Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
1
№20 (9342),
15 майи соли 2014
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идораи давлатӣ
13 майи соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи «Масоили баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» баргузор гардид. Дар он беш аз 150 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои илмӣ, магистрантҳо ва олимони ҷавон дар мавзӯъҳои «Паёми Президенти ҶТ - таҳкимбахши нақши ҷавонон дар ҷомеа», «Таҷассуми масоили ҷавонон дар паёмҳои Президенти ҷумҳурӣ», «Нақши ҷавонон дар идораи давлат», «Ифтихори давлатдорӣ ва ҷавонон», «Нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Таҳкими тарбияи меҳанпарастии ҷавонон дар замони истиқлол ва идораи давлатии равандҳои муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон» маърӯза намуданд.
ҲАМКОРӢ
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин
САҲИФАИ 3
11-17 майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков сарварӣ мекунад. Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин намояндагони ҷумҳурӣ барномаҳои консертӣ намоиш дода, санъати тасвирӣ ва аксҳоро ба маъраз хоҳанд гузошт.
Истиқлолиятро соҳиб шудан, ҳанӯз кам аст
ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ
20 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ширкат хоҳанд кард 18 май дар ҷумҳурӣ чорабинии анъанавии Дави миллӣ доир мегардад. Танҳо дар шаҳри Душанбе иштироки беш аз 20 ҳазор нафар дар назар аст. Масофаи дав 10 километр буда, аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ ва дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба анҷом мерасад.
САҲИФАИ 12
e-mail: javonontj@mail.ru
ДОНИШҶӮЁНИ ДТҶТ СОҲИБИ ДУ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ШУДАНД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
2
ДИН ВА ҶОМЕА
Дини ислом бениёз аст, мисли Худованд Одил Абдуллоҳ алФаллоҳ, муовини аввали вазири авқофи Кувайт вуҷуди ҳизби сиёсӣ дар исломро инкор карда, фаъолияти ин навъи аҳзобро мушкилсозу ихтилофовар хонд. Ал-Фаллоҳ, ки тавассути телевизионҳои давлатии кишвар суҳбат мекард, гуфт, “дини мубини ислом ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад”. Ба гуфтаи муовини аввали вазири авқофи Кувайт, гӯё мардум ва раҳбарияти ин кишвар ба фаъолияти аҳзоби сиёсии характери динидошта дар ҷомеа назари нек надоранду онро ихтилофовар меҳисобанд ва дар сурати доштани як
сарқонуни худовандӣ ниёзи дигареро дар ойинномаву низомнома ё қонуну аҳзоб намебинанд. “Миёни аҳзоби динӣ ҳамеша кашмакашу ихтилоф ҷой дорад. Агар дуруст назар кунем, Худованд “Қуръон”-ро барои бандагони худ ҳамчун қонуни асосӣ офаридааст ва мо бояд аз он истифода кунему ба қоидаву қонуни он гӯш диҳем, то зиндагии мо поку бенизоъ ва беолоиш бошад. Мо бояд бо рафторҳои бади худ ба ислому “Қуръон” доғ наорем. Бо номи ислом набояд ба ҳар кору амали ношоиста
ТАНДУРУСТӢ
даст зад, ки ин амалҳо боиси паст шудани нуфузи ислом мегардад”, - таъкид дошт алФаллоҳ. Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, ки ба як шеваи “даъват” дар ин барнома суҳбат мекард, илова дошт, дар кишвари ӯ бо вуҷуди мамнуъ будани фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ демократия ва озодии баёну парлумон дар сатҳи хеле хуб ҳукмфармост: “Бар асоси сарқонуни феълии Кувайт, ки солҳои 60-уми асри гузашта қабул гардидааст, фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ манъ аст. Дар ҳоле ки дар киш-
вари мо ягон ҳизб фаъолият надорад, демократия низ хеле хуб рушд кардааст”. Дар идома муовини аввали вазири авқофи Кувайт ба масъалаи издивоҷ ва талоқ пардохта, барои сади роҳи афзоиши ин ҳолатҳо ва ҳалли мушкилоти оилавӣ пешниҳод намуд, аз таҷрибаи кишвараш истифода кунанд. Ӯ гуфт, “дар Кувайт талоқ дар маҳкамаҳо сурат мегирад, додгоҳ бошад, то зану мард бо коршиносони ҷомеашиносу ходими дин сари мизи музокирот нанишинанд, ҳукм содир намекунад. Натиҷаи ин қонуни мо нишон дод, ки 60%-и оилаҳои сари мизи музокирот нишаста аз раъйи худ бармегардад. Аз ин нишондод 90 дарсадашон ба зиндагии осудаву осоишта идома медиҳанд. Албатта, хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон низ дастур ё қонуне бошад, то дар ин самт кор бурда шавад. Дар мавриди талоқ тавассути телефон ё “смс” бояд гуфт, ки иҷоза
нест, мард аз масофаи дур бо ин василаҳо зани худро талоқ кунад. Ман мутмаинам, ки олимони дин ин амалро маҳкум мекунанд. Чун ин ҳолатҳо бештар бо роҳи буҳтону туҳмат сурат мегиранд. Шояд дар ҳаққи зан туҳмат зада бошанд. Пас, мешавад аз як масофаи дур аз тариқи паём талоқ кард? Ҳаргиз не!” Муовини аввали вазири авқофи Кувайт таъкид дошт, ки “бояд фармудаҳои “Қуръон”ро риоя кард. Мард баъд аз талоқ кардан ҳақ надорад ҳамсарашро аз дар берун кунад. Зеро бо мурури замон шояд онҳо дубора оштӣ кунанд. Яъне, бо ин васила мушкил роҳҳали мусоламатомези худро пайдо мекунад”. Суханронии Ал-Фаллоҳ дар бораи инкори вуҷуди аҳзоби сиёсии характери динидошта дар ислом дар ҳоле тавассути шабакаҳои давлатии кишвар сурат гирифт ва ё мегирад, ки дар мамлакат Ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ дар асоси Сарқонун фаъолият дорад.
ҲАМКОРӢ
Соҳибкорони Белорус ба Тоҷикистон омаданд
Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус 9 миллион долларро ташкил дод. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, солҳои охир муносибатҳои ду кишвари дӯст торафт густариш меёбад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Саҳми тибби бо далелҳо собитшуда Ҳафтаи гузашта дар толори “Сино”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Саҳми тибби собитшуда барои баланд намудани сифати ёрии тиббӣ ва таҳсилоти тиббӣ” баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов зимни ифтитоҳи конфронс таъкид намуд, ки мафҳуми “тибби собитшуда” (тибби бо далелҳо исботшуда) баъди солҳои навадуми асри гузашта пайдо шуд. Мафҳуми мазкур аз ҷониби олимони Канада пешниҳод гардидааст. - Садсолаи охир илми тиб дар қатори дигар илмҳо босуръат рушд намуда, асрори бемориҳои зиёде кушода шуданд, – гуфт Убайдулло Қурбонов. - Имрӯз роҳҳои муолиҷаи бисёр бемориҳои вазнин ёфт шуда, миллионҳо нафар сокини сайёра тавассути дастовардҳои илми тиб ба дарди худ даво меёбанд. Вақте илми тиб пеш рафту роҳи муолиҷаи бисёр бемориҳои қаблан дар назар бедаво ёфт шуд, ҳазорон нафар олими соҳа натиҷаи таҳқиқоти худро дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба чоп расониданд. Ин ҳама баҳри беканори иттилоотиро мемонд, ки ҳар табиб имкони истифода бурдани онҳоро надорад. Ҳол он ки қисми зиёди онҳо собит нашудаанд. Вақте рисолаи номзадӣ ҳимоя мешавад, ин маънои онро надорад, ки ҳар як сухане, ки гуфта мешавад, пурра дуруст аст. Тибби собитшуда муносибати нав ба ҳар як чорабинӣ, ба ҳар як усули пешгирикунанда ва ташхиси бемориро талаб менамояд. Агар исбот шуда бошад, ки усули табобат ё доруи пешниҳодшуда таъсиррасону барои саломатӣ бехатар аст, он барои истифодаи минбаъда тавсия дода мешавад. Барои ҳамин, имрӯз протоколҳои клиникӣ таҳия менамоянд, ки кори духтурро осон мекунанд. Вобаста ба мавзӯи зикршуда сарвари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу, мушовири вазири тандурустии Қирғизистон оид ба масоили тибби собитшуда Б. Бариктабасова, роҳбари Маркази захиравии тибби собитшудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Ш. Почоҷонова, устоди Донишкадаи такмили ихтисоси табибони Алмаато А. Костюк ва дигарон маърӯза карданд.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев зимни ифтитоҳи рӯзҳои ҳамкориҳои тиҷоратии Душанбе-Минск, ки дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” доир гардид, аз афзоиши ҳаҷми додугирифт миёни Тоҷикистону Белорус ёдовар шуд. Ӯ хотирнишон кард, ки оғози моҳи майи соли равон дар шаҳри Минск мулоқоти кории комисияи муштараки Тоҷикистону Белорус баргузор шуд. Миёни ду кишвар дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, нақлиёт, маориф, туризм ва варзиш санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук ташрифи доираҳои кории Белорус ба Тоҷикистонро такондиҳандаи ҳамкориҳои дуҷониба номида, гуфт, ки ҳанӯз ду кишвар захираҳои истифоданашудаи зиёда доранд. Белорус кишвари дорои саноати пешрафта, сектори хизматрасонӣ ва кишоварзии самаранок мебошад. Ҷумҳурии Белорус миёни кишварҳои бузурги содиркунандаи нуриҳои калийдор, мошинҳои боркаш, трактор ва техникаи сохтмону роҳсозӣ ҷой гирифтааст. Миёни мамолики ИДМ Белорус дар бахшҳои химия, нефтухимия, истеҳсоли мошинҳои кишоварзӣ, саноати сабук, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад. Қариб чоряки маҳсулоти умумии кишварро комплекси мошинсозӣ ишғол мекунад. Корхонаи тракторбарории Минск дар қатори 8 муассисаи бузургтарини тракторсозии дунё ҷой гирифтааст, ки дар маҷмуъ, 96 дарсади трактори ҷаҳонро содир менамояд. Консерни давлатии Белорус оид ба нефт ва химия бошад, зиёда аз 60 муассисаро дар бар мегирад. Маҳсулоти он ба 100 мамлакат содир мешавад. Ба Ҷумҳурии Белорус 1,6 дарсади содироти шири ҷаҳон, 3,9% равғани маска, 2% панир рост меояд. Белорус дар қатори Австралия, Зеландияи Нав, Бразилия ва Аргентина аз ҷумлаи бузургтарин содиркунандагони маҳсулоти ширӣ дар бозори ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Содироти маҳсулоти ғизоии Белорус соли 2011 аз
3,5 миллиард доллар зиёд шуд. Ин рақам соли 2015 ба 7-10 миллиард доллар хоҳад расид. Ҳамраиси Шӯрои доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус Тоҷиддин Пирзода иброз дошт, ки аз Тоҷикистон ба Белорус, асосан, алюминий, пахта ва хушкмева содир мешавад. Ба Тоҷикистон аз Белорус мебел, трактор, мошинҳои боркаш, техникаи соҳаи кишоварзӣ, доруворӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра ворид мешавад. Роҳбари намояндагии доираҳои тиҷоратии Белорус, муовини директори генералии робитаҳои иқтисодии берунаи Палатаи савдою саноати Белорус Татяна Дубова изҳор намуд, ки Белорус кишвари дорои дарҳои кушод буда, инфрасохтори пешрафта дорад. Ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Белорусро ташкил медиҳад. Наталя Винокурова (Корхонаи “МАЗ”), Виктор Костунов (ОАО “Гомселмаш”), Валерий Сидоренко (Фабрикаи мебели Ружанск) ва дигарон дар бораи муассисаҳояшон ба доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон мухтасар маълумот доданд.
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонон қарор дорем, мехостам андешаи худро оид ба вохӯриҳои аввалини Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат ва ҳалли мушкилоти онҳо аз ҷониби Сарвари давлат қисса намоям. Вохӯрии нахустини Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон 2 феврали соли 1993 дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ баргузор гардид.
ВОХӮРИИ АВВАЛИНИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БО ҶАВОНОН. АКС АЗ БОЙГОНИИ «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Истиқлолиятро соҳиб шудан, ҳанӯз кам аст Андешаҳо перомуни мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонон
аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст. Ҷавонони бонангу номуси мамлакат доимо дастгиру ҳимоятгари сиёсати дурнамои Президенти кишвар буданд, ҳастанд ва мемонанд. Онҳо ҳамчун қувваи асосии пешбаранда ва умеди ояндаи ҷамъият дар сохтмони ҳаёти нав аввалин хиштҳоро мегузоштанд ва дар зиндагӣ ҷӯшу хурӯши тоза ба вуҷуд меоварданд. Бинобар ин, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника ба имзо расид. Аз соли 1998 барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, шаш ҷоиза аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат таъсис ёфт, ки ба ҷавонон, хусусан, донишҷӯён руҳу илҳоми нав бахшид. Олимони ҷавон, аввалин дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 1998 имрӯз низ номбардори ҳамсолони худ мебошанд. Онҳо кори мураккаби илмӣ ва ҷамъиятиро моҳирона бо ҳам омехта, эҷодкорона ба пеш қадам мезананд. Ҳеҷ ҳунар ва ҳеҷ ҳунарманд пинҳон нахоҳад монд. Доимо аз ҷониби Сарвари давлат хизмати ҳар яки онҳо қадр карда мешавад ва худ устоди касби хеш ва роҳнамои ҷавонон гаштаанд. Аз ҷумла, имрӯзҳо Ф. Раҳимов - президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, А. Шамолов – директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ, А. Табаров - ректори ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, Ҳ. Муминов - директори Институти физика ва техникаи АИ ҶТ, А. Холиқзода – раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, М. Хидирова – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Р. Саидов – сардори Хадамо-
ти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва дигарон фаъолияти босамар ба миллату давлат доранд. Ба хотири барқарор сохтани иртиботи доимӣ бо олимони ҷавон ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани онҳо соли 1998 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аввалин конфронси илмии олимони ҷавони мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ 6-7 июни соли 1999 дар бинои ДДОТ бо иштироки олимону муҳаққиқони мактабҳои олии мамлакат баргузор гардид. Конфронсҳои олимони ҷавони Тоҷикистон, махсусан, барои муҳаққиқони ҷавон мактаби эҷодӣ гардид ва ба кори илмии минбаъдаи онҳо рӯҳбаландӣ бахшид. То имрӯз бо дастгирии молиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ заҳмату эҷодкориву кашфиёти олимони ҷавон дар шакли китоб рӯи чоп меоянд, ки барои насли ҷавон дастури ёрирасони илмӣ мебошад. Аввалин барандагони Стипендияи президентӣ низ имрӯз ҳамчун устодони соҳибкасб дар мактабҳои олӣ ва сохторҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва боз ҳам баланд бардоштани мақомашон дар ҷомеа 16 майи соли 1998 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 23 майро Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намуд. Шоҳид ҳастем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёд гардидани имкониятҳои иқтисодии мамлакат сол аз сол шароити кору зиндагии ҷавононро боз ҳам фароҳам овард. Бо ниятҳои нек ва азму иродаи қавии Президенти кишвар ҳама гуна мушкиливу монеаҳои мардуми мамлакат, пеш аз ҳама, ҷавонон бартараф гардида, моро ба пешрафту комёбиҳои бузург расонида истодааст. Чунонки аз вохӯрии Президенти мам-
лакат бо ҷавонони кишвар (23.05.2013) бармеояд, дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ, 300 нафар ҷавон тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон - “Дурахшандагон” ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Президенти мамлакат дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои дарку ҳалли онҳо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватан зарур аст. Сафҳои хизмати давлатиро ҷавонон ҳам пурра намуда, имрӯз нафарони то 35-сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд. Ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад. Дар марҳалаи ҳозира вазифаи якумдараҷаи мо - калонсолон ва падару модарон аз он иборат аст, ки насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву бунёдкорӣ тарбия намоем, зеро ба таъкиди бузургон “шарафи ҳар кас ба камол аст, на ба мол”. Фаромӯш набояд кард, ки ҷавонони имрӯза насли хушбахте мебошанд, ки дар замони осоишта, озодии андеша, шароиту имконияти васеи касбинтихобкуниву илмомӯзӣ, дастрасии технологияҳои муосир умр ба сар мебаранд ва онҳо бояд аз таърихи гузаштаи миллати худ бохабар бошанд ва ифтихори давлату давлатдорӣ намоянд.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, собиқ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ
e-mail: javonontj@mail.ru
Он давра мамлакат ба як харобазор табдил ёфта, сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат ба хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, оштии миллӣ, бо ғизо таъмин намудани аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳим равона буд. Ба ин нигоҳ накарда, дар ин мулоқоти таърихӣ Сарвари давлат ба ҷавонон дилпурона гуфт, ки Ҳукумати мамлакат, аллакай, корҳои муҳими аввалиндараҷаро ба сомон расонида истодааст ва ҳамаи чораҳоро мебинад, ки ба зудӣ дар мамлакат сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ, меҳнати пурсамар ва дӯстии тамоми халқҳо амалӣ гарданд. Ба касодии иқтисодӣ нигоҳ накарда, мо ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намудем... 23 майи соли 1997 Президенти кишвар мулоқоти навбатиро бо ҷавонон баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ суҳбат, асосан, дар атрофи он масъалаҳое сурат гирифт, ки Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ чи тавр ба насли ҷавони мамлакат шароит фароҳам оварда, нерӯ ва заковати ҷавонмардонаи онҳоро барои сарҷамъии миллат ва ободии Ватан сафарбар намояд. Сарвари давлат зикр намуд, ки ҷомеа дар ҷараёни расидан ба ваҳдати комили миллӣ қарор дорад ва ғояи ифтихор аз истиқлолияти сиёсӣ торафт қавитар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як лаҳзаи фаъолияти меҳнатӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ба хотири нигоҳ доштан, афзун гардонидан ва таҳким бахшидани дастовардҳои ҳаётан муҳим равона мегардад. Зеро ҳамин дастовардҳо якҷо бо беҳтарин суннатҳои миллиамон волотарин арзиш ва ҳувияти миллии моро ташкил медиҳанд. Халқи шукргузори мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба чӣ баҳои гароне насиби мо шудааст. Дар ин мулоқот, бо дарназардошти талаботи замон ва амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар амалӣ намудани қонуни мазкур нақши асосӣ гузошт. 16 майи соли 1998 Сарвари давлат бо ҷавонони боистеъдод, лаёқатманд ва эҷодкори кишвар вохӯрда, андешаҳои хешро дар хусуси роҳи паймуда, дурнамои оянда ва вазифаҳои навбатии онҳо баён намуд. Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид намуд, ки фурсате расидааст, ки миллати бофарҳанг, давлати соҳибистиқлол ва мамлакати соҳибтамаддуну пешрафта будани Тоҷикистонро ба аҳли олам нишон диҳем, ба қадри Ватану ватандорӣ, ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ ва муҳимтарин рамзҳои он – Нишону Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, пули миллӣ ва шиносномаи миллӣ бирасем ва бо онҳо ифтихор намоем. Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
3
БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
4
ИҚТИСОДИЁТ
15 МАЙ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ
Нӯшобаҳо дармони ҷисму ҷонанд Тоҷикистон бо меваҳои шаҳдбораш дар минтақа шуҳрат дорад. Барои содироти неъмати боғу токзорҳои кишвар истеҳсоли шарбату нӯшобаҳоро бояд бештар намуд. Хушбахтона, дар мамлакат корхонаҳое мавҷуданд, ки нушобаҳои табиии аз меваҳои ватанӣ истеҳсолкардаашон ба бозори беруна низ роҳ ёфтаанд. Яке аз онҳо ҶДММ «Зода» мебошад. Чанде пеш мо бо сарвари ин корхона Рустам Абдуллозода вохӯрда, доир ба самтҳои фаъолияташон пурсон шудем. - «Зода» чанд муддат аст, ки фаъолият мекунад ва самти асосии он ба чӣ нигаронида шудааст? - Мо аз соли 2005 истеҳсоли нӯшобаи хучро ба роҳ мондем. Ҳадафи корхонаи мо истеҳсоли нӯшобаҳо аз меваҳои шакарини Тоҷикистон аст. Кӯшиш мекунем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаамон хосияти табиӣ ва давоиашро нигоҳ дорад. Мутахассисони корхона ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ медиҳанд. Мо нӯшобаҳоро дар зарфҳои шишагӣ ҷой медиҳем, ки хосияти табиии нӯшобаҳоро дурудароз (то як сол) нигоҳ медорад.
