Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
1
№22 (9344),
29 майи соли 2014
ШОДБОШӢ
ҲАМКОРӢ
ПАЁМИ
Сафари расмии Президент ба Шоҳигарии Баҳрайн
табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
Ҷавонони бонангу номус ва насли ояндасози Тоҷикистон! Фарзандони азиз! Таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон,
ки ҳамасола дар доираи “Ҳафтаи ҷавонон” ҷашн гирифта мешавад, дар соли истиқболи бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон
- Конститутсияи Тоҷикистон ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон – Суруди миллӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, тамоми ҷавонони мамлакатро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошанд, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу менамоям. Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин нерӯи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатӣ ҷой медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст. Зеро чунонки борҳо изҳор кардаам, Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. (Давомаш дар саҳ. 2)
27 майи соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Шоҳигарии Баҳрайн шуд. Зимни ин сафар Сарвари давлат бо Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳар ду палатаҳои парлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ низ дар назар аст.
ФАРҲАНГ
Рӯзҳои фарҳанги маънавии ФР дар ҶТ 26 май Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки мақсад аз он рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар мебошад. Ба ҳайати Русия Ҳунарпешаи мардумии Русия Юрий Лаптев, Ҳунарпешаи шоистаи Русия Алексей Кошванетс, Наталя Дмитриевская, Вадим Руденко, дирижёр Сергей Кондрашов ва дигарон шомиланд.
САНОАТ
“Тоҷиксодиротбонк” “Олимтекстайл”ро маблағгузорӣ кард «Тоҷиксодиротбонк», яке аз бонкҳои бонуфузи кишвар сарпарастии «Олимтекстайл», ягона корхонаи азими ресандагии вилояти Суғдро ба уҳда гирифт. Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Олимтектсайл» соли 2011 бо қарзи имтиёзноки Бонки таҷдид ва рушди Аврупо сохта шудааст. Муҳлати қарз охири соли 2013 ба охир расид. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ корхона бо сабаби напардохтани қарзаш дар назди қарздиҳанда аз фаъолият бозмонд.
3
e-mail: javonontj@mail.ru САҲИФАИ
ГУЗАШТИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ 20-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
2
ҲАМКОРӢ
ШОДБОШӢ
ПАЁМИ
табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
Имзои 10 санади ҳамкорӣ бо Белорус 23-25 майи соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дошт. Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко оғоз ёфт. Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, изҳор дошт, ки “Шумо
рои аҳамияти стратегӣ - Осиёи Марказӣ номида, бо муроҷиат ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус изҳор дошт “ҳар кӯмаке, ки мо ба Тоҷикистон метавонем расонда, бояд расонем”. Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодию
барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. Тоҷикистону Беларус ва мардуми ҳар ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”. Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намуд. Изҳори сипос, ҳамчунин, доир ба кӯмак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот карда шуд. Муҳокимаи масоили ҳалталаб дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар идома ёфт. Александр Лукашенко Тоҷикистонро шарики боэътимоди Беларус дар минтақаи до-
тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт. Барои татбиқи босамари заминаи васеи қарордодию ҳуқуқии мавҷуда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд тезонда шавад. Ба андешаи сарони ду давлат, ҳамчунин, бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои коркарди пахта, меваю сабзавот ва доир ба истеҳсоли молҳои талаботи ҳаррӯза манфиатовар хоҳад буд. Ба ташкил ва густариши ҳамкории мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар субъектҳои
хоҷагидори ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ низ дорои дурнамои накӯ аст. Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин, доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ барои нигаҳдории амну суботи минтақавӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, хусусан, пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ ҳамгироии ҷиддии дуҷониба ва бисёрҷонибаро талаб мекунад. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус аз ҷумлаи онҳо мебошад. Президенти мамлакат дар Донишгоҳи давлатии Беларус бо устодону донишҷӯёни он мулоқот анҷом дод. Бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуд. Дар ин мулоқот донишҷӯёни зиёд аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Ба иттилои масъулини соҳа, ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил мекунанд. Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварда, бо кори он бевосита шинос шуд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлатро бештар фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Алютех” ҷалб намуд. Ин корхона ба коркарди алюминийи аввалия машғул буда, аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, профилҳои алюмининӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ин корхона ба 140 кишвари ҷаҳон содир мешавад. Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона қарор шуд, ки ҳамкории 2 сол пеш оғозёфтаи он бо Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик густариш дода шавад.
(Идома аз саҳ. 1) Имрӯз аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд. Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии Президент «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд. Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар идоракунии давлат мо солҳои охир барномаи «Рӯй овардан ба ҷавонон»-ро роҳандозӣ кардаем, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла, ба илму касбомӯзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадами таълиму омӯзиш истифода карда мешавад. Ба шарофати амалӣ гардидани тадбирҳои судманд беш аз ду даҳсола аст, ки бо истифода аз донишу малакаи ҷавонон пешрафти бомарому устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дастовардҳои илмиву варзишии ҷавонони тоҷик боиси афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуда истодааст. Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани Истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд. Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор мегузоранд. Бори дигар ҳамаи шумо - давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати кӯҳанбунёдро, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирӯзиҳо орзу дорам. 22.05.2014
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуд. Гузашти ботантанаи низомӣ бо гузориши Сардори гарнизони ҳарбии Душанбе, генералмайор Бахтиёр Рӯзмоншоев ба Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба омодагии ҷузъу томҳо оғоз ёфт. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо арзи салом ба афсарону сарбозони сафкашида, онҳоро бо фарорасии 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар навбати худ аз омодагии ҷузъу томҳо ба гузашти низомӣ ба Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани табрикӣ, аз ҷумла, зикр намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 20 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватани азизамон табдил ёфт. Президенти кишвар дар муроҷиат ба марзбонони шуҷои Ватан таъкид дошт, ки “мо ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистонро бар дӯши шумо вогузор карда, бовар дорем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил, вале басо пурифтихор сарбаландона мебароед”. Дар расми гузашти низомӣ беш аз 10 ҳазор афсару сарбоз иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Тавре аён гардид, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дорои ҷузъу томҳои мукаммали таълимдидаю озмуда ва бо техникаю таҷҳизот ва аслиҳаю лавозимоти махсуси ҳарбӣ таъмингардида мебошанд. Иштироки беш аз 600 нафар бону дар расми гузашти низомӣ, ки дар баробари ҷавонмардон сарбаландона адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, мавриди таваҷҷуҳи хос ва арҷгузорӣ қарор гирифт.
дод. Зимни суҳбат бо бонувоне, ки дар расми гузашти низомӣ иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ба ҳамаи онҳо арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар хизмати низомӣ фаъолу намуна будани занону духтарон боиси афзун гардидани нангу номуси ватандории ҷавонмардон мешавад. Инчунин, бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра мавриди истифода қарор гирифт, ки ба сарбозон, афсарон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.
Гузашти низомии 10000 хизматчии ҳарбӣ Гузориш аз таҷлили 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ Зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои ба таври махсус муҷаҳҳазшуда, ҷузъу томҳои аспсавор ва сагҳои хизматӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти назоратии марзбонон нақши муҳим доранд, низ дар гузашти низомӣ иштирок намуданд. Бегоҳи рӯз Президенти кишвар бо фаъолияти Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ шинос шуд. Маркази таълимӣ барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шуда, дар он аз рӯйи 18 ихтисос кадрҳо омода мешаванд. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назарявию амалӣ дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст, хусусан, пас аз таъмиру навсозие, ки тайи чанд моҳи охир анҷом ёфт. Ба Сарвари давлат нахуст омодагии сарҳадбонон доир ба ташкил ва гузарондани амалиёти ошкор ва дастгирсозӣ ё безараргардонии гурӯҳи террористӣ ва ё қочоқбари сарҳадшикан намоиш дода шуд. Ин амалиёти таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда шуд. Омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо низ аз ҷумлаи ихтисосҳои ҳамин маркази таълимӣ аст ва ин кор дар сатҳи хеле баланд анҷом меёбад. Президенти кишвар, ҳамчунин, аз майдончаҳои варзишӣ, машғулиятҳои гуногуни тактикӣ, синфхонаҳои сершумор, аз ҷумла, синфи омодасозии ошпазҳои касбии низомӣ дидан карда, бо ҳайати шахсии маркази таълимӣ суҳбатҳои ҷолиб анҷом
e-mail: javonontj@mail.ru
26 майи соли равон 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат таҷлил шуд. Ба ин муносибат ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва афсарону сарбозони дигар мақомоти қудратӣ барои гузаштани парадӣ низомӣ дар майдони “Дӯстӣ” саф оростанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
3
ҶАШН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
4
ҶАШН
Қадрдонии ҷавонони фаъол 23 майи соли равон дар толори хурди “Кохи Ваҳдат” бахшида ба Рӯзи ҷавонон маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҷавонони фаъоли мамлакат ширкат варзиданд. Дар оғоз Маликшо Неъматов, раиси Ку- вар бармегарданд. Раиси кумита ҷавонони митаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баро- фаъоли мамлакатро ба омӯзиши илмҳои мад намуда, иштирокдорон ва дар симои замонавӣ ва забонҳои гуногуни хориҷӣ даъонҳо ҷавонони кишварро бахшида ба Рӯзи ват кард. Ҳамчунин, онҳоро дар баробари ҷавонон табрику таҳният намуд. Номбур- истифодаи интернет ба хондани китобҳои да таъкид дошт, ки таҷлили ҷашну идҳои илмию бадеӣ ҳидоят намуд. Ӯ гуфт, ҳарчанд миллӣ дар фазои тантанавӣ аз самараи барои дарёфти маълумот истифода аз шаистиқлолияти давлатӣ буда, сокинони киш- бакаи ҷаҳонии интернет осон аст, аммо хонвар метавонанд дар онҳо иштирок намоянд. дани китоб ба ҷавонон донишҳои гуногуни Маликшо Неъматов аз дастгириву муфид медиҳад. ғамхориҳои мамлакат нисбат ба ҷавонон Дар маҷлиси тантанавӣ ғоли-бони дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдо- Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вар шуда, изҳор дошт, ки имрӯз ҷавонони озмуни “Тоҷикистон – кишвари туризм” соҳибкасб ва боистеъдод метавонанд дар ва як гурӯҳ ҷавонони фаъоли мамлакат бо тамоми бахшҳо кору фаъолият намоянд. ҷоиза, диплом ва “Ифтихорнома” қадрдонӣ Таъкид гардид, ки дар ин давра ҷавонон шуданд. низ ба дастоварду пешравиҳо ноил гардида, Аз ҷумла, хабарнигори рӯз-номаи пайваста дар дохилу хориҷ номи кишварро “Ҷавонони Тоҷикистон” Маҳмудҷон Усмонов баланд мебардоранд. Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо ишора ба иш- дар бахши рӯзноманигориро ба даст овард. тироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ қайд кард, ки ҷавонони мамлакат ҳамеша аз хориҷ бо медал ба кишНаврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
ҶАШН Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ дар фаъолияти рӯзмарраи худ бештар ба қувваи ҷавонон такя менамояд ва онҳоро ҳомиёни боэътимоди ҳуқуқу манфиатҳои аҳли ҷомеа меҳисобад. Ин аст, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба кори иттифоқи касаба, дастгирию руҳбаландсозии онҳо, кашфи истеъдодҳои нави фарҳангӣ, сатҳи касбии дастаҳои худфаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳар сол мувофиқи нақша дар арафаи Рӯзи ҷавонон чорабиниҳои хотирмони варзишию фарҳангӣ роҳандозӣ мегарданд.
фар иштирокчии чорабинӣ, аз ҷумлаи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тамоми шароитро муҳайё намуд. Чорабиниро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдурозиқ
23 майи соли равон низ дар истироҳатгоҳи «Чайка» семинар-вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ байни ҷавонон-донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардид, ки дар кори таҳкими дӯстию рафоқат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арзишҳои волои ватандорӣ миёни ҷавонон хидмати шоиста карда метавонанд. Мавриди зикр аст, ки ҷавонони бонангу ори тоҷик ба ҳама гуна ғамхориву дастгирӣ сазоворанд ва кумита ҳам бо назардошти ин, ба хотири иштироку истироҳати бофароғати зиёда аз 200 на-
Ризоев оғоз бахшида, дар баробари табрики ҷавонон, ҳамчунин, аз ҷойгоҳи шоистаи адабиёт, илм, фарҳангу маданияти волою қадимаи миллати тоҷик, саҳму хизмати бузурги фарзандони шарафманди он дар тамоми соҳаҳо дар арсаи ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ёдовар шуда, ҳозиринро ба нигаҳдошт, таҳким ва идома бахшидани анъанаҳои неки гузаштагон ба хотири таъмини пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз ва ҷойгоҳи пешоҳангӣ пайдо намудани он даъват кард. Сипас, раиси Федератсияи иттифоқҳои ка-
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
сабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов ҷавононро, пеш аз ҳама, ба омӯхтани илму дониш, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, эҳтироми падару модар, устод ва эҷодкорию созандагӣ ба хотири манфиатҳои миллӣ тоҷикон
Саҳми Муассисаи давлатии Маркази ҷавонони ВМКБ дар баланд бардоштани савияи илмиву маърифатии наврасону ҷавонон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таълиму тарбия назаррас аст. Ҳамарӯза муштариёни зиёд аз имкониятҳои ин боргоҳи маърифат самаранок истифода мебаранд. Имрӯз дар марказ зиёда аз 300 нафар ҷӯяндаи дониш барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ, русӣ, франсузӣ, техникаи компютерӣ ва семинару тренингҳо ҷалб шудаанд.
