Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
1
№23 (9345),
5 июни соли 2014
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
СИЁСАТ
Чаро ваҳдат ин қадар зарур аст
Ёвари котиби давлатии ИМА дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
2 июни соли равон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар бо ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омад, мулоқот кард. Масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника мавзӯъҳои асосии мулоқот буданд.
ТАСМИМ
Намоиши дастхатҳои осори Ҷомӣ Бахшида ба 600-солагии мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастхатҳои қадимаи осори шоир баргузор гардид. Осори бою гуногунранги устоди беҳамтои сухан дар махзани китобхонаю осорхонаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ва кишварҳои мухталиф нигаҳбонӣ мешаванд. Танҳо дар хазинаи дастхатҳои Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ қариб 140 нусхаи хаттии шоир маҳфуз мебошад.
ТАРТИБОТ
Амалиёти “Кӯкнор-2014”
ВАРЗИШ Дар сурат ғолиби Бозиҳои варзишии мамлакат - дастаи мунтахаби волейболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ки аз номи тими «Душанбе-1» баромад намуд. Ин даста таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусайн Давлатов (аз чап якум) аз соли 2011 панҷ маротиба Чемпиони ҷумҳурӣ гардида, ба гирифтани зиёда аз 20 Ҷоми ҷумҳурӣ мушарраф шудааст.
8-9
e-mail: javonontj@mail.ru
Саҳифаи
То 30 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе амалиёти “Кӯкнор-2014” гузаронида мешавад. Ҳадаф ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аст. Дар робита ба ин, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ситоди кории шаҳрӣ таъсис шудааст. Ҳамчунин, сохторҳои марбутаи қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот муваззаф гардидаанд, гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро барои муоинаи заминҳо дар пойтахт таъсис намоянд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
2
БОҒДОРӢ
КИТОБИ НАВ
«Доғи фарзанд»-и пири кор Нашриёти «Ирфон» китоби нави адиб ва рӯзноманигор Искандар Мирзоевро бо номи «Доғи фарзанд» аз чоп баровард.
Боздиди Президент аз боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон 1 июни соли равон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар аз Боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфт, боздид кард. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд. Аз 450 гектар 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудааст. 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд. Ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ, дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил ҳар як иҷоракор боз 5-6 нафар қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним
ҳазор нафари дигар мешавад. Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст. Ба иттилои боғпарварон, ҳосили фаровони боғҳои гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо
бароварда мешавад. Соли 2013 аз ҳамин боғи 100-гектараи гелос беш аз 600 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 110 тоннаашро ба Русия ва Чин содир намудаанд. Имсол аллакай 170 тонна гелоси аълосифат ба хориҷи кишвар содир шудааст. Сарвари давлат зимни боздид бо боғпарварон ва масъулини давлатии соҳа доир ба ривоҷ додани ин таҷрибаи пешқадам, ҷалби сайёҳон ба ин боғ ва роҳҳои фоидаи бештар ҳосил намудан маслиҳатҳои муфид дод.
Искандар Мирзоев аз оғози солҳои шастуми қарни гузашта дар васоити ахбори оммаи кишвар дар вазифаҳои масъул ифои вазифа намудааст. Баробари кори рӯзноманигорӣ ба навиштани асарҳои бадеӣ низ шуғл меварзид. Ҳанӯз соли 1991 дар маҷмуаи дастҷамии «Навниҳолони боғи адабиёт» нахустин эҷоди бадеии ӯ рӯйи чоп омад. То ҳол маҳсули заҳмати ӯ дар шакли панҷ китоби алоҳида нашр гардидааст. Тавре аз пешгуфтори «Доғи фарзанд» бармеояд, ин китоб ба хотири фарзанди муаллиф - Бахтиёр, ки айёми ҷавонӣ олами ҳастиро падруд гуфтаю доғе дар синаи волидон, наздикону пайвандон гузоштааст, бахшида шудааст. «Зардобҳои ҷигари сӯхтаи адиб аз дарду доғи зиндагӣ рӯйи саҳфаҳои ин китоб рехтааст…», омадааст дар ҳошияи «Доғи фарзанд». Дар китоб баробари қиссаи ҷигарсӯзи писар, ҳамчунин, ҳикоя, очерку ҳаҷвияҳои адиб низ ҷой дода шудаанд. Метавон гуфт, ки
дар эҷоди Искандар Мирзоев ҳаҷв мақоми махсус дорад. Аз оғози фаъолияти эҷодӣ то кунун ҳаҷвияҳои намакини ӯ пайваста пешкаши хонандагон мегарданд. Ҳаҷвияҳои «Ёздаҳумин атса», «Мобилка», «Баха-82 – Баха-83» дар китоби нави адиб нашр шудааст. Искандар Мирзоев кайҳост дар нафақа аст. Лек бекор нишаста наметавонад. Айни замон ин пири кор дар Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолият намуда, ҳамоно машғули эҷод аст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ
Виктор Никитюк: «Майли мардуми украин ба сӯйи Аврупост»
e-mail: javonontj@mail.ru
25 майи соли равон дар кишвари Украина интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир гардид. Мувофиқи иттилои комиссияи марказии интихоботии Украина дар ин чорабинии муҳим беш аз 35 миллион нафар интихобкунанда дар 33 ҳавзаи интихоботӣ раъй додаанд. Вобаста ба ин чорабинии муҳим сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк бо ҳузури намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд. Тавре сафир изҳор дошт, дар интихоботи доиршуда беш аз 60 фоизи интихобкунандагон ширкат варзидаанд. - 2784 нафар нозири байналмилалӣ ба рафти ин маърака назорат бурданд, - изҳор намуд сафир. – Онҳо изҳор намуданд, ки интихобот дар Украина ба таври демократӣ, озод, мувофиқ ба қонунгузориҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст. Аксар интихобкунандагон аз тамоми манотиқ, аз ҷумла, вилояти тасарруфшудаи Қрим аз тариқи раъйдиҳии озод хоҳони онанд, ки дар ҳайати Украинаи ягона зист намоянд. Мувофиқи хулосаи ширкатҳои иҷтимоии Украина, ки натиҷаи даври аввали интихоботро таҳлил намудаанд, Пётр Порошенко миёни 18 нафар номзад, аз ҷумла, 2 нафари Русиягаро, зиёда аз 54 фоизи овозҳоро ба даст овард. Ин гувоҳ аз он аст, ки даври дуюм сурат нохоҳанд гирифт. Аксар номзадҳои маъракаи интихобот изҳор доштанд, ки он ба таври демократӣ ва шаффоф доир гаштааст. - Зимни нишасти матбуотӣ дар ситоди интихоботии хеш Пётр Порошенко баён намуд, ки ба ҳайси сарвари давлат сафари аввалинашро ба Донбасс анҷом хоҳад дод, - гуфт сафир. - Мавқеи ӯ дар муносибатҳо байни Украина ва Русия, қабул надоштани ҳамроҳкунии Қрим бо Русия ва гузарондани раъйпурсиҳо дар вилоятҳои шарқии кишвар аст. Тавре аз навиштаҳои васоити ахбори омма бармеояд, ҳамчунин, Пётр Порошенко омода аст, бо Русия
ҳамкорӣ намояд. «Ҳоло муносибатҳо бо Русия хеле душвору мураккаб аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имкони оғози гуфтушунидҳо мавҷуд аст. Ба андешаи ман, мо метавонем бо Русия гуфтушунидҳоро бо ширкати Иёолоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди
Аврупо ба роҳ монем. Ҳамчунин, шаклҳои дигари гуфтугӯҳо вуҷуд доранд», - изҳор намудааст П. Порошенко. Номзади дигар ба мақоми президент, собиқ сарвазири Украина Юлия Тимошенко натиҷаҳои интихоботро демократӣ ва шаффоф номида, изҳор доштааст, президенти нав тамоми имкониятҳоро дорад, то ба ҷанг ва хунрезӣ хотима бахшаду талаби украиниҳоро ба ҷо орад. Дар ин ҷода Тимошенко бо ҳизбаш баҳри ёрӣ расондан ба президенти нав аз тамоми имконот истифода мебарад. Ҳамчунин, президенти барканоршудаи Украина Виктор Янукович ба натиҷаҳои интихоботи Украина қоил аст. Ба андешаи ӯ, президенти нав бояд хунрезиро қатъ, талабҳои мардуми шарқи кишварро ба инобат гирад. Пётр Порошенко қасд дорад, Украинаро ҷониби Аврупо барад. Дар ин кор сарвазир Арсений Ятсенюк дар паҳлӯи ӯ хоҳад буд. Дар ин ҳол, вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки кишвараш барои муколама бо Порошенко омода аст. Ба андешаи С. Лавров, калиди ҳалли буҳрони Украина муколама ва гузашт байни Киев ва вилоятҳост. - Иштироки фаъолонаи мардум дар маъракаи интихобот гувоҳи он аст, ки онҳо омодаанд Украинаро аз таҳдидҳои беруна ҳифз намоянд, - гуфт сафир В. Никитюк. – Қариб 90 фоизи интихобкунандагон овозҳои худро ба номзадҳое додаанд, ки майли омезишёбии Украина бо Аврупоро доранд.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
Бекорӣ миёни ҷавонон аз мушкилиҳои калидии ҷомеа аст, ки метавон бо ҳал намудани он бисёре аз мушкилоти дигарро аз байн бурд. Агар шахс бекасбу бе ҷои кор бошад, тасаввур кардан мумкин аст, ки зиндагии фақирона дорад ва ё бемор асту барои табобат пул надорад ва ё ҳамин тавр ғизои дуруст истеъмол карда наметавонад. Аз ҷиҳати дигар низ одами бекор бисёр осебпазир аст ва барои дарёфти маблағ ба ҷиноятҳои гуногун даст заданаш мумкин. Ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» коҳиши сатҳи бекорӣ дар байни ҷавононро аз проблемаҳои муҳими кишвар ҳисобида, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи «Паст намудани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонони шаҳри Душанбе»-ро амалӣ намуд. Татбиқи лоиҳа барои он зарур буд, ки бо афзудани шумораи аҳолӣ сатҳи бекорӣ низ тамоюли болоравӣ дорад. Ҳар сол бо баробари мактабҳоро хатм намудани наврасон шумораи ҷавонони бекор меафзояд. Бо сабаби он ки ҷойҳои кории зиёд дар кишвар барои ҷавонон фароҳам нестанд, бисёре аз ҷавонон бо хатм намудани мактабҳо наметавонанд барои худ ҷои кори муносиб пайдо кунанд. Ба ин далел, бисёре аз онҳо ба муҳоҷират ба хориҷи кишвар мераванд ва як қисми онҳо, ки имкони ба муҳоҷират рафтанро надоранд, дар кишвар дучори мушкилиҳои зиёди зиндагӣ мешаванд. Ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» ба соҳибкорӣ фаро гирифтани ҷавонони бекорро яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи бекорӣ медонад ва ба ин хотир дар доираи лоиҳаи мазкур ба ҷавонон усулҳои муосири соҳибкориро омӯзонд. Бо ба ин намуди фаъолият машғул шудани ҷавонон бекорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш меёбад. Бар асоси лоиҳаи кӯтоҳмуддати ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон», ки 6 моҳ идома кард, ҳудуди 90 нафар ҷавон аз нозукиҳои соҳибкорӣ огоҳ шуданд. Онҳо ба омӯзиши усулҳои муосири соҳибкорӣ машғул шуда, дар бораи қоидаҳои маркетинг ва менеҷмент дар кишвар маълумот дарёфт намуданд. Лоиҳа имкон дод, ки онҳо баъди давраи омӯзишӣ бо дарёфти қарзҳои хурд ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти мамлакат айни замон сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон бештар аз 50% буда, баланд дониста мешавад. Ин
ҳам дар ҳолест ки ҷавонон аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва бо ҷои кор таъмин набудани онҳо ба пайдо шудани проблемаҳои дигаре дар ҷумҳурӣ боис мешавад, ки хавфу хатаре барои амният ва осудагии мардуми кишвар доранд. Маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки бекор мондани ҷавонон боис ба пайдо шудани проблемаҳое, чун афзудани сатҳи ҷинояткорӣ, даст ба дуздию ғоратгарӣ задани ҷавонон, пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, афзудани шумораи нашъамандон ва ба вуҷуд омадани даҳҳо проблемаи дигар мешавад, ки ҷавононро аз масъулият дар назди ҷомеа ва оилаи худ дур мекунад ва боис ба раҳгум задани онҳо дар пайроҳаи зиндагӣ мешавад. Дар давоми иҷрои лоиҳа барои омӯзондани ҷавонон намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, анҷуманҳои соҳибкории кишвар, устодони Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва коршиносони соҳа бо мавзӯъҳои муҳим ҷалб шуданд. Ба хотири он ки иштирокдорони лоиҳа пурра мавзӯъҳоро аз худ кунанд ва дар амал истифода баранд, чорабиниҳои шавқовар низ баргузор шуданд. Аз ҷумла, гузаронидани чорабиние дар мавзӯи “Роҳҳои паст намудани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ” имкон дод, ки иштирокдорон зарурати омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ барои рафъи бекорӣ ва нақши соҳибкориро барои ҳалли масъалаи бекорӣ дарк намуда, барои соҳибкор шудан талош кунанд. Дар доираи лоиҳа ташкили вохӯриҳо бо намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд барои ҷавонон боз ҳам шавқовар буд. Дар мулоқот бо намояндагони бонкҳо ҷавонон роҳҳои дарёфти қарзи тиҷоратӣ ва истифодаи босамари он дар фаъолияти соҳибкориро аз худ карданд.
У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
Ятимон ангушти шашум нестанд Занги камолот дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ наздик мешавад. Иддае аз хонандагон хеле шоданд, аммо бархе аз шодӣ маҳруманд, бахусус, хонандагони мактаб-интернатҳо дар андешаи онанд, ки баъди хатми мактаб ба куҷо бираванд? Оё онҳо сарпаноҳе меёбанд ё дар кӯчаҳо овора мешаванд, ғами онҳоро бояд кӣ бихурад? Оё онҳо барои дохил шудан ба макотиби олӣ ягон имтиёз доранд? Оё дар донишгоҳу донишкадаҳо онҳоро бемамониат қабул мекунанд? Зиёдулло Абдулов, директори мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе таъкид изҳор дошт, ки ягон хонандаи мактаб-интернат баъди хатми синфи 9 дар кӯча нахоҳанд монд, чунки парастории онҳоро давлату ҳукумат ба зима гирифтааст. Хатмкунандагони синфи 9 бо хоҳиши худ ба омӯзишгоҳҳою коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимие, ки баъди хатми мактаби асосӣ донишҷӯ қабул мекунанд, сафарбар мешаванд. Хоҳиши худи бачаҳо, ки баъди хатми мактаб дар куҷо хоҳиши таҳсил кардан доранд, ба инобат гирифта мешавад. “Мо дар мактаб як чорабинии анъанавӣ дорем бо номи “Марҳилаи ба таълим фарогирии хатмкунандагони синфҳои 9, – афзуд З. Абдулов. - Имсол дар моҳи апрел хоҳиши бачаҳоро пурсидем, онҳо аллакай куҷо рафтанашонро муайян карданд. Инчунин, ба онҳо имконият додем, то боз як бори дигар бо волидонашон, бо хешу таборашон маслиҳат кунанд”. Ба қавли директори хона-интернати рақами яки пойтахт қисме аз хонандагон коллеҷи назди Донишгоҳи технологиро интихоб кардаанд. Ӯ аз шароити хуби ин муассиса изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки дар бораи хоҳиши хонандагон расман ба роҳбарияти коллеҷ муроҷиат намуда, хонандагон, аллакай, бо шароити коллеҷ шинос шудаанд. Интихоби қисми дигари хатмкунандаҳо омӯзишгоҳи ҳарбӣ будааст. “Мо хоҳиши бачаҳоро ба назар гирифта, ҳатман барои мусоидат кардан дар амалишавии онҳо кӯшиш мекунем, чунки агар як хонанда ба таҳсил фаро гирифта нашавад, кори мактаб-интернатро дар масъалаи ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани хонандагон қаноатбахш ҳисобидан мумкин нест”, мегӯяд директори хона-интернат. Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло шумораи умумии хонандагони мактаб-интернати №1-и пойтахт 512 нафар аст. 51 нафарашон хатмкунанда мебошанд. 8 нафарашро ятимони кулл, 28 нафар бепадар, 6 нафараш бемодар ва 257 нафарро хонандагоне, ки волидайнашон маҷрӯҳ, майзада, зиндонӣ ҳастанд, ташкил медиҳанд. Барои пурратар огоҳ гардидан аз дастгириҳои давлатии ятимон дар бахши таҳсилот, Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози ақида кард: “Дар доираи фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ низомномаи муассисаҳои интернатӣ ҳамаи ятимон барои дохил шу-
дан ба мактабҳои олии кишвар имтиёз доранд. Имтиёзи дигар он аст, ки дар тамоми муассисаҳои ҳам олии касбӣ ва ҳам миёнаи касбӣ донишҷӯёне, ки ятим ҳастанд, бо стипендияву хобгоҳ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, ятимоне, ки коллеҷу муассисаҳои ибтидоии касбиро хатм мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки аз тариқи суҳбат дар мактабҳои олӣ дар доираи имтиёзҳои доштаашон қабул шаванд ва таҳсили худро давом диҳанд. Имрӯз барои кӯдакони ятиму бепарастор, дар сурате ки ин масъала зери назорати бевоситаи Президенти мамлакат қарор дорад, имтиёзҳо ва дигар намуди шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар доираи супориши Президенти кишвар ҳар нафар хатмкунандаи мактаб-интернат зери назорати роҳбарияти мактабинтернат ва масъулони маҳалли зодгоҳи ятим бояд қарор гирад. Хонандае, ки баъди парваришгоҳ мехоҳад ба ягон коллеҷу омӯзишгоҳи касбӣ дохил шавад ва ё ба истеҳсолот равад, зери назорати роҳбари мактаб-интернат қарор мегирад, то замоне ки ӯ мактаби олиро хатм накунад. Ба ғайр аз ин, баъд аз хатми донишгоҳ ҳам бояд роҳбарияти мактаб-интернат аз ҳоли ятимон хабардор бошад. Мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳое, ки бо роҳхати онҳо ё бо қарори раиси ноҳия кӯдак ба мактаб-интернат дода шудааст, масъул ҳастанд, ки то соҳибихтиёр шудани ятим ӯро зери назорат дошта бошанд. Ба ӯ ҳамеша кӯмак расонда, шароити мусоидро фароҳам созанд”. Намояндаи Вазорати маориф таъкид кард, ки хатмкунандагони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои миёнаи умумие, ки ятим ва нимятим ҳастанд, барои ворид шудан ба мактабҳои олӣ имтиёз доранд. Дар сурати қабул нашудани кӯдаки ятим ба муассисаҳои таҳсилоти касбиву олии кишвар бояд ӯ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кунад ва мо фавран чора мебинем. Фақат ятимро зарур аст, ки муроҷиат кунад. Агар хомӯш истад, мо ба ӯ мадад расонида наметавонем. Банди 7-и моддаи 5-и Қонун “Дар бораи маориф” чунин муқаррарот дорад: “Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд”. Дар натиҷаи омӯзиши мавзӯъ мо ба хулосае расидем, ки имрӯз давлату ҳукумати кишвар нисбат ба ятимон ғамхориҳои зиёде зоҳир карда истодааст. Маълум гардид, ки муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ба таври мушаххас татбиқ мегардад. Ин нуктаро суханони директори мактаб-интернат ва корманди Вазорати маориф ва илм собит менамояд. Ҳақиқатан ҳам, бояд чунин бошад, чунки хонандагони мактаб-интернатҳо, умуман, ятимон баъди хатми мактаб-парваришгоҳҳо ва миёна ба муассисаҳои таълимии касбӣ дохил нашаванду дар кӯча бимонанд, бештари онҳо ба авбошӣ, дуздӣ, қаллобӣ духтарон бошанд ба фоҳишагӣ ва дигар корҳои ношоям даст хоҳанд зад. Ин ҳам бошад, ба хотири дарёфти як бурида нон ва сарпаноҳ ёфтан.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
Ҷавонони бекор соҳибкор мешаванд
ҒАМХОРӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
4
ОЗУҚАВОРӢ
Олимон исбот кардаанд, ки дуруст истифода набурдани замин ва кам будани масоҳати сабзазор таносуби гази карбонатро дар фазо зиёд мекунад. Зеро маҳз олами наботот гази карбонатро, ки зиёдшавии он боиси тағйирёбии глобалии иқлим мегардад, фурӯ мебарад. Дар конфронси илмӣ-амалие, ки ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор шуд, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Конфронс, ки “Вазъият ва муаммоҳои бахши истеҳсоли гандум дар шароити дигаршавии иқлим” ном дошт, бо ҳамдастии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Барномаи рушди СММ (UNDР) ва оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) баргузор шуд. Дар он ғайр аз намояндагони ташкилот ва созмонҳои гуногуни давлатию байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандию доираи соҳибкорон, инчунин, мутасаддиёни қабули қарорҳо, олимону муҳаққиқон, коршиносони иқлим аз ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ва дигар ашхоси манфиатдор ширкат варзиданд. Ҷамила Саидова, муовини аввали Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки алҳол дар мамлакат масъалаи таъмини аҳолӣ бо гандуми истеҳсоли ватанӣ ҳалли худро наёфтааст. Талаботи солонаи аҳолии кишвар ба гандум 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дорои захираҳои табиӣ ва нерӯи кории кофӣ барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа мебошад. Имрӯз соҳаи аграрӣ асоси тараққиёти деҳоти кишварро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли гандум зимни тағйирёбии иқлим - Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносони соҳаи иқлимшиносӣ солҳои оянда обу ҳаво барои парвариши зироатҳо номусоид хоҳад омад, гуфт Ҷамила Саидова. – Барои кам кардани зарари тағйирёбии иқлим як қатор чораҳои мутобиқшавиро таҳия ва амалӣ кардан лозим меояд. Зеро камбориш омадани ҳаво метавонад боиси фарсудашавии заминҳо гашта, раванди биёбоншавиро тезонад. Чорабиниҳои зерин аз самтҳои асосии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба шумор мераванд: - обёрии иловагӣ, махсусан, дар заминҳои хокашон қумдор, ки ба хушк омадани ҳаво хеле ҳассосанд; - мустаҳкам намудани базаи
моддию техникии хоҷагиҳо; гузаронидани корҳои зиддиэрозионӣ ва мелиоративӣ; - пурзӯр намудани амалиёти соҳилмустаҳкамкунӣ. - кишти навъҳои ба камобӣ тобовар. - сарфакорона истифода бурдани об зимни обёрӣ. Шералӣ Сафаров, муовини сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, илм ва ҷорикунии дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар хусуси мушкилот ва дурнамои рушди сохтори истеҳсоли гандум сухан ронда, таъкид намуд, ки имрӯз 25 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Қариб 70 дарсади аҳолии до-
рои шуғли ҷумҳурӣ ба кишоварзӣ машғуланд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ масоҳати заминҳои барои кишоварзӣ ҷудошуда 6 миллиону 897 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки 2 миллиону 780 ҳазор гектар ба чарогоҳ рост меояд. Заминҳои киштбоб ҳамагӣ 658 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки 458 ҳазор гектараш обёришаванда мебошад. Дар шароити камзамини Тоҷикистон баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои кишт яке аз роҳҳои асосии зиёд кардани истеҳсоли гандум ба шумор меравад. Хушк омадани ҳаво, гармсел, боронҳои бошиддат, обхезӣ, шӯразании заминҳо, жола, баландшавии оби зеризаминӣ ба гирифтани ҳосили дилхоҳ монеъ
мешаванд. Бо мақсади кам кардани зарар аз тағйирёбии иқлим омӯхтани муҳлати мусоиди кишту кор, усули беҳтарини кишт, кам кардани коркарди замин, таъмини хоҷагиҳо бо навъҳои серҳосилу ба хушкӣ тобовар муфид аст. Гулшоҳ Шоҳмаҳмуд, муҳаққиқи Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфт, ки соли 1978 кишвараш бо доштани ҳамагӣ 3,7 миллион гектар замини кишт пурра аҳолиро бо гандуми худӣ (4,5 миллион тонна) таъмин мекард. Системаи таҳқиқоти кишоварзӣ, таъминоти тухмӣ ва дигар захираҳо дар сатҳи баланд буд. То соли 2000 бо сабаби ҷангҳои дохилӣ сохтори кишоварзии Афғонистон вайрон шуд. Ба шарофати дигаргуниҳои сиёсӣ ва андаке ба эътидол даромадани вазъияти дохилӣ ҳолат беҳтар шуд. Дар ин ҷо вобаста ба обу ҳаво соле 2-4 миллион тонна гандум истеҳсол мешавад. Яке аз монеаҳои асосии баланд бардоштани ҳосили гандум дар Афғонистон ба талабот ҷавобгӯ набудани системаи обёрӣ, норасоии техникаи кишту кор ва ҳосилғундор, норасоии навъҳои ба хушкӣ тобовару ҳосилхез ва ғайра мебошад. Дар конфронс, инчунин, масъалаҳои муҳими рушди бозори ғалладона мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни конфронс ба майдони таҷрибавии лоиҳаи “Баланд намудани тобоварии иқлимии соҳаи истеҳсоли гандум барои таъмин намудани бехатарии хӯрокворӣ дар Осиёи Миёна”, ки дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор воқеъ аст, рафтанд. Ба гуфтаи Фирӯз Иброҳимов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳа, баргузории конфронс майдони муколамаро фароҳам сохта, барои устувории ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мусоидат мекунад.