Натиҷаи эътибори зиёд додан ба сифат буд, ки соли 2010 мо соҳиби дипломи «Маҳсулоти беҳтарин» гардидем. - Нӯшобаҳои истеҳсоли корхонаи Шумо чӣ хусусиятҳои шифобахшӣ доранд? - «Нушобаи хуч» аз хушкмеваи хуч тайёр шуда, дар таркибаш аз қоти сиёҳ (смородина) дида 10 маротиба ва аз себ дида 100 маротиба зиёдтар витамини “С” дорад. Истеъмоли бомеъёри нӯшоба муқовимати ҷисмро ба бемориҳо зиёд гардонида, қобилияти кориро ҳангоми хасташавии фикриву ҷисмонӣ барқарор месозад. Нӯшидани бардавоми он бемориҳои вобаста ба вайроншавии рагҳои хунгард, бемориҳои ҷигар, меъда ва талхадонро муолиҷа менамояд. Бо сабаби хусусиятҳои зиёди шифобахшӣ доштанаш нӯшобаи хучро табибони Шарқ “Қиёми зиндагӣ” мегӯянд. «Нӯшобаи зардолу» аз зардолуи хушккардашуда, ки миёни мардум бо номҳои «зардолуқоқ» ва «зардолуи баргак» маъруф аст, тайёр шуда, дар таркибаш провитамини “А” - каротин хеле зиёд аст. Ҳангоми истеъмоли нӯшоба каротин ба витамини “А” табдил ёфта, барои мубодилаи муътадили организм, инкишофи ҷисм, махсусан, барои кӯдакон хеле муфид аст. Истеъмоли муътадили нӯшобаи мазкур барои фаъолияти дурусти узвҳои босира ва дил кӯмак мерасонад. - Барои берун аз
Иқлим ва оқибатҳои дигаргуншавии он
ҷумҳурӣ баровардани маҳсулоти корхона чӣ тадбирҳоро амалӣ карданиед? - То ин дам дар намоишгоҳҳои Федератсияи Русия ва Қазоқистон маҳсулотамонро муаррифӣ кардем, ки аз ҷониби муштариён таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Мо мақсад дорем, ки барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти корхона онро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонем. Ҳоло дар корхона 40 кас бо ҷои кори доимӣ таъминанд, ки аксари онҳо ҷавононанд. Шафтолуву себ ва ноку биҳии Тоҷикистон таъми гуворо дошта, дармони ҷисму ҷонанд. Шумо ба себу ноки воридотӣ бингаред. Ҳарчанд намудашон зебо бошад ҳам, таъмашон ба меваҳои шакарбори Тоҷикистон баробар намешаванд. Инро меҳмонони хориҷӣ изҳор карданд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки оянда номгӯи нӯшобаҳоро бештар намуда, меваҳои лазизу шифобахши Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.
Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Муаммои тағйирпазирии иқлим солҳои охир аксари сарони кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Зеро ин раванд аз қабили гарм шудани ҳарорати кураи Замин, дигаргун шудани обу ҳаво, албатта, ба амнияту осудагии рӯзгор, молу мулк ва таъминоти озуқаворӣ, вазъи захираҳои табиӣ ва рушди муттасили кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин аст, ки дӯстдорони табиат ва ҳам нафароне ки дар бораи фардои хеш фикр мекунанд, 15 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии иқлим таҷлил менамоянд. Мақсад аз ин тадбир ҳифзи иқлим ҳамчун захираи муҳими таъсирбахшанда ба некӯаҳволии насли имрӯзу фардо мебошад. Илму техника басо пеш рафтааст, вале олимон ҳануз дақиқ пешгӯӣ карда наметавонанд, ки офатҳои табиӣ кай ва чӣ гуна сар мезананд. Экологҳо бар онанд, ки дар ин сурат аз тариқи рафтори оқилона, бурдани корҳои тарғиботӣ, фаҳмонда додани сабабҳо ин ҳама ногувориҳоро бартараф кардан имконпазир аст. Оё мо метавонем, ақаллан, дар кам кардани газҳои гармхонаӣ саҳм гузорем? Перомуни ин масъала сарони 180 кишвари олам ҳанӯз соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро ҷамъ омаданд. Соли 1997 дар шаҳри Киотои Ҷопон санади байналмилалӣ бо имзои намояндагони 190 мамлакати дунё ба тасвиб расидааст, ки ихроҷи маводҳои зарарноки боиси пайдоиши газҳои гармхонаиро ба маротиб кам намоянд. Солҳои охир бо таъсири бевоситаи амалҳои инсоният равандҳои табиии иқлим, обу хок ва аз ҳама муҳим ҳавои атмосфера дар сайёраи Замин дигаргун шуда, боиси ташвиши на танҳо олимони иқлимшинос, балки шаҳрвандони оддӣ низ гаштааст. Хушксолии тӯлонӣ, офатҳои заминларзаву сунамӣ, зери об мондани заминҳои канори уқёнус, селу ярч дар манотиқи кӯҳсор, биёбоншавӣ, эрозияи хок, боридани барф дар мамлакатҳои иқлимаш гарму торафт кам шудани захираи пиряхҳо, боло рафтани ҳарорати миёнасолонаи ҳаво дар робита бо зиёд шудани ихроҷи газҳои гармхонавӣ, «сӯрохии озонӣ», муаммои хушкидани баҳри Арал ва чанде дигар, албатта, хотири оммаро парешон сохта, беихтиёр ба андеша водор месозад. Оё ҳар кадом метавонанд дар ин ҷода ҳисса гузоранд? Вусъати корҳои кабудизоркунӣ, истифодаи манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯи барқ, ба ҷои сӯхтани маҳсулоти нафтӣ, камтар истифода кардан аз автомобил агарчи дар назар кори андак менамояд, дар сурати сармашқи зиндагӣ қарор додани ҳатто даҳяки сокини сайёра самараи дилхоҳ ба бор меорад.
Обидҷон КАРИМОВ, рӯзноманигор
e-mail: javonontj@mail.ru
МАОРИФ
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҷодаи тарбия ва тайёр намудани мутахассисон саҳми арзанда дорад. Ҳоло дар омӯзишгоҳ 425 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 164 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин муассисаи таълимӣ хоҳишмандон аз навоҳии минтақа - Тоҷикобод, Рашт, Ҷиргатол, Нуробод ва Тавилдара касби духтуриро меомӯзанд.
Беҳдошти сифати таълиму тарбия Барои кори таълиму тарбия тамоми шароити лозима муҳайё шудааст. Ин муассисаи таълимӣ пайваста бо барқ таъмин буда, бинои таълимӣ ва хобгоҳ ҳангоми сардиҳои зимистон аз тариқи системаи гармидиҳӣ гарм нигоҳ дошта мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки талабот ба мутахассисони ин омӯзишгоҳ дар муассисаҳои тиббии навоҳии минтақа хеле зиёд аст. Пас аз анҷоми таҳсил хатмкунандагон қариб ҳама бо ҷоий кор таъмин мегарданд. - Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, айни ҳол, сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ идома дорад, нақл кард сарвари омӯзишгоҳ М. Ҷононов. – Бинои нави таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд. Ҳоло дар муассисаи таълимии мо як анъанаи хуб ҷорӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи
маҳалии ҳокимияти давлатии навоҳии минтақа бо мақсади дастгирии донишҷӯёни фаъол ва аълохон ба онҳо кӯмак мерасонад. Масалан, ду нафар донишҷӯи аълохон - Зарина Раҳимова ва Фирӯза Нафисова гирандагони стипендияи раиси ноҳияи
Рашт маҳсуб меёбанд. Чунин тадбирҳо ба беҳдошти сифати таълим бештар мусоидат менамояд.
Матн ва акси Мирзосафар РИЗВОНОВ
Масъалаи ба гумроҳӣ дучор шудан дар ҷомеа зуҳуроти нав нест. Олимон инро ҳанӯз дар давраҳои қадим мушоҳида намуда буданд. Онҳо дар натиҷаи таҳлил ба хулосае расиданд, ки чунин як ҳолат натиҷаи номукаммалӣ ва ноқисии узвҳои эҳсосотии инсон аст. Ба масъалаи мазкур дахл карда, олими англис Ф. Бекон муътақид буд, ки сарчашмаи гумроҳӣ идея ва тасаввуроти бардурӯғ мебошад. Ҳамин тариқ, ӯ нишонаҳои мухталиферо номбар мекунад, ки ҳатман гумроҳиро ба бор меоранд. Ба монанди: нишонаҳои театр, нишонаҳои бозор, нишонаҳои ғор ва ғайра. Муҳимияти илмии баҳогузориҳои Ф. Бекон дар он аст, ки ба фикри ӯ роҳи дурусти озод шудан аз ҳама гуна гумроҳӣ таҷриба ва амалия мебошад, яъне, муқоисаи онҳо бо аввалӣ. Бар ин асос, таҷриба, собиқаи фаъолияти сиёсӣ, натиҷаҳои ниҳоии корҳои сиёсӣ ва-
ни чунин зуҳурот мегарданд, имконияти наздикшавии объектҳо ба тасаввуроти ҳақиқӣ ва мутобиқ ба воқеияти реалӣ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ин кори осон нест. Ин ҷо нақши муҳимро бояд маҷмӯи механизмҳои назариявӣ ва амалие бибозанд, ки бар манфиатҳои ҳаққонии миллӣ асос гирифта, устокорона заминаҳои гумроҳсозии пайравони идеологияро аз байн мебаранд. Дар маҷмӯъ, андешаи миллӣ ва бархӯрди илмӣ, бояд ҳама гуна зуҳуроти идеологиро ба тарзи доимӣ назорат баранд. Онҳоро аз экстремизм ва дигаргуниҳои харобиовари ҷамъиятӣ эмин нигоҳ доранд, аз ҳамдигар вобастагӣ ва иртиботи диалектикии зуҳуроти идеологӣ ва моҳиятро ба мардум фаҳмонанд. Бахусус, ба таври пинҳонӣ ба объекти таъсиррасон табдил ёфтани ҳадафҳои манипулятсияро, ки аксар вақт аз назари одамони одӣ пинҳон дошта мешавад.
мон таъсир мерасонанд. Созандагони идеологияҳои мазкур дар ин бора хуб медонанд. Ба онҳо маълум аст, ки сӯиистифода аз ин қабил эҳсосот, донишҳои махсус, аз ҷумла, тасаввуроти илмӣ ва аз ҳама муҳим, хароҷоти иловагиро тақозо намекунад. Ин роҳу воситаҳо камхарҷ ҳастанд. Дар баробари ин, ҳадафи таъсиррасониашон ҳама гуна типҳои шахсият, аз наврас то олими соҳибмартаба шуда метавонанд, Барои мисол, вобаста ба идеологияи динӣ, ки аз ҷониби хадамоти махсуси ҷаҳон ва ҳамаи суъбектҳои аз нигоҳи сиёсӣ номуваффақ сӯистифода мешавад, ҳамеша як масъала ҷой дорад. Яъне, предмети асосӣ, ки дар атрофи он гӯё идеология ташаккул меёбад, аз ҷониби субъектҳои сиёсӣ дар даҳҳо шакл шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Саймумин ЯТИМОВ
Идеология ва манфиати миллӣ силаи беҳтарини фосилагирӣ аз гумроҳиҳои идеологӣ - сиёсӣ аст. Диққати махсусро дар омӯзиши назарияи гумроҳшавӣ суханони файласуфи олмонӣ Г. Лейбнитс сазовор мебошанд. Ӯ сабаби гумроҳиро дар «...камбуди исботҳо, лаёқати нокифояи истифодаи онҳо, набудани хоҳиши истифодаи онҳо ва қоидаҳои нодурусти эҳтимолият»12 мебинад. Хулосабарориҳои Г. Лейбнитс дар бораи назарияи гумроҳшавӣ, барои фош сохтани тахайюлоту устураҳои идеологӣ, механизмҳои офариниш ва ташаккулёбии онҳо, роҳу усулҳои ҷалби қурбониҳои идеологӣ ва табиати худи идеология, аҳамияти муҳим дорад. Дар ин ҳолат зикр кардан ҷоиз аст, ки пешравиҳои Ғарб, дар баробари дигар омилҳо, ба он вобаста аст, ки онҳо тӯли асрҳо теъдоди бузурги олимонеро ба воя расондаанд, ки на танҳо худашон аз ҳама гуна гумроҳиҳои динӣ, хурофотӣ, мифологӣ ва ғайра, ки дар номувофиқатӣ бо воқеият, илм, материя, рушди иқтисодӣ қарор дорад, фосила мегирифтанд, балки бо ихтирооти худ оммаро аз гумроҳӣ, махсусан, аз гумроҳиҳои транссендентӣ наҷот додаанд. Онҳоро метавон бо дигар олимоне муқоиса кард, ки на танҳо худашон дар гумроҳӣ қарор доранд, балки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла, қаламу рафтори худ атрофиён ва гоҳо тамоми ҷамъиятро гумроҳ месозанд. Гумроҳӣ як шакли дарки воқеияти реалӣ аз тарафи объектҳои таъсиррасонии идеологӣ мебошад. Олимон, ҳамчунин, ба ин назаранд, ки зуҳуроти мазкур ба камбудиҳои маънавии одамон робита дорад. Агар чунин бошад, пас, онҳо наметавонанд ба аъзои одии ҷамъият тааллуқ дошта бошанд, ки ба онҳо як идеология бор карда шуда бошад. Чунин ҷавобгариро, пеш аз ҳама, ташаббускорон ва таблиғгарони идеология доранд, ки ба таври барқасдона ва мақсаднок ин қабил манипулятсияҳоро амалӣ месозанд. Бо вуҷуди мушкилоти сохтории ҷаҳонбиниҳои марбут ба гумроҳиҳо, он як дараҷаи шинохти ҳақиқат аст. Бо роҳи бартараф кардани сабабҳое, ки боиси сар зада-
ТАМОЮЛҲОИ ИДЕОЛОГӢ
Таърих ва рӯйдодҳои замони муосир собит менамоянд, ки субъектҳои сиёсие, ки барои расидан ба ҳокимият талош меварзанд, пеш аз ҳама, амбитсияҳои шахсии худро ба ҳайси фарзияҳои идеологӣ нишон медиҳанд. Ҳамаи онҳо назария ва ҷаҳонбинии хешро ҳамчун умумимиллӣ ва ягона андешаи дуруст эълон медоранд, ки «бе он халқ роҳнамои худро гум мекунад». Ин қабил изҳорот ба таҷрибаи маъмулии субъектҳои сиёсӣ мутобиқат мекунад. Аммо гап дар сари он аст, ки моҳияти ин идеологияро чӣ ташкил медиҳад, манфиатҳои киро ҳимоя мекунад, чӣ манфиатеро, бахусус, дар бахши иҷтимоӣ – иқтисодӣ, имрӯз ва дар дурнамои таърихӣ барои миллату давлат оварда метавонад? Дар идеология муҳим нест, ки кӣ мегӯяд, хислатҳои шахсӣ, унвон, сатҳи маълумотнокӣ, гузашта ва имрӯзаи ӯ чӣ гуна аст, муҳим он аст, ки чӣ мегӯяд ва манфиатҳои киро ҳифз мекунад. Ниҳоят, амалияи ин идеология ба кадом натиҷаҳои иҷтимоӣ оварда метавонад? Дар миёни идеологияҳо ҷаҳонбинӣ ва назарияҳое, ки аз ҷониби субъектҳои манфиатхоҳ дар асоси андешаҳои динӣ ва миллатгароӣ сохта мешаванд, хеле мураккаб мебошанд. Онҳо ба ҷанбаҳои решагӣ, эҳсосотӣ ва эмотсионалии психикаи ода-
Ин тафсиру шарҳдиҳиҳо ва таълимоту назарияҳо сода нестанд. Ҳар нафаре, ки ба майдони набардҳои идеологӣ ворид мешавад, мекӯшад афкори ҷамъиятиро монополия намояд. Дар ин ҷабҳа аз рӯи принсипи «ҷанг, ҷанг аст ва дар ҷанг ҳамаи воситаҳо хубанд» амал карда, тамоми восита, қувва ва имкониятро истифода мебарад. Ин на танҳо адовати миёни динҳо, балки адовати дохилидинӣ мебошад. Барои ҳамин ҳазорсолаҳост, ки ҷангҳои хунини динӣ идома доранд. Теъдоди қурбониён ва зарари харобаҳо аз миллионҳо гузаштааст. Касе ғолиб наомадааст ва буда ҳам наметавонад. Раванди мазкур дар ҳолати рушд қарор дошта, муҳтаво, сифат ва догматизми ин идеология мисли пештара боқӣ мондааст. Метод, роҳу тарзҳои амалисозии ин консепсия комилан нав шудааст ва ҳар рӯз таҷдид мешавад. Ин ҳолат ба зиёдшавии пайомадҳои харобиовари ҷангҳои иттилоотӣ – аз муқобилатҳои одӣ то бетартибиҳои оммавӣ, татбиқи амалҳои террористӣ ва аксуламалҳои занҷирии онҳо мусоидат мекунад. Догматизми ин таълимот ва муносиботи афроди манфиатдор, инчунин, дигар субъектҳо, нисбат ба ҷаҳонбинии мазкур равоқия (стоитсизм)-и худро гум намекунад ва сифатҳои мутлақи хешро нигоҳ медорад. Бояд иқрор шуд, ки ҳама гуна фаъолияти инсон, ки мавриди танқиду азнавсозӣ қарор намегирад ва ба воқеияти иҷтимоӣ мутобиқ намегардад, мунтазам таназзул ёфта, бесамар, ақибмонда ва хатарнок мешавад. Ҳолатҳое мешаванд, ки субъектҳои алоҳида новобаста аз шакли тафаккурашон, барои дар шуури мардум ҷой намудани тасаввуроти шахшудаю бепоя талош намуда, ҳатто дар ин самт амалҳои мушаххасеро анҷом медиҳанд, ки барои ҷомеа, давлат ва миллат пайомадҳои ногувор доранд. Дастёбӣ ба дарки дурусти ин идеологҳо, бидуни муайян намудани манфиатҳои шахсии онҳо дар нигоҳ доштани шиддатнокии ҷамъият ва омӯзиши решаҳои иҷтимоии ин қабил афрод номумкин аст. Шаклҳои тафаккури ақибмонда ва схоластикӣ, ки
