Javonon №24 (9346), 12.06.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

1

№24 (9346),

12 июни соли 2014

Саҳифаи

4

ТУРИЗМ

ҲАМКОРӢ

Баррасии муносиботи фарҳангии кишварҳои СҲШ

10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ гуфт, масъалаҳои муҳимтарини баррасишаванда густариши минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Муовини аввали вазири фарҳанги Русия Владимир Аристархов иштирокдорони ҷаласаро ба Форуми фарҳангӣ-туристӣ, ки 26-27 июн дар шаҳри Брянск доир шуда, мавзӯи асосии он муколимаи тамаддунҳо ва асосҳои туризм аст, даъват намуд.

КОММУНИКАТСИЯ

Роҳи нави мошингард миёни Тоҷикистону Покистон

Муаррифии кӯҳҳо ба коршиносони Аврупо

Лоиҳаи пайвасткунии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон - Покистон (Ишкошим - Читрол) тавассути долони Вахони Афғонистон ба барномаҳои давлатии сармоягузориҳо, грантҳо ва сохтмонҳои асосии кишвар барои солҳои 2013 - 2015 ва 2014 - 2016 ворид шуд. Барои бунёди ин роҳ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) айни ҳол ҷиҳати дарёфти манбаи маблағгузорӣ кор бурда мешавад. Вазорати нақлиёти кишвар яке аз сабабҳои асосии сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаи сохтмони роҳи Ишкошим - Читролро аз тариқи долони Вахон ба мушкили дастрасӣ ба сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ рабт медиҳад.

ИҚТИСОД

Мизони таваррум баланд шуд Моҳи майи соли равон мизони таваррум дар кишвар 0,6%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аз оғози сол сатҳи таваррум дар кишвар ба 4,4% баробар шудааст. Моҳҳои январ-апрел ин рақам 3,7%-ро ташкил дод. Ҳукумати ҷумҳурӣ ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Саҳифаи

13

e-mail: javonontj@mail.ru

ҶАМЪБАСТИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ МАМЛАКАТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

2

ҲАМКОРӢ

ҶАШН

Сафари расмии Президенти Латвия ба Тоҷикистон Андрис Берзинш, Президенти Ҷумҳурии Латвия 9-11 июн бо сафари расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Меҳмонро дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар муборизаи глобалии зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт. Пас аз мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм; - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм; - Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милЗимни мулоқоти сарони ду судбахш баррасӣ шуд. лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлат масоили вобаста ба рушди Дар музокироти расмии сатҳи Муҳофизати давлатии сарҳадии муносиботи дӯстона ва ҳамкории олӣ гуфтугӯйи доманадор доир Ҷумҳурии Латвия.

ТУРИЗМ

Ҳамкорӣ ба нафъи тарафайн хоҳад буд

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳафтаи сипаришуда Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо менеҷери генералии меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» Филипп Дуклер мулоқот намуд. Дар оғоз Р. Шодиков аз номи худ ва аз номи раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов Филипп Дуклерро барои менеҷери генералии меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» таъин шуданаш муборакбод гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории меҳмонхона бо кумитаву зерсохторҳои он дар бахши туризм боз ҳам бештар мегардад. - Ду сол боз меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» дар баргузории Намоишгоҳи байналмилалии туристии «IТВБерлин» моро дастгирӣ мекунад, - гуфт Руслан Назардодович. - Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Як бахши ин чорабинии муҳимро рушди соҳаи туризм ташкил хоҳад дод. Мо мехоҳем, ки меҳмонхонаи «Душанбе-Серена»дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзад. Руслан Шодиков таъкид намуд, ки кумита дар навбати худ омодааст, то ба меҳмонхонаи мазкур дар бахши тарғибу гузаронидани чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намояд. Ӯ хотирнишон намуд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон туризмро соҳаи афзалиятноку ояндадори иқтисодиёти ҷумҳурӣ шумурда, ба пешрафти он таваҷҷуҳи зиёд менамояд. Чнде пеш ҷаласаи Ассотсиатсияи ширкатҳои туристии мамлакат баргузор гардид. Дар он нақши ҳамкорӣ бо меҳмонхонаҳо дар рушди соҳаи туризм таъкид шуд. Сардори давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир ба имкониятҳои бузурги мамлакат дар пешрафти соҳаи туризм, ба монанди мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва ғайра ёдовар шуда, гуфт, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 5% расонида мешавад. Чанде пеш зимни сафари кории Сардори давлат

ба Баҳрайн созишнома дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи туризм низ ба имзо расид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки соҳаи мазкур дар мамлакат дурнамои хуб дорад. Соли ҷорӣ аз рӯи маркетинги Ширкатҳои байналмилалии туристӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои барои саёҳат ҷолиб дохил шуд. Ин имкониятҳоро ба инобат гирифта, меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» метавонад, ки дар сурати ҳамкорӣ бо ширкатҳои туристӣ сайёҳони бештарро қабул намояд. Филипп Дуклер аз чораҳои амалишаванда дар самти туризми мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин гуфт: “Мо дарк мекунем, ки баҳри пешрафти ин соҳа бояд мусоидат кунем. Ба наздикӣ мо сарпарастии ба Тоҷикистон овардани мутахассисони соҳаи туризми Олмонро ба уҳда гирифтем. Ин иқдом бо мусоидату ҳамкории ташкилоти “АСDN” сурат мегирад. Операторҳои туризми Олмон дар меҳмонхонаи мо зиста, бо ҷойҳои дидании пойтахт ва навоҳии атрофи он ошно мешаванд. Сипас, ба ВМКБ ва минтақаи Зарафшон мераванд. Онҳо бори аввал ба Тоҷикистон меоянд. Аз ин рӯ, мо низ кӯшиш мекунем, ки Тоҷикистон барои сайёҳони тамоми ҷаҳон ҷолиб бошад»». Руслан Шодиков дар бораи Барномаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2010-2014 ва таҳияи барномаи нав барои солҳои 2015-2019 маълумот дода, хотирнишон намуд, ки оянда мумкин аст, ки теъдоди минтақаҳои сайҳии кишвар аз ҳисоби ВМКБ, ноҳияҳои Панҷакент ва Тавилдара боз ҳам бештар шавад. Алҳол дар минтақаҳои сайёҳии Варзобу Ромит ва Балҷувон иншооти гуногуни туристӣ мавриди истифода қарор доранд. Ҷонибҳо қарор доданд, ки нақшаи ҳамкориҳои тарафайнро таҳия намуда, баҳри тараққиёти соҳаи сайёҳӣ кӯшиш мекунанд.

С. САЙФИДДИН, «ҶТ»

Таҷлили Рӯзи ҳифзи муҳити зист Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе 5 июни соли равон дар Наврӯзгоҳи пойтахт Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил шуд. Дар он дастовардҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи корхонаҳои саноатӣ ва викторинаҳои экологӣ баргузор шуд. Дар оғоз Нозим Ҳакимов, муовини раиси шаҳри Душанбе ҳозиринро табрик намуда, даъват ба амал овард, ки дар доираи 90-солагии пойтахт, бо эълон гардидани «30 моҳи ободонӣ» дар беҳдошти муҳити зист ҳиссагузорӣ намоянд. Сипас, Пирзода Ҷалил, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Аламхон Қурбонов, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, нисбат ба солимгардонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ ибрози андеша карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт як қатор чорабиниҳо

роҳандозӣ гардиданд, ки аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» аз қабили онҳост. Инчунин, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист озмуни «Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст», ки байни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар эълон гашта буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Собиқадорони ҳифзи муҳити зист, сохторҳое, ки дар давоми сол бо сохторҳои экологӣ ҳамкории судманд ба роҳ монданд ва фаъолони аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки пайваста дар барномаву гузоришҳояшон тарғиби донишҳои экологӣ таҷассум ёфтааст, қадрдонӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки аз соли 1972 ҳар сол 5 июн дар тамоми олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мешавад.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»


Бозор Собир аз ҷумлаи тавонотарин шоирони миллат аст. Ҳаводорони каломи бадеъ ашъорашро бо маҳбубият мутолиа мекунанд ва ҳамчун шеъри баландпоя эътироф менамоянд. Аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пазироӣ ва қадрдонӣ шудани Бозор Собир бори дигар эҷодкори асил ва устоди сухани воло будани ӯро собит мекунад. Бозор Собир дар бист соли муҳоҷират ҳеҷ гоҳ аз ёди Ватан дур набуд, мудом бо ёди Тоҷикистон мезист ва шукӯҳу пешравиҳои сарзамини хешро тараннум мекард. Аз ҳар сатри шеъри ғарибонаи ӯ бӯйи гулу гиёҳ, обу хок, бӯйи накҳати борон, бӯйи зимистону баҳорони Тоҷикистон меояд. Кӣ ҳақ дорад Бозор Собирро бидуни Ватан тасаввур кунад?! Нуфузу мартабаи Бозор Собир дар миёни дӯстдорони каломаш андоза надорад. Баргузориҳои маҳфили шеъри ӯ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ҳамчунин, дар зодгоҳаш - ноҳияи Файзобод далели рӯшани ин даъвост. Маҳфили шеъри устод, ки баъди бозгашт аз ИМА 30 майи

дио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Саидқул Билолов, ки ба хотири шукӯҳи маҳфили Бозор Собир омада буд, бо иҷрои таронаҳои устод хотири ҷамъомадагонро болида гардонид. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ибодулло Машрабов, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов ва Ортиқ Қодиров эҳтироми хешро нисбат ба Бозор Собир бо қироати

Маҳфили шеъри Бозор дар Файзобод соли равон дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи шаҳраки Файзобод барпо гардид, ба гумони мо, дергоҳ дар хотирҳо мемонад. Толори чорсаднафара лаболаби ихлосмандони ашъори Бозор Собир гардид. Маҳфил бо рӯшании чароғи шеъри устод оғоз ёфта, лаҳза ба лаҳза шукӯҳу шаҳомат афзуд. Иштирокдорони маҳфил, аз ҷумла, раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар эътироф намуданд, ки чанд соли охир ҷамъомадҳои фарҳангӣ бо чунин шаҳомату ҷалол нагузашта буданд, ба ин маънӣ, ки

ҳокимияти маҳфил дар ихтиёри шеъру сухани Бозор Собир буд. Пазироии ҳаводорони адабиёт, қироати шеъру суруд ба толор равшании гуворою пурҷило бахшида, накҳату таровати ҷонбахш муҳайё намуданд. Устод иброз кард, ки бист сол боз бо мухлисони файзободии шеъри худ вонахӯрдааст. Ин маҳфил барои ӯ ҳисоби хоса дорад. Шоир тавассути шеър кӯдакиҳояшро ба ёд овард, аз бузургии модар ҳарф зад, бист соли рӯзҳои ғурбати ИМА-ро дарди вазнин донист, ватандориро беҳтарин неъмати дунёӣ ҳисобид ва аҳли нишаст, мар-

ШОМИ ШЕЪР

Дар маҳфили Муҳаммад

думи Тоҷикистон, махсусан, ҷавононро ба одамдӯстию ватанпарастии воқеӣ талқин намуд. Дар рафти маҳфил устод ҳикмату андарз гуфт, дарди дил ифшо кард, забони ҳазлу шухӣ кушод. Ифодаҳои зикркадаи ӯ – «Бист сол дар ҳабсхонаи беватанӣ будан», «Фарёди хурӯси қишлоқро ёд кардан», «Дар ҳасрати фатирхамири модар даҳон лаззат додану ашк рехтан» аҳли нишастро муассир гардонданд. Ҳамин буд, ки чанд бор аз ҷо бархоста, бардавом кафкӯбӣ карданд. Гурӯҳи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи давлатии ра-

ашъори ӯ изҳор намуданд. Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова муҳаббати худро ба шеъри устод бо забони шевою дилнишин баён карда, аз ашъори ӯ сурудеро бе мусиқӣ ва суруди дигареро дар ҳамоҳангӣ бо мутрибони ансамбли «Дарё» тақдими тамошобинон кард. Дар фарҷом даҳҳо нафар ҳамдиёри Бозор Собир аз хотири гиромидошти рӯзи маҳфили барпогардида ва нишони муҳаббати хеш ба шоир якҷо расм гирифтанд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

3

ФАРҲАНГ

Ҷӯрабек МУЪМИН

КИТОБИ НАВ

Шоми 5 июни соли равон дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт бо ҳузури доираи васеи аҳли илму фарҳаги кишвар ва дӯсторону шефтагони каломи бадеъ маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб доир гардид.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ошиқи китоб ва варақҳои порашуда Боре чанд варақи порашудаи китобе ба дасташ мерасад. Ба варақҳо чашм давонда, ба хондан мепардозад. Вале дар ҷойи хеле муҳиму ҷолиб варақҳо анҷом меёбанд. Қисса нохонда мемонад. Минбаъд ҳис кард, ки бе китоб зиндагӣ барояш маъно надорад. Пайваста мехонду меомӯхт. Чун ба воя расиду соҳибмаълумот гардид, худ хома ба даст гирифт ва ба навиштан оғоз кард. Инак, навиштаҳояшро дар шакли маҷмӯаи алоҳида ба табъ расонд. Бо номи хеле аҷиби «Китоби орзуҳо». Ҳамин тавр, Дилафрӯз Қурбонӣ бо маҷмӯаи нахустини хеш бо номи «Китоби орзуҳо» ба майдони адабиёт қадам ниҳод. Лек бо гомҳои устувор. «Китоби орзуҳо» понздаҳ ҳикояи адибаи ҷавону умедбахш Дилафрӯз Қурбониро фаро гирифтааст. Шоира Марямбонуи Фарғонӣ дар пешгуфтори «Китоби орзуҳо» чунин навиштааст: «Рисолати нависанда, пеш аз ҳама, тарбияи инсони комил буда, ба мақсад он гаҳ мерасад, ки бо истифода аз таҷрибаи талху ширини зиндагӣ суханварӣ кунад, ҳунармандона сужаҳое офарад, ки новобста ба гузашти давру замон қиматашон коста нагардаанд…» Навиштаҳои Дилафрӯз ҷанбаъҳои гуногуни ҳаёти муосири моро дар бар гирифта, бо диду баёни ин адибаи ҷавон рӯйи коғаз омадааст. Бовар аст, ба хонанда ҳикоёти ӯ писанд меоянд.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Онро раиси Иттифоқи нависандагони мамлакат Меҳмон Бахтӣ ифтитоҳ бахшида, дар фазои тантанавӣ ба Муҳаммад Ғоиб нишони сарисинагии Сухан-и иттиҳоди эҷодкорони мамлакатро супурд. Сипас, Муҳаммад Ғоиб аз эҷодиёти пурғановати худ намунаҳо қироат карда, санъаткорони варзидаи кишвар Давлатманд Холов, Саилқул Билолов, Файзалӣ Ҳасанов, Зикриоллоҳ Ҳакимов ва чанде дигар аз осори ӯ шеърҳо суруданд. Мавриди зикр аст, ки Муҳаммад Ғоиб хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда, қисматашро ба кори эҷод бахшида, дар ин ҷода аз зумраи муваффақтаринҳо ба ҳисоб меравад. Дар давоми фаъолияти беш аз чилсола садҳо шеъру ғазал, рубоию дубайтӣ, суруду марсия, қиссаву достон, ҳикояву афсона, ҳаҷвияю драма, сенария барои филм ва даҳҳо очерку мақола навишта, зиёда аз 40 китоби назму наср ба чоп расонидааст, ки аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ хуб пазируфта шуда, ҳаводорони зиёд доранд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

4

ТУРИЗМ

КӮДАКОН ОЯНДАИ МОАНД

Барои тарбияи фарзанд дониш лозим

Муаррифии кӯҳҳо ба коршиносони Аврупо 2-9 июни соли равон коршиносони соҳаи сайёҳии Аврупо кӯҳҳои шигифтангезу мафтункунандаи Тоҷикистонро тамошо карданд. Ин иқдом барои татбиқи босамари Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014, бо дастгирии Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон ва Ассотсиатсияи сайёҳии эко-фарҳангии Помир (АСЭФП) сурат гирифт. Меҳмонон, ҳамчунин, аз манзараҳои дилрабо, кӯҳҳои осмонбӯс, табиати нотакрор, роҳҳои душворгузар ва шоҳроҳи бузурги Абрешим гузар намуда, бо таассуроти беандоза дар мулоқот бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳамкории минбаъда дар ин соҳа ва ҳавасмандии зиёди сайёҳони хориҷӣ барои сафар ба кишвари мо изҳори андеша намуданд.

Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Барои он ки тарбия коста гардад, костагии ахлоқ сар мешавад ва ҳар ҷомеае, ки ба буҳрони ахлоқӣ гирифтор шуд, поёни умраш наздик аст. Чунки буҳрони ахлоқӣ бадтарини буҳронҳост. Муҳимияти мавзуъро ба назар гирифта, чанд сол пеш Ҳукумати кишвар Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул намуд, ки то андозае аҳли ҷомеаро водор сохт ба таълиму тарбияи насли наврас аҳамият диҳанд. Албатта, новобаста аз қарору қонунҳо, ҳар падару модар мехоҳад, ки фарзандаш тарбияи хуб гирифта, шахси дилхоҳи ҷамъият ба камол расад. Вале омилҳои муайяне ҳастанд, ки ин хоҳиши волидонро иҷроношуда боқӣ мегузоранд.

Табиист, ки тарбияи дурустро тавассути донишҳои мукаммал додан мумкин аст. Донишҳое, ки падару модар бо он “мусаллаҳ” бошанд. Вале агар зиндагии теъдоди зиёде аз мардумро нигоҳ кунем, мебинем, ки онҳо ё барои соҳиби маълумот шудан фурсат наёфтаанд (шарту шароит надоранд) ва ё нахостаанд. Дар

ин сурат, албатта, фарзанди онҳо аз донишҳои зарурӣ маҳрум мемонад. Ҷои баҳс нест, ки донишҳои аввалияро кӯдак аз волидонаш мегирад. Волидони бедониш ба кӯдак чӣ медиҳанд, худ тасаввур кунед? Воқеан, агар ба ҳаёти бузургонамон назар афканем, мебинем, ки онҳо ба тарбияи кӯдак ҳаматрафа аҳамият медоданд. Чунончӣ, Унсуралмаолии Кайковус дар “Қобуснома”, ки насиҳатномае бар ҷигарбандаш аст, муҳим будани масъалаи тарбияи ахлоқиву маънавии кӯдакро нишон додааст. Ин китоб роҳнамои хубе барои мураббиён – волидони феъливу оянда шуда метавонад. Он бояд китобе бошад, ки пайваста таҳти мутолиаи волидон ва истифодаи онҳо қарор гирад. Зимнан, чандон соҳиби дониш набудани бархе занону модарон онҳоро дар муқобили мушкилиҳои пайдошуда дар тарбияи фарзандон гузоштааст. Чун чанд нафареро вохӯрдаву пурсон шудем, маълум гашт, ки ҳолатҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки модарон намедонанд чи кор кунанд ва аз кадом усул истифода баранд. Дилафрӯз соҳиби ду фарзанд аст. Фарзанди калониаш ҳоло дар синфи якум мехонад. «Писарам ҳамин ки аз дарс омад, сумкаро як тараф гузошта, ба тамошои дивидӣ-дискҳо мепардозад. Вай филмҳои «Человек паук», «Винкс», «Шрек» ва «Симбо»-ро бештар тамошо мекунад», - шиква мекунад модар. Бино ба нақли Дилафрӯз писараш аз вай та-

лаб мекунад, ки барояш ин ё он чизро бихарад, чунки модари рафиқаш барои ӯ ҳамон чизҳоро харидааст. Дилафрӯз мегӯяд, “кӯдакони имрӯз аз волидонашон дида, бештар медонанд ва ин чиз тарбияи онҳоро барои мо хеле мушкил кардааст”. Ҳамсӯҳбати дигари мо Нилуфар ном ҷавонзанест. Ӯ низ дар тарбия мушкилӣ мекашад. Нилуфар мегӯяд, мушкил дар он аст, ки писарам ба бозиҳои компютерӣ бисёр дода шудааст. Пинҳониву рустӣ ба интернеткафе меравад. Борҳо ҳамроҳи падараш бо ӯ сӯҳбат кардем, манъ кардем ба интернеткафе рафтанашро, аммо даст накашид». Аз нақли занҳои ҳамсуҳбатамон ба чунин хулоса мерасем, ки онҳо воқеан ҳам дар масъалаи тарбияи кӯдак ночор мондаанд. Вале боз ҳам агар усулҳои дурусти тарбияро соҳиб бошанд, ки он бе дониши мукаммал даст намедиҳад, метавонанд ин масъалаи пешомаадаро ба осонӣ ҳал кунанд. Тасаввур кунед, талабаеро, ки аз дарс меояду худро ё ба оғӯши интернеткафе мепартояд ё ба тамошои филмҳо. Баъди гузашти муддате вай ҳатман бехушу танбал мешавад. Яъне, бекорхӯҷаи тайёр. Дар ин сурат китобҳояшро ҳам дуруст намехонад, чизеро ҳам ёд намегирад. Табиист, ки ё сафи аробакашу мошиншӯйҳоро афзун мекунад ё муҳоҷирони меҳнатиро...

Маҳина ЯҚУБОВА, магистранти ДСРТ

12 ИЮН - РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН

168 млн. кӯдак кор мекунанд

e-mail: javonontj@mail.ru

Мувофиқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 168 млн. кӯдак барои зинда мондан аз 5 то 14-солагӣ ба кор шурӯъ менамоянд. 85% кӯдаконе, ки меҳнат мекунанд, дар хоҷагии қишлоқ, 3,4% дар сохтмон, 3,7% дар соҳаи савдо ва 7,4% дар соҳаи саноат ҷалб шудаанд. Зери мафҳуми истимори меҳнати кӯдак истифодаи ройгони меҳнати кӯдакро меноманд, ки дар рафти он талаботи муқаррарнамудаи қонунгузориро нисбат ба синну соли қонунии шуғлмандӣ, меъёри музди меҳнат ва дигар намуди кафолатҳо риоя карда намешаванд. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мегӯяд, “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазъи солимӣ ва барқарорсозии саломатии кӯдаконро, ки бо меҳнати вазнин машғул мебошанд, таҳти назорат қарор додааст. Ба қатори бемориҳое, ки бештар дар “кӯдакони кӯча” муайян мешаванд, инҳо дохиланд: дистонияи рагҳои вегетативӣ, илтиҳоби гурда, бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ, аллергия ва ғайра. Илова ба ин, дар онҳо дигаргунии қомат ва сколиоз, ки бо сабаби бардоштани вазнинӣ ба амал меояд (алалхусус, кӯдаконе, ки дар мағозаҳо ба борбардорӣ машғуланд), ба назар мерасад. Аз рӯи баҳодиҳии мушовирон, дар байни шумораи ками “кӯдакони кӯча” кӯдакони гирифтори бемориҳои ҳепотити “А”, “Б” ва бемории сил низ вомехӯранд”. Бо мақсади мубориза алайҳи меҳнати кӯдак тавассути лоиҳаҳои таҷрибавии СБМ соли 1992 ба Барномаи байналмилалӣ оид ба аз байн бурдани меҳнати кӯдак (ИПЕК) асос гузошт, ки айни ҳол он дар 83 давлати ҷаҳон амалӣ мегардад. Давлатҳо-аъзои СБМ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки то соли 2016 бадтарин шаклҳои кори кӯдакон барҳам дода шавад. 12 июни соли равон Рӯзи умумиҷаҳонии мубори-

за алайҳи меҳнати кӯдакон (World day against child labour) таҳти шиори “Васеъкунии ҳифзи иҷтимоӣ, мубориза алайҳи меҳнати кӯдак” доир гардид. Ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ яке аз ҳуқуқҳои инсон аст, ки мазмуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон дар соли 2014 татбиқи пунктҳои зеринро талаб менамояд: - татбиқ кардан, такмил додан ва васеътар кардани ҳифзи иҷтимоӣ мувофиқи тавсияномаи СБМ (соли 2012) дар бораи ҳадди аққали ҳифзи иҷтимоӣ (№ 202); - инкишоф додани системаи миллии таъминоти иҷтимоӣ, ки талаботи кӯдаконро ба назар мегирад ва дар мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон ёрӣ мерасонад; - васеъ кардани системаи таъминоти иҷтимоӣ, ки гурӯҳҳои кӯдакони озорёфтаро фаро мегирад. 12 июн дар маҷлисгоҳи БРСММ (шаҳри Душанбе) суҳбат дар мавзӯи “Масъалаҳо ва имкониятҳо барои васеъкунии ҳифзи иҷтимоии кӯдакон дар Тоҷикистон дар матни рушди сиёсат дар мубориза алайҳи меҳнати кӯдак” доир гардид. Мақсад аз он муҳокима кардани масалъаҳо оид ба васеъкунии тартиби ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, ки бо фаъолияти меҳнатӣ ҷалб гардидаанд ва тайёр кардани тавсияҳо барои беҳтар кардани сиёсат дар ин самт буд. Дар ҳамоиш координатори миллии СБМ-ИПЕК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Хосабекова, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ К. Қурбонов ва ғайра иштирок доштанд. Инчунин, СБМ-ИПЕК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи “Васеъкунии сохтори мониторинги меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон” иқдоми “карточкаи сурх”-ро дар байни 180 кӯдак, барои баланд бардоштани сатҳи хабардор будан дар пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдак бо истифодаи маълумоти тарғиботӣ роҳандозӣ мекунад.

Равшан МЕЛИКШОЕВ


- Фаррухҷон, дар оғоз шарҳ медодед, ки чӣ гуна дар ҷустуҷӯи илм ба он тарафи уқёнус рафтед? - Ман соли 2006 литсейинтернати муштараки тоҷикӣтуркиро хатм кардам. Азбаски чанд маротиба дар озмунҳои байналмилалӣ аз фанни химия ғолиб омадам, маро ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (МГУ) ва Донишгоҳи Фотеҳи шаҳри Истанбул (Туркия) барои таҳсили бепул даъват намуданд. Яъне, ҳанӯз замони дар литсей таҳсил карданам соҳиби роҳхат шудам. Имкон ёфта, бо шароити таълиму зисти ҳар ду донишгоҳ ошно шудам. Билохира, Донишгоҳи Фотеҳро интихоб намудам. Баъди хатми ин донишгоҳ барои идомаи пажӯҳишҳои илмӣ ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳи Райтси шаҳри Ҳюстон супурда, унвонҷӯи ин боргоҳи илмӣ гаштам. - Ҳангоми таҳсил дар литсей ба озмунҳо чӣ гуна омодагӣ медидед? - Вақте дар литсей таҳсил мекардем, муаллимони фанни химия ба мо мегуфтанд, ки муҳассилини аълохон ҳуқуқи дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуданро пайдо мекунанд. Аммо иштирок дар чунин озмунҳо аз як тараф ифтихор бошад, аз тарафи дигар масъулият аст. Дар баробари ин, заҳмати ҳаррӯза ва содиқонаи омӯзгорон ва кӯшишу ғайрати хонандагон ба назар мерасид. Омӯзгорон пас аз анҷоми дарсҳои муқаррарӣ вақти худро дареғ надошта, самимона моро барои ин ё он олимпиада тайёр мекарданд. Бартарии литсейинтернатҳои муштараки тоҷикӣтуркӣ дар он аст, ки тамоми фанҳои дақиқ ва омӯзиши компютер бо забони англисӣ таълим дода мешавад. Ана, ҳамин бартарӣ буд, ки намояндагони ЛИМТТ аз ҳама озмунҳои байналмилалӣ бо ме-

дал бармегаштанд. Бубинед, омӯхтани фанни химия ба забони модарӣ чӣ қадар душвор аст. Вақте онро бо забони хориҷӣ меомӯзӣ, ин душворӣ дучанд мешавад. Вале ташаккур ба устодонамон, ки тавонистанд меҳри омӯзиши фанҳои дақиқро дар дили мо ҷой диҳанд. Барои хоҳишмандон дарсҳои иловагӣ ташкил намуданд. Дар таътили тобистона низ дар рӯзҳои муайян химияро бо забони англисӣ

намояндагони бисёр макотиби олии кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Онҳо медонанд, ки агар ғолибони озмунро ба донишгоҳи худашон гиранд, донишҷӯ дар ҷодаи илм комёб (муваффақ) мешавад. Барои Шумо таҳсил дар Донишгоҳи ба номи Ломоносов беҳтар набуд? - Ба ман ду сол пайи ҳам аз ин донишгоҳ даъватнома омад.

Тоҷикистон амалӣ намоед. Бинобар ин, ман роҳи илмро пеш гирифтам. Донишгоҳи Райтсро барои он интихоб кардам, ки Амрико дар соҳаи химия хеле пешрафтааст. Чор сол аст, ки ман дар ин донишгоҳ таҳсил намуда, дар як вақт кори илмӣ мекунам. Ҳоло номзади илми химия ҳастам. Худо хоҳад, рисолаи докториро низ ҳимоя карда, баъд ба Тоҷикистон меоям. - Илми химия хеле

Райтс ҷавонони дигари тоҷик ҳастанд? - Ҳоло дар ин донишгоҳ аз Тоҷикистон танҳо ман таҳсил мекунам. Аммо дар дигар донишгоҳҳои Ҳюстон ҳамагӣ се донишҷӯи тоҷик ҳастанд. Ду нафарашон дастпарвари ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камол, ки дар факултаи риёзӣ ва физика таҳсил мекунанд. Як нафари дигар аз шаҳри Хуҷанд аст. Мо дар он ҷо худро бегона ҳис намекунем.

васеъ аст. Шумо кадом самти онро меомӯзед? - Ман, асосан, бо сафедаҳо кор мекунам. Вақте сафедаҳои гуногуни таркиби ҳуҷайраҳои инсон нодуруст ҷамъ шаванд ва ё нокифоя фаъолият намоянд, шахс бемор мешавад. Баъдан истеъмоли дору низ бо ягон тарз бо сафедаҳо кор мекунад. Аз ин рӯ, бисёр донишгоҳҳои бонуфуз ин масъаларо мукаммал меомӯзанд ва таҳқиқот мегузаронанд. Азбаски шароити бурдани кори илмӣ дар ин донишгоҳ хуб аст, ман субҳ то шом дар лабараторияи он кор мекунам. Рафтан баробар кор бо таҷҳизоти навтаринро омӯхтам. Натиҷаи таҳқиқотамонро дар маҷаллаҳои илмии ИМА бо забони англисӣ чоп мекунем. - Таҳсил дар ин донишгоҳ пулакӣ аст? - Не, ман дар ин ҷо баръакс аз донишгоҳ маош мегирам. Системаи унвонҷӯӣ дар ин ҷо фарқ мекунад. Мо ҳам унвонҷӯ ва ҳам пажӯҳишгар ба ҳисоб меравем. Барои натиҷаи кори сесолаам донишгоҳ ба ман унвони номзади илми химияро сазовор донист. - Дар Донишгоҳи

Зуд-зуд ҳамдигарро мебинем. Тавассути «Скайп» бо аҳли хонавода дар тамос ҳастем. Аз интернет хабарҳоро дар бораи Тоҷикистон мехонем. - Донишҷӯёни дигар кишварҳо дар бораи Тоҷикистон маълумот доранд? - Баъзеашон медонанд, баъзеашон тахмин мекунанд, ки дар куҷост. Ман то қадри имкон дар бораи кӯҳҳои сарбаланду манзараҳои зебо ва дар як вақт ду-се фасли солро дидан нақл мекунам. Мегӯям, ки моҳи май дар Шаҳритус тобистон, дар водии Ҳисор баҳор вале дар ағбаи Анзоб зимистон аст. Метавонед ин 3 фаслро дар 4-5 соат бубинед. Онҳо ҳайрон мешаванд. Сабту суратҳои дар телефону компютер доштаамро ба онҳо нишон медиҳам. Баъзеҳо дар талаффузи номи дигар кишварҳо душворӣ мекашанд. Аз ин рӯ, ба онҳо аввал талаффузи дурусти номи Тоҷикистонро ёд медиҳам. Давлати худро муаррифӣ кардану таваҷҷуҳи дигаронро ҳис кардан ҳам шавқовар ва ҳам ифтихор аст. Иди Наврӯзро бо ҳамзабононамон ва донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо ҷашн мегирем. Баъди хатми донишгоҳ чӣ мақсад доред? - Ман ҳар сол ба Тоҷикистон ба аёдати волидайн меоям. Акнун ба 26 медароям. Ҳоло хонадор нашудаам. Ҳар бори омаданам дар пойтахт дигаргуниҳои зиёд мебинам, ки хушнудкунанда аст. Мехоҳам илму таҷрибаи дар Туркияву Амрико омӯхтаамро дар ватани азизам амалӣ намоям. Бо чанде аз олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва устодони донишгоҳҳо мулоқот доштам. Боварӣ дорам, ки дар ҷумҳурӣ барои олимони ҷавони илмҳои дақиқ шароити хуби корӣ фароҳам меояду мо имкон меёбем, ки дар рушди илму технологияи ватан саҳм гузорем.