С. СУННАТӢ, “ҶТ” ИҚТИСОДИЁТ
Чаро тоҷирони тоҷик камҷуръатанд?
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳафтаи сипаришуда дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ сӯҳбати гирди мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиши имконоти рушди тиҷорат бо Афғонистону Покистон” доир гардид. Чорабинии мазкур бо ҳамдастии лоиҳаи USAID оид ба рушди тиҷорат ва афзоиши даромад дар Афғонистон (ATAR) баргузор шуд. Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти худ ба бозорҳои Афғонистон ва Покистон ҳамчун воридоти маҳсулоти хушсифат, мисли мармар, доруворӣ, матоъ, меваи тару хушк ва ғайра дорои иқтидори истифоданашуда мебошад. Темур Насриддинов, мушовири сардори лоиҳаи мазкур, ки собиқаи шашунимсолаи кор дар Афғонистонро дорад, роҷеъ ба аҳамияти рушди тиҷорат дар минтақа сухан ронда, онро барои барқароршавии субот муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар шимоли Афғонистон инфрасохтор хуб ба роҳ монда шуда, нисбат ба дигар минтақаҳо амният беҳтар таъмин аст. Дар
қисмати шимоли Афғонистон бештар аз 10 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, Афғонистон барои содироти амвол бозори қулай аст. Алалхусус, барои Тоҷикистон. Мутаассифона, имрӯз робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Афғонистон ҷавобгӯи талабот нест. - Зимни мулоқот бо соҳибкорони Қирғизистон ба ман савол доданд, ки чаро тоҷирони тоҷик дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Афғонистон фаъол нестанд? – гуфт Т. Насриддинов. – Ҳол он ки Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ ва забони муштарак дорад. Имрӯз дар Узбекистон 19 намояндагии ширкатҳои гуногуни Афғонистон амал мекунанд. Дар ин кишвар 112 корхона бо сармояи муштараки тоҷирони Афғонистон фаъолият менамоянд. Аз ин ҳисоб 24 корхона пурра бо маблағи сармоягузорони афғон сохта шудааст. Се ширкати Узбекистон ба Афғонистон шарбати мева содир мекунанд. Намояндагии ширкати “Аква” дар шаҳри Мазори Шариф кушода шуда, насби дару тирезахои пластикиро ба роҳ мондааст. Ҳарчанд дар назар ночиз намояд ҳам, тоҷирони узбекистонӣ ҳамасола ба Афғонистон ба маблағи 600 ҳазор доллар коғази ташноб
содир менамоянд. Афғонистон аз Нидерландия ва Покистон маҳсулоти ширӣ мехарад. Бинобар ин дар ҳама минтақаҳои Афғонистон набудани неруи барқ маҳсулоти ширии ба ин кишвар воридшаванда дар “тетропакет” ҷой дода мешавад, ки муҳлати нигоҳдориаш то 6 моҳ аст. Ҷумҳурии Қазоқистон низ ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Палатаи савдо ва саноати Қазоқистон дар шаҳри Кобул намояндагии доимӣ дорад. Темур Насриддинов таъкид намуд, ки имрӯз Малайзия, Тайланд, Кипр, Туркия, Узбекистон ва Эрону Покистон ба Афғонистон шарбати мева содир мекунанд. Чаро соҳибкорони тоҷик ба Афғонистон шарбати меваҳои ватаниро содир наменамоянд? Ҳол он ки шарбатҳои истеҳсоли Тоҷикистон табиӣ ва хушлаззаттаранд. Дар додугирифт бо Афғонистон Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт. Тоҷирони тоҷик ба Афғонистон бештар маҳсулоти дигар кишварҳоро содир (реэкспорт) мекунанд. Тоҷикистон метавонад ба Афғонистон ноқил (сим)-ҳои барқӣ маҳсулоти сохтмонҷем ва консерваи меваю сабзавот фурӯшад. Аз Афғонистон ба
кишвари мо анору бодом, хушкмева, мармар, қолинҳои дастбоф, заъфарон, сангҳои қиматбаҳою нимқиматбаҳо, пусти қароқӯл ва ғайра метавон ворид кард. Зимни сӯҳбат иштироккунандагон аз мавҷуд будани монеаҳо низ ёдовар шуданд. Таъкид шуд, ки зимни ба роҳ мондани додугирифт бо соҳибкорони Афғонистон анъанаҳои фарҳангию диниро низ ба инобат бояд гирифт. Ҳангоми содироти ягон маҳсулот бо рӯйхати ашёе, ки воридоташон манъ аст, ошно шудан лозим меояд. Ҳамчунин, соддакунии ҷараёни гирифтани раводид зарур аст. Бо мақсади ба роҳ мондани робитаи наздик ба соҳибкорони Афғонистон бо дастгирии лоиҳаи мазкур 23-24 июни соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистон, Қирғизистон Покистон ва Афғонистон баргузор мегардад. Дар он иштироки намояндаҳо аз ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт ва барқ дар назар дошта шудааст. Чунин чорабиниҳо боиси афзоиши додугирифти тиҷоратӣ миёни кишварҳои зикршуда мегардад.
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
миллион тоннаи сӯзишвории шартӣ, аз ҷумла, нафт - 47,5 млн. тонна, газ - 53 млрд. метри мукааб, конденсат 7,5 млн. тоннаро ташкил медиҳанд. Дараҷаи таҳқиқоти қаъри замини шимоли кишвар аз рӯи нафт 18,0% ва газ – 5,0%-ро ташкил медиҳад. Дар давраи кунунӣ кони Ниёзбек дар ноҳияи Конибодом калонтарин маҳсуб меёбад. Захираҳои ибтидоии нафт дар ин ҷо 5 миллиону 57 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд. Айни замон, дар вилоят 4 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд. Конҳои кушодаи Шӯроб,
“Иқтисоди сабз” ҳаётро беҳбудӣ мебахшад - Чаро вақтҳои охир таваҷҷӯҳ ба «иқтисоди сабз» бештар гаштааст? - Кишвари мо, пеш аз ҳама, бо кӯҳсору сарвати бебаҳои он об, инчунин, ганҷҳои нуҳуфтаву манзараҳои нотакрораш, гузашта аз он, бо маҳфуз мондани асолати табиӣ маълуму машҳур аст. Замоне ки аксари мамолики олам бинобар риоя накардани мувозинати табиӣ ба бӯҳрони экологӣ мувоҷеҳанд, ҷорӣ намудани «иқтисоди сабз» калиди муваффақиятҳо дар ин ҷода маҳсуб мегардад. «Иқтисоди сабз» ду даҳсолаи охир ба доғи рӯз мубаддал гашта, дар тамоми олами мутараққӣ тарафдорони зиёд дорад. Ин равия тақозо дорад, ки тавсиаи таъсир ба муҳит имконнопазир буда, дар шароити маҳдудияти захираҳо хоҳиши қонеъ намудани талаботи афзоянда нобарҷой ва тамоми мавҷудоти рӯи Замин ба ҳам вобастаанд. Иқтисодчиёни сабз талаб доранд, ки як фоиз аз ҳамаи муомилоти савдои байналмилалӣ ҳамчун андоз ба мамолики камбизоат равона шавад. Инчунин, «сармояи табиӣ» ба ҷои «захираҳои табиӣ» ҷорӣ шавад, яъне, мавқеи табиат дар иқтисодиёт афзалият дошта бошад. - Андешаҳои Шумо ҷиҳати ҳифзи захираҳои обу хок, самаранок истифода бурдани оби обёрӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ чӣ гуна аст? - Об сарчашмаи ҳаёт асту гузаштагони мо қадру қимати онро аз зар ҳам қиматтар мешумориданд. Агарчи мамлакати мо аз захираҳои об бой аст, ташаббускори эълон гардидани “Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти байналмилалии об барои ҳаёт” аз тарафи СММ маҳз Президенти кишвари мо мебошад. Дар вилояти Суғд ба масъалаи таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, ҳолати мелиоративии замин таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Дар вилоят аз 240 ҳазор гектар майдони умумӣ зиёда аз 159,5 ҳазор гектар ё 71% дар минтақаи обёрии мошинӣ воқеъ мебошанд. Барои таъмин намудани ин заминҳо бо оби ирригатсионӣ дар вилоят 170 истгоҳи обкашӣ бо 695 агрегати обкашии дорои маҳсулнокии умумии 698,4 м3/сония, 35 зеристгоҳи трансформаторҳо бо иқтидори муқарраршудаи 145,75 ҳазор квадрат
ва 1219 чоҳи заҳкаши амудӣ мавриди истифода қарор доранд. То 1 январи соли равон заминҳои шӯрзада 54769,9 гектар ё 23% буд. Барқарорсозӣ ва таҷдиди системаҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ, иваз намудании агрегатҳои обкашӣ, барқарорсозӣ ва афзоиши қобилияти обгузаронии каналҳо, сохтмони обанборҳо, таъмири асосии қубурҳои обгузар ва ғайра ба манфиати кор аст. Масъалаи муҳимтарини дигар беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин аст, ки ба беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда ва баландшавии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ оварда мерасонад. Барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва иштирок дар танзими байниминтақавии захираҳои об масъалаи ҷорӣ намудани идоракунии ҳамбастаи захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Сир ва Зарафшон бояд ҳалли худро ёбад. Дар доираи ҳалли масъалаи мазкур ба мақсад мувофиқ будани лоиҳаи гузаронидани қисми оби дарёи Зарафшон ба минтақаи кӯҳии Қизилӣ бо мақсади обёрӣ намудани заминҳои хушки он ва таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мавриди назар қарор дорад. Яке аз афзалиятҳои асосии экологӣ дар вилоят нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии он маҳсуб меёбад. Захираҳои обӣ асоси рушди устувори намудҳои фаъолияти кишоварзӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла, саломатии аҳолӣ низ мебошад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об ва наандешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати муҳофизати онҳо (аз ҷумла, тозакунӣ) ҳатман ба таназзули захираҳои оби вилоят оварда расонида, имкониятҳои рушди иқтисодӣ, таъмин намудани некӯаҳволӣ ва солимии аҳолии вилоят ва қобилияти худбарқароршавии табиатро зери савол мемонад. - Дар вилоят сарватҳои табиӣ хеле зиёданд. Истихроҷи мақсадноки онҳо ба пешрафти иқтисодии кишвар чӣ таъсир мерасонад? - Майдони умумии заминҳои перспективии Тоҷикистон 34,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад, аз он 5,2 ҳазор километри квадратӣ дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд. Захираҳои эҳтимолии ибтидоии истихроҷшавандаи ашёи хоми карбогидриди шимоли кишвар ҳамагӣ 108
Чӣ тавр маданияти экологиро тарғиб кунем? Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ки соли 1972 дар Стокголм (Шведсия) доир гардид, тавсияҳо оид ба таъсиси барномаи байналмилалӣ дар хусуси дониши экологиро қабул намуд. Бо гузашти солҳо исбот шуд, ки пешгирӣ накардани ифлосшавии муҳити зист ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди ЮНЕСКО ва Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ таълими асосҳои экология дар макотиби миёнаю олии тамоми мамолики дунё ҷорӣ гардид.
Фон-Яғноб, Равот, Моғиён ва Киштут-Заврон дорои захираҳои бузурги ангиштанд. Хусусияти конҳои ангишт дар он аст, ки ҳамаи онҳо дар минтақаҳои шикасти тектоникӣ ва тағйирёбии кӯҳҳо бо релефи маҳалли дастнорас ҷойгиранд. Дар ҳудуди вилоят захираҳои геологӣ зиёда аз 2 млрд. тоннаро ташкил медиҳанд. Вилоят дорои ояндаи калон нисбат ба истихроҷи нафту газ мебошад. Дар сурати пайдо шудани сармоягузор бо ҷалби технологияҳои пешқадам натиҷаҳои назаррас ва мусбатро метавон ба даст овард ва соҳаи нафту газ метавонад мавқеи сазоворро дар иқтисодиёти кишвар ишғол намояд. - Нақши туризм, хоса, туризми экологӣ дар иқтисодиёти вилоят чӣ гуна аст? - Дар ҳудуди вилоят барои зиёд кардани ҳавасмандӣ ба туризм, дарки фоидаи он ҷиҳати баланд бардоштани маълумотнокии ҳам кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳам аҳолӣ корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Солҳои охир ҷиҳати ба минтақаи туризми байналхалқӣ табдил додани минтақаи Баҳри тоҷик чораҳо андешида мешаванд. Ба фаъолият шурӯъ намудани истироҳатгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроққум, ки бозгӯи талаботи муосир аст, теъдоди сайёҳонро ба вилоят ба маротиб афзун намуд. Бо вуҷуди ин, ба афзоиш додани шумораи сайёҳон ташаккули симои мусбати вилояти Суғд ҳамчун самти сайёҳӣ дар бозори сайёҳии байналмилалӣ ва дохилӣ зарур аст. Танҳо манзараҳои Искандаркӯл, табиати афсункори он дар сурати васеъ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқ метавонад ҳазорон дӯстдори табиатро ба сӯи хеш хонад. Зеро мавриди истифода қарор дода шудани шоҳроҳи ДушанбеАйнӣ-Хуҷанд- Чаноқ мушкилоти роҳро аз байн бурда, акнун дар муддати 1-2 соат ба чунин гӯшаҳои биҳиштосо рафтан имконпазир шудааст. Ташкили сайру саёҳат ба кӯҳсорону кӯлҳои нодири Зарафшон, арчазорони Шаҳристону Ғончӣ ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда, албатта, боиси рушди соҳаи туризми экологӣ низ мешавад.