«рӯшноиро эҳсос намекунанд», метавонанд натиҷаи тафаккури меросмондае бошанд, ки дигаргуниҳои мусбатро намепазиранд. Чунин шаклҳои хоси дарки воқеият ба дастгирӣ ниёз доранд. Онҳоро бояд ба таври доимӣ ба як чиз бовар кунонид, ки агар мехоҳанд ҳамаро дар атрофи худ дигаргун созанд, пас. дар асоси ҷаҳонбинии шахшудаи догматикӣ ин кор ғайриимкон аст. Ҷомеа, дурусттараш қисмати фаъол ва ноустувори он, ки ақидаҳои догматикиро бар асари ҷаҳолати барқасдона бамиёновардашуда пазируфтааст, дар натиҷаи гузашти вақт «ҳамзистиаш» бо ақидаҳои носолим ба анҷом мерасад. Ин ҳақиқатро таърих борҳо исбот кардааст ва имрӯз низ дар атрофи мо ҳамин ҳолат арзи ҳастӣ мекунад. Дар чунин маврид тахайюлоти беҳаракат бояд ҳатман мағлуб шавад. Дар акси ҳол, бархӯрди такондиҳандаи идея ва дидгоҳҳо ба миён меояд, ки ба суботу амният дар миқёси миллӣ хатар эҷод мекунад. Сатҳи муосири рушди инсоният мусибатҳои зиёд, аз ҷумла. бархӯрди намудҳои мухталифи ҷаҳонбиниро аз сар гузарондааст. Агар ҳар як шакли тафаккур, бахусус, догматикӣ, даъвогар бошад, ки он ягона ақидаи асилу комил аст, пас, он ногузир дар ҷомеа ташаннуҷ эҷод карда, ба пайомадҳои харобиовар мерасонад. Бинобар ин, мавқеъ ва кӯшишҳои ходимони мутаассиби динӣ барои монполиякунонӣ ва тафсири «ҳақиқат», маънаван ва ҷисман бартараф кардани он рақибонашон, ки ҷаҳонро аз нигоҳи ривоятҳои динӣ тавзеҳ доданӣ нестанд, феълан моро ҳайрон гузошта наметавонад. Шукуфоии маънавии миллат пурра ба он вобаста аст, ки ҷомеа то кадом андоза ба тафсирҳои илмии зуҳуроти воқеият, чизҳои дар табиат, ҷомеа ва шуур баамалоянда такя мекунад. Дар ин ҳукм андешаи тозае нест, миллатҳои пешрафта мисоли ин ақида мебошанд. Бо ҷасорат метавон гуфт, ки дар ҷаҳон ҳақиқати «аз иродаи субъект, одам ва инсоният вобастанабуда» зуҳуроти илман исботшудаест, ки бо усулҳои эмпиритивӣ озмуда шуда, метавонад муддаии таъсиргузории муассир ва монополӣ ба идеология бошад. Аз ин лиҳоз, зикр кардан мумкин аст, ки хислати миллии тоҷикӣ, ки ҳазорсолаҳо зери ин навъ таъсир қарор дошт, наметавонист аз чунин таъсиргузорӣ дар канор монад. Новобаста аз тазъйиқи бераҳмона, намояндагони қаҳрамони мардум тавонистанд миллатро ба роҳи мустақилият ва инкишоф раҳнамун созанд. Воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузашта обрӯ ва эътибори миллати тоҷикро ба таври ҷиддӣ халалдор намуд. Баъзе аз олимтарошон ҳангоми таҳлили идеологияе, ки бар асари он халқи мо даҳҳо ҳазор ҳамватанонро аз даст дод, мехостанд тоҷиконро ба рӯйхати халқҳои примитивӣ (содалавҳ) ва содаандеш шомил намоянд. Онҳо чунин мешуморанд, ки мутаассибони динӣ тавонистанд аз тариқи даъватҳои бардурӯғ миллати тоҷикро аз ҳолати муътадил бароварда, оташи муқовимати шаҳрвандиро фурӯзон намоянд. Танҳо илм ва таъмини инкишофи устувори иқтисодиву иҷтимоӣ метавонад миллатро аз чунин шакку шубҳа раҳо созад. Дар баробари ин, хеле муҳим аст, ки худи миллат бо дастгирии донишмандони арзандааш, махсусан, зиёиёни пешқадам, фаъол ва дорои тафаккури муосир, ба «ман»-и хеш рӯ орад ва ба ин васила таъсиргузории омилҳои берунаро (моддию маънавӣ) дар тақдири хеш коҳиш диҳад. Ин нукта бисёр боиси таассуф аст, ки айни замон як шакли механикии фикрронӣ ба миён омадааст, яъне, аз дигарон гирифтани постулатҳои (қоидаҳое, ки ҳамчун ҳақиқат қабул мешавад) идеологӣ, ки пурра ба манфиатҳои миллии мо ҷавобгӯй нестанд. (Давом дорад)
12. Кондаков С., Логический словарь-справочник, М., 1976, стр. 177.
e-mail: javonontj@mail.ru
(Идома аз шумораҳои гузашта)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
5
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
6
БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА 90-СОЛАГИИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Таърихи таъсиси мақомоти судӣ дар кишвар аз соли 1924 оғоз ёфтааст. Дар аввал судяҳои халқӣ ва округӣ таъсис ёфта, баъдтар, солҳои 1938 Суди Олии Тоҷикистон ташкил шуд. Мақоми судии давлати мо 90 сол боз ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонунияту адолатро ҳифз намуда, дар байни мардум, ташкилоту корхонаҳо корҳои тарбияву ҳуқуқиро ба роҳ мондааст.
муқаррарот дар бораи амалӣ гаштани ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт. Мувофиқи моддаи 84 Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Ташкили суди
Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигоронро вазифадор кардааст, ки дар ахборашон натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешакӣ баён
Бо қабули Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990, ҷумҳурӣ ба марҳилаи нави давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ ворид гардид. Давлати Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёр эълон ва аз тарафи аксар кишварҳои дунё ҳамчун кишвари соҳибихтиёр шинохта шуд. Моҳи ноябри соли 1992 Қарори иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ замина гузошт. Маҳз тавассути истиқлолияти давлатӣ баробари садҳо муваффақиятҳои комил таҳкурсии асосии давлатдории навини миллии тоҷикон пойдор ва устувор гардид. Пас аз барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар зарурати ба таври расмӣ муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар ва тараққиёти самтҳои мухталифи ҳаёти он ба миён омад. Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ, дар тамоми давру замон ҳокмияти судӣ мақоми махсус дорад. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар, ташкилоту корхонаҳо, қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар даврони истиқлолият бори нахуст эълон намудани
фавқулодда манъ аст. Бо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ба даст овардани соҳибихтиёрии комили сиёсӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои устувори ҳуқуқиву созмонӣ дар поягузории низоми нави ҳуқуқӣ пайдо шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коргузории барномавии иқтисодиёт, ки бар моликияти сотсиалистӣ бунёд ёфта буд, даст кашида, рӯ ба иқтисоди бозорӣ овард. Ҳокимияти судӣ танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсони ҳуқуқӣ ба зимаи худ гирифтани адолати судиро надорад. Ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 14 декабри соли 1999, таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки қадами навбатӣ дар мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ мебошад. Бо мақсади риояи мустақилияти судяҳо ва манъ будани дахолат ба фаъолияти судя моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии
накунанд ё пеш аз эътибор пайдо кардани ҳалнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир нарасонанд. Тибқи моддаи 7-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» судя вазифадор нест, ки дар бораи моҳияти парвандаҳое, ки баррасӣ шудаанд ё дар ҳолати баррасӣ қарор доранд, баёнот диҳад, инчунин, онҳоро барои шинос шудан дар ихтиёри касе гузорад, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки қонун пешбинӣ кардааст. Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 14 марти соли 2003 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо таъсис ёфт. Машғулиятҳо дар ин марказ бо ҷалби судяҳои ботаҷриба, олимон, инчунин, мутахассисони хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои байналхалқӣ сурат мегирад. Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судяҳо дар судҳои ҷумҳурӣ сомонаҳои интернетӣ кушода шудаанд. Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 августи соли 2001 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин, фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддию техникии судҳо танзим менамояд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зарурати ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён мегу-
пленум ва раёсат иборат мебошад. Колегияҳои Суди Олӣ ба таври кассатсионӣ ва назоратӣ амал мекунанд. Инчунин, парвандаҳоро ба сифати суди марҳилаҳои якум, кассатсионӣ, назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд. Баробари ин, дар низоми ҳокимияти судӣ Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро, асосан, ба таври кассатсионӣ, назоратӣ, инчунин, ба сифати суди марҳилаҳои якум ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд. Судҳои иқтисодӣ дар кишвари мо тавассути баррасию ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ барои устувор гардидани пояҳои иқтисодии кишвар, ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқи вайроншуда ё мавриди баҳс қароргирифта, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соҳибкорӣ, фаъолияти мунтаза-
Ҳокимияти судӣ танҳо ба судҳо тааллуқ дорад зорад. Дар ҳамин ҳол «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ҳоло давраи дигари «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» мавриди татбиқ қарор дорад. Дар низоми ҳокимияти судӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Зеро он муҳофизи санади асосии ҳуқуқии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Суди конститутсионӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ мувофиқатии санадҳои қонунгузории кишварро бо Конститутсия баррасӣ менамояд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, судҳо, судяҳо, шахсони ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаю муассисаҳо, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, барои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиониашон нисбат ба қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии татбиқшуда субъекти муроҷиат ба Суди конститутсионӣ шуда метавонанд. Мақоми дигаре, ки дар низоми ҳокимияти судӣ мавҷуд аст, Суди Олии ҷумҳурӣ буда, нуфузу эътибори баландро дар низоми ҳокимияти судӣ ва берун аз он дар байни дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дорост. Сохтори Суди Олӣ аз рӯи салоҳияташ аз коллегияҳои судӣ,
му босамари ташкилоту идораҳо, хусусан, бахши соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқии онҳо ва ниҳоят, дар роҳи риояи қонуният нақши муҳим доранд. Яке аз сохторҳои таркибии мақомоти судӣ судҳои ҳарбӣ ба шумор мераванд, ки парвандаҳоро вобаста бо иштироки хизматчии ҳарбӣ, ҳамчунин, уҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ, шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарон содир кардаанд, баррасӣ менамоянд. Дар ташкилу таҳкими адолати судӣ, таъмини қонунияту адолат дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом шудааст. Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ суд ба сифати ҳокимияти алоҳида ва мустақил эътироф шудааст, дар он ҳамчунин, боби алоҳида ба суд бахшида шудааст, ки принсипҳои асосӣ ва зарурии ҳокимияти судиро дар бар мегирад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи дуюми моҳи октябр ҳамчун рӯзи кормандони адлия ва суд муқаррар шудааст. Имсол бо арзи эҳтиром ба оғози давлатдории навинамон 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Рӯзи кормандони адлия ва судро таҷлил менамоем.
Парвиз МИРЗОЕВ, муовини раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Агар ба адабиёти классики форсу тоҷик назар афканем, мебинем, ки асоси навиштаи бузургонро тарғиби некӣ ва худдорӣ аз бадӣ намудан ташкил медиҳад. Чунончи, Носири Хусрави Қубодиёнӣ фармудааст: Азизо, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ, Макун коре, ки боз орад табоҳӣ. Агар шаҳрванд Баҳром Шарифов мувофиқи ин панди Носири Хусрав амал мекард, шояд имрӯз ба ҷои дар калонияи ислоҳӣ муҳлати адои ҷазоро сипарӣ кардан ба тарбияи дурусти ду фарзанди ноболиғ ва меҳнати ҳалоли осудаҳолона машғул мешуд. Баҳром, ки маълумоти миёнаи нопурра дорад, муваққатан бекор буд. Ӯ 29 сентябри соли 2013 аз хона баромада, барои кофтани ҳуҷраи иҷоравӣ ба маҳаллаи Гулистони пойтахт рафт. Азбаски дар даст маблағи кофӣ надошт, ба маҳаллаи Гипрозем рафта, аз М., ном шиносаш 50 сомонӣ гирифт. Ӯ ба ҷои бо ин маблағ ягон ғизои дуруст хӯрдан ба яке аз нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртии маҳаллаи Гулистон омада, зиёда аз 3000 грам арақ нӯшид. Шомгоҳ аз
Ҳафтае нест, ки дар матбуот ва барномаҳои иттилоотии телевизион хабаре оид ба дастгир шудани ашхоси ба фурӯшу интиқоли маводи мухаддир машғулбуда нашр нашавад. Афсӯс, ки ин боздоштҳо барои баъзеҳо панд намешаваду боз даст ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ мезананд. Раҳматулло Худойбердиев аз ҷумлаи чунин ашхос аст. Ӯ аввалҳои моҳи марти соли 2008 барои аёдати шиносаш Файзулло Ғиёсов ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ рафта буд. Ҳангоми суҳбат Ф. Ғиёсов ба Р. Худойбердиев аз вазнинии шароити зист ва нарасидани маблағ барои дору шикоят карда, гуфт, ки каме маводи нашъадори навъи “афюн” дораду онро
он ҷо бо мақсади ба хонаи бародараш, ноҳияи Рӯдакӣ рафтан ба мошине савор шуд. Дар назди купрӯки маҳаллаи 46-уми пойтахт чашмаш ба ҷавоне афтод, ки бо телефон суҳбат мекард. Азбаски шароб ба димоғи Баҳром таъсир расонда буд, фикри рабудани маблағҳои он ҷавонро кард. Дар гирду атроф ҳам одамон кам буданд. Торикии шаб, таъсири шароб ва камии одамон Баҳромро шердил карданду ӯ дасти ҷавонро ба сӯи худ кашида, бо зӯрӣ аз ҷайбаш пулҳояшро гирифт. Ҷавон (F.Д), ки аз ҳамлаи ногаҳонии Баҳром дасту по гум карда буд, писарамакашро, ки 20-25 метр аз ӯ дуртар бо телефон гап мезад, ба ёрӣ даъват кард. Вақте писарамакаш (М.Ҷ) ба ёрии ӯ омад, Баҳром ба ӯ низ зӯрӣ кард. Хушбахтона, ин дам 40-50 метр дуртар аз онҳо се нафар ҳомиёни тартибот намудор шуданд. М. зуд ҷониби онҳо шитофта, ҳодисаи рӯйдодаро фаҳмонд. Собиқадори милитсия Ш. Раҳмонов ҳамроҳи ду сарбоз дарҳол ба ҷои ҳодиса омада, Баҳром Шарифовро дар ҳолати мастӣ диданд. Баҳром ба ҳомиёни тартибот итоат накарда, ба онҳо низ муносибати дағалона намуд. Ш. Раҳмонов ба командири ротаи ШВКД–и ноҳияи Фирдавсии пойтахт занг зада, барои ба дастгир намудани авбош кӯмак хост. Пас аз 10 дақиқа командири рота бо автомашинаи хизматӣ ба ҷои ҳодиса расиданд ва Баҳром Шарифовро бо мушкилӣ ба автомашина савор намуда, ба ШВКД бурданд. Ҷабрдида (F.Д.) нисбат ба зӯроварӣ ва рабудани маблағаш (223 сомонӣ) аз ҷониби Б. Ша-
рифов ариза навишт. Дар Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гунаҳкории судшаванда Б. Ша-
Тарки одат амри маҳол фурӯхтан лозим. Р. Худойбердиев маводи мазкурро аз Ф. Ғиёсов гирифта, онро ба ду қисм тақсим намуда, як ҳиссаашро пинҳон карду қисми дигарашро ба фурӯш баровард, вале аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд. Бо ҳукми Суди ноҳияи Восеъ аз 14 ноябри соли 2008 Р. Худойбердиев ба муҳлати 8 сол, бо мусодираи амвол аз озодӣ маҳрум гашт. Сипарӣ намудани муҳлати ҷазои маҳрумият аз озодӣ мебоист барои Р. Худойбердиев дарси ибрат мешуд. Мутаассифона, “тарки одат амри маҳол”, - гуфтагӣ барин баъди ба озодӣ баромадан ӯ аз гузаштаи талхаш
сабақ нагирифт. Р. Худойбердиев 12 феврали соли равон, бинобар танқисии зиндагӣ, баҳри дастрас намудани маблағи нақд барои пешбурди рӯзгор қисми дуюми маводи нашъадорро, ки 1976 граммро ташкил медод, аз мавзеи пинҳоннамудааш, воқеъ дар минтақаи ағбаи “Шар-Шар”, кофта гирифта, ба шаҳри Душанбе овард. Вай мехост харидор ёфта, “бор”-ро фурӯшаду соҳиби маблағи калон шавад. Аммо ӯ фармӯш карда буд, ки “офтобро бо доман пӯшонида намешавад”-у амали ғайриқонунӣ рӯзе фош мегардад. Р. Худойбердиев худи
ҳамон рӯз ба нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии пойтахт расида, мехост то ёфтани харидор маводи нашъавори навъи “афюн”-ро пинҳон намояд. Аммо ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи “ВАЗ 21099”, ки дар асоси ваколатнома оид ба идоракунии нақлиёт таҳти идораи Р. Худойбердиев қарор дошт, ду бастаи селофонии рангаш шаффофи бо скоч печонидашуда, ки дар дохилаш маводи хамирмонанди рангаш қаҳваранги бӯйи махсусдош-
Диловар МИРЗОҲАМИДЗОДА, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе та дарёфт шуд. Р. Худойбердиев иқрор шуд, ки мақсад дошт моддаи мазкурро ба шахси дигари ба тафтишот номаълум фурӯшад. Мувофиқи хулосаи коршинос (эксперт)-и судии Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)криминалистии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маводи аз Р. Худойбердиев гирифташуда навъи “афюн” буда, вазни холисаш 1976 граммро ташкил медиҳад. Хулосаи ташхиси судӣнаркологии №96 аз 15 феврали соли равон нишон дод, ки Раҳматулло Худойбердиев гирифтори бемории нашъамандӣ ва майзадагии музмин набуда, ба табобати маҷбурӣ мувофиқи талаботи моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёзманд нест. Суд нисбат ба Р. Худойбердиев бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт ҷазо таъин кард. “Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ” - мегӯянд дар урфият. Агар Р. Худойбердиев аз гузаштаи худ сабақ гирифта, ислоҳ мешуд, шояд имрӯз талхии дурӣ аз фарзандону наздиконро намечашид.