То ҳаст ҷавонӣ, ҷавонист ҷаҳонро…
e-mail: javonontj@mail.ru
Маркази ҷавонон макони омӯзиш аст
ҳидоят намуд. Сипас, қисмати фарҳангии чорабинӣ шурӯъ гардида, 21 даста аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ аз рӯи шартҳои саволу ҷавоб роҷеъ ба фаъолияти Иттифоқи касаба, 2 барномаи консертӣ (суруд ва рақс) дар мавзӯъҳои ҷавонӣ, Ватан ҳунарнамоӣ карданд. Дар анҷом 45 нафар иштирокчии фаъол, истеъдодҳои беҳтарин, намояндагони дастаи «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллӣ бо “Сипоснома” ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуданд.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
Ба гуфтаи директори он Сураҷ Чоршанбиев баҳри амалӣ гардондани сиёсати давлатии ҷавонон марказ дар семоҳаи аввали соли равон як қатор чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзиширо доир намуд. Аз ҷумла, бо ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр як зумра барномаҳои тарҳрезишуда, сӯҳбату вохӯриҳо дар мавзӯи «Ҳаёти ақлонӣ ва интихоби дуруст дар зиндагӣ», «Ахлоқ ва масъулият» ҷиҳати фаҳмонда додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», семинару суҳбатҳои гирди мизи мудаввар оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маориф, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва намояндагии Парлумони ҷавонони Тоҷикистон амалӣ гаштанд. Аз ҷумла, бахшида ба Соли нави мелодии 2014 дар ҳамдастӣ бо МИМҲД-и шаҳри Хоруғ барои ятимон ва маъюбони «Маркази нур», тарбиятгирандагони мактаб-интернати шаҳр чорабинии идона доир шуд. Ҳамзамон, мусобиқаҳои идонаи наврӯзӣ аз намуди гурзбардорӣ, арғамчинкашӣ ва дастхобонӣ баргузор ва ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Хамарӯза мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар Маркази ҷавонон семинару вохӯриҳо бо наврасону ҷавонон, конфронсҳои илмӣадабӣ оид ба одоби салом, маданияти либоспӯшӣ ва анъанаҳои неки мардуми тоҷик, китоб ва маърифати истифодаи он, рушди соҳибкории хурду миёна доир мегарданд. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон соли равон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, озмунҳои интеллектуалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ таҳти унвони «Ҳаёти солим интихоби мост», аз қабили дастхобонӣ, мусобиқаҳои шашкаву шоҳмот, вохӯрӣ бо варзишгарон, барномаҳои телевизионии «Ман посбони Ватан», «Адаб ҳусни ҷавонон аст», «Ахлоқ ва рафтори ҷавонон дар ҷомеа» бо ширкати ҷавонону наврасон доир гаштанд. Роҳбарияти ин муассиса дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, то имрӯз ҳамаи утоқҳои марказро ба хизмати мардум омода намудааст. Танҳо бо сабаби мавҷуд набудани базаи моддиву техникӣ ё модулҳои омӯзишӣ ва камбуди маблағ фаъолият дар самти омӯзиш муддате боздошта шудааст. Аммо Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки Маркази ҷавонон кӯшиш менамояд, то базаи моддӣ, китобу дастурҳои методӣ, дигар самтҳои фаъолияти омӯзиширо муҳайё сохта, мушкилотро сари вақт бартараф созад.
Саъдоншоҳи ҶАНОБИЛШОҲ
ОЧЕРК ВА ПУБЛИСТИКА
Манфиатҳои миллиро ҳифз бояд намуд Равандҳои ҷаҳонишавии ҷомеаи муосир бо суръат идома доранд. Суол ба миён меояд, ки оё ин омилҳо ба манфиатҳои миллӣ мухолифатпазир нестанду хавфи бегонапарастиро дар худ таҷассум намекунанд ва ғояи мазкур урфу одат, меҳанпарастӣ, забон, таърих, фарҳанг ва аз ҳама беш муттаҳидиро ғарқи худ намекарда бошад? Ба ин ва дигар саволҳо корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Ҳикматулло Хоҷаев посух дод. Ба назари Шумо мафҳуми манфиатҳои миллиро намояндагони ҷомеа хуб дарк мекунанд? - Дар Тоҷикистон тафовут дар фаҳмиши манфиати миллӣ, ончунон ки дар Русия аст, ошкор нест. Бо вуҷуди ин, ҳатто мушоҳидаҳои сатҳӣ нишон медиҳанд, ки дар ин масъала равишҳои гуногун вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон чор тақсим кард. Равиши аввал дар он зоҳир мешавад, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои ғарбӣ афзалият медиҳанд; равиши дуюм онҳоеро муттаҳид месозад, ки Русияро чун қутбнамо мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Русия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад, чунки ба татбиқи лоиҳаҳои миллии иқтисодӣ мусоидат мекунад; равиши сеюм дар тамоюли бештар бо арзишҳои исломӣ ва зарурати ҳамгироии наздик бо давлатҳои исломӣ, қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон зоҳир мешавад; тарафдорони равиши чорум бар ин ақидаанд, ки сиёсати хориҷии бисёрқутбӣ бештар ба манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст, зеро иҷрои
вазифаҳои стратегии вобаста ба тақвияти истиқлолияти онро таъмин менамояд. - Пас, тарафдорони кадом раванд бештаранд? - Зимнан, дар давраи бӯҳрони энергетикии кишвар равиши чаҳорум тарафдорони бештар пайдо кардааст. Нафарони алоҳида ақидаеро дастгирӣ мекунанд, ки вақти он расидааст, то мо ба манфиатҳои миллии худ афзалияти бештар диҳем. Бо он кишварҳое кор мебояд кард, ки онҳо омодаанд бо мо холисона ҳамкорӣ кунанд. Дар маҷмуъ, бо ин ақида баҳс намудан нашояд. - Яъне, дигар равандҳо барои мо бегонаанд? - Ҳаргиз. Бояд иброз дошт, ки нисбат ба равиши аввал, ки тарафдорони он дар инкишофи кишвар ба пайравӣ аз арзишҳои Ғарб афзалият медиҳанд, як навъ тафовут дар ҷаҳонбинии онҳо, ки берун аз дарки арзишҳои муҳимтарини миллӣ аст, ба таври возеҳ аён мегардад. Аммо, бо вуҷуд, худи ман шахсан тарафдори он муттафаккире ҳастам, ки мефармояд: «ман ба ақидаи Шумо розӣ шуда наметавонам, вале омодаам ҷонамро фидо кунам, то Шумо имкони баён кардани фикратонро дошта бошед». Бубинед, ки олами Шарқ майлу кӯшиши ба арзишҳои Ғарб эътибор додан ва онро пайравӣ карданро дорад, лекин, чуноне ки нависандаи англис Р. Киплинг гуфтааст: «Дар ҳар сурат Шарқ – Шарқ асту Ғарб-Ғарб ва онҳо ҳеҷ имкони бо ҳамдигар васл шуданро надоранд». Вале ин ақида низ ҳақиқати ниҳоӣ нест. - Дар мавриди ҳамкориҳо бо кишвари Русия чӣ назар доред? - Чуноне ки дар аввал гуфтем, равиши дуюм онҳоеро муттаҳид месозад, ки Русияро чун қутбнамо
Садои зиндаи давру замон Чанде пеш дар Итифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба мавқеъ ва нақши жанри очерк маҳфил доир гардид. Тавре иштирокчиён изҳор доштанд, очерк дар матбуоти тоҷик мақоми шоиста дошт. Мутаассифона, имрӯз ин шакли эҷод то андозае ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. мешуморанд ва ба ақидаи онҳо ҳампайвандии наздик бо Русия посухгӯи манфиати миллии Тоҷикистон мебошад. Ба ақидаи мо дар ҳамкорию сиёсати беруна нашояд ба як давлати алоҳида, новобаста аз он ки ин давлат дорои иқтидори азим аст ё на, афзалият дода шавад. Чунки дар ин сурат манфиатҳои мо маҳдуд ва пойбанди якҷониба мешаванд. Аз ин мо бурд намекунем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз муносибатҳои вуҷуддошта рӯй нагардонда, имкониятҳои то ин дам бо дигар кишварҳои дунё истифоданабурдаро кашф кунем ва дар мавриди мувофиқ ба манфиатҳои ҳамаҷонибаи давлатамон истифода барем. Мутмаинем, ки роҳбарияти воломақом ин нуктаро аз мо дида бештар дарк мекунанд ва мавриди истифода қарор медиҳанд. - Пайравӣ ба арзишҳои исломӣ то кадом ҳад ба манфиатҳои миллӣ метавонад созгор бошад? - Арзишҳои исломӣ, ки онро тарафдорони равиши сеюм ҷонибдоранд ва бо зарурати ҳамгироии наздик бо давлатҳои исломӣ, қабл аз ҳама, бо кишварҳои форсизабон тамоюли бештар доштан асоснок мекунанд, нигоҳи яктарафаро мемонад. Зеро худи ҳамин давлатҳо дар пешбурди сиёсати берунаашон ҳамкориҳои иқтисодиашонро дар чорчӯбаи додугирифт танҳо бо ҳамдину ҳамзабонони худ маҳдуд намесозанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки пешрафти бомайлони онҳо дар асоси омӯхтан ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои мухталиф сурат мегирад. Бинобар ин, моро ҳам зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ чунин роҳро пеш гирем.
Зимни суханронии хеш устоди Донишгоҳи миллӣ М. Муродӣ изҳор дошт, ки очерк садои зиндаи давру замон маҳсуб ёфта, байни адабиёти бадеӣ ва рӯзноманигорӣ мечархад. Маҳз очерк боис гашта, ки бисёр қаламбадастон баъдан чун адиб шинохта шаванд, эҷодашон писанди умум гардад. М. Муродӣ зикр намуд, ки айни замон ин шакли эҷоди рӯзноманигорӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои шарқ» бештар истифода гардида, симои ҳамзамонони мо, масоили гуногуни ҳалталаби рӯзро ба хонандагон пешкаш, ҳалли онҳо масъалагузорӣ мешавад. Адиб ва рӯзноманигор Умари Шерхон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ин шакли эҷод дар матбуоти даврӣ, бахусус, нашрияҳои хусусӣ қариб истифода намешавад. - Хушбахтона, рӯзномаи «Ҷумҳурият» вақтҳои охир қатори дигар жанрҳои журналистика очеркро низ истифода мебарад, - гуфт Умари Шерхон. – Ин имкон медиҳад саҳифаҳои рӯзнома ҳарчи бештар рангоранг, заҳмати ашхоси арзанда васф гардад. Ҳамчунин, проблемаҳое, ки ҳоло дар ҷомеа ҷой доранд, баҳри ҳалли онҳо фикрҳои ҷолиб баён ёбад. Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» сабаби дар рӯзномаҳои шахсӣ роҳ наёфтани шакли эҷоди очеркро вобаста ба талаботи бозор донист. - Барои он ки рӯзномаҳои шахсӣ ба фурӯш раванд, талаботи бозорро ҳатман ба инобат бояд гирифт, - зикр кард Х. Атовулло. – Ба хонандагони мо бештар мақолаҳои проблемавӣ, ки метавонад дар ҳалли проблемаҳо саҳм дошта бошад, маъқул аст. Аз ин хотир, мо маҷбур мешавем аз истифодаи бисёр жанрҳои журналистӣ, аз ҷумла, очерк даст кашем. Нависанда Бахтиёр Муртазоев, роҳбари бахши публитсистикаи Иттифоқи нависандагон очеркҳои муддати соли гузашта нашрнамудаи маҷаллаи «Садои шарқ»-ро таҳлил намуда, зикр кард, ки ба ӯ бештар навиштаҳои профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист ва демографӣ писанд афтодааст. Ҳамчунин, дигар иштирокчиёни маҳфил доир ба нақши ин шакли эҷод дар матбуоти даврӣ фикру андешаҳо баён намуда, таклиф ба миён гузоштанд, ки чун даврони шӯравӣ барои навиштани очеркҳои беҳтарин озмун эълон карда шавад.
“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
КИТОБИ НАВ
Амирхон Аҳмадхонов солҳост ба ҳайси рӯзноманигор дар вазифаҳои гуногун фаъолият дорад. Заҳмати бисёрсола ба ӯ имкон дод, дар ин ҷода соҳибтаҷриба гардад ва навиштаҳояш хонандагони хешро пайдон намоянд. - Давлатбӣ, ку гап зан, барои чӣ ба Қисме аз навиштояҳои солҳои охираш- Кароматуллоҳи Мирзо. Очеркҳои «Духтари усто Раҳмат», «Умре идора даъват карданд, ягон хабари тоза ро, ки дар шакли очерк эҷод шудаанд, гирд оварда, китобе тартиб дод. Бо номи «Бар- дар хизмати мардум ё назаре ба рӯзгори овардӣ? Ё касе малӯлат намуда... - Раис даъват карда буд. «Дар бригадаи ги сабз». Нахусткитоби рӯзноманигор аз як марди некмаҳзар», «Табиби қалбҳо» рӯзгор, кору фаъолияти ашхоси гуногунпе- кору пайкор, олами ботинии симоҳои дар Шакаров сардори звено мешавӣ», гуфт. Наша, ки муаллиф бо эшон вохӯрдаю суҳбат ин навиштаҳо таҷассумёфтаро ба хонанда медонам, аз уҳдааш мебаромада бошам... пешкаш мегардонанд. - Мебароӣ, бачам, албатта мебароӣ, гузарондааст, ҳикоят мекунанд. Таҷрибаи тӯли солҳои зиёди фаъолияти «Шайтон ноумед, дунё ба умед», мегӯяд «Аксари навиштаҳояш бо илҳом рӯйи коғаз меоянд, дарди дили симои офари- рӯзноманигорӣ андӯхта, ба муаллиф имкон мардум. Ҳама вақт дар барат ҳастам. Агар даашро эҳсос мекунад, ба тасвир меорад. додааст, аз уҳдаи мақсади дар пеши худ гу- дар амал дастгират шуда натавонам, дуои некам ҳамеша мададгорат хоҳад буд... Агар он фард дардманд асту алам дорад, зошта ба осонӣ барояд. «Андешаи зиёд дар сар хона баргашт. Фотеҳаи падарро гирифта, аз пайи кор дарду аламаш дар ботини ӯ менишинад ва ӯ менависад», нигоштааст дар пешгуфто- Падар авзои духтарашро дида, бо изтироб шуд...» Чунин аст, лаҳзаи муколамаи падару ри китоб, Нависандаи халқии Тоҷикистон аз ӯ пурсид:
духтар дар очерки «Духтари усто Раҳмат», ки муаллиф бо тарзи баёни сода хонандаро аз воқеот, олами ботинӣ, хулқу атвори симоҳои офаридашуда огоҳ месозад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Авроқи рангини «Китоби сабз»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
6
ҲАМКОРӢ
Кӯдакони калонсол
Расо 96 сол пеш, 28 майи соли 1918 дар Қафқози Ҷанубӣ давлате бо номи Ҷумҳурии демократии Озарбойҷон таъсис ёфт. Ин нахустин ҷумҳурии демократӣ дар Ховарзамин (Шарқ) буд.