Маҳз бо фаро гирифтани дониши экологӣ инсон дарк мекунад, ки табиатро ифлос намудан, маънои худро ба гирдоби фалокат афканданро дорад. Шахси оқил на танҳо манбаи об ва муҳити зистро ифлос намекунад, балки дигаронро низ аз чунин амал бозмедорад. Вақте ки маданияти экологии шахс баланд бошад, ӯ барои сарсабзу хуррам гардонидани талу теппаҳо, пок нигоҳ доштани ҷӯю дарё ва ҳавзу кӯлҳо, роҳ надодан ба ғарамшавии партовҳо кӯшиш мекунад. Тарғиби дониши экологиро набояд танҳо ба зиммаи муаллимони фанҳои табиатшиносию биология ва география ҳавола кард, балки ҳар як падару модар бояд дар ин ҷода фаъол бошад. Вақте имрӯз дарёро пур аз ифлосӣ мекунем, фардо аз куҷо об менӯшему бо чӣ зироатро обёрӣ менамоем? Дар хусуси ғарамшавии партов низ ҳамин гапро гуфтан мумкин аст. Дониши экологӣ дар кори дуруст ба роҳ мондани муносибати байниҳамдигарии «инсон-ҷомеа-табиат» мусоидат мекунад. Баланд бардоштани маданияти экологии ҳар шаҳрванд рафтори ӯ ба муҳити атрофро ба танзим дароварда, тафаккурашро баланд, иродаашро мустаҳкам ва дилсӯзиашро ба табиат зиёд мегардонад. Имрӯз ҳар чорумин сокини сайёра аз оби тозаи нӯшокӣ маҳрум аст ва қисми зиёди сокинони замин маҷбуранд, ки аз оби сифаташ паст истифода баранд. Ҳар сол қариб 6 миллион гектар замини кишт ба биёбон табдил меёбад. Аҳолии Замин босуръат зиёд мешавад. Соҳаҳои саноат, нақлиёт ва энергетикаи кишварҳои ҷаҳон барои таъмини талаботи рӯзафзуни сокинони сайёра ангишт, нефт, газ ва атомро истифода мебаранд. Истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои сӯзишворӣ боиси ифлосшавии ҳаво, боридани боронҳои ишқордор ва ифлосшавии манбаъҳои об гардид. Иқлим тағйир ёфта, сабаби нобудшавии ҳосили киштзор, зери об мондани минтақаҳои наздисоҳилӣ шуд. Ҳамаи ин мушкилиҳо олимонро ба хулосае овард, ки муносибат ба табиатро бояд дигар намуд. Моҳи июни соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро конфронси дуюми СММ оид ба ҳифзи табиат ва рушд баргузор гардид. Дар он бо ризоияти умумии намояндагони 179 давлат барнома бо номи «Рӯзномаи маҷлиси асри ХХI» барои садсолаи ҷорӣ қабул шуд. Барномаи мазкур ба ҳамкории умумиҷаҳонӣ баҳри ноил гаштан ба дастовардҳои рушди устувори башарият ва биосфера равона гаштааст. Ҳадафи он ноил шудан ба сифати баланди ҳолати муҳити зист ва иқтисодиёти солим барои тамоми халқҳои ҷаҳон мебошад. Санади мазкур иборат аз 700 саҳифа буда, самтҳои фаъолияти одамонро тавсиф менамояд, ки амалӣ гардидани онҳо ба рушди устувор оварда мерасонад. Баландшавии дониши экологӣ ғамхории аҳли ҷомеаро ба муҳити атроф зиёд мегардонад. Масалан, дар мамолики аврупоӣ, ки маърифати экологии сокинонашон баланд аст, ба кӯчаю ҷӯйборҳо партофтани партов, поймолкунии гулу сабзазор ба чашм намерасад. Мардум бештар ба нақлиёти аз лиҳози экологӣ безарар, аз қабили метро, трамвай, электромобил рӯ меоранд. Зеро зиёдшавии нақлиёти бо сӯзишворӣ (бензин, солярка, газ) коркунанда боиси афзудани бемориҳои роҳи нафас, саратон ва ғайра мешавад. Ин кишварҳо аз нерӯгоҳҳои барқии ҳароратӣ ва атомӣ даст кашида, ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия рӯ меоранд, ки аз лиҳози экологӣ безараранд. Дар ҷумҳурии мо низ Барномаи мукаммали истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2007-2015 қабул шудааст. Агар маърифати экологии ҳамватанонамон баланд шавад, амалисозии чунин барномаҳо осон гашта, муҳити зист поку гуворо мегардад.
Мусоҳибон Обидҷон КАРИМОВ, Мирзоэргаш ӮРУНОВ
Абдулмуъмин ШУКУРОВ, сармутахассиси Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
Иди касбии худро мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳит бо чӣ дастовардҳо истиқбол мегиранд? Ба ин ва дигар саволҳои марбут ба фаъолияти кормандони соҳа мо ба сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Аъзам Бобоҷонов муроҷиат кардем.
5
e-mail: javonontj@mail.ru
5 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛИЛАЛИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
6
СИЁСАТИ ҶАҲОН
“Баҳори араб” ё хазони суннимазҳабон Эҳтимол имоми Каъба аз аҳли шиа баргузида шавад Моҷароҳои тӯлоние, ки солҳо боз Ховари Миёнаро фаро гирифта, то ҳол ҳалли худро наёфтааст, рӯз ба рӯз барои мушкилиҳои навбатӣ замина мегузоранд. Давлатҳои арабӣ аз ҳувияти миллиашон доим фахр мекунанду онро омили иттиҳоди минтақаи мазкур меҳисобанд. Ҳол он ки ҳувияти мояи ифтихори онҳо кайҳо боз аз байн рафтан дорад. Вижагии феълии минтақа бошад, аҳамияти мазҳабӣ ва мансубияти қабилавии сокинони он аст. Интизор мерафт, ки «баҳори араб» эҳёи дубораи ҳувияти миллии олами араб гардад, аммо он боиси «хазон»-и ҳукумати суннимазҳабони минтақа шудааст. Ин мушкилоти араб қабл аз зуҳури дини мубини ислом ҳам вуҷуд дошт. Аммо футувват байни қабилаҳои араби бадавӣ яке аз қонунҳои нонавиштаи ин мардум дар он замон буд, ки нуқтаи иттиҳодашон маҳсуб меёфт. Вақте душман аз хориҷ меомад, низоъ ва адовати дохилиро як сӯ гузошта, ҳама алайҳи вай муттаҳид мешуданд ва хос чунин сифатҳои олии башарӣ, бо зуҳури дини ҳақ қабилаи ҷоҳилро ба авҷи аълои инсоният расонд. Вале акнун дар ин минтақа ва умуман, давлатҳои мусулмоннишин бозиҳои фитнангезе ҷараён доранд, ки сирф алайҳи мусулмонони суннимазҳаб равона шудааст. Дигар ҷои шак нест. Зеро ин нуктаро таҳлилгарону пайгирикунандагони авзои минтақа то
шаҳрвандии Эрон ҳарос дошт ва онро чун як душман мешинохту қабул кард. Ҳоло бо намояндагон ва дипломатҳои эронӣ сари миз нишаста, оид ба ҳамкориҳои оянда гуфтушунидҳо ба анҷом мерасонанд”. Воқеан, гуфтушунидҳои дуҷониба чанд моҳе қабл дар Женева оғоз ёфта, то ҳол ҳалнашуда боқӣ мондаанд. Эҳтимол бори аввал аст, ки Ғарб баъд аз асри ХХ наметавонад шартҳои худро ба як давлати исломие ҳамл кунад. Эрон бо пайгирии сиёсати нави хориҷиаш робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоияшро натанҳо бо Ғарб, балки бо Русияву Чин ҳам дар марҳилаи густариш додан аст. Чун сиёсати нави Эрон бо роҳбарии Руҳонӣ аз рӯи нақшаҳои кашида ҷараён дошта, ба лидери асосӣ ва муассири минтақа табдил ёфтан дорад, давлатҳои арабии суннимазҳаб ва хусусан оилаи Саудиҳо аз чунин раванд нигаронанд. Роберт Бэр, собиқ корманди СРУ-и Амрико, дар асараш «The Devil We Know» (Шайтоне, ки ӯро мешиносем) доир ба вазъи кунунии Ховари Миёна чунин назар дорад: «Ҳоло арабҳои Халиҷ аз авҷгирии батадриҷи Эрон нигаронанд. Ҳарчанд ҳақиқати мазкурро ҳеҷ гоҳ ба забон овардан намехоҳанд. Аммо ҳамагон мудрики онанд, ки низоми роҳбарии арабҳои суннимазҳаб, ки дар асри ХХ афзалият дошт, аз байн рафта истодааст. Саудиҳо мефаҳманд, ки ҳоло ниқоби ҳувияти миллиашон барои муттаҳид сохтани қавму давлатҳои араб аз рӯ афтидааст. Ҳамин тавр, кӯшиши баргардонидани заминҳои истилокардаи Исроил ҳам барбод рафтааст. Ҳамакнун, оилаи Саудиҳо нақши лидери суннимазҳабони минтақаро низ аз
ҳамон замон, яъне, баробари даромадан ба Ироқ омода сохта буд. Аз байн бурдани ҳукумати Ироқ иштибоҳи бузурги стратегӣ дар таърихи Амрико маҳсуб меёбад. Зеро акнун Саудиҳо, ки шарикони содиқи амрикоиҳо дар минтақа ҳастанд, дар вазъияти ногувор қарор доранд. Амрико аскаронашро батадриҷ аз Ироқ мебарорад ва ҳукуматро пурра ба дасти Эрон месупорад. Ҳоло сарвари Ироқ Ҷалол Талабонӣ яке аз шарикони содиқи Эрон шинохта мешавад. Сарвазири ин кишвар Нурӣ ал-Моликӣ низ шиамазҳаб аст. Ҳамчунин, қисмати ҷанубии Ироқ, ки қалби иқтисодии ин кишвар маҳсуб меёбад, пурра зери тобеияти Эрон аст. Ҳамин тавр, ба Эрон муяссар шуд, ки қисми зиёди захираҳои нафти минтақаро зери тасарруфи худ қарор диҳад. Ваҳми Саудиҳо низ қисман ба он рабт дорад. Пурсиши гузаронидаи ширкати таҳқиқотии «Zogby Analytics» дар соли 2008 муайян кардааст, ки миёни се лидери муассири Ховари Миёна ягон нафараш сарвари суннимазҳаб нест. Чунончи, лидери ҳаракати шиаи ҳарбӣ-сиёсии «Ҳизбуллоҳ» Ҳасан Насруллоҳ, президенти алавӣ-нусайрии давлати Сурия Башор Асад ва раисҷумҳури қаблии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар сархати лидерони муассири минтақа қарор доштанд. Дар гумон аст, ки ҳоло мақоми касе аз инҳо, ба ғайр аз Маҳмуд Аҳмадинажод иваз шуда бошад. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки ҳаракати ҳарбӣ-сиёсии «Ҳизбуллоҳ» аз ҷониби Эрон таъсис шуда, имрӯз ҳам пурра дастгирӣ мешавад. Ҳукумати Башор Асад ҳам бечунучаро тобеи ҳукумати Руҳонист. Лидерони суннимазҳаб дар
e-mail: javonontj@mail.ru
МУҲАММАД ҶАВОД ЗАРИФ, ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЭРОН ВА БАШОР АСАД, ПРЕЗИДЕНТИ СУРИЯ
ҳол таъкид медоранд. Ҳоло чанде аз давлатҳое, ки ҳукуматашон пайрави чор мазҳаби ҳақ буданд, сарнагун шуда, ҷойи онҳоро ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва ё сохтори низомии ғаддор гирифтааст. Ҳамчунин, амалиёте ба роҳ монда шудаанд, ки номи исломро, хусусан, мазҳаби сунниро мехоҳанд миёни оламиён сиёҳ кунанд. Зимнан, таҳлилгарон мегӯянд, акнун метавон доир ба имоматии мазҳаби шиа ҳам дар Каъба сухан кушод, ки дар таърихи ислом собиқа надошт. Онҳо ин гуфтаи худро ба он рабт медиҳанд, ки “чун ситораи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳоло дар марҳилаи авҷгирӣ аст, аҷаб нест, ки кӯшиш ба харҷ дода шавад, то «исломи нарм» бо ваҷҳи шиа ба оламиён муаррифӣ гардад. Зеро то чанд сол қабл, олами Ғарб аз ҷомеаи
даст додаанд». Бояд гуфт, то соли 2003 давлати Ироқ бо сардории Саддом Ҳусейн ҳамчун шаҳнадори олами араби суннӣ алайҳи Эрони шиа хизмат мекард. Солҳои зиёд қӯшунҳои ироқӣ Халиҷи арабро аз ҳамла ва ҳуҷумҳои Эрон муҳофизат мекарданд. Муддати 8 сол Эрон кӯшиши зиёд мекард, то Ироқро шикаст диҳад, аммо ба ин муваффақ намешуд. Ин нуктаро Роберт Бэр чунин қайд мекунад: «Кореро, ки Эрон натавонист дар зарфи 8 сол муваффақ шавад, амрикоиҳо тавонистанд бо «F-16», «Апачиҳо» ва мушакҳои «Hellfire» танҳо муддати беш аз 2 ҳафта ба ҷо оваранд». Амрико надониста монд, ки он замон Ироқро бо дасти хеш ба Эрон пешкаш намудааст. Аз нигоҳи Бэр, бо ин Амрико шикасти хешро дар Ховари Миёна
симои олами араб батадриҷ аз майдони сиёсии минтақа мераванд. Барои арабҳо фурсати хубе барои аз нав соҳиби нуфуз гаштан дар Ховари Миёна мавҷуд буд. Ин фурсат дар нақши Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Миср муҳайё шуд, аммо Саудиҳои ваҳҳобӣ-салафӣ шахси бовариноки худро дар симои Абдулфаттоҳ Сисӣ сари қудрат оварданд. Зимнан, бозингари дигари минтақа - Туркияро низ бо сардории лидери суннимазҳабаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ёдовар мешавем. Ин кишвар ба қарни ХХI бо умедҳои зиёде ворид шуд ва барои ҳизбҳои сиёсӣ-исломии кишварҳои зиёд, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамчун намунаи дурусти шакли давлатдорӣ такя ба арзишҳои исломӣ маҳсуб меёфт. Дар муддати хеле кӯтоҳ Туркия бо сардории
сарвазир Эрдуғон тавонист дар минтақа нуфузи боризашро ба миён гузорад. Ба ҳадде ки ин иқдоми лидери туркро ба султонҳои Империяи исломии Усмонӣ ташбеҳ медоданд. Симои Эрдуғон барои зиёиёни араб, ҳамчун лидери нави олами мусулмонон, бахусус, суннимазҳабон ҳамчун чароғи умед маҳсуб меёфт. Ба ҳадде ки дар Ховари Миёна ҳар касе асп давондан мехост, ҳатман бо Туркия низ машварат мекард. Аммо ҳодисоти соли гузашта, аниқтараш, амалиёти зидди фасод ва ришваситонӣ, ки 17 декабри соли 2013 аз ҷониби сохторҳои амниятӣ дар ин кишвар роҳандозӣ шуд, эътимодро аз рӯи ин «чароғи умед», ки ба пуррагӣ дастонаш олудаи фасод гаштааст, бардошт. Масъалаи мазкур дар расонаҳои даврии мо низ шарҳи васеъ ёфт. Ҳоло сиёсате, ки Сарвазири Туркия пеш бурдан дорад, аз ҷониби таҳлилгарон ҳамчун як сиёсати бисёр дағал, бемаврид ва бемантиқ баҳо дода мешавад. Як ҳақиқати дигареро низ бояд зикр кард. Соли 1979, вақте Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шоҳи ин кишварро сарнагун мекунанд, ҳодисаи мазкур дар саросари олам ҳамчун ҳамлаи золимона ва ғайримаданӣ муаррифӣ мешавад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра зери идораи низомиёну руҳониён қарор мегирад. Ин раванд 40 сол давом ёфт. Дар ин миён давлатҳои арабии суннимазҳаб низ аз чунин ҳолати Эрон розӣ буданд. Аммо бо гузашти солҳо давлатҳои суннимазҳаби Ховари Миёнаро намонданд, ки атрофи мақсадҳои муайян ва муфиди минтақа муттаҳид шаванд. Эрон батадриҷ аз режими низомӣ ба як давлати шаҳрвандии мутамаддин табдил ёфт. Ҳамин тавр, он аз тарзи давлатдории инқилобӣ ба сохтори прагматикии давлатдорӣ гузашт, ки ҳоло Эронро дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун бозингари ҷадид ва ҷиддие қабул доранд. Акнун мебояд қадамҳои 40-солаи баъдинаи Эронро хуб таҳлил намуд. Зеро, ба қавли таҳлилгарон, бо сохтори амниятӣ ва ҷосусиаш Эрон воқифи ҳодисоти минтақа буда, қисман равиши онро низ муайян мекунад. Қадамҳои навбатии Эрон пешвои ҷаҳони ислом ва соҳиби нуфузи ҷиддӣ дар ҳалли тақдири давлатҳои форсизабон, чун Тоҷикистону Афғонистон шудан асту роҳбари ҷаҳони шиа гардидан. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ дорад. Аммо ин робитаҳо ҳоло на чандон ба нафъи моянд. Сармоягузории тоҷирони эронӣ қариб буд, боиси коста шудани нуфузи Бонки миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шавад. Сохтмони иншооти бузурги ҷумҳуриамон ҳоло нотамом хобанду интизори ба итмом расиданро доранд. Ҳарчанд ки бо сарзамини Эрон ҳамзабону ҳамфарҳангем, аммо аз лиҳози арзишҳои маънавӣ аз онҳо ба куллӣ фарқ дорем. Танҳо арзу шикоятҳои расмии занони тоҷике, ки бо мардони эронитабор оиладор шудаанду баъд аз фирори ҳамсаронашон фаҳмиданд, ки никоҳи онҳо мутъа ва ё сиға будааст, яке аз мисолҳои равшани фарқи мо аз онҳо мебошад. Ҳоло иҷозат надодани Ҳукумати кишвар барои фаъолияти шабакаи муштараки телевизионӣ, ҳарчанд аллакай таҷҳизоти лозима барои пахши он дар марзи кишварамон қарор дорад, нишона аз эҳтиёт ва тадбирҷӯии мо нисбат ба ҷумҳурии ҳамзабону ҳамфарҳангамон мебошад, ки бамаврид аст.