Ш. ТЕМУРОВ, муовини аввали раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
Бад макун, то бад нафарсояд туро
рифов бо гузориши кормандони ШВКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аризаи ҷабрдида (F.Д.), протоколи муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли шароб ва моддаҳои нашъадор, протоколи рӯбарӯкунии ҷабрдида (F.Д.) ва Б. Шарифов, протоколи рӯбарӯкунии Б. Шарифов бо шоҳид (М.Ҷ.), протоколҳои азназаргузаронии далелҳои шайъӣ ва хулосаи экспертизаи судӣ-равонпизишкӣ исботи пурраю бебаҳс ёфт. Суд кирдори Б. Шарифовро бо бандҳои “в”, “г” қисми 2-и моддаи 248-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғоратгарӣ, яъне, ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд, бо истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ пешбинӣ менамояд, бандубаст намуд. Ҳолати вазнинкунандаи ҷазо тибқи талаботи моддаи 62 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори Б. Шарифов дар ҳолати мастӣ содир намудани ҷиноят мебошад. Аз ин рӯ, суд Баҳром Шарифовро бо моддаи 248 гунаҳкор дониста, мувофиқи он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати панҷ сол бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин кард. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки соли равон 600-солагиашро ҷашн мегирем, барҳақ фармудааст: Нек кун, то нек пеш ояд туро, Бад макун, то бад нафарсояд туро.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
7
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
8
МУҲОВАРА
Қалами зиёӣ бояд мисли Зиёиён бо донишу маърифат ва афкору андешаҳои созанда зиёбахши замону зиндагӣ ва ҳидоятгари мардум ба роҳи росту растагорӣ буда, бо назардошти ин мақоми баланду масъулияти бузургашон онҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «чароғи мардуми Тоҷикистон»-у «гули сари сабади ҷомеа», «дидаи бедори миллат»-у «парчамбардори маънавиёт дар байни халқ» ва «хазинаи тиллоии миллат» номидаанд. Дар боби мақому масъулияти зиёиён дар ҷомеа бо сардори Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, шоир ва файласуф Назри Яздон суҳбате оростем, ки пешкаши хонандагон мегардад. – Ҳар сол бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат баргузор мегардад. Таваҷҷуҳу эҳтироми Сарвари давлатро чӣ гуна мепазиред? - Нишасти Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат рукни муҳим, бунёди расидан ба асолати миллӣ ва эҳёи воқеии фарҳангпарварии ӯст. Аз он нуқтаи назар, ки асолати миллӣ, асолати сиёсии давлатдории тоҷиконро таҷдиду барқарор кард. Ман, тақрибан дар ҳама нишастҳои наврӯзие, ки ба ҳукми анъана даромадаву ҳар сол дар арафаи Наврӯз баргузор мешаванд, иштирок кардаам. Беҳтарин чизе, ки ҳамеша зимни ин дидору суҳбатҳо мушоҳида мекунаму хушҳол мегардам, ин аст, ки ҷараёни фикри Президенти кишвар ҳамеша дар самти ҷустуҷӯ ва обод кардан аст. Табиист, ки дар ин нишастҳо бештар ба ҷабҳаи фарҳангии миллат диққат дода мешавад ва дар баробари ин, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳатто масъалаҳои байналмилалӣ матраҳ мешаванд. Аз ҷумла, барои мушаххас кардани андешаам, метавонам мисол орам, ки тақдири «Энсиклопедияи тоҷик», ҷудо кардани маблағ барои нашри адабиёт ва тарғиби китобу ғанӣ гардонидани китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз ҳамин дидору нишастҳо шуруъ шуданд. Дар ин дидору суҳбатҳо фикру андешаҳои иштирокдорон шунида шуда, симоҳои пешқадами зиёӣ қадр
мешаванд. Вале, бар асари нишасти наврӯзии соли гузашта дар расонаҳои матбуотию электронӣ аз заъфи зиёиён, аз чӣ гуна будани зиёӣ ва чӣ гуна бояд бошад дар ин рӯзгор гуфтугӯву суҳбатҳои зиёде шуд. Шояд ҳар кас ҳар хел андеша кунаду баҳо диҳад, вале ба назари ман, ин ҳақиқате дорад ва ман ин гуфтугӯву суҳбатҳоро созанда меҳисобам, аммо бепироягӣ ба ҳеҷ ваҷҳ бахшиданӣ нест. – Солҳои 1991-1992 давраи нофаҳмиҳо ва даргириҳо дар кишвари мо буд. Дар як мусоҳибаатон, ки соли 1991 тавассути рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дарҷ шудааст, гуфтаед, ки: «... зиёӣ бояд чароғ бошад, вале зиёиёни мо ҳанӯз чароғи мукаммал нестанд, то тавонанд ҷомеаро партавафшонӣ кунанд. Донистани нуқсону камбудӣ ва эътирофу дарки он нишонаи нотавонӣ не, балки нишонаи тавоноиву заковат аст». Он солҳо диду дарки кадом нуқсону камбудиҳои зиёиён ва нотавонии онҳо Шуморо водор ба зикру баёни ин андешаҳо кард? - Аз ин суоли шумо, ки аз суҳбатам ёдовар шудед, хеле хушам омад. Воқеан, он гуфта, ҳанӯз побарҷост. Побарҷо на аз он нуқтаи назар аст, ки зиёиён пештар нарафтанду ҳамқадами замон нестанд, балки аз он нуқтаи назар аст, ки зиёӣ ҳамчун қишри созандаи андешаҳо ва пешрафтҳо ҳаргиз ҳуқуқи қаноат нашудан надорад. Яъне, ҳар як чизе ки ӯ қадам ба қадам ба дараҷаи ба назари худаш ё ҷомеа мукаммал ба анҷом мерасонад, бояд барои пешрафтҳои оянда заминаи навбатӣ бошад. Соли 2014 барои ҷаҳон воқеан, соли тақдирсоз аст. Аз ин нуқтаи назар, ки муқовимати ду давлати абарқудрат: Русия ва Амрико ба дараҷаи бисёр шадид расид. Инро аз нуқтаи назари омма метавонем ҳар гуна баррасӣ кунем, вале аз нуқтаи назари илми ҷомеашиносӣ як чизи қонунӣ аст, ки муборизаҳо бояд ба як навъе ба дараҷаи маслиҳату муросо бирасанд. То 22 март байни қудратҳои ҳарбии Русия ва Амрико як созишнома, ба истилоҳ, як чизи ба монанди оташбас эълон шуд, аммо ин, аслан, масъалаи бархурди манфиатҳои ин ду давлати абарқудрат аст, ки имрӯз вобаста ба рӯзгори тамоми ҷаҳон шудааст. Он чи ки мо мегӯем «ҷаҳон глобалӣ шуд» ва монанди инҳо ба тақдири ҳар як шаҳрванди ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон дахл дорад. Имрӯз масъулияти зиёиёни тоҷик дучанд зиёд мешавад. Аз он нуқтаи назар, ки вазъияти аввал сиёсӣ ва баъд молиявии ҷаҳон дар ҳолати бисёр муташанниҷ қарор дорад ва мо аз ин вазъият барканор нестем. Бевосита ба рӯзгори хонавода ва ҷумҳуриамон дахл дорад. Ин вазъи сиёсию молиявии таърихӣ ба мо имкони андешаи муфассал карданро намедиҳад. Имрӯз барои мо танҳо доштани саводи таърихӣ ва фарҳангию адабӣ кифоя нест. Зиёии имрӯзи тоҷик ва умуман, миллат бояд фаъолияти сареҳ ва дониши хуби молиявӣ ҳам дошта бошад. Як фарди чорафзори сиёсӣ, фарҳангӣ ва молиявӣ бошад. Да-
сту қаламаш ҳар сония дар назди ҷомеа ҳаракат карда, набзи ҷомеаи ҷаҳонро ба мушоҳида гирад ва аз ҳақиқату ҳарорати он миллати худро бохабар карда тавонад. Дар ин миён, гумон мекунам, масъулияти барвақтӣ ё саривақтии, хусусан, журналистон бояд зиёд бошад. Дар ин зовия ман як шиква аз журналистон мекунам, ки бисёри онҳо то ҳанӯз журналисти ихтисосӣ нашудаанд. Зарур аст, ки журналистони тоҷик ҳамчун як қишри бисёр муҳиму пешқадами зиёиёни миллат ихтисосӣ, ҳирфаӣ шаванд. Бисёр таассуф мехурам, вақте мебинам, ки як нафар дар нашрияҳо матлаб нашр карда, зери номаш имрӯз ҷомеашинос, фардо фарҳангшинос ё коршинос ва фардои дигар файласуф менависад. Ин барои як миллате ки воқеан ҳамқадами замон аст, бисёр хандаовар мебошад. Вақте дар мактаби олӣ оид ба нақши шахс дар таърих мехондем, чунин андешаҳо буд, ки нақши шахс кам аст. Таърихи навин нишон медиҳад, ки шахсият дар тақдири миллат чӣ нақш дошта метавонад. Журналистони мо бояд, пеш аз ҳама, чуноне, ки ҳазрати Имоми Аъзам мегӯяд, афсонапардозӣ накунанд. Бисёр афсӯс мехӯрам, вақте мебинам рӯзномаҳое, ки серхаридоранд, харидоронашон аслан афсонаҷӯҳову шикоятҷӯҳо ва монанди инҳо ҳастанд. Гумон мекунам, аз ин ҳисоб хазинаи рӯзномаро ғанӣ гардонидан ба виҷдон мувофиқат намекунад. Ҳар як калимае, ки соҳибқалам, аз ҷумла, журналист мегӯяду менависад, бояд барои андеша ва тафаккури миллӣ як зарра хидмат кунад. Тафаккури матбуотро ба тафаккури ҷаҳон мувофиқ ва ҳатто аз он пешқадамтар кунад. Имрӯз вазифаи мубрами мо зиёиёни тоҷик ин аст, ки миллатро ҳамқадами замон кунем ва чуноне ки Президенти кишвар гаштаю баргашта мегӯяд, асолати миллиро аз даст надиҳем. Мо бояд симои миллии худро солим нигоҳ дошта, як ҷомеа, як миллати ҳамқадам ва ҳатто пешқадами замон шуда тавонем. Пешқадами замон гуфтанам ҷумлаи мубораки устоди арҷманд Бобоҷон Fафуров аст, ки гуфта буд: «Мо миллати тамаддунсоз ҳастем, на аз он нуқтаи назар, ки мо инро мехоста бошем, балки аз он нуқтаи назар, ки ҳукми таърих чунин будааст. Ҳукми таърих ин гуна будааст, ки миллати тоҷик дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ бошад ва аввалин ёдгориҳои хаттию меъморӣ ва сиёсиро барои тамоми башарият дуруст кунад». Дар тамоми тамаддуни ориёӣ, тамаддуни кишоварзӣ, тамаддуни хонагӣ кардани ҳайвонҳои ваҳшӣ саҳми миллати тоҷик ҳаст. Мо бояд инро донем ва ҳаргиз фаромӯш накунем, ки саҳми бузургтарини миллати тоҷик инсондустӣ, гуманизмест, ки бузургони мо сохтаанд. Имрӯз дар ҷаҳон ҷараёну тамоили дегуманизатсия меравад, ки ҳадафи ҷаҳонро аз арзишҳое, ки гуманизм, инсонгароиро ташвиқ мекарданд, холӣ кардан аст. Ин мавзӯи бисёр васеъ ва мубрами ҷомеа мебошад, ки дар доираи суҳбати мо намеғунҷад. – Боз дар ҳамон мусоҳиба ба суоли рӯзноманигор: «Дар девори тамаддуни мо рахнаҳо падид омада, оё умеди таъмире
ҳаст?», - посух додаед, ки: «… ба тамаддуни мо рахнаҳо ворид шуда, вале аз ин ҳол набояд ноумед шуд. Зеро вақте ки инсон аз умед ҷудо мегардад, ин ба он маъност, ки аз заминаи инсонӣ ҷудо гаштааст. Дар оянда барои беҳбудии халқи мо умеде арзи ҳастӣ дорад, агарчи иҷрои он хеле мушкил аст. Сарриштаи ин умед озодии ҳақиқӣ, озодии андешаҳост». Имрӯз он умеду эътимоди сабзеро, ки солҳои мушкил бо зикраш дар саҳифаи рӯзнома хонандаро рӯҳбаланд мекардед, то кадом ҳад шукуфабор мебинеду мардумро аз торикиҳо ба сӯи рӯшаниҳо раҳсипор. Оё мо имрӯз, воқеан ба озодии ҳақиқӣ ва озодии андешаҳо расидаем? - Вақте дар мулоқоту маҷлисҳо дар бораи вазъи забони тоҷикӣ, забони миллию давлатии мо суҳбатҳо мешавад, вақте сухан дар бораи тамаддуни миллӣ ва маънавиёти миллии мо меравад, мебинем, ки воқеан он гуфтаи мо дар соли 1991, ки бо мазмуни «…дар тамаддуни мо рахнаҳо ворид шудааст» ҳанӯз дар ҳамон вазъият аст. Яъне, ҳанӯз рахнаҳо ҳаст, ҷисми мубораки маданияти тоҷик ҷароҳатҳои зиёд дорад. Ҷароҳатҳои носуре, ки бар асари чандин истило, чандин кӯшишҳое, ки истилогарон барои дур сохтани миллат аз маънавиёти аслии худ карданд ва ин решҳои равонро имрӯз танҳо Истиқлолияти сиёсӣ метавонад, ки сиҳату солим гардонад. Дар ин миён, мо хушбахтона, тавонистем баъзе аз ин ҷароҳатҳоро шифо диҳем. Аз ҷумла, забони миллию давлатӣ, забони тоҷикиро, ки як ҷисми мубораки бисёр зебо аст. Агар онро ба дарахти сабзу зебое ташбеҳ диҳем, мебинем, ки чандин шохаҳояш шикастаанд. Дар решаву появу навдааш захмҳое ворид шудаанд, ки онҳоро мо акнун имконияти табобату сиҳат кардан дорем. Хеле хушам меояд, вақте мебинам ҷавононеро, ки дар мавзӯъҳои ақлонӣ суҳбат мекунанд, забони тоҷикиашон беҳтар шудааст. Вақте ки дар мавзӯъҳои сиёсӣ суҳбат мекунанд, мушоҳида мешавад, ки луғати сиёсии онҳо аз хазинаи қадима, аз калимаву таъбирҳое, ки аз ёди мо рафтаанд, ба гардиш меоянд, ки ин муваффақияти калон аст. Тавассути телевизион суҳбати як ҷавонмардеро дар боби стандарти моли бозорҳо шунидам. Он кас гаштаю баргашта таъкид мекард, ки фарҳанги харидории мо бояд баланд шавад. Ҳар нафаре, ки ба бозор рафта, барои фарзандаш ғизо хариданӣ мешавад, бояд донад, ки он ғизо кай истеҳсол шудааст ва муҳлати истифодааш то кадом рӯз аст. Бояд донад, ки бо он пуле, ки бо заҳмати зиёд ба даст овардааст, барои фарзандаш ғизои нӯши ҷон харидорӣ мекунад ё ғизои заҳрноке, ки фарзандашро бемору дардманд менамояд. Ин масъала бисёр муҳим аст. Бинобар ин, бояд ҳашт миллион шаҳрванди Тоҷикистон Истиқлолияти тафаккури сиёсӣ, фарҳангӣ ва молиявӣ дошта бошем. Бинед, ки як моҳ қабл аз ин рубли русӣ дар баробари доллар аз 31 ба 36 рубл боло баромад. Оё мо дар
ин бозии асъор тадбири шахсие барои хонаводаи худ андешида метавонем ё не? Воқеан, ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак буданро таъкиду талқин мекунад. Инҳо заруратҳои ҳарнафасаи рӯзгори ҷомеа ҳастанд. Ободии ватани мо аз сиҳатии фарзандон ва ободии хонаводаамон вобаста аст. Фарзанди мо аввал боодоб ва баъд солиму бомаърифат бояд бошад. Президенти кишвар дар як Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ “хиради азалӣ” гуфта буданд. Ман баъди ба тасвиб расидану мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар байни мардум фаҳмидам, ки хиради азалӣ чист? Онҳое, ки ба банда муроҷиат мекунанд, суҳбат карда, маслиҳат мепурсанд, тақрибан як сол баъд аз ба тасвиб расидани ин қонун гуфтанд, ки: «... устод, барои тарбияи фарзандон бояд волидон ботарбия бошанд. Тарбияро аз волидон оғоз кунем». Ин ҳақиқатро ман барои мардум фаҳмонида наметавонам. Аммо бар асари ин қонун, ин ангеза, такон ва ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардум, волидон фаҳмиданд, ки бояд худашон тарбиятдида бошанд, то масъулияти тарбияи фарзандонро дуруст адо карда тавонанд. Воқеан,
ҳар як ҳидояте, ки Сарвари давлат мекунад, созанда аст. Ҳамин ҳақиқатро мехоҳам дар бораи ҳамқаламону бародарони арҷманди зиёии худ бигӯям, ки он шоистагию ҳамқадамии замонро дар аксари маврид намебинем. Бисёр афсӯс мехӯрам, вақте мебинам як шоир ё нависанда, як олим ё академики муҳтарамро, ки ба минбар баромада, дар ҳузури, фарз кардем, сад-дусад нафаре, ки бо умеди суҳбати ӯро гӯш кардану аз ин пешвою пешрафтаи фарҳанг чизи тозае омӯхтану гирифтан омадаанд, боз ҳамон фикру андешаҳоеро, ки бист-сӣ сол пеш мегуфт, такроран мегӯяд. Ин албатта, барои як қишре, ки ҳамеша дар сари минбарҳо ҳастанду дар ҳама маҷлису муҳокимаҳо сухан мегӯянд, хуб нест. Вале, ман аз онҳо малолу озурда нестам. Малолу озурдагии ман аз андешаи омма аст. Тақдир, ободию пешравии кишвар, пеш аз ҳама, ба он ҳуҷҷатҳои сиёсие, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар пешниҳод мешаванд, вобаста аст, аммо дар баробари он ҳамин қадар масъулиятро бояд омма дошта бошад. Ҳар як шахс бояд масъулият ҳис карда, андешаи худро дуруст кунад, хубро аз бад фарқ карда тавонад. Наход фаҳмидани он чизҳое, ки бо рангҳои сунъӣ ва номҳои “юпӣ”-ю “пепсӣ” ва “колла”-ю “фанта” омода шудаанду онҳоро тобистони дароз