Ғурбат ва мусофират барои тоҷик баробари дарёфти ризқу рӯзӣ сарчашмаи ҳар гуна бадбахтию нокомиҳо гашт. (Аз повести “Турнаҳо дар баҳорон”-и Т. Давлат)
Нахустин ҷумҳурии демократӣ дар Ховарзамин Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов ба ин муносибат изҳор намуд, ки санаи мазкурро тамоми озариҳои ҷаҳон ҳамчун рӯзи барқароршавии давлатдории озариҳо ҷашн мегиранд. - Қадамҳое, ки давлатдорони он замон гузоштанд, барои таърихи миллати мо хизмати
Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар ин давра Озарбойҷон тараққӣ карда, аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳал шуда, маҳви бесаводӣ ба поён расид. Алалхусус, солҳои 70-уми асри гузашта иқтидори саноатии Озарбойҷон рушд кард. Соҳаи кишоварзӣ низ хеле пеш рафт. Аббосалӣ Ҳасанов нақши пешвои умумимиллии Озарбойҷон
ШАҲРИ БОКУ
e-mail: javonontj@mail.ru
1 ИЮН - РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАК
бузургеро анҷом доданд, - гуфт Аббосалӣ Ҳасанов. - Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон (ҶДО) тӯли мавҷудияти 23-моҳаи худ дар соҳаҳои сохтори давлатдории демократӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва бунёди артиш корҳои зиёдеро анҷом дод. Имрӯз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳои ҶДО солҳои 19181920 нақш ва мақоми зиёиёнро дар ҷомеаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ медорад. Аз соли 1920 то соли 1991 Озарбойҷон дар ҳайати
Ҳайдар Алиевро махсус таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки соли равон мардуми кишвараш 90-солагии меъмор ва роҳбари Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро ҷашн мегиранд. Солҳои аввали истиқлолият чун Тоҷикистон барои Озарбойҷон низ айёми душвор буд. Аз як тараф ҷанг бо Арманистон, аз тарафи дигар бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ аҳволи мардумро душвор сохт. Дар чунин лаҳзаҳои барои ҳамватанон душвор роҳбари онвақтаи Озарбойҷон Абулфазл Элчибой Ҳайдар Алиевро аз Маскав ба Боку даъват кард. Баъди
бозгашт Ҳайдар Алиев се мероси муҳим - идеологияи миллӣ, давлатдории миллӣ ва давлати миллиро асос гузошт, ки то имрӯз барои пешрафти халқи озар хизмат мекунанд. То ин дам ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба Озарбойҷон 172 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки нисфи он ба сармоягузорони хориҷӣ рост меояд. Сатҳи камбизоатӣ аз соли 1993 то ин дам 8 маротиба поён фуромада, ҳамагӣ 5,5%-ро ташкил медиҳад. Қарзи берунаи Озарбойҷон ҳамагӣ 8,2 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Захираи тиллою арзии мамлакат аз қарзи беруна 10 маротиба зиёд буда, ба 53 миллиард доллар баробар аст. Роҳбари кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев сиёсати пешгирифтаи Ҳайдар Алиевр идома дода, кишварашро яке аз қавитарин мамолики минтақа гардонид. Имрӯз 85 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қафқоз ба Озарбойҷон ва 15 дарсади боқимонда ба Гурҷистону Арманистон ва Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ рост меояд. Робитаи Озарбойҷон бо Тоҷикистон торафт дар соҳаҳои гуногун густариш меёбад. Озарбойҷон содиркунандаи асосии гилхок ба корхонаи “ТАЛКО” мебошад. Соли 2012 ҳаҷми робитаҳои иқтисодии ду кишвар 44 миллион долларро ташкил дод. Порсол дастаҳои ҳунарии ду кишвар меҳмони мамолики ҳамдигар шуданд. Ягона масъалае, ки садди роҳи босуръат густариш ёфтани робитаҳои ду кишвар мегардад, набудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку мебошад. Аббосалӣ Ҳасанов иброз дошт, ки соли равон роҳи оҳани Боку-ТифлисКорс (Туркия) бо сармоягузории Озарбойҷон (800 миллион доллар) ба истифода дода мешавад. Баъди бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-АфғонистонТуркманистон ҷодаи мазкур метавонад Тоҷикистонро бо Аврупо пайванд созад.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
“Автосентр”, истгоҳи таксиҳое, ки ба самти шаҳри Кӯлоб мераванд, хеле серодам буд. Ронандаҳо ҳар яке талош мекард мусофири омадаро ба мошини худ шинонда, зуд ба роҳ барояд. Мо се мусофир аллакай дар яке аз мошинҳо ҷой гирифта будем. Танҳо нафари охирин лозим буд, ки сабукрав ба роҳ барояд. Зане каме канортар меистод ва бодиққат ба мошинҳо назора мекард. Маълум, ки бояд биривад, вале мошини маъқул, дақиқтараш ронандаеро меҷуст, ки дилпурона ба мошинаш бишинад. Ниҳоят, ҷониби мошини мо омад ва аз ронанда пурсид: - Меравам, додар, ҳай мекунӣ? Ронанда ҷавоби мусбат дод. Ӯ аз омадани ин мусофири худодод шод шуда, дарҳол сумкаҳояшро пушти мошин ҷо кард. Ҳар се мусофирон ба қафо ҷо гирифтем. Зан ба пеш, паҳлӯи ронанда нишаст. Ӯ як зане буд, ки синну солаш аз панҷоҳ гузашта, дар чеҳрааш хату ожангҳо падид омада. Вале чеҳраи сафеду зебояш далолат ба он мекард, вай дар ҷавонӣ басе соҳибҷамол будааст. Чунки осори ҳусни зебо ҳанӯз ҳам дар чеҳраи зан маҳфуз буд, агарчӣ ожангҳо пириашро исбот мекард. Зан басе андешаманд менамуд. Вақте ронанда мошинашро ба ҳаракт даровард, кӯдаке пеши тирезаи мошин, назди зан қарор гирифт. - Жвачка намехаред, хола? Сетош ду сум, – пурсид кӯдак. Зан тирезаашро поён карда, бо вуҷуди то ҳол ҷиддиву камгап нишастанаш ба кӯдак бо табассум нигоҳ карда, гуфт: - Биёр, бачаҷон. Шашто мехарам. Кӯдак даррав ба ҳисоб кардани “жвачка”-ҳо пардохт. Дар ин баробар зан аз вай пурсид: - Чандсолаӣ? Кӯдак ҳам ба кори худ андармон ҷавоб дод: - Синфи ду мехонам. Ҳаштсола. - Пули коркардаатро чи кор мекунӣ? - Ба модарам мебарам. Вай барои хона ягон чи мехарад. Як додару як хоҳар дорам. Дадам хеле шуд дар Расия... Кӯдак дар бораи оилааш, падари муҳоҷираш ва зиндагии сахташ беибо қисса мекард. Сӯҳбати ӯ, ки мисли одами ақлаш расида ва рӯзгордида гап мезад, мусофиронро моту маҳбут кард. Ронанда мошинро аз ҳаракат боздошт. Нахост, ки сӯҳбати зан бо ин кӯдаки аллакай калонсол нотамом бимонад. Гузашта аз ин, мехост саргузашти бачаи “жвачкафурӯшро” то охир шунавад. Ин ҳангом дидам, ки зан беихтиёр ашк мерезад ва донаҳои ашк ба рухсорааш метаровад. Ӯро ҳолати кӯдак, нақли вай мутаассир карда буд. Ҳарчанд ин гуна воқеаҳо дар ҷомеа пуранд. Яъне, аксари мардон дар муҳоҷират қарор доранду фарзандонашон дар ватан бори зиндагӣ мекашанд. Вале нақли ин кӯдак, сӯҳбатҳояш оҳанги дигар дошт. Аз ҳарфҳояш пай мебурдӣ, ки басе ғамхор аст нисбати оила ва модару додаронаш. Бо ин хурдӣ аллакай дар фикри пешбурди зиндагӣ, дар андешаи кӯмак ба хонаводааш аст. Ӯро вазъият бетараф нагузоштааст... Диққати мусофиронро бештар ҳамин хислати кӯдак ба худ мекашид. Зан “жвачка”-ҳоро аз дасти кӯдак гирифт ва як даҳсумаро дарозаш кард. Ронанда ҳам чанд суме ҳиммат карда, ба дасти ин кӯдаки ғамхор дод. Мошин ба роҳ баромад. Дигар ҳама хомӯш буданд. Ронанда ёрои мусиқӣ мондан намекард. Зан аз тиреза ба роҳ менигаристу ҳамоно оби чашмонаш ду бари рӯяшро ҷӯйбор сохта буд. Хомӯшӣ тӯл кашид. Касе майли гап задан надошт. Ниҳоят, зан оби дидагонашро пок карда, бо ҳасрат сухан кушод: - Замона кӯдакии кӯдакони моро дуздид. Онҳоро бармаҳал калонсол кард. Аз бозе, ки шӯравӣ пош хурд, аз вақте ки муҳоҷират гуфтанӣ чиз пайдо шуд, дигар онҳо кӯдак нестанд. Инҳо мисли калонҳо фикр мекунанд, мисли онҳо ғам мехуранд. Мисли калонҳо пай ризқу рӯзӣ мешаванд, таъмини оиларо бар дӯш мегиранд. Умуман, аз ҳашт-даҳсолагиашон бори зиндагӣ мекашанд. Зан бо алам ва ҳасрати зиёд сӯҳбат мекард. Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки вай муаллима буда, солҳои зиёд ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул будааст. Боз маълум шуд, ки ӯ худ кӯдакдор набудаву ҳар як хонандаашро модарвор дӯст медорад. Аз парешонии онҳо андӯҳгин мешавад ва бисёр ашк мерезад... Баъди гузашти вақти зиёде аз он сафар то ҳол таъбири он муаллима – “кӯдакони калонсол” зери гӯшҳоям садо медиҳад. Зиндагии имрӯз, воқеан, кӯдакони зиёдеро бармаҳал калонсол кардааст.
М. САИД, “ҶТ”
САИДМУҲАММАД САЙФУЛИСЛОМ
данд. Зимни амалишавии лоиҳа аз ҳама зиёд дар як мавсим то 1000 нафар сокини ҷумҳурӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Вобаста ба фасли сол ва ҳаҷми кор
гуфт: “Ҳарчанд хонаву ҳавлии мо зери роҳ монда бошад ҳам, хурсандем, ки ватанамон ободу зебо мешавад. Роҳро барои садлсолаҳо месозанд. Тавре аз хабарҳои рӯзномаву телевизион огоҳ шудем, роҳи мазкур аз ҷиҳати сифату паҳноиаш дар ҷумҳурӣ аз ҳама беҳтарин хоҳад шуд. Аз он миннатдорем, ки ба ивази манзили пештараамон аз заминҳои обии даромадгоҳи шаҳраки Ҳисор ба мо замин ҷудо карданд. То ин дам хоначаҳои ёрирасонро сохта, атрофи ҳавлиамонро маҳкам намудем. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба мо ваъда доданд, ки ба наздикӣ ба ин маҳаллаи нав хати муваққатии барқ кашида мешавад. Овардани лӯлаи оби нушокӣ низ дар назар аст.
