Javonon №21 (9343), 22.05.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

1

№21 (9343),

22 майи соли 2014

23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКИ

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Дӯстони гиромӣ, Ҷавонони мӯҳтарам! 22 майи соли 1998 - дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии кишвар таҳти №628 дар мамлакат 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Сол ба сол дар сатҳи баланди ҷамъиятию сиёсӣ таҷлил гардидани

Рӯзи ҷавонон дар мамлакат шаҳодат аз он медиҳад, ки нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ҳалкунанда мебошад. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва варзишӣ руйдоди муҳим буда, он идомаи дастовардҳои ҳаёти ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон аст. Имрӯз Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон соҳаи ҳаёти

ҷавононро аз мадди назар дур намемонанд ва пайваста дар ин раванд тавваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар мамлакат бо мақсади фароҳам овардани муҳит ва шароити мусоид барои рушду камоли ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳанӯз дар солҳои нахустини истиқлолият (соли 1992) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Вобаста ба тақозои замон соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав, соли 2006 Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2011 Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 қабул гардиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи хуб муҳайё намуданд. Дар асоси санадҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барномаҳои миёнамуҳлат, аз ҷумла, Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро давра ба давра қабул менамояд, ки барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид гузоштанд. (Давомаш дар саҳ. 2)

Нуруллоҳ ОРИФ

Ҷавонони Ватан Эй ҷавонони Ватан, бар дард дармони Ватан, Пар ба гардун во кунед аз пушти фармони Ватан. Бо шумо ҳаст остону осмон дар нур ғарқ, Эй ҷавонони Ватан, ҷони Ватан, ҷони Ватан. Мисли Фарҳодед, Фарҳоде, ки будаш тешае, Буд ӯро дар раҳи номус мардӣ пешае. Кӯҳро талқон намуда, обро бикшод роҳ, Ӯ накард аз ранҷу аз озор ҳеҷ андешае. Зиндагиро ҷониби фардо шумо оинаед, Дар дили Модар – Ватан гӯӣ, ки худ ганҷинаед. Ҳурмати халқу диёри хеш бошад азматон, Фахр аз он дорам, ки умре даст рӯи синаед. Гуфтаи сарвар ҳақ аст; - “Оянда дар дасти шумост”, Бе шумо аз зинае бар зина по мондан хатост. Эй ҷавонон, ҳеҷ гоҳ аз ҳам набояд дур гашт, Як каф овозе надорад, аз ду каф бонги садост.

e-mail: javonontj@mail.ru

САҲИФАИ 13

ДАВИ МИЛЛӢ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

2

23 МАЙ - РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКИ

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (Идома аз саҳ. 1) Тадбирҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёди ташкилоту корхонаҳои гуногун ва дар ин замина таъсиси на кам аз 100000 ҷойи нави корӣ ҳар сол, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, танҳо дар се соли охир зиёда аз 1000 адад, ҳамасола ҷудо гардидани қитъаи замин ба ҷавонон барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ки ба ҳисоби миёна дар ду соли охир зиёда за 150000 оилаҳои ҷавон бо замин барои сохтмони манзил таъмин гардиданд, таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, квотаҳо ба муассисаҳои олӣ барои ҷавонон аз минтақаҳои дурдаст, таъсиси Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию соҳибкорон ва ғайраҳо мебошанд. Дар ин радиф дастовардҳое, ки дар тӯли бисту се соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сокинони мамлакатамон, аз ҷумла ҷавонон ба даст омадаанд, мову Шуморо ба ояндаи нек раҳнамун карда, аз ҷониби дигар, водор месозанд, ки ҳарчӣ бештар нерӯи худро баҳри ободии кишвари азизамон равона созем. Зеро ояндаи ҷумҳуриамон маҳз ба хираду заковат, меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ, қобилияту эҷодкории Шумо - ҷавонон

вобаста аст. Тавре Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонон қайд карданд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред». Нуктаи мазкур аз ҳар кадоми Шумо масъулияти баландро дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тақозо менамояд. Пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули андеша ва тарбияи ахлоқиву маънавӣ бояд бошад. Боварӣ дорем, ки дар навбати худ, Шумо аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ баҳри пешрафти кишвар ва дар ин замина, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ талош менамоед. Тоҷикистони азиз ба ақлу хирад, нерӯи бунёдкоронаву созандаи Шумо-ҷавонон такя менамояд. Бароятон саломативу сарбаландӣ, рӯзҳои пурбарору фараҳбахш, ояндаи дурахшон, ҷавонии бепоён, осмони мусаффо ва хушиҳои ҳаётро тамано дорам. Ҷашн муборак, ҷавонони азиз!

ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ВА ТУРИЗМ

“Суруди сарбоз” ва намоиши армуғон барои сайёҳон 20 майи соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар “Кохи Ҷомӣ”-и пойтахт Фестивали ҷумҳуриявии сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстии “Суруди сарбоз” доир гардид. Дар он афсарону сарбозони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. чорабиниҳо дар баланд гардидани идома ёфта. Дар анҷом кумитаи таэҳсоси ватандӯстии ҷавонон басо му- дорукот иштирокдорони фестивалфид аст. ро бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои - Ба таърихи инсоният назар хотиравӣ қадрдонӣ намуд. карда, - афзуд Кабирҷон Ҷӯраев, Ҳамзамон, дар ин рӯз Раёсати чунин хулоса баровардан мумкин ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри аст, ки масъалаи Ватану модар ва Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иззату эҳтироми он дар ҳама дав- ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ намоиши ру замон дар мадди назари аҳли маҳсулоти тарғиботиву ташвиқотии ҷомеа, хусусан, муттафакирону туристӣ ва армуғонҳо барои сайёҳону пешоҳангони миллатҳову халқиятҳо меҳмононро доир намуд. Бибӣ Нурбуд. Тоҷикистони соҳибистиқлол мамадова, мутахассиси Раёсати дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мақсад аз ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад доир намудани чунин намоишгоҳро ва дар ин давра тарбияи ватанпа- барои рушди туризм дар кишвар унрастии ҷавонон яке аз вазифаҳои вон кард. “Масъулини соҳа бо баргуаввалиндараҷа ба ҳисоб мера- зор намудани намоишгоҳҳои туристӣ, вад. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ озмунҳо, сайёҳати пиёдагардӣ ва Дар оғоз зери садои мусиқӣ ба дар ҷодаи тарбияи ватанпарастии коркарди маҳсулоти ташвиқотию толор Парчами миллӣ оварда карда ҷавонон пайваста тадбирҳо андеши- тарғиботӣ, ки зебоиҳои афсункори шуд. Сипас, Кабирҷон Ҷӯраев, муо- да шуда, корҳои мушахассу муайян кишварро таҷассум намуда, бобати вини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, анҷом дода мешаванд. Итминон до- рушду инкишофи соҳаи туризм мусоварзиш ва сайёҳӣ, афсарону сарбо- рем, ки ин иқдом дар равнақи эҳсоси идат мекунанд, диққати ҷиддӣ зоҳир зонро ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон менамоянд”, - гуфт ӯ. 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои заминаи боэътимод хоҳад гузошт. сарҳадӣ табрику таҳният намуда, Фестивал бо суруду таронаҳои иброз дошт, ки доир намудани чунин ватандӯстона дар васфи Тоҷикистон Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

КОНФРОНС

Конфронси илмӣ-амалӣ дар Шоҳмансур 9 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар рушди давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронси илмӣ-амалӣ доир гашт. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсума Муинова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдураҳмон Хонов, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзӣ Қосимова, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур Ҳайалӣ Шаҳобов ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок варзиданд. Файзӣ Қосимова иброз дошт, ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур тақвият бахшидани раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҷаҳонбиниву зиракии сиёсӣ, эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори онҳо аз андешаҳои носолими иртиҷоӣ, эҳтирому маҳбубият ба диёр дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ва марҳилаи нави созандагию бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. - Дар ноҳияи Шоҳмансур аз рӯйи маълумоти оморӣ 148 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аз ин 42 ҳазору 460 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавононро ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор, пешбарандаи ҳаёт эътироф намуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки барои ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда, тафаккур ва малакаи ақлонии онҳоро барои пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳо сафарбар намояд, - афзуд Ф. Қосимова. Мавсума Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зикр кард, ки “аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар маҳсуб мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани нақши занону ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа, ҷавонтар гардонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонон сухан карданд. Қайд гардид, ки аз 18 ҳазору 300 нафар хизматчии давлатӣ, ки имрӯз дар мақомоти давлатӣ фаъолият менамоянд, беш аз 40 фоизи онҳоро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд”. Дар хотима бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба ҷавонони фаъоли ноҳия “Сипоснома”-ю тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Чунин чорабинӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт низ баргузор гардиданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


НАЗАРИ ХОС

Танҳо ҷавонӣ аст, ки дар пирӣ барояш бештар ҳасрат мекашем Баъзеҳо ҷавониро баҳори умр меноманд. Иддае онро айёми ҷунуну девонагӣ мехонанд. Сеюмиҳо бо ёд овардани ҷавонӣ чин дар пешониашон соя мемонад. Ғамгин мешаванд, чунки ба хотир овардани ҷавонӣ барояшон пеши рӯ овардани кулфату дард аст, пеши рӯ овардани муҳтоҷист, ёд кардани тангдастиву бечорагист. Хусусан, ба ёд овардани айёми ҷавонӣ замони пирӣ бештари вақт афсӯсу надомат хурдан аст. Афсӯс аз фурсатҳои гумкарда, пушаймонӣ аз хатоҳои содиршуда. Дар мо одатан ҳамон насле аз ҷавониашон бо шавқу шӯр ёд мекунанд, ки ин пораи умрашон замони пойдории Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштааст. Барои эшон ҷавонӣ замони беғамӣ, бениёзӣ ва мавҷудияти фурсатҳои муфт ба ҳисоб мерафт. Масалан, аз сафарҳои кардаашон ба гӯшаҳои гуногуни кишвари нопайдоканори шӯравӣ, хусусан, ба марказ – шаҳри Маскав бисёр ёд ва шодӣ мекунанд. Ҷавонӣ дар умрашон навъе аз баҳор буд... Дар асл ҷавонии иддае аз ҷавонони феълии кишвар низ ба ҷавонии насли шӯравӣ шабеҳ аст. Бо он далел, ки ҷавонони имрӯз низ сафар мекунанд, онҳо ҳам ба Маскав мераванд. Вале мақсади сафар фарқ мекунад. Баръакси замони шӯравӣ ҳоло эҳтиёҷу ниёзмандист, ки онҳоро ба кишвари рус мекашонад. Инҳо, албатта, ҷавонони феълӣ ва пирони 2030 соли ояндаи кишвари моянд, ки бо ёд кардани ҷавонии худ ҳатман ҳиҷрату дарбадариро пеши рӯ меоранд. Онҳо аз ин худро айбдор мекунанд ё каси дигарро масъалаи дигар аст. Вале яқин аст, ки баъди солҳо онҳо низ ҷавониашонро ёд карда, мисли ҷавонони солҳои шасту ҳафтод ва ҳаштодуми асри гузашта “сайр”-и кӯчаву хиёбон ва корхонаҳои шаҳрҳои рус мекунанд. Гумон аст, ки ин “саёҳат” онҳоро шод бикунад, чуноне ки ҷавонони даврони шӯравиро мекард. Пас, барои ин гурӯҳ ёди ҷавонӣ ёди ҳиҷрат аст. Равоншод Фаррухи Қосим, ҳунарпешаи маъруф, ҳанӯз соли 2006 дар мусоҳибае бо ҳасрат гуфта буд, ки “агар ҷавонӣ медонисту пирӣ метавонист...” Маълум, ки ҷавонӣ айёми нофаҳмист, вале нерӯ ҳаст. Пирӣ бошад, камоли фаҳмишу идрок аст, вале тавон намонда... Пас, хушбахт он ки ин ҳар дуро дар як вақт, балки дар ҷавонӣ дарёфтааст. Воқеан, дар мавриди эҳтиёҷ гуфтем.

Бояд гуфт, дар шароити имрӯз муҳтоҷиву ниёзмандӣ ба ҳамаи ҷавонони даврони мо хос нест, ҳарчанд теъдоди зиёдеро азият медиҳад. Иддае аз ҷавонон зери сояи падарон даврони тиллоӣ меронанд. Инҳо шояд надонанд, ки эҳтиёҷ чист. Балки аксар маврид хоҳишро бо эҳтиёҷ омехта мекунанд. Дар ин ҷо қиссаи кӯтоҳе ба хотир мерасад. Ҷавоне падари сарватманд дошту дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашид. Мафҳумҳои “нест” ё “нодорӣ” барояш комилан бегона буд. Охирин намуди мошинҳои сабукравро меронд. Рӯзе дилаш хост, ки моҳӣ бидорад... Сабукрави хориҷиро канори дарё нигоҳ дошта, аз пушти мошин чангаки моҳидориро берун овард. Сипас, ба он каме гӯшт часпонда, ба дарё партофт. Чанд бор чангак алвонҷ хӯрд. Ҷавон ҳар бори онро берун кашидан холӣ медид. Боз каме гӯшт монда, аз сари нав ба дарё мепартофт. Ҳамин тавр, хеле мунтазир шуд, вале ба бахташ моҳӣ намеафтод. Дар ин миён, марде дар синну сол аз вай бузургтар назди дарё ҳозир шуд. Аз либосҳои жандаву фарсудааш маълум буд, ки марди фақирест. Ба чангаки куҳнааш алаф гиреҳ карда, ба об афканд. Ҷавон, ки аз бетолеии хеш асабӣ шуд, зери чашм ба марди моҳигир менигарист. Чанде нагузашта мард чангакашро аз об кашид. Моҳии сафеде дар нӯги он бозӣ мекард. Ӯ моҳиро ба сатилаш андохт ва чангакро дуруст карда, дубора ба дарё афканд ва дере нагузашта боз берун кашид. Моҳии навбатиро ҳам ба сатил андохт. Ин ҳолат ҷавонро комилан ба ҳайрат овард. Вақте мард моҳии сеюмро ҳам ба сатил андохт, ҷавон тоқат накарда, назди ӯ рафт ва пурсид: - Мебахшед, ман чанд соат мешавад, ки ин ҷо мунтазирам. Чангаки ман аз шумо дида наву замонавитар аст, вале як моҳӣ ҳам надоштам. Шумо дар байни ним соат се моҳӣ гирифтед. Сирри ин дар чист? Мард табассум дар чеҳрааш ҷавоб дод: - Сирри ин эҳтиёҷ аст, додарам. Ба ин моҳиҳо фарзандони кӯчакам эҳтиёҷ доранд, чунки дирӯз аз моҳӣ сер нашуданд. Пеш аз омадан барои барори корам дуои бениҳоят карданд. Дуояшон қабул шуд. Ҷавонро мисли он ки барқ зада бошад, аз назди марди моҳигир дур шуда, мошинро ба ҳаракат даровард...

Ғолибони Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

Ҷавонӣ ва пирӣ

3

ОЗМУН

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи Ҷоиза дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъмориро дар соли равон эълон кард. Барои дарёфти ҷоизаи мазкур дар маҷмуъ 21 кор пешниҳод гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи рӯзноманигорӣ 11 кор, адабиёт - 4 ва санъат 6 кор. Дар соҳаи меъморӣ ягон кор пешниҳод нашудааст. Дар натиҷа, ҳайати комиссия чунин натиҷагирӣ намуд: А) Дар соҳаи адабиёт (1 ҷой барои 3 кор):

БАҲРОМ РАҲМАТОВ

НАСИБА ҲАСАНОВА

МУНИРА ЯҲЁЕВА

Б) Дар соҳаи рӯзноманигорӣ (3 ҷой барои 8 кор):

АМРОХОН ТОҶОВ

ЗУБАЙДУЛЛО КАРИМОВ

ФИРӮЗ КАРИМОВ

ФАРИДУНИ УМАРБЕК

САЙЁД МУҲАММАДОВ

НОДИР ТУРСУНОВ

ЗЕБОҶОН ҚУРБОНОВА

МАҲМУДҶОН УСМОНОВ

В) Дар соҳаи санъат (2 ҷой барои 6 кор):

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Ғолибони беҳтарин мақола дар мавзӯи туризм муайян гардиданд

АБДУКАРИМ МАШРАБОВ

ВАТАНДОР ШЕРОВ

УСМОН НИЁЗОВ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тарғиби соҳаи туризм озмуни мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи “Тоҷикистон - кишвари сайру саёҳат” ҷамъбаст намуд. Дар он муаллифони 14-45-сола ҳаққи иштирок доштанд. Тавре аз Раёсати рушди туризм кумита ба мо иттилоъ доданд, ба озмун 22 мақола пешниҳод шуд. Аз ин миқдор 10 мақолаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳайати ҳакамони озмун аз миёни 10 мақолаи беҳтарин вобаста ба фарогирии мавзӯъ ба пешниҳодоти ҷолибу масъалагузориҳо барои рушди соҳаи туризм мувофиқи холгузорӣ ғолибонро муайян карданд. Ба ҷои аввал муаллими кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Зафарҷон Абдуллоев сазовор дониста шуд. Ҷои дуюм насиби донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Темурмалик Абдусатторов гардид. Мутахассиси соҳаи меҳмоннавозӣ Бибимо Сафармамадова ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Момоҷон Расулова сазовори ҷои сеюм гардиданд. Унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Умеда Султонмамадова барои иштироки фаъолонааш бо “Ифтихорнома”-и кумита сарфароз гардид.

