ки Муқим ба мошини зиреҳпӯши худаш Ҳошимро ҳамчун айёр интихоб намуд. Зеро Муқим сардори дастаи (взводи) айёрон буд, дар ихтиёр мошини зиреҳпӯш дошт. Набардҳо идома доштанд ва акнун самти пешомади рақиб на танҳо гирифта мешуд, балки барои бештар қафо партофтани онҳо муҳорибаҳо шиддат мегирифт. Дар ҷанги шадид гурӯҳе аз баталёни танкӣ хати муҳофизати фашистро рахна карда, ба ноҳияи Дубеско ворид гардид. Чун фаҳмиданд, комендатура, жандарми саҳроӣ ва гурӯҳҳои политсияи маҳаллӣ дар маркази ноҳия аст, самти танкҳоро дигар ҷониб гардонданд. Вале дастаи айёрони Муқим бо мадади Ҳошим хабар доданд, ки дар шоҳроҳ ду калона автомашин ва зиреҳпӯш ва болои онҳо рақибон ҳаракат мекунанд, яъне, ба мадади «худиҳо» равонаанд. Бармеояд, ҳанӯз аз рахна шудани ҷабҳа аз ҷониби танкҳои лашкари шӯравӣ огоҳӣ наёфтаанд. Мошинҳои зиёду фашистон ҷониби худиҳо мерафтанд ва боварии қавӣ доштанд, барои пешравии артиши худ имконият фароҳам меоваранд. Вале чанде баъд аз ин автомашину зиреҳпӯши рақибон фақат оҳанҳои ҳар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) марду зан, хурду бузургро ба муҳофизати Ватан даъват менамуд. СССР (Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ) ватани маҳбуби сокинони ин мамлакат буд. Аз ин рӯ, мудофиаи Ватан барои ҳар як сокини он қарзи бузурги шаҳрвандӣ ҳисоб мешуд. Ҷанг беш аз 50 миллион одами рӯи олам, аз ҷумла, зиёда аз 20 миллион халқи советиро ба комаш фурӯ бурд. Дар набардҳо аз Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор ҷанговарон иштирок карда, ҳазорони дигар дар корхонаҳои саноати ҳарбии минтақаҳои марказии мамлакат ва Сибир фидокорона заҳмат кашида, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ истеҳсол наму-

ва ротаи десантии автоматчӣ иборат буд, супорида шуд. Онҳо шабона ба шаҳристон наздик гашта, ҳамсафони зиёд ва танкҳои зиёди худро талаф доданд, вале майдони минадорро убур намуда, рақибро нест карда, омадани дигар ҷузъҳои баталёнро мунтазир нашуда, субҳидам ба шаҳристон ворид гардиданд. Набарди кӯтаҳ, вале шадид дар кӯчаю тангкӯчаҳои Санок ба вуқуъ пайваст. Чи тавре дар ёддоштҳои ҳарбӣ зикр шудааст: «Автоматчӣ Ҳошим Бобоҳоҷиев даҳ фашистро нобуд намуда, бо оташфишонӣ афсари рақибро, ки ба штаби асосӣ вобаста буд, аз пой афтонда, ронандаи вайро, ки тирпаронӣ мекард, нобуд кард, ҷувздони афсари рақибро ба даст овард, ки дар он ҳуҷҷатҳои муҳими ҷангӣ, нақшаҳо ва мавқеи шинакгирифтаи рақибон сабт гардида буд, ки барои амалиёти ояндаи лашкари мо басо гаронбаҳо ба ҳисоб мерафт». Нимаи соли чилу сеюм барои озод кардани пойтахти Украина – шаҳри Киев ҳаматарафа омодагӣ медиданд. Барои ба он ҷониби соҳили дарёи Днепр гузаштан айёр

буттаҳо хобидааст ё шояд вайро душман асир гирифта бошад? Ҳошим тирҳои охири автоматашро мепаронду худашро, ҳамчунин, ба мурдан омода мекард. Болои ин кадом мошини зиреҳпӯши рақиб ҷониби Ҳошим ва ҳамроҳони захмии атрофи вай равона шуд. Ана, аз пулемёти вай тир ба паридан шурӯъ намуд. Шояд тири ҳамин зиреҳпӯш умри Ҳошимро барбод диҳад. «Ман аз мурдан наметарсам! андеша кард барқсон Ҳошим. - Фақат модари бечораам ва хоҳарам…» - инсон дами вопасин дар бораи муҳимтарин арзишҳои зиндагии худ андеша мекардааст. Зиреҳпӯши рақиб дар наздикӣ қарор гирифт ва бо тарзи шадид тир мепаронд. Аммо ҷониби Ҳошиму рафиқони захмиаш не, балки ҷониби фашистон. Фашистон, ки Ҳошимро ба муҳосира гирифта буданд, аз мошини зиреҳпӯши мансуби лашкари худашон тир мехӯрданд. Ин каромати Худованд буд ё гардиши таърих? Сарпӯши мошини зиреҳпӯши душман, ки ин «мӯъҷизаро» нишон дода буд, боло

фиристода шуд. Онҳоро Муқим, ки баъди дар дар набарди Дубеско ярадор шудану муддате дар госпитал хобидан сиҳат шуда, баргашта буданд, ба ақибгоҳи душман гузаронд. Ҳошим низ дар ин ҳайат буд. Айёрон баъзе вазоифи муҳимро ба иҷро расонда, дар ҷараёни амалиёт ногаҳон бо дастаи муҷҷаҳази душман рӯ ба рӯ омаданд, ки шумори зиёди зиреҳпӯш доштанд. Барои дастаи кӯчаки айёрон, ки зери фармони Муқим амал мекарданд, ҳолати ноҳинҷор ба миён омад. Онҳо дар иҳотаи душман монданд. - Дигар илоҷ нест, бародар! Ҷанг ҷойи тарсу воҳима ҳам надорад. Давом медиҳем. Чӣ гуфтӣ? - ин сухани Муқим буд барои Ҳошим. - Давом медиҳем! - такрор кард Ҳошим. Вале рақибон, ки дар шумор афзалият доштанд, муҳосираи атрофи онҳоро танг мекарданд. Болои ин тири автомати Ҳошиму рафиқонаш ба охир мерасид. Пас, умри онҳо низ ба охир мерасад акнун? Ҷанг ҳамин аст, ки баъзан, ҳама чиз, ҳатто умр ногаҳон, дар як мижа задан, канда гашта, ба боди фано меравад. Ҳошим бо нигоҳаш Муқимро мекофт, ки ғайб зада буд. Ё кушта шуда ва ҷисми ғарқоби хун дар ягон пастхамӣ ё паси

шуду миёни дуду чанг саре нимнамо гардид. - Ҳошими ҷон, ту зинда? - овозе омад. Худоё, тоҷикӣ ҳарф мезад сари аз болодари зиреҳпӯши рақиб намоён. Чаро бо забони рақибон неву бо забони модарии Ҳошим ҳарф зад, чаро номи вайро гирифт ва ин номро аз куҷо медонист? - Ҳошими ҷон, ту зинда? Ё чунин барғалат расида буд ба гӯши Ҳошим? Муқим буд, ки сараш дар сарпӯши мошини зиреҳпӯши рақиб, аз миёни дуд метобад. Ҳошим акнун сарфаҳм рафт, ки Муқим чаро ҳангоми тирпаронӣ ғайб зад? Яъне, чапғалат дода, гаваккашон ба зиреҳпӯши рақиб расида, болои он баромада, бо тиркушоӣ сарнишини онро маҳв намуда, ба даруни он ворид гардида, онро забт намуда, пасон ба сари рақибон, ки Ҳошиму ҳамроҳони захмиашро муҳосира гирифта буданд, тиршап ва гулӯлаборон мекард. - Оҳ, Муқим, ту чӣ қадар ботадбирӣ! - О, мо аз авлоди Самаки Айёрем! Самаки Айёр дар ҳар вазъ чораву тадбир меёфт! Ҳатто миёни маргу ваҳшат чунин зиндадилу ҳозирҷавоб мондан ва бедорфикр будан - инро фақат Муқим метавонист ҷавонмарди фасонавӣ аз авлоди Самаки

Ду тоҷик дар МУҚИМ ЗАРИФОВ

сӯ пошхӯрда ва ҷисмҳои чокшуда монд. Танкҳои дастаи Муқим бошанд, баъди ин, ҷониби шарқии Дубеско ҳаракат карданд, ки он ҷо рақибон муқобилияти шадид нишон медоданд ва тӯпҳои оташфишони онҳо қариб ҳамаи танкҳои дастаи Муқимро аз кор бароварданд. Ҳоло фақат як танк ва як автоматчии пешгарди танк дар амон монда буд. Яъне, вай Ҳошим буду аз думболаш танки охиринро мебурд. Алайҳи ин танк аз куҷое тӯпҳо тирпаронӣ доштанд. Вале мавқеашон ниҳон монда буд. Ба Ҳошим, дар ниҳоят, муяссар гардид, мавқеи онҳоро муайян кунаду танки думболи худро огаҳ намояд. Дар натиҷа, аз танки худӣ ҷониби тӯпҳои зиддитанкии рақиб гулӯла парида, онҳоро аз кор бароварда тавонист. ... Полки танкӣ аз пайи амалӣ кардани вазифаҳои нав гардид, яъне, ҳаракат намуд ҷониби рудоби Сан, ки дар ноҳияи Санок пеши роҳи рақибони ҷониби Лвов ҳаркатдоштаро бигирад. Барои ин мебоист шохаи шоҳроҳҳои асосӣ ба даст оварда, зери назар дошта мешуд. Маҳалеро, ки Санок ном дошт, баталёни политсия дифоъ мекард. Онҳо дар ҳама самт мина хобонда буданд, ки бо василаи танкҳо ба шаҳристон ворид гардидан мумкин нашавад. Тасарруфи шаҳр ба гурӯҳи пешгард, ки аз танкҳо

Файзобод дар солҳои Ҷанги данд. Онҳое, ки нуқси ҷисмонӣ доштанд, ба баталёнҳои коргарӣ ҳамроҳ мешуданд. Иштирокчии ҳамин гуна баталёнҳо сокини деҳаи Ҷонварсӯзи Файзобод Насриддин Қурбонови худобиомӯрз қисса мекард, ки байни солҳои 1942-1943 ҳар дафъа аз 10 то 150 нафар тоҷик ба шаҳрҳои Русия фиристода мешуданд. Назар Муҳиддинов, ки ҳоло дар Ростови лаби Дон зиндагӣ мекунад, солҳои ҷанг дар синни 12-13 қатори 400 нафар наврас дар яке аз корхонаҳои яроқсозӣ лавозимоти ҷангӣ тайёр мекард. “Ватан, - бо ифтихор мегӯяд бобои Назар, - он солҳои мудҳиш ба қувваи кӯдаконаи мо

ҳам эҳтиёҷ дошт. Охир, аз мӯрча мадад мегӯянд”. Файзобод аз ҷумлаи даҳҳо навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон буд, ки фарзандони далеру шуҷои худро ба ҳифзи Ватан муқобили душман мефиристод. Омӯзиши ҳуҷҷатҳои комиссариати ҳарбии ноҳия, бойгониҳои маҳаллию марказӣ хулоса доданд, ки аз Файзобод дар солҳои ҶБВ беш аз 16 ҳазор кас ба фронт сафарбар шудаанд, ки беш аз 30 дар сади аҳолии ҳамонвақта буд. Хушбахтона, қисми зиёди даъватшудагон баъди Ғалаба бар Германияи фашистӣ ба зодгоҳ баргашта, аниқан, 618 нафарашон дар набардҳои гуногун