Таҷрибаи омӯхтаамро дар Ватан татбиқ карданиам

мехондем. Ҳангоми дар синфи 10 таҳсил карданам дар озмуни Менделеев, ки намояндагони 17 кишвар иштирок намуданд, ҷои дуюмро гирифта, сазовори медали нуқра гардидам. Ҳамон сол (2005) дар Тайван озмуни ҷаҳонӣ шуд, ки намояндагони зиёде аз 100 кишвар ширкат варзиданд. Дар ин олимпиадаи ҷаҳонӣ соҳиби ҷои сеюм шудам, ҳангоми медалсупорӣ, вақте Парчами Тоҷикистон баланд шуда, оҳанги Суруди миллӣ садо дод, ашки шодӣ рехтам. Шодии устодонам низ ҳадду канор надошт. Агар ба боғбон самари нахустини дарахти ба воя расондааш шодӣ орад, ба устод комёбии шогирд фараҳ меорад. Ҳангоми дар синфи 11 таҳсил карданам, дар озмунҳои байналмилалӣ, ки дар Арманистон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, соҳиби медали биринҷӣ гаштам. Як ҷиҳати ғолиб омадан дар ин озмунҳо аз он иборат аст, ки

Ман ба ин донишгоҳ рафта, бо устодон ҳамсӯҳбат шудам. Шароиташ хуб, вале муҳити зист, фазои таҳсил ва шароити идома додани корҳои илмӣ дар Донишгоҳи Фотеҳ бароям бештар писанд омад. Дар шаҳри Истанбул ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил мекарданд. Аз ин рӯ, мо бо ҳам зуд-зуд вохӯрда, эҳсоси ғурбат намекардем. - Чаро маҳз ҷодаи илмро интихоб кардед? - Вақте Донишгоҳи Фотеҳро хатм намудам, имкон доштам, ки бо маоши баланд дар Туркия ва корхонаҳои саноати химияи Федератсияи Русия ба кор дароям. Агар манфиати иқтисодиро ба назар мегирифтам, бароям кор кардан манфиатовар буд. Аммо он лаҳзаҳо суханони муаллимони ЛИМТТ ба ёдам омад, ки гуфта буданд: «Мо ба шумо шароит фароҳам меорем, то ки илми муосиру технологияи навтаринро дар хориҷа омӯхта, онро дар

Ҳоло дар ин донишгоҳ аз Тоҷикистон танҳо ман таҳсил мекунам. Аммо дар дигар донишгоҳҳои Ҳюстон ҳамагӣ се донишҷӯи тоҷик ҳастанд. Ду нафарашон дастпарвари ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камол, ки дар факултаи риёзӣ ва физика таҳсил мекунанд. Як нафари дигар аз шаҳри Хуҷанд аст.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар маъруфтарин донишгоҳҳои мамолики мутараққӣ таҳсил мекунанд. Иддае бо истифода аз фурусат рисолаҳои илмӣ ҳимоя менамоянд. Яке аз онҳо унвонҷӯи Донишгоҳи Райтси шаҳри Ҳюстони иёлати Техас (ИМА) Фаррух Воҳидов мебошад. Фаррух чанде пеш муддати се ҳафта ба зодгоҳаш - шаҳри Душанбе омад. Бо истифода аз фурсат бо ӯ мусоҳиб шудем.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

5

ҶАВОНОН ВА ИЛМ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

6

ҒАЛАТ НАНАВИСЕМ

Масъулияти пешвоёни забон, бахусус, олимон, адибон, рӯзноманигорон, ки нутқи эшон сарчашмаи омӯзиши забони адабӣ маҳсуб меёбад, дар тозагии забон бештар аст, зеро хатое ба навиштору гуфтори онҳо роҳ ёбад, он ба ғалати умум табдил меёбад. Аз ин лиҳоз, риояи меъёри сухан дар каломрониву қаламкашии зиёиён василаи покизагии забони аҳли диёр маҳсуб мешавад. Яке аз ин камбудиҳо дар истифодаи вожаи “ҷамоат” мебошад. Дар радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо ибораҳои “ҳудуди ҷамоат” ва “сокини ҷамоат” чунон серистеъмол гардиданд, ки ин саҳв ҳатто ба гуфтору навиштори қонунгузорон ва роҳбарияти сатҳи баланд низ сироят намуд. «Ҷамоат» мувофиқи шарҳи мафҳумҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки аз ҷониби интихобкунандагони шаҳрак ва деҳот интихоб шуда, масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи салоҳияти худ ҳал мекунад. Аз ин рӯ, ҷамоат истилоҳи ҷуғрофӣ ва ё маъмурӣ нест ва он ҳудуд ва ё сокин надорад. Истилоҳоти маъмурӣ “шаҳрак” ва “деҳот” мебошанд ва онҳо ҳудуд ҳам доранд, сокин ҳам. “Ҳудуд ва ё сокини шаҳрак ва ё деҳот” гуфтану навиштан матлабро дуруст ифода карда метавонад. Дар суроға низ ба истифодаи “ҷамоат” ҳоҷат нест: «деҳоти Ворухи шаҳри Исфара», «деҳаи Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара», «деҳаи Гулистони деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара», «шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара» ва монанди инҳо. Байни ду садонок навиштани “ъ” ба ҷуз калимаҳои “фаъол” ва “таъин” раво нест. Бино бар ҳамин, дар навишти вомвожаҳои арабии “дуъо», «таъом», «мавзӯъот», «мутаъол», «воқеъа», «воқеъӣ», «ҷомеъа” баъзан ҳарфи “ъ”-ро истифода мебаранд, ки нодуруст аст. Бояд «дуо», «таом», «мавзӯот», «мутаол», «воқеа», «воқеӣ», «ҷомеа» навишта шавад. Нодуруст “кимё” ва “ҳамшираи шавқат” сабт намудан ҳатто ба навиштори мутахассисони соҳа роҳ ёфтааст. Дар овезаву варақаҳои таблиғотӣ ва ҷаридаҳои девории муассисаҳои тиббӣ “ҳамшираи шавқат” мустаҳкам ҷой гирифтааст. “Шавкат” (вожаи “шавқат”

вуҷуд надорад) дар луғатҳо “ҷоҳ», «ҷалол», «бузургворӣ», «ҳашамат», «азамат», «шукуҳ» тафсир шудааст. “Шафқат” мафҳуми «меҳрубонӣ», «дилсӯзӣ», «марҳамат», «тараҳҳум»-ро ифода менамояд. Ин мутахассиси миёнасоҳаи тиб ҳамшираи шафқат аст. Мисли ҳамин “коғаз”-ро ”қоғаз” менависанд, ки дуруст нест. “Қоғаз” гӯем ҳам, бояд “коғаз” нависем. Овози ҳамсадои “н” пеш аз “б” “м” талаффуз шавад ҳам, “н” навишта мешавад: «шанбе», «анбар», «анбор», «занбар», «санбӯса”, “занбӯр”, “анбӯр”, “пунба”, “сунба”, “сунбул”, “танбал”, “дунба” ва ғайра. Овози ҳамсадои лабулабии “б” ҳангоми талаффуз ҳамсадои пешизабонии “н”-ро аз худ дур

адабӣ вожаи “табақ” мавҷуд аст ва онро аҳли қалам ҳамин тавр мавриди истифода қарор медиҳанд. Он зарфи паҳн барои кашидани хӯрокҳои ғализ аст (Аз фурсат истифода бурда, гуфтанӣ ҳастам, ки калимаи арабии “ғализ” маънои ғафсро дорад). Баъзан онро “табоқ” менависанд, ки дуруст нест. Вомвожаи арабии “вабол” дар забони мо дар шакли “убол” истифода мегардад. Бино бар ду овоз, яъне “в” ва “у”-ро ифода кардани ҳарфи арабии вов ин воҳиди луғавӣ пайдо шудааст. Дар гуфтугӯ “увол” талаффуз гардад ҳам, “убол” навиштан тавсия гардидааст. Вақтҳои охир калимаи “иҷроиш” серистеъмол гардидааст. Аслан бидуни пасванди “-иш” матлаб ифода мегардад.

“аъзо, иқдом, талафот, мавод, ашё” аллакай ҷамъбандии арабӣ татбиқ гардидааст. Яъне исмҳои арабии танҳои “узв”, “қадам”, “талаф”, “модда”, “шайъ” ҷамъ баста шудаанд. Ба онҳо пасванди тоҷикии “-ҳо” илова намоем, ҷамъбандии дукаратаи исм мешавад. Нодурустӣ ва ғайритабиӣ будани пешояндҳои номии изофии “оиди”, “нисбати”, “доири”-ро академик Муҳаммадҷон Шакурӣ борҳо таъкид карда буданд. Дар қоидаҳои имло низ дар хусуси пешояндҳои таркибии номии беизофати “пеш аз”, “пас аз”, “доир ба”, “роҷеъ ба”, “нисбат ба”, “оид ба” сухан рафтааст. Вожаи “тазод” дар гӯйиши баъзеҳо ҳамсадои “з” мушаддад талаффуз мегардад, бо ин сабаб онро “таззод” мегӯянду

анд, ки ғалат аст. Навишти дурусти ин калима “тапонча” бе ҳамсадои мушаддад мебошад. Ба мушаддад навиштани калимаҳои “парранда”, “дарранда”, “чарранда” одат карда будем. Дар луғатномаҳои имрӯза бе ташдид навиштани онҳо тавсия мегарданд (паранда, даранда, чаранда). Барои чӣ? Сабаб дар он аст, ки ҳамсадои охири як зумра калимаҳои иқтибосии арабӣ, аз қабили “қад”, “муҳим”, “фан”, “хат” ва монанди инҳо таърихан мушаддад аст ва дар калимасозию калимабандӣ ташдиди худро барқарор мекунанд: қад – қадди расо, қадду қомат; муҳим - муҳимми хайр, муҳиммот; фан – фанни адабиёт, фаннӣ; хат – хатти хоно, хаттӣ, хаттот, хатту савод. Ин хусусият ба луғоти за-

«Самбӯса»-ю «оддӣ» навиштан дуруст нест Баъзе ғалатҳои машҳуру номашҳур

сохта, ҳамгуни худ ҳамсадои лабулабии “м”-ро ба паҳлуяш меорад (ин ҳодисаро дар илми савтиёт ҳамҷинсшавии овозҳо меноманд). Дар натиҷа, дар навишт чунин хатоҳо рух медиҳанд: “самбӯса”, “амбор”, “гумбаз”, “думба” ва монанди инҳо. Алҳол дар пештоқи тамоми санбӯсахонаҳо ва рекломҳои телевизион “самбӯса” хеле маъмул аст. Лекин калимаи “бунбаст” бо “н” навишта мешавад. Дар фарҳанги имло ҳам “замбӯруғ” ва ҳам “занбӯруғ” тавсия гардидааст. Луғоти “ваҳӣ”, “девол”, “зарурият”, “лахм”, “фарқият” бояд чунин навишта шаванд: ваҳй (на “и”-и дароз, балки “й”), девор (на бо “л”, балки бо ҳарфи “р”), зарурат (пасванди “-ият” не, балки “-ат”), лаҳм (на ҳарфи “х”, балки “ҳ”), фарқ (умуман, калимаи “фарқият” нодуруст аст ва ин гуна калима вуҷуд надорад, зеро вожаи “фарқ” ҳамон мафҳумро бе пасванди “–ият” ҳам ифода мекунад). Ҳарчанд дар гуфтор “миҷа” гӯянд ҳам, дар луғатҳои имло “мижа” навиштан тавсия шудааст. Мисли ҳамин аз навишти вожаҳои “жанда” ва “ҷанда” дурусташ “жанда” мебошад. Аммо “аждод” навиштан дуруст нест, он бояд “аҷдод” бошад. Дар луғатҳо навишти “пажмурда” тавсия гардидаст, на “паҷмурда”. Дар луғатҳои тафсириву имло, яъне, дар забони

Бино бар ҳамин “иҷро” навиштан саҳеҳ аст. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосии арабии “фотеҳ” ва “фотиҳа” мавҷуданд. Вожаи “фотеҳ” дар фарҳанги тафсирӣ 1) фатҳкунанда, кушоянда; 2) ғолиб, зафарёб ва “фотиҳа” 1) оғоз ва ибтидои коре, аввали ҳар чизе; 2) дуои хайр; рухсат ва иҷозат тафсир шудааст. “Фотеҳа” дар нутқи гуфтугӯ мавҷуд бошад ҳам, чунин навиштан тавсия нагардидааст. Шакли ноқиси “райъпурсӣ”-и вожаи “раъйпурсӣ” ба чашм расид. Ҳамчунин, калимаи шаклан нодурусти “аврупойӣ” вохӯрд. Ҳарчанд ҳангоми талаффуз “й” афзоиш ёбад ҳам, бино бар дар решаи калима, яъне “Аврупо” таърихан мавҷуд набудани ҳарфи “й” дар калимасозию калимабандӣ он навишта намешавад. Аз ин лиҳоз, “аврупойӣ” навиштан дуруст нест. “Аврупоӣ” бояд навишт. Такрори маънӣ дар ибораи «хусусияти хос» вомехӯрад. Калимаҳои иқтибосии арабии «хусусият» ва «хос» як маъно доранд. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2010) калимаи «хусусият» «ҷиҳати хоси чизе, сифати махсуси чизе» тафсир гардидааст. Аз ин лиҳоз, “хусусияти хос” мантиқан дуруст нест. Такрори ҷамъбандӣ дар “аъзоён, иқдомҳо, талафотҳо, маводҳо, ашёҳо” барин вожаҳо дучор мешавад. Чунки дар

менависанд. Дар ин ҳолат махсусияти талаффузи забони тоҷикӣ, яъне дар ҳиҷои охири исм омадани зада риоя намегардад. Зада ба ҳиҷои аввал афтида, вожа талаффузу навишти ғайритоҷикӣ мегирад. Он бояд бидуни ташдид “тазод” корбаст гардад. Бо ду “з” навиштани “мазза” низ дучор мешавад, ки ғалат мебошад. Вожаи “маза” бо “лаззат” муродиф аст. Ҳаминро фаромӯш набояд кард, ки “маза” бидуни ташдид ва ҳамсадои “з”-и калимаи “лаззат” бошад, мушаддад талаффуз мегардад ва ҳамин тавр сабт меёбад. Вожаи “фарох” низ бино бар талаффузи ғайритоҷикӣ осеб ёфта, ба “фаррох” табдил шудааст, ки ғалат аст. Ҳамин тариқ, “бача” ҳам аз нодуруст гуфтан ба “бачча” мубаддал гардидааст, ки саҳеҳ нест. Калимаи “байналмилал” бо “миллат” иртибот дорад. Дар ҳақиқат, “миллат” бо ду “л” навишта мешавад. Бо назардошти ин калимаи “байналмилал”-ро низ бо ду “л” (байналмиллал) навишта истодаанд, ки дуруст нест. Ҳангоми талаффуз низ овози [л]-и дуюми вожаи “байналмилал” ташдид надорад. Ҳамчунин, вожаи “таккон” вохӯрда истодааст, ки нуқсон дорад. Нуқси ин калима ташдиди он аст. “Такон” бидуни ташдид бояд сабт ёбад. Монанди ҳамин вожаи “таппонча”-ро низ ташдиддор навишта истода-

бони тоҷикӣ хос нест ва аз ин лиҳоз дар калимаҳои тоҷикӣ татбиқ намегарданд. Яъне ҳамсадои охири калимаҳои “пар”, “дар”, “чар” дароз талаффуз намешаванд. Дар қоидаҳои имлои қаблӣ (соли 1998) бо ду “в” навиштани шумораҳои “дуввум” ва “севвум” муқаррар гардида буд. Қоидаҳои нави имло (2011) бо сабаби номувофиқӣ ба меъёри талаффузу навишти забони тоҷикӣ такрор нашудани ҳамсадои “в”-ро тавсия менамояд (дувум, севум). Ҳамчунин, бо ду “д” навиштани калимаҳои “оддӣ”, “содда” низ ба ҳукми анъана даромада буд (содда ба маънои муқаррарӣ). Дар фарҳанги имло вожаҳои мазкур бидуни ташдид корбаст гардидаанд. Бино бар он, ба “одӣ” ва “сода” навиштан одат бояд кард. Зеро табиати забонамон инро тақозо дорад. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа дар имлои ин ё он калима истифодаи луғатҳои тафсирӣ ва имло мушкилро осон мегардонад. Ҳамин тариқ, ҳар яки мо, ки соҳибони забон ба ҳисоб меравем, дар ҳаққи забон ғамхорӣ зоҳир намуда, баҳри тозагии он бештар кӯшем ва дар пешгирии нуқсонҳои гуфтору навиштор саҳм дошта бошем.