БАҲРОМЗОДА АСРИНА

БЕҲРӮЗ ҚОДИРОВ

ЗУМРАД САИДОВА

e-mail: javonontj@mail.ru

ОЗМУН


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

4

ИҚДОМ

ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ

Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок… Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони кишвар Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ба иқдоми наҷибе даст зад. Аъзои ин созмон шанбеи гузашта дар ҳудуди боғ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ҷамъоварии коғазпора ва дигар ахлотпораҳо машғул шуданд. Дар ҳақиқат, тозаю озода нигоҳ доштани хиёбон, кӯчаю растаҳои пойтахт натанҳо аз масъулин, балки аз сокинону меҳмонони шаҳрамон ҳисси масъулиятшиносӣ талаб мекунад. Мутаассифона, дар кӯчаҳои пойтахт қадам зада, ахлотпораҳои зиёдро дидан мумкин аст, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида рӯйи роҳ партофта шудаанд. Ин вазъ сабабгори ифлосшавии кӯчаҳо, ҳамчунин, боиси хира гардидани табъи атрофиёну роҳгузарон, бахусус, меҳмонони шаҳр хоҳад гашт. Тавре Қиёмиддин Ми-

ни ҳисси масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани маърифати сокинони пойтахт дар ҷодаи беҳдошти муҳити зист аст. - Имрӯз дар ин боғ чил нафар волонтёр, ки ҳама наврасанд, гирд омадаанд, - изҳор намуд зимни суҳбат Қ. Миралиев. – Агар ихтиёриёни мо дар кори тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳрамон бо ин восита ҳиссагузор бошанд, аз ҷониби дигар ин воситаи хуби иттилоотию маърифатиест, барои беҳдошти вазъи муҳити зист. Боварӣ дорам, ҳар бинанда аз рафтори имрӯзаи ихтиёриёни

ралиев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон, роҳбари Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон изҳор дошт, мақсад аз роҳандозии чунин иқдом бедор намуда-

наврас дарси ибрат мегирад. Мекӯшад баҳри тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю растаҳои шаҳрамон ҳиссагузор бошад. Ихтиёриёни наврас дар даст халтаҳои селофанӣ ба ҳар гӯшаю канори боғ паҳн шуда, ба ҷамъоварии

коғазпораю ахлотпораҳои гуногун пардохтанд. Байнашон ҳатто писарбачаи даҳдувоздаҳсола низ ба назар мерасид. Марди калонсоли зиёинамо аз даруни боғ гузар дошт. Рафтори ихтиёриёни наврасро дида, наздам омад ва ба чӣ кор машғул будани онҳоро пурсон шуд. Мақсадашонро ба ӯ баён намудам. - Аҷаб кори хайре, чеҳрааш шукуфон гашта, гуфт мард. – Синам ба ҳафтод даромадааст, лекин ҳозир ҳам омӯзгорам. Дар ҳар машғулият ба шогирдон мефаҳмонам, ки тозаю озода гарданд, ҳамчунин, ба тозагии гирду атроф, яъне, муҳити зист диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Амали ин бачаҳо шоистаи таҳсин аст. Дар ҳақиқат, беҳдошти вазъи муҳити зист имрӯз масъалаи ҷиддист. Дар паҳлӯи бинои марказии «Агроинвестбонк» ҷӯйи пуроб ҷорист. Дар пеши ҷӯй шоҳбайти зерин навишта шудааст: Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок, Нашояд фикандан дар он сангу хок. Вале аз пушти шоҳбайт, даруни ҷӯй, назди пули пиёдагузар зарфҳои бешумори пластмасӣ, маъруф ба боқлашка рӯйи об банд шудааст. Ин натиҷаи амали кист? Ин кори бегонагон нест. Амали худи мо – шаҳриён аст. Шояд иқдоми неки ихтиёриёни наврас, аз ассотсиатсияи дар боло зикршуда, барои дигарон намуна ва дарси ибрат гардаду баҳри беҳдошти муҳити зист бештар саъй намоянд.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

Саидҷон НОДИРӢ, номзади илмҳои тиб, равоншинос

Ҷавони бомаданият кист? Агар ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонони солҳои ҳаштодуми асри ХХ муқоиса кунем, мебинем, ки ҷаҳонбинии онҳо нисбатан пеш рафта, дараҷаи забондониашон баланд ва дар фаҳмиши таҷҳизоти техникӣ пешқадамтаранд. Ҷавонону наврасони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонии варзишӣ соҳиби медалҳо мешаванд. Аммо дар ахлоқу муоширати ҷавонони имрӯза костагиҳо ба назар мерасанд. Азбаски соли таваллуди аксари ҷавонони имрӯза ба айёми нооромиҳои солҳои навадум рост меояд, хоҳ-нохоҳ таъсири осебҳои равонии падару модар ва замони тифлии ҷавонон баръало эҳсос мешавад. Бо ҳамин сабаб, аксар наврасону ҷавононро мебинем, ки алфози қабеҳро ба забон мегиранду бо андак гапи ночиз бо ҳам дастбагиребон мешаванд. Иддае тамоман эҳтироми калонсолон ва ҷинси латифро ба ҷо намеоранду рӯирост таҳқирашон мекунанд. Дар баъзеашон нишонаҳои ахлоқи ҷавонмардӣ, аз қабили ёрӣ ба дармондагон, дасти фитодаеро гирифтан, мадоро (созиш) кардан, гузашт намудан ва саховатмандӣ ба назар намерасад. Бо истифода аз осори ниёгон ва хулосаи олимони соҳаи равоншиносӣ дар поён чанд тавсияро барои баланд бардоштани одоби муоширати ҷавонон пешкаш мекунем. Ҷавонони бомаданият ҳеҷ гоҳ дигаронро дар ҳолати ногувор намегузоранд, аз озор расонидану нороҳат намудани дигарон худдорӣ мекунанд. Ҳангоми суҳбат аз асабӣ шудан ва асабӣ намудани дигарон худро нигоҳ медоранд. Аз рӯи одоб баъди салом аз ҳолу аҳволи ҳасмсуҳбат пурсон, сипас, ба мавзӯи асосӣ мегузаранд. Ҷавонони азиз, ба тақдири дигарон бепарво набошед. Касеро дар ҳолати мушкилӣ дидед, барои аз мушкилӣ ва ҳолати ногувор баромаданаш кӯмак намоед. Зеро мумкин аст, ки рӯзе худи шумо ҳам ба чунин ҳолат дучор омада, муҳтоҷи кӯмаки дигарон мешавед. Равоншиноси маъруфи австриягӣ А. Адлер гуфта буд: “Инсоне, ки нисбат ба тақдири дигарон бепарвост, дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ меояд ва ба атрофиён зарар мерасонад”. Ҷавони бомаданият аз баҳсу баландравиҳои ноҷо парҳез мекунад. Кӯшиш менамояд, алфози қабеҳро ба забон нагирад ва аз худ дар қалби ҳамсуҳбаташ хотираи нек гузорад. Касе саодатмандии ду дунёро хоҳад, бо дӯстон меҳрубонӣ ва бо душманон мадоро (созиш) мекунад. Ба қавли Ҳоҷа Ҳофиз: Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. Ҳофизи Шерозӣ дар ин ду мисраъ таҳаммулпазирӣ ва асоси дипломатияро мухтасар баён кардааст. Бузургон фармудаанд: “Аввал андеша, баъд гуфтор”. Ҳар сухан мавқеи худро дорад. Дар маҳфиле, ки он ҷо бонувон ҳастанд, аз шӯхиҳое, ки миёни рафиқонатон мекунед, парҳез намоед. Сухани ҳамсӯҳбатонро мабуред. Ҳамсӯҳбатро гӯш кардан нишонаи адаб аст. Инсоне, ки ба ҳамсӯҳбаташ гӯш намекунад, қадру қимати худро аз даст медиҳад. Алфози “маърифат мехоҳам”, “марҳамат (меҳрубонӣ) намуда”, “ташаккур”, “Худо аз Шумо розӣ бошад” ва ғайраро бештар истифода баред. Кӯшиш кунед, то аз “ту” гуфтан худдорӣ намоед. Дар забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, ҳиндӣ ва ғайра бо “Шумо” гап заданро бештар меписанданд ва нишонаи эҳтиром меҳисобанд. Айбҷӯӣ накунед! Ҳарчанд ҳақ бошед ҳам, дар ҳузури дигарон камбудии шахсеро фош накардан беҳтар аст. Хуб мешуд, ки дар танҳоӣ камбудиашро фаҳмонед. Имом Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад. Рӯзе ҳазрати Муҳаммад (с) ба минбар баромада, бо овози баланд фармуданд: “Эй ҷамоати касоне, ки ба забон имон овардаеду ҳанӯз имон дар дилҳоятон дохил нагардидааст! Мусулмононро озор мадиҳед, айбҳояшонро маҷӯед, зеро касе айби бародари мусулмонашро ҷустуҷӯ намояд, Худованд ӯро шармандаву расво хоҳад кард, агарчи аз дохили хонааш берун набарояд ҳам”. Саломро алифбои одоб мегӯянд. Имрӯз баъзе ҷавонон ба ашхоси аз худ калон салом намедиҳанд. Ҳол он ки салом додан нишонаи ботарбия будани шахс аст. Байҳақӣ (р) аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Аз кибр (такаббур) пок аст, касе ки ба салом додан ибтидо мекунад”, яъне, пеш аз калом (чизе гуфтан) салом медиҳад ва ё ӯ пеш аз дигарон салом мегӯяд. Ҳангоми роҳ рафтан ҷавони бомаданият роҳро барои дигарон беҳуда банд намекунад. Баъзан 5-6 нафар ҷавонро мебинем, ки миёни ҳам сӯҳбат намуда, роҳро банд месозанд, ки ин нишонаи бемаданиятист. Зимни ба нақлиёт савор шудан аввал ба калонсолону бонувон роҳ бояд дод. Зеро касе дар ҷавонӣ ҳурмати пиронро бидонад, дар пирӣ соҳибэҳтиром мегардад.


проблемаҳои глобалӣ афзоиш ёфтани омилҳои хариду фурӯш дар байни ҷавонон мебошад. Ҳамчунин, барои духтарони деҳот курсҳои омӯзишии дузандагӣ ва барои ҷавононе, ки майлу рағбат ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, курсҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ мондем, ки то имрӯз беш аз сесад нафар онҳоро хатм намудаанд. Курсҳои омӯзиши забони русӣ, аслан, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавононе, ки майли муҳоҷират доранд, равона шудааст. Барои мо, боз муяссар шуд, ки дар чанд чорабинии сатҳи байналмилалӣ маҳсули фаъолият ва дастоварди шашсолаамонро ба намоиш гузошта, ҷавонони фаъоли майлу рағбат ба ҳунари кандакорӣ доштаро дар давлатҳои хориҷӣ муаррифӣ намоем. Чорабиниҳои зиёди фарҳангию иттилоотӣ, аз ҷумла, ба ифтихори рӯзҳои Парчами давлатӣ, Сарқонуни кишвар, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Боз нақша дорем, ки барои дусад нафар ҷавони камбизоат, ятиму маъюб лагери ғайримаъмулӣ ташкил кунем. Яъне, дар ин лагер ба ҳар шахс як ҳунар ё ихтисос омӯзонда мешавад. Инчунин, мақсад дорем, ки махзани иттилоотӣ оид ба омори сиёсати давлатии ҷавононро дар шакли сомонавӣ омода карда, мавриди истифода қарор диҳем, ки ин иқдом метавонад ба рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва хубтар шудани сатҳи маърифату огаҳии онҳо такони ҷиддӣ бахшад. Хулас, мо ҳамеша талош мекунем, ки масъулияту вазифаҳои бадӯшдоштаамонро бо сарбаландӣ адо намуда, барои миллату меҳани худ хизмати софдилонаву содиқона намоем. То фардо ба фарзандони худ гуфта тавонем, ки мо фасли ҷавониро чӣ гуна сипарӣ кардем ва кадом кору амалҳои хайру савобро анҷом дода будем. Сабаби муваффақият ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданамон, пеш

давлату ҷомеаро доранд, мебошад. Дар давлатҳои пешрафта ин усулро ҳамчун самти фаъолияти волонтёрӣ ё ихтиёрӣ истифода мекунанд. - Мехостам рӯшану васеътар шарҳ диҳед, ки фаъолияти волонтёрӣ ё ихтиёрӣ чӣ гуна фаъолият аст ва киҳо ба он дохил шуда метавонанд? - Фаъолияти волонтёрӣ ё ихтиёрӣ навъи хизматрасоние мебошад, ки бо хурдтарин имконияти молиявӣ ҳам метавонӣ ба беҳтарин дастовард ноил гардӣ. Расондани иттилоот, пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуб, бемориҳои гуногун ва баланд бардоштани маърифату ҳисси миллии ҷавонон тавассути ин навъи фаъолият роҳандозӣ мешаванд. Яке аз усулҳои муҳиме, ки дар фаъолияти волонтёрӣ истифода мешавад, усули ҳамсол ба ҳамсол мебошад, ки онҳо ба ҳайси дӯсту рафиқ нишаста, сари

Мақсади мо дастгирии ҷавонон аст Сӯҳбати журналист Валиҷон Баёнӣ бо директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев.

ва ғайра баргузор намудем. Соли ҷорӣ мақсад дорем, лоиҳаеро пиёда намуда, ба ҷомаи амал пӯшидани умеду орзуҳои ба ҳаёти мустақил қадам гузоштани ҷавонон ва фароҳам овардани шароит, аз ҷумла, қарзҳои бефоиз барои дигар ҷавононе, ки ба соҳибкории хурд майлу рағбат доранд, мусоидат намоем.

аз ҳама, ин буд, ки дар фаъолиятамон аз усули қадима ва аз гузаштагонамон меросмонда истифода кардем. Ин усул истифодаи неру ва зеҳнии ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ва ташаббускороне, ки майлу хоҳиши саҳм гузоштан дар рафъи камбуду мушкилоти ҷомеа, алалхусус, ҳамсолони худ, рушду нумӯи илму фарҳанг ва пешравии

мавзӯъҳои муҳим суҳбат мекунанд. Ба ин гуна маҳфилҳо, аслан, ҷавононе аъзо шуда метавонанд, ки фаъол, лаёқатманду ташаббускор буда, мехоҳанд барои пешрафти ҷомеа ва ватанашон саҳмгузор бошанд. Онҳо дар мактаби волонтёрӣ бисёр чизро меомӯзанд, маҳорату малакаашон бо кӯмаку раҳнамоии мутахасси-

сон такмил меёбад, ҳунару истеъдодашонро сайқал медиҳанд, то оянда дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва таълимию тарбиявиро дуруст ба роҳ монда тавонанд. Фаъолияти волонтёрӣ ё ихтиёрӣ дар кишвар нав нест. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки ин аз бобову бобокалонамон то ба мо расидааст. Масалан, дар солҳои 1924 бисёри иншооти муҳим, аз ҷумла, кандани каналҳову кушодани роҳҳо, бунёд намудани бунгоҳҳои тиббию мадрасаҳои илмӣ ва ғайра тавассути ҳашар ва иқдому маслиҳати гурӯҳи ташаббускору хайрхоҳ анҷом дода мешуданд. Бубинед, ки имрӯз ҳам чорабиние ё ба ибораи дигар маъракае, агар дар сатҳи ягон маҳал доир шавад, ҷавонони фаъолу хайрхоҳ дар он саҳм мегузоранд. Шахси аз ин мактаб гузашта дар зарфи панҷ сол мутахассиси варзидаи соҳаи дилхоҳ гашта, дар оянда корҳои зиёдеро самаранок пеш бурда метавонад. Мо барои ҳавасманд гардонидани ҷавононе ки ба ҳайси волонтёр ё ихтиёрӣ фаъолият мекунанд, чанд тадбири судманд андешидаем. Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба тасвиб расид. Соли ҷорӣ Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ташкил шуд, ки ҳамаи ин баёнгари он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеа, созмонҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти волонтёрӣ нек буда, ояндаи он дар кишвар боз ҳам хубтар хоҳад буд. - Ҳамчун роҳбари як маркази бонуфузи ҷавонон перомуни Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ чӣ гуна фикру андешаҳо изҳор доред? - Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат яке аз нуктаҳо ё гуфтаҳои барои мо бештар ҷолибу хотирмон, эътимоди бениҳояти Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон буд. Шоиста ба зикр аст, ки Сарвари давлат ҳанӯз аз солҳои аввал таваҷҷуҳу эътимоди хоса нисбат ба ҷавонон доштанд, ки он то имрӯз самараи неку дилхоҳ ба бор овардааст. Сарвари давлат бо муҳаббату меҳрубонӣ гуфтанд, ки мо имрӯз бояд ба ҷавонон бовар кунем. Ҷавонони мо қобилияти мутахассиси хуб шудан, роҳбариву идора карданро соҳибанд. Онҳоро на таҳқиру танқид, балки тарбия ва ташвиқу ҳидоят кунем. Воқеан, мо бояд ҳар сухан, ҳар амру дастури Сарвари давлатро дар зиндагиву рӯзгорамон татбиқ намоем. Хусусан, маслиҳату дастурҳои дар боби ҷавонон додаашро. Зеро ҷавонон, воқеан қувваи тавонову созандаанд. Тақдири имрӯзу ояндаи халқу миллат ба онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои солиму комил тарбия кардани ҷавонон пайваста чораву тадбир андешем, барои омӯзиши таҳсил ва кору фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам орем. Дар баробари ин, мо ҷавонон ҳам бояд кӯшиш кунем, ки ба бовару эътимоди Сарвари давлат сазовор бошем.