ҳалок гардидаанд. Беш аз 500 нафар фиристодагони Файзобод беному нишон шуданд. Дар рафти гап, аз ҷангноманависи зиндаёд Раҳмон Сафаров ҳазорон ташаккур мекунем, ки бо заҳмати сангини хеш номи як қисми гумшудагони Файзободро зинда гардонд. Доғу дарди онҳое, ки дур аз Ватан дар майдонҳои ҷанг дар орзуи як коса оби чашмаҳои зодгоҳ ҷон доданд, дилҳоро реш мекунад. Аз Файзобод модароне буданд, ки се-чор, ҳатто панҷ фарзанди худро якбора ба ҷанг гусел карда, аз онҳо фақат “хати сиёҳ” гирифтанд, на суратеву на мактубе... Ёдам меояд, ки соли 1985 сокини 91-солаи деҳаи

Кабкрез Соҷида Ҷомаҳмадова (равонаш шод бод) ҳангоми кушодани муҷассамаи ёдгорӣ ба шарафи 40-солагии Ғалаба дар Боғи марказии ноҳия аз балангӯяк се дафъа чунин садо дар дод: “Ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад!!!” Ин сухани кӯтоҳу пурарзиш дар синну соли кампир шабеҳи наъра буд. Кампири Соҷида ҷигарбандонаш Бобоёру Худоёру Бобохонро аз даст дода буд. Номҳои писарони Соҷида Ҷамаҳмадова дар поясанги муҷассамаи ёдгорӣ қатори 608 нафар қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шудааст. Солҳои ҶБВ даҳҳо нафар ҷавонмарди 18-30-солаи Файзо-


зодгоҳи худро ҳимоя мекунем. Вале онҳое, ки ба мо бадиҳову зулм кардаву худашонро не, тухмаи худро не, балки моро «душмани халқ» эълон карданд, рӯзе ин ватан, ин халқ барои онҳо ҷазо муайян мекунад, яъне, кору амали онҳоро инкор хоҳад кард. Муқим лаб баст, ҳарчанд садои ҳазорон тири даргузар ва садои таркишу гулӯла ва бомби бешумор меомад... ... Боре боз чунин шуд, ки бояд Ҳошим мемурд. Аммо ба ҷойи вай каси дигар рафт ҷониби марг. Яъне, боре ба Ҳошим супориш шуд, ки хати ҷабҳаро убур карда, нукоти оташфишонии душман ва захираи ҷангии онро муайян намуда, хабарашро оварад ё бо василаи ратсия бифиристад. Аммо аз сафи сарбозон яке пеш баромаду изҳор намуд: «Ин маҳалро ба қадре, ки ман медонам, касе намедонад. Зеро чанд бор ин ҷо ба ақиби душман рафта омадаам. Ин супоришест, ки танҳо ман иҷро карда метавонам!» Ин суханро Муқим мегуфт. Лекин Ҳошим қадами дигар пеш гузошту изҳор намуд:

раҳо намекард, на дами ҷанг, на дами оромиву омодагӣ, на дами ба айёрии пурхатар рафтан. Вале ҳолиё ... - Як чизро ба ту гуфтаниам, Ҳошим. Ман ҳам аз авлоди «душмани халқ»… - тӯлонӣ хомӯш монда буд. Баъдан боз идома дод: Ту инро намедонистӣ. Хайр, тасаввур намо, барои мактабу мадараса, яъне, мактаби ҳамагониву олиро бо пули худ сохтан, бо маблағи худ онро таъмин доштан, фарзанди мардумро он ҷо илму дониш додан авлодеро душман эълон кунанд, ҳол он ки дӯсти асосии халқ ҳамин қадар хизмат мекардагист дар роҳи ин мардум ва хайру савоб?!… Муқим баъди чанде хомӯш мондан идома дод: - Онҳое, ки падару бобоҳои ману туро «душман» эълон карда, аз куҷо медонистанд, ки маҳз ҳамин тухмаи «душманон», яъне, ману ту баринҳо ҳимоя мекунем бо нархи ҷон рӯзе давлати онҳоро, хонаву дари онҳоро, зану фарзанди онҳоро. Агар медонистанд… - Муқим хомӯш монд, балки ин дафъа чунон сукут варзид, ки гӯё дигар ҳарф зам накунад. Вале як ҳангом гӯё аз қаъри майдони набард, аз дили тирҳои даргузару гулӯлаборон омад овози Муқим, ки ба девори хокрези ҳандак сахт такя зада буд: - Не, мо ватани худро, кишвару

- Ин супоришест, ки барои ман додаанд, бояд ман иҷро кунам… Ту, Муқим, бимон мо ҳам кори худамонро ба анҷом расонем! - Намебинӣ, шамол задааст туро, биниат лаблабу барин сурх, аз ҳарорати бадан гӯё дармегирӣ. Болои ин месулфӣ. Сулфа чизе нест, ки бо кафи даст дошта шавад. Аммо айёр дар ақибгоҳи рақиб ҳамон тарз амал карданаш лозим, ки овозаш набарояд, дамаш эҳсос нашавад, диққати рақибро ба худ накашад. Баъд кадом каси ҳароратдоштаву бемор ба ақибгоҳи душман рафтааст?… Муқим як қадами дигар пештар баромад: - Хуллас, ин дафъа ба ҷойи Ҳошим меравам. Дафъаи дигар, ки нағз шуд, худаш равад! - Иҷоза, ки ту биравӣ, Муқим! - сухани фармондеҳи баталён буд. Даме, ки Муқим барои рафтан омодагӣ мегирифт, барои Ҳошим боз изҳор дошт: - Ин дафъа, ки баргаштам, зиёфат мекунӣ маро. Охир, фардо зодрӯзи банда аст. Мехоҳам ба шарафи зодрӯзи худ коре анҷом бидиҳам. Муқим рафта буд ба айёрӣ, яъне, хати ҷабҳаи рақибро убур карда, ба ақибгоҳи онҳо гузашта, маълумоти басо муҳимро аниқ намуда, бо василаи ратсия фири-

ҷанги ҷаҳон ҲОШИМ БОБОҲОҶИЕВ

стод. Яъне, аниқ шуд, ки дар куҷо чӣ ҳад рақиб шинак гирифта, чӣ техника дорад, ки алайҳи танкҳои пешрави мо ба кор бурданаш мумкин, техника ва нукоти оташфишониаш маҳз дар куҷо ҷойгир шудааст. Вале худи Муқим қафо барнагашт. Тамоми шаб варо интизорӣ доштанд. Рӯзи дигар, ҳамчунин. Бояд бармегашт Муқим, ки зодрӯз дошт. Ҳошим барои вай ғайри як шиша шароб боз ҳадяҳои дигар омода карда буд. Аммо аз Муқим дарак нашуд. Аз ратсияи вай ҳам садо намеомад. Чаро ин тавр шуд? Охир вай Муқимест, ки аз миёни оташу бало саломат даргузашта метавонад, чораю тадбир дарёфта метавонад. Ё барои баргаштан имкон нашуд ва ҷое камин гирифта нишаста, ҳуҷуми худиҳо ва омади худиҳоро мунтазирӣ мекашад? Дами ҳуҷум Ҳошим аз болои танк парида фуромад, бо тамоми ҳастӣ медавид, аз дунбол танкҳоро ҷониби нуқоти оташфишони адӯ мебурд. Балки мебурд ҷонибе, ки Муқим, шояд, он ҷо панаҳ шуда, интизори омадани худиҳост. Аммо баъди озод кардани мавзеъ Муқим пайдо нашуд. Яқинтараш, зиндаи вай ёфт нашуд. Балки ҷисми Муқим... Ҳошим ҷисми бо хуну хок ҷӯлидаи ошнои ҷонашро ба бағал кашида, гиря ме-

Бузурги Ватанӣ бод ихтиёрӣ ба ҷанги зидди адӯ мерафтанд. Бо тақозои касби рӯзноманигорӣ номи чандин нафари онҳо дар блокноту дафтарҳои журналистии мо зикр шудааст. Ба хотири он ки фарзандон, набераю абераҳояшон сари ифтихор дошта бошанд, номи Тағойбек Ғуломов, Асо Раҳмонов аз деҳаи Қарабулоқи пешину Бӯстони имрӯза, Шариф Маллаев, Файз Ҷанҷолов аз маҳаллаи Чинаии шаҳраки Файзобод, падару писар Ашӯр Каримову Ҷомаҳмад Ашӯров аз деҳаи Чилчашма, Абдуҷаббор Сулаймонов аз деҳаи Устошамси ҷамоати Меҳрободро бо эҳтиром ба ёд меорем. Хушбахтона, аксарияти их-

тиёриён дар ғалабаи халқи советӣ бар Германияи фашистӣ саҳми арзанда гузошта, бо сари баланду мукофоти ҷангӣ ба Ватан баргаштанд. Аз ҷумлаи зикршудагон Ҷомаҳмад Ашӯров, ки ба умри 96 расида, як сол пеш аз олам гузашт, ба гирифтани ордени “Шараф” мушараф гардид. Яке аз шумораҳои рӯзномаи маҳаллии “Меҳнати сотсиалистӣ” мактуби аскари қаторӣ Аминҷон Маҳмудовро нашр кардааст, ки овардани чанд сатри онро салоҳ медонем: “Саломи оташини фронтӣ ба шумо, рафиқ котиби райком ва тамоми меҳнаткашони район. Ман узви колхози ба номи Ленини совети

қишлоқи Хоҷамарди райони Файзобод буда, ҳоло дар сафҳои Армияи Сурх бо шараф хизмат карда истодаам. Ман наказҳои шуморо дар хотир дорам ва дар баланд бардоштани дониши сиёсӣ ва ҷангӣ баҳои аъло гирифтам ва садоқат нишон дода истодаам. Мо ҳар рӯз ва ҳар соат ба тарафи Ғарб пеш меравем, намегузорем, ки шайкаҳои гитлерӣ нафас кашанд. Армияи Сурх ба душман наҷот намедиҳад, онро зада қир карда, тамоман ва абадӣ несту нобудаш мекунад. Мо боварӣ дорем, ки меҳнаткашони Файзобод дар постҳои худашон боз ҳам бо садоқат кор карда, ҳосили баланди ғалладонаро рӯёнда ва