М. САИД, “ҶТ”
Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) қувваҳои қудратталаби дохиливу хориҷӣ тавонистанд кишварамонро ба гирдоби даргириҳои дохилии хунин кашанд. Ҳокимияти иҷроия комилан фалаҷ гардида, ҷангҳои ҳамватанӣ барои халқу кишвари мо мушкилоти зиёде ба бор овард. Мамлакат дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Дар ин давраи тақдирсоз маҳз ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум), ягона мақоми конститутсионии фаъол муяссар гардид, ки қувваҳои солими ҷамъиятро дар гирдаш ҷамъ кунад. Замоне ки дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе гузаронидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ғайриимкон буд, қарор шуд, ки он дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардад. Муҳимтарин масъалае, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баррасӣ мекард, таҳким бахшидани ҳокимият ба шумор мерафт. Бо ин мақсад ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қонунҳои мавҷуда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳо ба азнавтақсимкунии салоҳиятҳои Президент, Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар робита дар вазъияти баамаломада вобаста буданд. Ҳасосияти сиёсии марҳаларо ба назар гирифта, салоҳиятҳои Президент муваққатан дар байни Раиси Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим шуд. Дар байни равандҳои муфиду мушаххаси фаъолияти рукни қонунгузорӣ ҳокимияти давлатӣ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунҳои интихобот афзалиятнок ба шумор мераванд, ки ба ин иқдому ташаббуси муҳим аз моҳи июни соли 1993 оғоз бахшида шуд. 20 июни соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки бевосита ва мустақиман аз ҷониби шаҳрвандон, яъне, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гарди-
дани Конститутсияро муқаррар месохт. Баъди таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид. Бисёр омилҳо, аз ҷумла, фароҳам овардани оромию осудагии мардум, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ, таъмини фаъолияти мӯътадили дастгоҳи давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ғайра зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён гузошт. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсиии умумихалқӣ қабул гардид. Дар ин рӯз халқи
яи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) аввалин бор дар таърихи сиёсии кишвар, таҷзияи ҳокимият дар сатҳи Конститутсияи мамлакат эътироф гардид. Бо қабули Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи нав оғоз ёфт, ки дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коншиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, мутахассисони Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Аврупо баҳои са-
баробари ин, Конститутсия ифодакунандаи манфиатҳои муҳими ҷамъиятӣ буда, ба сифати олоти давлатӣ баҳри ба танзим даровардани тамоми асосҳои сохтори конститутсионӣ, муайянсозандаи вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад мекунад. Дар Конститутсия тамоми принсипҳои асосии сохтори давлатдорӣ вазифаҳои давлат ва асосҳои ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд. Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарқонуни Тоҷикистон дорои хусусияту паҳлуҳои гуногун мебошад, ки метавон қисме аз онҳоро номбар кард. Конститутсия қонуни устувор мебо-
кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, дар конститутсия омадааст: “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бевосита амалӣ мешаванд, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд”. Ҳамзамон бо ин, Конститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. Бо назардошти ин амри умум пазируфташуда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: “Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои
зовор гирифт. Боиси ифтихори шаҳрвандони кишвар аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумули панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид. Зикр кардан бамаврид аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳар сол чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд. Имсол аз рӯзи қабуди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсия қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Ин талабот дар модаи 10-и Конститутсия низ қайд шудааст. Аз нигоҳи назария ва амалия, Конститутсия меъёри ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Дар
шад ва онро мақомоте, ки дар чаҳорчӯбаи меъёру муқаррарот таъсис ёфтаанд, наметавонанд тағйир диҳанд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он тибқи тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар намудааст, сурат мегирад. Тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар мувофиқа бо муқаррароти он фаъолият мекунанд. Ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва мӯҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунанда мебошад. Маҳз Сарқонуни Тоҷикистон эъмори давлати демократӣ ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудааст. Аз ин рӯ, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақвият бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир муқаррар намуд. Аз қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Бояд қайд кард, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Яке аз вазифаҳои ҳокимияти судӣ низ иҷрои меъёрҳои конститутсионӣ мебошад. Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон мебошад ва аз ин роҳ таъмини онро
шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”. Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколат аст. Дар боби дуюми моддаи 14 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва бо воситаи ҳокимияти судӣ менамоянд. Ин яке аз шартҳои инкишофи равандҳои демократияи сиёсӣ мебошад ва давлати демократӣ бе таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзи вуҷуд карда наметавонад”. Ҳамин тариқ, қайд кардан ба маврид аст, ки нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи рушди муносибатҳои ҳуқуқи ҷамъиятӣ бараъло мушоҳида гардида, зина ба зина дар устувор гаштани принсипҳои миллии давлатдории навини тоҷикон, яъне, дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос мегардад. Конститутсия ҷузъиёти беҳтарини афкори демократиро ба инобат гирифта, ба инкишофи демократия, махсусан, дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷиддӣ бахшидааст.
Бахтномаи миллат
Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзиши муқаддасоти таърихиву фарҳангӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Дар таърихи бисёрасраи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар Конститутсия эълон шуд, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар ин раванд аз чанд санае ёд овардан мумкин аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими мақомоти олии қонунгузорӣ нақши арзишманд ва сарнавиштсозе доштаанд. Баъд аз қабули Конститутси-
Р. ИСКАНДАРОВА, судяи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, подполковники адлия
e-mail: javonontj@mail.ru
Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон мебошад. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
7
БА ИФТИХОРИ 20-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОСТИТУТСИЯ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №4 (9326), 23 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
8
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Тоҷик ба иллати парешонии хеш аз империяҳои муқтадир имрӯз то ба дараҷаи давлати хурдакаке омада расидааст. Вале агар ҳоло ҳам илоҷи парешонии худро наёбем, ояндаи ҳамин давлатамонро низ зери суол мебарем. Албатта, ниятро нек мегирем, албатта, умеди беҳбудӣ мекунем. Аммо дар ин дунёи бераҳму шафқат на танҳо ба даст овардани истиқлолият, балки нигоҳ доштани он низ кори фавқулодда мушкил аст, бахусус, дар минтақае, ки Тоҷикистони мо ҷойгир мебошад.
Страбон, Плутарх, Ксенофонт, муаллифони арманӣ Матвей Эдисский ва Моисей Хоренский (садаи 5), ҳамчунин муҳаққиқони асримиёнагии араб омадааст. Фарҳанги онҳо қадимтар аз фарҳанги шумерҳост, ки дар Песопотамия 4500 - 4000 сол пеш аз милод зиндагӣ мекарданд. Курдҳо ҳазорсолаҳо давлатҳои мустақилу анъанаҳои давлатдорӣ доштанд. Вале мавқеи муҳими ҷуғрофӣ ва стратегии қаламравашон аз қадим таваҷҷуҳи давлатҳои ҳамсояро ҷалб менамуд ва нияти тасарруфи он оромашон намегузошт. Ниҳоят, дар асри 6-и пеш аз милод ин сарзамин аз сӯи империяи Ҳахоманишиҳо ишғол гашт
Сарфи назар аз мухталифии афкори сиёсӣ ва фарқи зиёд дар сатҳи зиндагиву вазни иҷтимоӣ, моро бояд як чиз муттаҳид намояд - масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану ваҳдати миллат. Бояд ҳамеша дар ёд дошт - барои мо вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест. Агар, Худо нокарда, истиқлолияти давлатамонро аз даст диҳем, дигар аҳамияте надорад: кӣ гунаҳгор буд, чӣ сабаб шуд, марг аз куҷо омад... Муғулистоне, ки дар асрҳои 13 - 14 нисфи ҷаҳонро истило карда буд, дар қарни 17 истиқлолияти давлатии худро аз даст дод ва то садаи 20 зери зулми манҷуриҳо (чиниҳо) қарор гирифт. Тибет, ки дар миёнаҳои садаи 20 аз давлатдорӣ маҳрум гашт, дигар Худо медонад аз Чин истиқлолият ба даст орад. Зеро аз се ду ҳиссаи ҳудуди Тибет байни музофотҳои чинӣ тақсим шудааст ва танҳо дар сеяки боқимонда ноҳияи худмухтор таъсис додаанд, ки он ҷо ҳам пур аз чинист, ҳама кор ба чинист ва ҳама чӣ дар дасти чинист. Дилпурӣ ба он, ки халқ намиранда аст, соддагие беш нест. Таърихи башар пур аз бераҳмиҳост ва бисёр халқҳои мустақилу якпорча ҳам аз саҳни он берун шудаанд. Дар дунё ду ҳазору панҷсад миллату халқият мавҷуд будааст. Аммо миқдори давлатҳои мустақил ҳамагӣ дар ҳудуди дусад адад аст. Вақте гап аз хусуси миллатҳои бедавлат равад, мо маъмулан курдҳо ва уйғурҳоро мисол меорем, ки табиист. Онҳо аз нигоҳи ҷуғрофӣ ба Тоҷикистони мо наздик ҳастанд. Аммо, фикр мекунам, на ҳамаи ҷавонҳои тоҷик аз таърихи давлатдориву бедавлатии онҳо иттилои мушаххас доранд. Ба ин далел зарур медонам, дар ин бора, ки хеле омӯзанда аст, як каме муфассалтар суҳбат кунам. Қаламрави курдҳо, ё худ Курдистон, дар Осиёи Ғарбӣ дар ҳудуди имрӯзаи Туркия, Эрон, Ироқ ва Сурия ҷойгир аст. Беш аз 500 ҳазор километри мураббаъ (севуним баробари Тоҷикистон) масоҳат дорад. Саршумори курдҳоро беш аз 40 миллион нафар (ҳафт баробари аҳолии Тоҷикистон) тахмин мекунанд. Тамаддун дар Осиёи Ғарбӣ маҳз ба шарофати аҷдоди курдҳо пайдо шудааст. Аз ин хусус дар осори муаллифони номдори Юнону Рими қадим - Ҳеродот, Птоломей,
ва дар пайи он давлати курдҳо - Мод (Мидия) суқут кард ва то имрӯз 2600 соли лабрези муборизаҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, дигар онҳо натавонистанд давлати ягонаи умумимиллӣ таъсис бидиҳанд. Ватани онҳо ба саҳнаи ҷангҳои беохири аҷнабиён табдил шуд. Курдҳо то ҳазораи якуми милодӣ дар ҳайъати давлати Ҳахоманишиён монданд. Баъд ба дасти Сосониён гузаштанд. Асрҳои 4-5 курдҳо дар тасарруфи давлати Рум қарор доштанд. Дар асри 6 бошад, ҳудуди курдҳоро қайситҳо (арабҳо) ишғол карданд. Ва ҳамин хел рафту рафту рафт. Пас аз ҳазор соли истилои арабҳо қаламрави курдҳо байни Эрон ва Империяи усмонӣ тақсим шуд - қисмати ҷануб ба эрониҳо расиду шимол - ба усмониҳо. Ва ин тақсимот то садаи 20 бетағйир монд. Соли 1923 бошад, сарзамини курдҳо чор тақсим гашт - байни Туркия, Эрон, Ироқ ва Сурия. Аҳволи курдҳо бахусус дар ҷумҳурии тозатаъсиси Туркия (боқимонда ва меросбари Империяи усмонӣ баъди Ҷанги ҷаҳонии якум) тоқатфарсо шуд - ин ҷо забону анъанаҳои курдӣ, вожаҳои «курд»-у «Курдистон»-ро расман мамнуъ эълон карданд. Курдҳоро «туркҳои куҳистонӣ» ном ниҳоданд. Таҳсил - сирфан ба забони туркӣ. Соли 1928 муҳоҷирсозии оммавии маҷбурии курдҳо ба ноҳияҳои туркнишин оғоз ёфт. Эътирозҳоро бераҳмона пахш карданд тақрибан 1 миллион курд ҷони худро аз даст дод ва ҳамин қадар бадарға шуд. Аз Туркияву Эрону Ироқу Сурия миллионҳо курд ба кишварҳои дигари ҷаҳон гуреза ё муҳоҷир шуданд. Мутобиқи маълумоти Шурои Аврупо, алҳол дар Олмон 800 000, Фаронса 150 000, Шведсия 100 000, Нидерландия 70 000, Австрия 50 000, Юнон 25 000... курд умр ба сар мебаранд. Онҳо ҳамчунин дар ИМА (20 000), Канада (6 000), Исроил (130 000), Лубнон (80 000) ва дигар кишварҳо муқимӣ гаштанд. Дар ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравии пешин (Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркманистон, Қазоқистон) бошад, саршумори курдҳо дар маҷмуъ тақрибан 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ва ин ҳама омори расмист, агар муҳоҷирони ғайри легалиро ҳисоб кунем, ин теъдод меафзояду меафзояд. Курдҳо аз соли 1974 дар Белгия давлати Курдистон дар табъйид доранд. Онҳо
имрӯз медиа-ҳолдингҳои бузург, бисёр шабакаҳои моҳвораии телевизионӣ доранд: РожТВ, ММС, НаврӯзТВ, КомалаТВ, КурдистонТВ, КурдСАТ, Гали Курдистон, ЗагросТВ, ТишкТВ, Курд-1, СтеркТВ, НучаТВ… Таблиғоти густурда роҳандозӣ кардаанд. Дар ҳама ҷо талошу ҷонбозиҳо доранд. Бо вуҷуди ин ҳама, таъсиси давлати мустақили курдҳо ҳамчунон мушкили мушкилҳо боқӣ мондааст. Абарқудратҳои ҷаҳон ба хотири манофеи иқтисодӣ ва стратегии худ алҳол сиёсати саркӯбкунии курдҳоро нодида мегиранд. Аз сӯи дигар, курдҳо дар давоми ҳазорсолаҳо ба иллати ғуломиву афсурдагиву муҳоҷиратҳо забону дину мазҳабҳои
АЗ ИДОРА: Ин матлаб соли 1999 навишта шудааст. Варианти мухтасари он ҳамон сол ва бо ҳамин сарлавҳа дар «Ҷавонони Тоҷикистон» ба табъ расида, ҳамовозии зиёд пайдо карда буд. Азбаски ин мавзӯъ ва ин матлаб имрӯз ҳам мубрам аст, қарор кардем варианти муфассали онро пешкаши хонандаҳои гиромӣ гардонем.
давлати коммунистӣ шуд ва бо Иттиҳоди Шуравӣ шартномаи дӯстиву ҳамкорӣ баст. Роҳбарияти шуравӣ якбора тағйири мавқеъ намуда, даргирии уйғурҳову ханҳоро масъалаи дохилии Чин унвон кард, рӯирост гӯем онҳоро қурбонии сиёсати худ кард. Ва соли 1949 бо қарори Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Чин ҷузъутомҳои Артиши халқии озодибахши мамлакат бо 250 ҳазор сарбоз ба Синзян (Туркистони Шарқӣ) сафарбар шуд. Охирҳои соли 1955 сарзамини уйғурҳо расман ба ноҳияи мухтор табдил ёфт. Миллионҳо хан бо имтиёзҳо ва барои зиндагии доимӣ ба «замини нав» кӯч бастанд. Дигар таъсиси Уйғуристони озод ба орзуи ғайри амалӣ мубаддал гашт. Мешавад гуфт, иллати аслии бедавлат гаштани курдҳову уйғурҳо заиф шудани ҳамбастагӣ ва аз даст рафтани ваҳдати миллии онҳост. Оре, қудрати миллат дар ваҳдати ӯст, на дар саршумораш. Дар ваҳдат хурдтарин ҳам месабзад, дар парокандагӣ бузургтарин ҳам фано меёбад. Зимнан, сабаби идомаи дурударози ҷанг
Чаро ваҳдат ин эссе
мухталифи истилогарон ё давлатҳои зисти худро маҷбурӣ ё ихтиёрӣ пазируфтаанд ва ин гуногунзабониву гуногундиниву гуногунмазҳабӣ раванди муттаҳидшавии умумимиллӣ ва сиёсии ин миллати мазлумро барои муддати номаълум коҳиш додааст, ҳатто, мешавад гуфт, боздоштааст. Уйғурҳо ҳам яке аз халқҳои муқимӣ ва қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таърихи ҷолибу фарҳанги ба худ хос доранд. Қаламрави уйғурҳо имрӯз дар шимолғарби ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин воқеъ буда , Ноҳияи мухтори Синзян - Уйғур ном дорад. Яке аз панҷ ноҳияи мухтори ақалиятҳои миллии ин давлат маҳсуб меёбад. Марказаш - шаҳри Урумчӣ. Масоҳаташ 1 миллиону 665 ҳазор километри мураббаъ (қариб дувоздаҳ баробари Тоҷикистон) буда, шашяки ҳудуди Чинро ташкил медиҳад. Бо ҳашт давлат ҳамсарҳад мебошад. Ҷамъияташ 19 миллиону 250 ҳазор нафар (беш аз се баробари мо) аст, вале аксариятро хан (чинӣ)- ҳои муҳоҷир ташкил медиҳад. Садҳо ҳазор уйғур тарки ватан кардаанд. Уйғурҳо дар тули таърихи хеш якчанд давлат доштанд. Давлати дарозумртаринашон – Қочо баъди 500 соли мавҷудият, дар садаи 14 бар асари тохтутози муғулҳо якчанд пора шуд. Тафриқа ягонагии миллии онҳоро заиф сохт. Муборизаҳои бемаънии мазҳабӣ миёни «сафедкуҳиён»-у «сиёҳкуҳиён» (ду шохаи ислом дар Туркистони Шарқӣ) бошад, барои тасарруфи онҳо аз сӯи душманони берунӣ шароити мувофиқ муҳайё сохт. Ва миёнаҳои садаи 18 сулолаи Син (чиниҳо) қаламрави уйғурҳоро пурра забт ва ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Онро Синзян номид, ки ин вожа ба тоҷикӣ ҳудуди нав ё замини нав тарҷума мешавад. Уйғурҳо баъд барои барқарор кардани давлату давлатдории миллӣ зиёд мубориза карданд. Ба ҳисоби муҳақиқон, онҳо дар давоми садаҳои 18 - 20 беш аз 400 бор кӯшиш ба харҷ доданд. Вале аз панҷаи қавии чинӣ раҳо гаштан муяссар нашуд, ки нашуд. Соли 1944 уйғурҳо бо дастгирии ҳаматарафаи Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳудуди се округи Синзян давлате бо номи Ҷумҳурии Туркистони Шарқӣ таъсис доданд. Ва муборизаи густурда барои озод кардани қисматҳои дигар муваффақона идома дошт. Аммо баъди ҷанги ҷаҳонии дувум Чин
дар Афғонистон ҳам маҳз набудани ваҳдати миллист. Дар кишвари ҳамсояи мо ҳизбу ҳаракатҳои зиёде бо вожаи «миллӣ» мавҷуд аст, ба монанди Ҳизби ҳамбастагии миллии Афғонистон, Ҷунбиши миллии Афғонистон, Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, Конгресси миллии Афғонистон, Ҷабҳаи миллӣ - демократии Афғонистон, Ҳизби якдилии миллии ҷавонони Афғонистон, Ҷабҳаи миллии озодибахши Афғонистон, Ҷунбиши якдилии миллии Афғонистон, вале ваҳдати сартосарии миллӣ нест. Бисёр давлатҳои ҷаҳон шиори расмии миллӣ доранд ва дар шиори миллии бисёре аз онҳо вожаи калидии ваҳдат ифодагари мароми онҳост: «Ваҳдат ва озодӣ», «Ваҳдат. Баробарӣ. Сулҳ», «Неру дар ваҳдат аст», «Ваҳдат. Заҳмат. Пешравӣ»… Иттиҳоди Аврупо низ ормони хешро маҳз ба ҳамин вожа инъикос кардааст - «Ваҳдат дар гуногунист». Агар Тоҷикистон ҳам шиори миллӣ медошт, дар он ин калимаи умедбахшу рӯҳнавоз, бидуни шубҳа, мавқеи марказиро ишғол мекард, чунончи: «Наҷоти мо дар ваҳдати мост». Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 300 халқ даъвои таъсиси давлати соҳибистиқлоли худро дорад. Қобили зикр аст, ки гурӯҳе аз онҳо соли 1991 СММ-и худро (Созмони Милали Муаррифинашуда) таъсис дода буд. Дар ҳайъати муассисон намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ: арманиҳо, тоторҳо, тоторҳои Қрим, латвониҳо, эстониҳо ва гурҷиҳо ҳам буданд . Алҳол 69 миллат (бо 150 миллион аҳолӣ) узви ин созмон аст. Милатҳое, ки барои истиқлолият мубориза доранд, на танҳо дар Осиёву Африқо, балки дар Аврупои Ғарбиву Амрикои Шимолӣ ҳам ҳастанд. Чунончӣ, ирландиҳо ва шотландиҳо дар Британияи Кабир, корсикоиҳо ва баскҳо дар Фаронса, баскҳо ва каталониҳо дар Испания, испанизабонҳо ва Аляска дар ИМА. Дар давоми 15 соли баъди таъсиси Созмони Милали Муаррифинашуда шаш муассиси он: Гурҷистон, Арманистон, Эстония, Латвия, Тимори Шарқӣ ва Палау соҳиби давлати мустақил шуд. Дар аксари мамлакатҳои «ҷаҳони сеюм» баъди ба даст овардани истиқлолият муборизаҳои хунин барои ҳокимияти кишвар сурат гирифта, ба даргириҳои дурударози қавмӣ ё дохилиқавмӣ табдил ёфтааст. Ва қурбониҳо барои ҳокимият дар қиёс