тмониро зери назорати қатъӣ қарор додаанд. Мутахассисони ширкат кӯшиш мекунанд, ки дар кори сохтмон масолеҳи пастсифат истифода нашавад. - Роҳсозӣ фаъолиятест, ки ҳамарӯза тарҳрезию амалисозии нақшаи муайянро тақозо мекунад, - гуфт Саидмуҳаммад Сайфулислом, мутахассис оид ба сифати масолеҳи сохтмон. - Ба ин хотир мо ҳамарӯза нақшаи муайяни худро тартиб медиҳем. Масолеҳи сохтмони роҳро аз ташхиси лабараторӣ мегузаронем. Ғайр аз омӯхтани таркиби семент мо дар таркиби роҳи мумфарш чӣ миқдор будани битум, рег ва шағалро низ муайян мекунем. Сайидмуҳаммад зодаи Покистон буда, дар ҷодаи роҳсозӣ дар кишварҳои зиёде фаъоли-
Азнавсозии роҳ тибқи нақша ҷараён дорад корҳои сохтмонӣ ду солро ташкил медиҳад. Одатан дар дигар роҳҳо ин муҳлат як солро ташкил медиҳад. Роҳи мазкур як қисми долони сеюмро дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (САREC) фаро мегирад. Долони мазкур аз Федератсияи Русия оғоз ёфта, то кишварҳои халиҷи Форс тӯл мекашад. Ба гуфтаи намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю бонки мазкур на ба долонҳои нақлиётии анъанавӣ, балки бештар ба бунёди долонҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ менамояд. Чунончи, дар доираи лоиҳа рушди тиҷорати хурд, алалхусус, миёни бонувон мавзеъҳои фарогири лоиҳа, беҳтарсозии роҳҳои воридшавии деҳаҳо, ҷодаҳои пиёдагард низ дар назар гирифта шудааст. Мувофиқи лоиҳа қаблан таҷдиди 10 пул пешбинӣ шуда буд. Бо розигии ҷонибҳо ба ҷои як пул (купрӯк) лӯлаи оҳанӣ насб карда шуд, ки нисбатан қулай аст. Ҳамаи нуҳ пули боқимонда то охири муҳлати амалишавии лоиҳа пурра ба истифода дода мешаванд. - То имрӯз дар Тоҷикистон пулҳои сохташуда аз 30 то 80 тонна борро мебардоранд, гуфт М. Неъматов. - Пулҳои тибқи лоиҳаи мазкур сохташуда қуввати бардошти 100 тоннаро доранд. Рӯзноманигорон дар сарҳади ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода бо рафти таҷдиди пули 66-метра ошно шуданд. Мутахассисони тоҷику чиноӣ ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, кори худро бо сифати баланд иҷро менаму-
теъдоди сохтмончиёну роҳсозон каму зиёд мешаванд. Аз шумораи умумии коргарон 70 дарсад (620 нафар)-ро мутахассисони тоҷик, боқимондаро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар даромадгоҳи роҳи маркази ноҳияи Ҳисор барои 11 хонаводаи манзилашон ба кӯчонидан ниёздошта қитъаи замини обӣ ҷудо шудааст. Собиқ сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор Шералӣ Шеров дар суҳбат бо хабарнигорон
Оянда дар ин мавзеъ сохтани нерӯгоҳи хурд пешбинӣ шудааст. Мо боварӣ дорем, ки ҳам намояндагии БОР дар Тоҷикистон ва ҳам МИҲД ноҳияи Ҳисор аз ҳоли мардуми маҳаллаи навбунёд бохабар шуда, баҳри зудтар барқарор кардани манзилҳоямон кӯмак мекунанд. Машваратчии лоиҳаи мазкур Ширкати консалтингии “SМЕС International”-и Австралия мебошад. Мутахассисони ширкати мазкур сифати маҳсулоти сох-
ят кардааст. Ӯ алҳол нозукиҳои касби худро ба 4 ҷавони тоҷик меомӯзонад. Гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар арафаи ба истифодабарӣ қарор дорад. Майдони мазкур дар ҷои барҳаво бунёд шуда, дар он ду иморати хушсохти маъмурӣ қомат афрохтааст. Барои нигоҳдории сагҳои сарҳадчиён низ бинои махсус сохта шуд. Барои нигоҳдории нақлиёти хизматӣ мошинсарой, гузаргоҳи болопӯшида ба ду самт, ошхона, ташноб ва дигар биноҳои зарурӣ мавҷуд аст. Сардори дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ”, подполковник Хуршед Бозоров иброз дошт, ки ин дидбонгоҳ барои даҳсолаҳо сохта шуда, баҳри осонии мурури гузаркунандагони марзи ду кишвари ҳамсоя пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳа дидбонгоҳи гумрукӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ки боиси сарфаи вақти кормандони гумруку мусофирон мегардад.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Оғози ҳафтаи равон бо мусоидати Намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон як гурӯҳ намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ бо рафти сохтмони роҳи мазкур ошно шуданд. Директори иҷроияи лоиҳаи мазкур Мухтор Неъматов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки то ин дам аз ҷониби пудратчии генералии лоиҳа - ширкати “Чайна роуд”-и Чин ба маблағи 68 миллион доллар корҳои таҷдиду сохтмонӣ анҷом дода шудааст. Барои таҷдиди роҳи мазкур дар маҷмуъ, 131,3 миллион доллар ҷудо шудааст, ки аз он 120 миллион доллараш бурсияи БОР ва 11,3 миллион доллар саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. - Ҳангоми васеъ кардани роҳ масъалаи кӯчондани баъзе хонаводаҳо пеш омад, - гуфт Мухтор Неъматов. - Ин мушкилот бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва ҷуброни хисорот бартараф шуд. Ҳавлии 650 хонавода зимни навсозии роҳ ба масъалаи таҷдиди манзил ва ё кӯчонидан рӯ ба рӯ шуданд. Аз буҷаи ҷумҳурӣ ба онҳо ба маблағи умумии 4 миллион доллари амрикоӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шуд. 51 хонавода ба дигар ҷой кӯчонида шуданд. Лоиҳаи мазкур аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум навсозии роҳ аз назди ҳайкали Абӯалӣ ибни Синои пойтахт то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанберо дар бар мегирад. Тӯли роҳи мазкур 5 километр буда, бо маблағи Бонки аврупоии тараққиёт ва навсозӣ таҷдид мешавад. Дар қисмати бештари роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, ки 45 километр мебошад, роҳи чорқатора мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бари ин қисмати роҳ 25 метрро ташкил хоҳад дод. Аз гардиши шаҳри Турсунзода то сарҳади Ӯзбекистон роҳ дуқатора мешавад, ки паҳноияш 15 метрро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа, инчунин, беҳтар кардани инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” низ ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин, мувофиқи лоиҳа дар канори роҳ шинонидани зиёда
аз 13 ҳазор дарахти ороишиву сояафкан пешбинӣ гардидааст. Мухтор Неъматов таъкид намуд, ки муҳлати кафолати истифодаи роҳ баъди анҷом ёфтани
МУХТОР НЕЪМАТОВ
Барои тараққиёти ҳар кишвар мавҷуд будани роҳҳои тахту ҳамвор зарур аст. Бо дастгирию маблағгузории Бонки осиёии рушд (БОР) ва Ҳукумати ҷумҳурӣ алҳол лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон” дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад. Фазаи якуми таҷдиду азнавсозии роҳи мазкур, ки 57 километрро дар бар мегирад, моҳи октябри соли 2011 оғоз шуда, моҳи октябри соли равон ба анҷом мерасад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
7
ИНФРАСОХТОР
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
8
БА ИФТИХОРИ 20-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Низоми ҳукуматдорӣ ҳамеша тақозо мекунад, ки барои фаъолияти муназзам ва дуруст доштани давлат қонун ё санади ҳуқуқие бояд мавҷуд бошад, то дар асоси он давлатдорӣ ба роҳ монда шавад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз дар аҳди қадим низ барои риояи низоми давлатдорӣ ва раҳбарии мардум сарварону ҳокимон як гуна қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие таҳия кардаанд, ки Қонуни Хамураппӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башари Курӯши Кабир аз ҳамин зумраанд. Аммо таҳия ва қабули як қонуни мукаммал ва ҳуҷҷати сиёсии давлатдорӣ, ки аз он имрӯз ба унвони Конститутсия ё Сарқонун ном мебарем, 4 марти соли 1789 дар Амрико аз ҷониби намояндагони 12 иёлати он замон мавҷудаи ин кишвар қабул шудааст. Баъдан, соли 1791 бо ҷумҳурӣ эълон шудани Фаронса дар ин кишвар низ Конститутсия қабул гардид. Дар кишвари мо солҳои 1929, 1931, 1938, 1978 ва ахиран, соли 1994 барои фаъолияти давлатдорӣ конститутсияҳо таҳия ва қабул шудаанд. Қабули Конститутсияи нав аз ҷониби мардум давлатдории навини тоҷиконро асоси ҳуқуқӣ ва аз ҷиҳати қонунӣ комилан таҳким бахшид. Дар он рӯзи фаромӯшношудании 6 ноябри соли 1994 халқи шарифи Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ шумурда, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро вазифаи хеш донист ва бо дарки ин масъулият ва рисолати бузург шарафмандона аз қабули Конститутсияи давлати худ ба аҳли дунё хабар дод. Конститутсияи Тоҷикистон ҳудуди кишвари соҳибистиқлоламонро тақсимнашаванда ва дахлнопазир (моддаи 7) эълон дошта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ (моддаи 5) донист. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва давлатдорӣ ҳамаро дар назди қонун ва суд баробар шуморид (моддаи 17), ба ҳама ҳаққи зиндагӣ (моддаи 18), озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат дод (моддаи 30) ва эълон намуд, ки ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат (моддаи 35), ба соҳиби манзил шудан (моддаи 36), истироҳат кардан (моддаи 37), ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), таҳсил намудан (моддаи 41) ҳақ дорад ва талаб намуд, ки ҳар шахс вазифадор аст, Конститутсия ва қонунро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд (моддаи 42). Барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус, барои мо - намояндагони мақомоти прокуратура, ки ба назорати иҷро ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа машғул мебошем, ҳар як нукта ва нишондоди Конститутсия ҷойгоҳ ва аҳамияти хоса дорад. Боби 9-и Конститутсия, ки “Прокуратура” унвон дорад, моддаҳои 93- 97-ро фаро гирифтааст. Дар ин моддаҳо вазифа, салоҳият, ваколат, муҳлат ва рисолати мақомоти Прокуратураи генералӣ ва прокуратураҳои зертобеи он ба таври рӯшан, возеҳ ва мукаммалу мушаххас баён ёфтааст. Аз ҷумла, дар моддаи 93 зикр шудааст, ки «Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори
генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд». Ин нишондоди Сарқонун гувоҳ аст, ки прокурор наметавонад ба ҷуз кори эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ ба ягон кори дигар машғул шавад. Чуноне ҳама медонанд, ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ду маротиба - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи ҳамапурсии умумӣ тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Қонуни асосии кишвар сари тамоми қонунҳо ва асноди сиёсиву ҳуқуқӣ аст, аз ин рӯ, барои тағйири як нукта ё иловае ворид кардан бар он ризоияти мардуми ҳаққи овоздиҳидошта гирифта мешавад. Ин нукта низ далели шаҳомат ва бузургии Сарқонун аст. Бо ворид намудани тағйироту иловаҳо аз тариқи райъпурсии умумӣ ин ҳуҷҷати арзишманди давлату давлатдорӣ комил
вад. Таҷлили ин рӯйдоди фархунда аз ҳама сокинони мамлакат, бахусус, аз мо - кормандони мақомоти прокуратура тақозо менамояд, ки дар иҷрои вазифаи давлатӣ ва қарзи шаҳрвандии хеш масъулияти зиёдтар эҳсос намоем. Ба хотири таҷлили шоистаи ин ҷашн, дар партави ҳидоят ва дастурҳои инсондӯстона ва хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони прокуратураи мамлакат дар самти назорати иҷрои қонун, пешгирии қонуншиканӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ бо тамоми масъулият заҳмат мекашанд. Соли ҷорӣ аз ҷониби Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳо дар самтҳои гуногуни назорати прокурорӣ амалӣ шуда, аз натиҷаи онҳо 11 амр
Сарқонун роҳнамои давлат аст
ва сохтори конститутсионӣ дар кишвар мукаммал ва муназзам гардид. Сиёсатшиносон ва олимони соҳаи ҳуқуқ ва масоили давлатдорӣ дар дохилу хориҷ ба Сарқонуни мо баҳои баланд дода, изҳор намудаанд, ки Қонуни асосии давлати Тоҷикистон барои эъмори як ҷомеаи шоиста, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ комилан мувофиқ аст ва мутобиқат мекунад. Аз ин рӯ, мо - халқи Тоҷикистон, ки «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ (моддаи 6) мебошем, бояд ифтихор намоем, ки чунин як Сарқонун дорем ва он «барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро» (моддаи 1) кафолат додааст. Чуноне болотар зикр кардем, соли равон дар мамлакат 20-умин солгарди қабули Конститутсияи давлати мо бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил меша-
ва 20 пешниҳод барои бартараф кардани қонуншиканиҳо бароварда, ба 36 қарори ғайриқонунӣ эътироз оварда, 15 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 11 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 6 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва 63 ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат ва шаҳрвандон барқарор, 5 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 5 нафар бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз, тафтиш ва ба суд ирсол шудааст, ки нисбат ба гунаҳкорон ҷазоҳои сазовор татбиқ шуд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, 21 муроҷиати онҳо баррасӣ ва натиҷагирӣ шудааст. Президенти кишвар зимни ироаи Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ аз вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла, дар байни ҷавонон изҳори таш-
виш намуда, мо - кормандони мақомоти ҳуқуқро ба тақвияти иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун ва фаъолияти муассиртар дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканӣ ҳидоят намуд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба нақши шоиста доштани ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа таъкид намуда, аз ҷумла, иброз намуд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад». Ба ин ғамхориву дастгириҳои роҳбарияти сиёсии давлату ҳукумат ҷавонони моро зарур аст, ки бештар масъулиятшиносу дурандеш ва соҳиби хиради волову зи-
«Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Эмомалӣ РАҲМОН ракии бисёр баланди сиёсӣ бошанд. Сарвари мамлакат ба арзишманд будани мақоми Конститутсия ҳамвора дар суханрониҳо ва мулоқоти хеш таъкид менамояд, аз ҷумла, дар Паёми имсолааш ба Мачлиси Олӣ 23 апрели соли равон ба ин нуктаи муҳим, ки чӣ нақше Сарқонун дар наҷоти миллату кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дорад, ишора карда, аз ҷумла, баён дошт, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид». Конститутсия шиносномаи миллат ва роҳнамои давлат аст, ки дар пешрафти кишвар ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ҳамчун чароғи нурфишон хидмат менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мо - кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин соли муборак ва фархунда соли таҷлили 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаи пурифтихор ва бошарафи хеш баҳри таҳкими қонуният ва пешрафти Ватани азизамон дар фазои сулҳу созандагии кишвар бештар аз ҳар вақти дигар бо дасту дили пок ва содиқона хидмати давлату халқамонро ба ҷо меоварем.
Толибхон АЗИМОВ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ШНТМ, мушовири адлияи дараҷаи 1
Ҷавонмарде, ки ҳиммати баланд дорад
Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор, Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд. Ҷавонмардони баору номус, онҳое, ки манфиати худро не, балки ғами дигаронро мехуранду ба муҳтоҷону корафтодагон хизмат мерасонанд ва то ҷое, ки метавонанд ба хонаводаҳои эҳтиёҷманд,
АМНИЯТ
Истиқбол аз амалкарди мақомот дар Хоруғ Тоқон Мамитов, собиқ ноиби Сарвазир ва вазири дифои Қирғизистон, Бадахшони Тоҷикистонро аз долон (коридор)-ҳои асосии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон номидааст. Тавре “Ozodagon.tj” иттилоъ додааст, Мамитов дар шарҳи қазияи ахири Хоруғ ва эҳтимоли таъсираш ба амнияти Қирғизистон гуфтааст, ин ҳаводис ба амнияти кишвари ҳамсоя таъсире надорад. Ӯ аз иқдоми мақомоти тоҷик дар Хоруғ истиқбол карда, афзудааст: “Бадахшон яке аз долонҳои интиқоли маводи мухаддир аст. Мақомоти тоҷик вазифадоранд, чораандешӣ кунанд. Агар вазъро зери назорат гиранд, интиқоли маводи мухаддир, аз ҷумла, аз тариқи Қирғизистон, коҳиш хоҳад ёфт”. Мамитов таҳдиди нисбатан ҷиддиро аз сӯи созмонҳои ҷиноии мусаллаҳ донистааст, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои гуногун, аз ҷумла, аз Осиёи Марказӣ ташкил шуда, феълан дар Афғонистону кишварҳои араб фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи тирпаронӣ дар шаҳри Хоруғ 5 нафар кушта, чанд тан маҷруҳ шуданд. Қирғизистон дар пайи ин ҳодиса ҳимояи марзашро бо Тоҷикистон тақвият бахшид.