кард. Зор-зор, талх мегирист. Овоз андохта мегирист. Дар миёни ҷисми рақибони зиёд Муқим низ фавтида буд. Аз ин бармеомад, Муқимро рақибон ба иҳота гирифта, ратсияи ӯро бо тирборон аз кор баровардаанд, вале Муқим то лаҳзаи вопасин истодагарӣ карда, бо онҳо ҷангидааст. «Авлоди ману ту – Ҳошим, ягон бор ба ягон кас таслим нашуда, сар хам накардааст. Барои ҳамин, ба сараш бало рехтаанд ҳамеша. Вале таслим нашудан ҳам мардӣ бошад, рӯҳи ғуломӣ надоштан ҳам ҷавонмардӣ бошад!» - ин суханро боре Муқим ба Ҳошим гуфта буд, ба танаи хокрези хандақ такя карда. Акнун бошад, Муқим ғарқоби хун мехобид. Танаш сӯрох-сӯрох шуда буд аз тири зиёд. Ин шояд чанд лаҳза пеш аз расидани нерӯҳои худӣ шуда, ки ҷисми беҷони Муқим ҳанӯз пурра сард нагашта буд. Яъне, Муқим ҷавонмарде аз авлоди Самаки Айёр дар рӯзи мавлуди худаш фавтид. Дар рӯзе, ки ба дунё омада буд, аз дунё рафтани вай зарур шуд. ... Акнун, ҳар касеро, ки ба айёрӣ фиристоданӣ шаванд, Ҳошим пеш баромада, мегуфт: «Ман меравам!» Барои рафтанаш асосу далел пеш меовард. Баъзан кор то ҷое мекашид, ки мегуфтанд: «Безор кардӣ-ку бо «меравам, меравам»-и худ. Агар хоҳӣ рафтан, бирав!» Сардори штаби 87-уми полки махсуси танкии Байрақи сурхдори Житомир, полковники гвардия Олег Михайлович Фридман дар дафтари хотироташ чунин қайд карда: «Дар ротаи айёрон - автоматчиёни полки танкии десантӣ Ҳошим Бобоҳоҷиеви тоҷик мисли дӯсти ҷонии фавтидааш Муқим Зарифов нуфузу эътибори зиёд пайдо карда буд...» (Хотираҳои Фридман баъдтар дар шакли китоби алоҳида, дар Русия, ба нашр расидааст). 9 майи соли 1945 ҳамяроқони Ҳошим на танҳо Рӯзи ғалабаро, балки рӯзи таваллуди ӯро ҷашн мегирифтанд. Охир вай дар ин рӯз ба дунё омада буд. - Рӯзи ба дунё омадани ту рӯзи пурхосият буда, ки рӯзи Ғалаби азим гардида! – такрор мекарданд онҳо. Ҳошим Бобоҳоҷиев Рӯзи ғалабаи бузургро зодрӯзи худаш ва эҳёи дигари худаш медонист. Вай то охири умр барои ғалаба зист, барои он талош кард. Вай буд, ки корхонаи азимтарини коркарди тамокуи Осиёи Миёна, яъне, корхонаи тамокуи Панҷакентро ба миён овард, ҳамчунин, корхонаи консерви водии Зарафшонро сохт ва худаш директору пешвои ин корхонаҳои муттаҳида буд. Ҳошим Бобоҳоҷиев ҳоло, агар зинда мебуд, нуҳуми майи соли ҷорӣ на танҳо Рӯзи ғалабаро, балки 90-солагии зодрӯзи худро истиқбол мегирифт ва тантана мекард…

онро дар сари вақт ва нобуд накарда ҷамъоварӣ мекунанд, ёрии худро ба фронт боз ҳам даҳ карат зиёд менамоянд”. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ақибгоҳ ҳам фронт ҳисоб мешуд, фронти меҳнат, фронти диловарӣ баҳри таъмини ғалаба бар фашизм. Соли 1941 дар саҳроҳо фермаҳои чорводорӣ 50 фоиз, соли 1942 64 фоизи қувваи кориро занон ташкил мекарданд. Занҳои Файзобод дар харҳо гандум бор карда, ба шаҳри Душанбе ва аз он ҷо ба фронт мефиристоданд. Сокини 90-солаи деҳаи Файзобод Садбарг Қодирова дар 13-солагӣ ҳамчун узви колхози “Пахтакор” (ҳозира хоҷагии иҷорави Вашгирд) баробари занону духтарони қадрас меҳнат мекард. Ашӯрбибӣ Нозимова, равонаш шод бод, солҳои ҶБВ

Шераки ОРИЁН вазифаи масъули мудири шуъбаи комсомол ва райкоми Файзободро ӯҳда карда, ҷавондухтаронро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ сафарбар менамуд. Ашӯрбибӣ Нозимова бо ҳамон ғайрати мардона 45 соли баъди ҷанг раиси яке аз ҷамоатҳои сернуфуси ноҳия буд. Дар солҳои ҶБВ Файзобод мисли сокинони дигар манотиқи кишвари кӯҳсори мо асосан бо юғу испор ва белу каланд кор мекарданд. Ватан, албатта, меҳнати вазнини ақибгоҳро низ қадр мекард. Ҳамон солҳо 102 ҳазор заҳматкаши ақибгоҳро бо медали “Барои меҳнати шоён” рӯҳбаланд гардониданд, ки зиёда аз 500 нафарашон аз ноҳияи Файзобод буданд. Ҷӯрабек МУЪМИН, журналист

e-mail: javonontj@mail.ru

Айёр! Пасон, миёни шаҳристони Киев ва Житомир пеши роҳи душманро, ки аз пойтахти Украина ақибшинӣ мекард, гирифта тавониста буданд, дар натиҷа, қисмати зиёди адӯвон торумор гардиданд. Аз рӯи навишти сарфармондеҳи полки танкӣ Олег Яковлевич Фридман «ин амалиёт баъдтар ҳусни таваҷҷуҳи зумрае аз тадқиқотгарон ва ҳаводорони саргузаштҳои ҷангиро ба худ кашид, ки доираш зиёд сабт кардаанд. Дар онҳо диловарӣ ва ҷасорати ду тоҷикписар - Муқим Зарифов ва Ҳошим Бобоҳоҷиев зикр мешаванд...» ... Боре аз муҳорибаи шадиди дигар бо тасодуфи дигар зинда монда буданд ва ҳоло ҳар кас ҷое нишаста, ҳастии худро аз эҳсоси мағшушу дилхароши маргу таркиши гузашта, аз андешаҳои печидаи мубҳами вобастаи ҷанг халос карданӣ мешуд, Муқим паҳлӯи Ҳошим биншаст, ба девори хокии хандақ, такя намуд, бо чашмони сахт ба ҳам фишӯрдаву пӯшида ба худ омадан мехост. Баробари ин, гӯё ба кадом андешаи дигар рафта буд. Балки ин андеша Муқимро ҳеҷ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

9

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

10

ПОСИ ХОТИР

Ҳарчанд аз поён ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 69 сол гузашта бошад ҳам, даҳшати он ҳанӯз аз хотирҳо нарафтааст. Соли 1941, вақте фашизми гитлерӣ аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла овард, ҳазорон ҷавонмарди Тоҷикистон дар қатори дигар халқу миллатҳо ба муҳофизати онвақта ватани паҳновар бархостанд. Яке аз онҳо диловари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Собир (Майлихӯҷа) Раҳматов мебошад. Ӯ соли 1921 дар деҳаи Самҷони Кӯҳистони Мастчоҳ чашм ба дунё кушод. Ҳанӯз аз шириниҳои айёми ҷавонӣ баҳра набурда буд, ки хабари шуми ҳамлаи Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравиро шунид. Волидайни Собир чанд сол пеш аз ҷанг дунёро падруд гуфтанд. Бародараш Ҷумъабой соли 1939 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Соли 1942 ба номи Собир низ даъватнома омад. Язнааш Раҳими Сайфиддин ба аёдати Собир омаду ҳар ду чизу чораи хонаро ғундошта, ба дари кулбаи бобоӣ қуфл заданд. Тибқи одати ниёгон аз пирон фотиҳа гирифта, роҳи маркази онвақтаи ноҳия - деҳаи Мадрушкатро пеш гирифтанд. Собир сари роҳ ба деҳаи Ярм рафта, бо апааш Анзуратпочо худоҳофизӣ кард. Калиди хонаро ба ӯ дода, аз апааш дуои сафар хост. Анзуратпоччо ҳамчун нишони модар ба бародараш тӯшаи роҳ дода, бо чашмони пурашк гуселаш намуд. Апаи дигараш Зебихонум дар деҳаи Мадрушкат зиндагӣ мекард. Он рӯз аз деҳаҳои гирду атроф ҷавонмардони зиёде дар назди идораи Комиссариати ҳарбӣ ҷамъ шуданд. Собир бо апаву язнааш хайрухуш намуда, ба сафи даъватшудагон пайваст. Онҳо ағбаи Оббурдон ва Уротеппаро гузашта, ба шаҳраки Хавоси Ӯзбекистон расиданд. Аз он ҷо даъватшудагонро ба қатора савор намуданд. Баъди як ҳафта қатора дар шаҳри Семипалатински Қазоқистон қарор кард. Сармои қаҳратуни биёбон сару рӯи ҷавонмардони аз диёри офтобӣ омадаро «мелесид». Собир Раҳматову ҳамроҳонашро ба омӯзишгоҳи артиллерӣ бурданд. Сардии ҳаво ба -40 дараҷа мерасид. Ба хунукии қаҳратун нигоҳ накарда, ҷавонмардони дар шароити вазнини кӯҳистон обу тобдида хандақ меканданд, монеаҳоро ҷаҳида мегузаштанд, снарядҳои вазнинро аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчониданд ва нозукиҳои парондан аз тӯпро аз худ менамуданд. Машқу тамринҳои пай дар пай самара доданд ва Собир Раҳматов чун нишонзани хуб аз санҷиш бомуваффақият гузашт. Баъди анҷом ёфтани давраи санҷишӣ наваскарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба қатора савор намуда, ба сӯи хати ҷабҳа бурданд. Баъди тай кардани даштҳои пурбарфи нопайдоканор, бешазори паҳновари сердолу дарахт деҳаҳои валангору аз таъсири ҷанг вайрону нимсӯхта ба чашм мерасид. Баъди як ҳафта ба мавқеи Фронти дуюми Назди Балтика расиданд. Собиру ҳамроҳонаш батареяи 30, полки 551, дивизияи 331-уми артилерии тӯпҳои

дурзани 85-милиметриро пурра намуданд. Қисми ҳарбӣ дар наздикии шаҳри Великие Луки мавқеъ дошт. Фармондеҳи полк Варламов ба қатори наваскарон рӯ оварда, мухтасар чунин гуфт: “Хуш, уқобон! Акнун якҷоя фашистонро мекӯбем. Тақдир ҳамин будааст. Зери фармону супориши командири батарея, капитан Кочалов амал хоҳед кард. Капитан Кочалов баъди суҳбати кӯтоҳ ҷавонмарди хушқаду қомат ва паҳлавонҷуссаи тоҷик Собир Раҳатовро командири тӯпчиён таъин намуд. Тӯпчиён дар давоми як ҳафта бо кӯмаки ҷанговарони ҷангдида бо аслиҳаи нав тӯпи дурзани вазнин ошно шуданд. Барои хато кардани чашми халабонҳои душман тӯпҳоро дар шинакҳо ҷой карда, ба болояш шохаҳои арчаро мепартофтанд. Ҳайати шахсӣ дар заминкан зиста, дар ҳолати омодабош мунтазири фармони командирон буданд. Ҳавопаймоҳои бомбаандози немисҳо бетартибона ба бешазор бомба афканда, ҳаёти сарбозони шӯравиро дар

стони гитлерӣ аз шикастҳои пай дар пай девона шуда, муқобилияти сахт нишон медоданд. Зимни яке аз амалиёт дар Руминия Собир Раҳматов аз пояш захмӣ шуд. Пораи снаряд ба рони пояш зад. Бо вуҷуди ин, ӯ ба беморхона нарафта, аз табибон хоҳиш кард, ки дар қисми ҳарбӣ табобаташ кунанд. Собир Раҳматову шариконаш паси ҳам шаҳрҳои Аврупои Шарқиро аз зулми фашистон озод намуда, моҳи апрели соли 1945 дар даромадгоҳи шаҳри Берлин мавқеъ гирифтанд. Омодагӣ ба озодкунии пойтахти Германияи фашистӣ оғоз ёфт. Дар амалиёти фатҳкунии Берлин тӯпҳои калонкалибри дурзан бояд роҳи ҳамлакунандагонро аз иншооти мудофиавии душман тоза мекарданд. Аз ин рӯ, артилериячиёни шӯравӣ пайваста ба мавқеи душман зарба мезаданд. Нерӯҳои хушкигарди шӯравӣ 6 апрел Берлинро ишғол намуданд. Баъди се рӯзи муқобилат дар ҷангҳои кӯчагӣ фашистон ночор таслим шуданд.