Исматҷон ПӮЛОДОВ, устоди филиали ДТТ дар Исфара, узви ИЖТ


Зуҳури ҷойнишин Ҳаводиси Украина чанде аз рӯйдодҳои муҳими арсаи сиёсатро аз мадди назар дур кард. Дар давоми чанд моҳе, ки дар ин кишвар нооромӣ ҳукмрон буд, дар Русия низ навигариҳои аҷибу ҷолибе падид омаданд. Бахусус, расонаҳои русӣ чандест аз зуҳури чеҳраи наве дар майдони сиёсати Русия иттилоъ медиҳанд. Аз омадани Роман Путин бародарзодаи Президенти Русия Владимир Путин. Таври маъмул, назарҳо чун дар ҳар масъалаи дигар, дар бораи чеҳраи нав низ якранг нестанд. Агар гурӯҳе тавсиф карда, ҳарфи мусбат бизанад, гурӯҳи дигар ҳатман мухолифанд ва назари интиқодӣ доранд.

ба кор гирифтам, вале аз уҳдааш набаромад. Баъди озод кардани Роман Путин аз вазифа губернатор дақиқ гуфта натавонист, ки ҷияни президентро барои нокомиааш дар асоси кадом лоиҳа аз кор озод кардааст. Бинобар ин, зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон губернаторро бо як луқмае ба иғво андохтанд. Гуфтанд, вай мушовири хешро барои лоиҳае аз кор озод намудааст, ки дар асл ба он ҳеҷ дахл надошт. Барои чӣ губернатор нисбат ба ҷияни президент рӯйирост

ҳафта баъд аз кушодашавии ширкати «Putin Consulting» Владимир Путин губернатор Юрченкоро «бо сабаби аз боварӣ баромадан» аз мақомаш барканор карда, кормандони қудратии Русия ӯро аз фурӯдгоҳ боздошт карда мебаранд, чуноне ки замоне Хадарковскийро карда буданд. Яке аз фарзияҳои маъмули барканории губернатор «таъдиб шудани ӯ аз дасти амак» унвон шудааст. Албатта, барои хафа кардани ҷиян Юрченко зуд ҷавоб гуфт. Баръакси ин, Дми-

Википедия – энсиклопедияи виртуалӣ дар сомонаи интернет менависад, ки Роман Путин 37-сола буда, дар Рязани Русия дар оилаи низомӣ ва табиб ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди Игор Александрович Путин, набераи Александр Спридонович Путин – амаки Президенти Русия Владимир Путин мебошад. Бино ба маълумоти расонаҳои русӣ то декабри соли гузашта номи Роман Путин чандон сари забонҳо набуд. Балки ҳаёти хоксорона ба сар бурда, як соҳибкори миёна маҳсуб мешуд. То соли 2011 аз ӯ хеле кам ёд мекарданд. Путини хурдӣ ҳам ба корҳои худ машғул буд ва чандон намоён намешуд. Вале якбора гӯё амри “омодабош” гирифта бошад, сар боло кард. Аввалин ҳодисае, ки номи ӯро вирди забонҳо сохт, моҷарояш бо Василий Юрченко, губернатори вилояти Новосибирск моҳи декабри соли 2013 буд. Роман Путин, бояд ёдовар шуд, ки аз июни соли 2012 то декабри 2013 ба ҳайси мушовири иқтисодии губернатори вилояти Новосибирск фаъолият кардааст. Василий Юрченко гуфтааст, “ӯро барои фаъолияташ дар асоси лоиҳаи муайян

дурӯғ гуфтааст, то ҳол равшан нест. Дар ҷавоб Путини хурдии ранҷида ғазабашро аз губернатор ва атрофиёнаш бо тафтиши коррупсия гирифт. Ӯ аз Кумитаи назоратӣ даъват намуд, то фаъолияти губернаторро “дида бароянд”. Баъди ҳамлаҳои бародарзода, дар ВАО алайҳи Юрченко маълумоти ҳархелаи манфӣ пайдо шуданд. Роман Путин, инчунин, баъд аз анҷоми Олимпиадаи Сочӣ ширкати машваратдиҳиеро таҳти номи «Putin Consulting» ифтитоҳ намуд, ки мақсадаш «кӯмак ба сармоягузорони ғарбӣ дар амри осон гузаштан аз монеаҳои маъмурӣ дар Русия» будааст. Дар бораи ин ширкат замони ифтитоҳаш бузургтарин расонаҳои дунё аз “Washington Post” ва “WSJ” то “Guardian” ва “Daily Telegraph” навиштанд. Худи Путини хурдӣ изҳор доштааст, ки «миссия»-ашро дар «кӯмак расондан ба иқтисоди Русия дар рӯзҳои душвор» мебинад, то иқтисоди кишвараш аз вартаи бунбаст раҳо ёфта тавонад. Вале коршиносони рус мегӯянд, татбиқи чунин нақша бе дастгирии Кремл комилан номумкин аст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ як

трий Кобилкин, губернатори Вилояти Автономии Ямало Ненетс, ки Путини хурдӣ мушовири ӯ таъин шуд, зуд боло ҷаҳид. Дар ибтидо Кобилкин дар рейтинги Кремл дар бораи губернатори беҳтарин мақоми аввалро соҳиб шуд. Қадами дуюми Путини хурдӣ ин аст, ки вай фаъолияташро бо тоза кардани бузургтарин ширкатҳои сохтмонӣ, тиҷоратию бонкӣ аз фасод, қаллобӣ шуруъ кард. Бавижа, дар интиҳои моҳи марти соли равон Роман Путин ба чанде аз ширкатҳо, ки буҷаи давлатро гардиш медоданд, ҷанг эълон кард. Ҳоло Путини хурдӣ сарватмандонеро ба «нишон» гирифтааст, ки халқ онҳоро дӯст намедорад, чунончӣ Якутина, Навалний ва Ротенбергов. Таҳлилгарони умумри иқтисод гуфтаанд, оне, ки дар ин «ҷанг» аз Путини хурдӣ сахт бим дорад, Навалний аст. Путин аз вай дида, дастгирии бештареро бархурдор аст ва дар амри коҳиш додани коррупсия лоиҳаҳои наву ҷолибе дорад. Илова бар ин, рейтинги Навалний дар пайи ҷонибдориаш аз украиниҳо дар масъалаи Қрим сахт коҳиш ёфтааст, ки барои ҷиян бурди дигар аст.

Таҳлилгарони рус мегӯянд, пеши фаросату ақли технологҳои Кремл, ки ин ҷавонро (Роман Путин) ба ҳайси муборизи сарсахте алайҳи коррупсия пешбарӣ кардан доранд, сари таъзим бояд фуруд овард. Онҳо, инчунин, бовар доранд, ки карйераи Путини хурдӣ туфайли Путини калонӣ дар ҳоли рушд аст. Чунончи, аввал корманди ФСБ, сипас, маъмури шаҳрӣ, баъд аз он кор бо сармоягузорони хориҷӣ... Ин ҳама зинаҳои расидан ба қудрат аст. «Дар Русия «оилавӣ будан» омили муҳимтарине дар рушди карйера аст, хоса дар сатҳи ҳокимият. Ба кӣ метавон дар ҳолати душворӣ такя кард, агар на ба ҳамхунӣ худ?», - менависад таҳлилгари рус Борис Мухин. Чанде пеш зимни як назарсанҷӣ аз 4640 нафар пурсида шуд: «Агар дар интихоботи президентӣ ба ҷои Владимир Путин Путини хурдӣ бо ваъдаи он, ки сиёсати амакашро дар мавриди ҳимоя аз русҳои Украина, идома медиҳад, ширкат кунад, Шумо киро интихоб мекардед?» Ҷавобҳо чунин аст: Владимир Жириновский - 574 нафар (12,5%), Генадий Зюганов – 528 (11,5%), Сергей Миронов - 455 (9,9%), Михаил Прохоров – 706 (15,4%) ва Роман Путин – 2316 (50,6%) раъй гирифтаанд. Хулас, дар дунё, хусусан, олами сиёсат ҳарчи шуданаш мумкин. Гоҳо мешавад, ки «қаҳрамонҳои хуфта» ногаҳон аз куҷое пайдо мешаванду зимоми қудрат ба даст мегиранд. Ҳоло бисёриҳо омадани Путини хурдиро ҳам чунин маънидод карда, мегӯянд вай зинаҳои мансабро як-як тай карда, барои ҷойнишини амак шудан омода мешавад. Таҳлилгарон кӯмакҳои Кремлро ба Роман Путин таъкид карда, мегӯянд, ин далели рӯшани он аст, ки барои ба қудрат расиданаш дар сатҳи боло корҳое ба анҷом мерасанд. Дар мавриди саволи «Ин ҳама ба мо чӣ дахл дорад?», ки шояд пурсида шавад, чунин ҷавоб метавон дошт: дар асри нав ҳар шамоле, ки дар як кунҷи дунё мевазад, ҳатман ба канори дигари он асар дорад. Хоса, барои мо, ки бо Русия шарики стратегием ва наздик ба 1 миллион шаҳрвандонамон дар ин кишвар қарор доранд, муҳим аст, ки дар Кремл чи касе ба курсии қудрат мешинад. Чун замони ҳукмронии Дмитрий Медведев хотираҳои чандон хубе дар арсаи муносибатҳо надоштем...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

7

СИЁСАТИ ҶАҲОН

М. САИД, “ҶТ”

ФАРҲАНГ

Робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон сол то сол густариш меёбад. Ҳаҷми додугирифти ду кишвар тайи се соли охир аз 21 миллион доллар ба 100 миллион доллар расид. Ҳафтаи гузашта дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Намоиши китобҳои Покистон дар Тоҷикистон доир гардид. Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Сафири фавқулодда ва мухто- махсус гардид. бо Покистон Кароматулло Олимов дар ри Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Сафир намоиши китобро «як ифтитоҳи чорабинӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн гӯшаи Покистон дар Тоҷикистон» нобаргузории намоиши китоб барои огоҳ дар бораи муштаракоти фарҳангию мида, ҳозиринро ба он хайрамақдам шудан аз дастовардҳои илмию адабии таърихии мардуми ду кишвар су- гуфт. ин кишвари бо мо дӯст кӯмак мерасо- хан ронда, гуфт, ки мо аз меҳру Меҳмонони намоишгоҳ бо гӯшаҳои над. муҳаббати мардуми тоҷик ба шоири «Адабиёт», «Фарҳанг», «Санъат», - Мо умед мекунем, ки бо мусо- миллии Покистон, доктор Муҳаммад «Таърих», «Сиёсат» ва «Туризм» ошно идати ҷониби Покистон дар шаҳри Иқболи Лоҳурӣ огоҳ ҳастем. Аз ин шуда, ба осори Муҳаммад Иқбол, Исломобод низ намоиши китобҳои рӯ, дар намоишгоҳ гӯшаи махсусе ба Асадуллоҳи Ғолиб, Файз Аҳмади Тоҷикистон баргузор мегардад, - гуфт эҷодиёти ин мутафаккири моҳир ҷудо Файз, китобҳои «Адабиёти Покистон», Кароматулло Олимов. - Ба ин восита шуд. Амҷад Ҳусайн ба ҳозирин итти- «Тазкираи шуарои Кашмир» бештар дӯстони покистонии мо, аҳли илму лоъ дод, ки пажӯҳишгари тоҷик Алии таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. адаби Покистон бо дастовардҳои ада- Муҳаммадии Хуросонӣ барои таҳияи Намоиш ду рӯз давом кард. биёту фарҳанги мардуми тоҷик ошно китоби «Куллиёти Иқбол» бо алифбои хоҳанд шуд. кириллӣ дар Покистон соҳиби ҷоизаи С. СУННАТӢ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Як гӯшаи Покистон дар Тоҷикистон


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

8

БА ПЕШВОЗИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар баробари дигар арзишҳои миллию давлатӣ, Конститутсия низ барои мо чун гаҳвараки чашм бояд азиз бошад, зеро он ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз барои миллат ва давлат эътироф гардидааст. Ҷашни 20-солагии Сарқонуни кишвар низ ҳамчун санаи шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аз моҳият ва шукуҳи хоса орӣ нест. Тӯли ин солҳо халқи мамлакат ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд. Аз нигоҳи коршиносони варзида як қатор давлатҳои пешрафта ва Созмони Милали Муттаҳид, Созмнони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз даҳ намунаи беҳтарин конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ баҳогузорӣ кардаанд. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ таъсис ёфт. Охири моҳи апрели соли 1992 лоиҳаи қонуни асосӣ барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр гардид. Бо назардошти вазъи бамаломада, бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳа то 1 июли соли 1992 дароз гардид. Мутаассифона, бинобар оғози муноқишаҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ин иқдоми ниҳоят

муҳиму ояндасоз ба таъхир афтод. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нав танҳо пас ва бо шарофати баргузории сессияи беназиру таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кори барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон нақши бузурге дорад, идома ёфт. Моҳи ноябри соли 1993 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Кон-

тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои дав-

ститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати гурӯҳ олимон, коршиносону мутахассисони варзида шомил буданд ва тӯли шаш моҳ ду лоиҳаи Сарқонун: лоиҳаи ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи ба шакли идораи президентӣ идора кардани мамлакатро омода намуданд. Аз ин миён лоиҳаи дуюм ҷонибдории зиёд пайдо кард ва тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми кишвар, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ пазируфта шудааст. Дар ин Бахтномаи миллат соҳибихтиёрӣ, истиқлолият,

лат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва сохти давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат, умуман, ҷомеаи кишвар эълон шудаанд. Конститутсия нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон баъд аз зиёда аз ҳазор соли заволи Давлати Сомониён ба шумор меравад. Дар он тамоми арзишу муқаддасоти миллию давлатӣ, мисли забон, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамчунин, дар он таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор тасдиқи қонунӣ ёфтаанд. Таҷрибаи амалӣ гаштани ин меъёрҳои конститутсионӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ заминаи ташкилу фаъо-

лияти муътадили ҳама рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардидааст. 26 сентябри соли 1999 ва 22

Ҳуҷҷати тақдирсози миллату давлат

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолаҳои «Суд ба афсона бовар мекунаду…»-и К. Сафарова, ки дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз 27 марти соли 2014, таҳти №13 (9335) ва «Нимкосаи сиёҳи зери коса»-и М. Муродова аз 4 апрели соли 2014, таҳти №14 (9336) вобаста ба баррасии парвандаи гражданӣ ва норозӣ будан бо санадҳои судӣ дар ҳамин рӯзнома ба нашр расидааст, бо омӯзиши матолиби дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ВОКУНИШ

июни соли 2003 ба Конститутсияи ҷумҳурӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо дароварда шуданд. Дар ин санади сарнавиштсоз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз арзишҳои олӣ эълон шудаанд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқӣ эътироф гардида, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад ва мазмуни татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф гардида, ҳамчунин, ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардидааст. Асосҳои демократии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам шуданд. Тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ карда шуд.

Вазифаи давлат дар ҷодаи солимгардонии муҳити зист, инкишофи варзиши оммавӣ ва туризм мушаххас гардида, ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ устувор гардид. Синни 25 ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон, синни 35 ва таҳсилоти олӣ барои аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар гашта, асосҳои қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва дар алоҳидагӣ танзим шуданд. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардиданд. Муҳлати ваколати маҷлисҳои вакилони халқ 5 сол муайян шуд. Ба низоми судии ҷумҳурӣ ҳам як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ба беҳтар шудани фаъолият мусоидат намуданд. Аз муҳтавои Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 апрели соли 2104 бармеояд, ки Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян месозад. Конститутсия Тоҷикистони азизи моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки бо шарофати он роҳбарияти мамлакат бо давлатҳои хориҷи дуру наздики дунё ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ монда, дар муътадилгардонии вазъи сайёра, таҳкими ҳаёти осоишта дар рӯи замин ва амсоли он мушкилоти глобалӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои пешоҳангона саҳм мегирад.