ятимону маъюбон ва беморон дасти мадад дароз менамоянд, дар ҳақиқат, азизи мардум мебошанд. Соҳибкори муваффақ аз деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ Маҳбубшо Амоншоев аз қабили ҳамин гуна ҷавонон аст. Ба гуфти сармутахассис оид ба корҳои дин ва танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Язғулом Имомалӣ Шамсов ин ҷавонмарди саховатманд ва ташаббускор беш аз понздаҳ сол дар муассисаҳои гуногуни ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ ва шаҳри Хоруғ адои вазифа намудааст. Маҳбубшоро дар ҳама рустоҳои водии Язғулом, инчунин, ноҳияи Ванҷ мардум ҳамчун шахси ташаббускору саховатпеша ва некирода, хоксор ва хушсухан хеле хуб мешиносанд. Ӯ соҳибкор аст ва ба фурӯши молҳои ниёзи мардум машғул. Чанд сол аст, ки дар ҷашну маросимҳои гуногун, алалхусус, иди Наврӯз молу маҳсулоти худро бо нархи арзон ба савдо мебарорад. Инчунин, ба
ятимону оилаҳои камбизоат ва муҳтоҷон кӯмак мекунад. Маҳбубшо баъзан молу маҳсулоти дилхоҳи мардумро ба дари ҳавлиҳояшон мебарад. Ба оилаҳои камбизоат қимати маҳсулоти хурокворӣ ва сӯзишвориро боз ҳам камтар мекунад ва ё тӯҳфа менамояд. Соҳибкори саховатпеша нақша ва ниятҳои хубу зиёд дорад. Тибқи иттилои раиси деҳоти Язғулом Маҳмадшо Ширинов соҳибкори накукор Маҳбубшо Амоншоев чанде пеш аз ҳисоби сармояи бо меҳнати ҳалол ҷамънамудааш маросими хатнасури 10 нафар наврасро аз ҷумлаи оилаҳои камбизоати водии Язғулом доир кард. Ҳамин ҳимматбаландӣ ва накӯкориаш мебошад, ки пиру ҷавони водии Язғулом дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд ва боварӣ доранд, ки дигар соҳибкорони ҷавон низ ба ӯ пайравӣ мекунанд ва ба мардуми ин мулки кӯҳистон ва дигар минтақаҳои Бадахшон бештару хубтар хизмат мерасонанд. Ба андешаи Маҳбубшо Амоншоев
дили мардумро ба даст овардан, мушкилоти онҳоро то ҷое, ки метавонанд осон намудан, беҳтарин хислати инсонист.
Сироншоҳи ДИЛОВАР
МАОРИФ
Шогирди дирӯз - устоди имрӯз Фарида дар оилаи омӯзгор тавлид ёфта, ба воя расидааст. Ҳини мактабхонӣ баробари омӯзиши дигар фанҳо дар омӯхтани забони хориҷӣ - англисӣ байни ҳамсинфон фарқ мекард. Инро устодаш Муқаддас Раҷабова пай бурд. Мактаби миёнаро соли гузашта ба итмом расонд. Бо дониши аъло ва номаи камоли сурх. Дар мактаб омӯзгорон намерасиданд. Чунки на ҳар хатмкардаи макотиби олӣ дар гӯшаҳои дурдаст хоҳиши фаъолияти омӯзгориро дорад. Устодаш ба роҳбарияти мактаб пешниҳод намуд, ки ӯро чун омӯзгори ҷавон ба кор қабул намоянд. Зеро, ба қавли устод, ӯ забони англисиро дар рафти таҳсил хуб омӯхта, озодона ҳарф зада, хондаю навишта метавонад. Ҳамин тавр, бо тавсияи устод Фаридаро дар мактаби хатмнамудааш ба кор гирифтанд.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35, воқеъ дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷиликӯл беш аз сӣ сол пеш сохта шудааст. Чун мактаби ҳаштсола. Он замон дар мактаби мазкур 250 нафар толибилм ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуд. Соли 1991 ба мактаби миёна табдил ёфт. Муддати ин солҳо аҳолӣ зиёд гардид. Шумораи хонандагон ҳоло 552 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, нарасидани синфхонаҳо эҳсос шуд. Инро ба назар гирифта, соли гузашта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чор синфхонаи иловагиро сохта ба истифода дод. Ҳамин тавр, масъалаи нарасидани синфхонаҳо ҳалли худро ёфт. Ҳоло дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и ноҳияи Ҷиликӯл 25 нафар омӯзгор,
аз ҷумла, 9 нафар зан ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Мавлуда Қулматова, Малика Нурматова, Майрам Тағойбекова, Ҷупарой Раҳмонова аз зумраи заноне маҳсуб меёбанд, ки омӯзгориро касби худ қарор дода, дар кори таълим ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда доранд. Қатори эшон шогирди дирӯза, хатмкардаи порсолаи мактаб Фарида Гулматова низ заҳмат мекашад. Ба ӯ синфҳои 5, 6 ва 7-ро вобаста намуданд. Мувофиқи барномаи таълимӣ бо шогирдон ба омӯзиши забони англисӣ пардохт. Чун таҷрибаи корӣ надошт, рӯзҳои аввали фаъолияти омӯзгорӣ кор барояш душвор менамуд. Хонандагони синфҳои болоӣ ҷонибаш бо тамасхур менигаристанд. Дирӯз аз паси партаи мактабӣ хеста, имрӯз
дигаронро таълим медиҳад. Дар чунин мавридҳо назди устодаш дарди дил мекард. Вай бошад, ҳолати ӯро фаҳмида маслиҳат медод. Мефаҳмонд, ки руҳафтода нашавад. Сарвари мактаб Гулмурод Нурматов аз фаъолияти яксолаи шогирди дирӯзааш розист. - Фарида ҳангоми таҳсил дар мактаб духтари аълохон буд, - гуфт сарвари мактаб. – Дар корҳои ҷамъиятӣ ҳам ширкати фаъолона дошт. Ҳоло ба хонандагон дарс гуфта, мекӯшад онҳо дар омӯхтани забони англисӣ мисли худаш фаъол бошанд. Имрӯз мо дар замоне қарор дорем, ки донистани ҳар чи бештари забонҳо барои ҳар фарди ҷомеа аз фоида холӣ нест. Ояндаи кишвар ба насли наврас вобастааст. Инро Фарида хуб дарк мекунад ва кӯшиш дорад шогирдонаш забондон бошанд. Омӯзгори ҷавон Фарида Гулматова баробари фаъолияти омӯзгорӣ ният дорад, имсол ба ягон мактаби олии кишвар дохил шуда, донишҳои назариявии хешро васеъ гардонад. Тавре сарвари мактаб иброз дошт, Фарида ин нияти худро, албатта, амалӣ хоҳад кард. Чунки ӯ дониши хуб дорад. Ба омӯзгори ҷавон Фарида Гулматова барои амалӣ гардидани ниятҳои некаш барор мехоҳем.
Турсуналӣ БОЛТАЕВ, рӯзноманигор
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳар гоҳе ки саховатпешагӣ ва накӯкориҳои соҳибкорону тоҷирон ва бисёр шахсони ҳимматбаланду саховатмандро мебинам, (хушбахтона чунин шахсиятҳо дар ҷамоати деҳоти Язгулом кам нестанд) як байти машҳур ба хотир меояд, ки созгори ин гуфтаҳо мебошад:
9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
ОИНИ НАКӮКОРӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
10
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
Тоҷикистонро макони растаниҳои шифобахш ва дорухонаи табиӣ меноманд. Барои диёри моро ҳамчун сарзамини анвои гуногуни растаниҳо муаррифӣ кардан саҳми олимони соҳаи биология калон аст. Яке аз онҳо муҳаққиқи варзида, мудири кафедраи технология ва экологияи химиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои биология Иноят Шарифов мебошад.
номи академик А. Бах (шаҳри Москва), пажӯҳишгоҳи химияи пайвастагиҳои табиии академияи илмҳои Ӯзбекистон низ таҷрибаҳои илмӣ тадқиқотӣ гузаронад. Моҳи апрели соли 1978 дар Шӯрои дифои номзадии Донишгоҳи давлатии ба номи Ленини шаҳри Кишинёв рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Иноят Шарифов ҳамчун муҳаққиқ дар доираи илмҳои биология ва химияи пайвастагиҳои табиӣ мақолаҳои илмии зиёде ба табъ расонидааст. Ӯ дар шаҳрҳои Ленинград (Санкт- Петербург), Москва, Тошканд, Тбилиси (Тифлис), Ашқобод, Бишкек, Алмаато ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ намудааст, ки муҳтавои онҳо дар китобу маҷаллаҳои
Ӯ баъди як соли кор дар Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, соли 1964 имтиҳоноти қабулро бомуваффақият супурда, донишҷӯи факултаи табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) шуд. Дар баробари хубу аъло таҳсил намудан, инчунин, аз соли дуюми таҳсил то хатми донишкада раисии Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултаро ба ӯҳда дошт. Ҳамчунин, зери роҳбарии дотсент Полина Колесникова дар бахши физиологияи растаниҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуд. Дар конфронсҳои умумиҷумҳуриявии донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, сазовори “Ифтихорнома”-и Созмони ҷавонони Тоҷикистон гардид. Истеъдод ва дониши Иноятро ба инобат гирифта, соли 1969 баъди хатми донишкада ӯро барои идомаи таҳсил дар аспирантураи кафедраи ботаника тавсия намуданд. Бо сабабҳои оилавӣ Иноят ба шаҳри Норак рафта, дар мактаби миёнаи №4 ба ҳайси омӯзгори фанҳои химия ва биология ба фаъолият пардохт. Бинобар қобилияти ташкилотчигӣ доштан Иноятро ба вазифаи котиби якуми созмони комсомоли шаҳри Норак интихоб намуданд. Аммо Иноятро меҳри илм боз ба пойтахт овард. Ӯ бо даъвати мудири кафедраи химияи органикӣ (баъдтар декани факултаи табиатшиносию география), дотсент Убайд Зубайдов дар Донишкадаи омӯзгорӣ ассистенти кафедраи мазкур гардид. Дар як вақт имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурда, ба аспирантура қабул шуд. Азбаски ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз баъзе соҳаҳои фанҳои дақиқ лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуд набуд, Иноятро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кишинёв (пойтахти Молдова) фиристоданд. Дар он ҷо Иноят таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, ноиби президенти Академияи илмҳои Молдова, академик Георгий Лазуревский ва Ида Терентева дар лабараторияи химияи пайвастагиҳои табиӣ (ХПС)-и Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои Молдова ба корҳои тадқиқотӣ машғул шуд. Ҳангоми таҳсил дар аспирантура ба ӯ муяссар шуд, ки дар пажуҳишгоҳи биохимиявии ба
илмӣ бо забонҳои гуногун ба табъ расидаанд. Дотсент И. Шарифов дар омӯзиши олами набототи ҷумҳурӣ, махсусан, растаниҳои шифобахши ёбоӣ (худрӯй)-и кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Алалхусус, дар муайян намудани пайвастагиҳои табиӣ дар таркиби растаниҳо, ба монанди алколоидҳо, ангиштҳо, терленоидҳо, кислотаҳои узвӣ ва ғайра корҳои назаррас анҷом додааст. Барои муайян намудани пайвастагиҳои дар боло номбаршуда зиёда аз 1800 растании минтақаҳои гуногуни кишварро мавриди омӯзиш қарор додааст. Як ҷиҳати муҳими корҳои илмӣ-тадқиқотии олими тоҷик аз он иборат мебошад, ки омӯзиши таркиби химиявии растаниро дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили Молодова, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ба ҷо овардааст. Теъдоди рисолаву барнома, китобу дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмию методӣ ва илмию оммавии батабърасидаи И. Шарифов аз соли 1974 то ин дам зиёда аз 90 номгӯйро ташкил медиҳад. Китобҳои “Химия ва биохимияи сафедаҳо”, “Инсон ва экология”, “Мавзеъҳои ҳифзшаванда ва сайёҳии Тоҷикистон”, “Таълимоти химиявӣ ва биологии экология” ва ғайра дар баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии донишҷӯён нақши муҳим мебозанд. Олимони номоёни шӯравӣ, аз қабили академики Академияи илмҳои Молдова В. Арасимович, профессори Донишгоҳи давлатии Кишинёв, доктори илмҳои биологӣ В. Клименко, мутахассиси соҳаи алколоидҳои Пажӯҳишгоҳи биохимияи Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои биология М. Ловкова, раиси Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Кишинёв Б. Мелников ба таҳқиқоти олими тоҷик И. Шарифов баҳои баланд дода, таъкид намудаанд, ки омӯзиши растаниҳои шифобахш ва аз таркиби онҳо ҷудо намудани моддаҳои барои дорусозӣ зарур аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро бо сабаби табиӣ буданашон моддаҳои аз растаниҳо гирифташуда ба саломатӣ бештар таъсири мусбат мерасонанд. Аз ҳамин сабаб солҳои охир саноати дорусозии ҷаҳон бештар ба истеҳсоли доруҳои дар асоси растаниҳои шифо-
ХОТИРА бахш таҳияшуда рӯ овардааст. Иноят Шарифов омӯзгори ташаббускор буда, дар ташаккулу пешравии кафедраи технология ва экологияи химиявии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар қатори дигар устодон саҳми арзанда гузоштааст. Мавсуф солҳои 1988-2007 раисии Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба зима дошт. Дар донишгоҳ ба ҳайси ассистент, дотсент, мудири кафедра ва декани факултаи химия (2009-2012) фаъолият намудааст. Дар кори роҳбарӣ, алалхусус, фаъолияти ҷамъиятӣ ҳамеша кӯшиш мекард, ки заррае бошад ҳам ба атрофиён ёрии
Муҳаққиқи олами набототи ҷумҳурӣ
беғаразона расонад. Хайрхоҳӣ ва дар лаҳзаҳои мушкил мунису мададрасон будани устодро ба инобат гирифта, ӯро вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе, узви президиуми Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои олимони факултаи химия ва Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ интихоб намудаанд. И. Шарифов алҳол раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ мебошад. Хизматҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон Иноят Шарифов бо чанд “Ифтихорнома”-ю ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст. Устоди мушфиқу меҳрубон Иноят Шарифов ба синни мубораки 70 даромад. Ӯро аз номи шогирдон ба ин муносибат муборакбод гуфта, барояшон аз Худованд тандурустиву офият, хуррамӣ ва саодатмандӣ таманно мекунем. Умед дорем, ки устод минбаъд низ дар тарбияи мутахассисони варзидаву ватандӯст ҳисса мегузорад.