хатар мегузоштанд. Артилерияи душман низ дам ба дам мавқеи низомиёни шӯравиро снарядборон мекард. Шабе Собир Раҳматов ҳамроҳи ҳамдиёраш Охун Давлат ва се ҷанговари дигар батареяро посбонӣ мекарданд. Қарибиҳои субҳ душман тирборонро шуруъ намуд. Артериячиёни немис аниқ ба мавқеи тӯпчиёни шӯравӣ зарба мезаданд. Баъди чанд таркиш Собир аз ҳуш рафт. Мавҷи таркиши снаряд ӯро бо барфу хок бардошта сӯе ҳаво дод. Пас аз муддате ба ҳуш омада, худро миёни хоку хокистар дид. Бо азобе худро ба по рост кард, ки садои нолае ба гӯшаш расид. Ба сӯи самти овоз рафта, Охун Давлатро бо ду пойи бурида ва дасти шикастаи овезон миёни ҳавзи хун дида, дар ҷояш шах шуд. Чунин даҳшатро бори аввал медид. - Собир, додар, мана напарто! Илоҳӣ барака ёбӣ, маро ба қисми ҳарбӣ бар, – гуфтани Охун Давлат ӯро ба худ овард. Бо ёрии Абдуқаҳҳори қазоқ Охун Давлатро ба қисми ҳарбӣ бурданд. Вале дар он ҷо риштаи умри ин ҷавонмарди тоҷик канда шуд. Собиру Абдуқаҳҳор ӯро зери дарахти азими тӯс дафн карданд. Аз он шабохуни фашистон батарея зарари зиёд дид. Аксари ҷанговарон нобуд шуданд. Ҳамагӣ ду тӯп обод монд. Баъди пурра кардани ҳайати шахсӣ ва аслиҳаи батарея ҷанговарони шӯравӣ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд. Собиру ҳамяроқонаш дар озод кардани шаҳри Рига ва дигар минтақаҳои стратегии Назди Балтика матонат нишон дода, интиқоми шарикони шаҳидшудаашонро гирифтанд. Фармондеҳон ҷасорату мардонагӣ ва масъулиятшиносии Собир Раҳматовро ба инобат гирифта, ӯро соли 1943 бо медали «Барои ҷасорат» сарфароз гардониданд. Китоби зиндагии ин размандаи тоҷик пур аз комёбиҳост. Чунончи, шабе Собир бо супориши комиссари полк ҳамроҳи ду нафар барои гирифтани «забон» ба мавқеи душман рафт. Сарбози ҳузарби немисро дасту даҳон баста, то субҳ ба мавқеи худ баргаштанд. Комиссари полк диловарию ҷасорати Собирро ба инобат гирифта, ӯро бо ордени «Шараф» қадрдонӣ кард. Ҷанговарони шӯравӣ душманро ба сӯи лонааш таъқиб мекарданд. фаши-

Ниҳоят, 9 май фармондеҳони асирафтодаи ситоди Гитлер ба санади бечунучарои таслимшавӣ имзо гузоштанд. Ҳарчанд гитлерчиён таслим шуда бошанд ҳам, гурӯҳ ва шахсони алоҳида пайти муносиб ёфта, ба ҷониби низомиёни шӯравӣ тир мекушоданд. Минаю бомбаҳои зиёди нотаркида ба ҳаёти низомиёну мардуми одӣ таҳдид мекард. Илова бар ин, баъзе силоҳдорон бедодгариҳо менамуданд. Аз ин рӯ, як қисми низмиёни шӯравиро дар комендатураи Берлин нигоҳ доштанд, ки миёни онҳо Собир Раҳматов низ буд. Баъди 8 моҳи хизмат дар Берлин, ки вазъият ба эътидол омад, Собиру ҳамяроқонашро барои идомаи адои вазифа ба пойтахти Маҷористон (Венгрия) - шаҳри Будапешт фиристоданд. Ӯ то моҳи феврали соли 1947 дар ин ҷумҳурии аз зулми фашистон азиятдида хизмат кард. Баъди ба поён расидани хизмат тавассути қатора ба диёре, ки панҷ сол аз он дур буд, равон шуд. Дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Куйбишев (ҳозира Самара) ҷавонмарди точике ба вагон даромад. Дидори ҳамватан қалби диловаронро лабрези фараҳ кард. Набӣ Раҳмонови истаравшанӣ ҷавонмарди хушчақ-чақ будааст. Ҳар ду аз айёми хизмати худ ҳодисаҳои ба сарашон омадаро нақл карда, ба истгоҳи Хавос расиданд. Набиҷон ҳамсафари худро як ҳафта дар Истаравшан меҳмондорӣ карда, маркаб киро намуда, хоҳиш намуд, ки Собирро тавассути ағбаи Оббурдон ба Мастчоҳ расонанд. Дар деҳаи Лангари Ёд Собир бо бародараш Ҷумъабой рӯ ба рӯ шуд. Ду бародар баъди 8 соли ҷудоӣ бори аввал ҳамдигарро диданд. Пас аз як ҳафтаи истироҳат Собирро ба ҳукумати ноҳия даъват намуданд. Солҳои баъдиҷангӣ чунин ҷавонмардони дар майдони набард обутобдида чун обу ҳаво зарур буданд. С. Раҳматов, ки қаҳрамони майдони набард буд, вориди майдони меҳнат шуд. Аз соли 1947 то соли 1949 корманди масъули комиссариати ҳарбӣ, аз соли 1949 то соли 1953 нозири калони шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1953-1954 котиби хоҷагӣ ва солҳои 1954-1958 ба ҳайси

Аз Самҷон то Берлин раиси комиссияи тафтишотии хоҷагии ба номи Молотов фаъолият намуд. Баъдан, ҳамчун корманди соҳаи савдо, мудири фермаи чорвои хурд, мудири анбор, ҳисобчӣ ва ғайра ба халқу диёр хизмат кард. Софдилӣ, хайрхоҳӣ, саҳм гузоштан дар ободкориҳо Собир Раҳматовро на танҳо дар Самҷон, балки дар деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соҳибэҳтиром гардонд. Писаронаш Раҳматшоҳу Салоҳиддин низ мисли падар саховатманду хушгуфтор, хоксору боодоб, ҳалолкору ободкоранд. Раҳматшоҳ собиқадори соҳаи маориф буда, Салоҳиддин дар соҳаи молия фаъолият мекунад. Ҳар ду аз рӯи панди падар амал карда, дар ҷомеа соҳибэҳтиром гаштаанд. «Ҷонисориҳое, ки тӯли ҳафт сол дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кардем, дар пеши қаҳрамониҳои бемислу монанди Шумо, ки барои халқу миллати тоҷик кардед ҳеҷ аст». Ин буд суханронии вопасини Собир Раҳматов, ки зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнаткашони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ 20 июли соли 2002 аз номи собиқадорони ҷанги меҳнат баён кард. Хизматҳои арзандаи Собир Раҳматов бо орденҳои «Барои хизмати шоён», «Шараф» (дараҷаи сеюм), «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (дараҷаи якум), медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои ғалаба ба Германия дар ҶБВ дар солҳои 19411945», медали «Собиқадори меҳнат» ва медалҳои ҷашнию ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Дар бораи зиндагии ин диловари корзори ҷангу меҳнат соли 2008 китоби Абдуллоҳи Фозил бо номи «Аз ёдҳо, бунёдҳо» ба чоп расид. Аммо беҳтарин мукофот ин эҳтироми аҳли ҷомеа аст. Зеро гуфтаанд, ки Худованд кадом бандаеро дӯст дорад, ӯро миёни мардум соҳибэҳтиром мегардонад. Инчунин. хуб мешуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Самҷонро, ки Собир Раҳимов дар он камол ёфтааст, ба номаш мегузошт. Чунки инро бисёре аз сокинони деҳа талабгоранд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Роҳат Ҷамолова яке аз шахсиятҳое мебошад, ки тамоми умри худро сарфи кори осорхона намудааст. Ӯ соли 1973, баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод (имрӯза Осорхонаи миллии Тоҷикистон) ба кор омад. Фаъолияти кориашро ба сифати корманди хурди илмӣ аз шуъбаи барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ оғоз кард. Нозукиҳои касбро аз устодаш Раҷаб Қодиров омӯхта, дар ҳама ҳолат кӯшиш ба харҷ додааст сазовори боварии роҳбар ва коллектив бошад. Ҳамчун коршиноси соҳавӣ дар он айём, ки аксари кормандони осорхонаро намояндагони миллати рус ташкил медоданд, аз миёни духтарони тоҷики маҳаллӣ дар садри корманди илмӣ кор кардан қаҳрамонӣ буд. Зеро он вақт (соли 1973) дар осорхона ҳамагӣ 5 нафар тоҷик дар вазифаҳои гуногуни илмӣ кор мекарданд. Ҳамагӣ пас аз як моҳи фаъолият дар ин муассиса директори ҳамонвақтаи осорхона Хол Ғуломов Роҳат Ҷамоловаро барои таҷрибаомузӣ ба осорхонаи “Инқилоб”-и шаҳри Москва равон мекунад. Баъдан, борҳо ба осорхонаи таърихии шаҳри Москва, осорхонаи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, Эрмитажи давлатии Ленинград сафар намуда, дараҷаи касбиашро боло бардоштааст. Дар китобхонаи ба номи Ленини шаҳри Москав муддати як моҳ адабиёти марбут ба ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва таъсири он ба мамлакатҳои Осиёи Миёнаро омӯхта, маводи зиёди илмӣ ҷамъоварӣ кардааст. Баъдтар, дар асоси

Дурдонаи осорхона чунин маълумоти дақиқи илмӣ дар толорҳои мансуби ин давраи осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи К. Беҳзод матнҳои тавзеҳотӣ ва зернавиштҳо таҳия мегарданд. Хусусияти хоси кори илмӣтаҳқиқотии осорхона водор менамояд, ки баҳри ба таври муфассалу дақиқ муайян намудани санаи воқеаву равандҳо даҳҳо китобҳои илмӣтаърихиро варақгардон намоӣ, далелҳоро бо ҳам муқоиса намоӣ, ин мавзуъ дар дигар осорхонаҳои ҷумҳуриҳои бародар (дар замони шуравӣ) чи гуна нишон дода шудааст, бояд бо чашм бинӣ ва ороиши илмӣ-бадеии мавзуъҳоро дар миёни ду осорхона муқоиса намоӣ. Ба ҳамин хотир, Р. Ҷамолова барои дақиқ намудани чунин мушахассоти касбӣ борҳо ба шаҳрҳои Тошканд, Москва, Ярослав, Иваново, Кострома, Ленинград сафари хидматӣ намуда, супоришҳои роҳбарияти осорхонаро сари вақт ба анҷом расонидааст ва бо ин амал дар раванди корҳои илмӣ-тадқиқотии осорхона саҳми босазо гузоштааст. Маҳз дар натиҷаи чунин сафарҳои хидматӣ ба ҷумҳуриҳои бародари аҳди шӯравӣ бо дигар мутахассисони шӯҳратманди ин соҳа ошноӣ пайдо намудааст. Ин нишодиҳандаи он аст, ки дараҷаи касбияти қаҳрамони моро дар хориҷи кишвар низ эътироф намудаанд ва дигар ин ки ҳамчун инсони покдил, сафопеша Роҳат Ҷамолова тавонистааст дар қалби ҳамкасбони бурунмарзии хеш ҷойи хоса пайдо намояд. Ҳамчун корманди илмӣ мақолаву дастурҳои Р. Ҷамолова дар мавзӯъҳои гуногуни осорхонавӣ, аз қабили «Маснуоти мисини нақшдор аз фонди Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод», дастури методии «Тавсифи илмии силоҳҳо» ба нашр расида, мавсуф дар таҳияи роҳнамоҳои осорхонавӣ ва дигар матолиби таърихӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Солҳои тулонӣ дар вазифаи сармуҳофизи фонди таърихӣкишваршиносии осорхона кор кардааст, ки вазифаи аз ҳама пурмасъулияти кори осорхонавӣ мебошад. Фонди осорхона объект ва механизми хеле мураккаб буда, аз намудҳои гуногуни ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ (аз асри санг то имрӯз) ва намунаҳои ҷинсҳои табиат таркиб меёбад. Яъне, масъули ин вазифа дар кадом қисмати махзан, дар кадом раф ё дар кадом қуттӣ ҳифз шудани тамоми ҳуҷҷату ашёи шахсиятҳои таърихиро бояд донад. Ҳуҷҷатгузории фондӣ,