e-mail: javonontj@mail.ru

- Лутфан мегуфтед, ки Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон кай таъсис ёфта, кадом мақсадҳоро ҳадаф қарор додааст? - Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон соли 1997 баробари таъсисёбии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ арзи вуҷуд карда, самтҳои асосии фаъолияташ бевосита ба ҳаёту рӯзгори ҷавонон, аз ҷумла, кӯмаку дастгирӣ, омӯзишу огаҳӣ ва амсоли инҳо равона шудааст. Зимнан, нақшаву барномаҳои худро дар самтҳои муҳими ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла, самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омӯзиши илму техника, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, нигаҳдошти тарзи ҳаёти солим таҳия намуда, баҳри амалӣ гаштанашон пайваста тадбирҳо меандешад. Айни ҳол, дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ҳудуди 30 маркази маърифатӣиттиллоотии хайрхоҳона амал мекунанд. Мақсад дорем, теъдоди онҳоро бештар кунем. Ин марказҳо фаъолияти худро бо ҳар гуна чорабиниҳою василаҳои хайрхоҳона, аз ҷумла, “Маҳфили ихтиёриён” роҳандозӣ мекунанд. Маркази мо ҳамчун як сохтори муҳими ҷомеа қабул ва эътироф гардидааст. Намояндаҳояш дар бисёр нишасту чорабиниҳои муҳими вобаста ба ҳаёти ҷавонон даъват шуда, ибрози андеша мекунанд. Аз ҷумла, дар баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи озодии виҷдон” иштирок карда, андешаву пешниҳодҳо доштем. Маркази мо, ҳамчунин, таҳлилгари фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад. Яъне, фаъолияти солонаи кумитаро таҳлил карда, мушкилу камбудиҳои ҳаёти ҷавонон, татбиқи қонуну барномаҳои батасвибрасидаро ба роҳбарияти он маълум менамояд. - Кадом корҳоро метавон ном бурд, ки Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон то имрӯз анҷом додааст? - Марказ тӯли мавҷудияташ корҳои зиёди маърифатию хайрхоҳонаро ба иҷро расонда, ба дастоварду пешравиҳо ноил гардид. Аз ҷумла, то имрӯз чорпанҷ тадқиқоти муҳимро миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа анҷом дода, натиҷаи онҳо, мушкилот ва роҳи ҳаллашонро ба сохторҳои дахлдор пешниҳод кардааст. Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ миёни ҷавонони маҳбус, оид ба сар задани омилҳои худкушӣ, дар бораи омилҳои афзоиши бемориҳои сироятию ҷинсӣ, нашъамандӣ, оид ба эътиқоду боварии ҷавонон нисбат ба давлату миллат, яъне, муайян кардани ҳисси миллии ҷавонон ва ғайра низ аз шумори инҳо мебошанд. Инчунин, солҳои 2012-2013 дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон марказҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии хариду фурӯши одам таъсис додем, ки бароямон дастоварди беҳтарин буд. Зеро яке аз

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

5

МУҲОВАРА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

6

ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Ҷомеаи инсонӣ ва зиндагии одамон ҳамон вақт пешрафта мебошад, агар дар мадди назарашон ҷараёну тамоюлҳои абстрактӣ ҷой надошта, танҳо нақши инсони комил, ки сабабгору асосгузори ҳамаи ҷараёну ҳаводиси иҷтимоию табиӣ аст, дар навбати аввал гузошта шавад. Ин ҷо, қабл аз ҳама, инсони ҷавонро бо потенсиали зиёди қобилиятҳою истеъдоди рушдкунандааш, ки қисмати зиёди онҳо истифода нашудаанд, пеши рӯ меоранд.

Онҳо барандаи потенсиали бузурги зеҳнианд, қобилияти хоси эҷодкорӣ ва аз ҳад зиёди корӣ доранд. Ҷавонон бо донишу саводи мукаммал дар шароитҳои низоӣ (конфликтӣ) худро идора намуда, ақли солимро пеша карда, фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои беасос нашуда, хислати таҳаммулпазирӣ ва эҳтиёткориро доро бояд бошанд. Ҷаҳони муосир ба дастурҳои устувор доир ба таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва сулҳ эҳтиёҷ дошта, манфиа-

Ҷавонон дар дигаргунсозиҳои Ватан бо пешниҳоди корҳои бузурги хислати умимиллидошта бояд ширкат кунанд. Миёни ҷавонон ба тамоми равандҳои бӯҳронии ахлоқию рӯҳӣ, ботинию маънавӣ хотима гузошта шавад. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки ҷаҳони маънавиёту ахлоқ аз олами моддиёт хеле боло меистад, вагарна ҷомеаи инсонӣ рӯ ба таназзул меорад. Ғояи хидмати беғараз, бетамаъ ва ихтиёрӣ ба Ватан дар шуури ҷавонон бояд ҷойгир бошад. Маориф, илм, таҳсил, таълиму тарбия самтҳои асосию афзалиятнокест, ки майдо-

ти ҷавонон ба ин гузоришҳои таъкидӣ бараъло намоён аст, ки аз якдигарфаҳмии онҳо иборат мебошад. Махсусан, барои ҷавонон саводомӯзӣ, новобаста аз баъзе масоили маишию ҳаётӣ, бояд ҳама вақт дар мадди аввал бошад. Агар аз донишу савод дур монем, ба ҷоҳилӣ наздик мешавем. Ҷаҳон дар давраи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) қарор дошта, олами постиндустриалӣ гузариш аз истеҳсоли молҳо ба истеҳсоли хизматҳо, ташкили системаи муосири маориф, тадқиқотию эҷодкориро тақозо менамояд. Ҷараёни глобализатсия сарҳадҳои миллии иқтисодию

ташкили интернет-донишгоҳҳо масъала гузошта истодаанд. Доир ба ин масъала Барномаи рушди СММ фаъолияти самаранок дорад. То соли 2012 дар ҷумҳурӣ 1658 аспирант таҳсил мекарданд, 770 нафарош аз истеҳсолот ҷудо нашуда, таълим мегирифтанд, худи ҳамин сол 581 нафар ба аспирантура дохил шуданд, ки нисбат ба соли 2007 221 нафар зиёд мебошад ва 377 нафараш аспирантураро хатм карданд. Соли 2012 дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ - 108, филологӣ - 103, ҳуқуқшиносӣ - 52, педагогӣ 53 нафар аспирант қабул гардиданд. Дар

ни гузоришҳо ва ҷидду ҷаҳди ҷавонон ба шумор мераванд. Нерӯи бузурги ҷавонӣ дар иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бояд пурраю ҳаматарафа истифода шавад. Дар даврони шӯравӣ дар ҳама бахшҳо ҷавонон хеле зиёд ҷалб мешуданд, ки ширкати қувваи бузурги комсомол дар сохтмонҳои бузурги аср далели гуфтаҳост. Ҷавонон муҳаррики дигаргуниҳои прогрессивии ҷомеа буда, татбиқнамоии ғояҳои навро дар амал метезонанд. Консерватизм ва шахшавӣ ба ҷавонон ҳеҷ рост намеоянд.

фарҳангиро аз байн мебарад. Танҳо бо донишу саводи мукаммал ба муқобили ҷабҳаҳои манфии он истодагарӣ метавон кард. Қабл аз ҳама, барои аз худ намудани забономӯзӣ саъю талош бояд кард, бахусус, забони англисӣ, ки тамоми сомонаҳои интернетӣ ба ин забон фаъоланд. Илму маориф имкони даромадҳои калонро пеш меоранд, аммо онҳо бо арзиши гарон ба даст меоянд. Дар давлатҳои мутараққӣ хароҷоти илмомӯзӣ 5 маротиба аз дигар хароҷот зиёданд. Дар ҷаҳони муосир нақши технологияҳои иттилоотӣ бараъло намоён буда,

соҳаи илмҳои физикаю математика - 30, кимиё - 24, биология - 28, техника 31 нафар аспирант қабул гардида, дар соҳаи илмҳои геологӣ-минералогӣ ягон нафар ҳуҷҷат насупоридааст. Рақамҳо гувоҳи онанд, ки бештари аспирантон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ тадқиқот мебаранд. Дар бахши илмҳои дақиқ саҳми тадқиқотчиёни ҷавон хеле кам аст, ҳол он ки маҳз дар замони муосир кишвари мо ба чунин мутахассисон эҳтиёҷи зиёд дорад. Ҷомеаи демократӣ дар асоси иқтисодиёти пешрафта бунёд гашта, ислоҳот бояд аввал

мукамалшавии технологияҳои иттилоотӣ дар ҳоли ҳозир ба ҳаёти корӣ, саводу дониши ҷавонон таъсири зиёд мерасонанд. Ҷавонон қобилияти хосаи азхуднамоии донишҳои нав, техникаю технологияро доро буда, бо рағбат ба корҳои зеҳнӣ, илмию эҷодкорӣ машғуланд. Бо назардошти зиёдшавии сафи ҷавонон дар кишварҳо, таъсири онҳо ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зиёд мешавад. Шабакаи интернет яке аз воситаи бадастории маълумот ба шумор меравад. Ҳоло дар дунё оид ба

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии РусияТоҷикистон дар шуур, баъд дигаргунӣ дар иқтисодиёт, институтҳои сиёсӣ ва демократикунонӣ гузаронида шавад. Дар дунё солҳост, ки оид ба роҳандозии ҳаракатҳои умумӣ таҳти унвони «Ҷавонон - баҳри маданияти сулҳ» ҳаракатҳо

ҷаҳонӣ зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Ҷавонон ба донишҳои замонавӣ, таҷрибаҳо, технологияю захираҳо дастрасӣ дошта, ҷараёни рушди ҷомеаро ба роҳи мусбату манфиатнок равона менамоянд. Қисмате аз ҷавонон аз ширкат дар ҷараёни бозсо-

Ҷавонони донишманд - ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ пеш гирифта шудаанд. Дар пешорӯи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, мушкилии назорати афзоиши аҳолӣ дар дунё, зиёдшавии тавофут байни Шимолу Ҷануб, давлатҳои бою камбағал ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии кишварҳо роҳҳои алтернативии тараққиётро бояд ҷустуҷӯ кард. Доир ба ин масъалаҳо СММ ҷамъомаду симпозиумҳои зиёд баргузор намуда, оид ба таъмини ҳаёти боадолату бехатари насли оянда сухан меравад, ки ба он, пеш аз ҳама, ҷавонон манфиатдоранд. Тибқи маълумоти комиссияи байналмилалии СММ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ то охири қарн одамони то 30сола 60%, то 25-сола 50%-и аҳолии оламро ташкил менамоянд. Дар кишвари мо ҷавонони то 24-сола 54% аҳолиро ташкил менамоянд. Нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа хеле зиёду ҷиддӣ буда, ояндаро бе ширкати фаъолу бошууронаи онҳо сохтан ғайриимкон аст. Масъалаи иштироки насли ҷавон дар рушди ҷомеа суръату сифати тараққиёти инсоният аст. Ассамблеяи СММ дар «Барномаи умумиҷаҳонии тадбирҳо баҳри ҷавонон» 10 соҳаи афзалиятнокро маълум кард, ки ба онҳо: маориф, шуғл, гуруснагӣ, фақр, тандурустӣ, муҳити зист, мухаддирот, ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, ташкили вақти озоду истироҳат ва ширкати пурраю фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва ҷараёни қабули қарорҳо дохиланд. Ҳар як кишвар аз рӯи хусусиятҳои хос доир ба ин ё он афзалиятҳо қарору барномаҳои мушаххасро қабул менамояд. Барои инсонпарастии ҷомеа ва ҳалли масоили глобалӣ бо назардошти мукотибаю ҳамкорӣ, имкониятҳои нав пайдо шудааст. Ҷавонони ҳозира наслест, ки дар шароити тазодҳои глобалӣ ва дар як вақт тамоюлҳои ҳамгироии ҷомеаи

зии ҷомеа дур монда, барои ҳамгироиашон дар ҷомеа барои худ монеагӣ эҷод менамоянд. Нокомиҳо дар мутобиқшавии иҷтимоӣ ва бегонашавии онҳо аз ҷомеа ва давлат дар зуҳуроти номатлуби онҳо ифода меёбад. Ҷавонон ва оянда бо ҳам сахт алоқаманданд, қабл аз ҳама, онҳо бояд ба масъалаҳои экологӣ диққат диҳанд. Маҳз ҷавонон созмондиҳандагони ҳаракатҳои умумиҷаҳонии экологӣ буда, нисбат ба насли калонсол чизҳои нав, донишҳои муосир ва таҷрибаи пешқадамро доир ба ин бахш тезтар қабул менамоянд. Ҷавонон ба боигариҳои миллӣ, табиати Ватан муносибати нек дошта, баҳри ҳифзи Ватани азиз ҳамеша омодагии қавӣ доранд. Инчунин, ба хотираҳои таърихии Ватан, забони тоҷикии модарӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ арҷгузорӣ намуда, муҳаббат ба маданияти миллӣ дошта, барои қавигардонии саломатии ҷисмонии худ дар талошанд. Ҷавонон ин қисмати солими аҳолӣ буда, ба онҳо бисёре аз намудҳои фаъолияти одамон (варзиш, балет, ҳавопаймоӣ), ки маҳдудиятҳои синнусолӣ доранд, рост меоянд. Дар хотир дошта бошем, соли 1980ро СММ барои мустаҳкамсозии ҳамкории байналмилалӣ ва ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар бахши ҷавонон, Соли байналмиллалии ҷавонон эълон карда буд. Аз ҳамон вақт тамоми давлатҳо қонуну барномаҳои худро қабул намуданд. Масалан, Фонди аврупоии ҷавонон дар соли 2006 барои 15 ҳазор ҷавон имкони ширкат дар ҷамъомадҳои байналмилалиро фароҳам оварда, 289 лоиҳаро дар ҳаҷми 2,7 млн. евро дастгирӣ намуд. Бояд гуфт, ки донишандӯзии ҷавонон, таъмини онҳо бо кор, ташкили институти пурқуввати оила ва тарбияи насли Ватандӯст асоси бузургию рушди кишвари азизамон мебошад.


Ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди нифоқу муборизаҳои мухталиф баъзе минтақаҳои оламро фаро гирифтааст, ки боиси изтиробу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Абарқудратону муаллифони сенарияҳои сиёсии ошкору ниҳон аз амалӣ гардидани нақшаву ҳадафҳояшон манфиат мебинанд. Шиори «Тафриқа андозу ҳукмронӣ намо!» танҳо хоси имрӯзу ин замон нест. Ин шеваи амалкард боис гаштааст, ки минтақаҳои алоҳида дар оташи ҷангу нифоқ қарор дошта бошанд. Кишварҳои олами араб мисоли возеҳи он аст. Агарчи имрӯз тамоми диққат ва таваҷҷуҳи аҳли башар ба воқеоти Украина равона гардида бошанд ҳам, вале чанде аз кишварҳои арабӣ мисоли бешаҳои нимсӯхтаро мемонанд, ки барои идомаи сӯхтор дар он вазидани як шамоли хурдакак ҳам кифоя мекунад. Боиси таассуфу нигарониҳои зиёд аст, ки нерӯҳои муайян дар

Фирефта набояд шуд раванди тамоми ин муноқишаву даргириҳо аз ҷавонони роҳгумзадаву фирефтагашта ба таври васеъ истифода мебаранд. Манзури мо баҳсҳо ва сару садоҳое мебошанд, ки рӯзҳои охир дар саҳифаҳои матбуот ва васоити ахбори электронӣ матраҳ гаштаанд. Нуқтаи асосӣ дар ин гуна матолиб он аст, ки гӯё мувофиқи гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ 190 нафар ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Албатта, ба таври дақиқ муайян кардани ин маълумот мушкил аст. Шояд иштироки ҷавонони тоҷик дар ин набардҳо ҳақиқат дошта бошад. Зеро ширкати ҷавонони Осиёи Марказиро ҳамчун пайравони дини ислом дар ин набардҳо ширкати телевизионии «Мир» низ давоми ду моҳи охир чанд маротиба тасдиқ намуд. Аз ҷумла, дар бораи иштироки ҷавонони қирғизу ӯзбек дар ин бора ба таври расмӣ хабар дода шуд. Чун ҷавонони Осиёи Марказӣ бештар ба муҳоҷирати корӣ мераванд, табиист, ки онҳоро фирефта намудан хеле осон аст. Ба ин ду омил мусоидат менамоянд. Якум, ба даст овардани маблағи калон, ки