Гулчеҳра НОРОВА, омӯзгори МТУ №65-и шаҳри Душанбе
Ёде аз устоди каломи бадеъ Чанде пеш дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии устоди каломи бадеъ ва арбоби сухан, Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Субҳон Раҳматов конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Субҳон Раҳматов дар журналистикаи тоҷик» доир гардид. Обидҷон Ҳомидов, Корманди шоистаи Тоҷикистон иброз дошт, ки: “Субҳон Раҳматов яке аз журналисти беҳтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар суханварию наттоқӣ ҳамто надошт. Хизмати ӯ на танҳо дар рушди радио ва телевизион ва сохторҳои он дида мешавад, инчунин, барои тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ин соҳа хизмати арзанда кардааст. Дар хазинаи Радиои Тоҷикистон садҳо гуфтору барномаҳои пурмазмуне дар қироати ин марди фозил маҳфуз мебошанд, ки номи ӯро поянда хоҳанд дошт. Ин марди накӯ 12 январи соли 1934 дар гузари Мотуруди шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Дастпарвари мактаби миёнаи №27-и (1948) зодгоҳаш мебошад. Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1952) ва факултети забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самақандро (1956) бо дипломи имтиёзнок хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1956 дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд ҳамчун ходими адабии шуъбаи ахбор оғоз намуда, худи ҳамон сол баъди ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) кӯч бастан, дар мактаби миёнаи №10-и пойтахт (1956-1959) дарс гуфтааст. Ҳамзамон, бо тавсияи устоди қалам Абдусалом Деҳотӣ ва суҳбату имтиҳони устоди забоншиносу сухан, академик Абдуқодир Манёзов гузаштан дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кор шуруъ кардааст. Аввал ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзӣ (1956-1969), сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон (19691971), сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион (1971-1976), директори барномаҳои радиои ҷумҳурӣ (1976-1987), директори наттоқони радио (1987-1995), мудири шуъбаи наттоқони радио ва мушовири директори генералии ширкати ТВ ва радиои «Ватан» (2003-2010) кору фаъолият намудааст. Бурҳони Раҳмон, наттоқи дараҷаи олӣ ва Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки “аз забони ширину гуворои Субҳон Раҳматов борҳо чунин суханҳоро мешунидам: “Эҷодкори ҳақиқӣ сарфи назар аз синну сол ва мансабу собиқа, бояд мунтазам дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, такмили ҳунару малака бошад. Тақлид дар ягон касбу ҳунар, алалхусус, гӯяндагӣ манфиат набахшидааст ва намебахшад, зеро агар дар замири кас ҷавҳари хушгуфторӣ, лаҳни гуворо, забони бурро, яъне, аломатҳои наттоқӣ ваҷуд надошта бошад, бо ҳазор талқини устоду машқи бардавом аз ӯ ровии ҳақиқӣ намбарояд”. Имрӯз дар байни мо суханҳои бузургонаи ӯ намерасад. Ҷойи ӯ холист”. - Номи Субҳон Раҳматов на танҳо барои сокинони ҷумҳурӣ, инчунин, сокинони Афғонистону Эрон, Туркманистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои дуру наздик шиносу маъруф аст, зеро овози фораму марғуладораш зиёда аз панҷоҳ сол тавассути радио ва телевизиони тоҷик садо додааст. Ҳазорҳо шунавандаю тамошобини гуногунзабон гузоришу намоишҳоро ба забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ дар қироати ин устоди каломи бадеъ истимоъ фармуда, аҳсан гуфтаанд. Ин фидоии матбуот, устоду маслиҳатгари даҳҳо рӯзноманигор аз соли 1959 узви Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ мебошад, - иброз дошт Абдураҳмон Абдуманонов, адабиётшинос. Бояд гуфт, ки қалби ҳассоси ин марди зиндагидӯст 18 сентябри соли 2010 аз тапиш боз монд, вале номи накӯю меҳнати арзандаи ӯ дар таърихи рӯзноманигории тоҷик бо ҳарфҳои заррин абадан боқӣ хоҳад монд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Натоиҷи Бозиҳои варзишии мамлакат Варзиши сабук. 24-25 май, шаҳри Душанбе. ҶАҲИДАН БА ДАРОЗӢ (МАРДҲО) 1. Азизбек Гулов, “Душанбе-1”, 6 метру 45 сантиметр 2. Ҷовиди Ҷамшед, “Душанбе-2”, 6:26 3. Амин Нуралиев, “Хатлон-1”, 6:04 ҶАҲИДАН БА ДАРОЗӢ (ЗАНҲО) 1. Кристина Пронженко, Суғд, 5:37 2. Анна Прудиус, “Душанбе-1”, 4:81 3. Ситора Каримова, ВМКБ, 4:69 ПУТК (МАРДҲО) 1. Абдурауф Мӯсоев, “Душанбе-1”, 60:15 ПУТК (ЗАНҲО) 1. Нукрия Никодамова, “Душанбе-2”, 38:48 2. Малика Исмоилова, Суғд, 35:18 3. Фарангис Бозорова, Суғд, 28:65 ПАРТОФТАНИ ДИСК (МАРДҲО) 1. Сарфароз Султошоев, Суғд, 42:32 2. Аврангзеб Охунов, Суғд, 36:35 3. Баҳодур Сафаров, “Хатлон-2”, 27:56 ПАРТОФТАНИ ДИСК (ЗАНҲО) 1. Фарангис Бозорова, Суғд, 29:31 2. Гулноз Хоҷаназарова, “Душанбе-2”, 26:60 3. Наргиза Мавлонова, Суғд, 26:56 ПАРТОФТАНИ НАЙЗА (МАРДҲО) 1. Рамазон Давлатов, “Хатлон-2”, 52:20 2. Зоир Яҳёев, “Душанбе-2”, 52:06 3. Азиз Зарифов, “Душанбе-2”, 47:25
2. Одилшоҳ Исматов, “Душанбе-1”, 10:00:6 3. Меҳробҷон Одинаев, Рашт, 10:05:3 ДАВИДАН 3000 МЕТР БО МОНЕАҲО (ЗАНҲО) 1. Наргиса Тошева, ШНТМ, 11:39:0 2. Салима Боронова, “Хатлон-2”, 12:01:9 РОҲГАРДИИ ВАРЗИШӢ 20000 МЕТР (МАРДҲО) 1. Ҳасанбои Зафарҷон, “Душанбе-2”, 2:08:00:1 2. Азизуллои Иззатулло, “Хатлон-2”, 2:23:27:6 3. Аъзамҷон Аюбов, “Хатлон-1”, 2:27:40:3 РОҲГАРДИИ ВАРЗИШӢ 10000 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Мадина Иргашова, “Душанбе-2”, 1:07:34:2 2. Мадина Турсунбоева, Суғд, 1:10:19:3 3. Сайёра Одинаева, “Хатлон-2”, 1:12:30:1 ДАВИДАН 400 МЕТР БО МОНЕАҲО (МАРДҲО) 1. Азим Абдуллоев, “Душанбе-1”, 55:75 2. Алишер Пӯлодов, “Душанбе-1”, 57:99 3. Манучеҳр Калонов, ШНТМ, 1:01:96 ДАВИДАН 400 МЕТР БО МОНЕАҲО (ЗАНҲО) 1. Гузал Алиқулова, “Душанбе-1”, 1:10:24 2. Наргиса Тошева, ШНТМ, 1:10:37 3. Шаҳодатнома Абдуллоева, Суғд, 1:19:2 ДАВИДАН 100 МЕТР (МАРДҲО) 1. Александр Пронженко, Суғд, 10:74 2. Алиназар Қиёмиддин, “Душанбе-2”,
ДАВИДАН 5000 МЕТР (МАРДҲО) 1. Меҳрубон Шамсидинов, “Душанбе-1”, 15:58:89 2. Ғайрат Олимов, “Душанбе-1”, 15:59:09 3. Меҳробҷон Одинаев, Рашт, 16:12:06 ДАВИДАН 5000 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Салима Боронова, “Хатлон-2”, 20:08:5 2. Муниса Раҳимова, ШНТМ, 20:22:2 3. Марҳабо Комилзода, “Хатлон-2”, 24:33:3 ДАВИДАН 110 МЕТР БО МОНЕАҲО (МАРДҲО) 1. Эраҷ Мирзоев, ШНТМ, 17:8 2. Муҳаммад Тошматов, Суғд, 17:9 3. Манучеҳр Калонов, ШНТМ, 18:2 ДАВИДАН 100 МЕТР БО МОНЕАҲО (ЗАНҲО) 1. Мутриба Абдуҷалилова, “Душанбе-2”, 18:7 2. Замирахон Урунова, “Хатлон-1”, 18:9 3. Зӯҳро Назирзода, Суғд, 19:0 ДАВИДАН 200 МЕТР (МАРДҲО) 1. Александр Пронженко, Суғд, 21:62 2. Даврон Атабоев, “Душанбе-1”, 22:08 3. Алиназар Қиёмиддин, “Душанбе-2”, 22:81 ДАВИДАН 200 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Евгения Бадигина, “Душанбе-2”, 27:38 2. Майсара Холматова, “Душанбе-2”, 28:51 3. Зарина Риоева, “Душанбе-1”, 28:66 ДАВИДАН 800 МЕТР (МАРДҲО) 1. Одилшоҳ Исматов, “Душанбе-1”, 1:58:83
ЭСТАФЕТА 4Х400 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Гузал Алиқулова, “Душанбе-1”, 4:17:59 Дилшода Раҳмонова Зарина Риоева Анна Прудиус 2. Нилуфар Мирзоева, ШНТМ, 4:29:28 Гулнораи Умарзода Наргиса Тошева Муниса Мирзоева 3. Зӯҳро Нозирзода, Суғд, 4:45:35 Мадина Турсунбоева Кристина Пронженко Малика Исмоилова ДАВИДАН 1500 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Дилшода Раҳмонова, “Душанбе-1”, 4:49:05 2. Гулнораи Умарзода, ШНТМ, 5:48:80 3. Лайло Ҳалимова, “Хатлон-1”, 6:20:03 ЭСТАФЕТА 4Х100 МЕТР (МАРДҲО) 1. Усмон Каримов, “Душанбе-1”, 43:91 Григорий Дерепаскин Алишер Пулатов Хуршед Юсуфов 2. Ҷовиди Ҷамшед, “Душанбе-2”, 44:65 Алиназар Қиёмиддин Шамшод Авезов Ҳаким Қараев 3. Александр Пронженко, Суғд, 45:61 Соҳиб Абдураҳимов Муҳаммад Тошматов Зикрулло Давлатов
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
РУШДИ ВАРЗИШ
ЭСТАФЕТА 4Х100 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Евгения Бадигина, “Душанбе-2”, 51:7 Комила Пулатова
ПАРТОФТАНИ НАЙЗА (ЗАНҲО) 1. Мавлуда Асламова, “Хатлон-2”, 33:05 2. Гулноза Хоҷаназарова, “Душанбе-2”, 33:00 3. Парвина Ахмедова, Суғд, 29:60 ТЕЛА ДОДАНИ ЯДРО (МАРДҲО) 1. Ҷобири Ҷамшед, “Душанбе-2”, 13:08 2. Азизҷон Қосимов, “Хатлон-1”, 12:72 3. Охирназар Мародмамадов, ВМКБ, 12:55 ТЕЛА ДОДАНИ ЯДРО (ЗАНҲО) 1. Шаҳноза Зиёева, “Душанбе-2”, 10:33 2. Ситора Каримова, ВМКБ, 10:20 3. Мадина Турсунбоева, Суғд, 9:36
ҶАҲИШИ СЕКАРАТА (ЗАНҲО) 1. С. Исмоилова, ШНТМ, 10:41 2. Мавлуда Асламова, “Хатлон-2”, 9:73 3. Фотима Назирзода, Суғд, 8:48 ҶАҲИДАН БА БАЛАНДӢ (МАРДҲО) 1. Ҳусниддин Зарифов, Суғд, 1:85 2. Азизҷон Қосимов, “Хатлон-1”, 1:85 3. Собирҷон Эргашов, “Хатлон-1”, 1:80 ҶАҲИДАН БА БАЛАНДӢ (ЗАНҲО) 1. Нилуфар Ҷаъфарова, “Хатлон-1”, 1:45 2. Обида Азимова, “Хатлон-1”, 1:40 3. Наргиса Мавлонова, Суғд, 1:30 ДАВИДАН 10000 МЕТР (МАРДҲО) 1. Ҳасан Ғаффоров, “Душанбе-1”, 32:08:5 2. Баҳодур Мақсудов, “Хатлон-2”, 34:14:3 3. Абдулазиз Пираев, “Хатлон-1”, 36:48:7 ДАВИДАН 3000 МЕТР БО МОНЕАҲО (МАРДҲО) 1. Ғайрат Олимов, “Душанбе-1”, 9:49:3
УСТОДИ ДТҶТ ИСРОИЛ ҲАБИБОВ БО ЯК ГУРӮҲ ШОГИРДОНАШ, КИ ДАР БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ МАМЛАКАТ ҒОЛИБ ОМАДАНД 11:10 3. Алишер Пулатов, “Душанбе-1”, 11:24
2. Шавкат Климов, “Душанбе-2”, 1:59:23 3. Ҳасани Ёқубзода, Суғд, 2:00:40
ДАВИДАН 100 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Комила Пулатова, “Душанбе-2”, 13:04 2. Майсара Холматова, “Душанбе-2”, 13:43 3. Анна Прудиус, “Душанбе-1”, 13:77
ДАВИДАН 800 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Дилшода Раҳмонова, “Душанбе-1”, 2:19:63 2. Нилуфар Мирзоева, ШНТМ, 2:23:71 3. Гулнораи Умарзода, ШНТМ, 2:51:30
ДАВИДАН 400 МЕТР (МАРДҲО) 1. Даврон Атобоев, “Душанбе-1”, 49:68 2. Азиз Абдуллоев, “Душанбе-1”, 50:48 3. Усмон Каримов, “Душанбе-1”, 51:81 ДАВИДАН 400 МЕТР (ЗАНҲО) 1. Евгения Бадигина, “Душанбе-2”, 1:01:11 2. Гузал Алиқулова, “Душанбе-1”, 1:02:07 3. Нилуфар Мирзоева, ШНТМ, 1:02:47 ДАВИДАН 1500 МЕТР (МАРДҲО) 1. Фарҳод Куралов, “Душанбе-1”, 4:06:95 2. Меҳрубон Шамсидинов, “Душанбе-1”, 4:07:76 3. Шавкат Климов, “Душанбе-2”, 4:09:81
ЭСТАФЕТА 4Х400 МЕТР (МАРДҲО) 1. Азиз Абдуллоев, “Душанбе-1”, 3:26:46 Даврон Атобаев Фарҳод Куралов Далерҷони Ҳайдар 2. Муҳаммад Тошматов, Суғд, 3:37:40 Ҳасан Ёқубзода Александр Пронженко Баҳром Абдураҳмонов 3. Мираҳмад Бегаҳмадов, “Хатлон-2”, 3:44:98 Фарҳод Бегаҳмадов Сайидикром Шарифов Фаррух Бегаҳмадов
Олга Эшмуродова Шаҳноза Зиёева 2. Шаҳодатнома Абдуллоева, Суғд, 54:1 Малика Исмоилова Кристина Пронженко Зӯҳро Назирзода 3. Нилуфар Мирзоева, ШНТМ, 56:3 Гулнораи Умарзода Наргиса Тошева Паринози Абдукомил ДАҲҲАРБА (МАРДҲО) 1. Эзоз Шерғозиев, “Душанбе-2”, 4401 хол 2. Эраҷ Мирзоев, ШНТМ, 4122 хол 3. Маҳмурод Ҳошимов, “Хатлон-1”, 3515 хол ҲАФТҲАРБА (ЗАНҲО) 1. Кристина Пронженко, Суғд, 4297 хол 2. Мутриба Абдуҷалилова, “Душанбе-2”, 2473 хол 3. Маҳина Ҳаитова, ШНТМ, 1958 хол Дар ин бора Оксана Михайлус, саркотиби мусобиқа иттилоъ дод.