ба фарзандонамон медиҳем, мушкил бошад? Роҳи инро гирифтан бисёр мушкил аст, аммо ҳуқуқ надорем бигӯем, ки: «мо роҳи инро гирифта наметавонем». Чунки дар миён сиҳати фарзандони мо, сиҳати миллати мо меистад. Сиҳате, ки имрӯз миллат дорад, амонат аст. Ин сиҳат, ин тандурустӣ, яъне, тани дуруст, ранги пуст ва хуни дурусте, ки имрӯз миллат дорад, худ аз худ ба вуҷуд наомадааст. Ин натиҷаи заҳматҳои ҳазорсолаи аҷдодонамон аст, ки ба мо хӯроки хуб хӯронданд, реҷаи хуб тавсия карда, қоидаву низоми хобу хӯрро нишон доданд. Мо ҳуқуқ надорем, ки ин ғизоҳои сунъиро ба фарзандони худ бидиҳем. Зеро ин ғизоҳо хуни мо, ҳатто ҷанин (генафонд)-и моро дигар мекунанд. – Баъди ба истиқлолияту озодӣ расидан зиёиёни мо рисолати худро дар боби асолати худшиносию тарғиби арзишҳои умумиинсонӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ то кадом андоза адо карданд? - Зиёиён дар ҳама давру замон ба ҳукми истеъдод, табиати фитрӣ ва тақозое, ки фитрати табииашон мекунад, ҳамеша дар сафи пеши ҷомеа ҳастанд. Аммо, имрӯз ба он қудратҳои табиию фитрие, ки зиёӣ дорад, қаноат карда наметавонад. Қалами зиёӣ бояд мисли ангушташ зинда бошад, набзу ҳаракат дошта бошад ва набзу ҳаракати он ҳамеша ба набзу ҳаракати аввал рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ва баъдан рӯзгори ҷомеаи ҷаҳон мувофиқ бошад. Ин заҳмат, огоҳию ҳушёрӣ ва чорафзории ҳаррӯзаи шахсиятест, ки пайваста дар лаҳзаи илҳому ҷодаи эҷод аст. – Шеър чӣ асрору ҳикмате дорад, ки ин қадар дармондаҳоро тадбиру рахнаҳоро таъмир ва хушкиҳоро обию зиндагиро хуршедӣ мекунад? Агар шеър намебуд, ҳолу ҳавои зиндагӣ чӣ мешуд? - Шеърро таърифи бисёр медиҳанд. Аммо, ман ба ин натиҷа расидам, ки таърифи шеърро то ҳол касе зебову муносиб надодааст ва минбаъд ҳам дода наметавонад. Аз ин нуқтаи назар, ки шеър воқеан, яке аз асрорҳои хирад ва эҳсос аст. Он зебоиҳое, ки фарз кардем, шоири асри даҳ гуфта буд, дар асри сенздаҳ дигар хел дидаву гуфта шуда, дар замони мо дигаргуна арзёбӣ мешавад. Яъне, ҳақиқати шеър ин гуна аст, ки шояд ба монанди дигар зебоиҳову ҳунарҳо ба ҳайси ҳунари истисноӣ вобаста ба давру замонҳо табиати худро ҳам тағийр медиҳад. Хусусияти шеъри имрӯзаи ҷаҳонӣ ин аст, ки роиҷ нест. Фарз кардем, яке аз шеърҳои пешқадаму зебои ҷаҳон шеъри Испания ва Франсия буд. Акнун дигар дар ин ҷойҳо шеър дигар чизе нест, ки фарз кардем, ба монанди қиссаву дедектив ва ҳунари журналистӣ роиҷ бошаду мардум аз думболу дар атрофи он. Ҳатто як шоири испанӣ зимни як суҳбаташ бо ман гуфт, ки: «Дар ватани мо шеър тақрибан мурдааст ва дар Тоҷикистон бозори шеър хеле гарму серхаридор аст». Гуфтамаш, ки дар Тоҷикистон бозори шеър, ҳатто дар муқоиса ба солҳои 80-ум гарм нест. Шояд солҳои 80-ум давраи авҷи аълои
гармии шеъри нафақат шӯравии тоҷик, балки тоҷик дар тамоми таърихаш буд. Дар ин давра воқеан, бозори шеър бисёр гарм буд. Аз қишри зиёиёни тоҷик тақрибан кам нафаре ёфт мешуд, ки дар бораи шеъри устод Қаноат ва Лоиқу Бозор андешае нагӯяду порае нахонад. Афсӯс мехӯрам, ки солҳои муаррифӣ шудану хонанда пайдо кардани шеъри ман ҷомеа ба самти дигар, ба самти шикасту тағийрот равона мешуд. Сохтори сиёсие, ки мо ба сар мебарем, як сохтори озод аст ва бисёр давлатҳои дунё ҳам дар ин сохтор ба сар мебаранд. Ин сохтор ба андешаи бунёдгузоронаш на револютсионӣ асту на эволютсионӣ, сунъӣ аст. Як сохторест, ки мутаассифона, барои шахс имконияти танҳо ба танҳо мондан ба зебоиро намедиҳад. Мушаххасан бигӯем, рӯзгори ин сохтор имконияти танҳо ба танҳо мондан бо шеърро намедиҳад. Миллати тоҷик дар баробари инсонгароиву инсондӯстиаш боз бештар зебопараст аст. Як рубоии мардумиро мисол меорам: Ман мемираме фасли баҳорон бошад, Дар мурдаи ман хешу таборон бошад. Эй хешу табор, гӯрам кунед зуди ба зуд, Тобути маро қалам занед сурху кабуд. Бубинед, ки инсон дар ҳолати аз ҷаҳон рафтанаш ҳам мехоҳад тобуташ нақшин, рангорангу зебо бошад. Бисёр хушам меояд, вақте ба деҳаҳо мераваму мебинам, ки дар як гӯшаи танурҳои нонпазӣ як пораи ойина насб шудааст. Яъне, ки бонувони тоҷики мо вақти нонпазӣ, дар сари танур, дар миёни дуду гарду гармии он ҳам мехоҳанд зебоиашон риоя шавад. Рӯзгоре, ки табиӣ не, сунъӣ сохта шудааст, ин гуна имкониятро намедиҳад. Яке аз асосгузорони ҷомеаи бозаргонии ҷаҳон Эрих Фром мегӯяд, ки инсон бояд ҳамеша дар андешаи таъмин намудану беҳтар кардани рӯзгору рӯзи ояндааш бошад. Бо вуҷуди ин, шеъри мо дар ин даврон муваффақиятҳои зиёде дорад. Бисёр хурсанд мешавам, вақте дар саҳифаҳои нашрияҳо чакидаҳои хонандаи мактаби миёна ё олиро хонда, эҳсос мекунам, ки қаламаш худододу умедбахш аст. Барои миллати тоҷик маҳв кардани истеъдоди фитрӣ имкон надорад, чунки ин дар хуни вай аст. Он чи ки ман мегӯям, аз ҳайси миллатдӯстиам нест, аз нуқтаи назари генетика аст. Имрӯз яке аз шуъбаҳои пешрафтаи генетика генетикаи муҳандисӣ аст, ки инҳоро қадам ба қадам кашф мекунад. Дар ҳар сурат, андешаи ман ин аст, ки мо бояд аз тариқи қонун ё дигар тадбирҳо нисбат ба шеър як сиёсати фарҳангии махсус эҷод кунем, то шеър роиҷ бошаду ҳамеша сари забонҳо ва завқи истиқболи шеър тарбият шавад. Ҳар чизе ки мо дорем, бояд ҳифз шавад, роиҷ шаваду ривоҷ ёбад. Хусусан, шеър, ки худ ба сари худ ҳунари истисноӣ, нодир аст. Боз ҳам бояд бигӯям, хусусан, шеъри тоҷик, беҳтарин шеъри тамаддунҳо, замонҳост.
Суҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
ангушташ зинда бошад
9
e-mail: javonontj@mail.ru
МУҲОВАРА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
10
15 МАЙ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Оилаи намуна – низоми ҷомеа
Ҳар сол 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи оила таҷлил мегардад. Оила яке аз гурӯҳҳои хурд, вале аҳамиятноки ҷамъиятист, ки дар рушду инкишофи наслҳои минбаъда нақши бориз дорад ва бақои ҳар як ҷомеа ба он сахт алоқаманд аст. Аз он ҷиҳат, ки оила тарбиятгоҳ аст ва дурустии тарбия дар оила ба солимии насл таъсиргузор хоҳад буд. Агар тарбияи ҳар фард дар оила ба таври комил сурат нагирад, маълум аст, ки он ба заволи ҳамон ҷомеа мерасонад. Оилаи имрӯзаи ҷомеаи мо аз оилаҳои пешина аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонон, хусусан, бо пешрафти техникаву технологияҳои муосир ва воситаҳои гуногуни иттилоърасонӣ баробар ба воя мерасанд. Огаҳии онҳо аз навгониҳои олам бештар аст. Ин боис гашта, ки онҳо ба оила ва фарзандони худ камтар машғул бишаванд. Баръакси ин, бештари вақти худро дар фосилаи дур аз оила сипарӣ мекунанд. Ин дурӣ сабаби пошхӯрии бемайлони оила дар замони муосир шудааст. На танҳо дар як ҷомеаи мо, балки дар тамоми ҷаҳон ин раванд мушоҳида мешавад. Он тадриҷан ба як проблемаи умдаи глобалӣ табдил ёфтан дорад. Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи масъалаҳои зиёде назири оби тоза, таъмини сулҳ, амнияти экологии минтақаҳо машғул аст, баъди солҳои на чандон тӯлонӣ мебинем, ки тамоми ҷидду ҷаҳди хешро барои пойдории оила ва нигаҳдошти насл истифода мебаранд. Зеро, ки ин хатар аст. Хатари бузург! Бино ба иттилои васоити ахбори оммаи кишвар, имрӯз никоҳи он нафароне бештар бекор карда мешаванд, ки маълумоти зарурии оиладориро соҳиб нестанд ва муҳимтарин аркони оиладориро намедонанд. Ба назари мо, ҳар як нафар бояд маълумоти миёнаи умумиро дар мактабҳо пурра гирифта, таҳсилро то ба охир идома диҳанд ва волидайн низ дар тарбияи насли наврас бетафовут набошанд. Барои беҳбудии кор лозим аст, ки дар мактабҳои миёнаи умумӣ дарсҳои маърифати оиладорӣ зиёд шавад, то омодагии ҷавонон ба оиладорӣ имконпазир гардад, ҳамчунин, дар байни онҳо ташвиқи роҳҳои гуногуни устувории оила ба роҳ монда шавад. Агар афзудани оилаҳои ноустувор ба ноустувории ҷамъият боис гардад, ҷудошавии ҳамсарон ҳам боиси халалдор шудани низоми ҷамъият ва бепарастор мондани кӯдакони зиёд, бекасу беҷой мондани занону духтарон, инчунин, ба афзоиши худкушӣ мерасонад. Зимнан, бояд ёдрас шуд, ки оила барпо намудан ҳам барои мард ва ҳам барои зан як марҳилаи бисёр муҳим ва тақдирсоз аст. Шахси оиладор дар ҷомеа соҳиби эътибор ва эҳтиром аст, ӯро ҷиддӣ қабул мекунанд ва агар ин оила дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд, барои рушду инкифоши миллат хизмат мекунад. Бунёди оила амалест масъулиятнок ва шахс ҳангоми он бояд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад. Фарзанд самари оила аст ва бояд дар муҳити солим ба воя расад. Ҳамин рисолатро ба инообат гирифта, нақши оиларо дар ташаккули инсони комил басо бузург хондаанд. Ба ҳар як ҷавоне, ки нияти бунёди оиларо дорад, бояд талқин намуд, ки оила макони муқаддастарини инсон аст ва таҳкиму пос доштани анъанаҳои он вазифаи ҳар яки мост. Мо бояд дарк намоем, ки таҳкиму ободии оила ва тарбияи дурусти фарзанд барои ваҳдати миллӣ ва эъмори ҷомеаи солим иртиботи қавӣ дорад. Зеро агар дар оилае, ки ҳама аъзояш бомулоҳизаву андеша ва бо якдигар бо лутфу марҳамат бошанд, баракати он хонадон рӯз ба рӯз афзун гашта, рӯзи онҳо ба хушӣ бигзарад. Дар ҷомеа ҳам чунин аст, яъне, якдигарфаҳмии тамоми аъзои он ва худшиносию бедорӣ моро ба ваҳдат мерасонад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) дар ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: зани шоиста, фарзандони хайрманд, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан». Ба хонандагони арҷманд ҳамаи фармудаҳои он ҳазратро таманно дорем, то ба бахту саодати комили оилавӣ бирасанд ва фарзандони оқилу фарзонаро ба камол бирасонанд.
Убайдулло БОБОЕВ, устоди факултаи журналистикаи ДМТ
Муҳаббат - кафолати оилаи хушбахт? Оила дар баробари он, ки “ҷамъияти кӯчак” ва “муассисаи муқаддас” аст, инчунин, як ҳақиқати соф ва комилест. Аксаран ба дарки ин ҳақиқат ҳамон вақт мерасем, ки ҳамчун фарде барои пешбурди он саҳм мегирем. Яъне, вақте ки оиладор мешавем.
То оиладор шудан бисёриҳоро дар сар чунин орзу сайр мекунад: “Бо нафаре, ки дӯсташ медорам, оиладор шавам, тамоми умр хушбахт хоҳам буд!” Ин, албатта, хаёле ширину ҳаяҷоне гуворост. Мисли рӯи коғази васеи сафед бо хости дил расм кашидан ва зери борони ҳақиқат маҳв гардидани расми кашидаи мост, хаёли қабл аз оиладорӣ. Аммо аҷиб аст, ки мушоҳида мешавад дар ҷомеа нафарони бо муҳаббат оила бунёд карда низ хушбахт нестанд. Чаро? Равоншинос Нафисахон Юнусова мегӯяд, муҳаббат мояи хушбахтӣ ва асоси пойдории оила нест, балки эҳтиром аст. Эҳтироми тарафҳо. Зеро муҳаббат як ҳиссиёти муваққатӣ, миранда ва фанопазир аст. Вай мегӯяд, чи гуна ки биноро хишт чида, байнаш маҳлул рехта месозем, оила ва муносибатҳоро низ месозанд. “Вагарна он чизе нест, ки худ аз худ бунёд ёбад. Он як муассисаи мураккабест”, - таъкид мекунад равоншинос. Воқеан, оиладорӣ қабл аз бунёдаш дар тасаввури кас бо хаёлоти ширину орзуҳои рангин сохта мешавад. Вале вақте баъди ҳафтаҳо ва моҳҳои аввал саргардониҳои талх сар мешаванд, ин раванд навоиладоршудаҳоро ба кӯи ноумедӣ тела медиҳад. Пушаймониашонро зуд ба забон меоранд. Норозӣ мешаванд. Худро фирефташуда меҳисобанд. Мегӯянд, “оне, ки ман дӯст медоштам, на ин аст. Вай комилан дигар буд. Чаро дар ин муддат зуд тағйир ёфт?” Дар асл чизе тағйир наёфтааст ва касе ҳам фирефта нашудааст (ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ, албатта). Танҳо марҳалаи муҳаббат оҳиста-оҳиста ба анҷом расида, ҳақиқат чеҳра мекушояд. Бештари вақт мо ин паҳлуи масъаларо надида ва ё дидан нахоста,
баъди гузашти вақти муайян чун ҳақиқат аён мешавад, худро фиребхӯрда мепиндорем... Равоншинос мегӯяд, онҳое, ки майли бунёди оила доранд, ҳатман ин паҳлӯи масъаларо ба инобат бигиранд. Вай аз таҷриба мисол меорад, ки “ҷавонзане тақрибан 28сола ҳамроҳ бо модараш маслиҳатпурсӣ омаданд. Чун дарди эшон шунидам, маълум гашт, ки дар хонаи шавҳар чандон даст ба кор нест. Ин ҳолат бошад, ба хушдоманаш, ки баръакси келин зани чаққон будааст, хуш намеояд... Модари ин духтари маслиҳатҷӯ гирёну нолон аст, ки “агар духтарам бо ин аҳвол баргашта ба хонаи ман биёяд, чи кор мекунам? Ин мояи шармандагист”. Баръакси модар духтараш хеле бепарвою ҳавобаланд менамуд. Ба духтар гуфтам: ту аз ду якеро интихоб кун. Агар оила хоҳӣ, бояд аз баҳри танбалию ландаҳурӣ бароӣ, вале истироҳату маишат бихоҳӣ, маҷбури домони оиларо раҳо кунӣ...” Ба гуфтаи равоншинос Н. Юнусова шавҳари ин зани ҷавон, ки ҳамсарашро бо муҳаббат ва орзуҳои рангин интихоб кардааст, ҳоло аз танбалии вай шиква карда, бовар дорад, ки иштибоҳ намудааст. Ин нақли психолог он андешаро қувват мебахшад, ки танҳо муҳаббат мояи хушбахтӣ намешавад. Чи гуна ки бо асал гуфтан даҳон ширин намешавад, даъвои “бо муҳаббат оиладор шудем” низ бештари маврид кафили хушбахтии ҳамсарон намегардад. Пас, ақлу идрок, таҳаммулпазирӣ ва фаросати ҳар ду ҷониб, инчунин, эҳтироми онҳо ба якдигар аст, ки кафолати пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо мешавад. Бо умеди саломатӣ ва хушбахтии комили оилаи тоҷик...