аксари кулли ҷамъияти ин кишвар, ягона миллати давлатсози ин мамлакат ҳастем ва аслан ҳақ надорем миллату давлати худро дӯст надорем, ба қадрашон нарасем, ба тақдирашон бетафовут бошем. Ин манкурт аст, ки Ватани худро дӯст намедорад. Таърихи ҳақиқӣ, ё худ навини мо, акнун оғоз меёбад. Акнун равшан мешавад, ки мо то кадом андоза миллатем, комилем, соҳиби сарзамину дастовардҳои падару бобоҳои хешем. Бар изофа, дӯстдории Ватан аз гӯшаи имон аст. Ҳар касе Ватанро дӯст медорад, ҳамеша Ватанро ба ҳамроҳ дорад, ҳамеша тасвири он маҳсуб меёбад, ҳамеша рисолати бузурги эҳёи Ватанро дар симои худ дарк мекунад, ҳамеша барои ба шонаҳои худ гузоштани масъулияти қисмати Ватан омода аст. Солҳои охир теъдоде аз ҳамдиёрони мо шаҳрвандии дигар давлатҳоро дарёфт карда истодаанд. Албатта, чунин муносибат нисбат ба Ватани азизамон номатлубу нохушоянд аст, вале фоҷиа нест. Муҳим он аст, ки фарзандони тоҷик дар ҳама гуна давлати сукунат ва дар ҳама гуна шаро-
минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ гашт, зиддияти байни маҳалҳоро ба вуҷуд овард. Масалан, то истиқлолият фарқи рушди иқтисодии шимолу ҷануби Тоҷикистон, шарқу ғарби Укроин, шимолу ҷануби Қирғизистон осмону замин буд. Муносибатҳои кланӣ чун бозмондаи худвижаи ҳукуматҳои худкома алҳол садди асосӣ дар роҳи бунёди давлатҳои демократӣ дар Иттиҳоди Шуравии собиқ ба шумор мераванд. Муносибатҳои кланӣ оянда надоранд, онҳо ба зуболадони таърих андохта хоҳанд шуд, онгуна ки муносибатҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ. Вазифаи мо наздиктар овардани он рӯзу соат аст. Мо бояд ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рушди баробар бахшем, дар таъйини кадрҳои роҳбарикунандаи ҳамаи сатҳҳо манофеи миллиро пайгирӣ намоем, ба омезиши оммавии тоҷикони минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат намоем, то ҳарчи зудтар «эпидемия»-и маҳалгароиро аз сарзаминамон дур созем. Чӣ душворӣ дошт барои давлате чун
ҳастем, дастёбӣ ба ваҳдати комили миллӣ чандон душвор нест. Дар ИМА - давлати сермиллаттарини ҷаҳон намояндагони садҳо халқу халқият зиндагӣ доранд. Онҳо ба якдигар чунон омезиш ёфтаанд, ки забону псигологияашон воҳид шудааст ва дигар пушти гузаштагони худ намегарданд - ҳама худро боифтихор амрикоӣ ном мебаранд. Ин ҳама аз ваҳдати сартосарии онҳо бозгӯст. Чунин манзара дар Бразилия, Австралия, Малайзия, Сингапур ва боз чанд давлати дигар ҳам мушоҳида мешавад. Як навъи, албатта, соддатари пайвандро дар ноҳияи Ҷиргатоли худамон ҳам дидан мумкин аст. Дар ин гӯшаи Тоҷикистон тоҷикону қирғизҳо ба якдигар омезиш ёфта яке шудаанд. Муносибатҳои хешутаборӣ миёни онҳо, ки таърихи тулонӣ дорад, имрӯз як чизи табиӣ ва ногузир ба назар мерасад. Ин омезиш мардуми Ҷиргатолро хеле батамкин, ботаҳаммул, боҳавсала ва масъулиятнок кардааст. Ҳар кас, ки миёни онҳо ҷудоӣ ё низоъ андохтан хоҳад, на танҳо ноком, балки шарманда мешавад. Ва ин ҷо пурсиши табиие пеш меояд: дар сурате, ки ду миллати гуногун, ду нажоди гуногун, ду мафкураи гуногунро ин гуна оммавӣ ва ба нафъи якдигар омезиш додан мумкин бошад, чаро ин таҷрабаро ба хотири ваҳдати комили миллӣ байни тоҷикони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ накунем? Чаро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ аз баҳри худвижагиҳои маҳаллӣ набароем? Охир, ваҳдати миллӣ муҳимтар аст. Он кафолати амнияти дохилии давлат мебошад. Рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демоктратии кишвар танҳо дар сурати нигаҳдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ имкон дорад. Таъмини ваҳдати миллӣ шарти муҳими таъсиси ҳамон давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоист, ки мо мехоҳем. Мамлакатҳое, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшидаанд, рушди устувор доранд ва қуллаҳои баланди иқтисодиро фатҳ мекунанд. Аммо Ваҳдати миллӣ ҳамчунин бе эҳтиром ба миллати худ имкон надорад. Мо бошем, ба таври куллӣ, ҳанӯз эҳтироми миллатро дуруст ба ҷо намеорем, аз шарафи он шоиста дифоъ карда наметавонем. Ин дар ҳолест, ки аз суи миллатҳои мутамаддин шарафи миллат баарзиштарин қисмати сармояи миллӣ шинохта шудааст. Мо - тоҷикон
ит бо ёди Ватан, ба хотири Ватан зиндагӣ намоянд, ба давлату миллати тоҷик содиқ бошанду хидмат кунанд, идеологияи давлатии он мамлакатҳоро ба сари ҳамватанони худ таҳмил накунанд. Ва боз ҳаргиз фаромӯш накунанд - мо ҳама як Ватан дорем, ки Тоҷикистон ном дорад ва барои мо мафҳумҳои мисли «ватани дувум» ё «ватани нав» қобили қабул нест. Зеро ояндаи Тоҷикистон ба эҳсоси ягонагии миллат ва масъулияти ҳар як тоҷик барои тақдири он вобаста аст. Наметавонам аз як проблемаи нангин, ки суръати афзояндаи ваҳдати миллиро дар кишвар коҳиш медиҳад, сарфи назар намоям. Ин проблема - бале! - маҳалгароист. Он дар натиҷаи сиёсати тафриқаандозонаи Кремл ва кутоҳандешии роҳбарияти даврони шуравии Тоҷикистон пайдо шуда, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар ҷараёни муборизаҳо барои гирифтани ҳокимият, хислати умумӣ гирифт. Чунонки зикр рафт, ки маҳалгароӣ ё худ муносибатҳои кланӣ баъди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пайдо нашудаанд ва онҳо ихтирои мо ҳам нестанд. Ҳанӯз дар аввалҳои садаи 20 дар Ӯзбекистон кланҳо аз рӯи умумияти ҳудудӣ шакл гирифта буданд: кланҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Андиҷон, Намангон, Қашқадарё. Баъд кланҳои Хоразму Сурхондарё ва дигар илова шуданд. Баъдтар эътилофи кланҳо эҷод шуд - самарқандиҳо бо бухороиҳову тошкандиҳо, фарғониҳо бо андиҷониҳову намангониҳо, сурхондарёиҳо бо қашқадарёиҳо иттиҳод бастанд. Сабаби чунин муносибат ин буд, ки ҳудудҳои онҳо то дар ҷумҳурии Ӯзбекистон муттаҳид шудан якчанд аср шомили давлатҳои гуногун - Аморати Бухоро, хонигариҳои Қуқанд ва Хива буданд. (Зимнан, минтақаҳои Тоҷикистон ҳам.) Дар Қазоқистон бошад, дигар намуди муносибатҳои кланӣ мавҷуданд: жузҳои калонӣ, миёна ва хурдӣ. Дар Қирғизистон - кланҳои шимол ва ҷануб. Дар Укроин - кланҳои шарқу ғарб. Дар Озарбойҷон кланҳо аз рӯи умумияти ҳудудӣ шакл гирифтаанд: кланҳои нахҷувониҳо, шушиҳо, ганҷавиҳо, маргиналиҳо ва ғайра. Дар Арманистон ҳам - аз рӯи маҳалҳо… Кремл дар аксар маворид махсус ба яке аз кланҳо такя мекард. Ва чунин сиёсат боиси рушди нобаробари иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии
Иттиҳоди Шуравӣ сохтани нақби Анзоб, ё роҳи оҳани байни Қурғонтеппаву Кӯлоб, ё роҳе аз Дашти Ҷум то Қалъаи Хумб? Вале насохтанд. Зеро намехостанд. Бояд моро ҷудо аз якдигар нигоҳ медоштанд. Акнун мо бояд он роҳҳоро созем, боз даҳҳо роҳи пайвандкунандаи дигар бисозем. Бе роҳҳои нав рафтуомад мушкил асту бе рафтуомад ваҳдати миллӣ ба сустӣ таҳким меёбад. Илова ба онҳо, бояд нақшаҳо ё худ харитаҳои Тоҷикистону минтақаро таҳия кунем, бо теъдоди зиёду сифати хуб нашр намоем, дар сартосари мамлакат паҳн созем. Мардум, бахусус ҷавонон, бинанд, ки чӣ қадар мамлакати хурдакак дорем, бинанд, ки дар иҳотаи чӣ гуна давлатҳоем, ҳамзамон роҳҳои ҳамкорӣ ва ҳатарҳои эҳтимолиро бинанд… Ва агар имкон даст диҳад, ҳар тоҷик бояд ба ҳамаи гӯшаҳои кишвар сафар намояд. Рафтуомад ба бисёр масоил рӯшанӣ меандозад ва, муҳимтар аз ҳама, чашми мардумро мекушояд. Тоҷике, ки як гӯшаи Тоҷикистонро надида бошад, фикр мекунам, як гӯшаи ҷаҳонбиниаш холӣ аст. Маҳз аз ҷаҳонбинии танг ва дониши нокифояи мост, ки дар ҷомиаи мо гоҳ - гоҳ ҳатто андешаҳои ҷудоихоҳӣ садо медиҳанд. Ман ҷонибдори қотеъи Тоҷикистони якпорча ҳастам. Ва, фикр мекунам, қонуне бояд қабул намоем, ки барои ибрози алании пешниҳод ё ақидаи ҷудоихоҳӣ ҷазо пешбинӣ намояд. Чунин андешаҳо ҳамчун даъват алайҳи сохти давлатдорӣ дониста шаванд. Мутмаинам, ки сокинони ҳамаи вилоятҳои кишвар, беистисно ва сарфи назар аз шеваи гуфтор, ҳама тоҷиканд. Мо ба бадхоҳони тоҷик ҷиҳати порасозии миллатамон набояд замина муҳайё созем. Набояд ин фармудаи Адолф Гитлерро, ки ба мо низ як навъ иртибот мегирад, фаромуш кунем: «Мо дар сурате Русияро маҳв месозем, ки укроинҳову беларусҳо бовар мекунанд, ки рус нестанд». Мо ояндаи худро бояд дар таҳкурсии мустаҳкам бунёд кунем. Ва чунин таҳкурсӣ, бидуни шубҳа, ватандӯстӣ аст. Бояд ватандӯстиро дар муқобили маҳалгароӣ бигузорем. Чунки ватанхоҳӣ аз беҳтарин ҳиссиётест, ки хоси инсонанд. Ватанхоҳӣ муҳимтарин ҷиҳати маданияти шахсиву ҷамъиятии инсон аст. Ватандӯстӣ фарз асту қарз аст. Ватандӯстӣ ҷавҳари ниҳонист, ки инсонро ба гузашта ва имрӯзи кишвараш мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад, сатҳи рафтори ӯро нис-
қадар зарур аст
бат ба Ватанаш баландтар мебардорад. Бе ватандӯстӣ на давлат асту на миллат. Дар гузаштаи наздик меҳанпарастиро аз бисёр ҷиҳат ба мавзуъоти ҳарбӣ - ватандӯстӣ маҳдуд мекарданд. Имрӯз зарур аст, ки бар иловаи он ба тарбияи умумишаҳрвандии ватандӯстӣ таваҷҷуҳ намоем. Солҳои охир шумораи торафт зиёди одамон даъвои ватанхоҳӣ доранд. Ин хуб аст, ки андешаи ватанҳоҳӣ ба дилу ақли ҳамдиёронамон, бахусус ҷавонон, ҷо гирифта истодааст. Вале ин ватанхоҳӣ бояд самимӣ ва дар амал бошад. Ватанхоҳие, ки танҳо дар сухан аст, фиребе ё худфиребие беш нест. Ҳазамон кам нестанд нафароне, ки ба иллати тангии ҷаҳонбинӣ ҳанӯз ҳам эҳсоси ватандӯстӣ надоранд. Вале мо набояд онҳоро ба ин далел мазаммат кунем. Мебояд ҳама кори имконпазирро ҷиҳати ватандӯст шудани чунин афрод анҷом диҳем. Аммо баъзе ҳамдиёронамон дидаву дониста мавқеи худхоҳона ишғол намудаанд - аввал Ватан маро дӯст дорад, баъд ман ҳам Ватанро дӯст медорам. Ин падидаи нав нест. Ин як навъи «савдо» бо Ватан аст, ки бозгӯ аз адами номуси ватандорист. Ҳанӯз дар миёнаҳои садаи гузашта президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Кеннеди (1917 1963) ба чунин «ватандӯстӣ» вокуниши шадиде нишон дода буд: «Напурс, ки Ватанат барои ту чӣ метавонад кунад, бипурс, ки ту барои Ватанат чӣ метавонӣ кард». Воқеан, ватандӯстии амрикоиҳо аз бисёр ҷиҳат омӯзанда аст. Эҳтироми амиқи рамзҳои Ватан - Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, дигар нишонаҳои давлативу мардумӣ ва муқаддасоти таърихии ИМА барои онҳо талаботи табиии шаҳрвандӣ ва бурузи меҳанпарастӣ маҳсуб меёбад. Мо дар филмҳои Ҳолливуд ҳам зиёд дидаем, ки дар ИМА нисбат ба рамзҳои давлатӣ самимона адои эҳтиром мекунанд. Амрикоиҳо чӣ қадар бо ифтихор «Парчами ман», «Нишони ман», «Президенти ман»… мегӯянд. Дар ин мамлакат рӯи боми хона, кӯдакистон, мактаб, осорхона, корхона… устувор кардани Парчами миллӣ, ба истилоҳ, вазифаи хонагӣ шинохта шудааст. Онҳо дар ягон ҳолат Ватани худро наҳ намезананд. Карл Шултс (1829 - 1906), генерал, сиёсатмадор ва публитсисти амрикоӣ, сабаби чунин рафтори наҷибро хеле бикр шарҳ додааст: «Ҳақ ҳаст ё нест, ин Ватани ман аст: агар ҳақ ҳаст, бояд ёрӣ кунам, ки ҳақ бимонад, ва-гар ҳақ нест, ёрӣ кунам, ки ҳақ шавад». Дар интиҳои матлаб боз ба ҷавонҳои хушбахти замони истиқлол рӯ меорам. Зеро барои фаҳмидани ояндаи ҳар халқ ба ҷавонони он назар меандозанд. Воқеан ҳам дар ҳама ҷойи ҷаҳон ҷавонҳо ояндаи давлату миллатанд. Ва ҷавонони тоҷик ҳаргиз истисно нестанд. Маҳз ба онҳо лозим меояд, ки аз наслҳои бузургтар эстафетаи душвори таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва давлату давлатдориро бипазиранд, бо донишу заҳматҳои созанда Тоҷикистонро ободтару озодтару нерумандтар гардонанд, то бо сари баланд ба натиҷаи кори худ ва дар маҷмуъ кори давлат нигоҳ карда тавонанд. Зимнан, ҷопониҳо ҳанӯз аз асрҳои миёна мекӯшидаанд ҳар як навраси худро тарзе тарбият кунанд, ки ба дониш, ҳунар, неру ва кордонии худ шубҳае надошта бошад, ба дили пур гуфта тавонад: «Ман беҳтарини Ҷопонам!». Чаро дар ин масъала ба онҳо пайравӣ накунем? Бовар кунед, хеле хуш садо медиҳад : «Ман беҳтарини Тоҷикистонам!». Нишондиҳандаи аслии тамаддун низ сатҳи дороӣ, калонии шаҳрҳо ва фаровонии ҳосилҳо нест, балки чеҳра ва сиришти инсонест, ки мамлакат парвариш мекунад. Мо ба Тоҷикистон истиқлол бахшидем, акнун бояд ба тоҷик истиқлол бахшем. Камоли ҚУРБОНИЁН, рӯзноманигор
e-mail: javonontj@mail.ru
ба қурбониҳо барои истиқлолият даҳҳо баробар бештар будааст. Мутаассифона, Тоҷикистони тозаистиқлоли мо ҳам аз роҳи онҳо гузашт. Хайрият, ки ғаризаи ҳифозат аз худ (истинкт самосохранения) моро аз идома додани бародаркуш боздошт. Ва, умед мекунем, ҳамин ғариза дар ин дунёи пурфоҷиа моро маҷбур месозад ба ваҳдат биёем. Албатта, ваҳдати миллати тоҷик мушкилоти хоси худро дорад. Вале чунин проблема танҳо дар сари мо нест. Дар Ҳиндустон беш аз 1 миллиард одам (95 миллион биҳорӣ, 80 миллион банголӣ, 72 миллион телугу, 65 миллион маратҳӣ, 45 миллион гуҷарат, 35 миллион каннара, 35 миллион малаял, 32 миллион ория, 22 миллион панҷобӣ ва боз садҳо миллион нафар аз миллиятҳои дигари маскуни ин сарзамин бо 240 миллион ҳинду) муттаҳид шуда истодааст. Дар Қазоқистон намояндагони 140 қавму 40 мазҳаб ваҳдати миллӣ эҷод доранд. Дар қиёс ба онҳо, фикр мекунам, ба мо, ки аксари кулламон намояндагони як миллату як дину як мазҳаб
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
9
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
10
МУҲОҶИРАТ
Муҳоҷирон муаррифгари фарҳанг бошанд Баъди соҳибистиқлолӣ дар кишвар мушкилоти зиёде ба миён омад, ки масъалаи иқтисодӣ аз он ҷумла буд. Ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат қисми зиёди корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд, ки боиси бе ҷои кор мондани қисми бештари аҳолии кишвар гардид. Маҳз ҳамон вақт иқтисоди давлат заиф ва зиндагии мардум рӯ ба душворӣ ниҳод. Мардум ба кишварҳои дигар барои дарёфти рӯзӣ раҳсипор шуданд. Дар шароити муосир муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми дунё ба назар мерасад. Ин масъалаест, ки фарогири мамолики зиёди кӯраи замин буда, ҳамзамон, барои бештари кишварҳо проблемаи аввалиндараҷа аст. Аз нигоштаҳои матбуот бармеояд, ки дар шароити феълӣ мавҷудияти раванди муҳоҷирати
меҳнатӣ мустақилияти моро зери суол мебарад. Яъне, то замоне ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷараён дорад, мо вобастагии иқтисодӣ дорем ва наметавонем аз мустақилияти комил ҳарф занем. Воқеан, яке аз сабабҳои асосии муҳоҷират фаъол набудани корхонаҳои саноатӣ дар кишвар аст. Фаъолнокии корхонаҳо шояд сафи муҳоҷирони меҳнатиро кам мекард. Муҳоҷирати бештари мардону занон боиси аз таълиму тарбия дур мондани фарзандон мегардад. Тавре ишора шуд, тарҳ ва баррасии проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар сархати матбуоти кишварҳои ИДМ қарор дорад ва дар ин бахш матбуоти тоҷик низ фаъол аст. Дар матбуоти мо масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро ба қатори проблемаҳои рӯзмарра дохил кардаанд. Марказҳое вуҷуд доранд, ки ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро ба уҳда доранд ва нисбат тақдири онҳо бетараф нестанд. Абуфазл Солиев, муовини раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Астрахани Русия дар рӯзномаи «Минбари халқ» навиштаааст: «Ба назар чунин мерасад, ки масъалаи муҳоҷират гӯё танҳо «мол»-и мардуми тоҷик ва ё
миллату халқҳои Осиёи Марказист. Ҳадди ақал ин ақидаро баъзе расонаҳои хабарӣ ҳамин гуна ҷилва медиҳанд. Дар асл кишварҳои зиёде ҳастанд, ки сокинонашон бо сабабҳои гуногун ба муҳоҷирати корӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ мераванд. Дар ҳоли ҳозир 200 миллион мардум дар ин ё он кишвар мақоми муҳоҷирати корӣ доранд. Ҳатто ҳамон кишварҳои сарватманду абарқудрати Амрико, Хитой, Русия, Туркия, Эрон ва ғайра ба муҳоҷирати корӣ рӯ
ба рӯ ҳастанд». Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки сатҳи зиндагии муҳоҷирон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳ гардидааст. Лек солҳои охир ҳассосияти махсус пайдо кардани масъалаи муносибати байни халқу миллатҳо дар хориҷи кишвар ба назар мерасад. Барои роҳ надодани нофаҳмиҳо беҳтар мебуд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар барои дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра дар муассисаҳои таълимӣ
диққати ҷиддӣ зоҳир мекард. Муҳоҷират ҳамеша идеяҳои нав, тафаккури нав ва имкониятҳои навро ба вуҷуд меорад. Захираҳои меҳнатии мо ҳақиқатан ҳам дар Федератсияи Русия барои барқарорсозии иқтисодиёт, устувории пули миллӣ, воридоти асъори хориҷӣ ва беҳдошти шароити оилаи худ нақши муҳим доранд. Аммо солҳои охир занон низ ба муҳоҷират рӯ овардаанд. Ба андешаи ман зани тоҷик, пеш аз ҳама, бояд чун кадбонуи хона фарзандони худро дар роҳи суннатҳои миллӣ тарбия намояд. Фарзандони дур аз падару модар бе меҳр ба воя мерасанд. Аз рӯи иттилои сарчашмаҳо дар 20 соли охир муҳоҷирони мо хеле тағйир ёфтаанд. Умед аст, дар оянда муҳоҷирони тоҷик дар дигар давлатҳо на фақат ҳамчун устои ҳамаи ҳунарҳо, ҳамчунин, муаррифкунандаи фарҳанги баланди тоҷикон истиқбол гарданд. Барои ин лозим аст, ҳар тоҷики дар муҳоҷират буда, баробари дарёфти маблағ кӯшиш кунад, то фарҳанги баланди тоҷиконаашро ба оламиён нишон диҳад.