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАҲИШИ СЕКАРАТА (МАРДҲО) 1. Аврангзеб Охунов, Суғд, 12:69 2. Сарфароз Султоншоев, Суғд, 12:67 3. Зоир Яҳёев, “Душанбе-2”, 12:15
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
СПАРТАКИАДА
9 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Равшан” Рӯзҳои истироҳат даври шашуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ доир гашт. Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар дастаи “Энергетик”-и Душанбе ғолиб омад. Қисми аввали бозӣ бе гол анҷом ёфт. Дар қисми дуюм ҳар ду даста барои ғалаба талош карданд. Бозингари “Вахш” Кароматулло Саидов ба ҳуҷум гузашта, дар майдончаи ҷаримавӣ бо ҳимоятгари “Энергетик” Ҳасан Рустамов бархӯрд. Довар ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард, ки бо гол анҷом ёфт. Ин ягона голи бозӣ буд, ки Далер Шарифов зад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро дар қисми аввал Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд.
Дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан дар майдони худ ба дарвозаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду голи беҷавоб зад. Ҳар ду голро дар қисмати аввал Абдусамад Ҳоҷибоев ва Нуъмонҷон Ҳакимов заданд. Дар бозии дигар “Истиқлол” ба дарвозаи “Равшан” 9 тӯб ворид карда, як гол сар дод. 4 голи “Истиқлол”-ро Комил Саидов, 3 голро Дилшод Восиев ду голи дигарро Ромиш Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев заданд. Як голи “Равшан”-ро Хуршед Абдуллоев ба ҳадаф расонд. “Хуҷанд” дастаи меҳмон КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро Манучеҳр Аҳмадов зад.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА
ДАСТАҲО 1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 «Хайр» (Ваҳдат) 6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 «Равшан» (Кӯлоб) 9 «Энергетик» (Душанбе) 10 КМВА «Помир» (Душанбе)
Б 6 6 6 6 6 6 6 6 6 6
Ғ 5 4 3 3 3 2 2 2 1 0
М 1 0 2 1 1 2 0 0 2 1
Б 0 2 1 2 2 2 4 4 3 5
Т/Т 22/3 10/7 5/5 11/6 10/6 4/5 2/5 8/22 4/8 2/11
Х 16 12 11 10 10 8 6 6 5 1
БОДИБИЛДИНГ
Фирдавс – ғолиби “Body building”
25 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Body building” баргузор гардид. Миёни варзишагрон ҷои аввал насиби Фирдавс Дўстов шуд. Олим Парпиев, котиби генералии Федератсияи “Body building”-и ҷумҳурӣ ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфт. «Ҷавонон барои саломатии худ бояд ба яке аз намудҳои варзиш шуғл варзанд. Ҳангоми машғулияти варзиш ҷавонон ба корҳои беҳуда вақти зиёдатӣ намеёбанд. Варзиш саломатии инсонро аз ҳар гуна моддаҳои зараровар, ба монанди сигор, нос эмин нигоҳ медорад», - афзуд О. Парпиев. О. Парпиев илова намуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол пайваста мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Бахтовари МУҲАММАДАЛӢ
Қувваозмоии табибони оянда
23-25 майи соли равон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Спартакиадаи VIII донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни 16 коллеҷи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд. Дар намуди армспорт (дастхобонӣ) байни духтарон дар вазни 55 кило ҷойи якум насиби Севара Мирзоаҳмедова аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд гардид, ҷои дуюмро Идимоҳ Аминова аз Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ва Умеда Гулматова аз Коллеҷи тиббии шаҳри Қайроққум сазовор гардиданд. Дар вазни 65 кило ҷойи аввалро Дилафрӯз Мирзоалиева (Хуҷанд), ҷои дуюмро М. Авғонова (Қӯрғонтеппа) ва ҷои сеюмро Сабина Негматуллоева (Душанбе) соҳиб шуданд. Байни писарон дар вазни 55 кило ҷои якумро Турсунбой Кузиев (Хуҷанд) ва мақоми дуюмро Самомуддин Ҳоҷизода ба даст оварданд. Дар вазни 60 кило ҷои якум насиби Илёсбек Исломов (Хуҷанд), ҷои дуюм насиби Субҳониддин Беков (Ваҳдат) ва ҷои сеюм насиби Ҷурахони
Нурхон (Душанбе) гардид. Дар вазни 65 кило се ҷои аввалро мутаносибан Ҷасур Ҷабборов (Хуҷанд), Бахтиёр Дониёров (Душанбе) ва Ҷурахони Оятулло (Душанбе) бо ҳам диданд. Дар намуди волейбол байни духтарҳо ҷои якумро дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюмро дастаи Коллеҷи тиббии Душанбе ва ҷои сеюмро дастаи Коллеҷи тиббии Кӯлоб ишғол намуданд. Байни писарон низ мақоми аввалро донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Хуҷанд соҳиб шуданд. Ҷои дуюм насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва ҷои сеюм насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент гашт. Аз рӯи намуди баскетбол байни духтарон ҷои аввал насиби дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд гардид. Ҷои дуюмро Коллеҷи тиббии Қӯрғонтеппа ва ҷои сеюмро Коллеҷи тиббии Душанбе ишғол намуданд.
Самад ЮСУФӢ
ШОҲМОТ
e-mail: javonontj@mail.ru
Душанбе – ғолиби мусобиқаи шоҳмот 8-15 майи соли равон бахшида ба 20-умин солгарди қабули Коститутсия дар шаҳри Кӯлоб Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шоҳмот доир гашт. Дар он дастаҳои Душанбе, ВМКБ, Суғд ва ду даста аз вилояти Хатлон ширкат карданд. Миёни мардон ҷои аввал насиби Ҷамшед Исоев (Душанбе) гашт. Мақоми дуюмро Суҳроб Ҳамдамов, Устоди дараҷаи байналмилалӣ, Қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ (Душанбе) ва ҷои сеюмро Амин Қобилов, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии
№15-и шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Миёни бонувон ҷои аввалро Мутрибаи Илҳом, хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе, ҷои дуюмро Саодат Одинаева, номзад ба Устоди варзиши ҷумҳурӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, мураббии муассисаи варзиши бачагонаи шаҳри Душанбе ва мақоми сеюмро Лида Антонова, Устоди
варзиши ФИДЕ (ҳар се аз Душанбе) ишғол карданд. Ғолибонро ноиби Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ, сармураббии дастаи Душанбе Илҳом Юнусов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Зайниддин Давлатов табрик намуда, ба дастаи Душанбе ҷом ва ба ғолибон медалҳои мусобиқаро супурданд.
Ғолибон ба олимпиадаи шоҳмотбозони ҷаҳон, ки моҳи август дар Норвегия доир ме-
гардад, роҳхат гирифтанд.
Ҳ. ДАВЛАТОВ
Довари сатҳи ҷаҳонӣ шудан саҳл нест Туҳфаи “RingoBet” ба варзишгарон Бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва дар доираи Бозиҳои варзишии мамлакат 24-25 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ Мусобиқа оид ба варзиши сабук доир гардид. Дар он варзишгарон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд. Идораи букмерии “RingoBet” ба хотири рушди варзиши мамлакат ва дастгирию ҳавасмандии варзишгарон ба иштирокдорони мусобиқа либосҳои варзишӣ ва обҳои нӯшокӣ ҳадя намуд. Рустам Мадалиев, муовини директори генералии идораи букмерӣ ҳангоми тақдими либосҳо изҳор дошт, ки дар оянда ният доранд як гурӯҳ варзишгарони кишварро барои иштирок дар мусобиқаҳо сарпарастӣ намоянд.
Қ. НАВРӮЗ, “ҶТ” ВАРЗИШИ ОМЕХТА
Пирӯзии Одилбеков дар Остона Артур Одилбеков, варзишгари тоҷик, дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё аз рӯи муҳорибаҳои омехта дар вазни 84 кило пирӯзӣ ба даст овард. Бар асоси хабари расонаҳо, Одилбеков дар сабқати ниҳоӣ Осиф Тагиев, варзишгари қазоқро шикаст дод. Артур бештари вақти худро дар Ёқутистони Русия мегузаронад, вале дар аксар сабқатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ соли 1984 дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба дунё омада, Устоди варзиш аст ва ду бор унвони Қаҳрамони Осиёро дар солҳои 2008 ва 2011 ба даст овардааст.
Нахустин шиносоии Алиҷон Акбаров бо намуди варзиши таэквандо-ITF таҳти назорати мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, Устоди варзиш Мирсаид Яҳёев, ки айни ҳол президенти Федератсияи таэквандо ва кикбоксинги ҷумҳурист, тирамоҳи соли 1990 ба вуқуъ омад. Ҳангоми машғулиятҳо ба ҳунарнамоии мураббии кордида бо диққат чашм медӯхт, тамоми дастурҳои ӯро иҷро карда, маҳорати худро баланд мебардошт. Натиҷаи ҳамин буд, ки ба зудӣ дар мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок мекардагӣ шуд. Яке аз ин мусобиқаҳо чемпионати шаҳрӣ дар намуди таэквандо-ITF байни дорандагони камарбанди сурх дар вазнҳои бузург буд. Мусобиқаи мазкур соли 1991 бо иштироки таэквандочиёни номии кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он қувваозмоӣ Алиҷон ғолиби мусобиқа гардид. Ҳамчунин, соли 1995 дар чемпионати ҷумҳурӣ дар вазнҳои калон оид ба таэквандо-ITF иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм шуд. Мутаассифона, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва танқисии рӯзгор ба ӯ муяссар нашуд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок кунад. Вале имрӯз шогирдони ӯ дар мусобиқаҳои осиёию байналхалқӣ ширкат варзида, орзуи мураббиашонро амалӣ мекунанд. Алиҷон Акбаров 25 сентябри соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Таҳсилдидаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 мебошад. Баъди хатми мактаб ба артиши миллӣ барои адои хизмати Модар-Ватан рафт. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд ва ба корӣ мураббигӣ дар намуди таэквандо-ITF машғул гардид. Мураббӣ ва довари сатҳи байналхалқӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи дани 5 аст. Зиёда аз 18 сол мешавад, ки дар тарбия ва ташаккули ҷисмонӣ ва варзишии насли наврас фаъолияти босамар дораду шогирдони зиёдеро ба воя расондааст. Дастпарваронаш дар мусобиқоти ҷумҳурӣ, осиёӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои фахрӣ
гардида, борҳо ба шарафи онҳо Парчами кишвар боло бардошта шудааст. Масалан, варзишгарони федератсияи онҳо чанде пеш дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар Ҷумҳурии Непал доир шуд, 56 медал, аз ҷумла, 34 медали тилло ба даст оварданд. Бархе аз иштирокдорон шогирдони Алиҷон Акбаров мебошанд. Инчунин, вай ҳамеша шогирдони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, барои як инсони ватандӯст ба камол расидани кӯдакону наврасон тамоми маҳораташро истифода мебарад. Дар баробари мураббӣ будан Алиҷон Акбаров, инчунин, довари сатҳи ҷаҳонӣ низ мебошад. Вай 4 сол мешавад, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба таэквандо доварӣ мекунад.