аз қабили санадҳои қабулу супоридани ашёи осорхонавӣ, гардиши экспонатҳо, ёдгориҳои дарнамоишбудаи осорхона ва берун аз он (филиалҳои осорхона, намоишҳои муваққатӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳо)ро бояд дар хотир ҳифз намояд. Ёдгориҳои дар толорҳои намоишбударо доимо аз мадди назар гузаронад, ҳолати нигоҳдошт, ҳифзи онро зери назорати қатъӣ қарор диҳад. Яъне, тақдир рисолатеро ба дӯши Роҳат Ҷамолова гузоштааст, ки дар коргоҳ доимо вазифаҳоеро ба уҳда гирад, ки масъулияти зиёдро талаб менамоянд. Бузургтарин хислати Роҳат Ҷамолова он аст, ки доимо кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, ба кормандони осорхона, чи дар самти корҳои давлатӣ ва чи дар самти корҳои шахсӣ ёрӣ диҳад, мунису ғамхор бошад,

ҳавои кушод офтоб дода шаванд. Ҳатто дар осорхонаҳои муосиртарини дунё низ ин амал ба иҷро расонида мешавад. Зеро ба таркиби ин намуди маҳсулот, ки доимо дар дохили бино нигоҳ дошта мешаванд, бояд, аққалан, соле як маротиба рӯшноии табиӣ расад. Апаи Роҳат тӯли фаъолияти кори фондиашон, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, аёми тобистон бе ягон супориши иловагӣ дар собиқ бинои осорхонаи Беҳзод сӯзанӣ ва куртаҳои қадимиро дар офтоб паҳн намуда, шамол медод. Дар миёни ин осори зебои аттиқӣ, хусусан, дар намои (фон)-и сӯзаниҳои гуногундухти Самарқанду Бухоро, Конибодому Истаравшан, Панҷакенту Хатлон апаи Роҳатой, ба назари ман мисли фариштае менамуд, ки бо меҳру муҳаббати зиёд ин осори муқаддаси ниёгонро

маслиҳати касбӣ диҳад. Борҳо шудааст, ки кори чанд корманди зердасти шуъбаашонро ба танҳоӣ ба иҷро расонидааст ва кори иҷрошударо аз номи ҳамаи ходимони зертобеаш муаррифӣ намудааст. Ин шахси меҳнатқарин бе ягон миннату сухани зиёдатӣ доимо дар шуъба ба кори худ машғул аст. Илова бар ин, қисмати зиёди рухсатии меҳнатии худро барои кори осорхонавӣ сарф менамояд ва ҳастии худро бе осорхона тасаввур карда наметавонад. Тибқи муқаррароти коргузории фондӣ ҳамасола бояд як қатор ёдгориҳои нафису нозук аз қабили сӯзаниҳо, курта, гилем, қолинҳо, намунаҳои читгарӣ, ки ёдгории беҳамтои ниёгони мо мебошанд, дар

ламс менамуду бӯй мекашид, бо меҳр ба онҳо менигарист, рақамҳои осорхонавиашонро муқоиса ва ҳолати ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳоро дар дафтари махсус қайд менамуд. Муҳаққиқи кори осорхонавӣ, академик С. Олденбург чунин менависад: «Осорхонае, ки ходимони илмии он қудрати ба таври мустақилона такмили маҷмӯаи ба онҳо боваркардашударо надорад, осорхонаи мурда ва бе ҳеҷ гуна оянда аст». Гуфтаҳои ин донишмандро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, Роҳат Ҷамолова баҳри такмили фонди осорхона борҳо барои аз миёни мардум ҷамъоварӣ намудани осори таърихӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз қабили Рашт,

Хуҷанд, Панҷакент, Шаҳринав, Тавилдара, Шаҳритуз, Бадахшон, Вахш сафар намудааст ва ёдгориҳои арзишманди ниёгонро аз таҳхонаву бом ва ҷевонҳои аҳолӣ ҷамъ ва ба осорхона оварда, ҳуҷҷатнигорӣ намуда (муҳимтарин омил дар масоили гумном нагаштани ҳунармандону шахсиятҳои таърихӣ), ба маъраз гузошта, дар ҳифзи онҳо ҷаҳду талош намудааст. Дар ин ҷода илҳомбахши Роҳат Ҷамолова абёти «Кӯҳистон»-и Лоиқ Шералӣ буд, ки чунин мефармояд: Дигар расму таомулҳои аҷдодӣ фурӯ мурданд, Ки баҳри пойдорӣ ҳар яке мӯҳри худоӣ дошт. Вале ман зинда хоҳам кард он расму таомулро, Ки бар он мӯҳри дасти рӯзгорон пахш гардида. Дар тӯли фаъолияти корӣ барои аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудан ва ороиши илмӣбадеии гӯшаи намоишии Вахшонзамин борҳо ба ин водӣ сафари хизматӣ намуда, шахсонеро ҷустуҷӯ ва бозёфт намудааст, ки солҳои 30-юми асри ХХ дар ободии ин минтақаи кишвар ширкат ва биёбонро ба гулистон табдил додаанд. Рӯйхати афроди дар ободкориҳо ширкатнамуда аз ҷониби Роҳат Ҷамолова тартиб дода шуда, ҳуҷҷату акс ва дигар маводи марбути ин раванди ободкориву созандагӣ ҷамъоварӣ гардиданд ва дар натиҷа, дар осорхона гӯшаи «Аз таърихи обёрии водии Вахш» созмон ёфт, ки ифодагари натиҷаи ҷустуҷӯ ва талошҳои бардавоми ин шахси наҷиб аст. Ҳамзамон, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҳуҷҷату акс ва ашёи чанд нафар намояндаи «биступанҷҳазориён», ки дар ободии водии Вахш ҳиссагузорӣ намуда буданд, ҷамъоварӣ шуд. Матолиби гирдовардашуда имрӯз дар хазинаи осорхона маҳфузанд ва ба наслҳои оянда расонида хоҳанд шуд. Фаъолияти ҳаррӯзаи Роҳат Ҷамолова, ки солҳои тулонӣ онро мушоҳида менамоям, ин навиштаҳои ибни Муваффақро ба хотир меорад: «Ҳар касе, агар вуҷуди худро фидои илму адаб намояд, дар иваз соҳиби тоҷе мегардад, ки дар баробари ҳар соҳибмақоми дунёӣ бениёз шуда, дар муқобили ҳар фақру фишори моддӣ чун кӯҳ устувор мемонад ва ба ҳадде аз тангдастӣ шикоят намекунад, зеро тамоми масоибу ранҷҳои моддиро дар қиболи лаззатҳои илм ба ҳеҷ чиз намешуморад».

Зафар ИБРОҲИМОВ, муовини директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

Осорхона маконест, ки тавассути ёдгориҳои ҷамъоваринамудаи он тамошобинон имкон пайдо менамоянд, бо офаридаҳои ниёгон ва раванду таҳавулоти таърихи бостон шинос шуда, ба худ панде бигиранд. Зимнан, на ҳар фард, ки ба осорхона барои кор меояд қудрати пешбурди фаъолияти ин соҳаро дорад.

11

e-mail: javonontj@mail.ru

18 МАЙ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

12

ФУТБОЛ

Ғалабаи Тоҷикистон бар Афғонистон Бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Ин бозӣ шоми 4 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо ҳузури 8000 мухлис баргузор шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи дуюм нимҳимоятгар Нуриддин Давронов зад. Қабл аз оғози бозӣ ба хотираи қурбониёни яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бар асари фаромадани ярч ҳалок гаштаанд, лаҳзаи сукут эълон шуд. Инчунин, футболбозони ҳар ду даста бо лавҳаи «Say, no to racism» (Бигӯ, ба нажодпарастӣ ҷой нест!) акс гирифтанд. Муҳаммадюсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби Афғонистон баъди бозӣ, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт: - Ташаккур аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз кулли

мардуми тоҷик барои пазироии гарму ҷӯшон. Мо кишварҳои ҳамҷавор, бародар ҳастем ва фарҳанги муштарак дорем. Як заминаи хуби футболи дӯстона байни Федератсияҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон гузошта шуд ва мо бо бозии дӯстона тавонистем сатҳи кайфияти футболро дар минтақа боло барем. Бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои мо, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати КФО2014 бозӣ мекунем, хеле муфид буд. Дар назди худ вазифа гузоштаем, ки Ҷомро ба даст оварем ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё - 2015 дар Австралия шавем. Баъди ин бозӣ мо дар Кувайт ду бозии дӯстонаро бо тимҳои мунтахаби Қирғизистон

(12 май) ва Кувайт (14 май) ба нақша гирифтаем. Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон низ андешаҳояшро чунин баён кард: - Бозӣ вазнин буд. Мо аз натиҷаи бозӣ қаноатмандем, вале аз худи бозӣ чандон розӣ нестем. Ин, албатта, футбол аст ва ҳама вақт зебо бозӣ кардан мушкил. Тими мунтахаби Афғонистон ба ман писанд омад, дастаи пурзӯр аст. Дар ҳайати он, аслан, онҳое бозӣ мекунанд, ки ба сурати доимӣ дар хориҷа иқомат ва тамрин менамоянд. Дастаи мунтахаби Афғонистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати КФО2014 роҳ ёфтааст ва барояш муваффақият мехоҳем.

ДЗЮ-ДО

Ширкати Комроншоҳи Устопириён дар “Тоскулоҳи бузург”

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2005 бори панҷум бо ҳам рақобат карданд, ки чортоаш дӯстона ва

яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Онҳо ба дарвозаи ҳариф 13 тӯб зада, ба дарвозаи худ 2 тӯб сар додаанд.

ВАРЗИШИ САБУК

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи кишвар, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ширкат хоҳад кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ 9-11 май баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзю-до мусобиқаи бонуфуз дар ин риштаи варзиш буда, ин дуюмин мусобиқа дар мавсими имсола ба шумор меравад. Мусобиқаи аввал

моҳи феврал дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд. Вале Комроншоҳ дар он ноком гашт. Вай дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале дар даври дуюм аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Дар давоми сол чор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи сеюм моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо хоҳанд шуд. Дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ хоҳад кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзю-до, омодагӣ мебинад. Дар ин мусобиқа ширкати беш аз 350 варзишгар аз 40 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Аморати Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра дар назар аст. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор мешавад. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла, ба ғолибони мусобиқа дар ҳар вазн 5 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ГӮШТИН

300 медали Далери 10-сола дар Русия Далер Ҳукуматов, писари 10-солаи яке аз муҳоҷирони тоҷик, дар сабқатҳои варзишии Русия беш аз 300 медал ба даст оварда, бо он маъруф аст, ки то ҳол аз ягон намуди варзиш бохте надорад. Ин писарбачаи тоҷик, да, феълан ягон бохт ки наворҳои пирӯзиҳояш надорад. шабакаҳои интернетиДалер дар Маскав ро фаро гирифтаанд, аз ҳамроҳи падараш рӯи намудҳои гӯштини Муқим Ҳукуматов иқомат дзю-до, самбо, самбои дорад, ки чанд соли пеш размӣ, ҷанги тан ба тан, барои бароварда каргӯштини тарзи озод ва дани ниёзҳояш рӯй ба греплинг баромад кар- муҳоҷират овардааст.