онро ҳар як муҳоҷир орзу мекунад. Зеро ёфтани машғулияти сердаромад дар муҳоҷират кори осон нест. Дуюм, тобеияти мазҳабиву динӣ, ки ҷавонони ин минтақа бо роҳҳои гуногуни равонӣ осон ба ҳар як ҳаракату гурӯҳ мегараванд. Бо ваъдаи маблағ ва даромадҳои калон аз ҷониби хоҷагони пасипардагӣ ҷавонон бо сарфи назар кардани дурнамои амалу тақдирашон ҳаёти худро барбод медиҳанд. Хеле чизи бад аст, ҷавононе, ки аз онҳо оилаашон ва ҷомеа чизи дигар интизор асту онҳо баръакси ин умедҳо кулфату ғаму дардҳоро самар меоранд. Зеро ягон ҷанг, ихтилоф ва низоу хунрезӣ дар ягон ҷамъият омили тарбияву пешрафт нест. Инро мо дар мисоли пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон, ба монанди ИМА дида метавонем, ки аз замони ҷанги Ветнам то имрӯз хомӯшу ниҳон азияту дарди он ҷангро кашида истодааст. Афғонистон, Ироқ, Кувайт, Сурия ва даҳҳо кишвари дигар аз ҷумлаи ҳудудҳоеанд, ки дар онҳо сарбозони амрикоӣ ҷангидаанд. Талафоти сарбозони амрикоӣ даҳҳо ҳазорро ташкил медиҳанд ва ин як амри

маъмулист, ки ҷанг беталафот намебошад. Аммо паҳлӯи муҳими дигар он аст, ки сарбозони зиндамондаи аз ин ҷангҳо ба ватанбаргашта дарди гарони ҷомеаи серу пуру пешрафтаи амрикоист. Асабҳои харобгашта ва худро идора карда натавонистани онҳо имрӯз дар ин кишвар боис гаштааст, ки ба муқобили мардуми осоишта яроқи оташфишон истифода гардад. Мақсад баъзе воқеаҳои террористии дар дохили ИМА зуд-зуд рухдиҳанда мебошад, ки бар асари онҳо бештар кӯдакону толибилмону донишҷӯён қурбон мешаванд. Марказҳои махсуси пажӯҳишӣ дар ин кишвар маълум намудаанд, ки ҳаштод фоизи ин воқеаҳо аз ҷониби онҳое содир шудааст, ки ба ҷангу хунрезиҳо дар манотиқи гуногуни олам иртибот доранд. Яъне, бештари онҳо собиқ сарбозонанд. Акнун ин тамоюл боиси ташвишу изтироби ҳукуматдорони ин кишвар гаштааст. Бо ин мисол гуфтан мехоҳем, ки агар дар як ҷомеаи пешрафтаву намунавию демократӣ чунин ҳолат ба вуҷуд ояд, пас, вой бар ҳоли кишварҳои акнун дар ҳолати гу-

заришу бунёдкорӣ қарордошта, ки ниёз танҳо ба оромиву ваҳдату сулҳ доранд. Имрӯз дар минтақаи Шарқи Наздик ҳаракату созмонҳое чун Ҳизби таҳрир, Ҳизбуллоҳ, «Асаиб-аҳл-ал-ҳақ», «БААС» ва монанди он амал мекунанд, ки ҳар кадом муҳтоҷи ҷонибдорони нав ба нав мебошанд. Дар ин роҳ ҳамчун зархарид аз ҷавонони роҳгум зиёд истифода мебаранд. Онҳо дар ин роҳ хеле осону бефоида қурбон мешаванд. Зеро сурати имрӯзаи ҳамаи ин воқеаҳо дурӯғин аст. Ба он ҷиҳат, ки манфиатдорон ҷангро дар миёни худи мусулмонон ба вуҷуд овардаанд ва қурбоншудагон ҳамагӣ мусалмонон мебошанд. Аз ин рӯ, ба ҳар гуна даъват аз тариқи интернету воситаҳои дигар (бо садои ҷиҳод) набояд дода шуд. Ҷавонони кишвар бояд фирефтаи пулу мол ва идеологияҳои фалокатбор нашаванд. Бигзор нимта нону роҳати ҷон бошад. Бигзор таълимоту фармудаи аслии дини ислом - дӯстиву садоқату бародарӣ шиори зиндагии мо бошад. Бигзор ба болои орзуву омоли волидайн, хоҳару бародар ва дӯстону ҳамсолони худ, ки дар симои мо бунёдкорони неки ояндаро мебинанд, хати батлон накашем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

7

АНДЕША

Наврӯзбеки АСАДУЛЛО, донишҷӯи ДМТ

Ҳар саҳар аз хоб хеста, ба оина нигоҳ мекунам. Чашмонам варам. Чеҳраам хаста. Вақти дарс ҳамкурсонам ба саволҳои устодон ҷавоб медиҳанд, аммо ман ҳамёза мекашам, ҳатто хоб меравам. Як устод доимо мегӯяд: «Духтарам, ин қадар хоболуд метобед, шаби дароз хоб нарафтед чӣ? Бедор шав, ин ҷо дарс аст!» “Дарс тайёр кардам”, гуфта боз ҳамёза мекашам. Ҳамкурсонам маро нашъаманд мегӯянд, зеро рангу рӯям ба шахси нашъаманд монанд аст. Ба дигар кор ҳавас надорам. Дилам мехоҳад аз атрофиён дур бошам ва бо «дунёи дигар” робита кунам. Ҳоли ман ҳолати як беморро мемонад. Ман яке аз одаткунандагон бо интернетам. Бо пайдо гардидани интернет дар ҳаёти одамон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Фосилаву робитаро миёни одамон кам карда, онҳо аз ҳамдигар дурӣ меҷӯянд, то яке ба дигаре халал нарасонад. Дӯстию рафоқат, чақ-чақ бо ҳамсабақон нишастану сӯҳбат кардан қариб ки аз байн рафтааст. Интернет одамро механдонад ва дар баъзе ҳолат мегирёнад. Чунин аст қудрати ин технология. Мавлуда Хайруллоева, донишҷӯи курси чоруми ДМТ гуфт, ки «интернет ҳаёти ҳамаи моро фаро гирифтааст. Ман низ истифодабарандаи интернет мебошам. Таваҷҷуҳи ман нисбат ба шабакаҳои

иҷтимоӣ зиёд аст, махсусан, “твиттер”-у “одноклассники” ва “фейсбук”. Маблағи ёфтаи ман, қариб ки барои дар интернет нишастану вақти худро беҳуда гузарондан меравад гӯям ҳам, хато намекунам». Шахси одаткардаи интернет ҳамчун одами одаткарда ба маводи мухаддир аст, инчунин, бехобӣ, дурӣ ҷустан аз атрофиён, вақтгузаронӣ, камхобӣ, афсурдаҳолӣ, заифӣ, беморӣ низ аз аломатҳои он маҳсуб меёбанд. «Ман ҳамчун як фарди аз интернет истифодабаранда ҳаминро бояд қайд кунам, ки дар замони муосир бидуни интернет зистан номумкин аст. Аммо истифодаи аз меъёр зиёди он ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба буҷа, махсусан, ба буҷаи донишҷӯён зарари калон мерасонад. Он бояд бо мақсад ва меъёри муайян истифода шавад», - иброз дошт, донишҷӯи курси чоруми факултаи журналистикаи ДМТ Беҳрӯз Холмуродов. Аммо ҳастанд нафароне, ки интернетро танҳо барои дастрас намудани матолиби муфид истифода мебаранд. Наргис Расулова, муалллимаи ДМТ зикр намуд: «Ман аслан, интернетро барои чизҳои ба худам зарур истифода мебарам. Бисёр вақт аз интернет тарзи тайёр намудани кулчақанду хуришҳоро хонда, дар хона ба фарзандонам тайёр мекунам”. Бо пайдо шудани интернет дар муҳити хонавода бегонагӣ эҳсос мешавад. Тамоми аъзои хонавода бо интернет банд ҳастанд ва барои сӯҳбат бо интернет бо наздикон вақт надоранд. Дарди дилашонро низ ба интернет мегӯянд ва маслиҳат низ металабанд. Гулҷамол Асадова низ аз одаткарда-

гон бо интернет аст. Ӯ афзуд, ки вақтҳои охир ба дигар корҳоям майл надорам. Танҳо ҳушу хаёлам ба интернет банд аст. Ҳатто аз аҳволи додарам намепурсам, ки

фароҳамкунандагони интернет дар Тоҷикистон 1 млн. 600 ҳазор нафар аз интернет истифода мебаранд. Шахсе, ки бо интернет одат кардааст, онро беҳтар

ӯ чи хел мехонад ва ба чи кор машғул мешавад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо имрӯз, бештари хонандагони мактаб ба тайёр кардани вазифаи худ кам майл доранд. Баъди дарс ба интернет-кафеҳо мераванд. Баъзеашон, ки дар хона дастарасӣ ба интернет доранд, дар назди компютер вақти қимати худро беҳуда мегузаронанд. Табиист, ки наврасону ҷавонон матолиби муфидро кам дарёфт намуда, бисёртар ба тамошои тасвиру мавзуҳои ғайриахлоқӣ рағбат доранд. Тибқи иттилои Анҷумани

аз ҳама корҳо медонад. Хобу истироҳат барои ӯ бегонаанд, аммо дар сурати дастрасӣ пайдо накардан асабонию афсурдахотир мешавад. Барои тарки ин одат ягон чиз тавсия нашудааст. «Тарки одат - амри маҳол” гуфтаанд. Азбаски мавзӯи интернет ва таъсири он ба зиндагии одамон мавзӯи ҳалталаб аст, аҳли ҷомеаро мебояд аз он мақсаднок истифода баранд.

Арзанда ЗАНҶИРБЕКОВА, донишҷӯи соли чоруми ДМТ

e-mail: javonontj@mail.ru

Интернет механдонад, мегирёнад...


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

8

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА (Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта) ИДЕОЛОГИЯ ВА ЗИЁИЁН Аз миёни тамоми мавҷудоти заминӣ танҳо ба инсон атои беҳтарини табиат – қобилияти фикрронӣ ва ибрози он аз тариқи нутқ, инчунин, дигар шаклҳои мантиқии дарки олам эҳдо шудааст. Мавҷудоти моддии дигари ба он монанд нест. Комилан асоснок аст, ки ба ин шакли муҳимтарини фаъолияти инсонӣ диққати мутафаккирон равона гардидааст. Барои он ки фикрронӣ ҳамчун фаъолият дар самти «офариниши идея, тасаввурот ва шуур»13 таъбир мешавад, худи идеяҳо ҳамчун маҳсули фикрронӣ, дар асоси ҳиссиёт, идроку тасаввуроти дахлдор ва албатта, таҳлили мантиқӣ ба вуҷуд меоянд. Маҳз идеяҳо дар инкишоф ва рушди инсоният нақши муҳимтарин доранд. Аммо офариниши идея ба гунае, ки баъзе ҳамзамонони маъруфи мо фикр мекунанд, кори осон нест. Офарандагони идеяҳо – шахсиятҳои ғайриодӣ ҳастанд. Вагарна «дар ҳақиқат идея ба ҳукми ганҷ аст, аммо ин идеяҳо ба монанди ҳамон конҳои алмоси кураи Замин нодир ҳастанд. Онҳоро бисёр ҷустан, дурусттараш интизор шудан лозим, дар уқёнуси бесоҳили андеша шино намуда, ба умқи он фурӯ рафтан лозим … Мегӯянд, ки боре субҳгоҳон Нютон амиқан ба фикр ғӯтавар шуд ва пагоҳии дигар ӯро дар ҳамон ҳолати дирӯза пайдо карданд, ӯ бошад пай набурд, ки як шабонарӯз гузаштааст»14. Идеяҳоро метавон ба он қисмати шуур пайванд дод, ки дар ниҳояти кор ҷаҳонро дар шакли образҳо инъикос мекунад, муносибати инсонро ба воқеияти атроф дар асоси маълумоти дар ихтиёрдоштааш, ки шакли асосии ташаккулёбии худи шуур аст, муайян месозад. Барои дарк намудани муҳити атроф дар ҳамон шакле, ки дар ҳақиқат вуҷуд дорад, ба инсон чандин ҳазор сол лозим омад. Фаҳмиши муҳити атроф на танҳо барои мутобиқшавӣ ва истифодаи он ба манфиати хеш, балки безараргардонии атроф аз ҳастии худ буд. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои хеш, ба мавҷудоти дорои тафаккур зарур буд, ки донишҳои ҳақиқии илмӣ дошта бошад. Инсоният ва ё намояндагони алоҳидаи он ҳамеша иштибоҳ мекарданд, вақте танҳо бо донистани паҳлӯҳои зоҳирии воқеият, тасаввуроти рӯякӣ дар бораи идея ва ашё маҳдуд мешуданд, намехостанд ва наметавонистанд ба дарки қонуниятҳои инкишофи ҳодисаю зуҳуроти воқеияти объективӣ бирасанд. Доираи мазкур нақши инструменталиро дар дасти қувваҳои душмани миллати хеш иҷро намуд. Тавре ки файласуфи фаронсавии асри XVI М. Монтен таъкид мекард, «одамон ба ҳеҷ чиз он андоза сахт бовар намекунанд, назар ба чизе, ки нисбаташ маълумоти хеле кам доранд». Аз ин рӯ, дар раванди инкишофи таърихӣ танҳо халқҳое бурд кардаанд, ки тавонистанд моҳияти корҳоро дарк кунанд, мақсаду ниятҳои ниҳоии душманро омӯзиш, таҳлил ва ошкор намуда, манфиатҳои ғаразноки ӯро сарфаҳм раванд. Ин донишҳоро дар амалияи фаъолияти сиёсии миллати хеш истифода намуда, онро аз фоҷиаву фалокатҳо эмин доштаанд. Дар шароити ҷомеаи демократӣ ба созмондиҳии идеологияи плюралистӣ субъектҳои дахлдори муносибатҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд. Барои асоснок ва баъзан исботи зарурати мавҷудияти хеш ҳар кадоме аз субъектҳо кӯшиш меку-

нанд, то роҳҳои баёну ибрози хешро дарёбанд. Иддае аз онҳо дар тақдири сиёсии хеш, ҳолати интизориро аз сар мегузаронанд ва худро аз бори заҳмати манфиатҳои миллӣ канор мегиранд. Чунин рафторро онҳо дар муҳити дохилӣ ва дар баъзе ҳолатҳо дар арсаи берунӣ намоиш медиҳанд, бо умеде, ки худро судманд вонамуд созанд ва мавҷудияташон эҳсос карда шавад. Аммо новобаста аз ин, тибқи ақидаи Л. Файербах «шакл ин тарзи мавҷудият ва инъикоси моҳият аст». Ҳама гап дар сари он аст, ки чунин «шакл» ва «тарзи мавҷудият» то кадом андоза ба манфиати ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёт, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амнияти миллат хизмат мекунанд? Нақши зиёиён дар низоми сиёсии ҷомеа ҳалкунанда ва асосист, зеро барои тақдири миллат на танҳо институтҳои сиёсии дахлдор, балки қисмати тараққикарда ва пешсафи он низ ҷавобгар аст. Чунки «зиёиён дар ҳама

Саймумин ЯТИМОВ

Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов мавриди сӯиқасд қарор гирифтанд, танҳо ба хотири он ки олимони бузург буда, талафи ин қабил шахсиятҳо ғаму андуҳро дар дили миллионҳо нафар боқӣ мегузорад. Сабаби аслии муборизаи рӯҳониёни ифротӣ бар зидди зиёиён дар солҳои сиюм, навадуми асри гузашта то замонҳои наздик дар он буд, ки одамони саводнокшуда дигар намехостанд муриду мухлиси афроди мутаассиби ҷаҳолатзада бошанд ва аз таҳти назорату фармонбардории онҳо берун мешуданд. Ба ибораи дигар, ҳамаи ин кӯшишҳои ҷаҳолатпарастон пайомадҳои ҷиддӣ доранд. Ин талошҳо ба он равона гардидаанд, ки одамонро дар ҳолати бесаводӣ, камшуурӣ, бетафаккурӣ ва ҷоҳилӣ нигоҳ доранд. На ин ки инсонҳои маъмуру озод, балки нафарони ба осонӣ аз тариқи манипулятсияи эҳсосоту хурофот, баҳри амалисозии мақсадҳои ғаразноки шахсони манфиатдор идора-

ҷамъият ва тафаккур» нест. Маҳз барои ҳамин зиёиёни миллат набояд нисбат ба манфиатҳои миллӣ бетараф бошанд. Кайҳо боз ин ибораи У. Черчилл маъруф аст: «ҳамин, ки уқобҳо сокит мешаванд, ҳамон замон тӯтиҳо садо баланд мекунанд»16. Тоҷикистон чунин таҷрибаеро аз сар гузаронидааст, ки шуури омма аз ҷониби одамоне идора мешуд, ки «аз номаъқулӣ тавонистанд бо миқдори аксари калимаҳо теъдоди камтарини андешаҳоро иброз намоянд»17, аммо дар баробари ин, онҳо фошнагардидаю ислоҳнашуда боқӣ монда, ба тақдири миллат таъсири фоҷиабор расониданд. Барои ислоҳи ин иштибоҳ чандин даҳсола лозим. Раванди таърихии инкишофи миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як насл, аз ҷумла, зиёиён вазифаи худро доранд. Онҳо нақши худро дар тақдири миллат,