Қурбони АҲМАДЗОД, донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДМТ
ШАҲРДОРӢ
Кормандони КДВМК танҳо дар пулҷамъкунӣ масъулият доранд
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар кӯчаву паскӯчаҳои пойтахт партов ба ҷои кам шудан зиёд шудан дорад. Маҳз барои ҳамин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо омадани фасли гармо аз мақомоти пойтахт талаб кардааст назорати вазъи санитарию экологиро тақвият бахшанд. Бар асоси иттилои сухангӯи шаҳрдорӣ, раиси шаҳр ҳангоми ҷаласаи корӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба раисони навоҳии пойтахт супориш додааст, ки берун баровардани партовҳоро зери назорати қатъӣ бигиранд. Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе махсусан таъкид кардааст, нақлиёте, ки партовро беруни шаҳр мебаранд, пеш аз дигарбора ворид шудан ба шаҳр мавриди коркарди санитарӣ қарор дода шаванд. М. Убайдуллоев аз сокинони пойтахт даъват кардааст, дар сурати мушоҳидаи камбудиҳо дар умури партовгоҳҳо бетарафӣ зоҳир накарда, аз тариқи сомонаи “mometavonem.tj” хабар диҳанд, то масъулиятшиносии роҳбарон
бештар гардад. Аз супориши раиси шаҳр чанд рӯз сипарӣ шуд, аммо партовҳоро ҳамоно дар кӯчаву паскӯчаҳо мерезанд. Як зани 30-сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи 32-и пойтахт аз масъулин норозӣ буда, иброз дошт, ки «кормандони Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ танҳо дар вақти ҷамъ кардани маблағи партов «масъулият» нишон медиҳанд. Пули партовро дар вақт вақташ ҷамъ мекунанд, аммо барои онро аз партовгоҳҳо бурдан масъулият нишон намедиҳанд. Партов дар қуттиҳо аз меъёр зиёд мешавад ва мерезад, ки ҳавои шаҳрро вайрон мекунаду ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ПАРТОВГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРӢ
оварда мерасонад». Шабнам Қурбонова, сокини дигари ин маҳалла ба зиёд шудани партов дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҳам шаҳрвандон ва ҳам роҳбарони маҳаллаҳоро айбдор мекунад. «Ҳангоми гузаштан аз кӯчаҳои шаҳр дили кас беҳузур мешавад. Дар бархе аз хиёбонҳо партовҳо бӯй гирифтаанд. Ҳол он ки қуттиҳои махсус гузошта шудааст. Вале шаҳрвандон партовҳои худро дар ҷӯйбору пушти хона ё атрофи қуттиҳои партовгоҳ мепартоянд, ки ба шаъни сокини пойтахт намезебад. Роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ ними шаб - соатҳои 10-11 дари моро мекӯбанд ва «пули му-
сор» талаб мекунанд, ки аз рӯи одоб нест. Дар танзими партовгоҳҳо ягон беҳбудӣ дида намешавад». Ин ҳолатро ҳатто кӯдакон ҳам ҳис мекунанд. Ҳар саҳар додарчаамро ба боғча мебарам ва азбаски роҳи боғча аз пеши партовгоҳ мегузарад, ҳангоми наздик шудан мегӯяд, “аппаҷон биниатона қапед, ҳозир боз бӯйи «мусор» сар мешавад”. Худаш низ биниашро меқападу аз назди партов мегузарем. Болотар аз партовгоҳ як каналча воқеъ аст, ки дарунаш пури бақлашка аст. Ҳангоми зиёд шудани оби он бақлашкаҳо роҳи обгузарро мегиранд ва об ба тарафи партовгоҳ омада, роҳи пиёдагардро маҳкам мекунад. Аммо то кай мо бинӣ қапида мегузарем? Куҷост масъулиятшиносии роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ? Дар ҳоле ки як кӯдаки сесола ин бӯйи ғализро ҳис карда бинӣ меқапад?
Арзандаи ЗАНҶИРБЕК, донишҷӯи соли чоруми ДМТ
Боздошти яке аз қочоқбарони маводи мухаддир, ки 21 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ анҷом ёфт, аз ҷониби ҳамдастонаш барои муқовимати мусаллаҳона алайҳи қонун ва таҳрики бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Хоруғ истифода гардид. Оқибати амали ғайриқунунӣ истифодаи яроқи оташфишон ва ба ҳалокат расидани яке аз шарикони шахси дар ҷиноят гумонбаршуда буд. Сипас, ҳодисаҳо тибқи сенарияи барои Хоруғ анъанавӣ ҷараён гирифтанд. «Пешвоёни ғайриқонунӣ» аҳолии шаҳрро даъват намуданд, ки бо нишони эътироз ба кӯча бароянд. Натиҷаи бетартибиҳо ҳамла ба биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохила, прокуратура ва амнияти миллӣ, ба ҳалокат расидану захмдор шудани кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокчиёни бетартибиҳо, ба коми оташ кашида шудани иншооти маъмурӣ ва чанд автомашина буд. Агар сарчашмаҳои ин мухолифат ва даргириҳои чанд соли охир дар шаҳри Хоруғ суратгирифтаро, ки аз рӯи масоҳат ҳамагӣ 13% қаламрави ВМКБ-ро фаро мегиранд, муқоиса намоем, онҳо амалан якнавохт буда, ҳамеша аснои аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудани афроди қонуншикан оғоз шудаанд. Ҳатто коршиносони хориҷӣ ҳам, моҳияти ҳодисаҳои мазкурро ҳамчун муборизаи роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ барои нигоҳ доштани роҳҳои ташкилкардаи кочоқи сангҳои қиматбаҳо, маводи мухаддир, тамоку ва ғайра маънидод мекунанд. Масалан, тибқи ақидаи Аркадий Дубнов, коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бенизомиҳои шаҳри Хоруғ ҷузъи мухолифатҳои дуру дарози ҳокимияти марказӣ ва он қисмати аҳолӣ мебошад, ки ба тиҷорати ҷиноӣ машғул аст. Андеша сари он меравад, ки таҳдиди маводи мухаддир дар Помир тамоюл ба густариш дорад. Ҳама гуна кӯшишҳои амалии сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар самти таҳкими бунёдии сарҳади давлатӣ, ки қисмате аз сиёсати меҳанпарастии мо мебошад, ба қочоқчиёни маводи мухаддир, ки нақши қисми нафратзадаи ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ мебозанд, хуш наомадааст. Аз рӯи гуфтаи куҳансолони маҳаллӣ, соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои қудратӣ самаранок арзёбӣ мешавад. Дар натиҷаи коркарди мақсаднок, қочоқбари шинохтаи маводи мухаддир Бозоров Темурбек Наврӯзбекович боздошт гардида, бо моддаи 200 КҶ ҶТ ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Барои онҳое, ки огаҳӣ надоранд, хотирнишон месозем, ки ин пешвотароши ҷавонони маҳаллӣ 300 нафар ҷавонро мубталои дарди истеъмоли героин кардааст. Дар натиҷа, аксарияти онҳо аз истеъмоли «доза»-и зиёдатӣ фавтидаанд. Худаш хонаашро дар деҳаи Поршнев ба фурӯшгоҳи маводи мухаддир ва маркази махсуси таъмини алафҳои заҳролуди нашъадор табдил дода буд. Тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо дар соли 2013 дар қаламрави ВМКБ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз ним тонна маводи мухаддир мусодира гардида, зиёда аз 20 канали интиқоли ин вабои аср дар миқёси
вилоят ошкор ва барҳам дода шуданд. Аз оғози соли 2014 7 роҳи интиқоли маводи мухаддир аз ҶИА пешгирӣ шуда, 70 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 10 киллои онро героин ташкил медиҳад. Бинобар ин, мантиқист, ки заминаҳои аслии рӯйдодҳои Хоруғ, ки асосан иқдомоти мусбати Ҳукумат оид ба эҷоди садди қавӣ миёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ду соҳили дарёи Панҷ ва монеъагузорӣ байни муомилоти героинии онҳо гардидаанд, аз ҷониби онҳо рӯйпӯш карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, қайд кардан зарур аст, ки танҳо
мекарданд, арзи ҳастӣ доштанд”. Ҳусни таваҷҷуҳи ҳамшаҳриёнаи рафиқ Шабдоловро ба виҷдони коммунистиаш ҳавола мекунем, зеро шояд ин ҳис дар пояи мушкили ошноёни мушаххаси ӯ бо қонун пайдо шуда бошад. Вале Шодӣ Шабдолов ҳаргиз ҳаққи онро надорад, ки мавқеи сиёсии роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон расман амалкунандаро, бо такя ба эҳсосоти шахсии худ тафсир намояд. Барои инсоне, ки собиқаи сиёсиаш аз чанд даҳсола иборат аст, ин амал нобахшиданист. Вале, шояд гузаш-
здики 2,5 ҳазорро ташкил медод. Имрӯз бошад, он ба 9 ҳазор расидааст, аз ҷумла, 8 ҳазору 300 адади он мошинҳои сабукрави шахсӣ мебошанд. Дар соҳаи маориф низ тағйирот дида мешаванд. Масалан, солҳои истиқлолият дар қаламрави вилоят зиёда аз 110 мактаб сохта шудааст, 22 ҳазор донишҷӯ дар мактабҳои олии кишвар таҳсили илм намудаанд. Бар илова, танҳо дар 10 соли охир барои таҳсил дар мактабҳои олии хориҷӣ, аз ҳисоби давлат 532 донишҷӯ аз ҷумлаи сокинони вилоят фиристода шудаанд. Ҳар сол
Кӯтоҳандешии сиёсии Шабдолов
Ҷавоб ба роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гурӯҳи маҳдуди одамон бо тиҷорати ҷиноӣ алоқаманданд. Гурӯҳи кӯчаки “пешвоёни ғайрирасмӣ” кӯшиш доранд бо кадом роҳе набошад, манбаъҳои даромади ҷиноии худро аз таъсири қонун эмин дошта, фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро фалаҷ гардонанд. Мутаассифона, алоҳида намояндагони доираи маъруфи маҳаллӣ кирдори омилони ҷиноятпешаро зери ғояҳои ҳамшаҳрипарастона, ваҳдату ҳамдилӣ ва пуштибонии сокинони зодгоҳи худ пинҳон карданӣ мешаванд. Ба ин васила, бозии ошкоро бо мақсади фиреби аҳолӣ ва таъмини муътадили тиҷорати ҷиноӣ амалӣ карда мешавад, ки ҳиссаи бузурги даромади он ба ҷайби ашхоси алоҳида ворид мегардад. Дар ин росто, ҳодисаҳое, ки дар Хоруғ ба вуқӯъ пайвастанд, бо ягон сиёсат ва решаи иҷтимоӣ алоқамандӣ надоранд. Ин ҷо танҳо муборизаи ҷиноят бо ҳокимият мебошад, ки мақсад аз он пушти талоши нигоҳдории нуфузи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз болои маблағҳои воридшавандаи криминалӣ маҳфуз аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд “Ҳадаф воситаҳоро ҳақ мебарорад”, бахусус, вақте бо даромадҳои ҳангуфт марбутанд. Ин навигарӣ нест. Вале барои мо мақоли мазкур маънои дигаре касб мекунад, зеро моҳияти фоҷиаи миллатро инъикос менамояд. “Муътабарон”-и доираҳои криминалии шаҳри Хоруғ солиёни зиёде бо сӯиистифода аз боварии шаҳрвандони оддӣ, ҳамшаҳриҳои худро фиреб дода, онҳоро ҳамчун василаи ба даст овардани ҳадафҳои тамаъҷӯёнаи хеш ба кор мебаранд. Онҳо доимо психологияи “ғорнишин”-онаи баъзе сокинони ин ноҳияи кӯҳистониро истифода мебаранд, ки тибқи он “новобаста аз содир кардану накардани ҷиноят, инсон бояд ҳамшаҳрии худро муҳофизат кунад”, аз ҷумла, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Мутаассифона, баъзе сиёсатмадорони кишвар бо ақидаҳои бемулоҳиза дар ин роҳ ба ҷинояткорон мусоидат менамоянд. Мусоҳибаи матбуотии раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бо шарҳу тафсирҳои яктарафа вобаста ба воқеаҳои ахири шаҳри Хоруғ, ба ин мисол шуда метавонад. Агар аз изҳороти Шабдолов хулосаи мантиқӣ барорем, ҳукумати марказӣ бояд бо ҷинояткорони маҳаллӣ кордор нашавад, зеро онҳо ҳатто “дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ва баъди суқути он, инчунин, ҳангоме ки марзро бо Афғонистон сарҳадчиёни Русия муҳофизат
ти синну сол қобилияти зеҳни ӯро баҳри арзёбии дурусти вазъият ва тасмимгирӣ кунд сохта бошад ва ин омил бояд барои ҳамҳизбҳояш бонги изтироб гардад. Ман, ҳамчун коммунист, мулоҳизаҳо ва арзёбии Шодӣ Шабдоловро оид ба воқеаҳои Хоруғ қотеона маҳкум менамоям. Ба ақидаи ман, ин рафтори роҳбари Ҳизби коммунист ба обрӯю нуфузи ӯ таъсири манфӣ расонида, норозигии одилонаи бештари аъзои ҳизбро ба миён меорад. Бевосита ба изҳороти Ш. Шабдолов метавон гуфт: аввалан, худ ба худ додани тобиши геополитикӣ ба раванде, ки аслан хислати ҷиноӣ дорад, на иҷтимоӣ, амрест бемаънӣ (дар ин бора Ш. Шабдолов ҳамчун сокини Тоҷикистон ва зодаи ВМКБ беҳтар аз ҳама медонад). Дуюм, чунин изҳороти бемасъулиятонаи роҳбари ҳизби сиёсӣ метавонад аз ҷониби баъзе “барумандони” кӯтоҳандеши шаҳри Хоруғ ҳамчун дастгирию умед барои идомаи фаъолиятҳои зиддиҳуқуқӣ, фитнаангезиҳо дар байни ҳамшаҳриҳо ва эҷоди ошӯбҳо арзёбӣ карда шавад. Ин қадам, аллакай, осеби мустақим ба амнияти миллии Тоҷикистон хоҳад буд, ки ҳеҷ кас ва дар ягон ҳолат ба ин роҳ нахоҳад дод. Роҳи ягонаи рушду тавсеаи аҳолии ВМКБ, ҳиссагузории ҳамаҷониба дар шукуфоӣ ва суботи Тоҷикистон, татбиқсозии имконоти таърихӣ дар ҳифзи осори гаронбаҳо ва арзишҳои миллӣфарҳангӣ мебошад. Тасдиқи инро метавон дар нишондиҳандаҳои амалӣ дарёфт. Ба таври возеҳ дида мешавад, ки чӣ тавр бо болоравии некӯаҳволии давлат, ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди ВКМБ меафзояд. Масалан, агар солҳои 1992-2000 барои рушди вилоят аз буҷаи давлатӣ ҳамагӣ 40 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, аз соли 2001 то ҳол ба буҷаи вилоят, аллакай, 4 млрд. 646 млн. сомонӣ дохил шудааст, ки асосан, ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷаи вилоятӣ равона гардидаанд. Дар ҳоле ки вилоят пурра дотатсионӣ буда, ҳаҷми воситаҳои пулии аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ирсолшаванда дар 21 соли истиқлолият 3,7 маротиба аз даромади буҷаи маҳаллии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят зиёдтар аст. Некӯаҳволии шаҳрвандон низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Тибқи маълумоти омории Вазорати корҳои дохилӣ, теъдоди умумии воситаҳои нақлиётӣ дар ВМКБ дар давоми 70 соли даврони шӯравӣ на-
маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур меафзояд (барои муқоиса: соли 1995 барои мактабҳои олии ВМКБ аз буҷаи давлатӣ 73 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, соли 2005 ин нишондиҳанда зиёда аз 13 млн. сомониро ташкил дод, ки 77 маротиба зиёд аст). Нишондиҳандаҳои рушди динамикӣ дар ҳар давлат сохтмонҳо ба шумор мераванд. Танҳо давоми даҳ соли охир дар шаҳри Хоруғ 120 иншооти иҷтимоӣиқтисодӣ сохта шуд. Садҳо километр роҳҳои душворгузари кӯҳӣ сохта мешаванд, ки тӯли садсолаҳои зиёде барои аҳолии минтақа хатари ҳаётӣ эҷод мекарданд. Таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингарди Мурғоб-Қулма, Шкев–Зиғар, Шоҳон-Зиғар муваффақона ба итмом расида, робитаи нақлиётии доимии вилоят бо маркази кишвар дар тамоми фаслҳои сол таъмин шуд. Барои дарки беҳтари Шодӣ Шабдолов, ки бештари маворид асири ҳасрати даврони шӯравӣ мегардад, ба ёд овардани ҳарфҳои худаш дар мавриди он ки чӣ гуна замони шӯравӣ барои дидорбинӣ бо хешовандонаш аз Душанбе то Хоруғ даҳҳо шаҳру нуқтаҳои аҳолинишини Ӯзбекистону Қирғизистонро тай менамуд, аз фоида холӣ нахоҳад буд. Дар маҷмӯъ, ин дидорбинӣ баъди сарфи панҷ шабонарӯз аз як тарафи роҳ насиб мегашт. Махсусан, замоне ёддошти ӯ пандомез хоҳад буд, ки имрӯзҳо ӯ аз Душанбе ба ВМКБ тавассути роҳи мустақими қаламрави Тоҷикистон, роҳе, ки дар солҳои истиқлолият сохта шудааст, сафар мекунад ва дар давоми панҷ-шаш соат ба дидори азизони хеш мерасад. Ба рафиқ Шабдолов гуфтаниам, ки набояд нисбат ба ҳама корҳои неку мусбате, ки имрӯз дар кишвар анҷом дода мешавад, чунин кӯтоҳандеш буд. Набояд ба ҷои тафаккури сатҳи давлатӣ, кӯтоҳандешии эҳсосотӣ-сиёсиро намоиш дод ва худро ҳадафи истифодаи тӯдаи гурӯҳи ҷинояткоре қарор дод, ки барои пӯхтани тухмбирёни худ ҳозиранд хонаеро ба коми оташ кашанд. Бинобар ин, рафиқ Шабдолов, Шумо бояд ҳақиқати қобили қабулро на танҳо аз роҳрави кӯчаи танги якҷонибаи худ, балки бо назардошти манфиати тамоми аҳолии ВМКБ бигӯед, вагарна на ҳама одамони бомаърифат, бахусус, пролетарҳо бо Шумо розӣ шуда метавонанд.