Ба натиҷаҳои баландтар умед мебандем Чоруми май дар ноҳияи Фархор мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук доир гардид. Чорабинии мазкур ба зодрӯзи марафончии шинохта Шайдулло Исоев бахшида шуд. Дар давидан ба масофаи 10 км. донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Ҳасан Ғафуров, Ғайрат Олимов ва Ворис Бобоев мутаносибан се ҷои аввалро сазовор ва бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Мо бо онҳо мусоҳиб шудем. Ҳасан Ғафуров, донишҷӯи соли сеюми факултаи варзиш: - Ман дар назди Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Неъматулло Ғайратов машқ мекунам. Моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Копенгагени Дания дар мусобиқаи ҷаҳонии марафонӣ ширкат варзида миёни 33000 варзишгар ҷои 104-умро гирифтам. Ҳамчунин, дар шаҳри Гуанчжоуи Чин масофаи 105 километрро дар 7 соат тай намуда, сазовори ҷои 14-ум гардидам. Ин масофаи калонро тайи 3 рӯз бо навбат тай намудам. Дар марафоне, ки дар Гонконг доир гардид, ҷои 26-ро гирифтам. Чанде пеш дар ниммарафони байналмилалие, ки дар пойтахти кишварамон баргузор шуд, сазовори ҷойи 8-ум гаштам. Ба наздикӣ дар Қирғизистон марафони байналмилалӣ доир мегардад. Ният дорам, ки дар он бомуваффақият ширкат варзида, парчами ҷумҳуриро баланд бардорам. Ғайрат Олимов, донишҷӯи соли дуюми факултаи варзиш: - Ман ду сол боз ба варзиши сабук машғулам. Пеш аз иштирок дар Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ дар ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе ширкат варзида, ҷои даҳумро гирифта будам. Устодамон Фарҳод Куралов ба мо нозукиҳои ин намуди варзишро омӯзонида, таъкид мекунанд, ки аз тамрин дур нашавем. Ворис Бобоев, донишҷӯи соли дуюми факултаи омодагии дифои ҳарбӣ: - Қабл аз ин чорабинӣ 1-2 апрел дар мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабук миёни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1997 иштирок намудам. Дар давидан ба масофаи 3 километр бо монеаҳо ҷои сеюмро гирифтам. Мақсад дорам, ки дар мусобиқаҳои минбаъда ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтаро ноил шавам.

Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, “ҶТ”


Самбо яке аз намудҳои зудрушдкунандаи варзиши яккаҳарбӣ буда, торафт бештар дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо мекунад. Солҳои охир самбочиёни мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бомуваффақият қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Яке аз онҳо самбочии ҷавон, донишҷӯи соли аввали факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов Деваштич Убайдӣ мебошад. Мо чанде пеш бо ин варзишгари ҷавону умедбахш суҳбат доир намудем.

РУШДИ ВАРЗИШ

Донишҷӯёни ДТҶТ дар Бозиҳои варзишӣ фаъоланд

ёни варзишгарони 35 мамлакат натиҷаи хуб бошад ҳам, ман қаноатманд нестам. Иштирок дар чунин мусобиқаҳои бонуфуз маҳорати касро сайқал медиҳад. Ман аз камбудиҳо хулоса бароварда, кӯшиш мекунам, ки аз мусобиқа то мусобиқаи навбатӣ маҳоратамро бо ҳидояти устоди меҳрубонам сайқал диҳам. - Ширкат дар мусобиқаҳо ба ҷараёни таҳсил халал намерасонад? - Не, мо аз барномаи таҳсил ақиб намемонем. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров нисбат ба донишҷӯён ғамхорӣ зоҳир намуда, барои сари вақт дар мусобиқаҳо ширкат варзидан мусоидат менамояд. Донишҷӯёне, ки дар қувваозмоиҳо ғолиб меоянд, аз тарафи роҳбарияти донишкада ҳавасманд мешаванд. Албатта, чунин ғамхориҳо мо - донишҷӯёнро ҳавасманд месозанд. - Чаро маҳз гӯштини самборо интихоб намудӣ? Шояд ба он хотир, ки ба гӯштини миллии тоҷикӣ наздиктар

гӯштини самбо аз Иттиҳоди Шӯравӣ берун баромада, ба намуди варзиши байналмилалӣ табдил ёфт. Соли 1972 нахустин чемпионати Аврупо ва соли 1973 нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор

аст? - Гӯштини самбо беҳтарин усулҳои яккаҳарбаи миллии гӯштини русӣ, тоторӣ, гурҷӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ, англисӣ, швейтсарӣ, ҷопонӣ ва ғайраро муттаҳид кардааст. Каме фарқият дорад. Масалан, дар гӯштини миллии тоҷикӣ бо даст аз пойи ҳариф гирифтан мумкин нест, аммо дар самбо иҷозат аст. Маънои самбо муҳофизат бидуни аслиҳа мебошад. Самбо на танҳо намуди варзиш, балки системаи тарбияест, ки сифатҳои мустаҳкамкунии рӯҳу иродаро дорост. Ин навъи гӯштинро «илми муҳофизат» мегӯянд. Самбо дар инсон рӯҳияи патриотизм (ватанпарварӣ), бонизом будан, ба кӯмаки дигарон шитофтанро бедор мекунад. Зеро асосгузорони самбо В.А. Спиридонов, В.С. Ошенков, А. Харлампиев ва Е. Чумаков дар баробари аз дигар халқҳо ворид кардани беҳтарин усулҳои гӯштин, инчунин, меъёрҳои ахлоқиро низ қабул кардаанд. Дар замони шӯравӣ миллионҳо нафар бо омӯхтану машқ кардани гӯштини самбо саломатиашонро устувор ва иродаашонро мустаҳкам намуданд. Дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ беҳтарин мураббиёну варзишгарони дар мактаби самбо таълимдида дар майдони набард корнамоиҳо нишон дода, сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Солҳои панҷоҳуми асри ХХ

гардидааст. - Чанд рӯз пеш шунидам, ки дар Бозиҳои варзишии кишвар ғолиб омадӣ. Муборак бошад! - Ташаккур. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб, дар доираи Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ 1-3 майи соли равон баргузор гардид. Дар вазни 74 кило ғолиб омада, ба Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мегардад, роҳхат гирифтам. Барои варзишгари муваффақ шудан чӣ бояд кард? - Пеш аз ҳама, эҳтироми устодро ба ҷо оварда, ба тавсияҳои ӯ гӯш бояд дод. Ба варзиш на аз рӯи ҳавою ҳавас, балки аз сидқи дил машғул бояд шуд. Устодамон Давлат Раҳимов моро ҳамеша насиҳат мекунанд, ки варзишгар бояд бадан, либос, нигоҳ, забон ва андешаи пок дошта бошад. Ба машруботи масткунанда, тамоку, маводи мухаддир ва бадахлоқӣ майл накунад. Машқу тамринро тарк нанамояд. Асрори комёбиҳои варзишгар дар ин гуфтаҳо ниҳонанд. Вақте варзишгар дастуру фармудаҳои мураббии хешро бе ягон фиребу хиёнат ба ҷо орад, Худо хоҳад ӯ дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ мешавад.

5 биринҷӣ) ғолиб дониста шуданд. Чор зинаи баъдиро варзишгарони дастаҳои Суғд (15 медал: 4 тилло, 6 нуқра, 5 биринҷӣ), “Хатлон-2” (10 медал: 3 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ), ВМКБ (7 медал: 2 тилло, 4 нуқра, 1 биринҷӣ) ва ШНТМ (1 медали биринҷӣ) ишғол карданд. Дар ҳар се мусобиқае, ки зикрашон рафт, ширкати фаъолонаи донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро месазад махсус қайд кард. Зеро онҳо дар ҳайати дастаи шаҳри Душанбе баромад намуда, тавонистанд ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гарданд. Чунончӣ, дар мусобиқа оид ба гӯштини миллӣ донишҷӯён Наҷибулло Ҳабибуллоев (вазни 60 кило), Абдулло Сафаров (вазни 95 ва ҳам мутлақ) ба гирифтани медали тилло, Саидшо Раҳматуллоев (65), Убайди Каримдод (70), Ҳайдар Умаров (86), Саидмумин Шоимардонов (+95) - медали биринҷӣ ва Абдулвоҳид Қаюмов (55), Сӯҳроб Давлатзода (75), Азиз Зарифов (вазни 86 ва ҳам мутлақ) ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд. Дар мусобиқа оид ба самбо Сӯҳроб Муминов (52), Акмалиддин Каримов (57), Хушқадам Хусравов (62), Деваштичи Убайдӣ (74), Фурқат Назриев (100) бо медали тилло ва Диловари Сабриддин (100), Қурбоналӣ Садриддинов (90), Мубориз Мунавваров (68), Зафар Орифшоев (82), Фирдавс Орифов (+100) бо медалҳои нуқра қадрдонӣ шуданд. Аз 15 нафаре, ки дар сабқати муштзанӣ иштирок намуданд, 9 нафар ба гирифтани медал ( 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) мушарраф гаштанд, ки онҳо донишҷӯ-варзишгарони маъруфи кишвар – Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов (ҳар ду вазни 60), Сарвиноз Нодирова (58), Матлуба Каримова (48), Меҳроҷиддин Каримов , Абдурашид Бобозода (+91), Кишвар Ҷомуродов (64), Эҳсон Табаров (54) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (85) мебошанд. Умуман, дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат, ки то 6 июли соли ҷорӣ аз рӯи 10 намуди варзиш идома меёбад, 220 донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон иштирок доранд, ки умедворем дар нашрҳои баъдӣ аз боби муваффақиятҳои нав ба нави онҳо хоҳем навишт.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

1-3 майи соли равон зимни баргузории марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат дар ноҳияи Рашт сабқати паҳлавонон оид ба гӯштини миллӣ ва дар шаҳри Кӯлоб мусобиқа оид ба гӯштини самбо доир гардид, ки дар ҳар ду мусобиқа ҳаштдастаӣ иштирок карданд. Дар натиҷа, аз рӯи гӯштини миллӣ се ҷои аввалро паҳлавонони минтақаи Рашт (бо дарёфти 6 медал: 4 тилло, 2 биринҷӣ), “Хатлон-2” (6 медал: 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (6 медал: 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Зинаҳои минбаъда насиби гӯштингирони “Хатлон-1” (7 медал: 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ), “Душанбе-2” (5 медал: 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (3 медал: 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ), Суғд (4 медал: 1 тилло, 3 биринҷӣ) ва “Душанбе-1” (2 медали биринҷӣ) гардид. Аз рӯи гӯштини самбо ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ паҳлавонони дастаҳои “Душанбе-1” (9 медал: 4 тилло, 5 нуқра), “Хатлон-2” (8 медал: 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ) ва “Душанбе-2” (5 медал: 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) шарафёб шуданд. Ҷойҳои баъдӣ насиби гӯштингирони ВМКБ (4 медал: 1 тилло, 3 биринҷӣ), ШНТМ (2 медал: 1 тилло, 1 биринҷӣ), Суғд (6 медали биринҷӣ), “Хатлон-1” (2 медали биринҷӣ) шуд. Минтақаи Рашт дар ин мусобиқа ягон медал ба даст наовард. Инчунин, дар шаҳри Хуҷанд оғози моҳи равон мусобиқа оид ба бокс байни занону мардон ҷамъбаст шуд, ки дар он муштзанҳои шаҳри Душанбе дар ҳисоби даставӣ бо ба даст овардани 19 медал (9 тилло, 2 нуқра, МУШТЗАН АБДУРАШИД БОБОЗОДА БО ТАВСИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ДТҶТ ОМАД