шаванда бошанд. Айни замон ҳолатҳое вомехӯранд, ки зиёиён мавқееро ишғол мекунанд, ки фаронсавиҳо онро “Laissez Faire, Laissez Passer” меноманд. Яъне, дар рафти баҳс, лаҳзаҳои ҳалкунанда, шароити мушаххаси баамаломада ҷониби уҳдадор мекӯшад, хомӯширо риоя намояд ва розист, ки ҳодисаву воқеаҳо ба маҷрои худ, бидуни роҳбаладҳо ба вуқӯъ пайванданд. Илм ва илмият мекӯшанд ва мақсад доранд, ки то ҳадди имкон ба ҳақиқат наздик шуда, онро исбот намоянд. Тавре маълум аст, ҳақиқат дар ниҳояти кор, наметавонад бо гумроҳӣ ва ҷаҳолат ҳамзистӣ дошта бошад. Нақши зиёиён дар рушди маънавии миллат мавзӯи алоҳида аст. Дар баробари ин, қайд кардан ҷоиз аст, ки агар дар муборизаи идеологии замони муосир ин қишри нисбатан саводноки ҷомеа бепарвоӣ зоҳир кунад, тақдири миллат ба дасти ҷоҳилони зиёимаоб мегузарад. Онҳое, ки илм барояшон «маҷмӯи донишҳои дар амалия санҷидашуда оид ба қонуниятҳои инкишофи табиат,

нигоҳдорӣ ва некуаҳволии он, инчунин, намоиши рақобатпазирии миллат дар ҷаҳони мураккабу пуртазод бозидаанд ва ҳоло ҳам мебозанд. Ҳама гап дар сари он аст, ки бидуни муносибати объективона ва санҷидани зуҳуроти идеологӣ дар масъалаи ҳаққоният, наметавон назарияҳоеро офарид, ки барои миллат фоидаи воқеӣ биёранд. Ҳатто дар асрҳои миёна аз Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуали Сино, Умари Хайём, Носири Хисрав, Убайди Зоконӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ сар карда, баъдан Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёре аз дигарон дар шароитҳои вазнинтарини ҷаҳолат, бузургтарин асарҳои маънавӣ офариданд. Осоре, ки замири мардумро мунаввар сохт, идеяҳои ба дарки ҳақиқат равонашуда ва такя ба донишро талқин намуд, ба мубориза бар зидди истисмори инсон ва сабабу ангезаҳои таназзулу ақибмондагӣ равона кард. Онҳо ватандӯстиро тараннум намуда, ба ҳифзи Ватан ва манфиатҳои он, агар зарур бошад бо арзиши ҷон, даъват мекарданд. Таҳти ривоятҳои гуногун моҳияти реаксионии идеяҳоеро, ки монеи рушду шукуфоии халқ мешуданд, фош менамуданд, фанатизми диниро маҳкум мекарданд. Бо исрорварзӣ ва таблиғи бузургии забони модарӣ, кӯшиши исбот намудани онро мекарданд, ки аз тариқи забони тоҷикӣ имконияти баён намудани ҳама гуна зуҳуроти воқеияти реалӣ, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, дипломатӣ ва ғайра вуҷуд дорад. Ягон зарурати сарафкандагӣ дар назди фарҳанги бегонаи зӯран таҳмилшуда, ки аз таъриху фарҳанги тоҷикӣ – форсӣ поин местад, нест. Абулқосими Фирдавсӣ мекӯшид истилогарони аҷнабиро ба он бовар кунонад, ки халқи вай соҳибғурур, тавоно, аз лиҳози маънавӣ бой ва аз ҳама ҷиҳат худкифо мебошад. Мазмуну муҳтавои эҷодиёташ на танҳо ба муқобили душманони берунаи халқи тоҷик, балки бар зидди он ҳамватаноне нигаронида шуда буд, ки дар пеши истилогарони аҷнабӣ, забон, фарҳанг, тарзи зиндагӣ, мароси-

Идеология ва

гуна шароит, ҳолат ва унвон ҳамеша як вазифаро иҷро мекунанд. Онҳо ҳамеша рӯшноӣ ҳастанд, танҳо он чизе, ки равшан мекунад ё он касе ки равшангарӣ мекунад, кори зиёиёна - вазифаи зиёиро ба сомон мерасонад»15. Ба назар чунин мерасад, ки зиёиён барои ҳама гуна идеология, бахусус, агар ба талаботи мазкур ҷавобгар набошанд, ҳамчун полоишгар хизмат кунанд. Вазифаи зиёиён ислоҳ намудан, фаъол сохтан ва ёрӣ расонидан ба одамон ҷиҳати истифодаи шуур ва дарки мавҷудот мебошад. Агар ба таърихи тӯлонии миллат ва халқиятҳо, аз ҷумла, мардуми худамон назар афканем, метавонем бибинем, ки чи тавр намояндагони бузурги илм, адабиёт ва санъат баҳри ғояҳои волои халқи хеш, умуман, инсоният фидокорона мубориза бурда, ранҷу заҳмати зиёд кашидаанд ва ҷоннисориҳо кардаанд. Дар миёни онҳо Абуалӣ Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей ва бисёре дигаронро метавон номбар кард. Иддае аз онҳо, ба мисли Муҳаммад


Олими мавсуф рушди илму маорифро барои идора кардани «шууру рафтори дигарон» ва ишғоли ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеаи байналхалқӣ муҳим медонад. Маҳз барои ҳамин, вақте сухан дар бораи эҷоди назария, идея ва дидгоҳҳои пешқадам меравад, пеш аз ҳама, нақши зиёиён ба назар меояд. Табиатан маҳз ҳамин қишри аҳолӣ, неруи пешбарандаи тамоми инкишофи маънавист, барои он ки «вазифаи зиёиён ҳамчун табақа – сарҷамъ кардани миллат дар асоси тасаввуроти ягона… мебошад. Ба ибораи дигар, зиёиён бояд принсипҳои муҳим ва асоси характери миллиро ошкор ва аниқ намоянд»20, ки ба ваҳдату қудратмандии миллат мусоидат намоянд. Гузаштагони миллати тоҷик ҳамин хел назар доштанд ва ба чунин андеша мутафаккири ғарбӣ Г. Маргентау, ки номаш зикр шуд, муътақид буд. Як чиз ҷолиби диққат аст, ҳар вақте ки сухан дар бораи манфиатҳои асили миллӣ меравад, олимону мутафаккирони ҳамаи сатҳҳо фикру андешаҳои якхела

барои пойдорӣ, суботу инкишофи давлати миллӣ ва заминаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқии ба он марбут аст. Амният бидуни таъмини бехатарии арзишҳои миллӣ, консепсияҳои ғоявӣ ва самтҳои афзалиятноки тараққиёт вуҷуд надошт ва дошта ҳам наметавонад. Ин мафҳумҳо аз қаъри асрҳо берун омада, дар шакли давлати муваффақи миллӣ ифода меёбанд, ки дар он барои мардум имконияти зиндагии осоишта ва некуаҳволии иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Ба таъбири дигар, сухан дар бораи амнияти идеологӣ меравад. Давлате, ки ин принсипҳоро нодида мегирад, ба соҳаҳои муҳими номбаршуда ва марҷаияти фаъолияти институтҳои сиёсӣ дар сатҳи дохилӣ ва хориҷӣ беэътиноӣ зоҳир менамояд, бешубҳа ба нобудӣ мувоҷеҳ мешавад. Баръакси инро иқрор кардан – маънои ба мунозираи идеологӣ ворид шуданро дорад, яъне, нақши идеологияро эътироф накарда, ғояҳои алтернативӣ ва мухолифи худро ба миён гузоштан аст ва

наздашон истодаро эҳсос мекунанд. Барои он ки сатҳи дониш, шароити иҷтимоӣ ва ҷанбаи ҷаҳонбинии одамон дур аз матлаб аст. Ҳолати мазкур, на танҳо ин қитъаи ҷуғрофӣ, балки барои ҳамаи ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ҳамсон аст. Неруҳое, ки мехоҳанд аз ин масъала сӯистифода кунанд, хеле зиёданд. Дар дунё бадӣ аз некӣ бештар мебошад. Аммо некӣ нерумандтар аст ва ҳақиқат ҳамеша ҷонибдори он. Дар акси ҳол, ба гуфтаи файласуфи фаронсавӣ Маркиз де Сад, «зиштрӯй ҳам метавонад дар оинаи каҷнамо дилписанд намояд». Амалияи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба ин мисол шуда метавонад. Унсурҳои ҷаҳонишавӣ ба идеология таъсири манфӣ мерасонанд. Беҳуда давлатҳои бузург истифодаи антеннаҳои маҳворавӣ ва шабакаи интернетро маҳдуд намекунанд. Ин иқдом ба таври боварибахш асоснок мегардад – «бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон». Ҳамзамон,

мояндагони миллати мо нақши бесобиқа доранд. Имрӯз давоми гузашта аст. Таҷрибаи таърихӣ ба мо мисолҳои беҳтаринро нишон медиҳад. Онҳо сохтори таркиби шуури таърихии моро ташкил медиҳанд, нақши бузургро дар бунёди ҳаёти имрӯза ва банақшагирии оянда мебозанд. «Гузаштагонро омӯхта, худро мешиносем. Бидуни донистани таърих мо худро тасодуфҳое қабул мекунем, ки барои кӣ ва барои чӣ зиндагонӣ кардан, ба кадом тараф рафтанро сарфаҳм намераванд»18. Ҳамчун идомаи мантиқӣ ва мероси арзандаи гузашта, ин кӯшишҳо дар шакли назария ва ҷаҳонбиниҳо, дар амалияи муносибатҳои сиёсӣ, бахусус, дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар ташаккулёбӣ, инкишоф ва пойдории давлати миллии мо ифода ёфтаанд. Олими олмонитабори амрикоӣ Г. Моргентау, ки дар илми муносибатҳои байналмилалӣ муҳаққиқи барҷаста маҳсуб меёбад, дар китоби машҳури худ «Politics Among Hations» («Сиёсат миёни миллатҳо») дар боби «Моҳияти қудрати миллӣ», мулоҳизаҳояшро аз саволи «What is Hational Power?», («Қудрати миллиро чӣ ташкил медиҳад?») оғоз мекунад. Ба саволи гузоштаи худ ҷавоб дода, қайд мекунад: «Вақте мо дар бораи қудрат сухан меронем, нерумандии инсонро бар хираду шуур ва рафтори дигар инсонҳо дар назар дорем. Чунин зуҳуротро метавон дар ҳама ҷо мушоҳида намуд, зеро одамон ҳамеша дар пайванди иҷтимоӣ бо якдигар зиндагонӣ мекунанд»19. Зимни мулоҳизарониҳо дар бораи қудрати миллӣ Г. Маргентау ба ҳайси аломатҳои он - омилҳои ҳудуд, канданиҳои фоиданок, мавқеи ҷуғрофӣ, иқтидори низомӣ ва чанде дигарро баррасӣ мекунад. Дар баробари ин, омили инсонӣ, характери миллӣ, сатҳи аҳолӣ, майли одамон ба тарзи илмии фикрронӣ, рӯйдодҳои атрофашро ба тарзи воқеӣ баҳогузорӣ карда, ба он дар асоси манфиатҳои миллӣ таассуроти мувофиқ нишон доданро нерумандтарин омили сохти давлатдорӣ мешуморад.

доранд. Барои иштироки фаъолонаи зиёиён ҷиҳати пешбурди идеологияи миллӣ дар шакли таҳкими ваҳдати миллӣ, пешгирии дар ҷомеа паҳн шудани идея ва дидгоҳҳои аз берун таҳмил ва маблағгузоришаванда, ки ба инкишофу таҳкими давлатдории тоҷикон мусоидат намекунанд, тамоми заминаҳо фароҳам омадааст. Ба онҳо, пеш аз ҳама, сарнавишти таърихии халқи тоҷик дохил мешавад: ташкили давлати азиму муқтадир дар Осиёи Марказӣ ва аз даст рафтани он бар асари таҷовузи истилогарони аҷнабӣ ва хиёнаткориҳо дар дохили давлат; зиёда аз ҳазор сол таҳти зулму истибдоди аҷнабиён қарор доштан; расидан ба истиқлолият; солҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ; хатари аз байн рафтани истиқлолият ва аз даст додани тамомияти арзӣ; солҳои мушкилтарини эҳёи миллӣ. Баҳои объективона ва таҳлили илмии роҳи таърихии миллати тоҷик, сабабу пайомадҳои таназзул ва эҳёи давлатдории тоҷикон, барои ташаккулёбӣ ва таҳкими идеологияи миллӣ, ки ба воситаи он зиёиёни тоҷик мавқеи худро муайян сохта, дар партави он наслҳои ояндаи дӯстдорони асили Ватан тарбият меёбанд, арзиши беандоза доранд.

инро бояд ҳама бидонанд. Ташаккулёбии ҳама гуна идеология, бахусус, идеологияи сиёсӣ, раванди ниҳоят мураккаб аст. Дарки ин нукта мушкил нест, ки дар он таҷрибаи таърихии худи миллат ва ғояҳои пешқадами инсоният таҷассум меёбанд. Аҳамияти идеология нигоҳдории истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, рушди демократӣ, пешрафти устувори иқтисодиро дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва боназардошти манфиатҳои миллӣ дар бар мегирад. Идеологияи ҳаққонӣ ва илман асоснокшуда, ки арзишҳои дар боло ёдшударо таҷассум мекунад, арзандаи дастгирии ҷомеа мебошанд, зеро онҳо барои ҳифзу пешбарии манфиатҳои миллӣ равон гардидаанд. Аммо дар ин олами пуртазод, ки ҳар як субъекти сиёсӣ мекӯшад инсонро ба ҳадафи сиёсӣ табдил диҳад ва назарияву ҷаҳонфаҳмии худашро ҳамчун «ягона идеологияи дуруст» ва «ягона идеологияи ҳаққонӣ» тафсиру таблиғ менамояд, бо истифода аз роҳҳои гуногун муътақид сохтани омма ба дурустии идеологияи воқеан илмӣ кори саҳлу осон нест. Матлаби зикршуда моҳиятан кори умумимиллӣ – аз оилаҳои одии муқаррарӣ сар карда, то институтҳои олии сиёсии ҷамъиятӣ аст. Ин ақидаи умумӣ ва абстрактӣ нест. Дар он ҳар фард аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ вазифаҳои худро дорад. Нодида гирифтан, беэътиноӣ варзидан, сафсата хондани принсипҳои идеологӣ наметавонанд ба таъмини амният ва рушди устувори миллат мусоидат кунанд. Барои ин ҳама ҷавобгар ҳастанд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳамаи субъектҳое, ки ба амалисозии ғоя ва идеологияи миллӣ марбут ҳастанд, мушкилии вазифаҳои дар

чунин зуҳурот дар дигар кишварҳо аз ҷониби онҳо ҳамчун «дахолати давлат ба соҳаи табодули фарҳангӣ - иттилоотӣ ва поймол кардани ҳуқуқи инсон» эълон карда мешавад. Дар муносибатҳои байналхалқӣ низ ҳақ бар ҷониби ҳамонест, ки ҳуқуқҳои бештар дорад ва ё бо таъбири Наполеон Бонапарт «баталёнҳои бузург ҳамеша ҳақанд». Илми ватанӣ ва миллӣ бояд ҳатман дар роҳи шинохт ва фошсозии кӯшишҳои мифологӣ, догматикӣ ва экстремистӣ аз ҷониби неруҳои манфиатхоҳ, ки мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки хешро «аз ҳисоби рӯзи фардо» ва дигар шиорҳои авомфиребона амалӣ созанд, фаъолият барад. Ба назари мо, вазифаи асосии он таъмини ниёзмандиҳои амалияи иҷтимоӣ аст ва чизи дигаре беш нест. Ҳамин тавр «дар ҳар ҷомеа гурӯҳҳои иҷтимоие ҳастанд, ки вазифаи асосии онҳо созмон додани тафсири ҷаҳон барои ҳамон ҷамъият аст»21. Мо ин гурӯҳҳоро «зиёиён» ном мебарем. Мо бояд ҳама корро кунем, ки ҳеҷ кас натавонад халқро ба «шакли тафаккури ноаниқ ва ғайриилмӣ» баргардонад, бадхоҳони миллат натавонанд онро ба содагии ҷаҳонбинӣ ва ҳатто илмбадбинии сиёсӣ муттаҳам созанд. Дарки зуҳуроти воқеият ва сатҳи маълумотнокӣ бояд то ҳадде боло бурда шавад, ки аҳолӣ дар паси ҳар шиор, ваъда, даъват, пешниҳод, суханронӣ мутобиқати онҳоро ба манфиатҳои миллиамон ва таъмини амнияту рушди давлатдории миллии мо сарфаҳм равад.