сиёҳи дани 1 ва боло аз он бошад, метавонад доварӣ кунад. Барои довари сатҳи ҷаҳонӣ варзишгарон бояд дорандаи камарбанди дани 4 ва аз он боло бошанд. А. Акбаров ҳама намуди дараҷаи камарбандро дорад ва дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ доварӣ карда метавонад. Хотиррасон кардан ба маврид аст, ки нарасидани доварони сатҳи байналмилалӣ дар ҷомеаи мо, яке аз мушкилоти асосии соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад. Яке аз сабабҳо надонистани забони хориҷист. - Соли 2012 Федератсияи таэквандо-ITF бори аввал чемпионати Осиёро дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ гузаронд, ки дар он 15 мамлакат иштирок дошт. Президенти Федератсияи байналмилалии таэквандоITF, профессор Чанг Нунг ба-
Аввалин бор дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус довари мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба таэквандо шуд. Минбаъд, дар Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Эстония, Булғористон, Австрия, Непал ва дигар кишварҳо доварӣ кардааст. Яке аз сабабҳои доварӣ кардани вай дар мамлакатҳои хориҷ дар сатҳи олӣ донистани забонҳои русию англисӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо варзишгаре, ки дорандаи камарбанди
рои ташкили чунин мусобиқаи олидараҷа баҳои баланд гузошт ва пешниҳод кард, ки дар оянда мусобиқаи байнахалқӣ оид ба таэквандо дар ватани мо баргузор шавад. 3-10 августи соли равон дар кишвар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба таэквандо-ITF доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз тамоми ҷаҳон иштирок хоҳанд кард, - иброз намуд Алиҷон Акбаров.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
13
ТАЭКВАНДО ИТФ
e-mail: javonontj@mail.ru
ВАРЗИШИ САБУК
14
ЭЪЛОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН
Барои соли хониши 2014-2015 ба шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабули донишҷӯёнро эълон менамояд. Ба шӯъбаи рӯзона аз рӯи ихтисоси муДовталабон аз фанҳои зерин имтиҳон аллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои: месупоранд: баскетбол, волейбол, футбол, гимнастика, Намуди варзиши интихобнамуда (амалӣ). намудҳои гӯштин (гӯштини миллӣ, самбо, Тайёрии умумии ҷисмонӣ. дзю-до, тарзи озод), якҳарбаи шарқӣ, бокс Забони модарӣ (нақли хаттӣ). ва варзиши сабук. Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (даҳонӣ). Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи рӯзона барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ Ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаи рӯзона ва ғоибона аз (синфи 11) 3 сол, барои хатмкунандагони 20 июн то 10 августи соли 2014 қабул карда таҳсилоти асосӣ (синфи 9) 4 сол. мешаванд. Ба шӯъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои муДовталабон ҳуҷҷатҳои зеринро аллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ (трепешниҳод менамоянд: нер) бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, - ариза ба номи роҳбар; варзиши сабук, футбол ва намудҳои гӯштин - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: умумӣ, асосӣ. (гӯштини миллӣ, самбо, дзю-до, тарзи озод), - маълумотномаи тиббӣ (шакли 086У); якҳарбаи шарқӣ. - 6 дона расми андозаи 3х4; Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи ғоибона 3 - дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ солу 6 моҳ. дошта бошад); - шиноснома, ҳуҷҷати ҳарбии даъватшаДовталабон дар шӯъбаи рӯзона аз чуванда; нин имтиёзҳо бархурдор буда метаво- маълумотнома аз ҷои зист; нанд: - тавсифнома. - Ҳангоми таҳсил донишҷӯён ба хизмати
ДАЪВАТНОМА
Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасониҳои Вазорати молияи ҶТ, барои таҷҳиҳизонидани Бинои осоишгоҳ дар шаҳраки Оби Гарм бо таҷҳизотҳои дохили утоқҳои истироҳатӣ ва тиббӣ, “Воҳиди харид”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо-3 (бинои асосии Вазорати молия, утоқи 29, муфассалтар барои маълумот тел: 221-65-38, 92 811-28-28), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди мол ва таҷҳизот, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди хариди назди Вазорати молияи ҶТ муроҷиат намоянд. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок намудан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (150 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи муҳосиботи Дастгоҳи марказии Вазорати молияи ҶТ ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00 19 июни соли 2014 пешниҳод намоянд. Сана ва вақти кушодани дархост 19 июни соли 2014, соати 16:00 дар утоқи №29 бинои асосии Вазорати молияи ҶТ баргузор мегардад. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ДАЪВАТНОМА Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Раёсати корҳои сохтмону таъмир ва хизматрасониҳои Вазорати молияи ҶТ, барои таҷҳиҳизонидани утоқҳои кории бинои Раёсати молияи ноҳияи Ҷиликӯл бо таҷҳизоти дохилиидоравӣ “Воҳиди харид”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо-3 (бинои асосии Вазорати молия, утоқи 29, муфассалтар барои маълумот тел: 221-6538, 92 811-28-28), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди номгӯи зерини мол ва таҷҳизот, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди хариди назди Вазорати молияи ҶТ муроҷиат намоянд. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок намудан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (150 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи муҳосиботи дастгоҳи марказии Вазорати молияи ҶТ ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00 19 июни соли 2014 пешниҳод намоянд. Сана ва вақти кушодани дархост 19 июни соли 2014, соати 16:00 дар утоқи №29 бинои асосии Вазорати молияи ҶТ баргузор мегардад. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.
ҳарбӣ даъват карда намешаванд; - Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона бо стипендия таъмин карда мешаванд. - Бепарасторон бе озмун қабул карда мешаванд. - Донишҷӯёни аълохон баъди хатми коллеҷ бе имтиҳон ба бахши 3-юми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул карда мешаванд; - Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ба хобгоҳ таъмин карда мешаванд; - Шахсони дорои дараҷаи 1 варзишӣ, устодон ва номзадҳо ба Устоди варзиш, аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ бо тавсияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе озмун қабул карда мешаванд. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод (Калинин), кӯчаи Авесто-27 (охири хатсайри №52). Телефон: 2-37-77-88
Диққат, озмун!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015, озмуни ҷумҳуриявии «Мақола ва шеъри беҳтарин»-ро ба муносибати 20–солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. - Иштирокчиён метавонанд мақола ва шеъри худро барои ширкат дар озмун бо ишораи «Ба озмун» пешниҳод намоянд. Мақолаву шеъри ба талабот ҷавобгӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» интишор мегардад. - Мақола ва шеъри пешниҳодгардида бояд мавзӯи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намоянд; таъсирбахш буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардида бошанд; таърихи қабули Сарқонун, мазмуну муҳтаво ва мақсади асосии онро таҷассум намоянд. - Мақолаҳо бояд дар ҳаҷми аз 3 то 4 саҳифаи чопи компютерӣ ва шеърҳо тибқи муқаррароту хоҳиши муаллифон бо риояи шрифти “Times New Roman Tj”, андозаи 14 ва интервали 1 пешниҳод шаванд. - Аз ҳар нафар танҳо як мақола ё шеър қабул мегардад. - Синну соли иштирокдорон бояд аз 14 то 30-сола бошад. - Муҳлати охири қабули матолиб - 20 августи соли 2014. Ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд. Суроғаи қабули матолиб: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, почтаҳои электронии “grant@youth.tj” ва “ozar_xxi@mail.ru”. Телефон: (8 37) 236–37–26, (+992) 92–789–66–77.
Шинос
… Кумар, ситораи кинои њиндї
Чарандаи вањшї
Моњї дар толеънома
Аввал он аст, баъд натиља
Императори Рими Ќадим
Мўњраи шоњмот
Асбоби тории халќии русї
... - маскарад, шаби раќс дар Аврупо
Љаноби љопонї Љойи нишасту хўрокхўрї дар њавлї
Хирад, зењн
Тамом
... Баччан, актёри њиндї
Миллати Шекспир ва Дэвид Бекњэм
Зодгоњи И.Сталин дар Гурљистон
... Азизов, сароянда
Сураи Ќуръони маљид
Умар ..., сарояндаи собиќи «Гулшан»
Зиндагї
Бадан
Унвони раиси шањр Асбоби мусиќии А. Рўдакї
Харбузаи хурд
Нок… њолат дар бокс
Шуоъ, рўшної
Аќл, идрок
Оллоњ, Эзид, Яздон
Паррандаи уќобмонанд
Аналгин, пенитсиллин ё валидол
Рафиќ ё дўстдошта
Пайѓамбари яњудиён
Сулолаи императорњои рус
Шабнами …, сароянда
Љонвари бепои обї
Тамос, робита
Гўгирд занед, пайдо мешавад
Нидои љангї аз феъли «задан»-и туркї
Љонишини ишоратї
Таъмир ни хунгард (ремонт)
Ченаки вазни ќадима ва љонишин
Мансаби Олимхон
Бародари хурд
Њаракати њайвон бо суръати баланд
Доѓњои сиёњу сафед
Воњидњояш г, кг ва т
"Робинзон ...", асари Д. Дефо
Раги кало-
Ќисми пой
Беѓам, беташвиш
Гурўњ ё ѓарам
Шашу беш, бозии рўимизї
«Д»-и арабї
Вай садаќа металбад
"Лањзањои ..."
... у мулк
«…-Ќоида»- созмони террористї
Сурат, тасвир
Гектар (кўтоњ)
Мављудоти афсонавї
… Оберой, ситораи кинои њиндї
Бењтарин
Навиштаљот, текст
Таг, зер
Зеб, њусн
Пойтахт дар соњили Балтика
Актёри рус аз к/ф «Бриллиантовая рука»
Мева
Андом, башара
Расм, акс
Панљаи дасти барои задан тайёр
Расм, тасвир
... Баччан, актёри њиндї
Њиссаи нутќ
Гиёњи хушбўй барои ош
Жанри мусиќии ѓарбї
…Девган, ситораи кинои њиндї
Банд барои ќатл
Давлати Обама
…Малахов, барандаи ТВ-и рус
e-mail: javonontj@mail.ru
Сањар, пагоњї
Калимае, ки ѓорро мекушод (афсонавї)
Николай..., овозхони рус
Моњи тобистон
Шакли пурраи номи Оля
Некї не
Асбоб барои чўббурї
Санги ќиматбањо
Дил
Ширкати њавопаймоии машњури Русия
Воситањои ахбори оммавї
Молхона
Буз ва мард доранд
Рўзноманигор менависад
Бозии рўимизї
…Капур ситораи кинои њиндї
Лаќаби арманињо ва зоти тўтї
НишоБањои на, панљ хусусият
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №22 (9344), 29 МАЙИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Марзбони ҷавон сарҳадвайронкунеро, ки пусти гов ба бар карда, хати сарҳадро убур мекунад, дастгир менамояд. Ба ин хотир дар қисми ҳарбӣ чорабиние ташкил менамоянд ва афсарону меҳмонони зиёде суханронӣ менамоянд. Ҳама ӯро барои зиракиву доноияш таърифу тавсиф мекунанд. Яке аз ҳозирбудагон аз ӯ хоҳиш менамояд, ки ҳодисаро нақл кунад. Сарҳадбон: - Подаи қишлоқ аз назди дидбонгоҳ мегузашт. Аз байнашон як гов бо ду пояш рост истода, аз ман истгоҳи автобусро пурсид. Дарк кардам, ки бегона аст ва ӯро доштам...
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
*** Эълон дар сарҳад: «Рафиқон! Бо сабаби нарасидани тиру лавозимоти ҷангӣ барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карда намешавад».
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7669 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Зани ҷавон бо дидани тифли навзод гӯё ҷоду шуд. Мӯйи зарди ҷингила, чашмони кабуди калон, бинии кашидаву лабҳои сурхи тифли дӯстрӯ лухтаки зебоеро ба хотир меовард. Зан ҳам то кунун чунин тифли дилкашу назарраборо надида буд. Мехост аз лабҳои чун тори абрешим борики ин духтарчаи навзод бӯсида, аз бӯйи ҷаннатиаш димоғ хушбӯ кунад. Бо ин ният тифлро ба худ наздик овардан хост, ки садое ба гӯшаш расид: - Маро набӯс, чунки ту ҳаққи маро навозиш кардан надорӣ! Зан аз тарс каме ларзида, ба атроф нигарист, вале дар утоқ ба ғайр аз ӯ ва тифлаки навзод касе наменамуд. Вақте он садоро бори дуюм шунид, рӯяшро ба тифл гардонд. Худоё, ӯ буд, ки гап мезад. Бале, навзод ҳам бошад, сухан гуфта метавонист. Тифл суханашро идома дод: - Намехоҳам, ки ба ман наздик шавӣ. Зан ниҳоят аз ҳолати парешонӣ берун шуда, гуфт: - Ман духтар надорам. Ҳар ду фарзандам писаранд. Писар доштан беҳтар аст, аз ин шукргузорам, аммо духтар дигар аст. Барои ҳамин туро бӯсидан хостам. Ту маро бӯсида
Тифл
наметавонӣ. Ман ҳам наметавонам туро бибӯсам. - Барои чӣ наметавонӣ? – пурсид зан ҳайратомез. Тифл, ки акнун гиря мекард ва аз шиддати гиря сурх шуда буд, афзуд: - Сабаби инро бояд бидонӣ. Агар дуруст фикр кунӣ, меёбӣ. Зан сабаби бӯсида натавонистанашро фикр дошт, ки ба худ омад. Дид, ки дар утоқи ниҳоят роҳати як табобатхонаи махсус хобидааст ва аз таъси-
ри наркоз дилаш беҳузур мешавад. Духтури ҷавон, ки шиноси деринаи оилаи ҷавонзан буд, дастагулеро ба вай дароз карда, гуфт: - Шифо ёбед, хонум. Исқоти ҳамл бомуваффақият ба анҷом расид... Ҳа, қариб фаромӯш кунам... тифли гирифтаатон духтар буд.
Таҳияи Б. УСМОНОВ, “ҶТ”
Сарҳад. Тафтиши гумрукӣ. Сарҳадбон мепурсад: - Маводи мухаддир доред? - Дорам. - Яроқ доред? - Дорам. - Тилловорӣ чӣ? - Ҳаст. - Асъори хориҷӣ, доллар, евро? - Дорам. - Оҳо, чи хел нағз. Мумкин, барои хотира бо шумо сурат гирам?
*** Дар беморхонаи ветеринарӣ 2 саги зоти овчарка вомехӯранд: - Ба ту чӣ шуд? - ба дасту пойи докапечи ҳамроҳаш нигариста, мепурсад яке. - Соҳибам барои ҳасибашро хурданам ҷазо дод. Ба ту чӣ шуд? - Бо соҳибам даст ба гиребон шудам. - Сабаб? - Дар рӯзи иди сарҳадбонон медалу орденҳои ҷангии маро ба бар кард...
ЭЪЛОН
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Нажмов Қамариддин Юсуфович (РЯМ 0130037738, РМА 015041188), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур аз 27 январи соли 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Ойназаров Умарҷон Тошпулодович (РЯМ 0130038655, РМА 000125256525), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур аз 5 феврали соли 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Олимов Ислом Мираҳмадович (РЯМ 0430050867), ки дар Нозироти андози ноҳияи Сино аз 4 январи соли 2007 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Эътибор надорад
Дипломи гумшудаи Ю №009992, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 1998 ба Шарбатов Шуҳратҷон Давлатович додааст, эътибор надорад.