Т. БОЕВ, раиси Суди ноҳияи Фархор

Ҳалнома эътибори қонунӣ дорад Дар натиҷа, муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 25 ноябри соли 2013 даъвои Муродов Б. И. нисбат ба Сафарова К. А., Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ ва рӯёнидани боҷи давлатӣ, даъвои муқобили даъвои Муродов Б. Б. нисбат ба Муродов Б. И., Сафарова К. А., Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, кӯчонидан аз ин манзил, рӯёнидани боҷи давлатӣ ва дигар хароҷоти судӣ ва даъвои иловагии Муродов Б. Б. нисбат ба Муродова Б. И., КФББТ шаҳри Душанбе оид ба уҳдадор намудани Муродов Б. И. барои дар қайди манзили истиқоматӣ гузоштан, ӯҳдадор намудани КФББТ шаҳри

Душанбе оид ба додани шиносномаи техникӣ моҳиятан баррасӣ ва ҳал гардида, ҳалнома 25 феврали соли 2014 эътибори қонуни пайдо кардааст. Вобаста ба ваҷҳи дар мақолаи «Суд ба афсона бовар мекунаду…» дар хусуси манфиатдор будани судя Ҷобирова С. Ҳ. ба ҳалли парванда, қобили зикр аст, ки охирин дар гузоришаш ин ҳолатҳоро инкор намуда, изҳор дошт, ки парванда аз рӯи далелҳои пешниҳодшуда, дар доираи талаботи қонунҳои мурофиавию моддӣ баррасӣ карда шудааст. Илова бар ин, дар асоси муроҷиати шифоҳии шаҳрванд Сафарова К. А. вобаста ба ҳамин ваҷҳ санҷиш гузаронида шуда, ба суроғаи охирин бо мактуб таҳти №334-3/16 ш аз 11 феврали соли 2014 ҷавоби муфассал ирсол гардидааст. Омӯзиши ваҷҳҳои дар мақолаҳо овардашуда нишон дод, ки Сафарова К. А. мақолаи «Суд ба афсона бовар мекунаду…»-ро дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 27 марти соли

2014 таҳти №13 (9335) ба нашр расонида, вобаста ба ҳолатҳои кор баён намудааст, ки Муродова М. дар навбати худ дар ҳамин рӯзнома бо мақолаи «Нимкосаи сиёҳи зери коса», ки 4 апрели соли 2014 таҳти №14 (9336) чоп шудааст, изҳори назари худро баён кардааст. Ваҷҳҳои дигари мақолаҳо аз норозӣ будан бо санадҳои судӣ шаҳодат дода, дар ин маврид боиси тазаккур аст, ки санҷиши қонунӣ будани санадҳои судӣ тибқи талаботи моддаи 136 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти суди болоӣ мебошад. Бинобар ин, ба тарафҳо фаҳмонда шуд, ки дар сурати норозӣ будан бо санадҳои судӣ, дар асоси қонунгузории мурофиавӣ ҳуқуқ доранд ба суди болоӣ муроҷиат намоянд. Н. МАҲМАДУЛЛОЕВ, роҳбари дастгоҳи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ


Гоҳо ин андеша касро фарогир мегардад, ки оё намешавад, одамон тинҷу осудаву ором ҳаёт ба сар баранд. Ҳар кас аз пайи кору бор ва зиндагии хеш бошаду бо заҳмати ҳалол осудаҳолона зиндагӣ намояд? Охир, ҳаёт барои инсон ҳамагӣ як бор насиб мегардад. Мутаассифона, баъзеҳо орому тинҷ гашта наметавонанд. Бе заҳмате аз ҳисоби дигарон кӯшиши “хӯрда гаштан” мекунанд. Намеандешанд, ки дигарон ҳам мисли онҳо одаманд ва рӯзе не, рӯзе аз кирдори ин қабил «қаҳрамон»-ҳо ба дод меоянд. Бе ин ҳам “бори каҷ ба манзил намерасад” ва “беадабӣ касеро ба мақсад нарасонидааст”. Наход, ки аз чанд сол дар зиндон будан, озодӣ гуворотар набошад? Наход, ки аз барбод додани ҳаёт, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кардаву зану фарзандонро ҷавонмардона соҳибӣ намудан авлотар набошад? Беҳтараш, биёед ин ҳамаро дар баробари дар тарозуи ақл баркашидан, инчунин, бо далелҳои дар таъиноти Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон, аз маҷлиси ошкорои судӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз 2 апрели соли 2014 аз рӯи шикояти кассатсионии ҳимоятгар Қосимов К. И. аз болои ҳукми Суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз 11 декабри соли 2013 дар асоси қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо ба Ҳошимов Аъзам Маҳмудович бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии низомаш сахт, ба риштаи таҳлил мекашем. Ҳошимов А. М. 31 августи

соли 1977 зода шуда, маълумоташ миёна, муваққатан бекор, муҷаррад, соҳиби як фарзанд, ҷои истиқоматаш ноҳияи Вахш буда, қаблан се бор суд шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гаштааст. Бубинед, ки ин ҳама афтодану баромаданҳо боз ҳам басандагӣ накарданду рӯзи 16 майи соли 2013 А. Ҳошимов, тақрибан, соатҳои 24 ҳангоми дар манзили истиқоматии шиносаш Раҳимова М. С., воқеъ дар ноҳияи Вахш, деҳоти Рӯдакӣ, кӯчаи УКЖД қарор доштан, шиносаш, ноболиғ Расулов Б. Ф., ҳамроҳи Зуҳуров С. М. ба воситаи нақлиёти тамғаи «Опел – вектра», рақами давлатиаш АК 6044 РТ 03, ки ҷабрдида Раҷабов Ҳ. Б. идора мекард, ҳозир мешаванд, то ки ба ягон зане дар айшу ишрат шаванд, вале дар он ҷо онҳо соҳибхона С. Раҳимоваро наёфта, бо Шоева Н. Р., ки дар манзили истиқоматии мазкур қарор доштааст, маслиҳат мекунанд. Бинобар напӯхтани маслиҳаташон ҷониби маркази шаҳраки Вахш рафтанӣ мешаванд. Ҳошимов аз ноболиғ Расулов хоҳиш мекунад, ки ӯро ҳам бо мошини Раҷабов то хонааш бурда расонанд. Азбаски дохили мошин аз ҳар гуна молу матоъ пур буд, Зуҳуровро монда, Ҳошимовро ба хонааш расонда, дубора барои гирифтани Зуҳуров баргаштанӣ мешаванд. Дар роҳ Расулов, ки ба савдо машғул будани Раҷабовро медонист, нақшаи ғорати пулҳои ӯро мекашад. Ҳангоми аз назди тарабхонаи «Хатлон» дар маркази шаҳраки Вахш, кӯчаи Ленин гузаштанашон, Расулов шиносҳояш Хидирназаров Р. Н. ва Назриев Д. Н., - ро мебинад ва аз ронанда манъ кардани мошинро хоҳиш мекунад. Пасон, рафта бо ин ду нафар маслиҳати ғорати Раҷабовро мекунад. Хидирназаров аз Расулов мепурсад, ки бо ронанда буданашро боз кӣ медонад? Расулов номи Ҳошимовро мегирад. Хидирназаров бо мақсади эҳтиёти мабодо ба милиса хабар додани Ҳошимов, аз Расулов хоҳиш мекунад, ки ба назди Ҳошимов рафта, ӯро аз

нақша огоҳ созад ва фикрашро фаҳмад. Агар розӣ шавад, ҳаққашро мегирад. Расулов боз бо ҳамон мошин ба назди Ҳошимов меояд ва буду шуди гапро мефаҳмонад. Ҳошимов барои шубҳа пайдо накардани Раҷабов бевосита ба ҷиноят напайваста, телефонӣ ба Хидиров “фотиҳаи кор” медиҳад, ки Раҷабовро ғорат кунанд ва ҳаққи ӯро биёранд. Расулов, Зуҳуров ва Назриев бо ҳар баҳона савори мошини Раҷабов ӯро ба деҳаи Дӯстии деҳоти Рӯдакии ноҳия, яъне ба ҷои қулайтар бурда, лату кӯб мекунанд ва 1250 сомонӣ маблағи доштаашро мегиранд. Назриев аз дохили автомашина як адади шиму куртаи варзишии Раҷабовро низ мегирад. Пасон, Хидировро паси чанбарак шинонда, ба назди мазори Хоҷагулгун меоянд, то аз НФС ба мошин сӯзишворӣ резанд. Қабл аз ин аз рӯи эҳтиёти мабодо доду фарёд бардоштани Раҷабов, ӯро ҳамроҳи Назриев дуртар аз НФС мефароранд. Дар бозгашт Назриевро танҳо дармеёбанд. Сипас, якҷоя нишаста, ба шаҳри Қӯрғонтеппа меоянд. Нақлиёти Раҷабовро бо молҳои дар дохил буда, дар назди ҳаммоми шаҳр, дар кӯчаи Сино партофта, худашон тавассути мошини кироякаш ба ноҳияи Вахш бармегарданд. Баъди ҷавоб додани ронандаи таксӣ ба назди Хошимов меоянд. Расулов 518 сомониро бароварда, ба Ҳошимов медиҳад. Ҳошимов аз ин маблағ 120 сомонӣ ба онҳо дода, боқимондаашро худ мегирад. Баъди ба даст афтодан, ҳаммаслакони Ҳошимов ба гуноҳашон иқрор шуда, ҷараёни воқеаро батафсил нақл карданд ва шарикии Ҳошимовро дар ҷиноят тасдиқ намуданд. Бинобар бо далелҳои шайъӣ исбот шудани гуноҳи Ҳошимов коллегияи судӣ зарур шуморид, ки ҳукми суди марҳилаи якум, шикояти кассатсионии ҳимоятгар бетағйир мононда шавад…

Намозалӣ АМОНОВ, судяи Суди вилояти Хатлон, Мирзо НУРАЛИЕВ, «ҶТ»

Маркази ташхисию табобатии «ГАНҶ» ба шаҳрвандони кишвар табобатҳои физиотерапевтӣ, лойдармонӣ, масҳи дастӣ ва механикӣ, кашидани сутунмуҳра бо таҷҳозоти барқӣ (электровытяжений), УЗИ, гидромассаж, массаж-кресло, вибро-массаж, крайз-массаж, ЛФК, велотринажёр, амалиёти ҷарроҳии хурд ва табобати бемориҳои гӯш, гулӯ ва биниро пешниҳод мекунад. Дар маркази мо шароити хоб ва хӯроки гарм муҳайёст. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад-64/1 (ноҳияи Фирдавсӣ наздикиҳои “Кохи Тоҷикистон”). Телефонҳо: 907-62-62-35, 917-62-87-87, 918-94-94-65.

Қонуншиканӣ оқибати хуб надорад Риояи қонуну тартибот кафили суботи ҷомеа ва осудаҳолии ҳар шаҳрванд аст. Касе низому тартиботро вайрон кунад, вобаста ба талаботи қонуни ҳамон кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами 159-5 аз моҳи апрели соли 1997 ба мамлакат ворид намудану паҳн кардани маводи тарфгарӣ манъ шудааст.

Мутаассифона, шаҳрвандоне ҳам ёфт мешаванд, ки қарори мазкурро нодида гирифта, ба хотири дарёфти фоида ин маводи барои аҳли ҷомеа зарарнокро мефурӯшанд. Сокини пойтахт М. Эмомова 16 декабри соли 2013 аз ҷияни хурдсолаш О. Эмомов 900 дона маводи тарфгарӣ (тарконакро)-ро, ки дар ду қуттӣ ҷойгир буданд, ғайриқонунӣ бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан соҳиб шуд. Ӯ ният дошт, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ маводи тарфгариро ба фурӯш бароварда фоида бигирад. Бо ин мақсад нисфирӯзии 17 декабр 900 дона маводи тарфгариро ба писари ҳамсоя, ноболиғ Ҳ. Назаров ба маблағи 80 сомонӣ фурухт. Дуюмӣ бо 900 дона маводи тарфгарӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дастгир шуд. Вақте кормандони милитсия ҳамроҳи Ҳусниддин Назаров ва далели шайъӣ, яъне, 900 дона маводи тарфгарӣ ба хонаи М. Эмомова омаданд, ӯ гуфт, ки дар хона дигар маводи тарфгарӣ надорад. Ӯ намедонистааст, ки нигоҳ доштану фурӯши маводи тарфгарӣ ҷиноят будааст. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кирдори М. Эмомоваро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки кирдори ӯро бо моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калон банду баст намуд. Ҷинояти содиршуда тибқи талаботи моддаи 18 КҶ ҶТ ба категорияи ҷиноятҳои начандон вазнин мансуб буда, сабаби содиршавии он даромади муфт ба даст овардани М. Эмомова мебошад. Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда суд қайд намуд, ки он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ буда, ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи моддаи 61 КҶ ҶТ бори аввал содир намудани ҷиноят, сидқан пушаймон будан аз кирдораш, дар таъминоташ доштани фарзандони хурдсол ва хислатномаи мусбат аз ҷои истиқомат ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои судшаванда М. Эмомова ба шумор мераванд. Дар кирдори ӯ тибқи моддаи 62 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намуда, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи дар боло зикршуда ислоҳи ӯ бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст. Дар асоси моддаи 71 КҶ ҶТ ҷазои таъиншуда (маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол) нисбат ба М. Эмомова шартан татбиқ нашуда, як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар гардид. Боиси таассуф аст, ки идае аз шаҳрвандон ба эътирози атрофиён эътибор надода, чунин маводи ба ҷомеа зарарнок, яъне, таркандаро мефурӯшанд. Дар бораи зарари маводи тарфгарӣ ба саломатӣ табибону рӯзноманигорон зиёд гуфтаанд. Хуб мешуд, ки миёни мактаббачаҳо оид ба зарар ва ҷиноят будани паҳнкунӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар бурда шавад, то оромии ҳамватанон халалдор нагардад. Дилшод АМИНОВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

e-mail: javonontj@mail.ru

Ночиз гашта баҳри чиз

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

9

АЗ ТОЛОРИ СУД


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

10

ОДАМОНИ САРБАЛАНД

Илми тиб, ки яке аз қадимтарин ва паҳншудатарин илмҳост, сол то сол пеш меравад. Қариб ҳамарӯза дар бахшҳои гуногун кашфиёту навоварие ба назар мерасад. Имрӯз табибон ҷарроҳиҳое мегузаронанду бемориҳоеро табобат мекунанд, ки ҳамагӣ 10 сол пеш дар муолиҷаи он оҷиз буданд.