манфиати миллӣ

ХУЛОСА Идеология ба навъҳои мураккабтарини ғоя, назария, дидгоҳ ва ҷаҳонбинӣ дохил мешавад. Ин хосияти идеология аз моҳияти худи зиндагӣ – гуногунии материяҳо, мухолифатҳои абадиву беохири он, кӯшишҳои доимии инкори ҳамдигарӣ бармеояд. Зиддияти арзишҳо зиддияти аз ҳама хатарнок ва мушкилҳалшаванда мебошад. То замоне, ки ҷаҳон боқист, ин зиддиятҳо идома меёбанд – ин воқеияти реалӣ аст. Аммо арзишмандии захираҳои ақлонии инсоният, ки дар он илм нақши асосӣ мебозад, дар дарёфти роҳҳои таъмини амнияти ҷамъият барои инсон, созиш додани мухолифатҳо, фароҳам овардани шароити мусоиду арзанда барои наслҳо, масъул мебошад. Таъмини амнияти миллӣ моҳиятан ба маънои фароҳам сохтани шароити амн

Тарҷумаи Умар САФАРОВ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

13. Маркс К. и Энгельс Ф., Немецкая идеология. Соч. т.3. стр.24. 14. Бальзак Оноре де. Собрание сочинений, т. 1. М., 1985, стр. 225-226. 15. Успенский Г., Из разговора с приятельями. /// Интеллигентный человек., Собр. соч. Т. 5, М., 1956, стр. 237. 16. Черчилль У., Мускулы мира, М., 2009, стр. 507. 17. Черчилль У., Мускулы мира, М., 2009, стр. 507. 18. Ключевский В. О. Письма. Дневники. Афоризмы и мысли об истории. М., 1968, стр. 332. 19. Моргентау Г., Politics Among Nations, New York, 1964, p 101. 20. Касьянова К. О русском национальном характере, М., 1994, стр. 20, 23. 21. Мангейм Карл, (1893-1947), Идеология и утопия, стр. 14-15.

e-mail: javonontj@mail.ru

му идеологияи онҳо, ба хотири расидан ба мақсадҳои ғаразноки хеш сар фурӯ меоваранд ва дар таърих чунин мисолҳо буданд. «Халқе, ки қаҳрамон надорад, оҷизу нотавон аст». Ин анъанаҳо аз ҷониби фарзандони содиқи миллати тоҷик дар тӯли таърихи дароз, новобаста аз вазъияти таҳдидомезу хатарнок идома ёфтаанд. Ин на идеологияи инфиродӣ, шахсӣ ва гурӯҳӣ, балки ғоя ва идеологияи миллӣ буд. Аз ҳамин лиҳоз, онҳоро классикӣ ва абадӣ ном мебаранд. Новобаста аз хоҳиши душманони миллати тоҷик, ин ғояҳои зиндагисоз ва рӯҳпарвару тараққихоҳ эҳтиёткорона ҳифз шуда, аз насл ба насл гузаштанд ва то замони мо расиданд. Мутафаккирони бузурги номбаргардида намояндагони зиёиёни даврони худ буданд. Маҳз ба шарофати онҳо, забони тоҷикӣ, суннатҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама – рӯҳия ва арзишҳои маънавии миллат ҳифз шуданд. Дар ҷодаи расидани халқи тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ин на-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

9

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

10

НУКТАИ НАЗАР

Ҷавонон ҳамеша дар мадди назаранд Борҳо таъкид шудаву мешавад, ки ҷавонони ҳар қавму миллат ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд. Аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа ҳамеша дар мадди назар буд. Ҳангоми ғасб ва лашкаркашиҳо, асосан, ҷавонон ба ҳайси нерӯ истифода мешуданд. Зеро нисбат ба наврасон ва пиронсолон аз назари ҷисмонӣ обутобёфта ва дорои қувваи фавқулодда ҳастанд. Маҳз ҳамин омилҳо ҷавононро борҳо дар маркази диққат қарор додааст. Аммо бо гузашти вақт ва рушду ташаккули ҷомеа омилҳои диққатҷалбкунанда ҷиҳати дастгирии ҷавонон тағйир ёфта, ба маротиб афзоиш ёфт. Дар замони муосир ва пешрафти технология ҷавонон ҳамоно ба ҳайси як нерӯ ва дорои қувваи бузург боқӣ монда, талоши бештари давлатҳо ҷиҳати дар руҳияи созандагӣ ба воя расидани онҳо равона гардидааст. Ба ин хотир, дар аксар давлатҳо мақомоти

махсуси давлатӣ таъсис ёфтааст, ки сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон ҳамоҳанг месозад. Вазифаи ин мақом ҳалли мушкилоти ҷавонон, фароҳам овардани шароит ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбияву ҳидоят намудани эшон ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, дар ҷомеаи навин, ки пур аз равандҳои мураккаб аст, истифодаи қишри муҳиму ояндасози кишвар – ҷавонон аз ҷониби равияҳои гуногун имконпазир мебошад. Равия ва гурӯҳҳои махсус бо аҳдофи гуногун худро пуштибон ва ғамхори ҷавонон муаррифӣ намуда, аз онҳо ба ҳайси абзори фишор истифода менамоянд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки ягона қишре, ки метавонад зуд ба доми эшон афтида, онҳоро ба ҳадаф наздиктар намояд, ҷавононанд. Маҳз ба ин хотир дар сурати пайдо гардидани як мушкили ҷузъӣ садо баланд карда, ба гунае нишон медҳанд, ки гӯё дар асл ғамхору мададгори ҷавонон мебошанд. Ин таҷриба дар аксар кишварҳои олам ба мушоҳида мерасад. Аммо кишварҳои муттамадин ва аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта бо дарки ин нукта ба ҷавонон тамоми шароитро муҳайё сохтаанд, ки майли гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида кам ба назар мерасад. Дар ин давлатҳо ба хотири ба гурӯҳҳои аҷнабӣ нагаравидани ҷавонон, қабл аз ҳама, имкони шароити хуби

таҳсил дар макотиби олӣ, ҷойи кори муносиб, додани имтиёзҳои гуногун фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, барномаҳои вижае таҳияву қабул гардидаанд, ки вобаста ба шароит ва равандҳои дар ҷомеа зуҳуркарда ҷавононро аз хатарҳои он эмин нигоҳ медоранд. Ҷавонон низ дар навбати худ ягона такягоҳ ва пуштибони хешро дар давлат мебинанд. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат мекунанд. Гурӯҳҳои аҷнабӣ ва бегона низ бештар ба сафи худ ҷавнонеро ҷалб месозанд, ки саводу дониши кофӣ надошта, камбизоатанд. Онҳо аз нуктаи заъф ва ё бебизоатии ҷавонон истифода менамоянд. Дар ин раванд бештар онҳое ба дом меафтанд, ки дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ начандон пешрафта умр ба сар мебаранд. Ҳамчунин, кишварҳои абарқудрат ва манфиатхоҳ ҳангоми инқилобҳои ранга маҳз аз нерӯи ҷавонон истифода менамоянд. Таҳлили ҳаводиси охир дар кишварҳои Ховари Миёна ва Украина нишон дод, ки дар майдон, асосан, ҷавонон қиём карда, даст ба тазоҳурот заданд. Бозингарони асосӣ барои баровардани ҷавонон ба майдонҳо аз василаҳои гуногун истифода намуда, ба онҳо унвони “қаҳрамон”, “ватандӯст” ва монанд ба ин медиҳанд. Ҷавонони ноогоҳ ва ё норизо аз ин илҳом гирифта,

даст ба иқдомҳои ҷиддитар мезананд, ки барои ҷомеа ва тамомияти арзии ҳар як кишвар хатарнок аст. Кишварҳое, ки ин нуктаро дарк намудаанд, барои ҷавонон шароитҳои гуногунро муҳайё намуда, қувваю нерӯи эшонро ба манфиати давлату ҷомеа истифода бурдан доранд. Роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат низ бо ба даст овардани истиқлолият ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса намуда, марҳила ба марҳила мушкилоти дар ин бахш мавҷударо бартараф намудан доранд. Давоми соҳибистиқлолӣ борҳо мулоқоти Президенти кишвар бо ҷавонон доир гардида, суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо эшон ба роҳ монда шуд. Ба хотири дар руҳияи ватандӯстӣ ва шинохти миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон барономаҳои вижа қабул гардида, пайваста чорабинҳо доир мегарданд. Ҷудо гардидани квотаҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар барои таҳсил ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар маҳз ба хотири тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси миллӣ равона шудаанд. Ҳамзамон, дар ин давра ҷиҳати муаррифии кишвар дар хориҷ ва тарбия ёфтани ҷавонони солим шумораи зиёди майдонҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Натиҷаи ин ғамхориҳо чунин шуд, ки ҷавонони тоҷик

ЭЪЛОН

Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, “Воҳиди харид”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо (бинои асосии вазорат, утоқи 29, тел. 221-65-38, 92 811-28-28), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди номгӯи зерини молҳо, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд: Номгӯи молҳо

Истеҳсолкунанда

Воҳиди ченак

Миқдор

ЛОТИ №1 1

Жалюз

Ватанӣ-хориҷӣ

М2

222

2

Парда (в 2,5 метр)

Ватанӣ-хориҷӣ

М 1х2,5 п.м

670

Ватанӣ-хориҷӣ

Дона

66

Ватанӣ-хориҷӣ

Дона

68

Ватанӣ-хориҷӣ

Дона

26

ЛОТИ №2 1

e-mail: javonontj@mail.ru

2 3

Ҷевони либос (шкаф гардеробный: д-1,95; г-45; ш-80 Мизи офисии яктумба (д-1,4; в-78; ш-60 Рахти хоб (кроват д-1,9; в-84; ш-80

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Диққат, озмун!

ДАЪВАТНОМА

дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовард ба кишвар баргаштанд. Бо ин ҳама, баъзан дар интернет наворҳое ба назар мерасанд, ки ҷавонони тоҷик низ ба баъзе гуруҳҳо шомил гардида, аз баҳри гирифтани донишҳои муосиру замонавӣ мегузаранд. Махсусан, чунин ҳолат дар Русия бештар ба назар мерасад. Ин дар ҳоле ки дар айёми ҷавонӣ онҳо имкони фаровоне дар даст доранд, то аз донишҳои нав баҳравар гарданд. Сабаби инро эшон баъзан дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет шарҳ дода, надоштани шароити таҳсил ва ё камбизоатӣ унвон мекунанд. Дар навбати дигар қисме аз онҳо аз надоштани ҷои корӣ доимӣ ва муносиб ба хориҷ рафта, баъзан мавриди таҳқир қарор мегиранд, ки ба рӯҳияи онҳо бетаъсир буда наметавонад. Аз ин рӯ, мушкили дар ин самт мавҷуда ислоҳ металабад. Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон боз ҳам афзун гардид. Аз ҷумла, ба вазифаҳои давлатӣ таъин кардани кадрҳои ҷавони дорои малакаи роҳбарӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои наздик мушкилоти ҷавонон дар кишвар роҳи ҳалли худро ёфта, ҷавонон бо ҷои кори муносиб дар кишвар таъмин мешаванд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди хариди, муроҷиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок намуданро доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (150 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи муҳосиботи дастгоҳи Вазорати молия ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00 12 июни соли 2014 пешниҳод намоянд. Сана ва вақти кушодани дархост 12 июни соли 2014, соати 16:00 дар утоқи №29 бинои асосии Вазорати молия. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон дар соли 2014 озмун эълон менамояд. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон ба теъдоди 6 (шаш) адад мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1998, №967 таъсис дода шудааст. Ҳар кадом ҷоиза баробар ба 2000 (ду ҳазор) доллари ШМА муқаррар гардидааст. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо пешниҳоди шиноснома аз 20 майи соли 2014 оғоз гардида, 25 июни соли 2014 ба анҷом мерасад. Маълумоти иловагӣ, аз ҷумла, Низомномаи озмунро метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон-6 (Спортивная). Телефон барои тамос (+37) 2 363726, 93 5753080. Вебсайт: www.youth.tj. е-mail: grant@youth.tj


Хеле кам иттифоқ меафтад, ки санъаткореро такрор карда шавад. Магар Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Дӯстмурод Алиев, Муқаддас Набиева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Тағоймурод Хушвақтов, Барно Исоқова, Шоиста Муллоҷонова (руҳашон шод бод), Давлатманд Холов, Ҷӯрабек Муродов, Нуқра Раҳматоваро метавон такрор кард? Инкор намекунем, ки сурудҳои устодони худобиомурз Одинаю Зафарро пайвандонашон замзама мекунанд, аммо ширинии садо, лаҳни шевояшон як тараф мемонад... Нигина Рауфова аз ҷумлаи такрорнашавандаҳост. Ӯ бо овози хушу ҳаракоти саҳназебаш, бо чеҳраю либоспӯшии дилфиребаш, бо лафзу баёни кӯҳистониаш дар дилҳо, дар дидаҳо, дар забонҳои тавсиф ҷо гирифт. Ҳарчанд ки ӯ аз дидаҳо рафтааст, аз забонҳову дилҳо намеравад. Маъвои муқаррар дорад. Магар Дӯстмуродро мухлисонаш фаромӯш карда метавонанд? Бубинед, ки аз рафтани ӯ чоряк аср гузашт, вале чун садояшро мешунавӣ, гӯё, ки чеҳрааш пеши назар намоён мешавад ва беихтиёр мегӯӣ: «Ӯ зинда аст, ҷовид аст». Ҳар сол, ки мунтазам ба ифтихори зодрӯзаш маҳфилҳо барпо мегарданд, далели ҷовидонии суруду навои ин хунёгари мумтоз аст. Чаро нагӯем, ки хотираи Нигина-апа ба хотири хизматҳои бузургаш гиромӣ дошта мешавад, хоса, барои ҳамдиёрон. Мардуми Файзобод бо номи ӯ фахр мекунанд. Ҳамон тавре ки ба истеъдоди Дӯстмурод Алиев арҷгузорӣ шуда, баъди як соли маргаш дар теппаи баланди рӯ ба рӯи зодгоҳи ҳофиз нимпайкараи ӯро гузоштанд. Барои ҷовидонии Нигина-апа хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Меҳрободро ба номаш монданд. Ҳамчунин, филармонияи халқии назди шуъбаи фарҳанг унвони Нигина Рауфоваро гирифт. Аслан, ҳунар маҳсули заҳмат аст, ки бо хонданҳову кӯшишҳову ҷаҳду талошҳо муяссар мегардад. Ҳунари апаи Нигина бошад, худододист. «Маро Худо мадад кард, ки роҳи зиндагиамро ёбам», - мегуфт ӯ. Апаи Нигина аз Сафар Одинаев, раиси колхози солҳои 70-уми Гумбулоқ (ҳозира Меҳробод) бо некӣ ёд мекард, ки ӯро ба мактаби коргарҷавонони назди

Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе бурдааст. Нигина Рауфова ҳини дар ин ҷо таҳсилу кор кардан ба маҳфили ҳаваскорони санъат медарояд ва гуфтан метавон, роҳи санъати фароху парвози баланди овози ӯ аз ҳамин маҳфил оғоз мегардад. Соли 1970 баъди ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъат ӯро ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват мекунанд. Ин клуб асосан дар боғи марказии шаҳр, имрӯза «Боғи устод Рӯдакӣ» ҳунарнамоӣ

кишвар мухлисони бешумор дорад. Мардум дар тӯю маъракаҳои хурсандиашон апаи Нигинаро даъват карда, гули сари сабад дониста, аз накҳати овозаш нашъа бардошта, ба хизмати хоксоронааш қарсак мезаданду ба сару чашмаш ҳарфи миннатдорӣ мепошиданд. Нигина Рауфова дар сию панҷ соли фаъолият дар ансамбли «Дарё» ба ҳурмату иззати комили ҳамкорон сазовор шуд. Ба унвони «Апаи Нигина» соҳиб гардидани ӯ нишони садоқати аслии ҳамкорон ме-

яндагии хеш фарқ мекард. Хусусан, таронаҳои ишқӣ-лирикиро бо маҳорати хеле олӣ, гӯшнавозу дилчасп иҷро менамуд. Оҳангсозони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Фаттоҳ Одинаев ва Хайрулло Абдуллоев бо услуби сарояндагии ӯ оҳанг меофариданд. Оҳангсозони зикргардида, ҳамчунин, Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҷӯрахон Обидов, М. Сафармамадову дигарон ба шеъру таронаҳои халқӣ, ашъори шоирони муосир оҳанг баста, ба ӯ тақдим менамуданд. Ҷойи шак нест, ки

менамуд. Нигина Рауфова дар андак вақт беҳтарин сарояндаи ин дастаи ҳунарӣ эътироф гардид. Ҳамин буд, ки ӯро Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба худ кашид. Солҳои 1971-1975 ҳамчун сароянда дар ансамбли суруду рақси филармония фаъолият намуда, сонӣ ба ансамбли овозадори «Гулшан» гузашт. Соли 1976 худро ба мавҷҳои пуртуғёни ансамбли машҳури «Дарё» пайваст. Ҳунари

бошад. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов эътироф мекунад, ки «дар сад соли наздик ҳофизе мисли апаи Нигина намерӯяд». Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Лола Азизова қадри ӯро ба қадри модари хеш баробар медонад. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев Нигина-апаро ҳамчун одами хоса самимӣ меҳисобад. Муҳаррама Шарифова, вафодортарин

ба кадом минтақаи кишвар равӣ, хоса, миёни мардуми санъатдӯсти кӯҳистон, мешунавӣ, ки суруду таронаҳои Нигина Рауфоваро замзама мекунанд. Магар сурудаҳои апаи Нигина «Ёрат манам», «Қадат баланд аст», «Ман садқаи ту», «Намепурсӣ номи ман», «Шинам ба баландиҳо», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонате», «Аскарбача», «Наргиси шаҳло» ва даҳҳову даҳҳои дигар

шогирди Нигина Рауфова, иқрор аст, ки маҳз пайравӣ ба ин ҳофиз ӯро соҳиби унвони ифтихории Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон гардонд. Профессор Қурбон Восеъ муҳаббати худро аз овози Нигина Рауфова ин тавр ба риштаи тасвир мекашад: «Ман ин садоро мисли дамидани субҳи содиқ, мисли хиромидани кабкони Вашгирд, мисли аз торакҳои кӯҳ шоридани обҳои чашмасорон, мисли алвонҷ хӯрдани кокулони гулдухтарону мисли резиши борони баҳорон дӯсту эҳтиром менамудам ва басаброна интизораш мешудам». Нигина Рауфова бо услуби саро-

фаромӯш мешаванд? Даҳсолаҳо мегузаранд, апаи Нигина бо сурудҳояш, бо садои ширину гуворояш, бо қаду қомати расояш пеши назари мухлисонаш ҷило медиҳад. Духтари деҳаи хурдакаки Шерамон Нигина Рауфоваро хунёгариаш ба саҳнаҳои калони кишвар бурд, обрӯю мартаба дод, ба унвонҳои давлатӣ мушарраф ва ба сафарҳои кишварҳои олам – Русия, Белорус, Украинаю Фаронса, Афғонистону Эрон муяссар гардонд.