Ҳамшираи шафқат ва модари меҳрубон Мавҷигул пас аз хатми омӯзишгоҳи тиббӣ ба зодгоҳаш, ноҳияи Файзобод баргашта, 27 сол боз ба табобати мардум машғул аст. Ӯ дар дармонгоҳи марказии ноҳия фаъолият намуда, дар шифо ёфтани ашхоси синну солашон гуногун саҳми арзанда дорад. Дафтари қайди беморонро, ки ӯ дар ихтиёр дорад, агар аз назар гузаронед, ба гуфтаҳои боло бовар хоҳед кард. Танҳо муддати чор моҳи соли ҷорӣ даҳҳо нафар дар дафтари ӯ сабт ёфта, табобат гирифтаанд. - Ман ба бемории диққи нафас гирифтор будам, - нақл кард зимни суҳбат, сокини ноҳия Савлакат Бобиева. - Дорую дармонҳои Мавҷигул имкон дод, аз ин бемории вазнин раҳо
ёбам. Вай на танҳо бо доруҳои гуногун, балки бо сухани хуш ва муомилаи нек ба дарди беморон шифо мебахшад. Чунин суханони некро, ҳамчунин, Насиба Алиева, Давригул Мирова ва чанд нафар зани корафтода дар ҳаққи ҳамшираи шафқат Мавҷигул Ҳоҷиева иброз доштанд. Мавҷигул Ҳоҷиева баробари фаъолияти меҳнатӣ ҳашт фарзандро тарбия намуда, ба воя расондааст. Ҳар кадом аз чунин модари мушфиқу меҳрубон ифтихор доранд. Чунки баробари саробони оила дар тарбияи фарзандон саҳми арзанда дорад. Тарбияи дурусти волидон имкон дод, фарзандон дар зиндагӣ ростқавлу бовиҷдон ба воя расанд. Ҳоло ҳамшираи
М. САИД, “ҶТ”
шафқат Мавҷигул Ҳоҷиева дар тарбияи наберагон ҳиссагузор аст. Вақтҳои фориғ аз кор бештари вақти хешро бо наберагон гузаронда, мекӯшад онҳо чун фарзандонаш инсони комил ба воя расанд.
Ҳокими Сафар, ноҳияи Файзобод
Натоиҷи марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат (1 май-6 июни соли 2014)
САМБО, 1-3 МАЙ, ШАҲРИ КӮЛОБ Вазни 52 кило 1. Суҳроб Муминов (ШНТМ) 2. Ҷомии Ҳасан (“Душанбе-1”) 3. Абдулхайи Раҷабиён (“Суғд”) 3. Сафарбеки Ҳукмалӣ (“Хатлон-2”) Вазни 57 кило 1. Акмалиддин Каримов (“Душанбе-1”) 2. Бобоҷон Зоиров (“Хатлон-2”) 3. Шарифҷон Сайфуллоев (“Душанбе-2”) 3. Муҳаммад Раҳимов (“Хатлон-1”) Вазни 62 кило 1. Хушқадам Хусравов (“Душанбе-1”) 2. Беҳрӯзи Хоҷазода (“Душанбе-2”) 3. Юсуфҷон Зоиров (“Хатлон-2”) 3. Бахтиёр Азизӣ (“Суғд”) Вазни 68 кило 1. Бахтиёри Шамс (“Душанбе-2”) 2. Мустафо Ҳасанов (“Душанбе-1”) 3. Умед Абдураҳимов (“Хатлон-2”) 3. Ҳамроз Раҷабов (“Суғд) Вазни 74 кило 1. Деваштич Убайд (“Душанбе-1”) 2. Иззатуллои Давлаҳмад (“Хатлон-2”) 3. Муҳаммадҷон Зоидов (“Душанбе-2”) 3. Шуҳрат Заренов (ВМКБ) Вазни 82 кило 1. Зайнолубиддини Аъзамхон (“Хатлон-2”) 2. Зафар Олимшоев (“Душанбе-1”) 3. Нусратшоҳ Имомов (“Хатлон-1”) 3. Азим Бегиҷонов (“Душанбе-2”) Вазни 90 кило 1. Бежан Боқиев (ВМКБ) 2. Қурбоналӣ Садриддинов (“Душанбе-1”) 3. Эраҷ Ҷумаҳмадов (ШНТМ) 3. Абдуҷалил Қаюмов (Суғд) Вазни 100 кило 1. Фурқат Назриев (“Хатлон-2”) 2. Диловари Сабриддин (“Душанбе-1”) 3. Ҷалол Боқиев (ВМКБ) 3. Зафар Саидолимов (Суғд) Вазни +100 кило 1. Набимуҳаммад Хоркашев (“Душанбе-1”) 2. Фирдавс Орифов (“Хатлон-2”) 3. Ҷалол Боқиев (ВМКБ) 3. Зафар Саидолимов (Суғд) БОКС, 28 АПРЕЛ-2 МАЙ, ШАҲРИ ХУҶАНД МАРДОН Вазни 49 кило 1. Шӯҳрат Сабзалиев (ВМКБ) 2. Муродҷон Расулов (Суғд) 3. Меҳрубон Абдуллоев (“Душанбе-2”) 3. Шаҳром Маҳмадалиев (“Душанбе-1”) Вазни 52 кило 1. Алиҷон Набиҷонов (Суғд) 2. Ҳабиб Мародасейнов (ВНКБ) 3. Зайниддин Ҳоҷамқулов (ШНТМ) 3. Шаҳриёр Аҳмадов (“Душанбе-1”) Вазни 56 кило 1. Асрор Воҳидов (Суғд) 2. Ораз Авзалшоев (ВМКБ) 3. Беҷон Саидов (“Хатлон-1”) 3. Эҳсон Таборов (“Душанбе-2”) Вазни 60 кило 1. Анвар Юнусов (“Душанбе-1”) 2. Ибодулло Каримов (Суғд) 3. Хайриддин Достамбуев (ВМКБ) 3. Диловар Мадиев (“Хатлон-2”)
Вазни 64 кило 1. Шавқатҷон Раҳимов (“Хатлон-2”) 2. Фурқатҷони Одилхон (“Душанбе-1”) 3. Кишвар Ҷомуродов (“Душанбе-2”) 3. Умархон Атаев (Суғд) Вазни 69 кило 1. Эраҷ Курбонов (Суғд) 2. Саидшо Шоимардонов (“Хатлон-1”) 3. Нодирхон Абдураҳимов (“Хатлон-2”) 3. Бахтиёр Мирзомуҳаммад (“Душанбе-2”) Вазни 75 кило 1. Фаридун Самиев (“Хатлон-2”) 2. Муҳаммадхӯҷа Сайдои (ВМКБ) 3. Маҳмуд Ҳайдаров (“Душанбе-1”) 3. Исматулло Амиров (“Душанбе-2”) Вазни 81 кило 1. Билолиддин Аҳадов (“Душанбе-1”) 2. Фарид Мастоншоев (ВМКБ) 3. Ҳалимбоев Зокирбоев (Суғд) 3. Комилҷон Холиқов (“Хатлон-2”)
3. Акбаршо Камолов (“Хатлон-1”) 3. Ҷамшед Халилов (“Хатлон-2”) Вазни 66 кило 1. Самандар Қаландаров (“Хатлон-1”) 2. Қурбоналӣ Зокиров (“Душанбе-2”) 3. Расул Абдушарифов (ШНТМ) 3. ҶаҳонгирХоҷаев (“Душанбе-1”) Вазни 73 кило 1. Сайҳомиди Сайвалӣ (“Хатлон-2”) 2. Абдувалӣ Гадоев (ШНТМ) 3. Табрез Парпишоев (Суғд) 3. Раҳмихудо Шарифов (“Душанбе-2”) Вазни 81 кило 1. Саидҷамол Алимардонов (“Душанбе-1”) 2. Аъзамшо Расулов (ШНТМ) 3. Ҷамшед Қурбонов (“Хатлон-2”) 3. Ҷамшед Шониёзов (Суғд) Вазни 90 кило 1. Саидҷалол Саидов 1-ум Душанбе 1 2. Абдуваҳоб Сатторов 2-юм Хатлон 1 3. Одилҷон Маҳмудов 3-юм Хатлон 2 3. Комрон Карликов 3-юм Душанбе 2 Вазни 100 кило 1. Дадахон Қурбоналиев (ШНТМ) 2. Снавбар Шанбиев (ВМКБ) 3. Анвар Умаров (“Хатлон-1”) 3. Ҷурахон Назаров (“Душанбе-1”) Вазни +100 кило 1. Шоҳрух Амирхонов (“Хатлон-2”) 2. Зиёратшо Баротов (“Душанбе-1”) 3. Азмиддин Одиназода (ШНТМ) 3. Одилҷон Сафаров (“Душанбе-2”)
Вазни 91 кило 1. Ҷаҳон Қурбонов (Суғд) 2. Фирас Анимир (“Душанбе-2”) 3. Мӯминҷон Норматов (“Хатлон-1”) 3. Лоиқҷон Касиров (“Душанбе-1”)
ГУШТИНИ МИЛЛӢ, 2-3 МАЙ, НОҲИЯИ РАШТ Вазни 55 кило 1. Дидоралӣ Азизуллоев (ВМКБ) 2. Ҳоҷивалӣ Раҳмонов (ШНТМ) 3. Ҷумъахон Раҷабов (“Хатлон-2”) 3. Воҳидҷон Қаюмов (“Душанбе-1”)
Вазни +91 кило 1. Меҳроҷиддин Каримов (“Душанбе-1”) 2. Абдурашид Бобозода (“Душанбе-2”) 3. Сулаймон Нодиров (“Хатлон-2”) 3. Ӯктам Қаюмов (Суғд)
Вазни 60 кило 1. Наҷибулло Ҳабибуллоев (“Хатлон-1) 2. Пайрав Шоев (“Хатлон-2”) 3. Амриддин Ҷумъазода (Суғд) 3. Ёрмаҳмад Асомуддинов (ШНТМ)
БОНУВОН Вазни 48 кило 1. Матлуба Каримова (“Душанбе-1”) 2. Фарангис Назриева (“Хатлон-1)
Вазни 65 кило 1. Ҷӯрабек Ризоев (ШНТМ) 2. Саидшоҳ Раҳматуллоев (Хатлон-2”) 3. Салмон Рамхудоев (ВМКБ) 3. Сорбон Ашӯров (“Хатлон-2”)
Вазни 51 кило 1. Дилафрӯз Ҷаъфарова (“Хатлон-2”) 2. Светлана Веглина (“Душанбе-1”) 3. Гулнора Насриддинова (“Хатлон-1”) Вазни 54 кило 1. Ҳангома Додихудоева (ВМКБ) 2. Хатича Муродова (“Хатлон-2”) 3. Мавзуна Худойдодова (“Душанбе-1”) 3. Шаҳноза Эгамова (Суғд) Вазни 57 кило 1. Сарвиноз Нодирова (“Душанбе-1”) 2. Рухшона Раҳмонзода (“Душанбе-2”) 3. Нилуфар Давлатова (“Хатлон-2”) 3. Парвина Додобоева (Суғд) Вазни 60 кило 1. Мавзуна Чориева (“Душанбе-1”) 2. Наргиза Зокирова (Суғд)
Вазни 70 кило 1. Муртазо Муродов (“Хатлон-2”) 2. Каримдод Убайдов (“Хатлон-1”) 3. Файзалӣ Орифов (Рашт) 3. Тилло Абдуллозода (Суғд) Вазни 75 кило 1. Амрулло Раҳимов (“Душанбе-2”) 2. Акмал Хоҷаазизов (ВМКБ) 3. Акбар Холов (ШНТМ) 3. Сӯҳроб Давлатзода (“Душанбе-1”) Вазни 80 кило 1. Маҳмадраҷаб Зулфиқоров (Рашт) 2. Хурсандҷон Лақаев (“Хатлон-1”) 3. Некрӯз Шокиров (ШНТМ) 3. Саймаҳмуд Муродов (“Хатлон-2”)
Вазни 64 кило 1. Шоира Зулқайнарова (“Душанбе-1”) 2. Ӯрунова Гулфина (Суғд)
Вазни 86 кило 1. Фирдавс Насимов (“Хатлон-2”) 2. Ҳайдар Умаров (ШНТМ) 3. Азиз Зарифов (“Душанбе-2) 3. Бахтовар Розиқов (Рашт)
Вазни 69 ткило 1. Фирӯза Худойдодова (“Душанбе-1”) 2. Вероника Калиновская (Суғд) 3. Шаҳноза Уматалиева (“Хатлон-2”) 3. Нодира Каримова (“Хатлон-1”)
Вазни 95 кило 1. Абдулло Сафаров (Рашт) 2. Ҷовид Мирзораҳим (Суғд) 3. Худойбердӣ Нураков (“Хатлон-1”) 3. Қудратулло Абдуллоев (“Душанбе-1”)
Вазни 75 кило 1. Миҷгона Умарова (“Душанбе-1”) 2. Гуландом Қарабоева (Суғд)
Вазни +95 кило 1. Самандари Маҳмадӣ (Рашт) 2. Саймуъмин Шоҳмаҳмадов (“Душанбе-2”) 3. Хуршед Шарифов (Суғд) 3. Абдуҷаъфар Саидов (“Хатлон-1”)
ДЗЮ-ДО, 7-8 МАЙ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ Вазни 60 кило 1. Каъбатулло Аминов (ШНТМ) 2. Озод Эмомов (“Душанбе-1”)
Вазни мутлақ 1. Абдулло Сафаров (Рашт)
2. Сайёд Юлдошев (ШНТМ) 3. Азиз Зарифов (“Душанбе-2”) 3. Абдуҷаъфар Саидов (“Хатлон-1”) ТАЭКВОНДО (ВТФ) БОНУВОН Вазни 46 кило 1. Сафарова Меҳрубон (ШНТМ) 2. Нигора Алиева (“Душанбе-1) 3. Умеда Пирова (“Хатлон-1) 3. Умеда Ибратшоева (ВМКБ) Вазни 49 кило 1. Нилуфар Содиқова (“Душанбе-1”) 2. Шоира Одинаева (“Хатлон-2”) 3. Наргис Холиқова (“Хатлон-1”) 3. Мавлуда Шарипова (“Душанбе-2”) Вазни 53 кило 1. Адолат Алишерова (ШНТМ) 2. Фарзона Раҷабова (“Душанбе-1”) 3. Манижаи Ҳайдар (“Хатлон-2”) 3. Омина Мираҳмадова (“Хатлон-1”) Вазни 57 кило 1. Шамсия Ҳафизова (“Душанбе-1”) 2. СарвинозҲалимова (“Хатлон-1”) 3. Малика Юлдошева (ШНТМ) 3. Майно Давлатшоева (ВМКБ) Вазни 62 кило 1. Маҳбуба Шарифова (“Душанбе-1”) 2. Тахминаи Шералӣ (“Хатлон-1”) 3. Парвина Розиқова (ШНТМ) 3. Шаҳноза Муродова (Суғд) Вазни 67 кило 1. Юлдашева Рисолат (ШНТМ) 2. Қурбонзода Шоҳбибӣ (“Хатлон-1”) 3. Мамадниҳолова Насиба (ВМКБ) 3. Хоҷаева Таҳмина (“Душанбе-1”) Вазни 67 кило 1. Моҳрӯ Халилова (“Душанбе-1”) 2. Замира Муминова (“Хатлон-1”) 3. Мафтуна Бобоҷонова (ШНТМ) МАРДОН Вазни 54 кило 1. Файзбахш Шоев (ШНТМ) 2. Биноӣ Раҳимов (“Хатлон-2”) 3. Далер Полвонов (ВМКБ) 3. Наврӯз Ҳомидов (“Душанбе-1”) Вазни 58 кило 1. Баҳодур Тоиров (ШНТМ) 2. Фатҳиддин Туманов (“Хатлон-1”) 3. Улям Бердиев (ВМКБ) 3. Баҳром Холов (“Душанбе-1”) Вазни 63 кило 1. Искандар Давлатов (“Хатлон-1”) 2. Давлатмурод Каримов (“Душанбе-1”) 3. Фаррух Алиев (“Душанбе-2”) 3. Ҷамшед Носиров (ШНТМ) Вазни 68 кило 1. Ахмед Одилбеков (ВМКБ) 2. Иброҳим Одинаев (“Душанбе-2”) 3. Маҳмадисои Исмоил (“Хатлон-2”) 3. Раҳмоналӣ Хоҷаев (“Хатлон-1”) Вазни 74 кило 1. Шаҳриёр Каримов (ШНТМ) 2. Муҳиддин Ҳотамов (Душанбе-1”) 3. Ҷалил Шамсов (“Хатлон-2”) 3. Қурбоншо Гадолиев (ВМКБ) Вазни 80 кило 1. Фарҳод Неъматов (“Душанбе-1”) 2. Тоҳир Миров (“Хатлон-2”) 3. Бунёдҷон Ниёзов (Суғд) 3. Зоири Тоҳир (“Хатлон-1”) Вазни 87 кило 1. Алишер Гулов (“Душанбе-1”) 2. Рашид Ибрагимов (“Хатлон-1”) 3. Виктор Кан (“Душанбе-2”) 3. Содиқҷон Эргашов (Суғд) Вазни +87 кило 1. Суҳроб Қаландаров (“Хатлон-1”) 2. Каабир Собиров (“Душанбе-1”) 3. Ислом Фозилов (“Душанбе-2”) 3. Насхиддин Ворисов (ШНТМ)
e-mail: javonontj@mail.ru
8 майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маросими ифтитоҳи марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат доир шуд. Ҳозирин ва иштирокдоронро Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпӣ табрик гуфта, ба онҳо комёбӣ орзу кард ва афзуд, ки: “Бозиҳои варзишии мамлакат бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани ҳайати дастаҳои мунтахаби мамлакат ҳар сол баргузор мегардад. Соли ҷорӣ дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста аз ВМКБ, Суғд ва дудуастаӣ аз Хатлону шаҳру навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доранд.” Инчунин, Маликшо Неъматов дар фазои тантанавӣ ба 40 варзишгари беҳтарини кишвар ва 15 нафар собиқадори соҳа стипендия ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро тақдим кард. Ёдовар мешавем, Бозиҳои варзишии мамлакат аз рӯи 10 намуд доир мегардад, ки то кунун натоиҷи панҷ навъи онҳо маълум гардидаанд:
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
11
РУШДИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
12
ОЛИМПИАДАИ НАВРАСОН
Фирӯз Ёқубов, донишҷӯи курси дуюми факултаи омодагии дифои ҳарбӣ, аз рӯи гӯштини тарзи озод дар вазни то 100 кило мақоми аввалро ишғол кард. Тоҳирҷон Охунов, донишҷӯи курси якуми факултаи варзиш дар намуди гӯштини юнониву румӣ (вазни то 85 кило) ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Аз рӯи гӯштини тарзи озод намояндаи дигари кишвар Инъом Инъомов, донишҷӯи курси дуюми факултаи варзиши ин донишкада дар вазни то 76 кило медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин, дар намуди гӯштини юнониву румӣ Бахтовар Ҳасанов дар вазни то 58 кило ва Равзатшоҳ Исоев дар вазни то 42 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Вале бар асоси низомномаи мусобиқа танҳо варзишгароне, ки ҷойҳои якуму дуюмро гирифтанд, соҳиби роҳхати олимпӣ шуданд.