ба Маскав рафта, дар Пажӯҳишгоҳи трансплантология то ба дараҷаи муовини директор расид. Алҳол сарварии Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Федератсияи Русия ба номи Склифосовскийро ба уҳда дорад. Дар ин маркази бузурги илмӣ-табобатӣ зиёда аз 4500 нафар фаъолият мекунанд. Ашӯр Достиев бо ин олими варзида низ солҳои зиёд кор кардааст. Замони таҳсил дар ординатура дар шаҳри Маскав ҷарроҳи тоҷик бомуваффақият ду ҷарроҳии иваз кардани дил ва шаш ҷарроҳии иваз кардани гурдаро гузаронид. Дар мавзӯи усулҳои ёридиҳандаи ғайрихунии таъмини кори дил рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

ҳолати мушкилӣ кӯмак расонидан ба шахси тамоман ношинос ва дигар хислатҳои наҷибро ёд гирифтанд. Маҳз бо мусоидати устод Ашӯр Достиев 18 нафар мутахассиси ҷавони соҳаи тиб ба Маркази трансплантология ва узвҳои сунъии ба номи академик Шумаков рафта, нозукиҳои иваз кардани узвҳоро дар Маскав омӯхтанд. Бе ягон муболиға имрӯз мутахассисони соҳаи трансплантологияи тоҷик дар Осиёи Миёна аз ҷумлаи забардасттаринҳо ба шумор мераванд. Гузаронидани амалиёти иваз кардани узвҳо таҷҳизот ва шароити махсусро талаб мекунад. Солҳои пеш он ҳамватанонамон,

Нахустшогирди академик Шумаков аз Тоҷикистон Ҳанӯз соли 1967 аввалин бор дар ҷаҳон трансплантатсия (пайвандсоз)-и дил гузаронида шуд. Бори нахуст ба ин ҷарроҳии нодир яке аз олимони машҳури шӯравӣ, академик Валерий Шумаков даст зад. Зане, ки Шумаков дили ӯро ҷарроҳӣ кард, ҳашт соли дигар умр дид. Академик Шумаков аз соли 1973 сарварии Пажӯҳишгоҳи трансплантология ва узвҳои сунъии Иттиҳоди Шӯравӣ (баъдан Федератсияи Русия)-ро бар зимма дошт. Чор сол пеш ӯ аз дунё гузашт. Имрӯз ин маркази илмӣ номи ӯро дорад. Директори Маркази миллии илмии узвпайвандкунӣ ва бофтаҳои инсони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, доктори илмҳои тиб Ашӯр Достиев нахустин шогирди ин академики маъруф аз Тоҷикистон мебошад. - Соли 1987, вақте ки барои таҳсил дар ординатура ба Маскав рафтам, ба тариқи озмун ба Пажӯҳишгоҳи трансплантология ва узвҳои сунъӣ дохил шудам, - мегӯяд Ашӯр Достиев. - Мо чанд нафар ҷарроҳ аз ҷумҳуриҳои гуногун таҳти роҳбарии академик Шумаков кори илмиро оғоз намудем. Он солҳо дар 15 амалиёти ҷарроҳии иваз кардани дил ҳамчун ассистент-ёрдамчӣ ширкат варзидам. Агар аз давраи аввали фаъолияти кории Ашӯр Достиев ҳисоб кунем, то имрӯз ӯ шояд зиёда аз ёздаҳ ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст. Азбаски ӯ зеҳни тез ва қобилияти баланди азхудкунӣ дошт, барои такмили тахассуси хеш мудом кӯшиш мекард. Ашӯр Достиев ғайр аз академик Шумаков, инчунин, аз олими маъруфи соҳаи пайвандсозии узвҳо, академик Демехов нозукиҳои ин бахши тибро омӯхтааст. Солҳои 70-80-и асри гузашта дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор ҷарроҳи мумтоз Анзор Хубутия кор мекард. Сипас, ӯ

Ӯ аз соли 1989 то соли 1992 дар Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ ба ҳайси сармутахассиси илм оид ба соҳаи тандурустӣ фаъолият дошт. Бо вуҷуди ин, дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе дар амалиёти вазнини ҷарроҳӣ иштирок мекард. Баъдан, ӯро чонишини вазири тандурустии ҷумҳурӣ оид ба қисми табобатӣ таъин намуданд. Аз соли 1995 то охири соли 1998 мудири шуъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ буд. Баъдан, мудири шуъбаи таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда дошт. Тамоми ин солҳо ҳамчун ҷарроҳи чирадаст ба дарди ҳазорон нафар мариз сабукӣ бахшидааст. Рӯзона дар мақомати давлатӣ кор мекарду шабонгоҳ бо хоҳиши ҳамкасбон барои гузаронидани амалиёти фаврии ҷарроҳӣ ба бемористон мерафт. - Ин олими варзида дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда дорад, - мегӯяд номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саидҷон Нодирӣ. - Ман ҳамчун мутахассиси ҷавон баъди хатми донишгоҳ солҳои ҳаштодум ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ» ба кор рафтам. Дар мисоли худу ҳамсабақонам эҳсос намудам, ки устод Ашӯр Достиев ба ҷавонон ғамхор буда, онҳоро ба касби хеш дилгарм месозад. Дарвоқеъ, Ашӯр Достиев солҳои зиёд мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки шогирдон соҳиби дониши мукаммал шаванд. Ҳар як мавзӯъ ва нозукиҳои ҷарроҳиро хаста нашуда, такрор ба такрор мефаҳмонд. Ана, ҳамин хоксорию фурӯтании устоди мушфиқашонро шогирдон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Дар баробари нозукиҳои илми ҷарроҳӣ аз устоди худ ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, дар

ки ба иваз кардани узвҳо (асосан гурда) ниёз доштанд, ба Чин, Эрон ва ё кишварҳои аврупоӣ мерафтанд, ки вақту маблағи зиёд талаб мекард. Дар ин кишварҳо баъдан қонунҳое қабул шуд, ки бояд мариз донорро аз кишвари худ мебурд. Ин маблағи хароҷотро боз ҳам бештар намуд. - Ҳанӯз аз овони дар ординатура таҳсил карданам орзу доштам, ки дар Тоҷикистон маркази пайвандсозии узвҳо таъсис ёбад, - мегӯяд Ашур Достиев. - Аммо дар замони шӯравӣ чунин марказ танҳо дар Маскав буд. Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсиси чунин як марказро сари вақт эҳсос карду дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда Маркази узвпайвандкуниро кушод.

Заминаи таъсиси чунин як марказ ҳанӯз соли 2005 гузошта шуд. Дар оғоз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи узвпайвандкунӣ ва бофтаҳои инсон» тартиб дода шуд, ки дар таҳияи он нақши Ашӯр Достиев , доктори илмҳои тиб Ҷумъабой Сангинов, олими ҷавону ҷарроҳи мумтоз Сӯҳроб Исмоилов ва дигарон хеле калон аст. Барои таҳияи қонуни мазкур таҷрибаи кору қонунгузориҳои Федератсияи Русия, ИМА, Англия, Ҷумҳурии Исломии Эрон омӯхта шуд. Бо уламои дини ҷумҳурӣ низ нозукиҳои пайвандсозии узвҳо аз нигоҳи ислом мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди иловаю пурракуниҳо соли 2007 қонуни мазкур ба тасвиб расид. Шашуми ноябри соли 2003 дар Маркази урологии Беморхонаи ҷумҳуриявии ба номи Дяков (Қарияи Боло) нахустин бор дар ҷумҳурӣ ҷарроҳии иваз кардани гурда гузаронида шуд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт. Донор хоҳари шахси ҷарроҳишуда Қ.Ҳ., сокини ноҳияи Вахш буд. Шукри Худо, ӯ ҳоло сиҳату саломат аст. Баъди ҷарроҳии мазкур ҷарроҳон якҷо бо олимону мутахассисони Вазорати тандурустӣ нақшаи чӣ гуна идома додани фаъолиятро тарҳрезӣ карданд. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ зери назорати шахсии вазир, Нусратулло Файзулло барои ташкил кардани Маркази махсуси ивазсозии узвҳо тамоми шароитро фароҳам овард. Соли 2010 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 дуюмин ҷарроҳии гурда гузаронида шуд. Ҷарроҳишуда духтараки дӯстрӯяке аз ноҳияи Исфара буд, ки алҳол худро хуб ҳис мекунад. Ҳоло соли чорум мешавад, ки Маркази миллии илмии узвпайвандкунӣ ва бофтаҳои инсон бо тамоми шароит муҷаҳҳаз буда, дар он на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки шаҳрвандони хориҷӣ низ барои муолиҷа меоянд. Мутахассисони марказ амалиёти иваз кардани гурдаву ҷигарро бомуваффақият мегузаронанд. Панҷ нафар корманди марказ, аз қабили Оқилҷон Одинаев, Умед Достиев, Файзалӣ Мавлонов, Парвиз Назаров ва Сафар Саймуҳиддинов барои ҳимояи рисолаи номзадӣ омодагӣ мебинанд. Мутахассисони ҷавон Ситорабону Гулшанова, Ҷаҳонгир Ашӯров ва Акрам Самадов низ аз устоди худ Ашӯр Достиев нозукиҳои илми трансплантологияро омӯхта, малакаашонро такмил медиҳанд. - Мехоҳам ҳарчи бештар дар ин соҳаи хеле муҳими тиб аз ҳисоби ҷарроҳони закию ботаҷриба шогирдони мумтоз ба воя расонам, - мегӯяд Ашӯр Достиев. - Агар дар ин самт заррае хидмат карда, нафъам ба мардуми кишвар расад, худро саодатманд меҳисобам.

Р.S.

С. СУННАТӢ, «ҶТ»

Ашӯр Достиев 15 июн зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат табрик гуфта, барояш тандурустию хонаободӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илмро хоҳонем.

e-mail: javonontj@mail.ru

АНҶУМАН

Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон 11-14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад.

Иттиҳоди ташкилотҳои кор бо ҷавонон Дар чорабинӣ 130 нафар ҷавонони фаъол аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат хоҳанд кард. Ҳадафи Анҷуман иттиҳоди

ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар рушд ва таъмини иштироки насли ҷавон дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷомеа, ташаккули заминаҳои методиву амалии ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон ва баррасии механизмҳои рушдёбии устувори ташкилотҳои ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар доираи анҷуман, ки аз ҷаласаҳои умумӣ ва сессияҳои мавзуӣ иборат хоҳад буд, масоиле

назири дастовард ва натоиҷи фаъолияти ИТҶТ дар соли 2013, қадамҳои нахустини ҳаракати волонтёрӣ ва ҳадафу иқдомҳои Ассосиатсияи милли волонтёрӣ, таҳсилоти духтарон: муҳимият ва дурнамо, ақоиди ҷавонон ва таҳлили қонунгузории алоқаманд, фаъолнокии ҷавонон дар рушди ҷомаеву давлат ва масоили дигар муҳокимаву баррасӣ ва барномаҳои фарҳангӣ амалӣ хоҳанд шуд.


РӮЗ

ВАҚТ

1 2 3 4 5 7 8 6 9 10 11 13 12 14 15 17 16 20 19 18 21 23 22 24 25 26 27 29 28 31 32 30 35 36 33 34 39 40 37 38 43 44 41 42 45 46 47 48

13.06 13.06 14.06 14.06 14.06 15.06 15.06 15.06 15.06 16.06 16.06 16.06 17.06 17.06 17.06 18.06 18.06 18.06 19.06 19.06 19.06 20:06 20.06 20.06 21.06 21.06 21.06 22.06 22.06 22.06 23.06 23.06 23.06 23.06 24.06 24.06 24.06 24.06 25.06 25.06 25.06 25.06 26.06 26.06 26.06 26.06 27.06 27.06

01:00 21:00 01:00 03:00 21:00 00:00 03:00 06:00 21:00 00:00 03:00 22:00 01:40 03:00 21:00 00:00 03:00 21:00 00:00 03:00 21:00 00:00 03.00 21:00 01:00 04:40 21:00 00:00 03:00 21:00 00:00 03:00 21:00 21:00 01:00 01:00 21:00 21:00 01:00 01:00 21:00 21:00 01:00 01:00 21:00 21:00 01:00 01:00

49 50 51 52 53 54 55 56

28.06 29.06 29.06 30.06 30.06 01.07 01.07 02.07

21:00 01:00 21:00 01:00 21:00 01:00 21:00 01:00

58 57 60 59

04.07 05.07 05.07 06.07

21:00 01:00 21:00 01:00

61 62

09.07 10.07

01:00 01:00

63

13.07

01:00

64

13.07

00:00

(Бо вақти Душанбе)

ДАСТАҲО ДАСТАҲО ДАВРИ ГУРӮҲӢ: Бразилия Хорватия Мексика Камерун Испания Ҳолланд Чилӣ Австралия Колумбия Юнон Уругвай Коста-Рика Кот-д'Ивуар Ҷопон Англия Италия Швейтсария Эквадор Фаронса Гондурас Аргентин Босния Олмон Португал Эрон Нигериа Гана ШМА Булғор Алҷазоир Бразилия Мексика Русия Кореяи Ҷанубӣ Австралия Ҳолланд Камерун Хорватия Испания Чилӣ Колумбия Кот-д'Ивуар Уругвай Англия Ҷопон Юнон Италия Коста-Рика Швейтсария Фаронса Гондурас Эквадор Аргентина Эрон Олмон Гана Нигериа Босния Кореяи Ҷанубӣ Алҷазоир ШМА Португал Булғор Русия Австралия Испания Ҳолланд Чилӣ Камерун Бразилия Хорватия Мексика Италия Уругвай Коста-Рика Англия Ҷопон Колумбия Юнон Кот-д'Ивуар Нигер Аргентин Босния Эрон Гондурас Швейтсария Эквадор Фаронса ШМА Олмон Португал Гана Кореяи Ҷанубӣ Булғор Алҷазоир Русия 1/8 ФИНАЛ: 2В 2D 2А 2С 2F 2Н 2Е 2G 1/4 ФИНАЛ: 53 54 49 50 55 56 51 52 НИМФИНАЛ: 57 58 59 60 БОЗӢ БАРОИ ҶОИ СЕЮМ: 61 62 ФИНАЛ: 61 62 1А 1С 1В 1D 1Е 1G 1F 1Н

ГУРӮҲҲО:

Гурӯҳи А БРАЗИЛИЯ

Гурӯҳи В ИСПАНИЯ

ХОРВАТИЯ

ҲОЛЛАНД

МЕКСИКА

ЧИЛӢ

КАМЕРУН Гурӯҳи С КОЛУМБИЯ

АВСТРАЛИЯ

ЮНОН

КОСТА-РИКА

КОТ-Д'ИВУАР

АНГЛИЯ

ҶОПОН Гурӯҳи E ШВЕЙТСАРИЯ

ИТАЛИЯ

ЭКВАДОР

БОСНИЯ

ФАРОНСА

ЭРОН

ГОНДУРАС Гурӯҳи G ОЛМОН

НИГЕРИЯ

ПОРТУГАЛ

АЛҶАЗОИР

ГАНА

РУСИЯ

ШМА

КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

Гурӯҳи D УРУГВАЙ

Гурӯҳи F АРГЕНТИН

Гурӯҳи H БУЛҒОР

ГУРӮҲ

ШАҲР

Гурӯҳи А Сан-Паулу Гурӯҳи А Натал Гурӯҳи В Салвадор Гурӯҳи В Куяба Гурӯҳи С Белу-Оризонти Гурӯҳи D Форталеза Гурӯҳи С Ресифи Гурӯҳи D Манаус Гурӯҳи E Бразилиа Гурӯҳи E Порту-Алегри Гурӯҳи F Рио-де-Жанейро Гурӯҳи G Салвадор Гурӯҳи F Куритиба Гурӯҳи G Натал Гурӯҳи H Белу-Оризонти Гурӯҳи А Форталеза Гурӯҳи H Куяба Гурӯҳи В Порту-Алегри Гурӯҳи А Манаус Гурӯҳи В Рио-де-Жанейро Гурӯҳи С Бразилиа Гурӯҳи D Сан-Паулу Гурӯҳи С Натал Гурӯҳи D Ресифи Гурӯҳи E Салвадор Гурӯҳи E Куритиба Гурӯҳи F Белу-Оризонти Гурӯҳи G Форталеза Гурӯҳи F Куяба Гурӯҳи H Порту-Алегри Гурӯҳи G Манаус Гурӯҳи H Рио-де-Жанейро Гурӯҳи В Куритиба Гурӯҳи В Сан-Паулу Гурӯҳи А Бразилиа Гурӯҳи А Ресифи Гурӯҳи D Натал Гурӯҳи D Белу-Оризонти Гурӯҳи С Куяба Гурӯҳи С Форталеза Гурӯҳи F Порту-Алегри Гурӯҳи F Салвадор Гурӯҳи E Манаус Гурӯҳи E Рио-де-Жанейро Гурӯҳи G Ресифи Гурӯҳи G Бразилиа Гурӯҳи H Сан-Паулу Гурӯҳи H Куритиба

Белу-Оризонти Рио-де-Жанейро Форталеза Ресифи Бразилиа Порту-Алегри Сан-Паулу Салвадор