Ӯ нотакрор аст ¶

Нигина Рауфова бо услуби сарояндагии хеш фарқ мекард. Хусусан, таронаҳои ишқӣ-лирикиро бо маҳорати хеле олӣ, гӯшнавозу дилчасп иҷро менамуд. Оҳангсозони машҳури Тоҷикистон, ба мисли Фаттоҳ Одинаев ва Хайрулло Абдуллоев бо услуби сарояндагии ӯ оҳанг меофариданд. Оҳангсозони зикргардида, ҳамчунин, Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҷӯрахон Обидов, М. Сафармамадову дигарон ба шеъру таронаҳои халқӣ, ашъори шоирони муосир оҳанг баста, ба ӯ тақдим менамуданд. Ҷойи шак нест, ки ба кадом минтақаи кишвар равӣ, хоса, миёни мардуми санъатдӯсти кӯҳистон, мешунавӣ, ки суруду таронаҳои Нигина Рауфоваро замзама мекунанд.

худододу сайқалёфтаи Нигина Рауфова соли дуюми кораш дар «Дарё» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қадршиносӣ шуд. Унвони давлатии Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистонро ба ӯ зебанда донистанд. Ин баландтарин унвонест, ки ба Нигинаи дар ягон мактаби санъат таҳсил накарда, раво диданд. Қадрдонии дигари сароянда Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад, ки соли 1996 ба он мушарраф гардид. Волотарин аз ин унвонҳо эътирофи садои хуши ӯ аз ҷониби мардуми тамоми минтақаҳои кишвар аст. Воқеан, апаи Нигина дар ҳама шаҳру навоҳии

Ҷӯрабек МУЪМИН

e-mail: javonontj@mail.ru

Баҳори шастунӯҳуми зода шудани Нигина Рауфова фаро расид. Афсӯс, ки ӯ аз ин баҳор дур монд. Зимистони соли 2010 дар баҳори 65-уми умраш моро тарк кард. Баҳори зода шудани Нигина Рауфова (21 майи соли 1945) беҳтарин баҳори Тоҷикистон буд, ба маъние, ки Нигинаи азизро ба дунё овард. Ӯ тавонист ҳазорон ҳазорро ба дунёи сарояндагии хеш фаро бигирад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

11

21 МАЙ - ЗОДРӮЗИ ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН НИГИНА РАУФОВА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

12

СОЛИ 2014 - СОЛИ ОММАВИЯТИ ФУТБОЛ

РУШДИ ВАРЗИШ

Натоиҷи бозиҳои варзишии мамлакат Марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии мамлакат идома дорад. Хонандагони рӯзнома аз натиҷаи панҷ намуди варзиш, ки шумораи гузашта нашр шуд, огоҳанд. Ҳафтаи сипаришуда натиҷаи се мусобиқаи дигар маълум гардид.

Ҷоми раиси ноҳияи Сино насиби ДМИТ гардид Зимни мусобиқаи футболи хурд, ки аз 25 апрел то 15 майи соли равон дар варзишгоҳи муосири кӯчаи Маяковский-25 байни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба муносибати 90-солагии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии футбол баҳри дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Сино баргузор гардид, 14 даста иштирок карданд. Дар натиҷа, ду дастаи футболи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва тимҳои маҳаллаи Чортепаю шаҳракаи 15 “А” ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоӣ бо ғалабаи футболбозони дастаи Донишкадаи молия ва иқтисод анҷом ёфт. Дар ин давр онҳо бо бартарии калон тими маҳаллаи Чортеппаро мағлуб намуданд. Мақоми сеюм насиби футболбозони шаҳраки 15 “А” шуд. Ба дастаҳои ғолибу бозингарони беҳтарин медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравиро Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат, Д. Ҷӯраев, раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва А. Солиев, ректори Донишкадаи молия ва иқтисод дар вазъияти танатанавӣ супориданд. Дар ин бора Мубораки Назримад, мутаххасиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино иттилоъ дод.

“Ҷавонони Тоҷикистон” ВАРЗИШИ САБУК

Медали нуқраи Дилшод аз Олмон Дилшод Назаров, варзишгари машҳури кишвар, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ мақоми дуюмро ишғол кард. Ин мусобиқа, ки 17 май дар шаҳри Ҳаллеши Олмон баргузор шуд, барои Дилшод дар мавсими имсола аввалин буд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 58 сан-

тиметр ҳаво дод, ки нисбат ба ғолиби мусобиқа Павел Файдек аз Лаҳистон ҳамагӣ 9 сантиметр камтар аст. Ҷойи сеюм бо натиҷаи 76:83 насиби Сергей Литвинови русиягӣ гардид.

Рушди варзиш дар минтақа

ГӮШТИНИ ЮНОНИ-РИМӢ Вазни 59 кило 1. Азизбек Шарифзода (“Душанбе-1”) 2. Рамазон Ғаффоров (“Душанбе-2”) 3. Рамазон Ғуломов (“Хатлон-2”) 3. Элшан Қосимов (Суғд) Вазни 66 кило 1. Лоиқ Амрохонзода (“Хатлон-2”) 2. Баҳрулло Отамуродов (Суғд) 3. Акмал Арипов (“Душанбе-1”) 3. Рухафшон Нумонов (“Душанбе-2”) Вазни 71 кило 1. Хусрав Облобердиев (Суғд) 2. Меҳриддин Саидов (“Хатлон-2”) 3. Абдуқлдир Зокиров (ШНТМ) 3. Фаридун Иброҳимов (“Душанбе-1”) Вазни 75 кило 1. Шарифхӯҷа Ҳакимов (“Душанбе-1”) 2. Сарвар Исоқов (Суғд) 3. Акмал Бобохонов (“Хатлон-2”) 3. Фаррухрӯз Раҳмонов (“Душанбе-1”) Вазни 80 кило 1. Қаҳрамон Тӯйчиев (“Душанбе-1”) 2. Исфандиёр Икромов (Суғд) 3. Маҳмадалӣ Самадов (“Хатлон-2”) 3. Акмал Пиров (“Душанбе-2”) Вазни 85 кило 1. Фирдавс Рофиев (Суғд) 2. Маҳмадамин Қаландаров (ШНТМ) 3. Шавкат Файзиев (“Хатлон-2”) 3. Исфандиёр Латифов (“Душанбе-2”) Вазни 98 кило 1. Ҳабибулло Абдуллоев (“Душанбе-1”) 2. Азмуддин Ваҳҳобов (“Душанбе-2») 3. Комилҷон Шералиев (“Хатлон-2“) 3. Фирдавс Бобоҷонов (Суғд) Вазни 130 кило 1. Муродҷон Туйчиев (Суғд) 2. Шанбе Шанбиев (“Душанбе-2”) 3. Асомиддин Раҷабов (“Хатлон-1”) 3. Ҷумъахон Ёқубов (“Душанбе-1”) ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД Вазни 57 кило

ВАРЗИШИ МАҲАЛ

e-mail: javonontj@mail.ru

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футбол, ҶСК «Тоҷиктелеком» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 17-18 майи соли равон мусобиқаи кушода барои дарёфти Ҷоми нависанда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода доир гардид. Мусобиқа аз рӯи 3 намуд - футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сурат гирифта, дар он дастаҳои шаҳраку деҳоти навоҳии минтақаи Кӯлоб қувваозмоӣ намуданд. Дар чорабинӣ 12 дастаи футбол, 8 дастаи волейбол ва ҳудуди сад нафар бозингарони тенниси рӯи миз иштирок намуданд. Қабл аз анҷом раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов варзишгаронро ба истиқболи Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барояшон комёбиҳои нав ба нав орзу намуд. Сипас, Садриддин Ҳасанзода, яке аз дастандаркорони мусобиқа мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳоро дастгирии сиёсати варзишии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ин метавонад барои рушди варзиш дар минтақа ва солимии насли наврас таъсири амиқ гузорад. Мусобиқаи анъанавии кушодаи варзишгарон барои дарёфти Ҷоми нависанда, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журна-

листони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода ду рӯз идома ёфт. Пас аз ҳисоби холҳо се даста аз рӯи се намуди бозиҳои варзишӣ сазовори ҷои аввал гардиданд: деҳаи Кадучии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ (футбол), дастаи волейболи деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб (волейбол) ва теннисбозони макотиби варзишии ноҳияи Восеъ (теннис). Дар анҷом ғолибони мусобиқа бо мукофоти таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи футбол ва “Ифтихорнома”-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сазовор гардиданд. Дастандаркорони мусобиқа таъкид доштанд, ки минбаъд мусобиқотро дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор хоҳанд кард. Қ. НАВРӮЗ, “ҶТ”

1. Саидҷаъфар Ҷӯраев (“Душанбе-2”) 2. Шоҳрух Очилов (“Хатлон-1”) 3. Шамсиддини Насрулло (“Душанбе-1”) 3. Абдулқосим Файзиев (“Хатлон-2”) Вазни 61 кило 1. Фарҳод Усмонзода (“Душанбе-1”) 2. Некрӯз Шарифов (“Душанбе-2”) 3. Ҷамшед Умаров (“Хатлон-2”) 3. Амир Юлдошев (Суғд) Вазни 65 кило 1. Тоҷиддин Хоҷаев (“Душанбе-1”) 2. Содиқхӯҷа Исмоилов (Суғд) 3. Илҳом Холов (“Душанбе-2”) 3. Манучеҳри Сироҷиддин (“Хатлон-1”) Вазни 70 кило 1. Сомиршо Воҳидов (“Душанбе-1”) 2. Манучеҳр Турсоатов (“Душанбе-2”) 3. Фариз Амоятшоев (ВМКБ) 3. Баҳодур Мақсудов (Суғд) Вазни 74 кило 1. Азамат Сӯфиев (“Душанбе-1”) 2. Қосим Усмонов (“Хатлон-2”) 3. Хайём Наимов (“Душанбе-2”) 3. Рустам Ҳаитов (Суғд) Вазни 86 кило 1. Баҳодур Қодиров (“Душанбе-1”) 2. Абдулло Назаров (“Душанбе-2”) 3. Шамсиддин Табаров (“Хатлон-1”) 3. Фариддун Одилов (Суғд) Вазни 97 кило 1. Шукрулло Раҷабов (“Душанбе-1”) 2. Раҷаб Тоҳиров (“Хатлон-1”) 3. Маъруф Сафарзода (“Душанбе-2”) 3. Исҳоқҷони Ҳасан (“Хатлон-2”) Вазни 125 кило 1. Фарҳод Анақулов (“Душанбе-1”) 2. Абдурашид Ғуломов (“Душанбе-2”) 3. Руслан Зарифбеков (ВМКБ) 3. Шодмони Самандаршо (Суғд) БАСКЕТБОЛ (мардон) 1. “Душанбе-1” 2. ВМКБ 3. “Душанбе-2”


357732 кас дар Дави миллӣ иштирок карданд Тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 28 марти соли 2007, таҳти №225 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 18 майи соли равон дар ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд.

Таҷлили Рӯзи ягонаи футболи оммаи КФО Дар рӯзи ягонаи футболи оммаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки соли дуюм аст 15 май доир мегардад, бо ташаббуси Федератсияи футболи мамлакат Фестивали футбол барои кӯдакон баргузор шуд. Чорабинӣ бо ширкати 300 духтару писар аз шаш шаҳру ноҳияи минтақаи Вахши вилояти Хатлон (Бохтар, Вахш, Ҷомӣ, Сарбанд, Хуросон, Қӯрғонтеппа) дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо гашт. Ба табрики иштирокчиён сардори Кумитаи футболи кӯдакону наврасони ФФТ Анваршо Мирзоев ва иҷрокунандаи раиси Федератсияи футболи Хатлон Исроил Шарифов омаданд. Онҳо таманно карданд, ки иштирокчиёни фестивал беҳтарин футболбоз ва мутахассисони соҳа шаванд. Фестивал зери навои мусиқӣ бо машқу бозии иштирокчиён оғоз ёфт. Ин қисматро мураббӣ Владимир Домуллоҷонов роҳбарӣ кард. Сипас, кӯдакон ба гурӯҳҳо қисмат шуда, нозукиҳои футболро омухтанд. Дар қисмати дигар онҳо миёни ҳам бозии хурд (6 ба 6) карданд. Дар охир аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ба иштирокчиён тӯби футбол ва шириниҳо тақдим гардид.

ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

“Хет-трик”-и Дилшод ва “Дубл”-и Наполеон дар даври панҷум Рӯзҳои истироҳат даври панҷуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир шуд. 17 май се бозӣ доир гардид. “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи КМВА “Помир” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Ҳар се голро капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев зад. Дар бозии дигар дастаи “Далерон-Уротеппа” дар меҳмонӣ аз тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Муаллифи голи ягона Индус Ҳусейнов аст. Тими “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими меҳмон – “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Вайсиддин Сафаров ва Чарлз Теко заданд.

Ду бозии дигари даври панҷум 18 май доир гардиданд. Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дастаи меҳмон – тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ба зарбаҳои ҳадафноки Фарҳод Тоҳиров (ҷаримаи ёздаҳметра) ва Юсуф Рабиев бозингари турсунзодагиҳо Абдурасул Раҳмонов ҷавоб гардонд. Дар бозии охирони давр дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ ба дарвозаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ду голи беҷавоб зад. Ҳар ду голро легионер Айдох Наполеон ба ҳадаф расонд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА:

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10

ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Хайр» (Ваҳдат) «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Равшан» (Кӯлоб) «Энергетик» (Душанбе) «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) КМВА «Помир» (Душанбе)

Б 5 5 5 5 5 5 5

Ғ 4 4 3 2 2 2 1

М 1 0 1 2 1 0 2

Б 0 1 1 1 2 3 2

Т/Т 13/2 10/5 10/5 4/5 10/6 7/13 4/7

Х 13 12 10 8 7 6 5

5

1

2

2

2/5

5

5 5

1 0

0 1

4 4

1/5 2/10

3 1

Мутобиқи тартиби баргузорӣ чорабинии мазкур дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ оғоз гардида, дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба анҷом расид. Дар он хоҳишмандон аз ҳисоби кормандони вазорату идора, ташкилоту муассиса, донишгоҳу донишкада, коллеҷу омӯзишгоҳу сафоратхонаҳо ва дигар идораю корхонаҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъбуда иштирок карданд. Дар оғоз ҳозиринро Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе ва Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, ба болоравии тарзи ҳаёти солим даъват намуданд. Аз ҷумла, Маликшо Неъматов қайд кард, ки: «Сол ба сол шумораи иштирокчиёни дав бештар мешаванд. Мақсад аз он солимӣ аст. Чунки танҳо миллати солим метавонад ҷомеаи солим бунёд кунад». Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти ситодҳои кории вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чорабинии мазкур зиёда аз 357732 нафар шаҳрванд, аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24238 нафар (аз ин ҳисоб 5696 нафараш бонувон), вилоятҳои Суғд - 94149 (31445), Хатлон - 129109 (32679), шаҳри Душанбе - 35871 (6555), водии Рашт - 17970 (1570) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 56035 нафар (22202) иштирок намуданд. Шоёни зикр аст, ки ба ин ҳамоиши бузурги варзишӣ як гурӯҳ ҷавонон аз шаҳри Хоруғ низ бо тай кардани масофаи наздик ба 700 километр ҳамроҳ шуданд. Онҳо, ки аъзои Cозмони ҷамъиятии ҷавонони Помир муаррифӣ гардиданд, давиданро аз 10 май оғоз карда, пас аз 8 рӯз вориди пойтахти мамлакат шуданд. Ин гурӯҳ, дар маҷмӯъ, аз 4 варзишгар, табиб ва намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят иборат буд. Рӯзи дави миллӣ дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт – соати 9-и субҳ оғоз ёфт. Иштирокдорон ба масофаҳои 3,5 ва 10 километр давиданд. Ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

ДАВИ МИЛЛӢ

ШУМОРАИ ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН Вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ВМКБ Вилояти Суғд Вилояти Хатлон Шаҳри Душанбе Шаҳри Турсунзода Ноҳияи Шаҳринав Ноҳияи Ҳисор Ноҳияи Варзоб Ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳри Ваҳдат Ноҳияи Файзобод Шаҳри Роғун Ноҳияи Нуробод Ноҳияи Рашт Ноҳияи Тавилдара Ноҳияи Ҷиргатол ҲАМАГӢ

Шумораи занҳо 5696 31445 32679 6555 1850 1090 600 310 15522 1900 180 760 80 650 728 80 100157

Шумораи мардҳо 18542 62704 96430 29316 4000 3160 1700 2110 17753 2500 320 2640 3660 9350 2481 220 257575

Ҷамъи иштирокчиён 24238 94149 129109 35871 5850 4250 2300 2420 33275 4400 500 3400 3740 10000 3209 300 357732

e-mail: javonontj@mail.ru

ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

14

НАЗМИ ҶАВОНӢ

Мирзо ФАЙЗАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Таҳти ҳамин унвон чанде пеш китоби нави шоираи ҷавон Адибаи Азиз аз тариқи Чопхонаи ҶДММ «Континент ТҶ» аз чоп баромад, ки чанд шеъреро аз он пешкаш менамоем.