13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

САМБО

Покизагии ҷисму руҳ асоси комёбиҳост ки дар риштаи самбо машқ мекунӣ ва дар ин ҷода устодонат киҳоянд? - Қариб 12 сол мешавад, ки ман дар риштаи самбо тамрин мекунам. Ҳанӯз вақти дар мактаби №7-и шаҳри Хуҷанд таҳсил карданам, дар назди устоди варзида Абдуқаҳҳор Қодиров нозукиҳои гӯштини самборо омӯхтам. Аз соли 2008 ба шаҳри Душанбе омада, дар назди Мураббии шоистаи Тоҷикистон Давлат Раҳимов машқ карданро идома додам. Соли 2008 бори аввал дар шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон дар вазни 60 кило ғолиб омадам. Ду соли охир миёни калонсолон дар вазни 74 кило ғолибият ба даст овардаам. - Берун аз ҷумҳурӣ дар кадом мусобиқаҳо ширкат варзидаӣ? - Ду бор дар шаҳри Тошканд, дар Кореяи Ҷанубӣ (2011), Гурҷистон (Чемпионати ҷаҳон байни наврасон, соли 2010), Федератсияи Русия (ноябри 2013) шарафи варзиши ҷумҳуриро ҳимоя кардаам. Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки порсол дар шаҳри СанктПетербурги Федератсияи Русия доир гардид, ман аввал варзишгарони Непал, Лаҳистон ва Латвияро мағлуб кардам, вале аз гӯштингири муғулистонӣ мағлуб шудам. Бинобар ин, дар вазни 74 кило ҷои панҷумро гирифтам. Ин ҳарчанд дар ми-

РОҲБАРИЯТИ ДТҶТ БО ГӮШТИНГИРОНИ РИШТАҲОИ ГУНОГУН

e-mail: javonontj@mail.ru

- Деваштич, чанд сол аст,


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

14

ҶАВОНОН ВА АДАБИЁТ

Хушомади Алидод. Ин ном кайҳо боз ба дӯстдорони каломи бадеъ маълум асту чун шоир ба қалби ҳазорон нафар маскан гирифта, дар майдони адабиёт гоми устуворе ниҳодааст. Гарчанде ки ҳоло хеле ҷавон бошад ҳам, вале аллакай миёни аҳли адаб мақоми шоиста пайдо кардааст. Ӯ дар деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Тифли кӯчаке буд, ки падараш аз олам даргузашт ва ӯ дар оғӯши гарми модар тарбия ёфт.

Сухангустаре, ки хаёлаш рангин аст Соли 1991 мактаби миёнаи деҳа ва соли 1997 шӯъбаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм карда, ду сол ба ҳайси омӯзгор дар мактаби зодгоҳаш кор кард. Соли 1999 ба ҳайси муҳаррири идораи радио ва телевизиони вилоят ба кор қабул гардида, то ҳол фаъолият дорад. Хушомад ба майдони адабиёт тасодуфан ва аз рӯи ҳавою ҳавас ворид нашуда, бо гомҳое устувору табъи саршор шомил гардид. Чуноне ки дар сарсухани ба маҷмӯаи аввалини Хушомад, ки бо номи «Ситораборон» соли 2009 аз тариқи нашриёти «Маърифат» нашр гардидааст, Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Ширин Бунёд гуфтааст: “Хушомад дар майдони сухангустарӣ тасодуф ва ҳавасбоз набуд. Ӯро ба ин майдон тақдир овард. Кулбори ятимӣ бар дӯш, рӯҳи падар дастгир ва орзуҳои модари заҳматхӯрда роҳбалад ва роҳнамои роҳаш ноаён вориди майдони сухан гардид”. Дар маҷмӯаи аввал нахустин шеърҳо, хусусан, шеърҳои давраи донишҷӯӣ эҷодкардааш ҷой шудаанд. Хушомад рӯз аз рӯз дар майдони адабиёт қадами барҷотар мондаю аз шеър ба шеър маҳораташро сайқал медиҳад. Ҳамеша чизи нав мегӯяд. Шеъри ӯ нусхаи бардошта аз шеъри дигарон набуда, маҳсули эҷоди худи ӯст. Соли сипаришуда барои ин шоири ҷавону умедбахш соли бобарори эҷодӣ буд. Ӯ аввалан маҷмӯаи дуюми шеърҳояшро бо номи «Гулчароғ» аз тариқи нашриёти «Маърифат» ба табъ расонда, сипас, чун адиби ҷавон дар курс-конфронси ҷумҳуриявӣ иштирок намудаву эҷодиёташ аз тарафи адибони шинохтаи ҷумҳурӣ баҳои баланд гирифт. Хушбахтона, чанде пеш ин шоири ширинсухан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. «Гулчароғ» маҷмӯаи шеъриест, ки эҷоди эҳсосот ва тахайюлоти худи ӯст. Вай аз олами адаби классикиву муосир дониш андӯхта, дар эҷоди шеър ҷӯёи услуби хоси худ аст. Озодии андеша мурғи илҳомашро пару бол бахшида, боварӣ дорем, ки ҷаҳонгард хоҳад шуд. Маҷмӯаи шоири рангинхаёл, ки чанде пеш ба дасти хонанда расид, аз қисматҳои «Нидои ваҳдат», “Гулбарги хаёл”, «Олами обии ман», «Сабоҳи мардон», «Дар ҳошияи Шоҳнома», “Резаабёт” ва «Гулбоғи ғазал» иборат аст. Дар қисмати «Нидои Ваҳдат» 8 шеъри шоир ҷой дода шудааст.

«Нидо ба ҳамватан», “Рӯдакӣ”, “Забони тоҷикӣ”, “Руҷӯи сарвати Камол” беҳтарин сурудаҳои шоир буда, дар онҳо тамоми суннатҳои шеърӣ риоя гардидаанд. Шоир аз маҳалгароию миллатчигӣ, ҳамдигарнофаҳмию ҷудоиандозиҳои кӯрбинони замон, ки боиси хунрезию парокандагии миллати тоҷик шудаанду мешаванд, хеле мутаассир ва хотирпарешону малул гардида, бадоҳатан ба халқи худ, ба ҳамватанони хеш мегӯяд: Биё, ай дӯст, биё ай дӯст, Дигар худро бадахшониву хатлонӣ набишморем, Дигар худро ҳисориву зарафшонӣ набишморем, Хуҷандиву душанбегиву раштонӣ набишморем. Ки мо як миллатему зодаи як модари тоҷик, Ватан моро як аст, к-он Тоҷикистон аст. Варо обод бояд кард! Варо обод бояд кард! Аксарияти шеърҳои ин маҷмӯаи Хушомади Алидод бо нозукиҳои суннати шеърии мо суруда шудаанду ба қавли шоири ширинкалом ва шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷа, шоири ҷавон бо арӯзу саноеи назм қариб мушкилие надорад. Суханаш бор дорад, ҳар он чи мегӯяд, мекӯшад, аз дилу диди худаш бархоста бошад, агарчи барои шоирон ин кор осон даст намедиҳад. Эй гиря, Эй саховати иблиси худато, Одитарин хато, Дар чашми ман даро, Чашм интизори туст. Дар ин шаби абӯс, ки милоди ман бувад, Зи лабҳои ман бихез, Истораҳои чашми маро бар замин бирез, Ҷонам фидои туст. Ба қавли садри шуарои Бадахшон, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Лаълҷубаи Мирзоҳасан услуби Хушомад аз сабки нимоӣ маншаъ гирифта, дар ин ҷода ӯ аз ҳамсафонаш хеле пеш рафтааст. Чизе, ки мегӯяд, нав аст. Ҳатто ғазалро дар шакли озод мегӯяд. Ай ки дар чашми манӣ, чашми ту нодида ҳанӯз, Ба ду чашми ту қасам, Ки азизи манӣ чун мардумаки дида ҳанӯз. Бас шабон бом шуданд,

Рӯзҳо шом шуданд, Лек дар ёди ту тифли нигаҳам, Ваҳ, ки хобида ҳанӯз... Аз олами шеъри классик ва муосири тоҷику форс таҷриба андӯхта, мекӯшад, то фикраш нав, бикр ва ҳикматомез бошад. Дар шеъри ӯ зебоии забон нест. Дар шеъри ӯ фалсафаи зиндагист, ки аз дидгоҳи худаш бархоста ва хеле ҷаззоб ба қалам дода шудааст. Лабханда бар лабонам агар ях намудааст, Чун ях ба вақти об шудан гиря мекунам. *** Кунун, ки минбари ман теппаи мазори ту шуд, Барои санги мазори ту шеър мегӯям. *** Бар сари тахтаи шоҳмотии сар, Шоҳи фикрам ҳамагӣ моти ту буд. Агар шоир ба умқи фалсафа ва мантиқи зиндагӣ фурӯ наравад, кулвори шеъри ӯ аз ҷавҳари маънӣ холӣ хоҳад буд. Кулвори шеъри Хушомад пур аз ҷавҳари маънист. Ятимиаш маҷбур сохта, то зиндагӣ карданро омӯзад, аз он таҷриба андӯзад ва ба дигарон роҳи дурусти зиндагиро талқин созад. Агарчӣ дар домони модар биҳиште дошт, вале он ҳам дер напоид. Дасти номеҳрубони марг дарахти умри беҳтарин мавҷудоти замин - модари ҷонпарварашро низ барвақт барканд ва ӯ аз паси тобуташ фарёд кард: Нола имшаб зи фироқи ту бар афлок кунам, Ғунчасон синаи худро зи алам чок кунам. Рӯи дастони худат гарчӣ калонам кардӣ, Рӯи дастони худам бурда туро хок кунам. Дар маҷмӯа байту пораҳои сараи шеърӣ кам нестанд ва моро водор менамоянд, ки ба офтобӣ гаштани иқболи муаллифи «Гулчароғ» сидқан бовар дошта бошем. Боварӣ дорем, ки хонандаи нозукбину дурандеш аз маҷмӯаи шоир баҳраи зиёде мебараду ба ашъори ӯ баҳои сазовор медиҳад.

Куйбек ШАРИФЗОДА, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

КИТОБИ НАВ

«Гули санг»-и вориси шоири оинаҳо

«Вақте ғазали Фурӯзонфарро мехонӣ, аз ҳарфҳарфу сатр-сатри он бӯйи шеъри Ҳофизу Аттор, Бедилу Мавлавӣ ба машом мерасад ва кас худро дар олами руъёиву малакутии ормонҳои наҷиби ин фарҳехтагон тасаввур мекунад. На ҳар шоири навқалам имкону қудрати ворид шудан ба дунёи аф-

кору андешаҳои осмонии шоиронеро, ки зикрашон рафт, дорад. Фурӯзонфар тавонистааст, бо саъю талоши ҳамвора ва ишқу муҳаббати беандоза ашъори классиконро мутолиа кунад ва аз афкору андешҳои инсонгарову хирадбарангези эшон, ки дар офаридаҳояш нуҳуфтааст, то ҷое огоҳ шавад», - чунин нигоштааст Фарзон Назрӣ ба ҳайси муҳаррир дар пешгуфтори китоби ашъори нави шоири умедбахш Фурӯзонфар – «Гули санг». Воқеан навиштаҳояш гувоҳи он аст, ки дар ҷодаи эҷод сабки худро ёфтаю пайваста заҳмат мекашад. Инак, чанд намунаи ашъори ӯро аз китоби «Гули санг» пешкаши хонандагон намуда, умед дорем, писанди эшон хоҳад гашт.