Рио-де-Жанейро Форталеза Бразилиа Салвадор

Белу-Оризонти Сан-Паулу

Бразилиа

Рио-де-Жанейро

“Brazuca” дуюним сол санҷиш шуд “Adidas”, ки тӯби расмии МҚҶ-2014 аст, моҳи сентябри соли 2012 дар пайи раъйпурсии мардумӣ дар Бразилия “brazuca” номида шуд. Дар ин раъйпурсӣ беш аз миллион мухлиси футбол ширкат намуданд. Ранг ва лентае, ки дар дизайни Cup 2013) ва Лигаи қаҳрамонҳои тӯб истифода шудааст, рамзи “даст- UEFA истифода гардидааст. Дани банди орзу”-ро ифода мекунад. Алвес, ҳимоятгари тими яккачини Тӯби “Brazuca” давоми дуюним сол Бразилия дар бораи “Brazuca” чунин мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар гуфтааст: “Аз бозӣ ҳаловат бурдем. он зиёда аз 600 бозингари маъруфи “Аdidas” барои МҚҶ тӯби хубе сохсатҳи ҷаҳонӣ ва 30 тим аз 10 кишвар тааст. Он ҳам дар замин ва ҳам дар дар се қитъа ширкат доштанд. То ҳаво беҳтарин аст. Бовар дорам ба имрӯз ҳеҷ як тӯби “Adidas” ин қадар ҳамаи бозингарон писанд меояд”. санҷида нашуда буд. Дар феҳрасти Икер Касиляс, сарвари тими яккаклубҳое, ки дар санҷиши тӯб шир- чини Испания гуфтааст, ки “Brazuca” кат кардаанд, “Милан”, “Бавария”, дизайни аҷоиб дорад. Умедворам, бо «Палмейрас” ва “Флуминенс” ва дар он натиҷаи ду соли қаблро ба даст рӯйхати бозингарон Зайниддин Зи- меорем”. дан, Лионел Мессӣ, Икер Касиляс ва Аdidas аз соли 1970 барои МҚҶ Бастиан Швайнштайгер буданд. тӯб истеҳсол мекунад. Чанде пештар Ҳангоми коркарди “Brazuca” ширкат бо FIFA қарордоди ҳамкориро технологияе истифода шудааст, ки то соли 2030 тамдид кард. дар сохтани “Tango-12” (UEFA Евро 2012), “Cafusa” (FIFA Confederations

300-ҳазоревроӣ ба футболбозони Олмон дар сурати пирӯзӣ Дар сурати пирӯзӣ дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014, бозингарони тими миллии Олмон ҳар кадом 300 ҳазор евро хоҳанд гирифт. Сайти иттиҳоди футболи Олмон хабар додааст, ки дар сурати ба даври ¼-финалӣ роҳхат гирифтани даста, бозингарон 50-ҳазоревроӣ мегиранд. Барои ба нимфинал баромадан 100 ҳазор евро ва барои роҳхати финал 150 ҳазор евро дарёфт мекунанд. Тими мунтахаби Олмон ҳамагӣ се маротиба дар МҚҶ дастболо шуда, чор бор ба даври финалӣ ва чор маротиба соҳиби медали нуқра шудааст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ-2014

11

e-mail: javonontj@mail.ru

ФУТБОЛИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

12

ТАЭКВАНДО (ITF)

Тоҷикистон - мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) Чанд рӯзи пеш ҳайати комиссияи махуси назоратии Федератсияи байналмилалии таэквондо таҳти раҳбарии раиси Кумитаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии таэквондо, профессор, синёр-грандмастер Ким Унг Чол ва директори иҷроияи генералии федератсия, профессор Ким Сунг Ҳван дар робита бо ҷараёни омодагӣ барои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба таэвондо (ITF), ки қарор аст, 6-11 август дар шаҳри Душанбе сурат бигирад, вориди Тоҷикистон шуданд. Ҳайати комиссия бо инфрасохтори варзишӣ ва иҷтимоӣ ошноӣ пайдо карда, бо масъулини ниҳодҳое, ки дар баргузории чорабинӣ масъуланд, сӯҳбатҳо анҷом дод. Аз ҷумла, ҳайати комиссия бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъ-

матов мулоқот карданд. Масъулини федератсияи байналмилалӣ аз шароит ва ҷараёни омодагӣ барои баргузории ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори ризоият карда, таассуроташонро бобати таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба ин риштаи варзиш хуб маънидод карданд. Маликшо Неъматов зимни сӯҳбат

аз раванди омодагӣ ба чемпионат гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва тибқи талаботи байналмилалӣ доир кардани ин чорабинии бонуфузи варзишӣ ва қабули доираи зиёди варзишгарон, ки дар назар аст аз 50 кишвар дар ин мусобиқоти қаҳрамонӣ вориди рақобат шаванд, омода аст.

ФУТБОЛ

ДЗЮ-ДО

Шаш медали паҳлавонони наврас аз Остона Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи кушода оид ба дзю-до байни наврасон барои ҷоизаҳои клуби варзишии “Бастау”-и Остона, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд.

Бохти Тоҷикистон аз Эстония

Дар ин мусобиқа варзишгарони навраси соли таваллудашон 2001-2002 аз Қазоқистону Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон шаш вар7 июл дар шаҳри Таллин – пойтахти Эстония зимни бозии дӯстона тими мунтахаби футболи кишвар зишгар аз бошгоҳҳои “Вастан”-и Душанбе, “Бохтар” ва бошгоҳи ба номи Ҷангихон Давлатов дохил буданд. аз дастаи мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Шаҳром Рамазонов (вазни 42 кг), Сӯҳроб СаидБозӣ дар варзишгоҳи “А. Ле Кок Арена” доир гашта, наздики 3000 онро тамошо карданд. Ҳисобро дар дақиқаи шоев (50 кг) ва Шаҳроми Бахтиёр (66 кг), ҳар се аз 61 капитани тими миллии кишвар Дилшод Восиев кушод. Мизбонон дар дақиқаҳои 89 ва 90+2 голҳои ҷавобӣ бошгоҳи “Вастан”, инчунин, Сулаймони Ҷамшед (46 кг, “Бохтар”) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ бо заданд. медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Фатҳиддини СаидФУТБОЛИ ҶАВОНОН муъмин (38 кг, “Вастан”) ва Саидшоҳи Ҷавҳаршо (42 кг, бошгоҳи ба номи Ҷангихон Давлатов) ҷойҳои дуюмро ишғол карданд.

2014

Тоҷикистон бо Испания бозӣ мекунад

Чанде пеш қуръакашии мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон миёни футболбозони то 17сола, ки тими мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок мекунад, доир гашт.

Ҷоми Каспий насиби эрониҳо шуд

e-mail: javonontj@mail.ru

5 июн дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар доираи Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий бозӣ барои ҷои сеюм ва қисми финалӣ доир гардид. Тими ҷавонони кишвар оид ба футбол (U16) бо ҳамсолонашон аз Озарбойҷон барои ҷои сеюм талош карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд. Ҳамин тариқ, Тими мунтахаби футболи кишвар дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба гирифтани ҷои чорумро ноил гашт. Соли гузашта дар мақоми нуҳум қарор гирифта буд. Дар бозии финалӣ футболбозони ҷавони Эрон бар тими ҷавонони Туркия бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби ҷом шуданд.

Мусобиқа 25-29 июн дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор мешавад. Тибқи қуръакашӣ тими мунтахабаи ҷавонони кишвар дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Испания, Эрон ва Озарбойҷон бозӣ мекунад. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, Қирғизистон, Чин ва Қазоқистон ба гурӯҳи “А” дохиланд. ҶАДВАЛИ БОЗИҲО: Даври аввал 25 июн 09:00 – Қирғизистон – Гурҷистон 11:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН 13:00 – Испания – Озарбойҷон 18:00 – Қазоқистон – Чин Даври дуюм 26 июн 09:00. Эрон – Озарбойҷон 12:00. Гурҷистон – Чин 15:00. ТОҶИКИСТОН – Испания 18:00. Қазоқистон – Қирғизистон Даври сеюм 28 июн 09:00. Чин – Қирғизистон

12:00. Озарбойҷон – ТОҶИКИСТОН 15:00. Испания – Эрон 18:00. Қазоқистон – Гурҷистон 29 июн 09:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8 11:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6 13:00. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4 18:00. Финал

ФУТБОЛИ КӮДАКОН

«Наврӯз» дар Сочӣ ҷои сеюм гирифт Дастаи «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи кушоди умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо гардид. Дар ин мусобиқа, ки бо номи «Оянда ба ту вобаста аст» 26-30 май дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, 22 даста аз Русия, Тоҷикистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ барои ҷоизаи аслӣ - сафар ба Лондон барои меҳмонӣ дар бошгоҳи футболи «Арсенал» мубориза бурданд. Кишвари моро ду даста - Помир»-и Душанбе (мактаб-интернати №1) дар гурӯҳи бачаҳои хурдсол ва «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав (мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) дар гурӯҳи бачаҳои калонсол намояндагӣ карданд. Дастаи «Наврӯз» барои ҷойи сеюм бар тими Туваи Русия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва бо ҷому медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт. Мусобиқаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо бори нӯҳум барпо гардид.


Умре сарфи таблиғи варзиш Яке аз олимони маъруфи шӯравӣ, профессор Глеб Николаевич Пропастин баъди таҳқиқоти бисёрсола гуфта буд: “Варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ягона воситае мебошанд, ки имкон медиҳанд то мо ба ҳаёти нисбатан камҳаракату пур аз техникаи муосир ва стресс мутобиқ шавем”. Воқеан, варзиш ба мо серҳаракатӣ, ҷасорат ва матонат мебахшад.

Душанбе-1 - ғолиби Бозиҳои варзишии мамлакат 6 майи соли равон Бозиҳои варзишии мамлакат ҷамъбаст гардид. Дар масросими пӯшидашавии он Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирокчиёни мусобиқаро аз номи роҳбарияти кумита табкрик намуда, миннатдории хешро ҷиҳати иштироки фаъолона баён намуд. К. Ҷӯраев таъкид дошт, ки давоми солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба бахши варзиш зиёд гардида, бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 2 ҳазор иншооти варзишӣ сохта шуданд. Кабирҷон Ҷӯраев изҳор намуд, ки ташкилу баргузор намудани чунин мусобиқаҳо ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишварро бо ҳам наздик намуда, барои муттаҳидии онҳо нақши сазовор мегузорад. Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ давоми се моҳ дар се марҳила аз рӯи 10 намуди варзиш: гӯштини миллӣ, самбо, гӯштини юнонӣ-румӣ, таэквандо (ВТФ), гӯштини тарзи озод, дзюд-до, варзиши сабук, баскетбол ва волейбол доир гардида, дар марҳилаи ниҳоӣ 1032 нафар, аз ҷумла, 219 духтар ширкат намуданд. Мусобиқа аз рӯи дастаҳо миёни мардон ва бонувон сурат гирифта, дар он дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), Суғд, шаҳру навоҳии тобеии ҷумҳурӣ (ШНТМ) ва Рашт миёни ҳам рақобат намуданд. Ҳамин тавр, дар марҳилаи ниҳоии бозиҳо бонувони дастаи ВМКБ бо Душанбе-1 аз рӯи намуди бозии волейбол байни ҳам рақобат намуда, дастаи Душанбе-1 ғолиб шуд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ” ҶАДВАЛИ ҶАМЪБАСТИИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 27 АПРЕЛ – 6 ИЮНИ СОЛИ 2014 Ҷамъи умумии медалҳо Ҷамъи Тилло Нуқра Биринҷӣ медалҳо 51 23 21 95

Мавқеи

Номгӯи

дастаҳо

дастаҳо

1

ДУШАНБЕ - 1

2

ВИЛОЯТИ СУҒД

15

19

37

71

3

ДУШАНБЕ-2

13

24

30

67

4

ХАТЛОН-2

13

15

29

57

5

ШНТМ

13

12

19

44

6

ХАТЛОН-1

5

17

25

47

7

ВМКБ

5

9

16

30

8

РАШТ

4

0

4

8

Сироҷиддин Умронов, ки умре дар ҷодаи варзиш роҳ паймуда, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш майлу алоқаи зиёд дошт. Аз ин рӯ, соли 1959 баъди хатми мактаби рақами 1-и ноҳияи Нуробод ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ супурд. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, донишҷӯ гардид. Тӯли чор соли таҳсил дар баробари донишомӯзӣ маҳорати варзишии худро сайқал дод. Солҳои донишҷӯӣ се маротиба дар мусобиқаи дав (марафони хурд)-и умумииттифоқӣ дар шаҳри Маскав ширкат варзид. Инчунин, ҳар сол дар марафони хурди 30-километра, ки аз шаҳри Ваҳдат оғоз ёфта, дар назди Почтаи марказӣ ба итмом мерасид, иштирок намудааст. Барои иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дав соҳиби дарачаи якуми варзишӣ гардидааст. Сироҷиддин соли 1963 донишкадаро хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ, анатомия ва физиология шуд. Ӯро методисти тарбияи ҷисмонии шуъбаи маорифи халқи ноҳияҳои Рашту Нуробод таъин карданд. Сипас, то соли 1975 ҳамчун муаллими фанни тарбияи ҷисмонии мактаби №1 ноҳияи Нуробод фаъолият намуд. Соли 1975 дар ноҳияи мазкур мактаби варзишӣ таъсис ёфту Сироҷиддин Умронов директор таъин шуд. Он солҳо варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Дар он давра барномаи варзишии телевизионӣ зери унвони “Майдон аз далер аст” мисли Фестивал-озмуни “Бӯстон” яке аз сермухлистарин барномаҳо ба шумор мерафт. Дар он беҳтарин варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни ҳам оид ба намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили самбо, вазнбардорӣ, бандкашӣ, дастхобонӣ ва ғайра қувваозмоӣ мекарданд. Варзишгарони ноҳияи Нуробод дар ин қувваозмоиҳо натиҷаҳои хуб ба даст меоварданд, ки дар ин комёбиҳо саҳми Сироҷиддин Умронов калон буд. Барои хизматҳои шоёнаш дар тарбияи варзишии насли наврас соли 1974 ба Сироҷиддин Умронов унвони Аълочии маорифи Тоҷикистон дода шуд. Соли 1983 дар шаҳри Роғун бюрои сайру саёҳат таъсис ёфт. Сироҷиддинро мудири базаи туристии “Ҳавзи кабуд” таъин намуданд, ки то оғози нооромиҳои солҳои навадум дар ин вазифа хизмат кард.

Сироҷиддин Умронов, ҳангоме ки сарвари мактаби варзишии ноҳия таъин шуд, дар маркази ноҳия ғайр аз майдони волейбол дигар иншооти варзишӣ, қариб ки вуҷуд надошт. Бо ташаббуси ӯ аз тариқи ҳашар майдони баскетбол, футболи калон сохта шуд. Барои толори варзишӣ қолини гӯштингирӣ дастрас гардид. Дар ноҳия варзишгарони мумтоз, аз қабили Устоди варзиш Саидраҳмон Ғиёсов (гӯштин), Раҳмон Мирзоев (волейбол), Назар Ёриев (футбол), Саидраҳмон Раҳмонов (футбол), Сотир Аминов (футбол) ва садҳо дигарон ба воя расиданд. Худи Сироҷиддин Умронов ҳамчун довари ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук пазируфта шуд. Сироҷиддин Умронови 74-сола аз раиси ноҳияи Нуробод Саидамир Сияҳмардзода миннатдор аст. Ин роҳбари дилсӯз дар арафаи ҷашни Наврӯз Умроновро чун дигар собиқадорони меҳнат қадрдонӣ намуд. Имрӯз С. Умронов 223 сомонӣ нафақа мегирад. Ду сол пеш

ҳамсараш омӯзгори собиқадор Людмила Леник аз бемории саратон фавтид. Хуб мешуд, ки шуъбаи маориф ва бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия хизматҳои чунин собиқадоронро ба инобат гирифта, барои додани имтиёзот ва кӯмакпулиҳо мусоидат намоянд. Ин гуна қадрдониҳо боиси дилгармии кормандони соҳаҳои гуногун хоҳад шуд. - Варзиш гарави саломатӣ, қосиди сулҳ ва боиси сурури аҳли ҷомеа мебошад, - мегӯяд Сироҷиддин Умронов, – Кардиологи шинохтаи шӯравӣ В. Метелитса гуфта буд, дар нафароне, ки тӯли рӯз зиёда аз як соат пиёда мегарданд, бемории дил 5 маротиба камтар мушоҳида мешавад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

СОБИҚАДОРОНИ ВАРЗИШ

e-mail: javonontj@mail.ru

РУШДИ ВАРЗИШ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

14

НАЗМИ ҶАВОНӢ

Шарораи шеър Муҳаммаднабӣ Баёнӣ (Хушбаён) аз зумраи ҷавонони қаламкаше мебошад, ки дар баробари кори рӯзноманигорӣ ба эҷоди шеър низ машғул аст. Шеъри ӯ тадриҷан такомул ёфта, рӯз аз рӯз ҳунари шоирияш бо ҷилоҳои рангин зуҳур мекунад. Шеъраш аз чашмаи эҳсоси ҷавонӣ об хӯрда, ҳамвора бо бардошту талошҳои эҷодии ӯ равнақ меёбад. Шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаашро аз тариқи ҳафтаномаҳо пешкаши хонандаҳо мегардонад. Ин ду намунаи шеъри ӯро, ки аз қалби софу пурҷӯшаш бурун омадаанд, пешкаши хонанда мегардонем ва боварӣ дорем, ки ин шарораҳо рӯзе ба гулхани бузург мубаддал хоҳанд шуд. Ба Хушбаён дар ин роҳи мушкилу пурифтихор барор хоҳонем.