Акбар ҚОСИМОВ, коммунист
e-mail: javonontj@mail.ru
Даҳаи сеюми моҳи май ҳаёти осоиштаю созандаи сокинони шаҳри Хоруғ зери хатар қарор гирифт. Таҳдид на аз берун, балки чун пештара аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи маҳаллӣ сар зад. Бори дигар талош баҳри ба моҷарои хунин кашидани сокинони шаҳр сурат гирифт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
11
ВОКУНИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
5 голи «Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз»
29 майи соли равон аз панҷ чор бозии даври ҳафтуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд. Дар бозии марказии давр тими “Истиқлол”-и Душанбе ба дарвозаи дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров панҷ голи беҷавоб зад. Бозингарони “Истиқлол” аз дақиқаҳои аввали бозӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар дақиқаи 12 легионери ганагии душанбегиҳо бо сар тӯбро вориди дарвозаи ҳамшаҳриаш Ишмаэл Колоттея, дарвозабони “Парвоз” кард. Чор голи дигар дар қисми дуюм аз ҷониби Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев ва Умедҷон Шарифов зада шуд. “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Равшан” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Голҳои “Хуҷанд” ба Чарлз Теко, Фирӯз
Юсуфов ва Манучеҳр Аҳмадов мутаалиқ аст. Ду голи “Равшан”ро Наврӯз Рустамов зад. Дар бозии дигар “Хайр” дар майдони худ тими “ДалеронУротеппа”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро легионери ганагӣ Айдох Наполеон дар
БОКС дақиқаи 75 ба ҳадаф расонд. Бозӣ миёни ду дастаи Душанбе – КМВА “Помир” ва “Энергетик” дар варзишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ доир гардида, бо пирӯзии энергетикҳо анҷом ёфт – 2:0. Голҳоро Алишер Холмуродов ва Бахтиёр Ҳасанов заданд. Бо сабаби ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар шомил шудани панҷ футболбози тими “Вахш” барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 (Боку) бозӣ миёни ин тим бо “Регар-ТадАЗ” ба 17 июн мононда шуд.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА: ДАСТАҲО 1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 «Хайр» (Ваҳдат) 4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 «Энергетик» (Душанбе) 7 «Далерон» (Истаравшан) 8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 «Равшан» (Кӯлоб) 10 КМВА “Помир” (Душанбе)
ФУТБОЛ. ҶОМИ КАСПИЙ
Б 7 7 7 7 6 7 7 6 7 7
Ғ 6 4 4 4 3 2 2 2 2 0
М 1 2 1 0 1 2 2 0 0 1
Б 0 1 2 3 2 3 3 4 5 6
Т/Т 27-3 8-7 11-6 10-12 11-6 6-8 4-6 2-5 10-25 2-13
Х 19 14 13 12 10 8 8 6 6 1
Пирӯзии Мавзуна дар Қирғизистон Мавзуна Чориева ва Меҳроҷиддин Каримов, донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, дар мусобиқаи байналмилалии бокс ба ҳарифони худ ғолиб омада, соҳиби медали тилло шуданд. Мусобиқаи панҷуми байналмилалии бокс ба хотираи устодони варзиши СССР, бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар шаҳри Оши Қирғизистон аз 28 май то 1 июн доир гардида, дар он варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Мавзуна Чориева миёни занон дар вазни то 60 кило, Меҳроҷиддин Каримов миёни мардон дар вазни беш аз 91 кило бар ҳамаи рақибонашон пирӯз омаданд.
ВАЗНБАРДОРӢ
ТАЭКВАНДО (ВТФ)
Ваҳдат – ғолиби мусобиқаи вазнбардорӣ Медали биринҷии Алишер аз Тошканд 31 май - 1 июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ миёни варзишгарони то 20-сола баргузор гардид.
Дар он дастаҳо аз вилоятҳои Суғд, Хатлон (ду даста), шаҳри Душанбе, ШНТМ ва шаҳри Ваҳдат аз рӯи 8 вазн қувваозмоӣ карданд. Дар натиҷа, вазнбардорони шаҳри Ваҳдат бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 3 медали биринҷӣ ғолиби мусобиқа гардиданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои Хатлон-2 ва Хатлон-1 ишғол намуданд.
Алишер Гулов, варзишгари кишвар, дар мусобиқаи XXI қаҳрамонии Осиё оид ба таэквондо (WTF) медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд 25-28 май баргузор шуд, 542 варзишгар аз 34 кишвари Осиё ширкат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар таҳти раҳбарии Исматулло Хоҷаев, дабири кулли Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон, мураббӣ Ҷон Ҷонг Фи, Вафоназар Алиназаров, довари дараҷаи байналмилалӣ ва 10 варзишгар (6 марду чор зан) дохил буданд. Танҳо ба як варзишгар – Алишер Гулов муяссар шуд, ки соҳиби медал гардад. Варзишгарони дигар – Ҷамшед Носиров (54 кг), Аҳмад Одилбеков (68 кг) ва Фарҳод Неъматов (80 кг) ҷойҳои чорумро гирифтанд. Дар сабқати занон низ ду варзишгари мо – Фарзона Раҷабова (53 кг) ва Моҳрух Ҳалимова (+73 кг) ҷойҳои чорумро соҳиб шуданд.
Футболбозони ҷавони кишвар барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд Сарбозон миёни ҳам қувва озмуданд e-mail: javonontj@mail.ru
РУШДИ ВАРЗИШ
Дастаи мунтахабаи ҷавонони кишвар оид ба футбол (U16) дар даври нимниҳоии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон идома дорад, аз ҳамсолонашон аз Туркия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Футболбозони ҷавони кишвар таҳти роҳбарии Салоҳиддин Ғафуров дар гурӯҳи “С” бозиро бо тими Ҷопон мусовӣ (1:1) анҷом дода, тими Гурҷистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буданд. Дастаи ҷавонони кишвар бо 4 хол дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Туркия оид ба футбол дар гурӯҳи «D» бар дастаҳои Қазоқистон (3:1) ва Узбекистон (2:0) пирӯз шуда буданд. Дар бозии дигари нимфиналӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бар тими Озарбойҷон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Акнун футболбозони ҷавони кишвар бо ҳамсолонашон аз Озарбойҷон барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Ин бозӣ имрӯз - 5 июн соати 16:30 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Дар бозии финалӣ Туркия бо Эрон қувваозмоӣ мекунанд.
2 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид. Дар расми кушодашавии мусобиқа М. Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфта, ба онҳо муваффақият таманно карданд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ такмил додани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони сохторҳои қудратӣ ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан, аз худ кардани барномаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, ҷалби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба хизмати ҳарбӣ ва аз яроқи қатли ом худро муҳофизат карда тавонистан онҳо ба ҳисоб мерафт.
Мусобиқа аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, бандкашӣ, тирпаронӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва машқи сафороӣ сурат гирифта, дар натиҷа, дастаи қисми ҳарбии 08050-и Вазорати мудофиа сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаҳои қисми ҳарбии 01215-и Вазорати мудофиа ва 051054-и Гвардияи миллӣ ҷойи дуюм ва дастаҳои қисми ҳарбии 5453-и Қӯшунҳои дохилӣ, 6593-и бригадаи посубоникунадаи Вазорати адлия ва 2611 –и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар ин бора Иброҳим Мирзоев, масъули шуъбаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.
Боиси хушҳолист, ки бо вуҷуди фарқ аз замин то осмон будани шароиту имкониятҳои варзишгарони тоҷик аз варзишгарони давлатҳои пешрафта, варзишгарони бонангу номуси тоҷик дар бисёр риштаҳо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчаму номи миллату давлатро баланд бардошта истодаанд, ҳатто ба хотири нангу номуси ватандорӣ баъзан аз ҳисоби худ машқ ва сафарҳо ҳам мекунанд. Кӣ ҳаст, ки бо ному диловариҳои чемпионҳои ҷаҳон қайиқрони машҳур Иброҳим Ҳасанов, камонвар Зебуннисо Рустамова, ҷаҳонпаҳлавон Саймуъмин Раҳимов, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон – 2012, муштзандухтари тоҷик Мавзуна Чориева ва даҳҳо дигар варзишгарони тоҷику тоҷикистонӣ дар ифтихор нест? Агар ҳаст, пас, аз ин миллату меҳан нест. Боиси ифтихор аст, ки соҳибистиқлолӣ дар баробари мушкилу муаммоҳо, тоҷиконро дар ҳама ҷабҳа ба ҷаҳон муаррифӣ намуд ва имрӯзҳо варзиши тоҷик дар саргаҳи роҳи рушд қарор дорад. Он чӣ мо бо ҳамин умеду орзуҳо дар бораи варзишгари хеле ҷавоне қисса карданием, ки ояндаи хеле умедбахш дорад. Абдурауф соли 1996 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дар муҳите, ку ӯ ба дунё омадаву ба камол расид, мардумаш варзишқимоб ҳам набошад, аммо асосан ба шуғлҳое таваҷҷуҳи зиёд доранд, ки дар замони нарху навои осмонӣ, ҳукмронии пулу мол истеҳсоли неъматҳои моддиро афзалтар медонанд. Яъне, беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгору маишати оилавӣ ва хоҷагию ноҳияи худ. Абдурауф чун аксар бачаҳои деҳот дар чунин муҳит камол ёфта бошад ҳам, мисли онҳо аз хурдӣ ба бозиҳои варзишӣ рағбати беандоза зоҳир менамуд. Яке аз чунин намуди бозиҳо
Ошиқи масофаҳои дур бо номи «дурпартояк» буд. Бозӣ чунин аст, ки бачаҳо бо ҳам мусобиқаи дур партофтани сангро ташкил мекунанд. Касе, ки аз ҳама дуртар сангро ҳаво дод, ғолиб мешуд. Бачае дар намуди давидан ғолиб меомад, дигаре дар гӯштингирӣ... Абдурауф дар намуди аз ҳама дур партофтани санг аллакай аз ҳамон давраҳо дар миёни ҳамсолон фарқ мекард. Аслан, варзишро на танҳо ба хотири ҳамин як намуд, балки комилан аз хурдӣ дӯст медораду мепарварад ва орзуи онро дорад, ки намояндагони ҳамаи касбу миллатҳо дар доираи имкони-
ру модараш Бозоралӣ Мӯсоев ва Шамъигул Зуҳурова дар ДТҶТ ба номи С. Раҳимов омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ шуда, заҳмат мекашанд. Ба қавле Абдурауф ҳам бо роҳи онҳо рафт. Тавре гуфтем, аз солҳои мактабхонӣ на танҳо дар дарсҳо фаъолнокӣ нишон медоду пайваста машқ мекард, балки дар чорабиниҳои сар карда аз мактабӣ то ноҳиявию вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекард ва бисёр ҳолат бе натиҷаи хуб барнамегашт. Гурзафкани ҷавон А. Мӯсоев, ки 16 сол дорад, 15 маротиба
ят вақт ёфта, каму беш ба ягон намуди варзиш ба хотири саломатии худашон машғул гарданд ва аз дарду ранҷу бемориҳои гуногун эмин монанд. Бо чунин ниятҳо дар дил азм намуд, ки баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ҳатман ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ҳуҷҷат месупорад ва аз давраҳои мактабхонӣ ба ин омодагӣ мегирифт. Дар ин самт бахташ хеле баландӣ кард, чунки дар оилаи варзишгарон ба дунё омадаву калон шуд. Пада-
чемпиони ҷумҳурӣ дар намуди гурзпартоӣ гардидааст. Соли 2010 дар мусобиқаи АвруОсиё дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, яъне, дар 14-солагӣ бо партофти гурзи вазнаш 7 кило ба масофаи 55 метр ба гирифтани ҷои сеюми мусобиқа мушарраф гашт. Соли 2012, яъне, дар 16-солагӣ дар мусобиқаи варзишии байни калонсолон барои ба даст овардани Ҷоми Узбекистон дар шаҳри Тошканд боз ҳам бо партофти гурзи вазнаш 7 кило
ба масофаи 55 метр ҷои дуюмро ишғол намуд. Ҳарчанд дар ҳамин синну сол натиҷаи бад набуд, вале гурзафкани ҷавон аз худ қаноатманд буда наметавонист ва пайваста тамрин мекард. Бисёр мехост, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба гирифтани ҷои аввал ва медали тилло ориятии миллати худро бори дигар собит созад. Ҳамин буд, ки худи ҳамон сол дар мусобиқаи ҷаҳонии байни давлатҳои Осиёи Миёна байни ҷавонони соли таваллуди 1995 – 1996 дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бо партофти гурзи вазнаш 5 кило ба масофаи 64,02 метр соҳиби ҷои якум ва медали тиллои мусобиқа гардид. Соли 2013 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар мусобиқаи варзишии байни ҷавонони давлатҳои Осиёи Миёна ширкат намуда, гурзи вазнаш 5 килоро ба масофаи 68, 38 метр ҳаво дода, боз ҷои якум ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Донетски Украинаро соҳиб гардид. Дар Донетск бо партофти гурзи вазнаш 5 кило ба масофаи 69, 76 метр ба гирифтани ҷои ҳафтум мушарраф гашт. Дар чемпионати ҷумҳурӣ, 24 – 25 майи соли равон гурзи вазнаш 7 килоро ба масофаи 62, 34 метр ҳаво дод. Ҷаҳиши бузурге кард. Ба қавле, нафаси дуюм пайдо карду пеши роҳаш кушода гардид ва ниҳоят соли равон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни ҷавонони соли таваллудашон 1995 - 1999 дар шаҳри Душанбе бо партофти гурзи вазнаш 6 кило ба масофаи 72, 17 метр боз дастболо шуду роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон дар ИМА– ро, ки 22 – 27 июли соли равон доир мегардад, ба даст овард. Боварии комил ҳаст, ки дар Амрико ҳам тоҷикписари варзишгар дар қатори беҳтаринҳо ҷой хоҳад гирифт ва ба ғалабаи комилаш ҳам шубҳае нест. Дар ҳама мусобиқаҳои қитъавию ҷаҳоние, ки бо шарафи ғалабаи А. Мӯсоев Парчами давлатии Тоҷикистон болою парафшон мегардид, Абдурауф гӯё бол мебароварду парвоз мекард.
Гурзафкани ҷавон аллакай шинохтаву комёб, дар гурзбардорию гурзафканӣ вориси сазовори Рустами Дастон, алҳол дар соли дуюми факултаи тарбияи ҷисмонии ДТҶТ ба номи Саймӯъмин Раҳимов таҳсил дорад. Таҳти мураббии сахтгиру серталаб ва ниҳоят дӯстдори касб Тулабой Худойбердиев, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, муаллими калон, дотсенти кафедраи варзиши сабуки донишкадаи мазкур машқ мекунад. Дар дил нақшаву орзуҳои зиёд дорад. Орзуи дар ин риштаи варзиш чемпиони ҷаҳон шудан ва номи тоҷику Тоҷикистонро баландтар карданро дар дил мепарварад. Бо вуҷуди ҷавону паҳлавон будан, хеле ботамкину боодобу хоксор аст ва ҳамчун варзишгари ҷавону умедбахш ба маслиҳату дастгирӣ ва сарпарастӣ ниёз дорад. Ҳарчанд аз ғамхорию дастгириҳои падаронаи роҳбарияти донишкада, дар симои ректор Шодӣ Сафаров бархӯрдор аст, вале ногуфта намонад, чун Абдурауф варзишгарони ҷавони ба дастгирӣ ниёзманд, кам нестанд, ки ба ҳамаи онҳо сарпараст будани як кас кифоя бошад. Тарбия ва ба камол расондани паҳлавонҳои умедбахш ва ниҳоят муваффақияти онҳо, пеш аз ҳама, обрӯи миллату давлат мебошад. Гила танҳо аз он аст, ки ному насаби варзишгари ҷавону муваффақ, номзад ба устодии варзиш Абдурауф Мӯсоев аз чӣ бошад, ки аз рӯйхати гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе мисли гурзи дур мепартофтагиаш дур афтодааст, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои варзишии ӯ дар муқоиса бо дигар гирандагони стипендияи мазкур хеле баланданд. Боварӣ дорем, ки иштибоҳе рафтааст ва дар Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон масъалаи мазкур мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт, зеро дастовардҳояш баёнгари лоиқии ин ошиқи масофаҳои дур ба дилхоҳ дастгирию ғамхорӣ мебошанд.
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
ВАРЗИШГАРОНИ МО
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Солҳои охир дастовардҳои варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар гашта, аз ояндаи дурахшони намудҳои гуногуни варзиш далолат мекунанд. Чанде пеш дар шаҳри Дрездени Ол- Қаҳрамони Аврупо гардид. варзишгарони тоҷик аз кишварҳои Румон Чемпионати Аврупо оид ба шотокан Дар ин мусобиқа варзишгари сия, Англия, Олмон, Юнон пеш гузашта, – каратэ-до-скиф доир гашт, ки дар он болаёқат, хонандаи мактаби №48-и пой- ҷойи 14-умро ишғол карданд. Вақте ба 5 варзишгар Тоҷикистонро намояндагӣ тахт Аниса Ниёзова низ маҳорати хуб шарафи Фозилбек Фозилов Суруди милкарданд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Фо- нишон дода, сазовори медали биринҷӣ лии Тоҷикистон садо додаву байрақи зилбек Фозилови 14-сола бар ҳарифони шуд. Ҳамчунин, варзишгарони ҷавон кишвари моро боло бардоштанд, асосхуд аз Англия, Олмон, Австралия, Алиҷон Саримсоқов ва Ҷаъфар Раҳимов гузори шотокан – каратэ-до-скиф Сокей Ҳолланд дастболо гашта, Қаҳрамони Ав- натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда, фақат Хироказу Каназаваи 84-сола (аз Ҷопон) рупо шуд. дар мусобиқаи нимниҳоӣ бозиро бохтанд. аз ҷояш хеста, сӯи Фозилбек таъзим Тавре Маҳмадулло Мирзоев, мурабДар ин мусобиқа аз 23 кишвари Ав- карда (чун арзи эҳтиром), дасташро фибии Фозилбек гуфт, дар таърихи вар- рупо 1,5 ҳазор варзишгар иштирок до- шурд, - мегӯяд Маҳмадулло Мирзоев. зиши кишвар аз рӯи ин намуди варзиш штанд. бори аввал аст, ки нафаре аз Тоҷикистон - Фараҳафзост, ки дар ҳисоби дастаӣ Иззатбек ИДИЗОД
e-mail: javonontj@mail.ru
Фозилбек қаҳрамони Аврупо шуд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
14
МУҲОВАРА
Меҳрафрӯз Неъмонзода. Ин ном ба аксар алоқамандони матбуоти даврӣ ошност. Ӯ ба ҷавонӣ нигоҳ накарда, ҳамеша дар пайи эҷод аст. Муассис ва сардабирии ҳафтаномаи «Зан ва мард»-ро бар уҳда дорад. Роҷеъ ба кору зиндагии ин бонуи ҷавон дар арафаи рӯзи мавлудаш сӯҳбат доштем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад. - Бигӯед, ки дар рӯзи таваллудатон аз кӣ чӣ интизоред? Умуман, чӣ метавонад бароятон беҳтарин тӯҳфа бошад? - Фикр мекунам, асос таваҷҷуҳи дӯстону пайвандон аст, на тӯҳфа. Вақте падарам дар қайди ҳаёт буданд, як рӯз пеш аз мавлудам зуд-зуд занг зада, бо беҳтарин суханҳо шодбошам мегуфтанд ва рӯзи зодрӯзам ба хона омада, тӯҳфа тақдим менамуданд. Ҳоло бародарон, модари меҳрубону хоҳаронам ба табрикам мешитобанд, ки маро қадр кардану омаданашон ба хонаам тӯҳфа аст. - Фаъолияти эҷодӣ чӣ гуна ҷараён дорад? - Бад не, шукрона, ки нашрия аз чоп баромада, ҳар
Меҳрафрӯз НЕЪМОНЗОДА:
«Бахилӣ хоси ман нест!»