Донишҷӯёни ДТҶТ соҳиби ду роҳхати олимпӣ шуданд Ду донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Фирӯз Ёқубов ва Тоҳирҷон Охунов зимни иштирок дар мусобиқаи литсензионии Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнониву румӣ байни наврасон, ки 8-11 май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон роҳхат ба даст оварданд.
ФУТБОЛ. ДИГАИ ОЛӢ
Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон 16-28 августи соли равон дар шаҳри Нанҷинги Чин доир мешавад. Ба барномаи бозиҳо 15 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони кишвар дар намудҳои бокс, дзю-до, таэквондо (ВТФ), тирандозӣ, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхат талош доранд. Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси кишвар соли 2010 дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал (Баҳодур Қодиров дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 63 кило – медали нуқра ва Шукрона Шарифова, таэквон-до (ВТФ), вазни то 44 кило – медали биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дар сурат (аз чап ба рост) Тоҳирҷон Охунов, Абдуразоқ Олимов (мураббӣ) ва Фирӯз Ёқубов бо падару модараш.
ДАВ
Аввалин ғалабаи “Далерон” ва аввалин бохти “Энергетик”
Марафони дав: Аз Хоруғ то Душанбе
Баъди танаффуси дуҳафтаина, бо сабаби бозии рафиқона бо тими миллии Афғонистон, бозиҳои Чемпиоанти мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир шуданд.
Ҳайати 10-нафараи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои якдилии ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ 10 май аз шаҳри Хоруғ марафони давро оғоз намуданд.
Дар доираи бозиҳои даври чорум 10 май тими “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи дастаи “Хуҷанд” 4 голи беҷавоб зад. Ҳисобро дар дақиқаи 27 Фатҳулло Фатҳуллоев кушод. Баъди даҳ дақиқа Ҷаҳонгир Эргашев голи дуюми “Истиқлол”-ро зад. Ду голи дигарро дар қисми дуюми бозӣ Дилшод Восиев ва Аҳтам Назаров заданд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ аз дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голи ягонаро дар дақиқаи 83 Рашид Мирхолиқов зад. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи турсунзодагиҳо анҷом ёфт. Дар ин бозӣ футболбози дастаи “Равшан” ба дарвозаи дастааш ду гол зад. Ду голи дигари “Регар-ТадАЗ”-ро Фирӯз
Раҳматов, голи панҷумро Абдурасул Раҳмонов ба ҳадаф расонданд. Ду голи “Равшан”-ро бозингари “Регар-ТадАЗ” Алишер Шарифов ба дарвозаи худ ва Наврӯз Рустамов заданд. Ду бозии дигар 11 май баргузор шуданд. Дастаи нави лигаи олӣ – “Далерон-Уротеппа” дар майдони худ тими КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ин аввалин ғалабаи “ДалеронУротеппа” аст. Голи ягонаро дар дақиқаи 22 Аъзам Ҳусейнов зад. Дар бозии охирони даври чорум “Энергетик” аз тими меҳмон – “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд. Ин бохти якуми “Энергетик” дар чемпионати имсола аст. Голҳоро Баҳодур Шарифов ва Муҳсин Парпиев дар дақиқаҳои 6 ва 51 заданд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, мутобиқи нақша иштирокчиёни марафон тибқи хатсайри Хоруғ-Шуғнон-Рӯшон-Ванҷ-Дарвоз-ШӯроободКӯлоб-Восеъ-Данғара-Норак-Файзобод-Ваҳдат-Душанбе дар муҳлати 8 шабонарӯз ба пойтахт расида, Парчами миллиро ба иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе месупоранд.
КАРАТЭ-ДО
Ду медали варзишгарони тоҷик дар Олмон Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба шотокан-СКИФ каратэ-до ду медал ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки 9-11 май дар шаҳри Дрездени Олмон баргузор шуд, тими мунтахаби Точикистон бо шумули панҷ варзишгар таҳти раҳбарии Маҳмадулло Мирзоев, раиси Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои кишвар, бори аввал ширкат кард.
Фозил Фозилов байни писарони 13-14-сола оид ба кумите соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони Аврупо гардид. Намояндаи дигари кишвар Аниса Ниёзова дар байни духтарони 14-15-сола оид ба кумите медали биринҷӣ ба даст овард.
e-mail: javonontj@mail.ru
ДЗЮ-ДО
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА:
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
ДАСТАҲО “Истиқлол” (Душанбе) “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) “Хайр” (Ваҳдат) «Энергетик» (Душанбе) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Равшан» (Кӯлоб) КМВА «Помир» (Душанбе)
Б 4 4 4 4 4 4 4 4 4 4
Ғ 3 3 2 2 1 1 1 1 1 0
М 1 0 1 1 2 2 2 0 0 1
Б 0 1 1 1 1 1 1 3 3 3
Т/Т 10/2 8/4 9/4 8/5 4/5 2/4 2/5 1/3 6/13 2/7
Х 10 9 7 7 5 5 5 3 3 1
Шикасти Комроншоҳ дар “Тоскулоҳи бузург” Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи кишвар дар мусобиқаи байналмилалии дзю-до аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ноком шуд. Ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку 9-11 май баргузор шуд. Комроншоҳ дар вазни то 90 кило 11 май дар даври аввал аз Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд. Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври дуюм аз Шоҳин Қаҳрамонов аз Озарбойҷон мағлуб гашт. Дар ин вазн, ки 26 нафар мубориза бурданд, Гиём Элмонт (Ҳолланд) ғолиб шуд.
Самбо илми мудофиа аст Солҳои охир гӯштини самбо дар мамлакат бештар маъмул гашта истодааст. Самбочиёни кишвар дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳон ғолибият ба даст оварда, ба шарафи онҳо парчами ҷумҳуриамон боло мегардад. Чанде пеш мо бо самбочии ҷавону умедбахш, донишҷӯи соли дуюми факултаи варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Мубориз Мунавваров мусоҳиб шудем. - Мубориз, чанд муддат аст, ки дар гӯштини самбо тамрин мекунӣ ва дар ин ҷода киро устоди худ меҳисобӣ? - Ду сол аст, ки ман дар назди варзишгари маъруф, Мураббии шоистаи ҷумҳурӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов тамрин мекунам. Зери сарпарастии ин устоди мушфиқ варзишгарони шинохта, ба монанди Акмалиддин Каримов (Чемпиони ҷаҳон байни наврасону ҷавонон), Хушқадам Хусравов (Чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон), Нозим Оқилов (дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Белорус соли 2012) ва ғайра машқ мекунанд. Ректори донишкада Шодӣ Сафаров ва декани факулта Низомиддин Қаюмов нисбат ба донишҷӯён ғамхорӣ зоҳир
карда, барои сари вақт ба мусобиқаҳо омодагӣ дидану бомуваффақият ширкат варзидан мусоидат менамоянд. - Чаро маҳз гӯштини самборо интихоб намудӣ? - Ҳангоми дар мактаби рақами 2-и ноҳияи Ванҷ таҳсил кардан ба гӯштини миллии тоҷикӣ шавқ доштам. Соли 2012 дар мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар маркази ноҳия баргузор гардид, ғолиб омадам. Ҳама гӯштингирони мамлакат машқро аз гӯштини миллӣ оғоз кардаанд. Барои он гӯштини самборо интихоб кардам, ки он дар арсаи байналмилалӣ нуфузи бештар дорад. Ин намуди гӯштин солҳои бистум-сиюми асри гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст. Варзишгарони шинохта В. Спиридонов, В. Ошепков, А. Харлампиев ва Е. Чумаков дар таъсису рушди самбо саҳми асосӣ гузоштаанд. 16 ноябри соли 1938 Кумитаи варзиши СССР самборо ба намуди варзиши дар Иттиҳоди Шӯравӣ васеъ паҳншуда дохил намуд. Маънои самбо ҳимоя кардан бидуни аслиҳа мебошад. Дар ин намуди гӯштин нозукиҳои яккаҳарбии мардуми рус, гурҷӣ, тотор, тоҷик, қазоқ, бурят, англис ва ғайраро дидан мумкин аст. Самбо илми мудофиа аст. Машғул шудан ба самбо на танҳо боиси солимии тан, балки боиси болидагии рӯҳ ва мустаҳкамшавии ирода мегардад. - Ҳарчанд ҳамагӣ ду сол боз дар намуди гӯштини самбо тамрин кар-
да бошӣ ҳам, натиҷаҳои хуб ба даст овардаӣ. Мехостам дар бораи чӣ гуна ноил гаштан ба комёбиҳо каме маълумот диҳӣ. - Соли 2013 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, дар вазни 68 кило сазовори медали нуқра гардидам. Баъдан, дар Чемпионати ҷумҳурӣ медали тилло насибам шуд. Соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи самбочиён баргузор гардид, ки дар он ҷои сеюмро гирифтам. Дар мусобиқаи дигаре, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба финал баромада, сазовори медали нуқра шудам. Ман бар чор ҳарифи худ дастболо шуда, дар финал аз гӯштингири ботаҷриба Муҳиддин Муҳиддинов мағлуб гаштам. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд ширкат варзида, маҳорати варзишиаш баланд аст. Ҳар як мусобиқа дар баробари имтиҳон, инчунин, мактаби омӯзиши таҷрибаи пешқадам мебошад. Мо сабқати гӯштингирони ботаҷрибаро тамошо карда, аз онҳо бисёр чизҳоро ёд мегирем. - Оянда чӣ нақшаҳо дорӣ? - Мо ҳоло зери назорати мураббии мушфиқамон рӯзе ду бор тамрин мекунем. Ба мусобиқае, ки тирамоҳи соли равон дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, омодагӣ мебинем. Кӯшиш мекунем, ки дар чунин қувваозмоиҳо ғолиб омада, Парчами кишварро баланд бардорем. Аз он ки маҳз гӯштини самборо интихоб намудам, заррае пушаймон нестам. Зеро варзишгаре, ки дар самбо муваффақ
шуд, ба осонӣ дар дигар намудҳои гӯштин низ метавонад қувваозмоӣ кунад. Масалан, соли 1957 самбочиёни шӯравӣ дар мусобиқаи рафиқона бо дастаи дзюдочиёни Маҷористон (Венгрия) бо ҳисоби умумии 47:1 ғолиб омада буданд. Баъдан, самбочиёни шӯравӣ дзю-дочиёни Олмони демократӣ (ГДР), Чехославакия ва Фаронсаро мағлуб карданд. Гӯштини самбо дар давраи шӯравӣ ягона намуди ғайриолимпии варзиш буд, ки аз ҷониби давлат васеъ дастгирӣ меёфт. Солҳои охир дар ҷумҳурии мо ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Чунин ғамхорию таваҷҷуҳ мо - варзишгаронро водор месозад, ки ба натиҷаҳои баландтар ноил гашта, номбардори Ватани азиз бошем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШ
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Айёми Наврӯзи оламафрӯз буд. Дашту доман ва боғу чаман қабои сабзранг ба бар карда, аз накҳати ҳавои наврӯзӣ гирду атроф атрогин мешуд. Мардуми деҳа ба истиқболи ин ҷашни қадимаи ниёгон маъракаи гӯштингирӣ ташкил карданд. Чун одат имрӯз низ гӯштингирӣ аз кӯдакон оғоз ёфта, чанд ҷуфт бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар миёни онҳо писараки миёнақади зебосимое фарқ мекард. Ӯ оромтабиат, босалобат, чусту чолок ва паҳлавонсурат менамуд. Вақте довар ӯро чун ғолиби дасти аввали гӯштингирӣ ҳисобид, бори дигар дар маъракаи мудаввар кӣ буданашро эълон кард: “Паҳлавон Ҷомии Ҳасан, хонандаи синфи чор, ғолиби чорабинии имрӯзаи маъракаи гӯштингирӣ. Касе, ки хоҳиши бо ӯ қувваозмоӣ кардан дорад, марҳамат”. Баъди ин эълон аҳли маърака, бахусус, мухлисону паҳлавонон завқ бурда, ба маъракаороиву маҳорати ин кӯдаки ояндадор зеҳн мемонданд. Аз ҳама бештар устодаш, муаллими фанни варзиш Абдулло Шарифов хурсанд
буд. Се нафари дигар паси ҳам маърака даромада, бо ӯ қувваозмоӣ карданду мағлуб шуданд. Дигар аз ҳамсинну солаш касе ҷуръати бо ӯ гӯштингирӣ накарданд ва Ҷомӣ ғолиби маърака ҳисобида шуд. Ҳамон рӯз сифати гӯштингириву паҳлавонии Ҷомӣ дар деҳа паҳн шуд. Акнун дар забони хурду калон номи ӯ бо ифтихор гирифта мешуд. Ӯ зери роҳбарии устодаш Абдулло Шарифов дар ҳар мусобиқаи гӯштингирӣ, маъракаву “гӯштини рафиқона”-и деҳа, ҳудуди ҷамоати деҳот ва ноҳия иштирок карда, ғолибият ба даст меовард. Ин буд, ки шуҳраташ дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳия паҳн гашт. Аз маҳорати паҳлавонии Ҷомии Ҳасан ҳамдиёраш, Устоди варзиш, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон Садриддин Обидов дарак ёфта (бо маслиҳати устод Абдулло Шарифов ва падараш Ҳасани Муҳаммад Алӣ) Ҷомиро барои таҳсилу такмили ояндааш ба мактаби варзишии бачагонаи ба номи Иброҳим Ҳасанови шаҳри Душанбе ҳидоят намуд. Ҳамин тавр, Ҷомӣ соли 2007, аз синфи 7 таҳсилро дар ин мактаб идома дода, таҳти назорати устод Садриддин Обидов
ва роҳбарии Вайсиддин Кабиров нозукиҳои гӯштини самбо, дзюдо ва миллиро омӯхта, маҳораташро сайқал дод. Ӯ борҳо дар озмунҳои гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи варзишгарони ноҳияи Ховалинг баромад карда, ғолибият ба даст овард. Солҳои 2008-2009, 2012-2013 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо ва дзюдо иштирок карда, меъёри Устоди варзиши Тоҷикистонро ба ҷо овард ва ба гирифтани чор карат қаҳрамони
Тоҷикистон ноил гардид. Ҷомӣ пайваста машқ карда, нозукиҳои гӯштинро омӯхт ва маҳораташро сайқал дод. Соли 2012 дар мусобиқаҳои асосӣ, дар шаҳри Тошканд ширкат варзида, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Соли 2013 низ ӯ дар мусобиқаи байналмилалие, ки аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Сотсолонияи Юнон баргузор гардид, ширкат варзида, ба гирифтани ҷои сеюм сазовор шуд. Худи ҳамон сол Ҷомӣ дар мусобиқаи дигари умумиҷаҳонӣ оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея иштирок намуда, ба паҳлавонони Қазоқистон, Арманистон ва Муғулистон ғолиб баромад ва ба гирфтани медали тилло шарафёб гашт. Ӯ дар вазни 48 кило унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ҷомӣ моҳи марти соли равон дар чемпионати шаҳри Душанбе сазовори медали тилло гашт ва роҳхат ба Чемпионати ҷумҳуриро ба даст овард. Дар ин миён мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ректори ДМТ доир гашт, ки дар он низ ҷои намоёнро ишғол намуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки 18-20 апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд доир гашт, иштирок карда, соҳиби медали тилло гашт. Барои чунин дастовардҳои бузург Ҷомиро ба гирифтани сти-
пендияи раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карданд. Падари Ҷомӣ Ҳасани Муҳаммад Алӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки “арзи сипоси маро ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва соҳибкор Ҳоҷӣ Рустам Дӯстов расонед, зеро онҳо ширкат намудан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мушарраф шудан ба комёбиҳои бадастовардаи фарзандам Ҷомӣ саҳми калон доранд”. Имрӯзҳо қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо Ҷомии Ҳасан дар курси якуми факултаи математика, шуъбаи барномасозии компютерии ДМТ таҳсил намуда, ҳамзамон, пайваста машқ мекунад ва барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гӯштинҳои самбо ва дзюдо тайёрӣ мебинад. - Ман аз декани факулта С. Мирзоев ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомов миннатдорам, ки ба рушди варзиш диққат дода, моро дастгирӣ мекунанд, - мегӯяд Ҷомии Ҳасан. Ин кӯмаку дастгирии онҳо моро водор месозад, ки сазовори бовариашон гашта, аз мусобиқаҳо бо сари баланд баргардем.
А. ШАҲРИЁРӢ, ноҳияи Ховалинг
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз майдони наврӯзӣ то мусобиқаҳои ҷаҳон
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
14
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Саидбой Шербоев аз зумраи нафаронест, ки маҳз барои кори омӯзгорӣ ба дунё омада, қариб панҷоҳ сол аст, ки дар ин ҷода заҳмат мекашад. Аз амалҳои анҷомдодаи худ ифтихор дорад ва барҳақ эҳтироми воқеии шогирдонро сазовор гардидааст. Дар воқеъ, ӯ ифтихор дорад, ки ҳазорон шогирдро тарбия намудаву ба онҳо аз нозукиву дороиву мушкилоту хусусияти умдаи сарфу наҳви яке аз бузургтарин ва шевотарин забонҳои олам - форсии тоҷикӣ сабақ додан насибаш гардидааст.