ХАЙРАНДЕШ

Ҷӯрабек МУЪМИН

Суруди хатмкунанда Занг, занги охирин имрӯз ту, Мекунӣ моро зи ҳамдигар ҷудо. Чун садоят бо ҳазор оҳанги дард, Дил даруни синаҳо дорад садо. Гарчи моро аз камоли умри мо Бо садои хеш месозӣ хабар. Бе ягон чуну чаро имрӯзҳо Таҳ ба таҳ ҳастем мо хуни ҷигар. Шӯхиҳои кӯдакии мо гузашт, Ҳарчи гуфтем, аз хатоиҳо, гузашт. Солҳои кӯдакии умри мо Чун насими шӯх бепарво гузашт. Ҳарфҳоро аз китоби аввалин, Аз муаллими азиз омӯхтем. Дар дили худ нисбати омӯзгор Шуълаи меҳру вафо афрӯхтем. Чун падар, чун модари ғамхори мо, Он қадар моро муаллим дӯст дошт. Аз сари сидқу вафову меҳру ҷон Дар дили мо тухми инсонӣ бикошт. Аз шумо ҳастем умре қарздор, Эй падар, эй модар, эй омӯзгор. Дасти омин мекушоем аз вафо, Ҷовидон бошед андар ин диёр.

Фирӯзшоҳи ФОРОБӢ, Панҷакент

Дубайтиҳо Ба ҳар ҷое, ки шеър асту тарона, Ба ҳар боғе, ки нахл асту ҷавона. Ба ҳар қалбе, ки дорад ишқ хона, Ниҳад меҳру вафо умре, нишона. Суханро қимат аз ҳар ганҷ медон, Чу марҳам чорабахши ранҷ медон. Забони ноби худро хор созӣ, Шавӣ аз кардаат рӯзе пушаймон.

e-mail: javonontj@mail.ru

Барои дилшикаста шиша санг аст, Барои раҳнадида ҷода танг аст. Ба коҳил ҳар савори суст ланг аст, Ба ҷоҳил сулҳу осоиш чу ҷанг аст. Ба ҳар давра салотин буду пархошт, Ва ҳам зулму тааддӣ салтанат дошт. Вале Ҳофиз, ҳамон марди суханвар, Мақому манзалат бо килк афрошт. Ҷавонӣ шаҳкитоби умри ҳар кас, Равад аз каф, наояд аз раҳе пас. Ба кӯча пой монад чун арӯсон, Ба тан пироҳане дорад зи атлас. Чӣ боке, бурда гар симу зари ту, Ки бо ту монда тоҷу афсари ту. Зи фарҳанги тилоӣ гашти машҳур, Ҳамин аст тоҷикам, тоҷи сари ту.

Нотакрор Эй ту зебо, ба ҷаҳон нотакрор, Мекашам ҳаҷри туро умре ман. Ту куҷо рафтӣ маро нокушта? Мечашам заҳри туро умре ман. Дар талоши ту мани савдоӣ, Зи ҷануб то ба шимол омадаам. Ту ки осудаву озурда манам, Лутф кун, бин, ба чӣ ҳол омадаам. Ту маро музтару бечора махон, Дар дилам ишқи туву сӯзи ту аст. Шӯълае дар дили ман афрухтӣ, Гармии шому шабу рӯзи ту аст. Дар дилам шаҳре зи ишқат обод, Сабзу хуррам, чи қадар рангин аст. Лек афсӯс, дар ин шаҳр нишон, Пайкарат мондаӣ, к-он сангин аст.

Худфиребӣ Чун дом ҷо ба домани кӯҳу камар шудӣ, Аз мо чӣ бад шунидӣ, ки моро хатар шудӣ? Моро ба ғайри дидаву дил сарвате набуд, Ё ки зи кафши лахтаи мо бохабар шудӣ? Гар мазҳабат хиёнату динат туро шар аст, Роҳат хатост, аз ин зишттар шудӣ!

ЭЪЛОН

Гулпарии ОЛИМДУХТ, хонандаи МТМУ №10, ноҳияи Ғончӣ

Мероси модар Бубахшидӣ барои ман сиёҳиҳои мӯятро, Бубахшидӣ ҷавонию сафедиҳои рӯятро. Ба рухсорат хати ожанг ҳар як рӯз афзун гашт, Бубахшидӣ бароям, эй гули умед, бӯятро. Ғами дунё кашида худ, маро аз ғам раҳо кардӣ, Нахӯрдию нанӯшидӣ бароям ризқ ато кардӣ. Бимирам баҳрат, эй модар, ки дар дунёи пурташвиш, Пайи рушди мани кӯчак худат обу адо кардӣ.

Забони модарӣ Забони модарии ман, забони модари ҷон аст, Аз ин лафзи басо ширин ҳама олам гулистон аст. Забони Саъдию Ҷомӣ, забони ноби Фирдавсӣ, Забони Ҳофизу Мавло, забони Олӣ Сомон аст. Забони модарии ман, паёми ҷовидони ман, Паёми ҷовидон аз остон то осмони ман. Туро ман дӯст медорам, чу ҷонам мекунам ҳифзат, Ту ҳастӣ ифтихори ман, нишони ман, нишони ман.

Даъватнома Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон “Воҳиди харид”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи академик Раҷабовҳо-3 (бинои асосии Вазорати молия, утоқи 29, муфассалтар барои маълумот тел: 221-65-38, 92 811-28-28), довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни кушода ба тариқи иштироки номаҳдуд барои хариди номгӯи зерини молҳо, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. №

Номгӯи молҳо

Истеҳсолкунанда

Воҳиди ченак

Миқдор

ЛОТИ 1 1

Лоиҳакашии иншооти азнавсозии бинои таълимии №3 ЛОТИ 2

1

Компютер “Intel Core 2 Duo”

Хориҷӣ

Дона

100

2

UPS 600 D

Хориҷӣ

Дона

100

ЛОТИ 3 1

Таҷҳизоти техникии компютерӣ

Хориҷӣ

Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ дар бораи тендер метавонанд ба Воҳиди хариди назди Вазорати молияи ҶТ муроҷиат намоянд. Довталабоне, ки хоҳиши дар тендер иштирок намудан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт (150 сомонӣ барои 1 лот) ба хазинаи муҳосиботи дастгоҳи марказии Вазорати молия ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои муҳркардашуда ба суроғаи дар боло дарҷгардида то соати 12:00 2 июли соли 2014 пешниҳод намоянд. Сана ва вақти кушодани дархост 2 июли соли 2014, соати 16:00 дар утоқи №29 бинои асосии Вазорати молияи ҶТ баргузор мегардад. Шартҳои муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.


15

Хоин Мањдудият (мас., дар барќдињї) (русї)

Ба љо овардани ваъда

Гулоб, хушбўї

… Толстой, нависандаи рус

... Самадов, нависанда

Вазорати илму дониш

Донишгоњи маъруфи Англия

Тамѓаи як мошини «Дэу»

Чўбдасти домуллои "Мактаби кўњна"

Номи гуфтугўии паррандаи лаклак

Моњи дањуми соли шамсї

Обрав

Ќисми сураи Ќуръон

Олињаи ишќу зебої дар Юнони Ќадим

Њељ гоњ, њаргиз

... Сафар, адиби тољик

... -Вегас, шањри казиноњои Америка Калимаи каси ќаноатманд

Суд, манфиат

Давлат дар Осиё

Асбоби устои рубобсоз

... ПарижДакар

Нидои тааљљуб ... Ќурбонов, сароянда

... Бусли, овозхони машњури њинд

Мањрум, холї

Шањри калон дар Канада

Инсоният

Ораз, лиќо

Шубња, гумон

Худои офтоби мисриёни ќадим

Њамсари Буш

Хору …

Ансамбли сенафара Нони тунуки ќафќозї

"... ва Ромин"и Гургонї

... де Жанейро

Паст, фурўмоя

... Шодиев, њофиз

Шохоби дарёи Волга

СММ бо забони русї

Њаёт (лотинї)

Њасан нисбати Њусейн

«…бонк»

Пушта, тепа Майдон и фаъолият

Нидои мухлисони футбол

Кўшиш, љањд

Забони сунъї

Гаштани бемаќсад

Мурдаи њайвон барои каргас

Њарфи лотинї

Пойтахти Норвегия

Монанд, мисл

Калимаи муќобилмаъно

Воњиди иќтидори барќ, Вт

Кўњњо дар Амрикои Љанубї

Одам, башар

Њирс, тамаъ

Илова

Пастї, нокасї

Фаллаи шир (русї)

Атоми заряднок

Азназаргузаронии бемор

Муќобили «лалмї» «Кори имрўзаро ба … нагузор»

Ќисмати китоб

Духтари калонї барои хурдињо

Кори бинанда

Зулфия ..., шоира

Меваи себмонанд

Љаноби эронї

Метал

Шикоф ва кандаи табиї дар кўњ ва тал

Алифбо аз нуќтаю тирењо

... Насафї, шоири классик

Шоњи давраи Кушониён

Нохушї, бадбахтї

Мењрубонї

Њарфи алифбои арабї

Ќатор, раста

Росткунљаи баробартараф Самбўсаи бањорї

Овозњои халалрасонанда

Тандурустї, сињатї

Воњиди вазни англисї

Ширкат

Тамѓаи хокаи љомашўї

... и лаби Дон (Русия)

Афюн, опий Пуфакчањои каф аз мењнат

Сароянда Парвина …

Асбоб барои нигањдории ѓизо

Мева

Ќалъаи таърихї дар Лондон

Пирамидаи Миср

Дафъа, бор

Дурудароз

Муќобили «хушк»

... Каримова (овозхон)

e-mail: javonontj@mail.ru

Занљир, Ишкел

Шикоф, даридагї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №24 (9346), 12 ИЮНИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар тарабхона. Марде ба пешхизмат мегӯяд: - Як истакон қаҳва чанд аст? - Як сомонӣ. - Шакараш чанд пул меистад? - Шакараш бепул... - Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралии САФАРАЛӢ

Пешхизмат ба мард: - Агар шавҳари ман мебудӣ, ба пиёлаи чоят заҳр меандохтам. Мард: - Агар ту зани ман мебудӣ, он чойро дидаву дониста менӯшидам.

(котиби масъул),

Воҳид ҲАБИБОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7523 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Оғӯши модар Зане, ҳамроҳи писараш ба боғчаи аз ҳама замонавии шаҳр омад. Дари директори онро тақ-тақ карда, иҷозаи даромадан хост. - Писарамро ба боғчаи шумо доданиам, ҷаноб. Шунидам, ки аз ҳама боғчаи наву замонавии шаҳр ҳамин боғча будааст, – гуфт баъд аз салому алейк. - Дуруст шунидаед, хонум. Аз сар то пойи боғчаамон замонавист, - гуфт директори боғча. Зан аз шунидани ин гап хеле хушҳол шуд. Вай дарҳол кӯдаки дасташро ба директор нишон дода, афзуд: - Замонавӣ будан хеле хуб аст, шояд ин беқарори моро ором карда тавонад. Директори боғча кӯдаки дар оғӯши модараш

беқарорро ба даст гирифта, каме гирди утоқ гардонд. Сипас, пурсид: - Духтар аст, ҳамин тавр не? Синну солаш ҳам якуним дусола... - Бале, бале. Зуд пай бурдед, – гуфт модари кӯдак ва афзуд, - ман худ як одами ҷамъиятиям. Вале бо тарбияи ин майдаяк овора шуда, чанд муддат дар хона мондам. Директор баъзе коғазҳоро рӯи миз бароварда, ба зан нигарист: - Шартномаро ҳармоҳа мебандем. Маблағ ҳам пешакӣ пардохта мешавад. Чунки ин нисбатан замонавитар аст. Шумо хонум ин қисматро хонда бароед ва он чи ки дар ин бахши шартнома гуфта шудааст, бояд ба иҷро расонед. Зан ба варақ як чашм да-

вонда, сипас, иброз дошт: - Пул муҳим нест, ҳар қадаре лозим бошад, мепардозам. Фақат сатри аз ҳама поёниро нафаҳмидам. Директор ҳам варақаро аз дасти зан гирифта, нигарист ва нидо кард. - Ҳааа... Бале, ин моддаи шартнома хеле муҳим аст. Як либосатонро ҳатман оварданатон даркор. Хоҳ курта аст, хоҳ ҷома фарқаш нест. - Ҷома? – бо ҳайрат пурсид зан. - Чӣ кор мекунед? Директор бо ҷиддият изҳор дошт: - Як пажӯҳиш, хонум! Як пажӯҳиши илмӣ гузарондем. Кӯдак, вақте ба хоб рафт, рӯяшро бо курта ё ҷомаи модараш мепӯшонем. Чунки мисли оғӯши модар аст, барои ҳамин...

Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Диплом ба зани 99-сола Пиразаи 99-солаи амрикоӣ Ҷейси Уайт баъди 75 соли анҷоми таҳсилаш соҳиби диплом шуд. Вай мебоист ин дипломро 75 сол пеш мегирифт, вале соли 1939 натавонист 5 доллар ҳаққи онро бипардозад. Аммо бо гузашти 75 сол билохира вай онро соҳиб шуд. Маросими супурдани диплом ба пиразани 99-сола дар коллеҷи Бил, воқеъ дар шаҳри Бангор доир шуд ва акнун вай дорои ихтисоси стенографӣ ва ҳисобдорӣ шудааст. Уайт аз бемории фалаҷ ранҷ мебарад ва гузашти солҳои тӯлонии умр ба саломатии ӯ асароти зиёд гузоштааст. Вале новобаста ба маризӣ солҳои дароз ҳамчун ҳисобдор кор ҳам кард. Дӯсти ӯ, вақте мушкилашро фаҳмид, ҳаққи дипломро пардохт ва ин маъракаи тантанавиро созмон дод. «Ҳеҷ гоҳ даст аз омӯзиш набардоред. Мегӯянд, вақте шумо аз хондан мунҳариф мешавед, ба пирӣ мерасед. Аз ин рӯ, ман қасд надорам таҳсиламро қатъ кунам», - гуфтааст ӯ.

Зане ба дугонааш шикоят мекунад: - Сарам сахт дард дорад. Дугонааш: - Ҳар вақт сари ман дард кунад, дар оғӯши шавҳарам як соатак хоб меравам, дардаш мегузарад. Ту ҳам як бор чунин карда бин. Бегоҳӣ онҳо боз вомехӯранд. Аввалӣ: - Раҳмат, дугонаҷон, сарам аз дардаш монд. Лекин шавҳарат ҳеҷ бовар накард, ки маро ту худат пешаш фиристодаӣ.

***

Як марди мумсику серҷоғро аз маъракае пеш мекунанд. Ӯ бо қаҳр ҷониби одамон нигоҳ карда, мегӯяд: - Ба ҳамин маъракачаатон фахр кардедда. Маро аз ҳар як маъракаҳое пеш кардаанд, ки шумо ҳатто дар хобатон надидаед.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №1295, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 2012 ба Қодиров Абдурозиқ Абдуманонович додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №12311, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 2012 ба Қодиров Акмалҷон Пирович додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДКА №0005523, ки Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Қубодиён соли 2005 ба Утанова Сайёра Абдуразоқовна додааст, эътибор надорад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии №0419738 (0,15 га), ки дар КДФ “Қубодзамин”-и ноҳияи Қубодиён, таҳти рақами 7127 ба номи Алиева Гуландом, сокини ҷамоати 20-солагии истиқлол ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Элмирзоев Мусулмон Акмирзоевич (РЯМ 3230013335), ки аз 2 декабри соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ҲАМДАРДӢ

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба собиқадори варзиш, Устоди варзиши ҷумҳурӣ, Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо миёни собиқадорон Абдусамад Шамсуллоев нисбат ба даргузашти ҲАМСАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.