ҳафта дастраси хонандагон мегардад. - Барои Шумо, ки як зани ҷавонед ва фарзанд низ доред, душвор нест ҳам кори хона ва ҳам масъули як ҳафтанома будан? - Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама кор душворӣ эҳсос мешавад, вале як қувва ва муҳаббате нисбат ба кор ҳаст, ки инсонро дилгарм месозад ва водор менамояд, то қадам ба пеш гузорад. Ғайр аз ин, ман танҳо нестам, шукри Худои меҳрубон, ки шавҳарам ва бародаронам ҳамеша паҳлӯям ҳастанд ва намегузоранд, ки азият бикашам. - Муваффақияти Шуморо дида, баъзеҳо рашк мекунанд. Бигӯед, ки шарафёб шудани худро дар чӣ меби-
нед? - Ман худро муваффақ намешуморам. Барои муваффақ шудан ва ба зинаҳои баланди касбӣ расидан солҳо меҳнат кардан мебояд. Аммо шукрона мекунам, ки метавонам дарди нафареро рӯи саҳфа орам, дасти корафтодаеро бигирам ва дар ҳалли мушкили зане, модаре ё хоҳаре шарик бошам. - Пушида нест, ки вақти бештари ҳар як фарди эҷодкор дар паси мизи эҷодӣ мегузарад. Оё аз ин ҳамсаратон асабӣ намешавад ва шарт намегузорад, ки ё зиндагӣ ё кор? - Шавҳари ман чунин инсон нест. Дар ҳама ҳолат маро мефаҳмад ва дарк мекунад. Тамоми монеаҳои ҳам кориву
ҳам зиндагиро мо бо маслиҳату дастгирии якдигар паси сар мекунем. Ақли солимро ба кор мебарему пайи ислоҳи норасоиҳо мекӯшем. - Замоне нашрияҳои «Зан ва мард»-у «Оила» бо ҳам мушкилӣ доштанд. Имрӯз чӣ? - Дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам! Аслан, ман бо ҳеҷ нашрия мушкилӣ надорам ва муносибатам бо ҳама кормандон, эҷодкорон ва тамоми рӯзноманигорон хуб аст, агар нафаре аз ман шиква дошта бошад, боке нест, вале ман аз ҳеҷ як ҳамкору ҳамкасб шикоят надорам. Он нофаҳмие, ки чанде қабл рух дод, бо сабаби ҷавонии рӯзноманигоре буд, ки гузашт. Дунболи гап гаштану кина гирифтан ва бадиву бахилӣ кар-
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
дан хоси ман нест. - Дар зиндагӣ чӣ Шуморо нороҳат месозад? - Ғайбат кардани баъзе занҳо, сиёҳ намудану дунболи шикаст додани нафаре “иқдом” кардани онҳо. Ҳастанд нафароне, ки гӯё сиёҳ кардану дунболи гапу калоча гаштан ва ҳатто худиҳоро ганда намудан касбашон бошад, пайваста пайи ин амаланд. Инро ман, рости гап, қабул надорам. Мехоҳам зани тоҷик, умуман, зан бо некӣ, бо рафтори ҳамида ва бо ҳунару истеъдодаш ном барорад, на бо баддаҳониву бадзабонӣ. Зан бояд ҳамеша зан бошад ва нафосату назокату латофат, инчунин, ширинзабониро аз ёд набарад. Баъдан, вақте мебинам, ки зане даст ба сӯи ину он нафар дароз карда, кӯмак мехоҳад ё дар зиндагӣ дастнигар аст, дилам ба ҳолаш месӯзад. Барои дар назди ҳар касу нокас мӯҳтоҷ нагаштан, бонувони моро лозим аст, ки хонанд ва соҳиби касбу коре гарданд. Агар оянда, пас аз хонадор шудан кор ҳам накунанд, дониши андӯхта ва касби азхуднамудаашон ба онҳо кӯмак мекунад. - Дар анҷом боз гуфтание доред? - Бигзор фазои Тоҷикистони мо ҳамеша софу беғубор бошад, сулҳу субот доимӣ ҳукмрон гардаду бонуи тоҷик ва модарону хоҳарони мо хушбахту хушҳол бимонанд.
Мусоҳиб Моҳрухсор РАҲИМОВА
Интихоби касб – мушкили асосии ҷавонон
e-mail: javonontj@mail.ru
Имрӯз барои наврасоне, ки синфи 11-ро хатм мекунанд, интихоби касб яке аз мушкилиҳои асосист. Шояд калонсолон дар ин бора камтар андеша кунанд, чун онҳо бо ҳазору як мушкили дигар андармонанд. Аммо ман, ки ҳанӯз ду сол пеш бо чунин мушкил рӯ ба рӯ будам, хуб медонам, ки ҳар хатмкунандаи мактаб ба маслиҳатгаре ниёз дорад, то дар хусуси интихоби касб кӯмакаш кунанд. Аслан, интихоби касб ба маҳорат ва завқи инсон вобастагӣ дорад. Яъне, ҳар фард бояд мувофиқи хоҳиш ва донишу истеъдод касби дӯстдоштаашро интихоб кунад. Аммо имрӯз бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, вазъи ноустувори иқтисодӣ ва шиносдориву василабозӣ интихобкунандагони касб дар дуроҳаи ҳайронӣ мондаанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки имрӯз интихоби касбу кор ҳам вобаста ба имконоти молӣ сурат гирифта, торафт хусусияти тиҷоратӣ касб мекунад. Дар ин ҳол, довталабони макотиби олии кишвар ихтисосҳоро на мувофиқи завқу истеъдод, балки бо назардошти ҷайби падар ва ё тағояшон интихоб мекунанд. Ин аст, ки аксарияти онҳо доир ба касбу пешаи «интихобкарда»-ашон тасаввурот надоранд ва хато будани интихоби худро пас аз хатми донишгоҳ мефаҳманд. Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, инсоне, ки касбашро аз рӯи дониш ва маҳорату малака интихоб менамояд, албатта, дар зиндагӣ муваффақ мегардад. Баръакси ин оне, ки дар интихоби касб иштибоҳ мекунад, дар зиндагӣ чандон комёб нест. Барои дӯст доштани касб, чи хеле ки маълум аст, бояд довталаб пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ дар
бораи касби писандидааш маълумоти заруриро пайдо намояд. Барои расонидани маълумот дар бораи касбҳо бояд муассисаҳои таълимӣ, яъне, мактабу гимназияҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ба довталабон маълумот расонанд. Ин корро мешавад чанд моҳ пеш аз тариқи ВАО, брошюра ва маълумотномаҳо дар мактаби миёна паҳн намоянд. Бояд донишгоҳҳои ҷумҳурӣ соҳиби сайт бошанд. Шабакаҳои интернетии макотиби олӣ бояд дар бораи донишгоҳҳо ва факултаву ихтисосҳо маълумоти муфассал нашр намоянд ва довталабон бе ягон мушкилӣ дастрас кунанд. Имрӯз, мутаассифона, шабакаҳои интернетии макотиби олии кишвар чандон фаъол нестанд. Аз ҳама муҳим, бояд дар кишвар барои довталабони хоҳишманд донишгоҳҳо рӯзи дарҳои кушод эълон намоянд ва барои ноҳияҳои дурдаст намояндагони худро фиристанд, то довталабон дар бораи донишгоҳ ва ихтисосҳо маълумоти муфассал пайдо намоянд. Дар ин сурат метавон сафи донишҷӯёни тасодуфиро камтар ва ба ҷои онҳо кадрҳои хубу мутахассисони варзидаро дарёфт кард.
Бахтовари МУҲАММАДАЛӢ, донишҷӯи ДМТ
Фили ќадимаи пашмдор
Шоир Мўъмин …
Пурсиш
... -ТАСС
Ин бањрро касе куштааст?
Навъи таъм
Ѓулом
Фаќир, ќашшоќ
Паррандаи зебо
Касалии сироятї
Дарун
Моддаи химиявии марговар
Автомобили рамзаш чор њалќа
Чароѓи деворї
Сарбози хушкигард
Дарёи СанктПетербург
Воњиди масоњат, англ. (0,4 гектар)
Додар
Њиссиёти ногувори бемор Дафтари ашъор
Њар даст панљтої дорад
Шар-шар, Анзоб, Шањристон Вулќон дар љазираи Ситсилия
Љайб, њамён
Мубоњиса, мунозира
Нуќсон
Солњои фаъолият дар корхона
Мерос
«Термин» ба тољикї
Суол
Чанбараки мошин
Њарфи дар илми риёзї серистеъмол
Тўри моњигирии киштињо Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон
Меваи хориљии калон Нависанда Бернард ...
Торољ, ѓорат
Илм дар бораи њаёт
Мувофиќ, созгор
Тараф
... Браун, маъшуќаи Гитлер
МиллаЌавми ќадимаи ти асоПеру сии Чин
Яке аз динњои љањонї
Масолењи ороишии меъморї
Картошкабирёни амрикої
Ширкати алоќаи мобилї
Сењре, ки онро шикастан лозим аст
Нол
Ќарн, сада
Ќаторкўњ дар Аврупо
Нитроген
Кумитаи давлатии … (КГБ)
Воњиди ќувваи љараёни барќ
Расму оин
Модари Сўњроб («Шоњнома»)
Њарфи дуюми алифбои славянї
Сарпўши мотор ва ѓ.
Ќисми муќобили астар
Љамъи «амал»
Тарафи Каъба
Тозагї, беѓашї
Разил, Мамлакати 15 нољумњурии сомард биќ Аз дањон поёнтар
Њуљра, хона
Солхўрдагї, куњансолї
Њисса, бахш
Номи Ибн Сино
Таоми миллии тоторї
Яке аз аъзо
Асбоб барои доштани њайвонот
Шарму њаё
Бадан, андом
Моњи 7-уми соли њиљрї
Жюл …, муаллифи «Капитан Немо»
Хирадманд
Баландтарин пардаи овоз
Муќобили «наздик»
Овоз, садо дар мусиќї
Тамѓаи маргарин
Номи ќадимии Амударё
Асбоби наќшакаш
Ангури хушккарда
Рўй, чењра
Персонажи "Зани оњанин"
Парвои гурусна надорад
Гиёњи шифобахши кўњї
«Шарќ» ба истилоњи бањрчиён
Тухми мева
Њам адад ва њам олати моњигирї
Ќисми бозии теннис
Њарфи алифбои арабї
Ширинкор, шарики сањнавии Масто
Ранљида
Соф, тоза, пок Хат, мактуб
Таќсимоти љадвал
Доми моњигирї
Ќабати болои роњи мошин
Арѓамчини ковбойњо
Ноз, ѓамза
«Соат … як!» (аниќ)
Чўлоќ Инъом, тўњфа
Овозхони эронї
e-mail: javonontj@mail.ru
... Зарифов, сароянда
Шуљоъ, далер (китобї)
Растании равѓандињанда
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №23 (9345), 5 ИЮНИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Профессор ба донишҷӯ: - Кори дипломиатро хонда намешавад. Кори дипломӣ бояд тавре навишта шавад, ки ҳатто бесаводтарин одам мантиқи онро дарк кунад. Донишҷӯ: Мефаҳмам, профессор, аммо ҳайронам, ки чаро шумо онро дарк накардед?
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Духтараке бо нозу карашма ба имтиҳон медарояд ва ба профессор мегӯяд: - Профессорҷон! Ман барои аз санҷиш гузаштан ба тамоми кор розиям! - Ба ҳама кор? - Бале, ба ҳама кор! - Ин хел бошад рафта... дарсҳоро хонеду баъд биёед.
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7673 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
***
АНДАРЗ
Имтиҳони зиндагӣ Ин воқеа солҳои 80-уми асри гузашта сурат гирифтааст. Дар Амрико ҷавони басе зебое зиндагӣ мекард, ки қоматбаланду чашмони калон-калони кабуд дошт. Рӯзе барои хариди маҷалла ба дӯкон медарояд. Дар дӯкон диққаташро китобе ҷалб мекунад. Ҷавон китобро мехарад. Баъди хондан мебинад, ки ақидаҳои муаллифи китоб саропо бо ақидаҳои вай мувофиқанд. Номи муаллиф Эмӣ. Кунҷковӣ ва мароқи зиёд ҷавонро маҷбур кард, ки суроғаи муаллифи китобро пайдо карда, ба вай таассуроташро бо мактуб баён дорад. Дар аввалин мактубаш менависад, ки “бо ақидаҳои Шумо комилан мувофиқам. Фикрҳои мо бо ҳам монанданд”. Моҳҳо сипарӣ мешавад. Мактубнависии нависандаву мухлисаш идома меёбад. Ҷавон пай мебарад, ки ба Эмӣ ошиқ шудааст. Эмӣ низ айни ҳаминро дар худ ҳис мекунад. Мактубҳояшон оҳанги навозишу меҳрубонӣ пайдо мекунанд. Баъди чанд вақти мукотиба кардан, рӯзе барои мулоқот маслиҳат мекунанд. Ҷои мулоқотро ҳам таъин месозанд. - Ба гиребони куртаам гул меовезам. Аз он маро хоҳӣ шинохт, - мегӯяд Эмӣ. Ҷавон ба вай ончунон ошиқ шудааст, ки чашмаш ба ғайр аз Эмӣ чизеро дидан намехоҳад. Рӯзи мулоқот ҷавонро дастонаш ҷудо меларзиданду пойҳояш ҷудо. Чунонаш менамуд, ки гӯё қалбаш аз сина берун мешавад. Тапиши қалбаш тезтар мешавад. Вақти мулоқот ҳам расид. Ҷавон ба ҷои ваъдагӣ рафт. “Худоё, ин чи сурат аст, ки офаридаӣ?” –гуфт ӯ бо дидани духтари қоматбаланди сафедандом ва кабудчушму
сиёҳмӯй. Ин гуна ҳусни зеборо дар умраш бори аввал медид. Ба ҳадде, ки бовар надошт, ӯ одам аст. Мӯйҳои то миён хамидаи духтар бо вазиши шамол гӯё мерақсиданд. Ҷавон ба дил Худоро тавалло мекард, ки ин ҳамон духтаре бошад, ки ба мулоқоташ омадааст. Духтар ҳам ба курсии дарозе, ки онсӯтар меистод, нишаста, ҷавонро назорат мекард. Вақте ҷавон ба паҳлӯ нигарист, духтари безеб, қадпасту жӯлидамӯйеро дид, ки дар гиребонаш гул дошт. Гули садбарги сурх. Дили ҷавон аз ин манзара нороҳат шуд. Акнун ӯро ҳиси интихоб азият медод. Бояд ё пеши ин зани бадафт, вале бо ӯ ҳамфикр биравад ва ё назди он соҳибҷамоле, ки бори аввал медидаш. Ҷавон баъди хеле андешидан ҳамон зани бадафту безебро интихоб кард. Яъне, ҳамонеро, ки дӯсташ дошта буд. - Салом, Эмӣ... Ин ман... – гуфт назди духтар ҳозир шуда. Зани бадрӯ бо ҳайрат ба ҷавон дида дӯхта, иброз дошт: - Ман Эмӣ нестам. Ҳу, ана он зане, ки дар курсӣ нишаста, ба мо менигарад, ба ман ин гулро дода гуфт, он “имтиҳони зиндагист”. Имтиҳони зиндагии ту. Ҳоло бирав туро интизор аст...
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
ҲИДОЯТ
Ҳунарпешаи кинои Ҳинд мусалмон шуд Тибқи иттилои нашрияи “Times od India» чанде пеш ҳунарпешаи ҷавону маъруфи синамои Ҳиндустон Моника дини мубини исломро қабул кард. - Ман дини мубини исломро на ба хотири ишқу муҳаббат ё пул қабул кардам, - гуфтааст ӯ. – Ман чунин нестам. Бароям принсипҳои ислом писанд омаду ман онро пазируфтам. Ман минбаъд дар филмҳо нақш намебозам. Ҳарчанд ин каме бароям душвор бошад ҳам, қарорамро дигар намекунам.
Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Ҳиндустон мусулмоншавии Моника дар
як нишасти матбуотӣ эълон шуд. Моника, ки ба худ номи Раҳимаро гирифтааст, либоси мусалмонӣ мепӯшад. Ӯ сабаби асосии ба ин дини дар ҷаҳон теъдоди пайравонаш аз ҳама босуръат афзоянда гаравиданашро баён накардааст. Имрӯз дар Ҳиндустон теъдоди пайравони дини мубини ислом ба 180 миллион нафар мерасад.
Таҳияи С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Имтиҳон. Муаллим ба дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯе, ки дар дарсҳо зиёд азияташ медод, “Буз” менависад. Донишҷӯ дафтарчаро гирифта, аз дар мебарояд, аммо баъди чанд дақиқа гашта меояд ва ба муаллим мегӯяд: – Устод, ин ҷо имзо кардаед, аммо гузоштани баҳоро фаромӯш намудаед.
***
Мард назди компютер нишаста, бо завқ дар шабакаи иҷтимоӣ нависонавис дорад. Ногоҳ, хишти дар коғаз печидашудае омада, ба экрани компютер мезанад ва экран мешиканад. Мард бо ғазаб коғазро аз хишт ҷудо карда мебинад, ки дар он навишта шудааст: - Монитори нави фурӯшӣ дорам.
*** Марде ба дӯсташ мегӯяд: - Ба завҷаам ангуштарии тило харидам. Ду ҳафта шуд, дигар бо ман гап намезанад. Рафиқаш: - Барои чӣ? - Шартамон ҳамин буд.
*** Дар мағоза. Фурӯшанда: - Чӣ хизмат кунам, ака? - Агар дар ҳақиқат хизмат кардан хоҳӣ, дар телефони ман аз ҳисоби худат 10 сомонӣ гузарон.
ЭЪЛОН
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Боймуродова Фарзона Абдухалиловна (патенти №0077605, РЯМ 3830006455), ки 21 майи соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Шаҳритус ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Холияров Тоштемир Маллаевич (патенти №0141656, РЯМ 3830017263), ки 29 декабри соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Шаҳритус ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
Эътибор надорад
Муҳри Иттифоқи касабаи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №67-и шаҳри Душанбе бо сабаби гум шуданаш эътибор надорад.