Ман ориёиям

Пар-пари гесӯи парешона бин, Печу хами қомати ларзона бин, Нозу адо, ҷилваю ҷавлона бин, Рақси дилу валвалаи ҷона бин.

Вақте ки шаҳри ман, Бӯи маҳал кунад. Пурсанд беибо: - Хоҳар ту аз куҷо? Манзуратон чӣ аст? Яъне ки тоҷикам, Ман ориёиям! Дигар магӯ маро То ман куҷоиям.

Эй гули раққос, хуш арғушти ту, Рақс кунад мӯи ту дар пушти ту, Барқ занад чалла дар ангушти ту, Эй, ба Худо, ки ҳамара куштӣ ту.

Вақте ки пушти дар, Шӯру мағал кунад. Аз баҳри курсие, Дилро сағал кунад.

Чарх бизан, саҳна гулафшон шавад, Шаршараи мӯй парешон шавад, Чеҳра кушо, ки ҳама ҳайрон шавад, Ларза ба сад пайкару сад ҷон шавад.

Эй ришвахори пир, Кай мешавӣ ту сер?

Рақси гул

Майда қадам чиданат, эй ҷон, базеб, Рақси «Чакан» дар чаманистон базеб, Сабзаву себаргаву райҳон базеб, Базми гулу булбули хушхон базеб.

Мавҷи ноз Эй ҳусни сад боғу чаман, чун гул ба ҷавлон омадӣ, Бар дидаи раҳпои ман сарви хиромон омадӣ. Сар то ба поят мавҷи ноз, як олами розу ниёз, Эй моҳрӯи дилнавоз, бар хонаи ҷон омадӣ. Эй дарди ман, дармони ман, эй ишқи ман, армони ман, Монанди ҷон, эй ҷони ман, як лаҳза меҳмон омадӣ. Эй маҳҷабин, эй маҳлиқо, тор аст шоми қалби мо, Хуш омадӣ, сад раҳ биё, шамъи фурӯзон омадӣ. Дар ин ҷаҳону он ҷаҳон ишқи ману ту ҷовидон, Эй нурбахши дидагон, хуршеди тобон омадӣ. Шабнам нишаста рӯи гул, орад шамолак бӯи гул, Бо рӯи гул, бо бӯи гул, бо резаборон омадӣ. Дашту даман шуд гулфишон, боғу чаман шуд гулфишон, Эй гулқабо, абрӯкамон, бо навбаҳорон омадӣ.

Абдусаттори ГУЛАҲМАД

Марзбон Ба истиқболи 20-умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадӣ Хизмати Модар - Ватан то қарзи имони ман аст, Ҷоннисорӣ пеши пояш амри виҷдони ман аст. Мисли модар дод дар оғӯши меҳраш ҷо маро, Пас ҳимоят карданаш бо қимати ҷони ман аст.

e-mail: javonontj@mail.ru

«Шаҳри зумуррудгун»

Шамъи истиқлол давлатро мунаввар кардааст, Файзи истиқлол марзи умр пурзар кардааст, Шуҳрату мардонагии марзбонони Ватан Душманони кишварамро хокбарсар кардааст. Марзбон бедор, мо хоби бароҳат мекунем, То саҳар дар ошёни худ фароғат мекунем. Сар ба рӯи ҷонамоз аз таҳти дил бо амри Ҳақ, Рӯзу шаб аз баҳри онҳо мо ибодат мекунем. Эй Худо, чашмони хасми мулки моро кӯр кун, Пойи наҳси аҷнабиёнро зи хокаш дур кун. Пиру барноро нигаҳ дор аз балоҳои замон, Марзбононро пайи хизмат басо пурзӯр кун.

Вақте ки барқ мурд, Дар рустои дур Ку бӯи гармие? Вақте ки нест нур. Ай нозирони барқ! Дар кулбае, ки нон набувад, пул, қасам ки нест. Симҳои хонаи зани ҳамсояро мабур, Сардӣ ба ҷони кӯдаки гаҳвора мезанад, Ҳоло падар муҳоҷири бекормонда аст, Агарам марди хонда аст. Вақте ватанфурӯш, Доди сухан занад. Вақте ки занфурӯш, Оташ ба тан занад. Эй кош марги сахт, Ояд суроғи ӯ, Оре! Барои ҳар зани бадроҳа хоинон, Дар оташи баланди гунаҳсӯзи дӯзахӣ, Сад раҳ ба тоза сӯхт! Бояд пайи касиф аз роҳи хона рӯфт. Бояд дигар нахуфт, Санги баҳор кӯфт...

Муборак, муборак, муборак, Муборак, санаи шодӣ муборак. Ба ҳар ҷое равам, сӯи ту оям, Агар лабташнаам, ҷӯи ту оям. Ҳазорон ҷодаро мебинаму боз, Дар охир то сари кӯи ту оям. Муборак, муборак, муборак, Муборак, санаи шодӣ муборак. Ту, эй Роғун, ту равшан мешавӣ боз, Ту роғӣ, боғу гулшан мешавӣ боз. Ба қалби хаста марҳам аз ту ҷӯям, Зи чашми бад ту ҷавшан мешавӣ боз. Муборак, муборак, муборак, Муборак, санаӣ шодӣ муборак.

Девона Ҳамин як ғам маро кофист, Ки як девонаи беҳудагарди бехудоро дӯст медорам! Ва ӯ аз ман дигар чизе намехоҳад, Ҳамон як бӯсае, ки дар шаби бороние кардем, Пушаймонам, Дареғ аз ӯ, дареғи сахт медорам... Надонистам, ки ин ҳам иштибоҳе буд, Надонистам, ки ишқи ӯ гуноҳе буд, Валекин хуб донистам, Маро бар қалби ин номарди дигар боз роҳе буд. Ман аз ӯ сахт метарсам, Ки чашмонаш ба ранги шаб муаммо аст, Ва ман зардинаи дар пеши ӯ русам. Намедонам, ки дар қалбаш маро ҷоест? Ҳамин як ғам маро кофист, Ки асрори маро ин мард медонад. Маро дилсард мехонад... Худоё, ман ҳамин девонаатро дӯст медорам!

Истиқлол Ватан, ҷону танам бодо фидоят, Суруди тоза мехонам бароят. Муборак ҷашни истиқлолат, эй ҷон, Гулу гулдаста мерезам ба поят. Муборак, муборак, муборак, Муборак, санаи шодӣ муборак. Ба сангу хоку оби чашмасорат, Ба пойизу зимистону баҳорат, Бимирам дар ҳавои тозаи ту, Ба гармии тамузи рангборат.

Шеърҳои сӯзу дарди дил Чанде пеш ба дасти алоқамандони каломи бадеъ ашъори тозанашри шоири ҷавону умедбахш Кӯҳзоди Фатҳулло бо номи «Аз алам то қалам» расид. Тавре дар пешгуфтори китоб мегиранд. Меҳри ватан, зодгоҳ, омадааст, Кӯҳзод аз рӯйи ихти- ишқи поки инсонӣ, накӯкорию сос маъданшинос буда, аз овони ростқавлӣ аз мавзуъҳое маҳсуб наврасию мактабхонӣ ба шеъру меёбанд, ки дар ашъори шоири шоирӣ меҳри беандоза дорад. ҷавон таҷассум ёфтаанд. Дар ҷойе Ҳамин меҳр боис гашта, ки пайва- ӯ навиштааст: ста машқи шеър намояд. Маҳорати Шеърҳоям сӯзу хешро дар ин ҷодаи басо душвору дарди дил бувад, заҳматталаб сайқал диҳад. Инак, Ҳосил аз ишқи натиҷаи заҳматҳои пайваста, ҳамон хушгил бувад. шабзиндадориҳо дар пайраҳаи Дар ҷодаи сангини шеърофарӣ душвори шеърнависӣ самар дод. ба шоири ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло Домани эҷоди шоири ҷавон комёбиҳои нав ба нав таманно наКӯҳзоди Фатҳулло хеле фарох муда, умед дорем фатҳи қуллаҳои буда, мавзуъҳои гуногунро дар бар нави эҷодӣ насибаш хоҳад гашт.


Тамѓаи њавопаймои америкої

Бозича Бар- Урф, би чї аст? одат

100 см

Доњии фашистони Олмон Аввал

…и Султон, сароянда

Меваи ширини сафед ё сиёњ

Аппарати бонкї, ки пул медињад

Навъи себ

Буѓуми пой

Ќанот, пар Ашёи хом барои истењсоли бензин

Рўзи рафтаистода

Як гузаштани сўзану ришта Фарзанди зану марди гуногунмиллат

Чароѓаки рањнамо (русї)

Рўзи Пойисти- тахти роњат Япония

Фируза Пойтахти …, сароянда Испания

Натрий - …и кимиёвї

Наќлиёти сабукрави шањрї

Сињат, орї аз дард

Хотирот

Бародари падар

Безор аз чизе ё гапе

… Рай, ситораи кинои њиндї

Љойи майда кардани гандум

«Њоло …», филми тасвирї

Пешмузд (русї)

Пояи нињоли пахта

... Гибсон, актёр

Муњаббат, мењр

Ќанди машњури шўравї

Шарм, њаё

Давом Њайвони хояндаи хурд

Паёмбари «Инљил»дор

Модар (лањља)

Кўмак

Асъори латишї

Гиря, фиѓон

Љонишини љамъ

Њарфи арабї

Садо

«Миз» ба русї Донандаи илм

АИТ - Академияи …њои Тољикистон -

Номи аспи Рустам

Дуруст

Русї«где?», тољикї -?

Гўркунї

Бухори об дар осмон

Котиб, муншї

Ширинї барои чойнўшї

Фигураи геометрї

Абуали …-и Сино

Шишаи аксдињанда

Ваъда

Муќобили «љуфт»

Матои сафеди пахтагин

Сайидои ..., шоири классик

Саломат

Зарбаи љаримавии …метра (футб.)

Ранги барг

Ваќте ки офтоб нур мепошад

Русї- восток, англ. – east, тољ.- ?

…-Клаус - Бобои Барфии америкої

Чор ё дучархаи ба асп басташуда

Юрист (тољикї)

Ноњия дар шимоли в. Суѓд

… Деол, ситораи кинои њиндї

Њайвони шохдори хонагї

Хуб

Келин Асари "Мактаби ... "-и С. Айнї

Дуто Х-и римї чанд аст?

Федератсияи байналхалќии футбол

Моњи ша- Ранљ, шуми сол азоб

Дасти курта

Шикоят, баён Мухтасари ноЌандина – зеби мизи идона ми кишвари араб

… Исхоќова, шашмаќомсаро

Аз аќиб якум Паноњгоњи самолётњо

Мункар ва ...

Хандаи бесадо

Тухми моњї (русї)

Муќоби- Амали матемали «асир» тикї, х

Њарос

… Ѓафуров, муаллифи китоби «Тољикон»

Алфавит

Тахаллуси сањнавии Бахтиёр Рањимов

Пањлўи тези корду алмос

… Пател, ситораи кинои њиндї

e-mail: javonontj@mail.ru

… кардан = аз ёд рафтан

Шиа ё суннї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №21 (9343), 22 МАЙИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Навтоҷике ба Бонки Швейтсария омада, ба маъмур мегӯяд: - Мехоҳам ба ҳисобам пул гузорам. Маъмур: - Чӣ қадар гузоштан мехоҳед? Навтоҷик оҳистакак: - Се миллион доллар. Маъмур: - Шарм надоред, баланд гуфтан гиред, ин ҷо барои камбағалӣ айб намекунанд.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Ҷавоне маҳбубаашро бори аввал бӯса карда, мегӯяд: - Чаро ин қадар ширинӣ? Духтар бо нозу карашма: - Барои он ки касали қанд дорам.

Воҳид ҲАБИБОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

***

Аз афандӣ мепурсанд: - Соат чанд аст? Афандӣ ҷавоб медиҳад: - Ман буз нестам.

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Хоҳиш

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7770 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

***

АНДАРЗ

Муҳаббат Духтари ҷавоне, ки бо модараш роҳ мерафт, аз рафтан каме бозистод. Диққати ӯро марди велосипедсавор ва духтараш, ки дар синну сол бо ӯ ҳамсол менамуд, ҷалб кард. Вай аз пушти падараш дар велосипед савор буд, миёни ӯро бо дастонаш дошта. Рухсораҳои аз ғояти хунукӣ сурх шудаашро зуд-зуд ба тани падар зер мекард. Суханҳои марди велосипедрон, ки ҳар бор ба қафо нигариста, чизе мегуфт, духтаракро механдонд. Модар ҳайрати духтарашро дида, қавоқ овезонд ва гуфт: - Ду велосипеде, ки дар хона дорӣ, камӣ мекунанд-чӣ? Агар сахт маъқул шуда бошад, ба падарат мегӯям, аз инаш ҳам мехарад. Духтарак бо овози нарм ҷавоб дод: - Ман велосипедро не, духтаракро нигоҳ дорам. Падараш дар чунин ҳолат ҳам бо ӯ сӯҳбат мекунад... Модар гӯё сухани духтарашро нашунида бошад, сарпуши ӯро дуруст кардан гирифт ва гуфт: - Ҳамсинфонат барои мактаб рафтан дар чунин ҳавои сард ҳам пиёда роҳ мераванд. Ҳол он ки падарат бо вуҷуди серкориаш вақт ҷудо карда, туро бо “Мерседес” ба мактаб мебарад. Духтарак ҳоло ҳам аз велосипед чашм намеканд. Донаҳои ашкро, ки чун донаҳои марворид дар рухсори сафедаш падид меомаданд, аз модараш пинҳон карда, бо овози танҳо ба худаш шунаво ҷавоб дод: - Бале, очаҷон, бо “Мерседес” мебарад... Аммо дар он ҳолат падарамро оғӯш гирифта наметавонам.

Зане 25-солагии издивоҷ ва 60-солагии рӯзи таваллудашро таҷлил мекард. Сахт тайёрӣ дида, хӯрокҳои гуногун ва лазиз омода кард. Мунтазири меҳмонон нишаста буд, ки садои тақ-тақи дар баланд шуд. Дарро кушод, вале меҳмонро шинохта натавонист. Ӯ ҳам зуд ба муаррифии худ гузашт. “Ман фариштаам. Омадам, ки шуморо табрик бикунам ва омодаам, ки як хоҳишатонро амалӣ созам”. Зан баъди “меҳмонро” ба дохили хона таклиф кардан, мегӯяд: “Дар тӯли зиндагии 25-солаамон он чи ки ман аз ҳама зиёд орзу кардам, як маротиба ҳамроҳи ҳамсарам сайри ҷаҳон кардан буд”. Фаришта зуд чиптаҳои тайёраҳоро ба тамоми давлатҳои дунё муҳайё карда, инчунин, қайди зану ҳамсарашро ба мумеҳмонхонаҳои бузурги дунё гузошт. Сипас, ба ҳамсари зан рӯ оварда, гуфт: “Шумо низ як хоҳиш карда метавонед”. Мард баъди каме фикр кардан хоҳишашро чунин баён кард: “Мехоҳам ҳамсаре дошта бошам, ки аз худам 30 сол ҷавон бошад”. Баъди гузашти каме вақт мард 90-сола шуд. Дарс: Бештари вақт мардҳо носипосӣ мекунанд. Вале хайрият, ки фариштаҳо ҳақро ҷонибдоранд.

Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Афандиро мепурсанд: - Агар як халта пул ёбӣ, чӣ кор мекунӣ? Посух медиҳад: - Ҳамаи латифаҳои дар борамбударо клип мекунам.

*** Аз афандӣ мепурсанд: - Барои чӣ қадат ин қадар дароз аст? Ҷавоб медиҳад: - Ман дар ошёнаи дуюм таваллуд шудаам.

ЭЪЛОН

Барҳам мехӯрад

Кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии фермерии “Мирзокарим” (РЯМ 3710000654), ки 30 марти соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Панҷ таҳти рақами 0053423 ба қайд гирифта шудааст, барҳам мехӯрад.

Эътибор надорад

Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замин №0072039, ки соли 2005 таҳти рақами 257 дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ба номи Шарипов Сафар ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ронандагии №ВП014975, ки соли 1990 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №46и ноҳияи Қубодиён ба Нуралиев Абдумумин Рӯзиқулович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0035321, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Қубодиён соли 2005 ба Чоршанбиев Фарҳод Муҳаббатович додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №263452, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Қубодиён соли 1997 ба Саидмуродова Лола додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагии А№343563, дараҷаи “С”, ки Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ 26 феврали соли 2014 ба Тӯраев Ҳамидуллохон Пардабоевич додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи АБ №233042, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 2002 ба Шарифов Фазлиддин додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.