Кушо рози дилро Бидеҳ имкони ҳастӣ аҳли фанро, Маранҷон бедилони анҷуманро. Гулу булбул бимон, ки ҷӯр оянд, Бидеҳ, бар булбулон боғу чаманро. Наранҷонад дилеро то ҳаёт аст, Худовандо, бидеҳ инсоф занро. Надонам андаруни дил маро чист? Кушо рози дили маҳзуни манро. Намебахшад, намебахшад, Худо ҳам, Фурӯшӣ гар ба симу зар Ватанро. Манам озурдахотир аз ғаму дард, Худоё, ту макун озурда танро. Ғами мурдан бихӯр, эй дил, шабу рӯз, Насиби мо бигардон ту кафанро.

Модарам Оҳ, мехоҳам, ки бошӣ дар канорам, модарам, Ҳастӣ ғоиб аз назар ман бе ту хорам, модарам. Ҳар куҷо рафтам надидам ғамгусоре мисли ту, Мунису мушфиқ дареғо, ки надорам, модарам. Аз ғами бемодарӣ ҳар дам ба дод ояд дилам, Ман ғаматро мебарам то бар мазорам, модарам. Чашми бедори маро як лаҳза осоиш куҷост? То ҳанӯзам раҳ ба раҳ бо чашми чорам модарам. Корвони умри ман бе сорбон дорад гузар, Шиква дорам аз гузашти рӯзгорам, модарам. Бе ту маҳрум аз биҳишти ҷовидони кӯдакӣ, Во дареғо, ки набишкастам хуморам, модарам. Дар қиёмат ваъдаи дидори мо ҳам мерасад, То расидан баҳри он рӯз интизорам, модарам. Зиндагонӣ мекунад гул гар ту бошӣ дар барам, Бе ту будан то ҳанӯзам хору зорам, модарам. Эй умеду орзу бо худ бибурди ин дилам, Гул накарда як гуле андар баҳорам, модарам. Зиндагонӣ бе ту мушкил, мушкил осон нагзарад, Мерасад рӯзе, ки ман ҳам раҳсипорам, модарам.

Ба ту баробар натавон шуд Ҷоно, ба ту дар ишқ баробар натавон шуд, Бе шеваи риндона қаландар натавон шуд. Дар домгаҳи ҳодиса уфтодани мо бин, Бе ранҷи фузун соҳиби зевар натавон шуд. Маҷнуни хаёлат биравад ҷониби саҳро, Оре, наравад ошиқи дилбар натавон шуд. Шоҳам ту вафо кун, ки ҷафо пешаи мо нест, Бе лутфи Худо шоҳи музаффар натавон шуд. Бедил зи ғами сӯзи дарунӣ ба фиғонам, Дар шеъри расо бо ту баробар натавон шуд.


Сардори казакњо

Як фиќраи Ќуръон

Шањр дар ИМА

Пешгўии ѓайриилмї

Давлати соњили бањри Балтик Мусибат, дарду алам

Љамъи харитањо

Бехатар, осуда

Фармон

Pt, металли ќиматбањо

Забони давлатии Покистон

Ќавми ќадимаи Перу

Ин пиљакро пўшида Љоизаи Нобелї мегиранд

Кўњистонсарњади Аврупою Осиё

Зебу зинат

Танњої, фардї

Идораи амнияти СССР

Асоси сигор

Br, унсури кимиёвї

Санљидашуда

Меваи тропикї

Ќисме аз мардум, синф

Тамом

Љонишини танњо

Анљом, охир

Воњиди маъмурї дар Русия

Воњиди кўњнашудаи масофа

"... агар аз ќибла хезад, сахт борон мешавад"

Гармї, њарорат

Тими артиш (ихтисораи русї)

Фигураи геометрї

Чашм

"... Ќонун"

Хушк

Мавод дар газета

Фошкунї, ошкорсозї

Касалии шуш

Тухми мева

Майн ..., муаллифи "Савораи бесар"

Пойтахти ин давлат Бангкок аст

Сарвари аскарон

…- код, раќами рамзии сим-корт

Кишвар бо Абу-Даби ва Дубай (ихтисора)

Нохушї, бадбахтї

Навъи шамшери варзишї

Мол дар музояда

Расму русум

Аорта

Илмњо

Кайњоннаварди аввалин

... -Франсиско, шањр дар ИМА

Раќиби "Газел"

Нозири роњ коркуни ин бозрасї аст

Ќисми китоб

Тамѓаи сигор

Нерв

Маркази Хакасия

Љамъи «раб» ... Камол

Узви ќафои њайвоноти мўњрадор

Амри хаттї барои њабс

Падар (лањљ.)

Хоки тар

... -и Бадахшон, санги ороишї

Модар (ўзб.)

Ќуллаи баландтарини Ќафќоз

Зарбулмасал

«Шарќ» ба истилоњи бањрнавардон

Тамѓаи автомат

Маркази вил. Хоразм (Ўзб.)

Хона барои гову мол Сифр

Рўй, рухсора, чењра

Кредит, ќарз

Воњиди маъмурии Америка

Њамсари Буш

Пеш аз ид

Кордоршавї

Пойафзоли аскарон

Дўкони рўзномафурўшї (рус.)

Алоќамандї, вобастагї Номи яке аз дўстони Маугли

Ишораљонишин

Ширеш

БоНоми занонаи шукўњу русї ; обод

Нависанда Садриддин …ї

Кишвар бо Голливуд

Воќиф, бохабар

Актрисаи њиндї, маъшуќаи Шоњрух Хон дар филмњо

Тамѓаи хокаи љомашўї

Зављаи Адам

F, унсури Намояндаи киањли дину ша- миёвї риат Илми Абўалї ибн Сино

Хизматгор, нўкар

Киллер

Воло, баланд

Гулоб

Агентии иттилоотии Эрон

Раќиби Меваи «муссербат» дона

Зулфия …, шоираи тољик

…и Тоњирї сароянда

e-mail: javonontj@mail.ru

... Љўраева, овозхон

Роњбар, раис

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №19 (9341), 8 МАЙИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марде ба дӯсташ мегӯяд: - Чаро ин қадар ғамгинӣ? - Э, напурс. Кори нашуданӣ шуд. Ҳамроҳи рафиқон кӯҳ оҳушикор рафтем. Чор соат камин гирифтем, оҳу наомад. Қаҳрамон омаду нишаста 10 шиша коняк нӯшидем. Ҳамин ки шишаҳо холӣ шуданд, оҳу пайдо шуд.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Архаре ба назди корманди БДА омада, ба чӯбчаи дасти ӯ ишора карда, мепурсад: - Бубахшед, инро аз куҷо ёфтед?

Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

***

Воҳид ҲАБИБОВ

(муовини котиби масъул),

- О, худат гуфтӣ пуф кун!

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

(хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7652 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

***

Зан ба шавҳараш: - Биё, ман камтарак дар компютер бозӣ кунам! - Инсоф ҳам чизи хуб аст! Ягон бор шудааст, ки вақти шустани фарш ман гуфта бошам, латтаро ба ман деҳ, то бишӯям?

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ

Олуфтасатанге аз дугонааш мепурсад: - ОООО, чӣ хел зебояк. Ин гурба аст ё пишак? - Аз гӯшҳояш маълум нест? - Не. - Харгӯш аст, харгӯш...

***

АНДАРЗ

Мард соати 4-и субҳ ба хона меояд. Занаш мепурсад: - Дар куҷо будӣ - Дар кинотеатр, зӯр назан, ман аз гапам намегардам!

Ошпази бемаҳорат Зане бо ҳунари ошпазӣ ва кадбонугӣ ном баровард. Хӯрокҳои пӯхтааш ба ҳадде лазизу хушхӯр буданд, ки дар чор тарафи шаҳр аз маҳорати баландаш ёдовар мешуданд. Боре писар ва келинаш ба меҳмонии зан меоянд. Он рӯз зан мисли ҳарвақта худро дар ошхона ”ҳабс” мекунад. Шаб дар баробари писар ва келин чанд дӯсти дерина низ ба меҳмонӣ даъват шуданд. Вақте меҳмонҳои даъватӣ гирди суфраи хӯрокхӯрӣ нишастанд, ба ҳолати аҷибе рӯ ба рӯ шуданд. Аз чи бошад, хӯрокҳои

он бегоҳ пӯхтаи зан хеле бемазза буду иштиҳои касро мегурезонд. Хӯришҳо шӯр, шириниҳо бӯйи орд мекарданд. Картошкаҳои пӯхтааш сӯхта сип-сиёҳ шуда, гӯшти самбӯсаҳо хом буд. Баъди хӯрокхӯрӣ ҷуфти нав бо модарашон хайрухуш карда, ба хонаи худ рафтанд. Меҳмонони дигар қарор доданд, ки ками дигар мешинанд. Онҳо баъд рафтани писар ва келини зан аз ӯ пурсиданд: - Кадбонуи моҳир ва ошпази беназир буданат мисли рӯз рӯшан аст. Мо ҳам

***

лаззати хӯрокҳои туро борҳо чашидаем. Аз барои Худо, оё мегӯӣ, ки хӯрокҳои имшабаат чаро ин қадар бетаъму белаззат буданд? Ту ё беморӣ ё ягон мушкилие дорӣ. Зан табассуми малеҳе дар чеҳрааш ҷавоб медиҳад: - Ягон мушкил надорам. Бемор ҳам нестам. Хӯрокҳоро қасдан чунин омода кардам. Акнун баъди хӯроки имшаба писарам сари ҳар қадам хӯрокҳои модарашро таъриф карда, дили ҳамсарашро намешиканад.

Ибрат аз қумрӣ Ҷуфти хушбахтро ба ду қумрӣ монанд кардан мумкин. Махсусияти қумриҳо чунин аст: 1. Қумрӣ ҳеҷ гоҳ ҳамсарашро иваз намекунад. 2. Қумрӣ ягон вақт ба лонаи дигаре намедарояд. 3. Қумрӣ зуд хурсанд мешавад. 4. Қумрӣ ба ҳолати қарор доштааш зуд мутобиқ мешавад. 5. Қумрӣ дар як вақт бо ҳар ду қаноташ авҷ намегирад. Бо як қанот мепарад ва дигарашро дам медиҳад. Бо ин нишон медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ ба тарк кардан моил нест.

Мард ба завҷааш: - Беақл! - Рост, беақл! Агар боақл мешудам ба ягон генерал мерасидаму ҳоло ҳама маро бо ҳавас “зани генерал” мегуфтанд.

***

Ду навтоҷик бо ҳам вомехӯранд. Аввалӣ: - Гуш кун, писари маро ба кор бигир. Дуюмӣ: - Майлаш! Дар як моҳ як рӯз кор биёяд, 5000 доллар медиҳамаш. Аввалӣ: - Не, ин хел намешавад... Мехоҳам, ки ӯ кор кунад! Дуюмӣ: - Хеле хуб! Дар як моҳ 5 рӯз кор биёяд, 1000 доллар маошаш медиҳам! Аввалӣ: - Не, вай бояд кор кунад. 24 соат дар шабонарӯз ва барои ин ҳамагӣ 200 доллар бигирад. Дуюмӣ: - Ин хел наметавонам. Барои ин ӯ бояд маълумоти олӣ дошта бошад!

***

Навтоҷик аз муллое мепурсад: - Домуллоҷон, агар ман миллион доллар хайр кунам гуноҳҳоям пок мешавад? - Ростӣ, чандон кафолат намедиҳам, аммо ба ҳар ҳол як таваккал кардан даркор.

ҲАМДАРДӢ

Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳию идораи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба собиқ мудири шуъбаи ҷавонон, варзиш ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва дар айни ҳол, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилором Мирсаидова нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.