овини директор оид ба корҳои таълиму тарбия ифои вазифа намудааст. Солҳои омӯзгор будан дар мактабҳои миёна бо факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгорӣ ва устодон робитаи хуб дошт. Баъд аз ин тӯли як сол дар Институти такмили ихтисоси муаллимон (солҳои 1979-1980) мудирии кабинети забон ва адабиёти тоҷикро ба уҳда дошт. Чун таҷрибаи кофии омӯзгорӣ пайдо намуд, аз сентябри соли 1980 ба тариқи озмун ба вазифаи муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгорӣ ба кор қабул шуд ва то соли 2012 дар ин кафедра ҳамчун муаллими калон, дотсент ва профессор аз курсҳои методикаи таълими забони тоҷикӣ ба донишҷӯён сабақ додааст. Ҳамчун омӯзгори масъулиятшинос солҳои 19902012 роҳбарии умумии таҷрибаомӯзии факултаи филологияи тоҷикро бар дӯш дошт, ки ин кор заҳмати зиёдро талаб дорад ва С. Шербоев барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва
С. Шербоев аз он омӯзгорони серталабу соҳибмаромест, ки ҳамвора дар ҳалқаи донишӯён қарор дорад, садои дили онҳоро гӯш медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки ба онҳо кӯмаке намояд. Ин гуна сифатҳои ҳамидаро танҳо омӯзгори асилу ғамхор ва дилсӯзи касби худ дошта метавонад. С. Шербоев дар мактаби миёнаи деҳаи Ғарибаки ноҳияи Панҷакент аз устодонаш Саида Шарифова, нависанда ва рӯзноманигори маъруф Бобо Насриддинов, Муҳаммадӣ Шодиев, Наим Хӯҷаев ва дигарон саводи ибтидоӣ ва миёна омӯхта, баъди ду соли дар деҳа кор кардан, соли 1963 донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (он вақт Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко) мегардад. С. Шербоев ифтихор дорад, ки мисли ҳазорҳо нафари дигар шогирди омӯзгорону донишмандони мӯътабари тоҷик Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Муҳаммадӣ Исматуллоев, Назаршоҳ Бозидов, Ғулом Маликов буд. Чунки дар ҳалқаи тавонои таълиму тарбияи ин устодони мутабаҳҳир ба омӯхтани илмҳои гуногуни филологӣ машғул гардидан, бахти баланде буд, ки насиби на ҳар кас мегардид. Солҳои 1967-1979 дар вазифаҳои мураббӣ, муаллими забону адабиёти тоҷик ва му-
дар оянда ҳамчун муаллимони касбӣ ба воя расидани онҳо саҳми назаррас гузоштааст. Аз сентябри соли 2012 то ҳоло дар вазифаи профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода фаъолият дорад. Саидбой Шербоев баробари кор дар донишгоҳи олӣ ба тадқиқоти илмӣ ҷиддан машғул гардида, соли 1985 зери роҳбарии яке аз забоншиносони маъруфи тоҷик М. Исматуллоев дар мавзӯи «Хабарҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Мавсуф дар рисолаи номзадиаш масъалаи омӯзиши
Соҳибэҳтиром
¶
Саидбой Шербоев ҷиддан ба навиштани асару мақолаҳои илмӣ, методӣ, китоби дарсӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ ва тақризҳои илмӣ машғул гардид, ки миқдори ин таълифот аз 150 беш аст. Ба ин гуфта 4 рисолаи илмӣ, 4 дастури методӣ, 6 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ ва мақолаҳои зиёд мансубанд.
хабарҳои феълӣ ва хусусиятҳои онро ҳамчун яке аз қисматҳои баҳсноки синтаксиси ҷумлаҳои содаи забони тоҷикӣ баррасӣ намудааст. С. Шербоев дар ин ҷода тадқиқоти худро васеъ намуда, соли 1993 дар мавзӯи «Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна» рисолаи докторӣ дифоъ намуд, ки дар мисоли худ ин тадқиқоти тоза дар соҳаи усули таълими синтаксиси забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Таълими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна мушкилоти зиёд дорад, ки баҳсҳои тӯлонии дар солҳои ҳаштодум ва навадуми асри гузаштаи донишмандони забоншинос далели ин гуфтаҳост ва рисолаи С. Шербоев чандин гиреҳ ва мушкили таълими ин шохаи забоншиносии тоҷикро барои устодон ва мактабиён осон намудааст. Дар ин рисола муҳаққиқ асосҳои илмию методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои содаи забони тоҷикиро марбут ба омӯзиши рукнҳои аввалиндараҷаи он – ибора ва сараъзо дар синфҳои 5 ва 8, ҷумла ва хелҳои он аз ҷиҳати мазмун ва оҳанги талаффуз дар синфи 8 мавриди тадқиқ қарор додааст. Тадқиқи масъалаҳои номбаршуда дар рисола аз ду ҷиҳат, ҳам аз тариқи илмӣ ё худ назарияи забоншиносӣ ва ҳам аз ҷиҳати асосҳои илмии методикаи таълими забон бо назардошти қонуниятҳои педагогиву равоншиносии тадқиқот объ-
екти баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифи рисола баҳри амалан санҷидани натиҷаҳои мушоҳидаву назарияҳои илмӣметодии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи методистони машҳури шӯравӣ ва ҳам ақидаҳои сирф фардии 30-солаи омӯзгориаш ҳам дар мактаби олӣ ва ҳам миёна озмоишу таҷрибаҳои гуногуни илмӣ-методӣ (озмоишҳои муқарраркунӣ, таълимӣ ва санҷишӣ) гузаронида, зимни асноди боварибахш, аз як тараф нуқсонҳои китобу барномаҳои таълим, пастии сатҳи дониши хонандагон ва баъзе камбудиҳои дигарро дар кору амалияи омӯзгорон ошкор намуда, аз тарафи дигар, роҳу воситаҳои баландбардории сифати китобу барномаҳои таълимии забони тоҷикӣ, дониши шогирдон ва такмили маҳорату малакаи омӯзгорони фанни мазкурро марбут ба мавзӯи тадқиқот низ равшану дақиқ нишон додааст. Ин рисолаи боарзиш солҳои 2009, 2012, 2014 ҳамчун китоби дарсии «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба чоп расидааст. Ҳамин тариқ, Саидбой Шербоев ҷиддан ба навиштани асару мақолаҳои илмӣ, методӣ, китоби дарсӣ, дастуру барномаҳои таълимӣ ва тақризҳои илмӣ машғул гардид, ки миқдори онҳо аз 150 беш аст. Ба ин гуфта 4 рисолаи илмӣ, 4 дастури методӣ, 6 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ
ва мақолаҳои зиёд мансубанд. Дар баробари таълифи асару мақолаҳои илмӣ, ин донишманди соҳибэҳтиром бештар ба таълиму тарбияи шогирдон низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Таҳти роҳбарии профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саидбой Шербоев ду нафар рисолаи докторӣ ва се нафар рисолаи номзадӣ дар соҳаи педагогика ҳимоя намудаанд. Ҳоло ду нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ марбут ба методикаи таълими забони тоҷикӣ қарор доранд. Инчунин, С. Шербоев дар ҳимояи 27 нафар унвонҷӯ ба ҳайси муқарризи расмӣ рисолаҳои эшонро доварии илмӣ кардааст. Саидбой Шербоев узви комиссияи ташхиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашри барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастуру адабиёти методӣ оид ба таълими забон ва адабиёти тоҷик ва узви Шӯрои махсусгардонидашудаи назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории соҳаи педагогикаи умумӣ ва таърихи он мебошад. Натиҷаи меҳнати босамар ва ҷустуҷӯҳои пайгиронаи илмиаш аст, ки соли 2004 узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид. Хизмати бисёрсолаи бенуқсонаш бо чандин ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. С. Шербоев Корманди шоистаи Тоҷикистон (2007) буда, соли 1999 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Имрӯзҳо ин донишманди соҳибэҳтиром ва нуктасанҷу варзида ҳафт даҳаи умрро тай намуда, дар давраи камолоти эҷодӣ қарор дорад, ки ҳамвора ӯро илмаш ба амал ёру ёвар, дониш андар дилаш чароғи равшан ва қулфкушои ҳама дарҳояш илм будааст. Дар ин марҳилаи камолот ҳамкорону пайвандон ва шогирдону ихлосмандон умед бар он доранд, ки устод Саидбой Шербоев бо як нерӯву ҷасорати ба худ хос корҳои зиёди дигарро ба анҷом мерасонад, то ки боз чандин саҳифа ва ҷанбаҳои норавшани илм равшан гардад. Мо ба ин шахси наҷибу некӯсияр ва соҳибэҳтиром муваффақияту барор орзу дорем.
Вафо ЭЛБОЕВ, Раъно БОБОКАЛОНОВА, Саидраҳмон САИДОВ, устодони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
Мураттиб Абдуазим РАҲИМОВ, донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Аз чап ба рост: 1. Кислотаи дезоксирибонуклеинат бо русӣ (кӯтоҳ) | 2. КРН –+ кислотаи... | 3. Дармон аз шамолхурӣ | 4. Нахҳои риштамонанди ядро | 6. Модаи химиявӣ | 7. Муҳити ниммоеи дохили ҳуҷайра | 8. Узви ҳисиёт | 10. Инфузория дорои .... калон ва хурд мебошад | 11. Паразитҳо ...-организмҳо мебошанд | 13.Тағйироти ирсие, ки дар заминаи маводи генетикӣ ба амал меояд | 16. Аденозинтрифосфат (кӯтоҳ) | 18. Нейронҳои душохадор | 20. Гиёҳи шифобахш | 21. Органелаи ҳуҷайра ...-и Голҷи | 22. .... Дауна | 24. Элементи асосии яке аз компонентҳои зарурии ҳуҷайраи зинда - кислотаи нукленӣ (русӣ) | 26. Дарозии бандкирми гов аз якчанд мм. то 30 ... мешавад | 27. Ҷамъи таъсири тарафайни генҳои организм. | 28. Маънои калимаи “Homo” | 29. Организм бе он зиндагӣ карда наметавонад | 31. Зарарбинии организм бо микробҳои зараровар | 32. Духтури ҳайвон | 34. Генҳое, ки дар ҷойҳои ба ҳам монанди хромосомаҳои гомологӣ ҷойгиранд | 36. Порчаи молекулаи КДН | 38. Боди (осложнение) ҳомиладорӣ | 41. Дар растаниҳо шиддати фотосинтез баробари зиёд шудани равшанӣ меафзояд, ин ҳолатро дараҷаи мӯътадили равшанӣ ё ... экологӣ меноманд. | 42. Кадом система организмро аз ҷисмҳои бегона ҳимоя мекунад? | 44. Номи дигари ҳаста | 47. Химик ва биологи немис | 49. Термини «револютсия» маънои кӯҳнашудаи русӣ | 51. Ресессив пурра пахш нашуд, ин доминанти ... | 53. Ҳуҷайра бо русӣ | 55. Хосияти ба наслҳо гузаштани аломат | 58. Термине, ки маънои «маҷмуъ» (совокупность)- ро дорад | 59. Қонуни дуюми Мендел (дар наслҳо зоҳиршавии шаклҳои гуногуни як аломат) | 60. Аз гази карбонат ва оксиген ҳосилшавии глюкозаро ...-и фотосинтез меноманд | 63. КРН-а – рибонуклеинати... | 64. Давраи аз 6 то 17-18- солагӣ | 66. «Таҷриба дар растаниҳои гибридӣ» моли кист? | 71. Моносахариде, ки дар натиҷаи фотосинтез ҳосил мешавад | 73. Изофаи кӯтоҳи нейрон | 75. Ҳадди тағйирпазирии модификатсиявиро ...-и реаксия меноманд | 76. Афзоиши мутобиқати организм ба муҳити беруна, прогресси ... | 78. Гени доминантӣ қобилияти пахш кардани гени ресессивиро надорад, ин доминантии ... | 80. Ҳормонҳои ғадуди болои гурда (қабати қишрӣ) | 81. Қобилияти худбарқароркунии организм, баъди захмбардорӣ (русӣ) | 82. Экология яке аз …-ҳои фанни биология мебошад | 83. Макро ва ... организмҳо.
Аз боло ба поён: 1. КДН - Кислотаи ... | 5. ... ва фауна | 7. Ҳаёти мувақатти микроорганизмҳо | 9. Хосияти сохтори организмҳо | 12. Ба таври сунъӣ қатъ кардани ҳомиладорӣ (русӣ) | 14. Номи моҳӣ | 15. Тағйирёбии сохтори КДН дар ҳудуди ген, мутатсияи ... | 17. Марги ҳуҷайра | 18. Миқдори моддаҳои зиндаи системаи биологӣ | 19. Аломати бартаридошта | 23. Яке аз асоси нитрогенӣ, ки занҷирҳои КДН-ро таркиб медиҳанд | 24. Изофаи дарози нейрон | 25. Мутобиқшавии организм | 27. Мубодилаи … байни шуш ва муҳити атроф | 30. Тағйирпазирии ... бо генотип вобастааст | 33. Таъсири як ген, ки чанд аломатро назорат мекунад. | 35. Духтурҳо ё мутахассис дар соҳаи оториноларингология (кӯтоҳ) | 37. Дар ҳолати ҷарроҳӣ истифода мешавад | 39. Термини «витамин»-ро ки ҷорӣ намуд? | 40. ... вируси зукомро пешгирӣ карда наметавонад | 43. Аз маводи ибтидоӣ интихоб кардани фардҳои алоҳида, ...-и фардӣ | 45. Дар дохили ядро ҷойгир аст | 46. Иммунитети ... аз насл ба насл мегузарад? | 50. Кислотаи рибонуклеинат (кӯтоҳ) | 52. Организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд | 54. Муаллифи асари «Пайдоиши намудҳо»? | 56. Нейронҳои якшохадор? | 57. Хромосомаи ҷинсии гомогаметии одам | 61. Муфтхуре, ки дар рӯдаи борик ҷойгир мешавад | 62. Муҳофизати насл аз душманро .... ба насл меноманд | 65. Бо таъсири омилҳои беруна ба вуҷуд овардани мутатсияҳо | 67. ... сохторӣ ва функқионалии ораганизми зинда | 68. Истилоҳи биосфераро ки ҷорӣ намуд? | 69. Олими чех Грегор Мендел асосгузори кадом фан мебошад? | 70. Қонуни якуми Мендел «Қонуни ҳамшаклии наслҳои ...» ном дорад | 72. Маънои калимаи трансформизм | 74. Нейрон аз қисмҳои аксон, дендрит ва ... иборат аст | 77. Якумин КДН-ро кӣ кашф карда буд? | 79. Омилҳоеро, ки аз ҳадди оптимум мебароянд.
ВАРЗИШИ АҚЛ
15
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №20 (9342), 15 МАЙИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз суҳбати ду навтоҷик. Аввалӣ: - Шаби гузашта ҳамроҳи додарам аз наздикии купрӯк мегузаштем, ки ногоҳ садое баланд шуд: «Ёрӣ диҳед! Мекушанд!». Дуюмӣ: - Баъд чӣ? Аввалӣ: - Баъд чӣ? Дуюмӣ: - Ҳа, куштем.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7669 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Сабади чиркин Хонандае назди донишманд омада, аз аҳволаш шикоят мекунад. Мегӯяд, аз рафтану омадан ба мактаб дилгир шудам. “Чунки ҳар қадар бихонам ҳам, чизе дар сарам намемонад. Чизеро на аз хондаҳоям дар ёд дошта метавонам, на аз дарсҳои муаллимон”. Донишманд шикояти хонандаро бодиққат гӯш карда, сипас, сабади кӯҳна ва ифлосеро ба дасташ дода, ба сӯи чоҳе ишора мекунад, ки дуртар аз онҳо воқеъ буд. “Бирав ва сабадро аз об пур карда биёр!” Хонанда сабадро ба чоҳ афканд, вале оби бардоштааш то назди донишманд нарасид. Он зуд аз об холӣ мешуд. Донишманд ба ҳамин тариқ ҷавонро се маротиба ба чоҳ фиристод, вале дар се маврид ҳам вай беоб баргашт. Аз сараш гузашт, ки ин кор бефоида аст, бо вуҷуди ин, панди муйсафеди донишмандро мунтазир буд. Дарсе, ки мӯйсафед ба ӯ медод, барояш аҷиб буд. Ниҳоят, мӯйсафед табассум кард ва хонандаро наздаш хонда, изҳор дошт: “Муҳим аз чоҳ дасти пур ё холӣ омадан нест, балки худи ба чоҳ рафта омаданат муҳим аст. Ана, бин,
ҳар боре, ки сабадро ба чоҳ афкандӣ, он тоза шудан гирифт. Дар он ҳоло ғуборе намондааст...” Дарс: Муҳаббат ҳам чунин аст. Намешавад, ки ҳама вақт аз маъшуқ ҷавоби мусбат шунид. Бисёр вақт мо ҳам дасти холӣ бармегардем. Аз изҳори муҳаббат карданҳоямон бештари вақт хаста мешавем. Он чиро ки аз маҳбубамон чашмдорем, намебинем. Аммо муносибату муомилаи ҳамсон надиданамон маънои онро надорад, ки ҳама чиз бефоида буд. Асло! Азият мекашем, ноумед мешавем, парешонии хешро бисёр мебинем. Ба
ҳадде ки дигар аз дӯст доштан ва аз дӯстдори касе будан меҳаросем. Ин ҳамаро беҳуда мепиндорем, чуноне ки хонандаи ҷавон ба чоҳ рафтанашро кори бефоида пиндошт. Вале дар ниҳоят мебинем, ки сабади мо, яъне, қалбамон ҳар бори ба чоҳи муҳаббат ғутта задан тару тоза шуда, берун мебарояд. Зебо шуда, дурахши дигаре мегирад. Акнун мебинем, ки қалби мо бо муҳаббат шустушӯ дида, дар муқобили тӯфони ҷудоиҳо устувортар шудааст. Пас, қалбро аз ворид шудан ба чоҳи муҳаббат бояд ҳаросон накунем. Бояд ғутта занад...
Таҳияи Б. УСМОН, «ҶТ»
Чанд ҷавон навтоҷикеро дошта ба ҷои беодам мебаранду сарашро ба даруни об зер карда мебардоранду мепурсанд: - Доллар ҳаст? - Не. Боз сарашро ба даруни об зер карда, берун мекунанд ва мепурсанд: - Евро ҳаст? - Не. Бори дигар сарашро ба об зер кардаву мепурсанд: - Сомонӣ чӣ? Навтоҷик ба зур нафас кашида, мегӯяд: - Аз барои савоб ё каме чуқуртар сарамро ба об зер кунед ё каме зиёдтар доред, ки ман ин хел чизеро намебинам.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №123787, ки онро мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и ноҳияи Қубодиён соли 1992 ба Болтаев Абдураҳмон додааст, эътибор надорад.
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини гумшудаи А№0261789, ки соли 2006, таҳти рақами 1086 дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус ба номи шаҳрванд Умаров Парда (0,15 га) сабт гардидааст, эътибор надорад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини гумшудаи А№0261790, ки соли 2006, таҳти рақами 1086 дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус ба номи шаҳрванд Умаров Фарҳод (0,15 га) сабт гардидааст, эътибор надорад.
ҲАМДАРДӢ
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Сироҷиддин Иззатуллоев нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд. 8 майи соли равон дар синни 49 соҳибкори шинохта Мардон Зарифов аз дунё гузашт. Марҳум 6 фарзандро ятим гузошт. Мардон ҷавони хандонрӯй, хушмуомила ва корбудкун буд. Ин ҷавони серғайрат аз уҳдаи тамоми корҳои рӯзгор мебаромад. Мо бародарон ва дӯстони оилаи Зарифовҳо ғамгин ҳастем, ки чунин як ҷавони нозанин, падар ва фарзанди меҳрубон, инсони пок ва некро аз даст додем. Аз марги бемаҳали Мардон Зарифов сахт андуҳгин буда, ҳамдардии хешро ба аҳли оилаи марҳум изҳор менамоем. Гурӯҳи дӯстону бародарон